N 49 2014

Page 1

«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд»,

Ќуръон: сураи Моида, ояти 56

Озодандешї шак овардан ба Худо нест

НАШРИЯИ

њИЗБИ

НАњЗАТИ

ИСЛОМИИ

ТОљИКИСТОН

№ 49 (819) Панљшанбе, 4- уми декабри соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 12 - уми сафар, соли 1436 - и њиљрии ќамарї

- Мо ба хотири фардои нек дасту ќавли љавонмардона додем. Вале барои расидан ба љомеъаи њуќуќбунёду демократї ваќту замон муайян карда намешавад. Агар низомњои њоким заминаи рушд ва имкониятњои рў овардан ба љомеъаи воќеъан мардумсолориро муњаё созанд, расидан ба ин маќсад ваќти зиёдро намегирад, аммо агар онњо монеъи ин кор шаванд, дар 50 сол њам чунин љомеъа сохта намешавад- устод Муњаммадшариф Њимматзода

Сулњи мо Дўстон, вањдат шиъори дини мост, Сулњу истиќлолу амн з - оини мост. Рањмати Њаќ мерасад бар љамъият, Тафриќаандози мо хоини мост. Сулњро Парвардигор хондаст хайр, Хайри Њаќ дар зиндагї зомини мост. Љанги мо буд наќшаи бегонагон, То њанўз бегона дар тавњини мост. Босамар гардид нињоли сулњи мо, Ин самар аз сабру аз тамкини мост. Сулњи мо ибрат шудї бар дигарон, Халќи олам бин, ки дар тањсини мост. Сулњи тољик њадя буд аз лутфи Њаќ, Кай кунад дарк он, ки ў бадбини мост. Њифзи вањдат, њифзи ту бошад, Ватан, Сангу хокат ќолину болини мост. Эй Ватан, эй ифтихори тољикон, Њар гиёњат лолаву насрини мост. Сулњи мо ё Раб, бимонад пойдор, Ин умеди миллати хушбини мост. Вањдати моро нигањ дор, эй Худо, Ин дуои мову њам омини мост. Абу Ањлиддин

Тољикистон: Инќилоби номаълум

Худкомагї муќобили фарњанг ва арзишњои миллист ё «нардбони халќ ин мову манист…»

Даѓаливу тањќир дар Љ. Румї ё мурољиат ба вазири маориф

Оќибати раќобатњо дар Осиёи Марказї сангинанд


2

4 декабри соли 2014

хабар

Конфронси њизбии панљакентињо Бахши Њизби Нањзати Исломии Тољикистон дар шањри Панљакент рўзи 28-уми ноябр конфронси хисоботї-интихоботии худро доир кард. Тавре аз Панљакент иттилоъ расид, масъулини бахши мањаллии њизб чанд њафта ќабл барои људо кардани толори муносиб барои баргузории конфронси њизбї ба њукумати шањр расман мурољиат њам кардаанд, вале мутаассифона, хоњиши онњо рад шудааст. Ба њар њол, дар конфронси нањзатињои Панљакент аз 25 вакили даъватшуда, 20 нафари онњо ширкат карда тавонистанд ва баъд аз матрањ кардани гузориш ва доир шудани бањсу баррасињо атрофи гузоришњо, конфронс раёсат ва комиссияи таф-

тишотии бахши њизбро бо сарварии Сино Њасанзода, раиси бахш ва Ботур Ашўров, масъули комиссияи тафтишотї интихоб кард.

Раќобатњои сиёсї муљиби ислоњот мегарданд

Дар шањри Маскав вохўрии рањбари ЊНИТ бо муњољирини муќими Русия баргузор гардид ва ў дар ин нишаст аз мулоќоти соли пеш ёдовар шуда, муњољиратро як рукни аслии суботу оромии љомеъа арзёбї кард. М.Кабирї болои фаъолиятњои сиёсї таъкид карда, Тољикистонро як кишвари иљтимоъї гуфт ва мисли Аврупо як кишвари фардгаро нест ва дар он робитањои хешутабориву ќавмї хеле ќавианд. Бинобар ин, њар коре дар кишвар мешавад, мардум аз он огоњанд. Рањбари ЊНИТ ишора аз он дошт, ки гурўње дар нињодњои њукуматї нишаста, аз њисоби андози мардум корашон навиштани маќолаву тањияи наворњои тањќиркунанда ва тавњиномез дар ќиболи Нањзат, рўњониён ва модари

тољик аст. Магар вазифаи онњо њамин аст? Корманди академия ба љои андеша ва ихтироъоти нав матрањ сохтан, мунтазири онанд, ки рањбари њизбе ё аъзои Раёсати олии Нањзат як мусоњиба дињанд ё маќолае нависанд, то онњо ќалам ба даст гирифта, ба сиёњ кардани ў оѓоз намоянд. Магар чунин афродро мешавад корманди соњаи илм номид ва оё рисолати академик њамин аст? Чунин афрод ба тољику Тољикистон њељ рабте надоранд, њатто агар маќоми баланде дар њукумат њам дошта бошанд. М.Кабирї дар бораи Форуми Ќазон суњбат намуда, онро барои Тољикистон муњим донист. Њамчунин дар бораи вохўрињо бо намояндагони ањзоби сиёсии дигар кишварњо, бахусус њизби њокими Русия њарф зада, таъкид намуд, ки дар заминаи мубориза бар экстремизм ва ифротгарої Нањзат бо ин ањзоб њамкорї хоњад кард. Рањбари њизб аз њозирин даъват ба амал овард, ки дар интихоботи парлумонии ќарибулвуќуъ ширкат намоянд ва сањми худро дар њаёти сиёсии кишвар бигузоранд. Њамчунин таъкид бар он кард, ки ислоњоту таѓйирот бояд мусолиматомез сурат бигирад, он њам аз тариќи ширкат дар раќобатњои сиёсї.

Боздошти њамсари Халифаи ДИИШ

Неруњои амниятии Лубнон гўфтаанд, дар яке аз гузаргоњњои марзии ин кишвар бо Сурия, яке аз њамсарони Абубакр Баѓдодї, халифаи ДИИШ – ро дастгир кардаанд. Ба гузориши шабакаи «Аларабия», њамсари халифаи ДИИШ барои тањќиќоти бештар ба маркази вазорати дифоъи Лубнон бурда шудааст. Ин хабаргузорї ба наќл аз як рўзномаи

www.nahzat.tj

Лубононї менависад, ки њамсари Баѓдодї дар натиљаи як амалиёти созмони иттилооти артиши Лубнон бо њамкории созмонњои иттилоъотии хориљї дастгир шудааст, вале кадом номе аз он созмонњо бурда намешавад. Ин хабарро то њол хабаргузорињои дигар таъйид накардаанд. Аммо пештар яке аз њамсарони Баѓдодї дар Сурия зиндонї буд, ки бо як гурўњ асирон иваз карда шуд. ДИИШ як созмонест, ки ѓайричашм­ дошт дар як замони кўтоњ дар Ироќу Сурия ташкил шуд ва ба зудї ба як гурўњи хеле ќавї табдил гардид. Аслиња ва васоили љангии пешрафта дошта, дар расонањои электронї њам фаъолияти зиёд дорад. Дар ибтидо бо артиши Сурия мељангид, вале баъдан бо мухолифони Асад њам љангро оѓоз кард. Аммо тавре ба назар мерасад, рисолати ин гурўњ дар марњилаи анљомёбист.

Њушдори САЊА аз омодагирињои интихоботї

Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо бо интишори гузорише дар бораи раванди омодагирињо ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тољикистон аз бетаваљљуњии маќомот дар њукумат ба дархости аслии ањзоби мухолиф ва ин нињоди байналмилалї ва бонуфуз интиќод гирифтааст. Ба гузориши «Озодї» бо наќл аз сайти «Независимое мнение”, дар ин баёнияи ахири САЊА омадааст, Њукумати Тољикистон ба дархости аслии ањзоби сиёсии мухолиф дар заминаи њузури намояндагони ин гурўњњо дар комиссиюнњои раъйгирї ва шумориши орои интихобкунандагон дар рўзи интихобот бо маќсади таъмини шаффофияти ин раќобатњо посух намедињад. Њамчунин маќомоти њукуматї дар Душанбе аз ќабули пешнињоди ањзоби мухолиф барои узвияти намояндагони ин гурўњњо дар комиссиюнњои интихоботї дар шањру навоњї худдорї мекунад. САЊА интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тољикистонро бо меъёрњои демократї ва талаботи байналмилалї созгор надониста, таъкид кардааст, ки ба далели хуруљи низомиёни амрикої ва НАТО аз Афѓонистон имкони нооромї дар марзи муштараки Тољикистону

Афѓонистон вуљуд дорад. Аз ин рў, бояд барои баргузории интихоботи парлумонии орому шаффоф ва демократї дар моњи феврали соли 2015 дар Тољикистон чораандешї кард. Њамаи ин дар њолест, ки Њукумати Тољикистон пайваста ба тамоми иќдомњои њамкорї бањри њифзи оромї ва суботи љомеъа аз сўи Њизби Нањзати Исломии Тољикистон ноназаргирона муносибат мекунад. Ахиран дархости рањбарияти њизбро љињати људо кардани толор барои баргузории анљумани ќаблазинтихоботии њизб рад кард. Аммо то куљо ин шаффофият дар интихоботи парлумонї амалї мегардад, ваќт нишон хоњад дод.

Ќарзи “Барќи тољик” ними буљаи давлат

Њукумат тасмим гирифтааст, ки ќарзи беш аз 7-миллиардаи “Барќи тољик”-ро, ки баробари 50% буљаи давлат аст, аз њисоби буља пардохт намояд. Дар њоле ки ин ширкат ин ќарзи њангуфтро барои таљдид ва таљњизонидани худ аз бонкњои хориљї гирифтааст, гуфт Љ.Нуралиев, муовини аввали вазири молия рўзи 26уми ноябр, зимни баррасии созишномаи ќарзии имтиёзнок байни ширкати «Барќи Тољик» ва Бонки аврупоии таљдид ва рушд. Њукумат роњбари “Барќи тољик”-ро тўли панљ соли ахир сари њар соле иваз мекунад ва аз нигоњи коршиносон ќурбонии таќаллубкорињои гўруњї ќарор гирифта, бо роњи сунъї муфлис карда мешавад. Кор ба љое расида, ки натанњо ќарзњои худ, њатто панљ моњ боз маоши кормандонашро пардохт карда наметавонад. Рустам Рањматзода, раиси «Барќи тољик» дар парлумон гуфтааст, ќарзи ширкат аз “Сангтўда-1” ба 418 миллион ва аз “Сангтўда-2” ба 165 миллион сомонї расидааст ва ин нерўгоњњо, бинобар ќарздории “Барќи тољик” аз пардохти андоз аз фурўши барќ саркашї мекунанд. «Соли љорї 200 миллион сомониро пардохт кардем ва дар чор моњи охир боз 15 миллион сомонї пардохт шуд. Дар асоси наќшаи баргардонидани ќарз, бояд њар сол 200 миллион сомонї баргардонем ва дар умум 5 миллиард сомонї дар назди

субъектњо ќарздорем», гуфтааст раиси «Барќи тољик». Иллати ба ќарз ѓутидани ширкатро роњбари нав ба арзонии барќ дар Тољикистон рабт додааст, аммо ба саволи Зуњуров, ки дар Ўзбекистон нархи як киловат барќ чанд аст, посух гуфта натавониста, балки иќрор шуда, ки дар ин маврид маълумот надорад. Ин дар њолест, ки сарвазири Ќирѓизистон гуфта буд, соли љорї барќро аз Тољикистон бо нархи ду сент барои як киловат мехарад ва бо нархи 1,5 сент, њудуди 8 дирамї мефурўшад. Раиси “Барќи тољик” њамчунин иќрор шуда, ки ширкат на танњо аз «Сангтўда-1 ва 2», њамчунин аз Вазорати молия ќарздор аст, ба болои ин ба кормандонаш маоши 5 моњи охирро надодааст. Яъне аз 58,9 миллион ќарзи музди мењнат дар соли љорї, айни њол 32 миллион сомонї пардохт шудааст. Ба њар њол, раиси Маљлиси намояндагон Рустам Рањматовро дар њолати ногувор ќарор дод, бахусус ваќте пурсид, ки “чаро кормандони «Барќи тољик» чанд моњ боз маош нагирифтаанду масъулини он дар ќасрњо зиндагї карда, мошинњои аз 50 њазор доллар боло доранд”? Дар посух рањбари «Барќи тољик гуфт: Рўзњои наздик маълум мешавад, ки ин хонањо ва мошинњои гарону ќарзњо аз куљо пайдо шудаанд....


www.nahzat.tj

3

4 декабри соли 2014

хабар

Абдураъуф Иброњимї дар Душанбе

Њайати парлумоние аз кишвари Афѓонистони њамсоя ва бародар бо сарварии Абдураъуф Иброњимї, раиси Шўрои миллии Афѓонистон рўзи 3-уми декабр ба Тољикистон омад. Раиси парлумони Афѓонистон тайи се рўзи сафари расмии хеш, бо љаноби Э.Рањмон ва Ш.Зуњуров дидору мулоќотњоеро анљом дод, ки густариши равобиту њамкорињои порлумонї миёни ду кишвари дўсту бародар дар мењварияти ин мулоќотњо ќарор доштааст. Абдураъуф Иброњимї, зодаи ноњияи «Имом Соњиб»- и Афѓонистон буда, дар гузаштаи начандон дур дар ќисмати шимоли ин кишвар, бахусус дар вилояти Кундуз бо номи Њољї Раъуф маъруф буд ва яке аз бародарони Њољї Латиф, ќумандони љињодї дар самти шимоли Афѓонистон буда, минтаќаи Шерхонбандар зери назорати ў ќарор дошт. Ишон узбактабор буда, узвияти Љамъияти Исломии Афѓонистон дорад, њизбе, ки устоди шањид Бурњониддин Раббонї роњбари он буд. Баъд аз вакили парлумон интихоб шуданаш, моњи феврали соли 2011

раиси Шўрои миллї, палатаи поёнии порлумони Афѓонистон интихоб гардид. Ташрифи расмии Абд ураъуф Иброњимї ба Тољикистон дар заминаи даъвати њамтои тољикаш, Ш.Зуњуров сурат гирифт, ки ў охири моњи октябр зимни ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиљумњур ва раиси иљроияи њукумати вањдати миллии Афѓонистон ширкат варзида буд. Љои тазаккур аст, ки чанд сол боз иддае аз манотиќи шимоли Афѓонистон аз неруи барќи Тољикистон истифода мебаранд ва аз соли 2011 ба ин су тавассути хатти интиќоли неруи баланшиддати барќ, аз «Сангтуда-1» имкони истифодабари неруи барќ то ба минтаќаи «Пули Хумрї»-и Афѓонистон хеле боло рафт. Аз гузоришњо маълум мегардад, ки дар Тољикистон феълан 85 ширкати афѓонї фаъол буда, 85 созишномаву ёддоштњое низ ба имзо расидаанд, табодули мол миёни ду кишвар беш аз пеш афзоиш ёфта, њудуди 150 миллион долларро ташкил медињад.

Парлумони Фаронса Фаластинро ба расмият шинохт

Парлумони Фаронса бо тарњи пешнињоди намояндагони Њизби сотсиалист раъйи мусбат дод ва давлати Фаласинро ба расмият шинохт. Ба гузориши «euronews”, ин тарњи маљлис бо 339 раъйи мувофиќ дар баробари 151 раъйи

мухолиф ба тасвиб расид. Ташкилоти худгардони фаластинї аз ин њаракати намояндагони Фаронса ќадрдонї карданд. Сафири Исроил дар Фаронса гуфтааст, ки ин шиносої эњтимоли расидан ба сулњро заъиф хоњад кард.

Меъёри куллї “Ва касоне, ки имон оварда ва корњои шоиста анљом додаанд, ба боѓњое дохил карда мешаванд, ки аз зери дарахтони он боѓњо нањрњо равон аст, ки ба хости Парвардигорашон дар он љо љовидонанд ва дурудашон дар он љо салом аст”. (Сураи Иброњим, ояти 23). Ќуръон пас аз тасвири ањволи муљримону золимони саркаш ва сарнавишти талхи онњо дар оёти ќаблї ва муносибати байнињамдигарияшон ва муомалаи шайтон бо онњо, ки њар кадом аз дигаре безорї мељустанд, дар ин оят ба зикри њоли мўъминони мухлис ва саранљоми матлуби онњо ва маќоме, ки дар љањони дигар ањли имон ба он мерасанд, пардохта мефармояд: “Ва касоне, ки имон оварда ва корњои шоиста анљом додаанд, ба боѓњое дохил карда мешаванд, ки аз зери дарахтони он боѓњо нањрњо љорї аст”. Ояти 15 сураи Муњаммад (с) боѓњои тару тозаи љаннати ба мўъминони саъодатманд ваъдашуда ва нањрњоеро, ки аз зери дарахтон ва ќасрњои љаннат љорї мешаванд, чунин тавсиф намудааст: “... дар он нањрњоест аз обе, ки дигаргун намегардад ва нањрњоест аз шир, ки мазааш таѓйир намешавад ва нањрњоест аз шароб, ки барои нўшандагон лаззатбахш аст ва нањрњоест аз асали мусаффо ва дар он љо њар гуна мевањо барояшон муњайёст”. Бо хости Худованд онњо дар љаннат ва неъматњои он љовидона ба сар мебаранд: “ки ба хости Парвардигорашон дар он љо љовидонанд”. Ќисмати поёнии ояти мавриди бањс њоли мўъминони шоистакорро дар љаннат ва тарзи бархўрди онњоро бо якдигар ва бо малоика, ки акси њоли куффор аст, баён менамояд. Инњо дар љаннат ба маломату сарзаниши якдигар намепардозанд, балки бо якдигар дуруду салом мегўянд. “Ва дурудашон дар он љо салом аст”. Салом гуфтан, яъне эълони сулњу салоњ ва амнияту осоиш хостан ба худ ва дигарон аст. Дар зимни он ки ба бародараш салом мегўяд, осори онро дар замири хеш эњсос менамояд ва ќалбаш дар баробари бародараш ва ќалби бародараш дар баробари ў софу беѓубор аст ва ин худ бузургтарин неъмат аст. Дуруду саломро танњо аз якдигар намешунаванд, балки ба муљарради расидан ба назди дарњои љаннат ходимони бињишт шурўъ мекунанд ба салому дуруд: “... то чун ба он љо бирасанд ва дарњои он (ба рўяшон) кушода шавад ва дастандаркорони бињишт ба эшон гўянд салом бар шумо! Пок шудед, пас барои њамеша дохили он шавед”. (Зумар, 73). Дар бињишт на суханони бефоида вуљуд дорад, на њарфи гуноњолуд ва дурўѓу туњмат ва на гуфтори нешдору на истењзо, танњо чизе, ки бињиштиён дар он мешунаванд, салом аст: “... Ва дар он љо бо дуруду салом мувољењ хоњанд шуд” (Фурќон, 75). Инчунин фариштањои илоњї сањару бегоњ ба назди онњо медароянд ва ба эшон мегўянд: “Салом бар шумо ба хотири сабратон”. (Раъд, 23-24). Ва болотару гуворотар ва рўњафзотар аз њама ин ки Парвардигори соњибиззат ба эшон салом мегўяд: “Салом бод ба шумо аз љониби Парвардигори мењрубон”. (Ёсин, 58). Аз муњтавои ин оят бармеояд, танњо чизе, ки дар назди Худованд арзиш дорад ва онро як меъёри куллї ќарор додааст, ин имони холис њамроњ бо амали шоиста мебошад. Зеро тибќи омўзањои ќуръонї, танњо њаёте муљиби њифз ва баќои маќоми баланди инсон мешавад ва ўро шоистаи ин љойгоњи рафеъ мегардонад, ки бо имон ва эътиќоди ба Худо зиндагї кунад. Њаќиќати дигаре, ки дар ин оят ба унвони як рукни аслї меъёри мазкур ёд мешавад, ин амали солењ, яъне меваи дарахти борвари имон аст. Ва ин ду рукн дарњамтанида ва аз якдигар људонашавандаанд. Аз ин љост, ки Ќуръон имон ва амали солењро пайваста дар канори якдигар зикр мефармояд ва ба мўминони шоистакирдор ваъдаи зиндагии покиза медињад: “Њар кас аз мард ё зан кори шоиста кунад, дар њоле ки мўъмин бошад, албатта ба ў зиндагии покиза хоњем дод ва њамоно подоши онњоро бар пояи бењтарин амале, ки анљом медоданд, ато хоњем кард ” (Нањл, 97).

Зубайдуллоњи Розиќ


4

4 декабри соли 2014

www.nahzat.tj

воќеъият

(идома аз шумораи гузашта)

Тољикистон: Инќилоби номаълум

Шўрои Олї ќонун дар бораи ташкилотњои љамъиятиро ќабул кард ва њафтањои аввали ба кор гирифтани он 16 њизби сиёсї ба ќайд гирифта шуд. Дар кишвар аллакай 32 нашрияи мустаќил ба чоп мерасид ва чунин сатњи гуногунандеширо бисёре аз љамоњири пасошўравї њасрат мехўрданд. Коммунистони тољик аз даст додани ќудратро намехостанд ва интихоботи президентии таъиншуда дар моњи ноябр ба бозии навбатї табдил шуда метавонист. Барои он ки ќасоси шўравї гирифта шавад, 21-уми сентябр дар майдони Ленин (Сомонии имрўза) чандин њазор одам љамъ омаданд, тарафдорон аз се њизби аслии оппозитсионї. Онњо интихоботи одилона ва мулоќот бо раиси Шўрои Олиро таќозо доштанд, ки дар он марњала масъулияти президентиро ба дўш дошт.

Аммо ин мулоќот доир нагардид ва эътирозгарон њайкали 19-метраи Ленинро сарнагун сохтанд ва рўзи дигар дар назди пояи њайкали валангоршуда митинги коммунистњо доир гардид. Ин амали коммунистњо як рўз баъд мухолифинро аз нав ба ин майдон баргардонид. Ин дафъа онњо тасмим гирифтанд, ки ба таври тулонї боќї мемонанд ва шањрчаи хаймагии хешро низ дуруст карданд. Авзоъ шиддат пайдо мекард, дар љониби гирдињамомадагон натанњо ќисмате аз депутатњо ќарор гирифтанд, њатто мири пойтахт њам он љо буд. Генералњои рус ва ширакайфињои Набиев Дар Маскав њангомањое шакл мегирифтанд ва дар охири моњи сентябр бо дастури М.Горбачёв њайате бо сарварии Анатолий

Собчак ба Тољикистон фиристода шуд, ки дар он академик Леонид Велихов, таърихшинос Александр Янов ва Владимир Путин, ёвари А.Собчак низ шомил буданд. Онњо бояд љонибњои низоъро розї мекунониданд, ки сари мизи музокирот нишаста, ба интихобот омодагї бигиранд. Оппозитсия номзади хешро муаррифї кард, Давлат Худоназаров, режиссёри маъруфи синамо ва коммунистњо, Рањмон Набиев, собиќ котиби аввали КМ-ро, ки «ѓалаба» ба даст овард, новобаста ба пешнињод шудани камбудї ва таќаллубњои ба КМИР. Баъд аз интихобот, ман Давлатро ба Маскав гусел кардам ва дар фурудгоњ гурўњи ширакайф ва ќаноъатманди генералњои русиягиро бо дастабандињои туњфагї дидам. Бале, барои як марњала Кремл ором гирифт, аммо танњо барои ним сол. 26 марти соли 1992 гирдињамоии нав оѓоз ёфт, ки болотар аз тамоми рекордњои майдонрезињои густурда буд: 46 шабонарўз дар маркази Душанбе њазорњо одам истеъфои президент

ва ислоњоти демократиро таќозо мекарданд. Рањмон Набиев, намояндаи номенклатураи кўњнаи коммунистї, кўшиш кард, ки низоми шўравиро дар Тољикистони аллакай соњибистиќлол њифз намояд, натанњо бо пуштибонии њамсафони собиќ, балки тавассути генералњои Русия. Ситоди генералии Русия нисбат ба Тољикистон дидгоњи худро дошт, ки бо Афѓонистон њаммарз аст ва кам касоне намедонистанд, ки низомиёни рус ба ќочоќи маводи мухаддир даст доранд, албатта бо таваљљуњ аз њузури дур будан аз Русия, кишваре бо манофеъи геополитикї. Боре як халабони чархболи артиши Русия, ки Валерий Ким ном дошт, ба журналистњо чигунагии интиќоли њероинро аз Афѓонистон ќисса мекард ва ин масъала дар таъсир гузоштан ба президенти Тољикистон мушкил на-

дошт, чун ў як шаробнўши сустирода буд. Дар муносибати Маскав ва Душанбе як хусусияти дигар њам љой дошт: Тољикистон баъд аз фурупошии СССР як кортељи тир њам дарёфт накард, дар њоле ки дигаре аз давлатњои ба истиќлолрасида њам силоњу муњимот ва њам флоти бањриеро ба мерос гирифтанд. Дар моњњои аввал Тољикистони соњибистиќлол њатто вазорати дифоъи хешро надошт, фаќат аз як горди миллии 500-нафара њарф мезаданду халос. Президенти нав њаёти сиёсии хешро аз мањбаскунињо оѓоз кард, аз мири шањри Душанбе ва чанде аз мухолифин. Сензураи шадидеро дар телевизион роњандозї карда, барои бастани чанде аз нашрияњои мустаќил кўшиш њам ба харљ дод, кишвар дар њолати буњронї ќарор дошт. 26 март иљлосияи Шўрои Олї баргузор гардид, ки дар он раис вазири корњои дохилиро барои вафодориаш бо мухолифин зери тањќир ќарор дод. Бегоњї дар майдони назди Шўрои Олї мардум љамъ мешуданд, ваќте ташаббускори низоъ будани президентро фањмиданд, ба назди ќасри ў гузаштанд, назди биное, ки њаводиси февралии соли 1990 ба вуќуъ пайваста буд ва он љо тўлонї монданд, то 11-уми май, марњалае, ки њукумати мусолињаи миллї таъсис ёфт. Гирдињамоии 46-рўза ба як «давлати нодир» табдил ёфт: дар дохили майдон миёни хаймањо нуќтањои тиббї, њайати тањририяи родиёї, ошхона ва хадамоти амниятї ќарор доштанд. Мардум барои ширкат дар гирдињамої њамдигарро табдил мекарданд, иддае мерафту љойи онњоро дигарњо мегирифтанд. Эњтимол дар тўли ин гирдињамої беш аз 1 миллион одам ширкат карда бошанд. Рўз бо барпо доштани намоз оѓоз меёфт ва баъдан суњбаткунандагон барои баромадан ба минбар ва суњбат кардан навбат меистоданд. Суњбаткунандањо танњо тољикон набуданд, њамаи онњое, ки барои дурнамои кишвар ташвиш эњсос мекарданд, ба минбар мебаромаданд, аз љумла ўзбаку гурљї, русу укроин, њатто куриёгињо низ. Фурсатљўї ва пиёда шудани хостањои Кремлин Дар баробари ин, таблиѓоти русиягї барои «исломгарої» ном гузоштани гирдињамої фурсат мељуст, чунки яке аз ташкилкунандагони гирдињамої Њизби Нањзати Исломиро медонистанд. Омили исломї аз ќабл, њанўз миёнањои солњои 80-ум аз љониби КГБ мавриди зарбу шатм, ба таври моњирона дасткори афкори умум, ќабл аз њама дар Русия ќарор гирифта буд. Дар экрани телевизионњои Русия дењќонони тољик бо либоси миллї пайдо мешуданд, то ин ки тибќи хостањои таблиѓгарон ин тарзи либоспўшї мањз «исломињо» фањмида шаванд.

5 майи соли 1992 кормандони КГБ автобусеро тирборон карданд, ки одамонро ба гирдињамої мебурд. Баъд аз як њафта гирдињамомадагон кўшиши ба даст овардани бинои КГБ-ро карданд ва ин љо њам мавриди тирборон ќарор гирифтанд. Ташкили як њукумати мусолињаи миллии аљаламонанд авзоъро зери даст гирифта натавонист ва сокинони кишвар рў оварданд ба дарёфти силоњ. Русия њавасманди љанги шањрвандї буд ва барои ман, њамчун журналист имкон даст дод, ки дар августи соли 1992 полковник Меркулов, фармондењи полки ќўрѓонтеппагї чигуна ба љонибњои низоъ силоњ таќсим мекард. Љанги шањрвандї муљиби талаф ёфтани љони 150 њазор нафар гардид, беш як як миллион нафари дигар гурезаву муњољир шуданд. Дар айни шиддати љанг зери фишори Маскав ва Тошканд иљлосияи Шўрои Олї доир гардид ва Эмомалї Рањмонов, директори ќафомондатарин совхози ба номи Ленин роњбари нави Тољикистон гардид. Русия хостањои худро ба даст овард, Тољикистон зери таъсири Кремл боќї монд. Аммо тўли ин њама солњо Кремл ягон лоињаи иќтисодиеро амалї насохт, дар њоле ки њузури дивизияи 201-и хешро нигоњ дошта тавонист. Инќилоби Тољикистон, бо ташаккур аз таблиѓоти русиягї, ба як шўриши «исломї-демократњо» табдил ёфту худи тољикњо ба рондашудагон, ки сарнавишти миллионњо муњољирро ќисмат карда, љўёи њамагуна корњои сиёњ дар Русия ва дигаре аз кишварњои мањдудаи пасошўравї ќарор гирифтанд. Импературї ин кишварро барои хоњишоти мустаќилона зистанаш љазо дод ва бебарории инќилоб њам возењу рўшан аст: адами анъанањои фарњанги сиёсї, минтаќагароиву ќабилагароии ба армуѓон оварда аз даврони шўравї, њамчун «сутуни панљум ё пятая колона». Натиља риќќатбор аст. Тољикистон ба шиддат ба ќафо партофта шуд, низоми феълии сиёсиро сотсиализми феодалї гуфтан мумкин аст, дар њоле ки мудирияти давлат шакли шўравии хешро нигоњ доштааст, бо контрули комили раёсатиљумњури худкома ва њукуматаш. Инќилоби Тољикистон фаќат дар хотираи романтику алоќамандон боќї монда, ки дар мавриди кишвари мудерн орзу мекунанд.

Олег Панфилов


www.nahzat.tj

5

4 декабри соли 2014

бадрафторї Раиси бахши ЊНИТ дар ноњияи Љалолиддини Румї, Абдуќодир Холисов, ки њамчунин вакил ва узви кумита оиди одоб дар маљлиси вакилони халќ ва раиси кумитаи падару модарони мактаби тањсилоти њамагонии №7 ноњия мебошад, бо нишони эътироз дар робита ба тањќири фарзандаш бо хабарнигори мо њамчун мурољиат ба масъулини зидахли кишвар изњори андеша намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандаи нашрия ќарор медињем:

Даѓаливу тањќир дар Љ. Румї ё мурољиат ба вазири маориф

- Бегоњии рўзи 10-уми ноябр, њангоми баргашт аз кор фарзандам, Шањноз Холисова, ки дар синфи 11 мехонад, дар њолати изтироб гуфт: дар соати сеюми дарсї, ки аз фанни забони модарї буд, як њайат њамроњ бо мудири мактаб вориди синфхона шуда, таќвими насбгардида зери акси президенти кишвар Э. Рањмонро яке аз нафарони ин њайат канда ба замин њаво дод, ки худро Майрамбї Ѓафурова, муовини раиси ноњия муаррифї ва зимни ин амали хеш аз лафзи ќабењ њам истифода кард. Сипас ин маќомдори њукумати ноњия ба љониби фарзандам нигоњ карда гуфтааст: ин кист, ки шумо ўро бо чунин сару либос иљозати вуруд шудан ба мактабро додаед!? Ман шуморо огоњ карда будам, ки чунин шогирдонро аз мактаб ронед! Дар посух мудири мактаб изњор дошта, ки ин фарзанди њамон вакил, яъне А. Холисов мебошад. Вале хонум Ѓафурова гуфтааст, барои ман фарќ надорад, шумо бояд дастури манро анљом медодед! Муовини раиси ноњия зимни «насињат»-и талабањо, журнали синфиро вараќгардон ва ному насаби фарзандамро пайдо карда, мебинад, ки ў аз фанни забони инглисї бањои панљ гирифтааст. Бо ќањр рў ба фарзандам оварда, мегўяд: Ин бањоро кї барои ту додааст? Фарзанд посух дода, ки дар дарс њузур доштам ва ин бањоро касб кардам, инчунин љасорат карда гуфта, ки агарчи мо дар синфи 11 мехонем, вале таълим аз китоби синфњои панљ мегирем.

Бо гуфтани ин воќеъият њарфњои тањќиромези дигареро низ шунидааст ва М. Ѓафурова рў ба хонандањо оварда гуфта, ки шумо намоз нахонед, аз дарсњои динї худро канор ва аз илмњои даќиќ таълим бигиред! Дар худи њамон рўз ин «мењмони бонуфуз» се соати дарсиро бо баргузории љаласаву «насињатхонї”њо бекор намудааст. Ва дар рафти баргузории љаласа нисбати ЊНИТ гапњои дурушту ќабењро раво дида, ба яке аз муаллимони ин мактаб, ки узви њизб мебошад, рў оварда гуфтааст: агар узви ин њизб боќї бимонї, туро аз мактаб гум мекунам. Рўзи дигар, 11-уми ноябр соати њашти сањар вориди мактаб гардида, аз мудири мактаб эњтиромона хоњиш кардам, ки ташрифи бандаро њамчун раиси падару модарон расман ба ќайд бигирад. Баъд аз анљоми ин расмиёт бори дигар хоњиш кардам, акнун расман бароям маълум намояд, ки дирўз, яъне 10-уми ноябр дар мактаб чї воќеъа рух дод. Мудир бо шунидани ин дархост, фавран ба муовини раиси ноњия тамос гирифта, вазъро барояш арз дошт. Муовини раис дар посух гуфта, ки ягон чиз нанавис ва фавран назди ман биёед. Ман гуфтам, агар мо бидуни мактуб он љо равем ё моро ќабул намекунад ё фикрашро таѓйир медињад. Бинобар ин, коѓазу ќалам гирифта ба навиштан оѓоз кардам, ки ман назди мудири мактаб омадам ва аз ў нисбати ќазияи дирўза

пурсон шудам, вале љавоби рад гирифтам. Ваќте ин сатрњоро менавиштам, нозири минтаќавї, Рустамќулов ва муаллиме, ки дар рафти дарсаш ин тањќирњо нисбати ў сурат гирифта буданд, њузур доштанд. Аз фурсат истифода бурда, аз муаллим хоњиш намудам, ки ба таври хаттї аз вуруди мењмонони дирўза бинависад ва ў ин хоњишро иљро кард. Мо, яъне як њайат бо шумули мудири мактаб, нозири минтаќавї ва банда, назди муовини раиси ноњия рафтем, вале моро ќабул накард ва тавассути котибааш гуфт: онњо бояд ба ШКД бираванд. Ба ШКД рафтанї шудем, ки амр шуд, ин љо бошем, чун кормандони ШКД-ро ба ин љо даъват кардаанд. Сипас нишасте доир гардид дар њузури як њайати вижаи њукуматї, вале аз чї бошад, ки хонум Ѓафурова бо мо бо лањни дурушт ва њамчун муљрим суњбат кард. Ин љониб дар посух гуфтам: Шумо як масъули баландпояи њукумати мањаллї бояд барои дигарон намуна бошед. Оё рањбари давлат, ки шумо намояндаи он кас мебошед, нисбати мардум чунин даѓалона рафтор мекунад? Ў дар љавоб гуфт: Ў њам мекунад. Гуфтам: Раисиљумњур њељ гоњ дар назди мардум чунин даѓалї намекунад. Вале дуруст аст, ки масъулинро барои хизмат накарданашон ба мардум сарзаниш мекунад, то дар адои масъулият сањлангорї накунанд. Њоло хоњиш

мекунам, ки масъулини зидахл нисбати ќазияи рухдода бетараф набошанд ва дар чорчўбаи ќонун гирењи онро боз кунанд. Рўзи дигар, ки маљлиси падару модаронро даъват карда буданд, банда вориди мактаб шудам. Њангоми суњбат бо мудири мактаб, Шањноза, фарзандам гирякунон наздам омаду гуфт: Маро муаллима аз дарс берун карду гуфт: Ту дар ин мактаб даркор нестї, бетарбия њастї! Барои ту шуда, мавриди сарзаниши муовини раиси ноњия ќарор гирифтам ва китобњоямро ба роњрав партофт. Ин љониб аз мудири мактаб суол кардам, Шумо њамчун мудир бигўед, ки њамин талаба барои ман кї мешавад? - Гуфт, фарзандат. - Барои Шумо чї? - Барои ман њам, фарзанд. Сипас њамроњ дидем, ки китобњо дар роњрави мактаб партофта шудаанд. Бо таваљљуњ ба ин њолати мављуд дар њузури корманди масъули шуъбаи маорифи ноњия гуфтам: Дар кишваре, ки низоми демократї дорад, оё аз ин тањќири болотаре сурат мегирад? Зимни изњори андеша дар мавриди њодиса ва тањќиру тавњинњои рух дода дар ноњияи Љалолиддини Румї ва мактаби мазкур аз вазири маориф, муњтарам Саид Нуриддин, масъулини шуъбаи маорифи вилоят ва ноњия эњтиромона хоњиш дорам, ки нисбати ин ќазия бетараф набошанд, дар ѓайри сурат аз чунин ранг гирифтани кор ноумедї ва дилсардии мардум нисбат ба њукумат афзоиш меёбад.


6

4 декабри соли 2014

Оќибати раќобатњо дар Осиёи Марказї сангинанд Феълан Русия талош ба харљ медињад, ки љойгоњи худро дар Осиёи Марказї њифз намояд, чунки ин љойгоњ ба тадриљ суст шуда истодааст. Масъала ба сиёсати дарњои боз бастагї дорад, ки аксари кишварњои минтаќа ба ин љанбаи сиёсати хеш авлавият ќоиланд, яъне дар баробари њамкорї бо Русия, натанњо бо ќудратњои дигари љањонї, њатто бо кишварњои алоњидаи шарќу ѓарб њам робита ва њамкорињоеро таќвият мебахшанд. Аммо суоли матрањ ин аст, ки оё ин тарзи њамкорї ба хотири нигоњ доштани тавозун аст ё мањрум нашудан аз кўмакњои билоивази Ѓарб? Дуруст аст, ки барои њифзи љойгоњ ё касби он дар Осиёи Марказї сармоя лозим аст ва чунин ба назар мерасад, ки ин гуна сармоя аз сўи Русия беш аз пеш камтар мегардад ё умуман ќатъ мешавад ва њоло мушкил аст хулоса кардан, ки ин коњиш пайдо кардани имкониятњост ё нољурињои Кремлин бо тасмимгирињои алоњида дар кишварњои минтаќа? Љабњагирињои нав Ба њар њол, бозињо дар љањон шакли нав касб карда истодаанду љабњабандињои наве низ эњсос мешаванд, бахусус дар пасманзари тањримњои Ѓарб алайњи Маскав, ки муносибати хешро бо Киев ба шиддат таѓйир додааст. Ин тањримњо њатто ба кишварњои Осиёи Марказї, бахусус Тољикистон аз нигоњи иќтисодї таъсир гузоштаанд, ки як гуна барои дарбозкунињои бештар барои касби нуфузи Ѓарб дар Осиёи Марказї имкон медињад. Аммо тарафи дигари масъала низ њаст, агар Маскав бо истифода аз фазои гароиши собиќаи афкори мардум дар лоињањои бузурги миллии кишварњои минтаќа сармояњои лозимеро пешнињод намояд, минтаќаро комилан зери нуфузи хеш ќарор медињад, дар ин сурат Ѓарб кўмакњои хешро камтар мекунад. Вале фикр мекунам, ин тарзи камкунињоро аллакай на Душанбе мехоњаду на Бишкек, њатто Тошканд њам. Бо таваљљўњ ба берун рафтани неруњои НАТО аз Афѓонистон сарфи назар кардани мушкилоти амниятї барои кишварњои Осиёи Марказї имкон надорад. Таљрибањо аз он бозгў мекунанд, ки бо берун рафтани неруњои низомии кишварњои ќудратманд аз кишвари алоњида, вазъият бадтар шудаанд ва ин

бадшуданњо њам бештар ба ду масъала рабт пайдо мекунанд: муњайё гаштани имконияти бештар ба нерўњои љангљў ва зид будани ќудрати берунрафта аз имконияти касби нуфузи ќудратманди дигар дар ин кишвар. Њамин аст, ки њам кишвари мавриди назар ва њам дигаре аз кишварњои осебпазир, ки кам њам нестанд, амнияти хешро зери хатар мебинанд. Дар њоле ки љангњо дар Ироќу Сурия шакли нав пайдо мекунанд ва шањрвандони кишварњои дуру наздик ба он љо љалб мегарданду бозгашт низ доранд. Пас кишварњои осебпазирро лозим меояд, ки њифзи амният, муњимтар аз њама боќї мондани худро дар ќудрати сиёсї тавассути Маскав умед банданд. Аммо бо таваљљуњ ба вазъияти пешомада дар Укроин, бахусус мавќеъгирињои Маскав дар муќобили Киев, режимњоро дар Осиёи Марказї ташвишу нигарон сохта, ки оё дар њолатњои номатлуб Маскав аз онњо њимоят мекарда бошад?! Ба њар њол, баъзе сару садоњои начандон баланди норизоиятї аз љониби режимњои алоњидаи минтаќа нисбати мавќеъгирињои Маскав ва диду боздидњои намояндагони Кремлин аз ин кишварњо нољурињои равобит миёни кишварњои Осиёи Марказї ва Кремлинро бозгў мекунад. Ин љо суоли дигаре матрањ аст, ки чаро Маскав беш аз пеш аз Остона њимоят мекунад, вале ингуна њимояткунињо дар мавриди Душанбеву Бишкек ва Тошканд ба назар намерасанд, агарчи ташрифи љаноби Путин ба Тошканд дар ин авохир дар назар аст. Пас интизор бояд шуд, ки чї мавзўъњое дар мулоќоти онњо матрањ мегарданд. Бо дарназардошти вазъияти феълї хулоса ин буда метавонад, ки мавќеъи Кремлин дар Осиёи Марказї дар њоли коњиш пайдо кардан аст. Њадди аќал ваќте мањдудаи Созмони њамкорињои иќтисодии Авруосиё густариш пайдо намекунад, ин худ баёнгари мављудияти мушкилот миёни кишварњои пасошўравї дар Осиёи Марказї ва Кремлин аст, бахусус дар савдои «Окно» дар Тољикистон ва берун кардани пойгоњи ИМА аз Ќирѓизистон, ки Маскав ваъдаи сармоягузорињои њангуфтеро карда буд барои Тољикистону Ќирѓизистон. Пас роњи ягона боз њам бармегардад ба сармоягузорињои Русия дар кишварњои Осиёи Марказї ва пардохти ваъдахилофињояш дар ин маврид. Агар ин корњо сурат бигиранд, Кремлин постгоњњои гумрукии хешро таќвият бахшида метавонад. Аммо то ба имрўз Кремлин аз фишанги дигар кор гирифтааст, баху-

www.nahzat.tj

дидгоњ

сус аз њузури густурдаи муњољирини тољику ќирѓиз дар Русия. Ахиран баъзе аз тасмимгирињо дар мавриди хориљ кардани 400 њазор муњољири тољик дар аввали соли 2015 эњтимолияти мураккаб шудани масъалаи иљтимоъиро дар Тољикистон афзоиш бахшидааст, дар њоле ки беќурбшавии сомонї ва ба шиддат боло рафтани нархњо дар бозори истеъмолї ошкор аст. Кор ба љое расида, ки маќомот дар Тољикистон бояд ошкор созанд, ки рушди кишварро аз кадом роњ мебинанд: аз роњи аввалї, ки Русия дар назар буд ё аз самти дигар? Оё майлкарданњо ба самти Чин амри табиист ё маљбурият ва оё Душанбе хешро бозингари бозињои калон мебинад ё онро ба ин бозињо мекашанд? Бале, хеле зиёд мешунавем, ки бояд мо дар Тољикистон тавозуни манфиатњоро нигоњ дорем, манфиатњои се ќудрати љањонї: Русия, ИМА ва Чинро. Аммо ин тавозунњо њамон гунае ки Душанбе мехоњад дар дигар кишварњои Осиёи Марказї ба њамин тарз сурат пайдо мекунанд? Фикр мекунам, ваќте њамбастагї дар миёни режимњои Осиёи Марказї вуљуд надорад, ин гуна тавонмандињои њифзи тавозун барои њамаи онњо номумкин мебошад. Агар майли бештар ба Пекин пайдо намояд, дигаре рў ба Ѓарб меорад, ки дигаре аз кишварњои берун аз мањдудаи Осиёи Марказї њам бо дарназардошти њамин майлкунињо мавќеъи хешро нисбати њар кишваре дар ин минтаќа муайян мекунанд ва ин вазъиятро мураккаб мегардонад. Пас ин љо зиракии сиёсї кор дода метавонад, ки аз чї барномањо њам манфиатњои давлатї ва миллиро њифз кард ва њам фоида ба даст овард. Ногузирии Душанбе Фикр мекунам, Душанбе дар њифзи робита ва њамкорї бо Маскав ногузир аст, аммо ин ногузирї ба маънои тамоми имкониятњои хешро ба домани Маскав рехтан нест. Ворид шудан ба њар созмоне њам, ки таъсиси он ба хотири ќудратхоњист, зарурат надорад, майлу њадафи ин созмонњоро бояд амиќ омўхт ва ба дарки он расид, ки дар дурнамо чї чизњо пеш омаданаш мумкин аст?! Оё ин воридшуданњои мухталиф истиќлолиятро зери суол ќарор намедињанд? Бале, дар дигар манотиќ, кишварњои

ру ба рушд дар заминаи њамкорї бо иттињодияњои ќудратманд манфиъат касб карда тавонистанд, аммо ин дар њоле буд, ки њамсоякишварњо дар интихоби иттињодияи ќудратманд њамшарикї нишон доданд. Аммо дар Осиёи Марказї чї? Ин љо масъала хеле фарќ мекунад, агар баъзе аз кишварњои минтаќа бо дарназардошти имкониятњои дохилї њамкорињои баробарвазнеро роњандозї карда тавониста бошанд, барои дигарњо, аз љумла Тољикистон мушкил буд роњандозии ин гуна њамкорињои баробар. Маскав аз ин нотавонї ё ниёзњои бузурги Душанбе њамчун шарики стротежї бештар манфиат бардошт. Њамин аст, ки то ба имрўз иќтисоди Тољикистон шакл нагирифтааст. Агарчи дар гузоришњои расмї аз коњиш ёфтани сатњи камбизоъатї гуфта мешавад, вале дар ќиёс ба болоравии нарх ва хурљини истеъмолї инро эњсос кардан мумкин нест ва аксари мардум дар њолати нодорї ба сар мебаранд. Феълан дар Тољикистон њама интизор доранд, ки кишвар вориди Созмони њамкорињои иќтисодии Авруосиё мешуда бошад ё њоло худдорї мекунад? Вале ин масъала суоли дигареро дар худ дорад, ки аз ворид шудан чї суд мебардорад ва агар худдорї кард чї? Ин масъала тањлилу тањќиќ ва тасмимгирињои дастаљамъиро таќозо мекунад, тасмимгирињое, ки дар он назари њамаи неруњои сиёсї гирифта шавад. Агар чунин пешнињод сурат бигирад, бояд тамоми неруњои сиёсї мавќеъи хешро дар ин мавзўи њассос ва љиддї ошкор намояд. Душанбе дар мавќеъгирињои хеш то ба имрўз дар мавриди ворид шудан ба Иттињоди гумрукї ва Созмони њамкорињои иќтисодии Авруосиё ба иштибоњ роњ надодааст. Аммо раванди суръатноки тањаввулотњо дар таъини сиёсатњои љањонї тўл кашидани ошкоркунињоро дар мавќеъгирии кишварњои кўчак номумкин мегардонад. Ба њар њол, дар шароити феълї кишварњои Осиёи Марказї, бахусус Тољикистон сиёсаташонро тавре барномарезї намоянд, ки дар њамкорї бо ќудратњои љањонї њадди аќал манфиати хешро бояд њифз намоянд, њоло аз касби манфиат чизе намегўям.

Њикматуллоњ Сайфуллоњзода, тањлилгари масоили сиёсї


www.nahzat.tj

4 декабри соли 2014

Њикоя

Ваќте ман зинда будам

7

(Њикоя)

Таќрибан нимаи дуввуми шаб буд ва осмонро абри сиёњ пўшонида, на ситорае медурахшиду на моњ пардаи торикиро медарид. Дар ин ваќти шаб ба хотири фардо субњ дар љашни арўсии фарзанди њамкор ширкат варзидан, ба зорию таваллои соњибхона нигоњ накарда, ба роњ баромадем. Азбаски шаб нињоят дер шуда буд, дар роњ њаракати мошинњо кам ба назар мерасид ва аз тирагии шаб дар равшании чароѓи мошин пеши рўямонро базўр медидем. Аз дењањои наздики роњ аз як ё ду хона равшании чароѓ хира-хира намудор мегашт ва нафаре аз њамроњон бо тааљљуб пурсид: Дар дењањо аввали шаб ду-се соат ва њамин миќдор ё камтар дар охири шаб барќ медињанду бас. Чаро дар ин беваќтии шаб дар баъзе хонањо чароѓ месўзад? Ронанда дар љавоб гуфт: Тавре суол мекунї, ки гўё дар Тољикистон зиндагї намекарда бошї? Ин хонањои одамони зўр, шефњо! “Ё тавбае, зўрњо одам будаанду дигарон... Аљаб дунёи бўќаламун, ин нобаробариву ноадолатињо, ќонуншиканиву ришвахорињо ва аъмоли дигари шум кай поён меёфта бошанд”, гуфт нафари њамроњамон ва идома дод, “аслан, кай буњрони бебарќиро пушти сар мекарда бошем? Ба кишварњои хориљ сафар карда, ободию озодї ва зиндагии осудаи дигаронро дида њавасамон меояд. Миллати мо на дар замони Шўравї зиндагии сарбаландона дошту на имрўз”. “Аксари мардуми мо њамин гуна дарду алам доранд”, сухани ўро буридам, вале... Ногањон мошин аз роњ берун рафта, аз љари баланде сарозер шуд. Њама доду фиѓон бардоштем, аммо дигар чї суд...? Садои “духтурљон, духтурљон, ёрї дињед, мемурад” гуфтани марде ба гўшам расид. Дар љавоб касе ба овози ќањролуд “соњибонашон набошанд, ман бо кї гап занам, инњоро љарроњї кардан лозим, пули дору ва њаќќу њуќуќи моро кї медињад? Аз оњанги гапаш фањмидам, ки духтури навбатдор аст. Њарчанд зўр задам, то бифањмонам, ки пули зањмататро худам пардохт мекунам, каме ба худ биёям, писарамро занг мезанам, омада њамаашро пардохт мекунад”, вале ёрои гап задан надоштам. Хеле кўшиш кардам, натавонистам. Як ваќт садои фораме гўшамро навозиш кард. Таваљљуњ намудам... ќории њамсоя болои сарам нишаста калимаи шањодатро талќин мекард. Аз забони ў гирифта ба дилам ин калимаро такрор

кардам, ки њангоми тандурустиям ба забон бисёр меовардам. Њамин лањза эњсос намудам, ки пирамарди њамсоя манањамро бо латтапораи сафед баста истодааст. Фарзандону хешу табор ва дўстону њамдиёрон, ки дар атрофам њалќа зада буданд, гиряву фиѓонро сар доданд... Њамаро мешунавам, мехоњам фарёд занам, ки зиндаам, гиря накунед, вале ёрои ба лаб овардани њарферо надоштам. Дар як лањза ѓалоѓула ављ гирифт, маълум кардам, ки мардуми зиёде љамъ омадаву маросими дафни маро гузаронданианд. Баъд аз он ки либосњоямро аз танам кашиданду болои тахт хобонда, болоямро бо матоъњои покиза пўшонданд, мардњо њама берун рафтанду даври маро занњо гирифта, гурўње дар мавриди њодисаи садамаи мошин суњбат мекард, ќисмате дар бораи кадом як мурдаи дигар, ки занаш аз ќањри он ки кадом ваќте зани дуввум гирифтаву дар болои сари шавњараш гиря накардааст. Њамсари маро месутуданд, ки аз сари субњ то њол беист гиря дорад. Чанд зани дигар њамсару духтаронамро тасаллї медоданд, ки рўзаш расидаву аз дунё гузаштааст, мо њамаамон мемурем, худатро њалок накун, шукронаи фарзандонатро ба љо биёр, Худо умри писаронатро дароз кунад ва монанди инњо... Ду-се нафар занони бадкору фоњишаи мањалла, ки шабњо худро орову торо дода, ба хиёбонњои шањр мерафтанд ва пайваста талош мекарданд, то духтарони мањалларо низ њамроњ баранд, ба чашмам расиданд. Ќариб нашинохта будам, зеро ваќте ман зинда будам, онњоро медидам, ки аз касе шарм надошта, бо сару соќи барањна мегаштанд. Њар зане дар њузури онњо аз рўсарию пойљома ва иффату покї суњбат мекард,

дар ѓоиб инњо сели нафрини зиёд болои ў мерехтанд. Вале имрўз аз чи бошад, ки рўсарињои калони сап-сафед ба сар карда, пероњани дароз пўшидаву пољома ба бар кардаанд. Шигифтзада шудаму ба худ гуфтам, мурдани маро чанд рўз шуда бошад, ки онњо ин ќадар дигаргун гаштаанд!? Во аљабо! Ё тавба, ё тавба... Ба замми ин, он љавонзане низ, ки муллои гузарамонро шарманда карда буд, ин љо њозир шуда. Муллои бечора бо сўзу гудоз ќисса кард, ки чанд љавони њузарби соњибмаќом ба василаи ин зан ўро фиреб дода, бо бањонаи дуохонї ба хонаи ношиносе бурда, хуб лату кўб карда, маљбураш намудаанд, ки дар болои сина ва болои шармгоњаш чизе нависад. Бечора мулло њарчанд изњор намудааст, ки ман ин корро намекунам, вале ўро мурданак лат карда дар дањонаш ким кадом навъи доруро ба зўр рехта, маљбур кардаанд, ки нависад. Ў ин корро чї гуна анљом доданашро худаш намедонад. Бадтар аз ин, онњо љойњои ба худашон даркории он воќеаро ба навор гирифта, аз телевизион намоиш дода, ўро бутун шарманда кардаанд. Барои ман шигифтовар он буд, ки ин зани расво њам сару либоси миллї пўшида ба мурдахона омадааст. Хостам як уффф... гуфта, оњи сард аз дили пурдард барораму фарёд занам ва бигўям: “Афтатон дар гўр, эй муљримони тардоман, аз хонаи ман дафъ шавед, шумо бадномкунандаи миллатед. Ин шумоед, ки душманони миллат рўи ин ќавмро пеши миллатњои дигар сиёњ кардаанд. Аз башараатон безорам”, аммо натавонистам... Худ ба худ андешидам, ки ваќте ман зинда будам, инњо тамоман дигар буданд, имрўз чї шуда, ки пўсташонро иваз намудаанд. Танњо њамин ќадараш бароям тасаллибахш буд, ки ди-

гар занњо ба инњо наздик намешуданд. Њар зане, ки инњо аз вай чизе пурсанд, бо як посухи кўтоњ худро канор мегирифт. Њамин дам писарону бародаронам омаданд, то љисми бељони маро бишўянд ва њангоми шустан мисле ки ба ман дарду аламашонро изњор мекарда бошанд, њарчи дар дил доштанд, миёни якдигар баён намуданд. Дарди дилро писарбузургам оѓоз кард: “Рањматии падарам дар зиндагияш такрор ба такрор таъкид мекард, ки ваќте аз дунё гузаштам, коре кун, то дар љанозаам ё њазрати домуллои устодат пеш дарояд ё худат. Агар дидї, ки нашуд, њаддал имкон талош намо, то њамин сархатиби масљиди ноњия пеш надарояд. Чї хел одам будани ўро ман наѓз медонам. Ў аз он муллоњоест, ки аќидаи солим надоранд ва пайваста мекўшанд лой бар рўи офтоб зананд. Њоло бошад, аз ноњия љонишини раиси њукумат, раиси танзим, раиси љамоат, се-чор милиса ва як љавони бадќавоќи мутакаббир, ки корманди кадом маќом буданашро намедонам, омадаанд. Ин бадќавоќ дам ба дам сархатибу раиси љамоатро ба наздаш бо ишораи чашм даъват карда, кадом супорише медињад, ки онњо бо сарљунбонї омодагии худро изњор менамоянд ва њар кадом мисли мурѓи посўхта, ба ину он тараф давида, ба лаббайгўёнашон бо гўшакї супориш медињанд, мисле ки љанозаи падарам як масъалаи муњими њукуматї бошаду аксари маќомдорони ноњия овораи њамин мавзўъ. Ба назар чунин мерасад, ки ба касе маљоли нафас кашидану њарф задан доданї нестанд”. Алами бародари калониям њам рў зад: “Мо ѓарќи ѓаму андўњи марги бародарему њукуматдорон ва имомњову сархатиби ноњия беќарор. Онњо аз чизе нигаронї до(Идома дар сањ. 13)


8

4 декабри соли 2014

www.nahzat.tj

мусоњиба

Мусоњиби навбатии мо, Мењмоншоњ Шарифов, яке аз љомеъашиносон ва унвонљўи илмњои инсоншиносии иљтимоъї дар донишгоњи Бергени Норвежиёст, ки чанде аз суњбату маќолањои ишон ќаблан њам аз тариќи «Наљот» ба нашр расиданд ва аз љониби хонанда хеле хуб ќабул гаштанд, балки дар шинохти фарњангу арзишњо ва љойгоњи мафњуми худї дар шаклгирї ва эњёи андешаи миллї таъсиргузор будаанд. Бовар аст, ки бо истифода аз суњбати навбатї ба бисёре аз масоил назарї ва амалї дар ин раванди њассос ва шаклгирии низоми бањсбарангези давлатдории тољик њам посух пайдо хоњед кард. - Кадоме аз њукуматњоро њукумати худкома ва диктаторї метавон гуфт? Таърифу тафсири ин гуна њукуматњо чигуна аст? - Масъала вобаста аст ба табиати сиёсат ва њаёти сиёсии њар кишвар, ки аз дигар љанбањои фаъолияти инсон фарќ мекунад. Фикр мекунам, ин љо «њукуматњои худкома ва диктаторї” гуфтан сањењ нест, «режимњои худкома ва диктаторї” мувофиќтар аст. Зеро дар ин гуна режимњо ќудрат сўистифода мешавад ё ба таври дигар, давлат ‘хусусї’ шудааст. Аз таљрибаи њукмронии як њизб дар даврони Шўравї хабар дорем, ки бо такя ба идеология ва террор љањонеро бунёд карда, «адолати иљтимоъї»-ро дар тамоми дунё барќарор кардан мехост. Њитлер њам њамин гуна маќсад дошт. Барои њамин режимњои диктаториро тоталитарї ё тамомиятхоњ меноманд. Бубинед, режимњои худкома, ки оѓози онњо аз нимаи асри 20 аст, то љойе ба ќудратњои тамомиятхоњ монанданд, вале дар баъзе маврид аз њамдигар фарќе низ доранд. Умумияти ин гуна шаклњои сиёсии давлатдорї ин аст, ки озодии фардият поймол шуда, иродаву ихтиёри як нафар болои мардум ѓолиб меояд. Мо аз манбаъњои зиёд медонем, ки дар солњои 30-уюм чи гуна дар заминаи фишору тарс ва ташвиќоти сахти болшевикию ваъдањои наљот аз шахсияти Сталин «ягонаи давр” сохта буданд. Чунин равандро дар њама режимњои худкома, махсусан дар режимњои худкомаи пасошўравї, мушоњида кардан мумкин аст, ки бо ёрии мошинаи таблиѓотии боќимонда аз даврони Шўравї, «ягонагони давр” сохта истодаанд. Дар он ваќт ин раванд дар дохили як њизб зуњур карду баъди марги Сталин, гўё аз таркиби он «тоза» гардид. Вале дар кишварњои пасошўравї тамоми кишвар ба њизб ва хољагии «ягонагони давр” ё худкомањо табдил ёфтааст. Аслан ин падидаест, ки дар сиёсатшиносї ва дигар улуми иљтимоъї хуб шинохта шудааст. Он чи дар мо ва баъзе аз дигар давлатњои пасошўравї мегузарад, бештар ба падидае наздикї дорад бо номи «режимњои султонї”. Вале, фикр мекунам, њар он чизе феълан мегузарад, агар мавриди тањќиќ ќарор бигирад, вобаста ба матни ин давлатњо сифату хусусиятњои нави режими худкомагиро пайдо кардан мумкин аст. Пас он чи дар ин кишварњо гузашта истодааст, барои бисёрињо, ба хусус барои мардуме, ки ин њамаро аз сари худ мегузаро-

над, номаълум боќї мемонад. Тавре дар тањќиќоти имрўзї дар бораи режимњои султонї менависанд, «вафодорї ва садоќат» ба роњбар яке аз сифатњои ин гуна режимњост. Арзиши аслї дар вазифа будан аст, он њам бовар доштан ба идеология ва шахсияте њамчун «нобиѓаи давр ва ягонаи дунё», чуноне дар системањои тамомиятхоњ шакл гирифт, балки аз

М. Шарифов:

Худкомагї муќобили рўи тарсу тамаъ зуњур кардааст. Дар чунин режимњо нињодњои љомеъа дуруст кор намекунанд, фикру дониш ва амал истењсол намешавад, зеро њељ кадоме аз ин нињодњо ихтиёр надоранд, ба љои онњо «ягонаи давр” кору фикр ва тасмим мегирад. Аз ин рў, дар чунин кишвару режимњои худкома «њазрат”-и фасод дар њама сатњ њукмрон мегардад ва масъулин, бахусус роњбарони нињодњо аз тарафи «ягонаи давр” интихоб мешаванд. Бартарї дар роњбарии маќомоти давлатї ба мардуми як минтаќа, дўстону наздикони «ягонаи давр” дида мешаваду халос. Њамин аст, ки тавре мебинем, ин гуна маќомдорон кўр- кўрона, дониста ё надониста, аз тарс ё тамаъ, ќудрату нуфузи як шахсро таблиѓ, њатто парастиш мекунанд. Њамзамон чунин муносибат ва бархўрдро аз дигарон талаб карда, љомеъаро комилан ба ихтиёри як шахс месупоранд. Бо ин васила, вуљуди фардият, дигарандешї ва мухолифони сиёсї аз байн меравад ва мардум њамон тавре дар ќудратњои тамомиятхоњ буд, ба ашёи хоми «ягонањои давр” табдил ёфта, зери њарфи онњо мераќсанд. Машруъияти ин гуна режимњо болои эњсосот ва бовари тўда ба «њаќќоният”-и роњи пешгирифтаи онњо асос ёфтааст. Режимњои худкома ё султонї пеш аз зуњури давлатњои пасошўравї дар дигаре аз ќисматњои сайёра, ба хусус дар Африќо вуљуд доштанд. Агар ин љо дар бораи шўњратталабї ва дигаре аз тарафњои зиндагии аъљубањои давр њарф занем, ќисса ба дарозо кашида мешавад. Њоло њаминро метавон гуфт,

ё «нардбони халќ ваќте ин ќавм ба ќудрат расиданд, дигар аз вазифа рафтанї нестанд. Аз гузаштаву бузургони миллат гўё ифтихор дошта, дар заминаи хароб сохтани сармояи фарњангї, мардумро зери бечорагиву ќамбаѓалї ва тањќир нигоњ медоранд. Бо ин роњ сармояи кишварро аз худ намуда, онро дар бонкњои хориљ нигоњ медоранд. Таќдири охирин диктаторњои африќої: Бен Алї, Ќаззофї, Муборак ва дигарон маълум аст, ки бо худи онњо ва сармояи мардум, ки аз худ карда буданд, чї шуд?! - Њукуматњои худкома аз чї роње ба ќудрат мерасанд: аз роњи табиї ё роњњои дигар, мисли љанг ва исёну табаддулот? - Фикр мекунам, мушкил дар мавриди чигунагии ба ќудрат расидан нест, балки дар раванди ба худкомагї табдил ёфтани низомњои давлатдорист. Роњњо гуногунанд, њатто иддае ба воситаи интихобот њам ба сари ќудрат мерасанд. Масалан, Дувалиер соли 1957 дар Њоитї, Фердинанд Маркос соли 1965 дар Филиппин, Ерик Гайрї соли 1967 дар Гренада бо роњи интихобот ба сари ќудрат расиданд. Ба ѓайр аз матни таърихиву шароитњои дигар худи шахсиятњо њам то љое дар шаклгирии низоми худкома наќш доранд, масалан, шахсияти Њитлер ё Истолин дар муайян кардани сифати амалњои ќудрат наќше доштаанд. Њардуи онњо шахсиятњои харизматик буда, наќшањои баланд доштанд. Вазъу шароити таърихиву

таблиѓї њам кори худро кард, онњо дар воќеъањои асри гузашта наќши сиёњи худро гузошта тавонистанд. Вале ин режимњо сохта мешаванд ва бо равандњои хос шакл мегиранд, муњим донистани он таркибњоест, ки дар шаклгирии ин падида наќш бозиданд, махсусан дар баъзе аз кишварњо. Бубинед, сабаб чист, ки имрўз фаќат дар мавриди мављудияти режими худкома дар Тољикистон њарф мезанему халос. Дар њоле ки ба гуфти Рањматиллоњ Зоиров ”худкомагї дар Тољикистон ѓолиб омадааст”. Фикр мекунам, баъд аз пошхўрии Шўравї, набудани фикри мустаќил ва фарњанги сиёсї, хунукназарї ба фарњанги гузашта ва феълї, озод набудан аз идеологияи марксистї – ленинї ва надоштани идеологияи алтернатив боис шуд, ки сиёсатмардони тољик як давлати солим ташкил дода натавонистанд. Аслан роњбарони сиёсї дар замони Шўравї кадом соњибихтиёрї ва дар тасмимгирињо наќши њалкунанда надоштанд, балки барои мустањкам кардани мавќеъи худ дар миёни минтаќањои дигари Тољикистон дар Маскав такягоњ мељустанд, њар амали носолими имрўзаро дар он замон касе намедид. Яъне нухбагони мо дар даврони Шўравї ба як табаќаи солими сиёсии миллї табдил наёфтанд, ки баъди пошхўрии импературї коре карда тавонанд. Шаклгирї зери таъсири афкори таърихї ва фарњангии устод


www.nahzat.tj

4 декабри соли 2014

мусоњиба Айнї ва Б. Ѓафурову дигарон нав оѓоз шуда буд, вале хеле суст ва дигаргуна, ки мардумро бозичаи дасти дигарон ќарор дод. Дар ин даврони њалкунандаи таќдир, тољикон фазои мустаќили аќлониву сиёсиро ташкил карда натавонистанд, вале суол ин аст, ки оё ин корро имрўз карда метавонанд? Агар ба фарњанги миллат назар андозем, худкомагї муќобили фарњанг ва тољикият аст. Зеро режимњои султонї аслан дар минтаќаи дигар вуљуд доштанд ва худи Вебер њам истилоњи «султонизм”- ро аз сулолањои исломии Шарќи Наздик гирифтааст, ки онро имрўз дар улуми иљтимоъї истифода мебаранд. Имрўз дар Осиёи Марказї шоњиди шаклгирии режимњое њастем, ки њама гуна сатњњои фарњангиро инкор мекунанд, њар гуна фардияту фикри мустаќилро мешикананд, њатто то мурдан аз ќудрат рафтанї нестанд, мухолифини сиёсиро намехоњанд. Вале боз њам дар сохтани љомеъа, барќарории иќтисодиёт ва ташкили бозори мењнат тавонманд нестанд. Инњоро агар аз рўйи матни шаклгирї ва таркибњое, ки дар сохтмони режимњо наќш доранд, таъриф карданї шавем, «сулолањои нафси бетарбият” номидан мумкин аст. Чаро сулолањои нафс, дар њоле ки

дааст. Мардум ба туда ва гадо табдил ёфта, президентро њамчун ‘шоњ’ ќабул доранд ва ‘шоњ’-аншоњњо низ ба ин розианд. Аммо бояд иќрор шуд, ки воќеъан, онњо шоњигарї доранд, на њукмронї. Аз тарафи дигар њамин нафси бетарбият, ки ба ќудрат расидааст, имрўз яке аз бањсњои калидии фалсафа ва сиёсатшиносии Ѓарб ќарор дорад. Дар яке аз китобњои охирини файласуф Деррида- ‘Њайвон ва Истиќлол’ (The Beast and the Sovereign), ин масъала ба таври васеъ матрањ шудааст. Он чи аз ин бањс омўзандааст, ин масъалаи њайвонияти инсон мебошад, махсусан ваќте дар њолати «ѓуломи нафс» будан ба сиёсат машѓул мешавад. Масъулиятро дар баробари мардум онњое дошта метавонанд, ки донишу таљрибаи солим дошта, дар вуљуди худ њамоњангии худї ва донишу ќудрат мављуд бошад. Аммо зимни бархўрд бо бисёре аз мансабдорон дар ботини онњо мардони донишу сиёсатро эњсос намекунї, чунки дунёву динро нашинохтаанд. Баъзан дар масоили динї бо сўњбатњои баду аъмоли ношоиста ва ба хотири «дар он сўи ќонун» ќарор доштан љазо намебинанд, балки омодаанд, ки њатто саволу љавоби охиратро дурўѓ бисозанд.

худ шоњидем, ки дар кишварњои пасошўравї чї мегузараду дар давлатњои африќої чї чизњое гузашта истодааст. Он чиро, ки бо номи «бањори арабї» ёд мешавад, аслан реша дар шароити бади зиндагии мардум ва сиёсатњои худкомаи ин кишварњост. Худкомагї болотар аз ќонун будан аст ва ќонунро барои манфиатњои шахсї дигар карда метавонанд. Аз як тараф, дар мо баъди пошхўрии Шўравї фарњанги зиндагї бо ќонун ва дар баробари ќонун баробар будани њама комилан фаромўш гардид. Тољикон ба фарќ аз дигар ќавму ќабилањои Осиёи Марказї мардумеанд, ки аз ќадим ба њукмронии ќонун бовар доранд. Вафодориву садоќат дар сатњи сиёсат ба ќонун буд, на ба шахсият, имон ба пулу моли њалол доштанд, на ба пораву њаќхўрии дигарон, инчунин дар бањс ба њаќќу њаќиќат такя мекарданд, на ба нуфузи шахс аз рўи вазифа. Аммо имрўз чї? Сиёсатмардону зиёиёни дар ќудрат ва наздик ба он, ин муќаддасотро ба як рамзи холї табдил дода, мардумро ба сатњи камбаѓаливу бечорагї ва ноумедї тела додаанд. Бешак, ин фољиаест, ки пеш аз њама љисман ва рўњан тољиконро мешиканад ва аз мављуди созандаву забардаст бу-

9

аст. Дигарњоро, мисли Бен Алї ва Муборак ба зўр аз ќудрат пеш карданд. Суол ин аст, ки чаро ин «ќавм» наметавонанд нињодњои солимро дар љомеъа барпо карда, мухолифини сиёсї дошта бошанду ба љавонон имкони ба сиёсат машѓул шуданро бидињанд? Чаро ин худкомањо љойро барои ягон сиёсатмадори љавони сазовор холї кардан наметавонанд, чуноне дар Бритониё, масалан Давид Камерон дар 37-солагї ба маќоми сарвазирї расид? - Фикр мекунам, режимњои худкома танњо аз як шахс иборат нестанд, шахси «ягонаи давр” зоњири ин низоми фасод аст. Ќисмати зиёди он мисли зањрпечак љо гирифта, љомеъаро хушк карда истодааст. Ин низоми фасод дар зиндагии њаррўзаи «ягонаи давр”-у атрофиёнаш, роњбарони вазоратњо ва тамоми нињодњои љомеъа, дар њамаи љанбањои зиндагї истиќлол пайдо кардааст, ин як. Баъдан њар киро атрофиён дар ин вазифа шинонданду аз ў ”ягонаи давр”, «наљотбахши башарият” ва «мусии ќавм” сохтанд, дигар имкони муќобили онњо рўирост рафтан аз байн меравад. Вале боз имкони дигаре пайдо мешавад, ки бо истифода аз «вафодортар»-у ‘содиќтар’-њо сафи атрофиён, онњое, ки ба низоми фасод

фарњанг ва арзишњои миллист ин мову манист…» «нафс” истилоњест ќуръонї ва дар фарњангу љомеъаи исломї унсури таѓйирёбанда ва њамеша ниёз ба тарбият дошта? Пояи мактабу маориф ва ташаккули шахсиятњо буд, ки вобаста ба донишу таљриба ба зинањои дигар мерасиданд. Яъне шахсият дар кадом соњае њаст, ба тарбият ва донишу илм ниёз дорад, то дар зинаи нафси њайвонї намонад. Вале садсолањои охир дар ин сарзамин, ба хусус баъд аз асри 15 сулолањое њукмронї кардаанд, ки бештар ба њарамсарої ва љангњои беохири њамдигарї машѓул будаанд. Барои машруъияти худ аз уламо истифода мекарданд, то дар бораи ќавме ташвиќот баранд, ки мардумро ба бечорагиву камбаѓалї ва мушкилоти фаровон расонидаанд. Бале, мардум ба уламо њама ваќт, њамчун ворисони Пайѓамбар (с) бовар дошт, вале уламои Осиёи Марказї дар ин садсолањо кадом фикри созандае надоштанд. Њанўз дар даврони туркњои салљуќї улуми заруриро аз мадрасањо берун кашиданд ва дарњо барои берун шудани Ибни Синову Ибни Рушд ва Берунињои нав баста гардиданд, баъд аз њуљуми муѓулњо рўњафтодагї, дунёбезорї дар тафаккури мардум ѓолиб омад. Тавре имрўз њам мебинем, новобаста аз мављудияти имкони шиносої бо фарњанги худ, њамоно унсурњои равонии асримиёнагї дар рафтору гуфтори мардум бедор шуда исто-

Фикр мекунам, ин рўйдод ба як тањќиќоти мустаќил ниёз дорад. Вале он чи дар ин бањс гуфтан мехоњам, ин аст, ки афроди дар сатњи роњбарият буда, ваќте ба ин маризї гирифторанду «ѓуломи нафс»-анд ва аз арзишњои мављуд барои амалї кардани истиќлолият танњо пулро мешиносанд, унсурњои дигари ин барнома: њаќиќат, дониш ва идеологияи тољикї, волоияти ќонун ба як гуфтугўи холї табдил меёбад, ки оќибат дар тањкими режими худкома наќши калидї мебозанд. - Њукумату њокимони худкома бо муљарради касби ќудрат, дигарбора онро рањо кардан намехоњанд. Муњлати муайянеро, ки Ќонуни асосї барои ифои вазифаи сардории давлат муайян кардааст, даѓалона таѓйир дода, барои чанд навбати ќудратњоњї, тамоми роњњоро истифода мебаранд, барои мисол, њокимони феълии бархе аз кишварњои Осиёи Миёна. Зеро Ќонуни асосии њар кишвари демократї давраи мушаххаси раёсатро таъин ва таъкид кардааст. Бо ин тарзи рафтор салобату шањомати Ќонуни асосї салб гашта, эътибору ќудсият ва авлавияту дастнорасии он ќурбони нафс ва љоњу мансабталабї мегардад. Ба назари Шумо њокимияти тўлонии як шахс болои љомеъа чї паёмад дорад? Паёмаде фољиавї! Аслан

дан, ба ѓулому зердасти дигарон табдил медињад. Фољиъаи дигар барои фарњанги баланди тољикон аст, ки эњтимоли аз даст рафтану эњё нашудани он вуљуд дорад. Бале, ин «ќавм»-и худкома то мурдан аз ќудрат рафтанї нест, зеро пеш аз њама худи «ягонагони давр”, мушкилоти равонї ва фарњангї доранд. Дар он нуќтаи таърихие, ки ба мансаб мерасанд ё «интихоб» мешаванд, имкону ќобилият, зарфияту дониш ва таљрибаи ба самти мусбат дигар кардани љомеъаро надоранд, чунки аз тарафи мањдудаву арзишњои сунъї рўи кор омадаанд. Яъне «бечора”- њои худкома сохтаи њолати буњронии худи љомеъаанд. Касоне, ки дар раванди табдил ёфтани њукумат ба режими худкома наќш доранд, бо дарназардошти мањдудаву маризињои худ ин мушкилотро њал карда наметавонанд, балки ба љойи рафъи воќеъии буњрон, онро нигоњ дошта, барои машруъият касб карданаш зањмат мекашанд. Низомњои фасод ва худкома њам дар атрофи шахси «мањкум» ба худкомагї шакл мегиранд. Аз ин рў, љойи таваллуду авлод, хешутаборї, њамшањриву њамкорї, њамкасбиву њамсабаќї, њамтабаќї ва чандин «њам”-њои дигар барои љойи худро дар ин низом пайдо кардан муњиманд. Ин як воќеиятест, ки арзишу идеяњо ва ормонњои аслии мардум дигар сабз шуда наметавонанд. - Бубинед, Роберт Мугабе, президенти Зимбабве аз соли 1987 то ба имрўз дар ќудрат асту 90 сол умр дорад, вале боз њам аз ќудрат рафтанї нест ва фољиъавї будани вазъи кишвар низ маълум

«хиёнат” карданї мешаванд, тоза мекунад ва ин як амали силсилавї ќарор мегирад. Дигар ин ки ин тарзи давлатдорї њељ гоњ аз тарс, макр, якдигарфурўшї, тамаъљўї ва фисќу фасод холї нест. Худкомањо агар «хоњиши рафтан» дошта бошанд њам, рафта наметавонанд, зеро атрофиёне, ки ўро «ягонаи замон» сохтаанду дар сояаш хуни мардум мемаканд, рафтанашро намехоњанд, чунки барои ин ќавм оќибатњои бад дорад. - Бархе аз тањлилгарону коршиносон табиати кишварњои тањти султаи тўлонии як нафарро мавриди омўзиш ќарор дода, ба натиљае расидаанд, ки ин ќабил њукуматњо бо маќсади гўл задани мардум, бештар ба масоили миллї руљуъ мекунанд. Яъне худро њомиву посбони арзишњои миллат љилва медињанд. Дар њоле ки садњо мушкили иљтимоъї аз ќабили љойи кор, афзоиши сатњи муњољират, бегазиву бебарќї солњо боз домангири мардум аст. Шумо бо ин фикру андеша мувофиќ њастед? - Бале, ин фикрњо воќеъият доранд. Бубинед, баъди пошхўрии Шўравї, њар њукумати ба сари ќудрат омада, вазифаи сангинеро бар дўш дошт ва инро касе инкор карда наметавонад. Љањоне, ки Шўравї ташкил карду аз байн рафт, аз нав барќарор кардан даркор буд. Мутаассифона, маризињои пинњонии даврони Шўравї болои аќли солим ѓалаба карда, боиси сар задани љанги дохилї гардиданд. Баъд аз ин љанг њам масъалаи ташкилу сохтмони љањони худї, мушкили асосї боќї монд. Фикр мекунам,

(Идома дар сањ. 11)


10

Њафтаи гузашта Маркази исломшиносии Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ дар њамкорї бо Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти ЉТ як конфронси илмїамалиеро зери номи «Ислом ва озодандешї дар фарњанги миллї» баргузор намуд, ки аз мавзўъњои матрањшуда зарурат ба муколамаи динї-дунявї эњсос мегардид. Дар конфронс дар баробари кормандони Маркази исломшиносї, масъулин аз МТС, Донишкадаи исломї, намояндагон аз ќишри рўњоният, Академияи илмњо, вазоратхонањои кишвар ширкат намуда, суханронї њам доштанд. Вале аз њама бештар мавзўи матрањ намудаи Муродуллоњ Давлатов, рањбари Маркази исломшиносї, тањти унвони «Бегонашавии динї ва њувияти миллї: мушкилоти озодандешї дар љомеъаи Тољикистон” бањсбарангез ќарор гирифт ва таваљљуњи њозиринро љалб сохт. Яке аз нуктањои аслии суханронии љаноби Давлатов ин буд, ки ў дар муќобили дин ќарор надоштани дунявиятро ба исбот расонидан хост: Дунявиятро бояд дар муќобили таассуби динї ва атеистї таъриф кард, чун дар Ислом озодандешї асл нест, балки фаръ аст. Бинобар ин, дин наметавонад асоси њокимият ќарор гирад, зеро дар дин ќудсият вуљуд дорад. Дар он љое ќудсият њаст, озодандешї вуљуд дошта наметавонад, инсон танњо дар сурати рањо шудан аз банди тамоми муќаддасот ба озодандешї мерасад. Рањбари Маркази исломшиносї ба људоии дин аз сиёсат ишора намуда, ин масъаларо ба ду бахши таърихї ва воќеъї таќсимбандї њам кард. Ба аќидаи ишон дар таърихи садри Ислом дин бо сиёсат гирењхўрда буд, вале воќеъияти имрўзии љањон исбот кард, ки дин ва сиёсат набояд ба умури њамдигар дахолат намоянд, чунки ин кор мушкилофарин аст ва набояд онњо боњам бошанд. Нуктаи дигари ишорашуда аз љониби

4 декабри соли 2014

www.nahzat.tj

мавќеъ

Домулло Маъруф: Озодандешї шак овардан ба Худо нест файласуфи маќомдор дар низоми давлатдории миллї ин буд, ки дин ва атеизм набояд асоси давлатсозиву миллатсозї ќарор гиранд: на дин асоси идеологияи давлат ќарор бигираду на атеизм. Аммо Ќамар Нурулњаќов, мудири шуъбаи пажўњиши исломи муосири Маркази исломї дар суханронии худ ба нуктањои аљибе ишора кард, ки њадди аќал шунидани онњо барои доираи тањлилгарони љавон бори аввал буд. Ба аќидаи ў, камари илмро Эмом Ѓаззолї шикастааст ва њоло њам натанњо муллоњо, балки гурўње аз зиёиён низ ин аќидаи Ѓаззолиро таблиѓ мекунанд. Ба бовари масъули Маркази исломшиносї, бояд як консепсияе ќабул шавад, ки озодандеширо аз такфир эмин бидорад. Маъруф Рањимов, ки њамчун домулло Маъруф шинохта мешавад ва имомхатиби масљиди «Сари Осиё” мебошад, зимни суханронии худ таъкид бар он дошт, ки озодандешї аз шак овардан ба Худо оѓоз намешавад ва дар муќобили дин низ ќарор надорад.

Аксари ихтироъкорон, аз љумла Нютон аз озодандешони динї буданд ва аз нигоњи усулї атеистон озодандеш буда наметавонанд, онњо барои давлати дунявї низ аз њама хатарноктаранд. Дар ин нишаст яке аз намояндагони Донишкадаи исломї низ суханронї намуда фикри домулло Маъруфро тайид карда гуфт, озодандешї дар Ислом асл ва арзишист. Бањси мазкур то ба љое расид, ки бархе аз ширкатдорон худро «дунявии атеист» њам гуфтанд, аз љумла Њафиз Бобоёров бар ин бовар буд, ки дунявият дар муќобили дин ќарор дорад. Дидгоњи ин файласуфи љавон бо файласуф М. Давлат дар ихтилоф ќарор гирифт. Аз раванди матрањи диду назар ва бањсњо чунин бардошт њосил мегардад, ки њадди аќал равзанаи гуфтугў ва муколама аз мањдудае дар њоли бозшавист, онро бояд падидаи мусбї дониста, дастгирї кард. Чанд сол ќабл тавассути як лоињаи хос чунин гуфтугў бо номи «Муколамаи динї-дунявї» роњандозї шуда, корњои зиёдеро низ анљом бахшид, вале бо

сабабњои номаълум чанд сол пеш ќатъ гардид, агарчи њамчун як ташкилоти љамъиятии «Академияи муколама» дар Вазорати адлия сабти ном њам шудааст. Роњандозї шудани ин гуна нишастњо аз љониби Маркази исломшиносї (ќаблан њам буданд ин гуна нишастњо), ниёз ба густаришу тавсеъаи муколамаи динї ва дунявї дар љомеъа эњсос мешавад. Ваќте бовару андешањо дар дохили дунявигароњо мухталифанд, пас дар миёни ќишри динї њам ин гуна ихтилофу назарњо љой доранд. Агар раванди муколама миёни намояндагони ин ду ќишр шакл бигирад, мутмаинан метавон гуфт, ки дидгоњу назарњо дар бархурди њамдигар роњи њамзистии мусолиматомезро барои љомеъаи пуртазоди Тољикистон шаффоф ва дурнамои онро ошкор хоњад кард. Љанбаи муњими бањс ин аст, ки дар чунин муколамањо тањаммулпазирї вуљуд дошта бошад, ки хушбахтона, онро дар ин конфронс дар сатњи лозим эњсос кардам.

Б. Ќаюмзод

Фасоду њаромхўриро мањкум менамоем Банда ваќте дар љомеъа мебинам, ки аксарият дар љустуљўи њалолкардањои Худованд нестанд, хостам дар атрофи њамин масъалаи доѓ каме рушанї андозам. Аввал, дар мавриди њаром будани истеъмоли моли мардум ба ноњаќ ва ба тоил. Худованд мефармояд: «Амволи худро ба ботилу ноњаќ (њамчун ришваю рибо ва ѓасбу дуздї ва ѓайра) дар миёни худ нахўред ва онро ба умаро ва ќозињо таќдим накунед, то аз рўйи гуноњ миќдоре аз амволи мардумро бихўред, дар њоле ки шумо ба ноњаќ будани он огоњ њастед», («Баќара»,188).

Ин њарфњо дастуре њастанд барои њамаи инсонњо ва набояд баъзе аз онњо моли дигаронро ба ноњаќ бихўранд, чун ин амал дар баробари зулм буданаш љинояте низ њаст нисбат ба шахси мутаљовиз ва дар умум љомеъа. Зеро њар љинояти фардї домангири тамоми афроди љомеъа мегардад. Њамин аст, ки Худованд амр ба истифода аз моли њалол мекунад, чунки он вањдатофарин буда, тазмини миллатро нишон медињад, ки афроди як миллат ба манзалаи як нафаранд ва моли баъзеи онњо моли њамаи љамъият аст. Аз ин рў, барои идомаи зиндагии миллат бояд њар инсоне дар њифзи молу љони тамоми љомеъа ќарор бигирад. Мутаассифона, имрўз ваќте аз Вазорати маориф дастур мешавад, ки китобњои дарсї барои хонанда то се сол ба иљора дода шаванд, вале

ин дастурро поёнињо дар назар намегиранд ва њатто аз китобњои соли бароришашон 2000 - 2011 пул меситонанд, ин дастдарозї ба љайби инсонњо нест ва оё ин пули њалол аст? Тавре Худованд мефармоед, «молро ба унвони ришва ба умарою масъулон ва судяњо надињед, то ба василаи додани ришва ба њокимон моли иддаи дигарро ба ноњаќ бихўред, дар њоле, ки медонед хўрдани ин мол ноњаќ аст?» Набояд бо василаи ришва, кўмаки ќозї ва дигаре аз масъулони давлат моли дигарон ба ноњаќ хўрда шавад, чунки ришва додан ба њоким, зулм кардан ба дигарон аст. Њаргиз њукми ќозї ё маъмури давлат њалолеро њаром ё њаромеро њалол намекунанд. Бародарону хоњарон, њамватанони

азиз! Биёед, дастаљамъона решаи зулм, ришва ва фасодро бо кўмаки Худованд аз байн бибарем. Дар њамаи ноњияњо идорањои дахлдор фаъолият мекунанд, аз онњо бояд истифода бурд. Падару модари азиз, ваќте моро маљбур ба ришва додан тела медињанд, бояд шикоят ба идорањои давлатї барем. Оё боре фикр кардем, ки пагоњ дар пешгоњи боазамати Худованд барои ин амал љавоб хоњем гуфт? Худоё, аз Тољикистони азиз, решаи пораву ришва ва фасодро аз байн бубар ва онњоеро, ки дар ин амал даст доранду ќобили њидоятанд, њидояташон бифармо, омин ё раббулоламин.

Муњаммаднабии Зоир


www.nahzat.tj

4 декабри соли 2014

(Идома аз сањ. 9)

мусоњиба

11

Худкомагї муќобили фарњанг ва арзишњои миллист

ё «нардбони халќ ин мову манист…» ин масъалаи бунёдї ва таърихї, инчунин воќеъияти имрўзаи Тољикистон низ њаст ва ба тањлили мустаќил ниёз дорад. Вале он чи ба бањси мо зарур аст, ин њукуматест, ки сари ќудрат омад ва солњои баъд аз љанг њам ба њалли мушкилоти бунёдї, масалан, ташкил ва мустањкам кардани нињодњои иќтисодиву иљтимоъї, фарњангиву сиёсї машѓул нашуд. Њатто гурўње нињодњои калидиро ѓасб карда, танњо ба сохтани њаёти худ ва наздиконашон машѓул шуданд ва аксарият зери шиори «рў ба рањми Худо” ќарор гирифтанд. Ин љо аз забони Хоља Њофиз метавон гуфт, ки «чун надиданд њаќиќат, рањи афсона заданд…». Яъне барои пўшонидани бе­ салоњиятии худ, дар њамин давраи таќдирсоз мардумро ба шиддат овораву мањкум ба ѓуломї сохта, ба тањќир роњ доданд. Онњо аз ду чиз њоло њам хуб истифода мекунанд: аз афсонагўї ва тарсонидан. Аслан зиёиёнанд машѓули афсонагўї, чун њанўз њам зиёї ва сиёсатмадори тољик, зери таъсири маризињои таърихї (авлодпарастї, мањалчигї, миллатчигии хушк ва зарарнок) ва фарњангї- равонї (истеъморзадагї, шизофренияи фарњангї ва манфиатхоњии шахсї), бо арзишњое, ки онњоро дар њаёт мављуди ќудратї месозанд, дар љанганд, ки ин барои расидан ба истиќлолияти фикрї ва аз он ба истиќлолияти комилро номумкин мегардонад. Аввалин ќиссае, ки мардумро бо онњо гўл мезананд, таърихро бо фарњанг муќобил гузоштан аст. Кўшиш мекунанд, ки љомеъаро ба бањсњои бебунёд, мисли «тољикият” ва « исломият” бикашанд. Мавзўи дигаре, ки аз он афсонаи нав мебофанд, рамзи мафњумњоест, мисли «инкишоф», «либерализм», «мардумсолорї», «бозори озод» ва ѓайра. Амали ин мафњуму мантиќњо дар воќеъияти имрўзии мо вуљуд надоранд. Раванди љањонишавї бењтарин шароитро барои инкишоф ба вуљуд овард, вале он бозингарони пухта мехоњад, бозингароне, ки дар асли хеш мустањкам ва бо дигарон муносибати баробар карда метавонанд. Бозингари аслї дар ин раванд давлат аст, вале давлат дар ин бозињои мураккаб ваќте муваффаќ мешавад, ки аз зиёиёни асил ташаккул ёфта бошад. Мутаассифона, њукумат зери таъсири ин маризињо танќиди созандаро ќабул надоранд, танќидро њамчун танќиди шахсият ё мањал медонад. Шояд њаќ њам бошанд, зеро сиёсат авлодї шуда истодааст. Аммо њамин танќиди созанда метавонист ба институтњои роњбарї ва илмїтањќиќотї имкони инкишофу пешравиро ба вуљуд биёрад. Раванди мазкур аллакай дар тањкими режими худкома наќш бозида, феълан њам ин наќшбозињо

идома доранд. «Зиёї” ба љои тафсири рўйдоду мушкилот ва пешнињоди роњи њалли воќеъї, бештар ба тафсифи нодаркор машѓул аст, ки боиси заъифшавии ќудрати воќеъї ва љомеъаи Тољикистон, балки мустањкамии режими худкома гашта истодааст. Масалан, ваќте дар бораи истиќлолият «њакимона» мегўянду менависанд, дидан мумкин аст, ки ин гурўњ ќобилияти шинохти рўйдодњои љомеъаро надорад, агар дошта бошад њам, љуръату љасорати гуфтани онро надоранд. Ваќте зиёї ин ќобилиятро надорад, чи љои шикоят аз он генерале, ки барои њалли як масъалаи љиної ба сари мардум лашкар мекашад ё он соњибмаќомњое, ки бо рўзноманигорон беадолатона дастбагиреб он мешавад. - Ќонуну њуќуќњои мардум дар замони њукуматронии тўлонии як элита то кадом њад дуруст татбиќ ва дифоъ карда мешаванд? - Маъмулан дар ин гуна режимњо, ќонун бозичаи дасти «ягонаи давр” ва гурўњњои наздик ба ў ќарор дорад, режимест, ки дар он «худї ва бегона” наќши асосї доранд ва ин наќшофарї ба дур кардани «дигарон» аз сиёсат ва берун донистани «дигарон» аз ќаламрави «ќонун» равона шудааст. Дар њар режими худкома, тавре дар боло ишора рафт, «худї»-њоро аз рўи арзишу мањдудањо ва шавќу завќи «ягонаи давр” муайян мекунанд , «Дигарон»-ро њам бо њамин усул аз рўи дурї ва бегона будан ба «ягонаи давр” муайян мекунанд. «Ќонун»њоро барои њимояи худ ва барои тарсонидани «дигарон» ва ба мањбас кашидани онњо истифода мебаранд. Чун дар ин кишварњо њолати буњронї вуљуд дорад ва њалли он торик, мардум њам ба ин раванд одат мекунанд, ба гуфти Мавлоно «одат ки ќадим шуд, табиъат гардад”. «Ягонањои давр” дар чунин шароит њаќќи доштани њарфи болотар аз ќонунро нигоњ медоранд. Дар бисёр кишварњое, ки режимњои худкома њукмронанд, зарурат ба муќовимат бо буњрон ва фасоду беадолатї лозим намешавад, зеро мардум ба ин њолати бўњронї одат кардаанд. Ин њамон њолатест, ки дар мо њам мардум дар њоли хў гирифтананд, гўё бояд њамчунин бошад ва онро ќабул карда истодаанд. Аљобат ин љост, ки равону чорчўбањои низоми идеологии Шўрави њанўз њам мустањкаманд, сиёсатмардон дар бораи мардумсолорї њарф мезананд, вале ба дигар корњо машѓуланд. Гўё хабар надоранд, ки чї сохтору љомеъае шакл гирифта истодааст. Њанўз њам «њолати фавќулодда” вуљуд дорад, яъне бештари мардуми тољик дар дохил ва хориљи кишвар дар њолати фавќулодда ба сар мебарад. Мардум ба таври табиї зиндагї намекунад, чи аз љињати равониву маънавї ва чї моддї зери фишору тазъиќ ќарор доранд. Ин њолат барои болотар аз ќонун амал кардани худкомањо им-

кон медињад. Мушкилот њал намешаванд, балки онњоро бо шиъорњо мепўшонанд ва њолати бўњронї заминаи машруъияти вуљуди режимњои худкома мегардад. Аслан ин њолатњо мудовим боќї намемонанд, аќл рўзе ѓолиб меояд ва мардум боз ба њам меоянду њокимияти ќонуну баробарии њама дар назди он амалї мешавад. Вале дар кишварњое, ки режимњои худкома шакл гирифта, њузури худро воќеъияти айнї сохтаанд, ин кор номумкин аст. Баъзан, тавре аз осорњои В. Бенљамин, К. Шмит ва Љ. Агамбен маълум мешавад, сиёсатмардоне њам пайдо мешаванд, ки моњияти «њолатњои фавќулодда»-ро дар даврањои нозарур њам лозим мебинанд. Яъне авлавияти сухану тасмими як нафар дар муќобили ќонун идома мекунад. Фикр мекунам, дар таърихи баъди љангии тољикон бояд њамин хусусият ва њолати фавќулодда дарк мешуд ва гузариши пурра ба як њукумати солим ба амал меомад, ки мутаассифона нашуд. Баръакс давлатмардоне, ки ба сари ќудрат омаданд, чорчўбањои сиёсї ва њаќиќати кўњнаро шикаста натавонистанд, њадди аќал ба ин чорчўбаи меросї моњияту маънии нав ворид накарданд. Сиёсат амали созанда ќарор нагирифт, балки ба як њарфи хушку холї табдил ёфт. Дар њоле ки сарчашмањо барои таъмини ѓизои маънавии сиёсат дар Тољикистон вуљуд доштанду доранд. Аз як тараф, ин сарчашмањо таљрибаи Шўравї ва донишу амалкарди Ѓарб аст, чун даъвои донистану доштани системаи арзишњои сиёсии онњоро дорем, фаќат шинохту амал лозим аст. Аз тарафи дигар, таърихи тафаккури сиёсии миллат дорои арзишњоест, ки барои таќвияти сиёсат ва сохтани

фард, љомеъаи мардумсолору шоистасолор кўмак карда метавонист. Вале њукмронии тарсу тамаъ ва таърифу тавсифњо кори худро карданд ва ин њамон нуќтаест, ки шаклгирии давлати худкома оѓоз меёбад. - Оё аз ќудрат канор рафтани њокимиятњои тўлонї бо чї роњњое имкон дорад? Фикр мекунед, шиъори њамаи онњо як аст: бо хун омадем, бо хун меравем? - Аслан роњи канор рафтанро худи худкомањо бунёд мекунанд. Мо ба чї таќдир мувољљењ шудани баъзе аз онњоро шоњид будем. Агар онњо дар раванди ба ќудрат расидан барои сулњу салоњ ва бунёди амнияти иљтимоъї ва њастии мардум коре мекарданд, шояд роњи рафтанашон дигар тарз мебуд ва бо номи худкома ёд намегаштанд. Дар Тољикистон њанўз фурсат њаст. Фикр мекунам, аз «бо хун омадем, бо хун меравем” набояд њарфи калидї сохт, агарчи паёми аслии њукумати ба сари ќудрат омада, «огоњ бошед, мо омадем ва ќонун моем ва њар кор, ки хостем, мекунем” буд. Фикр мекунам, ваќти он расида, ки ин сиёсатро дигар кард ва барои ояндаи худ ва фарзандон фазои солимеро бунёд гузошт. Касоне дар бунёди сулњ сањмдоранд, ваъдаву бахшиданњоро дар хотир доранд. Кўшиш бояд кард, ки амалњоро болои «бахшидану ба ваъдањо вафо кардан” бунёд гузошт. Ба истилоњ даврони тарс ва афсонагўињо гузашт. Ба гуфти њазрати Мавлоно: Нардбони ин љањон мову манист,... Оќибат ин нардбон уфтоданист. Лољарам он кас, ки болотар нишаст, Устухонаш сахттар хоњад шикаст.

Абдуќаюми Ќаюмзод


12

4 декабри соли 2014

Бандагони хоси Рањмон (љалла љалолуњ)

«Ва бандагони (хоси) Рањмон (љалла љалолуњ) касонеанд, ки рўйи замин бо нармї роњ мераванд ва чун љоњилон (беадабона ва нобихрадона) бо онњо хитоб кунанд, (дар љавоб) салом (посухи нек) мегўянд», (сураи муборакаи «Фурќон», ояти 63)

www.nahzat.tj

ину он

Хонандаи муњтарам, ба хотири рушду ташаккули дониши фарњангї ва тафрењи шумо нашрия тасмим гирифт, дар гўшае аз суњуфи худ суолњоеро њузуратон матрањ намояд. Худро санљед ва бањра гиред, хонандаи арљманд! Посухи даќиќи суолњо дар шумораи оянда мунташир хоњад шуд.

имтињон

1) Номи чанд паёмбар (а) дар Ќуръони карим зикр гардидааст? а) 25-то; б) 30-то; в) 15-то. 2) Мусо (а) бо духтари кадом паёмбар издивољ намуда буд? а) Юнус (а); б) Шуайб (а); в) Идрис (а). 3) Сураи муборакаи “Муњаммад” дорои чанд оят аст? а) 25 оят; б) 35 оят; в) 38 оят. 4) Модари њазрати Алї (р) чї ном дошт?

Шарњи мухтасар: Аллоњ таъоло дар оятњои ахири сураи муборакаи «Фурќон» сифоти бандагони хоси худро баён кардааст, то мо баъди хондан ва огоњ гардидан, худро бо он ороста намоем. Ибораи сифатии «Бандагони Рањмон»ро ањли тафсир ба маънои ифодаи шарофату каромат шарњ додаанд. Тарзи баёне дар забони арабї маъруф аст, ки агар шарофату каромати кас ё чизеро баён кардан хоњанд, онро ба кас ё чизи бузург нисбат медињанд. Ин љо низ айнан аз њамин таъбир истифода шудааст, яъне бандагоне, ки дар ин оятњо васф мешаванд, аз тоифаи шахсони оддї не, балки аз гурўњи бандагони хоси илоњианд. Дар ояти боло, ду сифати «Бандагони хоси илоњї» баён гашт, ки яке бо тарзи роњравию њаракати шахсї ва дигаре ба таъомули онњо бо дигарон таъаллуќ дорад. Калимаи «њавнан», ки дар матни арабии ояти карима барои баёни васфи роњравии онњо омадааст, муфассирон онро ба маънои «роњравии нарму бовиќор» тафсир кардаанд. Имом Ибни Касир (р) дар шарњи ин вожа чунин овардааст: «Яъне бандагони хоси илоњї њангоми роњ рафтан бо оромиву виќор роњ мераванд…, аммо њаргиз маънои ин оят тавре нест, ки онњо монанди заъифон ва бечоравор роњ гарданд. (Баръакс чунин тарзи роњгардї манъ аст). Наќл аст, ки њазрати Умар (р) мардеро дар роњ дид, ки чун заъифон ва бечоравор њаракат мекард, аз ў пурсид: чаро чунин роњ мегардї, оё беморї? Дар љавоб, не, бемор нестам, гуфт он мард. Њазрати Умар (р) бо дурраи даст (танбењан) ўро бизаду гуфт: бо ќувват гард». Сифати дуюми «Бандагони хоси илоњї» дар таъомул ва бархўрд бо дигарон ин аст, ки агар касе љоњилона, бе-

адабона ва бехирадона бо онњо бархўрд кунад, дар љавоб нармї нишон дода, мисли ў рафтор намекунанд. Ањли тафсир мегўянд, ин сифат дар тарзи таъомул бо љоњилон нишонаи њалим будан ва камоли аќли онњост, ки дар посухи бадї бо бадї рафтор намекунанд, аз хатоњои шахси љоњил гузашт мекунанд. Дарсњо ва ибратњо: - Мўъмин њиматбаланд мешавад ва набояд худро дар гурўњи бандагони оддї, балки вориди саффи «Бандагони хоси илоњї» ќарор бидињад. - Њангоми роњ рафтан бо виќор ќадам занад ва аз њолати сустиву кибр худдорї намояд. - Дине, ки њатто ба тарзи роњ рафтани шахс диќќат додааст, чигуна онро аз давлату дунё људо кардан ва донистан имкон дорад?! Ин андешањо оиди Ислом ва таълимоташ хурофоте беш нестанд. - Бо љоњилон набояд љавоби мисл дод, балки рафтори њалимона сурат гирад. Бо умеди ороста гаштан ба сифоти боло!

а) Марям; б) Фотима; в) Сумая. 5) Аввалин шахсе, ки дар Бухоро масљид бунёд кард, кї буд? а) Ќутайба ибни Муслими Боњилї; б) Умар ибни Абдулазиз; в) ЊорунаРашид. 6) Љазираи “Санофид” дар куљо воќеъ аст? а) Дар бањри Сиёњ; б) Дар бањри Сафед; в) Дар бањри Сурх. 7) Рустам, сарлашкари артиши Сосонињоро дар набарди Ќодисия кї ба ќатл расонд? а) Тилол ибни Амр; б) Њилол ибни Алќама; в) Нуъмон ибни Муќрин. 8) Калимаи “Иброњим” дар забони ибрї, чї маъно дорад? а) Падари мењрубон; б) Падарбузург; в) Падари бо хирад. 9) Барроъ ибни Молик (р) дар кадом ѓазва ба шањодат расид? а) Зотуссалосил; б) Ярмук в) Тустур; 10) Поётахти Норвегия кадом шањр аст? а) Дублин; б) Загреб; в) Осло

(Идома дорад) Абдуллоњ Оќилзода

Љавоби суолњои Шумораи гузашта: 1)в 2)а 3)б 4)а 5)б 6)в 7)в 8)а 9)б 10)в


www.nahzat.tj

4 декабри соли 2014

(Идома аз сањ. 13)

њикоя

Ваќте ман зинда будам

13

(Њикоя)

ранд, гўё бори вазнине ба дўш афтода, ки худро озод намебинанд. Мисле ки дастури ќатъї гирифтаанду агар онро анљом надињанд, њамаашонро касе ба дор мезада бошад, як дам ором намегиранд. Сархатибу дигар имомњои думрави онњо чанд бор ба ман гуфтанд, биёед ба њамин оромї мурдаро тезтар бардорем. Аз боло амр шудааст, дер шавад ба мо њам гап мерасад. Ман њарчанд гуфтам, ки мо љанозаро баъди намози пешин эълон кардаем, пеш аз он бардорем, хешу табори рањдур расида омада наметавонанд ва ба замми ин ќабр њоло омода нест, вале њамоно исрор доранд. Ё тавба, аљаб замоне, њатто мурда озод нест, чї расад ба зиндањо.... Ба дил гуфтам: Ё тавбае, солњост, ки фарзандони мардум дар муњољират дар диёри бегона ранљ мекашанд, њар рўз садњо нафар аз Русия беруни дар карда мешаванд, вале мижаи як роњбаре аз нињодњои њукуматї хам намехўрад. Ягон маќомдор ѓами ташкили љойњои кориро дар дохили кишвар надорад, таълиму тарбия дар муассисањои таълимї дар сатњи паст ќарор дорад. Имрўз бинед ахлоќу одоби мактаббачагон ба куљо расидаву то љое кор аз кор гузашта, ки мактаббачча даст ба куштор мезанад. Наврас аз обрўи падари маќомдори хеш истифода карда чи корњое намекунад. Дар мавриди кишоварзон њољати гап њам нест. Аз истиќлолияти кишвар 22 сол сипарї шуд, вале ба љои ба хонаи даъватшавандањо даъватнома фиристодан, мисли роњзан љавононро аз кўча облава мекунанд. Монанди ин садњо масоилест, ки њукуматдорон бояд љињати њалли он саъю талош ба харљ дињанд. Вале масъулеро наметавон пайдо кард, ки сари ин масоил ба таври љиддї фикр кунад. Ба љои андешидан сари ин мушкилот аз масљиду минбари хатиб, имоматии масољиди панљваќта, њаљљу умра, мурдаву љаноза, мавлуд ва тўю худоињои мардум як масъалаи муњими њукуматї сохтаанду њама аз ќафои он овора...” Њамин тавр фарзандону бародаронам зери тазйиќу фишор маро болои тобут нињода, тобутро аз дари хона берун оварда, дар замин гузоштанд. Доду фиѓони фарзандону хешу таборам ба фалак печид, чун лањзаи видоъи вопасин фаро расида буд. Њамин дам шахсе ба назди тобут омад, ки ваќте зинда будам, ўро чашми дидан надоштам. Ин њам ба хотири он ки мўйсафеди њамсоя барои ба љо овардани њаљљи Хонаи Худо шаш сол саъю талош кард, нињоят соли гузашта баъди интизории зиёд ва гузаштан аз дањњо суњбати санљишии идоранишинњои њукумати ноњия номи ўро дар рўйхати зоирон навиштанд. Пули муайяншударо њам ба бонк супорид. Ин одам ба кадом шахси “калидї”-е ришва дода, мўйсафедро аз сафари њаљ

гардониду ба љои ў ба њаљ рафт. Њаќќи мўйсафедро бо њамон шахси калидияш поймол кард. Ба болои сўхта намакоб, дар чандин љо бо ифтихор порадињиашро ќисса карда, мўйсафедро бефањму содда ва ноуњдабаро ва худро чолоку кордон ќаламдод намуд. Ана њоло пероњани сафед, ба ќавле пероњани њољигї дар бар омадааст, ки тобути маро њамчун шахси табаррук “бисмиллоњ” гуфта бардорад. Бо дидани ў мўй аз танам боло шуд. Хостам фарёд барораму зањри диламро бар сари ў бирезам ва “дафъ шав, ту њољї нестї, беинсоф, садќаи Хонаи Худо шавї” гуфта, ба синааш як лагад фурорам. Њарчанд зўр задам, на поямро љунбонда тавонистаму на забонамро. Тобутамро бардошта то масљид бурданд, ногоњ садои даѓали милисаи ношиносе баланд шуд, ки ба сари наберањоям дод зад: “Шумо аз ин љо дафъ шавед, бачањои то 18-сола њаќќи ба масљид омаданро надоранд!” Наберањои дўстрўякам, ки аз шиддати дарду ѓам мегиристанд, ба дуѓу пўписаи милиса эътиное накарданд. Аз бефаросатї ва бесаводии милиса њам дилам шадидан ба дард омад. Ваќте зинда будам, ин гуна рафторњои нодурустро дар љояш љавоби дандоншикан медодам. Њоло дигар чї илољ, њарчанд зўр мезанам, ки бигўям: “Бирав, аввал ба ќонунњои худ дурусттар ошно шав, баъд гап зан”, вале овозам намебарояд. Баъди тобути маро ба замин нињодан сархатиб чанд љумлаи обшуста гуфта, маро ба дили худ таъриф њам кард, сипас хост болои љойнамоз барояд. Дар њамин њол писарбузургамро дидам, ки ба назди ў омада, бо садои паст ва барои мардуми њузурдошта ношунаво хоњиш кард: Мебахшед, падарам васият карда буд, ки дар љанозааш устодам, њазрати Домулло, пеш дарояд. Њоло шуморо розї мекунам, њаќќу њуќуќатонро чанд баробар зиёдтар медињам, анде иљозат дињед устодам пеш гузарад. Илтимос, падарам васият кардааст. Ў бошад бо кибру ѓурур: “Аввалан, васияти мурда ботил аст. Дуввум, моро калонњо сахт таъкид кардаанд, ки дар ягон љаноза пеш даромадани њазрати Домуллоро нагузорем. Вале писарам пофишорї кард, ки агар њазрати Домуллои устодамро нагузоред, аќаллан монед худам пеш гузарам. Њамин ваќт аз гуфтугўи онњо он љавони бадќавоќ нигарон шуда, ба гўши раиси танзими ноњия чизе гуфт ва ў бо шитоб назди онњо рафт ва ба худ њолати ѓайритабиї гирифта, ба сўи писарам чашмонашро ало карда, бо хушунат оби дањон парронд: Гапи бењуда назан, ман ягон домулло помуллоро намегузорам, фањмидї!” Сипас ба сархатиб нигоњи тунде

карду дар гўшаш пичиррос зад: Ноуњдабарои ањмаќ, чанд бор гуфтам, ки ба гапи њељ кас гўш накун, ин њаќќи туст, напурсида пеш даромадан гир! Дониста бош, агар њамон домуллои гуфтагияшон пеш гузарад, ту њамин њозир аз вазифа дафъ мешавї, гап тамом. Сархатиб ду даст пеши бар гирифта бо як зиллату хорї “хуб шудааст раис, хуб шудааст раис” гўён болои љойнамоз баромада, “ба ният бошед” гуфт. Ба ростї, дилам ба писарам ва ин домуллои сархатиб, агарчи дўсташ намедорам, сўхт. Ба дил гуфтам: Ё Аллоњ, наход ба хотири вазифа як шахси бо каллаву салла ба ин гуна зиллату хорї тан дињад!? Куљо шуд номуси имонї, ку он ѓурури исломї! Оё њамин њам мусалмонї шуд? Аљиб он буд, ки онњо љаноза мехонданду ман норозї ва ба худ мегуфтам: Ваќте зинда будем, љанозаро соњиби маййит роњбарї мекард ва дар њаќиќат њаќќи мусаллами ўст. Њазрати домуллоро нагузоштед, аќаллан монед, писарам љанозаи маро хонад. Баъд аз љаноза, ки на танњо аз он роњат накардам, балки аз он хушам наомад, ќисме аз мардум тобутамро бардошта ба сўи ќабристон њаракат карданд. Тобутбардорон низ маро ба тааљљуб оварданд, танњо 5-6 нафар аз роњи калон ба тарафи ќабристон мерафтанду дигарон ба бероња, ба даруни хасу хор ва лою гил. Ба дил гуфтам: Аљаб, ваќте ман зинда будам, мардум ба роњи калон ба сўи ќабристон мерафтанд, ба љуз дар њолатњои ноилољї. Бо машаќќати зиёд маро ба ќабристон расонданд. Худоро шукр гуфтам, ки он љавони бадќавоќ, раиси танзим, раиси љамоат ва сархатибу имомњои

дигар ба ќабристон наомаданд. Ба дилам гуфтам: Сипос Худоро, аќаллан дар сари ќабрам ягон домуллои дўстдори худам “Таборак” мехонад, њаминаш њам ѓанимат аст. Баъд аз гузоштани љасадам дар ќабр, садои форами тиловати Ќуръон ба гўшам расид, хушњол шудам, чун ќории њамсояамон тиловат мекард. Пас аз тиловат њазрати домулло-устоди писарбузургам дуъо карданд, дуъои нозанин. Аз дил гузарондам: Љонам фидоятон, донишмандони вафошиъору огоњ ва чашму чароѓи мо, пешвої њаќќи шумост. Худо њиммати шуморо зиёд кунад, чун ба илматон амал мекунеду дини Худоро бо дасту дандон нигоњ медоред ва ба шайтон иљоза намедињед, ки шуморо ба доми худ кашад. Ваќте зинда будам, мардум ин зумра олимону ќориёни якрўро дўст медоштанду эњтиром мекарданд, вале имрўз...” Њамин ки мардум дуъову фотења карда рафтанд, ба худ омадам. Овоз бароварда, фарёд задам, ки ман зиндаам, биёед аз ќабр берун оред маро. Вале њељ садое нашунидам, њама љо тираву тор, ба њар тарафе даст мезанам, ки ќабрро бо нохунњоям канда берун равам, наметавонам. Дањшатзада шуда фарёд кашидам: Ман зиндаам, маро берун оре-е-ед! “Додош, додош, эй додош, Шуморо чї шуд? Додош, ба худ оед, охир” гуфтани њамсарам маро ба худ овард. Чашмамро кушода дидам, ки дар бистари хобам. Баъди ба худ омадан шукрона кардам, ки ин њама дањшат дар хоб будааст.

Ањмад Шариф


14 Наљиб аз падар ва модар дар хурдсолї ятим монд. Амакаш Њабиб ўро ба тарбияти худ гирифта, њамроњи писараш Адиб нигоњубин мекард. Гарчанде рафтори амакаш нисбати фарзанди бародараш дилсўзона буд, занаш Фитна (занони дењ ўро њаминтавр ном мебаранд) ўро чун ангушти шашум мешуморид. Муносибаташ сарду золимона буд. Ў дар назди шавњар худро нисбати Наљиб ѓамхору дилсўз нишон дода, дар ѓайб ба ў чї ситамњоеро раво медид. Ин кўдаки чорсоларо бо шаппаи бедї ё тутї дар пушт ва ронњои пояш чунон мезад, ки чун шафаќ сурх мешуданд. Тарс ва вањми Фитна ба дили ин кўдаки маъсуму бегуноњ чунон таъсир гузошта буд, ки доимо њаросон буд. Шабњо дод зада, аз љояш мехест. Њамин ки овози Фитнаро мешунид, чун муши мурда ором мегирифт. Наљиб як љо бо фарзанди бародари падараш, Адиб зиста калон ва дастёр гашт. Ташвиши Наљиб бо бузург гаштанаш дучанд мегашт. Акнун ў барваќт аз хоб хеста, говњоро ба тавила мебурд. Дар бозгашт дар пушт њезум ё дарзаи коњ ба хона меовард. Таги пои бузу гўсфандро тоза карда, коњу об медод. Сипас бо оњанги зиндагї «баѓ-баѓ»-у љаѓ-љаѓ»-и «бастакор» Фитна гўш дода, ба сари дастархон менишаст. Аз шавќу суруди бачагї бенасиб монда буд. Гоњо аз амакаш њам дар заминаи фитнањои Фитна гап мешунидагї ва аз сабаби серкорї аз дарсњо њам ќафо мемонд. Либосњояшро худаш мешуст, ин њоли вазнин ўро ба танг оварда, рангаш зарду дар рўяш хун намонда буд. Фитна хунашро чун кайк мемакид. Роњбари синф Савригул Набиева аз ин њолати ногувор ва мушкили шогирд пай бурда, барои кўмак дасту остин барзад. Барояш асбобњои хонишро муњайё сохта, аз ошхонаи мактаб бо хўрок таъмин менамуд, дар рўйхати кўмакгирифтагони мактаб њам номнависаш кард. Шахсонеро ёфт, ки дастгирию сарпарастиаш мекарданд.

4 декабри соли 2014 ину он

Бадї ва оќибати он

Љуссаи лоѓари Наљиб таѓйир хўрда, оњиста-оњиста љон мегирифт. Рўњияи Наљиб аз кори муаллима болида мегашт ва мехост аз хонаи амак фирор намуда, ба хонаи муаллимааш омада, модаргўён худро ба оѓўшаш андозад. Аммо бо чї тарз анљом додани ин корро намедонист. Соли тањсил њам ба охир расид ва Наљиб имтињонњои аз синф ба синфгузарониро бо бањои хуб супорида, ба синфи њафтум гузашт. Ба таътил баромад ва таътил барояш истироњат нею бало шуд. Амакаш њам ба муњољират ба Русия рафт. Сї сар гўсфанду буз, чор гови ширдењи богўсола, ду буќаи агрономии занљирбанд, се ќушќори њисорї, дарав ва дарзабандињо, чобуќу обмонии замини хољагии дењќонї, аз њама бадаш “симфония”-и Фотима ба дўши Наљиб бор шуд. Адиб мехост ба Наљиб ёрї дињад, аммо модараш сари роњ мешуду намегузошт, ки писар дасташро ба оби хунук занад. “Мон бесоњиб корњоро кунад, нони муфт хўрда метавонаду кор карда не”, гўён оби чашми Наљибро мерезонд. Ин муносибати шум ва берањмонаро њамсоя, холаи Аноргул дида, ба Фитна гуфт: Њамсоя, бо ятим чунин муносибат хуб нест ва чунин муносибат оќибати бад дорад. Медонї, рўзе як марди бадкор лаѓжида дасташ ба саргини гов задааст. Ваќте аз замин хестан мехоњад, дар наздаш ятиме пайдо мешавад. Он мард дасти ифлоси худро ба мўи сари ятим пок кардааст. Ятиме, ки њељ гоњ навозишро надида буд, гумон карда, ки он мард ўро навозиш мекунад ва аз ин кор шоду масрур шудааст. Вале ба њамон ќадар мўе, ки аз зери дасти он мард гузаштанд, аз Худованд навозиш гирифтааст. Зеро он мард амале нишон дод, ки ятими гирён ханда кард. Барои њамин гуфтаанд: Њар кї хандонад ятими хастаро, Боз ёбад љаннати дарбастаро. Сухани холаи Аноргул ба ин љо расида буд, ки Фитна ба шўр омада, бо ќошу ќавоќи гирифта дод зад: Рав ин насињатњоро дар хонаи худат кун. Тавба, аз љумъа то љумъа њама мулло шудаед. Гум шав, афту башараатро

Ёдоварї

Дар ин матлаби хеш аз њаёту фаъолияти собиќадори љангу мењнат, марњум Њайдар Рањимов чанде аз хотирањои хешро ёдрас шуданиам. Бобои Њайдар соли 1914 дар дењаи Олучабулоќи собиќ ноњияи Кангурт чашм ба олам мекушояд ва чанде баъд оилаи онњо ба Кўлоб кўч мебанданд. Ў соли 1932 ба хидмати аскарї даъват шуда, соли 1939-ум дар љанги Финландия иштирок кардааст ва баъд аз оѓоз ёфтани Љанги Бузурги Ватанї (1941-45) дар фронтњои 1-ум ва 2-юми

www.nahzat.tj

Украина љангида, соли 1944 аз як дасташ тир мехўрад ва њамчун маљрўњи гурўњи 2-юм баъд аз 12 сол ба хона бармегардад. Љои тазаккур аст, ки ў фаъолияти мењнатии худро мањз аз соли 1944-ум дар идораи хўроки умумии шањри Кўлоб њамчун шашликпаз оѓоз карда, то соли 1976 онро идома медињад. Бобои Њайдар бо њалолкорию мењнатдўстї ва муомилаи хубу самимиаш миёни мардуми Кўлоб бо исми «Њайдаршашлик» шинохтаву мавриди

набинам”, гуфт Фитна додзанон ба холаи Аноргул. Аз миён чанд рўз гузашт ва Адиб, писари Фитна ба дарахти себи дари хона баромада себ хўрдан хост. Себро канда, бо завќ газиду ба хўрдан сар кард. Њамон шохе, ки Адиб болои он меистод, шикаст ва ў сарозер ба замин афтода, аз њуш рафт. Фитна аз чунин ранг гирифтани кор фарёд зада, назди фарзанди аз њуш рафта ба гиря даромад. Њамсояњо љамъ шуда баробари Фитна гиря мекарданд. Амриддин, шавњари холаи Аноргул Адибро ба мошинаш ба беморхонаи марказї расонд. Баъди муоина маълум гардид, ки обхўраки бача шикаста, са-

раш њам сахт лат хўрдааст. Вайро дар шуъбаи эњёгарї хобонданд ва Адиб баъд аз чор рўз чашмонашро кушод. Табибон кори аз даст меомадагиро анљом дода, ўро ба по хезонданд ва ба шуъбаи умумї гузарониданд. Модар сари болини фарзанд истода, амалњои ба Наљиб раво дидаро аз пеши назар мегузаронид ва худ ба худ изњори пушаймонї ва маломат аз он мекард, ки боре ашки ятими хонаашро пок накард, аз оњи ятим натарсид. Оќибаташ њамин аст, афсўс....

эњтиром ќарор дошт. Агар ин касбро аз устоди самарќандиаш Бобои Самеъљон омўхта бошад, аз худ њам шогирдони зиёде тарбия кард. Ин марди наљиб дар њамсоядорї њам муомилаи хуб дошт ва пайваста хайру эњсон мекард. Тибќи њадиси Пайѓамбар (с): Њамаи корњо вобаста аз ният аст, амал карда, бо уламои ваќт робитаи зич дошт ва дар хидмати онњо буду дуъоњояшонро мегирифт. Ишон њамаи фарзандони хешро доди Худо медонист ва барои дарёфти илм ташвиќашон мекард. Њамин буд, ки ќариб њамаи онњо соњиби маълумоти олї буданд ва дар љодањои мухталиф номбардори падар.

Бобои Њайдар соли 1976 дунёи фониро падруд гуфтааст ва њоло аз љавонони тољик даъват мекунам, ки аз њаёту корнамоињои ин марди шуљоъ сабаќ гирифта, аз худ созандагї нишон бидињанд ва бањри њифзи марзу буми Ватан омода бошанд. Ќасд аз навиштани матлаби мазкур њам васфи ин марди шариф ба хотири 100-солагии ў ва таљлил аз 70-солагии рўзи Ѓалаба бар фашизм аст. Аз Худованд таманнои онро дорам, ки макони охирати бобои Њайдарро љаннат гардонида бошад.

Мирзорањмат Давлатов, ноњияи Панљ

Ф. Зарифї, ш. Кўлоб


www.nahzat.tj

4 декабри соли 2014 адаб

Эй чархи фалак, харобї аз кинаи туст, Бедодгарї шеваи деринаи туст. Эй хок, агар синаи ту бишкофанд, Бас гавњари пурќимат, ки дар синаи туст.

Умари Хайём Оре, агар ба њаќиќат заминро бишкофанд, дар ќаъри он ќиматтарину мањбубтарин махлуќоти љањонинсонњо мадфунанд. Аз љумла, яке аз чунин љавоњири пурќимату нодир Мавлавї Љунунист, ки анќариб якуним аср ќабл як гўшаи хоки ватанро манзили охирати худ ќарор дода буд. Номи аслии ин бузургмард Саидќаландар ибни Шоњсоњиб буда, соли 1800 дар дењаи Ќандањори Афѓонистон дар хонадони саидзода чашм ба олами њастї кушодааст. Эшон аз ањли тариќат ба дунё омада силсилаи хонадонашон ба хонадони поки нубувват рафта мерасад. Њарчанд дар Ќандањор ба дунё омада бошад њам, аксари умри худро дар водии Њисори Шодмон гузаронидааст ва маќбараи ў дар дењаи Неликони дењоти Роњатии ноњияи Рўдакї воќеъ аст, Аз саидоти Пушанги Ќандањор, Шуд Ватан-маљрои умраш дар Њисор. Аз ашъораш маълум мешавад, ки ў аз модар яке буда, бародарони дигараш аз дигар модар будаанд ва бо сабаби соњибилм ва закї буданаш мањбуби падар гаштааст ва ќиблагоњ њанўз дар ваќти дар ќайди њаёт буданаш ўро љонишини худ барои шогирдонаш муаррифї мекунад ва хосатан яке аз бародаронашро сахт расида, ба ў љафоњо раво медорад:

Љунунї дошт як љоњил бародар, Падар яке људо аз рўйи модар. Ќаландаршоњ бо вуљуди хонаву зану фарзанд доштан баъди вафоти падар ба сафари Маккаву Мадина-равзаи Паёмбар(с) ва ќадамгоњи авлиёи Баѓдоду Димишќ ва шањру кишварњои дигар рафтанд ва умри худро сарфи бањри бепоёни ишќи Њаќ ва бањрабардории хоки поки азизони роњи тариќат менамояд. Аз ишорањои њазрати Мавлавї чунин бар меояд, ки вай ба сафар аз мулки Њисор баромада буд. Агар чунин намебуд, ў Њисорро ватан намегуфт ва аз муридони њисории хеш ба њайси њамватанони чашминтизор ёд намеовард: Шаб даромад як азизе дар назар, Пеш омад, кард оѓўш чун падар. Бўса карда, гирявар шуд пеши ў, Рехт милњи тозае бар реши ў. Гуфт: «Кун азми Ватан, эй љони ман», Интизоронанд сўят дар Хутан. Хуми май пур шуд, биё, аз љой хез, Ќатрае дар коми њар муштоќ рез. Гар ту фарзандї кунї бо Мустафо, Дар тариќат гумрањонро рањнамо. Мекунї хушнуд гар рўњи Расул, Рав, бикун суњбат ба њар ањли Расул. Нури Њаќ дар суњбатат пайдо шавад, Соликон дар нолаат шайдо шавад. З-он башорат кард ў азми Ватан, Шуд њисорињо ба њусраш дар чаман.

Тибќи гуфтањои боло, њамчунин далеле ѓайримустаќим бар он аст, ки агарчи бобо ва аљдоди њазрати Мавлавї ќаландарњои асл будаанд, вале худи ў ва падараш Њисорро ватан ќарор додаанд. Вай пас аз бозгашт аз сафар дар дењаи Нилкон (љамоати дењоти Роњатии ноњияи

15

Мавлавї Љунунї ва намунањо аз ашъори ў Рўдакї) иќомат мекард ва дар корхонае, ки барои муридонашон љўяндагони Њаќ, дуруст карда буд, аз љањр ва хуфия таълим медод. Ќаряи Нилкон иќомат кард ў, Корхона карда, бар љўёни Њу. Омада аз њар тараф љўяндагон, Бањрањо бурданд аз файзи дугон. Шарбате аз љањру хуфя карда нўш, Њар тараф девонагон рафта зињуш. Онњое, ки аз суњбати Мавлавї Љунунї бањраманд гардидаанд, шањодат додаанд, ки дар њалќаи вай ба љуз њисорињо, сокинони Ромит, Яѓноб, Бойсун ва дигар минтаќањо низ њузур доштанд. Ривояте мављуд аст, ки Амир Музаффар-подшоњи ваќти Бухоро аз љумлаи муридони њазрати Мавлавї будааст. Сабаби дар њалќаи он њазрат даромадани Амир Музаффар он будааст, ки гурўње аз муллоњои ѓаммози Њисор ба афкор ва осори эшон аз таассуб ва њасад рашк оварданд ва назди Амир Музаффар шикоят бурданд. Амир њазрати Мавлавиро барои огоњї аз чигунагии масъала ба дарбор хост ва китобњояшро барои баррасї дар ихтиёри њайате аз донишмандони замонаш гузошт. Хушбахтона, ин њайати уламо дар таълифоти њазрати Мавлавї на танњо чизеро бар хилофи шаръ пайдо накарданд, балки осору афкори эшонро дар тарѓибу ташвиќи шариат ва тариќат ба сифати мабдаи асл пазируфтанд ва Амир Музаффар аз он ба баъд муриди њазрати Мавлавї шуд. Нињоят Мавлавї Љунунї дар соли 1877 дар дењаи Роњатї аз дорулфано ба дорулбаќо сафар намуданд. Адади таълифоти Љунуниро ёздањ гўянд. Аммо чунон ки аз маъхазњо бармеояд, њафт китоби ў дар дасти Тураљонзодањо мањфуз аст, ки инњоянд: 1 «Ѓазалиёт»(дар 25-солагї дар Бухорои Шариф таълиф шуда). 2 «Нодирї»(Маснавиёт). 3 «Завќу-л-муњиб»(бо забони туркї). 4 «Муњаммасот». 5 «Ранљу-лошиќин» (рисолаи манзуму мансур дар таълими маќомот ва сайру сулуки тариќат). 6 «Маъдану-л-њол». 7 «Васиятнома». Хушбахтона, соли 2009 бо унвони «Куллиёти Маъдан-ул-њол»-и Љунунї ба миќдори 200 дона ба дасти чоп мерасад. Њазрати Мавлавї Љунунї китоби «Маъдан-ул-њол»-ро девон низ ном бурдааст. Агар мо ин нишондодро бипазирем, пас бояд иќрор шуд, ки эшон девони ба навъи худ камназирро офаридааст. Зеро ин китоб аз силсилаи маснавипорањои људогона иборат буда, гоње дар миёнашон ѓазале њам љой дода шудааст, ки аз лињози муњтаво он маснавипорањоро аз як- навохтї чудо мекунад. Мавлавї Љунунї ин девонашро ба чањор бахш, ки њар якеро «дафтар» номидааст, тафсил намуда, њар бахшро ба зикри њолоти чањор ёр: Њазрати Абўбакр, њазрати Умар,

њазрати Усмон ва њазрати Алї(р) људо кардааст. Вай дар ин маврид дар фасле аз девон зери унвони «Сабаби чањор тафтар шудани китоби «Маъданул њол» чунин ишора кардааст: Чор дафтар шуд китоби «Маъданам», То ки шамъи чор рањ равшан кунам. Бањра то бахшад ба њар ањли сулук, Хоњ мискин бошаду хоње мулук. Њам муносиб шуд ба табъи чор ёр, Њамду наъти васфи асњоби кибор. Њам ба ваќфи чор мазњаб кардамаш, Файз гирад ањли њар чор аз дамаш. Девони њазрати Мавлавї Љунунї «Маъдан-ул-њол» тибќи суннат аз њамди Вољибулвуљуд ва наъти султони анбиё алайњиссалоту вассалом, дар баёни хилќати оламу Одам шуруъ гардида, сипас дар чањор дафтари он ба таъбири эшон, воќеоти анбиё, вазъи сирри авлиё, зикри сўфиёни номї ва ќиссањои шайхони орифро дарљ ва касбу тариќи роњравони роњи њаќиќат ва навъи рафтори сулуки соликони тариќатро баён намудааст. Ва инак намунањое аз ашъори ин орифи маълуму машњурро пешкаши хонандагони гиромї менамоем. Воќеаи ањволи ошиќон ва соликони роњи тариќат Зи худ кай Боязид шуд пири Бастом? Нанўшид то зи соќї љуръаи љом. Ба њар давр аст љоми бода дар љўш, Ба даври худ машав ѓофил, аз ин нўш. Ба даври рафтагон њасрат чї дорї, Ба даври худ намо аз интизорї. Машав мањруми файзи субњ, њуш дор, Шаби ушшоќ бошад гарм бозор. Бидонї гар ту ќадри зиндагиро, Ба њар дам пос дорї бандагиро. Сазои бандагї хидмат ба мавло, Ризо андар ризои Њаќ таъоло. Ба Мавло забт кун фармонбариро, Ба Ањмад банд тори пайравиро. Ба хидмат нестї, хоља, гурезї, Магар бар Холиќи худ меситезї? Ба њоли ањли истибзо назар кун, Ба сўйи хоки буљањло гузар кун. Фиѓон бишнав, нигар гурзи малакро, Кунад кар нолашон гўши фалакро. Зи роњи дўстї гўям падарвор, Зи гўши ѓофилат ин пунба бардор. Агар дорї ба сар як заррае њуш, Бикун ин дурр суханњо њалќаи гўш. Чї њуш бошад гузорї хулду Кавсар, Равї аз љањлњо дар коми аждар. Чї дидї аз Бињишт, дорї бањона, Чї нафъе аз саќар њастї равона. Чї дониш, ки фурўшї нур бар нор, Чї фањме, ки харї норе ба гулзор. Ба љуз иблис ин савдо кї омўхт? Ва ё бар нор нафси хирманат сўхт. Бигўям гар манат боре, ту худ гўй, Зи лавњи сина њарфи маслињат љўй. Бикун коре, ки судаш безарарњост, Бихар моле, ки лаълаш бењаљарњост. Ба худ ойу макун аз худ шикоят, Маро омад ба хотир як њикоят.

Ѓазали њазрати Мавлавї Љунунї Эй кафи хок, ба ин њастї таманно

чї кунї, Ўстухонтўда, назар бар ќадду боло чї кунї. Чашми шањлои ту рўзе, ки хўрад мўри лањад. Бар рухи ойина њар лањза тамошо чї кунї. Аслат аз ќатра манї, лоиќи ту нест манї, Аз рањи бавл шудї, кибру манињо чї кунї. Ту њамон љифаї, ин њусну камоли ту аз Ўст, Бош хоки дари Ў, майл ба боло чї кунї. Лавњи дил шўй зи аѓёр, бикаш ќомати ёр, Вараќи ишќи Варо сарфи муаммо чї кунї. Ишќ аз ошиќи содиќ дили шайдо талабад, Дил ба дунёву ба сар тоѓии шайдо чї кунї. Ба дили мурда дами Исои ваќтї, дарёб, Толиби дил нашавї, азми Масењо чї кунї. Кори фардо бикун зуд, ки фурсат гузарад, Кори имрўз ту мавќуф ба фардо чї кунї. Фониву боќї-ду зид њамчу никоњи хоњарон, Гар баќо металабї, майл ба дунё чї кунї. Сайр дар олами Лоњут Љунунї дорад, Солико, сайр ту дар Арши муалло чї кунї.

Ѓазали њазрати мавлавї Љунунї Дар њар ду чањон њазрати Њаќ ёри фаќир аст, Љабрили амин пайки љилавдори фаќир аст. Он гавњари ишќе, ки ѓанї аз ду саро буд, Гар толиби уйї, ба дили зори фаќир аст. Бо чашми њаќорат манигар сўйи фаќире, Он шоњи русул њомии сардори фаќир аст. Зинњор бипарњез зи озурдани дарвеш, Нўши лаби љом бодаи саршори фаќир аст. Љойе, ки ба ављаш нарасад шањпари анќо, Аз мижа задан зудрасї кори фаќир аст. Исо нафасе зинда кунад мурдадилонро, Он аз шарафи њиммати бисёри фаќир аст. Кимёназаре зар бикунад санги сияњро. Иксири нињоне, ки ба бозори фаќир аст. Нўше, ки ду олам шавад аз ёд фаромўш, Нўши лаби љон бодаи саршори фаќир аст. Дар охири ваќте, ки басе сустии дин аст, Дарёб, Љунун ќофиласолори фаќир аст.

Фароњамсоз Саидмурод Шарифов


16

4 декабри соли 2014

www.nahzat.tj

НАСИЊАТ ГЎШ КУН, ЉОНО...

Панду андарз

Маѓфират дорам умед аз лутфи Ту, З-он ки худ фармудаи: «Ло таќнату». Бањри алтофи Ту бепоён бувад, Ноумед аз рањматат шайтон бувад. (шайх Аттор)

Аз каломи Илоњї - Эй касоне, ки имон овардаед, ба таври шоиста таќвои Худоро намоед ва намиред, магар дар њоле ки мусалмон бошед! (сураи «Оли Имрон», ояти 102). - Ва ба ресмони Худо якљоя даст бизанеду пароканда нагардед! Ва неъмати Худоро бар худ ба ёд оваред, он ваќтеро, ки бо њам душман будед, он гоњ Худо дар байни дилњоятон улфат андохт. Пас бо неъмати Ў бо њам бародар гаштед. Бар лаби љарии оташ истода будед, ки (Худо) аз он наљотатон дод. Худо њамин тавр оятњояшро барои шумо баён менамояд, то шумо њидоят ёбед, (сураи «Оли Имрон» ояти 103). - Бояд аз (миёни) шумо уммате (гурўње) вуљуд дошта бошад, ки (мардумро) ба хайр (некї) даъват намоянд, ба некињо амр ва аз бадињо (зиштињо) боздоранд ва дар њаќиќат, онњоянд растагорон, (сураи «Оли Имрон», ояти 104).

Аз ањодиси шариф

- Аз Умар иби Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Бењтарини амалњо баъд аз имон овардан ба Худо, муњаббат доштан бо мардум аст, (ривояти Табаронї, Суютї ва Манновї). - Аз Умари Лайсї (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Бењтарин имон сабру шикебої дар мусибатњо ва авф намудани гуноњи бародарон аст, (ривояти Дайламї, Суютї ва Манновї). - Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Бењтарин садаќа он аст, ки њангоми тандурустї зиндагиро фикр менамоию аз фаќр метарсї ва садаќа мекунї. Бепарвої макун! Зеро чун љон ба њалќат расад, наметавонї гуфтан: Ин моли фалонї ва ин моли фалонист ва ба фалонї фаќат њамин аст, (ривояти Бухорї ва Муслим). - Аз Њаким ибни Њизом (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Бењтарин садаќа он аст, ки аз зиёдати молу давлат дода шавад. Дасти боло аз дасти поён бењтар аст. Аввал садаќаро ба онњое бидењ, ки дар нафаќаи ту мебошанд, (ривояти Муслим, Ањмад ва Суютї).

Ќавли бузургон

- Аллоњ таъоло нисбат ба бандагонаш дорои фазл ва адл аст. Гоњо аз рўи фазлу навозиш чандин баробари арзиши амали банда ба ў савоб медињад, гоњо аз рўи адл (ўро) ба гуноње иќоб менамояд ва гоње њам ба фазли хеш аз он дармегузарад, (Имоми Аъзам (р)). - Панљ чиз зоеътарини чизњост; яке чароѓи рўшан пеши офтоб, борон ба шуристон, зани хубрўй ба дасти марди нобино, таъоми хўш пеши сер ва каломи Худои таъоло дар синаи золим, (Имом Ѓазолї). - Хушуъи ќалбї ба маънои њузури азамати Худованд дар ќалби инсон аст ва он њосил намешавад љуз бо тааммул ва диќќат дар он оёти Ќуръонї, ки дар намоз тиловат мешавад, инчунин ёдоварии ќиёмат ва ин ки шахси намозгузор дар пешгоњи Худованди азза ва љалл ќарор дорад, (доктор Юсуф Ќарзовї). - Маќсад аз зиндагї дар ин дунё њадафи муќаддасам аст ва њадафам дар асоси аќоиди дини мубин Ислом ташааккул ёфтааст. Дар тули фаъолияте, ки доштам, дар њолатњои бисёр сахту мушкил њам лањзае нашудааст, ки аз кору бори худ пушаймон шуда бошам, (устод Сайид Абдуллоњи Нурї). - Аз роњи Худо боздоштан бузургтарин душманї бо Худост. Рушантарин роњи Худо илм аст, зеро илм далели маърифати Худо ва баёни ањкому шаръи Ўст. Илм аст, ки барои мардум чизњоеро, ки Худо дўст медорад ва бад мебинад, рўшан месозад. Пас манъ кардан аз илм душманї бо Худо ва шаръи Ўст, лекин боздорандагони илм надонистанд, ки чї кор мекунанд, (Ибни Љавзї (р)). - Дар ќалби гунањкор навъе торикї падид меояд, ки агар бо диќќат бингарад, он зулумотро ба хубї эњсос мекунад ва дар натиља њайрониву саргаштагї падид меояд. Ба дунболи он ба бидъат, залолат ва љањолат мубтало шуда, нобуд мегардад. Асари ин зулмат аз ќалб ба чашм сироят мекунад, сипас дар чењра намоён мегардад, ба тавре ки мардум онро мебинанд. Фарди фосиќ њар ќадар сурати зебо дошта бошад, бозњам чењраи ў беравнаќу бенур аст, (аз китоби «Наќша аъмол»-и Аллома Ашрафалї). - Шакке нест, ки омадани мардумони солењ ва ањли илм хонаатро пурнур месозад, саволу љавоб ва гуфтугў бо онон бароят ва барои хонавода, ки ба чунин маљлисњои илмї аз пушти парда гуш медињанд, фоидањои бузургеро ба бор хоњад овард, (аз китоби «Чињил насињат»). - Инсони муваффаќ касест, ки бо сангњои ба тарафаш њаводода барои худ хона месозад, (доктор Ануша). - Амнияти том ва осоиши комил ваќте даст медињад, ки бидонем чунин чизе дар дунё муяссар намешавад, (Муњаммади Њиљозї) Фароњамсоз Муњиддин Асозода

Нашрия дар сомонаи www.nahzat.tj ќобили дарёфт аст,

тел: 625-77-28

Њафтанома дар заминаи гуногунандешї маќолањоеро низ ба нашр мерасонад, ки хилофи мавќеи ЊНИТ ва нашрия мебошанд. Масъулияти дурустии аснод ва далели њамагуна маводи воридшуда ба дўши муаллифон аст. Дастхат ва аксњо баргардонида намешаванд. «Наљот» меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистиро дар Тољикистон эътироф намудаву менамояд. Нашрия аз гузориши хабаргузорињои «Авесто», «Tojnews», «Азия плюс», «Ozodagon», «Форс», «Islamnews/ru», сомонаи родиоњои «Озодї» ва «ВВС», истифода мекунад. Њафтавор тањти раќами 0104/рз дар Вазорати фарњанги ЉТ номнавис шудааст ва бо теъдоди 4300 нусха дар матбааи “Муаттар”-и ЊНИТ ба чоп мерасад. Супориши раќами 170. Нархаш шартномавї. Суратњисоби мо: 20402972316264, «Амонатбонк»

Нишонии идора: ш. Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи раќами 1, дафтари марказии Њизби Нањзати Исломии Тољикистон, тел: 625-77-28


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.