САРЗАМИН октябр-декабр | 2021 | www.zamin.tj
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУНДАРИҶА 4-5
26-27
6-9
28-31
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
10-13
САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
15
ПАРЧАМ - ИФОДАИ ОРМОНҲОИ ТОҶИКИСТОН
16-17
ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲОИ ШАҲРВАНДОН
ЗАХИРАИ МУҲИМ БАРОИ ЗИНДАГӢ
40-41
НОМИ НЕК ҲОСИЛИ КОРҲОИ НЕК АСТ
42-43
БАШАКЛДАРОРИИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА
52-53
САДОҚАТ БА ПЕША
МУБОРИЗА БО ФАСОД КОРИ ҲАМАГОНИСТ
22-23
ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
24-25
САНҶИШИ РИОЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН
50-51
ЗАМИНИ ФАЙЗБОР
62-63
ҲАМ МЕВА ВА ҲАМ ДОРУ
Ҳайати мушовара
Ҳайати эҷодӣ
САРЗАМИН Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН»
ХОҶАЗОДА ОРИФ АШӮРӢ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармуҳаррир: Гулчеҳра Сатторзода
Муассис: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОБУНА 2022 АЗИЗМАМАД КАРИМЗОДА Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир: Заур Дахте
Муҳаррир: Ҳафиз Раҳмон САДРИДДИН ДАВЛАТЗОДА Муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нархи солонаи обуна 192 сомониро ташкил медиҳад. Тарроҳ: Манзарҷон Раҳимов
ЗИКРИЁ АБДУЛЛОЗОДА Муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаррир: Раҳими Карим
УМАРИЁН РАҲМОН ФАҚЕРЗОДА Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзим ва назорати дурусти замин, ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ аз ҳисоби оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ ва дигар мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи соҳа бо ҷалби олимон, иқтисодшиносон ва кулли заминистифодабарандагон, ки ҳар қитъа замини Тоҷикистон барояшон қиммат дорад, маҷаллаи соҳавии «Сарзамин»-ро таъсис додааст.
Муҳаррир: Зоҳир Эшонов
Суратҳисоби маҷалла: С/ҳ 20202972100742101000, С/к 20402972316264, КИБ 350101626, РМА 020046634, БДА ҶТ «Амонатбонк»
Нишонӣ: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru Дар матбааи ҶДММ «Полиграф групп» ба табъ расидааст.
4 | ПАЁМ - САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис тон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2021 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ, аз ҷумла 30-солагии истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқло-
ли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурус тӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
ПАЁМ - САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ | 5
Дар баробари баррасии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи мақсадноки замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Тавре дар Паём зикр гардид давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёр ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлол, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992– 1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ аз гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бун ёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд, ки ин омил имкон фароҳам
овард то 8 миллиону 800 ҳазор нафар шароити худро беҳтар намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст. Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт. Истифодаи мақсадноки замин ҳамон вақт манфиатбор мешавад, ки агар замин мувофиқи таъйиноти худ истифода шавад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои истиқлол ба соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун соҳаи муҳим барои иқтисоди миллӣ диққати махсус дода шуда, дар такмили қонунгузории соҳа тадбирҳои амалӣ андешида шудааст. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ қарор дорад ва ин гузариш аз корхонаҳо баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, мукаммалгардонии механизми низоми соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла заминистифодабарандагони онро тақозо менамояд, талош барои муайян намудани баҳои замин ва мутобиқ ба он истифода намудани қитъаҳои замин муҳим дониста мешавад. Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
6 | ОБОДКОРИҲОИ БЕНАЗИР ДАР СУҒДИ БОСТОН
Сафари Президент ба вилояти Суғд И
стифодаи мақсадноки ҳар қитъа замин ва гирифтани ҳосили баланд боис мегардад, ки аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таъмин бошаду корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулоти хом. Ин раванд боиси тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мегардад. Инро ба эътибор гирифта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадор карда шаванд, ки майдони кишти маҳсулоти кишоварзии серталабот, аз ҷумла картошкаро ба маротиб зиёд намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар намуда, бо рафти кишту кор ва истифодаи мақсадноки замин шинос шуданд. Роҳбари давлат дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи дарахтони хурмо ва анор дар хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” дидан намуданд. САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” cоли 2016 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 8 гектар, аз ҷумла 5 гектар боғи хурмо ва 2 гектар анор дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ буда, дар он 12 саҳмдор кор мекунад. Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи босамари замин дар байни қатори ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳ дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ сабзавоту полезӣ парвариш намуда, ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меоранд, ки аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Меваи хурмо ва анори хоҷагӣ асосан навъҳои маҳаллии серҳосил буда, боғдорон ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии самараи меҳнат ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар боғи хурмо 10 тонна ва аз ҳар гектар боғи анор қариб як тонна ҳосил ба даст меоранд. Соли равон дар хоҷагии мазкур дар кишти такрорӣ асосан карам, сирпиёз, шалғам, турб, ҷуворимакка барои дон ва кабудӣ кишт карда шудааст. Ҳамин тариқ, хоҷагидорон бо исти-
фода аз таҷрибаи ғании заминдорӣ дар як сол аз ҳар қитъа замин то се ҳосил ба даст меоранд, зеро заҳмату машаққати шабонарӯзии деҳқонон ба даромади хуби иқтисодии хоҷагӣ ва болоравии сатҳи зиндагии саҳмдорон мусоидат мекунад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Боғдорон парвариши ниҳоли дарахтони хурмо, анор, гелос, чормағз ва дигар навъи ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳро ба роҳ монда, бо мақсади бунёди боғҳои нав дар ҳудуди вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд. Дар ҳамин ҷо аҳли заҳмати ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба намоиш гузоштанд. Дар намоиш навъҳои гуногуни меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо меҳнати ҳалол давоми сол ҷамъоварӣ гардидаанд, муаррифӣ карда шуд.
ОБОДКОРИҲОИ БЕНАЗИР ДАР СУҒДИ БОСТОН | 7
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
8 | ОБОДКОРИҲОИ БЕНАЗИР ДАР СУҒДИ БОСТОН
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
ОБОДКОРИҲОИ БЕНАЗИР ДАР СУҒДИ БОСТОН | 9
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
10 | ҚУДУМИ БОСАОДАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Сафари Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Давоми моҳҳои октябру ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом дода, дар баробари ифтитоҳи як қатор иншооти гуногунтаъйинот ҳамчунин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ низ шинос шуданд. Санаи 1-уми октябр дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи навтаъсиси ҳудуди деҳоти “Панҷоб”-и ноҳияро диданд. Гармхонаи мазкур давоми як соли охир бунёд шуда, масоҳати умумии он 1 гектарро ташкил медиҳад.
Д
ар ин ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ далели бебаҳси заҳмати созанда, истифодаи самарабахши ҳар як порча замини корам арзёбӣ мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати дарёфти тухмӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ, мубориза бар зидди ҳашарот, башаклдарории боғу токзор ва боғҳо САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
аз сармо дар давраи зимистон ҳидоят карданд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти пурмаҳсули сокинони ноҳия соҳаи кишоварзӣ сол то сол тараққӣ карда, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа 720 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 6,7 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 3,8 баробар ва маҳсулоти чорвопарварӣ 4,6 баробар афзоиш ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи
Шайдони деҳоти Сари Хосор корхонаи “Асали Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи коркарди асал дар як сол иқтидори коркарди 200 тонна асалро дошта, бо технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст. Зикр гардид, ки соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои камхарҷ, аммо сердаромад ба ҳисоб меравад, зеро 93 фоизи масоҳати ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил дода, захираҳои мавҷудаи растаниҳои шаҳддиҳанда имконият медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал зиёд карда шавад.
ҚУДУМИ БОСАОДАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ | 11 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахт аз намоиш - фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешавад, дидан намуданд. Дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳи коркард ва банду басти асал оғози расмӣ бахшида шуд. Коргоҳи мазкур имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 6 ва дар як моҳ 180 тонна асали табииро коркард ва бо сифати баланд банду баст намояд. Боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар ноҳияи Ховалинг дар доираи татбиқи барномаи давлатии соҳавӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҷиддин Тешаев ва ҳамсараш Салимамоҳ Саидова бунёд шудааст. Боғи мазкур даҳ сол қабл бунёд гардида, дар он ниҳолҳои ба шароиту иқлими ин минтақаи кӯҳдоман тобовар, аз қабили себи сурхи амрикоӣ, голден ва сабзранги самаренко, се намуд нок ва нашпотӣ, олуча, инчунин хуч шинонида шудаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва боғпарварон маслиҳат доданд, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори содиротӣ майдони боғи мазкурро боз ҳам васеътар намоянд. Дар ноҳияи Ховалинг кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии пешбарандаи ҳаёти сокинон ба туфайли истифодаи самараноку оқилонаи замин, бунёди боғҳои нав, афзоиши ҳосили меваю сабзавот, рушди чорводорӣ ва занбӯри асалпарварӣ сол то сол тараққӣ карда истодааст. Фаъолияти Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Заркорон» дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод барои татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳ монда шудааст. Самти асосии фаъолияти комплекси навбунёди агросаноатӣ, ки дар ҷумҳурӣ беназир аст, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва коркарди онҳо мебошад. Бо таъсиси ин комплекс дар ноҳияи Муъминобод 30 нафар, ки аксаран бонувони маҳаллӣ 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
12 | ҚУДУМИ БОСАОДАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ
мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Масоҳати умумии ин коргоҳ 23 гектар буда, роҳҳои дохилии он пурра асфалтпӯш ва чароғон аст. Дар ин маҷмаа кӯли моҳипарварӣ дар масоҳати 0,30 гектар бунёд гардида, дар он беш аз 10 ҳазор гулмоҳии гуногунвазн парвариш мешавад. Боғпарварӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти комплекси агросаноатӣ буда, масоҳати умумии боғоти хоҷагӣ 8,74 гектарро дар бар мегирад, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос, бодом ва дигар меваҳои шаҳдбор парвариш мешавад. Бо назардошти обу ҳавои мусоиди ноҳия дар масоҳати 2,14 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст. Ниҳоли дарахтони себ соли оянда ба ҳосил медароянд. Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо роҳандозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақиятҳояшонро афзун мекунанд. Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 38 419 гектар кишти зироат САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
гузарониданд. Заҳматкашони ноҳияи Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба ҳолати якуми октябри соли равон ба 1 миллиарду 99 миллион сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда 22 фоиз ба соҳаи чорводорӣ ва 78 фоиз ба растанипарварӣ рост меояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати кунунии ҷаҳон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзонро дар асоси таҷрибаи муосири кишту парвариши зироат барои аз як қитъа гирифтани 3-4 ҳосил ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани самаранокии замин вазифадор намуданд. Имсол кишоварзони Данғара дар майдони 4 680 гектар кишти пахта гузаронидаанд. Ба ҳолати 20-уми октябри соли равон 10195 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз дурнамо 1127 тонна зиёд аст. Истифодаи муфиди имкониятҳои табиии ноҳияи Данғара барои бунёди боғу токзор ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли мева мусоидат намудааст. Дар ин давра аз ноҳияи Данғара ба
дигар давлатҳо 3 миллиону 575 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 548 тонна зиёд мебошад. Майдони умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ»-и деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ 11,48 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 10,32 гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Соли 2020 аҳли заҳмати хоҷагӣ 20 тонна анор ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими ҷорӣ нақша доранд, ки бо гирифтани ҳосили баланд самараи дастранҷи худро афзоиш диҳанд. Ҳамчунин аъзои хоҷагӣ бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот бо ғунҷоиши 10 тонна сардхона бунëд кардаанд. Ноҳияи Дӯстӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо амалисозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши назаррас доранд. Иттилоъ дода шуд, ки дар нӯҳ моҳи
ҚУДУМИ БОСАОДАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ | 13 соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 812 миллиону 619 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд. Дар соли 2021 дар ноҳия дар 5080 гектар ғалладонагӣ, 314 гектар картошка, 1833 гектар сабзавот ва дар 1370 гектар полезӣ кишт карда шудааст. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 30 ҳазору 384 тонна ғалладонагӣ, 5209 тонна картошка, 68 ҳазору 492 тонна сабзавот, 57 ҳазору 125 тонна полезӣ, 5352 тонна мевагӣ ва 3080 тонна ангур истеҳсол карда шуд, ки дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошанд. Дар маҷмӯъ, майдони умумии замини ноҳияи Дӯстӣ 123 ҳазору 619 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 14 ҳазору 227 гектараш замини корам мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд. Таъкид гардид, ки хоҷагии мазкур аз соли 2010 дар баробари дигар бахшҳо ҳамчунин ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони кишти шолиро
ба 13 гектар расонидааст. Тибқи таҷриба, ҳамасола хоҷагидорон аз ҳар гектар замин то 50- сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд ва имсол дар назар аст, ки ба андозаи 650 сентнер ду навъи биринҷ ҷамъоварӣ намоянд. Хоҷагии мазкур имсол ду навъи биринҷ - “Ҷашнвора” ва “Сурхи мӯякдор”-ро ба харидорон пешниҳод намуд. Дар ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии фермерии «Асадулло» аз қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд. Қитъаи боғ бо дарахтони хориҷӣ дар ҳудуди хоҷагӣ соли 2018 дар майдони 36 гектар ташкил гардидааст. Ниҳолу дарахтони ин қитъа аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оварда шуда, аз 36 гектар асосан дар майдони 16 гектар ниҳолҳои себ, дар 11 гектар нок, 7 гектар олу, 2 гектар челон ва дар 1 гектар себи биҳӣ парвариш мегардад.
Дар ин қитъаи боғ 14 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳимми расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти зиндагии аҳолӣ мебошад. Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст. Дар ин хоҷагӣ давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва дар 116 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст. Дар хоҷагӣ парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ ба роҳ монда шудааст.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
14 | МОЯИ ИФТИХОР
Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аз натиҷаҳои фавқулода муҳимми сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон мардум дар фазои сулҳу суботи комил озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубашон оварданд, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гардид. Ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои роҳбари давлат ҳамасола 16-уми ноябр дар кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар толори калони Кумитаи давлатӣ низ чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳамчунин намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни баромади раиси Кумитаи давлатӣ таъкид шуд, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо вуҷуди чанд маротиба иваз шудани роҳбарияти мамлакат вазъи кишвар беҳбуд наёфт ва танҳо моҳи ноябри соли 1992 бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки минбаъд бо сиёсати хирадмандона ва таҳаммулпазиронаи Пешвои муаззами миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомӯш гардад ва марҳила ба марҳила рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъмин шуда, истиқлолияти давлатӣ ба маънои томаш ба ман-
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
фиати мардуми Тоҷикистон хизмат намояд. Дар идомаи баромади худ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳор дошт, ки ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ба хизматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро бори дигар водор менамояд, ки сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро бештару беҳтар тарғибу ташвиқ намуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои роҳбари давлат боз ҳам хубтар фаъолият намоем. Сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Фаридун Исматулло доир ба ташаккули институти президентӣ дар кишвар суханронӣ намуд. Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи Кумитаи давлатӣ се ҷилд китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: мас ъалаҳои ташаккул ва рушд” тақдим гардид. Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ низ ба намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Замини муқаддаси Ватан” ва китоби аксҳои табиати мамлакат туҳфа карда шуд.
РАМЗИ САОДАТМАНДИИ МИЛЛАТ | 15
Парчам – ифодаи ормонҳои Тоҷикистон Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассиса ва корхонаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ чорабинии фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид, ки дар он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо иштирок ва баромад кард. Ҳамзамон дар чорабинӣ ҳамаи раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи онлайн ширкат варзиданд. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид намуд, ки ҳарчанд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии кишвар қабул гардида бошад ҳам, танҳо соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамасола дар вазъияти тантанавӣ таҷлил мегардад. Ҷойи таъкид аст, ки Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои
озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлоли давлат инъикос меёбанд. Ин аст, ки имрӯз бо ифтихору сарбаландӣ метавон гуфт, ки қариб дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои
муаззами миллат майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд гардида, дар онҳо парчам ҳамчун рамзи сарбаландӣ ва саодатмандии миллати тоҷик парафшонӣ мекунад. Дар охири суханронии худ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ изҳори боварӣ намуд, ки кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери парафшонии Парчами давлатӣ боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ гардида, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат аз ҳарвақта бештару беҳтар саҳм хоҳанд гузошт. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо доир ба таърихи пайдоиши парчами миллӣ ва тартиби истифодаи он суханронӣ намуд. Ҷойи таъкид аст, ки рисолати парчамдории мо таърихи тулонӣ дошта, он ҳамеша ифодакунандаи ормонҳои миллати тоҷик будааст.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
16 | МАСЪАЛАИ МУҲИМ
Мубориза бо фасод кори ҳамагонист Фасод ё коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисоди пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. созии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ҷиҳати идома додани амалисозии чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 таҳти рақами 222 тасдиқ шудааст. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Садриддин Давлатзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози даврони истиқлол барои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барнома ва стратегияҳои муҳимро қабул ва мавриди татбиқ қарор додаст. Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки “...фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”. Ин зуҳурот решаи қадима дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз кардааст. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амали-
Дар Кумитаи давлатӣ нақшаи кории дохилиидоравӣ барои солҳои 2021-2022 оид ба таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ шудааст. Бандҳои нақша-чорабиниҳо мавриди татбиқ қарор дода шуда, масъулин вазифадоранд, ки ҳар се моҳ ба Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои иҷрошуда маълумот пешниҳод намоянд. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон аз 3-юми августи соли 2021, № 222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ва нақшаи кории дохилиидоравии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022 оид ба
МАСЪАЛАИ МУҲИМ | 17 таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва бо қарори раиси Кумитаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми октябри соли 2021, № 50 тасдиқ намуд. Дар асоси банди 3-и қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми октябри соли 2021, №50 сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории дохилиидоравии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2022 оид ба таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таъмин намоянд. Дар раванди сиёсатҳои ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гаронеро ба бор овардааст. Зуҳур кардани он дар дилхоҳ шакл боиси заиф
шудани пояҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии мардум мегардад ва аз ин рӯ, муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад. Кумитаи давлатӣ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро ба таври дахлдор иҷро намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба содиркунии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар омилҳои номатлуби коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешад.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
18 | ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН
Натиҷаи ченаки назоратии кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо Тибқи дурнамои кишти зироатҳо, ки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ таҳия ва аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, барои иҷро ба мақомоти иҷроияимаҳаллии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҳосили соли 2022 кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ дар майдони 471193 гектар ба нақша гирифта шудааст.
Мирзо Назар, сардори Раёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар асоси супориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ченаки назоратии кишти тирамоҳии ғалладонагиҳоро дар заминҳои обӣ гузаронида, то санаи 01.12.2021 барои ҷамъбаст ба раёсати кадастри давлатии замин пешниҳод намоянд. Аз иттилооти кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки ба ҳолати 10-уми декабри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар заминҳои корами обӣ дар майдони 63504 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 1312 гектар зиёд мебошад. Майдони кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ танҳо дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбат ба САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
дурнамо зиёд кишт намудаанд, 10420 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилояти Суғд дар майдони 881 гектар (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-694 гектар, Панҷакент-127 гектар, Исфара -30 гектар, Кӯҳистони Мастчоҳ 30-гектар), дар вилояти Хатлон дар майдони 9447 гектар (Кӯшониён-335 га, Хуросон-352 га, Қубодиён 1 га, Ҷайҳун-1288 га, Панҷ-637 га, Шаҳритус-216 га, Носири Хусрав-10 га, Левакант-1 га, Норак-8 га, шаҳри Бохтар-17, Фархор-3939 га, Ҳамадонӣ-1671 га, Восеъ-972 га, Темурмалик-1 га), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар майдони 92 гектар (Турсунзода-18 га, Шаҳринав-43 га, Сангвор-31 га). Аз таҳлили мазкур ба хулосае омадан мумкин, ки дар маҷмӯъ барои кишти зироатҳои асосӣ - пахта ва картошка ин шаҳру
ноҳияҳо аллакай барои худ дар майдони 10420 гектар замин норасоӣ эҷод кардаанд. Қайд намудан зарур аст, ки ченаки кишти ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ ба анҷом расонида шудааст ва ин ҳолатро низ бояд ба эътибор гирифт, ки ҳоло кишт идома дорад ва майдони ғалладонагиҳо аз нишондоди болозикр низ зиёдтар шуданаш мумкин аст. Мақсад ва вазифаи асосии кумитаҳои замини маҳал аз он иборат аст, ки ченаки назоратии кишти зироатҳоро сари вақт гузаронида, таҳлилҳои дуруст ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо пешниҳод намуда, эҳтимолияти иҷро нагардидани нақшаи кишти зироатҳои стратегиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешгирӣ намоянд. Майдони кишти баҳории ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ дар майдони 47505 гектар, аз ҷумла гандум 17383 гектар, ҷав 2911 гектар, ҷавдор 65 гектар, ҷуворимакка барои дон 11661 гектар, арзан 52 гектар, шолӣ 10751 гектар ва ҷуворӣ барои дон 2 гектар пешбинӣ шудааст. Зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар нақшаҳои кишти зироатҳо вобаста ба ҳолати воқеӣ, яъне зиёд кишт гардидани ғалладонагиҳо дар заминҳои корами обӣ натиҷаи ченакҳо ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шуда, аз ҷониби онҳо чораҳои саривақтӣ андешида шавад.
КОРИ ҲИЗБӢ | 19
Бахшида ба таъсиси ҲХДТ Чанде пеш дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бахшида ба рӯзи таъсиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Насимҷон Расулзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз»-и Кумитаи давлатӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва котиби он интихоб шуданд. Бо ҳамовозии якдилона раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба ин вазифа пешниҳод ва интихоб гардид. Сипас барои фаъолияти назаррас ва талош барои пешрафти кори ҳизбӣ ба чанд узви фаъол ифтихорномаҳои ҲХДТ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари аъзо такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу иродаи онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикис тон сафарбар менамояд. Дар анҷом барои фаъолияти назаррас дар корҳои ҳизбӣ ба аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе туҳфаҳо тақдим карда шуд. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
20 | СУХАН АЗ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ
Парчамат то абад парафшон бод, Тоҷикистон! Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчам чунин суханони баланд гуфтаанд: «Ойини бостонии парчамдорӣ аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд».
Т
аърихи пайдоиши парчамро ҳеҷ таърихнигоре чун Ҳаким Фирдавсӣ фишурдаву гӯё ва бо бадеияти баланд нагуфтааст. Соҳиби китоби бузурги тоҷикон «Шоҳнома», ки шиносномаи эронитаборон дониста мешавад, парчами нахустини инсонҳоро пешдомани чармини Коваи оҳангар хондааст ва пешинаи онро ба муборизаи мардумон барои ба даст овардани озодӣ пайвастааст. Аҳримани девсиришту бадкор худро ба сурати ошпаз дароварда, барои подшоҳ Заҳҳок хӯрокҳои бомазза мепухт. Заҳҳок ба ошпаз, яъне Аҳриман мегӯяд, ки барои хидматҳоят ҳар чӣ мехоҳӣ, бихоҳ. Ошпаз мегӯяд, ки шоҳ иҷозат диҳад, то сари китфҳои ӯро бибӯсад. Пас аз бӯсаи Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок ду мор баромада, ба САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
сӯйи сари ӯ ҳамла мекунанд. Заҳҳок дод зада ёрӣ мехоҳад. Хидматгорон ҳар бор морҳоро бо корд мебуранд, вале онҳо дубора сар мебароранд. Ин бор Аҳримани ҷодугар ба сурати табиб даромада, подшоҳро бовар мекунонад, ки давои моронро медонад. Ва Аҳриман мегӯяд, ки барои нест кардани морҳо ҳар рӯз ба онҳо мағзи сари одамро бояд бихӯронд. Аҳриман ҳар рӯз мағзи сари ду ҷавонро ба морон мехӯронд. Коваи оҳангар, ки 17 писарашро хӯроки морон карда буданд, ба дод омада, пешдомани чармини худро бар сари найза часпонда, мардумро зидди подшоҳи золим бармехезонад. Коваи оҳангар Заҳҳокро сарнагун карда, Фаридунро ба тахти шоҳӣ мешинонад. Аз ҳамон замон парчами шоҳро «Дирафши коваёнӣ»
меноманд. Сипас маълум мегардад, ки ошпаз ҷавононро дар таҳхона пинҳон карда, барои морон аз мағзи сари гӯсфандон хӯрок мепухтааст. Мутаассифона, парчамшиносони Аврупо ин пешинаи пайдоиши парчамро, ки рӯи саҳифаҳои китоб нигошта шудааст, нодида гирифта, таваҷҷуҳи мардумро ба Юнони бостон ҷалб карда, нахустин парчами аз матоъ таҳияшударо ба сарлашкари юнониён Фемистокл, ба соли 480 пеш аз милод нисбат доданӣ мешаванд. Аз таърихи Юнони бостон огоҳем, ки асри V-и пеш аз милод замоне буд, ки Рум ба императории Эрони Бузург боҷ мепардохт. Ба пиндори таърихнигорони рус, то соли 480 лашкардорон аз қабзаи алафи хушк, ё думи бофтаи асп парчам таҳия мекардаанд.
СУХАН АЗ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ | 21 Дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки нахустин бор дар мавриди серанга (триколор) будани парчам дар модари китобҳо - «Авасто» пиромуни рамзҳои дар рангҳо нуҳуфта ба гунаи зер матне ҷой дорад: «Ранги сафед вижаи табақаи аввал ё рӯҳониён ва ранги сурх намояндаи табақаи дувум ё ҷанговарон ва ранги сабз (бунафш) ё обӣ нишони табақаи савум ё кишоварзон – пешаварон мешавад». (Ба ишораи банди 126 дар яшти даҳум.)1 Дар китоби «Авасто» чунин матнҳое низ ба чашм мехӯранд, ки баёнгари ҷойгоҳи парчам дар зиндагиву пайкори тоҷикон мебошанд: «Фурӯҳарҳои некутавони поку муқаддасро меситоям, ки лашкари бешумор биороянд ва силоҳи ба камар баста бо дирафшҳои барафроштаи дурахшон....». Ва ё: «Фурӯҳарҳои Соми Гаршосбро меситоям, ки барои душманон бозувони қавӣ дорад ва бо санги фароху бо дирафшҳои паҳн, бо дирафшҳои кушудаву сарафроз барои муқовимат кардан дар баробари роҳзанони вайронкунанда ва ҳавлнок мебошад».2 Дар «Таърихи Табарӣ» навишта шудааст, ки «дирафши коваёнӣ аз пӯсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пӯшонданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд..» Фирдавсии бузургвор пешинаи дирафши коваёниро бо назардошти нахустин шоҳаншоҳии эронитаборон 6600 сол, дар замони Пешдодиёну Каёниён хондааст. Ва Ҳаким Фирдавсӣ низ дар бораи серанга будани дирафши коваёнӣ мегӯяд: Фурӯ ҳишт з – ӯ сурху зарду бунафш, Ҳамехондаш коваёнӣ дирафш. 3 Парчам ҳамеша рамзи шаъну шарафи ниёконамон ва парчамбардор будан мояи ифтихори радони сарбаланди корзорҳо будааст. Дар замонаҳои бостон ба дасти душман додани дирафши миллӣ нангбору бешарафӣ арзёбӣ мегаштааст ва сарбозон барои 1. Ҳошими Разӣ. Торихи мутолиоти динҳои Эрон. – Теҳрон, 1371 (1993), с.55. 2. «Авасто». - Теҳрон, 1378 – 1999. (Яшти 10-ум, банди 139). 3. Абулқосим Фирдавсӣ,«Шоҳнома», ҷ.I, с.100.
ба дасти душман надодани парчам ҷони худро дареғ намедонистаанд. Дар «Шоҳнома» лаҳзаҳои ҷолиби пурэҳсоси арҷгузорӣ ва ҷоннисории диловарсаронро ба ҳангоми наҷоти парчами миллӣ бо як маҳорати устодона бозтоб гардидааст. Ва яке аз он саҳнаҳоро, ки ниҳоят рӯҳангезу ҳассос аст, ба таври фишурда дар ин ҷо бозгӯ менамоем: ...Ба ҳангоми набарди хунин бо туркони Чин родмарди озодае бо номи Гиромӣ мебинад, ки парчамбардор кушта шуда, «дирафши ҳумоюн пур аз хоку хун» нагун аст, худро зуд ба корзор расонда, дирафшро бармеафрозад ва бо як даст шамшеру дигар дирафш бо туркон меразмад: Ба як даст шамшеру дигар дирафш, Бигирад бад-он ҷо дирафши бунафш. 4 Душманон ҳамла оварда, дар набарди нобаробар дасти Гиромиро бо шамшер мебуранд. Аммо Гиромӣ бо дандон дирафшро дошта, ба разми диловаронааш идома медиҳад: Гиромӣ ба дандон бигирад дирафш, Ва дорад ба дандон дирафши бунафш. 5 Туркон ба ғазаб омада, аз дур вайро бо тир меафкананд. Ин лаҳзаро родмарди озода Настӯҳ пури Зарир дида аспашро ба пеш меронад ва шаст тан аз душманони дар гирди дирафш гирдомадаро кушта, дирафшро аз замин бармедорад. Мо чунин саҳнаи пурэҳсоси офаридаи Ҳаким Фирдавсиро дар наворҳои синамогарони шӯравиву аврупоӣ, пас аз 1000 сол дар бозтоби саҳнаҳои қаҳрамониҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941 – 1945) дида метавонем. Ойини дигари парчамдории ниёкони мо ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон будааст, ки ба рағми пайгирӣ аз корномаҳои онҳо ғолибан шоҳ дирафши меросиро бо тантана ба сипаҳбади шоиста месупоридааст. Ҷолиб ин аст, ки дар маросими супоридани дирафш чун имрӯз расми бӯсидани он ривоҷ доштааст. Ончуноне ки шоҳ Ҳурмуз дирафши аждаҳопайкари Рустамро пеш аз супоридан ба Баҳроми Чӯбин бо як шукӯҳи вижа мебӯсад: Биёвард пас шаҳриёрӣ дирафш, Куҷо пайкари аждаҳо буд бунафш, Чу бибсуд, хандон ба Баҳром бидод, Фаровон бар ӯ офарин кард ёд. 4. Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома», ҷ. VI, с.123. 5. Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома», ҷ. VI, с.109.
**** Дирафши вай аст, он чи дорӣ ба даст, Ки пирӯз бодиву хусравпараст. Зи майдон биёмад ба ҷойи нишаст, Сипаҳбад дирафши Таҳамтан ба даст.6
Ин нукта боиси таваҷҷӯҳ аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и беҳамто парчами душманони Эрон - лашкари туркону тозиён, аз ҷумла Сова ва Афросиёбро, бо ранги сиёҳ ба тасвир оварда, сар ба зер афкандани дирафши сиёҳро рамзи мағлуб сохтани душман бозтоб намудааст. Бад – он гуна, ки Бежан дар набарди хунин турконро мағлуб карда, парчами сиёҳашонро сар ба зер меафканад: Ки Бежан ба пирӯзӣ омад чу шер, Дирафши сияҳро сар оварда зер.7 Шоистаи ёдоварист, ки шахси бархурдор аз донишу биниши дуруст бо равшанӣ дармеёбад, ки корҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи хирадмандонаву олимонаи зиндасозӣ ва эҳёи давлати аздастдодаи тоҷикон мебошад. Аз лаҳзаҳои нахустини сарварии кишварро пазируфтан, ки дар наворҳои телевизионии Иҷлосияи сарнавиштсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт мебошанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буданд. Чанде пас Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд, ки дар он рамзҳои Дирафши Коваёнӣ бозтоб шудааст. Имрӯз на танҳо дар фазои пойтахти азизамон Душанбеи ориёншаҳр парчами серангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон болафшонӣ мекунад, балки акнун дар фазои ҳама шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳоти кишварамон ин рамзи муқаддаси давлатдориамон чун кабутари Озодӣ, Осудагӣ, Бародарӣ ва Якдилӣ ҷавлон мекунад ва моро даъват мекунад, ки ба арзишҳои миллии худ арҷгузорӣ карда, барои то абад болидаву парафшон будани он тану ҷон дареғ надорем. Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 6. Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома», ҷ. VIII, с.490. 7. Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷ. V, с. 74.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
22 | ЗАБОНИ РАҚАМҲО
Дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ Дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, ки заминҳои кораму ҳосилхезашон кам аст, истифодаи оқилонаю самараноки замин аз масъалаҳои муҳимми кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судмандро дар амал пиёда менамояд. Дар баробари вазорату идора ва сохторҳои дигари марбута масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа дар ин самт нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи он бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда талош менамоянд. Ҳамин аст, ки дар ин бахши фаъолият давоми солҳои охир дастовардҳо назаррасанд. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 36621,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,8 фоиз зиёд шудааст, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 27534,0 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба 4,9
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
фоиз баробар аст ва чорвопарварӣ 9087,2 миллион сомонӣ, ё 8,9 фоиз афзудааст. Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладона 1527,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - ноябри соли 2020 101,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои ка-
лон ва майда (дар вазни зинда) 223,6 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки нисбат ба 11 моҳи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст. Истеҳсоли гӯшти паранда 42,1 фоиз зиёд гардида, 38,4 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки 32,5 ҳазор тонна ё 84,6 фоизи он ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ рост меояд.
ЗАБОНИ РАҚАМҲО | 23 Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли шир дар давраи ҳисоботӣ 878,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар соли 2021 ба 202 адад расонида шуд, ки нисбат ба се соли охир 93 адад зиёд мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 11550,8 ҳазор сар паранда парвариш карда шуда, 948,4 миллион дона тухм ва 38,4 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ҳамзамон истеҳсоли тухм 948,4 миллион доннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 6,3 фоиз зиёд гардидааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 363 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ ба 2755,7 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 165,1 гектар зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти моҳипарварӣ ба 56,9 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад ва ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар ВМКБ 8,6 фоиз, Хатлон 4,4 фоиз ва
шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19,5 фоиз зиёд гардидааст. Афзун гардидани миқдори хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ ба зиёд гардидани истеҳсоли моҳӣ замина гузошт. Мутобиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорво 2405093 сар мебошад, ки нисбати соли гузашта чорвои калон 36758 сар, модагов 25329 сар, қутос 314 сар, гӯсфанду буз 164390 сар, асп 1264 сар, паранда 1654492 сар ва занбӯри асал 13246 оила зиёд гардидааст. Ҷойи таъкид аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2021 аз ҷумҳурӣ 194,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағӣ 31,1 миллион доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 68,8 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 12,6 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Дар асоси маълумоти бадастомада, то 1-уми декабр дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ майдони 193769 гектар шудгор гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1494 гектар зиёд мебошад. Тибқи дурнамои
сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2022 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 158019 гектар кишти зироатҳои ғалладонагии тирамоҳиро ба нақша гирифтаанд. Аз рӯйи нишондоди маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми декабр дар майдони 122189 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 875 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то аввали моҳи декабри соли 2021 дар майдони 386 гектар картошкаи барвақтӣ (6%), сабзавоти барвақтӣ дар масоҳати 11013 гектар (70%), аз ин миқдор карам 734 гектар, сабзӣ 1701 гектар, пиёз 7788 гектар ва дигар сабзавоти барвақтӣ дар майдони 790 гектар гузаронида шуд. Раванди кишти зироатҳои барвақтӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бомаром идома дошта, масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону саҳмдорон талош доранд, ки дурнамои киштро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ иҷро намоянд.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
24 | НАТИҶАИ КОРҲОИ ЁЗДАҲМОҲА
Санҷиши риояи қонунгузории замин Сарраёсати назорати давлатии замин ва кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2021 корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо 10917 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намуданашон 9916 дастур дода шуд. Нисбат ба 9773 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 4 990 124 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуд, ки аз ин 4 088 499 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст.
Б
арои додани баҳои ҳуқуқӣ 896 мавод ба прокуратура, 512 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 8013 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст. Тибқи нақшаи корӣ моҳи декабри соли 2020 назорати риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ доир ба замин аз тарафи заминистифодабарандагони ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда буд. Вобаста ба ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тибқи мактубҳо аз 14.01.2021 №1/6-187 (9.35), аз 16.02.21 №2/6-713 (9.35) ва аз 23.02.21 №2/6-835 (9.35) 38 мавод барои қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шуд. Тибқи нақшаи корӣ аз тарафи мутахассисони Сарраёсат корҳои назоратӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа 51 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 51 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ мураттаб ва ба маблағи 42 720 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуд, ки аз ин рақам 32 520 сомонӣ ба суратҳисоби мухсуси Кумитаи давлатӣ ворид гардид. Сарраёсати назорати давлатии замин баҳри иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси Кумитаи давлатӣ вобаста ба ҳисоби дақиқи САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ, интихобан дар ноҳияҳои Панҷ ва Вахши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Панҷакенти вилояти Суғд ченаки назоратии майдони кишти картошкаро гузаронид. Тибқи ҳисоботи оморӣ кишти зироати картошка дар ноҳияҳои Вахш 350 гектар, Панҷ 518 гектар барои давраи соли 2021 иттилоъ дода шудааст, ки ба нақшаи дурнамои кишти соли 2021 баробар мебошад. Ҳангоми гузаронидани ченаки назоратӣ муайян гардид, ки ҳолати воқеии кишти картошка дар ноҳияҳои Вахш 350 гектар (нисбати дурнамо ва ҳисоботи оморӣ 85 гектар кам), Панҷ 518 гектар (нисбати дурнамо ва ҳисоботи оморӣ 24 гектар кам) мебошад. Дар вилояти Суғд тибқи дурнамо кишти зироати картошка дар ноҳияи Мастчоҳ 250 га, Зафаробод 250 га, ноҳияи Ҷаббор Расулов 300 га, ноҳияи Спитамен 200 га ва шаҳри Панҷакент 4800 га барои давраи соли 2021 пешбинӣ шудааст, аммо ҳангоми гузаронидани ченаки назоратӣ аниқ шуд, ки ҳолати воқеии кишти картошка дар ноҳияҳои Мастчоҳ 250 га (нисбати дурнамо 161,40 га кам), Зафаробод – 250 га (нисбати дурнамо 103 га кам), Ҷаббор Расулов 300 га (нисбати дурнамо 100 га кам), Спитамен 200 га (нисбати дурнамо 10 га зиёд) ва Панҷакент 4800 га (нисбати дурнамо 3000 га
кам) мебошад. Ҳолати мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳисоботи омории кишти зироати картошка дар ноҳияҳои номбаршуда ба воқеият рост намеояд, инро метавон изофанависӣ номид. Тибқи супориши раиси Кумитаи давлатӣ мутахассисони Сарраёсат бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон, муайян намудани заминҳои азхудшуда ва заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшудаи партов корҳои назоратиро дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷи вилояти Хатлон гузаронида, дар натиҷа 66 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд. Нисбат ба 66 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 54 660 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин миқдор 51 040 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид шудааст. Муайян гардид, ки дар ноҳияи Панҷ 22 га заминҳои партови лалмӣ, Ҷалолиддини Балхӣ 5,60 га партови обӣ, Дӯстӣ 16,81 га партови обӣ, Шаҳритус 24 га партови обӣ, Ёвон 2,0 га партови обӣ ва Қубодиён 2,0 га замини чарогоҳ мавриди истифодаи кишоварзӣ қарор дода шудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур санадҳо тартиб дода шуд, ки дар маҷмӯъ дар ноҳияҳои зикршуда майдони 48,41 га партови обӣ, 22 га партови лалмӣ ва 2,0 га чарогоҳ (ҳамчун замини корами обӣ) мавриди
НАТИҶАИ КОРҲОИ ЁЗДАҲМОҲА | 25 истифодаи кишоварзӣ қарор дода шудаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Сарраёсати назорати давлатии замин вобаста ба 335 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ баррасӣ гардида, ба маблағи 321 450 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуд, ки аз он маблағи 266 250 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид шудааст. Аз ҷониби Сарраёсат ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи лозим қарор дошта, то давраи ҳисоботӣ ба Сарраёсати назорати давлатии замин 147 мактуб аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла аз Прокуратураи генералӣ 109 мактуб, аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ва аз Вазорати корҳои дохилӣ 6 нома ворид гардида, вобаста ба муҳтавои мактубҳо мутахассисон хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намудаанд. Сарраёсати назорати давлатии замин санаи 26-уми ноябри соли 2021 ҷаласа оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар қисмати шимолу ғарбии талу теппаҳои шаҳри Душанбе, деҳаҳои Зафар, Маърифатӣ, Чоряккорон, Ҳуснобод, Меҳробод ва Армуғони ҷамоати деҳоти Чортеппа ва Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаҳои Бакавул, Сементзавод, Дашти хорзо, Гулбоғ, Шодоби ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб, маҳаллаҳои Лучоби ноҳияи Сино, Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ва маҳаллаи Боғи Ғалабаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Кумитаи давлатӣ гузаронида шуд. Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар ёздаҳ моҳи соли 2021 4272 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 4272 дастур додааст. Нисбат ба 3720 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1 801
Дилшод Назурзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 217 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намудааст, ки аз он 1 508 449 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 290 мавод ба прокуратура, 338 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 3671 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст. Кумитаи идораи замини вилояти Cуғд низ дар ин муддат 4215 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба 4215 ҳолат дастур, нисбат ба 4044 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1 971 262 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардааст, ки аз он 1 560 194 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 253 мавод ба прокуратура, 110 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 2997 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст. Кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин вақт 314 ҳолати вайронку-
нии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба 300 ҳолат дас тур ва нисбат ба 203 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 79 824 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардааст, ки аз ин миқдор 61 016 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 26 мавод ба прокуратура, 9 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 258 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст. Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 1781 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карда, нисбат ба 1124 ҳолат дастур, нисбат ба 1471 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 816 371 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардаанд, ки аз ин миқдор 692 590 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 289 мавод ба прокуратура, 31 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол шуда, 1087 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
26 | МУСОҲИБА ДАР МАВЗӮИ МУҲИМ
Қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандон Бо мақсади танзими муносибатҳои молиявӣ ва дастгирии сокинон дар мамлакат чораву тадбирҳои судманд амалӣ мегардад, ки намунаи равшани ин тадбирҳо таҳия, қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” мебошад. Қонуни мазкур аз 2-юми июли соли 2021 инҷониб мавриди амал қарор дорад. Дар доираи муқаррароти ин қонун молу мулки ғайриманқули сокинон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ фароҳам омадаанд, қонунӣ гардонида мешавад. Дар ин мавзӯъ бо Акрам Қаҳҳоров, муовини якуми директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад. агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо гардида бошад, сохтмон мутобиқи таъйиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад.
Акрам Қаҳҳоров, муовини якуми директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" Бо кадом мақсад ва ба хотири бартараф намудани кадом норасоиву камбудиҳо дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст? Мақсади таҳия ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маб САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад. Яке аз нишондодҳои ин қонун дороиҳост. Дороиҳо ин молу мулки манқул ва ғайриманқул мебошанд, яъне молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда низ ба он дохил мебошад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза қонунӣ гардонанд. Ҷойи таъкид аст, ки
Фарзи мисол, хонаи истиқоматии шаҳрванд бо тартиби муқаррарӣ аз падар ба мерос гузашта бошад, лекин баъди гузашти солҳо дар ин қитъаи замин худсарона хонаи истиқоматии нав бунёд шудааст. Он шаҳрванд метавонад сохтмони мавриди назарро қонунӣ гардонад? Чунин нафарон метавонанд сохтмони худсаронаи худро дар доираи талаботи қонуни мазкур ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Барои ин зарур аст, ки шаҳрвандон ҷиҳати қонунигардонӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо пешниҳод намоянд: 1.Ариза оид ба қонунигардонии сохтмони худсарона дар ду нусха; 2.Хуҷҷати аслии ҳуқуқмуайянкунанда (қарори раиси ноҳия, шаҳр оид ба ҷудо намудани қитъаи замин), дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷати ҳуқуқтасдиқкунандаи (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) истифодаи замин; 3.Шиносномаи техникӣ дар ду нусха бо нишон додани нақша – схемаи ошёнаи молу мулки қонунигардонидашаванда;
МУСОҲИБА ДАР МАВЗӮИ МУҲИМ | 27 4.Нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда; 5.Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома); 6.Ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ. Мутобиқи талаботи моддаи 8-и қонуни мазкур ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети маҳаллӣ ҳамчун хироҷ пардохт мегардад. Қитъаҳои замине, ки дар он якчанд сол боз шаҳрвандон зиндагӣ доранд ва худсарона хонаи истиқоматӣ сохтаанд, инчунин қарори ҷамоатро доранд, лекин он дар ҳудуди заминҳои чарогоҳ ҷойгир аст, оё инҳо метавонанд иншооти худсарона бунёднамудаи худро қонунӣ гардонанд? Бояд зикр намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ҷамоат салоҳияти додани қитъаи заминро аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ надоранд, яъне чунин қарорҳо ғайриқонунӣ мебошанд. Илова бар ин, сохт мони худсарона ба талаботи банди 3-и моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” мухолифат мекунад. Тамоми сохтмонҳои худсарона, ки дар заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола (боғу токзор), алафдаравҳо ва чарогоҳҳо сохта шудаанд, таҳти қонунигардонӣ қарор дода намешаванд ва тибқи қонуни мазкур қатъиян манъ аст, новобаста аз он ки ин шаҳрвандон қарорҳои раисони ҷамоатҳоро оид ба додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ доранд, зеро ин амал ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат намекунад. Дар қитъаи замини наздиҳавлигие, ки масоҳати он 0,12 гектарро ташкил медиҳад, се нафар бародарон хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд. Лекин ҳама ҳуҷҷатгузорӣ ба номи падари оила мебошад. Оё бародарон метавонанд сохтмонҳои худсаронаро тибқи қонуни мазкур ба расмият дароранд? Тибқи талаботи қонун, бояд қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷа-
ти ҳуқуқмуайянкунанда дошта бошад, яъне қарори раиси ноҳия оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,12 гектар ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда – сертификати ҳуқуқи истифодаи замин. Дар ин ҳолат сохтмони худсарона сохташуда аз ҷониби падар барои қонунигардонии сохтмони худсарона бо ариза ба комиссияи ноҳиявӣ оид ба қонунигардонии дороиҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда, шиносномаи техникӣ бо нақшаи ошёна ба ошёнаи молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашаванда, нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ муроҷиат менамояд. Комиссия аризаи шаҳрвандро бо тартиби муқарраргардида дар муҳлати аз 10 то 20 рӯз баррасӣ намуда, бо шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо таъмин менамояд. Ба шаҳрванд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,08 гектар соли 1980 аз ҷониби раёсати хоҷагии коллективӣ дода шудааст ва дигар ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда надорад, вале шиносномаи техникии ҳавлидорӣ
дар даст дорад. Иншооти он бе иҷозати мақомоти меъморӣ сохта шудааст, яъне худсарона мебошад. Барои қонунӣ гардонидани чунин сохтмонҳо шаҳрвандон ба куҷо муроҷиат карда метавонанд? Мавриди зикр аст, ки то соли 1993 дар ҷумҳурӣ қитъаҳои замине, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешуданд, бо қарору фармонҳои роҳбарони колхозу совхозҳо ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода мешуданд. Аз ин лиҳоз, қарори раёсати колхоз дар бойгонии ҷумҳуриявӣ ва ё ноҳия (шаҳр) тасдиқ карда шуда, ҳамчун асос барои қонунигардонӣ пешниҳод мегардад. Дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандон метавонанд иншооти хуро ба расмият дароварда, соҳиби ҳуҷҷати зарурӣ гарданд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар мамлакат раванди амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон” ҷараён дорад Ташаккур барои суҳбат. Суҳбаторо Гулчеҳра Сатторзода
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
28 | РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ХОК
Захираи муҳим барои зиндагӣ Хок яке аз захираҳои муҳим барои зиндагӣ мебошад ва он бояд ҳифз карда шавад. Ҳосилхезии хок омили асосии зироаткорӣ мебошад. Ҳоло нигоҳ доштан ва зиёд кардани ҳосилхезии замин барои Тоҷикистон мушкил шуда истодааст ва ин барои баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ ва даромади деҳқонон хатар эҷод мекунад.
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ХОК | 29
А
фзоиши таназзули замин дар натиҷаи интенсификатсия ва истифодаи аз ҳад зиёди кишоварзӣ, урбанизатсия ва гузаштан ба амалияҳои ноустувори кишоварзӣ ба сифати хок ва инчунин ба амнияти об ва озуқаворӣ монеа эҷод мекунанд. Нақши хок дар таъмини захираҳои ғизо ва об хеле муҳим аст. Хокҳои дуруст идорашаванда метавонанд амнияти обро аз ҷиҳати сифат ва миқдор ва устувории системаҳои истеҳсоли ғизоро беҳтар созанд. Масалан, идоракунии мувофиқи хок ва об метавонад талаботро ба оби тоза барои кишоварзӣ коҳиш диҳад
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
30 | РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ХОК ва ифлосшавии обро пешгирӣ кунад, истеҳсоли озуқавориро ба тағйирёбии иқлим тобовар гардонад. Хокҳои солим як қадами муҳим барои ноил шудан ба як идда ҳадафҳои рушди устувор, Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Зарур аст, ки нақши идоракунии хок барои истеҳсоли озуқа ва идоракунии захираҳои об беҳтар дарк карда шавад. Аҳаммияти нигаҳдории экосистемаҳои солимро Рӯзи умумиҷаҳонии хок, яъне 5-уми декабр муайян мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳо «Дар бораи ҳифзи хок» аз 16-уми октябри соли 2009 ва «Дар бораи танзими давлатии таъмини ҳосилхезии заминҳои кишоварзӣ» аз 15-уми июли соли 2004 қабул намудааст. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти заминсозӣ, картография ва кадастри замин тадбирҳоро фаъолона амалӣ мегардонад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пурзӯр намудани масъулият дар идоракунии масъалаҳои истифодаи хок» аз 30-юми июли соли 2021 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба амалӣ намудани сиёсатҳо дар самти муҳофизати хок якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии хок Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи IRDP/TRIGGER II ташкилоти GIZ ташаббуси баргузории чорабинии дурӯзаро ба миён гузошт, ки он аз мизи мудаввар ва дарси маҳорат барои зироатшиносон иборат буд. Дар рӯзи аввал, ки он дар шакли САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ХОК | 31 мизи мудаввар ҷараён гирифт, ҷонибҳои манфиатдор мушкилоти истифодаи оқилонаи хокро баррасӣ намуда, сатҳи ҳамоҳангӣ ва огоҳӣ аз ин масъаларо муайян намуданд. Дар натиҷа нақшаи такмили идоракунии хок дар робита ба татбиқи равиши инноватсионӣ, аз ҷумла GLOBAL G.A.P. тартиб дода шуд, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Дар рӯзи дуюми чорабинӣ Инс титути давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» хизматрасониҳои худро оид ба истифодаи оқилонаи хок муаррифӣ намуд. Мутахассисон дар озмоишгоҳи корхона дарси маҳорат гузарониданд ва ба иштирокчиён дар бораи фаъолиятҳое, ки барои таҳлили хок анҷом медиҳанд, маълумот ироа намуданд. Онҳо барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок тавсияҳои заруриро пешниҳод намуданд, ки ба манфиати ширкатдорони ин ҳамоиши дурӯза буд. Чунин чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳаммияти ҳосилхезии хок ва мушкилоти истифодаи оқилонаи он, коркарди стратегияҳои беҳтар кардани истифодаи хок, баррасии ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдор оид ба масъалаҳои идоракунии хок, таъсиси механизмҳои ҳамкории байниидоравӣ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва беҳтар намудани огоҳӣ, нишон додани кори “Тоҷикзаминсоз” ва маълумот оид ба коркардҳои илмии таҳлили хок ташкил гардид. Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба аҳаммияти идоракунии дурусти хок барои таъмини ҳосилхезии хок, ба роҳ мондани шарикии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи хок, ташкили минбари муассир барои табодули таҷриба дар соҳаи идоракунӣ ва истифодаи хок, тавсияҳо дар самти қонунгузорӣ, идоракунӣ ва техникӣ ба ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати замин мусоидат мекунанд. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
32 | ФАЪОЛИЯТ ДАР АСОСИ КОДЕКСИ ЗАМИН
Дар мадди аввал - риояи қонун Давоми солҳои охир бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат ба худ ҷилову шаҳомати хоса касб намудааст. Ободкориву созандагӣ дар заминаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва нишондоди Нақшаи генералии шаҳр сурат гирифтааст. Дар доираи фаъолияти худ дар ин раванд мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ҳам саҳмгузоранд. Дар баробари дигар самтҳо назорати риояи қонунгузории замин пурзӯр гардидааст. Мутахассисони соҳа дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 474 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар масоҳати 24,49 гектар муайян кардаанд. Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳолат чораву тадбирҳои судманд амалӣ шудааст. Мутобиқ ба талаботи моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол 201 мавод дар масоҳати 11,57 гектар омода гардида, ба прокуратураи шаҳри Душанбе, прокуратураҳои ноҳияҳои пойтахт ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ, хулоса ва таҳқиқи ҳуқуқӣ ирсол гардид. Илова ба ин, 244 адад қонунвайронкунӣ дар масоҳати 16,99 гектар дар асоси амрҳои прокурорҳо ва қарорҳои раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе бартараф карда шуда, қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд. Соли 2021 аз тарафи мутахассисони Кумита 76 санад оид ба вобаста намудан, интихоб ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар масоҳати 266,49 гектар омода карда шуда, барои мувофиқа ба мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе пешниҳод гардид. Дар асоси Амри Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони идораҳои дахлдору масъулини ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, дар ҳудуди заминҳои воридгардида аз ҳисоби заСАРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Маҳмадсафо Раҷабализода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе минҳои ноҳияи Рӯдакӣ барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, иншооту объектҳои ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, савдову хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд. Дар робита ба ин масъала ҷиҳати эътироф намудани молу амвол вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади шаҳри Душанбе, қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе “Дар бораи эътироф намудани молу амволи вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади шаҳри Душанбе” ба тавсиб расид, ки он баъдан бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 марти соли 2021 “Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуна-
лии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе” дастгирӣ ёфтааст. Мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳр дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе корро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, махсусан пешгирии ҳолатҳои ғасби худсаронаи қитъаҳои замин ва сохтмонҳои худсарона тақвият бахшида, нисбат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ чораҳои саривақтӣ меандешанд, то дар ҳудуди пойтахт ҳар қитъа замин аз рӯи таъинот ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа истифода гардад. Мо барои ин ҳадаф пайваста талош менамоем.
БЕҲБУДИ ШАРОИТ | 33
Бинои нав сохта мешавад Ноҳияи Варзоб яке аз мавзеъҳои зебои диёри биҳиштосои мо мебошад. Табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак ва обу ҳавои рӯҳафзои он бинандаро мафтун менамояд. Дар баробари дигар бахшҳо давоми солҳои охир фаъолияти КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Варзоб низ тақвият ёфтааст. Корхонаи мазкур 32 корманд дошта, то имрӯз мутахассисон дар бинои иҷора кори худро пеш мебаранд. Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилӣ ва таъмини хизматрасониҳои баландсифат ба сокинону муассисаҳои ноҳия ҳоло сохтмони бинои маъмурии корхона ҷараён дорад. Ин бино бо харҷи 2 миллион сомонии маблағҳои корхона пурра бунёд ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин карда мешавад. Қисмати асосии корҳои бунёдӣ ба анҷом расида, масъулин талош доранд, ки дар муҳлати кӯтоҳ онро ба истифода диҳанд. Ҷойи таъкид аст, ки ин амал дар заминаи тадбирҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат роҳандозӣ шудааст. Ноҳияи Варзоб дорои 6 ҷамоати деҳот ва 1 шаҳрак буда, шумораи аҳолии он ба 87 000 нафар расидааст. Бо бунёди бинои замонавӣ мутахассисони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Варзоб сифати корро беҳтар намуда, сокинони шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳияро пурра бо хизматрасониҳои вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул таъмин менамоянд. Бинои нав аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масъулин талош доранд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд иҷро гардида, дастгоҳҳои муосир барои пешбурди кор дастрас шавад. Новобаста ба бинои иҷора кормандон раванди фаъолиятро дар доираи талаботи замони имрӯз роҳандозӣ намудаанд. Дар ин замина роҳбарият ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Варзоб дар маҳал самаранокии раванди фаъолиятро таъмин намудаанд. Ба ҳамаи компютерҳои кории бақайдгирандагон барномаи электронии “Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайри-
Шараф Юсуфов, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Варзоб манқул дар Тоҷикистон” насб гардида, бақайдгирандагон кору фаъолият бо ин барномаро омӯхтаанд. Корхона пурра ба шакли электронии кору хизматрасонӣ гузаштааст. Бойгонии электронӣ низ дар корхона ташкил гардидааст, ки дар махзани он зиёда аз 19 000 адад парвандҳо ба таври электронӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ин амал раванди хизматрасониро ба муштариён бамаротиб осон намудааст. Соли 2021 дар доираи нишондоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва талаботи субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ ва сокинони ноҳия мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Варзоб
фаъолияти худро ба роҳ монда, барои таъмини муроҷиаткунандагон бо шиносномаҳои техникӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ ва иҷрои дигар намудҳои фаъолияти вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул тадбирҳои саривақтиро амалӣ намудаанд. Истиқлолият имконеро фароҳам намудааст, ки бо фаъолияти самаранок корхонаву ташкилоти гуногун бо истифодаи маблағҳои худӣ биноҳои наву замонавии маъмуриро бунёд намоянд, ки мисоли равшани он дар ноҳияи Варзоб бинои кории Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳия аст. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
34 | ЯК ГӮШАИ ДИЁРИ АЗИЗ
Ободкориҳо дар ноҳияи
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
ЯК ГӮШАИ ДИЁРИ АЗИЗ | 35
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
36 | ПАЁМ - САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ
Нишондодҳои 1
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
2
Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
3
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд.
4
Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибис тиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.
5
Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии Ватан, бахусус, дар бунёди иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ саҳми басо арзишманд гузош танд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
6
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст. Аз ҷумла дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.
7
Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
ПАЁМ - САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ | 37
назаррас 8
Тавре борҳо таъкид карда будам, мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба мас ъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.
9
Дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.
10
Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
11
Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем.
12
Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд.
13
Зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд. Танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
38 | ДОНИСТАН МУҲИМ АСТ
Конститутсия ва давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ Тибқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст. Давлати ҳуқуқбунёд маънои густарда дорад. Чунин тарзи давлатдорӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём буд. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки фаъолияти ҳама - ҳам давлату мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ кунонида мешавад. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсияи соли 1994 инҷониб давлати ҳуқуқбунёд месозад ва аллакай бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ мешаванд. кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои шахсият, дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, озодии сухан, ақида ва матбуот, инчунин хусусияти демократӣ доштани ҳокимият аст.
Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд - волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият ба шумор мераванд. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд. Бори нахуст идеяи давлати ҳуқуқбунёд дар Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон таҷассум ёфт, Конститутсия бошад, кафолатҳои онро муқаррар намуд. Мустақиман амал кардани меъёрҳои Қонуни асосӣ, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз рӯи принсипи таҷзияи ҳокимият ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ ва дигар омилҳо ва шартҳои муҳимми давлати ҳуқуқбунёд аз САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
ҷумлаи ҳамин кафолатҳост. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз унсури таркибии давлати ҳуқуқбунёд аст, ба қавли дигар, давлати ҳуқуқбунёд наметавонад бидуни ҷомеаи шаҳрвандӣ арзи вуҷуд кунад. Дар Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб бо вусъати қонунгузорӣ ва устувор шудани қонуният, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аз ҳама муҳиммаш - пойдор шудани сулҳу суботи умумӣ ва ваҳдати миллӣ пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузош та шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҷомеаи одамони озод буда, онҳо аз ҳама ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ бо имкониятҳои баробар истифода мекунанд ва мансубият ба нажоду миллат ва эътиқод фарқе надорад. Принсипҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ -
Орзуи зиндагӣ дар чунин ҷомеаи озоду пешрафта аз қадимулайём аҳли илму адабро ба худ ҷалб кардааст. Ҳанӯз дар Юнону Рими қадим файласуфони машҳур Афлотун ва Ситсерон оид ба бартарияти ин тарзи зиндагӣ ақидаҳо баён карда буданд. Аз назари мутақаддимин – хирад, озодӣ, некуаҳволӣ ва адолат - чаҳор унсури асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор мерафтанд. Чунонки дар боло зикр намудем, хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11–уми марти соли 2002 хеле дақиқ ва мухтасар баён кардаанд, ки ин хусусиятҳо - моликияти хусусӣ, демократияи сиёсӣ, маданияти демократӣ ва оромиву субот дар ҷомеа ба шумор мераванд. Бисёр унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити имрӯзаи инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Чунончи, ҳуқуқҳои фитрии инсон мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсия дахлнопазир эълон шудаанд. Ғайр аз ин, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро на фақат эътироф, балки риоя ва ҳифз менамояд. Гуногуншаклии моликият, озодиҳои иқтисодӣ ва инкишофи муноси-
ДОНИСТАН МУҲИМ АСТ | 39 батҳои бозаргонӣ дар асоси рақобати солим ҷиҳати муҳимми ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 12уми Конститутсия эътироф шудааст, ки «асоси иқтисодии Тоҷикис тонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад». Дар ҷумҳурӣ ҳама навъҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ низ ҳуқуқи баробари мавҷудият дорад. Яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ - дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсия ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Ин ақида чунин маънӣ дорад, ки дар интихоби мафкура, пайравӣ кардан ба ин ё он назарияву ақида ва таълимоти сиёсӣ ҳар шаҳрванди Тоҷикистон комилан озод аст. Инчунин ҳар шаҳрванд ҳуқуқи комил дорад, ки ба кадом дину мазҳабе, ки майл дорад, пайравӣ намояд. Тӯли 17 соли охир дар ҷумҳурӣ ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои оммавӣ, ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касбӣ ва эҷодӣ, ташкилотҳои хайрия ва муассисаҳои хусусӣ хеле зиёд шуданд. Фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ яке аз шартҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд аст. Озодии сухан ва матбуот ҳамчун воситаи муҳимми ташаккули афкори ҷамъиятӣ аз хосияти демократӣ доштани давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Алҳол дар ҷумҳурӣ баробари матбуоти давлатӣ ва нашрияҳои давлатӣ инчунин даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ, симо ва радиоҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Дар моддаи 30-юми Конститутсия зикр шудааст, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Меъёри дигари конститутсионӣ - манъ будани сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид кафолати давлатии озодии ақида ба шумор меравад.
Истилоҳи дунявӣ дар Конститутсия низ мафҳуми калидист. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз он ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс зикр намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки беш аз 90 фоизи шаҳрвандон дини исломро муқаддас медонанд ва пайравӣ мекунанд, аз ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини асосӣ ё расмӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба кори он мудохила намекунанд. Аломатҳои асосии давлати дун явиро ба тариқи зайл метавон тасниф кард: манъи дахолати дин ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ, рад кардани давлат аз маблағгузории ин ё он ташкилоти динӣ. Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат аҳаммияти ҳуқуқӣ дорад. Дар нисбати озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон давлат мавқеи нейтралитетро ишғол мекунад ва иттиҳодияҳои динӣ низ дар навбати худ ба корҳои давлат ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат намекунанд. Ин гуна принсипи давлати дун явӣ дар ИМА, Фаронса, Туркия ва дигар давлатҳои дунявӣ риоя мешавад. Характери дунявии давлат дар бисёр конститутсияҳои кишварҳои пешрафтаи дунё ошкоро зикр шудааст, масалан, дар моддаи 2-юми Конститутсияи Франсия сабт шудааст, ки «Франсия … ҷумҳурии дунявӣ мебошад». Дар баъзе конститутсияҳо моҳияти давлати дунявӣ бидуни махсус зикр шудани он фаҳмонида шудааст, чунончи, дар Конститутсияи ИМА (ислоҳи аввал, соли 1791) зикр мешавад, ки «Конгресс набояд қонунҳоеро эҷод намояд, ки
ҲАФИЗ РАҲМОН ин ё он динро муқаррар кунанд ва ё озодии эътиқоди шаҳрвандонро манъ намоянд». Ҷудо будани дин аз давлат ҳаргиз маънои онро надорад, ки гӯё ташкилотҳои динӣ бо давлат ҳамкорӣ намекарда бошанд. Конститутсия барои эътиқоди динӣ ва фаъолияти динӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд намекунад. Танҳо он иттиҳодияҳои ҷамъиятие маҳкум карда мешаванд, ки нажодпарас тию миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд (қисми 5-уми моддаи 8). Давлат дар он маврид ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ дахолат мекунад, ки агар ба ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, низом ва суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ таҳдиди хатар эҷод карда шавад. Масалан, дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир – ташкилоти динии ифротгаро манъ шудааст, чунки фаъолияти аъзои ин ҳизб барои баргаштан ба даврони Хилофати араб равона гардидааст. Ё худ дар натиҷаи баррасии аризаи даъвоии Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ кардани фаъолияти равияи «Салафия» дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми Суди Олии ҶТ дар хусуси манъ карда шудани фаъолияти ин равия дар қаламрави Тоҷикистон ирсол карда шуд, зеро ҳаводорони ин равия ошкоро бадбинии мазҳабиро тарғиб менамуданд ва ин кирдори онҳо, пеш аз ҳама, ба меъёри конститутсионӣ оид ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ (қ.5, м.8) мухолифат дошт. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
40 | САРНАВИШТ
Номи нек
ҳосили корҳои нек аст... Гоҳо зиндагӣ заврақеро мемонад дар дарёи беканор ва пурталотум. Аз ин дарё фақат заврақҳои қавӣ бо сарнишинони донишёру хирадманд солим ва беозор берун меоянд. Гоҳо мешавад, ки аҳли чунин заврақҳо аз ин баҳри пуртуғён гавҳарҳое низ ба даст меоранд. Қаҳрамони қиссаи моро низ кору пайкораш ба рӯзгори нохудои сафинаи дарёи зиндагӣ монанд аст... Холзода Назаралӣ Сафаралӣ аз моҳи майи соли 2010 дар вазифаи сардори Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Кордонӣ, неруи қавӣ ва фаъолияти содиқонаи ӯро тӯли солҳо мушоҳида намуда, хостем барои хонандагони маҷалла аз рӯзгори пурифтихораш мухтасар қисса кунем.
Н
омбурда фаъолияти кории худро аз соли 1976 шурӯъ намуда, то соли 1977 ҳамчун коргари бригадаи сохтмонӣ дар хоҷагии давлатии ноҳияи Данғара фаъолият кардааст. Аммо ҳамчун як фарди худшинос хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро қарзи инсонӣ шумурда, соли 1977 ба сафи артиш меравад ва пас аз ду сол онро бо сари баланд ба итмом расонида, назди волидони худ бармегардад ва ба хотири пешбурди зиндагӣ ба амалисозии ҳадафҳои наҷиби худ идома медиҳад. Назаралӣ пас аз хатми хизмати аскарӣ хост аз паси пиёда намудани орзуҳои деринаи хеш шавад. Он замон барои ҷавонписарон доштани билети ҳарбӣ ва маълумоти олӣ мояи ифтихору сарбаландӣ буд, аз ин рӯ, дар натиҷаи мутолиаи зиёд ва омодагии ҳаматарафа соли 1980 донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон гашт. Рӯзҳову солҳо сипарӣ мешуданд, панҷ соли донишҷӯӣ бо шавқи беандоза нисбат ба пешаи интихобнамудааш паси сар шуданд. Пешниҳодаш намуданд, ки дар донишкада бимонад, таҳсили аспирантура кунад ва ҳамчун омӯзгор фаъолияти худро он ҷо идома бидиҳад. Аммо меҳри зодгоҳ ва нақшаҳои зиёд барои ободии маҳал ӯро дубора бурданд ба ҳамон диёри орзуҳо. Лаёқату истеъдод ва дониши хубашро ба инобат гирифта, ӯро дар самтҳои муҳим ба кор қабул менамуданд: аз вазифаи муҳосиби калони заводи зотпарварии ноҳияи Данғара то сариқтисодчии хоҷагии давлатии “Чорсада”... САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Ба ҳамагон маълум аст, ки аз соли 1992 то 2000, бино бар сабаби нобасомониҳо дар тамоми соҳаҳои кишвар мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ идома дошт, сатҳи зиндагии аҳолӣ поин рафта буд. Он замон масъулини тамоми соҳаҳо (хусусан бахшҳои иқтисодӣ)-ро заҳмати сангин ва шабонарӯзӣ лозим меомад, то мардум аз вартаи
Лаззати меҳнат дар бартараф намудани душвориҳо, боифтихор дарк кардани ҳолатест, ки неруи ҷисмонӣ ва маънавии худро сарф намуда, пирӯз гаштаем ва он қуллаеро фатҳ карда тавонистаем, ки барои расидан ба он умре талош доштем. В. Сухомлинский. ноумедӣ ва бунбасти иқтисодӣ берун бароварда шавад. Назаралии ҷавон, сарфи назар аз ҳама гуна мушкилот, кӯшиш мекард, ки аз уҳдаи вазифаҳои бар зиммааш гузошташуда барояд. Ҳамин буд, ки баъдтар ҳамчун сариқтисодчии хоҷагии давлатии “Наврӯз”-и ноҳияи номбурда ва пасон сармуҳосиби Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии экспертиза ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд ва ҳамин тариқ ба бовару
эътимоди мардум сазовор гардид. Фаъолияти касбии ӯ дар Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003-юм оғоз гардид, он замон ӯро ба вазифаи сардори идораи банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва маблағгузории корҳои заминсозии кумита таъйин намуданд. Ҳарчанд ки дар ин самти фаъолият “одами нав” буд, аммо дар муддати кӯтоҳ бо кумаки коршиносон ва мутахассисони соҳаи номбурда тамоми нозукиҳои корро омӯхт. Кордонӣ ва лаёқати ӯ ба инобат гирифта шуд ва соли 2007 ба вазифаи сардори Раёсати банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва маблағгузории корҳои Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйинаш намуданд ва то соли 2010 дар ин мансаби пурмасъулият фаъолият намуд. Аз соли 2010 то инҷониб бо назардошти лаёқати баланд ва садоқат ба касбу кор, таҷрибаи ғанӣ, виҷдони пок ва коршиносиаш 12 сол аст, ки вазифаи пурмасъулияти сардори Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯ бовар кардаанд. Мусаллам аст, ки муоширати хубу наку аз хислатҳои беҳтарини муҳосибон ба шумор меравад. Муҳосиб будан масъулиятест, ки ҳамеша аз соҳиби худ дар алоқа ва ҳамкорӣ бо дигар бахшҳоро талаб менамояд. Он занҷири пайвастаеро мемонад ва аз муҳосиб назокату маҳорати якмаром кор карданро талаб мекунад. Қаҳрамони мо ҳам тамоми талабот ва нозукиҳои пешаи
САРНАВИШТ | 41 худро риоя намуда, бо ҳамкорону ҳампешагони хеш ҳамкориҳои зичу судмандеро ба роҳ мондааст. Холзода Назаралӣ Сафаралӣ дар баробари коршиноси хуби соҳаи худ будан инчунин донандаи хуби забони давлатӣ ва адабиёти ғании ниёгонамон мебошад. Дар пешбурди фаъолияти коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории кумита хеле сахтгир ва ҷиддист. Аз зердастон ва шогирдон ҳамеша таҳияи нуктасанҷона ва дар сатҳи баланд иҷро намудани ҳуҷҷату мактубҳоро пайваста талаб менамояд. Масъулиятшиносу ташкилотчии хуб аст ва дар баробари дигар корҳо инчунин роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ-ро ба уҳда дорад ва ҳар як дастуру супоришҳои ҳизбиро, ки бар манфиати кормандон ва ватану кишварамон мебошад, бо масъулияти том иҷро менамояд. Холзода Назаралӣ миёни ҳамкорон ва роҳбарияти кумита обрӯи баланд касб намудааст. Дар байни мардум андешае вуҷуд дорад, ки “кор бе камбудӣ намешавад”, аммо ӯ ва шогирдонаш ҳамеша дар талоши онанд, ки нуқсу камбудӣ ва мушкилот дар корашон ҳарчи камтар бошад. Аз санҷишҳои касбӣ ҳамеша бо сари баланд мегузарад ва ба ҷавонон низ пайваста содиқона кор кардан ва аз камбудиву пешравиҳои дигарон таҷриба андӯхтанро талқин менамояд. Ӯро коллективи кумита ҳамчун падари ғамхору меҳрубон ва сарвари масъулиятшинос дар хонавода низ шинохтаанд, қисса мекунанд, ки барои таълиму тадрис ва тарбияи хуби фарзандонаш ҳама кори аз дасташ меомадаро иҷро мекунад. Аз рӯи фаъолият, рафтору кирдор ва суҳбатҳои мудаввом тӯли ҳамкориҳо яқинамон гашт, ки ҳадафи асосии Холзода Назаралӣ дар рушд ва ободии ватани азиз саҳмгузор будан ва шогирдони коршиносу баландихтисосро тарбият намудан аст. Мо ҳам дар ин роҳи хайр ва пурмасъулият ба он кас комёбиву муваффақият таманно мекунем ва итминон дорем, ки қаҳрамони мо ҳарчанд ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи худ кайҳо расидааст, боз ҳам ба нафъи миллат ва ватани азизаш бо шогирдони содиқу донишманди хеш бо неруи қавӣ солҳои сол фаъолият хоҳад кард.
Имсол барои Холзода Назаралӣ Сафаралӣ соли фаромӯшнашаванда буд, зеро ҷиҳати хизматҳои шоёнаш бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд. Бо эҳтироми тамом ҳама ҳамкасбону
ҳамкорон ва дӯстону пайвандонаш шодишарикаш буданд. Мо, аҳли маҷаллаи “Сарзамин”, дар рӯзгори минбаъда ва фаъолияти касбии Холзода Назаралӣ барору пешрафтҳои бардавомро таманно менамоем. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
42 | БОҒДОРӢ ҲАМ ИЛМ АСТ
Башаклдарории дарахтони мевадиҳанда Шаклдиҳӣ ва дуруст буридани навдаҳои дарахтони ҷавон барои афзун гардонидани маҳсулнокӣ ва дарозумрии онҳо аҳаммият доранд. Пас аз шинондани ниҳолҳо онҳоро ба шакл даровардан ҳатмист. Агар ба шакл дароварда нашаванд, шохҳои онҳо дар соли якуми ҳосилдиҳӣ мешикананд ва дар ин гуна боғҳо барои инкишофи ҳашароти зараррасон ва касалиҳо шароит фароҳам мегардад. Барои ҳамин дар муддати 3-4 соли шинондани дарахт, яъне то дав-
раи ба ҳосил даромадани онҳо, навдаҳо кӯтоҳ карда шуда, шохҳои модарӣ пурқувват сабзонидаю парвариш карда мешаванд. Дар соли якуми шинонидан охири моҳи май ва аввали июн нуқтаи сабзиши навдаҳои дарозро кутоҳ сарчин мекунанд, то ин ки навдаҳои паҳлуӣ барояд. Ҳоло
• Шаклдиҳии зина ба зинаи қабатдор Ин системаи шаклдиҳӣ аз 3 қабати шохҳои скелетӣ, шохи марказӣ, миқдори зиёди навдаҳои нимскелетӣ ва навдаҳои сабзанда иборат мебошад. Барои тартиб додани ин гуна шаклдиҳӣ баъд аз шинонидани ниҳолҳо дар баландии 40-60 см аз сатҳи замин поя монда, 3-4 навдаи паҳлуии модарӣ ва як навдаи марказӣ тартиб дода, зинаи якумро барпо мекунанд. Навдаи марказӣ нисбат ба навдаҳои паҳлуӣ 20-25 см дарозтар монда бурида мешавад, ҳамаи навдаҳои паҳлуиро бо да-
Дар зинаи дуюм низ 2-3 шохи модарӣ, тартиби якумро ҷудо менамоянд, ки дар онҳо яктоӣ шохи тартиби дуюм месабзонанд. Агар лозим бошад, зинаи сеюм ва шохҳои нимскелетӣ тартиб дода мешавад. Масофаи байни зинаҳо вобаста аз навъ ва такпайвандтакҳо 50-80 см-ро ташкил медиҳад.
розии якхела буридан лозим аст. Солҳои 2-3-юми сабзиш ба ҳар як шохи модарии тартиби якум 1-2 шохи модарии тартиби дуюм ҷойгир мешаванд.
дор (ғайр аз шафтолу) истифода мешавад. Дар ҳар як дарахти ба шакл даровардашуда ҳамагӣ 7-11 шохҳои модарӣ тартиб дода мешаванд.
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Дар соли 5-6-уми сабзиши дарахтон шохи марказиро бурида, ба шакли паҳлуӣ табдил медиҳанд. Ин усул барои шаклдиҳии аксари дарахтони тухмдор, донак-
дар соҳаи мевапарварии ҷаҳон бештар аз 60 навъи шаклдиҳии дарахтон маълум аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан 4 навъ: шаклдиҳии зина ба зинаи қабатӣ, муқаррарии беқабат, палметтативӣ, косашакл ва намуди шаклдиҳии баттагӣ низ истифода мешавад.
• Шаклдиҳии муқаррарии беқабат Фарқи ин гуна шаклдиҳӣ нисбат ба усули зина ба зинаи қабатдор дар он аст, ки шохҳои модарии дарахтон бе зина сабзонида мешаванд. Чунин шакли дарахтон аз як шохи марказӣ ва 5-8 навдаҳои паҳлуии модарӣ, ки бо кунҷи паҳн месабзанд, мебошанд. Шохҳои модарӣ дар танаи дарахтҳо яктоӣ ҷудо – ҷудо ҷойгир карда мешаванд. Масофаи байни шохҳои модарӣ 20-40 см-ро ташкил медиҳад. Шохҳои модарии тартиби дуюм ҳамчунин бо тарзи шаклдиҳии зина ба зина сабзонида мешаванд. Пас аз ба охир расидани шаклдиҳӣ бо ин усул баландии дарахт аз 3,5-5,0 м бояд зиёд набошад. Бо ин усул асосан себ, нок, биҳӣ, гелос, зардолу ва дигар дарахтони мевадиҳанда шакл дода мешаванд.
БОҒДОРӢ ҲАМ ИЛМ АСТ | 43 • Шаклдиҳӣ бо усули косашакл Ин усул яке аз намудҳои беҳтарини шаклдиҳӣ барои дарахтони шафтолу мебошад. Баъд аз шинонидани ниҳолҳо 3-4 навдаи модариро монда, марказҳоро буридан лозим аст. Масофаи байни шохҳои модарӣ 10-15 см-ро бояд ташкил диҳад. Баландии поя вобаста аз қувваи инкишофи дарахт буда, ба 40-50 см мерасад. Соли дуюм – сеюми сабзиш дар ҳар як шохи модарӣ 2-3 шохи скелетии тартиби дуюмро парвариш карда, дар навбати худ дар онҳо шохчаҳои муваққатии нимскелетии тартиби сеюмро месабзонанд.
Саидалӣ Гулов,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор
• Шаклдиҳӣ бо усули палметтативӣ Боғи палметтативӣ асос аз ниҳолҳое, ки токпайвандҳои қадпаст ва миёнақад доранд, бунёд карда мешавад. Афзалияти ин гуна боғҳо ин аст, ки ба туфайли зиёд шинонидани миқдори ниҳолҳо дар як гектар ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Азбаски барои барпо кардани боғҳои палметтативӣ хароҷоти зиёд лозим аст, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна боғҳо майдонҳои камро ишғол мекунанд. Барои ба шакл даровардани боғи палметтативӣ аз ду тарафи танаи дарахт яктоӣ шохҳои модарии мутаносиб бо сатҳи хати қатори
ниҳолҳои шинонидашуда ҷойгир карда мешаванд. Дарахтҳои бо усули палметтативӣ ба шакл даровардашуда бояд аз 3-4 зина иборат бошанд. Масофаи байни зинаҳо барои дарахтҳои қадпаст 50-60 см ва барои дарахтони миёнақад 70-90 см-ро ташкил мекунад. Ҳамагӣ 6-8 шохҳои модарӣ ва дар онҳо навдаҳои ҳосилдиҳанда сабзонида мешаванд. Дар соли 5-6-ум баландии дарахтҳо дар такпайвандҳои қадпаст аз 2,5-3 м ва дар такпайвандҳои тухмдор (хусусан дарахти себ) шакл дода мешаванд.
• Шаклдиҳии косамонанди дарахти шафтолу Дар ҳамаи шоху шохчаҳои тартиби гуногун узвҳои ҳосилдиҳанда пайдо мегардад. Ҳангоми парвариш бо ин усул дохили суроби дарахтон доимо кушода мебошад, зеро дарахтони шафтолу нисбат ба дигар дарахтони мевадор равшанидӯст мебошанд. Растаниҳои анор, анҷир ва баъзе дигар дарахтони мевагӣ бо усули бутташакл пироста мешаванд.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
44 | НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ
Агар масъулият роҳбар шавад Мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва нишондоди нақшаву чорабиниҳои мавҷуда корро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ мекунанд. Кумитаи идораи замини вилояти Суғд низ дар ин замина корҳои назаррасро давоми сол иҷро намудааст. Беҳтарсозии шароити кору фаъолияти кормандон аз бахшҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Ашт ва Айнӣ сохтмони биноҳои маъмурӣ бо маром идома дорад.
Тоҳирҷон Толибзода,
раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон таҳти № 1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» давоми соли 2021 корҳои мушаххас аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба анҷом расонида шуда, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм мутобиқ ба дархости саҳмдорон ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” идома ёфт. Азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм соли 2021 асосан дар шаҳру ноҳияҳои ЗафаСАРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
робод, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ хуб ҷараён дошт. Ҳамагӣ дар миқёси вилояти Суғд 70322 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, оилавӣ ва коллективӣ ташкил гардида, ҳоло фаъолият доранд. Мутобиқи моддаи 21-уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон уҳдадоранд, ки заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода кунанд, ба бад шудани вазъи экологии маҳал дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ роҳ надиҳанд. Мутаассифона, бархе субъектҳои хоҷагидорӣ ин муқарраротро сарфи назар намудаанд.
Бо мақсади баратарф намудани ин саҳлангориҳо аз ҷониби нозирони соҳа тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешида мешавад. Дар умум, давоми соли 2021 аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 953 ҳолати риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба замин дар майдони 168 гектар муайян шуда, нисбат ба 953 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин дар ин давра аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4398 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1970,35 гектар муайян шуда, ба ҳамаи онҳо оид ба бартарафкунии қонуншиканиҳо дастур дода шудааст. Нисбат ба 4262 ҳолати қонуншиканиҳои ҷойдошта протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2088782 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст, ки аз он 1709252 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 3277 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1619,87 гектар дар маҳал сари вақт бартараф карда шудаанд. Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо самти дигари фаъолияти кумитаҳои идораи замин дар ноҳияҳо бо дигар сохторҳои мартуба мебошад. Дар ин
НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ | 45 ҷода низ дар вилоят тадбирҳои мушаххас амалӣ гардидааст. Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” дар соли 2021 дар вилоят беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5411 гектар замин ба маблағи 5 миллиону 33 ҳазор сомонӣ дар нақша буд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳолати мелиоративии 4808,0 гектар замин беҳтар гардидааст, ки маблағи истифодашудаи он 4 миллиону 41 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва гузаронидани кишт дар онҳо мунтазам аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят чораҷӯӣ карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партов корҳо оид ба ҷудо ва вобаста кардани онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қудрати аз худ кардани онҳоро доранд, идома дорад. Азхудкунии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба майдони 792,87 гектар амалӣ гардидааст. Дар ин давра ҳамзамон ба майдони 114,94 гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ ворид шудааст. Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ченаки назоратии кишти ғалладонагии тирамоҳӣ гузаронида шуд. Масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва мақомоти он дар маҳалҳо ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, баҳри ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба замин, бо сифати баланд гузаронидани кишти зироатҳо, боз ҳам беҳтару хубтар иҷро кардани бандҳои нақшаи корӣ ва дигар вазифаҳои ба зимма гузошташуда ҳамеша талош менамоянд. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
46 | ЭЪТИМОД БА КОРИ МУТАХАССИСОН
Назорат пурзӯр шудааст Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва нишондоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва мақомоти он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои назоратиро пурзӯр намудаанд, то ки дар раванди истифодаи замин ва таъмини онҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ мушкилу норасоӣ пеш наояд. Давоми сол аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 4743 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 4849,83 гектар ошкор гардид. Барои дар маҳал бартараф намудани ҳолати вайронкунии қонунгузории замин 4743 дастур, 4114 адад протоколу қарорҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис тон қабул гардида, шахсони масъул ҷарима шуданд. 85 фисади маблағҳои ҷаримашуда ба суратҳисоби махсуси
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021 2020
кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид гардидааст. Ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида чораҳои муассир амалӣ шуда, дар маҳал 4197 қонунвайронкунии муайяншуда бартараф шудааст, ки майдони умумии он 4450,73 гектарро дар бар мегирад. Ба ин майдон заминҳои корами обӣ, корами лалмӣ ва заминҳои чарогоҳ шомил аст.
меёбад. Дар асоси супориши роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар асоси нақшаи кории Кумитаи давлатӣ ченаки назоратии кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи он ба сохторҳои дахлдор маълумот пешниҳод гардид.
Гузаронидани ченаки кишти ин ё он навъи маҳсулот аз бахшҳои дигари фаъолияти кормандони соҳа маҳсуб
Дар самти муроҷиати шаҳрвандон ва баррасии онҳо низ масъулин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пайваста тад-
ЭЪТИМОД БА КОРИ МУТАХАССИСОН | 47 бирҳои самаранокро роҳандозӣ менамоянд. Давоми сол ба унвонии Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 50400 мактубу дархост ва ариза ворид гардидааст, ки миёни онҳо муроҷиати шаҳрвандон низ зиёд аст. Масъалаҳои асосӣ вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон норозӣ будани онҳо нисбат ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, баҳси тақсими саҳми замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, баҳсҳо вобаста ба истифодаи замини хоҷагии деҳқонӣ ва баҳсҳо вобаста ба муайян намудани сарҳади замин мебошад. Масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон пайвас та кӯшиш менамоянд, ки дар баробари иҷрои дигар уҳдадо-
Далер Тӯрамуродзода,
муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон
риҳои худ муроҷиати шаҳрвандонро низ дар доираи салоҳияти худ ва нишондоди қонунҳои амалкунанда дақиқ санҷида, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гардонанд. Ин ҳолат миёни ҷомеа низ фаъолияти назарраси кормандони соҳаро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як муроҷиати шаҳрвандон ҳамаҷониба мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шавад, то ки мардум ба шаффофияти фаъолияти сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимод дошта бошанд. Ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ободониву хуррамгардонӣ низ кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон мунтазам чораҷӯӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки шукуфоии саҳни бинои маъмурӣ таъмин буда, масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани он талош мекунанд. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
48 | НАТИҶАИ ХУБИ КОРХОНАҲО
Содагардонии расмиёти бақайдгирӣ
Баҳодур Абдуллозода,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ
Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» соли ҷорӣ фаъолияти назаррасро анҷом дод. Мутахассисони корхона тавассути барномаи электронии СХБТ санҷишҳои интихобии парвандаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташударо дар корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ мунтазам гузарониданд. Ҳамагуна амалиёти бақайдгирӣ дар 62 корхонаи минтақавии бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикис тон» иҷро шудааст. Ба хотири рушди соҳа ва беҳбуди кор аз тарафи мутахассисони шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии КВД “БММҒ” мунтазам корҳои мукаммалгардонии барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) ба роҳ монда шуда, бо назардошти пешниҳод ва дархости бақайд гирандагони корхонаҳои фаръии тобеъ ба модулҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии КВД “БММҒ” барномаи “Бойгонии электронӣ” таҳия гардида, баъди санҷиши озмоишӣ мавриди истифодаи масъулин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Иттилооти бойгонӣ ба зердомени boygoni.sabt.tj пайваст гардида, мутахассисон тавассути ин сомона ба барнома дастрасӣ пайдо менамоянд.
Рустам Зоиров,
директори Намояндагии КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар вилояти Хатлон
Юсуфҷон Ғафурӣ,
директори Намояндагии КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар вилояти Суғд САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Бо мақсади татбиқи ҳукумати электронӣ низ масъулин чораву тадбирҳои судмандро амалӣ намуданд. Корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо бо интернети баландсуръат таъмин гардида, барнома ва таҷҳизоти заруриро дастрас намуданд. Оғоз аз нимсолаи дуюми соли 2020 конференсияҳо, ҷаласаҳо ва семинарҳои омӯзишӣ бо корхонаҳои фаръии тобеъ тавассути барномаи “Zoom” мустақиман гузаронида мешаванд. Давоми сол ба корхона 109 адад парвандаҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои ташхиси ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид. Ҳоло 40 парванда барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 53 парвандаи заминсозӣ ҷиҳати камбудию норасоиҳояшон аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шуданд. 16 адад парвандаи заминсозӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
НАТИҶАИ ХУБИ КОРХОНАҲО | 49
Илова ба ин 13 адад парвандаҳои заминсозии қаблан воридгардида пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва ба тасвиб расонидани лоиҳаи қарорҳо пешниҳод гардидаанд. Таъмин намудани соҳибмулкон бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мутахассисони корхонаҳои тобеъ мебошад. Соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 39055 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба заминистифодабарандагон шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода шуданд. Дар ин давра 47233 адад биноҳои истиқоматӣ, ғайриистиқоматӣ ва дигар иншоот ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Илова бар инҳо, аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои барӯйхатгирии техникӣ бо миқдори 65056 адад гузаронида шуданд, ки аз он 28178 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ, 22927 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ ва 13952 адад дигар намудҳои кори соҳавӣ мебошанд.
Тӯйчӣ Эргашзода,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Турсунзода
Корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ пайваста дар ҳудуди биноҳои корхонаҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд. Дар маҷмӯъ, аз тарафи КВД “БММҒ” ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар соли 2021 ба маблағи 1 599 370 сомонӣ корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд, ки аз он 546434 сомонӣ ба вилояти Суғд, 9021 сомонӣ ба ВМКБ, 446800 сомонӣ ба вилояти Хатлон, 555695 сомонӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 41420 сомонӣ ба худи КВД “БММҒ” рост меояд. Барои фароҳам овардани шароити хуби кормандон, қабули шаҳрвандон ва дар сатҳи баланд пеш бурдани раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул соли 2021 сохтмони асосии биноҳои маъмурии КДФ “БММҒ” дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин ва Тоҷикобод ба анҷом расида, бо иштироки масъулини соҳа мавриди истифода қарор дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар объектҳои ҷашнӣ – биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Кӯлоб, Хуросон, Варзоб ва Роштқалъа ҷараён дорад. Масъулини КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои тобеи он дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо дастгирии бевоситаи Кумитаи давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, иҷрои босифати нақшаи корӣ, вазифаю уҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташударо таъмин намоянд. Низоми муосири коргузорӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои молу мулки ғайриманқул дар заминаи татбиқи нақшаву чорабиниҳои соҳавӣ дар тамоми корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин миён, бо мақсади бартараф намудани бархе камбудиву норасоиҳо чораҳои судманд амалӣ карда мешаванд, то ки рушди соҳа дар ҳама зинаҳо таъмин гардад.
Исломиддин Раҷабиён,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Панҷ
Сафаралӣ Сатторов,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Ҷайҳун 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
50 | БАРАКАТИ МЕҲНАТ
Замини файзбор Дар муҳлати лозим ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва хушку бебориш омадани фасли тирамоҳу зимистон дар аксар ноҳияҳо зарурате ба миён омад, ки барои нашъунамои хуби ғалладонагиву сабзавот ва боғҳои мевадиҳанда обмонии захиравиро ба роҳ монанд, то аз кишти ин номгӯи зироат ва боғҳо соли оянда ҳосили фарвон ба даст оварда шавад. Дар ин баробар таъмини оби полезӣ ва гузаронидани коркардҳои агротехникӣ низ амри зарурӣ дониста мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Ҷайҳун 3747 хоҷагии деҳқонии оилавӣ ва инфиродиву ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки ба кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Деҳқонони заҳматписанди ин ноҳия барои кишту парвариш ва истеҳсоли ҳамагуна сабзавоту ғалладонагӣ, меваҳои ситрусӣ ва дигар зироати техникӣ ҳавасманд буда, тамоми фасли сол бо истифода аз шароити табиӣ неъмати фаровон меофаранд. Таъмини барзиёди дурнамои кишти тирамоҳӣ, ки қисми зиёдашро ғалладонагиҳо ташкил медиҳад, бозгӯи он аст, ки саҳмдорони деҳот зарурати бо ғаллаи худӣ таъмин намудани аҳли оилаву бозори истеъмолиро ба хубӣ дарк намудаанд.
САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Саидҷаъфар Шарифзода,
раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун
БАРАКАТИ МЕҲНАТ | 51 Барои самараи дилхоҳ гирифтан хоҷагидорон бо маслиҳати олимони соҳа чорабиниҳои агротехникаи парваришро риоя намуда, аз таҷрибаи муосир кор мегиранд. Бо баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва дар як сол гирифтани ду-се ҳосил саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ шукргузо-
ранд, ки соҳиби аслии замин буда, дар истифодаи замин ва кишти ҳама гуна зироат мустақилияти комил доранд. Соли равон кишоварзони ноҳия истеҳсоли пиёзи барвақтиро ба 180 ҳазор тонна расониданд. Дар баробари фаровонии бозору ба танзим даровардани нархи ин
маҳсулот ҳамзамон 27 500 тоннаи онро содирот намуданд. Хоҷагидорону саҳмдорон истеҳсоли саб зиро ба зиёда аз 50 ҳазор тонна расонидаанд. То расидани ҳосили кишти асосии сабзӣ ба ин васила нархи он дар бозор аз ҳисоби фаровониаш муътадил нигоҳ дошта мешавад.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
52 | ОЧЕРКИ МУХТАСАР
Садоқат ба пеша Оғоз: Иҷрои ҳар корро мақсаде ҳасту натиҷаи заҳмати содиқонаро самараи хуб. Аксарияти одамон бо дарки ин нукта касби хешро интихоб менамоянд, то ки дар баробари пешбурди зиндагии худ барои ҷомеа ва давлат низ амали неку шоистаеро анҷом дода бошанд. Қаҳрамони матлаби мо низ пешаеро интихоб намудааст, ки пешбурди он барои рушди чанд бахшу соҳа, аз қабили кишоварзиву заминсозӣ, харитасозиву танзими муносибатҳо вобаста ба истифодаи замин мусоидат менамояд, агар соҳибкасб бо виҷдони поку нақшаҳои нек рисолати худро дар ҷомеа ба иҷро расонад. Тӯрахон Иброҳимзода ба маънои томаш марди соҳибтаҷриба дар соҳаи заминсозӣ мебошад. Бо номи неку сари баланд 35 сол фаъолият намудан амали саҳлу содае нест ва на ҳар кас ба иҷрои он қодир мебошад. Интихоби касб ва ташаккули он Дар муҳите, ки ӯ ба дунё омаду одаму оламро шинохт, аз ҳар касбу пешаи дигар мутахассиси соҳаи замин бештару пештар зарурат дошт. Зеро соҳаи кишоварзӣ ва танзими муносибатҳои заминсозӣ ба мутахассисони соҳибмаълумот ниёзи зиёде дошт. Аз ин рӯ, миёни рӯйхати муассисаҳои олии кишвар, ки соли 1981 пешорӯи Тӯрахон буд, интихобаш сари Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қарор гирифт. Ин муассисаи олии касбиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамчун мутахассиси соҳа ба зодгоҳаш баргашт ва солҳои гуногун дар хоҷагиву ташкилотҳои кишоварзии ноҳияи Муъминобод фаъолияташро идома дода, донишҳои омӯхтаашро барои рушди соҳа дар амал татбиқ кард ва ба ҳайси донандаи хуби назарияву амалияи бахши кишоварзиву заминсозӣ камол ёфт. Бо дилгармӣ ба касби худ ва меҳри беандоза нисбат ба замин дар Хоҷагии боғу токпарварии Мичурин, бригадаи иҷоракорони ноҳияи Муъминобод ва Ассотсиатсияи иҷоракорони «Зархез» баъди хатми донишгоҳ то соли 1999 кор кард ва дар ин соҳа соҳиби ном ва мавқеи баланд миёни ҷомеа гардид. Кор дар сатҳи марказ Солҳои аввали асри 21 ба замони дигаргунсозиҳои кулСАРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
лӣ дар идоракунии сохтору мақомоти кишвар рост омад. Муносибату коргузорӣ мутобиқ ба нишондодҳои замони нав ва бо усулҳои муосир бояд ба роҳ монда мешуд. Дар ин давра мутахассисони соҳибтаҷриба ва пурталош аз маҳал ба дастгоҳи марказии вазорату кумитаҳо ҷалб гардиданд. Ин ба замоне рост омад, ки қаҳрамони мо низ барои идомаи кор ҳамчун сармутахассис ба идораи назорати давлатии заминҳои шаҳрии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва фаъолияти меҳнатиашро бо донишу таҷрибаи андӯхтааш ба роҳ монд. Аз соли 1999 то соли 2021 дар вазифаҳои гуногуни сохтору мақомоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сардори Идораи таҳияи сиёсати ягонаи замин, муовини сардори Саридораи назорати давлатии замин, сардори Идораи назорати давлатии замин, сармутахассиси шуъбаи мониторинг, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Мастчоҳу Ёвон ва шаҳри Душанбе кор кард. Аз соли 2018 то соли 2021 масъулияти роҳбарии Раёсати назорати давлатии заминҳои шаҳрии кумитаи давлатиро ба зимма дошт. Аз махсусият ва мушкилоти кор дар маҳал ба хубӣ огоҳ аст, зеро соҳиби таҷриба ва маҳорати воло мебошад.
Аз ин лиҳоз, айни замон корро минҳайси раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон пеш мебарад. Ба ин тартиб, то имрӯз дар сохтору мақомоти соҳа бо истифодаи донишу таҷрибаи ғаниаш сарбаландона фаъолият мекунад. Таҳсил Рушди технологияи муосир ва роҳандозии усулҳои нав дар идоракунии дилхоҳ бахшу соҳаҳо аз мутахассис тақозо менамояд, ки пайваста омӯзад ва донишҳои худро тақвият бахшад, то ки ҳамқадами замон бошад. Бо ин мақсад Тӯрахон Иброҳимзода низ давоми солҳои гуногун баробар бо кор таҳсилро низ идома дода, соҳиби 3 маълумоти олӣ гардидааст. Соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз ба итмом расонида, соҳиби маълумоти иқтисодӣ низ гардидааст, ки тавъам ба ихтисоси аввалааш барои рушди касбияти ӯ мусоидат мекунад. Аз рӯйи ин ихтисос дар Вазорати молия ва шуъбаи сармоягузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар солҳои гуногун фаъолият кардааст. Дар ин баробар пайваста дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ низ
ОЧЕРКИ МУХТАСАР | 53
иштирок намуда, малакаи худро афзун менамояд. Қаноат накардан ба доштаҳои худ ва ҳамеша дар талоши омӯзиш будан аз хислатҳои наҷиби қаҳрамони мо аст. Ҳамин аст, ки бори дуюм ба ДАТ дохил шуда, соҳиби ихтисоси заминсоз низ гардид. Таваҷҷуҳи хоса ба омӯзиш ва шавқи беандоза ба пажӯҳиши масъалаҳои истифодаи самараноки замин ва танзими ҳуқуқии он боис гардидааст, ки ӯ ба илм рӯ оварад ва ҳоло ҳамчун унвонҷӯ дар ДАТ ба таҳқиқ низ машғулият дорад. Оила Тӯрахон Иброҳимзода дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш Тағой Иброҳимов яке аз омӯзгорони варзидаи ноҳияи Муъминобод буданд. -Тарбияи дурусти фарзандон
ва меҳнатдӯстиву ростқавлиро аз падар омӯхтаам, - мегӯяд ӯ. Ин рисолатро дар тарбияи фарзандон низ иҷро намудааст. Фарзандонаш - Шаҳриёру Шоира ва Исфандиёру Ҷовидон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд ва дар соҳаҳои гуногун фаъолияти назаррас доранд. Шаҳриёр ба ҳайси меъмор дар ноҳияи Рӯдакӣ, Шоира аз рӯи пешаи дӯстдоштааш ҳамчун табиб кор мекунад. Исфандиёр ҳуқуқшинос аст ва Ҷовидон бошад, хатмкардаи риштаи энергетика мебошад ва аз рӯи ихтисос фаъолият дорад. -Дар баробари кор ба тарбияи онҳо низ вақт ҷудо намудам, то ки бо ахлоқи нек камол ёбанду дар ҷомеа соҳиби мавқеи шоиста бошанд, - афзуд зимни суҳбат Тӯрахон Иброҳимзода. Ҳамчун омӯзгор саҳми ҳамсарам
Маҳтовбӣ Дамонова низ дар тарбияи фарзандон бузург аст. Зеро бо иҷрои рислати касбӣ шояд дар бархе маврид барои тарбияи онҳо дасткӯтоҳӣ доштам, вале ин холигиро дар раванди тарбия модарашон пур мекард... Хулоса Барои илмомӯзӣ, тарбияи хуб, поквиҷдонӣ ва ростқавлӣ мунтазам ҳамагонро талқин менамояд, ки аз хислатҳои ҳамидаи ӯ дар зиндагист. Ҳамеша барои пешравии кишвари маҳбуб ва хушбахтии мардуми сарбаландаш дар доираи имконияту тавони худ хизмат кардааст. Аз зиндагиномаи ин марди соҳибтаҷриба дарёфтем, ки заҳмати пайваста ва фаъолияти поквиҷдонона шахсро обрӯманду сарфароз ва ба қуллаҳои баланди мурод мерасонидааст. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
54 | ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН
Ҳадафи мо - фаровонӣ дар бозор Дар Ҷумҳурии Тоҷикстон бо зиёд шудани аҳолӣ ҳамасола талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ низ меафзояд. Сохторҳои марбутаи соҳа вазифадоронад, ки бо ҷорӣ намудани усулҳои муосир, риояи агротехника ва истифодаи тухмиҳои босифат ҳосилнокиро баланд намуда, баҳри фаровонҳосилӣ замина гузоранд. Дар ин замина ташкили гармхона ва дар 4 фасли сол истеҳсол намудани маҳсулоти босифат яке аз роҳҳои самаровар дониста мешавад. Дар вилояти Суғд ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. маҳсулоти босифат ҳам бозори дохилиро таъмин намоянду ҳам содироти онро ба роҳ монанд. Ба ин васила иқтидори истеҳсолии кишвар муаррифӣ гардида, хоҷагидорон ҳам даромади хуби иқтисодӣ ба даст меоранд.
Саидимом Акбаров,
мудири Бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Сол то сол шумораи гармхонаҳое, ки дар онҳо кишт, парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногун ба роҳ монда шудааст, дар вилояти Суғд зиёд мегардад. Соҳибкорони ҷавон зарурати таъмини сабади истеъмолиро ба назар гирифта, бунёди гармхонаҳои муосирро афзун намудаанд. Хоҷагидорон аз ин ҳисоб истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро дар фасли тирамоҳу зимистон зиёд намуда, бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин менамоянд. Яке аз чунин САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
хоҷагиҳо дар заминаи ҶДММ «ММК Агро» ташкил шудааст. Ҷамъият айни замон дар масоҳати 2 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд намудааст, ки фаъолияти назаррас дорад. Масъулини он нақша доранд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат боз дар масоҳати 5 гектари дигар гармхонаҳои замонавиро бунёд намоянд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ барои бунёди ин гармхона оғоз гардидааст. Соҳибкорони маҳаллӣ нақша доранд, ки бо истеҳсоли
Мувофиқи иттилои бадастомада, дар миқёси вилоят майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ба 22 гектар расонида шудааст, ки 8,6 гектари он бодиринг, 8,4 гектар помидор ва дар гармхонаҳои дигар лимую дигар маҳсулоти кишварзӣ парваришу истеҳсол мегардад. Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 16 гектар кишти маҳсулот дар гамрхона гузаронида шудааст. Ҳоҷагидорон нақша доранд, ки аз помидор 600 то 800 сентнер, аз бодиринг 500-600 сентнер ҳосил мерӯёнанд. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ истеҳсоли сабзавот аз ҳисоби кишти асосӣ ба 283 000 тонна расонидашуда, дар саҳро ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ идома дорад. Саҳмдорони вилоят имсол дар майдони 19 355 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида буданд, ки 105 фисади дурнаморо ташкил медиҳад ва нисбати
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН | 55
соли гузашта 1304 гектар зиёд мебошад. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд сабзавот дар майдони 1800 гектар гузаронида шудааст, ки қисми асосии онро сабзӣ ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар кишти такрорӣ дар вилоят 2 500 гектар кишти сабзӣ гузаро-
нида шудааст, ки барои танзими нарх дар бозор мусоидат намудааст. Истеҳсоли маҳсулоти воридот ивазкунада дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби кишти картошкаву сабзавот ба роҳ монда шудааст ва ҳамасола ҳаҷми он зиёд карда мешавад. Саҳмдорони вилояти Суғд бо
истифодаи шароити табиӣ ва таҷрибаву малакаи худ маҳсулоти фаровон истеҳсол намуда, ба ин васила барои таъмини бозор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии худ саҳм мегузоранд. Хоҷагидорон ва кормандони сохторҳои марбута дар ҳамкорӣ талош доранд, ки ҳадафҳои нақшавии худро саривақт иҷро намоянд.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
56 | ФАЪОЛИЯТИ ГУСТУРДА
Дастовардҳо назаррасанд Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои талаботи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунгузории кишвар дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, заминсозӣ ва барӯйхатгирии техникӣ дар соли 2021 корҳои назаррасро дар соҳаҳои заминсозӣ, барӯйхатгирии техникӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба анҷом расонидааст.
Дар ин давра 511 парвандаи заминсозӣ аз тарафи мутахассисони раёсати заминсозӣ тартиб дода шуда, барои ташхис ва гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба раёсати бақайдгирии корхона пешниҳод карда шуданд. Илова бар ин, аз тарафи мутахассисони раёсати заминсозӣ 565 санад, аз ҷумла 279 санад вобаста ба объектҳо ва 286 санад барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ омода гардидааст. Шуъбаи бақайдгирии корхона низ фаъолияти самарнок намудааст. Аз тарафи ин шуъба дар натиҷаи баррасӣ ва гузаронидани амалиёти бақайдгирии давлатӣ бо назардошти қонеъ намудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 3172 адад, аз ҷумла 852 адад шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, 1393 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, 453 санади иттилоот дар бораи ҳуқуқ ба объекти молу мулки ғайриманқул ба шахсони алоҳида, 122 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ, 304 иқтибос аз варақаҳои бақайдгирӣ, 35 шаҳодатнома барои қатъи маҳдудиятҳои ҳуқуқ, 1 шаҳодатнома дар бораи САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Салим Давлатзода,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
бақайдгирии давлатӣ барои бақайдгирии шартномаи иҷора омода гардидааст. Бо сабаби мутобиқ набудан ба талаботи қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он 12 муроҷиат рад карда шудааст. Аз тарафи мутахассисони раёсати барӯйхатгирии техникӣ дар ин давра 1685 адад шиносномаҳои техникӣ тартиб дода шудааст. Дар бойгонии корхона 54071 парвандаи бақайдгирӣ, заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ нигоҳ дошта мешавад. Давоми сол ба бойгонӣ “Барномаи бойгонии электронӣ” пайваст шуд, ки кори мутахассисонро
осон менамояд. Ҳоло 36653 парванда ба тариқи сканеркунонӣ ба барнома ворид карда шудааст, ки 68 фоизро ташкил медиҳад. Ин раванд ҳоло идома дорад. Вобаста ба сифати таҳияи парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ, мувофиқати он бо нусхаҳои намунавӣ дар корхона пурра риоя карда шуда, барои такмил додани сифати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Зеро сифати парвандаҳо ва дар доираи талабот омода намудани онҳо талаботи замон буда, дар ин самт бояд камбудиву норасоӣ сари вақт бартараф карда шавад.
ФАЪОЛИЯТИ ГУСТУРДА | 57
Сифати хидмат – дар мадди аввал Ба Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Бӯстон 60 иншооти ҷашнӣ оид ба бақайдгирии давлатӣ муроҷиат намуда, бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд.
Азизҷон Акрамов,
директори КДФ "БММҒ" дар шаҳри Бӯстон
Дар робита ба таҷлили сазовари ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти корхона қарор “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида буд ва ҳамаи 8 банди он бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ ва таъмиру барқарорсозӣ ва амсоли инҳо иҷро гардид. Машғулиятҳои семинарӣ оид ба моҳияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибдавлатӣ ва арзишҳои миллӣ гузаронида шуданд. Тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ низ дар ин муддат вусъат пайдо намуда, ҳар ҳафта шанбегиҳо гузаронида мешуданд.
Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар самти ҳифзи амволи давлатӣ ва дар доираи қонун истифода намудани амволи ғайриманқул нақши муҳим дорад. Ин аст, ки кормандони корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо талош менамоянд, ки дар ифои вазифа масъулиятшинос бошанд ва хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монанд. Дар 11 моҳи соли 2021 ба корхона ҳамагӣ 2829 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ворид гардид, ки аз ин шумора 695 адад ба шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ, 123 адад ба шуъбаи заминсозӣ, 1514 адад ба шуъбаи бақайдгирӣ, 497 аризаву дархост оид ба гирифтани маълумотнома аз бойгонӣ ва боқимонда дархосту супоришҳои корхонаи болоӣ ва дигар мақомоту ташкилотҳоро дар бар мегирад. Дар ин давра ба шуъбаи бақайд гирӣ 1514 ариза ворид гашта, маблағи хизматрасонӣ 176648,91 сомонӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ (хироҷ ба буҷа) 8363,36 сомониро ташкил додааст. Аз 1514 аризаи ба шуъбаи бақайдгирӣ воридгардида дар бораи бақайдгирии биноҳои истиқоматӣ ва объектҳои сохтмони ғайриистиқоматӣ, нотамом,
биноҳои истиқоматӣ ва ғайриис тиқоматии ҷудогона - 689 адад, бақайдгирии заминҳои маҳалли аҳолинишин ва заминҳои саноатӣ - 30 адад, маълумот аз феҳристи ягона - 694 адад, бақайдгирии маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба объекти молу мулки ғайриманқул - 82 адад ва бақайдгирии қатъи маҳдудиятҳои молу мулки ғайриманқул - 19 ададро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аризаҳои воридгашта 1512 ариза қонеъ ва 2 ариза рад шудааст. Ба шуъбаи заминсозӣ ҳамагӣ 123 нафар муроҷиат карда, аз ин миқдор 119 ариза қонеъ гардида, 4 ариза мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба ҳолати 01.12.2021 маблағи хизматрасонӣ оид ба заминсозӣ 100384,63 сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ 695 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ворид гардида, аз инҳо 659 муроҷиат қонеъ, 25 муроҷиат бе баррасӣ, 5 муроҷиат рад, ба 2 муроҷиат талаботҳои қонунгузор фаҳмонида шуда, 4 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар заминаи ба барномаи элект ронии САБТ ворид намудани ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ кор хеле осон ва муфид гардид. Дар шаҳри Бӯстон низ хизмат расонӣ ба аҳолӣ тариқи ҳамин барнома ба роҳ монда шудааст. Тибқи талаботи муқарраргардида фаъолият дар ҳамаи шуъбаҳо бо барномаҳои Архикад, САБТ ва ArcGIS ҷараён дорад. 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
58 | ГАНҶИНАИ МАРДУМ
Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шароити ҳозира Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад, манбаи ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва омили муҳимми беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мебошад. Сайёҳиро ҳамчун соҳаи мустақили иқтисоди миллӣ ташаккул додан лозим аст. Фаъолият дар ин соҳа барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии синну соли гуногун равона карда мешавад.
Талаботи гуногуни аҳолӣ дар сайру саёҳат на танҳо аз ҷониби фароҳамсозони хизматрасониҳои сайёҳӣ, балки аз тарафи дигар соҳаҳо, ки сайёҳиро ҳамчун омили таъсиркунанда ба инкишофи иқтисодӣ медонанд, ба сомон расонида мешавад. Сайёҳӣ яке аз омилҳои муассири ҳамгироии байналхалқӣ буда, тиҷорат дар ин замина ҳамчун бахши муҳимми иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ мебошад ва намояндагони кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ аз соли 2011 то кунун дар чорабиниҳои сиёсии ин созмони бонуфуз иштирок мекунанд. Барои вусъат бахшидани соҳаи мазкур ва зарурати рушди инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буданд. Дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ дар деҳот, мактабу кӯдакистонҳо, дар аксари шаҳру ноҳияҳо майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд ёфта, барои истироҳати сокинон боғу гулгаштҳо сохта шудаанд. Мутаассифона, ҳунарҳои дастӣ мушкилоти гуногун доранд ва қисмате қариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.
Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил шуда, фаъолият намуда истодаанд. Дар ин мактабҳо аз рӯи усули анъанавии миллии «устод-шогирд» шогирдон тарбия меёбанд. Дар замони муосир як идда амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, ҳоло тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки донишҷӯён аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, донишҷӯён бояд аз анъанаҳои ҳунармандони халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ, аз қабили кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии мардум самаранок истифода шаванд. Дар замони муосир таълими ҳунарҳои мардумӣ бисёр муҳим мебошад, зеро истифодаи анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд. Мафтуна Ҳасанзода, сармутахассиси Раёсати кадастри замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
100 МАРДИ БУЗУРГТАРИНИ ДУНЁ | 59
, Сукрот С
уқротро марде аз молдорону тавонгарони дунё айб кард. Суқрот ба вай гуфт, ки “агар ман хоҳам, ки ҳамчун ту зиндагонӣ кунам, битавонам. Агар ту хоҳӣ, ки ҳамчун ман зиндагонӣ кунӣ, натавонӣ”. Тавонгаре Суқротро ба фақирӣ айб кард. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки “агар ту фақрро медонистӣ, ки чист, ҳаройина ғами худро мехӯрдӣ, на ғами Суқротро”. Суқрот бо вуҷуди пирӣ ва калонсолӣ илми мусиқӣ меомӯхт. Касе ба ӯ гуфт, ки “шарм надорӣ, ки бо вуҷуди пирӣ мусиқӣ меомӯзӣ?”. Гуфт: “Шарму ҳаёи ман аз ин ки ҷоҳилу нодон бошам ба пирӣ бештар аст аз он ки биомӯзам дар пирӣ”. Марде ба Суқрот гуфт, ки “маҳрум гаштӣ, эй Суқрот, аз неъматҳои дунё!”. Гуфт: “Неъматҳои дунё чист?”. Гуфт: “Хӯрдани гӯштҳои покиза, ошомидани шаробҳои лазиз, пӯшидани ҷомаҳои фохир ва суҳбат бо душизаҳои накурӯй”. Суқрот гуфт: “Бахшидам инҳоро ба касе, ки розист бо хукону маймунҳо монанд бошаду бо даррандагон шабеҳ шавад, яъне ки шиками ӯ мақбараи ҳайвонот бошад”. Ва гуфтааст: “Аз ҳама подшоҳи бузургтар он аст, ки одамӣ бар шаҳватҳои худ ғолиб шавад”. Ва гуфтааст, ки “табиат канизи ақлу
ақл ғуломи мабдаи аввал аст”. Ва аз ӯ пурсида шуд, ки “кадом чиз судбахш аст дар ҷамеи он чи дар дунё касб карда мешавад?”. Гуфт: “Дӯсти мухлис”. Суқрот нигоҳ кард ба зане, ки худро зебу зиннат дода буд то ба шаҳр раваду тамошои шаҳр кунад. Ба ӯ гуфт, ки “гумонам он аст, ки ба шаҳр рафтани ту на аз барои дидану тамошо кардани шаҳр аст, балки барои он аст, ки шаҳр туро бинаду тамошо кунад”. Гуфт: “Молу ашёе, ки одамиён пайдо кардаанд ва мекунанд, ҳама махдуманд, яъне хидматашон бояд кард, то бимонанд. Ҳар кӣ ғайри худро хидмат кунад, озод нест”. Ва гуфт: “Фикр кунед дар лаззате, ки омехта бошад бо қабоҳате. Баъд аз он фикр кунед мунқатеъ шудани он лаззат ва боқӣ мондани он қабоҳат ро”. Ӯ ба шогирдони худ мегуфт, ки “молу асбоби дунё чашмаи ғаму андуҳанд, пас шумо ҳеҷ чиз ҷамъ накунед, то ғамгину маҳзун набошед”. Суқрот нишаста буд назди марде ва он мард ташна шуда ба ғуломи худ гуфт, ки бирав пеши шаробфурӯш ва ба ӯ бигӯй, ки як коса шароб ба мо қарз бидиҳад ва дар қимати он ба мо мадорою нармӣ бикунад. Суқрот гуфт,
ки беҳтар он аст, ки аз нафси худ илтимос кунӣ, ки ба об қаноат кунад ва шароб нахӯрию қарз нагирӣ. Суқрот ҷавонеро дид, ки моле аз падар ба ӯ мерос монда буд ва он ҷавон дар харҷ кардани он зарри меросӣ исрофкорӣ намуда, ҳамаро сарф карда буд. Кораш ба он расида буд, ки меваҳои дарахтони кӯҳӣ мехӯрд ва вақти худро мегузаронд. Суқрот ба ӯ гуфт: -Агар ту дар аввал сарфа мекардӣ, ба ин ҳол дучор намешудӣ. Аз Суқрот пурсиданд, ки туро сабаб чист, ки доим ихтилофу муошират бо хурдсолону наврасон мекунӣ? Гуфт: Ман ин кор ҳамчун касоне мекунам, ки тарбият мекунанд, зеро эшон курраи асбонро риёзат медиҳанду тарбият мекунанд, на асбони куҳнаро. Ва гуфт: Ғазабро бо хомӯш шудан ва шаҳватро бо роҳи ғолиб омадан бар худ илоҷ кунед, зеро ҳар кӣ бар нафси худ ғазаб кунад, ҳаройина нафси худро аз бадӣ карданҳо эмин медорад. Ва гуфт: Таркиби ҳама олам ба адл шудааст. Пас ҷузъиёти олам ба ҷабр намепояду намеистад. Аз китоби «Ал-ҳикмат-ул -холида»-и Яъқуби Мискавайҳ Таҳияи Ҳафиз Раҳмон 2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
60 | САЙРИ ОЛАМ
Серматт
Швейтсария кишварест кӯҳсор ва аз ин рӯ сайёҳӣ дар ин мамлакати аврупоӣ хеле рушд кардааст. Яке аз марказҳои сайёҳӣ махсусан дар фасли зимистон деҳа ва ҷамоати Серматт мебошад, ки аз осоишгоҳҳои машҳури ин кишвар дониста шуда, дар ҷануби минтақаи Вал ва дар марзи Италия қарор дорад. Атрофи ин деҳаро кӯҳҳои баланди Алп, ба монанди баландтарин қуллаи Швейт сария - қуллаи Дюфур (бо баландии 4 ҳазору 634 метр) ва дар шоҳроҳи Монте-Роза ва Маттерхорн (бо баландии 4 ҳазору 478 метр) фаро гирифтаанд. Ин деҳа дар шимоли ин баландкӯҳ, дар баландии 1 ҳазору 608 метр воқеъ гардидааст. Деҳа барои рушди сайёҳии зимистона шароити хуб дорад. Роҳи оҳани Горнерграт, ки ба баландии якуним километр мерасад, Серматтро бо баСАРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
ландии ҳамном мепайвандад. Аз миёни ин деҳа дарёи Маттерфисп ҷорӣ мешавад, ки аз пиряхи алпии Горнер, ки дуюмин пиряхи азими ин минтақа дониста мешавад, сарчашма мегирад. Сокинони ин деҳа 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, аммо шумораи сокинон аз ҳисоби сайёҳони воридгардида пайваста тағйир меёбад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин деҳа манъ аст ва танҳо аз автомобилҳои барқӣ истифода мекунанд. Расидан ба Серматт тавассути қатора аз шаҳри Брига ва ё Тэша имконпазир аст.
Серматт иқлими субарктикӣ дорад. Тобистони деҳа фараҳбаш аст, бо рӯзҳои мулоим ва шабҳои сард. Зимистон бошад, сарду барфӣ мебошад, бо сардии зери сифр. Боришоти барф давоми сол 325 сантиметр мешавад. Ин деҳа аз ҷониби кӯҳнаварди бритонӣ Эдвард Уимпер дар асри XIX ба қавле «кашф шуд». Роҳҳои танобӣ ва курсиҳои равон дар фасли зимистон лижаронҳо ва дар тобистон сайёҳонро ба баландиҳо мебароранд. Баландтарин роҳи танобӣ ба 3883 метр баробар буда, хоҳишмандонро ба Кляйни Маттерхорн мебарорад.
САЙРИ ОЛАМ | 61
Ин баландӣ дар пуштаи байни Брайтро ва Маттерхорн ҷой гирифтааст, ки намои зебоеро аз тамоми ин деҳа манзури сайёҳон мегардонад. Роҳи оҳани ин деҳа низ хусусияти хоси худро дорад. Ин роҳи оҳан, ки бо номи роҳи
оҳани дандонадор машҳур аст, баландтарин роҳи оҳани муаллақ дар Аврупо дониста мешавад. Наздики нисфи ҷойҳои корӣ дар ин деҳа ба соҳаи меҳмондорӣ ва тарабхонадорӣ нигаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, Серматт яке аз
беҳтарин осоишгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Ин деҳаи Швейтсария дар дунё калонтарин макони истироҳатӣ ва лижаронӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун маркази кӯҳнавардӣ ва лижаронии кӯҳӣ хеле машҳур гардидааст.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
62 | САРВАТИ ТАБИАТ
Ҳам мева ва ҳам дору Лимӯ дар Тоҷикистон аз соли 1930 парвариш мешавад ва кишоварзони маҳаллӣ дар ин кор таҷрибаи ғанӣ доранд. Дар ҷумҳурӣ навъи махсуси меваҳои ситрусии «мейер» парвариш мешавад, ки он ба деҳқонони вилояти Хатлон писанд омадааст. Ин навъ лимӯ аз дигар навъҳои хориҷӣ бо пӯсти тунук, таъми хосса ва бӯйи махсуси худ фарқ мекунад ва дар бозор талаботи зиёд дорад.
Л
имӯро муҳаққиқи амрикоӣ Фрэнк Мейер дар Пекин кашф кардааст, сокинони он лимӯро дар гулдонҳо парвариш мекарданд. Баъдан лимӯ аз Чин ба Амрико омада, аввалҳои солҳои 30-юм аз Амрико ба Тоҷикистон ворид шудааст.
ин сабаб, ҳангоми бемориҳои норасоии витамин, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, ревматизм, атеросклероз, гулӯзиндонак, подагра, фишори хун ва ғайра лимӯро тавсия медиҳанд.
Бо фаро расидани сардиҳо талабот ба лимӯи тоҷик дучанд меафзояд. Лимӯ воситаи хуби табобат аз бемориҳои гуногун мебошад. Онро на танҳо дар тиб, балки дар таббохӣ низ васеъ истифода мебаранд.
Лимӯ дарахти ҳамешасабз буда, то 5 метр қад мекашад. Дарозии баргҳояш то 16 см ва аз он ҳам дарозтар мешавад.
Дар замонҳои қадим лимӯро ҳамчун воситаи даво барои табобати бемории тоун, газидани мор, ҷароҳату заҳролудшавиҳо истифода мебурданд.
Ранги гули он сафед буда, маҳину зебост. Лимӯ бо он маъмул аст, ки дар таркиби худ кислотаҳои органикӣ, пенктин, қанд, фитонсид, каротин ва витаминҳои бисёре дорад.
Ҳамчунин мегӯянд, ки ҳар рӯз агар чоряки лимӯ бо пӯсташ ис-
Истифодаи лимӯро дар тиб ҳамчун витаминҳо ва моддаҳои минералӣ тавсия медиҳанд. Аз САРЗАМИН | октябр-декабр | 2021
Дар тиб асосан меваи он истифода мешавад.
Бӯйи хоси лимӯ аз он сабаб аст, ки дар таркиби худ равғани эфир дорад. Равғани эфир на танҳо дар мева, балки дар баргу танаи он низ мавҷуд мебошад. Вобаста ба таркибаш лимӯро дар соҳаҳои гуногуни тиб истифода мебаранд.
Донишманди бузург Ибни Сино онро ба беморони касалиҳои дил, зардпарвин ва занҳои ҳомиладор тавсия намудааст.
САРВАТИ ТАБИАТ | 63 теъмол шавад, шунавоиро беҳтар мекунад. Ҳамчунин лимӯ барои табобати гиҷҷа, парпанакҳо (грибок) давои хуб аст. Тарбандии он нороҳатиро рафъ месозад. Истеъмоли лимӯ ба онҳое, ки бемории меъда, гепатит, бемории илтиҳоби руда, заҳрадон ва гурда доранд, манъ аст. Лимӯро дар муҳити хона низ парвариш намудан мумкин аст. Онро дар гулдонҳои калон метавон парвариш кард. Ин ҷо беҳтарин манфиатҳои лимӯро ба организм ба таври мухтасар меорем: Ин меваи ситрусӣ бо витамини С таъмин аст, он ба бемориҳои нафастангӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо одамон барои пешгирӣ ва табобати нафастангӣ шарбати лимӯ менӯшиданд. Консентратсияи баланди витамини С ва антиоксидантҳо омили асосии манфиатҳои афшура барои нафастангӣ мебошанд. Витамини С системаи масуниятро такмил медиҳад ва ба инсон кумак мекунад, ки ба омилҳои берунае, ки ҳамлаи нафасро ба вуҷуд меоранд, тобовартар бошад. Оҳани маъданӣ ҳаётан муҳим аст, зеро он ба хун кумак мерасонад, ки оксигенро ба ҳуҷайраҳо интиқол диҳад ва барои фаъолияти мунтазами ҳуҷайра энергия истеҳсол кунад. Ҳам кислотаи лимӯ ва витамини С, ки дар лимӯ мавҷуд аст, ба бадани инсон ҷаббидани оҳани ғайригемиро осонтар мекунад. Дар тиб лимӯро ҳамчун пешгирикунандаи ҳуҷайраҳои саратонӣ низ истифода мекунанд. Пӯсти лимӯ дорои миқдори зиёди терпен мебошанд, ки d-limonene номида мешавад. Дар омӯзиши лаборатории ҳайвонот д-лимонен ба ҳуҷайраҳои саратон таъсири назарраси мусбат расондааст. Чанде қабл дар як таҳқиқоте, ки Донишгоҳи Аризона дар гурӯҳи 43 нафар занони гирифтори сарато-
ни сина гузаронидааст, онҳое, ки дар як рӯз 2 грамм лимонен мегиранд, ифодаи оморҳои омосро 22 % коҳиш додааст. Лимӯ хатари сактаи қалбро коҳиш медиҳад ва фишори хунро низ паст мекунад. Лимӯ барои нарм ва чандир нигоҳ доштани рагҳои хунгард мусоидат мекунад, ки ин дар навбати худ фишори хунро паст мекунад. Калийи таркиби лимӯ барои солимии системаи асаб нақши муассир дорад. Миқдори ками калий дар хун метавонад боиси ташвиш ва депрессия гардад. Барои фиристодани сигналҳои устувор ба дил системаи асаб инчунин ба миқдори кофии калий ниёз дорад.
Равғани эфирии лимӯ аз афшураи лимӯ каме фарқ мекунад ва ин як нусхаи хеле мутамарказест, ки дер боз ҳамчун доруи алтернативӣ шинохта шудааст, хусусан барои рафъи мушкили ҳозима ва қабз истифода мешавад. Дар Тоҷикистон парвариши лимӯ дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон - Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Кӯлоб, инчунин дар водии Ҳисор ва ҳатто дар шимоли кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ парвариши лимӯ нисбат ба шимол дар зимистонгузаронӣ мусоид аст, зеро барои парвариши лимӯ ҳарорати баланд лозим аст.
2021 | октябр-декабр | САРЗАМИН
Роҳи Душанбе - Бохтар