САРЗАМИН №36 апрел-июн | 2022 | www.zamin.tj
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУНДАРИҶА №36 апрел-июн | 2022 | www.zamin.tj
4-7
10-11
44-45
28-29
12-13
42-43
20
32-33
САРЗАМИН Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН»
Муассис: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати саривақтӣ - омили фаровонҳосилӣ
34
Сармуҳаррир Гулчеҳра Сатторзода Ҳайати мушовара:
Фарзанди замин
22-23
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ориф Хоҷазода
раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶумҳуРии Тоҷикистон
Азизмамад Каримзода
муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Садриддин Давлатзода
Шароит беҳтар мегардад
Татбиқи дастовардҳои технологӣ
40
46
муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зикриё Абдуллозода
муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Умариён Раҳмон Фақерзода
директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"
Ҳайати эҷодӣ: Суратгир Заур Дахте Нақиб Муродзода
Бонуе дар пайроҳаи мураккаб
Муҳаррир Раҳими Карим Зоҳир Эшонов
Мактаби таҷриба
24-25 Фаъолияти муштарак
Тарроҳ Манзар Раҳимов Нишонӣ: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru Дар матбааи ҶДММ «Полиграф групп» ба табъ расидааст.
4 | ИҚДОМОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ТОҶИКИСТОН -
ВАТАНИ ТАШАББУСҲОИ БУЗУРГ Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар радифи он, ки иқдомҳои муассиреро дар самти рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар оғози истиқлолият рӯ ба рӯ омада буд, амалӣ мекард, ҳамчунин нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор ва ислоҳотгар марҳила ба марҳила мустаҳкам менамуд. Дар ин самт албатта тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, алалхусус ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ неруи тоза гирифт. Акнун Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аввалин иқдомҳои худро пешниҳод кард ва ҷомеаи ҷаҳон низ бо муҳим будани ин пешниҳод ва дархӯри замон будани онҳо ин иқдомҳоро дастгирӣ намуд ва татбиқи онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монд. САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шавад.
Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун "Соли байналмилалии оби тоза" эълон карда шуд. Бо ҳамин иқдомоти пайгирона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон пайи ҳам аз ҷониби СММ қабул гардиданд. Дар ин баробар Тоҷикистон маркази қабули барномаҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Ин омил
ИҚДОМОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ | 5 барои боз ҳам бештар муаррифӣ шудани Тоҷикистони соҳибис тиқлол дар арсаи олам мусоидати фаъол намуд. Ҳамин буд, ки 6-ум, 9-уми июн шаҳри Душанбе боз мизбони чунин як чорабинии сатҳи баланд гардид. Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» бо иштироки роҳбарону намояндагони созмону ташкилотҳои
бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин давлатҳои дунё баргузор гардид. Қабл аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланд ҳамчунин дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки соли 2021 аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии обуҳа-
вошиносӣ ва Созмони Милали Муттаҳид - як Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим таҳти унвони «Пешвоёни Эътилофи об ва иқлим» таъсис дода шуда буд, ки бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи Рӯзномаи глобалӣ оид ба об ва иқлим 16 нафар сиёсатмадорон
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
6 | ИҚДОМОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ва коршиносони аршадро дарбар мегирад. Бо назардошти саҳми арзанда ашон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин даъватшудагон ба Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим мебошанд. Дар ҳамоиш оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд. Дар натиҷаи ҷаласаи 3-юми «Пешвоёни Эътилофи об ва иқлим», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба Рӯзномаи ҳамгирошудаи об ва иқлим» тасдиқ карда шуд. 7-уми июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози расмии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
«Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 20 соли талошҳову ташаббусҳо оид ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии «Соли байналмилалии оби тоза - 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 - 2010» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти оқилонаи захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши ташаббуси чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати
ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид. Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Баъзе сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ дар кори Конфронси оби Душанбе иштирок карданд. Ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028»-ро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос намуданд. Дар доираи Конфронс 5 форуми сатҳи баланд, 9 ҷаласаи пленарии
ИҚДОМОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ | 7 мавзӯӣ, 3 панели интерактивӣ, 11 конфронсу чорабинӣ, Фестивали об ва марафони варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Таҳлилгарону коршиносон, ки ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлимро саривақтӣ ҳисобида дурнамои рушди онро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷабахш арзёбӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, он ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк гузаронида мешавад, занҷираи марказӣ хоҳад буд. Иштирокчиёни Конфронс зимни суханрониҳои хеш саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар
самти ҳаллу фасли масоили об ва иқлим бузург арзёбӣ карданд. Дар ҳошияи конфронс ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор иштирокчиёни Конфронс мулоқот карда, масоили ҳамкории дуҷониба ва ҷараёну натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи баланд оид ба обро муҳокима намуданд. Ҳамчунин шурӯъ аз 6 июн дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои марбут ба обу иқлим дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд. Як гурӯҳ меҳмонон, аз ҷумла Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикис тон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез шинос шуданд. Дар ин Конфронси сатҳи баланд намояндагон аз 75 давлат, 634
созмону ташкилотҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар маҷмӯ 2600 нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин беш аз 500 нафар бо усули онлайн ба чорабиниҳои гуногуни дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028 пайваста, андешаи худро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар баëн доштанд. Бо натиҷагирӣ аз Конфронси мазкур «Эъломияи Душанбе 2022» қабул карда шуд. Тибқи далелҳои Бонки ҷаҳонӣ, ба тағйирёбии ҷиддии вазъият дар тӯли 50 соли наздиктарин умед бастан ғайриимкон аст. То миёнаи асри ХХI аллакай 40 фоизи аҳолии Замин ба камбуди об дучор хоҳад омад, 20 фоизи он аз чунин камбудӣ ба таври ҷиддӣ азият хоҳанд кашид. Ба назари коршиносон татбиқи ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти рафъи ин мушкилот мусоидати фаъол хоҳанд кард.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
8 | РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ
Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба 29-30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари расмӣ анҷом доданд. Маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифт. Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосаи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт. Зимни мулоқот мубодилаи судманди афкор дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари дӯст барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд. Аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсии миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат, дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари «гурӯҳҳои дӯстӣ», ҳамкориҳои фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм
ва амният ҳамчун омили муҳимми таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд. Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсох тори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва БандарАббос ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд.
РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ | 9
Бунёди нақби «Истиқлол» ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ҳамкориҳои созандаи ду ҷониб арзёбӣ гардид.Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва вилоятҳо, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ, соҳаи сайёҳӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар табодули андеша карданд. Баъди анҷоми музокироти расмӣ
дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ зери «Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон» имзо гузоштанд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис тон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ба имзо расид. Ҷойи таъкид аст, имзои ин санад имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёбад. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи давлатӣ низ беҳтар ба роҳ монда шуда, дар заминаи он дастовардҳо низ назаррасанд. Бо имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои муштарак бо ин кишвари ба мо дӯсту бародар низ густариш ёфта, табодули таҷриба ва омӯзиши амиқи ин соҳа ба миён меояд. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
10 | БОЗДИД
Фарҳанги заминдорӣ 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТОҶ АГРО» шинос шуданд. Ин ҷамъият дорои 70 гектар замини обӣ буда, хоҷагидорон ҳар қитъа заминро оқилона истифода намуда, зироати гуногун кишт кардаанд. 35 гектар заминро токзор, аз ҷумла ангурҳои содиротӣ ташкил медиҳад. 13 гектари токзор навбунёд буда, хоҷагидорон нақша доранд, ки дар оянда бо роҳу усулҳои муосири парвариш, аз ҷумла пайванд ҳосили хуб ба даст оварда, рушди соҳа ва бозори истеъмолиро таъмин созанд. Аллакай то имрӯз дар майдони 3,8 гектар замин парвариши навъҳои гуногуни ангур
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
бо роҳи пайванд ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва дар ин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳмдорони ҷамъияти мазкур дар байни қаторҳои ниҳолони навбунёд тарбузи зери плёнка кишт кардаанд.
Боғи интенсивии себ дар ҷойи боғи кӯҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили ба иқлим мувофиқ бунёд гардида, зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳоли себи навъи «галамаст», ки давраи пухта расидани он моҳҳои июл-август буда, ҳосилнокиаш 400-450 сентнериро ташкил медиҳад, шинонида шудааст.
БОЗДИД | 11 Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТОҶ АГРО» 8 гектар боғ, аз ҷумла дар 4,5 гектар зардолу ва дар 3,5 гектар себ шинонда шудааст. Хоҷагидорон дар кишти аввал дар майдони 13 гектар кишти пиёз гузаронида, баъди ҷамъоварии ҳосил кишти харбуза гузаронидаанд. Аз кишти барвақтии пиёз, ки дар байни қатори ниҳолон гузаронида шуда буд, аҳли заҳмат аз ҳар гектар 400-450 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили пиёзи барвақтӣ дар 6 гектари он харбуза кишт карда шуда, дар 5 гектари боқимонда кишти дигар намуди зироат идома дорад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТОҶ АГРО» коргоҳи хурди банду басти асал бунёд гардидааст. Масоҳати коргоҳ 160 метри мураббаъ буда, бо техноло-
гияи пешрафтаи Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 2 тонна асал коркард шавад. Дар коргоҳи навбунёд 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Масъулини корхонаи мазкур барои захираи махсулот сардхона бунёд кардаанд, ки ғунҷоишаш 1000 тонна аст. Сардхона аз 8 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот иборат буда, бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо технологияи нав бунёд гардидааст.Ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ ва зиёд намудани майдони гармхона хоҷагидорон тасмим гирифтанд, ки гармхонаи нав бунёд карда, дар он парвариши помидорро ба роҳ монанд. Гармхонаи навбунёд 2 гектарро дар бар гирифта, дар он асосан парвариши помидори навъҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст. Дар идома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиш-
гоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд. Тибқи иттилоъ кишоварзони ноҳия дар майдони 13318 гектар зироати гуногун кишт кардаанд, ки аз ин 5107 гектар ғалладонагӣ, 5900 гектар пахта, 255 гектар картошка, 800 гектар сабзавот, 510 гектар полезӣ, 330 гектар пиёз ва 90 гектар сабзиро ташкил медиҳад. Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ ба дарави ғалла оғоз бахшида, таваҷҷуҳи кишоварзонро дар самти беталаф ғундоштани ҳосили имсолаи гандум, ки фаровон ба назар мерасад, ҷалб намуданд. Хоҷагӣ дорои 30 гектар замин буда, дар майдони 4,5 гектар гандум кишт карда шудааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 5107 гектар зироати ғалладонагӣ аз ҷумла, 4647 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 10 гектар шолӣ ва 120 гектари дигар ҷуворимаккаи дон кишт кардаанд.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
12 | ХУРРАМДИЁР
Сафари Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара Давоми моҳҳои апрел-июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара сафари корӣ анҷом доданд. Дар доираи ин сафарҳо ба ноҳияи Данғара Роҳбари давлат як қатор иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро мавриди истифода қарор доданд. Сехи ресандагии 1 дорои дастгоҳи Ритери шветсарӣ буда, асосан раванди пурраи ресандагии риштаҳои навъи 30-60, ки матои бофанда ва кешбофии аълосифат аз он омода мешавад, истеҳсол карда мешавад. Марҳилаи дуюми он соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Марҳалаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Ширкати «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатӣ, бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дар деҳаи Офтобруяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара ҳамчунин ба Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд. Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти «сементал», 90 сар зоти «шведӣ», 110 сар
«сиёҳалои тоҷикӣ» ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбад. Чорвои ширдеҳ дар хоҷагии мазкур 450 сарро ташкил менамояд. Бо ин мақсад имсол дар хоҷагӣ 360 сар насл гирифта шуд, ки назар ба солҳои гузашта зиёд аст.Парвариши чорвои майда самти дигари Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба шумор рафта, бо ин мақсад ҳоло 6 ҳазор сар гӯсфанд, аз ҷумла мешҳо 4 ҳазор ва барра 3 ҳазору 680 сарро ташкил менамояд. Шумораи бузҳо бошад 1 ҳазору 186 сарро ташкил дода, то ин ҷониб 500 сар насл гирифта шудааст. Ҳамзамон дар хоҷагӣ 60 сар асп парвариш меёбад.Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсу лотипарҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк парвариш карда мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад. Дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
ХУРРАМДИЁР | 13 Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни парандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд. Дар доираи ин сафар хамчунин сарвари давлат дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд. Ҳамзамон Пешвои миллат дар Хоҷагии деҳқонии «Сангалӣ Гулмурод» бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ шинос шуданд. Хоҷагии мазкур наздики 32 гектар замин дошта, соли равон меҳнаткашон ғалла, пахта, сабзавот, полизӣ ва дигар намуди зироатро кишт намуданд. Соли 2022 кишоварзони ноҳияи Данғара тибқи дурнамо дар майдони 5 557 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ мегузаронанд. Ба ҳолати 16-уми июни соли равон аллакай меҳнаткашон дар майдони зиёда аз 1 300 гектар кишти такрорӣ гузарониданд ва ҳоло кор дар ин самт дар саҳро бо равонакунии тамоми имконият ҷараён дорад. Дар ин рӯз сарвари давлат аз рафти ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва полезиҳо дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" шинос гардиданд. Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" дар 800 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 170 гектар пахта, 200 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 40 гектар ҷуворимакка барои дон, 7 гектар сабзӣ, 20 гектар картошкаи навъи "Тоҷикистон" ва 1 гектар пиёзи тухмӣ кишт шудааст.Дар Коопера-
тиви истеҳсолии "Сомонҷон» дар масоҳати беш аз 600 гектар боғ бунёд гардидааст. Барои гирифтани аз 3 то 4 ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз 4 ҳадафи стратегӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, дар байни қаторҳои боғ сабзавоту полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, помидору бодиринг ва лубиёдонагиҳо кишт карда шудааст, ки нашъунамои хуб доранд. Ҳамин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, ҷав, навъҳои гуногуни себ ва олуи сиёҳ машғул буда, дар заминҳои аз ҳосили гандум холишуда, кишти такрории ҷуворимакка барои дон ва кунҷитро ба роҳ мондаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи воҳиди давлатии «Чарми Данғара»-ро, ки аз ҷониби Агентии
таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.Бо иштироки Пешвои миллат дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара марҳилаи дуюми коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Карим» низ ифтитох карда шуд. Дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд. Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи корҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада мебошад.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
14 | БОЗДИД
Сарзамини файзбор Истифодаи мақсадноки замин, гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз нақшаҳои аслии хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дониста шуда, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифода аз таҷрибаи пешқадам ва истифодаи тухмиҳои ба иқлим мувофиқ имкон фароҳам овард, ки ҳосилнокӣ аз ҳар қитъа замин ба маротиб баланд бардошта шавад. Маврид ба зикр аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар ин ноҳияи вилояти Хатлон хеле ҳам рушд намудааст. Чун иқлими ноҳия гарм аст, дар сурати дуруст ба роҳ мондани кишт имкони гирифтани то чор ҳосил аз як қитъа фароҳам мебошад. Саҳмдорони ноҳия дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон ғалладона, аз ҷумла гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон, наску нахӯд, мошу лубиё ва саб завоту полезӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, сирпиёз, тарбузу харбуза, пиёзи тухмӣ, лаблабу, каду ва турбу шалғам кишт менамоянд. Бо мақсади оқилона истифода бурдани замин деҳқонони асили ноҳияи Ҷайҳун баъд аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, сабзавоту полезӣ кишт менамоянд. Парвариши тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамъоварии самараи меҳнат ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Истифодабарандагони замин дар хоҷагиҳои деқҳонӣ, инчунин заСАРЗАМИН | апрел-июн | 2022
минҳои ба истилоҳ президентӣ ва ёрирасону наздиҳавлигӣ ҳосили рӯёнидашударо ҳам барои эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд. Истифодаи оқилонаи замин боис ба он гардид, ки сатҳу сифати зиндагии саҳмдорон сол то сол хубтару беҳтар гардад.
ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мебошанд.
16-уми июн бо мақсади шиносоӣ бо рафти кишту кор, ҷамъоварии ҳосил ва дар маҷмӯ истифодаи мақсадноки замин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварда, дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти Қумсангир бо рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.
Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда мешавад.
Хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол» соли 1997 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,4 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият дошта, ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз
Хоҷагидорон соли равон аз ҳар гектар гандум аз 50 то 60 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, пас аз дарав кардани ҷаву гандум дар кишти такрорӣ, асосан ҷуворимаккаи дон ва сабзавоту полезӣ кишт намуданд.
Имсол боду ҳаво мусоид омада ба ҳосилнокии ғалла ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ таъсири мусбат расонд. Дар натиҷаи татбиқи таҷрибаи пешқадам аз ду гектар пиёзи киштшуда дар хоҷагии мазкур зиёда аз 130 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии «Иқбол» дар баробари ғаллакорӣ ва сабзавоту полезӣ, инчунин кишти юнучқа барои хӯроки чорво низ ба роҳ монда шудааст.
БОЗДИД | 15 Хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти Қумсангир низ аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Ҷайҳун ба ҳисоб рафта, 3 гектар замин дорад. Ин хоҷагӣ 6 нафар саҳмдор дорад, ки деҳқонони ботаҷриба мебошанд. Хоҷагии мазкур соли 2009 таъсис ёфтааст ва саҳмдорон ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун бо рафти кишти так рорӣ дар ин хоҷагӣ шинос шуданд. Хоҷагидорон аз ҳисоби кишти тирамоҳии гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ғалла рӯёнида, дар заминҳои холишуда кишти ҷуворимакка барои дон ва дигар навъи зироат мегузаронанд. Саҳмдорон барои таъмин намудани чорво бо хӯроки дурушту серғизо дар қиъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт намудаанд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили ҷуворимаккаи дон, баргу пояи он низ барои беталаф баровардани чорво аз мавсими зимистон захира карда мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати 6 деҳоту шаҳраки ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид, ки бозгӯи самараи меҳнати садоқатмандонаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон низ ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти так рорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва бо ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷӯҳи махсус доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷри-
баи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи «Дӯстӣ» кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард. Дар заминҳои ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то имрӯз ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ дода шудааст. Ҳамчунин бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ байни қаторҳо пурра коркард карда шуда, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд. Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ дар оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
16 | БОЗДИД Тибқи маълумоти масъулон дар давоми солҳои охир дар минтақаи Гароутӣ бо васлу насби 34 дастгоҳи муосири обкашӣ 10 ҳазор гектар замин шодоб гардидааст. Дар ноҳияи Дӯстӣ хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ фаъолият мекунад, ки асоси самти фаъолияташро токпарварӣ ташкил медиҳад. Аз 12 гектар замине, ки дар ихтиёри ин хоҷагӣ қарор дорад, 9 гектараш ангурбоғ аст. Аз ин шумора 5 гектар ангурбоғ дар ҳоли ҳосилдиҳӣ қарор доранд. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст овардаанд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд. Аз се гектар ангурбоғе, ки бо иштироки Роҳбари давлат ҷамъоварии қисме аз ҳосили он оғоз ëфт, соли якум аст, ки бор овардааст ва боқимонда 4 гектари токзор навбунëд мебошад. Тибқи дурнамо дар соли равон хоҷагидорон аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил интизоранд. Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунëд карда шудааст. Саҳмдорон мақсад доранд ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш бахшанд. Саҳмдорони хоҷагӣ кӯшиш намудаанд ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода намоянд ва дар байни қатори токзори нав намудҳои
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
гуногуни сабзавот, лубиëдонагӣ, полезӣ ва чормағзи заминӣ кишт кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин кишти такрорӣ мебошад ва қаблан дар қитъаи мазкур карам, лаблабу ва полезӣ кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Хоҷагидорон ҳамасола ба кишту парвариши пахта низ машғул мешаванд ва имсола майдони ин навъи зироати техникӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ 3 гектарро ташкил медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз хоҷагии деҳқонии "Ашӯрбек-2012"-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии мазкур ба кишти такрории шолӣ оғоз бахшида, бо саҳмдорон ва дигар шолипарварони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд. Хоҷагии деҳқонии "Ашӯрбек-2012" дар деҳоти Деҳқонобод дорои 2,5 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар як гектари он ҷуворимакка барои дон кишт намуда, дар боқимонда 1,5 гектар кишти шолӣ мегузаронанд. Масоҳати зикргардида барои кишти шолӣ пурра омода карда шудааст. Кишти шолӣ аз рӯи тартиби муайян ва ҷавобгӯ ба талабот дар 200 пал гузаронида шуда, нигоҳубини зироат бо риояи пураи агротехникаи кишт ба роҳ монда мешавад. Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ шолиро бештар баъди ҷамъоварии ҳосили
якум кишт мекунанд. Агар масоҳати умумии кишти ин навъи зироат дар кишти асосӣ 230 гектарро ташкил диҳад, дар кишти такрорӣ 800 гектар ба нақша гирифта шудааст. Шолӣ аз зироати кишоварзии зарурӣ барои аҳолӣ ба ҳисоб рафта, талабот ба маҳсулоти он, яъне биринҷ зиëд мебошад. Соли гузашта кишоварзон дар ноҳияи Дӯстӣ аз майдони 800 гектар зироати шолӣ 46 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар ин замина 1900 тонна биринҷ истеҳсол намудаанд. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи деҳа"-ро мавриди истифода қарор доданд. Самти асосии фаъолияти корхонаи "Ганҷи деҳа" ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардидааст. Дар ин корхона имкон аст, ки дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигит коркард ва аз он то 400 литр равғани хушсифати растанӣ истеҳсол карда шавад. Дар маҷмӯъ хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти аграрии мамлакат ба ҳисоб меравад, дар самти истифодаи мақсадноки замин, гирифтани ҳосили баланд ва саҳм гузоштан дар татбиқи барномаҳои агросаноатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
ТАЪКИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ | 17
Зарурати истифодаи оқилонаи замин Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2018-2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 88 фоиз зиёд гардида, 193 миллион нафарро ташкил додааст. Мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад. Ҳамзамон бо ин, тибқи пешгӯии ҳамин созмон дар мавсими солҳои 2022-2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам мешавад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна коҳиш меёбад.
Дар миқёси мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 182 ҳазор гектар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор доранд, ки 104 ҳазор гектари онҳо заминҳои обӣ мебошанд.
Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.
Мас ъалаи дигаре, ки мо бояд дар шароити имрӯза ба он диққати аввалиндараҷа диҳем, дар заминҳои обӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аст
Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки аз ҷониби аҳолӣ дар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ зиёд намудани кишти такрорӣ аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо таъмин гардад.
Роҳ надодан ба талафоти ҳосили ҷамъо варишуда ва дар мавсими тирамоҳу зимистон бо сабзавоту меваҷот таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ аз ҷумлаи мас ъалаҳои муҳим ба шумор рафта, бунёди сардхонаҳо бо технологияҳои муосири нигоҳдорӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем ва аҳлонаву содиқона заҳмат кашем.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
18 | ИҚДОМИ НЕК
Таъмини оби полезӣ
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба қадри имкон обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногун ба роҳ мемонад. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Қубодиён аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ корҳои барқароркунии шабакаҳои обёрӣ идома дошта, то имрӯз қисме аз он амалӣ гардидааст. Аз ҷараёни тадбирҳои васлу насби дастгоҳҳо дар ин пойгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон шинос шуданд ва марҳилаи аввали он ба фаъолият оғоз намуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён ҳазорҳо гектар заминҳои чарогоҳу бекорхобида мавҷуд аст, ки он солҳост, ки аз гардиши кишоварзӣ дур мондааст. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор тасмим гирифтаанд, ки дар мавзеи Қуштурмуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён зиёда аз 800 гектар заминҳои тӯли солҳои зиёд бекорхобидаро марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд. Дар ин мавзеъ барои шодоб намудани заминҳо ду адад пойгоҳи пуриқтидори обкашии 2000м3/ соат гузошта шуд, ки дар оянда метавон аз ин ҳисоб дар дигар қитъаҳои бекорхобида кишту парвариши зироатҳои гуногунро ба роҳ монд. Ҷойи таъкид аст, ки дастгоҳҳои обтаъминкунӣ аз ҳисоби маблағҳои талафи истеҳсолоти кишоварзии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ дастраст гардида, мутахассисони
корхонаву ташкилоти дахлдор ва ширкатҳои сохтмониву хизмат расонӣ ҷиҳати насбу барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба ин мавзеъ сафарбар шудаанд. Пойгоҳҳои нави обкашӣ иқтидори дар 1 соат 2 ҳазор метри мукааб баровардани обро доранд. Анҷоми ин амал имкон медиҳад, ки дар оянда садҳо гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, бо оби полезӣ таъмин шаванд. Илова бар ин дар мавзеи мазкур бо ҷалби техникаҳои соҳавӣ тозакунии заҳбуру заҳкашҳо оғоз ёфта, мутахассисон кӯшиш доранд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати мелиоративии заминҳои ин мавзеъро беҳтар намоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки бо маблағгузории умумии 1,6 милион сомонӣ
ИҚДОМИ НЕК | 19 635 гектар замин азхудкардашуда, 193 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Марҳала ба марҳала ин тадбир амалӣ мегардад. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар идомаи шиносоӣ бо ҷараёни корҳо барои харид ва насби дастгоҳҳои босифати обкашӣ, дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани идомаи корҳои барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ба масъулини пудратчии иншоот маслиҳат ва тавсия доданд. Баъди иҷрои корҳои банақшагирифташуда низоми обёрии заминҳои ин минтақаи ноҳияи Қубодиён бамаротиб беҳтар гардида, танқисии хоҷагидорон аз оби полезӣ бартараф мешавад.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
20 | ДАР ДОИРАИ ҚОНУН
Назорати саривақтӣ - омили фаровонҳосилӣ Сарраёсати назорати давлатии замин яке аз сохторҳои асосии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши риояи қонунгузории замин буда, дар ин самт давоми панҷ моҳи соли 2022 як қатор тадбирҳои соҳавиро амалӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки назорати истифодаи замин аз рӯйи таъинот ва пешгирии ғасби худсаронаи он дар шаҳру навоҳии мамлакат яке аз вазифаҳои асосии кормандони Кумитаи давлатӣ ва сохторҳои маҳаллии он мебошад. Сарраёсати назорати давлатии замин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин давра корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд. Мувофиқи иттилои мавҷуда дар ин давра аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 5511 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 5013 дастур дода шуд. Нисбати 4758 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2 368 613 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ татбиқ шуд, ки аз ин 1 806 392 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 445 мавод ба прокуратура, 184 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шудааст. Дар маҳал бартараф намудани камбудиву норасоии ҷойдошта низ мунтазам амалӣ мегардад. Давоми 5 моҳи соли равон 3465 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли 2022, 2201 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 2201 дастур додаанд. Нисбати 1737 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 850 818 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шудааст, ки аз он 683 814 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 170 мавод ба прокуратура, 133 мавод барои ба САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 1742 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шудааст. Масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Cуғд дар панҷ моҳи соли 2022, 2156 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 2156 ҳолат дастур, нисбати 2093 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 967 523 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардидааст, ки аз он 716 467 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 99 мавод ба прокуратура, 32 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 1192 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардидааст. Нозирони кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар панҷ моҳи соли 2022, 157 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 132 ҳолат дастур ва нисбати 91 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 26 164 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардаанд, ки аз он 11496 сомонӣ (43%) ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 25 мавод ба прокуратура, 8 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 89 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Мутахассисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2022,
Дилшод НАЗУРЗОДА сардори Сарраёсати назорати давлатии замин 867 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 524 ҳолат дастур ва нисбати 707 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 398 960 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намудаанд, ки аз он 296 923 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 154 мавод ба прокуратура ирсол карда шуда, 442 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардидааст. Масъулини Сарраёсати назорати давлатии замин баҳри истифодаи самаранок ва мақсадноки замин, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин чораҳои зарурӣ андешида, талош менамоянд, ки риояи талаботи қонунгузории соҳа дар ин самт ҳамеша ба роҳ монда шавад.
ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАС | 21
Нақшаҳо амалӣ мегарданд Аз ҷониби Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» давоми 5 моҳи сипаригардидаи соли 2022 дар доираи нақшаи корӣ як қатор тадбирҳои соҳавӣ мавриди амал қарор дода шуд. Ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани пешбурди низоми электронии гардиши байниидоравии ҳуҷҷатҳо, дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти ҳамкор геопартали Инфрасохтори миллии маълумоти маконӣ бо васл намудани таҷҳизот барои нигоҳдории маълумотҳо (сервер) ташкил шуд, ки дар он ҳамаи маълумотҳои зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Зиёд намудани ҳаҷми иҷрои корҳои шартномавӣ аз ҳадафҳои асосии корхона аст. Дар панҷ моҳи соли равон шартномаи тарафайн бо ҶДММ КМ «Зарафшон» ҷиҳати таҳияи парвандаи заминсозӣ ба имзо расид ва кор дар ин самт идома дорад. Инчунин тибқи дархости Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ҷиҳати таҳияи парвандаи заминсозӣ оид ба «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Данғара-Гулис тон» маблағи иҷрои корҳо ҳисоб гардида, барои озмун пешниҳод шуд. Тибқи мактуби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Деҳмой-Ғафуров, Ғафуров-Хистеварз, Конибодом-Кучкак, Куркат-Хаштяки вилояти Суғд, сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, таҷдиди роҳи автомобилгарди Барсеми ВМКБ маблағи иҷрои корҳо ҳисоб гардида, барои мувофиқа пешниҳод гардид. Дар асоси шартномаҳо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2022 корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 977915,57 сомонӣ ба иҷро расид, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 5% зиёд мебошад. Тибқи нақшаи корӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Восеъ ва Айнӣ баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои маҳалҳои аҳолини-
шини ҷамоатҳои деҳот аз ҷониби мутахассисони мо ҷараён дорад. Иҷрои корҳо дар иншооти мавриди назар таҳти назорати шахсони масъул қарор дорад. Дар ин давра масъулини Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» илова ба корҳои нақшавии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи шартномаҳои тарафайн бо дигар корхонаю ташкилот низ корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозиро ба иҷро расониданд. Зимнан ҷиҳати амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи-Хумб, қитъаҳои А ва Ф» бо Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе–Чаноқ» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи парванда, корҳои заминсозӣ барои муайян намудани намуди заминҳо ба анҷом расидааст. Инчунин дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» марҳилаи дувум ва сеюм таҳияи парвандаи заминсозӣ дар сатҳи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҷиҳати сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то деҳаи Чортут корҳои геодезӣ ва заминсозӣ ба анҷом расида, таҳияи парвандаи заминсозӣ ва мувофиқа бо замин истифодабарандагон ба анҷом расида, лоиҳаи қарор барои тасдиқ ба мақомоти иҷроияи ҳоки-
Додарҷон АМИРОВ директори ИЛТ "Фазо" мияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст. Дар самти иҷрои корҳои аэронавигатсионӣ ва аксбардории топографӣ низ як қатор корҳоро масъулин иҷро намудаанд. Тибқи шартномаи тарафайн бо Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб оид ба корҳои аэронавигатсионӣ ва аксбардории топографӣ корҳои нақшавӣ ба итмом расидааст. Илова бар ин корҳои дигари шартномавӣ низ аз ҷониби мутахассисони корхона амалӣ шудааст. Маблағи корҳои шартномавии иҷронамудаи Институт дар панҷ моҳи аввали соли 2022- 462870,73 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 36% зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии иҷрои корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» тибқи корҳои нақшавии Кумитаи давлатӣ ва мувофиқи шартномаҳо бо дигар корхонаю ташкилот маблағи 1440786,30 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 -14% зиёд мебошад. Институт минбаъд низ вазифаю уҳдадориҳои худро иҷро намуда, ба ин восита дар рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа саҳм мегузорад. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
22 | ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Татбиқи дастовардҳои технологӣ сионии КВД «БММҒ» мунтазам корҳои мукаммалгардонии барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) ба роҳ монда шуда, бо назардошти пешниҳод ва дархости бақайдгирандагони корхонаҳои фаръии тобеъ ба модулҳои зикргардида тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Оғоз аз моҳи январи соли ҷорӣ мутахассисони шуъбаи ТИК ҷиҳати такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбӣ дар марказҳои соҳибнуфузи таълимӣ дар курсҳои барномасозӣ иштирок менамоянд.
Сафол ШАРИФЗОДА муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» давоми соли 2022 корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Истифодаи барномаҳои электронӣ дар фаъолияти корхонаҳои зертобеъ аз афзалиятҳои кори мутахассисон аст. Дар ин замина аз ҷониби мутахассисони Корхона тавассути барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» санҷиши интихобии парвандаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда, дар корхонаҳои 18 шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд, ки он барои пешбурди кори соҳа замина мегузорад. Ҷойи таъкид аст, ки ҳамагуна амалиёти бақайдгирӣ дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад. Дар барномаи СХБТ ва сомонаи Корхона (www.baqaydgiri.tj) се намуди феҳристҳо (молу мулки ғайриманқул, бақайдгирии шартномаҳои гарав ва ҳабси молу мулки ғайриманқул) ҷой дода шудаанд. Феҳристҳои мазкур ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
дастрас буда, онҳо метавонанд маълумоти заруриро нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда ройгон пайдо намоянд. Тайи ин давра аз тарафи мутахассисони шуъбаи технология ҳои иттилоотӣ ва коммуникат-
Соли 2021 аз тарафи мутахассисони шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии КВД «БММҒ» барномаи «Бойгонии электронӣ» таҳия гардида, мавриди истифодаи асосии 62 корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Айни замон ҳамаи маълумоти бойгониҳои КДФ «БММҒ» дар шаҳру ноҳияҳо дар шакли элек тронӣ мутамарказ гардонида шудаанд. Маълумотҳои бойгонӣ ба зердомени boygoni.sabt.tj пайваст гардида, мутахассисон тариқи зердомени мазкур ба барнома дастрасӣ пайдо менамоянд. Бояд қайд намуд, ки маълумот оид ба тағйирот ба объектҳои молу мулки ғайриманқули нав бақайдгирифташуда ба таври худкор ба барнома ворид мешаванд. Корҳои ислоҳкунӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар маълумотҳои воридшуда
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ | 23 ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони Корхона саривақт анҷом дода мешаванд. Инчунин дар сомонаи Корхона муроҷиати электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷой дода шуд, ки он ба таври худкор ба почтаи электронии info@registr-ni.tj ирсол мегардад.
дахлдор ворид гардид. Аз он 15 парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 25 парвандаи заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шуданд.
Мутахассисони шуъбаи заминсозии Корхона баҳри мукаммал сохтани истифодабарии барномаи ArcGIS, махсусан бо ёрии барномаи мазкур пешбурди харитаҳои кадастрӣ (навбатдорӣ), дар шакли рақамӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, сарҳади минтақаҳои бақайдгирӣ ва маҳалҳои кадас трии ноҳияҳои Рашт ва Файзобод дар харитаҳои кадастрӣ (навбатдорӣ) ба шакли рақамӣ гузаронида шуд.
Дар робита ба ин 18 парвандаи заминсозии қаблан воридгардида пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва ба тасвиб расонидани лоиҳаи қарор пешниҳод гардиданд. Айни ҳол 21 парвандаи заминсозӣ дар мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ 30 лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис тон ба тасвиб расиданд.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба Корхона 40 парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои
Почтаи электронии Корхона info@registr-ni.tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои фаръии тобеъ доимо фаъол буда, тавассути онҳо мактубҳои воридотӣ ва ҳисоботи даврӣ қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол карда мешаванд. Дар
натиҷа сифат ва маҳсулнокии корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, доду гирифти ҳуҷҷату маълумотҳо баланд гардида дар муҳлати кӯтоҳтарин амалӣ карда мешаванд. Ҳамарӯза ба мутахассисони корхонаҳои зертобеъ оид ба таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин оид ба тарзи дуруст гузаронидани амалиёт ҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, истифодаи барномаҳои соҳавӣ – СХБТ, «Бойгонии электронӣ», АрхиКад, ArcGIS, коркарди харитаҳои рақамӣ ва тарзи дуруст тайёр намудани баровард (смета) кӯмаки амалӣ расонида мешавад. КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои фаръии тобеи он дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо дастгирии бевоситаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, иҷрои саривақтии нақшаи корӣ, вазифаҳо ва уҳдадориҳои ба зимма гузошташударо бо масъулияти баланд таъмин намоянд.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
24 | РАШТ
Фаъолияти муштарак
Дар шароити афзоиши аҳолӣ ва талабот ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар вазъи мураккаби ҷаҳонӣ масъулини бахши назорати заминро мебояд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мувофиқи таъйинот истифода шудани заминҳои кишоварзиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Алимардон ҶАББОРОВ раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рашт
Кумидаи идораи замини ноҳияи Рашт бо назардошти ин омилҳо фаъолиятро ба роҳ монда, дар самти оқилонаю самаранок истифода шудани заминҳои корам, аз ҷумла заминҳои корами обӣ тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд. Майдони заминҳои корами обӣ дар ноҳияи Рашт 3346 гектарро ташкил медиҳад, ки ба саҳмдорони 2 ҳазору 794 хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи самарабахш вобаста карда шудааст. САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Вайсиддин АХМЕДОВ директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рашт
Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рашт имсол бо истифода аз иқлими мусоиди диёр тавонистанд кишти картошкаро ба 1622 гектар расонанд.
Дар ноҳия ҳамчунин ба кишту парвариши картошка ва дигар сабзавоту зироатҳо дар заминҳои наздиҳавлигӣ низ диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Барои оқилона истифода шудани замин хоҷагидорон аз тухмии навъи пешпазаки картошка истифода намуда, баъди ҷамъоварӣ намудан дар ҷояш кишти такрорӣ гузаронида аз такрористеҳсолнамоӣ даромади бештар ба даст меоранд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 5 ҳазору 554 гектар аст ва заминҳои президентӣ ва ё ба истилоҳ ёридиҳанда ҳамагӣ ба 482 гектар баробар аст. Сокинон бо истифода аз имкони-
РАШТ | 25
Ин аст, ки масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Рашт барои боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ обёрии заминҳои бекорхобидаро тақвият мебахшанд.
ятҳои фароҳамбуда, дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон картошка ва дигар зироатро кишт намуда, маҳсулоти босифати кишоварзӣ истеҳсол намудаву барои тирамоҳу зимистон ба қадри зарурӣ захира менамоянд. Бо вуҷуди он, ки Ҳукумати мамлакат ба кишвари индустриалӣ-кишоварзӣ будани Тоҷикистон диққати хос медиҳад, вале дар қадами аввал таҳкими соҳаи кишоварзӣ метавонад заминаи мусоидро барои татбиқи амалии ин ҳадаф фароҳам созад.
Ҳамчунин ҳамкории Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳия боис гардидааст, ки дархосту муроҷиатҳои аҳолӣ ба корхона саривақт мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда,ба онҳо ҷавоб гардонида шавад. Дар ин давра тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳои заминсозӣ аз тарафи мутахассисон тартиб дода шуда, барои ташхис ва гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба раёсати бақайдгирии корхона пешниҳод гардид.
натиҷаи баррасӣ ва гузаронидани амалиёти бақайдгирии давлатӣ бо назардошти қонеъ намудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, додани иттилоот дар бораи ҳуқуқ ба объекти молу мулки ғайриманқул ба шахсони алоҳида ва ғайра тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст.
Шуъбаи бақайдгирии корхона низ фаъолияти самаранок намуда, дар
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
26 | НУРОБОД
Рушди соҳа Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва ба роҳ мондани назорат ҷиҳати аз рӯи таъйинот истифода намудани ин неъмати бебаҳои табиат дар ноҳияи Нуробод тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Манзар ВАЛИЗОДА директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Нуробод Масъулини Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Нуробод моликияти истисноии давлат будани замин ва кафолати истифодаи самараноки он аз ҷониби давлат ба аҳолиро ба назар гирифта, барои баррасии муроҷиату дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъмин намудани онҳо бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин, биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, шиносномаҳои техникӣ ва дигар корҳои хизмат расонӣ назоратро боз ҳам пурзӯр менамоянд. Дархосту муроҷиатҳои аҳолӣ ба корхона саривақт мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, ба онҳо ҷавоб гардонида мешавад. Масъулони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Нуробод давоми панҷ моҳи соли равон 273 аризаву дархости аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воридгардидаро баррасӣ намудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони шуъбаи барӯйхатгирии техниСАРЗАМИН | апрел-июн | 2022
кии корхона 113 шиносномаи техникӣ ва аз ҷониби мутахассисиони шуъбаи заминсозӣ 96 парвандаи заминсозӣ таҳия карда шудааст. Дар шуъбаи бақайдгирии корхона бошад дар ин муддат 93 шаҳодатномаи бақайдгирӣ сабт шудааст. Дар корхона 18 нафар ба кор ҷалб шуда, дар бойгонии корхона 6 ҳазору 600 ҳуҷҷат мавҷуд аст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 275 адади он парвандаҳои заминсозӣ мебошанд. Дар панҷмоҳаи соли равон иҷрои кору хизматрасониҳо тибқи нақша 34 ҳазору 375 сомониро ташкил медод. Бо сабаби фаъолияти назаррас ва беҳсозии сатҳи хизматрасонӣ ин маблағ 40 ҳазору 831 сомониро ташкил дод, ки дар
натиҷа нақша беш аз 118 фоиз таъмин гардид. Бо вуҷуди он,ки то ҳол дар корхона харитаҳои кадастрии рақамӣ истифода намешаванд, вале бо назардошти талаботи замон масъулин дар ин самт қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Бо назардошти он, ки Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Нуробод худмаблағгузор буда, фаъолияташ аз рӯи хизмат расониҳое, ки ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд, роҳандозӣ мешавад, барои дар сатҳи баланд ва босифат пешниҳод намудани хизматрасониҳо ба аҳолӣ кормандон ҳавасманд мебошанд.
НУРОБОД | 27
Ҳар қитъа замин оқилона истифода мешавад Майдони умумии заминҳои корам дар ноҳияи Нуробод 3072 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1513 гектараш заминҳои корами обӣ мебошад.
Хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди
ноҳияи Нуробод:
-930 адад.
Заминҳои наздиҳавлигӣ:
-2727 гектар аз он ҷумла обӣ
864 гектар.
Заминҳои Президентӣ:
-889 гектар.
Боғзор:
-470 гектар.
Заминҳои чарогоҳ:
-63 ҳазору 307 гектар.
Қиёмиддин ЗАЙНИДДИНЗОДА раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Нуробод
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
28 | ЛАХШ
Ватани картошка Кумитаи идораи замини ноҳияи Лахш назоратро дар самти истифодаи замин ба таври муассир ба роҳ монда, кӯшиш мекунад, ки заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба таври комил истифода карда шаванд. Майдони заминҳои корами обӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон ҳамагӣ 4480 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 1039 ва заминҳои президентӣ 1243 гектарро ташкил медиҳанд. Суҳбатулло САИДАМИНЗОДА раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Лахш Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ, инфиродӣ ва шарикӣ дар ноҳияи Лахш 1816 адад буда, саҳмдоронаш аз заминҳои пурқиммати кӯҳистон дар баробари картошка, зироати ғалладонагию лубиёгӣ, меваю сабзавот ва дигар маводи зарурии рӯзгорро кишту парвариш намуда, дар баробари таъмини бозорҳои истеъмолӣ ба таври кофӣ захираи маҳсулоту тухмиро низ ба роҳ мемонанд. Иқлими ноҳияи баландкӯҳи Лахш барои кишти картошка хеле мувофиқ аст. Инро ба назар гирифта САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
ЛАХШ | 29 ба картошка кишт намудаанд, ба ҳисоби миёна агар аз ҳар як гектараш 220-230 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ намоянд, дар маҷмуъ зиёда аз 70 000 тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳам талаботи истеъмолии аҳолии ноҳия ва ҳам захираи тухмию картошкаи истеъмолӣ таъмин мегардад. Бо мақсади таъмини хоҷагиҳо ва сокинон бо ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ кормандони КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Лахш низ саҳми назаррас доранд.
Ато ҶӮРАБЕКОВ директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Лахш саҳмдорони деҳот бо мақсади фаровонии маҳсулоту таъмини сабади истеъмолӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентиву назди ташкилоту муассиса бо истифода аз тухмиҳои босифат кишти картошка гузаронидаанд. Бо мақсади афзун намудани истеҳсоли картошка хоҷагидорони соҳибтаҷриба дар Ҷамоати деҳоти Сурхоб аз масофаи 5 километр об гузаронида, заминҳои солҳо аз истифода берунмондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуданд.
Кишоварзони ин ноҳияи баландкӯҳ ба хубӣ дарк намудаанд, ки ягона манбаи даромад ва омили беҳтар сохтани сатҳи зиндагӣ истифодаи оқилонаю самараноки замин аст. Бинобар ин бо истифода аз шароити табиӣ ва тухмиҳои босифати ватаниву таҷрибаи пешкадам майдони кишти зироат ва сабзавотро васеъ намуда бо риояи меъёрҳои дурусти агротехникаи парвариш нишондодҳои истеҳсолиро баландтар менамоянд. Аз 3150 гектар замине, ки тибқи дурнамо кишоварзони ботаҷри-
Мутахассисони корхона аризаю дархост оид ба тайёр намудани шиносномаи техникӣ, аз ҷумла шиносномаи техникии асосӣ, тағйироти ҷорӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода, саривақт муроҷиати шаҳрвандонро қонеъ мегардонанд. Шуъбаи бақайдгирӣ низ аризаю дархостҳои воридгардидаро, ба монанди шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ оид ба қитъаи замин, шаҳодатномаи бақайдгирии бино, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, бақайдгирии шаҳодатномаи гарав ва иттилоот дар бораи соҳибҳуқуқи фавтидаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мизоҷон пешниҳод менамояд.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
30 | ТОҶИКОБОД
Диёри кӯҳсорони сабздоман Дар ноҳияҳои водии Рашт вобаста ба истифодаи самарноки замин ва ба роҳ мондани назорат ҷиҳати самаранок ва мувофиқи талабот истифода намудани замин тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин замина масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Тоҷикобод баҳри истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо ҳамаи чораҳои заруриро андешида барои бо сифати баланд гузаронидани кишти зироат назорати доимӣ мебарад.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Қобили таъкид аст, ки кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати соф дилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат, махсусан, саноа ти сабуку хӯрокворӣ нақши басо арзишманд дорад. Ин аст, ки хоҷагидорон бо дилгармии хос талош менамоянд то заминро мувофиқи таъиноташ истифода намуда, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти худ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ низ саҳм гузоранд. Дар баробари хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ҳамзамон аҳолӣ қитъа ҳои наздиҳавлигиро низ самаранок истифода намуда, сабзавоту полезӣ, махсусан картошка ва лубиёгӣ кишт намудаанд. Маҳз бо заҳмати деҳқонони асилу соҳибтаҷрибаи кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта, маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба кишварҳои гуногун содирот мегардад.
ТОҶИКОБОД | 31
Қосим ПИРАҲМАДОВ раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Тоҷикобод
Расул САЛОМОВ директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Тоҷикобод
Дар ноҳияи Тоҷикобод миқдори заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамагӣ 2455 гектар буда, аз ин ҳисоб қитъаҳои замине, ки ба гурӯҳи заминҳои корами обӣ дохил мешавад, зиёда аз 1000 гектарро ташкил медиҳад. Сокинони ноҳия имкон доранд дар заминҳои наздиҳавлигӣ ҳама маҳсулоти зарурии рӯзгорро кишт, парвариш ва истеҳсол намуда, аввалан талаботи оилаи худ, баъдан бозорҳои дохилиро низ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намуда, бо ин васила дар ободии рӯзгори худ саҳм гузоранд. Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ариза, дархост ва мактубҳои ворид гардидаро дар самти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Дар бойгонии корхона низ парвандаҳо тавассути барномаи «М.АКСЕС» нусхабардорӣ ва дар шакли электронӣ ба хазина ворид карда шудааст. Мутахассисони заминсозӣ дар таҳияи парвандаҳо, аз ҷумла замини наздиҳавлигӣ, сохтмону иншоот, боғдорӣ ва рушди кишоварзӣ, хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва ғайра ба саҳлангорӣ роҳ надода, талош менамоянд то замин мувофиқи таъйинот истифода карда шавад. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
32 | АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ
Фарзанди замин Дар саросари китоби пурарҷи тоҷикон «Авасто», ба гиромидошту ниёиши замин суханҳои зиёд бахшида шудаанд. Нахустин ояи дар ин китоби куҳантарини ориёиҳо, омада, «Ниёиши модари зиндагӣ» унвон дорад, ки ба пайвастагии инсонҳо бо замин бахшида шудааст ва дар он хонда мешавад, ки ҳамин чанд ваҷаб қабати ҳосилхези замин аст, ки ғизои гиёҳон, хӯроки ҷонварону одамонро фароҳам месозад: «… замине, ки маншаъи саросари зиндагии моддӣ аст ва оромгоҳи ҳамаи ҷондорону беҷон, ки дорои кӯҳҳо, чарогоҳҳо, рӯдҳои паҳн ва қобили киштиронӣ, гиёҳону рустаниҳои хуб, ки мардуму чаҳорпоён ба рӯйи он ором доранд». Ба ҳангоми хондани ин сатрҳои китоби ҳазор солаҳо пеш нигоштаи ниёконамон, беихтиёр ҳамзамонони ба замину киштварзӣ сарукор доштаи мо пеши рӯ хоҳанд омад. Шахси огоҳ аз таърихи заминдории тоҷикон ва гирудори насли пешина дар корамсозии шӯразаминҳо, обёрии заминҳои нимбиёбонӣ, раисони кишоварзи заминпарваре, ба монанди Саидхоҷа Урунхоҷаев, Абдуғаффор Самадов, Миралӣ Маҳмадалиевро ба ёд меоварад, ки корҳои шоёни онҳо дар саҳифаи заррини таърихи миллати тоҷик ҷой дорад. Он деҳқоннажодони бохирадро ба ёд оварда, наметавон Абдуҷаббор Зардиев барин пайравашонро аз пеши дида дур дошт, ки ҷавонии худ, ҳастии хешро ба меҳри замин бахшида, ҳоло низ бо бархурдорӣ аз ҳунари нозуки идора карда тавонистани мардум, кишоварзони кооперативи истеҳсолии ба номи Сайид Алии Ҳамадонии Кӯлобро бо як иродатмандии хоса дар роҳи иҷрои нақшаҳои ҳукумат баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат сафарбар мекунад. Гарчи дар тавсифи некандешиву фарҳангпарварии Абдуҷаббор Зардиев ҷуз аз очерку мақолаҳои бешумори рӯзноманигорону адибон, шоирони овозаманди тоҷик Лоиқ Шералӣ, Ашур Сафар, Ҳақназар Ғоиб ва дигар адибон бо назми баланд, сухан гуфтаанд, аммо банда мехоҳам дар бораи кордонии ӯ суханҳои дигаре оварам, зеро мушоҳидаҳои мо дар мавриди пайванди ӯ бо замин ҳамчун кишоварзи заминпарвар аз зовияи биниши як ҳамкор бармеоянд. (Ба ҳангоми раСАРЗАМИН | апрел-июн | 2022
иси шаҳри Кӯлоб буданаш, инҷониб роҳбари дастгоҳи раис будам.) Борҳо шунидаам, ки ҳар гоҳ сухан аз корномаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миён бошад, Абдуҷаббор Зардиев аз дастгирии баланди деҳқонони кишвар, бо як сипосгузории хоса гуфтугӯ мекунад. Дар ин маврид гуфтаҳояшро бо намунаҳои мантиқӣ озин медиҳад. Чунончӣ аз суҳбатҳояш, ки боре бо кишоварзони ҷавон дошт, порчаҳоро ба ёд меоварам, ки ба тахмин чунин буданд: «Деҳқонӣ барои тоҷикон касби меросӣ мебошад, зеро ҳафт пушти ин мардум заминҳои кӯҳсор ва даштҳои лабташнаро обёрӣ карда, ризқи хонаводаашро пайдо кардааст. Деҳқонӣ касбест, ки аз одамон донишу ҳунару фарҳанги заминдориро талаб мекунад. Дар ҳақиқат замин модарест, ки аз соҳибонаш ғамхории фарзандонаро мехоҳад. Замине, ки аз ғамхорӣ бенасиб монд, аз зоидан мемонад. Оне, ки бо фарҳанги заминдорӣ ошно нест ва даст ба кори кишт мезанад, ҳам ба худ зиён меоварад, ҳам ба ҷомеа. Чанд моҳ пеш шоҳиди як рӯхдоде будам, ки дар нигоҳи нахуст оддӣ, менамояд, вале чун баёнгари кори як раисе буд, ки дар роҳи нигаҳбонӣ ва бороварии замин, ба касе хотирбиниву гузашт намекард, бозгуфтанашро беҳуда намедонам. Боре бо устод Ҳақназар Ғоиб барои ҳалли масъалаи ҷамъиятӣ ба манзили зисти Раиси Зардиев. (Дар Кӯлоб ҳама ӯро бо як эҳтиром чунин ном мебаранд) рафтем. Гуфтанд, ки «Раис сари заминҳои кишт рафтааст ва ягон соат пас меоянд.» Рӯзи истироҳат буд
ва пас аз соати ҳашти шом, раис бо чеҳраи гирифтаву малол, ба ҳавлӣ ворид шуда, пас аз аҳволпурсии кӯтоҳ бо мо, писарашро назди худ хоста, гуфт: - Зуд рафта фалон касро, ки коршиноси кооператив аст, савор карда назди ман биёр! Дар куҷое набошад пайдояш кун! Эҳтимол ҳозир ҳам дар сари замин бошад. Раиси Зардиев, барои шарҳи ҳолати рӯҳии худ, изҳор дошт, ки «Бечора мутахассисро суханҳои дағалу носазо гуфтам....» Пас аз афсӯсхӯриву изҳори пушаймонӣ, гӯё ки мо аз рӯйдоди нороҳатбори раис бо коршиносаш дар ҷараён бошем, ба сӯямон нигариста идома дод: - Аммо ин хел мардуми ба моликияти ҷамъиятӣ бепарво, хусусан шахсоне, ки ба замин эҳтиром надоранд, ба гапҳои баду дағал ҳам меарзанд. Ҳанӯз мо ҳадафи наздаш омаданамонро арз накарда будем, ки шахси гирифтори ғазаби раис, вориди ҳавлӣ гашт ва хоҳиши соҳибхонаро барои нишастан рад намуда гуфт: - Не, новақт шудааст, меравам. Раис, ягон гапи дигар доштед? Раиси Зардиев ӯро водошт, ки рӯи кӯрпача нишинад ва пас аз муаррифии мо, гуфт: - Акаи фалонӣ, (гарчи дар синну сол аз раис хеле ҷавон буд) мебахшӣ, дар сари қаҳрам ба Шумо гапҳои ноҷо гуфтам. Узри маро қабул кун. Ин дағалрафтории ман рафтори як бародари калонӣ ба додараш буд. Хоҳиш мекунам, аз ман малол нашав, аммо рафтори ту дар нисбат ба замини
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ | 33 кишт, ки ба харобии замин ва бесамаргардондани меҳнати чандин нафар мерасонад, бахшиданӣ нест......» Пас аз гуфтумони чанд дақиқа, яқин доштам, ки он шахс камбудии худро дарк намудааст, зеро дар ҷараёни чойнӯшӣ гуфт: - Раис, Шумо падареду мо фарзанд, ҳар чӣ гуфтед, ба манфиати кор аст. Бепарво бошед, ман хафа намешавам. Чунин камбудиҳо дигар такрор намешаванд. Ин як – ду соати кори раиси бонангу босипоси умри хеш ба кишоварзӣ бахшида буд, ки кори ҳаррӯзааш хоҳ нохоҳ, ба ҳолати рӯҳии ӯ, ба тандурустиаш зарба меоварад. Гумон мекунам, ҷонбахшии Абдуҷаб бор Зардиевро дар роҳи супориши Сарвари Давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои омодагӣ ва баргузории ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб, касе аз наздикон, чун нигорандаи ин сатрҳо, ба он равшанӣ надида бошад. Шояд на ҳама огоҳ бошанд, ки дар 16 – 17 соати рӯзи корӣ бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба як ситоди муназзаме табдил ёфта буд, ки ситодҳои артишро мемонд. Ситод ба хурдтарин рӯйдодҳои шаҳр ва атрофи он ҳассосият нишон медод. Ситод на танҳо аз раванди омодагиҳои идораву корхонаҳои шаҳр ба ҷашн, огоҳии рӯзмарраи пурра дошт, балки рӯҳияи мардумро меомӯхт ва дарёфта буд, ки мардуми Кӯлоб саросар омодаанд, Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ҷашниро бо самимият ва меҳри саршор пешвоз гиранд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Кӯлоби бостонӣ чунин тантанаи халқро бо арҷгузорӣ ба гузаштаи таърихии худ, изҳори сипос ба ташаббусгари ин гиромидошти беҳамто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то он рӯз надида буд. Дар ин варта мехоҳам оқилӣ ва андешамандии ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур доктори илмҳои аграрӣ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмурро алоҳида ёдовар шавам. Бо ташаббуси ин роҳбари кордон имсол ба Абдуҷаббор Зардиев унвони профессори фахрӣ дода шуд. Дар ҳақиқат Абдуҷаббор Зардиев олим аст, олими боамал, кишоварзи
замони нав. Гувоҳи ин дар хоҷагии кооперативии Алии Ҳамадонӣ ташкил кардани донишсарои (коллеҷи) аграрӣ мебошад, ки навҷавонони деҳоти хоҷагӣ дар баробари кори амалӣ, нозукиҳои илмии касбҳои кишоварзиро меомӯзанд. Ҳангоми бохабар гаштанам аз соҳиби унвони профессорӣ гаштани Абдуҷаббор Зардиев ҳамон панди бузургон, ба ёдам омад, ки гуфтаанд: Илмат бо амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад. Ба гумони мо меарзад, ки шахсияти кордон, содиқ ба Ватану миллат, раиси воқеъии деҳқонон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
дорандаи чандин унвонҳо ва нишону медалҳои давлатӣ, акнун профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикикстон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуҷаббор Зардиевро бо кишоварзони ҷавонамон шиносонда, корномаашро барои омӯзишу пайравии онҳо тавсия намоем. Ба чунин шахсияте, ки заминро муқаддас дониста, намехоҳад ба он хурдтарин осеб расад, тандурустӣ, рӯҳияи хастанопазир ва сарсабзии хонадони шарифашро таманно менамоем! Зафар Мирзоён, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
34 | СУҒД
Шароити кор беҳтар мегардад Дар вилояти Суғд масъулин дар баробари масъалаҳои дигар ба соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин низ таваҷҷуҳи хоса равона мекунанд. Зеро аксаран сокинон дар замин кору фаъолият менамоянду рӯзгори худро пеш мебаранд.
Тоҳир ТОЛИБЗОДА раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Зимни суҳбат бо мо раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Тоҳир Толибзода иттилоъ дод, ки шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 70 000 аст, ки онҳо дар заминаи 168 000 гектар заминҳои корами обӣ ташкил шудаанд. Хоҷагидорон талоши ҳамешагиашон бар он аст, ки ҳар
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
қитъа заминро оқилона истифода намуда, ҳосили фаровон аз он рӯёнанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳам ниёзи хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ бароварда созанду ҳам бо фурӯши маҳсулоти барзиёди он фоидаи хуби иқтисодӣ ба даст оранд. Дар идома ҳамсуҳбати мо таъкид дошт, ки
масоҳати умумии заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди вилояти Суғд 29 000 гектар буда, аксаран онҳо низ бо мақсади кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки то қадри тавон фаровонӣ дар бозор таъмин гардида, арзиши муътадили он нигоҳ дошта шавад. Бо ин мақсад кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он пайваста бо сокинон доир ба истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ сӯҳбату вохӯриҳои судманд мегузаронанд ва барои кишти маҳсулоти гуногун, ки талабот ба он зиёд аст, тавсия медиҳанд ва инчунин барои коркарду дуруст парвариш намудани онҳо роҳнамоӣ мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон (президентӣ) низ дар қаламрави вилоят дар аксари маврид самаранок истифода бурда мешавад. Масоҳати умумии чунин намуди заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
СУҒД | 35 17 760 гектарро ташкил медиҳад. Баҳри истифодаи самараноки ин заминҳо низ масъулин пайваста тадбирҳои судмандро дар доираи салоҳияти худ амалӣ менамоянд. Бо ташкилу баргузории ҷаласаву тадбирҳои омӯзишӣ дар маҳал роҳбарияти Кумитаи идораи замини вилояти Суғд мақсад доранд, ки ҳарчӣ бештар ва амиқ мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаро омӯхта, ҷиҳати саривақт ва дар маҳал бартараф намудани он тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Бо ин мақсад ба масъулини Кумитаи идораи замини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шудааст, ки дар самти истифодаи самараноки замин, пешгирии ғасби худсаронаи он ва дар доираи таъиноти мавҷуда истифода шудани ҳар қитъа замини зархези диёр тадбирҳои иловагиро амалӣ намуда, назоратро пурзӯр намоянд.
замин ва корхонаҳои давлатии бақайдгирӣ аз ҷониби Кумитаи давлатӣ биноҳои наву замонавӣ бунёд шудааст, ки ҳоло кормандон дар шароити созгор фаъолияти меҳнатии худро пеш мебаранд. Дар идомаи раванди бунёдкориву созандагиҳо дар шаҳри Хуҷанд бинои муосир бунёд шудааст, ки он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, марҳилаи охири корҳои сохтмонӣ дар он ҷараён дорад. Дар ин бино мутахассисони Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд ва КДФ «Бақайдигирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамоянд. Шароити мусоид барои кормандон дар бино фароҳам мебошад. Мавриди зикр аст, ки
сохтмончиёни маҳаллӣ дар асоси лоиҳа корҳои бунёдиро иҷро намудаанд. Дар иншооти мазкур тамоми шароити мусоиди корӣ фароҳам шуда, барои фаъолияти босамари кормандон утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардад. Баъди иҷрои пурраи корҳои сохт монӣ бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мутахассисон аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхона бо компютерҳои замонавӣ ва дастгоҳҳои муосири соҳавӣ ҷиҳозонида мешавад, ки бо истифодаи онҳо хизматрасонӣ дар сатҳу сифати баланд амалӣ карда мешавад.
Тадбирҳои ободониву созандагӣ низ пайваста аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ин раванд бо бунёди биноҳои нави маъмурӣ, таъмиру азнавсозии иншооти мавҷуда ва сабзу хуррамгардонии саҳну атрофи корхонаву ташкилоти зертобе дар амал татбиқ мегардад. То имрӯз дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои кумитаҳои идораи
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
36 | ХАТЛОН
Таваҷҷуҳ ба рушди соҳа Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи мақсадноки замин, гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, пайвас та ҳидоятҳои судмандро ба хоҷагидорон пешниҳод менамоянд. Бо назардошти ин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил тадбирандешӣ карда шуда, кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда мешавад. Бо сабаби он, ки иқлими вилоят гарм аст имкониятҳо ҷиҳати бештар ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа фароҳам аст. Мавриди зикр аст, ки кишоварзони вилоят имкон доранд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошанд. Рушди бахши кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар мадди назар қарор дошта, маҷмӯан дар 336 ҳазор гектар замини корам кишти сабзавоту полезӣ ва картошкаву ғалладонагиҳо, инчунин чигит ба роҳ монда мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки аз ин шумора 234 ҳазор гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон қариб 2000 гектар замин бо сабабҳои гуногун аз гардиши кишоварзӣ дур мондаанд. Кумитаи идораи замини вилоят тасмим гирифтааст, ки дар солҳои оянда бо ҷалби соҳибкорон ҳарчӣ бештар мушкилоти дар ин самт мавҷударо бартараф намуда, ин заминҳоро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд, то дар самти афзун намудани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамин тавр саҳм гузоштан дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ иқдомҳои назаррас амалӣ карда шаванд. Ин ҳама тадбирандешиҳо боис гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар виСАРЗАМИН | апрел-июн | 2022
лоят тараққӣ ёбад. Натиҷаи ҳамин аст, ки маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 58 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакатро ташкил медиҳад. Дар самти истифодаи мақсадноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигиву ёридиҳанда низ дар вилояти Хатлон чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Хатлон зиёда аз 82 ҳазор гектар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ мавҷуданд, ки аз ин шумора 55 ҳазор гектари онҳо замини обӣ мебошанд. Дар заминҳои наздиҳавлигии корам, ки 56 ҳазор гектарро дар бар гирифта, аз он 38,5 ҳазор гектар обӣ мебошанд, аҳолӣ бо ҳисси баланди масъулият кишти сабзавотро ба роҳ монда, дар таъмини оилаи худ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Заминҳои президентӣ, ки 26,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамин тавр саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим доранд. Бояд гуфт, ки аз шумораи умумии заминҳои президентӣ 16,6 ҳазор гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ хоҷагидорони вилояти Хатлон ҷиҳати истифодаи самаранокии заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3 – 4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои мушаххас меандешанд. Инчунин, истеҳсол ва захира намудани тухмии аълосифати тамоми
Диловар ПИРЗОДА раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон намудҳои зироат барои мавсими кишту кори оянда низ дар мадди назари онҳо қарор дорад. Боғу токпарварӣ, яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузошта метавонад. Аз ин ҷост, ки дар вилоят ба рушди ин бахш диққати зарурӣ дода мешавад. Ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 дар вилоят нақшаи бунёди боғу токзорҳо ва барқарорсозии онҳо 6,3 баробар зиёд иҷро гардидааст. Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон 10,3 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 1,7 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот шудааст ва минбаъд низ дар ин самт тадбирҳо роҳандозӣ гардида, тавассути роҳ надодан ба талафоти ҳосили ҷамъоваришуда ва дар мавсими тирамоҳу зимистон бо сабзавоту меваҷот таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ, инчунин бунёди сардхонаҳо бо технологияҳои муосири нигоҳдорӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
БАДАХШОН | 37
Авлавият ба истифодаи самараноки замин Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри истифодаи самараноки ҳар қитъа замин тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар умум марзи маъмурии вилоят беш аз 6 миллион гектарро дар бар гирифта, аз ин шумора 18 ҳазору 192 гектарашро заминҳои корам ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он, ки дар ин минтақаи кӯҳистон заминҳои кишт хеле ҳам каманд, вале хоҷагидорон талош менамоянд то заминҳои дарихтиёрдоштаашонро самаранок истифода намоянд.
Бо назардошти он, ки дар ВМКБ миқдори заминҳои корам маҳдуд аст, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 1 ҳазору 440 гектар замин барои хоҷагидорони ВМКБ ҷудо карда шудааст.
Дар вилоят 8 ҳазору 132 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, саҳмдорон дар заминҳои дарихтиёрдоштаашон кишту парвариши зироатҳои гуногунро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд то дар баробари баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии хеш ҳамчунин бо гирифтани ҳосили дилхоҳ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм гузоранд.
Хоҷагии деҳқонии «Боми ҷаҳон», ки аз ҷониби соҳибкори бадахшонӣ дар ноҳияи Қубодиён ташкил шудааст, то имрӯз 150 гектар заминро барои кишту парвариши сабзавоту полезӣ омода намудааст ва ҳосили баланди маҳсулотро ба даст меоранд.
Дар 2 ҳазору 223 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ низ сокинон кишти зироату сабзавотро ба роҳ монда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таҷрибаи пешқадам ҳосили баланд ба даст меоранд. Нақши заминҳои президентӣ ва ё ёридиҳанда, ки дар вилоят 496 гектарро ташкил медиҳанд, дар таъмини амнияти озуқавории сокинон назаррас мебошад.
Барои ин аз ҷониби хоҷагӣ се пойгоҳи обкашӣ таъмиру навсозӣ карда шуда, каналу ҷӯйборҳо низ тоза карда шудаанд. Аз шумораи умумии 150 гектар замини ба гардиши кишоварзӣ воридгардида, 50 гектараш пахта ва дар боқимонда сабзавот кишт карда мешавад. Барои таъмини бозори истеъмолии вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони Хоҷагиии деҳқонии «Боми ҷаҳон» ҳар ҳафта
Диловаршо НАСУЛЛОБЕК раиси Кумитаи идораи замини ВМКБ
дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои пурраву саривақтии барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти кишоварзӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар ВМКБ чораҷӯӣ карда мешавад.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
38 | ШУКРИ ВАТАНИ ОБОД
Самари Ваҳдат
Ҳасан РАҲМОНӢ муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд
Маҳбуба ҒАЙРАТЗОДА раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ
Иброҳим АҲТАМЗОДА раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Ваҳдат
27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи муҳим, оғози созандагиҳо ва ташаккули давлати воқеан ҳам миллӣ аҳамияти махсус дорад. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ имкон фароҳам овард, ки қонунҳои танзимкунандаи истифодаи замин низ такмил ёбанд. Тақсими заминҳои президентӣ ба мардум ҷиҳати пешбурди зиндагӣ, ки дар ду марҳила солҳои 1995 ва 1997 амалӣ гардид, талоши башардӯстонаи роҳбарияти давлат ҷиҳати раҳоӣ бахшидани мардум аз бӯҳрони иқтисодӣ, нақши муассир гузошт. Ҳамин тавр соли 1995 50 ҳазор гектар ва соли 1997 25 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шуд ва сокинон бо меҳнати шарафмандона зиндагии худро дар он рӯзҳои вазнин пеш бурданд. Аз рӯи саҳм тақсим кардани замин ва таъсис додани хоҷагиҳои алоҳидаи деҳқонӣ, инфиродӣ ва маҷмӯавӣ низ дар самти рушди соҳа мусоидати фаъол намуд, ки ин ҳама бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ба даст омаданд. Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат ва кафили иқболу саодати миллат маҳсуб ёфта, ҳамчун бузургтарин дастоварди тоҷикон дар садсолаи гузашта маҳз ҳамин истиқрори сулҳи поянда дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шинохта шудааст. Халқи тоҷик асолати фитрӣ ва рисолати таърихии САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
худро ба ҳам овард, аз гирдоби бало раҳоӣ ёфт ва имрӯз мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд. Зеро барои мо Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист. Лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи инсоният борҳо ба мушоҳида расидааст, ки бинобар сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ омилҳои таъминкунандаи ваҳдат миёни миллатҳо халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва заволи онҳо гардидаанд. Ҳоло дар ҷаҳон миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллат ва кишвари мо ба маротиб зиёданд, вале садсолаҳо дар орзуи давлати мустақили хеш мебошанд. Аз ин
рӯ, гуфтан лозим аст, ки самара ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли мушкилотҳои обӣ ва масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор медиҳад. Имрӯзҳо шаҳди истиқлолу озодӣ, оромиву осоиштагиро мардуми шарифи Тоҷикистон чашида истодаву бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар по ба по қадам гузошта, ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда истодаанд. Дар баробари бахшу соҳаҳои дигар истифодаи замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ дар кишвар таъмин гардид. Имрӯз замин дар
ШУКРИ ВАТАНИ ОБОД | 39
Изатулло САФАРОВ муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара
Маҳсуддин ҚОДИРЗОДА раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Восеъ
Азизулло АЛИЗОД раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Кӯшониён
ихтиёри соҳиби аслии худ-деҳқон қарор дорад. Такмили қонунгузории соҳа боиси он шуд, ки шакл ҳои нави хоҷагидорӣ ба миён ояд ва сокинон онро бо ихтиёри худ истифода намуда, зироати дилхоҳро, ки талабот ба он дар бозор зиёд аст, кишту парвариш менамоянд. Хоҷагидорон ин ҳамаро самараи ваҳдати комили Ватан медонанд ва имрӯзҳо бо дилгармии зиёд дар замин фаъолият намуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровонҳосилиро таъмин менамоянд. Зимни суҳбат бо мо масъулини кумитаҳои
идораи замин дар вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Данғара, Восеъ ва Кушониён иброз намуданд, ки ҳоло хоҷагидорон нисбат ба фаъолият дар замин серталаб шудаанд ва онро хеле самаранок истифода менамоянд.
фазои орому осудаи кишвар мо ба пешравиҳои зиёде ноил гардидем. Муҳимтар аз ҳама зиндагии мо зери фазои оромии сартосарӣ пеш меравад. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон рушди давлатдорӣ, инкишофи илму маърифат ва расидан ба ҳадафҳои олии миллиро дар ҷомеа таъмин месозад. Ҳоло дар кишвари мо ин ҳама дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ба миён омадааст ва пайравӣ намудан ба ин раванд моро ба рушди комил мерасонад.
Масъулини соҳа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва кишоварзони хештаншиноси мо бар он назаранд, ки ҳар як сокини мамлакат вазифадор аст, ки нисбат ба ваҳдату оромии кишвар эҳтироми хоса дошта бошад. Зеро дар заминаи ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
40 | ОЧЕРКИ МУХАТАСАР
Бонуе дар пайроҳаи мураккаб Дар сохтору мақомоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран мардон фаъолият менамоянд. Зеро кори соҳа дар бештари бахшҳо мураккаб буда, аз мутахассис маҳорати баланд ва мушкилнописандиро талаб менамояд. Давоми солҳои охир дар заминаи дастгирии бонувон ва ҷалби бештари онҳо ба кори соҳа шумораи кормандони Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби занон торафт меафзояд ва онҳо бо дасту дили пок барои рушди соҳа дар ҳадди тавони худ саҳм мегузоранд. аз ӯ меомӯзанд. Зеро ба кор бо диди хос муносибат намуда, дар ҷавоб ба пурсиши ҳамкорон андешаи солиму бикр ба миён гузошта, бо дониш ва нигоҳу услуби фардӣ комёб шудааст. Дар ин зимн одами хеле дилёб аст ва чун садоқатманди идеалҳои хоси инсонӣ ба ҷомеа хидмати зиёд мекунад ва нерӯи баланди хизмат ба аҳолиро дорад.
Аз ҷумлаи бонувони фаъол, ки дар соҳа собиқаи 36 солаи корӣ дорад, ин Маъсума Имомқулова мебошад. Ин бонуи соҳибтаҷриба ҳоло ба ҳайси сардори шуъбаи барӯйхатгирии техникии ноҳияи Синои Раёсати барӯйхатгирии техникии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Дар ин соҳа аз ёвари мутахассис корро оғоз намуда, давоми ин ҳама солҳо барои таъмини сифатноки фаъолияти бахши бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди пойтахт саҳм гузоштааст. Дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои марбути бахши барӯйхтагирии техникӣ бисёр масъулияти баланд дорад. Қаҳрамони мо ин гуна корро дар сатҳи мақбул иҷро мекунад. Ҳамин аст, ки дар бештари маврид таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе ба зимаи ӯ вогузор менамоянд. Маъсума дар байни кормандон соҳибэҳтирому ботаҷриба аст. Аз ин ҷост, ки дар арзёбии мушкилоти соҳа, ворид намудани усулҳои нав дар пешбурди кор ва саривақт иҷро намудани дастуру супориши роҳбарият ҷавонон ба ӯ такя менмоянду САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Илова ба таҷрибаи амалӣ ҳамеша дар омӯзиш ва рушди малакаҳои зеҳнии худ дар талош будааст. Гувоҳи ин гуфтаҳоро мо дар хатми 3 муассисаи таҳсилоти касбӣ аз ҷониби номбурда медонем. Маъсума Имомқулова Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро хатм намуда, дорои ихтисоси сохтмони бинову иншоот ва иқтисодиёт мебошад. Таҷрибаи зиёди корӣ дар соҳа ва ҳам донишҳои мукаммали назариявию амалии ӯ имкон додааст, ки барӯйхатгирии техникӣ дар корхона мувофиқи нишондоди дастур амалу санадҳои дахлдор иҷро гардад. Номбурда зимни суҳбат бо мо афзуд, ки дар заминаи васеъшавии ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияти мо тақвият ёфт ва дар ин раванд бо фаъолмандӣ ширкат намудем. «Дар асоси Амри Раиси шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони идораҳои дахлдору масъулини ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ
ва Синои шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, дар ҳудуди заминҳои воридгардида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, иншооту объектҳои ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, савдову хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд. Мо дар ин раванд фаъолона ширкат намудем ва ҳоло низ ин тадбир дар бархе маҳаллаҳо идома дошта, мутахассисон фаъолияти худро пеш бурда истодаанд». Дар баробари фаъолияти меҳнатӣ дар оила низ Маъсума Имомқулова модари мушфиқу меҳрубон буда, фарзандонро соҳиби маълумоти олӣ намудааст, ки ҳоло пайи иҷрои касбу кори худ ҳастанд. Иҷрои ҳар кореро мақсаде ҳасту натиҷаи меҳнатро самари хуб. Аксаран бо дарки ин нукта касби хешро интихоб менамоянд, то ки дар баробари пешбурди зиндагии худ барои ҷомеа ва муҳит низ амали неку шоистаеро анҷом диҳанд. Бо интихоби ин касб қаҳрамони мо ҳам дар пешбурди як бахши соҳа ва ташаккули шахсияти худ саҳми бозасое гузоштаасту аз пешаи интихобнамудааш пушаймон нест. Барои илмомӯзӣ, тарбияи хуб, поквиҷдонӣ ва ростқавлӣ мунтазам ҳамагонро талқин менамояд, ки аз хислатҳои ҳамидаи ӯ дар зиндагист ва ба ин рисолат ҳамеша устувор аст.
БАҚАЙДГИРӢ | 41
Тақвияти фаъолияти соҳа Намояндагии корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли 2022 фаъолияти худро дар заминаи иҷрои санадҳои дахлдори соҳа баанҷом расонидааст. Яке аз бахшҳои фаъолияти корхона ин гузаронидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кумак ба корхонаҳои бақайдигрии шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад. Баҳри иҷрои талаботи санадҳои дахлдор корхонаҳои ҳудуди вилоят бо техналогияҳои нави ҳозиразамон таъмин буда, пешбурди корҳои истеҳсолӣ ва тартиби корбарӣ дар шуъба ва бахшҳо бо барномаҳои электронӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин интиқолу баррасии муроҷиатҳо, аризаву мактубҳо, маълумотҳо ва ҳисоботҳо бо почта ва дигар воситаҳои электронӣ пеш бурда мешавад.
Сироҷиддин ФАЙЗАЛИЗОДА директори КДФ "БММҒ" дар ноҳияи Данғара Зимнан дар корхонаҳо аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон машғулитяҳои таълимӣ оид ба омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ соҳа, дохил намудани маълумотҳо ба дафтари бақайдгирии аризаҳо, гузоштани рақамҳои кадастрӣ, ворид намудани сабтҳо ба варақаи бақайд гирӣ, кушодани парвандаи бақайдгирӣ, таҳияи шиносномаҳои техникиву парвандаҳои заминсозӣ тибқи намунаҳои тасдиқшуда, гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, истифодабарии харитаҳои рақамӣ бо барномаи харитасозии ArcGis, дохил намудани қитъаҳои замин ва дигар маълумотҳо ба харитаҳои навбатдории электронӣ, тартиб додани харҷнома мувофиқи нархномаи тасдиқшуда, саривақт таъмин намудани истифодабарандагони молу мулки ғариманқул бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба роҳ монда шудааст. Ин раванд зери назорати масъулин қарор гирифтааст.
Маркази омӯзишӣ низ дар Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилояти Хатлон фаъолият менамояд, ки бо таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин мебошад. Дар марказ 11 намунаи Шиносномаҳои техникӣ ва 4 намунаи парвандаҳои заминсозӣ барои омӯзиш таъмин мебошад. Риояи талаботи дастурамали коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории самти заминсозӣ, барӯйхатгирии техникӣ, бақайдгирӣ, муҳосибӣ бо иштироки мутахассисон дар Маркази омӯзишӣ тавассути вебинарҳо, ки бо истифодаи барномаи «Zoom Video Communocations» баргузор мегардад, ба кормандони масъул фаҳмонида мешавад. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар 5 моҳи соли равон аз тарафи КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо 7891 адад парвандаҳои заминсозӣ, 322 адад додани қитъаҳои замин барои сохтмон ва биною иншоот, 102 адад вобаста намудани қитъаҳои замини зери биною иншооти хусусигардонидашуда ва 170 адад ба дигар намуди корҳои заминсозӣ парванда тайёр карда шуда, 7362 адад ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, яъне Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардид. Дар самти баруйхатгирии техникӣ бошад дар шаҳру ноҳияҳо 7484 адад
Рустам ЗОИРОВ директори намояндагии КВД "БММҒ" дар вилояти Хатлон Шиносномаҳои техникӣ тайёр карда шудааст, ки аз он Баруйхатгирии техникии асосӣ 5011 адад ва Баруйхатгирии техникии ҷорӣ 2113 ададро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз тарафи шуъбаҳои бақайдгирӣ 11986 объект ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ пешниҳод шудааст. Бо мақсади фароҳам намудани шароити мусоиди корӣ дар корхонаҳои бақайдгирии ҳудуди вилоят тадбирҳои таъмирӣ ва ободонӣ низ ҳамасола гузаронида мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин давра ба маблағи 134858 сомонӣ иҷро шудааст, ки аз он 73000 сомонӣ барои сохтмони асосӣ ва 61858 сомонӣ барои таъмири ҷорӣ истифода шудааст. Бо мақсади беҳтар намудани корҳои бақайдгирии молу мулки ғариманқул дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулини Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилояти Хатлон мунтазам чораҷӯӣ менамоянд. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
42 | БОҒДОРӢ
Диёри меваҳои шаҳдбор Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд яке аз навоҳии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзон дар он ҳар қитъа заминро самаранок истифода менамоянд ва ҳосили фаровон низ рӯёнида мешавад. Майдони заминҳои корами обӣ дар ин ноҳия беш аз 20 000 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 8000 гектари он хоҷагидорон бо мақсади гирифтани фоидаи хуб пахта кишт намудаанд. Масоҳати умумии замини хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон дар ноҳия 975 гектарро фаро гирифтааст, ки онро сокинон оқилона ва бо маърифати баланд истифода менамоянд. Илова бар ин дар зиёда аз 5 000 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ низ шаҳрвандон кишти зироатҳои гуногуни кишоварзиро ба роҳ мондаанд, ки барои таъмини талаботи оилаи худ бо маҳсулоти кишоварзӣ замина мегузорад.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Дар бунёди боғ ва истеҳсоли мева низ хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Масоҳати умумии боғҳои ноҳия 10 554 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 10 497 гектараш дар заминҳои обӣ бунёд гардидааст. Ҳамасола аз ҳудуди боғҳои ноҳия дар баробари таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи кишвар низ меваҳои шаҳдбори диёр содирот мегардад. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти
мо ба дигар кишварҳо муаррифӣ гардида, хоҷагидорон фоидаи бештари иқтисодӣ ба даст оранд. Яке аз боғҳои намунавӣ, ки дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавқеъ дорад, ин Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» мебошад. Дар ин муассисаи кишоварзӣ 631 гектар майдони боғ мавҷуд аст, ки кишоварзони ботаҷриба аз ниҳоли дарахтони себу шафтолу, олую зардолу
БОҒДОРӢ | 43 ва гелосу анор ҳосили фаровон ба даст оварда, дар мавсими тобистону тирамоҳ бозорҳои дохилиро бо меваҳои шаҳдбор таъмин менамоянд. Ҷойи таъкид аст, ки масъулин ва хоҷагидорон бо гузаронидани чорабиниҳои агротехникаи парвариш сол аз сол маҳсулнокии боғҳоро зиёд менамоянд. Хоҷагидорон кӯшиш менамоянд, ки дар мавсим бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи онро бо меваи хуштаъму аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуда, нархашро низ дар бозор ба танзим дароранд. Бо мақсади оқилона истифода намудани ҳар қитъа замин хоҷагидорон дар байни қатори боғҳои ҷавон сабзавоти гуногуну лубиёгиҳо кишт ва парвариш менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки хоҷагидорон ҳам аз мева ҳосил ба даст оранду ҳам аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ фоида бинанд. Васеъ намудани майдони боғу токзор ва бунёди боғҳои суперинтенсивӣ дар ояндаҳои наздик ба баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва фаровонии меваҳои шаҳдбор мусоидат намуда, дар баробари таъмини сабади истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда аз ҳисоби содироти ангур ва чормағзу нок ва дигар меваҳои босифати ватанӣ муассиса метавонад фоидаи соф ба даст орад. Дар ин муассисаи
Манучеҳр АСОМУРОДЗОДА раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кишоварзӣ мутахассисони соҳибтаҷриба кору фаъолият менамоянд ва раванди истеҳсолотро дар сатҳи зарурӣ пеш мебаранд. Ҳамин аст, ки муассиса ҳам аз фурӯши меваи тару тоза ва ҳам аз меваи хушконидашуда манфиат мебинад. Ёдовар бояд шуд, ки ин ҳама фаровониҳо аз самари меҳнати боғдорон ва иқлими мусоид аст, ки бозорҳои истеъмолӣ аз маҳсулоти ватанӣ ғанӣ ва нархи он низ дар мавсим муътадил нигоҳ дошта мешавад. Боғдорон азм доранд, ки бо истифода аз роҳҳои муосир, маслиҳати
мутахассисони соҳаи боғдорӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам майдони боғҳои содиротиро васеъ намуда, барои нигоҳдории мева дар шакли тару тоза бунёди сардхонаҳои замонавиро ба роҳ монанд, то ки тамоми фасли сол аҳолиро бо анвои гуногуни меваҷот таъмин намоянд. Кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров талош доранд, ки дар ҳифз ва назорати истифодаи мақсадноки заминҳои таъйиноти кишоварзӣ саҳми беандоза гузоранд
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
44 | ҲАМАДОНӢ
Таъмини истифодаи мақсадноки замин Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ истифодаи замин дуруст ба роҳ монда шуда, корҳои назоратӣ аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия амалӣ карда мешаванд.
Қурбоналӣ ХОЛИҚЗОДА раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, ҷамъиятӣ, хоҷагии ёрирасон, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмон, таъмин намудан бо Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, ташкили кооперативи кишоварзӣ, баррасии аризаҳои шикоятӣ дар ин самт ва монанди ин аз масъалаҳои ҳалталабеанд, ки самти асосии фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба он вобаста аст. Масъулини Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу
ҲАМАДОНӢ | 45 мулки ғайриманқул» хизматрасониҳо дар соҳаи истифодаи замин, самаранок истифода бурдан ва тақсимоти боадолатонаи замин, қонуншиканиҳо дар ин самт, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро пайгирӣ намуда, хизматрасонии сатҳи баландро пешниҳод менамоянд. Хоҷагидорон дар баробари кишти зироатҳои гуногун дар ноҳия ба бунёди боғҳои содиротӣ низ таваҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ҳама деҳоти ин ноҳияи иқлимаш гарм аз олую зардолу ҳосили хуб гирифта, боғдо-
Ҳусайн АФЗАЛОВ директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ обӣ ташкил медиҳад, ки дар онҳо саҳмдорони 4580 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии аҳолии ноҳия 150 ҳазор нафар буда, дар баробари хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, ки 2698 гектар ва заминҳои президентӣ, ки 1489 гектарро ташкил медиҳанд, ба меҳнати созанда машғул мебошанд. Дар заминҳои корами ноҳия 5 ҳазору 900 гектар пахта ва 4847 гектар ғалладонагӣ кишт
карда шудааст. Бо мақсади самаранок истифода шудани замин ҳамчунин дар байни қатораҳои боғ полезӣ низ кишт карда мешавад. Дар маҷмӯ дар ноҳия дар майдони 510 гектар полезӣ кишт карда шудааст. Бо ҷамъоварии кишти аввал дар заминҳои холишуда, сабзавоту полезӣ кишт карда мешавад, ки аз ҷумлаи тадбирҳои мақсаднок истифода шудани замин ба ҳисоб меравад.
рон меваи ширину босифати ин диёри офтобиро берун аз ҷумҳурӣ содирот менамоянд. Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия 1746 гектар боғот мавҷуд аст. Барои гирифтани ҳосили босифати мева боғдорон аз тамоми чорабиниҳои агротехникаи парвариш кор гирифта, имрӯз аз самари меҳнат қаноатманданд. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 14 ҳазору 12 гектар замини корам мавҷуд буда, аз ин шумора 12 ҳазору 18 гектарашро заминҳои корами 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
46 | СОБИҚАДОРОНИ МО
Мактаби таҷриба Кору фаъолият дар сохтору мақомоти маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъулият, ҳамзамон таҷрибаи касро афзун менамояд ва ӯро миёни ҷомеа соҳибмартаба мегардонад. Ҳамин аст, ки бархе кормандони соҳа то расидан ба синни нафақа сарбаландона фаъолият намуда, барои рушди соҳа ва беҳбудии кори корхонаву ташкилот нақши созгор мегузоранд. фаъолият намуда, сипас ба зодгоҳаш баргашта, дар вазифаҳои гуногуни бахши хоҷагидориву идоракунӣ ифои вазифа намудааст.
Талабот ба чунин кормандони соҳибтаҷриба дар бештари маврид дар корхонаҳо мавҷуд аст. Аз ин ҷост, ки шуморе аз кормандони соҳибмаҳорату чашмикордон баъди баромадан ба нафақа низ шартномавӣ барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ҷалб мегарданд. Раҷабалӣ Холов аз ҷумлаи чунин шахсони собиқадори соҳа аст, ки ҳоло дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда, барои кормандони ҷавон ҳамеша роҳнамо аст. Пайроҳаи рӯзгор ва фаъолияти меҳнатии ин собиқадори соҳаи заминсозӣ пурпечутоб аст, вале омӯзандаву ибратбахш барои насли ҷавон. Зеро ҳар куҷое кору фаъолият намудааст, содиқ ба рисолати касбиву инсонӣ вазифаҳои хизматиро иҷро кардааст. Раҷабалӣ Холов дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Бо хатми мактаби миёнаи зодгоҳ барои идомаи таҳсил бо умеду орзуҳои ширини наврасӣ ҳуҷҷатҳои худро соли 1967 ба ДМТ супорида, сазовори номи пурифтихори донишҷӯӣ мешавад. Ин муассисаи олии мамлакатро дар соли 1972 бо ихтисоси физикаи назариявӣ хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ ва дипломи ДМТ мегардад. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор муддате дар ДАТ ба номи Шириншо Шотемур САРЗАМИН | апрел-июн | 2022 2020
Ҳамеша дар талоши муваффақият будан ва қаноат накардан аз донишу таҷриба ӯро водор намуд, ки барои гирифтани маълумоти дуюм донишҷӯйи ДАТ ба номи Шириншо Шотемур гардад. Давоми соли 1980-1985 дар ин донишгоҳ низ аз рӯйи ихтисоси агроном таҳсил намуда, соҳиби донишҳои назаривию амалии кор дар ин бахш гардид. Зеро дар баробари таҳсил ҳамзамон дар хоҷагиву корхонаҳои соҳаи кишоварзии зодгоҳи худ фаъ олият намуду донишу малака андухт ва худро ҳамчун як ҷавони донишманду корозмуда муаррифӣ кард. Аз соли 1980 то соли 1996 дар вазифаҳои гуногуни муассисаву ташкилоти ноҳияи Хуросон кору фаъолият намуда, барои рушди соҳа ва пешравии кор саҳми арзандаву сазовор гузошт. Ӯ мегӯяд дар иҷрои ҳар масъулияти дошта ҳамеша ба манфиати халқу ҷомеа қадам гузоштаасту онро бо сари баланд сомон додааст. Меҳр ба замин ва хоҳиши амиқи кору фаъолият дар ин соҳа қаҳрамони матлаби моро водор намуд, ки соли 1996 пурра фаъолияти меҳнатии худ ро тавассути ин соҳа пеш барад. Дар ин сол ӯ ба ҳайси роҳбари хоҷагии давлатии ба номи Фирдавсӣ корро оғоз намуд ва ин масъулиятро сарбаландона то соли 1999 иҷро намуд. Бо инобати таҷрибаи зиёди кор дар соҳа ва малакаи кордониаш ӯро соли 1999 ба Саридораи назорати давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд. Дар ин корхона номбурда то соли 2005 ба ҳайси мутахассис ва сармутахассис фаъолият намуда, бо истифодаи донишу малакаи худ дар ин бахш корро ҷоннок кард. Давоми солҳои 2006-2008 дар Кумитаи идораи замини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Хуросон ба сифати муовини раис кор карда, дар самти татбиқи сиёсати давлатии замин дар ин ду минтақаи кишвар тадбирҳои зиёди
соҳавиро роҳандозӣ намуд. Бо амри виҷдон амал намудан дар соҳа ва назорати истифодаи дурусту самараноки ҳар қитъа замин ҳамеша дар мади назари ӯ будааст. Раҷабалӣ Холов дар идомаи фаъолияти меҳнатии худ дар КВД «Марказ-Замин» низ кор кардааст. Номбурда баъди муттаҳид шудани КВД «Марказ-Замин»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои бақайдгирии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» фаъолияти худро дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дода, барои баррасии саривақтии муроҷиати сокинон ва таъмини онҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдори бақайдгирӣ кӯшиш менамояд. Дар баробари фаъолияти меҳнатӣ қаҳрамони мо дӯстдори варзиш буда, нақши онро дар таъмини саломатии шахс муҳим меҳисобад. Ҳамин аст, ки пайваста ба варзиш машғул мешавад. Ӯ дар риштаи самбо машқварзӣ менамояд ва дар корномаи варзишии худ як қатор дастовардҳоро низ рақам задааст, ки ёдоварии чанде онро дар ин матлаб муҳим донистем. Раҷабалӣ Холов аз соли 1971 устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2011 ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Юнон мебошад. Номбурда соли 2012 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Марокаш сазовори ҷойи дуюм гардида, соли 2019 ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни собиқадорон дар Кипр гардидааст. Ҳамин тавр ин собиқадори соҳа бо кору фаъолияти намунавӣ миёни кормандони соҳа соҳибмавқеъ аст. Дар оила низ зиндагии хубро созмон дода, бо ҳамсараш Холбибӣ Холова 8 фарзандро тарбия намуда, онҳоро дар роҳи рост ҳидоят намудаанд. Дар ҳама бахшҳо қаҳрамони мо соҳиби дастовард асту бо шукргузорӣ дар фазои орому осудаи Ватан ҳоло зиндагӣ дорад ва ҷавононро низ дар ин рӯҳия тарбия менамояд.
Раҳими Карим
АЭРОГЕОДЕЗИЯ | 47
Қадами устувор Корхонаи воҳиди давлатии "Аэрогеодезии Суғд" дар самти амалӣ намудани корҳои геодезӣ, топографӣ ва харитасозӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Бо назардошти он, ки ин бахши фаъолият барои муайян намудани ҳолати заминҳо ва ченкуниву банақшагирӣ хеле муҳим аст, кормандон талош менамоянд, то кори худро сифатнок анҷом дода, хизматрасонии сатҳи хубро ба мизоҷон фароҳам созанд. ба маблағи 104 274 сомонӣ, аз он ҷумла дар моҳи июни соли ҷорӣ 35 508 сомониро ташкил дод.
Зафар БОБОЕВ директори КВД "Аэрогеодезии Суғд" Истифодаи маълумоти хазинаи харитавӣ ва технологияи пешқадами харитасозӣ ба мутахасиссони соҳа имкон медиҳад, ки таъҷилан маълумоти соҳавӣ ва заруриро дастрас намуда, маҳсулоти хушсифат бо инъикоси ҳаматарафаи соҳаҳо барои тамоми самтҳои иқтисодиёт омода намоянд. Корхонаи мо бо вазорату идораҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ монда, таҳияи харитаҳои гуногунхаҷму гуногунмиқёсро ба роҳ мондааст. Фаъолияти назарраси корхона дар он аст, ки сифати корҳо ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгуй аст. Корхонаи воҳиди давлатии "Аэрогеодезии Суғд" дар ин муддат мутобиқи нақшаи кории тасдиқгардида, нақшаи молиявӣ ва шартномаҳо иҷроиши корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозиро ба маблағи умумии 198 000 сомонӣ амалӣ намуд, ки аз он ҷумла дар иншооти шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи умумии 93 726 сомонӣ ва дар иншооти ноҳияи Ҷаббор Расулов
Қобили қайд аст, ки иҷрои корҳои буҷавии топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 5 300 сомонӣ зиёд буда 102,7 фоизро ташкил медиҳад. Мутобиқи созишномаи ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии "Аэрогеодезии Душанбе" мутахассисони Корхона дар корҳои демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд. Аз тарафи масъулини Корхона гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ бо асбобҳои ҳозиразамони геодезӣ, барномаҳои компютерии соҳавӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода аз қонун, кодексҳо ва адабиётҳои дарсии соҳавӣ ба роҳ монда шуд. Корхона дар бораи гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ оид ба намуди корҳои аз тарафи Корхона иҷрошаванда ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва мақомотҳои лоиҳавӣ-сохтмонӣ маълумоти мушаххас бо замимаи рисолаҳо ва варақаи тарғиботӣ бо тамғаи Корхона ирсол намудааст. Корхона ҳамкориро бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд низ дар ин муддат давом дод. Корхона бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мутобиқи
шартномаи ҳамкорие, ки санаи 11.01. 2021 ба муҳлати панҷ сол баста шуд, донишҷӯён ва хатм кунандагони ихтисоси 510201 – «Корҳои маркшейдерӣ» таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва корҳои амалии соҳавии пешаздипломиро мегузаронанд. Даромади Корхона дар ин муддати соли 2022 маблағи умумии 270 119 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли сипаригашта 14 241 сомонӣ зиёд мебошад ва 105,5 фоизро ташкил медиҳад. Шумораи кормандон 19 нафарро ташкил намуда, нисбати соли гузашта бетағйир мебошад. Шуъбаи корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозии Корхонаи воҳиди давлатии "Аэрогеодезии Суғд" дар ин муддат иҷрои корҳои буҷавии топографӣ, геодезӣ ва харитасозиро оид ба таҷдиди нақшаи шаҳрҳо ва ҳудуди сохтмоншуда дар нақшасурати миқёси 1:2000, аксбардории тахеометрӣ минтақаҳои сохтмоншуда дар миқёси 1:2000 ва тайёр кардани харитаҳои топографии рақамии миқёси 1:2000 дар иншооти шаҳраки Ғафуров ба маблағи умумии 93 726 сомонӣ ва дар иншооти ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи умумии 104 274 сомонӣ, аз ҷумла дар давоми моҳи июни соли 2022 ба маблағи 35 508 сомонӣ амалӣ намуд. Дар корхона технологияи муосири компютерии вобаста ба тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳо ҷорӣ карда шуда, дар қатори харитаҳои анъанавӣ истеҳсоли харитаҳои рақамии навигатсионӣ ва сохтани модели рақамии релефи маҳал ба роҳ монда шудааст. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
48 | МАСЪУЛИЯТ
Хизмати софдилона
Амирҳамза АҲТАМОВ муовини директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Душанбе Илова бар ин кормандони ин зерсохтори корхонаи бақайдгирии шаҳр барои ташхиси ҳуҷҷатҳои 31 маркази савдо, 14 амборхона ва иншооти хусусӣ низ тадбирҳои соҳавиро анҷом додаанд. Ҳамзамон мутахассисони бахш барои ҳуҷҷатгузории истгоҳи мошинҳо, нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва ошхонаҳо ҳам корҳои нақшавиро амалӣ намудаанд. Дар ин давра парвандаи заминсозии 8 иншооти мавриди назар аз экспертиза гузаронида шудааст. 3 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 9 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла кӯдакистон, мактаб ва донишгоҳ низ аз ҷониби кормандони бахш мавриди корбарӣ қарор дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир дар шаҳри Душанбе ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст. Аз ин рӯ дар ин давра аз ҷониби кормандони бахши экспертизаи Раёсати заминсозии КДФ «БақайдгиСАРЗАМИН | апрел-июн | 2022
рии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои 3 адад хоҷагии деҳқонӣ, ёрирасон ва бошишгоҳи саҳроӣ санҷида шудааст. Ҳамин тавр кормандони ин зерсохтори масъул тадбирҳои нақшавиро дар заминаи фаъолияти худ амалӣ намудаанд. Ҷойи таъкид аст, ки талабот ба фаъолияти корхонаҳои бақайдгирӣ торафт зиёд мешавад. Зеро ҳамасола иншооти гуногун бунёд карда мешаванд, ки таъмини ҳуҷҷатгузории он аз ҷониби корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешавад. Илова бар ин шуъбаву сохторҳои масъули КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе корҳои заминсозиро низ мувофиқи нақша ва талабот иҷро намудаанд. Бо ин мақсад хоҷагии деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ, дигар намуди хоҷагидории кишварзӣ ва вобаста намудани қитъаҳои замини зери бинои иншооти хусусигардонидашуда як қатор чораву
Бахши заминсозӣ дар фаъолияти корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ масъулини он бояд чораву тадбирҳои судмандро мавриди амал қарор диҳанд. Раёсати заминсозии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе низ дар раванди фаъолияти худ тадбирҳои самароварро роҳандозӣ менамояд. Бахши экспертизаи Раёсати заминсозии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе давоми 5 моҳи соли 2022 ҳуҷҷатҳои 1801 хонаи истиқоматӣ ва 22 бинои истиқоматиро аз ташхис гузаронида, барои корбарӣ пешниҳод намуданд. тадбирҳо ҳуҷҷатгузориро амалӣ намудаанд. Дар маҷмӯъ фаъолияти Раёсати заминсозии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ҷараён дошта, масъулини он талош доранд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар раёсату шуъбаҳои корхона корҳои соҳаро пеш бурда, барои таъмини сокинон ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидории ҳудуди пойтахт бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ саҳм гузоранд. Зеро фаъолияти онҳо асосан барои иҷрои чунин табдирҳо равона гардида, ба ин васила дар рушди соҳа саҳм мегузоранд. Ҷойи таъкид аст, ки бо дастрасӣ ба барномаҳои муосири соҳавӣ ва таҷҳизоти электронӣ фаъолият онҳо низ босифат гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки талаботи сокинон саривақт ва босифат қонеъ гардонида шавад ва онҳо бесаргардонӣ ҳуҷҷатҳои худро дастрас намоянд.
МАСЪУЛИЯТ | 49
Дархости шаҳрвандонро саривақт қонеъ месозем Бо назардошти рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа талабот дар назди корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул низ бештар гардида, тақозо мешавад, ки фаъолият дар сатҳу сифати нав ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад дар шаҳр фаъолияти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, таҳияи парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ беҳтар гардида, бо барномаҳои компютерӣ дар қоғазҳои махсуси ранга ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ омода шуда истодаанд. Доир ба масъалаи баррасии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳо дар корхона тибқи талабот ба роҳ монда шуда, доимо дар назорати қатъии роҳбарияти корхона қарор дорад. Аз ҷумла дар давоми 5 моҳи соли равон ба шӯъбаи бақайдгирии қитъаи замин 1524 ариза ва ба шӯъбаи бақайдгирии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ 8899 аризаи қабул шудааст. Ҳамчунин дар ин давра 10289 адад иттилоот аз феҳристи ягона дода шуда, 622 адад бақайд гирии маҳдудият (гарониҳо)-и ҳуқуқ ба объекти молу мулки
Неъматулло МАНСУРЗОДА сардори Раёсати бақайдгирии КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Душанбе ғайриманқул дода шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат ҷиҳати такмили ихтисос ва боло бурдани малакаи кории мутахассисони корхона бо мақсади амалӣ намудани Қоидаҳои нави тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузош тани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул семинарҳо гузаронида шуд. Ҷиҳати боз ҳам осон намудани фаъолияти бақайдгирӣ тавас-
сути технологияи нав корхона ба барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) гузаштааст ва мутахассисон тавассути ин барнома фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Тадбири мазкур дар самти боз ҳам беҳтар гардидани хизматрасониҳои бақайдгирии давлатӣ ба аҳолӣ мусоидати фаъол менамояд. Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар самти ҳифзи амволи давлатӣ ва дар доираи қонун истифода намудани амволи ғайриманқул нақши муҳим дорад. Ин аст, ки кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе талош менамоянд, то дар самти иҷрои вазифа масъулиятшинос бошанд ва хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монанд. Соли равон кормандон талош ба харҷ дода, миқдори хизмат расониҳоро ба аҳолӣ барзиёд иҷро намуда, маблағи муайянеро ба буҷет ворид хоҳанд кард. 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
50 | ТАҶРИБАИ РӮЗГОР
Накӯном Дӯст доштани касб боис мешавад, ки шахс дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад ва ҳамчун намунаи ибрат барои дигарон гардад. Ин таъбирро дар мисоли кору фаъолияти як нафар мутахассиси соҳаи заминсозӣ Ҷӯрахон Қаландаров, ки умри бобаракати худро сарфи рушди соҳа намудаву шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, метавон мушоҳида кард. ва механикунонии кишоварзии шаҳри Тошканд ба ҳайси донишҷӯ дохил шуд. Аз соли 1980 то 1985 бо дуои неки волидон дар ин даргоҳи илму маърифат таҳсил намуда, бо ихтисоси заминсоз ба Ватан баргашт. Мутахассиси ҷавону кордонро ба кор қабул намуданд. Ҷӯрахон Қаландаров бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд дар Кооперативи истеҳсолии (чорводории) хоҷагии қишлоқи ноҳияи Фархор ба ҳайси заминсоз ба кор қабул шудам ва аз он рӯз то ҳоло дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудаам. Ҷӯрахон Қаландаров 24-уми августи соли 1959 дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Кӯдакӣ ва наврасияш дар деҳа дар назди волидонаш гузашта, дар мактаб аз шогирдони бомаҳорат ба шумор мерафт. Тавре маълум дар деҳа аксаран ба соҳаи кишоварзӣ сару кор доранд ва меҳнат дар замин кори ҳаррӯза ба ҳисоб меравад. Волидони Ҷӯрахон низ чун дигар сокинони деҳ замин доштанд ва дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки Ҷӯрахони хурдсол бо дидани фаъолияти волидон ба замин дил баст ва қарор дод, ки дар оянда мутахассиси соҳа гардад. Фаъолона хатм намудани мактаб имкон фароҳам овард, ки қаҳрамони мо минбаъд ба роҳи интихобкардааш устуворона қадам гузорад. Тақдир ӯро ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекситон бурд ва дар Институти муҳнадисӣ, обёрӣ САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
Фаъолияти назаррасашро дар ин кооператив ба назар гирифта соли 1987 ӯро барои кор дар Раё сати кишоварзии ноҳия ба ҳайси иқтисодчӣ даъват намуданд. Ҳамчунин ӯ ба ҳайси иқтисодчӣ дар Низоми идоракунии автоматӣ низ фаъолият намуд. Аз соли 1989 то 1996 дар ноҳияи Фархор ба ҳайси сармутахассис-заминсоз кор карда, барои ба таври қонунӣ ва аз рӯи таъйинот истифода шудани замин дар ноҳия нақши назаррас гузошт. Бо вуҷуди он, ки дар ин солҳо фаъолият дар ниҳодҳои давлатӣ хеле ҳам душвор буд, аммо Ҷӯрахон, ки дӯстдори касби худ ва дӯстдори ватан буд бо масъулияти зиёд дар ин вазифа кор карда, саҳми худро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва заминсозии ноҳия гузошт. Бо тақозои замон як муддат дар вазифаи иқтисодчии Хоҷагии кишоварзии «Сорбон» низ кор кардааст. Аз соли 1999, ки ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш шуда буду ниҳодҳо барои фаъолияти мунтазам ба
мутахассисон ниёз доштанд, фаъолияти назарраси Ҷӯрахон Қаландаровро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи муовини раиси Кумитаи заминсозии ноҳия таъ йин намуданд. Оғози фаъолияти ӯ дар ин вазифа ба давраи рост омад, ки муносибат ба хоҷагидории кишоварзӣ рӯ ба дигаргуншавӣ оварда буд ва ин омил аз ҳар як мутахассис маҳорату малакаи хуби соҳавиро тақозо мекард. Ҷӯрахон Қаландаров аз ин мушкилот наҳаросида барои назаррас намудани фаъолият, дуруст ва мақсаднок истифода шудани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама ба хоҷагидорон фаҳмонидани нозукиҳои қонунгузории замин талош намуд. То соли 2007 номбурда дар ин вазифа кор намуд. Соли 2007 ба вазифаи мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ даъват шуда, то соли 2015 дар ин вазифа кор намуд. Ӯро соли 2016 ҳамчун мутахассиси варзида сардори бахши Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ таъйин намуданд. Дар ин давра фаъолияти ин бахш ҷоннок гардида, таҳияи парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ беҳтар гардид. Айни ҳол Ҷӯрахон Қаландаров дар вазифаи ташхисгари Шуъбаи заминсозии рақами 1-и Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мекунад. Зоҳир Эшонов
ҚУБОДИЁН | 51
Об аст, ки киштаҳо сабзанд Таъмини заминҳои таъйиноти кишоварзӣ бо оби полезӣ дар самти ҳосилхез намудани онҳо ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ муҳим дониста мешавад. Мутахассисон дар баробари риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва тухмии мутобиқ ба иқлим инчунин саривақт таъмин намудани хоҷагидорон бо оби полезиро барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ менамоянд. Инро ба инобат гирифта Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Шаҳритус дар самти таъмини саривақтии хоҷагидорон бо оби полезӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ниҳоди мазкур 5 ҳазору 100 истифодабарандагони обро муттаҳид намуда, дар се ноҳияи вилояти Хатлон-Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав фа ъолият менамояд. Тибқи нақша Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Шаҳритус бояд 38 ҳазор гектар заминро бо оби полезӣ таъмин намояд. Бо мавриди татбиқ қарор гирифтани ин тадбир имкон фароҳам мегардад, ки хоҷагидорони зерҳавзаи мазкур дар мавсими обёрӣ мушкилие надошта бошанд. Илова ба ин миқдори зиёди заминҳо, ки бо сабаби камбуди об аз гардиши кишоварзӣ дур мондаанд, аз сари нав ба гардиш ворид карда мешаванд. Беҳсозии вазъи обёрии заминҳо барои истифодаи оқилонаи ҳар порчаи замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ мусоидат намуда, хоҷагидорон метавонанд барои таъмини хони ҳамдиёрони худ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм дошта бошанд. Самаранок ва оқилона истифодабарии заминҳои
Фаридун ДАВЛАТОВ сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус кишоварзӣ ва ба истеҳсолот ворид намудани қитъаҳои аз кишт берун монда, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимест, ки Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Шаҳритус дар ин замина анҷом медиҳад. Омили асосии фаровонҳосилӣ ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар соҳаи кишоварзӣ маданияти баланди истифодаи замин аз ҷониби кишоварзон аст. Ин зерҳавза низ фаъолияташро маҳз ба ҳамин самт равона намуда, талош менамояд, то бо васеъ намудани ҳудуди фаъолияташ заминҳои бекорхобидаро ҳарчӣ бештар ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
52 | ГАВҲАРИ ТАМАДДУН
Таҷлили Рӯзи Замин — эҳтиром гузоштан ба хонаи умумии инсоният Замин гаҳвораи тамаддуни инсоният буда, ягона сайёра дар системаи офтобӣ аст, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад. Илова ба ин хок, ки таркиби асосии заминро ташкил медиҳад боиси сабзиши ҳар гуна растаниҳо гардида, омили аслии мавҷудияти инсону дигар мавҷудоти зинда мебошад. Об низ, ки ҷузъи таркибии замин аст, мувофиқи назарияҳои илмӣ омили аслии пайдоиши ҳаёт дар замин гардидааст. Атмосфераи мувофиқ, ки аз афканишоти мустақими нурҳои офтобӣ пешгирӣ мекунад, низ аз омилҳои дигаре дониста мешавад, ки заминро ҳамчун сайёраи сабзу дорои ҳаёти зинда муаррифӣ менамояд. Инсоният аз давраҳои қадим оид ба пайдоиши замин ва шаклу намуди он андешаронӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххасеро дар ин самт ироа намудааст, ки аксарияташ бо вуҷуди сода будан солҳо инсониятро машғул доштааст. Ба назари одами бостонӣ Замин
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
ҳамчун як чизи паҳну ҳамворе менамуд, ки дар маркази Олам қарор дошта, болояш бо гунбази фалак пӯшида шудааст. Ин гумони сода дар давоми таърихи тӯлоние ҳукмрон буд, ҳатто ба ҳамин гуна тасаввур ба таркиби динҳо ҳам ворид шуда буд. Баъдан дар ҳамон дунёи қадим ақидаҳои гуногуни илмию фалсафӣ оид ба шаклу андоза ва мақоми Замин дар Коинот низ шакл гирифта, то ҳадде ба дараҷаи як ақидаи томе расида буд, ки ба пояи мустаҳками таҷрибаву
мушоҳидаҳои дақиқ такя мекард. Ин табақаи баъдӣ медонистанд, ки Замин курашакл буда, дар фазо муаллақ аст. Дар хусуси кӯрашакл ва муаллақ будани замин дар баробари олимони ғарб саҳми олимони тоҷику форс, аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ низ назаррас аст, ки аввалин глобуси илмиро сохта буд. Ин ҷо дар хусуси замин маълумоти кӯтоҳе пешниҳод менамоем. Замин яке аз сайёраҳои манзумаи Офтоб буда, аз рӯи масофа то Офтоб севвумин ва аз рӯи ҳаҷм
ГАВҲАРИ ТАМАДДУН | 53 панҷумин сайёра дар миёни сайёраҳои манзумаи Офтоб. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст. Ба омӯзиши пайдоишу инкишофи Замин файласуфон ва астрономҳои қадим ибтидо гузошта буданд. Дар Ховарзамин Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулҳасани Ахворӣ, Абунасри Ҷелонӣ, Абулхайри Розӣ, Маҳмуди Хоразмӣ ва дигар мутафаккирони барҷаста дар ҷараёни ҷунбишу тағйироти тадриҷӣ будани қишри Заминро таъкиду таъйид намуда, аз ин мавқеи назар сабабҳои пайдоиши кӯҳу чашмаҳо, водиву дараҳо ва зилзиларо аз ҷиҳати илмӣ маънидод кардаанд. Мувофиқи хулосаҳои илмии имрӯза Замин дар манзумаи Офтоб қариб 4,5 млрд сол пеш дар натиҷаи фишори ҷозибавии туманоти газуғуборӣ пайдо шудааст. Барои ҳифзу нигоҳдории ин макони барои инсоният муқаддас аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххасе амалӣ карда мешавад. Яке аз чунин иқдомҳо ин таҷлили рӯзи замин аст, ки ҳамасола дар арафаи баробаршавии шабу рӯз 21-уми март таҷлил карда мешавад.
ни Милали Муттаҳид Рӯзи Замин расман эълон шуда буд. Тибқи анъана, дар ин рӯз «Зангӯлаи сулҳ» садо медиҳад. Ташаб буси нахустин оид ба таҷлили Рӯзи Замин ҳанӯз соли 1840 аз тарафи ходими ҷамъиятии амрикоӣ Ҷон Мортон пешниҳод гардида, маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳо бо фарорасии фасли баҳор ва барномаи муносибати оқилона ба муҳити зист аз ҷониби ӯ таҳия гардида буд. То имрӯз дар бисёр аз кишварҳо, Рӯзи Заминро 22-юми апрел ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ҳам дар баъзе аз кишварҳо ба мисли ИМА онро мисли пештара дар моҳи апрел ҷашн мегиранд ва онро бо анъанаи ниҳолшинонӣ алоқаманд мекунанд. Аҳамияти таҷлили ин сана дар ҳифзи муҳити зист. Маълум аст, ки зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ карда мешавад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд. Дар аксар кишварҳои дунё, ин рӯзро бо ташаббусу иқдомҳои зиёд ҷашн мегиранд, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ободу зебо нигоҳ доштани сайёраи Замин равона гардидаанд. Миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз 6 ҳазор сол муқаддам мубрам будани масъалаҳои экологиро дар хотираи таърихии худ ҷой намуд ва Наврӯзи оламафрӯз на танҳо ҷашни таърихиву фарҳангист, балки воқеан ҷашни табиист. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҷашни Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳам тавъаманд. Имрӯз аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад. Зоҳир Эшонов
Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба он равона месозад, ки ҳар сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба он ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад. Дар байни чорабиниҳои оммавӣ дар бахши ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, ки дар ин рӯз дар гӯшаҳои гуногуни сайёра баргузор мешаванд- ин намоишу фестивалҳои экологӣ, марафонҳо ва конфронсҳо дар бораи табиат, рубӯчини кӯчаҳо, шинонидани дарахтҳо ва қатъи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои серодами шаҳрҳои калон, ҷамъомадҳои фарҳангӣ ва консертҳо мебошанд. Таърихи таҷлили ин ҷашн Ёдовар мешавем, ки соли 1971 аз ҷониби Котиби генералии Созмо2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
54 | КӮДАКОН - УМЕД ВА ОЯНДАИ МО
Хандаи кӯдак ҳақиқӣ аст «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст». Эмомалӣ Раҳмон
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
КӮДАКОН - УМЕД ВА ОЯНДАИ МО | 55
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
56 | ШАҲРИСТОН
Шароити кору бозомӯзӣ беҳтар мегардад Дар миёни сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул фаъолияти назаррас доранд. Зеро дар самти барасмиятдарории молу мулки ғайриманқул кормандони ин корхонаҳо масъул мебошанд. Кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд низ дар қаламрави ноҳия тадбирҳои соҳавиро саривақт ба иҷро мерасонанд.
Фурқат САИДМУРОДӢ директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Шаҳристон Шумораи умумии кормандони корхона 20 нафарро ташкил медиҳад. Бо инобати ҷалби бештари ҷавонон ба кору фаъолият ва истифода намудани нерӯву малакаи онҳо дар корхона аксари кормандон мутахассисони ҷавон ва соҳиблаёқат буда, кори соҳаро пеш мебаранд. Бо пешрафти илму техника ва ворид шудани усулҳои муосири корбарӣ фаъолияти корхонаҳои бақайдгирӣ низ дигаргун шуда, кормандон дар фурсати кӯтоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро барои сокинон ва субеъктҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ омода менамоянд. Дар 3 моҳаи аввали соли 2022 мутахассисони корхона 170 адад Шаҳодатнома дар бораи бақайд гирии давлатӣ (қитъаи замин) омода намуда, ба сокинон ва корхонаву ташкилот пешниҳод намудаанд. Ҳамзамон 16 адад Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (иншоот) таҳия ва пешниҳод шудааст. Мавриди зикр аст, ки кормандони КДФ «Бақайд гирии молу мулки ғайриманқул» САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
дар ноҳияи Шаҳристон бо даст расӣ ба барномаҳои муосири компютерӣ ва таҷҳизоти зарурӣ талош доранд, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шавад. Ин амал ҳам ба манфиати сокинон ва ҳам барои баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ замина мегузорад. Масъулини корхона ба сифати таҳияи парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ, мувофиқати онҳо ба нусхаҳои намунавӣ аҳамияти хоса зоҳир карда, омода намудани онҳо зери назорати пайвастаи роҳбарияти корхона қарор дорад. Мутахассисони бахши барӯйхатгирии техникӣ 87 адад шиносномаҳои техникиро давоми 3 моҳи соли равон тартиб додаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 40 адад зиёд мебошад. Илова бар ин ба 18 шиносномаи техникӣ тағйироти ҷорӣ ворид карда шудааст. Дар ҳама бахшҳо мутахассисони хуб
ба кор қабул шудаанд. Ҳамин аст, ки фаъолият мувофиқи нақша пеш меравад. Илова бар ин шароити созгор барои кормандон дар корхона фароҳам буда, масъулин пайваста баҳри беҳбудии корхона чораву тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Омӯзиш, такмили ихтисос ва кор бо барномаҳои муосири соҳавӣ дар мади назари роҳбарият ва кормандони корхона қарор дорад. Бо ин мақсад машғулиятҳои омӯзишӣ ҳафтае як маротиба бо ҷалби мутахассисон гузаронида мешавад. Дар ин дарсҳо дар баробари масъалаҳои дигари омӯзишӣ ҳамзамон ба бозомӯзии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа низ аҳамияти хоса равона мегардад. Маҷмӯан фаъолияти самти бақайдгирӣ аз ҷониби мутахассисони КДФ «Бақайд гирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Шаҳристон мувофиқи нақша роҳандозӣ шудааст.
БАҚАЙДГИРӢ | 57
Истифода аз барномаи худкор - омили пешрафт Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд калонтарин ноҳияи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, бештари таъминоти минтақаҳои атрофи ноҳия бо маҳсулоти кишоварзӣ ба души кишоварзони ин ноҳия вогузор аст. Аз ин рӯ истифодаи самарноки замин дар ин ноҳия, аз ҷумлаи авлавиятҳои фаъолияти ҳам хоҷагидорон ва ҳам сокинони он маҳсуб меёбад. Дар самти қонунигардонии ҳуҷҷатҳо ва мушаххассозии таъйиноти заминҳои кишоварзӣ, зери биноҳо ва наз диҳавлигиву президентӣ чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Дар ин муддат ба корхона беш аз 550 ариза ва дархост ворид гардидааст, ки аз ин шумора беш аз 60 ариза барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, зиёда аз 50 адад барои вобаста намудани қитъаи замин, 13 адад барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншооти гуногун беш аз 120 адад барои тартиб додани шиносномаи техникӣ, 3 адад барои иваз намудани шиносномаи техникӣ ва зиёда аз 10 намуди ариза ва мактубҳои шаҳрвандон мебошанд. Ҳамчунин унвонии корхона 205 мактуб, аз ҷониби мақомоти болоӣ, адвокатҳо ва дигар ниҳодҳо ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар шуъВафо ПИРАҲМАДЗОД баҳои задиректори КДФ "Бақайдгирии молу мулки минсозӣ ва барӯйхатгиғайриманқул" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рии техникии Корхонаи давлатии фаръии шартнома барои иҷрои корҳои «Бақайдгирии молу мулки ғайтанзими қитъаи замини шахсориманқул» дар ноҳияи Ҷаббор ни ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи Расулов аз тарафи мутахасси198767 сомонӣ, 170 шартнома сон барои босифат таҳия наму- барои тартиб додани шиносдани парвандаҳои заминсозӣ, номаи техникӣ ва даровардашиносномаи техникӣ чораҳои ни тағйирот ба он ба маблағи зарурӣ андешида шуда, корҳои 180891 сомониро ташкил заминсозӣ бо воситаи барнододааст. маҳои Arcgis, Arxicad ва Korel Корхонаи давлатии фаръии бо мувофиқаи нусхаҳои наму«Бақайдгирии молу мулки наи пешниҳодгардида, анҷом ғайриманқул» дар ноҳияи дода мешавад. Ҷаббор Расулов минбаъд низ Мутахассисони Корхонаи раванди бақайдигирӣ, таъмидавлатии фаръии «Бақайдгини шаҳрвандон ва субеъктҳои рии молу мулки ғайриманқул» хоҷагидорӣ бо шаҳодатнома дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи бақайдгирии молу дар ин муддат барои тартиб мулки ғайриманқул ва корҳои додани парвандаҳои танмарбути ин соҳаро дар доираи зими замин, шиносномаҳои нишондоди санадҳои меъёрии техникӣ ва бақайдгирии молу ҳуқуқӣ ва талаботи оиннома мулки ғайриманқул ҳамагӣ 354 амалӣ менамоянд. шартнома ба маблағи 379658 сомонӣ баста шуд, ки аз он 184 2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
58 | ПОЙТАХТ
Душанбеи сарсабз Бо мақсади татбиқи дастур ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдории Душанбе пойтахти мамлакат бо гузашти ҳар сол симои навро ба худ касб менамояд ва он ободу зебо ва сарсабзу хуррам мегардад. Ҳоло бо тадбирандешиҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбариятии олии мамлакат ҳама соҳаҳо дар пойтахти кишвар батадриҷ рушд намуда, ба дастовардҳои муҳим ноил гардида истодааст. Бунёду азнавсозии садҳо километр роҳҳо, истгоҳҳои наву замонавӣ, воридоти воситаҳои нақлиёти мусофирбарии гуногунтамғаи бисёрғунҷоиш, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва боғу гулгаштҳо, бинои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ дар шаҳр босуръат идома дорад. Зимнан бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳия ҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе» шинонидани 263644 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан ба нақша гирифта шуд. Дар умум аз аввали мавсим дар ҳудуди шаҳри Душанбе 291750 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида шудааст. Илова бар ин дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт зиёда аз 10018983 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуд, ки аз ин шумора 4538041 дона гулҳои мавсимӣ ва 5480942 дона гули лола мебошад. Бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва ба «шаҳри гулрез» табдил додани пойтахт дар ин
САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
давра дар ҳудуди шаҳр ба миқдори 3469053 дона қаламчаи гули садбарг дар минтақаҳои муайяншуда шинонида шуд. Дар ин баробар вазорату идораҳо ва кумитаву сохторҳои ҷумҳурия вии дар пойтахт ҷойгирбуда низ барномаҳои ободониро вусъат бахшида, атрофи биноҳои маъмуриро гулзор намудаанд, ки ба зебоии гушаву канори шаҳр таровати дучандро зам намудааст. Масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 фасли сол гулҳои ороишии мавсимиро дар атрофи бинои маъмурии Кумитаи давлатӣ парваришу нигоҳубин менамоянд, ки хеле зебову назаррабо менамояд. Тавре масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, давоми солҳои охир дар атрофи бинои маъмурӣ навъҳои гуногуни гулҳоро кишту парвариш менамоянд, ки онҳо дар 4 фасли сол бо нашъунамои хуби
худ зебоии ин мавзеъро таъмин менамояд. Кормандони Кумитаи давлатӣ андеша доранд, ки дар ободии муҳити атроф дар баробари мутахассисони сохторҳои марбута бояд ҳар сокини пойтахт ва кормандони ташкилоту идораҳо низ саҳмгузоранд. Ҳаминтавр тадбирҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузории бевоситаи сокинон, кормандони ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликият имкон фароҳам менамояд, ки зебоии гӯшаву канори шаҳри Душанбе таъмин шуда, пойтахт ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи олам табдил ёбад. Ҳоло сохторҳои коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт низ талош доранд, ки вусъати барномаҳои ободониро таъмин намоянд ва ҳаминтавр дар сарсабзии муҳити атроф ҳиссагузорӣ намоянд. Дар назди бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали фасли баҳор гули лола шинонида мешавад. Дар идома ин мавзеъ
ПОЙТАХТ | 59 бо гулҳои садбарг шукуфон мешавад. Масъулин дар тобистону тирамоҳ низ гулҳои мавсимиро мешинонад, ки ба ин мавзеъ таровати хосаро зам намоянд. Бо шинонидани гулкарам дар фасли зимистон низ сарсабзии мавзеъҳои гулзори бино таъмин карда мешавад. Душанбе пойтахти меҳан ва кошонаи умеди тамоми тоҷикони дунёст. Кабӯтари умеду иқболи ҳар як сокини кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ дар фазои Душанбеи азиз пару бол меафшонад. Хиёбону гулгаштҳо ва маконҳои
фарҳангиву фароғатии пойтахт таваҷҷӯҳи ҳар фардро ба худ ҷалб менамоянд. Пас аз тамошои шаҳри ҷаннатосо мисраи зебои устод Боқӣ Раҳимзода «Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе» вирди забон мегардад. Ин сатр танҳо ташбеҳи шоирона нест, балки муҳтавои он дар меҳвари ҳақиқат чарх мехурад. Ҳар сайёҳу меҳмони хориҷие, ки ба шаҳри Душанбе меояд ободиву шукуфоии пойтахти азизамон ба ӯ руҳу илҳоми тоза мебахшад. Кулли сайёҳону меҳмонони пойтахти кишвари мо бо табъи
болида ва таассуроти нек аз ин макони биҳиштосо бармегарданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо рушду пешравиҳо ба назар расида, шароити зиндагии сокинон беҳтар шудааст. Рисолат ва қарзи шаҳрвандии сокинони пойтахт аз он иборат аст, ки заррае ҳам бошад, бо шукргузорӣ аз ду неъмати бебаҳо Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ободии пойтахт саҳми худро гузорем. Раҳими Карим
2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
60 | РӮДАКӢ
Хосили фаровони гелос Кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии даромади шаҳрвандон ва таъминкунандаи сокинон бо ҷойи корӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд ноҳияи Рӯдакӣ яке аз минтақаҳои фаъол муаррифӣ гардидааст.
Дар сурати истифодаи самараноки замин ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникиву беҳдоштӣ имкон аст, ки бо ҳосили истеҳсолгардидаи маҳсулоти кишоварзӣ талаботи шаҳрвандони ноҳия пурра қонеъ гардида, ҳамзамон пешниҳоди он низ ба шаҳри Душанбе ба роҳ монда шавад.
Роҳбари хоҷагӣ Аюб Файзуллоев буда, он 30 нафар саҳмдор дорад ва онҳо аз ҳосили фаровони имсолаи гелос қаноатманд буда, дар баробари таъмини худ ҳамчунин ин меваи серталаботро ба бозорҳои шаҳри Душанбе низ бароварда, фоидаи хуб ба даст меоранд. Иқлими мусоиди ноҳия имкон фароҳам овардааст, ки бахши боғдорӣ, махсусан парвариши гелос рушд намуда, ҳосили хубу бенуқсон ба даст ояд. Татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти мамлакат низ барои тақвият бахшидани ин соҳа мусоидат намудааст.
Коркарди саривақтии байни қаторҳо, истифодаи маҳлули махсуси муборизабаранда бар зидди ҳашароту зараррасонҳо ва гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ имкон додаанд, ки ҳосили хуби ниҳолони боғ таъмин карда шавад. Хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки дар заминҳои бекорхобида низ бунёди боғҳоро ба роҳ монда, ҳосилнокиро афзун намоянд. Барои ин аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба таври назаррас истифода менамоянд. Бунёди боғҳои интенсивӣ низ дар шароити кунунӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад. Аз ин рӯ хоҷагидорони
Дар ноҳия дар баробари кишту парвариши зироату сабзавот ба соҳаи боғдорӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр» дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 60 гектар замин дошта, аз ин шумора 18 гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд. 7 гектар боғоти ин хоҷагиро гелос ташкил медиҳад ва хоҷагидорон аз 800 ниҳоли дар ин боғ мавҷудбуда, аз ҳар як ниҳол бо ҳисоби миёна 200 килограмм ҳосил ба даст меоранд. ноҳия ба ин самти боғдорӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Баланд шудани ҳосилнокии боғот имкон фароҳам меорад, ки дар бозор нархи маҳсулот танзим карда шавад. Бо назардошти он, ки ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе наздик аст, бозорҳои пойтахтро на танҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бо меваҳои шаҳдбор низ таъмин менамояд. Агар соли равон ҳосили гелос танҳо бозорҳои дохилиро таъмин карда бошад, пас бо бунёди сардхона имкони содироти ин маҳсулот ба хориҷи мамлакат низ фароҳам мегардад. САРЗАМИН | апрел-июн | 2022
ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ИСТИСНОИИ ДАВЛАТ АСТ | 61
Такмили низоми қонунгузории соҳа Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки то инҷониб вобаста ба соҳаи замин як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъё рии ҳуқуқӣ қабул гардида, самтҳои муҳимми муносибатҳои соҳаи заминро ба танзим дароварда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат, инкишофи баробарии ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хоҷагидорӣ, асосҳои хуқуқӣ ва тартиби бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа шароити мусоид фароҳам овардааст. Аз ҷониби роҳбарият ва сохторҳои дахлдори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис тон нақшаи кории Гурӯҳи корӣ оид ба мукаммал сохтани қонунгузории соҳаи замин барои давраи то соли 2023 таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки дар он 29 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва санадҳои ҳуқуқии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо назардошти талаботи замон ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати такмил ва дар таҳрири нав таҳия намуданро тақозо менамояд, ҷойгир карда шудааст. Гурӯҳи кории мазкур дар як моҳ на кам аз 2 маротиба ҷаласаи худро бо иштироки аъзоён, мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа доир намуда, тасмим гирифта аст, ки баҳри рушди соҳа ва ҷиҳати иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2012, №831 «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис тон» то соли 2023 тамоми санадҳои дар Нақшаи болозикр ҷойгиркардашударо мавриди такмил, таҷдид ва дар таҳрири нав таҳия намоянд. Бояд тазаккур дод, ки соли 2012 ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, як қатор меъёрҳои Кодекси мазкур бо инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷам ъиятӣ мутобиқ карда шуданд. Илова бар ин, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси мазкур лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин», «Дар бораи Тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо», «Дар бораи Тартиби додани қитъаҳои замин», «Дар бораи Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ҳангоми гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ», «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи замин барои давраи то соли 2038 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намудааст. Бояд зикр намуд, ки Қоидаҳои мазкур, тартиб ва асос барои пайдоиш ва ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қит ъаи замин бо ҳуқуқи бегона намуданро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда ва амалкунандаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис тон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъё рии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Туйчӣ ХОЛЗОДА
мудири Бахши таъминоти ҳуқуқӣ Консепсия меъёрҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро дар худ инъикос намуда, бо мақсади рушд ва таҳким бахшидани муносибатҳо вобаста ба истифодабарии замин инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ва шаффоф барои дастрасии баробар ба заминро муайян менамояд. Дар баробари ин, Консепсия мақсад ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодабарии замин муайян намуда, таҳлили рушди соҳа дар давраи гузашта, тавсифи вазъи иқтисодии имрӯзаро дар бар мегирад, мақсадҳои стратегӣ ва афзалиятҳо, воситаҳои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ва роҳҳои давра ба давра амалӣ гардонидани мақсаду афзалияти мазкурро пешбинӣ менамояд. Дар Консепсия зарурияти такмилдиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқии муқаррарсозии ҳуқуқи молу мулкӣ ба қитъаи замин барои сохтмони манзил, бурдани сиёсати оқилонаи заминистифодабарӣ ва пойдор намудани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба қитъаҳои замин, молу мулки ғайриманқул ва бақайдгирии он дарҷ гардидааст, ки мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандонро тавассути таҳким, беҳбудӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истифодаи замин дар бар мегирад. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
62 | САЙРИ ОЛАМ
Венетсия
Венетсия-шаҳре дар шимолу шарқи Италия. Маркази маъмурии вилояти ҳамном. Ин шаҳр бо 6 ноҳияи худидоракун тақсим шудааст. Шаҳр як навъ маркази мазҳабии пайравони насрония ҳам ҳаст ва аз ин рӯ ҳамасола миқдори муайяни зоирин ба ин шаҳр меоянд. Аҳолиаш тибқи шумориши соли 2019 259 ҳазору 939 нафар мебошад. Ин вилоят пас аз ворид гардидани шаҳри Местре дар соли 1926 ва 118 ҷазираи толоби Венетсия дар баҳри Адриат таъсис дода шуд. Шаҳр аз мавҷҳои шадид ва обхезиҳои тирамоҳӣ осебпазир аст. Венетсия-бузургтарин маркази сайёҳӣ ва илмӣ-маърифатӣ. Дар қисмати материки ин шаҳр пойгоҳи баҳрӣ, фурудгоҳи байналмилалии ба номи Марко Поло, корхонаҳои нефттозакунӣ ва ғайра мавҷуданд. Ҳамчунин ин шаҳр маркази баргузории Карнавали Венетсия ва Фестивали филмҳои Венетсия мебошад. Гуфтаҳои боло ин шаҳрро барои ҷаҳонгардон хеле ҳам ҷолиб гардонидааст. Симои меъмории ин шаҳр, дар давраи шукуфоии Ҷумҳурии Венетсия дар асрҳои XIV—XVI шакл гирифтааст. Ин аст, ки дар якҷоягӣ бо толобҳои Венетсия ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Дар замони қадим минтақаи ҳозиСАРЗАМИН | апрел-июн | 2022
раи Венетсияро қабилаи венетҳо ишғол карданд ва аз ин рӯ номаш низ Венетсия яъне макони венетҳо гузошта шудааст.
лашкаркашиҳои Наполеон таҳти идораи Австрия гузашт. Дар соли 1866 бошад, ба ҳайати Италия шомил шуд.
Ин шаҳрҷазира асри IX таъсис ёфта, дар асрҳои миёна –Маркази Ҷумҳурии Венетсия бо фрогири мустаъмирот дар баҳри Миёназамин буд. Рушд ва тавсеа пайдо кардани Империяи усмонӣ дар асрҳои XVII—XVIII боиси рукуди ин шаҳрҷазира гардид ва ҳангоми
Тавре гуфтем номи ин шаҳр аз номи қабилаи венетҳо гирифта шудааст, ки ҳангоми империяи Рим дар ин макон мезистанд. Аммо дар ин толоб аҳолии шаҳрнишин вуҷуд надошт. Танҳо сокинон дар асрҳои V—VI барои паноҳ бурдан аз ҳамлаҳои варварҳо,
САЙРИ ОЛАМ | 63 вестгот, гунҳои Атилла ва лангобардҳо ба ин макон кӯчиданд. Дар он асрҳо яке аз шаҳрҳое, ки аҳолии зиёд дошт ва дар натиҷаи ин ҳамлаҳо аз байн рафт ин шаҳри Аквилея буд. Шаҳрнишинӣ дар ҷазираи Толоби Венетсия дар нимаи асри VI шурӯъ гардид. Нахуст аҳолӣ дар ҷазираҳои Маламокко ва Торчелло маскун шуданд. Аммо аз асри VIII шурӯъ карда, аҳолӣ ба маконҳои ҳозираи ин шаҳр паҳн шудан гирифтанд.
данд, ки аҳамияти таърихӣ дошта, барои сайёҳон хеле ҳам ҷолиб мебошанд. Тавре гуфтем, шаҳр ва толоб ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шудаанд.
Шурӯъ аз асрҳои миёна то давраи нав Венетсия яке аз шаҳрҳои бузурги Аврупо ба ҳисоб мерафт. Дар асри XV бо аҳолии 180 ҳазор нафар танҳо аз шаҳри Париж қафо монда буд.
Дар асри VII ҷазира бо ташаббуси Византия таҳти идораи ягона роҳбар ва бо истилоҳ дожа муттаҳид карда шуд. Аввалин роҳбар ва ё дожи ин шаҳрҷазира дар соли 697 Лучио Анфесто интихоб шуда, идораи шаҳрҷазираро ба ӯҳда гирифт. Аммо ин маълумот ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқи худро наёфтааст. Аз миёнаҳои асри VIII дожаро дар худи Венетсия интихоб мекарданд ва ӯро дигар императори Византия тасдиқ намекард. Аввалин роҳбар ва ё тавре худи онҳо мегуфтанд дожа, ки бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ тасдиқи худро ёфтааст, дар соли 727 буд ва мувофиқи маъхазҳо дар замони мавҷудияти ин шаҳрҷазира 120 нафар роҳбар интихоб шудаанд. Охирин дожаи Венетсия Людовико Манин буд, ки соли 1797 аз қудрат канор рафт. Маркази таърихии Венетсия дар 118 ҷазира қарор дошта, бо 150 дарёву ҷараёнҳои обӣ ҷудо мешавад, ки дар онҳо наздики 400 пул, аз ҷумла купруки Риалто ва тавре мардуми бумӣ мегӯянд, пули Нафас мавҷуд аст, ки ҳарду ҳам дар асри XVI бунёд шудаанд. Қисмати ҷазиравии Венетсия- осоишгоҳи баҳрӣ, маркази сайёҳии аҳамияти байналмилалидошта, ва макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ба монанди фестивалҳои филмҳои ҳунарӣ ва намоишгоҳи ҳунару меъморӣ мебошад. Дар маркази шаҳр Ибодатгоҳи Марки Муқаддас (асрҳои XIV— XVI), Қасри дожҳо (асрҳои XIV— XVI), Китобхонаи қадимаи Сан Марко (асри XVI) ва ғайра мавҷу2022 | апрел-июн | САРЗАМИН
ОБУНА–2022 Нархи солонаи обуна 192 сомониро ташкил медиҳад.
Суратҳисоби маҷалла: С/ҳ 20202972100742101000, С/к 20402972316264, КИБ 350101626, РМА 020046634, БДА ҶТ «Амонатбонк»