Протоколи истамбулӣ: аз назария то амалия

Page 1

БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Протоколи истамбулӣ: аз назария то амалия

ш.Душанбе, к.Валаматзода 8/1

Телефон: (+992) 372 2275187

E-mail: hrc.tajikistan@gmail.com

www.hrc.tj


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

Протоколи истамбулӣ: аз назария то амалия


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

МУНДАРИҶА Сухани муқаддимавӣ_________________________________________________________2

Хуан Мендес – маърӯзачии махсуси СММ оид шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф__3 - 4

Таърихи «Протоколи истамбулӣ»_________________________________________ 4 - 6 Протоколи истамбулӣ дар Тоҷикистон: таърихи ҷори намудани меъёрҳои ҳуҷҷати мазкур____________________________________________________________ 6 - 10

Навигариҳо (дар ин бахш оиди корҳои анҷомдодашуда ҳангоми ҷорӣ намудани Протоколи истамбулӣ дар Тоҷикистон шинос шавед) _____________11 – 18

Мусоҳибаҳо бо намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти ворид намудани меъёрҳои Протоколи истамбулӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд: Саня Боянич – муовини директори минтақавии Барномаи Рушди СММ __19 – 21 Парвина Наврӯзова – ҳуқуқшиноси ТҶ “Центр по правам человека”, аъзои Гурӯҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ “Дар бораи таҳлили вазъи воқеъии соҳаи экспертизаи тиббию судӣ ва дурнамоии рушд дар ҷумҳурӣ” ________________22 – 24

Гулчеҳра Раҳмонова – роҳбари Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» _ 24 – 26 Зебо Қосимова – ҳимоятгари ТҶ «Центр по правам человека»____________26 – 27

-1-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

СУХАНИ МУҚАДДИМАВӢ Хонандаи гиромӣ, мо хурсанд аз онем, ки ба Шумо нашри

аввалини бюллетени ахборотии дар доираи лоиҳаи «Устувор намудани ҳуқуқҳои инсон бо мақсади таъмини имкониятҳо барои дар амал ҷорӣ намудани ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон» омодагардидаро, ки бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Финландия ва Барномаи Рушди СММ ба нашр расидааст, пешкаш менамоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи огоҳонӣ ва мубориза бар зидди шиканҷа ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, қадамҳои фаъол гузошта истодааст, ки ин нукта дар баромади Маърузачии махсуси СММ зидди шиканҷа қайд гардид. Бояд қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мукаммал намудани тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббӣ ва экспертизаи тиббӣ-судии қурбониёни шиканҷа саҳми назаррас дорад. Фаъолияти мазкур бо ҳамкории ТҶ «Центр по правам человека» дар асоси Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа ва Маърузачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа, ки 15 августи соли 2015 ба тасвиб расида буд, амалӣ карда шудаанд. Бюлетени мазкур аз тарафи ТҶ «Центр по правам человека» омода гашта, хусусияти ахборотӣ дорад ва бо мақсади додани маълумот ба доираи васеи нафарони масъул дар тафтишоти ҳодисаҳои шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона бо имконияти ҳуҷҷатгузорӣ кардани чунин ҳодисаҳо мутобиқ ба тавсияҳои Протоколи истамбулӣ иштироккунанда, мебошад. Дар саҳифаҳои бюллетен Шумо метавонед бо натиҷаҳои фаъолият, аз ҷумла оид ба тренингҳои гузаронидашуда барои кормандони тиб, судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо, маълумот пайдо намоед. Мо умедворем, ки масъалаҳои дар саҳифаҳои бюллетени мазкур гирдовардашуда дар самти аз тарафи кормандони тиб самаранок тафтиш намудан ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани ҳодисаҳои шиканҷа таъсири мусбӣ мерасонад. Умед дорем, ки бюллетени мазкур барои ҳамаи ашхоси манфиатдор оид ба муҳокимаи масъалаҳо ва пешравӣ дар самти механизми самараноки тафтишот оид ба парвандаҳои алоқаманд ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, дастур ва минбаъд бойгонии хубе мегардад. Директори ТҶ «Центр по правам человека», Нурмаҳмад Халилов. Роҳбари барномаи «Ворид намудани меъёрҳои Протоколи истамбулӣ дар ҶТ» ҳуқуқшиноси ТҶ «Центр по правам человека», Парвина Наврӯзова.

-2-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

Хуан Мендес – маърӯзачии махсуси СММ оид

шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф.

«…Мубориза бо шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ ва ҷазо, яке аз ҳуқуқҳои умумии байнламилалӣ буда, дорандаи статуси JUS COGEN – меъёри қоидаи ҳатмии ҳуқуқӣ мебошад, ки дар ҳама давлатҳои дунё паҳн шудааст. Ин меъёр талаб мекунад, ки давлатҳо на танҳо аз истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона худдорӣ намоянд, балки бо ин омилҳо мубориза бурда, пеши роҳи онро гиранд. Давлатҳо вазифадоранд, ки кафолати пешгирӣ аз шиканҷа ва дигар намуд муносибатҳои ғайриинсониро таъмин намоянд… Дар самти мубориза ва нест кардани шиканҷа дар Осиёи Марказӣ корҳое зиёда карда шуд, аммо боз ҳам аз ин бештар корҳоро бояд анҷом дод, то фосилаву фарқият миёни сиёсат ва ҳақиқат, қонунгузорӣ ва таҷриба бардошта шавад, инчунин дар сурати зарурат гунаҳкоронро бе таъхир ба ҷавобгарӣ бояд кашид. Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки ин тавсияҳо аз ҷониби ҳукумат ҷиддӣ қабул шуда, бо тадриҷ амалӣ мешаванд…. Ба ҳайси маърӯзачии махсус ман инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда будам. Дар ин ҷо низ, мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъваташон изҳори миннатдорӣ намоям ва бояд гуфт, ки аз ислоҳоти базаи меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар ин кишвар истифодаи шиканҷа ва дигар намуди муносибати ғариинсониро манъ мекунад, хеле руҳбаланд шудам. Аммо як нуктае, ки маро каме ташвиш гузоштааст, ин корҳо дар самти амлия, ба хусус фишор болои дастгиршудагон аст. Баъди фарҷоми ин сафар, ман як қатор тавсияҳоро нашр карда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудам, ки пурра меъёрҳои қонунҳои мавҷударо дар самти сиёсати аз байн бурдани шиканҷа ва дигар намуд муносибати ғариинсонӣ риоя намоянд. Баъдан боз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора дидан кардам ва дарёфтам, ки тавсияҳои пешниҳодкардаам ба тамоми ҷиддият қабул шудаанд ва Нақшаи миллӣ оид ба роҳандозӣ намудани тавсияҳои ман қабул шудааст. Аммо тавре аллакай кайд кардам, дар Тоҷикистон то ба ҳанӯз як қатор холигӣ миёни сиёсат ва ҳақиқат дар самти манъи шиканҷа, вуҷуд дорад, ки онро бояд пурра намуд. Ман инчунин оид ба иттилооти гирифтаи худ ҳангоми сафари аввалӣ дар мавриди тарсонидан ва шиканҷаи равонӣ болои дастгиршудагон хавотир ҳастам. Омодагии чунин давлатҳои амсоли Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи гуфтушунидҳо ва кор бо Маърӯзачаии махсус ва дигар механизмҳои Созмони миллали муттаҳид барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа намунаи ибратанд. Ин ҳамкориҳо умед бар он медиҳанд, ки минбаъд дар ҳамдастӣ ҳуҷҷатгузорӣ, таҳқиқот ва билохира, манъи шиканҷа дуруст ба роҳ монда мешавад.

-3-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Ҳамкориҳои якҷоя ва судманд бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, ҳамчунин дар доираи конфронси имрӯза оид ба Протоколи истамбулӣ, барои кӯмак намудани ҳукумат дар амалинамоии ӯҳдадориҳояш ва аз байн бурдани фарсахҳо миёни меърёҳои байнадхалқӣ ва таҷриба арзиши хеле зиёд дорад…» Баромад барои конфронси «Татбиқнамоиӣ Прокотоли истамбулӣ: Вориднамоии таҷрибаи минтақавӣ ба меъёрҳои байналхалқӣ барои таҳқиқ ва ҳуҷҷатгузории самараноки ҳолатҳои шиканҷа» 21-22 сентябри соли 2016, Бишкек, Қирғизистон.

I. Таърихи “Протоколи истамбулӣ” Дастур оид ба тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (минбаъд Протоколи истамбулӣ), аз тарафи 75 мутахассиси соҳаи ҳуқуқ, тандурустӣ ва ҳуқуқи инсон, ки намояндагони 40 ташкилот ва муассисот аз 15 давлати дунё мебошанд, коркард шудааст. Тайёр кардани ғояи асосӣ ва омода намудани дастури мазкур – маҳсули заҳмати коршиносони тиббӣ-судӣ, табибон, равоншиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносон аз Олмон, Дания, Исроил, Ҳиндустон, Коста-Рико, Ҳоланд, Шоҳигарии Муттаҳида, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия мебошад. Ҷиддияти самаранокии тафтишот ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ ё паст задании шаъни инсон, намудҳои муносибат ва ҷазо ба резолютсияи 55/89-и Ассамблеяи Генералӣ (аз 4 декабри соли 2000) ва резолютсияи 2000/43-и Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон (аз 20 апрели соли 2000) ба сифати замима ворид карда шуда, беовоздиҳӣ қабул шудаанд. Протоколи истамбулӣ ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқшиносон барои ҳамкории якҷоя дар самти ҳуҷҷатгузории далели шиканҷа дастурамали муфид мебошад. Талаботҳои асосии Протоколи истамбулӣ тафтишоти ҳаматарафа ва ҳуҷҷатгузории дақиқ ба ҳисоб меравад. Тафтишоти ҳамаҷониба ҳангоми далели шиканҷа - иштироки якҷоя ва мувофиқакардашудаи табибон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва дигарон, имконият медиҳад, ки ҳодисаҳои вазнинтарини бисёромила ҳаматарафа омӯхта шуда, ҳолати аслии воқеаро равшан намояд. Хуҷҷатгузории ҷузъӣ ва дақиқонаи ҳолатҳои шиканҷа имконияти мувофиқа кардани маълумот ва баҳогузории пурраи онро медиҳад, ки ин баҳогузории дурусти ҳодисаро таъмин менамояд.

-4-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Мутахассисони дар тафтишоти ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ширкатварзида бояд ҳамеша меъёрҳои олии этикиро сармашқи кори худ намуда, то гузаронидани ҳар як ташхису тафтиш бояд розигии маълумотӣ гирифта шавад. Экспертиза бояд ба меъёрҳои муайяншудаи таҷрибаи тиббӣ мувофиқат намояд. Мисол, бо мақсади ташхиси шаффоф, муоинаи тиббӣ бояд пушти дарҳои пӯшида, зери назорати ташхисгари тиббӣ ва бе иштироки намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шавад. Протоколи истамбулӣ ба мақомоти тафтиштӣ, судӣ ва муассисаҳои тиббӣ стратегияи гузаронидани тафтишот ва принсипҳои баҳогузории тиббӣ (равонӣ, оқибатҳои таъсири ҷисмонӣ аз шиканҷа)-ро нишон медиҳад. (Барои маълумоти пурра гирифтан, бо матни Протоколи истамбулӣ дар саҳифаи мазкур http://www.ohchr.org/Documents/Publications/training8Rev1ru.pdf шинос шавед). Дастури мазкур бо мақсади ба давлат пешниҳод намудани воситаи амалии ҳалкунандаи яке аз масъалаҳо дар самти СТАМБУЛЬСКИЙ ПРОТОКОЛ ҳифзи инсон аз шиканҷа – ҳалли проблемаи ҳуҷҷатгузории дурусту натиҷаовар мебошад. Ҳуҷҷатгузорӣ имкон медиҳад, ки истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ошкор, дарёфт, тасдиқ ва муаррифӣ карда шавад. Ин тарзи кор ба манфиати ҳаққонӣ ҳукм баровардани судҳо буда, имконият медиҳад шахси амали номатлубро иҷрокарда ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва мувофиқи амалаш ҷазо гирад. Усулҳои ҳуҷҷатгузории дар дастури мазкур овардашударо метавон дар дигар 8 вазъият низ истифода намуд. Аз ҷумла, дар рафти тафтишот ва мониторинг дар самти ҳукуқи инсон; баҳогузории вазъе, ки шахс талаби паногоҳи сиёсӣ мекунад; ҳифзи шахсе, ки зери фишору шиканҷа «ба гуноҳаш иқрор» шудааст; ҳангоми баҳогузории талабот нисбати расонидани ёрӣ ба қурбонии шиканҷа ва амсоли ин. Протоколи истамбулӣ дар муносибат ба баҳогузорӣ намудани ҳолати воқеъии шахсоне, ки тасдиқ мекунанд зери шиканҷа ё муносибати бераҳмона қарор доштанд, ҳангоми тафтишоти парванда дар бораи тахминан истифода шудани шиканҷа ва пешниҳоди натиҷаҳои чунин баҳогузорӣ ва тафтишоти судӣ ё тафтишоти ягон мақомот, ба сифати меъёрҳои идоракунандаи байналхалқӣ хизмат мекунад, чунки дар дастури мазкур принсипҳои самараноки тафтишот ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ё намудҳои муносибати паст задани шаъну шараф, ворид карда шудаанд. УПРАВЛЕНИЕ ВЕРХОВНОГО КОМИССАРА ОРГАНИЗАЦИИ ОБЪЕДИНЕННЫХ НАЦИЙ ПО ПРАВАМ ЧЕЛОВЕКА

Права человека

Руководство по эффективному расследованию и документированию пыток и других жестоких , бесчеловечных или унижающих достоинство видов обращения и наказания

Серия публикаций по вопросам профессиональной подготовки № Rev.1

ОРГАНИЗАЦИЯ ОБЪЕДИНЕННЫХ НАЦИЙ

-5-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Ин принсипҳо тафсири кӯтоҳи меъёрҳои минималиро доро мебошанд, ки давлат бояд ҳангоми ҳуҷҷатгузории шиканҷа самаранок истифода намояд. Принсипҳои роҳбарикунандаи дарҷшуда дар дастури мазкур ба сифати супориши ҳатмӣ дода нашудаанд, яъне онҳо ҳамчун меъёрҳои минималии асосие мебошад, ки дар боло зикрашон рафт ва бо назардошти имкониятҳои мавҷуда бояд истифода шаванд. Ассамблеяи Генералии СММ ва Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар резолютсияи худ (№55/89 аз 4 декабри соли 2000), дар пайгирӣ ба пешниҳоди Маърӯзачии махсуси СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа дар рафти сесияи 56-ум аз давлатҳо бо қатъият даъват ба амал оварданд, ки Принсипҳои Протоколи истамбулиро дар мубориза бар зидди шиканҷа ҳамчун таҷҳизоти манфиатовар шуморанд. Протоколи истамбулӣ, Дастур оид ба тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф//СММ-2004, с.2

II. Протоколи истамбулӣ дар Точикистон: таърихи ҷорӣ намудани меърҳои хуҷҷати мазкур СОЛИ 2012 Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» дар шарикӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси «Меморандум дар бораи ҳамкорӣ» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии кишвар барои омӯзиши қонунгузорӣ ва таҷрибаи самараноки ҳуҷҷатгузории ҳодисаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф нисбати кормандони тандурустӣ, мониторинг гузаронид. Ҳуҷҷати асосие, ки ҳамчун дастур барои самаранок баҳогузорӣ намудани ҳолатҳои хизмат намуд - Протоколи истамбулӣ буд. Дар доираи мониторинг, табибон ва экспертони тиббӣ-судӣ дар шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд пурсида шуда, қонунгузории миллӣ низ таҳлил карда шуд. Мониторинг дар муассисаҳои зерини ш. Душанбе, вилояти Хатлон ва Суғд гузаронида шуд: * Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Марказҳои экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Хатлон ва Суғд ва шуъбаҳои ноҳиявӣ ва байниноҳиявии онҳо; * Нуқтаҳои шикастабандии назди беморхонаҳо ва Марказҳои саломатӣ; * Беморхонаҳои клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ; * Марказҳои саломатӣ ва марказҳои тиббӣ оилавӣ.

-6-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ * Моҳи октябр экспертони байналмилалии «Табибон тарафдори ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи истамбулӣ) дар якҷоягӣ бо экспертони тиббӣ-судии МҶТТС ва Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» дар асоси натиҷаи тадқиқоти мониторинги гузаронидашуда, «Нақшаи амал оид ба амалигардонии меъёрҳои Протоколи истамбулӣ оид ба самаранок истифода намудани тафтишот ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон» коркард шуд. (Пурра бо натиҷаҳои мониторинг метавонед дар сомонаи ТҶ «Центр по правам человека» www.hrc.tj шинос шавед). Соли 2012 дар натиҷаи мониторинги муассисаҳои тиббӣ ва таҳлили қонунгузории миллӣ як қатор мушкилоти вобаста ба шаҳодатгардонии тиббии ашхоси дастгиршуда ва амсоли ин, бароварда шуд, ки шумо метавонед бо онҳо дар бахши Навигариҳои ин бюллетен шинос шавед.

СОЛИ 2013 * Бо Фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 2 декабри соли 2013, таҳти №719, бо мақсади амалисозии Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 «Дар бораи таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббию суди ва дурнамои рушд дар ҷумҳурӣ» Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар ҳайати Гурӯҳи корӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, экспертони тиббӣ-судӣ ва хуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» шомил карда шуданд. Дар алоқамандӣ бо ин фаъолияти Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба ворид намудани меъёрҳои Протоколи истамбулӣ ба ҳуҷҷатҳои дохилӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори кормандони тиб ва дигар мутахассисон оид ба стандартҳои Протоколи истамбулӣ равона шуда буд.

СОЛИ 2014 * 1-уми ноябри соли 2014 бо фармони №918-и Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ ва тартиби дастури ташкил ва гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ тасдиқ гардида, дар доираи он хуҷҷатҳои зерин низ омода шудаанд; 1. Санад оиди тадқиқоти (шаҳодатгардонии) тиббӣ-судӣ. Дастури тартибдиҳӣ. (Намунаи №170/я); 2. Хулосаи эксперт. Дастури тартибдиҳӣ (Намунаи №170/я); 3. Протокол оиди шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон. Дастури тартибдиҳӣ. (Раванди коркарди ҳуҷҷатҳои тиббӣ аз соли 2013 то 2014 давом кард)

-7-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ СОЛИ 2015 * Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оиди масъалаҳои алоҳида, бо назардошти маслиҳати адвокатҳо, инчунин ҷалби коршиносон ва мутахассисони гурӯҳ барои додани хулосаи экспертӣ, фаъолона амал намуданд. Аъзоёни гурӯҳ ба ҳайати гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрум аз озодӣ шомил гашта, дар гузаронидани мониторинги муассисаҳои пӯшидаи назди Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон иштирок мекарданд. * Моҳи феврал, коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» модули таълимӣ «Хусусиятҳои гузаронидани муоинаи тиббӣ, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва экспертизаи равониро нисбат ба шахсони зери таъсири шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона қарордошта ва тарзи ҳуҷҷатгузории самараноки далели шиканҷаро мувофиқ ба меъёрҳои Протоколи истамбулӣ»-ро таҳия намуданд. Модул бо дастгирии Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон коркард шуда ва барои гузаронидани тренинг, бо кормандони тиб ва ҳайати гурӯҳи мониторингии ҷойҳои маҳрум аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ирсол карда шуд. * Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои духтурон ва аҳли гурӯҳи мониторинги ҷойҳои маҳрум аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 6 тренинги серӯза гузарониданд. Дар маҷмӯъ 138 нафар аз тамоми кишвар, аз ҷумла 130 кормандони тиб, 5 нафар намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва 3 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъятӣ, дар тренингҳои мазкур иштирок карданд. Тренингҳо бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ, Идораи комиссари олии оид ба ҳуқуқи инсон ва Сафаратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе, гузаронида шуд.

Натиҷаҳои тренингҳои омӯзишӣ дар соли 2015 барои кормандони тиб (табибони беморхонаҳо ва ҷойҳои маҳрум аз озодӣ) ва ҳайати гурӯҳи мониторингии ҷойҳои маҳрум аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

-8-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ * Соли 2016 мизи мудаввар вобаста ба натичагаронии тренингхои омузиши барои кормандони тиб (табибони беморхонаҳо ва ҷойҳои маҳрум аз озодӣ) ва ҳайати гурӯҳи мониторингии ҷойҳои маҳрум аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар хамкори бо Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва СРИҶҶ ВА ҶТ гузаронида шуда буд. Дар рафти мизи мудавар мушкилӣ ва дастовардҳо вобаста ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузаронии тиббӣ нисбати шахсони дар ҳабс қарордошта муҳокима карда шуд.

Мизи мудавар вобаста ба натиҷагирии тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони тиб ва ҳайати гурӯҳи мониторингии ҷойҳои маҳрум аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар хамкори бо Гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва СРИҶҶ ВА ҶТ дар соли 2016

-9-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ СОЛИ 2016 * Эксперти ВТҲИА ҶТ номзади илмҳои тиб Ғаниев Фурқат – директори Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ вилояти Суғд бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳлили барномаи таълимӣ оид ба экспертизаи тиббӣ-судии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар доираи барномаи нави таълимӣ Курси назариявӣ оид ба Тибби судӣ барои донишҷуёни факултаи ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии таълимӣ таҳия шуд, ки меъёрҳои Протоколи истамбулиро низ дар бар мегирад. Дарсҳои назариявӣ (лексияҳо) дар шакли маводи таълимӣ бо теъдоди умумӣ 160 дона, 120 дона ба забони тоҷикӣ ва 40 дона ба забони русӣ нашр шуд. * Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» дар шарикӣ бо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии ҶТ бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон 4 тренинги серӯза барои 57 судя ва 11 судяи таҷрибаомӯз ва як тренинг барои адвокатҳо дар масъалаҳои ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона мутобиқи меъёрҳои Протоколи истамбулӣ гузаронида шуд.

Натиҷаҳои тренингҳои омӯзишӣ барои судяҳо дар соли 2016 оиди масъалахои ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона мутобиқи меъёрҳои Протоколи истамбулӣ.

-10-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ III. Навигариҳо СОЛИ 2012 Дар хулосаи мониторинги муассисаҳои тиббӣ ва таҳлили қонунгузории миллии, ки дар ҳамроҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида шуда буд, ҳолатҳои зерин махсусан таъкид шуданд: 1. Қонунгузории ҶТ барои тафтишот, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгири далелҳои шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, золимона ва ё дигар намуди маносибати пастзанандаи инсон ва ҷазо, расму қоидаи алоҳида муайян намекунад. Дар алоқамандӣ бо ин, дар рафти мониторинги мазкур меъёрҳои умумӣ ва расму қоидаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии ҷароҳати аз зуроварӣ пайдошуда ва гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ омухта шуд. Тавре мониторинг нишон дод, табибон ҳуҷҷатгузории экспертизаи тиббӣ-суддӣ ҷароҳатҳои дар натиҷаи зӯроварӣ пайдошударо низ мисли ҳуҷҷатгузории ҷароҳатҳои дигар роҳандозӣ мекунанд, ки ин тибқи талаботҳои Протоколи истамбулӣ нест. Бинобар гуфтаҳои мазкур, тавсияҳои зеринро пешниҳод мекунем: - Кор карда баромадани тартиб, ё раванду қоидаҳои ягона оид ба гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ ва муоинаи тиббии қурбонии тахминии шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона; - Дар системаи омӯзиши кормандони тиб ва курсҳои такмили ихтисос оид ба нақши табибон дар мубориза бар зидди шиканҷа, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии далелҳои шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ва дигар паҳлӯҳои кор, мутобиқ ба принсип ва қоидаҳои аз ҷониби Роҳбарият оиди тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, тибқи Протоколи истамбулӣ ҷорӣ карда шавад. - Омӯзиши мунтазами экспертҳо ва табибони тиббӣ-судӣ, дар асоси меъёрҳои аз тарафи Протоколи истамбулӣ муайяншуда, ба роҳ монда шавад. - Ҷорӣ намудан ва гузаронидани чунин курсҳо ва омӯзишҳо барои кормандони миёнаи тиббӣ низ ба роҳ монда шавад, чунки тавре намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намуданд дар изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) ва изоляторҳои тафтишотӣ (СИЗО) барои муоинаи тиббӣ фелдшерҳо низ ҷалб карда мешаванд. 2. Дар қонунгузорӣ омадааст, ки гирифтани розигии дастгиршуда ва гунаҳкор дар бораи гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ зарурат надорад. Оид ба гирифтани розигӣ барои азназаргузаронии тиббӣ ягон қоида ба назар гирифта нашудааст. Тавре таҷриба нишон дод, на ҳама табибон ба инобат гирифтани розигии шахсеро, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ оварда шудааст, зарур мешуморанд. Далелҳои мазкур вайрон кардани меъёрҳои муайяннамудаи Протоколи истамбулӣ мебошад, мувофиқи он бояд экспертҳои тиббӣ дар ҳамаи ҳолат, то гузаронидани кадом намуди экспертизае, ки набошад, бояд розигии дарккардашудаи шахсро гиранд. Дар алоқамандӣ бо ин нукта, тавсияҳои зерин пешниҳод мешавад:

-11-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ - Дар тартиботи гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ тағйирот ворид намуда, экспертҳоро вазифадор кардан лозим, ки барои гузаронидани ҳама намуди экспертиза аз шахси муоинашаванда розигии ӯро гиранд; инчунин дар моддаи 210 муфатишро вазифадор кардан зарур аст, ки барои таъини экспертиза розигии даркшаванда гирад; - Дар нуқтаҳои ҷароҳатбандӣ, ёрии таъҷилӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ҳам дар дохили ин муассисаҳо ва ҳам дар ҳолати даъвати мутахассисони онҳо ба ШКД, изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ ва изоляторҳои тафтишотӣ ҷорӣ намудани тартиби маҷбуран овардан ва муоинаи тиббии дастгиршуда, гумонбаршуда мутобиқ ба талаботҳои Протоколи истамбулӣ ба роҳ монда шавад. 3. Қонунгузорӣ ба муфаттиш имконият медиҳад дар вақти экспертизаи тиббӣ-судӣ ҳузур дошта бошад. Тавре таҷриба нишон дод, хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳатто дар вақти ба муассисаҳои тиббӣ интиқол додани шахси дастгиршуда низ, экспертизаи тиббӣ-судӣ дар ҳузури онҳо гузаронида мешавад. Ин амал хилофи талаботи Протоколи истамбулӣ мебошад, ки дар он гуфта мешавад: экспертиза бояд паси дарҳои пӯшида, зери назорати эксперти тиб ва бе иштироки намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шавад. Дар алоқамандӣ бо гуфтаҳои боло, тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешавад: - Ворид намудани таъғйирот ба Низомномаи дохилӣ «Дар бораи асосҳои мурофиавии экспертизаи тиббӣ-судӣ дар ҶТ» ва ҷорӣ намудани амали гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ бе ҳузури муфаттиш; - Бо роҳи омӯзиши кормандони милитсия таҷрибаи ҳузури онҳо дар вақти гузаронидани муоинаи тиббӣ ҳангоми ба муассисаҳои тиббӣ овардани шахсони дастгиршуда. 4. Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» тартиби гузаронидани муоинаи тиббиро дар вақти аз тарафи кормандони тиб қабул кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро реҷаи дохилии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштанро муайян мекунад. Дар ин раванд чунин тавсия медиҳем: - Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» низомнома дар бораи таъини (мақсади) муоинаи тиббӣ дар вақти аз тарафи кормандони тиббии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳдоранда ва тартиби гузаронидани он бо назардошти он ки чунин низомнома кафолати ҷиддӣ барои пешгирии шиканҷа буда, бояд қонунан муайян ва ба тартиб дароварда шавад, на ҳамчун санади меъёрӣ-дохилии дар хабс кароригирифта. 5. Вақте шоҳид ва ҷабрдида андеша мекунанд, ки аз экспертиза гузаштани онҳо ихтиёрист ва аз гузаронидани он саркашӣ мекунанд, он гоҳ экспертизаи тиббӣ-судӣ гумонбаршуда ва айбдоршаванда маҷбуран гузаронида мешавад. Чунин тартиб, тавре дар боло зикр кардем, талаботҳои Протоколи истамбулиро оид ба гирифтани розигии шахс барои гузаштан аз ҳар гуна намуди экспертиза, вайрон мекунанд. Бинобар ин нукта, тавсияи зерин пешниҳод карда мешавад: - Бо мақсади ба назар гирифтани он ки экспертиза бо розигии гумонбаршуда ва айбдоршаванда гузаронида шавад, бояд ин тағйирот ба моддаи 210-и КМҶ ҶТ ворид карда шавад.

-12-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ 6. Гарчанде КМҶ ҶТ имконияти гузаронидани экспертизаро дар муассисаҳои ғайридавлатӣ ва дигар муассисаҳои экспертӣ нишон дода бошад ҳам, лекин дар ҶТ қонуни ба тартиб даровардани фаъолияти чунин муассисаҳо мавҷуд нест. Пас, дар ҶТ муассисаҳои экспертии мустақил мавҷуд нест. Нисбат ба меъёрҳо оиди тафтиши шиканҷа ҳамаи шахсоне, ки дар бораи шиканҷаи нисбати онҳо раводида муроҷиат мекунанд, бояд ҳуқуқи аз экспертизаи тиббӣ-судиро дошта бошанд, аз ҷумла дар муассисаҳои мустақили тиббӣ. Вобаста ба ин нукта, тавсияи зеринро пешниҳод мекунем: - Ба низом даровардани масъалаҳои оид ба таъсиси муассисаҳои мустақили экспертӣ ва имконияти гузаронидани экспертиза аз тарафи муассисаҳои тиббии мустақил. 7. Омӯзиши таҷрибаи гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ нишон дод, ки дар муассисаҳои экспертизаи тиббӣ-судӣ стандарти ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ вуҷуд надорад. Инчунин, шакл ва муҳтавои хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ на ҳамеша ба пуррагӣ ба принсипҳои муайяннамудаи Протоколи истамбулӣ мувофиқат мекунанд. Дар алоқамандӣ бо ин тавсияи зеринро пешниҳод мекунем: - Низомномаи дохилиро оид ба экспертизаи тиббӣ-судӣ дида баромада, раванди гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ ҷузъан ба тартиб дароварда шавад. Аз ҷумла шаклҳои имконпазири гузаронидани экспертиза муайян карда шуда, муҳтавои хулоса бештару ҷузъан дида баромада шавад ва ғайраҳо. 8. Омӯзиши нуқтаҳои ҷароҳатбандӣ (шикастабандӣ) нишон дод, ки тартиби аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои муоинаи тиббӣ оварда расонидани шахсони дастгиршуда, қонунӣ танзим карда нашудааст. Дар ин замина, тавсия медиҳем: - Кор карда баромадани қоидаҳо дар бораи аз тарафи муассисаҳои тиббӣ гузаронидани муоинаи тиббии шахсони дастгиршудаи аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ овардашуда. (Пурра бо ҳамаи хулосаҳо ва тавсияҳо дар сомонаи www.hrc.tj метавонед шинос шавед).

СОЛҲОИ 2013-2014 ВТ ва ҲИА ҶТ бо ҳамроҳии ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ ва дигар меъёрҳои идории ба истеҳсолоти экспртиза таҳлил намуд ва барои ба санадҳои меъёрии мавҷуда ворид намудани таъғиру иловаҳо тавсияҳои машаххас пешниҳод намуд. Дар робита бо гуфтаҳои боло, ҳангоми гузаронидани таҳлили қонунгузории миллии ҶТ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, барои муқоисаи муносибат ва имкониятҳои гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судии самаранок нисбат ба қурбониёни шиканҷа, ба сифати эталон Протоколи истамбулӣ истифода гардид.

-13-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Таҳлил барои муайян намудани масъалаҳои ҳалталаб ва монеаҳои амалисозии меъёрҳои Протоколи истамбулӣ дар истеҳсолоти экспертизаи тиббӣ-судӣ ва равонӣ, муоинаи тиббии аз ҳолати амалан дастгир кардан ва дар рафти тафтишоти ҷиноятӣ ва ғ., нигаронида шуда буд. Аз ҷумла: Муоинаи тиббӣ: Қонунгузории ҶТ гузаронидани муоинаи тиббиро дар якчанд ҳуҷҷат (қонуну дастурҳо) пешбинӣ намудааст, аз ҷумла дар ҳолати овардани дастгиршуда ба мақомоти кофтуковии ҷиноятӣ (Дастури дастгиркунӣ), дар ҳолати бад шудани вазъи саломатӣ ё мавҷудияти осеби ҷисмонӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда». Протоколи истамбулӣ ва дигар санадҳои меъёрии байналмилалӣ муоинаи тиббиро (муоинаро) дар мисоли муайян намудани осеби ҷисмонӣ, на ҳамчун тартиби мустақилона, балки ҳамчун як қисми чорабинӣ дар доираи экспертизаи тиббӣ медонанд. Дар ин замина, тавсияи зерин пешниҳод карда мешавад: - Ворид намудани тайирот ба КМҶ ҶТ (моддаи 186), Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» (моддаҳои 16 ва 24 қисми 3), Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ва ҷорӣ намудани тартиби ягонаи гузаронидани муоинаи тиббӣ, экспертиза мутобиқи бандҳои 83 ва 124-126-и Протоколи истамбулӣ; - Гузаронидани муоинаи тиббӣ танҳо аз тарафи духтур, на муфаттиш; яъне ворид намудани тағйирот ба моддаи 186-и КМҶ ҶТ ва моддаи 24-и Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» , тавре дар боло зикр шуд; - Ба танзим даровардани тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузории натиҷаи муоинаи тиббӣ; - Ба эътибор гирифтани ҳуқуқҳои шахси муоинашаванда (барои дастрасӣ ба нусхаи натиҷаи муоинаи тиббӣ, ҳуқуқ ба шикоят ва ғ.); - Омӯзиши дастурҳои дохила/низомномаҳои изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ, изоляторҳои тафтишотӣ дар қисмати ҳуҷҷатгузории тиббӣ; - Аз қисми 3-и моддаи 24-и Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз ҳалли масъалаҳое, ки ба муоинаи тиббӣ дар дигар муассисаҳои тиббӣ дахолат мекунад хориҷ намудани ҳуқуқи сардори муассисаи таҳти ҳабс қарордошта. Гузаронидани экспертиза бо пешниҳоди шахсони воқеӣ то кушодашавии парвандаи ҷиноятӣ: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби истеҳсолотро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ КМҶ ҶТ, ки асосаш Конститутсияи ҶТ мебошад, муайян мекунад. Экспертиза дар асоси аризаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ (дархости адвокат) гузаронида мешавад. Мувофиқи моддаи 21 Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ба даст овардани хулосаи чунин экспертиза бо роҳи мурофиавӣ ҳалли масъала шуда наметавонад, чунки ин асос ба меъёрҳои КМҶ ҶТ ворид карда нашудааст. Хатари он ки чунин хулоса минбаъд аз тарафи тафтишот ва суд ба назар гирфта намешавад, вуҷуд дорад.

-14-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Дар меъёрҳои Протоколи истамбулӣ, асоси тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ дар асоси муроҷиати бевоситаи қурбонӣ ё намояндаи ӯ мавҷуд аст, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ эътироф шудаанд. - Ба моддаи 186-и КМҶ ҶТ ворид намудани иловаи зерин: «Истеҳсолоти муоинаи тиббӣ бо тавсияи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ то оғози парвандаи ҷиноятӣ». Гузаронидани экспертизаи пурраи ҳатмӣ оид ба парвандаҳои ба шиканҷа ва дигар намуди муносибати бераҳмона алоқаманд: Қонунгузории миллӣ, аз ҷумла КМҶ ҶТ тартиби таъин ва гузаронидани экспертизаро дар ҳолатҳои истифодаи зӯроварии равонӣ ё маънавӣ, ки мувофиқи моддаи 1 Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ҳамчун яке аз намудҳои шиканҷа шуморида мешавад, ҳамчун тартиби ҳатмӣ дида намебарояд. Вақте ба қобилиятнокии дуруст дарк намудани додани нишондод, ки барои парванда моҳият дорад, шубҳа пайдо мешавад, экспертизаи равонӣ-психологи (психиатри)-и ҷабрдида ҳатмӣ мебошад. Лекин, зӯроварии равонӣ, ки бо истифодаи шиканҷа алоқаманд мебошад, мутобиқи КМҶ ҶТ дар доираи истеҳсолоти судӣ таъин карда намешаванд. Бинобар ин, тавсияи зерин пешниҳод карда мешавад: - Бо мақсади таъмини имконияти гузаронидани экспертизаи мукаммали тиббӣ-судӣ ва равонии қурбонии эҳтимолии шиканҷа, моддаи 209-и КМҶ ҶТ, ки чунин омадааст: «Таъини ҳатмӣ ва гузаронидани экспертиза» бо иловаи зерин: «зӯроварии равонӣ ё маънавӣ ба истифодаи шиканҷа алоқаманд (оқибатҳои зӯроварии равонӣ)» пурра кардан лозим. Экспертизаи такрории иловагӣ: Моддаи 220-и КМҶ ҶТ дар ҳолати нофаҳмо/ноаёнии хулоса, ё ин ки дар ҳолати беасосии хулосаи эксперт ва ғ. таъин ва гузаронидани экспртизаи такрории иловагиро ба назар гирифтааст. Дар амалия ҳолатҳои зиёде мешаванд, ки норозигии як тараф асос барои экспертизаи такрорӣ мегардад. Вазъияти мазкур асоснок карда нашудааст, чунки дар рақобати тарафайн ҳамеша ҳолати норозигии яке аз тарафҳо ба амал меояд ва хулосаи эксперт беманфиат мегардад. Бинобар ин илова ба модда ба он оварда мерасонад, ки таъин намудани экспертизаи такрорӣ асос пайдо намекунад. Аз ин лиҳоз тавсияи зерин пешниҳод карда мешавад: - Моддаи 220-и КМҶ ҶТ бо таври зайл пурра карда шавад: «Дар қарор дар бораи ташхиси такрорӣ бесос ва шубҳанок бояд асоснок карда шавад, на ин ки ба норозигии асоснокнашудаи яке аз тарафҳо такя карда шавад». Хориҷ кардани ҳузури кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вақти гузаронидани тадқиқоти тибии шахси дастгиршуда: Қонунгузорӣ ба муфаттиш иҷозат медиҳад, ки дар вақти гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ ҳузур дошта бошад. Дар моддаи 39-и Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи судӣ» омадааст: «Дар вақти гузаронидани экспртизаи судии шахсони воқеӣ, ҳамон иштирокчиёни мурофиа метавонанд ҳузур дошта бошанд, ки чунин ҳуқуқро ба онҳо қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Ҳузури дигар иштирокчиёни мурофиа бо иҷозати мақомот ё шахсе, ки ташхиси давлатии судиро таъин кардааст ва шахсе, ки нисбати ӯ ташхиси давлатии судӣ гузаронида мешавад, ё ин ки намояндаи қонунии ӯ, иҷозат дода мешавад».

-15-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Аммо мувофиқи банди 83 ва 124-126-и Протоколи истамбулӣ муоина бо мақсади экспертиза бояд паси дарҳои пӯшида, зери назорати эксперти тиббӣ ва бе иштироки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шавад. Дар вақти муоинаи тиббӣ бояд дастрасӣ ба адвокат мавҷуд бошад. Бинобар ин, тавсияи зерин дода мешавад: - Дар Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ ва амалияи гузаронидани экспртизаи тиббӣ-судӣ таъғирот ворид карда шавад, то ки ҳузури муфаттиш ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар вақти гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судии курбонии шиканҷа ихтисор (манъ) намояд. Ҷоиз мебуд, агар чунин таъғирот ба меъёрҳои истеҳсолоти экспертизаи тиббӣ-судӣ дар вақти дида баромадани ариза оид ба шиканҷа низ ворид карда мешуд. Муҳлатҳои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва экспертизаи тиббӣ-судӣ: Барои ошкор ва қайд кардани осеби ҷисмонӣ, таъини саривақтии муоинаи тиббӣ ва экспертизаи тиббӣ-судӣ моҳияти калон дорад. КМҶ ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» барои муайян кардани хусусият ва вазнинии осеби ҷисмонӣ гузаронидани экспертизаро ҳатмӣ мешуморад. Лекин муҳлати гузаронидани экспертиза дар қонунгузории миллӣ нишон дода нашудааст. Банди 104-и Протоколи истамбулӣ муайян намудааст, ки экспертизаи тиббӣ, новобаста аз муҳлати истифодаи шиканҷа ҳатман бояд гузаронида шавад, лекин агар тасдиқ шавад, ки шиканҷа дар муддати шаш ҳафтаи охир ҷой дошт, он гоҳ муоина бояд ба таври фаврӣ, то нест нагардидани изи ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гузаронида шавад. Дар алоқамандӣ бо ин, тавсияи зеринро ҷоиз мешуморем: - Дар доираи таъмини саривақт гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судии қурбонии тахминии шиканҷа қисми дуюми моддаи 209-и КМҶ ҶТ дар таҳрири зер пурра карда шавад: «Бо мақсади муайян намудани изи ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, новобаста аз муҳлати истифодаи шиканҷа, экспертизаи тиббӣ-cудӣ гузаронида мешавад, дар ҳолати тасдиқ шудани он ки шиканҷа дар муддати шаш ҳафтаи охир ҷой доштааст, он гоҳ чунин муоина бояд ба таври фаврӣ, то нест нагардидани изи ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гузаронида шавад»; - Ворид намудани иловҳо ба Қонуни ҶТ (Дар бораи экспертизаи давлатии тиббӣ-судӣ» дар шакли таҳрири зер: «Дар ҳолатҳои далели тахминии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла зӯроварии ҷинсӣ, эксперти тиббӣ-судӣ, бо мақсади қайди осеби ҷисмонӣ ва ғ., экспертизаро бояд дар мӯҳлати зудтарин, пас аз гирифтани дархост гузаронад». Гирифтани розигии шахси муоинашаванда барои гузаштани муоина ва экспертизаи тиббӣ-судӣ: Қонунгузории ҶТ чунин пешбинӣ менамояд, ки дар гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ розигии дастгиршуда ва ё айбдоршаванда зарур нест. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 2-и моддаи 210-и КМҶ экспертизаи ҷабрдида ва шоҳидон танҳо бо розигии ихтиёрии ба таври хаттӣ додаи онҳо гузаронида мешавад. Лекин розигии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ғ. гирифта намешавад. Дар банди 64-и Протоколи истамбулӣ омадааст, ки экспертиза тиббии барои гирд овардани исботи далелҳо дар рафти ягон тафтишот гузаронида мешавад, аз ин рӯ зарурати розигии муоинашаванда гирифта шавад ва ӯ бояд донад, ки маълумотҳои тиббии дар рафти экспертиза бадастовардашуда чӣ тавр истифода в а нигоҳ дошта

-16-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ мешаванд ва кӣ ба онҳо датсрасӣ дорад. Бинобар ин, тавсияи зеринро пешниҳод мекунем: - Таҳрири моддаи 32-и Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» вобаста ба гирифтани розигии муоинашаванда барои гузаронидани экспертиза мутобиқи бандҳои 64, 83 ва 165 Протоколи истамбулӣ гузаронида шуда, барои гузаронидани экспертиза, ба эксперт ҳуқуқ дода шавад, ки розигии муоинашавандаро гирад. Дастрасии маҳкумшуда дар бораи натиҷаҳои муоинаи тиббӣ ва экспертиза ба шахсони муоинашаванда, намояндагони онҳо ва адвокатҳо: Санадҳои меъёрии байналмилалӣ, маҳрамияти экспертизаи тиббӣ-судии маҳкумшударо таъкид карда, дастрасии шахси муоинашаванда, намояндаи ӯ ва адвокатро бо ин ҳуҷҷат ҳатмӣ мешуморад. Мутобиқи банди 84-и Протоколи истамбулӣ ҳисоботи экспрертизаи тиббӣ-судӣ дар бораи натиҷаи экспертиза бояд маҳрамона нигоҳ дошта шавад ва танҳо ба маълумоти худи муоинашаванда ё намояндаи таъиннамудаи ӯ расонида шавад. Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ба эксперти судӣ манъ мекунад, ки натиҷаи экспертизаи давлатии судиро ба маълумоти касе расонад, ба истиснои шахс ё мақомоте, ки ин экспертизаро таъин кардааст (моддаи 18 қ. 2). Бо дар назардошти гуфтаҳои боло, тавсияи зеринро пешниҳод мекунем: - Қисми 2-и моддаи 18-и Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ва сархати 6 қисми 1 моддаи 15-ро ба бандҳои 84 ва 126-и Протоколи истамбулӣ мувофиқ карда, ҳамзамон ба роҳбарияти муассисаҳои экспертӣ имконият додан даркор, ки нусхаи ҳисоботи (хулоса) экспертизаро ба худи муоинашаванда, намоянда ё адвокати ӯ ва мақомоти прокуратура диҳанд. Муҳтавои хулосаи эксперт: Муҳтавои хулосаи экспертро моддаи 217 КМҶ ҶТ муайян мекунад. Қонунгузорӣ номгӯи бандҳоро, ки бояд дар хулосаи экспертиза дарҷ шаванд дақиқ муайян намудааст. Лекин дар амалия, бо гузашти солҳо ба хулосаи экспертиза иловаҳо ворид кардан зарурат пайдо мешавад. Мисол, вақте на танҳо ворид намудани санаи гузаронидан, инчунин вақти гузаронидан, нисбати кӣ экспертиза гузаронида мешавад, дар шакли санад ва ё хулоса. Чунин ҳолатҳо барои дигар соҳаҳо низ имконият дорад. Бо назардошоти ин тавсияи мазкурро пешниҳод менамоем: - Дар ин модда ибораи зер: «камаш бояд …» ворид карда шавад, чунки хусусият ва шакли хулосаи экспертҳо аз тарафи вазоратҳои соҳавӣ тасдиқ карда мешавад ва метавонанд маълумоти зиёдеро дар худ дошта бошанд, на ин ки муҳтавои моддаи мазкур. Ҷавобгарӣ барои дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ: Беғаразӣ ва объективии экспертҳо дар вақти гузаронидани муоинаи тиббӣ ва экспертиза, яке аз муҳимтарин нукта, муайян намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаву дониста додани маълумот ва хулосаи дуруғ мебошад. Дар моддаҳои 351-352 КҶ ҶТ барои дидаву дониста додани хулосаи бардурӯғ ё саркашӣ намудан аз додани хулоса, ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян шудааст. Лекин дар КҶ ҶТ нисбати он духтуроне, ки дар доираи дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ муоинаи тиббӣ мегузаронанд ҷавобгарии ҷиноятӣ маълум карда нашудааст. Дар алоқамандӣ бо ин, тавсияи зеринро пешниҳод менамоем:

-17-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ - Бо мақсади татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷат, нисбат ба духтурон, моддаи 351–и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замима пурра карда шавад: духтурони дар рафти ҷамъоварии исботи осеби ҷисмонӣ, муоина ё сӯҳбат (консултатсия) ширкаткунанда, ҳамчун мутахассис ҳисобида шаванд. Бояд қайд намуд, ки Гурӯҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ барои бартараф ва ҳал намудани муаммоҳое, ки дар вақти таҳлили қонунгузорӣ ва таҷриба муайян шуданд, якчанд чорабиниҳо анҷом дод. Оиди натиҷаҳои он метавонед дар қисми боло ё ин ки муфассалтар дар сомонаи www.hrc.tj дар бахши ҳисоботҳо шинос шавед. - 1-уми ноябри соли 2014 бо фармони №918-и Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳуҷҷатҳои тиббӣ қабул карда шуда буданд, ки тартиби ҳуҷҷатгузориро вобаста ба ҳолатҳои зуровариро ба расмият медарорад.

-18-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

IV. МУСОҲИБАҲО бо намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти ворид намудани меъёрҳои Проктоколи истамбулӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд. Саня

Боянич

– муовини директори мамлакатии Барномаи Рушди СММ. - Нақши ташкилоти Шумо дар мубориза бар зидди шиканҷа то чи андоза аст? - Беш аз 30 сол мешавад, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсияи зидди шиканҷаро қабул кардааст. Аз он вақт то ин ҷониб, зиёда аз 160 давлати дунё ба Конвенсия шомил шуда, онро эътироф карданд. Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур, баъди ба даст овардани истиқлолият, соли 1995 пайваст шуд. Ҳамаи давлатҳои Конвенсияи мазкурро имзокарда, расман розӣ мешаванд, ки шиканҷа, ҷазо ва дигар шакли муносибати зӯровариро, ки сабаби паст задании шаъни инсонӣ мегардад манъ карда, талаботи ҳуҷҷати мазкурро риоя намоянд. СММ мониторинги риояи Конвенсияи мазкурро, қисман бо ёрии механизми Шарҳи Даврии Универсалӣ мегузаронад, ки мутобиқи ин амал ва қонунҳои давлатҳои аъзо, дар ҳар як 5 сол зери санҷиши СММ қарор дода мешавад. Раёсати Комиссариати Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ низ, метавонад дар бораи риояи Конвенсия ҳисобот пешниҳод намояд ва ҳуқуқ дорад Маърӯзачии махсуси худро оид ба масъалаи шиканҷа барои тафтиш ба давлатҳои аъзо равона намояд. Хуан Мендес - маърӯзачии махсуси Комиссариати Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ солҳои 2012 ва 2015 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ки ин сафари ӯ як қатор хулосаҳои ҷолиб дошт. Мавриди зикр аст, ки СММ ғайр аз Конвенсия, инчунин дигар ҳуҷҷати хеле мухим оид ба риояи ҳуқуқи инсон - Протоколи истамбулиро низ дастгирӣ мекунад. Протоколи истамбулӣ дастур ва як қатор пешниҳодҳои методӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани шиканҷа ва оқибатҳои онро дар бар мегирад. Гарчанде Протоколи мазкур аввалан аз тарафи СММ коркард нашуда бошад ҳам, лекин СММ расман ин ҳуҷҷатро қабул карда, то имрӯз амалишавии онро дастгирӣ мекунад. Дар тамоми дунё Барномаи Рушди СММ ва Комиссариати Олӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Миллаи Муттаҳид тренингҳояшро мувофиқи Протоколи истамбулӣ мегузаронад ва ташкилот ё ҳукумате, ки мехоҳанд онро амалӣ созанд, дастгирӣ менамояд. Дар Тоҷикистон низ, мо раванди волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолатро ба воситаи Барномаҳои худ дастгирӣ менамоем.

-19-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Инчунин, боз як шартномаи СММ зери унвони Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа вуҷуд дорад. Протоколи факултативӣ дар баробари таъсиси механизми эҳтиётӣ, боз тартиби муайянсозии санҷиши мавқеи нигаҳдории зери назорат ва дигар муассисаҳои пӯшидаро дақиқ мекунад. Алъон Тоҷикистон ба Протоколи факултативӣ имзо нагузоштааст, лекин ин амал дар раванд аст. Баъзе санҷишҳо аллакай гузаронида шуда истодаанд, мисол, дар ҷойҳои маҳрум аз озодӣ, аммо ин амалҳо ба расмият дароварда нашудааст. Мо ҳукумати кишварро даъват менамоем, ки Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро имзо намояд, чунки раванди мазкур бениҳоят суст аст, махсусан дар самти сарфи маблағ ва имконияти иҷроиши он. Феълан ташкилоти мо ҳамин самтро дастгирӣ карда истодааст. Воқеан, дар асоси қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, 26 июн Рӯзи Байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қабул шудааст ва дафтари кории мо ҳамасола ин санаро таҷлил мекунад. - Дар Тоҷикистон кадом паҳлӯҳои мусбӣ дар самти аз байн бурдани шиканҷа дида мешавад? - Якчанд сол қабл Тоҷикистон ҳамаи намуди шиканҷаро ба гурӯҳи ҷиноят шомил намуда буд. Пас аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон Маърӯзачии махсус оид ба шиканҷа, ҷаноби Хуан Мендесро барои гузаронидани санҷиш даъват намуд. Ҷаноби Мендес соли 2012 ба Тоҷикистон омада, нисбати дастовардҳои зиёд ва ислоҳоти гузаронидашуда, махсусан ба Нақшаи миллии амал дар масъалаи шиканҷа баҳои баланд дод. Ин ҳодиса моҳи августи соли 2013 буд, ки натиҷаи иҷрои пешниҳоди бевоситаи Маърӯзачӣ мебошад. Ин дастовардҳоро ҳамчун паҳлӯҳои мусбӣ қайд намудан мумкин аст. Инчунин, бояд қайд намуд, ки худи ҳамон сол Эътилофи зидди шиканҷа таъсис ёфт, ки аз як гурӯҳ ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ иборат буда, то ин замон фаъолияти худро бо дастгирии донорҳо идома медиҳад. Эътилофи мазкур солҳои зиёд фаъолона амал карда истодааст. Он мунтазам ба муассисаҳои ислоҳотии пӯшида ва нимпӯшида сафар карда, инчунин ҷамъиятро барои бепарво ва бетараф набудан нисбат ба шиканҷа огоҳ месозад. Эътилофи мазкур узви Гурӯҳи мониторинги маҳбасхонаҳо мебошад, ки бо роҳбарияти дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2013 таъсис ёфтааст. Дар маҷмӯъ, дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон солҳои охир дар ин масъала пурқувваттар шуда истодааст. Ваколатдор дар муассисаҳои илоҳотӣ якчанд тафтишот гузаронид ва ҳамзамон тавонист, ки ба шикоят ва аризаҳо дар самти шиканҷа боэътино набошад. Албатта, имконияти онҳо беохир нест, лекин асос он аст, ки онҳо дар ин масъала шарики хубе шудаанд. Инчунин мехостам оиди он хотиррасон намоям, ки соли 2016 бо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон санҷишгоҳи тиббӣ-судии ДНК дар назди Маркази тиббӣ-судии вилояти Суғд кушода шуд. Ташхисгоҳи мазкур дар масъалаи ёрӣ расонидан ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ, ки яке аз вазифаҳои онҳо, мутобиқи Протоколи истамбулӣ гузаронидани тафтишот аз рӯи аризаҳо дар масъалаи шиканҷа аст, кӯмаки саривақтӣ аст.

-20-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ - Дар таҷрибаи истифодаи қонунҳо дар амал шумо кадом масъалаҳои ҳалталабро мебинед? Ва иловатан чӣ бояд кард? - Одатан қонунгузорӣ дар қоғаз ҳамеша пурра метобад. Лекин як қатор норасоӣ вуҷуд дорад. Мисол, дар ҳолати ворид шудани ариза оид ба шиканҷа, талаботи азназаргузаронии тиббӣ вуҷуд дорад, Аммо мӯҳлати аниқи гузаронидани ин азназаргузаронӣ мавҷуд нест. Бояд гуфт, ки ин камбудиҳо мутаносибан ночизанд. Дар баробари ин, соли 2014 Маърӯзачии СММ қайд намуда буд, ки барои кам кардани фарқият байни ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва воқеъият, корҳои зиёдеро ба итмом расонидан лозим. Ин масъала ҳоло ҳам муҳим боқӣ мемонад. Мубориза зидди шиканҷа дар худ маълумоти давлатӣ, омоданамоии кадрҳо: ҳуқуқшиносон, судяҳо, муҳофизон -дар маҳбасхонаҳо ва маъмурият, табибон -дар маҳбасхонаҳо ва беморхонаҳо, ҳатто дар сафи қувваҳои мусаллаҳро дар бар мегирад. Протоколи истамбулӣ бояд барои омоданамоии ин гурӯҳ қисми умумӣ бошад. Ҳамаи ин, вақт ва заҳматро талаб мекунад. Инчунин дар самти ошкорнамоӣ, тафтишот ва муаяннамоӣ масъалаҳои зиёде ҳастанд, ки бояд коркард шаванд. Дар самти амалисозии дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида ба мисли пешин душвориҳо вуҷуд доранд. Баъзе аз намуди ташрифҳо иҷозат дода шудаанд, баъзе дигарашон не. Пайвастшавии Тоҷикистон ба Протоколи Факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ҳалли масъалаҳои ба миёномадаро бо роҳи расмигардонии ҷараён ба низом медарорад. Инчунин дар зинаи институтсионалӣ низ як қатор масъалаҳои ҳалталаб мавҷуд аст. Мисол, дар ҳоли ҳозир барои сафедкунии қурбонии шиканҷа ягон тартиб (услуб) вуҷуд надорад. Яъне тартиби ҷубронкунӣ ё дастуре дар ин самт мавҷуд нест. Алъон механизми миллии ҳифзкунанда, ҳамчунин тартиби расмии эътино зоҳир намудан ба ариза оиди шиканҷа ва ё муомилаи бераҳмона мавҷуд нест. Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад қисман ин норасоиро пур намояд, лекин тавре қайд намудем, қувваю қудрати онҳо низ маҳдуд аст. Ташхисгоҳи ДНК оғози хуб аст, аммо ба мо ҳақиқатан ҳам институти новобастаи санҷиши тиббӣ-судӣ лозим аст. - Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва ворид намудани меъёрҳои Протоколи истамбулӣ шумо вазифаи давлатро дар чӣ мебинед? - Аз нуқтаи назари мо, давлат дар маҷмӯъ дастгирӣ мекунад. Чи тавре ёдрас шудам, Тоҷикистон алъон Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро имзо накардааст. Мо чунин мепиндорем, ки ҳукумат барои имзо омода аст, лекин аз натиҷаи иҷроиши он хавф дорад. Мо бо он шариконе, ки дар ҳалли иҷрои масъала кӯшиш ба харҷ медиҳанд кор кардан мехоҳем, нисбат ба он шариконе, ки ба ҳуҷҷат имзо мегузоранду лекин дар иҷроиши он беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Бояд гуфт, ки оиди муносибати бераҳмона ё шиканҷаро нисбати маҳбусон дар муассисаҳои пӯшида – маҳбасхонаҳо хабарҳои зиёданд, вале ба ин нигоҳ накарда Ҳукумат ӯҳдадор шудааст чунин таҷрибаҳоро қатъ намояд ва мо мебинем, ки қувва ва диққати бештаре барои ҳалли ин масъалаҳо сафарбар шуда истодаанд. Ин раванд шояд суст ҳам бошад, аммо пешравӣ дар самти мазкур дида мешавад. Ба масъалаҳои умумии ҳуқуқи инсон дар мамлакат дахл накарда, ман гуфта метавонам, ки дар самти мушаххас Тоҷикистон ба пешравии амалӣ маваффақ шуд.

-21-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Парвина Наврӯзова-

ҳуқуқшиноси ТҶ “Центр по правам человека”, аъзои Гурӯҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ “Дар бораи таҳлили вазъи воқеъии соҳаи экспертизаи тиббию судӣ ва дурнамоии рушд дар ҷумҳурӣ” - Нақши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар раванди татбиқи меъёрҳои Протоколи истмабулӣ дар кишвар? - Тавре дар боло зикр шудааст, Протоколи истамбулӣ ҳамчун дастур барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои зӯроварӣ, ки ҷузъи муҳими истеҳсолоти экспертизаи тиббӣ-судӣ мебошад, ба шумор меравад. Бо назардошти эҳтимолияти бештаре, ки қурбонии шиканҷа ё шаклҳои дигари зӯроварӣ, дар зинаи аввал ба табибони дигар соҳаҳо муроҷиат мекунанд, зарурати омӯзиши ҳам экспертони тиббӣ-судӣ ва ҳам духтуроне, ки имконияти сару кор гирифтанашон бо қурбониёни шиканҷа мавҷуд аст (осебшиносон, ҷарроҳон, асабҷарроҳон, табибони ёрии таъҷилӣ ва амсоли ин), бо меъёрҳои Протоколи истамбулӣ пеш омад. Тибқи ҳадафҳои гузошта, дар Шарҳи универсалии даврии (даври дуюм) Ҷумҳурии Тоҷиқистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015, ВТ ва ҲИА ҶТ як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани тамоилҳои мутахассисони тиббӣ-судӣ ва дар маҷмӯъ соҳаи тандурустӣ баргузор намуд. Ҷиҳатҳои мусбӣ дар раванди ворид кардани меъёрҳои Протоколи истамбулӣ дар кишвар ин нуктаҳоро қайд кардан мумкин, ки тибқи фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 2-уми декабри соли 2013 таҳти №719, бо мақсади татбиқи Нақшаи амалҳо оид ба мубориза бо шиканҷа, Гурӯҳи корӣ оид ба такмили низомномаҳои дохилӣ, дастурамалҳо ва шаклҳо барои гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ/равонӣ ва муоинаи тиббӣ тибқи меъёрҳои Протоколи истамбулӣ, таъсис дода шуд. Дар ҳайати кории ин Гурӯҳ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, экспертони тиббӣ-судӣ ва ҳуқуқшиносон аз ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дохил карда шуда буданд. Фаъолияти Гурӯҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ барои ворид намудани талаботҳои Протоколи истамбулӣ ба ҳуҷҷатҳои дохила ва баланд бардоштани тамоилҳо ва иқтидори кормандони тиб ва дигар мутахассисони соҳа барои фаъолият дар чаҳорчӯбаи Протоколи истамбулӣ равон шуда буд. 1-уми ноябри соли 2014 бо фармони №918-и Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ ва тартиби дастури ташкил ва гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ тасдиқ гардида, дар доираи он хуҷҷатҳои зерин низ омода шудаанд: 1. Санади тадқиқот (муоина)-и тиббӣ-судӣ барои экспертони тиббӣ-судӣ. Дастур оид ба тартиб додан (Формаи 171/у); 2. Ҳуҷҷат – хулосаи эксперт. Дастур оид ба тартиб додан (Формаи №170/у);

-22-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ 3. Протоколи гузаронидани ташхиси тиббии боздоштшудагон, барои духтурони осебшиносон , фелдшерон, табибони амрози занона ва проктологҳо. Бояд гуфт, ки раванди коркарди ҳуҷҷатҳои зикршуда аз соли 2013 то 2014, давом кард. Инчунин дар ин давр, якчанд тренингҳои омӯзишӣ оид ба гузаронидани муоинаи тиббӣ ва экспертизаи тиббӣ-судӣ ва равонпизишкӣ нисбат ба ашхосе, ки зери шиканҷа қарор гирифтаанд ва ҳуҷҷатгузории самараноки ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ - Протоколи истамбулӣ, гузаронида шуданд. Дар ин тренингҳо судяҳо, муфатишон, кормандони тиб, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳамаи минтақаҳои кишвар фаъолона иштирок карданд. Соли 2016 аз ҷониби мо таҳлили барномаҳои таълимӣ оид ба тибби судии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар натиҷа барномаҳои таълимӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналхалқӣ коркард шуданд. Ҳамчунин, дар доираи барномаи нави таълимӣ Курси назариявӣ оид ба Тибби судӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии таълимӣ таҳия шуд, ки меъёрҳои Протоколи истамбулиро низ дар бар мегирад. Феълан донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ аз рӯи ин барномаи нав таълим мегиранд. Моҳи сентябри соли 2016, бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мустаҳкам намудани хадамоти тиббӣ-судӣ назди Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ вилояти Суғд, бо дастгирии Раёсати танудурстии вилояти Суғд ва қисман Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон санҷишгоҳи тиббӣ-судии молекуляри генетикӣ бо мақсади тадқиқоти ҳастаи ДНК-и инсон барои экспертизаи идентификатсионӣ-монандкунӣ кушода шуда буд. Фаъолияти амалии санҷишгоҳ моҳи декабри соли 2016 шурӯъ шуд ва дар ин муддати кӯтоҳ 9 экспертиза гузаронида шуд, ки 5-тои он барои ҳалли мушкилоти дар раванди истеҳсолоти судӣ ба вуқуъомада равона шуда буданд. Иқтидори баланди исботнокии усули мазкур таҳкурсии экспертизаи тиббӣ-судиро ба маротиб меафзояд. Аҳамияти молекулярӣ-генетикии озмоишгоҳ аз он иборат аст, ки дар марҳалаи кунунии рушди илми тиббӣ-судӣ, усулҳои омӯзиши боэътимод пайдо шуданд ва ҳассосияти онҳо аз усулҳои қаблан истифодамешуда дар муайян намудани далелҳои шайъи ва муқаррар намудани хешутаборӣ фарқ доранд. Метавон гуфт, ки усулҳои биологии қаблан истифодашаванда аллакай куҳна шудаанд, ҳарчанд то имрӯз муҳимияти худро дар ҳалли баъзе масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои судӣ-тафтишотӣ гум накардаанд. Чунин заруратро талаботи мақомоти судӣ-тафтишотии кишвар бо мақсади истеҳсоли баланди усулҳои тадқиқотӣ, барои баланд бардоштани заминаи исботи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ ба миён овардааст. Ташаккули хадамоти тиббӣ-судӣ бо таҷҳизоти пуриқтидори техникӣ ва кадрӣ барои тадқиқоти шаффоф ва муайян намудани ҳуқуқвайронкунӣ, аз қабили хушунат дар оила, куштор, худкушӣ, расонидани намудхои махсуси ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба монанди озордиҳӣ, зарбулат, азияту шиканҷа расонидан ва дигар муносибати ғариинсонӣ, кӯмак мекунад.

-23-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Барои мисол, ҳангоми мавҷудияти экспертизаи тиббӣ-генетикӣ дар кишвар, муайян ё истиснои мансубияти зарбаҳои алоҳидаи организм дар ҷойи ҳодиса дарёфтшуда (хун, мӯй, пасмондаҳои бофтаҳои нарм дар зери нохунҳо ва ғайра) ба шахси воқеӣ (айбдоршавандаи эҳтимолӣ) дар асоси қариб 100 фисад зарурати истифодаи шиканҷа ва дигар муносибати ғайриинсонӣ ниҳоят кам мешавад. Бояд қайд намуд, ки санҷишгоҳ бевосита бо роҳбарии Ғаниев Фурқат, н.и.т., директори МД Маркази экспертизаи тиббӣ - судии в.Суғд кушода шуд ва якчанд экспертизаҳо дар ин самт гузаронида шудаанд. Ҳамзамон, Гурӯҳи корӣ нақша дорад, ки як зумра чорабиниҳои дигар, аз қабили гузаронидани таҳлил ва баҳогузории объективии ҳолати хадамоти тиббӣ-судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва таҳияи навъи иститутҳои экспертизаи ғайридавлатӣ (мустақил), коркард ва ворид намудани меъёрҳои Протоколи истамбулӣ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои олии кишвар ва як қатор корҳои дигарро анҷом диҳад. - Дар таҷрибаи истифодаи қонунҳо дар амал шумо кадом масъалаҳои ҳалталабро мебинед? Ва иловатан чӣ бояд кард? - Дар раванди кории худ Гурӯҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ тахлили конунгузориро гузаронида холатхои проблематики вобаста ба истеҳсолоти экспертизаи тиббӣ-судӣ ва муоинаи тиббӣ муайян намуд ва оиди ин барои тайирот ва илова ворид намудан ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуд буда пешниҳод карда шуда буд. Ва боиси зикр аст, ки дар натиҷаи кори пурра ва тавсияҳои бомаврид ин таъғиру иловаҳо ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти хадамоти тиббӣ-судӣ ва тартиби истеҳсолоти шаҳодатгардонии тиббӣ дар маҷмӯъ, ворид карда шуданд. Хулосаҳо, тавсияҳо мавҷуд мебошанд, ва маълумоти бештару муфассалро дар сомонаи: www.htc.tj дарёфт намоед.

Гулчеҳра Раҳмонова –

роҳбари Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»

- Нақши ташкилоти шумо дар мубориза бар зидди шиканҷа, инчунин дар самти ҷорӣ намудани Протоколи истамбулӣ аз чӣ иборат аст? - Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» яке аз аъзоёни Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз давраи таъсисёбии он мебошад. Фонд дар ду самт фаъолият мекунад, яке сафедкунии қурбониёни шиканҷа ва аъзоёни оилаи онҳо, дуюм самти рушд дар ислоҳоти системаи судӣ нисбати кӯдакон. Дар доираи фаъолияти Эътилоф, ташкилот корҳои алоқаманд ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзоёни оилаи онҳоро мутобиқ менамояд. Дар доираи фаъолияти мазкур Гурӯҳ оид ба офиятбахшӣ (барқароркунӣ) ташкил карда шуд, ки ба қурбониёни шиканҷа ёрии мукаммалро дар масъалаи ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ва равонӣ расонида, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

-24-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Дар Гурӯҳ оид ба офиятбахшӣ Парвина Наврӯзова аз ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» шомил мебошад, ки дар самти Протоколи истамбулӣ фаъолият карда, ба гурӯҳ маслиҳатҳои муфиди корӣ медиҳад. Аллакай дар системаи офиятбахшӣ раванди вориднамоии меъёрҳои Протоколи истамбулӣ оғоз шуд, ки омода намудани мутахассисон ва омӯзиши онҳоро дар бар гирифта, инчунин коркарди ҳуҷҷатгузории дихилиро меомӯзонад. Дар оянда Гурӯҳ нақша дорад, ки бо ҳуҷҷати мазкур дар алоқамандии зич корбарӣ намояд, то ин ки талаботҳои он дар ёрӣ расонидан ба қурбониёни шиканҷа ҳаматарафа истифода бурда шавад. - Ҳолатҳои мусбӣ дар самти пешгирии шиканҷа, офиятбахшии қурбонии шиканҷа ва амсоли ин. - Агар қаблан Эътилоф бештар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ диққат медод, акнун аз соли 2015, аз лаҳзаи таъсиси Гурӯҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа, ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва равониро низ оғоз намуд. Тавре таҷриба нишон дод қорбониёне, ки дар худ дарду алам ва шиканҷаро эҳсос кардаанд, пеш аз ҳама ба ёрии духтур, равоншинос ва корманди соҳаи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд. Танҳо ба ёрии ҳуқуқӣ қаноат кардан лозим нест, барои ба натиҷаҳои беҳтару хубтар ноил шудан бояд ёрии мукаммалро истифода намуд. Агар имрӯз қурбонии шиканҷа барои ёрӣ ба Эътилофи муроҷиат намояд, ба ӯ дастгирӣ ва кӯмаки ҳаматарафаи ройгон пешниҳод карда мешавад. Барои мисол, дар соли 2016 - 27 нафар аз офиятбахшӣ гузаштанд, ки аз ин шумора 12 нафар зан ва 15 нафар мард буданд. 10 нафари инҳо бевосита аз шиканҷа азият кашида, 17 нафар аъзоёни оилаи қурбониёни шиканҷа мебошанд. 4 нафар қурбонӣ ноболиғ мебошанд. Инчунин, қурбониён муоинаи аввалияи тиббӣ гузашта, ёрии тиббӣ гирифтаанд: 16 нафар табобати амбулаторӣ; 8 нафар табобат дар беморхона; 2 нафар ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд; 1 нафар аз ёрӣ даст кашид. Дар асоси тавсияи духтурон 7 қурбонӣ аз табобати санаториву курортӣ истифода бурданд ва 16 қурбонӣ ёрии равонӣ гирифтанд. - Масъалаҳои ҳалталаб дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқӣ дар рафти тафтишоти ҳодисаи истифодаи шиканҷа ва сафедкунии қурбонии шиканҷа (пешниҳод ва тавсияҳо). - Яке аз мушкилоти қонунгузории кишвар ва масъалаи ҳалталаб набудани системаи сафедкунии қурбониёни шиканҷа мебошад. Ин на танҳо ба қурбонии шиканҷа, балки ҳамаи намуди қурбониён (зуроварӣ ва хушунати оилавӣ, қочоқ, зуроварӣ нисбати кӯдакодакон ва ғ.) мебошад. Қонунгузорӣ барномаи офиятбахшиеро, ки дар худ дастгирии мукаммал ва кафолати дастрасии қурбониёни шиканҷаро ба ҳамаи намуди хизматрасонии алоқаманд ба барқарорнамоӣ доро бошад, надорад. Гурӯҳ оид ба офиятбахшӣ нақша дорад, ки дар соли 2018 фаъолияти худро таҳлил намуда, ҳисоботе омода намояд, ки дар он масъалаҳои ҳалталаби дар қонунгузорӣ ва амалия мавҷудбударо дарҷ намуда, тавсияҳои алоқамад таҳияи карда шаванд.

-25-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ - Боз чӣ корҳоро бояд дар ин самт иҷро намуд? - Фикр мекунам Гурӯҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ корҳои зиёдеро иҷро карда истодааст. Таври маълум нақшаи корие қабул шуда, ки мувоифқи он Протоколи истамбулӣ зина ба зина дар системаи тандурустӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар баробари ин мо - Гурӯҳ оид ба офиятбахшӣ пеш аз ба ҳукумат бо пешниҳод баромадан, бояд худ механизми дақиқи сафедкунии қурбониёни шиканҷаро таҳия намоем. Таҳияи расму қоида ва механизми ҳуҷҷатгузории дохилӣ хеле муҳим аст. Инчунин қувваи зиёд барои омода намудани кадрҳои нав ва баланд бардоштани қобилияти мутахассисони мавҷуда равона шавад. Коркарди дастур оид ба офиятбахшӣ барои ҳамаи мутахассисони дар самти мазкур фаъолияткунанда (табибон, равоншиносон ва кормандони соҳаи иҷтимоӣ) хеле муҳим аст.

Зебо Қосимова –

ҳимоятгари ТҶ «Центр по правам человека» (Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон)

- Ҳангоми кор бо ҷабрдидагони шиканҷа барои ҳимоятгарон (адвокатҳо) чӣ мушкилоте пеш меояд? - Курбонии шиканҷа – ин шахс ва ё гурӯҳи шахсонеанд, ки азобу уқубати ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин вайрон шудани ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ҳангоми татбиқи шиканҷа равона шудааст. Инчунин, хешу табор ва наздикони ин ашхос низ қурбонии шиканҷа маҳсуб меёбанд, агар онҳо низ ҷисман, рӯҳан, маънавӣ ва иқтисодӣ зарар дида бошанд, яъне оқибатҳои ҷисмонӣ ва равонии шиканҷа метавонад даҳшатнок буда, солҳо тул кашад ва натанҳо ба қурбониёни шиканҷа, балки аъзоёни оила низ таъсир расонад. Ҳатто бо гузашти солҳо курбониёни шиканҷа, дар додани маълумот оиди гунаҳкорон, ҳатто ба тариқи пинҳонӣ низ, мушкилоти сахти равонӣ мекашанд. Дар ҶТ заминаҳои дахлдори ҳуқуқии муқовимат бо шиканҷа, дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсони ва таҳкиркунандаи шаъну шараф ба вуҷуд оварда шудааст. Манъи азобу шиканҷа дар Сарқонуни ҶТ дарҷ карда шуда, КҶ ҶТ низ истифодаи шиканча ва азобу уқубатро манъ кардааст. Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ низ истифодаи зӯроварию шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намудааст. Ҳамчунин, 25 июни соли 2012 Қарори Пленуми таҳти №1 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» қабул шудааст. Қарори Пленум тамоми масъалаҳои вобаста ба тафтишот ва баррасии ин гурӯҳ парвандаҳоро шарҳ додааст. Хусусияти қонунгузории мазкур,

-26-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ аз ҷумла баррасии арзу шикоятҳоро оид ба шиканҷа дар рафти таҳқиқу тафтиш ва муҳокимаи судӣ, банду басти кирдорҳои шахсони гунаҳкор шарҳу тафсир додааст. Бояд гуфт, он кафолатҳое, ки дар қонунгузории кишвар ҷой доранд, дар бисёр маврид иҷро намешаванд. Яке аз шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - истифодаи азобу шиканҷа, дигар намуди муомила ва ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонии таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахс мебошад. Масалан: дар КМҶ ҶТ дарҷ шудааст, ки гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати химоятгар истифода барад, бидуни мамониат бо химоятгар як ба як, аз чумла то оғози пурсиш, мулоқот кунад . Аммо дар амал, гумонбаршуда/дастгиршуда дар давраи пурсишҳои ибтидоӣ, дар баъзе ҳолатҳо бе ҳимоятгар пурсида шуда, аз онҳо ариза оиди даст кашидан аз хизмати ҳимоятгар гирифта мешавад. Ҳамчунин, хешовандони дастгиршудагон дар ёфтани химоятгар мавқеи асосӣ доранд ва аз ин сабаб зудтар хабардор намудани хешу ақрабои дастгиршуда кафолати муҳими зидди шиканҷа низ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар шахс навобаста аз ҷинс, мансаб, миллат, синну сол ва ё аҳволи иҷтимоӣ имкони қурбонии шиканҷа шуданаш мавҷуд аст. - Ба андешаи шумо дар ин самт чӣ корҳоро бояд боз анҷом дод? - Дар моддаи 94 КМҶ ҶТ омадааст, ки ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад. Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ, тартиб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ, шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад. Дар амалия бошад, дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми ворид шудан ба шӯъбаи милитсия ва ё изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) муоинаи тиббӣ, бинобар набудани бунгоҳи тиббӣ дар ин муассиса на ҳама вақт гузаронида мешавад. Дар баъзе маврид, муфаттиш ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои гузаронидани муоинаи тиббии дастгиршуда аз беморхона ё духтурони ёрии таъҷилиро даъват менамоянд, вале духтурони беморхона ва духтурони ёрии таъҷили чӣ хел ҳуҷҷатгузорӣ намудани ин равандро дуруст намедонанд. Бинобар ин, омӯзиши духтурони махсус барои ҳуҷҷатгузорӣ ва дуруст анҷом додани экспертизаи тиббӣ фаррохтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин назорат аз ҷониби Вазорати корҳои дохила, прокуратура, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар мавриди гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмӣ дар минтақаҳо пурзӯр карда шавад. Бояд аз болои фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ – милитсионерон, барои риояи тавсияҳои духтур баъд аз муоинаи тиббӣ назорати ҷиддӣ бурда шавад ва механизми ин назорат низ ба таври лозима коркард гардад. Аслан ин якчанд мушкил буд, ки умедворам дар ояндаи наздик ҳалли худро меебанд.

-27-


БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ Протоколи истамбулӣ: аз назария то амалия Бюллетен бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ва Барномаи Рушди СММ нашр шудааст. Донорҳо метавонанд бо фикру ақида, хулоса ва пешниҳодоте, ки дар ин бюллетен омадааст, ҳамақида набошанд. Хонандаи гиромӣ, ин шумораи аввали Бюллетен оид ба амалисозии Протоколи истамбулӣ аз соли 2012 то аввали соли 2016 буд. Дар шумораи дигар оид ба дигар корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳо дар ин самт шинос хоҳед шуд.

ш.Душанбе, к.Валаматзода 8/1

Телефон: (+992) 372 2275187

E-mail: hrc.tajikistan@gmail.com

www.hrc.tj

-28-



Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.