ГУРУҲИ РАСОНАӢ

Page 1

ЭЪТИЛОФИ ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ ЗИДДИ ШИКАНЉА ВА БЕЉАЗОЇ ДАР ТОЉИКИСТОН

ГУРУЊИ РАСОНАЇ


ГУРУЊИ РАСОНАЇ Дар асоси Стратегия ва наќшаи корї фаъолият мекунад. Њадафњои асосї: инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф, боло бурдани сатњи фарњанги њуќуќии ањолї тавассути ВАО ва љалби ањолї ба мубориза зидди шиканља.


УЊДАДОРИЊО: • Инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф ва талошњои он дар самти огоњнамої ва муборизаи самаранок бо шиканља ва бељазої; • Љалби таваљљуњ ба масъалаи шиканља; • Тањия ва пањн намудани иттилои босифат оид ба масъалаи шиканља.


:

ВОСИТАВУ РОЊЊОИ ИСТИФОДАШУДАИ ПАЊН НАМУДАНИ ИТТИЛООТ:

• пахши аризањо, шарњњо, тањияи вараќањои иттилоотї, гузаронидани нишастњои матбуотї, даъвати ВАО ба конфронсу форумњои аз љониби Эътилоф ташкилшуда; • ташкил кардани мусоњиба бо аъзои Эътилоф барои ВАО бо шарњи вазъият дар самти шиканља; • ташкил кардани дастгирии иттилоотии парвандањои муайян;


ЊАЙАТ:

• Намояндагони ташкилотњои аъзо ва шарикони Эътилоф. • Котибот: роњбари гуруњи расонаї, администратори торнамо ва муњаррири торнамои Эътилоф.


ТОРНАМОИ ЭЪТИЛОФ WWW.NOTORTURETJ.ORG Воситаи иттилоотии њамаљониба оид ба масоили шиканља ва муносибати берањмона дар Тољикистон ба шумор меравад, ки дар он маќолањои марбутаи ВАО, њуљљатњои барномавї, натиљањои ташхису санљишњо, мусоњиба ва дигар маълумоти заруриро дарёфт кардан мумкин аст.


ТОРНАМОИ ЭЪТИЛОФ - «РАЊОЇ АЗ ШИКАНЉА» WWW.NOTORTURE.TJ, WWW.NOTORTURETJ.ORG Дар соли 2017 аз љониби гуруњи расонаї зиёда аз 500 матлаб пахш карда шудааст, аз љумла дар бахши русї: маркази расонаї - 115, тањлил - 11, шарњи матбуот - 6, мониторинг - 7, гўшаи «Ман њомии њуќуќам» - 52, акс - 2, назар - 6, дастгирии њуќуќї - 1. Бахши тољикии торнамо: маркази расонаї - 130, тањлил - 17, мониторинг - 1, дастгирии њуќуќї - 1, шарњи матбуот - 10, гўшаи «Ман њомии њуќуќам» - 54, видео - 6, назар - 6. Бахши англисии торнамо: маркази расонаї - 17, гўшаи “Ман њомии њуќуќам» - 30. Дар соли 2017 шумораи муштариёни торнамои Эътилоф 17 490 нафар зиёд шуда, дар умум, 162 000 нафарро ташкил додааст.


ПЕШБУРДИ ТОРНАМО ВА САЊИФАЊОИ ЭЪТИЛОФ ДАР ШАБАКАЊОИ ИЉТИМОЇ. • Дар Facebook: https://www.facebook.com/noturture.tj/ • • • • •

дар Google+: https://plus.google.com дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj дар Youtube: https://www.youtube.com/ дар “Телеграмм” - t.me/notorturetj

Дар соли 2017 њамаи матолиби дар торнамои Эътилоф пахшгардида дар сањифањои иљтимоии Фейсбук, Телеграмм ва Твиттер, матолиби аудиої бошад, дар soundcloud, plus.google ва youtube љойгир карда шуданд.


АКСИЯИ «ЌУРБОНИИ ШИКАНЉАРО ДАСТГИРЇ НАМО - БЕЉАЗОИРО БОЗ ДОР!»

- 17 ќиссаи ќурбониёни шиканља бо забонњои русї, тољикї ва англисї. - 175,449 дид ва 645 бознашр.


ГЎШАИ «МАН ЊОМИИ ЊУЌУЌАМ!» Њадафи асосии гўшаи мазкур созмони чењраи њимоятгарони њуќуќ ва фаъолони шањрвандии Тољикистону инъикоси фаъолияти онњо, инчунин љалби доираи васеи љомеа ба масоили њуќуќи инсон дар Тољикистон ба шумор меравад. - 53 иќтибоси «Барои чї ман њимоятгари њуќуќ шудам?» бо забонњои тољикї ва русї.


ТАДЌИЌОТИ ЖУРНАЛИСТЇ • Дар соли 2017 аз љониби гуруњи расонаї дар њамкорї бо Гуруњи кўмаки њуќуќии Эътилофи љомеаи шањрвандї зидди шиканља ва бељазої њудуди 16 тадќиќоти журналистї гузаронида шуд. • Ќисми зиёди матолиби вобаста ба масоили шиканља ва бељазої дар Тољикистон дар дигар ВАО («Азия-Плюс», «Фараж», «Радиои Озодї», «Озодагон» ва ѓ.) бознашр шуданд. Бояд гуфт, ки рўзноманигорон њангоми омода намудани матолиб бо адвокатњо ва њуќуќшиносони Эътилоф, ташхисгарони судї-тиббиву табибон љиддї њамкорї мекунанд.


АКСИЯ ДАР ТОРНАМОИ ЭЪТИЛОФ ВА ДАР САЊИФАЊОИ ЭЪТИЛОФ ДАР ШАБАКАЊОИ ИЉТИМОЇ. • Аз 19 то 30-юми июн Эътилоф њамарўза дар торнамои www.notorturetj.org ва дар сањифањои худ дар шабакањои иљтимої ќиссањои аксии ќурбониёни шиканља ва муносибати берањмонаро пахш кард. • Њамагї 17 ќиссаи аксї пахш карда шуд.


НАМОИШИ АКСЊО Намоиши аксњо ба мардонагиву истодагарии хешовандоне бахшида шудааст, ки наздикони худро дар натиљаи берањмї ва шиканља аз даст додаанд.


НАМОИШИ АКСЊО: • Дар доираи аксияи рўзи 28-уми июни соли 2017 дар Хоруѓ намоиши аксњо ташкил карда шуд. Ба аксия намояндагони маќомоти давлатї ва њифзи њуќуќ, воситањои ахбори омма, ташкилотњои байналмилалї даъват шуда буданд. Намоиши аксњо барои њамаи хоњишмандон кушода буд.


КИТОБИ «ТАЌДИРЊОИ ШИКАСТА, УМРЊОИ РАБУДА»* • Китоби мустанади «Таќдирњои шикаста, умрњои рабуда» аз љониби ТЉ «Идораи њуќуќи инсон ва риояи ќонуният» коркард шудааст. Дар он оид ба њашт ќиссаи воќеии ќурбониёни шиканља ва муносибати берањмона дар Тољикистон њикоят карда мешавад. Китоб ба хотироти хешовандон дар бораи фарзандону шавњаронашон, ки ба зўроварї аз љониби маќомоти њифзи њуќуќ дучор гардидаанд, бахшида шудааст. • Дар соли 2016 нашри дуюми китоб омода гардида буд, ки дар он ќиссањои ќаблан вуљуддошта коркард шуда ва ќиссањои нав илова карда шуданд. Айни замон китоби мазкур дар торнамои Эътилоф - www.noturturetj.org дастрас аст.

*

Бо матни китоб бо се забон метавонед дар ин суроѓа ошно шавед: http://www.humanrts.tj/public/userfiles/Library/FULL_B OOK_web.pdf


ТАМОС: • Њамоњангсози фаъолияти гуруњ аз Эътилоф ТЉ «Маркази мустаќили њифзи њуќуќи инсон» ба шумор меравад. • Суроѓа: ш. Душанбе, хиёбони Рўдакї 137, ошёнаи 5-ум. Телефон: (+992) 44 625 76 11. • Шахси масъул: Шоира Давлатова.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.