САРЗАМИН
ИЮЛ - СЕНТЯБР | 2019 | WWW.ZAMIN.TJ
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Корҳои сохтмону васлкунӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 67 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.
ДАР ИН ШУМОРА:
Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид.
4 | "РОҒУН” - СОХТМОНИ САРНАВИШТСОЗ
“Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст. Эмомалӣ Раҳмон
Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН»
Муассис: Сармуҳаррир: Кумитаи давлатии идораи замин Сатторзода Гулчеҳра ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маннон
Ҳайати мушовара: Маҳмадтоир Зокирзода Абдуҷаббор Раҳмонзода Ориф Хоҷазода Бобишо Холзода Азизмамад Каримзода Садриддин Давлатзода Зикриё Абдуллозода Умариён Раҳмон Фақерзода
ДАР ИН ШУМОРА: 6-7
4-5
38-39
62-63
8-11
Ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон
12-14
Қудуми файзрези Сарвари давлат ба вилояти Суғд
18-19
Заҳмати шоиста мояи иззат аст
28-29
Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат
24-27
42-43
48-49
60-61
44-45
56-57
62-63
Ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон:Кӯшониён дар ҷойи аввал
Асрори себ: мевае, ки писанди хурду бузург аст
Танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ
20-23
Ҳайати эҷодӣ: Ҳафиз Раҳмон Манзар Раҳимов Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ
Таъсиси маркази омӯзишии бақайдгирӣ
Конститутсияи Тоҷикистон дар мавриди шахсият ва ҷомеа
52-53
Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгир: Заур Дахте Муродзода Нақиб
Суроға: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru
Дар матбааи ҶДММ «Полиграф Групп» ба табъ расидааст.
6 | ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ
Истиқлолият – ормони беш аз ҳазорсолаи тоҷикон Истиқлолият худмухтории сиёсии давлат буда, ба ин маъност, ки он тобеи давлати дигар набошад. Гоҳе ба гўш мерасад, ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатиашро ройгон ба даст овардааст. Чунин пиндор ниҳоят иштибоҳбарангез буда, ҷонибдоронаш онҳое ҳастанд, ки аз зеҳни таҳлилӣ ва аз гузаштаи ҳазорсолаи мардумамон бехабаранд. Борҳо гуфта шудааст, ки миллати тоҷик дар сайри таърихии чандҳазорсолаи худ аз оташҳои маргбори зиндагӣ гузашта, осебҳои сахттаринро аз сар гузаронидааст. Дар натиҷа марзҳои худро аз даст додааст, дар ҷое номашро аз байн бурдаанд, таърихашро дигарон барои ҳувиятсозии хеш аз худ кардаанд, ба забонаш дигаргуниҳо ворид карда, хостанд онро аз байн бубаранд, вале ин мардуми ба истилоҳи ховаршиноси шинохта Артур Кристенсен “ҷонсахт” бо ҳама ин носозгориҳои таърих бурдборӣ карда, худро то рўзгори имрўза, ки соҳиби давлати мустақил мебошад, расонидааст. Таърихнигорон саргузашти давлатдорӣ ва бедавлатиҳои тоҷиконро бад-ин тартиб фасл кардаанд: Замони куҳантарин – фаротаърихӣ: Замони авастоӣ; Замони куҳан- бостон: • Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён солаҳои 550-330 пеш аз мелод; • Салтанати Юнону Бохтариҳо (250-125 пеш аз мелод); • Сулолаи (парфяниҳо) Аршакиён (250 пеш аз мелод-224 мелодӣ); • Салтанати Кӯшониён (садсолаҳои I-IV); • Давлати эфталитҳо (Яфталиҳо) (садсолаҳои IV-VI); • Империяи (Шоҳаншоҳии) • Сосониён (солҳои 224-651); Замони (давраи) ислом: • Хилофати Уммавиҳо (солҳои 661-750); • Хилофати Аббосиҳо (солҳои 750-1258).
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Бояд ба ёд овард, ки ҳамлаварони араб сарзамини зисти тоҷиконро бо осонӣ ба даст наоварда буданд. Дар замонҳои хилофати Уммавиҳо ва Аббосиҳо соле набуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик силоҳ ба даст бар зидди истилогарони араб барнахоста бошанд. Дар замони зимомдории халифаҳои аббосӣ тамоми аъроб худро мутабаррук ва муқаддас ва ходимини ҳарамайн муаррифӣ мекарданд, андозу ҷизяи ҳангуфт ба дӯши ғайриарабҳо таҳмил мекарданд, то он рӯзгоре, ки сарафрозшерони Вароруду Хуросон гардан афрохта, барои нигаҳбонии аслу насаби тоҷикии хеш сар ба савдо гузоштанд. Ин ҳама таҳқиру ранҷ нахуст қиёми Абӯмуслими Хуросониро барангехт, вале бо макру ҳилаи ноҷавонмардонаи Мансури Аббосӣ Абӯмуслим ба қатл расонида шуд. Аммо бо ин аббосиён натавонистанд садди роҳи ҷунбишу қиёмҳои тоҷикон гарданд. Қиёмҳои интиқомҷӯёнаи пай дар пайи зиддиарабӣ ва зидди халифаҳои аббосии тоҷикон пас аз марги Абӯмуслим шиддати бештар гирифт. Пас аз Абӯмуслими Хуросонӣ Синдбод (756), Бӯ Осими Бустӣ (757), Сайид Ҷулоҳ (757), Ҳазини Риқо (758), Озарӯя, Марзбон, Муҳаммади Шаддод (767), Юсуфи Барам (776) бар зидди истилогарон бархостанд. Яке аз шӯришҳои чашмгири зидди истилогарони араб қиёми Сиси Бодғисӣ буд, ки бо дастгирии саросари аҳолии тоҷик Хуросон ва Марвро аз чанги аъроб раҳо кард,
вале дере нагузашта (соли 777) дастгир шуд ва дар Бағдод кушта гардид. Ҷунбиши дар таърих овозадори Ҳошим бинни Ҳакими Балхӣ, мулаққаб ба Ҳаким Муқаннаи ниқобпӯш аз Кеши Бухоро бархоста, бо номи «сапедҷомагон» ҳазорон ҳазор мусалмонону зардуштиёнро алайҳи халифаҳои аббосӣ барошуфт ва пас аз муборизаҳои 4-5-сола 2000 нафар пайравони Муқаннаъ ба рағми эътироз дар назди мардум худро оташ зада, ба арабҳо таслим нашуданд. Назар ба сарчашмаҳои арабӣ, дар миёни асрҳои VIII-IX мелодӣ дар Хуросон ва Вароруд 109 қиёми зиддиистибдодӣ сурат гирифтааст. Натиҷаи ин ҳама қиёмҳои хунини тоҷикон буд, ки соли 822 Тоҳири Пушанҷӣ истиқлолияти Хуросонро аз хилофати Бағдод эълом дошт. Сипас Яъқуб Лайси Саффорӣ истиқлоли давлати тоҷиконро эълон карда, ба ҷойи забони арабӣ забони порсиро расмӣ донист. Ҳама медонем, ки пас аз Яъқуб Лайси Саффорӣ ҳукумат ба дасти Сомониён гузашта, пойтахт ба Бухоро кӯч баст. Аммо халифаҳои аббосӣ ба ин ором нагирифтанд, зеро медонистанд, ки мардумони сарбаланди тоҷик гарчи дини исломро пазируфта бошанд ҳам, ба ҳукуматдории мустабидонаи аъроб тан надода, фарҳангу забони онҳоро қабул надоранд ва дур нест, ки рӯзе пайвастагиашонро бо Бағдод гусаста менамоянд, ҳамоно дар пайи ҷонибдории туркони ғазнавӣ ва қарахонӣ, барои аз тахт рондани тоҷикон
- гаштанд. Ҳамин буд, ки авлодони ғуломони турк бо сарварии Маҳмуди Сабуктегин рӯи кор омада, аз тарафи халифаҳои Бағдод «айнуддавла» (яъне чашми давлат) унвон гирифта ва ҳамон замон бо номаш хутба хонда шуд. Ин «айнуддавлаҳову носируддавлаҳо»-и биёбонгард, ки аз саҳроҳои Гоби ва кӯҳҳои Олой ба сарзамини обшорону сарсабзи Вароруд сарозер шуда буданд, аз фурсат истифода бурда, зери парчами ислом бо номҳои муқаддаси ислом тағйири ном карда, қасдҳои нопоки хешро бароварда сохтанд. Муҳаммад Қарахонӣ ва Муҳаммад Шайбонӣ ва сипас Темури ланги кўрагонӣ ба куштори фоҷиабори иронитаборони шиъимазҳаб ва аз ҷониби дигар, туркони салҷуқӣ ба қатли иронитаборони суннимазҳаб даст ёзиданд. Мо дар бораи қатлиомҳои ирониаслон бо баҳонаҳои муътазилӣ, рофизӣ, қарматӣ, исмоилӣ, махлуқияӣ, лафзияӣ, ҳашвияӣ ва ғайра борҳо гуфтаем. Фаромӯш нашавад, ки аъроб аз дониши тоҷиктаборон фаровон кор гирифтаанд, онҳоро дар нашри адабу дониш, густариши илмҳои ақливу шаръӣ ба кор бурда, тамоми китобу омӯзаҳои ба забонҳои паҳлавӣ ва порсӣ таълифгаштаро ба арабӣ баргардонданд ва ҳамзамон бо баҳонаи ҷорӣ кардани дини ислом бахши зиёдашонро, ки натавонистанд ба кишварҳои дур ҷилои ватан кунанд, аз дами теғ гузарониданд. Сухани Ибни Халдун, ки ишора бар ҳадис аст, «агар дониш ба ситорае аз ситорагони осмон овехта бошад, мардуме аз сарзамини порсиён ба он даст меёбанд», гарчи дар васфи мардуми андешагарои форс-тоҷик бошад ҳам, миллатгароёни араб фозилонеро чун Рӯзбеҳ писари Додбеҳ, Башорбард, Исмоили Ясор, ба таври куллӣ хонадонҳои Бармакӣ, Навбахтӣ ва донишмандони фарҳехтае чун Балозарӣ, Ҷабала писари Солим, Ҳушшом писари Қосим, Мўсо писари Исои Касравӣ, Зодуя писари Шоҳуяи Исфаҳонӣ, Муҳаммад
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ | 7 писари Баҳром писари Матёри Исфаҳонӣ, Баҳром писари Мардоншоҳ, Умар писари Фархон ва садҳои дигар, бо вуҷуди ислом пазируфтан ва дар баргардони китобҳои илмӣ корҳои ҳангуфтеро иҷро кардан, бо дасти халифаҳои аҳримансиришт кушта шуданд. Воқеан, дар ин миён донишмандони тоҷиктабор буданд, ки барои забони арабии то ҳанӯз бе қоидаҳои сарфу наҳв дастури забони арабӣ ва сарфу наҳви онро навиштанд. Бад-ин тартиб дар миёни солҳои 705-1005 сулолаҳои эрониву тоҷикон, аз ҷумла солҳои 705807 сулолаи Бармакиҳо, сипас солҳои 821-873 сулолаи Тоҳириҳо, солҳои 873-1003 сулолаи Саффориҳо ва солҳои 875-1005 сулолаи Сомониҳо дар Вароруд ва Хуросону Эрон ба таври мустақим давлатдорӣ карданд. Давлати Сомон байни солҳои 999-1005 дар натиҷаи ҳамлаи қабилаҳои туркони Қарахонӣ ва Ғазнавӣ, бо дастгирӣ ва ширкати халифаҳои араб аз байн меравад. Пас аз ин дигар садсолаҳо қавми фарҳангсолору донишовари тоҷик натавонист аз чатри соябахши истиқлол бархурдор бошад. Миллати тоҷик дар солҳои шомили Иттиҳоди Шӯравӣ будан (1929-1991) ба бисёр комёбиҳо ноил гардида буд, аммо ин ҳама дастовардҳо наметавонистанд истиқлолияти давлатии ӯро таъмин намоянд. Зеро ба сарнавишти миллат, гузаштаи таърихии чандҳазорсолаи он, густаришу инкишофи забону фарҳанг ва ҳувияти миллиаш аз пушти айнаки идеологияи шӯравӣ нигариста мешуд. Иқтисодиёт, ки дар чорчӯбаи нақшаҳои 5-сола рушд мекард, бештар ба истеҳсоли пахта нигаронида шуда, шумораи сохтмони мактабу донишкадаҳо ба таври боиста афзоиш намеёфтанд. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҷанги хонаводагӣ кашида шуд ва муддати 7 сол ба ҷойи навсо-
зии давлати худ чораву тадбирҳои расидан ба оромиву осудагӣ, баргардондани гурезаҳо, барқарорсозии харобаҳои ҷанг ва бунёди пояҳои давлати дунявиву даҳриро амалӣ мекард. Тоҷикистон дар зарфи 28 соли истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон гуфт бунёди давлати миллии худро ба таври шоиста анҷом дода, дар баробари расидан ба ҳадафҳои стратегие, чун баромадан аз бунбастҳои коммуникатсиониву энергетикӣ амнияти озуқавории кишварро таъмин намуда, ба саноатикунонии мамлакат пардохт. Он рӯзгороне наздик ба фарорасӣ мебошад, ки ҳама наврасону навҷавонони кишвар бо синфхонаҳои муҷаҳҳази замонавӣ пурра таъмин мегарданд. Тоҷикистон ба мамлакати истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ табдил хоҳад шуд. Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат то ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, барои бошандагони тамоми шаҳру деҳоти кишвар шароити шоистаи маишӣ-истироҳатӣ муҳайё гардида, гулгаштҳову боғу чаманистонҳои зебову ороста ва варзишгоҳҳои ҳозиразамон бунёд хоҳанд шуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашни муқаддас буда, нигаҳдошт ва устувории пояҳои он вазифаи нахустини ҳар шахси баору номуси кишвар мебошад. Мо ба ояндаи дурахшони Ватани худ - Тоҷикистони азиз боварӣ дорем ва тамоми талошу кӯшишҳо ба он равона мегарданд, ки дарахти истиқлолияти давлати мо ҳаргиз газанд наёфта, меваҳои пуртаровате ба самар орад, ки онҳо аз шарбати орзуву ормонҳои миллии тоҷикон саршор бошанд.
Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
8 | РАВНАҚИ СОЗАНДАГИҲО
Ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон
Аз шарофати истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар фазои оромӣ ва суботу осудагӣ пешрафт намуда, шароити зиндагии мардум ҳамасола беҳтар мегардад. Ин нуктаи муҳимро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон дар мулоқот бо сокинон таъкид карданд. Дар аснои ин сафар, ки рӯзҳои 6-8-уми августи соли ҷорӣ амри воқеъ шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила иншооти муҳимро ифтитоҳ намуда, барои бунёди чанд сохтмони нав санги асос гузоштанд. Мавриди таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талошҳои созандаи Сарвари давСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
лат шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонашон хеле беҳтар гардидааст. Хатти оби нӯшокие, ки дар ноҳияи Балҷувон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, мушкили сокинони ноҳияро ба оби нӯшокӣ бартараф намуд. Иқдоми мазкур дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ анҷом шудааст. Бунёди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот, агар аз як ҷониб татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати саноатикунонии мамлакат бошад, аз
ҷониби дигар, ба беҳсозии вазъи хизматрасонӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва бо ҷойи кор таъмин гардидани нафарони бешуғл мусоидат мекунад. Корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон», ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард мешаванд, имкон фароҳам меорад, ки сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра дар шакли суфтаву шаклгирифта бо сифати баланд ба фурӯш бароварда шавад. Беҳсозии вазъи коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ низ дар мадди назар қарор дошта, роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор
РАВНАҚИ СОЗАНДАГИҲО | 9
дода шуд, ки боиси хушҳолии сокинон гардид. Ифтитоҳи бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ, гулгашти муосир, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маркази хизматрасонии «Гулдастон», боғчаи кӯдакон, хобгоҳи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, толори кушоду барҳавои варзишӣ, тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон», корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор», майдончаи варзишӣ дар деҳоти Сари Хосор, бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии «Шайдон», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 дар деҳоти Сари Хосор ва меҳмонхонаи замонавии «Сари Хосор», ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпешаи
ин диёр дар кутоҳтарин фурсат бунёд гардиданд, барои зиндагии шоистаи сокинон шароити заруриро фароҳам меоранд. Ноҳияи Ховалинг дорои таърихи куҳан буда, симои он дар давраи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гардидааст. Кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар соли 2018-2019 дар майдони 8 ҳазору 161 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳориро дар асоси маслиҳати мутахассисон ва интихоби тухмиҳои баландсифат анҷом дода, аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Заҳматкашони ноҳия соли равон 751 тонна картоша, 146 тонна сабзавот, 302 тонна гӯшт, 1709 тонна шир, 2,6 тонна пилла, зиёда аз 7 ҳазору 276 тонна хӯроки дурушти чорво ба даст овардаанд ва ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Ноҳияи Ховалинг бо меваҳои хуштаъму лазиз ва асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю табобатиаш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа шуҳрат дорад. Ҳоло масоҳати боғҳо ба 3 ҳазору 42 гектар мерасад, ки аз ин 87 гектараш токзор мебошад. Боғпарварони ноҳия соли гузашта аз 1630 гектар боғоти ҳосилдеҳ 6 ҳазор тонна мева истеҳсол кардаанд. Аҳли заҳмати ноҳия аз ҳисоби талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҳамасола майдони боғҳоро васеъ мекунанд ва соли равон 137 гектар боғи нав бунёд кардаанд. Шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 143 адад мерасад ва ҳамасола то 60 тонна асали хушсифат истеҳсол мегардад. Тайи солҳои охир ба рушди моҳипарварӣ низ таваҷҷуҳ зиёд гардида, феълан дар 6 гектар ҳавз моҳӣ парвариш мешавад. Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошанд, ба ҳусни ноҳия ҳусни нав зам мекунад. Бинои навбунёди осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, меҳмонхонаи «Султон» дар ҳудуди мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунанд. Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг мавзеъҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ мавҷуданд, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари фарҳангпарвари мамлакат мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар онҳо барои меҳмонони дохилию хориҷӣ бамаротиб беҳтар гардидааст.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
10 | РАВНАҚИ СОЗАНДАГИҲО
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
РАВНАҚИ СОЗАНДАГИҲО | 11
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
12 | ИҚДОМОТИ ТОЗА ДАР ҶОДАИ САНОАТИКУНОНӢ
Қудуми файзрези Сарвари давлат ба вилояти Суғд
И
стиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон имконоти васеъро барои таъмини зиндагии шоиста фароҳам овард. Маҳз дар ҳамин давра вилояти Суғд дар ҳама соҳаҳои ҷомеа пешрафтҳои азимро соҳиб шуда, раванди созандагиҳо авҷ гирифтанд. Ҳадафи сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шиносоӣ бо кору зиндагии мардум ва ифтитоҳи як силсила иншооти нави таъиноти гуногун буд, ки аз 20-ум то 25-уми августи соли ҷорӣ амалӣ шуд. Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
дар баробари ифтитоҳи чандин иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию хизматрасонӣ, ҳамчунин бо сокинони ин ноҳияҳо мулоқот намуда, бо вазъи зиндагии аҳолӣ аз наздик шинос шуданд. Ифтитоҳи беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, биноҳои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали рақами 41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», суди ноҳия, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулода, ки бо иштироки
бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифтанд, дар фароҳам сохтани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва истироҳату фароғати сокинон мусоидати фаъол менамоянд. Акнун шаҳраки навбунёди Меҳрон бо такмили инфрасохтор ба як гӯшаи зебои ватани маҳбуб табдил ёфт. Давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия ҳамчунин дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳаллӣ нақши арзанда мегузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 170 миллион сомонӣ, аз ҷумла 81 миллион сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз
ИҚДОМОТИ ТОЗА ДАР ҶОДАИ САНОАТИКУНОНӢ | 13 ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар ноҳияи Деваштич низ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд. Дар ин ноҳия бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду навсозии 309 иншоот бо маблағи умумии беш аз 316 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 95 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар ноҳияи Зафаробод ба соҳаи кишоварзӣ диққати хоса дода мешавад. Хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саъю талош намуда, ҷиҳати боз
ҳам афзоиш додани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида тадбирҳои мушаххас меандешанд. Кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввал дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузарониданд, ки аз ин миқдор 5 ҳазору 767 гектараш ғалладона, 14 ҳазору 354 гектараш пахта, 1046 гектараш дигар зироатҳои равғандеҳ, 235 гектараш картошка, 567 гектараш сабзавот, 1223 гектараш полезӣ
ва 7 ҳазору 443 гектараш хӯроки чорво мебошад. Ҳамчунин дар ин давра 163 гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш 108,4
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
14 | ИҚДОМОТИ ТОЗА ДАР ҶОДАИ САНОАТИКУНОНӢ фоизро ташкил медиҳад. Ифтитоҳи бинои қасри фарҳанг, бинои нави кӯдакистони хусусии “Афсона”, Нишони давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, ки бо иштироки Роҳбари давлат дар ноҳияи Зафаробод сурат гирифт, армуғонҳои ҷашнӣ ба истиқболи солгарди навбатии истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамояд, ки Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил диҳад. Дар ҳамин замина дар ноҳияи Зафаробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти фермаи инноватсионии парвариши чорвои хурди шохдор - бузҳои зоти аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу панир шинос шуданд. Фермаи мазкур соли 2015 дар ҳудуди иншооти фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди кишвари Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт. Давоми солҳои 2016-2019 саршумори буз ҳамасола аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 100 сар модабузҳои ширдеҳанд. Фермаи махсуси бузпарварӣ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар доираи ин сафар ҳамчу-
нин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва иди харбуза, ангур ва оши палав дастовардҳои сокинони ноҳия муаррифӣ гардид. Дар ин сафар низ Пешвои миллат ба 300 нафар ятими кулл аз вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.
-
БАРАКАТИ ОБОДКОРИҲО | 15
Сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон С
олҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки шуруъ аз соли ҷорӣ боз давоми ду соли оянда дар Тоҷикистон идома меёбад, натиҷаҳои нахустинашро ба сокинони деҳоти Тоҷикистон рӯнамоӣ карда истодааст. Танҳо дар доираи як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки аз 10-ум то 12-уми сентябри соли равон идома ёфт, дар баробари иштирок дар тантанаҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин чандин иншоот ифтитоҳ гардида, ба бунёди як зумра иншооти дигар санги асос гузошта шуд. Дар ин сафар, ки мақсад аз он шиносоӣ бо вазъи зиндагиву фаъолияти сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ, Данғара ва шаҳри Кӯлоб якчанд иншоот мавриди ифтитоҳ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷи-
кистон қарор гирифт. Оғози лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод", ҳамчунин оғози тадбирҳои бунёдкорӣ дар самти такмили инфрасохтори роҳу нақлиёт дар вилоят бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дода шуд. Ҳамин тавр, ифтитоҳи бинои прокуратураи ноҳияи Муъминобод, осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи эҳёи саломатии беморони қалб, майдончаи варзишӣ, гузоштани санги асоси боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, ба истифода додани меҳмонхонаи "Муъминобод" дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳи баланд”, ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Муъминобод”, боздид аз боғи хоҷагии деҳқонии "Аминҷон" ва шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ "Махсуми Карим", ифтитоҳи меҳмонхонаи нав ва боздид аз обанбори Муъминобод, ки дар доираи ин сафар амалӣ шуданд, дар
самти беҳсозии кору хизматрасонӣ мусоидат хоҳанд кард. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Муъминобод сол то сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд. Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд. Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият ёфта истодаанд. Тӯли 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лубиё, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво гузаронида шудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат барои рушди ин ноҳия беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
16 | СОЗАНДАГӢ гардидааст. Тайи 15 соли охир дар ноҳияи Муъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ мегардад, ки маблағи то имрӯз азхудшуда беш аз 30 миллион сомониро ташкил мекунад. Дар доираи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 182 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст. Мардуми ноҳияи Восеъ низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дастоварду натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмону навсозии зиёда аз 230 иншоот ва дар ноҳияи Темурмалик 270 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Сари вақт амалӣ гардидани чорабиниҳои зикршуда ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард. Татбиқи лоиҳаҳои зикршуда, аз ҷумла бунёди роҳи Восеъ - Ҳулбук - Темурмалик - деҳоти
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Кангурт, инчунин бо иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ дар ду - се соли наздик ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик хеле зебо шуда, шароити зиндагии сокинони он бамаротиб беҳтар мегардад. Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки аз калонтарин ноҳияи кишоварзии мамлакат маҳсуб меёбад, инфрасохтори саноатии он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ такмил ёфт. Ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои хизматрасонию иҷтимоӣ ва варзишию таълимӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ноҳия сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳамчунин замин ба таври самаранок истифода шуда, ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ноҳияи Данғара ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Данғара, литсейи касбию техникӣ барои 320 нафар дар деҳаи “Баҳор”, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст
дар деҳаҳои “Розиён” ва “Баҳор”, хобгоҳи литсей бо 100 кати хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯш дар деҳаи “Баҳор”, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи “Рахшонзамин” ба истифода дода шуданд. Бо бунёди иншооти аз тарафи соҳибкорони саховатпеша оғозгардида бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ осон гардида, барои зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони ноҳия шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад. Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот боиси ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид. Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешсаф мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
СОЗАНДАГӢ | 17 давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд ва таъмиру навсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони 124 иншоотро ба анҷом расонидаанд. Дар шаҳри Кӯлоб низ дар доираи тадбирҳои бунёдкорӣ чор боғу гулгашт барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр ба истифода дода шуд. Илова бар ин, 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдою хизматрасонӣ ва корхонаи парандапарварӣ бо муҳайё сохтани 500 ҷойи кор ифтитоҳ гардида, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳаммияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшида шуд. Мебояд таъкид кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ 145 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Имсол дар майдони 10 ҳазору 409 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, 37, 5 гектар боғи нав бунёд гардидааст. Истеҳсоли сабзавот 24,6 ҳазор тонна, полезӣ 475 тонна ва мева 797 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Кишоварзон дар намоишгоҳ бо пешниҳоди навъҳои беҳтарини мева, картошка, каду, тарбуз, харбуза, пиёз, шалғаму сабзӣ, бодирингу помидор, зироатҳои ғалладонагӣ, намунаи гиëҳҳои шифобахш ва занбӯри асал собит намуданд, ки дар истифодаи босамари замин таҷрибаи хуб доранд ва барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъолу назаррас мегузоранд. 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
18 | ҚАДРШИНОСӢ
Заҳмати шоиста мояи иззат аст 29-уми августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қ
абл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат арҷгузорӣ мешавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҷашни имсолаи истиқлоли давлат бо дастоварду рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин ҷашни муборак дар саросари мамлакат тадбирҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он ободу зебо мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хушҳолии хешро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид намуданд. САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Ҳамин тавр, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Шафқат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Мояи ифтихор аст, ки миёни мукофотгирифтагон чанд нафар афроди шоиста аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд. Чунончи, Каримзода Азизмамад, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Толиби Мирзораҳим - директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе ва Баҳодур Абдуллозода - директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода бо медали “Хизмати шоиста” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд. Роҳбарият ва кумитаи иттифоқҳои касабаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарҷамъи кормандони ин ниҳоди давлатӣ шахсиятҳои муҳтарам - Азизмамад Каримзода, Толиби Мирзораҳим ва Баҳодур Абдуллозодаро барои сарфароз шуданашон бо чунин мукофоти давлатӣ самимона шодбош гуфта, барояшон тандурустиву фаъолияти бобарорро ба нафъи рушди соҳа ва умуман пешрафти Тоҷикистон азиз таманно мекунанд. Мукофот муборак, ҳамкорони арҷманд!
ҚАДРШИНОСӢ | 19
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
20 | НАВИД
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили инфрасохтор ва беҳсозии вазъи кору хизматрасонӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмон ва баистифодадиҳии биноҳои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро идома медиҳад. 12-уми сентябри соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар бинои Кумитаи идораи
замини ноҳияи Данғара мутахассисони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" ҷойгир мебошанд. Иншоот аз панҷ ошёна иборат
НАВИД | 21 буда, дорои 30 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, ҳуҷраи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, бойгонӣ, ошхона, толори техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои лозима иборат аст. Ҳамчунин ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои замонавӣ барои фаъолияти кормандон насб карда шудааст. Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмон бунёд карда шудааст. Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани кормандон бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 160 кВ насб шудааст. Гирду атрофи бино чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст. Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар робита ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ» сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳод гардид.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
22 | НАВИД
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
НАВИД | 23
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
24 | РӮЙДОДИ МУҲИМ ДАР ТОҶИКИСТОН
Иҷлосияи 41-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин
Бо шарофати истиқлол ва пиёда сохтани сиёсати дарҳои боз Тоҷикистон солҳои охир мизбони чандин чорабиниҳои муҳимми сатҳи минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Яке аз чунин тадбирҳо – баргузории Иҷлосияи 41-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин буд, ки рӯзҳои 17-19-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе воқеъ гардид. Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, намояндагони ҳайатҳои расмӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Фаъолияти Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин ба он нигаронида шудааст, ки фазои ягонаи геодезиро дар ҳудуди давлатҳои иштирокчӣ фаъол созад ва бо табодули таҷриба ва пешниҳодоти мушаххас оид ба беҳсозии фаъолияти марбут ба харитасозӣ, геодезия ва кадастр ба пешравиҳо ноил гардад. Ҳамкории зич ва ҳалли якҷояи масъалаҳои мубрам дар самти геодезия ва харитасозӣ кафили
рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ниҳодҳои геодезӣ дар доираи ИДМ мебошад. Ин аст, ки таъсиси чунин як ниҳод дар фазои ИДМ имкон фароҳам овард, ки аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, дар самти харитасозӣ ва кадастр ба пешравиҳои назаррас ноил гардем. Ҳамкориҳои тарафайн, дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин боис мегардад, ки бо рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, маълумотҳои маконӣ ва вазифаҳои татбиқшуда дар доираи Гурӯҳи корӣ шинос
РӮЙДОДИ МУҲИМ ДАР ТОҶИКИСТОН | 25
шаванд ва вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда мушаххас созанд. Мушаххасгардонии бюллетени электронии тағйироти номҳои ҷуғрофии давлатҳои аъзои ИДМ, натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Луғати вожаҳои замонавӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, низоми иттилоотӣ, ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин», ки дар ҷаласаи қаблӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, дар ин чорабинӣ натиҷагирӣ ва қарорҳои марбута дар самти татбиқи онҳо қабул карда
шуданд. Дар хусуси омодасозии мутахассисони соҳа, баланд бардоштани сатҳи касбияту тахассус ва аз нав омодасозии мутахассисон иштирокчиён аз давлатҳои ИДМ андешаҳои худро баён намуданд. Бо назардошти он ки синни миёнаи харитасозон ва геодезистон 50 солро ташкил менамояд ва норасоии мутахассисон ба назар мерасад, масъалаи омода намудани кадрҳои ҷавон дар ин соҳа аз масоили муҳимми баррасишуда дар ин нишаст буд.
Қарор шуд, ки ҷиҳати фиристодани ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои соҳавии кишварҳои узв, махсусан Федератсия Россия квотаҳо ҷудо карда шавад. Бо шарофати фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ раванди ҳамкориҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар масъалаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин ба сатҳи нав ва болотар баромад. Барои татбиқи амалии ин ҳама тадбирҳо нақши иҷлосия назаррас буда, амалисозии инфрасохто-
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
26 | РӮЙДОДИ МУҲИМ ДАР ТОҶИКИСТОН ри мушаххас дар самти таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ боис мегардад, ки як системаи комили геодезӣ байни давлатҳои ИДМ фароҳам оварда шавад ва ҳамчунин оид ба мубрамсозии тағйири номҳои ҷуғрофии объектҳо дар ҳудуди давлатҳо чорабиниҳои мушаххас андешида шавад. Тавре зикр шуд, дар мавриди омодасозии кадрҳо ва ҳамчунин тақвият бахшидани хамкориҳо байни ниҳодҳои марбута низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамкории тарафайн оид ба таҳияи меъёрҳои фаъолият рушди назарраси симметрӣ ва банизомдарории хизматрасонии соҳавиро дар самти геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатҳои ИДМ таъмин менамояд. Ин ҷаласа ҳамчунин имкони мусоидеро фароҳам сохт, ки аъзои Шӯрои байнидавлатӣ тавонистанд оид ба шароитҳои беҳтарини
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
инноватсионӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми мушоҳидаи фосилавии замин ва масоили гуногуни муҳимми соҳа миёни ҳам мубодилаи афкор намоянд ва мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро ҳаллу фасл созанд. Илова ба ин, бо мақсади шиносоии ҳайати меҳмонон бо зебоиҳои табиати Тоҷикистони биҳиштосо ва маконҳои тамошобобу таърихӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ амалӣ карда шуданд. Бояд гуфт, ки давоми таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар самти омӯзиши замин, махсусан геодезия осори мондагор гузоштаанд, ки то ҳол дастурамали онҳо мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор дорад. Абӯалӣ ибни Сино, Ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон дар рушду тақвияти ин соҳа саҳми назаррас гузоштаанд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон геодезия рушд намуда, бо шарофати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва истифода аз таҷрибаи олимону мутахассисони худӣ ин соҳа хеле тараққӣ кардааст. Дар ҷаласа 11 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аз ҷумла: 1. Амалисозии қарори ҷаласаи 40-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин ва дастовардҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ин соҳа. 2. Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳа дар бораи инфрасохтори маълумотҳои фаромиллӣ. 3. Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар хусуси системаи координат ва баландӣ дар давоми баргузории ҷаласа. 4. Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти номгузории ҷуғро-
РӮЙДОДИ МУҲИМ ДАР ТОҶИКИСТОН | 27 фӣ ва мубрамсозии бюллетени электронии тағйирдиҳии номҳои ҷуғрофӣ дар ИДМ. 5. Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти коркарди «Луғати истилоҳоти муосир, ки дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва системаи маълумотҳои ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин». 6. Фаъолияти ниҳоди пойгоҳии ИДМ - Донишгоҳи геодезия ва харитасозии Москва. 7. Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти коркарди пешниҳод дар хусуси сертификатонӣ ва қонунигардонии фаъолият дар бозори меҳнати соҳавӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҳуҷҷатгузорӣ оид ба такмили ихтисос дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин дар давраи то ин ҷаласа. 8. Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти идораи маълумотҳои ҷуғрофӣ дар давраи байни ҷаласаҳо.
9. Табодули таҷрибаи пешқадам ва навоварӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин. 10. Интихоби Раиси Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин барои давраи то соли 2020
ва санаи баргузории ҷаласаи 42юм. 11. Қабули ҳуҷҷати ниҳоии Шӯрои 41-уми байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
28 | ҚАДАМЕ ҶОНИБИ БЕҲБУДӢ
Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин дар Ваҳдат
Д
ар чорчӯбаи тадбирҳои бунёдкорие, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Кумитаи идораи замин мавриди истифода қарор дода шуд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки иншооти мазкур дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нав, ки дар он шароити мусоиди корӣ ва таҷҳизоти навтарин мавҷуд аст, аз ҳисоби маблағҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд шудааст. Тадбири мазкур имкон фароҳам месо-
зад, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар бахши заминсозӣ беҳтар гардад. Замин моликияти истисноии давлат буда, самаранок истифода шудан ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов яке аз ҳадафҳои аслии Кумитаи идораи замини шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёбад. Дар шаҳр барои ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва талу теппаҳо дар асоси барномаи махсус раванди обёрӣ ва ба замини киштбоб табдил додани майдонҳое, ки солҳо боз имкони кишт кардан дар онҳо вуҷуд надошт, идома дорад.
ҚАДАМЕ ҶОНИБИ БЕҲБУДӢ | 29
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
30 | НАВГОНИҲО ДАР ДЕВАШТИЧ
Шароити мусоиди кор тавассути ифтитоҳи бинои нав
Д
ар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар бинои тозабунёд барои САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
кормандон беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 19 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва толорҳои хизматрасонӣ мебошад. Қаблан кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Деваштич бинои худро надоштанд ва иҷоранишин буданд. Барои таъмини кормандон бо ҷойи кор ва шароити мувофиқ бинои бекорхобида дар маркази ноҳия баъди ҳуҷҷатгузорӣ пурра ба тавозуни Кумитаи идораи замини ноҳия
гузаронида шуд ва баъди навсозӣ барои кормандон шароити мусоид фароҳам гардид. Навсозии бинои мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Барои навсозии ин иншоот беш аз якуним миллион сомонӣ сарф шуд. Корҳои таҷдиду навсозии ин биноро 60 нафар кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Кордон-2010» дар муҳлати 11 моҳ бо сифати баланд анҷом доданд. Ҳамакнун бо фароҳам омадани
НАВГОНИҲО ДАР ДЕВАШТИЧ | 31 шароити арзандаи корӣ кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Деваштич кӯшиш менамоянд, ки сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар намоянд. Айни замон дар Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Деваштич 50 мутахассис фаъолият менамоянд.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
32 | ҶАШНВОРА
Истиқболи истиқлол дар Кумита
28 сол муқаддам миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузургу муқаддас - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Ҳамасола 9-уми сентябр дар саросари кишвар ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих бо камоли ифтихору сарфарозӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Д
ар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ баромад намуда, кормандони Кумитаи давлатӣ ва дар симои онҳо мардуми шарафманди кишварро бо ин санаи таърихӣ табрик намуданд. Тавре дар баромади ширкатдорони чорабинӣ зикр шуд, дастоварди бузургтарини тоҷикон дар тӯли 28 соли истиқлолият барқарории сулҳу суботи комил ва ваҳдати
суратгир: Заур Дахте
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст. Ҳамзамон раванди корҳои ободониву бундёкорӣ тақвият ёфта, рушди шаҳру деҳоти мамлакат бо бунёди ҳазорҳо иншооти таъиноти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва маорифу тандурустӣ таъмин гардид.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо қабул ва татбиқи як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муносибат ба истифодаи замин низ беҳтар гардид. Замин ба соҳиби аслии худ, яъне деҳқон вогузор шуд, ки ин тадбир рушди соҳа ва фаровонҳосилиро дар кишвар таъмин намуд. Ҳамзамон шаклҳои нави хоҷагидорӣ ба миён омад. Шинохти дурусти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин раванд ҳоло низ идома ёфта, мунтазам ба хотири баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии насли наврас тадбирҳои мусоидаткунанда амалӣ мешаванд. Дар идома гуфта шуд, ки истиқлолият шарафу номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Дар дунёи мураккаби муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангсозу сулҳпарваранд, зиндагии осоишта, тарзи ҳаёти озоду осуда ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми ҳамешагии худ ҳисобида, ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш мераванд. Ин аст, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон кишвари моро ҳам-
ҶАШНВОРА | 33 чун давлати тозаистиқлол ва дар ҳоли рушди устувор қарордошта, миллати тоҷикро ҳамчун миллати таҳаммулгарову сулҳпарвар мешиносанду арҷ мегузоранд. Истиқлолияти давлатӣ назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихӣ гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, тақвияти раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум мебошанд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала мо ба ин ҳадафҳои олӣ ноил гардида истодаем. Дар идомаи чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори КВД
«Фабрикаи харитасозӣ» Хусанов Ҳусейн аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар вазъи тантанавӣ мукофоти давлатӣ - медали "Хизмати шоиста" супорида шуд.
Ҳамчунин ба кормандоне, ки дар фаъолияти меҳнатӣ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардидаанд, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
34 | ШАРОИТ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Муъминобод
Б
инои нави Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, шароити мусоиди кориро барои кормандони ин ниҳод фароҳам месозад. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи беш аз 600
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
ҳазор сомонӣ дар зарфи 11 моҳ бо сифати баланд сохта шудааст. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Муъминобод ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок намуданд. Тавре таъкид шуд, ҷиҳати самаранок истифода кардани заминҳо дар доираи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳконӣ дар ноҳияи Муъминобод тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, Кумитаи идораи замин дар самти
қонунигардонии истифодаи замин, мақсаднок истифода бурдани майдонҳои кишт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои дур мондани заминҳо аз кишт ва ғайримақсаднок истифода шудани заминҳои корам низ талош ба харҷ медиҳад. Дар бинои нав 10 утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, як маҷлисгоҳ ва дигар шароити мусоиди корӣ мавҷуд буда, умед аст, ки вазъи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" ва кормандони Кумита беҳтар мегардад.
ШАРОИТ БЕҲТАР МЕГАРДАД | 35
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
36 | ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА
ИДИ АНГУР Аз 17-уми августи соли 2019 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба имзо расид. Мутобиқи ин санад, ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр иди себ баргузор карда мешавад. Имсол 31-уми август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди ангур доир гардид. Иди ангур ва намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ангурпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Зиёда аз 190 навъи ангур, аз ҷумла «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед»,
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
«чиллагӣ», «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» ва ғайра ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Ҳакамон аз рӯи 4 номгӯй – «Беҳтарин хоҷагии ангурпарварӣ», «Беҳтарин дастурхони маҳсулоти аз ангур тайёршуда», «Беҳтарин гӯшаи маслиҳатдиҳӣ ба ангурпарварон» ва «Беҳтарин хӯшаи ангур» ба дастранҷи ангурпарварони мамлакат баҳо доданд. Дар он аз рӯи номгӯи «Беҳтарин хӯшаи ангур» хоҷагии ангурпарварии ноҳияи Турсунзода «Ҳоҷӣ Неъмат» (вазни як хӯшаи ангур 9 кило) ғолиб омад. Сокинону меҳмонони ин намоиш
навъҳои гуногуни ангур ва маҳсулоти аз он омодашударо бо нархҳои дастрас хариданд. Тибқи омор, майдони умумии боғу токзори мамлакат 158,941 гектар мебошад, ки 103 494 гектараш мевадиҳанда аст. Ҳамасола хоҷагидорону боғпарварон бо усулҳои интенсивию суперинтенсивӣ майдони боғу токзори кишварро афзоиш медиҳанд. Тоҷикистонро беасос сарзамини биҳиштӣ наменоманд. Донишмандон мегӯянд, ки дар диёри мо беш аз 200 навъи ангурро парвариш кардан имконпазир аст. Кишоварзону соҳибкорон алҳол ба парвари-
ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА | 37 ши 50 навъи ангур машғуланд. Дар ҷараёни ид иттилоъ дода шуд, ки майдони токзори қаламрави ҷумҳурӣ ба 38 106 гектар расидааст, ки аз он 33 258 гектараш мевадиҳанда аст. Аз майдони умумии боғу токзори мамакат соли 2018 447 935 тонна мева истеҳсол гардидааст, ки аз он 241 902 тоннааш ба заминҳои токзори кишвар рост меояд. Ҳамасола дар баробари таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ, ин меваи хуштаъму лазиз ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад. Ин раванд барои муаррифии иқтидори содиротии мамлакат ва ба даст овардани даромади бештари иқтисодии деҳқонон замина мегузорад. Ҳамин аст, ки барои содироти ангур хоҷагидорону соҳибкорони мамлакат ҳавасманданд. Ангур дар таркиби маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи намоён дорад. Дар доираи барномаҳои давлатӣ, рушди бахши кишоварзӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида ҳамасола масоҳати боғу токзор дар кишвар зиёд мешавад. Дар ин замина имсол хоҷагидорони кишвар иловатан дар масоҳати 194,3 гектар токзори нав бунёд намуданд. Мавриди зикр аст, ки баргузории ин
чорабинӣ бо ширкати намояндагони хоҷагиҳои ангурпарвари шаҳру навоҳии мамлакат барои таъмини фаровонҳосилӣ, табодули таҷриба ва ба ин васила қадрдонӣ намудани таҷрибаи пешқадами соҳа мусоидати фаъол менамояд. Қобили зикр аст, ки ҷашнвора ва фестивалҳои ангур ҳар сол дар бисёр кишварҳои олам, мисли ИМА, Канада, Италия, Чехия, Чин, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Олмон, Исроил, Кипр, Арманистон, Молдова, Руминия, Португалия ва ғайра доир карда мешавад.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
38 | АНДЕШАҲО ДАР БОБИ ИСТИҚЛОЛ
ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ, Истиқлолият аз ҷумлаи дастоварди бузурги миллати тоҷик аст, ки баъди ба он ноил гардидан рушди ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ дар ҷомеа таъмин гардид. Дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар густариш ёфта, рушди босуръати иқтисоди миллӣ ба амал омад ва сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид, ки ин аз шарофати истиқлолият ва оромии сартосарии кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад. Дар баробари бахшҳои дигар дар соҳаи заминсозӣ низ усулҳои нав ба миён омада, марҳала ба марҳала мушкилоту нофаҳмӣ дар истифодаи замин аз миён рафт ва замин ба соҳиби аслиаш вогузор гардид. Фатҳулло Ҳурматзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон
Истиқлолияти давлатӣ омили муҳимми муттаҳидӣ ва таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ ва рушди бемайлони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ буда, дастоварди беназири миллати тоҷик дар охири асри 20 ба ҳисоб меравад. Натиҷаи соҳибистиқлолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ аст, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд ва ислоҳот шинохта шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Қонунгузорӣ дар самти танзими ҳаққи истифодаи замин ва тақсими он ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи самаранок, ки ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуда буд, натиҷаҳои самаранок ба бор овард. Ҷамшед Умарзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо қабули барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи рушди устувор ворид гардид. Ҳамзамон бо ин, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ, яъне сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд. Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Ҷамшед Обидзода, сардори Раёсати корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ
Ҳар сокини мамлакат вазифадор аст, ки ба истиқлолияти кишвар эҳтиром дошта бошад. Зеро дар заминаи ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва фазои орому осудаи кишвар мо ба пешравиҳои зиёд ноил гардидем. Муҳимтар аз ҳама, зиндагии мо дар фазои оромии сартосарӣ пеш меравад. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон рушди давлатдорӣ, инкишофи илму маърифат ва расидан ба ҳадафҳои олии миллиро дар ҷомеа таъмин месозад. Ҳоло дар кишвари мо ин ҳама дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ба миён омадааст. Корҳои ободонӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва таъмини шароити арзанда барои ҳар як сокини кишвар бо шарофати истиқлолият таъмин гардидааст. Аминбек Ҷумазода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
АНДЕШАҲО ДАР БОБИ ИСТИҚЛОЛ | 39
ИФТИХОР АЗ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ХЕШ АСТ Соҳибистиқлолӣ ҳамчун неъмати бебаҳо насиби миллати куҳанбунёди тоҷик гардида, баъди ҳазорсолаҳо асолати ин миллатро насибаш гардонд. Давлати навини тоҷикон таҳти роҳбари фарзонафарзанди тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи рушд қадам ниҳод ва марҳала ба марҳала иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу варзиш тақвият пайдо намуда, ба роҳи тараққиёти комил рӯ ниҳод. Беҳсозии вазъи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар бахшҳои гуногун низ рӯ ба рушд овардааст. КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», ки танзимгари истифодаи амволи ғайриманқули шаҳрвандон аст, дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Муҳаббатшо Алиев, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Ваҳдат Истиқлолият дар баробари ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти саросарӣ ва тамомияти арзии кишвар аз ҷумлаи арзишҳои тақдирсози давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки сокинони кишвар нисбат ба ин неъмати бузург эҳтироми зиёдеро қоил буда, баҳри пойдории он ҳамеша талош менамоянд. Мо, кормандони соҳа, низ дар доираи имконияти худ кӯшиш мекунем, ки барои пешрафти мамлакатамон саҳм гузорем.
Салим Абдуалимзода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Қубодиён
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолият ва ваҳдати комил татбиқи босамари раванди сулҳ, вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистонро ба самти нави рушд раҳнамун кард, ки дар меҳвари он талошҳои пайгиронаву хастанопазири роҳбарияти олии мамлакат меистад. Низоми давлатдорӣ бар пояи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ истеҳком ёфт, мавқеи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон намоён гардида, эътибори он дар сатҳи байналмилалӣ афзуд. Ин дастовардҳо моро водор менамояд, ки дар кадом соҳае набошад, бо дасту дили пок ва барои боз ҳам рушд додани кишвар фаъолият намуда, вазифаҳои хизматии худро саривақт иҷро кунем. Нуриддин Шарифзода, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Хуҷанд Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва иқтисодаш бевосита ба ин соҳа гиреҳ хӯрдааст, пас танзими истифодаи дурусти замин омили муҳимми таъмини амнияти озуқаворӣ буда, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо эълон шудани он ки Тоҷикистон аз кишвари сирф аграрӣ бояд ба як кишвари саноатӣ-агарарӣ табдил дода шавад, боз ҳам соҳаи кишоварзӣ ва рушди он, махсусан самаранок истифода шудани замин дар мадди аввал меистад. Дар ин самт кормандони зерсохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо анҷоми кору вазифаи ба зиммадоштаашон саҳм мегузоранд. Навҷавон Раҷабзода, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Темурмалик 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
40 | АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ
Навсозии боғу гулгаштҳои пойтахт Дар ҳар гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ бо авҷу суръати тоза идома доранд. Дар баробари бунёди иншооти гуногунтаъиноти маъмуриву хизматрасонӣ, истиқоматӣ ва майдончаҳои варзишӣ ҳамзамон навсозии боғу гулгаштҳои мавҷуда низ ҷараён дорад.
А
йни замон дар пойтахт 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ ва 14 гулгашт мавҷуд аст, ки давоми ду соли охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идора, кумитаву ташкилот ва соҳибкорон пурра навсозӣ гардида, шароити зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт фароҳам шудааст. Ин раванд давоми соли 2019 низ дар пойтахт идома ёфт. Мавриди зикр аст, ки сол то сол бо роҳандозии тадбирҳои мусоидаткунанда ва татбиқи барномаҳои ободонӣ дар доираи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душан-
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
бе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳр ба таври бесобиқа дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла дар соҳаи ободонӣ низ рушд намудааст. Соли равон гулгашти кӯчаи Неъмат Қарабоев низ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат пурра навсозӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонида мешавад. Мавзеи якуми ин гулгашт баъди таъмиру таҷдид мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити
зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар расми ифтитоҳи он иштирок намуданд. Таъмиру навсозии ин гулгашт бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахт ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки вазорату идораҳои мамлакат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабу-
АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ | 41
дизоркунии гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва чароғонкунии гулгашт воқеъ дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ вобаста гардида буд. Лоиҳаи корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва чароғонкунии гулгашти мазкур аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия гардид. Тибқи лоиҳа, масоҳати умумии гулгашт 8200 м2 буда, масоҳати роҳраву гузаргоҳҳо 150 м2 ва майдони кабудизоркунӣ 8050 м2-ро ташкил медиҳад, ки он бо риояи қоидаҳои агротехникӣ сабзазор гардонида шудааст. Корҳои тоза намудани мавзеи гулгашт аз сангу шағал ва алафҳои бегона, ҳамвор кардани замин барои кишти алафҳои ҳамешасабз, шинондани ниҳолҳои ороишӣ ба таври ҳашар аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти зерсохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба анҷом расонида шуд. 172 адад
ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст ва 10 ҳазор адад ниҳоли арчаи навъи туяи шарқӣ аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии мамлакат дастрас гардида, мувофиқ ба қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд. Обёрии гулгашт низ замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир дар асоси шартномаи дуҷонибаи миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Хайрбунёд»-и ноҳияи Фирдавсӣ амалӣ гардид. Инчунин корҳои васлу насби панҷараҳои ороишӣ, ободонӣ ва чароғонкунии гузаргоҳҳои пиёдагард мувофиқи лоиҳа ба роҳ монда шуд, ки шабонгоҳ ин мавзеъро ҷолибу тамошобоб менамояд. Дар ҳудуди гулгашт аз ҷониби масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист муҷассамаву нимпайкараҳо, аз ҷумла амсилаи ҳайвоноти нодири кишвар насб шудааст. Дар ин ҷо як пайкараи товус, ду пайкараи гӯсфанди Марко Поло, ду пайкараи бузи пармашох ва ду пайкараи шабпарак насб гардидаанд. Дар гулгашт ҳамзамон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ аз
ҷониби сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад. Дар ин мавзеи дилфиреб сокинон бо гаштугузор ва иштирок дар барномаҳои фароғатӣ хотироти хешро болида менамоянд. Сокинони шаҳрро зарур аст, ки бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ аз ин ва дигар гулгаштҳо истифода намуда, барои ҳамеша сарбсазу обод нигоҳ доштани шаҳр талош намоянд. Барои саҳм гузоштан дар ободонӣ ва саривақт иҷро намудани навсозии гулгашт ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ба китобхонаи кумита «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тақдим карда шуд. Бо навсозии ин гулгашт барои сокинони пойтахт боз як макони истироҳату фароғат муҳайё шуд. Ин тадбирҳо ҷиҳати ободонӣ имкон фароҳам овард, ки шаҳри Душанбе ҳамрадиф ба шаҳрҳои пешрафтаи олам гардида, макони сайру сайёҳат барои меҳмонони хориҷӣ шавад. Раҳими Карим 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
42 | ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ
Самараи меҳнати софдилона Пахта аз навъҳои стратегии маҳсулоти кишоварзӣ буда, саҳми он дар рушди иқтисоди мамлакат ниҳоят калон аст. Бо оғози мавсими тирамоҳ дар тамоми навоҳии пахтакори кишвар ҷамъоварии ҳосил шуруъ шудааст. Ноҳияи Кӯшониён дар вилояти Хатлон аз калонтарин ноҳияи пахтапарвар маҳсуб меёбад. Кишоварзон бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво ҷамъоварии ин ганҷи бо ранҷи зиёд парваридаашонро ба роҳ мондаанд.
Ҳ
амарӯза корвонҳои пурбори тиллои сафед, ки заҳматкашони ноҳия аз пахтазорон ҷамъоварӣ мекунанд, ба нуқтаҳои қабул равона карда мешаванд. Натиҷаи талошҳои шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникиву таҷрибаи пешқадам аст, ки хоҷагидорони ноҳия ҳосили фаровони пахтаро парвариш намуда, имрӯз аз маҳсули меҳнаташон қаноатманданд. Танҳо дар давоми як рӯз чинакчиёни ноҳия 102 тонна пахтаро ба нуқтаҳои қабул супориданд. То кунун дар ин ноҳия дар маҷмуъ, 15 ҳазору 462 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, ба корхонаи коркарди пахта - ҶДММ “Бохтар-Инвест-Коттон” супорида шудааст. Натиҷаи заҳмати муташаккилонаи хоҷагидорони ноҳияи КӯшоСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
ниён самар овардааст, зеро имрӯз онҳо байни дигар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят дар истеҳсолу ҷамъоварии пахта дар ҷойи намоён қарор гирифтаанд. Азбаски асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, хоҷагидорони ноҳия ба кишт, истеҳсол ва фурӯши яке аз зироатҳои пурқимати стратегӣ - пахта дилгармии зиёд доранд. Масъулини соҳа эҳсос намудаанд, ки аз парвариши ин зироати техникӣ манфиати зиёд ба даст меоранд, шуруъ аз таъсиси ҷойҳои корӣ то ба фаъолияти густардаи корхонаҳои коркарди пахта, ки ашёи хомро ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил медиҳанд. Хоҷагидорони ноҳияи Кӯшониён соли равон дар майдони 11 ҳазору 300 гектар замин пахта парвариш
намуданд ва имрӯзҳо дар саҳро пахта саросар шукуфтааст. Айни замон чинакчиён бо шавқи беандоза пайи ҷамъоварии тиллои сафед мебошанд. Бо назардошти таҷриба аз солҳои қаблӣ имсол низ кишоварзон аз тухмиҳои серҳосили ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла навъҳои «Хатлон-2014» ва «Ориён» истифода намудаанд. Дар майдонҳои пахтаи ноҳияи Кӯшониён ҷамъан 2,5 ҳазор чинакчӣ машғули кор мебошанд ва ҳаққи меҳнати худро тибқи нархномаи муқарраргардида ба даст меоранд. Ин аст, ки онҳо бо дасту дили гарм барои ҷамъоварии беталафи дастранҷи худ заҳмат мекашанд. Ҳавасмандии саҳмдорон ва пардохти саривақтии маблағи чиниш имкон додааст, ки
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ | 43
ҳосили пахта имсол беталаф ҷамъоварӣ гардида, ба корхонаҳои коркард супорида шавад. Хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти "Бохтариён" ва "Навбаҳор" дар ҷамъоварии ҳосили пахта пешсаф буда, майдони кишти ин зироати техникиро нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд намудаанд. Натиҷаи тадбирҳои андешидаи кишоварзон буд, ки ҳосил дар пахтазор зиёд аст ва имкон аст, ки аз ҳар як гектар аз 30 то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Мувофиқи нақша бояд кишоварзони ноҳия истеҳсоли пахтаро ба 25 ҳазор тонна расонанд.
Конибодом 2019 2019| июл-сентябр | январ-март | САРЗАМИН
44 | ЗАРФИЯТҲОИ РУШД
Асрори себ: мевае, ки писанди хурду бузург аст
Б
а касе пӯшида нест, ки ҳама навъи меваҷот барои саломатии инсон манфиат дорад. Мева барои инсон манбаи асосии ғизо ба шумор меравад. Дар таркиби меваҷот вобаста аз навъ ва муҳлати пухта расидани онҳо аксар намудҳои қанд - фруктоза, сахароза, глюкоза - 10-25 фоиз, кислотаҳои органикӣ, аз қабили кислотаҳои лимон ва себ - 0,5 - 3,5 фоиз, моддаҳои даббоғӣ 0,07-0,3 фоиз, об - 80-83 фоиз, сафеда - 10-25 фоиз, витаминҳои А, В1, В12, С, Р, РР ва дигар маводи хушбӯй мавҷуд мебошанд. Инчунин дар таркиби меваҳо калий, натрий, калсий, фосфор, сулфур, магний, оҳан, алюминий, манган, бор, йод, мис ва ғайра аз 0,4 то САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
0,9 фоиз вуҷуд доранд. Себ яке аз меваҳои аз қадимулайём маъмулу маъруфи инсоният буда, маркази пайдоиши он Осиёи Марказӣ, Кавказ, Чин ва шимоли Амрикост. Он ба авлоди «мalus» ва оилаи «настараниҳо» мансуб аст, ки зиёда аз 50 авлод ва садҳо намудҳоро дар бар мегирад. Қисми зиёди навъҳои саноатии имрӯзаи себ аз навъҳои худрӯй пайдо шудаанд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се барномаи рушди соҳаи боғдорӣ қабул карда шуд, ки дар натиҷаи иҷрои пурраи онҳо дар
мамлакат зиёда аз 150 ҳазор гектар боғҳои мева ва дар 38 ҳазор гектар токзор бунёд карда шуданд, ки нисбат ба солҳои 90-ум дуним маротиба бештар аст. Майдонҳои умумии себ дар дунё беш аз 5 миллион гектар буда, зиёда аз 20 ҳазор навъи себ вуҷуд дорад ва истеҳсоли меваи он бошад, дар ҷаҳон қариб 80 миллион тоннаро ташкил менамояд, яъне себ баъди истеҳсоли растаниҳои ситрусӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Истеҳсолкунандагони асосии себ давлатҳои Чин, ИМА, Туркия, Лаҳистон ва Франсия мебошанд. Дар Тоҷикистон қариб 50 ҳазор гектар себзор вуҷуд дорад, ки 40 ҳазор гектари он боғҳои ҳосилдиҳан-
ЗАРФИЯТҲОИ РУШД | 45 даанд. Истеҳсоли умумии себ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Минтақаҳои асосии себпарварии саноатӣ дар ҷумҳурӣ Рашт, Ҳисор, Кӯлоб, Суғд ва ВМКБ ба шумор мераванд. Минтақаи Рашт ба истеҳсоли навъҳои зимистона ва тирамоҳии себ мувофиқ аст. Дар Ҳисор навъҳои зимистона, тобистонии бармаҳал ва тирамоҳиро мепарваранд. Дар Кӯлоб навъҳои зимистона ва тирамоҳӣ, қисман тобистонаи себ парвариш карда мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳии Суғд навъҳои тирамоҳӣ ва зимистонаи себ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони навъҳои тирамоҳӣ ва зимистона парвариш меёбад. Дар ҷануби Тоҷикистон асосан навъҳои тобистонаи пешпазаки себ парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон навъҳои саноатии интродуксияшудаи себ - старкримсон, голден делешес, ред делешес, ҷонатан, корей, ренет симеренко, фуҷӣ, суперҷиф, гранни смит, галла, голден-би ва ғайра истеҳсол мешавад. Навъи себҳое, ки мардуми тоҷик дар боғҳои худ мепарваранд, аз қабили нахустсамарқандӣ, хубонӣ, ҳусни Юсуф, қосимсаркорӣ, арбобмирзоӣ, кулчасеб, пахтасеб, шоҳисеб, ордаксеб, толибӣ, маликӣ, махмурӣ, понғозии сурх, рахшсеб, кадусеб, зардсеби тобистона, ғармии ҷигарранг, ғармии сероб, сафедсеб, муллораҷабӣ, пешпазаки хушбӯй, зардсеби зимистона, тирамоҳии сурх, ҷавпазак, сурхак ва ғайра лаззату таъми гуворо доранд. Бояд гуфт, ки себ аҳаммияти ғизоӣ ва шифоӣ дошта, таркибаш аз қанд (15%), туршиҳои органикӣ (0,85%), витаминҳо, моддаҳои даббоғӣ, микроэлементҳо ва аз дигар унсурҳои фаъоли биологӣ иборат мебошад. Дар ҷумҳурӣ парвариши себ дар солҳои охир бо тарзи интенсивӣ ба роҳ монда шудааст ва ин амал имконият медиҳад, ки маҳсулнокии боғоти себ баланд ва сифати
меваи он беҳтар гардад. Гузаштан ба ин шакли боғдорӣ имкон фароҳам овардааст, ки даҳҳо ҳазор гектар заминҳои обӣ барои кишти дигар зироатҳо истифода шаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳолати гузаштан ба технологияи нави бунёди боғҳо истеҳсоли мева афзун, иқтидори содиротии
кишвар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гашта, қисми зиёди аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин мегарданд. Саидалӣ Гулов, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
46 | ЗАМИН - ГАНҶИ БЕБАҲО Абдураҳмон Халилов, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2
Огоҳӣ аз қонунгузории замин масъулиятро меафзояд Замин сарвати бебаҳои табиат ва инсон аст. Ҳифзи захираҳои замин ва истифодаи ҳадафмандонаи он аз масоили муҳимми соҳаи кишоварзии замони мост. Соҳаи кишоварзӣ яке аз манбаъҳои асосии таъминкунандаи саноати хӯрокворӣ ва сабук бо маҳсулоти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки мегӯянд, кишоварзон моро на танҳо бо хӯрок, инчунин бо либос низ таъмин мекунанд. Аз замонҳои хеле дур, аз он вақте, ки инсон сарнавишти худро бо замин пайванд намуд, заминро чун манбаи ризқи хеш васф кард, ҳадафмандона аз он истифода кард ва барои насли ояндаи хеш масоҳати онро тавассути кандани корезҳо ва ҷӯйборҳо васеъ намуд. Вазифаи асосии қонунгузорӣ дар бораи замин ҳифз ва оқилона истифода намудани бузургтарин ганҷи табиати мо – замин аст. Бахусус, барои мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳо ва танҳо 7 фоизи онро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳанд, муносибати бомасъулият ва дилсӯзона ба замин амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25уми июли соли 2000 таҳти рақами № 355 “Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ” ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дорад, ки иҷрои он на танҳо қарзи виҷдон ва шаҳрвандии масъулони соҳа, инчунин тамоми шаҳрвандони кишвар низ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати дастрас гардонидани замин ба кишоварзон, инчунин ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани истифодаи он тамоми санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин як қатор барномаҳои стратегиро вобаста ба истифодабарӣ ва исСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
лоҳоти замин қабул намудааст. Дар тӯли 28 соли истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар бо қарорҳои худ бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ зиёда аз 135 ҳазор гектар заминро ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода, ба ин восита барои беҳтар кардани манзили зисти 1 млн. 400 ҳазор нафар шароити мусоид фароҳам овардааст. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, чунон ки дар Паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад. Истифодаи дурусту мақсадноки заминҳои кишоварзӣ ва бештар намудани масоҳати онҳо аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, ба ин васила таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадафи стратегии давлат ба шумор меравад. Дар ин замина Пешвои миллат дар Паё-
машон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 мақомоту идораҳои дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав барои беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти он чораҳои қатъӣ андешанд. Дар шароити кунунии Тоҷикистон истифодаи заминҳои корами ҳосилдиҳанда ва дастрасӣ ба обҳои ҷории фаровон аз имконоти муҳиммест, ки кишоварзони тоҷик ба шарофати истиқлолият ба он мушарраф гардидаанд. Иқлими Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияҳои ҷанубии он, шароитеро ба кишоварзон офаридааст, ки метавонанд дар як сол аз заминҳои хеш се ҳосил ба даст оваранд. Илова бар ин, ба мушоҳида мерасад, ки маърифати сокинони кишвар нисбат ба замин ва истифодаи он боло рафтааст. Имрӯзҳо бо ташаббуси наҷиби Пешвои
миллат аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо боғпарварон майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивиро мунтазам зиёд карда, аз ҷониби кишоварзон азхудкунии заминҳои нав бештар шудааст, ки ин амал бо назардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин менамояд. Кишоварзони тоҷик хуб дарк кардаанд, ки танҳо истифодаи босамари замин метавонад мушкилоти иқтисодии онҳоро ҳал намояд. Аммо боз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки баъзе шаҳрвандони кишвар нисбат ба замин беэътиноӣ карда, барои ҳосилхезгардонии он чораҳо намеандешанд. Заҳбуру заҳкашҳо сари вақт тоза карда намешаванд ва заминҳои корами обӣ ба ҳадафе, ки қонунгузории замин вобаста ба истифодаи онҳо муайян намудааст, мувофиқат намекунад. Ғайр аз ин, санҷишҳои прокурорӣ ва таҳлили вазъи риояи қонунгузорӣ оид ба истифодаи замин нишон медиҳанд, ки то ҳол қонунвайронкуниҳо, аз қабили истифодаи ғайримақсаднок, худсарона ишғол кардан, ғайриқонунӣ додани заминҳо ва дигар амалҳои зиддиҳуқуқӣ ба назар мерасанд. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб дар миёни шаҳрвандон бо ташаббуси Прокурори генералии Ҷумҳурии
ЗАМИН - ГАНҶИ БЕБАҲО | 47
Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Ю.А. Раҳмон барои пешгирии қонунвайронкуниҳо дар истифодаи замин нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералӣ таҳия ва тасдиқ шудааст. Ҳадаф аз таҳияи чунин чорабиниҳо баргузории суҳбату вохӯриҳо бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин бо роҳбарият ва кормандони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, меъморӣ, ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҷеъ ба риояи қонунҳо дар бораи замин ва истифодабарии он аст. Аз суҳбату вохӯриҳо ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маълум гардид, ки баъзе заминистифодабарандагон аз муҳтавои қонунҳои қабулшуда дар мавриди замин ва истифодаи он огоҳии дуруст надоранд. Дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои ҳосили хуб доданашон бояд хоҷагидорон чорабиниҳои мелиоративӣ, агротехникӣ, агрокимиёвӣ ва фитосанитариро сари вақт гузаронида, ҷиҳати ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори дохилӣ
ва содироти он чораҳо андешанд. Қобили қайд аст, ки муносибатҳои кишоварзӣ дар шароити имрӯзаи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳимро иҷро менамоянд. Чунон ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ мо метавонем худро бо маҳсулоти ғалладонагиҳо, меваю сабзавот, гўшту шир ва дигар намудҳои озуқа пурра таъмин намоем. Дар тӯли асрҳо инсоният ин ҳақиқатро барои худ кашф карда, ки замин дар ҳақиқат ягона манбаи ризқ ва қонеъ гардонидани талаботи зисту зиндагонияш будааст. Инсон барои пурсамар истифода бурдани замин роҳҳо ва усулҳоеро кашф кард, то замин барояш ҳосили бештар диҳад ва ба ин васила ба зиндагии босаодат бирасад. Истифодаи мақсадноки замин ҳамон вақт имконпазир мешавад, ки агар заминҳо мувофиқи таъйиноти худашон истифода карда шаванд. Имрӯз барои кишоварзони Тоҷикистон шароити мусоид ҷиҳати босамар истифода бурдани замин фароҳам омадааст ва танҳо моро зарур аст, ки дар ин ҷода пойбанди қонун бошем. 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
48 | ИСТИФОДАИ ҚОНУНИИ ЗАМИН
Танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Нурзода Муҳаммаднабӣ Маҳмадалӣ, прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 3
Қабул гардидани чандин барнома, стратегия ва консепсияҳо оид ба масъалаи замин, махсусан заминҳои таъиноти кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба ин сарвати табиӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Илова бар ин, дар ҳама Паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои марказиро мушкилоти ин соҳа ташкил медиҳад. Қабул гардидани Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аз 1-уми августи соли 2012, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030 аз 1-уми декабри соли 2016, Консепсияи САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Дар шароити Тоҷикистон муносибати дуруст ба замин гувоҳи масъулияти баланди шаҳрвандист. “Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад”, - қайд кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 14137907 гектар замин мавҷуд аст ва аз ин миқдор 4706050 гектарашро заминҳои таъиноти кишоварзӣ ташкил менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлолиятро ба даст овардан танҳо дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 22 санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал қабул кардааст, ки онҳо метавонанд дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор меравад, нақши назаррас дошта бошанд. Ҷумҳурии мо аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ ҷумҳурии аграрӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳифзи онро таъмин намояд. сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6-уми феврали соли 2018 ва ғайра гувоҳи амалигардонии сиёсати давлат дар соҳаи заминдорист. Аз истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиии кишвари азизамон, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ рушди иқтисодиёти мамлакат вобастагии калон дошта, бо инкишофи муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, гузариш ба шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва кооперативҳои тиҷоратӣ муносибатҳои вобаста ба замин, аз ҷумла иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Зеро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тавассути шартномаи иҷора, ин заминҳо, яъне моликияти истисно-
ии давлатро истифода баранд. Қонунгузор механизмҳои ба манфиати халқ кафолат додани истифодаи замин, алалхусус заминҳои таъиноти кишоварзиро бо роҳҳои гуногун танзим намуда, мувофиқи муқаррароти моддаи 626-уми Кодекси гражданӣ ва 14-уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шаклҳои маъмули заминистифодабарӣ - иҷораро муқаррар намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ баҳсҳои зиёд вуҷуд дошта, теъдоди онҳо рӯз то рӯз афзун шуда истодаанд ва яке аз сабабҳои асосии он ба таври дахлдор амалӣ нагардидани тартиби бастани шартномаҳои иҷора ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба намудҳои таъиноти замин имрӯз дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои гуногуни шартномаи иҷораи қитъаи замин баста мешавад. Аз ҷумла, шартнома оид ба иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, чарогоҳ, барои сохтани иншоот, бино (барои сафоратхонаҳо, биноҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра) ва аз ҳама маъмултаринаш иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ реҷаи махсуси истифодабарӣ ва ҳангоми ба иҷора додан хусусиятҳои хос дошта, бояд талаботи махсус риоя карда шаванд. Аз ин лиҳоз, моддаи 14-уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба иҷора додани қитъаи заминро аз тарафи заминистифодабарандагони аввалиндараҷа муқаррар намуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи иҷора истифода мебаранд, истифодабаран-
ИСТИФОДАИ ҚОНУНИИ ЗАМИН | 49 дагони дуюминдараҷа эътироф мешаванд. Иҷораи қитъаи замин танҳо дар асоси шартномаи иҷора амалӣ карда шуда, тартиби бастани он тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Махсус қисми 6-уми боби 33-юми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон "Иҷораи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва дигар захираҳои табиӣ" ном гирифта, хусусияти бастани шартномаи иҷораи қитъаи замин тибқи моддаи 686-уми Кодекси мазкур танзим карда мешавад. Қонунгузор муҳлати ба иҷора додани заминро то 20 сол муқаррар намудааст. Дар муносибатҳои заминҳои таъиноти кишоварзӣ шартномаи иҷора дар шакли хаттӣ баста шуда, муҳлати аққали он аз як навбати майдони киштгардон камтар буда наметавонад. Таъиноти замини иҷоравиро тағйир додан мумкин набуда, агар иҷорагири қитъаи замин ҳамаи уҳдадориҳои худро дар муҳлати
муайяншуда иҷро намуда бошад, баъди ба охир расидани шартнома барои минбаъд бастани шартномаи иҷора ба муҳлати нав нисбат ба дигар шахсон бартарӣ пайдо мекунад. Дар баробари ин, имкониятҳои истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои ҳосили хуб ба даст овардан хоҷагидоронро шарт ва зарур аст, ки чорабиниҳои мелиоратвӣ, агротехникӣ, агрокимиёвӣ ва фитосанитариро саривақт гузаронида, ҷиҳати ҳосилхез гардонидани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори дохилӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд. Дар шароити кунунӣ барои истифодаи мақсаднок ва оқилонаи замин тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, танҳо зарур аст, ки меъёрҳои қонун дар ин ҷода риоя карда шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
50 | ОЧЕРКИ МУХТАСАР
Умре дар хидмати Ватан Ӯ аз даҳсолагиаш ба обу замин ва хоки зархези диёраш дил баста буд. Ба сабзиши ҳар гиёҳу растанӣ, ҷараёни оби наҳру ҷӯйбори канори деҳа, фаъолияти аввалин истгоҳҳои обтаъминкунӣ, ки дар водии паҳновари Вахш бунёд гардида буданд, диққат медод. Мунтазам ба даштҳои беканор, ки ба тозагӣ аз қамишу ботлоқзор тоза карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида буданд, ҳамроҳи падар мерафт. Ба ҳар падидаи нав - насосу пойгоҳҳои обкашӣ, рӯдхонаҳои навпайдои миёни заминҳои корам бо ҳисси баланди кунҷковӣ наззора мекард. Ҳамин муҳаббату дилбастагӣ ба обу замин ӯро баъди хатми мактаб - соли 1959 ба факултети гидромелиоративии ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур овард. Соли 1964 Абдуллоҷон Аҳмадов ин муассисаи олии касбиро бо тахассуси муҳандис - гидротехник хатм кард. Давоми солҳои донишҷӯӣ мудом пайи ҷустуҷӯ ва навовариҳо буд. Супоришҳои омӯзгоронро сари вақт иҷро намуда, дар давраи таҷрибаомӯзӣ бештари вақти худро дар истеҳсолот мегузаронд. Талош менамуд, ки донишҳои назариашро дар амал сайқал диҳад. Ҳамин тавр, даврони тиллоии умри ӯ, яъне замони донишҷӯияш ба истилоҳ бо як мижжа задан гузашту ӯ соҳиби ихтисос гардида, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба истеҳсолот омад. Абдуллоҷон Аҳмадов фаъоСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
лияти меҳнатии худро баъди хатми донишгоҳ ҳамчун муҳандис - гидротехник оғоз намудааст. Номбурда то соли 1972 дар муассисаи сохтмони шабакаҳои обӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахш ба ҳайси устои минтақа, муҳандис, сармуҳандис ва роҳбари ташкилот ифои вазифа намудааст. Давоми солҳои 1972-1974 дар вазифаи сардори Иттиҳодияи обёрии водии Вахш низ фаъолият кардааст. Ин марди накуном новобаста аз вазифаю мақомаш ҳамчун мутахассис дар сохтмони иншооти обрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, нигаҳдории роҳҳо, навсозию барқарор намудани роҳу пулҳо ва муассисаҳои маданию равшаннамоии водии Вахш фаъолияти пурсамар намуда, ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ шарафёб гардидааст. Натиҷаи заҳмати пайваста-
аш буд, ки ӯро соли 1984 ба вазифаи вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Дар ин давра сохтмони иншоотҳои азими обёрӣ ва роҳсозии кишвар, аз ҷумла бунёди нақби обгузари Данғара, шабакаҳои обёрии Хоҷа Боқирғон, Сомғор, навбати дуюми даштҳои Қумсангиру Зафаробод, заминҳои мавзеи Қародум, Бешкент, водии Рашт ва 47 пули ноҳияи Панҷ амалӣ гардида, ба ин васила барои беҳтар намудани некуаҳволии мардум шароити мусоид фароҳам гардид, ки бевосита дар саргаҳи ин ташаббусҳо нақшаву чорабиниҳои таҳия ва татбиқнамудаи Абдуллоҷон Аҳмадов қарор доштанд. Дар соҳаи заминсозӣ низ ин мутахассиси ботаҷриба фаъолият намудааст. Соли 1992 дар вазифаи Раиси Кумитаи ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
кор кардааст. Чун умре бо обу замин ва истеҳсолот пайванди ногусастанӣ дошту аз ҷумлаи мутахассисони варзида ва соҳибтаҷрибаи ин соҳа буд, аз соли 1999 то соли 2013 дар вазифаи сардори майдони илмӣ-истеҳсолии Колхозободи муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон” фаъолият намудааст. Давоми солҳои роҳбарии ӯ ин маркази илмиву истеҳсолӣ ба дастовардҳои шоён ноил гардида, лоиҳаву нақшаҳои назаррасро дар обёрии заминҳо таҳияву татбиқ намудааст, ки онҳо барои рушди кишоварзии мамлакат мусоидат намудаанд. Абдуллоҷон Аҳмадов дар тӯли фаъолияти хеш дар рушду равнақи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар ҳамчун мутахассиси кордон, роҳбари ғамхор, шахси поквиҷдону дилсӯз саҳми назаррас гузошта, баҳри ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ хизматҳои босазо намудааст. Дар урфият мегӯянд, ки ҳама гуна кору амали нек подошу қадрдонӣ дорад. Давлату Ҳукумат хизматҳои шоистаи Абдуллоҷон Аҳмадовро ба назар гирифта, ӯро бо орденҳои “Байрақи Сурхи Меҳнат”, “Дӯстии халқҳо”, медали “Шуҷоат”, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, медали ҷашнии “15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонидааст. Ин марди некному поквиҷдон 5 фарзандро соҳиби маълумот намудааст, ки ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолияти назаррас доранд ва бо пайроҳаи падар роҳ мепаймоянд. Барои расидан ба ин ҳама муваффақият саҳми ҳамсар ва ҳамқадами ҳаётии ӯ - омӯзгор,
ОЧЕРКИ МУХТАСАР | 51
Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Муҳтарама Дадабоева назаррас мебошад. Ин бону дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас 47 сол заҳмат кашида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Дар ин баробар ҳамеша ҳамнишину ғамхор ва дар зиндагӣ такягоҳи Абдуллоҷон Аҳмадов мебошад. “Дар умри 80-солаи худ каму беши зиёдеро дидам. Дар вазифаҳои гуногун фаъолият кар-
дам. Ҳамеша барои пешравии кишвари маҳбубам ва хушбахтии мардуми сарбаландам дар доираи имконияту тавони худ кӯшиш кардам. Дарёфтам, ки заҳмати пайваста ва кору фаъолияти поквиҷдонона шахсро обрӯманду сарфароз ва ба қуллаҳои баланди мурод мерасонидааст...” Ин хулосаи пандомӯзи Абдуллоҷон Аҳмадов барои ҳар каси мансуб ба ин ватан қобили пайравӣ ва ибрат гирифтан аст. 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
52 | ДАР ЗАМИНИ КАМ НИҲОЛОНИ ЗИЁД
Таваҷҷуҳ ба боғҳои интенсивӣ дар Шаҳристон
Б
оғу токпарварӣ дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо амалӣ намудани барномаҳои махсус ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ дода шуд. Дар ноҳияи Шаҳристон низ ба соҳаи боғдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Дар ноҳия айни САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
замон 927 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 727 гектарашро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд. Дар парвариши себ хоҷагидорон таҷрибаи ғанӣ доранд. Натиҷаи таҷрибаи чандинсола ва инчунин усулҳои муосири парвариши ниҳолҳо имкон фароҳам сохт, ки боғдорони ноҳия аз себҳои маҳаллӣ ҳосили фаровон рӯёнанд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби мутахассисон бунёди боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда шуд, ки парвариши мева дар чунин боғҳо нисбат ба боғҳои анъанавӣ бартарияти зиёд дорад. Чунон ки мутахассисон баён медоранд, дар чунин боғҳо дар майдони 1 гектар аз 1,5 то 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда
шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 300-500 сентнериро ташкил медиҳад, ки ҳосили онҳо 4-5 маротиба нисбат ба боғҳои анъанавӣ бештар аст. Инро ба инобат гирифта, хоҷагидорони ноҳия дар майдони 8 гектар боғи интенсивӣ бунёд намудаанд, ки аллакай ин боғҳо низ ба ҳосил даромадаанд. Дар ҳоли муваффақ шудан дар бунёди чунин боғхо марҳала ба марҳала майдони чунин боғот васеъ гардонида мешавад. Дар маҷмӯъ, хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон талош менамоянд, ки бо гирифтани ҳосили дилхоҳи сабзавоту меваҷот бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
МАСЪУЛИЯТ | 53
2019 | апрел-июн | САРЗАМИН
54 | ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҚТИСОД
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон ояндаи бузург дорад Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми августи соли равон бори нахуст дар Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019” баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳим намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 нафар аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Форуми мазкур дар чор бахш: “Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, сайёҳӣ омили муҳимми густариши робитаҳо”, “Сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва фарҳанСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
гию таърихӣ”, “Сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва рекреатсионӣ” ва “Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва паёмадҳои иқтисодии онҳо” ҷараён гирифт. Иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои номбурда андешаҳо ва пешниҳодоти мушаххаси худро роҷеъ ба беҳсозии вазъи соҳа баён доштанд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ мекунанд. Доираи ҳамкориро бо кишварҳои
хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд. Дар доираи баргузории ин тадбир ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ сурат гирифта, дар фарҷоми он 40 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расид. Ин санадҳо паҳлуҳои гуногуни бахши сайёҳиро фаро гирифта, чорчўбаи ҳамкориҳои байналмилалиро васеъ мегардонанд. Дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ бо назардошти масъалаҳои баррасишуда,
ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ИҚТИСОД | 55 фикру мулоҳизаҳои иброзгардида ва хулосаҳои ҷамъбастӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳороти махсус қабул гардида, тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд. Дар доираи баргузории нахустин Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» 8-уми август барои меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии сатҳи баланд Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон, назири Қалъаи Ҳисор, Варзоб ва Норак тамошо ташкил намуд, ки дар он рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ меҳмононро ҳамроҳӣ карданд. Ҷараёни боздиди меҳмонони хориҷӣ ва таассуроту андешаҳои онҳо дар бораи мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ инъикос гардиданд. Ҳамчунин дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ташкил шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шуданд. Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019”, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва таҳти сарпарастии сарвари Федератсияи
футболи Тоҷикистон баргузор гашт, бори дигар имконияти хуби муаррифӣ ва баррасии захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ дар масири Шоҳроҳи абрешим нишон дода, ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшид ва дар зеҳни меҳмонон аз кишвари мо таассуроти нек боқӣ гузошт. Мавриди зикр аст, ки иштирокчиёни нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019” пешниҳод намуданд, ки Форуми байналмилалии сайёҳӣ ба рушди босуръати сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳамчун бренди сайёҳӣ дар солҳои минбаъда ба ҳукми анъана дароварда шавад.
2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
56 | МУАРРИФИИ МЕВАИ ТОҶИКИСТОН
ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОҒДОРӢ «ЭКСПО - 2019» Боғдорӣ аз соҳаҳои муҳимтарини кишоварзӣ буда, инкишофи ҳамаҷонибаи ин соҳа на танҳо ба қонеъ намудани эҳтиёҷоти мардум ба озуқаворӣ дар дохили мамлакат, балки барои содироти мева ба хориҷи кишвар ва дарёфти манфиати иқтисодӣ низ мусоидат мекунад. Дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон боғдорӣ ояндаи хуб дорад ва истифодаи пурсамари имконоти боғдорӣ метавонад машғулияти мардумро ба кори замин бештар ва даромади аҳолиро афзунтар намояд.
Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин хусус чунин ибрози андеша кардаанд: «Бояд аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигаҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд. Зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад». Бояд қайд кард, ки афзуншаСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
вии майдонҳои боғу токзор дар заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо ҳамасола мушоҳида мегардад ва ин сабаб шуда, ки як қисми маҳсулоти ин соҳа ба содирот нигаронида шудааст. Тоҷикистон аллакай чандин сол аст, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дастовардҳои хешро дар соҳаи боғдорӣ муаррифӣ мекунад. Соли ҷорӣ низ Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «ЭКСПО-2019» таҳти унвони «Боғдорӣ дар рушди деҳот» маҳсулоти соҳаи боғдориро муаррифӣ кард. Майдони намоишгоҳи «ЭКСПО-2019» зиёда аз 500 гектарро ташкил намуда, дар шаҳри Янҷинг - 70 километр дуртар аз шаҳри Пекин воқеъ шудааст. Намоишгоҳ аз ду қисмат - намоишгоҳи беруна ва намоишгоҳи дарунӣ иборат мебошад. Майдони барои Тоҷикистон ҷудогардида дар қисмати давлатҳои Осиё ҷойгир шудааст. Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷистон дар ин тадбири сатҳи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногуни олам мутантану пуршукӯҳ оғоз гардид. Ҳамагон дар Намоишгоҳи байналми-
лалии боғдорӣ «ЭКСПО-2019» ба гӯшаи Тоҷикистон ташриф оварда, бо неъматҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Намояндагони халқияту миллатҳои гуногуни дунё дар ин намоишгоҳ ба меваҳои лазизи тару хушки Тоҷикистон мароқи калон зоҳир намуданд. Бояд гуфт, ки меваҷоти Тоҷикистон бино ба сабаби шароити мусоиди парвариш – обу хоки файзбахш, бидуни доруворию лавозимоти кимиёвӣ пухта расиданаш таъму лаззати гуворое дорад ва ин ҷиҳат иштирокдорони намоишро аз мамолики мухталифи олам бетараф нагузошт. Аксарияти тамошогарон баъди чашидани меваҳои Тоҷикистон якдигаррро таблиғ мекарданд, ки ин навъи хоси меваҷот аст ва бояд ба кишварҳояшон ворид карда шавад. Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин 30 навъи меваҷотро дар шаклҳои тару хушк пешниҳод намуд. Танҳо дар рӯзи аввали намоиш гӯшаи Тоҷикистонро тақрибан 23 ҳазор нафар тамошо карданд. Ҳарчанд дар давлатҳои гуногун мева парвариш карда шавад ҳам, меваи дар Тоҷикистон истеҳсол-
МУАРРИФИИ МЕВАИ ТОҶИКИСТОН | 57 шаванда бо бартариҳои табиияш тадриҷан шуҳрати оламгир пайдо мекунад. Инро таваҷҷуҳи меҳмонон ба гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «ЭКСПО-2019» собит намуд. Дар гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «Экспо-2019» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дастовардҳои соҳаи энергетикаву сайёҳӣ ва имкониятҳои васеъ барои тараққӣ додани ин ду соҳа дар оянда, фарҳанги миллӣ, адабиёти гуногуни тозанашр ва зиёда аз 30 навъи маҳсулоти боғу токпарварӣ ҳамарӯза дар шакли хушк ва тару тоза муаррифӣ карда мешавад. Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «ЭКСПО-019» барои рушди ҳамкориҳо ва пайдо гардидани шарикони нави тиҷоратӣ имконияти мусоид фароҳам меорад. Аллакай соҳибкорони тоҷик барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо, содир кардани меваҳои хушки Тоҷикистон ва тақвият додани робитаҳо дар ин самт созишномаҳои зиёдеро имзо кардаанд. Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «ЭКСПО-2019» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 6 моҳ давом мекунад. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ 110 давлати дунё имкониятҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард.
#visittajikistan
Зимни баргузории рӯзҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии боғдории «Экспо-2019» намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз равобити хубу ҳасанаи дуҷониба, ки бо сиёсати созандаи сарони ҳарду давлати ба ҳам дӯсту бародар ба даст омадаанд, ёдовар шуданд. Дар намоишгоҳ бо иштироки ҳунармандони тоҷик барномаи мукаммали фарҳангӣ низ манзури ҳозирин гардонида шуд. Халқияту миллатҳои гуногуни олам тавонистанд бо фарҳанги миллати тоҷик шинос ва ҷаҳони маънавии худро ғанӣ созанд. 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
58 | САФАРНОМА
Дар оғӯши модаронаи табиат Дунёро тавре сохтаанд, ки ҳар касеро завқест махсус, дилбастагиест ба ин ё он навъи муҳит. Зиёданд нафароне, ки шаҳрро дӯст медоранд, дар оғӯши шароити мусоид барои кор ва фароғаташ хешро чун дар лонаи зиндагӣ эҳсос мекунанд. Аз муҳити пурғавғову пуршӯри шаҳр лаҳзае берун шаванд, андӯҳи гарон домангирашон мешавад. Аммо… дар ин росто ҳастанд касоне, ки дар оғӯши деҳоти кӯҳистон ҳамчунин одат кардаанд, ба кӯҳу талу доманаш, ба дарахтзору обҳои сарду ширини чашмасорону шаршараҳояш, ба зимистони ниҳоят шадид ва баҳору тобистони биҳиштмонандаш ончунон меҳр бастаанд, ки ба сони гӯшту нохун онҳоро аз ҳам наметавон ҷудо кард. Образнок бигӯем, онҳо худро чун тифлакони даруни гаҳвораи модар эҳсос мекунанд, агар табиати диёрашон-
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
ро ба гаҳвора ташбеҳ бидиҳем. Ман чунин эҳсосоти наҷибро дар вуҷуди як оилае аз деҳи дурдасти Афардӣ, аз ҷамоати Сари Хосор пай бурдам ва поинтар аз ҳаёти ин оила хоҳам гуфт. Вале ҳоло мехоҳам аз таассуроти наҷиби сафари охирам ба Сари Хосор чанд калима бигӯям… Ба ин мавзеи афсонавӣ рафтан ҳоло чандон осон нест… Нақлиёти махсус лозим аст, то ки сангобро убур кунӣ. Аз маркази Балҷувон то маркази ҷамоати Сари
Хосор 35 километр роҳ аст, ки хеле мушкилгузар аст. Аммо дар худи Сари Хосор вазъ дигаргуна шудааст: аллакай роҳҳои асфалтпӯш сохта шуда, чандин иншооти соҳаи тандурустиву маориф, ҳатто меҳмонхонаҳои замонавӣ барои ҷалби сайёҳон ба истифода дода шуданд. Чизе, ки диққати ҳар касро ба худ ҷалб мекунад, осорхонаи ин диёр аст, ки аз таърихи куҳанаш қисса мекунад: бозёфтҳои ҳафриётӣ аз асри биринҷӣ, ҳазораи
САФАРНОМА | 59 дуюми то милод. Ҳатто гӯристонеро пайдо кардаанд, ки лавозимоти ҳарбию маишии даврони Ҳайтолиён дар он ҳаст, яъне ашёи мансуб ба асрҳои дуюм то панҷуми милодӣ… Чизи дигаре, ки ҳар бинандаро мафтун мекунад, манзараҳои зебои ин диёри биҳиштист. Гулу буттаҳои сарсабз, ҳавои салқини омехта бо насими сабуке, ки рӯю гардан ва дастони касро молиш медиҳад, садои чаҳ-чаҳи парандагон, дарахтони хурду бузург, воҳаҳои сабз андар сабз, чарогоҳҳои беканор… Мо дарахтонеро дидем, ки ба нақли бостоншиносон, таърихи аз 700 то 1000-сола доранд. Аммо лаззати тамошои шаршараҳояш тамоман дигар аст: шаршараҳои Сари обпари деҳи Шикилдара, дараи Камолӣ, Дошмандӣ, Ширинчашмаи Муллоконӣ ва ғайра… Шаршараи аз ҳама бузургаш 2010 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва аз қалби кӯҳ ба поин мерезад, 50 метр паҳно дорад. Табиат аҷаб фусункориҳое дорад, қисса мекунанд, ки оби ин шаршара вобаста ба фаслҳои сол тағйир меёбад: зимистони сард каме гармтар ва тобистон хеле сард мешавад. Ба шифобахшии он касеро шак нест, обе, ки аз баландии беш аз 50 метр ба поин мерезад, ба саду як дарди одамӣ давост. Гирду атрофи шаршара обсабзаҳо ва рустаниҳое мерӯянд, ки ҳамагӣ хосияти шифоӣ доранд. Дар деҳаи Афардӣ (воқеан ин зодгоҳи адиб ва коргардони маъруф Сайф Раҳимзод аст) мо бо оилаи Қаюмовҳо ошно мегардем. Худи сарвари оила Нарзулло Қаюмов сохтмончӣ аст, яъне солҳо прораб шуда кор кардааст. Ҳоло бо занбӯрпарварӣ машғулият дорад. Чорводор низ ҳаст, албатта, ҳамон миқдоре, ки барои таъмини иқтисоди оила басандагӣ кунад. Дар шароити кӯҳистон бе парвариши чорво, занбӯри асал ва боғдорӣ зиндагӣ маъно надо-
рад. Мушоҳидаи зиндагии ин оила касро ба андеша мебарад: онҳо ҳама чизро аз табиат мегиранд ва мудом бо табиат ҳамтақдиранд. Ба ин мазмун, ки ҳам василаи зиндагиашон табиат аст ва ҳам илоҷи тандурустиву гирудори дигарашон. Бо андаке сардард барги зуф ба сар мекунанд ва дигар эҳтиёҷ ба доруковӣ ҳам намемонад. Агар меъда дард кунад, аз зелол ё дусе барги тхач ба дардашон даво меёбанд, ки таъсираш аз ягон ҳабби замонавӣ кам нест. Хулоса, дорухонаи шахсие доранд, ки номаш табиат аст… Дар миёнаҷои ҳавлӣ дарахти тут ҷойгир аст, ки ба қавли соҳибхонаҳо умри 300-сола дорад. Ин дарахти бузурги тут ба маънои воқеиаш анбори ғизоии ҳадди ақал се-чор насли ин авлод будааст. Аз тут фақат ширинӣ тайёр намекунанд, балки онро хушк кардаву куфта, маводе омода мекунанд, ки касро гурусна мондан намегузорад. Аз ҳама гуна бемориҳои хунукзадагӣ ва шамолкашиҳои шуш беҳтарин дармон аст. - Ин дарахти тут камаш се насли авлоди моро аз нобудӣ наҷот додааст, - бо ифтихор мегӯяд акаи Нарзулло. Солҳои пеш дар кӯҳистон ғизои асосӣ, яъне орду равған камчин буд, ин тути азим ҳама навъи ғизоро иваз мекард.
Муттакои оила аст ин тут, мисли модар меҳрубон аст… Асали табиии ин ҷо беҳтарин навъи асал аст, зеро заррае на кимиё дораду на ба он шакар илова мекунанд. Занбӯрҳо аз ҳазору як навъ гулу гиёҳҳои шифобахши худрӯй нектар мегиранд, аз ин рӯ, ба садҳо дард давост. Аҷабо, ба назар мерасад, ки ин ҷо ягон чизе нест, ки чун партов сарфи назар шавад. Духтараки ин хонадон Умеда Қаюмова ҳоло дар курси сеюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Дар ихтисоси муҳандиси металлургӣ. Ҳайрон мешавем, ки як духтараке аз даруни кӯҳистон чунин ихтисосеро интихоб кардааст. - Ба ин ихтисос шавқ пайдо кардам, - мегӯяд Умеда. Шарт нест, ки ҳама духтарон танҳо дӯзандаву муаллима шаванд, - гӯё таги дили моро мехонда бошад, ҷавоб медиҳад ӯ. Аз деҳа берун мешавем. Деҳе, ки дар қалби кӯҳ аст, дар қалби табиати хеле гуворо. Ва созгории табиатро бо мардумонаш эҳсос мекунем: мардумаш хеле нармгуфтору меҳрубон, заҳматписанду ботаҳаммул, мисли худи табиати ин диёр… Гулчеҳра Сатторзода 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
60 | ИМКОНОТИ НАВ
Таъсиси маркази омӯзишии бақайдгирӣ
Солҳои охир бо воридоти технологияи наву муосири соҳавӣ фаъолият дар корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, беҳтар гардидааст. Яке аз чунин навгониҳо барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» мебошад. Айни замон аксарияти корхонаҳои бақайдгирии шаҳру навоҳии мамлакат бо истифодаи имкониятҳои ин барнома ба муштариён хизмат мерасонанд. Дар доираи ҷорӣ намудани усулҳои муосиру инноватсионии хизматрасонӣ бозомӯзии кормандони соҳа низ бояд амалӣ гардад. Бо ин мақсад дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Маркази омӯзишии бақайдгирӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин марказ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” таъсис ёфтааст. САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
Дар расми ифтитоҳи Маркази омӯзишии бақайдгирӣ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Умариён Раҳмон Фақер ва иҷрокунандаи вазифаи директори USAID дар Тоҷикистон хонум Энни Стид ширкат намуданд. Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Умариён Раҳмон Фақерзода зикр намуд, ки бо имконияти омӯзишии
маркази мазкур дар назар аст, ки мутахассисони корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, усулҳои муосири хизматрасониро азхуд намоянд. Маркази омӯзишии бақайдгирӣ барои кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» барои дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ омода намудани тренерон, яъне мутахассисони варзидаи соҳа пешбинӣ шудааст. Дар мар-
ИМКОНОТИ НАВ | 61 каз машваратҳои омӯзишӣ дар робита бо мавзӯъҳои мушаххас, аз ҷумла услуби равзанаи ягона, паҳн кардани иттилоот дар бораи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, хизматрасонии муштариён, навгониҳо ба қонунгузории замин ва қабули қоидаҳо дар ин самт мебошад. Барои таъмин намудани устуворӣ мутахассисони лоиҳа ин курсҳоро ба машваратҳои омӯзишӣ бо иштироки кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» барои омода намудани тренерони миллӣ табдил додаанд. Мақсад аз он иборат аст, ки дар марҳалаҳои баъдӣ онҳо тавонанд ҳамчун тренерони миллӣ мутахассисони соҳавиро дар минтақаҳо ба омӯзиш ҷалб намуда, бо онҳо корҳои омӯзиширо дар самти қоидаҳои сертификаткунонии бақайдгирандагон боз ҳам бештар ба роҳ монанд. Ҳамзамон ба ин васила баҳри ҳалли масъалаҳои гендерӣ, барои ба кор қабул намудани занон - бақайдгирандагон низ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар баробари таъмини Маркази омӯзишии бақайдгирӣ бо таҷҳизоти наву муосири корӣ, инчунин дрон ё худ ҳавопаймои бесарнишин низ аз ҷониби лоиҳа таъмин гардидааст, ки ба воситаи он тадбирҳои омӯзишӣ ҷолиб ва самаранок гузаронида мешаванд. Машварати якуми омӯзишӣ бо ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ дар корҳои заминсозӣ тавассути дрон гузаронида шуд. Дар ҷараёни даври аввали машварати омӯзишӣ 60 нафар намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар оянда низ ҳамкорӣ ҷиҳати бақайдгирӣ ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа тавассути имконияти маркази нави омӯзишӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва гео-
дезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” тақвият ёфта, кору хизматрасонӣ аз ҷониби мутахассисон бамаротиб беҳтар мегардад. Мутахассисони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри беҳтар гардонидани фаъолияти хеш, омӯзиши ҳамаҷонибаи қонунҳои амалкунанда усулҳои муосири хизматрасониро вазифаи асосии худ дониста, ба дархости шаҳрвандон, мақомоти гуногун ва муроҷиати сокинон сари вақт
ҷавобҳои мушаххас мегардонанд. Масъулин мекӯшанд, ки баҳри пурра ва босифат таъмин намудани нақшаҳои пешбинишуда ва назорати қатъии истифодабарии мақсадноку босамари захираҳои мавҷудаи моддию молиявӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо кормандони соҳа бояд ҳама гуна хизматрасониҳои марбут ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро бо риояи нишондоди қонунгузории соҳа анҷом дода, барои пешравии ин бахши муҳим саҳм гузоранд. 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН
62 | БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Конститутсияи Тоҷикистон дар мавриди шахсият ва ҷомеа Конститутсия воқеан қонуни асосӣ буда, зиндагии модиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору зиндагии ҳар сокини кишварро танзим мекунад. Масъалаи муҳим дар ҳаёти муосир танзими ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд аст, ки он дар конститутсия мукаммал ҳал шудааст ва аз ҳамин дидгоҳ ин қонуни асосӣ ба шумори даҳ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон шомил аст. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад. Таассуф, ки имрӯз аксарияти шаҳрвандон танҳо аз ҳуқуқу озодиҳои хеш сухан мегӯянд, вале вазифаҳои худро назди ҷомеа ва давлат сарфи назар мекунанд. Инсон танҳо соҳиби ҳуқуқу озодӣ буда наметавонад, вагарна фаъолияти ӯ дар ҷомеа беназорат ва худсарона сипарӣ хоҳад гашт. Баробар бо пешниҳоди ҳуқуқу озодиҳо давлат ба зиммаи шахс вазифаҳои ҷудогона мегузорад. Ба ҳар як ҳуқуқ вазифаҳои алоҳида рост меояд. Масалан, ҳар инсон ҳаққи зиндагӣ дорад, вале ӯ вазифадор аст, ки дар асоси эҳтиром ва риояи қонунҳои давлат зиндагӣ кунад. Конститутсияи Тоҷикистон ба зиммаи шахс вазифаҳои муайянеро мегузорад, ки онҳо вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд (моддаҳои 42-45). Тибқи моддаи 42-юм, дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Санадҳои зерқонунӣ дар замина ва барои иҷрои Конститутсия ва қонунҳо қабул мешаванд. Талаботи моддаи 42-юм дар хусуси САРЗАМИН | июл-сентябр | 2019
риояи Конститутсия ва қонунҳо дар айни замон риояи кулли санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро низ мадди назар дорад. Риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии парлумон, Президенти ҶТ, Ҳукумат, мақомоти идоракунӣ, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти худидоракунӣ низ аз мазмуни моддаи 42-юм бармеояд. Муқаррароти дигаре, ки аз ҳамин модда бармеояд, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон мебошад. Зарурати иҷрои ин вазифа аз он сарчашма мегирад, ки тибқи моддаи 5-уми Конститутсия, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд, дуюм, шаъну шарафи инсон дахлнопазир аст. Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи давлат ва ҳар узви ҷомеа аст. Аз як тараф, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, аз сӯи дигар, ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои дигаронро низ эҳтиром кунад. Дар сурати риоя накардани ин вазифа шахс ба ҷавобгарӣ ҷалб мешавад, аз ҷумла ба ҷавобгариҳои моддӣ (гражданӣ) ва маъмуриву ҷиноятӣ. Масалан, тибқи Кодекси гражданӣ дар ҳолати паст задани шаъну шарафи инсон ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки бо роҳи судӣ ҷуброни зарарашро талаб намояд, яъне аз ҷавобгар барои кирдори номатлубаш маблағи муайян биситонад. Дигар вазифаи асосии инсон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он аст. Ҳифзи Ватан ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарватҳои табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои гузашта, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси
Ҳафиз Раҳмон, устоди ДМТ таърихиро дар назар дорад. Ҳифзи Ватан дар ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона ва эълони ҷанг гирифтани аслиҳа, қаҳрамонию ҷонфидоии ҳар шаҳрвандро тақозо мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷумлаи вазифаи ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад. Аммо, чунон ки дар ҳаёт мушоҳида мекунем, на ҳама шаҳрвандон хоҳиши хизмат дар артишро доранд. Ҳатто аз он саркашӣ намуда, аз қисмҳои низомӣ фирор ва қоидаҳои оинномавиро вайрон мекунанд, ки ин боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мешавад (боби 33-и Кодекси ҷиноятии ҶТ). Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он аз ҳам ҷудо нестанд. Манофеи давлат дар ҳадафу вазифаҳои он, сиёсати дохиливу хориҷӣ, дар сиёсати ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, барномаву чораби-
ниҳои гуногун дар соҳаи беҳдошти зиндагӣ ва дигар соҳоти фаъолият ифода мегардад. Манфиати давлат бо манофеи ҷомеа ва аъзои он иртибот дорад, зеро манфиати давлат аз манфиати ҷомеа ва халқ сарчашма мегирад. Таҳкими истиқлолияти давлат, пеш аз ҳама, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ҳимояи онро дар назар дорад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ниёз дорад. Истиқлолияти давлат, ҳимоя ва таҳкими он бо кӯшишу заҳмати содиқона, таҳсили мунтазам, сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, эҳсоси миллию меҳанпарастии ҳар сокини Тоҷикистон ба хотири ободии кишвар ва таъмини пешрафти он ба даст меояд. Амнияти давлат бо амнияти ҷомеа ва шахс бо ҳам алоқаманданд ва якдигарро такмил мекунанд. Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи амният», «амният ҳолати муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳимми шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад». Қонуни мазкур шаҳрвандонро дар радифи давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар идораҳо ҳамчун субъектҳои таъмини амният эътироф мекунад. Шаҳрвандон якҷоя бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, мақомоти амният, идораҳои дигари давлатӣ системаи амниятро ташкил медиҳанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дигар вазифаи муҳимми шахс мебошад, ки дар моддаи 44-ум зикр шудаанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки табиатро ҳифз намояд, дар таҳкими амнияти экологии кишвар ширкат варзад, аз сарватҳои табиӣ оқилона истифода кунад. Қонунгузории ҶТ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи табиат аз чанд санади меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст, аз қабили Кодекси об, Кодекси замин, Кодекси ҷангал ва қонунҳои ҶТ
«Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус ҳифзшаванда», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва ғайра. Тибқи Қонун «Дар бораи ҳифзи табиат», ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва такрористеҳсоли захираҳои он, солимгардонии муҳити табиӣ вазифаи умумидавлатӣ, кори ҳама халқ ва қарзи маънавии ҳар шаҳрванд аст. Тибқи моддаи 71-ум, шаҳрвандон вазифадоранд, ки табиатро ҳифз намоянд, сарватҳои онро ҳимоя ва талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро риоя намоянд. Вазифаи дигари конститутсионии шахс, ки моддаи 44 муқаррар кардааст, ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вобастагӣ дорад. Тибқи Қонун «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихиву фарҳангӣ» объектҳои мероси таърихию фарҳангии воқеъ дар Тоҷикистон сарвати умумимиллӣ эълон шудаанд. Инҳо ёдгориҳое мебошанд, ки ба рӯйдодҳои таърихии ҳаёти халқ, рушди ҷомеаву давлат, осори моддӣ ва ғайримоддии дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва дигар арзишҳои дорои аҳаммияти миллӣ алоқаманд мебошанд. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи қадима, муқаддасоти таърихӣ, ҷойҳои таърихӣ, муҷассамаҳо, тасвирҳои рӯи санг, марказҳои таърихӣ, парастишгоҳҳо, манзараҳо ва ғайра иборатанд. Дар ҷомеа вазифаи ҳар шахс ҳифзи объектҳои номбурда мебошад. Ҳангоми вайрон кардани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қонунгузории ҷиноятӣ ҷазо дар шакли ҷарима ё маҳдуд кардани озодиро пешбинӣ мекунад (моддаи 242-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ). Ҳамчунин Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ як зумра кирдорҳоро ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда, барои онҳо ҷазо пешбинӣ кардааст. Вазифаи дигари шахс, ки аз моддаи 45-уми Конститутсия бармеояд, додани андозу пардохтҳо мебошад. Тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба намудҳои андоз, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, салоҳияти мақомоти андоз ва дигар масъалаҳоро Кодекси андоз ба танзим медарорад. Ин кодекс 10 намуди андозро муқаррар кардааст, ки онҳо ба андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ ҷудо мешаванд. Вобаста ба намуди фаъолият субъектони зикршуда намудҳои алоҳидаи андозро месупоранд. Дар моддаи 292 ва 293-и Кодекси ҷиноятӣ барои риоя накардани ин вазифа ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он саркашӣ аз супоридани андозҳо ва ё пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, бо ҷарима ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолият муайян ҷазо дода мешавад. Саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андоз бо роҳи пешниҳод накардани декларатсия оид ба даромад, бо ҷарима ё бо корҳои ислоҳӣ ҷазо дода мешавад. Ба пардохтҳо боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣ, пардохт барои истифодаи захираҳои табиӣ, об, бақайдгирӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ҳамин тариқ, Конститутсияи ҶТ тамоми вазифаҳои шаҳрвандонро номбар накарда, танҳо вазифаҳои муҳимро пешбинӣ мекунад. Дигар вазифаҳои шахс дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мешаванд. Аз ҷониби шаҳрвандон риоя ва иҷро намудани вазифаҳо аз падару модарон низ вобаста аст. Барои ин Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шудааст, ки масъулияти волидайнро пешбинӣ мекунад. 2019 | июл-сентябр | САРЗАМИН