ЭЪТИЛОФИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ЗИДДИ ШИКАНҶА ВА БЕҶАЗОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
ГУРУҲ ОИД БА ОФИЯТБАХШИИ ҚУРБОНИЁНИ ШИКАНҶА ВА АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲО
ДАР БОРАИ ГУРУҲ
мувофиқи Қоидаҳо ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрванд ӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода шудааст:
расонидани кӯмаки ҳадди ақал ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо барои барқарор намудани қобилиятҳои мустақилӣ ва ҷисмон ӣ, фитрӣ, иҷтимоӣ ва касбияшон, инчунин, ҳамгироии пурраи иҷтимо ӣ ва иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа.
Дар фаъолияти худ гуруҳ мутахассисони касбӣ - кормандони иҷтимо ӣ, равоншиносон ва табибонро ҷалб мекунад.
Вазифаҳо
Мусоидат кардан барои ташхис ва расонидани кӯмаки фаврӣ;
коркарди барномаҳои фардӣ барои амалисозии офиятбахшии тибб ӣ ва равонӣ-иҷтимоии тахассусӣ;
мусоидат барои расонидани кӯмаки тиббии амбулаториву статсионар ӣ ва табобати қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо;
коркарди қоидаҳо ва шартҳои ҳамкорӣ бо мутахассисоне, ки барои офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо хизмат мерасонанд;
ҳамоҳангсозии кор бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои тибб ӣ ва марказҳо оид ба расонидани кӯмаки равонӣ барои таъсиси механизмҳои самараноки офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо.
Намудҳои фаъолият
Кӯмаки иҷтимоие, ки кори инфиродӣ бо қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо, дастгирии иҷтимоиро дар бар мегирад;
Кӯмаки тиббии ба муассисаҳои тиббӣ (марказҳо, беморхонаҳо, поликлиникаҳо ва ғ.) барои расонидани ёрии тибб ӣ ба қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо равонагардида;
Кӯмаки равонӣ - офиятбахшии фардии равонии қурбониёни шикан ҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо.
Ташкилотҳои узви гуруҳ оид ба офиятбахшӣ
Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»
Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»
Фонди ҷамъиятии «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон»
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон»
Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон»
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»
Ҳамоҳангсозии гуруҳҳо:
Котибот: ҳамоҳангсоз, корманди иҷтимоӣ, табиб (мушовир) ва равоншинос (мушовир)
кор бо муассисаҳои тиббӣ ва марказҳо оид ба расонидани кӯмаки ру ҳиву равонӣ барои таъсиси механизмҳои самараноки офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳоро ҳамоҳанг месозад;
қоида ва шартҳои ҳамкорӣ бо мутахассисонеро, ки барои офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо хизмат мерасонанд, коркард менамояд:
Гуруҳ оид ба офиятбахшӣ фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо Гуру ҳи кӯмаки ҳуқуқӣ пеш мебарад: механизми ҳамкорӣ ва дастгирии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо ба роҳ монда шудааст.
Пешрафт дар сатҳи давлатӣ Гуруҳ айни замон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба тадбиқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ дар системаи тандурустии Тоҷикистон масъалаи ба нақшаи корӣ ворид намудани масоили вобаста ба системаи давлатии офиятбахшии қурбониёни шиканҷаро баррасӣ мекунад.
Ҳамкорӣ
Солҳои 2016-2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо бо марказҳои гуногуни тибб ӣ ҳамкори ҳо ба роҳ монда шуда, бо онҳо шартнома баста шуд. Инчунин, ҳамкор ӣ бо кормандони ҷамъиятӣ дар минтақаҳо ба роҳ монда шуда, механизми таваҷҷуҳ ба расонидани кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оила ҳои онҳо роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин, бо ТҶ «Ҷамъияти равоншиносон-мушовирон ва руҳшиносони Тоҷикистон» меморандум оид ба ҳамкор ӣ ба имзо расид.
Кӯмак барои офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онДарҳосоли 2017-ум 46 нафар барои офиятбахшӣ ворид шудаанд, ки аз онҳо 24
нафар мардҳо ва 22 нафарашон занҳоянд. Аз шумораи умумии қурбониён 21 нафар бевосита қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 25 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шаканҷа ва ё муносибати бераҳмона мебошанд. Нуҳ нафари онҳо ноболиғонанд. Як нафар аз кӯмак даст кашидааст. Як нафари дигар натавонист кӯмак бигирад, чун ӯ аз толори суд ба ҳабс гирифта шуд.
Кӯмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонида шудааст. 42 нафар а) ташхиси тиббӣ (айни замон кӯмаки тиббӣ - 20 табобати амбулаторӣ ва 16 статсионарӣ мегиранд); б) кӯмаки равонӣ; в) дастгирии иҷтимоӣ гузаштаанд..
Вохӯрии ҳамоҳанги кормандони иҷтимоӣ моҳи марти соли 2017 баргузор гардид. Вохӯрӣ ба боло
бурдани сатҳи маълумотнокии кормандони ҷамъиятӣ дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастигирии иҷтимоии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо, табодули таҷриба ва баррасии парвандаҳои ҷорӣ равона гардида буд.
Сафари омӯзишӣ барои боздид аз марказҳои офиятбахшии Гурҷистон ва Арманистон Аз 18 то 22-юми сентябри соли 2017 аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо сафари шиносоӣ аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва дагар намуди муносибатҳои бераҳмона дар Гурҷистон ва Арманистон дидан намуданд. Аъзои Эътилоф бо тартиби танзими гуруҳҳои марказҳои офиятбахшӣ, бо таркиб, бо санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти онҳо, бо воситаҳои зарурии марказҳо барои кор бо қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, бо хизматгузориҳое, ки ин марказҳо мерасонанд, шинос шуданд.
Тренинг барои равоншиносон Аз 27 то 29-уми ноябри соли 2017-ум 20 нафар равоншиносон оид ба беҳтарсозии таҷрибаҳо, баҳогузории равонӣ, ташхис ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо омӯзиш гузаштанд. Тренинг дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Ҷамъияти равоншиносон ва руҳшиносони амалкунандаи Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Варақаи иттилоотӣ Дар доираи фаъолияти гуруҳ варақаи иттилоотӣ коркард карда шуд. Варақа барои нафароне таҳия шудааст, ки бо ҳолатҳои истифодаи шиканҷа рӯ ба рӯ гардидаанд ва ё хешованди чунин шахсон ба шумор мераванд. Он ҳамчунин барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи истифодабарандагон, касе, ки ба ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор мешавад, муфид аст.