САРЗАМИН апрел-июн | 2021 | www.zamin.tj
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУНДАРИҶА 4-9
20-21
10-13
34-35
14-17
36-37
18-19
42-43
22-23
50-51
30
62-63
САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЗАМИНИ ПУРБАРАКАТ ВА ЗАМИНДОРОНИ БОҒАЙРАТИ ДАНҒАРА
ҶУБРОНИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ
ИНШООТИ ҶАШНӢ - ЗЕРИ НАЗОРАТ
ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИЮ ОМӮЗГОРИИ Н.РӮДАКӢ
"САРЗАМИН" - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ КОМИССИЯИ ЭКОЛОГИИ ПАРЛУМОНИ КИШВАР
ОЗМОИШГОҲИ МУШОҲИДАИ ФОСИЛАВИИ ЗАМИН - МАҲСУЛИ ЛОИҲАИ ИНВЕСТИТСИОНӢ
ҲАМОИШИ ҶАВОНОН БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ
ДАР БУЗУРГИВУ ШАҲОМАТ ТАНҲО ИСТИҚЛОЛ БА ВАҲДАТ БАРОБАР БУДА МЕТАВОНАД
ТЕМУРМАЛИК: САРШУМОРИ ГӮСФАНДОНИ МАҲИНПАШМ МЕАФЗОЯД
ФАРҲАНГИ ЗАМИНДОРӢ
ҶАЗИРАИ ПАСХА
29
РОҒУН НА ФАҚАТ МАНБАИ НУР, БАЛКИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ҲАМ ҲАСТ
32-33
ТАҒЙИРЁБИИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА САБАБҲОИ ОН
САРЗАМИН Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН» Муассис: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БА ТИЛЛО БАРОБАРИ 54-55 ЗАМИНИ БАДАХШОН
Сармуҳаррир: Гулчеҳра Сатторзода Ҳайати мушовара: Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Ориф Хоҷазода Азизмамад Каримзода Садриддин Давлатзода Зикриё Абдуллозода Умариён Раҳмон Фақерзода
Муҳаррир: Ҳафиз Раҳмон Масъули молиявӣ: Манзар Раҳимов
МАҲСУЛОТИ 49 ИСТЕҲСОЛИ БОСИФАТ - МАРОМИ МО
Ҳайати эҷодӣ: Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгирон: Заур Дахте Нақиб Муродзода Нишонӣ: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru Дар матбааи ҶДММ «Полиграф групп» ба табъ расидааст.
4 | УФУҚҲОИ ТОЗАИ ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон уфуқҳои тозаеро дар таҳкими дӯстиву бародарии ду халқи ҳаммарз боз кард. Дар натиҷаи ин сафар 36 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ба имзо расид. Роҳбари давлати ҳамсоя аз вилояти Суғд низ боздид ба амал оварда, илова ба мулоқоти судманд бо фаъолону сокинони вилояти Суғд, ки ҳамроҳ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ҳамчунин бо шароит ва имкониятҳои саноатии вилоят шинос шуда, бад-ин восита роҳбарони ду давлат хулосаҳои зарурӣ САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ҷиҳати васеъ намудани ҳамкориҳоро бароварданд. Бояд гуфт, ки таърихи муносибатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои амиқ ва анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии нек, дастгирии тарафайн ва кумаки якдигариро дорад. Дар давраи тӯлонии таърихӣ байни гузаштагони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамбастагӣ ба
амал омад. Натиҷаи ин раванди таърихӣ қаробати рӯҳию равонӣ, дар зеҳни бисёре аз наслҳои мо амиқ реша давондани арзишҳои муштараки ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст. Шоми 10-уми июн баъд аз маросими расмии истиқбол ва
УФУҚҲОИ ТОЗАИ ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ | 5 мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад баргузор гардид.
ри хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ хушнудии мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳимму устувор дар роҳи вусъати муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.
Дар баромади худ сарони давлатҳо инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” ҳамчун намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ баҳо доданд.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳо-
Ҳамчунин қабл аз оғози барномаи рангини консертӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои хизматҳои шоён
ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
6 | УФУҚҲОИ ТОЗАИ ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ соя ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳар ду мамлакат буда, ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард. Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ду мамлакат аз мавзӯъҳои дигар ва муҳимми мулоқот бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд ба ҳисоб мерафт.
Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ - толори Кохи Борбад бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои идона дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти хос меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо хушнудӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва муҳокимаи робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад. Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофию таърихӣ ва фарҳангии ду мамлакати ба САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ҳам дӯсту ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа низ аҳаммияти стратегӣ дорад, - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳҳои оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳам-
Бояд гуфт, ки миёни кишварҳои мо сатҳи олии муносибатҳои байнидавлатӣ — шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон собитқадамона пеш мераванд, муносибатҳои худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бомаром рушд медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-юми октябри соли 1992 барқарор шудааст. Таҳаввулоти соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар рухдода ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд. 9-10-уми марти соли 2018 нахус тин сафари давлатии Президенти
УФУҚҲОИ ТОЗАИ ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ | 7
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
8 | УФУҚҲОИ ТОЗАИ ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
УФУҚҲОИ ТОЗАИ ДӮСТИВУ ҲАМКОРӢ | 9
Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикис тон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳама масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. 17-18-уми августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарикии роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард. Аз соли 2002 инҷониб 8 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст, ки охирин ҷаласаи он 15-уми майи соли 2021 дар Тошканд сурат гирифта буд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
10 | ПОДОШИ ЗАҲМАТ
Замини пурбаракат ва заминдорони боғайрати Данғара
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки моҳияти асосии он дар истифодаи дурусти замин фаҳму дарк мешавад. Дар ноҳияи Данғара аз рӯйи ҳамин фаҳмиш ҳар як қитъа заминро самараноку оқилона истифода менамоянд. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, ки рӯзҳои 16-ум ва 17уми июн сурат гирифт, илова ба ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузоштани санги асос барои бунёди боз чанд иншооти дигар, ҳамчунин вазъи кишту кор ва ҷамъоварии ҳосилу истифодаи мақсадноки замин низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Санаи 16-уми июн дар деҳаи “Боғпарвар” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумаки об ба фаъолияти марҳилаи аввали шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.
Дар марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар сокинони деҳаҳои “Боғпарвар”, “Чаманистон” ва “Баҳор”-и ноҳияи Данғара бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
ПОДОШИ ЗАҲМАТ | 11 Об аз канали калони дуюми Данғара тариқи обкашҳои махсус аввал ба 2 ҳавзи ғунҷоишашон 250 метри мукааб ворид гардида, пас аз поккорӣ ба ҳавзи дигари ғунҷоишаш 500 метри мукааб интиқол ёфта, баъдан ба аҳолӣ тақсим мегардад.
ниҳолу кӯчат ва парварда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладонагиҳо 102,9 фоиз, сабзавот 116,4 фоиз, картошка 109,2 фоиз, полезӣ 137,5 фоиз ва меваҷот 114,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дарозии хатти оби нӯшокӣ 1 километру 400 метр буда, об тариқи ду қубури обгузари қутрашон 160 миллиметрӣ оварда мешавад.
17-уми июн ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд. Ҳосили фаровони себ, олу ва бодом ҳавасмандии хоҷагидоронро барои таъмини рушди дучанди ин самти сердаромади соҳаи кишоварзӣ бештар кардааст.
17-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳусайнӣ”-и деҳаи “Лолазор”-и ноҳияи Данғара намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлонро тамошо карданд. Мавриди зикр аст, ки то 1-уми июни соли равон дар вилоят 58195 тонна ғалладонагӣ, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 1998 ҳазор бех
Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар баробари пешниҳод ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, имсол зиёда аз 15 тонна гелос ва олу ба хориҷа содирот намудааст. Дар хоҷагӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғҳои
нав васеъ карда мешавад. Танҳо соли равон аз ҳисоби ниҳоли дарахтони себ, нок, чормағз, бодом ва нок дар майдони 50 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст. Дар байни қаторҳои дарахтон полезӣ, сабзавот, ҷуворимакка, картошка ва дигар намуди зироат кишт кардаанд. Бо истифода аз иқлими мусоиди ноҳияи Данғара барои парвариши полезӣ соли равон заҳматкашони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар майдони 300 гектар кишти полезӣ гузаронидаанд. Айни замон ҳосили ҷамъоваришуда ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло”-и ноҳияи Данғара ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
12 | ПОДОШИ ЗАҲМАТ
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ПОДОШИ ЗАҲМАТ | 13 Хоҷагии деҳқонии “Абдулло” дар деҳаи “Сафобахш” ҷойгир буда, соли 2005 таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 88 гектар замини обӣ ва 46 саҳмдор дорад. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар мавсими кишти тирамоҳӣ кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 40 гектар гандуми навъи “Алекс” ва “Краснодар-99” корида, умед доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 35-40 сентнерӣ гандум рӯёнанд. Ба гуфти хоҷагидорон, обу ҳавои мусоиди имсола ба ҳосилнокии ғалла ва дигар навъи маҳсулот таъсири мусбат расонидааст.
Дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло” дар баробари ғаллакорӣ дар 5 гектар ҷав, 30 гектар пахта, 2 гектар полезӣ, 1 гектар картошка, 2 гектар зироати равғандеҳи маъсар ва дар 2 гектар юнучқа барои хӯроки чорво кишт шудааст. Дар 8 гектар замин боғ бунёд шудааст, ки дар он дарахтони ҳосилдеҳ, аз ҷумла себу нок, нашпотӣ, гелосу олу ва бодом мавҷуд аст. Кишоварзон нақша доранд, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ ҷуворимакка коранд. Айни замон пахтаи хоҷагӣ нашъунамои хуб
дошта, кишоварзон чигити навъи “Флеш” ва “Флора”-ро истифода кардаанд. Кулли сокинони мамлакат дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба истифодаи босамари замин, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигиро бо хушнудӣ пазируфта, ҳамасола аз ҳар қитъа замин то 3 ҳосил ба даст оварда, барои солҳои минбаъда маҳсулоти ғалладонагӣ, ба монанди гандум, наску нахуд, мошу лубиё ва дигар навъи зироатро захира менамоянд.
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
14 | ТАҲТИ НАЗОРАТ ВА ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҷуброни оқибати офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ба аҳолӣ аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳар як сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳамин далел, яъне иҷтимоӣ будани давлат асос мегирад. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ санаи 15-уми июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи борони шадид, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6-ум ва 7-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абду-
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
раҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳаи “Ифтихор” ба пуррагӣ хароб шуд. Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расид, бо дастури бевоситаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои му-
ТАҲТИ НАЗОРАТ ВА ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ | 15 ваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кумаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд. Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур ба мавзеи бунёдсозии хонаҳои истиқоматӣ расонида шуд. Ин кумаки саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат боис гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ саривақт оғоз гардида, бо сифати баланд ва аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ ҷараён ёбанд. Ҳамчунин хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ заминҳои корамро аз даст додаанд, бо қитъаҳои замин барои кишт таъмин хоҳанд гашт. Дар деҳаи “Навобод”-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд. Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас гардонида шуд. Ҳамзамон бо дастури Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ таъмиру тармими дохили хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифта, оилаҳои зарардида бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард бомаром идома дошта, дар кутоҳтарин фурсат дар ин ҷо барои сокинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Бо ҳадафи шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳияи Вахш ҳамчунин 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
16 | ТАҲТИ НАЗОРАТ ВА ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия ташриф оварданд. Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи “Иттифоқ”-и деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. Субҳи 11-уми майи соли 2021 бар асари боронҳои пайдарпай ва омадани сел ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид. Мутаассифона, ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ ҳам шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз зиёни расида заҳматкашони ноҳияи Вахш бо масъулияти баланд ва иродаи қавӣ дар майдони 16 ҳазору 740 гектар, аз ҷумла 930 гектар сабзавот, 286 гектар картошка, 1000 гектар полезӣ ва 950 гектар пахта кишт намудаанд. Аллакай дар қисме ҳосили якум бардошта шуда, дар майдони 1800 гектар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар 100 гектар кишти такрории пахта гузаронида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад. Имсол хоҷагидорон майдони кишти зироатҳоро васеъ намуда, меваю сабзавотро дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот кардаанд. Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ПрезиденСАРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ТАҲТИ НАЗОРАТ ВА ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ | 17 ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб мавзӯи мавзеъҳои бар асари сел зарардидаро баррасӣ карданд.
дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад.
Сарвари давлат нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой бо дарозии 6700 метр ва Тебалай бо дарозии 18 700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва қисми болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ гардида, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои зикргардида ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷо мешавад. Манбаи асосии оби каналҳои зикршуда барф ва боронҳои мавсимии пуршиддати баҳорон мебошад.
15-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ-
мон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Маблағи умумии зарари офати табиӣ 46 миллион сомониро ташкил кард. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида кумаки яквақтаи ғизо, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзгор расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон ҳамчунин дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ, ба монанди семент, арматура ва тахта дастрас шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми майи соли равон аз сел 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, ба 10 пул, 4 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони калону майдаи шохдор зиёни ҷиддӣ расид. Маблағи умумии хисорот 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо ҷалби техникаи зарурӣ дар маҳаллаҳои Хатти роҳ, Даминзода ва маҳаллаи Нонвойи Поён, ки аз офатҳои табиӣ бештар зарар дида буданд, корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани селобаҳо ва дар умум ба миқдори 5 ҳазор метри мукааб гилу селобаҳо бароварда шуд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ як адад қубур бо дарозии 14 метр барқарор шуда, дар 182 километрии роҳи Душанбе - Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дорад. Айни ҳол дар маҳалли якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шӯраксой бо 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
18 | БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ
Иншооти ҷашнӣ – зери назорати раиси Кумитаи давлатӣ Ободкориву созандагиҳо ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат бо камоли масъулият ҷараён доранд. Ҳатто дар дурдасттарин навоҳии кишвари маҳбубамон ин раванд ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади вусъат бахшидани тадбирҳои созандагӣ ва саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии ватани азиз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми шоиста дорад. Зеро дар заминаи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат биноҳои маъмурии сохторҳои тобеи Кумитаи давлатӣ навсозӣ ва ё аз таъмири пурра бароварда шудаанд ва ин раванд доимӣ идома дорад. Назорати иншооти бунёдшаванда аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Р
аиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо мақсади шиносоии наздик бо раванди корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ин минтақа сафари корӣ анҷом дод. Бо мақсади беҳтар намудани шароити кору фаъолияти мутахассисон бунёди бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Кӯлоб идома дорад. Сохтмончиёни маҳаллӣ дар асоси лоиҳа ба кор машғуланд. Корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша ҷараён дошта, айни ҳол бунёди ошёнаи дуюми бино идома дорад. Таъкид гардид, ки дар иншооти мазкур бояд шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, барои фаъолияти босамари кормандон утоқҳои корӣ таҷҳизоти муосир дошта бошанд. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ бунёди бинои маъмурӣ барои кормандони соҳа идома дорад. Дар идомаи сафари корӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамчунин аз бунёди иншооти мазкур низ боздид намуданд. Тавре маълум гардид, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бино ҷараён дош та, сохтмончиён нақша доранд, ки бинои мазкурро дар муҳлати муқарСАРЗАМИН | апрел-июн | 2021
раршуда мавриди истифода қарор диҳанд. Зимни суҳбат бо масъулин ва сохтмончиён раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбининамудаи лоиҳа анҷом додани корҳои сохтмонӣ, ободу зебо намудани атрофи бино дастур дод. Баъди ба истифода додани бинои мазкур шароити фаъолияти кормандони соҳа беҳтар гардида, як гӯшаи ин ноҳия зебо хоҳад шуд. Як бахши фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷкистон обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногун мебошад. Бо ибтикори Кумитаи давлатӣ обёрикунии заминҳо дар ноҳияи Ховалинг идома дорад. Дар ноҳияи мазкур аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ корҳои барқароркунии 13 шабакаи обёрӣ идома дошта, то имрӯз 6 адади он барқарор гардидааст. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис тон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ | 19 шиносоӣ бо ҷараёни корҳо барои харид ва насби дастгоҳҳои босифати обкашӣ, дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ба масъулини пудратчии иншоот маслиҳат ва тавсия дод. Баъди иҷрои ин корҳо обёрии заминҳои ин минтақа бамаротиб беҳтар гардида, танқисии хоҷагидорон аз оби полезӣ бартараф хоҳад шуд.
Деваштич, Турсунзода, Ҳисор ва Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмонашон ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Илова бар инҳо, давоми се соли охир биноҳои маъмурии Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияҳои
Рӯшон, Ҷаббор Расулов, Муъминобод ва Ишкошим азнавсозӣ ва ба истифода супорида шудаанд. Айни ҳол сохтмони биноҳои нави маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Роштқалъа, Шамсиддини Шоҳин, Варзоб, Айнӣ ва Хуросон бомаром идома дорад.
Ҷойи таъкид аст, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2018, № 510 “Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад ва корҳои нақшавиро саривақт иҷро намуда истодааст. Дар ин замина бо мақсади иҷрои қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷмӯъ 12 иншоот бунёд мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Зимнан биноҳои маъмурии Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ваҳдат,
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
20 | РУШДИ СОҲА
Озмоишгоҳи мушоҳидаи фосилавии замин – маҳсули лоиҳаи инвеститсионӣ
Додарҷон АМИРОВ, директори ИЛТ "ФАЗО"
ру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳаммияти стратегӣ доштани рақамикунонӣ дар рушди иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми декабри соли 2019 «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
ва таҳти назорати мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида мешуд.
Барои амалӣ намудани сиёсати рақамӣ аз тарафи Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия шуда, ба сохторҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Хушбахтона, лоиҳаи муштараки
Дар истифодаи харитаҳо, хусусан харитаҳои калонмиқёс маҳдудият ҷой дошт. Алҳол маҳдудиятҳои мавҷуда оид ба дақиқияти координатҳои иншоот аз байн бурда шудаанд.
Ҷаҳони муосир талаботи замонавии худро дорад ва бе истифода аз технологияи насли нав муваффақ гардидан дар ягон соҳа имкон надорад. Масалан, иқтисодиёти алоқаманд ба интернет дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ солона то 25 фоиз меафзояд ва ҳеҷ як бахши иқтисод бидуни интернет рушд намеёбад. Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» ҳамкориро бо ширкату ташкилоти хориҷӣ ба роҳ монда, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам хизматрасониҳои хешро бо усули замонавӣ мавриди амал қарор медиҳад.
М
увофиқи таҳқиқоти олимон, ҳаҷми маълумоти электронӣ ва рақамикунонии иттилоот босуръат меафзояд ва 90 фоизи тамоми иттилооти ҷаҳонӣ танҳо дар 2 соли охир таҳия шудааст. Аллакай 35 миллиард дастгоҳ ба интернет пайваст ва мубодилаи маълумот менамоянд, ки ин рақам аз шумораи умумии аҳолии ҷаҳон панҷ маротиба зиёд мебошад. Дар ҳамин замина тибқи дастуСАРЗАМИН | апрел-июн | 2021
«Мутобиқкунонии технологӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Қирғизис тон», ки беҳтар намудани истифодаи маълумоти маконӣ баҳри мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва бунёди инфрасохтори миллии маълумоти макониро пешбинӣ намудааст, охири соли 2018 аз тарафи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеративии Олмон қобили қабул дониста шуд.
Корҳои тайёрӣ оид ба лоиҳа моҳи декабри соли 2019 оғоз гардида, моҳи апрели соли 2020 иҷрои бевоситаи лоиҳа шурӯъ шуд. Инфрасохтори иттилооти маконӣ вазъиятро дар харитасозӣ ва истифодаи маълумот ба куллӣ тағйир дод. Мавриди зикр аст, ки дар давраи харитасозии «анъанавӣ» ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти маконӣ фавқулода мутамарказ
Харитаҳо дар истифодаи васеъ қарор надоштанд, онҳо моликияти миллӣ ҳисоб шуда, маълумоти онҳо аз тарафи идораҳои давлатӣ бо мақсади мудофиа, банақшагирии иқтисодиву иҷтимоӣ, назорати андоз ва дигар масъалаҳо истифода бурда мешуданд.
Харитаи рақамии компютери автомобил имкон медиҳад, ки бо дақиқнокии баланд координатҳо бо истифода аз дастгоҳи GPS муайян карда шаванд. Дар давлатҳои мутараққии дунё маълумотҳои маконӣ (аз ҷумла харитаҳо) дар шакли алоҳида истифода намешаванд, тариқи инфрасохтори маълумоти маконӣ ва системаҳои иттилоотии соҳавӣ маълумотҳои мавҷуда дар заминаи маълумотҳои маконӣ дар якҷоягӣ баррасӣ мегарданд. Истифодаи ин технологияи инноватсионӣ имкон фароҳам меорад, ки инсон 70 фоизи маълумотро бевосита бубинад. Инфрасохтори миллии маълумоти маконӣ аз миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта то замони ҳозира дар зиёда аз 120 давлати дунё бунёд шудааст. Ташкили корҳо оид ба бунёд ва рушди инфрасох тори маълумоти макониро дар давлатҳои хориҷӣ, чун қоида, мақомоти байниидоравии дорои ваколатҳои васеъ дар соҳаи ҳа-
РУШДИ СОҲА | 21 ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Азизмамат, роҳбари Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон Сабина Олдхоф, роҳбари лоиҳа доктор Питер Гросс, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Омоишгоҳи мазкур бо компютерҳо ва барномаҳои муосир ҷиҳозонида шуда, ба мутахассисони институт коршиносони байналмилалӣ технологияҳои муосирро меомӯзонанд.
моҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии ҳамаи сатҳҳо ва идораҳо, ба воситаи эҷод намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, амаликунии сиёсати илмию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва омӯзонидани кадрҳо амалӣ менамоянд. Бо татбиқи ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи такрорёбӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ коҳиш ёфта, хароҷоти алоқаманд ба маълумоти маконӣ ва баланд бардоштани дараҷаи дастрасӣ ба онҳо кам карда мешавад. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ системаи ягонаи таҳияи харитаҳо мавҷуд намебошад. Ҳар як вазорату идора дар алоҳидагӣ харитаҳои худро таҳия менамояд. Ҳамин аст, ки дар таҳияи харитаҳо такроршавии корҳо рух медиҳад.
экзогеннӣ-геологӣ ва дигарҳо) дар ноҳияҳои пилотӣ иҷро шуда истодааст, ки онҳо дар банақшагирии истифодаи босамари захираҳои табиӣ, ташкили дурусти маҳалҳо ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода мусоидат мекунанд. Дар таърихи 10-уми июни соли равон дар вазъияти тантанавӣ озмоишгоҳи мушоҳидаи фосилавии Замин дар бинои институт кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳ сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон доктор Андреас Протманн, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин
Тараққиёти иқтисоди рақамӣ ба бунёди ҷомеаи нав оварда мерасонад, ки дар он сармояи инсонӣ фаъолона рушд менамояд, дониш ва малакаҳои оянда аз синни хурдсолӣ тарбият карда мешаванд, самарабахшӣ ва суръати амалиёти тиҷоратӣ аз ҳисоби рақамикунонӣ ва дигар технологияҳои муосир афзоиш меёбанд ва муколамаи байни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ сода мешавад. Ин ҳама далели он аст, ки инқилоби рақамӣ дар пеши назари мо ба амал омада истодааст ва институт бо назардошти ин ҳама пешравиҳо талош менамояд, ки ҳамқадами замон шуда, дар пешрафти илми заминшиносии мамлакат саҳми назаррас гузорад.
Бо мақсади рафъи ҳолати мазкур харитаҳои бунёдӣ ё пойгоҳӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳия карда мешаванд. Ин харитаҳо аз маҷмӯи камтарини зарурии қабатҳо иборат буда, тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар асоси он харитаҳои соҳавии худро таҳия менамоянд. Таҳияи харитаҳои мавзӯӣ (кадастрӣ, релефӣ, ҳавзаи дарёҳо, 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
22 | КОРИ ХАЙР
Ифтитоҳи синфхонаҳои омӯзишӣ дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 баён шуда буд, аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчун сарпараст ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар зарфи ду соли оянда бояд тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳоро ҳал намоянд.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
КОРИ ХАЙР | 23 Кумитаи давлати идораи замин ва геодезӣ, тибқи ҳамин дастур, чун сарпараст дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ синфхонаҳои омӯзишии компютерӣ ва дӯзандагиро таъмиру нав созӣ ва муҷаҳҳаз гардонд. Дар ҷараёни ифтитоҳи синфхонаҳои омӯзишӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуда, донишҷӯёни коллеҷи мазкурро бо оғози фаъолияти ин синфхонаҳои омӯзишӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23-юми май таҷлил мегардад, муборакбод намуд. Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ зимни мулоқот бо донишҷӯён таъкид намуд, ки ин синфхонаҳо дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат амалӣ гардида, донишҷӯёнро зарур аст, ки касбу ҳунар омӯзанд ва барномаҳои компютериро бо сифати баланд аз бар намоянд. Илова бар ин, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зикр намуд, ки марҳила ба марҳила давоми ду соли минбаъда ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи коллеҷи мазкур иқдомоти мушаххас амалӣ хоҳад шуд. Дар навбати худ донишҷӯён ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил хоҳанд кард. Ёдрас мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2021, № АП-52 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар радифи дигар шахсони масъул сарпарасти Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ муқаррар шудааст. Синфхонаҳои омӯзишӣ аз ҳисоби маб лағҳои дохилии Кумитаи давлатӣ пурра навсозӣ гардида, бо 12 мошинаи дарздӯзӣ, 1 аверлок ва 12 компютер таҷҳизонида шудаанд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
24 | ХУШХАБАР АЗ ҚУБОДИЁН
Ба волидони панҷгоникҳо хона тақдим шуд Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ҳамин асос бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Қубодиён дар вазъи тантанавӣ ба падару модари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрадорро тақдим намуданд.
Модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова ва дигар аъзои хонавода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар дохили хона барои кӯдакон ва волидайн шароити зарурӣ, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хатти об фароҳам оварда шудааст. Ҷиҳози хона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ин хонавода тақдим гардида буд.
Ё
довар мешавем, ки санаи 30юми декабри соли 2020 сокини
ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.
Илова ба инҳо, либос ва ғизо барои кӯдакон низ фароҳам оварда шуд. Маоши якмоҳаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ низ ҳамчун кумаки молиявӣ ба волидони ин панҷгоникҳо расонида шуд.
БА ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ ИСТИҚЛОЛ | 25
Бохтари обод зеботар мешавад Дар шаҳри Бохтар дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёде амалӣ шуда, симои шаҳр хеле ободу зебо гардонда шудааст. Бохтар низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бинову иншооти муҳташами маъмурию манзилӣ ва хизматрасонӣ қомат афрохтанд ва бо ин роҳ шаҳри Бохтар симои шаҳри замонавиро касб намуд. То имрӯз 8 банди нақша дар ин самт иҷро шудааст, ки маблағи умумии харҷшуда 13128,6 сомониро ташкил медиҳад. Дар заминаи таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид гардидани хатҳои нави технологӣ шумораи ҷойҳои корӣ бештар гардида, иқтидори истеҳсолии шаҳр низ тақвият ёфт.
Сиҷоуддин САЛОМЗОДА, раиси шаҳри Бохтар
Д
ар Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати омодагӣ ба ин ҷашни муҳим 12 банд ба соҳаи маориф марбут аст, ки онҳо то имрӯз ба иҷро расидаанд. Дар ин замина, ба хотири дар шароити созгор ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас таъмири муассисаҳои мактабиву томактабӣ ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ роҳандозӣ шуд.
Дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ низ давоми солҳои охир дар шаҳр тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шудааст. Дар асоси нишондоди маълумоти оморӣ, аз ин қисмати нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Бохтар то санаи 10-уми июни соли 2021 50 банди он ба пуррагӣ иҷро шудааст. Таъмири роҳ ва пулҳо низ дар доираи корҳои ободонӣ пайваста амалӣ карда мешаванд. Дар мар-
кази маъмурии вилояти Хатлон аз нақшаи ҷашнӣ дар ин самт 31 банд ба иҷро расидааст. Гузаронидани қубурҳои оби нӯшокӣ, чароғонкунии кӯчаву хиёбонҳо, бунёду навсозии гулгаштҳо, боғи фарҳангӣ, таъмири бинои кумитаи маҳаллаҳо ва биноҳои баландош ёнаи истиқоматӣ аз қисматҳои дигари нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни истиқлол мебошад. Дар маҷмӯъ, аз ин нақша 256 банди он ба ҳолати 10-уми июни соли 2021 пурра иҷро гардидааст. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмуриву хизмат расонӣ, чароғонкунии кӯчаву хиёбонҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо бо усулҳои муосир ва истифодаи воситаҳои техникиву светодиодӣ, дигаргунсозии инфрасохторӣ шаҳри Бохтарро аз ҳар ҷиҳат ба шаҳри зебову назаррабо ва ба маркази таваҷҷуҳи сайёҳон табдил додаанд, ки ин ба шарофати соҳибистиқлолист.
Аз соҳаи тандурустӣ бошад, то ин вақт 9 банди нақша иҷро шудааст. Бо бунёди муассисаҳои тиббӣ ва муҷаҳҳазсозии онҳо шароити ташхису табобат хеле беҳтар гардид. Мавриди зикр аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоиди пешрафтро фароҳам овард. Дар ин миён маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
26 | АНДАРЗЕ АЗ «ШОҲНОМА»
Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Пеш аз гуфтугӯ перомуни худшиносӣ ва талошҳои Ҳаким Фирдавсӣ барои расидани мардумонаш ба ин ормони ӯ зарур медонам таъкид намоям, ки ҳар гоҳ вожаи ҷуғрофиёии (топонимикии) «Эрон» пеши рӯ оварда мешавад, бояд донист, ки кишвари «Эрон»-и борҳо дар «Шоҳнома» омада кишвари имрӯза бо номи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пойтахташ Теҳрон намебошад. Ҳаким Фирдавсӣ бо ёдкарди Эрон ҳамон сарзамини Ориёнои бузургро дар назар дорад, ки аз Халиҷи Форс то марзҳои Чин паҳно дошт ва пойтахташ замоне Истахр – Персеполис (Тахти Ҷамшед), замоне Балх (Афғонистони имрӯза), замоне Сипоҳон (Исфаҳон) ва замоне Бухоро буд. Дар ин густараи паҳновар асосан аҷдодони тоҷикон ва форсҳо зиндагӣ мекарданд.
М
иллати мо дар дарозои ҳаёти хеш тӯфонҳои шиканандаеро дар пушти сар ниҳодааст, ки бисёре аз миллатҳои дигарро аз арсаи таърих маҳв кардааст. Мо дар саргузашти худ зери таъсири авомили бегона борҳо аз асли худ дур гашта, хештани хешро аз даст додаем ва имрӯз бояд бидонем, ки бо кадом роҳҳои душвор ба хеш бозгаштаем. Мо аз тӯфонҳои арабу турку муғул раҳидаем ва инак дар ҷаҳон бо буҳронҳои печида ва мармузе сару кор дорем, ки гузар аз онҳо дарвозаи хушбахтии ояндаро бар рӯйи мо мекушояд ва вуруди моро ба ояндаи дурахшону тобон ва пурэътимод муяссар месозад. Бинобар ин, беш аз ҳамеша ба ҳушёрӣ ва ягонагии (ваҳдати) миллӣ ва дурандешиҳои хирадмандона бар бунёди таҷрибаҳои пирӯзманди гузашта ниёзмандем. Имрӯз, ки хостаем ин навишторро ба ёдкард САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ва бузургдошти бузургвори нотак роре бипардозем, ки сароянда ва мунодии ваҳдати миллӣ ва бақои қавм ва зомини давом ва нигаҳбонии фарҳангу забон ва қавмияти ориёӣ будааст, худ иқдомест барои ягонагии миллӣ, зеро рӯҳи Фирдавсӣ ягонагӣ, иттиҳод ва ҳамдилӣ меофарад. Борҳо гуфта шуд ва боз хоҳем гуфт, ҳар тоҷику эронитаборе, ки «Шоҳнома»-ро маҷмӯъи афсонаҳо донистааст, ин сароиши нотакрорро бо чашми хирад нахондааст ва ё дар зери таъсири ба ном шоҳномашиносони нотоҷики дар дил ғарази хурд сохтани ҷойгоҳи шиносномаи миллатеро парварда дарнарафтааст, ки «Шоҳнома» саргузашти табиъӣ, ранҷномаи воқеъии миллати мо мебошад. Бархеи дигар гумон мекунанд, ки «Шоҳнома» гарчи мероси гарон арзиш ҳам бошад, ба гузашта ва гузаштагон марбут аст, китоби
рӯзгори мо набуда, имрӯз дорои эътибори шоистае нест. На танҳо бегонагон, ки дар рӯзгори мо соҳибони давлатҳои бузург ва ихтироъкориҳои шигифтангез мебошанд, балки худиҳо (ҳатто онҳое низ, ки адабиётшинос ва гӯё миллатпарвар мебошанд), бовар намекунанд, ки ниёкони мо нахустин буруновардагони оҳан аз кӯҳҳо ва кашфкунандагони гандум ва аҳливу ромкунандагони ҷонварон буданд. Бисёриҳо намехоҳанд ин воқеъиятро бипазиранд, ки «Шоҳнома» ҳақиқатро, саргузашти ормонҳову орзуҳои бузург ва тавонмандиҳои қавмҳои тоҷиктаборро афсонагуна ва он ҳам бо назми баланд бозтоб намудааст. Ҳангоми интихоби парчами президентӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, дар парчами президентӣ вижагиҳои дирафши ковиёнии бисёрҳазорсола аз нав пойдор гардид.
АНДАРЗЕ АЗ «ШОҲНОМА» | 27 Агар «Шоҳнома»-ро Ҳаким Фирдавсӣ намесароид, ба гуфтаи худаш, ҳар достонеро аз гуфтаи деҳқоннажоде гирд намеовард, достонҳои миллии мо ба чӣ сарнавиште гирифтор намешуданд ва таърихи мо ба чӣ гунае ривоят мешуд ва шинохти рӯҳиву маънавии унсури тоҷикиву эронӣ, аз байни чӣ матне муяссар мегардид. Ҳатто дар рӯзгори Фирдавсӣ ин достонҳо парешон ва дур аз даст буда ва Ҳакими бузургвор бо чӣ маҳорату фидокорие онҳоро аз гӯшаву канор гирд овардааст: Яке нома буд аз гаҳи бостон, Фаровон бад-ӯ андарун достон. Пароканда дар дасти ҳар мӯбаде, Аз ӯ баҳрае бурда ҳар бихраде. Метавон гуфт, Фирдавсӣ дар номаи бостон нигари озодзодагонро ба ин нукта ҷалб мекунад, ки яке аз сабабҳои барҳамзании осудагии мардум ба ҳамдигарситезӣ даст бурдан ва даргирифтани ҷангҳои бародаркушӣ, аз байн рафтани ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и бемарги худ пас аз гиромидошти сухан, хирад, гуфтор дар офариниши ҷаҳон, Офтоб, Моҳ ва осоиши
одамонро бо аз байн бурдани ҷангҳо ба рамз бемаргӣ номидааст. Ҳаким Фирдавсӣ мардумашро «озодон», «озодагон», «озодзодагон», «деҳгонон» ва «деҳгоннажодон» номида, дини онҳоро вижа донистааст. Ҳакими бузургвор ба мардумоне, ки дар миёни озодагон тухми кина мекоранд, лаънат мефиристад. Мутаассифона, на ҳама ба ҳикматҳои бузургон, ки поя ба таҷрибаи таърихи қавмҳову миллатҳо андӯхта доранд, нобоварона ё хунукназарона нигариста, сабаб гори парокандагиҳо ва ошуфтагиҳои мардумони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакону пирсолон мегарданд. Мо агар ҳар чӣ жарфтар саҳифаҳои таърихро варақ бизанем ва зеҳнамонро ба рӯйдодҳои он замонаҳои дур ҳар чи бештар равона созем, хоҳем дид, ки ҳама шӯрбахтиҳо ва бохтҳои бебаргаштамон бар асари ноиттифоқӣ, яъне надоштани ваҳдати миллӣ сар задааст. Диди фароторихии Фирдавсии бузург, ин муаллими фарҳанг ва ҳофизаи сарнавишти мо, инсони
комили тоҷиктабореро бознамоён месозад, ки ҳама вуҷудашро ба меҳан ва сарбаландии он, тавоноиҳояш бахшида, обрӯи меҳанро шаъну шарафи хеш медонад ва бо як ҷаҳонбинии густурдаву номовар муборизаи хунини мардумашро барои вуҷуд доштани миллату давлаташ пеши дидор мегузорад. Мавзӯи хештаншиносии миллӣ, ваҳдат ва меҳанпарастӣ ниҳоят мавзӯи муҳим барои онҳоест, ки биниши худро бо суханони осмонии Ҳаким Фирдавсӣ ҳамнаво медонанд. Ин мавзӯест, пайваста ба бозёфти дубораи нангу номуси миллӣ. Мавзӯест, ки бо ҷой гаштани он дар равони тоҷикон бадхоҳонро нахоҳад гузошт, ки на бо баҳонаи дину мазҳаб, на бо ваъдаи подоши фаровониҳову бунёди боғҳои Ирам бовариҳои миллиашонро ба канор бибаранд. Мо, ки бештари умри худро ба шоҳномахонӣ гузарондаем, дарёфтаем, ки омӯзиши ин шоҳкори беҳамто дар шинохти гузаштаи худ ва ифтихор доштан аз саргузашти ниёкони ватанпарвару эҷодгар аҳаммияти ниҳоят шоиста дорад.
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
28 | ОДАМОНИ НАҶИБ
Соҳиби эҳтироми мардум
Аз моҳи январи соли 2021 кор дар шуъбаи танзими замин ранги дигар гирифт. Назорат ҷиддитар ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо дар доираи қонун ва манфиати мардум баррасӣ мешуд. Дар муҳайё кардани ин муҳити осуда нақши муовини шуъба Аҳмадбек Отабеков калидист. Аз аввалин лаҳзаи таъйин шудан ба вазифааш то ба ҳол кӯшиш менамояд, ки бо кордониву хиради воло ба ҳар корафтода дасти кумак дароз намояд ва дар рушди cоҳаи заминдорӣ нақши арзандаи худро гузорад. Қаблан ин марди кордон вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакентро ба уҳда дошта, бо эҳсоси масъулият иҷрои рисолаташро таъмин мекард.
О
табеков Аҳмадбекро дар шаҳри Панҷакент ҳама эҳтиром менамоянд, зеро дасти кумакаш ба ҳар нафаре, ки ба ӯ муроҷиат карда бошад, расидааст. Собиқаи кории ӯ аз соли 1983 ибтидо ёфтааст. Ӯ 17-уми июни соли 1961 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи механизатсия ва ирригатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд мебошад. Барои гирифтани маълумоти дуюм дар ДДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ таҳсили илм карда, бо ихтисоси муҳандис-заминсоз ва иқтиcодчӣ фаъолияти пурсамар намудааст. Ин марди наҷиб соли 1983, аз аввалин рӯзҳои ба вазифаи муҳандис - заминсози идораи кишоварзии Панҷакент таъйин шуданаш пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳама донишу фазилаташро барои пешбурди кори соҳа истифода намуда, натиҷаҳои хубро ба даст меорад. Ҳамин тавр ҳам шудааст. Талошҳояш ӯро муваффақ гардондааст. Ӯро соли 1986 ба вазифаи муҳандис - заминсози иттиҳодияи агросаноатии шаҳри Панҷакент пешниҳод карданд. Баъд аз он ки мавсуф дар ин коргоҳ худро ба унвони корманди хушмуомилаву cоҳибтаҷриба муаррифӣ кард, соли 1989 ӯро ба вазифаи муҳандиси заминсози асосии дараҷаи 1-и Комбинати агросаноатии "Зарафшон" - и Панҷакент гузарониданд. Барояш ин қадршиносӣ такони хубе бахшид. Соли 1994 аз Отабеков хоҳиш мекунанд, ки дар вазифаи муҳандиси заминсози Идораи кишоварзии шаҳри Панҷакент корро идома диҳад. Чун ба худ боварӣ дошт, дар вазифаи наваш низ худро ҳамчун корманди намунавӣ муаррифӣ кард. Дар ин идора ҳамагӣ 2 сол кор кард, вале дар ин муддат тавонист ба дигар ҳамкасбонаш таҷрибаи кор омӯзад. Эҳтиромаш миёни сокинону ҳамкорон бештар ва ҳамчун мутахассиси кордону САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
закӣ шинохта шуд. Бо гузашти солҳо таҷрибаи Отабеков Аҳмадбек дар пешаи интихобкардааш ғанитар мегашт, ҳар корафтода бо хушӣ аз наздаш мерафт. Ниҳоят соли 1996 ба вазифаи раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент таъйин мешавад. Барояш адои ин вазифа он қадар душвор набуд, зеро аллакай тамоми нозукиҳои соҳаро медонист. Роҳбари адолатпеша буд, ҳар маслиҳаташ барои пешбурди кори мардум самараи хуб мебахшид. Он солҳо дар Кумитаи заминсозии Панҷакент барномаҳои зиёде роҳандозӣ мешуданд, ки асоси онҳоро маҳз андешаҳои кории Отабеков Аҳмадбек ташкил медод. Баъди он ки лоиҳаҳои пешниҳодшуда натиҷаҳои хуб доданд, заҳматҳояш ба Аҳмадбек маъруфияту манзалати бештар бахшид. Соли 2002 сарвари хоҷагии деҳқонии "Муҳаммадалӣ" - и вилояти Суғд, баъди як сол сардори шуъбаи техникии ПЛТ "Фазо" - и Кумитаи давлатии заминсозии ҶТ таъйин гардид. Аҳмадбек Отабеков барои вусъати кори заминсозӣ дар ҷумҳурӣ саҳми зиёд гузошта, дар пешрафти иқтисоди мамлакат ҳамчун чеҳраи намоёну кордон муаррифӣ шудааст. Ӯ дар вазифаҳои зиёди давлатӣ фаъолияти хуб нишон дода, дар ҳама маврид аз рӯйи адолат ба мардум хизмат кардааст. Соли 2004 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент, баъди як соли дигар раиси Кумитаи заминсозии шаҳр кор карда, соли 2007 ӯро
ба шаҳри Душанбе, ба вазифаи раиси Кумитаи заминсозӣ даъват мекунанд. Отабеков соли 2009 дар вазифаи сардори шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2010 директори КФБ-и шаҳри Турсунзода, аз соли 2015 сардори Раёсати корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ ва аз соли 2016 то соли 2020 мудири котиботи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ӯ фарди хеле ҳалиму меҳрубон аст. Соҳиби оилаи хуб аст ва ба фарзандону шогирдонаш дӯст доштани обу хоки ватанро мудом талқин менамояд. Неъматҳои табиатро қадр карда, бо шиори “ҳар қатра обу ҳар пора хоки Ватан бебаҳост" рӯзгорашро пеш мебарад. Ин марди хирад ҳамеша дар сар фикри ободии меҳан дорад ва барои рушди Тоҷикистони азиз неруву тавонашро равона намудааст.
ҲАР ҚИТЪА ЗАМИН РИЗҚРАСОН АСТ | 29
Роғун на фақат манбаи нур, балки маҳсулоти кишоварзӣ ҳам ҳаст Дар шаҳри Роғун 50 ҳазору 679 гектар замин мавҷуд буда, аз ин миқдор 1 ҳазору 47 гектарашро заминҳои корам ташкил медиҳанд ва хоҷагидорон бо масъулияти баланд ва бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар ин заминҳо ба заҳмати созанда машғуланд.
К
ишоварзони ин шаҳр дар 270 гектар заминҳои корами обӣ зироати гуногунро парвариш менамоянд, ҳам ҳосили баланд мерӯёнанд ва ҳам кӯшиш мекунанд, ки аз ҳар қитъа замин то ду ҳосил ба даст оваранд. Бунёди инфрасохтор барои обёрӣ, бунёди боғҳо, гармхонаю сардхонаҳо, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содирот тадобири маҷмӯиест, ки сол то сол истифодаи заминро беҳтар ва саҳми соҳаи кишоварзиро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёд мегардонад. Кишоварзони шаҳр хуб фаҳмидаанд, ки истифодаи мақсадноки замин боиси боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагиашон мешавад. Ин аст, ки ҳар қитъа замини корам дар шаҳри Роғун аз мадди назари сокинону хоҷагидорон дур намонда, дар онҳо зироату сабзавот ва полезиву ғайра парвариш карда мешавад. Илова ба заминҳои обӣ ҳамчунин дар таллу теппаҳо низ бунёди боғҳо ба роҳ монда шудааст, ки ин омил аз як ҷониб, агар дар эҳёи заминҳои партов мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, боис мегардад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваҷот, ба маротиб зиёд карда шавад.
Наҷибулло БИЛОЛЗОДА, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Роғун Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳри Роғун 1 ҳазору 73 ададро ташкил дода, 1301 саҳмдор дар онҳо кор мекунанд. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар шаҳр 1167 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 309 гектараш ба гурӯҳи заминҳои қобили кишт шомил аст. Дар баробари хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамзамон аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигиро низ самаранок истифода намуда, сабзавоту полезӣ, махсусан картошка ва лубиё кишт намудаанд. Дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сокинон сабзавоту полезӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
30 | ҚАДРШИНОСӢ
“Сарзамин” – дар феҳристи ғолибони озмуни комиссияи экологии парлумони кишвар Маҷаллаи «Сарзамин» - нашрияи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва экология саҳми назаррас дошта, мақолаҳои муҳаррирони ин маҷалла дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳод ва тақдир мешаванд.
миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб донист. Ба мавсуф диплом, мукофот ба андозаи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Ба ғолибони ҷойи дуюм (чор нафар) диплом, мукофоти пулӣ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ дода шуд ва маҷаллаи «Сарзамин» низ бо чунин туҳфаҳо қадрдонӣ гардид.
М
аҷаллаи «Сарзамин» бо иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд, сазовори мақоми ифтихорӣ гардид.
нигоришот ва дигар маводи худро бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод намуданд.
Бояд қайд намуд, дар муддати эълон шудани ин озмун аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рӯзноманигорон, мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷӯёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу
Ҳамин тариқ, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди комиссияи озмуниро ба эътибор гирифта, барои «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» ҷойи якумро барои таҳияи китоби «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини якуми директори Маркази
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Ин мавод мавриди баррасии доварон ва аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Маҷаллаи «Сарзамин»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба инъикоси масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, пешгирии шӯршавӣ ва эрозияи замин, сарфаи об, тағйирёбии иқлим ва дигар матолиби марбут ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии мардум авлавият медиҳад. Ҳамин тавр, ғолибони панҷ ҷойи сеюм низ бо диплом, мукофоти пулӣ ба андозаи 1000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ҷиҳати ҳавасманд намудани дигар иштирокчиён маҷмӯан барои 20 ҷой 12000 сомонӣ мукофоти пулӣ ва ҳамчунин барои 20 ҷой ба маблағи 4500 сомонӣ туҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд. Маросими ҷамъбасти ин озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ сурат гирифт.
МЕҲВАРИ ҚОНУН | 31
Истифодаи ҳар ваҷаб замин зери назорат аст Имрӯзҳо масъулини мақомоти заминсозӣ дар вилояти Суғд тибқи қарорҳои ҳайати мушовара, супоришу фармонҳои ташкилотҳои болоӣ ва хусусан Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. ни кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят (58 ҳолат) ошкор шуда, мавод барои татбиқи чораҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардидааст. Бояд гуфт, ки дар вилоят 5411 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш мавҷуд аст, ки аз ҷониби масъулини соҳа ҷиҳати беҳтар намудани вазъи ин заминҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст.
Мухбира ҚОБИЛЗОДА, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм давоми моҳи май дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Истаравшан нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда шуда, мутаносибан 11, 10 ва 6 ададӣ ва ҳамагӣ бо иловаи дигар шаҳру ноҳияҳо дар миқёси вилоят 48 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ таъсис дода шуда, аз тарафи корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳо саривақт онҳо бо шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шудаанд. Ҳамзамон дар ин муддат аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2176 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 783,14 гектар муайян шуда, ба ҳамаи онҳо оид ба бартарафкунии қонуншиканиҳо дастур дода шудаанд.
Нисбат ба 2132 ҳолати қонуншиканиҳои ҷойдошта протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 938496 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз он 657888 сомонӣ ба суратҳисобҳои махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо пардохт шудаанд. Инчунин тибқи маълумоти масъулин, аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ андешидашуда ҳамагӣ 1290 қонуншиканӣ дар майдони 572,76 гектар дар ҷойҳо саривақт бартараф гардидааст. Дар ин давра аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят бинобар дар ҳаракатҳои шаҳрвандони қитъаи заминро худсарона ишғолнамуда мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят (қисми 2-и моддаи 338-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои бурдани тафтишоти пешакӣ маводи санҷишӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Чунин вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин аз тарафи нозиро-
Соли 2021 аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шуда буд, ки дар заминҳои чарогоҳ ба майдони тақрибан 700 гектар, дар заминҳои боир 100 гектар ва дар заминҳои ғайрикишоварзӣ зиёда аз 200 гектарро ташкил дода, майдони заминҳои боғу токи бунёдшаванда ба 1000 гектар баробар шуд Соли равон танҳо дар ноҳияи Ашт 169,36 гектар боғи куҳна решакан ва аз нав барқарор карда шуда, илова бар ин, дар майдони 167 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд. Ба ҳолати моҳи январи соли 2020 мувофиқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 4579 гектар заминҳои боир, аз он ҷумла 3077 гектар заминҳои обӣ мавҷуд буд, ки ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои мазкур ва азхудкунии заминҳои нав тамоми имкониятҳо сафарбар карда шуданд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партов (боир) оид ба ҷудо ва вобаста кардани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қудрати аз худ кардани онҳоро доранд, корҳо идома дорад. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
32 | ТАҲЛИЛ
Тағйирёбии заминҳои кишоварзӣ ва сабабҳои он Бахши мониторинг ва корҳои таҳлилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тадбирҳои назаррасро давоми солҳои охир амалӣ мекунад. Аз тарафи мутахассисони бахш динамикаи тағйирёбии заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва сабабҳои он дар давоми солҳои 2017-2021 мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
С
оҳаи кишоварзӣ бахши муҳимми иқтисодиёти кишвари моро ташкил медиҳад. Рушди соҳа бояд талаботи рӯзафзуни аҳолиро бо ғизо ва саноатро бо ашёи хом қонеъ гардонад. Дар асоси таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ дар кишвар хоҷагиҳои деҳқонию кооперативҳои истеҳсолӣ ва дигар шаклҳои нави хоҷагидорӣ ба миён омаданд, ки дар раванди иқтисоди бозаргонӣ бо усули худ маблағгузорию худтаъминкунӣ фаъолият мекунанд. Дар чунин шароит хоҷагидоронро зарур аст, ки ҳар чи бештар роҳу восита ёфта, даромади соф ба даст оранд. Даромаднокӣ маъмулан аз дуруст ба роҳ мондани интизоми меҳнат дар истеҳсолот ва аз нуқтаи назари илмӣ асоснок истифода бурдани захираҳои меҳнатию воситаҳои техникиву технологияи муосири кишоварзӣ ба даст меояд. Заминҳои кишоварзӣ манбаи асосии истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб рафта, назорати истифода ва ҳифзи замин аз вайроншавӣ яке аз вазифаҳои асосии соҳаи заминсозӣ мебошад. Аз таҳлилҳои панҷсолаи охир маълум гардид, ки гарчанде дар маҳалҳо чораҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ба роҳ монда шуда бошад ҳам, лекин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сабаби корношоямии
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
пойгоҳҳои обкашӣ, иншоотҳои гидротехникӣ, набудани об барои обёрӣ ва дигар сабабҳои ташкилию хоҷагидорӣ заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва заминҳои партов то ҳол ба назар мерасанд. Дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 4994 гектар замини корам аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст, ки 4566 гектари он обӣ мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои соҳавӣ маълум гардид, ки заминҳои кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар майдони 401 гектар зиёд шудааст. Аз ин миқдор 1283 гектари он обӣ мебошад. Дар ин сол заминҳои корам аз ҳисоби дарахтони бисёрсола 232 гектар, партов 4870 гектар, чарогоҳ 196 гектар, хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон 29 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 1 гектар ва аз ҳисоби дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 93 гектар зиёд шудааст. Ҳамзамон майдони 310 гектар заминҳои корами лалмӣ, 5 гектар партови лалмӣ, 25 гектар чарогоҳ ва 93 гектар дигар заминҳо ба замини корами обӣ гузаронида шудаанд. Майдони умумии заминҳои корам соли 2021 нисбат ба соли 2020 дар масоҳати 2205 гектар ва майдони заминҳои корами обӣ 140 гектар кам шудааст. Ба заминҳои корам аз ҳисоби дарахтони бисёрсола майдони 264 гектар, партов 586 гектар, чарогоҳ 205 гектар, хоҷагиҳои ёрирасони
шахсии шаҳрвандон 107 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 46 гектар ва аз ҳисоби дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 161 гектар ба заминҳои корам гузаронида шудаанд. Инчунин майдони 154 гектар заминҳои корами лалмӣ, 147 гектар чарогоҳ ва 141 гектар дигар заминҳо ба заминҳои обӣ гузаронида шудаанд. Аз ҳисоби заминҳои корам ҳамагӣ 1023 гектар ба дигар намуди заминҳо, аз ҷумла 414 гектар ба ниҳолҳои бисёрсола, 424 гектар ба заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, 170 гектар ба заминҳои зери иморату иншоот ва 5 гектар ба дигар намуди заминҳо мансуб дониста шудаанд. Майдони умумии заминҳои дарахтони бисёрсола дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 дар масоҳати 1218 гектар зиёд шудааст. Майдони заминҳои партов 706 гектар кам шудааст, ки аз он 421 гектараш обӣ мебошад. Ин амал дар натиҷаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ба миён омадааст. Майдони чарогоҳҳо нисбат ба соли 2020 дар масоҳати умумии 274 гектар кам шудааст, зеро аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ 205 гектар ба заминҳои корам, 853 гектар ба намуди заминҳои ниҳолҳои бисёрсола, 76 гектар ба фонди заминҳои наздиҳавлигӣ, 3 гектар ба заминҳои зери роҳ, 66 гектар ба заминҳои зери иморату иншоот ва 12 гектар ба дигар заминҳо гузаронида шудаанд.
ТАҲЛИЛ | 33 Натиҷаи умумии таҳлилҳо нишон дод, ки дар давоми панҷсолаи охир заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, заминҳои корам дар майдони 10933 гектар ё ин ки 2,0 %, аз он обӣ 9792 гектар, заминҳои дарахтони бисёрсола 9039 гектар ё инки 6 % аз он обӣ 6576 гектар зиёд гардида, заминҳои партов 8814 гектар ё ин ки 29 % аз он обӣ 7081 гектар, заминҳои алафдарав 1226 гектар кам ва заминҳои чарогоҳ 3100 гектар зиёд гардидааст. Ҳарчанд ин тағйирот дар натиҷаи аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар ва аз як намуд ба намуди дигари замин гузаронидан мушоҳида шавад ҳам, аз тарафи дигар - майдони заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ ва дигар гурӯҳи заминҳо дар маҷмӯъ 13032 гектар зиёд гардидааст, ки 9200 гектари он обӣ аст. Ба таври хулоса метавон зикр кард, ки аз ҳисоби зиёдшавии аҳолӣ ва қувваи қобили меҳнат, камшавии заминҳои захираи давлатӣ ва дигар гурӯҳи заминҳо ба амал омада, талаботи шаҳрвандон сол то сол ба замин меафзояд. Кумитаи давлатӣ дар
ҳамбастагӣ бо мақомоти соҳавӣ ҷиҳати иҷро намудани “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012–2020” ва супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар зикргардида дар ин самт тибқи нақшаи чорабиниҳои тартибдодашуда як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Давоми солҳои 2017-2021 бо сарпарастиии Кумитаи давлатӣ дар натиҷаи ҳамкории зичи мақомоти заминсозии маҳал бо сохторҳои дахлдори маҳаллӣ, гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ майдони умумии 8814 гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд, ки 7081 гектари он обӣ мебошад. Илова ба ин, майдони умумии 7836 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда кам гардида, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки 5681 гектари он фарогири заминҳои обӣ мебошанд. Ҷойи таъкид аст, ки дар ҳолати аз тарафи мақомоти маҳалии ҳоки-
мияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ оид ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани майдони умумии 21349 гектар замини партов, ки 18237 гектараш обӣ аст, майдони умумии 4994 гектар замини корами аз гардиши кишоварзӣ берунмонда обёрӣ намудани майдони 20523 гектар заминҳои корами обии ҳамчун лалмӣ истифодашаванда, зиёд намудани боғу токзорҳо дар заминҳои корами лалмӣ, талу теппаҳо, заминҳои ғайрикишоварзӣ ва дар ин замина афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, албатта, ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Шавкат Солеҳов, мудири бахши мониторинг ва корҳои аналитикӣ
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
34 | АЗ РУЙДОДҲОИ ОХИР ДАР КУМИТА
Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба 30-солагии Истиқлол Дар баробари дигар бахшу соҳаҳо ба фаъолияти ҷавонон низ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Дар ин замина бо ширкати ҷавонон мунтазам ҳамоишҳои гуногунсатҳ ташкил карда мешаванд.
И
н навбат дар толори Кумита ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳиб истиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор шуд. Дар ҳамоиш, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ гузаронида шуд, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуд. Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъкид дошт, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созанда эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамеша ба ҳалли мушкилоту мас ъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар идомаи ҳамоиш Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти Кумитаи давлатӣ ҳамеша ба пешрафт ва рушди ҷавонони соҳаи заминсозӣ, геодезӣ, харитасозӣ, аэрогеодезӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ ҷиҳати ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва истифодаи технологияи кайҳонӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон аз соли 2017 то имрӯз 60 нафар мутахассисони Кумитаи давлатӣ дар Созмони таҳқиқи кайҳонии Ҳиндустон аз бозомӯзӣ гузаштанд. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода кулли ҷавонони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро бо баргузории чунин САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ҳамоиши сатҳи баланд муборакбод намуд. Баромади директори Маркази илмию таҳқиқотии Кумитаи давлатӣ Хуршед Элмуродов дар мавзӯи “Арзёбии иқтисодии заминҳои кишоварзӣ дар даврони истиқлол”, сармуҳандиси КВД “Аэрогеодезияи Душанбе” Хушнуд Ҷалолов доир ба “Самараи истиқлол дар рушди соҳаи геодезия ва харитасозӣ”, сардори шуъбаи заминсозии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Зафар Қурбонов вобаста ба “Дастовардҳои самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” ва муҳаррири КВД “Фабрикаи харитасозӣ” Насиба Хабирова роҷеъ ба “Комёбиҳои “Фабрикаи харитасозӣ” дар замони истиқлоли давлатӣ” қисмати дигари ин ҳамоиш буд. Барои саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат дар амалигардонии ҳадафҳои
созандаи кишвар ва бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин сардори раёсати корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ҷамшед Обидзода, сармуҳандиси КВД «Аэрогеодезияи Душанбе» Ҷалолов Хушнуд, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва коргузории КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Неъматзода Алишер, муҳаррири КВД «Фабрикаи харитасозӣ» Хабирова Насиба ва роҳбари гурӯҳи баҳои замини ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» Раҷабов Носирҷон бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АЗ РУЙДОДҲОИ ОХИР ДАР КУМИТА | 35
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
36 | МАЪНОИ ҲАЁТ
Дар бузургиву шаҳомат танҳо Истиқлол ба Ваҳдат баробар буда метавонад Имсол, соли 24-ум аст, ки мо аз ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи баробарарзиш бо истиқлоли кишвару миллат сухан мегӯем. Ин ду арзиш бидуни якдигар буда наметавонанд, зеро агар истиқлол ҳастии воқеии миллату давлат ва воситаи эътирофи он дар сатҳи байналмилал бошад, пас, ваҳдат зербинои он аст. То иттиҳоду ҳамбастагии мардум ба таври комил шакл нагирад, истиқлол дерпо буда наметавонад. Ҳар қадар ваҳдати мардум устувор бошад, ҳамон андоза истиқлол низ пойдор хоҳад буд.
А
гар, фаразан, сад сол ва аз ин беш гузарад ҳам, ғояе муассиртар ва лозимтар аз ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон нахоҳад буд, зеро бидуни ҳастии ин неъмати бебаҳо мавҷудияти муътадили давлату миллат ғайримумкин мешавад. Дар урфият мегӯянд, ки қадри неъмат баъд аз заволи он дарк мешавад. Сулҳу оромиш ҳамон вақт арҷу қимат пайдо мекунад, ки агар нооромиву ноосудагӣ ҳукмфармо бошад. Мутаассифона, миллати шарафманди тоҷик, ки дар оғози марҳилаи истиқлол ба ҳаводиси шуми ҷангу ҷидол дучор шуда буд, имрӯз, хушбахтона, қадри ваҳдату сулҳ ва суботу осоишро хеле хуб медонад ва ба он ҳамчун раҳнамои пешрафтҳои хеш ба сӯйи саодати зиндагӣ арҷ мегузорад. Ваҳдат барои мардуми мо ба ҳайси идеал ё қуллаи муроди миллат арзиш дорад, он танҳо идеал ҳам нест, балки беҳтарин воситаи тараққӣ ва ободгариҳост. Ҳамон тавре ки кишоварзе аввалтар аз ҳама, заминашро барои кишт омода мекунад ва баъдан донаи умед мекорад, ваҳдат низ ба ҳайси заминаи кишти орзуҳо ва таманниёти миллат барои расидан ба марҳилаи зиндагии шоиста хидмат мекунад. Барои ҳамин ҳам, дар тақвими ҷашнвораҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Ваҳдати миллӣ бузургтарин ормоне ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба ин неъмат талошу мубориза мекунанд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 24 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ворид шуд ва имрӯз бо назардошти амну субот ва иттиҳоду ягонагии мардум дар вазъи рушди муътадил қарор дорад. Дарки дурусту воқеии ваҳдат, хиради азалӣ ва фарҳанги волои таҳаммулпазири миллати шарафманди тоҷик боис шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи муноқишаҳои дохилӣ сари вақт берун шавад. Ҳамин аст, ки созишномаи сулҳи тоҷиконро дар таърихи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамчун як падидаи нодир арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи сулҳи моро дар манотиқи мухталифи ҷангзадаи ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳанд. Ваҳдати миллӣ ё ба қавли дигар, иттиҳоди мардум барои зиндагӣ ва фаъолияти осуда аз нигоҳи маънову забон чунин дарк мешавад, ки мардум барои як ҳадафи мушаххас ва як мақсади муайян дар асоси боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар ба хотири фардои неку пешрафта самти зиндагиро ин-
тихоб мекунанд. Тимсоли ваҳдат дар дини мубини ислом тавҳид аст, яъне яккахудоӣ. Замонҳое буданд, ки мардуми ҳар гӯшаи дунё ба бисёрхудоӣ майл дош танд, дар ҳар падида ё рӯйдоди табиат: боди сахту заминларза ва ё обхезиву тӯфону гармои шадид таҷаллии неруи ин ё он худоро медиданд, ҳатто байни яздонҳо мухолифату зиддият эҳсос менамуданд. Ин як тасаввуроти хеле содаи давраи ибтидоии халқҳои гуногун буд, ки дар илм онро устура ё мифология мегӯянд. Ҳатто дар ҳамон мифология орзуи одамон барои тинҷиву осуда зистан ва аз байн бурдани ихтилофот таъкид мешуд. Ҳатто одамони мутааллиқ ба дину ойинҳои гуногун, расму таомулҳои аз исломи мубин хеле мутафарриқ дар батни тасаввуроту афкори аввалияву ниҳоят содаи худ ғояи ваҳдатро мепарвариданд. Аз нигоҳи сиёсӣ ваҳдат ба ҳайси таълимот ё маҷмӯи афкорест, ки пешрафти ҷомеаро ба хотири шукуфоии оянда, ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба хотири аз байн бурдани шиддати ихтилофот, ба нестӣ расонидани низоъҳо дар байни гурӯҳҳои мухталифи ҷамъият фаҳмида мешавад. Солҳои навадум зарурати ҳамин гуна ваҳдат ба миён омада буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон
МАЪНОИ ҲАЁТ | 37 хуб дар ёд доранд, ки дар ибтидо ҷунбишҳои фарҳангӣ ба вуҷуд омада, масъалаҳои барои ҳамон давра ниҳоят зарур – истиқлолияти сиёсӣ, ба сифати забони давлатӣ эътироф гардидани забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба дину ойин, хулоса, эҳёи миллатро ба маънои томаш мавриди баррасиҳо қарор медоданд. Баъдан, гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки аксаран масоили фарҳангу маънавиятро тобиши сиёсӣ доданд, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ рӯи саҳна омаданд ва чунин сурат гирифтани таҳаввулот дар Тоҷикистон бо дахолати баъзе бозингарони минтақа ба ихтилофоти шадиди гурӯҳҳо ва баъдан минтақаҳо табдил дода шуд. Кор ба дараҷае расид, ки акнун миёни як миллат минтақаҳои рафторашон дуруст ва нодуруст, худотарсу худонотарс, диндору бедин, болову паст, яъне баҳогузориҳои сунъӣ пайдо шуд. Чунин ихтилофоти дохилӣ барои онҳое, ки мехостанд, давлатро пора-пора кунанд, хеле омили дилписанд ба шумор мерафт. Ниҳоят, неруҳои беруна таъсиргузор шуданд ва алангаи ихтилофи дарунӣ ба оташи сӯзон табдил шуд. Ҷанге дар Тоҷикис тон сар зад, ки касе поёни онро тасаввур карда наметавонист. Ҳоло бо гузашти 24 сол дар бораи сабабу омилҳои сар задани низоъ дар Тоҷикистон хеле зиёд менависанд. Ақидаҳои гуногун ва нақши шахсиятҳо ва давлатҳои кафили сулҳи Тоҷикистонро ном мебаранд. Аз ин омилҳо, ба андешаи мо, дутоаш хеле пураҳамият аст. Якум, омили замонист. Ҳарчи зудтар хомӯш кардани низоъ бояд боиси ҳамин тавр зуд фаромӯш шудани рақобату бадбинӣ миёни гурӯҳҳо мешуд. Тасаввур кунед, ки аз алангаи як гӯгирд ҷангале месӯзад. Алангаро хомӯш кардан осонтар аст ё сӯхтори ҷангалро? Албатта, алангаро. Ҳамин тавр, дар сулҳи тоҷикон омили вақт омили ҳалкунанда ба шумор мерафт.
Дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамин омил ба эътибор гирифта нашуд. Инак, беш аз 40 сол аст, ки баъди хурӯҷи неруҳои собиқ шӯравӣ аз ин диёри ҷафокашида сарзамини Афғонистон наметавонад ба ваҳдат биёяд. Яке аз сабабҳои тӯл кашидани низоъ дар ин кишвар аз даст додани вақт буд. Агар сари вақт дар ҳамон вазъияте, ки тамоми неруҳои ҷангии Афғонистон зидди шӯравӣ муттаҳидона набард мекарданд, боз ҳамон тавр идеяи иттиҳоди миллатҳои ин сарзаминро ба миён гузошта, як ҳукумати мардумии фарогирро рӯи қудрат меоварданд, шояд ваҳдати умумии мардуми Афғонистон ҳоло таъмин буд. Аммо на идеяи ваҳдат ба вуҷуд омад ва на ҳукумати мардумӣ. Омили аз ҳама асосии таъмини ваҳдат – сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони ҳамонвақта буд. Шахсияте сари қудрат омад, ки танҳо миллат ва ватан мегуфт, миллатро дар сарҷамъии ҳама гурӯҳҳо медид. Барои ин шахсият миллат ҷанубиву шимолӣ ва шарқиву ғарбӣ, ҳамвориву кӯҳистонӣ набуд, ҳама яке буд. Ӯ аз аввал Тоҷикистонро ҳамчун як сарзамин, як ҳудуд ва як марзу бум медонист ва як вилоятро аз дигараш, як ноҳияву шаҳрро аз ноҳияву шаҳри дигар афзалтар намедонист. Аз рӯзи оғози фаъо лият ғами гурезагон фишораш медод. Ҳикмати сарвариаш аз аввал мантиқан дуруст буд: то даме, ки мардум якҷо набошад, сарҷамъ нашавад, давлати ягона бунёд кардан имкон надорад. Вайронаҳоро мардуми сарҷамъ обод мекунад. Бо гузашти 24 сол таърих исбот намуд, ки ин ҳикмат воқеан созанда будааст. Омили дигари ваҳдат маънои иқтисодӣ дорад. Ин масъала ниҳоят муҳим аст, чунки фақру бенавоӣ метавонад хатари зиёде барои ягонагии миллат биёрад.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос ва публитсист Ғамхорӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа – ятимону пиронсолон, сол то сол афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳавасманд намудани ҷавонон ба илмомӯзӣ ва даҳҳо тадбирҳои Пешвои миллат боиси таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ гардид. Аз ҷиҳати фарҳангӣ ваҳдат ба як силсила омилҳои дигар, аз ҷумла худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихии миллат бевосита алоқаманд аст. Аз нигоҳи дини мубини ислом низ ваҳдати муслимин бузургтарин неъмати илоҳист. Неъмате, ки сарчашмаи ҳама некиҳову хубиҳо ва саодати инсонҳост. Ислом дар зоти худ парокандагиро намехоҳад ва онро бузургтарин нуқсони зиндагии ҷомеа меҳисобад. Ваҳдат мояи ифтихори ҳар мамлакатест, ки мардумаш ҳаёти осуда дорад, зеро ҳадафи аслии ваҳдат расидан ба зиндагии шоистаи инсонист. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
38 | КОРИ ПУРМАҲСУЛ
Натиҷаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Аэрогеодезии Душанбе” Геодезияи тоҷик дар замони истиқлол рушд ёфта, марҳила ба марҳила бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва технологияи инноватсионӣ оид ба ченкунии замин ва муайянсозии дигар унсурҳое, ки вобаста ба ин илм дар заминсозӣ истифода мешавад, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.
К
умитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як самти фаъолияташро ҳамин бахш ташкил медиҳад, барои рушду тақвияти он тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Корхонаи воҳиди давлатии "Аэрогеодезии Душанбе" дар чор моҳи соли 2021 корҳои топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ ва делимитатсиониро дар иншооти фармоишии давлатӣ тибқи нақша пурра таъмин намудааст. Дар ин муддат се иншооти буҷавӣ, аз ҷумла «Беруӣ», ки асосан аз корҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ иборат аст, дар давоми чор моҳи соли 2021 кормандони корхона ҳамчун аъзои гурӯҳи корӣ дар музокирот бо гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба иҷрои корҳои демаркатсионӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва музокирот бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсияи қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ иштирок намудаанд. Арзиши корҳо дар ин давра 40 ҳазор сомониро ташкил додааст. Вобаста ба иншооти «Тайёр намудани харитаҳои топографии рақамии миқёси 1:2000 барои шаҳри Душанбе» бо мақсади татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 кормандони корхона марҳила ба марҳила чунин харитаҳоро тайёр намуда истодаанд. Маблағи умумии корҳо дар ин давра 291 ҳазору 773 сомониро ташкил дод. Иншооти «Демаркатсияи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» низ дар ин муддат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар чор моҳи соли 2021 аз тарафи гурӯҳҳои демаркатсионии Кумитаи давлатӣ ва корхона якҷо бо гурӯҳҳои демаркатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳқиқоти аломатҳои сарҳадӣ, хатти сарҳад, шабакаҳои геодезӣ ва ғайра ба маблағи 869 ҳазору 912 сомонӣ иҷро шуданд. САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Ҳамин тавр, кормандони корхона корҳои топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсионӣ ва демаркатсиониро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба маблағи умумии 1 миллиону 201 ҳазору 685 сомонӣ иҷро намуда, нақшаи чор моҳи соли 2021-ро пурра таъмин кардааст. Илова ба инҳо, бо 7 фармоишгар дар асоси 7 шартномаи дуҷониба корҳои топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, маркшейдерӣ ва муҳандисию геодезиро ба маблағи умумии 830 ҳазору 167 сомонӣ иҷро шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 438 ҳазору 938 сомонӣ зиёд мебошад. Корхона тибқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳ намудани ҳолати санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Левакант, Ҷалолуддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Вахши вилояти Хатлон, ки фармоишгараш ҶДММ «Накукор» мебошад, ба маблағи умумии 105 000,00 сомонӣ хизмат расонидааст. Иншооти «Омодасозии лоиҳаи муҳандисии ҷузъӣ барои лоиҳаи роҳи мошингарди Лаби ҷар - Қалъаи Хумб» бо фармоиши Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ бо маблағи умумии 70 000,00 сомонӣ таъмин гардид. Ҳамин тавр, хизматрасониҳои лозим дар пайи иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ дар иншооти «НБО-и Роғун» (фармоишгар - ширкати «Webuild дар ҶТ»), иншооти «Таъмини оби нӯшокӣ дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиёни вилояти Хатлон» (фармоишгар - ҶДММ
Фотеҳ ҚУРБОНЗОДА, директори КВД "Аэрогеодезии Душанбе" «АРК-СИНОН»), иншооти «Таъмини оби нӯшокӣ дар деҳаи Себаки ноҳияи Нуробод» (фармоишгар - ҶДММ «ОБОД»), иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ дар шаҳри Хоруғ (фармоишгар - ширкати Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ дар шаҳри Норак (фармоишгар - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак) низ пешниҳод шудаанд. Дар маҷмӯъ, Корхона дар иншооти буҷавӣ ва шартномавӣ дар давоми чор моҳи соли 2021 корҳои топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, маркшейдерӣ, демаркатсиониро ба маблағи умумии 2 миллиону 31 ҳазору 852 сомонӣ иҷро намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1 миллиону 197 ҳазору 731 сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҳисоби даромади соф утоқҳои кории кормандон таъмир ва барои кампютерҳо таҷҳизот харида шуд.
ХИЗМАТРАСОНӢ БЕҲТАР МЕШАВАД | 39
Кор дар сатҳи 136 фоизи нақша Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе оид ба қонунигардонии ҳуҷҷатҳо ва мушаххассозии таъйиноти заминҳои зери биноҳо чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Д
авоми шаш моҳи соли 2021 ба корхона 3614 ариза ва дархост ворид гардидааст, ки аз ин шумора 686 адад ба шахсони воқеӣ ва 2928 адад ба шахсони ҳуқуқӣ мансуб буда, вобаста ба омодасозии парвандаҳои заминсозӣ, мансубияти манзили истиқоматӣ ва надоштани манзил дар шаҳри Душанбе 116 дастуру супоришҳое, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба корхона ворид гардида буд, пурра иҷро шудаанд. Аз шумораи 15834 аризаи дархостие, ки ба Раёсати бақайдгирии давлатии корхона дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидааст, баъди баррасӣ ва бақайдгирӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 453 шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин дар ҳаҷми 47406 сомонӣ, аз ин миқдор 326 адад дар масоҳати 23,25 гектар замини наздиҳавлигӣ ва 127 адад дар масоҳати 177,1 гектар иншооти зери сохтмон ва дигар эҳтиёҷотро дар бар мегирад. 7656 шаҳодатномаи бақайдгирии молу мулк дар ҳаҷми 866126 сомонӣ низ дар ин муддат ба қайд гирифта шуд. Додани иттилоот аз феҳристи бақайдгирӣ дар ин давра 7412 ададро ташкил дод, ки дар маҷмӯъ ба хазинаи корхона 1 миллиону 52 ҳазору 734 сомонӣ ворид гардид. Бақайдгирии шартномаи гарав бошад, дар давраи ҳисоботӣ 616 ададро ташкил дода, маблағи хизмат расонӣ дар ин соҳа 46515 сомониро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли 2021 аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳо ба корхона 2 миллиону 12 ҳазору 782 сомонӣ ворид карда шуда, ба миқдори 20 ҳазору 717 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст. Дар ин муддат Раёсати заминсозӣ дар асоси ариза ва дархостҳои шахсони
воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо назардошти парвандаҳои аз соли 2020 боқимонда 1220 адад парвандаи заминсозӣ ба маблағи 1 миллиону 47 ҳазору 773 сомонӣ масоҳати 250,82 гектар замин омода ва супорида шудааст. Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи Раёсати барӯйхатгирии техникӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 211 шиносномаи техникии иншооти давлатӣ ва барӯйхатгирии ҷорӣ дар ҳаҷми 559035 сомонӣ, 2654 шиносномаи техникии иншооти шахсӣ ва барӯйхатгирии ҷорӣ дар ҳаҷми 838924 сомонӣ, 1336 шиносномаи техникии ҳуҷраҳои алоҳидаи хонаҳои баландошёна дар ҳаҷми 284623 сомонӣ омода ва пешниҳод карда шуданд. Дар ҳоле, ки дар асоси супориши КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» корхона ба намунаи нави шиносномаи техникӣ ва парвандаи заминсозӣ гузаштааст, ивази шиносномаҳои техникӣ дар ин давра 3575 ададро ташкил намуд, ки маблағаш маҷмӯан 40959 сомониро ташкил дод. Оид ба манъшавии ҳуҷҷатгузорӣ ва бозпас гирифтани қарордоди манъшавӣ мутаносибан 118 ва 92 дархост ворид шудааст. Инчунин ба бойгонии корхона аз ҳисоби ворид шудани як қисми масоҳати ноҳияи Рӯдакӣ ба марзи маъмурии шаҳри Душанбе 44514 ҳуҷҷат ворид ва ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра оид ба ғасби замин ва сохтмонҳои худсарона дар ҳаҷми 65 адад, аз ҷумла 19 замин, 39 сохтмон ва 7 сохтмон ва замин якҷоя ошкор карда шуда, барои чораандешӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод шуд. Мавриди зикр аст, ки нақшаи молиявии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе дар панҷ моҳи соли
Толиб МАҲМАДРАҲИМ, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Душанбе 2021 3 миллиону 66 ҳазору 450 сомонӣ муқаррар гардида, иҷрои он 3 миллиону 938 ҳазору 466 сомонӣ ё 128 фоизи нақша таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 775284 сомонӣ зиёд мебошад. Фоидаи корхона 817820 сомонӣ муқаррар гардида, иҷрои он 1 миллиону 111 ҳазору 233 сомонӣ ё ба миқдори 136 фоизи нақша баробар гардид. Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру Душанбе минбаъд низ раванди бақайдгирӣ, таъмини шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидориро бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва корҳои марбути ин соҳа дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи оиннома беҳтар амалӣ хоҳад кард. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
40 | ОЯНДАСОЗОНИ МО
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҳамасола 1-уми июн дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана соли 1925, дар Анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева муқаррар шудааст. Дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаёти кӯдак, таъмини иқтисодии ӯ, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун принсипҳои асосии давлатдории муосир эътибор дода мешавад. Ҳамзамон баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдак амал мекунад.
Ҷ
умҳурии Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамчун кишвари соҳибихтиёру соҳибистиқлол, роҳи демокративу ҳуқуқбунёдиро дар раванди рушд интихоб намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ дар ин самт инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намудааст. Эъломияи ҳуқуқи кӯдак аз аввалин санаде мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ онро ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндасозони кишвар нишон дод. Дар кишвари мо, хосатан аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё намудани шароити беҳтар баҳри кӯдакон саъю талошҳои зиёде ба харҷ дода мешавад. Таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фарогириии онҳо ба таҳсилу илмомузӣ бо шароити арзандаву созгор дар татбиқи сиёсати давлатӣ аҳаммияти аввалдараҷа дошта, ин раванд дар ҳама манотиқи Тоҷикистон, махсусан пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар меҳвари асосии нақшаву барномаҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Давоми солҳои охир дар мамлакат шаклҳои муассисаҳои нави мактабиву томактабӣ, литсейю гимназияҳои байналмилалӣ, САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
марказҳои дилхушии кӯдакона, майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳои замонавии мувофиқ ба завқу майли кӯдакон бунёд ва мавриди истифодаи ин табақаи хурдсоли ҷомеа қарор дода мешавад. Илова ба ин, ҳоло шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ дар мамлакат амал менамоянд, ки барои ба зинаи асосии таҳсилот фаро гирифтани кӯдакон дар онҳо шароити созгор муҳайё шудааст. Барои мисол, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт яке аз чунин боғчаҳо - муассисаи таҳсилоти томактабии № 67 мебошад, ки дар он беҳтарин имконияту шароит барои насли наврас муҳайёст. Роҳбари ин муассиса, зани кордону бомаҳорат ва соҳибтаҷриба Бибираҷаб Воҳидова буда, дар самти ободониву шукуфоии боғча саҳми назаррас гузоштааст. Мав-
риди зикр аст, ки бинои ин муассисаи томактабӣ низ бо пайгирии ташаббусҳои ободониву созандагии роҳбарияти шаҳри Душанбе ба тозагӣ таъмир гардида, ҳоло
ОЯНДАСОЗОНИ МО | 41 шароити зарурии таълиму тарбия дар он фароҳам гардидааст ва мураббиёни соҳибтаҷриба кору фаъолият доранд. Кӯдакони хушбахту соҳибиқболи мо дар оғуши ин маркази меҳру муҳаббат камол ёфта, шукронаи ин сарзамини беназир мекунанд. Ҳамин гуна муассисаҳоро вазорату идора ва кумитаву ташкилотҳо низ дар шаҳр барои фарзандони кормандонашон ташкил намудаанд, ки яке аз фаъолтарини онҳо дар шаҳри Душанбе кӯдакистони № 7 бо номи зебои “Табассум”аст, ки тобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарии ин муассисаро зани ботаҷрибаву соҳибирода Сурайё Умарова ба зимма дорад. Номбурда фаъолияташро аз омӯзгорӣ шурӯъ карда, 5 сол дар ин самт таҷриба омӯхтааст. Баъдан чун мураббӣ муддате фаъолият намудааст. Собиқаи беш аз 10-солаи кор дар мақомоти қудратӣ дорад. Зиёда аз 10 сол аст, ки мудири ин кӯдакистон мебошад ва зери роҳбарии ӯ боғча соҳиби мавқеъ ва шароити муосири таҳсил дар зинаи томактабӣ гардидааст. Сарвари давлат нисбат ба ҳаёти кӯдакон аҳаммияти махсус медиҳанд ва ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо медонанд ва ба масъалаи таълиму тарбия, зиндагии шоиставу арзанда, рушди ҷисмониву равонӣ ва пеш аз ҳама, дар доираи оилаи солиму дар оғуши ватани аҷдодӣ бо муосиртарин шароиту имконият ба камол расонидани насли наврас мунтазам таклифу пешниҳодҳои судмандро ироа менамоянд. Ҳамин аст, ки дар доираи нишондодҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ таъмин гардида, фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ то
соли 2021 ба 30 фоиз расонида шудааст. Дар оянда низ барои иҷрои ин ҳадаф нақшаву барномаҳои самаровар таҳия ва татбиқ карда мешаванд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз паёмҳояшон таъкид намудаанд: “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ вазифаи аввалдараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ба ҳимояи махсус ниёз доранд. Зеро онҳо наметавонанд худро ҳимоя кунанд. Имрӯз масъалаи ҳуқуқи кӯдак ва бехатарии ҳаёти онҳо дар аксар кишварҳои ҷаҳон боиси нигаронист. Дар қисме аз давлатҳои дунё, алалхусус давлатҳое, ки вазъи дохилии онҳо ноором аст, кӯдакон дар шароити вазнин зиндагӣ карда, ҳаёти худро зери тиру туфанги гурӯҳҳои террористиву ифротгаро мемонанд ва ҳатто ба муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Хушбахтона, дар кишвари мо кӯдакон аз ҳар ҷиҳат ҳимоя гардида, ҷиҳати муҳайё намудани шароити беҳтар барои онҳо тадбирҳои судманд амалӣ мешавад, ки намунаи он татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон” аз 18-уми марти соли 2015 аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯза аст, зеро онҳо фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аз ин рӯ, сохторҳои масъул, оила ва муҳит кӯдаконро бояд ба таври шоиста ва дар рӯҳияи сулҳдӯстӣ, заҳмату таҳаммулпазирӣ, ахлоқи неку ҳамида ва тафаккури наву созанда тарбия намоянд. Ба ин васила метавон барои ояндаи дурахшон аз ҳоло заминаи мусоид гузошт. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
42 | ЧОРВОДОРӢ – БАХШИ МУҲИММИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
Темурмалик: саршумори гӯсфандони маҳинпашм меафзояд Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, бо мақсади тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳ ба ин масъала дар мадди аввал қарор дорад.
Б
ахшҳои гуногуни ин соҳа, аз ҷумла чорводорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушд намуда, масъулин бо хушзоткунӣ ва селексияи зотҳои пурмаҳсул сол то сол шумораи чорвои калони шохдор ва майдаро зиёд менамоянд. Дар ноҳияи Темурмалик ба ин бахши соҳаи кишоварзӣ диққати махсус зоҳир мешавад. Новобаста ба сард омадани тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 чорвопарварони ноҳияи Темурмалик моли майдаро беталаф аз зимистон бароварда, маъракаи наслгириро бобарор ҷамъбаст намуданд.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ЧОРВОДОРӢ – БАХШИ МУҲИММИ ИҚТИСОДИ КИШВАР | 43 Дар ин ноҳия ду хоҷагии зотпарварӣ - хоҷагии зотпарварии Кангурт ва хоҷагии зотпарварии Олучабулоқ мавҷуд аст, ки дар онҳо баробари чорвои калон ба зиёд намудани саршумори гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ машғуланд. Ин зоти гусфанди тоҷикӣ ҳам барои пашм ва ҳам барои гӯшт парвариш шуда, мувофиқи андешаи хоҷагидорон, хеле сермаҳсул аст. Майдони заминҳои чарогоҳ дар ноҳия 64 ҳазору 761 гектарро ташкил менамояд. Дар ин чарогоҳҳо хоҷагидорон 103 ҳазору 731 сар моли майда ва беш аз 30 ҳазор чорвои калони шохдорро парвариш менамоянд. Хоҷагидорон моли майдаро то моҳи май дар чарогоҳҳои зимистонаи худ нигоҳубин намуда, сипас ба чарогоҳҳои тобистонаи мавзеи Сарихосори вилояти Хатлон ва водии Рашт мебаранд. Соли 2020 дар ноҳия 345,7 тонна гӯшт истеҳсол шуда буд. Имсол хоҷагидорон мақсад доранд, ки аз дурнамо зиёдтар насл гирифта, бо баланд бардоштани маҳсулнокии чорво истеҳсоли гӯшту пашм ро ба маротиб зиёд намоянд. Бояд гуфт, ки пӯсту пашми истеҳсолшуда барои таъмини корхонаҳои саноатии мамлакат бо маҳсулоти хом лозим буда, дар амалисозии ҳадафи дигари стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат замина мегузорад. Натиҷаи ин ҳама пешравиҳо дар соҳа аст, ки нақшаи истеҳсоли гӯшту шир ва пашм дар ноҳия беш аз 100 фоиз иҷро гардида, нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳо то ҳадде ба эътидол оварда мешавад. Дар ноҳия шароит барои зиёд намудани саршумори чорво, ташкили фермаҳои чорвопарварӣ мавҷуд мебошад ва ҳоло ин имкониятҳо самаранок истифода мешаванд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
44 | ХИЗМАТРАСОНӢ БЕҲТАР МЕШАВАД
Амалҳои ихтисосмандона натиҷаоваранд Дар ноҳияи Файзобод дар масъалаи истифодаи самараноки замин ва ба роҳ мондани назорати он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси он ки замин моликияти истисноии давлат буда, истифодаи самараноки он ба аҳолӣ кафолат дода мешавад, масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Файзобод хизматрасониро ба аҳолӣ хеле беҳтар кардааст.
Б
а ҳолати 31-уми майи соли 2021 ба унвонии роҳбарияти Корхонаи давлатии фаръии “Молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Файзобод 428 ариза, дархост ва мактуб ворид гардидааст. Дар ин муддат 378 адади он мавриди татбиқ қарор дода шуда, 50 адади дигар дар ҳоли баррасӣ мебошанд. Бо вуҷуди он ки то ҳол дар корхона харитаҳои кадастрии рақамӣ истифода намешавад, вале бо назардошти талаботи замон масъулин дар ин самт қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Бойгонии корхона аз 22100 адад парванда иборат буда, дар ин муддат онҳо тавассути барномаи “М.АКСЕС” ин парвандаҳоро пурра нусхабардорӣ ва дар шакли электронӣ ба хазина ворид кардаанд. Аз аввали сол то кунун аз тарафи мутахассисони заминсозӣ 389 парвандаи заминсозӣ омода шудааст, ки
аз он 294 парвандаи замини наздиҳавлигӣ, 31 парвандаи сохтмону иншоот, 27 парвандаи боғдорӣ ва рушди кишоварзӣ, 23 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 1 хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва дигар корҳои заминсозӣ 13 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ин давра 375 аризаю дархост оид ба тайёр намудани шиносномаи техникӣ ворид гардидааст, ки аз ин миқдор 320 шиносномаи техникии асосӣ, 49 тағйироти ҷорӣ, 6 адад дигар намуди корҳо мебошанд. Ба шуъбаи бақайдгирӣ низ дар ин муддат 689 аризаю дархост ворид шудааст, ки аз он 447 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ оид ба қитъаи замин, 95 шаҳодатномаи бақайдгирии бино, 95 иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, 27 бақайдгирии шаҳодатномаи гарав ва 52 иттилоот дар бораи соҳибҳуқуқи фавтида буда, ҳамагӣ қонеъ карда шудаанд.
Муродалӣ ШАРИФЗОДА, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Файзобод Мавриди зикр аст, ки корхона худмаблағгузор буда, фаъолияташ аз рӯи хизматрасониҳо ба аҳолӣ баҳогузорӣ мешавад. Талошҳои пайгирона ва амалҳои ихтисосмандонаи кормандон буд, ки давоми панҷ моҳи соли 2021 ба суратҳисоби корхона 468 ҳазору 219 сомонӣ ворид шудааст. Масалан, ба воситаи шуъбаи заминсозӣ 238 ҳазору 263 сомонӣ, шуъбаи барӯйхатгирии техникӣ 173 ҳазор сомонӣ ва шуъбаи бақайдгирӣ 56 ҳазору 940 сомонӣ ворид гардидааст.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН | 45
Иқлими мусоид ва фароҳам будани шароит Иқлими ноҳияи Файзобод барои кишту парвариш ва истеҳсоли картошкаи босифат хеле мувофиқ аст. Аз ин рӯ, имрӯзҳо дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишти картошка гузаронида шудааст. Сокинони ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт дар мавсими кишт бо истифодаи обу ҳавои мусоид, дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ҳар ваҷаб замине, ки барои шинонидани ин навъи маҳсулот мувофиқ аст, киштро ба роҳ мондаанд, зеро шароити табиӣ имкон медиҳад, ки дар минтақаҳои наздикуҳӣ саҳмдорони деҳот бо риояи меъёри муайянгардидаю тухмиҳои хушсифат кишту корро ба анҷом расонанд.
Б
аъди 3 моҳ хоҷагидорон нақша доранд, ки ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намоянд. Солҳои қаблӣ на ҳамаи заминҳо ба кишт фаро гирифта мешуд. Аксаран хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва ягона хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи Абдулҳамид Назиров, ки ба истеҳсоли тухмии босифати картошка муваззаф гардидааст, дигарон заминҳои корами обии хоҷагиро ба
кишти ғалладонагию хӯроки чорво банд мекарданд. Имсол ҷараёни кишту кор ва васеъ гардидани майдони кишт шаҳодати он аст, ки барои қонеъ сохтани талаботи истеъмолию фаровонии бозор бо ин навъи маҳсулоти ниёзи аввал хоҷагидорон байни қаторҳои боғҳои ҷавонро низ картошка кишт намуда, дар ин замина дурнамои киштро пурра иҷро намудаанд.
Беҳрӯз ШАМСОВ, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод Дар як қисмати Ҷамоати деҳоти “Ҷавонон” кишоварзони соҳибтаҷриба ҳама намуди сабзавоту лубиёиҳоро барвақттар кишт намуда, мақсад доранд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили асосӣ дар кишти такрорӣ низ сабзавот ва дигар маҳсулоте,ки дар бозор харидор дорад, кишт намоянд. Саҳмдорон дар хоҷагии деҳқонии “Бердизод” бо фарҳанги баланди заминдорӣ ҳар қитъа заминро оқилона истифода менамоянд. Дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз наздики 200 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад. Агар ҳар як хоҷагидор саҳми заминашро бо дилгармӣ ва самаранок истифода намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнад, арзиши ҳама гуна маҳсулоти дар кишвар истеҳсолгардида арзон ва барои сокинон дастрас мегардад. Бо ин мақсад ҳар як хоҷагидорро зарур аст, ки дар самти истифодаи замин бо масъулияти том рафтор намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифат саҳм гузорад. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
46 | ҲАДАФ - СИФАТИ ХУБИ ХИЗМАТРАСОНӢ
Баракати барномаи электронии нав ва афзоиши масъулияти кормандон
Муҳиддин ЯҚУБЗОДА,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Ҳисор
Б
аъди касби истиқлол кардани Тоҷикистон шаклҳои наву муосири идоракунӣ дар корхонаву муассисаҳо ҷорӣ шуд. Дар баробари дигар самту соҳаҳо масъулини сохторҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул низ бо пешрафти илму технология шаклҳои муосири хизматрасониро роҳандозӣ намудаанд, ки ҳам ба манфиати сокинон аст ва ҳам ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо мусоидат менамояд. Бо ин мақсад роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба барномаҳои мукаммалу муосири соҳавиро таҳия наСАРЗАМИН | апрел-июн | 2021 2020
мудаанд, ки ҳоло дар асоси онҳо кор дар муассисаҳои зертобеъ ба роҳ монда шудааст. Яке аз дастовардҳои назаррас дар ин соҳа таҳия ва татбиқи пурраи Барномаи электронии “Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” мебошад, ки ҳоло аз он мутахассисони корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат истифода менамоянд. Раванди хизматрасонӣ бо истифодаи имкониятҳои технологии барномаи мавриди назар дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор низ ташкил шудааст. Бо дастрасии Барномаи электронии “Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” корҳои соҳавӣ бештар ва беҳтар иҷро мешаванд. Ба гунаи мисол, дар нимсолаи якуми соли 2021 масъулини раёсати барӯйхатгирии техникии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор 1554 дархостро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки аз ин шумора 659 адад корҳои барӯйхатгирии асосӣ ва 895 адад барӯйхатгирии тағйироти ҷорӣ мебошад. Чунин имконияти мусоиди кору фаъолият барои мутахассисон бо шарофати истиқлоли комили Ватан фароҳам шудааст. Дар ин давра электронисозии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, яъне шиносномаҳои техникӣ ва парвандаҳои заминсозӣ ба барномаи электронии бойгонӣ 100 фисадро ташкил додааст.
Дар асоси нақшаву чорабиниҳои таҳиягардида роҳбарият ва кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор кӯшиш доранд, ки бо иҷрои сифатноки хизматрасониҳо ва таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд. Барномаи электронии “Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон”, ки он аз муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дониста мешавад, дар муқоиса бо барномаҳое, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Қирғизистону Беларус истифода мебаранд, бартариҳои зиёде дорад. Ин барнома тавассути ВЕБ-технология таҳия шудааст ва имконият медиҳад, ки аз дилхоҳ телефон ва ё компютер аз ҳар минтақа тавассути интернет мутахассисон кори худро пеш баранд. Инчунин ҳамаи корбарон дар як маврид аз як сервер истифода менамоянд ва ҳамаи маълумот дар сервери марказӣ сабт мешавад. Бо истифодаи самараноки бартариҳои барномаи мазкур кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат ҳам сатҳи хизматрасониҳои бақайдгириро ба сифати нав баровардаанд. Мутахассисон мегӯянд, ки бо зиёд гардидани аҳолӣ ва корхонаву ташкилот дар ҳудуди шаҳр талабот ба кори муассисаи онҳо низ бештар шудааст.
ҲАДАФ - СИФАТИ ХУБИ ХИЗМАТРАСОНӢ | 47
дархост мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки маблағи умумии хизматрасониҳо 251419 сомониро ташкил медиҳад. Муҳимтарин дастовард барои масъулину кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат он аст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар онҳо соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд ва ин орзуи чандинсолаашон буд. Бино бо технология ва воситаҳои муосири электронӣ таъмин буда, сифати таҳияи парвандаҳои заминсозиву бақайдгирӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ беҳтар гардидааст.
Иброҳим АҲТАМЗОДА,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Ваҳдат Барои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон имкониятҳои Барномаи электронии “Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон”хеле мусоид аст. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат мувофиқи нақша бояд 576 адад иншооти гуногун бунёд шавад. Барои иҷрои нақшаи мазкур кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат ҳам саҳм гузошта, дар асоси муроҷиати соҳибкорон ҳуҷҷатҳои заминсозиро дар муҳлати кутоҳ ба танзим дароварда, мутобиқи тартиби муқарраргардида бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ соҳибмулконро таъмин намудаанд. Илова бар ин, танҳо аз ҷониби мутахассисони шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат 2373 ариза ва
Истифодаи ҳамаҷонибаи барномаҳои электронӣ дар фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳам ба роҳ монда шудааст. Аз соли 2018 инҷониб дар корхона Барномаи электронии “Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” фаъол аст. Мавриди зкир аст, ки ин барнома яке аз пешрафтатарин системаҳои ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад ва шумораи ками давлатҳо дар ҷаҳон тавассути ин барнома фаъолият менамоянд. Ҳамин аст, ки нақшаҳои пешбинишударо мутахассисон дар асоси имкониятҳои техникии барнома саривақт иҷро менамоянд. Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз калонтарин навоҳии мамлакат буда, ҳаҷми корҳои бақайдгириву барӯйхатгирии молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди он зиёд мебошад. Беш аз 1111 гектар замин аз маҳаллаҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия дар асоси татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба пойтахт ворид карда шуд. Ин тағйирот ҳаҷми кори мутахассисонро зиёд намуд. Ҷойи таъкид аст, ки бо мақсади сода, шаффоф ва бо сарфи ками вақт иҷро намудани ра-
Тӯйчӣ ЭРГАШЗОДА,
директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ ванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар маҳал аз ҷониби масъулини соҳа Барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» таҳия ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки яке аз корхонаҳои аввалини татбиқкунандаи он КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ҳамин аст, ки ҳоло мутахассисон пурра бо ин барнома фаъолият доранд ва бидуни мушкилот корро пеш мебаранд. Ғайр аз ин, мунтазам курсҳои омӯзишӣ оид ба истифодабарии барномаи харитасозии ArcGIS, истифодаи харитаҳои рақамӣ дар асоси аксҳои кайҳонӣ бо ёрии ин барнома, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ дар корхона гузаронида мешавад, ки ин амал самаранокии фаъолияти мутахассисонро бештар таъмин менамояд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
48 | ҚАДАМҲОИ УСТУВОР
Ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди соҳаи заминсозӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои рушди ин қишри ҷомеа шароити заруриро фароҳам меорад. Имрӯзҳо ҳам дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва ҳам дар корҳои муҳимми ҷамъиятӣ ҷавонон нақши назаррас доранд ва дар пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла мақомоти заминсозӣ саҳми арзанда мегузоранд.
М
аҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 гуфта буданд, ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои давлатӣ, бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва мақомоти он дар маҳалҳоро ҷавонон, яъне 56 дар садро ташкил медиҳанд. Давоми 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, хусусан солҳои охир, бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи давлатӣ биноҳои кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмиру азнавсозӣ шуданд, ки ин САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
барои муҳайё намудани фазои корӣ ва ҳавасманд гардонидани кормандон, хусусан мутахассисони ҷавони соҳа саҳми босазо гузошт. Инчунин бо ташаббусу дастгириҳои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ соли 2015 дар назди Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ҳафтаномаи “Меҳри замин” ташкил шуд, ки он дар пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар истифодаи замин нақши муҳим дорад. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 603 тасдиқ шудааст, дар миқёси вилоят зиёда аз 90 ҳазор оила дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Истамҷон ШАРИФӢ,
сардори шуъбаи умумӣ ва кадрҳои Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Агар дар замони шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 239 хоҷагии калонҳаҷм мавҷуд бошад, дар натиҷаи таҷдид ва хусусан фаъоли пурсамари масъулини соҳа, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миқдори ин хоҷагиҳо ба 70 ҳазору 9 адад расид, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва шароити иқтисодию иҷтимоии онҳо саҳми босазо гузошт. Мутахассисони мақомоти заминсозӣ ҳамеша азму талош доранд, ки назорати истифодаи заминро пурзӯр намуда, барои таъмини амнияти ғизоии кишвар ва беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии мардум саҳмгузор бошанд.
БАРАКАТИ ЗАҲМАТ | 49
Истеҳсоли маҳсулоти босифат - мароми мо Дар минтақаи ҷанубии кишвар ноҳияи Дӯстӣ яке аз мавзеъҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин тадбирҳои муҳимми агротехникиро ба роҳ монда, ҳосили фаровонро ба даст меоранд. Сохтору мақомоти дахлдори ноҳия дар ҳамкорӣ бо кишоварзон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаровонҳосилӣ таъмин бошаду ба ин васила хоҷагидорон фоидаи хуби иқтисодӣ ба даст оранд. мондаанд. Имсол майдони кишти пахта 7 600 гектарро ташкил медиҳад. Дар кишту парвариши пахта хоҷагидорони ин ноҳияи вилояти Хатлон намунаи ибрат буда, навъҳои ба иқлими ноҳия мувофиқро кишт намудаанд ва ҳосили дилхоҳро аз майдонҳои киштаашон интизоранд.
М
увофиқи нақша дар ноҳияи Дӯстӣ дар14 227 замин гектар бояд кишти маҳсулоти гуногун гузаронида шавад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани усулҳои муосири идоракунии бахши кишоварзӣ ва васеъ намудани майдони кишт хоҷагидорон тавонистанд, ки масоҳати нақшавиро зиёд ва то ба 14 315 гектар расонанд. Мардуми ин ноҳия хуб медонанд, ки зиндагии шоистаи онҳо аз истифодаи самараноки замин вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, ҳамеша мекӯшанд, ки бо тавсияи олимони соҳа ва хоҷагидорони соҳибтаҷриба раванди киштро дар сатҳи зарурӣ ташкил намуда, ба ин васила маданияти баланди заминистифодабариро роҳандозӣ намоянд.
гандум дар ин заминҳо ҳамчун кишти такрорӣ сабзавот парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Барои иҷрои ин амал иқлими ин ноҳия мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, хоҷагидорон дар вақту соати муайян тадбирҳои агротехникиро ба роҳ мемонанд. Аз гандум ҳам имсол кишоварзон ҳосили фаровон рӯёнидаанд. Ҳамчун зироати стратегӣ дар ноҳияи Дӯстӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ кишти пахтаро низ ба роҳ
Сабзавоту полезӣ низ дар хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия кишт карда мешавад. Зеро маҳсулоти полезӣ дар таркиби бахши содироти мамлакати мо мавқеи хоса дорад. Ҳамин аст, ки имсол дар ноҳия 1005 гектарро маҳсулоти полезӣ кишт намудаанд. Ҳоло ҳосил пухта расидааст ва аз баракати заҳмати кишоварзони ин ноҳия ва навоҳии дигари вилоят фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ таъмин аст. Сабзавот бошад, имсол дар майдони 914 гектар кишт шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳар қитъа замин дар ноҳия босамар истифода бурда мешавад. Ба ин васила ҳам сатҳи зиндагии хоҷагидорон беҳтар мешаваду ҳам фарвонӣ дар бозор таъмин мегардад.
Имсол хоҷагидорони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 3 306 гектар кишти ғалладонагӣ гузарониданд. Масоҳати 2340 гектари ин заминҳоро шолӣ ташкил медиҳад. Инчунин 2 348 гектарро гандум дар бар мегирад. Кишоварзони ин ноҳияи вилояти Хатлон нақша доранд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
50 | САРЗАМИНИ АҶДОДӢ
Фарҳанги заминдорӣ Дар Ворух, дар ин гӯшаи зебою хушобу ҳавои Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор аҳолӣ бо шукргузорӣ аз ватани ободу амн пайи кору рӯзгори осоиштаанд.Заминҳои корами обӣ дар ин диёри кӯҳистон ҳамагӣ 298 гектар буда, майдони боғҳо 928 гектарро ташкил медиҳанд. Мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва иродаи устувор аз пайи заҳмат буда, ҳамасола натиҷаҳои неки ҷаҳду талош ҳояшонро мебинанд.
Ҷавод ШАРИФОВ,
раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Исфара Дар ҷамоати деҳоти Ворух 2526 хоҷагии инфиродию оилавӣ аҳлона меҳнат карда, аз замини зархези диёр картошка, лубиёву ғалладонагӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгорро парвариш ва истеҳсол менамоянд. Мардумони сарбаландаш аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ,заминҳои президентӣ ва ҳиссае,ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ доранд, босамар истифода мебаранд.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Дар маҷмӯъ заминҳое,ки ба гурӯҳи маҳалли аҳолинишин дохил мешаванд, 630 гектар ва қитъаҳои замини корами обии наздиҳавлигӣ 360 гектар аст, ки ҳар як ваҷабашро сокинони меҳнатқаринаш боманфиат истифода мекунанд. Мардуми деҳаи Ворух аз меваҳои шаҳдбору аз ҷиҳати экологӣ тозааш барои тирамоҳу зимистон захира намуда, баъди қонеъ гар-
донидани талаботи аҳли хонавода боқимондаашро ба бозор мебароранд. Марзи маъмурии ин деҳоти дурдасту биҳиштосои диёр 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва мардумаш аз ҳосили меҳнати ҳалолашон зиндагии бобаракат доранд.
САРЗАМИНИ АҶДОДӢ | 51 Сокинони шаҳру деҳоти Исфара бо фарҳанги баланди заминдорӣ ва боғдорӣ шуҳратёр гаштаанд. Ҳавои мусоид барои кишти сабзавоту ғалладонагӣ ва боғпарвари имкон медиҳад,ки кишоварзони ботаҷрибааш аз истифодаи оқилонаю босамари ҳар қитъа замин ҳосили фаровон руёнидаю манфиати зиёди иқтисодӣ бинанд. Дар қатори 13 ҳазору 618 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ кооперативи тиҷоратию тухмипарварии Чоркӯҳ аз 711 гектар заминҳои дар ихтиёр доштааш самаранок истифода карда, дар истеҳсоли тухмии босифати ғалла, картошкаи хушсифат, аз шолию дигар зироатҳо сабади истеъмолиро таъмину нархи маҳсулоти ғизоиро дар бозор ба танзим медароранд.
Восила ҶАЛОЛОВА,
роҳбари Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии "Чоркӯҳ" Хоҷагидорони ботаҷрибааш дар 282 гектар замин бо истифода аз тухмиҳои хушсифат,ки фаровонҳосилиро таъмин менамоянд, дар 104 гектараш навъҳои беҳтарини гандум ва 127 гектараш картошка кишт намудаанд.Кишоварзон бо маслиҳати мутахассисони соҳа сол то сол барои гирифтани ҳосили бештар талош меварзанд. Аз 318 гектар майдони боғҳо дар ин кооператив 250 гектараш боғҳое ҳастанд,ки аллакай ба ҳосил даромадаанд.Боғдорони соҳибтаҷриба имсол дар ҷойи боғҳои куҳна, ки маҳсулнокиашон паст гардидааст, 20 гектар боғҳои ҷавони зардолу бунёд карда, байни қатори ин боғҳо низ картошкаю дигар намуди зироатро кишт намудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии боғҳои диёр ва барои зиёд намудани содироти мева наздики 1 гектар боғи интенсивии себ бунёд карда шуд. Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мардумаш барои истеҳсоли биринҷи хушсифат аз обҷувозҳои қадима истифода мекунанд,ки таъму лаззати хос дорад. Шолипарварӣ низ аз шуғли дӯстдоштаи сокинонаш ба ҳисоб меравад,ки дар кишту парвариш ва исеҳсоли биринҷ таҷрибаи беназир доранд. Дар деҳаи Хоҷаи Аъло аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сокинонаш барои захираи кофии маҳсулот лубиёгӣ ва картошка кишт намуда, ягон ваҷаб заминро аз истифода берун намегузоранд. Хӯшаҳои пурбори гандум аз фаровонҳосилию зиндагии бобаракати мардумонаш дарак медиҳад. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
52 | БА ГУВОҲИИ ДАЛЕЛҲО
Аз таърихи илми геодезия Сарчашмаҳои илмӣ иттилоъ медиҳанд, ки вожаи “геодезия” аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънои «заминченкунӣ»-ро дорад. Ҳамчун илм он таърихи қадима дорад. Аз даврони бостон инсонро зарурати андоза гирифтани масофаҳо, қитъаҳои замин, роҳҳои баҳрӣ ва ё дарозии ашё пеш меомад. Нахустин сайёҳон, тоҷирон ва баҳрнавардону астрономҳо ба воҳиди андозагирӣ ва дастгоҳҳои бо ин мақсад истифодашаванда ниёзи зиёде дош танд ва вобаста ба тахайюлу имконоти хеш онҳоро ихтироъ мекарданд. Низоми андозагирӣ бисёр субъективӣ буда, бо андозаи ҷисми инсон вобаста карда мешуд. занҷирҳои ченкунӣ, қутбнамо ва баъзе дигар асбобҳои геодезиро истифода мебурданд. Дар коллексияи Осорхонаи политехникии Русия занҷири заминченкуние маҳфуз аст, ки дар нимаи аввали асри 19 сохта шудааст. Симҳои такмилёфтаи андозаченкунӣ ҳоло ҳам дар истифодаанд, инҳо ченакҳои оддии сохтмонӣ (рулеткаҳо) мебошанд.
Б
арои мисол, дар Юнон ва Рими қадим воситаи ченак аз нӯги ангушт то оринҷ истифода мешуд. Дар Чини бостон бошад, аввалин воситаҳои ченакро император Хуан-ди ҷорӣ карда буд, ки онҳо аз дарозии қисмҳои бадан бармеомаданд. Дар Русия низ баъзе аз узвҳои бадан ченаки андозагирӣ маҳсуб меёфт. Барои мисол, одам дастҳояшро ба чапу рост дароз мекард ва он воҳиди ченаки муайянеро ташкил медод, инчунин бо ангуштон ва қадамҳои худ масофаҳоро чен мекард. Албатта, пеш аз системаи мет рикӣ роҳҳои дигари чен кардани масофа низ вуҷуд доштанд. Барои мисол, маллоҳ метавонист роҳи баҳрӣ – он масофаеро, ки киштӣ дар вақти тамокукашӣ тай мекунад, бо лӯлаи сигоркашӣ чен кунад. Дар Ҷопон аробакаш ба суми САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
пойи асп менигарист ва масофаи роҳи онро то фарсуда шудани пошнаи пахолии пойи он ба қайд мегирифт. Бисёр халқҳо масофаи роҳро бо дурии масофаи парвози тири камон муайян мекарданд. Аммо ҳамаи ин усулҳо на он қадар мушаххас буданд, ҳатто одамони қадимтарин ҳам ҳис мекарданд, ки барои онҳо дастгоҳи андозагирӣ ва ё ченкунии махсусе лозим аст, ки ҳамчун меъёри боэътимод хизмат кунад. Дигар асбоби ченкунии қадимиро дар ёдгориҳои Миср, дар замони фиръавнҳо мушоҳида намудан мумкин аст: ҳокимони маҳаллиро аксар вақт бо торсими ченкунӣ тасвир мекарданд, ки яке аз воситаҳои тақсимоти қитъаҳои замин ба шумор мерафт, он торсим ба яке аз рамзҳои қудрати онҳо табдил ёфта буд . Дар Юнон ва Рими қадим, ғайр аз ресмон ва сутунҳо,
Бостоншиносон коллексияи ғании асбобҳои ченкунии қадимиро кашф карданд. Қадимтарин пояи мисини ченкунӣ ба соли 2650 пеш аз милод рост меояд. Пеш аз милод онро ассириологи немис - Экхард Унгер ҳангоми ҳафриёт дар Ниппур - шаҳри муқаддас ва маркази динии Шумер дар ҷануби Месопотамия (Ироқи муосир) пайдо кардааст. Сарчашмаҳои таърихӣ маълум мекунанд, ки ҳанӯз дар аҳди қадим, тақрибан 2000 сол қабл аз даврони мо дар Миср корҳои заминченкунӣ, ки дар соҳилҳои Нил ҷойгир буданд, амалӣ мегаштанд. Мисриҳоро обхезиҳои ҳарсола барои барқарорсозии қитъаҳои алоҳидаи вайронгаштаи замин ба ин амал маҷбур менамуд. Иншоотҳои бузурги дунёи қадим - пирамидаҳои мисрӣ, эҳромҳо, қасру кушк ва ғайра бо кумаки як қатор ченкуниҳои геодезӣ амалӣ карда мешуданд. Он даврон асбобҳои заминченкунӣ,
БА ГУВОҲИИ ДАЛЕЛҲО | 53 ба монанди ресмон, секунҷа ва дигар воситаҳои одии чен кардани кунҷҳо, баландиҳову масофаҳо аз ҷониби худи одамон хеле сода интихоб шуда буданд. Баъдҳо дар робита бо рушди улуми математика, астрономия, механика, физика, оптика ва дигар илмҳои марбут ба заминшиносӣ, геодезия низ инкишоф ёфт. Асбобҳо барои ченкунӣ такмил дода шуданд ва дар баробари онҳо усулҳои ченкунӣ низ рушд намуданд. Геодезия бештар дар Юнони қадим рушд ёфта буд, он замон астроном-геодезистони юнонӣ Фалес, Эратосфен ва дигарон илми геодезияро инкишоф дода буданд. Баъдтар дар Русия геодезия ҳамзамон бо харитаҳо рушд ёфт. Аввалин корҳои геодезӣ тариқи ҳуҷҷатгузорӣ дар Русия дар асри XI, ҳангоме ки шоҳзода Глеб паҳнои гулӯгоҳи Керчро, ки миёни Керч ва Таман ҷойгир аст, чен кард. Гуфтан мумкин аст, ки харитасозӣ аз тартиб додани харитаи тамоми давлати Москва дар асри XI оғоз ёфт.
Дар соли 1779 бо фармони Екатеринаи II мактаби геодезӣ кушода шуд, ки он соли 1819 ба Мактаби геодезии Константиновск ва дар соли 1835 ба Институти геодезии Константиновск табдил ёфт. Ҳоло он мактаби олии тайёр намудани геодезистҳо ва картографҳо Институти муҳандисони геодезия, аксбардории кайҳонӣ ва картографияи Москва мебошад.
Тақрибан ҳамон давра олими дигари рус, полковники геодезис ти ситоди генералӣ - А. Болотов солҳои 1837-1845 китоби таълимиеро бо унвони «Геодезия ё роҳбарӣ дар таҳқиқот оид ба тасвири умумии замин, сохтани харитаҳо, истеҳсоли наворгириҳои тригонометрӣ ва ҳамворкуниҳо”-ро ба нашр расонд.
Дар соли 1809 дар Санкт-Петербург Институти корпуси муҳандисони роҳи оҳан таъсис дода шуд, соли 1822 корпуси топографҳои ҳарбӣ ва баъдан аксарияти корҳои топог рафӣ ва геодезии кишварро анҷом медоданд.
Соҳаи геодезия дар даврони мо рушди босуръат дорад. Бо шарофати дастгоҳҳои замонавии баландсифат ва таҷҳизоти компютерии натиҷаҳои ченкунӣ, имкониятҳои андозагирии қабати болоии замин бо дастгоҳҳои кайҳонӣ илм дар бораи ченкунии Замин ба яке аз илмҳои бунёдии замони муосир табдил ёфтааст.
Соли 1816 таҳти роҳбарии геодезисти ҳарбии рус К.И. Теннер ва астроном В.Я. Струве дар губерния ҳои ҷанубии Россия корҳои бузурги астрономӣ-геодезӣ оғоз ёфтанд.
Моҳсафари Яҳёзод
Рушди геодезия дар Русия ба номи Пётри I алоқаманд аст. Соли 1745 "Атласи якуми Россия" дар асоси маводи таҳқиқотии муназзами топографии тамоми давлат, ки бо фармони Пётри I соли 1720 оғоз ёфта буд, нашр шуд. Аввалин асарҳои астрономӣ, геодезӣ ва картографӣ дар Русия бо роҳбарии И.К. Кирилов нашр гаштаанд. Аввалин олими рус, ки геодезияро дар байни дигар илмҳо маъруф кардааст, нобиғаи рус М.В.Ломоносов буд. Ин олим зимни ишғоли вазифаи сардори Сарраёсати ҷуғрофӣ дар соли 1757 ба ислоҳи харитаҳои дар он замон мавҷудбуда ва тартиб додани харитаҳои мушаххас шурӯъ кард. Аз ҷониби ӯ лоиҳаи сохтани телескоп бо тарҳи навтарин таҳия гардид. М.В.Ломоносов аввалин шуда фотометрияро пешниҳод кард, ки он танҳо дар асри 19 татбиқи амалии худро пайдо намуд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
54 | ДИЁРИ КӮҲИСТОН
Замини ба тилло баробари Бадахшон Дар кишвари мо даромади асосии қисмати зиёди сокинони деҳот аз соҳаи кишоварзӣ аст. Дар натиҷаи истифодаи самараноки замин ва рӯёнидани ҳосили фаровон сокинон соҳиби фоида мегарданд. Аммо чунин имконият барои шаҳрвандони кишвар баробар нест, чунки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат заминҳои кишоварзӣ камтар мебошад.
Д
ар чунин шароит аз кишоварзон маҳорат ва маданияти баланди истифодаи замин тақозо мешавад. Дар шароити камзамин будани Вилояти Мухтори Кӯҳис тони Бадахшон танзими муносибатҳо дар истифодаи замин махсусиятҳои худро дорад, ки ҳам аз ҷониби кормандони Кумитаи идораи замини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва ҳам аз хоҷагидорону саҳмдорон масъулияти дучандро талаб менамояд. Аз ин рӯ, назорати истифодаи замин аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа дар вилоят - Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки вилоят дорои 16 667 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва
ёрирасон буда, дар онҳо мувофиқи иқлим ва дар доираи тавсияи мутахассисон кишоварзон ба парвариши навъҳои ба иқлими вилоят мувофиқи зироату сабзавот сару кор доранд. Сокинони ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони ВМКБ истифодаи босамари заминҳоро ба роҳ мондаанд. Аҳолии ин минтақаи дурдаст ва кӯҳистони мамлакат ҳам заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва ҳам заминҳои наздиҳавлигии худ ро бо маданияти баланд истифода намуда, ба ин васила истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Дар баробари дигар навъи зироат ҳамзамон сокинони ин минтақа ба кишти картошка афзалият додаанд. Зеро иқлими ин минтақа
Имомдод МАҲМАДЁҚУБОВ, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ишкошим барои парвариши ин навъи зироат мувофиқ мебошад. Ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода кардани заминҳои кишоварзӣ ва ба истеҳсолот ворид намудани қитъаҳои аз кишт берунмонда, инчунин ҷалб кардани соҳибкорону шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда, таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонии ёрирасон аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва Ишкошим корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ дуруст ба роҳ монда шудаанд. Дар ин бахш мутахассисони кумитаҳои идораи замини навоҳии болозикр саҳми назаррас доранд. Ба хотири таъмини сифати баланди хизматрасонӣ, фароҳам
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ДИЁРИ КӮҲИСТОН | 55 овардани шароити созгор баҳри кормандон аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораву тадбирҳои судманд амалӣ мешавад. Бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар идомаи ҳамин тадбирҳои созанда таъмиру навсозӣ гардидааст. Кормандон ҳоло бо истифодаи шароити созгор дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону саҳмдорон барои истифодаи ҳар қитъа замин аз рӯйи таъиноти пешбинишудаашон саҳми фаъол мегузоранд.
сокинони минтақаҳои кӯҳистони кишвар ҳам заминҳои кишоварзии худро босамар истифода менамоянд. Зеро онҳо хуб медонанд, ки меҳнати софдилона дар замин натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва самараи он ҳосили фаровону пурнеъматии дастархонашон аст. Мавҷуд будани манбаъҳои об, ҳарорати муътадил ва ҳосилхез будани замини кӯҳистон имкон медиҳад, ки хоҷагидорон дар аксари маврид ҳосили баланд рӯёнанд. Дар ин баробар пайваста аз тавсияи олимони соҳа истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки навъҳои серҳосили зироатро интихоб ва
кишт кунанд. Ҳамзамон таҷрибаи кишоварзони куҳансол низ коромад мебошад ва аз онҳо деҳқонон ҳамеша меомӯзанд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати кишту истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ бо хоҷагидорон аз бахшҳои дигари фаъолияти кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим ба ҳисоб меравад. Баҳри расидан ба ин мақсад бо хоҷагидорону саҳмдорон дар ҳудуди ноҳия масъулин мунтазам машваратҳои сайёрро доир менамоянд.
Сохторҳои марбута, аз ҷумла Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақша дорад, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дигари вилоятӣ аз ҳисоби заминҳои дигар масоҳати заминҳои кишоварзиро зиёд намуда, ба ин васила барои соҳибшуғл гардидани сокинон мусоидат намояд. Барои ноил гардидан ба ин мақсад дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим низ масъулин нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, барои татбиқи он имкониятҳои мавҷударо истифода менамоянд. Зеро зиёд шудани майдони кишт барои бештар гардидани шумораи ҷойҳои корӣ ва фаровон шудани бозори дохилӣ боис мешавад. Инчунин имкони захира намудани маҳсулот низ ба миён меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни сафарҳои кориашон ва мулоқот бо фаъолону сокинон қайд менамоянд, ки сокинон бояд аз замин маҳсулоти дилхоҳ рӯёнида, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти солонаи худ, ҳамзамон онро барои ду сол захира созанд. Бо пайгирии ин дастури Роҳбари давлат 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
56 | ШАҲДУ ШИФО
Хосиятҳои шифоии тарбуз
1. Ҳафтае 1-2 маротиба истеъмоли тарбуз одамро аз аксар мушкилоте, ки дар организм дорад, халос мекунад.
4. Оҳане, ки дар таркиби тарбуз ҳаст, барои зуд барқарор кардани меъёри лозимаи гемоглабин ёрӣ мерасонад.
2. Тарбуз хусусияти пешобронӣ дорад, агар онро тез – тез истеъмол кунед, қум ва санги майдаи гурдаро тоза мекунад.
5. Барои занҳои ҳомила истеъмоли тарбуз манфиатбахш мебошад, зеро он ба дурустии инкишофи кӯдак дар батн мусоидат мекунад.
3. Микро ва макроэлементҳо, витамин ва минералҳое, ки дар таркиби тарбуз мавҷуданд, на танҳо фаъолияти дилро хуб, балки барои пешгирии такшин шудани холестерин дар рагҳо кумак мекунад. САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
6. Касоне, ки мехоҳанд ҷавон бимонанду вазни зиёдатиашонро бартараф созанд, тарбуз беҳтарин васила аст. 7. Касоне, ки дар гурда санг доранд, аз истеъмоли тарбуз бояд
худдорӣ кунанд. Зеро тарбуз бо хусусияти пешоброниаш санги гурдаро аз ҷояш беҷо мекунад, ки дар ин ҳолат аз дарди сахт бемор нороҳат мешавад. 8. Дар ҳолати дарунравӣ ё дарди шикам истеъмоли тарбуз тавсия дода намешавад. 9. Тарбуз инчунин дар мустаҳкамсозии иммунитет мусоид буда, нури чашмро меафзояд ва бемории саратонро пешгирӣ мекунад.
ШАҲДУ ШИФО | 57
2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
58 | ДАР ҚАЛАМРАВИ МЕҲР
Деҳқони асил Сарзамини пурфайзу зархези мо дар домони паҳновару ҳосилхезаш ҳазорон мардони поктинату қавииродаро парваридааст, ки умре барои ободии хони дигарон заҳмат кашидаву бо обилаи даст ва қомати хамида аз як қитъа замини доштаашон ҳосили фаровон рӯёнида, барои ҳамдиёрони хеш асбоби рӯзгор дар мисоли меваю сабзавот таҳия менамоянд. Ҳотам Бердиев аз ҷумлаи ҳамин гуна нафарони соҳибзавқ аст, ки мудом дар киштзор пайи меҳнат аст. Ӯро дар баҳору тобистон ва тирамоҳу рӯзҳои офтобии зимистон ҳамдеҳагонаш аз сари замин пайдо мекунанд. Ман низ бо ин марди заҳматписанд зиёд вохӯрдаам, зеро мазрае, ки ӯ меҳнат мекунаду барои дигарон ризқ меофарад, сари роҳи калон қарор дорад. Фарҳанги баланди заминдорию муҳаббату ҳавасмандиашро ба замин дида, соатҳо фикр мекунам, ки барои чӣ ин марди фурӯтан ҳамеша банди кор аст? Ӯ пайвастаю мудом баъди он ки ба дарки оламу одам сарфаҳм мерафтагӣ шуд, донистан мехост, ки чӣ асроре дар хоки ин диёр нуҳуфтааст ва ба сабзиши ҳар растаниву гиёҳе, ки дар кӯҳистон мерӯяд, бо нигоҳи амиқу кунҷковона дида медӯхт.
САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
ДАР ҚАЛАМРАВИ МЕҲР | 59 Ҳамин кунҷковияш боис гашт, ки ӯ умре бо муҳаббат дар замин кор кард ва асрори ҳар гул, гиёҳ ва зироатро омӯхтаву имрӯз намунаи беҳтарину серҳосили маҳсулоти кишоварзиро кишт ва ҳосили фаровон ба даст меорад. Дар як қитъа картошка,бодиринг, ғалладонагию лубиё, сирпиёзу помидор ва ҳама гуна кабудиҳо, хулоса, ҳар маҳсулоте,ки барои эҳтиёҷи оила ҳаст, ӯ кишт мекунаду ҳосили хуб мерӯёнад ва талаботи ҳамдиёрони худро қонеъ мегардонад. Ин хоҷагидори ботаҷриба дар ноҳияи Файзобод аввалин шуда баъди гирифтани картошка, дубора ин навъи маҳсулотро кишт намуд ва ҳосили хеле фаровонро дар кишти такрорӣ низ рӯёнид. Ин таҷриба натиҷаи хуб дод ва ҳоло ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Киштаҳои сабзу майдони боғҳои ғарқи ҳосил ва оби равони байни ҷӯяҳои сабзавоту полезии нашъунамои хубдоштаро мушоҳиданамуда, гумон мебарем, ки ин қитъа мазраи вафои ин марди фурӯтан аст, ки ба ин обу замин бахшидааст. Зеро ҳастиву вуҷуд ва меҳру садоқаташ танҳо ба замин аст, ки мунҳасир ба фарди худи ӯст ва дар ин қаламрав монандеву мисоле надоштааст. Оре, Ҳотам Бердиев ватандори асил аст, ки дар як рӯз ҳазорҳо маротиба каланд дар даст бехи ҳар зироат ро нарм мекунад, ғизо медиҳад, аз сабзиш, гул кардану ба ҳосил даромаданаш чун аз хандаи як тифлаки маъсум завқ мебарад.
Муҳим аз ҳама, ӯ муомилаи хокро бо реша, об ва рӯшноӣ медонад. Меҳнат ӯро обутоб медиҳад ва самари умраш дарахтони пурборест,ки ҳазорон нафар аз мевааш ком ширин мекунанд. Ҳар боре аз баракати заҳмати пайвастааш нафаре ком ширин мекунаду эҷтиёҷманде баҳравар мегардад, ӯ рисолати худро анҷомшуда меҳисобад ва беҳтарин истироҳату болидахотириаш низ ҳамин аст. Бигзор ин садоқату самимият барояш ҳамеша некномиву сарбаландиро арзонӣ дорад. Санову офарин ба деҳқонони ин сарзамин, ки мудом барои сокинони кишварашон кишту истеҳсол менамоянд.
Ҳавлии хурдакакашро гулҳои зиёде оро медиҳанд. Ӯ бо ҳар барги гул ҳарф мезанад, мисле ки тифлеро навозиш мекунад. Бисёр кам сухан мекунад, вале дар муқобили ин серкору хоксор аст, ки аз ҷумлаи хислатҳои накуи инсонист. Аз дигарон фаҳмидам,ки нафаре баъди кори саҳро дар хона ӯро интизор нест. Самари умраш муҳаббат ба кишту кор ва хонаводааш танҳо замин аст. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
60 | ДОРУХОНАИ ТАБИАТ
Асрори растаниҳои Ватан Растаниҳо хосиятҳои гуногун доранд, ки донистани сирри табобатию шифоии онҳо аз манфиат холӣ нест. Чанде аз онҳоро мисол меорем:
Явшон (тахач). Дорои гликозид ҳои талхи абсинтин, анабситин, флавонидҳо, равғани эфирӣ, ки дар таркибашон терпеноидҳо, финтосидҳо, алкалоидҳо, капиллин, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ ва модаҳои даббоғист.Талхии явшон функсияи ғадудҳои системаи меъдаю рӯдаҳоро танзим карда, ҷудошавии талхаро зиёд мекунад ва ҳазмшавиро беҳтар менамояд.
Райҳон. Хусусиятҳои зиддипаразитӣ дорад. Ҳангоми пухтупаз истифода бурдани хокаи алафи хушки он хеле муфид аст.
Зирк. Ҳамаи қисмҳои ин растанӣ таъсири зиддипаразитӣ дорад. Аксар вақт решаашро истифода мебаранд. Зиркҳои хушк ва хокашударо дар газакҳо, хӯрокҳои якум ва дуюм истифода кардан САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
мумкин аст. Барои муфтхӯрони ҷигар таъсири марговар дорад. Қобилияти полоишии ҷигарро беҳтар мекунад, ба тағзияшавии чарбҳо, пок кардани хун мусоидат мекунад.
Қаламфури гардан (қаламфурак). Ин растанӣ лӯндакирмҳо, тасмакирмҳо ва кирмҳои паҳн, содатаринҳо, замбурӯғҳо ва баъзе намуди вирусҳоро нобуд мекунад. Таъсири зиддипаразитии қаламфурак дар плазма, майнаи сар, системаи асаб зоҳир мешавад. Истифодаи қаламфурак барои фарингит, гайморит, ларингит, дарди дандон ва инчунин, барои аз паразитҳо халос шудани организм кумак расонида, таъсири шифобахш дорад. Қаламфурак аслан шуш, меъда ва лимфаро безарар мегардонад. Анор. Шарбати анор трихомонадҳо, бактерияҳо, паразитҳо, замбурӯғҳо, пенитсиллиумҳо ва кандидҳоро мекушад. Анор бар зидди паразитҳо дар тамоми узвҳо ва системаи бадани инсон таъсир мерасонад. Аз пӯсти анор қиём, обпаз, хока ва аз тухми анор равған тайёр мекунанд.
Росан (чоқула). Решаи растанӣ ва гулҳои онро истифода мебаранд. Таъсири зидипаразитии он дар системаи нафаскашӣ, ҳозима, асаб, дигар узвҳо ғайр аз системаи репродуктивии мардона зоҳир
мешавад. Росан хун ва шушҳоро аз паразитҳо тоза мекунад, детоксикатсия ва барқароркунии бофтаи шушро стимулятсия мекунад. Кокутӣ. Қисми рӯизамини ин растаниро, ки дар вақти гул кардан ҷамъоварӣ мешавад, ҳамчун чой истифода мекунанд. Кокутӣ ба бактерияҳо ва содатаринҳо таъсири зиддипаразитӣ мерасонад. Чойкаҳак. Аксар вақт онро ҳамчун чой истифода мекунанд. Хусусиятҳои зиддипаразитии чойкаҳак асосан дар узвҳои мубодилаи газ ва системаи нафаскашӣ зоҳир мешавад. Қулфинай. Ин растанӣ доруи пуриқтидор бар зидди паразитҳои системаи урогениталӣ мебошад.
Занҷабил (гармдору). Ин растанӣ бо таъсири зиддипаразитиаш ба гелминтҳо, вирусҳо ва занбурӯғҳо маълум аст. Он ба паразитҳои рӯдаву узвҳои нафаскашӣ таъсири марговар дорад. Гашнич. Кабудӣ ва тухмии он дар ҳама ҷо истифода мешавад. Доираи васеи хосиятҳои зиддипаразитӣ дорад. Газна. Онро аз аввали баҳор то охири моҳи май ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Хусусиятҳои зиддипаразитии газнаҳо хеле васеъ аст.
ДОРУХОНАИ ТАБИАТ | 61 Кунҷид. Тухми он равған дорад, ки ба паразитҳои пӯст ва зери пӯст таъсири самарабахш мерасонад. Тухми кунҷитро дар ғизо бо зуҳуроти хосиятҳои зиддипаразитии доираи васеи таъсираш - дар системаҳои нафаскашӣ, ҳозима ва системаи урогениталӣ (дар занон) истифода мебаранд. Таъсири пурзӯртарин бар зидди паразитҳо тухми кунҷиди сиёҳ дорад. Юнучқа. Алафашро зиёд истифода мебаранд. Аз растаниҳои ҷавон газакҳо тайёр кардан мумкин аст. Онро ҳамчун маҳсулоти зиддивирусӣ истифода бурдан мумкин аст. Юнучқа таъсири диуретикӣ ва зиддитабларзавӣ дорад, паразитҳоро дар ҷойи кушодаи ҷароҳатҳо мекушад. Онро якҷо бо қоқу, газна, ҷаъфарӣ, чилбуғум истифода мекунанд. Тамашк (малина). Баргҳои ҷавони тамашк хеле нозуканд ва онро дар ғизо истифода бурдан мумкин аст. Баргҳо ва буттамеваи тамашк ба паразитҳо дар системаҳои хунгард, ҳозима ва репродуктивӣ таъсири зиддипаразитӣ дорад. Буттамеваҳои бо шакар тайёркардашуда хусусияти зиддипаразитии худро гум мекунад. Таъми ширини часпак дорад. Қаламфури сурхи тез. Дар Амрикои Лотинӣ онро "меваи офтоб" меноманд. Таъсири қавии зиддипаразитии қаламфури сурхи тез маълум аст. Он паразитҳоро аз узвҳои ҳозима, системаи нафаскашӣ хориҷ мекунад, онҳоро дар хун мекушад. Тақрибан ҳамаи паразитҳое, ки дар ин системаҳои номбаршуда зиндагӣ мекунанд, аз вирусҳо то тасмакирмҳои калон ва инчунин занбурӯғҳо ба ҳамлаҳои қаламфури сурх тобовар нестанд. Он токсинҳоро дар рӯдаи ғафс месӯзонад. Аз қаламфури сурх қиём ва хокаҳо тайёр карда мешавад. Қаламфури сиёҳи хушбӯй. Таъсири зиддигеминтии қаламфури сиёҳ дар Ҳиндустон чанд ҳазор сол пеш маълум шудааст. Аз
қаламфури сиёҳ қиёмҳо, хокаҳо (100-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок), равғани эфирӣ омода мекунанд. Қаламфури сиёҳ яке аз маҳсулоти пурқувватест, ки кирмҳо ва занбурӯғҳоро дар рӯдаҳо нест мекунад. Қиёми равғани қаламфури сиёҳ мумкин аст ба бинӣ барои беҳтар кардани луобпардаи бинӣ ва мубориза бо гелминтҳои майнаи сар чаконда шавад. Инчунин вирусҳои герпесро низ нест мекунад. Омехтаи он бо асал, ба замбурӯғҳо ва кирмҳои дар шуш ҷойгиршуда таъсири сахт мерасонад. Ҷаъфарӣ. Таъсири пуриқтидори зиддизанбурӯғӣ ва зиддибактериявиашро дар системаи урогениталӣ ва ҳозима зоҳир мекунад. Аз он қиёмҳо (аз алаф ва тухмиҳо), обпаз ё нӯшоба (аз реша), доимо ба ғизо дар намуди тару тоза ва хокаи аз гиёҳҳои хушк ва решаҳо (250-500 мг барои як ҳиссаи хӯрок) тайёр кардашударо илова кардан мумкин аст. Маҳсулотҳои ҷаъфарӣ хусусан, ба паразитҳое, ки ҳангоми илтиҳоб ва хастагии организм фаъол мешаванд, самаранок таъсир мекунад. Шарбати тару тозаи ҷаъфарӣ (2 қошуқча субҳ дар меъдаи холӣ) як доруи хуби зиддипаразитӣ ҳангоми трихомониоз ва хламидиоз мебошад.
Зуф. Танҳо баргҳои ҷавон ва нозукаш истифода мешавад, ки бояд онҳо дар нимаи аввали тобистон ҷамъоварӣ шаванд. Бо таъсири пурзӯраш ба флораи фасодмонанд ва паразитҳое, ки дар хун ҷойгиранд, маълум аст.
Садбарг. Равғани эфирии аз садбарг ҳосилшуда ҳам барои замбурӯғҳо ва ҳам намудҳои гуногуни гелминтҳо таъсири марговар дорад. Равғани садбаргро ба чой ва қиёмҳои гарм ва хунук илова кардан мумкин аст. Аз баргҳои хушки дар уғурак майдакардашуда хокаҳо тайёр кардан мумкин аст. Дар ниҳоят, гулҳои тару тозаи садбарг як иловаи хубест ба хӯришҳои аз кабудӣ ва мева омода кардашуда. Таъсири зиддипаразитии садбарг дар системаи гардиши хун, урогениталӣ (дар занон) ва системаи асаб зоҳир мешавад. Бобуна. Таъсири зиддипаразитарии он аз тасмакирмҳои калон то вируси гепатитро дар бар мегирад. Системаи ҳозима, нафаскашӣ ва асабро танзим мекунад. Чойи аз бобуна тайёршуда нӯшокии маъмул ба ҳисоб меравад. Хусусиятҳои зиддипаразитиаш он гоҳ зиёдтар мешавад, ки агар бобунаро ба занҷабил (гармдору) якҷо қиём кунанд. Олу. Қабати дохилии пӯсти он истифода мешавад. Доираи таъсири олу ба паразитҳо хеле васеъ аст. Таъсири зиддипаразитияш дар системаи асаб, ҳозима, нафаскашӣ, ва хунгард зоҳир мешавад. Аз пӯсти олу обпаз, шарбатҳо (дар шуш ба паразитҳо таъсир мекунанд) ва хокаҳо (250-500 мг ба як ҳиссаи хӯрок) тайёр карда мешавад. Қиёмҳои аз пӯсти олу тайёршуда рагҳои чашмро тоза мекунанд. Сирпиёз. Решаи асосӣ ё бехаш истифода мешавад. Таъсири зиддипаразитии он дар тамоми узвҳо ва системаҳои бадани инсон зоҳир мешавад. Доираи таъсири сирпиёз хеле васеъ аст - ягон паразите нест, ки онро нобуд карда натавонад. Онро дар хӯрок дар намуди хом ва пас аз коркарди гармӣ истифода мекунанд. Аз сирпиёз инчунин метавон қиёмҳо (ҷӯшонидан лозим нест!), хока (100-500 мг дар як ҳиссаи хӯрок), афшура ва равғани эфирӣ тайёр кардан мумкин аст. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН
62 | САЙРИ ОЛАМ
Ҷазираи Пасха Ҷазираи Пасха ҷазираи гумшудае дар ҳудуди Уқёнуси ором аст, ки аз Чили ба масофаи 4 ҳазор километр дур афтодааст. Наздиктарин ҳамсояи он ҷазираи дигари Питкэрн мебошад, ки он ҳам дар 2 ҳазор километрии он қарор дорад.
Н
оми ҷазира аҷиб аст, он аз ҷониби як голландие дар рӯзи якшанбе, ки ҷашни Пасха (ҷашни мазҳабии насрониён) буд, яъне 5-уми апрели соли 1722 кашф шудааст. Ин ҷазира аз вулқонҳои хомӯшшуда, кӯҳҳо, тепа ва марғзорҳо иборат аст. Дарёҳо вуҷуд надоранд. Манбаи асосии оби нӯшокӣ дар ин ҷазира оби борон аст, ки дар даҳонаи аз вулқон пайдошуда ҷамъ мешавад. Сокинони ин ҷазира макони зисти худро «нофи замин» (Те-питоте-хенуа) меноманд. Ин ҷазира кайҳост, ки диққати олимон ва дӯстдорони асрори табиатро ба худ ҷалб менамояд. Пасха бо ҳайкалҳои азимҷуссаи сангии худ, ки дар шакли сари инсонҳо сохта шуда, аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ «моаи» унвон мешаванд, машҳур аст. Бутҳои хомӯш бо вазни 200 тонна ва баландии 12 метр пушт ба сӯи уқёнус истодаанд. Дар ҳудуди ин ҷазираи асроромез дар маҷмӯъ 997 чунин ҳайкалҳо шуморида шудаанд. Ҳамаи ин «моаи»-ҳо яклухт мебошанд. Устоҳо ҳамаи онҳоро аз тафтаҳои мулоими вулқонии маъдангоҳи вулқони Рано-Рораку бунёд кардаанд. Қисми зиёди ин ҳайкалҳо ба майдони анҷом додани ҳар гуна расму оинҳо, ки ба забони мардуми таҳҷоӣ «аху» ном бурда мешавад, оварда шуда, аз санг ба сари онҳо кулоҳ «пукау» гузоштаанд. САРЗАМИН | апрел-июн | 2021
Тибқи назарияи олимон, дар аввал ин ҳайкалҳо чашм ҳам доштаанд. Сафедии чашми онҳоро аз марҷон ва сиёҳиашонро аз шишаҳои кабуди вулқонӣ сохтаанд. Мусаллам аст, ки ҷобаҷогузории ин ҳайкалҳо меҳнати зиёдеро талаб мекунад. Мувофиқи ривоятҳо, гӯё ин бутҳои сохташуда худашон ҳаракат мекардаанд. Вале таҳлилҳои илмӣ нишон дод, ки ин ҳайкалҳоро сокинони маҳаллӣ аз ҷое ба ҷое интиқол медиҳанд. Аммо бо чӣ усул, то ҳол номаълум аст. Дар соли 1956 сайёҳи норвегӣ Тур Хейердал оид ба ҷобаҷогузории ин ҳайкалҳо санҷише анҷом дод. Ин гурӯҳ бо табарҳои сангин як ҳайкали 12 тоннагиро сохта, тавассути банд онро дар рӯи замин ба ҷойи муайяншуда кашониданд. Барои он ки ҳайкал зарар набинад, аз ғулачӯбҳо истифода шуд.
Дар соли 1986 олими чех Павел Павел якҷо бо Тур Хейердал таҳқиқи дигаре анҷом доданд. Ин навбат 17 сокини маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳе як ҳайкали 20 тоннагиро сохта, ба ҷойи дигаре бурданд ва онро тавассути бандкашӣ ба шакли амудӣ гузоштанд. Бино ба назарияи Хейердал, сокинони аввалини ин ҷазира муҳоҷирон аз Перуи қадима будаанд. Ин сайёҳ уқёнуси Оромро аз соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ то Полинезия тавассути заврақи чӯбини «Кон-Тики» убур намуда, тасдиқ намуд, ки дар чунин шароит низ ҳиндуҳои амрикоӣ метавонистанд чунин масофаи бузургро тай кунанд. Сокинони таҳҷоии ин ҷазира ба ду қабила - «гӯшдарозҳо», ки ин ҳайкалҳоро сохтаанд ва «кутоҳгӯшҳо» ҷудо мешаванд. «Гӯшдарозҳо» ба он хотир ин
САЙРИ ОЛАМ | 63
унвонро гирифтаанд, ки дар нармии гӯшҳояшон ҳар гуна сангҳоро меовехтанд. Дар натиҷа баъзан нармии гӯшҳояшон то ба китфҳояшон мерасидааст. Дар аввал ин ду қабила ҳамзис тии осоишта доштанд. Баъдан вобаста ба тақсими заминҳо ва норасоии хӯрок байни онҳо ҷанг ҳои хунине сар задааст. Тибқи андешаи Тур Хейердал, ин ҳайкалҳо рамзи ҳиндуҳои сафед ҳастанд, ки аз Амрикои Лотинӣ ба ин ҷазира омада буданд. Баъди омадани аврупоиҳо шумораи аҳолии ин ҷазира коҳиш ёфт. Бештари онҳоро барои корҳои сиёҳ ба Перу интиқол медоданд. Айни замон дар ҷазира наздики 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Сатҳи зиндагии сокинон боло рафта, дар он фурудгоҳ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ бунёд шуда, сайёҳон фоидаи зиёде ба иқтисодиёти ин ҷазира ворид мекунанд. 2021 | апрел-июн | САРЗАМИН