Нуриддин ЉАРОНЇ:
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
1
ФАРРУХ НЕСТ, ИЌДОМ НЕСТ, ИЛЊОМ НЕСТ... КОРГАРДОН НЕСТ... САЊИФАИ 7 № 24 (507). Чоршанбе, 15-уми сентябри соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
-УМ СОЛ БО ШУМО!
АНДЕШАИ ХОС
МАНУ ПАНТУРКИЗМ САЊИФАИ 5
ДАР «ТОЉИКСОДИРОТБОНК»
МИРЊАЁТ ЁЌУБОВ АЗ ВАЗИФААШ САБУКДЎШ ШУДААСТ САЊИФАИ 4
ЉОЙГОЊИ ТОЉИКОН
ДУЗДИИ БУДЉЕТ: АЗ КЎЧАРУБЇ ТО... Чї тавр дар шањре, ки раисияшро принсинноктарин мансабдори Њукумати феълї ба уњда дораду эњтироми кўчарубонаш сиёсати муњими шањрдорї ќаламдод мешавад, пули буљетї бо истифода аз "љонњои мурда" дуздї мешавад?
ЧОЛИШИ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ МИЁНИ АБДУЛЛОЊ ВА ЃАНЇ САЊИФАИ 14
ГИРОМИДОШТИ «НИГОЊ»
ФАРРУХ ЌОСИМ - НОБИЃАЕ ДАР САЊНАИ ЊУНАР САЊИФАИ 10
?-И БОБ
ОРИЁЇ БУДАН ЧЇ МЕДИЊАД? САЊИФАИ 15
БАХТИ БАРГАШТАИ ОХИРИН ГУРЕЗАИ ЉАНГИ ТОЉИКИСТОН
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
ТАДЌИЌОТИ ЖУРНАЛИСТЇ
ДУЗДИИ БУДЉЕТ: АЗ КЎЧАРУБЇ ТО...
Чї тавр дар шањре, ки раисияшро принсинноктарин мансабдори Њукумати феълї ба уњда дораду эњтироми кўчарубонаш сиёсати муњими шањрдорї ќаламдод мешавад, пули буљетї бо истифода аз "љонњои мурда" дуздї мешавад? КОРГАРЕ, КИ 3 СОЛ ЉОЙИ КОРАШ НАРАФТААСТ Кўчаруб Юсупов Муллораљаб (Юсуфзода Муллораљаб Розиќ) њарчанд давоми 3 сол ба кор нарафта буд, аммо масъулини Муассисаи давлатии истифодабарии роњњои ноњияи Сино (МДИР) љойи кори ўро њифз карда, ўро аз кор озод накардаанд. Бале, ў расман кўчаруб буд, аммо намедонист, ки бо вуљуди ба кор нарафтанаш, њоло њам корманди МДИР-и ноњияи Сино аст. Расо баъд аз 3 сол, ваќте ба ў хабар расид, ки њоло њам фармони аз кор озод кардани ў содир нашудааст, ў бовар накард. Барои санљиш ба онљо рафта, хоњиш кард, то барояш маълумотнома ва њуљљат дар бораи маошаш бидињанд. Кормандони МДИР бидуни ягон шубња ба ў маълумотномаро дод. Дар маълумотномаи ў омадааст: Дода шуд ба Юсупов Муллораљаб њаќиќатан дар Муассисаи давлатии истифодабарии роњњои ноњияи Синои шањри Душанбе дар Шўъбаи обёрикунї кор мекунад. Аз 08.07.2013 бо маоши ... сомонї." Дар маълумотномаи дигари МДИР-и ноњияи Сино омадааст, Юсупов Муллораљаб дар соли 2015 њудуди 12.066 (дувоздањ њазору шасту шаш) сомонї ва дар шаш моњи аввали соли равон 6127 (шаш њазору як саду бисту њафт) сомонї маош гирифтааст. Њол он ки кўчаруби собиќ Муллораљаб мегўяд, 1 сомонї њам аз ин маблаѓ ба дасти ў нарасидааст ва маълум нест, ки ин маблаѓро кї гирифтааст. Аљоибот! Аммо ќиссаи ба кор даромадани Муллораљаб аљибтар аст: Ў дар њаќиќат соли 2013 замоне, ки бекор буд ба идораи МДИР-и ноњияи Сино мурољиат кардааст, то ўро ба кор ќабул кунанд. Аз ў 2 дона акси 3х4, ариза барои ба кор ќабул кардан, нусхаи шиноснома ва маълумотномаи тиббї талаб карда, ўро ба кор ќабул намуданд. Муллораљаб мегўяд: "Баъди њамин дигар касе занг њам назад ва ман фикр кардам, ки онњо аз бањри ман баромаданд. Аммо намедонистам, ки масъулини МДИР аз номи ман њар моњ маош мегирифтаанд. Њатто ба номи ман дар "Тољиксодиротбонк" корти бонкї кушода, њар моњ аз буљет ба номи ман музди мењнат мегиранд. Илова бар ин дар иду љашнњо кўмакпулї низ мегирифтаанд, аммо кї гирифтааст?, -суол мегузорад њамсўњбати мо. Дар нусха аз фармони ќабули Муллораљаб, ки дастраси мо шуд омадааст, ки ў дар асоси аризааш аз 3.07.2013 ба њайси коргар ба МДИР-и ноњияи Сино ќабул карда шудааст. Ќањрамони мо дар идома гуфт, "охирон бор 31-уми августи соли равон, ваќте барои кадом њуљљате ба Шуъбаи кадрњои МДИР-и Сино рафтам, онњо нохост аз ман суол карданд, саркор ва бригадират кї њастанд. Табиї буд, ки ман инро надонистам ва мудири шуъбаи кадрњо талаб кард, аризаатро навис туро аз кор озод мекунем. Ман њам бе ягон шикоят ариза навиштам. Баъди як њафта рафта, дафтарчаи мењнатиамро гирифтам,-мегўяд Муллораљаб. Юсуфзода Муллораљаб ягона шахсе нест, ки бо номаш дар МДИР-и ноњияи Сино маблаѓњои буљет азхуд карда мешаванд. Њол онки манобеи мо дар МДИР-и Сино мегўянд, ба монанди Муллораљаб "коргарон"и сохта кам нестанд ва барои ошкор карда-
ни ин нафарон танњо як иќдоми шањрдорї дар намуди комиссияи ногањонї кифоя аст. Яъне шањрдорї метавонад танњо бо ташкили як комиссияи бехабар аз масъулини МДИР љойњои кориро тафтиш намояд ва даќиќ кунад, ки онњо то куљо њаќиќї њастанд. Дар давоми тањќиќот ба мо муяссар шуд, ки дар умум ба шахсияти 5 коргари сохта равшанї андозем. БИЁСМОИ 17 ЊАЗОРА Биёсмо Њусайнова, њамсари Фахриддин Файзов, саркори МДИР-и ноњияи Сино мебошад. Давоми соли 2015 ва 3 моњи аввали соли равон яъне дар 15 моњ ў њамчун корманди МДИР-и ноњияи Сино ба ќайд гирифта шуда буд. Њар моњ ба номи номи 802 (њаштсаду ду) сомонї маблаѓ ва инчунин дар 3-4 моњ як маротиба кўмакпулї људо мешуд. Дар табелњои корї чунин ќайд мешуд, ки гўё Биёсмо њамарўза ба кор меояд. Шавњари ў саркор Фахриддин ба маошу кўмакпулї ќаноат накарда, барояш аз МДИР-и ноњияи Сино ашёи корї аз ќабили љорўб, собун, хокаи либосшўї, камзули корї, мўза људо кард. Бо ин роњ Биёсмо бо мусоидати шавњараш давоми соли 2015 ва 3 моњи аввали соли 2016 соњиби ќариб 17 њазор сомонї гардид. Шояд барои њамин кор буд, ки шавњараш Фахриддин Файзов аз кор озод шуд. "Ба нафаќааш 3 соли дигар монда буд" Гулинор Давлатова, сокини шањри Душанбе бояд ба нафаќа мебаромад. Тибќи ќонунгузорї дар Тољикистон нафаќа аз рўи ду низом таъин карда мешавад. Барои муќаррар кардани нафаќаи миёна 2сол ва ё 5 соли ахирї корї ба њисоб гирифта мешавад. Шањрванд дар ин њолат ихтиёр дорад, ки худ интихоб кунад ки нафаќаи ў аз рўи маоши 2 соли ахири ў њисоб карда шавад ва ё 5 сол. Ба њамин хотир, Гулинор Давлатова бо саркор Саид Мискинов маслињат мекунад, ки ўро њамчун коргар ба ќайд гирад, вале маблаѓи маош ва кўмакпулї миёни њардуи онњо таќсим хоњад шуд. Номи хонум Гулинор дар табели баќайдгирии и ваќти корї бо мусоидати Саид Мискинов навишта мешуд. Аз њисоби буљети шањри Душанбе бо номи Гулинор Давлатова дар давоми ќариб 3 сол зиёда аз 20 њазор сомонї маош ва мукофотпулї људо шудааст. "ХУДАШ РАФТУ НОМАШ МОНД" Ќиссаи роњруб Наргис Ѓафурова дигар аст. Аз миёни 5 ќањрамони мо танњо ў баъди аз кор рафтан њам номаш њамчун коргар мондааст. Наргис Ѓафурова аз моњи марти соли 2008 дар МДИР-и ноњияи Сино кор мекард. Дар кор иштирок дошт ва маошу кўмакпулињоро ба ивази зањматаш ба
даст меовард. Моњи январи соли 2015 ў аз кор рафт, вале бо саркор Саид Мискинов маслињат карданд, ки бигзор номи ў дар табели баќайдгирї рафтан гирад, чун њам барои ў собиќаи корї мешавад ва њам маошро таќсим мекунанд. Бо ин усул Наргис Ѓафурова бо Саид Мискинов тавонистанд дар давоми 15 моњ ќариб 15 њазор сомонї маблаѓи буљетро ѓайриќонунї аз худ кунанд. "АЗ ЗИЁД БУДАНИ ТЕЪДОДИ КОРМАНДОН СЎИСТИФОДА КАРД" Фарзона Ќањњорова, ќањрамони дигари матлаби мо худ намедонист, ки коргари МДИР-и ноњияи Сино аст. Манобеи мо дар МДИР-и ноњияи Сино мегўянд, дар зери дасти Нормањмад Бобоев, саркори ин муассиса 134 нафар кор мекард ва Фарзона њам яке аз онњо буд. Љаноби Бобоев тахмин кард, ки донистани њамаи кормандони зертобеаш барои роњбарон ѓайриимкон аст ва аз ин њисоб Фарзонаро њам ба рўйхати коргарон ворид карда, маош ва кўмакпулињои ўро соњиб мешудааст. Роњрўб албатта бидуни љоруб, собун, жилет ва мўза фаъолият карда наметавонад. Дар МДИР-и ноњияи Сино чизро хуб медонистанд ва ба њамин хотир ба номи Фарзона Ќањњорова низ ашёњои корї аз ќабили љорўб, собун, хокаи либосшўї, жилет, мўза ва ѓайраро аз њисоб бароварданд. Ин маводњоро саркор Бобоев фурўхта 731 сомонї маблаѓро азхуд кардааст. Давоми 15 моњ масъулини МДИР-и Сино тавонистанд, ки ба номи Фарзона Ќањњорова ќариб 10 њазор сомонї маблаѓи буљетро аз худ кунанд. УСУЛЊОИ ЉОЛИБИ ЉАЛБИ КОРГАРОНИ СОХТА Сохтакории љойњои корї аз љониби масъулин бахусус саркорон дар МДИР-и ноњияи Сино бо тарзу усулњои аљибе ба роњ монда шудааст. Тадќиќоти журналистии "Нигоњ"
БА ТАВАЉЉУЊИ РАИСИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ МАЊМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ
нишон дод, ки ташкили љойњои кории сохта бо чанд усул амалї карда мешавад. "Љонњои мурда" яке аз усулњост. Усулњои дигари љалби коргарони сохта, ки мо тавонистем ошкор кунем, чунин аст: 1. Саркорон наздикони худро ба кор ќабул мекунанд. Бо ин роњ онњо ду фоида ба даст меоранд. Нахуст дар хона нишаста њам соњиби 660 сомонї (њоло 790 сомонї) мешавад ва њам собиќаи корї мегиранд, ки барои нафаќаи баланд кўмак мекунад. Манобеи "Нигоњ" дар ин муассиса мегўянд, наздикони онњо танњо рўзњое ба муассиса омада, либоси коргарї ба бар мекунанд, ки агар комиссия аз Њукумати шањр барои додани кўмакпулї ё мукофотпулї ба МДИР ояд. Ин усул аз як коргари сохта то 10 њазор сомонї фоидаи солона меорад. 2. Ваъдаи собиќаи корї. Масъулини МДИР мардони аз 60-сола боло ва занони аз 55-сола болоро ваъдаи собиќаи корї дода, аз онњо ариза ва дигар њуљљатњояшонро барои ба кор ќабул кардан мегиранд. Чун дар системаи нафаќаи Тољикистон маоши 2 соли ахир ба њисоб гирифта мешавад. Ба ин гуруњ коргарон маош лозим нест, ба онњо танњо собиќаи корї лозим аст. Фоидаи миёнаи ин истифодаи ин усул то 20 њазор сомониро ташкил медињад. 3. Коргар аз кор озод мешавад, аммо аз рўйи њуљљат њамоно корманд њисоб мешавад. Тањќиќи мо нишон дод, ки ин усули аз њама љолиб ва осони таъсиси љойи кории сохта аст. Ин кор бо ду усул амалї мешавад: а) Бехабар аз коргар ва ё бо маслињати пешакї миёни корманд ва масъулини корхона. Коргар бо сабабњои гуногун аз ќабили ихтисор, содир кардани ягон камбудї ва ё сабаби дигар аз кор меравад. Агар корманд ягон гуноњ карда бошад ба мулоимї аз ў талаб мекунанд, ки аризаи аз кор рафтанашро нависад. Ў менависад ва хотирљамъ мешавад, ки аз кор рафт. Аммо бехабар аз он ки њоло њам номи ў дар табели баќайдгирии кормандон рафта истодааст, вале маошу кўмакпулии ў аллакай насиби дигар кас мешавад. Як њамсўњбати мо гуфт, њарчанд ўро аз кор љавоб додаанд, вале то њол њуљљатњояшро бо њар бањона намедињанд. б) Бо маслињати пешакї миёни корманди озодшуда ва саркор.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
ФОШКОРЇ
КЎЧАРЎБ ШУДАН ДАР ДУШАНБЕ ОСОН НЕСТ... Коргар мехоњад бо сабабе аз кор равад. Њарчанд мехоњад аз ин кор равад, вале имкони соњиби маош ва њам собиќаи корї шудан баъди рафтанро дар ин корхона медонад.Дар ин њол ў бо ягон масъули корхона "маслињат" мекунад ва кор "њал мешавад": маош миёни масъулин ва "коргар" таќсим мешавад. Як моњ аз "коргар" ва як моњи дигар аз "боло". Њисоби фоидаи бедардимиён аз истифоди ин усулњо барои мо номумкин буд, аммо маќомот метавонанд онро њисоб кунанд. Ин роњу воситањое буданд, ки мо зимни тањќиќоти журналистї ошкор кардем. Чандин роњњои дигар низ мављуд будаанд, ки бо сабаби тасдиќи худро наёфтан мо аз овардани онњо худдорї мекунем. Љойњои кории сохта ва ѓайриќонунї азхуд кардани маблаѓи буљет танњо дар МДИРи ноњияи Сино ва ё шањри Душанбе нест. Ќаблан њолатњои мазкур дар чандин минтаќањои Тољикистон низ ошкор шуда буд. Аммо маќомот бо сабабњои гуногун аз ифшои ин маълумотњо худдорї мекунанд, танњо ишора мекунанд, ки бале чунин њолатњои мављуданд.
ОЁ КАСЕ ЉАОБГАР ШУДААСТ? Огоњони њол мегўянд, ваќти ошкор шудани чунин њолатњо ду роњ мављуд аст: ё маблаѓи зарар барќарор карда мешавад ва ё роњбари он муассиса ба вазифааш хайрбод мегўяд. Роњбари МДИР-и ноњияи Сино Бозоралї Њаётов, шояд баъди ошкор шудани камбудињо буд, ки аз маќомаш барканор шуд, аммо аљиб аст, ки ў "ба боло рафт": муовини аввали раиси ноњияи Исмоили Сомонї таин гардид. Љаноби Њаётов дар суњбат ба "Нигоњ" гуфт, "ин камбудињо аз пештар буданд. Пештар каме камбудињояшон будааст. Баъде ки ин корњо ошкор шуданд нисбати шахсони содиркарда њар кадомаш барои кори кардааш љазо гирифт."
МАЌОМОТ ИН МАСЪАЛАРО ЉИДДЇ НАМЕГИРАНД Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи њисоб, нињоди назораткунандаи сарфшавии маблаѓи буљет дар посух ба суоли "Нигоњ" гуфт: "Мо дар якчанд корхонањо чунин љойњои кории сохтаро ошкор кардем, ки роњбарон номи хешу таборњои худро њамчун коргар навишта, маошњои онњоро азхуд кардаанд." Зоњиран Раиси Палатаи њисоб инро мушкили љиддї њисоб накард ва гуфт, "ин камбудињоро дар ваќти тафтишњо бартараф мекунем." Коршиносон мегўянд, ташкили љойњои кории сохта ин агар аз як тараф маблаѓи буљетро нобуд кунад, аз љониби дигар ба захирањои мењнатї дар кишвар таъсири манфї мерасонад. Азимљон САЙФИДДИНОВ, коршиноси масоили иќтисодї дар суњбат ба мо гуфт, љойи корї барои шахс ташкил карда мешавад, вале дар њолате, ки дар инљо коргари сохта ќабул карда мешавад, пас натиљаи кор ба сифр баробар аст. Яъне кори муайяншуда иљро намешавад. Ба назари ин коршиноси тољик, "аз ин њисоб њамчунин захирањои инсонї дар кишвар зарар мебинанд. Зеро коргарони сохта дар сари кор нестанд ва табиист, ки натиљаи кор ба даст намеояд. Шумораи шахсоне, ки бо кор таъмин мешаванд дар кишвар кам намешавад. Агар њамин самти хизматрасонии комуналиро гирем тозагї ва экологияи шањр бењбудї намеёбад." Њамсуњбати мо мегўянд, бо иваз шудани роњбар дар корхонањо љойњои кории сохта дар аксар њолат ошкор намешавад. Чунки ин амал раиси навро аз манбаи даромад мањрум карда, роњбари ќаблї бояд ба љавобгарї кашида шавад. Азимљон Сайфиддинов инро њолатро "занљири сарбаста" меномад.
ОЁ ТАНЊО САРКОРОН ГУНАЊКОРАНД? Роњбари собиќ ва масъули имрўзаи МДИР танњо саркоронро дар ташкили љойњои кории сохта муттањам мекунанд. Бозоралї Њаётов ва њам муовинаш Хуршед Мирзоев дар суњбат ба мо гуфтанд, дар ташкили љойњои кории сохта асосан саркорон даст доранд, чун онњо табелњои омаду рафти кормандонро пур мекунанд. Аммо тањќиќи мо маълум кард, ки дар ин кор танњо саркорон даст надоранд, ё њаддиаќал дигарон инро медонанд, вале чора намебинанд. Дар ташкили љойњои кории сохта чандин љиноят љой дорад, аз љумла сохтакории њуљљатњо. Юсуфзода Муллораљаб гўё аз моњи июли соли 2013 дар МДИР-и ноњияи Сино кор мекунад. Аз моњи июни соли 2014 то моњи марти соли 2016 маоши ўро кадоме аз масъулини МДИР тариќи корт мегирифт. Баъдан аз моњи марти соли 2016 бо пайдо шудани мушкилї дар "Тољиксодиротбонк" маош аз хазина дода мешуд. (Дар бораи корт мо дар поён мегўем). Аммо чигуна ва кї аз моњи марти соли 2016 то 5-уми сентябри соли 2016 ба љойи Муллораљаб дар њуљљатњо имзо гузошта, маош гирифтааст? Ин саволест, ки бояд масъулин љавоб гардонанд. Дар ин кор на танњо бригадир ё саркор, балки шуъбаи кадр ва њатто муњосибот низ даст доранд. Мо инљо касеро гунањкор намекунем, аммо чигуна бояд бовар кард, ки муњосиб ва ё хазиначї давоми 6 моњ як маротиба њам напурсиданд, кї чаро худи корманд омада имзо намекунад ва маошро намегирад? Илова бар ин дар њамаи љашнњо барои кормандони МДИР кўмакпулињо аз тарафи шањрдори Душанбе тариќи комиссия пардохт мешавад. Барои мо номаълум буд, ки масъулини МДИР чи гуна намояндагони
Ў мегўяд, "дар њолати иваз шудани роњбар ду вариант метавонад амалї шавад. Ё љойњои кории сохта ошкор мешаванд ва ё ин чиз боз такмил меёбад. Лекин инњо якдигарро ошкор намекунанд, чун агар ошкор кунад худаш аз даромад мемонад ва пешинааш ба љавобгарї кашида мешавад".
ДАР АСЛ МУЛЛОРАЉАБ ЮСУФЇ ЊЕЉ ГОЊ СОЊИБИ КАСБИ ИФТИХОРИИ КЎЧАРЎБ НАБУДА, ХАБАРНИГОРИ НАШРИЯИ «НИГОЊ» АСТ
шањрдориро њам фиреб дода, кўмакпулии "љонњои мурда"-ро њам мегиранд. Шояд санљишгарон низ љузъе аз низоми мављуда шудаанд? Суолест, ки посухи расї мехоњад, аммо дар ин кор "санљишгарон" танњо нестанд. НАЌШИ БОНКЊО ДАР СОХТАКОРЇ Дар ташкили љойњои кории сохта на танњо МДИР-њо балки бонкњои Тољикистон низ даст ба ќонуншиканї мезадананд. Тибќи ќонунгузории бонкї корти плостикї танњо дар асоси шартнома миёни бонк ва шахси воќеї кушода мешавад. Њатто агар корхона низ дархости кушодани корт барои кормандашро карда бошад, пас бонк бо худи корманд шартнома мебандад ва кортро мекушояд. Дар ин њолат бонк бояд кортро ба дасти корманд бидињад, на ба дасти ягон нафар. Корти бонкї ва тамоми маълумотњои он сиррї бонкї ба њисоб мераванд ва касе љуз бонк ва соњиби корт њаќ надорад онро бидонад. Лекин тањќиќоти "Нигоњ" маълум кард, ки "Тољисодиротбонк"ин ќонуни бонкиро вайрон карда, иљозат додааст, ки корти шањрванд аз љониби шахси дигар истифода шавад. Бо номи Юсуфзода Муллораљаб яке аз ќањрамонњои мо дар ин бонк корти плостикї кушода шуда њазорњо сомонї маблаѓ ба он вориду хориљ шудааст. "Тољиксодиротбонк" бо дархости МДИР-и ноњияи Сино аз 1 январи соли 2014 ба номи Юсуфзода Муллораљаб Розиќ корти бонкї кушодааст ва то моњи марти соли 2016 ба номи ў њар моњ 740 сомонї сомонї маблаѓ ворид ва хориљ гардидааст.
3
ЧАРО ПРОКУРАТУРА ХОМЎШ АСТ? Масъулини Прокуратураи шањри Душанбе аз ироаи маълумот дар бораи чї ќадар ошкор шудани љойњои кории сохта дар соли гузашта ва соли равон худдорї карданд. Мо барои гирифтани маълумот дар бораи чї ќадар ошкор шудани љойњои кории сохта дар муасссањои буљетии пойтахт расман ба Прокуратураи шањри Душанбе аз санаи 8.08.2016 мурољиат кардем. Аммо масъулини ин нињод аз посух додан суолњои зерини мо расман худдорї карда, далел оварданд ки њоло тафтишот нисбати 4 саркор идома дорад. Мо инро ќабул кардем, аммо маќсади љавоб гирифтан ба суолњои зерин буд: 1. Дар нимсолаи аввали соли равон ва соли гузашта дар дигар муассисањои истифодабарии роњњои шањри Душанбе њолатњои љойњои кории сохта ошкор шудааст? 2. Чанд масъули ин муассисањо барои ташкили љойњои кории сохта ва азхудкунии маблаѓи буљет ба љавобгарї кашида шудаанд? 3. Љойњои кории сохта боз дар кадом муассисањои буљетии шањри Душанбе аз љониби Прокуратура ошкор карда шудааст? 4. Ин раванд нисбат ба солњои гузашта кам шудааст ё зиёд? Чї ќадар? 5. Бештар дар кадом муассисањои буљетии пойтахт љойњои кории сохта ошкор шудааст? Аммо Прокуратураи шањри Душанбе бо такя ба талаботи моддаи 14-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи дастрасї ба иттилоот" аз посух ба суол худдорї кард. Бори дуюм мо санаи 19.08.2016 бо мактуби расмї ба Прокуратураи шањри Душанбе мурољиат кардем. Аммо ин навбат Прокуратураи шањри Душанбе дар асоси Ќонун "Дар бораи мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї" мукотибаро бо мо ќатъ намуд. -Прокуратураи шањри Душанбе мурољиати такрории Шуморо оиди пешнињод намудани маводњо оиди ташкили љойњои корї дар муассисањои буљетии пойтахт ва њолатњои аз ин њисоб ѓайриќонунї аз худ намудани маблаѓњои буљетиро баррасї намуда, бинобар беасос будани мурољиат мукотибаро ќатъ менамояд, -омадааст дар посухи Прокуратура. Њуќуќшинос Абдулмаљид РИЗОЕВ, мегўяд, посух ба суолњои боло ба ягон сирри давлатї дохил намешавад. Ин маълумотњоро на танњо рўзноманигорон, балки шањрвандон њам њаќ доранд, фањманд. Зеро масъалањои буљет бояд сирри давлатї надошта бошад, зеро буљет аз кисаи шањрвандон аст ва онњо њаќ доранд бифањманд, ки пули онњо ба куљо сарф мешавад. Инчунин ин њуќуќшинос мегўяд, Прокуратура њаќ надорад мукотибаро бо рузноманигорон ќатъ намояд. Њамин аст, муносибати маќомоти таъминкунандаи иљрои якхелаи ќонунгузорї дар Тољикистон ба дархости як институти љомеаи шањрвандї, куљо расад ба номаи кадом як шањрванди одї... Дар Тољикистон љойи кор яке аз мушкилињои љиддї аст ва ба хотири набудани љойи кор њамасола зиёда 1 млн. шањрванди Тољикистон ба муњољират мераванд. Коршиносон мегўянд, сохтакории љойњои корї дањњо ва шояд садњо нафарро аз љойи кор дар ватан мањрум мекунад. БА ЉОИ ХУЛОСА Тадќиќоти "Нигоњ" маълум кард, ки дар Тољикистон масъалаи љойњои кории сохта дар сатњи зарурї баррасї намешавад. Масъулин дар ин бора суњбат кардан намехоњанд, нињодњо онро љиддї намегиранд. Њол он ки ин амал љиноят буда, боиси ѓайриќонунї азхудшавии маблаѓи буљет мешавад. Дархостњои бељавоби "Нигоњ" ба Прокуратураи шањри Душанбе, Суди ноњияи Сино, Хадамоти назорат дар соњаи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї ва аз посух гурехтани раиси Палатаи њисоб баёнгўи ин њаќиќат мебошанд. Шояд роњбарони ин нињодњо фаромўш кардаанд, ки худи онњо низ назди ќонун, љамъият ва Президенти Тољикистон, ки онњоро ба ин вазифањои пурмасъулият таъин кардааст, масъулият доранд?
ДАРХОСТ Њайати эљодии "Нигоњ" бо нашри ин матлаб аз Сарвазири Љумњурии Тољикистон, љаноби Ќоњир Расулзода эњтиромона хоњиш мекунанд, ки барои баргузории тадќиќоти журналистї љињати кашфи "љонњои мурда" зимни сохтмони НБО"Роѓун" мусоидат намоянд. Бо хонандагони нашрия интизори посухи расмии љаноби Сарвазир њастем.
"Нигоњ"
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
Амирњамза Њалимов, яке аз охирин гурезањои љанги Тољикистон, 23 сол аз 25 соли истиќлоли Ватанашро дар Афѓонистон сипарї кардааст, ахиран њаќќи иќомат дар Аврупоро ба даст овард, вале ба далели надоштани ягон асноди расмї натавонист Кобулро ба тарки паноњгоњи наваш тарк кунад. Амирњамза Њалимов рўзи 13 сентябр гуфт, дар моњи марти соли 2016 гранти давлатии Иттињодияи Аврупоро ба даст овард, ки ба ўву ду фарзанди алакай баркамолаш, ки дар Афѓонистон њамроњаш њастанд, имкони иќомат дар њудуди кишварњои узви ин созмонро фароњам меовард. Танњо масъала худро ба Аврупо расондани ин хонаводаи ѓариб буд. Аммо, мегўяд Амирњамза, "мо аз ин грант натавонистем истифода барем, чунки ягон њуљљати расмї надорем, ки ба њавопаймо савор шавему аз Кобул бароем. Маќомоти Тољикистон мегўянд, чунин нафаре табааи кишвари мо нест, љониби Афѓонистон тайи ин 23 соли зиндагии мо дар ин сўи Омў ба ин далел ки Афѓонистон ќонуни паноњандагї надорад, будубоши моро расмї намекунад. Идорањои СММ аз соли 1997 асноди моро "баррасї" доранд, вале њар боре ки мурољиат кунем, мегўянд, мунтазир бошед, зарур шуд, мо худамон даъвататон мекунем. Дар натиља, мо натавонистем аз гранти Иттињодияи Аврупо истифода барем ва аз ин азоби беватаниву бењуљљатї худро халос кунем." Амирњамза Њалимов, зодаи рустои Љарќўрѓони ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон њоло 50 сол дорад. Ў њамагї 26 сол дошт, ки бо ањли
АМИРЊАМЗА ЊАЛИМОВ ЊОЛО 50 СОЛ ДОРАД, КИ 23 СОЛАШРО ДАР МУЊОЉИРАТ СИПАРЇ КАРДААСТ
БАЪДИ ЉАНГ
ДУ ПИСАРИ БАРКАМОЛИ АМИРЊАМЗА ЊАЛИМОВ ДАРКОБУЛ
ўяд, тайи ин њама соле ки дар маркази интиќолии вазорати муњољирони Афѓонистон дар Кобул ба сар мебарад, пайваста машѓули мутолиа мебошад ва ин њама танњо ба як хотир, ки роњи ояндаи фарзандонашро пайдо кунад. Бо ин њол, ин ќањрамони мо аз ањволи њамсару се фарзанди дигараш, ки дар соли 2007 ба Тољикистон баргаштанд, изњори бехабарї мекунад, Ў мегўяд, ибтидо талош мекард, ки онњо пешаш баргарданд, вале: "Баъди њар тамоси ман онњоро барои бозпурсї мебурданд ва ман њам ба ин хотир, ки озорашон надињанд, дигар тамос намегирем бо онњо." Амирњамза барои ќонунб кардани маќоми худу фарзандонаш дар Афѓонистон ба тамоми идорањо сар задаву њатто як Анљумани паноњљўёни тољикро таъсис дода буд, ки як муддат, аб њисоби худи ў, 314 узв дошт: "Њоло ягон 50 нафар боќї мондаанд. Дигар њама дилмонда шуду ё тарки Афѓонистон кард, ё аз мубориза барои њаќќи худ даст бардошт. Мо то Шўрои вазирон
БАХТИ БАРГАШТАИ ОХИРИН ГУРЕЗАИ ЉАНГИ ТОЉИКИСТОН хонаводааш дар поёни соли 1992, ваќте љангиёни Фронти халќї - як тарафи љанги шањрвандии Тољикистон - водии Вахшро ишѓол карданд, худро ба хотири наљоти љон ба Афѓонистон зад. Онњои то соли 1997 дар урдугоњи паноњљўёни тољик дар Кампи Сахї ба сар бурданд. Соли 1997, баъди имзои созишномаи сулњ, аксарияти кулли гурезањои тољик аз Афѓонистон баргаштанд, вале Амирњамза дар онљо гўё барои умрбод дармондааст. Ў мегўяд, ки шароити сулњ бо њукуматро ќабул надорад ва онро танњо як њила барои пас бурдани фирориён мешуморад, Амирњамза Њалимов мўътаќид аст, ки њаводиси солњои охир дар Тољикистон њаќ будани иддаои вай дар бораи оќибатњои ин сулњро собит карданд. Амирњамза Њалимов мегўяд, соли 1997, ваќте идораи паноњандагони СММ муњољирони тољикро ба бозгашт водор кард, ў њам то лаби марз рафт, вале тањдидњои маъмурони амниятї вайро аз бозгашт ба Ватан боздошт: "Падару модарам рафтанд, хешу таборам њам. Вале дар бораи онњое, ки бозгаштанд, хабарњои гуногун ба гўш мерасид, ки инрову онро баъди баргаштан террор кардаанд. Ва ман ба њамин далел худдорї кардам аз бозгашт." Амирњамза бо хонаводааш соле чанд дар Мазори Шариф ба сар бурд, солњои њукмронии Толибон ба Пешовар рафт ва билохилра дар Кобул, дар як њуљрае ки дар маркази интиќолии вазорати муњољирони Афѓонистон барояш људо кардаанд, љо гирифт. Дар ин солњои дарбадарї дар Афѓонистон соњиби 5 фарзанд шуд, духтари калониаш дар њаминљо издивољ кард, њам-
сараш дар соли 2007 дигар ба азоби дарбадарї тоб наовард ва бо се писари хурдиашон Абдурањмон, Абдукарим ва Абдурањим - ба Тољикистон баргашт. Амирњамза бо ду фарзанди калонї - Муњаммад ва Абдулло - дар Кобул монд. Амирњамза мегўяд, ба иллати дарбадарї фарзандонаш дар тањсил ањ њамсолони худ 4 сол ќафо монданд ва њоло Муњаммади 21-сола ва Абдулло, ки 20 сол дорад, њарду дар синфи 10-уми литсейи машњури "Њабибия"-и Кобул тањсил мекунанд: "Њардуяш бо бањои аъло мехонанд ва бо таъбири маъруф, аълосиёни синфи худанд. Ва он њам дар литсейе, ки фармондењи шўњратёр Ањмадшоњи Масъуд шогирди њамин мактаб буд." Ин паноњљўи тољик мегўяд, њукумати феълии Тољикистонро ќабул надорад ва ба ин далел ба њељ ваљњ ба Тољикистон баргаштанї нест. Ў мегўяд, тамоми кўшишаш барои он аст, ки барои фарзандони худ битавонад як ояндаи бењтаре дуруст кунад: "Мехоњам ки онњо шароити хуби тањсилу пешрафт дошта бошанд. Ман дар ин њама гирдоби зиндагї - сар карда аз замони љанг ва то имрўз аз ояндаам мањрум шудам, вале мехоњам ки фарзандонам соњиби ояндаи худ шаванд." Худи Амирњамза Њалимов то оѓози љанг дар Тољикистон дар донишгоњи тиббї тањсил мекард. Баъди фирор ба Афѓонистон низ, ваќте гурўње аз муњољирони љавонро барои тањсил ба Покистон бурданд, Амирњамза муддате дар риштаи тибби донишгоњи Пешовар тањсил кард, вале онљо њам тањсилаш нотамом монд. Ў мег-
ва то парлумони Афѓонистон рафтем, ки маќоми моро рўшан кунанд. Гуфтанд ќонуни паноњандагиро тавшењ хоњем кард. Дар порлумон моро хостанд ва ба вазорати муњољирин супориш доданд ки ќонуни паноњандагиро њачи зудтар тартиб ва танзим намуда ба порлумон бифристад, то мо тавшењаш кунем ва мушкили паноњандагон њал шавад. Баъд аз як сол кор сарї ќонуни паноњандагї ба Шўрои вазирон рафт ва аз Шўрои вазирон пас баргашташ хулоса доданд ки агар мо ин ќонунро дар Афѓонистон пос кунем, аз кишварњои њамсоя њама... ба Афѓонистон паноњ меоранд." Амирњамза мегўяд, танњо "љурм"-и ўву наздиконаш ширкат дар гирдињамоињои соли 1992 буд. Њамин "љурм" боис шуд, ки сарнавишти ин мард батамом ба сурати дигар бичархад ва инак 23 сол аз 50 соли умраш дар азоби беватанї тай шудааст. Бе њуљљат, бе ягон шуѓл, бе оянда. Ва бо онки ў аз имкони истифодаи њатто гранти Аврупо мањрум шуд, њанўз маълум нест, ки оё боз чанд соли дигари зиндагии ин фирории баргаштабахти тољик, ки яке аз охирин гурезањои љанги Тољикистон њам номаш мебаранд, бо ду фарзанди мисли падар дарбадараш дар њамон як њуљраи танги маркази интиќолии вазорати муњољирон дар як гўшаи Кобул хоњад гузашт. Аммо касе њаст, ки дасти Амирњамза Њалимов, ин яке аз охирин гурезањои љанги Тољикистон ва ду фарзанди мисли ў дарбадарашро бигирад?
аст. Рости гап ман раиси муваќќатии бонкро 12 ду бор дида будам ва ўро хуб намешинохтам. Њама дар дохил рост нигоњ карда истода буданд. Як одам аз байни њамонњо, ки баъдтар фањмидам роњбари муваќќатии бонк Ёќубов Мирњаёт аст, "ин чї аст ин чї аст гуфта", аз гулўям ќапида бурда дар болои як миз афтонду хафа кард. У гулўямро сахт хафа карда мегуфт, гап зан ки инро (жучок)-ро њамроњи кї ва барои чї мондї?!! Шумо "жучок" монда моро гўш мекунед. Роњбари муваќќатии бонк имконият намедод ки ман гап занам чун бо дастам гулуямро сахт медошт. Нафасам гирифту ќариб мемурдам, вале кормандони нав ва доимии бонк сардори департаменти бехатарии бонк ва дигарон дахолат накарданд. Сардори хадамоти беха-
тарї њатто љуръат накард, ки омада маро аз дасти раис халос кунад. Баъд ногањон раиси муваќќатии бонк маро озод карду ба яке аз муњофизонаш Сафар фармон дод, ки "инро гирифта мебаред ва дар Бонки миллї мањкам мекунед ва баёноташро мегиред". Муњофиз маро маљбуран ба даруни њољатхонаи бонк, ки дар пањлўи кабинети раиси бонк будааст, наздики 2 соат њабс кард, -наќл мекард А.О. . Ин хабар сару садоњоеро дар љомеаи кишвар ба бор овард ва љабрдида А.О. расман ба маќомоти интизомї мурољиат намуд. Дар пайи мурољиати ў маќомоти прокуратура ба тафтиши ин ќазия шуруъ карданд. Алњол тафтишоти пешакї идома дорад.
Мирзои САЛИМПУР
СЕРХОНАНДАТАРИНЊО
МИРЊАЁТ ЁЌУБОВ АЗ ВАЗИФААШ САБУКДЎШ ШУДААСТ Мирњаёт Ёќубов, роњбари муваќќатии "Тољиксодиротбонк", ки њамзамон дар Бонки миллии Тољикистон ифои вазифа мекард, аз маснади сардори Раёсати амалиёти байналмилалї сабукдўш шудааст. Дар ин бора Ожонси иттилоотии ТojNews дар такя ба манобеи огоњаш дар низоми бонкии кишвар иттилоъ додаст. Бино ба итилои ожонси иттилоотї, Ёќубов, ки номаш дар робита ба латукўби корманди 63 -солаи ЉСП "Тољиксодиротбонк", барои насби камерањои назорати пинњонї (жучок) расонаї шуд, пеш аз љашни Истиќлол аз вазифааш дар БМТ сабукдўш шудааст. Аммо дар БМТ пахши ин хабарро салоњ надонистаанд. Маъмурияти муваќќатии "Тољиксодиротбонк" ин хабарро дар суњбат бо ТojNews тасдиќ ё рад накарданд, аммо як корманди бонк, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки дар ин бора худи Мирњаёт Ёќубов дар як љаласа дар њузури кормандон хабар додааст, -менависад манбаъ. Дар Бонки миллї низ тасдиќи расмии ин хабар дастрас нашуд. Ба назар мерасад, ки рањбарияти БМТ њама гуна иттилоъ дар бораи низоми бонкии кишвар, хоса хабарњо атрофи "Тољиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро
пўшида нигоњ медоранд. Мирњаёт Ёќубов, ки аз љониби БМТ роњбари маъмурияти муваќќатии "Тољиксодиротбонк" таъйин шуда буд, бо кўшиши буѓї кардан ва дар њољатхона њабс кардани як корманди 63-солааш машњур шуд. А.О., ки 63 сол дорад, сардори Хадамоти њифзи мењнат, мудофиаи гражданї ва назорати бехатарї аз сўхтори "Тољиксодиротбонк" будааст. Аризаи љабрдида ба расонањо роњ ёфт ва худи ў дар беморхона ба журналистон гуфт, ки Ёќубов ба ў тањидид карда, танњо баъди чор рўзи њодиса омода шудааст ба маќомот мурољиат кунад: "-8-уми август буд, ваќти корї ба анљом мерасид ва мехостам ба хона равам. Дар ин ваќт як муњофизи бонк маро љеѓ зад, ки сардори хадамоти бехатарї туро фарёд дорад. Рафта дар онљо истодам вале гуфтанд, ки њоло ту даркор нестї. Дар ин ваќт дар ошёнаи 2-юми бинои асосии "Тољиксодиротбонк" нишаста будам, ки Сардори хадамоти бехатарии "Тољиксодиротбонк" Ќурбоналї омад, ки биё даро. Даромадам, ки дар даруни кабинети роњбари бонк 4-5 нафар аз маъмурияти муваќќатї ва 2-3 кормандњои пешина истодаанд. Даромадам, ки як провода (ноќил) дар онљо овезон
АНДЕША Ин мавод пештар аз њодисоти сиёсии ахири кишвари Туркия иншо шуда буд ва пас аз он њодисот ба назарам андешањои ин матлаб куњна намуд. Вале баъди бори дигар бо мурури муддате аз назар гузаронидани он, андешаам дигар шуд, чун сухан аз мафкураи миллии мо меравад... Намедонам њарфи тозае мегўям ё на, вале сафари чандрўзаи ман ба Истамбул бароям таљдиди назар ба бисёр пањлуњои вожа/мафњуми маъмулан манфии пантуркизм сабаб гардид. Албатта, як сафари кўтоњ, он њам ба хотири муолиља наметавонад иттилооти зиёде аз кишвари дигар барои кас бидињад. Ѓайр аз ин сафари мазкур нахустин сафари ман берун аз кишвар ва ба мамолики нисбат ба Тољикистон бамаротиб пешрафта набуд. Дидани њар кишвар бароям таконе дар мавриди мавќеи ман ва назарам ба масоили рушди мењанам будааст, вале ба чунин нерў бори аввал. Зеро сафарњои пешин ошної бо фарњанги мардуми ошно ва ё нейтрал буданду дар замир нисбати он кишвару миллат эътирозу мухолифате надоштаам. Ва њар чи дарёфтаам ба хубиву осонї пазируфтаву њазм гардидааст. Дар Истамбул ин њолат шакли дигаре дошт. Эњсосоти мусбии асосї имкони муолиља ва дидорбинии дўстони азиз буд, аз ин рў њангоми омодагии сафар ман сари чизи дигаре андешае њам надоштам. Вале њангоми сайри шањр дар худ эњсоси муќовимати шадидеро пайдо кардам, ки монеа мешуд, то аз дидани манзарањои шањри зебо њаловат бубарам ва њатто фикри аксбардорї дар сарам ба якборагї пайдо нашуд. Лозим омад сари он њис бо усулњои хоси равоншиносї кор кунам. Тадриљан, решањои ин њиссиётро њам дарёфтам ва он дар тарсу манфї пазируфтани мафњуми пантуркизм, ки дар маѓзи насли мо тайи солњои зиёд ќадам ба ќадам љой карда мешуд, будааст. Хоса дар маѓзи онњое, ки бо ќишри зиёї робита доштанд, аз он љумла ман њам, ки умре дар гушае аз ин майдон будааму то њол он љо њастам. Барои хунсо кардани эњсоси манфї аввал комилан пазируфтану тањлил кардани он лозим омад. Таърихан, ин њаракат воќеан љой доштааст ва шояд имрўз њам љойе сари он касоне бошанд, ки љањду љадалњо мекунанд. Вале њоло мефањмам, ки имрўз ин хатар танњо дар шакли шабање дар маѓзњои мо шояд боќї монда бошад ва дигар пояе надошта бошад њам. Аслан ин љо њам гапи тозае нест, чун сиёсатмадорони љањонї њамеша барои устувор кардани пояи давлати худ мардумро аз чизе метарсондаанд. Барои мисол Амрико як умр мардумашро аз хатарњои номављуди беруна аз русњо сар карда то намояндагони сайёрањои дигар, давлатњои асримиёнагї аз шайтону љодугарон ва амсоли ин метарсонданду метарсонанд. Барои љомеаи тољик тайи чандин сол ба вазифаи чунин "аљузкампир" њаракати пантуркизм хизмат карда омада буд. Баъди хунсо кардани њиссиёти тарсу нафрати замирам, ман ба ин шањру мамлакат, ба таъриху фарњангу мардуми он тавонистам бо чашми дигаре назар андозам. Ва хеле чизњои зебо ва омўзандае пайдо кардам. Ва пеши назар омад кишварам. Тољикистон дар вазъи кунунї њолати мураккабе дорад, дар љомеа равандњое њастанд, ки ихтилофоти зиёде доранд. Њоло чанде аз онњо ин љо ба хотирам омаданд ва мехоњам номбар кунам: - Аз як тараф ифтихор аз фарњанги ѓании ниёгон, аз таърихии ќадима, аз тарафи дигар дар воќеият эњсос нашудани таъсире аз он фарњанг. - Аз як тараф даъвои мусулмонї ва худро бахши љомеаи мусулмонии љањонї шумурдан, аз тарафи дигар њароси шадид аз ќувват гирифтани нуфузи ислом. - Аз як тараф побарљо будани њисси мањалгарої дар маѓзњо, аз тарафи дигар кушишњои на њамеша муваффаќи миллатсозї. - Аз як тараф ниёзи бемисл ба боло бур-
дани маърифатнокии мардум дар њамаи љанбањо, аз тарафи дигар башиддат берун рафтани маѓзњои ќобили андешањои тоза аз кишвар. Гумон мекунам ин мушкилот танњо ба танњо нестанд, балки дар пайвастагї бо њам љой доранд. Чизи дигаре дар љомеаи тољикистонии мо ба назарам меояд, ѓурури нозарурест, ки њангоми истифода аз таљрибаи дигарон чун девори сангин пеш меояд. Барои мисол чанд сол пеш аз ман хоњиш карда буданд, ки барои суханронии кадом як духтарак дар њузури Сарвари давлат матн омода намоям. Ман дар матн мисоле аз таљрибаи кишвари Япония оварда будам, ки баъди шикасти азим дар Љанги дуюми љањон, тамоми не-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
анд. Аз ин рў, сари онњо шояд доду фарёди зиёде њам набошад, вале онњо амал мекунанд, оромона ва муассир. Нахустин чизе ба назарам расид парчами миллї буд, ки аз тирезањои хонањои одамон њар сари чанд ваќт ба назар мерасид. Пурсидам, гуфтанд ки одати ин мардум аст, худашон мехоњанд ва парчами миллиашонро дар/аз хонаи худ парафшон мекунанд. Ба хотирам омад, ки муњољирони мењнатии турк дар аксари кишварњои олам њастанд, ањлона ва босамар мењнат мекунанд ва шояд мушкилоти муњољирони моро надошта бошанд. Яъне њисси миллї ин љо барои ањлии мардум ва боло бурдани њисси худпиндорї хизмат мекунад ва он хушку холї нест.
5
МАРЯМ ДАВЛАТОВА
МАНУ ПАНТУРКИЗМ
«БАРОИ ХУНСО КАРДАНИ ЭЊСОСИ МАНФЇ АЗ ТУРКИЯ АВВАЛ КОМИЛАН ПАЗИРУФТАНУ ТАЊЛИЛ КАРДАН ЛОЗИМ ОМАД». руи моливу зењниву љисмонии љомеа ба маориф равона карда шуда буд ва натиљаи онро мо њоло мебинем. Давлат барои кумаки башардўстона, ободонї ва дигар талаботњои онваќта назар ба маориф чандин маротиба маблаѓи камтар сарф намуда бошад њам, самараи маориф ба њамаи ин соњањо хеле зуд омада расид ва Япония дигар љањонро бо илму технология навин тасарруф намуд. Вале раиси кумитаи масъул, ки дар назарам шахси огоњ менамуд, ба ман норозиёна гуфт: "Муаллима мо худамон аз японињо кам нестем, таљрибаи онњо ба мо лозим нест". Ин гуна муносибат, яъне тафохури хушку холии бесамарро мо дар тинати мардуми худ, новобаста аз ќишрњо метавонем бубинем. Мо, мо, мо.... Ва ин дар њоле, ки љомеа дар њалли оддитарин масоил ба сад мушкил ру ба руст ва агар амиќтар назар андозем, на њамеша мушкил сари норасоии маблаѓу беинсофї, бесалоњиятии амалдорон ва дигар сабабњоест, ки мегуему мешунавем. Ифтихори бепоя ин љо шояд аз сабабњои љиддитаре бошад, ки дар шаклњои гуногун зуњур мекунад. Ин ифтихор ё "ѓурури нозарур" (Гулрухсор) дар њамаи ќишрњои ањолї дар шаклњои гуногун ба назар мерасад, яке аз зодгоњи кучакаш фарёд мекашад, ки бењтарин макон аст ( пас дигар мањалњо бад њастанд), дигаре аз алифбои ниёгон тарзе њимоят мекунад, ки он тамоми дардњои љомеаро чун маъљуни сењрнок даво мебахшад, саввумї ва чорумињо низ барои худ чизе дармеёбанд, ки сари он дармонанду дунёи дигарро на бинанду на шиносанд. Ростї дар дили ман њамаи ин арзишњои воќеан воло њисси ифтихори фанатикиро ба вуљуд намеоварад, њисси масъулият шояд бошад, ки онњо њифз карда шаванд, вале на ба хотири он ки онњо бењтаринанд. Балки ба хотири он ки шахсан барои ман Марям Давлатова арзишманданд. Ва мехоњам, ки авлодони ман онро бубинанд, агар Худо хоњад. Тамом вассалом. Њамаи миллатњо, мањалњо, одамон чизњои барои худ арзишманде доранд ва онњо аз арзишњои мо бадтар ё камбањотар нестанд. Њоло пас мегардам ба Истамбул ва арзишњои миллати турк, ё ањолии Туркия. Он арзишњое, ки ман он љо дидам, аввалан умумибашарї њастанд, баъдан онњо хоси шахсони алоњида неву дар тинати миллат љой шуда-
Њангоми суњбат бо донишљуёни тољик, ки ин љо тањсил мекунанд (маъмулан хатмкардагони литсейњои туркї) маълум шуд, ки донишљў барои љомеаи туркї, сарфи назар аз миллату мањалаш, тањљої ё хориљї буданаш ќишри муќаддас ба шумор меравад. (Мањз њамин калима "муќаддас" истифода шуд.) Љомеа ва давлат дар якљоягї ин ќишрро эњтиёт мекунанд. Барои мисол, ѓизои донишљў ин љо ройгон аст, њар як ошхонадор ё соњиби дукони ѓизо харољоти ѓизои донишљўёнро вазифаи худ медонад, новобаста аз дараљаи дороии худ. Ва барои донишљўён онро пешкаш мекунад. Ба хотирам омад айёми донишљўии худам, ки танњо як янгаам, ваќте, ки ба дења барои хабаргирї мерафтам, ба ман пул медод ва мегуфт: охир ту студент њастї. Пас ин фарњанг шояд дар мо њам будаасту њоло дигар нишоне аз он намондааст. Ва нињоят меоям ба сари мавзуе, ки замоне боиси њангомаву воњимањои ќишри зиёии мо шуда буд, литсейњои туркї. Овозањо дар бораи литсейњои туркї чунон бадвоњима буданд, ки ман фарзандонамро он љо нафиристодам ва онњо дар мактабњои бемуаллими давраи пасиљангї ќариб, ки бесавод монданд. Њатто дар литсеи президентї, ки чанд соли охир он љо тањсил мекарданд, муаллимони физикаву математика натавонистанд ба онњо аз ин фанњо дарси хуб бидињанд ва љойи ин фанњои хеле муњим дар зењни онњо холї монд. Њангоми суњбат бо чанд хатмкардаи ин литсейњои туркї, ки њоло хеле мувафаќќанду берун аз кишвар фаъолият доранд, ман њисси аљибу солими ватанхоњиро дарк кардам. Бе доду фарёд ва эњсосоти бемаврид, онњо барои миллат кореро, ки аз дасташон меояд, мекунанд. Ин љавонон, ки дар байнашон сарватмандон кам нестанд, бахше аз онро дар ободии кишварашон, бунёди муассисањои иљтимоии тарзи навин сарф мекунанд. Махсусияти дигари ин љавонон дар ањливу тифоќии њамсабаќон ва дастрасоии бародарона ба њамдигар буд. Арзишњое, ки онњо дар литсеи туркї гирифтаанд, хоксории самимї, исломи софи бе фанатизм, майли филантропия (саховат/хайр кардан), фаъол будан осон ба чашм мерасид ва он хеле мувозин дар рафтори онњо зоњир мегардид. Ва нињоят ба њадди зарурї будани њисси худпиндорї, ки барои рушди њар фард ва љомеа
дар шакли умда басо муњим аст. Албатта дар тарбияи ин љавонон наќши падару модарони худашон низ кам нест, вале таъсири литсейњо бештар аз њама ба назар мерасид. Аз ин диданњо хулосаи аз њама муњим барои ман омўзиши фарњанги ин кишвар аст, зеро онњо дар он бахшњое, ки болотар зикр шуд ва љомеаи мо мушкилоти љиддї дорад, хеле комёб гардидаанд. Албатта, ин кишвар ба сари худ мушкилоти зиёди хоссаи худро дорад, ки ман сар онњо таваљљўњ накардам, чун маќсад омўхтани таљрибаи пешќадами Туркия аст. Дар Туркияе, ки байраќаш тимсоли исломї дорад, тарзи гуногуни либоспуширо дидан мумкин аст, яъне тањаммулпазирии динї ин љо устувор аст. Масъалаи маорифро болотар гуфтам, илова њамин аст, ки устодони мактабњои олї аз ќишри осудањоли моддї ба шумор мераванд ва ин аз њисоби маоши арзандаи онњост. Ва шояд ниёз ба пора/ гадої аз донишљуён надоранд. Ин хоњ нохоњ арзишу сифати тањсилро боло мебарад. Муносибат ба донишљуёни хориљї низ кирои омўзиш аст. Аввалан онњо аз дигарон људо карда намешаванд ва ба њамаи имтиёзњо аз љумла идрорпулињои унвонии кишвар њаќ доранд. Ва агар сазовор шаванд њамзамон ба чанд идрорпулї њам. Монеае ѓайр аз дониш нест. Инро мешунидам ва хабарњои ВАО дар бораи фишори милисањои тољик ба донишљуёни хориљї, "пулкании онњо" ба хотирам мерасид. Албатта байни сиёсати расмии кишвар ва рафтори чанд милисаи камфарњанг тафовуте њаст, вале ин мисол он љузъест, ки метавонад намунаи муносибати кулл ба ќишри донишљў ва ба дониш бошад. Ин љо дар чанд сањифа тамоми омилњои рушди Туркия ва Тољикистонро овардан мушкил аст. Табиист, ки сулолањои њокимони пешин, мавќеи љуѓрофї, омезиши фарњангњои њамсояњои атроф ва амсоли ин дар вазъи имрўзаи миллатњо таъсиргузор њастанд. Вале чаро мо бояд дучархаро аз нав кашф намоем? Чаро аз таљрибаи кишварњои дигар наомўзем? Аз эронињо истифодаи донишњои равоншиносї, аз японњову туркон манзалатгузорї ба маорифу дошишмандон, тањаммулпазирии диниву мазњабї, тарбияи ифтихори асилу самараноки миллї ва шояд бисёр чизњои хуби дигареро, ки мо дар сафарњо меби-
14
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
142 њазору ... км2 ТАЗОД
ХУЉАНД
ИФТИТОЊИ КОХИ АЌДИ НИКОЊ ВА ТУЊФАИ ПРЕЗИДЕНТЇ БА СЕГОНИКЊО
НОЊИЯИ СПИТАМЕН:15 КОРХОНАИ НАВ ДАР ПАНЉ СОЛ, АММО ЉОЙИ КОР НЕСТ...
Дар идомаи сафари корї дар шањри Хуљанди вилояти Суѓд бо иштироки gрезидент Эмомалї Рањмон бинои нави Раёсати вилоятї ва шањрии сабти асноди њолати шањрвандї, Кохи аќди никоњи шањри Хуљанд ва Кохи фарњанги "Суѓдиён" мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти кишвар иттилоъ медињад. Ба маълумоти манбаъ, бо ифтитоњи чунин як даргоњи фарњангї сардори давлат ба 25 љуфт оилањои навбунёд шањодатномаи аќди никоњ ва ба 25 навзод шањоСегоникњо: Озода, Сомон ва Шањзода датномаи таввалуд супорид. Њамчунин ба волидони себо ороиши усули меъморї ва санъати гоникњо Набиев Мутаалибљон ва Набиева миллї сохта шудааст. Маѓфират калиди хонаи се њуљрагї таќдим Фармоишгари иншоот идораи сохтмокарда шуд. ни асосї вилоят буда, пудратчии асосї Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда ширкати сохтмонии ЉДММ "Евростройсерсохтмонаш моњи феврали соли 2016 оѓоз вис" мебошад. Президенти мамлакат Эмогардида, дар тўли 8 моњ ба пураги сохта малї Рањмон таъкид доштанд, ки бо фаба истифода дода шуд. роњам гардидани чунин шароит корманДар ошёнаи якум толори аќди никоњ дони ин даргоњро зарураст аст, ки пайвава њуљрањои ёрирасон љой дода шудааст. ста бањри тарѓибу ташвиќи арзишњои милДар ошёнаи дуюм ќисмати шўъбаи аќди ливу инсонї ва густариши маърифату заникоњ ва аснодњои шањрвандони шањри вќи баланди мардум ќарор дошта, масоиХуљанд љойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз ли ватандустиву мењанпарастиро бештар шўъбаи аќди никоњ ва аснодњои њолати аз пештара тарѓиб намуда бањри мардушањрвандии вилояти Суѓд иборат мебоми минтаќа хидмати одилонаро анљом шад. Дар ин љо беш аз 20 утоќи корї ва дињанд. дар тањхонаи бино ошхона барои 80 наИттилоъ дода шуд, ки бинои нави хушфар дар як ваќт, толори ќабули мењмонон тарњу замонавии мазкур аз њисоби маббунёд ёфтааст. лаѓњои буљетї бо харљи беш аз 30 миллиЌисмати бино барои Ансамбли раќсии он сомонї бунёд гардидааст. "Зебо" - толори бо шароити зарурии тамСафари кории Эмомалї Рањмон ба рин бунёд ёфтааст. Хобгоњ барои писарСуѓд идома дорад. Дар назар аст, ки имрўз бачагон ва духтарон бо 80 кат ва хуљрањои бо иштироки ў Маљмааи Истиќлол дар ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш маркази шањри Хуљанд ифтитоњ мешавад. ва гузаронидани мањфилњо, консертњо ва дигар вохўрињо барои 700 љойи нишаст,
Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, ки бо сафари корї дар вилояти Суѓд ќарор дорад, гуфт, ки зарфи панљ сол дар ноњияи Спитамен 15 корхонаи нав оѓоз ба кор кардааст. Аммо коршиносон бар онанд, ки дар ноњия, мисли вилоят ва кишвар љойи кор нест, ки њудуди як миллион нафар њамасола ба муњољирати корї мераванд. Сарвари давлати Тољикистон, ки субњи имрўз дар њузури сокинони ин ноњия суханронї мекард, кишоварзиро соњаи афзалиятнок дар ин ноњия донист ва гуфт, ки дар давоми шаш соли охир афзоиши њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї якуним баробар зиёд шудааст. Агар соли 2010 њаљми умумии истењсоли мањсулоти кишоварзї дар ноњия 164 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли гузашта кишоварзони ноњия дар њаљми 260 миллион сомонї мањсулот истењсол кардаанд. Буљаи ноњия аз 160 њазор сомонии соли 1992 ба 40 миллион сомонї дар соли 2015 расидааст. Дар њоле, ки њукумати феълї таќрибан њар њафта аз сохтмони дањњо корхонањо дар саросари кишвар
САРЊАД
ДАР ЛОЊУР РАЗМОИШИ МУШТАРАКИ НЕРЎЊОИ ТОЉИКИСТОНУ РУСИЯ БАРГУЗОР МЕШАВАД
иттилоъ пахш мекунаду аз "дастовардњои бузург" ва корнамоињо дар навоњии кишвар ситоиш мекунад, дар панљ соли ахир сафи бекорон дар Тољикистон афзуда, њамоно њудуди 1 миллион нафар тољикистониён дар муњољирати корї ќарор доранд. Маљмуи мањсулоти дохилии Тољикистон дар ин давра рушди ночизе дошта, бинобар гузориши ахири СММ камтар аз 1080 доллар сари ањолиро ташкил медињад, дар ин рейтинги СММ Тољикистон дар ќатори аќибмондатарин кишварњои африќої ќарор дорад. Чаро "сиёсати созанда" самара намедињад, интригаи рўз боќї мемонад...
МОЉАРО
БЕЌАДРИИ МУСОФИРИ TAJIK AIR ДАР БИШКЕК Пойгоњи иттилоотии Zanoza.kg бо интишори як матлаб љузъиёти нишасти изтирории њавопаймои Tajik Air -ро шарњ додааст. Директори Агентии њавопаймоии Ќирѓизистон Эрмак Омуралиев ба ин хабаргузорї гуфтааст, ки мушкилот дар муњаррики њавопаймо буд. Он ба њаво хест. Вале халабон пай бурд, ки дуруст кор намекунад. Ин буд, ки њавопаймо ба замин нишонд. Агентї санади рўйдодро тартиб дод. Мо љониби Тољикистонро дар љараён гузоштем. Дар посух Душанбе њавопаймои дигар фиристод. Дар ибтидо мо гумон кардем, ки ин тайёра мусофиронро аз фурудгоњи "Манас" ба Душанбе мебарад, вале баъдан фањмидем, ки он ќисми эњтиётї ва таъмиргар овардааст ва ќасди мусофир бурдан надорад". Эрмак Омуралиев гуфтааст, ки бо вуљуди талошњои мо мусофирон ба мушкил рў ба рў шуданд. Мо бо намояндагони ширкати њавопаймоии Тољикистон мулоќот кардем, онњоро гуфтем, ки на-
зди мусофирон раванд ва сабабњои ин рўйдодро фањмонанд. Вале онњо аз дидор бо мусофирон дурї мељустанд ва наздашон намеомаданд. Фурудгоњ то ними шаб кор мекунад, вале мо бо умеди он ки тайёраи дуюм мусофиронро мебарад, як соат ваќти кориро тамдид кардем. Аммо фањмидем, ки вай онњоро дубора пас њаргиз бурданї нест. Он ваќт талаб кардем, ки масъалаи хўрду хўроки онњоро њал кунанд.
ЗАМОНА Марњилаи нињоии размоиши муштараки нирўњои мусаллањи Тољикистон ва пойгоњи низомии 201-и Русия рўзи 15 сентябр дар размоишгоњи Лоњур, воќеъ дар 25-километрии љанубуѓарби шањри Душанбе баргузор хоњад шуд. Љамшед Њусейнов, як масъули дафтари матбуоти Вазорати дифои Тољикистон мегўяд, "марњилаи нињої бо истифода аз њазорњо нирў ва силоњу муњимоти љангї ва саркўбии душмани шартї сурат мегирад. Њадаф омодагии љангии нирўњои мусаллањи Тољикистон ва пойгоњи низомии 201-и Русия дар муќобила бо хатару тањдидњои љањони муосир, нази-
ри терроризм ва ифротгарої аст". Ба гуфтаи Њусейнов, дар ин машќњо баталёни гуруњи тактикии пойгоњи низомии 201, гуруњи амалиётии Вазорати дифоъ, ротаи таъиноти махсуси вазорати дифоъ, гуруњи таъиноти махсуси ќушўнњои дохилии вазорати корњои дохилї ва гуруњи таъиноти махсуси ќушўнњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон ширкат доранд. Машќњои муштарак то 16 сентябр идома мекунанд. Бино бар иттилои расмї, ин нахустин машќи муштараки Тољикистону Русия дар соли љорї аст.
ГУМОНБАРИ ЌАТЛИ ХУСУРУ ХУШДОМАНИ ФУРЌАТИ САИД НАБЕРААШОН БУДААСТ Бино ба иттилои Вазорати корњои дохилии Тољикистон, ба гумони даст доштан дар ќатли хусуру хушдомани Фурќати Саид, рањбари гуруњи "Шашмаќомхон"-њо, набераи онњо боздошт шудааст. Мањмадбой Пирназарови 94-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 84-сола дар Душанбе, дар манзили зисташон дањ рўз ќабл бо зарби корд кушта шуда буданд. "Бо истифода аз олоти буранда ба бадани мўйсафед 15 бор ва ба тани зани солхўрда 29 бор љароњатњои гуногуни љисмонї расонда, аз љойи њодиса ѓайб задааст. Бо рух
додани чунин воќеа пиру кампир дар љои њодиса ба њалокат расидаанд", - мегўяд дафтари матбуоти ВКД. Дар пайи корњои фаврї-љустуљўї набераи Мањмадбой ва Зебуннисо Пирназаровњо, љавони 23-солаи сокини шањри Душанбе, дастгир шудааст. Бино ба иттилои расмї, ин љавон пештар бо моддаи 244, ќисми 4-и Кодекси љиноии Тољикистон мањкум шуда буд. Ба ќавли манбаъ, ин љавон аз бобову бибиаш пул талаб кардааст, ки ради талаби набера боиси ќатли њарду гаштааст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ Таќдим ба ањли њунари театри тољик№24 ва њаводорони 7 он (507), 15. 09. 2016
Сањифаи махсуси нашрия бахшида ба зодрўзи њунарманд ва коргардони маъруф
68 солагииФаррух -
ЌОСИМ ФАРРУХ ЌОСИМ КЇ БУД? Љавоб: Фаррух њамеша мехост ИНСОН бошад! Бале ИНСОН! Аз ин рў дунболи ин ном ва маќом буд. Бинобар он њамеша китоб мехонад. Ва бо нафарони дўстдори ин ном суњбатњо дошт, мисли ташнае, ки об мељўяд, вай инсон мељуст. Њамеша дар њаракат буд. Њамеша дар кофтуков буд. Зиёд њарф намезад, кўшиш мекард зиёд гўш кунад. Гўш карданро аз гуфтан як муддат зиёдтар меписандид! Њамеша дар лабонаш табассум буд. Охирњои ваќт њар китобро намехонд. Он китобњоеро мехонд, ки ба дардаш мехўрданд. Дардаш бузург буд! Дарди Инсон будан! Њама инсон нестанд, мегуфт. Банда дар театри шањри Ќурѓонтеппа фаъолият доштам. Рўзњои якшанбе хабаргириашон меомадам. Хеле хурсанд мешуданд, самимона оѓўш боз мекарданд. Ва дарњол аз саломатї ва корњои эљодиам пурсон мешуданд. Аз нигоњ, рафтор ва суханњояшон маълум буд, ки мехоњанд таѓйири худ ва кори худ кунанд. Вале сиррашон нињон буд, ки нињон. Орифон, ки љоми Њаќ нўшидаанд, Розњо дониставу пўшидаанд. Њисс мекардам, ки дар дарунаш чизест, ки мехоњад фарёд занад! Аз банда пурсон мешуданд, ки болои кадом асар кор мекунам. Мегуфтам: "Бўйе аз атри Аттор"-ро мехоњам рўйи сањна орам. Ба китфонам рустамона мезанаданд ва мегуфтанд: Офарин! Коре кун, ки арзанда бошад. Бо аломати тасдиќ сар мељунбонидам. Ягон лањза ором набуданд. Мегуфтанд, кори наверо оѓоз кунам. Кадом асарро шумо рўйи сањна оварданиед?,- мепурсидам. Юсуф! Юсуф!,- гуфта маро ба канор мегирифтанд... Ва хушњол буданд... Баъди як оромии кутоњмуддат боз мегуфанд: Ўро оё меёфта бошам? Банда суол мекардам: Юсуфро? Кадом Юсуфро? Ва дарњол посух медоданд: Њамон Юсуфе, ки зебост, њамоне ки дилрабост. Њамоне, ки орзуву омоли мост! Гўё механдиданд, вале аз дидагонашон ашк мешорид. Ва пурсидам: Гиря барои чист? Дарњол маро канор гирифтандл ва посух доданд:
Нуриддин ЉАРОНЇ:
ФАРРУХ НЕСТ, ИЌДОМ НЕСТ, ИЛЊОМ НЕСТ... КОРГАРДОН НЕСТ... Њеч! Њеч! Ва дам ба дам ба китфонам бо дастони ќавиашон мезаданд. Њунарманде, ки бояд наќши Юсуфро бибозад, куљост? Мисли он ки ман шарики сањнаашон бошам, фарёд мезаданд. Намедонам, гуфтам ман. Ту њам намедонї? Хайр чї илољ? Роњашро меёбам. Ман бояд Юсуфро рўйи сањна биёрам! Бояд...! Ин тараф он тарафи хонаашон гўё дар сањна бошанд, роњ мерафтанд. Шабњо кам мехобиданд. Он шабро то њанўз ёд дорам, ки то субњимдам дар балкон нишастем. Суњбатњои дилгирён доштанд. Ѓазале месроиданд ва аз банда тафсирашро мехостанд. Ту шоирї ва режессёри хуб мешавї, -мегуфтанд. Намоиши "Найман" диламро такон дод! Юсуф кай рўйи сањна меояд?,-суол кардам.
МЕОЯД, МЕОЯД! Бо боварї посух доданд. Ва Юсуф билохира рўйи сањна омад. Ёд дорам, ки мо як автобус њунармандон аз шањри Ќурѓонтеппа ба тамошои Юсуф омадем. Назди Иттифоќи нависандагон, ки театри "Ањорун" он љо фаъолият мекард, моломоли мухлисон буд... Бо њар роњ вориди толор шудем. Намоиш оѓоз шуд! Мардум гарм истиќбол карданд. Юсуф аз њама намоишњои Фаррух ва умуман аз њамаи намоишњои театрњои дигар фарќ дошт. Фаррух таѓйири дидгоњ карда буд ва баъзењо њатто намедонистанд, ки таѓйири дидгоњ, яъне чї? Ва намоишро ин ќабилњо ќариб, ки нафањмиданд! Пешашон рафтаму табрикашон кардам: Худашонро ба оѓўшам партофтанду фиѓон аз дил бароварданд. Хело шоду хуррам ёфтам! Боре намоише гузоштам, бо номи
"Њидоят" аз рўзгори ду орифи машњур: Мавлоно ва Шамс. Даъват кардам. Њарчанд он рўзњо бемор буданд ва њолашон хуб њам набуд, вале аз рўйи ихлосе, ки бо банда доштанд, омаданд. Баъди тамошо табрикам карданду кўдакона, ошиќона маро гуфтанд: Пешдастї кардї, мехостам ин намоишномаро ман гузорам. Њоло њама дар пеш аст, гуфтам. Боз дигарашро шумо мегузоред. Ва чунин њам шуд. "Шайхи Санъон", "Шоњ Фаридун", "Даљљол", "Исфандиёр", "Чунин гуфт Ањурамаздо..." ва дигар асарњои љолибу дидании Фаррух яке паси дигар рўйи сањна омаданд ва мухлисону муњаќќиќонро дар њайрат гузоштанд. Фаррух рафтанд, ёдашон ба хайр. Шабе дар хоб дидам, хурсанд набуданд. Гуфтам чаро хушњол нестед? Гуфтанд: Чаро намоиш намегузорї? Гуфтам: Кадом намоишро? Гуфтанд: "Мансури Њаллољ", Пири чангї", Мантиќ-ут-тайр"-и Атторро мегузорї! Гуфтам: Фаррух нест, иќдом нест, илњом нест. Коргардон нест...
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
Суњбате, ки мехонед, порае аз як суњбати тўлонии муаллиф бо њунарманди шинохта Абдумумин Шарифист. Асли мавзуъи суњбат муаррифии њунару театри тољик дар хориљи мамлакат, назари бинандаи кишвари дигар ба Тољикистон ва фарњанги мардуми мо ва сафарњои њунарии театрњои кишвар буд. Ин љо порае аз ин суњбат интихоб шудааст, ки мањз ба Фаррухи Ќосим ва намоишнома ва осори ў рабт мегиранд. - Кадоме аз сафарњои хориљї бароятон хотирмон буд? Ва чаро? - Хушбахтона, кам нестанд сафарњое, ки хотираи хуб аз худ гузоштаанд. Аз сафари аввалин ба кишвари њамзабонамон Ирон, ки соли 1991 бо намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон..." сурат гирифта буд, хотирањои хуш хеле зиёданд. Бори аввал ба ин дараља тавъам будани эњсосу дарди њунарпеша бо бинандаро он љо њис кардам. Чи хуш ваќте тамошогар бо њунарпешаи сањна њамдард мешавад. Сафарњои баъдї њам ба Ирон бо ин намоиш ва намоишњои "Исфандиёр", "Даљљол", "Шайх Санъон"-и Ф.Ќосим, "Марги Яздигурд"-и Ќ.Собир, "Рустам ва Сўњроб" ва "Як рўзи дарозтар аз ќарн..."-и С. Усмонов ва "Ќаторињо"-и Н.Меликов гуфтанињои зиёд доранд, ки барои тасвираш хеле ќалам бояд рўи ќоѓаз давонд. Магар мешавад аз ду сафари бобарори шањри Антверпени кишвари Белжик дар солњои 1993 ва 2003 бо намоишњои "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...", "Даљљол" ва "Шоњ Лир" њарф назад. Инчунин сафари њунарї бо намоишњои "Як рўзи дарозтар аз ќарн", "Рустам ва Сўњроб"- С.Усмонов, "Шабе дур аз ватан" ва "Иштибоњ"-и Н.Меликов ба кишварњои Афѓонистон, Укроин, Русия, Молдова, Ќазоќистон ва Ќирѓизистон хеле хотирмон буд. Шояд ба ин хотир мо хеле љоизаву дастоварњои зиёде ба ватан овардем. Ёдам намеравад чи гуна баъди тамошои намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон..." дар Белжик соли 1993 марди белжикї аз муњаббат ба намоиш ваъда дода буд, ки забони форсї-тољикиро меомўзад ва дар сафари дуюми соли 2003 ў бо мо (каме бо мушкилї) форсї - тољикї њарф мезад. Дар Ирон олими бузурги шоњномашинос, ки чињил соли умри худро ба "Шоњнома" бахшида ва зиёда аз дусад маќолаву асари илмї навишта буд, баъди тамошои намоиши "Исфандиёр" назди устод Фаррух Ќосим омад ва гуфт, ки баъди тамошои ин намоиш ман дарк
Бо Фаррух Ќосим солњои сол дўстї ва њамкорї доштам. Гоњ-гоњ ман ўро ба телевизион низ даъват мекардам. Бахусус, ваќте ки ў наќши бисёр мураккаберо аз рўйи асари ман "Захми забон" офарид, ман ва Саркоргардони театр ва њам коргардони намоиши "Захми забон" њам буд, марњум Хушназар Майбалиев, њамроњ бо Њунарпешаи Халќии Тољикистон Ато Муњаммадљонов дар Амфитеатр нишаста, бозии ўро тањлил мекардем ва завќ мебурдем. Ба њунару истеъдоди худододи ў ањсант мегуфтем. Агар жарф бияндешам, мактаби коргардонї ва њунарии ў имрўз на танњо дар Осиёи Марказї, балки берун аз он низ ягона ва поянда аст. Ба андешаи мо, решаи ин њунар-
МУСОЊИБА
Абдумумин ШАРИФЇ:
- Сафарњои аввалини њунарї ва сеяки сафарњои хориљии ман бо намоишњои устод Фаррух Ќосим аст. Љаззобияти намоишњои Фаррух Ќосим дар мадди аввал ин њирфаї будани намоишњо ўст ва баъд таљассуми олию боњунаронаи асотири Шарќ,ирфон ва фалсафаи Мавлоною дигар бузургон дар сањна мебошад. Дар ин мавзуњо шахсан ман намоишњои теотрї, чи дар хориљи кишвар ва чи дар ватани азизамон кам надидам, вале ба дараљаи намоишњои устод хеле кам буд. Чї ѓарбиён ва чї шарќиёне, ки аз ин мавзуњо аз тариќи омўзиш ё мутолиа ошно буданд, ваќте инро аз диди нав ва то љое ѓайроиддї медиданд, албатта мафтуни ин њунар мешуданд ва бешубња ин кайфияти дигар дорад. Намоишњои Фаррух Ќосим ба љуз мавод ва мавзуи олї, (ки онро метавонистем аз китобу навиштањо бихонему ошно шавем ва ё алакай ошно будем) аз назари њунари коргардонї ва касбият бењамто буд. Чи аз назари коргар-
СЕЯКИ САФАРЊОИ ХОРИЉИИ МАН БО НАМОИШЊОИ УСТОД ФАРРУХ ЌОСИМ АСТ кардам, ки хеле љузъњои "Шоњнома"-ро намедонистаам. Шумо дар шоњномашиносї устоди манед, гўён Фаррух Ќосимро бўсидаю чунин лутф када буд. Ё хонуми Мавлонопажуњ баъди тамошои намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон..." хеле пурэњсосу хашин эътироз карда буд, ки чи гуна шумо њаќ доред, ки шеърњои ирфонии Мавлоноро ба шакли маишї рўи сањна оред. Баъди сўњбати дунимсоата бо Фаррух Ќосим он зан хеле ором шуда ва эътироф карда буд, ки ў аз ќоидаву рамзњои театрї бехабар буд ва фардо намоишро аз ин назар хоњад дид. Баъд аз ин 78 намоиши "Юсуфи ..."-ро пурра дид ва баъди њар намоиш бо чашмони пурашк мо ва устодро табрик мекард. Ва ё баъди тамошои намоиши "Шабе дур аз ватан" дар соли 2012 дар Бишкек зане ваќти муњокимаи намоиш гуфта буд, ки баъди тамошои ин намоиш ва "Як рўзи дарозтар аз ќарн..." соли 2008 ў ба хулосае омадааст, ки бояд забони форсї-тољикиро омўзад, то ки бо фарњанги ѓании ин миллати бузург дар асл ошно гардад. Намоиши "Як рўзи дарозтар аз ќарн..." дар љашнвораи байналмиллалии "АРТ-ОРДО"-и шањри Бишкек аз 9 љоизаи љашнвора 5-тоашро соњиб шуда буд. Њатто яке аз њайати доварони љашнвора аз кишвари њамсояи Ўзбакистон шўхї карда буд, ки "Мо ин
Мењмон БАХТЇ, Нависандаи халќии Тољикистон: намої аз роњи раќси самоъи Мавлоно Љалолуддин пайванд гирифтааст. Шодравон бо драмнавис ва њунарпеша аз рўйи истеъдод њамкорї мекард, на аз рўйи мањалл ва ошнобозї.
љашнвораро барои тољикњо баргузор карда будем, ки њама љоизањоро ќариб соњиб шуданд...". Ваќти тањлили намоиш мунаќќид, номзади илми фарњангшиносї Оразбек Айдаров гуфта буд, ки - "њељ кас, њатто мо ќирѓизњо ба дараљаи тољикњо Чингиз Айтматовро ифшо ва кашшофї карда натавонистем, тољикњо њатто Чингизро аз будаш болотар бурданд". Муњокимаи намоиши "Шабе дур аз ватан" дар љашнвораи байналмиллалии шањри Кишинёви кишвари Молдова боиси гуфтан аст. Мутахассисон њамагї мафтуни намоиши мо шуда буданд. Яке аз коршиносони соња аз Русия ваќти муњокима гуфта буд, ки шумо маро на ин ки маљбур ба гиристан кардед, балки мехостам дар охири намоиш дод-фиѓон кунам...! Тўњфањои хотиравии як когардони машњури гурљї, як омўзгор ва як њунарпешаи молдовї баъди ин намоиш то њол гўшаи љевон ва ќалби маро љилову оро медињад. - Чуноне эњсос кардам, шумо бештар бо намоишномањои Фаррух Ќосим ба сафари њунарї рафтаед. Мехостам пурсам: Аз назари Шумо коргоњи эљодии Фаррух чї чизе дошт, ки барои хориљиён ба ин њад љаззоб буд? Масалан, ѓарбиён аз асотири Шарќу фалсафаи Мавлоно чї ѓизои маънавї меёфтанд?
донї, ё мусиќиву ороиши сањна, рамзу ташбењу истиора,ё банду басту иљро ва ё тавъам будани мавзуъ ва ќоидањои теотрї мафтункунанда буд. - Дар бораи њамкориатон бо Фаррух Ќосим мехостем бештар бидонем: Шуморо Фаррух чї гуна кашф кард, ки дар аксар намоишномањои хуби ў наќш офаридаед? - Устод Фаррух Ќосим хушбахтона, дар донишгоњ як муддате маро дарс гуфта буданд. Ошної аз њамон ваќт сар шуда буд. Баъдан дар театри Ќурѓонтеппа намоиш гузоштанд, ки банда њам наќше дар он намоиш доштам. Баъди ташкил кардани театри "Ањорун", ки њанўз ин номро надошт, устод маро даъват карданд ва охири соли 1989 ман њунарпешаи ин театр будам. Њамин тур то миёнаи соли 2003 ман ин љо будам ва рафтани ман аз ин театр њам дар ихтиёри банда набуд. Заминаи асосї ва муњимтарини эљодию њунариам мактаби устод Фаррух Ќосим буд. Агар чизе дар њунари театрї ва эљодї карда бошам, замина ва тањкурсии асосиаш унљост. Шукр имрўз шогирдони ин мактаб дар њама теотрњои Душанбе њастанд ва боз чи гуна..., ки банда яке аз намояндањои кўчаки онњоям. - Мактаби Фаррух Ќосим гуфтед...? - Бале. Дар бораи шахсиятњои бузур-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
ЭЪТИРОФ ги њунари теотрии љањон китобе чанд мутолиа кардаам. Дар таносуб ба онњо бо итминон мегўям, ки агар нафаре мебуд, ки мактаби Фаррух Ќосимро аз назари илми теотрї рўи ќоѓаз меовард, дар ќатори китобњои бењтарини омўзишї ва хонотарини фазои фарњанги теотрии љањон мебуд. Ќариб њар намоиши минбаъдаи теотри тољик, ки дар љашнворањои байналмиллалї муваффаќ гашт, мањаки асосиаш мактаби теотрии Фаррух Ќосим буд. Гумон накунед, ки инро ман аз муњаббат ба њунари устод гуфтам, ё аќидаи инфиродии ман аст, балки аќида ва гуфтаи мутахасисони теотрии љањон аст. Аљибаш дар он ки мактаби Фаррух Ќосимро нисбат ба ватанаш дар хориљ бештар медонанду ќадр мекунанд. Соли 1990 дар љашнвора-озмуни театрњои тамошобини љавони Осиёи Миёна ва Ќазоќистон дар Тошканд дар нишасти охири сари дастархонии љашнвора (банкет) љонишини раиси љамъияти теотрии Узбакистон баъди каме сархуш шудан эњсоси худро дошта натавонист ва бо суханони "Чаро мо чунин коргардону чунин намоиш надорем, вагарна ман медонистам чи гуна њунари теотри Узбакистонро ба љањон муаррифї кунам"- гўён зор - зор мегирист. Дар љашнвора намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канън" иштирок ва ѓолиб омада буд. Пеш аз сафари Белжик хонум Фрї (сокини Белжик, номи комилаш аз ёдам рафта аст), ки намоиши "Даљљол"-ро интихоб карда ва барои дидани "Шоњ Лир" ба Душанбе омада буд, дар як нишаст бо ањли теотр аз мо ќотеъона хоњиш мекард, ки њама корро бикунем, то намоишњои Фаррух Ќосим аз байн наравад. Ў гуфта буд, ки аз рўи вазифа тамоми дунёро гаштаву бо театрњои бењтарин ошност. Аммо дар ин шакл намоиши тољиконаро надидааст. Вай бо исрор мегуфт, ки намоиши "Даљљол" бо шакл, мусиќї, ороиш, иљро ва забону амалаш сирф тољикона аст ва мо метавонем бо ин гуна намоишњо ба љањон фарњанги тољиконаро сарбаландона муаррифї бикунем. Соли 2006 дар љашнвораи Олмотї як нафар мунаќќиди
ќазоќ Фаррух Ќосим, Барзу Абдураззоќов ва С.Усмоновро фахри театри Шарќ номида буд. Бадбахтона, Фаррух Ќосим имрўз нест ва дуи дигар чанд сол аст, ки дар Ќазоќистонанд. Аљибаш дар он ки, дар Ирон, Белжик, Фаронса, Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон борњо дидаву шунидаам, ки дар бораи мактаби Фаррух Ќосим њарф мезаданд, вале дар ватани устод фаќат аз мактаби Станиславский мегўянд. - Дарёфти љову маќому љоиза дар хориљ: мушкилот дар чист? - Дарёфти маќом ва љоиза њама љо осон нест. Дар љашнвораи кишвари худ дараљаи њунарии театрњо то љое ошност, аммо дар љашнворањои дигар кишварњо њама чиз ногањонї аст. Манзури ман иљрои намоиш ва њунари волост. Мушкилоташ дар он ки њарифони арзанда хеле зиёданд. Њарчанд дар таљрибаи сафарњоям иштибоњ ва ё ба "инобатгирї" њам шуда буд. Масалан, дар љашнвора - озмуни шањри Ялта соли 2012 намоиши "Рустам ва Сўњроб" соњиби
љоизаи "Таљассуми бењтарин асари устуравї бо дид ва шакли нави њунарї дар сањна" гардид, ки боиси норозигии бисёре аз бинандагон гардида буд. Њатто њунарпешањои кишвари Лањистон дар яке аз љамъомадњо садо баланд карданд, ки љойи аввал аз рўи њаќиќат бояд насиби тољикњо мешуд. - Њатман ки дар ин сафарњо тамошобини тољику эронї ё дигар кишварро ба њам ќиёс мекардед. Метавонед хулосаи он ќиёсатонро бигўед? Љавоби ин суолро дар ду мисол мехоњам интињо бахшам. Якум: Намоиши "Даљљол"-и устод Фаррух Ќосим нисбат ба дарду эњсос бештар дар пояи рамзњою андешањои фалсафию театрї дуруст карда шуда буд. Шояд ба ин хотир дар ватанамон бисёрињо баъди тамошо онро дуруст дарк накарданд, аз ањли зиё њам кам набуданд, ки ибрози нофањмї карда буданд. Њатто дар љашнвораи театрии "Парасту"танњо соњиби як љоизаи кучак шуда буд. Ваќте дар Порис ва Ирон онњое, ки аксари намоишњои устодро дида буданд, "Даљљол"-ро бењтарин асари Фаррух Ќосим номида буданд, ки банда њам шомили ин аќидаам. Дар Ирон баъди њар намоиш бинандањо чандин диќиќањо рост истода каф мезаданд ва кам набуданд, ки ашк мерехтанд. Дуюм, баъди намоиши "Шабе дур аз ватан" дар шањрњои Бишкек, Кишинёв, Тараз ва Челябинск кам набуданд бинандањои ѓайри тољик, ки бо чашмони пури об ба табрики мо меомаданд (шукр наворњои видеойї дорем). Дар Душанбе бошад баъди даъвати яке аз факултањои яке аз донишгоњњои шањр маљбур шудем баъди дањ даќиќа намоишро ќатъ кунем (Њарчанд аз рўи инсоф намебуд инро њам ќайд накунам, ки баъди иљрои бисёре аз ин намоиш дар ватани азизам чашмони пур аз ашк кам набуданд). Имрўз дар бораи бењтарин намоишњои театрамон маќола ва муњокимањои тахассусї дар матбуоти хориљї нисбат ба матбуоти ватанї бештар рўи чоп аст. Яъне,намоишњои хуби моро дар хориља бештар аз ватанамон медонанду
мешиносанд. Фарќияти асосии бинандањои ватанї ва хориљї дар он аст, ки аксари бинандањои театрњои мо иљбориянду аз хориљи кишвар шояд баръакс...! Суњбати Бобољони ШАФЕЪ
Бо намоишномаи Фаррух Ќосим - "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон..." мо ба чандин кишвари олам сафари њунарї доштем, аз љумла ба Фаронса, Белгия, Лањистон, шањрњои Тењрон, Ањвоз, Машњад, Исфањон, Шерози Эрон, Маскав, Чебоксарї, Тошканд, Уфа ва ѓайра. Ва њамин сафарњо буданд, ки санъати театрии тољик ва Тољикистони соњибистиќлол дар арсаи байналмилалї муаррифї шуд. Њарчанд мо тарљумаи русиву инглисии онро надоштем, вале бо забони тољикї онро тамошо карданд ва дарк карданд. Новобаста аз забони ин асари Фаррух Ќосим, онро натанњо фањмиданд, балки атрофи он бањ-
9
Ортиќ ЌОДИР:
ФАРРУХ ЭРОНЗАМИНРО ТАСХИР КАРД ...Баъди љанг ва имзои созишномаи сулњу барќарории субот марњилаи бозгашт ба њунари асил њам шуруъ шуда буд. Зеро њунармандони асиле чун Фаррух Ќосим, Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдураззоќов аз майдони андешањои худ дур нарафта буданд. Бо вуљуди љангу парешонї онњо бо њамон андешаву дарки фалсафии худ, на танњо дар майдони њунар боќї монданд, балки андешањои худро фарохтар карданд. Онњо тавонистанд бо дастгирии баъзе созмонњои байналмилалї њатто сафарњои њунарї ба ќалби Аврупову Эрон дошта бошанд. Ба Ру-
ли кишвар чандон зиёд тамошобин надоштанд. Аз он ки мардум шояд онро дарк накарданд. Вале Фаррухро дар Аврупо дарк карданд. Дар Эрон ба хушї истиќбол гирифтанд. Дар озмуну љашнворањои байналмилалї соњиби љоизањои сатњи олї шуд. Ман худ шоњид будам, соли 2001 дар дуюмин љашнвораи байналмилалии театри Эронзамин дар устони Хузистон, дар шањри Ањвози Эрон намоиши "Даљљол"-и Фарух Ќосим соњиби шоњљоиза шуда буд. Ман дар ин намоишнома наќш надоштам, вале ман чун худи Фаррух Ќосим бемор буд, ин спекталро дар оѓоз ман
сия рафтанд, ба дигар кишварњои пасошўравї сафарњои њунарї доштанд ва бо ин васила нишон доданд, ки дар Тољикистон дуруст, ки љанг аст, вале санъат, њунар, театр дар њоли рушд аст. Онњо нишон доданд, њукумати кишвар бо вуљуди даргир буданаш бо мухолифони мусаллањаш, боз барои рушди санъати театрї мусоидат мекунад. Ин хеле муњим буд. Ва нуктаи дигар ин аст, ки бењтарин намоишномњои театри "Ањорун" мањз дар њамин давра ба вуљуд омадаанд. Фаррух Ќосим аз аввалинњо шуда роњи сањнањои таъсиргузори театриро аз адабиёти пурѓановати классикиамон љуст ва пайдо кард. Вай андешањои орифонаро ба сањна овард. Ба Мавлавї, Љомї, Аттор, Њофиз, Саъдї руљуъ кард, ба "Шоњнома" рў овард, ба сарнавишти бузургтарин сўфиён таваљљуњ кард. Дар њамон марњила мањз театри Фаррух Ќосим муаррификунандаи театри тољик дар арсаи байналмилалї гашт. Ва Фаррух дар ин марњила ва баъдан барои рушди санъати театрии кишвар хизмати бузург ва пусрсамар кард. Ва љолиб аст, ки ин спектаклњо дар дохи-
муаррифї кардам, дар бораи таъриху барномањои театр ва муассисону намоишномањои он суњбат мекардам. Баъди анљоми намоиш якояк њунармандонро муаррифї мекардам, дар бораи њар кадоми онњо маълумоти мухтасар медодам. Ваќте Фарух Ќосим бо њамон њолати беморї, ки воќеан њам мариз буд, рўйи сањна меомад, њатто њолатњое буд, ки тамошобини Эрон мегиристанд ва дуо мекарданд, ки Худованд ин гуна як коргардони варзида ва маъруфро, ки намоишномањои арзишмандро рўйи сањна овардааст, шифои комил ато кунад. Ман ин њолатњоро хуб ёд дорам, њатто маќолае њам навишта будам, бо номи "Даљљол" Эронзаминро тасхир кард", ки он дар нашрияи "Чархи гардун" чоп шуд. Ва њамин гуна њолатњо дар Аврупо низ рух медоданд, дар шањрњои Аврупо, ки мардумаш мухлисони театр мебошанд, намоишномањои "Ањорун"-ро њамин гуна хуш пазируфтанд, яъне инњо ба фањму дарки мардуми Аврупо наздик буданд.
сњо карданд. Ва "Юсуфи гумгашта..." на танњо як спектакл буд, ки аз Тољикистон сайри љањонї кард, балки чандин љоизањои байналмилалиро њам соњиб шуд, дипломњо гирифт, ќадршиносї шуд. Ин асари Фаррух Ќосим яке аз аввалин намоишномањои даврони Истиќлол буд, ки бо истифода аз озодие, ки мухторият ба Тољикистон ва ањли њунару фарњанги он дода буд, ба даст омад. Ва он на танњо театри тозатаъсиси "Ањорун"-ро, балки роњи дигар театрњову намоишномањоро ба хориљ боз кард. Мо баъдан шоњид шудем, ки дар давоми ин 25 соли Истиќлолият дањњо намоишномањои мо ба киш-
Давлат УБАЙДУЛЛОЕВ, коргардони театри давлатии академї-драмавии ба номи Лоњутї: варњои дигар, дар љашнворањои театрї намоиш дода шуданд.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
Фаррух Ќосим ва театр. Наметавон ин дуро аз њам људо донист. Шахсияте бархоста аз як хонаводаи фарњангиёну њунармандон билохира кори шигифтангезро анљом дод. Вай солњо талош кард, то дар муњити театри худ бошад ва муваффаќ шуд. Баъди чанд дањсолаи талош бо театри худ ба фазои театрии кишвар ворид шуд ва онро чунин номид: "Ањорун". Фаррухи Ќосим - њунарманди соњибмактаб, шахсе, ки як кохи фарњанги бегазандро ба ёдгор гузошта, агарчанде худ имрўз дар ќайди њаёт нест, ин театр вуљуд дорад ва барои дањсолањо он вуљуд хоњад дошт. То замоне, ки ашъори Мавлоно зинда аст, то замоне, ки ќиссаи Юсуф куњна намешавад ва аз миён намеравад, ин театр пойбарљо мемонад. Зеро асарњои он, намоишномањои он аз хотирапорањои ин бузургон, аз "Авасто" то "Мансури Њаллољ", аз Фирдавсиву руњи Рустами ў, то Мавлонои Балхї њама ба сурати як риштаи пайвандзадаи таърихи башар дар дару девори ин театр печидаанд. То замоне, ки Даљљол рўйи кор меояд ва фотењаи ин оламро мехонад, "Ањорун" ровии таърихи гузашта ва пайвандгари наслњо боќї хоњад монд. Ин театр имрўз таѓйири ном кард, исми бунёдгузори ин хонадони њунармандон Муњаммадљон Ќосимовро ба худ гирифт. Вале барои насле, ки Фаррух Ќосимро мешинохтанд, он "Ањорун" хоњад монд: дар забон, дар калом, дар тафаккур. Ин нобиѓаи санъат агар умраш вафо мекард, рўзи 17-уми сентябр синни 68-ро пур мекард ва ду сол баъд ба синни мубораки 70 ќадам мегузошт. Вале дунё ба ў низ вафо накард ва хеле љавон, дар айни камолоти эљодї ин олами пуршўрро тарк кард. Рафт, вале садњо ѓояи нобашро бо худ бурд, он чи ба сурати васияту насињат гуфт, њамсари њунармандаш Сабоњат Ќосимова ва писараш Фирдавс ба ќадри имкони худ амалї мекунанд. Вале гумонам дањњои ѓояи дигарро вай натавонист барояшон гўяд, чун аљали дар камин њамаро ѓофилгир карда буд. Фаррух Ќосим то он ки "Ањорун"-ро бунёдгузорї кунад, чун њунарманди њирфаї дањњо намоишномаро дар театрњои гуногун рўйи сањна овард ва дањњо наќши хотирмон бозид. Аз соли 1970 дар сањна наќш офаридааст ва аввалин наќши ў шояд Бандї дар намоишномаи Мењрубон Назаров "Орзу" буд. Баъдан Зангиро дар "Фармони Кадушоњ", Њабашро дар "Эзоп", Соддаќулро дар "Шаби гирифтани моњ", Муллоњомидро дар "Лањзаи љовид", Орифиро дар "Рўдакї", Рањимбоевро дар "Њуррият" офарид. Аз наќшњои оддиву содда ба муракаб расид, Рустамро дар намоишномаи "Исфандиёр", Яъќубро дар "Юсуфи гумгашта бояд ояд ба Канъон...", Фаридунро дар "Шоњ Фаридун" бозид. Соли 1977 аввалин бор њунари коргардонии худро дар намоишномаи "Ишќи ман Электра"-и Л.Дюрко санљид. Чор сол баъд "Тўдаи риёкорон"-и Булгаков, баъдан "Раъно"-и Н.Исломов (дар сањнаи театри ба номи Лоњутї), "Тарюф"-и Ж.Молйер (дар театри Ќурѓонтеппа), "Хонасўзон"-и М.Фришро дар театри ба номи Воњидов рўйи сањна овард. Њунари коргардонии ў театрњои кишварњои њамсояро ба худ кашида буд. Бо даъвати театри "Эски мачит"-и шањри Ќаршї "Шайхи Санъон" (соли 1995), "Нидои Найман модар",
Шамси Табрезї, Хоља Њофиз ва ѓайраро љустуљў намудем. Кўшиш кардем, ки театрамон, ороиши сањнаамон шарќї бошад, расму гуфтору пиндору кирдорамон шарќї бошад. Ин намоиш кўшиши нахуст дар пайвасти дирўзу имрўз, бозгўи дардњои миллатест, ки дар гирдоби љараёни таърих фурў рафта буд. Он кўшиши рањо шудан аз гирдоб ва по нињодан ба соњили умедро маќсаду нияти хеш ќарор додааст". Фаррух Ќосим ошиќи фарњангу тамаддуни миллати худ буд ва њамеша талќин мекард, ки ганљинаи фарњанги милли мо кони нокушодаро мемонад ва танњо касе роњ ба он хоњад бурд, ки ифтихороти миллї дорад. Ба истиќболи 90-солагии падари бузургвораш, Њунарпешаи мардумии Иттињоди Шўравї Муњаммадљон Ќосимов гуфта буд, ки бе истиќлоли фарњангї истиќлоли воќеъї буда наметавонад: "Ман бовар дорам, ки барои эњёи маънавии халќи тољик шарти асосї ва бузургтарин масъ-
ФАРРУХ ЌОСИМ - НОБИЃАЕ ДАР САЊНАИ ЊУНАР аз рўйи асари Чингиз Айтматов"Дуроњаи бўронї", бо хоњиши театри Аброр Њидоятови шањри Тошканд, "Электра"-и Софокл" ва дар театри драмавии Бишкек "Шоњ Лир"-и У.Шекспир (соли 1998)-ро ба сањна гузошт. Вале њамаи ин солњо дар фикру андешаи бунёди театри худ буд. Дар суњбате гуфта буд: "Аввалин ва бузургтарин мусиќии Илоњї, мусиќии кайњон, садои хомўшист. Мо аз хомўшї падид омадаем ва дар хомўшї нопадид мешавем. Xомўшї садои зодгоњи руњонии мост ва мо дар уќёнуси бекарони хомўшие, ки пур аз гавњари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рў меорем. Мо мисли атфол њастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин пањнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоњї ва кайњонии ў, мисли сафинаест дар уќёнус, ки моро аз мањв шудан наљот медињад ва моро ба сўйи он ягона маќсаде, ки наљоти башар аст, ба сўйи Ягонагї мебарад". Билохира, гули орзуњояш шукуфт: рўзи аввали соли нави 1990 дар заминаи театр-студияи таљрибавии Фаррухи Ќосим, дар назди њукумати шањри Душанбе театри таљрибавии тамошобини љавон "Ањорун" таъсис шуд. Рўзи 30-юми январи њамон сол "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...", нахустин намоишномаи ин театр Гран-Прии аввалин Љашнвораи театрњои тамошобини љавони Осиёи Марказиро ба худ касб карда ва дар моњи ноябри њамон сол дорандаи Гран-Прии "Наврўз - 90" дар Љашнвораи театрии минтаќаї шуд. Соли 1990 давлати Тољикистон бо эътои љоизаи Абўабдуллоњи Рўдакї - болотарин љоизаи њунарї дар кишвар ба Фаррухи Ќосим,
кори ўро ќадрдонї кард. Намоишномањои Фаррухи Ќосим ва театри "Ањорун" тавассути шева, мусиќї, ритм ва фалсафаи тоза, љараёне нав дар роњи таъсиси театри миллии Тољикистонро мушаххас кард. Дар сомонаи ин театр, ки хеле баъдњо фаъол шуд, мехонем: "Театри Фаррухи Ќосим аз тамаддунњои зиёд илњом мегирад ва мудом манобеъ ва мафоњимро ба худ дармекашад ва тавассути офаридани ќањрамонњои нав тафсире дигар пешнињод мекунад. Ба унвони мисол дар намоишномаи "Ќиссаи ишќ", коргардон достонњои "Лайлї ва Маљнун" ва "Ромео ва Љулйетта", ду фољеъаи барљаста аз адабиёти клоссики Шарќ ва Ѓарбро бо њам омезиш дода ва ба сањна бурдааст". Дар мавриде руљўъи худ ба осори ќадим ва шеъри форсиро Фаррух Ќосим ин гуна шарњ медињад: "Тайи дањсолањо мо аз осори ниёгони худ људо шудем. Ба сањву хатоњо роњ додем, роњи дурустро интихоб накардем. Осори ниёгонро ба "хубу бад" таќсим намудем, магар ин ѓам нест? Акнун зарур аст, ки роњи минбаъдаро дуруст интихоб кунем. Тадбирњоро муайян созем, то пеш биравем, яъне ѓам бихўрем, ѓами фардо. Маќсади асосии тањияи намоиш низ ин аст. Мо роњи худро меёбем. Юсуфи гумгаштаи мо њатман бармегардад, вале барои ин зарур аст, ки мубориза барем, њаќ ба њаќдор бирасонем. Намоиши мо саршор аз шеър аст. Метавонам гўям, ки мо ин ашъорро аз китобњои бо њуруфи кириллї чопшуда дарёфт накардем. Мо њоло њеч чиз бо ин њуруф надорем. Бинобар ин аз китобњои чопи Тењрон "Девони Кабир"-и Мавлонои Румї, "Девони баргузидаи
ала - масъалаи эњёи фарњангу тафаккури тољикї аст. Фаќат як "шоњнома"-и Фирдавсї метавонад моро аз нав созад. Эњёи тамаддуни Ѓарб ва эњёи достону њамосањои миллї ва динии онњо шуруъ шуд. Ку Мониќалами тољик, ки мисли нигорањои Афросиёбу Панљакенту Бунљикат асарњо офарад? Ку пайкарасозоне, ки пайкарањои ќањрамонони миллии тољикро созанд? Ку пайкарањои Љамшед, Эраљ, Сиёвуш, Кайхусрав, Рустму Исфандиёр? Ку муаррих ва олимоне, ки аќалан як достони "Шоњнома"- ро тањлил ва тафсир кунанд? Бе истиќлоли фарњангї, бе истиќлоли тафаккуру љањонбинї истиќлоли воќеъї ба даст намеояд. Муњаммадљон Ќосимов мањз барои њамин истиќлол тамоми умр кўшид ва ба мо њам васият намуд, ки кўшем". Фаррух Ќосим њамагї 62 сол умр дид. 7уми феврали соли 2010 бар асари беморї аз олам даргузашт. Аммо дар як умри хеле кўтоњ тавонист аз худ осори гаронмоя боќї гузорад. Намоишномањои ў "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...", "Даљљол", "Исфандиёр", "Шайх Санъон", "Шоњ Фаридун" ва "Шоњ Лир"ганљинаи фарњангу тамаддуни миллатро ѓанї кардаанд. Мактаби њунарии ў мероси мондагор барои фарњанги тољик, аз љумла мактаби театри миллии тољик аст. Фаррух Ќосим барандаи яке аз дањ љоизаи байналмиллалии Сандуќи Шоњзода Клаус (Њоланд) дар соли 2004 гардид. Ёди неки ў њамеша дар ќалби њамаи касоне, ки дўстдори њунар ва фарњанги асиланд, боќист.
Фирдавси ЌОСИМ: ИМКОН НАДОШТ, КИ БА ИН МАКТАБ,
БА ИН ШЕВАИ ЗИНДАГЇ ОШИЌ НАШАВАМ... Фирдавси Ќосим 29 сол дорад ва њарчанд тахассуси Донишгоњи политехникиро соњиб аст ва њоло донишљўйи курси чоруми Донишгоњи њунарњои зебо дар бахши коргардонист, ў мактаби театри падарро тайи дањ соли ахири фаъолияташ дар театри "Ањорун" омўхтааст. То њоло дар намоишномањои дубора ба сањна гузоштаи падараш наќшњои аслии Яъќуб ва Юсуф дар намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" ва наќши Фаридунро дар намоиши "Шоњ Фаридун" иљро кардааст. Ба љуз ин дар наврасї дар намоишњои "Даљљол", "Чунин гуфт Ањуромаздо" ва "Ќиссаи ишќ"- и падараш наќшњои кўчакро офаридааст. Инак, чанд сухан аз каломи ў дар бораи падар ва театри ў "Ањорун": "Ончи ман то имрўз дарёфтам, мактаби театри Фаррухи Ќосим, театри ""Ањорун"" ин худ як шеваи зиндагист. Зиндагї дар дунёе, ки водињои он пандњои ахлоќи инсонї аз адабиёти љањон ва хусусан аз адабиёти шарќї саршор аз ѓизои маънавист. Шеваи зиндагие, ки пайваста љўё ва пўё бошем, то омўзем, то аз таърих ва адабиёт худ панд гирем, яъне ин сабки зиндагии њар як њунар-
манд дар ин мактаб бояд бошад. Дар бораи Фаррухи Ќосим ё театри "Ањорун" гуфтан њам осон аст ва њам мушкил. Мушкил он ваќт аст, ки дарк мекунї чї ќадар ин мактаб бузург аст, яъне танњо мактаби театр нест, балки мактаби зиндагист, баргирифта аз фалсафаи бузургони гузашта ва он ваќт худро ољиз медонї барои њарф гуфтан дар ин мавзўъ, чун фаннест бекарон. Каноре надорад дилу љони мо, Ќароре надорад биёбони мо. Љањон дар љахон наќшу сурат гирифт, Кадом аст аз инњо они мо? Ин байти Мавлоно шояд фикри маро дар бобати шеваи мактаби "Ањорун" бењтар шарњ медињад. Бо њар мисрае аз шеър, ки нав тањлил мекунем ва меомўзем ва ба дарки эњсосоти ноб ва асил мерасем, лаззати кор дар ин мактаб бештару бештар мешавад. Имкон надошт, ки ман ба ин мактаб ва ба ин шеваи зиндагї ошиќ нашавам. Ман як ошиќам ва бештар аз ин бароям тасвири мактаби "Ањорун" сахт аст. Мактаби "Ањорун" ошиќон мезояд, ошиќони адаб ва андешаву арзишњои воло, ки дар таъриху
адабиётамон љой доранд. Рисолаташ њам ќисмат кардани ин ишќ бо тамошобин, то тамошобин аз даричаи ин ишќ худро бинанд ва ў худро љўё шаванд. Яке аз пандњои зиёде, ки падарам ва мактаби ў ба мо ва тамошобинон медињад, бо ин абёти Мавлоно хуб ифода мешавад: Он дил, ки гумшудааст њам аз љони хеш љў, Ороми љони хеш зи љонони хеш љў. Аз тахти тан бурун шаву бар тахти љон нишин, Аз осмон гузар куну кайвони хеш љў. Наќлест аз Расул, ки мардум маъодинанд, Пас наќди хешро ту њам аз кони хеш љў. Эй он ки мондаї ту дар аввал ќадам њанўз, Аз аввалин гузар куну поёни хеш љў. Барќе, ки бар дил омаду дил беќарор шуд, Он барќро дар ашк чў борони хеш љў. Маќсуди њарду оламу матлуби рўзгор, Аз ину он маљуву њам аз љони хеш љў."
НОБИЃАИ ТОЉИК
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
11
Фаррух Ќосим ва "Ањорун"
Муносибати Фаррух ба њар кор аз дигарон фарќ мекард. Агар кореро оѓоз мекарданд, бо тамоми вуљудашош ба он кор дода мешуданд. Агар бо касе паймонї дўстї мебастанд, то охир дар бари дўсташон буданд. Фаррухро намешуд аз корашон људо кард. Њунарманди ботиншиносу ботиннигар буданд. Боварии комил доштанд, ки дар вуљуди њар инсон зебогї ва мењр вуљуд дорад, ки метавонад бар љањолат пирўз шавад. Њамин зебої ва мењрро мекушиданд дар сањна ба намоиш гузораднд. Коре анљом намедоданд, ки тиљоратї бошад. Ба ин хотир њар асареро, ки ба сањна мегузоштанд, паёмњое ба як миллати хос не, балки ба инсоният доштанд. Сабоњат ЌОСИМА, њунарманди варзида, њамсари Фаррух Ќосим
Театри Фаррухи Ќосим ба саволњои кўњнаи фалсафї посух мељўяд, ки ин амр барои зењнияти расмї ва сиёсї бегона аст. Ў аз тамаддунњои Осиёи Марказї ва фарњанги исломї ва ќабл аз исломии форсї илњом мегирад. Аммо њунари Фаррухи Ќосим бо ин мањдуд намешавад. Ў захоир, нањваи кор, мафоњими фалсафї ва манобеъи адабиро мудом ба худ дар мекашад. Бо ин нањва дар соли 2003, театри "Ањорун" ба тамошобини урупої "Шоњи Лир"и тољикиро намоиш дод, ки дар он Фаррухи Ќосим байтњои муносиб аз достони мушобење дар "Шоњнома"-и Фирдавсиро ба матни Шекспир ворид карда буд. Порае аз рисолаи илмии Елена Эдгар "Њунари коргардонї дар Тољикистон, 1980-1990"
"Театр эътиќодро гум када буд, театр суханро гум карда буд, театр оњангро гум карда буд. Аммо "Ањорун" эътиќод, сухан, њаракат ва оњангро зинда кард. Асрори гумшудаеро падид овард, моро бори дигар бо худ ошно кард." Е. Симонов
"Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон..." ба таври ќатъї аз раванди бенињоят бомуваффаќи бунёди мактаби миллии коргардонї дар Тољикистон садо баланд кард ва ин мактаб дар њама сутўњ раќобатпазир аст." Нагорнечных Е.
Дар "Исфандиёр" ѓазаб, хашм ва њурмат дар сурати берањмона зебо намоиш дода мешавад, ки дилро ба таври тарснок мафтун мекунанд. Аз сањна нафаси Шарќи ромношуда, таскиннадида ва ботакаббур медамад. Анна Степанова "Коргардон эњсосоти мо - тамошобинонро чунон таконе мебахшад, ки мо дубора пок мешавем, сипас дар љараёни намоишнома мо дарди риќќатбори талафотро эњсос мекунем ва бо эњсоси тасфия ва тазкияи нафс ошно мешавем, эњсоси хушбахтї аз он, ки зебої, ишќ ва мењре ки дар дунё мунњал шудааст, решаканнопазир аст. Ва ба ин хотир Юсуфи гумгашта ба Канъон боз меояд..." Н. Корнован ва Анна Степанова
"Фаррухи Ќосим бояд театр ё истудиёи худро дошта бошад, ки аз њамфикронаш иборат аст, њамфикроне, ки ба монанди худи ў, бе худхоњї ба њунар вафодор бошанд". Лутфия Айнї "Мансури Њаллољ" дар њоле ки љон медод, њамќавмони худро, ки ўро сангсор мекарданд, пњил кард, зеро аз сабаби нодонї онњо дарк намекарданд, ки чи кор мекунанд. Танњо як нафар бо идрок ба сўйи устодаш гул партофт ва Мансури Њаллољ ўро пњил накард, зеро хиёнат дарди вањшатноктар аз дарди љисмонї аст." В. Дайниченко
"Мутањаййир гаштам, ки наход аз шеър як намоиши љолиб сохтан мумкин бошад".
Сайид Муњаммади Хотамї, Райиси љумњури пешини Эрон Ба назари ман ин яке аз бузургтарин барномањост, ки таърихи намоиш дар љањон дида ва баъд аз ин њам хоњад дид. Барои шумо тавфиќ орзу мекунам". Фаридуни Љунайдї, нависандаи шинохтаи Эрон "Театри Фаррух Ќосим дар љустуљўи барномаи нотакрор роњи муайян, љараёни ягонаро ба даст овард. Мавзуъи асосии кори њайати эљодї аз худ намудан ва зинда кардани осори ѓании адабиёти классикии миллї, суннатњои ќадимии бадеї, дар заминаи онњо офаридани намоишњои нав гардид. Ин мавзуъ, ки то расидани давраи Истиќлолият аз истифода барканор монда буд, барои театр басо азиз ва муњим аст". Низом НУРЉОНОВ, мунаќќиди шинохтаи театр, муаллифи китоби «Фаррух Ќосим» "Имрўз заминро ба мо дидан аламнок аст, аммо њунармандон бо чашмони Љалолиддини Румї ситорањоро диданд ва дар ќалби мо нолиш бархезонданд. Юсуфро бародарон љисман куштанд, аммо барои ў ва барои мо, ваќте ки мо вайро фикран ќатл мекунем, сад бор дањшатовар аст. Намоиши Фаррух Ќосим њайратангезона дурахшон буда, дарду аламњое, ки мо баробари ќањрамонони ў аз сар мегузаронем, руњро тоза мекунанд. Ман бори дигар бовар мекунам, ки фалсафаи коргардон, агар љањонбинии ўро даќиќ инъикос намояд, дар намоиш ифода меёбад. Шакли намоиш худ аз худ табиї, аз њолати ботинии коргардон тавлид меёбад". Л.В. Лебедина, мунаќќиди маљаллаи "Театральная жизнь" (Масква) "Намоиши Фаррух барои ман њамчун на-
мояндаи фарњанги универсалї муњим буд. Он на танњо фарњанги тољикро фаро мегирад, балки ба ќабатњои фарњанги умумиљањонї такя мекунад". И.Г. Мягкова, мунаќќиди театр (Маскав) "Ман чунин мешуморам, ки намоиши Фаррух Ќосим ба дараљаи бењтарин комёбињои љараёни театри дунё офарида шудааст. Ин шакли сифатан нави театри миллї буда, аз шаклњои санљидаву расман тасдиќгашта даст кашида шудааст. Дар намоиш замони гузашта дар њозира, њозира дар оянда њайратангезона таљассум ёфтааст ва ин пешбинї, тахмин, љустуљўи њаќиќат аст". Е.Розанова, мунаќќиди театр (Русия) "Ба шарофати зањмати Фаррух Ќосим мо њунарпешагон театри худро, дунёи маънавии хосаеро сохтем. Аксари актёрони моро театрњои дигар бо дилу љон ба кор мегиранд. Аммо рафту Худо накунад, театри "Ањорун" зери таъсири бемаблаѓињо барњам хўрад, њеч яке аз мо бозгашта ба ин ё он театр намеравад, балки таѓйири касб мекунад. Зеро шикастани миёни "Ањорун" фољеае хоњад буд, ки ќалам аз тасвираш ољиз мемонад ва ояндагон намебахшанд". Саъдулло НАИМОВ, њунарпеша
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
14-УМИ СЕНТЯБР шудан"-и маќоми давлатї гашт. Шояд њамин гуна њам њаст, аммо, боз њам шояд хидмати Тоњири Абдуљаббор бузургтар буд, ки на дар майдон, балки дар толор, на бо фарёд, балки бо лањни орому ботамкин, аммо бурњони ќотеъ ва мантиќи сангин гардани мухолифат ба забони тољикиро бишикаст. Оре, сухани ў њамин гуна мисли зарбаи чаккуш буд, ки "деворњои ќиёмат"-ро мешикаст. Вай даќиќан ёфта буд, ки бояд ба кадом нуќта фишор овард ва чї ќадар, то фазо таѓйир кунад. Бидуни ин шояд раќобат идома мекард ва њалле ба даст наомада, баракс хушунати байнулмилалї дар кишвар густариш меёфт. "РЎ БА РЎ" БЕЊ АЗ МАЙДОН Вале муњимтарин меваи он гирдињамої дигар буд, ин мева зода шудани мањфили сиёсии "Рў ба рў" буд. Тазоњурот чашми сарварони коммунистро тарсонд. Агар замона мебардошт, њамон шаб устодони донишгоњ ва донишљўёни оташинсуханро аз рахти хоб ба мошинњои мањбас менишонданд. Аммо давр - даври "бозсозї" буд, даври шунидану тоќат кардани бо дандонѓуљура.
Љамъомади сарнавиштсоз, ки дар он тарњи Ойиннома ва Барномаи Созмони Мардумии "Растохез" ба тасвиб расид, дар яке аз синфхонањои навбунёди Донишгоњи давлатии Тољикистон, дар Љазира, сурат гирифт. Дар он устод Тоњири Абдуљаббор, Олими Хољамурод, Муњаббат Ќаноатов, Шарофиддин Имомов, Халифабобо Њомидов, Њамидулло Њабибуллоев, Сафар Абдулло ва чанде аз дигарон ширкат доштанд. Тоњири Абдуљаббор орзу надошт, пешво шавад. Худаш мегуфт, "ваќте пешвоён ба миён меоянд, мардум аз байн меравад." Аммо "бачањои "Рў ба рў" ба як пой истоданд, ки устод Тоњир раёсати "Растохез"-ро бар дўш бигирад. Онњо мегуфтанд, омодаанд, ба зону биншинанд ва илтиљо кунанд. Љойи заъфи ўро медонистанд. Ў, ки тоби дидани ранљурии шариконашро надошт, онњоро ором кард ва ризоият дод. Ин як давраи норўшане буд ва њарчанд бисёрињо шираи минбару маснадро чашида буданд, таќрибан касе набуд, масъулияти сарварии аввалин созмони амалан зиддињукуматиро ба зимма бигирад. Сар аз соли 1985 љўшишњое дар љомеа аз њар сў бухор медод, аммо бенатиља, зеро њарчанд насими озодї мевазид, сояи абрњои тўфонї низ намудор мешуданд. Дар натиља, баъд аз њама доду фарёд, дар он лањзаи асосї, ки мебоист лоаќал як нафар ќадаме пеш мегузошту "ман фулониям!" мегуфт, њама дўст медоштанд, сукут варзанд, аз саф берун наоянд, ќатори тўда бимонанд, ба чашм барнахўранд, зеро "кї медонад, оянда чї мешавад?" Аќидае бартарї дошт, ки њукумати шўравї "ресмонро дароз партофтааст ва ваќташ, ки омад, аќиб хоњад кашид" ва он ба њалќадаваки дор табдил хоњад ёфт. Љуръату љасоратњо эњтиёткорона ва дурандешона буд. То хатти сурх. Њоло "Растохез"-ро њар кас њарчи хоњад бигўяд, вале љомеа ба сатње расида буд, ки мебоист, як чунин нињод пайдо мешуд. Бо њар ном, ки бошад ва бо њар касе дар садраш. Чанд талоши њамсонро нависандаи тољик Муњаммадзамони Солењ "гузамгулинор" номида буд. Бархи дигар беадабонатар мегуфтанд, ки бо чунин ќаробатњо "бача таваллуд намешавад". Њаќ њам доштанд. КИНО ДАР "ХОНАИ КИНО" Љаласае бо ширкати аксари бузургони миллат дар толори мудаввари "Хонаи кино" баргузор шуд, ки шоњиди зиндаи он будам. Номдортарин намояндагони миллат гирд омаданд ва Давлати Худоназар ба онњо толор дод ва худ низ он љо буд. Номњоро зикр намекунам, дилатон аз "гулњои сари сабад" хунук нашавад. Сўњбатњои пурдард зиёд буд, ба зарурати таъсиси як њизб ё созмон барои рањ ёфтану ба бењбуд расидан таъкид мешуд. Њама розї буданд, лекин мегуфтанд, бояд дар атрофи як масъалаи ќобили фањму дарку ќабул муттањид шуд. Бањс ба дарозо кашид, аммо аз ин њамоиши "падарону модарони миллат" тифле ба дунё
ми давлатии забони тољикї мубориза мекард. Бисёре аз зиёиён дар атрофи ин марказ муттањид шуда буданд. Рањбарони нашрия - Аскар Њаким ва Мазњабшоњи Муњаббатшоњ дар баробари ин падида худро нодида вонамуд мекарданд, то "боло" онњоро азият накунад. Ман, њамчун мудири бахши иљтимоиву сиёсї бо њамкоронам Искандари Хатлонї, Розияи Исмоилї ва Абдуѓаффори Партав ба љалбу тањрири маќолањои сангине дар њимоят аз забони модариямон машѓул будам. Аввалин бор Тоњири Абдуљабборро дар њамин идора дидам, ваќте маќолае овард, ки далелњои матбуоти русиро титу пора мекард. Шодравон Искандари Хатлонї маќоларо омодаи чоп кард ва бо акси устод Тоњир онро дар гўшае, ки бо номи "Минбари озод" таъсис дода будем, ба нашр расондем. Эътирози Кумитаи Марказиро њадду канор набуд. Онњо сармуњаррир Аскар Њакимро мељустанд, сими телефонњо метафсид. Аскар як одати аљоиб дошт. Њангоми омодаи чоп шудани чунин маќолањо мегуфт, чанд рўз нигоњ доред, ман ба сафар, ки баромадам, ё рухсатї, ки рафтам, дар фалон шумора чоп кунед. Ваќте
ТУЛЎИ "РАСТОХЕЗ" наомад. Зеро њеч кас (!) масъулияти сарварии чунин як созмонро бар дўш нагирифт. Ин њам дар њоле буд, ки "боло" худ мехост, Тољикистон аз дигар љамоњири шўравї аќиб намонад ва соњиби созмони "сарварони ѓайрирасмї"-и хеш шавад ва мабод Маскав Кумитаи Марказии Њизби коммунисти Тољикистонро дар мухолифат ба шиори њизбии "бозсозї" ва "ошкорбаёнї" танќид кунад. Ишора ин буд, ки дар њамаи љамоњир "фронтњои халќї" ё "созмонњои мардумї" таъсис ёфтаанд, мо аќиб мондаем. ЉАБЊАИ ЁРОНИ ЛУЧИНСКИЙ Моње баъд бо дастури котиби дувуми њизб Петр Лучинский созмони "Љабњаи њамёрони бозсозї" таъсис ёфт, ки дар як саф бо номварони кишвар як намояндаи Кумитаи Марказї њам узви раёсати он шуд. Нашрияњои њизбї ба таври ѓайриодї аз таъсиси ин созмоне, ки усулан бояд дар муќобили коммунистон ќарор бигирад, хабар доданд. Ин хабарњоро метавонед аз нашрияњои он давра пайдо кунед. Барномаи он нашр нашудааст, вале шиораш кўмак ба њизб дар роњи бозсозї буд. Гўё фаъолони Тољикистон низ аз худ хабар доданд. Бархе аз одамони хушбовар зуд узви ин "љабња" шуданд. Аммо њанўз њам кам касе ба таѓйир ёфтани табиати зотии Њизби коммунист бовар надошт ва созмони нав як зоњирпарастие беш набуд, ки ба зудї худ аз худ фаромўш гашт. Сипас, шоир Зиё Абдулло талош кард, созмони "Маърифат"-ро таъсис дињад ва як раёсату ойиннома њам омода сохта, мардумро дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода љамъ овард, аммо барномаи ин ки бояд солњои дароз сабурона мардумро бомаърифат карду сиёсати нобарзўрї омўзонд, ба дилњои пурљўши он давра нанишаст. "Дон Кихот", - гуфтанду хандиданду рафтанд. МИТИНГИ СОЊИБОНИ ЗАБОН Ѓайриинтизори њама, 24-уми феврал дар шањри Душанбе нахустин тазоњурот ба вуќўъ пайваст. Љавонони донишгоњї бо сарварии устодонашон Барот Маќсудов, Љумъахон Исоев ва коргари корхонаи пойафзол, донишљўи ѓоибхони бахши таърих Сафари Мастонзод бо шиорњои миллї дар муќобили бинои порлумони шўравї љамъ омаданд ва бањси он рўзњо - ба забони тољикї додани маќоми давлатиро ба ављи худ расонданд. Рањбари порлумон Ѓойибназар Паллаев ба назди љавонон баромад ва ваъда дод, ки талаби онњо баррасї хоњад шуд. Бисёрињо бар инанд, ки њамин гирдињамої ва аввалин шиорњои оташину озодихоњонаи миллии он сабаби ба забони тољикї "таќдим
Љавонон дар поёни тазоњуроташон ваъда гузоштанд, ки якшанбеи оянда ва њамаи якшанбењои баъдиву баъдї дар майдон гирд хоњанд омад, то он рўзе ки ба забони тољикї маќоми давлатї дода шавад. Ин тањдиде буд, ки маќомоти њизбу давлатро водор кард, даст ба аксуламали мадании мутобиќ ба замона зананд. Онњо байни чаккушу сандон буданд, чун мухолифат ба забони тољикї воќеан шадид буд. Махсусан аз тарафи русњову русизабонон ва забонгумкардањои Тољикистон. Онњо намехостанд, забони барояшон бегона ва аз нигоњашон пасту нафринро биомўзанд. Намехостанд, ба хотири маќоми давлатї ба забони тољикї маќомњои давлатии худро аз даст бидињанд. Забонгумкардањо дар сари њокимият буданд ва мавзеъгирии онњо на танњо фарњангї, балки сиёсї буд. Бархе аз онњо имрўз аз номи Тољикистон дар давлатњои хориљї њамчун сафир намояндагї мекунанд ва ё масъулияти забону фарњанги тољикиро дар Юнеско сарварї мекунанд. Љанги Тољикистон сабаб шуд, ки онњо аз асп фуроянд, вале на аз узангу.
матлаб ба нашр мерасид, аз "боло" Аскарро мељустанд, намеёфтанд ва чормаѓзро дар сари муовини ў Мазњабшоњи Муњаббатшоњ мешикастанд, агар ў њам "ба сафар намерафт" ё "бемор намешуд."
ЉАНГИ НАШРИЯЊО Мухолифат ба талабњои додани маќоми давлатї ба забони тољикї ва он њам дар пасманзари мољарое, ки маќолаи машњури Мирбобо Миррањимов "То кай об аз таги ях меравад", матбуоти русии Тољикистонро ба силоњу сипари худ табдил дода буд. "Вечерний Душанбе", "Коммунист Таджикистана", "Комсомолетс Таджикистана" ва дигар нашрияњо ба марказњои зидди забони тољикї табдил ёфта буданд. Дар миёни нашрияњои тољикї низ гоње мухолифати манкуртонае ба забони тољикї забона мезад, аммо нашрияњои русї саросар, мисли як љабњаи мунсаљим талаб мекарданд, ба забони тољикї њељ гуна маќоми давлатї дода нашавад. Дар марњилае, ки бо ташвиќу таблиѓи Акбари Турсонзод, Мўсо Диноршоев ва дигарон сарони љумњурї "каме нарм" шуданд, матбуоти русї талабашро каме иваз кард: Агар ба тољикї маќоми давлатї дода мешавад, ба русї њам чунин маќом дода шавад. Посух: Он гоњ чї фарќе мемонад байни ин ду забон ва чї зарурате ба маќоми давлатии тољикї? Чї зарурат ба бањсу муноќиша ва эътирозу тазоњурот?
ДАЛЕЛИ ЊУЌУЌЇ Маќола далели муњимеро дар миён мегузошт, ки матбуоти русизабон дар муќобилаш ољиз буд. Њатто худи моро мутаваљљењ сохт, ки бояд бањсро таври дигар пеш бурд. Ин даврае буд, ки Хатлонї, Исмоилї ва ман аз ширкатдорони фаъоли мањфили "Рў ба рў" будем. Корпоя ва ё маромномаи мањфилро Искандар, Зафар Саидов ва банда навишта будем ва мо будем, ки онро таъсис додему раёсаташро дар ўњда доштем. Гап дар ин ки, ваќте љавонон дар майдон ваъда гузоштанд, њар якшанбе љамъ хоњанд омад, якшанбеи баъдї ману Искандар ба майдон рафтем ва дар воќеъ издињоми хурдтар аз тазоњуроти гузаштаро дидем. Бо донишљўён вориди сўњбат ва бањс шудем, ки набояд тазоњуротро ба кори муќаррарї табдил дод ва оќибат милиса ба љавонон њамла хоњад кард ва чизњое монанди ин. Аз он сўи издињом каси дигаре таќрибан ба њамин мазмун ва њатто каме шадидтар бо љавонон гуфтумон дошт. Бо ин бањсњо ва њаракат аз миёни издињом ба он шахс наздик шудем ва шунидем, ў пешнињод мекард, ки агар дарвоќеъ љавонон њар якшанбе љамъ омаданї њастанд, бењтар аст, дар толоре гирд оянд ва дар шароити осудае гуфтугў, табодули андеша кунанд. Дертар шинос шудем. Ин љавон худро Зафар Саидов, инструктори Кумитаи Марказии ЛКСМ Тољикистон (созмони љавонон) номид. Сўњбати ў бо Искандар ва банда ва чанде аз љавонон дар идораи "Адабиёт ва санъат" идома кард ва тасмим гирифта шуд, ки як мањфили бањсњои сиёсї таъсис ёбад. Ин оѓози зуњури мањфили "Рў ба рў" буд, ки дертар дар он то 500 нафар аз фаъолони сиёсї љамъ меомад ва вазирону вакилон барои мулоќотњои шабењи бозпурсї ба он даъват мешуданд. Зафар Саидов раиси мањфил ва устоди донишгоњ Љумъахон Исоев њамчун намояндаи љавонони мўътариз ноиби ў интихоб шуданд. Корпояи мањфил дар нашрияњо ба табъ расид ва эълони баргузории нишастњои ояндаи мањфил низ њар њафта чоп мешуд.
МАЌОЛАИ ТОЊИРИ АБДУЉАББОР Дар њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" бо сарварии нависанда Адаш Истад як маркази ѓайрирасмие таъсис ёфта буд, ки барои маќо-
ЌАЛАМЕ ЧУН САЙФ Ваќте маќолаи устод Тоњир ба нашр расид ва дањњо нафар ба мо занг задаву изњори сипос мекарданд, аз эшон хостем, як матлаби дигар
РЎЗИ ТАЪСИСИ "РАСТОХЕЗ" дар бораи иќтисодиёт бинависанд, зеро ин ба истилоњ "љои заъф"-и мо буд. Дар њамин дидори дувум буд, ки ба Тоњири Абдуљаббор пешнињод кардам, бо мо ба мањфили "Рў ба рў" биравад. Гуфтам, ин як мулоќоти афроди миллатдўст ва њамаќида мебошад ва табодули афкор дар он љо хеле муњим аст. Розия њам аз ин пешнињод пуштибонї кард. Устод пас аз каме андеша розї шуданд. Њоло дар ёдам нест, мавзўъи мулоќоти нав дар "Рў ба рў" чї буд, аммо устод Тоњир пешнињод кард, ки ба нишасти баъдина сарони матбуоти русизабонро даъват ва мухолифати онњоро ба талабњои маќоми давлатии забони тољикї бањс намоем. Ин оѓози зуњури Тоњири Абдуљаббор њамчун нотиќу пешгоми љомеъа буд. Вай, онгуна ки дертар дарёфтам, тибќи одати доимияш, ибтидо хеле хомўш монд, то рањбарони матбуоти русии Тољикистон бо пешгомии сармуњаррири "Вечерний Душанбе", иртиљоитарин нашрияи ваќт, хонуми Каратигина, њамаи далелњои худро руйи миз бигузоранд. Чунончи, маќоми давлатї гирифтани забони тољикї ба манофеи намояндагони аќвоми сершумори ѓайримањаллї зарба мезанад, ояндаи фарзандони онњоро зери хатар мегузорад, мутахассисонро ба тарки кишварро маљбур мекунанд ва монанди инњо. Дар поёни суханашон онњо гуфтанд, як роњи њал мављуд аст - агар ба забони тољикї маќоми давлатї дода мешавад, бояд ба забони русї низ чунин маќомро дод. Дар њоле ки љавонони беќарор ва шўр омада буданд, Тоњири Абдуљаббор гуфт, нигаронии мубоњисонро хуб дарк мекунад ва бархе аз
пайомадњоро мефањмад, аммо як суол дорад. Ва суол ин аст, ки агар тољикон њамчун сокинони Тољикистон ва соњибони ин кишвару забон талаб доранд, ки ба ин забон маќоми давлатї дода шавад, русњо ва русизабонон дар заминаи КАДОМ ДАЛЕЛИ ЊУЌУЌЇ айни чунин талабро мекунанд? Заминаи талаби онњо чист? Толорро сукути комил фаро гирифт. Ба андозае ки кадоме аз љавонони тољик бинї кашид ва дигаре каф ба зонуяш зад ва ин њама раъдгуна садо дод. Мубоњисон лањзае ба андеша рафта буданд ва ба зудї садо бароварданд, вале маълум буд, ки бањсро бохтаанд. Онњо ягон далели њуќуќї оварда натавонистанд. Баракс, шояд барои аввалин бор ба андеша рафтанд, ки оре, дарвоќеъ, ба кадом далел онњо як чунин талаберо ба миён мегузоранд? Ин пирўзии "Рў ба рў", пирўзии забони тољикї буд. Аз њафтаи баъдаш нашрияњои русизабон дигар дар њоли њамла набуданд, балки роњи оштї ва муросоро мељустанд. Лањн комилан таѓйир карда буд. Онњо акнун бештар дар бораи нарасидани китобњои дарсї ва луѓату вожаномањо менавиштанд, то дар бораи номувофиќатии забони тољикї ба корбурд дар компютер ё харљи њангуфти маќоми давлатии ин забон. ЗУЊУРИ САРВАР Дар нишастњои баъдии мањфил бо вуљуди раёсати расмии дигарон, Тоњири Абдуљаббор сарварии њаќиќии "Рў ба рў"-ро дар даст дошт. Мавзўъњои нишастро низ акнун бештар устод Тоњир муайян мекард ва онњо њарчї бештар тобиш ва умќи сиёсї меёфтанд. Љанбаъњои мустаќилияти иќтисодии љумњурињои шўравї, банди 6-уми Ќонуни асосии СССР дар бораи наќши пешбарандаи Њизби коммунист, вазъи дењот ва захирањои мењнатии Тољикистон… Њангоми бањсњои сахт ва дар лањзањои душ-
вори бунбастї њама хомўш мешуданду ба аќиб менигаристанд ва Тоњирро мељустанд. Онњо медонистанд, ки натиљагирии Тоњир метавонад, манзараи тираи бањсро ба якборагї рўшан кунад, монанди он ки дар њавои абрї якбора офтоб аз паси пардаи ситабр берун меояд ва атроф рўшану фањмо мешавад. Шоњиди ин будам, одамон ваќте ба љаласањои мањфил меомаданду Тоњирро он љо медињанд, самимона шод мешуданд ва агар љамоъа љамъ мешуду устод Тоњир дертар мерасид, дар чењраи аксарият як ноќаноатмандї ва нигаронї ба назар мерасид. Розияи Исмоилї, Искандари Хатлонї ва ман, ки аз идораи "Адабиёт ва санъат" њамроњ баромадаву то "Кохи маъорифи сиёсї" (дертар ЭКОМТ ва њоло "Кохи вањдат") ќадам мезадем, ба толор ворид шуда, дар гўшае менишастем ва ваќте чењраи Тоњир ё сухани ўро мешунидем, ба њамдигар менигаристему диламон аз фарањ лабрез мегашт, ки чунин инсонеро барои мањфил кашф ва муаррифї кардем. Устод Тоњир на танњо нотиќи мањкамсухан, балки як инсони кушодадил, нармхў ва мењрубон низ буданд ва ин хислатњо сабаб мегашт, ки одамон ба эшон майл кунанд, зуд унс бигиранд, ба ў бовар оранд ва дили худро барояш боз кунанд. Бархе аз ширкатдорони мањфил, монанди Сайидљаъфар Ќодирї, Муњаббат Ќаноатов, Абдусаттор Ѓаффоров, Давлатхоља Довудов, Намоз Њотамов ва дигарон Тоњири Абдуљабборро аз њамкорї дар Академияи илмњо мешинохтанд, вале бархи дигар, шабењи Абдуќодир Холиќзода, Алии Каримї, Ќодири Рустам, Насими Назруллоњ ва дигарон бо ў дар "Рў ба
рў" ошно шуданд. Холиќзода ва Абдуљаббор тандеми аљибе буданд. Яке таърихшинос ва дигаре иќтисоддон њамдигарро такмил мекарданд. Холиќзода буд, ки аввалин шуда номзадии Тоњири Абдуљабборро ба сарварии "Растохез" пешнињод кард. Ба назарам, наќши пешбари Тоњир аз чашми намояндагони Њизби коммунист ва Кумитаи амнияти давлатї низ пинњон намонда, њанўз аз он ваќт дасисањое зидди ў шурўъ шуда буданд. Худаш шиквае намекард, аммо аз бачањои Академия мешунидем, ки бар зидди ў фишоре роњандозї шудааст. ЃУРУБИ "РЎ БА РЎ"… Эътибори Тоњири Абдуљаббор дар "Рў ба рў" ба рањбарони мањфил низ начандон хушоянд буд. Онњо њам кўр набуданд ва нерўву дониши Тоњир, њамчунин муњаббати мардумро ба ў медиданд. Фароянди аљибе сар шуд барои ба таври сунъї коњиш додани нуфузи Тоњир. Талош мешуд, мавзўъњои пешнињодии ў пазируфта нашаванд, ба ў камтар ваќти сухан дода шавад ва нољавонмардињое монанди ин. Дар натиља, эътибори мањфил њам то рафт коста мешуд, вале мо нохушнуд набудем, зеро њис мекардем, ки бо њамин мањфили "Рў ба рў" миссияи таърихии худро ба љо овардааст ва шояд ба зудї пароканда шавад. Ваќте яке аз љаласањои мањфил баргузор нагашт ва ба нишасти навбатї футболбозонро (худсарии кўчабоѓии Љумъахон Исоев!) даъват карданду дар нишасте бо ширкати вакилони Шўрои Олии СССР аз мо таќозо шуд, ки суолњоро пешакї тарњрезї кунем ва Мирбобои Миррањим чанд нишастро ба "бенефис"-и яккаи худ табдил доданї шуд, ѓуруби "Рў ба рў" падидор гашт. Вале ин айёме буд, ки њастаи љамъшуда дар атрофи устод Тоњир дар андешаи таъсиси як созмони мустаќили сиёсї меафтод.
Ин гурўњ берун аз "Рў ба рў" љамъ меомад ва тарњи худро омода мекард. Якчанд мулоќот дар коргоњи ман, дар њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ба вуќўъ пайваст, аммо пас аз тањдиди шоир Салимшоњ Њалимшоњ, ки ваъда дод, "њамаи моро ба КГБ месупорад", нишастњои баъдї дар љойњои гуногун ба амал меомад. …ВА ТУЛЎИ "РАСТОХЕЗ" Љамъомади сарнавиштсоз, ки дар он тарњи Ойиннома ва Барномаи Созмони Мардумии "Растохез" ба тасвиб расид, дар яке аз синфхонањои навбунёди Донишгоњи давлатии Тољикистон, дар Љазира, сурат гирифт. Дар он устод Тоњир, Олими Хољамурод, Муњаббат Ќаноатов, Шарофиддин Имомов, Халифабобо Њомидов, Њамидулло Њабибуллоев, Сафар Абдулло ва чанде аз дигарон ширкат доштанд. Ин љо буд, ки хушхабар омад, нависандаи шањири тољик, устод Сотим Улуѓзода, барои узвият дар "Растохез" ариза додаанд. Ойиннома ва Барнома мутобиќ ба ќонунњои ваќти Иттињоди Шўравї ва ЉШС Тољикистон тањия шуда, аз назари њуќуќшиносон гузашта буд ва шароити фаъолияту ањдофи иттињоди шањрвандонро колбадрезї мекард. Дањум ё ёздањуми сентябр Розия ва ман матни ин ду санадро ба таври махфї дар як матбаа, ки сарвараш аз наздикони Розия-бону буд, чоп кардем ва ба дасти вакилони анљуман, ки 14-уми сентябр баргузор шуд, расондем. Дар анљуман иборат аз 55 нафар раёсат интихоб гашт ва Тоњири Абдуљаббор раиси созмон баргузида шуд. Ман рањбариву рањнамоии Тоњирро њам дар
рўзњои осоишта дидаам ва њам дар давраи љангу нооромї. Бояд иќрор кунам, дар њалќаи сарвароне чуни Шодмон Юсуф, раиси Њизби демократи Тољикистон, ки дертар таъсис ёфт, Ќорї Муњаммадљон, Муњаммадшарифи Њимматзода ё Давлат Усмон аз Њизби нањзати исломї ва дигар рањбарон Тоњир як андоза заъф нишон медод. Ба назарам, вай рањбари муборизаи осоиштаи сиёсї буд, на узви ситоди "Наљоти Ватан" ё шарики муборизаи мусаллањона. Ин буд, ки сукуташ њарчї бештар ва тўлонитар мегашт. Аммо боз њам шоњид будаам, ки дар њассостарин лањзањо маслињату машварати ў роњсозу њалкунанда буд. Собиќ муовини аввали рањбари Иттињоди оппозисюни тољик, Њољї Акбар Тўраљонзода дар чанд њолат, ваќте аќидаи бисёрињоро мешунид, мегуфт, як бор бояд аз Тоњири Абдуљаббор њам назар бигирад. Ба фикрам, ў ба аќидаи Тоњир арљи алоњида мегузошт. Шарофиддини Имом дар китобаш "Таърихи бедории миллї ва истиќлолияти Тољикистон" комилан дуруст менависад, ки тайи њамагї се моњ (октярб-ноябри соли 1989) "Растохез" бо созмони бонуфузе табдил ёфт, ки дар саросари кишвар басту њавзањои худро дошт. Он ваќт буд, ки гурўње аз сиёсатшиносони маскавї нерўњои мардумии Тољикистонро меомўхтанд ва солњо баъд натиљагирии онњоро хондам, ки дар охирњои соли 1990 зери унвони "Гражданские движения в Таджикистане" дар Маскав ба табъ расидааст. Муаллифон, Ю. Кулчиков, С. Румянцев ва Н. Чичерина навиштаанд, "бешубња, "Растохез" калонтарин љумбиши шањрвандии Тољикистон аст ва на танњо аз лињози теъдод, балки аз лињози имкониятњои интеллектуалияш низ." (М., 1990, сањ. 48) Пас чї шуд, ки устод Тоњири Абдуљаббор натавонист, чунин потенсиали бузурги аќлонии миллатро барои расидан ба њадафњои таърихии истиќлолияти давлатї, рушди фарњанги
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
13
миллї, шукуфоии иќтисодї ва адли иљтимоъї равона кунад? "БАЊМАНМОЊ" - ЗАРБА БА "РАСТОХЕЗ" Њокимони давр, ки садоќати онњо ба арзишњои коммунистї танњо ба хотири рифоњи худашон буд ва берун аз ин чизеро дида наметавонистанд, бо роњ андохтани тавтеъаи 12-уми феврали соли 1990 имконияти пирўзии намояндагон ва хайрхоњони "Растохез"-ро дар интихоботи 26-уми феврал аз байн бурданд. Тоњири Абдуљаббор њамаи њассосияти замонаро дарк ва њис мекард ва биноан бо нухбагони давр роњи мудоро мељуст, талош мекард, аз њама гуна нооромї љилавгирї кунад, аммо иттифоќан њам раќибонаш ва њам рафиќонаш мањз њамин гуна шароитеро ба вуљуд оварданд, ки ў намехост. Ин њам яке аз сабабњои канораљўии ў гашт. Бар асари "Бањманмоњи хунини Душанбе" на танњо имконияти роњ ёфтан ба порлумон барои растохезиён аз байн рафт, балки дар дохили созмон нифоќу људоињо сар зад. Ваќте муфаттиши КГБ Краснухин маро ба бозпурсї даъват кард, аз рўйи суолњои ў донистам, ки асрори як љаласаи пинњонии сарони "Растохез" ба таври комил парванда шуда буд. Краснухини сурхрў њар лањза ин пўшаро боз мекард, мепўшонд ва суоли нав медод. Дар он љаласаи махфї њамагї 6 нафар ширкат карда буданд ва ман дар љаласаи баъдї мўњтавои бозпурсї дар КГБ-ро њикоят кардаму гуфтам, то замоне ки мо муайян накунем, аз ин шаш нафари мо кї љосуси амният аст, ман дигар дар кори созмон ширкат намекунам. Монанди ман чандин нафар созмонро тарк карданд ва дар атрофи Тоњир касоне монданд, ки бароямон машкук буданд. Њамаи мо њам гунањкорем, ки ўро танњо гузоштем. Муљрим моем, на Тоњири Абдуљаббор. МАРДИ АЌЛУ СУЛЊ ДАР ФАЗОИ ОШЎБУ ЉАНГ Як худи Тоњири Абдуљаббор бо он "микрофони раќами 6", ки раиси маљлис бешармона ба "куштанаш" даъват мекард, њолу њавои порлумони тољикро ба куллї таѓйир дод. Агар дар пањлуи ў 5 растохезии дигар низ он љо мебуданд, шояд Тољикистон њаргиз ба коми хунини љанг намеафтод. Вай то охирин имконияти дастрас талош кард, пеши роњи љангро бигирад, вале њангоме љанг сар шуд, олами ў гўё ба поён расид ва олами дигаре оѓоз ёфт, ки Тоњири Абдуљаббор дар он љое барои худ надошт. Дар иљлосияи 16-уми Хуљанд вакилоне, ки ин њама ваќт дар назди сухандонию мантиќи Тоњир ољиз монда буданд, "интиќом"-и худро ситонданд. Рањбари онњо - Сангак Сафаров, гўё дар "зона" бошад, ба худ иљоза дод бо забони нопоке номи Тоњири Абдуљабборро ба забон орад. Баъд аз ин Тоњир дигар нахост, ба сањнаи сиёсї баргардад. Њар бор, ки ўро дар Тењрон ё Исломобод медидам, бемор буд, аз захми меъда ранљ мекашид ва шабурўзашро ба мутолиа мегузаронд. Аммо, дилаш, ки ба ватанаш месўхт, наметавонист, комилан дар канор бошад ва дар тањия санаду эъломияњои Иттињоди оппозисюни тољик, ки дар њоли музокира бо давлат буд, кўмак мекард. Вай мехост, ба ватан баргардад. Рўзе расиду баргашт. Аммо ба кишвари дигаре баргашт, ки фарњангу русуми дигаре дошт. Ва мардуми дигаре. Моњњову њафтањо бекор буд, аммо агар маќолањои сершуморашро бихонед, гўё аслан ба фикри хештан набуд. Дар ѓами мардумаш буд ва то охирин нафас ин ѓам ўро тарк накардааст. Вай аз ѓамбода даргузашт. Ба дархости дўстону њамандешонаш, ки бояд "Растохез"ро эњё кард, розї нашуд ва мегуфт, вазифаи асосии созмоне ки дар соли 1989 дар бањсњои пуршўри мањфили "Рў ба рў" таъсис ёфта буд, яъне истиќлолияти миллї, иљро шуд ва зарурати бозгашт ба он давра нест. НОМЕ БАР ФАРОЗИ КОХИ МИЛЛАТ Оре, њама равандаем. Аз як даре вориди ин љањон мешавем ва њанўз мижа назадаем, ки аз дари дигар берун меравем. Касе сутуни љањон нахоњад шуд. Аз касе чизе боќї нахоњад монд, љуз ин ки номи нек. Равонаш шод, Тоњири Абдуљабборро…. Вале наметавон бовар кард. Пас аз љанги Тољикистон Тоњир дигар он шахси кушодадил набуд. Ў кайњо дари дилашро мањкам баста буд ва нољавонмардињои зиёде ин дари бастаро зери тўдањои санг гузошта буданд. Вай ба афроди људогона бо шак менигарист, аммо як љањон орзуву умед барои ин мардум дошт. Бовар намекунам, ки шоду орому осуда рафт. Бовар намекунам, ки охирин лабханди ў оњи рањої аз ин љомеъаи сиёњу сангин буд. Ин лабханди дард буд. Лабханде аз бодаи ѓам… Дидор ба ќиёмат, устод Тоњир… Салими АЮБЗОД, aioubzod.wordpress.com
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
ИЗТИРОБ
Барномаи тавофуќномаи сулњ байни давлати Афѓонистон ва Њизби Исломї ба рањбарии Гулбиддин ЊИКМАТЁР, аз 2 сол бад-ин сў дунбол шуд ва 6 моњ аст, ки байни њайъати музокиракунандаи Њизби Исломї ва давлати Афѓонистон дар Кобул мавриди бањс ќарор гирифт ва ќарор буд, ки ќабл аз Иди ќурбон тавассути Гулбиддин Њикматёр, рањбари Њизби Исломї ва Ашраф ЃАНЇ, раисиљумњури Афѓонистон, имзо шавад, ки ин кор сурат нагирифт ва ба таъвиќ афтод. Гулбиддин ЊИКМАТЁР тайи паёме ба муносибати Иди ќурбон гуфт, ќарор буд рўзи љумъа ин тавофуќнома имзо шавад, вале ба иллати мушкилоти дохилии давлат, имзои ин тавофуќнома ба таъвиќ афтод. Аммо Шўрои Олии Сулњи Афѓонистон мегўяд, мушкилоти фаннї, ки ба далели таътилоти Иди ќурбон ба вуљуд омад, боис шуд, имзои тавофуќнома ба таъвиќ биуфтад. Раисиљумњур Ашраф ЃАНЇ низ дар маросими Иди ќурбон, ки дар кохи риёсати љумњурї баргузор шуд, гуфт, монеъи хоссе дар имзои тавофуќномаи сулњ бо Њизби Исломї вуљуд надорад ва агар мебуд, бо мардум онро дар миён мегузошт. Аммо коршиносони сиёсї ва соњибназарон, ихтилофот байни ду љараёни давлати Афѓонистон ба рањбарии Ашраф Ѓанї ва Абдуллоњ Абдуллоњро монеъи аслии имзои тавофуќномаи сулњ байни њукумат ва Њизби Исломї медонанд; агарчи Ато Муњаммад Нур, раиси иљроии Њизби Љамъияти Исломї, ки устондори устони Балх низ аст, дар маросими Иди ќурбон дар Мазори Шариф гуфт, Њизби Љамъияти Исломї баъд аз он ки аз сўи давлати марказї мутмаин шуд, дигар мушкиле дар тавофуќномаи сулњ байни давлат ва Њизби Исломї намебинад ва аз он њимоят мекунад. Вале ногуфта намонад, ки Њизби Исломї ба рањбарии Гулбиддин Њикматёр ва Њизби Љамъияти Исломї ба рањбарии марњум Бурњонуддин Раббонї ду њизби раќиби сарсахт будаанд, аз њамон замони љанг бо Шўравї дар дањаи 80 ќарни 20-ум ихтилофоти шадид бо њам доштанд, то љое, ки бо њам даргир мешуданд ва њатто Њукумати Муљоњидин, ки ба рањбарии Бурњонуддин Раббонї дар Афѓонистон таъсис шуд, аз сўи Гулбиддин Њикматёр ба расмият шинохта нашуд ва бештарин ва сахттарин љангњо байн ин ду њизб сурат гирифт ва Кобул бар асари љангњо бо не-
ЧОЛИШИ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ МИЁНИ АБДУЛЛОЊ ВА ЃАНЇ рўњои артиши сурхи Шўравии собиќ дар ин њадд тахриб нашуда буд, ки дар натиљаи даргирињои ин ду њизб тахриб шуд. Њамон љангњои дохилї заминаи падидор шудани падидаи Толибонро фароњам кард. Ногуфта намонад, ки аксари афроди муњимми Њизби Исломї тайи муддати 15 соли гузашта марњила ба марњила - ба гуфтаи Устод Њабибуллоњ Рафеъ, раиси Доиратулмаъориф дар Окодемии улуми Афѓонистон - ба хотири худкомагии эњсосотї ва маѓрур будан ва њамчунин инњисорталабии Њикматёр, аз вай фосила гирифтанд ва ба давлати Афѓонистон пайвастанд ва Њикматёр ба ќадре мунзавї шудааст, ки афроди ангуштшуморе дар канораш мондаанд. Бинобар ин, салоњро дар ин дид, ки бо имзои тавофуќномаи сулњ бо давлати Афѓонистон, ки онро дастнишондаи Омрико медонист, рўзњои поёнии умри худро дар Афѓонистон бигузаронад ва давлат низ - ба гуфтаи Устод Њабибуллоњ Рафеъ - рўйи Њикматёр њисоб боз намекунад. Албатта ихтилофот байни ду љараёни њукумати Афѓонистон ба рањбарии раисиљумњур Ашраф Ѓанї ва раиси иљрої Абдуллоњ Абдуллоњро низ набояд нодида гирифт. Агарчи баъд аз изњороти хеле тунди Абдуллоњ Абдуллоњ, ки чанде пеш эрод кард ва
гуфт, ки раисиљумњур њавсалаи мулоќот бо вайро надорад ва ба танњої тасмим мегирад, ин ду тан чанд бор бо њам дидор карданд, аммо њамалоти тунду тез алайњи якдигар каме бар асари фишори Омрико фурўкаш кард. Вале њаќиќати амр ин аст, ки ихтилофот байн ду љараён бар сари таъйини афрод бар сари мансабњои муњим ва судури фаромини њукуматї аз сўи раисиљумњур, њамчунон идома дорад. Раисиљумњур Ашраф Ѓанї мегўяд, ки бар асоси ќонуни асосї, ба вазифаи худ амал мекунад. Дар њоле ки Абдуллоњ Абдуллоњ, раиси иљрої мегўяд, ки Њукумати вањдати миллии Афѓонистон бар асоси як тавофуќи сиёсї бо миёнљигарии Љон Керри, вазири хориљаи Омрико шакл гирифтааст. Ба гуфтаи ў, дар ин тавофуќномаи сиёсї ќайд шуда буд, ки дар арзи ду сол бояд луия љиргаи ќонуни асосї аз сўи раисиљумњур фаро хонда шавад, то маќоми риёсати иљроия шакли ќонунї ба худ бигирад ва низоми њукуматї аз риёсати љумњурї ба нахуствазирї табдил шавад, вале раисиљумњур Ашраф Ѓанї ба он тан надод ва акнун бо гузашти 2 сол аз ин тавофуќнома, Њукумати вањдати миллии Афѓонистон ба вижа симати риёсати иљроия, ба таври комил зери суол аст ва њеч љанбаи
ќонунї надорад ва ба шакли ѓайри ќонунї идома ёфтааст. Албатта, ба гуфтаи њуќуќдонон ва коршиносон, Њукумати вањдати миллии Афѓонистон, ки бо канор гузоштани орои мардум ва бо миёнљигарии Љон Керри, вазири хориљаи Омрико ташкил шуда, аз њамон оѓоз хилофи ќонуни асосї буд ва њеч љанбаи ќонунї надошт ва коршиносони умури сиёсї дар ин бора бар ин боваранд, ки Омрико ба дунболи ташкили њукумате заъиф ва шикананда дар Афѓонистон буд, ки комилан ба Омрико муттакї бошад. Он гуна ки акнун њукумати феълии Афѓонистон ба маротиб заъифтар аз њукумати ќаблии ин кишвар аст ва љуръати кучактарин интиќод аз Омрикоро надорад ва њамин заъфи њукумати Афѓонистон, дар њаќиќат боиси таќвияти Толибон шудааст, ки шадидтарин заработро дар 30 вилоят аз байни 35 вилоят алайњи давлат ва нерўњои амниятии Афѓонистон ворид мекунад, ки ин амр заминаи бозгашти дубораи нерўњои Омрико ба майдони љангро фароњам кард, ки дар соли 2014 майдони љангро тарк карда, ба пойгоњњо рафта буданд.
МАНУ ПАНТУРКИЗМ
мо умумияти бештар аз нигоњи мазњабиву фарњангї доранд, пур намоем. Зеро вижагии марњилаи имрўзаи раванди рушди инсоният љањонишавї бошад, пас агар танњо дар дохили фарњанги худ дармонем, бо оламиён пайвастан имкон надорад. Албатта миллати тољик арзишњои волое дорад, ки месазад ба оламиён муаррифї намояд, вале бояд аз арзишњои дигарон низ нањаросем, аз онњо муносибтаринашро интихоб намоем ва дар раванди камолоти худ ба кор барем. Туркия дар айни замон барои ман њамчунон кишваре љилвагар шуд. Чанд њарфи дигаре ки ин љо њамчун љузъиёти муњим мехостам бигуям, инъикоси фарњанги мардум дар мавриди рушан шудани њирфаияти хизматрасонии тиббї буд. Барои фањмотар шудан ноилољ тафсилоти онро гуфтан лозим меояд. Сабаби сафари ман ба ин кишвар он хулосае буд, ки духтурони босалоњияти тољик бароям гуфтанд. Љарроњии таъљилї. Вале саволи ман "раванди эњё\реабилитатсия чї гуна сурат мегирад?" бељавоб монд, зеро ин раванди нисбатан арзон, вале хеле муњими баъди љарроњии мазкур, дар мо роњандозї нашудааст. Чанд њолати дигар њам дили маро аз духтурони худамон рамонд ва даъвати азизонро барои љарроњї ба Туркия рафтан пазируфтам. Аввалин чизе, ки он љо
маро њайрон кард, ќарори духтурон буд, љарроњї таъљилї нест, бояд роњи дигари муолиљаро бисанљем. Яъне ман омодаи љарроњї, омодаи супурдани маблаѓи азим (барои ман) њастам, вале барои духтурони турк ин омил муњим нест. Муњим он аст, ки дард њарчи беозортар шифо ёбад. Ин аст дараљаи олии касбияти тиббї. Ман ба он ки љарроњони тољик љисми беморонро хуб буридаву духта метавонанд, шубњае надорам, вале то чї андоза муносибашон ба бемор ва ба касби худашон њирфаист, њанўз љавоб дода наметавонам. Касбияти духтурї на танњо дар донистани анатомияи одам, балки њамчунон дар муносибати табиб ба бемор њамчун ба инсони зинда бояд бошад, на ба сарчашмаи даромад, ё калламуши таљрибавї. Албатта чанд духтуре, ки ман бо онњо тайи чанд соли беморї вохурдам, наметавонанд, намунаи ягонаи муносибати касбии духтурони мо бошанд. Ман боварї дорам, ки духтурони олиљаноб дар олами тибби мо њам кам нестанд, вале, аммо, лекин... Чунин буд чанд сафардидае аз пойтахти Туркия. Ва шояд касе ин маводро бихонад, андешаи дигаре дар маѓзи худ пайдо кунаду он њаргиз бо гуфтањои боло њамсадої надошта бошад. Шояд. Зеро њар як инсон дидгоњи худро дорад ва ба олам аз он менигараду бањо медињад...
3 нему сари он андеша намеронем, ки чї гуна онро ба фарњанги мардуми худ ворид намоем. Њифзи иморатњои таърихии ќадима як бахши дигари фарњанги ин шањр мебошад. Дар баробари иморатњои осмонбўс, деворњои манзилњои ќадимї, ки соњибонашон зиндагї мекунанд, низ ба назар мерасад. Баъзеи ин хонањо аз берун дар њоли фатарот ќарор доранд, вале ин боиси аз байн бурдану дар љойи он иморати шишакории зебои њозиразамон сохтан нашудааст. Метавонем ба њукуматдоронамон ањсант бигўем, ки ободонии роњ ва шањрњоро пеша кардаанду дар доираи тавонашон љорї мекунанд. Вале ин љо њам дар мо мутассифона мушкилоте аз ќабили њифз кардани иморатњои таърихии миллї љой дорад, ки тайи 2 соли охир њар сари чанд ваќт дар ВАО инъикос меёбад. Дар ин масъала рафтори мутахассисони шањрдории Душанбе латифаеро ба хотир меоварад: Аз Афандї њамсояаш мепурсад: Сиркои 40 сола доред? Афандї мегўяд дорам. Њамсоя: камтар ло-
зим шудааст, намедињед? Афандї: Не. Њамсоя: Чаро? Афандї: Ба њар кас додан гирам, он чї хел чилсола мешуд? Душанбеи мо шањри љавон аст ва таърихи он њам зиёд нест, вале агар он чизе дорем аз байн барем, таърихи он кай бунёд мешавад? Барои ин масъаларо рушан дидан ва онро ба шакли бењтарин њал кардан танњо масъулияти шинохти таърих, фарњанг ва њисси воќеии миллї дар тинати мутахассисони ин соња лозим асту бас. Дар ин сурат на танњо биноњои зиёди шањри солњои пеш, њамчунон чанорњои бузурге, ки аз дењањое, ки заминаи бунёди шањри Душанбе шудаанд, ёдгориянд ва шояд бисёр чизњои дигар њам мавриди ѓамхорї ќарор мегирифтанд. Гумон мекунам, њанўз шўре, ки дар зењнам ин сафар, бапо кард, љо ба љо нашудааст. Барои ин фурсат лозим аст. Вале хулосаи муњим он аст, ки барои омўзиши дигарон бояд аввал худро биомўзем, бурду бохти вазъи имрўзаи миллатро мушаххас намоем ва холигињои зењни миллиро аз љумла бо донишу таљрибаи оламиён, хосса онњое, ки бо
Ошиќњусайн ТУРЇ, Irdiplomacy
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА
НАХОД?! Ман сомонаи Шўрои уламои Тољикистонро мехонам. Бахусус бахши саволу љавоби ин сомона барои ман аљиб аст. Дар он бахш њис мешавад, ки баъзе саволњо супоришї ва њадафмандона дода шудаанд. Посух ба саволњо њам инро собит месозад. Аммо њоло дар бораи ин нест саволи ман. Саволам дар бораи ин аст, ки аз саволи мардум - он саволњое, ки воќеан барои гирифтани фатво дар масоили оиладорї дода мешаванд, бисёр содалавњонаанд. Онњое ки савол додаанд умуман аз дину мазњаб ва масоили оиладорї хабар надоранд. Дар масъалаи саволњои бесаводона ва содалавњона, аз ќабили "оё шири њамсари худро хўрдан мумкин аст ё не?", оё масъулини њукуматро ин раванд њушдор намедињад, ки бо чунин ноогоњиву содалавњї гумроњ шудан осон асту бењтар аст масоили динї дар макотиб омўзонида шавад? Баъзан саволњоеро њам дучор мешавї, ки марбут ба издивољу равою нораво будани оиладорї бо ањли мазњаби дигар, масалан ањли ташайюъ суол мекунанд. Савол ин аст, ки оё нашри ин саволу љавобњо дар сомона чї зарурат дорад. Оё дурусту салоњтар нест, ки посух ба саволњое, ки метавонанд боиси нофањмињои мазњабї шаванд, танњо ба муаллифони саволњо ирсол шавад ва ба сомона роњ дода нашаванд. Ташаккур. Суруш М. шањри Душанбе
?-И НОБОБ
ОРИЁЇ БУДАН ЧЇ МЕДИЊАД? Дар мулоќоти президент Эмомалї Рањмон бо мардуми ноњияи куњистони Масчоњ шунидам, ки роњбари давлат гуфтанд, ки ин мардум ориёињои асиланд. Дар ин бора њатто симои зоњирї ва бузургљусса будани он мардум далолат мекунад. Њамчунин Президент гуфтанд, ки русњо њам ориёї мебошанд. Ман бисёр мешунавам аз дўстону онњое, ки дар асл чизе дар бораи ориёњо ва тамадуни он ќавм нахондаанд, аммо худрову мардуми дењи худро аз табори ориёни асил баршумурда ва авлавият медињанд. Њатман ин гуна эродњо боиси як андоза эњсоси миллатгароёнаро ба вуљуд меоранд. Ба ёдам ќазияи ба суњбати президент роњ надодани духтараки масчоњї меояд, ки гўё симои зоњирии ориёї надоштааст. Савол ин аст, ки ориёї ё ориёии асил, ё начандон асил будани мо ба давлату халќи Љумњурии Тољикистон чї медињад? Оё аз ин ба иќтисод, сиёсат, ё соњањои фарњангу иљтимоии мо ягон зарра манфиат њаст? Агар не, чї зарурат барои таъкиду таќлиди мо ба миллатгароёни рус ё немисњо, ки худро аз табори ориёї ва бартар аз дигарон мешуморанд? Диловар, сокини Душанбе.
?-И НОБОБ Оё дуруст аст, ки андоз аз воситаи наќлиёт, њамон андозе, ки њар сол як маротиба барои мошинњои боркашу сабукрав, вобаста ба ќувваи аспе, ки муњаррикњои наќлиёт доранду мо пардохт мекунем, аз соли 2017 барњам мехўранд? Ман мошини сабукрав дорам, ки њар сол як маотиба барои њуљљат кардани он ќариб 800 сомонї месупорам. Агар ин андоз бар њам мехўрда бошад, бисёр хуб мебуд, чунки ман бо сабаби бепулї ду сол аст, ки ин андозро пардохт карда наметавонам ва мошин њам дар хона гуфти мардум, ки хоб аст. Исмоил ТАВАККАЛОВ, сокини н. Рўдакї.
15
АКСИ ГЎЁ
Хатсайри 19 барои њайвонњо ташкил шудааст. Њайвонњо дар наќлиёти тамѓаи "Хундай cтарекс" савор шудаанд, ки ронандааш саг мебошад. Мусофирон (њайвонњо дар назар аст) рафта истодаанд. Њама пул додааст, фил не. Саг чанд бор ба фил нигариста гуфтааст: - Эй фил, пулро дароз кун. Ин њолат якчанд бор такрор шудааст ва аз ин мўрча дар ѓазаб шуда, аз таги фил калаашро бароварда гуфтааст: - Эй саг, инсоф дорї, фил дар баѓали ман нишастааст... *** Мард ба зан: - Имрўз се пашшаро куштам. 2 - тоаш мард буд, 1- тоаш зан. - Аз куљо фањмидї, ки вай мард буд ё зан? - Дутояш мисли ман дар ТВ часпида футбол тамошо мекарду яктояш мисли ту виз - виз карда, мелаќќид... *** Дар суд судя ба айбдоршаванда гуфта истодааст: - Акнун Шумо гуфтанї, ки занатонро бо помидор задед, њамин тавр не? Айбдоршаванда: - Бале, њамин тавр! Судя: - Набошад барои чї сараш кафида, зери чашмонаш сиёњ шудаанд? Айбдоршаванда: - Охир, вай бонкаи помидори 5 литра буд... *** Дар Русия Афандиро маѓоза барои мурѓ мефиристанд. Ў меравад, аммо намедонад, ки мурѓ ба русї чї мешавад. Яке дар маѓоза тухмро мебинаду мегўяд: - А где его мать? *** Афандиро пурсиданд, ки ту дар кадом фасл таваллуд шудаї? Ў дар љавоб гуфтааст: - Ваќте ман ба дунё омадам, фасл пасл вуљуд надошт... *** Ду хомўшак дар њаво парвоз доранд. Яке аз онњо нохост ба замин нишаст. - Ба ту чї шуд? - мепурсад хомўшаки якумї. Хомўшаки нишаста мегўяд: - Ба чашмам пашша даромад...
ОЁ МЕДОНЕД? ...аваллин маротиба телефони мобилї 3 - юми апрели соли 1973 сохта шуд. Асосгузори телефони мобилї намояндаи ширкати "MOTOROLLA" - Мартин Купер буд. ...Merchandise X7 - номи махфии нишони тиљоратии Coca-Cola мебошад. Нахустин маротиба ранги оби ин нушокї зард буд. ...барои тавлид кардани 1000 килограмм коѓаз бояд 15 дарахти љангал бурида шавад. ...њар сол 10 тонна алмос дар саросари дунё истихрољ мешавад. Аммо љолиб он аст, ки барои пайдо кардани як алмос ба андозаи бодом бояд 10 тонна хокро элак кард. ...агар њамаи рагњои хунгарди инсонро дар як хатти рост ќарор дињанд, таќрибан 97 000 километрро ташкил медињад. ...ваќте одам сурх мешавад, меъдааш низ сурх мешавад. ...як тори мўй то 3 кг борро бардошта метавонад (муйи солим дар назар аст). ...дандон - ягона узви инсон аст, ки аз нав барќарор намешавад. ...майнаи сари инсон 80% аз об иборат аст. ...дар Алљазоир кўли оби сиёњ мављуд аст. Оби ин кўлро мисли ранг истифода бурда, ба он дар ќоѓаз навиштан мумкин аст. ...барои 3 метр ќад кашидани дарахти арча 100 -
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
ХАРИ МАРО НАХАНДОНЕД! Дар мусоњибае, ки "Нигоњ" бо сардори Раёсати маорифи шањри Душанбе анљом додааст, Њамидуллоњ Фаќеров дар посух ба хабарнигор гуфтааст, ки пули мактаб, ки њар моњ аз талабањои мактаб ситонида мешавад барои дарсњои иловагї мебошад. Илтимос, рафиќ сардори маориф ва илм, хари маро нахандонед!!! Бењтар мебуд, ки рўйирост иќрор мешудед, ки муаллим коргар аст ва ѓулом нест, ки ба ивази маоши ночиз зањмат кашад. Агар пули моњонаи мактаб набошад, муаллим кор намекунад дар мактаб, чунки омўзгор оила дорад, бояд нон хўрад, либос пўшад. Аз посухи шумо бармеояд, ки 99 фоизи талабањои мактабњои миёнаи умумии кишвар наметавонанд барномаи таълимро аз худ кунанд ва ба дарсњои иловагї ниёз доранд. Ва бинобар ин аз онњо њар моњ пули дарси иловагї ситонида мешавад. Муњтарам Фаќеров, модоме, ки барномаи таълимї наметавонад 99 фоизро саводнок кунаду онњо ба дарсњои иловагї ниёз доранд, барномаи таълимро бояд дур афганда, барномаи нави таълимї ќабул шавад. Шумо иќрор намешавед-ку, ки омўзгорони мо саводу мањорати педагогї надоранду бинобар ин аксарияти талабањо бесавод мемонанд ва ба онњо агар дарси иловагї надињї, намешавад. Модоме чунин нест, пас барномаи таълим кор намедињад, аз ин рў бояд барномаи таълимро иваз кард. Барномае, ки ба дарси иловагї ниёз дорад, барномаи нест, ё барномаи нимкора аст ва аз он бояд њарчи зудтар халос шуд. Маориф ва илм соњае нест, ки ба он чунин муносибат шавад, ки дар маќоли машњури мардумї омадааст: "шавад обї, нашавад лалмї". Бахтовар СОЊИБОВ, сокини шањри Душанбе.
БА ЉОИ 09
120 сол лозим аст. ...ќурбоќќа дар давоми њаёти худ 3 тонна хомўшакро истеъмол мекунад. ...дар 5 асри охир дар дунё њамагї 15 000 љанг ба вуќуъ пайвастааст. Дар натиљаи ин низоъњо 4 миллиард одам кушта шудааст. Яъне агар бо ањолии њозираи замин муќоиса намоем, бо нисфи ањолии замин баробар аст. Ба тарзи дигар њар дуввумин ањолии сайёраи замин. ...хомўшакњо бештар ба одаме мечаспад, ки навакак банан хўрда бошад. ...ранги сурх њиссиёти гушнагї меорад. Тањияи Рустам ЯЪЌУБОВ, сокини дењаи Гулободи ноњияи Рўдакї
Раиси Бонки миллии Тољикистон Нурмањмадзода Љамшед Ќабулгоњ: + (992 44) 600-32-01; + (992 44) 600-32-09; Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тољикистон Нуралиев Љамолиддин Камолович Тел.: + (992 44) 600-32-02; Ќабулгоњ: + (992 44) 600-32-03; Муовини Раиси Бонки миллии Тољикистон Икромї Сирољиддин Салом Тел.: + (992 44) 600-32-04 ; Ќабулгоњ: + (992 44) 600-32-05; Муовини Раиси Бонки миллии Тољикистон Салимова Лола Љумаевна Тел.: + (992 44) 600-32-10 ; Ќабулгоњ: + (992 44) 600-32-10; Муовини Раиси Бонки миллии Тољикистон
Тел.: + (992 44) 600-32-06 ; Ќабулгоњ: + (992 44) 600-32-07; Роњбари Дастгоњи Роњбарияти БМТ Холиќов Абдуласат Муминович Тел.: + (992 44) 600-31-18; Директори Департаменти аудити дохилї-сараудитори БМТ Абибуллоев Назулло Тел.: + (992 44) 600-36-79; Директори Департаменти сиёсати монетарї, тадќиќотї ва рушд И.В. Асоев Манучењр Ќурбонмуродович Тел.: + (992 44) 600-31-45; Директори Департаменти назорати бонкї Шарипов Нурмуњаммад Нуруллоевич Тел.: + (992 44) 600-32-16;
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (507), 15. 09. 2016
ЧЕЊРА
АБДУЛВОЊИД ШАМОЛОВ
Абдулвоњид Абдуллоевич Шамолов, доктори илмњои фалсафа. Муовини роњбари Дастгоњи Маљлиси миллии Маљлиси Олии ЉТ. 29-уми сентябри соли 1958 дар шањрои Кўлоб таваллуд шудааст. Соли 1965 ба синфи яки мактаби №7 шањри Кўлоб рафта, онро соли 1975 хатм мекунад. Њамон сол ба факултаи шарќшиносии Университети давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дохил мешавад. Баъди хатми курси 4-уми Донишгоњ аз тарафи Вазорати мудофиаи Иттињоди Шўравї ба Афѓонистон фиристода мешавад. То соли 1981 дар Афѓонистон кору фаъолият кардааст. Баъди бозгашт ба Ватан тањсилро идома дода, њамон сол факултаи шарќшиносии Донишгоњро ба охир мерасонад. Моњи ноябри соли 1981 бо роњхати Вазорати тањсилоти олии Тољикистон барои кор ба кафедраи фалсафаи Донишгоњи педагогии шањри Ќўлоб равон мешавад. Баъди як моњ котиби озоди донишгоњ таъин мешавад. Фаъолияташ дар ин муассиса дер давом намекунад, моњи апрели соли 1982 дубора ба Афѓонистон мефиристанд. Чањор сол дар Афѓонистон мемонад. Баъд аз бозгашт аз Афѓонитсон дар соли 1986 дубора ба кафедраи фалсафаи Донишгоњи педагогии шањри Кўлоб ба кор ќабул шуд, як сол муаллимї кардааст. Соли 1987 барои тањсил дар бахши унвонљўи ва аспирантура ба Университети давлатии Тољикистон ба шањри Душанбе меояд. Аз соли 1990 то 1994 баъд аз тањсили марњилаи унвонљўї ва аспирантура дар Бойгонии миллии назди Шўрои вазирон ба кор гузашта ба сифати муовини раиси Бойгонии мазкур кор кардааст. Аз соли 1994 барои тањсил дар докторантура ва кор дар Институти фалсафаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон фаъолиятро дар ин нињоди илмї шурўъ мекунад. Соли 1997 дар Кумитаи кор бо љавонони назди Њукумат сардори раёсат таъин мешавад. Баъдан, як сол бештар аз соли 2003 дар вазифаи муовини аввали раиси Хадамоти муњољират кор мекунад. Аз соли 2004 то 2009 дар вазифаи сардори раёсати Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти ЉТ кор кардааст. Соли 2009 директори Институти фалсафаи Академияи илмњои ЉТ таъин мешавад. Соли 2011 баъд аз мутањид шудани Институти фалсафа бо Институти давлат ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон њамчун
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови АИ ЉТ кор кардааст. Моњи апрели соли 2015 аз ин вазифа барканор шуд. Аз моњи июли соли 2015 то оѓози соли љорї муовини сармуњаррири нашрияи ЊХДТ "Минбари халќ" буд. Алњол муовини роњбари Дастгоњи Маљлиси миллии Маљлиси Олии ЉТмебошад. Абдулвоњид Шамолов муаллифи зиёда аз 14 монография ва 170 маќолањои илмї мебошад. Корњои илмиаш дар Федератсияи Русия, љумњурињои Осиёи Марказї, Эрон, Афѓонистон, Кореяи Љанубї, Олмон, Белгия, Аргентина ва ѓайрањо ба чоп расидаанд. Ў аз љумлаи муњаќќиќони таърихи фалсафаи тољик аввалин шуда андешањои фалсафию иљтимоии мактаби фалсафии Мовароуннањрро тањќиќ кардааст. Инчунин, дар вазифањои раиси Шўрои дифо, љонишини раиси Шўрои дифо, аъзои Шўрои дифо ва раиси Шўрои илмии Институт будааст. Тањти роњбарии илмии ў 23 номзад ва 1 доктори илм дифои рисола намудаанд. Аз соли 2009 то имрўз дар филиали Донишгоњи Давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шањри Душанбе аз фалсафа ва сотсиология дарс медињад. Вай дар вазифањои сармуњаррири маљаллањои илмии "Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови АИ ЉТ", "Маљаллаи илмњои иљтимої ва сиёсї", муовини сармуњаррири "Маљаллаи академии њуќуќ" ва "Ахбори Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон: Силсилаи фанњои љамъиятшиносї" кор кардааст. Тайи шаш соли охир раисии Љамъияти дўстии Тољикистон ва Туркия низ будааст. Абдулвоњид Шамолов дорандаи Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї оид ба илму техникаи Кумитаи кор бо љавонони Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Љоизаи ба номи академик М.Осимї оид ба илмњои гуманитарии Академияи илмњои ЉТ мебошад. Ў бо ордени Шараф дараљаи І ва бо медали 20-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон мукофотонида шудааст. Инчунин дорои ордену медалњои дигаре буда, бо ифтихорномањои зиёде низ сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соњиби 4 фарзанд.
ИЛЊОМИ ЊАФТА Эй Самарќанде, ки чун сар гаштаї аз тан људо. Боз Темуре дигар дар хоки ту бигрифт љо. Ин замин он ќадр љабри кўчиёнро дидааст, Оњ, шањри Сарбадорон, шањри мардони Худо, Аз араб то бар муѓул инљо таназзул дидааст, Боз як таърих дар хоки ту мегардад фано. Нолаи Нўњ аст имшаб дар гулўи Рўдакї, Аз дару девори Шоњї зинда меояд садо. Ин замон дар кўчањои шањраки Афросиёб, Ўзбакї хонанд хатти тољики озодаро. Бо вуљуди ин њама бегонагї аз сўи ў, Љони ман бошад Самарќанди чу ќандамро фидо.
Муњаррир: Фаридун Рањнавард
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 918 74 75 79 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Шуњрат ДАВЛАТШОЕВ, Душанбе. 08.09.2016
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Эмомалї РАЊМОН, Президенти Тољикистон: -Истиќлолияти давлатї ба мо имконияти таърихї фароњам овард, ки соњиби ватани озоду обод ва давлатдории миллї гардем, бо эњёи суннату арзишњои миллї ва зањмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роњ монем. -Љаноби президент! Намешавад, ки њамон зиндагии босаодати як гуруњи њукмронро барои тамоми миллат таљриба кунем? Замир КОБУЛОВ, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афѓонистон: - Албатта ин кор дар Тољикистон осон нест. Неруњои мусаллањи Тољикистон аз таљрибаи хубе бархўрдоранд. Пойгоњи 201-и Русия њам он љо барои истироњат нест. Бо ин њама, он љо куњњо, даррањо ва рўдхонањои кўчак њастанд ва ифротгароњо на танњо ба Тољикистон, њатто худро ба Ќирѓизистон њам мерасонанд. - Ифротгароњои лаънатї чи хосияте доранд, ки таќрибан њар бор баъди изњори нигаронии шумо фаъол мешаванду сипас дафъ. Метарсем, ки калонашон худатон набошед?! Сайфулло САФАРОВ, муовини якуми раиси Маркази тадќиќоти стратегии назди Президент: -Шаклњои гуногуни давлатдории мо, ки дар минтаќањои гуногун љойгир буданд, барои нигоњдории таљрибаи давлатдории миллати мо замина ва дарси таърихии хубе мебошанд. Бо шикаст хўрдани империяи Сомониён давлатњои хурд-хурди тољикї аз байн нарафтанд. Худи бекигарињои Њисор, Балљувону Кўлоб ва Ќўрѓонтеппаву Ќубодиён, Дарвозу Ќаротегину шоњигарињо ё бекигарињо дар Бадахшон аз он гувоњї медињанд, ки то асри ХХ дар ин ё он шакл тољикон дар марзу буми ватани азалї ва аљдодии хеш њокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоњ медоштанд.Чунин манзара дар Афѓонистон низ ба назар мерасид. Аз ин рў, мављуд будани давлатдории тољикон дар тамоми таърихи мављудияти халќи мо ин як њаќиќати бебањс аст. -Яъне, ин "пас аз њазор сол тољикон соњибдавлат шуданд"-и њукумат нодуруст будааст, гўед. Ё ки њасмин бекигарињои њозираям њисоб-мї?! Муњиддин КАБИРЇ, рањбари фирории Њизби мамнуъи нањзати исломї: -Ресмони сулњро аз соли 2010 ба баъд њар рўз як риштаашро мебуриданд ва мо талош мекардем, ки њадди аќал як ришта боќї бимонад. Ин њама гузашту сабр ва шунидани танќид ва тамасхуру тањќир ба хотири њамон як ришта буд, ки канда нашавад. -Мебахшед, њамон ресмонро ба шумо гусолабону баррабонњо ким дод? Рустами ЭМОМАЛЇ, сардори Агентии мубориза бо фасод: -Бо ба даст овардани Истиќлолияти давлатї ормонњои њазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоњамон бо љањду талош ва бурду бохтњои бешумор оќибат љомаи амал пўшида, мо соњиби давлати мустаќили миллии хеш гардидем". - Ана дидед, оќибатро: як маќола сабаб шуду дар «мангар»-њои «Нигоњ» аз як оила ду кас пайдо шуд. Аз ду тараф љањду талош кунем, то охири сол се-чор кас мешавад.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09