САРЗАМИН январ-март | 2021 | www.zamin.tj
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
8 Такя ба таҷриба ва технологияи нав
14
МУНДАРИҶА ДИЛГАРМИИ КИШОВАРЗОН АЗ ҒАМХОРИИ НАВИ САРВАРИ ДАВЛАТ / 6-7 ЗАМИН ВОСИТАИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ / 12-13 СИТОИШ ВА ГИРОМИДОШТИ ШАХСИЯТ ВА ЗАҲМАТИ БОНУВОН ДАР КУМИТА / 18-19 МАҚСАД БЕҲСОЗИИ СИФАТ ВА МАҲСУЛНОКИИ КОР / 24-25 НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ НАВРӮЗИ НИЁКОН / 26-27
Сада - ҷашни пайванди инсон ва табиат
47
БАРАКАТИ ЗАМИНИ ЗАРХЕЗ / 32-33 ВИЖАГИҲОИ БАҲОР ДАР АҚСОИ ОЛАМ / 34-35 ИЛМ БО КОР СУДМАНД БУВАД / 38-39 РОҲБАРЕ ОҚИЛ ВА МАРДЕ БОШАРАФ / 42-43
Ҳам зебоиву ҳам доруворӣ
56 Ишкошим - осорхонаи зиндаи Тоҷикистон
ЯК СӮ БОҒ, ДИГАР СӮ ГАРМХОНАҲО / 48-49
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН / 50-51 САТҲИ ХУБИ ХИЗМАТРАСОНӢ / 54-55
МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ / 60-63
ҲАЙАТИ МУШОВАРА
САРЗАМИН Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН» Муассис: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА
ХОҶАЗОДА ОРИФ АШӮРӢ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармуҳаррир: Гулчеҳра Сатторзода Муҳаррир: Ҳафиз Раҳмон Масъули молиявӣ: Манзар Раҳимов Ҳайати эҷодӣ: Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ
АЗИЗМАМАД КАРИМЗОДА
САДРИДДИН ДАВЛАТЗОДА
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгирон: Заур Дахте Нақиб Муродзода
ЗИКРИЁ АБДУЛЛОЗОДА
УМАРИЁН РАҲМОН ФАҚЕРЗОДА
Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"
Нишонӣ: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru
Дар матбааи ҶДММ «Полиграф групп» ба табъ расидааст.
4 | ҲЕҶ АТРГУЛЕ РАНГ ВА ЗЕБОИИ МОДАРРО НАДОРАД
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
САРЗАМИН | январ-март | 2021
ҲЕҶ АТРГУЛЕ РАНГ ВА ЗЕБОИИ МОДАРРО НАДОРАД | 5
Март
Рузи Модар
Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
*** Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон
2021 | январ-март | САРЗАМИН
6 | ИБТИКОРИ МУҲИМ
Дилгармии кишоварзон аз ғамхории нави Сарвари давлат Дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, ки заминҳои кишоварзиашон кам аст, истифодаи самараноки замин яке аз масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоист. Зеро бахши аъзами сокинон дар деҳот бо кору фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ машғуланд ва замин манбаи асосии даромади хонаводаҳо маҳсуб меёбад. Бо мақсади пурбаракат истифода намудани ҳар қитъа замини зархези диёр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ низ ба рушди ин соҳа мунтазам мусоидат мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо, таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техникаи лозим, тухмии аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ САРЗАМИН | январ-март | 2021
татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ иҷро шуда истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истифодаи оқилонаи заминҳо таваҷҷуҳ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Зимни ироаи Паёми навбатии худ ба
Маҷлиси Олии ҶТ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан дар соли 2021, таъмин намоянд».
ИБТИКОРИ МУҲИМ | 7 Ҷойи таъкид аст, ки аксар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди кишвар серсоҳа буда, парвариши ҳама намудҳои маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ мемонанд. Ин амал имкон медиҳад, ки дар баробари қонеъ намудани талаботи худ деҳқонон маҳсулоти худро ба бозор бароварда, бо нархи дастрас пешниҳоди истеъмолкунандагон намоянд ва ба ин васила барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишварзӣ дар бозор замина фароҳам гардад. Истифодаи самараноки замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа боиси ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ ва ҳамеша дастрас шудани маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинон мегардад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои рушди соҳаи кишварзӣ, махсусан ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои солҳо бекорхобида барномаҳои махсус қабул намуда, масъулинро барои ин амал такон медиҳад. Натиҷа ин аст, ки ҳамасола ҳазорҳо гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд ва ҳамин тавр, иқтидорҳои истеҳсолӣ низ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегарданд. Илова бар ин,
зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис тон» Сарвари давлат ба кишварзон сабукии андозро пешниҳод намуданд, ки боиси дилгармии деҳқонон ва рушди соҳа гардид. «Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд. Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021, аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд». Ин тадбири муҳим идомаи мантиқии дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар нисбат ба соҳаи кишоварзӣ аст, ки дар мамлакати мо аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад. Зимнан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки барои дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ
барои пӯшонидани манбаи андози мазкур чораҷӯӣ намояд. Яке аз нишондодҳои барномавии Паёми сарвари давлат ин ҷалби сармоя барои беҳтарсозии инфрасохтори соҳа мебошад. Дар ин замина вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои шаҳриву ноҳиявии он дар маҳалҳо дар баробари корҳои нақшавӣ барои назорати истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин, пешгирии ғасби худсаронаи он ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
8 | ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Такя ба таҷриба ва технологияи нав 24-уми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо барои истиқболи бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фа ъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён аз боғи навбун ёди суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии “Умари Қурбонализода” дидан карданд.Майдони умумии замин, ки барои бунёди боғи нав пешбинӣ гардидааст, зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Боғи суперинтенсивӣ дар майдони қариб 8 гектар бо истифода аз технологияи муосири парвариши
САРЗАМИН | январ-март | 2021
дарахт ва усулҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ бунёд шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳои дар боғи суперинтенсивӣ шинондашуда дар соли дуюм ба ҳосил медарояд. Меваи себ дар моҳи сентябр пухта мерасад, ки афзалияташ дар ҳамин аст. Айни ҳол дар боғи суперинтенсивӣ шинонидани дарахтон идома
дошта, то имрӯз 3 ҳазор ниҳоли шафтолу, 2 ҳазор ниҳоли себ шинонида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани боғи мазкур гирду атрофи боғ бо симтӯрҳо маҳкам карда шуда, дар қисмати поён ва болои боғи суперинтенсивӣ 450 адад дарахтони ороишии сӯзанбарг шинонида шудааст. Тибқи нақша, дар оянда дар майдони 1 гектар замин дарахти сиёҳолу шинонида мешавад.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН | 9
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов ши-
нос шуданд. Фурқат Қосимов дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз шахсони меҳнатдӯст шинохта шуда, таҷрибаи калони деҳқонӣ дорад. Оилаи ӯ таъкидҳои пайвас таю раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилона истифода бурдани
ҳар қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, дар замини назди хонааш гармхона ташкил намудааст. Дар майдони 14 садяк 3 гармхона бунёд кардааст, ки дар як сол имкони ду-се маротиба ҳосил гирифтан фароҳам шудааст.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
10 | ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Дар доираи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон низ ташриф оварда, нахуст комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд. Маҷмааи мазкур барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай ба ферма 1500 сар чорво ворид гардидааст, ки ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
хӯроки ширадор, 339 гектар ҷуворимакка кишт ва дар маҷмӯъ 11,3 ҳазор тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.
Нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ ба таври мунтазам вазнкашии чорво тавассути воситаҳои рақамӣ гузаронида мешавад. Маҷмааи чорводорӣ дорои 752 гектар замин буда, дар соли 2020 дар майдони 187 гектар юнучқа, 112 гектар ҷавдор барои
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, сари
САРЗАМИН | январ-март | 2021
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир бешак дар паст намудани арзиши аслӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолии кишвар, махсусан сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо гӯшти хушсифат такони ҷиддӣ мебахшад.
вақт гузаронидани кишти баҳории зироат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он, инчунин, ташкили инфрасохтори содиротӣ тавсияҳои судманд доданд. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда аз ҷониби хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки самараи хуб медиҳад, баҳои баланд дода, дар оғози кишти пунбадона дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуданд. Хоҷагидорон низ дар навбати худ барои дастгирии ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баён доштанд, ки тавассути истифодаи оқилонаи замин ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва ба роҳ мондани содироти он талош ба харҷ медиҳанд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН | 11
2021 | январ-март | САРЗАМИН
12 | ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ЗАМИН
Замин воситаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ январи соли 2021 гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ майдони умуми 6 миллиону 978 ҳазору 412 гектар, аз он обӣ 684924 гектарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби заминҳои фонди захираи давлатӣ бо роҳи ташкили хоҷагиҳои нав нисбат ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 4 ҳазору 903 гектар зиёд шуда бошад ҳам, аммо аз ин гурӯҳи заминҳо майдони умумии 6465 гектар ба дигар гурӯҳи заминҳо гузаронида шудааст.
К
умитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самараноку оқилона истифода бурдани замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав ва назорати истифодаи мақсадноки он тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҷиҳати самаранок истифода кардани заминҳо дар доираи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳконӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, Кумитаи давлатӣ дар самти қонунигардонии истифодаи замин, мақсаднок истифода кардани майдонҳои кишт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои дур мондани заминҳо аз кишт ва ғайримақсаднок истифода шудани заминҳои САРЗАМИН | январ-март | 2021
корам низ талош ба харҷ медиҳад. Тибқи ҳисоботи солонаи замин ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағийр монда, ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 14 миллиону 137 ҳазору 907 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 762 ҳазору 851 гектараш обӣ буда, нисбат ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 653 гектар заминҳои обӣ зиёд шудааст. Фонди давлатии ягонаи замин, ки тибқи Кодекси замин аз ҳафт гурӯҳ иборат мебошад, соли 2020 дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 2020, № 759 дар бораи тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тағйирот ворид карда шудаанд. Тибқи ҳисобот ба ҳолати 1-уми
Заминҳои маҳалҳои аҳолинишин 183 ҳазору 512 гектарро ташкил дода, нисбат ба ҳолати 1.01.2020 3 ҳазору 84 гектар зиёд гардидааст. Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа ва таъйиноти дигар 177 ҳазору 910 гектарро ташкил дода, нисбат ба 1.01.2020 641 гектар зиёд гардидааст Заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ, таърихию маданӣ 2 миллиону 706 ҳазору 507 гектарро ташкил дода, нисбат ба 01.01.2020 57 гектар зиёд шудааст. Ҳамзамон заминҳои фонди давлатии ҷангал 1 миллиону 339 ҳазору 813 гектарро ташкил дода, нисбат ба ҳолати 01.01.2020 3486 гектар зиёд ва заминҳои обӣ 9 гектар кам шудааст. Аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ, ки 2 миллиону 809 ҳазору 531 гектарро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 4 ҳазору 971 гектар кам шудааст, ташкил намудани корхонаҳои кишоварзӣ ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои мақсадҳои ғайрикишоварзӣ ба амал омадаанд. Ҳамчунин ба
ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ЗАМИН | 13
гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ майдони 4903 га гузаронида шудаанд. Тибқи ҳисобот, майдони умумии заминҳои дар кишоварзӣ истифодашаванда 4,7 миллион гектарро ташкил дода, аз он 617 ҳазор гектараш обӣ мебошад, ки нисбат ба соли 01.01.2020 1 ҳазору 657 гектар кам шуда, заминҳои обӣ бошад, 328 гектар зиёд гардидааст. Аз майдони умумии заминҳои корам 672,4 ҳазор гектар, аз он 470,9 ҳазор гектар обӣ, ниҳолҳои бисёрсола 160,3 ҳазор, заминҳои партов 21,3 ҳазор (аз он 18237 га обӣ), майдони алафдарав 18,8 ҳазор ва чарогоҳҳо 3,8 миллион гектарро ташкил медиҳад. Масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаву партов, заминҳои обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода бурда мешаванд ва азхудкунии заминҳои нав яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ маҳсуб меёбад. Айни ҳол майдони заминҳои партов 21 ҳазор гектар, заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода мешаванд,
20523 гектар ва холимонда беш аз 5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки дар ин самт аз ҷониби Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда фаъолият идома дорад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар соли 2020 заминҳои партов ҳамагӣ 706 гектар, аз ҷумла ба замини корам 586 гектар, аз он обӣ 302 гектар ва ба боғот 120 гектар, аз ҷумла 119 гектар обӣ барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд. Инчунин аз ҳисоби заминҳои обии ҳамчун лалмӣ истифодашаванда дар 2204 гектар шабакаҳои обёрӣ барқарор ва ҳамчун замини корами обӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин корҳои барқароркунии шабакаҳои обёрӣ дар ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби маблағҳои талафи заминҳои кишоварзӣ корбарӣ шуда, соли ҷорӣ 13 пойгоҳи обкашии амудӣ барқарор гардида, майдони 500 гектар замин бо об таъмин ва 20 гектар замини нав аз худ карда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат
яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ ба ҳисоб рафта, бе дарки амиқи моҳияти истифодаи замин ва таъмини самаранокии он ҳалли масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ба ғизо ғайриимкон мебошад. Ин аст, ки барои ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва талу теппаҳо дар асоси барномаи махсус раванди обёрӣ ва ба замини киштбоб табдил додани майдонҳое, ки солҳо боз имкони кишт кардан дар онҳо вуҷуд надошт, идома дорад. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки саҳмдорони деҳот бо ҷойи кор таъмин гардида, ҳар қитъа замини дарихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, бо афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар ободии рӯзгори худ ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд. Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар ин соли таърихӣ бо ғайрати дучанд аз фарҳанги заминдорӣ кор гирифта, 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовезҳои беназир истиқбол мегиранд. 2021 | январ-март | САРЗАМИН
14 | ЁДГОРЕ АЗ НИЁГОН
Сада – ҷашни пайванди инсон ва табиат Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати баланд ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил шуд.
Ф
азои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаи соҳавӣ, ғизоҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРЗАМИН | январ-март | 2021
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуданд, ки «Сада аз сипарӣ шуда-
ни зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки ризқрасони марди деҳқон аст, бӯйи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Дар замони гузашта ҷашни мазкур дар майдонҳои фарох ва талу теппаҳо бо иштироки мардуми зиёде гузаронида мешуд, ки аз якдилию муттаҳидии аҷдодони мо дарак медиҳад».
ЁДГОРЕ АЗ НИЁГОН | 15 Ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишти баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гашта, сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Бо ин умед марди деҳқон каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ сабаби рӯсурхии ӯ гардад. Деҳқонон дар ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро ба замин амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохбурии дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасонҳои наботот иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигаҳдорӣ,
ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайраҳоро амалӣ мегардонанд.
мардум бо нархи дастрас аз онҳо харид намуданд.
Дар ин рӯз чун анъана аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат - мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширравған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯш, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибис тиқлолӣ ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи ифтихори мост, ки ба шарофати истиқлол анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол то сол бештар мешавад. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудааст. Ҳамчунин дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки 2021 | январ-март | САРЗАМИН
16 | ЭЪТИРОФ
Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ 21-уми март дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид.
Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳаммияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, гувоҳномаи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд. Баъдан муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагони САРЗАМИН | январ-март | 2021
корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро барои ташрифашон ба пойтахти азизу маҳбуби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, барои интихобу эълон намудани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ба роҳбарону мас ъулини барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” сипосгузорӣ намуданд. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи
чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи эълон гардидани «Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ба имзо расидааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаи барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» аз соли 2012 то кунун амалӣ мегардад. Ҳадафи ин барнома муҳайё намудани фазои мусоид ҷиҳати муттаҳид намудани иқтидорҳои фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ, рушду нумуи маҳалҳо ва шаҳрҳои Иттиҳод, инчунин баланд бардоштани мақоми он дар ҷаҳони
ЭЪТИРОФ | 17 муосир мебошад. Аввалин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус - Гомен интихоб гардида буд. Аз шаҳрҳои Тоҷикис тон – шаҳри Кӯлоб соли 2015 ин мақомро соҳиб гаштааст. Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» ҳамчун як марҳалаи муҳим бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар ҳудуди ИДМ муаррифӣ шудааст. Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурӯшон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба василаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакат ро ба ҳам мепайвандад. Душанбе дар водии зархези Ҳисор, дар баландии 930 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, беш аз 203 километри мураббаъ заминро фаро мегирад. Душанбеи имрӯза шаҳри мутараққии индустриалӣ буда, дорои 450 корхонаи саноатӣ аст, ки аксар соҳаҳои иқтисодиётро фаро мегиранд. Барои солимгардонии ҷомеа ва ташхису табобати шаҳрвандон наздики 900 иншооти варзишӣ ва 310 муассисаи табобатию профилактикӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар Душанбе рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии тоҷикон дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, пайкараҳои бошукӯҳи алломаҳои оламшумули илму адаб - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода гаштаанд.
"Кохи Наврӯз" аз намунаҳои олии меъмории ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Нақшу нигор ва унсурҳои ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунанд. Нигораҳои осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии пойтахт, аз ҷумла Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи мардумшиносӣ, Хона-осорхонаҳои нобиғаҳои илму адаб аз таърихи пурғановат, маданияти қадима ва диёри зебоманзару афсонавӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Театрҳои давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, намунавӣ-минётурии «Оина», толори консертии “Кохи Борбад”, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Сирки давлатӣ ва амфиатеатри "Аҳорун" на танҳо бо намоишномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, балки аз лиҳози санъати баланди меъморӣ низ таваҷҷуҳи ҳар би-
нандаро ба худ ҷалб мекунанд. Боғҳои фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Хайём, Аҳмади Дониш, Низомиддин Алишери Навоӣ, Восеъ, Кӯли ҷавонон, Ҷавонон, Боғи устод Рӯдакӣ ва ахиран ифтитоҳи Боғи Куруши Кабир аз зеботарин ва дилкаштарин маконҳои фароғатии шаҳр мебошанд. Мувофиқ омадани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо Соли пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шудани шаҳри Душанбе падидаи нек мебошад ва бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳамоишу чорабиниҳои дар ин доира банақшагирифташуда дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегарданд. Эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 шаҳодати амну осоиштагӣ ва пешрафт инчунин дорои имконоти васеи кору зиндагӣ ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд будани он аст. 2021 | январ-март | САРЗАМИН
18 | БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Ситоиш ва гиромидошти шахсият ва заҳмати бонувон дар Кумита Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт ҳиссаи арзанда гузош та истодаанд. Дар соҳаҳои гуногуни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 140 нафар бонувон фаъолият мекунанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки занон дар иҷрои вазифаи хеш хеле масъулиятшиносанд.
Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис тон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бонувонро бо ин рӯзи хушнудӣ табрик намуда, таъкид намуданд, ки иди модарон баробари эҳёи табиат ва оғози баҳор фаро мерасад ва мардумро ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.
САРЗАМИН | январ-март | 2021
Имрӯз теъдоди занони тоҷик ҳамчун мутахассисони фаъол дар ҳама соҳаҳои зиндагии ҷомеа дар ҳоли афзоиш аст. Роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба фаъолияти занон дар зерсохторҳои Кумитаи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати ҷалби бештари бонувони соҳибтаҷрибаву соҳибкасб ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба фаъолияти бонувон аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карданд. Бояд гуфт, ки бузургии модарро дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ менамоянд. Дар анҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндагону навозандагони машҳур, ки саропо аз тавсифи модар ва ситоиши зан иборат буд, тақдими ҳозирин гардонида шуд.
БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР | 19
2021 | январ-март | САРЗАМИН
20 | ТАМАННИЁТИ ИДОНА
Наврӯзатон хуҷаста бод! минаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу ҷалоли хосса касб карда, мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар масири таърихи беш аз 6000-солаи худ миллати тоҷик доимо соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне тамаддунсоз ва ободкору созанда буд ва ин рисолати бузургро имрӯз низ сарбаландона идома медиҳад.
Қурбон ҲАКИМЗОДА, раиси вилояти Хатлон Наврӯз бо накҳату нафосат, паёми рангин ва ҷилваҳои нотакрораш ба диёри куҳанбунёди мо сафою нусрат оварда, аз фарорасии соли пурфайзу бобаракат, бунёдкорию созандагӣ дарак медиҳад. Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо аз даст надод, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар за-
САРЗАМИН | январ-март | 2021
Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузошта буданд. Маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгони мо дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Тамоми ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд. Барои ҳар фарди огоҳу солимфикр ин ойинҳо чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи хештандориву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд. Мардуми шарифи тоҷикро бо фаро расидани Наврӯз муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон сарсабзиву шодкомӣ, зиндагии ободу осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии беш аз пешро таманно дорам.
ТАМАННИЁТИ ИДОНА | 21
Баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям! Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба сокинони шарафманди кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсаб зию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям. Гузаштагони мо дар тӯли таърихи дароз новобаста аз монеаҳои замон Наврӯзро ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози кишту кор, баробарии шабу рӯз, ҷашни пайванди табиату инсон, хайру эҳсон, накукориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати интишори суннату ойинҳои он талош меварзиданд. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузашташтагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардӯс тонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд». Боиси таъкид аст, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли равон бо таҷлили санаи фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва ин падидаи фараҳбахш сокинони сарбаланди вилояти Суғдро водор менамояд,
Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд ки барои татбиқи иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ талош варзанд. Бори дигар, фарорасии ҷашни Наврӯзи Аҷамро ба тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ хайру баракат, оромию осудагӣ ва сулҳу суботи комилро орзу менамоям.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
22 | ТАМАННИЁТИ ИДОНА
Муборак бод Наврӯз, ҷашни милливу мардумӣ! Ёдгор ФАЙЗОВ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Хушбахтона, имсол низ мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди ВМКБ Наврӯзи байналмилалиро дар рӯҳияи баланди созандагӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни муқаддасу таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз таҷлил мекунанд. Ҷашни Наврӯз шебу фарозҳои таърих, ҳаводиси зиёди сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиро паси cap карда, то ба имрӯз саломат расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару беҳтар Наврӯзи хуҷастаро дар Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму суннатҳои қадимаи ориёӣ дар ҷашни Наврӯз ба ҷо оварда мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш вобаста ба ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи оламафрӯз қайд кардаанд, ки “шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди САРЗАМИН | январ-март | 2021
беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд”. Дар Бадахшон Наврӯзи бостонӣ дорои баъзе хусусиятҳои ҷолиб аст, ки аз гуногунранг будани фарҳанги миллати тоҷик дарак медиҳад. Дар аксар навоҳии Бадахшон дар рӯзи нахустини ид баъди анҷоми поккорӣ, тоза кардани хонаҳои аҷдодӣ ва гирду атроф таомҳои наврӯзӣ омода мекунанд. Дар рӯзи дувум аҳли хонавода бо таомҳои наврӯзӣ ба хонаҳои ҳамдигар, махсусан назди бузургсолон ва ашхоси муътабари маҳалҳо рафта, бо салому пайғо-
ми наврӯзӣ эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд. Тавре Пешвои миллат зикр кардаанд, ҷашни Наврӯз ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва инсонпарвариву дӯст доштани табиат ғояи аслии он аст. Ба ин маънӣ, Навруз хеле пештар аз ойини оташпарастӣ пайдо шудааст, аз ин рӯ, он ҷашни сирф мардумиву миллӣ мебошад. Ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизу арҷмандро, бо ҷашни мубораки Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик мегӯям ва ба Шумову хонадони Шумо покию сафо, хайру сахо, сидқу вафои наврӯзиро таманно мекунам.
САРВАТИ БЕБАҲО | 23
Азхудкунии заминҳо
Мирзо НАЗАР, сардори Раёсати кадастри давлатии замин
Ҳамагӣ 86 га, аз ҷумла 59 га чарогоҳ ва 3 га аз ҳисоби заминҳои дигар
1 ВМКБ 86 га
Ҳамагӣ 366 га, аз ҷумла 15 га чарогоҳ, 107 га боғу токзор ва 2 га аз ҳисоби заминҳои дигар
2 Хатлон 366 га
Дар соли 2020 майдони умумии 2058 гектар, аз ҷумла 1395 гектар замини корами обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд. Аз онҳо ба намуди заминҳои корам 952 гектар, аз ҷумла 744 гектар замини корами обӣ (аз ҳисоби заминҳои партов 586 гектар, чарогоҳ 205 гектар ва дигар заминҳо 161 гектар) гузаронида шуда, дар майдони 1106 гектар, аз он 651 гектар замини корами обӣ (аз ҳисоби заминҳои партов 120 гектар, чарогоҳ 853 гектар ва дигар заминҳо 133 гектар) ба ҳисоби заминҳои дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст.
Ҳамагӣ 1279 га, аз ҷумла 131 га чарогоҳ, 694 га боғу токзор ва 156 га аз ҳисоби заминҳои дигар
3 Суғд 1279 га
Ҳамагӣ 327 га, аз ҷумла 297 га боғу токзор
4 НТҶ 327 га
2021 | январ-март | САРЗАМИН
24 | БАРАКАТИ БАРНОМАИ ЭЛЕКТРОНӢ
Мақсад беҳсозии сифат ва маҳсулнокии кор Соли 2020 бо ҳама мушкилоте, ки дошт, барои Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» соли бобарор ҳам буд. Дар ин давра натиҷаҳои матлубу назаррас ба даст омаданд. Як натиҷаи хубаш ҳамин аст, ки барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) мавриди истифода буда, ҳамагуна амалиёти бақайдгирӣ дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ тавассути барномаи мазкур анҷом дода мешавад.
Умариён Раҳмон ФАҚЕРЗОДА, директори КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" Инчунин дар барномаи СХБТ ва сомонаи Корхона (www.baqaydgiri. tj) 3 навъи феҳрист (молу мулки ғайриманқул, бақайдгирии шартномаҳои гарав ва ҳабси молу мулки ғайриманқул) ҷой дода шудаааст. Ин феҳристҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар реҷаи онлайн дастрас мебошанд. Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар заминаи барномаи мазкур тарҳ ё модуСАРЗАМИН | январ-март | 2021
ли “Бойгонии электронӣ” таҳия гардид. Ин тарҳ имкон дод, ки ҳама иттилооти бойгониҳои КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо дар шакли рақамӣ мутамарказ гардонида шавад. Мутахассисони корхона геопортали молу мулки ғайриманқулро таҳия карданд, ки он бо қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи
замин ва геодезӣ аз 04.03.20 (№32) тасдиқ гардид. Геопортали мазкур иттилооти фазоӣ ва харитавии молу мулки ғайриманқули ҳудуди минтақаҳои кадастрии шаҳри Душанберо дар бар гирифта, тавассути сомонаи корхона ва дар суроғаи geoportal.tj дастраси ҳамагон қарор гирифт. Ҷиҳати ташкили алоқаи видеоӣ аз тарафи КВД ”БММҒ” чораҳои
БАРАКАТИ БАРНОМАИ ЭЛЕКТРОНӢ | 25 саривақтӣ андешида шуданд. Корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо бо интернети баландсуръат таъмин гардида, барнома ва таҷҳизоти зарурӣ харид ва ба истифода дода шуд. Шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли 2020 то кунун ҷаласаҳо, конференсияҳо ва семинарҳои омӯзишӣ бо корхонаҳои фаръии тобеъ мустақиман (онлайн) гузаронида мешаванд. Саволу дархостҳо, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аризаҳо барои ҳабси молу мулки ғайриманқул, ки дар шакли электронӣ ба сомонаи корхона ворид мегарданд, ба таври худкор ба нишонии электронии корхона info@registrni.tj ирсол мешаванд. Бо фаъол намудани ин нишонӣ ва нишониҳои электронии корхонаҳои фаръии тобеъ сифат ва маҳсулнокии корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, доду гирифти ҳуҷҷату маълумот беҳтар карда шуданд. Дар соли 2020 корхона ва корхонаҳои фаръии он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17, № АП-983 ба маблағи умумии 567541 сомонӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва
камбизоат кумак расониданд. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказии корхона ва корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо дар таҷлили идҳои умумимиллӣ, бунёдкорию ободонӣ, покиза намудани атрофи корхонаҳо ва маҳаллаю шоҳроҳҳо муташаккилона ширкат варзиданд. Дар умум, аз тарафи КВД “БММҒ” ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар соли 2020 590 087 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки қисме аз он барои анҷом додани тадбирҳои ободонию созандагӣ ва сабзухуррамгардонӣ нигаронида шуда буд. Бо назардошти он, ки дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, қисме аз маблағи дар боло зикрёфта, барои расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон ва дастгирии муассисаҳои иҷтимоӣ ихтисос дода шуд. Барои фароҳам овардани шароити хуби кории кормандон, қабули шаҳрвандон ва дар сатҳи лозим пеш бурдани раванди бақайдги-
рии давлатии молу мулки ғайриманқул биноҳои маъмурии корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор дар арафаи таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони асосии бинои маъмурии корхона дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ анҷом ёфт. Сохтмони асосии биноҳои маъмурии корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Шамсиддини Шоҳин идома дорад. Дар соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои сохтмонӣ ба маблағи 3 923 703 сомонӣ иҷро шуд, ки аз ин миқдор ҳиссаи сохтмони асосӣ 3529223 сомонӣ, сохтмони иловагӣ – 21650 сомонӣ ва таъмири ҷорӣ - 372830 сомониро ташкил дод. Нақшаи молиявии корхона ва корхонаҳои тобеи он дар соли 2020 ба маблағи 77 568 540 сомонӣ муқаррар шуда, иҷрои он ба маб лағи 85 680 796 сомонӣ таъмин гардид. Дар ин давра корхона ва корхонаҳои фаръии тобеъ ба маб лағи умумии 40 430 669 сомонӣ ба буҷа (аз ҷумла андоз ба маблағи 36 131 445 сомонӣ ва хироҷ ба буҷет – 4 299 224 сомонӣ) пардохт намуданд.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
26 | СУННАТИ БОСТОНӢ
Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (профессори фахрӣ)
Нақши Пешвои миллат дар эҳёи Наврӯзи ниёкон Пешинаи таърихии ҷашни Наврӯз бори нахуст дар китоби бузурги тоҷикону дигар эронитаборон - Авасто нигошта шудааст. Сипас дар китоби дигари куҳантарини тоҷикону эронитаборон «Шоҳнома» - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва пас аз он дар «Осор - ул - боқия» - и Абӯрайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома» - и Умари Хайём ёдкардҳо ба чашм мехӯранд. Аммо Наврӯз дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ дар баробари ҷараёни офарида шудан, аз чигунагии бунёнгузории он, дар мавриди ҷойгоҳ ва арзиши милливу меҳании ин ҷашн ёдкардҳои пандомӯзи нотакрор оварда шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо дар нимаи дувуми садсолаи гузашта (солҳои 1962-1964) донишиёну адибони тоҷик, аз ҷумла устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода ва дигарон бо мақолаву шеърҳо ва гузоришҳо дар маҳфилу гирдиҳамоиҳои фарҳангӣ тавонистанд ба он комёб шаванд, ки ҷашни Наврӯз, каме ҳам бошад, аз ҷониби доираҳои расмӣ пазируфта шавад. Навишторҳои замони шӯравиро дар мавриди ҷашнҳои бостонии тоҷикон аз пеши чашм гузаронда, талошҳои дар он рӯзгори сиёсатзадагӣ ниҳоят боҷуръатонаи устод Мирзо Турсунзода ва пешсафони мактаби адабии замон Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Валӣ Самад, Ҳақназар Ғоиб, Бӯринисо Бердиева ва дигаронро дар роҳи бознигарӣ ба ҷашни Наврӯз ба ёд меоварам ва бори дигар ба хиради баланди миллатсозӣ ва хизматҳои ниҳоят арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои берун баровардани мардумамон аз худноогоҳии миллӣ, бозёбии хотираи таърихӣ офарин хондам. Имрӯзиёну ояндагони мо набояд САРЗАМИН | январ-март | 2021
ҳаргиз аз ёд бибаранд, ки ҷашнҳои бузурги мо танҳо ба шарофати хиради Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зеҳни беҳамтояшон ба устувор намудани худогоҳии миллии тоҷикон ва бунёди кишвари орому осуда ва шукуфону пешрафтаи ҷамшедӣ равона аст, Наврӯз дар садсолаи XXI дубора зинда шуд. Пешвои миллат ҳамчун донанда ва таҳлилгари таърихи мардумони ориёитабор беҳтар аз дигарон дарёфтанд, ки Наврӯз барои тоҷикон фаротар аз як ҷашни маъмулӣ буда, ба нигаҳдории қавмиву нажодии озодзодагон иртибот дорад. Перомуни арзишҳои баланди чор ҷашни ҳувиятсози тоҷикон - Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон донишмандон имрӯз ҷусторҳои пурарзиш бурдаанд, аммо бояд гуфт, васияти Ҳаким Фирдавсиро маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни дигар давлатдорону сиёсатмадорони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба таври шоиста пос доштаанд. Ҳамон гуна ки бо дидани бинои пуршукӯҳу пурнигору зарнигоре унвонии Кохи Наврӯз меҳмонони аз кишварҳои дигар ташрифоварда ангушти ҳайрат мегазанд. Дар ҳар ноҳияи мамлакат Наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтаанд, ки пешинаи таърихии ин
суннати бостонӣ чунин гиромидоштро ёд надорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат навгониҳои зебову тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзуда шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар корхонаҳову идораҳо ба сони ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, ки байналмилалӣ шуморида мешавад, ба рағми гиромидошти Наврӯз аз сабзаву гулҳои рангоранг намоди арча ороста шавад. Чуноне аз навишторҳои куҳан бармеояд, тоҷикон дар бостон пагоҳии Наврӯз дар болои дарвозаҳояшон як даста шохи дарахти арчаро мечаспонданд, ки маънои сарсабзиву хуррамиро дошт. Ба хотири зиндасозии ин ҷузъи арҷгузорӣ соли гузашта бо пешниҳоди Сарвари давлат дар пойтахт ва шаҳрҳои кишвар ҳамчун рамзи сарсабзии Наврӯз аз шохаҳову буттаҳои сабз дарахти наврӯзӣ ороста гардид, ки хеле зебову идона ба чашм мерасид. Дар ин пешниҳод нуктаи хирадмандонае ҷой дорад, ки ниҳоли арчаи боғ бурида нашуда, дар бозтоби шакли он аз гиёҳу гулҳои рангоранг кор гирифта шавад. Бар асари таъкидҳои Сарвари давлат ба ёд оварда шуд, ки мардумони мо дар ҳама замон ҷашнҳоро на танҳо бар ҳадафи хушнудӣ, шодиву сурур
СУННАТИ БОСТОНӢ | 27 ва сайру гашт офарида буданд. Дар пушти арҷгузориҳову хушнудиҳои бостонии мо як силсила ойинҳое ҷой доранд, ки дархӯри ободсозӣ, худнигарӣ ва беҳсозии зистгоҳу киштзорон ва чаманистону гулистонҳо буд. Бад – он гуна, ки қадами нахусти мардумро барои пешвозгирии Наврӯз «чаҳоршанбеи сурӣ» номида буданд. Ойини «Чаҳоршанбеи сурӣ», ки аз ёдҳо фаромуш шудааст, ишора ба омодагириҳои як ҳафта пеш аз оғози Наврӯзро дорад. Бузургтарин шоистагиҳои «чоршанбеи сурӣ» дар поксозӣ, ободсозӣ, нигаҳбонии обҳои зинда, ҳама ҷоро поку равшан сохтан ва барои хушнуд сохтани арвоҳон, гӯри ниёконро зиёрат кардану онҳоро пок доштан буд. Дар «чоршанбеи сурӣ» расми гилемтаконӣ ривоҷ доштааст, ки дар ҳар музофоти тоҷикнишин ба таври гуногун унвонгузорӣ шудааст. Чунончи ин расмро дар вилояти Суғд «хонабаророн», дар байни кӯҳнишинони вилояти Хатлон, аз ҷумла Балҷувон, Ховалинг, Дашти Ҷам, Дарвозу Ванҷу Вахиё ва Афғонистон «гилемтаконӣ», дар Хуросони Эрон «хонатаконӣ» ва монанди он номидаанд. Дар иҷрои ин расм мардон нақши хосса доштаанд, зеро мардҳо гилему намад ва дигар фаршҳои хонаҳоро, ки дар дарозои зимистон гард гирифтаанд, ба берун бароварда метакиданд. Занҳо ғубори рӯйи деворҳои хона, асбобҳо, дегу зарфҳоро аз сиёҳӣ пок мекарданд. Мардон ҷӯйборҳо ва сарчашмаҳои обҳоро аз лой пок мекарданд ва ин нахустин омодагирӣ барои обёрии киштаҳояшон буд. Ойини хуби дигаре дар рӯзи фарорасии ҷашни Наврӯз ҷой дорад, ки кӯдакону навҷавонон сари субҳ барои дастбӯсии падарбузургону модарбузургони худ мешитобиданд. Модар бо дасти фарзандони хеш ба падарбузургу модарбузург аз шириниҳои тайёр кардааш, чун ҳалвову суманак, кулчаву чалпак идона мефиристод. Пас аз шодбошиҳову дуои нек, модарбузургҳо ба наберагон тухми рангин туҳфа мекарданд, ки рамзи пойдории насл ва устувории хонадонро дошт. Борҳо гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз ба гоҳшумории бостонии тоҷикону эронитаборон пайвастагӣ дорад. Пас аз пазируфтани дини ислом гузаштагони мо хоста буданд рӯзгорро аз рӯйи гоҳшумории арабӣ (ҳиҷрии қамарӣ) пеш бибаранд, вале пас аз чандин сол ба исбот расид, ки он ба шеваи киштвар-
зии мардумон нобасомониҳои зиёде меоварад. Дар замони ҳукуматронии Ҷалолуддин Маликшоҳ, дар соли 467 қамарӣ (1131 м.) ба 8 тан ахтаршиносон ва риёзидонони бузурги замони худ, аз ҷумла Ҳаким Умари Хайём супориш дода шуд, то гоҳшумориро ислоҳ кунанд. Ин гурӯҳ Наврӯз – Соли навро дубора дар аввали баҳор қарор дод ва ҷойгоҳи онро барои ҳамеша собит сохт. Аз он пас тақвими ҷалолӣ ва ё Маликӣ наздиктарин гоҳшумориҳои ҷаҳон ба гардиши офтоб ва ивазшавии фаслҳои сол дониста мешавад. Мебояд афзуд, ки тоҷикони мо (бештар мардумони кӯҳнишин) фарорасии Наврӯзро «офтобдархона» номида буданд ва ҷашнгирии онро Иди сари сол ном мебурданд, ки ба тақвими ҷалолӣ, яъне баробаршавии шабу рӯз ва расидани офтоб ба авҷи нуқтаи кайҳонӣ – ба бурҷи Ҳамал рост меояд. Ниёкони мо, ки дар инсонсозии башар нақши муҳим доштанд ва яке аз нахустин фарҳанговарони рӯйи заминанд, дарёфта буданд, ки зан қудрате дорад то обҳоро пок нигаҳ дорад, зан қудрати зойидан дорад ва об барои замин ба сони ҷараёни хун дар ҷисми инсон ва сохтмони ҳама мавҷудоти зинда мебошад. Дар ин бора падари таърихнигории ҷаҳон Ҳеродот чунин навиштааст: «Порсиён ҳаргиз рӯдхонаву обҳои равонро ба ҳеҷ васила олуда намекунанд. Онон ҳатто дасту бадани худро дар обҳои равон намешӯянд ва ба касе ҳам иҷозаи чунин кореро намедиҳанд, чун эҳтирому тақаддуси вижа барои рӯдхонаҳо қоил ҳастанд». Гузаштагони мо яке аз рӯзҳои вижаи наврӯзӣ, рӯзи нуздаҳуми Наврӯзро «Рӯзи обҳои зинда» номида буданд ва гоҳе онро «Ҷашни обрезагон» меномиданд, ки дар деҳоти ҷануби Тоҷикистон, ба унвони «Ашагулон» чунин ойине ҷой дорад. Об ва зарурати бориш масъалае будааст, ки дар ойинҳои наврӯзӣ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифтааст, зеро дар тамоми ин расмҳо ақидае вуҷуд дорад, ки барои соли нав борону оби басанда, ки мазҳари ободонӣ аст, орзу кунанд. Дар миёни эронитаборон расм будааст, ки ҳангоми сапедадами Наврӯз, мардум аз хоб бармехестанд ва худро шустушӯ мекарданд ва гоҳе бо
пошидани оби равон худро мутабаррук карда, аз дафъи балову офатҳо худро эмин мегумориданд. Сабаби пайдоиши ин расм дар он будааст, ки замоне муддатҳо борон наборида киштаҳо рӯ ба хушкӣ ниҳодаанд ва чун якбора бориши сахт ба амал меомадааст, мардум бо пошидани об ба ҳамдигар, боридани боронро гиромӣ медоштанд. Ва дар рӯзи нуздаҳуми Наврӯз (19уми фарваддин), ки ба фариштаи обҳои пок тааллуқ дорад, он рӯзро зодрӯзи Зардушт низ донистаанд ва шиори он рӯз «Дӯст доштанро дӯст бидор» аст. Шояд ин нишона низ қобили таваҷҷуҳ бошад, ки пушти сари мусофир низ об пошидан ишора ба ҷалби иноят мебошад, то ки роҳ равшан бошад ва мусофир саломат ба мақсад расад ва ба равшаниву саломат аз сафар бозгардад. Бечунучаро ин бардоштҳо обишхӯри хиради гузаштагонамон будааст, ки мардумони мо тавониста буданд ба хушк шудани рӯдҳову чашмасорон роҳ надода, обҳои покро нигаҳ доранд. Дар замони бостон аз ҳама кори зишту кароҳатбор олуда кардани обҳо буд. Сатрҳои болоро пеши рӯ оварда, кас ба хиради Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бечунучаро арҷ мегузорад ва ҳангоме ки ба гузаштаҳои дури тоҷикон, пас аз омӯзишҳои зиёд бозменигарӣ ва он ҳамаро бо талошҳои нуктабинонаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоиса мекунӣ, чашми хирад вомедорадат, ки аз дили меҳанпараст нидои «офарин, аҳсант!» берун барояд. Ва дар поён бо муроҷиа ба ҳаммеҳанон мехоҳам даъват ба амал оварам, ки бо сипосгузорӣ аз Пешвои миллат шоистатарин арзишҳои Наврӯзро, ки ба ваҳдати мардум нигаронида шудааст, гиромӣ дошта, дар поксозиву ободсозии дастаҷамъии зистгоҳу маҳалла, кӯчаву хиёбон, гулгашту варзишгоҳ ва ба воя расонидани насли наҷибу созандаи озодагон, саҳми пурарзиш гузошта, 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамонро бо подошҳои пурбаракати Наврӯз пешвоз мегирем. Наврӯзи ниёкон ба сарзамини озодзодагон хуҷаста бод! 2021 | январ-март | САРЗАМИН
28 | ДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад. Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.
***
Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.
***
Ҷашни Наврӯз барои мо, тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудонопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.
***
Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори Истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи Истиқлол мебошад. Эмомалӣ Раҳмон САРЗАМИН | январ-март | 2021
ДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ | 29 «Навсард - рӯзи аввали он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи бузург бошад». Ин суханро Абӯрайҳони Берунӣ дар боби «Дар идҳо ва моҳҳои суғдиён»-и асараш «Осор-ул-боқия» навиштааст. Дар идома менависад: «Ва рӯзи бистуҳаштуми он зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар ин ид дар оташкадае, ки наздики қарияи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳо аст. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст».
***
Наврӯз дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониҳо болу пари истиқлол кушод ва ба фарҳанги ҷашнии башарият бисёр маросиму анъана ва ойинҳои некро ворид сохт.
***
Ифтихори мо, тоҷикон, боз аз он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
***
Наврӯзро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрону Туркия, Чину Русия, Ҳиндустону Афғонистон, Покистону Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо аксар бо номи шабеҳи як мафҳум: тоҷикон - «Наврӯз», озариҳо - «Novruz», туркҳо - «Nevruz», бошқирду тоторҳо - «Неуруз», қазоқҳо - «Науриз», қирғизҳо - «Нооруз», тоторҳои Қрим - «Navrez», ӯзбекҳо - «Navroz», туркманҳо - «Nowruz», курдҳо - «Newroz», ки маънои ҳамаи он рӯзи нав аст, ҷашн мегиранд.
***
Умари Хайём: «Мардум чун бидонистанд офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад. Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард». 2021 | январ-март | САРЗАМИН
30 | БАРАКАТИ БАРНОМАИ ЭЛЕКТРОНӢ
Маркази бузурги омодасозии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ
Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Таълим дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бисёрзина буда, бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) тайёр менамояд. Таҳсил дар шуъбаи ғоибона фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 10 факултет айни замон 11 753 донишҷӯ аз рӯйи 51 ихтисос ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 7-тои он ҳамгиро мебошанд (ихтисосҳо соли 2011 ҷорӣ гардиданд ва хатмкунандагон якбора соҳиби 2 тахассус мешаванд). Дар 50 кафедраи донишгоҳ (39 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи
умумидонишгоҳӣ) 485 омӯзгор, аз ҷумла 6 академик ва 6 узви вобастаи АИКТ, 46 доктори илм, 50 профессор ва 145 номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Дар кафедраи ҳарбӣ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, афсарони эҳтиётӣ омода карда мешавад. Барои босифат гузаштани машғулиятҳои назариву амалӣ 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, 69 озмоишгоҳи таълимӣ, 18 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотӣ ва 15 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ, 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвон, Институти илмӣ-таҳқиқотии биотехнологӣ, Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи агросаноатӣ, майдон ва толори варзишӣ, толорҳои барҳавои фарҳангӣ, осорхона, китобхона, хобгоҳҳо, дармонгоҳ, боғи намунавӣ мавҷуданд. Масоҳати таълимии донишгоҳ 103828,2 м2 буда, барои таҳсили 5876 донишҷӯ дар як баст
ҷойи нишаст муҳайё шудааст. Барои муваффақияти шоён дар таъмини сифат донишгоҳ соли 2003 бо Ҷоизаи байналмилалии "ЭРАИ СИФАТ" мукофотонида шудааст. Моҳи марти соли 2017 Кумитаи байналмилалии Суқрот (Оксфорд, Британияи Кабир) донишгоҳро бо Ҷоизаи байналмилалии “Донишгоҳи беҳтарини сол” сазовор донист. Донишгоҳ узви шабакаи Донишгоҳҳои Авруосиё, Атлантика ва Иттиҳодияи муассисаҳои олии касбии Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад. Донишгоҳ бо 137 муассисаи олии касбии 24 мамлакат ва 19 созмони бонуфузи хориҷӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, олимони ҷавон, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Ҳамасола 30 омӯзгори донишгоҳ ва 50 донишҷӯ дар мамлакатҳои хориҷии қитъаҳои Аврупою Осиё коромӯзӣ ва бозомӯзӣ намуда, аз курсҳои такмили ихтисос ва табодули таълимӣ мегузаранд.
Марҳамат, ба ин боргоҳи таълим ва илму ҳунар! Ҳангоми интихоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 103-ро дар ҷойи аввал гузоред! №
Гурӯҳи ихтисосҳои (кластери) 1-ум “Табиӣ ва техникӣ”
Нархномаи таҳсил Рамз
Шакли таҳсил
Рӯзона
Ғоибона (фосилавӣ)
Рӯзона ва фосилавӣ
4800
3360
1
Заминсозӣ
1-560101
2
Геодезия
1-560201
Рӯзона
3250
-
3
Мелиоратсия ва хоҷагии об
1-740501
Рӯзона ва фосилавӣ
3300
2310
4
Таъмини техникии равандҳои истеҳсолоти кишоварзӣ
1-740601
Рӯзона ва фосилавӣ
4050
2835
5
Технол. нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ – иқтисодиёт
1-490101 2501
Рӯзона
4200
-
6
Таъмини техникии равандҳои механикӣ ва коркарди маҳс. киш.
1-740602
Рӯзона
3075
-
САРЗАМИН | январ-март | 2021
ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН | 31 7
Сохтмони гидротехникӣ
1-70040101
Рӯзона ва фосилавӣ
4050
2835
8 9
Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ
1-74050105
Рӯзона
3250
-
Беҳдошти замин ва менеҷменти хоҷагии об
1-740501 2501
Рӯзона
4200
-
10
Барқикунонии кишоварзӣ
11
Муҳандис-мошинсоз-менеҷмент
12
Таъминоти техн. равандҳои нигоҳд. ва коркарди маҳсулоти чорв.
13
Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоии растанӣ
14
География (низомҳои геоиттилоотӣ)
15
Технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ
16
Метрология, стандарт. ва сертификатсия (дар комп. агр.-саноатӣ)
17
Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ
18
Бехатарии раванди технологӣ ва истеҳсолот
19
Кадастри замин
1-7406050102
Рӯзона ва фосилавӣ
5000
3500
1-7406013601 (2602)
Рӯзона
4200
-
1-74060202
Рӯзона
2750
-
1-490101
Рӯзона ва фосилавӣ
2750
1925
1-33020103
Рӯзона
3500
-
1-19030205
Рӯзона ва фосилавӣ
2750
1925
1-54010106
Рӯзона
2750
-
1-74060301
Рӯзона
3500
-
1-74060302
Рӯзона ва фосилавӣ
3075
2150
1-560102
Рӯзона
3250
-
Гурӯҳи ихтисосҳои (кластери) 2-юм “Иқтисод ва география” 20
Молия дар комплекси агросаноатӣ
1-25010405
Рӯзона ва фосилавӣ
6000
4200
21
Иқтисодиёт ва идора дар комплекси агросаноатӣ
1-25010715
Рӯзона ва фосилавӣ
4800
3360
22
Баҳисобгирии бухг., таҳлил ва аудит дар комплекси агросаноатӣ
1-25010809
Рӯзона ва фосилавӣ
6000
4200
23
Менеҷменти истеҳсолӣ
1-26020207
Рӯзона
4800
-
24
Маркетинг дар комплекси агросаноатӣ
1-26020309
Рӯзона ва фосилавӣ
3250
2275
25
Ташкили хоҷагиҳои фермерӣ (дехқонӣ)
1-740131
Рӯзона
2750
-
26
Тиҷорат дар комплекси агросаноатӣ
27
Омори кишоварзӣ
28
Технология ва ташкили хизматрасонии сайёҳӣ (агротуризм)
29
Логистика дар КАС
30
Экологияи кишоварзӣ
1-330106
Рӯзона ва фосилавӣ
2805
1963
31
Тибби ветеринарӣ-фарматсевт
1-740302790108
Рӯзона ва фосилавӣ
3500
2450
32
Агрономӣ
1-740201
Рӯзона ва фосилавӣ
2750
1925
33
Ҳифзи растаниҳо ва карантин
1-740203
Рӯзона
2750
-
34
Меваю сабзавотпарварӣ
1-740204
Рӯзона ва фосилавӣ
2750
1925
35
Агрокимиё ва хокшиносӣ
1-740205
Рӯзона
2750
-
36
Зоотехния
1-740301
Рӯзона ва фосилавӣ
2750
1925
37
Технологияи парвариши моҳӣ
1-740303
Рӯзона
2750
-
38
Селексия ва тухмипарварӣ
1-740202
Рӯзона
2750
-
39
Паррандапарварӣ
1-74030103
Рӯзона
2750
-
40
Занбӯри асалпарварӣ
1-74030107
Рӯзона
2750
-
41
Пиллапарварӣ
1-310500
Рӯзона
2750
-
42
Тибби байторӣ
1-740302
Рӯзона ва фосилавӣ
3300
2310
43
Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ
1-75010101
Рӯзона ва фосилавӣ
2750
1925
44
Агрономӣ - менеҷмент
1-740201 2602
Рӯзона
4200
-
45
Агрономи боғпарвар - иқтисодиёт
1-740204 2501
Рӯзона
4200
-
46
Зоотехнология - менеҷмент
1-740301 2602
Рӯзона
4200
-
47
Бунёди боғу истироҳатгоҳҳо
1-750201
Рӯзона
2750
-
48
Озмоиши бойтории санитарӣ
1-74030201
Рӯзона
2750
-
49
Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ)
1-74020101
Рӯзона
2750
-
50
Пешгӯӣ ва огоҳии организмҳои зараррасон
1-74020306
Рӯзона
2750
-
51
Дендрологиия
1-75020103
Рӯзона
2750
-
1-25011017
Рӯзона ва фосилавӣ
4800
3360
1-25 01 05 05
Рӯзона
4800
-
1-430302
Рӯзона
4800
-
1-26020324
Рӯзона
3250
-
Гурӯҳи ихтисосҳои (кластери) 5-ум “Тиб, биология ва варзиш”
2021 | январ-март | САРЗАМИН
32 | ПОДОШИ РАНҶ ГАНҶ АСТ
Баракати замини зархез Бо мақсади гирифтани ҳосили фаровон аз кишти сабзавоти барвақтӣ, картошка, полезӣ ва боғ имсол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пойгоҳҳои обкаширо барвақттар ба кор дароварда, заминҳои киштшударо бо оби полезӣ таъмин намуданд. Агар дар вилояти Хатлон 86 ҳазор гектар замин ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин карда шавад, дар ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 8000 гектар замин бад-ин восита обёрӣ мегардад.
Абдулҳафиз ОДИНАЗОДА, раиси ноҳияи Ҷайҳун
САРЗАМИН | январ-март | 2021
ПОДОШИ РАНҶ ГАНҶ АСТ | 33 Ин тадбири нек имкон фароҳам овардааст, ки нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ хуб ва заминаи ҳосили фаровон таъмин гардад. Саҳмдорони зиёда аз 3900 хоҷагии деҳқонӣ барои беҳ намудани иқтисодиёти хонаводагӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва содироти он дилгармона аз замини худ истифода менамоянд. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар тоза намудани ҷӯй ва каналу заҳбуру заҳкашҳо саҳм мегирад. Дар ин ноҳия зиёда аз 18 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки 8 ҳазор гектараш ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир
барои гирифтани тухмии босифати пиёз ва такрористеҳсолкунӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигиро низ самаранок истифода мебаранд. Дар ин деҳот 1145 гектар замини наздиҳавлигӣ ва 280 гектар замини корами обии хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон мавҷуд аст ва саҳмдорон соле аз ин заминҳо то се ҳосил мегиранд. Барои бо маҳсулоти полезии хушсифату болаззат таъмин намудани бозорҳои дохилӣ кишоварзони ботаҷриба дар зери ду қабат плёнка ҳанӯз аз 15-уми феврал кишти полезӣ гузаронида буданд. Бо мақсади гирифтани ҳосили барвақтӣ деҳқонони ботаҷриба аз тухмиҳои пешпазак истифода мебаранд, ки дар давоми камтар аз 3 моҳ ин маҳсулот дастраси харидор мегардад.
Деҳқонон дар интихоби тухмии зироат ва истеҳсолу фурӯши он озодии комил доранд. Фарҳанги баланди заминдорӣ ва меҳнатдӯстии кишоварзони ин ноҳияро киштзори сабзу нашъунамои хуби зироат собит мекунад. Мувофиқи омор, айни замон шумораи аҳолии икшвар ба беш аз 9 миллиону 600 нафар расида, майдони заминҳои корами обӣ, ки аз онҳо зиёда аз 2 ҳосил гирифтан мумкин аст, ҳамагӣ 684 ҳазору 924 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамагонро мебояд бо ҳисси баланди масъулият ҳар каф хок ва ҳар қитъа замини ҳосилхези диёрро босамар истифода бурда, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии давлат, ки таъмини амнияти ғизоист, саҳми бештар гузоранд.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
34 | ТАХАЙЮЛ ВА ҲАҚИҚАТ
Вижагиҳои баҳор дар ақсои олам Дар сарзамини мо, Тоҷикистони офтобӣ, якумин ҷашни баҳории бошукӯҳ 21-уми март таҷлил карда мешавад. Ин рӯзро бо номи Наврӯз ва Соли нави аҷдодӣ
пазируфтаанд. 21-уми март баробарии шабу рӯз аст ва
мардумон онро дар даврони қадим 40 рӯз гиромӣ дошта, аз қудуми гулрезаш шодмонӣ мекарданд. Бино ба
маълумоти коршиносон, дар ин рӯз ба зиндагӣ баҳори астрономӣ ворид мешавад.
Наврӯз, ки ҷашни қадимӣ ва бошаҳомат аст, имрӯз мақоми байналмилалӣ касб намудааст. Тоҷикистони моро диёри ҳамешабаҳор ва ватани Наврӯз ном мебаранд, аз ҳамин сабаб ҳам, мо ворисони ин баҳористони ҳамешасабз қасд кардем, то каме аз вижагиҳои баҳор ва вуруди гуногунранги он дар гӯшаҳои мухталифи сайёра қисса намоем. Мутахассисон собит кардаанд, ки дар баҳорон суръати нафаскашии инсон нисбат ба фасли тирамоҳ се маротиба бештар мегардад. 1-уми феврал мардуми славянитабор дар даврони қадим рӯзи охири зимистонро бо номи Громовитса таҷлил менамуданд. Баҳор дар Австралия моҳи сентябр меояд ва дар Женева бошад, ду аср боз бо фармони махсус вуруди баҳор эълон мешавад ва як аломаташ сабз шудани барги булут аст. Аз рӯи омор, бештар баҳор дар моҳи март эълон мегашт, гоҳо барги булут аз ин моҳ дида барвақттар низ рӯнамоӣ мекард. Соли 2002 дарахти булут 29-уми декабр баргҳояшро кушод. Аз ҳама соли аҷиб - соли 2006 буд: нахустбаҳорро моҳи март эълон карданд, баъдан такроран САРЗАМИН | январ-март | 2021
моҳи октябр дарахт ба шукуфтан даромад. То охири зимистон дар қисмати шимолии Замин ҳаҷми барфи мавсимӣ то ба 13 500 миллиард тонна мерасад, майдони қолини барфини замин бошад, 95 106 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Олимони англис тасдиқ намудаанд, ки кӯдакон дар фасли баҳор нисбат ба моҳҳои августу декабр се маротиба зудтар ба воя мерасанд. Баҳорон қабл аз ҳама решаи дарахтҳо аз бедоршавии худ хабар медиҳанд, чунки онҳо дар гармии 7-10 дараҷа зинда мешаванд. Андешаи он ки одамон дар баҳор бештар ошиқ мешаванд, то ҳадде хаёлбофист. Гап фақат дар сари он аст, ки баҳорон дар баробари бедоршавии табиат ва шукуфоии он инсон дар ҳолати эйфория (эҳсоси пурқувват ва ногаҳонии хушҳоливу муваффақият) қарор мегирад, ҳормонҳои одам дар ҳама ҳолат якхелаанд. Ташаннуҷи равонӣ ё депрессия дар баҳору тирамоҳ хурӯҷ карда метавонад, аммо ҳоло равоншиносон аниқ накардаанд, ки кадоме аз онҳо хавфноктар аст. Баҳор давраи растохезу шу-
куфтанҳо ва таассуроти тозаву кашфиёти нав аст. Хушгултарин дарахт, ки бо шукуфтани фавқуллода зебои худ ҳамаро хушҳол менамояд, сакура аст, ки ватанаш Ҷопон мебошад. Имрӯзҳо дарахти муъҷизавии сакураро қариб дар тамоми гӯшаҳои олам ҳамчун гулдарахти ороишӣ дидан мумкин аст. Украина яке аз давлатҳое ба шумор меравад, ки сакура тамоми шаҳрҳои онро ороиш ва зебу фарри тоза ато менамояд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё кӯчаҳову хиёбонҳо оғӯштаи абрҳои гулобиранг бошанд. Парвози эзорсурхак дар гузашта яке аз нишонаи омад-омади баҳор ба шумор мерафт. Ҳамин ки аз анбӯҳи ҷангалистон садои «куку»-и ин паранда шунида шуд, он рамзи ҳушдордиҳанда аз омадани баҳор буд. Барои бисёр халқҳо ин паранда ҳотиф ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки дар баҳорон дарахтону гиёҳҳо дар мутобиқат бо соатҳои махсуси биологӣ зинда мешаванд. Шохаи дарахти моҳи март буридашуда ва дар ҷойи муносибе, дар дохили зарфи обдор гузошташуда тезтар месабзанд. Аммо агар ин корро дар моҳи ноябр кардан хоҳед, ҳамоно
ТАХАЙЮЛ ВА ҲАҚИҚАТ | 35 бетағйир мемонад ва шоха мисли як чӯби мурда мешавад. Дарахтон хусусияте доранд, ки бедоршавии табиатро бештар эҳсос менамоянд, ки он ба дарозии равшании рӯз мутамарказ гардонида шудааст. Замбӯрҳо бошанд, дар фасли баҳорон нисбат ба дигар фаслҳои сол камҳаракатанд. Одатан одамон дар як соат то 1000 маротиба нафас мегиранд, дар фасли баҳор бошад, аз ин бештар низ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолатро олимон шарҳ дода мегӯянд, ки дар мавсими сармо организми инсон тӯли моҳҳои дароз дар шароити гуруснагӣ ба оксиген қарор дошт ва акнун ба барқароршавӣ рӯ овардааст. Табиист, ки баҳорон рустаниҳои сабзшаванда бештар аз худ оксигенро хориҷ менамоянд ва шушҳо дар ҳолати баланди интенсивӣ фаъолият менамоянд. Дар Русия, ки аз ҷиҳати масоҳат хеле бузург аст, баҳор дар вақтҳои гуногун меояд. Олимон собит намудаанд, ки баҳор дар як шабонарӯз 50 км ҳаракат менамояд, онҳо ин суръатро аз рӯи шукуфтани баъзе аз гиёҳҳо собит намудаанд. Дар рӯзи аввали баҳор одам дар қутби шимол офтобро мушоҳида мекунад, ки маънои
рӯзи аввали шашмоҳаи қутбиро дорад. Дар навбати худ, дар қутби шимолӣ шоҳиди оғози шабҳои қутбии 6-моҳаи торикӣ шудан имкон дорад. Нуктаи аҷибтар он аст, ки ҳарчанд баҳор дар тамоми дунё моҳи марту апрелу май ҳукмронӣ мекунад, дар Австралия, Аргентина ва Мадагаскар он моҳи сентябр меояд. Бо ворид гаштани баҳор мусаллам аст, ки тамоми табиат қабои наву тоза мепӯшад, инчунин инсонҳо низ мехоҳанд либосҳои зебо ба бар намоянд ва зиндагиро бо диду назари тоза бубинанд. Аммо шояд на ҳама медонанд, ки дар баҳорон ҳатто ҷонварону парандагон ҳам ранги худро тағйир медиҳанд, хусусан харгӯшу санҷоб намуди равшани хешро ба ранги ториктар табдил медиҳанд. Баҳорон парандагон нисбатан бештар ва баландтар месароянд, шояд бо ин рафторашон мехоҳанд таваҷҷуҳи парандагони модинаро ба худ ҷалб намоянд. Аз рӯи гуфти табиатшиносон, беҳтарин сурудро булбул месарояд. Аз рӯи қиссаҳо ва ойинҳои пешини мардумӣ, агар суғур баъд аз баромадани худ аз хонааш сояашро дар рӯи замин набинад, баҳор барвақт меояд ва баракс, агар сояи худро
дида тавонад, ин маънии онро дорад, ки зимистон боз ба муҳлати 6 ҳафтаи дигар идома хоҳад ёфт. Дар Чин омадани баҳор бо ҷашнгирии Соли нави чиноӣ мувофиқ меояд. Ин ид ба рӯзи аввали моҳи якуми моҳтобӣ - дар январ ё феврал баробар мешавад. Агар ба мифологияи юнонӣ диққат диҳем, вуруди баҳор бо баргаштани духтари Деметра Персефон (эзадбонуи ҳосилхезӣ) аз шоҳигарии зеризаминӣ вобастагӣ дорад. Дар байни бозёфтҳое, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, дар шакли нимпайкараи яктарафа духтари олиҳаи ҳосилхезӣ - Деметра, Персефон ва худи Демет ра низ дастрас шудаанд. Онро дар назди ду косаи аз гили сурх омодашуда пайдо намудаанд. Худи Деметра олиҳаи ҳосилхезӣ ва кишоварзӣ, духтари Кронус ва Рея мебошад. Вай дар гимни Гомер ҳамчун олиҳаи хайрхоҳ бо шакли зебо, мӯйҳои гандуми пухтарасида ва бо шамшери тиллоӣ тасвир ёфтааст. Юнониҳои қадим абулҳавли бузургеро низ бунёд карда буданд, то тавассути таҷаллии офтоб дар ӯ болошавии хуршедро ҳангоми баробаршавии шабу рӯз мушоҳида карда тавонанд.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
36 | АЗ ФАЪОЛИЯТИ БОНУВОНИ ПУРКОР Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд
расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст.
Зане, ки сарнавишташро бо замин пайвастааст Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба мас ъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб мегарданд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Танзими муносибатҳои истифодаи замин яке аз самтҳои муҳимми рушддиҳандаи иқтисодиёти мамлакат буда, дар замони соҳиб истиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бонувон низ дар ривоҷи соҳаи мазкур саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ғайратзода Маҳбуба Диловар аз зумраи ҳамин гуна бонувони фаъол буда, дар соҳаи заминдорӣ мутахассиси беҳамтост. Ӯ соли 1981 ба Инс титути политехникии Тоҷикистон (айни ҳол – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ) дохил шуда, баъдан бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ аз соли 1986 дар корхонаҳои алоҳида то соли 2001 фаъолият намудааст. Фаъолият ва кордонияшро ба назар гирифта, соли 2004 ӯро ба вазифаи раиси Кумитаи замини САРЗАМИН | январ-март | 2021
ноҳияи Шаҳринав пешбарӣ карданд. Маҳбуба дар тӯли 8 соли фаъолияти корияш дар ноҳияи Шаҳринав барои мақсаднок истифода бурдани замин бо риояи меъёрҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир гузошт. Ҳангоми қабули шаҳрвандон бо таҳаммулу дурандешӣ барои ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат менамуд. Мавсуф барои такмили дониши хеш соли 2007 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳуҷҷат супурд. Факултети гидромелиоративиро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз соли 2011 хатм кард. Соли 2012 барои Ғайратзода Маҳбуба соле буд, ки талошҳои зиёд барояш дари муваффақиятҳоро боз кард. Акнун дар ноҳияи Ҳисор мебоист масъулияти роҳбарии Кумитаи идораи заминро бар дӯш гирад. Чун одат ба соҳаи заминдорӣ дар ноҳия диққати ҷиддӣ дод. То соли 2015 дар шаҳри Ҳисор ва то соли 2020 ба ҳайси раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода содиқона хизмат намуда, алҳол вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда
дорад. Китоби таҷрибаи кории ин бонуи ҳалиму меҳрубон ва фаъолро чун варақгардон мекунем, бори дигар аз саҳми арзандааш дар пешрафти соҳа огоҳ мегардем. Ӯ оилаи солиму сарҷамъ дорад. Дар баробари фаъолияти меҳнатӣ 5 фарзандашро соҳиби маълумоти олӣ карда, ҳоло дар тарбияи 5 набераи дустрӯяш саҳм гузошта истодааст. Ғайратзода Маҳбуба Диловар зани боғайрату росткор буда, ҳамеша талош мекунад, ки аз рӯи адолат ва ҳақиқат амал кунад. Хайрхоҳу саховатманд аст, доимо ба афроди ниёзманд дасти кумак дароз карда, барои пешбурди иқтисодиёти мамлакат ва некуаҳволии сокинон талош мекунад. Занест, ки воқеан ҳам намунаи ибрат ва пайравии дигарон. Дар ҳаёти шахсӣ ва ҷодаи фаъолият пешсаф буда, барои ободу зебо сохтани Тоҷикистон ҳамчун як фарди худшинос худро масъул мешуморад. Зан ва замин ду офарандаанд. Вақте зан ба замин сару кор дораду дурусту самаранок истифода бурдани онро талқин менамояд, баракату нусрат ҳам арзонӣ мегардад.
ЗАН - НАФАСИ ГАРМИ ҲАЁТ | 37
Саодати зиндагӣ дар сиришти зан нуҳуфтааст
Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар
шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
38 | ДУНЁИ ТАҲҚИҚУ ОМӮЗИШ
Илм бо кор судманд бувад Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади омӯзиши илмии соҳаи заминсозӣ дар таркиби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис ёфт, ки ин ниҳод дар соҳаи истифодаи усулҳои аз фосилаи дур санҷидани Замин ва гузаронидани ченакҳои геодезии дақиқ корҳои назаррасро анҷом додааст. Ин маркази илмӣ ба таҳияи асос ҳои илмӣ, усулҳо ва меъёрҳои таъмини амнияти аҳолӣ, иншооти хоҷагии халқ ва муҳити зист ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ва техногенӣ машғул буда, инчунин ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи геология, геологияи муҳандисӣ, гидроэнергетика, обёрӣ ва экологияро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Марказ аз се озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, маркази таълимию методӣ ва шуъбаҳои ёрирасони истеҳсолӣ иборат мебошад. Ҷиҳати ташкили фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ марказ дорои озмоишгоҳи мониторинги фазонавардии (аэрокайҳонии) муҳити табиӣ, озмоишгоҳи яхшиносӣ ва мушкилоти об, озмоишгоҳи харитасозии экологӣ ва маркази таълимию методӣ мебошад. Ҳар як озмоишгоҳро мутахассисони соҳаи дахлдор роҳбарӣ мекунанд. Марказ барои ташкил ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот таҷрибаи кофӣ (аз соли 1975) ва кадрҳои соҳибихтисоси илмию техникӣ (докторҳо ва номзадҳои илм, мутахассисони ГИС, харитасозони баландихтисос) дорад. Ҳадафи Маркази илмию таҳқиқотӣ таҳия ва амалӣ намудани таҳқиқот дар бахшҳои зерини заминшиносӣ мебошад: САРЗАМИН | январ-март | 2021
• геоэкология ва экология; • мелиоратсия; • яхшиносӣ (глятсиология); • геологияи муҳандисӣ; • гидрология (обҳои рӯизаминӣ); • эрозияи шӯрнокӣ ва вайроншавии замин; • геодезияи татбиқшаванда; • равандҳои техногенӣ (равандҳои антропогенӣ). Пешгӯии падидаҳои табиӣ ва техногении тағйирёбии муҳити зист, таҳияи чораҳо оид ба пешгирии хатарҳо дар натиҷаи офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва идоракуниву ҳифзи захираҳои табиӣ мундариҷаи асосии таҳқиқот ба шумор меравад. Марказ дар солҳои истиқлол лоиҳаҳои зиёдеро дар амал татбиқ намуда, ба дастовардҳои зерини илмӣ ва амалӣ ноил гардидааст: - геодинамика ва хатарҳои таҳдидкунанда дар қаламрави Тоҷикис тон (1996-2000); - геодинамика ва гидродинамикаи ҳудуди минтақаи обхезӣ ва сохтмони сарбанди НБО “Сангтӯда-1” (2004-2005); - харитаҳои бузургмиқёси экологии Тоҷикистон (2001-2006); - динамикаи майдонҳои барф ва яхбандии Тоҷикистон (2001-2006); - арзёбии системаҳои ноустувори табиӣ ва пешгӯии манбаъҳои
эҳтимолии ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (20012006); - динамика ва дурнамои пиряхҳо дар Тоҷикистон дар асоси тас вирҳои кайҳонӣ (2007-2010); - мониторинги мавзеъҳои геодинамикии Норак ва НБО Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси истифодаи аксҳои моҳвораӣ ва ченакҳои геодезии дақиқ барои бехатарии иншооти гидротехникӣ (2011-2014); - арзёбии минтақавии хатари офатҳои табиӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси истифодаи усулҳои аз фосилаи дур санҷидани замин аз кайҳон) (2011-2014); - геодинамикаи НБО Норак (20022018). Натиҷаҳои асосии таҳқиқот дар татбиқи чунин лоиҳаҳо истифода шудаанд: - шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Қароқурум-Карочӣ; - НБО “Сангтуда-1”, нақбҳои "Истиқлол" ва "Хатлон"; - рафъи оқибатҳои ярчи Байғозӣ ва обхезӣ дар дарёи Панҷ; - атласи харитаҳои хатарҳои табиӣ дар баландкӯҳҳои Помир ва Помир-Олойи Ҷумҳурии Тоҷикис тон;
ДУНЁИ ТАҲҚИҚУ ОМӮЗИШ | 39
- атласи харитаҳои хатарҳои табиӣ дар баландкӯҳҳои Помир -Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон; Баъзе натиҷаҳои кор дар шакли китобу монографияҳо, мақолаҳо, маърӯзаҳо дар конфронсҳо ин ъикос ёфта, ба таркиби рисолаҳои илмӣ низ ворид шудаанд. Дар марҳилаи ҳозираи рушди Тоҷикистони соҳибихтиёр Маркази илмию таҳқиқотӣ рисолати худро дар иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои таъҷилии таъмини амнияти иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон мебинад. Дар асоси ин барнома фаъолияти асосии илмӣ ва амалӣ барои 5 соли оянда (2019-2023) дар доираи лоиҳаи «Мониторинги геологӣ-геодезии дарёҳои Вахш ва Сирдарё бо мақсади таҳияи тавсияҳои муҳандисию геологӣ оид ба ҳифзи НБО», омӯзиши хусусиятҳои муҳити геофизикӣ дар минтақаҳое хоҳад буд, ки иншооти бузурги гид ротехникии (сейсмикии) баланд доранд, муайян кардани тағйирот дар ҳолати авҷгирии он, муайян кардани ҷойҳо ва иншооте, ки дар онҳо хатарҳои табиӣ ва техногенӣ мавҷуданд ва ҳангоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи иншооти ҳаётан муҳим эҳтимоли ба амал омадани хатар вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи охир кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намудааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон то имрӯз ҳашт қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об қабул шудааст, ки аз муҳим ва сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳад. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузорад. Шумораи зиёди иншооти муҳимми саноатӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, ки дар минтақаи дарёҳои Вахш ва Сирдарё ҷойгиранд ва дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода оқибатҳои нохуш сар заданаш мумкин аст. Дар натиҷаи истифодаи ин иншоотҳои муҳандисӣ ва ҳамбастагии онҳо бо муҳити зист халалдоршавии табиӣ имконпазир аст, аз қабили баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, тағйирёбии хосиятҳои муҳандисию геологии ҷинс ҳо, афзоиши басомади зуҳуроти сейсмикӣ, фаъолшавии ярч ва ғайра, ки қаблан ба қадри кофӣ ба назар гирифта намешуданд. Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо ченкунии инструменталии ҳара-
Хуршед ЭЛМУРОДОВ, директори МИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ катҳои қисматҳои наздик ба сатҳи қабати замин ва таҳлили геологии натиҷаҳои ченкуниҳои геодезӣ мебошад. Маркази илмии тадқиқотӣ дар ҳама соҳаҳои номбаршуда бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология, Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти проблемаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва CAIAG RK ҳамкориҳои судманд дорад. 2021 | январ-март | САРЗАМИН
40 | ВАЗЪИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ДАР СУҒД
Ҳадаф – беҳ намудани сифати зиндагии мардум Ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва бо мақсади ба даст овардани манбаи даромади иловагӣ талаботи мардум ба замин рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ба ҳалли масъалаи беҳтар намудани некуаҳволии халқ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ба ҳар як хоҷагӣ ҷудо кардани заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон, ба қавли дигар - заминҳои президентӣ такони ҷиддӣ доданд.
Ҷамшед УМАРЗОДА, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва мақомоти он дар маҳал бо мақсади иҷрои саривақтии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои зиёдеро ба иҷро расониданд. Чун соли сипаришуда имрӯзҳо низ бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон эълону огоҳномаҳо аз тарафи кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба САРЗАМИН | январ-март | 2021
ҷойҳои ҷамъиятӣ насб ва ба ҳар як оила дастрас шуда истодааст. Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки нозирони назорати давлатии истифода ва ҳифзи замини Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва мақомоти он дар маҳалҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар истифодаи замин ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар бозорҳо танҳо дар ду моҳи соли равон 823 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 128,03 гектарро муайян карда, ба ҳамаи онҳо оид ба бартарафкунии қонуншиканиҳо дастурҳо дода шуданд. Инчунин нисбат ба 814 ҳолати қонуншиканиҳои ҷойдошта прото-
кол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 326256 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки аз он 222896 сомонӣ ба суратҳисобҳои махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2020 ҳамагӣ 5496 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш мавҷуд буд. Вале пас аз пурзӯр намудани назорат дар ин самт ба ҳолати моҳи декабри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳолати мелиоративии 2000 гектар заминҳо беҳтар карда шуд ва маблағи сарфшуда 87726,43 сомониро ташкил дод. Соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ва чарогоҳ дар май-
ВАЗЪИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ДАР СУҒД | 41 дони зиёда аз 700 гектар, боир 100 гектар ва ғайрикишоварзӣ зиёда аз 200 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 1000 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол, дар ҳама хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва шинонидани дарахтони боғу ток оғоз шуда, дар ин самт корҳо идома дода мешаванд. Тавре ки дар боло ишора шуд, баҳри иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми майи соли 2009 оид ба ҳар як оила ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ то 0,15 гектар аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои марбута, тибқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалли аҳолинишин гузаронидани онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми
ноябри соли 2010 № 603 тасдиқ шудааст, тибқи маълумоти котиби комиссияи вилоятӣ ҳамагӣ 83096 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар майдони 7643,16 гектар таъмин шудааст, ки ин амал ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки тибқи ҳисоботи солонаи замин, ба ҳолати моҳи январи соли сипаришудаи 2020 ҳамагӣ 4579 гектар заминҳои боир, аз ҷумла 3077 гектар замини обӣ мавҷуд аст, дар ин давра 426 гектар заминҳои боир азхуд карда шудааст. Азхудкунии заминҳои нав дар майдони 1116 гектар амалӣ шудааст, ки аз ин миқдор дар шаҳру ноҳияҳои Ашт - 614,73 гектар, Айнӣ - 5,0 га, Бобоҷон Ғафуров - 100 гектар, Деваштич - 34,0 гектар, Зафаробод - 6 гектар, Истаравшан - 41,40 гектар, Исфара - 53,46 гектар, Конибодом - 43 гектар, Кӯҳистони Мастчоҳ - 68,06 гектар, Мастчоҳ - 17,0 гектар, Панҷакент - 7,50 гектар, Спитамен - 122,0 гектар ва Шаҳристон 4,0 гектарро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 1825,3 гектар замин, аз ин 1559,3 гектар заминҳои корами обӣ ва 266 гектар заминҳои корами лалмӣ аз гардиши кишоварзӣ берун буданд. Вале дар натиҷаи гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва назорати доимӣ дар ин самт давоми соли 2020 аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 161,7 гектар заминҳои корами обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партов ҷиҳати вобаста кардани онҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қудрати азхуд кардани онҳоро доранд, корҳо рафта истодааст. Роҳбарияти Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва мақомоти он дар маҳалҳо ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, назорати босифат ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
42 | ДАР СИТОИШИ ОДАМОНИ НЕК
, , Рохбаре окил ва марде бошараф Фаъолияти пурбаракат дар ҳама соҳа аз ҳар шахс масъулияти ҷиддиро талаб мекунад, вале ин масъулият на ҳамеша дар ниҳоди роҳбарону кормандони зинаҳои гуногун эҳсос мешавад. Дар ин миён касонеро дар ҳаёт рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳамеша ва дар ҳама вазифа бо эҳсоси баланди масъулият фаъолият менамоянд ва бад-ин васила барои рушди соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд. Қаҳрамони ин мақола низ аз зумраи чунин шахсони соҳибмаърифату масъулиятшинос мебошад. Ваҳҳобзода Муҳаммад Ҳошим аз ҷумлаи шахсони соҳибтаҷрибаест, ки дар соҳаҳои гуногун рисолати хешро хуб анҷом додааст. Асосан ҳамчун мутахассиси варзида дар соҳаи заминсозӣ соҳибном шудааст. Ӯ соли 1995 Донишгоҳи геодезӣ ва харитасозии шаҳри Москваро хатм намудааст. Шурӯъ аз соли 1997 то кунун дар сохтору мақомоти гуногуни соҳаи заминсозии вилояти Суғд вазифаҳои муҳимро ифо намудааст. Номбурда соли 1997 корро ҳамчун муҳандис-заминсози гурӯҳи худмаблағгузори хоҷагии замин оғоз намуда, донишҳои назариявии худро бо роҳнамоии кормандони собиқадори соҳа дар амал татбиқ намуд. То соли 2007 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи аввал, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд кор карда, дар ин муддат ҳамчун шахси соҳибэҳтиром ва ботаҷриба дар миёни ҷомеаи заминсозони вилоят ном баровард. САРЗАМИН | январ-март | 2021
Ин эътироф ба осонӣ насиби ӯ нагаштааст. Новобаста аз душворӣ ва мушкилоти соҳа Ваҳҳобзода Муҳаммад ҳамеша кӯшиш менамуд, ки дар касби интихобнамудааш содиқ бошаду барои халқ хизмат намояд. Дар танзими муносибатҳои истифодаи замин дар шаҳру деҳоти вилоят, омодасозии саривақтии ҳуҷҷатҳои истифодаи замин барои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва истифодаи замин аз рӯйи таъйинот пайваста фикр мекарду нақшаҳои ҷолиб ро таҳия ва татбиқ менамуд. Маҳорату таҷрибаи андӯхтаашро ба инобат гирифта, ӯро соли 2007 ба вазифаи раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Бӯстон (он замон - Чкалов) таъйин намуданд. То соли 2011 дар ин вазифа бо масъулияти том фаъолият намуда, миёни ҳамкорон ҳамчун роҳбари кордону бомаърифат ном баровард. Ҳамин буд, ки минбаъд то соли 2021 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раи-
си Кумитаи заминсозии шаҳри Исфара, муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Истиқлол фаъолияти меҳнатиашро анҷом додааст ва ба ин васила дар амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ саҳми шоён гузоштааст. Роҳи тайнамудааш дар ин соҳа ҳамвору бемонеа набуд. Ӯ душвориҳоро бо сари баланд ва неруи шикастнопазир паси сар намуда, ҳамвора талош менамуд, ки соҳа ба пешравӣ дастёб гардида, дар заминаи он рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардад. Ҷаҳонбинии фарох, некбиниву покизакорӣ ва бо масъулияти баланд пеш бурдани корҳои роҳбарӣ ба ин марди нек имкон дод, ки фаъолияти сохтору мақомоти зери роҳбарияшро якҷо бо кормандони он дар сатҳи зарурӣ пеш бурда, ба пешравиҳо ноил гардад. Ташкили муҳити созгор дар ҳар корхонаву муассиса, ки боиси дилгармии мутахас-
ДАР СИТОИШИ ОДАМОНИ НЕК | 43
сисон ба кор мешавад, аз роҳбари он бастагӣ дорад. Ваҳҳобзода Муҳаммад Ҳошим бешак, дар ин самт низ намунаи ибрат аст. Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» яке аз муассисаҳои асосии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад. Аз моҳи феврали соли 2021 роҳбарии ин корхонаи муҳим ба зиммаи Ваҳобзода Муҳаммад Ҳошим вогузор шудааст. Имрӯзҳо дар корхонаи зери роҳбарии ӯ 63 нафар кор мекунанд. Таҳияи нақшаву барномаҳои мукаммали соҳавӣ, ба роҳ мондани низоми муосири кор ва дастгирии мутахассисони варзида имкон дод, ки корман-
дон дар як муддати кутоҳ бо роҳбари нав унс гирифта, мас ъулияташонро сарбаландона иҷро намоянд. Ҳамин аст, ки нишондодҳои истеҳсолии корхона низ рӯ ба афзоиш овардааст. Бо иҷрои рисолати роҳбарии худ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» Ваҳҳобзода Муҳаммад Ҳошим нақша дорад, ки барои пешрафти корхона ва иҷрои уҳдадориҳои он дар назди корхонаву муассиса ҳарчи бештар саҳмгузор бошад. «Барои расидан ба ин мақсад шахсан ман талоши доимӣ дорам. Бо итифо-
даи камтарин имконият нақша дорем, ки корхона ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Инро дар раванди фаъолият аз ҳар як корманд низ талаб мекунам», таъкид мекунад ӯ. Қаҳрамони мо дар оиладорӣ ва тарбияи фарзандон низ ибрати дигарон аст. Ба андешаи ӯ, асоси ҷомеаи солимро оилаҳои солим ташкил медиҳанд. Пайвандони он кас дар роҳу ҷодаҳои интихобнамудаашон муваффақ буда, ба ҳар роҳу василаи нек барои муаррифии миллат саҳми арзанда мегузоранд. Ба ин марди бошараф дар роҳи расидан ба ҳадафҳои некаш барору пешрафтҳо орзу мекунем. 2021 | январ-март | САРЗАМИН
44 | ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
ФАРҲАНГ – МУҲИМТАРИН ПОЯИ БАҚОИ МИЛЛАТ Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.01.2021)
Д
ар замони ҷаҳонишавии бошиддат яке аз воситаҳои бақои рӯҳи миллӣ, бидуни шак, арзишҳои фарҳангист. Сарвари давлат аз ин хусус чунин ҳушдор додаанд: “Миллате, ки забон, тафаккур, таъриху адабиёт ва арзишҳои фарҳангии худро қадр намекунад, пояҳои истиқлолро чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад”. Дар ин гуфтор вожаҳои калидӣ миллат ва истиқлол мебошанд. Истиқлол ҳамон вақте пояндаву пойдор мемонад, ки агар забон, тафаккур, таърих, адабиёт ва арзишҳои фарҳангии миллат қадр шаванд ва ба наслҳои баъдӣ бирасанд. Адами ин аслҳо вуҷуди мустақилияти ҳар миллат – истиқлолро зери суол хоҳад бурд. Нуқтаи сарҳисоби ин аслҳо миллат аст. Ба суоли “миллат чист ва пояҳои бунёдии он кадомҳоянд?” уламои ҷомеашинос ва донишмандони фалсафа посухи бешумор доранд. Ба андешаи мо, нуқтаи назари яке аз онҳо – Эрнест Ренан (1823-1892) хеле дақиқтару мушаххастар аз дигарон аст. Ин донишманди фаронсавӣ мегӯяд: “Миллат таҷассумгари як рӯҳ, яъне як асли зеҳнӣ ва ахлоқист. Ду мақулае, ки дарвоқеъ, пушту рӯйи як танга ҳастанд, рӯҳ ва асли зеҳниву ахлоқиро ба вуҷуд меоранд. Рӯҳи миллӣ доштан маънои соҳиби мероси ғанӣ будан аст ва зеҳну ахлоқ аслҳои САРЗАМИН | январ-март | 2021
мавҷудияти ӯст. Миллат метавонад зиндагии муштараки худро идома диҳад. Ба иборати дигар, агар хоҳад, метавонад арзишҳои меросиеро, ки ба шакли як маҷмӯа ба мерос бурдааст, ҳаёту идома бахшад”. Он маъние, ки дарҳол ба мазраи тафаккур аз ин иқтибоси Ренан мерасад, ҳамин аст, ки огоҳӣ аз мероси ғании маънавӣ заминаи неруманди ҳувияти миллист. Бидуни пуштувонаи гузашта, решаҳои амиқи таърихӣ ва аслҳои фарҳангӣ миллат пойбарҷо нахоҳад монд. Инҳо ҳама пайванд мегиранд ба яке аз шартҳои асосии ташаккули миллат, яъне худшиносӣ. Ҳамон гунае, ки барои як инсон худро шинохтан муқаддимаи одамияти ӯст, барои миллат низ худшиносӣ сарахбори ҳастии маънавияташ аст. Худшиносӣ муҳимтарин рукни ҳастии маънавии ҳар умумияти одамонест, ки худро дар шакли миллат муаррифӣ мекунанд. Чизе, ки дар муқобили он ҳамеша ҳузур дорад, дар ғафлат будан аст. Яке аз сиёсатмадорони маъруфи рус Столипин дар ин асно андарзи пурмуҳтавое дорад: “Халқе, ки худшиносии миллӣ надорад, мисли киштзорест, ки дар он мардумони дигар дона мекоранд”. Баъди мафҳуми миллат дар ҷумлаи мутааллиқ ба Сарвари давлати тоҷикон вожаҳои забон ва тафаккур паҳлуи ҳам
омадаанд, ки аз назари мантиқ ҳамнишинанд. Сухани машҳури бунёдгузори диалектика Георг Гегел ба ёд мерасад, ки “чун забон офаридаи тафаккур аст, тавассути он наметавон он чизеро ифода кард, ки мансуби умум набошад. Забон ҷисми тафаккур аст”. Яъне ҳар қадар тафаккур муқтадир бошад, забон низ ҳамон гуна мешавад. Ҳамон тавре ки фарҳанг либоси миллат аст, забон низ пероҳани зебои тафаккури миллист. Калидвожаи савум дар гуфтори Раҳбари давлат таърих, дигараш адабиёт ва ниҳоятан арзишҳои фарҳангист. Донистани таърих унсури нахустини маърифати ҳамагуна аслу бунёд аст, надонистани он ба қавли олими маъруфи Рими бостон Марк Туллий Ситсерон “як умр тифл мондан аст”. Мафҳуми таърихро худи Пешвои миллат шарҳи пурмаъное додаанд: “Таърих то он вақте ки аз ҷониби мардум дарк нагардад, мурда аст. Вай ҳамон вақт зинда мегардад, ки ба инъикоси ҳолати рӯҳӣ табдил ёбад”. Гузаштаро чароғи роҳи оянда донистан ба ҳамин маъност. Таърихи ба қавли устод Айнӣ, “қавми муаззами тоҷик”, таърихи ташаккулу таҳаввул ва дар миёнаҳо гоҳ-гоҳе таназзули илму фарҳанг ва сиёсати ин миллат ҳам будааст. Сабақ гирифтан аз таърихи пуршебу фарози панҷҳазорсолаи
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ | 45 ҳастии модию маънавии миллати тоҷик ҳоло яке аз рукнҳои сиёсати давлатдории миллӣ эътироф шудааст. Хеле аз анъанаҳои фарҳангию сиёсии давлатдориҳои қадима дар сохтори имрӯзаи кишвардорӣ амалӣ мешаванд, ба фарзи мисол, мулоқоту машваратҳои ҳамасолаи Сарвари давлат дар арафаи Наврӯз бо аҳли зиёи мамлакат аз боби рехтани тарҳҳои нав дар соҳоти гуногуни илму ҳунар, тарбияти мардум, инкишофи адабу ҳунар ва ғайра. Даҳҳо рисолаҳои сиёсиву ахлоқимазмуни бузургони пешини мо, аз қабили осори гаронмояи Низомулмулк, Ибни Сино, Абӯмуҳаммади Ғазолӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон дар пешбурди сиёсат мавриди истифода қарор мегиранд. Фаразан, таълимоти Ғазолӣ дар мавриди ризоияту мутаффиқии ҷомеа дар пояи ба эътибор гирифтани манфиату талаботи ҳама қишрҳои мардум ифодаи возеҳи ҳамон принсипи давлатдории имрӯза аст, ки таносуби аҳдофи иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ унвон гирифтааст. Бунёди маънавӣ доштани давлати Тоҷикистон, бешубҳа, мероси ҳамон давлатдориҳои қаблазисломии ориёист. Ҳанӯз дар асотири шоҳ Ҷамшед (ҳазораи III-II-и пеш аз милод) яке аз усулҳои бунёдии давлатдорӣ масъулияти давлат назди омма ва баръакс, масъулияти шахсият назди давлат буд, ки ин асл дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан ифода ёфтааст. Гуфтем, ки давлати маънавибун ёд будани Тоҷикистон мерос аз пешинаҳост. Як мисол: ҳанӯз дар “Авасто” ҳуқуқи кӯдаки дар батни модарбуда ҳамчун суб ъекти мустақил эътироф мешуд, тозагии об ва муқаддас донистани он, ҳаққи ҳайвонот ва ғайра масъалаҳое буданд, ки ҳамчун
меъёрҳои ҳуқуқии ногузир барои иҷро эътибор доштанд. Ин замоне буд, ки кишварҳои мутамаддини имрӯза дар зинаи аввали тамаддун, яъне вазъи барбарият қарор доштанд. Расо 1400 сол қабл аз ин, соли 530 Қубод ба ислоҳоти низоми молиёт шурӯъ кард, аммо умр вафо накард, ки ин иқдомашро рӯи даст бигирад. Писараш – Хусрави I ислоҳоти шурӯъкардаи падарро ба поён расонд ва сабаби сифати “одил” гирифтани номаш – Анушервонро маҳз ҳамин ислоҳот таъмин намуд. То кунун аҳли хиради олам ба татбиқи идеяҳои башардӯстонаи Мавлонои Рум ва назарияи идоракунии Низомулмулк (манзур – “Сиёсатнома”-и ӯ) чораҳо меандешанд, то ки кишвари ормоние ба вуҷуд оварда бошанд. Тартибу низоми ҷомеаву давлатдорӣ вобаста аз он аст, ки чӣ навъ сиёсате аз ҷониби сиёсатмадорон барои мардум татбиқ мешавад ва аз сӯи дигар – раъият ин сиёсатро чӣ гуна мепазирад. Агар ҳадафи ниҳоӣ пешрафт ва рифоҳи ҷамъият дар заминаи адлу дод бошад, қонунҳо ва қавоиди танзимгари муносиботи иҷтимоӣ бо назардошти манофеи ҳама қишрҳои ҷомеа амал кунанд, пас, ногузир рушди давлат таъмин хоҳад шуд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ, яке аз донишмандони бузурги мо, ақида доштанд, ки “мадори олам ба сиёсат аст”. Ва ниҳоятан категорияи ахир, ки дар иқтибос аз Сарвари давлат зикр мешавад, адабиёт аст, ки ҷузъи таркибии олами ҳунар ба шумор меравад. Адабиёт аз қадим то кунун вазоифи зиёде дошт, ҳам тарбиятгари омма буд ва ҳам функсияи маърифатбахшӣ дошт. Аммо муҳимтарин рисолаташ – талқин намудани зебоӣ ва такон додани инсон ба шинохти олами ашё, яъне дунёшиносӣ онро аз дигар анвои ҳунарҳои нафиса тафовут мегузорад.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос ва публитсист Илму адабиёт ҳамеша раҳнамои башарият дар раванди дарёфти ҳақиқатҳо ва ҳусну қубҳи мавҷудияти олами объективӣ будаанд, аммо фазилати адабиёт ҳамин будааст, ки агар илм падидаву зуҳуроти ҳазорранги олами ҳастиро мантиқан исбот мекарда бошад, пас, адабиёт онро тавассути образ ё нақши парвардаи хаёл нишон медиҳад. Шоиру нависанда тавассути офаридаҳои бадеияш на танҳо номи хештанро ҷовидонӣ мекунад, балки он чиро бақо мебахшад, ки мавриди тасвир қарор додааст. Ҳамин фазилати адабиёти бадеӣ дар замони истиқлол низ идома меёбад. Ҳама аносиреро, ки ин ҷо мухтасаран дар ҳошияи як ҷумлаи Сарвари давлат шарҳ ёфт, метавон ба мафҳуми фарҳанг ворид кард. Аксарияти донишмандони фалсафаю ҷомеашиносӣ ба ин нукта иҷмои назар доранд, ки фарҳанг фарогирифтаи аносире чун забон, осори бадеӣ, завқу салиқаи ҳунарӣ, ахлоқ, дин, расму ойин ва асотир аст. 2021 | январ-март | САРЗАМИН
46 | КОРИ БОСАМАР
Дастовардҳо афзун мешаванд Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои кишвар раванди бақайдгирӣ, таъмини шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидориро бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва корҳои марбути ин соҳаро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.
Искандар ШАРИФЗОДА, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Роҳбарият ва кормандони корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомӣ низ соли гузашта ва имсол босамар кор карданд. Бунёди бинои нави маъмурии корхона аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Ин бино аз ҷумлаи иншооти ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташуда ба ҳисоб меравад. Роҳбарият ва масъулини КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо корбурди маблағҳои даромади корхона ва бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани шароити кории мутахассисон дар муддати кутоҳ корҳои сохтмонии биноро ба анҷом расонида, онро барои истифода омода намуданд. Бинои мазкур дорои меҳмонхона ва ошхона низ ҳаст. Ба ободонии атрофи бино низ масъулин аҳаммият додаанд. Беш аз даҳ ҳазор гулҳои мавсимию бисёрсола шаҳомату зебоии ин гўшаи ноҳияро таъмин мекунанд. Фаъолияти корхона пурра тибқи Барномаи электронии “Системаи САРЗАМИН | январ-март апрел-июн ||2020 2021
худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” роҳандозӣ шудааст. Ин барнома дар муқоиса бо барномаҳое, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Қирғизистону Беларус истифода мешавад, бартариҳо дорад. Ба фарзи мисол, ин барнома тавассути ВЕБ-технология таҳия шудааст ва имконият медиҳад, ки аз дилхоҳ телефон ва ё компутар дар ҳар минтақа мутахассисон
корашонро роҳат идома диҳанд. Инчунин ҳама корбарон дар як маврид аз як сервер истифода менамоянд ва ҳамаи маълумот дар сервери марказӣ сабт мешавад. Бо истифодаи имкониятҳои ин барнома раванди фаъолият дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хуб аст ва масъулин сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар намудаанд.
ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОН | 47
Ҳам зебоиву ҳам доруворӣ Табиати зебои Тоҷикистон дорухонаи табиии зери осмонро мемонад. Алҳол аз ҷониби олимони соҳаи ботаника оид ба хусусиятҳои фармакологии 200 намуди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон иттилооти илмӣ гирд оварда шудааст, ки барои ташкили таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи фармакология заминаи мусоид фароҳам меорад. Истифодаи оқилонаи гиёҳҳои шифобахш тақозо менамояд, ки олимон дар оянда роҳҳои интродуксия ва парвариши мадании онҳоро таҳия намоянд. ҚОҚУ
Коку (тaraxcumofficinale), гули қаҳқаҳ, дегкафонак, ширгулак навъе аз гиёҳҳои бисёрсола ба ҳисоб меравад. Пояаш аз 5 то 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги пояаш «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Ду маротиба (фаслҳои баҳор ва тирамоҳ) гул мекунад. Барги коку дар бехи поя месабзад. Ин гиёҳ дар ҳама ноҳияҳоиТоҷикистон фаровон аст. Одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳрову боғҳо месабзад. Коку гиёҳи қадимаи ғизоист. Барги онро юнониҳо ва римиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекарданд. Тоҷикон аз барги коку самбӯсаи алафӣ мепазанд, бехи онро тару тоза истеъмол мекунанд. Барои бартараф шудани талхиаш онро дар намакоб 30 дақиқа тар карда мондан лозим аст. Коку гиёҳи маъмули доруворист. Бино ба маълумоти Теофраст (372 – 287 то м.), коку доғи кунҷитакро барҳам медихад. Абӯалӣ ибни Сино бо оби кокуи тару тоза аксар бемориҳоро табобат мекард. Бо «шир»-и коку «гул»-и чашмро меравонд. Аз баргу пояи он агар малҳаме тайёр намуда, ба ҷойи каждумгазида бубандед, ба зудӣ шифо меёбад, кокуро позаҳр низ меҳисобанд. Бино ба маълумоти «Махзан-ул-адвия»-и
Муҳаммад Ҳусайн, хосияти коку асосан ба хосияти коснӣ монанд аст, вале нисбат ба он таъсири сахттаре дорад. Коку хунпартоиро бозмедорад, меъдаро қувват мебахшад. Хокаи решаи кокуро ба ҷойи газидаи ҳашарот ва ҳайвоноти заҳрнок бубанданд, зуд шифо меёбад. Табибони халқӣ кокуро барои табобати илтиҳоби ҷигар, заъфарма, иллати заҳрадон, дарди санги гурдаву диабети қанд, қабзи меъдаву рӯда, касалиҳои пӯст, инчунин ба сифати доруи заҳрарон истифода мебаранд. Аз барги тару тозаи коку хӯрише тайёр мекунанд, ки кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад. Дар тиб оби ҷӯшидаи кокуро барои кушодани иштиҳо ва рафъи қабз кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи кокуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шуданаш полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд. Қиёми равғании коку давои хубест барои ҷароҳатҳои сӯхтагӣ. Решаи дар об ҷӯшонидаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштиҳоовар таъйин мекунанд. Бо ин мақсад 3 чумча (40 г) решаи кокуро дар 1 истакон об 20 дақиқа ҷӯшонида, дар як рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок як истакони менӯшанд. Доруҳои кокуро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима истифода мебаранд. ЧОҚАЛА Чоқала (jnula macrophylla, j. granats), чоқала гиёҳест бисёрсола. Аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Решааш ғафси сершохча аст. Пояаш рост, ҷӯякдор, қисми болояш сершох. Баргаш чармгуни ҷилонок, дандонадор, баргҳои бехи реша паҳн (дарозиаш 25 – 85 см, бараш 18 – 32 см), баргҳои
болояш нештаршакл. Гулаш зард, мевааш махрутшакли холдор. Дар бешазори дарахтони паҳнбарг, марғзорҳои субалпӣ, алафзор, бештар дар нишебиҳои санглоху регии қаторкӯҳҳои Қурама, Мевағул, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои Тоҷикистони ҷанубӣ (дар баландии 750 – 2500 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Дар тибби халқӣ нақеъи решаи чоқаларо ҳангоми заъфи нафаскашӣ, илтиҳоби роҳҳои нафас ва чун воситаи балғамовар ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас истифода мебаранд. Ҷӯшоби решаи он барои табобати сил, иллати узвҳои ҳозима ва чун давои пешоброну гиҷҷарон муфид аст. Навдаҳои тараки онро ҳангоми заъфи иштиҳо мехӯранд. Шираи алафаш барои рафъи хала муфид мебошад. Сабадаки гулашро чой карда, дар мавриди варами вораҳо бо он даҳонро обгардон мекунанд. Дар тибби муосир доруҳое, ки аз решаи чоқала тайёр шудаанд, барои муолиҷаи захму назлаи меъда ва захми рӯдаи дувоздаҳангушта истифода мегарданд. 2021 | январ-март | САРЗАМИН
48 | КИШОВАРЗӢ ДАР СПИТАМЕН
Як сӯ боғ, дигар сӯ - гармхонаҳо Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бахши кишоварзӣ рушд намуда, хоҷагидорон ва сокинон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ бо парвариши меваву сабзавот дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд. Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен барои боз ҳам зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим хоҳад дошт, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.
Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо низ яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари кишоварзони ноҳияи Спитамен буда, ин раванд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар истеҳсолот аз ҷониби хоҷагидорон амалӣ карда мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» дар ноҳия дар масоҳати як гектар гармхонаи муосир бунёд намудааст, ки дар он помидору бодиринг парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола парвариш мекунанд. Дар ноҳия 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат сол то сол майдони кишту парвариши зироатҳои ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бештар мекунанд ва дар таъмини сокинон САРЗАМИН | январ-март | 2021
бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд. Дар гармхона парвариши помидорҳои навъи «Атия», «Аламина» ва «Пинк - Оракул» бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шуда, дар он даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", ки дар деҳаи Озариён бунёд шудааст, боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар мавҷуд аст. Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тӯри махсус пўшонида шудааст. Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бад-ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ ва хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 2 ҳазор сутуни бетонӣ истифода шудааст. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд, ки ин тадбир аз як ҷониб, ба беталаф ҷамъоварӣ шудани мева мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба афзудани даромаднокии сокинони маҳаллӣ сабаб мегардад. Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав бо риояи қоидаҳои агротехникӣ чунин муайян шудааст: байни дарахтон як ва байни қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст. Дар боғ ду навъи ниҳол - "пинк леди", яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" - навъи "зарринтоб", ки аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинондаанд, парвариш меёбад. Феълан масоҳати боғу токзор дар ноҳияи Спитамен ба ҳазор гектар мерасад ва ҳамасола бо васеъ намудани майдони боғот ҳаҷми истеҳсоли меваҳои лазизу шаҳдбори ватаниро хоҷагидорон афзун мекунанд.
КИШОВАРЗӢ ДАР СПИТАМЕН | 49
2021 | январ-март | САРЗАМИН
50 | ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ
Истифодаи босамари замин Сарчашмаи асосии ризқу рӯзии мардуми деҳот замин аст. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ оқилона истифода бурда, ҳам дар таъмини эҳтиёҷоти оила ва ҳам таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва инчунин содироти сабзавоту меваҷот масъулият доранд.
Маҳмадшариф ХОЛОВ,
раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
САРЗАМИН | январ-март | 2021
Солҳои охир дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба истеҳсоли шафтолуи аълосифат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Бо истифода аз шароити мусоид боғдорони ин ноҳия тамоми чораҳоро меандешанд, то ин ки аз боғҳои мевадиҳанда ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия дар баробари парвариши дигар зироату боғҳои олую зардолу сол аз сол майдони боғҳои шафтолуро зиёд менамоянд.Таҷрибаи андӯхтаашон имкон медиҳад, ки дар истеҳсоли ин меваи серхаридор муваффақ гардида, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ аз содироташ низ даромади соф гиранд. Дар ин ҷода аз маслиҳати олимони соҳа ва боғдорони соҳибтаҷриба дар масъалаи интихоби навъҳои беҳтарини ниҳол, ки кафолати ҳосилбандии фаровон
ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ | 51
доранд, истифода мебаранд. Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Узум ба парвариш ва истеҳсоли ин меваи бозоргир ҳавасмандии зиёд доранд. Дарахтони ғарқи гул аз он шаҳодат медиҳад, ки боғдорон дар нигоҳубини ниҳолҳо ва
аз рӯи меъёр ғизо додани онҳо тадбирҳои судмандро сари вақт андешидаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин кишоварзон байни қатори ниҳолҳои боғ зироатҳои гуногун кишт карда, ҳосили хуб мегиранд. Онҳо ба хубӣ
дарк намудаанд, ки бо баланд намудани маҳсулнокии боғу самаранокии заминҳои киштшаванда ҳам иқтисодиёти хонаводагии худро беҳ мекунанд ва баъдан бозорҳоро аз ин навъи ҳосил фаровон карда, барои танзими нарх саҳм мегузоранд .
2021 | январ-март | САРЗАМИН
52 | ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ
Фарҳанги заминдорӣ Оилаи Ҷӯраевҳо дар Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом дар истифодаи замини наздиҳавлигӣ намунаи ибратанд. Бо меҳри беандоза нисбат ба замин, ки дар замири хурду бузурги ин оила ниҳон аст, онҳо замини наздиҳавлигии худро хеле самаранок ва оқилона истифода мебаранд. Маданияти баланди истифодабарии замин ба хотири рӯёнидани ҳосили фаровон бояд аз ҷониби сокинони мамлакат дар афзалият қарор гирад. Бо дарки ин нукта оилаи Ҷӯраевҳо давоми солҳои охир 0,10 гектар замини дар ихтиёрдоштаашонро дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат бо маърифати баланд истифода менамоянд. Агар дар як қитъаи замини ин оила кишту истеҳсоли сабзавот роҳандозӣ шуда бошад, дар қитъаи дигар бо ташкили гармхона истеҳсоли лиму ва полезиҳо низ ба роҳ монда шудааст. Дар ин баробар гӯшаеро ба боғ табдил додаанду бо парвариши 50 оилаи занбӯри асал эҳтиёҷоти хонаводаи худро бо ин навъи маҳсулот таъмин месозанд. Бо парвариши чанд сар чорвою парранда барои дастрасии оила ба гӯшту шир ва тухм низ саҳм мегузоранд.
САРЗАМИН | январ-март | 2021
ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ | 53
Масоҳати умумии заминҳои наздиҳавлигӣ дар қаламрави шаҳри Конибодом 1525 гектарро ташкил медиҳад, ки аксари оилаҳо дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои марбута онро оқилона истифода менамоянд. Дар баробари заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамчунин заминҳои таъиноти кишоварзидошта ва боғу токзор низ дар шаҳри Конибодом аз ҷониби масъулини соҳа ва деҳқонон бо маҳорати хоса истифода бурда мешавад. Зеро омили асосии фаровонҳосилӣ ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар соҳа ин маданияти баланди истифодаи замин аз ҷониби кишоварзон аст. Масоҳати умумии боғ дар шаҳри Конибодом 11 300 гектарро ташкил медиҳад, ки 8 000 гектари
он ҳосилдиҳанда буда, ҳамасола боғпарварон меваҳои лазизу хуштаъмро истеҳсол менамоянд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Конибодом дар баробари рушди самтҳои дигари кишоварзӣ ба бунёди боғҳои нав, хосса боғҳои интенсивӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо истифодаи имконияти мавҷуда талош доранд, ки масоҳати ин навъи боғ дар ҳудуди шаҳр зиёд гардад. Зеро самаранокии боғҳои интенсивӣ дар муқоиса ба боғҳои маъмулӣ бамаротиб зиёд аст. Бо ин мақсад давоми солҳои охир масъулин дар 12 гектар боғҳои муосир бунёд намуданд.
шаҳри Конибодом тарҳрезӣ гардида, масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо кишоварзон барои расидан ба ин мақсадҳо чораву тадбирҳои мусоидаткунандаро амалӣ намоянд.
Инчунин нақшаҳои мукаммал низ вобаста ба васеъ намудани боғҳои интенсивӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 2021 | январ-март | САРЗАМИН
54 | ОМИЛИ ПЕШРАФТ - ШАРОИТИ МУСОИДИ КОР
Сатҳи хуби хизматрасонӣ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти ниҳодҳои зертобеаш дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои заруриро андешида, биноҳои наву замонавии кориро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Дар ҳама сохторҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷаббор Расулов масъулини Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дорои шароити муосиди корӣ буда, фаъолияташонро дар асоси низомнома шаффоф ба роҳ мондаанд. Дар ин ноҳия назорати истифодаи мақсадноки заминро ба таври комил амалӣ менамоянд, зеро бадеист, ки тавассути истифодаи мақсаднок ва истеҳсоли босифати маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагидорон метавонанд дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоранд. Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис тон ва талоши хоҷагидорони ноҳия, инчунин татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки дар баробари зиёд шудани майдони кишт ҳамчунин сатҳи зиндагии хоҷагидорон низ боло равад.
Дилмурод ХАЙРУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов
САРЗАМИН | январ-март | 2021
Ҳамаи талошу заҳмат ва ғайрати масъулин дар ноҳия ба он нигаронида шудааст, ки истифодаи басамари ҳар қитъа замини ҳосилхези диёр таъмин шавад, то ки дар фаровонии бозори истеъмолӣ, мустаҳкамгардонии иқтисодиёти хонаводагӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти ғизоӣ саҳмгузор бошанд. Дар давоми соли 2020 мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»
ОМИЛИ ПЕШРАФТ - ШАРОИТИ МУСОИДИ КОР | 55 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ, шиносномаҳои техникӣ ва анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул хизматрасонӣ намуда, ба суратҳисоби корхона бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда 1429884 сомонӣ ворид намуданд, ки 520178 сомонӣ аз тарафи шуъбаи заминсозӣ, 581478 сомонӣ аз ҷониби шуъбаи барўйхатгирии техникӣ ва 328228 сомониро шуъбаи бақайдгирии корхона пардохт намудаанд. Дар умум, нақшаи молиявӣ 121 фоиз иҷро шудааст. Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби моҳияти истиқлол ва озодӣ, соҳибдавлатӣ ва арзишҳои миллӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаи мазкур насб кардани матни шиору овезаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои маъмурии корхона, таъмири ҷории бино ва утоқҳои корӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ дар гирду атрофи бинои корхона, гузаронидани семинар ва конференсияҳо оид ба аҳаммияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати фаъолона дар корҳои ободонию созандагии маҳалли ҷойгиршавӣ дар назар дошта шудааст. Оид ба ҳолати истифодабарии харитаҳои кадастрии рақамӣ, барномаи СХБТ, ArcGIS, Архикад ва «Бойгонии электронӣ» қайд кардан бамаврид аст, ки барномаҳои зикргардида дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷорӣ карда шуда, истифодабарии онҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Вафо ПИРАҲМАДЗОДА, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи корӣ аз 29 банд иборат буда, таҳия ва дар мувофиқа бо директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” тасдиқ карда шуда, мавриди иҷро қарор дорад. Шароити мусоиди корӣ ба кормандон имкон фароҳам сохт, ки раванди бақайдгирӣ тезонида шуда, барои боз ҳам шаффофу сода гардонидани раванди бақайдгирӣ ва осон намудани кор барои шаҳрвандон сатҳи хизмат расонӣ боло бардошта шавад.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
56 | АЗ КӮҲИ ЛАЪЛ ТО ДУРИҲОИ ВОДИИ ВАХОН
Ишкошим – осорхонаи зиндаи Тоҷикистон Имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Яке аз гӯшаҳои тамошобоби ҷумҳурӣ ноҳияи Ишкошими ВМКБ мебошад. Ноҳияи Ишкошим бо мавқеи ҷуғрофӣ, манзараҳои зебою дилфиреб, обҳои маъданию шифобахш ва таърихи қадимааш маълуму машҳур мебошад. Маҳз аз ин маҳал ориёиҳо тавассути кӯҳҳои Ҳиндукуш ба Ҳиндустон ва аз сарҳади Афғонистон ба Эрон ва аз он ҷо ба баъзе қисматҳои Аврупо ҳиҷрат карда, дар ин минтақаҳо маскун шудаанд. Шоҳроҳи овозадори Осиё, яъне “Шоҳроҳи абрешим” маҳз аз ҳамон давра аз ҳудуди ноҳияи Ишкошим мегузашт. Ва он қалъаҳои қадимае, ки имрӯз танҳо вайронаҳои он дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим боқӣ мондаанд,
дар он замон бехатарии Шоҳроҳи абрешимро кафолат медоданд. Боиси ифтихор аст, ки чанде пеш бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ин қалъаҳо-қалъаи Ямчун дар баробари дигар осори таърихии дунё вориди феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО гардид. Умуман ноҳияи Ишкошимро бо ҳамаи ёдгориҳои таърихиаш як осорхонаи бузурги бостоншиносии кишварамон метавон ҳисобид. Ишкошим аз самтҳои ҷанубӣ ва ғарбӣ бо Давлати Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буда, бештари масоҳати ноҳияро қаторкӯҳҳои Шохдара аз шимол ва дарёи Панҷ аз ҷануб ва водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд.
Ин ҷо аз канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ-абрак, булури кӯҳӣ, биотит, масолеҳои бинокорӣ (санг, рег, шағал, гаҷ) сангҳои қиматбаҳо-лаъл (лаъли Бадахшон), лоҷувард хеле бой аст. Дар ноҳияи Ишкошим обҳои шифобахш зиёданд, ки яке аз онҳо чашмаи Авҷ мебошад, ки дар масофаи 80 км аз шаҳри Хоруғ, 27 км то маркази ноҳияи Ишкошим, дар соҳили чапи дарёи Панҷ, дар баландии 2415 м аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Дар таркиби об элементҳои ангезандаи ҳаёт, монанди литий, оҳан, никел фтор, руҳ, бром мавҷуданд. Оби чашмаи Авҷ ба касалиҳои узви босира, дил ва рагҳои хунгард, узвҳои ҳозима, вайроншавии мубодилаи моддаҳо,бемориҳои гурда, шуш ва роҳҳои нафаскашӣ ва асаб шифо мебахшад. Дигар мавзеи обӣ, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст, Гармчашма мебошад, ки дар маҳали миёнакӯҳ, дар дараи хушманзараи зебо, аз тарафи рости соҳили рӯди Гармчашма, дар масофаи 48 км аз маркази шаҳри Хоруғ ва 73 км аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Гармчашма иқлими ба худ хос дорад. Дар тобистон ҳаво хушки форам ва камбориш буда, боди суст мевазад. Дараҷаи аз ҳама гарми ҳаво 35 оС, ҳавои хунуктарин 32 о С-ро
САРЗАМИН | январ-март | 2021
АЗ КӮҲИ ЛАЪЛ ТО ДУРИҲОИ ВОДИИ ВАХОН | 57 ташкил мекунад. Оби Гармчашмаро барои муолиҷаи касалиҳои пӯст, дил ва рагҳои хунгард, узвҳои такя ва ҳаракат, бемориҳои системаи асаб, касалиҳои куҳнаи роҳҳои нафаскашӣ ва узвҳои ҳозима истифода бурдан мумкин аст. Дар масофаи 217 км дур аз ш.Хоруғ ва 117 км дур аз маркази ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Зонг дар баландии 2840-3020 аз сатҳи баҳр дар наздикии маҳали якҷояшавии дарёҳои Помир ва Вахон чашмаи маъдании Зонг воқеъ гаштааст. Омилҳои муолиҷавии ин чашма ба мавҷудияти кислотаи силитсий, ҳарорат, газнокӣ, маъданнокӣ, ионҳои гидрокарбонат, хлор, нат рий ва микроэлементҳо вобаста буда, барои табобати касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, дил ва рагҳои хунгард, системаи асаби ғайри марказӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва касалиҳои занона тавсия дода мешавад. Дар деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар масофаи 178 км аз ш. Хоруғ ва 83 км аз маркази ноҳияи Ишкошим ва 7 км аз бемористони деҳаи Туғгоз дар баландии 3300 м аз сатҳи баҳр чашмаи Ямчун, ки онро чашмаи Бибӣ Фо-
тимаи Заҳро низ меноманд, воқеъ гардидааст. Ҳарорати оби чашма 43о С, миқдори хориҷшавӣ 5-8 л/с, маъданнокии умумӣ 0,7 гр/л, ҳадди эътидолаш 7,3 мебошад. Дар таркиби он микроэлементҳои литий, никел, бром, руҳ, молибден ва радоний 3,5 мки/л мавҷуданд. Оби чашмаи Биби Фотимаи Заҳро барои табобати касалиҳои узвҳои ҳозима, узвҳои такя ва ҳаракат ва касалиҳои занона манфиатнок аст. Дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия 28 гармхонаи замонавӣ бунёд гардиданд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим корҳои ободонӣ,
аз ҷумла барқарор кардани боғҳои куҳнаву бунёди боғҳои нав сурат мегирад. Ноҳияро бо чашмаҳои гарму шифобахш, обҳои минералӣ ва мазеъҳои таърихӣ ва ҷолибу тамошобоб ҷаҳон мешиносад. Дар самти рушди соҳа як қатор корҳо аллакай пиёда гардида, се чашмаи гарми шифобахш, аз қабили “Гармчашма”, “Авҷ” ва “Бибифотимаи Заҳро” бо тамоми инфрасохтори мавҷуда ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Инчунин барои чор чашмаи дигар, “Ширгин”, “Зонг” “Ҳисор” ва чашмаи “Гарм” инфрасохторӣ зарурӣ бунёд гардида истодааст, чунки ҳамаи чашмаҳои болозикр хусусиятҳои табобатӣ доранд.
2021 | январ-март | САРЗАМИН
58 | ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ
Сифати кор омили муҳим аст Шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд яке аз навоҳии калонтарин ба ҳисоб меравад. Шумораи аҳолии шаҳр, мувофиқи омор 346 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари дигар корхонаву муассисаҳои дахлдор ба аҳолии шаҳр ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидории он мутахассисони корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Истаравшан хизмат мерасонад. Давоми сол кормандони масъули корхона дар иҷрои амалиёти бақайдгирӣ, дурусту бехато пур кардани ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо сифати баланд таҳия намудани парвандаҳои заминсозӣ ва шиносномаҳои техникӣ хеле хуб фаъолият карданд. нусхабардории ҳуҷҷатҳоро дар сатҳи зарурӣ амалӣ мекунанд.
Ҷамшед СОДИРӢ, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Истаравшан Айни замон дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Истаравшан 48 нафар мутахассис кору фаъолият дорад. Шароити кор дар муассиса хуб аст. Корхона давоми солҳои охир аз таъмири пурра бароварда шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти САРЗАМИН | январ-март | 2021
соҳавӣ таъмин гардид. Дар ин замина сатҳу сифати хизматрасонӣ низ ба аҳолӣ беҳтар шуд. Дар шакли электронӣ нигаҳ доштани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ яке аз талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад мутахассисони корхонаи мазкур тадбирҳои
Айни замон дар бойгонии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Истаравшан 54 ҳазор нусха ҳуҷҷатҳои соҳавӣ дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин тадбир барои сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳо вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳр мусоидат менамояд. Зеро бақайдгирӣ яке аз бахшҳои асосии фаъолият дар корхонаҳои соҳавӣ ба ҳисоб меравад. Ба шакли электронӣ нигаҳдории ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт баррасӣ ва ҷавобҳои мушаххас гардонида шаванд. Натиҷаи фаъолияти самараноки кормандон аст, ки ҳамасола нақша ва уҳдадориҳои корхона то 150-160 фоиз иҷро мешавад. Роҳбарият ва кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Истаравшан нақша доранд, ки дар оянда низ бо роҳандозии тадбирҳои мусоидаткунанда фаъолияти корхонаро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
ХУРРАМГАРДОНӢ | 59
Ниҳолу гулшинонӣ кори савоб аст Дар баробари омилҳои дигар барои пешбурди фаъолият дар дилхоҳ бахшу соҳаҳо шароити мувофиқ ба кори бобаракат муҳим аст. Ба ин масъала дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қисмати зиёди биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирӣ навсозӣ ва таъмир шудаанд. Дар ин миён биноҳои нав низ сохта шуданд.
ноҳияи Зафаробод давоми солҳои охир корҳои назарраси ободониву таъмир ба роҳ монда шуд. Дар баробари фароҳам намудани шароит бо таъмини таҷҳизоти муосир инчунин ба маъракаи ниҳолшинониву хуррамгардонӣ низ кормандон сафарбар карда мешаванд.
Тоир ҚУРБОНЗОДА, директори КДФ "БММҒ" дар ноҳияи Зафаробод
Дар маъракаи ниҳолшинонии имсола дар атрофи корхона бо ташаббуси роҳбарият 250 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд, ки сабзиши онҳо барои зеботар шудани ин гӯшаи ноҳия мусоидат намудааст. Илова бар ин, барои шаҳомату назаррабоии бештар гулҳои мавсимию бисёрсола низ бо тарҳи хос шинонида шудаанд. Масъулин тасмим гирифтаанд, ки барои нашъуна-
мои онҳо тадбирҳои агротехникиро ба роҳ монда, хуб парвариш намоянд. Талоши масъулин барои он аст, ки тадбирҳои созандагиро минбаъд низ тақвият бахшида, барои боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи диёр саҳм гузоранд. Агар ҳар корманди муассисаву идораҳо барои шинонидани як ниҳол дар назди корхона ва манзили истиқоматии худ иқдом намоянд, дар маҷмӯъ, шаҳру деҳоти мо сарсабз мешавад. Мо барои боз ҳам диққатрабо намудани бинои корхона низоми муосири равшанидиҳӣ созмон додем. Яъне шабона низ чароғонкунии бинои мо барои зебоии кӯчаи марказии ноҳияи Зафаробод мусоидат менамояд.
Роҳбарият ва кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Зафаробод низ дар баробари анҷоми корҳои соҳавӣ, аз ҷумла бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, таҳияи парвандаҳои заминсозӣ, таъмини шиносномаҳои техникӣ ва шаҳодатномаи давлатии бақайдгирӣ ҳамзамон ба ободонии ҳудуди бинои корхона ва таъмиру навсозии утоқҳои корӣ аҳаммияти хосса дода, ин равандро ҳамчун бахши муҳимми фаъолияти ҳамасола қарор додаанд. Дар бинои КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и 2021 | январ-март | САРЗАМИН
60 | МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ Барои бархе табиат ҳезум, ангишт, ҷӯйҳо, истироҳатгоҳҳо ё фақат як тасвири зебоест. Аммо барои ман табиат муҳите ҳаст, ки ҳама истеъдодҳои мо мисли гулҳо дар он шукуфтаанд. М.М. Пришвин
Партовҳо ва ҳаёти мо… Рушди иқтисодӣ боиси афзоиши истеҳсолот шуда, ҳоло Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба тараққии босуръат табдил ёфтааст ва бо шарофати талош ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он ба яке аз мамолики амнтарин ва пойтахти он дар радифи шаҳрҳои намунавӣ шомил гаштааст.
И
мрӯз мо, тоҷикон, ифтихор менамоем, ки бо хушҳолӣ ва сарбаландӣ кишвари худ ва пойтахтамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда метавонем ва ҳамасола шумораи сайёҳоне, ки аз манзараҳои дилпазири кишвари афсонавиамон дидан кардан мехоҳанд, зиёд мешавад. Иқлим ва табиати диёри мо, хусусан кӯҳистон ва деҳоти он, рӯз ба рӯз қалби садҳо гардишгаронро тасхир намудааст ва дар баробари зиёд гаштани дархосту хоҳиши сайёҳон барои дидан намудан аз ин мамлакати афсонавӣ имконияту шароити буду бош ва истироҳат барои меҳмонон низ то сатҳи олӣ баланд бардошта мешавад. Аммо, чунон ки болотар зикр намудем, дар дилхоҳ гӯшаи олам, ҷое, ки афзоиш ва инкишоф ба назар мерасад, дар натиҷаи истеҳсол ва истихроҷ зиёдшавии партовҳо низ ба миён меояд, чун мусаллам аст, ки ягон намуди истеҳсолот бидуни ба вуҷуд овардани партов фаъолият карда наметавонад. Коршиносон муайян кардаанд, ки баъзе намуд ҳои партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ ба инсон ва муҳити атроф зарари назаррас мерасонанд ва баъзе аз онҳо ба гурӯҳи партовҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок шомил мешаванд. Вобаста ба ин, иҷрои корҳои марбут ба нобудсозӣ ва аз нав кор карда баромадани партовҳо назари тоза ва омодагии махсусеро талаб менамояд. САРЗАМИН | январ-март | 2021
Аз рӯи тақсимбандӣ тамоми партовҳо ба якчанд намуд ҷудо мешаванд: Истеҳсолӣ. Ин ҳамон навъи партовҳоест, дар равандҳои гуногуни истеҳсолӣ ба вуҷуд омадаанд ва барои истифодабарии минбаъда бо мақсади дастрас кардани маҳсулоти нав дар муассисаву корхонаҳо корношоям мебошанд. Сохтмонӣ. Ба гурӯҳи партовҳои сохтмонӣ он партовҳое дохил мешаванд, ки дар ҳолатҳои истеҳсолии ин ё он сохтмон ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол, хишти шикаста, порчаҳои оҳан, маводи бетонӣ, қисмҳои ленолиум ва дигар мавод. Партовҳои сохтмониро тамоман безарар номида намешавад, барои мисол, тахтаҳои дар сохтмон истифодашудае, ки бо рангҳо молида шудаанд, он тахтаҳо рангро кайҳо ҷаббида гирифтаанд ва ҳангоми сӯзонидани онҳо дар коргоҳи партовсӯзонӣ аз худ газе ҳосил мекунанд, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок дорад. Ба партовҳои коммуналии зараровар мансубанд: шиша, коғаз, боқимондаҳои органикӣ, пластмассаҳо, ашёи металӣ, мебели куҳна, зарфҳои маишӣ ва ғайра. Аз байн бурдани партовҳои маишӣ, ки инсоният дар тӯли рушди худ ба даст меорад, вазифаи мушкил ва ҳалталабест. Хусусан, дар шаҳрҳои бузург солҳои охир масъалаи аз миён бурдани партовҳо мушкило-
ти муҳимму мураккаберо ба миён меорад ва андешидани чораҳои махсусро талаб менамояд. Ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо ва инчунин деҳот, ки ҳамасола шумораи беандозаеро ташкил медиҳанд, хатари таъсиррасонии зиёдеро дар муҳити экологии замин ба вуҷуд меоварад. Коркарди партовҳои маишӣ яке аз омилҳои муҳимми бартарафсозии мушкилоти экологӣ ба шумор меравад. Боиси хушҳолист, ки солҳои охир, бо саҳми назарраси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои аз зарар ва хатари экологии партовҳо эмин нигоҳ доштани шаҳр ва аҳолии он дар тамоми маҳаллаву кӯчаҳои пойтахт ва атроф ташкил намудани қуттӣ-контейнерҳои алоҳидаи партовғундорӣ ташкил карда шудааст. Акнун мардум хуб медонанд, ки партовҳои худро дар куҷо ва кадом вақт партоянд. Масъалаи дигар - иттилоъдиҳии саривақтии аҳолӣ оид ба ҷамъоварии партов мебошад, ки дар ин маврид низ бо аҳолии маҳалҳо аз ҷониби ашхоси масъул суҳбатҳои махсус ва чорабиниҳо (шанбегиҳо бо иштироки сокинон) доир карда мешаванд. Инчунин, ҳамасола бо ташабуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида мешавад. Аз рӯи маълумоти бадастомада,
МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ | 61 соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 1121 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шудааст, ки дар онҳо 955440 нафар аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ иштирок намуда, 14091 м3 партовҳо аз ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин, шафати ҷӯю каналҳо, роҳҳо ва дигар ҷойҳо тоза карда шуда, ба партовгоҳҳои расмӣ кашонида, безарар гардонида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки тамоми партовҳои маишӣ ашёи хоми хубе шуда метавонанд барои истифодабарии баъзе аз намудҳои дигари истеҳсолот, ки аллакай дар бештари мамолики хориҷӣ онҳо бо ин мақсад истифода мешаванд. Масъалаи аз нав кор карда баромадан ва ё нобуд сохтани партовҳо дар кишварҳои хориҷӣ низ масъулин ва мардумро ба ташвиш овардааст. Соли 2013 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба зарурати ташкили низоми батанзимдарорандаи ҷамъоварӣ ва нобудсозии партовҳо, инчунин кашфи дастгоҳҳои махсус, ки муносибати самаранок нисбат ба партовҳоро таъмин карда тавонанд, пешниҳод намуда буд. Партов аз маводҳои пластикӣ заминро низ заҳролуд месозад. Аслан партовҳо ба назар як чизи одӣ, нозаруру корношоям ва ба касе нолозим менамоянд, аммо дар асл масъала тамоман дигаргуна аст, шояд ҳанӯз касе намедонад, ки мо чӣ қадар партовро дар як рӯз ба табиат ҳавола мекунем, ҳамарӯза шумораи партовҳо дар ҳоли афзоиш қарор доранд ва нисбат ба солҳои пешин ҳаҷми беандоза бузурги онҳо ба муҳити моро иҳотанамуда интиқол дода мешавад. Дар сайёраи мо одамон ҳоло партовҳоро ба кӯҳҳои бузурге табдил медиҳанд ва аз сарчашмаҳои иттилоотӣ маълумоте дастрасамон гашт, ки беихтиёр барои сари ин масъала ҷиддитар андеша намудан водорамон месозад. Дар канорҳои Бейрути Лубнон партовҳо дар ҳаҷми 80 тонна ҳамарӯза ба собиқ регсоҳилҳое партофта мешаванд, ки замоне ҷойи истироҳати одамон маҳсуб меёфт. Баландии ин
партовкӯҳҳо тақрибан 40 метрро ташкил менамояд. Ин партовҳо дар натиҷаи вайрон шудану пӯсидан аз худ метан ва дигар заҳрхимикатҳоро хориҷ менамоянд, ки замин ва фазоро заҳролуд месозанд, ки аз он 200 ҳазор нафар шаҳрвандон нафас мегиранд! Моҳигирони маҳаллӣ аз партовҳои пластикии ба баҳр партофташуда пайваста шикоят менамоянд. Қайд бояд намуд, ки масъалаи мазкур на танҳо мансуби як ё ду шаҳру кишваре мебошад, балки ин мушкилот имрӯз тамоми сайёраро фаро гирифтааст. Барои мисол, партовкӯҳҳои номбурдашуда ба экологияи Кипр, Сурия ва Туркия низ, ки дар ҳамсоягии Лубнон ҷойгиранд, таъсири амиқ ва манфии худро мерасонанд. Аҳолии ин кишварҳо аз он шикоят мекунанд, ки обҳои регсоҳилҳои истироҳатии онҳо ҳамеша аз партовҳои бегона заҳролуд мешаванд. Дар бештар мавридҳо мушоҳида мешавад, ки аз ин ғарамҳои азими партовҳо ҷамъоварандагони маҳаллӣ дидан менамоянд, то аз он ҷо чизҳои корояндро барои истифода ва ашёи азнавкоркардшавандаро ҷамъ оваранду аз ин ҳисоб каме барои зиндагонии худ манфиат бардоранд. Аммо ин амал нисбат ба зарари ба миёноварандаи қабатҳои азими партов хеле кӯчак менамояд. Чунки неруи инсон ҳанӯз дар баробари афзоиши шабонарӯзии партовҳо нокифоя аст. Охир, мушкилоти асосии экологӣ дар сайёраи мо он аст, ки дар тамоми ҷаҳон, ҳар ҷо, ки инсон зиндагонӣ дорад, партовҳо низ дар ҳоли афзоишанд ва хатари таъсири зараровари он рӯз ба рӯз инсониятро таҳдид менамояд. Сарчашмаҳо маълумот медиҳанд, ки тайи даҳсолаи охир дар атрофи Ню-Йорк чандин партовгоҳҳо қариб ки пур шудааанд. Ҳамасола одамон зиёда аз 200 миллиард буталҳои пластикӣ, 58 миллиард қадаҳчаҳои якмаротибагӣ ва миллиард адад халтаҳои пластикиро ба партовгоҳҳо мебаранд. Тӯли солҳои зиёди сипаригашта, ки маводи полиэтиленӣ ё пластикӣ дар истеҳсолот камтар истифода
бурда мешуданд, партовҳо низ аз маҳсулоти табиӣ – ба монанди коғаз, дарахт, пасмондаи хӯрок, пашминагиҳо ва пахта иборат буд. Ин гуна партовҳо бидуни ягон зараре дар табиат нобуд ё ки пӯсонида мешуданд, вале мутаассифона, дар баробари пешравии сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот партовҳо ҳам заҳрноку хатарноктар гаштанд, таркиби металлҳои вазнин, моддаҳои радиоактивӣ ва пластмассаҳо дар заминаи моддаҳои синтетикӣ хеле баланд ва зараррасонии онҳо ҳатто баъд аз нобудсозиашон низ барҳам намехӯрад. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масоили номбаршуда дар кишварамон суҳбате оростем бо Ҷамшед Қурбонов - мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суолҳои мо ба коршинос чунин буд: Муҳтарам Ҷамшед Қурбонов, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд? - Масъалаи ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо яке аз мушкилоти асосии экологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, чун дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар як қатор санадҳои қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои стратегию барномавии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар инъикос ёфтааст. Ҳуҷҷати асосие, ки соҳаи идоракунии партовҳои сахти маиширо ба танзим медарорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ, кашонидан, безараргардонӣ ва гӯронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ 2021 | январ-март | САРЗАМИН
62 | МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ба муҳити зист, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2012 (№ 205) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудааст. Ҳамзамон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2011, (№ 279) «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигаҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2011 (№ 280) «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигаҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012 (№ 626) «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки идоракунии партовҳоро ба танзим медароранд. Барои беҳдошти ҳолати нигаҳдории партовҳо чӣ чораҳо андешида мешаванд? Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 73 адад партовгоҳҳои сахти маишӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати умумии онҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҳар сол ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 2689825 м3 партовҳои сахти маишӣ ҳосил мешаванд. Ба партовгоҳи шаҳри Душанбе ҳар рӯз ба миқдори 650-800 тонна ва ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд ба миқдори 500-600 м3 ҷойгир карда мешаванд. Намуди партовгоҳҳо идорашаванда буда, онҳо асосан бо ёрии техника (булдозерҳо) бояд тахту ҳамвор ва қабат ба қабат ҷойгир кунонида шаванд, вале тартиби мазкур на дар ҳама партовгоҳҳо риоя мешавад. Дар бахши идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 6 лоиҳа амалӣ САРЗАМИН | январ-март | 2021
шуда истодааст. Идоркунии партовҳои сахти маишӣ дар ҷумҳурӣ беҳтар шуда бошад ҳам, мутаассифона, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо масъулони соҳа партовгоҳҳоро ба ҳоли худ гузошта, нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта сари вақт чораҳои зарурӣ намеандешанд. Проблемаҳои ҳалталаби экологӣ, ки имрӯзҳо дар самти муомилот бо партовҳо мавҷуд аст, ин ба навъҳо ҷудо намудани партовҳои сахти маишӣ дар нуқтаҳои муваққатии партовнигаҳдорӣ, ташкил намудани нуқтаҳои муваққатии партовнигаҳдорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани нақлиёти махсус оид ба кашонидани партовҳои сахти маишӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди такрории партовҳои сахти маишӣ ва дигар партовҳо, ба роҳ мондани коркарду безараргардонии пурраи партовҳои тиббӣ мебошад. Хотирасон бояд намуд, ки гӯронидани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию нӯшидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ (дар мавриди таҳдид ва бехатарии корҳои маъданковӣ ва харобии конҳо) манъ аст. Дар ҷаҳон роҳҳои мухталифи нобудсозии партовҳо вуҷуд дорад, яке аз ин роҳҳо сӯзондани онҳо мебошад. Партовҳоро дар печкаҳои аз ҳад зиёд гармидошта месӯзонанд, ки дар натиҷа он ба гази заҳрноке табдил ёфта, боз ҳам тариқи ҳаво ва об ба муҳити зист таъсири манфии худро мерасонад. Шакли дигари нобудсозӣ нобудсозии барқӣ ба шумор меравад, ки он низ норасоиву камбудиҳои худро дорост, аз он ба фазо моддаҳои кимиёвӣ, ба монанди диоксинҳо – моддаҳои хлордор ҷудо мешавад. Он яке аз ксенобиотикҳое мебошад, ки таъсирбахшии зиёди заҳрогинро дорост. Аз ҷониби
коршиносон чунин хулоса шудааст, ки аз 50 то 80 фоизи ифлосшавии умумии сайёра аз диоксинҳо, ки тавассути партовҳои ихроҷнамудаи корхонаҳои партовсӯзонӣ ҳосил мешавад, ба амал меояд. Аҷибаш он аст, ки ҳатто Арктика - як қисмати хеле сард ва яхбастаи рӯи замин аз мавзеъҳои аз диоксин заҳролудтарини олам ба шумор меравад. Сабаб он аст, ки дар тӯли 20 соли охир аз ҳисоби гармшавии глобалӣ моддаҳои зарарноке, ки дар қабати пиряхҳои қутбӣ маҳфуз монда буданд, аз сари нав ба муҳити зист паҳн мешаванд. Хотирнишон бояд сохт, ки диоксинҳо ба таркиби ғизо ва гиёҳҳо меафтанд ва дар одамон бемориҳои зиёдеро (яке аз онҳо саратон) ба вуҷуд меоранд. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки говҳо дар тӯли рӯз он қадар заҳрҳоеро дар натиҷаи истеъмоли алаф қабул мекардаанд, ки инсон онро дар тӯли солҳои зиёд нафас мегирад. Пас, он қадар маводи ғизоии ширӣ, ки ҳамарӯза мо истеъмол мекунем, ба организмамон чӣ гуна таъсире мерасонида бошад?! Зарари халтаҳои селофанӣ ё ашёи пластикӣ. Дар олам истифодаи халтаҳои селофанӣ ва ашёи полиэтиленӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Мо тамоми харидҳои худро чӣ аз бозор, чӣ аз мағоза, бо халтаҳои селофанӣ анҷом медиҳем, шояд то ҳол аз зарари он бехабарем ва ё нисбат ба саломатии худ низ бепарвоем. Дар аксар мамлакатҳо аз истифодаи пакетҳои якдафъаинаи полиэтиленӣ даст кашида истодаанд. Дар баъзе аз мамолик ҳатто барои сайёҳе, ки нафаҳмида халтаи селофанӣ ҳамроҳ мегирад, ҷарима муайян карда шудааст. Аз рӯи маълумоти сомонаи Tourister, махсусан чораҳои ҳуқуқии хеле ҷиддӣ бар зидди истифодаи маводи пластикӣ дар Кения, Австралия, Таиланд ва Африқои Ҷанубӣ фаъол мебошанд. Агар ба Кения сафар намоед, бо худ ҳамроҳ гирифтани дилхоҳ намуди пакетҳои селофанӣ боиси ҷарима шудан ва
МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ | 63 дар ҳолати такроршавии ин амал маҳбас шуморо таҳдид менамояд. Дар Квинсленди Австралия низ барои истифодаи пакетҳои селофанӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар Африқои Ҷанубӣ низ барои савдои халтаҳои пластикии якдафъаина тибқи қонунҳои амалкунанда ба маҳбас афтидан мумкин аст. Аз моҳи апрели соли 2020 истеҳсол ва савдои пакетҳои пластикӣ дар Гурҷистон манъ шуд. Аз оғози соли ҷорӣ дар ҳамсоякишвари мо - Ӯзбекистон низ истеҳсол ва воридсозии пакетҳои пластикӣ мамнуъ гардид. Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ мебошад ва аз ин масъала ҷомеаи Тоҷикистон низ истисно нест. Шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта, ба зарф ва пакетҳои пластикӣ бинобар сабаби арзон будан ва имкони истифодабарӣ барои нигоҳубини ҳама гуна маҳсулот талабот зиёд гашт. Аммо таъсири манфии пакетҳои пластикӣ ба муҳити зист ба зудӣ эҳсос гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст кашидан аз истифодаи онҳо чораҷӯӣ мекунад. Тибқи ташхисҳои коршиносон, дар як сол беш аз 4 триллион пакети пластикӣ дар гардиш қарор мегирад, ки аз таъсири он ҳамасола 1 миллион паранда, 100 ҳазор ҳайвоноти баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо ба нестӣ мерасанд. Ҳамчунин мутахассисону коршиносон таъкид менамоянд, ки зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода сӯзонда ва ё дар кӯчаҳо партофт, зеро онҳо аз худ заррачаҳои махсуси заҳролудро хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба худи инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба масъалаи мазкур, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2020 ва аз 8-уми феврали соли 2021 ҷиҳати давра ба давра то соли 2023 даст кашидан аз истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон ирсол
гардидааст, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дорад. Дар кишвари мо масъалаи коркарди партовҳо (ба маҳсулоти дигар табдил додани онҳо) чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Тибқи маълумотҳои дастрасшуда, ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 42 адад корхонаҳои коркарди партовҳо фаъолият доранд, ки шумораи онҳо чунин аст: - корхонаҳои коркарди партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ - 19 адад; - корхонаҳои коркарди партовҳои қоғази ташноб ва қуттиҳои картонӣ - 4 адад; - корхонаҳои коркарди алюминий - 2 адад; - корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ - 1 адад; - корхонаҳои коркарди партовҳои оҳан - 12 адад; - ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо -1 адад; - коркарди латтапораҳо - 1 адад; - коркарди шишамайда - 2 адад; Вале, мутаассифона, шумори корхонаҳои коркарди дуюмбораи партовҳо на он қадар бузург буда, талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонад. Мушоҳидаҳо тасдиқ менамоянд, ки тӯли солҳои охир бемориҳои мухталифи душвортабобатшаванда ва ё ки табобатнашаванда (бемориҳои бадсифати саратонӣ, сироятӣ, бемориҳои пӯст ва ғ.) миёни мардум дар ҳоли афзудан аст. Коршиносон мегӯянд, ки аз партовгоҳҳо дар масофаи 3 километр дуртар зистан одамонро метавонад бо хатари тавлидёбии атфол бо иллатҳои модарзодӣ таҳдид намояд. Аммо мутаассифона, дар бештари мавзеъҳо аҳолӣ дар масофаҳои на он қадар дур аз партовгоҳҳо ҳаёт ба сар мебаранд. Усули нобудсозии партовҳо хеле кӯҳна шудааст, масъулони партовгоҳҳо бештар вақт даъво мекунанд, ки дар фазо абрҳои заҳролудаи партовӣ вуҷуд надорад ва дар ҳолати набудани онҳо рух задани хатарҳо низ амри маҳол аст, аммо мардуми таҳҷоӣ
ва гирду атроф аз вуҷуд доштани чунин хатарҳо ҳамеша дар ҳаросанд. Бархе бошанд, ҳатто парво надоранд, ки партовҳо дар куҷо ва чӣ хел партофта мешаванд. Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки яке аз роҳҳои ҳифз намудан аз зарарҳои таҳдидкунанда нисбат ба муҳити атроф - сохтани қабатдеворҳои гилин дар атрофи партовгоҳҳо, барои нагузаштани моддаҳои зарарнок ба обҳои зеризаминӣ мебошад. Аммо ин амал низ дар таҷриба натиҷаи кам додааст, чунки сохтани чунин саддҳо мустаҳкаму дерпой намебошанд. Даҳшатовар он аст, ки таъсири манфӣ аз кӯҳпартовҳои зараровар метавонад садҳо сол идома ёбад. Ҳатто партовгоҳҳои сифатан хуб сохташуда низ мушкилот ба бор меоранд. Ба он хотир, ки бодҳои гардон ва шамолҳои пуршиддат метавонанд заҳри партовҳоро то ба шаҳру деҳоти атроф расонанд. Масъалаи тозагии экологӣ зич вобастагӣ дорад ба хислат ва дидгоҳи аҳолии ҳар минтақа ва сарзамин. Имрӯзҳо агар ба бархе аз ҷӯйҳо ва заҳбурҳои минтақаҳои аҳолинишин назар андозед, албатта, шумораи зиёди маводи пластикиву полиэтиленӣ, ба монанди буталҳо ва дигар зарфҳоро мебинед, ки ҳусни маҳалро мекоҳонанд ва ҳам боиси ба миён омадани моддаҳои зараровар, вирусҳо ва мушкилоти зиёди пайдарҳами дигари зиндагӣ мешаванд… Хуллас, ин гуна мисолҳо хеле зиёданд, ки метавон аз он таҷриба гирифта, дар зиндагонии худ истифода барем ва аз хатарҳои экологӣ муҳити зист ва ҷону номи худро эмин нигаҳ дорем. Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво . Саломат бошед. Моҳсафари Яҳёзод, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» 2021 | январ-март | САРЗАМИН