ЭЪТИЛОФИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ЗИДДИ ШИКАНҶА ВА БЕҶАЗОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ГУРУҲ ОИД БА МОНИТОРИНГИ ҶОЙҲОИ МАҲРУМИЯТ АЗ ОЗОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ • Моҳи декабри соли 2013 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ таъсис ёфтааст. • Ҷузъи Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди ратификатсияи ПФ ба КЗШ, ҳамоҳангсози механизми мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ (минбаъд Гуруҳи корӣ) ба шумор меравад.
Ҳадафҳо • пешбурди ратификатсияи Протоколи факултативӣ ба Кумитаи СММ зидди шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо; • пешбурди таъсиси механизми пешгирикунандаи миллӣ; • таъсиси механизми мониторинги мустақили ҷамъиятии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ.
Боздид Аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2017-ум 44 боздид сурат гирифтааст: •Тавқифгоҳи муваққатӣ •СИЗО •Муассисаҳои ислоҳотӣ •Муассисаҳои руҳӣ ва наркологӣ •Муассисаҳои иҷтимоӣ •Муассисаҳои нагаҳдории кӯдакони дар зиддият бо қонун •Қисмҳои низомӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ
Сессияҳои иттилоотӣ инъикоси стандартҳои Конвенсияи зидди шикан ҷа, таъсис ва роҳандозии ММП ва дигар масъала ҳои ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озод ӣ ало қаманд. Сессияҳои иттилоотӣ аз соли 2015 то 2017 дар минтақаҳои зерин гузаронида шудаанд: • Қубодиён • Рашт • Хоруғ • Конибодом • Ҳамадонӣ •Хуҷанд •Кӯлоб •Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)
Таҳлили моделҳои ММП гузаронида шуд • шарҳи тавсияҳои мақомоти байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, • маълумоти умумӣ ва шартҳои асосии Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, • маълумот дар бораи Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа (ЗПШ), Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) ва моделҳои мавҷудаи ММП дар ҷаҳон, • шарҳи қонунгузории миллӣ оид ба механизмҳои санҷиш ва назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, • тавсияҳо оид ба ратификатсияи ПФ КЗШ ва таъсиси ММП дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафари шиносоӣ ба Словения • Аз 28-уми август то 1-уми сентябри соли 2017 аъзои Гуруҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ оид ба пешбурди ратификатсияи ПФ ба КЗШ ва гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои омӯхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Словения дар мавриди ташкил кардан ва пешбурди Механизмҳои миллии пешгирикунанда ба ин кишвар сафар намуданд. • Давоми панҷ рӯз ҳайат бо мақом, ваколатҳо ва заминаи қонунгузории Институти ҳимоятгари миллии Словения (Омбудсмен), бо тартиби таъсису роҳандозии ММП-и назди Омбудсмен, бо усулҳои ҳамкории Омбудсмен ва ММП бо Вазорати адлия, Вазорати корҳои хори ҷӣ, ВКД, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мақомот шинос шуданд. Инчунин гуруҳ аз маҳбасҳо, тавқифгоҳҳои муваққатӣ, СИЗО ва муассисаҳои руҳӣ дар Словения дидан намуд. • Бо дарназардошти натиҷаҳои сафар узви Гуруҳи корӣ, профессор Тақдиршо Шарипов ба парлумони кишвар бо замима ва тавсияҳо дар бораи он, ки кадом роҳу таҷрибаи мусбатро Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи Словения истифода бубарад, гузориш омода намуд.
Инчунин: • Оид ба пешбурди ратификатсияи ПФ ба КЗШ зиёда аз 10 вохӯрии Гуруҳи корӣ гузаронида шуд. • Барои боло бурдани иқтидори аъзои гуруҳи мониторингӣ тренингҳо баргузор карда шуданд. • Сафари коршиносон аз Зеркумитаи зидди шиканҷа ба кишвар ташкил карда шуд. • Оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ 5 ҳисоботи солона омода карда шуд. • Ва ғ.
Тамос: • Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Икромӣ 7. Шахси масъул: Нидоев Ҳусниддин. Телефон: 221-74-38 • Ҳамоҳангсози фаъолияти гуруҳ аз Эътилоф Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба шумор меравад. Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, ошёнаи 6. Шахси масъул: Ҷӯраева Таҳмина. Телефон: 224-41-45