Tajik

Page 1

Бисмиллоҳир раҳмони раҳим Алҳамдулиллоҳи раббил оламин ва саллалоҳи ъало Муҳаммад (с) ва олиҳит тоҳирин. Дуруду салом аз сари шавқу такрим бар шумо саодатмандон, ки ба даъвати қуръонӣ лаббайк гуфта ва ба меҳмонии хонаи Худо шитофтаед. Нахустин сухан он аст, ки ин неъмати бузургро қадр бидонед ва бо тааммул дар абъоди фардиву иҷтимоӣ ва руҳиву байналмилалӣ ин фаризаи беҳамто, барои наздик шудан ба ҳадафҳои он талош кунед. Ва аз мизбони раҳиму қадир барои он кӯмак бихоҳед. .. Инҷониб ҳамдил ва ҳамзабон бо шумо аз Парвардгори ғафур ва маннон дархост мекунам, ки неъмати худро бар шумо тамом кунад ва чун тавфиқи сафари Ҳаҷ ато карда аст, тавфиқи гузоридани ҳаҷҷи комил низ ато фармояд ва он гоҳ бо қабули каримонаи худ шуморо бо дасти пур ва офияти комил равонаи диѐри худ созад. Иншоаллоҳ. Дар фурсати ғанимати ин маросими пурмағзу беназир ба ҷуз татҳиру таъмири маънавӣ ва руҳӣ, ки бартарин ва решаитарин дастоварди ҳаҷ аст, таваҷҷуҳ ба масоили ҷаҳони исломӣ ва нигоҳе баланд ва фарогир ба муҳимтарин ва авлавиятдортарин мавзӯоти муртабит бо уммати исломӣ, дар садри вазоиф ва одоби ҳаҷгузорон аст. Имрӯз, аз ҷумла мавзӯоти муҳим ва дорои авлавият масаълаи иттиҳоди мусалмонон ва кушудани гиреҳҳои фосилаафканӣ миѐни бахшҳои уммати исломӣ аст. Ҳаҷ мазҳари ваҳдат ва якпорчагӣ ва конуни бародарӣ ва ҳамѐрӣ аст. Дар ҳаҷ бояд ҳамагон дарси тамаркуз бар мушорикот ва рафъи ихтилофотро фаро бигиранд. Дастҳои палиди сиѐсатҳои истеъморӣ аз дербоз тафриқаафканиро барои таъмини мақосиди шуми худ дар дастури кор доштаанд, вале имрӯз, ки ба баракати бедории исломӣ миллатҳои мусалмон душмании ҷабҳаи истикбор ва саҳюнизмро бадурустӣ шинохта ва дар баробари он мавзеъ гирифтаанд. Сиѐсати тафриқаафканӣ миѐни мусалмонон шиддати бештаре ѐфтааст. Душмани маккор бар он аст, ки бо афрухтани оташи ҷангҳои хонагӣ миѐни мусалмонон, ангезаҳои муқовимат ва муҷоҳадатро дар онон ба инҳироф кашонда, режими саҳюнистӣ ва коргузорони истикборро, ки душманони ҳақиқианд, дар ҳошияи амн қарор диҳад. Роҳандозии гурӯҳҳои террористии такфирӣ ва амсоли он дар кишварҳои минтақаи ғарби Осиѐ ношӣ аз ин сиѐсати ғаддорона аст. Ин ҳушдоре ба ҳамаи мост, ки масаълаи иттиҳоди муслиминро имрӯз дар садри вазоифи миллӣ ва байналмилалии худ бишморем. Мавзӯи муҳими дигар, масаълаи Фаластин аст. Бо гузашти 65 сол аз оғози ташкили режими ғосиби саҳюнист ва фарозу фурудҳои гуногун дар ин масъалаи муҳим ва ҳассос ва ба хусус бо ҳаводиси хунини солҳои ахир, ду ҳақиқат барои ҳама ошкор шуда аст: аввал он ки режими саҳюнистӣ ва пуштибонони ҷинояткори он дар ваҳшоният ва ҷабру зулм ва поймол кардани ҳама арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ ҳеч ҳадду марзе намешиносад. Ҷиноят, наслкушӣ, вайронгарӣ, куштори кӯдакону занони бепаноҳон ва ҳар таъаддӣ ва зулмеро, ки аз дасташон бар ояд, барои худ мубоҳ мешуморанд ва ба он ифтихор ҳам мекунанд. Саҳнаҳои гиряовари ҷанги панҷоҳрӯзаи ахири Ғазза охирин намунаи ин ҷурму ҷиноятҳои торихӣ аст, ки албатта дар ним қарни ахир борҳо такрор шуда аст. Дуввумин ҳақиқат он аст, ки ин зулму фоҷеаофариниҳо натавонистааст ҳадафи сардамдорон ва пуштибонони режими ғосибро бароварда созад. Бар хилофи орзӯи аҳмақонаи иқтидор ва истеҳкоме, ки сиѐсатбозони хабис барои режими саҳюнистӣ дар сарм мепарваронанд. Ин режим рӯз ба рӯз ба суқут ва нобудӣ наздиктар шуда аст. Истодагии панҷоҳрӯзаи Ғаззаи маҳсур ва бепаноҳ дар баробари ҳамаи тавони ба саҳна овардаи режими саҳюнистӣ ва саранҷом нокомӣ ва ақибнишинии он режим ва таслим шуданаш дар баробари шурути муқовимат, намоишгоҳи ошкори ин заъфу нотавонӣ аст. Ин бадон маънӣ аст, ки миллати Фаластин бояд аз ҳамеша умедвортар бошад.


Муборизони ҷиҳод ва ҲАМОС бояд бар талош ва азму ҳиммати худ биафзоянд. Каронаи ғарбӣ роҳи пурифтихори ҳамешагиро бо қудрат ва истеҳкоми бештар пай гирад...Миллатҳои мусалмон пуштибонии воқеӣ ва ҷиддӣ аз Фаластинро аз давлатҳои худ мутолиба кунанд ва давлатҳои мусалмон содиқона дар ин роҳ гом ниҳанд. Саввумин мавзӯи муҳим ва дорои авлавият, нигоҳи ҳушмандонае аст, ки фаъолони дилсӯзи ҷаҳони исломи бояд ба тафовути миѐни исломи ноби Маҳмадӣ (с) ва исломи амрикоӣ дошта бошанд ва иштибоҳи миѐни ин ду, худ ва дигаронро бар ҳазар бидоранд. Нахустин бор имоми роҳили бузурги мо ба тафовути ин ду мавзӯъ ҳимматгумошта ва онро вориди қомуси сиѐсии дунѐи ислом кард. Исломи ноб, исломи сафо ва маънавият, исломи парҳезкорӣ ва мардумсолорӣ, исломи "Ашиддоу ъалал куффори ва руҳаммоу байнаҳум" аст... Исломи амрикоӣ пӯшонидани либоси ислом бар навкари аҷониб ва душманӣ бо уммати исломӣ аст... Исломе, ки оташи тафриқа миѐни муслиминро доман бизанад, ба ҷойи эътимод ба ваъдаи илоҳӣ, ба душманони Худо эътимод кунад, ба ҷойи мубориза бо саҳюнизм ва истикбор бо бародари мусалмон биҷангад, бо Амрикои мустакбир алайҳи миллати худ ѐ миллатҳои дигар муттаҳид шавад, ислом нест. Ин нифоқи хатарнок ва муҳлике аст, ки ҳар мусалмони содиқе бояд бо он мубориза кунад. Нигоҳ ҳамроҳ бо басират ва жарфандешӣ ин ҳақоиқ ва масоили муҳимро дар воқеияти ҷаҳони ислом барои ҳар ҷӯяндаи ҳаққе рӯшан месозад ва вазифаву таклифи рӯзро бе ҳеч ибҳоме муайян мекунад. Ҳаҷҷу маносик ва оини он фурсати ғанимате барои касби ин басират аст ва умеди он ки шумо саодатмандони ҳаҷгузор аз ин ҳадяи илоҳӣ ба таври комил баҳраманд гардед. Ҳамаи шуморо ба Худои бузург месупорам ва қабули талоши шуморо аз Худованд масъалат менамоям. Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ Панҷуми зулҳаҷҷаи 1435, мусодиф бо ҳаштуми меҳрмоҳи 1393


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.