Сардабир: Муњаммадсиддиќи Комил
Мусањњењ Саидмурод Шарифов Њуруфчин: Файзалии Додарбек Тарроњ ва сањифабанд: С. КАБИРОВ Шўрои машварат: Муњиддин Кабирї Худої Шариф Абдулњай Мањмадаминов Саидумар Њусайнї Љалолиддини Мањмуд Рустами Вањњоб Ќосим Бекмуњаммад
Маљалла дар Вазорати фарњанги ЉТ тањти раќами 0024/ МЉ, аз 10.12. 2007 ба њисоб гирифта шудааст. Дар матбааи «Муаттар»-и ЊНИТ бо теъдоди 1030 нусха нашр гардид. Супориши № 111 11
Оё надидї, ки Худо сухани покро чї гуна ба дарахти поке масал задааст, ки асли он усТувор ва шохааш дар осмон аст (ва) њар замоне бо њукми Парвардигораш меваи худро медињад. Ва намунаи сухани нопок ба монанди дарахти нопоке аст, ки аз рўи замин решакан гардида, барояш ќароре намондааст. Худо онњоеро, ки имон овардаанд, бо сухани собит дар зиндагонии дунё ва охират пойдор месозад. (Сураи Иброњим: 24,25,26)
МУНДАРИЉА Чї бояд кард, ки матнњои хондашуда фаромўш нагардад.................................................................................. 2 Украина................................................................... 3 Рањбари Наљот....................................................... 8 Силсилаи пайѓомбарон бар мабнои «Таърихи табарї»-и Абўалии Балъамї..............
14
Сиёњдона................................................................. Асњоби Айка........................................................... Достони рењлати њазрати Иброњим (а)............... Достони имон овардани духтари Намруд.......
18 20 22 23
Низомї ва суннати соќиномасарої.................. 24 Фалсафа ва таърих............................................... 30 Њамзистии турку тољик аз нигоњи орифони порсигўй.................................................................. 35 Бедил ва муддати сипоњигарии ў...................... 41
Нишонии идора: ш. Душанбе, кўчаи Борбад, 1.
тел: 239-05-80 muhammadsiddig@mail.ru
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
1
ЧЇ БОЯД КАРД, КИ МАТНЊОИ ХОНДАШУДА ФАРОМЎШ НАГАРДАД Хондан
– ин яке аз усули бењтарини омўзиш ва форам гузаронидани ваќт аст. Албатта, на њама хонданро дўст медоранд, аммо ќисми зиёди одамон бе маљбурї мехонанд. Бо туфайли хондан мо тамоми маълумотњои заруриро ба даст меорем. Симову садо њар ќадар кўшиш кунанд њам, наметавонанд пурра маълумот пешкаш намоянд. Барои бисёрињо душвории хондан дар он аст, ки матнњои хондаашонро дар ёд нигоњ дошта наметавонанд. Барои њама маълум, ки тез хондан лозим аст, вале чї тавр њамаи онро дар хотир нигоњ бояд дошт? Биёед мебинем, ки рўњшиносони касбї ва дўстдорони хониш, ки хондањояшонро наѓз дар хотир мегиранд, чї маслињат медињанд. 1. Баъзе мутахасисон маслињат медињанд, ки он чизеро, ки мехонед, њатман ба дигарон наќл кунед.
2. Њангоми хондан зери лаб гап задан ё ин ки хаёлан он чизеро, ки айни њол хондед, талаффуз кардан лозим нест. Њамаи ин дар хотир нигоњдории матни хондаатонро суст мегардонад, ба парешоншавии диќќат мусоид мекунад, системаи асаб ва чашмро монда месозад. 3. Хондаатонро ќайд намоед. Агар адабиёти бадеї хонда истода бошед, ин корро накунед, чунки он бе ин њам дар хотир мемонад. Вале агар сухан дар бораи корњои илмї-техникї равад, он гоњ ќайд њатмист. Баъзе лањзањои мураккабро ќайд намуда шумо фикрњои
2
муаллифро барои худ осон мегардонед. 4. Хондани он чизеро, ки барои шумо њар чї бештар зарур аст, пагоњї хонед, чунки дар ин ваќт майнаи сар бењтар кор мекунад. Пеш аз хоб хондан лозим нест - чунин хониш дар хотир нигоњдориро бад мегардонад. Ѓайр аз ин хобатон њам вайрон мешавад. Вале бояд гуфт, ки баъзе одамон шабона бењтар фикрронї мекунанд, аз ин рў шабона маслињати моро мувофиќи њиссиётњои шахсї ва неруи биологии худ истифода баред. 5. Пеш аз он, ки ягон асарро хонед, аввал бо мундариља, фикрњои танќидии дигар олимон ё шоирон оиди њамин асар шинос шавед.
6. Њангоми хондан кўшиш кунед садоњои оинаи нилгун, ѓалоѓулаи кўдакон, садои даѓали ягон намуди техникї ба шумо халал нарасонад. 7. Њангоми хондан кўшиш кунед назаратон њар чї бисёртар калимањоро фаро гирад. Кўшиш кунед назаратон ба аќиб, яъне ба пораи матни аллакай хондашуда барнагардад, чунки ин дар ёд нигоњ доштани матни хондашударо душвор мегардонад.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
87, 4 нафар аст. Ањолии шањрнишин 71%. Украинињо ба гурўњи халќњои славянии шарќї мансуб буда аз хонадони њиндуаврупої мебошанд. Ба ѓайр аз Украина дар Русия, Ќазоќистон, Белорусия, Молдова, Узбекистон, Ќирѓизистон, Чехия, Славакия, Руминия, Лањистон, Сербистон, Амрико, Канада, Бразилия, ва Австралия зиндагї мекунанд. Шањрњои калонтарини он Киев2, 7 миллион, Харков
УКРАИНА
Номи расмиаш Украина. Давлат дар шарќи Урупо љойгир шуда аст. Масоњаташ 603 њазору 700 км мураббаъ. Дуюмуни кишвари калонтарини Урупо. Ањолиаш 52,8 млн нафар. Шашумин кишвари Урупо. Пойтахташ шањри Киев, ањолии он 2,7 млн нафар. Забони давлатиаш украинї. Дини мардуми он насронї. Воњиди пул гривна. Таърихи истиќлол 25 июни соли 1991 аз Шўравї.
Сохти давлатдорї Украина ба 24 вилоят ва як љумњурии мухтор таќсим шудааст. Сардори давлат раисиљумњур, сардори њукумат нахуствазир, Њуку мати ќонунгузор парлумони якпалатагї буда онро Рада меноманд. Азњоби сиёсиаш Рухи халќии Украина, Њизби либералии Украина, Њизби коммунистии Украина,
Њизби љумњурихоњони Украина, Њизби сот сиалистии Украина мебо шанд. Узви СММ, Созмони амнияти њамкории Аврупо ва узви кишварњои мушта ракулманофеъ аст.
Ањолї Украина яке аз киш варњои бисёрањолии Аврупо буда дар таркиби ањолии он украинњо71%, русњо 22%, боќї тоторњо, белорусњо, лањињо, молдавњо, яњудиён ва дигар халќњо мебошанд. Дини мардуми он насронї, проваславњо 76%, протестантњо 14%, мусалмонон 8%, яњудиён ва равияњои дигари насрониён низ њастанд. Мусалмонон асосан дар ќисмати љанубии мамлакат дар нимљазираи Крим зиндагї мекунанд. Зичии ањолї дар як км мураббаъ
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
1,5 Днепропетровск 1, 1 миллион, Одесса 1,2 миллион ва Донетск 1 миллион нафар ањодї доранд. 50 шањри он њар кадоме зиёда аз 100 њазор нафар ањолї доранд. Шумораи мардон нисбат ба занон камтар аст. Умри миёнаи занон 74 сол, мардон 64 сол.Дараљаи фавт аз таваллуд зиёдтар аст. 99, 6% ањолї хондаву навишта метавонанд. Ба сари 100 њазор нафар 299 пизишк рост меояд.
3
Табиат ва мавќеи љуѓрофї Давлати Украина аз самти шимолу шарќиаш бо Русия, аз шимол бо Белорусия, аз ѓарб бо Лањистон, Словакия, Маљористон, Руминия ва Молдова њамсарњад аст. Аз самти љанубиаш пурра дар ињотаи обњои бањри Сиёњ ва бањри Азов мебошад. Ба воситаи бањри Сиёњ ба манотиќи љањон роњњои обї дорад. Сатњи замини Украинаро бештар њамворињо, баландињо ва теппањо фаро гирифтаанд. Њамворињои он назди Днепр, назди бањри Сиёњ, Толосия, Баландињояш назди Азив, назди Днепр, Подолск, Волин, Крижи, Донетск мебошанд. Дар љануби мамлакат кўњњои Карпат воќеъ аст, ки баландтарин ќуллаи он 2961 м аст. Дар канори љануби он кўњсори Ќрим љойгир шудааст, ки ќуллаи баландтарини он 1545 м аст. Украина аз љињати захоири оби зеризаминї ва обњои равон кишвари ѓанї аст. Дарёњои калонтарини он Днепр, Днестр, Донетси шимолї, Буги љануби, Прут ва резишгоњи Дуней
4
мебошанд.ба љуз дарёи Донетсии шимолї дигар њама дарёњо ба бањри Сиёњ мерезанд. Дарёи Денетси шимолї ба Дон њамроњ шуда сипас ба бањри Азов мерезад. Обанборњои калон тарин Каховка, Киев, Канев, Кременчук, ва Днеп роджерзинск мебошанд. Ба ѓайри инњо дигар обанборњо низ дорад. Нимљазираи Ќрим, ки дар соњилњои бањри Сиёњ ва Азов воќеъ аст, яке аз љойњои хушбоду њавои Украина буда, дар онљо осоишгоњњое мављуданд, ки ањамияти љањонї доранд. Њар сол ба ин нимљазира њазорон нафар барои истироњат ва фароѓат меоянд. Масњоати нимљазира 27 њазор км мураббаъ аст. Гарданаи
нимљазира нињоят борик буда, пањноии он њамагї 8 км аст. Иќлими Украина муътадил бештар континентї ва дар нимљазираи Ќрим иќлимаш субтропикии бањри Миёназамин аст. Сардии миёнаи њаво 7 то 8 дараља дар шимолу шарќ аз 2 то 4 дараља аст. Дар соњилњои љануби Ќрим гармии миёнаи моњи июл 18-19-то 23-34 дараља мерасад. Боришоти солона 600то 700 мм, дар љанубу ѓарби он 300 мм дар љанубу шарќи он ва дар кўњсори Жарпат 1600 мм меборад. Нисфи замини Украина хоки њосилхези сиёњхок, нисфи дигараш бештар хоки хокистартоби хурмои мебошад. Бешазорњо ва љангалњо майдонњои васеъро ишѓол намуданд, ки яке аз сарватњои табии мамлакатанд. Дар Украина 11 мамнўъгоњ мављуд аст, ки дар њимоя ва назорати давлат ќарор доранд, бањри сиёњ яке аз бањрњои муњими љањон буда дар атрофи он кишварњои Украина, Русия, Туркия, Гурљистон, Булѓористон ва Руминия љойгиранд. Дарозии соњилњои он дар умум 4090 км буда дар бештари соњил њои он Украина ва Туркия љойгиранд. Масоњати он420 њазору 300 км-и мураббаъ. Чуќурии он 2240 м. Дарозиаш 1149, бараш 611 км аст. Дар бањри Сиёњ 1500 намуди љонварони обї аз љумла нањанг мављуд аст ва 180 намуди моњї дорад. Инчунин дар он 258 намуди обсабзњо ва 2 намуди растании гулхор мерўяд. Бањри Сиёњ як љузъи андаки уќёнуси Атлантик мебошад.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Ба воситаи гулугоњи Босфор ба бањри Мармар мепайвандад.
Таърих Дар сарзамини Украина давлати Боспор ва давлати скифњо њазораи 1 пеш аз милод ба вуљуд омаданд. Дар асрњои 9-12 бештари њудуди Украина ба давлати Руси Киев дохил мешуд. Давлати Руси Киев асоси ташаккули халќияти ягонаи ру гардид. Баъдт ар аз он се халќи славянњои шарќи русњо, белорусњо ва украинњо пайдо шуданд. Дар асри 13 давлати Руси Киев дучори тохтутози муѓулњо гашт. Дар асри 14 тобеи князи кабири Литва, Лањистон ва ѓайра буд. Халќияти Укра ина асосан дар асри 15 ташаккул ёфт. Украинњо бар зидди њукмронии князњои Литва, Лањистон ва султони усмонї мубориза мебурданд. Љанги озодихоњии мардуми Украин бо сардории Богдан Хмелнитский солњои 16481654 ба њамроњ шудани Украина ба Русия анљом ёфт. Ќисмати соњили чапи Днепри Украина дар њайати Русия мухторият ба даст овард. Нимаи дуюми асри
18 ќисмати љануби Украина бо ёрдами русњо аз давлати Усмонї озод карда шуд. Ќисмати соњилчапи Днепри Украина охири асри 18 ба Русия њамроњ карда шуд. Моњи ноябри соли 1917 январи соли 1918 дар Ук раина Њукумати Шўравї барпо гардид. Њамон сол Љумњурии халќии Украина эълон шуд. Солњои 19181920 мардуми Украина якљоя бо артиши Сурхи шўравї ќушунњои Гвардияи сафед интервентњои утришу Олмон ва инглистону Фаронсаро торумор намуданд. Аз 30-
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
юми декабри соли 1922 ба њайати Иттињоди Шўравї дохил шуд. Украинаи ѓар бї моњи ноябри соли 1939 ба Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Украина њамроњ карда шуд. Моњ и августи соли 1940 Буко винаи шимолї ва як ќисми Бессарабия ба Украина њамроњ карда шуд. Солњои 1941-1944 Украинаро фашистони немис ишѓол намуданд. Љанги чирикї ављ гирифта њима бар зидди немисњо мељангиданд. Дар натиља тирамоњи соли 1943 артиши Шўравї Украинаи соњили чапи Днепрро ва соли 1944 тамоми њудуди Украинаро аз истилои немис њо озод карданд. Соли 1954 нимљазираи Ќрим ба њайати Украина њамроњ карда шуд. Соли 1986 дар нерўгоњи њастаии Чернобил таркиш ба амал омад. Моњи июни соли 1991 Украина истиќлолияти худро эълон намуд. Нахус тин раисиљумњури Украина Леоид Кравчук интихоб шуд. Солњои 199-2004 Леонид Кучма ду давра раисиљумњури Украина интихоб шуд.
5
Соли 2004 Виктор Юшенко раисиљумњури Украина интихоб гардид. Президенти кунунии Украина Виктор Янукович мебошад, ки соли 2010 дар интихоботи президентии ин кишвар пирўзї ба даст оварда буд.
Иќтисод Украина яке аз кишвар њои нисбатан тараќќикардаи Иттињоди давлатњои мустаќил мебошад. Дар иќти содиёти Украина истихрољи сарватњои зеризаминї, мошинсозї, электротехника, электроэнергетика, тавлиди металлургияи сиёњу ранга, таљњизот ва дастгоњњо барои истихрољи маъданњо ва соњаи металлургия, вагонсозї, киштисозї, мошинњои соњаи кишоварзї, автомобилсозї, таљњизоти њавопаймо, м а с о л е њ и б и н о к о р ї ва ѓайра ривољ ёфтааст. Дар соњаи саноати сабук тавлиди молњои кимиёвї, бофандагию ресандагї, коркарди чуб, коѓаз, молњои сермасраф, хўрокворї ва ѓайрањо низ ривољёфта мебошад. Соњаи кишоварзї,
6
мањсулоти љангал, туризм ва љањонгардї, моњидорї ва чорводорї низ пеш рафтааст. Дар Украина аз сарватњои зеризаминї ангишт, оњан, марганетс, фулузоти ранга, симоб, фосфор, нафту газ ва ѓайра истихрољ карда мешавад. Украина аз љињати захоири тадќиќшудаи маъдани оњан дар дунё љойи сеюм аст. Захоири умумии тањќиќшудаи маъдани оњани он 22 миллиард тонна мебошад. Аз љињати захоири тадќиќшудаи ангишт њаштумин кишвари љањон
буда, захоири тадќиќшудаи ангишти он 47 миллиард тонна мебошад. Дар мамлакат њар сол 111 миллиону 565 њазор тонна ангишт истих р ољ к ар д а м е шав ад , к и дањумин кишвари љањон аст. Истињсоли солонаи оњан 37 миллиону 464 њазор тона, магний 1 миллиону 328 њазору 200 тонна симоб 453 тонна аст. Истихрољи нафт 4 миллион 248 њазор тонна, газ 18 миллиону 316 њазор метри мукааб аст. Украина заминаи бузурги энергетикї дорад. Бештари нерўи барќро нерўгоњњои аловї тавлид менамоянд ва онњо ќариб , ки дар та мом и ќаламрави кишвар љойгиранд. Нерўгоњњои обї асосан дар дарёи Днепр ва шохобњои он сохта шудаанд, ки барои саноати кишвар ањамияти бузург дорад. Дар соњаи кишоварзї, зироатњои ѓалладона, сабза вот, офтобпараст, картошка, лаблабуи ќанд кишт мекунанд. Аз ѓаллад онањо гандум, љуворимакка, арзан, марљумак, шолї ва дигар навъњои ѓалларо мекоранд.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Љамъоварии умумии ѓалла дар як сол зиёда аз 30 миллион тонна аст, ки аз ин миќдор 13 миллиону 860 њазор тоннааш гандум мебошад. Њосили умумии лаблабўи ќанд дар як сол 28 миллиону 138 њазор тонна буда, барои саноати ќанд ањамияти калон дорад. Дар Украина соњаи боѓдорї ва токпарварї майдонњои васеъро ишѓол намудаанд. Соњаи чорводорї, мурѓ парварї, моњидорї низ р и в о љ ё ф т а м е б о ш а д . Саршумори гов 21 миллиону 610 њазор сар, гўсфанд 6 миллиону 118 њазор сар, хинзир 15 миллиону 298 њазор сар мебошад. Ќаламрави Украина аз рўйи нишондодњои иќтисодї ба якчанд ноњияњо људо мешавад. Дар ноњияи Донетск-назди Днепр саноати пуриќтидори вазнин инкишоф ёфтааст, ки ба ашёи хоми мањаллї такя намуда маъдани оњан ангишт, ашёи хоми соњаи кимиё,истихрољ менамояд. Дар инљо маркази калони саноати ангишт, металургияи сиёњ, химия, мошинсозии
вазнин љойгир аст. Дар Донбасс нахустин корхонаи металургии Украина сохта шудааст. Инчунин корхонањои мошинсозї, газвори пахтагин ва ѓайра фаъолият мекунанд. Ба ѓайр аз ин дар минтаќа шањрњои саноатии Зпороже ва Днепропетровск љойгиранд. Ноњияи љануби Украина, ки бештар ба бањр алоќаманд аст, дар шањрњои Николоев, Херсон, Керч саноати киштисозї, танкерњои калонњаљм, киштињои боркаш, таљњизоти бандарї, моњидорї тараќќї кардааст. Бандари калони он шањри Одессе буда маркази бузурги киштитаъмиркунї мебошад. Дар ноњияњои љанубї заминњои васеъи кишт д о м а н п а њ н н а м у д а а н д , к и д а р о н љ о г а н д у м , љуворимакка, отобпараст, сабзавот, зироатњои полезї, растанињои равѓани эфирдор, ангур мева парвариш мекунанд. Маљмўи саноатї ва хўрокворї соњаи љањонгардию осоишгоњњо тараќќї намудааст.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Ноњияњои љанубу ѓарб соњаи асосии он кишоварзї ва коркарди мањсулоти он мебошад. Пойтахти Украина шањри Киев дар њамонљо љойгир шудааст, ки таърихи 1500 сола дорад. Муддати дароз пойтахти давлати руси Киев ва маркази тиљоратї буд. Дар њоли њозир маркази маъмурию сиёсї, иќтисодию маданї буда, соњањои бузурги мошинсозї, иттињодияњои илмию истењсолї дорад. Даромади умумии мамлакат дар як сол 189 миллиарду 200 миллион доллари ИМА аст, ки ба њар сари ањолї 3650 доллар рост меояд. Содироти Украина нисбат ба воридот зиёдтар мебошад. Наќлиёти Украина та р а ќ ќ и к а р д а б у д а , њ а м а и соњањои онро дар бар меги рад. Дарозии роњњои оњан 22 њазору 500 км, роњњои автомобилгард 164 њазор км аст. Роњи оњан ва роњи автомобилгарди он ба кишварњои њамњудуди он пайваст аст. Дар боркашонии берунї аз роњњои кишти гарди бањри Сиёњ ист и фода мебаранд. Украина ба хориљ нерўи барќ, металњои сиёњ, ранга, мошин, дастгоњ, наќлиёт, таљњизот ва хўрок ворї содир мекунад. Аз хориљ нефту газ, мањсулоти нафтї, пахта, мол њои саноатї, химия, наќлиёт ва ѓайра ворид мекунад.Шарикони муњими иќтисодию тиљоратии Украина Русия, Белорусия дигар кишварњои муштаракулманофеъ, кишварњои Иттињоди Аврупо ва баъзе кишварњои дигари љањон мебошанд.
Мањмудов Муъминшоњ
7
(Идома аз шуморањои гузашта)
Абдурауфи Фитрат
биљўшонанд, андешае наменамоянд. Маъазолик худро мустањиќќи саодати охират медонанд ва бисёр бойњо дорем, ки ѓами бечорагони миллатро ба хотири худ роње намедињанд, нолаи бенавоёни ќавмро бењтар аз навои рўњафзои мусиќї самоъ месозанд, бо вуљуди он, ба саодати дунё расидаанд. Пас маълум мешавад, ки суханони ту пуч ва бемаъно будааст». Љавоб медињам, ки на он шайхону муллоён ба саодати охират мерасанд ва на ин тавонгарон ба саодати дунё...! Агар далел мехоњед, инак њозир аст: Аввалан, њар касе, ки барои манфаати афроди миллати худ намекўшад, ба саодати охират нахоњад расид! Ъан Анасин разияллоњу ъанњу: Ќола-нНабийю ъалайњис-с-салому: «Ва-л-Лазї нафсї би ядињи ло юъмину ањадукум њатто юњиббу ли ахїњи мо юњиббу ли нафсињи». – Бухорї ва Муслим, «Китобу-л-имони». Тарљума: «Ба Худое, ки нафси ман ба яди ќудрати Ўст, ќасам мехўрам, ки њељ кадоми шумо мўъмин нашавад, то дўст надорад барои як мусулмони дигар он чиро, ки барои
РАЊБАРИ НАЉОТ Карам Албатта, бояд аз хотири ќориёни киром набаромада бошад, ки мо то ин љо ду матлабро хеле такрор намудем, баъд аз ин њам такрор хоњем кард, зеро асоси њамин китоб, балки асоси њаёти башарї бар њамин ду матлаб мебошад. Матлаби аввал ин аст, ки Худованд одамиёнро барои расидан ба саодати дорайн офаридааст. Матлаби дуюм ин, ки одамиён њам барои расидан ба саодати дунё ва њам расидан ба саодати охират ба муованат ва мададгории якдигар муњтољанд. Пас афроди њар миллатеро, ки орзуи саодати дорайн доранд, лозим аст ба якдигар муованат намоянд ва илло њусули маќсад барои њељ кадоми онњо муяссар нахоњад шуд. Одамоне, ки осоиши хешро ѓанимат шуморида, ба њоли дигарон намепардозанд, яъне афроди миллати худро муованат наменамоянд, на худашон, на ќавмашон ба саодати дорайн нахоњанд расид. Дар ин љо баъзе аз ќориён эътироз хоњанд кард, ки: «дар Туркистони мо хеле шайхону муллоён њастанд, ки барои муованати халќ њаракате надоранд. Агар тамоми мулки мо оташ бигирад, ба љуз ин ки деги худашонро ба он оташ
8
худ дўст медорад». Мо њар чиро, ки барои худ дўст медорем, дар талабаш мекўшем, пас њар чиро барои як мусулмони дигар њам дўст дорем, бояд дар талабаш бикўшем. Хулосаи калом, моро лозим аст, ки њамчунон ки дар талаби манофеи худамон мекўшем, њамин тариќа дар талаби манофеи афроди миллати худ бикўшем. Њар ки на инчунин аст, инак, њазрати Пайѓамбар њам ќасам мехўрад, мўъмин нахоњад шуд. Ва бинобар он, ба саодати охират нахоњад расид. Сониян, њар кї барои саодати афроди миллати худ намекўшад, ба саодати дунё њам нахоњад расид, бинобар он, њељ кадом аз он бойњо, ки гуфтед, ба саодати дунё нарасидаанд. Исботи ин муддао ќадре тафсил мехоњад. Аввалан, бо камоли таассуф эътироф мекунам, ки дар мамлакати мо бой нест. Оре, панљ-шаш нафаре њастанд ва як миќдор сарвату пулро соњибанд, лекин пулу сарвати онњо дар назари ѓафлатзадаи мо бисёр менамояд. Аммо дар назди бойњои Фаранг ва Русия љамеи сарвати эшон миќдори масрафи дарди саре њам намебошад. Шояд дар шумораи 4 маљаллаи «Ойина» хонда бошед, ки дар яке аз шањрњои Амрико як ширкат барои
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
иморати худ 25 миллиюн сўм тахсис карда буд. Оё дар мамлакати мо чанд тољир њаст, ки љамеи сармояаш ба дањ миллиюн сўм расида бошад. Бинобар он, ба ќабули њамин муддао маљбурем, ки дар мамлакати мо касе, ки мувофиќи хоњиши замона давлат дошта бошад, нест. Оре, њамин ду-се нафар, ки мо номи онњоро бой нињодаем, аз мо бисёртар дабдаба доранд: масалан, савори асп мешаванд, дар љилави худ одам медавонанд, таомњои гуногун мехўранд, либосњои рангоранг мепўшанд. Бо вуљуди золик, њељ кадоми онњоро наметавон гуфт, ки ба саодати дунё расидаанд. Зеро њар кадоми онњо ин дабдабаву бузургиро дар даруни шањри худ мекунанд. Аммо њамин ки аз шањр берун шуда, савори оташароба гардиданд, њељ эътиборашон намемонад. Ба иллати ин ки њайати умумияи миллаташон беэътибор аст, шахсе, ки миллаташ, яъне ќавмаш эътибору шарафе надорад, худи он шахс њар ќадар ки шарифу тавонгар бошад, боз њам эътиборе нахоњад дошт...! Масалан, бойњои Бухороро дар назар гирифта, тадќиќ намоед. Њар кадоми инњо дар њар сол як мартаба Макориё мераванд. Ба муљарради ин ки аз Когон берун шуданд, либоси худро таѓйир медињанд, яъне амомаву љомаро ба кулоњу камзўл мубаддал месозанд. Гумон накунед, ки инњо булњавас њастанд ва аз роњи булњавасї ва њарзагї табдили либос менамоянд. На, ин тавр нест, балки бечорагон маљбур мешаванд, зеро агар ба либоси бухорої сафар кунанд, миллатњои соира инњоро тамасхур менамоянд, дар ќатори одам њам намешуморанд. Сабаб...? Зеро дастору љома аломати мо, туркистонињост ва миллати моро дар миёни аќвоми олам эътиборе намондааст. Ин аст, бегонагон дар њар куљо, ки моро диданд, тамасхуру истењзо менамоянд. Бечора савдогарони мо бо вуљуди он ки либоси худро таѓйир дода, дохили Макориё мегарданд, дар он љо низ муомилае, ки аз савдогарони аврупої бинанд, ё хандаи истењзост, ё тамаллуќи њилакорона...! Агар бовар накунед, аз худи онњо пурсед. Аљабо, гуноњи бойњои мо чист? Чаро аз тарафи дигарон дучори тамасхуру истењзо мегарданд? Худашон гуноње надоранд, лекин миллаташон тараќќї накардааст, ќавмашон шарафу эътиборе надорад. Бинобар он, шарафу эътибори худи онњо фоидае нахоњад дошт. Пас маълум мешавад, ки њељ кадом аз бойњои мамлакати мо ба саодати дунё нарасидаанд, зеро саодати дунё иборат аз истироњати кунљи хона нест. Ин саодат касеро муяссар аст, ки дар њар гўшаи дунё на танњо шахсашро, балки номашро низ эътибор ва шарафе мављуд бошад. Аљабо, савдогарони мо кай бо ин саодат хоњанд расид? Он ваќт, ки
миллати моро дар миёни аќвоми олам шарафеву эътиборе бошад. Шаш моњ пеш аз ин Но Комо ном љавони жопунї ба Истонбул омада буд. Шунидам бо дучархае (яъне бо шайтонаробае), ки дошт, муддати се сол саёњати даври олам намуда, Чин, Њинд, Эрон, Арабистонро гардида, ба ин љо расида ва баъд аз ин бо њамон дучархаи худ хаёли сафари Фарангистон доштааст. Дилам хост, ки њамин љавонро тамошо намоям. Ба воситаи яке аз дўстонам ба мулоќоташ рафтам ва ба хонааш дохил шудем. Љавоне буд ба синни бисту њаштсолагї, дар болои курсї нишаста хат менавишт. Рафиќи роњаш, яъне шайтонаробаашро њам бо байраќи давлати Жопун тазйин намуда, дар рў ба рўи худ гузошта буд. Моро эњтиром кард, нишастем, аљоиботеро, ки дар муддати се сол дар мамолики Исломия дида буд, њикоят мекард. Дар аснои сухан дили банда тангї намуд, пурсидам, ки: – Бародар, бо вуљуди бепуливу бењамроњї ва беаслињагї бо ин дучархаи худ дар чўлњои љонгудози Арабистон чї гуна ба сар бурдї? Фарз кардем, ки барои худат хўроке ва љои хобе ёфтї, лекин аз чанголи вањшиёни араб, ки одамро чун гунљишк мекушанд, чї тавр халос шудї? Љавони жопунї бо камоли истихфоф ба рўям хандид ва даст бардошта байраќи давлати Жопун нишон дод ва гуфт: – Инак, њамин байраќ аст, ки маро аз он њама мушкилоте, ки ту дар ин љо нишаста аз андешааш метарсї, муњофиза кард. Дар муќобили ин љавоби мањиб ба худ ларзидам ва лањзае сукут кардам, лекин ин маѓлубияти ќатъияро ба худ гарон дидам, дилам ба њавои интиќом битапид, хостам, ки ин љавонро ба зўри сухан маѓлуб намоям, гуфтам: – Бародар, ањли Ислом табъан мењмондўст ва мусофирпарваранд, бинобар он, мумкин аст, ки туро њурмат дошта бошанд, лекин мебинам, ки хаёли саёњати Фарангистон дорї. Дар он љо кори ту мушкил хоњад шуд, зеро аврупоиён ба њељ ваљње ба њоли мусофир намепардозанд. Но Комо вазъияти эътидолкоронаи худро таѓйире надода гуфт. – Миллате, ки монанди мо овозаи бартарї ва шарафи худро ба тамоми сокинони замин шунавонидааст, афродаш дар њељ нуќтае аз нуќоти олам дучори мушкилот нахоњад шуд. Бо хусус то њоло ман дар миёни ќавме будам, ки аз миллати Жопун ба љуз ном чизи дигареро намедонистанд. Баъд аз ин дар мамлакатњое хоњам рафт, ки мардумони он љо шањномаи мафохири моро ба кўдакони худ дар мактабњо таълим медињанд. Албатта, онњо маро аз арабњо бештар эњтиром хоњанд намуд. Инак, шарафу саодати дунёї ин аст, на он чї
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
9
мо дорем...! Њоло бар маќсуди хеш баргардем. Бале, одамиён барои расидан ба саодати дорайн муованати якдигарро муњтољанд. Лекин аз он љо ки табъи башар моили манофеи шахсист, аксариян муованати якдигарро фаромўш карда, њар кас ба фикри истироњати шахсии худ мепардозад, карам ва љавонмардї аз миёнаи онњо бардошта мешавад. Пас чора чист? Чї бояд кард, то мардумон аз тариќи љавонмардї инњироф наварзанд? Дини мубини Ислом чораи ин хусусиро некў ёфта, карам ва љавонмардиро мавќеи муњимме бахшида, каримон ва љавонмардонро мукофотњои ло юъадду ва ло юњсо ваъда намудааст. Ъан Сањл ибни Абї Саъдин разияллоњу ъанњу ќола: Ќола-н-Набийю ъалайњи-с-салому: «Инналлоња карїмун юњиббу-л-карама ва юњиббу маъолия-л-ахлоќи ва якрању сафсофањо». – «АлЉомеъу-с-саѓїр». Тарљума: «Албатта, Худованд карим аст, карам ва сахоро дўст медорад ва аз ахлоќи олия хушнуд мешавад, одоти пастфитратонаро макрўњ медорад». Настаъїзу биллоњи: «Лан танолу-л-бирра њатто тунфиќў миммо туњиббўна ва мо тунфиќу мин шай-ин фа инналлоња бињи ъалїм». – «Оли Имрон» (3:92). Тарљума: «То як ќисм аз чизњои дўстдоштаатонро дар роњи муованати якдигар сарф накунед, саодати дорайнро нахоњед расид. Њар чизе, ки дар роњи муованати њамдигар сарф мекунед, албатта, Худо ўро медонад (яъне мукофоташро мерасонад)». Маълум аст, ки њар кас тавонгару пулдор нест. Баъзе одамон тавонгаранд, бархе олиманд, фирќае шоир ва гурўње хатибанд. Љамоае њам њастанд, ки њељ кадом аз инњоро надоранд. Шубњае нест, ки њар кадом аз ин љамоатњо он чиро, ки худаш дорад, дўст медорад. Масалан, тавонгарон пулро дўст медоранд, олимон илмро, шоирон шеърро, хатибон ваъзро... Ва он, ки чизе надорад, љону тани худро дўст медорад. Пас ба њукми њамин ояти карима њар кадоми онњоро лозим аст, ки бо он чї дўст медоранд, якдигарро муованат намоянд. Лекин бештарини ин вазифаи диния ва инсония ба тавонгарон мутараттиб аст, зеро хидмате, ки ба олами инсоният бо пул мумкин аст, бо чизи дигаре мумкин нест. Ин аст, ки дини Ислом тавонгарони моро ба эњсону садаќа амре намояд, њатто закотро, ки навъе аз садаќа аст, ба гарданамон фарз кардааст. Закот фарз аст, боядаш дод, эњсону саховат њам амри Илоњист, боядаш кард. Настаъїзу биллоњи: «Масалу-л-лазїна
10
юнфиќўна амволањум фї сабилиллоњи ка масали њаббатин анбатат сабъа санобила фї кулли сунбулатин миату њаббатин». – «Баќара»(2:261). Тарљума: «Касоне, ки моли худро дар роњи ризои Худо барои саодати њамљинсони худ сарф мекунанд, мисоли донаи гандуманд, ки њафт хўшае рўёнад ва дар њар хўша сад гандум расонад (яъне дар дунё ва охират њафтсад баробари он чї додаанд, мукофот хоњанд ёфт)». Дар хусуси ин ки соњибони хайру карам дар охират ба дараљоти олия хоњанд расид, шакку шубњае нест, лекин бояд донист, ки ин љамоа дар дунё њам садњо баробари он чї эњсон карданд, мукофот хоњанд дид ва ин мукофоти дунёї махсуси мусулмонон нест. Њар кас тобеи њар дин, ки бошад, агар барои рафоњу саодати миллати худ сарфи мол намояд, мукофоти худро дар дунё мебинад. Тамоми дунё гувоњи ин муддаост. Агар хоста бошед, ки дараљаи азамат ва дањшати њамин як ќоидаи ахлоќияро ба чашми худ бинед, роњ наздик, бархезед, дар мамолики дохилаи Русия саёњате намоед, осоиш ва роњатеро, ки миллати бузурги рус дар сояи муованати якдигар муњайё кардаанд, тамошо намуда, дарси ибрат бигиред. Настаъїзу биллоњи: «Ин туќризуллоња ќарзан њасанан юзоъифњу лакум ва яѓфир лакум валлоњу шакўрун њалїм». – «Таѓобун» (64:17). Тарљума: «Агар ба Худо ќарз дињед (яъне дар роњи ризояш бо хоњиши дил сарфи мол намоед), чанд баробари онро Худо дар дунё ба шумо хоњад дод ва шуморо маѓфират хоњад кард. Зеро Худо шакур аст, эњсони шуморо бе мукофот нахоњад гузошт ва њалим аст, шуморо азоб нахоњад кард». Настаъїзу биллоњи: «Ман за-л-лазї юќризул-Лоња ќарзан њасанан фа юзоъифању лању азъофан касїратан». – «Баќара»(2:245). Тарљума: «Кист, ки Худоро ба хоњиши дил ќарз медињад? (Яъне дар роњи саодати ќавми худ бемалол сарфи мол менамояд?), то Худованд садњо баробар мукофоташ ато намояд». Дар њамин ояти карима ду нуктаи муњиммае мављуд аст, ки њар яке баландии мартабаи каримон ва саховатпешагонро гувоње кофист. Аввалан, Худованди Карим ин амри Худро ба сурати истифњом содир намуда, «Ман за-л-лазї?» гуфтааст. Яъне ба љои ин, ки бифармояд, ки «ќарз бидињед» фармудааст, ки «Кист, ки ќарз медињад?». Касоне, ки ба мутолааи Ќуръон машѓуланд, некў медонанд, ки Худованд њамин љумлаи суолияи «Ман зал-лазї?» -ро дар маќомњои бузург дар хусуси амрњои муњим содир фармудааст. Чунончи,
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
дар љое мефармояд: «Ман за-л-лазї яъсимукум мина-л-Лоњ?» (33:17), яъне «Кист, ки шуморо аз ќањри Илоњї халос бикунад?» Ва дар маќоме мефармояд: «Ман за-л-лазї яшфаъу ъиндању илло биизнињи?» (2:255), яъне кист, ки бе изни Худо шафоат намояд? Дар ин љо низ ба азамати дараљаи караму саховат ишорат фармуда, љумлаи «Ман за-л-лазї?» -ро овардааст. Сониян, њазрати Худовандї ба љои ин ки амр кунад, ки «Дар роњи саодати ќавм сарфи мол намоед», фармудааст, ки «ба ман ќарз дињед», яъне аз он љо ки караму саховат мартабаи бузурге аст ва аз он љо ки карампешагон албатта, мукофоти худро хоњанд дид, бинобар он, њазрати Худовандї садаќаи онњоро ќарзи худ хондааст. Диќќат кунед: ин марњамат ва инояти Илоњї, ин шарафу саодати бепоён тавонгарону соњибдавлатонро махсус аст. Касоне, ки фаќиру мискинанд, агар дар тамоми умри худ ба ибодат ё ба мутолааи улум машѓул шаванд, боз њам аз ин шарафу саодат мањрум хоњанд монд...! Агарчи дар ин боб ояти карима бисёр аст, мо ба њамин ќадар иктифо карда, ду-се њадиси сањењи набавиро њам табаррукан зикр менамоем. Ъан Абдуллоњ ибни Масъудин разияллоњу ъанњу ќола-н-Набийю ъалайњи-с-салому: «Ло њасада илло фї-снатайни: раљулун атоњуллоњу молан фа суллита ъало њалакатињи фї-л-њаќќи ва раљулун атоњуллоњу-л-њикмата фа њува яќзї бињо ва юъаллимуњо». – Бухорї, «Китобу-лъилми». Тарљума: «Рашк набояд кард мартабаи касеро, илло мартабаи ду касеро. Аввалан, мартабаи касе, ки Худо ба ў мол медињад ва ў муќтадир мешавад, ки он молро дар роњи Худо сарф намояд. Сониян, мартабаи касе, ки Худо ба ў илми нофеъ медињад ва ў бо ионати он илм дар миёни халќ њукм мекунад ва халќро таълим медињад». Ъан Абї Њурайрата разияллоњу ъанњу: Ќола-н-Набийю ъалайњи-с-салому: «Изо мотал-инсону-нќатаъа ъанњу ъамалуњу илло мин салосатин илло мин садаќатин љориятин ав ъилмин юнтафаъу бињи ав валадин солињин ядъу лању». – Муслим, «Китобу-л-васияти». Тарљума: «Одамї ваќто ки бимирад, савоби амалњояш мунќатеъ мешавад, магар њамин се савоб, ки баъд аз мурданаш њам ба ў мерасад: аввал, савоби садаќаи љория; дуюм, савоби илми фоидабахш; сеюм, савоби фарзанди солење, ки ўро дуо намояд». Ќориёни киром бояд дар њамин ду њадиси шариф њам диќќат намуда бошанд, ки дар њар ду низ зикри тавонгарони карампеша аз зикри
олимони боамал пештар омадааст, ки ин њам аломати бузургии онњост. Оре, тавонгарони карампеша бузурганд, мартабаашон аз мартабаи соири мардумон баландтар аст, зеро њаёти миллат, интизоми мамлакат вобаста ба њиммати эшон аст. Агар бойњои мо низ ба њамин авомири Илоњї амал намоянд ва њамин ќадар шарафу саодатро барои худ харидорї созанд, њамон рўз ватанамон ба роњи ободї ва миллатамон ба тариќи саодату осоиш ќадам хоњанд монд. Албатта, баъзе ќориёни киром дар ин љо эътироз карда хоњанд гуфт, ки дар мамлакати мо њарсола хеле хайрњо ва саховатњо воќеъ мешавад. Мардумони мо њарсола хеле пулњоро дар роњи Худо сарф менамоянд. Пас мо чаро тараќќї наменамоем? Љавоб медињам, ки аввалан, њамин ќазия, ки «мардумони мо хеле пулњоро дар роњи Худо сарф мекунанд» ѓайри воќеъ аст, зеро дар замони мо панљ танга ё њафт тангаеро, ки ба фалон гадо ё ба фалон хољаи назрхор дода мешавад, «хеле пулњо» намегўянд. Соњибдавлатони аќвоми соира дар ин роњ миллиюн сўм сарф мекунанд. Сониян, мардумони мо ин панљ ё њафт тангаро њам дар мањалли муносибаш сарф наменамоянд. Масалан, фалон мард њафт тангаи худро назр гўён ба фалон мазор мефиристад, ки он пул ба кисаи яке аз хољагони ѓайри мустањиќ медарояд ва фалон одам ёздањ тангаи худро дар фалон хонаќоњ мефиристад, ки ба меъдаи ду-се нафар љањрї интиќол менамояд. Аз чанд тангае, ки ба кисаи фалон назрхор ва ба меъдаи фалон љањрї меравад, албатта, ба мулку миллат фоидае нахоњад расид. Ба илова, ин худоињое, ки дар мулки мо мекунанд, шаръан њаром аст, ба ду љињат. Аввалан назр додан љоиз нест. Ъан Абї Њурайрата разияллоњу ъанњу: Ќолан-Набийю ъалањйи-с-салому: «Ло танзиру фа инна-н-назра ло юѓни мина-л-ќадари шай›ан». – Муслим. «Китобу-н-назри». Тарљума: «Назр надињед, зеро назр ќадарро (яъне ќонуни Илоњиро) таѓйир намедињад». Сониян, њељ кадом аз назрхорон мустањиќ нестанд ва садаќае, ки ба ѓайри мустањиќ дода мешавад, исроф аст. Аммо шумо хоњед гуфт, ки мо бо гадоён садаќа медињем, онњо албатта, мустањиќќанд. Љавоб медињам, ки дини Ислом гадої кардани беузрро њаром кардааст ва ба гадоёни бемаъзарат пул доданро манъ намудааст. Мо дар њамин рисола ин љињатро дуру дароз исбот кардем. Бинобар он, дар ин љо зикрашро муносиб надидем, иншоа-л-Лоњ, масъалаи гадоиро дар як фасли махсус мутолаа хоњед кард. Бисёр хуб, њоло дониста шуд, ки бойњои мо
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
11
ба мўљиби супоришоти Ќуръонї хайру саховат намекардаанд, бинобар он, аз хайроти инњо ба ватану миллат фоидае намерасидааст. Фарз кунем, ки њамаи бойњои мо ба сари инсоф омада, аз рўи фармудаи Илоњї хайру эњсон карданї шуданд. Пас чї бояд кард, то ин хайру эњсони инњо ба ватану миллат фоидае бахшад? Инак, њоло навбати њамин бањс аст. Арз кардам, ки караму саховат иборат аз сарф намудани мол дар роњи саодати њамљинсон, ба иборати дигар, караму саховат муованат ба миллат аст. Пас бояд эњтиёљоти мулку муњтољони миллатро аз назари тадќиќ гузаронем. Маълум аст, ки њамагии эњтиёљоти њељ миллате ба як ранг нест, як ќавмро чандин ранг эњтиёљ мављуд аст: эњтиёљоти илмия, эњтиёљоти зироия, эњтиёљоти тиљория, эњтиёљоти диния ва ѓайра ва ѓайра. Инчунин мулку миллати мо њам ба як чиз аз як љињат муњтољ нест, балки аз љињоти мухталифа бо умури мутааддида муњтољ аст. Масалан, баъзе муњтољи киштукоранд, яъне худашон дењќонанд, лекин замине, ки кишт намоянд, надоранд, ё замин доранд, тариќи киштукорро ба хубї намедонанд, ё ўро њам медонанд ва киштукор њам мекунанд, лекин аз киштукори худ бањрае намебаранд. Бинобар њамин сабаб, як ќисми онњо даст ба коре намезанад ва биттабъ ё ба гадої ё ба дуздї, ки дар њар ду сурат њам миллати худро бењузур, њам њукумати худро беэътибор ва мамлакати худро хароб менамоянд... Ва љамоае ба илм муњтољанд, истеъдод доранд, китобашон нест ё китоб њам доранд, љои иќоматашон мафќуд аст ё љои иќоматашон њам мављуд аст, аз харољоти рўзмарра мањруманд ва ё њамаи инњо доранд ва тањсил њам мекунанд, лекин аз тањсили худњо фоидае намебинанд. Ба њамин сабаб умри як љамоаи мо зоеъ мешавад ва њам илм, ки асоси интизоми олам аст, аз миёнамон бардошта мешавад. Ъало њоза-л-ќиёси. Инак, њар кадом аз њамин эњтиёљот барои харобии як мулк ва беэътибории як ќавм боисе кофист. Пас арбоби карам ва сахоро лозим аст, ки ба дафъи њамин эњтиёљот пардозанд, яъне њамаи афроди миллатро ба њукми шариат лозим аст, ки караму сањоро пешаи худ намуда, ба фањвои ояти каримаи «њатто тунфиќу миммо туњиб-буна» (3:92), ки тарљумааш дар боло гузашт, бойњо ба пул, олимон ба таълим ва тасниф, шоирон ба шеър, хатибон ба ваъзу насињат барои муованати якдигар бикўшанд, то дар сояи дастёрии њамдигар эњтиёљоти мазкураро изола намуда, миллати худро ба роњи саодат дароранд. Ба њамин эътибор аст, ки Ќуръони Карим мефармояд.
12
Настаъїзу биллоњи: «Ва-л-мўъминуна вал-мўъмино-ту баъзуњум авлиёу баъзин». – «Тавба» (9:71). Тарљума: «Њамаи ањли имон мададгори якдигаранд». Ъан Абї Њурайрата разияллоњу ъанњу: Ќолан-Набийю ъалайњи-с-салому: «Ал-мўъмину ли-л-мўъмини ка-л-бунёни яшудду баъзуњу баъзан». Бухорї, «Китобу-л-мазо-лими». Муслим, «Китобу-л-бирри». Тарљума: «Мўъминон мисли деворњои як хонаанд, ки ба сояи ионати якдигар пойдорї дорад». Аммо њаминро њам бояд донист, ки як одам аз он љо ки «як одам» аст, аз тамом намудани аксари корњо ољиз аст. Масали машњур аст, ки «Аз як даст садо намебарояд». Биноан ъалайњи, агар фарз кунем, ки њамаи афроди миллати мо караму сахоро пешаи худ намоянд ва њар кас ба танњої, яъне бе машварати якдигар ба муованати халќ машѓул шаванд, боз њам муњол аст, ки караму сахои онњо натиљаи хубе бахшад. Масалан, тасаввур кунед, ки шумо танњо хидмати халќро дар ўњда гирифтед ва медонед, ки халќ ба киштукор муњтољанд. Фикр мекунед, ки агар ба фалон дењќон фалон ќадар пул дињед, дењќонии мамлакатро фоидае хоњад расид. Пас он дењќонро оварда, фалон маблаѓ пул медињед ва мегўед, бо ин пуле, ки додам, каму костии дењќониро ба даст дароварда, машѓули киштукор шав. Лекин аввалан, аз куљо медонед, ки шахси њамин дењќон муњтољи муованати шумо буд? Сониян, чаро мумкин нест, ки он мард пули шуморо гирифта, дар зарфи андак муддате бихўрад ва ё нобуд кунад? Дар њар ду сурат њам аз ин эњсони шумо ба ватану миллат фоидае нахоњад расид. Агар њамин масъаларо дар бораи муњтољони тарбият татбиќ кунем, фасоди он эњсони шумо ба куллї зоњир мешавад. Масалан, медонед, ки дар мамлакати мо хеле кўдакон, ки муњтољи тарбият бошанд, мављуданд ва агар инњо тарбият набинанд, ба мурури замон њам динро ва њам ватанро аз вуљудашон зарарњо хоњад расид. Пас азм мекунед, ки аз њамин роњ ба дину ватани худ фоидае расонед ва муованате намоед. Лекин чї гуна муованат хоњед кард? Агар ба њар кадом аз ин кўдакон як миќдор пул дињед, нобуд мекунанд ва ахлоќашон вайронтар мешавад. Агар чанде аз эшонро ба хона оварда парво кунед, аз умратон безор месозанд. Фарз кунем, ки чанде аз эшонро ба хона оварданї шудед, амри таълим ва тарбияи онњоро чї гуна саранљом хоњед дод? Шубњае нест, ки танњо ба њамаи ин корњо муќтадир нестед, лољарам
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
ин хайру эњсони шумо зоеъ мешавад. Яъне фоидаеро, ки маќсуд аст, намедињад. Ин аст, ки мардуми як мулк, њар ќадар ки тавонгар ва олим шаванд ва њар ќадар ки сахо ва эњсон намоянд, боз њам наметавонанд, ки аз ўњдаи ин гуна хидматњои иљтимої ба танњої бароянд. Пас чора чист? Чора њамин аст, ки каримон ва саховатпешагони ќавм ин муованатеро, ки мехоњанд ба миллат намоянд, бо машварат ва савобдиди якдигар намоянд. Ба ин тариќа, ки њамиятмандоне, ки мехоњанд дину ватани худро хидмате ва муованате бикунанд, гурўњгурўњ иттифоќ намуда, љамъиятњои мутааддид ташкил бидињанд ва њар љамъияте як навъ эњтиёљи миллатро дар назари эътибор бигирад ва ба рафъи ў пардозад: љамъияти нашри улум, љамъияти њимояи ятимон, љамъияти ислоњи зироат, љамъияти тараќќии тиљорат ва љамъияти муованати муњтољон ва ѓайра… ва ѓайра Ваќто ки яке аз ин љамъиятњоро таъсис карданї шуданд, аввалан, бояд хатти њаракат ва тариќи хидмати ўро бо машварат ќарор дода, дар он хусус ќонуне (низомномае) тартиб созанд ва маќсаду маслаки љамъияти худро эълон намоянд. Ба ин тариќа, ки масалан, имрўз барои пардохтан ба эњтиёљоти зироияи мамлакат љамъияте таъсис кардем, номаш «Љамъияти ислоњи зироат» ва маќсад аз таъсис низ њамон аст. Барои њусули ин маќсад ба ќадри тоќат хоњем кўшид. Билљумла, мактабњои зирої кушодан, аз мамолики мутамаддина мошинњои киштукор оварда, ба дењќон таќсим кардан ва тариќи зироати замони њозирро ба онњо таълим намудан аз љумлаи маќосиди аслияи мо мебошад. Баъд аз он ки њамин тариќ эълон намуданд ва љамъият барпо шуд, он ваќт як сандуќе, яъне хазинае таъйин мекунанд, њар кас њар чї хоњад, дар он љо месупорад. Ваќто ки пули хазинаи љамъият ба маблаѓи дурусте расид, он ваќт ба маќсади худ шурўъ карда умури зироатро аз њар љињат ислоњ менамоянд. Љамъиятњои њимояи ятимон ва тараќќии тиљорат њам аз њамин ќарор аст. Инак, он ваќт хайрот ва садаќоти миллат ба шакли мунтазаме медарояд ва давои дардњои ватанро њозир менамояд. Дини Ислом моро ба ин тариќа корњо амр кардааст... Настаъїзу биллоњи: «Ва-л-лазїна-стаљобў ли Рабби-њим ва аќому-с-салота ва амруњум шўро байнањум ва миммо разаќноњум юнфиќўн». – «Шўро» (42:38). Тарљума: «Рањмати Худо поянда аст дар њаќќи одамоне, ки амрњои Илоњиро ќабул мекунанд, намоз мегузоранд, њар кореро бо машварати њамдигар мекунанд ва як ќисм аз ризќеро, ки ба эшон додем, хайру эњсон менамоянд». Инак, њазрати Худовандї дар њамин оят њам
машваратро ва њам хайру эњсонро ба мо амр мекунад. Пас агар мо дар хусуси хайру эњсони худњо њам машварат намоем, албатта, аљри азим меёбем... Ъан Абї Заррин разияллоњу ъанњу: «Ќола-нНабийю ъалайњи-с-салому: «Иснони хайрун мин воњидин ва салосатун хайрун мини-снайни ва арбаъатун хайрун мин салосатин фа ъалайкум би-л-љамоъати фа инналлоња лан яљмаъа умматї илло ъало њудо». – «Ал-Љомеъу-с-саѓїр». Тарљума: «Чањор кас аз се кас, се кас аз ду кас ва ду кас аз як кас бењтар аст. Пас шуморост, ки њар кори худро бо љамоат иљро намоед, зеро Худо уммати маро дар сари кори савоб љамъ мекунад». Ъан Ибни Ъаббосин разияллоњу ъанњумо: «Ќола-н-Набийю ъалайњи-с-салому: «Ядуллоњи ъала-л-љамоъати». – «Ал-Љомеъу-с-са-ѓїр». Тарљума: «Худо нигањбони љамоат аст». Ман яќин дорам, ки агар дар миёни мо арбоби сахову карам бисёр шуда, сахои худро ба њамин тарзе ки гуфтем, иљро намоянд, миллати моро аз гирдоби нуњусати љањлу ѓафлат халос карда, њам моро, њам худашонро ба саодати дорайн хоњанд расонид ва илло на танњо дар охират, балки дар дунё њам хортарин ва беэътибортарин аќвоми олам хоњем шуд. Ъан Абї Њурайрата разияллоњу ъанњу: «Ќола-н-Набийю ъалайњи-с-салому: «Изо конат умароукум хиёрукум ва аѓниёукум сумањоукум ва умўрукум шўро байнакум фа зањру-л-арзи хайрун лакум мин батнињо ва изо конат умароукум ашрорукум ва аѓниёукум бухалоукум ва умурукум ило нисоикум фа батну-л-арзи хайрун лакум мин зањрињо». – «АлЉомеъу-с-саѓїр». Тарљума: «Њар чї гоње ки њокимони шумо некўкор ва тавонгаронатон саховатпеша гарданд ва корњоятон ба машварати њамдигар воќеъ шавад, он ваќт барои шумо рўи замин аз зери замин бењтар аст, яъне њаќќи њаётро молик хоњед шуд. Ва њар чї гоње ки њокимони шумо бадкирдору бойњоятон бахил шаванд, њар коратон ба машварати занонатон воќеъ шавад, (яъне машварат аз миёнатон бардошта гардад), он ваќт шуморо зери хок бењтар аст аз рўи замин, (яъне њаќќи њаётро молик нахоњед буд, хор ва беэътибор хоњед шуд)». Инак, дар њамин мавзўъ ќадри кофист. Аз ин бештарро на ман тоќати навиштан дорам, на шумо њавсалаи шунидан. Худо ба њамаи моён чашми њаќбину гўши њаќшунаве карам намояд. (Идома дорад) Тањияи А.МАЊМАДАМИНОВ, доктори илми
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
филология, профессор
13
Силсилаи пайѓомбарон бар мабнои «Таърихи табарї»-и Абўалии Балъамї Занони дигари пайѓомбар (с).
Занони дигари Пайѓомбар (с), ки пас аз вафоти Хадича ба аќди никоњ даромадаанд, ба тартиби мундариљ дар китоби мавриди назар ба тартиби зайл аст: 1. Морияи ќибтї. Наљошї, ки подшоњи Њабаша буд, ба Пайѓомбар (с) ду канизак мефиристад, аз ќибтиёни некўрўй, ки номи яке Мория ва они дигар Абкар буд. Пайѓомбар (с) Абкарро ба Њассон ибни Собит мебахшад, ки шоири ў буд, Морияро худ мегирад. Пайѓомбарро (с) аз Мория писаре ба дунё меояд, ки пас аз ду соли зиндагї мемирад. Номи ин писар Иброњим буд. Њадиси Морияро ба занї кардани Пайѓомбар (с) ва хоњари ўро ба Њассон ибни Собит бахшиданаш дар љойи дигари “Таърихи Табарї”, дар мавриди ба маликони замин расул фиристодани Пайѓомбар (с), чунин омадааст: “Пас ин расулон бирафтанд. Аммо Муќавќис - малики Ќибт номаи љавоб фиристод, валекин нагаравид ва љавобномаи некў бозфиристод ва њадияњо фиристод ва љомањои Маѓриб ва андар он њадияњо чањор канизак буд ќибтї: яке Мория, он ки ўро Пайѓомбар алайњи-с-салом модари фарзанд карду аз ў писаре омадаш Иброњим ва ду сол бизисту пас бимурд. Ва Морияро хоњаре буд Ширин ном, пайѓомбар ўро ба Њассон ибни Собит дод” (2, 841). 2. Оишаи духтари Абўбакри Сиддиќ. Оиша дар нуњсолагї зани Пайѓомбар (с) буд ва ўро баъд аз њиљрат ба хона оварданд. Оид ба тазвиљ бо Оиша дар фасли ба занон бахшидашудаи китоби мавриди назар чунин омадааст: “Аз паси Хадича Оишаро ба занї кард. Ва Оиша њафтсола буду хурд буд, натавонист ўро ба хона овардан. Пас ду сол ба хонаи падараш буд - Абўбакр, то пайѓомбар њиљрат кард. Пас ўро ба хона бурд. Ва бад-ин ду сол андар, ки Оиша ба
14
хонаи падар буд, Сударо ба занї кард духтари Зуъма ибни ал-Асвад” (2, 903). Оиша гуфтааст: “Маро бар њама занони пайѓомбар ба њафт чиз фахр аст: яке ки Љабраил ба сурати ман омадї сўи пайѓомбар. Ва дигар: чун маро ба занї кард, њафтсола будам. Ва чун ба хона овард, нўњсола будам. Седигар: маро дўшиза дид ва пеш аз ў њељ кас даст бар ман нанињод. Ва њама занони ў пеш аз пайѓомбар шавњар доштанд. Ва чањорум: чун Љабраилро пайѓомбар биёмадї ва вањй овардї ва ў ба хона андар будї бо зане хуфта, берун омадї ва об бирехтию хештан бишустї. Ва он гањ сухани Худои азза ва љалла бишунидї аз Љабраил. Ва чун бо ман хуфта будию Љабраил алайњи-ссалом биёмадї, аз ман људо нашудї ва њам бо ман вањй бишунидї. Ва эдун гуфтї, ки аз њама занон бар ман Оиша дўсттар аст ва аз мардон њама падараш Абўбакри Сиддиќ. Ва панљум: чун маро туњмат карданд, Абдуллоњи Убай ва мунофиќон, Худои таъоло андар покии ман оят фиристод, понздањ оят ва то растхез ин оятњо мехонанд. Ва шашум: Љабраил алайњи-с-салом ман дидам аз миёни њама занони пайѓомбар ва каси дигар надид. Ва њафтум: пайѓомбар ба хонаи ман фармон ёфт ва чун бемор шуд, ба хонаи ман омад” (1, 723-724). Абўалии Балъамї дар давоми ин суханњо мегўяд, ки “ин хислатњо, ки Оиша бад-он фахр кард, њељ кас ўро хилоф накард ба ахбори дигар, магар он ки гуфтааст, ки Љабраил ба сурати ман омадї, андар ин ихтилоф аст” (1, 724). Аз ахбори дигар наќл шудааст, ки Љабраил (а) назди Пайѓомбар (с) “ба сурати Дињяи ал-Калбї омадї. Ва ў марде буд некўрўй ва ба араб андар аз ў некўтар набуд ва аз банї Калб буд” (1, 724). Модари Оиша Умми Рўмон буд, духтари Омир ибни Амира, аз банї Кинона. Абўбакр Умм Рўмонро “ба љоњилї андар ба занї карда буд”. 3. Суда бинти Рабиа. Аз зани Пайѓомбар
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
(с) будани Суда бинти Рабиа аз он љо огоњ мешавем, ки Расули Худо (с) пас аз баргаштан аз њарби Бадрулкубро “ба Мадина андар омад ва ба хонаи Суда бинти Рабиа, ки зани ў буд фуруд омад”. Дар њамин њарб падари ин зан - Рабиа ибни Асвад бо ду бародараш - Аќилу Њорис кушта шуда буд. Аз алами кушта шудани наздиконаш нањва карду суханњое хилофи раъйи Пайѓомбар (с) бигуфт. Чун Пайѓомбар (с) он суханњоро бишунид, нохушаш омад ва ўро талоќ дод. Пас аз чанде Суда ба хонаи Оиша омаду бо Пайѓамбар (с) сухан гуфту узр хост, Оиша низ дар ин амр хоњиши зиёд кард. Пайѓомбар (с) узрашро пазируфт ва дигарбора ўро ба занї кард. 4. Њафса - духтари њазрати Умар (р). Пайѓомбар (с) Њафсаро дар моњи шаъбон ќабл аз ѓазваи Уњуд ба занї кард. Пайѓомбар (с) “чун раљабу шаъбон ва рамазон бигузошт, бад-ин шаъбон андар Њафса -духтари Умар ибни ал-Хаттоб разия-л-Лоњу ъанњу ба занї кард. Ва Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи рўзаи моњи рамазон бидошт ва намози ид бикард ва садаќаи ид бифармуд. Ва чун аз шаввол њафт рўз бигузашт, ба ѓазваи Уњуд шуд” (1, 787). 5. Зайнаб бинти Љањш. Тазвиљи Пайѓомбар (с) бо духтари Љањш баъд аз ѓазваи Бадрублмавъид, дар соли панљуми њиљрат ба вуќўъ пайвастааст. Ин зан ќаблан зављаи Зайд ибни Њориса буд. Пайѓамбар (с) ўро пас аз талоќи Зайд ба занї кард. Зимнан, Зайдро Пайѓамбар (с) ба писарї пазирафта буд, бинобар њамин ўро мардум Зайд ибни Муњаммад мехонданд. Ба шунидам, дар ин тазвиљ маънии дигаре њам нињон аст, ки ба масъалаи низоми хонаводагї дар љомеа гирењ мехўрад. Бењуда нест, ки Зайнаб дар хитоб ба дигар занони Пайѓомбар (с) чунин мегуфтааст: “Шуморо Пайѓомбар ба занї карду маро Худои азза ва љалла бад-ў дод” (1, 817). Яъне, манзури Зайнаб ин нукта аст, ки “Худои азза ва љалла миёни фариштагон Зайнабро ба пайѓомбар дод ва оят фиристод, ки ман Зайнабро ба ту додам” (1, 817). Пайѓомбар (с), бидуни он ки никоњи дигар бикунад, бо њамон никоње, ки бо фариштагон Худованд карда буд, ба хонаи Зайнаб меравад. 6. Умми Салама. Аз ин зани Пайѓомбар (с)
дар фасли “Хабари азм кардани Пайѓомбар ба њаљ ва рафтан ба Макка” чунин хабар дода мешавад: “Пас чун пайѓомбар аз кори сулњ бипардохт, фармуд, ки сарњо бисутуред ва њарам гиред. Њељ кас иљобат накард ва ин сухан се бор гуфт, кас иљобат накард, андўњманд шуд. Ва занон бо вай Умми Салама буд, ба хаймаи ў андар шуд. Умми Салама гуфт: “Туро чї будааст, ё расулуллоњ, ки чунин андуњманд шудаї?” Гуфт: “Чандин бор бигуфтам ва кас маро иљобат накард бад-ин сухан”. Гуфт: “Ё Расулуллоњ, ту њељ андўњ мадор ва шаву сари хеш бисутур ва ќурбон бикун”. Пайѓомбар чун ин бишунид, бархосту уштури хеш бикушт ва сар бисутурд. Ва ёрон якдигарро аз он хабар доданд. Пас њама сарњо бисутурданду ќурбон карданд” (1, 839). 7. Сафия духтари Хуйя ибни Ахтуб. Сафия ва шавњари вай - Кинона аз банї Назир (љуњудон) буданду ба Хайбар омада буданд. Дар ѓазваи Хайбар њарду ба асирї афтоданд ва Кинона ба њалокат расид. Пайѓомбар (с) “чун Сафияро бидид, хуш омадаш, ридои хеш бар сари ў афканд ва аз пас хеш барнишондаш. Мардумон донистанд, ки пайѓомбар ўро хуш омад ва хештанро баргузид” (2, 845). Баъд аз навиштани сулњнома пайѓомбар (с) “хостаи Хайбар миёни мусалмонон ќисмат кард ва хештанро аз он њама љуз Сафия нагузиду Сафияро озод карду ба занї кард ва ў мусалмон шуд” (2, 847). 8. Маймуна духтари Њорис ибни Абдулмутталиб. Маймуна духтари амми Пайѓомбар (с) буд, ки ўро њангоми Умратулќазо ба занї кард. Барои он Умратулќазо, ки “умраи ќазо буд, аз он умраи порина, ки аз Њудайбия бозгашта буданд ва натавонистанд кардан” (2, 850). Маймунаро Аббос ибни Абдулмутталиб, ки њамроњи Пайѓомбар (с) аз Мадина ба Макка омада буд, ба ў дод. Яъне, ин издивољ баъд аз мусалмон шудани Аббос ибни Абдулмутталиб сурат гирифтааст. То ба ин љо аз он занњое ёд кардем, ки то фасли махсуси ба занони Пайѓомбар (с) махсус будаи китоби мавриди назар вобаста ба воќеоти тасвиршаванда аз онњо ёд шуда буд. Дар фасли “Зикри заноне, ки Пайѓомбарро саллаллоњу алайњи буд” аз
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
15
занони пайѓомбар (с) ба таври љомеъ бањс сурат гирифтааст. Мо танњо барои такмили теъдоди занон ба асомии онњо ишора мекунем. Чунончи оид ба нуњ зани дар боло баршуморидаамон ахбори љадиде пеш ояд, онро дар зайли њамон ном зикр мекунем. Дар баршуморидани асомии љадиди занњо аз шумораи як оѓоз мекунем: 1. Љубира бинти ал-Њарас ибни Абисаррор - аз банї ал-Мусталиќ. Љубира ќаблан зани Молик ибни Сафвон будааст. 2. Умми Њабиб - духтари Бўсуфён. 3. Сабо - пеш аз он ки пайѓомбар (с) ўро бубинад, мурд. 4. Урба бинти Добир - аз банї Килоб. Чун ин зан ба Пайѓомбар (с) гуфт, ки вайро напурсида ба ў додаанд, њамзамон талоќаш дод. 5. Зайнаб бинти Њазима - аз банї Омир ибни Саъсаа. Ин зан “лахте” бо пайѓомбар (с) бибуд, пас бимурд. Аз љамъи занњои Пайѓомбар (с) “њељ кас намурд ба хонаи ў, магар Хадича ва Зайнаб” (2, 904). То ба ин љо аз чањордањ зан ном бурдем. Аз ин шумора серо тарњ мекунем. Чунки дар фасли мазкур аз Мория њамчун зан ёд нашудааст, ўро дар шумори канизон овардааст, ки баъдтар он суханро зикр мекунем. Инчунин, Пайѓомбар (с) бо Сабо ва Урба зандорї накардааст. Аз ин љост, ки, тибќи таъкиди Абўалии Балъамї, “ва ин ёздањ зананд, ки андар њама ахборњо дуруст аст, ки эшонро ба занї кард” (2, 904). Абўалии Балъамї, берун аз ин, ахбори дигарро њам овардааст, ки мувофиќи он Пайѓомбар (с) панљ зани дигарро ба занї кардааст, ба тартиби зайл: духтари Халифа ал-Калбї, Олия духтари Тайфон, Ќимла бинти Ќайс, Њула бинти ал-Њузайл, Лайло бинти ал-Хатиб. Агар ин хабарњо дуруст бошанд, “Пайѓомбар (с) бист зан карда буд ба њама зиндагонии хеш” (2, 905). Як зани дигар, ки теъдодро ба бист мерасонад, он аст, ки, ба гумонам, Сафияро ду бор номбар кардааст (Ниг. ба: панљ сатри сањифаи 904). Аммо Абўали Балъамї боз ба ќавли аввалаи худ эътимод варзидаву таъкид кардааст, ки “хабари дуруст он аст, ки он рўз, ки бимурд (Пайѓомбар (с) - М.Н.), ўро нуњ зан буданд ва беш аз нуњ набуд” (2, 904). Гузашта аз ин, панљ зани дигар будаанд,
16
ки Пайѓомбар (с) мехоста, ки онњоро ба занї бигирад, аммо ба сабабњои мухталиф иттифоќ наафтодааст, ба таври зайл: Умм Њонї - духтари Бўтолиб, Соа - духтари Омир ибни Саъсаа, Сафия - духтари Умайя, Њабиба - духтари Аббоси Абдулмутталиб, Њумра - духтари Њорис ибни Њориса. Аммо оид ба Умми Њонї бояд гуфт, ки тибќи маълумоти мутарљими форсии китоби “Сањењ ал-Бухорї” Абдулалї Нур Ањрорї, Пайѓамбар (с)-ро “аз хонаи Умми Њонї бинти Абутолиб ба сафари меърољ бурданд” (9, 261 повараќ). Дар мавриди ду канизи суррият сухани Абўалии Балъамї чунин аст: “Ва канизакони суррият ду буданд. Яке ба хонаи духтари Зайди Ќибтї, аз банї Ќурайза гузида буд ва аз ў фарзанд наёмадаш, дигар Мория духтари Шамъуни Ќибтї, ки Муќавќис фиристода буд. Ва ўро аз Мория писаре омад, ўро Иброњим ном кард, ду сол бизисту бимурд” (2, 905). Мувофиќи аќидаи Абўалии Балъамї, Пайѓомбар (с) занњои хешро ба тартиби зайл ба занї кардааст: Хадича, Оиша, Суда (аммо ба сабаби њанўз хурд будани Оиша ќабл аз он ки ўро ба хона биёварад, Сударо ба занї карда ва ба хона оварда буд; Оиша, њарчанд тазвиљаш ќабл аз Суда буд, пас аз Суда ба хонаи Пайѓомбар (с) омад), Њафса, Умм Салама, Љубира, Умми Њабиб, Зайнаб бинти Љањш, Сафия, Маймуна, Зайнаб бинти Њамима. Муносибати Пайѓомбар (с) бо занњои хеш бисёр одилона ва бо риояи комили ахлоќи њамида сурат мегирифтааст. Ин нуктаро дар кулли мавориде, ки сухан оид ба муносибати пайѓомбар (с) бо занњо меравад, ба мушоњида гирифтан мумкин аст. Аз љумла, ваќте ки беморї бар Пайѓомбар (с) ављ кард, њамаи занонро “ба хонаи зани хеш Маймуна гирд кард ва аз эшон дастурї хост, ки бад-ин беморї андар ба хонаи Оиша шавам. Ва аз хонаи Маймуна берун омад, дасте бар китфи Алї барнињода ва дасте бар китфи Фазл ибни Аббос ва пойњояш бар замин бар њамекашид, то ба хонаи Оиша омад ва бар бистар бихуфт ва табаш бигирифт то ба охири моњи сафар ва низ натавонист ба мазгит берун омадан” (2, 912-913). Дидор бо Љабраил (а) ва нахустин вањйи
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
илоњї. Дидор бо Љабраил (а), њадиси вањй ва замони ба вуќўъ пайвастани он чунин тасвир шудааст: “Ва он рўз рўзи душанбе буд - њаљдањум аз моњи рамазон. Ва ба дигар ривоят он аст, ки ба моњи рабеу-л-аввал, рўзи дувоздањум. Ва Пайѓомбар салавотуллоњи алайњи андар ин рўзи дувоздањум аз рабеу-л-аввал аз модар бизод ва њам дар ин рўз ба вай вањй омад ва њам дар ин рўз аз дунё муфораќат кард. Пас ин рўзи душанбе Худои азза ва љалла Љабраилро бифиристод ва фармудаш, ки хештанро ба вай намой. Ва Ќуръон ба вай фиристод. Ва Љабраил биёмад ва пайѓомбарро бар кўњи Њиро ёфт танњо. Хештан вайро намуд ва гуфт: “Дуруд бар ту, эй Муњаммад, эй пайѓомбари Худой!” Пайѓомбар битарсид ва бар пой бархост ва пиндошт, ки девона шуд. Ва бар сари кўњ омад, ки то хештанро фурў афканад ва худро бикушад. Љабраил ўро миёни кўњ ба пар андар гирифт, ки то пеш натавонист шудан ва на аз пас бозомадан ва ўро гуфт: “Матарс, ки ту пайѓомбари Худої љалла љалолуњу ва ман Љабраилам - фариштаи Худой”. Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи ба миёни ду пар ошуфта бимонд. Љабраил гуфт: “Ё Муњаммад, бихон!” Гуфт: “Чї хонам, ки ман чизе надонам хондан?!” Гуфт: “Бихон!” Ќавлуњу таъоло: “Бисми-л-Лоњи-р-Рањмони-р-Рањим. Иќраъ бисми раббика-л-лазї халаќ. Халаќа-л-инсона мин ъалаќ. Иќраъ ва раббука-л-акраму-ллазї ъаллама би-л-ќалам.” - [Ба номи Худои бахшояндаи мењрубон. Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид одамиро аз хуни баста офарид. Бихон ва Парвардигори ту бузургвортар аст. Он ки ба дастёрии ќалам илм омўхт.] Пас ўро аз миёни ду пар даст боздошт ва худ нопадид шуд. Ва Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи аз он кўњ ба зер омад, ларзае бар вай афтода ва ба хона омад. Ва ин сурат, ки Љабраил ўро гуфта буд, бо хештан њамехонд ва дилаш бадон меоромид...” (1, 682). Оѓози расми намоз гузоридан. Пайѓамбар (с) пас аз баргаштан аз кўњи Њиро бар асари ларзае, ки бар андоми эшон афтода буд, бар худ љомаеро пўшида ва хуфта буданд. Дар њамин лањза дигарбора Љабраил (а) биёмад ва “бонг бар вай зад, ки “ё айюња-л-муддассиру, ќум!” Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи сар бардошту гуфт: “Бархостам, чї кунам?”
Гуфт: “Ќола-л-Лоњу таъоло: “Фа анзир. Ва раббака фа каббир. Ва сиёбака фа тањњир” [Эй марди љома бар худ печида. Худои таъоло гуфт: “Ва битарсон. Ва Парвардигори худро ба бузургї ёд кун. Ва љомањоятро пок кун”]. Пайѓомбар љомаро аз хештан дур андохт ва бархос ва Хадичаро гуфт: “Кори ман аз хуфтану осудан рафт. Маро Љабраил омад алайњи-с-салом ва фармуд, ки фармони Худои азза ва љалла ба љањониён бигузор ва намоз кардан ва парастиш кардани Худойи азза ва љалла бифармой!” Хадича аз шодї бар пой хост ва гуфт: “Эй пайѓомбари Худой, Худои азза ва љалла туро чї фармуд?” Гуфт: “Маро эдун фармуд, ки мардумонро огоњ кун ва ба Худой хон. Ва ман киро хонам, ки маро устувор надоранд, ки пайѓомбари Худоям”. Хадича гуфт: “Нахуст аз њама мардумон маро ба Худой хон, ки ман туро устувор медорам”. Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи аз сухани Хадича шод шуд ва мусалмонї бар вай арза кард. Ва Хадича ба Худой ва пайѓомбар бигаравид. Ва Љабраил алайњи-с-салом он љо буд ва пайѓомбарро гуфт: “Ё Расулуллоњ, об хоњ, то вузўъ кардан [ва] намоз биёмўзї, то бидонї, ки Худойро чї гуна парастї ва њар кї аз каси ту бувад њам, њамчунин”. Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи об хост ва Љабраил алайњи-с-салом ўро обдаст ва намоз биёмўхт ва сифати намоз ба вай кард. Пас Љабраил дар пеш шуд ва ду ракаъат намоз кард. Ва пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи аз паси Љабраил намоз кард. Ва Хадича аз паси пайѓомбар намоз кард. Пас амиралмўъминин Алї даромад алайњиссалом ва њафтсола буд ва пайѓомбарро дид ва Хадичаро дид, ки суљуд њамекарданд… Пайѓомбар салавоту-л-Лоњи алайњи дин бар ў арза кард. Ва Алї ибни Абитолиб алайњиссалом ќабул кард ва намози пешин бо Пайѓомбар бикард” (1, 683-684). Дар њамин ваќт њазрати Алї (а) бо Пайѓамбар (с) зиндагї мекарданд, чунки эшонро ба сабаби тангии чањор сол аз ин воќеа пеш пешомада, гаронии таом ва падарашон - Бўтолибро иёл бисёр будан аз писарону духтарону хоста кам будан њазрати Муњаммад (с) ба тарбияи худ пазируфта буданд. (Идома дорад) Мисбоњиддини Нарзиќул, ДИФ, профессори ДМТ
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
17
СИЁЊДОНА Аз љумлаи далелњои нубувват дар њадиси шариф амре аст, ки пешгўии илмї номида мешавад. Дар «Сањењ»-и Бухорї ба ривоят аз Абўњурайра (р) омадааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Аз сиёњдона истифода кунед ва онро бихўред, зеро дар он шифои њама беморињо ба љуз марг вуљуд дорад». Ин як њадиси сањењ аст. Паёмбар (с) аз рўйи њаво ва бењуда сухан намегўяд ва каломи ў вањй аст, ки бар ў илњом мешавад. Аммо бубинем уламои пешин чї гуна онро тафсир кардаанд? Дар «Фатњу-л-борї» дар шарњи ин њадис омадааст: «Манзур аз сухани эшон «давои њама беморињо» амри оме аст, ки ќасд аз он хос аст. Зеро дар њељ кадом аз гиёњон он чї бо салиќаи њама инсонњо созгор бошад ва дар муолиљаи њамаи беморињо муассир бошад, вуљуд надорад. Пас сиёњдона шифои њамаи беморињое аст, ки аз рутубат ношї мешавад. Абўбакр ибни Аларабї мегўяд: Хосияти шифобахшии асал бештар аз сиёњдона аст. Бо ин вуљуд дар баъзе аз беморињо чунончи асал масраф шавад, боиси озори бемор мешавад. Агар ќасди Парвардигор аз шифобахшии асал ин бошад, ки барои аксарият ќариб ба иттифоќи мардум хосияти шифобахш дорад, ин сухан дар бораи сиёњдона ба њаќиќат наздиктар аст». Бояд донист, ки Худованд дар бораи асал фармудааст: «…дар он шифое барои мардум вуљуд дорад…». Бо ин вуљуд набояд онро шифобахши њама беморињо донист. Зеро Худованд дар бораи он нафармудааст: «шифо фаќат дар он аст». Дар мавриди њадиси сиёњдона низ њамин матолиб сидќ мекунад.
18
Ду донишманди бузурги илми пизишкї, ки дар пешрафтатарин донишгоњњои љањон тањќиќ мекарданд ба ин натиља расиданд, ки сиёњдона боиси таќвияти дастгоњи эминї ва дифои бадан мешавад. Дастгоњи эминї, баданро аз њамаи беморињо бахусус беморињои микробї ва саратонї њифз мекунад. Њар андоза, ки дастгоњи аймании инсон таќвият шавад тавоноии фард барои муќобила бо беморињои микробї ва саратонї бештар мешавад. Ин ду пизишк ба василаи озмоишњои фаровон ба ин натиља расиданд, ки истифода аз як грамм сиёњдона њар рўз ду бор ба муддати чањор њафтаи амалкард ва таъсири салулњои ѓадуди линфовиро 25 дар сад афзоиш медињад. Ѓадуди линфовї дорои салулњое њастанд, ки подтен (подзањр) тавлид карда ба дифоъ аз бадан кўмак мекунанд. Пас њар гоњ инсон ба муддати чањор њафта њар рўз ду бор ва њар бор як грамм сиёњдона масраф кунад, ѓадуд ва салулњои линфовї, ки вазифаи онњо сохтани подзањр ва куштани микробњост 25 дар сад бештар фаъолият мекунанд. Тањќиќоти фаровоне дар бораи ин дона анљом шудааст. Аз љумла ин ки сиёњдона дорои фосфат, оњан, фосфор ва 28 дар сад анвоъи чарбињост. Асроромез будани сиёњдона
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
ба баракати вуљуди ин равѓанњост. Дар ин чарбињо антибиотикњо, антивирусњо, маводи кушандаи микробњо, маводи зидди саратон, гармонњои таќвияткунанда, афзоишдињандаи идрору сафро, онзимњои њазмкунанда, антиасидњо ва њамчунин маводи фаъолкунандаву оромбахш вуљуд дорад. Дар ин шакке нест, ки Паёмбар (с) бењуда сухан намегўяд ва Худованд ба василаи вањй ўро аз ин амр хабардор намудааст. Ба њамин далел фармудааст: «Аз сиёњдона истифода кунед, ки дар он барои њар дарде ба љуз марг шифое вуљуд дорад». Бисёре аз мардум аз сиёњдона истифода карда хавоси дармони фаровони онро дарёфтаанд. Сиёњдона дар дармони беш аз 50 беморї таъсир дорад. Аз љумлаи онњо: беморињои пўст, рўда, асаб, таб, уруќ ва ширёнњо. Агар сиёњдона дору њам набошад њадди аќал метавон гуфт воксина аст. Ба њамин далел Паёмбар (с) фармудааст: Дар бисту сеюмин конфронси дорусозони љањон тањќиќе ироа шуд,ﭼки ﮦ ﮧдар ﭽ ﮥонﭻзикр ﭸ ﭹ ﭺшуда ﭧﭨﭷ
«
«
шуд ба ин натиља расиданд, ки сиёњдона рушди микробњоро дар муњити перомуни худ мутаваќќиф мекунад. Њамчунин тањќиќи сеюмї дар бораи сиёњдона анљом шуд, ки бар асоси он сиёњдона барои дармони тангии нафаси шадид бисёр муфид ташхис дода шуд, ки донишмандон то имрўз иллати даќиќ ва илољи онро кашф накардаанд. Ибни Сино аз љумлаи донишмандоне аст, ки дар заминаи пизишкї ба забони арабї таълифоте доштаанд. Вай дар китоби «Алќонун», ки аз љумлаи машњуртарин китобњои пизишкї аст мўътаќид аст, ки сиёњдона барои дармони сармохўрдагї, афзоиши пешоб, шикастани санги масона ва санги гурда, афзоиши шири модар, таскини сардард ва аз байн бурдани загил муфид аст. Вай бавузуњ ба ин умур ишора кардааст. Замоне фаро мерасад, ки мардум умури дигареро дар бораи сиёњдона кашф хоњанд кард. Ба њамин далел бояд аз роњнамоињои Паёмбар (с)бањра љўем. Аз љумла ин ки фармуданд: ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮥ ﮦ ﮧﭼ
ﭧ ﭨ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮥ ﮦ ﮧﭼ
«
« «
«
буд сиёњдона дар коњиши фишори хун таъсир«дорад. Чунонки медонем афзоиши» фишори хун бемории хатарноке аст ва то имрўз пизишкон иллати ин бемориро ба таври даќиќ намедонанд. Дар яке аз донишгоњњои Миср пас аз тањќиќоти даќиќе, ки аз тариќи кушти микробњо дар зарфњое, ки сиёњдона ба сурати мањлул, пудра ва … вуљуд дошт, анљом
(Алайкум) дар ин љо исми феъл аст ба маънои анљом бидињед « яъне онро бихўред.
»
«
Зеро дармон ва шифои њама беморињо ба љуз марг дар он вуљуд дорад.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
19
ﭧﭨ
»
Асњоби Айка номи ќавме аз
аќвоми пешин – арабњои нобудгашта аст, ки дар зимни достонњои ќуръонї дар канори аќвоми дигаре, чун ќавми Самуд, ќавми Лут, ќавми Туббаъ, ќавми Фиръавн ва ѓайра љой гирифта ва дар сурањои Њиљр (15: 78,79), «Шуъаро» (26: 176-190), «Сод» (38: 13) ва «Ќоф» (50:14) дар бораи он гузориш дода шудааст.
аз роњзанї фаро хонд ва аз оќибати бади ин фасоди ахлоќї ва зиёнкорињои иљтимої, ки азоби илоњиро дар пай дорад, барњазар дошт. Асњоби Айка даъвати ислоњии Шуъайб (ъ)-ро напазируфтанд ва баръакс аз ў хостанд, ки агар дар ин тањдидњояш ростгў бошад, порае аз осмонро бар сари онњо фуруд оварад. Ин љо буд, ки онњоро азобе аз сўи Худо бо номи азоби рўзи зулла (абрпора) фаро гирифт ва бо њамин аз байн рафтанд.
АСЊОБИ АЙКА Ба андешаи муаррихон ва ањли тафсир Худованд мефармояд: «Асњоби Асњоби Айка (ањли Мадян), ќавми Од, Айка фиристодагон (-и Худо)-ро такзиб ќавми Самуд, ќавми Туббаъ ва асњоби намуданд, ваќте Шуъайб ба онњо гуфт: Рас(с) аз арабњои боида – аќвом ва ќабоили Оё (аз Худо) наметарсед? Ман бароятон њалокгардидаи араб ба шумор мераванд. фиристодае амин њастам. Пас аз Худо Ќуръони карим бо зикри достони Асњоби парво (таќво) намоед ва маро итоат кунед. Айка намунаи дигаре аз талошњои даъватї, Ва дар (ивази) ин (даъвати худ) аз шумо њаракати ислоњї ва сабру пойдории музде талаб надорам, (ва) аљри ман љуз паёмоварони Худоро дар роњи нашри бар Парвардигори љањониён набошад. арзишњои инсонї ва такомули тадриљии Паймона (ва баркаш)-ро комил намоед ва миллатњо дар дарозои таърихи башарї аз зиёнкорон (камфўрушон) набошед ва ёдовар мешавад ва бо баёни њамоњангии бо тарозуи дуруст баркашед! Ва чизњои суннатњои таквинї ва ќонуниятњои иљтимої мардумро (дар ваќти баркаш) кам насозед бо барномањои шаръї ва меъёрњои ахлоќї ва дар замин фасодкорона гашту гузор мардуми љањонро ба таври умумї ва накунед! Ва аз он Худое битарсед, ки шумо миллатњои мусулмонро ба сурати хосе аз ва наслњои гузаштаро биофарид. Гуфтанд: пайомадњои бади зиёнкорињои иљтимої, Ту воќеан њам, аз сењршудагонї ва ту инњирофоти эътиќодї ва бадсулукї намебошї магар одаме ба мисли мо ва мо барњазар медорад. туро аз дурўѓгўён мепиндорем. Пас порае Ба гуфтаи Ќуръони карим дар сураи аз осмонро, агар ростгў бошї, бар (сари) «Шуъаро» Асњоби Айка ба фасодкорї, мо фуруд овар! Гуфт: Парвардигорам аз камфўрушї, задан аз тарозу ва таќаллубкорї он чи анљом медињед, огоњ аст. Пас ўро машѓул буданд. Бар асоси дигар фармудаи такзиб намуданд, ин буд, ки азоби рўзи Ќуръон (7: 86) роњзанї (ќатъи тариќ) зулла (абрпора) онњоро бигрифт. Он воќеан ва тањдиди роњгузарон низ дар миёни њам, азоби рўзи бузурге буд. Ќатъан, дар онњо маъмул гашта буд. Онњо њамчунин ин (амр ва сазои илоњї) оят ва нишонае мекўшиданд, ки садди роњи даъвати ањли аст ва аксари онњо бовар надоштанд». (26: имон шаванд. Паёмбарашон Шуъайб (ъ) 176-190). онњоро ба парастиши Худои ягона, таќвои Аксари ањли тафсир Асњоби Айкаро илоњї ва ислоњи он вазъ – пурра намудани бо асњоби Мадян як донистаанд. Ин ба он паймона, баркаш бо тарозуи дуруст ва дурї Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
20
љињат аст, ки дар њарду маврид паёмбари онњо Шуъайб (ъ) зикр шудааст ва дар бораи асњоби Мадян низ дар сурањои Аъроф (7: 85-93), Тавба (9:70), Њуд (11: 84-95), Њаљ (22: 44) ва Анкабут (29: 36, 37) айнан њамон сифатњои манфии рафторї ва зиёнкорињои иљтимоие зикр шудаанд, ки Асњоби айка аз онњо нањй шудаанд. Ба назари онњо «айка» номи дарахт ва ё дарахтзорест, ки ањолии Мадян онро парастиш мекарданд ва ба гуфтаи баъзе муфассирон он номи шањрест, ки ќавми Шуъайб (ъ) – асњоби Мадян дар он зиндагї мекардаанд ва ё ба маънои бешазори анбўњ ва сарзамини сердарахт ва сарзабзе аст, ки ањли Мадян дар наздикињои он ба сар мебурдаанд. Мадян њамон гуна ки дар таърихњо ва тафсирњо омадааст, њам номи ќавми Шуъайб (ъ) ва њам номи шањрест, ки он ќавм дар он зиндагї мекарданд. Он дар сарзамини Њиљоз дар наздикињои шањри Муон дар канори минтаќаи Табук ва шарќи халиљи Аќаба воќеъ будааст. Муфассирон дар баёни ин азоби илоњї гуфтаанд, ки боди тафсоне ба муддати њафт шабонарўз бар ањли Мадян – Асњоби Айка вазид ва онњо аз шиддати гармї ба сањро рехтанд. Дар ин њангом абре дар осмон намудор шуд ва мардум дар љустуљўи њавои форам дар сояи он гирд омаданд. Ин љо буд, ки онњоро садои мањибе фаро гирифт, ки заминро аз зери пояшон ба ларза афканд ва аз он абр оташе бар сарашон фурў рехт ва њамаро нобуд сохт. Ќуръони карим дар бораи Асњоби айка се навъи азобро дар оятњои гуногун зикр кардааст, ки яке «сайња» (11: 94) (садои мањиб), дигаре «раљфа» (7: 91) (ларзиши замин) ва сеюм «оташе аз он абрпора» (26: 189) аст. Биёмад яке гарм рўзе зи роњ, Ки бар соя бурданд љумла паноњ. Азобе биёмад дар он рўз сахт, Бар он ќавми кофирдили тирабахт. Гирифтї њама золимонро фаро, Яке сайњаи ќањру хашми Худо. Заминларзае омад он тирашом, Ки то субњ ларзид хокаш тамом. Адабиёт: Доиратулмаорифи бузурги исломї. Т., 2006. Мисбоњи мунир, гузидаи
тафсири Ибни Касир. Риёз, 2002. Тафсири Табарї. Ќоњира, 2007. Тафсири Аддур(р)ул-мансур. Ќоњира, 2003. Сомї ибни Абдуллоњ, Атласи таърихи анбиё ва расулон. Риёз: Убикон (Obekan) 2006. Ибни Касир, Ќасас-ул-анбиё. Алмансура: Муассисаи Нур, 1997. Доктор Шавќї Абухалил, Атласи Ќуръон: маконњо, ќавмњо ва аълом. Димишќ: Дор-ул-фикр, 2003. Афиф Абдулфаттоњ Таббора, Достони паёмбарон дар Ќуръон (тарљимаи форсї, Абубакри Њасанзода). Т., Нашри эњсон, 2009. Алмавсўат-ул-арабият-ул-оламия [Global Arabic Encyclopedia]. (Тањти моддаи «Шуъайб» [Shu’ayb]). Ривояти электронї. Риёз. 2004.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
А. Боќизода
21
Достони рењлати њазрати Иброњим(а) Рўзе Азроил(а) ба назди Иброњими Халил(а) омад то љони ўро ќабз кунад ва бигирад, аммо њазрати Иброњим, ки маргро дўст надошт ин амрро ќабул накард. Азроил ба назди Парвардигор рафт ва ин мољароро наќл кард. Худованд ба Азроил вањй намуд: “Иброњимро озод бигузор чаро ки ў дўст дорад зинда бошад ва маро ибодат кунад”.
р а н љ о в а р б о и с ш у д т о кунад Азроилро фиристод. И б р о њ и м ( а ) и д о м а и Азроил назди Иброњим омад зиндагиро талх бидонад ва ва салом кард. Иброњим ба марг алоќаманд шавад. љавоби саломи ўро дод ва Ваќте ба хона баргашт пурсид: Оё барои ќабзи рўњ шахси нурониеро мушоњида омадаї ё барои ањволпурсї? Азроил гуфт: Барои ќабзи намуд, ки то он рўз чунон шахси зебоеро надида буд. рўњ омадаам. Иброњим гуфт: Оё Аз ў пурсид: Ту кї њастї? Гуфт: Ман фариштаи дўстеро дидаї, ки дўсташро бимиронад?! марг Азроил њастам. Азроил ба назди Иборњим гуфт: “Субњоналлоњ! Чи касе аз Парвардигор бозгашт ва арз дидани ту ва мулоќот бо ту кард: Худоё! Бироњим чунин њарос дорад ва метарсад он мефармояд. Худованд ба њам бо ин љамоли дилорое, Азроил вањй кард, ки ба ки ту дорї?” Иброњим бигў: Азроил гуфт: “Эй халилу َ اِّن،ِحبِیبِه َ َت حَبِیبًا یكْرَ ُه لِقاء َ هَلْ رَأی дўсти Худо! Њар гоњ ِحبِیبِه َ َب لِقاء ُ ِحبِیبَ یح َ ا ْل Худованд хайру саодати касеро бихоњад маро бо ин Оё дўстеро дидаї, ки сурат назди ў мефиристад ва аз дидори дўсташ беалоќа агар шарру бадбахтии ўро бошад? Њамоно дўст ба Муддатњо аз ин мољаро бихоњад маро дар чењраи дидори дўсташ алоќаманд гузашт то рўзе Иброњими дигар назди ў мефиристад”. аст. Халил пирамардеро дид, Онгоњ рўњи Иброњимро Ваќте ба њазрати Иброњим к и б и с ё р п и р у ф а р т у т ќабз намуд. ин сухани Худованд расид шуда буд ва њар чи мехўрд, Дар ривояти дигаре аз бо хушњолї омодаи рафтан нерўе надошт, ки њазмаш амири мўъминон Алї(кр) ба дидори мањбубаш шуд кунад бинобарин он ѓизо наќл шуда аст: ва дар синни 175 солагї аз дањонаш берун меомад. “Њангоме ки Худованд ба лиќои Худованди ягона Д и д а н и и н м а н з а р а и хост Иброњимро ќабзи руњ шарафёб шуд. Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
22
В аќте ки Намруд
дастур дод то њазрати Иброњим(а) ро дар оташ бияфкананд, духтари Намруд бо номи Разъа дар канори падараш нишаста буд ва ин мољароро аз наздик мушоњида мекард.
дар миёни оташ нињод ва худро ба назди њазрати Иброњим(а) расонд ва дар њузураш имон овард ва бо саломат ба пеши падараш баргашт. Намруд бо дидани ин манзара таъаљљуб кард, вале ба хотири тарс аз мардум ва
ДОСТОНИ ИМОН ОВАРДАНИ ДУХТАРИ НАМРУД Д ухтари Намруд ба
болои баландие рафт то мољароро ба хубї бибинад. Њангоме ки Иброњими Хал ил(а) бо манљаниќ ба миёни оташ афканда шуд, Разъа мушоњида кард, ки бо фуруд омадани Иброњим(а) ба миёни оташ, тамоми оташи давру атрофаш ба гулу гиёњ мубаддал шуд ва Иброњим(а) ба саломат ба миёни гулњо афтод. Духтари Намруд гуфт: Эй Иброњим! Ин чи њолате аст, ки эљод шуд ва чаро оташ туро намесўзонад?! Њазрати Иброњим(а) фармуд: Забоне, ки ба зикри Худованд гўё бошад ва ќалбе, ки маърифати Худо дар ў бошад, оташ дар ў асар надорад. Духтари Намруд гуфт: Ман њам мехоњам бо ту њамроњ бошам. Њазрати Иброњим(а) фармуд: Бигў “Ло илоња иллаллоњ, Иброњим Ха лилуллоњ” ва дохили оташ шав! Духтари Намруд ин љум ларо такрор кард ва по
мамлакаташ, ки аз дасташ наравад духтарашро бо насињат ва мавъиза ба назди худ хонд ва ўро аз имон овардан ба Худои ягонаи Иброњим(а) барњазар дошт, аммо суханони Намруд дар ў асар накард. Намруд ваќте маъюс шуд дастур дод то ў ро дар миёни офтоби сўзон ба чањормех бикашанд. Худованди мењрубон(љ) ба Љабраил(а) фармуд: Бандаи маро аз ин мањлака наљот дењ!
Забоне, ки ба зикри Худованд гўё бошад ва ќалбе, ки маърифати Худо дар ў бошад, оташ дар ў асар надорад.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Љабраи Разъаро аз он мањлака рањонид ва ўро ба назди Иброњим(а) овард. Разъа, ки тоза имон овар да буд ва дар вуљудаш нури имон равшан шуда буд, дар тамоми машаќќатњо ва ранљњо бо набиву халили Худо њазрати Иброњим(а) б уд. Ња з ра ти И б роњим ўро ба њамсарии яке аз фарз андонаш даровард ва Худованд фарзандоне ба ў иноят кард, ки њама бар маснади нубувват ва пайѓамбарї ќарор гирифтанд.
23
НИЗОМЇ ВА СУННАТИ СОЌИНОМАСАРОЇ (Идома аз шумораи гузашта)
Бархе аз шоирон ба ин маънї дар
ашъори худ мукарраран таъкид намудаанд, ки гарчанде тавсифи хамр дар ашъорашон фаровон дида мешавад, аммо њеч гоњ бодаи ангуриро начашидаанд. Низомї дар «Соќинома»-аш таъкид бар ин мазмун менамояд: Ту пиндорї, эй Хизри фархундапай, Ки аз май маро њаст маќсуд май? Аз он май њама бехудї хостам, В-аз он бехудї маљлис оростам. Маро соќї аз ваъдаи эзадист, Сабў аз харобї, май аз бехудист. Вагарна, ба Эзад, ки то будаам Ба май домани лаб наёлудаам. Гар аз май шудам њаргиз олудаком, Њалоли Худо бод бар ман њаром!
Чї тавре ки дида мешавад, шоир сидќан ва самимона ба бода нанўшидани хеш таъкид меварзад, ки воќеият дорад. Зеро Низомї дар маснавии «Хусраву Ширин»-и хеш зимни тавсифи яке аз ташрифоти худ ба маљлиси Туѓралшоњ сањнаи бодагусории ононро ба риштаи тањрир даровардааст. Аз хотири он, ки шоњ ба Низомї эњтироми хоса меварзид ва аз машраби ў огоњї дошт, фавран амр менамояд, ки љому шаробро аз маљлис бибаранд: Маро дар базмгоњи шоњ бурданд, Уторидро ба кунљи моњ бурданд. Нишаста шоњ чун тобанда хуршед Ба тољи Кайќубоду тахти Љамшед. Бињиштї базмаш аз базми бињиштї, Зи хўсакњои май пур карда киштї. Хуруши арѓавону нолаи чанг Расонида ба чархи Зуњра оњанг. Ѓазалњои Низомиро ѓизолон Зада бар захмањои чанг нолон. Гирифта соќиён май бар кафи даст, Шањаншањ хўрда май, бадхоњ шуд маст. Чу додандаш хабар, к-омад Низомї, Фузудаш шодие бар шодкомї. Шукўњи зуњди ман бар ман нигањ дошт,
24
На з-он пашме, ки зоњид дар кулањ дошт. Бифармуд аз миён май баргирифтан, Мудорои маро пай баргирифтан. Ба хидмат соќиёнро дошт дар банд, Ба саљда мутрибонро кард хурсанд. Ишорат кард, к-ин як рўз то шом Низомиро шавем аз руду аз љом. Чу Хизр омад, зи бода сар битобем, Ки оби зиндагї бо Хизр ёбем.
Ба ин гуна мавриди истифода ќарор гирифтани вожагони маъмулии забон дар либоси љадиди маонї дар шеъри классики форсї мутадовил гардид. Пайдоиши чунин «маъонии хос дар либоси ом» муљиб гашт, ки рисолаву фарњангњои фаннии зиёде дар тафсиру таъвили истилоњоти шеъри ирфонї ба вуљуд оянд. Зикр намудан лозим аст, ки мухотаби хеш ќарор додани соќї аз нахустин рўзњои пайдоиши шеъри дарї оѓоз шуда, бо суннатњои динию фарњангии ќабл аз исломии мо иртиботи бевосита дорад.1 Аммо тарзи истифодаи чунин хитобањо дар соќинома чи аз љињати шакл ва чи аз назари маъно аз ашъори дигар фарќ дорад. Аз оѓоз то анљоми соќинома мухотаби шоир хирќаи пашмина дар бар дорад. Ў муршид ва роњнамост ва гоње Офаридгор низ мавриди хитоб ќарор мегирад. Аз ин љост, ки шоир бо исрор, такрор ба такрор аз соќї талаби шароб ва аз муѓаннї дархости навохтани созу хондани суруд менамояд ва зимни ин талаб кулли гуфтанињои хешро љасуронаву беибо иброз медорад. Нахустин бор ба ин падидаи адабї Абдуннабии Фахруззамонї таваљљўњ намуд. Вай тазкираи «Майхона»-и хешро, ки ба шоирони соќиномасаро бахшида шудааст, бо Низомии Ганљавї оѓоз намуда, рољеъ ба нахустин нишонањои соќинома ва љойгоњи Низомї чунин нигоштааст: «Бар ройи маъни1. Тазкираи Майхона. Таълифи Мулло Абдуннабии Фахруззамонии Ќазвинї дар 1028 њиљрї. Бо тасњењу танќењ ва такмили тарољим бо эњтимоми Ањмад Гулчини Маъонї. Тењрон, 1340. С. 15. Минбаъд: Тазкираи Майхона.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
орои арбоби дониш ва замири байзотаъсири асњоби биниш пўшида намонад, ки њазрати шайх (Низомї – Ш.С.) «Соќинома»-и басомоне нагуфта, бонии «Майхона» Абдуннабии Фахруззамонї аз охири њар достони китоби «Сикандарнома» ду байт дарюза намуда, бо чанд байти мутафарриќаи дигар, ки муносибате ба соќинома дошт, тартиб дода, бар сабили таяммун ва табаррук дар ин авроќи парешон («Майхона»- Ш.С.) бар баёз» Ин абёт дар оѓози њар фасли овард». «Искандарнома», ки аз ду ќисм - «Шарафнома» ва «Иќболнома» иборат аст, бо сабку мазмуни нав дар шакли ду байти мухотаб ба соќї (дар «Шарафнома») ва ду байти мухотаб ба муѓаннї (дар «Иќболнома») ќарор гирифтаанд. Дар онњо шоир тавассути хитоб ба соќї ва талаб намудани бода ва мурољиат ба муѓаннї ва даъвати навохтани созу сароидани суруд андешањои худро дар бораи нопойдорию ноњинљории дунё, накўњиши рўзгор ва зуњду риё ва масъалањои мутааддиди фалсафию иљтимої матрањ намуда, баъдан ин мазоминро дар дохили достон то андозае бозгўї менамояд. Дар бораи талхиси ин байтњо ва сохтани асаре љадид худи Низомї ишора намудааст: Гар он дурр, ки як-як дар ў бастаам, Ба њар матлабе боз пайвастаам, Ба як љой дар ришта оранд боз, Пур аз дурр шавад риштаи уќдасоз. Људогона муњр аст њар пайкаре, Зи ќонуни њикмат бувад дафтаре. Муаллифи тазкираи «Майхона», ки худ шоир ва донандаи хуби адабиёти форсї буда, аз љараёни ташаккул ва такомули ин падидаи адабї огоњии комил дошт, тибќи ин ишораи Низомии манзумапардоз «Соќинома»-и ўро аз «Искандарнома» берун оварда, ба ин восита маќом ва љойгоњи ин нобиѓаи адаби форсиро дар рушду такомули минбаъдаи жанри соќинома муайян намуд. Ин шоири тавоно ва њакими жарфнигоњ бешакку шубња яке аз пешвоён ва муќтадиёни маснависарої дар адабиёти форсист. Ба таќлиду пайравї аз «Хамса»-и маъруфи вай садњо маснавї дар густураи адаби форсї арзи њастї намуд. Њамаи шоироне, ки дар пайравии «Искандарнома»-и ў маснавињо эљод кардаанд, њамин услуби нигориши вайро пайравї намуда, соќї ва муѓанниро дар оѓоз ё дар охири њар фасли достони хеш
мавриди хитоб ќарор додаанд. Ба аќидаи ин љониб зебоию фасоњат ва таносуби вожањои абёт ва маъонии латифи руљўъњои лирикии «Искандарнома»-и Низомї дар маљмўъ ба сохтор ва устухонбандї ва муњтавои маснавињои дар пайравии ин достони лиро-эпикї нигошташуда таъсири амиќ гузоштанд. Баъдан яке аз бузургони ирфон ва адаби форсї Фахруддини Ироќї (1213-1289) тарљеъбанде бо мазмуни соќинома нигошт, ки байти такрори он чунин аст:
Дар майкада мекашам сабўе, Бошад, ки биёбам аз ту бўе. Ин тарљеъбанди Ироќї дар «Тазкираи Майхона» ва баъд аз он дар дигар манобеи илмию адабї њамчун «Соќинома» ёд шудааст. «Соќинома»-и тарљеъбанди Ироќї аз 14 банд иборат буда, дорои андешањои баланди ирфонист. Шиква ва шикояте, ки дар ин тарљеъбанд дида мешавад, дар ќиёс аз дигар «Соќинома»-њо љанбаи ирфонии ќавитар дорад. Андуњи њиљрон аз асли хеш, ѓами дурию фироќ аз мањбуб, шикоятњои љонсуз аз бевафоии вай, ноумедї аз сарнавишт ва оќибати умр ва амсоли онро, ки бо зеботарин ва самимитарин шева баён намудааст аз навъи камназири шиквањои ирфонї дар адаби форсї мебошанд. Амир Хусрави Дењлавї (1253-1306) нахустин шоири порсигўст, ки ба пайравї аз осори Низомї «Хамса» офаридааст. Унвони чањорумин маснавии «Хамса»-и ў «Оинаи Искандарї»-ст. Дар ин манзума булбули Њинд ба таќлид аз муќтадои хеш хитобањое ба соќї ва муѓаннї бо истифодаи фаровон аз истиораву ташбењоти латиф офарид, ки ононро Абдуннабии Фахруззамонї низ талхис намуда, дар «Тазкираи Майхона» тањти унвони «Соќинома» љой дод. Ба ин тартиб ин тазкиранигори донишманд аз «Хирадномаи Искандарї»-и Абдурањмони Љомї (1414-1492), «Темурнома»-и Абдуллоњи Њотифї (ваф. 927) ва шуарои дигар, ки дар пайравї аз мактаби Низомї маснавињо эљод кардаанд, низ «Соќинома»-њо ахз намуда, дар тазкираи хеш љой додаст. Аммо дар ин миён Хољуи Кирмонї (12901353) дар маснавии «Њумой ва Њумоюн» иќдоми њакими Ганљавиро ба тарзи дигар идома дод: ба љои хитобањои сароѓози фаслњо як боби маснавии хешро тањти унво-
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
25
ни «Дар накўњиши рўзгор ва талаби шароб аз соќї» ба шеваи хитобањои Низомию Амир Хусрав офарид. Бо истифода аз мухотабњои такрор ба такрор дар сартосари фасл Хољу аз гузашти айёму бевафоии умр , аз нисбї будани арзишњои зиндагї ба афсўси зиёд сухан мегўяд. Ин иќдоми Хољу зинаи дигаре буд дар ташаккули сохтори соќинома. Баъд аз ин навбат ба лисонулѓайб Њофизи Шерозї (1327-1390) расид. Вай, чї тавре ки худаш дар ашъораш борњо таъкид намудааст, аз њунари шоирии Низомию Амир Хусраву Хољу бањрањо бардоштааст: Устоди сухан Саъдист пеши њама кас, аммо Дорад сухани Њофиз тарзи сухани Хољу. Соќї барои Њофизи ширинсухан маќбултарин симост. Њатто «бисмиллоњи» девони ѓазалиёти ў аз хитоб ба соќї (Ало ё айюњассоќї, адир каъсан ва новилњо) оѓоз мешавад. Камтар ѓазалеро дар осори гаронмояи вай метавон пайдо кард, ки дар он аз маю бодапаймої сухан матрањ нашуда бошад. Вай мастию ростиро дар муќобили зуњду таќвои зоњирї ќарор дода, «шароби мардафгане» аз соќї металабад, то аз шарру шури олам рањої ёбад. Аз як тараф иштиёќи зиёди Њофиз ба мавзўи маю майхона ва «дар тарки паймона дили паймоншикан» доштани вай, аз љониби дигар ошноии комил аз мероси гузаштагон ва истиќболи эљодкорона аз мероси адабии онон ва нињоятан нубуѓи шоирии Њофизи муъљизаофарин муљиби эљод шудани нахустин «Соќинома»-и мустаќил дар густураи шеъри форсї гардид. «Соќинома»-и ў дар вазни мутаќориб суруда шуда, аз 57 байт иборат аст. Сохтор ва устухонбандии манзумаи Њофиз бо руљуъњои лирикии Низомї фарќияти зиёд надорад. Вай низ чун Низомї аз соќї бода металабад ва баъд ба тавсифи сењрнокию шигифткорињои он пардохта, ба натиљае мерасад, ки: Ба мастї тавон дурри асрор суфт Ки дар бехудї роз натвон нуњуфт.
Такрори пайдарпайи хитобњо ба соќї ва муѓаннї дар вазни зарбии мутаќориб њамзамон бо дугонагии ќофияву радиф ва пайвастагии мисрањои «Соќинома»-и Њофиз
26
бар љону рўњи хонанда таъсири жарфу амиќ мегузорад. Ў бо истифода аз ишорот ва талмењњои мутааддиди таърихї, асотирї ва миллї паёмњои омўзанда ва ахлоќиро бо зеботарин ва фасењтарин лањн баён менамояд. Бидуни тардид Њофиз аз суннати пешини соќиномасарої бањрањо гирифтааст, аммо шеваи баён ва интихоби даќиќи вожањову таносуби латиф ва мантиќии лафзу маъно мањсули табъи худодод ва забони сењромези ѓайбии ашъори ўст. Њамин тариќ, «Соќинома»-и Њофиз сармашќи асосии шоирони минбаъда ќарор гирифта, омили муњимме дар рушду такомули минбаъдаи жанри соќинома дар адабиёти форсї гардид. Бисёре аз шоирон баъд аз вай соќиномањои мустаќил эљод намуданд. «Соќинома»-њои Партавии Шерозї, Умедии Тењронї, Муњаммад Сўфии Мозандаронї, Дўстии Самарќандї, Навъии Хабушонї, Разии Артимонї, Зуњурии Туршезї машњуртарини онњо мањсуб мешаванд. Пас аз Њофизи Шерозї соќинома аз љињати њаљм ба тадриљ бузургтар мешавад. Дар ин миён «Соќинома»-и Зуњурии Туршезї нахустин маснавии комил ва бузургњаљм буда, мутобиќи чопи сангии Лоњур (1846) аз 4500 байт иборат аст. Ин сухангўи забардаст пойбанди суннатњои маъмулии соќиномасарої нашуда, бо офаридани таркибњои нав ва мазомини бадеъ «Соќинома»-и хешро лутфу зарофати дилнишин бахшида, њикоёту тафсилоти зиёд ба он ворид намуд. Зуњурї, ки худ шоири ѓазалсарост, бо тасаллути шоирона ду ѓазал дар њамон вазн (мутаќориб) дар оѓози «Соќинома» (сањ. 4142 ва 44) оварда, бо як ѓазали тўлонї, ки аз 29 байт иборат аст ин асари беназирашро њусни хотима бахшидааст, ки дар миёни соќиномањои мустаќил собиќа надорад. Дар ќиёс бо дигар соќиномањо ин асари Зуњурї хеле пуршўру риндона аст. Он бо байти «Саноњо њаме Эзиди покро,// Сурайёдењи торами токро» дар тавњиди Офаридгор оѓоз ёфта, њовии 77 боб мебошад. Дар бобњое чун «Таърифи бањор», «Хитоб ба зоњид», «Таърифи майхона», «Таърифи ањли майхона», «Таърифи майфурўш», «Таърифи соќї», «Таърифи шароб», «Хитоб ба зоњид», «Хитоб ба соќї», «Дар мазаммати рўзгор», «Дар мазаммати ањли рўзгор», «Дар
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
таърифи дил», «Дар таърифи ишќ», «Дар таърифи ќалам», «Дар шукргузории сухан» ва ѓайра шоир бо шеваи хос њаёти иљтимої ва фарњангии љомеаи хешро ба тасвир мекашад. Зуњурї њамчунин бобњоеро ба тавсифи њайвонот ва гиёњњо ихтисос медињад. Бо истифода аз нерўи тахайюл ва корбурди саноеи мухталифи бадеї, махсусан, ташхис ва муболиѓа, вай дар таърифи боѓ, масљид, бозор, шањри нав, лавозими љангї, маљлиси шоњ ва асбоби маљлис ва амсоли он фаслњои мустаќил ба маснавии хеш ворид менамояд, ки љанбаи њамосии онро барљаста менамояд. Зуњурии Туршезї, ки яке аз бузургтарин шоирони сабки њиндист, дар «Соќинома»-и хеш вижагињои сабки њиндиро, чун таркибсозї, мазмунофаринї, калимањои мураккаби серљузъа, талмењоти фаровон, иѓроќ ва истиорањои навини пародоксї монанди «гулгунсиришкони рухсорзард», «тасбењхонони бутхонагард», «мењрошноёни лайлинажод», «занљирхоёни маљнуннажод», «афтодагони сураёмаќом», «љавњаршиносони дархешгум», «киштинишинони дарёи хун», «ворастагони баљонмубтало», «бегонагони нигоњошно», «ќотилпарастони ханљарситой», «фаќри зеварфурўш», «ќатраи бањрљўш», «љамшедии ринди зоњиргадо», «хуршедии бодаи софлой», «ќањри бо оштї ошно», «байтулњароми хароботном», ва амсоли он фаровон истифода намудааст. Ин асари бењамтои Зуњурї, ба ќавли Забењуллоњи Сафо аз оѓоз њам ба сабаби тозагии матлаб ва бардоштњои вижаи шоиронаву орифона ва њам аз љињати сохт ва њаљм шўњрат ёфтааст. 2 Воќеан «Соќинома»-и Зуњурї дар замони худаш бисёр маъруф ва мавриди истиќболу пайравињои зиёд ќарор гирифт. Шоироне чун Мирзо Тоњир Вањиди Ќазвинї, Фонии Кашмирї, Туѓрои Машњадї соќиномањои бузургњаљм ва тўлонї суруданд. Мирзо Абдулќодири Бедил дар љавоб ба ин маснавии Зуњурї соќиномаи ирфонию фалсафие дар њаљми беш аз 6000 байт офарид, ки бо номи «Муњити аъзам» шўњрат дорад. Вай маснавии хешро аз «Соќинома»-и Зуњурї, ки бештар тавсифи шоирона ва воќеии ањли рўзгор, сомони рўзгор ва замонашро дар бар мегирад, 2. Сафо, Забењуллоњ. Таърихи адабиёти Эрон. Тењрон, 1368. С. 980.
бартар мегузорад: «Бидон, ки ин майхонаи зуњури њаќоиќ аст, на «Соќинома»-и ашъори Зуњурї ва оинапардози кайфияти даќоиќ аст, на зангорфурўши хумори бешуурї». Ин асари Бедил дар бораи масъалањои умдаи фалсафаи ирфон буда, тањти таъсири назарияи вањдати вуљуди шайх Муњйиддин ибни Арабї эљод шудааст. Ба монанди «Фусусулњикам»-и вай, ки унвони фаслњояш номњои пайѓамбаронанд, Бедил дар фасли дуввум зерфаслњое бо номњои пайѓамбарон – аз њазрати Одам то њазрати Муњаммад бо истифода аз вожаи «љом»: «Љоми Иброњимї», «Љоми Довудї», «Љоми Юсуфї», «Љоми Муњаммадї» ва гайра овардааст, ки дар он љо њамаи мављудот ќадањ дар даст интизори бодаи таљаллиёти Офаридгор буда, паймонаи ишќи илоњї нахуст байни пайѓамбарону авлиёи илоњї даст ба даст мегардад, «Ки ногањ насибе ба Одам расид,/Зи љайби хумори адам сар кашид». Натиљатан тамоми офариниш мукаммал гардида, кулли зуњурот маънї пайдоменамояд. Дар ин маснавї, чуноне ки худи муаллиф ишора мекунад, дар муќобили суханпардозињову сењрнигорињои ќалами Зуњурї, ки аз назари њунари шоирї «Соќинома»-аш беназир ва хеле барљастааст, масъалањои вањдати вуљудро бо тасвирњои баланди шоирона ва маънињои бикри ирфонї баён менамояд. Унвони даврњои ин маснавї худ муњтавои асарро баён менамоянд, ки дар ин жанр собиќае надоштааст, мисли «Љўши изњори хумистони вуљуд», «Љоми таќсими њарифони шуњуд», «Мављи анвори гуњарњои зуњур», «Шўри сарљўши майи файзи њузур», «Ранги асрори гулистони камол», «Базми найранги асарњои хаёл», «Њалли ишколи хаму печи забон» ва «Хатми тумори такопўи баён». Дар байт байти «Соќинома»-и Бедил њамаи мављудоти коинот дар талаби шароби маърифатанд, ки ба андешаи Абулмаъонии ирфон ва адаби форсї, инсонро ба камолот мерасонад. Бо истифода аз тамсилот ва њикояњои зиёд Бедил он андешањоеро, ки дар «Соќинома»-и Низомї дар шакли мухтасар омадаанд, бо тафсилоту назариёти бештаре овардааст. Дар адабиётшиносии муосир рољеъ ба бунёдгузори ин навъи адабї назарњои мухталиф мављуданд. Чї тавре, ки ќаблан ишора намудем Абдуннабии Фахруззамонї дар тазкираи хеш анъанаи соќиномасароиро
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
27
дар адабиёти форсї аз Низомї оѓоз мебахшад. Амир Хусрави Дењлавиро дуввумин шоири соќиномасаро дониста, мутазаккир мешавад, ки «Соќинома»-њои ин ду шоир байтњои парокандаанд, ки дар хилоли маснавињояшон омадаанд ва нахустин «Соќинома»-и мустаќилро ба Њофизи Шерозї мансуб медонад, ки «ин лабташнаи води мутолаъа аксари давовини ќудамо аз ибтидо то интињо гашт, аз њељ девоне соќиномаи басомоне дарнаёмад, магар аз Хоља Њофиз. Дар он айём соќинома гуфтан мутаъориф набуд, магар ба дастуре, ки шайхи номии гиромї шайх Низомї ва дурри дарёи маънавї Амир Хусрави Дењлавї фармудаанд».4 Донишманди покистонї Муњаммад Шафеъ, ки нахустин бор тазкираи «Майхона»ро дар соли 1926 дар Лоњур дар асоси якчанд нусахи ќаламї чопи сангї намуда, муќаддимаи муфассали арзишманде ба забони урду бар вай афзудааст, фасли фавќуззикри маснавии «Њумой ва Њумоюн»-и Хољуи Кирмониро иштибоњан «Соќинома»-и мустаќил мењисобад,5 гарчанде муаллифи «Майхона» возењ ишора намудааст, ки: «ин заиф «Соќинома»-и ўро аз он китоб (Њумой ва Њумоюн»- Ш. С.) бароварда, дар ин авроќи парешон бар баёз бурд».3 Унвони ин фасл дар матни интиќодии «Њумой ва Њумоюн», ки донишманди равоншод Камол Айнї дар асоси чандин нусхањои хаттї дар Эрон ба чоп расонид, тањти унвони «Дар накуњиши рўзгор ва талаби шароб аз соќї» омадааст, на «Дар накуњиши рўзгор ва талаби рўзгор». Ќобили ќайд аст, ки аксари муњаќќиќон, ки дар бораи соќинома пажўњиш анљом додаанд ба љанбањои назарии ин падида, аз ќабили зинањои ташаккули он њамчун навъи мустаќили адабї таваљљуњи љиддї зоњир нанамудаанд. Аксаран порањову љузъњоеро, ки дар дохили асарњои дигар омада, дорои хитоб ба соќї њастанд, соќиномаи мустаќил њисобидаанд. Њољї Халифа дар «Кашфуззунун» Насируддини Тусиро баъд аз Низомї дуввумин шоири соќиномасаро донистааст, ки Муњаммад Шафеъ назари ўро тањти шубња ќарор додааст ва Ањмад Гулчини Маъонї дар таќвияти назари донишманди покистонї таъкид менамояд, ки он «Соќинома» аз Насир ном шоири ањди сафавия њаст, ки Њољї 3.Тазкираи Майхона. С. 91.
28
Халифа дар интисоби он ба Насируддини Тусї иштибоњ кардааст.6 Муњаммад Љаъфари Мањљуб дар асоси ду байти зер, ки аз маснавии дар вазни мутаќориб нигоштаи Фахруддин Асъади Гургонї, ки аз байн рафтааст ва дар «Фарњанги Рашидї»-ву «Фарњанги Љањонгирї» њамчун шоњид оварда шудаанд, ўро нахустин шоири соќиномасаро мењисобад: Биё, соќї, он оби оташфурўѓ, Ки аз дил барад зангу аз љон вурўѓ.4 ва Муѓаннї, биёву биёр он суруд, Ки резам зи њар дида сад Зиндаруд.
Чунин сохтори абёт муљиби барангехта шудани бањси доманадоре дар бораи нахустин шоири соќиномасаро дар таърихи адабиёти форсї гардидааст. Ин байтњо воќеъан ба хитобањои Низомии Ганљавї шабоњат доранд. Аммо онњо ба љуз дар он фарњангњои фавќуззикр дар дигар манобеи адабию таърихї ба назар нарасидаанд.5 Аммо масъала ин аст, ки оё метавон дар асоси ду байт (гарчанде ки шабоњати комил ба хитобањои Низомї доранд) чунин хулосаи љиддї баровард? Унвони «бунёдгузор» ба шахсе дода мешавад, ки таъсири вай дар зуњури ягон падида бармало дида шавад. Дар асоси ин ду байти Фахриддини Гургонї чунин натиља гирифта намешавад, зеро чи тавре ки ќаблан ишора шуд яке аз нишонањои асосии соќинома мављудияти хитоба дар байти аввал ва омадани феъл ва иборањои амрии «бидењ», «ба ман дењ» ва амсоли он дар байти сонист. Аз ин лињоз байтњои Гургонї номукаммал буда, абёти баъдии онњо, ки дорои маќсади асосии шоир мебошанд, мутаассифона, њифз нашудаанд. Ба намунае аз хитобањои Низомии Ганљавї таваљљуњ намоед: Биё, соќї, он зарри бигдохта, Ки гўгирди сурх аст аз ў сохта, Ба ман дењ, ки то з-ў давое кунам, Миси хешро кимиёе кунам. 4. «…нахустин «Соќинома»-и мустаќилро ба зоњир Хољуи Кирмонї, мутаваффои соли 753 дар маснавии «Њумой ва Њумоюн» овардааст, агарчї дар он љо унвонаш «Дар накўњиши рўзгор ва талаби рўзгор» аст», на «Соќинома». Ниг.: Тазкираи Майхона, сањ. 31-32 (муќаддима). 5. Тазкираи Майхона, сањ. 75.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Мањз чунин тарзи баёни Низомї мавриди таќлиди шоирони баъд аз вай ќарор гирифт, ки ба туфайли муносибати эљодкоронаи онон батадриљ ба як навъи мустаќили адабї мубаддал гашт. Руљўъњои лирикии Низомї аз назари сохтор ва муњтаво мукаммаланд, яъне иборат аз мурољиат ба соќї (муѓаннї) дар байти аввал ва дархост дар байти дуввум, ки такмилдињандаи байти нахуст аст. Мањз таносуби мантиќии ин ду байт мустаќилияти маъноии ин руљўъњои лирикиро ба вуљуд оварда, ки боиси талхиси онон дар шакли маснавии мустаќил шудааст. Маълум аст, ки Низомї ба Фахриддин Асъади Гургонї таваљљуњи хоса дошта, дар «Хамса»-аш ба вай таќлид ва татаббўъ кардааст. Аммо бо ду байте, ки сохторашон ба соќинома шабоњат дорад, наметавон шоирро нахустин соќиномасаро донист. Ба андешаи мо байтњои фавќуззикри Фахруддин Асъади Гургониро метавон танњо ќадимтарин хитобањо ба соќї ва муѓаннї дар вазни мутаќориб донист. Агар ба таърихи хитобасарої дар шеъри форсї назар афганем, хоњем дид, ки дар осори аксар шуарои ќабл аз Низомї ба монанди Абўшакури Балхї, Манучењрии Домѓонї, Фаррухии Систонї ва дигарон дар хитоб ба соќї ва муѓаннї абёти фаровон суруда шудааст. Масалан, байти машњури Абўабдуллоњи Рўдакї: Биёр он май, ки пиндорї, равон ёќути нобастї, Ва ё чун баркашида теѓ пеши офтобастї. Ва ин абёти Манучењрии Домѓонї: Соќї, биё, ки имшаб соќї ба кор бошад, З-он дењ маро, ки рангаш чун љуланор бошад. Май дењ чањор соѓар, то хушгувор бошад, Зеро, ки табъи олам њам бар чањор бошад. Аз назари сохторашон ба соќинома наздик буда, танњо чизе, ки ин абётро аз соќинома мутамоиз менамояд муњтавои онњост. Ањмад Гулчини Маъонї низ ба ин аќида аст, ки Низомии Ганљавї нахустин шоири «Соќинома»-саро нест. Ба таъйид аз назари Муњаммад Љаъфари Мањљуб ў ва як идда муњаќќиќини муосир Фахруддин Асъади Гургониро нахустин шоири соќиномасаро
дар таърихи адабиёти форсї медонанд. Алиакбари Дењхудо Салмони Соваљиро нахустин шоири соќиномасаро мењисобад,7 аммо «Соќинома»-и Салмон на дар Куллиёти осораш ва на дар љои дигар дида нашуд. Ањмад Гулчини Маъонї дар муќаддимаи «Тазкираи Паймона» рољеъ ба ин масъала назари хешро чунин иброз доштааст: «Котиби бедиќќати «Маљмаъу л-фусањо» зимни дањњо иштибоње, ки карда, яке њам ин буда, ки манзумаи «Фироќнома»-и Соваљиро «Соќинома» навишта ва Рашиди Ёсумї низ ба тасаввури сањењ будан онро наќл кардааст».6 Чи тавре ки дида мешавад дар масъалаи бунёдгузори анъанаи соќиномасарої дар адабиёти форсии тољикї назарњои мухталиф вуљуд доранд, ки бештар сабабњои зењнї доранд. Аммо агар воќеъбинона ба љараёни такомулу ташаккули соќиномасарої дар адабиёти форсии тољикї назар афканем, сабку равиш ва рўњу андешаи Низомии Ганљавиро дар тамоми масири инкишофи ин навъи адабї хоњем дид. Хулоса, соќинома як навъи мустаќили адабиёти форсї буда, роњи мушаххаси ташаккул ва такомули хешро мисли дигар анвои адабї тай намудааст. Нишонањои аввалини ин жанри адабї мањз аз руљўъњои лирикии Низомии Ганљавї шурўъ мешавад. Нубуѓи шоирии ин маснависарои бењамто буд, ки шоирони зиёде дар пайравї аз «Хамса»-и вай маснавињо эљод намуданд. Ин пайравони мактаби Низомї дар маснавињои хеш хитобањо дар васфи соќию муѓаннї офариданд, ки заминаи ба вуљуд омадани фаслњои мустаќил дар дохили маснавї («Њумой ва Њумоюн»-и Хољуи Кирмонї) гардид. Нубуѓи халлоќонаи Њофиз ин суннати адабиро ба њадди баланди худ инкишоф дода, «Соќинома»-и мустаќиле офарид, ки шоирони минбаъда ин падидаи адабиро ба ављи аъло расониданд. Дар хотима метавон чунин истинбот кард, ки то замоне матни комили маснавии мафќудуласари Фахруддин Асъади Гургонї ба даст наомадааст, Низомиро бояд бунёдгузори жанри соќинома дар адабиёти форсї донист.
Шодимуњаммад Сўфиев 6. Фарњанги Рашидї, сањ. 1459. Иќтибос аз Эњтиром Ризої, Соќинома дар шеъри форсї. Тењрон, 1388. С. 193.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
29
Роберт БЁРНС
ФАЛСАФА ВА ТАЪРИХ Фалсафа чї рабте ба таърих дорад ё таъ-
рих ба фалсафа? Агар ба авоили саргузашти њар як аз ин ду ришта дар суннати фикрию аќлии Ѓарб нигоњ кунед, хоњед дид, чандон рабте ба њам надоранд. Фалсафа (дар юнонї ба маънои «ишќ ба доної ё фарзонагї») аз замони касоне оѓоз шуд, ки ба «пешазсуќротиён» маъруфанд ва кўшише буд ба манзури фањми табиати љањон. Он чи гумонварзињои эшонро аз масолии пешин мумтоз мекард, маъмулан аз маќулаи «устурашиносї» дониста мешуд. Ин буд, ки пешазсуќротиён мехостанд андешањои хешро бо истидлолњои аќлї тављид кунанд. Пешфарзашон дар саросари корњояшон ин буд, ки бинои олам нињоятан бар аќл аст ва зењни одамї ба нањве муљањњаз шуда, ки ќодир ба кашфи табиати он аќлоният аст. Ин пешфарз аз он љо возењ буд, ки мусаллам гирифта мешуд, барои њар чизе бояд табйине бунёдин ё иллати аввалї, монанди об ё њаво ё оташ вуљуд дошта бошад. Аммо дере нагузашт, ки мушкили тавзењи ин ки кайфияти мутаадиду носозгор чигуна мумкин аст фаќат аз яке аз он кайфиятњо сарчашма бигиранд (зеро обу оташ ба њам дарнамеомезанд), боис шуд, ки иддае дар иваз ќоил ба ин шаванд, ки љањон аз кунишу вокуниш ё таомули зављи оѓозине аз аздод натиља шудааст (ки масалан, ба аќидаи Импидуќлис) мењру кин аст, яъне аз сўе майл ба њамонию ягонагї ва аз сўи дигар майл ба ихтилофу чандгонагї). Суќрот (њудуди 480 то 399 ќ.м.) эъдом шуд ба ин љурм, ки љавонони Отинро ташвиќ мекард ба љои пазириши насанљидаи одобу русуми суннатї мустаќил биандешанд. Ў, ки аз он замон пайваста ба далели сарсахтї дар талаби њаќиќат файласуфи ормонї дониста шудаву мавриди таъзиму такрим будааст, пас аз солњо гумонварзї дар кайњоншиносї саранљом ахлоќро конуни таваљљуњ ќарор дод. (Суќрот њаргиз чизе нанавишт ва аз ин љињат бо Исо муќоиса шудааст. Суќроте, ки суннатан дар фалсафа шинохта аст, Суќроти диалогњои Афлотун аст, ки медонем шахсияте комилан таърихї нест). Бино ба ривоёт ин таѓйири назар муртабит буд бо њушдори ѓайбгўи парастишгоњи Делфї ба Суќрот, ки худатро
30
бишинос ва Суќрот он суханро ба маънои шинохти табиати одамї гирифт ва фаразро бар ин ќарор дод, ки ин шинохт дар њамаи мо фитрист, мунтањо ба далоиле пўшида мондааст. Дар натиља Суќрот на бо илќои назарияњои хеш, балки бо пурсиш аз муридонаш ба онон таълим медод, то он чиро дар бораи моњияти хубї ё зебої, ё додгарї ё далерї ногуфта мусаллам медонистанд, аз дарунашон берун биёваранд ва ба ин љињат мегуфт, ман момо ё ќабилае беш нестам, ки њаќиќатеро, ки аз пеш дар дигарон мављуд аст, ба дунё биоварам. Ба назар мерасад мењвари таъолими ў ин буда, ки иќрор ба нодонї хирадмандонатар аст аз мубодарат ба гуфтањое, ки натавонем аќлан аз онњо дифоъ кунем. Вале дар навиштањои пурњаљми шогирди ў – Афлотун (њудуди 428 то 348 ќ.м.) ва осори шогирди Афлотун – Арасту (284 то 322 ќ.м.) таќрибан тамоми шинохтањои аслии улум ба унвони шуъбањои фалсафа шакл мегиранд: кайњоншиносї, ахтаршиносї, физик, зистшиносї, равоншиносї, илоњиёт, ахлоќ, назарияи сиёсї, назарияи адабї ва љуз инњо, лекин бо ду истиснои муњимму чашмгире, ки маншаи мустаќил доштанду мустаќил низ монданд: яке пизишкї (ки аз фунуни амалї ба шумор мерафт, на риштаи назарї) ва дигаре таърих. Бисёр љолиби хотир аст, ки нахустин муаррихон – касоне монанди Њеродот (њудуди 495 то 425 ќ.м.) ва Туќудидус (њудуди 481 то 400 ќ.м.) на файласуф дониста мешуданд ва на худ хештанро файласуф медонистанд. Арасту дар ибороте, ки аѓлаб аз ў наќл мешавад, мавзўъро равшан мекунад: ў таърихро дар дараљае поинтар аз шеър ба шумор меоварад (шеър дар назди Арасту на танњо корњои шоироне чун Њомер, балки дром, яъне осоре монанди трожедињои Эсхил ва Софокл низ дар бар мегирад) зеро фарќ миёни муаррих ва шоир ба воќеъ иборат аз ин аст, ки муаррих чизеро, ки буда, тавсиф мекунад ва шоир чизеро, ки мумкин аст бошад. Пас шеър чизест файласуфонатар ва дорои маъное вазнинтар аз таърих, зеро он чи дар он гуфта мешавад, зотан аз куллиёт аст ва он чи таърих мегўяд, аз умури мунфарид ё љузъист. Чунин бармеояд, ки таърих дорои камтарин арзиш аст, зеро
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
бо сайри тасодуфии рўйдодњои љузъї (ё хос) сару кор дорад, њол он ки шоир шахсиятњо ва рўйдодњоро таѓйир медињад ва ба намудњое бадал мекунад, баёнгари бинишњои пойдор дар бораи сарнавишти башар ва ба таъбири дигар, маънои куллию зотї ба онњо мебахшад. Бо ин њама шеър боз њам ба пои фалсафа намерасад, зеро фалсафа куллиётро ба сатње комлан илмї ва мафњумї иртиќо медињад. Он чи ин љо баён шуд, фаразест, ки дар фалсафаи клосики Ѓарб дорои мењварият ва ќадру ањамияти бисёр аст. Арасту мусаллам медонад, ки шинохти њаќиќї зотан маърифат аст, зеро агар ба чизе хос ё амре љузъї ишора кунеду бипурсед: «ин чист? дар посухе, ки ба шумо бидињанд, мушаххас хоњанд кард, ки он чиз аз чї навъест (масалан, об ё дарахт). Лафзе, ки ба кор баранд, куллист, зеро алалусул дар њама замонњову љоњо мисдоќњои бешумор хоњанд дошт ва ба илова (бино ба фарази Арасту) мутазаммини дарёфти табиат ё моњият, ё зоти он чиз аст, яъне маљмўан аз сифот ё кайфиёти вањдатёфтае, ки сурати он чизро ба он медињад ва бидуни он чизи мавриди гуфтугў он чи њаст, нахоњад буд. Таваљљуњ дошта бошед, ки истилоњи essence (моњият ё зот) аз феъли лотинии esse меояд, ба маънои будан ва мо њанўз ваќте онро ба кор мебарем, маќсудамон маѓзи вуљуд ё њастии њар чиз аст. Арасту бавижа њангоме ки дар бораи мављуди зинда меандешад, фикраш мутаваљљењи ин аст, ки он чи ба чунин мављуде љон мебахшад, њадаф аст, (ки ба истиснои баъзе авќот дар инсон њаргиз худи мављуд аз он огоњ нест) ва мављуд мехоњад зот ё табиати хешро мутањаќќиќ созад ва ба камол бирасонад, монанди донаи булут, ки талош мекунад ба њадаф бирасад, (яъне ба telos ё «иллати ѓої») ва дарахти булут шавад. Агар њар шайъи моддиро бигиред ва дар фикратон калимаи кайфиёти омро аз он салб кунед, он чи ба љой мемонад, моддаи бунёдинест, ки сурат ё моњият бар он бор мешавад. Пас ашёи моддї дуруст мешаванд аз њамљўшии сурат ва ин моддаи бунёдини аввалия, ки њаргиз бидуни ќисме сурат вуљуд надорад, њарчанд мумкин аст, суратеро аз даст бидињад ва сурате дигар пайдо кунад (монанди њангоме ки чўб месўзаду сурати чўбро аз даст медињад ва ба сурати дуду хокистар дармеояд). Моддаи аввалия чун зотан ќобил ё пазирандаи ин кайфиёт аст, пас лољарам худаш бидуни онњост ва бино ба табиате, ки дорад, таъаќќулкардан ё
фањмкарданї нест (яъне мафњумият пайдо намекунад) ва њатто бо сурат ано дорад ва ба ин љињат Арасту наќсу айб дар љисми љондоронро ба он нисбат медињад. Маънои зимнии ин суханон ба зоњир ин аст, ки модда асоси љузъиёт ё хусусиёти чизњост, зеро имкон медињад, ки мављудоти мухталиф њама аз сурати куллии воњид (масалан, табиати одамї) сањме бибаранд ва ин амр яке аз арастуиёни ќуруни вусто Тумос Аквинос (1225-74 м.)-ро ба ин ќавл барангехт, ки модда мабдаи тафарруд ва ташаххус аст. Ин нањваи нигариш умдатан аз Афлотун сарчашма мегирад, ки мутобиќи тасвире, ки дар диалоги Тимоюс медињад, љањон њангоме шакл гирифта, ки худованди холиќ суратњо ё идеяњоро бар жарфное муталотим ва парешон бор кард. (Андешаи Афлотун дар мартабаи нахуст мутаваљљењи шаклњои њандасаи уќлидисї буд ва мегуфт, он чи нињоятан њар чизи физикї аз он сохта мешавад, њамин шаклњои њандасист). Аммо суратњо ё идеяњо њаргиз ќодир ба эљоди исбот ё дуруст кардани он ошуфтагию парешонї нестанд. Чунин дарке умдатан аз таљрибањои рўзона натиља мешавад. Агар касе ба як муаллими риёзї бигўяд: маљмўъи завоёои дохилии мусалласе, ки бо гаљ рўи тахтаи сиёњ кашидааст, 180 дараља нест, посух хоњад шунид, ки бо он мавод бењтар аз ин намешавд кор кард (масалан, гаљ хурд мешавад ё сатњи тахтаи сиёњ њамвор нест) ва бино бар ин шояд битавон гуфт, ки он мусаллас мусалласи воќеї нест. Вале Афлотун мегўяд, њамеша њамин тавр аст: шаклњо ё сохтњои мављудоти физикиро фаќат њандаса ќобили таъаќќул ё ќобили фањм мекунад, мунтањо мо намтеавонем дониши худ аз њандасаро аз онњо бигирем ва лизо њамвора онњоро таќлидњои ноќисе аз удеолњои дигари гуногунназар талаќќї мекунем. Арзёбии манфии Арасту аз таърих бояд бо таваљљуњ ба чунин заминаву собиќае фањмида шавад, њарчанд ки њадафњои масаррињи муаррихонро каљї мекашонад. Фукудид як ќарн пеш аз Арасту навишт, ки њадафи ман ба даст додани шинохти даќиќи гузашта аст, то кўмаке бошад ба фањми оянда, ки дар сайри умури инсонї гарчи айнан бозтби гузашта нест, вале ногузир шабењ ба он аст ва лизо бояд аз они њамаи аъсор дониста шавад. Баъдњо низ Поло Бюс (њудуди 195 то 118 њ.м.) навишт, ки таърих њадафе амалї дорад, бад-ин маъно, ки одамон њељ василае бузургтар аз шинохти гузашта барои тасњењи
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
31
рафтору кирдорашон надоранд. Бино бар ин устувортарин асоси тарбияту омўзиш барои сипарї кардани умр дар фаъолияти сиёсї баррасии таърих аст. Ба аќидаи ў таърих бањс мекунад аз ин ки чарову чї гуна ва ба чї далел њар коре анљом гирифтааст. Агар ин тањлил аз усули куллию бунёдини сабабёбиро канор бигузоред, он чи мемонад, навиштаест моњирона, вале ибратомўз нест ва мумкин аст иљолатан хотирро хуш биёяд, аммо њеч суде барои оянда нахоњад дошт. Љони калмро Диодори ситсилиёї (њудуди 90 то 20 ќ.м.) ва Дионусии њоликорносї (авохири садаи аввали ќ.м.) бењтар ба нањви мўљаз баён кардаанд, ки гуфтаанд: «Таърих њамоно фалсафа аст, ки бо намунаву мисдоќ сармашќ медињад». Маъа њозо дар саросари авохири давраи юнонимаобї ва румї ќадри фалсафаи таърих ба унвони риштае илмї њамчунон дасткам гирифта мешуд. Бо зуњури масењият бархе умур, бавижа дар мавриди Исо, ки иддаъо мешуд, воќеияти таърихї дорад маънову ањамияте куллї ё љањонї ёфтанд ва мумкин буд изњор дошт, ки шаъни илмии таърих мавриди изъон ќарор бигирад. Вале ин таваќќўъ бароварда нашуд. Дар садањои дувоздањуму сездањуми милодї матни навиштањои Арасту аз љањони араб ба дунёи масењияти ѓарбї роњ ёфт ва аз нав кашф шуд ва дар донишгоњњое монанди Порису Оксфорд, ки тоза ба њамин манзур бунёд шуда буданд, ривољ пайдо кард. Вале боз дар манзумањои фалсафии бузурги ањли мадраса, ки аз он сипас ба вуљуд омад, ба таърих эътиное нашуд… Умонистњо (ё адибони инсонгарой)-и асри ренесанс таваљљуњи бештаре ба таърих доштанд, вале маншаи ин алоќаи афзунтар на мулоњизоти метофизикї, балки талош барои бозёбии фарњанги Юнону Рум буд, ки мебоист зотан фаъолияте таърихї ба шумор ояд. Аз ин гузашта бисёре аз умонистњои итолиёї љонишини Руми бостонро Итолиё медонистанд ва барои ин ки бибинанд дар вазъи заъфи сиёсии кишварашон чї бояд бикунанд, ба таърихи Рум шурўъ мекарданд. Лорентсо Вилло (1407-57) дар посух ба назари тањќиромези Арасту нисбат ба таърих мегўяд: «таърих на танњо ќавитар аз шеър аст, зеро ростгўтар аст ва рў ба сўи њаќиќат дорад, на интизоъот ва бо намунаву мисдоќ сармашќ медињад, балки аз фалсафа низ бартар аст, зеро дар гуфтори муаррихон љавњари бештар, маърифати илмии бештар, одоби бештар ва
32
њар ќисм дониши бештаре дида мешавад, то дастурњову ќавоиди файласуфон. Мокиёвилли (1469-1527) низ ба њамин ваљњ дар мувофиќат бо муаррихони бостон менависад: «Њар кас ба гузаштаву акнун назар кунад, ба осонї хоњад дид, ки њамаи шањрњо (кишварњо) ва њамаи мардумонро хостњо ва шўру шавќњои воњид ба љунбиш дармеоварад ва њамвора дар гузашта низ даровардааст. Пас бо баррасии љиддиву пайгирии гузашта ба суњулат метавон пешбинї кард, ки дар њар љумњурї эњтимол дорад дар оянда чї рўй дињад». Бо ин васф бархе аз умонистњо шак доштанд. Њенрї Корнелиюс Огриппо фон Нетесњайм (1486-1535) бар он буд, ки аз њамаи фунун пойинтарин маќом ба таърих ба унвони сарчашмаи њаќиќат тааллуќ мегирад, зеро муаррихон «башиддат бо якдигар ихтилоф доранд ва чизњое ончунон мутаѓаййиру мухталиф дар бораи рўйдода воњид менависанд, ки муњол аст, тане чанд аз эшон дурўѓзан набошанд», Њатто барљастатарин муаррихи асри ренесанс Франческо Гвичордини (1483-1540) ањёнан дар посух ба Мокиёвилли навишт: «Чи нодуруст аст, ба њар бањонае шоњид аз румиён овардан, зеро барои он ки муќоисае сањењу мўътабар бошад, зарурист шањре (кишваре) доштан монанди онон ва сипас њукм рондан бар он бо сармашќ гирифтан аз эшон», чун «агар намунањо аз њар љињат монанди якдигар набошанд, бефоидаанд, аз он љо ки њар тафовути бисёр кўчаке дар њар маврид мумкин аст иллати инњирофњои бузург дар маълулот воќеъ шавад». Ба њамин далел бар пояи рўйдодњои љорї гуфторњое дар бораи оянда навиштан коре душвор аст, зеро њар чизи кўчаки хоссе, ки таѓйир кунад, эњтимолан натиљаро таѓйир медињад. Аз ин рў, умури ин љањонро бояд рўзона мавриди доварї ќарор доду њал кард, аз дур наметавон дар бораи онњо ба ќазоват нишаст». Бо ин њама Гвиччордини инкор намекунад, ки баъзе њамсонињои зотї вуљуд дорад ва талвињан мегўяд, ки вазифаи душвори муаррих ташхиси онњост. «Њар он чи дар гузашта будаасту акнун њаст, дар оянда низ хоњад буд. Фаќат номњо ва завоњири чизе таѓйир мепазирад ва лизо он кас, ки чашми басират надорад, онњоро нахоњад шинохт». Бо таваљљуњ ба чунин назарњо шигифт нест, агар мебинем файласуфон дар саросари садаи њафдањум њамчунон бадгумонии суннатї ба таърихро идома медињанд. Декарт (1596-1650) маъруф ба падари фалсафаи љадид менависад, ки ба далели гузинишї будани
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
иљтинобнопазир таворих чї гуна шуд, ки дигар онњоро сарчашмаи њаќиќат надонистам ва рањо кардам: њатто сањењтарин таърихњо таќрибан њамеша рўйдодњои нозилтару камтари дархури таваљљуњро њазф мекунанд. Дар натиља рўйдодњои дигар ба шакли њаќиќї намоён намешаванд. Ба илова, шањсаворони саргардони ќуруни вустоиро наметавон сармашќе барои рафтор дар асри љадид ќарор дод ва таърих пур аз афсонањост ва камтар чизест, ки нависандае бигўяд ва нависандае дигар ќоил ба зидди он нашавад ва оморгирї њам бефоида аст. Ягона роњи расидан ба њаќиќат тањќиќ дар тасаввуротест, ки битавонем ба вузўњу бидоњат шуњудан дарёбем ё ба яќин ба тариќи ќиёс истинсох кунем. Яъне тасаввуроти мантиќан бадењї, ки њар зењни оќиле битавонад дар њар замону макон шахсан сињњату суќмашонро бисанљад, комилан њамсў бо ин шеваи нигориш, ваќте Декарт мехоњад илме эљод кунаду бепарваронад, ки мавзўъи он табиати одамї бошад, њатто як бор низ ба таљрибаи таърихї бо унвони василаи гирдоварии далоил ё санљиши сињњату суќми муддаиъёти хеш ишора намекунад. Аммо бархе аз њамрўзгоронаш диди мусбатеро доштанд: Томас Компонелла (1568-1639) мўътаќид буд таърихнигорї асоси њамаи улум, њарчанд панљумин бахш аз фалсафаи аќлист ва Франсис Бекон (1561-1626) донишњоро ба се маќулаи аввалию аслї: таъриху шеъру фалсафа таќсим мекард. Маъа њозо дар назари њар ду таърих асосан ба маънои маљмўъањое тавсифї аз умури воќеъ аст, ки баъд ба василаи таълиму тасаррї ба пойгоњи улум мерасад ва фї њадди зотињи яке аз улум нест. Дар ќарни њафдањум њамчунин алоќаи љадид ё бо ањком ё доварињои эњтимолї падид омад, ки ба мўљиби он фарази ќаблї доир бад-ин, ки маърифати њаќиќї њамвора бояд бе њеч хадша маќрун ба яќин бошад, мардуд шинохта шуд. Ду нигариши мутамоиз ба масъала ба вуљуд омад, як сў Блез Паскал (1623-62) ва дигарон, ки даст ба пажўњиш заданд дар суратњои мухталифи ањкоми эњтимолии риёзї ва аз дигар сў касоне монанди Антуан Арнолд (1611-94) њамасри Паскал, ки мегуфтанд зиндагии одамї дар асоси дорої моњияти имконест (имкони хос) ва бино бар ин навъи дигаре аз ањкоми эњтимолии зотан ѓайририёзї бояд дар мавриди он ба кор равад, ки бар эњтимоли ахлоќї мубтакї бошад. Мафњуми «њукми эњтимолии ахлоќї» аз ду љињат барои таърих ањамият дорад: Нахуст ин, ки ба аќидаи тарафдорони он «њукми
эњтимолии ахлоќї» ё «ахлоќан муњтамил» роње пеши пои мо менињад барои њусули дараљаи болое аз яќин дар шароите, ки имкони корбурди равишњои комилан даќиќу суфту сохт ќобили эъмол дар улуми даќиќ вуљуд надорад, ки бо корбурди онњо метавон дар шароити кунтрулшуда озмоишњоро такрор ва аз назари камият андозагирї кард. Дуввум ин, ки чунин њукме имкон медињад аз мавориди таърихии љузъии мунњасир ба фард бо малњуз доштани хусусиёту сифоти фардии онњо ва на ба унвони мисдоќе аз фалон асли куллї шинохт касб кунем. Жан Мобиюн (1623-1707) узви аршади шохаи фаронсавии фирќаи роњибони Бенедикт Морист, ки наќши барљастаи ў дар эљоду парваронидани равишњои љадиди таърихпажўњї аз муддатњо пеш шинохта аст, аз ин амр дар арзёбии асолати асноди таърихї истифода мекард. Ба навиштаи ў касе, ки солњо бо асноди бостонї ошно бошад, метавонад дар ин гуна доварї касби мањорат кунад ва гарчи њар як аз далоилу шавоњид ба танњої мумкин аст чандон вазне надошта бошад, њукми ў имкон дорад, ба эњтимоли ќариб ба яќин дуруст аз кор дарояд. Сабаб ин аст, ки дар чунин њукме маънои куллї ё таъсири умумии далоил аз њайси кайфї арзёбї мешавад ва кулли иртиботњои мутаќобилашон бо якдигар, яъне маљмўъи иттифозоту муќоранот ва авзоъу ањвол мавриди санљиш ќарор мегирад. Лузуми ањкоми «эњтимолии ахлоќї» (ё «ахлоќаи муњтамил») дар куллияи шууни зиндагї, бавижа дар Ингилистон мавриди тасдиќу тамљид воќеъ шуд. Донишмандоне њамчун Роберт Бойл ва Нютон дар мухолифат бо Декарт ќоил ба ин шуданд, ки њатто дар бораи сињњату суќми назарияњои улуми табиъї нињоятан бояд бар асоси эњтимолот доварї кард. Љозеф Батлер (1692-1752) навишт, ки эњтимол роњнамои зиндагист ва эътиќоди ношї аз ин ќисмро метавон бо он чи дар меъморї ё соири осори њунарї ба таъсири умумї маъруф аст, муќоиса кард, яъне натиљаи њосила аз бисёрии чизњо, ки чунину чунон ќарор гирифтаанд ва ба як назар метавон њамаро дид,.. далоили бадастомада аз иттифоќњои мухталиф, ки њама муаййиди якдигаранд… аз љумла, њамчунин ќароину аморот. Бад-ин тартиб, аъзои њайати мунсифа мумкин аст, ба ин натиља бирасанд, ки фалон рўйдоди иддаъоии мунњасир ба Фард ва такрорнопазир воќиан бидуни њар гуна шак маъќлул њодис гаштааст, зеро дар тайфе аз умури воќеъ таъаммуќ кардаанд ва саранљом онро далели ќонеъкунандаи вуќўъи рўйдоди мазбур ёфтаанд, чун дидаанд, ваќте онро мусаллам
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
33
бигиранд, њама чиз монанди як кулли мантиќї «бо њам љўр дармеояд». На танњо мумкин нест далоилро пазирои муњосибаи риёзї кард, балки агар далоил аз аќсоми гуногун бошанд, њатто ќавитар низ хоњанд шуд. Номи мутаорифи ќуввае дар одамї, ки далоилро бо њам љамъ мекунад ва тасвире якпорча ба даст медињад, мутахаййила аст. Аз Фисоѓурус то Афлотун, то бирасем ба Рољер Бекону Декарт ва пасиниёни онон бисёр аз файласуфон мафтуни риёзиёт будаанд ва орзу доштаанд, ки рўзе саранљом риёзиёт василае барои њусули яќини айнї дар њамаи њавзањо фароњам кунад. Ин шефтагиро муваффаќияти инќилоби илмии ќарни њафдањум шиддат бахшид, ки бо кашфи ќавонини риёзии даќиќ ва каммї дар хусуси моњияти љањони физикї ба мартабаи яќин расид. Фалосифаи шефтаи риёзиёт мўътаќид буданд, ки њукми «эњтимолии ахлоќї» асосан дуншаъни илм ва зоњирбинонаву зењнї ва лизо мардуд аст ва чи дар таъриху чи њар љои дигар бояд љои худро ба равишњое айнан монанди улуми физикї бидињад. Гиём њатто мегўяд њар њукми эњтимолии воќеъї дар сатњи нимањушёрї замир дар њаќиќат њукме риёзист ва аз сухани ў чунин бармеояд, ки бояд кўшид, доварињои таърихии даќиќро сарењану ошкоро ба мартабаи ањкоми риёзї расонид. Аз ин љанба њамчунон ки аз бисёре љанбањои дигар Пиёмро метавон падари пазитивизм донист. Эроди бунёдї ба ин гуна оро ин аст, ки одамиён худ таљассуми ањкоми эњтимолии ахлоќии зиндаанд. Метавон бањс кард, ки мо аз таваллуд ба баъд бо доварињои зењнї ва бознигарињои доим дар он доварињо дар бораи худамон ва дар бораи љањоне, ки бояд дар он љо биафтем ва фаќат дар он метавонем ба рушду шукуфоии хеш умед бибандем, дар воќеъ саъй дар љињатёбї дар зиндагї дорем. Њамаи тасмимњои амалии «зиндагї» дар ин бора, ки чї бояд бикунем, аз ин гуна доварињои умумї сарчашма мегиранд, ки пайваста онњоро мавриди арзёбии муљаддад ќарор медињем, то на танњо таљрибањои тоза, балки бозхўрди натоиљи корњои пешини худро низ ба њисоб бигирем. Ѓолибан бисёре анвоъи мухталифусули куллї низ дар доварињои мо гунљонида шудаанд, вале њамвора ба ин сабаб, ки усули мазбурро бо шароит ё махмасаи мунњасир ба фарде, ки саъй дар дарки он дорем, муртабит донистаем. Метавон гуфт, таърих ба ростї иборат аз равобити мутаќобилу мудовими ин гуна доварињои фардию гурўњист ва низ
34
таѓйироти тадриљии он доварињо, ки дар тўли замон њосил мешавд. Агар чунин бошад, кори муаррих баёни иљмолии он доварињост ва афзудани лояе изофї аз тааммулу боандешї дар бораи онњо (ки худ доварии дигарест аз ќисми ањкоми эњтимолии ахлоќї) ва гузинишу љалби таваљљўњ ба чизњое, ки ба аќидаи ў маънову ањаммияти вижа доранд ва аз ин тариќ сода кардану ѓумузу печидагињои доварињои мазбур. Баёни имрўзии ин матлаб, ки доварї ё њукми таърихї зотан аз чунин гунаест, дар яке аз навиштањои Луи Минк омадааст. Ба навиштаи ў шеваи дарку фањме, ки бавижа дар таърих дар кор аст, дар асос «бо навъе аз далел сару кор доранд,ки вазни кулли далоил тобеъи вазнњои якояки далоил ба таври људогона нест». Дар воќеъ ќазия марбут мешавад ба «дарки рўйдоде печида ва мутакассир аз ин роњ, ки дар доварии маљмўъї ва фишурдае, ки њеч фанни тањлилї мумкин нест љои онро бигирад, њама чизро ба як назар куллан бибинем». Ин доварии маљмўъї ва фишурда бисёр монанди корест, ки њама кас барои тафсири маънои њар гуфта анљом медињад. Пас муаррих мехоњад сохти нањве рўйдодњоро кашф кунад. Минк меафзояд: «Гумроњкунанда аст, ки бигўем, тањќиќи таърихї иборат аст аз гирдоварии хастагинопазири умури воќеъ ва сипас ширљае бузург барои таълифу таркиб», зеро «бастагињои печидаи байни умури воќеъ ва натиљагирї» бад-ин маъност, ки њарфи мо њам дар бораи мушаххас кардани навъи тафаккури таърихї дахил дар љараёни пажўњиш аст ва њам дар бораи тавсифи њадафи нињоии он. Бинобар ин ба фараз њам, ки муаррих натоиљеро, ки гирифтааст, хулоса карда бошад, њеч натиљаи људо карданї аз баќия вуљуд надорад ва лав ин гуна ба назар бирасад, зеро дар таърихнигорї «натоиљ ба намоиш дармеоянд, на ин ки ба бурњон ба исбот бирасанд» ва њатто агар дар як љамъбандии бузург поёне људогона баён шавад, дар воќеъ аз маќулаи натиљагирї нестанд, балки ёдоварињое њастанд ба хонанда дар боби фарозу нишеби рўйдодњо, ки ривояти муаррих ба он сомон мебахшад. Дар ин чанд банди охир масоиле матрањ шуд, ки ѓолибан мўътаќиданд нахуст бо зуњури асолати таърих ё таърихнигарї ба миён омад. Вале бояд ба хотир дошт, ки собиќаи вижагињои калидии ин тањаввулоти баъдї аз ќарни њафдањум аќибтар намерасад.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Тањияи М.Акбарзод
ЊАМЗИСТИИ ТУРКУ ТОЉИК АЗ НИГОЊИ ОРИФОНИ ПОРСИГЎЙ Д р гузаштаи дур ва њатто начандон дур а
таърихнигорони хориљї ва мењанї, њар гоњ ба масоили равобити Эрон ва Турон рўй оварда бошанд, мардуми ин ду хитта аз сарзаминњои ориёиро дар аксар маврид дар њоли ташаннуљ байни якдигар ва задухўрд ва душмании мудовим ќаламдод кардаанд. Мо дар «Шоњнома»-и Њакими Тўс шоњиди бурузи сањнањои хунин миёни лашкариён ва задухўрди Эрону Турон њастем, аммо ќањрамонони «Шоњнома» аз ду љониб, њатто дар њассостарин лањзањо, ки теѓ кашида хуни якдигар мерезанд, ба якї будани Самангону Эрону Турон мўътариф њастанд. Кайхусрав, шоњи Эрон, ки худ набераи Афросиёби туронї аст, њаштод сол дар пайи интиќоми хуни падар бо вай љангид, аммо дар як набарди рўёрў бо писари Афросиёб Шеда, ки саранљом бо дасти Кайхусрав кушта мешавад, аз нахустин нигоњ эътироф мекунад, ки ин яли шербозу аз табори ўст: Ба дил гуфт, к-ин шербозуву чанг, Набера Фаридуну пури Пашанг. Афросиёб, бо он ки дар «Шоњнома» душмани оштинопазири Эрону эронї ќаламдод гардидааст, бо тафохур ва ѓурури баланд мегўяд: Њама шањри Эрон сарои ман аст, Ки Тури Фаридун ниёи ман аст.
Аммо он зумра ховаршиносон, ки турониёнро турк ва нажоде ѓайр аз эронї медонанд, ба ин иштибоњ ё ба адами огоњии илмї роњ медињанд ва ё дидаву дониста ба чунин «кашфиёте» даст мезананд. Бо камоли таассуф, имрўз на танњо дар Туркия ва иддае аз кишварњои Шўравии собиќ, амсоли Озарбойљон ва Ўзбакистон, балки њатто дар Эрони феълї низ баъзе аз донишпажўњон Туронро Туркистон ва турониёнро турк ќаламдод мекунанд. Бо гузашти замон номњои Эрону Турон ба вожагони турку тољик иваз шуд ва ин ду калима ба мисдоќи субњу шом дар муќобили њам ќарор гирифтанд ва дар адабиёти илмї ва бадеъї баъзе аз ховаршиносони ватанї ва аљнабї
равобити таърихии турку тољикро дар нињояти хушунат ва душманї љилва додаанд, ки то њудуде иѓроќомез ва муѓризона аст. Аз сўи дигар, решањои ин хусуматангорињо то њанўз ба тариќи жарф ва мунсифона арзёбї нагаштааст. Таърихи ислом ва њаводисе, ки пас аз вуруди муслимин ба Эрон ва Хуросони бузург (Осиёи Миёна ва Афѓонистон) пеш омад, гувоњ бар он аст, ки дини ислом танњо тавассути лашкари халифањои Баѓдод не, балки бо талош ва љињоди давлатњои ориёии тољикие, чун Саффориён, Тоњириён ва Сомониён дар билоди турк мустаќар гардид ва ин љињод бештар љанбаи фарњангї дошт. Аммо чунин рўйдодро донишманди эронї оќои Солењи Паргорї «сиёсати тањољумї бар зидди туркон» ќаламдод кардааст, ки албатта, ќазовати ў яктарафа аст ва аз рўи инсоф нест. Абўсаъид Абдулкарими Самъонї – донишманди араб низ бар ин нукта таъкид варзида, дар китоби «Ал-ансоб» зикр намудааст, ки яке аз гўшањои минтаќаи туркњо тавассути Нуњ ибни Асади Сомонї (намояндаи Тоњириён дар Самарќанд) дар соли 226 њиљрї фатњ шуд. Лозим ба тазаккур аст, ки Сомониён аз хушномтарин дудмони подшоњони эронї дар тўли таърих мањсуб мешаванд ва «агар Сомониён ба љањонбонї намерасиданд, Эрон ва эронї чунон дар тамаддун ва забони тозї (араб) мустањлак мешуд, ки имрўз чун Миср ва шимоли Африќо ва Сурия ва Ироќ љузви ќаламрави забону тамаддуни араб ба шумор мерафт» Пас љои тањассунот ва таъкид аст, ки хадамоти ин силсила аз наљибзодагони фарѓонии хуросонї дар густариши забони форсї ва дини ислом дар Мовароуннањр, ба вижа зери парчами ислом муттањид намудани турку тољик низ аз сафњањои дурахшони таърихи давлатдории онон ба шумор меравад, њарчанд ба ќавли оќои Паргорї ин наздикї ва иттињод дар нињояти кор бар зарари онњо анљомидааст. Исмоили кабир як сол пас аз омадан ба сари ќудрат, дар соли 270 њиљрї ба шањри Тироз – маркази ќудрати туркон њамла
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
35
бурд ва њукумати ононро дарњам кўбид. Ин тањаввулотро муаллифи маќолаи «Туркон ва Сомониён» чунин арзёбї кардааст: 1. Исмоил њудуди понздањ њазор нафар аз турконро ба асорат гирифт ва зимни дафъи хатари ин даста аз туркон, ќаламрави њукумати худро то бахше аз сарзамини туркон густариш дод. 2. Бо ѓалаба бар туркони кофир (он ваќт онњо дини исломро напазируфта буданд – М.Ш.) мањбубият ва машруияти худро дар Мовароуннањр ва љањони ислом афзуд. 3. Ба ин васила, дар назди халифаи Аббосї (Мўътазил) аз эътибори бештаре бархурдор шуд. 4. Ин амр тањдидоти ќабоили дигари туркро дар ибтидои њукумати ў хунсо кард. Мо ба таъкиди донишманди эронї доктор Солењи Паргорї, ки дар бораи лашкаркашии Исмоили кабир ба билоди турк ва њадафњои он ки ў иброз намудааст, мухолиф нестем, аммо тибќи таълифоти аксари таърихнигорони Осиё ва Урупо, давлати Сомониён бар асоси адл ва он њам адли илоњї ва русуми исломї пайрезї гардид. Муроди бунёнгузори ин дудмон фаќат хидмати холисона ба халќи Худо буд, чї турк бошад, чї тољик. Далели ин гуфтањо афзоиши суръати вуруди ќабоили мухталифи турк ба ќаламрави Оли Сомон ва њатто вориди артишу дарбори ў гардидани теъдоди зиёде аз туркон пас аз мусалмон шудани онњост ва дар натиља, «ѓава ва љињод бар зидди онон (бар зидди туркњо –М.Ш.) поён гирифт». Њамин нукта дар китоби мўътабари Руна Груса «Императории сањронавардон» (тарљумаи Абдулњусайни Майкада, чопи дуввум, Тењрон, интишороти илмию фарњангї, 1365, с. 247) шаффофтар зикр ёфтааст: «Ваќте ки ашоири туркии ин манотиќи сарњадї ба дини ислом ворид шуданд, вазъ таѓйир пазируфт ва ба ин иќдом, ки бо нињояти пофишорї ва бо камоли таассуб аз тарафи Сомониён ба амал меомад ва турконро ба диёнати ислом водор месохт, саранљом ба зарари худи Сомониён тамом шуд. Зеро дарњои љомеањои мусалмони чањортоќ ба рўи туркон боз монд ва руасои ќабоили турк аз ќабули ислом љуз ин манзуре надоштанд, ки љангу муќобала хотима пазирад ва онњо бо њам бо љомеаи ислом зиндагї кунанд.» Воќеан, агар суќути давлати Сомониёнро, ки бузургтарин фољиа ва пояи чандин бадбахтии дигар барои ќавми бумии Осиёи Миёна буд, дар назар нагирем, њамзистии мусолиматомези турку тољик дар љомеаи исломї
36
рўйдоди нодири таърихї аст. Пас аз ин ки муаллифи «Императории сањронавардон» ва доктор Паргорї мефармоянд: «Наздикї бо туркон бар зарари худи Сомониён тамом шуд, чандон мантиќї ва мунсифона нест, зеро њељ императорї ва ё давлатеро, њатто хушном ва одил њам бошад, дар таърихи башар ёд надорем, ки љовидон боќї монда бошад. Аз сўи дигар, суќути дудмони Сомониёнро, ки бозмондагони Оли Сомон низ сабабгори он буданд, наметавон сирфан ба масоили турку тољик иртибот дод. Зеро дар таърихи давлатдории эрониён ва њатто љањониён бисёр иттифоќ афтодааст, ки ин ё он сулолаи њоким тавассути њамтаборони худи он барчида шудааст. Дар Афѓонистони њамсоя подшоњони ќабилаи паштун њамвора дар талоши тољу тахт бародаркушї кардаанд, ки намунаи барљастаашро дар ќарни бист дидем. Давлатњои туркї ва муѓулитабори Сафавї, Темурї ва Шайбонї бар сари талоши ќудрат мудом дар набард ва муборизањои хунин ќарор доштанд, ки мисоли равшани он тавассути Шайбонињои ўзбак барњам хўрдани њукумати Темуриён дар Самарќанд ва фирори онон ба Афѓонистону Њиндустон мебошад. Бинобар ин, туркон, њарчанд пас аз заволи Сомониён дар умури низомї ва сиёсї наќши таъйинкунандаеро бозї кардаанд, боз њам сабк ва таркиби давлатдории онњо ба нањви даврони Сомониён идома пайдо кард. Тољикон дар умури давлатдорї сањим буданд. Ин давлат дар андак муддат аз Мовароуннањр то каронањои рўди Љайњун ва дуртар аз он густариш ёфт. Дар раванди кишваркушої ва фатњи ин ё он манотиќ, дар умури сиёсї ва иќтисодии кишвар ќавми бумї, ки баъдан бо номи тозик ё тољик ёд мешавад, ба андозаи туркон, њатто дар баъзе масоил беш аз онњо, наќш дошт. Бинобар навиштаи аллома Айнї, дар давраи Салљуќиён Низомулмулки Тўсї (Машњадї) наќши калон бозї кард. Низомулмулк дар замони Алп Арслони Салљуќї ва писари ў Маликшоњ бар сари кори вазорат омада, аз Арабистон то Туркистон њамаи мамлакатњоро идора кард. Ин љо устод Айнї таъсири вузарои тољик дар умури давлатдорї дар Хуросони пас аз суќути Сомониёнро дар назар дорад, ки фишурдаи он ин аст (мазмунан): Боре Маликшоњи турк (подшоњи ваќт) ба вазири тољики худ Хоља Низомулмулк ба хотири ихтилофе, ки байни писарони онњо пеш меояд, ангушти тањдид нишон медињад ва мегўяд:
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Хоља, агар бихоњам, мефармоям, ки њамин соат давотро (василаи умури давлатдориро) аз пеши ту бардоранд! Низомулмулк дар љавоб гуфт: Давлату тољи ту бар давоти ман вобастааст. Њар гоњ вазорати маро бигирї, тољи туро бардоранд!» (Равзат-ус-сафо, љ. 6, с. 107). Ва устод Айнї дар идомаи њамин матлаб меафзояд: Дар сояи идораи оќилона ва одилонаи Низомулмулк дар замони Маликшоњ мамлакат чунон обод шуд, ки пеш аз он мислаш дида нашуда буд. Садриддин Айнї аз мањорати чашмгири тољикон дар умури давлатдорї ва дар канори туркон ва муѓулзодагони мусалмон, дар њамзистии мусолиматомез ба сар бурдани онњо ба далоили ќотеъ сухан рондааст. Ў аз вазири соњибистеъдод ва ботадбири дарбори Њулокухон (набераи Чингизхон) Хоља Шамсиддин Муњаммади Љувайнї ва бародари ў Алоуддин Атомалики Љувайнї, ки мамлакатро дубора зинда ва обод карданд, ва аз табори тољик буданд, ситоишњо ба амал оварда, аз Саъдї наќли ќавл меоварад ва менависад, ки онњо илм ва адабиёт ва умуман маданияти миллиро ривољ дода ва ходимони ин риштаро чунон парвариш карданд, ки назар ба ќавли Саъдї нуќтаи паргори ањли илму дониш гардиданд. Вожагони «турк» ва «тољик» дар тамоми сарчашмањои таърихї ва таълифоти шоирон ва нависандагони араб ва аљам њамвора канори њам омадаанд ва аз навиштањои боло ва ишороти дањњо манобеи дигар метавон чунин натиља гирифт, ки туркњо ва муѓулони ѓолиб ба њељ ваљњ зимоми давлатдориро ба танњої дар даст надоштаанд ва аз суфуфи лашкар то дафтару девон ва вазоратхонањо дар сар то сари Эрон ва Мовароуннањр тољикон ва форсњо низ аз маќомњои волое бархўрдор будаанд ва њатто ќуббаи нурафшони ин кохи салтанат, тамаддуни љањоншумули эронї ва исломї будааст. Эроншиноси номвари рус Владимир Бартолд ба гўшањое аз масоили равобити иљтимої ва фарњангии ин ду ќавм дар љой-љое аз осори пурарзиши худ нигоњ афкандааст. Вай дар рисолаи машњури худ «Тољикон» менависад: Дар назари туркон, тољикњо бештар афроди мусалмон ва намояндагони фарњанги исломї шумурда мешуданд. Чун туркон навоњии мусалмоннишинро мусаххар сохтанд, бо ду ќавми аслии мусалмон: аъроб ва эрониён ошно шуданд ва калимаи тољикро фаќат дар мав-
риди эрониён ба кор бурданд ва дар миёни тољикон ва аъроб тафовут ќойил гаштанд. Бо гузашти айём фарњанги эронї ва андешаи исломї решањо дар жарфои љони бумиён ва кўчиёни ин сарзамин ронд. Њусни назар, самимият ва пайвандњои дўстї ва њамљаворї љойгузини хушунат ва кинатузињои ќабл аз ислом гардид. Дар навиштори теъдоде аз фарњангнигорон ва андешамандон, њангоми ба кор бастани вожагони «турку тољик» мебинем, ки таъбирњои зебо ва рўњбахш ба зевари калом ороста мешавад. Ба таври мисол дар «Табаќоти Носирї» ном рисолаи Минњољи Сирољ ишораи љолибе дар ин замина ба назар расид: Бандагони мулуки даргоњи салтанат њама туркони покасл ва тољикони гузидавасл буданд. Фарњангнависи дигар бо номи Мањмуди Кошѓарї дар китоби машњури худ «Девон-аллуѓат-ат-турк» овардааст: Татсиз турк билмос, бошсиз бирк билмос (тарљумааш: Турк бидуни тот намешавад, чунонки сар бидуни кулоњ). Яъне турк бидуни тот (тољик) дар зиндагї комёб нест. Ањмади Касравии Табрезї низ дар бораи њамбастагии ин ду ќавм нуктаи љолибе дорад: Дар он замон дар Озарбойљон турку тољик бо њам буданд, вале бештарї дар сўи тољикон буда. Яъне дар Озарбойљони он рўзгор (замони Сафавиён) нуфузи тољикон бештар аз љамъияти туркон будааст ва њарду дар канори њам зистаанд. Мавзўи њамбастагї ва пайванди хешутаборї миёни турку тољик дар осори Мавлоно Абдурањмони Љомї ба камоли устодї баён гардидааст, ки намунаи дурахшони он дўстии Љомї ва вазири дарбори Њусайн Бойќаро, шоири тавоно Амир Алишери Навої мебошад. Навої мањз бо дастур ва њидояти устодаш Мавлоно Абдурањмони Љомї иќдом ба суннати хамсанигорї дар забони туркї намуд ва дар ин љода комгор ва муваффаќ њам шуд. Љомї дар «Њафт авранг» ва дигар осори хеш ин мавзўъро бо шевањои гуногун васф кардааст. Ба таври мисол, ў дар достони зикршуда фармудааст: Соиле гуфт бо касе ба аљаб, Ба фалонат чї нисбат асту насаб? Гуфт: Ў турк њасту ман тољик, Лек дорем хешии наздик.
Аз назари орифонаи Мавлоно Љалолуддини Балхии Румї, пояи њама гуна вањдат ва њамбастагии тира ва табори мухталиф, аз љумла турку тољик дар масири ишќи илоњї ќарор ги-
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
37
рифтани онњост. Чуноне устод Дабири Сиёќї низ таъкид намудааст, Мавлоно ишорањое дар бораи нармхўї, оромишхоњї ва саломатталабии тољик ва кайфияти зиндагї ва љалодату тозандагии туркон дорад. Дар куллиёти Шамс мехонем: Як њамлаву як њамла, к-омад шабу торикї, Чустї куну туркї кун, не нармию тољикї. Вале боз њам натиљаи нињої, ки дар ин замина Мавлоно ба даст меоварад, ин аст: Турку тољику араб гар ошиќанд, Њамрањанд аз рўи маънї дар савоб.
Дар наваду њашт манбаи форсї ва туркию арабї зикр гардидани вожагони «тот»-у «тољик» ва «тозик»-ро устод Дабири Сиёќї дар маќолаи худ «Тоту тољик ва тозик» якояк баён намудааст. Аз љумла, ў дар осори шоирони соњибдевоне чун Унсурї, Фаридуддини Аттор, Шайх Саъдї, Анварии Абевардї, Шоњ Неъматуллои Валї, Алишери Навої, Ќоонии Шерозї, Толиби Омулї дар якчанд маворид ба кор рафтани вожаи тоту тољикро ба мисол ва далелњои љолиб тасниф ва тасњењ намуда, дар канори ин вожањо матрањ гардидани калимаи туркро низ таъкид кардааст. Дар аѓлаб наќли ќавлњо њар куљо, ки зикри тољик омада бошад, калимаи турк њам пањлўнишини ўст. Хољаи лисонулѓайби Шероз вожаи тољикро танњо дар як маврид, он њам ба унвони номи ќавме аз табори ориёї, ба риштаи тасвир кашидааст:
рост. Ин турк рабте ба ин ё он ќавм ва ќабила, ки муќими Самарќанд ё Шероз бошанд, надорад. Мутаассифона, баъзе аз донишмандон борњо ба тањрифи абёт ва вожаи зикршуда ва таъбирњое монанди он даст задаанд, ки бањсаш хориљ аз матлаби феълї аст. Мо ба намунаи барљастае аз чунин маънї ва мафњум дар як ѓазали ноб ва зебое аз Саъдї низ дучор омадем: Ин орифи зебокалом бо истиѓнои хосе ба «турки Хуросон» ангушти ишорат мегузорад: Он кист, к-андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад? Турк аз Хуросон омадаст, к-аз Форс яѓмо мебарад?! Шероз мушкин мекунад чун нофи оњуи Хутан, Гар оби Наврўз аз сараш, бўе ба сањро мебарад.
Агар он турки шерозї ба даст орад дили моро, Ба холи њиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро.
Аз мутолиаи осори љовидонаи Саъдї бармеояд, ки ин љањонгарди донишманд ва ќофиласолори корвони њикмату маънї дар бўстони бехазони сухан беш аз њар ориф ва ошиќе шайдо ва шефтаи рўи тољикона ва мижгони туркона аст. Саъдии донои роз дар баён ва корбурди њар гулвожае аз каломи гуворо ва бонамаки форсї сари зулфи суханро бо камоли устодї бо ќалам шона мезанад, шарбати гуфтори ў чї дар «Бўстон» ва чї дар «Гулистон»-и бехазону ганљинаи ѓазалњои шакаринаш таъм ва таровати меваи боѓи бињиштро дорад ва њар ќадар, ки аз замзами њиљози ѓазалњои Саъдї нўши љон бикунем, аз љуръае ба љуръае ба ташнагии мо меафзояд. Ногуфта намонад, ки Саъдї беш аз њар суханвари рўзгори хеш ба вожаи «тољик»-у «турк» ва шањрњову устонњо ва умуман макони буду боши ин ду ќавм таваљљўњ зоњир кардааст. Дар бисёре аз маворид ќањрамонони достонњои наѓзу намакини «Бўстон»-у «Гулистон»-и ў самарќандиён, вахшиён ва ё тољир ва љањонгардоне аз Ѓазнин ва Форёб ва Балх ва Фарѓона мебошанд, ки дар ин диёр имрўз низ турку тољик дар канори њам дўстона умр ба сар мебаранд. Ба таври мисол, аксари гуфторњои «Бўстон» ба зикри њузур ва њамдамии мусофироне аз шањрњои дуру наздики Хуросони бузург ва бо худои сухан њампо ва њамсафар будани онњо оѓоз мешаванд. Чунончи дар яке аз њикоятњои «Бўстон» мехонем:
Акнун дар ин ѓазал мухотаб «турки шерозї» мебошад, ки чун «турки самарќандї» маънї ва мафњумњои санам ва зебо ва олињаи њуснро до-
Яке шоњиде аз Самарќанд дошт, Ту гўйи ба љои самар ќанд дошт. Оѓози достони дигаре аз «Бўстон» чунин аст: Яке хурда бар шоњи Ѓазнин гирифт,
Эй баста камар ба дуру наздик, Бар хуни тамоми турку тољик. Калимаи «турк» дар ѓазалњои осмонии ў чун дар таълифоти аксари орифони порсигўй баёнгари мафњумњои мањбуб ва маъшуќ ва самбулу тимсоли њусну зебої аст: Ба шеъри Њофизи Шероз мегўянду мераќсанд, Сияњчашмони кашмирию туркони самарќандї.
Мурод аз корбурди таъбири «туркони самарќандї» хубрўёни самарќандї аст, ки шабењи онро дар матлаъи ѓазали баландпарвози Хољаи бузургвор дучор омадаем, ки њама умр ин байт аз он ѓазал сари забони хосу ом дар Эрону Мовароуннањр будааст:
38
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Ки њусне надорад Аёз, эй шигифт. Саъдї дар њикояти дигар бо пире аз равшанзамирони Форёб савори киштї ба суњбат мепардозад ва чандин мушкилоти сафарро ба њам мечашанд: Ќазоро ману пире аз Фориёб, Расидем дар хоки Маѓриб бар об. Маро як дирам буд, бардоштанд, Ба киштиву дарвеш бигзоштанд. Саъдии ширинкалом аз забони пири Форёб ин сафарномаи кўтоњро бисёр ширин ва дилнавоз љамъбандї мекунад, ки муњтавои он ин аст: Рањи аќл љуз печ дар печ нест, Бари орифи љуз Худо њељ нест. Бисёре аз муњаќќиќони Эрон, Афѓонистон, Тољикистон ва Русия дар баррасии вожагони «турк»-у «тољик» ба осори Саъдї мурољиат кардаанд. Устод Айнї дар рисолаи маъруфи худ «Маънои калимаи тољик» дар се маврид аз Саъдї иќтибос овардааст. Донишманди соњибноми Афѓонистон доктор Абдулањмади Љовид дар матлабе ба унвони «Сухане чанд дар бораи тољикон» навиштааст: «Аќвоми турку тољик ба унвони халќњои наздик ва њамразм бо њам ёд шудаанд. Дар адабиёти форсї ин ду калима барои муќоиса ва муќобила назири Эрону Турон мукаррар ба кор рафтааст. Саъдї мегўяд: Зи дарёи Уммон баромад касе, Сафар карда дарёву њомун басе, Араб дидаву турку тољику Рум, Зи њар љинс дар нафси покаш улум. Чунончи ќаблан зикр намудем, вожаи «тољик» њамчун номи ќавм дар осори адибони форсигўй дар шаклњои мухталиф, амсоли тољик, тозик, тожик, тољикия ва ѓайра фаровон ба кор рафтааст. Аммо истилоњи зебои «тољикона» танњо аз килки пурэъљоз ва дурофарини Саъдї берун омада, чун оњанрабо таваљљўњи забоншиносонро ба худ кашидааст. Дар маќолаи хеле муфассал ва пурмуњтавои донишманди маъруфи Эрон устод Дабири Сиёќї «Тоту тољик ва тозик» ин байт аз девони Саъдї омада: Рўи тољиконаат бинмой, то доѓи њабаш Осмон бар чењраи туркони яѓмої кашад. Устод Дабири Сиёќї, ки худ озариуласл аст, ба шарњи байт ва тањќиќу тањлили истилоњи «тољикона» пардохта, аз љумла фармудааст: «Тољикона, сифат ё ќайдест, ки аз тољик сохта шудааст ва маънои «њаммонанди тољик» ва «чун тољик» сифати дуввумї ќарор гирифтааст ва мурод рухсори зебо ва хушобуранги шармолуд ва малењ аст дар баробари турке, ки он њам соњибманзар аст ва шодобию зебоии хоси худро дорад».
Њамчунин аз љониби пажўњишгарон ва олимони забоншинос, ки вожагони «турк»-у «тољик» таваљљуњашонро љалб кардааст, борњо аз тарљеъоти шаккарини Саъдї ќитъаи зер чун сарчашмаи асил ва муносиб ба кор гирифта шудааст: Гуфтори хушу лабони борик, Мо атяба фока љаллу борик. Аз рўи ту моњи осмонро, Шарм омаду шуд њилоли борик. Аз бањри Худо, ки моликон љавр Чандин накунанд бар мамолик. Шояд, ки ба подшањ бигўянд, Турки ту бирехт хуни тољик.
Дар ин ќитъа аз тарљеъоти Саъдї, ки аз назар гузашт, «турк» ба маънии маъшуќи зебо ва шўху шанг, аммо сангдил ва берањм ва тољик тибќи маъмул, ошиќи зору забун ва мустаманд, яъне худи Саъдї алайњиррањма мебошад. Мутаассифона, чунонки ќаблан зикр намудем, равобити иљтимоии турку тољик дар таълифоти љањонгардон ва донишпажўњони Урупо, ба вижа Русияи подшоњї (дар ќарнњои 18-20) дар аксар маврид хасмона ва оганда аз ташаннуљ љилва дода шудааст, ки дар бисёре аз суханони онњо оњанги ѓараз ба гўш мерасад ва аммо дар љойњое њам решаи ин душманї (ноњамоњангии фарњанги кўчиён бо маданияти бумиёни шањрнишин) воќеъбинона арзёбї гардидааст. Донишманди русї В. Никулин дар «Таърихчаи хони Хуќанд» (1886) аз муштаракоти фарњангї миёни тољикон ва ўзбакони Осиёи Миёна бањсе пеш меоварад ва менависад: Тољикони бумї дар имтидоди чанд њазор сол ва ё чандсад сол тамаддуне ба вуљуд оварданд, ки ўзбакњо онро комилан пазируфтанд ва ўзбакњо нафаќат шева ва абзори кишоварзї, балки њунарњои меъморї, саноеи мухталиф ва дигар асбоби рўзгорро низ пазируфтанд. Чун ўзбак ин њамаро дар шакли омода аз они худ мекард, ба шогирдии тољике, ки мутеъи ў гашта буд, тан медод. Муаллифи номбурда агар нукоти зикршударо бо оњанге нармтар иброз медошт ва дар эњё ва рушди ин фарњанг ўзбаконро низ сањим медонист, арзиши маънавии навиштаи ў боло мерафт, зеро мумкин нест, ки дар миёни ду ќавми мусалмон ва њамљавор (он њам дар ќарни 19) муштаракоти иљтимоие вуљуд надошта бошад, дар њоле ки ба ќавли самарќандиён, ангур аз ангур ранг мегирад, њамсоя аз њамсоя панд. Устод Муњаммадљон Шакурї бо истифода аз осори сайёњон ва олимони Русияи подшоњї менависад: Њатто дар оѓози ќарни бист баъзе аз русњо гувоњї додаанд, ки калимаи «тољик» ва «ќул» дар назари туркњо то њудуде муродиф мебошанд. Љањонгардони кишвари номбурда он рўзгор шояд њарфњои кўча ва бозорро санаде дар
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
39
таълифоти худ ќарор дода, кўшиш кардаанд, ситоиши ќавмеро ба осмон бибаранд ва баръакс, дигареро љоњил ва золим ва тињї аз сарватњои маънавї ќаламдод намоянд. Албатта, худи зиндагї собит намудааст, ки чунин тафриќаандозї ва љавсозињо ба суди мардумони њамсояву њаммазњаб нест. Дар китоби «Хуросон аст ин љо» устод М. Шакурї бо иттико ба манобеи зикршуда менависад, ки «Дар замонњои пеш дар ќарнњои 16, 17 ва 18 дар муносибат бо туркњо (ўзбакњо) ин муомила (яъне равобити ин ду ќавм) хеле душвор ва хавф дошт ва љони тољик њамеша ба мўе овезон буд». Китоби дигаре аз донишманди тољик Рањим Масов «Таърихи тољикон бо мўњри комилан сиррї» мамлў аз чунин иќтибосњо ва он њам аз муаллифони урупої ва русии ќарнњои 18, 19 ва 20 мебошад, ки наметавон бо бархе аз навиштањои иѓроќомези ин азизон розї шуд. Њамчунин олимони Ўзбакистон, Озарбойљон ва Туркия дар масоили равобити турку тољик аз марзи адлу инсоф фарсахњо дур рафтаанд, ки он њам реша дар умќи андешаи аљнабиёнро дорад ва хориљ аз ин бањс аст. Аммо ќобили зикр аст, ки устод Шакурї дар сафњаи дигаре аз рисолаи «Хуросон аст ин љо» хадамоти исломї ва ирфонии тољиконро дар ќаламрави туркнишини Осиёи Миёна аз забони нависандаи тирози аввали туркман Бердї Карбобоев муфассал ташрењ намудааст. Устод Шакурї нуктаи љолиберо ёдовар мешавад ва менависад, ки дар соли 1973 дар анљумани фарњангии ховаршиносони Шўравї ширкат доштааст ва дар поёни ин нишаст нависандаи номии туркман Бердї Карбобоев дар як пазироии пурљалол, ки он њам дар хонаи худи адиб барпо шуд, ба ситоиши ќавми тољик лаб кушод ва гуфт: Мардуми тољик дар њамон давру замон ба аќвоми минтаќа хату савод ва одобу сунан омўзонданд. То Инќилоби Октябр дар абаи туркманњо, дар ќишлоќи ўзбакњо ва дар авули ќирѓиз ва ќазоќњо, њарљо мактабе буд, аксаран мактабдор аз тољикон буд, њарљо муллое ба назар мерасид, аксаран тољик буд. Калонтарин муллоњои ин аќвом њамонњое буданд, ки дар мадрасањои Бухоро дар дасти мударрисони тољик тањсил дидаанд. Чунин эътирофро аз забони дигаре аз зиёиёни минтаќа, аз љумла аз нависандагони маъруфи ќазоќ Мухтор Авазов ва Абдуллоњ Тољибоев шунидаем. Донишманди тољик академик Рањим Масов дар рўзњои сарнавиштсози марзбандии љумњурињои Осиёи Миёна ба дифои њаќќу њуќуќи тољикон бархостани як тан аз родмардони ќавми ќазоќ, сиёсатмадори љасур С. Хољамовро бо самимонатарин суханњо зикр кардааст. Устод Масов бо истифода аз мавод ва асноди бойгонињои њизбии Шўравии собиќ менависад: Дар замоне,
40
ки Љумњурии худмухтори Тољикистон табдил ба Љумњурии мустаќили Шўравии Сотсиалистї мешуд, Хољамов бо ќотеъият дархост намуд, ки на танњо ноњияи Хуљанд ва навоњии дигаре аз шимоли Тољикистон, балки вилоёти Сурхондарё, шањри Самарќанд ва дигар манотиќ, ки тољикони бумї дар он љо зиндагї мекунанд ва дар соли 1924 шомили Љумњури Ўзбакистон гардидаанд, бояд ба Љумњурии Тољикистон дода шавад. Њамдилї ва њусни назар миёни миллатњои сарзамини Осиёи Миёнаро донишманди соњибноми Эрон доктор Парвизи Варљованд бо чашми муњаббат менигарад. Вай дар муќаддимаи рисолаи «Хуросон ва Мовароуннањр» фармудааст: Бошандагони ин сарзаминњо аз куњантарин рўзгорон, насл дар пайи насл дар фазои фарњангї зистаанд, ки њамхонињо ва яксонињои бисёре доштааст. Нањви нигариши онњо ба коинот ва љањони њастї, чї дар буъди фарњангию асотирї, чї дар ойинњои мазњабї ва чї дар нигаришњои ирфонї ва билохира, дидгоњњои илмї аз њамоњангї ва њамсонињо ва дар як калом, пайванд ва дидгоње муштарак бархурдор будаанд. Оре, дар Осиёи Миёна (Мовароуннањр ва Хуросони бузург) то замони юриши болшевизм ба ин диёр ва по ба по бо онњо аз тариќи Урупо, ба вижа Туркияи Усмонї густариш ёфтани амвољи зањрогини шовинистии пантуркистї ва афкори тафриќаангези онон, фарњанги воњиди исломї ва тољикї мустаќар буд. Бинобар фармудаи донишманди шањир Муртазо Мутањаррї, шояд боло гирифтани амвољи шовинистї дар Урупо амре табиї буд, зеро мактабе, ки битавонад милали Урупоро дар як воњиди инсонї љамъ кунад, вуљуд надошт ва ин амр дар миёни милали Шарќ ба василаи истеъмор нуфуз кард... Њаќиќат ин аст, ки масъалаи миллатпарастї дар асри њозир барои љањони ислом мушкилоти бузург ба вуљуд овардааст. Бо камоли таассуф ин мушкилот дар Осиёи Миёна пас аз фурўпошии Шўравї њанўз њам дар бархе аз љумњурињо гоњу ногоњ буруз мекунад, ки коргардонњои ин сањна дастњои бегонагонанд. Тамаддуни ѓанї ва муштарак, ки дар ин сарзамини ањурої дар тўли асрњо тарњрезї гардидаву чун кохе пурљалол пай афкандааст, умедворем дар оянда низ омили вањдат ва тањкими њамбастагии мудовим миёни миллатњои бародари турку тољик хоњад шуд. Ба ќавли аллома Иќболи Лоњурї: Амри Њаќро њуљљату даъво якест, Хаймањои мо људо, дилњо якест. Аз Њиљозу Чину Эронем мо, Шабнами як субњи хандонем мо.
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Мирзо ШУКУРЗОДА
Д р кори омўзиши ањвол ва осори а
Мирзо Абдулќодири Бедил (1644-1720) мавзўъњои норавшан ва камтадќиќ њанўз њам зиёданд. Яке аз чунин мавзўъњо хидмати шоир дар саркори шањзода Муњаммад Аъзамшоњ аст. Масъалањое, ки дар доираи ин мавзўъ бояд баррасї шаванд, иборатанд аз инњо: Бедил кай ва дар куљо ба хидмати Аъзамшоњ дохил шуд? Мулозимати ў дар саркори Аъзамшоњ чанд сол давом кард? Бедил кай дар куљо ва бо кадом сабаб хидматро тарк кард?
дигар гўем, дар масъалаи сипоњигарии Бедил ва дар лашкари Аъзамшоњ хидмат намудани вай дар байни муњаќќиќони шоир ихтилофи назар дида намешавад. Аммо дар бораи муддати хидмат дар лашкари Аъзамшоњ ва сабаби аз ин кор даст кашидани Бедил аќидањо гуногунанд. Чунон ки дидем, Шералихони Лудї муддати навкарии Бедилро ба таъбири «чанд рўз» ёд кардааст. Ба аќидаи ў, Бедил ба муддати хеле кўтоњ машѓули ин кор будааст. Вале Хушгў гуфтааст, ки муддати хидмати шоир бист сол аст (Сафинаи Хушгў, сањ. 108). Дар адабиёти илмї низ рољеъ ба ин масъала назари ягона вуљуд надорад. Ќорї Абдуллоњ
Бедил ва муддати сипоњигарии ў Дар хусуси он, ки Бедил, воќеъан, як давраи муайян ба суннати гузаштагонаш сипоњигарї машѓул будааст, њељ гуна шакку шубњае вуљуд надорад. Дар ин бора њам ишорањои худи шоир ва њам маълумоти тазкиранигорон мављуданд. Чунончи, худи шоир дар «Чорунсур» љое, ки аз воќеъаи хонадоршавии худ ёд мекунад, дар ин бора чунин менависад: «Дар он њолат (њолати баъд аз издивољ – Б.Р.) касбе, ки ањли маъош ба илтизоми он ногузиранд, муносиби њоли тањайюрмаоли худ намедид, ночор мутатабеъи суннати обо гардид ва ба тариќаи сипоњ гаравид» (Куллиёти Бедил, љ. 4, Кобул, 1344, Чорунсур, с. 66). Аз муаллифони тазкирањо аввалин касе, ки аз сипоњї будани Бедил хабар додааст, соњиби тазкираи «Миръотулхаёл» Шералихони Лудист. Бино бар шањодати ин муаллиф, сипоњигарии Бедил дар лашкари Муњаммад Аъзамшоњ (16461707) писари саввуми Авранзеби Оламгир (16581707) ба вуќўъ пайвастааст. Шералихони Лудї навистааст: «Дар авоили шубоб чанд рўз, бино бар маслињате, навкарии шоњзодаи олиљоњ султон Муњаммад Аъзамшоњ ихтиёр карда, ба мансаби умда сарфарозї ёфта буд» (Миръотулхаёл, нусхаи хаттии №1996 Институти шарќшиносии АИ Тољикистон, вар. 251 «б»). Муаллифи «Сафинаи Хушгў» Биндробандоси Хушгў низ факти дар лашкари Аъзамшоњ хидмат намудани Бедилро зикр намуда, илова кардааст, ки шоир дар ин кор ба мансаби понсадї ва доруѓагии кўфтагархона расида буд (Ниг.: Сафинаи Хушгў, Патна, 1959, с. 108). Тазкиранависони баъдина ва муњаќќиќони муъосир дар ин бора навиштањои. Шералихони Лудї ва Хушгўро такрор кардаанд. Ба ибораи
дар маќолаи «Мирзо Бедил» (маљ. «Кобул», 1310, №4) устод Айни дар китоби «Мирзо Абдулќодири Бедил» (Сталинобод, 1954) ва Асадуллоњ Њабиб дар рисолаи «Бедил шоири замонањо» (Кобул, 1363) навиштаанд, ки муддати навкарии шоир аз се-чор сол беш давом накардааст. Муаллифи рисолаи «Ањвол ва осори Мирзо Абдулќодири Бедил» (Кобул, 1351) Абдулѓанї низ дар ин хусус маълумоти Шералихони Лудиро ќобили эътимод шуморида, таъкид намудааст, ки «Бедил барои муддати бисёр кўтоњ дар сипоњ буд». Аммо муњаќќиќи панљобї Ёсинхони Ниёзї дар маќолаи «Мирзо Абдулќодири Бедил» (маљ. «Оинаи ирфон», Кобул, 1311, №912; 1312, № 2-6) ва Њошим Шоиќ дар маќолаи «Марсияи Бедил» (маљ. «Ориёно», 1329, шум. далв) дар асоси ишорањои худи шоир ба натиљае расидаанд, ки муддати навкарии ў на камтар аз понздањ сол аст. Чунончи, Ёсинхони Ниёзї маълумоти дар ин бора овардаи Хушгўро мавриди тааммул ќарор дода, навиштааст: «Соњиби «Сафина» мегўяд, ки муддати мулозамати Мирзо ба њузури Аъзамшоњ бист сол аст. Вале сињњат надорад. Чи ба таври ќатъї баъд аз санаи 1080 навкар шуд ва аз як руќъаи ў ба номи Шукруллоњхон ва унсури чорум (унсури чоруми «Чорунсур» – Б.Р.) зоњир мегардад, ки пеш аз санаи 1096 мулозиматро тарк гуфта». Агарчи дар баъзе таълифоти илмї, аз љумла дар рисолаи Кошї Нотњ Пандит «Ањволу афкор ва сабки ѓазалиёти Бедил» (Тењрон, 1961, дастхат) ва «Луѓатномаи Дењхудо» (њарфи «Б», бахши ду), таърихи ба хидмати Аъзамшоњ пайвастани Бедил солњои 1079-1080 (1668-1680)
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
41
дониста шудааст, вале санад ва далелњои зиёде чи аз осори худи Бедил ва чи аз тазкираи Хушгў собит месозанд, ки фикри Ёсинхони Ниёзї ва Њошим Шоиќ дар ин маврид беасос нест. Яъне, воќеъаи ба хидмати Аъзамшоњ пайвастани Бедил баъд аз соли 1080, аниќтараш, дар соли 1081 рух додааст. Ин маънї аз ќитъањои зиёди таърих, ки шоир ба Аврангзебу Аъзамшоњ ва дигар шоњону шоњзодагони темурї бахшидааст, ба исбот мерасад. Ќадимтарин санае, ки аз ин гурўњи таърихњо бар меояд, санаи 1081 аст. Ќобили ќайд аст, ки аз бисту шаш таърихи ба шоњону шоњзодагон бахшидашуда моддањои таърихи њафтои онњо санаи 1081-ро ифода намудаанд. Ва њамаи ин ќитъањо дар мавзўъи таърихи зуњур ё худ таваллуди чанде аз шоњзодањо эљод шудаанд. Чунончи, як ќитъа дар таърихи таваллуди писари шоњзода Акбаршоњ, як ќитъа дар таърихи таваллуди писари шоњзода Бобуршоњ ва чанд ќитъа дар таърихи таваллуди шоњзода Комбахш аз љумлаи онњо мебошанд. Ин факт шоњиди он аст, ки робита ва алоќае, ки дар ин сол байни Бедил ва шоњу шоњзодагон мављуд буд, њодисаи људогона ва тосодуфї набуда, характери доимї дошт. Чигунагии ин робитаро аз таърихе, ки дар таваллуди Комбахш писари хурдии Аврангзеб навишта шудааст, пайхас намудан мумкин аст. Ќитъаи таърих ин аст: Атои файзи азал кард гавњаре таслим Ба шоњи мо, ки љавонбахт ва ўст олами пир. Муњити адлу љањони сахо, сипењри карам, Бањори дину дувал, ифтихори тољу сарир. Шањаншање ки кашад зўри бозўи њукмаш Зи кўњсор раги санг њамчу мў зи хамир. Тавон шикофт ба имдоди ройи равшани ў Зи ранги хомаи наќќош маънии тасвир. Ба завќи новаки ў ќатра-ќатра хуни ниёз Парад чу чашми таманно ба пайкари нахчир. Ба ањди ўст чунон расми амн дар олам, Ки захм ёфта болини роњат аз пари тир. Ба гулшани адабороии шариъати ў Њамеша аз раги ток аст нашъа дар занљир. Суруши шавќ ба ин мужда то башорат дод, Зи љои хеш биљастам чу маънї аз таќрир. Сафири килки гуњарсанљ соли ин таърих Фурўѓ дод зи «шамъи мунири оламгир». (1081)
Илова бар ин, дар куллиёти шоир ќасидае бо номи «Дар мадњи подшоњ ва таърихи таваллудди шоњзода» мављуд аст, ки аз моддаи таърихи он њам санаи 1081 бармеояд. Зоњиран, ин ќасида низ дар валодати Комбахш аст. Ба эътибори ин далелњо, алоќаи Бедил ба дарбори Аврангзеб низ, гўё, аз имкон дур набудааст. Вале чун тазкиранависон аз мулозамати шоир дар њузури Аъзамшоњ
42
сухан кардаанд, мо низ алоќа ва иртиботи ўро ба дарбори шоњї ба њамин масъала вобаста медонем. Яъне як ќасида ва чанд ќитъае, ки Бедил дар таваллуди Комбахш ва дигар шоњзодањо сурудааст, шояд, ба хотири Аъзамшоњ ё худ ба хоњиши ў эљод шуда бошанд. Акнун суоле ба миён меояд, ки Бедил дар куљо ба адои хизмати Аъзамшоњ шурўъ намуд? Аз «Чорунсур»-и шоир ба хубї маълум аст, ки ў дар солњои 1081 (1670-71) ва 1083 (1672-73) дар шањри Акбаробод мезист. Шоир аз њодисаи дар хоб дидани њазрати Муњаммад (с) ёд намуда таъкид кардааст, ки ин воќеъа дар соли 1081 (1670-71) дар Акбаробод рух дод. ў навиштааст: «Саъодатњусул азминае, ки дар балдаи Акбаробод бисоти фурсати таваќќуф мегустаронид ва фирдавсоин авќоте, ки ба сайри ин гулзамин сипарї мегардид… Шабе дар санаи якњазору њаштоду яки њиљрї…ѓунудане бар табъи маљбур њуљуми беихтиёрї овард ва сояи мижгон бар нигоњи заъифидастгоњ гиронї кард» (К.Б. љ. 4. Чорунсур, с. 336). Шоир дар љои дигари «Чорунсур» овардааст: «Фурсатшумории муддати анфос чанде дар саводи балдаи Акбаробод равнаќи субњи хуррамї дошту ба њавои хирманороии љамъият тухми хаёле мекошт ва бињишти бехалалиро ба зиёрати дили осуда бурда буду бањори беташвишї… ба вадиъати шавќи орамида супурда… Шабе дар санаи якњазору њаштоду се талвосаи дили изтиробмањмил бо шўхињои чашмаки анљум муќобалаи ташвишшуморї дошт ва парвози ѓубори бехудї њамдўшии андози Кањкашон аламњои шикасти ранг меафрошт» (К.Б. љ. 4. Чорунсур, с. 178). Аз тарљумаи њоли Бедил маълум аст, ки ў бо Мирзо Комгор ном амир дар Акбаробод ошної ва дўстиву рафоќат пайдо карда буд. Яке аз рисолањои насрии шоир, ки «Сурмаи эътибор» унвон дорад, дар Акбаробод бо хоњиш ва талаби амири мазкур таълиф шудааст. Бедил дар ситоиш ва таърифи ин амир чанд шеър низ эљод намудааст, ки якеи онњо ќитъаи таърих аст. Аз фиќраи таърихи ин ќитъа санаи 1082 (1671-72) бар меояд. (Ниг.: КБ. љ. 2, Ќитъаот, сањ. 135). Ин далел баёнгари он аст, ки Бедил дар соли 1082 (1671-72) низ дар Акбаробод мезистааст. Чун таърихи ба хидмати Аъзамшоњ дохил шудани Бедил соли 1081 (1670-71) аст ва дар солњои 1081-1083 (1670-1673) мо вайро дар Акбаробод мебинем, тахмин намудан мумкин аст, ки мањалли ба хидмат расидани ў шањри Акбаробод аст. Ишораи Хушгў, ки ба доруѓагии кўфтагархонаи саркори Аъзамшоњ имтиёз ёфт, мегўяд, зоњиран, ба њамин давраи њаёти шоир рост меояд. Агар ба эътибор гирифта шавад, ки маркази доимии њукумати Аъзамшоњ шањри
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Акабаробод буд (Ниг.: Хаста, Мунтахабаззамон Абдулќодири Бедил, «Журвандун», 1342, №9, с. 6), тахмини мазкур ба њаќиќат наздиктар мегардад. Соли 1083, зоњиран, охирин соли сукунати Бедил дар Акбаробод аст. Ў дар солњаи 1084-85 (1673-75), ѓолибан, дар Дењлї зиндагї ва хидмат менамуд. Зеро дар «Чорунсур» ваќте ки аз сафари худ ба Лоњур, ки соли 1085 (1674-1675) рух додааст, ёд мекунад, таъкид менамояд, ки ин сафар аз Дењлї оѓоз ёфта буд. Таърихи сафари мазкурро худи шоир чунин баён кардааст:
Шавќро аз азимати Лоњур Тозагињои муждаи шодист, Яъне аз домгоњи афсурдан Чанд гомам навиди озодист. Соли таърихи ин азиматшавќ Бетакалуф шунав «Худо њодист».(1085)
Чунон ки гуфтем, Бедил аз ин сафар дар «Чорунсур» низ ёд крадааст. Ў навиштааст: «Ваќате ѓубори ќофилаи таљаррудам аз саёњати арсаи Дењлї ба сайри Панљоб домани аљз шикаст ва даройи мањмили хаёл ба пешоњангии сафари Лоњур камари шавќ барбаст. Гарди танњої лашкаре буд њазор олами фатњ дар рикоби шикастаболї ва ранги бекасї оламе дошт чандин бањори љамъият дар ѓубори ошуфтањолї. Иќболи бесарупої кулоњи саргаштагї аз љанибаткашони фалаки даввор мерабуд ва шукўњи урёнитанї муќобили найзадорони хуршед оинаи арзи иќтидор мезудуд. Ба оини маљозиб сангу хишти пеши по афтодаро таълими гилбозии парвоз мекардам ва хоку гили ба роњ нишастаро паркушои саъйи њаво бармеовардам. Њар куљо аз по менишастам, осудагї чун наќши ќадам бисоти офият мепардохт ва њар гоњ ба роњ мефитодам, ворастагї чун насим пеш-пеш метохт. Бо њама ќатъи асбоби таъаллуќ дар наёми беистеъдодї ќаламтароше доштам, чун табиати кавдан дами тезї рехта ва чун оби баљоистода бо зангорњои нософї омехта» (КБ, љ. 4, Чорунсур, с. 277). Иддае аз муњаќќиќон, аз љумла устод Айнї, Абдулѓанї ва Асадуллоњ Њабиб, ќитъаи таърихии дар боло зикршударо таърихи сафаре медонанд, ки порае аз сурати онро аз «Чорунсур» наќл намудем. Аммо Холмуњаммади Хаста дар аќидаест, ки ин сафар, яъне сафари дар «Чорунсур» зикршуда, пеш аз соли 1085, дар замони ворастагї ва маљзубии шоир, дар байни солњои 1076-79 (1665-1669) ба вуќўъ пайвастааст. Яъне сафари соли 1085 дигар асту сафари дар «Чорунсур» ёд шуда дигар (Ниг.: Жувандун, 1342, №10). Ба фикри мо, дар ин маврид њаќ ба љаниби устод Айнї, Абдулѓанї ва Асадуллоњ Њабиб аст.
Таърихи мазкур (Шавќро аз азамати Лоњур…) таърихи њамон сафарест, ки аз Дењлї ба Лоњур сурат гирифтааст ва дар «Чорунсур» аз он ёд шудааст. Тавре ки дида шуд, дар ваќти сафари Лоњур Бедил як вазъи дарвешона ва маљзубонае доштааст. Ба эътибори њамин њолат ва вазъияти шоир гурўње аз муњаќќиќон дар аќидае њастанд, ки дар ин айём, яъне дар соли 1085, шоир аз хидмати Аъзамшоњ фориѓ шуда буд. Чунончи, устод Айнї навиштааст: «Аз Дењлї то Лоњур, ки савора аз як моњ зиёдтар роњ рафтан даркор аст, пиёда ва яккаву танњо сайр кардан ѓайр аз таќлиди маљзубон ва њаракати маљзубона дигар кор шуда наметавонист» (С. Айнї асари зикршуда, с. 37). Асадуллоњ Њабиб овардааст: Бедил «дар соли 1085 њиљрии ќамарї Устод Айнї ба сини 30-солагии Бедил рост омадани сафари мазкурро зикр намуда, илова кардааст, ки «агар ў дар 30-солагї њам навкар мебуд, аз Дењлї ба Лоњур ба тарзи маљзубон сарупобарањна ва пиёда сафар намекард» (С.Айнї, њамон љо, сањ.39) сафари маљзубонае аз Дењлї ба Лоњур кардааст, ки он ваќт, бидуни тардид, дар хизмати шоњзода (Аъзамшоњ Б.Р.) набудааст» (А. Њабиб, рисолаи зикршуда, с. 15). Вале чанд мактуби яке аз дўстони Бедил Эзидбахши Расо (вафоташ-1119, 1707-1708) шањодат медињанд, ки шоир мањз дар њамин сол-соли 1085 ва мањз дар Лоњур ба хидмати бевоситаи њарбї пайвастааст. Яъне ў дар њамин сол хидмати орому осудаи доруѓагии кўфтагархонаро бо кори пурошўби сипоњигарї табдил додааст. Эзидбахши Расо дар яке аз номањояш навиштааст, ки Бедил дар моњи рабиъулаввали соли 1086 (июни 1675) дар лашкари Аъзамшоњ буд (Ниг.: Нурулњасани Ансорї. Бањсе дар ањвол ва осори Бедил. Кобул, 1363, с. 6). Бино бар номаи дигари Эзидбахши Расо, «замоне ки Бедилу Эзидбахши Расо ва Мирзо Муњаммад Иброњиму Хоља Њабибуллоњ ном сипоњиён дар як сарой бо њам зиндагї мекарданд, рўзе як идда сарбозони мусаллањ бо њамдигар шурўъ ба ситеза карданд. Бедилу Расо ва ду нафари мазкур ба сањнаи воќеъа шитофтанд ва Расо дар пањлўи худ аз тире љароњат бардошт» (Абдулѓанї, асари мазкур, с. 133). Агарчи дар номаи Расо сол ва мањалли ин воќеъа зикр нашудааст, Абдулѓанї дар асоси номањои дигари Расо ва тазкираи Соќї Мустаъидхон «Маосири Оламгирї» исбот намудааст, ки ин воќеъа дар њафтуми сафари соли 1086 (май 1675) дар Њасанабдол рух додааст. Аз ин рў, ба аќидаи мо, сафари Бедил аз Дењлї ба Лоњур дар кадом њолат ва вазъияте, ки ба амал омада бошад, ба маќсади ба лашкари Аъзамшоњ пайвастан сурат гирифтааст. Сабаби
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
43
ба оини дарвешон пиёда ва сарупобарњна сафар кардани Бедил, шояд, ба хотири амнияти хеш дар ин роњи дуру дароз бошад. Зеро дар сурати савора ва ба таври муќаррарї ба роњ баромадан хавфи ба њамлаи роњзанону ѓоратгарон дучор шудан вуљуд дошт. Гузашта аз ин, шоир њангоми сафари Лоњур њанўз сипоњї нашуда буд. Ў ба ин кор, чунонки гуфтем, баъди ба Лоњур расидан шурўъ намуд. Ва нињоят, ин мазмун низ ногуфта намонад, ки дар назари Бедил сипоњигарї њам як навъи девонагї ва маљзубї ба шумор мерафт. Ў дар «Чорунсур» љое, ки сабабњои ба ин шуѓл рў овардани худро зикр менамуд, аз љумла чунин мегўяд: Ба рафъи чашмзахми халќ гумномї фусун дорад, Бурун тоз аз дари шўњрат, ки шўњрат бўи хун дорад. Саломатпешаро набвад бењ аз девонагї касбе, Љунун кун ё сипоњї шав, сипоњї њам љунун дорад. (КБ љ. 4, Чорунсур, с. 7 166). Эзидбахши Расо дар дигар номањои худ низ ба муносибати Бедил ва Аъзамшоњ ишорањо кардааст. Чуночи, дар номае, ки ба Аъзамшоњ ирсол шудааст, навиштааст: «Иншоаллоњ Мирзо Абдулќодири Бедил, ки саропо дил аст, анќариб мулозимати саъодат меандўзад» (Абдулѓанї, асари зикршуда, с. 133). Эзидбахши Расо дар номаи дигар, ки низ ба Аъзамшоњ равон шудааст, овардааст: «Бедили њамадилро дидам ва аз дилнињодаш пурсидам. Охири рамазон ё дар авали шаввол он љо мерасад» (њамон љо, сањ. 133). Чун Эзидбахши Расо аз дилнињоди Бедил ба Аъзамшоњ хабар медињад, гумон меравад, ки Аъзамшоњ дар Лоњур мунтазири Бедил будааст. Бад-ин ваїњ аз эњтимол дур нест, ки сафари Бедил ба Лоњур ба даъвати Аъзамшоњ сурат гирифта бошад. Тавре ки гуфтем, ба ќавли Эзидбахши Расо, Бедил дар моњњои сафар ва рабиъулаввали соли 1086 (май-июни 1675) дар Њасанабдол њамроњи лашкариёни Аъзамшоњ буд. Ва дар номаи охируззикр Эзидбахши Расо навиштааст, ки Бедил дар моњи рамазон ё авали шаввол ба хидмат хоњад расид. Бедил агар тибќи гуфтаи худ амал карда бошад, пас сафари ў аз Дењлї ба Лоњур дар моњњои рамазон ва шавволи соли 1085 (декабри 1674-январи 1675) ба амал омадааст. Яъне иќомати шоир дар Панљоб (Лоњур ва Њасанабдол) аз рамазони соли 1085 (декабри соли 1674) то рабуъулаввали 1086 (июни 1675) идома ёфтааст. Пас аз Лоњур ва Њасанабдол Бедил, зоњиран, ба Ањмадободи Гуљарот рафт. Дар Гуљарот машѓули
44
хидмат будани ўро Хушгў борњо таъкид намудааст. Чунончи, ў дар зикри ањволи шоире бо номи Мир Муњаммадзамони Росих (вафоташ 1107(169596) навиштааст: «Мир Муњаммадзамони росихтахуллус писари Мир Имод аст. Ба мулозимати подшоњзодаи анљумсипоњи олиљоњ Муњаммад Аъзамшоњ фоиз шуда, ба мансаби шоиста сарфарозї ёфт… Бо њазрати Мирзо Бедил хеле марбут буда. Мир ва Мирзо (яъне Мир Муњаммадзамони Росих ва Мирзо Бедил-Б.Р.), њоїї Аслами Солим, њаким Њусайни Шўњрат дар Гуљарот ба лашкари шоњї бо њам њамтарњ буданд. (Сафинаи Хушгў, с. 8). Хушгў дар љои дигар, дар зимни шарњи ањволи Мир Муњаммадњасани Эљод овардааст: «Аз авлоди шоњ Саиднуриддин Мубораки Ѓазнавист… Баъди тањсили мутадовилот чанде ба рафоќати Навозишхони Толеъ ба сар бурда, ба Гуљарот рафт ва дар лашкари подшоњзодаи олиљоњ Муњаммад Аъзамшоњ монд. Дар он љо бо њазрати Мирзо Бедилу њоїї Аслами Солим ва шоњ Гулшан сўњбатњои муставфї дошта» (Сафина, с. 97). Алњол ба таври ќатъї гуфта наметавонем, ки Бедил кай ба Гуљарот рафт ва то кадом сол дар он љо хидмат намуд. Вале дар соли 1090 (1679-80) мо ўро дар Дењлї мебинем. Ин амр аз ёддошти худи ў дар «Чорунсур» ба исбот мерасад. Бедил љое, ки аз Атуп Чатр ном рассом ва њодисаи сурати шоирро кашидани вай наќл менамояд, тазаккур медињад, ки сурати мазкурро ба муддати дањ сол бо худ нигоњ медошт ва дар соли 1100 (1688-89) бо сабабе онро мавњ намуд (Ниг.: КБ. љ. 4. Чорунсур, с. 282-85). Дар сурати баъд аз дањ сол мањв сохтани сурат, воќеъаи тасвири Бедилро кашидани Атуп Чатр ба соли 1090 (1679-89) рост меояд. Бино бар шањодати муаллифи рисолаи «Адаби форсї дар ањди Аврангзеб» (Дењлї, 1969. с. 12) Нурулњасани Ансорї, Атуп Чатр рассоми дарбори шоњї буд. Аз ин рў дар Дењлї иќомат доштани вай аз эњтимол дур намебошад. Яъне њодисаи тасвири Бедилро кашидани Атуп Чатр дар соли 1090 (1679-80) дар Дењлї рух додааст. Аз ишораи дигари Бедил, ки низ дар «Чорунсур» сабт аст, тахмин намудан мумкин аст, ки ў дар солњои 1091-93 (1680-1682) низ дар Дењлї мезистааст. Ў навиштааст, ки дар айёми ворастагї ва парешонии хеш дар мањаллае аз мањаллоти Дењлї иќомат мекард. Ањли ин мањалла аз зиёдии гунљишкони он љой дар азоб буданд. Рўзе онњо аз Бедил хоњиш намудаанд, ки илоље созад, то мардум аз шарри гунљишкон халос шаванд. Бедил тибќи хоњиши онњо амал намуда, гунљишкеро бо камонѓўлак зада ѓалтондааст. Бино бар ќавли шоир, баъди ин кор дар он мањалла нишоне аз гунљишкон намондааст. Шоир пас аз понздањ соли ин воќеъа ду бори дигар аз он мањалла гузар кардааст. Сокинони он љой арз намудаанд, ки
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
аз њамон сол то бар ин дам гунљишкеро дар он љойњо надидаанд. Тавре ки аз «Чорунсур» бар меояд, замони ворастагї ва парешонии Бедил аз соли 1076 (1665-66) то соли 1079 (1668-69) давом кардааст. Ў дар соли 1076 бори аввал ба Дењлї омада, ќабл аз њама, бо дарвешон ва маљзубони он шањр, аз љумла бо Шоњкобулии маљзуб, ошно шуда, то соли 1079, яъне то замони хонадоршавии хеш ба оини дарвешон ва маљзубон зиндагї кард. Вай дар ин муддат на фаќат дар Дењлї, балки дар дигар минтаќањои Њиндустони шимолї-Акбаробод, Матњро, Акбарпурра ва ѓайра низ умр гузаронид. Ба таъбири дигар гўем, иќомати аввалини Бедил дар мањаллаи зикршудаи Дењлї байни солњои 1076-1079 ба вуќўъ пайвастааст. Шоир агар пас аз понздањ соли иќомати аввалинаш аз он мањалла гузар карда бошад, пас ин њодиса дар байни солњои 1091-1094 (1680-1683) рух додааст. Бад ин тариќ дар Дењлї будани Бедил дар ин солњо низ, гўё, ба исбот мерасад. Ва нињоят, аз соли 1094 (1683) то соли 1096 (1685) дар Матњро зистан ва дар он љо машѓули хидмати њарбї будани Бедил њам аз «Чорунсур» ва њам аз «Руќаъот»-и ў ба хубї маълум аст. Чунончи, ў дар «Чорунсур» аз ошўбњои халќї, ки дар минтаќаи Дењлї ва Акбаробод, аз љумла дар Матњро, ба амал омада буданд, ёдовар шуда шоњиди бевоситаи он ошўбњо будани худро низ гўшрас намудааст. Ќобили ќайд аст, ки шоир дар ин воќеъот танњо набудааст, балки чанд нафар аз тобеъонаш низ њамроњи ў буданд. Ў навиштааст: «Аёме ки подшоњи Оламгир ба хаёли тасхири Дакан пардохта буд ва барќи бекасї бар саводи мамолики Њинд (Њиндустони шимолї дар назар астБ.Р.) тохта, руъаёи навоњи Дењлї ва Акбаробод аз сустињои амали њукком силсилаи инќиёд гусехта буданд ва ба даъвии тасаллут ва њукумат тўфони иттифоќ ангехта. Аксаре парганоти њаволии Матњро ба забти таъаддї доштанд ва ба тохту торољи шавореъ амали худсарию бебокї меафроштанд… Муддатњо аѓниёи маъмураи Матњро ба эътимоди истеъдоди тиру туфанг сари роњи мањаллот баста буданд ва фуќаро ба таваккули сози бедирамї, чун рахти хонаи оина, беруни дар нишаста. Аз он љумла фаќир Бедилро ташвиши табойеъи бедаступое чанд, ки ба њукми иттифоќ бори таъаллуќашон бар дўши хаёл афтода буд, њар соъат ѓубори дигар аз бунёди њол бармеангехт ва кашокашњои тараддуди ањволашон њар нафас риштаворе аз сози љамъият мегусехт» (КБ. љ. 4. Чорунсур, с. 122-324). Тавре ки аз давоми навиштањои Бедил бармеояд, ў ба муддати ду сол шоњиди ошўбњои мазкур шуда, оќибат дар соли 1096 (1685) рў ба љониби Дењлї меорад. Ў менависад: «Пас аз ду соли тањаммули азоб, ки њар рўзаш ба њазор субњи ќиёмат муњосабаи таъаб дошту њар шабаш чандин
торикии шоми лањад дар назар меанбошт, дар санаи 1096 љунуни яъс дуди ин андеша аз ќонуни хаёл ангехт ва ѓайрати нокомї шароби ин савдо дар соѓари димоѓ рехт, ки бо њар бетадбирии мизољи офиятэњтиёї роњи саводи Дењлї сар кардан аст ва табиъати аз зиндагї серомадаро аз махмасаи офати ин маќом бадар бурдан» (Њамон љо с. 325). Аз суханони минбаъдаи шоир равшан мегардад, ки ў на фаќат шоњиди ошўбњои мазкур будааст, инчунин дар набардњои байни мардум ва лашкари шоњї иштирок њам доштааст. Ба таъбири дигар гўем мулозимат дар лашкари Аъзамшоњ дар ин солњо (солњои 1094-1096) низ идома доштааст. Шоир баъд аз изњори тасмими мазкур, яъне азми рў ба Дењлї овардани худ, ба муќобилияти сахти њамроњонаш дучор гардида, аксуламали онњоро нисбат ба тасмими хеш чунин ба ќалам додааст: «Ќудратоњангоне, ки иститоъати њазор ранг мувоъанат доштанд, дар ин маслињат љуз манъ мадад намефармуданд ва ошноравишоне, ки ба чандин тариќ оѓўши шавќат мепардохтанд, дар ин њолат ѓайр аз дари бегонагї намекушуданд. Охири кор беасарињои ќабули насоењашон моддаи озурдагї ба љўш овард ва камтаваљљўњии афсуни мувоъиз мизољи илтифоташон мунњариф кард. Муболаѓанавоии сози гуфтугў ба оњанги истењзо кашид ва мубоњасаороии муъомилаи забонњо ба муноќашаи тамасхур анљомид, ки тасмими ин азм агар ба эътимоди хавориќ аст, пас аз имтињони саломат имон оварданист ва агар ба тадбири шуљоъат мутаъаллиќ бошад, баъд аз вуќўъи фатњи Муборакбод адо карданї. Пайдост, ки аз чунин тўфонгоњ завраќи мўр ба чї иститоъат рахти халос хоњад бастан ва аз ин шўълазор раќси сипанди бепару бол ба кадом афсун бадар метавонад љастан» (њамон љо с. 325). Тавре ки мебинем, баъди огањї аз маќсади шоир њамроњони ў мехоњанд, ки монеъи тасмими ў шаванд. Вале чун мебинанд, ки азми ў ќатъист аз роњи тамасхур ва истењзо пеш меоянд ва мегўянд, ки ин азм агар аз пањлўи каромот аст, каромоте бояд, ки аз ин вартаи њалокат рањої ёбем ва ин тасмим агар мабнї бар шуљоъат бошад, мардонагие зарур, ки аз ин туфонгоњ бо фатњу зафар бадар оем. Фикри дар ин солњо машѓули хидмати њарбї будан ва њатто мансаберо бар ўњда доштани Бедилро порчаи дигаре аз «Чорунсур» боз њам равшантар месозад. Шоир дар ин порча факти ба Азимобод ном ќария расидан ва як шабонарўз дар он љо таваќќуф кардани худро зикр намуда, идомаи сафарашро ин тавр ба ќалам додааст: «Фардои он рўз, (рўзи ба Азимобод расиданБ.Р.), ки мањмили азми Бедил пешоњанги њаракат гардид, њамаро наъл дар оташи шавќи хиром гардонид. Саканаи он љо ба инонгирї таваљљуњ гумоштанд ва ба шўри мунодї аламе таъкид
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
45
афроштанд, ки фављдорони маъзул сояи девори сипар андохтанро њисори салтанат андешидаанд ва гарди овозаи мансуб њанўз аз арсаи Дакан ба Њиндустон нарасида. Дар ин ваќт њар кї бе бадраќа пой дар ин роњ мегузорад, њамон ба хуни худ ќадам меафшорад» (њамон љо, с. 326). Чунон ки мебинем, сокинони ќарияи Азимобод нисбат ба Бедил ва њамсафарони ў ибораи «фављдорони маъзул»-ро кор фармуда, таъкид кардаанд, ки дар хусуси ба љои онњо таъйин шудани шахсони дигар њанўз аз љониби Дакан фармон нарасидааст. Дар ин љо ишора ба Дакан бад ин сабаб аст, ки Аврангзеби Оламгир аз соли 1090 (1679) шањри Давлатободи Даканро пойтахти худ ќарор дода буд ва њама гуна фармонњои шоњї аз он љо содир мешуд. Ќобили ќайд аст, ки дар ин айём, яъне дар соли 1096 (1685) Муњаммад Аъзамшоњ низ дар Дакан буд ва ѓолибан, аз њодисаи тарки хидмат намудани Бедил хабар надошт, ки монеъи тасмими ў шуда натавонист (ниг. История Индии в среднее века, М., 1986. стр. 540). Њамин тавр, шоир пас аз ду соли ширкат дар муњорабањои Матњро аз хидмати њарбї дилгир шуда, роњи сафари Дењлиро пеш гирифт ва чунон ки аз мактубе ба номи Шукруллоњхон бармеояд, 27 љимодиулохири соли 1096 (31майи 1685) дохили шањри Дењлї гардид. Шоир дар номаи мазкур аз љумла чунин навишта буд: «Њарчанд ризќи муќаддар дар њама њол ва њама љо муъайян ва муќаррар аст, аммо ошёни љамъияти парешонї мафкуд ва номуяссар. Агар дар ин савод (яъне шањри Дењлї-Б.Р.) мавзеъе канори дарё ё лаби нањр ба суњулат дари иттифоќ кушояд, потакяе ихтиёр намояд ва мобаќии муддати мўњлате, ки аз назари яќин мухтафист, бе ташвиши таѓйири макон ба сар барад. Агар ањёнан толеъи бедилї аз даври аслї бар нагардад, домани «арзуллоњу восиъатун» занљири пойи њарзаљавлонї нест. Мадди умрам, чун нигањ, Бедил, ба њайронї гузашт, Гўшаи чашме нашуд пайдо, ки љо пайдо кунам». (К.Б., љ. 4 Руќаъот, с. 152).
Суоле ба миён меояд, ки чаро шоир то соли 1096 (1685) манзили доимї надошт? Чаро ў њар замон таѓйири макон менамуд? Сабаби ин оворагию хонабардўшињо оё хидмати њарбї буд? Оре, хидмати њарбї набуд, ки шоирро аз Акбаробод ба Дењлї, аз Дењлї ба Лоњур, аз Лоњур ба Њасанабдол, аз онљо ба Гуљарот ва аз Гуљарот боз ба Дењливу Матњро овора медошт. Бад-ин тариќ, Бедил дар соли 1081 (1670-71) ба мулозамат дар саркори Аъзамшоњ шурўъ намуда, то соли 1083 (1672-73) дар Акбаробод,
46
аз соли 1084 (1673-74) то соли 1085 (1674-75) дар Дењлї ба сар бурд. Соли 1085 (1674-75) ба даъвати Аъзамшоњ ба Лоњур рафта, ба њайси як сипоњї ба лашкари ў њамроњ шуд ва то соли 1086 (1675-76) дар Лоњур ва Њасанабдол хидмат намуд. Сипас њамроњи лашкариёни Аъзамшоњ ба Гуљарот рафта, зоњиран, то соли 1090 (1679-80) дар он љой монд. Шоир аз соли 1090 (1679-80) то соли 1094 (1683) дар Дењлї ва аз соли 1094 (1683) то соли 1096 (1685) дар Матњро хидмати њарбиро давом дод. Ва нињоят дар соли 1096 (1685) дар Матњро тарки хидмат намуда, ба маќсади иќомати доимї ба шањри Дењлї омад. Тавре ки мебинем, муддати мулозимати Бедил дар саркори Аъзамшоњ љамъан 15 сол аст. Се-чор соли аввал (1081-1085\1670-1675) дар вазифаи доруѓагии кўфтагархона, яъне корхонаи аслињасозї ва II соли дигар (10851096\1674-85) дар кори сипоњгарї. Тибќи шоњодати Хушгў, шоир дар хидмати њарбї ба ањзи мансаби понсадї ноил гардида буд. Инак, меоем бар сари масъалаи дигар-сабаби тарки мулозамат намудани Бедил. Дар ин хусус дар байни муалифони тазкирањо се аќида мављуд аст. Яке, маълумоти Шералихони Лудї, дигаре, маълумоти Муњаммадшафеъ Вориди Тењронї ва саввум, навиштаи Биндробандоси Хушгў. Маъмултарини ин аќидањо, чунон ки хоњем дид, аќидаи муаллифи «Миръотулхаёл» Шералихони Лудист. Ў навиштааст: «Рўзе дар маљлиси шоњзода (Аъзамшоњ-Б.Р.) зикри шуъарои аср дар миён омад. Яке аз муќаррибон ба арз расонид, ки билфеъл дар Шоњиљањонобод, балки дар аксар аз саводи Њиндустон бењтаре аз Мирзо Абдулќодири Бедил, ки дар силки мулозимони саркор мунсалик аст, нахоњад буд. Шоњзода гуфт: Бигўед, ки ќасидае дар мадњи мо иншо кунад, то зўри табъаш маълум намуда, ба изофаи мансаб ва таќарруб сарфароз намоем. Ин хабар ба Мирзо расид. Филњол ба бахшии саркор рафта, истеъфои мансаб кард. Њарчанд дўстон маслињат дар он диданд, ки ќасида дар мадњи шоњзода тавон гуфт, ќабул накард ва тарки мансаб намуд» (Миръотулхаёл, нусхаи мазкур, вар. 251 «б»). Як зумра тазкиранависон, аз љумла Ѓуломалї Озоди Балгиромї дар «Яди байзо», «Сарви озод» ва «Хизонаи омира», Абдулвањњоби Ифтихор дар «Тазкираи беназир», Бхагавандоси Њиндї дар «Сафинаи Њиндї», Њусайнќулихони Азимободї дар «Ништари ишќ», Муњаммад Ќудратуллоњи Гўпомўї дар «Натоиљулафкор», Муњаммадсиддиќи Њасанхон дар «Шамъи
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
анљуман» навиштаи Шералихони Лудиро такрор намудаанд. Аксари муњаќќиќони муъосир, чун Ёсинхони Ниёзї, устод Садридини Айнї, Абдулѓанї ва Асадуллоњи Њабиб низ дар њамин аќидаанд. Вале ин фикр, яъне навиштаи Шеръалихони Лудї дар бораи сабаби тарки мулозимат кардани Бедил, беасос ва аз воќеият дур аст. Аъзамшоњ аз шоир будани Бедил ба хубї огоњ буд ва Бедил низ дар мадњи ў як ќасида дар њаљми 27 байт ва чанд ѓазалу ќитъа эљод кардааст. Њоло чанд байтро аз ќасидаи ў наќл менамоем: Њаббазо, хуршеди ќудратманзари ављи яќин, Њукмфармои салотин, муттакои оламин. Соњиби илму худованди љањон, мухтори дањр, Волии давлат, паноњи миллату иќболи дин. Вориси соњибќирон султон Муњаммадаъзам он, К-аз гули мадњаш забон дорад чаман дар остин… (Куллиёти Бедил, љилди 2, Кобул, 1342, ќасоид, с. 104).
Соњиби тазкираи «Миръоти воридот» Муњаммадшафеъ Вориди Тењронї сабаби аз хизмати Аъзамшоњ рафтани Бедилро ин тавр ба ќалам овардааст: «Рўзе яке аз муќаррибони бисоти салтанат ашъори Мирзо ба самъи шоњ (Аъзамшоњ-Б.Р.) расонид. Шоњ пурсид: Ин ашъори кист? Арз кард, ки аз Мирзо Бедил. Шоњ бар сабили хуштабъї фармуд: Бедилро дар лашкари мо, ки тамом љавонони пурдиланд, чї кор? Мирзо ба муљарради истимоъи ин фањвои хориљоњанг аз он маќом ќадам ба водии сафар гузошт» (Маљаллаи «Ориёно», Кобул, 1349, №3, с. 71). Ба назари мо, навиштаи Вориди Тењронї низ воќеъї ва боварибахш нест. Бедил, ки аз љумлаи наздикони Аъзамшоњ буд, гумон аст, ки аз сухане «бар сабили хуштабъї» гуфташуда биранљад ва гузашта аз ин, дар асари ин сухан тарки хидмат намояд. Шогирд ва њамсуњбати доимии Бедил Биндробандоси Хушгў дар бораи ба хидмат пайвастан ва аз он фориѓ гардидани Бедил чунин навиштааст: «Ба њар њол чун бањори љавонї дар бўстонсарои вуљудаш дамидан оѓоз кард, ба њукми рифъати истеъдод ва тањсили асбоби маъош мулозимати подшоњзодаи олиљоњ Муњаммад Аъзамшоњ дарёфт. Бист сол дар ин шуѓл машѓул буд… Баъд аз он, чун љазба даррасид, таморуз намуда, аз хидмати шоњї мустаѓнї гардид» (Сафинаи Хушгў, сањ. 108). Чунон ки мебинем, Хушгў њодисаи тарки хидмат кардани Бедилро ба ягон воќеъаи тасодуфї вобаста накарда, навиштааст, ки: «чун љазба
даррасид, таморуз намуда, аз хидмати шоњи мустаѓнї гардид». Яъне чун дар дили ў хоњише пайдо шуд, ки тарки хидмат намояд, худро бемор вонамуд сохта, аз мулозимат даст кашид. Хушгў баъди зикри ин маълумот илова кардааст: «Подшоњзодаи олиљоњ аз рўи камоли ќадрдонї нишоне ба дастхати хос навишта. Фаќир Хушгў биљинсињи дар ќаламдони эшон дида. Ин љо наќли он мусаввада мешавад. Нишони дастхати хоси подшоњї: Алњамдулиллоњи валминнату, ки њанўз ќувваи баданї, он рифъату шуљоъати дастгоњ ба њоли худ аст. Бо вуљуди барќарории њавос аз хидмати олии шоњї таќоъуд варзидан шарти ифои њуќуќи ихлос нест. То њол њам њељ нарафта. Он чї заруриёти роњ даркор бошад, буютоти дорулхилофа амри нафоз ёфта, саранљом карда хоњад шуд. Зуд мустаъиди мулозимат гардад. Интињо. Эшон дар љавоб аризае ба алќоби «худовандо» марќум намудаанд, ки тамоми он дар «Руќаъот» дохил аст. Як рубоъї аз он навишта меояд: Аз шоњи худ он чї ин гадо мехоњад, Афзунии мансаби ризо мехоњад. То њиммати фаќр нанги хоњиш накашад, Сархайлии лашкари дуъо мехоњад» (Сафинаи Хушгў, сањ. 108). Дар «Руќаъот»-и Бедил мактубе ба унвони «Ба шоњ Аъзамшоњ, ки њаќиќати орзуи фаќир дархостанд» мављуд аст, ки бо хитоби «худовандо» оѓоз меёбад ва рубоъии зикркардаи Хушгў дар он ба назар мерасад. Ин њамон номаест, ки Хушгў дар хусусаш сухан кардааст. Дар ин мактуб шоир сабаби аз хидмат рафтани худро дар фаро расидани пирї нишон додааст. Ў навиштааст: «Тоќатњои љавонї, ки василаи обрўи бандагист, ба заъфи пирї анљомид ва истиќомати ќиво, ки далели саъодати хидматгузорист, сар ба љайби азпоафтодагї кашид. Дар ин муддат: Њар чї аз саъйи норасо меруст, Ба араќ рўи хиїлате мешуст. Орзуњо ба боди рустан рафт, Араќе монду рў ба шустан рафт». (Куллиёти Бедил, Лакњнав, 1287, с. 86). Хушгў пас аз зикри номаи љавобии Бедил илова кардааст, ки шоир «ба ёдоварии њуќуќи намак ѓазале дар он ариза (нома – Б.Р.)нигошта буд, ки ин байт аз он аст» (Сафина, сањ. 108). Ѓазале, ки Хушгў ду байти онро зикр кардааст, дар куллиёти Бедил мављуд аст ва матни комили он ин аст:
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
47
Агар хуршеди гардунам в-агар гарди сари роњам, Гадои њазрати шоњам, гадои њазрати шоњам. Ќабуле доштам дар боргоњи арш таъзимаш, К-аз он касби саъодатњо кунун маќбули аллоњам. Зи иќболи заминбўсаш ѓаное кардаам њосил, К-аз инъоми фалак љуз узри истиѓно намехоњам. Замингирї надорад манъи таслими њузури ман, Ба хок афтодаам, аммо њамон чун соя њамроњам. Суљуде мебарам аз дур хоки остонашро, Ба он ќурбе ки наздикон њам аз дуранд огоњам. Ба зери сояи ёдаш виќоре чидаам бар худ, Ки хиффат мекашад кўњ аз тамошои пари коњам. Чи наздикї, чи дурї бандагї ботил намегардад, Фидої будам, акнун аз дуъогўёни даргоњам. Ба њукми нокасї домони нозе додаам аз каф, Ки мељўшад чу мижгон чокњо аз дасти кўтоњам. Људо з-он остон дигар чї гўям, чистам, Бедил? Ѓамам, дарди дилам, доѓам, сиришкам, нолаам, оњам. Тавре ки мебинем, Бедил дар ин ѓазал низ ба њодисаи мулозамати хеш дар саркори Аъзамшоњ ишорањо кардааст. Мисраъњои «Ќабуле доштам дар боргоњи арш таъзимаш», «Фидої будам, акнун аз дуъогўёни даргоњам», «Ба њукми нокасї домони нозе додаам аз каф», «људо з-он остон дигар чї гўям, чистам Бедил?»ва ѓайра далели ин фикранд. Илова кардан лозим аст, ки дар Куллиёти Бедил ѓазали дигаре низ мављуд аст, ки зоњиран, он њам ба Аъзамшоњ дахл дорад. Дар ѓазал њамзамон бо мадњу ситоиши мамдуњ аз замоне ёд шудааст, ки шоир аз лутфу карам ва нозу неъмати ў (мамдуњ) бањравар будааст. Инак, чанд байти он ѓазалро низ иќтибос мекунем: Љинси мавњумам дукони обрўе чидааст, Њељ њам дар олами уммед меарзидааст. Дар љаноби њазрати шоњи сулаймонборгоњ Нотавон мўре хаёли арзе андешидааст. З-ин сутуре чанд, к-аз таслим дорад ифтихор, Маънии розам љабинњо бар замин молидааст… Дар ѓубори хат нафас дуздида оње мекашам, Сурма гардидаст дил, то ин садо болидааст. Дастгоњи нуќта ку? Пешониам бастаст наќш, Хат чї маънї дорад ин љо? Саљдаам лаѓзидааст. Хомўшї аз баски нозук месарояд дарди дил, љуз хаёли шоњ фарёдам касе нашнидааст. Гаштаам пиру зи њаќќи неъмати деринааш Њамчунон дар њар буни мўям намак хобидааст… Њар куљо сар кардаам, Бедил, дуъои давлаташ, Љўши омин аз замин то осмон печидааст.
48
Байти њафтуми ин ѓазал (Гаштаам пиру) яќинан ишора аст ба замони мулозамати шоир дар њузури Аъзамшоњ. Зеро, чунон ки аз байтњои дуввум ва шашум бармеояд, мамдуњи шоир шоњ ё шоњзода аст. Аз љумлаи шоњону шоњзодагони асри хеш Бедил танњо дар саркори Аъзамшоњ хидмат кардааст. Љолиби диќќат аст, ки шоир дар ин љо низ (дар байти њафтум) ба њодисаи пирии худ, ки сабаби асосии истеъфо гардида буд, ишора кардааст. Чунон ки гуфтем, таърихи истеъфои Бедил соли 1096 (1685) аст, ки ба 42-солагии ў рост меояд. Албатта, дар ќиёси умри умумии инсон ин синну солро айёми пирї гуфтан нашояд. Вале ин давраро барои адои хидмати њарбї давраи љавонї њисобидан њам номумкин аст. Сабаби тарки хидмат кардани Бедил, аз як тараф, ба синну соли ў вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба фаъолияти эљодиаш мусоидат накардани муњити зиндагии ўст. Ба ибораи дигар, хидмати њарбї имкон намедод, ки шоир ба таври дилхоњ ба фаъолияти эљодї машѓул шавад. Бесабаб нест, ки ў аз соли 1081 (1670-71) то соли 1096 (1685) ягон асари калонњаљм таълиф карда натавонист. Маснавии нахустини ў «Тилисми њайрат» дар соли 1080 (1669-70), яъне то замони ба хидмати Аъзамшоњ рафтани ў, эљод шуд. Таълифи «Муњити аъзам», ки дар соли 1078 (1665-66) оѓоз ёфта буд, баъд аз замони истеъфо– дар байни солњои 1096-1099 1685-1688) ба поён расид. Маснавии дигари вай «Тўри маърифат» дар соли 1097 (1685-86) таълиф шуд. Ва нињоят, девони нахустини шоир низ дар байни солњои 1096-1098 (1685-1687) мураттаб гардид. Ангезаи саввуме, ки Бедилро ба тарки хидмат водор намуд, ѓолибан, бадамнї ва нооромињои охирин мавзеъи хидмати ў шањри Матњро буд. Номае, ки шоир баъди аз Матњро ба Дењлї омадан ба Шукруллоњхон фиристодааст, ба ин маънї далолат менамояд. Шоир дар ин нома навиштааст: «Фарёдрасо, ба њасби инќилоби ањволи олам, хоса тањлукаи навоњи Исломобод (номи дигари Матњро-Б, Р.), ки дар ин айём поси номуси соњибќудратон њам дар ин сарзамин бетаъаззуре нест, то ба ѓурапои бедаступо чї расад, муъованати фазли эзидиро шомили њоли хайриятмаол андешида бо пошикастае чанд, ки бори гардани зиндагианд, рахти саломат берун кашид ва бистуњафтуми љимодиюлохир (соли 1096-Б.Р.) дохили дорулхилофат (шањри Дењлї– Б.Р.) гардид» (Куллиёти Бедил, Лакњнав, с. 152).
Сафинаи Умед №11 Ноябр - 2012
Бобобек РАЊИМЇ