Оё дар Тољикистон мањдудиятњои никоњї њастанд?
Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол
Нарзуллоњи ЛАТИФ:
Љаноби ИКС:
Маликшо Неъматов бояд ба истеъфо равад?!
Шарњи варзишї
| №21 (297). Чоршанбе, 15-уми августи соли 2012 |
Фаридун РАЊНАВАРД:
Иди Ману Мо. Њасрати мо
3
«Розњои пинњонї»
Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru
Домодњои калони Тољикистон
5
Бидуни формат
7
Дар ин шумора: адолат Идомаи бањси ошўро дар Хуљанд
Ояндаи Хоруѓ Имом Оѓохони Чорум дар њаводиси Бадахшон чї наќш дорад?
љањон
3
Нуфузи африќоии Чин ва нигаронии Амрико
10 пурбин
Иди фитр муборак, њамватанони азиз!
Зулми поёни шаби сиёњ
16
Моњи Рамазон њофизи ин галла буд аз гург, Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.
2
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
Њама намояндањои русї, ки ба кишвари мо меоянд ва њам аз дур иброз медоранд, ки касе барои будубоши пойгоњи 201 маблаѓ напурсидааст. Аммо наход њоло њам њамааш маълум набошад?
5 ГАПИ ЊАФТА АЗ
СИЁСАТ
Эмомалї Рањмон ба Туркманистон меравад Ќарор аст президенти Тољикистон санаи 23-24-уми августи соли љорї бо сафари расмї ба Туркманистон равад. Аз сафорати Туркманистон дар Тољикистон ба хабарнигории TojNews иттилоъ доданд, ки дар доираи сафари расмии мазкур њамкории кунунии байни ду кишвар мавриди баррасї ќарор гирифта, имзои як зумра асноде, ки дар самти рушди њамкорињои минбаъдаи Тољикистону Туркманистон наќши муайянкунандагї хоњанд дошт, ба наќша гирифта шудааст. Феълан кормандони сафорати Туркманистон дар Тољи-
кистон тањкурсии њуќуќиву сиёсии муносиботи кишварњоро тарњрезї доранд. Дар тўли њафт моњи соли равон њаљми гардиши мол миёни ду кишвар беш аз 18 миллион долларро ташкил додааст, ки таќрибан 18%-и онро содироти мањсулоти нефтї, семент, равѓани растанї ва дигар мањсулот аз Туркманистон ба Тољикистон ташкил медињад.
Вањдат барои Мавзуна Олимпиада. Ѓалабаи Мавзуна Чориева ва нокомии дигарон. Олимпиадаи Лондон - 2012 44 рекорди љањонї ва 117 рекорди олимпї дошт. Гапи асосии њафта мушаххас комёбии Мавзуна Чориева аст. Аз миёни 16 варзишгар фаќат ў муваффаќ гашт, ки зинаи сеюмро касб кунад. Вале ин маънии онро надорад, ки дигарон кўшиш накарданд. Бачањо, шумо њамаатон бењтарин будед, шумо њамаатон арзандаи эњтиром њастед! Шумо бовар намекунед, ки Олимпиадаи Лондон ва ширкати шумо тамоми мардуми Тољикистонро, ки шояд дар масъалањои берун аз варзишї назарњои мухталиф доштанд, муттањид кард!
Пойгоњи бепулро фаромўш кунед!
Зайнуддин ОРИФЇ
ИСТИРОЊАТ
Се рўзи истироњат дар иди саиди фитр Дар Тољикистон дар рўзњои Иди саиди фитр 18-20-уми август рўзњои истироњатї эълон шуданд.
Бино ба иттилои расмї, 18,19 ва 20 - уми август рўзњои истироњатї эълон шудаанд. Шўрои уламои Тољикистон ба Радиои "Озодї" иттилоъ додааст, ки рўзи иди Рамазон ё Фитр 19 - уми август муќаррар шудааст, зеро аз руйи таќвими моњи Рамазон, рўзи ид ба њамин сана дуруст меояд. Шўрои уламои Тољикистон таъкид кардааст, ки љаласаи нињої барои таъйини таърихи Иди Рамазон ва намози он рўзњои наздик баргузор мешавад ва дар сурати пеш омадани таѓйироте тавассути васоити ах-
бори омма љомеа огоњ карда мешавад. Ин нињод њаљми закоти рўзадоронро бо назардошти вазъи иќтисодї ва иљтимої чунин муќаррар карда буд, ки агар тавони молї ва пасандози солонаи як мусалмон ба 3 њазору 480 доллар, яъне баробар бо 16 њазору 878 сомонї бошад, бояд 87 доллар ё 422 сомонї ба мардуми ниёзманд закот бидињанд. Њаљми фитри рўза барои њар сокин дар њаљми се сомонї муќаррар шуда буд. Мењрафзуни АБДУЛЛО
АДОЛАТ
Идомаи бањси ошўро дар Хуљанд Шабакаи телевизиюнии "Суѓд" ва журналист Тоњирљон Искандарзода аз Њољї Акбар Тўраљонзода, рўњонии саршинос ва сиёсатмадори шинохтаи кишвар пўзиш нахоњанд хост.
Ин аст љавоби шабакаи телевизионї ва журналисти минтаќавї ба "маслињати" додгоњи шањри Хуљанд. дар пайи пешнињоди аризаи даъвоии Њољи Акбар Тўраљонзода барои пањн кардани маълумоти бардурўѓ. Хеле пештар дар яке аз барномањои ин телевизион паљ тан аз рўњониёни вилояти Суѓд якљо бо раиси Шўрои уламои ин вилоят дар мавриди таљлили рўзи Ошўро дар масљиди Муњаммадияи шањри Вањдат изњори назар карда буданд. Дар ин барнома аз
Тўраљонзода њамчунин ба унвони "яке аз гунањгорони љанги њамватанї" ёд шуда буд. Аммо додгоњ љонибњоро ба созиш даъват кард, то аз баргузории мурофиањои доманадор ва хушунатбор љилавгирї ба амал орад. Дар мўњлати муайяннамуда масъулини шабакаи телевизионї посух додаанд, ки њозир нестанд аз даъвогар бахшиш пурсанд. Барандаи ин барнома Тоњирљон Искандарзода даъво дорад, ки дар намоиши тањиякардаи ў њолатњои тўњмат-
Субњон ЉАЛИЛОВ, рўзноманигор
барангез љо надоранд. Њамзамон бо ин вай бори дигар аз љанги њамватанї ёд карда, "ба чашмакзании Њољї Акбар Тўраљонзодаро њамчун бањонаи сар задани љанг" таъкид мекунад. Ин њам дар њоле, ки исботи ин даъво хеле мушкил ба назар расида, пеш овардани он, бинобар мављудияти Протоколи махсуси Созишномаи истиќрори сулњ ва ризояти миллї дар Тољикистон зери шубња ќарор мегирад. Тибќи иттилои адвокати љаноби Тўраљонзода Файзиниссо Воњидова ќарор аст додгоњи шањри Хуљанд дар наздиктарин фурсат ба баррасии аризаи шикоятї пардозад. Бинобар гуфтаи ў, агар дар њаќиќат масъулини телевизиони Суѓд узр нахоњанд, эњтимол меравад Њољї Акбар Тўраљонзода љуброни маънавї њам талаб кунад. Бо чунин ранг гирифтани кор њам, интригаи ќазия њамоно боќї мемонад: Чаро рўњониёни шинохта аз чизи надидаашон дар телевизион сўњбат карданду шабакаи "Суѓд" ва журналист Тоњирљон Искандарзода ба чї ё кї умед бастаанд? Фирўзи МУЊАММАД
Сафари Анатолий Антонов - муовини вазири дифои Русия ба Тољикистон ва баррасии тамдиди њузури пойгоњи 201 хабари дигарест, ки ин њафта њам сари забонњо буд. Гапи шарту шароити тамдиди будубоши пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон буд. Ин маќоми баландпояи рус ин њафта њам баён дошт, ки љониби Тољикистон барои ин пойгоњ маблаѓе напурсидааст. Аммо нафароне њам кам нестанд, ки иброз доштаанд: "пойгоњи русї дигар инљо бепул намемонад". Њама намояндањои русї, ки ба кишвари мо меоянд ва њам аз дур иброз медоранд, ки касе барои будубоши пойгоњи 201 маблаѓ напурсидааст. Аммо наход њоло њам њамааш маълум набошад? Президенти Ќазоќистонро нашунидед, ки барои мардумаш чї гуфтааст: "шумо дигар тиб ва тањсили бепулро фаромўш кунед…"
Интизорї аз Хоруѓ Вазъият дар Хоруѓ, ќиссаи 7 миллион доллар ва "љуръат"-и як сарбоз. Гапи дигаре, ки ин њафта мисли њафтањои дигар, гапи Хоруѓ буд. Дар як мусоњибааш Толиб Айёмбеков баён кард, ки аз Хоруѓ ба њељ куљо нарафтааст, яроќ надорад, захми тири хўрдаашро табобат мекунад ва аз 7 миллион доллар ба хотири њифзи оромии Тољикистон даст кашидааст. Њамчунин гапи сари забонњо њодисаи марги як нафаре буд, ки мегўянд, як љо бо чанд тани дигар савори "Тангем" дар посгоње наистода будаанд. Вале ба умед хоњем буд, ки музокирот дар Хоруѓ натиљаи мусбї медињад ва мо ин њафта аз ин гўшаи Тољикистони азиз хабари умедворкунанда ва хуш мешунавем.
"Хайру сахо"-и маљбурї Нархи бензину орд ва "хайру саховат"-и фурўшандањо. Гапи "молиявї"и ин њафта гапи нархи наво ва маводи сўхт дар кишвар ва махсусан дар Душанбе буд. Ордфурўшњо њам ин њафта каме "боинсофтар" буданд ва нархи бензини 92 то 5 сомониву 90 дирам поён рафт. Хулоса, ки моњи хайру сахо ва бахшиши гуноњњо бо гапу хабари нархи мањсулоти ѓизої, баста шудани кадом бозоре ва "хайру сахо"-и маљбурии тољирон ба поён мерасад. Аз сўи дигар мо аз "тољир"-е, ки на фањми молиёту на саводи иќтисодї ва сиёсї дорад, аз нафаре, ки савдову бозоршинї охирин коре буд, ки ў баъди бекор монданаш ба он даст зад, аз нафаре, ки ибораи "њуќуќи истеъмолкунанда" ро ягон бор нашунидааст ва намедонад, чиро интизор мешавем???
Сигнал барои бозориён Сўхтор дар бозори Варзоб. Ин њафта сўхтор ва њангомаву овозаву ѓалоѓулаи сўхтор дар бозорњо, ки як ваќт дар ќисматњои дигари шањри Душанбе пањну парешон буд, акнун ба ќисмати шимолии шањр кўчид. Њудуди 20 нуќтаи тиљоратї дар бозори Варзоб оташ гирифт. Фарзияи пешакї расиши кўтоњи симњои барќї аст. Њоло ба гумони ман, ки тољирон, махсусан фурўшандањои сару либос дохили хокистартўдањоро кофта истодаанд, ки тугмањоро аз њамон либосњои дар фурўшбуда меёбанд ё на? Дар њамин њол, ман дидам, ки дар бозори "Сафариён" - и похтахт, ки рўзи 10 август бояд баста мешуд, корњои гузаронидани "сигнализатсия" аз сўхтор дар ављ аст.
САДОИ МАРДУМ
Њалли ќазияи Хоруѓро дар чї мебинед?
Пурсиш бо фармоиши «Нигоњ» дар пойгоњи интернетии www.tojnews.org гузаронида шудааст. Теъдоди овоздињандањо 309 нафар.
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
3
Тавре коршиносон дар нишастњои худ гуфта буданд, ду медалро дар риштаи бокс Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева меоранд.Дар њаќиќат Мавзуна Чориева медал гирифт, вале Анвар Юнусов дар дидори аввалини худ шикаст хўрд.
РЎЁРЎЇ
ЯК ШАРЊИ ВАРЗИШЇ
Шабакаи аввал аз шањрдорї узр намепурсад
Зеро шабакаи аввали телевизиони Тољикистон бо нашри гузорише вижа дар барномаи "Ахбор" -и шоми рўзи 9-уми август эълон кард, ки аз шањрдори Душанбе узр нахоњад хост.
Нашри навори интиќодї аз фаъолияти шањрдорї тавассути ин шабака дар моњи майи соли љорї боис шуда буд, ки шањрдори Душанбе Шабакаи аввалро ба додгоњ бикашад. Додгоњи ноњияи Шоњмансури пойтахт ин бањсро ба манфиати шањрдорї њал ва Шабакаи аввалро водор кард, ки аз шањрдорї узр хоста ва дар робита ба ин навор раддия пахш кунад. Дар гузорише, ки дар барномаи "Ахбор"-и шоми рўзи 9 август нашр шуд, Шабакаи аввал бори дигар бар дурустии мавќеи худ таъкид ва шањрдориро интиќод кард, ки љойи ислоњи вазъ хостори узрхоњии ин шабака шудааст. Гузоришгари Шабакаи аввал бо ишорањое ошкоро даъвои водор ба узрхоњї кардани ин шабака аз сўи раиси шањри Душанберо як амали иљронашуданї ва ѓайримантиќї арзёбї кард. Вале ќотеъияти мавќеи Шабакаи аввали Тољикистон рољеъ ба масъалаи мавриди бањси ин расонаи давлатї бо Мањмадсайид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе ва раиси Маљлиси Миллии ин кишвар, ки нафари дуввум дар сатњи роњбарии давлат ба њисоб меравад, аз сўи коршино-
сон ва тањлилгарон ба гунањои мухталиф арзёбї мешавад. Зеро то њамин акнун расонањо ва бахусус расонањои давлатї аз танќиди Убайдуллоев ибо мекарданд ва аз тарафи дигар Шабакаи аввал як расонаи давлатї буда ва њељ гузорише бо чунин мазмуну муњтавои њассос бидуни ризоияти маќомоти болоии кишвар пахш намешавад. Масъулони шањрдории Душанбе аз ибрози назар дар мавриди гузориши такрории Шабакаи аввал дар робита ба фаъолияти шањрдорї худдорї карданд. Вале як нафар аз эшон гуфт, ки онњо танњо аз роњи ќонун ва тариќи додгоњ бањсро пайгирї хоњанд кард. Ин њам дар њолест, ки Муњаммад Ѓоиб, мудири барномањои Шабакаи якуми Телевизиони Тољикистон низ гуфт, шикояти худро ба зинањои болоии додгоњ ирсол кардаанд. Зеро мегўяд љаноби Ѓоиб, онњо мутмаинанд, ки фаъолияти худро дар чањорчўби ќонун анљом додаанд ва дар пайи кадом њадафи дигар нестанд. Абдуќаюми ЌАЮМЗОД, Озодї
ДАВОМ
Ќароргоњи бахши ЊНИТ дар Вањдат оташ гирифт Ќароргоњи бахши Њизби нањзати исломии Тољикистон дар шањри Вањдат шаби 10-уми августи соли љорї оташ гирифт. Бино ба иттилои сомонаи ин њизб, соатњои 02-и шаби 10 август дафтари бахши ЊНИТ-ро шахсони номаълум бензин пошида, оташ заданд. Аммо зарари љиддї ба дафтари њизб расонида нашудааст. Масъулини њизб аз маќомоти њифзи њуќуќ
таќозо кардаанд, дастандаркорони ин амал пайдо ва ба љавобгарї кашида шаванд. Маќомоти корњои дохилии шањри Вањдат нисбати ин њодиса парванда боз кардаанд. Ин дувумин њодисаи оташ гирифтани биноњои ЊНИТ аст. Тира-
моњи соли 2010 масљиди занон дар дохили маркази ЊНИТ дар пойтахт оташ гирифта буд. Маќомот сабабњои оташ гирифтани масљиди марказии бонувони њизбро дар расиши кўтоњи ноќилњо унвон карда буданд. Мењрафзуни АБДУЛЛО
МУШКИЛ
Талоши ЊНИТ барои рањоии Карамхудоев
ИЛЊОМИ ЊАФТА
ДУШМАН Тан ба тан, пањлў ба пањлў, рў ба рўям душман аст, Тањ ба тањ, сутхон ба сутхон, ту ба туям душман аст. Маќсаду фикру хаёлу орзу аз ман мапурс, Маќсадам, фикрам, хаёлам, орзуям душман аст. Чун бихезам? Чун бигирам? Чун бубахшам? Чун кунам? Доду гиру шишту хезу хулќу хўям душман аст. Булбули шўридаро шаб ѓарќи хун дидам ба боѓ, Гул ба гулшан нола дорад: рангу бўям душман аст. Аблање дидам занашро зарбу лат мекард дўш, Аврате дидам, ки менолид: шўям душман аст. Дур гардед аз барам, эй обрўмандони шањр, Эътиборам, шўњратам, њам обрўям душман аст. Дўш Хайрандешро дидам, ки мегуфт: эй дареѓ, Њар нафас, њар ќатра хун, њар тори мўям душман аст... Хайрандеш
ЊНИТ мегўяд, ки маќомот боздошти аъзояшро тасдиќ кардааст. Њоло Шерик Карамхудоев дар боздоштгоњи КДАМ нигоњ дошта мешавад. Дар њодисањои Бадахшон ду аъзои фаъоли ЊНИТ, яке Сабзалї Мамадризоев, раиси созмони ЊНИТ дар вилоят кушта ва Шерик Карамхудоев, раиси созмони њизб дар Хоруѓ боздошт шуданд. ЊНИТ мегўяд, барои рањоии Шерик Карамхудоев бо роњњои ќонунї талош дорад. Мењрафзуни АБДУЛЛО
www.tojnews.org
Маликшо Неъматов бояд ба истеъфо равад?! Раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї бояд ба истеъфо равад. Чунин аст, хулосаи шорењи варзиш Нарзулло Латипов, узви Шўрои тарбияи љисмонии назди њукумат ва Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тољикистон аз натиљаи бозињои тобистонаи “Лондон2012”. - Дар бозињои тобистонаи «Лондон- 2012» Тољикистонро 16 варзишгар дар њафт риштаи варзиш, ки ин њам бошад бокс, ду навъи гўштин, тирандозї, шиноварї, дав, гурзпартої, ва таэквандо муаррифї намуданд ва танњо як варзишгар - Мавзуна Чориева дар сабќати бокс миёни занон дар вазни то 60 кг медали биринљї гирифт. 15 варзишгари дигар: муштзанон, Анвар Юнусов, Љањон Ќурбонов, Собирљон Назаров, дзю-дочиён Расул Боќиев, Парвиз Собиров, шиновар Экатерина Измаилова, тирандоз Сергей Бабиков, гурзандоз Дилшод Назаров, давидан Владислава Авчаренко, таэквандочиён Фарњод Неъматов ва Анвар Гулов, гўштингирони тарзи озод Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсупов ва Искандари Рустам, аз идомаи сабќат мањрум гаштанд. Ин дар њолест, ки дастаи олимпичиёни кишвар дар бозињои тобистонаи «Пекин 2008» соњиби ду медал гашта буданд. Он ваќт Юсуф Абдусаломов дар риштаи гўштини тарзи озод дар вазни то 74 кг барандаи медали нуќра ва дар риштаи гўштини дзю-до Расул Боќиев дар вазни 73 кг соњиби медали биринљї гардида буданд. Вале дар Лондон Расул бо ду пирўзї љойи њафтумро гирифту Юсуф дар раќобати аввал шикаст хўрд. Дар Пекин Тољикистон бо ду медал дар баини 88 кишваре, ки соњибони медалњои олимпї шуда буданд, дар њисоби умумї љойи 65ум ва дар њисоби умумии медалњо маќоми 56-умро касб намуда буд. Вале дастаи мунтахаби Тољикистон ин дафъа, дар олимпиадаи Лондон, бо як медал дар баини 85 кишвар њамроњи Афѓонистон, Бањрайн, Арабистони Саудї, Ќувайт, Њонконг, Марокаш дар љойи 79-ум ќарор гирифт. Дар њамин њол, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва саёњии кишвар ва ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, пеш аз сафари мунтахаби Тољикистон ба Лондон дар як нишасти матбуотї рўзи 17-уми июл ба хабарнигорон гуфта буд, ки мо бо ду медал дар ќатори кишварњои медалдор њастем ва алакай њамон зинаи муњимро гузаштаем. Имрўз пурсиш аз масъулини варзиш ва варзишгарон аз ду медал он тараф истад, чун агар медал намедоштем, мегуфтанд медал гирифт, имрўз, ки медал дорем, мегўянд ду медал доред ва дуторо ба инобат нагиред, яъне аз ду бештар бояд бошад. Барои њамин фикр мекунам, ин масъулияти хеле бузург аст. Агар аз нуќтаи назари ин суханронии Маликшо Неъматов гўем, ў имрўз бояд истеъфо дињад. Њамроњи онњое, ки масъули ин соњањо њастанд ва роњбарони федерасияњои миллии варзишии дахлдор њамчунин сармураббиёни дастањои мунтахаби кишвар, бояд яќљоя ба истеъфо раванд. Маъмулан дар варзиш, ваќте ки дар муддати аз олимпиада то олимпиада натиља намешавад, онњое, ки масъули соњаанд, бояд ба истеъфо раванд. Инчунин дастаи мунтахаби Тољикистон ин дафъа њамагї имкони ба даст овардани ду медалро дошт. Яъне тавре коршиносон дар нишастњои худ гуфта буданд, ду медалро дар риштаи бокс Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева меоранд.Дар њаќиќат Мавзуна Чориева медал гирифт, вале Анвар Юнусов дар дидори аввалини худ шикаст хўрд. Аз ин маълум мешавад, ки омодагии варзишгарони мо ба олимпиадаи Лондон мувофиќи наќша, мувофиќи маќсад аз рўйи он шароиту имкониятњое, ки ба онњо бояд омода мешуд, фароњам оварда нашуд. Яъне барои омодагии варзишгарони тољик масъулон омодагии хуб нагирифта буданд. Аммо ин масъала низ ягон бор мавриди баррасї ќарор нагирифтааст. Масалан, ман худ, њам узви Шўрои тарбияи љисмонии назди Њукумати Тољикистон њастам ва узви Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тољикистон ва метавонам гўям, ки ягон маротиба ассамблея пеш аз бозињои олимпї ин масъалањоро мавриди барассї ќарор надодааст. На Ассамблеяи Кумитаи олимпї ва на Шўрои тарбияи љисмонии њукумат ин корро накардаанд. Агар аз љониби њукумат ва давлат инчунин бемасъулиятї сарпарастї шавад, варзишгаронро омода кардан хеле мушкил мешавад. Барои омода кардани як варзишгари ќањрамони миллї дигар кишварњо миллионњо доллар харљ мекунанд. Њамчунин, бояд гуфт бори аввал аст, ки президенти кишвар, шањрдори Душанбе, ЊНИТ ва ширкати «Ориёнбонк» љоизањои моливу пулї ва хонаву автомошинаи тамѓаи «Лексус» таъсис доданд, ки акнун ин љоизањо ба Мавзуна Чориева супорида мешавад. Мавзуна аввалин муштзан бонуи тољик мебошад, ки дар таърихи даврони истиќлоияти кишвар дар бозињои олимпї сањифаи навро кушод. Мо бояд бо ў бифахрем, вале интизори истеъфои масъулони соња, ба љуз аз риштаи бокс бошем. Он ки њукумат ин корро мекунад ё не, њамоно интрига мемонад.
i
Маќомот сарнавишти Шерик Карамхудоев, сарвари созмони ЊНИТ дар Хоруѓро шарњ надодаанд. Мањмадалии Њайит, муовини раиси ЊНИТ мегўяд, њафтаи гузашта унвонии Кумитаи давлатии амнияти миллї дар робита ба боздошти Шерик Карамхудоев нома навиштаанд. Аммо бо гузашти беш аз як њафта њоло посухи нома наомадааст. Муовини раиси ЊНИТ мегўяд, пайвандон ва роњбарияти њизб аз боздошт ва дар кадом њолат ќарор доштани Шерик Карамхудоев сахт нигаронанд. Як масъули маќомоти расмї, ки аз овардани номаш худдорї кард, гуфт, ки «раиси ЊНИТ дар Хоруѓро маќомот рўзи 24 июл бо яроќ боздошт кардаанд ва ољилан ба Душанбе интиќол додаанд. Рўзњои наздик ба ЊНИТ расман оид ба сабабњои боздошт ва амалњои узваш љавоб дода мешавад».
аз Нарзуллоњи ЛАТИФ
Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Ба назар мерасад, ки бањси миёни шањрдории Душанбе ва Шабакаи аввали Телевизиони Тољикистон вориди марњалаи дигар шудааст.
www.tojnews.org
4
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
Зани тољике дар шањри Санкт-Петербург дар рўзномањо эълонњоеро дид, ки ба чашмонаш бовар намекард. Хеле зиёд андеша намуд, сипас ба хулосаи љиддие омад, ки дигар аз фикраш барнамегардад.
АГАР ЗАН МУЊОЉИР БОШАД - 5 Модари тољик дар бозори Сеннойи шањри Питер ба меватозакунї машѓул буд. Ногањонї телефони мобилиаш занг заду ў гўширо бардошт: - Чї? Писарамро фура пахш кард? Вой дод! Хонаам сўхт.. Бењушу беёд ба замини сард фитод. Њамватанон гирди ў љамъ омада, ба рўяш об пошиданд. Модар њангоме, ки ба худ омад, фаќат номи писари муњољирашро ба забон мегирифт: - Саидљонам… Модар бо дигар њамќишлоќињо ба бозори Сафийский рафтанд. Љасади љавони 22 солаашро ба морг бурда буданд. Модар он љо рафт. Нигоњи вопасини бењисси писарашро охирин бор дид: - Оњ, бачаљон, ман ба кофтукоби ту омадаму њанўз аз дидорат сер нашуда, ту маро тарк кардї. Кошки Худованд ними умри маро ба ту медод… Чор сол пеш Саидљон ба мардикорї омада буд. Модар ба љустуљуйи писар омада, њамин љо ба корњои майда чуйда машѓул шуд, бо умеде, ки якљоя пул љамъ карда, ба ватан баргашта, ўро хонадор мекунад. Аммо имрўз модар пули доштаашро барои
бурдани тобути писар сарф карду бо дили садпора роњи ватанро пеш гирифт… ЗАЊРОЛУДШАВЇ Чор зани муњољири тољик дар хонаи сарватманде берун аз шањр ба картошкачинї машѓул буданд. Бегоњї њангоми хўрокпазї яке аз занњои муњољир ба љойи оби тоза оби тањшиншудаи чандваќтистодаро ба шўрбо андохту ањамияте надод. Баъди хўроки бегоњиро боиштињо хўрдан ногањонї шиками њама занњоро дарди шадиде фаро гирифт. Соњиби хона тарсида, зуд мошини ёрии таъљилиро фарёд кард. Дар беморхона танњо якеро аз чанголи марг халос карда тавонистанду халос. Сабаби марги онњо оби муши мурдаи маргимушхўрда буд… ХОЉАИ ФИРЕБГАР Марди солрафтаи тољике дар бозорњои Питер гашта, занону духтаронро ташвиќ мекард, ки ба коргоњи нави онњо ба кор биёянд. Гуфт, ки сехи селофансозї сохтаанд. Маоши якмоњаи занњо - 30 000 рубл. Баъзе занњои корљў ба ин мард бовар карда, ба нишонии гуфтаи ў ба кор рафтанд. 15 рўз занњо ша-
Њар панљумин шањрванди ќобили кори Русия барои љойи кор бо муњољирини Осиёи Марказї раќобат менамояд. Дар ин бора мутахассисони маркази тадќиќотии Superjob.ru баъди анљоми як назарпурсї ва баррасии хулосањои он хабар додаанд. То ин замон бовар мерафт, ки муњољирини тољику ўзбак ва ќирѓиз танњо барои он љойњое талош мекунанд, ки мардуми мањаллї барои ишѓоли онњо њаракат намекунанд. Аммо тадќиќоти ин Марказ тамоман дигар вазъро нишон медињад. Тадќиќоте, ки ин Марказ миёни 1600 шањрванди аз 18 сола боло дар 248 минтаќа доир намуд, муайян кард, ки 18 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки “шахсан” барои љойи кор бо мардуми омад раќобат намудаанд. Бино ба гуфтаи ин Марказ, ин раќам љойи андеша аст ва набояд онро њамчун муносибати эњсосии ќабул надоштани муњољирин аз сўи мардумии тањљої донист, балки гап сари бархўрдњои фардї бо сокинони Осиёи Марказї дар бозори кор меравад. Дар њоле, ки коршиносони ин марказ мегўянд, дар ќиболи он љойњои кор ва ихтисосњое, ки муњољирини ОМ дар Русия талош меварзанд, ин раќам хеле бузург аст, вале 75 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, муњољирин барояшон ягон хел раќобат эљод намекунанд. Ва камеи дигар дар љавоб мушкилї кашидаанд. Аз њама онњое, ки поинтар аз 25 њазор рубл маош доштаанд, раќобатро эњсос мекардаанд. Агар барои аксарияти мардуми тањљої ин маош хеле кам бошад, аммо барои муњољири тољик даромади моњона дар њаљми 25 њазор рубл хеле пули калон мањсуб мешавад, чун ин миќдорро бо маоши њадди аќал дар 6 моњ њам дар Ватан кор карда наметавонад. 23 дарсади мардуми тањљої, ки талабгори маоши то 25 њазор буда-
бурўз мењнат карда, селофан истењсол карданд. Рўзи 16 ум марди њамватан куљое ѓайб заду зани русе омада гуфт, ки кор тамом шуду онњо се рўз истироњат кунанд ва маошашонро баъди се рўз мегиранд. Занњо бовар карда, баъди се рўз ба љустуљуйи кордињандагон омаданд. Аммо аз онњо на пай буду на Њайдар. Кормандони завод гуфтанд, ки ин нафарон пули андозу иљораро насупоридаанд, аз ин хотир, фаъолияти онњоро манъ кардаанд. Муддати хеле зиёд занњои фиребхўрда он њамватани дуруѓгўро кофтанд, вале ному насаби аслии ўро касе намедонист. БА ИВАЗИ ГУРДА - ХОНА Зани тољике дар шањри Санкт-Петербург дар рўзномањо эълонњоеро дид, ки ба чашмонаш бовар намекард. Хеле зиёд андеша намуд, сипас ба хулосаи љиддие омад, ки дигар аз фикраш барнамегардад. Охир, шавњараш кайњо хоку туроб шуда, ба дўши ў масъулияти калон кардани панљ фарзанд аст. Дар ватан бошад хонахарї хеле - хеле мушкил ва имконнопазир мебошад. Оќибат баъди андешањои бисёр ў рў
ба яке аз клиникањои шахсї овард. Забонхат навишт, ки ихтиёран як гурдаи солимашро медињаду дар сурати ягон воќеаи ба њаёташ хатарнок рухдода аз духтурон даъво надорад. Аввал тўли як моњ бадани ўро пурра аз ташхиси тиббї гузарониданд. Сипас ба љарроњї омодааш намуданд. Љарроњї бомуваффаќият гузашту ў соњиби 18000 доллари амрикої гардид. Ба болояш боз пул монда, дар мањаллаи Зарафшон хонаи дуњуљрагї харид. Ин зан ба ман дар охир илова кард: - Агар мешуд, ин гурдаамро њам мефурўхтам. Аммо дар клиника гуфтанд, ки расмї гурдафурушї манъ аст ва ман бояд њарчи зудтар Русияро барои бехатариам тарк намоям. Ва аз карда пушаймон нестам. Њарчанд баъди ин саломатиам нољо асту доимо фишорам баланд мешавад. Аммо хушбахтии фарзандонамро дида, дардамро фаромўш мекунам… МОДАРИ ДЕВОНА Дар Питер зани тољике дар бозор кор мекунад, ки њатто кормандони полис аз ў њазар мекунанд. Мардум байни худ мегуянд:
ЧОДАРАТ АЗ ГИРЯ ТАР ШУД...
- Ў девона аст. Ба ў кордор нашавед. Гоњњо ба сари харидорон худ ба худ дод мезанад. Гиря мекунад. Гоњњо хомўшу бесадо либосњои кўњнаро савдо мекунад. Кўњнафуруш аст ў. Дўсте наќл кард, ки ин зан девона нест. Ѓами фарзанди мурдааш ўро ба чунин љунунї расонида.
Муњољирони Осиёи Марказї чї тавр русњоро метарсонанд? анд, муњољиринро раќиби кории худ медонистаанд. Гирандагони маоши аз 25 то 45 њазор ба миќдори ќариб 20 дарсад ва аз маошхўрони аз 45 њазор рубл боло њамагї 14 дарсад њаросро барои аз даст додани љойи корашон ба муњољирини ОМ эњсос мекардаанд. Дар њамин њол, Холдинги тадќиќотии “Ромир” на муносиботи фардии мардуми мањаллиро бо мардуми омад, балки хусусияти синусолии онњоро мавриди тањќиќ ќарор додааст. Бино ба маълумоти ин марказ, асосан мардуми аз 50-сола болои тањљої бо даромади аз миёна камтар ва камтарин, бо маълумоти на болотар аз миёна аз њама зиёдтар раќиби муњољирини ОМ будаанд. Ва аљобат дар он аст, ки респондентони то 30-солаи дорои маълумоти олї, дорои даромади аз миёна баландтар ва баландтарин аз њама
бештар ба омадани муњољирин хушбин будаанд. Ќаблан Бунёди афкори умум (Фонд обшественного мнения) натоиљи пурсиши беш аз 24 њазор нафарро дар 1364 мањали ањолинишин пешнињод кард. Бо русњо ин суол матрањ шуд: «Оё фикр мекунед, ки муњољирин љойњои кориро пур мекунанду барои сокинони минатќањо љойи кор боќї намемонад? Оё ба назари шумо дар минтаќаатон чунин мушкил љой дорад?” Аз нисф зиёди пурсидашудагон иќрор кардаанд, ки дар минтаќањои зисташон чунин мушкил мављуд аст ва 40 дар сад гуфтаанд, ки ба чунин мушкил мувољењ нашудаанд. Боќимондањо дар љавоб ољизї ка-
шидаанд. Бино ба андешаи респондентњо, кордињандањо аз он роњат муњољиринро ба кор мегиранд, ки њаќулзањмати онњо арзон аст. Чунин андешаро 66 дарсади русњо дар сар мепарваранд. 24 дар сад гуфтаанд, аз он ки муњољирин њаќќи худро намедонанд ва барои он талош намекунанд ва 23 фоизи дигар гуфтаанд, аз он ки муњољирин розиянд дар љойњои бидуни шароити кор ва нописанд кор бикунанд. Бино ба андешаи коршинсони касбї, дар љавобњои шањрвандон на далелњои айнии раќобат бо муњољирин, балки асосан омилњои эњсо-
ЧЕЊРАЊОИ МУЊОЉИРАТ. Аксњо аз интернет
7 сол пештар писари 18 - солаашро пеши чашмонаш мањалгароёни рус бо арматур зада, кушта буданд. Баъди марги ягона писар зан тайѓир ёфт. Ба дарди ѓамбода гирифтор шуд… Шањлои НАЉМИДДИН, Санкт – Петербург, Русия
сии тањаммулнопазирї нисбат ба муњољирин изњор шудааст. Коршиноси масоили муњољират Наталя Бондаренко бар он аст, ки дар бораи раќобати саросарии миёни муњољирин ва мардуми мањаллї сухан гуфтан барваќт аст. Аммо Ирина Воробева, коршиноси маркази дигар мегўяд, “агар дар кишвар раванди муњољират назорат нашавад ва ё суст назорат шавад, дар ќатори муњољирине, ки барои кор меоянд, гурўњњои љиної низ вориди кишвар хоњанд гашт. Мушкили асосии љомеаи Русия ин на худи далели љалб ва истифодаи муњољирини корї, балки муњољирати ѓайриќонунї аст. Њамчунин худи муњољирин дар кишвар аз фишори маќомоти ќудратї эмин нестанд». Рањбари шўъбаи бањодињиву тиљоратии ширкати «ФинЭкспертиза» Александр Дорофеев мегўяд: яке аз омилњои муносибати сарди русњо ба муњољирини мењнатї дар он аст, ки “мардуми омад сатњи умумии њаќќи мењнатро паст мекунанд. Махсусан ин њолат дар соњаи сохтмон зиёд мушоњида мешавад». Ин дар њолест, ки коршиноси гурўњи тадќиќотии «Развитие» Сергей Шандибин мегўяд: «Љалби нерўи кор аз хориљ дар ду њолат ба номувозинатї намеорад: дар њолате ки њама корњо барои мусоидат ба муњољирати дохилї анљом шуда бошанд. Дуввум, ваќте дар иќтисодиёти кишвар он талаботњо ба ќувваи коре, ки ба сатњи нињоят пасти модернизатсия ва автоматикунонии истињсолот оварда мерасонанд, аз байн бурда шуда бошанд. То он замон ки ин ду мушкил њал нашавед, вуруди нерўи кори пастсифат на фаќат ба ављи мушкилоти иљтимоиву сиёсї оварда мерасонад, балки барои суст шудани раванди модернизатсияи иќтисодиёт мусоидат хоњад кард,” - хулоса мекунад коршинос. Абўбакри ФАЙЗАЛЇ
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
5
Намефањманд, ки чунин Иди Идњо фаќат як бор ва он њам фаќат ба миллати тољик дода мешавад. На барои душманон. Касе онро намефањмад, тољик нест, миллатфурўш аст.
Лидия Исамова: - Ман як духтари мусалмони тољикро медонам, ки њанўз соли 1979 ба яњудї шавњар карда буд. Аммо оилаи зиёии онњо ба ў лаънат фиристод. Њоло ў дар Маскав ба сар мебарад ва хушбахт аст. Шокир Файзуллоев: - Бо эронї, озарї ва араби шиа рафту омад надорем. Дар њамааш "падар розї - Худо розї". Волидайн хушбахтии фарзандонро мехоњанд. Набишер Джураев: - Ин суолњо дар кишварњои аз лињози иќтисодї заъиф, ба монанди Тољикистон пайдо мешаванд. Дар кишварњои озод ва дар масъалањои мазњабї, нажодї ва миллї масъалаи никоњ доѓ нест. Хулоса, кишварро бояд аз лињози иќтисодї пеш бурд ва никоњњои гуногунќавмї бояд зиёд шаванд! Шояд ин космополитизми ман маъќул нашавад, зеро тозагии насли ориёї куљо мешавад? Catrin Vesna: - Мухолифи ин хел никоњњо нестам. Агар халќ хоњад, ки вайрон шавад, танњо дар дохили худ оила барпо мекунад. Дурагањо асосан чизњои бењтарини њар ду ќавмро мегиранд. Аъзамшох Ширговади: - Ин хел гап дар Бадахшон нест. Махсусан дар байни мардуми Ванљ. Садсолањо пеш байни мардуми Ванљ ва навоњии Рўшону Шуѓнон ва ѓайра никоњњо будаанду то њол давом доранд. Чандин чењрањои намоён аз модар ва ё падар ванљї мебошанд. Мардуми Ванљ бародарони исмоилии худро ПТШ мегўянд, ки маънояш "холазода" ё "амакбача" мебошад. Сайидюнуси Истаравшанї: - Бар асоси шариати исломї, њар мусалмони мард бо њар мусалмони зан ва њамчунин њар мусалмони зан бо њар мусалмони мард метавонад издивољ ва ташкили хонавода бикунад. Марзи мусалмон будани як мард ва ё як зан ин аст, ки вай калимаи шањодатайн (Ашњаду алло илоња иллаллоњу ва ашњаду анна Муњаммадан Расулуллоњ)-ро бар забон љорї карда ва худро мусалмон бидонад,
њамин миќдор кофї аст; хоњ ба дастуроти шариат амал бикунад ва ё амал накунад. Яъне агар ба дастуроти шариат амал накунад, ў гунањкор аст, аммо аз доираи мусалмонї берун намешавад. Ва як шарти дигари мусалмонї ин аст, ки фарди мусалмон заруриёти диниро инкор накунад; яъне ягонагии Худо, паёмбарии њазрати Муњаммад (с), рўзи охират ва фарз будани намоз, рўза, закот, њаљ ва ѓайраро инкор накунад; ки агар инкор кунад, аз марзи мусалмонї хориљ хоњад шуд. Ба сухани дигар, як фарди мусалмон, мусалмон аст то модоме ки мункири заруриёти динї нашавад, хоњ худаш ба онњо амал кунад ва ё амал накунад, муњим инкор накунад. Пас, њар касе ин ду шартро дошт, вай мусалмон аст; хоњ суннї бошад, ё шиаи исмоилї ё исноашарї, ва ё хоњ кўлобї бошад, ё помирї, хуљандї, ва ё хоњ омрикої бошад, ё эронї ё африќої... Муњим мусалмон будани ўст, ва мусалмон будан њам, гуфтем, ки њамон љорї кардани калимаи шањодатайн ва инкор накардани заруриёти ислом аст. Тибќи шариат, як нафар мусалмон метавонад бо як зани масењї ва ё як зани яњудї ва куллан бо ањли китоб издивољ ва ташкили хонавода кунад. Ва агар зардуштињоро низ аз ањли китоб донем, чунон ки бархе аз уламо бар њамин бовар њастанд, издивољ бо занони зардуштї њам љоиз аст. Ва аммо ин ки чаро дар љомеаи мо як нафар суннї бо як нафар масалан помирї издивољ намекунад, ин дигар рабте ба шариат надорад, балки як одати роиљ байни мардум аст, ки дар замони феълї фикр мекунам дигар ба ин одатњо касе таваљљўњ намекунад. Lola Nazarsho: - Касе наметавонад бо ишќ муќовимат кунад. Агар ишќ њаст, баќия њама - миллат, дин, кишвар ва мазњаб - камранг мешаванд. Ишќ њамаро њал мекунад. Сухроб Абдурахманов: - Таваллуд намепурсад ту кистї - шоњ ё гадо. Марг њам. Њаќиќат ку? Мантиќан њам мард ва њам зан ода-
МАВЌЕЪ
манд. Аммо одамоне њастанд, ки онњоро људо мекунанд. Худованд одамонро ба эронї, тољик, ўзбак, озарї, помирї, ѓармї, кўлобї ва ѓайра таќсим намекунад. Аммо чаро мо - одамон якдигарро таќсим мекунем? Курбон Акрамов: - Њозир коргарњои хитоие, ки ба Тољикистон меоянду барои ваќтгузаронї зан мегиранд, ана ин проблема! Не? Хуни тољик вайрон мешавад! Насиба Заидова: - Як амакдухтарам аз оѓоз тањти фишори хешони сунни худ буд. Дар 14 - солагї Москав рафт, православияро ќабул кард ва пас ба ИМА рафт. Дар 28 - солагї ба амрикої шавњар кард. Дар Юнон тўй карданд. Хушбахтанд. Дигариаш мусалмони сунниро гирифт, ки бадмаст буд. Онњоро ба як азоб људо карданд. Пас аз ду сол як франсузи насрониро гирифт, ки дар фурудгоњ кор мекард. Онњо Париж рафтанд. Ман ба онњо њасад мебарам. Фарид Ориён Балхи: - Дар замони мо дигар воќеиятњо пайдо шудаанд. Њоло њамаро иќтисод ва вазъи иљтимої њал мекунад. Хуб аст ё бад, аксари тољикдухтароне, ки ба хориљињо ба шавњар баромаданд, дар гузашта фоњиша буданд. Занње њастанд, ки ба 40 даромадаанд, аммо њанўз шавњар накардаанд! Камбуди мард бармало мешавад. Маълум - муњољират. Серзанагї меафзояд. Волидайн бар инанд, ки коре кунанду духтарашонро ба шавњар дињанд. Барои онњо фарќ надорад. Њељ кас дар бораи дину мазњаб фикр намекунад. Ваќте занонро таъмин карда наметавонем, набояд ба зиндагии онњо зомин шавем. Фаррух Салимов: - Дар зиндагї њолатњои гуногун пеш меоянд. Њама мисолњо љой доранд. Аммо дар аксари маворид оилањои тољик суннатњои худро риоят мекунанд. Он духтаронеро ба њар касе рост омад медињанд, ки дигар харидор надоранд.
Иди Ману Мо. Њасрати мо Эй иди саид, биё! Биё, ки ман як сол аст туро интизорї мекашам. Интизорї. Интизорї! Интизорї? На фаќат интизорї, балки болотар аз он. Ишќ? Наметавонам сарњисоби эњсосоти худро равам, зеро ту болотар аз интизорї ва ишќї! Хабари туро мељустам аз њар кўча, сомонаву газета. Ва њоло ин хабар расид. Аз шодї гурдакаф мешавам, ё талхаам мекафад. Чї тавр шодимарг њам нашавам? Ваќте туро ба хотир меорам, инони аќл аз дасти ман меравад. Аз туву аз ёди ту комам ширин мешавад. Манзарањоятро пеши назар меораму дилам гум мезанад. Ѓурфањои пуропури туро дар хаёлњоям мисли Ван Гог мекашаму зиндагї дар назарам рангу рў ва нозу бўи дигар мегирад. Тасаввур мекунам, ки ман чї тавр ошиќона, чун Маљнун ба дидори Лайлї ва Фарњод ба умеди ваъдаи Ширин сўи биёбону ќасри шоњї - ѓурфањои ту мешитобам. Мехоњам бихонам таронаи туро ва бираќсам раќси туро! Ѓурфа - ѓурфаи туро давр мезанам ва пора-пора туро менозаму бў мекашам. Вањ - вањ! Оби дањонам мешорад. Маро аз ин олами афсона берун накашед. Бигзоред, ки то он рўзи васл дар ин дунёи зебои парињо бимонам , як бор худро инсони самовї њис кунам. Ба сайру сулук биравам ба мисли сўфиёни пок! Рўњи ман аз ќолаби ин тан берун ояду аз олами ухро ба улё бипайвандад. Фаромўш кунам, ки ман на он ронда аз бињиштам, балки дигарбора хонаи аслии худро пайдокарда њастам. Як ошиќи ба висол расида њастам. Бигзор як рўз њам бошад, аммо бошад, зеро ин як рўз не, балки хориљ аз њама мањдудаи ваќт аст! Як рўз дар тайи як сол меояд, аммо чї зебо меояд! Ширин - ширин, мањин - мањин, моњи барин! Аз он андеша макун, ки на њама ин зебоињои туро мебинанд. Инњо кўронанд, ки аз рањмати илоњї бенасиб мондаанд. Онњо туро намефањманд. Мурдагї, хасисї мекунанд, дилашон ба пулашон месўзад, зањматњои офарандагони туро намефањманд. Намефањманд, ки чунин Иди Идњо фаќат як бор ва он њам фаќат ба миллати тољик дода мешавад. На барои душманон. Касе онро намефањмад, тољик нест, миллатфурўш аст. Оне, ки худро аз ширкат дар ин ид дур мегирад, на фаќат номусалмону к…, балки душмани миллату дин аст. Дине, ки бутпарастї ва сабзавоту хўрокапарастї нест. Андак эњсосї шудам, узр! Намехоњам сиёсиву мазњабї бошам, аммо чї кунам, ки зиндагии мо чунин аст. Ва ин зиндагиро мањз ту, эй иди идњо, Иди Ману Мо, иди фаќат Тољикистон зебо мекунї. Талхињояш аз ту ширин мешаванд. Ѓамњояш аз ту рафъ. Ин файзу баракатро бин! Оњ - оњ! Ба Худо, ки намехоњам аз ин хоби ширин бедор шавам. Намехоњам то он дам ќиматињои бозорњоро бинам, љангу љўшу гирдињамоињоро бинам. Валлоњ, њамон бозорињову сарбозу фармондењонро ягон бор аз назди ѓурфањои ту бигзаронанд, аз бањри вазифаву масъулияту пул мегузаранд. Дигар касе пора намегирад. ГАИ мошинеро манъ ва ронанда ќоидаро вайрон намекунад. Касе њиљрат намекунад. Шар хайр мешавад, дуруштї - зебої. Агар хоњед, ки борони рањмати илоњиро бубинед, бояд шумо њам он љо биёед. На - на, ин дурўѓ ва танњо тахаййули ин бандаи ганда нест. Самимият аст. Тез кардани бозор нест, балки ширин кардани комњои шумо аз талхињои рўзгор аст. Эй бозорнишинони Тољикистон! Бозор љои ќимат фурўхтан нест, љои андозу «доля» нест, балки бозор љои шириниву арзонї аст! Оё Шумо њам дар ин бозор будед, бењтараш набошед, зеро талхакаф мешавед! Эй иди ду дар як! Боз, биё! Хуш омадї! Эй ду шодии дар як ќолиб афкандаву ду љони дар як тан васлшуда! Иди асалу харбуза! Хуш омадї! P. S. “Иди асалу харбуза” рўзи 2 сентябр дар њамаи ноњияњои Душанбе доир мешавад. Ин навишта мањсули тахаййулоти муаллифи сатрњост, ки мисли њар тољикистонї орзу дорад як бор серї асалу харбуза хўрад. Ду чизе, ки барои кисаи аксарияти мардум хеле вазнинанд. Шояд он рўз онњое, ки њавсаи харбузаву асалро мехўранд, дар ярмаркаву бозорњо муваффаќ шаванд ва барои фарзандони худ аз онњо фаровон харанду баранд. Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Оё мањдудияти никоњї њаст?
«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС
i
МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО Яке аз фаъолони Фейсбуки тољикї ин њафта бањси махсусиятњои институти никоњ ва оила дар Тољикистонро ба миён гузошт. Суолњо зиёд буданд: чаро тољики суннї бо шиаи эронї, озарї ё араб издивољ намекунад? Чаро тољики кўлобї наметавонад бо помиридухтари исмоилї хонадор шавад? Чаро ванљї бо њамсоядухтари худ аз Помир хонадор намешавад? Барои чї љентелмени ѓармї бо конибодомидухтари замонавї оила барпо намекунад? Сабабњо чистанд? Мулло иљозат намедињад, волидайн намехоњанд, худ дар рушди таърихї вомондаанд? Оё тољикдухтарон бо насронї, буддої ва яњудї хонадор мешаванд? Суолњои зиёди фаъоли Фейсбук ширкатдорони шабакаро асосан рўи ин суол ба бањс кашид:
Созмони Happy Planet Index -2012 миёни 151 кишвари дунё фењристи кишварњои «хушбахттарин» ро тартиб додааст. Бино ба ин пажўњиш, Тољикистон маќоми 43 - юмро сазовор шудааст, зеро то њадде асли худро нигоњ дошта, зиндагї дар ин љо соддатар аст. Бештари солхўрдањо зиндагии замони Шўравиро хушбахттарин ќисмати њаёти худ медонанд. Аммо имрўз мардуми оддї мегўянд, ки дар Тољикистон зиндагї кардан мушкил шудааст. Аз камбудани маош ва ќиммати нарху наво дар бозорњо ва ноадолатињои судї шиква доранд ва иддао доранд, ки ин пажўњиш комилан нодуруст аст, чунки дар кишваре, ки бештари мардумаш камбаѓаланд, чї гуна метавонад хушбахт буд? Вале гурўњи дигар мегўянд, ки худ дар кишвари мустаќил зиндагї кардан барояшон хуштахтї аст. Вобаста ба ин мавзўъ «Нигоњ» пурсид:
Дар Тољикистон зиндагии хушбахтона доред? Дилшоди Холиќ, тољир: - Оре, зиндагии хушбахтона дорам. Чунки дар ваќташ азоб кашида њам хондаму њам кор кардам. Њам барои тарбияи фарзандонам љиддї машѓул шудаму худам онњоро ба касбе, ки ман мехостам, барои хондан мондам. Њама њамкурсон ба кинову дискотека мерафтанд, ман бошам дар бозорњо ба тиљорат машѓул будам. Оњиста - оњиста аввал як дўкон , баъд ду - се - то харидам. Имрўз чанд маѓозаву як тарабхона дорам. Писаронам њам калон шудаанду яке дар прокуратура ва дигараш дар соњаи андоз кор мекунанд. Фикр накунед, ки аз њисоби онњо зиндагии хушбахтона дорам. Онњо фаќат намегузоранд, ки ѓайриќонунї ба бизнеси ман касе дахолат кунад. Њарчанд дар факултаи омўзгорї мехондам, њамон ваќт дарк карда будам, ки омўзгор намешавам, чунки медидам ањволи омўзгоронро, њарчанд бовиќор ба мо дарс мегуфтанд, аммо костюмашон нав намешуду њатто бо тролейюбус ба кор меомаданд. Ман аз интихобам хуш њастам.
Фазлиддин Насриддинов, ЉДММ "Сидома": - НА! Хушбахтии ман вобаста ба њолати кўдакони дорои аутизм аст. Танњо ваќте ки онњо каме њам бошад, некўањволиашон бењ шавад, шояд ман њам хушбахт шавам. Аммо алњол, ки боѓчаю мактаб барои онњо мављуд нест, њайњот, ки ман худамро хушбахт гуфта наметавонам. Як маркази махсусгардонида, ки бо дастгирии ширкатњои байналмиллалї кушода будем, аз сентябр бе манбаи молиявї мемонад. Барои ман хушбахтї мебуд, агар ин мушкилро паси сар мекардам. Чунки намедонам ахволи он кўдакону волидонашон чї мешавад? Он ваќт хушбахт мешавам, ки дар љамъият муносибат ба маъюбон дигар шавад. Љомиа бояд будани онњоро њамеша њис кунад. Донад, ки онњо њастанд. Фањмад, ки онњо низ сазовори њурмату иззат мебошанд. Дарк кунад, ки байни мо њељ фарќияте вуљуд надорад. Барои он ки онњо њам мањсули њамин љомиа њастанд. Ба фикрам, лањзаи хушбахтшавии ман фарсахњо дур аст...
6
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
Ронандањои љавон бо сабукравњо чун "хиромон" мегузаранд, халал намерасонанд, зеро роњњо ба пурагї таъмир нашуда бошанд њам, то љое чуќурињо пур шудаанд. нарх чорањои зарурї меандешем, вале њамоно нархи гўшт боло рафтаву дар њар гўшаю канори бозори Панљшанбе бо нархњои гуногун савдо мешавад. Дар дохили «Панљшанбе» бо супориши роњбарияти вилояту шањр аз чанд дўкони гўштфурўшї танњо ду дўкон бо нархњои нисбатан арзон пешнињоди мардум шуда буду дари дигарњоро ќуфл «оро» медод. Моњи Рамазон гўё дар кишвари мо «моњи тиљорат» барои савдогарон асту дар дигар давлатњо гўё фурўшандагон то 40 50% нархњоро арзон намуда, дар номаи аъмолашон савоб навишта мекунанд. Аммо њамасола мушоњида мешавад, ки нархи мањсулоти дар ин моњ болорафта баъд аз ин ба гумон аст поён оянд. Аммо ќассобони асаби мардум кињоянд: тољирон ё мансабдорон? Агар соњаи чорводорї рушд ёбад, савдогар њам нархро боло намебурдагист? Ё њама ќассобонро ба истеъфо фиристем?
Ќассобони асаб Шашликхона зиёд шавад гўшт ќиммат мешавад? карда буд. Њарчанд, ки дар њисоботаш саршумори чорворо хеле зиёд нишон дода буд. Намояндаи њукумати вилоятї, ки аз гуфтани номаш худдорї намуд, ќимматшавии гўштро дар зиёдшавии ањолї хулоса кард. Ёбеду гиред! Ин магар ќасобии асабњо буда наметавонад, ваќте маќомот сабаби болоравии як гўштро маънидод карда наметавонанд? ХИЁНАТ Ё «МОЊИ ТИЉОРАТ»? Раиси Шўрои уламои дини вилоят Њољї Њусайн Мўсозода, ба таври сунъї боло бурдани ќимати гўштро аз сўи тољирон «хиёнат» унвон кард: - Дар њукми шариат аз њама гуноњи кабира ин эњтикор аст. Маънои эњтикор ин нафаре, ки ба хотири ќиммат фурўхтан орд, равѓан ва дигар мањсулотро захира карда, дар ќимматиаш мефурўшад, аз нигоњи шариат бадтарин одам мањсуб меёбад. Њазрати пайѓамбар Муњаммад (салаллоњу алайњи васаллам) ин тољиронро лаънат кардаанд. Раиси шањри Хуљанд Раљаббой Каримов дар нишасти матбуотї
«ШАШЛИКХОНА ЗИЁД ШУД ГЎШТ ЌИММАТ» Масъулин њам доир ба болоравии нархи гўшт љавобњои аљиб медињанд. Дар як нишасти матбуотї намояндаи раёсати кишоварзии вилоят сабаби ќиммат шудани гўштро аз зиёд шудани дўконњои шашликпазї дониста буд. Сабаби дигарашро намояндаи палатаи савдои вилоят дар пинњон кардани саршумори чорво аз љониби ањолї арзёбї
Акс аз kakpravilno.ru
Шояд моњи Рамазон њам дар хотирњо бо болоравии нархи мањсулот боќї монад. Нархи гўшт – рекордї. Ба 40 сомонї ва аз ин зиёдтар расид. Пеш аз Рамазон 1кг гўшт 25 сомонї то 35 сомонї буд. Соле пеш дар сўњбате як ќассоб болоравии нархи гўштро ба болоравии нархи бензин вобаста карда буд. Аз рўи ин мантиќ, гўё гов низ бензин мехўрда бошад. Њоло ќассобон болоравии нархи хошоку кунљораро сабаб меоранд. Аљиб аст, ки зимистон нархи як дона пресс то 45 сомонї буду нархи гўшт аз 25 то 35 сомонї, њоло пресс 15 - 20 сомонї асту нархи гўшт - аз 28 то 40 сомонї.
пеш аз оѓози моњи Рамазон гуфта буд, ки барои мўътадил доштани
P.S. «Аз ќатор мондагї номард» - гуфта, дар бозори Панљшанбеи Хуљанд нархи орд њам сари халта 30 то 40 - сомонї ќиммат шуд. Ин дар њолест, ки дар Тољикистон маоши њадди аќал 80 сомониро ташкил додаву аз моњи сентябр 2, 5 маротиба боло меравад.
"Оњ!" - њои роњи Мастчоњ ё чаро ба ин ноњия бояд сафар накунед?
Дар асл роњњоро таъмир намекунанд, фаќат чоњњои роњро аз љое ба љои дигар мекўчонанд, то ронанда онњоро дар хотир дошта натавонад. Херб ШРАЙНЕР
Акс аз risk.ru
Соли љорї чун њамеша ваќти рухсатиям ба аёдати ќиблагоњи синну солашон ба љое расида ба Ќитъаи якуми ноњиямон Мастчоњ рафтам. Аз дидани роњњои вайрону валангор дилам барои мардуми зањматкаш сўхту ночор ба навиштани ин сатрњо шурўъ кардам. Аз Ќитъаи дуюм ин тараф роњњо тамоман харобу пур аз чуќурї ва чунон душворгузаранд, ки то расидан ба манзили мурод, аз дилу гурдаатон, ба истилоњ танњо порањо мемонанду халос ва чанд рўз баъд ба худ меоед. Ин њол ду сол мешавад, ки маро ташвиш медињад, зеро ба зодгоњ танњо њангоми рухсатї меравам. Намехостам ин масъаларо ба сањифањои рўзнома барорам, вале ин дафъа виљдонам набардошт. Намешавад хомўш нишаст ваќте мебинї, ки њамарўза роњбарон аз ин роњњо мегузаранд, аммо ин њамаро намебинанд. Барои ман хеле аљиб аст, ки онњо он лањзањои убур чї фикру чї њиссиёт дошта бошанд? Ё мебинанду худро ба кўрї мезананд?
РОЊЊОИ АСРИ XXI Гузоришњои бардурўѓ дар назди њукумат хок пошидан ба чашми мардум асту бас. Хуб, њукумати ноњия ё мањаллї дар ин бора фикр накунад, кї мекунад? Роњ василаест, ки мањалњову одамон, кишварњо ва љањонро ба њам мепайвандад ва роњњо дар пешрафти њар давлат наќши азимеро мебозанд ва ањамияти иќтисодї низ доранд.
Афзал БОСОЛИЕВ, Хуљанд
Роњњо дар бунёди иртиботу муносибот, дўстиву рафоќат низ наќши бориз доранд. Дуруст аст, ки Тољикистон аз лињози иќтисодї кишвари фаќир аст ва ба њалли на њама мушкил зўри хазинаи давлат мерасад. Аммо ба назарам, роње, ки мавриди сўњбати ман аст, дигар аст. Мешавад аз роњњои Мастчоњ оњњо бикашид. Убури роњњои до-
хилии ноњияро ронандагон "њафт хони Рустам" унвон мекунанд. Ронандаи такси мегўяд, њаргиз њатто бар ивази пули зиёд ба Мастчоњ намеравад, зеро баъд аз њар як сафар ќисмњои зиёди мошинро бояд иваз кунад. Роњњои дохили Мастчоњ сўрохињое доранд, ки дар онњо њатто трактор дар мемонад. Агар тифлатонро гум кардед, зуд ба роњ бароед: шояд дар ягон чуќурї машѓули бозист? Пас аз кўчактарин боришот онњо чунон ба дарёи лойу гил ѓўтавар мешаванд, ки орзуи як киштї ё танку булдозер мекунед, на мошин. Кормандони телевизионњои Душанбеву Хуљанд! Мабодо ба Мастчоњ наравед. Аз он љо рост ба пенсия мебароед. Худо медонад, ки аз он љо бармегардед ё не! Агар тобистон касе ба Масчоњ рафтанї бошад, илтимос, аввалаш, ки наравад, агар рафт, албатта, як "противогаз" - и сохти амрикої харад. Чиниаш намешавад. Њатто "противогазњо" талхакаф мешаванд аз чангу ѓубори ин биёбонроњњо. Хеле дарднок аст, ки на њукумати ноњия ва на вазорати наќлиёт боре ба ин роњњо таваччўх намекунанд ва дар фикри дарбењ кардани пироњани лахт-лахтшудаи он икдом намегиранд. Гўё ин љо аслан касе зиндагї намекарда бошад. Мехостам фањмам, ки вазири наќлиёт боре њам фикр мекунад дар бораи ободии роњњои вайрона ва валангори ноњияву ќишлоќњо, махсусан роњњои Мастчоњи нав? Ё фаќат дар фикри боло бардоштани љарима ва андозе, ки ронандагон ва шахсони оддї месупоранд? Таъмири роњњо бар дўши кистанд ва боре аз онњо суоле шудааст, ки чї гуна вазифањои хешро иљро менамоянд? Ё боз умед ба Бонки Осиёву Аврупову Чин кунем? Ин суолхо љавоб мехоњанд.
Шариф МУЛЛОЕВ
НАЌЛИ МУЗОФОТЇ
Бохт Зиндагии донишљўён фаќирона бошад њам, то љое осудањолона буд. Ин хушбахтии донишљўёни солњои 80 - уми асри гузаштаро онњое халалдор мекарданд, ки мубталои бемории мањалгарої буданд. Дар баробари бадхоњон теъдоди онњое низ зиёд буд, ки барои вањдат ва дўстии донишљўёни њамаи минтаќањо талош мекарданд. Бештари духтарони хобгоњ аз Суман канораљўї карда, аз Гулчењра маслињат мепурсиданд. Гулчењра мисли Суман шањрї набуд ва љавонони зиёдеро намешинохт. Ў аз ноњияи Мурѓоб барои тањсил ба донишгоњ омада буд ва бо забонњои тољикї, ќирѓизї ва русї хуб њарф мезад. Муддате нагузашта, Гулчењра забони ўзбакиро низ аз бар намуд ва теъдоди ихлосмандонашро боз њам афзоиш дод. Аќрабаки соат ба 16: 00 наздик мешуд. Бо ворид шудани 4 донишљўдухтар њавои њуљра аз бўйи гулу буттањои бањорї ва атру упои онњо куллан таѓйир ёфт. Гулчењра номи Фаррухро гирифта буд, ки Шариф начакондаю нарезонда, гўштии Фаррух бо Суманро ќисса кард. - Фаррух бо ман гўштин мегирї? - Ман чї њуќуќ дорам, ки ба бадани зан даст мезанам. Дар мо аввал хостгорї мераванд, ана баъд… - Мон ин гапњора. Ба бадани Суман даст задї, њељ гап нею мо, ки гуфтем, ривояташро ёфтї! - Медонї, аз дасти он беодоб ман чанд маротиба ранљ кашидам. Як рўз аз пучидани зиёд баданамро афгор карда буд. Он рўз љазояшро намедодам, мўйњои сарамро меканд… Бењтараш худатро ѓам надењ, ман бо ту бе розигии худату иљозати падарат ва бе тўњфа гўштин намегирам. - Тўњфа гуфтед, њозир тўњфа мешавад. Ту илољи халосї надорї, бо ман гўштин мегирї, фањмидї? - гуфт Гулчењра. Дугонањо байни њам чизе гуфтанд ва баромада рафтанд. Баъди лањзае чанд садои таќтаќи дар баланд шуд. Гулчењра бо духтарњо вориди њуљра гаштанд. Онњо ба њайси миёнарав Шарифаро оварда будаанд. - Мана, тўњфаи мо - Шарифа. Агар ўро дар њаќиќат дўст дорї, мо розигии ўро гирифтаем ва оянда дар њама кор шуморо дастгирї мекунем, - гуфт Гулчењра. Фаррух ноилољ розї шуд. Гумон мекард дар як лањза Гулчењраро таслим мекунад. Аммо Гулчењра Фаррухро гоњ ба чап ва гоњ ба рост њаво медод. Фаррух аз розї шуданаш пушаймон шуд. Гулчењра дар назараш мисли кўњи яхине буд, ки барои фатњаш ќувваташ намерасид… Садои гўшкаркунандаи фарошзан ва тањдиди он, ки ба милиса занг мезанад, ба гўштии Фаррух ва Гулчењра нуќта гузошту њама пароканда шуданд… Баъди рафтани Гулчењра бо дугонањояш ашк дар чашмони Фаррух њалќа заду буѓз гулўяшро фишурд… Давлати ШОЊЭЪТИБОР
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
7
Мо чї хел корманди худамонро коррупсинонер барорем? Аммо мардум баёнот медод, ўро "огоњї" ё "выговор" дода, аз кор холї мекардем.
Сўњбат бо масъули созмони ЊНИТ дар Бадахшон Муслима Броимшоева ба љойи Сабзалї Мамадризоев, раиси созмони ЊНИТ дар Бадахшон, ки дар њаводиси Хоруѓ кушта шуд, иљрокунандаи вазифаи раис интихоб шуд. То ба ин маќом масъули бахши бонувони ЊНИТ дар Бадахшон буд. Вай ягона хонуме дар ЊНИТ аст, ки номзади илмњо аст. Дар шароити вахиме, ки њоло Бадахшон ќарор дорад, вогузор кардни масъулияти як њизби оппозитсионї, бахусус ЊНИТ, ки мегўянд, аъзояш тањти фишори маќомот ќарор доранд, њодисаи фавќулодда шояд бошад. Аммо Муслима Броимшоева чї мегўяд? - Намедонам. Њоло нав корро сар кардам, вазнинї ва фишорро њис намекунам. Аммо вазъияти низомї боќї мондааст. Масъулияти бахшро, ки ба ўњдаи мо доданд, албатта, мекўшам ўњда кунам. Иншоаллоњ, њизб маро дастгирї мекунад. - Солњои охир пўшида нест, ки фишорњо болои њизб зиёд шудааст.
Њар зане, ки њангоми буруз кардани мушкилоти хонаводагї ба дарки онњо мерасад, метавонад мушкилотеро њам дарк кунад, ки њангоми идораи давлат пеш меоянд. Маргарет ТЭТЧЕР
Ин њам дар њоле, ки дар њизбњо занон гўё барои намоиши "баробарї" њастанд. Пас чаро ЊНИТ дар чунин як шароити сангини Бадахшон, на як мард, балки шуморо роњбар таъин кард? Оё ба љуръати занони бадахшї дар ин њаводис такя мекунанд? - Њоло ман иљрокунанда њастам. Ман њам розї набудам, ки роњбарии бахшро ба ўњда дошта бошам. Њатто ошкор гуфтам, ки эњтимол аз ўњдааш набароям. Аммо намояндањое, ки аз Душанбе омаданд ва аъзоёне, ки дар љаласа иштирок доштанд, бовар карда, дастгирї кардаанд. Мардон масъулиятро ба мо доданд. Хайр - ку бинем чї мешавад. Вазъият воќеан душвор аст. Аммо ман ягон фишорро њис намекунам. Њама эњтиромам мекунанд. Дар корхонањо њам. - Дафтари њизб дар Хоруѓ тирборон шудааст. Пас дар куљо љаласа гузашт? - Дар хонаи як узви њизб, дар шањри Хоруѓ. Бо иштироки бархе аз аъзо. - Њоло бинои њизб дар чї њол аст? - Бинои њизбро тирборон намуда, њуљљатњоро даррониданд ва парешон карданд. Газетањоро тамоман даррониданд. Дар дару тиреза пайи тирњо аст. Намедонам, ки чаро коргоњи моро њадаф ќарор доданд. - Њоло корро шурўъ кардед? - Бале, аммо дар хона. Рафтем њуљљатњои даррондаро љамъ кардем. Њоло корњои фањмондадињї бурда истодаем. Аъзоёнро љамъ карда, нияти дафтарро обод кардан дорем. Њизби мо ин љо њамеша фаъол аст. Њоло мардум дар њолати вазнини равонї ќарор дорад. Ваќт даркор, ки ба худ оянд.
шумо, ки дар Донишгоњи Хоруѓ кор мекунед, дар Бадахшон хонумњои нањзатї ба ѓайр аз фаъолияти њизбї кори дигар мекунанд? - Дар Бадахшон хонумњои њизбї фаъоланд. Муаллима, табиб ва ѓайра шуда кор мекунанд. Иддае дар муњољират њастанд. Нони дањонашон аз њисоби корашон аст. Мо њам кор мекунем, њељ кас ба мо монеъ намешавад. Агар аз ин ба баъд нашавад. Мо аз пайи анљоми ихтисоси худ њастем. Дар њама љо эњтиром мекунанд, ба њизбият касе кор надорад ва монеъ намешавад. Ќонуни дунёвї ва инсонї ин љо риоя мешавад. - Аввалин ќурбонии њаводиси Хоруѓ Сабзалї Мамадризоев буд? - Бале, шањид шуд. - Охирин сўњбати Шумо бо Сабзалї кай буд? - Мо пеш аз Рамзон телефонї сўњбат доштем, чун ман дар Душанбе будам. Гуфт, ки таќвими Рамазонро омода карда истодааст. - Кай ба Хоруѓ рафтед? - Як њафта пеш аз шурўъи амалиёти низомї. Аммо Сабазалиро надида будам. Чун вай бо падараш дар беморхона хоб буд. - Дуруст аст, ки марњум домоди Мамадбоќир Мамадбоќиров, яке аз фармондењони Бадахшон аст? - Не, ин нодуруст аст. Вай домоди апаи калонии Мањмадбоќир буд. Фарзандони Мањмадбоќир њоло хурд њастанд. - Гуфтед, Шуморо муваќќатан таъин кардаанд? То кай? - То конфронси њизбии бахши Бадахшон. Дар ин конфронс тасмим гирифта мешавад, ки вакилон киро раиси бахши Бадахшон интихоб мекунанд.
www.tojnews.org
www.tojnews.org
Сўњбати Њарамгули ЌОДИР
F
Т
... бо Фаридун Рањнавард
Домодњои калони Тољикистон Бадоњатан, ё не, аммо њаводиси ахири муњимтарин дар Тољикистон ба зайле ба домодњои мансабдору соњибнуфуз гирењ мехўрад ва онњоро ба як нафари муњимтарини на танњо оила, балки сиёсатсозињо ва хабарсозињо дар сатњи љумњурї љилва медињад. Расонањо мањз шавњари хоњар, ё домоди президент Эмомалї Рањмон будани Холмўъмин Сафаров, ки 13-уми июни соли љорї дар наздикии манзили зисташ кушта шуд, бо даст додани имкон њар маротиба такрор мекунанд. Дирўз маќомот дар бораи боздошти боз ду нафари дигар дар робита ба ќатли Холмўъмин Сафаров, собиќ раиси Сарраёсати хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зисти кишвар иттилоъ доданд. Бинобар иттилоъи расонањо, боздоштшудагон - бародарон Тоњир ва Фозил Њакимовњо мебошанд. Тоњир Њакимов, бинобар хабари радиои “Озодї” тољир будааст, аммо се сол пештар дар Кони тиллои Шугнов фаъолият мекардааст. Муњимтар аз ин расонањо таъкид мекунанд, ки То?ир ?акимов домоди раиси комиссияи тафтишотии Њизби нањзати исломи Тољикистон - Мавлавї Муњаммадалии Файзмуњаммад будааст. Маќомот аз боздошти як нафар, ки низ домоди касе унвон мешуд, аммо номашро намегирифтанду намегиранд, нимаи аввали моњи июли соли љорї хабар дода буданд. Чанде ќабл созмонњои байналмилалї ва адвокатњои ин нафари боздоштшуда аз шиканља шудани ў дар боздоштгоњ изњори ташвиш карданд. Шояд бисёрињо чунин гардишро дар ќазияи куштори Холмўъмин Сафаров интизор набуданд. Шояд баръакс. Шояд, барои нафароне ин ки ќазияи куштори домоди хонадони президент низ зайле ба ЊНИТ “часпонда” шуд, чандон ѓайриинтизор набошад. Зеро баъди хабари кушта шудани Сабзалї Мамадризоев ва тирборон шудани ќароргоњи ЊНИТ дар Хоруѓ, њамчунин ѓайб задан ва баъди беш аз њафтае дар мањбас ёфт шудани Шерик Карамхудоев, раиси бахши шањрии ЊНИТ дар Хоруѓ, амалиёти махсуси маќомоти ќудратї дар Бадахшон ба ЊНИТ часпид. Аммо ба назарам, ба ин ки гумонбар дар куштори домоди рањбари Тољикистон, домоди њизби мухолифи њукумат хоњад буд, аксарият то њол машкук њастанд. Баъди хабари кушта шудани раиси бахши вилоятии ЊНИТ дар Хоруѓи Бадахшон, ќорї Сабзалї Мамадризоев, ки њамчунин домоди хоњари Мамадбоќир Мамадбоќир, яке аз сабабгорони амалиёти махсуси нерўњои ќудратии њукумат дар Хоруѓ шуд, хабарњои ахир боз љанбаи домодии ќазияњоро таќвият медињад. Бо чанд нафаре, ки дар ин бора сўњбат доштем, аз натиљаи ногувори хешутаборчигї дар таъйини вазифањо сухан мекарданд. Ба ин иддао наметавон розї нашуд. Ваќте дар бораи куштори як раиси кумита, ё муассисаи давлатї сухан меронанд, ба ќавле, гапи дигар асту ваќте дар бораи куштори хеши шахси соњибќудрат њарф мезананд, тамоман гапи дигар. Оё дар ин маврид ба тањќиќоти мунсифонаи њодиса умед бастан мумкин аст? Ин як пањлў, пањлўи сирф њуќуќии масъала аст. Вале, тавре мегўянд, ин танга пањлўи дигар, пањлўи ахлоќї њам дорад, ки фарњанги домоддўстдорї, ё мавќеъи домодњоро дар њаёти оилаи тољикї ба намоиш мегузорад. Ин бори аввал нест, ки домодњои мансабдори тољик расонаї карда мешаванд. Дар гузашта асосан хабарњое пахш мешуданд, ки мегуфтї, кош ман њам домоди касе аз бузургон мешудам. Њавас накардан њам намешавад. Масалан, яке аз домодњои мансабдори президент Эмомалї Рањмон Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тољикистон, њарчанд маљбур шуд, ки ба расонањо иттилоъ дар бораи соњибмулки ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) буданашро рад кунад, бисёрињо ба воќеияти ин раддия бовар накардаанд. Беш аз ду сол аз ќарори њукумати Тољикистон дар бораи пулакї шудани роњи Душанбе-Чанак гузаштааст. Ин ќарори њукуматро парлумони Тољикистон кабул кардааст. То њол ягон нињоди њукуматї, љуръати номи соњибмулки ширкат, ки гуфта мешавад, дар хориљи кишвар сабти ном шудааст, фош карданро надорад? Домод будан имтиёзи бе њадду њудуд аст. Мешунавем, ки агар домод бошї, тиљорати бензину газро њам метавонї назорат кунї, ё нисфи як вилоятро тањти контрол дошта бошї. Ба вазифаи бењтарин таъин шавї, њарчанд синну солат ба ин имкон надињад. Хондан чї лозим? Бархе одамон чунин табиат њам доранд, ки барои чунин домод шудан хеле њам мекўшанд, то на имтиёзе, балки имтиёзњоеро дар љомиа дошта бошанд, сарватманд шаванд ва дастњо дар киса аз њисоби хусур каттагї карда гарданд. Бале, ин хел домод бошї олї аст. Лекин домоде бошї, ки ба сарат балои осмонї орад, ё Худо нохоста, “бача чаппа ояд”, шояд аз домод будан кас пушаймон шавад. Шояд Сабзалї Мамадризоев, на нањзатї, балки домоди фалон фармондењ намебуд, ба сараш ин рўз намеомад? Бале, домоди кї будан њам муњим аст. Шояд дар ќазияи домоди президент мањз домоди Мавлавї Мањмадалї будан муњим аст? Худи Худо надонад, мо надонистем. Њодисањои пурсарусадое, ки дар онњо домодњо наќш доранд, шояд ба тасодуф расонаї мешаванд, ё шояд бозгўи аз як воќеият мекунад: домодњо дар Тољикистон аз сояњо берун меоянд ва муњим мешаванд. Аммо ин шурўъи кор аст, ё тавре гуфтем, тасодуф? Бовар дорем, ки аз ин ба баъд бузургони баландпояву миёнапояву кампоя андеша мераванд ва ба насињати домодњои худ мепардозанд. Мефањмонанд, ки домод будан ба љуз имтиёз будан, масъулият њам њаст. Дар њељ куљо набошад њам, дар Тољикистон бояд бошад. Дар ин маврид домоди нафаре аз ЊНИТ набошї, шуд! Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
"Мардон масъулиятро ба мо доданд"
БИДУНИ
i
Муслима БРОИМШОЕВА:
- Таъйини Шумо амри раиси њизб буд? - Намедонам, танњо ба ман гуфтанд, ки Шумо масъулиятро гиред. Аммо амри кї буд, намедонам. Аз Душанбе омаданд љаласа доир карданд, тайин карда, рафтанд. - Роњбари њизб бо шумо дар тамос шуд то ба имрўз? - Не, худи раис бо ман дар тамос нашудаанд. Аммо бародарон ва хоњарони дигари њизбї дар тамос шуданд, табрик гуфтанд. Паёми раисро ба ман дигарон расониданд. - ЊНИТ дар Бадахшон чї ќадар аъзо дорад? - Даќиќ намедонам, аммо аъзои бисёр дорад. - Теъдоди хонумон чї? - Њудуди 400 нафар. - Хонумњои ЊНИ дипломњои зиёд доранд, аммо аз рўи ихтисос кор намекунанд. Ба барномањои дохилњизбї бештар машѓуланд. Ва инро то љойе коршиносон бохти њизб мегўянд. Ба истиснои
8
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
Айби шумо аст, ки њамаатон ба як њизб овоз додед, акнун њар чизе, ки аз боло мегўянд, онњо фаќат сар мељунбонанду халос. Њаќќи гап задан њам надоранд. Субњи 11 август назди бозори «Сафариён»-и пойтахт наздикии 1000 нафар фурўшандагону харидорон љамъ омада, аз баста шудани дарвозањои бозор шадидан изњори норозигї намуданд. Ин боиси дубора ба кор даромадани бозор шуд. Хабарнигори Тољнюс аз њудуди бозор иттилоъ медињад, ки савдогарони ин бозор, ки миёнашон занњо зиёдтаранд, баробари дидани соњибмулки бозор Сафаралї Гулов , ўро ба њалќа гирифта, таваллою зорї мекунанд, ки дарвозањоро кушояд, зеро ягона сарчашмаи даромади рўзгори онон њамин бозор аст. Сафаралї Гулов ба онхо мефањмонд, ки бозор аз соати 22-и шаби 10 август аз љониби нозирони Хадамоти оташнишонии пойтахт баста шудааст. Дар Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шањри Душанбе тасдиќ карданд, ки мутобиќи Ќарори № 31 аз 3 юми августи соли љорї, “бинобар мутобиќ набудани шароити бозори “Сафариён” ба талабот ва эњтимолияти сар задани сўхтор аз санаи 10 уми август баста шуд”. Аз љумлаи ќонунвайронкунињо “..хатњои барќ ќисман ба талаботи њуљљатњои меъ ёрии эне ргет икаи бар ќї љавобгўй набуда, баъзе таќсимку-
нанд, чизеро мегуфтанд, ки хости дили ў буд. Бо вуљуди он ки акрабаки соат ба 8 наздик мешуд, дарвозаи бозор во намешуд. Ќассобу љурѓотфурўшон аз он изњори ташвиш мекарданд, ки баробари гарм шудани њаво мањсулоти эшон сифатро гум мекунад. Онњое, ки ба шиддат њарф зада, “њаќќи худро талаб мекунанд” торафт зиёд мешаванд. Сафаралї Гулов тариќи телефон аз раиси ноњияи Сино Зафар Са-
САФАРАЛЇ ГУЛОВ
Њамин тариќ, ба бањси басташавии бозори “Сафариён”, ки бо иљро накардани талаботи Ќарори раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев “Дар бораи таъмини тадбирњои амалии пешгирии
оташнишонї пањн шуд, вале бо назардошти он ки бозор соли 1997 аз љониби Сафаралї Гулов, бародари вазири саноат ва энергетика Гул Шералї ва њамзамон ќудои президенти Тољикистон Эмомалї
Ѓалабаи бозори «Сафариён» бар шањрдории Душанбе Муќовимати беш аз 10 - рўзаи роњбарияти як бозор бо маќомоти шањри Душанбе ба фоидаи аввалї анљом пазируфт Рањмон, дар заминаи «Аљинабозор» ташкил ёфтааст, боварнокарданї менамуд. Бозори мазкур назди Автовокзали марказии шањри Душанбе љойгир буда, канори он ба мавзеи яклухтфурўшии савдогарону дењќонони навоњии Њисору Регар табдил ёфтааст.
тоза карда азнав ранг мемолиданд. Маъмурияти бозор тасмим гирифтааст, ки давоми њафта ин дўконњоро аз нав ба кор дарорад. Аммо хисоротро кї љуброн мекунад? Аз ин касе њарф намезанад. Масалан, њар кадом тољири «Варзоб мегўяд, аз 10 то 20 њазор долларї мол доштанд ва сари барќарор намудани хисорот ба маъмурияти бозор мурољиат кардаанд. Вале ин љо ба љуз як асноди хулосаи комиссияи хадамоти оташфишонї дигар чизе надоданд. Ќисме аз онњо моли худро аз яклухтфурўшон насия гирифта бошанд, ќисми дигар аз бонк вом гирифтаанд. Дар Душанбе сар за дани сўхтор дар бозорњо бори аввал нест. Чунин њодиса дар бозорњои «Шоњмансур», «Корвон», «Саховат» низ ба амал омада буд. Аммо ин ќазияњо то куљо баррасї шуд? Илњ ом Н азар ов с ардо ри шўъбаи раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шањри Душанбе иброз дошт, ки ба иллати фарсуда шудани ноќилњои барќї дар дўконњои тиљоратии бозори «Варзоб» сўхтор сар задааст. Њол он ки нозирони хадамоти оташнишонї њангоми тафтишњои ќаблї барои рафъи ин камбудињо огоњинома дода буданд. Аммо дар бораи сўхторњои «Шоњмансур», «Корвон», «Саховат» њам хулосањо чунин буданд, дар њоле ки тољирон мегуфтанд, сабаб раќобатњост. Оё дар мавориди ахир то куљо ин њарф буда метавонад? Мавриди бозори «Сафариён» Илњом Назаров баён дошт, ки пас аз рафъи камбудињо ин бозор барои дигарон аз лињози амнияти пешгирии сўхтор намунаи ибрат аст, аммо ин нукта њайратовар аст, ки давоми ду-се рўзи охир дар бозорњои пойтахт ва атрофи он паи њам сўхтор сар мезанад. Лањзањое, ки ин гузориш омода мешуд, аз Вањдат хабар расид, ки як ма рказ и ти љора тї б а но ми «Њољиён» сўхта хокистар шуда-
ДАРВОЗАИ БОЗОРИ «САФАРИЁН»
нанакњои барќї бе сарпўш истифода бурда мешавад,” “...дўкону нуќтањои савдо бо дастгоњњои автоматикии аз сўхтор воќифкунанда васл нагардидааст” ва “дар назди роњи дуюми тањлия таваќќуфгоњ ташкил карда шудааст, ки доимо бо автомашинањо банд буда, дар њолати рух додани сўхтор ба гузаштани автомашинањои оташнишонї монеа эљод менамоянд” ном бурда мешаванд. Ин замон, Сафаралї Гулов ба мардуми љамъомада ё љамъкардашуда мефањмонд, ки “њарчанд аз дањ банди талаботи Хадамот нўњтояш иљро шудааст, дари бозорро во намекунанд. Ман намедонам, ин ба кї даркор асту аз мо чї мехоњанд....”. Вале савдогарон њамоно ѓавѓо карда, талаби кушодани бозорро мекарданд. Сафаралї Гулов орому сокит менамуд. Савдогарон, хоса заноне, ки солњо боз дар ин макон савдо меку-
фаров башиддат хоњиш мекунад, ки омада мардумро ором кунанд. ... Баъди чанде як гурўњ милисањо пайдо шуда, мардуми љамъшударо аз назди дарвозаи бозор пароканда карданд. Њар чанд ваќт онњо аз мардуми љамъомада талаб менамоянд, ки њамоиш накунанд. Нињоят ќарибињои соати 10 бо гирифтани як мактуби кафолатї аз номи роњбарияти бозор нозирони идораи сўхтор дари бозорро во намуданд. Савдогарон саросемасар ба бозор ворид шуданд. Тавре мо маълум намудем, ин кор дар пайи мурољиати хатии сардори раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шањри Душанбе Р. Исмоилов ба раиси шањр Мањмадсаид Убайдуллоев рух додааст. Ин њам дар њоле, ки талаботи зиддисухторї њанўз иљро нашудаанд ва тавре аз протоколи Раёсати оташнишонї бармеояд, "эњтимолияти сар задани сўхтор њамоно вуљуд дорад".
болоравии нархи мањсулоти ниёзи аввалия дар моњи шарифи Рамазон дар шањри Душанбе” аз љониби роњбарияти бозори “Сафариён” оѓоз ёфта буд, хотима гузошта шуд. Аљиб ин аст, ки роњбарияти бозори “Сафариён” низ дар ин ќазия ба њамон ќарор такя мекунад. Тавре аз мактуби Сафарлї Гулов ба раиси ноњияи Синои пойтахт Зафар Сафаров бармеояд, худи тафтиши Раёсати оташнишонї мухолифи ин ќарор аст, зеро “ ...дар ќисми 10 (ќарор) гуфта шудааст, ки аз сохторњои назоратии давлатї хоњиш карда шавад, ки дар давоми моњи шарифи Рамазон гузаронидани њама гуна тафтишу санљишњоро дар бозорњои шањри Душанбе мавќуф гузоранд ”. Хотиррасон мекунем, ки овозаи баста шудани бозори «Сафариён» аз 3 августи соли љорї, пас аз санљиши нозирони Раёсати
«АЉИНАБОЗОР»
СЎХТОРЊО: БО АЙБИ КЇ? Бањси «Сафариён» шояд то љое оддї буд, агар дар бозори «Варзоб» сўхтор намешуд. Ваќте он љо рафтем, тољирон пас аз рафтани сўхторхомўшкунандагон амволи худро аз дўконњо берун мекарданд. Ба иллати сўхтор силсиладўконњои дохили бозор осеб ёфта буд. Рўзи дигар аллакай љараёни барќарорсозии ин маркази савдо шурўъ ёфт. Дастаи устоњо саќфу деворњоро аз порањои сўхта
аст, ки аксарашон иљоранишинон будаанд. Охирин нукта ин аст, ки тиљорат масхара мешавад ё дар асл тољирон гаранг шудаанд? Чаро масъулини бозорњо ќоидањои сўхторро риоя намекунанд, аммо ин сањлангории онњо сабаби зиёни миёншикани тољирон мешавад? Шояд инњо ба љавобгарї кашида шаванд? Зайнудин ОРИФЇ
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
9
Дар худи Ќазоќистон њоло нархи яклухти халтаи орд 135 - 140 сомонї аст. Арзиши орди мањаллї низ боло меравад. Нарх ба ќиматшавии роњкиро ва камчинии мањсулот дар бозор њам иртибот дорад. Толиб Айёмбеков, нафаре, ки то ба њол дар ќатли генерал Абдулло Назаров калидї мањсуб мешуд ва мањз тањќиќи ин њодиса сабаби асосии амалиёти махсус дар Бадахшон буд, 12 - уми август ба маќомот таслим шуд. Дар мурољиате, ки матнашро агентии давлатии «Ховар» нашр кардааст, Айёмбеков мегўяд, «тарафдори оромї ва осоиштагии мардуми вилоят ва тамоми љумњурї» аст ва худу бародару писарашро ба маќомот њозир намуда, тайёр аст, ки дар назди ќонун ва тафтишот љавоб гўяд. Ў њамчунин аз сокинони шањри Хоруѓ ва вилоят, «он нафароне, ки бо худ ѓайриќонунї яроќу муњимоти љангї доранд», хоњиш мекунад, ки «ихтиёран онњоро оварда, ба маќомотњои њифзи њуќуќ супоранд». «Њар як шахс кўшиши худро барои таъмини оромию осоиштагии мардум равона намояд, фирефта ва бозичаи дасти баъзе љинояткорону манфиатхоњон нагардад. Боварї дорам, ки мардуми мо дигар ба амалњои ѓайриќонунї ва гирдињамоињо роњ намедињанд. Ман ва наздиконам ба хотири оромї тамоми яроќњоямонро месупорем ва бояд намонем, ки душманони миллату Ватан моро ба њам љанг андозанд. Ман њамаи шумоёнро ба он даъват мекунам, ки гирди њам биёем, ањлона, бо тантана ва нишоту хурсандї 80-солагии шањри Хоруѓро ќайд намоем» омадааст дар мурољиатнома. Аммо ин матни расмии мурољиати Айёмбеков аст, ки «Ховар» нашр кардааст. Дар асл ин ќисмати мурољиат тариќи телевизиони вилоят аз сўи ў хеле ба мушкилї хонда шуд ва иловањои дигар њам дошт. Айёмбеков ин таслимро ба таври худ мебинад, ки як гуна биниши фармондењи мањаллї аз ояндаи њодисањо дар Бадахшон аст. Аз рўи сўњбати ў мешавад рушди њодисањо дар Бадахшонро, ки аз 21-уми июл ба ин сў идома доранд, пешгўї кард. СУД ДАР КУЉО МЕШАВАД? Айёмбеков тањќиќи шаффоф ва одилонаи куштори генерал Абдулло Назаровро мехоњад. Бояд суд маълум кунад, ки ў, бародараш ва писараш то куљо дар ин ќазия даст доранд. Акнун гуфта намешавад, ки мурофиаи судї дар куљо сурат мегирад. Аз рўи ќонун мурофиа бояд дар љои мањалли љиноят сурат гирад. Аммо аз таљрибањои пешина парвандањои Тавилдара, Рашт, Истаравшан ва фирорињои боздоштшудаи боздоштгоњи Кумитаи давлатии амнияти миллї бармеояд, ки ин гуна парвандањо дар Душанбе ва паси дарњои пўшида сурат мегиранд. Аз мурољиати Айёмбеков бармеояд, ки ў мехоњад ин мурофиа шаффоф ва дар Хоруѓ сурат гирад. Эњтимолан шарти таслим шудани ў њам дар ин аст. Њоло бино ба гуфтаи худаш, ў дар беморхона тањти муроќибати духтурон ва нерўњои ОМОН ё гурўњи таъиноти махсуси вазорати корњои дохилї ќарор дорад. Аммо Дилбар Мукоиршоева, њамсари Толиб Айёмбеков ба Регнум гуфтааст, ки шавњараш дар манзилаш табобат мешавад, аммо њар рўз ба
Њама гуна ѓалабањо аз ѓалаба бар худ оѓоз мешаванд. Леонид Леонов
бозпурсї рафта, бармегардад. Дар њарду њолат њам ў дар дастрасии маќомот аст, пас мешавад ўро ба Душанбе овард, аммо оё инро сокинони Бадахшон, ки эътироз доранд ва шарикони ў боз 3 фармондењи дигари Бадахшон чї гуна ќабул хоњанд дошт? Аз њама муњим ин аст, ки чаро Айёмбеков ба чунин шартњо розї шуд? Бино ба иттилои тањќиќнашудае, ки дар дасти мо њаст, Айёмбе-
онњо супурда шавад, чун њукумат ќотилони Абдулло Назаровро талаб мекунад, онњо њам ин талабро доранд. Ин талаб бо бемантиќиаш аљиб нест, зеро тафтиш ва муњокима кори прокуратураву тафтишот аст, на суди мардумї. Аљобат дар он аст, ки як њукумати дигар њам дар Хоруѓ эњсос мешавад. Аз ин нуктаи назар, метавон тасаввур кард, ки њукумат бо чї муаммое дар Бадахшон рўбарў шудааст. Акнун,
ба тиљоратњои ѓайриќонунї даст назананд ва маслињат додааст, ки аз бонкњо ќарз гирифта, бо тиљорат машѓул шаванд. Инро мешавад як посухе ба иттињомоти прокуратура дар мавриди аз худ кардани беш аз 1 миллион сомонии «Амонатбонк» аз сўи ўву Мусалламов номид. Вай мегўяд, иттињомот дар бораи даст доштани онњо дар ќочоќњо сињат надоранд. Аммо Имомназар Имомназаров, ки рањбари ѓайрирасмии Бадах-
Ояндаи Хоруѓ Имом Оѓохони Чорум дар њаводиси Бадахшон чї наќш дорад? ков њангоми музокирот бо њукумат гуфтааст, ки аз куштори генерал Назаров хабар надошт ва шояд бародараш фармонеро аз хориљ иљро мекард. Тахмин меравад, куштори генерал Назаров ба дўши њадди аќалл бародар ва ё писари ў меафтад, ки бидуни шак, њукми дарозмўњлате хоњад буд ва худи ў озод мешавад. Аммо як нуктаи дигар норўшан аст: дар њоле, ки дар мурољиатномаи нашршуда дар «Ховар» омадааст, Айёмбеков бо писару бародараш таслим шудаанд, расонањо номи бародараш Оќил Айёмбеков ва ронандааш Њамза Гулназарро то ба њол нашр кардаанд. Дар оѓози амалиёт дар бораи таслим шудани ду нафари дигар њам сўњбат шуда буд. Аз ин њисоб, њоло њукумат 5 муљрими ќуштори генерал Абдулло Назаровро дар ихтиёри худ дорад. Кадоме аз инњо ќотил ва бори ин њама мољароро бар дўш хоњад дошт? СЕ РЎЗ Таслим шудани Толиб Айёмбеков боз пеши њукумат мушкилоти дигарро мегузорад. Рўзи шанбе, 11 июл дар Хоруѓ гирдињамоии таќрибан 500 нафар баргузор шуда буд, ки тањќиќи њодисаи куштори сарнишинони «Тангем» дар мањалли Бидурди наздик ба Хоруѓро мехостанд. Њамчунин ин гирдињамомадагон талаб карданд, ки нерўњои њукуматї шањри Хоруѓро тарк кунанд ва дар охир се рўз ба нерўњои њукуматї мўњлат доданд. Як нукта дар ин гирдињамої хеле љолиб аст, ки онњо талаб карданд: сарбозе, ки сарнишинони «Тангем» - ро парондааст, ба
пас аз таслим шудани Толиб Айёмбеков ва сипарї шудани се рўзи мўњлати додаи гирдињамомадагон чї пеш хоњад омад? Маълум, ки онњо барои талаб кардани хуруљи нерўњо боз дастаки дигаре хоњанд дошт. Он гоњ њукумат чї иќдом хоњад кард? ФАРМОНДЕЊОН Вазъи кунунї њамчунин бо рўшан шудани бархе воќеиятњои дигар дар Бадахшон пеш меояд. То ин замон прокуратураи генералии Тољикистон алайњи 4 фармондењи Бадахшон Толиб Айёмбеков, Имом Имомназаров, Мањмадбоќир Мањмадбоќиров ва Ёдгор Шомусалламов як ќатор иттињомотеро расонаї кард, аз ќабили даст доштан дар ќочоќи инсон, маводи мухаддир, сангњои ќиматбањо, тамоку ва аз худ кардани пули калони «Амонатбонк». Аммо њамчунин иттилое вуљуд дошт, ки аз ин чор фармондењ ду нафар Имом Имомназаров, Мањмадбоќир Мањмадбоќиров озодона дар Хоруѓ дар ињотаи муњофизонашон зиндагї доранд ва љои будубоши ду нафари дигар Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Шомусалламов маълум нест. Акнун Айёмбеков пайдо шудааст ва њанўз иттилое нест, ки дар суд аз дигар иттињомоти алайњи ў ёд меоранд ё не. Ва бо фармондењони дигар чї гуна рафтор хоњанд кард? Пас аз ин њама маъракаи иттилоотї онњо њам боздошт ва ба суд кашида мешаванд, ё на? Айёмбеков њангоми мурољиаташ аз вохўрї бо президенти Тољикистон ёдовар мешавад. Ба ќавли ў, президент ба онњо гуфтааст, ки
шон ва «мозговой сентр» - и фармондењони вилоят номида мешавад, зимни мусоњибааш ба «Азия плюс» мегўяд, ки бо њукумат дигар музокира нахоњанд кард. Вай мегўяд, «мо чизе барои гуфтан надорем», агар њукумат музокира мехост, бояд то њамла ба Бадахшон тасмим мегирифт. «Агар аз паси мо оянд, мо мубориза мебарем. Бигзор, бо дасти холї, аммо то охир» мегўяд Имомназаров. Агар суханони рањбари аслии фармондењони Бадахшонро мавќеи умумии се фармондењи дигар пиндорем, пас хулосаи таслим шудани Толиб Айёмбеков ин мешавад, ки тарњи ба суд кашидан ва ё нобуд кардани онњо дар Бадахшон хеле ба сахтї пиёда мешавад ва ё намешавад, яъне бозињои њарду љониби ќазия идома дорад. Њамин тариќ, аз пешравињои нерўњои њукуматї дар Бадахшон гуфтан бармањал аст. Ин нуктаи хеле муњим низ дар сўњбатњои Толиб Айёмбеков ва Имом Имомназаров зикр мешавад, ки онњо пешравињои њукумат дар Бадахшон халъи силоњ ва таслим шуданњоро на хизмати њукумат, балки Имом Оѓохони Чорум медонанд. Пас рањбари исмоилиён дар ин ќазия то куљо наќш дорад? ИМОМ ОЃОХОНИ ЧОРУМ Аз оѓози амалиёти нерўњои низомї дар Бадахшон чанд рўз гузашта буд, аммо кам набуданд касоне, ки мегуфтанд: чаро ба ќазия Имом Оѓохони Чорум дахолат мекунад? Аз рўи иттилои мо, рањбари исмоилиёни љањон пас аз рўзи хунини ин њаводис 24 июл, ки беш аз 100 кас-
ро куштаву захмї ба љой гузошт, бо президенти Тољикистон сўњбат карда, пас аз он ба мардуми Бадахшон тариќи рањбари Бунёди Оѓохон дар Тољикистон Ёдгор Файзов мурољиат намуд ва онњоро ба хомўшиву њамкорї бо њукумат даъват кардааст. Пас аз ин мардум њам ба баргардонидани силоњњо шурўъ карданд, њарчанд гуфта мешуд, ки онњо танњо силоњњои аз сарбозони њукуматї гирифтаашонро супоридаанд. Њамчунин иттилоъ пахш шуд, ки мардуми мањаллї аз кўмакњои њукумат рў мегардонанд. Аммо суол ин аст, ки чаро Имом Оѓохони Чорум, ки рањбари маънавии исмоилиёни Бадахшони Тољикистон ва аз сармоягузорони кишвар аз даврањои вазнинтарини љанги шањрвандї то ба њол дониста мешавад, ба ќазия дер дахолат кард? Тахмин меравад, ки дахолати ў дар пайи исрори Иёлоти Муттањидаи Амрико сурат гирифтааст ва њамчунин дар бораи робитањои хуби ў бо Владимир Путин, президенти Русия сўњбат мекунанд. Аммо ахирї то куљо барои оромї дар Бадахшон метавонист манфиатдор бошад, дар њоле ки ин кишвар аз оѓози њаводис як гуна наќши миёнаро гирифта буд. Дар оѓоз вазорати корњои хориљии ин кишвар изњор дошта буд, ки аз сарнавишти шањрвандонаш дар Бадахшон нигарон аст, вале аз маќомоти Тољикистон посух гирифта буд, ки дар Бадахшон шањрвандони Русия нестанд. Аммо сомонаи «Памир-вести», ки дар Русия фаъол шуд, рўйхати 75 нафарро нашр кард, ки аз 4 то 40 сола њастанд ва шањрвандони Русия буда, њангоми амалиёт дар Бадахшон будаанд. Шояд тасодуфї бошад, вале дар ин рўйхат ному насаби ошно Айёмбек Айёмбеков, ки шояд ба Толиб Айёбмбеков робитае надошта бошад, низ вомехўрад. Пас дахолати Имом Оѓохон бо миёнљигарии Путин вобастагие надорад. Аммо мавќегирињои Русия, бешак, ИМА-ро набояд бетараф гузорад ва аз ин хотир, дар њалли ќазияи Бадахшон бояд кўшиш кунад. Аммо вахимии вазъ аз ин аст, ки наќши рањбари исмоилиёни љањонро, ки бештар бо Ѓарб робитаи хуб дорад, Русия ва Чин софу содда ќабул намекунанд. Онњоро чунин вазъ, ба ќавле, «девона» мекунад. Чин аз њукумати Тољикистон бармало њимоят кард. Русия, тавре гуфтем, мавќеи духўра ва ё мардумї карда, гўем, дурўя дошт. Бо ин вуљуд, то ба њол њимояташро аз њукумати Тољикистон баён накардааст. Ба њамин минвол, мардуми Бадахшон, пеш аз њама фармондењони он дар вазъи ногувор ќарор гирифтаанд. Маълум аст, ки онњо он ќадар мавриди писанди Русия њастанд, њамон ќадар вобастагї аз рањбари маънавии рў ба Ѓарби худ доранд. Вале дар соати Х тарозу ба нафъи кї поён мешавад? Дар чунин њол амалиёти њукумати Тољикистон то куљо анљом хоњад шуд: ин дафъа њам фармондењони Бадахшон мисли соли 2006 ба њукумат таслим намешаванд, ё нињоят Русия ба нафъи бањсњояш бо Тољикистон аз онњо даст мебардорад ва Имом Оѓохони Чорум барои наљоти пайравонаш аз шарри Чину Русия аз бањри онњо мебарояд? Аммо худи мардуми Бадахшон чї тасмим мегиранд: бо фармондењон хоњанд буд, ё ба онњо чашм хоњанд пўшид? Дар њар сурат, як нукта маълум аст, ки дар њоли ба хубї њал нашудани ќазия њама бори мусибатњои ин муќовимат ба дўши мардуми Тољикистон, пеш аз њама Бадахшон хоњад буд.
Ќиёми НУР
10 №21 (297), 15-уми августи соли
2012
Мушкили Ќудс мушкили мењварии олами Ислом аст. Зеро Ќудс аввалин ќиблаи мусалмонњост. Мањз аз њамин мавзеъи муќаддас меърољи Расули Акрам (с) оѓоз шудааст. Байтулмуќаддас аз сол ба солу аз моњ ба моњ харобтар аз ќабл мешавад. Режими ишѓолгар биноњои таърихиро валангор мекунад ва ба љои онњо барои яњудён хонањои нав месозад. Бо ин кор ду њадафро дунбол мекунад. Аввал, то метавонад бўи ќарнњоро аз машоми сокинонаш мебарад, нишонањои мазњабиро аз чењраи шањри бостон пок месозад, таърихро кўр мекунад ва дигар сокинони бумиро тадриљан берун меронад ва ба љои онњо яњудиёнро маскан медињад. Ба дигар маънї яњудикунонии шањрест, ки се дини самовиро рушд додааст. Аммо ин солу моњњо як сањнаи гарми сиёсї буд. Ба хотири озодии Ќудси шариф тўли ин муддат на садњо, балки њазорњо тан сина сипар карданд ва ошиќона дар роњи дифоъ аз муќаддасоти хуб љон бохтанд. Минтаќа то ин дам ду ќиёми мардумиро пушти сар гузошт, то ин ки шунида шавад. Лозим омад њазорњо тан бо дастони урён ва мушакњои ќавии режим истод шаванд. Ва дар поён ба дарки ин нукта расиданд, ки миллат дар мубориза обутоб меёбад. Ќиёми аввал, ки сар то сари арозии ишѓолиро фаро гирифт ва дар як муддати кўтоњ бо номи интифада машњур гардид. Ин аввалин эътирози сартосарии зиддисањюнистї дар Фаластин буд, ки билохира натиља дод. Давлати яњудї худро масъул ба он донист, ки Созмони озодибахши Фаластинро ба расмият бишносад ва моњи сентябри соли 1993 миёни ТелАвив ва ин созмон муоњадаи сулњи пешакї ба имзо расид, ки ба фаластиниён як мухторияти мањдуд дар навори Ѓазза, соњили ѓарбии рўди Урдун дода шуд. Тибќи њамин муоњада, ки онро пирўзии басо кўчак ва нахустини интифада меноманд, маркази идории фаластинї мебоист ба њалли мушкилоти арабњо дар навори Ѓазза масъулияти љавобгарї медошт. Вале Исроил њамоно дар заминњои ишѓолї ба њокимияти худ идома медод. Пештар аз Фаластин чунин ќиёми мардумї дар Арабистони Саудї, Бањрайн ва Ироќ рух дода будааст. Аммо ќиёми фаластинї ба солњо тўл кашидаву ќурбониёни зиёде доштааст. Њадаф аз он љалби таваљљўњи љомеаи љањонї ба мушкилоти мардуми Фаластин ва бедор кардани онњое, ки бояд соњибватан бошанд, вале њоло дар хоби ноз ќарор доранд.
РОЊ БА СЎИ ОЗОДИИ ЌУДС Баъди интифадаи аввал марњилаи дигари мубориза барои истиќлолияти Фаластин оѓоз шуд. Мањз дар њамин давра "Њамос" худро чун нерўи сиёсї муаррифї намуд. Вале барои ин лозим омад интифадаи дуюм низ пушти сар шавд, ки ба мавзўъи мо иртибот дорад. Оѓози ин интифада ба вуруди намоишкоронаи Ариэл ШАРОН - роњ-
ШАРЊИ ХАБАРИ №1 Њилларї КЛИНТОН гуфт, иддае аз кишварњои олам "ба Африќо пул медињанд, вале парвои онро надоранд, ки ин пулњо ба дасти њокимони худкома" меуфтанд. Котиби давлатии Амрико мушаххасан на аз кишваре ном бурд, ки пул медињад ва на мамлакатеро ном бурд, ки дар Африќо њокими худкома дорад. Вале Пекин зуд вокуниш нишон дод ва эълон кард, ки манзури Клинтон мањз Чин аст, на кишвари дигар. Њилларї КЛИНТОН њафтаи гузашта бори аввал як сафари фарогир ба ќитъаи сиёњпўстони олам дошт ва дар љараёни он аз Сенегал, Угандо, Судони Љанубї, Кения, Малавї, Африќои Љанубї, Нигерия, Гана ва Бенин дидан кард. Бино ба навиштаи "КоммерсантЪ" як сабаби мавриди таваљљўњи Амрико ќарор гирифтани Африќо тарс аз "бањори арабї" буд ва ин кишвар мегўяд, дар мамолики ин минтаќа њам не-
"Лайлатулќадри таърихи Ислом" ва шикасти такаббури амрикої
ЊАМА БАРОИ ФАЛАСТИН ДУО МЕКУНАНД... бари ваќти њизби "Ликуд"-и давлати яњудї ба масљиди "Ал-Аќсо" иртибот дошт, ки дар як муддати кўтоњ муљиби хашми бемонанди фаластиниён гардид. Он рўз бори дигар собит шуд, ки гуфтушуниди тўлонии Ёсир Арафот бо низоми сањюнистї ваќгузаронии бењуда аст ва Фаластинро танњо ќиёми мусаллањона метавонад наљот бахшад. Интифадаи дуввумро бештар ваќт ќиём ба хотири озодии Ќудси Шариф меноманд, ки њаќ аст. Тўли 7 сол аз оѓози интифадаи дуввум рўйдодњои басо муњиме аз сар гузаштанд, вале масъалаи калидии озодии Ќудс чун як масъалаи муќаддас ва басо муњим дар рўзномаи амали он боќї монд. Мушкили Ќудс мушкили мењварии олами Ислом аст. Зеро Ќудс аввалин ќиблаи мусалмонњост. Мањз аз њамин мавзеъи муќаддас меърољи Расули Акрам (с) оѓоз шудааст. Муњимтарин ибтикор дар талош ва озодии Байтулмуќаддас мансуб ба Руњуллоњ ал-Мусавї ал Хумайнї, роњбари фаќиди Инќилоби Исломии Эрон буд. Вай ба ин натиља расида буд, ки Байтулмуќаддасро танњо њамдастии њама мусалмонон наљот хоњад дод. Мањз ў буд, ки чун сарвари
як кишвари инќилобї мубориза барои Ќудси шарифро љањонї кард. Дар паёме дидгоњи худро ин гуна баён дошт ва пешнињод намуд: "Ман аз умуми мусалмонони љањон ва давлатњои исломї мехоњам, ки барои кўтоњ кардани дасти ин ѓосиб ва пуштибонони он ба њам бипайванданд ва љамиъи мусалмонони љањонро даъват мекунам охирин љумъаи мубораки Рамазонро, ки аз айёми Ќадр аст ва метавонад аз таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Фаластин низ бошад, ба унвони рўзи Ќудс интихоб ва тайи маросиме њамбастагии байналмилалии мусалмононро дар њимоят аз њуќуќи ќонунии мардуми мусалмон элом намоянд". Аз њамон сол то ба њол љумъаи охири моњи Рамазон рўзи њамрайъї бо мардуми Фаластин ва Рўзи љањонии Ќудси Шариф дар сар то сари олам, бахусус дар он нукот, ки садои муслимин шунида мешавад, таљлил мегардад. Рўзи Ќудс ва муборизаи мардуми Фаластинро лайлатулќадри таърихи Ислом номидааанд. Дар ин рўз мусалмонони олам бо баргузории чорабинињои эътирозї њамрайъии худро бо мардуми мазлум, вале ќањрамони Фаластин нишон
медињад. Бахусус, дар Эрон њамасола ин рўз басо бошукўњ таљлил мешавад. Мардону занони тазоњуротгар, ки на як њазору ду њазоранд, балки шумораашон аз дањњо њазор дар як шањр убур мекунад, бо шиорњои њамешагии душманкуш, садоњои расо ва ѓиреви раъдгун, эътирози худро ба гўши љањониён мерасонанд ва таваљљўњи ќудратњои љањониро ба мушкилоти мардуми Фаластин ва озодии Ќудси шариф љалб мекунанд.
МУБОРИЗА ИДОМА ДОРАД... Интифадаи дуюм бо баргузории як силсила амалиёти тахрибкорона дар ќаламрави Исроил машњур аст, ки аз љониби афроди шањодатталаб амалї шудааст. Баъди ин амалиёт Исроил даст ба инњисори сарзамини Фаластин зад, низоми басо шадиди вуруд љорї намуд. Барои яњудиён дохил шудан ба шањрњои арабнишин мамнўъ эълон гардид. Нуќтаи олии интифадаи дуввумро баргузории теракт дар шабу рўзи љашни яњудиён дар мењмонхонаи "Нетания" медонанд, ки мўљиби њало-
кати афроди зиёд гардид. Баъди ин Исроил бо номи "Девори муњофизатї" ба амалиётњои хасмонаи њарбї даст зад ва дар мањаллањои арабнишин дањњо нафари дигар, ки аксаран пирону занон ва тифлакон буданд, кушта шуданд. Даргузашти асроромези Ёсир Арафот дар бемористони Порис, ки имрўз шоеъоти бо полоний зањролуд шудани вай расонаї шудааст, як сањфаи мусибатбори муќовимати фаластинї буд. Аммо шадидтарин талафот шањодати Шайх Ањмади Ёсин муассис ва сарвари њаракати "Њамос" ва ноиби ў доктори Рантисї буд, ки нерўњои муќовиматро шадидан такон дод. Њоло њам намешавад ќурбониёни интифадаи дуюмро шумор кард. Бино ба баъзе гузоришот, дар сислсилаамалиётњои "Њамос" дар ќаламрави Исроил бештар аз 200 яњудї куштаву зиёда аз 1400 нафари дигар захмї шудаанд. Ин интифада мўљиби дар Исроил поён рафтани иќтисод ва коњиши сатњи зиндагии мардум шудааст. Илова бар ин хоб барои мардуми ќаламрави Исроил низ њаром шуд ва онњо ба он бовар шуданд, ки Тел-Авив њам бо ин њама иќтидораш наметавонад амнияти шањрвандонашро дар ќаламрави худаш таъмин намояд.
ШИКАСТИ ТАКАББУРИ АМРИКОЇ Имрўз боз њам аз харобии Байтулмуќаддас паёмњои изтиробангез мерасанд. Зарфи ду соли охир теъдоди кишварњое, ки њозиранд Фаластинро дар ќаламрави то соли 1968 бо пойтахти он Байтулмуќаддас бишносанд, афзудаанд. Ва музокароти сулњ миёни Фаластин ва давлати яњудї мањз ба њамин иллат мутаваќќиф шуд. Масъалаи Байтулмуќаддас ирода ва такаббури Барак Обамаро, ки дар оѓоз таъсиси давлати Фаластинро барномаи пешазинтихоботии худ ќарор дода буд, шикаст. Исроил аз бунёди шањракњои яњудинишин дар ќаламрави ишѓолї даст набардошт. Ва Фаластин низ ин бор зери фишори Вашингтон сари мизи музокарот барнагашт. Шарти он њамон аст, ки буд: ќатъи шањраксозї дар Байтулмуќаддас ва соњили Ѓарбии руди Урдун. Обама дар сиёсатњои Ховари Миёнаи худ ноком монд.
Фирўз МУЊАММАД
Нуфузи африќоии Чин ва нигаронии Амрико Равобит миёни Амрико ва Чин бори дигар рў ба тирагї овард ва сабабгори ин Њилларї Клинтон - Котиби давлатии ИМА шуд. Хабари мазкур субњи рўзи душанбе дар сархати расонањои машњури љањон ќарор гирифт. ИТАР - ТАСС, Рейтер, Франпресс, Форс ва дигар ожонсињои иттилоотї, ки аз сафари вазири хориљии Амрико ба Африќо гузориш медоданд, шарњи ин нуктаро дар авлавият ќарор доданд. рўњои исломгаро фаъолтар аз њар ваќти дигар шудаанд. Аммо тањлилгари "КоммерсантЪ" мушоњида кардааст, ки Вашингтон на аз Африќо, балки аз нуфузи Чин њарос дорад ва як сабаби сафари фарогир ба минтаќа мањз омўзиши њамин нукта будааст. Бино ба навиштаи ин нашрия, Амрикои саргарми Ховари Миёна бехабар монд, ки Пекин тадриљан дар ин минтаќа нуфуз пайдо кардааст. Вале воќеъият дигар аст. Чин барномаи нуфуз дар ќитъаи сияњпўстони оламро њанўз аввали солњои 1990 тарњрезї карда буд ва аз он солњо то ба ин замон тадриљан вориди минтаќа шуд ва имрўз
ба њадди тањдидовар барои Амрико расид. Бино ба омори расман интишорёфта, аллакай соли 2007 Чин дар равобити тиљоратї бо Африќо аз Амрико пеш гузашт. Гузашта аз ин, Пекин ба мамолики ин минтаќа сармояи бисёрмиллиарада ба ивази дастарсї ба захирањои нафту газ, металњои ранга ва сиёњ ваъдањои амалишаванда медињад. Клинтон дар љараёни ин сафар аз њамон сиёсати маъмули амрикої кор гирифт ва давлатњои минтаќаро тарсонд, ки равобит бо Чин ба манфиати онњо нест, танњо иртибот бо Вашингтон ба фоидаи ин
кишварњост. Клинтон гуфт: "Мо ба шумо њамкориеро пешнињод мекунем, ки арзишњои захирањои шуморо баргардонад. Замоне, ки бегонагон меомаданд ва њама сарвати ин минтаќаро бо худ мебурданд, бояд ба охир расад". Котиби давлатии Амрико аз демократия низ њарф зад ва гуфт бояд ба озодии баёну калом эњтиром гузошт. Ва ин мањз он нукта аст, ки Чин ба хотири манфиатњои худ нодида мегирад. Њоло вокунише аз Африќо расонаї нашудааст. Вале нуктаи муњим дар ин сафар њамон аст, ки гуфта шуд. Коњиш додани нуфузи Чин
ва дар сурати даст наёфтан ба ин њадаф истифода аз ѓояњои маъмули "демкоратї". Ба дигар маънї метавон дар ояндаи наздик љумбишњои мардумиву инќилобњои рангаро дар минтаќа аз хоки олам интизор буд. Ва боз ин дар њолест, ки Африќо нуќтаи осебпазири љањон аст ва ишорае кифоя аст, ки кишварњо мисли Судон ба ќисматњо људо шаванд ва ё аз њам пошанд. Ин ба нафъи Амрико низ нест. Вале њадаф агар заъиф сохтани таъсири Чин бошад, пас бигзор бесуботиву ноамнї дар минтаќа њоким гардад. Насрулло НИЁЗЇ
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
11
Аммо мераваду моро соли дароз дар фироќаш пазмону хунинљигар мекунад. Намехоњем аз мењмонии Худованд берун шавем, мехоњем бо Худо бошему Ў бо мо.
ЊОЛО ЊАМ ДУО КУНЕМ, КИ РАМАЗОН БО МОСТ Ва барњаќ мо њамагон дар паноњи ин моњ худро дур аз шарри шайтон медидем. Як моњи зхолї аз дасисањову тавтеањои шайт онї буд, ки њамакнун меравад. Рўзањову тиловатњои Ќуръон ва кори савобу зикрњои бандагонро ба шонањои муборак мебардорад ва сўи Рањмон мешитобад, то аз афъоли бандагонаш пеши Рабби оламин хабар дињад. Пас њоло њам мо ваќт дорем, њоло њам дар дохили моњи муборакем ва њоло њам имкони дуову талаби њољот бо мост. Пас рў орем ба даргоњи он бениёз ва пузиш хоњем аз гуноњони содиркардаи хеш. Дар мавриди дуо, шароит ва одоби он зиёд гуфтаву навиштаанд, ки ин љо зарур медонем бахше аз онро орем. Асли дуо дар фарњанг ба маънои талаб кардани њољат аст аз борї Таъолло ба ихлос. Гоњи дигар њадаф аз дуо мадњу ситоиши азамати худовандист, ки бештар хоси авлиёи арљманд аст. Авлиёи Худо њељ чизеро ба андозаи дуо хуш надоштанд, њама хоњишњо ва орзуњои дили худро бо мањбуби воќеъї дар миён мегузоштанд ва беш аз он андоза, ки ба матлубњои худ ањамият медоданд, њељ гуна эњсоси хастагї ва маломат намекарданд. Аз нигоњи ањли тариќат ва обидони њаќиќї саромади тамоми зебоињо ва њайрат њамоно таваљљўњ ба Худованд аст. Онон ёд ва зикри Худоро зеботарин ва шарифтарин њолот дар олами њастї медонанд. Таваљљўњ ва ишќ ба Худованд бузургтарин ќудратдињандаи рўњ аст ва рози хастагинопазириву шикастнопазирии мардони бузурги Илоњї низ дар њамин нукта аст. Дунё бидуни ёд ва зикри Худо куфристони бузурге хоњад буд, ки зиндагї дар он њар лањза-лањзааш зиндагии љањаннамї аст. Ёди Худованд коркушои ќудратманди мушкилот ва хос тањои одамиён аст. Албатта, ба шарти он ки хуб Ўро бишносем ва ба ў вафодор бошем ва ба хубї изњори бандагї кунем. ШАБИ ЌАДРРО ЃАНИМАТ БОЯД ДОНИСТ Ин моњи мубораку шариф шабе дорад, ки бењтарин шабњои сол аст. Ривоят аст аз Пайѓамбари Акрам (с), ки ба модари мўъминон Оишаи Сиддиќа (р) дуоеро гуфтанд, ки такрораш дар шаби Ќадр фазилати бенињоят дорад. Тирмизї ва Имом Ањмад њикоят кардаанд, ки Оиша (р) аз Расули Худо (с) пурсиданд: Агар ман Шаби Ќадрро ёбам, чї навъ дуо бикунам? Њазрат (с) фармуданд: "Бигў: "Аллоњумма иннака ъафуввун туњиббу л афва фаъфу ъанн и", яъне, "Худоё, ту авфкунандаи ва омурзандаи ва авф карданро дўст медорї, пас ай Худои ман (ба баракати ин Шаби Ќадр) аз гуноњони ман даргузар ва маро биомурзу маѓфират намо" Шаби Ќадр шабест, ки васфаш муљиби эљоди њазорњо маќолаву садњо љилд китоб дар таърихи Ислом шудааст. Ба навиштаи уламои бузург онро аз он "ќадр" номидаанд, ки
муќаррароти инсон дар њамин шаб навишта мешавад. Ва дигар он аст, ки Ќуръони бузург мањз дар њамин шаб барои бењтарину шарифтарин навъи башар, њазрати Муњаммади Мустафо (с) нозил шудааст. Дар сураи "Ќадр" Худованди Маннон мефармояд: "Мо Ќуръонро дар Шаби Ќадр нозил кардем". Китобе, ки њидояткунандаи мўъминон, барномаи амал ва зиндагии инсонњост. Китобе, ки бо гузашти бештар аз 14 ќарн
њарфаш дигар нашуд, мисли насронињо душманони дин талош9 карданд онро чун Инљили Исо (ъ) пора-пора созанд, то миёни муссалмонон ихтилоф андозанд. Вале чун њофизи он Худои Карим буд, ба онњо ин даст надод. Кадом шаб аз шабњои моњи Рамазон Шаби Ќадр аст, ривоятњо мухталиф ва гуфтугўњо зиёданд. Ќавли писандида он аст, ки Шаби Ќадр дар шабњои тоќи дањаи саввуми моњи
тааст". Дар њадиси дигар аз Пайѓамбар (с) ривоят шуда, ки фармуданд: "Њар бандае, ки Шаби Ќадр намози шом ва хуфтанро бо љамоат бихонад, бешак ў насибаи худро аз Шаби Ќадр њосил кардааст".
мўъминро аз моњи Рамазон ба ибодати њаљ интиќол медињанд. Ва чуноне мушоњида мекунем анљоми як ибодат ва шурўъи ибодати дигарро Худованд бо хурсандии бењадду канори мўъминин оѓоз мекунад.
ЧАРО ИД? Кас мехоњад боз соатњо аз фазилати ин моњи шариф њикоят кунад. Зеро Рамазон китоби сар то по њикматест, ки мутолиаи он инсонро њар-
Суннатњое, ки бояд риоя шаванд Яке аз ин суннатњо он аст, ки њар касе ба намози ид меояд, субњи бармањал бояд тибќи суннат ѓусл кунад. Бењтарин ва хушрўтарин либосњои худро бипўшад, хушбўињо бимолад ва бо пои ботањорат, ба табъи болида илољаш бошад пойи пиёда озими намозгоњ шавад. Дар роњ агар ягон мискинеро мебинад, садаќае, ки Худованд бар гардани мо гузоштааст, онро ба љо меорад. Маќсад аз адои садаќоти фитр ва њаќќи закот дар чунин рўзњои хурсандї он аст, ки одамњои нодор низ худро камбаѓал ва бебизоат фикр накунанд ва баробари дигарон ба ин хурсандї шарик шаванд ва он имконеро дошта бошанд, ки дар чунин рўз аз дўкон ё маѓозаву бозор чизеро харанд ва истеъмол кунанд. Худованд рўзаи бандаро байни замину осмон муаллаќ нигоњ медорад то замони додани фитри рўза ва чун фитри рўза дода шуд, он рўза ба даргоњи Худованд мерасад ва ба боргоњи ќабул меафтад. Ва суннати дигари ин ид он аст, ки зану мард, пиру барно, дорову нодор якљоя дар идгоњ њозир бошанд. Њатто љаноби Пайѓамбар (с) аз хона ба ќасди идгоњ омадан хориљ шудани занњо ва духтарони дўшизае, ки ба балоѓат расида бошанд, њам њанўз шавњар накардаанд, иљозат доданд. Ва боз ин ки ба занони дар он рўз њайздида ва таваллудкарда, ки онњо
Афсўс, ки айёми шарифи Рамазон рафт...
Акс аз allday.ru
Худован до! Ин моњро охирин моњи Рамазоне, ки барои Ту рўза гирифтаам, ќарор мадењ ва маро ба моњњои Рамазони дигар бирасон, то ин ки маро аз дунё ба саломат хориљ созї, дар њоле, ки аз ман хушнуд буда ва ман аз ту шодмонам". Аз ниёши бузургон дар охирин шаб аз моњи Рамазон буд, ки иќтибос шуд. Дар остонаи хайрбод бо ин моњи шариф њар кадом аз ошиќону шефтагони даргоњи Бориро ин њиссиёт фаро мегирад. Мушкил аст бо азизе падруд гўї, ки соли дароз бозомаданашро пазмон мешавї. Рафтани он рафтани як рўзу як моњ нест, рафтани тамоми сол аст. Ба ќавли Мирзо Муњаммадалии Соиб: Моњи Рамазон њофизи ин галла буд аз гург, Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.
шарифи Рамазон меояд. Имом Бухорї ва Имом Муслим њадисеро дар ин ќолаб аз Паёмбари Акрам (с) ривоят кардаанд, ки он Њазрат фармудаанд: "Шумо Шаби Ќадрро дар шабњои тоќи дањаи охири моњи Рамазон љустуљў намоед". Ин буд, ки Пайѓамбари Худо (с) дањаи охири моњи шариф эътикоф менишастанд ва тамоми ин шабњо шабзиндадорї мекарданд. Аксари уламо бар ин иттифоќи назар доранд, ки шаби 27 уми моњи Рамазон ин шаби ќадр аст. Махфї мондани ин шаб њикматњои худро дорад ва як њикматаш он аст, ки мардум ба њамаи шабњои ин моњ ањмият бидињанд ва њама шабњои онро чун Шаби Ќадр бо тоату ибодат зинда доранд. Аз он ки Пайѓамбар (с) њам мефармоянд: "Шояд махфї ва пинњон будани Шаби Ќадр барои шумо бењтар бошад…". Шаби Ќадр шабест, ки (фазилати он) аз (фазилати) њазор моњ бењтар аст". Њазор моњ баробар ба 84 сол, яъне умри як марду зани баркамол аст ва гар саодати дуову ибодат насиб кунад, инсон ба чї шарафи бузурге мерасад. Њам Бухорї ва њам Мусилим ин њадисро овардаанд, ки Расулаллоњ (с) фармуданд: "Њар бандае Шаби Ќадр Худоро ибодат кунад (илова ба фазилате, ки њосил мекунад) Худованд њама гуноњони гузаштаи ўро меомўрзад". Дар мавриди чї гуна барпо доштани шаби Ќадр назарњои зиёде тўли солњои дароз аз љониби муфассирон баён шудааст, ки аз миён се нуќтаи назарро меорем: тамоми шабро бо тањорату ибодат ба рўз овардан, ки љумла муфассирин инро бењтарин роњи истиќболи шаби Ќадр донистаанд. Дуюм, шабро бо думо ва тиловати Ќуръон гузаронидан ва нињоят сеюм адои намози хуфтан, таровињ ва бомдод бо љамоат дар масљид. Аз Абу Њурайра (р) ривоят шудааст, ки фармуд: "Њар шахсе намози хуфтанро бо љамоат бихонад, пас ба тањќиќ Шаби Ќадрро дарёф-
гиз хаста намекунад. Зарфи ин як моњ мо њам кўшидем аз ин њикматњову фазилатњо нависем ва њарчанд гуфтему навиштем, ба ќаври Саъдї дар аввали васфи он дармондем. Мегўем аз рафтани моњи шарифи Рамазон дилњоямон ѓамин мешавад, намехоњем ин моњи нусрат аз бари мо биравад, намехоњем баракаташро њам бо худ бубарад. Мехоњем бо мо бимонад. Аммо мераваду моро соли дароз дар фироќаш пазмону хунинљигар мекунад. Намехоњем аз мењмонии Худованд берун шавем, мехоњем бо Худо бошему Ў бо мо. Вале боз мегўяем, ки хатми Рамазон ид аст барои бандагони парњезгор. Чаро? Дар шањри ин суол китобњои мўътабар ва уламои киром мефармоянд, ки бандањои Худо, ки як моњ рўза медоранд, машаќќат мекашанд, ташнагиву гуруснагиву шаббедориро аз сар мегузаронанд, дар анљоми он Худованди бузург баргузории идро њукм кардааст. Дар ин моњи муборак Худованд ба мову шумо баракат додааст, сабру тањаммул ва бурдбориву муњаббат ато кардааст, онро моњи хайру саховат гуфтааст, моњи мубораки тиловати каломи худаш эълон кардааст ва њама хушињоро барои бандаи мусалмон мањз марбут ба ин моњи Шариф гардонидааст, баъди анљом мегўяд ид кунанд ва аз неъматњои худовандї сипосгузор бошанд, ки Парвардигор подоши накукоронро бидуни таъљил дар њамин дунё медињад ва дар њисоби рўзи ќиёмат ин аљру савоб пеши худи ў таъоллост ва дараљаашро касе љуз зоти муборак намедонад. Бо баргузории иди мубораки Фитр, ки аз анљоми ибодате мужда медињад, мо дар шурўъи ибодати дигар ќарор мегирем. Ба муљарради ба итмом расидани Рамазон моњњои омодагї ба њаљ шурўъ мешаванд. Моњњои Шаъбон, Зулќаъдаву Зулњиљља ду маљмўъ ду моњу дањ рўз моњњое мебошанд, ки бандањ ои
тањорат карда наметавонанд ва намоз намехонанд, иљозат дода шудааст, ки дар гўшаи идгоњ рафта нишинанд ва хутбаи ид ва мавъизаи имоми масљидро гўш кунанд. Баъди анљоми намози ид Худованди маннон ба фариштањои худ мегуфтааст, ки эй фариштагон, бандањои ман имрўз рўзаи худро ба анљом расониданд ва ба умеди аљру савоб ва мукофот њама ба идгоњ њозир шуданд. Шумо шоњид бошед, ки ман гуноњи онњоро бахшидам ва амалашонро ќабул кардам ва инњо ба монанди тифле, ки нав аз модар таваллуд мешавад, ба хонањошон бармегарданд. Ваќте ки дуо карданд ва њар чизе, ки аз Парвардигор хостанд, Худованд мегўяд ман хоњ њољатњои дунявї дорї ва хоњ њољатњои ухравї дорї њамаашро иљобат мекунам ва муяссар мегардонам. Баъд аз анљоми намоз мусалмонон бояд якдигарашонро ба оѓўш гиранд, муборакбод кунанд ва њар ранљише дар дил агар аз якдигар доранд, њамдигарро бубахшанд, кинањоро аз дил берун кунанд ва бо дили мисли оби мусаффо соф, тоза ва беолоиш аз масљид берун раванд. Агар падару модари пиронс ол дошт а бошан д, зуд ба аёдати онњо шитоб кунанд, беморонро аёдат кунанд. Агар волидайн дар ќайди њаёт набошад, сари манзилашон раванд ва бо дуову фотиња аз онњо ёд кунанд, рўњашонро шод намоянд. Ба хонави њамсояњо, хешу аќрабо раванд ва онњоро ба муносибати ин иди муборак табрик кунанд. Ва агар дар мањалла, дења ва ё њамсоягиашон одамонеро медонанд, ки дасткўтањ њастанд, нодоранд, онњоро аёдат кунанд ва дасти саховат дароз кунанд. Зеро хурсанд кардани як бандаи мўъмин дар чунин рўзњо аз иќдомњои муборак ва шоиста аст, ки пеши Худованд ќадру манзалати бузург дорад. Фирўзи МУЊАММАД
«Парвардигоратро бо њамд ва покї ёд кун ва аз вай омўрзиш бихоњ, ки њароина ў таъолло бисёр тавбапазир аст». Сураи Наср, ояи 3.
12 №21 (297), 15-уми августи соли
2012
Њанўз соли 2004 дар шабакаи интернет веб-сайти http://www.akn.tj бо забони русї ба кор шурўъ кард, ки он дар байни вазорату идорањо, аз љумла маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратии кишвар аввалин буд.
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
13
Ба назди мо њам омаданд, ки ин доруњоро харед, дар сафар кор меояд, аммо мо гуфтем, ки нархаш гарон аст ва нагирифтем, - мегўяд Абдулвосит, сокини Вањдат, ки имсол нияти зиёрати Хонаи Худо дорад.
«Тољирони Кумитаи дин» Кї доруњои Тиян Широ иљборї ба зоирон мефурўшад? Шањрвандоне, ки нияти зиёрати Хонаи Худо доранд, мегўянд, масъулони бахши динии шањру ноњияњо онњоро маљбур кардаанд, то доруњои истењсоли Тяш Шии Чинро бо ќиммати 800 сомонї харидорї кунанд. Як сокини Файзобод, ки њаљрав аст, мегўяд, њафтае пеш 4 намуд доруи чиниро, ки гўё аз растанињои кўњї тайёр шуда, ба саломатї фоида доштаанд, ба 800 сомонї харидааст. Вай гуфт: - Ду нафар, ки худро намояндаи Кумитаи корњои дин муаррифї карданд, ба њаљравандагон таъкид карданд, ки ин доруњоро харидан зарур аст ва ин талаботи кумита аст, - гуфт њамсўњбати мо. Аммо дар Кумитаи корњои дини назди њукумати Тољикистон дар бораи ин њодиса ва ба ном «тољирони Кумитаи дин» изњори беиттилої карданд. Абдуѓаффор Юсуфов, мудири шўъбаи равобити байналмилалии Кумита гуфт, ин хабар воќеият надорад ва дар ин бора ягон шикоят њам нагирифтаанд. Ба гуфтаи ў, Кумита дар њељ як ноњия дастуре надодааст, ки бахшњои мањаллї бо Тян Ши њамкории тиљоратї дошта бошанд. ТЯН ШИ ДАР ЉАЛАСАЊОИ КУМИТА? Аммо бино ба бархе манобеъ, дар навоњии атрофи Душанбе њан-
гоми љаласањои шўъбањои Кумитаи дин бо њаљравандагон намояндагони ширкати Тян Ши ширкат ва ошкоро зоиронро ба харидории мањсулоти хеш даъват мекунанд. Намояндагони ин ширкати маъруфи чинї дар Тољикистон ба зоирон кимати доруи худро аз будаш ќариб чанд маротиба гарон мефурўшанд. Маводи доруворие, ки ба 800 сомонї дар Файзобод ва Вањдат фурўхтаанд, дар Душанбе 17 ва 10 доллар нарх доранд. Ба пули тољикї - 48 то 80 сомонї. Тољиддин Лолаев, сарвари шўъбаи корњои дини шањри Вањдат ба «Нигоњ» иштироки намояндагони Тян Широ дар љаласањо бо њаљкунандагон тасдиќ кард. Аммо ба гуфти вай, намояндагони Тян Ши аз њољиён даъват кардаанд, ки њар кас барои харидани доруњои онњо ихтиёр дорад, маљбур нест. - Савдогарони Тян Ши ба назди мо њам омаданд, ки ин доруњоро харед, дар сафар кор меояд, аммо мо гуфтем, ки нархаш гарон аст ва нагирифтем, - мегўяд Абдулвосит, сокини Вањдат, ки имсол нияти зиёрати Хонаи Худо дорад. БА КИСАИ КЇ? Аммо вазъ дар Варзоб дигар аст. Як зоири варзобї орзу дорад, ки «хариду фурўши» кормандони шўъбаи дин ва њаљкунандгон ба охир расад.
Абдусамад шиква дорад, ки маблаѓи мушахас барои њаљ пардохт, аммо харољоти дигари он њам кам нест: - Ба ѓайр аз пули њаљро доданамон, як рўз панљ сўм барои роњбаладон, рўзи дигар китоб барои роњбаладї - 35 сомонї, кўмак барои ину он. Боз ин дорухариаш баромадааст, Худо кунад, ки то ба Варзоб нарасад. Бахтовар Холов, масъули шўъбаи дини њукумати ноњияи Варзоб њам ба мо гуфт, ки ба њољиён ягон намуди дору намефурўшанд. Имсол тибќи наќша бояд аз Тољикистон 6 њазор нафар зиёрати Ќаъба кунанд. Ба гуфти масъулон, њамаи њуљљатњои лозима омодаанд. Дар назар аст, ки 20 октябр њайати нахустини зойирини тољик рахти сафар банданд. Аммо агар аз ин 6 њазор њадди аќал 3 њазор он доруњои Тян Широ бо ќимати 800 сомонї харанд, 2 миллиону 400 њазор сомонї мешавад. Аз ин арзиши дору берун карда шавад, фоида куљо меравад: ба љайби ширкати чинї ё кї? ЊАР ЉО, КИ ВАЗИФА АСТ, ИСТИФОДА АЗ ОН МУЊИМ АСТ? Як масъули ширкати Тян Ши шањрванди Тољикистон баъд аз он, ки мо худро хабарнигор муаррифї кардем ва њадафи худро гуфтем, хоњиши сўњбат кардан накард. Ба гуфти вай, «фарњанги тиљорат њамин аст, мизољи худро бо чї роње набошад,
ДОРУЊОИ 400 СОМОНИИ ТЯН ШИ бояд ки ёбї. Тян Ши ширкати ќонунї аст ва солњои зиёд аст, ки дар Тољикистон фаъолият мекунад». Аммо ў бовар накард, ки арзиши доруњои он то 800 сомонї бошад. Ваъда дод, ки инро ба роњбарияташ мерасонад. Дар њамин њол, масъулони Кумитаи кор бо дини кишвар мегўянд, онњо танњо тавсия додаанд, ки њаљравандагон барои эњтиёт доруњои заруриро бо худ гиранд.
Аммо гап фаќат дар Тян Ши ё доруворї нест. Дар Тољикистон њоло њар нафаре, ки вазифаи расмї мегирад, талошаш њатман сари истифода аз он аст. Тањлилгарон њам бар ин назаранд, ки тиљорат дар маъракаи њаљ бозгўи истифода аз вазифа аст. Њарамгули ЌОДИР
P.S. «Нигоњ»: Њамаи он зоироне, ки доруњои ширкати Тиян Широ харидорї кардаанд, метавонанд ба идораи мо мурољиат кунанд.
14 №21 (297), 15-уми августи соли
2012
Ќабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оќибатњои фољиаи Чернобил ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии ЉТ барои фарзандони шањрвандоне, ки бар асари фалокати неругоњи барќї атомии Чернобил зарар дидаанд (ќарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18), амалї мегардад.
№21 (297), 15-уми августи соли 2012
15
Кўмакпулї барои бекорї ба мўњлати на бештар аз се моњи таќвимї, ба истиснои њолатњое, ки Ќонуни мазкур пешбинї намудааст, ба шањрвандоне пардохт мешавад, ки тибќи талаботи ќарори њукумати ЉТ аз 30 апрели соли 2004, №170 ба ќайд гирифта шуда, расман бекор эътироф гардидаанд.
?-И БОБ
НОМАИ БЕТАЊРИР
- Овоза аст, ки дафтарчањои мењнатї бархам хўрда, ба љои он дафтарчањои мењнатии электронї роњандозї карда мешаванд. Ин навоварї гўё барои сарфаи ваќт ва коѓаз будааст. Оё њамин овоза рост аст? Бигўед, ки ин навоварї аз кай боз дар љумњурї роњандозї шудааст? Сабтњое, ки дар дафтарчањои мењнатї ворид карда шудаанд, онњо ба кадом тариќ ба дафтарчањои мењнатии электронї гузаронида мешаванд? Оё њамаи сабтњо гузаронида мешаванд? Раљабгул ЁЌУБОВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Мутобиќи моддаи 56 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон наму наи тасдиќшу даи дафт арчаи мењнатї ва дигар њуљљатњои оид ба собиќаи кории корманд њуљљатњои асосии фаъолияти мењнатї буда, тасдиќкунандаи собиќаи кории корманд ба њисоб меравад. Намуна ва тарт иби љорї намудани дафтарчањои мењнатї, инчунин номгўйи дигар њуљљатњои тасдиќкунандаи собиќаи кории корманд бо ќарори њукумати ЉТ (аз 12 апрели соли 1999, №154 "Оид ба тасдиќи тартиби љорї намудани дафтарчањои мењнатии кормандон") тасдиќ карда шудааст. Барои кормандоне (корњои хонагї), ки дар назди ашхоси фардї кор мекунанд, дафтарчањои мењнатї пур карда намешавад (дар тањрири ќонуни ЉТ аз 25 марти соли 2011, №683). Тибќи ќарори њукумати ЉТ аз 30 декабри соли 2011, №668 њуљљатњои тасдиќкунандаи собиќаи кори кормандон инњо бањисоб мераванд: 1) Дафтарчаи мењнатї ва замима ба он. 2) Шартномаи мењнатї (ќарордод). 3) Фармоиш (Супориш) -и корфармо, ки тасдиќкунан даи амалкунї ва ќатъкунии муносибатњои мењнатї дар асоси шартномаи мењнатї (ќарордод) мебошад. 4) Иќтибос аз вараќаи пардохти музди мењнати кормандон. 5) Маълумотнома оид ба кор, ки аз љониби корфармо имзо ва мўњри корхона гузошта шудааст. 6) Маълумотнома оид ба фаъолияти мењнатї, ки аз љониби ду ва зиёда шоњид тасдиќ шудааст , дар њолате агар њуљљат бо сабаби њодисањои нохуш (заминларза, сўх тор, гирдбод ва ѓайра ) гум шуда бошад. 7) Маълумотномаи архив (бойгонї), ки дорои маълумот оид ба фаъолияти мењнатии корманд мебошад. Бо ќарори њукумати ЉТ аз 3 марти соли 2011, № 117 "Ќоидањои таъин ва пардохти кўмакњои иљтимої
ба соњибкорони инфиродї" тасдиќ шудааст. Ќоидањои мазкур тартиби њисоби собиќаи суѓуртавии соњибкорони инфиродиро, ки фаъолияти худро дар асоси Маълумотнома оид ба ќайди давлатии шахси фардї дар намуди соњибкори инфиродї ва ё Шањодатномаи њуќуќї пеш бурдани фаъолияти соњибкории инфиродї, ки дар маќомоти давлатии баќайдгирї ба ќайд гирифта шуда, пардохтњои суѓуртаи иљтимоиро пардохт намудааст ва инчунин тартиби таъмини иљтимоии онњоро ба танзим медарорад. Низомнома оид ба тартиби тасдиќи собиќаи корї барои таъини нафаќа, бо ќарори Шўрои вазирони ЉТ аз 31 январи соли 1994 , №45 тасдиќ шудааст. Мутобиќи Ќонуни ЉТ "Оид ба нафаќаи шањрвандони ЉТ" њ уќуќи нафаќаи мењнат иро шахсоне доранд, ки бо мењнати фоиданоки љамъиятї, бо фаъолияти мењнатии инфиродї машѓуланд, аз љумла дар асоси шартњои иљоракории инфиродї (гурўњї) ё дар хољагии шахсии дењќонї (фермерї), инчунин соњибкории инфиродї дар асоси патент ё шањодатнома машѓул мебошанд ва ба шарте ки ба Агенти давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии ЉТ њаќќи суѓуртаро пардохт карда бошанд. Бо назардошти ин давраи пардохти њаќќи суѓурта ба Агенти давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ба шахсони зикршу да бо маълумот номаи Агентї намунаш тасдиќшуда, муайян карда мешавад. Моддаи 731 ќонуни мазкур пешбинї менамояд, ки њисоби нафаќаи соњибкорони инфиродии дар асоси патент ё шањодатнома фаъолиятдошта аз рўи даромади панљсолаи умумї дар маќомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онњо, ки аз он бо назардошти меъёрњо, талаботи санадњои меъёрии њуќуќии ЉТ
- Давлат њангоми бекор мондани шањрванд дар асоси Ќонуни ЉТ «Дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї», боби 4, моддањои 24 - 28 - «Кафолатњои иљтимої њангоми бекор мондан» кафолатњои зеринро муќаррар намудааст: - Додани имтиёз ва љубронпулї ба кормандони аз корхонаю муассисањо ва ташкилотњо аз кор озод гардида;
Љаноби Мањмадсаид Убайдуллоев! Ба самъи Шумо мерасонам, ки ман наздик ба 3 сол, яъне то 01. 08. 2010 дар ширкати масъулияташ мањдуд «Пойтахт», ки роњбараш Мунаввархон Додохонов мебошад, ба њайси мутахассиси барќ кору фаъолият кардам. Тўли як с оли охири фаъолиятам ман дар ин ширкати сохтмонї, маоши мењнатамро гирифта натавонистам. Дар баробари ман садњо нафар шабу рўз аз аќиби Мунаввархон Додохонов барои гирифтани музди маошашон, ки солњо нагирифтаанд, медаванд. Оё њамин пойт ах т ба њ укумат и шањр ягон рабт дорад? Аз шумо хоњиш мекунам, барои баргардонидани музди маошам кўмак расонед. Таѓоев БОБОЉОН, нафаќахўр
?-И БОБ
ба маќомоти ваколатдори давлатии суѓуртаи иљтимої њаќќи суѓуртавї пардохт намудаанд, ё даромаде, ки аз рўи маблаѓи пардохтнамудаи андози иљтимоии муайянгардида њисоб карда шудааст, амалї карда мешавад. Дар њолате, ки агар шахси барои таъмини нафаќа мурољиаткунан да ба фаъолият и соњ ибкории инфиродї дар асоси патент ё шањодатнома аз панљ сол камтар машѓул шуда бошад, вале собиќаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 и ќонуни мазкур мутобиќ дошта, нафаќа аз рўи даромади миёнаи моњонаи эъломияшуда муќаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моњона дар ин њолат бо роњи таќсим кардани маблаѓи умумии даромади моњњои таќвимї ба шумораи воќеии ин моњњо муайян карда мешавад. Ба суоли Шумо, сардори шўъбаи меъёрбандї ва музди мењнати раёсати муносибатњои мењнатии вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии ЉТ Н. АВАЗОВА чунин посух дод.
?-И БОБ
- Шахсоне, ки муваќќатан дар љое кор намекунанд, мувофиќи ќонунњои љории Тољикистон аз кадом имтиёзњо бархўрдор њастанд? Шањрвандоне, ки бо љои кори доимї таъмин нестанд, мисли дигар давлатњо оё аз тарафи давлат ба онњо љубронпулї пардохт карда мешавад? Шањрвандон то чанд муддат метавонанд тањти ѓамхории давлат бошанд? Ањлиддин ХЎЉАНАЗАРОВ, сокини шањри Душанбе
«ПОЙТАХТ»-И ЌОНУНШИКАН БА УБАЙДУЛЛОЕВ ЯГОН РАБТ ДОРАД?
- Пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбї, такмили ихтисос ё бозомўзї дар асоси роњхати маќомоти хадамоти шуѓл; - Пардохти кўмакпулї барои бекорї; - Имконияти иштирок дар корњои љамъиятии музднок. Ба кормандони аз корхонањо, муассисањо ва ташкилотњо бо сабаби барњамхўрї, ихтисор намудани шумора ё штат аз кор озодшаванда њангоми ќатъ намудани шартномаи мењнатї имтиёз ва љубронпулї мувофиќи конунгузории ЉТ дар бораи мењнат дода мешавад. Даврае, ки дар давоми он шањрванд мувофиќи тартиби муќарраркардаи ќонунгузории ЉТ барои бекорї кўмакпулї, стипендия мегирад, дар корњои љамъиятї иштирок мекунад, собиќаи мењнатии ў ќатъ намегардад ва ба собиќаи умумии мењнатї дохил мешавад. Ба шањрандоне, ки аз хизмати њарбї тибќи даъват ба Ќуввањои мусаллањи ЉТ ва дигар ќўшуну сохторњои њарбї ва аз муассисањои иљрои љазои љиної ё аз муассисањои табобати маљбурї озод шудаанд, кумакпулї барои бекорї дар њаљми музди мењнати њадди аќали дар ЉТ муќарраргардида таъин карда мешавад. (ЌЉТ аз 31.12.2008с. №472). Кўмакпулї барои бекорї ба мўњлати на бештар аз се моњи таќвимї, ба истиснои њолатњое, ки Ќонуни мазкур пешбинї намудааст, ба шањрвандоне пардохт мешавад, ки тибќи талаботи ќарори њукумати ЉТ аз 30 апрели соли 2004, №170 ба ќайд гирифта шуда, расман бекор эътироф гардидаанд. Кўмакпулї дар асоси Ќонуни ЉТ «Дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї», таѓйирот ба ин Ќонун аз 31 декабри соли 2008, бо №472 ва 28 июни соли 2011, №724 инчунин дастурамал «Дар бораи тартиби пардохти кўмакпулї барои бекорї», ки 11 июни соли 2009 №35 бо ќарори њайати мушовараи вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии ЉТ тасдиќ шудааст, амалї мегардад. Ба суоли Шумо, директори Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират – Н. МАЊМАДУЛЛОЕВ посух дод.
- Айни њол таќсимоти кирмак ба сокинони ин ё он дења д ар асоси кадом тартибу ќоида ё муќаррарот дода мешавад? Кирмакњое, ки ба мо барои парвариш дода мешавад, давлатианд ё вобастаи ширкатњои хусусї? Дар масъалаи кирмакпарварї дењќон чї њуќуќу имтиёзњо дорад? Оё таќсими кирмак ба сокинони дења ин ихтиёрї аст ё маљбурї? Њангоми парвариши кирмак шояд дењќонон ягон имтиёз дошта бошанд, ки аз он айни њол бархурдор нестанд. Зиёд мехостам масъулони соња доири ин масъала як равшанї меандохтанд. Илњом ТАШРИФОВ, сокини дењаи Бедаки ноњияи Рашт - Тибќи "Барномаи рушди соњаи кирмакпарварї ва коркарди пилла дар ЉТ барои солњои 2012 -2020", ки 30 августи соли 2011,тањти №409 аз тарафи њукумат тасдиќ карда шудааст, барои ноњияи Рашт наќшаи истењсоли пилла 31 тонна муайян карда шудааст, ки давлатї аст. Оиди ин соња идораи пиллаи ноњия мутасадї аст. Таќсимоти тухми кирмак дар ноњия тариќи бастани шартномаи сетарафа, яъне байни идораи пилла, љамоат ва хољагињои дењќонї амалї карда мешавад. Хољагињои дењќонї дар асоси шартнома (њуќуќњои кирмакпарвар дар шартнома дарљ карда мешавад) ба кирмакпарварон шароитњоро муњайё менамояд. Cоли љорї кирмакпарварони ноњияи Раштро ЉДММ "Дўстии Афѓонистон" сармоягузорї намуд. Пеш аз саршавии мавсим кирмакпарварон бо тухми кирмаки хушсифат, маводњои лозимї, аз љумла дар таъмин ва дастрас намудани барги тут, таъмин ва ќисми маблаѓ пешпардохт карда шуд. Барои иљро намудани наќшаи гирифтаи ќуттии кирмак ба кирмакпарвар барои њар як килограмм пиллаи тари навъњои омехта 5 сомонї пардохт шуд. Кирмакпарварони пешќадам баъди фурўши пилла бо тўњфањои пулию молї сарфароз мешаванд. Ба саволи Шумо сардори Раёсати пиллаи Вазорати энергетика ва саноати Тољикистон Файзалї САФАРОВ љавоб дод.
ЭЪЛОН Дафтарчаи имтињоние, ки аз тарафи литсеи Чорбоѓи ноњияи Варзоб, тањти раќами № АБ 232108 ба шањрванд Рањматуллоев Мањмадулло Нурулоевич соли 2001 дода шудааст, ба сабаби гум шудан аз эътибор соќит дониста шавад.
АКСИ ГЎЁ
АНИСИ ВАЌТИ ОБРЕЗЇ...
16 №21 (297), 15-уми августи соли
2012
Нињоят ба назди як фавворае расид. Дар атрофи он харакчањои нишастро дида, ба яке аз онњо нишаста, ба фикр фурў рафт. Рўз бегоњ шуда буд…
ЛАТИФАЊО
«КАМПОТ» Дар ваќти омодагињо ба Корвони II Cулњу Вањдат (июли соли 2000) дар шањри Хоруѓ мо (кумитаи тадорукот) дар кўча бо Гелос ном як журналисти вилоят вохўрдем. Ман медонистам, ки ў хеле латифањои зиёд медонаду роњи дури моро (роњњои кишвар дар њолати хеле ногувор ќарор доштанд) кўтоњ мекунад. Ман ба ў гуфтам: - Акаи Гелос, рафтем ба Душанбеву Хуљанду Исфара! Ў гуфт: - Не, наметавонам! - Барои чї наметавонед? - Ба ман гуфтанд, ки то ба Душанбе мераси компот мешавї. «ШИМРО КАШ…» Дар ваќти расидани Корвони аввали Сулњу Вањдат ба дењаи Даштаки Ванљ мо ба собиќ силоњбадастони мањаллї, ки акнун намояндаи милитсия буданд, вохўрдем. Аксари иштирокчиёни Корвон (аз Мурѓоб, Ишкошим, Шуѓнон,
Шўхињо аз Абдуѓанї Мањмадазимов, раиси Анљумани сиёсатшиносони Тољикистон Хоруѓ, Рўшон, Роштќалъа ва ѓ.) шањрвандони мулкї -намояндагони маориф, тандурустї ва санъату маданият буданд, ки тафовути мо бо ин силоњбадастон баръало намоён буд. Аммо онњо (силоњбадастон) аксари њайати мизбонро ташкил медоданду дастурхон дар дасти онњо буд. Ман намехостам, ки бо њайати худ аз он љо гурусна равам. Мо як анъанаро дар ноњияњои болои љорї карда будем. Ба кўзаи нимшикаста хоки мањалро љамъ мекардем, ки дар нуктаи нињоии Корвон дар шањри Исфара як Кўзаи Вањдатро созем. Дар ваќти ба кўза андохтани хоки Ванљ аз тарафи як бонуи зебо, ки љонишини раиси ноњия буд, як намояндаи силоњбадастон (яке аз роњбарони онњо) бо «камуфляж» ба ман наздик шуду талаб кард, ки «Ман њам хокро ба кўзаи ягона меандозам». Мо боз як анъана доштем, ки дар њайат ягон нафар бо либоси њарбї ё яроќ њозир намешавад. Боз наворбардорон аз телевизиони Бадахшон акс мегирифтанд. Ман хостам, ки гўям «Либоси њарбиро иваз намо ва баъд хокро андоз», лекин сухани ман дигар хел садо дод «Шимро каш ва хокро андоз!». Ин талаб як хандаи умумиро, ки њам иштирокчиён Корвон ва њам њарбиёнро фаро гирифт ва он тафовутро аз байн бурд. Мо якљоя ва самимона хўроки нисфирўзиро хўрдем ва аз кўњњои осмонбўс ба водињо равона шудем. ТАРАФДОРИ ВАЊДАТ Пеш аз анљоми Корвонњо, ки намояндагони њамаи шањру ноњияњои кишвар иштирок мекарданд, мо дар осоишгоњи Хоља Обигарм як рўз истироњат намуда,
интизори вохўрї бо сарвазири кишвар шудем. Аксари дарњои хонањои кўњнаи осоишгоњ дар ваќти кушода пўшидан садои баланду гўшхарош мебароварданд. Ман бо гурўњи кўчаки кумитаи тадорукот, ки шахсони бузурги кишвар шомил буданд, њамаи хатсайрро ќариб дубора тай менамудем (зиёда аз 3000 км., чунки аз Мурѓоб то Исфара -1500 км), танњо як чизро - хобро интихоб менамудам. Наздикии сањар утоќи маро як нафар бошиддат мекўфт, ки нимкушода пурсидам: - Кї? Чї мехоњед? - Эй Сорбон, барои чї аз ањволи Корвониён хабар намегиред! Баъзе мардњо шаб ќариб хоб накарданду аз ин хона ба дигаре, маълум нест, ки зан аст ё мард дар онљо, беист рафтуо мекунанд? Ман хоболуд гуфтам, ки; - Ман тарафдори Вањдат њастам! ДАСТИ ДУО Дар тўли ташкил ва баргузории мањфилњои мубоњисоти сиёсї, ки мо дар он бо роњбарони њамаи шаш њизби сиёсии кишвар (2 њизби дигар баъдтар таъсис ёфтанд) аз Исфара то Ишкошим ба љаласањо мерафтем, чун анъана Муњиддин Кабирї, он ваќт љонишини роњбари ЊНИТ баъди хўрокхўрї дуо мекарду мо дасти дуо мебардоштем. Дар яке аз нишастњо дар водии Зарафшон баъди ноништаи навбатї Мирњусейн Назриев, собиќ роњбари њизби сотсиалист, ташаббус нишон дода, дуо карду мо дасти дуо кушодем. - Оњ, мо танњо як чизе доштем, ки њаминро низ гирифтанд! - гуфт Муњиддин дасти дуоро фароварда.
МАРДИКОРНОМА
Зулми поёни шаби сиёњ Имсол дар шањри Иркутск корњои Аслиддин ном муњољири тољик, чун њарсола хуб нашуд. Танњо корњои майдачуйда ёфт мешуд, ки ба иљозатномаи кор, иљораи манзил ва хўрокпу лиаш базўр мерасид. Нињоят пас аз гуфтугўњои телефонї бо додарарўсаш тасмим гирифт, ки назди ў - ба Маскав равад. Аслиддин чиптаи ќатора харида, ба сафар баромад. Додарарўсаш ба ў дар паёмак (смс) нишонаи зисташро навишта, фиристод ва таъкид кард, чун ба Маскав расад, ба дилхоњ таксї нишаста, ба он нишонї ояд. Аслиддин бегоњирўзї ба ќатора нишаст. Дар ќатора бо се љавон дар як "купе" њамсафар шуд. Пас аз ду - се суолу посух фањмид, ки бо онњо наметавон сўњбати дўстона орост. Суолу љавобњо кўтоњакак оиди аниќ намудани миллати њамдигар буданд. Љавонњо худро арман муаррифї карданд. Бо забони арманї байни худ сўњбат мекарданд. Аслиддин кати худро ороста, хоб рафт. Садои гўшхароши баландгўяк, ки эълони ба роњ баромадани ќатораеро мекард, ўро аз хоб бедор намуд. Сањар шуда буд. Нурњои хуршед аз тиреза ворид шуда "купе"- ро равшан мекарданд. Аслиддин носхалтаи худро љуст, то хумори худ бишканад. Бо чашмони нимкушода даст ба таги болинаш бурд ва онљоеро, ки дирўз носхалтаашро гузошта буд, кофт. Пас аз пайдо накардани носхалта аз љой нимхез шуда, болинашро бардошт. Ин дам чашмаш ба ка-
тњои атроф бархўрд, ки холї буданд. На љавонњои арман буданду на борхалтањои онњо. Аз набудани бистарињои сафеди кати онњо Аслиддин пай бурд, ки онњо аз катора фаромадаанд. Ў носхалтаи худро наёфт, аз паси шиша ба берун нигоњ кард, хост фањмад, ки ин истгоњи кадом шањр аст. Ин шањри Красноярск буд. Дар ин ваќт дар дурии 60 - 70 ќадам аз ќатора он се љавони њамсафарашро дид, ки бо шитоб мерафтанд. Аслиддин сар ба болин нињода, боз каме дароз кашид. Ќатора аз љой љунбид ва мунтазам суръат гирифта, ба роњ баромад. Аслиддин хост чанд будани соатро донад ва тасмим гирифт, агар барваќт бошад, боз каме дигар бихобад. Ба ин маќсад боз даст ба таги кўрпа бурда, телефони дастиашро кофт. Бо пайдо накардани он батамом њушёр шуд. Аз љой бархост ва кўрпаю болинро тагурў кард, аммо аз носхалта ва телефони мобилї нишоне набуд. Хавотир шуда токчаи борхалтамониро кофт. Вањ! Борхалтаи ў нест! Ѓайр аз костюмаш дар онљо чизе набуд. Костюмро гирифта, даст ба љайбњои он бурд. Ѓайр аз шиносномаву дусе танга дигар чизе набуд. Ду њазор рубле, ки дошт, низ набуданд. Муддате дар љояш нишаста, шах шуд ва ба фикр фурў рафт. Дилаш ба чизе намесўхт, ба љуз телефони дастиаш, чунки нишонае, ки бояд онљо мерафт дар паёмак (смс) њифз шуда буд ва чандин раќамњои телефон низ. Ў раРаиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон
Њ аф тан о ма д ар Ва зо ра ти ф ар њ а нг и Љ у мњ у р ии Т о љи к и с то н ба ќ а й д г и р иф та шу д аа с т.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01
ќами телефони додарарўсашро азёд намедонист. Бори дигар хеста тамоми "купе"-ро чапаю роста карду носхалтаашро зери миз пайдо намуд. Арзу шикояташ ба роњбалади ќатора кор надод. Роњбалад таклиф кард, ки агар бењад чизи ќиматашро дуздидаанд, пас ба пулиси навбатдори ќатора мурољиат намояд. Бегоњї дар истгоњи шањри Новосибирск як зани руси тахминан 40 - сола ба "купе" ворид шуда, њамсафари баъдинаи ў шуд. Инак, ќатора ба истгоњи охирини худ, шањри Маскав расид. Аслиддин аз ќатора поён омад. Дасти холї ва костюм дар китф. Пойњо ба пеш бардошта мешуданд, ќадамњо зада мешуданд ва самти роњравї таваккал ва беидора буд. Аслиддин аз истгоњ баромада, ба пайроњае рањсипор шуд. Вале худ намедонист, ки ин пайроња ба куљо мераваду ў куљо рафтанист. Дар тањи дил ба Худо шукрона мегуфт, ки он зани миёнасоли рус ўро гурусна нагузошт ва њатто ваќти дар шањри Перм аз ќатора фаромадан 500 рубл њам дод. Аслиддин бо пайроњањо мерафту мерафт, аммо худ намедонист ба куљо. Нињоят ба назди як фавворае (фонтан) расид. Дар атрофи он харакчањои нишастро дида, ба яке аз онњо нишаста, ба фикр фурў рафт. Рўз бегоњ шуда буд…
www.ilhom.wordpress.com
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
Заъифдиндавлат Абдуллоњи МУЊАЌЌИЌ, донишманди улуми ислом: - Тибќи ќонунгузории ЉТ ташкилотњои динї аз давлат људоанду давлат аслан дар корњои диндорї дахолат намекунад, балки дар инљо худи ин ташкилотњо аз љумла Шўрои уламо бисёр заъифанд. -Аз ўњдаи амалиёти "Ошўро- 2011" набуромад гуфтанї- ми Шумо, муњаќќиќ?
Диплотањдидвазир Анатолий АНТОНОВ, муовини вазири дифои Русия: - Бояд таъкид намоям, ки њузури низомии Русия кафолати амнияти Тољикистон, Русия ва минтаќа аст. - О, моњонам, њамина андеша кара, "хайрамаќдам" гуфтосим-де! Шумо чанд бор бояд тањдид, э, мебахшед, таъкид кунед?
Сохтќањрамонњизб Мањмадалї ЊАЙИТ, муовини раиси ЊНИТ: - Мо дар даврони Шўравї ќањрамонони зиёде доштем. Имрўз њам ќањрамонони зиёде дорем, вале унвонњои мо њама сохта аст. - Садќаи њаму даврањову ќањрамонош-э, нањзатирам дустъш медошту коммунистошаму демократошам!
Коршиносмоњдиплом Рањматулло ВАЛИЕВ, коршинос: - Тасаввур кунед, афроде, ки мактабро нахондаанд, донишгоњро хатм мекунанд. Маълумотнома ва дипломи ѓариќонунї дар донишгоњи тиббї ва аграрї ошкор шуда буд. Ин гуна ахшос њоло дар истењсолот ва идорањои давлатї кор мекунанд. -Мо ба ин воќеият одат кардему шумо дар бораи тасаввур гап мезанед, аз моњ нав чаппа шудед-мї?
Харобљомеъаљой Исмоил РАЊМАТОВ, устоди донишгоњи славянї: - Шахси бесаводу бемаълумот соњиби аттестат, диплом ва љой аст. Ин гурўњи инсонњо имрўз худашон, фардо фарзандонашон љомеаро хароб мекунанд. - Теоремаи нави Пифагор: - Суръати харобшавии як љомеа ба њосили зарби вазни ин гурўњ ва њосили љамъи квадратї домод, язна ва фарзандони ин гурўњ баробар аст.
Сармуттамуаммо Њамза НАВРЎЗОВ, сармутахассиси Раёсати тањсилоти умумї ва то мактабии Вазорати маориф: - Барои мо њам муаммо аст, ки чаро бисёртар аз литсейњо, ба хусус литсейи туркиву тољикї дар озмунњо бештар ширкат мекунанду љойњои намоёнро сазовор мешаванд? - Офарин! Њаргиз ин муамморо фош накунед, сармуттахассиси содиќ!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09