“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
1
ЌОНУНИ АФВ 12 ЊАЗОР НАФАРРО ФАРО МЕГИРАД САЊИФАИ 7 №21 (504). Чоршанбе, 24-уми августи соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
-УМ СОЛ БО ШУМО!
www.facebook.com/nigohtj
ЊНИТ
САЙФУЛЛОЗОДА БАЁНОТ ДОД, КИ ШИКАНЉА НАШУДААСТ ВА ХУДРО ХУБ ЊИС МЕКУНАД САЊИФАИ 7
ИСЛОМ
ЧАНД КАШФИЁТИ МУСАЛМОНОН, КИ ОЛАМРО ДИГАРГУН КАРДААСТ САЊИФАИ 10
СУЊБАТ
ДИЛШОД НАЗАРОВ ШОМИ ЉУМЪА ВОРИДИ ДУШАНБЕ ХОЊАД ШУД ЊАМОЌАТ ДАР ВАЗОРАТ Ё чї тавр як њодиса сатњи корбарї дар Вазорати корњои хориљиро ба тамошои љањониён гузошта, давлати моро шарманда кард?
Файзинисоо Воњидова:
ЗАНИ РОЊБАРИ ДОИШ САТР НЕ, МИНИ-ЮБКА ДОРАД САЊИФАИ 8
ВОКУНИШ
БОЯД ПОДОШИ ХИЗМАТ АРЗАНДА БОШАД САЊИФАИ 13
ТАЪРИХ
НАСЛЊО ВА СОЛЊО: АЗ КЇ КИЊО МОНДА ВА ДАР КУЉО? САЊИФАИ 15
2
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
ЊАМОЌАТ ДАР ВАЗОРАТ
Ё чї тавр як њодиса сатњи корбарї дар Вазорати корњои хориљиро ба тамошои љањониён гузошта, давлати моро шарманда кард?
ФОШКОРИИ ТУРКМАНИСТОН 20-уми август, дар Ютуб наворе пахш шуд, ки дар он гуфта мешавад як дипломати тољикро дар Туркманистон ба ќасди таљовуз ба номуси туркмандухтари ноболиѓ муттањам мекунанд ва сабаби аз вазифа барканор шудани сафири Тољикистон дар ин кишварњам, њамин ќазияи шармсоркунанда будааст. Ва натанњо ин. Дар аввали гузориш гуфта мешавад, ки 21-уми майи соли љорї, мошини дипломатии Тољикитон дар Туркманистон дар сарњади ин кишвар бо Эрон боздошт шудааст, ки аз он миќдори зиёди маводи мухаддир ва мањсулоти тамоку, ки ѓайриќонунї интиќол дода мешуд, мусодира шудааст. Ровии гузориш, мегўяд, бо дархости љониби Тољикистон, Ашќобод ќарор кард, ки барои њифзи муносибатњои дўстонаи ду љониб, ин њодисаро расонаї накунад. Ва он миёни маќомоти дипломатии њарду љониб њал карда шаванд. Муаллифони гузориш њамчунин љониби Тољикитон, даќиќтараш маќомоти тафтишотии кишварро ба хунукназарї муттањам карда, мегўянд љузъиёти ин ќазия аз миёни онњо ба берун рањ ёфта, дар сомонањои мухолифи њукумат бо сарлавњаи "Таджикский пострел везде поспел" ба нашр расиданд.
ХОМЎШИИ ВАЗОРАТ Бо гузашти се рўз аз расонаї шудани ин ќазия, ки зоњиран ба муќобили Тољикистон равона шудааст ва нуфузи кишварро дар арсаи љањонї ба сифр баробар карда, ноуњдабароии нињодњои дипломатњои тољикро ба намоиш гузошт, Вазорати корњои хориљии Тољикистон онро шарњ намедињад. Дархости журналистии "Нигоњ" ба Вазорати корњои хориљї дар бораи шарњи ин ва дигар ќазияњои марбут ба ин нињод, ки рўзи душанбе 22-юми август ирсол шуд, то нашри ин матлаб посух наёфтааст.
"РЕШАЛО" РАЊИМОВ Дар њамин њол, пасманзари ин омилњои шармсоркунандаи давлати тољикон, хабари то њанўз холї будани курсии сафири Тољикистон дар Туркманистон низ, иддаои нафареро бо "ник"-и "Андрей Семенов", ки навори мазкурро дар Ютуб љо дод, таќвият мебахшад. Мањмудљон СОБИРОВ, сафири Тољикистон дар Туркманистон дарвоќеъмоњи июни соли љорї аз вазифа барканор шуда буд. Дар фармони барка-
нории ў гуфта мешуд, ки вай бо сабаби ба нафаќа рафтанаш, аз вазифа озод карда шудааст. Дар навори мазкур њамчунин гуфтугўњои телефоние, кигуфта мешавад, пас аз ќазияи таљовузи туркмандухтар аз телефони сафорати Тољикистон дар Туркманистон сабт шудаанд, истифода бурда мешаванд. Аз љумла, суњбати телефонї, ки ба гуфтаи муаллифони ин навор, миёни котиби дуюми Сафорати Тољикистон дар Туркманистон Х.Рањимов ва роњбараш М. Собиров сурат гирифтааст. Дар суњбати телефонї Х.Рањимов ба роњбараш аз боздошти Ѓолиб ном њамкораш наќл мекунад, ки гўё барои кадом масъалаи иќтисодї ба Чорљў рафта, он љо бо духтари ноболиѓе соати 12-и шаб ба дасти маќомот афтодааст. Вай наќл мекунад, ки духтарро Сангалї ном шахс дар мошинаш овардааст ва маќомот муносибати шањвонии дипломати тољикро бо духтари ноболиѓ дар хонае, ки он љо тамоми шаб будаанд, наворбардорї кардаанд. Ѓолиб, ба гуфтаи Рањимов, баъди бозпурсии маќомот аз Чорљў ба Ашќобод парвоз карда, вале дубора аз фурудгоњ,бо талаби маќомоти амниятии Туркманистон, бе огоњ кардани консулгарї ва сафорат, ба Чорљў баргардонда шудааст. Аз ў хостаанд, то ки зери нишондоди омодакардаи маќомоти ин кишвар имзо гузорад. Рањимов аз роњбараш, ки аз суњбат бармеояд, ки дар Ашќобод набудааст,хостори кумак дар њалли ќазия шуда, хоњиш мекунад, ки ба муовини вазири корњои хориљии Туркманистон занг занад, то ба озод кардани Ѓолиб мусоидат намояд.
Бино ба гуфтаи Рањимов, Сангалї, нафаре, ки туркмандухтарро оварда будааст ва касе аз шахсияташ ду љониби гуфтугў огоњ нестанд, аз љониби маќомоти амнияти Туркманистон мавриди фишор ќарор гирифтааст, то ба муќобили Ѓолиб, дар бораи алоќаи љинсї бо духтари ноболиѓ нишондод бидињад. Рањимов, ба сафир мегўяд, ки Ѓолиб ќатъиян алоќаи љинсї доштанашро бо туркмандухтар рад карда, мегўяд, ки вай бокира будааст ва дар курси чорум тањсил мекардааст. Ин дипломат ба роњбараш тавсия медињад, ки љониби Туркманистонро "кам-кам тарсондан даркор", ки онњо хилофи ќонун кор кардаанд, маќоми дипломатї ва дастнорасии Ѓолибро, ки де-факто боздоштшуда аст, сарфи назар кардаанд.
ЗАБОНДОН СОБИРОВ Суњбати дигари телефонї, ки фош шуд, ба гуфтаи муаллифони гузориш, миёни вазири корњои хориљии Тољикистон - љаноби Сирољиддин Аслов ва сафири њамонваќтаи Тољикистон дар Туркманистон Мањмудљон Собиров сурат гирифтааст: Бо дипломатия њам чиз фањмо. Ба забони гуфтугўи дипломатон њам шарњ зиёдатї мебуд. С.А.:-Ало! М.С.: -Ака саломалекум! С.А.: -Саломалекум, њама тинљ мї? М.С.: -Тинљ, дуруст, ака, бародар, омадем, расидем, манамин гузориша таёр карим, омода карим, њамина њозир мепартоем. С.А.: -Ња, гузоришта.... обшим наѓз ќабул кад охи...?
М.С.: -Аз суњбатои имрўза ака, ин телефоно људо як телефонои вайрон аст, њаракат касодим, ки шумо кати як камакак суњбат кунам дига раќамо кати, њич пайваст нашуда истодаст. С.А.: - Ња... М.С.: Агар имкон тиед агар ман њамин гузориша шумо ба рої кунам, шумо як дида буроед. С.А.: - Охи як чор соатай ма ждат кйестам, њозир назди роњбарият да будум. Пурсидестиян, чї гап, чї хабар гуфта... Чор соат-да равон каа наметонен ба? М.С.: - Алоќа ака људоям, намедонам махсус карагї-мї, чї-мї? Алоќа пайдо накарсодиям... С.А.: - Чанд даќиќа да ман мегирум? М.С.: - Гузориша? С.А.: - Ња... М.С.: - Гузориша ним соат ба-мї... 20 даќиќа ба мегирид, ака... С.А.: - Вай... Мањмудљон Насирич... М.С.: - Да... С.А.: -В обшем гапикалоншудагї! М.С.: - Ања... С.А.: -Ун ља да, калонаш ќати калонамон, чї гапе гуфтагї... М.С.: - Њм... С.А.: - Гап то њамин дараља, ки хутонам ай кор мегирем, дилат назанад бо... М.С.: - Да нет, хай, фањмисодем, ака... С.А.: - Њо! Барои њамин супориш шудагї, ки (њозир ай назди ... њамун љо омадам) М.С.: - Ања.. С.А.: - Супориш шуд, ки хапу дам чамадоноша гирифта, баромада биёяд... М.С.: - Кї?! С.А.: - Хайру хуш накунад... Шумо!
МАВЗУИ АСОСЇ М.С.: - Ања... С.А.: - Њами ду-се рўзи оянда да, се чор рўз да.. М.С.: - Ања... С.А.: - Љамъу гир куне чизотона, хапу дам баромада омадан гиред, нависед як нота, ки мо рафтем гуфта... М.С.: - Ања... А.С.:- Пагоњода читон меброя... ќароротон... ќарора ки гирифтен, њамин хел супориш шуд, ки баромада биёян гуфт... М.С.:- Ања... А.С.:- Хайру хушам накунад... М.С.:- Ања, ања... Насињатчї Атоев Суњбати дигаре, ки фош шуд, ба гуфтаи муаллифони гузориш, миёни Абулфайз Атоев, мушовири сафири Тољикистон дар Туркманистон ва сафир Мањмудљон Собиров, ба гумони ѓолиб баъди бозгашти сафир ба Душанбе сурат гирифтааст. Дар ин суњбат мушовир сафирро дилбардорї мекунад: М.С.: -Ало! А.А.: -Саломелекум! М.С.: - Салом... А.А.: -Шеф чи хелен, наѓзен? М.С.: - Рањмат, рањмат, Абулфайзака! Шумо тинљастї, хуб астї, ака? А.А.: - Мешава, рањмат, ака. Наѓз расидї? М.С.: - Наѓз, тинљ, сињат саломат, њама нормално омадем, бе ягон проблема... А.А.: - Хона, бачањо њама наѓз охи? Тинљ? М.С.: - Соатњои сеюним омадемда, сеюним чори сањар, шаб... А.А.: - Хона тинљай, њама наѓзан? Янгамшон наѓзан? М.С.: - Тинљ, тинљ, рањмат ака, Шумо чи хел ака? А.А.: - Мешава, њаму ањвол ќатї, њаму ошноњомон грдомон да шиштан моњам њами дурун да. М.С.: - Ман фањмидам, акун, вазир кати гапзанон кара будам-ку. Вазир гуфт, ки ман Душанбе мешам. Душанбе гуфт, шишта маслињата кара мегирим. Барои њамин, ман пага бегонї ќатиш телефонї суњбат мекунам... А.А.: - Њмм... М.С.: - Соаташа муайян кунад, рафта њамун вариантоя, гапоя, короя њамаша гапзанон кара гирим, ки ин вазъията чї каран даркор, чихе гўм, пешаша гирифтан даркор... А.А.: -Не, њо, ин вазъиятам, ин одамам, рости гап... ягон бор... М.С.: - Да, њолиям... Дер касодем... Худаш ќати вазир гапзанон мекунадмї, ё ягон гуруњи майдањаки корї равон мекунад-мї? Ман њамаша гапзанон кара мегирам... Ман акун чї хе гўм ака...? То ин вазъията, ака як хулоса... ба набем, то як масъалая њалаш ба набем агар манам ќарор намешинам ака. А.А.: -Њо... М.С.: - То куљое, ки лозим бошад, мерем... Вазир-вазир, малима - малима, раиси љумњур љумњур... Њамеш ќати рафта мулоќот мекунем-ака... А.А.: -И хелай, ака, охии, ки... М.С.: - Лозим шавад, ман Ятимов катиям мулоќот кара мегирам, ака... А.А.: -Наѓз мешава... Тагаш њичи нест, акову... њами воњима кардестан, набошад тагаш ба њичи нест... М.С.: - Да, туѓрї, туѓрї! Туѓрї гапат! Манам фикр карсодиям, фикр карсодиям... њич акун асоси то ин дараљая ин масъалая бардоштана вай... чи нест охи... А.А.: - Ягон гапи вазнин бошад охи, хай њазор статяву гапои вазнин аст, неки ин њичи нест-ку охии дар муќоиса бо ун корњои имрўз дунёба шудаистодаст. Ягон гап несту воњимаш људо калон... М.С.: -Ман мулоќотоя гузаронам,
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
3
ака, њатман шумо кати мулоќот кара меистам, ака. Њамин телефон мї? А.А.: - Мањам њамиљам, ака, куљо мерам?! М.С.: - Телефон њамин мї? Телефонњо кати ниго кунитон, њушёр шавитон... А.А.: - Мо њамин љаба, Хуршедљонам Њамиљадай, мо њамин њамаваќт њамин љо, ягон супориш боша, занги шумора мунтазирем... М.С.: - Майлаш, майлаш... А.А.: - Хона ба салом гўеду ягон супориш шуд, мо њамин љаба... М.С.: - Рањмат, рањмат, акаљон...
ШАРИФХОНИ "ГАРЕНЇ" Сабти дигари суњбати телефонї, ки дар ин гузориш истифода шудааст, ба гуфтаи муаоллифонаш миёни Х.Рањимов, котиби дуюми сафорат ва Шарифхон ном нафаре сурат гирифта, ки њарду дар ин суњбат масъалаи ѓафлатгир кардани кормандони сафорати Туркманистонро дар Душанбе матрањ мекунанд. Гап дар бораи аз ќайди давлатї нагузаштани мошинњои миссияи дипломатии ин кишвар дар Душанбе меравад, ки ба гуфтаи "Шарифхон", метавон њамчун омили фишор болои сафорати Туркманистон дар Тољикистон суистифода кард.
ХУЛОСА Тавре дар боло гуфтем, алъон дархости журналистии мо ба Вазорати корњои хориљї бељавоб аст. Ва мо даќиќ гуфта наметавонем, ки вазир Аслов воќеият доштани ин ќазия ва аслї будани суњбатњои телефониро тасдиќ хоњад кард, ё баракс. Намешавад исрор кард, ки овози нафареро шинохтем, аммо намешавад дар баробари чунин як њодиса сокит буд? Масъала њатто ин нест, ки дар ин наворњо вазиру сафири кадом давлат аст. Бигзор фардо вазири корњои хориљї бигўяд, ки ин сабтњо сохтаанд, бигзор исбот њамбикунад, ки сафир сафири Зимбабве буду вазир вазири ќабилаи Баруйя, аммо он чї ин навор кард, воќеан барои миллат ва давлати тољикон љуброннашаванда аст. Шармандагие, њамоќате инчунин дар тўли таърих шояд иттифоќ меуфтодааст, ки корманди сафорати як кишвари мусалмононро дар кишвари дигари мусалмонон ба таљовуз ба номуси духтари ноболиѓ муттањам бикунанд. Ва дар посух дипломат иќрор бишавад, ки он духтар бокира буд... Билоохира мо кињоро барои намояндагї аз миллату давлатамон ба кишварњои дигар фиристодаем, дипломат ё геникологњоро? Корманди сафорат, сафир, дипломат, ки дар хориљ аз кишвар, аз тамоми кишвар, тамоми миллат, аз тамоми мардуми сарзаминаш намояндагї мекунад, агар донишу заковати дипломатї надорад, њарчанд сода менамояд, бояд њадди аќалл бафарњангу баодоб бошад. Ровии гузориш дуруст ќайд мекунад, ки ба љойи вокуниши ољилона нишон додан, ба љойи ин ки зуд дипломати беодобро, ки барояш нафси њайвонї болотар аз манфиатњои миллат меистанд, аз дастнорасии дипломатї мањрум сохта, ба тафтиши одилона шуруъ кардан, танњо нафарони бефаросату ќонуннописанд, наќшаи "ќасосгирї"-ро тарњрезї мекунанд. Р.S: "Нигоњ" интизори посухи расмии Вазири корњои хориљї аст ва онро њатман ба хонанда пешнињод хоњад кард. "Нигоњ"
Дилшод Назаров шоми љумъа вориди Душанбе хоњад шуд Дилшод Назаров, љањонпањлавони тољик, ки Тољикистонро соњиби нахустин медали тилои олимпї кард, дар назар аст, рўзи љумъа, 26-август, соати 17-55 тариќи хатсайри Москва-Душанбе вориди пойтахт шавад. Ин итилоъро дар Федератсияии варзиши сабуки Тољикистон тасдиќ карданд. Дар шабакањои иљтимої, бо нашри ин хабар љомеа ба пешвози сазовори љањонпањлавон дар Фурудгоњи байналмилилии Душанбе омодагї мебинанд. Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тољик медали тиллоро ба гардан овехт. Шоми шанбе 20-уми август дар пайи маросим дар шањри Рио-де-Жанейро ба Дилшод Назаров медали тилло супурда шуд. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиќлолият як варзишгари тољик дар њайати дастаи мунтахаби олимпии Тољикистон сазовори медали тиллои Бозињои олимпї мешавад. Мусобиќоти нињої шаби 19 август соати 21:05 ба ваќти мањаллї (соати 5:05-и 20 август ба ваќти Душанбе) дар Варзишгоњи олимпии шањри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурўъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр њаво дод ва аз њама раќибонаш пеш гузашт. Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр љои дувумро гирифт ва намояндаи ЛањистонВойтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр њаво дод ва медали биринљї ба даст овард. Барои медалњо 12 гурзандози зўртарини љањон аз 11 кишвар, ки аз рўи натиљагирии мусобиќоти интихобї ё квалификатсионї маълум шудаанд, мубориза бурданд. Ин сабќат миёни Иван Тихон (Беларус), Диего дел Реал (Мексика), Кристиан Парс (Венгрия), Марсел Ломински (Словакия), Давид Содерберг (Финляндия), Вагнер Домингос (Бразилия), Сергей Маргиев (Молдова), Ашраф Амѓад Ал Сайфї (Ќатар), Сергей Коломоетс (Беларус), Войтсех Новитски (Полша), Евгений Ви-
ноградов (Украина) ва Дилшод Назаров (Тољикистон) сурат гирифт. Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин буд, тањти раќами 2967 раќобат кард. Дар сабќати нињої раќибони аслии гурзандози тољик Иван Тихони 40-солаи беларус (рекорди инфиродиаш - 84.51 м, натиљаи бењтарини охиринаш - 80.04 м) ваВойтсех Новитскии 27-солаи лањистонї (рекорди инфиродиаш - 78.71 м, натиљаи бењтарини охиринаш - 78.36 м) буданд. Президент Эмомалї Рањмон варзишгари шинохтаи тољик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ѓолибият дар даври нињоии мусобиќаи гурзандозї ва сазовори медали тиллоии Бозињои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику тањният гуфт. Эмомалї Рањмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиќаи љањонї шаъну шарафи Тољикистонро њимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тољик аст. Гурзандози маъруфи тољик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Ў барандаи медали нуќраи мусобиќоти ќањрамонии љањон дар соли 2015 дар Пекин, ѓолиби Бозињои осиёии солњои 2006, 2010 ва 2014, ќањрамони секаратаи Осиё (солњои 2009, 2013, 2015), ќањрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солњои 1999 ва 2001) мебошад. Дилшод Назаров аз моњи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии Тољикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тољикистон аст. Оиладор ва соњиби ду фарзанд мебошад.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
МИЛЛАТСОЗЇ ро расонид. Баъд аз он Зебунисо Рустамова занг зада, табрик карданд. Он ваќт мо аллакай дар майдон будем. Баъд аз онки мо аз майдон баргаштем Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе, Юсуф Рањмон, Прокурори генералї занг зада, Дилшодро табрик карданд. Баъдтар Ањтам Абдуллозода, раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї ва Ќоњир Расулзода, сарвазири кишвар моро табрик гуфтанд. Сайидмуњиддин Дустмуњамадиён низ аз аввалин нафароне буданд, ки Дилшодро барои ќањрамониаш дар Олимпиада муборакбод гуфтанд. Дар умум дўстони зиёд ба мо тамос гирифта, Дилшодро табрик гуфтанд. - Шароити тамрин дар Рио чи хел буд? - Шароит басо хуб буд, ягон камбудї набуд. Хурду хўрок ва љойи хоб камбудї надошт. Кумитаи миллии олимпї тамоми шароитро барои Дилшод омода карда буд. -Чї паёме доред ба мардуми Тољики-
Рашид САФАРОВ: БЕГОЊИ ОН РЎЗ ЊИС КАРДАМ,
КИ РУЊУ ТАНИ ДИЛШОД БАРОИ ПАРТОБИ БЕЊТАРИН ВА ЃАЛАБА ТАЙЁР АСТ Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тољик соњиби медали тиллои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардид. Дар бораи чигуна гузаштани Олимпиада мо суњбате доштем бо Рашид Сафаров, муовини раиси Федератсияи варзиши сабук ва аз нафаре, ки њамеша бо Дилшод будааст... - Шуморо ба аввали медали тиллои олимпии шогирдатон муборакбод мегўем. Ин тўњфаи Дилшод Назаров барои тамоми мардуми Тољикистон ба муносибати 25-солагии Истиќлолияти Тољикистон буд. Барои ин мо аз Шумо изњори ташаккур мекунем. Ифтихори мо ва изњори сипоси моро ба Дилшод расонед. Мардум ўро дар Душанбе интизоранд. Суол аввал ин аст, ки Шумо кай медали тилоии миллатро ба Душанбе меоред? - Рањмати калон барои табрикот. Мо аллакай дар даст чиптаи њавопаймо њам дорем ва рўзи 26-уми август тариќи хатсайри Маскав-Душанбе, соати 17:55 фуруд меоем. - Иттилоъ пањн шуд, ки Дилшод дар як мусобиќаи дигар дар Лањистон иштирок карда, баъдан ба Душанбе меояд. Ин масъала чї шуд? Ин чї гуна мусобиќа аст? - Ин мусобиќа аз тарафи Кумитаи байналхалќии варзиши сабук ба наќша гирифта шудааст ва он яке аз зинањои мусобиќоти љањонї аст. Он рўзи 30-юми август таъин шуда буд, вале чанд рўз пеш гуфтанд, ки ин мусобиќа рўзи 28-уми август баргузор мегардад ва иштироки Дилшод Назаров дар он њатмї аст. Мо 26-уми август дар Тољикистон мешавем ва намедонам, ки Дилшод чї тавр ба онљо расида меояд. Иштироки мо њатмї бояд бошад. Агар мардуми Тољикистон иљозат дињанд, мо њатман ба он низ мусобиќа меравем. - Аз Тољикистон мухлисон барои дастгирии Рио зиёд рафта буданд? - Рости ман он ќадар ба тамошобинон ањамият надодам, чун ман њамагї 4-5 рўз пештар ба Рио омадам, он њам танњо ба хотири иштироки Дилшод расида омадам. Барои њамин бо мухлисон њамсуњбат набудам ва рўзи дароз ба тайёрии варзиш-
гар банд будем. Чи ќадар мухлисон омада буданд, намедонам. Лекин аниќ чанд нафар аз онњоро дидам, ки аз Маскав омада буданд. Ба гумонам кормандони Сафорати Тољикистон дар Русия буданд, ки бо мо ва дигар варзишгарони тољик вохўрї карданд. - Дилшод Назаров дастпарвари шумост ва ваќте, ки нахустин бор медали тиллои олимпї гирифтани ўро эълон карданд, шуморо чї эњсосот фаро гирифт? Рашид Сафаров: -Ба фикрам шахсоне, ки телевизионро тамошо карданд эњсосоти маро то љое мушоњида карданд. Фаќат ашки чашм буду хурсандї. Як рўз пеш аз мусобиќа мо бо Дилшод Назаров як суњбат хеле самимї ва дўстона доштем. Медонистам, ки тайёрии физикї ва техникии Дилшод хеле хуб аст, аммо ниёз ба як суњбат бо чемпиони оянда лозим буд. Дар охири суњбат гуфтам, ки пагоњ бояд ту нишон дињї, ки ќањрамон њастї. Ду кас хеле хомўш мондем, вале ман дар чашмонаш дидам, ки ў ташнаи ѓалаба аст. Руњу тани ў барои партоби бењтарин ва ѓалаба тайёр буд. Инро дида, хеле осудаву ќаноатманд шудам. Ман чї гўям, ки худи чемпион наќл кунад, бењтар аст. -Дар Олимпиада бо чї ба шумову чемпион писанд омад? Чї хотирањо доред? - Гуфтам-ку муддати зиёде нест, ки ман дар инљоям. Ман танњо дар шањракаи
олимпї ва майдони гурзпартої будам. Ќариб кї шањри Рио-де-Жанейроро њам сайр накардаам. Ягон навигарї барои худ накушодам. Роњи хеле дурудароз буд: 4 соат аз Душанбе ва 14 соати дигар парвоз то Рио. - Љањонпањлавон ваќти партоб кардани гурз чї гуфт? Оё дуруст аст, ки ў баъд аз партоби тиллої "Худољон, спасибо" гуфт? - Дилшод марди худотарс аст ва номи Худо њамаваќт дар забонаш њаст. Барои њамин ман он ваќт дар наздаш набудам, вале инро медонам, ки ў њар дафъа пеш аз партоби гурз ў номи Худоро бо њаяљон ба забон меорад. - Аз Тољикистон кињо нахустин шуда чемпионро табрик гуфтанд? - Баъди аз майдон баромадани Дилшод якумин нафаре, ки ба мо занг зада, табрик гуфтанд, ин Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон буданд. Хабари ѓалабаи Дилшод акнун расонаї шуда буд, ки ба раќамњои телефони ман аз ќабулгоњи Роњбари давлат занг заданд. Ман гуфтам, ки Дилшод дар ташхиси допинг аст, мумкин баъди 20 даќиќа аз онљо барояд. Он ваќт соат дар Душанбе ќариби 7-и сањар буд. Баъд аз 15-20 даќиќа аз нав ба мо занг заданд ва ман телефонро ба Дилшод Назаров додам ва якум одаме, ки табрик кард ин Роњбари давлат мебошанд. Баъди ин худи Дилшод ба модари бузургвор ва оилааш занг зада, ин хабари хуш-
стон? - Паёмро бояд худи ќањрамон ба мардум бигўяд. Ман як рўз пеш аз мусобиќа ба журналистон гуфта будам, ки фардо рўзи таърихї мешавад барои мардум ва онњо аз назди телевизион дур нашаванд. Он журналисти телевизиони "Варзиш" ба ин бовар накарда, пурсид: Аниќ? Ман гуфтам, ки "ба боварии комил ва сад дар сад метавонед ба њама расонед, ки пагоњ рўзи таърихї мешавад". - Шумо ќаблан медонистед, ки Дилшод Назаров ќањрамон мешавад? - Ќаблан намедонистам, албатта, лекин боварии комил доштам, ки ў ќањрамон мешавад. Ќариб ки метру сантиметри партофтаашро тахмин карда будем. - Оё дуруст, ки Дилшод Назаров ќувваи худро дар даври аввал сарфа карда буданд барои даври финалї? - Албатта даври аввал ин давраи квалификатсионї аст ва зарур нест, ки онљо њамаи ќувваро сарф кунї. Дар ин давр 12 нафари аввал ба даври нињої роњ меёбанд. Дилшод дар нахустин партоби худ пешсаф буд ва барои њамин зарур набуд, ки њамаи ќуввашро дар даври аввал сарф кунад. Ў бояд 3 гурз мепартофт, аммо бо партоби 2 гурз ў холи зарурї барои роњ ёфтан ба даври баъдиро пайдо кард. - Ташаккури зиёд барои суњбати бисёр хуб. Мо Шуморо дар Душанбе интизор њастем. - Саломат бошед!
Мењрафзуни АБДУЛЛО
ПРЕЗИДЕНТ Президент Эмомалї Рањмон лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи авф"-ро ба баррасии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод намуд. Дар лоиња аз љавобгарии љиноятї ва љазо озод намудани шахсоне, ки љиноят содир намудаанд ва парвандањои љиноятї нисбати онњо дар баррасии маќомоти тањќиќ, тафтишоти пешакї ё судњо ќарор доранд ё дар асоси њукми судњо љазоро адо мекунанд, пешбинї гардидааст. Инчунин пешбинї мегардад, ки ќисми адонашудаи љазои мањрум сохтан аз озодии мањкумшудагоне, ки аз адои љазо бинобар љой доштани мањдудиятњо озод карда намешаванд, кам карда шавад. Мувофиќи њисобњои пешакї баъди ќабул гардидан Ќонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздањ њазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандањо ва мањкумшудагон татбиќ карда мешавад. Аз љумла зиёда аз се њазор нафар аз адои љазо аз муассисањои ислоњи озод карда шуда, зиёда аз чор њазор нафар аз љазоњои дигари ба мањрум сохтан аз озодї алоќаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбати доираи васеи мањкумшудагон муњлати адои љазои мањрум сохтан аз озодї кам карда мешавад. Ќонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду њазор шахсоне, ки парвандањои љиноятї нисбати онњо дар баррасии маќомоти тањќиќ, тафтиши пешакї ё судњо ќарор доранд татбиќ карда мешавад. Мувофиќи моддаи 1 лоињаи Ќонун аз адои љазои мањрум сохтан аз озодї, новобаста аз муњлати љазои таъиншуда ва аз адои љазоњои дигари ба мањрум сохтан аз озодї алоќаманднабуда мањкумшудагони зерин озод карда мешаванд: -занон; -ноболиѓон; -мардони аз синни 55 боло; -маъюбони гурўњњои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори беморињои омоси бадсифати марњалаи 4 ва гурўњи клиникии 4 аз рўи таснифи байналмилалї, омоси бадсифати бофтањои лимфоидї ва хунофар, сили узвњои нафас ва пошхўрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти љисмонии гурўњњои III ва IV мансуб донисташуда; -иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётњои љангї дар њудуди давлатњои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоњи барќии атомии Чернобыл зарар дидаанд; -шахсоне, ки мукофотњои давлатї доранд; -шањрвандони хориљи. Дар баробари ин шахсон, инчунин шахсоне, ки аз беэњтиётї љиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди љазо, аз адои љазо озод карда мешаванд. Дар лоиња аз љазо ё адои љазо озод намудани мањкумшудагоне, ки иљрои њукм нисбати онњо мавќуф гузошта шудааст, ё љазо шартан татбиќ карда нашудааст, ё шартан пеш аз муњлат аз адои љазои мањрум сохтан аз озодї озод шудаанд ё љазоро дар колонияњои ислоњии сукунат адо карда истодаанд, ё шартан пеш аз муњлат аз адои љазо озод карда шуда бошанд ё ба дигар љазоњои бо мањрум сохтан аз озодї алоќаманднабуда мањкум шудаанд низ пешнињод гардидааст. Њангоми тањияи лоиња ба шахсоне, ки бори аввал љиноят содир намудаанд, диќќати махсус дода шудааст. Аз љумла, онњое, ки барои бори аввал содир намудани љиноятњои дараљаи начандон вазнин ва дараљаи миёна ба муњлати то панљ сол мањкум шудаанд, аз адои љазо пурра озод карда мешаванд. Онњое, ки барои содир намудани љиноятњои вазнин мањкум шуда аз се ду њиссаи муњлати љазоро адо кардаанд ё барои содир намудани љинояти махсусан вазнин мањкум шуда, аз чор се њиссаи муњлати љазоро дар љойњои мањрум сохтан аз озодї адо кардаанд, аз адои љазо озод карда мешаванд. Инчунин, мањкумшудагоне, ки то мавриди амал ќарор гирифтани Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи авф" аз муњлати таъингардидаи љазои мањрум сохтан аз озодї нисбати онњо то ду сол боќї мондааст, новобаста аз мањдудиятњо ва манъкунињои дар Ќонун пешбинигардида аз адои љазо озод карда мешаванд. Ин меъёр танњо нисбати онњое татбиќ намегардад, ки љиноятњои махсусан вазнинро ба монанди љиноятњои одамкушї (моддаи 104 Кодекси љиноят), таљовуз ба номус (моддаи 138 Кодекси љиноятї), љиноятњои ба терроризм ва экстремизм алоќаманд ва дигар љиноятњоро содир намудаанд. Бояд ќайд кард, ки бо маќсади њифзи њуќуќњои љабрдидањо дар лоиња муќаррароте љой дорад, ки он нисбати шахсони љиноятњои дар моддањои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинигардидаро содир намуда ба шарте татбиќ карда мешавад, ки онњо зарари моддии расони-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
5
ЌОНУНИ АФВ 12 ЊАЗОР НАФАРРО ФАРО МЕГИРАД
дашударо пурра барќарор намуда бошанд. Дар лоиња на танњо аз љазо ва адои љазо озод намудан пешбинї гардидаааст. Мутобиќи моддаи 6 лоиња аз љавобгарии љиноятї озод намудани шахсони дар моддаи 1 лоиња нишондодашуда, шахсони аз беэњтиётї љиноят содирнамуда ва шахсони бори аввал љиноятњои начандон вазнин ва дараљаи миёна содирнамуда пешбини гардидааст. Дар баробари озод кардан аз љавобгарии љиноятї, аз љазо ва адои љазо лоиња инчунин кам кардани муњлати адонагардидаи љазои мањрум сохтан аз озодиро низ пешбинї менамояд. Мутобиќи моддаи 7 лоиња кам кардани муњлати адонагардидаи љазои мањрум сохтан аз озодї нисбати шахсоне, ки тањти амали моддањои 1, 2, банди 6 моддаи 3 ва моддаи 4 ќарор намегиранд, ба таври зайл пешбинї мгардидааст: -љазои мањкумшудагоне, ки барои содир намудани љиноятњои начандон вазнин ва дараљаи миёна мањкум гардидаанд,- аз ду як њисса; -љазои мањкумшудагоне, ки барои содир намудани љиноятњои вазнин мањкум гардидаанд,- аз се як њисса; -љазои мањкумшудагоне, ки барои содир намудани љиноятњои махсусан вазнин мањкум карда шудаанд,-аз чор як њисса. Тавре аз њолатњои зикргардида бармеояд, доираи шахсоне, ки аз Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи авф" бархурдор мегарданд, зиёд аст. Вале дар лоиња як ќатор мањдудиятњое низ нишон дода шудаанд, ки татбиќи онро нисбати гуруњи муайяни шахсон мањдуд мегардонанд. Аз љумла, дар моддаи 8 доираи шахсоне, ки нисбати онњо моддаи 7 лоиња татбиќ намегардад, нишон дода шудааст. Инњо шахсоне мебошанд, ки бо моддаи 104, ќисми 3 моддаи 110, моддањои 130, 1301 , 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, ќисми 4 моддаи 200, банди "в" ќисми 2 ва ќисми 3 моддаи 237, ќисми 4 моддаи 248, ќисмњои 3 ва 4 моддаи 249, ќисмњои 3 ва 4 моддаи 250, моддањои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи љиноят ё пинњон доштани он ба љиноятњои хусусияти террористї ва экстремистї дошта, инчунин љиноятњо ба муќобили асосњои сохти конститутсионї ва амнияти давлат вобаста бошад) моддањои 365, 395-405 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 1998) (ба истиснои занон ва ноболиѓон) ба љазои мањрум сохтан аз озодї мањкум гардидаанд. Ба ѓайр аз ин нисбати шахсоне, ки ба љазои якумра аз озодї мањрум сохтан мањкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онњо љазои ќатл ба љазои мањрум сохтан аз озодї иваз карда шудааст, шахсоне, ки ќаблан мувофиќи ќонунњо "Дар бораи авф" аз љавобгарии љиноятї ё адои љазо озод карда шудаанду боз љиноят содир намудаанд, шахсоне, ки дар мањали
адои љазо љиноят содир намудаанд ва мањкумшудагоне, ки аз муассисањои ислоњї ба мањбас гузаронида шудаанд, моддаи 7 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи авф" татбиќ карда намешавад. Дар моддаи 9 лоиња доираи шахсоне, ки тањти амали моддањои 1, 2, 4 ва 6 ќарор намегиранд, нишон дода шудааст. Моддањои зикргардида нисбати шахсоне (ба истиснои занон ва ноболиѓон) татбиќ карда намешаванд, ки барои љиноятњои пешбининамудаи моддањои 104, ќисми 3 моддаи 110, моддањои 130, 1301, 1302, ќисми 3 моддаи 131, ќисми 3 моддаи 132, моддањои 137, 138, 139, 1431, ќисми 2 ва ќисми 3 моддаи 167, моддањои 179, 1791, 1792, 1793, 181, ќисмњои 3 ва 4 моддаи 184, ќисмњои 4 ва 5 моддаи 1841, ќисмњои 3 ва 4 моддаи 1842, ќисмњои 3 ва 4 моддаи 1843, моддањои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, 193, ќисмњои 1, 2 ва 3 моддаи 195, 196, 199, ќисми 3 ( ба истиснои банди "в") ва ќисми 4 моддаи 200, ќисми 3 (ба истиснои банди "б") ва ќисми 4 моддаи 201, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 202, ќисми 3 моддаи 2021, ќисми 3 моддаи 2022, ќисми 3 моддаи 203, ќисмњои 3 ва 4 моддаи 204, ќисми 2 моддаи 205, ќисми 3 моддаи 212, банди "в" ќисми 2 ва ќисми 3 моддаи 237, ќисми 4 моддаи 244, ќисмњои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддањои 249, 250, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 252, ќисмњои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддањои 305-310, 313, ќисми 4 моддаи 319, ќисми 2 моддаи 320, моддањои 328, 329, 331, 332, ќисми 2 моддаи 335, ќисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи љиноят ё пинњон доштани он ба љиноятњои хусусияти террористї ва экстремистї дошта, инчунин љиноятњо ба муќобили асосњои сохти конститутсионї ва амнияти давлат вобаста бошад) ќисмњои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, ќисми 2 моддаи 368, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 369, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 370, 374, 375, моддањои 382, 383, 384, 385, ќисми 4 моддаи 386, ќисми 4 моддаи 391, моддањои 393, 395-405 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон мањкум гардидаанд. Инчунин нисбати шахсоне, ки ба љазои якумра аз озодї мањрум сохтан мањкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онњо љазои ќатл ба љазои мањрум сохтан аз озодї иваз карда шудааст, шахсоне, ки нисбати онњо ќаблан ќонунњо дар бораи авф татбиќ карда шуда, баъди аз љавобгарии љиноятї ва ё адои љазо озод шуданашон то гузаштани муњлати ба љавобгарии љиноятї кашидан ё барњам хўрдани доѓи судї боз љинояти ќасдона содир намудаанд, шахсоне, ки барои содир кардани љинояти ќасдона дар мањалли адои љазои мањрум сохтан аз озодї мањкум шудаанд, мањкумшудагоне, ки мувофиќи Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ретсидивисти хавфнок ё махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё љиноятро дар њолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир кардаанд, нисбати мањкумшудагоне, ки мутобиќи ќисми 4 моддаи 80 Кодекси
иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон аз муассисањои ислоњї ба мањбас гузаронида шудаанд, амали моддањои 1, 2, 4 ва 6 Ќонуни мазкур татбиќ карда намешаванд. Дар лоињаи пешнињодгардида ба масъалаи занон ва ноболиѓон диќќати махсус дода шудааст. Доираи љиноятњое, ки татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи авф"-ро нисбати занон ва ноболиѓон манъ намояд, мањдуд нишон дода шуда, љиноятњои пешбининамудаи моддањои 104, 130, 1301, 138, 139, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 167, моддањои 179, 1791, 1792, 1793, 305-310, 347 (агар хабар надодан дар бораи љиноят ё пинњон доштани он ба љиноятњои хусусияти террористї ва экстремистї дошта, инчунин љиноятњо ба муќобили асосњои сохти конститутсионї ва амнияти давлат вобаста бошад), 395-405 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 1998)-ро дар бар мегирад. Ба ѓайр аз ин нисбати занон ва ноболиѓоне, ки онњо барои содир кардани љиноятњои дар моддањои 245-247, 253 ва 257 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (тањрири соли 1998) пешбининамуда мањкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофї накарда бошанд, моддањои 1 ва 6 Ќонуни мазкур татбиќ карда намешаванд. Бояд зикр кард, ки амали Ќонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал ќарор додани он љиноят содир кардаанд ё аз љониби маќомоти тањќиќ ва тафтиши пешакї ба љавобгарии љиноятї кашида шудаанд ё парвандаи љиноятї нисбати онњо дар судњо баррасї нагардидааст ё мавриди баррасї ќарор дорад ва ё аз љониби судњои Љумњурии Тољикистон мањкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз љониби судњои давлатњои хориљї мањкум шуда, барои минбаъд адо намудани љазо ба Тољикистон оварда шудаанд, пањн мегардад ва татбиќи он доѓи судии шахсро намебардорад. Дар лоиња инчунин номгуи маќомот ва муассисањое, ки иљрои Ќонуни мазкур ба зиммаи онњо гузошта шудааст ва тартиби татбиќи он ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Ќонуни мазкур аз тарафи маќомот ё муассисањое татбиќ карда мешавад, ки парванда ё мавод дар баррасии онњо ќарор дорад. Дар ваќти баррасии мавод ё парванда оиди татбиќи авф дар судњо иштироки прокурор њатмист. Маќомоти тањќиќ ва тафтиши пешакї, фармондењони ќисмњои њарбї ва муассисањои ислоњии тобеи Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон Ќонуни мазкурро бо ризоияти прокурор татбиќ мекунанд. Шахсоне, ки мувофиќи Ќонуни мазкур авфшуда аз љазои иловагї ва барќарор намудани товони зарари моддие, ки дар натиљаи содир намудани љиноят расонидаанд, озод карда намешаванд. Мутобиќи моддаи 20 лоиња маќомоти дахлдор вазифадоранд иљрои Ќонуни мазкурро дар давоми се моњ таъмин намуда, баъди он дар хусуси иљрои он ба Президенти Љумњурии Тољикистон маълумот дињанд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
142 њазору ... км2 ЉАНГ
ЌОНУН
ЯК ЌАДАМИ ДИГАР БАРОИ АМАЛЇ ШУДАНИ ЌОНУНИ АВФ
Пагоњ 24-уми август Порлумони Тољикистон лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи авф"-ро баррасї мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маљлиси намояндагон, масъалаи мазкур дар љаласаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки тањти раёсати Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагон доир гардид, баррасї шуд. Президент Эмомалї Рањмон 17-уми август лоињаи Ќонун "Дар бораи авф"ро ба Маљлиси намояндагон фиристон-
да буд.Ќонуни мазкур ба пешвози 25 умин солгарди Истиќлолияти давлатии Тољикистон ќабул карда мешавад. Мувофиќи њисобњои пешакї баъди ќабул гардидан Ќонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздањ њазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандањо ва мањкумшудагон татбиќ карда мешавад. Мувофиќи њисобњои пешакї баъди ќабул гардидан Ќонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздањ њазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандањо ва мањкумшудагон татбиќ карда мешавад. Аз љумла зиёда аз се њазор нафар аз адои љазо аз муассисањои ислоњи озод карда шуда, зиёда аз чор њазор нафар аз љазоњои дигари ба мањрум сохтан аз озодї алоќаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбати доираи васеи мањкумшудагон муњлати адои љазои мањрум сохтан аз озодї кам карда мешавад. Ќонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду њазор шахсоне, ки парвандањои љиноятї нисбати онњо дар баррасии маќомоти тањќиќ, тафтиши пешакї ё судњо ќарор доранд татбиќ карда мешавад.
ВО-АЉАБО!
БОЗДОШТИ ШАЊРВАНДИ ТОЉИКИСТОН БО 141 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР Маќомоти њифзи њуќуќи Тољикистон љузъиёти боздошти як шањрванди кишварро бо 141 кило маводи мухаддир дар марзи Озарбойљон ошкор карданд. Ба иттилои расонањои хабарї, ин нафар Исмоилов Муњаммадљон Собирљоновичи 31-сола буда, зодаи шањраки Ќалъаи Њисори ноњияи Њисор аст. Манбаъ мегўяд, вай се моњ пеш ба Эрон рафта, он љо дар яке аз ширкатњои байналмилалии автомобилї ба кор даромада, "вале њамзамон бо харидуфурўши ѓайриќонунии маводи мухаддир машѓул шудааст". Њафтаи гузашта маќомоти гумруки Озарбойљон гуфтанд, ки як шањрванди Тољикистонро дар марз бо Эрон боздошт ва аз мошинаш 141 кило маводи
ЊАМЛАИ ТУРКИЯ БА МАВЗЕЪИ КУРДЊО ДАР ИРОЌ Туркия ба мавзеъи як гуруњи курдони људоихоњ дар Сурия ва мавзеъи ДОИШ дар ин минтаќа њамла кардааст. Маќомоти давлатии Сурия мегўянд, неруњои мусаллањи Туркия мавзеъи курдњоро дар Шимоли ин кишвар мушакборон кардааст. Њамла ба шањри Ѓозиёнтеппа сурат гирифтааст ва ин њамон шањрест, ки як маросими љашни арўсии курдњо њадафи бобмгузории интињорї ќарор гирифта буд ва бар асари он 54 нафар кушта шуда буданд. Шаби шанбеи 20-уми августи соли равон бар асари инфиљори шадид дар як маросими тўйи арўсї дар шањри Ѓозиёнтеппа 54 нафар кушта ва теъдоде захмї шуданд. Расонањои хабарии Туркия иттилоъ доданд, ки аксари кушташудагон кўдакон ва наврасон ва занон бу-
данд. Њатто 29 нафари онњо зери синни 18 буда, боќї занон ва мардони болиѓ мебошанд. Аз ин пештар, аниќтараш рўзи якшанбе Раљаб Тайип Эрдуѓон гуфта буд, ки омили аслии бомбгузор як кўдаки 1213 сола будааст. Маќомот њоло натиљаи ташхиси ДНКро интизоранд, то њуввияти бомбгузорро мушаххас кунанд.
ДУШАНБЕ
ЛАТУКЎБИ 3 МУЊОФИЗИ КОРХОНАИ ХУСУСЇ ДАР ПОЙТАХТ Дар шањри Душанбе се муњофизи як корхонаи хусусї мавриди латукўби шадиди ашхоси номаълум ќарор гирифтаанд. Дафтари матбуоти ВКД мегўяд, шахси номаълум дар даромадгоњи ин корхона яке аз посбононро бо олоти халандаю буранда ба пойи росташ зада, сипас ду муњофизи дигарро зери лату кўб ќарор додааст.
"Бо рух додани чунин авбошї љабрдидагон љароњати љисмонї бардошта, дар беморхона бистарї гаштаанд." Манбаъ мегўяд, њамчун гумонбар дар љинояти авбошї марди 26-солаи сокини шањри Душанберо, ки ќаблан бо иттињоми авбошї суд шуда буд, дастгир гардид. Нисбати гумонбаршуда парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишоти њодиса идома дорад.
ФАРХАНГ
мухаддир пайдо кардаанд. Ин шањрванди Тољикистон дар бозпурсињои ибтидої гуфтааст, ки мехост ин миќдор маводи мухаддирро тариќи Озарбойљон ба Гурљистон барад.
НАХУСТИН ФЕСТИВАЛИ ЊУНАРМАНДОНИ ЊИНДУСТОН ДАР ТОЉИКИСТОН
ТОЗА
ТОЉИКИСТОН БО ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР БАРНОМАИ НАВ ИМЗО МЕКУНАД Тољикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) барномаи нави сесола имзо мекунонад. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тољикистон мегўяд, Љамшед Нурмањмадзода, раиси БМТ бо њайати ХБА љињати баррасї намудани эњтимолияти барномаи нави сесолаи ХБА мулоќоти корї анљом дод. Пол Росс, роњбари њайати намояндагии ХБА шартњои ин муассиса барои амалї шудани ин барномаро ба масъулини БМТ расонд. -Дар љараёни вохўрї љонибњо дар мавриди татбиќи Барномаи (ECF) механизми васеи ќарздињии ХБА ба Тољикистон, зарурати расонидани кўмак, тањкими њамкорињои дуљониба ва натиљаи ко-
рњои дар ин самт анљомдодашуда фикру андешањои худро баён доштанд. Аз љумла, ќайд гардид, ки ќисмати зиёди шартњои пешнињодкардаи ХБА аз љониби БМТ аллакай мавриди иљро ќарор гирифтаанд,-мегўяд манбаъ. Љамшед Нурмањмадзода, раиси БМТ ба њайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои дастгирии доимии Тољикистон аз љониби ин ташкилоти молиявии байналмилалї миннатдорї баён намуд. Њайати намояндагии ХБА аз 22 то 31уми августи соли равон дар Тољикистон бо сафари корї њузур дорад. Аммо дар БМТ мушаххасан нагуфтанд, ки барномаи нави сесолаи Тољикистон бо ХБА аз чї иборат аст.
Дар Тољикистон бори нахуст Фестивали фарњангии Њиндустон доир мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарњанг, ин нукта дар мулоќоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарњанг ва Сомнатх Гош, сафари Њиндустон дар Тољикистон садо дод. Ба гуфтаи Сомнатх Гош, љониби Њиндустон тасмим гирифтааст ба муносибати 70-солагии Истиќлолияти Љумњурии Њиндустон, 25-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, инчунин 25-солагии ба роњ мондани робитањои дипломатии Тољикистону Њиндустон Фестивали фарњангии Њиндустонро дар Тољики-
стон баргузор созад. Ў аз вазири фарњанги Тољикистон хоњиш кард, ки дар ташкили фестивали мазкур мусоидат намояд. Шамсиддин Орумбекзода гуфт, фарњанг ва маданияти Њинд байни мардуми тољик мањбубияти беназир дорад. Ў гуфт, ки ташкили чорабинињои фарњангї на танњо дар пойтахт, балки дар дигар шањру манотиќ низ боиси боз њам ѓанї гардонидани фазои фарњангї хоњад гашт. Инчунин ташкили барномањои консертии муштарак бо иштироки сарояндагони муосир, намоишњои театрї аз љониби њаводорони санъат хуш пазируфта хоњанд шуд.
ЁДБУД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
7
ЁДЕ АЗ НАХУСТИН ЧЕМПИОНИ ОЛИМПИИ ТОЉИКИСТОН АНДРЕЙ АБДУВАЛИЕВ Андрей Абдувалиев ва њукумати муросои миллии Тољикистон Бори аввал дар торихи миллати Тољикистони соњибистиќлол љоизаи тиллоро дар Бозињои Олимпї дар Барселона дар соли 1992 гурзандози тољик Андрей Абдувалиев бурда буд. Дар ёдам аст, зери фишори Русия ва љангљўёни Фронти Халќии Сафаралї Кенљаев ва Сангак Сафаров сарвазири хуби Тољикистон Акбар Мирзоев истеъфо доданд ва кафили нахуствазири кишварро бар зимаи Муовини аввали ў академик Љамшед Каримов вогузор шуд. Баъди њафтае зери фишори размандагони љиноњи ифротї президент Рањмон Набиев ба истеъфо рафт. Силоњбадастони бесаводе, ки худро "љавонони Душанбе" меномиданд, њамон рўзњо ба ќасри раёсати љумњурї њамла намуда, кори њукумати муросои миллиро халалдор намуда буданд. Аз ин хотир, љаласањои њукумат тањти рањбарии кафили президенти Тољикистон Акбаршоњ Искандаров дар бустонсарои њукуматї дар наздикии кинотеатри "8-уми март" мегузашт. Субњ президент ва сарвазир аз ман, ки сухангўи ин давлат будам, хохиш карданд, ки дар баробари кулли вазирону рањбарони кишвар дар маљлис ќањрамони Бозињои Олимпї дар Барселона Андрей Абдувалиевро даъват намоям. Президент Искандаров ба банда дастур доданд, ки ман брифинги њар субњонаро дар назди дарвозањои асосии вурудии бўстонсаро мухтасар барпо намоям, то баъди маљлиси давлатї тавонем Андрей Абдувалиевро табрик намоем.
Ишон ба мани сухангўи 30-солаи давлати Тољикистон гуфтанд: "Равшанљон, бо журналистонат худат суњбат намо..." Ман гуфтам: "Љаноби президент! Аз рањбарон кї бо ман дар брифинг мешавад?" Президент Искандаров: "Худат аз вазъияти сиёсиву низомї огоњї, њаќиќатро бигў ба журналистонат!" Ба назди дарвозањои оњанини бўстонсарои њукуматї дар хиёбони Рудакї баромадам, ки он љо издињоми хабарнигорони хориљї ва тољик ѓун шуда буданд. Ваќте ман ба саволњои онњо љавоб медодам, ногањон Љўрабек Аминов, Муовини аввали раиси Кумитаи Амнияти Давлатии кишвар ба ман њамроњ шуда, аз вазъи бисёр муташанниљи вилояти Ќурѓонтеппа њарф зад ва мухтасар љамъбаст намуда, маро ба дохил њидоят кард. Љўрабек Аминов шўхиомез гуфт: "Бас будагист, додарак, њарфзанї, маљлиси давлатї сар мешавад". Маљлис хеле вазнин гузашт. Љангљўёни Фронти Халќї тахти сарфармондењи худ Сангак Сафаров кулли вилояти Ќурѓонтеппаро ба дод оварда, њазорон мардуми бегуноњро ба ќатл расонда, чўру чаповул карда, 800 млн. рублро аз бонки вилоят рабуда буданд... Баъди хатми маљлис президент Искандаров аз ман хоњиш карданд, ки Андрей Абдувалиевро ба маљлис даъват кунам. Андрей ба толор ворид шуду руњияи аъзои њукумат каме дигар. Њама мефањмиданд, ки ин љоизаи аввалини Тољикистони мустаќил дар Бозињои Олимпист!
Президент ва сарвазир Андрейро ба оѓўш гирифтанд, њама аз њаяљон ва ифтихор эњсосотї шуда буданд. Президенти Тољикистони нав соњибистиќлол гашта сабади гулро ба Андрей таќдим намуданд ва баъд ба сўи вазири тиљорат Хаким Солиев назар дўхтанд. Вазир њамоно боло шуд. "Љаноби вазир! Лутфан туњфаи њукумати моро ба Андрей таќдим кунед", - гуфтанд президент. Вазир папкаеро, ки туяш калиди мошини Газ-24 буд, ба Андрей таќдим намуд. Президент Искандаров худашон бори дигар аз љояшон боло шуда, назди Андрей Абдувалиев рафта, ўро бори дигар ба оѓўш гирифтанд: "Андрей, ту ифтихори миллати тољик њастї! Номи Ту дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол бо њарфњои заррин сабт ёфт. Аз ту маъзарат мехоњем, ки натавонистем бо шукуњ пирўзии туро љашн бигирем, зеро, тавре ки худат медонї, мо
дар њолати љанги эълоннашудаем... Тољикистон бо туи азиз ифтихор дорад!" Ман оњанги суруди миллии давлати соњибистиќлоли Тољикистонро гузоштам (зеро матни он аз А.Лоњутї ба давраи шўравї дахл дошт ва матни љадид њануз эљод нашуда буд). Њама аъзои давлат боло шуда, њар яке кўшиш мекарданд чанд лањза аз њолати љанг берун оянд ва ин комёбии бузурги таърихии варзишгари миллатро, ки гурзро ба 82 метру 46 сантиметр њаво додааст ва љоизаи тиллоро ба Ватани љангзадааш бахшидааст, сазовор љашн бигиранд. Њар як узви њукумати муросои миллї Андрей Абдувалиевро ба оѓўш гирифта, табрик намуданд... РS: Соли 1992 тими Тољикистон ба таври мустаќил дар Олимпиада ширкат накарда буд, кишварњои шўравии собиќ дар тими ягонаи ИКМ (СНГ) дар он мусобиќот ширкат љуста буданд. Равшани ТЕМУРИЁН
ЊНИТ
САЙФУЛЛОЗОДА БАЁНОТ ДОД, КИ ШИКАНЉА НАШУДААСТ ВА ХУДРО ХУБ ЊИС МЕКУНАД
Њикматуллоњ Сайфуллозода, рўзноманигор, узви Раёсати Олии њизби мамнуъи нањзати ислом ва сардабири собиќи њафтаномаи "Наљот" дар баёноташ ба хадамоти амнияти Сараёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон додааст, шиканља шуданашро дар мањбас рад кардааст.
Бино ба гуфтаи Садриддин Шарифзода, сардори Боздоштгоњи муваќќатии Вазорати адлия, Њикматуллоњ Сайфуллозода дар баёноташ гуфтааст, ки ў пас аз баромадани њукми суд ва то ба муассисаи ислоњї интиќол шуданаш дар таваќќуфгоњи ЯТ 9/1 нигоњ дошта шуда, шиканља нашудааст.
-Дар њуљраи нигоњдорї бо њамроњии ў боз як чанд нафар мањкумшудагон нигоњ дошта мешаванд. Аз рўзи ба муассиса ворид карда шуданаш то имрўз нисбаташ ягон амали ѓайриќонунии кормандони муассисаро њис накардааст. Шарту шароити нигоњдориаш хуб мебошад. Бо кормандони муассиса, њамчунин бо њамњуљрагонаш муносибати хуб доштааст,-мегўяд ин масъули Сарраёсати иљрои љазои љиноятї. Садриддин Шарифзода њамчунин хабари гуруснанишинї Сайфуллозодаро рад карда мегўяд, - ў бобати саломатиаш ба нафаре шикоят накардааст. Ќаблан њамсари Сайфуллозода хабари бемории вазнин ва гуруснанишинии шавњарашро дар суњбат ба расонањо такзиб карда буд. Ин њама дар њолест, ки ќаблан хабарњо аз якбора бад шудани вазъи са-
ломатии Њикматуллоњ Сайфуллоњзода навишта буданд, ки баъди вокунишњои дохиливу хориљї гўё сардабири собиќи "Наљот" ба бемористони мањбас интиќол ёфтааст. Баёноти Сайфуллозода дар њоле ба Тољнюс намоиш дода шуд, ки њич нафари мустаќил ба ў дидор накардааст ва аз вазъи ў воќеъии ў хабар надорад. Созмони байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз бо пахши як изњорот аз вазъи саломатии сардабири Наљот-нашрияи њизби дар Тољикистон мамнуъшудаи Нањзати исломї изњори нигаронї карда буд. Дар гузориши ин созмон аз љумла омадааст, ки муњаррири 66-солаи нашрияи "Наљот" Њикматуллоњ Сайфуллоњзода, ки ба 16 сол мањрумият аз озодї мањкум шудааст, дар њолати вахим ќарор доштааст.
8
СУЊБАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
- Муаллима, шунидем, ки муњољирати корї рафтаед. Ба куљо? Оё кор пайдо кардед? - Бале, дуруст ќайд кардед, њоло дар кишвари Чехия ќарор дорам ва маќсад аз омаданам албатта муњољирати кориcт. Бо "шарофати" Вазорати адлия, парлумони "касбї" ва бинобар ќабул кардани тарњи нави Ќонун Љумњурии Тољикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатї" ва ворид намудани таѓйироту иловањо ба ќонуни зикргардида, баъди 30 соли собиќаи кориам маљбур шудам рўй ба њиљрат оварам. Аз сабаби он, ки баъди ворид намудани таѓйирот ба ин ќонун вокунишњои назарї ва интиќодї намудам, љомеаи љањонї хабардор гардида, якчанд ширкатњои тиљоратии љањонї ва созмонњои бонуфузи дифои њуќуќи башар пешнињод карданд, ки бо онњо ќарордоди мењнатї бандем. Яъне, аз рўйи тахассусам ба кор даъват намуданд. Аз байни онњо ман "Маркази дифои њуќуќ ва рушди демократия", ки дар шањри Прог воќеъст интихоб намуда, зиёда аз як моњ мешавад, ки фаъолият дорам. Дар њоли њозир марњилаи аввал шиносої бо фаъолияти Марказ гузашта истодааст. Ин Марказ њанўз соли 1989 таъсис ёфта, дар дафтари асосиаш 500 нафар ва дар умум 2000 корманд дорад. Дар тамоми љањон, дафтари корї дорад ва намояндањои кишварњои зиёд кор
мекунанд. Дар ин як муддати кутоњ аз дафтари онњо дар Австрия, Лањистон, Люксембург ва кишварњои назди Балтик дидан кардем. Барномаи асосиаш "Инсон дар хатар" (Человек в беде) буда, тафовут аз дигар ташкилотњои њимояи њуќуки инсон дар он аст, ки Марказ њуќуќи њомиёни њуќуќи инсонро њимоя мекунад. Яъне, адвокатњо, њуќуќшиносон, њомиёни њуќуќи инсон агар ба мушкилот дучор шуда бошанд, мавриди таъќиб ќарор гиранд, онњо ройгон аз хизмати Марказ истифода мебаранд. Самти дигари фаъолияти Марказ ин расондани кумакњои башардўстона ба кишварњои осебдида ва ё ќашшоќ мебошад. Бо ин маќсад Марказ њатто дар Бирма ва кишварњои Африко дафтар дорад. - Хуб, он љо то кай мемонед? - Њоло ќатъї тасмим нагирифтаам, ки ин љо кор мекунам ва ё дигар минтаќаро интихоб менамоям. Кор дар хориљи кишвар бе донистани забони онњо, урфу одат ва минталитет, бархурдор набудан аз ќонунњои амалкунандаи ин кишвар хеле мушкил аст. Бароям мисли имтиёз буд, вакте вориди дафтари кори шудам, забони муошират русї буд, гуиё ман ба Маскав ва ё ягон минтаќаи Руссия омада бошам, зеро ин љо намояндањои њамаи кишварњои пасошуравї, Озорбойљон, Гурљистон, Молдова, Чеченистон ва њоказо, ба ѓайр аз кишварњои ОМ кору намояндагї мекунанд. Аслан намояндањои кишварњои мушкили њуќуќї, иљтимои, си-
Исмоил Шарифї дар бораи Дилшод Назаров
Арзандаи эњтиром бошї, Ќоим ба њама маќом бошї. Имрўз ту бо дуои Сарвар, Хуштолеу хушпаём бошї. Рустамсифатию пањлавонї, Хоњам, ки ту бардавом бошї. Ањсан ба туву ба њиммати ту, Фарзанди банангу ном бошї. Чун Парчами мо баланд кардї, Дар дидаи хосу ом бошї. Номи ту бувад ба њар забоне, Оѓози хуши калом бошї.
Дар тавсани бахти худ саворї, Дар даст чї хуш зимом бошї. Орашсифатї, ту офтобї, Ду даст ба рўи љом бошї. Вологуњарию сарбаландї, Хуршедию дар ќиём бошї. Рео ба ту назми тозае дод, Сарбозию хушнизом бошї. Гўям, ки ту љони мо, хато нест, Аз Шераки мо паём бошї. Аз дудаи Коваи бузургї, Дар арса ту мустадом бошї. Васфи ту ба достон нагунљад, Њам солиму њам салом бошї. Доим ту ба пеши дидаи ман, Чун ахтари субњу шом бошї. Дилшоди азизи миллати ман, Арзандаи эњтиром бошї.
ёсидошта мебошанд. Њоло машварат карда истодаем ва шояд дафтари Марказро дар ОМ боз намуда, дар Бишкек ва ё Алмато фаъолиятро ба роњ монем ва агар ин пешнињод амалї гардад, тасмими мо ин буд, ки дар дафтари ОМ кор кунам. - Ин ташкилот дар кишварњои Осиёи Марказї намояндагї ё намоянда аз ин кишварњо дорад? - Кишварњои Осиёи Марказї намояндагї надоранд, аммо аз Ўзбекистон як нафар корманд аст. Вай 8 сол аст, ки дар Прог зиндагї мекунад ва дар ин Марказ ба наздикї ба кор омадааст ва равоншинос мебошад. Аслан бояд ќайд кунам, ки Марказ равоншинос, ташхисгар, лабараторияи худро дорад, ки аз рўи акс, навор ва сабт ташхис гузаронда, њатто њолатњои љой доштани шиканљаро муќаррар менамоянд ва хулосаи худро ба Кумитаи шиканљаи СММ пешнињод менамоянд. - Аз мушкилоти Тољикистон њам дур нашудаед, инро дар сањифаатон дар шабакањои иљтимої мебинем... - Бале, њамеша аз њаводиси кишварамон дар љараёнам, зеро њамарўза тариќи шабакањои интернет хабари расонањои ватанию хориљиро мехонам ва албатта бетараф буда наметавонам. Аз ин рў фикру андешањоямро менависам. Тариќи василањои электронї мардум аз мушкилоти худ мурољиат мекунанд ва то ќадри имкон ба онњо кумаки њуќуќї мерасонам. Дар ин муддати начандон зиёд вазъи дохилии кишвар чї хеле, ки буњронї буд, фикр мекунам њамон тавр боќї мондааст. Дар ин байн агар чанд њодисањои манфї ва мусбатро ба назар нагирем. Хабари пирўзии варзишгари мо Дилшод Назаров дар бозихои олимпии Рио де Жанейро боиси хушњолии кулли мардуми Тољикистон буд. Њамон шаб ва боз чанд рўзи дигар баъди ѓолибияти Дилшод шабакањои интернети фикр кардам метаркад. Боиси хушнуди, ифтихори миллат аст ва Дилшод бо пирўзї ва талошаш миллатро дар як чанд сония муттањид кард, зеро эњсос кардам, ки њатто
«
мухолифони аршади њукумати Тољикистон аз дастгирию табрикоти раис љумњур дастгирї карданд. Ин шањодати он аст, ки миллати мо гарчанде дар самтњои алоњида, сиёсат, иљтимоъ, њуќуќ , масоили кадрї бо њукумати кишвар ва роњбари он дар ихтилоф бошанд њам, дар маљмўъ миллату ватани худро хеле дўст медоранд ва аз таќдири Тољикистон бетараф нестанд. Дар ќиболи ин њама боз њам хабари шиканља шудани чанд нафар шањрвандони мо дар зиндонњо, фавти онњо ва кушта шудани сарбози навбати дар ќисми њарби хабари доѓ буданд, ки боз њам Тољикистон вирди забони расонањои хабарию созмонњои дифои њуќуќи башар гардиданд. - Аз шиканља дар зиндонњову боздоштгоњњо бисёр њарф мезанед. Албатта ба шумо, ки вакили дифоъ будед, тўли солњои зиёд маълумтар аст, ба фикри шумо чї бояд кард, ки шиканља набошад? - Бале, хабари бад шудани вазъи саломатии сардабири "Наљот" нашрияи њизби мамнуъи нањзати исломї Њикматулло Сайфуллозода, фаъолони ин њизб Мањмадали Њайит, Рањматуллои Раљаб, фавти муйсафеди 74 -сола Ќурбон Маннонов дар зиндон ва дар натиљаи шиканља вафот кардани мањбус Нозимљон Ташрипов, ки дар гузашта аъзои њизби манъшудаи нањзати исломии Тољикистон буданд, аз расонањои хабарї хондам. Мутаассифона, то имрўз дар зиндонњои Тољикистон њуќуќи мањбусон поймол мегардад, ба касе махфї нест, ки дар таљрибаи њуќуќии кишвар шиканља буд ва љой дорад. Гарчанде, аз тарафи маќомоти прокуратура њамасола дањњо парвандањо оид ба шиканља ва муносибати ѓайриинсонї, баромадан аз њадди ваколатњои хизматї боз шуда, масъулин ба љавобгарї кашида мешаванд, аммо то имрўз ин падидаи номатлуб боќї монда, чорањои андешидашуда кифоя нестанд ва на њамаи арзу шикоятњо ба таври дахлдор санљида мешаванд. Фикр мекунам мо як маќомоти мустаќил надорем, ки аз њуќуќи инсон дар сатхи Њукумату давлат
Ин шањодати он аст, ки миллати мо гарчанде дар самтњои алоњида, сиёсат, иљтимоъ, њуќуќ , масоили кадрї бо њукумати кишвар ва роњбари он дар ихтилоф бошанд њам, дар маљмўъ миллату ватани худро хеле дўст медоранд ва аз таќдири Тољикистон бетараф нестанд.
«
ХУДШИНОСЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
9
Файзинисоо Воњидова:
ЗАНИ РОЊБАРИ ДОИШ САТР НЕ, МИНИ-ЮБКА ДОРАД дифоъ намояд, њар як хабари шиканља фавран мавриди тафтиш ќарор дода шавад. Ташкилотњои ѓайридавлатии њимояи њуќуќи инсон дастрасии озод ба зиндон надоранд. Маќомоти прокуратура њавсалаи санљиши объективию холисонаро надорад, чунки дар маќомот муносибатњои хешутаборї, ё шиносої, дўсту рафиќ ва њамсабаќ будани якдигар наќши асосиро мебозад. Ваколатдори њуќуќи инсон аз њуќуќи инсон вазифаашро иљро кардан хоњад њам, наметавонад. Ба назар чунин мерасад, ки институти ваколатдори њуќуќи инсон барои њифзи њуќуќи мансабдорон- "чиновник"-њо ва барои давлат созмон дода шудааст. Бубинед, ки дар нишастњои сатњи байналмиллалї дар масъалањои њифзи њуќуќи инсон Зариф Ализода, Ваколатдори њуќуќи инсони кишвари мо њамеша дар њайати гуруњи њукуматї ќарор дорад ва аз номи давлат сухан мекунад. Њол он ки эшон бояд дар њайати ташкилотњои љамъиятї ќарор гирифта, аз њуќуќи шањрвандон дифоъ намояд. Аслан, аз рўйи меъёри љањонї ваколатдори њуќуќ ин нињоди љамъиятї буда, бояд љомеаи шањрвандиро муаррифї кунад. Шояд Зариф Ализода бо назардошти он, ки як умр чиновники давлатї буд ва барояш дифоъ намудани њуќуќи инсон ќобили ќабул набуда, аз ин рў аз љомеаи шањрвандї канораљўи кунад. Вале дар як сол њамагї ду маротиба дидан кардани ў аз зиндон худ гувоњї гуфтањои болост. Додгоњ низ бо сабаби мустаќил набудану пойбанди њокимияти иљроия буданаш, њолати шиканља, ки судшаванда хабар медињад, ба таври дахлдор таваљљуњ зоњир намекунад. Аз ин рў, то масъулини ин нињодњо интихобї нашаванд, аз байн бурдани шиканља ѓайриимкон аст. - Дар бораи парвандаи Бузургмењр Ёров чї назар доред? - Сарнавишти њамкасбам Бузургмењр Ёров, Нуриддин Мањкамов ягон ваќт маро бетараф нагузоштааст ва бароям ин як
дањшат аст. Дар ягон давлати дунё њимоятгари њуќуќи инсонро бо чунин ангезањои сохтаю бемантиќ љавобгар намекунанд. Агар дар кишваре, ки 99 дарсади ањолиаш, ки ба ин шумора чиновникњо, вазиру раису кабир, додситону додгустар, олимону зиёиён њам дохил мешаванд, даъвои мусалмонї доранду кадом як "гуруњак"-и коршиносаш ояти Куръонро ифротию ангехтани кинаю адоватї динию мазњабї њисоб мекунад, пас мантиќ куљост? Дар давлати демократии њуќуќукбунёд шањрвандаш истеъфои райисљумњурро талаб кунад, даъвати оммави барои таѓйир додани сохти конститутсионї мањсуб ёбад, мантиќ куљост? Адвокате, ки аз мизољ њаќхизмат гирад, ќаллобї њисоб ёбад, мантиќ куљост? Давлате, ки ба ќадри нухбагонаш намерасад, оќибати хуб надорад. Њоло дида истодаем, ки бо гузашти 40-50 сол он мардуми бегуноњи режими Сталин, ки ќатл шуданд, сафед гардиданд. Солњои 60- уми ќарни 20 бо як мактуби Брежнев Раиси Шўрои Кумитаи иљроияи шањри Душанберо ба њукми ќатл љазо дода буданд, гарчанде дар Кодекси љиноятии њамон давр барои љинояти ришва ин љазо њукм пешбинї нашуда буд. Имрўз марњум сафед карда шудааст. Аз ин рў, бисер мехоњам, ки бо гузашти чанд дањсола масъулини МО низ шармандаю пушаймон нашаванд. - Њоло дар бораи ин ки маќомот ба назорати шабакањои иљтимої дастрасї пайдо кардаанд, иттилоъ дода мешавад. Оё дар таљрибаи корї инро дидаед? Оё ин усусли дуруст аст? - Аслан, ин амали маќомоти амниятї барои пешгирии љиноят ва ошкор кардани гуруњњои террористї ва иттињоди љиноятї ќобили ќабул аст. Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи фаъолияти љустуљуйи фаврї" низ корњои профилактикї, пешгирии љиноят ва барои ин гузарондани амалиётњои фаврї- љустуљўйро пешбинї намудааст. Имрўз мебинем, ки
«
Додгоњ низ бо сабаби мустаќил набудану пойбанди њокимияти иљроия буданаш, њолати шиканља, ки судшаванда хабар медињад, ба таври дахлдор таваљљуњ зоњир намекунад. Аз ин рў, то масъулини ин нињодњо интихобї нашаванд, аз байн бурдани шиканља ѓайриимкон аст.
дар замони глобализатсия ( љахонишавї) тараќќиёт ва пешравии љомеа шабакањои интернетї як василаи ташкилу тартиботи баъзе гурўњњои љиноятии фаромиллї гардидаанд. Воќеан шомил гардидани љавонон ба гуруњу созмонњои иртиљої ва хатари ДИИШ яке аз мушкилоти на танњо Тољикистон, балки тамоми љањон гардидааст. Имрўз бо истифода аз интернет мардумро гумроњ карда, ба Сурия ва дигар кишварњои араб бурда, фирефтаи гуруњњои террористї мекунанд. Онњо дар он љоњо њатто ба њалокат мерасанд. Аз ин лињоз, амали маќомоти амният ягон хатаре надорад. Вале, агар ин амалњо бо роњи сохта ва сунъї сурат бигирад, пас басо амалї номардона ва нобахшиданист. Мо аллакай дар таљриба дидем, ки сањфаи шахсии истифодабарандагони шабакањои иљтимои Фейсбук ва "майл.ру"ро шикаста кўшиши бо њаргуна васила беобрў кардану, хабарњои бардурўѓ навиштанро карданд. - Кумитаи кор бо занон гуфт, ки садњо зани тољик дар Ироќу Сурия ќарор доранд, оё ба ин раќамњо бовар кардан мумкин аст? - Баъзе аз занњо бо "фармон"-и шавњарон роњи Сурияро пеш гирифтаанд ва зери таъсири хуруфот ва фармонбардории шавњар дидаю дониста, љони худро зери хатар монда, гўиё бо маќсади љињод ба Сурияву Ироќ рафтанду мераванд. Маълум, ки дар ин кишварњои араб мусалмон мусалмонро ба ќатл мерасонад. Ин чї љињод аст? Ин ќатлу куштор, террор мебошад. Аммо, Кумитаи кор бо занон љињати пешгирии ин амалњои бе-
«
мантиќ чї кореро анљом додаанд? Танњо љамъ кардани омор. Чанд адад оилањо аз кадом минтаќа ба кишварњои арабї пайвастанд. Яъне, баъди аз Ватан баромада рафтан, дигар гуфтани омор нафъ надорад. Бояд то рафтани онњо пешгирї карда шавад. Кумита њар њафта дар бораи теъдоди фоњишањоямон, занони сатрпўши "ошкор" шуда ва ба ќайд гирифта иттилоъ медињад. Гўиё, ки кашидани сатри занњо онњоро аз сафар ба Сурия бозмедорад. Баръакс нафрати онњо нисбат ба њукумату маќомот бедор намуда, роњи гурезро мекобанд ва ин роњро дар Сурияву Ироќ мебинанд. Магар зани нимурёну мини-юбкапўш хатар надорад? Сатрпўшхо терористанд? Њамсари Абубакри Баѓдоди террористи раќами 1, сардори ДИИШ сатр надорад, мини- юбка мепўшад. Агар њадаф аз манъи сатр пешгирї аз либоси гуруњњои террористист пас бояд миниюпка, ки монанди либоси њамсари Баѓдодист манъ шавад. Ман-ку њар ду фарњангро эњтиром дорам. Ё ин, ки њар сол садњо нафар зан худкушї мекунанд. Баъди њодиса ба тафтиши ќазияи худкушї, шароити зисту муњит ва буду боши љабрдида оѓоз мекунанд. Чаро то худкўшї аз мушкили ин зан огањї наёфтанд? Њоло кор таќрибан дар њамаи вазорату кумитањо чунин ба роњ монда шудааст, яъне омор љамъ кардану онро пешкаши расонањои хабарї намудан. Дар чунин њолат њељ гоњ вазъ бењбудї намеёбад. Суњбати Мењрафзуни АБДУЛЛО
ИЌТИСОД
"ТОЉПРОМБОНК" МОЛИКИЯТАШРО БА ФУРЎШ ГУЗОШТААСТ Маъмурияти муваќќатии "Тољпромбонк" то 70 адад амволи манќул ва ѓайриманќули бонкро ба фурўш гузошта, ба муштариён пешнињод кардаанд, ки ба љои амонатњо аз бонк амвол бигиранд. Ба гуфтаи чанд мизољи ин бонк, ки ба дафтари Тољнюс омад буданду нахостанд номашон ифшо шавад, роњбарияти муваќќатии бонк ба амонатгузорон чанд пешнињод мекунанд, ки асоситаринашон дигар кардани шарту шароити нигањдории пасандоз, аз љумла ба солњои баъди аќиб партофтани пардохти пасандоз ва фоизњо, ба љои маблаѓи пасандоз амволи дар тавозуни бонк буда, гирифтани хона, иншоот ва мошин мебошад. Аммо муштариёни бонк мегўянд, кормандони бонк нархи молро таќрибан як баробар зиёда карда
ба онњо пешнињод карданд. -Мисол як духонагї дар Душанберо, ки њоло бо ќиммати 30-33 њазор доллар нарх дорад, бо арзиши 60 њазор доллар ба мо пешнињод карданд. Инчунин як наќлиёти "Опел"-ро, ки дар бозор 3 њазор доллар нарх дорад ба мо бо нархи 7 њазор доллар пешнињод кардаанд. Инчунин мо ба мо пешнињод карданд, ки муњлати шартномањоямонро дароз кунем-мегўяд муштарии бонк А.Ю. Дар њамин њол, дар "Тољпромбонк" касе њозир нашуд, то дар ин бора шарњи расмї бидињад. Ин хабар дар њоле расонаї мешавад, ки оѓози моњи август Бонки миллии Тољикистон муњлати ваколати маъмурияти муваќќатї дар "Тољпромбонк"-ро 3 моњи дигар дароз кард. Маъмурияти муваќќатї дар ин бонк аз 3-юми
майи соли равон амал мекунад. Рањбарии маъмурияти муваќќатиро Ф. Шарипов ба уњда дорад, ки аз фарзандони собиќ вазири корњои дохилї Хумдин Шарипов мебошад.Рањбари пешини ин бонк Љамшед Зиёев буд, ки аз афроди наздик ба соњибкори фироркарда Аваз Назаров ва раиси ваќти БМТ Муродалї Алимардон мебошад.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
ТАЪРИХ
Нашрияи машњури британиёии "The Independent" рўйхати 20 кашфиёти мусалмононро интишор додааст, ки истинодан ба он дар бораи њар кадом маълумот медињем. Биної: Олимони Руми ќадим бар ин назар буданд, ки мо барои он мебинем, ки чашмонамон шуъоро мегузаронанд. Аммо олими мусалмон Ибни Њайсам, ки дар асри Х зиндагонї кардааст, тахмин зад, ки нури рўшної ба чашмони мо бармехўрад, мешиканад ва аз ин рў мо олами атрофро мебинем. Шатранљ: Шатранљ дар шакле, ки њоло бозї мекуннад, дар Эрон сохта шуд ва аз он љо ба Ѓарб пањн гардид. Дар асри Х солшумории мо испонињо, ба шарофати иртиботашон бо олами ислом бо шоњмот низ ошно шуданд. Собуни муосир: Дар замони юришњои салибї мусалмонон на аз њамлаи артиши салибиён дањшатзада буданд, балки аз он ки аврупоиён хеле зиёд шустушў мекарданд ва аз бадани онњо бўйи нофораме мерасад, ба дањшат меафтоданд. Њанўз дар Мисри Ќадим аз собун истифода мекарданд. Вале мањз арабњо бо омезиши равѓани рустанї собунро бо дарки имрўзи он сохтанд. Шампун низ кашфиёти арабњост. Мошинолоти њавої сангинтар аз њавост: 1000 сол пеш аз парвози бародарон Райт Аббос ибни Фирнос дар соли 852 аз манораи масљиди љомеъи Кордов бо болњои чўбї худро ба зер афканд. Табиист, ки вай наметавонист парвоз кунад. Вале ба шарофати чатри наљот (парашют), ки аз болњо сохта буд, ба замин осон нишаст. Аммо дар синни 70-солагї, соли 875 бо болњои омодашуда аз абрешим ва пар ибни Фирнос аз љарї ба боло хест ва барояш муяссар шуд, ки муддати 10 даќиќа дар њаво бошад. Моеъ. Олими мусалмон Љобир бинни Њайён бори аввал моддањои моеъро ба гуруњњои вобаста ба нуќтаи љўшишашон таќсим кард. Ў поягузори кимиёи муосир эътироф шудааст. Либос: Ватани матоъ барои сару либос ва ѓояи истифода аз порчаи пўшиш Ховари Миёна аст. Кањва: Ривоятест, ки чўпони араб бо исми Холид дар вилояти Кањва дар Эфиопияи Љанубї мушоњида кард, ки бузњои ў баъди он ки барги рустаниеро мехўранд, худро хеле сархўш вонамуд мекунанд. Холид ин баргњоро љамъ овард ва аз онњо шарбат тайёр кард. Гуфта мешавад, ки аз шарбати ў аввалин шуда олимони суфї нўшиданд, чун мехостанд шабона хушњол бошанд, то дар ибодат коњилї накунанд. Соли 1645 бо ќањва сокинони Венетсия ошно шуданд. Гунбаз ва аркњо: Тарњи гунбаз ва аркњо танњо моли меъмории исломист. Бо техникаи бунёди тарњњои гунбазшакл аврупоиён тавассути олимони мусалмон ошно шуданд. Меъмори ќасри Генрихи Y дар Британияи Кабир мусалмон буд. Таљњизоти љарроњї: Шакли њамаи таљњизоти љарроњиро олми Анљелус Ал Зањравї сохтааст. 200 таљњизоти ў, њатто
ЧАНД КАШФИЁТИ МУСАЛМОНОН, КИ ОЛАМРО ДИГАРГУН КАРДААСТ
ќайчињо барои љарроњии чашмон имрўз њам дар олами тибб мавриди истифода мебошанд. Зањравї илман исбот карда буд, ки кўкњо бо истифода аз риштањои рўдаи њайвонот тадриљан худашон аз байн мераванд. Вай аввалин ѓилофак барои доруро аз њамин рўдањо ихтироъ намуд. Дар асри XIII олими тибб Ибни Нафис системаи хунгардро кашф кард. Обиёби бодї: Осиёби бодиро бори аввал дар Эрон сохтанд ва онро дар кишварњои арабї такмил доданд. Дар Аврупо аввалин осиёби обї баъди 500 сол пайдо шуд. Воксин: Воксин (барангезандањои кушта ё суст кардашудаи касалињои гузаранда, ки барои муњофиза аз касалї ва муолица ба организм гузаронда мешаванд) низ аввалин бор дар олами ислом тайёр карда шудааст. Ба бачањои Империяи усмонї бар зидди наѓзак 50
Шоъир Исфандиёр ба Дилшод Наразов
ЉОМЕ БА ИФТИХОРИ ТУ! Эй Ќањрамон, ки зиндагият бардавом бод! Пирўзият ба њар даму сангар мудом бод! Эй руњ, руњи рушани Ораш дар ин замон, Тири барори мо туї! Даврат ба ком бод! Шерафжано! Магар ту аз устура баршудї? Устураи ќуъуди мо бо ту ќиём бод! ТАСВИР БО ЌАЛАМИ: АЛИЗОДА БЕНАЗИР
сол пеш аз он ки ин усули мубориза дар Аврупо пайдо шавад, эм мегузарониданд. Ќалами худнавис: Аввалин ќалами худнавис соли 953 бо фармони султони Миср сохта шуд. Султон аз доим тар кардани ќалам дар давот хаста мешуд ва амр кард, ки ќалами худкор созанд. Мафњуми алгоритм: Мафњуми алгоритм ва тригонометрия дар Аврупо аз олами Ислом гузашт. Нањор (хўроки нисфирўзї) аз се ѓизо: Алї ибни Нафї, ки ба Кордов аз Ироќ омада буд, бори аввал Аврупоро бо фарњанги нањор бо се ѓизо ошно кард. Таоми аввали Ибни Нафї шўрбо буд, дуюм моњї ё гўшт ва сеюм мева ва ё бесквит. Дар њамин айём ба Аврупо аз кишварњои Шарќ аввалин истаконњои шишаї ворид мешуданд. Чек: Чеки бонкии муосир аз коѓазест,
Эй аз нажоди Рустами Золи Зари умед, Рахшат ба пойу душманат зери лигом бод! Эй Ковазода! Чаккуши бобо ба дасти туст, Чаккуш бизан, ки парчамат бар рўйи бом бод! Гурзафжанони миллати моро чу сар туї, Сар дар амону давлатат бар мустадом бод! Дил шод мекунї ба њар сангаршикастанат Морову, хасмро ѓамин дил, гў, тамом бод! Љоме ба ифтихори ту сар мекашам зи дур, Бодо, ки мулки Љам бувад, бодо, ки љом бод! 20.08.2016
ки арабњо истифода мекарданд. Азбаски корвони коло њамеша аз љониби ѓоратгарон ба яѓмо бурда мешуд, арабњо молњои худро бо навиштаљоте дар коѓаз тиљорат мекарданд. Ин тарзи муомилот имрўз њам дар Афѓонистон љангзада бо номи њавола вуљуд дорад. Ќолинњо: Ќолинњо низ ба Ааврупо аз кишварњои мусалмонї омадаанд. Њамаи техникаи ќолибофиро аврупоиён аз мусалмонон харидаанд. Рустанињои зиннатї: Дар асрњои миёна дар боѓњои аксар кишварњои аврупої рустанињои хўрокї парвариш карда мешуданд, вале рустанињои ороишї аслан вуљуд надошт. Гулњои ороишиву рустанињои дигари зиннатиро аврупоиён аз олами Ислом оварда буданд Борут: Арабњо бори аввал бурутро ба маќосиди љангї истифода бурдаанд. Мусалмонон солњои љанги салибї аз борут истифода кардаанд, ки он миёни салибиёш дањшат афканда буд. Кайњон ва Офтоб: Дар асри XI, яъне 500 сол пеш аз Галилео Галилей бисёре аз олимони мусалмон мегуфтанд, ки Замин дар гирди Офтоб чарх мезанад. Тибќи њисоби онњо масофаи байни замину Офтоб 40 253 км-ро (дар амал зиёда аз 200 км) ташкил медињад.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
УНВОН Яке аз фазилатњои мардуми эронинажод аз ќадимулайём ин аст, ки ба шахсиятњои бузург, ки ба халќи худ хизматњои шоиста кардаанд, унвонњои ифтихориро нисбат медињанд. Масалан ба устод Рўдакї, Фирдавсї, Ибни Сино, Мавлавии Балхию Љомї, Њофизу Бедил, мувофиќан унвонњои Одамушшуаро, Њаким, Шайхурраис, Мавлоно, Лисонулѓайб, Абулмаъонї ва монанди инњоро муносиб дидаанд. Ва албатта ин калимањо аз бузургвориюфазилату шањомати он шахсиятњо бархоста ва њам шањодат медињанд. Имрўз ваќте, ки ровї ё нотиќ "Одамушшуаро" гуфта сухан оѓоз мекунад, пешакї дарк мекунем, ки сухан дар бораи устод Рўдакї аст ва ѓ. Дар замони мо њам, аз солњои 60-уми асри мозї сар карда бо унвонњои "устод" мурољиат намудан расм шуд. Ва ин калима бо он сабаб ки чўпон сарчўпонро, мизољ хайётро, ё даѓал шавад њам, гўсола буќќаро "устод" мегуфтагї шуданд, мазмуни эњтиромиро аз даст доду ба њаљву масхара табдил ёфт. Дар ин бобат дар замони шўравї баъзе бартарињо мављуд буд. Он замон ба пешќадамони истењсолот, ањли илму фарњанг, унвонњои соњавии ба чўпон, агроном, механизатор, муаллим, духтур ва ѓ. Хизматнишондода дода мешуд, ки чандин имтиёзњо дошт. Ба арбобони илм, ки дар соњаи худ мумтоз буданд, ба ѓайри унвонњои соњавї, академияи фанњои љумњурї унвонњои ифтихории аъзо - корреспондент ва академик (њоло узви вобаста ва узви пайваста) медод, ки барои ин унвонњо давлат маблаѓњои бисёр медод. Ва ин ъанъана имрўз њам давом дорад. Вале бояд гуфт, ки миќдори чунин унвондорњо дар Тољикистон нињоят кам буданд. Ин кор як камбудии љиддї дошт: аксарияти узвњои вобастаю пайваста, мутаассифона, аз минтаќањои муайяне буданд, ки гўё модаронашон ба истилоњ фаќат академик таваллуд мекард. Академикњо асосан зодаи Хуљанд, Конибодом, Истаравшан ва самарќанд буданд. Мисол С.А.ю Раљабов, С.У.Умаров, Ю.Исњоќї, М. Осимї (Хуљанд), Р.Баротов, К. Тољиев, Б.ниёзмањмадов... (Конибодом), Р. Амонов, А.мухторов, ЎМирсаидов... (Истаравшан), А.Бањоваддинов, А.Ањмадов, М.Нарзиќулов, М.Ѓуломов, Њ.Мансуров... (Самарќанд). Аз ВМКБ ва баъзе манотиќи дигар низ буданд, вале хеле кам. Мо ба иззати касе, ё гуруње расиданї нестем. Ташаккури самимї мегўем ба мањаллњое, ки чунин шахсиятњои бузургро ба дунё овардаанд. Вале саволи матрањ ин аст, ки магар дар минтаќањои дигари Тољикистон олимони ба
Шеъри Адибаи Азиз ба ќањрамони Олимпї - Дилшод Назаров Зињї, ќањрамони ба њаќ беназир, Назарзода Дилшоди некузамир! "Писари Ватан" Яке достони пур аз ашки шодї аст, Њама Тољикистон ба нўшбодї аст. Яке гурд омад басе њайкалќавї, Балад буд порсиву гањ пањлави. Варо ном Сўњроби он Рустам аст, Варо љой ба тахту ба тољи Љам аст. Зи пушти хисравон асту тољиктабор, Марову турову Ватанро ифтихор! Ба гурзе бузург омад он пањлавон, Тањамтан гуфтанаш фарзонагон. Даромад ба майдон яле хушљабин, Сари хар раќибаш бизад бар замин. Дар он корзорон зафар мушкил аст, Вале тан супурдан на кори Дил аст. Худованди "Шоњнома" гар зинда буд, Дигар гурдофаридон сарафканда буд. Агар зинда мешуд он хирадманди Тус, Њама хосу ом, карда буд хокбус. Дирафши Хуросон баланд кардааст, Нуфузи Ватанро дучанд кардааст!
ин унвонњо арзанда набуданд? Ё модарони шањру навоњии дигар барои академик таваллуд кардан дар навбат меистоданд? Буданд, вале... Бояд иќрор шуд, ки "маѓзњо" (устодони забардасти касбу корро дар назар дорем)-ро асосан шањр ба каомл мерасонад, зеро бо љањонбинии васеъ моњияти зиндагиро сокинони шањрњо бештар ва бењтар њис мекунанд. Бо кўшишу ѓайрат фаъолияти худро ба равиши давру замон мутобиќ месозанд ва нисбат ба фарзандони дењотї пешќадам мешаванд. Ин амри табиї ва воќеист. Бо вуљуди ин, албатта, номутаносибї буд. солњои 60-уми асри гузашта ваќте ки дар Донишгоњи давлатии Тољикистон тањсил мекардем, маќоли русие бо киноя ба гўш мерасид: "Ленинабад руководит, Памир танцует, Куляб охраняет". Мо, ки ба истилоњи мањалгароёни собиќу кунинї "шимолї" будем, ба шунидани ин киноя одат карда будем. Шояд ва бояд ин эрод асоси воќеї дошт, чунки роњбарии љумњурї асосан дар дасти "шимолињо" буд. вале
ба истилоњ, "лимит"-и "пайваста"-ю "вобаста" љорї шуда, ё дар ваќти пешнињод "овоз"ашон намерасид. Вале ваќте ки натиљаи ин љаласањо дар матбуот чоп мешаванд, бо номњои вомехўред, ки дар бораашон нашунидадеду на худашонро боре дидаед. Онњо ба гуфтаи ширинкорони гуруњи "Лањзањои гуворо", нохост, яке мисли "Тангем" аз ким-куљо мебароянд. Солњои охир барои њарчи тезтер соњиби унвон шудан, усулњои суистифода аз мансабро чун трамплин ба кор мебаранд. Яъне њар "олим"-е, ки соњиби "курсии муродбахш" мегардад, чун афсонањои "Чўбаки сандалвор" ва "Гилеми кабуд" тезтар ба маќсад мерасад, њатман академик мешавад. Чунин "пешрафт"-ро дида, офарин мегўем ба модароне, ки аз фабрикањои чўљабурори ибрат гирифта, фаќат "академик" ба дунё меоранд. Њоло дар водињои Рашту Вахш, Њисори Шодмону Зарафшон њоло чандин модарон барои таваллуд ардани "академик" дар навбат истодаанд.
11
да, баъди .... Астаѓфируллоњ! Як њодисаи солњои 70-уми асри гузашта, ки хеле ибратбахш аст, ёдовар мешавам. Овозае пайдо шуда буд, ки барои шеърњои ватандўстонааш ба шоъири љавоне љойизаи Комсомоли Тољикистонро доданї мешаванд, ё шояд пешнињод карданї мешаванд, вале ў мардона, "чунин мукофотро аввал ба шоъири марњум Њабиб Юсуфї дињед" гуфта будааст. Рост ё дурўѓ будани ин суханро намедонам, аммо андешаи њамон љавон омўзанда аст. Кошки њамон тавр мешуд! Шояд дар додани љойизањои давлатї ба номи Рўдакї ва Абуалї Ибни Сино ба ањли илму адаб низ чунин нуќсонњо роњ меёфта бошанд. Њамчун шањрванди одии кишвари худ мехоњам оид ба як масъалаи дигар андешањои шахсиямро иброз дорам. Дар замони истиќлолияти давлатии Тољикистон унвони олии Ќањрамони Тољикистон таъсис ёфт, ки ин далели ќадрдонию ќадршиносии давлат ва њукумат ба фаъолияи бењтарин ва арзандатарин фарзандони халќи тољик мебошад. Чанд сол
БОЯД ПОДОШИ ХИЗМАТ АРЗАНДА БОШАД муаллифони маќоли мазкур ба љойи кўшишу ѓайрат карда, ба пешравии кадрї муваффаќ гарданд, њалли масхаларо ба мањалгарої рабт медоданд. Албатта дар ин самт беадолатї њам буд. Масалан, ваќте соли 1951 академияи фанњои Тољикистон таъсис ёфт, дар ќатори дигарон ба олим ва адиби тавоно Сотим Улуѓзода ва мунаќќид Соњиб Табаров низ унвонњо узви вобастаи Академияи фанњои Тољикистон дода шуда буд. ва ин ду шахсияти бузург бо вуљуди дањњо олимон ва адибон ва садњо шогирдонро тарбия карда ба кмол расонидан, дар тўли 60-70 сол ба "пайвастањо" напайваста, ин олами буќаламунро ба мо гузошта рафтанд. Ин мисол шањодаи бемасъулиятист, ё ѓаразу кинаварзии мањз? Ин саволро ба љавоб додан зарурате нест. Зеро шунавандагони љавоб дар байни мо нестанд. Мо намедонем, ки оинномаи АФ Тољикистон чї талабот дошт ва дорад. Мо гуфтанием, ки ба фаъолияти олимон олимона ва фозилона бањо бояд дод. Вале ба мо аён аст, ки бо сабаби омилњои номаълум то кунун бисёр олимоне, ки ба унвонњои шоистаю арзанда сазоворанд, эътироф нашудаанд. Маслан олими физик Адњам Бобоев муаллифи чанд тадќиќоти барљаста буд. бо назарияи комилан наваш ќонуни љозибаи замини Нютонро рад кард. Дар олам чун оилми ѓаюр ва барљаста машњур гашт. "Одами сол" њам эълон гардида буд. Тадќиќотњои ў дар системаи кайњоншиносї амалї шуданд, вале аз сабаби он ки хушомадгўю тамаллуќкор набуд, барои амалї намудани назарияњои илмияш шароит муњайё карда нашуд ва ў њамон тавре ки дар як мусоњибааш ба журналист гуфта буд, ќариб 4 њазор идеяњои илмии худро ба он дунё бурд. Ё олими намоёни тољик, Бобоев Толиббой њамчун мутахассиси барљастаи физика шуњрати љањонї дорад. Олими соњаи кимиё Љонони Икромиро гирем, ки натиљаи тадќиќоти ў дар системаи кайњоншиносии шўравї бо муваффаќият татбиќ шуда буд, њавасманд ва ќадршиносї нашуданд. Дар соњањои филологияи тољик олимони бузург чун Х.Мирзозода, Р.Њодизода буданд ва имрўз низ олимоне мисли А.Сатторзода, Б.Камолидинов, Х.Шарифзода, А.Сайфуллоев муаллифони тадќиќоти бунёдї бошанд њам, подоши хизматњои худро нагирифтаанд. Дар соњањои илмњои генетикаи растанињо, тиб, техника, ъољагии ќишлоќ олимони арзандаи унвону љойизањо кам нестанд. Аз ин мисолњо ба хулосае меоем, ки модарони тољик дар тўли ин солњо дар њаќиќат олимони варзида таваллуд карда, ба камол расонида бошанд њам, ба фарзандони онњо,
Дар бораи унвони Шоъир (Нависанда)-и халќии Тољикистон чунин номутаносибї вуљуд дорад. Мувофиќи њисобу китоби таќрибии адабиётшиносон, дар ќаламрави шеъру адаби форсї, дар њар аср ба њисоби миёна 1000 (њазор) адиб ба фаъолияти эљодї машѓул мегардад. Аксарияти онњо соњибдевон бошанд њам, соњибунвон нестанд. Масалан, дар асри X дар маќому мартабаи шоъирї фаќат устод Рўдакиро "соњибќирони шоъирї" ва "бар шоъирон зебад сарї" гуфта буданд. Дар Љумњурии Тољикистон унвони Шоъир (Нависанда)-и халќї ќариб 60 сол боз мављуд аст. Ва ин унвон дар њар чанд соле як бор ба ба бењтарин адибон дода мешуд ва миќдори онњо хеле кам буд. њоло адибни халќї чунон афзудаанд, ки эљодиёти ќисми бештари онњоро на фаќат халќ, балки хешу таборашон намешиносад. Инро дида, гуфтаи Давлатшоњи Самарќандї ба хотир меояд, ки шеъру шоъирии асри XV-ро дида гуфта буд: "њар чї бисёр шавад, хор шавад". Бо чунин "пешравї" баъди 8-10 сол ќариб њамаи аъзои Иттифоќи нависандагони Тољикистон унвони "халќї" мегиранд ва ташкилоти эљодиро "Иттифоќи адибони халќї" ном мебарем. Мутаассифона миёни адибони халќии Тољикистон њам номњои аз "халќї"-њои мављуда халќитарро намебинем. Масалан нависандаи машњури русзабони тољик Темур Зулффиќоров, ки дар љањон, натанњо дар Русияву Тољикистон хеле мањбубу маъруф аст, ба гирифтани љойизаи Нобул ду маротиба пешнињод шуда буд, то имрўз унвони Нависандаи халќии Тољикистонро надорад. Дарвоќеъ, Зулфиќоров, ки њафтаи гузашта ба синни 80-солагї расид, натавонист зодрўзашро дар Ватанаш, дар сатње, ки бояд таљлил мекард, пешвоз бигирад. Вазири фарњанг ва ёрдамчии Президент Абдуљаббор Рањмонов, танњо баъд аз нашр шудани барќияи табрикии Президент Эмомалї Рањмон ба худ иљозат доданд, ки ба бустонсарое, ки Зулфиќоров он љо бо чанде аз адибону дўстдорони эљодиёташ зодрўзашро љашн мегирифт, рафта, ўро табрик гўянд. То ин барќия, онњо адибро гўё "бегона" мењисобиданд. Худи ин ки ба љойзиаи љањонии Нобел пешнињод шудани адиб, гувоњи эътироф ва эътибори бузургии ўст. Адибони хушсалиќа ва машњури тољик Бањманёр, Озарахш, Доро Наљот, Шераки Ориён, ки осораш ба бештар аз 40 (чил) забони дунё тарљума шудаанд ва чандин адибони њаќиќатан ба унвони "халќї" арзанда подоши фаъолияи эљодиии худро нагирифтаанд. Кай навбати инњо мерасида бошад? Ё дар ин љо низ "лимит" њаст? Агар "лимит" бошад, навбати ин адибон кай мерасад? Ё Худо накар-
ќабл ба ду нафар фарзандони халќи тољик Нусратулло Махсум ва Шириншоњ Шоњтемур, ки дар роњи ташкил намудани Љумњурии шўравии Тољикистон ва худшиносии мардуми тољик љонфишонї кардаанд, унвони олии Ќањармони Тољикистон дода шуд. Дар њаќиќат онњо арзандаи ин унвони олиянд. Вале таърих гувоњ аст, ки фарзанди љасуру фидоии тољик Чинор Имомов дар ин љабња бо ин мавсуфон њамсангар буд. чаро хотираи ин абармард сарфи назарњо шуд? Ё гирем нахустин сарвазири Љумњурии Мухтори Тољикистон Абдуќодир Муњиддиновро... вай њам дар роњи худшиносии халќи тољик ва мустаќилияти давлатии Тољикистон дар сафи аввалинњо ва як аз сарварон ва тањрикдињандагони њаракати зиддипантуркистї дар солњои бистум буд. мањз бо тавсияи ў устод С.Айнї дар як муддати кутоњ ба мураттаб намудани "Намунаи адабиёти тољик" пардохт, ки мо онро имрўз бо ифтихор шањодатномаи халќи тољик меномем. Вай бо маќолањои публитсистиаш низ дар он солњои мудњиш барои худшиносию худогоњии халќи тољик ва ба љумњурии мустаќил муваффаќ гардидани тољикон дар сафи пеши муборизону озодию истиќлолхоњон буд. Пас, ба ин ќањрамони воќеї додани додани унвони олии Ќањрамони Тољикистон худ ќањрамонї хоњад буд. Шукри Парвардигор, ки Тољикистони азизи мо давлати демократии дунявї ва њуќуќбунёд мебошад. Дар чунин давлат њама дар назди ќонун баробаранд ва њуќуќи мардум аз тарафи давлат њимоят карда мешавад. Аз ин рў, сарфи назар аз баромади иљтимої, мањалли зист ва мазњабу дину оин, бояд хизматњои њар шањрванд одилона ќадрдонї карда шавад. Ба андешаи ман, ки як шањрванди ќатории Тољикистони соњибистиќлол њастам ва андешањои худро, ки шояд то андозае яктарафа намоянд, холисона баён намудам, ба њар фарди арзанда, чї саѓир асту чї кабир, подоши хизматњояш дар ваќти зинда будани ў дода шавад. Устод Лоиќ њам бузургворона таъкид карда буд, ки: Ало шодоб соњилњо, Ба ќадри обњои љорї мебояд расид имрўз, Ки рўзе хушк хоњад шуд... Шумо эй соњибони ваќт, Биштобед! Биштобед! Оре, ба ќадри инсонњо бузург сариваќт бояд расид. Рашид ЗОКИРОВ, махсус барои "Нигоњ"
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
БО ШОИР
Марями МУЌАДДАМ:
ИМШАБ ФАЌАТ БАРОИ ХУДАМ ГИРЯ МЕКУНАМ Бо њама кўчакиям ќадди Худо танњоям Бирав аз бештар аз пешам танњо бигузор. Бираву дар њамаи љо ишќи маро љор бизан Бирав љон кандани манро ба тамошо бигузор. Гарчи дилхуш ба њамин феъли дуруѓам, аммо Баъд аз ин љумлаи " мехоњамат" аммо бигузор. Эй нафањмидаи ман бехабарї аз ману ман Бе ту мемираму ту тоќча боло бигузор. 4) Рўње саросема дорам, њарчанд дар тан нишаста, Рўње ки дерест ангор бегона бо ман нишаста. Рўње ки бар љисми хаста афсурдаву дилшикаста Њамчу Манижа ки чандест бар чоњи Бежан нишаста.
Марями Муќаддам шоири муосири ањли Исфањони Эрон аст. Донишомухтаи риштањои риёзї ва адабиёти форсї мебошад. Ашъори ў дар чандин маљмўањои шеърии форсї дар Эрон мунташир шудаанд. "Марямњои фасли борон" маљмўаи ѓазал ва рубоињои ў бо муњтавои ошиќона ва иљтимої мебошад. Илова бар шеър бону Марями Муќаддам фаъолиятњое низ дар њавзаи наќд ва маќолоте дар таъсири авомили гуногун бар сохтор ва забони шеър дорад.Бону Марям ошиќи Тољикистон аст. Бори аввал аст ки шеъри ин шоир дар Тољикистон нашр мешавад. 1) То субњ дар њавои худам гиря мекунам Бар шонаи Худои худам гиря мекунам Ин њолам ошност, худам мешиносамаш Бо њоли ошнои худам гиря мекунам. Аз ишќ менависам, аз ин њисси лаънатї Бо шеър по ба пои худам гиря мекунам. Мехонам аз сукути амиќу њамешагї Ин гуна бо садои худам гиря мекунам. Пеш омадаст ишќу аќабгард кардаам Бар сайри ќањќарои худам гиря мекунам. Умрест мекашам бадани хастаро ба дўш Умрест дар азои худам гиря мекунам. Ин шеъри охар асту ѓамам носуруда монд Бар шеъри носарои худам гиря мекунам. То пеш аз ин барои шумо гиря кардаам Имшаб фаќат барои худам гиря мекунам. 2) Эй њиќ-њиќи ишќ бо ту њамдам, Марям! Эй гиряи ту шеъри муљассам, Марям! Њампои ситорањо нишастї то субњ, То сар зада мењр аз ту кам-кам, Марям! Нав кун ѓазале дубора дар дафтари ишќ Эй шўри шаби шеъри дамодам, Марям! Бо ёди касе ки бурда аз ёд туро Лабрез шудї, бибор нам-нам, Марям! Нашкуфт гули вуљудат аммо њастї Чун шабнами субњдам муќаддам, Марям! Бо рўњи муљарраде ки дар синаи туст Танњотарї аз Масењи Марям, Марям! Инљо, ки нишастаї барои ту кам аст Эй хоки адам бар сари олам, Марям! 3) Мушкиле нест бирав бар дили ман по бигузор Ту ки одат дорї, боз маро љо бигузор Буѓзи ѓам, буѓзи ѓазал, буѓзи худоњофизият Хафаам карда каме панљараро во бигузор Харљи камтар бикун ин ќањру ѓазабњоятро Андаке низ пасандози мабодо бигузор
Майле ба дунё надорад савдои фардо надорад, Рўње ки мард аст аммо дар љисми як зан нишаста. Бетоб дар фикри рафтан танњо нишаста аст бар ман Омода монанди санге рўи фалохан нишаста. Эй марг ваќташ расида дврёб рўње, ки дигар Манро рањо карда аммо, пои ту ќатъан нишаста. 5) Хастаам, хастаам аз дидаи њассоси шумо Меравам,меравам ин бор аз эњсоси шумо Ошиќї љурми бузургест дар ин давра, вале Чї ќадар ишќ њаќир аст ба миќёси шумо. Даматон гарм! ки гармои љањаннам доред! Дили ман сўхта аз баркати анфоси шумо! Ѓайр аз ин мењру њамин шеър чї аз ман дидед? Ки чунин охта бар ман раги омоси шумо. Кунљи айвони дилам то ба сањар меборам То муаттар шавад аз бориши ман ёси шумо. Шеър мегўяму гул карда, вале њамсояст, Соќаи настаранам бо лабаи доси шумо. Њељ кас гарчї бароям гули марям нахарид Ѓунча-ѓунча шуда пар-пар пеши эњсоси шумо 6) Барои бо ту нишастан бањона мехоњам Яке, дуто ѓазали ошиќона мехоњам. На бањрњои тавилу на вазнњои ѓариб Ки сода мисли худам як тарона мехоњам. Тамоми баргу барам рехт ман зимистонам! Бањор бош бароям, љавона мехоњам! Ба он нишон ки њазор оя хондаї аз ишќ, Њазор оя рањо кун, нишона мехоњам. Шабењи мўи худам дарњамам, парешонам Барои такя ба ту аз ту шона мехоњам. Рањо накун ба ќафас инчунин маро-танњо Кабутари туаму обу дона мехоњам. Њуљуми сарди нигоње ба ошёнам зад, Дубораи гармии як ошёна мехоњам. "Дар ин замона рафиќе ки аз халал аст" Мисоли Хоља, вале зиракона мехоњам. Забон ба ком гирифтан аз ишќ, осон нест Ман оташе ки бигирад забона, мехоњам. Ту аз каронаи ишќам канора мегирї, Ва ман дубора туро бекарона мехоњам! 7) Салом!Агарчї пас аз ин салом хоњам рафт, Азиз будаму бо эњтиром хоњам рафт. Чї ќадр давру баратро шулуѓ мебинам! Чї ќадр хаста аз ин издињом хоњам рафт Ба њар бањона сурудам ва ишќ меборид Ва ќатра-ќатраи он ин паём:Хоњам рафт. Нишастаї ки бубинї аз ишќу озодї, Мани асир ба самти кадом хоњам рафт? Натарс!Он ќадар аз ту буридаам дигар Ки аз канори ту эй бемаром, хоњам рафт. Сукут кардаму хатти нигоњи ман мегуфт Намонда њарф, фаќат як калом-хоњам рафт. Тамом шуд сафарам бо ту нимароњ, чї ќадр Сароб будиву ман ташнаком хоњам рафт...
8) Бо паёме, ё тамосе ё њузурї бењтар аст? "Аз худам гуфтан" барои ту чї љурї бењтар аст? Бемаром аз чашми ман њоли маро бењтар бифањм! Њей нагў њоло сабурї кун, сабурї бењтар аст? Туйї кофешопњо ин ќањвањои талх чист? Пеши ман биншин бисоти чою ќурї бењтар аст. Шеъри ту хуб аст аммо мисли шеъри чашми ман, Чакка-чакка бориши ашки булурї бењтар аст. Ин ќадар бад кардаї бо ман ки дигар байни мо Фосила андозаи сад сол нуре бењтар аст. Ман тамоми шеъру шўрамро, шуъурамро ба ту Додаам, аммо гумонам бешуурї бењтар аст! Зоњиран бидъат миёни њарчи љо во кардааст, Шеър мисли исмњои навзуњурї бењтар аст. Меравему мебарем ин шеърњои зиндаро Ваќте инљо њарфњои мурдашурї бењтар аст... 9) Чашам дубора бо нигоње дар талофї аст Дунё пур аз бархурдњои иттифоќї аст Њар шаб хаёли куњнаи њамроњињои ў Бо пилкњои бастаи ман њамутоќї аст Дар банди паймон нестам бо њељ љамъе Паймонаам дард асту танњо шеър соќї аст Рудам, зулолам мехурўшам, гарчї инљо Лабрез аз андешањои ботлоќї аст Мисра ба мисра ишќу озодист њарфам На шоири байтам на шеърам иртизоќист Бо ёди оѓўше "барои охарин бор" То субњ дар гўшам танини "Гул Нароќї" аст Ман ошиќам пурдард аммо зиндаам то Ваќте шаќоиќ њаст ваќте ишќ боќї аст 10) Имшаб њуљуми буѓзи ѓазал мекашад маро Ин ѓамгирифта туи баѓал мекашад маро Ќалбам њамеша рўи хати зилзиласт, оњ Охар банои рўи гусал мекашад маро Медонам ин шурўи висоли ман асту ишќ Як шаб миёни моњи асал мекашад маро Бо пои худ ба маслахи оѓўш меравам Рўзе ки ишќ-Аззаваљал мекашад маро Бе шак на ихтиёр, ки иљбори мањз буд Ќолу балои рўзи азал мекашад маро Шаке нишаста рўи яќин, мехурам замин Бар боварам халида халал мекашад маро Инон шиориянду шууре намонда аст Найранги рўзгори даѓал мекашад маро Ин куфри мањз кори худоёни зинда аст Туњмат ба дўши Лоту Њабал мекашад маро 11) Чашм мебандам вале дуздонањои ман ки њаст Буѓз камтар кун азизам, шонањои ман ки њаст. Дилхурї, сардаргумї, бояд биборонам туро Ашкро оѓоз кун паймонањои ман ки њаст Солњо овори танњої ба рўят монда аст Хона нав кун дар дилам вайронањои ман ки њаст. Мисли ман, ки бо њама девонагињо дилхушам То яке аз хайли ин девонањои ман ки њаст Хастаї дигар каме њам бехаёли ѓусса шав Чашмњоятро бибанд афсонањои ман ки њаст
ТАХТАИ СИЁЊ Ман аз бегонагон њаргиз нанолам, Ки бо ман њар чї кард, он ошно кард. Зери мафњуми ин ду мисраъ шеър њаёти 5- солаи ман нињон аст. Ваќте ки ман маќолаеро дар рўзнома ё маљалла мехондам, фикр мекардам, ки шахсони алоњида ин гуна маќолањоро бофтаю сохта чоп мекарда бошанд ё ин њамааш афсона аст. Наход шавњар ё хешовандони шавњар ин ќадар зулмро ба фарзандон ё собиќ янгаи худ раво доранд? То бар сари худам ин гуна рўзњои мудњиш наомаданд, њељ боварам намеомад. Њар бадбахтие ки дар ин зиндагї дидам, аз дасти падари фарзандонам дидаам. Ман аз касе нороњат нестам ва нороњат шуда њам наметавонам, таќдирам њамин будааст. Ман Њакимова Идимоњ Рањмиддиновна зодаи ноњияи Шањритус, соли таваллудам 1990 мебошад. Бо сабаби нооримињои солњои 1991-1994 гуреза шуда, бо ањли оилаамон ба Афѓонистон рафтем. Бо дастгирии падаронаи Љаноби Олї соли 1994 ба Ватан баргаштем. Айни њол дар шањри Душанбе, кўчаи Маяковский, бинои 1/11, њуљраи 53 истиќомат менамоям. Хонаи истиќоматии ман дар бинои Хобгоњи оилавї буда, якњуљрагї мебошад. Шавњарам ваќте ки ин хонаро мехарад, ба номи додараш мегузаронад, вале додараш дар харидорї намудани хонаи мазкур ягон маблаѓе сарф накардааст. Бо назардошти зани дигар гирифтанаш шавњарам аз ман људо шуд. Ва бо њалнома суд маро дар њамин хона љой дод. Њоло бародари шавњарам Љалолзодаи Муњаббатшоњ аз номи бародараш Њукмиддин Љалолов аризањо пешнињод менамояд. Гўё ў на Љалолзодаи Муњаббатшоњ, балки Њукмиддин Љалолов мебошад. Мумкин ин рафтораш дуруст бошад инро ман намедонам ва чизе њам гуфтани нестам ихтиёр дорад. Њукмиддин Љалолов таи солњои зиёд бо сабабњои номаълум ба Тољикистон наомадааст, ў дар Љумњурии Озарбойљон мебошад. Агар ба ў хона лозим бошад, биёяд рў ба рў њарф мезанем. Љалолзодаи Муњаббатшоњ мехоњад маро бо се фарзанди ноболиѓам, ки писарам бемор аст, тариќи зўрї аз хона берун карда ва хонаро фурўхта, ба манфиати худ сарф намояд. Пушти њамаи ин парда корњои собиќ шавњарам Абдулазиз Љалолов меистад. Бояд ќайд кард, ки бародари шавњарам Љалолзодаи Муњаббатшоњ дар ноњияи Ќубодиён 20 сотих замини наздињавлигї, 2 маѓоза дошта, шароити зиндагониаш хуб мебошад. Маќсад дорад, аз камсаводии ман истифода бурда, хонаро аз ману фарзандонам бигирад. Њоло худи Љалолзодаи Муњаббатшоњ аз занаш људо
Шоъир Озар Салим ба Дилшод Назаров-љањонпањлавони Тољик Дидем мо, ногањ дари устурањо во шуд, Ораш бурун омад аз он, бар ќулла боло шуд. Ораш? Бале, Ораш! Њамон гурде, ки зикри ў Зеботарин як ќиссаи матни " Авасто" шуд. Ин бор њам садњо њазорон чашм бар сўяш, Ин бор њам як сањнае бањри тамошо шуд. Ин бор њам бегуфтугў партоби зебояш, Марзи љалолу эътибори миллати мо шуд. Ин бор њам як наъраи шерона зад, аммо Шукри худо, ки љон ба андомаш шикебо шуд. Аз ашки шодї чашмњои мо дар он соат Ойинадори мадду љазри њоли дарё шуд… З-устура берун омаду бори дигар Ораш, Устура шуд, устураи имрўзу фардо шуд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
13
дар асоси њалномаи суди н.Синои ш.Душанбе аз 17-июли соли 2013 ба хонаи истиќоматии воќеъ дар ш.Душанбе кўчаи Маяковский 1/11 њуљраи 53 бо се кўдаки ноболиѓам сокин шудам. Ин хонаи истиќоматие мебошад, ки ман баъди 6 моњи зиндагонї дар ноњияи Шањритуз дар он то њоло зиндагї дорам, ки шоњидї медињад, ки ман баъди ду ё се моњи зиндагонї дар он, хонаро аз худ намудаам ва њуљљатњои ман ѓайриќонунї мебошад. Бо њуљљатњои таќаллубї кор кардан зеби ман не, зеби Шумо мардњои зансифат мебошад. Њалномаи суди мазкур асоснок ва ќонунї мебошад. Аммо аз чї сабаб бошад, ки бо Ќарори Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон дар асоси эътирози Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон он бекор карда шудааст, ман инро ѓайриќонуни њисоб менамоям. Бо назардош-
КИ БО МАН ЊАР ЧЇ КАРД, ОН ОШНО КАРД (љавоб ба маќолаи рўзнома "Нигоњ", чоршанбе №27 (460), 30. 09.2015 Њукмиддин Љалолов (асосан нависандааш Љалолзодаи Муњаббатшоњ) "Ман кай издивољ кунам?") шуда ва занаш дар хонаи зисташон сокин гардидааст ва дар њамон хона зиндагонї дорад. Ўро мумкин аст дар хонаи зисташ зиндагонї кунаду маро не? Асосан онњо бо зан гирифтану зан талоќ кардан одат кардаанд. Дар рўзномаи "Нигоњ", чоршанбе №27 (460), 30. 09.2015 маќолаи Њукмиддин Љалолов (асосан нависандааш Љалолзодаи Муњаббатшоњ) "Ман кай издивољ кунам?" аз чоп баромад. Бародари азизу мењрубон, мебахшї, касоне, ки тамоман хона надоранд ва дар хонаи волидон истиќомат мекунанд, оё издивољ намекунанд ё онњо чи тавр издивољ мекарда бошанд, ки ту барои як хона хобгоњ ин ќадар даъво дорї? Акнун фањмед дурўѓ аз куљо оѓоз ёфт. Маќола саропо бо њарфњои дурўѓ рангубор карда шудааст. Пеш аз он ки маќола рўи чоп мебаромад бояд кормандони рўзнома каме њам бошад татќиќот мегузарониданд. Хоњишмандам маќоларо дубора санљида то чї андоза рост ё дурўѓ буданашро ошкор намоед. Баъд маълум мешавад, ки "айб дар ош аст ё дар мош". Шумо ба сархати якум ва чорум нигаред "дар як љо ду сол ва дар љои дигар се сол" оварда шудааст, ба кадомаш бояд бовар кард? Дар сархати сеюм оварда шудааст "Боз њам бо њамон азоби пешин танга болои танга љамъ овардам ва ваќте ба Ватан баргаштам, манзили худро ѓасбшуда аз љониби њамсари дуввуми бародари худам ёфтам. Њакимова Идимоњ Рањмиддинова, ки муддате бо….", мабахшед, бародари бузургвор, ман на зани дуввум, балки зани севуми бародари шумо мебошам. Баъдан ин хонаро на Шумо, балки собиќ шавњарам харидааст. Узр мехоњам, соле, ки ин хонаро собиќ шавњарам харида буд, шумо њамагї 19 сол доштед, чї тавр шумо дар ин сину сол хона харидорї намудаед. Ман чї гуна бе иљозати шумоён ба ин хона омада зиндагонї мекардаам ё онро худсарона ѓасб менамудам? Инчунин дар сархати чорум оварда шудааст "Бародари ман сарењан эълон доштааст, ки Идимоњ Њакимоваро бо се фарзандаш рўйи роњ партофтанї нест, барои онњо дар њавлии падарї љову макон меди-
њад. Вале мутаассифона, Идимоњ рафтори ѓайриќонуниро ќабул дораду бозгашт ба ноњияи Шањритус, назди шавњари собиќаш, ва хонаеро, ки ќонунї аз ў хоњад буд, ќабул надорад. Ин аст хулосаи њаќиќие, ки бояд фањмонам, вале намефањаманд". Аз шумо маъзарат мепурсам, бародари азиз, ин гапњо боз аз куљо пайдо шуданд? Агар бародари шумо фикри фарзандонашро мекард, зани аввалаашро, ки бо гуфтаи худаш бо нафаре ўро дидааст ва сеталоќа мебошад, дар никоњи худ дароварда, ба хонаи ман оварда якљоя зиндагонї намекард. Агар бародари шумо фикри фарзандонашро мекард, манро се талоќ гуфта љавоб намедод. Агар бародари шумо имон дошта бошад њамон алиментеро ки давлат барои фарзандонаш људо намудааст, сари ваќт пардохт менамояд ва агару агарњои дигар. Оё бо сеталоќа аз нав никоњ карда зиндагонї кардан мумкин аст? Мулоњои њозиразамон, боз худро мулло метарошед ва донандаи дини ислом. Наход кормандони суд ба андозаи шумо нимчамуллоњо дониш надошта бошанд ва ё барои хотири ман обурўи худашонро резонанд. Дар сархати шашум баъди навиштаљот бо њарфњои бузург "АСЛИ ИШТИБОЊ КУЉОСТ" оварда шудааст, "Идимоњ Њакимова бо бародари ман Абдулазиз Љалолов муддати 5 сол дар ноњияи Шањритус зиндагонии муштарак доштанд. Замоне, ки ман дар Русия будам ва вазъи оилавии онњо вахим мешавад, ба хотири гузаштани муддати муайян ва бењ шудани муносибатњо њамсараш Идимоњро ба Душанбе меорад ва ду ё се моњ бо њам зиндагонї мекунанд. Баъдан бармегарданд, вале ба муљарради боз ба миён омадани зиддияти оилавї Идимоњ муддати кутоњ даст ба таќаллуби аснод мезанад ва бо фароњам кардани њуљљатњои такаллубї хонаро аз худ мекунад. Ногуфта намонад аз бародарам Абдулазиз барои фарзандонаш нафаќа, яъне алимент мегирад". Њаминро бояд ќайд намуд, ки ман њамагї бо собиќ шавњарам дар ноњияи Шањритуз 6 моњ зиндагонии якљоя доштем. Ба Шумо маълум менамоям, ки ман
ти вазъияти бавуќўъомада аз муњтарам Шермуњаммади Шоњиён дастури Шуморо љињати љой додани ман дар манзили истиќоматии дар боло зикрнамударо мутобиќ ба талаботи Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї хоњонам. Ман моњи октябри соли 2008 бо собиќ шавњарам Абдулазиз Љалолов аќди никоњ бастем ва аз зиндагонии якљоя се фарзанд дорам. Баъди 6 моњи зиндагонии якљоя мо дар шањри Душанбе, кўчаи Маяковский, бинои 1/11, њуљраи 53 истиќомат менамудем. Хонаи истиќоматии ман, тавре ки ишора рафт, дар бинои Хобгоњи оилавї буда, якњуљрагї мебошад, ва њамсояњоямон шоњиди ин воќеа мебошанд. Ваќти зиндагонии якљоя ба ман иљозат намедод бо ягон хешовандонам рафтуомад кунам. Шавњарам њар чї ки мегуфт барои ман ќонун буд. Њатто иљозати пулро дар даст гирифтан надоштам. Бо гуфтаи собиќ шавњарам "дар пул сурати марди номањрам аст ва убол мешудааст". Барои ман, ки собиќ шавњарам Абдулазиз Љалолов бахти дувумам буд, ба њамааш тоќат мекардам. Инро медонист ва аз њамин суистифода карда бо ман рафторњои ношоиста мекард. Вале ман ба хотири фарзандонам, ки як бор бахтамро аз даст дода будам, зиндагиамро пеш мебурдам. Бо гуфтаи мардум "Сари кафида зери тоќї". Собиќ шавњарам Абдулазиз Љалолов то бо ман издивољ карданаш боз ду зани дигар гирифта буд ва ман зани сеюмаш мебошам, яъне никоњи сеюм. Ин хонае, ки дар борааш гап меравад хонаи худи шавњарам мебошад, барои он ки ин хонаро зани аввалааш, ки як духтар дошт, нагирад хонаро ба номи бародараш кард. Дар аввал зиндагонии хуб доштем, баъди он ки тахминан моњи январи соли 2012 бо зани аввалаш аз нав нигоњ кард, яъне бори чорум никоњ кард ва онро гирифта ба Душанбе омад (бо зани аввалааш хати ќайди никоњи давлатиро набурида буд фаќат бо се талоќ људо шуда буданд) ва барояш хонаеро иљора гирифта дод. Зиндагиаш мушкил шуд ду зан дар ду љо хонаи иљора. 14
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
ВОКУНИШ
КИ БО МАН ЊАР ЧЇ КАРД, ОН ОШНО КАРД (љавоб ба маќолаи рўзнома "Нигоњ", чоршанбе №27 (460), 30. 09.2015 Њукмиддин Љалолов (асосан нависандааш Љалолзодаи Муњаббатшоњ) "Ман кай издивољ кунам?") 13 Баъдан маро маљбур кард, то бо зани дуюмаш барои якљоя зиндагонї кардан розї шавам. Мо таќрибан 6 моњ дар якхонагї зиндагонии якљоя доштем (ман њам бо шавњарам ќайди никоњи давлатї доштам). Корњое, ки нисбат ба ман раво медонист, ба гуфтан рост намеояд. Аљоибаш дар он буд, ки дар ду шиноснома бо ду зан ќайди никоњи давлатї дошт. Оё инро касе мепурсида бошад? Ба мо амри маъруф мекарду мегуфт, ки "бо ду зан дар як хона зиндагонї кардан суннат аст. Агар шумо бо якдигар хуб бошед, љоятон љаннат мешавад". Мани гумроњ ба гуфтањои ў бовар мекардам ба хотире, ки фарзандонам бепадар калон нашаванд ва ба њар кораш тоќат мекардам. Ман њамон ваќт ду духтар доштам ва писарам дар даврони њомилагиам буд. Барои ман ин хона аслан лозим нест. Ин хонаро барои хотири фарзандонаш ба ман суд ќарори зист додааст на падари бевафояшон. Ман њам хоњиши аз ин утоќ ба он утоќ гаштанро надорам. Дар аввал худашро донандаи дини ислом гуфта, манро аз дар берун баромадан намемонд. Њоло ангуштанамои дарњои додгустарї гардонидааст. Ман ба шумо, мардњои зансифат, мурољиат карда гуфтаниам "Шумо барои як хонаи ношуд бо ман љанг эълон карданиед, ки таи се сол бо ман даст ба гиребонед. Шумо дар оянда ба рўи фарзандонатон чї хел нигоњ мекарда бошед?! Абдулазиз Љалолов, оё ба фарзандони худат дилат намесўзад? Оё бо ту падарат њамин гуна рафтор кардааст! Ба ин модари њољиат чї мегуфта бошад? Оё модари њољиат зан - модар набуд! Ба модарат гуфтаниам, ваќте ки нон мехурї, чї гуна нон аз гулўят мегузашта бошад, ваќте ки писари шумо њаќќи фарзандонашро сари ваќт пардохт намекунад?! Мавриди ќайд аст, ки вобаста ба масъалаи мазкур Љалолзодаи Муњаббатшоњ бо ариза тибќи тартиби муќарраршуда аввал ба Суди ноњияи Сино, баъдан ба Суди шањри Душанбе сипас ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо
аризаи даъвої мурољиат намуд, вале дар тамоми марњалањои мурофиаи судї Суд масъаларо ба фоидаи ман њал намуд. Бо гуфтаи бародари шавњарам Љалолзодаи Муњаббатшоњ (Њукмиддин Љалолов) њамаи он марњилањои мурофиаи судї нодуруст мебошад. Ба ин кї бовар мекунад. Наход кормандони њуќуќ худашон ќонунро вайрон кунанд! Ман њамагї бо собиќ шавњарам дар ноњияи Шањритус 6 моњ зиндагонї кардаам, метавонед тафтиш кунед. Хулоса, чунин кирдорњои номатлуб аз љониби Љалолзода Муњабатшоњ бо њар роњу восита идома дорад. Аз соли 2013 то њол бародари шавњарам Љалолзода Муњабатшоњ бо маќсади гирифтани хона бароям мушкилот ба вуљуд овардааст. Новобаста ба њалномањои судї такрор ба такрор ариза ба маќомоти судї пешнињод менамояд, ки боиси саргардонї ва нигоњубини писари беморам ва тарбияи дигар фарзандонам шудааст. Соли 2014, 27 июл дар "ДушанбеПлаза" хатнасури писарбачањо баргузор гардид, дар байни 349 писарбача Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон писари маро ба оѓўш гирифта, барои табобат намудани бемории ў супориш дод. Илоњї баракат ёбад, хокро гирад, зар шавад, ѓамхории падаронааш буд, ки писарамро табобат намудам ва њамеша дуогўи эшон њастам. Алименте, ки собиќ шавњарам ба фарзандонаш људо намудааст, то сентябри соли 2015, барои се фарзанд 280 сомониро ташкил медод ва аз сентябри соли 2015 алиментро 360 сомонї баланд карданд, ки ин њама дар рўи коѓаз мебошад ва то њол аз он хабаре нест. Њар ваќте, ки хоњад як миќдор пули ночиз ба ман мефиристад, гўё барои ман мекарда бошад, оё дилат барои фарзандонат намесўзад? Зиндагониам асосан аз њисоби алимент мебошад, ки њамонро низ сари ваќт пардохт намекунад. Аз сабабе, ки фарзандонам ноболиѓанд ман дар љое кор кардан наметавонам. Албатта падару модарам низ ба ќадри имкон ёрї менамоянд.
Дар сархати 8 оварда шудааст "И. Њакимова даъво мекунад, ки се фарзандашро дар њамин хона ба дунё овардааст". Гўё ман фарзандонамро дар ноњияи Шањритуз ба дунё оварда бошам. Мебахшед, шањодатномаи фарзандон ва њуљљатњои духтур шоњиди онад, ки ман фарзандонамро дар њамин хона ба дунё овардаам. Мурољиати фарзандон ба падар: Падари азиз ва амакњои мењрубон, имрўз мо муњтољи сарпаноњ њастем ва фардо бузург мешавему барои шумоён дастёри беминат. Аз шумоён хоњишу илтимос дорем, ки моро озор надињед. Мо њам инсонем ва мехоњем мисли инсон зиндагонї дошта бошем. Хайрят, ки хона дар хобгоњи умумї мавќеият дорад ва чандон ба талаботи зиндагонї љавобгў нест. Вагарна мумкин шумоён аз бањри мо - фарзандон барваќтар гушта, ин хонаи ночизро њам аз худ мекардед. Ин хона хонаи шумо аст, кай ки бошад, аз худ мекунед. Наход дили шумоён ба мо тифлакон насўзад?! Нашавад мо худамонро зинда дар гўр кунем. Модарам ба хотири он ки моро нигоњбонї кунад, дар љое кор карда наметавонад. Мо муњтољи ёрї њастем. Он маблаѓе, ки давлат ба мо људо намудааст, сари ваќт ба мо пардохт намоед. Шумо ин маблаѓро барои мо фарзандонат пардохт менамоед, на ба модарам, њол он ки дар дигар давлатњо барои парасторї ба модари фарзандон падарашон маблаѓ пардохт мекунад. Дар баробари ин ба Суди ноњияи Сино, баъдан ба Суди шањри Душанбе сипас ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон минтадории худро изњор менамоем, ки то имрўз моро сокини ин "Хона - хобгоњ" эътироф кардаанд. Умеди онро дорем, ки минбаъд низ дастгирии мо бепуштупаноњонро хоњанд кард. Падари азиз ва амакњои мењрубон, шоир гуфтааст: Сад бор бадї кардию шарми ту наомад, Некї чї бадї дошт, ки як бор накардї? Бо камоли эњтиром Љалолова Шукрона соли таваллуд 2009, Љалолова Хади-
ча соли таваллуд 2011 ва Љалолов Бањромљон соли таваллуд 2013. Ва боз навња мекунему мегўем: Рафта аз мо хонаи нав хостї, Зиндагии мо валекин костї. Њайфи "Ќуръон"-и бари рўят, ки ту Бе љигарбандони худ танњостї! Мани модари яккаву танњоро бо писари беморам ва ду фарзанди дигарам сарсону саргардонї ба маќомоти судї хаста намудааст. Ман метавонам ба њар сархати ин маќола љавоб гўям ва дурўѓи онњоро исбот намоям, аммо бо гуфтае "гапи бисёр ба як хара бор". Мебахшї, Абдуазиз Љалолов, барои чї падари ман фарзандони туро бо манзил таъмин намояд, бо ќадри имкон фарзандонатро нигоњубин дорад. Падарам њаст, ки фарзандони ту шикамашон сер аст. Каме аз рўи инсоф њарф занед. Маблаѓе, ки давлат барои фарзандонат људо кардааст сари ваќт пардохт карда наметавонеду, боз аз падари ман домангир њастед. Шумо аз додгустарї ба додгустарї гаштанро тамом накарда ба рўзнома мурољиат намудед, шарм њам чизи хуб аст, бо зан мубориза бурда истодаед, фардо фарзандонат калон мешаванд ва ин рўзномаро хонда, чї мегуфта бошанд.Бас аст маро сарсон кардан, мон, ки дар љое кор кунам ва фарзандонамро таъмин намоям. Бо назардоши вазъияти бавуќўъомада аз Шумо, раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Шермуњаммади Шоњиён эњтироман хоњиш менамоям, аз рўи ќонун њуљљатњои моро баррасї карда, бањогузорї намуда, аз мо ёрии хешро дареѓ надоред. Њакимова ИДИМОЊ
Сафар Айюбзодаи Мањзун ба Кањрамони бозињои олимпии "Рио-2016" Дилшод Назаров Мужда омад, ќањрамон Дилшод шуд, З-ин хабар болид љон, дил шод шуд. Шуд Ватан равшан зи барќи ифтихор, Мављи табрику муборакбод шуд. Зинда бошї, Ќањрамон - Дилшоди мо, Родмарди пањлавон - Дилшоди мо. Парчами номуси мо кардї баланд, Эй музаффар, эй муваффаќ, арљманд. Гурди гурзандоз, эй шери жаён, Канд зан, дилшод бошу бегазанд! Зинда бошї, Ќаќрамон - Дилшоди мо, Родмарди пањлавон, Дилшоди мо! Пеши зўрат халќи олам лол шуд, Аз ту миллат шоду хушиќбол шуд. Ин зафар, ин ќањрамонињои ту, Туњфаат бар љашни Истиќлол шуд. Зинда бошї, Ќањрамон - Дилшоди мо, Родмарди пањлавон, Дилшоди мо!
ЊАМСОЯ
ОЃОЗИ САФАРИ ЗОИРИНИ ТОЉИК БА АРАБИСТОН Нахустин гурўњи зоирони тољик ба Арабистони Саудї сафар карданд. Бино ба иттилои Афшини Муќим, сухангўи Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњо, гуруњи нахустини њољиёни тољик 21-уми август аз Фурудгоњи Душанбе шањри Мадинаи Мунаввара парвоз намуданд. Ба гуфтаи манбаъ, зоирони тољик дар мењмонхонањои атрофи њарам љой-
гир карда шудаанд. " 22-юми август ин гурўњи зоирони мо аз мавзеъњои таърихии Мадинаи мунаввара, аз љумла масљиди "Ќубо", масљиди "Ќиблатайн", кўњи Уњуд ва амсоли он дидан намоянд. Баъди чанд рўзи будубош дар Мадинаи мунаввара, зоирон ба Маккаи мукаррама мераванд." Дар назар аст, ки соли равон њољиёни тољик тариќи ширкатњои њаво-
паймоии ватанї ва ширкати ширкати худи Арабистони Саъудї Flynas (Флайнас) баро адои маросими Њаљ сафар кунанд. Сафари њољиёни тољик аз 21-уми август шуруъ шуда, то 5-уми сентябр давом мекунад. Бозгашти њољиён аз 17уми сентябр шуруъ мешавад. Соли равон нархи сафари Њаљ 28 њазору 649 сомонї мебошад, ки нисбат ба соли гузашта 5 њазор сомонї зиёдтар аст. Таъкид мекунем, ки нархи њаљ дар Тољикистон нисбат ба нархи њаљ дар Ќирѓизистон 1000 доллар зиёдтар мебошад.
БАЪДИ ДОЊИЁН
АБЕРАИ НИКИТА ХРУШЕВ НИНА ХРУШЕВА
НАСЛЊО ВА СОЛЊО: АЗ КЇ КИЊО МОНДА ВА ДАР КУЉО? Дар бахши аввали ин маќола муруре ба фарзандону пайвандони поягузорони Иттињоди Шўравї, сарварони инќилоби Октябр Владимир Ленин ва Иосиф Сталин доштем. Аммо он замон маљоли суњбат дар баъзе аз мавориди иртиботдошта ба мавзуъ набуд. Чуночї, Крис Эванс, набераи Иосиф Сталин, ки дар шумораи гузашта дар бораи модараш Светлана Аллилуева муфассал маълумот дода будем, аз љумлаи афродест, ки номи бобои замоне машњури худро доѓдор кардааст. Аз симову сурат ва сират њеч монандие ба хонаводаи Сталин надорад, магар, ки каме ќавораи шабењ ба Сталинро метавон ноаён дид. Агар ба расмњои интишоршуда дар шабакањои иљтимої дурусттар таваљљуњ шавад, як чењраи хеле манфури берун ќолаби чењраи башарї пеши назар меояд. Замоне, ки ин аксњо расонаї шуданд, дар њошияашон баъзењо навиштанд, ки бобои ин зан фашизмро шикаст додаву оламиёнро аз хатари бардагї наљот дод, њамзамон низомаш муљиби ќатли беш аз дањ миллион нафар ва гуруснагиву ќањтї дар Шўравї шуда буд. Њарчанд исмаш њоло Крис Эванс аст, вале дар тифлї ў Олга Петерс буд, падарашро Уилям Петерс меномиданд. Мегўянд аз даврони тифлї аз номи русиаш хушаш намеомад ва худро Кристина номид. Крис Эванс кулли аъзои баданашро холкўбї кардааст ва дар расмњо бо ваљоњати наздик ба дањшат намудор шудааст.
сиёсї ва атрофиёни Сталин ба вуљуд овард. Сабабашро муаллифони филм натавонистанд кушоянд, чун бойгонии хадамоти амниятї барояшон дастнорас буд. Сергей Хрушев њоло шањрванди ИМА аст ва ба Русия хеле кам меояд. Баъзан барои ширкат дар рўнамои китобњояш ва баъзан барои иштирок дар маросими ба хоксупории хешовандонаш. Абераи Никита Хрушев Нина Хрушева дар факултаи робитањои байналмилалии донишгоњи New School шањри Ню-Йорк дар медињад.
ГЕНЕРАЛЊОВУ АФСАРОНИ КРЕМЛ Соли 2015 як филми мустанад бо номи "Осмони лейтенантњои Кремл" наворбардорї шуд, ки аз њаёти фарзандони Никита Хрушев ва Анастас Микоян њикоят мекард. Аз панљ фарзанди Микоян бо номњои Степан, Владимир, Алексей, Вано ва Серго танњо охирї тавонист роњи њарбиро интихоб накунад. Дигарон њатман пайроњаи падари худро тай карданд. Владимир дар аввалин рўзњои љанг њалок шуд, Степан то охири љанг дар муњорибањо буд ва унвони Ќањрамони Иттифоќи Советиро дарёфт кард. Алексей низ соли 1943 ба љабња рафт ва чун халабони моњир дар дар 32 љанги њавої ширкат кард ва 3 њавопаймои душманро сарнагун сохт. Вано ва Сергоро боздошт карданд. Чаро? Муаллифони филм мегўянд Вано дар омўзишгоњи авиатсионии шањри Душанбе тањсил мекард ва то соли 1945 дар сафи артиш адои хизмат намуд. Дар ин филм аз сарнавишти боз як писари Хрушев-Леонид Хрушев сухан меравад. Вай соли 1940 мактаби авиатсияи Энгелсро хатм кардааст. Дар як моњи аввали љанг 12 парвози љангї анљом додаву љароњатдор шуд ва ба табобат фиристоданд. Соли 1945 Леонид Хрушев дар љанги Калуга њалок шуд ва баъди маргаш бо ордени Љанги Бузурги ватанї мушарраф гардид. Хрушев хеле талош кард ба писараш унвони Ќањрамони Иттифоќи Советї дињанд. Вале ин мављи эътирозњоро дар худи Бюрои
ДУХТАРИ БЕРОЊАИ БРЕЖНЕВУ ПИСАРИ МАХФИИ АНДРОПОВ Леонид Брежнев, яке аз машњуртарин симоњои сиёсии замони Шўравї ва Котиби генералии КПСС як писар (Юрий) ва як духтар (Галина) дошт. Галина Леонидовна Брежнева њатто дар замони Котиби генералии КПСС будани падараш яке аз пурмољаротарин фарзандони нухбагони Кремл мањсуб мешуд. Вай борњо ба шавњар баромадааст, њатто дар миёни шавњаронаш њамкори наздики падараш Юрий Чурбанов њам будааст. Замоне, ки бо Чурбанов издивољ кард, аллакай майзада шуда буд. Баъди марги Брежнев Андропов дастур дод, ки Галинаро њабси хонагї кунанд. Вай хонаи чорњуљраи худро ба сењуљра бо иловаи пул иваз кард ва аз ин њисоб рў гузаронд. Дар њамон хона ошиќонашро љамъ мекард ва ба айшу нўш дода мешуд. Кор ба њадде расид, ки њамсоягон ба дод омаданд ва аз духтараш талаб карданд, ки модарашро аз ин хона ба љойи дигар барад. Моњи июни соли 1998 дар бемористони касалињои руњї вафот кард. Бино ба як номааш ба дугонаи љониаш Мила Москалева ба ин бемористон ўро духтараш аввал ба муњлати се моњ овардааст ва баъдан ўро дигар иљозат надодааст, ки хориљ кунанд. Як сол гузаштаву духтар аз њоли модар хабар нагирифтааст. Билохира, дар њамин бемо-
ДУХТАРИ БАДАХЛОЌИ ЛЕОНИД БРЕЖНЕВ ГАЛИНА БРЕЖНЕВА ристон, дар њузури бегонагон вафот кардааст. Боре дар барномаи Малахов "Пусть говорят" дар бораи абераи Брежнев Галина бањсе дар љараён шуд. Мегуфтанд Галинаи чилсола дар љойе кор намекунад, зиёд менўшад ва макони истиќомат њам надорад, амалан ба як "бомж" табдил шудааст. Абераи Леонид Брежнев, писари Дмитрий Брежнев дар донишгоњи Оксфорд сиёсатшиносї меомўзад. Набераи Леонид Брежнев Любов Яковлевна дар Иёлоти Калифорния зиндагонї мекунад. Юрий Андропов, чењраи дигари маъруф ва то љойе муаммобарангези таърихи Шўравї, ки баъди Брежнев њокимиятро ба уњда гирифт, ду маротиба издивољ кардааст. Аз издивољи аввал як духтар (Евгения) ва як писар (Владимир) ва аз издивољи дуюм низ як писару як духтар дошт. Писараш аз издивољи аввал Владимир аз он ки аз тарбияи падар дур монда буд, ду маротиба барои дуздї зиндонї шуд. Андропов хуб медонист, ки доштани писари зиндонї ба ояндаи ў дар КГБ халал ворид мекунад. Аз ин рў ўро аз худ дур кард. Андропов хеле кам ба аёдати ў меомад ва њатто талош мекард дар бораи Владимир надонанд. Вале зиндагии баъдии ў фољеавї буд. Дар 35-солагї аз олам рафт. Рўзи дафнаш на падараш њозир шуд ва на модараш. Аз сарнавишти ду фарзанди дигараш маълумоти чандоне нест. Аммо набераи ў Татяна Игоревна Андропова дар Майями хореография дарс медод. Бародараш Константин Андропов низ дар хориљ, аниќтараш дар ИМА зиндагонї мекунад. ВА ДИГАРОН Духтари ѓояпардози асосии солњои охири Иттињоди Шўравї Михаил Суслов Майя Михайловна Сумаракова аз соли 1990 ба инљониб бо ду писараш дар Австрия њаёт ба сар мебарад. Вай замоне ба хориља рафт, ки њоло Иттињоди Шўравї побарљо буд. Духтари Михаил Горбачёв Ирина Вирган-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
15
ская асосан дар Сан-Франсиско зиндагонї мекунад, чун дафтари марказии "Хазинаи Горбачёв" дар њамон љост ва Ирина ноиби президенти Хазина аст. Духтари аввалин президенти Русия Борис Елсин Татяна Юмашева низ њоло шањрванди Австрия аст. Тибќи иттилои РБК њамроњи духтараш ва шавњараш дар Винденам-Зе ном маконе воќеъ дар шањри Вена манзил доранд. Онњо њанўз соли 2009 маќоми шањрвандї дарёфт карда буданд. Владимир Путин, президенти кунунии Русия низ соњиби ду духтар бо номњои Катерина ва Мария мебошад. Пайдо кардани маълумот дар бораи фарзандони президенти амалкунандаи Русия хеле мушкил аст. Њатто худи ў ба ин гуна саволњо танњо посухњои кутоњу якнавохт медињад. Он чї дўст медорад такрор кунад, ин аст, ки мегўяд духтаронаш аслан аз ќаламрави Русия берун нарафтаанд. Вале расонањои ѓарбї дурўѓ будани ин иддиоро борњо исбот крадаанд. Бино ба навиштаи матбуоти хориљ шавњари Мария Йоррит Йоости њолландист ва Мария муддате дар шањри Ворсхотени Њолланд зиндагонї кардааст. Њарчанд инро Путин такзиб мекунад. Ду духтари шањрдори пешини Маскав Юрий Лужков низ дар хориљ аз кишвар, аниќтараш дар Лондон тањсил мекунанд. Чуну чароњои ќазия Аммо чаро фарзандони нухбагони Шўравиву Русия зиндагї дар хориљро меписанданд? Григорий Трофимчук, сиёсатшинос, ноиби аввали президенти Маркази рушди стратегии Русия ба ин савол посух медињад, ки аслан ин худ як сигнали љиддист. Чаро ки онњо њоло метарсанд. Метарсанд аз он ки хеле зуд бояд ба кирдорњои пешгузаштагони худ посух дињанд. Таќрибан њамаи фарзандони нухбагони Русия чї дар гузашта ва чї имрўз барои худ макони амнро дар хориљи кишвар омода кардаанд. Ба андешаи ин тањлилгар як гуруњи дигаре аз нухбагони Русия, ки дар хориљ маъвогоњ мељўянд ва меёбанд, олигархњои русанд. Инњо хеле бармањал бо хориљ иртибот мегиранд ва чун сармоя доранд, мераванд ва он љо зиндагонї мекунанд. Маъмулан ин афрод барои маќомоти њифзи њуќуќ дастнорасанд. Яке аз инњо њамсари собиќ шањрдори Маскав Юрий Лужков Елена Батурина мебошад, ки кайњост дар Ѓарб зиндагонї мекунад ва њамаи дороињои худро барваќт интиќол додааст. Григорий Трофимчук мегўяд, ќисми сеюми сокинони Русия, ки бояд барои беназмињои солњои 90 посух дињанд, њоло дар бемориву пирї ба сар мебаранд. Аммо суоли матрањ ин аст, ки баъди бист-сї сол Русия бо чиву бо кї мемонад? На масъуле боќї мемонад, ки аз ў пурсанду вай посух дињад, на пул, на нефт ва на газ. Ва љолибтарин нукта дар тањлили Григорий Трофимчук ин аст: Сергей Хрушев ва Светлана Аллилуева метавонистанд дар Ѓарб озодона зиндагонї кунанд, зеро дар фаъолияти падарону бобоёни онњо суоли зиёдатї вуљуд надошт. Вале хешовандону пайвандони Елсин, Горбачёв ва дигарон, ки њоло дар Ѓарб ба сар мебаранд, ин гуна имтиёз надоранд ва дарёфт њам карда наметавонанд ва онњоро бењтару хубтар аз Тротский хоњанд љуст. Аммо Лариса Белсер-Лисюткина, номзади илмњои фалсафа бар ин назар аст, ки дар Ѓарб зиндагї хубтар аст, амнияти мардум таъмин, назар ба Русия таљовузу хушунат камтар аст, он љо фасод вуљуд надорад, сатњи зиндагї дар ќиёс ба Русия хеле баланд аст. Муњимтар аз њама амният таъмин аст. Русия њамеша дар њоли љанги эњтимолии шањрвандї ќарор дорад ва зиддиятњои дохиливу хориљї хеле зиёданд. Душманкобї, ба ќавле боздошту тарсонидани онњое, ки гўё амниятро халалдор мекунанд, дар ављ аст. Метавон њадс зад, ки фарзандони нухбагони Русия ѓарбзадатарин меросбаронанд. Адами њуввияти миллї онњоро ба њадде расонида, ки зиндагї дар ѓурбатро бењтар аз њаёд дар ватанашон донанд. Њамин бењуввиятист, ки онњо дар њар кишвар, ки сукунат ихтиёр кунанд, зуд ба он мутобиќ мешаванд. (Охираш. Аввалаш дар "Нигоњ" №18 (501), 3-августи соли 2016) Тањияи Бобољони ШАФЕЪ
16
ПУРБИН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (504), 14. 08. 2016
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
ЌОДИРИ РУСТАМ Аз љумлаи адибони тозагўи тољик аст, ки аввали солњои 80-и асри гузашта бо нахустин нигоштањо вориди майдони адабиёт шуданд. Аз зумраи ононест, ки дидгоњи тоза доранд, шахсест, ки њам ќиссаву њикоя менависад, њам повесту румон, њам пажуњиши илмї мекунад ва њам саргарми тарљумаи асарњои классикони адабиёти љањонист. Ва дар њамаи ин муваффаќ аст. Ќодири Рустам (Абдуќодир Рустам) зодаи дењаи Панљрўд, зодгоњи Одам-уш-шуаро Абуабдулоњи Рўдакист. 13-уми октябри соли 1958 дар хонаводаи муаллими забон ва адабиёт дида ба олам кушодааст. Мактаби миёнаро дар Панљрўд хатм кардааст. Барои идомаи тањсил вориди пойтахти кишвар шањри Душанбе шуд. Мегўяд шавќи омўзиши адабиёт ўро ба остонаи Донишгоњи давлатии Тољикистон овард. Фаъолияти мењнатиаш аз соли 1981 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тољики Донишгоњ дар нашриёти "Ирфон" шуруъ шуд. Аввал мусањњењ буд, баъд муњаррири хурд ва баъдан муњаррир. Аз љумлаи аввалин кормандони њафтаномаи озоди "Чароѓи рўз" буд, ки чун падидаи ошкорбаёнї дар остонаи худшиносии миллї дар фазои иттилоотии кишвар пар кушод ва дар кутоњтарин фурсат ба як нашрияи хеле хонданиву љолиб табдил ёфт. Аввалин китобаш бо номи "Бурси дуреша" соли 1986 дар нашриёти "Ирфон" чоп шуд, ки маљмуъаи насри бадеии адиби љавон ба шумор мерафт. Љанги дохилї ўро низ ба гирдоби муњољирати иљборї њаво дод ва муддати чандин сол дар Ќазоќистон зист ва эљод кард. Соли 2003 дар Олмотї китоби ў бо номи "Рўдакї, фаромўшї, Чингизхон ва хар" чоп шуд. Доктор Сафар Абдуллоњ, ки солиёни зиёд бо Ќодири Рустам ошної дорад ва муддате дар Ќазоќистон низ канори њам буданд, ўро чун нависандаи фозил ва пажуњандаи доно медонад. "Сухан гуфтан аз Ќодири Рустам барои ман бисёр гуворост, зеро ўро чун бародар дўст медорам ва њамчун як нависандаи фозил ва пижуњандаи доно эњтиром мегузорам. Ќодири Рустам ба хубї дарёфта аст,ки аввалин абзор барои нависандагї чашми боз аст, ки нигоњ кунад ва бинад, ки дар атроф чї мегузарад. Кишвари азизи мо ва даврони мо, пур аз масоил аст ва агар чашм барои дидан боз бошад, нахустин гом бардошта шуда аст! Дувумин абзори муњим пайванд бо фарњанги миллии мост, фарњанге, ки таърихи чандњазорсола дорад ва моя гирифтан аз он чї ки дигарон гуфта ва навиштаанд. Ва агар чашм боз ва ошнойї бо осори гузаштагон бошад, асбоби кор муњайё хоњад шуд. Вале њамаи ин халлоќияти адабї, њуш ва нубуѓи зотї ва кўшишу талош мехоњад. Хушбахтона, Ќодири Рустам аз њамаи ин сифот бархурдор аст. Ў барои анљоми њар коре омодагии љиддї мебинад ва ин омодагї ва истеъдод аст, ки хамирмояи халлоќият ба кор афтад ва кушост, зеро медонад, ки њама гуна дастоварди фаръ(љу-
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
-Коре карда мардуми пешвозгирандаро дар фурудгоњ ноумед накунед шуд, монед миллат ќањрамонашро худаш пешвоз гирад, раис.
Савринисо ЉЎРАЕВА, њамсари Мањмадалї Њаит, муовини раиси Њизби мамнўи нањзати исломии Тољикистон: Бо шавњарам њудуди як соат дар Боздоштгоњи муваќќатии Вазорати адлияи Тољикистон мулоќот доштем. Саломатиаш хуб буд. Ягон љои нигаронї ва шикоят нест. - Шикоят надошта бошед майлаш, фаќат нагўед, ки баъди ин мулоќот дукаса ба Иссиќкўл истироњат рафтед... Ду шабу ду рўз аст, ки тамоми журналистон шуморо мекобанд, њой гўед!
дошуда)аз кушиш аст". Солњои зиндагонї дар Олмотї, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорї ба пажуњиш машѓул шуд. Тањия ва шарњи китоби донишманди "аблазинкилобии рус А.Шишов "Таджики" (Олмотї, 2005), тањия ва шарњи "Девон"-и Рўдаки" (Олмотї, 2007, Тењрон, 2008, 2012, нашри тоза бо такмилу ихтисорот-Душанбе соли 2015) низ самараи кори эљодии ў дар ин солњост. Баъди "Рўдакї, фаромўшї, Чингизхон ва хар" муддати њафт соли дигар њаводорони осораш аз ў чизи тозае нахонданд. Худи ў мегўяд, як муддати тўлонї њатто аз мутолиа даст кашида буд, чї монад, ки асар нависад. Вай ба рўйдодњои кишвар ишора мекунад ва мегўяд, он замон ба ин натиља расид, ки адабиёт ба мардум чизе намедињад. "Ба он бовар будам, ки агар адабиёт ба мардум чизе медод, мо ба ин њол гирифтор намешудем". Ва муддати шояд 8 сол худро канор кашид, њатто ба иќрори худаш на мехонду на менавишт. Вале баъдан дубора рў ба адабиёт овард. Ва ин ин таѓйири андеша боис гардид, ки соли 2010 дар нашриёти "Шуљоиён" китоби "Чойхонаи "Роњат". Ќисса ва њикоёт барои хониши пеш аз хоб" аз чоп баромад. Соли гузашта ба дарёфти "Љоизаи сол"-и Ройзании фарњангии Эрон дар Тољикистон мушарраф шуд. Ин љоизаест, ки Ройзании фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон таъсис додааст ва њамасола як нафар аз муњаќќиќон ва адибони тољик дода мешавад. Дар аввалин соли таъсиси љоиза барои тадвин ва тасњењи "Девон"-и Рўдакї он насиби Ќодири Рустам шуд. Дар бораи Ќодири Рустам метавон хеле зиёд навишт, метавон пањлуњои дигари эљодиёташро мурур кард, метавон аз тарљумањои вай њарф зад, ки дар ин љода низ мумтоз аст ва баргардони чандин њикоя ва ќиссањои А.П.Чехов, Акутагава, Лу Син ва Луис Хорхе Борхес мањсули зањамоти ўянд, ки хонандаи тољик бо забони модариаш мутолиа кардааст. Вале ќолаби як маќолаи кўчак ин имконро намедињад. Умед ба рўзе мекунем, ки ўро бештар ба дигарон шиносонем ва худ низ зиёдтар дар бораи ў донем. Ќодири Рустам оиладор ва соњиби як писар бо номи Барзуст.
Муњаррир: Фаридун Рањнавард
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
Мањмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ, Шањрдори Душанбе: -Душанбе барои пешвози Дилшод Назаров омодагии њамаљониба дидааст.
Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 918 74 75 79 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Акбаршоњ ИСКАНДАРОВ, сафири собиќи Тољикистон дар Ишќобод: -Баъзе кормандони сафоратро гўш мекунанд, назорат мекунанд, ки ба чї кор машѓул њастанд. Аммо дар замони Туркманбошї бо мо ягон кор надоштанд. Мо бо Туркманбошї аз ќабл муносибати хуб доштем. -Ииии, ваќти Шумо ба ягон дипломат бо духтари ноболиѓ, соати 12-и шаб ба даст наафтода буд- мї?
Садриддин ШАРИФЗОДА, сардори Боздоштгоњи муваќќатии Вазорати адлия: -Њикматулло Сайфуллозода дар њуљраи нигоњдорї бо њамроњии ў боз як чанд нафар мањкумшудагон нигоњ дошта мешаванд. Аз рўзи ба муассиса ворид карда шуданаш то имрўз нисбаташ ягон амали ѓайриќонунии кормандони муассисаро њис накардааст. - Чи хел њис накардааст? Умуман ягон чизи дигар њис мекунад ё не? Мањмуд ЭР, раиси Шўрои тиљоратии Тољикистону Туркия: -Нуфуз ва сањми љонибдорони Фатњулло Гюлен дар иќтисоди Туркия 10 дарсадро ташкил медињад. - Бо назардошти ин ки то ин дам шумо дар ин бора "нуќ" намегуфтед, 10 нею тахмин 30-40 дарсад аст, агар бештар набошад. Абдулмуъмин О., корманди "Тољиксодиротбонк": Раиси нави "Тољиксодиротбонк" маро буѓї кард. Баъд гирифу дар болои як миз гулўямро хафа кард. Гуфт: "Гап зан, инро њамроњи кї мондї? Моро "жучок" мондед. Гўш мекунед. Нафасам гирифта буд. Ќариб, ки мемурдам. Онљо ќариб 10-12 нафар буданд, аммо ягон кас моро халос накард. Он 10-12 нафар ба Бонки миллии Тољикистон эътимод доранд, бовар доранд, ки раиси нав бо усулњои фавќулодда, њатман "Тољиксодиротбонк"-ро аз буњрон рањо мекунад. Бинобарин ба раиси нав халал нарасондаанд.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09