Report Tadjik

Page 1

Чӣ тавр давлатҳо ҳукми қатлро бекор мекунанд


Чӣ тавр давлатҳо ҳукми қатлро бекор мекунанд

Мундариҷа Сарсухан аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ Эспен Барт Эйд........................................................ 3 Паёми Президенти Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл.............................................. 4 Муқаддима......................................................................................................................................... 6 Тафсири кишварҳои интихобшуда.................................................................................................. 11 • Аргентина................................................................................................................................ 11 • Камбоҷа................................................................................................................................... 12 • Фаронса................................................................................................................................... 14 • Гаитӣ....................................................................................................................................... 16 • Қирғизистон........................................................................................................................... 17 • Мексика.................................................................................................................................. 19 • Муғулистон............................................................................................................................. 21 • Филиппин............................................................................................................................... 23 • Руанда..................................................................................................................................... 25 • Сенегал................................................................................................................................... 27 • Африқои Ҷанубӣ.................................................................................................................... 28 • Туркия...................................................................................................................................... 31 • ИМА......................................................................................................................................... 33 • Коннектикут..................................................................................................................... 35 • Ню-Мексико.................................................................................................................... 36 Дарсҳои омӯхташуда аз таҷрибаи давлатҳо оид ба бекоркунии ҳукми қатл ............................... 37

2


Сарсухан аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ Эспен Барт Эйд Норвегия ба масъалаи мубориза зидди ҳукми қатл афзалияти баланд медиҳад ва чун масъалаи принсипиалӣ дар ҳама ҳолатҳо мо зидди ҳукми қатл ҳастем. Куштор бо иҷозати расмии давлат ҷомеаро бераҳм мегардонад. Он воситаи самараноки боздошткунанда нест ва мо медонем, ки дар як қатор ҳолатҳо одамони бегуноҳ қатл карда шуда буданд. Ҳукми қатл бераҳмона ва ғайриинсонӣ мебошад ва мо боварӣ дорем, ки бекоркунии он барои ҳифзи шаъну шарафи инсон муҳим аст. Ва мо танҳо нестем. Алҳол тахминан 150 давлатҳои аъзои СММ ҳукми қатлро бекор кардаанд ё дар қонунгузорӣ ё дар амалия моратория ҷорӣ намудаанд. Ба ғайр аз ин, давлатҳое, ки тарафдори бекоркунии ҳукми қатл ҳастанд, дорои системаҳои ҳуқуқӣ ва анъанаҳои фарҳангию динии гуногун мебошанд. Дастгирии ҳукми қатл аз ҷониби ҷомеа коҳиш ёфта истодааст. Лекин бо вуҷуди ин, ҳукуматҳо бояд нақши пешбарандаро дар мубоҳисаву музокираи миллии масъалаҳои мазкур ба даст гиранд. Бисёрии кишварҳои ҳукми қатлро бекоркарда ин корро новобаста аз мухолифати ҷомеа амалӣ намудаанд, лекин новобаста аз ин мардуми ин кишварҳо ислоҳоти мазкурро ба таври тез қабул карданд. Чӣ қадар одамон бештар оиди далелҳо вобаста ба ҳукми қатл маълумот дошта бошанд, ҳамон қадар камтар онҳо мухолифи бекоркунии ҳукми қатл мегарданд. Бинобар ин муҳим аст, ки давлатҳо шаффофияти бештарро вобаста ба истифодаи ҳукми қатл нишон диҳанд. Дар пешомади дарозмуддат ин музокираи кушодро дар асоси фактҳо ҳавасманд карданаш мумкин аст. Мақсади маводи мазкур ин овардани мисолҳо оиди он, ки чӣ тавр ҳукуматҳо бекоркунии ҳукми қатлро оғоз намуданд ва пешниҳоднамоии дарсҳои омӯхташуда ба давлатҳое, ки чунин амалро баррасӣ карда истодаанд. Ҳадаф ин пешниҳод намудани қадамҳои устувор, амалӣ ва дахлдор мебошад, ки давлатҳоро барои бекор кардани ҳукми қатл водор мекунад. Мандати Комиссияи баналмилалии зидди ҳукми қатл (КБҲҚ) ин таҳкими мубориза зидди ҳукми қатл дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон мебошад. КБҲҚ мақсад дорад, ки фаъолиятҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ҷаҳони сиёсӣ пешбурдашавандаро пурра намояд. Норвегия шарафманд аз он аст, ки дар нақши ҳозираи худ чун президенти гурӯҳи байниминтақавии дастгирии КБҲҚ, Комиссияро дастгирӣ намуда, ба он мусоидат мекунад. Мо инчунин аз он хушнуд ҳастем, ки яке аз шарикон ва сарпарастони асосии Панҷумин конгресси ҷаҳонии зидди ҳукми қатл мебошем, ки он моҳи июни соли 2013 дар шаҳри Мадрид баргузор хоҳад гардид. саволест, ки кай мо ба ин ноил мешавем. Дар асоси ин пурсидан табиист, ки: Кадом кишварҳо кишварҳои охирин дар амалӣ намудани қадами мазкур мешаванд? Кӣ охирин ба ин тамоюли ҷаҳонӣ ҳамроҳ мешавад? Ман умедворам, ки маводи мазкур ба ҳаракати байналмилалӣ оид ба бекоркунии ҳукми қатл боз тақвият мебахшад.

Эспен Барт Эйд Вазири корҳои хориҷии Норвегия 3


Паёми Президенти Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл (КБҲҚ ё Комиссия) моҳи окятбри соли 2010 бо мақсади пешбарӣ ва дастгирии бекоркунии ҳукми қатл таъсис дода шуда буд. Он дар натиҷаи ташаббуси ҳукумати Испания оид ба гузаронидани маърака зидди ҳукми қатл дар тамоми ҷаҳон таъсис дода шуд. КБҲҚ иборат аз 15 Ваколатдорони маъруф мебошад ва собиқ президентҳо, сарвазирон, вазирони ҳукуматҳо, роҳбарони боломақоми СММ, собиқ губернатори иёлоти ИМА, собиқ судяҳо ва собиқ президенти Суди байналмилалии СММ ва олимони пешбарро дар бар мегирад. Ваколатдорон ҳамаи минтақаҳои ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд – ва ин нишондиҳандаи он аст, ки бекоркунии ҳукми қатл масъалаи глобалӣ мебошад, на ин ки кори як минтақаи мушаххас. Онҳо кишварҳои худро намояндагӣ намекунанд ва дар қабули қарорҳои худ мустақилона амал мекунанд. Ҳар як Ваколатдор дорои таҷриба дар масъалаи ҳуқуқҳои инсон мебошад ва пайравони бекоркунии глобалии ҳукми қатл астанд. Таҷриба ва дониши онҳо ба онҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳассоси сиёсиро баррасӣ намоянд ва бо роҳбарони боломақом аз кишварҳое, ки дар он ҳукми қатл то ҳол нигоҳ дошта мешавад, гуфтугузор кунанд. Дониш, нуфуз ва намояндагии васъеи ҷуғрофии онҳо ба Комиссия дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти баланд меорад. Иштироки шахсии аъзоёни КБҲҚ бо масъалаи бекоркунии ҳукми қатл маънои онро дорад, ки Комиссия дорои ҳамаи имкониятҳо барои бурдани кор бо роҳбарони баландмақом аз кишварҳое, ки ҳоло акнун бояд ҳукми қатлро бекор кунанд, мебошад. Роберт Бэдинтер Вазири адлияи Фаронса буд ва дар қарори Фаронса оид ба бекоркуниии ҳукми қатл дар соли 1981 шахси калидӣ буд. Глория Макапагал-Арроё Президенти Филиппин буд ва моҳи июни соли 2006 ӯ “Санади Ҷумҳурӣ 9346”-ро имзо кард, ки он баровардани ҳукми қатлро дар Филиппин манъ намуд. Билл Ричардсон Губернатори Ню-Мехико (2003-2011) буд ва 18 марти соли 2009 қонунро дар бораи бекоркунии ҳукми қатл имзо кард. Собиқ Вазири адлия Иброҳим Наҷҷар лоиҳаи қонунро дар бораи бекоркунии ҳукми қатл дар Лубнон пешниҳод намуд. Дар Лубнон амалан аз моҳи июли 2008, баъд аз он, ки ӯ имзо намудани ордерҳои қатлкуниро раъд кард, моратория ба қатлкунӣ мавҷуд аст. КБҲҚ аз ҷониби гурӯҳи ҷуғрофан гуногуни 16 кишварҳои тамоми минтақаҳои ҷаҳон дастгирӣ ва маблағгузорӣ карда мешавад, ки онҳо тарафдорони бекоркунии ҳукми қатл мебошанд. Ин Гурӯҳи дастгирӣ аз кишварҳои зерин иборат мебошад: Алҷазоир, Аргентина, Ҷумҳурии Доминикан, Фаронса, Италия, Қазоқистон, Мексика, Муғулистон, Норвегия, Филиппин, Португалия, Африқои Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария, Того ва Туркия. Ҳафтои ин кишварҳо дар байни 13 кишварҳое мебошанд, ки дар ҳуҷҷати мазкур баррасӣ карда шудааст.

4


Дар давоми даҳаҳои гузашта шумораи зиёди кишварҳо эътироф намуданд, ки куштори давлатӣ ба шаъну шарафи инсон ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон зарар меоварад. Ин ҳаракат ба сӯи бекоркунии ҳукми қатл дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон, новобаста аз низоми сиёсӣ, дин, фарҳанг ва анъана ба чашм мерасад. Бино ба СММ тахминан 150 давлатҳо ҳукми қатлро бекор кардаанд ё онро амалӣ намекунанд. Алҳол мушкилии асосӣ ин ҳавасманд намудани он давлатҳое мебошад, ки дар он ҳукми қатл нигоҳ дошта шудааст, то ин ки онҳо ҷазои мазкурро барои ҳамаи намуди ҷиноятҳо ва дар ҳама ҳолатҳо бекор кунанд. Ҳуҷҷати мазкур аз муҳокимаи гурӯҳи коршиносон дар Ню-Йорк сарчашма мегирад, ки он аз ҷониби СММ моҳи июли 2012 ташкил карда шуда буд ва дар он саволҳо вобаста ба он, ки чӣ тавр давлатҳо ҳукми қатлро бекор мекунанд бардошта шуда буданд. Ин мавод ҷараёни бекоркунии ҷазои ҳукми қатлро тавассути омӯзиши таҷрибаи 13 давлатҳо аз назар мегузаронад. Бо такя ба ин дарсҳо ва таҷрибаҳо маводи мазкур дастурамалеро ба давлатҳо оиди чӣ тавр бекор кардани ҳукми қатл пешниҳод мекунад. Моҳи феврали соли 2013 бо мақсади муҳокимаи қадамҳое, ки давлатҳо дар самти бекор кардани ҳукми қатл пеш гирифта метавонанд, КБҲҚ як вохӯрии коршиносонро дар Женева ташкил кард. Дар он вохӯрӣ коршиносони ҷодаи ҳукми қатл аз ҷомеаи илмӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҷамъ омаданд ва дар асоси муҳокимаронӣ барои ҳуҷҷати мазкур маълумот оиди он, ки чӣ тавр давлатҳо ҳукми қатлро бекор мекунанд, пешниҳод карда шуд. Натиҷаи муҳокимарониҳо ва инчунин саҳми баъзеи Ваколатдорони КБҲҚ ва Гурӯҳи дастгирии он дар маводи мазкур ҷамъ карда шудаанд. Ҳадафи КБҲҚ ин бекоркунии умумии ҳукми қатл дар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф як қатор қадамҳое мавҷуданд, ки давлатҳо пеш гирифта метавонанд. Гузориши мазкур барои мусоидат намудан ва саҳм гузоштан ба он ҳадафи ниҳоӣ – ҷаҳони аз ҳукми қатл озод пешбинӣ шудааст.

Федерико Мэйор Президенти КБҲҚ

5


I

МУҚАДДИМА

Тамоюли глобалӣ дар самти бекоркунии ҳукми қатл дар тамоми ҷаҳон дар давоми ду даҳсолаи охир суръатнок гардид. Пешравӣ дар самти бекоркунӣ дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар аввал суст буд, лекин аз аввали солҳои 1990-ум ва минбаъд якбора афзун гардид. Вақте, ки СММ соли 1945 таъсис дода шуд, танҳо ҳашт давлатҳо ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор карда буданд. Баъд аз 20 сол, соли 1965 бисту панҷ давлатҳо ҳукми қатлро бекор карда буданд. Ёздатои онҳо ҷазои қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо ва чордаҳтоашон барои ҷиноятҳои оддӣ дар давраи осоишта бекор карданд. Марҳилаи қатъӣ соли 1995 омад: аввалин бор дар таърихи ҷаҳон бисёрии давлатҳо ҳукми қатлро дар қонун ё дар амалия бекор карданд. Бино ба маълумоти СММ то моҳи феврали 2013 тахминан 150 давлатҳои аъзои СММ ҳукми қатлро дар қонунгузорӣ бекор намуданд ё онро дигар амалӣ намекунанд. Аз байни он давлатҳо 105-тоашон ҳукми қатлро дар қонунгузорӣ бекор намуданд – 97 давлат барои ҳамаи ҷиноятҳо дар қонунугузории гражданӣ ва ҳарбӣ ва ҳашт давлат барои ҷиноятҳои оддӣ бо нигоҳодории имконияти баровардани ҳукми қатл, масъалан мувофиқи қонуни ҳарбӣ. Ин тамоюли давомкунанда дар самти бекоркунӣ мусбӣ мебошад, лекин набояд аз хотир баровард, ки миллиардҳо то ҳол дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо ҳукми қатл нигоҳ дошта шудааст ва ҳар сол ҳазорҳо маҳбусон қатл карда мешаванд ё зери ҳукми қатл боқӣ мемонанд. Мухолифат ба ҳукми қатл барои ягон минтақа, низоми сиёсӣ, дини ҷаҳонӣ, фарҳанг ё анъанаи мушаххас истисноӣ намебошад. Ин ташвиши глобалӣ барои бекоркунӣ қисман бо он овард, ки Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 2007 то инҷониб барои ҷорӣ кардани мораторияи ҷаҳонӣ ба қатлкунӣ бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл даъват ба амал меоварад. Қатъномаи (резолютсияи) чорум моҳи декабри 2012 қабул гардида буд. Яксаду ёздаҳ кишварҳо ба тарафдории қатънома овоз доданд. Ҳафтоду панҷ давлатҳо инчунин Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналхалқиро оиди ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ бо мақсади бекор кардани ҳукми қатл ба тасвиб расонидаанд ва ба таври қонунӣ вазифадоранд, ки ягон каси зери қонунгузории онҳо бударо ба қатл нарасонанд. Маводи мазкур ҷараёнҳоеро, ки тавассути онҳо 13 кишварҳо ба бекоркунии ҳукми қатл ноил шуданд ва нақши бозидаи субъектҳои гуногунро, аз он ҷумла мансабдорони ҳукумат, судҳо, васоити ахбори омма, ташкилотҳои касбӣ, сохторҳои динӣ ва ташкилотҳои ғайрдавлатӣ (ТҒД) дар ин ҷараён дида мебарояд. Ин кор тавассути азназаргузаронии таҷрибаи бекоркунии ҳукми қатл дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон амалӣ карда мешавад. Тавре, ки омӯзиши таҷрибаи 13 кишварҳо нишон медиҳад, роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки тавассути он давлатҳо бекоркунии ҳукми қатлро интихоб менамоянд. Намунаи ноил шудан ба бекоркунӣ низ тағйир ёфтааст ва кишварҳо бештар ҷараёни тези гузариш ба бекоркунии пурраро интихоб мекунанд. Бекоркунии ҳукми қатл дар баъзеи кишварҳои зери омӯзиш қарордошта бештар бо қатъшавии алоқа бо гузаштаи репрессивӣ робита дорад, чӣ хеле, ки дар охири апартеид дар Африқои Ҷанубӣ, дар охири низоми Дувале дар Гаитӣ, баъд аз оқибатҳои генотсид дар Руанда ва оташбас ва созишномаи сулҳ баъд аз поймолкунии васеъи ҳуқуқи инсон дар Камбоҷа, рух доданд. Аргентина, Мексика ва Туркия ба бекоркунӣ дар охири марҳилаҳои ҳолати ҳарбӣ ё тавассути хориҷнамоии кодексҳои адлияи ҳарбӣ аз қонунгузории ҷории худ ноил гаштанд. Таҷрибаи шахсии роҳбарон низ нақши худро дорад, масъалан роҳбарони сиёсии Африқои Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Корея худ бо эҳтимоли қатлшавӣ рӯ ба рӯ шуда буданд.

6


Бекоркунии ҳукми қатл роҳбарии сиёсиро талаб мекунад. Сиёсатмадорон, судяҳо, шахсиятҳои динӣ ва шахсиятҳои алоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳбарии зидди ҳукми қатлро ба зиммаи худ гирифтанашон мумкин аст. Роҳбарии сиёсӣ дар бартараф кардани мухолифати миллӣ хеле муҳим мебошад. Чунин ҳолат дар як қатор кишварҳо рух дод, ба монанди Фаронса, Муғулистон, Филиппин, Сенегал ва ИМА, ки дар он ҷой роҳбарии губернаторон дар иёлотҳои Коннектикут, Мэриленд ва Ню-Мехико барои бекоркунии ҷазои қатл муҳим буд. Президентони кишварҳои Фаронса, Мексика, Муғулистон ва Филиппин ба таври мунтазам инчунин ҳуқуқи мустасноии худро оид ба афви гуноҳ ва/ё ҷорӣ намудани моратория барои қатлкунӣ истифода мебурданд. Чунин амал ба бекоркунии қонунӣ ё конститутсионии ҷазои қатл роҳ кушод. Дигар пешвоёни сиёсӣ, аз он ҷумла аъзоёни парлумон роҳбарии худро дар кори бекоркунии ҳукми қатл ҳатто дар ҳолате, ки ақидаи ҷомеа нигоҳдории ҷазои қатлро дастгирӣ мекард, нишон доданд. Хатари ба қатл расонидани одамони бегуноҳ низ аз ҷониби пешвоёни сиёсӣ ҳангоми қабули қарор оиди бекоркунии ҷазои қатл эътироф карда шудааст. Вақте, ки ӯ губернатори иёлоти Ню-Мехикои ИМА буд, Билл Ричардсон, ки Ваколатдори КБҲҚ аст, қонун дар бораи бекоркунии ҳукми қатлро санаи 18 марти соли 2009 ба тасвиб расонд. Дар изҳороти ҳамон рӯз интишоршуда Губернатор Ричардсон гуфта буд: Дар ҷомеае, ки ҳаёт ва озодии инфиродиро аз ҳама бештар қадр мекунад, дар он ҷойе, ки адолат ва на ин ки интиқом ягона принсипи роҳбарӣ дар низоми қонуни ҷиноии мо аст, эҳтимоли маҳкумкунии ғалатнок ва Худо нахоҳад, ки қатлкунии шахси бегуноҳ барои ҳассосияти мо ҳамчун инсон чун такфир меистад. Баъд аз озод шудан аз зери мустамлика арзишҳои анъанавӣ дар бораи дахлнопазирии ҳаёт дар баъзеи фарҳангҳои Африқо ба равандҳои зидди ҳукми қатл дар кишварҳои ба монанди Сенегал ва Африқои Ҷанубӣ таъсир расониданд, дар Америкаи Лотинӣ бошад, анъанаҳои қадимаи бекоркунӣ, ки дар ҷавоб ба қатлкунии шахсиятҳои сиёсӣ ташаккул ёфтаанд, ба баҳсу мунозира дар масъалаи ҳукми қатл баъд аз истиқлолияти ин кишварҳо дар асри нуздаҳум тақвият бахшид. Кишварҳо роҳҳои гуногуни бекоркунии ҳукми қатлро қабул намуданд. Баъзеи кишварҳо, ба монанди Камбоҷа, Гаитӣ, Қирғизистон ва Туркия ҳукми қатлро тавассути тағйирдиҳии сарқонун (конститутсия) бекор карданд, бештар тавассути муқаррарот оиди ҳуқуқ ба ҳаёт ва баъдан, дар натиҷа кодекси ҷиноӣ ва дигар қонунҳоро тағйир доданд. Дигар кишварҳо, масъалан Фаронса ва Мексика пеш аз вориднамоии бекоркунӣ ба сарқонунҳои худ аввал ислоҳоти ҳуқуқиро гузарониданд. Манъи конститутсионии ҳукми қатл кафолати пурқавватро барои таъмини бекоркунӣ пешниҳод мекунад. Чунин кишварҳо, ба монанди Аргентина, Филиппин, Руанда ва Сенегал ҷазои қатлро тавассути тағйироти ҳуқуқӣ бекор карданд, лекин ҳоло бояд муқаррароти дахлдорро ба сарқонунҳои худ ворид намоянд. Муғулистон ҳаракати худро ба бекоркунӣ тавассути гирифтани ӯҳдадории байналхалқӣ барои бекоркунии ҷазои қатл ва ҳамроҳшавӣ ба Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналхалқӣ оиди ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС) эълон намуд ва интизори бекоркунии ҷазои қатл дар қонунгузории миллӣ аст. Дар Африқои Ҷанубӣ Суди конститутсионӣ нақши қалидиро дар бекоркунӣ бозид, вақте, ки он қарор қабул кард, ки ҷазои қатл чун шакли ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунад. Дар ИМА иёлотҳои ҷудогона қадамҳоро дар самти бекоркунии ҷазои қатл пеш гирифта истодаанд, лекин дар сатҳи федералӣ ҷазои қатл қувваи қонуниашро нигоҳ доштааст. Иёлоти Мэриленди ИМА ба наздикӣ ҳаждаҳумин иёлоте гашт, ки ҷазои қатлро бекор намуд. Судҳои миллӣ нақши муҳим ва прогрессивиро дар маҳдудкунии истифодаи ҳукми қатл бозида метавонанд, тавре, ки масъалан, дар Ҳиндустон, Кения ва ИМА рух дод. 7


I Тадқиқотҳои эътиборноке, ки бо дархости парлумонҳо, роҳбарони кишварҳо ё ташкилотҳои касбӣ ё ТҒД гузаронида шудаанд, дорои маълумот дар бораи истифодаи ҷазои қатл, аз он ҷумла дар бораи ҳукмҳои қатл ва қатлкуниҳо мебошанд. Чунин тадқиқотҳо далелҳои таъсирнокро барои бекоркунӣ пешниҳод намуданд, ки дар онҳо ба табиати ғаразнок ва худсаронаи ҷараёнҳои судӣ равшанӣ андохта мешаванд, ки дар баъзеи ҳолатҳо онҳо ба қатл расонидани одамони бегуноҳ оварда расонидаанд. Талқиқотҳои расмӣ оиди истифодабарии ҷазои қатл, масъалан дар Фаронса, Муғулистон ва иёлоти Коннектикути ИМА гузаронида шудаанд. ТҒД-и миллӣ баъзан дар шарикӣ ё дар эътилоф бо ташкилотҳои ғайридавлатии байналхалқӣ, ташкилотҳои касбӣ ва олимон маълумоти муфассал ва беғаразро дар бораи набудани таъсири боздошткунанда ва истифодаи худсарона ва ғаразноки ҷазои қатл пешниҳод намудаанд. Чунин маълумот ва тадқиқотҳо дар бекоркунӣ дар Муғулистон, Филиппин, Африқои Ҷанубӣ ва иёлоти НюМехикои ИМА саҳм гузоштанд. Ташкилотҳои касбӣ, алалхусус ассотсиатсияҳои ҳуқуқшиносон, ассотсиатсияҳои тиббӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва инчунин муассисаҳои ҳуқуқи инсон дар як қатор кишварҳо дар самти бекоркунии ҷазои қатл кор кардаанд. Нақши бозидаи ташкилотҳои динӣ дар мубориза бо ҷазои қатл, масъалан дар қитъаҳои Америка, Филиппин ва Африқои Ҷанубӣ назаррас буданд. Фишори байналхалқӣ низ нақши муҳимро бозидааст. Фишори асосие барои бекоркунӣ мавҷуд аст, ки он аз қатъномаҳои аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ ва собиқ Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳии инсон қабулшуда сарчашма мегирад. Вориси он, Шӯрои ҳуқуқҳои инсон масъалаи ҷазои қатлро ба таври мунтазам ҳангоми баҳогузории экспертии вазъи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон дар давлатҳо дар чорчӯбаи низоми Тафсири умумии давравӣ (UPR) мебардорад. Изҳоротҳои эътиборнок бо даъвати бекоркунии ҷаҳонии ҳукми қатл, масъалан аз ҷониби Шӯрои Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, СММ ва давлатҳои алоҳидаи аъзо муҳим ва боварибахш мебошанд. Гузоришгари махсуси СММ оид ба масъалаҳои қатли ғайрисудӣ, тез ё худсарона ба таври мунтазам масъалаҳои ташвишоварро вобаста ба вайронкунии стандартҳо ва тадбирҳои эҳтиётии байналхалқӣ оид ба ҳукми қатл ва маҳдудиятҳо доир ба баровардани он мебардорад. ТҒД-и байналхалқӣ маъракаҳоро барои бекоркунии ҷазои қатл гузаронида, ташкилотҳои ғайридавлатии миллиро дар фаъолияти онҳо оид ба эдвокасӣ дастгирӣ намудаанд. Эътирофи 10-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии зидди ҳукми қатл, чорабинии Шаҳрҳо барои ҳаёт дар санаи 30-уми ноябр ва Конгресси ҷаҳонии зидди ҳукми қатл, ки дар ҳар як сесола гузаронида мешавад, аз қабили мисолҳои фишори байналхалқии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

8


Таҳияи ҳуҷҷатҳои байналхалқии ҳуқуқҳои инсон низ ба бекоркунии ҷазои қатл мусоидат намуданд ва инчунин нақши ҳуқуқшиносӣ оиди ҳуқуқҳои инсонро дар ин хусус наметавон аз эътибор паст кард. ПБҲФС дорои як қатор муқарраротҳо, аз он ҷумла моддаҳо оид ба кафолатҳои ҳуқуқ ба ҳаёт, маҳрумкунӣ аз озодӣ ва баррасии адолатонаи судӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо ба истифодаи ҳукми қатл таъсир мерасонанд. Моддаи 6 махсусан муҳим мебошад, ки он пешбинӣ намудааст, ки ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад, ки он бояд тариқи қонун муҳофизат карда шавад ва “ҳеҷ касро намтеавон худсарона аз ҳаёт маҳрум кард”. Моддаи 6 инчунин давлатҳоро ҳавасманд мекунад, ки ба самти бекоркунии ҳукми қатл ҳаракат кунанд ва изҳор мекунад, ки “ҳеҷ нуқта дар ҳамин модда наметавонад барои ба таъхир андохтан ё пешгирии бекоркунии ҷазои қатл аз тарафи ягон давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон асос гардад”. Ҳуқуқи Кумитаи ҳуқуқҳои инсон (КҲИ), ки татбиқи ПБҲФС-ро мониторинг мекунад, дар таъмини он, ки муқаррароти мазкур фаҳмида ва эътироф карда мешавад, хеле муҳим мебошад ва баъд аз баррасии таҷрибаи риояшавии ПБҲФС аз ҷониби давлатҳо он инчунин тавсияҳои муҳимро пешниҳод мекунад. КҲИ инчунин Шарҳи умумии №24-ро нашр кардааст, ки он манъи маҳрумкунии худсаронаи ҳаётро ҳамчун қисми ҳуқуқи байналхалқии муқаррарӣ ва меъёри ҳатмӣ ё нормаи императивӣ (jus cogens) эълон мекунад, ки онро наметавон бо дигар меъёрҳо бекор кард. Инчунин протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, рӯйдоди калидӣ дар бекоркунӣ мебошад. Дар бекоркунии ҷазои қатл стандартҳои минтақавии ҳуқуқҳои инсон низ нақши назаррасеро доранд. Дар Ташкилоти давлатҳои Америка (ТДА) 25 давлатҳо Конвенсияи Америка оид ба ҳуқуқҳои инсонро ба тасвиб расониданд, ки барқарорсозии ҷазои қатлро дар кишварҳое, ки онро бекор кардаанд, манъ мекунад. Ба наздикӣ, моҳи августи соли 2012 Комиссияи байниамерикоии ТДА оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки ба он ИМА дохил мешавад, барои ҷоринамоии моратория ба қатлкунӣ дар минтақа даъват ба амал овард. Дар Аврупо, Протоколи №6 ба Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон бекоркунии ҷазои қатлро дар давраи осоишта пешбинӣ мекунад, ки онро 46 давлатҳо ба тасвиб расонидаанд, Протоколи 13 ба ҳамон Конвенсия, ки бекоркуниро дар ҳама ҳолатҳо бе ягон нигоҳдорӣ ё маҳдудкунӣ талаб мекунад, аз ҷониби 43 далатҳо ба тасвиб расонида шудааст. Ҳамаи 47 аъзоёни Шӯрои Аврупо ҷазои қатлро бекор кардаанд ё мораторияро ба қатлкунӣ ҷорӣ намудаанд. Алҳол бекоркунии ҳукми қатл шарти пешакии аъзогӣ ба Шӯрои Аврупо мебошад. Иттиҳоди Аврупо бекоркуниро ҳамчун як шарти аъзогӣ муайян кардааст. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз давлатҳои иштироккунанда талаб намекунад, ки ҷазои қатлро бекор кунанд, лекин он равандҳоро вобаста ба ҳукми қатл дар минтақаи САҲА мониторинг мекунад ва ҳар сол вобаста ба ин масъала дар Вохӯрии худ оид ба татбиқи ченаки инсонӣ гузориш медиҳад. Комиссияи Африқо оид ба ҳуқуқҳои инсон ва халқҳо ду қатъномаҳоро солҳои 1999 ва 2008 қабул намуд, ки он аз давлатҳои аъзои Хартияи Африқоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва халқҳо даъват ба амал меоварад, ки моратория ба ҳукми қатлро риоя кунанд (ACHPR/Res 42 (XXVI) ва ACHPR/Res.136 (XXXXIIII).08). Соли 2011 Раисони Комиссияи Африқо ва Гурӯҳи кории он оид ба ҳукми қатл дар Африқо ба таври расмӣ изҳор карданд, ки ҷазои қатл Хартияи Африқоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва халқҳоро вайрон мекунад ва барои омодакунии Протокол ба Хартияи Африқоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва халқҳо дар бораи бекоркунии ҳукми қатл дар Африқо даъват карданд.

9


I Дар бекоркунии ҳукми қатл судҳо ва судҳои байналхалқии ҷиноӣ таъсири назаррас доштанд. Судҳо ва трибуналҳои байналмилалии аз ҷониби СММ дастгиришаванда ва инчунин Суди байналхалқии СММ ба ҳукми қатл иҷозат намедиҳанд. Ҳаракат ба сӯи бекоркунии ҷазои қатл дар Руанда қисман аз сабаби он буд, ки Суди байналмилалии ҷиноӣ оид ба Руанда ҳукми қатлро пешбинӣ намекард (ба таҳқиқи мисоли Руанда нигаред). Равандҳо ва созишномаҳои сулҳ низ дар ноилшавӣ ба бекоркунӣ муҳим буда метавонанд. Масъалан дар Камбоҷа истодагарии СММ оид ба хориҷ кардани ҳукми қатл як нақше дар бекоркунии пурраи ҳукми қатл дар он кишвар бозид (ба таҳқиқи мисоли Камбоҷа нигаред). Давлатҳои ҳукми қатлро нигоҳдоранда тез-тез ба далели он, ки омма тарафдори ҳукми қатл аст, такя мекунанд ва ин бекоркунии ҳукми қатлро хеле мушкил мекунад. Онҳо далел меоваранд, ки арзишҳои чамъиятии анъанавӣ ҷазодиҳиро дастгирӣ мекунанд ва бинобар ин, ҳукми қатл нигоҳ дошта мешавад. Бинобар ин муҳим аст, ки дар давлатҳои ҳукми қатлро нигоҳдоранда дастрасии кушоди маълумот ва омор вобаста ба ҳукми қатл таъмин карда шавад. Аммо ҳатто новобаста аз чунин маълумот ақидаи ҷомеа ба таври назаррас тағйир ёфта метавонад, алалхусус дар ҷавоб ба ҷиноятҳои вазнин ва тафсири чунин чиноятҳо тавассути ВАО. Агар ба ақидаи ҷомеа имкон дода шавад, ки он сиёсати коршиносонро муайян созад, пас давлатҳо бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Санҷиши саҳеҳи ақидаи ҷомеа мушкил буданаш мумкин аст, зеро бисёр чиз аз он вобаста аст, ки саволҳо чӣ хел ифода карда шудаанд ва оё алтернатива пешниҳод карда шудааст. Он инчунин аз фаҳмиши шахсон оиди масъалаи ҳукми қатл вобастагӣ дорад. Дар ҳоле, ки ақидаҳои ҷомеа вобаста ба ҳукми қатл нисбӣ мебошанд, дар ниҳояти кор ин давлат аст, ки бояд вобаста ба бекоркунии ҳукми қатл қарор қабул кунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто дар ҳоле, ки омма тарафдори нигоҳдории ҳукми қатл буд, он бекор карда шуда буд. Масъалан инро дар мисолҳои Канада, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва 18 иёлотҳои ИМА, ки ҳукми қатлро бекор карданд, дидан мумкин аст. Пас аз бекоркунии ҷазои қатл таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки аксарияти ҷомеа зидди ин қарор баромад накарданд ва омодагии худро барои қабули бекоркунии ҷазои қатл нишон доданд. КБҲҚ баҳри бекоркунии глобалии ҷазои қатл фаъолият мекунад. КБҲҚ маводи мазкурро интишор кард, ки он фарогири таҷрибаи 13 қишварҳо мебошад, ки дар онҳо қадамҳо сӯи бекоркунии пурраи ҳукми қатл пеш гирифта шудаанд. Ин 13 кишварҳо ҳамаи минтақаҳои ҷаҳонро муаррифӣ мекунанд. Пас аз нақли мазкур тавсифи мухтасари дарсҳои омӯхташуда аз таҷрибаи ин кишварҳо оварда шудааст. Мавод бо қисмате оид ба КБҲҚ ва Ваколатдорони он ба хотима мерасад.

10


II

ТАФСИРИ КИШВАРҲОИ ИНТИХОБШУДА

АРГЕНТИНА Аргентина дорои анъанаи дарози тарафдории бекоркунӣ мебошад. Охирин қатли қонуни соли 1916 гузаронида шуда буд ва пас аз он, аз соли 1921 давраҳои бекоркунии пурра омада, дар солҳои 1970-ум зери ҳукуматҳои ҳарбиён ҷазои қатл аз нав барқарор карда шуда буд. Аргентина мувофиқи қонун ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои оддӣ соли 1984 ва барои ҳамаи ҷиноятҳо соли 2008 бекор намуд. Ҳукми қатл барои ҷиноятҳои сиёсӣ дар сарқонун соли 1994 бекор карда шуд. Аргентина ҳанӯз соли 1921 ҳукми қатлро барои ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноии оддӣ бекор карда буд, лекин қонунҳои дар солҳои 1950 ва 1951 қабулшуда ҳукми қатлро барои ҳуқуқвайронкуниҳои бо сиёсат алоқаманд пешбинӣ мекарданд: ҷосусӣ ва вайронкорӣ (диверсия) ва инчунин амалҳое, ки мувофиқи меъёрҳои Кодекси адлияи ҳарбӣ ҷазо дода мешуданд, ки он барои маҳкумкунии пешвоёни шӯришҳо равона карда шуда буданд. Ин қонунҳо аз ҷониби ҳукумати якуми Президент Хуан Перон бекор карда шуда буданд. Лекин ҳукуматҳои амалӣ (дефакто) (1966–1973) ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои сиёсӣ дар соли 1970 ва мувофиқи қонуни ҷиноӣ соли 1971 аз нав ҷорӣ карданд. Ин тағйиротҳои ҳуқуқӣ бо мухолифати сахти ҳуқуқшиносон ва дигарон рӯ ба рӯ гардид ва дар натиҷа, соли 1972 ҳангоми ҳукмронии Генерал Ланусс ҳукми қатл ба истиснои Кодекси ҷиноии ҳарбӣ бекор карда шуд. Баъд аз табаддулоти ҳарбии 24 марти 1976, ки Изабел Мартинес де Перонро сарнагун кард, ҳукми қатл барои ҷиноятҳо ва ҳамлаҳои хушунатомез ба хизмати давлатӣ, бо ном “ҷиноятҳо бо мақсади сарнагунсозӣ” аз нав ҷорӣ карда шуд. Ҳар як шахси аз синни 16 боло ба ин ҷазо маҳкум шуда метавонист. Ҳангоми охирин диктатураи ҳарбӣ, ки аз соли 1976 то 1983 дар қудрат буд, ягон ҳукмҳои қатли судӣ бароварда шуда набуданд, лекин хунтаи ҳарбӣ аз қатлрасониҳои васеъи ғайрисудӣ, шиканҷа ва одамрабоӣ дар қабили дигар поймолкунии ҳуқуқҳои инсон васеъ истифода намуда буданд. Моҳи декабри 1983 президенти коститутсионӣ, Раул Алфонсин волоияти қонунро дар Аргентина барқарор намуд. Ҳукумат омода буд, ки ба воситаи пеш гирифтани қадамҳо баҳри муайянсозии ҷавобгарӣ барои поймолкуниҳои васъеи ҳуқуқҳои инсон, ки ҳангоми диктатура содир шуда буданд, ба сиёсатҳои репрессивии хунтаи ҳарбӣ хотима бахшад. Ҳукумати Алфонсин ислоҳоти пурраи ҳуқуқиро қабул намуд, ки он бекоркунии қонунҳои декретӣ, ки ҳукми қатлро ҷорӣ намуда буданд, дар бар мегирифт. Моҳи августи 1984 Конгресси Миллӣ Қонуни 23077-ро қабул кард, ки ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои оддӣ дар Кодекси ҷиноӣ барҳам дод. Моҳи марти 1984 Аргентина Конвенсияи америкоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсонро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи талаботи он дар кишваре, ки ҳукми қатл бекор карда шудааст, “он набояд аз нав барқарор карда шавад”. Ҳукми қатлро то ҳол бо қонунгузории махсус баровардан мумкин аст. Кодекси ҷиноии ҳарбии соли 1951 дар қувваи қонунӣ боқи мондааст ва судҳои ҳарбӣ метавонанд аз ҷазои қатл дар давраи низои ҳарбӣ ё дар давраи осоишта барои ҷиноятҳои хиёнат, ҷосусӣ, шӯриш ва исён истифода баранд (ҷиноятҳои аз рӯи Кодекси ҷиноии ҳарбӣ маҳкумшаванд). Моддаи 759-и Кодекси ҳарбиву судӣ ҳукми қатлро барои фироркунӣ (дезертирство) дар давраи ҷанг муқаррар намудааст ва моддаҳои 131 ва 132 муқаррар намудааст, ки ҳам шаҳрвандони мулкӣ ва ҳам ҳарбиёнро метавон ба таври ғайрисудӣ бо истифода аз меъёрҳои фавқуллода ба қатл расонд. Қонунгузории соли 1984 қабулшуда чорчӯбаи адлияи ҳарбиро маҳдуд намуда, муқарраротро оиди дахолати ҳатмии судҳои федералии аппелятсионӣ бо мақсади азназаргузаронии ҳамаи қарорҳои судҳои ҳарбӣ ҷорӣ кард. 11


II Соли 1994 Сарқонуни Миллӣ тағйир дода шуд. Яке аз ҳама тағйиротҳои муҳим ин ҳамроҳкунии меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқҳои инсон ба сарқонун буда, ба онҳо иерархияи конститутсионӣ дода шуд. Он инчунин муқаррарорти махсусро ба моддаи 18 ҷорӣ намуд, ки мувофиқи он “Ҳукми қатл барои асосҳои сиёсӣ […] ба таври абадӣ бекор [карда шуд]”. Ниҳоятан моҳи августи 2008 ҳангоми ҳукмронии Президент Кристина Киршнер Кодекси адлияи ҳарбӣ мувофиқи қонун бекор карда шуда, фаъолият судҳои ҳарбӣ барҳам дода шуд ва ҳукми қатл барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор карда шуд. Соли 2007 дар Ассамблеяи Генералии СММ Аргентина ба тарафдории қатъномаи (резолютсияи) A/ RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва инчунин Аргентина ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Бо мақсади таъкиди ӯҳдадории байналхалқии худ оид ба бекоркунии пурра Аргентина Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФСро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, моҳи майи 2008 ва Конвенсияи америкоиро оид ба ҳуқуқҳои инсон бо мақсади бекоркуни ҳукми қатл моҳи июни 2008 ба тасвиб расонд.

КАМБОҶА Камбоҷа дорои анъанаи аз ҳама дарози бекоркунии ҳукми қатл дар байни кишварҳои Осиё мебошад. Дар якҷоягӣ бо Филиппин он яке аз ду кишварҳои Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АДОҶШ) мебошад, ки ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор кардааст. Санаи қатли охирин маълум нест. Ҳукми қатл соли 1989 тавассути тағйири сарқонуни соли 1981 бекор карда шудааст. Бекоркунии ҳукми қатл баъдан ба таври самаранок ба қонунгузории давраи гузариш ҳамроҳ карда шуд, ки он соли 1992 зери назорати СММ қабул гардида буд ва пас дар сарқонуни нави соли 1993 нигоҳ дошта шуд, ки он дар созишнома оид ба ҳалии низоъи деринаи Кампучия пешбинӣ гардида буд. Ин созишнома зери сарпарастии байналхалқӣ дар Париж соли 1991 ба даст оварда шуда буд. Байни солҳои 1975 ва 1979 зери сиёсати азҷойкӯчонии маҷбурӣ ба деҳот, ки аз тарафи Ҳукумати Кампучияи Демократӣ бо роҳбарии Пол Пот амалӣ карда шуда буд, аз 1 то 2 миллион мардуми Камбоҷа ҳабс, шиканҷа, қатл ё ба марг аз гуруснагӣ мубтало карда шуда буданд. Ӯ Ҳизби коммунистии Кампучияро роҳбарӣ мекард, ки он бо номи “Хмер Руж” маълум буд. Қароре аз соли 1979, ки баъд аз сарнагункунии Пол Пот қабул шуда буд, қатлро ҳамчун ҷазо барои генотсид пешбинӣ мекард ва чорчӯбаи он мувофиқи Қонуни декретии №2 васеъ карда шуда, ҳукми қатл барои ҷиноятҳои хиёнат зидди инқилоб ва дуздии моликияти ҷамъиятӣ, куштор ва таҷовуз ба номус муқаррар гардида буд. Аммо ҳукми қатл нисбати ягон шахси барои генотсид ва хиёнат маҳкумшуда, ки ба садоқати сиёсии худ ба ҳукумати нави Ҷумҳурии Мардумии Кампучия (ҶМК) қасам мехӯрд, истифода нашуда буд. Зери ҳукумати ҶМК камтаринаш панҷ нафар мувофиқи қарор барои генотсид ва хиёнат ба ҳукми қатл маҳкум шуда буданд. Сетои онҳо, аз он ҷумла пешвои Хмер Руж Пол Пот ҳангоми ғоиб будан маҳкум шуда буданд.

12


Ҳукми қатл дар Камбоҷа тариқи тағйироти конститутсионӣ соли 1989 бекор карда шуд. Тағйироти конститутсионии моҳи апрели 1989 номи кишварро ба Давлати Камбоҷа иваз кард ва моддаи 35-ро дар бар гирифт, ки он ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор намуд. Тағйирот барои ифодакунии сиёсатҳои нав дар охири низоми Пол Пот ва муҳорибаҳои минбаъда байни ҳукумати ҶМК бо роҳбарии Ҳун Сен ва қувваҳои мусаллаҳи мухолифин дар Ҳукумати Эътилофии Кампучияи Демократӣ (ҲЭКД), ки дертар номашро ба Ҳукумати Миллии Камбоҷа (ҲМК) иваз кард, равона карда шуда буд. Эътилофи мухолифин аз “Хмер Руж” (он вақт Ҳизби Кампучияи Демократӣ ном дошт) ва Фронти миллии муттаҳидаи Шоҳзода Нородом Сиҳанук барои Камбоҷияи мустақил, бетараф, осоишта ва ҳамкорикунанда (FUNCINPEC) иборат буд. Фишор ва кӯмаки байналхалқӣ низ нақши амалиро дар бекоркунии ҳукми қатл бозид. Кӯшишҳои байналхалқӣ барои хотимаёбии низоъи давомноки Кампучия вусъат бахшид. Отатшбас ниҳоятан дар соли 1991 мувофиқа карда шуд ва Созишномаи сулҳи Париж моҳи октябри 1991 ба тасвиб расонида шуд, ки ба он ҳукумати давлати Камбоҷа зери роҳбарии Ҳун Сен, се гурӯҳҳои мухолифин – Хмер Руж, Фронти миллии муттаҳида (FUNCINPEC) ва Фронти миллии озодихоҳи мардуми Хмер (KPNLF) ва инчунин панҷ Аъзоёни доимии Шӯрои бехатарии СММ ва 13 ҳукуматҳои дигар имзо гузоштанд. Мувофиқи моддаи 15(2)-и созишнома Камбоҷа ӯҳдадор аст, ки “Эҳтироми риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсонро дар Камбоҷа таъмин намояд” ва “меъёрҳои байналхалқии дахлдори ҳуқуқҳои инсонро риоя кунад”. Замимами 5-и созишнома Принсипҳоро барои Сарқонуни нави Камбоҷа муқаррар мекунад, ки он чораҳои махсусро барои таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, эъломияи конститутсионии ҳуқуқҳои асосӣ, аз он ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт ва зарурат барои мувофиқати муқарраротҳои конститусиониро ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ дар бар мегирад. Дар чорчӯбаи созишнома Мақомоти СММ барои давраи гузариш дар Камбоҷа (МСММГК) таъсис дода шуд, ки он назорати масъалаҳои оташбас ва инчунин равандҳои тартиботи ҷамъиятиву судӣ, аз он ҷумла омодакунии Камбоҷаро ба сарқонуни нав барои пешбарии “муҳите, ки дар он эҳтироми ҳуқуқҳои инсон таъмин карда мешавад” амалӣ мекард. Ташкилотҳои ғайридавлатии байналхалқӣ муқаррароти мустаҳкамро барои ҳуқуқҳои инсон дар Созишномаи Париж ва сарқонуни нав, аз он ҷумла истисно кардани ҳукми қатлро пешбарӣ карданд. Масъалан Амнести Интернешенл ба пешвоёни ҶМК моҳҳои июл ва сентябр мактуб ирсол карда, ташвиши худро оиди истифодаи ҳукми қатл изҳор намуданд ва яқинан дархост карданд, ки кафолатҳои амалӣ барои эҳтироми стандартҳои ҳуқуқи инсон ба ҳама гуна созишномаҳои сиёсӣ дохил карда шаванд, то ки он инчунин барҳамдиҳии ҳукми қатлр дар бар гирад. Амнести Интернешнл инчунин аз марҳилаҳои аввали гуфтушунидҳо пешниҳодҳои мазкурро аз се гурӯҳҳои мухолифини дар гуфтушунид иштироккунанда талаб кард ва яке аз пешвоёни онҳо, Шоҳзода Нородом Сиҳанук моҳҳои сентябр ва октябри 1988 ҷавоб гардонда, дастгирии худро барои барҳамдиҳии ҳукми қатл дар Камбоҷа изҳор намуд. МСММГК соли 1992 ҷойгир карда шуда, дафтарҳо моҳи марти 1992 таъсис дода шуданд. МСММГК кӯмаки худро дар омодасозии матнҳои ҳуқуқии қонуни гражданӣ ва ҷиноӣ расонд. Моҳи сентябри ҳамон сол Шӯрои олии миллӣ, сохтори қонунии давраи гузариш, Муқаррартҳоро вобаста ба Қонуни судӣ ва ҷиноӣ ва Тартиботи дар давраи гузариш татбиқшавандаро қабул кард. Қонуни давраи гузариш, ки бо мусоидати МСММГК омода шуда буд, дар моддаи 67 изҳор мекунад, ки “ҳукми қатл дар Камбоҷа бекор карда шудааст”. 13


II Санаи 24 сентябри 1993 Камбоҷа сарқонуни навро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ки дар Созишномаи сулҳи Париж оварда шуда буданд, қабул кард. Моддаи 32, ки дар чорчӯбаи мандати СММ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ ба Камбоҷа омода шудааст, изҳор мекунад, ки “Ҳар як шаҳрванди Хмер ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ дорад”. Он баъдан мушахассан пешбинӣ мекунад, ки: “Ҳукми қатл вуҷуд надорад”. Лекин сарқонун барои он танқид карда шуд, ки он ҳар каси “шаҳрванди Хмер” набударо аз меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон истисно мекунад. Истифодаи Кодекси ҳуқуқи ҷиноӣ ва Тартибот барои давраи гузариш дар давоми як мӯҳлате идома ёфт, то даме, ки Кодекси ҷиноии нав моҳи декабри 2010 қабул гардид, ки он низ ҳукми қатлро пешбинӣ намекунад. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Камбоҷа ба тарафдории қатъномаи (резолютсияи) A/RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Камбоҷа инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Камбоҷа ҳоло Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС-ро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ба тасвиб нарасонидааст.

ФАРОНСА Фаронса ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо мувофиқи қонун соли 1981 бекор намуда, ҳамин тариқ ба 13 дигар кишварҳои Аврупо, ки аллакай ба бекоркунӣ ноил шуда буданд, ҳамроҳ гашт. Бекоркунӣ баъд аз баҳсу мунозираҳои дарози оммавӣ, афвҳои президентӣ, гурӯҳи кории байниҳизбӣ, даъвои ҳуқуқӣ дар судҳо ва қадамҳои боҷуръати Президент Миттеранд, ки новобаста аз тарафдории аксарияти ҷомеаи Фаронса барои нигаҳдории ҳукми қатл, бекоркунии ҳукми қатлро пешбарӣ мекард, ба даст оварда шуд. Соли 2007 бекоркунии ҳукми қатл ба сарқонун дохил карда шуд. Қатли охирин соли 1977 гузаронида шуда буд. Якум Кодекси ҷиноии Фаронса аз соли 1791, ки ҳангоми Инқилоби фаронсавӣ қабул гардида буд, ҳукми қатлро тариқи буридани сар пешбинӣ мекард ва аз он дам ҳукми қатл ҳамеша тавассути гилотина гузаронида мешуд. Қарор аз соли 1848, ки соли 1853 тасдиқ гардид, ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои сиёсӣ бекор кард. Дар давоми асри нуздаҳум масъалаи ҳукми қатл аз ҷониби олимон, олимони ҳуқуқшинос ва шахсиятҳои сиёсиву адабӣ баҳсу мунозира карда мешуд, ки байни онҳо Виктор Хюго буд, ки бо мақсади изҳори мухолифати худ ба ҷазои қатл рӯзи охирини шахси ба ҳукми қатл маҳкумшударо тасвир намуд. Охирин қатли ҷамъиятӣ дар шаҳри Версал соли 1939 баргузор гардид. Баъд аз он, ки расмҳои қатлкунӣ бо истифодаи гилитони вайрон ба таври васеъ тавассути ВАО паҳн карда шуданд, он баҳсу мунозираҳоро дар бораи ҳукми қатл аз нав эҳё кард. Ҳукумат ба тезӣ ҳамаи ошкоркунии масъалаҳои вобаста ба қатлрасониро, ба истиснои эълонҳои мухтасари расмӣ манъ намуд.

14


Дар давраи истилои Фаронса аз ҷониби Олмон қатлкунӣ тавассути гилитон, ки аз ҷониби судҳои махсус муайян мешуданд, ба таври мунтазам гузаронида мешуданд ва бевосита баъд аз ҷанг сатҳи баланди қатлкунӣ мавҷуд буд. Аммо баъд аз солҳои 1950-ум шумораи қатлкуниҳо камтар буданд. Масъалан, байни солҳои 1959 ва 1979 51 нафар одамон ба ҳукми қатл барои ҷиноятҳои оддӣ маҳкум шуда буданд, ки аз он 14 нафарашон, аз он ҷумла ду аъзоёни ташкилоти нимҳарбии Артиши махфӣ (Organisation Armée Secrète) қатл карда шуда буданд. Анъанаи пурқуввати тарафдории бекоркунӣ дар адабиёт ва филмҳои фаронсавӣ пайдо шуданд. Нависанда Алберт Камус китоберо бо мулоҳизаҳои худ алайҳи гилитон соли 1957 навишт ва дар якҷоягӣ бо Артур Коестлер ӯ мулоҳизаҳои худро нисбати ҷазои қатл навишта, бекоркунии онро дархост намуд. Филмҳои фаронсавии давраи мазкур золимии ҳукми қатлро тасвир мекарданд. Баъд аз машварат бо мансабдорони судӣ ва маъмурӣ президентони Фаронса ваколатҳои худ оиди афвкуниро бештар истифода менамуданд ва судяҳо низ бемайлии худро нисбати баровардани ҳукмҳои қатл нишон медоданд. Аммо як қатор ҷиноятҳои зидди кӯдакон дар солҳои 1970-ум ақидаи ҷомеаро ба тарафдории ҳукми қатл барангезонд, ки дар натиҷа то 65 фоизи аҳолӣ нигоҳдории ҳукми қатлро тарафдорӣ карданд. Қатлкуниҳои соли 1972 танқиди байналхалқиро ҷалб намуданд, ки он дар даврае рух дод, ки бисёрии кишварҳои Аврупо ҳукми қатлро бекор карда истода буданд. Лекин сатҳи нисбатан пасти қатлкунӣ дар солҳои 1960-ум ва ақидаҳои изҳоршуда ва амалҳои президентони Фаронса вобаста ба ҳукми қатл, ки духела буданд, андозаи баҳсу музокираи ҷамъиятиро оиди ҷазои қатл васеъ карданд. Моҳи апрели 1974 номзад ба президентӣ Валери Гискард д’Эстен ’нафрати амиқи’ худро ба ҳукми қатл изҳор кард, лекин илова намуд, ки ӯ ба ҳиссиёти амиқи мардуми Фаронса дар ин хусус мухолифат намекунад. Лекин вақте, ки ӯ интихоб гардид, ӯ ба се қатл иҷозат дод. Накардани афв аз ҷониби ӯ ба қатлкунии моҳи июли 1976 бурда расонд, ки он танқиди манфиро дар ВАО ҷалб намуда, баҳсу музокираи ҷомеаро вобаста ба ҳукми қатл аз нав эҳё намуд. Президент Гискард д’Эстен гуфт, ки ӯ хоҳони таҳлили ҳаматарафаи қатлкуниҳо аст. Ташкилотҳои касбии гуногун дар масъалаи ҳукми қатл баҳсу музокира карданд ва соли 1976 Иттифоқи касбии судяҳо (Syndicat de la Magistrature) бо тафовути калон ба тарафдории бекоркунӣ овоз дод. Анҷумани (Ассамблеяи) Миллӣ гурӯҳи кории байниҳизбиро таъсис дод ва Комиссия оид ба азнавдидабароии Кодекси ҷиноӣ мухолифати худро нисбати ҳукми қатл изҳор кард. Калисоҳои протестантӣ ва католикӣ низ ақидаҳои мустаҳками худро вобаста ба тарафдории бекоркунии ҳукми қатл изҳор намуданд.

Mr. Роберт Бединтер

Ҳукми қатл инчунин дар судҳо зери суол гузошта шуд. Роберт Бединтер, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори сотсиалист дар давоми солҳои аз 1976 то ба 1980 шаш маротиба судяҳоро боварӣ кунонд, ки ҳаёти қотилро нигоҳ доранд, зеро дар эътирозҳояш ӯ изҳор намуд, ки ҳукми қатл ҷазодиҳии бераҳмона ва ғайриинсонӣ буда, хатари ба қатл расонидани одамони бегуноҳ мавҷуд аст. Президент Миттерран, ки танҳо якчанд ҳафта пеш аз интихоботи соли 1981 мухолифати худро нисбати ҳукми қатл изҳор намуд, Роберт Бединтерро ба вазифаи Вазири адлия дар ҳукумати нави сотсиалистии худ таъин намуд. 15


II Яке аз амалҳои аввалини ҳукумати нави сотсиалистӣ ин ивазнамоии се ҳукмҳои қатли дар моҳи майи 1981 баровардашуда буд ва Вазири адлия Бединтер дар навбати худ лоиҳаи қонун дар бораи бекоркуниро ба Анҷумании Миллӣ дар чорчӯбаи овоздиҳии тез ворид намуд. Он инчунин дастгирии ҳизбҳои марказии ростхоҳро ҷалб намуд. Санаи 9 октябри 1982, баъд аз овоздиҳиҳо ба тарафдории он дар Анҷумани Миллӣ (363 ба 117) ва Сенат (160 ба 26) ҳукми қатл барои ҳамаи ҷиноятҳои гражданӣ ва ҳарбӣ мувофиқи моддаи якуми Қонуни №81-809 бекор карда шуд. Ин дар даврае рух дод, ки 60–65 фоизи мардуми Фаронса тарафдори ҷазои қатл буданд. Ҳамчун қадами ниҳоӣ бо мақсади таъмини кафолати мустаҳкам зидди ҳукми қатл, бекоркунӣ дар сарқонун дарҷ карда шуд. Ин кор бо ташаббуси Президент Ширак тавассути тағйироти конститутсионӣ, ки дар парлумон соли 2007 қабул гардид, амалӣ карда шуд. Моддаи 66-1-и Сарқонун пешбинӣ мекунад, ки “ҳеҷ кас ба ҳукми қатл маҳкум карда намешавад”. Моҳи феврали 1986 мавқеи Фаронса зидди ҳукми қатл бо роҳи ба тасвиб расонидани Протоколи 6-уми Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон таъкид карда шуд, ки он бекоркунии ҳукми қатлро дар давраи осоишта пешбинӣ мекунад. Моҳи октябри 2007 Фаронса инчунин Протоколи 13-уми Конвенсияро ба тасивб расонд, ки он ҳукми қатлро дар ҳама ҳолатҳо бекор мекунад. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Фаронса ба тарафдории қатъномаи (резолютсияи) A/RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Фаронса инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Моҳи октябри соли 2007 Фаронса Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС-ро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ба тасвиб расонд.

ГАИТӢ Соли 1987 Гаитӣ ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо ба воситаи тағйироти конститутсионӣ бекор кард. Охирин қатли судии маълум дар соли 1972 гузаронида шуда буд.. Ҳукми қатл дар Кодекси ҷиноии кишвар аз соли 1853, баъд аз хотимаи ҳукмронии мустамликавии Фаронса дар соли 1804 нигоҳ дошта шуда буд. Кодекси ҷиноии соли 1953 ҷазои қатлро барои ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноӣ ва сиёсӣ пешбинӣ мекард. Дар давоми президентии доктор Франсуа Дувале байни солҳои 1957 ва 1971 бисёр ҳукмҳои қатл баъд аз мурофиаҳои соддакардашуда бароварда шуда, қатлкуниҳо тез-тез ба таври кушод дар ҷамъият гузаронида мешуданд. Ҳукмҳои қатл инчунин аз ҷониби судҳои ҳарбӣ дар чорчӯбаи қонуни махсуси зиддикоммунистии соли 1969 бароварда мешуданд.

16


Қарори ҳукумат аз соли 1985 ҳукми қатлро барои чиноятҳои сиёсӣ, ба истиснои хиёнати ҷиддӣ бекор кард. Баъд аз пошхӯрии ҳукумати Жан-Клод Дувале дар моҳи феврали 1986, ки барои поймолкуниҳои васеъи ҳуқуқҳои инсон ҷавобгар буд, собиқ мансабдорони ҳукуматӣ барои поймолкуниҳои ҳуқуқҳои инсон ба ҳукми қатл маҳкум карда шуданд, лекин ҳамаи ҳукмҳои қатли дар таъхирбуда мувофиқи сарқонуни нави соли 1987, ки бекоркунии ҳукми қатлро пешбинӣ мекард, иваз карда шуданд. Сарқонуни нав санаи 29 марти 1987 дар давраи ҳукмронии Президент Ҳенри Нэмфӣ дар раъйпурсии миллӣ тасдиқ гардид. Моддаи 20-уми сарқонун бекоркунии ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо пешбинӣ мекунад. Баъд аз табаддулоти ҳарбии соли навбатӣ сарқонуни соли 1987 муваққатан бекор карда шуд, лекин баъдтар, санаи 12 июли 1987 президент Лесли Манигат қарорро оиди азнавтасдиқкунии бекоркунии ҳукми қатл қабул намуд. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Гаитӣ ба тарафдории қатъномаи A/RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Гаитӣ инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Гаитӣ давлати аъзои Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ё Протоколи Конвенсияи америкоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл намебошад.

ҚИРҒИЗИСТОН Қирғизистон ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо тариқи воридкунии тағйирот ба сарқонун дар соли 2006 бекор намуда, баъдан соли 2007 тағйиротро ба Кодекси ҷиноӣ ворид кард. Пеш аз бекоркунӣ як қатор мораторияҳо ба қатлрасонӣ аз соли 1998 мавҷуд буданд, ки онҳо ба воситаи қарорҳои президент эълон ва азнав карда мешуданд. Инчунин ба воситаи қарори сиёсӣ аз соли 2002 ва тағйиротҳои соли 2004 ба Кодекси ҷиноӣ шумораи ҷиноятҳое, ки ба он ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, кам карда шуд. Охирин қатл соли 1998 гузаронида шуда буд. Пас аз мустақилият аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ҳукми қатл дар моддаи 18-и сарқонун барои ҳолатҳои истисноӣ пешбинӣ шуда буд. Дар ҳисоботи ибтидоии худ ба Кумитаи ҳуқуқҳои инсони (СММ) моҳи июли 2000 ҳайати Қирғизистон гузориш дод, ки дар ҷомеаи Қирғизистон тамоюли афзояндаи тарафдории бекоркунии ҳукми қатл мавҷуд аст. Соли 1997 қонуне ба бекоркунии ҳукми қатл барои баъзе ҷиноятҳо, аз он ҷумла ҷиноятҳои иқтисодӣ оварда расонд, лекин онро барои ҷиноятҳое, ки ба марги одамон оварда мерасонад, нигоҳ дошт. Он аз тарафи президент Аскар Акаев дастгирӣ карда шуд, ки соли 1998 ӯ қарорро оиди ҷорикунии мораторияи дусолина қабул намуд. Моратория чор маротиба дароз карда шуд, то он даме, ки Президент Курманбек Боқиев мораторияи бепоёнро соли 2005, дар интизории бекоркунӣ эълон намуд. Дар давраи мавҷудияти моратория ба қатлкунӣ баровардани ҳукмҳои қатл аз ҷониби судҳо идома ёфт ва эҳтимолан ҳатто баъд аз тағйири сарқонун бо мақсади бекоркунӣ ҳам ҷазои қатл муқаррар карда мешуд. Шумораи ҳукмҳои қатл, ки пеш аз моратория татбиқ шуда буданд ҳамчун сирри давлатӣ баррасӣ карда мешуд ва хешовандон оиди қатлкуниҳои омадаистода хабардор карда намешуданд. 17


II Фишор аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати Қирғизистон мавҷуд буд, то ки он ҳукми қатлро бекор кунад. Иттиҳоди Аврупо яқинан аз Қирғизистон дархост мекард, ки ҳукми қатлро бекор кунад ва даъватҳои монанд инчунин ҳангоми Вохӯриҳои САҲА оид ба татбиқи ченаки инсонӣ изҳор мешуданд. Моҳи декабри 2002 эътилофи ташкилотҳои Қирғизистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, аз он ҷумла, Бюрои Қирғизистон оид ба ҳуқуқҳои инсон ва волоияти қонун ва Кумитаи Қирғизистон оид ба ҳуқуқҳои инсон аз ҷоринамоии моратория ба қатлкунӣ пазироӣ карданд ва аз Президент Акаев яқинан дархост намуданд, ки ҳукми қатлро бекор кунад. Қароре соли 2002 қабул гардид, ки дар он изҳор шуда буд, ки яке аз ҳадафҳои Қирғизистон ин тадриҷан камкунии истифодабарии ҳукми қатл ва бекоркунии ниҳоии он мебошад. Қадами навбатӣ воридкунии тағйиротҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар соли 2004 буд, ки шумораи ҷиноятҳое, ки ба он ҷазои қатл муқаррар шудааст, аз шаш то ба се кам карда шуданд. Аммо солҳои 2005 ва 2006 парлумон лоиҳаҳои қонунҳо ва тағйиротҳоро ба сарқонун, ки аз ҷониби Вазорати адлия ва Шӯрои конститутсионӣ омода карда шуда буданд ва инчунин қонун дар бораи ҳамроҳшавӣ ба Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, раъд намуд. Президент Боқиев, ки моҳи августи 2005 ба қудрат омада буд, пеш аз оғози фаъолияти президентии худ эълон карда буд, ки ӯ хоҳони хориҷ кардани ҳукми қатл аз сарқонун аст. Соли дигар, моҳи ноябри 2006 Президент Боқиев сарқонуни навро имзо кард, ки дар он изҳор карда мешуд, ки “ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Қирғизистон дорои ҳуқуқи ҷудонашаванда ба ҳаёт мебошад. Ҳеҷ касро наметавон аз ҳаёт маҳрум кард”. Санаи 27 июни 2007 Президент Боқиев қонунеро имзо кард, ки он Кодекси ҷиноиро тағйир дод ва ҳукми қатлро бекор карда, онро бо ҳабси якумра иваз намуд. Баъд аз бекоркунӣ Суди олӣ парвандаҳои 133 маҳбусони ба ҷазои қатл маҳкумшударо аз назар гузаронд ва ба таври автоматикӣ ҳукмҳои онҳоро бо ҳабси якумра иваз кард. Каме дертар, моҳи июни 2010 сарқонуни нав бо манъи ҳукми қатл дар раъйпурсии умумӣ тасдиқ карда шуд. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Қирғизистон ба тарафдории қатъномаи A/ RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Қирғизистон инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Моҳи декбари 2010 Қирғизистон ба Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ҳамроҳ шуд.

18


МЕКСИКА Мексика ҳукми қатлро соли 2005 барои ҳамаи ҷиноятҳо дар қонунгузорӣ бекор намуда, ҳамон сол дертар тағйироти дахлдорро ба сарқонун ворид кард. Охирин қатл барои ҷиноятҳои оддӣ дар иёлоти Пуебла соли 1937 гузаронида шуда буд. Охирин қатли сарбоз мувофиқи Кодекси ҳарбиву судӣ соли 1961 татбиқ шуда буд. Ҳаракатҳо баҳри бекоркунии ҳукми қатл дар Мексика ба тамоюлҳои мустаҳками тарафдории бекоркунӣ дар Америкаи ҷанубӣ ва марказӣ дар асри нуздаҳум такя мекард. Сарқонуни соли 1857 ҳукми қатлро мушахассан барои ҷиноятҳои сиёсӣ дар даврае, ки норозигии васеъ нисбати ҳукми қатл дар ВАО мавҷуд буд, бекор кард. Ин ба қатъшавии алоқа бо давраи гузашта, ки дар он ҳукми қатл барои нест кардани ҳарифони сиёсӣ истифода бурда мешуд, ишора кард. Лекин сарқонуни Мексика ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои оддӣ дар муддати дароз нигоҳ дошт. Сарқонуни сиёсии Иёлотҳои Муттаҳидаи Мексика аз соли 1917 бекоркунии ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои сиёсӣ дар моддаи 22 пешбинӣ мекард, лекин ҷазои қатлро барои куштор ва дигар ҷиноятҳо ва инчунин баъзе ҷиноятҳои ҳарбӣ нигоҳ дошт. Ҳукми қатл, ки ба Кодекси ҷиноии соли 1871 дохил карда шуда буд, аз Кодекси ҷиноии федералии соли 1930 ва кодексҳои минбаъда хориҷ карда шуд. Аксари иёлотҳои Мексика ҳукми қатлро дар охири асри нуздаҳум бекор карда буданд. Лекин ҳукми қатл дар Кодекси ҳарбиву судӣ барои ҷиноятҳои мушаххас нигоҳ дошта шуда буд ва одамон баъзан мувофиқи муқаррароти он ба ҷазои қатл маҳкум мешуданд. Дар таҷриба президентон ба таври мунтазам аз ваколати конститутсионии худ оид ба ивазнамои ҳукми қатл бо ҳабси дарозмуддат истифода мебурданд. Мисоли аз ҳама дертарин моҳи ноябри 2003, баъд аз он, ки суди ҳарбӣ шахсеро барои куштор ба ҳукми қатл маҳкум кард, рух дод. Моҳи апрели 1988 як номзад ба президентӣ эълон кард, ки ӯ масъалаи ба раъйпурсӣ гузоштани азнавҷорикунии ҳукми қатлро баррасӣ карданаш мумкин аст, лекин ин фикр бо мухолифати васеъи ҷомеа, епископҳои католикӣ, пешвоёни сиёсӣ, сенаторон ва ҳуқуқшиносони шинохта рӯ ба рӯ гардид ва раъйпурсӣ умуман гузаронида нашуда буд. Ташкилотҳои мексикоӣ ва байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Мексика яқинан талаб мекарданд, ки ҳукми қатлро пурра дар қонунгузорӣ бекор кунад. Соли 2005 барои бекоркунӣ соли ҳалкунанда буд. Санаи 21 апрели 2005 ягона муқаррароти боқимонда дар қонунгузории ҷиноии Мексика, ки ба ҳукми қатл иҷозат медод, бекор карда шуд. Палатаи депутатҳои Мексика барои ислоҳоти Кодекси ҷиноии ҳарбӣ ва ивазкунии ҳукми қатл бо ҷазои маҳрумкунӣ аз озодӣ ба мӯҳлати аз 30 то 60 сол барои ҷиноятҳои ҷиддӣ якдилона овоз доданд.

19


II Моҳи июни 2005 бо мақсади таҳкими бекоркунӣ дар сатҳи конститутсионӣ Палатаи намояндагони Мексика қонун дар бораи ислоҳоти конститутсиониро бо тарафдории 412 овоз ва ду бетараф тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ҳукми қатл ба таври кушод барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор карда шуд. Президент Висенте Фокс қонуне, ки тағйири моддаҳои 14 ва 22-и Сарқонуни Иёлотҳои Муттаҳидаи Мексикаро равона шуда буд, имзо намуд ва он санаи 9 декабри 2005 ба қувваи қонунӣ даромад. Рӯзи дигар Президент Фокс нашри тағйиротҳои конститутсиониро дар рӯзномаи расмии ҳукуматӣ ҳамчун рӯйдоди “таърихӣ” номида, илова намуд: “Мексика ҳамфикри он аст, ки ҳукми қатл ин поймолкунии ҳуқуқҳои инсон мебошад”. Дар ҷавоб ба хушунат ва одамрабоии афзоянда баъзе кӯшишҳо барои барқарорсозии ҳукми қатл буданд. Моҳи декабри 2008 губернатори иёлоти шимолии Коаҳулиа лоиҳаи қонунеро дар Конгресси Мексика сарпарастӣ кард, ки он барои барқарорсозии ҳукми қатл барои одамрабоёне, ки ба куштор даст мезананд, равона карда шуда буд. Як ҳизби сиёсӣ ҷазои қатлро барои ҳамаи ҳолатҳои куштор пешбарӣ намуда буд. Лекин ҳаракатҳо баҳри азнавбарқарорсозии ҳукми қатл бо мухолифати сахти фаъолони ҷодаи ҳуқуқҳои инсон, Калисои римӣ-католикӣ ва сиёсатмадорон рӯ ба рӯ гардид ва ба муваффақият ноил нашуд. Аз оғози соли 2000 ҳукумат кӯшиш намуд, ки ба садҳо мексикоиҳое, ки дар ИМА зери ҳукми қатл буданд, кӯмаки ҳуқуқӣ расонад. Суди байналхалқии СММ даъвои Мексикаро дар соли 2004 дастгирӣ намуд, ки дар он Мексика аз ИМА дархост мекард, ки парвандаҳои 51 шаҳрвандони мексикоии ба ҳукми қатл маҳкумшуда аз назар гузаронида шавад, зеро ИМА бо роҳи мусоидат накардан ба дастрасии онҳо ба кормандони консулии Мексика ӯҳдадориҳои худро дар чорчӯбаи Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулии соли 1963 иҷро накарданд. Мексика инчунин гумонбаршудагони ҷиноиро ба ИМА бе гирифтани кафолати он, ки шахсони мазкур ба ҷазои қатл ё ҳабси якумра бе имконияти озодшавии пешакӣ маҳкум карда намешаванд, экстрадитсия нахоҳад кард. Соли 1981 Мексика аъзои Конвенсияи байниамерикоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон гашт, ки он азнавбарқарорсозии ҳукми қатлро дар кишварҳое, ки онро бекор кардаанд, манъ мекунад. Моҳи сентябри 2007 Мексика ба Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст ва Протоколи Конвенсияи америкоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл ҳамроҳ гашт. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Мексика ба тарафдории қатъномаи A/RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Мексика инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод.

20


МУҒУЛИСТОН Президент Тсахиагиин Элбегдорй ҳукми қатлро ба таври сиситематикӣ бо дигар ҷазо иваз мекард ва моҳи январи 2010 мораторияро ба қатлкуниҳо эълон намуда, зарурати пайравӣ кардани тамоюли ҷаҳонӣ ба бекоркуниро таъкид кард. Моҳи марти 2012 бо роҳи ҳамроҳшавӣ ба Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС Муғулистон ба худ ӯҳдадории байналхалқӣ гирифт, ки ҳукми қатлро бекор намояд ва қадамҳоро баҳри бекоркунии ҳукми қатл дар қонунгузорӣ пеш гирифта истодааст. Қатли охирин соли 2008 гузаронида шуда буд. Ҳукми қатл ба аввалин Кодекси ҷиноии соли 1926 дохил карда шуда буд. Мувофиқи Кодекси ҷиноии соли 1962 барои ҳашт намуди ҷиноятҳо ҳукми қатл пешбинӣ шуда буд, ки дар натиҷа байни солҳои 1980 ва 1990 171 нафар шахсон ба ҳукми қатл маҳкум шуда, 118-тоашон қатла карда шуда буданд. Пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ оғози ислоҳоти демократиро дар соли 1990 ифода намуд, ки дар натиҷа низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ карда шуд. Сарқонуни нав соли 1992 интишор карда шуд, ки Моддаи 16(1) ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои ҷиддӣ пешбинӣ мекард. Кодекси ҷиноии нав соли 2002 ба қувваи қонунӣ даромад, ки ҳукми қатлро барои 59 ҷиноятҳои ба рӯйхат даровардашуда пешбинӣ мекард, бо вуҷуди он, ки занон, мардони синнашон аз 60 боло ё аз 18 поён истисно карда шуда буданд. Баъд аз қабули сарқонуни нав инчунин оиди зиёдшавии шумораи ҳукмҳои қатл гузориш дода шуда буд. То қатли охирин дар соли 2008 қатлкунӣ ба таври мунтазам гузаронида мешуд. Қатлкуниҳо бо як махфият иҳота карда шуда буданд – ба оилаҳо огоҳии пешакӣ ё маълумот дар бораи ҷойи қабри шахсони қатлшуда дода намешуд. Президент Элбегдорй моҳи июни 2009 интихоб карда шуд ва ивазкунии ҳукмҳои қатлро ба таври систематикӣ оғоз намуд. Қадами асоси баҳри бекоркунӣ санаи 14 январи 2010 пеш гирифта шуд, вақте, ки президент мораторияи амалиро барои ҳамаи қатлкуниҳо эълон кард ва ҳамаи ҳукмҳои қатли шахсони маҳкумшударо, ки барои афв ба ӯ муроҷиат карда буданд, бо ҷазои маҳбускунӣ ба мӯҳлати 30 сол иваз кард. Бо ишора ба тамоюли ҷаҳонӣ баҳри бекоркунӣ Президент Элбегдорй ба Би-Би-Си изҳор кард: “Аксарияти кишварҳои ҷаҳон бекоркунии ҳукми қатлро интихоб карданд. Мо бояд ин роҳро пайравӣ кунем.” Барои муттаҳидкунии қадамҳо баҳри бекоркунӣ санади ҳокимияти қонунгузор зарур буд. Дар суханронии ҳалкунанда ба Хурали Бузурги давлатӣ (парлумон) моҳи июни 2010 президент ҳашт сабаби раъдкунии ҳукми қатлро дар қонунгузорӣ номбар кард, аз он ҷумла моҳияти ислоҳнашавандаи хатои давлатӣ, истифодаи таърихии ҳукми қатл ҳамчун восита барои амалисозии нестунобудкунии сиёсӣ, даъватҳои ҷомеаи байналхалқӣ барои бекоркунии умумии ҳукми қатл ва нокомии аёни ҳукми қатл ҳамчуни воситаи боздошткунанда. Ӯ гуфт: “Мисолҳое мавҷуданд, ки ба ҷойи шахси гунаҳкор шахси бегуноҳ ба ҷазои қатл маҳкум карда шудааст. Бе бекоркунии пурраи он мо наметавонем, ки ба хатогиҳои адолат дар ин намуди ҷазо хотима бахшем.” Ҳамчун аломати сиёсати нави худ санаи 21 декабри 2012 дар Ассамблеяи Генералии СММ Муғулистон бори аввал ба тарафдории қатъномае (резолютсия) овоз дод, ки он барои моратория ба қатлкунӣ даъват мекард, дар ҳоле, ки пештар он бар зидди чунин қатъномаҳо овоз медод. 21


II Масъалаи ҳукми қатл ба таври васеъ байни судяҳо, ҳуқуқшиносон, аъзоёни парлумон ва ташкилотҳои ғайридавлатии Муғулистон, аз он ҷумла ассотсиатсияи ҷабрдидагон баррасӣ карда шуда буд. Комиссияи миллии Муғулистон оид ба ҳуқуқҳои инсон худ ва дар якҷоягӣ бо Амнести Интернешнли Муғулистон тадқиқотҳоро оиди истифодаи ҳукми қатл гузаронд. Комисияи миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон пай дар пай бекоркуниро пешбарӣ кард ва барои дастгирии он ба хулосаҳои Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа пас аз ташрифи ӯ дар соли 2005 ва инчунин сохторҳои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки барои бекоркунии ҳукми қатл даъват мекарданд, ишора намуд. Моҳи январи 2011 Президенти КБҲҚ ба аъзоёни Кумитаи парлумон оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва хориҷӣ мактуб ирсол намуд, то ки онҳо аз ҷониби Муғулистон ба тасвиб расонидани Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС-ро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, дастгирӣ намоянд. Президент Элбегдорй бозидани нақши муҳимро дар ноилшавӣ ба бекоркунии ҷазои қатл идома дод. Санаи 21 марти 2011 Гунгаа Байасгалан, Котиби давлатӣ дар Вазорати адлия ва корҳои дохилӣ ба Кумитаи ҳуқуқи инсони (СММ) дар Ню-Йорк изҳор кард, “Мо мехоҳем, ки фарҳанги дастгирии бекоркунии ҳукми қатлро ҷорӣ кунем” ва илова кард, ки аз сабаби он, ки чунин масъалаҳо вақти бештарро гирифт, он талаб мекунад, ки президент нақши асосиро бозад. Санаи 12 октябри 2012 Мушовири президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ҳукми қатлро маҳкум кард ва аз дигар давлатҳо даъват кард, ки онро раъд кунанд. Санаи 5 январи 2010 бо бартарафсозии мухолифати назарраси қонунгузорон парлумони Муғулистон ба лоиҳаи қонуне овоз дод, ки он бо мақсади хотима бахшидан ба ҳукми қатл ба тасдиқи қарори ҳамроҳшавӣ ба Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС равона шуда буд, ки он ҳамаи қатлкуниҳоро манъ мекунад ва аз давлати иштирокунанда талаб менамояд, ки ҳамаи қадамҳои зарураро баҳри бекор кардани ҳукми қатл пеш гирад. Санаи 13 марти 2012 Муғулистон ба Протоколи дуюми факултативӣ бе ягон маҳдудият ҳамроҳ шуд. Аҳол ҳукумат қадамҳоро баҳри бекоркунии ҳукми қатл дар қонунгузорӣ пеш гирифта истодааст, лекин ҳукми қатл ҳоло бояд аз Кодекси ҷиноӣ ва дигар қонунҳои дахлдор, аз он ҷумла Қонун дар бораи сирри давлатӣ хориҷ карда шавад. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Муғулистон зидди қатъномаи A/RES/62/149, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард, овоз дод. Соли 2008 Муғулистон айнан ҳамин хел рафтор кард, лекин дар солҳои 2010 ва 2012 ба тарафдории қатъномаҳои СММ, ки ба мораторияи умумиҷаҳонӣ даъват мекарданд, овоз дод.

22


ФИЛИППИН Филиппин якумин кишваре дар Осиё буд, ки ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор кард. Филиппин инро тавассути муқаррароти конститутсионӣ соли 1987 амалӣ кард, лекин мувофиқи моддаи 3, қисмати 9 ба барқароркунии ҳукми қатл аз ҷониби Конгресс “барои сабабҳои мустаҳкам дар алоқа бо ҷиноятҳои даҳшатангез” иҷозат дода шуда буд. Соли 1993 ҳукми қатл аз нав ҷорӣ карда шуда, соли 1999 Филиппин ба катлкуниҳо оғоз намуд, вале соли дигар онҳо боздошта шуданд. Ҷазои қатл ниҳоятан соли 2006 аз ҷониби Конгресс ва Президент Глория Макапагал Арроё, баъд аз он, ки Президент қаблан сиёсати ивазкунии ҳукмҳои қатлро эълон карда буд, бекор карда шуд. ТҒД ва калисо нақши муҳимро дар ин ҷараёни мураккаб бозиданд. Охирин қатл соли 2000-ум гузаронида шуда буд. Баъд аз сарнагун кардани ҳукумати Маркос дар соли 1986 президенти нав, Коразон Аквино демократияро расман барқарор намуд ва сарқонуни нав соли 1987 қабул гардид, ки ҳукми қатлро дар асоси он, ки ҳукми қатл ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунад, бекор кард. Моҳи апрели 1986 президент Аквино эълон намуд, ки ҳамаи ҳукмҳои қатл бо ҳабси якумра иваз карда мешаванд, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар шахсоне, ки асосан аз ҷониби судҳои ҳарбӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуда буданд, аз ин нафъ диданд, аз он ҷумла он шахсоне, ки дар давраи репрессивии ҳолати ҷанг зери роҳбарии Президент Маркос байни солҳои 1972 ва 1981 маҳкум шуда буданд. Лекин ташвиши ҷомеа оид ба баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ ва фишори афзоянда аз ҷониби шахсони баландмақоми ҳарбӣ барои барқарорсозии ҳукми қатл Прзидент Фидел Рамос ва Конгресси Филиппинро водор кард, ки моҳи декабри 1993 ҳукми қатлро аз нав ҷорӣ намоянд, вақте, ки “Санади Ҷумҳурӣ 7659” ба ҳайси қонун имзо карда шуда, он аз таърихи 1 январи 1994 ба қувваи қонунӣ даромад. Санад имкон медод, ки ҳукми қатл барои 46 ҷиноятҳои алоҳида, аз он ҷумла барои ҷиноятҳои ғайрихушунатомез бароварда шавад ва инчунин барои 23 ҷиноят ҷазои қатли ҳатмӣ пешбинӣ шуда буд. То соли 2002 шумораи ҷиноятҳое, ки барои он ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, то ба 52 адад расид. Ҳукмҳои қатли сершумор аз ҷониби судҳо бароварда шуданд, алалхусус нисбати айбдоршавандагони камбизоаттарине, ки имконияти ҷалб намудани ҳуқуқшиносонро барои ҳимояи худ надоштанду, дар маҳбас тез-тез зери шиканҷа қарор мегирифтанд ва баъзан забоне, ки дар он мурофиаҳои судӣ гузаронида мешуданд, намефаҳмиданд. Филиппин ба кишвари дорандаи яке аз сатҳҳои баландтарини ҳукми қатл дар ҷаҳон табдил гашт. Соли 1999 тахминан 900 маҳбусон интизори қатл буданд ва ин соле буд, ки дар он баъд аз фосилаи 23 сол қатлкунӣ аз нав оғоз гардид. Бо мақсади гузаронидани маъракаи зидди ҳукми қатл Комиссияи махсуси салоҳиятнок соли 1997 таъсис дода шуд. Ташкилотҳои Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии ройгон (ГКҲР), Эътилоф зидди ҳукми қатл (ЭЗҲҚ), Конфронси епископҳои католикӣ ва Амнести Интренешнл аъзоёни он буданд. Калисои католикии римӣ ба Президент Ҷозеф Эстрада муроҷиат карданд ва бо вуҷуди он, ки ӯ тарафдори ҳукми қатл буд, ӯ хатогиҳои ҷиддиро дар мурофиаҳои судӣ ва эҳтимоли маҳкум шудани одамони бегуноҳоро ба ҳукми қатл эътироф намуд. Охирин қатл соли 2000 гузаронида шуд ва моҳи декабри ҳамон сол президент мораторияи яксоларо ба қатлкунӣ ҷорӣ кард, ҳамаи ҳукмҳои қатли аз ҷониби судҳои поёни баровардашударо иваз намуд ва аз Конгресс дархост кард, ки масъалаи чӣ татбиқшавии ҳукми қатлро аз назар гузаронад. 23


II Филиппин аз соли 1987 то инҷониб аъзои Протоколи (якуми) факултативӣ ба ПБҲФС мебошад. Моҳи окятбри 2000 Кумитаи ҳуқуқи инсони (СММ), ки мувофиқи ПБҲФС шикоятҳои даъвогарони инфиродиро оид ба поймолкунии эҳтимолии ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ мекунад, ташвиши худро нисбати қатлкунии ду шахсон дар Филиппин, ки зери баррасии Кумита қарор доштанд, изҳор намуд. Кумитаи ҳуқуқи инсон муайян кард, ки “тавассути қатлкунии ҷабрдидагони эҳтимолӣ пеш аз хулосаи дахлдори Кумита нисбат ба он ахборот, Давлат вайронкунии ҷиддии ӯҳдориҳои мувофиқи Протокол ба худ гирифтаашро содир намуд” (Пяндйонг ва дигарон Филиппин, Ахбороти № 869/1999, 19 октябри 2000, CCPR/C/70/D/869/1999). Соли 2001 Президент Глория Макапагал-Арроё як мораторияи дигареро ба қатлкунӣ эълон кард. Якчанд моҳ баъдтар, пас аз одамрабоиҳои сершумор ӯ таҳдид кард, ки мавқеъашро дигар мекунад ва гуфт, ки қатлкунӣ аз сари нав оғоз мегардад. Масъалаи ҳукми қатл ба таври васеъ баҳсу мунозира карда шуд, аз он ҷумла дар Конгресс, лекин ягон қатлкунӣ гузаронида нашуд. Соли 2001 тарафдорони ҳукми қатл лоиҳаи қонунеро бо мақсади боз ҳам васеъ кардани чорчӯбаи ҳукми қатл пешниҳод карданд, соли дигар, дар 2002 бошад, ҳам сенаторон ва ҳам аъзоёни Палатаи намояндагон лоиҳам қонунеро барои бекоркунии ҳукми қатл омода намуданд. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ маъракаро идома доданд ва ГКҲР шахсоне, ки бо гуноҳҳое, ки ба он ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, айбдор мешуданд, намояндагӣ мекард. Комиссияи Филиппин оид ба ҳуқуқҳои инсон нисбати азнавҷорикунии ҳукми қатл мухолифати сахт нишон дод. Гурӯҳҳои динӣ тақсим буданд: Калисои евангелии Филиппин дастгирии худро барои ҳукми қатл аз нав тасдиқ намуд, лекин Конфронси епископҳои католикии Филиппин даъвати худро нисбати бекоркунии ҳукми қатл аз нав изҳор карданд. Санаи 15 апрели 2006 ба муносибати иди Писҳо Президент Ароё сиёсати ивазкунии ҳукми қатлро бо ҳабси якумра эълон намуд, ки он ба зиёда аз 1200 маҳбусони қатлро интизорбуда таъсир расонд. Дар мактуби ба Президенти Сенат Франклин М. Дрилон ирсолшуда президент гуфт, ки зарурати бетаъхир барои “бекоркунии ҳукми қатл мавҷуд аст, зеро татбиқи он нишон дод, ки ҷазои қатл ба мақсади асосии худ ҳамчун воситаи самараноки пешгирии ҷиноятҳои даҳшатангез ноил нагаштааст” ва бекоркунии ҷазои қатл хулосаеро дар хусуси он, ки ҷазои қатл алайҳи камбизоатон аст, ислоҳ хоҳад кард, зеро бештар одамони камбизоат, ки имконияти таъмини намояндагии ҳуқуқиро надоштанд, ба ҷазои қатл маҳкум карда мешуданд. Конгресии Филиппин қадамҳои тезро пеш гирифт ва санаи 6 июни 2006 лоиҳаҳои қонунро дар бораи бекоркунии ҷазои қатл қабул намуд, Сенат бо таносуби 16-0 ва як бетараф ва Палатаи намояндагон бо 119 тарафдор ва 20 зид овоз дод. Президент Арроё изҳоротеро интишор карда, гуфт: “Мо ғалабаи ҳаётро ҷашн мегирем ва ман миннатдории худро ба Конгресс барои амали бетаъхири он баҳри бекоркунии қонуни ҷазои қатл изҳор мекунам. Лекин нисбати он набояд хатогӣ кард, бекоркунии ҳукми қатл бо татбиқи сахттар ва қатъитари қонун дар ҳама самтҳо пурра карда хоҳад шуд.” Конун санаи 24 июни 2006 бо имзокунии “Санад оид ба манъи баровардани ҷазои қатл дар Филиппин” (RA 9346) аз ҷониби Президент Глория Макапагал-Арроё ба қувваи қонунӣ даромад. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Филиппин ба тарафдории қатъномаи A/ RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Филиппин инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Моҳи ноябри 2007 Филиппин Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС-ро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ба тасвиб расонд. 24


РУАНДА Соли 2007 Руанда якумин кишваре дар минтақаи Кӯлҳои Бузурги Африқо гардид, ки ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор кард. Ин пас аз оқибати генотсиди соли 1994, ки дар он тахминан 800000 нафар сокинони Руанда кушта шуданд, рух дод. Қатли охирини соли 1998 гузаронида шуда буд. Мувофиқи Кодекси ҷиноӣ ҳукми қатл барои номгӯи васеъи ҷиноятҳо пешбинӣ шуда буд ва баррасии парвандаҳои моҳияти сиёсидошта, аз он ҷумла ҷиноятҳое, ки ба он ҷазои қатл пешбинӣ мешуданд, дар салоҳияит Суди бехатарии давлатӣ буд. Қатлкуниҳо дам ба дам гузаронида мешуданд. Байни солҳои 1969 ва 1974 аз 120 маҳбусони ба ҳукми қатл маҳкумшуда 13-тоашон қатл карда шуда буданд. Соли 1982 Президент Ҷувенал Ҳабяримана ду ҳукмҳои қатлро, ки аз ҷониби Суди бехатарии давлатӣ соли 1981 бароварда шуда буду, дар он дастрасии айбдоршавандагон ба ҳуқуқшиносон раъд шуда буд, иваз кард. Аммо пас аз ду моҳ, моҳи сентябри 1982 ҳукумат аз нияти худ оид ба нигоҳдории ҳукми қатл хабар дод, вақте, ки 43 нафар маҳбусон, асосан барои содири куштор қатл карда шуданд. Моҳи июли 1987 Президент Ҳабяримана ҳамаи ҳукмҳои қатли тасдиқшударо иваз кард, ки дар натиҷа аз ин 537 маҳбусон баҳраманд шуданд. Пас аз он президент ҳукмҳои қатлро ба таври мунтазам иваз мекард. Пас аз генотсиди соли 1994 мақомоти Руанда он шахсоне, ки барои иштирок дар генотсид айбдор мешуданд, дар судҳои дохили суд кард. Соли 1998 22 нафар шахсон барои роҳбарӣ кардани генотсид ба қатл расонида шуданд. Ин охирин қатлкунии судӣ буд, ки дар Руанда гузаронида шуд, бо вуҷуди ин ки ҳукмҳои қатл то соли 2003 бароварда мешуданд. Ниҳоятан иштироки ҷомеаи байналхалқӣ дар муайянсозии ҷавобгарӣ барои генотсид ба ҳаракати бомуваффақияти Руанда баҳри бекоркунии ҷазои қатл оғоз бахшид. Моҳи ноябри 1994 Шӯрои бехатарии СММ Суди байналхалқии ҷиноӣ оид ба Руандаро (СБҶР) таъсис дод, то ки ҷинояткорони дар генотсид ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддии қонуни байналхалқии инсондӯстӣ гунаҳкор ба адлия супурда шаванд. Новобаста аз мухолифати сахти Руанда, ки дар он давра аъзои Шӯрои бехатарӣ буд, ҳукми қатл ҳамчун ҷазо истисно карда шуд. Намояндаи Руанда дар Шӯрои бехатарӣ исбот мекард, ки лоиҳаи модда оид ба хориҷкунии ҷазои қатл аз оинномаи пешниҳодшудаи суд “ба оштии миллӣ дар Руанда мусоидаткунанда нест”. Қарори минбаъдаи Шӯрои бехатарии СММ оид ба хориҷкунии ҷазои қатл аз оинномаи СБҶР як дилеммаро назди ҳукумат пеш овард: як беадолатии назаррасе рух медод агар гумонбаршудагони дар судҳои миллӣ судшуда ба қатл маҳкум карда шаванду, ҳазорҳо нафар гумонбаршудагони дар хориҷа зиндагӣ мекарда, ки баъзеашон аз ҷониби СБҶР дастгир шудаанд, аз он ҷумла саркорони эҳтимолӣ, ҳамчун ҷазои аз ҳама сахт ба ҳабси якумра маҳкум карда шаванд. Дар ҳақиқат ҳам кишварҳо ва СБҶР, ки шахсони барои роҳбарӣ ё иштирок дар генотсид айбдоршавандаи ба хориҷа гурехтаро дастгирӣ мекарданд, супоридани он шахсони зери ҳабсбударо ба Руанда аз тарси қатлшавии онҳо радъ мекарданд. Ҳукуматҳои мазкур ва СБҶР инчунин аз набудани кафолатҳо оиди судкунии адолатнок дар ташвиш буданд, зеро он як масъалаи ташвишовари дерина дар парвандаҳо оид ба ҳукми қатл буд. Ташвишҳои мазкур дар аввал ба қабулшавии қонуни махсус аз соли 2007 оид ба интиқол оварда расонд, ки он қатли гумонбаршудагоне, ки аз СБҶР ба судҳои милии Руанда интиқол дода мешаванд, манъ мекард. Баъдан қадам баҳри бекоркунии ҳукми қатл барои ҳамаи ҷиноятҳо ба тезӣ пеш гирифта шуд. 25


II Моҳи октябри 2006 шӯъбаи сиёсии ҳизби ҳукмрон бекоркуниро яқинан тавсия дод ва санаи 19 январи 2007 шӯрои вазирон нақшаҳоро оиди бекоркунии ҷазои қатл тасдиқ намуд. Вазири Адлия Таркисс Каругама гуфт, ки машваратҳои давомнок бо ҷомеа нишон дод, ки аксари сокинони Руанда зидди ҷазои қатл мебошанд. Ҳамин тариқ санаи 8 июни 2007 Палатаи депутатҳо ва санаи 25 июли 2007 Сенат лоиҳаҳои қонунро дар бораи бекоркунии ҷазои қатл қабул намуданд. Қонун дар бораи бекоркунии ҷазои қатл санаи 25 июли 2007, вақте, ки Президент Пол Кагаме онро ба тасвиб расонду, он дар Рӯзномаи расмии Руанда нашр гардид, ба қувваи қонунӣ даромад. Он ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор кард ва ҷазои қатл аз Кодекси ҷиноӣ хориҷ карда шуд. Президент Кагаме мушоҳида кард, ки таърихи хушунатомези генотсид дар кишвари ӯ омили асосӣ дар бекоркунии ҷазои қатл буд. Ҳамаи ҳукмҳои қатли тахминан 600 маҳбусон бо ҳабси якумра иваз карда шуд. Луиза Арбор, ки он дам Ваколатдори баландмақоми СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва собиқ Прокурори СБҶР буд аз ин қарор пазироӣ карда, гуфт: “Кишваре, ки аз ҷинояти ниҳоӣ (генотсид) ранҷ бурдааст ва ташнагии мардумаш ба адолат аз қонеъшавӣ ҳоло дур аст, қарор қабул намуд, ки аз ҷазое даргузарад, ки ба он дар ҷомеае, ки аз қадрнамоии ҳуқуқҳои инсон ва дахлнопазирии шахс исбот мекунад, ҷой нест. Руанда роҳбариро бо фаъолияти амалӣ нишон дода истодааст.” Моҳи ноябри 1999 ҳукумат вохӯрии Комиссияи африқоӣ оид ба ҳукуқҳои инсон ва халқҳоро мизбонӣ намуд, ки он якум қатъномаи худро оид ба ҳукми қатл қабул намуда, аз давлатҳо яқинан дархост кард, ки риояи моратория ба қатлкуниро баррасӣ намоянд. Моҳи сентябри 2009 якумин Конфронси минтақавӣ оид ба ҳукми қатл дар Кигали, Руанда аз ҷониби гурӯҳи кории Комиссияи африқоӣ оид ба ҳукуқҳои инсон ва халқҳо оид ба ҳукми қатл баҳри дастгирии бекоркунии ҳукми қатл дар Африқои Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубӣ гузаронида шуд. Илова бар ин, моҳи октябри 2011 Руанда конфронси минтақавиро оид ба бекоркунии ҳукми қатл мизбонӣ намуд, ки дар он хонум Дувивер, Ваколатдори КБҲҚ иштирок кард. Ҳамчун қисми созишномаҳои сулҳи Аруша аз соли 1993, ки дар Руанда қувваи конститутсионӣ дорад, ҳукумат қадамҳоро баҳри ба тасвиб расонидани Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС пеш гирифт, ки он аз давлатҳо бекоркунии ҳукми қатлро талаб мекунад. Омодагии мазкур оид ба тасвибрасонӣ моҳи декабри 2008 амалӣ карда шуд. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Руанда ба тарафдории қатъномаи A/ RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Руанда инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод.

26


СЕНЕГАЛ Дар Сенегал аз истиқлолияти соли 1960 то инҷониб танҳо ду қатлкунӣ, соли 1965 ва 1967 гузаронида шудааст ва ҳарду ҳам барои куштори роҳбарони сиёсӣ. Кодекси ҷиноии кишвар ҷазои катлро барои ҷиноятҳо, аз он ҷумла куштор пешбинӣ намуда, онро ҳамчун ҷазои ҳатмӣ барои ҷосусӣ ва хиёнат муқаррар мекард. Мубоҳисаҳои соли 2001 дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ бекоркунии эҳтимолии ҷазои қатлро дар бар мегирифт. Ба ин ҳаракат президенти он давра Абдулайе Ваде зид баромад ва мунозира кард, ки ин масъала бояд бо қабули қонуне ҳал шавад, ки бекоркунии ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Дар сарқонуни соли 2001, дар моддаи 7 изҳор шудааст, ки “ҳаёти ҳамаи одамон муқаддас ва ҷудонашаванда мебошад” ва ҳар як кас ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, бехатарӣ ва “дахлнопазирии шахсӣ ва алалхусус ҳимоя аз маибкунии ҷисмонӣ” дорад. Ягон истисно оиди ҷазои қатл изҳор нашуда буд ва он дар қонунгузорӣ боқӣ монд. Дар ҷавоби худ ба Амнести Интернешнл аз моҳи июли 2001 оид ба қадамҳо баҳри бекоркунии ҳукми қатл ҳукумат гуфта буд: “Ҷараён рафта истодааст ва дар он ҳамаи қисматҳои ҷомеа дар баррасии тағйироти эҳтимолии қонун иштирок хоҳанд кард.” Вақте, ки соли 2003 ва 2004 судҳо ҳукми қатлро барои якчанд парвандаҳо муқаррар карданд, баҳсу мунозираи фаъол байни тарафдорони бекоркунӣ ва ҳарифони онҳо аз нав оғоз гардид, алахусус соли 2004 вақте, ки лоиҳаи қонун дар бораи бекоркунии ҷазои қатл ба парлумон пешниҳод шуда буд. Он дам чор маҳбусон интизори қатл буданд. Сенегал асосан кишвари мусалмон аст. Ҳарифони бекоркунӣ аз Эътилофи ассотсиатсияҳои исломӣ иборат буд, ки нигоҳдории ҳукми қатлро тарафдорӣ мекарданд ва инчунин таъсири эҳтимолии боздошткунандаи онро изҳор менамуданд. Лекин Вазири адлия Сергин Диоп изҳор кард, ки дар кишварҳое, ки ҷазои қатл мавҷуд аст, шумораи ҷиноятҳо нисбат ба кишварҳои ҳукми қатлро бекоркарда паст нест. Тарафдорони лоиҳаи қонун ташкилотҳои ғайридавлатии ба монанди Муборизаи африқоӣ барои ҳуқуқҳои инсон ва Кумитаи Сенегал оид ба ҳуқуқҳои инсонро дар бар мегирифт, ки ба арзишҳои дахлнопазирии ҳаёт дар фарҳанги анъанавии сенегалӣ такя мекарданд. Ташкилоти охирин инчунин таъкид мекард, ки бекоркунии ҷазои қатл мувофиқ ба ҳаракати байналхалқӣ баҳри бекоркунии ҳукми қатл аст. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки Президент Ваде ақидаи худро дигар кард ва тарафдори қавии лоиҳаи қонун дар бораи бекоркунӣ гардид. Санаи 15 июли 2004 Лоиҳаи қонун якдилона қабул гардид ва санаи 10 декабри 2004 парлумон ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бо аксарияти овозҳо ва тарафдории қишрҳои васеъи ҷомеаи Сенегал бекор намуд. Сенегал аъзои Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Африқои Шарқӣ (ЭКОВАС) мебошад, ки аъзоёни он дар масъалаи ҷазои қатл ба ду гурӯҳ тақсимшуда боқӣ мемонанд. Баҳсу мунозираҳо дар Сенегал аз ҷониби дигар аъзоёни ЭКОВАС ба таври наздик мушоҳида карда шуд ва аллакай шаш аъзоёни он ҳамчун тарафдорони бекоркунӣ дар амалия баррасӣ карда мешаванд ва як аъзои дигар, Того ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор кардааст.

27


II Дар Ассамблеяи Генералии СММ аз таърихи соли 2007, вақте, ки қатъномаи A/RES/62/149 бо даъвати моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби Ассамблея қабул гардид, Сенегал дар он ҳузур надошт. Сенегал ҳангоми овоздиҳӣ барои қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, худдорӣ кард. Сенегал инчунин аъзои Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, намебошад.

АФРИҚОИ ҶАНУБӢ Пас аз он, ки соли 1995 Суди конститутсионӣ хулоса баровард, ки ҷазои қатл ғайриконститутсионӣ аст, Африқои Ҷанубӣ ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои оддӣ мувофиқи қонун соли 1995 ва барои ҳамаи ҷиноятҳо соли 1997 бекор кард. Қатли охирин соли 1991 гузаронида шуда буд. Дар давоми давраи апартеид ҳукми қатл ба таври васеъ ва номутаносиб нисбати аҳолии сиёҳпӯст истифода бурда мешуд. Соли 1995 Суди конститутсионӣ бо қарори назаррасаш, ки Африқои Ҷанубии давраи пас аз апартеидро аз давраи репрессивии апартеид ҷудо намуд, хулоса баровард, ки ҷазои қатл ғайриконститутсионӣ аст, зеро он шаъну шарафи инсон ва манъи шиканҷа ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаро вайрон мекунад. Ҳукми қатл барои ҷиноятҳои оддӣ дар Африқои Ҷанубӣ соли 1995 бекор карда шуд. Дар давраи апартеид судҳо қариб пурра аз судяҳои сафедпӯст иборат буданд, ки мувофиқи гузоришҳо нисбати африқоиҳои сиёҳпӯст табъиз мекарданд ва нисбати онҳо назар ба айбдоршавандагони сафедпӯст ҷазоҳои вазнинтарро муқаррар мекарданд. Айбдоршавандагони сиёҳпӯст қариб дар ҳамаи ҳолатҳо камбизоат буданд ва имконияти таъмини ҳуқуқшиносро барои худ надоштанд. Ҳукми қатл барои ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноӣ ва инчунин кирдорҳои сиёсӣ пешбинӣ шуда буд. Муқаррарот оиди ҳуқуқвйронкуниҳои сиёсӣ дар Санади зидди терроризм, Санади бехатарии дохилӣ ва “Санади зидди коршиканӣ” фаро гирифта шуда буданд. Қонунҳои якум ва охирини мазкур бори исботкуниро ба гардани айбдоршаванда гузошта буданд. Ин қонунҳо ба таври зиёд барои баровардани ҳукми қатл истифода бурда мешуданд ва соли 1979 Амнести Интернешнл гузориш дод, ки Африқои Ҷанубӣ дорои яке аз сатҳҳои баландтарини қатлкунии судӣ дар ҷаҳон мебошад. Байни солҳои 1978 ва 1987 1593 нафар одамон ба ҷазои қатл маҳкум шуда буданд ва шумораи қатлкуниҳои солона аз 100 зиёд буд. Он шахсони қатлшуда аз аъзоёни Конгреси милии африқоии зери манъ қарордошта иборат буданд. Дар сатҳи байналхалқӣ як қатор қатъномаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои бехатарии СММ ва Ассамблеяи Генералии СММ солҳои 1964, 1982, 1987 ва 1989 қабул шуда буданд, аз Африқои Ҷанубӣ талаб мекарданд, ки қатлкунии одамоне, ки “дар чорчӯбаи қонунҳои худсаронаи репрессивӣ барои амалҳои аз мухолифат ба апартеид бармеомада маҳкум шудаанд,” қатъ намояд.

28


Сатҳи баланди қатлкунӣ дар Африқои Ҷанубӣ, алалхусус он шахсоне, ки барои эътирози сиёсиашон зидди апартеид маҳкум шуда буданд, сабаби баҳсу мунозираи шадид дар масъалаи ҳукми қатл байни гурӯҳҳои динӣ ва сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, гурӯҳҳои ҳуқуқи инсон ва намояндагони соҳаи ҳуқуқшиносӣ гардид. Мухолифат ба қатлкунӣ дар натиҷа ба таъсиси Ҷамъият оид ба бекоркунии ҷазои қатл дар Африқои Ҷанубӣ соли 1971 оварда расонд. Он соли 1988 аз нав таъсис дода шуд, соле, ки Шӯрои калисоҳои Африқои Ҷанубӣ мухолифати пурраи худро нисбати ҷазои қатл эълон кард. Соли 1990, ки низоми апартеид бо роҳбарии Президент де Клерк ба рӯзҳои охирини худ ворид гашт, президент мораторияро ба қатлкунӣ эълон кард. Моҳи июли 1990 Санад оид ба тағйироти қонуни ҷиноӣ ҷазои қатли ҳатмиро барои куштор хориҷ кард, онро барои дуздии хона бекор кард ва ҳуқуқи автоматӣ ба шикоятро муқаррар намуд. Соли 1990 соли муҳим буд: пешвои ҳаракати зидди апартеид Нелсон Мандела, ки барои ҷиноятҳое, ки ба он ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, маҳкум шуда буду, онро ҷазои ваҳшӣ номида буд, аз маҳбас озод карда шуд ва гуфтушунидҳо барои тағйироти конститутсионӣ оғоз гардиданд. Бекоркунии ҳукми қатл нишондиҳандаи дақиқи таъсиси тартиботи нави иҷтимоӣ гардид ва як суд барои дида баромадани ҳамаи ҳуқмҳои қатли пеш аз июли 1990 баровардашуда таъсис дода шуд. Ин ба он овард, ки соли 1992 Вазири адлия мораторияи расмиро ба қатлкунӣ то ба қабулкунии Қонун дар бораи ҳуқуқҳо эълон намуд. Сарқонуни Африқои Ҷанубӣ барои давраи гузариш соли 1993 қабул гардид ва он Қонун дар бораи ҳуқуқҳоро дар бар мегирифт, ки он масъалаи ҷазои қатлро баррасӣ намекард. Ҳамон сол ду шахсе, ки дар давоми моратория ба ҳукми қатл маҳкум шуда буданд, ҷазои қатлро дар суд зери суол гузошта, номувофиқати онро ба меъёрҳои ҳуқуқҳои инсон, ки дар Қонун дар бораи ҳуқуқҳо, ки дар боби III-и сарқонуни нав оварда шудаанд, изҳор карданд. Вазири адлия бо дахолати худ шикояткунандагонро дастгирӣ намуд ва Прокурори генералӣ ин масъаларо ба Суди конститутсионӣ овард, то ки ҷазои қатл ғайриконститутсионӣ эълон карда шавад. Ин дар мурофиаи судии муҳими давлат зидди Т. Макваняне ва М. Мчуну рух дод ва ин якум мурофиае буд, ки аз ҷониби Суди конститутсионии нав баррасӣ карда шуд. Санаи 6 июни 1995 суд қарор қабул кард, ки ҷазои қатл барои ҷиноятҳои оддӣ бо “фарҳанги ҳуқуқҳои инсон”, ки ҳуқуқ ба ҳаёт ва шаъну шарафро ҳамчун қисмати асосии сарқонуни муваққатӣ эҳтиром мекунад, мувофиқ нест. Суде, ки моҳи феврали 1995 мурофиаро оиди ҷазои қатл баррасӣ намуд, далели он, ки ҷазои қатл қувваи боздошткунанда дорад, қатъиян раъд кард ва изҳор кард, ки роҳи паст кардани хушунат дар Африқои Ҷанубӣ ин дар бунёд кардани фарҳанги ҳуқуқҳои инсон аст, ки ҳаёти инсониро эътироф мекунад. Як судя далеле овард, ки ҷазои қатл меъроси мустамликавии Африқои Ҷанубӣ аст ва ҷараёнҳои судии мардумони маҳаллӣ аз рӯи анъана ҷазои қатлро барои куштор пешбинӣ намекард. Суд изҳор кард, ки ҷазои қатл бо руҳияи оштишавӣ дар давраи нави пас аз апартеид мувофиқат намекунад ва ӯҳдадории мушаххаси Суди конститутсиониро дар қабули қарори дуруст, на қароре, ки маъмул аст ва новобаста аз он, ки ақидаи ҷомеа нисбати ҷазои қатл ихтилофнок буда метавонад, таъкид намуд. Президенти Суд Артур Часкалсон навишта буд: Ақидаи ҷомеа як аҳамияте барои масъала дошта метавонад, лекин худ ба худ он ивазкунандаи вазифае, ки бар зиммаи Судҳо барои тафсири Сарқонун ва бе тарсу беғаразона нигоҳдории меъёрҳои он гузошта шудааст, буда наметавонад. Агар ақидаи ҷомеа ҳалкунанда мебуд, зарурат ҳам барои қарорҳои суди конститутсионӣ намебуд... Сабаби асоси таъсиси тартиботи нави ҳуқуқӣ ва ба судҳо додани ваколат барои назорати судии ҳамаи қонунҳо ин ҳимояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳо ва дигар шахсоне, ки наметавонанд ҳуқуқҳои худро тавассути ҷараёни демократӣ ба таври кофӣ ҳимоя намоянд, мебошад (Давлат зидди Макваняне (1995) (3) SA 391, параграфи 88). 29


II Дар қарори худ Суди конститутсионии Африқои Ҷанубӣ ба дараҷаи зиёд ба ҳуқуқи байналхалқӣ ва қиёсӣ такя намуд. Суд муқаррарот дар бораи ҳуқуқ ба ҳаётро дар сарқонуни Африқои Ҷанубӣ аз муқаррароти дар Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва сарқонуни ИМА овардашуда фарқ намуд, ки он ҷазои қатлро ба таври кушод манъ намекунад. Аммо Суд бо аксарияти овозҳо қарорҳои Судҳои федералии ИМА ва Судҳои олии давлатӣ ва инчунин Судҳои олӣ ва конститутсионии Венгрия ва Канадаро дар хулосаи худ, ки ҷазои қатл як шакли ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунанда асту он дар сарқонуни муваққатӣ манъ шудааст, ба эътибор гирифт. Қарори Суди олӣ дар ВАО ва аз ҷониби аксарияти аҳолӣ зери баҳс қарор дода шуд, ки онҳо нигоҳдории ҷазои қатлро талаб мекарданд. Якчанд назарсанҷиҳои дар он вақт гузаронидашуда нишон доданд, ки аксарият (байни 62% ва 78%) тарафдори ҳукми қатл буданд. Лекин бо назардошти он, ки Конгресии милии африқоӣ тарафдори бекоркунии ҷазои қатл буда, он қариб аксарияти аз се ду ҳиссаро дар Ассамблеяи конститутсионӣ дошт, санаи 8 майи 1996 сарқонуни ниҳоии Африқои Ҷанубӣ аз ҷониби Ассамблеяи конститусионӣ қабул гардид, ки дар он муқаррароти сарқонуни муваққатии соли 1993 оид ба кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ҳамчун ҳуқуқи асосӣ ва бекоркунии ҷазои қатл нигоҳ дошта шуд. Он моҳи декабри 1996 расман интишор карда шуд. Новобаста аз фишори сахти баъзеи ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон барои азнавбарқароркунии ҷазои қатл Парлумони Африқои Ҷанубӣ ақидаи Суди конститутсиониро тасдиқ кард. Соли 1997 тавассути қабули Санад оид ба тағйироти қонуни ҷиноӣ Парлумон ҷазои қатлро расман барои ҳамаи ҷиноятҳо бекор кард ва мувофиқи он санад ҳамаи ишораҳо доир ба ҷазои қатл аз қонунгузорӣ хориҷ карда шуд. Он соли 1998 ба қувваи қонунӣ даромад ва ҳамаи маҳбусони ба ҷазои қатл маҳкумшуда аз сари нав ба мӯҳлатҳои маҳрумкунӣ аз озодӣ маҳкум карда шуданд. Моҳи ноябри 2006 Суди конститутсионӣ қарор қабул кард, ки ҳукумат қарори соли 1995 оид ба ғайриконститутсионӣ будани ҷазои қатлро пурра иҷро намуд. Даъватҳо барои барқарорсозии ҷазои қатл ҳамчун воситаи эҳтимолии мубориза бо сатҳи баланди ҷинояткорӣ дар Африқои Ҷанубӣ идома ёфтанд, аз он ҷумла аз ҷониби Ҳизби миллии Африқо, лекин онҳо аз ҷониби пешвоёни Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела ва собиқ Архиепископ Десмонд Туту раъд карда шуданд. Чунин даъватҳо аз даме, ки Суди конститутсионӣ таъсири боздошткунандаи эҳтимолӣ доштани ҷазои қатлро раъд кард, ба ягон муваффақият ноил нагардиданд. Санаи 15 декабри 2011 Президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума ӯҳдадории ҳукумати худро нисбати бекоркунии ҷазои қатл аз нав тасдиқ кард. Суди конститутсионӣ инчунин эълон намуд, ки ӯҳдадориҳои Африқои Ҷанубӣ нисбати шахсоне, ки зери қонунгузории он қарор доранду бо экстрадитсия ба кишваре рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар он барои ҷинояти содиршудаи эҳтимолӣ ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, берун аз ҳудудҳои ҳуқуқии кишвар ҳам паҳн мешавад. Соли 2001 Суди конститутсионӣ қарор қабул кард, ки мувофиқи он ҳукумат бе гирифтани кафолати қатлнакунӣ намебоист муҳоҷири ғайриқонуниеро, ки барои иштирок дар ташкили таркиши Сафорати ИМА дар Дорусалом гумонбар мешуд, ба ИМА депортатсия кунад, зеро ин ҳуқуқи айбдоршавандаро ба ҳаёт, шаъну шараф ва зери ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда қарор нагирифтан, ки дар сарқонуни кишвар пешбинӣ шудааст, поймол мекунад. Монанди ин, санаи 27 июли 2012 тавассути раъдкунии шикояти ҳукумат Суди конститутсионӣ арзишҳои дар сарқонунбударо тасдиқ намуд. Шикояти ҳукумат нисбати қароре оварда шуда буд, ки мувофиқи он қарор ду гумонбаршуда ба Ботсвана интиқол дода шуда наметавонанд, агар аввал ҳукумат кафолати пешакӣ нагирад, ки онҳо дар он ҷой ба ҷазои қатл маҳкум карда намешаванд. 30


Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Африқои Ҷанубӣ ба тарафдории қатъномаи A/RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Африқои Ҷанубӣ инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод. Соли 2002 Африқои Ҷанубӣ Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС-ро, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ба тасвиб расонд.

ТУРКИЯ Туркия ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои оддӣ соли 2001 ва соли 2002 тариқи тағйироти конститусионӣ ва ҳуқуқии минбаъда бекор намуд. Соли 2004 Туркия ҳукми қатлро барои ҳамаи ҷиноятҳо тариқи тағйироти дигар ба сарқонун ва тағйироти минбаъда ба Кодекси ҷиноӣ бекор кард. Аз байни бардошта шудани қонуни ҳарбӣ дар соли 1987 ба бекоркунии ҳукми қатл мусоидат намуд, ки он баъд аз мораторияи амалӣ ва камкунии ҷиноятҳое, ки ба он ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, рух дод. Қатли охирин соли 1984 гузаронида шуда буд. Шонздаҳ моддаҳои Кодекси ҷиноии соли 1926, ки тағйир дода шуда буданд, ҷазои ҳатмии қатлро дар Туркия барои ҳуқуқвайронкуниҳои зидди давлат, ҳукумат ва сарқонун пешбинӣ мекарданд. Илова бар ин, ҳашт моддаҳо ҷазои ҳатмии қатлро барои ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноии умумӣ ба монанди куштор муқаррар мекард. Ҷазои қатл инчунин мувофиқи Кодекси ҷиноии ҳарбӣ ва Қонун дар бораи хиёнат бароварда шуданаш мумкин буд. Маҳбусони ба ҷазои қатл маҳкумшуда, ки ҳамаи воситаҳои ҳимояи судиро истифода бурдаанд, то он даме, ки ҳукми онҳо аз ҷониби Анҷумани бузурги миллӣ (Парлумон) тасдиқ нашудаанд, қатл карда намешуданд. Ин дар моддаи 87-и сарқонун талаб карда шуда буд. Комиссияи судии Парлумон баъзеи қатлкуниҳоро бо роҳи баррасӣ накардани парвандаҳои инфиродӣ боз доштанд. Аз дами таъсисёбии Ҷумҳурии ҳозираи Туркия дар соли 1923 588 нафар одамон барои ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноӣ ва сиёсӣ қатл карда шуданд. Пас аз табаддулотҳои ҳарбии солҳои 1960, 1971 ва 1980 қатлкуниҳо тез-тез рух медоданд, новобаста аз он, ки мораторияи амалӣ ба қатлкуниҳо аз соли 1972 то 1980 мавҷуд буду, ҳукмҳои қатл бароварда мешуданд, лекин аз ҷониби Парлумон тасдиқ карда намешуданд. Камтар пас аз табаддулоти ҳарбии 12 сентябри 1980 моратория ба охир расид. Бино ба Амнести Интернешнл байни солҳои 1980 ва 1984 50 нафар одамон қатл карда шуданд, ки 27-тоашон мувофиқи моддаҳои 125 ва 146/1-и Кодекси ҷиноӣ барои ҷиноятҳои бо сиёсат алоқаманд маҳкум шуда буданд. Аксари ҳукмҳои қатл аз ҷониби судҳои ҳарбӣ дар чорчӯбаи қонуни ҳарбӣ бароварда шуда буданд, ки он моҳи декабри 1978 ба қувваи қонунӣ даромада буд ва бисёрии он мурофиаҳои судӣ ба стандартҳои байналхалқӣ мувофиқат намекарданд. Қатли охирин соли 1983 гузаронида шуда буд ва он сабабгори эътирози шадиди байналхалқӣ гашт, аммо судҳо баровардани ҳукмҳои қатлро идома медоданд. Моҳи июли 1987 қонуни ҳарбӣ пурра аз миён бардошта шуд ва ҳаракати мазкур роҳро барои бекоркунии ҳукми қатл кушода кард.

31


II Моҳи ноябри 1990 Анҷумани бузурги миллӣ тағйиротҳоро ба Кодекси ҷиноӣӣ ба тасвиб расонд, ки шумораҳои ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба онҳо ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, кам кард. Лекин ҳукми қатл барои 13 ҳуқуқвайронкуниҳо, аз он ҷумла куштор ва ҳуқуқвайронкуниҳои сиёсӣ аз қабили ҷудоихоҳӣ нигоҳ дошта шуда буд. Дар қадами минбаъда баҳри бекоркунӣ парлумон Қонуни зидди терроризмро моҳи апрели 1991 қабул кард, ки он ҳамаи ҳукмҳои қатлро барои ҷиноятҳои то 8 апрели 1991 соидиршударо иваз кард. Ин ба маҳбусоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноӣ ба ҳукми қатл барои ҷиноятҳои бо сиёсат алоқаманд маҳкум шуда буданд ва онҳое, ки ба ҳукми қатл барои таҷовуз ба номус ва қочоқи маводи нашъаовар – ҷиноятҳое, ки мувофиқи кодекси ҳарбӣ ҷазо дода мешуданд, таъсир расонд. Сарвазир парвандаҳои 276 маҳбусонеро, ки ҳукмҳои қатли онҳо интизори тасдиқшавӣ дар Анҷумани бузурги миллӣ буд, бетаъхир аз баррасӣ гирифт. Новобаста аз он, ки дар Туркия мораторияи амалӣ мавҷуд буд, ҳукми қатл дар қонунгузорӣ боқӣ монд, судҳои Туркия баровардани ҳукми қатлро идома медоданд ва судҳои аппелятсионӣ ҳукмҳои онҳоро дастгирӣ мекарданд. Туркия аъзоӣ Шӯрои Аврупо ва Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон мебошад. Соли 1997 дар Саммити Страсбург Президенти Далвати Туркия расман ваъда дод, ки ҷазои қатлро бекор мекунад ва дар ҳоли ҳозир мораторияи мавҷударо ба қатлкунӣ нигоҳ медорад. Соли 1997 кумитаи парлумон лоиҳаи нави кодекси ҷиноиро бо назардошти бекоркунии ҷазои қатл ва ба ҷои он ҷоринамоии ҳабси якумра пешниҳод намуд ва дар аввали соли 1999 ҳукумат Шӯрои Аврупоро хабардор кард, ки қабули он барои ҳукумат масъалаи афзалиятнок аст. То моҳи июни 1999 47 ҳукмҳои қатл аз ҷониби Суди аппелятсионӣ тасдиқ карда шуд. Санаи 29 июни 1999 вақте, ки пешвои Ҳизби коргарони Курдистон (ҲКК) Абдуллоҳ Окалан барои “хиёнат ва ҷудоихоҳӣ” ба ҷазои қатл маҳкум карда шуд, фишор барои аз нав оғоз кардани қатлкунӣ афзун гардид, бо вуҷуди он, ки мувофиқи хабарҳо пас аз хотимаи мурофиаи судӣ судяи раисикунанда мухолифати умумии худро нисбати ҷазои қатл изҳор карда буд. Ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо ва ташкилотҳои байнидавлатӣ ва инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз Туркия даъват карданд, ки ҷазои қатли ӯро иваз кунанд ва огоҳӣ доданд, ки катлкуниро аз нав оғоз накунад. Моҳи июни 1999 Парлумони Аврупо ба Туркия огоҳӣ дод, ки қатлкунии Окалан “барои ҷараёни ҳамгироии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) зараровар хоҳад буд”. Моҳи январи 2002 ҳукми қатли ӯ то ба баррасии он дар Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба таъхир гузошта шуд, лекин моҳи октябри 2002 Суди бехатарии давлатӣ пеш аз баромадани қарори Суди аврупоӣ ҳукми қатли ӯро иваз кард. Туркия номзад ба ҳамроҳшавӣ ба ИА мебошад, ки ин бекоркунии ҳукми қатлро ҳамчун шарти пешакӣ талаб мекунад. ИА даъват кард, ки мораторияи амалӣ ба қатлкунӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ нигоҳ дошта шуда, дар мӯҳлати миёна ҳукми қатл бекор карда шавад ва протоколҳои дахлдор ба Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба тасвиб расонида шавад. Туркия татбиқи қадамҳои афзалиятнокро мувофиқи талабот оғоз намуд. Моҳи октябри 2001 тағйироти конститутсионӣ қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар моддаи 38 ҷазои қатл барои амалҳои ҷиноӣ манъ карда шуд, лекин он барои давраҳои ҷанг ва ’амалҳои террористӣ’ нигоҳ дошта шуд. Санаи 2 августи 2002 парлумони Туркия дастаи ислоҳотҳои демократиро қабул кард, ки он бекоркунии ҷазои қатлро дар давраи осоишта ва ивазнамоии ҷазои қатлро бо ҳабси якумра барои ’ҷиноятҳои террористӣ’ дар бар гирифт. Моҳи ноябри 2002 ҳукмҳои қатли 180 аъзоёни ҲКК ва дигарон бо ҳабси якумра иваз карда шуд. Як сол пас, моҳи ноябри 2002 Туркия Протоколи 6-ро ба Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки ҳукми қатлро дар давраи осишта бекор мекунад, ба тасвиб расонд. 32


Дар давоми ду соли мӯҳлати ҳукмронии ҳукумати ҳозира бо роҳбарии Сарвазир Раҷаб Таййип Эрдоган, Туркия қадами ниҳоиро соли 2004 барои бекоркунии ҳукми қатл барои ҳамаи ҷиноятҳо дар сарқонун ва Кодекси ҷиноии худ пеш гирифт. Санаи 7 майи ҳамон сол парлумони Туркия Қонуни №5170-ро қабул кард, ки он тасвияро аз моддаи 15-и сарқонун, ки ҳукми қатлро дар давраи ҷанг иҷозат медод, хориҷ кард ва ба моддаи 38 илова карда шуд, ки: «Ҷазои катл... набояд бароварда шавад». Баъд, санаи 14 июли 2004 парлумони Туркия Қонуни №5218, ’нӯҳум қонуни ҳамоҳангкуниро’ қабул кард, ки он ҷазои қатлро аз ҳамаи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ хориҷ кард ва онро бо ҳабси якумра иваз намуд. Соли 2006 бо мақсади таъкиди минбаъдаи ӯҳдадории бекоркунии худ дар сатҳи байналхалқӣ Туркия ба Протоколи 13 ба Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл ва Протоколи дуюми факултативӣ ба ПБҲФС, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст, ҳамроҳ шуд. Дар Ассамблеяи генералии СММ аз таърихи соли 2007 Туркия ба тарафдории қатъномаи A/RES/62/149 овоз дод, ки он бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекард ва Туркия инчунин ба тарафдории ҳамаи қатъномаҳои минбаъда оид ба ҳукми қатл, ки солҳои 2008, 2010 ва 2012 қабул шуданд, овоз дод.

ИМА Ҷазои қатл дар ИМА байни солҳои 1972 ва 1976 пас аз қарори Суди олӣ нисбати якчанд парвандаҳои якҷоякардашуда, ки дар онҳо ҷазои қатл ба таври ғайриконститутсионӣ бароварда шуда буданд, боздошта шуд. Қатлкунӣ соли 1977 аз нав оғоз гардид, вақте, ки Гари Гилмор аз ҳуқуқи худ ба овардани шикоят даст кашид ва ӯ дар Юта тариқи тирборон қатл карда шуд. Дар ИМА дар ҳоле, ки ҳукумати федералӣ ҷазои қатлро нигоҳ медорад, шумораи афзояндаи иёлотҳо ҷазои қатлро бекор кардаанд. То апрели 2013 18 иёлотҳо ҳукми қатлро бекор намуданд. Қатлкунӣ ба таври мунтазам дар шумораи ками иёлотҳо, асосан дар ҷануб гузаронида мешаванд, шумораи аз ҳама зиёд дар Техас мебошад. Тадқиқотҳои сершумор ба хулоса омаданд, ки ғаразҳои ҷуғрофӣ ва нажодӣ нишонгари истифодабарии ҷазои қатл дар ИМА мебошад. Он ягона кишвари демократӣ, рушдкарда буд, ки ҷазои қатлро нисбати шахсони синнашон аз 18 поён мебаровард, ки ин риоя накардани ӯҳдадориҳои кишвар дар назди ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад, бо вуҷуди он, ки Суди олӣ дар мурофиаи Ропер зидди Симмонс (Roper v. Simmons 543 U.S. 551, 2005) муқаррар карда буд, ки он “ҷазодиҳии бераҳмона ва ғайримуқаррарист”, ки он дар сарқонуни ИМА бекор карда шудааст. То соли 2002 ИМА инчунин шахсоне, ки касалиҳои вазнини руҳӣ ё маҳдудиятҳои ақлӣ доштанд, қатл мекард (Аткинс зидди Вирҷиния, 536 U.S. 304, 2002).

33


II Лекин шумораи қатлкуниҳо дар даҳаи охир кам гардид, тавре, ки дастгирии ҷомеа барои ҷазои қатл дар бисёр иёлотҳо коҳиш ёфт. Ҳаракатҳо баҳри бекоркунӣ дар якчанд иёлоҳои Амрико афзун шуда истодааст. Омилҳои асосӣ ҳаракати мазкур инҳоанд: далелҳои афзоянда дар бораи зумраи маҳкумкуниҳои ғалатнок, ки дар натиҷа шахсони бегуноҳ ба қатл маҳкум ва ҳатто катл карда шудаанд, шубҳаҳои афзоянда дар хусуси арзиши боздошткунандаи ҷазои қатл, фикру ақидаҳо дар бораи хароҷотҳои баланди қатлкуниҳо, ки онҳоро метавон беҳтар барои мақсадҳои ҳифзи ҳуқуқ сарф кард ва инчунин шикоятҳои афзоянда аз ҷониби оилаҳои ҷабрдидагоне, ки мухолифи ҷазои қатланд. Дар соли 2011 ва 2012 43 қатлкунӣ дар ИМА гузаронида шуд, ки аз соли 1999 то ин ҷониб он коҳишёбии қариб 60 фоизаро ташкил медиҳад. Аз соли 1973 то ин ҷониб дар ИМА зиёда аз 140 маҳбусоне, ки интизори қатл буданд, дар натиҷаи пешниҳоди далели маҳкумкунии ғалатнок озод карда шуданд. Ташкилотҳои динӣ, намояндагони гурӯҳҳои ақаллиятҳо, пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, коллегияи адвокатҳои иёлотҳо, мақомоти шаҳрҳо ва ассотсиатсияҳои психиатрӣ маъракаи пурқувватро зидди ҷазои қатл дар саросари кишвар гузарониданд ё таваҷҷӯҳро ба камбудиҳои система ҷалб карданд. Гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандии тарафдори бекоркунии ҷазои қатл, аз он ҷумла Маркази ахборотӣ оид ба ҷазои қатл, ки дар Вашингтон воқеъ аст, дар хабардоркунии ҷомеа дар бораи маҳкумкуниҳои ғалатнок нақши муҳимро бозид. Васоиати ахбори чопӣ низ нақши муҳимро дар мухолифат ба барқарорсозии ҷазои қатл бозиданд, чӣ тавре, ки дар иёлотҳои Айова ва Вирҷинияи Ғарбӣ рух дод. Бисёр рӯзномаҳо ба тарафдории бекоркунии ҷазои қатл далелҳои исроркорона оварданд. Дар давоми шаш соли охир ҷазои қатл дар шаш иёлотҳо бекор карда шуд: Коннектикут, Иллинойс, Мэриленд, Ню-Ҷерсӣ, Ню-Мехико, Ню-Йорк ва иёлоти Орегон мораторияро ба қатлкунӣ ҷорӣ намуд. Ҷараёнҳои бекоркуни ҷазои қатл дар ду иёлотҳои мазкур дар поён аз назар гузаронида шудааст. Дар ИМА губернаторон низ ваколати пешниҳоди афвро ба маҳбусони маҳкумшуда ва имзо кардан ё гузоштани вето ба лоиҳаи қонун оид ба бекоркунии ҳукми қатл, ки аз ҷониби қонунгузорон қабул гаштааст, дошта метавонанд. Губернаторони иёлотҳо нақши муҳимро дар ин ҷараёнҳо бозидаанд. ИМА бар зидди қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ A/RES/62/149 ва қатъномаҳои минбаъда, ки бо мақсади бекоркунии ҳукми қатл барои моратория ба қатл дар тамоми ҷаҳон даъват мекарданд, овоз дод.

34


Коннектикут Санаи 25 апрели 2012 иёлоти Коннектикут ҳукми қатлро бекор карда, ҳабдаҳумин иёлоте дар ИМА гардид, ки ин корро амалӣ кардааст. Губернатор Даннел Маллоё қонунеро имзо кард, ки он ҷазои қатлро бо ҳабси якумра бе ҳуқуқ ба озодшавии пешакӣ иваз намуд. Он дам ёздаҳ нафар интизори қатлшавӣ буданд ва бекоркунӣ нисбати онҳо бо қувваи баръакси қонунӣ татбиқ карда нашуд. Коннектикут ҳукми қатлро соли 1973 барқарор карда буд. Мувофиқи қарори Суди олӣ, Коннектикут ҷазои қатлро дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқвайронкунанда “ақлан қафомонда” (дар ҳамон ҷойе, ки Аткинс зидди Вирҷиния) ё ҳангоми содиркунии ҷиноят синнаш аз 18 поён аст (дар ҳамон ҷойе, ки Ропер зидди Симмонс), манъ кард. Пас аз барқароркунии ҷазои қатл як нафар қатл карда шуд. Соли 2009 лоиҳаи қонун дар бораи бекоркунии ҷазои қатл аз ҷониби ҳардуи палатаҳои қонунгузории иёлот қабул гардид, лекин губернатори он вақта ба лоиҳаи қонун вето гузошт. Соли 2011 кӯшиши шабеҳ дар Сенат асосан аз сабаби он, ки мурофиаҳои аҳамиятноки ҷазои қатл бо маъмулият иҳота карда шуда буданд, бо нокомӣ рӯ ба рӯ гардид. Иштирокчиёни маъруфи маъракаи зидди ҷазои қатл дар иёлот аз Калисои католикӣ, Шабакаи Коннектикут оид ба бекоркунии ҷазои қатл (ШКБҶҚ) ва собиқ шахсони дар ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятбурда иборат буданд. Рӯзномаҳои асосии иёлот мақолаҳои муҳарриро ба тарафдории бекоркунӣ омода мекарданд. Соли 2004 шаҳрҳои Ню-Ҳевон ва Ҳартфорд қарорҳоро зидди ҷазои қатл дар Коннектикут қабул намуданд. Моҳи январи 2003 Комиссияи Коннектикут оид ба ҷазои қатл, ки соли 2001 аз ҷонби Ассамблеяи умумии Коннектикут (сохтори қонунгузори иёлот) таъсис дода шуда буд, “Тадқиқот дар бораи баровардани ҷазои қатл”-ро нашр намуд, ки дар он хулосаҳо оиди нобаробарии нажодӣ ва ҷуғрофии татбиқи ҷазои қатл дар Коннектикут оварда шуданд, ки барои таъсир ба баҳсу мунозираҳо мусоидат кард. Моҳи апрели 2012 лоиҳаи қонун аз ҷониби Сенат ва Палатаи намояндагон қабул гардид ва губернатор Даннел Маллой онро имзо кард. Ӯ гуфт: Ман солҳо ҳамчун прокурор фаъолият кардам ... ман худам бевосита фаҳмидам, ки низоми адлияи мо ... гирифтори хатогии он шахсоне, ки дар он фаъолият мекунанд, мебошад. Ман одамонеро дидам, ки ҳуқуқшиносҳояшон ба онҳо хуб хизмат накарданд. Ман одамонеро дидам, ки онҳо аз рӯи хатогӣ айбдор ё тафриқа карда шуда буданд. Ман табъизро дидам. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки бекоркунии ҷазои қатл ягона роҳи пешгирии маҳкумшавии беадолатона мебошад. Губернатор инчунин нақши муҳими бозидаи оилаҳои ҷабрдидгонро қайд карда гузашт, ки онҳо зидди ҷазои қатл буданд ва масъалаи бекоркунии онро байни қонунгузорони иёлот пешбарӣ намуданд. Новобаста аз он, ки мувофиқи хабарҳо 48 фоизи овоздиҳандагон дар иёлот тарафдори ҷазои қатл буданду, 43 фоиз зидди он, ҷазои қатл бекор карда шуд.

35


Ню-Мехико Санаи 18 марти 2009 Ню-Мехико понздаҳумин иёлоти ИМА гардид, вақте, ки губернатори иёлот Билл Ричардсон лоиҳаи қонунро имзо кард, ки ҷазои қатлро бекор карда, онро бо ҷазои ҳабси якумра бе ҳуқуқ ба озодшаваии пешакӣ иваз кард. Қонун нисбати ду маҳбусе, ки интизорӣ қатлкунӣ буданд, бо қувваи баръакси қонунӣ татбиқ карда нашуд. Аз барқарорсозии қатлкунӣ дар ИМА дар соли 1977 Ню-Мехико танҳо як қатлро соли 2001 гузаронд. Пеш аз он қатлкунии ягона губернатори ҳамон вақта гуфт “бо назардошти ҳақиқати ҳукми имрӯза барҳамдиҳии ҷазои қатл дар оянда шояд ҳамчун сиёсати давлатии беҳтар арзёби гардад”. Соли 1974 чор нафар ба ҷазои қатл маҳкум шуда буданд, лекин пас аз ду сол онҳо бегуноҳ дониста шуданд. Санаи 10 феврали 2001 лоиҳаи қонун дар бораи бекоркунии ҷазои қатл дар Ню-Мехико қариб буд, ки бо як овоз дар Сенати иёлот ғолиб ояд. Назарсанҷии соли 2008 дар тамоми иёлот нишон дод, ки 64 фоизи сокинон Ню-Мехико тарафдорӣ он буданд, ки ҷазои қатл бо ҳабси якумра бе ҳуқуқӣ озодшавии пешакӣ ва ҷуброннамоии зарар ба оилаҳои ҷабрдидагон иваз карда шавад. Пешбарии пайравона ва эътимоднок зидии ҷазои қатл дар иёлот мавҷуд буд, аз он ҷумла аз ҷониби шахсони маъруфи Калисои католикӣ - Ню-Мехико бештар иёлоти католикӣ аст – ва инчунин аз ҷониби оилаҳои ҷабрдидагони куштор. Баъзеи қонунгузорон ҳамчун сабаби дастгирии лоиҳаи қонун ба харҷи зиёди қатлкуниҳо ишора намуданд, дигарон бошанд ба эҳтимоли қатлкунии шахсони бегуноҳ. Дар баррасии бекоркунии ҷазои қатл конунгузорони иёлот инчунин ба тадқиқоти эътимодноки соли 2008 такя намуданд, ки он дар Тафсири ҳуқуқии Ню-Мексико нашр шуда, ба масъалаи истифодаи ҷазои қатл байни июли 1979 ва декабри 2007 равшанӣ андохт ва хулоса баровард, ки ба маҳкумкунӣ ба ҷазои қатл дар Ню-Мексико масъалаҳои қонунан номуносиб, аз қабили дар куҷо ва кай содиршавии ҷиноят ва нажод ё мансубияти этникии ҷабрдида ва айбдоршаванда тасир расонида буданд. Лоиҳаи қонуни Ню-Мексико аз соли 2009 дар бораи бекоркунӣ бо дастгирии байниҳизбӣ аз ҷониби Сенати иёлот бо таносуби овози 24-18 ва аз ҷониби Палатаи намояндагон бо таносуби овози 40 ба 28 қабул гардид. Пас аз қабулшавии лоиҳаи қонун аз ҷониби сохтори қонунгузорӣ аз таърихи моҳи марти 2009 губернатори он вақта Билл Ричардсон ақидаи шаҳрвандонро фаҳмиданӣ шуд ва аз ҷониби собиқ Президенти ИМА Ҷимми Картер боварӣ кунонда шуд, ки онро дастгирӣ намояд. Эҳтимоли хатогии адлия мулоҳизаи асосӣ дар дигаршавии ақида ва имзонамоии лоиҳаи қонун дар бораи бекоркунӣ Mr. Билл Ричардсон аз ҷониби губернаторе гашт, ки ҳангоми оғози фаъолияташ тарафдори ҷазои қатл буд. Ӯ гуфт, ки виҷдони ӯ бевосита аз хатари воқеӣ, ки шахси бегуноҳ қатл шуданаш мумкин аст зери шубҳа қарор гирифт ва ба хулоса омад, ки нигоҳдории ҷазои қатл бо назардошти хатари ҷудонашавандаи он, ки хатогии ҷиддӣ аз ҷониби адлия рух доданаш мумкин аст, нодуруст мебошад. Омили дигар ин тамоюли ҷаҳонӣ ба сӯи бекоркунӣ буд ва ӯ гуфт: “Аз нуқтаи назари ҳуқуқҳои байналхалқии инсон ягон сабабе мавҷуд нест, ки ИМА дар ин масъала бояд аз дигар қисмати ҷаҳон дар қафо бошад”. Лекин қарор оиди имзо кардани лоиҳаи қонун “қарори аз ҳама мушкил дар ҳаёти сиёсии [ӯ] буд”. 36


III

ДАРСҲОИ ОМӮХТАШУДА АЗ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲО ОИД БА БЕКОРКУНИИ ҲУКМИ ҚАТЛ

Соли 1971 Ассамблеяи Генералии СММ дар қатъномаи 2857 (XXVI) тасдиқ намуд, ки бо мақсади кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳадафи асосие, ки пайгирӣ карда мешавад, ин тадриҷан маҳдудкунии шумораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои онҳо ҷазои қатл муқаррар шуданаш мумкин аст, мебошад ва бекоркунии ҷазои мазкур дар тамоми кишварҳо мувофиқи матлаб аст”. Аз он дам пешравии бузург дар бекоркунии ҷазои қатл дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон новобаст аз низоми сиёсӣ, дин, фарҳанг ё анъана ба даст оварда шудааст. Маводи мазкур таҷрибаи 13 давлатҳое, ки қадамҳоро барои бекоркунии ҷазои қатл пеш гирифтаанд, тасвир намуд. Дар поён дарсҳое, ки аз таҷрибаҳои мазкур омӯхта шуданд, оварда шудааст.

НОИЛШАВӢ БА БЕКОРКУНӢ Баъзеи давлатҳо бевосита ба бекоркунии ҷазои қатл оғоз карданд ва бо мақсади таъмини кафолати мустаҳкам зидди азнавбарқарорсозӣ ҷазои қатлро дар сарқонун манъ намуданд. Дар вазъиятҳое, ки бекоркунии пурра якбора имконпазир набуд, давлатҳо қадамҳоро барои давраи гузариш пеш гирифтанд, аз он ҷумла: Чораҳои миллӣ: • Ҷорӣ кардани мораторияи расмӣ барои ҳукми қатл ва қатлкунӣ ва ивази ҳамаи ҳукмҳои қатл бо ҷазои маҳрумкунӣ аз озодӣ. • Таъминнамоии он, ки ҷазои қатл нисбати шахсони синнашон аз 18 поён бароварда намешавад ва зани ҳомила ё кӯдаки ширхордошта, пиронсолон ва шахсоне, ки касалиҳои рӯҳӣ ва маҳдудияти ақлии ҷиддӣ доранд, катл карда намешаванд. • Маҳдудкунии чорчӯбаи ҷазои қатл барои “Ҷиноятҳои аз ҳама вазнин.”. • Барҳам додани ҳукмҳои қатли ҳатмӣ. • Бекоркунии ҷазои қатл барои ҷиноятҳои оддӣ. • Таъмини он, ки стандартҳои байналхалкии ҳуқуқи инсон, ки ба татбиқи ҷазои қатл дахл доранд, ба таври пурра ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маъмурӣ ҳамроҳ карда шудаанд. • Дар ҷойе, ки хатари ба қатл маҳкумшавӣ ё қатлшавии шахс мавҷуд аст, набояд шахсе ба он ҷой ронда, баргардонида, интиқол дода шавад ё бо дигар роҳи маҷбурӣ фиристода шавад.

37


Дигар чораҳои миллӣ: • Бо максади хабардории пурраи ҷомеа интишор намудани ахборот вобаста ба истифодаи ҷазои қатл, аз он ҷумла оиди шумораи шахсони ба ҷазои қатл маҳкумшуда ва қатлкардашуда ва барои кадом ҷиноятҳо маҳкум шудани онҳо. • Фароҳам овардани имконият ба муассисаҳои миллӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ то ин, ки онҳо дар баҳсу мунозираҳои озод ва асоснок оиди ҷазои қатл иштирок намоянд ва гирифтани машварат аз ташкилотҳои дахлдор, аз он ҷумла муассисҳои миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ташкилотҳои касбӣ, сохторҳои динӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналхалқӣ. • Ҳавасманд кардани тадқиқотҳои амалӣ оиди истифодаи ҷазои қатл, аз он ҷумла оиди риояи стандартҳои байналхалқии ҳуқуқҳои инсон ва принсипи накардани табъиз, масъалан табъиз дар асоси мансубияти этникӣ, маҳдудиятҳои иқтисодӣ ё тамоюли шаҳвонӣ. Тадқиқотҳо ҷомеаро инчунин дар бораи таъсири ҷазои қатл ва таъсири манфии ҷазои қатл ба онҳое, ки аз татбиқи он осеб дидаанд, хабардор намудаанд. • Дархости машварат аз давлатҳои ҷазои қатлро бекоркарда ва ташкилотҳои байнидавлатӣ, аз он ҷумла кӯмак дар ҳамроҳшавӣ ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ оид ба бекоркунии ҷазои қатл.

РОҲБАРӢ:

• Таъмини роҳбарии қавиирода: Барои ноил шудан ба бекоркунӣ роҳбарии сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва дигар шахсони дорои қудрат муҳим мебошад. Ҳавасмандкунӣ ва дастгирӣ аз ҷониби роҳбарони дигар давлатҳо ҳам дар ин хусус муҳим мебошад.

ЧОРАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ: • Ҳамроҳшавӣ ва татбиқи Паймони байналхалкӣ оиди ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ ва Протоколи дуюми факултативии он, ки ба бекоркунии ҳукми қатл равона карда шудааст. • Дар Ташкилоти давлатҳои Америка, ҳамроҳшавӣ ва татбиқи Конвенсияи америкоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки барқарорсозии ҷазои қатлро манъ мекунад, ва инчунин Протоколи он, ки ҷазои қатлро бекор мекунад. • Дар Шӯрои Аврупо, ҳамроҳшавӣ ва татбиқи Протоколҳои 6 ва 13 ба Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки ҷазои қатлро дар давраи осоишта ва дар ҳамаи вазъиятҳо, аз он ҷумла давраи ҷанг манъ карда, онро бе ягон таъхир амалӣ менамояд. • Амалисозии ҳамаи қатъномаҳои дахлдори СММ оид ба ҷазои қатл, аз он ҷумла қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ зери унвони “Моратория ба истифодаи ҷазои қатл”.

38


Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл (КБҲҚ) санаи 7 октябри 2012 дар Мадрид дар натиҷаи Ташаббуси Испания бо мақсади таҳкими тамоюлӣ глобалӣ баҳри бекоркунии ҷазои қатл таъсис дода шуд. КБҲҚ дар ҳамаи вазъиятҳо мухолифи ҷазои қатл мебошад ва ба ҷоринамоии бетаъхири мораторияи умумӣ ҳамчун қадам баҳри бекоркунии пурраи ҷазои қатл водор мекунад. Комиссия аз 15 Ваколатдорони воломақом иборат мебошад ва он аз ҷониби Президент, Федерико Мэйор роҳбарӣ карда мешавад. Ин Ваколатдорон ҳамаи минтақаҳои ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд – ва ин нишондиҳандаи он аст, ки бекоркунии ҳукми қатл масъалаи глобалӣ мебошад, на ин ки кори як минтақаи мушаххас. Онҳо кишварҳои худро намояндагӣ намекунанд ва дар қабули қарорҳои худ мустақилона амал мекунанд. Аъзоёни Комиссия инҳоанд: Федерико Мэйор (Испания). Президенти КБҲҚ. Собиқ Директории генералии ЮНЕСКО ва Собиқ Вазири маориф ва илми Испания Ҷулиано Амато (Италия). Собиқ Сарвазири Италия Луиза Арбор (Канада). Собиқ Ваколатдори баландмақоми СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва собиқ Сарпрокурори Судҳои байналхалқии ҷиноӣ барои собиқ Югославия ва Руанда. Роберт Бединтер (Фаронса). Собиқ Вазири адлияи Фаронса Муҳаммад Бедҷоуӣ (Алҷазоир). Собиқ Вазири корҳои хориҷии Алҷазоир, собиқ Судяи Суди байналхалқии СММ Рус Дрейфусс (Швейтсария). Собиқ Президент ва собиқ Вазири корҳои дохилии Конфедератсияи Швейтсария Мишел Дувивер-Луиз (Гаитӣ). Собиқ Сарвазири Гаитӣ Ҳанне Софи Грив судя ва ноиб-президенти Суди олии Норвегияи Ғарбӣ мебошад ва ӯ ба ҳайси судяи Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон фаъолият кардааст Асма Ҷилани Ҷаҳонгир (Покистон). Президенти Комиссияи Покистон оид ба ҳуқуқҳои инсон Иоанна Кучурадӣ (Туркия). Раиси Шӯъбаи фалсафа ва ҳуқуқҳои инсони ЮНЕСКО ва Директори Маркази тадқиқот ва татбиқи ҳуқуқҳои инсон дар Донишгоҳи Малтепе (Туркия) Глория Макапагал-Арроё (Филиппин). Собиқ Президенти Филиппин Родолфо Маттаролло (Аргентина). Собиқ Ноиби котиб оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Аргентина Иброҳим Наҷҷар (Лубнон). Собиқ Вазири адлия Билл Ричардсон (ИМА). Собиқ Губернатори Ню-Мехико Аъзои фахрӣ Хосе Родригес Сапатеро (Испания). Собиқ Сарвазири Испания Барои маълумоти бештар оиди КБҲҚ аз сомонаи зерин дидан кунед: www.icomdp.org

39


Барои маълумоти бештар оиди КБҲҚ: Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл кӯчаи Ротшилд 20, CH-1202 Женева Телефон: + 41 (0) 22 908 4422 Факс : +41 (0) 22 908 62 62 www.icomdp.org ©copyright ICDP 2013


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.