ํНаҷот №34

Page 1

«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд»,

Ќуръон: сураи Моида, ояти 56

Оё маќомот ќазияи Б. Занљониро рўшан месохта бошанд ё хомўширо идома медињанд?

НАШРИЯИ

њИЗБИ

НАњЗАТИ

ИСЛОМИИ

ТОљИКИСТОН

№ 34 (804) Панљшанбе, 21 - уми августи соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 25 - уми Шаввол, соли 1435 - и њиљрии ќамарї

Шиканљањои собит ва «бегуноњї»-и маќомот

Роњи «Вањдат-Ёвон» роњи берунрафт аз бунбаст

Истиќлолияти Афѓонистон

Тољикистон: Бо гузоришњои сохта, то ба љойгоњи 133-юм


2

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

хабар

Пешнињоди бонувони ЊНИТ ба Кумитаи кор бо занон

Бахши бонувони шуъбаи ЊНИТ дар вилояти Суѓд барои ислоњ ва бењтар кардани ахлоќ дар љомеъа ба кумитаи кор бо занон ва оилаи њукумати вилояти Суѓд пешнињодњои хешро ироъа дошта, хостори њамкорї дар ин самт шудааст. Тавре дар мактуби бонувони нањзатї омадааст, тибќи гузоришњои расмї дар љумњурї, аз љумла дар вилояти Суѓд косташавии ахлоќи шањрвандон беш аз пеш афзоиш ёфтааст ва “ин њаводис моро њамчун њарванди Тољикистон бетараф гузошта наметавонад”. Ба андешаи масъулини шуъбаи ЊНИТ дар вилояти Суѓд, сабабњои коњиш ёфтани ахлоќ пеш аз њама ба афзоиши бекорї, мављудити хушунат дар оила ва болотар аз ин, дур будан аз маърифати динї ва њуввияти миллист. Бинобар ин, бонувони нањзатї барои пешгирї аз корњои номатлуб ва ислоњи љомеъа ироъаи пешнињодотеро унвони кумитаи кор бо занони њукумати вилояти Суѓд зарур шуморидаанд. Онњо дар мактуби худ менависанд, дар назди масољиди љомеъ тибќи ќонуни ЉТ “Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї”, моддаи 8 – 2 роњандозї кардани таълими динїиро муњим аст ва дар ин самт дастрасии омузгоронро барои дарёфти иљозатнома бояд осон кард, њамчунин дар назди масљидњои љомеъ омўзишњои фарњангї, бахусус аќидавї ва тафсири Ќуръонро дар асоси мазњаби Имоми Аъзам созмон дод. Бонуми исломї ба ин назаранд, ки модар њамчун тарбиятгари аслии фарзанд бояд босавод бошад ва танњо бо ин васила насли ояндаро

хушаќлоќу босавод кардан мумкин аст, то равияю гурўњњои тундгаро ва ифротї нагараванд. Ва њамин тавр чандин пешнињоди муњими дигаре низ манзури масъулини кор бо занони вилоят гардидааст. Дар охири мактуби хеш бонувони нањзатї дар вилояти Суѓд гуфтаанд, “вазъияти кунунии Тољикистон талаб менамояд, ки ба ќонуни ЉТ “Дар бораи оила” таѓйироту иловањо ворид карда шавад. Љои тазаккур аст, ки масъулини ЊНИТ дар вилояти Суѓд нисбати њамагуна зуњуроти номатлуби љомеъа сареъан садо баланд мекунанд ва диду назари хешро љињати ислоњи мушкилот манзури маќомоти мањаллї мегардонанд. Вале агар аз минбарањои баланд пешнињоду дархости ањзоби сиёсиро таќозо кунанд њам, мутаасифона љињати иљрои онњо вокуниши лозимеро аз сўи маќомот ба мушоњида нагирифтаем. Ваќте аз чунин муносибату бархўрди маќомот ба пешнињодњо љомеъа огоњ мешавад, онро њамчун амалкарди тарафдорї аз ахлоќи пасти љомеъа метавонад бифањмад.

«Пантера»-ро озод карданд Фаридун Умаров, ки бо тахаллуси рамзии «Пантера» маъруф буда ва бародари яке аз нафарони роњбар дар КДАМ мебошад, мањбасро тарк гуфт. Хабар аз љониби суди ноњияи Сино тайид шудааст. Фаридун Умаров, ки ќабл аз мањбасї шуданаш гурўњи мубориза бо гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддирро дар ноњияи Фархор сарварї мекард, дар аввали соли 2012 зимни кўшиши кочоќи 42 кг њероин ба муддати 7 сол аз озодї мањрум дониста шуд, аммо ин њукмро бо истифода аз ќонуни афв ба 3,5 сол табдил карданд. Фаридун бародари Мансур Умаров, муовини аввали раиси КДАМ мебошад, ки ќаблан чанд соле њам рањбари гурўњи муњофизони шахсии љаноби Э.Рањмонро уњда кардааст. Дар ин парвандаи љиноии пурсару садо њамчунин номи Рустам Њайитов, ки бо тахаллуси “Хамер” шинохта мешавад, Зафар Мирзоев, собиќ сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддири ВКД, Тоњир Шеров, сардори њамин гуна шуъба дар шањри Душанбе ва чанде аз кормандони дигари нињодњои ќудратї низ зикр

мешуд. Њамаи онњо дар заминаи «ќочоќи маводи мухаддир» пушти панљараи мањбас фиристода шуданд ва танњо «Хаммер» ба муњлати 24 сол њукм гирифта буд, он њам бо далели «ѓариќонунї нигоњ доштани маводи мухаддир». Тавре манбаъ хабар медињад, Фаридун Умаров мањбасро бо дарназардошти рафтори намунавї тарк гуфта, ки њоло 7 моњи дигар аз њукмаш боќї будааст. Хабари озодии «Пантера»-ро њамчунин дар Вазорати адлияи Тољикистон тайид кардаанд.

Тањдиди навбатї алайњи Тураљонзода «Tojnеws» аз ќавли ВКД, вале бо ишора ба фарзанди Њ.А.Тураљонзода будани Илњомљон Тўраљонзода, хабар медињад, ки ў барои худсарона азхуд кардани ќитъаи замин муттањам дониста мешавад. Яъне гўё Илњомљон ќитъаи заминеро барои сохтани бинои истиќоматї худсарона ишѓол кардааст. Тавре ВКД гуфтааст, Илњомљон Тураљонзода њанўз аз соли 2011 бо маслињати пешакї бо Умар Таѓоев, яке аз истиќоматкунандагони ноњияи Вањдат гўё атрофи ќитъати заминеро ба андозаи 528 метри мураббаъ мањкам кардааст. Ваќте дар сањифаи ВАО ишора аз собиќаи фаъолияти зиндагї ва кории Њољї Акбар Тўраљонзода аз соли 1988 то ба 2010 меравад, метавон њадс зад, ки кушодани парванда алайњи писари ў мањз ба хотири афзоиш бахшидани фишор болои ўст, вагарна њисоби ѓасби замин ва ба пулу мол табдил додани ин амал дар Тољикистон, бахусус навоњии Рудакї ва Вањдат њисоб надорад ва кашида шудани ин масъалаи љузъї ба сањифаи матбуъот

њам кадом кашфиёти муњиме нест. Пас њадаф номи Њ. А. Тураљонзода ва бадном нишон додани ин чењраи динїсиёсї дар афкори љомеъа мебошад. Њамон кору амале, ки тўли чанд сол аз љониби доирањои алоњида дунбол мешавад ва касби молу корхонањои ишонро зери суол ќарор доданианд.

Растохези исломї ва тањаввулоти бузург

Замоне Ислом ва мусалмононро то ба њадде заъиф сохта буданд, ки њарф аз дини мубин задан танњо дар кунљи масољид имкон дошту бас, он њам агар дари масљиде барои барпо доштани намоз барои пирамарде боз мемонд. Чун рафтани насли љавон ба чунин маконњо аќибмондагї дониста мешуд. Њар касе даъвои равшанфикрї мекард, танњо аз Марксу Ленин ва дигаре аз арбобони низомњои бединї њарф мезад. Њарф задан аз Исломро дар берун нишони аќибмондагї ва иртиљоъї мегуфтанд. Ин гуна воќеъиятњо, новобаста ба низоми давлатдорї, тамоми љањони исломро фаро гирифта, номњое мисли «Љавонони болшевик», «Љабњаи халќ барои озодии Фаластин», «Љавонони коммунисти араб», «Њизби сотсиалистии араб», «Њизби баъси араб», «Парчам»-у «Халќињо» ва дигару дигарњо пайдо шуданд. Љањони Ислом бо Ислом мубориза мебурд ва ин дини покро бузургтарин монеъа љињати пешрафт медонист. Зиндонњо аз Сибир то ба Миср моломол аз мусалмонњо буд, танњо бо гуноњи эътиќод ба Ислом. Њатто як давлати тањмилии Исроил, се давлати бузурги арабї: Мисру Урдун ва Суриёро дар як «љанги шашрўза» ба шикасти сангин мувољљењ сохт ва то ба имрўз бахши бузурге аз ин се давлатро зери тасарруф нигоњ медорад.

Аммо имрўз њамон Исроили тањмилї ва ѓосиб тавони шикасти як њизби кўчакеро бо номи ЊАМОС надорад, дар њоле, ки онро иддае аз кишварњои ќудратманд, њатто давлатњои алоњидаи арабї пуштибонї мекунанду ЊАМОС дар муњосираи чандсола ќарор дорад. Пас ин љо њувият ва њайсияти мусалмонист, ки душман тавонмандии шикасти ин њаракати муќоваматро надорад. Имрўз дар минбарњои баланд ва кохњои боњашамат њарфи Ислом шунида мешавад, ќудратњои љањонї ва манфиъатхоњони њайсиятгумкарда њайронанд, ки чї тасмиме барои барќарории субот дар Шарќи Миёна бигиранд. Кор ба љое расида, ки дар миёни рушанфикрон, бахусус онњое, ки афкори хешро дар заминаи фарњанги исломї комил кардаанд, сухан гуфтан аз ѓайри Ислом ва маќтабу таълимоти ѓайри исломї дигар маъное надорад. Дар њоле ки Ислом дар ќалби Аврупо ва Амрико пешрафт дорад. Агар душмани манфиъатхоње Ќуръонро ба оташ мекашад, боз њам пурфуруштарин китоб дар Ѓарб, Ќуръони Карим аст. Пас њарф аз дин ва Ислом намоди рушангариву рушанфикрї ва озодаву мубориз будан ќарор гирифтааст. Растохези исломї наздик аст, алњамдулиллоњ

Абдуллоњи Њайдар


www.nahzat.tj

3

21 августи соли 2014

хабар

Уламои исломї дар њузури президент

Рўзи 18-уми август њайате аз Иттињодияи байналмилаллии уламои мусалмон (ИБУМ) бо Раљаб

Таййиб Урдуѓон, президенти тозаинтихоби Туркиё дидору мулоќот доштанд. Њайати уламои исломи бо сарварии раиси ИБУМ шайх Юсуф Ќарзовї Урдуѓонро барои интихоб шуданаш ба ин маќоми олии давлатї табрик гуфта, бо ишон чанде аз масоили доѓи уммати исломро мавриди муњокима ќарор доданд, хабар медињад маркази матбуъотии ИБУМ. Њамчунин миёни љонибњо ба таври хос масъалаи Фаластин, авзоъ дар Суриё, Ироќ, Миср ва мушкилоти дигаре аз манотиќи љањони ислом њам мавриди муњокима ќарор гирифтааст.

Ќазияе дар «Ориёно-медиа» Чанде ќабл рањбари кулли ширкати «Ориёно-медиа» Рустами Љонї ва ахиран яке аз масъулини шинохтаи родиои «Имрўз»-и њамин ширкат, Орзу Исоев, ки бо омаданаш ба ин родио сифату мантиќи хабару тањлилњо таѓйир карданд, аз кор рафтанд. Агар аввалиро сабукдўш карда бошанд, дувумї бо рамзи эътироз аз барканории Рустами Љонї фаъолияти худро дар родиои «Имрўз» ќатъ кард, вале ин «тањаввулот» хеле љиддї ба назар мерасад. Тавре аз ишорањо зимни суњбату тањлилњо ошкор мегардад, муассиси иттилоъотии «Ориёно-медиа» моли Њасани Асадуллоњзода мебошад, агарчи баъзе манбаъњо ба самти дигар љониб тааллуќ доштани онро таъкид њам мекунанд. Ба њар њол, то ба имрўз дар бозори хабарии расонаї «Ориёно-медиа» љойгоњи хосе касб кардааст, бахусус родиои «Имрўз» бо кушодагўиву ошкор матрањ кардани масоили доѓ, мањбубияти афзояндаеро дар афкори љомеъаи кишвар, бахусус шањри Душанбе пайдо кардааст, албатта то ин марњала. Боре фаъолияти ин родиоро бо сабабњои «техникї» боздоштанд, вале бо мурури ваќт иљозаи пахши хабарро аз сар гирифт, албатта, бо каме мањдудиятњо дар фаъолият. Аммо бо омадани Орзу Исоев барномањои он таѓйир ёфтанду моњияти суњбат ва матрањи масоил низ љиддитар шуданд. Бояд иќрор кард, ки бањси нашрияи «Имрўзнюс» бо Амонуллоњи Њукум, собиќ рањбари ширкати «Роњи оњан» ба шиддат дар фаъолияти ин муассисаи хабарї таъсир гузошт, вале маълум нест, ки чаро нашрияи мазкур барои пардохти зарари маънавї ба А.Њукум розї шуд. Агарчи аз ќабл масъулини «Ориёно-медиа» хеле љиддї мавќеъгирї мекарданд ва кадом пардохти љуброни зарарро низ ќабул надоштанд, њатто ишорањое њам буд, ки Амонуллоњи Њукум «ба љони худ љавр мекунад». Иддае аз доирањои тањлилї ба ин назаранд, ки миёни Њасани Асадулоњзода ва Амонуллоњи Њукум баъди шиддат гирифтани чунин як бањс кадом «сделка»- е сурат гирифту гўё бо пардохти «зарари маънавї» бањси судї ва матбуъотии мавзўъ аз миён рафт. Вале суол ин аст, ки оё дар он «сделка» дурнамои фаъолияти Рустами Љонї њам матрањ буд ё хайр?

Њоло дар пайи барканории Рустами Љонї аз маќоми рањбари ширкати “Ориёно-Медиа” пахши њадисњои њазрати Муњаммад (с) аз тариќи радиои «Имрўз» њам ќатъ шудаву дигаре аз роликњое, ки дар онњо садои Рустами Љонї сабт шудаанд, аз пахши родио гирифта шудаанд. Ин љанбаи масъала фикрњои дигареро низ ба вуљуд меорад, аз љумла «ба манфиати љонибе» матрањ шудани ин гуна фарњанг дар родио. Овардани Худоёри Валї аз «Садои Душанбе» ба «Имрўз» њам муаммост, агарчи зоњири масъала маълум мебошад, нафаре бояд дар «Имрўз» рањбариро ба дўш бигирад, ки комилан аз иродаи доирањои хос берун наравад. Орзу Исоев тайи чанд моњи охир дар “Бањси Имрўз” мавзўъњои муњимеро, аз ќабили хидмати сарбозї, љои кор, тиљорати пирамидавї ва ахлоќи љомеъа ба бањс кашид, ки нигаронињоеро дар долонњои њукумат ба бор оварданд ва чунин як коргузории масъулини «Ориёно-медиа» бо роњбарии Рустами Љонї наметавонист ба дарозо бикашад, чунин њам шуд. Рустами Љонї таљрибаи зиёде дар чунин як мањдудаи хабарї дошт ва ќаблан њам дар низоми родиоии кишвар кор карда буд. Вале њоло бо сабабњои норушан аз симати рањбарї барканор мешавад ва мушкили «Ориёно-медиа» ба як ќазия табдил меёбад, ки дурнамо ва оќибати онро ваќт ошкор хоњад кард. Ба њар њол, ќисмате аз ин ќазия маълум аст, дар пеш интихоботи президентї ќарор дорад ва набояд чунин як родио мавзўъњои доѓи љомеъаро матрањ сохта, фаъолияту муносибати рабт дошта ба њукумати феълиро ба чолиш бикашад.

Намунае аз рисолатњо “Ва Мо њамоно Мусоро бо муъљизањои Хеш фиристодем (ва дастур додем), ки ќавми худро аз торикињо ба сўи равшанї берун ор ва рўзњои Худоро ба онон ёдоварї кун, ки дар ин (ёдоварї) барои њар сабрпешаи шукргузор нишонањост”. (Сураи Иброњим, ояти 5). Худованд дар ин оят ба хотири хушнуд ва хушбин намудани Паёмбари гиромї (с) дар анљоми дастури берун овардани мардум аз торикињо ба сўи равшанї ва таъйиди ин мавзўъ, ки дар нахустояти ин сура баён шуд, намунае аз сангинтарин рисолатњоро ёд кардааст: “Ва Мо њамоно Мусоро бо муъљизањои Хеш фиристодем (ва дастур додем), ки ќавми худро аз торикињо ба сўи равшанї берун ор”. Худованд ба Мусо (а) дастур дод, то бо даъват ба сўи имон ба Худои ягона Фиръавни саркашу туѓёнгар ва сарони ќавми ўро, ки ќудрати њукумати Мисрро дар даст доштанд ва ќавми бани Исроилро ба ѓуломї гирифта анвоъи азобу шиканљањоро раво медиданд, аз зулумоти ситампешагї ва кибру худхоњї берун барад. Ва дар ин радиф ќавми бани Исроилро аз торикињои зиллату хории ѓуломї, љањолату нодонї ва куфру маъсият ба сўи равшании озодию истиќлол, иззату икром, илму маърифат ва имону тавњид берун орад. Маълум аст, ки даъвати мустакбире чун Фиръавн, ки даъвои худої дошт, кори содаву осон набуд. Бинобар ин, Худованд ба хотири тасдиќ ва таъйиди рисолати Мусо (а) ба ў муъљизањо ва њуљљату далелњои равшану гўёе ато намуд, ки њар инсони оќил онњоро холисона мушоњида мекард, ба вай имон меовард. Ояњои 96-97 сураи Њуд низ мавзўи ояти мавриди бањсро таъкид мекунад: “Ва Мо Мусоро бо оёти Худ ва њуљљате равшан ба сўи Фиръавн ва сарони ќавми вай фиристодем...” Худованд дар идомаи оят ба паёмбараш ба истифода намудан аз тадбири нињоят муњим ва шеваю услуби босамар дар амри даъват дастур медињад: “Ва рўзњои Худоро ба онон ёдоварї кун”. Дарвоќеъ ба ёди инсонњо андохтани рўзњо ва воќеањое, ки дар сањифањои дурахшони таърих љой дода шудаанд ва аз саранљоми бади куфру саркашї ва нофармонї њушдор додани онон, њамзамон бо хотиррасон кардани неъматњои Худованд ва таваљљуњи онњоро ба ин неъматњо гардондан ва аз ин тариќ ба итоати соњиби неъматњо хондани онон дар њидояти мардум наќши муњим дорад. Маълум аст, ки њамаи рўзњо рўзњои Худованд аст, вале дар таърихи башарият гоњо бо ќиёми паёмбаре ва ё абармарди дигаре воќеањои ибратангезе ба вуќўъ мепайвандад, ки дар њаёти кулли башарият, ё миллате аз милали љањон тањаввулоти азимеро ба вуљуд меорад. Ва бар асари он тањаввулот ќавми саркашу нофармоне ва ё њукумати золиме бо зулму ситамаш аз байн рафта ва адлу адолат тантана мекунад ва миллате ба озодї мерасад, чун дар ботини њар тањаввулот ва њалоки золимони саркаш ва сарнагунии њукуматњои истибдодї неъмати озодии мустазъафон нуњуфта аст. Нуктаи муњим он љост, ки дар рух додани ин гуна њодисањо таъсири кадом васила ё сабабе аз асбоби дунявї ва наќши ягон ќудрати башарї эњсос намешавад, балки ќудрати Худованд ва нишонаи вањдоният ва салтанати мутлаќи Ў ба таври равшан таљассум меёбад. Аз љумла, рўзе, ки Иброњим аз оташи намрудиён сињату саломат берун омад, рўзе, ки ќавми саркашу туѓёнгари Нуњ (а) дар тўфон ѓарќ гашанд ва ў бо ёронаш ба василаи сафина наљот ёфт. Рўзе, ки Фиръавни худкомаи золим бо њайати њукумат ва лашкараш дар дарё ѓарќ гашт ва Мусо (а) бо бани Исроил аз истеъмори фиръавниён наљот ёфта ба истиќлол расиданд, рўзе, ки Паёмбари Ислом (с) бо теъдоди каме аз ёронаш дар љанги Бадр бар алайњи лашкари мушрикони Ќурайш пирўз гашта, ќудрати лашкари тавњидро ба намоиш гузоштанд ва монанди инњо... Дарвоќеъ ин рўзњоро наметавон ба ѓайри Худо нисбат дод, зеро рањмату неъмати Худованд дар ин гуна рўзњо тавре зоњир гашта, ки дар рўзњои дигар ба ин равшанї зуњур накардааст. Дар поёни оят бо таъкид ба ањамияти ин мавзўъ мефармояд: “Дар ин (ёдоварї) барои њар сабрпешаи шукргузор нишонањост”. Инсонњои солимфикр бо хотиррасон кардани ин гуна рўзњои сарнавиштсоз ва неъматњои Худованд дарси ибрат омўхта, ба дарки дурусти фалсафаи зиндагї мерасанд. Ин навъ инсонњо њангоми рў ба рў омадан ба мушкилоти сангин ва душворињои умедшикан бо истифода аз сабру тањаммул њаргиз масири њаракати худро таѓйир нахоњанд дод ва дар сироти мустаќим собитќадаму устувор боќї хоњанд монд. Инчунин аз пирўзињо ва ноил гаштан ба неъматњои озодию истиќлол маѓруру мафтун нахоњанд гашт. Аз муќоисаи дастуре, ки дар ояти мавриди бањс ба Мусо (а) шуда, ки “ќавми худро аз торикињо ба сўи равшанї берун ор” ва дастуре, ки дар ояти нахустини њамин сура ба Паёмбари гиромии Ислом (с) дода шуд: “то мардумро ба изни Парвардигорашон аз торикињо ба сўи равшнї берун орї” як њаќиќати раднопазир бармеояд. Ва он њаќиќат ин аст, ки рисолати Мусо (а) монанди рисолати дигар паёмбарон мањдуд ба ќавме ва минтаќае аст, ки он ќавм дар он зиндагї мекарданд ва рисолати Паёмбари акрам (с) рисолати љањонї ва умумибашарист. Ояти 28 сураи Сабо низ ин њаќиќатро тасдиќ мекунад: “Ва Мо туро љуз барои башорат ва њушдор додан ба њамаи мардум нафиристодем, вале бисёре аз мардум намедонанд”. Зубайдуллоњи Розиќ


4

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

воќеъият

Тољикистон: Бо гузоришњои сохта, то ба љойгоњи 133-юм Созмони Милали Муттањид бо пахши як гузориш зери унвони “Рушди имкониятњои инсонї дар соли 2014” Тољикистонро дар зинаи 133-юм ќарор дода, вале чунин як љойгоњро нигаронкунанда арзёбї кардааст. Дар гузориши СММ даст­ расии ањолии кишварњои љањон ба маориф, тандурустї ва ба њаёти иќтисодию иљтимоъии сазовор расидан ё баръакси он бањогузорї шудааст. Љойгоњи 133 - юми Тољик­ истон пасттарин нишондод дар миёни кишвар­ њои минтаќањои Аврупои Шарќї ва Осиёи Марка­ зї мебошад. Черноњория ва Бело­русия аз миёни кишварњои ин манотиќ бењтарин нишондод­ро ба даст оварда, дар зинаи 51-у 53 ќарор гирифтаанд. Ва њамсоякишварњое, аз ќабили Ўзбакистону Ќирѓизистон дар љои 116 ва 125 љо пайдо карда, аммо Ќазоќистон дар љои 70-ум мебошад. Гузоришгарони СММ таъкид мекунанд, ки дар минтаќаи Аврупо ва Осиёи Марказї мушкилоти љиддї, аз ќабили осебпазирї аз офатњои табиї, бекорї, бењуќуќии муњољирон ва ѓайра љой доранд. Онњо ба њукуматњои минтаќа тавсия медињанд, ки талошњои худро дар самти њимояи њамаљонибаи шањрвандон густариш бахшанд. Аммо коршиносони дохилї далели аслии тамоми мушкилот дар Тољикистонро дар њоким будани фасод ва густариши он дар низоми зиндагии љомеъа мебинанд. Яъне њузури коррупсия омили таваќќуфи рушди миллат ва кишвар аст ва танњо роњандозии муборизаи берањмона алайњи ин зуњурот калиди муваффаќият буда метавонад. Модоме коррупсия дар Тољикистон тамоми низоми зиндагиро фаро гирифтааст, интизор шудани кадом пешравие ѓайри имкон мебошад. Чун ислоњоту коррупсия ду чизи бо њам носозгоранд. Сафват Бурњонов њамчун тањлилгар гузориши СММро нисбат ба Тољикистон ќабул надорад ва мегўяд,

зеро истифодаи ибораи “рушди инсон” дар нисбати Тољикистон љоиз нест, баръакс дар Тољикистон инќирози тадриљии инсонро ба таври ошкор дидан мумкин аст. Масалан, барои муайян кардани омилњои рушди имкониятњои инсонї садњо нишондодро мегиранду тањлил ва њисоби миёнаи рушдро муайян месозанд, аз љумла ба як одам чанд метр љои зист буду чанд шуд, чанд кило орд истифода мекарду њоло чї ќадар ва њамин тавр гўшт, моњї, шир ва меваю сабзавор ба чї миќдор истеъмол мекард ва њоло чї. Чанд љои корї барои чанд нафар, маълумоти олї, истифодаи барќ ва дигар захирањои энержї чї тавр буду њоло чї. Аммо ба гуфтаи Сафват Бурњонов, шинохти рушду инќирози имкониятњои инсон илм аст ва илм њам ќонуну ќоидањои худ­ ро дорад. Аз рўи њама параметрњои илмї инсон дар Тољикистон рў ба марг аст. Њатто дар Донетск, ки имрўз оѓуштаи хун мебошад, ба як нафар як бутта садбарг рост меояд. Дар Киев барои як нафар 17 метри мураббаъ кабудизор кардаанд. “То даме њукумат одамро воњиди аслї ва мењварии давлат ва иќтисод ба инобат нагирад, рушдро бояд фаромўш кард. Њатто омори бардурўѓи љаноби Ќосимов, вазири кишварзиро бинед, ки моњ ба моњ сатњи зиндагї паст мешавад. Мисол, бигзор 1

миллион тонна картошка истењсол шавад њам, онро ба 8 миллион нафар бояд таќсим кард, албатта, барои як сол. Гўшту моњї, мурѓ ва њамаи инњоро низ ба њамин тарз бояд њисоб кард. Азбаски дар мо сохти муайяни давлатдорї вуљуд надорад, ба вуљуд омадани ќишри миёнаи љомеъа ѓайриимкон аст. Кишварњои муваффаќ аз њисоби ба миќдори аксар ќарор гирифтани њамин ќишр рушд мекунанд. Аммо дар мо чунин ќишр нест, пас чї гуна рушд ба вуљуд меояд”, бо тааљљуб тавзењ медињад фикри худро Сафват Бурњонов. Бояд иќрор кард, ки индекси “Рушди инсонї” њамасола аз љониби СММ арзёбї мегардад ва он нишондињандаи вазъи зиндагии мардум дар кишварњои мухталиф мебошад. Ин масъала аз рўи нишондодњои зиёде бањогузорї мешавад, аз љумла дарозумрї, саводнокї ва даромаднокї. Албатта, пажуњишгарон метавонанд каме дар ин кори хеш ба хато роњ дињанд, вале, дар умум, натиљањои онњо ба воќеъият хеле наздиканд. Он чї имсол Тољикистон дар миёни 187 кишвар дар љои 133 ќарор дорад, нишони баде нест, вале самти њаракат муносиби матлаб нест, яъне дар соли 2010 – љои 112; соли 2011\2012 – љои 125; соли 2013 – љои 133). Абдулмалик Ќодиров њамчун коршинос дар ин бора мегўяд: мутаассифо-

на, дар нисбати як сол пеш Тољикистон ба 8 зина поин рафтааст ва Худоро шукр бояд гуфт, ки аз ин њам поинтар нарафтааст. Агар ба вазъи имрўзаи кишвар нигариста шавад, метавон хулоса кард, ки дар оянда Тољикистон имкон надорад, ки мавќеъашро бењтар созад. “Чун сатњи маорифу тандурустї ва даромади ањолї ба мо маълум аст ва њељ гуна њисоботњои “воњима”-нок њангоми конфронсњои матбуотї наметавонад њолати воќеъиро таѓйир дињад. Охир Тољикистон кадом истењсолоти мардумии чашмгире надорад, њар чизе дар ин самт ба мушоњида равад њам, онњо наметавонанд омилони рушди имкониятњои инсонї ќарор бигиранд, љуз даромади ањолї аз њисоби муњољират, ки он њам, тибќи омори расмиву ѓайрирасмї, рў ба пастравї дорад. Интишори индекси “рушди инсонї” як дастурамалест барои њукуматњо љињати хулосабарорињои зарурї. Аммо Њукумати Тољикистонро зарур аст, ки барои таѓйири вазъият чорањои амалї андешад, ба хусус дар самти таъмини љойњои корї, вагарна, вазъият метавонад то ба дараљае бад бигардад, ки дигар ислоњаш ѓайриимкон ќарор мегирад”, гуфт Абдулмалик Ќодиров. Бале, коршиносон муътаќиданд, ки бунёди њаёти солими инсон ба доштани иќтисодиёти

мустањкам ва истењсолот вобастагї дорад. Барои ташкили ин бунёд њатман як сиёсати амалї даркор аст. Њамчунин механизме, ки фазои тинљи љомеъаро шакл дода, њаёти мардумро дар як раванди таѓйирёбии сифатї ва тозагии фарњангї ќарор бидињад. Дар ин бора Мењмоншоњ Шарифзода, донишманд, муњаќќиќ ва љомеъашинос мегўяд: њар љонибе агар ин корро ташкил бикунад, ба гуфти мутаффакирони машњур, Вико ва Маркс метавонад “таърихи худ­ ро бисозад”. Вале дар Тољикистон тавре дида мешавад, танњо чунин эњсос мешавад, ки дар бораи “мафкураи миллї” ба зўр чизе бофтанианд. Тасмимгирандагон фалсафаи мењнат ва сиёсати созандаро дар масъалаи ташкили кор, ки дар даврони Шўравї як омили калидї буд, фаромўш кардаанд. “Мутаассифона, аспњоро аз ќафои ароба бастанд, масалан, дар бораи вањдат ин ќадар зиёд њарф мезананд, ки њисобаш гум аст, ба љои ин ќадар суханпарокании зиёди ба истилоњ вањдатзову “авлиё”-тарашињои бемисл, агар дар тўли 20 сол бунёди иќтисодї - саноъатии мустањкамро дар Тољикистон месохтанд, миллат ва кишварро ба вањдати воќеъї ва баланд шудани сифату имкониятњои рушди њаёти инсонї оварда мерасонд”, таъкид кард Мењмоншоњ Шарифзода.

Шуњрат Набиев


www.nahzat.tj

5

21 августи соли 2014

интизорї

«Равзанаи воњид» ва мушкилоти фасод «Равзанаи воњид» дар Тољикистон ба манзури сода кардани њамлу наќли молњои воридотї ва содиротї роњандозї мешавад ва дар њамин моњ, яъне август бояд «Равзанаи воњид» дар низоми гумруки кишвар ба кор оѓоз кунад. Иддае аз тољирону соњибназарон мегўянд, роњандозии ин тарњ имкон медињад, ки зимни њамлу наќли мол ба кишвар ва берун аз он ваќти тољирон сарфаљўї шуда, фасоди молї аз байн меравад. Саидљаъфар Рўзиев, раиси корхонаи “Равзанаи воњид” мегўяд: Њамакнун тољирон барои ба даст овардани асноди зарурї барои воридоту содироти мол муваззаф нестанд, ки тули рўзњо дари муассисоти мухталифро бизананд. Акнун бо ироъаи як дархост ба “Равзанаи воњид” ба якборагї аз 9 муассиса 28 санади заруриро дарёфт карда метавонанд. Ќаблан барои дарёфти ин аснод чандин њафта даву тоз ва маблаѓи ќобили мулоњизаеро сарф мекарданд. Яъне «рўзњо иљрои онро ба дарозо кашида, фаќат бар ивази подоши пул ин мушкилро њал мекарданд. Акнун чунин шароит аз байн меравад. Ба ин далел дар миёни маќомот афроди зиёде буданд, ки бо роњандозии “Равзанаи воњид” мухолифат мекарданд». Вале ба љаноби Рузиев «Равзанаи

воњид», дар пайи таќозои созмонњои молии байналмилалї ва таъйин шудани Рустами Эмомалї ба раёсати идораи гумрук роњандозии ин тарњ имконпазир гардидааст. Ва њоло озмоиши ин низом анљом шуда, интизор меравад дафтарњои “Равзанаи воњид” дар марказњои вилоятњо, инчунин шањрњои Турсунзодаву Душанбе ифтитоњ шаванд. «Дар ин дафтарњо танњо шароити фаннии мурољиъаи тољирон ба “Равзанаи воњид” фароњам шуда, мутахассисин ба онњо нањваи кор бо компутар ва тартиби ироъаи дархостро нишон медињанд. Ба њар тољир рамзи махфї дода шуда, дар сурати зарурї танњо худаш бо масъулини “Равзанаи воњид” гуфтугў карда метавонад». Зимнан, роњандозии тарњи “Равзанаи воњид” соли 2011 бо ихтисоси 2 миллион еврои Иттињодияи Аврупо шурўъ шудааст. Њоло масъулини ин тарњ мегўянд, барои роњандозии комили он маблаѓи изофї лозим аст ва тибќи иттилоъи бадастомада, Бонки рушди осиёї барои иљрои комили ин барнома 5 миллион доллар кўмак ихтисос додааст. Рустам Шодиев, тољире аз вилояти Суѓд мегўяд, зимни интиќоли мол аз Русия бо чунин нањваи кор ошно шуда, тўли чанд сол интизор дошт, ки дар Тољикистон низ ин шеваи фаъолияти гумрукї оѓоз шавад. Яъне тољирон барои содироту воридоти мол аз Русия ба Тољикистон ё баръ-

акс њафтањо ваќти худро дар Душанбе барои љамъоварии асноди гуногун сарф мекардаанд. Акнун ин мушкил тўли як лањза ва бидуни масрафњои зиёдатї њал шуда метавонад. Њољимуњаммад Умаров, донишманди илми иќтисод аз фаъол шудани “Равзанаи воњид”-и Идораи гумрук истиќбол кард, вале ишора бар он њам дошт, ки танњо аз ин роњ аз байн бурдани фасоди молї дар кишвар душвор аст. «Мисол, як корвон аз гузаргоњи марзї вориди Тољикистон

мешавад ва зуд ќаламрави кишварро тарк мекунад. Исботи ин нукта, ки он корвони мол буд ва мол аллакай ба фурўш рафт, хеле душвор аст. Мутаассифона, фасод дар Тољикистон ба тарзе шакл гирифта, ки худро ба шароити низоми “Равзанаи воњид” низ созгор сохта метавонад». Вале масъулони “Равзанаи воњид” мегўянд, барои љилавгирї аз ин амр онњо барномаи дигареро роњандозї мекунанд, яъне зимни убур аз марз корвони мол аз сўйи куллияи нињодњои зирабт бозрасї намешавад. Масалан, дар роњ аз Турсунзода то Душанбе њељ маъмури пулис ё намояндагони дигар маќомот ин корвонро манъ ва бозпурсї карда наметавонанд. Љомеъашинос Фирўз Саидов њам аз роњандозии “Равзанаи воњид” истиќбол карду гуфт, ин тарњ љузъе аз њукумати электроникист. Вале ў њам ин эњтимолро баъид намедонад, ки “Равзанаи воњид” фасодро ба куллї аз байн бурда наметавонад, яъне «бештари нишонањои фасод аз байн мераванд, вале шояд бархе аз зуњуроти он боќї монад». Дар њамин њол, масъулони “Равзанаи воњид” мегўянд, то њол 300 нафар аз тољирони кишварро бо нањваи фаъолияти “Равзанаи воњид” ошно сохтаанд ва ин амр идома хоњад ёфт.

«Сомонаи Ббс»

Роњи «Вањдат-Ёвон» роњи берунрафт аз бунбаст

Роњи оњан дар масири навоњии Вањдат ва Ёвон бахше аз роњи оњани “ДушанбеЌурѓонтеппа” мањсуб шуда, сохтмони он 19-уми марти соли 2009 шурўъ шудааст. Дар сурати бунёди ин роњ, ки дарозиаш 40,7 км аст, Тољикистон аз вобастагї ба роњи оњани Узбакистон барои њаракати ќаторањояш ба вилояти Хатлон рањо меёбад. Њазинаи аввалияи ин лоиња 130 миллион доллар буда, дар соли љорї давлати Чин барои бунёди 5 пул ва се туннел дар ин масир ба миќдори 59 миллион доллар кўмак кардааст. То њол 8,4 км-и роњи “ВањдатЁвон” бунёд шуда, интизор меравад дар моњи сентябри соли 2016 мавриди бањрабардорї

ќарор гирад. Ба дунболи азсаргирии корњои сохтмонї дар «Роѓун» дар аввалњои соли 2010 мавридњои таъхири интиќоли молу ашё аз тариќи роњи оњани Узбакистон бештар ва оќибат њаракати ќаторањои Тољикистон дар масири Ѓалаба-Амузанг ба вилояти Хатлон ќатъ гардид. Бино ба иттилоъи маќомоти Узбакистон, 16-уми ноябри соли 2011 дар як пули иртиботї дар роњи оњани Ѓалаба-Амузанг инфиљоре рух додааст ва ба ин далел њаракати ќаторањо тавассути ин минтаќа ба вилояти Хатлон мутаваќќиф шуд. Дар натиља, молњо ба вилоёти Хатлону Бадахшон тавассути ќатора ба шањрњои Душанбе

ва Хуљанд интиќол ёфта, аз ин шањрњо тавассути корвонњо ба ин ду вилоят њамл мешаванд, ки ин амр ба љиддан боло рафтани арзиши мол ва маводди ѓизої дар ин ду вилоят мунљар шуд. Ба пешнињодњои ширкати “Роњи оњани Тољикистон” дар бораи таъсиси комиссияи муштарак барои бозрасии ин њодиса ва тармими пул ширкати “Узбакистон темир йўлларї” посухе надод. Њамчунин, љонибњои Узбакистон ба ду дархости нахуствазири Тољикистон ва дархости Маљлиси намояндагон хомўшї ихтиёр карданд. Ин вазъият љониби Тољикистонро водор сохт,

ки корњои сохтмониро дар роњи оњани “Вањдат-Ёвон”, ки Душанберо бо манотиќи љанубии кишвар мепайвандад, таќвият бахшад. Коршиносон ин тарњро «тарњи сиёсї» дониста, мегўянд, ба ин тартиб Тољикистон талош дорад, ки аз вобастагии тронзитї аз ќаламрави Узбакистон рањо шавад. Бар асоси санадњои фаннию молї, барои иљрои тарњи роњи оњани «Вањдат-Ёвон» 130 миллион доллар пешбинї шудаааст ва интизор мерафт ин роњ дар соли 2014 мавриди бањрабардорї ќарор бигирад. Аммо Абдулфайз Холиќов, раиси ширкати “Роњсоз”-и ширкати “Роњи оњани Тољикистон”, гуфт, бо таваљљуњ ба он ки њанўз сохтмони як туннели бузург бо дарозии 2340 метр ва ду туннели кўчаку бунёди 5 пули иртиботї дар ин масир шурўъ нашудааст, ба истифода додани ин роњ дар муддати пешбинишуда баъид ба назар мерасад. Ва њоло давлати Чин барои бунёди туннелу пулњои иртиботї 60 миллион доллар ихтисос дода, коршиносони худро низ барои кандани туннелу сохтмони пулњо вориди Тољикистон кардааст. Њамчунин, гурўње аз мутахассисони иронї барои анљоми корњои инфиљорї ба лоињаи сохтмони роњи “Вањдат-Ёвон”

љалб шудаанд. Бахши аслии роњ дар ин масирро талу теппа ва кўњпорањо ташкил медињанд, ки корњои сохтмониро дар ин лоиња сусттар гардонидааст. Барои њамвор кардани теппањо умдатан аз маводи мунфаљира истифода мешавад. Ба гуфтаи Шањром Шоњрухї, раиси ширкати иронии “Туннел Садди Ориёно”, тими мураккаб аз 15 мутахассиси иронї ва 38 коргари тољик ба корњои инфиљорї ва поксозии роњ машѓуланд. Ва ин тим корњои њамворкуниро дар ќисмати аввали роњ анљом додааст, 90%и ин корњо тавассути инфиљор сурат мегиранд. Феълан аз Ирон 16 таљњизот, назири экскватор, булдозер ва грейдерњо ворид шуда, дар назар аст, ки дар чанд моњи оянда теъдоди мутахассисони иронї то 42 нафар ва коргарони тољик то 200 нафар афзоиш ёбад. Дарозии 3 туннел 3755 метр ва 5 пули иртиботї 712 метрро ташкил медињад, ки суръати корњои сохтмониро суст кардааст. Вале Абдулфайз Холиќов, раиси ширкати “Роњсоз” гуфт, бар асоси лоињаи пешнињодї роњи оњани “Вањдат-Ёвон” бояд то 9-уми сентябри соли 2016 мавриди бањрабардорї ќарор бигирад.

«Сомонаи Ббс»


6

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

мушкилот

Насли имрўза дар дунё дар замоне зиндагї мекунад, ки тамоми техноложии навин бо анвои гуногунаш рушду пешрафт намудааст. Наврас ва љавони имрўза ва дар умум њар нафаре њам њаст, дар як мижа задан метавонад аз тамоми њаводиси рухдодаистодаи олам ва воќеъоту тањаввулоти ин ё он кишвар иттило пайдо намояд. Донишљўе њам маълумоти барои худ лозимро тавассути шабакаи интернет дастрас кунад, њатто инсон аз љойи нишасти худ бе кадом душворию машаќќат аз њолу зиндагии ёру дўст ва наздиконаш дар хориљи кишвар огањї пайдо намояд. Дигар он замоне нест, ки бобоёни мо барои як номаро расондан ё барои анљоми кадом кору тиљорате шабонарўзї бо аспу хар ва хачир њаракат кунанд.

«Бањористон» ва фасоди асри нав

Агар њаёти љавони имрўзаро бо љавонони 200 ё 100 соли ќабл дар заминаи фактњои торихї ва далелњои аз китобњо хондаи худ ќиёс кунем, дарк кардан мушкил нест, ки љавонони он даврон чи гуна мањдудиятњое барои касби илму пешаи хеш доштанду љавонони имрўза аз чи имкониятњо бархурдоранд. Масалан, вазифаи рўзмарраи як љавон њатто дар замони шўравї чї буд, хондан, кори сањро, чарондани молу гов, шояд рў овардан ба ягон навъи бозии дигаре халос. Калонсолњо танњо масљиду чойхона мерафтанд ва боз њамон хонаву киштукори худ. Мисли замони имрўза, кўчаву хиёбонњои зебо ва боѓу љойњои истироњатї набуд, ки сайру гаште дошта бошанд. Аммо бубинед, насли имрўз то чи андоза аз ин гуна имкониятњо бархурдор аст. Дар аксари шањрњо донишгоњу коллељњо, муассисањои касбу њунаромўзї, сари њар ќадам марказњои омўзишї ва компютерї, китобхонањои боњашамат ва ѓайра, ки ин њама имконоти хубест барои аз бар намудани илму маърифат ва касбу пеша. Имрўз барои љавонон танњо як чиз намерасад, њимматбаландї. Њиммати онњо хело коста шу-

дааст ва аксаран ба љои он ки аз инимкониятњо истифода намоянд, баръакс ваќти хешро ба корњои ботил ва бењуда сарф мекунанд. Бояд ин љо омили дигареро низ тазаккур шуд, он њам адами имконоти моливу пулист, ки бештари љавононро маљбур ба рў овардан ба њиљрат кардааст ва љузъиёти њар кадом аз ин мушкилро бояд ба таври худ шарњу тавзењ дод. Аммо пешрафти техникї ва техноложї барои њаёти инсоният басо муњим арзёбї мешавад, агарчи дар бархе њолатњо мањз шабакањои интернетї ва иддае аз барномањои телевизионї боиси инњирофу бадахлоќї ва бењаёии љавонон, њатто наврасону кўдакон гаштааст. Гуфтанї нестам, ки љавонон аз омўзиши техноложии муосир даст кашанд. На, онро аз худ кунанд, ин басо муњим аст, аммо фармудаи аллома Иќболро фаромўш насозанд, ки гуфтааст: “Аз фасоди асри нав њушёр шав”. Бояд назорати ќатъї аз љониби волидайн ва масъулин бошад. Ба таври озод фароњам сохтани имконоти интернетї барои фарзандон ва назорат набурдани онњо хатари љиддиро ба дунбол дорад, ки њар лањза метавонад

шахсро дучори гумроњї созад. Бархе аз барномањои телевизионї низ њамчунинанд, хусусан барномањои моњвораї. Имрўз дар шабакањои телевизионии кишвар барномањои хуби ислоњиву тарбиявї кам ба чашм мерасанд ва дар умум ќонеъкунанда нестанд, агарчи баъзе навгонињое дар шабакањои ТВТ-1 ва ТВ – «Сафина» дида мешаванд, вале боз њам баъзе аз ин барномањои нав ба фарњанги миллї мутобиќат намекунанд. Бинобар ин, таќрибан дар болои боми њар як хонаводаи тољик антенањои моњворагї, мисли чатрњои кушода ба чашм мерасанд. Дар Тољикистони азиз шабакаи телевизионие фаъолият дорад бо номи “Бањористон”, ки аслан онро хоси кўдакон арзёбї мекунанд ва бояд ин шабака барномањоеро ба эфир гузорад, ки мувофиќ ба аќлу зењн ва тафаккур, бахусус ангезаи кўдак бошанд, то ў манфиатеро бархурдор шавад. Аммо имрўз аз ин шабака филмњое намоиш дода мешаванд, ки саропо фањшу бењаёгиро ташвиќ мекунанд ва ё дар марњалањои бегоњирўзї филмњоеро мушоњида кардан мумкин аст, ки њатто шахси калонсол аз тамошои он

хиљолат мекашад, дар онњо тани нимуриён ва мусиќињои бемаънї намоиш дода мешавад. Ин љо суоле матрањ аст, ки аз филмњои фањшу наворњои нимбарањна кўдак ва навраси имрўза чї ибрат мегирифта бошад? Оё дар ин гуна корњо таъсири манфиеро дар ахлоќи онњо эњсос намекунем? Њамчун як шањрванди комилњуќуќи ин мењан ва фарзанди ин миллат аз њамаи шабакањои телевизионии кишвар даъват менамоям, то барномањоеро рўи даст бигиранду ба пахши онњо иљоза дињанд, ки сабаби инњирофу гумроњї ва бадахлоќии љавонону наврасон ќарор нагиранд. Њамчунин аз падарону модарон эњтиромона њоњишмандем, ки дар таълиму тарбияи фарзанд ба сањлангорї роњ надињанд ва пайваста аз раванди бархурди ў бо барномањои телевизионї ва интернетї огоњ бошанду аз назорат хешро канор нагиранд.

Юнуси Рањмат, сокини ш. Душанбе


www.nahzat.tj

21 августи соли 2014

минбари коршинос

7

Бањси мављудияти сармояи Б. Занљонї дар Тољикистон: љониби Ирон њаќ аст ё Тољикистон? Љониби Ирон ироъа медорад, ки аз Бобаки Занљонї 2,7 млд. доллар дар Тољикистон мањфуз мондааст ва ин моли Ирон њасту бояд баргардонида шавад. Вале љониби Тољикистон, бахусус Бонки миллии он ин гуна даъворо рад карда мегўяд, аз Б.Занљонї кадом сармояе дар Тољикистон мављуд нест. Ба њар њол, ин масъалаи нав њам нест ва солњо боз болои воќеъият доштану надоштани он дар мањфилу минбарњо бањсњое љой доранд. Њоло иддае аз тањлилгарони дохилї нисбати ин масъала назари хешро ироъа доштаанд, ки боз њам ин масъалаи бањсї норушан боќї мемонад……. фањмост ва онро бояд ќабул кунем. Вале аз тарафи дигар Ирон њам, агар ягон асос намедошт, ин гуна баёнотро пахш намекард. Пас ин љо кадом асос ё далеле вуљуд дорад, ки онњо ба ин тарз изњор доштаанд.

Сайидумар Њусайнї, муовини аввали рањбари ЊНИТ ва вакили њизб дар парлумон - Бисмиллоњи рањмони рањим. Чун ин хабар ба мо њам расид, бовар карда натавонистам, ки кор то ба ин сатњ бошад, яъне як тољири хориљї чунин як сармояи бузургеро дар кишвари мо бимонаду инро Тољикистон тайид накунад, њатто рад карда бигўяд, ки чунин маблаѓ ба Бонки миллї ворид нашудааст. Ирон тайид мекунад, ки чанд миллиард доллари миллат дар Тољикистон мондааст, вале Тољикистон инро комилан рад менамояд. Тааљљубовар ин аст, ки чї тавр санадњои сохтаи Бонки миллии Тољикистонро Бобак Занљонї дар даст дошта, ба љониби Ирон пешнињод карда тавонистааст, дар њоле ки мављудияти чунин маблаѓро Бонки миллии Тољикистон тайид намекунад? Аз ин тарзи бархурд бо як масъалаи љиддї њар касе њам бошад, дар њайрат афтода, чї гуфтанашро намедонад. Њоло мунтазир бояд буд, ки маќомоти марбута ин масъаларо барои њама рушан созанд. Дар њар сурат чунин эњсос мешавад, ки ин љо кадом сирре ошкору шаффоф нашудааст. Масъала ин аст, ки маќомот ќазияи Б. Занљониро рўшан месохта бошанд ё хомуширо идома медињанд?

Парвиз Муллољонов, сиёсатшинос - Албатта, вокуниши Тољикистон

Дар воќеъ, ман ба ин боварам, агар њукумати Ирон далелеро дар даст намедошт, чунин як даъворо пахш намекард, вале боз њам ин масъала омўзишу тањќиќ мехоњад. Шакке нест, ки њуљљатњо мављуданд ва эњтимол ин њуљљатњо дар дасти иронињоянд. Пас агар ин гуна њуљљатњо вуљуд дошта бошанд, инкор кардани масъала номумкин мегардад. Феълан масъала ба он бастагї дорад, ки љониби Ирон чї иќдомеро амалї сохтанист. Оё ин ќазия ба суди байналмиллал кашида мешавад ё бо љониби зидахли масъала дар Тољикистон гуфтушунид сурат мегирад? Эњтимол роњи дигареро њам љўё бошанд. Яъне масъала ба иќдоми баъдии Ирон вобаста аст. Ба њар њол, дар ояндаи наздик хабареро интизор шудан мумкин аст.

Бинобар ин, фикр мекунам, агар дар Тољикистон ин мабалаѓњо набошанд, бояд Душанбе кўшиш ба харљ дињад, ки далелњои лозим ва муњимро ба љониби Ирон пешнињод намояд. Бо нест гуфтан мушкил аз байн намеравад ва аслан ба ин тарз њарф задан дар муносибати давлатдорї, бахусус миёни Тољикистону Ирон љоиз нест. Ѓайр аз ин барои мо маълум аст, ки Бобаки Занљонї дар Тољикистон чандин ширкатњоеро роњандозї кардааст. Оё инро њам њукумат пинњон медорад?

Ойнињол Бобоназарова, рањбари ташкилоти љамъиятии «Перспектива+»: Дар ин љо гап сари он аст, ки органњои махсуси ба ин масъала сарукор дошта, чи аз тарафи Ирон ва чи аз тарафи Тољикистон кадом далелњои муътамаду кофї доштаеро матрањ месозанд. Яъне бењтар он буд, ки то ба сањифаи ВАО расидани ин ќазия органњои марбута тањќиќи масъаларо бояд анљом медоданд. Шояд атрофи ин ќазия кадом эњтимолиятњое вуљуд доранд, вале боз њам ин њама исбот мехоњад. Аз тарафи дигар њар коре шуданаш мумкин аст ва ин масъалаи оддї њам нест. Сухан дар бораи њазор ё 100 њазор доллар намеравад, дар бораи маблаѓи бузурге бањс меравад, ки њатто метавонад муносибати нодуруст ба ин ќазия сардињоеро миёни ду кишвари Тољикистону Ирон ба вуљуд биёрад.

Шамсиддин Љалолов, муовини раиси ЊИИТ, иќтисодшинос - Аслан, дар љањони имрўза сурат гирифтани ин гуна корњо љой доранд. Чунки низоми бонкдорї ба дараљае печида ва ношаффоф аст, ки аз куљо омадану ба куљо рафтани маблаѓњоро касе даќиќ карда наметавонад, агар дар чорчўби ин гуна равандњои амалиёти бонкї шарик ё нозири мустаќим набошед. Ваќте ду тараф, яке интиќолдињандаи мол ва дигаре захиракунандаи маблаѓ фикр ва масъалагузории љониби њамдигарро рад мекунад, мушкил аст бањо гузоштан,

ки кадоме аз онњо дуруст мегўяд. Ба њар њол, маблаѓ сўзан нест, ки гум шавад. Бањс сари 2,7 миллиард доллар меравад, маблаѓе, ки ба буљаи яксолаи Тољикистон баробар аст. Вале агар ин маблаѓ дар воќеъ ба буљаи Тољикистон ворид мешуд, зиндагии мардум ба маротиб боло мерафт. Фикр мекунам, Тољикистонро њамчун як шарике, ки метавон њама гуна гуноњро ба сараш бор кард, истифода кардаанд. Чунки дар мавриди дигар амалиётњои бонкие, ки Б. Занљонї дар Туркиёву Саъудї дошт, бањсњо хомўш шуданд. Тўли 7-8 соли ќабл дар мавриди молу сармояњои калони хориљие, ки дар Саъудиву Туркиё мављуд буданд ва бо ин сабабњо як гурўње аз маќомоти баландрутбаи Туркиё њам мавриди иттињом ќарор гирифтанд, љомеъаи Тољикистон дар ёд дорад. Яъне доирањои туркї дар амалиётњои ношаффофи тиљоратии Занљонї иштирок доштаанд. Ин масъаларо метавон печ дар печ гуфт, нисбат ба оне, ки гўё 2 миллиард доллар дар Тољикистон мондаасту кишвари мо гунањгор аст. Дар њоле ки ин корњоро худи Занљонї анљом додааст. Ваќте инсон 80 ё 100 миллиард доллар дар њисоби бонкии хеш дорад ва ўро барои 2-2,5 миллиард доллар ба зиндон андохта, аз Тољикистон талаб мекунанд, ки ин маблаѓро баргардонад, пас ин љо кадом бозие вуљуд дорад. Ин барои беобрў кардани Тољикистон дар арсаи сиёсат аст, њадаф имидљи низоми бонкдории моро манфї нишон додан аст.

«Наљот»


8

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

тазод ва љасорат

Шиканљањои собит ва «бегуноњї»-и маќомот Ахиран афсари пулисеро бо сабаби марги як мањбус љарима карданд, аммо модари зори шањид бошад бо сару рўи канда дар фироќи фарзанд нолон. Масъала ин аст, ки суд дар ноњияи Вахш афсари пулис, Зайниддин Назриевро муттањам ба он донист, ки ў ба худкушї рафтани «љинояткор», Низомиддин Њомидов роњ додааст, вале барои чунин як муттањамї танњо љарима ба миќдори 36 њазор сомонї ва се сол аз масъулият канор рафтан њукм шудааст. Яъне дар ин њодиса «хунукназарї»-и пулис кашф шудаву бас. Пас ваќте ба таври пайваста ин гуна ноадолатињо рух медињанд ва мардум беш аз пеш огоњ мешаванд, ки муќассир кисту омилони љиноят кадомњоянд, оё эътирозњо дар љомеъа пеш намеоянд? Њоло агар модарњои алоњидае сару рўи хеш мекананд, дар дурнамо оќибати дигареро интизор шудан аз эњтимол дур нест. Боздоштњои бемаънї ва тањмили гуноњњои бофтаву сохта имрўз ба он овардааст, ки Низомиддини Вахшї барин инсонњо баъд аз як ё ду шаб дар боздоштгоњи пулис мондан ба њалокат мерасанд. Ва барои маќомот њам пеш овардани бањонаву сабаб ба волидайну наздикони шањид феълан кадом мушкилие надорад, мисли оне ки дар мавриди «худкушї»-и

Низомиддин гуфтаанд: ў дар њуљраи боздоштгоњ бо майкаи дар тан будааш, худро овехтааст. Дар њоле ки падари марњум ба ин даъвост, ки дар як шаб писарашро тавре мавриди лату кўб ќарор додаанд, ки тани бељонашро бо ќабурѓањои шикаста ва доѓњои сиёњ дар бадан дарёфтааст. Ин падари хокбасар, њатто навори осори шиканља дар бадани фарзанди худ­ ро ба ВКД, прокуратура ва дигаре аз идорањои зидахл пешнињод карда бошад њам, даъвои ўро касе љиддї ќабул накардааст, чунки худи онњояд «њомиёни ќонуну таъмини адолат». “Даъвои ман ин аст, ки ќотилони писарам бояд боздошт шаванд. Њамон чањор нафаре, ки дар марги ў муттањам мебошанд, њама кормандони пулисанду вазифаи хубтаре гирифта, аз ноњия берун рафтаанд”, гуфтааст падари Низомиддини шањид. Вале, ин гуна «худкушї»-њо дар пасманзари шиканљањои гўшношунид ба вуќуъ мепайванданд ва аксаран дар боздоштгоњ. То ба имрўз маќомот агар иттињомбандињои наздикону дўстони шањидшудањоро рад карда тавониста бошанд, аммо мавриди интиќоди пайвастаи созмонњои њомии њуќуќи башари байналмилал ќарор доранд. Барои мисол, дар ин чанд соли ахир боздоштшудањое, аз ќабили

Њамза Икромзода, Сафаралї Сангов, Исмоил Бачаљонов, Хуршед Бобокалонов, Бањромиддин Шодиев ва Умедљон Тољиев дар асари шиканља ба њалокат расида бошанд њам, касе натавонистааст, ки љинояткореро њатто ба њайси гумонбар ба додгоњ бикашад. Танњо дар мавриди иддае аз ин кушташудањо љаримањое пардохт шудааст, яъне Вазорати адлия ба пайвандони Исмоил Бачаљонов 30 њазор сомонї, ВКД ба пайвандони Сафаралї Сангов 46 њазор ва ба модари Бањромиддин Шодиев 14 њазор сомонї товон додаанду халос. Амалњои бадрафтории фаро-

гир, бахусус шиканља дар нињодњои интизомї борњо исбот шуда бошанд њам, барои аз байн бурдани ин кирдори сангин кадом саъю талошњое анљом намегиранд. Дар њоле ки зоњиран дар нињоди дигари таъмини њуќуќ ва назорати ќонун аз мављуд будани шиканља борњо ишорањое шудааст. СММ њам талаб дорад, ки ин аъмоли бадро аз дохили маќомоти интизомї нест бояд кард, вале он то њол ин гуна аъмоли бад ва бадномсозандаи низоми давлатдорї боќист.

«Наљот»

Шуљоъат маърифат аст Борњо гуфтаанд, ки андешањои равшанфикрон ва ањли зиё маншаъи ѓизои маънавии љомеъа мебошанд. Оре, ин дуруст аст, аммо вуљуди ин њаќиќат њам бояд ошкор гардад, ки афкору аъмоли нухбагон метавонад дастури неке шавад ва љавононро ба гулшани саъодат ва пиронро ба фирдавси њаќ рањнамун созад ва ё метавонад зањре гардад, ки вуљуди њамаи афроди љомеъаро бо тару хушк ба сиёњчолаи фољеањо ва нобудии таќдир афканад! Сахттарин гуноњи равшанфикрон њам тарс аст. Иддае аз донишмандон ва зиёиён аз тарс шабењи бум шудаанд, яъне муњити тор барои онњо бењ аз фазои нур аст: чашмонашон дар тирашаб бозу биност ва дар пеши нур кўру нобино. Онњо дар иншои мадњу ёвагўї пешвоянду дар ифшои адлу њаќиќат расво. Сухансарои олмонї1 дуруст мегўяд, ки мардони шуљоъ фурсат меофаринанд ва тарсуву заъифњо мунтазири фурсатанд. Бадбахтист, ки агар љомеъа паёмоварони њаќиќатро нашносад, вале аз кўрони рўшанї барои хеш паёмовароне бисозад! Оё медонем, ки тарс душмани хирад аст? Агар медонистем, ки он бузургтарин гуноњ аст2, њаргиз номи мардони шуљоъро аз ёд намебурдем ва агар медонистем, ки шуљоъат њам љавонмардист, њамеша ойини

љавонмардиро пос медоштем. Тарс шахсиятро бандаи нодонї менамояд. Агар бихоњем, ки мардум шуљоъатро бишносанд, бояд бештар аз тарси онњо бигўем. Хирадманде3 мегўяд: агар хатар, ки иллати тарс њаст, ба куллї аз миён бардошта шавад, ахлоќи тарс низ аз миён хоњад рафт, чун вуљудаш дигар зарурат надорад. Аммо он чизе ошкор њаст, ин вуљуди хатар аст, ки њамеша боќист ва роњи зудудани тарс њанўз ба рўшанї пайдо нест. Суќрот шуљоъатро аз арзишмандтарин маърифати инсонї хондааст. Дар воќеъ, шуљоъат аз барўмандтарин маърифати шахсиятсозии инсонњост, маърифатест, ки дар миёни њамаи аќвоми милал њамеша маъруф буда, шояд дар авроќи њастї миллатеро наметавон пайдо кард, ки аз ќадру манзалати ин маърифат бад гуфта бошад. Шуљоъат њамеша ќобили тамљид будааст ва мардуми тољик њам мегўянд, дил ќавї бошад, чу доман пок бошад! Моя ва пояи шуљоъат доноист ва шуљоъати ѓайри аќлонї навъе аз тарс ва шояд бадтарин тарс бошад. Аз ин хотир аст, ки аѓлаби хирадмандони дунёи куњан фармудаанд, инсон дар њар чї доно њаст, ин хуб аст ва дар њар чї нодон, бад аст. Њамаи мардони шуљоъ дорои ахлоќи њамидаву накўанд. Онњо медонанд, ки адами ахлоќи нек бузург-

тарин наќзи маърифати инсонист. Рўњи афроди шуљоъ њамеша дар њоли тафаккур аст ва барои фардо меандешад, бо њол асту дар фикри хеш хастанопазир ва амалашро дар доираи замону макон ба хубї анљом месозад. Пас дар воќеъ доност. Суќрот низ мефармояд, агар марди шуљоъ хуб њаст, ночор бояд доно бошад! Ба андешаи вай «шуљоъат иборат аз шиносої ва ташхиси хатарнок аз бехатарист». Аммо дар зимн, таъкид менамояд, ки ин маърифат «фаќат шиносоии хатарнок ва бехатарї нест, зеро ин маърифат њам монанди маърифатњои дигар набояд танњо нозир ба хубиву бадињои оянда бошад, балки њама хубиву бадињоро фарогир аз ин ки дар гузашта ё дар замони њол њаст, бояд шомил бошад». Дар воќеъ, касе доно нест, наметавонад шуљоъ бошад. Доної рўњи шуљоъат аст, шуљоъ шахсест, ки огоњона ва дониставу санљида амал мекунад. Хирадаш фаъолтар аз аъмолаш аст. Ў медонад, ки пойдорї бояд аз рўи фањм сурат бигирад, вагарна истиќомати ѓайриаќлонї пешгуфтори китоби њамаи шикастњост. Мардони шуљоъ њамеша ба њаќиќат рў ба рўанд. Онњо медонанд, ки шуљоъат на танњо пойдорї ва истиќомати рўњ, балки бистари таќвияти њамаи арзишњои инсонист. Тамоми арзишњои инсонї, аз љумла, некиву бадї, муњаббату садоќат ва дигарњо, ки дар нињоди

инсон нуњуфтаанд, бидуни шуљоъат наќс мебошанд. Ќурбонии ормонњои хеш шудан њам, навъе аз шуљоат аст ва њар кас низ ќодир нест, ки зиндагиашро фидои ормонњои хеш бикунад, чун сарсупурдагї ирода мењоњад ва ирода ниёзманди ќудрат асту ќудрат њам бидуни рўњи озодихоњ нотавон. Љомеъае, ки фоќиди рўњи озодипараст ва мардони шуљоъ њаст, мисли љасади зиндаест, ки дар тобути таърихи башарият ќарор дорад. Фаќат рўњи озодихоњ метавонад озод гардад ва ба танњо ўст, ки ба коми худ озод мебошад. Ин рўњи озодихоњ аст, ки ба хотири маънавї кардани зиндагии љомеъаи хеш дар такопўй аст ва њушёрии љомеъа низ баста ба аъмоли рўњњони озодихоњ мебошад! Рўњи инсонњои шуљоъ аст, ки таслим намешавад ва дар баробари њама гуна хатару беадолатињо хешро устувор нигањ медорад ва њаргиз аз роњи инсонї бадар намеравад. Он чизеро, ки бояд аз сидќ эњтиром кард, фазилати шуљоъат ва ойини љавонмардист!

Луќмон Бойматов 1.Манзур аз Гёте 2.Њадиси њазрати Алї. 3.Ф. Ничше.


www.nahzat.tj

21 августи соли 2014

озодагї

9

Истиќлолияти Афѓонистон Аз азал бо њам ќарину ошно будем мо, Машъалафрўзи рањи сидќу вафо будем мо. Хоњ дар Марву Бухоро, хоњ дар Тусу Њирот, Њар куљо бар чашми њам, чун нур љо будем мо Алї Бобољон.

Ќариб сад сол аст, ки Афѓонистони бародар рўзи 19-уми августро њамчун рўзи истиќлолияти миллї љашн мегирад. Яъне шурўъ аз соли 1919 мардуми сарбаланду далер ва шуљоъи ин кишвари шањидхез ѓалабаи худро бар импературии истилогари ваќти Бритониё таљлил мекунанд. Бале, бо ѓасби ин сарзамини мусалмоннишини Шарќ абарќудратњо ба мардуми зери истеъмор буда таъсири забонї њам мерасониданд. Ба забони дарї-форсии Афѓонистон њам, мисли форсии Вароруд, њамлањои бегона сурат гирифтанду мафњумњои дигаре ба ин забони ноб ворид шуданд. Вале забони дарї дар ин кишвари дўст, агар баъзе аз мафњумњоеро аз забонњои дигар ќабул ќарда бошад њам, солимї ва шириниву ноб будани худро нигоњ дошта тавонист. Тољикони ду тарафи руди Ому дар заминаи хиёнатњои импературии инглису рус ва пиёда шудани сиёсатњои геополитикии онњо аз њам људо шуданд. Ќўшуни инглис њамчун ѓосиб ба воситаи уќёнуси Њинд ба Афѓонистон ворид шуда, танњо баъд аз хунрезињои 200 сола шањри Кобулро забт карда тавонист, он њам барои се моњ. Дар як зимистони ќањратун бо сардории пиразане шўриши сар зад ва мардум инглисњоро бо досу табар, белу шохин маљбур ба аќибнишинї, то ба Ќандањор карданд. Дар ин набарди сангин танњо доктор Брайтон, ки ба мардуми мањаллї хидмат расонида буд, љон ба саломат бурд. Аммо ин шикасти таърихї ба инглисњо сабаќ нашуд ва онњо дубора баъди 30 сол Кобулро аз нав забт карданд. Вале боз њам баъди ду сол шўриши дигаре сар заду истилогарон маљбуран шањри мардони љасур ва далерро тарк карданд, ин дафъа шикасти онњо хеле шадид буд. Яъне аз се полки савораи инглисњо танњо як генерал бо аспи ланге худро то Ќандањор расониду халос. Баъд аз

чанд сол инглисњо даст заданд ба њамлаи навбатї, вале 19-уми августи соли 1919 шармандавор дар дењаи Гандумаки наздик ба Кобул ба шикасти сангин мувољљењ гаштанд, агарчи созиши сулњеро имзо карданд, вале боќї гузоштани неруњои низомии худро дар ќаламрави ин кишвар дигар лозим надиданд. Мањз њамин рўз, яъне 19-уми августро мардуми шарафманди Афѓонистон рўзи ѓалабаи комил ба инглисњо ќабул дошта, онро њамчун рўзи истиќлолияти миллї љашн мегиранд. Њоло ваќте аз љойгоњи забон дар њувияту њайсияти мардуми Афѓонистон њарфњое болои сањифа овардем, бояд иќрор кард, ки таъсири забони инглисї дар эчодиёти дањанакии ин мардум бе таъсир набудааст. Инглисњо, ваќте аз тарафи Покистон ба сарзамини форсзабонњо њуљум мекарданд, намояндањои паштузабонро роњбалад истифода мекарданд, њамчун гумоштаи худ. Бо вуљуд тољикони он тарафи Ому намегузоштанд, ки фармонравоёни бегонатабор бо гўишњои худ забони дариро омехта намоянд, аммо ба њар њол аз калимањои инглисї дар фолклори мардум боќї мондааст. Масалан, калимаи ардил, яъне хизматгор (orderly);

Араќчини сарат гул-гул зарї буд, Бародарњот ба Кобул ардилї буд. Шавам ќурбони шабњои зимистон, Ки дасту бозу зери сандалї буд. Мардуми пашту беш аз 200 сол аст, ки дар Афѓонистон ќудрати сиёсиро дар даст доранд, ки дар ин љо сањми инглисњо хеле зиёд аст. Баъд аз рафтани инглисњо доирањои манфиатхоњи миллати пашту талош доштанду доранд, ки њар чї бештар калимањои бегонаро ба забони дарї ворид созанд. Масалан, истилоњи «Луи Љирга» (Маљлиси олї), ки дар гузашта як маљлиси ом барои намояндањои аќвоми паштуњо будааст, бо мурури

ваќт маљлиси оми тамоми мардуми Афѓонистон ќарор гирифт ва њоло парлумони Афѓонистон ин номро дар худ дорад. Инчунин калимањои дигаре, мисли «пуњантун» (донишгоњ), «пухонд» (профессор), «чавкї» (курсї), «мирман» (хонум), «пигла» (дўшиза), «саранвол» (додситон), «чагран», «дагармон», «дагарвол», «туран», «чек туран», рутбањои њарбие мебошанд, ки тавассути забони пашту барои дигар ќавмњои Афѓонистон њам расмият касб кардаанд. Њамин тавр беш аз 300 калима дар гўиши дарии форсї ба таври расмї ворид шудааст. Чанд сол пеш бањсе пайдо шуд дар мавриди баргардонидани номи «Пуњантуи миллї»-и Кобул ба донишгоњи миллї, вале мухолифатњое пеш омаданд, ки боиси ба гирдињамої даст задани љавонони донишљўи даризабон гардид. Онњо бо ќатъият талаб карданд, ки пуњантуи дар гузашта донишгоњ бояд номи аввали хешро бигирад. Ин дар њоле буд, ки хатари маргу зиндон ё њадди аќал хориљ шудан аз донишгоњ барояшон тањдид мекард. Вале љавонон ќањрамонии хос нишон доданд. Тољикон дар вилоятњои Балху Андароб, Парвону Кобул, Зобулу Каписо, Самангону Бомиён, Урузгону Шибирѓон, Лаѓмону Баѓлон, Њироту Форёб, Тахору Бадахшон ва дигар манотиќи хурду бузург дар роњи нигоњ доштани асолати забонї ва миллї муборизањо бурдаанд. Њоло њам њизби «Паштун миллат» шадидан талош меварзад, ки маќоми забони дариро дар ин ќисмати Хуросон ба шиддат коњиш бидињад, вале дар ин самт он интизорињои худро ба даст оварда натавонистааст.. Љаноби Бзежинский, яке аз стротегњои собиќадори ИМА мегўяд: Компанияи Юникал дар таъини љаноби Карзай ба маќоми президентї барои давраи гузор дар Афѓонистон наќши асосї доштааст. Яъне ба сари ќудрат овардани паштунњо ва сўиќасд ба љони собиќ президенти Афгонистон, профессор Бурњониддин Раббонї кори дасти аљнабиён будааст. Муњаммад Башри Баѓлонї, собиќ прокурори генералии Афѓонистон, яке аз сарварони њизби «Ситами миллї», ки волидони ў солњои инќилоби болшевикї аз Ховалин-

ги Тољикистон ба Баѓлон њиљрат кардаанд, мегўяд: Вожаи «афѓон» ва «паштун» номи ќавм аст, ки феълан ин номро кишвар дар худ дорад. Яъне бори нахуст вожаи «Афѓонистон» дар асри 19 пайдо шудааст ва нашри пул бо номи «афѓонї» њам њувияти њамин ќавмро бозтоб месозад. Дар моддаи 20-и Ќонуни асосии феълї «Суруди миллии Афѓонистон» ба забони пашту» хонда мешавад, ки бартарии њамин забонро ба намоиш мегузорад. Дар гузашта барои ба даст овардани истиќлолият сањми зиёиву равшанфикрон бузург буда, давраи такомули истиќлолиятхоњиро дар ин сарзамин ба се марњала људо мекунанд: - Марњалаи аввал, такомули рўњияи ватандўстист, ки онро ба Саид Љамолиддини Афѓонї иртибот медињанд. - Марњалаи дувум, оѓози онро аз соли 1903 медонанд, аз замоне, ки литсеи Њабибия таъсис гардида, дар он љо анљумани «Сирољул ахбор» ташкил ва чанде баъд ба як маркази љунбиши љавонони ватандўсту истиќлолиятхоњ табдил ёфтааст. - Марњалаи савуми такомули рўњияи ватандўстї ва равшанфикриро бо номи Мањмуди Тарзї вобаста медонанд, ки пас аз солиёни зиёди дур аз ватан будану сафарњояш ба Ѓарбу Шарќ ва дар баробари баргашт ба ватан, дар соли 1911 рўзномаи «Сирољул ахбор»- ро роњандозї кардан мебошад. Њар яке аз ин марњалањои рўњияи ватанхоњї ва такмили њувияти миллї мардуми Афѓонистонро ба вањдату њамдигарфањмї наздик намуда, барои мубориза алайњи истилогарон ва расидан ба озодиву истиќлолият тарѓиб намудааст. Таљрибаи охирини муборизаи њадафмандонаи миллати шариф ва озодаи Афѓонистонро, ки тавонист душмани ѓаддорро ба шикасти љиддї мувољљењ сохта, истиќлолияти хешро њифз намояд, ин саркўб кардани неруњои низомии импературии Шўравї буд, ки оќибат худи ин импературї њам пароканда гашт.

Абдулањад Нуров, узви Бунёди забон


10

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

бефарњангї

Ѓайбат, яъне чї Боиси надомат аст, ки дар байни муслимин як одати бад пањн шудааст, бисёрињо ба он ањамият намедињанд, аммо дар назди Худо ин масъала гуноњи бузург аст, он њам одати ѓайбат кардан. Худованд мефармояд: «Эй касоне ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонњо бипарњезед. Зеро баъзе аз гумонњо дар њадди гуноњ аст. Ва дар корњои пинњонии якдигар љосусї ва аз якдигар ѓайбат макунед. Оё њељ як аз шумо дўст дорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Пас онро нохуш хоњед дошт ва аз Худо битарсед, зеро Худо тавбапазиру мењрубон аст», (сураи «Њуљурот», 12). «Вой бар њар ѓайбаткунандаи айбљўе», (сураи «Њумаза», 1). Маслињатгари муфид ва роњбари боэътимоди мо, њазрати Муњаммад (с) низ моро аз ѓайбаткунї манъ кардаанд. Он Њазрат (с) дар хутбаи намози худ дар њаљљи видоъ гуфтаанд: «Дар њаќиќат хун, мол ва шарафи шумо барои якдигаратон муќаддас аст», (Бухорї ва Муслим). Набояд фаромўш кунем, ки суханчинї ва ѓайбат аз љумлаи он амалњоеанд, ки азоби онњо аз ќабр сар мешавад, агар инсон дар зиндагї шармсор нашавад. Пайѓамбар (с) мефармоянд: «Эй касоне, ки имони шумо дар нуги забон аст, на дар ќалб, мусалмононро ѓайбат ва аз паси онњо таъќиб накунед. Зеро касеро, ки бародарашро (барои ёфтани ягон айбаш) таъќиб мекунад, Худованд амалњои ўро наззора мебарад, касеро, ки Худо ба зери назорати худ гирифт, ў дар хонаи худ њам шарманда мешавад», (имом Тирмизї). Баъзе инсонњо фикр мекунанд, ки агар дар бораи нафари дигар сухане бигўяд, ки он њаќиќат бошад, агарчи ба худи њамон одам нофорам њаст, ѓайбат намешавад. Аммо чунин нест. Дар «Сањењ» - и имом Муслим омадааст: боре Пайѓамбар (с) аз сањобагонашон пурсид: Оё шумо медонед, ки ѓайбат чист? Онњо посух доданд, ки «Худо ва Пайѓамбараш бењтар медонанд. Дар ин њолат он Њазрат (с) гуфт: Ѓайбат суханонеанд, ки шахс дар бораи бародари ѓоибаш мегўяд ва шунидани он ба баро-

дараш маъќул нест. Нафаре аз сањобањо пурсид: Агар он суханон рост бошанд, чї (яъне чунин сифат дар он одам бошад)? «Агар он суханон рост бошанд, ѓайбат кардаед, агар дурўѓ бошанд, туњмат», гуфтааст Пайѓамбар (с). Уламо аз њамин њадис чунин хулоса баровардаанд, ки «ѓайбат кардани нафаре, ин гуфтани сухане дар њаќќи инсонест, ки њаќиќат мебошад, аммо шунидани он сухан ба худи он нафар намефорад. Ин сухан метавонад ба бадани он шахс, динаш, њаёташ, зоњиру ботинаш, ахлоќаш, молаш, падару модару зану фарзандаш алоќаманд бошад. Ѓайбат на танњо бо забон, балки бо навиштан, ишора кардан бо дасту сар ва чашм низ мешавад». Мо бояд ин одати бад­ ро тарк намоем, чун ин амалест талќин шуда аз љониби шайтон, набояд ба суханони шайтон гўш дињем. Агар ба сари мо фикри бад дар бораи бародари худ ояд, кўшиш кунем, ки бо он бародар аз пештара дида бењтар муомила кунем, чунин амал шайтонро ноумед мегардонад. Аммо агар маълум шавад, ки он бародар чунин хислатњо дорад, бояд бо ў рў ба рў суњбат карду хатогиашро бо бењтарин сурат гуфт. Агар шунидем, ки нафаре ѓайбат мекунад, бояд ўро аз ин кор боздорем, вагарна зиёни он ба худи мо њам мерасад. Агар манъ карда натавонем, дар баробари ќалбан гуфтани «ин амал зишт аст»,

он маконро тарк намоем. Аммо аксаран, на танњо манъ намекунем, балки бо он њамроњ мешавем. Аз амири муъминон њазрати Умар (р) ривоят мекунанд, ки гуфтааст: Худоро ёд кунед, зеро ёд кардани Худо шифост, аз ёд кардани одамон бипарњезед, зеро он беморист. Суол ин аст, ки оё ѓайбат кардан ќатъиян манъ аст ё дар ягон њолат иљозати он љой дорад? Дар ин маврид уламо мегўянд, дар якчанд маврид гуфтани камбудии инсони ѓоиб љоиз аст, аз љумла: - Дар ваќти арз кардан барои барќарории адолат, инсон њуќуќ дорад, ки ба додгоњ шикоят барад, ки «фалонї чунину чунон мекунад ва бо ин амалњояш ба ў ва ё дигарон зарар мерасонад».

бошанд. - Агар касе лаќаби машњур дошта бошад, ки бе ќайд кардани он мардум ўро нашиносанд, бо њамин лаќаб ном гирифтанаш мумкин аст, агар маќсад нишон додани камбудии ў набошад. Бо хондани ин сатрњо маълум мегардад, ки ѓайбат њам гуноњ будааст. Пас, агар то ин дам ѓайбат карда бошем, бояд тавба намоем. Медонем, ки тавба бо се шарт ќабул аст: - аз кардани гуноњ боз истодан, - аз кардани он пушаймон шудан, - ќасд кардан дар мавриди он ки дигар њаргиз ин кор такрор намешавад,

- Ваќте ѓайбат гуноњ њаст, шарти чорум низ њамроњ мешавад, он њам розї кардани он касе, ки ўро ѓайбат кардаем. Пайѓамбари Худо (с) фармуд: Касе ба мол ё шарафи бародараш зарар расонидааст, бигзор онро худи њамин рўз љуброн намояд, вагарна дар он рўзе, ки аз ў мепурсанд, на динор дораду на дирњаме. Он ваќт, агар савоб дошта бошад, бо додани савобаш љуброн мегардад, агар савоб надошт, гуноњњои шахси зарардидаро гирифта ба ў бор мекунанд», (имом Бухорї). Дар охир дуъо мекунем, ки Худованд моро аз ѓайбат кардан дар паноњаш нигоњ бидорад, омин.

- Пурсидани фатво аз олиме ба ин маънї, ки фалонї бо чунин кораш нисбати ў беадолатї зоњир кард ва шариъат дар ин хусус чї мефармояд? Дар чунин њолат пурсанда номи шахсро гирифта метавонад, аммо номашро нагирифта, ба шакли умум масъаларо баён кунад, бењтар аст. - Огоњ кардани мардум аз бадї. Инсон метавонад дар бораи нафаре, ки бо ў хеш шуданист ва ё њамкорї кардан мехоњад, бипурсад. Дар ин њолат шахси љавобдињанда метавонад њамаи чизи дар бораи он кас медонистаашро бигўяд. Инчунин, агар як нафар ошкоро ба Худо нофармонї кунад ё бидъаткор бошад, сифатњои ўро ба мардум наќл кардан љоиз аст, то мардум аз бадии ў огоњ

Бобои Шарофиддин


www.nahzat.tj

21 августи соли 2014

Нанг Худованди мутаъол мефармояд : “Мегўянд он [пирўзї] кай хоњад буд, бигў басо наздик бошад”, [сураи “Исро”:51] Субњоналлоњ, хеле аљиб аст, чун њамаи мо дар интизори рўйдоде ќарор дорем. Яъне фаро расидани ваќтеро интизорем, ки баъд аз хоби гарон бедор шудан Фаластинро озоду сарбаланд бубинем, ки кадом ишѓолгаре он љо вуљуд надошта бошад. Аммо воќеъият дигар аст, њар субњ дар њоле аз хоб бармехезем, ки бахшњое аз ин сарзаминро ѓорат кардаанд. Дар воќеъ, бояд донист, ки аъзои як баданем, чуноне аз Нуъмон бинни Башир (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Мисоли муъмин дар дўстиву мењрубонї ва утуфате, ки байни якдигар доранд, монанди бадани ягонааст, агар яке аз аъзои он ба дард ояд, дигар аъзо дучори шаббедорї ва дардманд мешаванд. Дар ривояти дигаре њам омадааст: Мисоли муъминон ба монанди як инсон аст, агар чашмаш ба дард ояд, њамаи бадан ба дард хоњад омад ва агар сарашро дарде гирифт, њамаи вуљудаш дардманд хоњад шуд. Оре, њамаи мо ба монанди як тан њастем, аммо акнун бештар ба аљзои људо аз њам ва бо дардњои бисёр... Бисёре аз мо фарёд меоварему кўмак мехоњем, ки ёрии Худованд кай хоњад буд? Шабу рўз ба мунољоти Парвардигор мепардозему ба тазаррўъ дар пешгоњи боргоњаш рўи ниёз меорем, ки оё роњи хуруље аз ин бунбаст нест?! Эй њама дўстдорони Худо ва Расулаш, эй онњое, ки дўстдори бињиштеду шавќи онро доред ва эй касоне, ки барои њурмати Худованд њар субњу шом бар ибодат мепардозеду ѓайратмандед! Биёед, њама бо њам барои якпорчагии мусалмонони Фаластин талош кунем, зеро ин захмњо беш аз њад сар боз кардаанд. Имрўз ё фардо њатман ба мо њам мерасанд. Пас биёед дубора њамон бадани ягона шавем, биёед, бо њам љойгоњи њамдигарро бидонем, ки наќши њар кадоме аз мо куљосту вазифаи њар кадоме чист? Биёед, даст аз манфиатгарої бардорем! Худованди таборак ва таъоло мефармояд: “Дар њаќиќат Аллоњ (љ) њоли ќавмеро таѓйир намедињад, то онон (худи мардум) њоли худро таѓйир дињанд, [сураи “Раъд”:11] Дар љои дигар изњор медорад: “Эй касоне, ки имон овардаед, агар Аллоњро кўмак кунед, кўмакатон мекунад ва шуморо собитќадам медорад”, [сураи “Муњаммад”: 7] Пас бояд нахуст Худовандро дар ботини хеш ёрї кунем, зеро љињод бо нафс бузургтарин љињод аст. Њар нафаре битавонад бар нафси хеш ѓалаба кунад, дар љињод бо дигаре тавонтар хоњад буд. То ваќте њар кадоме аз мо ба якпорчагии ботинии худ напардозем, пирўзї ва ќудрат барои ин уммат њосил нахоњад шуд ва уммати парокандаро якпорча сохтан мушкил мегардад.

11

Роњкорињои амалї барои ёрии Фаластин Бояд њар рўз аз худ пурсид: Оё намози субњро сариваќтї бар љой овардем, оё зикрњои рўзонаро анљом додем, оё кори худро бо диќќат ва ба хубї ба анљом расонидем, оё китоби Худоро хонда, ба он амал ва ба сўяш даъват кардем, оё барои тарбияи насли раббонии худопараст талоше варзидем, оё њаќќи њар соњиби њаќро адо намудем, оё шаб дар њоле сар ба болин гузоштем, ки ба њељ мусалмоне ситам накардем? Дар воќеъ, ин гуна пурсишњо, ки аз он гурез дорем, хеле зиёданд. Пас мутмаин бошем, ки пирўз нахоњем буд, магар њангоме дар ин набарди нахуст бар нафси хеш пирўз шавем ва онро тавре бояд абадї кунем ва он чиро ба суди он њаст, биомўзем. Пирўзї худ намеояд ва ќудратманд нахоњем буд, дубора уммати ягонаву якпорча нахоњем гашт, магар њангоме нафси парокандаи хешро якпорча ва мулзам ба калимаи таќво намуда, ба холиќаш наздик созем. Ќабл аз дар мвриди њар чизи дигаре сухан гуфтан, бояд нуктаи муњимро ба ёд биёварем. Ин нукта Фаластин, сарзамини исломист. Бояд бидонем, он љоеро Исроил мегўянд, аз як дурўѓе беш нест, ки онро иддае бо дуздї дар сарзамини Фаластин барпо кардаанд. Роњкорињои амалї барои Фаластин: 1. Дониши воќеъї нисбат ба ќазияи Фаластин доштан. Яъне бояд њарчи бештар ахбореро дар бораи бародарону хоњарони Фаластин дошта бошем, дар бораи душманон низ огоњии воќеъї пайдо намуда, бидонем, ки чї балову таљовузњое бар сари ин сарзамин омадааст. 2. Мунташир намудани ќазияи Фаластин ба њар шакли мумкин. Лозим аст, ки ин масъаларо њамеша дар баробари худ дошта бошем ва аз он ѓафлат наварзем. Ба ёд биёрем, ки «роњнамої ба сўи хайр ба монанди касест, ки онро анљом додааст». Мунташир намудани ќазияи мусалмонон бењтарин далел барои ањамият додани шахс бар уммати мусалмон ва бозгардонидани дубораи он ба баданаи уммат аст. Наќши модар дар хонааш ин аст, ки кўдакони худро нисбат ба душманон ва ќазияи уммат огоњї дињад ва њамин тавр наќши муаллим дар мавриди омўзондани дониш ва наќши имоми масљид ва дар умум њар яке аз мо ба манзалаи љойгоње, ки дар љомеъа дорем, бояд онро собит созем. Расули Худо (с) мефармояд: Мањбубтарин мардум назди Худованд касонеанд, ки беш аз њама ба мардум суде расонанд ва дўстдоштатарин корњо назди Худованди азза ва љалла шодї ва сурур аст, ки дар [дили] мусулмоне ворид созї ё сахтиву нигарониеро аз ў дур созї ва ё ќарзе аз ў адо намоиву гу-

руснагиашро аз ў рафъ гардонї». Пањн намудани ќазияи Фаластин барои бародарону хоњарони мо дар ин маврид муфид аст, то бад-ин васила њамаи дунё бидонад, ки чї касе ѓосиб ва оне, ки мавриди таљовуз ќарор гирифтааст, кист...?! 3. Дуъо намудан. Бале, дуъо силоњи муъмин аст, махсусан дар ваќти субњгоњон, яъне дар соъатњои иљобати дуъо бошад. Расули гиромї (с) мефармояд: Парвардигори шумо ањли њаё ва карам аст. Шарм мекунад ваќте бандагони Ў бандњои дастонашонро ба сўяш баланд намуда, чизе дархост менамоянд ва дастњояшонро холї баргардонад. 4. Кўмакњои моддї ва маънавї. Расули Худо (с) мефармояд: Некї инсонро аз марги бад њифз мекунад ва садаќа хашми Парвардгорро фурў мебарад, силаи рањм умрро афзоиш мебахшад». Аз он Њазрат (с) дар бораи ин ки кадоме аз аъмол бењтар аст, пурсида шуд, ў фармуд: Ворид кардани шодї ба ќалби муъмин, ѓизо додан ва бароварда сохтани эњтиёљоташ. Кўмаки молї агарчи кам бошад, метавонад боиси рўњбаландии як бемор шавад ва ё эњтиёљи як ниёзмандро бароварда созад. Њатмиву лозим нест, ки бо пули бисёре кафолати як ятимро бар ўњдаи хеш бигирем, балки кофист, ки њадди имкон ин кор амалї шавад. Масалан, теъдоде аз бародарону хоњарон ба ин сурат тавофуќ кунанд, ки њар кадоме аз онњо маблаѓи моњона, агарчи андак бошад њам, барои рафъи иддае аз мушкилоти мусалмонон метавонад кўмак кунад, зеро “ќатра - ќатра бањре шавад”. Расули Худо (с) мефармояд: Ман кафолаткунандаи ятим дар бињишт, ба монанди ин ду њастам, сипас ба ишораангушт ва ангушти васати худ ишора кард. Њамчунин метавонем бо моли худ як муљоњиди дар роњи Худоро

муљањњаз бигардонем. Њабиби Худо (с) мефармояд: Њар кї як муљоњиди дар роњи Худоро муљањњаз гардонад, дар воќеъ худаш љињод кардааст. 5. Мутолиаи таърихи Фаластин ва љамъоварии иттилоъоти дуруст дар бораи ќазияи Фаластин, то ба ин васила битавонем бар асоси донишу ќудрат барои Фаластин кўшише намоем. 6. Кўмаки расонањо барои Фаластин ба њар сурат мумкин аст. Аз љумла, бо тарроњии як наќши содда ё мунташир намудани дилхоњ аксњои марбут ба мушкилоти Фаластин ва ќазияи он, њатто аз тариќи навиштан дар мавриди Фаластин дар сањифањои нашаротї ва интернетї ё бо фиристонидани як паёмаки кўтоњ. 7. Тањрими молї, иќтисодї, фикрї ва сиёсї. Ба ёд дошта бошем, ки сањюнистњо ва ёронашон танњо бо чанд моњи тањрими иќтисодї, ки алайњи онњо сурат гирифт ба зиёнњои бузурге мутањаммил шуданд. Фикр мекунед, агар онњо чанд соли дигаре тањрим шаванд, чї хоњад шуд? 8. Дунбол кардани охирин ахбору рўйдодњо дар бораи Фаластин. Њамчунин ташвиќ ва кўмак ба сайту расонањои фаластинї, монанди торнамои маркази иттилоърасонии Фаластин, канали фазоии “Алаќсо” ва дигаре аз ин гуна расонањо ва ширкат кардан дар фаъолиятњои марбут ба Фаластин, чї дар дунёи воќеъї ва чї дар интернет. 9. Таъкид бар рўйи ин њаќиќат, ки пирўзї дар нињоят аз мусалмонон аст ва яќин бар он ва ин ки сањюнистњо гурўњи андаке беш нестанд, ба зуддї дар њам шикаста хоњанд шуд. Бо ин амал шояд ману шумо рўзе ба дидори Парвардигор меравем, дар њузураш шармнок нагардем. Дуогўи онем, ки Худованд мусалмононро муттањиду якпорча ва онњоро шоистаи пирўзї ба вањдат зери парчами тавњид бигардонад.

Тањияи Умеди Сиддиќ


12

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

ину он

Тазаккури ваќтњои намоз дар Ќуръон

Хонандаи муњтарам, ба хотири рушду ташаккули дониши фарњангї ва тафрењи шумо нашрия тасмим гирифт, дар гўшае аз суњуфи худ суолњоеро њузуратон матрањ намояд. Худро санљед ва бањра гиред, хонандаи арљманд! Посухи даќиќи суолњо дар шумораи оянда мунташир хоњад шуд.

имтињон

1) Худованд дар кадоме аз сурањои Ќуръони карим писархониро мамнуъ кард? а) Сураи «Анкабут»; б) Сураи «Моида»; в) Сураи «Ањзоб». 2) Паёмбар (с) ќабл аз мамнуъ шудани писархонї, киро писархон ќабул карда буд? а) Зайд ибни Њориса; б) Усома ибни Зайд; в) Абдуллоњ ибни Умар. 3) Ѓори Савр дар куљо љойгир аст?

Аксари мардум бар ин боваранд, ки ихтиёр кардани панљ ваќт намоз кори мазоњиби исломист, агарчи баъзеи дигар ин амрро ба Паёмбар (с) њам нисбат медињанд. Аммо кадоме аз ин њарфњо асоси илмї надоранд, чун касе аз ин тоифа инсонњо руљуъ ба Ќуръон намекунанд, то дарёбанд, ки панљ ваќт намоз мустаќиман аз љониби Худованд амр шуда, мефармояд: «Њамоно намоз ба муъминон фарзи муайянкардашуда аст», (сураи «Нисо», ояти 103). 1. «Барпой дор намозро дар ду тарафи рўз ва соате чанд аз шаб», (сураи «Њуд», ояти 114) (ин љо ишораест аз бомдоду шом ва хуфтан); 2. «Ва барпой дор намозро дар ваќти заволи офтоб, то њуљуми торикии шаб ва лозим гир Ќуръон хонданро њозир мешаванд фариштагони шабу рўз», (сураи «Исро», 78) (ин љо пешинро бояд фањмид); 3. «Эй муъминон, бояд иљозат пурсанд аз шумо (барои дохил шудан назди шумо) ѓуломону канизони шумо ва писароне, ки ба балоѓат нарасидаанд, се бор: а) Пеш аз намози бомдод; б) Ваќте ки мекашанд либосњои худро аз шиддати гармї дар ваќти нимрўзї(пешин); в) Ва баъди намози хуфтан…», (сураи «Аср», ояти 1); Инњоянд далел ба гуфтањои боло, ки дар Ќуръони карим оварда шудаанд. Пас он касоне имон ба Худо доранду худро мусалмон мегўянд, дар

ин маврид ба иштибоњ ва гумроњї роњ намедињанд, агар рў биёранд ба Ќуръони маљид Нагуфта намонад, ки хондани сураи «Фотиња» дар њамаи ракъатњои намоз њамчун сураи аввал амру фармони Илоњист: «Њамоно додем ба ту (ай Муњаммад(с) њафт ояте, ки дар намоз ба такрор хонда мешавад ва додем ба ту Ќуръони бузургу азимушшаънро», (сураи «Њиљр», 87).

а) Маккаи мукаррама; б) Тоиф; в) Мадинаи мунаввара. 4 Њазрати Усмон (р) чанд сол баъд аз Паёмбар (с) таваллуд шудааст? а) 5 сол баъд; б) 10 сол баъд; в) 8 сол баъд. 5) Мусалмонон аввалин маротиба дар замони кадом хилофате ба Ироќ лашкар кашиданд? а) Њазрати Умар (р); б) Њазрати Абубакр (р); в) Њазрати Алї (р). 6) Салоњиддини Айюбї дар кадом набард салибиёнро шикаст дод? а) Њиттин; б) Сиффин; в) Нањованд. 7) «Бањористон» асари кист?

Дар Ќуръон њамагї ду сура, яъне сурањои «Фотиња» ва «Моъун» аз њафт оят иборатанд, пас гуфтаи боло далолат бар он мекунад, ки ин сураи «Фотиња» мебошад. Инчунин дар мавриди хондани намози љумъаву љаноза омадааст: «Эй мусулмонон, чун азон гуфта шавад барои намози љумъа, пас бишитобед ба сўйи ёд кардани Худо (яъне ба намоз) ва тарк кунед хариду фурўшро, ин (шитобидан ба намоз) бењтар аст барои шумо, агар бидонед», (сураи «Љумъа», ояти 9) «(Эй Муњаммад (с)) намози љаноза магзор ба њељ яке аз мунофиќон, ки бимиранд ва наист болои гўри онњо, яќинан мунофиќон кофир шуданд ба Худову Расулаш ва аз олам гузаштанд дар њолати беитоъат буданашон», (сураи «Тавба», 84). Муњаммадалї Њомидов

а) Саъдии Шерозї; б) Абдурањмони Љомї; в) Абулќосимї Фирдавсї. 8) Роњбарии «Иттињоди уламои исломї»-ро кї ба зимма дорад? а) Абуаълои Мавдудї; б) Ќарадоѓи; в) Юсуф Ќарзовї. 9) Кишвари Туркманистон аз кадом самт бо Тољикистон њаммарз аст? а) Ѓарб; б) Љанубї- ѓарбї; в) Аслан марз надорад. 10) Пойтахти Озорбойљон кадом шањр аст? а) Мозандарон; б) Ишќобод? В) Боку. Љавоби суолњои шумораи гузашта 1)а 2)в 3)в 4)б 5)а 6)б 7)в 8)а 9)б 10)в.

Љавоби суолњои Шумораи гузашта: 1)а 2)в 3)в 4)б 5)а 6)б 7)в 8)а 9)б 10)в


www.nahzat.tj

13

21 августи соли 2014

гиромидошт (Идома аз шуморањои гузашта)

Ба ифтихори 600-солагии Абдурањмони Љомї

Баёни он ки кофир гуфтани ањли Ки ду пањлўи ў зи њам гузарад. Бикушоянд равзане зи саќар, ќибла љоиз нест Њар кї шуд бар ту з-ањли ќибла падид, Ки ба овардаи набї гаравид. Гарчи сад бидъату хатову халал, Бинї ўро зи рўи илму амал. Макун ўро ба сарзаниш такфир, Машумор зи ањли нору саъир1. В-ар бубинї касе зи ањли салоњ, Ки равад роњи дин сабоњу2 равоњ3. Аз муноњї шавад ба кул(л) як сў, Ба авомир нињад ба куллї рў. Кунад аз фарзњову нофилањо, Сўи уќбо равона ќофилањо. Маънии абёт: Њар кас, ки ба тарафи ќибла намоз мехонад, агар дидї, ки ба Ќуръони карим имон дошт, њарчанд сад гуна бидъату хато дар гуфтору кирдораш бубинї, ўро ба куфр сарзаниш накун ва аз ањли дўзах њисоб маёвар. Њамчунин, агар касе, ки дорои парњезгориву таќво аст бубинї, ки субњу шом ба ибодати Худованд машѓул аст, аз чизњое, ки дар дин аз он нањй шуда, ба куллї худро яксў карда ва ба тамоми чизњое, ки дар дин ба он амр шуда, рўй оварда ва иљро мекунад, аз ибодатњои фарзу нафли худ ба љањони охират ќофилањо равона кардааст: Ба яќин зи ањли љаннаташ машмор, Эмин аз рўзи охираш магзор. Магар он кас, каз Расули Худо, Шуд мубашшир ба љаннатулмаъво. Гарчи дањ кас бувад ба он машњур, Андар он дањ мадорашон мањсур. З-он ки љамъе зи Оли поксиришт, Њам башорат расидашон ба бињишт. Баёни саволи Накир ва Мункар Њар киро зери хок шуд манзил, Ду фаришта ба сурате њоил. Пеш оянд зи Эзиди мутаъол, Имтињонро аз ў кунанд савол.

Маънии абёт: Ба таври яќин ўро аз ањли бињишт ба њисоб маёвар ва аз рўзи охири умраш эмин мапиндор. Магар касе, ки аз Расули Худо(с) ба љой гирифтан дар бињишт башорат дода шудааст. Агарчи дањ кас ба ин башорат машњуранд, вале ту онњоро дар њамон дањ тан басанда мадон, зеро гурўње аз Оли покнињоди Пайѓамбар(с) низ ба даромадан дар бињишт мужда дода шудаанд. Њар кас дар зери хок љой гирифт, ду фаришта ба сурати њайбатнок аз назди Худованд(љ) пеши вай оянд ва аз ў бипурсанду имтињон кунанд: Ки Худои туву набии ту кист? З-он њама дин, ки буд дини ту чист? Гар бигўяд љавобашон ба савоб, Бирањад аз ѓаму азобу иќоб. Фусњати4 ќабри ў биафзоянд, Равзане дар бињишт бикшоянд. Гардад ўро аён чї субњу чї шом, Ки куљо дорад аз бињишт маќом. В-ар нагўяд љавобашон дарх(в)ар, Оташин гурз оядаш бар сар. Нолаи ў ба ваќти гурзх(в)арї, Бишнавад ѓайри одамиву парї. Одамиву парї агар шунаванд, Њама аз хобу хўр нуфур шаванд.

Маънии абёт: Ки Худои ту ва пайѓамбари ту кист? Ва аз њамаи динњо, ки дар олам ривољ дошт, ту бар кадом дин будї? Агар барояшон љавоби дурусту рост бигўяд, аз ѓаму азоб рањої пайдо мекунад. Он гоњ фарохии гўри ўро зиёда карда ва аз бињишт даричае дар ќабраш боз кунанд. Субњу шом барояш намудор кунанд, ки дар кадом њиссае аз бињишт манзил дорад. Агар љавоби шоистае барояшон нагўяд, гурзи оташин бар сараш фуруд ояд. Дар њангоми гурз хўрдан ба ѓайр аз одамиёну париён њамаи њайвонот нолаву шевани ўро мешунаванд. Агар одамиёну париён нолаашро бишнаванд, њамагї аз хобу хўрок нафрат мекунанд. Тангии гўраш ончунон фишурад,

Ки дар он бингарад ба шому сањар. Љои худро бубинад аз дўзах, Овах5 аз њолате чунин, овах. Дамидани Исрофил(а) дар сур Чун шавад навбати љањон охир, В-аз ќиёмат нишонањо зоњир. Нашавад ёфт њељ кас ба љањон, К- «Аллањ-Аллањ» оядаш ба забон. Мар Сирофилро дињад дастур, Њаќ таъоло, ки дамад дар сур. З-он дамидан халоиќи олам, Њама миранд чун чароѓ аз дам.

Маънии абёт: Гўраш он ќадар танг мегардад ва ўро мефишорад, ки пањлўњояш аз њам гузар мекунад ва яке ба љои дигаре меравад. Равзане аз дузах дар ќабраш боз мекунанд,то субњу шом дар он нигоњ кунанд ва љойгоњи худро дар дўзах бубинад. Вой, афсўс бар чунин њолате. Чун муддат ва умри љањон ба охир бирасад ва нишонањои ќиёмат падиду ошкор гардад, чунонки бар рўи замин худошиносе ёфт нашавад ва касе набошад, ки номи мубораки Аллоњро ба забон биёварад, дар он њангом Худованди таъоло барои Исрофил(а) фармони дамидани сур бидињад. Бо дамидани сур мардум монанди чароѓе, ки аз дамидан хомўш мешавад, њамагї бимиранд.

Умрњо зери гунбади даввор, Набуд аз љинси одамї дайёр6. Бори дигар зи Њаќ шавад маъмур, Ки кунад нафхи сур соњиби сур. Дардамад дар ќаволибу абдон7, Ба яке дам задан њазорон љон. Гарчи абдон бувад пароканда, Њамчу оташ ба дам шавад зинда. Баёни номањои аъмол Аз паи нафхи сур навъи башар, Чун шавад њашр карда дар мањшар. Сўяшон баъд аз интизори гарон, Номањои амал кунанд паррон. Суъадоро8 дињанд бањри шараф, Нома аз сўи дасти рост ба каф. Ашќиёро9 сањифањои дурушт, Аз сўи чап дињанд ё паси пушт.

Маънии абёт: Замоне бирасад, ки зери гунбади осмон аз љинси одам ва дигар љондорон љунбандае набошад. Маротибаи дигар аз тарафи Худованд ба Исрофил(а) амр шавад, то дар сур бидамад. Дар як дамидани сур њазорон љон дар баданњои мурдагон дамида мешавад. Агарчи баданњо пўсидаву аз њам афтода бошанд, монанди оташ, ки ба дамидан равшан мегардад, ба ногањон аз дамидани сур зинда гарданд. Баёни номањои аъмол дар сањрои мањшар Чун мардумон дар њашргоњ пас аз дамидан дар сур гирд оварда шаванд, баъд аз интизории бисёр номањои кирдорашонро равона кунанд. Номањои некбахтонро аз љињати шарофат аз пеши рўй ба дасти росташон дињанд ва аз кофарони бадбахт аз пушти сар ба дасти чап дода мешавад. Баёни санљидани номањои халоиќ Вазъи10 мизон кунанд аз паи он, То бисанљанд тоату исён. Он, к-аш афзуд каффаи њасанот, Шод зї ў, ки шуд зи ањли наљот. В-он, к-аш афзуд паллаи исён, Хун гирйї гў, ки монд дар хусрон11. Баёни Пули Сирот ва убур аз он Чун зи мизону вазни он бирањанд, Бар љањаннам пуле аљаб бинињанд. Пуле з-он сон, ки аз ќадам то фарќ, Обири12 он бувад дар оташ ѓарќ. Тез чун теѓ, балки афзун њам, Арзи он мўй, балки аз мў кам.

Маънии абёт: Пас аз он, ки мизонро дар сањрои мањшар бигзоранд, то гуноњу тоати бандагонро бо он бисанљанд, он кас, ки паллаи

некўињояш зиёд шуда, бигў, ки шод бизї, ки ањли наљот аст. Ва он кас, ки паллаи гуноњонаш зиёд шуда, бигў, ки хун бигиряд, ки дар зиён аст ва гирифтори азоб мешавад. Ваќте ки аз мизону вазни аъмол наљот ёфтанд, болои дўзах пуле аљиб мегузоранд. Ин пул тавре аст, ки дар њангоми гузаштан аз болои он тамоми бадани касе, ки аз он мегузарад, дар оташ ѓарќ мебошад. Тезии он монанди теѓ, балки аз теѓ њам тезтар аст, пањнои он чун мўй, балки аз мўй њам бориктар аст. Њар кї бошад зи мўъмину кофир, Бар сари пул кунандашон њозир. Њар кї кофар бувад чу бинњад пой, Ќаъри дўзах шавад мар ўро љой. Мўъминонро зи њад расад таъйид13, Лек бар ќадри ќуввату тавњид. Њар киро дар тариќати набавї, Худ набудаст ѓайри ростравї. Дўзах аз нури ў кунад парњез, Бигзарад њамчу барќи хотиф14 тез. Ё чу мурѓи парону боди вазон, Ё чу чизи дигар фурўтар з-он.

Њар кї афтад ба дўзах аз куффор, Љовидон љои ў бувад дар нор. В-ар бувад мўъмине фитода зи роњ, Сўзад он љо ба ќадри љурму гуноњ. Ё худ ўро шафоъати шуфаъо, Бирањонад аз он љазову сазо. В-ар даре аз шафеъ накшояд, Арњамур-роњимин18 бубахшояд.

Баёни њавзи Кавсар Чун зи дўзах кунанд халќ гузар, Шустушў кунанд дар Кавсар. Дуди дўзах зи худ фурў шўянд, Сўи љаннатсарои худ пўянд.

Маънии абёт: Њар кї аз кофарон ба дўзах афтод, мудом дар оташ љой дорад ва аз азоб наљот пайдо намекунад. Агар мўъмине бошад, ки ба сабаби гуноње сазовори оташи дўзах шудааст, дар он љо ба андозаи гуноњаш сўхта ва азоб мебинад, ё ба воситаи шафоъату узрхоњии шафоъаткунандагон аз он азоб халосї пайдо мекунад ва аз дўзах берун мешавад. Ва агар шафоъати касе ба вай нарасад, Худованд, ки бахшандатарини бахшояндагон аст, ба рањмати Худ ўро Маънии абёт: аз азоб халосї медињад ва аз дўзах берун Њар кас аз мусалмон ва кофар, ки дар меоварад. сањрои мањшар гирд оянд, ўро бар сари Баёни њавзи Кавсар пул њозир оваранд. Касоне, ки ба дунё Чун мардум аз дўзах бароянд, баданњои кофар буданд, чун ќадам ба он пул бигсўхтаи худро дар Кавсар бишўянд. зоранд, билаѓжанд ва дар ќаъри дўзах Пайкарњои худро аз дуди дўзах пок сохта љой гиранд. Мўъминонро барои гузаштан ба тарафи сарое, ки дар бињишт доранд, аз ин пули душвор аз тарафи Худованд равона шаванд. ёрї мешавад, магар њар касро ба андоДар баёни дараљоти бињишт ва дидори заи ќудрату тавњид ва имони ў. Њар кас, Њаќ субњонању таъоло ки дар пайравї аз шариъати пайѓамбари Дараљоти бињишт бошад њашт, худ ба ѓайр аз рафтори рост надошт, отКи ба ќавли сиќот собит гашт. аши дўзах аз нури ў парњез мекунад ва дур Гар касеро ба ќадри илму амал, мегардад, то монанди барќ аз Пули Сирот Дињад он љо Худо маќому мањал. гузар кунад. Касони дигар чун мурѓи паЉовидон дар маќоми худ бошад, ранда ва ё боди вазон, ё камтар аз инњо, Њаргизаш дил зи ѓусса нахрошад. монанди давидан, роњ рафтан ба ќадам, Неъмати ў бурун бувад зи шумор, то ба хазидан аз пул гузар кунанд. Хулоса, Бартар аз љумла неъмати дидор. њар ќадар дар дунё рафторашон ба дини Ки бубинад Худойро ба басар, Худо мувофиќ буд, ба њамон андоза аз Чун шаби чордањ мањи анвар. пул ба осонї гузар мекунанд ва њар ќадар Њаст дидори Њаќ аљали19 ниъам20, аз тариќи шариъат дар дунё каљравї доВа бињи интињал калому ва там. штанд, ба њамон андоза бар пул гузаштаШарњи абёт: нашон душвор мегардад. Дараљоту мартабањои бињишт, ки ба гуфВ-он ки заъфе бувад дар имонаш, таи донишмандони мавриди эътимод соНабувад з-он гузаштан осонаш. бит гардидааст, њашт мартаба мебошад, Балки дар ранљи он гузаргањи танг, ки Худованд (љ.љ) њар як аз мўъминонро ба Бошад ўро ба ќадри заъф диранг15. андозаи дониш ва кирдораш маќому манЛек ёбад халосї охири кор, залате дар он љо мебахшад. Касе, ки ањли Гарчи бинад машаќќати бисёр. бињишт аст, дар манзили бињиштии худ Баёни мавоќифи (истгоњњои) арасот пайваста љовидон њаст, њељ гуна ѓаму ранље Панљ омад мавоќифи арасот, хотири ўро харош надодаву дарднок намеКи мутеъон биистанду уссот16. кунад. Неъматњое, ки ба шахси бињиштї Карда омода Холиќи довар, мерасад, аз шумора берун аст ва аз он чи Бањри њар мавќифе саволи дигар. мо фикр мекунем, болотар аст ва болотаЊар кї гўяд љавоби худ ба савоб, рини неъматњо дидори Худованд (љ.љ.) аст, Тайи њар мавќифе кунад ба шитоб. ки Офаридгори љањонро монанди ин ки В-арна дар њар яке зи сахтии њол, моњи шаби чањордањро ба чашми сари худ Ранљ бинад њазор солу малол17. равшану ошкор мебинад, дидор кунад. ДиМаънии абёт: дори Худованд(љ.љ.) бузургтарин неъмат ба Њар кас дар имони ў сустї вуљуд дошт, шумор меояд ва ба зикри њамин неъмати наметавонад ба осонї аз пул бигзарад, бузург сухан дар ин рисола ба нињоят мебалки дар ранљу мењнат он роњи тангу расад ва тамом мегардад. душвор ба андозае, ки сустї дар имонаш Тањияи Саидмурод Шарифов вуљуд доштааст, ба дарду озор гирифтор Шарњи луѓот: бимонад. Агарчи ба машаќќати бисёр ги- 1.Саъир – оташи сўзон, 2.Сабоњ – субњ, рифтор ояд, магар дар охир ба воситаи бомдод, 3.Равоњ – шабонгоњ, 4.Фусњат – ќуввати тавњиди худ аз дўзах наљот пайдо кушодагї, фарохї, 5.Овах – вой, афсўс мекунад ва аз сирот мегузарад. 6.Дайёр – љунбанда, 7.Абдон – љамъи бадан Дар сањрои мањшар панљ истгоњ аст, ки 8.Суъадо – љамъи саъид, некбахтон,9.Ашќиё дар он љо њамаи мардум аз мутеъу осї – бадбахтон,10.Вазъ – нињодан, тарз, равиш бояд истода шаванд. Офаридагори дод- 11.Хусрон – зиён,12.Обир – гузаркунанда,13. гар барои њар истгоње саволу пурсише Таъйид – ќувват додан,14.Хотиф – рабоянмуњайё намудааст, ки њамагонро мавриди да, барќи хотиф, барќе, ки чашмњоро хира пурсиш ќарор медињад. Њар кї љавоби пур- кунад,15.Диранг – истодан,мондан сиши худро дуруст бигўяд, аз њар истгоње 16.Уссот – љамъи осї, гунањгорон башитоб мегузарад. Ва агар љавоби сањењ 17.Малол – ѓаму андўњ нагўяд, дар њар кадом истгоњ ба миќдори 18.Арњамур-роњимин – бахшандатарини њазор соли дунё ба ранљу азоб гирифтор бахшандагон,19.Аљал – бузургтар, бењтар бимонад. 20.Ниъам – неъматњо Дар хулуди (љовидон, њамеша) куффор 21.Ва бињи интињал – калому ва там – ба дар оташ ва баромадани уссоти мўъминин њамин љо сухан ба охир расид ва тамом шуд. ба шафоъат, ё мањз ба рањмати Худованд.


14

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj тазод

«Дарахти осоиш»

(ќисса) Дењеро ном «Дењи Сабз»буда, ки мислашро касе дар Чину Мочин ривоят накардааст. Мардумонаш парњезгору покизакор ва соњиби каромати баланди инсонї, дар дили пиру барно, марду зан имон маъво карда, мурѓи бахт доимо болои сари онњо дар парвоз будааст. «Дењи Сабз»-иён бо пирони шукргузору љавонони хидматгораш ифтихор доштааст. Хиёбонњои сабзу зебо ва гулпўш, биноњои пасту баланди мунаќќаш, мактабу масљидњои обод, обњои мусаффову чашмањои зулоли тамоми сол љорї, заминњои киштбоби серњосил, боѓњои сердолу дарахт, доимо чароѓон будани дењ њусн бар њусн зам ва, аз ободии он дарак дода, мардони донишманду фозил, орифони огоњу одилаш шуњрати офоќ доштаанд. Бо гузашти солњо ва таъсири барномањои бегонагон бошандагони ин дења рисолати азалии худро аз даст дода, пушт ба оину фарњанги худ намуданд, њатто рафтору тарзи роњгардиро њам таѓйир дода, гўш ба носењон намедоданд. Бошандагони ин дењро дигарон девонаву хаёлпараст медонистанд, чун орифону фозилон љилои ватан шуда, гумроњону маишатпарастон он љо боќї монданд. «Дењи Сабз»-у обод ба макони чуѓзон табдил ёфта, аз шарму њаё нишоне намонда, баръакс бењаёиву бешарафї рушд пайдо карда, боѓу роѓ хароб ва рудхонаву чашмањо хушк гаштаанд, њатто барои вузў гирифтан иддае аз мусалмонони он дењ об

намеёфтанд. Аз ободї нишоне намонда, ќатраи бороне аз абрњо фуру намерехт. Охирин фозили дењ њам бо ашки шашќатор онро тарк намуда, назмеро чун тасаллои дил бо ќалби љонсўз хондааст: Омад хазону сайри чаман орзу намонд, Дар боѓи рўзгор ба гул рангу бў намонд. Дар њељ абр оби мурувват наёфтам, Аз сабза ѓайри ном ба лабњои љў намонд. Азбаски дар љањон сари бемаѓз шуд баланд, Дар бўстони дањр ба ѓайр аз каду намонд. Дар дењ њар кас худро ба кору бори номашруъ ва номатлуб банд карда буд. Яке аз љавонон ва бошандаи дењ кораш буридани дарахт будааст. Ў табареро њамроњ дошта, њар куљо нињолу дарахтеро медид, онро мебурид. Аз дасти ў њатто хурдтарин дарахте намонда, ки парандае дар шохи он лона гузораду њайвоне дар сояаш биосояд. Зиёни љони дарахтбур ба дењањои дигар ва талу пуштањои баланд њам расид, ки атрофи дењро печонида буданд. Рўзе њамин љавони дарахтбур гўсфандонашро гум карда, барои пайдо кардани онњо аз хона берун рафтааст, дар љустуљўи гўсфандон ба маконе расида, ки аз мањалли зисташ хеле дурбуда. Хўрокаш тамом шудаву охирин ќатраи кўзаи обаш њам нўшида, ки ташнагї ва гуруснагї бар ў ѓолиб омада, офтоби гарми тобистон сару рўяшро сўзонида

бемадор мешавад. Пеши чашмонашро торикї фаро гирифта, пойњояш бемадор шудаанд. Оќибат ба рўйи хоку хас афтода, хобаш мебарад. Дар хоб мебинад, ки чашмонашро ба зўр мекушояду ба атроф назар меандозад. Дар як баландї дарахтеро мебинад хеле бузургу сояафкан ва худро кашон-кашон ба њазор азоб ба зери он дарахт мерасонаду он љо хобаш мебарад. Баъди чанде гўё аз таъсири сояи дарахт ба рўњу баданаш осоише мерасад ва ба худ меояд, аммо вуљудаш њоло њам хаставу дардманд, гоње ба атроф назар меандозаду гоње ба дарахт, вале дар атроф водии маргро эњсос мекунаду дар зери сояи дарахт василаи наљотро. Њамин дам чизе дар андешаи љавони дарахтбур мегузарад, мисле ки кадом ќуввае аз ѓайб ўро такон медињаду њама хастагиву нороњатиро аз ў дур месозад, ки бошаст аз љояш мехезад. Ин љавон танњо дар њамин њолат аз хоб бедор шуда, рў сўи «Дењи Сабз», ки аз сабзии он нишоне намонда буд, роњ пеш мегирад. Ба дењ расидан замон белу каланд гирифта, ба тоза кардани љўйњо сар мекунад. Дарахтони буридаро, ки аз кундаи худ шоху панљаи нав бароварда буданд, ба тартиб медарорад. Ба љўйњо об љорї карда, мактабу масљид обод мекунад ва ин амали ў таваљљуњи љавонони дигареро низ ба худ љалб месозад, ки аз ў пайравї мекунанд. Дар дењ оњиста-оњиста симои аввала барќарор мегардад ва мардуми он њам ќалбан таѓйир меёбанд ва

Худо њар яке аз сокини ин дењро тибќи хости худ таѓйир медињад. Љавони дарахтбур, ки њамчун пешвои «Дењи Сабз» ќарор гирифта буд, китоберо бо сароњат ќироъат мекард, ки дар он омада: Танњо Худост таѓйирдињандаи њама чиз, њатто паёмбарон наметавонанд ин таѓйиротро овардан, агар таѓйири имон аз расулон мебуд, Муњаммад(с) Абулањабро таѓйир медод. Пешвои мањал, яъне он љавони дарахтбур шукрона мекунад, ки Худо барои онњо имкониятеро бори дигар муяссар гардонид, то воќеъиятро ба чашми ќалб бишносанду амал намоянд. Худо он миллатеро сарварї дод, Ки таќдираш ба дасти хеш бинвишт. Ба он миллат сару коре надорад, Ки дењќонаш барои дигарон кишт. Љои дигар: «Аллоњ(љ) касеро мебахшад, ки њаќро зинда ва ботилро нест дониста, золимро аз байн бибарад ва байраќи адлро баланд бардорад», фармудааст њазрати Алї. Пас аз хондани ин сатрњо пешвои дењ беихтиёр сахт мегиряду аз Худо талаби маѓфират ва омурзиши гуноњон мехоњад. Дуъо мекунад, ки Аллоњ таборак ва таъоло ўро зери сояи «Дарахти осоиш», ки Исломи азиз аст, парвариш дињад. Мирзоањмад Давлатов, ноњияи Панљ


www.nahzat.tj

15

21 августи соли 2014 назм

Вазни шеър аз нигоњи Сиёвуш Дар арузи тољикї истилоње њаст, ки онро якуним њиљо мегўянд. Масалан, калимаи «соз» якуним њиљост. Манзур хоњ сози абзори мусиќист ва хоњ њамон назм, «соз» вожаи тозаи тољикист, ки маънои хуб, дуруст, љамъу љурро дорад. Ин њарду мафњум бо њам њиљ ихтилофе надоранд. Соз њамон абзори мусиќист, ки танњо бо љур шудан ќобили навохтан ќарор мегирад. Ман муддатњо ин вожаи зеборо нашнида будам, њатто шояд аз ёд рафта буд, аммо Њаннои азиз онро дубора дар зењни ман зинда кард! Вазни шеъри тољикї, њамон тавре њама медонем, пойбанди вазни арўз ва дар ќолибу чорчўби ин вазн љойгир аст. Њама инро медонем, аммо риъоят намекунем. Риъоят накардани ќонуни шеър њамон риъоят накардани ќавонини иљтимоъист. Танњо фарќ ин аст, ки дар кўча ва хиёбонњои шеър пулис нест, яъне дар љодањои шеър «гаишник»-ро намебинем. Аммо надонистани ќонун касеро аз

масъулият дар баробари ќонун маъоф намекунад, азизонам. Ё шеъре бигўйед дар жанрњои «сафеду сиёњ ва озоду зиндонї», ки озод аз њама ќонуну ќоида, ќолибу чорчўб бошад (ки он њам талаботи худро дорад), ё агар шеъри арўзї мегўйед, шумо маљбуред, ки ќоъидањои арўзро риъоят кунед. Роњи дигар нест, азизони дилу дида! Як китобе њаст, ки бо вучуди олї ва беназир буданаш, бо забоне бисёр мафњум ва сода иншо шудааст. Ин китоб «Санъати сухан» ном дорад ва муаллифаш шоири тавоно ва олими беназир Тураќул Зењнист. Хондани њар бахше аз ин китоб лаззатест нагуфтанї. Шукран, ин китобро дар шакли элетроникї њам дар интернет ворид кардаанд. Пур гуфтам, аммо маъзурам, ќабл аз ин њам гуфта будам, чї кадар таассуфбор аст, ваќте шеърњоеро мехонї ва мефањмї, ки муаллифи онњо шахси наљибест ва истеъдоди шоъирї дорад. Аммо аз ќонуну

ќавоъиди шеър бохабар нест. Ман дилам месўзад ба ин гуна шеърњо ва шоъирон. Њоло, ки аз якуним њиљо гуфтам, як калима аз ин фариштаи Худованд, аз Њаннои азиз, духтари Барзуи азиз маро илњом дод. Ин тур буд, ки баъд аз муддате тўлонї, ки Њанноро надоштем, ў омад ва омаданаш њам барои мо ид ќарор гирифт. Њамин

буд, ки нахустин суоли ман аз Њанно ин шуд: - Чихелї, Њанно? - Со(ооо)з! Ин якуним њиљост, шоирони азиз! Эй кош шунида будед, ки Њанно ин якуним њиљоро чї ќадар зебо, шево ва шоъирона, муњимтар аз њама дуруст талаффуз кард.

Аниси кунљи танњої… (Ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Нуриддин Абдурањмони Љомї) Китоб омили рушди аќлу дониш, Њаме мушкилкушои роњи хониш, Бубахшояд ба кас хайли гароиш, Фузун бинмояд аќлу њушу дониш. Ва хуштар дар љањон ёре бихоњед, Аз он беш суду ѓамхоре бихоњед, Биёред бар кутуб њамворагї рўй, Хаёли хеш бахшед бар кутуб хўй. Њама дониши доноёни олам, Фароњам дар китоб бошад мусаллам, Чї хуш гуфтааст Љомии барўманд, Писанди хосу ом бошад ин панд. Зи доноён бувад ин нукта машњур, Ки: «Дониш дар кутуб доност дар гўр», «Аниси кунљи танњої китоб аст, Фурўѓи субњи доної китоб аст. Бувад бе музду миннат устоде, Зи дониш бахшадат њар дам кушодї», Ба ин панди накў, гуфтори устод, Бибояд майл бинмуд бо дили шод. Њар он чї, ки сухан шевотар ояд, Зи лањни Мавлавї волотар ояд,

Зи шеъри нобу пурмаънии Љомї, Њамоне зистааст бо некномї. Њазорон лаззате бурда фаровон, Њаме гардидаанд машњури даврон, Њама гуфтори пуршевои Љомї, Бубахшоянд тавону некномї. Писанди хоссагони љумла гетї, Ба панди хушкалому дилписандї, Агар Саъдию Њофизу Камоланд, Шањаншоњи ѓазал андар љањонанд. Вале Љомї варо бардошта бар арш, Барои одамї бинмудааст фарш, «Гулистон» гарчи машњури љањон аст, «Бањористон»-и Љомї низ чунон аст. Зи Мавлоно Низомии сухансанљ, Дурри ноёб бошад «Хамса» чун ганљ, Дар ин љода Амир Хусрави Дењлї, Навишта номањои некномї. Дилаш бар тафт омад чун Низомї, Намуд бо он бузургвор дилкашолї, Ва Љомї пайравї бо он бузургон, Намуд дар соњаи эљоди достон.

Дар ин росто биандешед, ки Љомї, Надорад иллате дар хомаронї, Набояд пайрав бод сахт дар банд, Дар ин љода чунин овардааст панд: -Набояд пайраве буд хушку холї, Ва пойбанди усул дар хомаронї, Бибояд нав ба нав пардозї созад, Дили хонандаро бар бозї орад. Ба Љомї маснавї чандон асар кард, Дилашро шавќи ин кор мусаххар кард, Бигуфто: -Пайрав аз нав роњ пўяд, Ва бар худ шеваи навро биљўяд. Љавоби «Хамса»-тайнро нек гуфта, Шумори маснавињоро фузуда, Ба љои «Хамса» «Њафт авранг» суруда, Шукўњу шавкати хешро фузуда. Ба олам Мавлавї мумтоз гардид, Дари иќбол ба рўяш боз гардид, Шуда ангуштнамои давру даврон, Суханвар Љомии мулки Хуросон. Ањмадљони Дарвозї

Душанбе (Ба ифтихори 90-солагии пойтахти Тољикистон) Аљоиб шањри зебої, Душанбе, Ба дида нурафзої, Душанбе, Њамеша бинамат сарсабзу зебо, Љањонеро биорої, Душанбе.

Зи самти домани кўњи сафобез, Вазад боди фарањбахш анбаромез, Хурўши чашмасору рўди Варзоб, Бибахшадат њаме савти диловез.

Агарчи пойтахти тољиконї, Ту садњо халќу миллатро маконї, Макони дўстию Сулњу Вањдат, Набинї њељ гоњ умри хазонї.

Њаловатбахши дилњої, Душанбе, Ба њуснат њуснорої, Душанбе.

Насими рўњафзої, Душанбе, Фузуда шаъни волої, Душанбе.

Дил аст саршори маъвої, Душанбе, Даруни сина љо љої, Душанбе.

Ба зинат сайќали рўи заминї, Саропо нозанину дилнишинї, Ба дидан содда, аммо дилпазирї, Сарафроз андар ин чархи баринї.

Миёни растањо сад роз дорї, Гулу себарга пойандоз дорї, Ба дил з-андешаи фардои рўзгор, Њазорон сарвату пардоз дорї.

Рабуда дил зи Ањмадљони Дарвоз, Тамошои Душанбе -гулшани роз, Таманно дорад, эй шањри азизам, Ба дањр овозадор бошї, сарафроз!

Дилорою дилосої, Душанбе, Ба дида нурафзої, Душанбе.

Шуда мафтуну шайдої, Душанбе, Зи бару буму пањної, Душанбе

Аљоиб шањри зебої, Душанбе, Љањонро њуснорої, Душанбе!

Ањмадљони Дарвозї


16

21 августи соли 2014

www.nahzat.tj

НАСИЊАТ ГЎШ КУН, ЉОНО...

Панду андарз

Эй Расули мо, ту љоду нестї, Содиќи њамхирќаи Мусостї. Њаст Ќуръон мар туро њамчун асо, Куфрњоро бардарад чун аждањо. (Мавлонои Румї)

Аз Каломи Њаќ Пас ба сабаби шикастанашон (ањли яњуд) ањду паймонро ва ба сабаби кофир шуданашон ба оёти Худо ва куштанашон паёмбаронро ноњаќ ва ба сабаби гуфтанашон, ки болои дилњои мо парда аст (мо онњоро лаънат кардем) на, балки муњр нињода Худованд бар дилњошон ба сабаби куфру кофириашон, пас имон наёранд магар андаке (сураи «Нисо», ояти 155). Ва њаргиз суст ва ѓамгин нагардед ва (ба яќин, бидонед, ки дар нињоят) шумоед бартар (ва пирўз), агар мўъмин бошед (сураи «Оли Имрон»,ояти 139). Агар ба шумо захм (ва осебе) расида бошад, њатман, он мардумро низ ба монанди он захм (-у осеб) расидааст. Ва ин рўзњоро дар миёни мардум ба навбат мегардонем то Худованд онњоеро, ки имон овардаанд, (амалан ва дар сањнаи љангу сахтињо) маълум гардонад ва аз байни шумо шањидоне баргирад. Ва Худо золимонро дўст намедорад. (сураи «Оли Имрон»,ояти 140). Ва то Худо онњоеро, ки имон овардаанд, људо (ва пок) гардонад ва кофиронро нобуд созад. (сураи «Оли Имрон»,ояти 141). Оё пиндоштаед, ки (њамин тавр) дохили бињишт мегардед, дар њоле ки Худо њанўз љињодгарон (-и воќеї) ва сабрпешагони шуморо (дар чунин озмоишњои сахт ва шадоид) маълум насохтааст? (сураи «Оли Имрон»,ояти 142). Шумо дар воќеъ, марг (ва шањодат)-ро пеш аз он ки ба он рў ба рў гардед, орзу мекардед. Њоло, ба таври айнї онро дидед, дар њоле ки онро мушоњида менамоед. (сураи «Оли Имрон»,ояти 143). Аз ањодиси шариф Ибни Аббос (р) мегўяд: Расули Худо (с) барои даъвати яњудиён ба дарсхонаи динии онњо рафт. Ваќте

онњоро ба сўи дини Худо даъват намуд, Нуъайм ибни Амр ва Њорис ибни Зайд – ду нафар аз яњудиёни банї Ќайнуќоъ ба он Њазрат гуфтанд, ки ту бар кадом динї, эй Муњаммад? Расули Худо (с) фармуд: Бар дини (миллати) Иброњим њастам. Онњо гуфтанд, ки Иброњим яњудї буд! Расули Худо (с) ба онњо гуфт: Пас Тавротро биоваред, то дар ин мавзўъ дар байни мо њукм ва доварї намояд. Онњо худдорї карданд. Аз ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Ман рўзе савор бар аспи Паёмбар (с) дар пушти сари ишон нишаста будам, фармуданд» «Эй писарам! Чанд калимаро ба ту меомўзам : Худоро ба ёд дошта бош то Ў низ њофиз ва нигањдори ту бошад, муроќиби авомири Худованд бош то дар муќобили худ Ўро биёбї. Њар гоњ чизе мехоњї, аз Худо бихоњ ва њар гоњ ёрї мељўї, аз Худо биљўй ва бидон, ки агар њамаи мардум љамъ шаванд, ки нафъе ба ту бирасонанд, наметавонанд, магар он чї ки Худо барои ту муќаддар кардааст ва агар њамаи мардум љамъ шаванд, ки зараре ба ту бирасонанд, наметавонанд, магар он чї Худо барои ту муќаддар кардааст, (зеро) ќаламњо аз навиштан боз истодаанд ва номањо хушк шудаанд (њама чиз ва њар сарнавишт ва њоле ба таќдири Худо ва ќалами малоика дар китобњои сарнавишти одамиён навишта ва маълум шудааст ва касе тавони таѓйири онро надорад)». …Арабї бар аљамї, љуз ба таќво бартарї надорад. Бидонед, ки њар мусулмон бародари мусулмони дигар аст (аз хитобаи Расулуллоњ (с) њангоми Њаљљат-ул-вадоъ). Аз суханони ёрони Расулуллоњ Бояд зиндагии содда ва мухтасар дошт, вагарна дар рўзи ќиёмат ба хотири њисобу китоб ба таклиф дучор мешавї (њазрати Абубакри Сиддиќ

(р). Аќл бидуни (бе доштани) парњезгорї ба вуљуд намеояд. Фазилат бидуни илм ба вуљуд намеояд. (њазрати Умар (р). Љонвар молики худро мешиносад, аммо аксари инсонњо Парвардигори худро намешиносанд (њазрати Усмон (р). Њамоно ин дилњо њамонанди баданњо афсурда (хаста) мешаванд, пас барои шодобии дилњо суханони зебои њикматомезро биљўед (њазрати Алї (р). Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Њамоно шумо корњоеро анљом медињед, ки дар назари худи шумо аз мў бориктар аст (онњоро гуноњ намедонед) ва мо дар замони Паёмбар (с) ин корњоро аз муњликот (гуноњони бузург) медонистем (Имом Бухорї ривоят кардааст). Ќавли бузургон Маргро њамеша ба ёд овар ва барои устодон ва он шахсиятњое, ки аз ишон илм ва дин омўхтаї, (дуъои хайр кун ва аз Худо) омурзиш бихоњ! (њазрати Имоми Аъзам (р). Сарљумлаи (шоњи) њайвонот гўянд, ки шер аст ва камтарин (пасттарин) љонварон хар ва ба иттифоќ, хари борбар, бењ ки шери мардумдар (Саъдии Шерозї). Бишнав-бишнав! Соњибкаромотеро гуфтанд: шунидаем, ки ту бар (болои) об меравї? Гуфт: «агар сад сол бар об хоњам рафт бењтар аз хасе нахоњам рафт ва дигареро гуфтанд: шунидаем, ки ту дар оташ мебошї? Гуфт: «агар њама умр дар оташ хоњам буд, хуштар аз самандар (парандае, ки оташ ўро насўзад) нахоњам буд (Зиёвуддини Нахшабї). Људоии дин аз сиёсат ё аз давлат њељ гуна иртибот ба дини мубини Ислом ва љомеањои исломї надорад, балки диёнат дар Ислом айни сиёсат аст (устод С. А. Нурї). Худованди таъоло барои ёрону асњоби Расулуллоњ (с) фазлеро ато кардааст, ки касе аз уммат ба онњо баробар шуда наметаваонад. Онњо баргузидагони Худованди таъоло барои суњбату ёрї додани Расули Худо (с) буданд (устод М. Њимматзода). Шоирро дар ѓиёб дўст медорем ва муњтарам мешуморем, аммо дар њузур ба сардї мепазирем; соњибмаќомро дар њузур ситоиш мекунем, аммо дар ѓиёб ба сардї ном мебарем (Муњаммади Њиљозї). Ангоред, (тасаввур кунед) ки ин љањон хона асту њама русумашсоњибхона. Ва мењмоне, ки гиромї будан мехоњад, мекўшад, то хонаро сафо бахшаду соњибхонаро шодмон кунад. Чї хуш агар то поёни мењмонї, хонаро мусаффову соњибхонаро шод карда бошем, ки осори рафтани мо эњсос шавад (профессор Р. Мусулмониён). Барои ќањрамон шудан ба мисли ќањрамон фикр бояд кард (Денис Вейтли).

Фароњамсоз, Муњиддин Асозода

Муњаррир: Њикматуллоњ Сайфуллоњзода sangvori@mail.ru Телефон: 918-66-98-46 Котиби масъул: Шоњ Абдї Хабарнигорон: Субњияи Њомид Умед Сиддиќшоњ

Нашрия дар сомонаи

www.nahzat.tj

ќобили дарёфт аст Телефон: 625-77-28 Њафтанома дар заминаи гуногунандешї маќолањоеро низ ба нашр мерасонад, ки хилофи мавќеи ЊНИТ ва нашрия мебошанд. Масъулияти дурустии аснод ва далели њамагуна маводи воридшуда ба дўши муаллифон аст. Дастхат ва аксњо баргардонида намешаванд. «Наљот» меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистиро дар Тољикистон эътироф намудаву менамояд. Нашрия аз гузориши хабаргузорињои «Авесто», «Tojnews», «Азия плюс», «Ozodagon», «Форс», «Islamnews/ru», сомонаи родиоњои «Озодї» ва «ВВС», истифода мекунад. Њафтавор тањти раќами 0104/рз дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон номнавис шудааст ва бо теъдоди 4330 нусха дар матбааи “Муаттар”-и ЊНИТ ба чоп мерасад. Супориши раќами 170. Нархаш шартномавї. Суратњисоби мо: 20402972316264, «Амонатбонк»

Нишонии идора: ш. Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи раќами 1, дафтари марказии Њизби Нањзати Исломии Тољикистон, тел: 625-77-28


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.