Ояндаро имрўз бояд сохт!
Нашрияи расмии Тољиксодиротбонк
№17 (44) Шанбе, 30 августи соли 2014
ТОЉИКИСТОН ДАР АРАФАИ ЉАШНИ ИСТИЌЛОЛ Њ
амасола 9 сентябр дар саросари Ватани азизамон љашни Истиќлолияти давлатии Тољикистон бо шукўњу шањомати хоса таљлил мешавад. Имрўзњо бо дастури Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон омодагї ба истиќболи сазовори 23-юмин солгарди истиќлолияти давлатии Тољикистон, тарѓибу ташвиќи арзишњои давлатдории миллї ва дастовардњои даврони истиќлол бомаром идома дорад. Љумњурии Тољикистон пас аз ба даст овардани истиќлолияти давлатї њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї эътироф гардида, онро беш аз 151 кишвари љањон ба расмият шинохтаанд. Имрўз Тољикистон бо зиёда аз 126 кишвари љањон муносибатњои дипломатї барќарор карда, узви фаъоли беш аз 51 созмони байналмилалї, минтаќавї ва нињодњои байналмилалии молиявї мебошад. Љумњурии Тољикистон дар минтаќа узви Созмони њамкорињои Шанхай аст, ки таъмини дастаљамъии амният, иртибототи фарохи сиё-
сиву иќтисодиву фарњангї, њамёрї дар рушди зиндагии њамарўзаи мо аз њадафњои ин созмон аст ва табиист, ки Тољикистон манфиатдори тавсеаи ширкати худ дар кори он ва густариши равобит бо кишварњои аъзост. Љаласаи гузаштаи Шўрои сарони давлатњои СЊШ 13 сентябри соли 2013 дар шањри Бишкеки Љумњурии Ќирѓизистон баргузор шуда, љаласаи навбатии ин маќоми олии созмон 11-12 сентябри соли 2014 дар шањри Душанбе доир мегардад. Аз моњи сентябри соли 2013 то баргузории љаласаи Шўрои сарони давлатњои СЊШ дар шањри Душанбе Љумњурии Тољикистон раисиро дар СЊШ ба зимма дорад. Љумњурии Тољикистон соли раисии худро дар ин Созмони бонуфуз ва батадриљ рушдёбанда зери шиори – «Њамкорї, Рушд ва Рифоњи муштарак» эълон намудааст. Созмони њамкории Шанхай (СЊШ) - Созмони байнињукуматии байналхалќии доимї буда, тибќи њуљљати асосии оинномавии худ – Хартияи СЊШ, ки 7 июни соли 2002 ќабул шудааст, маќсаду вазифањои асосии худро дорад. Њадаф ва вазифањои аслии дар доираи ин
татбиќшаванда аз тањкими боварии мутаќобила, дўстї ва њамљавории нек миёни давлатњои аъзо; рушди њамкорињои бисёрљанба бо маќсади нигањдорї ва тањкими сулњ, амният ва субот дар минтаќа, мусоидат ба таъсиси тартиботи нави байналхалќии демократї, одилона ва сиёсиюиќтисодии босамар; муборизаи муштарак бар зидди терроризм, сепаратизм (људоихоњї) ва экстремизм бо њама гуна зуњуроти онњо, мубориза ба муќобили гардиши ѓайриќонунии маводи нашъадор ва аслиња, дигар намуди фаъолияти љиноятии фаромиллї, инчунин муњољирати ѓайриќонунї; њавасмандгардонии њамкорињои босамари минтаќавї дар соњањои сиёсї, иќтисодї-тиљоратї, мудофиа, њифзи њуќуќ, њифзи муњити зист, фарњанг, илмї-техникї, маориф, энергетика, наќлиёт, молиявї-ќарзї ва дигар соњањое, ки манфиати умумиро ифода менамоянд; мусоидат ба болоравии њамаљониба ва бомувозинати иќтисодиёт, рушди иљтимої ва фарњангї тавассути амалњои муштарак дар асоси шарикии баробарњуќуќ бо маќсади баланд бардоштани сатњ ва бењбудии шароити зисти
халќњои давлатњои аъзо; њамоњанг намудани мавќеъњо дар њамгирої ба иќтисодиёти љањонї; мусоидат ба таъмини њуќуќњо ва озодињои асосии инсон мувофиќи уњдадорињои байналхалќии давлатњои аъзо ва ќонунгузории миллии онњо; нигањдорї ва рушди муносибатњо бо дигар давлатњо ва созмонњои байналхалќї; њамкорї дар пешгирї намудани низоъњои байналхалќї ва њалли мусолињатомези онњо; дарёфти муштараки њалли мушкилињое, ки дар асри XXI ба миён меоянд,иборат аст. Дар ин замина, Љумњурии Тољикистон ба рушду густариши њамкорї дар чањорчўби ин созмони бонуфузи минтаќавї таваљљуњи хос зоњир намуда, оид ба тавсеаи њамгирої дар самтњои амният, иќтисод ва тиљорат, сармоягузорї, муносиботи бонкї, энергетика, наќлиёту коммуникатсия, туризм ва амсоли инњо пешнињодњои муфид ба миён мегузорад, ки албатта, аксарияти онњо мавриди пушдибонии аъзоён ќарор гирифта, ба раванди рушди муносиботи њасана ва татбиќи босамари чорањо мусоидат мекунанд.
Њангоми иншои мусоњиба симои ўро пеши назар овардам, бисёр самимї, даќиќназар ва мењрубон аст. Ў занест, ки солњост бањри пешрафту комёбии бонк ва ба камол расонидани шогирдон дар низоми бонкдорї талош меварзад. Саидова Мунира Холиќовна, 11 июли соли 1964 дар шањри Душанбе дар оилаи хизматчї чашм ба олами њастї во намудааст. Соли 1981 баъди хатми мактаби миёнаи №34 пойтахт ба шуъбаи шабонаи факултаи иќтисодии Донишгоњи Давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин (феълан Донишгоњи миллии Тољикистон) њуљљат супорида, соли 1986 донишгоњи мазкурро бо ихтисоси иќтисодчї-банаќшагири хољагии халќ хатм намудааст. Фаъолияти корияшро аслан, баъди хатми мактаби миёна, дар бахшњои гуногун, нахуст аз таљрибаомўзї оѓоз карда, то корманди калони илмї ва дар Тољиктаъминот, Институти хољагии ќишлоќи Тољикистон (њоло Донишгоњи аграрии Тољикистон), Пажўњишгоњи илмїтадќиќотии иќтисодї ва усулњои банаќшагирии назди Идораи давлатии банаќшагирии Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон (Госплани РСС Тољикистон) идома додааст. Аз соли 1994 то кунун яке аз кормандони шинохта ва фаъоли Тољиксодиротбонк аст. Бояд гуфт, ки солњои аввали корї дар Тољиксодиротбонк ба сифати иќтисодчии пешбар дар идораи банаќшагирии иќтисодї фаъолияташро оѓоз намуда, аз моњи июни соли 1995 дар шўъбаи њисоббаробаркунии савдои байналмиллалї ба сифати сариќтисодчї ва сардори шуъбаи њисоботи иќтисодї ва мониторинг фаъолият кардааст. Аз соли 2008 то инљониб дар вазифаи сардори шуъбаи њисоббаробаркунии Фронт-офис кор мекунад. Оиладор, соњиби як фарзанд аст.
-Бонуи муњтарам Мунира Холиќовна, мехоњам нахуст оид ба фаъолият ва наќши шуъбаи њисоббаробаркунї дар Фронт-офиси ЉСК “Тољикс одирот бонк” ба хонандагон маълумот биди њед. -Фронт-офис – ин гурўњи зерсохторњои бонк аст, ки бевосита барои фаъолият бо муштариён масъул аст. Вазифањои он иборат аст аз иртибот бо муштариён, ќабул ва барои коркарди минбаъда омода сохтани њуљљатњои муштариён ва ба муштариён пешнињод на-
20 СОЛ БО ТОЫИКСОДИРОТБОНК мудани иттилоот дар бораи ин ё он намуди хизматрасонии бонкї. Умуман, фаъолияти Фронт-офис амалиётњоро бо амонатњо, интиќоли маблаѓњо, машварат бо мизољон, инчунин коркарди дархостњои ќарзї ва њалли масъалањои пешнињод намудани ќарзњоро дар бар мегирад.
Шуъбаи мо дар рафти фаъолияти худ ќонунњо ва дигар санадњои њуќуќии Љумњурии Тољикистон, санадњои меъёрии њуќуќии Бонки миллии Тољикистон, Оинномаи бонк, санадњои меъёрии бонк, амру супоришњои Раиси ЉСК «Тољиксодиротбонк», директори идоракунандаи Фронт-офис ва инчунин, Низомномаи
шуъбаи њисоббаробаркуниро ба роњбарї мегирад, ки он асоси ташкилию њуќуќии фаъолияти шуъбаро муайян менамояд ва њуљљати роњбарикунандаи њамаи кормандони шуъба дар хизматрасонї ба муштариёни бонк – шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї мебошад.
(Давомаш дар сањ. 5)