САРЗАМИН
АПРЕЛ - ИЮН | 2019 | WWW.ZAMIN.TJ
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Кохи Наврӯз" макони баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР ИН ШУМОРА:
4 | ТОҶИКИСТОН - ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲОИ ОЛАМ
14-15 июни соли 2019 Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН»
Муассис: Сармуҳаррир: Кумитаи давлатии идораи замин Сатторзода Гулчеҳра ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маннон
Ҳайати мушовара: Маҳмадтоир Зокирзода Абдуҷаббор Раҳмонзода Ориф Хоҷазода Бобишо Холзода Азизмамад Каримзода Садриддин Давлатзода Зикриё Абдуллозода Умариён Раҳмон Фақерзода
ДАР ИН ШУМОРА: 6-7
8-9
CICA Тоҷикистон - дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои олам
ҲАМКОРӢ Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон
6-7
12-13
4-5
10-11
12-13 ГИРОМИДОШТ
Иштироки Сарвари давлат дар тантанаҳои идонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт
38-39
62-63
16-17 СОЗАНДАГӢ
Ба истиқболи бузургтарин ҷашнвораи миллӣ
62
20-23 СИМОИ МИЛЛАТ
Душанбе - қалби зебо ва рӯҳи тавонои Ватан
26-27 БАДАХШОН
"Дарвозаҳои тилло"-ии сарзамини камзамин
36-37 САРВАТИ БЕБАҲО 28-29
Риояи қонунгузории замин зери назорат аст
40-41 СОДИРОТ
40-41
54-55
Самараи заҳмат
46-47 ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ Дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ
60-61 НАВРӮЗГОҲ Боғи фараҳафзо
42-43
56-57 САЙЁҲӢ
Соҳаи аз ҳама сердаромад
Ҳайати эҷодӣ: Ҳафиз Раҳмон Манзар Раҳимов Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ
Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгир: Заур Дахте Муродзода Нақиб
Суроға: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru
Дар матбааи ҶДММ «Полиграф Групп» ба табъ расидааст.
6 | ТОҶИКИСТОН - ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲОИ ОЛАМ
Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Д
ар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бургузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо - Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдулҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
ни Рўҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Вазири Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё толори пурнақшу нигори “Зарандуд” интихоб гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд. Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сарони давлатҳои аъзои Машварат - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдулҳамид, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳаса-
ТОҶИКИСТОН - ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАСОНАҲОИ ОЛАМ | 7 корҳои хориҷии Шоҳигарии Баҳрайн Халид Аҳмад Муҳаммад Оли Халифа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам суханронӣ карданд. Баромадкунандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии гарм, меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори сипос карда, ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон баҳои баланд
доданд. Баъд аз анҷоми кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён “Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” қабул карда шуд. Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ин ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимонаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб
гардид. Ҷараёни кори ҳамоишро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос намуданд.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
8 | ФАРХУНДАПАЙ
САРЗАМИН | январ-март | 2019
ҲАМКОРӢ | 9
Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон Р
ӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард. 15-уми июн дар Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои истиқболи самимии ҳайати расмии Чин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, ба ташкили сатҳи баланди Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баҳои баланд дод. Ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” ва татбиқи босамари “Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин” омили муҳимми дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод
гардид. Ҷонибҳо ба хотири идомаи равобити пурсамари шарикии стратегӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика бо истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, маориф, фарҳангию гуманитарӣ, навоварӣ ва технологияро ҳамаҷониба баррасӣ карданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин маросими пардабардорӣ аз рӯи лоиҳаи биноҳои бунёдшавандаи Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Баъдан дар Қасри миллат маросими имзои санадҳо баргузор гардид,
ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмўъ 18 ҳуҷҷати нав ба имзо расид. Аз ҷумла, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд. Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон - “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1”-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карданд.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
10 | БУНЁДКОРӢ
Сафари Пешвои миллат ба ноҳияи
ДАНҒАРА А
з баракат ва самараи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати сартосарии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки аксар шаҳру навоҳии кишвар ба зоҳир хеле зебо ва дар ботин, яъне саҳмгузорӣ дар рушди умумии Тоҷикистон ангуштнамо гардидаанд. Данғара аз зумраи чунин ноҳияҳост. Он сол то сол тараққӣ карда, ҳоло ба яке аз навоҳии асосии истеҳсолкунандаи ғалла, тухмии зироат, ғизои чорво, маҳсулоти боғу полезиҳо дар вилояти Хатлон табдил ёфтааст. Рӯзҳои 23-24-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ин ноҳия қарор доштанд. Мусаллам аст, ки ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба ин ё он гӯшаи Тоҷикистон муждаи ободонию созандагиро дар пай дорад. Ин навбат низ Пешвои миллат дар ноҳия як силсила иншоотеро, ки аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бунёд шудаанд, ифтитоҳ карда, ҳамчунин бо дастовардҳои хоҷагидорон, ғаллакорон, чорводорон ва дигар ризқофарони вилояти Хатлон шинос шуданд. Зимни боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Данғара таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ дастрасии бештари аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифату арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамчунин хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази савдои Каёнӯш намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва навъҳои гуногуни паррандаю моҳӣ ва дигар дастовардҳоро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ муаррифӣ карданд. Эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки давоСАРЗАМИН | апрел-июн | 2019
Бояд гуфт, ки дашту саҳрои фароху заминҳои сарсабзи зироатҳои гуногун, иқлими мусоид ба рушди соҳаҳои зироаткорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва таҷрибаи ғании заҳматкашони ин диёр ноҳияи Данғараро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур кардааст. ми се соли минбаъда дар Тоҷикистон амал хоҳад кард, дар самти такмили инфрасохтори деҳот мусоидат менамояд. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат бо иловаи рушди деҳот ин иқдомро давоми се соли минбаъда низ амалӣ менамоянд, чунки дар ин муддат инфрасохтори деҳот комил гардида, заминаи зиндагии хубу сазовор барои аҳолӣ фароҳам мегардад. Дар ҳамин замина дар даромадгоҳи деҳаи «Пушинг» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг” мавриди истифода қарор дода шуд. Тавре гуфта шуд, ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамчиро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад. Акнун
рафтуомади бемамониати одамон ва нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли мусофиру мол осон хоҳад гашт. Бунёди роҳ дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ноҳияи Данғара арзёбӣ гардид. Роҳсозон дар вақти сохтмон ҳамаи талаботу меъёрҳоро ба инобат гирифта, роҳи пиёдагард, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузарро навсозӣ намуда, ҳамчунин ду шафати роҳро чароғон намудаанд. Дар идомаи сафар ҳамчунин мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5-и деҳаи Пушинг бо тамоми шароити мусоид ва бинои
БУНЁДКОРӢ | 11
таваллудхонаи муосир, ки дар шафати ин муассисаи нави таълимӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт. Тадбири мазкур дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак мусоидати фаъол менамояд. Бо мақсади ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти маркази саломатӣ, осон кардани мушкили мардум барои ташхису табобат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмону муҷаҳҳазгардонии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ба ҳукми анъана даромадааст. Дар деҳоти Пушинг қаблан бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард, ки ба ҳама сокинон ба таври қонеъкунанда хизмат расонида наметавонист. Барои комил намудани фароғати аҳолии деҳоти Пушинг дар назди таваллудхона ва паҳлуи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” ба истифода дода шуд. Масоҳати боғчаи фароғатӣ сифру аз даҳ 70 гектарро ташкил дода, он ба таври замонавӣ бо истифода аз таҷҳизоти равшанидиҳанда оро дода шудааст. Варзишгоҳи нав, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, барои ҷавонон шароити мусоиди машғул шудан ба варзишро фароҳам месозад.
Маҷмааи калони майдони Парчам, Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон, ки дар масоҳати 2,5 гектар бунёд шудааст, аз бахши дигари иншооте буд, ки дар ин деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон бо сокинони деҳа мулоқоти самимӣ доир намуданд. Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Лайло”, ифтитоҳи макони дигари сайругашти сокинони деҳаи Пушинг, боғи фарҳангию фароғатӣ ё тамошогоҳ ва ҳавзи калон, ки ба ифтихори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, аз ҷумла Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, бо иқдоми дастаҷамъонаи мардум
ва соҳибкорон дар давоми як сол навсозӣ шуд, аз ҷумлаи дигар иншооте буд, ки дар доираи ин сафар Пешвои миллат ифтитоҳ намуданд. Бузургони пешини мо се чизро мояи саодати одамӣ гуфтаанд: дил ба даст овардан, ба ҳама накуӣ кардан ва дар ободонӣ кӯшидан… Аз ин се амали ёдшуда ободкорӣ дар мадди аввал аст, зеро тавассути ободу зебо намудани як гӯшаи диёр ҳам дилҳо ба даст меоянд ва ҳам некии ободгарон дар мулки хотираҳо боқӣ хоҳанд монд. Данғараи имрӯза гувоҳи он аст, ки дар шароити ваҳдату ҳамбастагӣ метавон Тоҷикистонро ба сони нигини ангуштарини Осиё зебу зиннат дод ва саодати воқеии мардумро таъмин кард.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
12 | ГИРОМИДОШТ
Иштироки Сарвари давлат дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт Вожаи "ваҳдат" барои мардуми Тоҷикистон хеле ҳам муқаддас ва дар айни замон ғояи муҳим дар самти тақвият бахшидани пояи давлатдорӣ ва роҳ пеш гирифтан сӯи як ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ ва пешрафта мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳамаи суханрониву баромадҳои хеш ин дастоварди воқеан ҳам муҳими даврони соҳибистиқлолиро меситояд ва ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистони мустақилро ба ин вожа мадюн медонад. Имсол тантанаҳои ҷумҳуриявии ин ҷашни миллӣ дар водии Рашт
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Дар доираи як сафари корӣ, ки 4-рӯз идома кард, бо шарофати қадами мубораки Сарвари давлат ва баракати сулҳу ваҳдати миллӣ дар ноҳияҳои водӣ чандин иншооти гуногунтаъйинот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҳамчунин ба чандин иншооти дигар, ки дар самти такмили инфрасохтори деҳот мусоидат намуда, боиси баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегарданд, санги асос гузошта шуд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол воқеан ҳам ғояи аслии давлатдорӣ
буданашро нишон дод. Сокинони водии Рашт, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро таҷриба намудаанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсе, ки бо талошҳои созандааш ва ҷонбозию аз ҷонгузаштанҳояш тавонист ин неъмати бебаҳоро ба ин миллат ба пайғом орад, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд ва меҳру муҳаббати беандозаи худро нисбат ба ин шахси таърихӣ баён доштанд. Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифтааст.
ГИРОМИДОШТ | 13 Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суҳбату мулоқотҳои самимӣ, ки бо сокинони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт доштанд, аз истиқболи самимона ва эҳтироми бепоёни мардум изҳори миннатдорӣ намуда, аз сокинони водӣ ҳамчун мардуми заҳматдӯст ва самимӣ нисбат ба давлату давлатдории навини тоҷикон ситоиш намуданд. Роҳбари давлат бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин дастовард, ки мардуми тоҷикро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун намуд, таъкид доштанд, ки ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили неруманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки
онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Барномаи рангини фарҳангӣ, ки шоми 26-уми июн дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт сурат гирифт, баёнгари ваҳдати комили тоҷикон буда, аз ҷониби Роҳбари давлат баҳои баланд гирифт. Мавриди зикр аст, ки давоми ин солҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳо барои он ки мафҳуми сулҳу ваҳдат ба унвони ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ ва ҳамчун василаи муҳимтарини ҳи-
мояи манфиатҳои милливу давлатӣ дониста шавад сурат, гирифт. Мақоми меҳварӣ пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар таркиби тафаккури миллӣ барои рушди мамлакат роҳи васеътар боз намуда, пояҳои иқтисоди миллӣ ва рушди кишварро ҳамаҷониба тақвият бахшид. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон чун кишвари пешрафта ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
14 | ВАҲДАТ
Кафили иқболу саодати миллат 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи муҳим, оғози созандагиҳо ва ташаккули давлати воқеан ҳам миллӣ аҳамияти махсус дорад. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ чун ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозӣ ҳамдигарро неруи тозаву тақвият бахшида, барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва саодати ҳар як оила ва сокини кишвар асос гузошт. Агар Истиқлолияти давлатӣ дастоварди муҳим барои миллати тоҷик дар охири асри 20 ба шумор равад, пас ваҳдати миллӣ шароити мусоидро барои пешрафти давлат, шакл гирифтани институтҳои давлатӣ ва ҳамвор шудани роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки мо бо он
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
устуворона пеш меравем, мусоидат намуд. Ин ҳама далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Самараи ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ имкон фароҳам овард, ки қонунҳои танзимкунандаи соҳаи замин низ такмил
ёбанд. Тақсими заминҳои Президентӣ ба мардум ҷиҳати пешбурди зиндагӣ, ки дар ду марҳала солҳои 1995 ва 1997 амалӣ гардид, ки ғамхории роҳбари давлат ҷиҳати раҳоӣ бахшидани мардум аз бӯҳрони иқтисодӣ буд. Ҳамин тавр, соли 1995 50 ҳазор гектар ва соли 1997 25 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим
ВАҲДАТ | 15 карда шуд ва сокинон бо меҳнати шарафмандона зиндагии худро дар он рӯзҳои вазнин пеш бурданд. Аз рӯи саҳм тақсим кардани замин ва таъсис додани хоҷагиҳои алоҳидаи деҳқонӣ, инфиродӣ, оилавӣ ва ҷамоавӣ низ дар самти рушди соҳа мусоидати фаъол намуд, ки ин ҳама бо шарофтаи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ба даст омаданд. Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 186 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд, ки дар маҷмӯъ, онҳо майдони беш аз 573 ҳазор гектар замини корами обиро дар ихтиёр дошта, барои беҳ шудани зиндагии хеш ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти босамар доранд. Бо истифодаи ҳар қитъа замини зархези диёр мо бояд барои фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии буҷети давлат саҳми шоиста гузорем. Ба хотири беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони мамлакат марҳала ба марҳала дар замони соҳибистиқлолӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд дар асоси қарорҳои марбутаи Ҳукумати ҷумҳурӣ замини надиҳавлигӣ тақсим гардидааст. Тавре дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд, «дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст. Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд. Бо ин мақсад дар 70 соли то замони истиқлолият ҳама-
Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд». Мавриди зикр аст, ки бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2009 то соли 2017 барои оилаҳои эҳтиёҷманд майдони 30492,47 гектар замин ҷудо гардид, ки то имрӯз 22978,22 гектари он ба 221370 оила тақсим карда шудааст. Масоҳати заминҳои боқимонда низ марҳала ба марҳала ба ниёзмандон ҷудо карда мешавад. Барои мо ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист. Халқи тоҷик асолати фитрӣ ва рисолати таърихии худро ба ҳам овард, аз гирдоби бало раҳоӣ ёфт ва имрӯз мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз
намекунанд. Рӯйдодҳои таърихӣ хусусияте доранд, ки аҳамияташон на дар замони вуқӯъ, балки бо гузашти солҳо дарк карда мешаванд. Имрӯз ҳар қадар ки аз ин санаи таърихӣ фосила мегирем, ба ҳамон андоза нақш ва аҳамияти он дар мавҷудияти кишваре бо номи Тоҷикистон бештар ба чашм мерасад. Ба муносибати ин ҷашни фархундаю пуршараф, ки ифодакунандаи сулҳу амният, осоиштагӣ, таҷассумгари шодиву нишот ва ҳамдигарфаҳмии ҳар як фарди худшинос аст, бо ифтихормандии зиёд Шуморо самимона муборакбод гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, хушиқболӣ ва тани сиҳат орзу мекунам.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
16 | СОЗАНДАГӢ
Ба истиқболи
бузургтарин ҷашнвораи миллӣ Истиқлолият аз ҷумлаи дастовардҳои беназир ва ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки тавассути талошҳои пайгирона ва ҳадафмандона ба он комёб гардидем. Ҳамасола солгарди он бо шукӯҳу шаҳомати вижа дар қаламрави кишвар таҷлил мешавад. 30-солагии ин ҷашни умумимиллӣ бо омодагии ҳамаҷониба ва раванди босуръати корҳои созандагиву ободонӣ дар сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру навоҳии мамлакат ба таври хотирмону шоиста истиқбол мегардад.
Б
о қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замини ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки аз 34 банд иборат мебошад. Тибқи нишондодҳои нақшаи мазкур дар назар аст, ки давоми 3 соли оянда вусъати корҳои ободонӣ дар сохторҳои Кумитаи давлатӣ таъмин гардида, биноҳои маъмурию хизматрасонӣ, иншооти ёрирасон ва САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
корхонаҳои соҳавӣ таъмиру навсозӣ карда шаванд. Ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру тармими бинои маъмурӣ, шинондани гулҳои ороишӣ ва ниҳолҳои сояафкан мунтазам бо риояи қоидаҳои агротехникиву парвариш дар Кумитаҳои идораи замин ва КДФ “БММҒ”-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил карда мешавад. Бунёди бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии
молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Восеъ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷумлаи иншооти ҷашние мебошад, ки сохтмони онҳо соли 2018 пурра ба анҷом расида, барои фаъолияти кормандони соҳа пешниҳод гардид. Шароити фароҳамгашта дар иншоот имкон дод, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон беҳтар гардад. Сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и
СОЗАНДАГӢ | 17 шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Фархор, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуҷанд, Исфара, Деваштич, Рушон, Ваҳдат, Турсунзода, Тоҷикобод, Варзоб ва Файзобод аз ҷумлаи иншооти бунёдшаванда ба истиқболи сазовори ин ҷашни фархунда мебошад, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаҳои идораи замин ва Корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳру ноҳияҳои номбурда бо сифати баланд ва дар доираи талаботи шаҳрсозию меъморӣ корҳои сохтмонию бунёдиро ба анҷом расонанд, то ки шароити беҳтари кору фаъолият барои мутахассисон фароҳам гардад ва дар ин замина симои маркази ин воҳидҳои маъмурии мамлакат зебову назаррабо бошанд. Бунёди бинои истиқоматии баландошёна барои кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгирии кормандон ба таври ипотека аз ҷумлаи бандҳои асосии нақшаи чорабиниҳо мебошад, ки он то соли 2021 амалӣ карда мешавад. Зимнан масъулини Кумитаҳои идораи замин ва Корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳоло вазифадор шудаанд, ки дар арафаи ид матни шиору овезаҳоро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуда, ороиши биноҳои маъмуриро таъмин намоянд. Мунтазам ташвиқу тарғиб намудани арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи минбари маҷаллаи “Сарзамин” аз бахшҳои дигари нақшаи чорабиниҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, гузаронидани санҷишҳо оид ба риояи қонунгузории замин ва таҳти назорати доимӣ қарор додани истифодаи самараноку оқилона ва ҳифзи замин аз бахшҳои
Масъулини Кумитаи давлатӣ мақсад гузоштаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллӣ давоми се сол 3667 гектар дар вилояти Хатлон, 3706 гектар дар вилояти Суғд, 350 гектар дар ВМКБ ва 1254 гектар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ заминҳои холимондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд. Иловатан танҳо дар мавзеи Кокули вилояти Хатлон 320 гектар замини аз гардиш бозмонда бо роҳандозии тадбирҳои мусоидаткунанда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Бунёди боғҳои нав дар заминҳои чарогоҳ ва корами лалмӣ, талу теппаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назар дошта шудааст, ки тадбирҳои бунёдӣ дар мисоли гузаронидани оби полезӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиёт оғоз гардидааст. муҳимми фаъолияти кормандони Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Кормандони соҳа ҳадаф гузоштаанд, ки ба истиқболи ин ҷашни умумимиллӣ назорати истифодаи самараноки заминро бештар намуда, маданияти баланди истифодаи онро таъмин намоянд. Ташкилу баргузории маҷлисҳои тантанавӣ, ҳамоишу машваратҳои маърифатӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои дав-
латии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии кормандони соҳа, пойдору устувор намудани арзишҳои сулҳу суботи комили ватан мусоидат менамоянд. Бо ин мақсад дар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур ташкили чорабиниҳои илмиву оммавӣ дар сохторҳои шаҳриву ноҳиявии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ки марҳала ба марҳала амалӣ хоҳанд шуд.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
18 | ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Маърифати экологӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
А
сосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва зимни мулоқоту вохӯриҳояшон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паёмадҳои номатлуби экологӣ, ки ба рушди бисёр аз давлатҳои дунё садд мегузорад, ёдовар мешаванд ва бо мақсади сабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба сохторҳои дахлдор супоришу тавсияҳои судманд медиҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосатан дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла беҳдошти вазъи экологӣ, олами набототу ҳайвонот, такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем. Имрӯз дилпурона гуфта метавонем, ки хушбахтона, дар ҷумҳурии мо низоми тарбия ва маърифатӣ ташкил ва роҳандозӣ карда шудааст, вале албатта ба рушди минбаъда ниёз дорад. Дар асоси қонунгузории амалкунанда заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маърифати экологӣ таҳия карда шудааст. Аз соли 2010 дар қаламрави мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” қабул гардид ва Кумита дар татбиқи талаботи он кори зиёдеро амалӣ намуд. Инчунин зарурати рушди маърифати экологӣ, бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор, дар як қатор барномаҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Дар ҷумҳурӣ “Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ то соли 2000 ва дар давраи
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
то соли 2010” татбиқ гардида буд, ки дар амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои он мо ба натиҷаҳои хуб ноил гардидем. Барномаи мазкур барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ, инчунин ба ташаккули тафаккури экологии шаҳрвандон ва мавқеи фаъоли онҳо оид ба ҳифзи муҳити зист равона шуда буд. Табиист, ки дар доираи чорабиниҳои як барномаи муҳлатнок наметавон ба мақсадҳои ниҳоӣ ноил гашт. Бо назардошти ин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" қабул гардид. "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" аз 5 боб ва 73 банд иборат буда, солҳои 2015–2020ро дар бар мегирад. Аз оғози татбиқи Барнома то охири соли 2018 31 банди умумии нақшаи чорабиниҳои он иҷро гардида, 42 банди дигар дар ҳолати корӣ қарор дорад, ки 43%-и иҷрои комили Барномаро ташкил медиҳад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, воситаҳои ахбори омма то имрӯз корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Баҳри татбиқи Барномаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2019, №167 бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ таъсис дода шудааст, ки мунтазам ҷаласаҳо гузаронида, оид ба иҷрои бандҳои муҳлатноки он қарорҳои дахлдор мебарорад. Ҳамзамон дар тамоми сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои маҳаллии байниидоравӣ фаъолият намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодаашон ба мақомоти салоҳиятдор, ки Кумита мебошад, ҳисобот манзур менамоянд. Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи босамари Барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ҳамасола чорабиниҳои гуногун, аз қабили машварату конфронсҳо ва суҳбату вохӯриҳо, аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал”, “Тозагии роҳ” гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон ва ба ин васила барои таъмини амнияти экологии кишвар мусоидат менамояд. Бо мақсади ҷалби бештари журналистони воситаҳои ахбори омма ба масъалаю муаммоҳои экологӣ, аз қабили истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии ВАО гузаронида шуда, аз ҷониби комиссияи озмун ғолибони бахшҳои телевизион, радио ва мутбуот бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд. Озмунҳои аз соли 2015 то 2018 байни журналистон эълонгашта мавзуъҳои “Оби тоза ва муҳити солим” (с. 2015), «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда-омили муҳимми
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ | 19 Қобили зикр аст, ки аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат, бо назардошти афзун гардидани шумораи аҳолӣ, рушди истеҳсолот, паёмадҳои номатлуби экологӣ, ҷамъшавии рӯзафзуни партовҳо дар шаҳрҳои калон, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешгирии тағйирёбии иқлим» (с. 2016), “Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон” (с. 2017) ва “Табиати Тоҷикистон макони сайёҳист” (2018)-ро дарбар гирифт, ки ин тамоюл барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки ин гуна озмунҳои эҷодии экологӣ ҳамасола байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо номинатсияҳои расму ҳикоя, мақолаю шеър, корҳои тадқиқотию меъморӣ, видеофилму видеоролик ташкил ва гузаронида мешаванд. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ доир намудани чорабиниҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз қабили гузаронидани машварату вохӯриҳо байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғча, донишкадаву донишгоҳҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва қишрҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Соли 2015 502 маротиба дар ҳудуди Вилояи Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ машварату конфронсҳои илмӣ-оммавӣ доир ба мавзӯъҳои марбута
ташкил ва гузаронида шуданд. Ин нишондод дар соли 2016 284 адад, соли 2017 497 ва дар соли 2018 656 ададро ташкил медиҳад. Самти муҳимми дигари фаъолияти мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд, ин ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма мебошад. Тавассути сомонаи расмии Кумита соли 2015 325 маводи иттилоотӣ, аз қабили вохӯриҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист бо доираи гуногуни аҳолӣ, дигар чорабиниҳои марбута, семинару конфронсҳо дар самти иттилоърасонию маърифатбахшии экологии аҳолӣ ҷой дода шуданд. Ин рақам дар солҳои 2016 261 адад, 2017 282 ва дар соли 2018 353 ададро ташкил мекунад. Барои иҷрои бандҳои Барнома аз рӯзи қабул то охири соли 2018 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, маблағҳои хусусӣ, кумаки молиявии ташкилотҳои байналмилалии экологӣ ва дигар манбаъҳо дар маҷмуъ 1 миллиону 96 ҳазору 121 сомонӣ сарф гардидааст. Қайд кардан лозим аст, ки тибқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015,
№178 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба иҷрои Барнома бояд ҳар сол то 1 декабр ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Тибқи банди 4-и қарори дар боло зикршуда Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаи иҷрои Барнома ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур намояд. Аммо, мутаассифона, на ҳамаи мақомоти давлатӣ ва вазорату идораҳо талаботи банди 2-и қарори мазкурро риоя менамоянд. Баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ вазифаи дастаҷамъонаи ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, аҳли ҷамоатчигӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва дар маҷмуъ, кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Боварии комил дорем, ки бо ҳамоҳангӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муфид бо мақомоти дахлдор дар таъмини иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкур дар рушду гулгулшукуфии ҳар як шаҳру деҳоти Ватани азизамон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
20 | КАФИЛИ СУЛҲ
Шукронаи ваҳдат, ки ба миллату давлат саодат овард Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд
Б
исту ду сол муқаддам тавассути ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар шуда, саҳифаи нави давлатдорӣ дар китоби таърихи тоҷикон боз гардид. Санади тақдирсози мазкур рамзи ба ҳам омадану сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонд ва ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Имрӯз мо шукрона мекунему ифтихор дорем, ки мардуми кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул бартараф намуда, арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватанро азизу мукаррам дониста, пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин карданд, ки ин раванд мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён намоиш медиҳад. Имрӯз, вақте ки ба ҳодисаҳои даҳсолаи охири асри ХХ назар мекунем, ба хубӣ дарк менамоем, ки ҳусни тафоҳуми бародаронаи тарафҳо, ки САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
санаи 27-уми июни соли 1997 ба амал омад, иқдоми бузурги таърихӣ ба сӯи ояндаи дурахшон буд. Дар лаҳзаҳои хеле ҳассос, ки тақдири давлати миллии тоҷикон, қисмати халқи тоҷик ҳал мешуд, абармарде чун Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омада, дарди миллатро дар қалби хеш ҷо карда, рисолати вазнини наҷотбахширо ба дӯш гирифтанд ва бо хирадмандии фитрӣ, истеъдоди шоистаи кишвардориву сиёсати ҳаётофарин, бо муҳаббату ихлоси бепоён ба муқаддасоти миллӣ дар синаҳои мардум чароғи ҳамдигарбахшиву таҳаммул ва сулҳро фурӯзон карданд ва ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат эътироф гардиданд. Маҳз, ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи воқеӣ гузошт, ки тавассути он бо ибтикори дурандешонаи Сарвари давлат Ватани азизамон ба дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гашта, ба узвияти як идда созмонҳои умумиҷаҳонӣ пазируфта шуд. Алҳол Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар раванди бунёди ҷомеаи навин қарор дорад ва зарур аст, ки баҳри дар умқи андешаҳои ҳар як фарди бедордил ҷой додани мафҳумҳои ояндасоз, ба монанди андешаи миллӣ, забони миллӣ, фарҳанги миллӣ, иқтисоди миллӣ, асъори миллӣ, бозори миллӣ, мутахассисони миллӣ ва ғайра
талош варзем ва сатҳи саводнокӣ, чаҳонбинӣ, маданият ва рӯҳияи миллиро густариш бахшем. Дар ин амали хайр бояд фаъолону созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ нақши муассир дошта бошад. Чунки эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ ва дар заминаи он рушд ёфтани фарҳангу тамаддуни муосири миллати тоҷик воситаи муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули рушди ҷаҳонбинии нави ваҳдати миллӣ буда, халқу миллатро ба ваҳдату ягонагӣ ва шукуфоиву бунёдкорӣ мерасонад. Дар раванди истиқрори сулҳ дар кишвар бо ибтикори башардӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон фарҳанги нави сулҳ ва таҳаммулпазирӣ ҳамчун падидаи тоза арзи ҳастӣ намуд, ки дар таърихи башарият камназир мебошад. Дар муддати хеле кутоҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷодаи давлатсозию ватандорӣ ҷаҳиши бузурге ба амал омад ва мамлакат комёбиҳои бузургу назаррасро соҳиб гардид. Тазаккур бояд дод, ки кӯшишҳои суботкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои эҷоди фазои орому осуда дар ҷаҳон ва минтақа аз ҷониби шарикони рушд ва мамлакатҳои сулҳхоҳи сайёра муҳим арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, барои ҳалли масъалаҳои мубрами
КАФИЛИ СУЛҲ | 21 ҷомеа, хусусан танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати ин диёри аҷдодиро азиз мешуморад, бояд ин дастовардро ҳамеша эҳтиром намояд ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандии хеш донад. Пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки бо ибтикор ва азми сиёсии сарони давлатҳои ҳамҷавор - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек, робитаҳои мутақобилан судманди давлатҳо дар сатҳу сифати нав барқарор гардад ва густариш ёбад. Тавассути сулҳи пойдор мардуми мамлакат бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот,
саноатикунонии босуръати кишвар ва эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ рӯ овард. Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо ҳама чун як тан бо заҳмати созанда барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ бинем, ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бунёдкориро равнақи тоза бахшем ва барои амалигардонии 1300 рӯзи ободонӣ иқдом намоем. Шарофати сулҳу ваҳдати саодатбор аст, ки дар сартосари мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд иншоотҳои азими аҳамияти умумидавлативу байналхалқӣ дошта, аз қабили иншооти соҳаи энергетика, шоҳроҳҳо, корхонаҳои бузургу миёнаи истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо, боғу гулгаштҳо ва варзишгоҳҳои муҳташам бунёд шуда истодаанд. Маҳз бо шарофати пойдории сулҳ ва ваҳдат мо тавонистем дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тӯли солҳои охир садҳо иншооти ҳаётан муҳимми иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатии хурду миёна ва калони саноатиро мавриди
баҳрабардорӣ қарор диҳем, ки ба фаъолияти аксари онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшидаанд. Бо боварии комил таъкид мекунам, ки агар бунёди иншооти бузурги иқтисодӣ - истеҳсолӣ ба рушди иқтисодии вилоят ва кишвар мусоидат менамуда бошанд, ба истифода дода шудани иншооти бузурги иҷтимоӣ дар болоравии рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии мардум нақши босазо мегузоранд. Аз ин рӯ, «барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон, - таъкид мекунанд Сарвари давлат, - ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон, вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихиамон – истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем».
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
22 | СИМОИ МИЛЛАТ
Душанбе
– қалби зебо ва рӯҳи тавонои Ватан
Б
ино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷойноми Душанбе нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ дар оғози асри XVII ва дар номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич моҳи декабри соли 1676 ёд шудааст. Дар яке аз санадҳои соли 1826 қайд гардидааст, ки ин шаҳрро Душанбеқўрғон ном мегирифтаанд. Қалъаи Душанбе дар канори чапи рўди Варзоб ҷой гирифта, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдоварӣ аз ҳамон бозор аст. Азбаски ин маконро Душанбебозор мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷойи ин бозор пайдо шуда буд, Душанбе ном гирифт. Соли 1924 пас аз ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Душанбе пойтахти он эълон гардид. 16 октябри соли 1929 номи Душанбе ба Сталинобод иваз гардид. Соли 1961 дубора боз Душанбе номгузорӣ шуд. Душанбе яке аз марказҳои калонтарини илмию фарҳангии мамлакат САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
ба шумор меравад. Нақши Душанбе дар эҳё ва рушди фарҳанги миллати тоҷик басо бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик - Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар рушди адабиёти тоҷик на танҳо дар ватани худ, балки дар тамоми минтақаи форсизабонон саҳм гузоштаанд. Ҳаёту фаъолияти онҳо асосан дар Душанбе сипарӣ гардидааст. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри озодаву дилрабои Душанбе чун анъана аз гузаштагонаш дӯстпарвару меҳмоннавоз аст. Бо чанде аз пойтахтҳои кишварҳои хориҷӣ аҳду паймони дӯстиву рафоқат ва садоқати бародаршаҳрӣ дорад. Душанбеи шукуфон имрӯз 18 шаҳри бародар дар гӯшаҳои гуногуни дунё дорад. Соли 1966 аҳди бародариро бо шаҳри Лусакаи кишвари Замбия бастааст. Инчунин шаҳрҳои Санъои Ҷумҳурии Яман, Манастири давлати Тунис, Лоҳури Покистон, Клагенферти Австрия, Болдери ИМА, Ройтленгени
Олмон, Мазори Шарифи Афғонистон, Шероз ва Теҳрони Эрон, Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Мински Беларус, Урумчӣ, Сиамен, Хайнан ва Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Анқараи Туркия ва Ашқобод бо шаҳри Душанбе, пойтахти сабздомону гулбаоғӯши Тоҷикистон паймони бародаршаҳрӣ доранд. Ҳоло бо тадбирандешиҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ҳама соҳаҳо дар пойтахти кишвар батадриҷ рушд намуда, ба дастовардҳои муҳим ноил гардида истодааст. Бунёду азнавсозии даҳҳо километр роҳҳо, истгоҳҳои наву замонавӣ, воридоти воситаҳои нақлиёти мусофирбарии гуногунтамғаи бисёрғунҷоиш, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва боғу гулгаштҳо, биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ дар шаҳр босуръат идома доранд. Давоми се соли охир бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани иншооти варзишию фароғатӣ дар гӯшаву канори шаҳри Душанбе дар самти ба варзишу солимгардонӣ фаро гирифтани аҳолии пойтахт, махсусан
СИМОИ МИЛЛАТ | 23 ҷавонону наврасон, таҳаввулоти назаррас ба миён омад. Соли 2017-2018 наздик ба 200 адад майдончаи муосири варзишию солимгардонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бунёд гардид. Ҳамзамон соли 2019 иловатан 58 иншооти дигари таъиноти варзишӣ сохта хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои солимгардонӣ босуръат идома доранд. Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи шаҳрдорӣ давоми беш аз ду соли охир дар ҳудуди пойтахти мамлакат 61 боғу гулгаштҳо таҷдиду навсозӣ шуданд. Имрўз дар пойтахт 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот дар хидмати мардум қарор доранд, ки дар ҳар кадоми онҳо шароити хуби сайругашт ва истироҳату фароғат мавҷуд мебошад. Тадбирандешиҳои ҳамешагӣ ва иҷрои саривақтии нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ободониву созандагӣ боис гардид, ки пойтахт ба шаҳри намунавию зебо табдил ёбад. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмуриву хизматрасонӣ, чароғонкунии кӯчаву хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо усули муосир ва истифодаи воситаҳои
Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2017 тасдиқ гардидааст, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол ва шарқу ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025 ва 25 ҳазор гектар дар соли 2040, инчунин то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ шудааст. Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳилаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст. техникиву светодиодӣ, дигаргунсозии куллии инфрасохтори роҳу нақлиёт Душанберо аз ҳар ҷиҳат ба шаҳри назаррабо ва ба маркази таваҷҷуҳи сайёҳон табдил додаанд. Тарҳрезии нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба бунёди биноҳои нави баландошёна ва марказҳои муосири хизматрасонӣ дар заминаи биноҳои садамавию пастошёнаи шаҳр ва татбиқи ҳамаҷонибаи он ба симои пойтахт шукӯҳу шаҳомати тоза бахшидааст. Дар ин замина консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои
беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин нишондод 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи ҳунари баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд. Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12-ошёна буда, дар идомаи ташаббусу иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки тайи ду соли охир боиси ба куллӣ дигаргун шудани симои пойтахт гардидааст, бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корезӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин самт босуръат идома доранд. Ҳамин тавр, айни замон корҳои бунёдӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳр авҷу суръати тоза дорад.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
24 | СОДИРОТ - ОМИЛИ НЕКИ БЕҲБУДИҲО
Б
Боздиди Вазири кишоварзии Федератсияи Россия аз хоҷагиҳои вилояти Хатлон
о қаноатмандӣ бояд гуфт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар ҳама самтҳо густариш ёфта истодааст. Ҳадафи ташрифи гурўҳи корӣ бо роҳбарии Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Д.Н. Патрушев ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба он хотир аст, ки аз кори боғдорону кишоварзон дидан намуда, дар дастрасии технологияи навин дар истеҳсолот мусоидат намоянд ва ҳамкориҳоро дар самти кишоварзӣ ва содироти меваву сабзавот ба Россия тақвият бубахшанд. Намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбаладии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ аз намоишгоҳи аҳли заҳмату ҳунари сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён дидан карданд. Аз намоишгоҳ аён буд, ки деҳқонони ноҳия дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи обу замин, тухмиҳои хушсифат таҷрибаи ғанӣ андӯхта, имрӯзҳо бо содироти меваю сабзавот ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ муаррифгари миллати тоҷик мебошанд. Дар ҳамин ҷо меҳмонон боғи хоҷагии «Сорбонҷон»-ро тамошо карданд. Ин боғи намунавии мевааш содиротшаванда 5 сол пеш бунёд гардида, имрӯзҳо ниҳолҳои гелос, олу, зардолу ва ғайра ғарқи ҳосиланд. Меваҳои шаҳдбори чунин боғҳо на танҳо бозорҳои истеъмолии дохилиро арзониву фаровонӣ мебахшанд, балки ба содироти бештари мева ба хориҷи кишвар заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Аз ин нигоҳ, дар ноҳияи Кӯшониён майдони боғҳо васеъ гардида, кишоварзон ҳамасоСАРЗАМИН | апрел-июн | 2019
16-уми майи соли равон бо роҳбарии Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Николаевич Патрушев ҳайати намояндагон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён меҳмононро самимона истиқбол гирифтанд. ла 3500 - 3600 тонна мева содирот менамоянд. Миёни истеҳсолкунандагони ватанӣ ва намояндагони Федератсияи Россия роҷеъ ба сифати маҳсулот мубодилаи афкор сурат гирифт. Ин далел ба он хулоса аст, ки минбаъд ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия густариш ёфта, самараи дилхоҳ барои ҳарду ҷониб хоҳад дод. Барои содироти маҳсулот ва тақвияти ҳамкориҳо заминаи воқеӣ фароҳам оварда мешаванд. Дар мавсими имсола аз ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол" беш аз 120 тонна маҳсулот ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот шудааст. Намояндагони Федератсияи Россия дар ин рӯз, ҳамчунин аз боғи олуи хоҷагии «Ниёзмуҳаммад Беков», шафтолубоғи хоҷагии ба номи «Сафар Ҷумъаев»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, анорбоғи хоҷагии «Баҳор», намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои миллӣ ва фаъолияти кишоварзони хоҷагии тух-
мипарварии ба номи «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ ва ҷамъоварии пиёз ва кишти такрорӣ бо техникаи муосир дар хоҷагии деҳқонии «Собириён», гармхонаҳои сабзавот ва майдони кишти полезии хоҷагии деҳқонии «Назриён» ва гармхонаҳои лимӯпарварии хоҷагии «Абдураҳим Тоҳиров»-и ноҳияи Ҷайҳун аз наздик шиносоӣ пайдо карданд. Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ кишоварзони вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки ин нуктаро бори дигар зимни сафари намояндагони Федератсияи Россия аз шаҳру ноҳияҳои вилоят эҳсос намудем. Тайи чор моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 79,2 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 55262 тонна сабзавот, 1649 тонна картошка ва 402 тонна меваҷот истеҳсол шудааст.
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН | 25
Бунёди боғоти нав Замин моликияти истисноии давлат аст. Ба хотири аз рӯи таъинот истифода гардидани ҳар порчаи он ва татбиқи ҳамаҷонибаи нишондоди қонунгузории соҳа кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Конибодом мунтазам тадбирҳои мусоидаткунандаро амалӣ менамоянд. Ҷиҳати самаранок ва оқилона истифодабарии заминҳои кишоварзӣ ва ба истеҳсолот ворид намудани қитъаҳои аз кишт берун монда, ҳамзамон ҷалб кардани соҳибкорону шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба гардиш ворид намудани заминҳои холимонда, таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонии ёрирасон аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.
Абдусалом Тухтасунзода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Конибодом Дар самти бунёди боғҳои нав дар ҳудуди шаҳри Конибодом тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидааст. Дар доираи нақшачорабиниҳои Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар самти ташкили боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ,
чарогоҳ, бекорхобида ва партов барои соли 2019 мебоист, ки дар ҳудуди шаҳр дар майдони 41,0 гектар боғи нав бунёд шавад. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ боғҳои навтаъсис давоми соли ҷорӣ то ба 105,48 гектар васеъ гардид. Кишти картошка низ имсол дар шаҳр аз нақша зиёд иҷро гардидааст. Кишоварзон дар майдони 201,36 гектар кишти картошка гузаронидаанд. Ҳамзамон дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳри Конибодом
кишоварзони соҳибтаҷриба кишти пахта, ғалладонагиҳои баҳорӣ, пиёз, ҷуворимакка, зироатҳои полезӣ, шолӣ, зироати хӯроки чорво ва анвои дигари сабзавотро ба роҳ мондаанд. Зеро иқлими шаҳр барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқ аст. Кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон мунтазам тадбирҳои агротехникиро баҳри таъмини фаровонҳосилӣ дар мазраҳои беканори ин гӯшаи диёр дар амал пиёда менамоянд.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
26 | БАДАХШОН
"Дарвозаҳои тилло"-ии сарзамини камзамин Дар арафаи ҷашни 10-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бадахшонро “дарвозаи тилло”-ии Тоҷикистон номида буд. Ва ҳамон сол поя ва таҳдоби дарвозаҳо гузошта шуд. Аз даҳ омили наҷоти ин минтақа Пешвои миллат муҳимтаринаш бунёди роҳро дар мадди аввал гузошт.
Т
ибқи ривоятҳо, Ҳаким Носири Хисрав дар се сол ва сайёҳи итолиёвӣ Марко Поло, ки ин сарзаминро “водии марг” номида буд, тай кардаанд. Аврупоиёни дунёи қадим танҳо бо нияти кашфи роҳ қитъаҳои гуногуни оламро тасхир кардаанд. Мутаассифона, дар ҳазор соли охир касе ин сарзаминро кашф накарду ба андозаи як чақрим ҳам роҳи кӯҳистонро бунёд нанамуд. Яке аз сиёсатмадорони намоён ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ Қозидавлат Қоимдодов бо як олам андуҳ ёдрас кардааст, ки “ ҳатто муқтадиртарин давлат - Иттиҳоди Шӯравӣ аз бунёди шоҳроҳҳо даст кашида, сохтмони роҳи Душанбе - Дарвоз Хоруғро серхарҷу камфоида арзёбӣ намуда буд. Мардуми ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим дар 6 моҳ тариқи
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
парвоз ба пойтахт ва аз тариқи роҳи яккилометраи ҳудуди Қирғизистон мерасиданд. Дар фасли зимистон тавассути шаҳрҳои Ленинобод, Ӯш, Мурғоб ба Хоруғ мерасиданд. Ҳатто барои ВМКБ як барнома бо номи боркашонии барвақтӣ матраҳ буд, ки дар фасли тобистон маводи ниёзи мардумро дар анборҳо захира мекарданд. Фалокати гуруснагии соли 1969-умро то ҳол мардум дар ёд доранд. Он айём роҳи Ӯш-Хоруғ низ баста шуда, дар вилоят захираи орду сӯзишворӣ тамом шуда буд. Сарвари давлат дар рӯзҳои басо мушкили вазъияти марзӣ ва даргириҳои дохилӣ соли 1996 супориш доданд, ки лоиҳаи нимтайёри роҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз Хоруғро аз бойгонӣ бароранд. Мутаассифона, дар бойгонӣ ба ҷуз хари-
таи роҳ чизеро пайдо накарданд. Бо вуҷуди мухолифати мутахассисон Сарвари давлат сохтмони роҳро оғоз намуд. Касе бовар надошт, ки баъди ду соли тақвимӣ Сарвари давлат худаш сари чамбараки мошин роҳи мушкилгузари Девдараро убур мекунад, орзуи ҳазорсолаи мардуми кӯҳистон амалӣ шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин роҳ Пешвои миллат зикр карданд, ки “дар зарфи солҳои истиқлолият ҷиҳати ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил додани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар самти Душанбе – Хоруғ - Мурғоб то ағбаи Қулма беш аз 15 лоиҳаи сармоягузорӣ барои таҷдиду бунёди роҳу пулҳо амалӣ гардида, тавассути қаламрави шарқии мамлакат Роҳи бузурги абрешим баъди сукути чандинасра аз нав эҳё карда мешавад”. Ва инак дар зарфи 28 соли охир ба миқдори 22 буҷаи солонаи соли 1991 ВМКБ танҳо барои бунёди роҳҳои Бадахшон сарф гардид. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 2300 километр роҳҳои вилоят аз нав сохта ва таъмир гардиданд. Ҳамзамон бо дастури Пешвои миллат шоҳроҳҳо бо инфрасохторҳои иҷтимоию маишӣ бунёд шуданд. Боз як иқтибосро аз гуфтори Қозидавлат Қоимдодов – собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас мекунем: “Соли 1995 ҳангоми ташриф ба ноҳияи Шуғнон Пешвои миллат ба он тарафи марз назар дӯхта гуфт: - Роҳи ин мардум - тоҷикони Афғонистон низ наздик хоҳад шуд. Пулҳо бунёд мекунем..." Беш аз ҳазор сол абарқудратҳо ва империяҳо сарзамини тоҷиконро табартақсим карданд. Пас аз созишномаи соли 1895 байни Британияву
БАДАХШОН | 27 Россия Бадахшон ду тақсим шуд. Дарёи Панҷ ин сарзамини афсонавиро ду пора кард. Баъдан дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ байни мардуми Бадахшон хатти марзи шадид кашида шуд. Ду бародари деҳаи Дармрахти ноҳияи Шуғнон 45 сол ҳамдигарро дар масофаи 20 метр тамошо мекарданд, аммо ҷуръати муоширату равобит надоштанд. Банда шоҳид будам, ки бародари калонӣ он сӯи марз ба марги модараш зор - зор мегирист. Аммо илоҷи дидорбинӣ надоштанд. Тоҷикони ду самт дарду андӯҳи ҳазорсолаашонро дар соли 2001 дар яке аз мулоқотҳо бо сокинони Бадахшони Тоҷикистон арз доштанд. Сарвари давлат барномаи сохтмони нахустин пули марзиро пешниҳоди сармоягузорон намуд. Бори нахуст дар тӯли 1300 сол дар ҳудуди Бадахшон дар маҳаллаи Теми ВМКБ байни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пули мошингузари замонавӣ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Пешвои миллат ба мардуми ҳарду Бадахшон муроҷиат намуданд. Бо ҳамин суръат соли 2004 пули дуюм дар ноҳияи Дарвоз ва баъдан дар ноҳияи Ишкошим боз шуданд. Соли 2015 бо тақозои мардуми Бадахшони Афғонистон дар Хумроғии Дарвоз пули дигаре бунёд гардид. Имрӯз 5 пули мошингузар бо тамоми инфрасохтори муҳим равобити ду вилоятро таъмин мекунанд. Дар назди марз бозорҳо ва марказҳои тиҷоратии байналмилалӣ фаъолият мекунанд. Дар тантанаи гузоштани санги асоси пули Шӯрообод Пешвои миллат зикр карданд: “Тавре ки ҳамватанони мо хуб медонанд, Ҳукумати мамлакат бо роҳи татбиқи даҳҳо лоиҳаи хурду бузурги сармоягузорӣ ба истифода додани роҳу пулҳои дохиливу байналмилалӣ ва нақбҳоро вусъат бахшида, тавассути онҳо робитаи нақлиётии байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварро дар чор фасли сол таъмин намуда, ҳамзамон бо ин, рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулотро ба хориҷи мамлакат торафт афзоиш медиҳад”. Бунёди коммуникатсияи муосир
имкон дод, ки дар зарфи 28 сол дар ВМКБ 56 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам гардад. Равобити хориҷии вилоят бо Чин, Афғонистону Қирғизистон ба рушди соҳибкории хурду миёна такон бахшид. Коммуникатсияи фаъол имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик рушди иқтисодии вилоят се баробар афзоиш кунад. Аз ҷумла, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ВМКБ сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То ин ҷашн 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг,
26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Дар зарфи 28 сол дар ВМКБ ду шаҳраки ҳозиразамон дар ноҳияи Шуғнон ва маҳаллаи Тем бунёд шуд. Сарзамини камзамини Бадахшон бо дасти мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини камназири дунё табдил хоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз, мардуми шарифи Бадахшон самимона мегӯянд: Мо тахти баланди лоязолӣ дорем, Мо тантанаи хуҷастафолӣ дорем. Мо паст нагардему баландӣ ёбем, Чун дар сари худ Ҷаноби Олӣ дорем. Наҷмиддин Шоҳинбод
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
28 | АНДЕША
Чароғи равшани имрӯзу фардо
Ҳафиз Раҳмон, адабиётшинос, устоди ДМТ
Дар номгӯи ҷашнвораҳои миллӣ ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Ваҳдат ҳамчун идеал ё ормони иҷтимоӣ бузургтарин неъматест, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба он талошу мубориза мекунанд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумаш пешрафт карда бошад. Дарки дурусту воқеии ваҳдат, хиради азалӣ ва фарҳанги волои таҳаммулпазири миллати шарафманди тоҷик боис шуд, ки Тоҷикистон дар ибтидои солҳои шуми навадум аз вартаи муноқишаҳои дохилӣ сари вақт берун шавад. Маҳз самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имконпазир шуда, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо ба даст меоянд. Маҳз суботу осоиши кишвар аст, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар пайваста афзун шуда, доираи робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон фарохтар мегардад. Ваҳдати миллӣ ё ба қавли дигар, иттиҳоди мардум барои зиндагӣ ва фаъолияти осуда аз нигоҳи маънову забон чунин дарк мешавад, ки мардум барои як ҳадафи мушаххас ва як мақсади муайян дар асоси боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар ба хотири фардои неку пешрафта самти зиндагиро интихоб мекунанд.
Б
о даргузашти 22 сол ваҳдат ҳамчун идеяи муттаҳид намудани миллат ба яке аз рукнҳои асосии андешаи миллӣ ва мафкурапардозии миллӣ табдил ёфт ва ин раванд комилан табиист. Зеро ба ҷуз ваҳдати миллӣ ғояи фарогиртаре, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба ҳам оварда ва барои расидан ба зиндагии шоиста дар ҷомеаи қонунсолорӣ мусоидат мекарда бошад, вуҷуд надорад. Масъалаи дигар дар робита бо ваҳдат ин аст, ки ин мафҳум хоси ин ё он қишри алоҳида нест, САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
дар чорчӯбаи фаҳми ваҳдат тамоми миллат ва тамоми қишрҳои он шомил мешаванд. Яъне ваҳдат идеяи сартосарист, образнок бигӯем, чароғе ҳаст, ки роҳи миллат ва ҷомеаро барои рушду тараққӣ равшан мекунад. Тамоми пешрафтҳои давлат маҳз дар заминаи ваҳдат шуда метавонад, ончунон ки роҳ ҳамвор набошад, гардиши нақлиёт номумкин мешавад. Ваҳдат ҳамеша дар муқобили парокандагиву нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур
мешавад. Дунёеро, ки барои зисти бани башар офаридаанд, ҳамеша дуқутба буд ва то кунун чунин ҳаст, зиддиятҳое, аз қабили сиёҳу сафед, рӯшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, ростиву дурӯғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаргӣ, ҳушёриву девонагӣ, ғасбкориву бахшандагӣ ва ғайраҳо. Ин зиддиятҳо чунон зиёданд, ки дар шумори онҳо кас раҳгум мезанад. Ва ҳамин тақобулҳост, ки инсоният ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсуд, дар ташхиси муайян кардани неку бади зиндагӣ ҳамеша ихтиёр
АНДЕША | 29 дошт ва дорад. Агар иродаи инсон ба сӯи бахту саодат бошад, ӯ роҳи ростиро интихоб мекунад, ва агар баръакс бошад, вайрониву зулмат чун ғубори фасли поиз пеши чашмро хира хоҳад кард. Ваҳдат низ аз ҷумлаи ҳамин тақобулҳост, ки дар пешорӯи он парешониву сарафкандагӣ қарор дорад. Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддунҳои башарӣ дар масири таърих аз набудани ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтаанд. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд. Қавмҳо ва давлатҳое будаанд, ки ба авҷи тамаддун расида буданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зиёновар, ҳамчунин бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллии худро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд. Ин гуна мисолҳоро аз таърих зиёд овардан мумкин аст. Абдуррауфи Фитрат, яке аз маорифпарварони маъруфи оғози садаи бист, вақте ки аҳволи бади мардуми Бухороро ба мушоҳида гирифт, дар «Раҳбари наҷот» ном асараш ба хулосае омад, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои мардум аз ду чиз беш нест: яке ҳирс ва дигаре ғалати муҳокимот. Аз ин ду, ба назари мо, ғалати муҳокимоташ хатари бештар дорад, зеро ҳамин ки дар мафкура ғалат ташаккул ёфт, инсонҳоро ба роҳи нодуруст мебарад. Мисоли дигар. Соли 184 то милод дар Рим Катон ном сиёсатмадор баробари сензор интихоб шуданаш муборизаро барои пешгирии вуруди афкору одатҳои барои ҷамоаи Рим хавфнок эълон
намуд. Ҳамон ақидаву одат ва расму оинҳое иҷозат дода мешуд, ки барои муттаҳидии обшинаи Рим мусоидат мекарданд. Ё боз мисоли дигаре. Солҳои сиюми асри гузашта Иқбол баъди сафаре, ки ба Афғонистон, хусусан шаҳрҳои Кобулу Ғазна ва Қандаҳор дошт, маснавие навишт бо унвони «Мусофир». Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Нодиршоҳ ва фарзанди ӯ – Зоҳиршоҳро ҳушдор дод, ки рӯ ба маорифпарварӣ, рӯ ба илму мактаб биёранд, вагарна ин кишварро оқибатҳои номатлубе интизор аст… Миллати тоҷик дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расида буд, сарзаминҳои паҳноваре дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудратро касб карда буд. Аммо, тавре ки мегӯянд, бало аз дарун бархост ва ин кишвари паҳновару мутараққӣ ба ихтиёри онҳое гузашт, ки тарҳи парокандагии онро хеле бадиққат кашида буданд. Сомониён натавонистанд, ки як стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд, баъдан адолати иҷтимоӣ низ дар баробари дигар авомил нуқси зиёде пайдо карда буд. Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кӯҳдоманҳое аз Бухорои шарқӣ, ки аз сад яки он сарзамини таърихиро мемонад, насиб гардид. Хуб, ин дарс ва сабақи таърих аст, ки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Андешаи дигар ҳамин ваҳдат аст, ки тӯли бистуду сол аст, ки дар борааш мегӯянду менависанд, аммо боз гуфтаниҳову навиштаниҳо мемонад. Чаро чунин аст? Чунки ба ақидаи мо, роҳу воситаҳо ва омилҳои тақвият бахшидани ваҳдат интиҳо надорад, чунонки як давлати маънавибунёди миллӣ мегӯему бунёди он идома дорад. Сохтани чунин давлате, ки ҳам миллӣ бошаду ҳам қонунбунёд, кори саҳл ҳам нест, он даҳсолаҳо заҳмат мехоҳад, сабру таҳаммул ва иродаи матини ҳамагониро
тақозо дорад. Ваҳдат ин бедории миллӣ дар муқобили тағофулу хуфтагии ахлоқиву маънавист. Миллате, ки сарҷамъ набошаду андешаи ояндаро дар заминаи сохтори неруманди кишвардории мутамаддин дар сар надошта бошад, зуд дар доми абарқудратони дигар мемонад. Бедории миллӣ низоми андешаи миллиро тақозо мекунад, ки ҳолиё аксари олимони ҷомеашинос сари он таҳқиқот мебаранд. Чун нек бингарем, сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳое, ки солҳо қабл ба сари миллати мо расида буд, таназзули ахлоқи ҳамида буд. Ҳамон ахлоқе, ки дарунмояаш имон ва виҷдон аст. Ношукриву бесипосӣ ба дастархони якҷоягиву ҳамбастагӣ чашмони қалбҳоро кӯр кард, тундравию ифротгароӣ ҳокими ақлҳо шуд ва натиҷааш ҳамин шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ки як вақтҳо тавассути Ҷалолиддини Балхӣ фалсафаи ваҳдати умумиҷаҳониро кашф карда буд, худаш ба коми парокандагие бар асоси низои мазҳабӣ афтод ва анқариб буд, ки давлатро аз даст бидиҳад. Мавлоно таҳаммулгароии бесобиқаро паҳн кард ва хулоса бардошт, ки ин ягона роҳи наҷоти ҳар миллате дар олами пурмазҳаб аст. Ҳол он ки Мавлонои Рум бузургтарин шахсияти рӯҳонӣ ва бунёдгузори андешаи нави исломӣ дар таърихи тамаддуни мо эътироф мешавад. Андешаи таҳаммулгароӣ бузургтарин андешаи давлатсозу тамаддунофар то ҳанӯз боқӣ мемонад ва то кунун инсоният ба ҷуз ин андеша роҳи дигари бақои ҷамъиятҳои худро намедонад. Аз ин хотир, боистӣ, ки ба ваҳдат ҳамчун беҳтарин неъмат назар карда, на фақат онро бояд неку нигаҳ дошт, балки бо амали нек ва хислати ҳамида ба мероси ояндагон гузошт, ҳамон тавре ки хиште болои хишт мениҳанд, ваҳдат низ бояд беосеб ба пасояндагон ба мерос монда шавад.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
30 | ДАСТГИРИИ ПАДАРОНА
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро...
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем. Эмомалӣ Раҳмон Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба таълимгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак расонида шуда, барояшон дастурхони идона ороста шуд. САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
ДАСТГИРИИ ПАДАРОНА | 31 Муассисаи мазкур таҳти сарпарастиву ғамхории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби ин ниҳод пайваста тарбиятгирандагони муассиса дастгирӣ меёбанд. Ин маротиба низ аз ҷониби сарпараст ба таълимгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ сару либос тақдим карда шуд. Бо назардошти он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳаёти кӯдакон бетараф нест ва барои таҳсилу истироҳати онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст, ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон аз ҳамаи ҳуқуқҳо бархурдор буда, таълимгирандагони ин гуна муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхориҳо ба таври доимӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасони ятиму бепарастор пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷумлаи чунин муассисаҳо маҳсуб ёфта, дар он 300 нафар кӯдакон таҳти назорати давлату миллат қарор доранд. Ҳайати омӯзгорон ва тарбиятгирандагон ин ҳама дастгириҳоро самараи Истиқлолияти давлатӣ ва мавҷудияти фазои сулҳу субот дар кишвар арзёбӣ мекунанд. Ҳамчунин барои таълимгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ баробари дастурхони идона, барномаи фарҳангӣ низ ташкил карда шуд. Ин ва дигар дастгириҳои доимӣ таълимгирандагонро барои таҳсили фаъол, иштирок дар мусобиқаву озмунҳо ва дар оянда хизмат намудан ба нафъи давлату миллат дилгарм месозад. 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
32 | МАЪЛУМОТ Ҳолати заминҳои корам, ки дар ҷумҳурӣ соли 2018 аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд 12000 9615
10000
7981
8000 6000
4653
4000
2000 0
192 0 192 ВМКБ
Майдони умумӣ
суратгир: Заур Дахте
САРЗАМИН | апрел-июн| 2019
3963
3248
2492
690
756
Хатлон
Суғд
1522
Дар соли 2019 кишт шудааст
1334
1634
188 НТҶ
Ҳамагӣ
Боқӣ мемонад
МАЪЛУМОТ | 33
Заминҳои партов дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.05.2019 Кишт шудааст
Боқӣ мемонад
ВМКБ
6466
ХАТЛОН
676
753
СУҒД
77
4744
4465
1624
123
21
144
6089
15548
20292
20812
27278
Ба ҳолати 01.01.19
НТҶ
ҲАМАГӢ
Заминҳои корами обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд 100%
0
5105
8967
95%
90% 85%
24097 10025
8462
167175
232911
466643 58095
80%
75% аз онҳо ҳамчун лалмӣ истифода мешавад Майдони заминҳои корами обӣ
ВМКБ
Суғд
Хатлон
НТҶ
Дар ҷумҳурӣ
0
5105
8967
10025
24097
8462
167175
232911
58095
466643
Майдони заминҳои корами обӣ
аз онҳо ҳамчун лалмӣ истифода мешавад 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
34 | РӮЗИ КӮДАКОН
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
РӮЗИ КӮДАКОН | 35
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
36 | ЗАМИН-САРВАТИ БЕБАҲО
Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 8256 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани онҳо 8256 дастур дода шуда, нисбат ба 7328 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 3 051 070 сомонӣ қабул карда шуд, ки аз ин миқдор 2 600 810 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид шудааст.
С
арраёсати назорати давлатии замин ва Кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2019 корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 447 мавод ба прокуратура, 203 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 5741 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шудааст. Сарраёсати назорати давлатии замин дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва супоришҳои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
Риояи қонунгузории замин зери назорат аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, то давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии замин риояи қонунгузории замин дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Турсунзода мавриди назорат қарор дода шуд. Тибқи мушоҳидаҳо аз аксҳои кайҳонӣ аз рӯи барномаи интернетӣ (Googlе) вобаста ба бунёди сохтмонҳо дар 2 ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корҳои назоратӣ анҷом дода шуданд. Дар вақти пешбурди корҳои назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунии замин бархилофи моддаҳои 8, 26, 29 ва 95-уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин,
ғайримақсад истифода бурдани он, худсарона иваз намудани қитъаи замин ва дигар ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуданд. Натиҷаи корҳои назоратӣ бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин бо иштироки муҳандис -заминсозон, раисони шаҳраку деҳот, шуъбаи меъморӣ, хоҷагидорон ва дигар шахсони масъул дар ноҳияи Дӯстӣ ва шаҳри Ваҳдат баррасӣ гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин муҳлат дода шуд. Дар ноҳияи Дӯстӣ дар натиҷаи бурдани корҳои назоратӣ 143 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 143 дастур дода шуд. Нисбат
ЗАМИН-САРВАТИ БЕБАҲО | 37 ба 131 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 86 020 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуданд, ки аз он маблағи 83 170 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуда, 20 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 141,29 га дар маҳал бартараф карда шуд. Инчунин, ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ 23 адад қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи раиси ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба замин ошкор гардид. Барои беэътибор донистани 9 қарор ва ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ намудани 14 қарор ба унвони раиси ноҳияи Дӯстӣ пешниҳод аз 5-уми апрели соли 2019 таҳти № 1/6-1034 (9.35) ирсол шудааст. Тибқи қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 28-уми майи соли ҷорӣ таҳти № 598 14 қарори раиси ноҳия ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ карда шуда, 9 қарори дигар мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи бурдани корҳои назоратӣ 110 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 110 дастур дода шуд ва нисбат ба 109 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Инчунин ба маблағи 67 155 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуданд, ки аз он маблағи 61 545 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуда, 6 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд. Ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар шаҳри Ваҳдат 44 қарори ғайриқонунӣ қабулнамудаи раиси
шаҳр вобаста ба замин ошкор гардид. Барои беэътибор донистани 33 қарор ва ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ намудани 11 қарори раиси шаҳр ба унвони раиси шаҳри Ваҳдат аз 26-уми апрели соли ҷорӣ таҳти № 1/61289(9.35) пешниҳод ирсол шуд. Дар ноҳияи Хуросон низ дар натиҷаи анҷоми корҳои назоратӣ 27 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст. Барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 27 дастур дода шуда, нисбат ба 21 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Ба маблағи 14 905 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки пурра ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуда, 9 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 29,85 га дар маҳал бартараф карда шуданд. Дар шаҳри Турсунзода дар натиҷаи бурдани корҳои назоратӣ 157 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 157 дастур дода шуда, нисбат ба 157 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 93 665 сомонӣ қабул шуданд, ки аз он маблағи 83 580 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд. Аз ҷониби мутахассисони Сарраёсат ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар минтақаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳолати тақсимоти ғайриқонунии замин дар майдони 0,23 гектар, аз
қабили рехтани сангу шағал ошкор шуд. Дар масъалаи ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин мактуб аз 22.04.19 таҳти № 2/6-1221 (9.35) ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд. Дар раванди назорат ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар минтақаи мазкур бартараф карда шуда, аз натиҷаи он дар санаи 10.05.19 таҳти № 24/1-1128 ба Кумитаи давлатӣ ахбори расмӣ ирсол карда шудааст. Инчунин ошкор шуд, ки шаҳрванд Дӯстова Бӯригул дар гузаргоҳи 2, кӯчаи Қаратегин, № 27-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳр дар қитъаи 7-уми маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе дар майдони 15,0 метри мураббаъ қитъаи заминро дар тарҳи 433 худсарона ғасб намуда, ба рехтани таҳкурсӣ шурӯъ намуда буд. Барои дар маҳал бартараф намудани ҳолати ошкоршуда ба Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе дар санаи 20.06.19 таҳти № 2/6-2006 (9.35) мактуб ирсол карда шуд. То ин давра аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии замини Кумитаи давлатӣ 443 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 443 дастур дода шудааст. Нисбат ба 424 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 267 545 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз он маблағи 248 675 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
38 | ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВӢ
Саҳми сазовор дар ғанигардонии буҷаи кишвар Баҳисобгирии муҳосибӣ - низоми ягонаи ҷамъоварӣ, банақшагирӣ, ҷамъбасти иттилоот дар бораи молу мулк, дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилот буда, назорат, баҳодиҳӣ, коркард, таҳлил ва пешниҳоди иттилооти молиявиро оид ба корхона анҷом медиҳад.
Гадохӯҷа Юнусов, сардори Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирии КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" Хусусияти хоси баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамин аст, ки дар он ҳамаи амалиёти хоҷагӣ пурра ва пайиҳам ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатгузорӣ мешаванд ва ин аснод сарчашмаи асосии нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявӣ ба шумор мераванд. Маълумоти ҳуҷҷатҳои аввалия ва феҳристи баҳисобгирии муҳосибӣ сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, онро танҳо шахсоне, ки иҷозати роҳбари аввали ташкилотро доранд ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонанд. Шахсоне, ки ба сирри тиҷоратӣ дастрасӣ доранд, барои ошкор сохтани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 702 аз 25-уми марти соли 2011 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ воҳиди мустақили сохтори дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» буда, дар доираи салоҳияти худ баҳисобгирии муҳосибиро мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 2002 таҳти № 428 «Дар бораи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таъмин намуда, истифодаи самаранок ва сарфакоСАРЗАМИН | апрел-июн | 2019
ронаи захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, инчунин нигаҳдории молу мулки корхонаро назорат мебарад. Давоми солҳои 2017–2018 ва панҷ моҳи соли равон шуъба корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар ин давра шуъбаи муҳосиботи корхона кори худро ба Стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ мувофиқ кунонида, барномаи электронии 1С (бухгалтерия)-ро ҷорӣ намудааст. Бо дастгирии роҳбари корхона ва шуъба дар аксари корхонаҳои фаръии шаҳру ноҳияҳо низ ин кор ҷорӣ шудааст. Мунтазам дар корхонаҳои тобеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба дуруст ба роҳ мондани амалиёти муҳосибӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ гузаронида мешаванд. Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирии Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» нақшаи молиявии корхонаҳои фаръии шаҳру ноҳияҳоро таҳлил намуда, барои мувофиқа ба роҳбари КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» пешниҳод менамояд ва ҳисоботҳои корхонаҳои тобеъро ҷамъбаст намуда, ба раёсат ва мақомоти дахлдор мерасонад. Иҷрои нақшаи молиявии корхонаҳо дар соли 2016 — 110 фоизро ташкил додааст. Соли 2017 нисбат ба соли 2016 ҳаҷми иҷрои хизматрасонӣ 28 фоиз ва соли 2018 нисбат ба соли 2017 — 15 фоиз зиёд гардидааст. Дар 5 моҳи соли 2019 иҷрои нақшаи молиявӣ 123 фоизро ташкил додааст. КВД «БММҒ» ва КДФ-ҳои тобеи он дар солҳои 2017–2018 ва 5 моҳи соли ҷорӣ, аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ 86049 ҳазор сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид намуд. Аз ҷумла, соли 2017 — 31026 ҳазор сомонӣ, соли 2018 — 38133 ҳазор сомонӣ, 5 моҳи соли 2019 — 16890 ҳазор сомонӣ ба буҷаи кишвар ворид шудааст. Ҳамон тавре ки аз рақамҳо маълум мегардад, корхона барои ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ саҳми сазовор гузошта истодааст.
ҲОЛАТИ НОГУВОР | 39 Искандаркул
Заминҳои ташналаб Истифодаи мақсадноки замин аз роҳҳои аслии расидан ба амнияти озуқаворӣ маҳсуб ёфта, татбиқи босамари кодексу қонунгузорие, ки истифодаи заминро танзим менамояд, боиси боз ҳам беҳтар гардидани вазъияти иқтисодии хоҷагидорон ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шуд. Бо вуҷуди он ки Ҳукумати мамлакат ба кишвари индустриалӣ-кишоварзӣ будани Тоҷикистон диққати хос медиҳад, вале дар қадами аввал таҳкими соҳаи кишоварзӣ метавонад заминаи мусоидро барои татбиқи амалии ин ҳадаф фароҳам созад. Бо назардошти он ки тақвияти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама бо таъйиноти муайянгардида истифода кардани замин маҳсуб меёбад, пас масъулинро мебояд дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ сохта, назоратро бештар намоянд. Мувофиқи ҳисобҳои оморӣ, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ҳазору 97 гектар замин мавҷуд аст, ки ҳамчун замини обӣ ба қайд гирифта шудааст, вале он ҳамчун замини лалмӣ истифода мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ майдони заминҳои корами обӣ 466643 гектар мебошанд, ки аз ин шумора обёрии техникӣ 196199 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон майдони 24097 гектар заминҳои корами обӣ бинобар сабабҳои аз кор баромадани шабакаҳои обкашӣ (пойгоҳҳои барқию дизелӣ ва чоҳҳои амудӣ) ва обрасонӣ (каналҳои сунъӣ бунёдшуда, қубуру гидрант ва новаҳо) – 19994 гектар ё 83%, маҳрум шудан аз сарчашмаи обгирӣ (дар натиҷаи канда шудани сарбанди наҳрҳо, фурӯравӣ ё фаромадани ярч) – 2809 гектар ё 12 % ва нарасидани оби полезӣ (кам шудани манбаи об ва хушкшавии чашмаҳо) – 1294 гектар ё 5% бо оби полезӣ таъмин набуда, ҳамчун лалмӣ дар истифода қарор доранд.
Майдони заминҳои корами обие, ки аз нарасидани оби полезӣ ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд, дар қиёс ба майдони умумии заминҳои корами обӣ ҳамаги 5 фоизро ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла дар вилояти Суғд 5105 гектар (21%), дар вилояти Хатлон 8967 гектар (36%) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 10025 гектар (42%) заминҳо аз оби полезӣ танқисӣ кашида, ҳамчун лалмӣ дар истифода қарор доранд. Вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ин нишондод хеле чашмрас буда, ба нақшабандии кишти зироатҳо (махсусан картошка) ва вазъи молиявии заминистифодабарандагон дар мавриди ҳисоби намудани андоз аз замин таъсири манфӣ мерсонад.
Чунончи, майдони заминҳои корами обие, ки аз нарасидани оби полезӣ ҳамчун лалмӣ истифода мешаванд, дар ноҳияҳои Ховалинг 78 %, Муъминобод 40 %, Темурмалик 36 %, Варзоб 95 %, Роғун 83 %, Файзобод 57 %, Нуробод 48 %, Рашт 36 %, Сангвор 23%, Рӯдакӣ 19 %, Ваҳдат 17 % ва Шаҳринав 15 %-и майдони умумии заминҳои корами обиро ташкил медиҳанд.
шаҳру ноҳияҳо каналҳои оҳану бетонӣ бо сабаби камаҳамиятӣ валангор ва нест карда шудаанд. Дар бештари маврид агар барқарорсозии каналҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ боиси аз байн рафтани чунин мушкилот гардад, кам шудани манбаи об ва хушкшавии чашмаҳо ин мушкилро дучанд мегардонад. Яъне аз сабаби таъмин набудани обёрии дурусти ин заминҳо хоҷагидорон танҳо як бор аз он ҳосил мегиранд, ин ҳам бошад, ҳамчун замини лалмӣ. Агар вазъ чунин бошад, пас зарар на танҳо ба хоҷгидор, балки ба иқтисоди миллӣ низ мерасад. Чунки агар аз як ҷониб хоҷагидор андози истифодаи заминро аз рӯи замини таъйиноти обӣ пардохт намояд ҳам, вале танҳо як бор гирифтани ҳосил хароҷоти ӯро намепӯшонад. Пас аз ин рӯ маълум аст, ки хоҷагидор аз ин манфиате намебинад. Вале агар роҳи ҳал танҳо он бошад, ки андози ин замин ҳамчун андози замини обӣ гирифта мешаваду ба қавле даромад ба буҷет аст, фикри саҳеҳ нест. Чун ин заминҳо дар ҳоли таъмин будан бо об то ду ҳосил ба бор меоранду ҳам манфиат ба деҳкон мерасад ва ҳам бозори истеъмолӣ ва дар навбати худ амнияти озуқаворӣ таъмин мешавад.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар аксар
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
40 | СОДИРОТ
Самараи заҳмат Кишоварзӣ дар мамлакат аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Сол то сол бо татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ рушди ин соҳа таъмин гардида, дар баробари қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, ҳамзамон хоҷагидорон содироти маҳсулоти кишоварзиро низ ба роҳ мемонанд. Ин агар аз як ҷониб ба мусоид омадани обу ҳаво ва иқлими кишвар иртибот дошта бошад, аз ҷониби дигар, деҳқонон дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш ва киштгардон ба истеҳсоли бештари маҳсулот даст ёфтаанд.
В
илояти Хатлон аз калонтарини минтақаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб меравад. Замин ва истифодаи самараноки ҳар қитъаи он дар мадди назари аҳолии ин вилоят қарор дорад. Зеро қисми аъзами аҳолии вилоят бо кору фаъолият дар замин рӯзгори худро пеш мебаранд. Кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят ҳамасола бо кишту истеҳсоли маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ барои ғанигардонидани сабади истеъмолии сокинони мамла-
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
кат саҳм мегузоранд. Дар баробари таъмини хонаводаи худ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, инчунин бо фурӯши як қисми он даромади хуби иқтисодӣ низ ба даст меоранд. Зеро онҳо ҳикмати қадимаи гузаштагонамонро, ки гуфтаанд: «замин ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад» амиқан дарк намуда, бо дилгармии зиёд ба кишоварзӣ меҳр бастаанд. Натиҷа ҳамин аст, ки давоми солҳои охир аз майдони киштаҳои беканори вилоя-
ти Хатлон, пеш аз ҳама, маҳсулоти барвақтӣ ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Ин тадбир имкон додааст, ки хоҷагидорони вилоят аз ҳисоби содирот фоидаи бештар бигиранд. Аз ин ҷост, ки барзгарон талош менамоянд то ҳамасола ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, қисме аз онро содирот намоянд. Ба ҳолати 18 июни соли 2019 дар вилояти Хатлон 234 322 тонна маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ
СОДИРОТ | 41 ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод бино ба иттилои масъулини соҳа, ба 96,4 фисади нақшаи дурнамои истеҳсоли маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон баробар будааст. Ҳоло дар майдонҳои кишт ҷамъоварии ҳосил бомаром ҷараён дорад. Қисмати асосии маҳсулоти барвақтиро дар вилояти Хатлон пиёз ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, аз ҳудуди вилоят 60 256 тонна маҳсулот содирот шудааст, ки аз ин 55 000 тоннаашро пиёз ташкил медиҳад. Зеро кишоварзон дар парваришу истеҳсоли ин намудани маҳсулоти барвақтӣ давоми солҳои охир таҷрибаи ғанӣ пайдо намуда, ҳамасола майдони онро афзун менамоянд ва бо риояи ҳамаҷонибаи агротехникаи парвариш, аз ҷумла обёриву нуридиҳӣ ҳосили фаровон ба даст меоранд. Маҳсулоти содиротшуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 10 976 тонна зиёд мебошад. Масъулини бахши кишоварзии вилоят бо хоҷагидорон талош доранд, ки нақшаро барзиёд иҷро намоянд. Ҳоло барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили
Нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 83 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. То ба ҳолати 18 июни соли 2019 иҷрои нақша дар вилоят то ба 72 фисад баробар гардидааст. майдони кишт сокинони вилоят аз тамоми имконияти мавҷуда истифода менамоянд. Дар аксари маврид соҳибкорон дар асоси шартномаҳои қаблан басташуда аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бевосита маҳсулотро аз сари замин харид ва содирот мекунанд, ки ин тадбир барои деҳқонон мусоид аст. Зеро онҳо барои интиқоли маҳсулот ба бозору пайдо намудани харидор вақту
маблағи иловагӣ сарф намекунанду аз пайи иҷрои кори хоҷагидориву истеҳсолӣ мешаванд. Сифати маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон босифат ва ҷавобгӯи бозори ҷаҳонист. Ҳамин аст, ки ҳамасола соҳибкорони дохиливу хориҷӣ онро ба як қатор кишварҳои хориҷ содирот мекунанд. Ин шаҳодати он аст, ки ба маҳсулоти мо талабот сол то сол бештар мегардад. Вагарна содироти он афзоиш намеёфт. Дар баробари омилҳои дигар, маҳсулоти содиротӣ низ барои рушди иқтисодиёти миллӣ, ворид намудани асъори хориҷӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидати фаъол менамояд. Зеро дар рушди иқтисоди миллӣ воридоти асъори хориҷӣ нақши муҳим дорад, ки дар аксари маврид воридоти он тавассути маҳсулоти содиротӣ таъмин карда мешавад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир талош дорад, ки маҳсулоти воридотивазкунандаро дар дохили кишвар бештар истеҳсол намуда, таносуби воридотро нисбат ба содирот камтар намояд.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
42 | АМНИЯТИ ҒИЗОӢ
СУҒД:
боғдорӣ рушд мекунад
САРЗАМИН | январ-март | 2019
АМНИЯТИ ҒИЗОӢ | 43
• Майдони умумии боғҳо дар вилояти Суғд 60810 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 40491 гектараш ҳосилдиҳанда аст. • Майдони умумии меваҳои донакдор дар вилоят ба 51210 гектар баробар аст, ки 49631 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад. • Дурнамои истеҳсоли мева 78000 тонна пешбинӣ шудааст. Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, истеҳсоли меваи зардолу ба ҳолати имрӯз ба 33000 тонна мерасад. • Зардолупарварӣ аслан дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров хеле рушд карда, сол аз сол майдони боғҳои зардолу васеъ мегардад.
Конибодом 2019 | январ-март | САРЗАМИН
44 | ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ
Тақсимоти замин ба оилаҳои эҳтиёҷманд Роҳбарияти олии мамлакат дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи иҷтимоиро яке аз бахшҳои афзалиятнок муайян намуда, мунтазам дар робита ба ин тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳҷтиёҷманд ва дастгирии ин қишри ҷомеа давоми солҳои охир дар доираи талаботи меъёрҳои мавҷуда ва пеш аз ҳама, бо дастрасии муқаррароти санадҳои дахлдори амалкунанда роҳандозӣ гардидааст. Зеро ҳалли ин мушкилоти иҷтимоӣ барои устувории оилаҳои ҷавон, таҳкими дӯстиву рафоқат миёни аъзои оила ва тарбияи оилаи солиму созанда саҳми назаррас мегузорад. Бо ин мақсад дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, эҳтиёҷмандон аз рӯйи хулосаи комиссияҳои ҷамъиятӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият менамоянд, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ заСАРЗАМИН | апрел-июн | 2019
мин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд. Бо ин мақсад дар 70 соли то замони истиқлолият ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд. Тавре дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд «мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин
ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ | 45
намоем». Зеро сол то сол шумораи аҳолии кишвар зиёд гардида, талабот ба замини наздиҳавлигӣ бештар мешавад. Новобаста ба ин роҳбарияти олии мамлакат пайваста талош менамоянд, ки аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ, лалмӣ ва пастсифати обӣ эҳтиёҷоти оилаҳои ниёзмандро бо замини наздиҳавлигӣ бароварда созад. Аз соли 2009 то соли 2017 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 30492,47 гектар ҳамчун замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандон ҷудо гардидааст. То нимсолаи аввали соли 2019 аз ин масоҳат 22978,22 гектараш тақсим карда шудааст, ки баробар ба 75 фисади иҷрои нақша мебошад. Дар заминаи тақсими одилонаи замин ва фаъолияти шаффофи комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои мамлакат якҷо бо мутахассисони сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ давоми 8 соли охир 221370 нафар бо қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ таъмин шуда, вазъи зиндагии худро беҳтар намудаанд. Ин тадбир барои ҳалли як зумра мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ замина
фароҳам намудааст. Таносуби масоҳати ҷудошуда ба ВМКБ 363,95 гектар, вилояти Суғд 12276,97 гектар, Хатлон 10108,25 гектар ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7743,3 гектар рост меояд. Мавриди зикр аст, ки тақсимоти замини наздиҳавлигӣ мувофиқи Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаи замин» барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо ва тавассути фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар ин замина таъсис дода шудаанд, ба роҳ монда мешавад ва кормандони сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар самти ҳуҷҷатгузории он фаъолият менамоянд. Метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талаботи аҳолии кишварро ба замини наздиҳавлигӣ ба назар гирифта, бо истифодаи имконияти мавҷуда ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба ниёзмандон марҳала ба марҳала қитъаи заминро ҷудо мена-
мояд. Мувофиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби истифода набурдани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми ду сол ва шурӯъ накардан ба сохтмон дар замини барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ додашуда дар давоми се сол ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини ба ӯ вобастагардида қатъ карда мешавад. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки баъди гирифтани қарори вобастакунӣ ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дар муҳлати 3 сол сохтмони иншоотро оғоз намоянд. Ба инобат нагирифтани ин талабот аз ҷониби шаҳрвандон дар бархе маврид омили сар задани нофаҳмӣ ва баҳс миёни истифодабарандагон ва кормандони сохторҳои марбутаи давлатӣ мегардад. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоративу тарғиботӣ аз ҷониби мутахассисони сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маърифати ҳуқуқии сокинон баланд гардида, ин гуна баҳсҳо торафт камтар мушоҳида мешавад. Раҳими Карим 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
46 | ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ
Дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ Дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, ки кишоварзӣ асоси иқтисоди онҳост, дастрасӣ ба техникаву мошинолоти соҳа хеле муҳим мебошад. Яке аз роҳу усулҳои таъмин намудани кишоварзон бо техника иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба шумор меравад. Дар мамлакат бо ин мақсад Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» фаъолият менамояд. Бо мақсади фаҳмидани он ки чӣ гуна кишоварзон бо техникаи нав таъмин мегарданд ва нақшаву тадбирҳои ояндаи ин корхона чӣ навъ аст, мо бо директори он Акрамзода Юсуф Акрам суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем. -Муҳтарам Юсуф Акрамзода, нахуст мегуфтед, ки мақсади таъсиси корхона аз чӣ иборат буд ва имрўз то чӣ андоза ҳадафҳои дар пешгузошта амалӣ шудаанд? -Мақсади асосии ташкил гардидани Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» хариди техникаи кишоварзӣ ва дар асоси шартномаҳои лизингӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ барои истифода пешниҳод намудан, ташкил кардани Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ва дигар намуди хадамоти техникие мебошад, ки ба муносибатҳои лизингӣ алоқамандӣ доранд. “Тоҷикагролизинг” аз давраи таъсис то имрӯз 1819 адад техникаи гуногунтамға ва 4537 адад таҷҳизоти кишоварзиро бо маблағи умумии 316 миллион сомонӣ харида ба ҷумҳурӣ ворид кардааст. Дар ҳамин давра ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои кишвар 1908 адад техника ва 2252 адад таҷҳизотро ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ) додааст, ки имрӯз самаранок истифода бурда мешаванд. -Ҳоло дар ҷумҳурӣ чанд маркази хизматрасонии техникӣ мавҷуд аст ва фаъолияти онҳо дар кадом сатҳ қарор доранд? САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
-Давоми фаъолият корхона дар 59 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникиро таъсис додааст ва онҳо самаранок фаъолият доранд. Солҳои охир дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Вахш, Лахш, Шаҳристон ва Конибодом дар заминаи Марказҳои хизматрасонии техникӣ устохонаҳои таъмир сохта шуда, бо дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили воситаи маҷмўии таъмири насосҳо, дастгоҳҳои челонгарӣ, харротӣ ва оҳангарӣ таъмин карда шуданд. Ин шароит имкон дод, ки механизаторон ва масъулони хоҷагиҳои деҳқонӣ масофаҳои зиёдро тай накарда, қисмҳои эҳтиётии аз кор баромадаи техникаю мошинолоти кишоварзиро дар устохонаҳои бунёдгардида таъмир намоянд. -Дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ чӣ нақшаву барномаҳо роҳандозӣ шудаанд? -Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ба Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар робита ба ҷудо намудани 10 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати харидории техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба хотири таъсис
ва мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ лоиҳа пешниҳод намудем. КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар се соли охир ҳамкориро бо корхонаҳои ватанӣ ривоҷ дода, бо мақсади дастгирии онҳо, солимгардонии вазъи истеҳсолот, зиёд намудани истеҳсоли таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ аз 21-уми декабри соли 2016 бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ» ба маблағи 10 005 240 сомонӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, то имрӯз қисмате аз мошинолоти заруриро харид ва ҷиҳати истифода ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим намуд. Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2015-2017 аз корхонаҳои ватанӣ ба маблағи 5,5 млн сомонӣ трактор, таҷҳизоти гуногун, ба монанди гандумкӯбак, испор, чизел-култиватор, ҷӯяккаш, картошкакану картошкашинонак, решаканак, сихмола ва лемехҳоро харида, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии кишвар қарор додааст. -Вазъи таъминоти техникаи кишоварзӣ ва Марказҳои хизматрасонии технкикиро дар ВМКБ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? -Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат
ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ | 47 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ВМКБ ба мо дода буданд, КВДҶ “Тоҷикагролизинг” вазифадор гардида буд, ки талаботи соҳаи кишоварзии вилоятро бо техника ва таҷҳизот омўхта, марказҳоро бо техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият мекунанд, ки ба онҳо 39 адад трактори тамғаи МТЗ 82.1, 52 адад испори «ТоҷИрон», 12 адад алафдараваки КСФ-2,1, 7 адад картошкаканак, 2 адад комбайни ғалладарав, 25 адад гандумкӯбак, 1 адад култиватор, 7 адад ҷӯяккаш, 12 адад мотоблок барои коркард дар байни боғу токзорҳо, 5 адад ядаки тракторӣ ва 1 дастгоҳи кафшергарӣ вобаста карда шудааст, ки ҳоло дар хизмати кишоварзони вилоят қарор доранд. -Тавре маълум аст, дар кишвар талабот ба комбайнҳои бисёрсоҳаи ғалла ва шолидаравӣ зиёд аст. Оид ба воридоти ин навъи техника корхона чӣ тадбирҳоро амалӣ намудааст? -КВДҶ «Тоҷикагролизинг» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ соли гузашта 25 адад комбайнҳои навъи “Нива-Эффект, “Палессе”, “Енисей”, комбайнҳои чархдору тасмачархи навъи “Класс”-и истеҳсоли Олмонро ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Мувофиқи дархости хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин навъи техника ба кишоварзон дастрас гардид. Танҳо дар соли 2017 дар асоси шартномаи тарафайн байни КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ва
ширкати “Агролис”-и Олмон 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори навъи “Класс-Тигер” барои ҷамъоварии шолӣ ва аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 адад тракторҳои тасмачархи белдор ба ҷумҳурӣ ворид ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид. -Оё имкони истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ дар заминаи марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавҷуд нест? Имкон дорад. Мо корро дар ин самт оғоз намудаем. Истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзӣ дар дохили кишвар яке аз ҳадафҳои асосии корхона ба ҳисоб меравад. Дар ин замина кормандони Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 5 намуди таҷҳизот:
испорҳои ду ва сетанагӣ, грейдер, наҳркан, сихмола, решаканро истеҳсол намуданд, ки дар заминҳо пурра аз озмоиши Маркази техникаю таҷҳизоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, истеҳсоли он ба роҳ монда шуд. Ин таҷҳизот бо сифати баланд сохта шуда, аз нигоҳи иқтидор ба мошинолоти истеҳсоли корхонаҳои хориҷӣ баробаранд ва аз нигоҳи нарх бамаротиб арзон ва ба фоидаи деҳқононанд. -Дар оянда кадом нақшаву барномаҳоро мехоҳед амалӣ намоед, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус таъмини хоҷагидорон бо техникаи муосири кишоврзӣ мусоидат намояд? - КВДҶ “Тоҷикагролизинг” нақша дорад, ки дар соли 2019 Марказҳои хизматрасонии техникии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ-ро мукаммалу муҷаҳҳаз намуда, дар ноҳияҳои Ишкошим, Рўшон ва Дарвоз Паркҳои мошинию тракториро сохта ба истифода диҳад. Инчунин баҳри шудгори босифат тракторҳои тасмачархи пурқудратро ба ҷумҳурӣ ворид намояд, зеро деҳқонони мамлакат барои дастрас намудани тракторҳои тасмачарх, ки иқтидори баланд доранд, дархостҳои зиёд пешниҳод кардаанд. Ҳамзамон талош дорем, ки истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзиро дар заминаи ҳамаи Марказҳои хизматрасонии техникии амалкунанда ба роҳ монем. Ташаккур барои суҳбат. 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
48 | БУНЁДКОРӢ
Шароити беҳтар барои фаъолияти бештар Давоми солҳои охир бунёду навсозии биноҳои маъмурии сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат авҷу суръати тоза касб намудааст. Тадбирҳои ободонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида марҳала ба марҳала амалӣ мешавад.
Д
ар ин замина шароити беҳтари кору фаъолият барои мутахассисон фароҳам гардида, хизматрасонӣ ба муштариён дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монда хоҳад шуд. Ин тадбир ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита дошта, сари вақт ва бо сифати хуб иҷро ме-
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
шаванд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти мамлакат кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат ва мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳр соҳиби бинои нав
ва шароити мусоиди фаъолият гардиданд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои 5-ошёна моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Соҳибдӯст» ба анҷом расонида шуд. Тадбирҳои бунёдӣ зери назорати сохторҳои марбута ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи тарҳрезигардида
БУНЁДКОРӢ | 49 анҷом дода шуданд. Бинои КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат ва Кумитаи идораи замини шаҳр ба истиқболи ҷашни 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино дорои 27 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. 80 нафар кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат ҳамакнун дар ҳуҷраҳои барҳавою таъмин бо воситаҳои муосири хизматрасонӣ фаъолият мекунанд. Барномаи электронии «Сабт» аз навгонии фаъолияти бахши бақайдгирӣ мебошад, ки
айни замон корхона низ тавассути он фаъолияти кориашро ба роҳ мондааст. Пеш аз ҳама, раванди амалҳои бақайдгирӣ тавассути ин барнома содаву шаффоф сурат мегирад. Инчунин дар муддати кутоҳ ҳуҷҷатҳои дахлдор омода карда мешаванд. Барои мисол, тавассути низоми анъанавӣ ҷиҳати омодасозии шиносномаи техникӣ дар раванди муқаррарӣ дар асоси қонунгузории соҳа 7 рӯз пешбинӣ шудааст ва дар раванди фаврӣ бошад, бо пардохти 40 фоиз маблағи иловагӣ дар муддати 2 рӯз тайёр мегардад. Фаъолият бо барномаи электронии «Сабт» имкон медиҳад, ки ин муҳлат то
Муҳаббатшо Алиев, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Ваҳдат ба 16 соати корӣ ихтисор карда шавад. Иншоот дар доираи маблағҳои КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат бунёд гардидааст. Қомат афрохтани бинои мазкур бо тарҳи муосир ҳамзамон ба ҳусни ин гӯшаи диёр зебоии дигаре эҳдо мекунад. Масъулинро зарур аст, ки бо истифодаи шароити фароҳамгашта дар бинои тозабунёд раванди хизматрасониро ба сокинони шаҳр ва субъектҳои хоҷагидориву соҳибкорӣ, ки ниёз барои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул доранд, беҳтару хубтар таъмин намоянд. Мавриди зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти ин бахш дар мамлакат сол то сол шароити кору хизматрасонӣ дар корхонаҳои бақайдгирии шаҳру навоҳии кишвар беҳтар мегардад. Инчунин таъминот бо асбобу таҷҳизоти муосири корӣ низ мунтазам дар доираи талаботи замон амалӣ карда мешавад. 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
50 | ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН
Самараи ваҳдат
Хайриддин Саидмуродзода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон Ноҳияи Ёвон ҳамчун минтақаи саноативу кишоварзӣ маъруф аст. Масоҳати заминҳои корами дар истифодаи корхонаҳои кишоварзӣ қарордошта 25159 гактарро ташкил медиҳад, ки 21235 гектари онро заминҳои корами обӣ дар бар мегирад. Баракати сулҳу субот ва ваҳдати комили Ватан аст, ки кишоварзони ноҳия бо дилгармии зиёд дар хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон сокинон ҳар қитъа замини дарихтиёрдоштаро аз рӯйи таъинот истифода мебаранд. Кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута пайваста талош менамоянд, ки майдони заминҳои кишоварзӣ васеъ карда шавад. Танҳо давоми соли 2018 8,14 гектар аз ҳисоби заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Риояи қонуният дар заминаи ваҳдату оромӣ пурра таъмин гардидааст. Ҳамин аст, ки сол то сол шумораи қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин коҳиш меёбад. Мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон дар нимсолаи аввали соли 2019 245 ҳолати вайронкунии қонунгузории соҳаро дар майдони 293,13 гектар ошкор намуданд, ки дар бештари маврид камбудиҳои маълумгардида дар маҳал бартараф шудаанд. Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат танҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2015 барои заминҳои наздиҳавлигӣ 412,60 гектар ҷудо шудааст, ки аз он 390,15 гектараш ба ниёзмандон тақсим гардидааст. Ба ин васила 6696 оилаи эҳтиёҷманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардидаанд, ки ин ҳама самараи сулҳу ваҳдат мебошад. САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
Беҳрӯз Шамсов, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод Насими фараҳбахши ваҳдату оромӣ имкон фароҳам намудааст, ки ҳоло дар гӯшаву канори кишвар сокинон бо умеди фардои дурахшон дона кишт менамоянд. Зеро аз баракати ҳосили он рӯзгори осуда насибашон мегардад. Дар гузашта, замоне, ки нооромиву нобасомонӣ кишварро фаро гирифта буд, деҳқон ба ҳосили донаи киштааш умед надошт. Зеро кафолати зиндагии осоиштаву волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ мавҷуд набуд. Офтоби ваҳдату ягонагӣ, ки дар сарооғози он саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барозанда аст, ин ҳамаро моли таърих намуду шукуфоиро ба миён овард, ки он то имрӯз устувору поянда аст. Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Файзобод низ бо шукри неъматҳое, чун ваҳдату ягонагӣ, ҳоло пайи кору фаъолият ва рӯзгори осоишта мебошанд. Марзи маъмурии ин ноҳияи кишоварзии мамлакат 87 411 гектарро ташкил медиҳад. Заминҳои корами ҳудуди ноҳия бошад, дар майдони 6474 гектар доман паҳн намудааст, ки танҳо 2941 гектари он мансуби заминҳои корами обӣ мебошад. Истиқлолияту ваҳдат имкон дод, ки дар мамлакат шаклҳои нави хоҷагидорӣ ба миён ояд. Дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия, қабул ва татбиқ гардидаанд, ки бо дастрасии муқаррароти онҳо дар ноҳияи Файзобод 3600 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуда, саҳмдорону хоҷагидорон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба даст овардаанд. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳоло деҳқонон дар кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ озод буда, бо рӯёнидани ҳосили фаровон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ саҳм мегузоранд.
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН | 51
Иқлими мусоид ва ҳосили фаровон дар Ҷайҳун Таҷрибаи кишоварзони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар истифодаи самараноку оқилонаи замин барои сокинони минтақаҳои дигари кишвар беҳтарин намуна мебошад. Дар як сол гирифтани се ҳосилро хоҷагидорони ноҳияи мазкур дар фаъолияти худ ҳадафи асосӣ муқаррар намудаанд. Диловар Собирзода, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун
Н
атиҷаи муносибати ғамхорона ба замин аст, ки аз ин ноҳияи аграрии мамлакат дар ҳама фаслҳои сол ба бозори истеъмолӣ маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дастрас карда мешавад. Имрӯзҳо ҳосили баланд доштани аксар маҳсулот ва ғанӣ гардонидани бозорҳои мамлакат, махсусан полезӣ, натиҷаи заҳмати пайвастаи кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
Парвариши полезӣ дар ноҳияи Ҷайҳун хеле зиёд ба чашм мерасад ва дар заминаи иқлими мусоид барои кишти он кишоварзон ҳосили фаровон ба даст меоранд. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имсол майдони кишти полезиҳоро ба 1900 гектар расонида, аз ҳар гектар 400-500 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Зиёд будани ҳосил ва пухта
расидани маҳсулот дар ин айём аз истифодаи тухмиҳом пешпазак дарак медиҳад. Хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун ҳама намудҳои зироати кишоварзиро дар асоси талаботи бозори истеъмолӣ кишт мекунанд ва ин таҷриба имкон медиҳад, ки бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардад.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
52 | МАСЪУЛИЯТ
Назорат агар бошад, қонун риоя хоҳад шуд
Шарифзода Нуриддин, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Хуҷанд Масъулини КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғариманқул» дар шаҳри Хуҷанд давоми нимсолаи аввали соли 2019 вазифаҳои худро саривақт иҷро намуда, ҷиҳати бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва таъмини ниёзмандон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва шиносномаи техникӣ як зумра корҳоро анҷом додаанд. Бо дастрасӣ ба муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодаи замин» мутахассисони корхона 30 парвандаи заминсозиро таҳия намуданд. Таъмини шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ яке аз бахшҳои асосии фаъолияти корхонаҳои соҳавӣ ба шумор меравад. Дар ин давра кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғариманқул»-и шаҳри Хуҷанд 339 Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро омода намуданд, ки 189-тоаш ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва 150 адади САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
он ба сохтмону вобастакунӣ рост меоянд. Ин нишондод самараи хуби кори мутахассисони корхонаро исбот мекунад. Назорати истифодаи заминҳои ҳудуди шаҳр дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ корҳои назоратӣ аз рӯи нақшаи мукаммали фаъолият дар якчанд шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Дар натиҷаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин 160 қонунвайронкунии замин муқаррар шудааст. Масоҳати умумии заминҳои муайянгардида, ки хилофи талаботу таъинот ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода гардидаанд, 33188,0 м2-ро ташкил медиҳад. Нисбат ба шахсоне, ки талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намудаанд, ба маблағи умумии 82 550 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои мусоидаткунанда аз маблағи
Толибзода Тоҳир, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд умумии ҷарима 62 545 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид гардид. Ҳамзамон барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба шахсони масъул барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастур дода шуда, муҳлати он низ дақиқ шудааст. Санҷишҳо ва корҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки бархе сокинон хилофи талаботи қонун ва бидуни ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин қитъаҳои замини шаҳрро истифода менамоянд. Дар бархе мавридҳо нишондоди таъиноти заминро нодида мегиранд. Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар маҳал низ як силсила тадбирҳо амалӣ гардид. Аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳои муайянгардида 9-тои он, ки масоҳати 2380,4 м2-ро ташкил медиҳад, дар маҳалҳо саривақт бартараф шуд. Баҳри иҷрои талаботи қонунгузории соҳа ва истифодаи ҳар қитъа замин аз рӯйи таъинот кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд тадбирҳои назоратиро дар оянда низ пурзӯр карданианд.
МАСЪУЛИЯТ | 53
Сифати хизматрасонӣ - дар мадди аввал Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ҷиҳати ҳифзи амволи давлатӣ ва дар доираи қонун истифода шудани амволи ғайриманқул нақши муҳим дорад. Ин аст, ки кормандони корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо талош менамоянд, ки дар ифои вазифа масъулиятшинос бошанд ва хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон низ масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба аҳолӣ хизматрасонии сатҳи баландро ҷиҳати бақайдгирии молу мулки ғайриманқул пешниҳод менамоянд. Дар корхона мувофиқи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нақшаи мукаммали чорабиниҳо таҳия гардида, бандҳои алоҳидаи он мавриди амал қарор дода мешаванд. Масъулияти кормандон дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ назаррас аст. Аз ҷумла, вобаста ба рафти иҷрои Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Шаҳритус муроҷиатҳои шаҳрвандон тавассути Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дигар ташкилоту корхонаҳо ва аз тарафи шаҳрвандон ворид гардида, дар китоби бақайдгирии муроҷиатҳои шаҳрвандони корхона сабт карда мешаванд ва барои баррасӣ ба мутахассисон дастрас мегарданд. Давоми шаш моҳи соли 2019 ба корхона 927 муроҷиат, аз ҷумла аз тарафи шаҳрвандон 26, мактубҳо аз ташкилоту идораҳо 217 адад ворид гардида, ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардонида шудааст. Ҳолати истифодабарии харитаҳои кадастрии
Диловар Содиқзода, директори КДФ "БММҒ" дар ноҳияи Шаҳритус рақамӣ, барномаҳои САБТ, Архикад, Бойгонии электронӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба бойгонии корхона 228 дархост ва ариза аз тарафи идораҳо, корхонаҳо ва шаҳрвандон ворид гардидааст, ки ба онҳо ҷавоби мушаххас гардонида шудаанд. Бо назардошти он ки корхонаи мазкур худмаблағгузор аст, ба хизматрасонии электронӣ гузаштан барои масъулон ва аҳолӣ сабукӣ пеш меорад. Натиҷаи ҳамин буд, ки корхона ӯҳдадории худро барзиёд иҷро намуда, дар давраи ҳисоботӣ ба ҷои 432 000 сомонии нақшаи молиявӣ ба андозаи 517 128 сомонӣ хизматрасониро ба роҳ мондааст. Корхона дар самти тадбирҳои ободонию созандагӣ низ саҳм гузошта, дар шаш моҳи соли 2019 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагиро ба маблағи 20000 сомонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия анҷом додааст. 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
54 | ПАНҶАКЕНТ
Ҳавасмандӣ ба истифодаи дурусти замин Истифодаи мақсадноки замин ва гирифтани ҳосили баланд хоҷагидорони шаҳру деҳоти Панҷакентро сол то сол ба заҳмати созанда ҳавасманд месозад. Ҳамин аст, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам майдони кишти зироат ва сабзавоту картошка марҳала ба марҳала васеъ карда шуда, деҳқонон талош менамоянд, ки дар таъмини амнияти ғизоӣ саҳми шоиста гузоранд.
Д
ар шаҳри Панҷакент 11 ҳазору 466 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки аз ин миқдор дар 5 ҳазор гектараш кишти картошка гузаронида шудааст. Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо картошка, ки яке аз маҳсулоти серталаб дар рӯзгори мардум маҳсуб меёбад, хоҷагидорон майдони кишти онро ҳамасола зиёд менамоянд. Соли 2018 агар кишти картошка 3 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас имсол тибқи нақша иловатан боз дар 2 ҳазор гектари дигар низ картошка кишт намудаанд. Дар баробари тадбирҳои агротехникӣ барои гирифтани ҳосили баланд ҳамчунин тухмии картошка низ нақши
муҳим дорад. Инро ба инобат гирифта деҳқонон он тухмиеро истифода мекунанд, ки аз таҷриба гузаштааст ва ҳосили баланди он дар минтақа кафолат дода мешавад. Ҳамчунин дар майдони 1400 гектар шолӣ низ кишт шудааст. Мавриди зикр аст, ки шоликорони шаҳри Панҷакент дар парвариши чунин намуди зироат таҷрибаи ғанӣ дошта, талош менамоянд, ки бозори истеъмолиро бо биринҷи аълосифат таъмин намоянд. Аз ҷониби саҳмдорони 5 ҳазору 177 хоҷагии деҳқонии шаҳр замин самаранок истифода шуда, дар баробари парвариши сабзавоту ғалладонагӣ ҳамчунин ба соҳаи боғдорӣ низ
диққати махсус дода мешавад. Майдони умумии боғоти шаҳр беш аз 4 ҳазор гектарро ташкил дода, аз ин миқдор 16 гектараш боғи интенсивии себ ва олу ба шумор меравад. Ҳосилнокии боғҳои себ, нок, чормағз, шафтолу ва зардолу баланд буда, тиқби омор, кишоварзони шаҳр соли 2018 3 ҳазору 200 сентнер ҳосил ба даст овардаанд. Дар маҷмӯъ, хоҷагидорони шаҳри Панҷакент талош менамоянд, ки бо гирифтани ҳосили дилхоҳи сабзавоту меваҷот дар баробари боло бурдани сатҳи иқтисоди мардум, ҳамчунин бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, содироти онро низ ба роҳ монанд.
Аминҷон Азимов САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
ПАНҶАКЕНТ | 55
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохтмони 405 адад биною иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор соли 2018 68 биною иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд. То анҷоми соли 2019 бошад, 82 адад биною иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд, ки дар маҷмӯъ 150 ададро ташкил медиҳанд.
Бунёди иншооти ҷашнӣ А
йни ҳол дар иншооти гуногун таъинот корҳои сохтмонӣ идома дорад, ки марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳамагӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент 116 адад майдончаҳои варзишӣ мавҷуд аст, ки як қисмашон дар назди мактабҳо қарор доранд. 6 адад майдончаҳои нави варзишӣ дар ҳудуди шаҳр ва 3 адад дар ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла дар деҳаи Сарикамари ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Сӯфиён дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва деҳаи Чорбош дар ҷамоати деҳоти Косатарош сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳоло дар деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Кабудсанги ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Ёрии ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Чинор ва деҳаи Чимқалъаи ҷамоати деҳоти Саразм сохтмони майдончаҳои нави варзишӣ идома
доранд. Бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 20 ададро ташкил медиҳад, ки дар соли 2018 3 адади он дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Пушти Қӯрғони ҷамоати деҳоти Моғиён ва деҳаи Шӯрноваи ҷамоати деҳоти Саразм бунёд гардидаанд. Соли ҷорӣ 10 муассиса ва дар назар аст, ки соли 2020 3 ва дар соли 2021 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, мавриди истифодаи насли наврас қарор дода мешавад. Инчунин бунёди 30 бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шуда, соли 2018 13-тои он сохта шуд ва айни ҳол сохтмони 3 бунгоҳи дигари тиббӣ идома дорад. Сохтмони мактаб барои 640 хонанда дар шаҳраки Саразми ҷамоати деҳоти Саразм аз ҳисоби ҶДММ КМ «Зарафшон», бинои мактаб барои 240 хонанда дар деҳаи Нофин ва
бинои мактаби дигар барои 240 хонанда дар деҳаи Падруд, ҷамоати деҳоти Шинг, сохтмони корхонаи коркарди қуму шағал дар мавзеи “Қӯруқ”-и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо иқтидори 80 метри мукааб коркард дар як шабонарӯз, аз ҳисоби ҶДММ “Квартс+”, таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ ва банду басти меваи хушк дар ҳудуди собиқ заводи коркарди «Тамоку» аз ҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии “Маърифатпарвар”, ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Сӯҷина аз ҳисоби як субъекти соҳибкорӣ бо суръат идома доранд. Бояд зикр кард, ки ҳамаи биною иншоотҳои номбурда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита дошта, зери назорат қарор доранд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда марҳала ба марҳала ба истифода дода мешаванд. 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
56 | СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Сайёҳӣ - соҳаи аз ҳама сердаромад
Заминаи ҳуқуқии рушди сайёҳӣ Чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунро имзо намуданд, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” унвон дошта, ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2018 ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 равона шудааст. Қонуни мазкур ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, бахусус рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст. Дар ҳақиқат, сайёҳӣ аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод шудаанд. То имрӯз бо истифода аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон тавонистанд, ки дар гӯшаҳои зебоманзари ватани азизамон иншооти гуногуни фароғатӣ бунёд намуда, барои ҷалби сайёҳон шароити зарурӣ фароҳам оваранд. Афзоиши шумораи сайёҳон Солҳои охир дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи яго-
САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
наи электронӣ ба кор андохта шудааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ҳаёти иҷтимоиву
иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Тавре маълумоти оморӣ нишон медиҳад, шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон омада дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 дуюним
СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ | 57 баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо ин мақсад Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли гузашта иброз доштанд, ки “бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад”. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани
#visittajikistan
аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешад. Муаррифии сайёҳӣ тавассути озмунҳо Дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” манзараҳои дилфиреб, кӯҳу дарёҳои пуртуғён ва дигар имкониятҳои сайёҳӣ тавассути озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ВАО инъикос мегарданд. «Акси зебои кишварам», “Тоҷикистон - сарзамини беназир”, “Ватанро бишнос”
ва боз даҳҳо озмуни дигар маҳз ба ҳамин хотир эълон шудаанд ва дар он нафарони зиёд иштирок карда, заҳматашон қадрдонӣ мешавад. Имконоти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон – дар ойинаи маҷаллаҳои хориҷӣ Имрӯз дар баробари инъикоси муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба соҳаи сайёҳӣ ва бартараф намудани мушкилоти он дар рӯзномаву маҷаллаҳои машҳури дунё имкониятҳои сайру сайёҳии Тоҷикистони зебоманзар васеъ инъикос мешавад. Чанде пеш маҷаллаи машҳури русии «Философия отдыха», ки оид ба масъалаҳои сайёҳӣ мавод нашр мекунад, зери унвони «Таджикистан в зеркале международного рынка туризма» аз зебоиҳо ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон васф карда, кишвари моро аз диди хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносонидааст. Мақола моҳи июн ба табъ расида, ба шумораи 18-уми маҷаллаи мазкур рост меояд. Бояд таъкид кард, ки тавассути мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои маъданӣ ва чашмаҳои шифобахш Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ дар минтақа мебошад.
Tajikistan, Pamir photo by: Andy Qin 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
58 | АМНИЯТИ ҒИЗОӢ
Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин вилоят дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва асосан маҳсулоти кишоварзӣ маҳз дар ин минтақа парвариш карда мешавад, хоҷагидорон дар парвариши сабзавоту зироат ва полезиҳо аз таҷрибаи пешқадами замонавӣ ва қоидаҳои агротехникӣ дар киштукор ба таври васеъ истифода менамоянд.
Б
ояд қайд кард, ки истифодаи самараноки замин дар мадди назари кишоварзон қарор дошта, онҳо ҳамасола бо татбиқи барномаҳои мушаххас заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, саҳми шоиста мегузоранд. Хоҷагидорони ноҳияи Кӯшониён бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ба бунёди гармхонаҳои мавсимӣ ҳавасманданд. Ин аст, ки кишоварзон ба бунёди гарСАРЗАМИН | апрел-июн | 2019
Ҳам таъмини бозор ва ҳам зиндагии шоиста
мхона ва парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз қабили қаламфури булғорӣ, помидор, бодиринг, боимҷон ва ғайра таваҷҷуҳи махсус доранд. Дар ноҳияи Кӯшониён дар маҷмӯъ, 2 ҳазору 236 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон майдони 15 ҳазору 732 гектар заминро дар ихтиёр доранд. Дар баробари гармхонаҳои доимоамалкунанда, ки дар ноҳия беш аз 4 гектарро ташкил медиҳад, кишоварзону хоҷагидорон дар майдони 162 гектар гармхонаҳои мавсимиро низ ба роҳ мондаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳия дар масоҳати 84 гектар гармхонаи мавсимӣ мавҷуд аст, ки саҳмдорон бо шавқи зиёд дар онҳо меҳнат мекунанд, то ки дар баробари беҳ сохтани сатҳи зиндагии худ ҳамчунин дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза низ саҳм дошта бошанд. Риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифода аз таҷрибаи пешқадам ва дилгармӣ ба меҳнат аст, ки имрӯзҳо гармхонаҳо дар ноҳия ғарқи ҳосил ҳастанд ва муддатест, ки бозорҳои ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин маҳсулот ғанӣ гардидааст.
АМНИЯТИ ҒИЗОӢ | 59 Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар» ва «Навбаҳор» низ мутаносибан 43 ва 11 гектар гармхонаи мавсимӣ мавҷудаст ва деҳқонон аз ин гармхонаҳо ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам дар Ҷамоати «Навбаҳор»-и ноҳия дар ин самт пешқадам буда, кишоварзони ғайратманд ҳосили баланди сабзавот, ба монанди қаламфури булғорӣ, бодирингу помидор, боимҷон ва ғайраҳоро парвариш менамоянд. Майдони гармхонаҳои мавсимӣ дар ин хоҷагӣ беш аз 1 гектарро ташкил медиҳад ва ҳосилнокӣ дар онҳо то 350 сентнерӣ мерасад. Саҳмдорони хоҷагӣ мекӯшанд, ки бо заҳмати созанда дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, нақши муҳим дошта бошанд. Ҳамаи талошу заҳмат ва ғайрати кишоварзон ба он нигаронида шудааст, ки бо истифодаи басамари ҳар қитъа замини ҳосилхези диёр тавонанд, дар фаровонии бозори истеъмолӣ, таҳким бахшидани иқтисодиёти хонаводагӣ ва дар маҷмӯъ - таъмини амнияти ғизоӣ саҳмгузор бошанд. Дар соҳаи кишоварзӣ парвариши сабзавоти тару тоза дар гармхонаҳо аҳаммияти вижа дорад, чунки ин омил барои фаровонии бозор дар ҳамаи фаслҳои сол мусоидат менамояд. Ин аст, ки хоҷагидорон ба бунёди гармхонаҳои муосир бештар таваҷҷуҳ доранд ва талош менамоянд, ки ҳар қитъа замини дар ихтиёр доштаашон самаранок истифода гардида, ҳамеша аҳолиро бо маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ таъмин намоянд. Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ низ дар ин соҳа пешқадаманд. Дар ноҳияи Дӯстӣ дар маҷмӯъ соли равон дар майдони 850 га сабзавоти гуногун кишт кардаанд. Аз ҷумла, дар майдони 450 га сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, гулкарам, қаламфури ширин ва ғайра парвариш карда мешавад, ки ҳосилашон ба бозор бароварда мешавад. Сабзавоткорӣ дар Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш» рушди мунтазам дорад. Дар ҷамоати мазкур зиёда аз 280 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буда, саҳмдорон заминро самаранок истифода мекунанд. Дар баробари таъмини худ ҳамчунин маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои хориҷӣ низ содирот карда мешавад. Ин омил боис гардидааст,
ки ҳам аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзаш таъмин бошад ва ҳам сатҳи зиндагии кишоварзон боло равад. Натиҷаҳои мусбати фаъолият дар парвариши зироати барвақтӣ
дар ин ноҳияҳо мӯҷиби он шудааст, ки сол то сол ҳавасмандӣ барои рушди кишоварзӣ меафзояд ва хоҷагидорон майдони гармхонаҳоро васеъ мегардонанд.
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
60 | НУҚТАИ НАЗАР
Ҳамдилии ҳама мардуми кишвар
Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Вожаи «миллат» дар замони мо дорои мафҳуми фароэтникӣ буда, бартарӣ бахшидан ба ягон этноси (миллияти) алоҳидаеро ҳаргиз дар назар надорад ва ба ягонагии шаҳрвандӣ ишора мекунад. Яъне ба ҳангоми баёни ибораи «ваҳдати миллӣ» ягонагии ҳама қавму миллиятҳои дар Тоҷикистон зистгоҳ дошта, новобаста ба нажод, забон, боварҳои диниву мазҳабӣ дар назар аст. Дар давлати миллӣ шаҳрвандон - намояндагони этносҳои гуногун, гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун дар баробари коргирӣ аз забони давлатӣ метавонанд гӯишгарони забонҳои дигаре буда, ба дину мазҳабҳои гуногун бовар дошта бошанд. Онҳоро он нукта ба ҳам меоварад, ки волоияти қонунро эътироф менамоянд, на волоияти боварҳои диниву мазҳабӣ ва урфу одатҳои этникиро.
М
иллати тоҷик дар дарозои зиндагии хеш тӯфонҳои шиканандаеро пушти сар ниҳодааст, ки бисёре аз миллатҳои дигар ба он тоб наоварда, аз саҳнаи таърих берун шудаанд. Мо дар саргузашти худ зери фишори омилҳои бегона борҳо аз асли худ ҷудо шуда, хештани хешро аз даст додаем ва имрӯз бояд бидонем, ки бо чӣ душвориҳои камаршикане ба хеш бозгаштаем ва чӣ бикунем, ки дигар он шикастҳо ба пайкари мо роҳ наёбанд. Мо агар ҳарчи жарфтар саҳифаҳои таърихро варақ бизанем ва зеҳнамонро ба рӯйдодҳои он замонаҳои дур, ҳарчи бештар равона созем, хоҳем дид, ки ҳама шӯрбахтиҳо ва бохтҳои бебаргаштамон бар асари ноиттифоқӣ, яъне надоштани ваҳдати миллӣ, сар задааст. Ончунон ки солҳои 90-уми садсолаи гузашта, дар рӯзгороне, ки ҷомеаи мо ба як сукути сарди печидагиҳои маънавӣ, дудилагиҳои худноогоҳӣ гирифтор гашта буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нобовариҳои умумиро барканор карда, миллати моро дар як замони барои таърих фишурда, аз ин шикасти маргбори рӯҳӣ САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
раҳоӣ бахшид. Пешвои миллат нигаҳи хешро ба шикастҳои пай дар пайи гузаштагонамон андӯхта, бо таҳлили ҳамаҷониба дарёфтааст, ки мо, тоҷикон, беш аз ҳамеша ба ҳушёрӣ ва ягонагии (ваҳдати) миллӣ ва дурандешиҳои хирадмандона бар бунёди таҷрибаҳои пирӯзманди гузашта ниёзмандем. Ҳамин аст, ки неруҳои зиндагисози ҷомеа, мардумони равшанзамири некбини мо набояд хушгумон бошанд, ки душмани шикастхӯрда дигар акнун дар пайи осебрасонӣ ба оромиҳову осудагиҳои мо намебошад. Душмани ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз гаҳе дар либоси диниву мазҳабӣ ва гаҳе дар либоси ҷудоиандозии (сепаратизми) қавмӣ худро намоён месозад, талошҳои зиёд мекунад, ки бо ҳилаҳои маккоронаи хеш ва сарпарастони хориҷии худ аз байни мардуми содаандешу нохудогоҳ ҷонибдороне пайдо карда, ҷомеаро ба вартаи раҳгумӣ тела диҳад. Яке аз усулҳои дар назари нахуст содда, вале дар ниҳод маккоронаи онҳо, коштани тухми ҷудоӣ дар миёни тоҷикон аз роҳи фаслсозии шаҳрвандон ба маҳаллаҳо мебошад. Чунинҳо дар ҷой - ҷое аз ғаризаҳои маҳалпарастии одамони кутоҳандеш
кор гирифта, маҳаллаеро бениёз аз лутфи ҳукумат нишон доданӣ мешаванд ва ё ба боварҳои мазҳаби исмоилияи тоҷикони кӯҳнишин бо дидаи нобихрадона нигариста, он бародарону хоҳаронамонро мехоҳанд ба тоҷикони дигар бегона нишон диҳанд. Сияҳкорони ҷудоиандоз солҳост барои дигаргунаву бегона намоён сохтани ҳувияти миллии тоҷикон, аз эҳсоси парастиши зодбуми тоҷикони кӯҳнишину шаҳрнишин кор гирифта, бадахшониёнро ба авлодони юнониён ё боқимондаҳои лашкариёни Искандари Макдунӣ пайвастанӣ мешаванд, ки ба чунин иддао танҳо шахси нахондаву гумроҳ метавонад бовар кунад. Албатта, онҳо пай набурдаанд, ки дар нигаҳдошти ҳувияти зоҳирӣ – антропологии тоҷикони Бадахшон, зистгоҳ доштанашон дар кӯҳҳои душворгузар ва пушти рӯдҳои пуршӯр мебошад. Ва дар паёмади оне, ки арабҳо дар садаҳои VII–X ва муғулҳо дар садаҳои XIII–XV натавонистанд ба ин одамони ғаюр чираманд шаванду мардумонаш аз омезиш бо истилогарони сиёҳчеҳра ва рамачаронони резачашм раҳоӣ ёфтанд, онҳо симои ориёӣ ва гӯиши маҳаллии худро нигаҳ доштанд. Бояд ба онҳо низ фаҳмонд, ки гурӯҳи забонҳои помирӣ ҳамрешаи за-
НУҚТАИ НАЗАР | 61 бони тоҷикӣ - форсӣ буда, аз таъсиру омезиши сахт бо забонҳои арабиву туркӣ эмин мондаанд ва ин забонҳо чун таърихномаи саргузашти гурӯҳи забонҳои форсӣ арзиши ҳамешагӣ доранд ва давлат дар нигаҳдошту солимии онҳо кафил аст. Чун ба китобҳои куҳна менигарем, дармеёбем, ки замоне Бадахшон ҷузви билоди Хатлон будааст ва гаҳе Хатлонро ҷузви Бадахшон донистаанд. Дар фарҳангномаи «Бурҳони қотеъ» чунин омадааст: “Хатлон - номи вилоятест аз музофоти Бадахшон, ки ба Кӯлоб иштиҳор дорад. Гӯянд мардуми он ҷо хушсурат мебошанд ва аспи хуб низ аз он ҷо оваранд. Бадахшон – бар вазни намакдон; вилоятест мобайни Ҳиндустон ва Хуросон. Гӯянд маъдани лаъл ва тилло дар он ҷо ҳаст”. Дар фарҳангномаи «Ғиёс-уллуғот» мехонем: “Хатлӣ – аспе, ки аз Хатл оваранд ва Хатл вилоятест аз Бадахшон ва онро Хатлон низ гӯянд”. Соли гузашта Пешвои муаззами миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доштанд. Одамони андешаи солим дошта аз тамошои барномаҳои телевизионӣ бахшида ба сафари кории Пешвои миллат хушнуд шуданд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштааст. Дигар акнун сокинони шаҳри Хоруғ аз нарасидани оби нӯшокӣ ҳаргиз душворӣ нахоҳанд кашид. Ҳукумат бо харҷи миллионҳо сомонӣ ин душвориро аз байн бардошт. Чунон ки аз иттилооти расмӣ равшан аст, барои таълиму тарбияи наврасони вилоят, танҳо дар 20 соли охир беш аз 255 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ва азнавсозӣ гардидаанд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ аз роҳи бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар асоси квотаи президентӣ барои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой муқаррар гардидааст. Даҳҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Дар вилояте, ки замони Шӯравӣ «Боми ҷаҳон”-
аш хонда буданд, аз сабаби набудани роҳҳо ва қатъ гардидани убуру мурур бо марказу деҳот, хӯрокворӣ ва ашёи зарурати аввалияи аҳолӣ дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо автомашина кашонида мешуд. Деҳотиён барои зимистонгузаронӣ ҳатто гӯгирду собун захира мекарданд. Ҳоло бошад, Бадахшон аз он бунбастҳои таҳқиромез раҳо ёфтааст. Дигар имрӯз бародарону хоҳарони бадахшонии мо метавонанд бо автомашинаи роҳат субҳ аз маркази вилоят ҳаракат карда, шом ба пойтахти кишвар бирасанд. Ва монанди ин садҳо намунаҳоро аз пешравиҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва илму фарҳанги ин гӯшаи зебои кишвар метавон ёдовар шуд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба имрӯзу фардои Бадахшон хоссаву дурандешона аст ва бо меҳри бепоён ин вилоятро ҳамчун яке аз шоҳрагҳои давлатамон, «дарвозаи тиллоии Ватан» номида, асри 21-ро «Асри Бадахшон» унвон кардаанд. Ин суханҳо дархӯри ниятҳои поку сарнавиштсози Пешвои миллат мебошанд, ки шахси нуктасанҷро бо хаёли солим ба ояндаи дурахшону шукуфони меҳан хоҳад бурд. Зеҳни хушбин Бадахшонро ба сони нигини Аврупо - Шветсария мебинад. Чун бунёди роҳҳои автомобилгард ба поён расиданд, он замон дур нест, ки роҳи оҳан то Хоруғ ва Мурғобу Кулма бирасад. Имрӯз Бадахшон аз Ҳукумат кумакхарҷ (дотатсия) мегирад, аммо замоне хоҳад расид, ки аз роҳи татбиқи барномаҳои дурандешонаи Сарвари Давлат, бо берун баровардани сарватҳои дар қаъри кӯҳҳои Бадахшон нуҳуфта иқтидори иқтисодии давлатамонро садчанд хоҳад кард. Маҳз барои ҳамин мебояд роҳи оҳан бунёд кард. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳои ояндасоз ҳар яки моро мебояд дар дил ҷавҳари хештаншиносии миллӣ ва ватанпарвариро парварида, арзиши олии ваҳдати миллиро дарк намоем ва барои устувориву пойдории он самимона талош намуда, ба хурдтарин кӯшиши бадгуҳарони дохиливу хориҷии ҷудоиандоз зарбаи қатъӣ занем. Бадбинони ҷараёни миллатсозии тоҷикон дар гуфтугӯҳои бепояву бемояи хеш аз роҳи шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Ютуб» ба давлатдории мо санги маломат партофта, бо тамоми ҳастӣ намехоҳанд аз дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон ёдоварӣ
кунанд, зеро дар он сурат номбар кардани ғалабаҳои пай дар пайи кишвармон аз шикасти онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо гувоҳӣ медод. Дар саросари кишвар ҳар сол даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, чорбоғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода мешаванд. Ба фаъолият оғоз гардидани чархи нахустини нерӯгоҳи барқи обии Роғун ғалабаи бебаргашти неруҳои солиму ватансоз бар харобкорону нотавонбинон аст. Ва имрӯзҳо мардуми мо дар арафаи ба кор даровардани чархи дуюми неругоҳи барқи обии Роғун қарор дорад. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари деҳоти кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти мавриди ниёзи мардум камари ҳиммат бастаанд. Мардуми заҳматкаши мо тамоми имкониятҳои зеҳнӣ ва иқтисодии худро барои ҳарчи зудтар саноатикунонии кишвар ба кор мебарад, аммо бадандешони дар хориҷа пинҳоншуда роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии хонадони онҳо халал ворид кунанд. Дар поёни ин навиштор мебояд бо як боварии пурра гуфт, ки ваҳдати миллии мо бебаргашт аст. Дигар акнун ҳамдилии ҳамватанони моро намешавад бо ҳилаҳову таҳдидҳо шикаст овард. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҳоло мо ҳама аз он ифтихор дорем, ки мардуми шарифи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд ва имрӯз дар фазои сулҳу суботи комил бо азму талоши содиқона Ватани маҳбуби худро ободу зебо гардонида истодаанд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ, бояд бо ҳисси баланди худогоҳиву ватандӯстӣ истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо, асоси суботу оромӣ ва пешрафту ободонии кишварамон муқаддас шуморад ва онро ҳифз намояд». 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
62 | САРЧАШМАИ МУЪТАМАД
Таъмини харитаҳои рақамӣ
Боиси тазаккур аст, ки зимни муҳокимаи парламентӣ дар сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2011-2012" дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Консепсияи истифодабарии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки бо мақсади сари вақт ва сифатнок гузаронидани баҳисобгирии давлатии заминҳои маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ, таъмини харитаҳои рақамӣ ва пурра муайян намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, ки яке аз сарчашмаҳои иловагии даромад ба буҷет мебошад, маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
Н
омувофиқӣ ва парокандагии маълумотҳои харитавӣ аз сарчашмаҳои гуногун сабабгори истифодаи душвори онҳо ва сарфи зиёдатии меҳнат барои мукаммал гардонидани маводҳо мегардад. Ҳоло дар аксар вазорату кумитаҳо баҳри амалӣ гаштани Ҳукумати электронӣ системаҳои иттилоотии соҳавӣ таҳия шуда истодаанду дар ояндаи наздик онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Бинобар ин ногузир будани харитаҳои электронӣ дар саросари ҷумҳурӣ ба миён меояд, ки онҳо барои рушди соҳа сарчашмаи муътамад ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, барои амалӣ гардонидани талаботи муосир ба маводи харитавӣ, истифодаи харитаҳои рақамӣ, интиқоли он дар байни истифодабарандагон зарурият пеш омадааст, ки харитаҳои рақамӣ ҳар чӣ зиёдтар истеҳсол гардида, дар бойгониҳои электронӣ ҷой дода шаванд, САРЗАМИН | апрел-июн | 2019
то ин ки истифодаи ин маводҳо осон гардад. Харитаҳои рақамӣ имконият медиҳад, ки таҳияи ҷойгоҳи маълумот ба таври электронӣ иҷро гардад, ки ин дар муддати кӯтоҳ ва дақиқ дастрас намудани маълумоти харитавӣ бо шарҳи заминҳоро таъмин намуда, нигоҳ доштани маълумоти ҳаҷман калон ва парешони коғазиро аз байн мебарад. Харитаҳои рақамӣ асосест барои ташкили заминаи ягонаи автоматикунонидашудаи баҳисобгирии миқдори заминҳо ҳамчун сарчашмаи ҳамбастае, ки дар шакли электронӣ маълумоти пурра ва муҳимро оид ба моликияти ғайриманқул, гирифтани феҳрист, маълумоти заминсозӣ ва таҳлилӣ ба мақсади пешниҳод намудани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ, инчунин ташкилоту шаҳрвандонро фароҳам меоварад.
Харитаҳои рақамӣ барои пешрафти кор аҳамияти махсус дорад, зеро ба мутахассисон имконият фароҳам меоварад, ки бе истифода аз харитаи коғазӣ бо ёрии барномаҳои харитасозӣ дар компютер бо пойгоҳи маълумот корро иҷро намоянд, дар доираҳои васеъ миқёси харитаҳоро тағйир диҳанд, бо қабатҳои алоҳидаи топографӣ ва маълумоти ба он алоқаманд амалиёт гузаронанд, корҳои ченкунии дарозӣ ва майдонро бо тезӣ ва дақиқияти баланд иҷро намоянд. Истеҳсоли харитаҳои рақамӣ барои рушди бисёр соҳаҳо, аз ҷумла заминсозӣ, омор, кишоварзӣ, экология, меъморӣ, хоҷагии об, роҳсозӣ, ҳолатҳои фавқулода, корҳои лоиҳакашию сохтмонии хатҳои барқ, алоқа мусоидат мекунад ва инчунин заминаи асосӣ барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мегардад.
ШОҲМОТ | 63
Марҳалаи интихобии мусобиқаи шоҳмот Б
о мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 2019 таҳти № 25855 (26.7) оид ба баргузор намудани нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми “Пешвои миллат” 24-уми июни соли равон дар толори хурди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корхонаҳои зертобеъ марҳилаи интихобии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд. Дар ин мусобиқа кормандони синну соли гуногун, ки ба ин навъи варзиш шавқу муҳаббат доштанд, иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст ҳакамон ба хулосае омаданд, ки ҷойи якум ба ғолиби мусобиқа - муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Сафол Шарифзода, ҷойи дуюм ба мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Душанбе Маҳмад Мирзоев ва ҷойи сеюм ба сармутахассиси Сарраёсати назорати давлатии замин Тошпӯлод Умарзода дода шавад. Ба ғолибони сабқат аз ҷониби роҳбарият ва иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи давлатӣ ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуд. 2019 | апрел-июн | САРЗАМИН