Лоиҳа оид ба тадбиқи стандартҳои "Протоколи Истамбулӣ"

Page 1

ЭЪТИЛОФИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ЗИДДИ ШИКАНҶА ВА БЕҶАЗОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Лоиҳа оид ба тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ


Роҳнамо оид ба тафтиши самараноку ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намуди муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо (Протоколи Истамбулӣ)  аз ҷониби 75 коршинос дар самти ҳуқуқ, ҳифзи тандурустӣ ва ҳуқуқи инсон коркард шудааст;  бо қарори Ассамблеяи генералии СММ 55/89 (соли 2000-ум) ва Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (сессияи 56-уми соли 2000-ум) қабул шудааст.


Шартҳои асосӣ  Тафтиши ҳамаҷониба ва ҳуҷҷатгузории муфассал: иштироки якҷояву мувофиқашуда дар тафтишоти тиббӣ, руҳӣ, ҳуқуқӣ ва дигар санҷишҳое, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳолатҳои вазнинтаринро таъмин намуда, саҳнаи мукаммалро ба вуҷуд меорад.


Гуруҳи корӣ  Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба амалисозии муқаррароти дохилӣ, роҳнамоӣ ва намуна барои гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ/руҳӣ ва шаҳодаткунонии тиббӣ мувофиқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 2-юми декабри соли 2013, №719 бо мақсади амалисозии чорабиниҳо дар доираи Нақшаи ҳукуматӣ аз 15-уми августи соли 2015 оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсус оид ба масоили шиканҷа таъсис дода шудааст.  Ба ҳайати Гуруҳи корӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, коршиносони судӣ-тиббӣ ва ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дохил карда шуданд.


Натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017  Коркарди модул барои гузаронидани тренинг оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ;  Гузаронидани тренинги 3-рӯза барои табибон, кормандони фаврии системаи пенитенсиарӣ, намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Эътилофи зидди шиканҷа;  Коркарди маводҳои иттилоотӣ (дар шакли китобчаҳои кисагӣ ва овезаҳо) барои огоҳсозӣ аз ҳуқуқҳо ва кафолатҳои айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳбусон;  Коркарди бюллетен оид ба фаъолият барои тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар солҳои 2012-2017;  Коркарди шарҳҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ;  Таҳлили Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ.


Маводҳои иттилоотӣ


Тренинг барои адвокатҳо ва табибон аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ  Барои табибон ва адвокатҳо аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренинги чоррӯза гузаронида шуд. Зарурати гузаронидани тренинг аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба хотири расидан ба чанд ҳадаф буд, аз ҷумла:  - Боло бурдани иқтидор ва таҷрибаҳои аъзо ва шарикони Эътилоф барои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа;  - Муттаҳидсозии иқтидор, фаъолият ва ҳамоҳангии аъзову шарикони Эътилоф дар рафти ҳуҷҷатгузории тиббӣ;


Шарикони миллӣ: Шуъбаи ҳуқуқи инсони назди Дастгоҳи президент;  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ;  Озмоишгоҳи марказии судӣ-тиббии назди Вазорати мудофиаи ҶТ;  Суди Олии ҶТ;  Маркази омӯзишӣ барои судяҳои назди Суди Олӣ;  Прокуратураи генералӣ;  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;  Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон;  Адвокатҳои шарики Эътилоф.


Шарикони байналмилалӣ  Ташкилоти байналмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон»;  Вазорати корҳои хориҷии Финляндия;  БРСММ;  Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон;  САҲА;  Маркази офиятбахшӣ барои қурбониёни зӯроварӣ «Эмпатия» (Гурҷистон);  Маркази байналмилалии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа (IRCT).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.