Шумораи нави "Нигоҳ" №25(508)

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

1

ТАЛАБИ 25 СОЛИ ЗИНДОН БА БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ САЊИФАИ 6 № 25 (508). Чоршанбе, 21-уми сентябри соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

-УМ СОЛ БО ШУМО!

САДАМАИ ПИСАРИ НОИБИ САРВАЗИР БОИСИ МАРГИ ДУ НАФАР ШУД

КОРШИНОС

КИЊО ВА ЧАРО АЗ ТОЉИКИСТОН МЕГУРЕЗАНД? САЊИФАИ 3

МОЉАРО

ИНТРИГАИ ИТТИФОЌИ НАВИСАНДАГОН САЊИФАИ 2

СУЊБАТИ ДОЃ

Писари Зайд САИДОВ:

МЕТАРСАМ, КИ БЕСАРПАНОЊ МЕМОНЕМ САЊИФАИ 7

ТОЉИКОН

НАРХИ РЕКОРДИИ ЧИПТАИ ЊАВОПАЙМОЊОИ МО САЊИФАИ 5

ТАХТАИ СИЁЊ

ЧАРО ДАР МО ЊАТТО ЉЎГЇ ЉОЯШРО БА КАСЕ ДОДАН НАМЕХОЊАД? САЊИФАИ 13

Ташкилоти "Диалог"-и Гюлен дар Тољикистон баста шуд


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

Охири њафтаи гузашта ду иќдоми ногањонии Иттифоќи нависандагони Тољикистон љомеаи фарњангии кишварро такон дод. Иќдоми аввал ихрољи 26 узви ба истилоњ "тасодуфї"-и Иттифоќи нависандагон ва хабари дуюм рафтани Мубашшир Акбарзод аз Иттифоќу ронда шуданаш аз њафтавори "Адабиёт ва санъат"и ин иттифоќ буд. Хабари аввалиро худи љонишини аввали Раиси ИН Ато Мирхоља аз тариќи сањифаи фейсбукияш расонаї кард. Вай навишт: "Комиссия осори адибонеро, ки солњои 20142015 бидуни омўзиши љиддии мањсули эљодашон ба таври дастаљамъї ба узвияти Иттифоќи нависандагон пазируфта шудаанд, омўхта, хулосањои худро ба раёсати ИНТ пешнињод кард. Дар натиљаи овоздињии якдилона 26 нафар аз узвияти ИНТ хориљ гардид". Вале аз ин 26 тан ном набурд. Ва чун њисси кунљковии журналистон боло гирифт, ваъда дод, ки ба зудї нашр хоњад кард. Вале расонањо мунтазир намонданд, ки кай ин номњо дар сањифаи Ато Мирхоља пайдо мешаванд ва худ рўйхатро нашр карданд. Дар гармогармии хабари ихрољи 26 тан аз рафтани шоир, мунаќќид ва донишманди маъруф Мубашшири Акбарзод аз Иттифоќ хабар расид. Пайѓоми аввалро шоири тољики муќими Олмон Исфандиёри Назар пахш кард. Мубашшири Акбарзод довталабона аз Иттифоќи Нависандагон рафт, вале баъдан ўро аз "Адабиёт ва санъат" њам ронданд. Ин хабари дар як муддати хеле кутоњ њангомае дар сањифањои иљтимої барпо кард. Ба њадде, ки худи мунаќќид љоиз донист ба бањс њамроњ шавад ва хабари рафтан аз иттифоќу ронда шуданаш аз "Адабиёт ва санъат"-ро ин гуна шарњ дињад: "Ташаккур аз њамаи дўстон, ки лутфашонро дар њаќќи бандаи њаќир дареѓ надоштанд. Аммо мољаро ин буд, ки нолоиќе бо номи Ато Мирхоља-муовини Низом Ќосим бесабаб маро сахт озор дод ва дар даргоњи адаб (ИНТ) дар муќобили ман беадабї кард ва ин сабаб шуд, ки ман дигар нахостам бо чунин касе ё нокасе кор кунам. Њарчанд раиси Иттифоќ Низом Ќосим хост, ки маро нигоњ дорад, розї нашудам ва гуфтам, ки ман дигар хоњиши бо ин беадаб (Ато) кор кардан надорам. Баъд Низом Ќосим гуфт, ки агар аз Иттифоќ њам рафтї, аз газет ("Адабиёт ва санъат") нарав. Ман ба ин розї шудам, зеро њамкорї бо сардабири "АС", инсони воќиан хоксору донишманд Мансур Суруш бароям гуворо буд ва дар ин як соли њамкорї ман аз эшон хеле чизњоро омўхтам ва аз ин марди некухисол хеле сипосгузорам. Аммо намедонам, ба чї сабабе баъди се рўз маро огоњ карданд, ки раис Низом Ќосим-касе, ки ба ман гуфта буд, ки аз газет нарав, гуфтааст, ки Мубашширро аз газет њам озод кунед. Вале ман нороњат нашудам ва аз бадќавлию ноустуворию номустаќиллии чунин шахсон дар њайрат мондам ва гуфтам, ки "Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре!!!" Бояд бигўям, ки барои рафтан аз ин муњит хеле шодам. Ман руњи озод дорам ва

ТАДЌИЌОТИ ЖУРНАЛИСТЇ

ИНТРИГАИ ИТТИФОЌИ НАВИСАНДАГОН Чаро адибони тољик ба тањќиру такфири њамдигар даст мезананду роњбарони Иттифоќи нависандагон натавонистанд аз кучактарин ихтилофи шахсї пешгирї кунанд?

АТО МИРХОЉА

НИЗОМ ЌОСИМ

озодиямро њеч ваќт ба чизе иваз нахоњам кард, њеч ваќт зери бори касе нарафтаам ва нахоњам рафт. Ман ин хотиротамро ваќте муфассал хоњам навишт. Худованд бузург аст ва ризќи мо ба дасти Ўст, на бандагонаш!... Рафтани Мубашшир Акбарзод, ки фарди донишманд, огоњ ва тавре аксари њампешагонаш мегўянд, донандаи хуби арўз, мунаќќиди нуктасанљ аст, аз носолимии муњити корї дар Иттифоќи нависандагон дарак медињад. Дар муњити солим сарвар коре намекунад, ки муљиби маломати на танњо њампешагону њамкорон, балки љомеа ќарор гирад. Дар ин ќазия њарфи нињоиро Акбарзод гуфт ва дигар ба шарњи Мирхоља эњтиёљ намемонад. Акбарзод ўро ошкоро "нокас" хонд ва ин бањои хеле бадест. Дар љомеаи солим роњбар дар ин гуна њолатњо њатман ба истеъфо меравад. Чун мудрияти ў муљиби на танњо парешонї дар суфуфи нињод шуд, балки гапи хонаро ба бозор кашид, асрори дохил миёни хосу ом овоза шуд. Вале ин љомеаи Тољикистон аст, ки хеле "тањаммулгарост" ва вазиронаш њам тањаммул мекунанду раисонаш низ. Ато Мирхоља, бо вуљуди он ки як шоири хуб аст ва

ашъораш хонданиву шуниданист, вале дар мудирият иштибоњ кард. Ба њар сурат боз њам гумон меравад, ки ин мољаро, агарчї бо бадгўї шуруъ шуд, анљоми неку соките хоњад дошт. Айнан мисле, ки шеъри такфирии Ато Мирхољаро дар бораи шоири шањири тољик Бозор Собир, ки њампешаашро барои андешањояш "кофир" хонда буд, фаромўш хоњад шуд.

Ихрољ: кињо ва чаро? Ва аслан узвияти тасодуфї ба Иттифоќи нависандагон мавзуъи бањси нав нест. Дар замони раисии Мењмон Бахтї њам расонањо хеле зиёд дар ин бора менавиштанд ва аз аъзоёне исмашон бурда мешуд, ки соњиби чандин китобанд, вале дар муњити кишвар касе онњоро намешиносад. Бањсњо ба њадде буданд, ки Њукумат њам тасмим гирифт дахолат кунад ва ба раёсати нави ИН дастур дод, ки ќазияро пайгирї кунад. Ин иќдом то њадде маљбурї буд, чун дастур аз љониби Њукумат баъди омўзиши дањњо маќолаву суханронињо ирсол шуд. Раёсати нав тасмим гирифт ба дастуру дархости Њукумат посух гўяд. Аз ин рў бо омўзиши њамагї ду соли пазириш ба сафи Иттифоќ иктифо кард. Дар њамин ду сол

њам 26 "тасодуфї" пайдо шуд. Вале то ин ки љаласаи ихрољ баргузор шавад, аз тариќи њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" як силсила маќолањои наќдї интишор ёфтанд ва номзадњо ба ихрољ дар њамин маќолањо зери тозиёнаи танќид гирифта шуданд. Маќолањо ба њадде таъсиргузор буданд, ки он адибон аллакай худ пай мебурданд, ки рўзе шояд ихрољ њам шаванд. Дар ин рўйхати 26-нафара исми бисёрињо њатто барои нашрияњо ноошно буд. "Нигоњ", ки сањифаи "Бо шоир" дорад ва њар њафта ашъори шоиреро муаррифї мекунад, бо аксари ин номњо барнахўрдааст. Вале дар миён касоне њам буданд, ки исмашон чандон ноошно нест. Намехоњем аз инњо ном барем, чун намехоњем ба љараёни кору тасмими пешгирифтаи ИН таъсир расонем. Вале баъзе нукотро њам намешавад аз бањсњои фейсбукї иќтибос наёвард. Аз љумла, шоира Маликаи Аваз навиштааст, ки замоне ба узвияти ИН ќабул мешуд, бисёрињо њузур доштанду овоз доданд ва ду нафари онњо њамин Низом Ќосим ва Ато Мирхоља буданд. Маликаи Аваз мегўяд ќабл аз он ки Раёсати ИН тасмим бигарад, худаш азми хориљ шудан аз ин Иттифоќ карда буд. Он замон вай дар сањифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки "Имрўз аз назди хонаи адибон, ки як ваќтњо бењтарин љой буд, гузаштам. Њайфам омад ваќтамро сарф кунаму даромада ариза нависам". Ва рўзе, ки хабари ихрољаш пахш шуд, боз навишт: "Дўстон хатои банда он буд, ки ман аз аъзогї (ба ИН) дар ФС даст кашидам, вале ариза нанавиштам. Чунки нахостам рўи онњоро бубинам. Пас аз навиштаљоти ман онњо дар катори дигарон номи бандаро навиштаву эълон доштанд. Ба њамаи он нафароне, ки бузурги миллат Мирхоља шахсони тасодуфї дар адабиёт гуфтааст Н. Косим ва


НАЗАРИ КОРШИНОС Мирхоља низ ваќти кабул ба аъзогї овоз дода буданд. Он ваќт хомўш буданд. Акнун дар курсињо худро нобиѓа пиндоштанд".

Гузашта, имрўз ва фардо Иттифоќи нависандагон мероси замони Шўравист ва то кунун њамон як шеваи кор дорад. Нињоди эљодие, ки дар ягон давру замон мустаќилияти худро нишон надодааст. Агар ин Иттифоќ маъруф шуд, пас бо баракати бузургоне чун Турсунзодаву Миршакару Ќаноату Лоиќу Гулрухсору чанде дигарон маъруф шуд. Вале худ чун як нињоди эљодї ягон замон натавонистааст аз њаќи адибон дифоъ кунад. Замоне, ки тири маломати Кремл Сотим Улуѓзодаро нишон гирифт, ин Иттифоќ натавонист фањмонад, ки ба љурми писар падар айбдор нест. Ва имрўз њам, ки баъди њабси Бузургмењр Ёров, адвокати шинохта бўстонсарои падари ў, адиби барўманд Равшани Ёрмуњаммадро гирифтанд, ки адиб онро замони Шўравї гирифта буд, ин Иттифоќ садо баланд накард. Иттифоќи Нависандагон дар њама давру замон мафкурабардори сиёсати давраш будааст ва имрўз њам аз њамон доира берун пой намегузорад. Ва гузошта њам наметавонад.

Ва эътироз Замоне, ки ин маќола омода мешуд, нусхаи номаи кушоди гурўњи адибони вилояти Суѓд ба Раёсати Иттифоќи Нависандагони Тољикистон расид, ки аз чопи маќолањои танќидї дар бораи Шоњмирзои Њољамуњаммад ва Мирзоњайдари Умарзод дар "Адабиёт ва санъат" изњори нороњатї мекарданд. Муаллифони нома њарчанд иќдоми тањлилу баррасї ва наќди осори адибонро пуштибонї кунанд њам, аз шеваи бархўрд бо ду адибе, ки аз ќаламкашони хуби вилоят медонанд, хуш нестанд. Аз љумла менавиштанд, ки Шоњмирзои Хољамуњаммад беш аз 40 сол инљониб дар журналистика ва муњити адабї њузур дорад, муаллифи бештар аз 1000 маќола дар нашрияњои ноњиявї, вилоятї ва љумњуриявї буда, зиндагиномааш дар китоби "Донишномаи адаби форсї" (ба сарпарастии Њасани Ануша, Тењрон, 1994) низ омадааст. Аввалин китоби этнографиаш бо номи "Сурмаи дил" соли 1997 чоп шуда, соли 2011 сазовори Љоизаи ба номи Михаил Лермонтови Русия шудааст. Академияи Ќафќоз дар соли 2015 китоби "Ахтари зулматсўз" -и ўро бо љоизаи 200 - солагии пайвастани Абхазия ба Русия ќадрдонї кардааст.

Ба љойи охирсухан Инак, ба истилоњ тозакунии сафњои Иттифоќ аз шахсони ношоиста ва адибони дурўѓин шуруъ шудааст. Он чи ки солњо ба инљониб мегуфтанду талаб мекарданд, бо ибтикори Раёсати нав оѓоз шуд. Вале саволи матрањ ин аст, ки магар ин барнома танњо аз ихрољи тасодуфињо иборат аст ё дунбола њам дорад? Магар касоне, ки ин тасодуфињоро пазируфтанд, муљозот мешаванд? Раёсати Иттифоќи нависандагон оё ин гуна тасмим ва ирода дорад, ки ба ин хараљу мараљ бањо дињад ва исми касонеро њам ном барад, ки дар ин бебандуборињо даст доштанд? Оё аз онњо хоњад пурсид, ки ба кадом манзур ин афрод соњиби узвият шуданд? Инњо суолњое њастанд, ки ба Раиси Иттифоќи нависандагон Низом Ќосим равона мешаванд. Ва дигар, оё хеле муњим буд, ки мунаќќид, шоир ва донишманди маъруфро ногузир ба рафтан аз Иттифоќ кунанд ва боз њатман аз "Адабиёт ва санъат" низ биронанд? Оё намешуд, ки ин гуна ихтилоф оромона ва бидуни реклом роњи њал пайдо кунад? Агар ин гуна муомила дар дилхоњ нињод рух медод, шояд чандон таваљљуњбарангез набуд. Чун љомеаи мо ба ин гуна рафтору ин гуна муносибат одат кардааст. Вале дар Иттифоќи нависандагон масъала дигар аст. Дар ќадамљойи бузуругоне чун Турсунзодаву Икромиву Улуѓзодањост, ки ба њеч ваљњ ин гуна интригањоро агар њам ки мебуд, ошкор намекарданд. Ин бор низ сарварон метавонистанд њаддаќал ба бозорї нашудани муносибаташон бо як донишманд роњ надињанд. Барои ин танњо азхудгузаштан як шарти инсонист. Мебоист яке вазнинї мекард ва маъмулан њамин санги вазнин бояд њатман роњбар бошад. Чун масъулияти харобиву ободии муассиса бар дўши ўст. Ё боз њам расонањо ноњаќанд?

Умари ТОЊИР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

3

КИЊО ВА ЧАРО АЗ ТОЉИКИСТОН МЕГУРЕЗАНД? Чанд рўз пештар ба суоли хабарнигори як нашрия, ки мепурсид "чаро рўзноманигорон аз Тољикистон фирор мекунанд?" чунин посух додам. Намедонам онњо ин тафсирро рўи чоп меоранд ё на. Ба њамин сабаб аз овардани номи нашрия худдорї кардам, аммо хонандаи муњтарами "Нигоњ" имкон дорад, ки ин посухи каминаро мутолиа кунад: - Бисёрињо мегурезанд, на танњо рўзноманигорон. Ва агар касе то њол фирор накардааст, ин њаргиз ба маънои он нест, ки ќасди рафтан надорад. Ба эњтимоли зиёд, чизе онњоро бозмедорад ва ё ин гуна имкон надоранд. Каминаро, масалан њамоно умеди таѓйироти сиёсї, њаддиаќал дар гузинаи "ф" бозмедорад. Дигарон сабабњои дигар доранд. Асосан одамони эљодкор ва соњиби маълумоти оливу донишњои фаровон аз кишвар мераванд. Пештар сокинони дењот ва љавонон мерафтанд. Ваќтњои охир калонсолон, он њам бо ањли хонаводаашон мераванд. Њоло аз шањрњои Душанбе, Хоруѓ, Хуљанд ва Кўлоб низ фирор мекунанд. Фирор мекунанд аз он ки сиёсат ва иќтисоди Тољикистон рў ба таназзул овардааст, љойи кори арзишманд ва маоши хуб нест, маориф дарњаму барњам шуда, хизматрасонии тиббї басо нигаронкунанда аст, имконоти шахсиятсозї мањдуданд, ба истилоњ "лифтњои иљтимої" кор намекунанд. Маданияти хосу ом ба њадди ѓайримумкин поин рафтан дорад. Ба атрофи худ бингаред ва бубинед, ки муњити зиндагї љиддан дар њоли таѓйир аст: зарфи ин панљ соли охир хеле аз дўстонатон, њамсоягонатон, хешовандон, њамсинфону њамкурсонатон рафтаанд. Босаводон ва бештар аз њама соњибкасбоне рафтаанд, ки тибќи маълумоти СММ барои омода кардани онњо њар иќтисоди миллї њудуди 300 њазор доллари ИМА харљ мекунад. Мардум мераванд барои он ки дурнамои зиндагии шоиста барои худ ва фарзандонашонро намебинанд. Њама чиз ѓасб шудааст, инњисорї гаштааст: аз вазифафурўшї то бозори њасибу шакар. Бе ёру ошнобозї наметавон њатто сардори кучарўбњои як мањаллаи пойтахт таъйин шуд. Фасод тамоми љанбањои њаёти њатто як шањрванди ќаториро олуда кардааст: модар бе пул наметавонад писари хурдсолашро ба боѓча ё синфи мехостааш дохил кунад; падар аз Русия пул мефиристад, то додараш иљозати тўйи арусии писари ўро бо "танзим" мувофиќа кунад.... Маош дар сатњи хели поин, вале нархњо чун дар кишврањои аврупоист, ки маоши миёнаи сокинонашон 6-9 њазор доллар аст. Се-чор рўз пеш як кило ангур дар бозор чун дар Маскаву Берлин 3

доллар нарх дошт. Зиндагии одамон хеле мушкил шудааст. Бахусус, зарфи ин ду соли охир, ки кампулии мардум ба шиддат эњсос мешавад. Гузашта аз ин, аксарияти одамон умед ба ояндаи некро аз даст додаанд, чењраи аксарияти бошандагони як кўча ё хиёбон мушавваш ба назар мерасад, ханда гўё аз кўчаву бозор ва њатто боѓчаву мактабњои мо ќањр карда рафтааст, чашмаи боварї ба "њукумати сулњу суботовар" хушкидан дорад. Шояд аз ин рў одамон мераванд. Аммо аз ин миён фирори журналистон, шояд бо таќозои касб, дар чашмњо зудтар намудор мешаванд ва ин аст, ки мегўянд бисёре аз онон рафтаанд. Бале, њатто нафаскашї дар ин муњит барои журналистони мустаќил мушкил шудааст. Шароити кору зиндагї вазнинтар: эњсоси амният вуљуд надорад, дастарасї ба иттилоот дар сатњи давлатї баста аст, хазинаи маош ду-дуним баробар коњиш ёфт, бозори матбуоти чопї се-чор баробар тангтар шуд, фишори андоз тоќатфарсо шудааст. Бозори расонаии тољик, ки баръакси тамоми кишварњои ИДМ мардумиву худљўш буд ва мањз ба њамин сабаб љомеаи журналистї назди миллату давлат љойгоњу маќоми хосе дошту љомеасозї мекард, кўмаку дастгирие аз њукумат наёфт. Аз њукумате, ки 99 дар сади сарватњои мил-

лиро назорат мекунад... Тамоюл баръало шуд: гуруњњои худхоње аз номи њукумату давлат журналистонро ба њошияи зиндагї меронанд. Зиндагии бе ин њам нолоиќ бар инсонњои озод. Њисс кардед, ки дар чорабинињои 25-солагии Истиќлолияти давлатї ягон нафар аз рўзноманигори мустаќил, адвокати мустаќил, фаъоли љомеаи шањрвандї њузур надошт? Бале, чунин буд. Тафсираш њам бисёр одист: ба њадде маѓруру худписанд шудаанд, ки назарашон касеро намегирад. Гумон мекунам ин воќеъият хеле бад аст ва на танњо барои журналистон. Журналистон дар ин гирудор на бештар аз 100 нафар тарки Ватан кардаанд. Ба Аврупову Амрико камтар аз 30 нафар рафтаанд. Ќисме аз онњо дар оянда метавонанд бахше аз мухолифон бошанд, вале њоло њам ин зуњурот ба истилоњ оммавї нест. Духтурон ва муњандисон ба маротиб бештар тарки Тољикистон кардаанд. Ин ѓамангезтар аст. Оё њукумат дар ин бора меандешад? Ростї, даќиќ намедонам. Вале ба ин назарам, ки њукумати феълиамон рефлексияи тани зинда ба омилњои муњимро, бинобар дуру дароз сари ќудрат нишастан аз даст додан дорад. Шояд аз бењавсалагї ё афсурдагї.... Сайидмуњиддин ДЎСТМУЊАММАДИЁН, тањлилгар


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

Маќомоти корњои дохилии Тољикистон дар робита бо садамаи автомобилии Фаромўз Саидов, писари 23-солаи Давлаталї Саидов, ноиби сарвазири кишвар, тибќи моддаи 212-и Кодекси љиноии Тољикистон, яъне "Вайрон кардани ќоидаи њаракат дар роњ ва истифодаи васоили наќлия" аз љониби Вазорати умури дохилаи Тољикистон парванда оѓоз кардаанд. Ин моддаи Кодекси љиноятї, дар сурати дар додгоњ исбот шудани љиноят, аз пардохти љарима то 10 соли зиндонро пешбинї мекунад. Умарљони Эмомалї, сухангўи ВКД Тољикистон дар ин бора хабар дода, гуфт: парвандаи марбут ба садамаи Фаромуз Саидов, аз љониби Раёсати тафтишоти Вазорати корњои дохилии Тољикистон боз шуда, ба Прокуратураи генералї , њамчун органи назоратї пешнињод шудааст. Ёдрас мекунем, шаби 10 -уми сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола рух дод, ки бино ба иттилои Вазорати корњои дохилї, бар асари он ду нафар њалок шудааст. Бино ба иттилои шоњидони њодиса, сабукрави Саидов бо суръати баланд ба мошини калони хадамоти коммуналии шањрдории Душанбе бархўрдааст, ки ба љамъугир кардани ороишоти љашнї дар хиёбони Исмоили Сомонии шањр машѓул буд. Яке аз њалокшудагон марњум Њилола Рањимоваи 25-сола, сокини шањри Душанбе аз мусофирони мошини Фаромуз Саидов будааст, ки дар љойи њодиса љон бохтааст. Рустам Сатторов, нафари дуюми њалокшуда дар ин садама корманди шањрдории Душанбе будааст. Дар пайи ин садама њамчунин Фаромўз Саидов ва боз як нафар, ки шахсияташ зикр намешавад љароњати сахт бардошта, дар бемористон бистарї шудаанд. 16-уми сентябр модари Фаромуз Саидов дар суњбат бо Радиои Озодї гуфт, ки писараш њангоми садама аз сар зарбаи шадид хўрда, њоло тањти назорати пизишкон ќарор дорад. Вай иддао кард, ки мошини тањти идораи писараш ба ў тааллуќ дошт ва ду њафта ќабл харидорї шудааст. Ин манбаъ аз номи модари Фаромуз Саидов навишт, ки ахирї, хабари расонањоро дар бораи садамаи фарзандаш воњима дониста гуфтааст, ки сарусадо дар бораи гўиё сархуш будани писараш поя надорад.

ЌАЗИЯ

М.М., ФАРОМУЗ САИДОВ ВА МАРЊУМ ЊИЛОЛА РАЊИМОВА

САДАМАИ ПИСАРИ НОИБИ САРВАЗИР БОИСИ МАРГИ ДУ НАФАР ШУД Вай гуфтааст: "ин тавр нест. Сабаби аслии ин садама мушкили чанбараки мошин, яъне ба иллати фаннї рух додааст. Ваќте мехостааст, ба самти дигар њаракат кунад, ки чанбараки мошин якбора часпидааст ва ба мошини дигар бархўрдааст. Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоњиш мекунам, ки расонањо дуруст нависанд. Ман ду дафъа њаљ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам." Модари Фаромуз гуфт, бо вуљуди он ки садамаи писараш тасодуфї буд, вале онњо омода њастанд, ки ба хонаводаи ќурбониёни ин садама кумак кунанд. Аз љумла, ў гуфт, "субњи љумъа наздикони Рустам Сатторов, сокини ноњияи Варзоб (корманди Идораи роњсозии ноњияи Сино), яке аз ќурбониёни садама ба наАКС АЗ ЉОИ ЊОДИСА

АКСЊО АЗ ЉОИ ЊОДИСА. 10.09.2016

зди мо омада буданд. Мо гуфтем, омодаем, ки ба онњо кумак расонем ва аз расонидани ёрї њељ ваќт рўй намегардонем." Наздикони Рустам Сатторов, сокини дењаи Чорбоѓи ноњияи Варзоб, низ дар суњбат бо ин расона гуфтаанд, ки "наздикони Фаромуз Саидов дар рўзи бахоксупории Рустам низ омада буданд ва гуфтанд, ки кумак мекунанд." Давлат Сатторов, падари Рустам Сатторов, гуфтааст? "насиби фарзандамон њамин будааст ва намехоњем боз як нафари дигар муљозот шавад. Кормандони умури дохилї омада ва пурсиданд. Мо гуфтем, ки њељ даъво надорем", -менависад ин манбаъ. Солњои охир чанде аз садамањо бо иштироки фарзандони мансабдорони тољик рух дод, ки пурсарусадотаринашон садамаи Расули Амонуллоњ, писари Амонуллоњ Њукуматуллоњ, рањбари пешини КВД "Роњи оњани Тољикистон" дар се соли пеш буд. Дар пайи ин садама се нафар љон бохта, аммо маќомот гуфтанд, ки њарчанд мошин муталлиќи Расули Амонуллоњ буд, вале дар ваќти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагї мекард. "Нигоњ"


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

5

НАРХИ РЕКОРДИИ ЧИПТАИ ЊАВОПАЙМОЊОИ МО Душанбе- Урумчи: 457 дорллар Бишкек- Урумчи: 211 доллар Остона- Урумчи: 189 доллар Пойгоњи хабарии theopenasia.net ахиран нархномаи парвози њавопаймоњоро аз се кишвари Осиёи Марказї ба шањрњои мухталифи олам нашр кард ва бори дигар аз нархњои рекордии чиптаи њавопаймо дар Тољикистон мисол овард. Чиптаи њавопаймо дар Тољикистон гаронтарин дар минтаќаи Осиёи Марказї мањсуб мешавад. Ин њам дар њолест, ки тибќи раддабандињои байналмилалї аз миёни фаќиртарин кишвари минтаќа боз њам Тољикистон аст. Барои ќиёс: Душанбе-Маскав: 367 доллар Остона-Маскав : 176 доллар Бишкек - Маскав: 136 доллар Душанбе - Санкт-Петербург: 389 доллар Бишкек - Санкт-Петербург: 164 доллар Остона - Санкт-Петербург: 129 доллар Душанбе - Екатеринбург: 213 доллар Бишкек- Екатеринбург: 218 доллар Остона- Екатеринбург: 223 доллар Душанбе - Новосибирск: 269 доллар Бишкек- Новосибирск: 133 доллар Остона- Новосибирск: 186 доллар

Душанбе - Дењлї: 253 доллар Бешкек-Дењлї: 150 доллар Остона-Дењлї: 254 доллар Душанбе-Истамбул: 378 доллар Бишкек-Истамбул: 135 доллар Остона-Истамбул: 167 доллар Сабаби гаронии билети њавопаймо дар Тољикистон, бино ба гуфтаи тањлилгарон, монополия аст. Сайидмуњиддин Дўстмуњаммадиён бар ин назар аст, ки монополияи билети њавопайморо ба љуз аз муовини Сарвазир Азим Иброњим, раиси ММ Мањмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маљлиси намояндагони Шукурљон Зуњуров касе шикаста наметавонад... -Билетфурушї дар Тољикистон бизнеси се гуруњи пўшида аст: Гуруњи якумро шартан "бачањои Зарифбек" ва дуюмро "бачаи Халиков" меномиданд. Онњо то 70-80 дарсади бозори билетњои "Тољик Эйр" ва ширкатњои хориљиро контрол мекарданд. Рустам Халиков, раиси пешини Фурудгоњи байналмилалии Душанбе, ки рафт, дигарон омаданд. Наќши роњбари њозираи "Тољик эйр"-ро ташхис накардаам. Ваќт набуд. Аммо вазъ таќрибан иваз нахўрдааст. Ширкатхои хориљиву "Тољик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба ин бойбачањо аз 9 то 17 % -и нархи билетро медињанд.

Бе эълони тендеру озмун, ки ќонун ва аќли солим талаб мекунад. Онњо билетњоро ба дасти сеюм- ожонсњои билетфурушї ба ивази 2-5 % медињанд. Бо ду-се коргарї солона миллионњо доллар мебардоранд. Номи ширкатњояшон њар ним сол- як сол иваз мешаванд. Гуруњи устувори дигар аслан атрофи "Сомон Эйр" фаъол њастанд. Ба онњо ширкат билетњоро бо шарти пардохти 5-9 % ќимматашон медињанд. Онњо ба ожонсњо ба фоизи ду маротиба камтар мефурўшанд. Бо таъин шудани Исмат Абдуллозода ба њайси раиси Фурудгоњ тасодуфан ё на гуруњи сеюм пайдо шуд: Инњо билетњоро аз њар ширкат гирифта, бо нархи поёнтар мефурўшанд. Масалан, билети Маскавро 2 њазор њам мефурўшанд. Моњиятан ин бизнеси "обналичка" аст, яъне аз додугирифти байни Фурудгоњу ширкатњо ба истилоњи худашон "ќаймоќ мебардоранд". Миёни њар се гуруњ, ожонсњои неруманд зиддиятњо вуљуд дорад. Њамчунон, ки миёни ширкатњо, хадамоти зирабти вазорати наќлиёт ва фурудгоњ. Барои руйпўш кардани ин низоми махуф дар оѓизи кор "архитекторњояш" ба садњо ба шояд аз њазор њам зиёд ожонс додани иљозатномаро љорї карданд , то "изи билетфурўшони асосї" ва манбаъи даромадњои њангуфт гум шавад. Кумитаи андоз љуръати ба онњо наздик шуданро надорад. Ба ширкатњое, ки мехоњанд бо билетњои арзон вориди бозор шаванд, монеъ эљод мекунанд.Онњо то њаде

зўранд, ки њатто ширкати Атланти наздик ба Юрий Лужковро аз бозори Тољикистон дур андохтанд. Аз ин бизнеси махуф њама нињодњо медонанд,аммо аммо зўри ягонтояшон намерасад. Ин бизнеси сиёњ боис шудааст, ки як миллион муњољири тољик бо гаронтарин нарх дар дунё (!) билет мехаранд, -мегўяд ин коршинос. Аз сабабњои асосии дигар гаронии нархи билети њавопаймо низоми мављудаи хариди сўзишвории реактивї аст, ки инњисорї ва гуруњї будааст. Ба иддаои оќои Дўстмуњаммадиён, ширкатњои њавопаймоии мо иљборан сўзишвориро аз ду ширкат бо нархи 150200 % зиёдтар аз ќирѓизњо мехаранд. Роњбари нави "Тољик Эйр" Хайрулло Рањимов ва куратори соња - муовини Сарвазир Азим Иброњим тавони шикасти ин низоми пўшидаро доранд. Кулли маълумоти соњавї ва тањлил дар дасташон њаст. Аммо оё љуръат мекунанд, ки ба Роњбари давлат гузориш ё пешнињод кунанд, суоли боз аст. Зўри вазири наќлиёт ба ин низом намерасад. њатто агар ман барин машваратчии љамъиятї дошта бошад њам. Ба комиссияи давлатї дохил кардани Хадамоти зиддиинњисорї, ки ба ин нархњо аллакай розигї додааст, айни бемаънигарист. Нархњои кунуниро њамин нињод тасдиќ кардааст. Тавре ёрдачии президент Матлубхон Давлатов мегўяд, "барои ягон корро расво кардан барнома менависанду барои иљро накардани супориш ё коре комиссия ташкил мекунанд", - мегўяд коршинос.

СЕРХОНАНДАТАРИНЊО Ширкати "Тселл" аз 1-уми октябр нархи зангњои телефонї ба Русияро ба муштариёнаш то 1 сомонї боло мебарад. Ширкат аллакай ба муштариёнаш паём фиристод, ки аз 1-уми октябри соли љорї нархи зангњои телефониро ба Русия боло хоњад бурд. Њоло як даќиќаи суњбат бо Русия барои муштариёни ин ширкат 69 дирам аст. Аммо аз 1-уми октябр ин нарх ба бештар аз 30%, яъне то ба 1 сомонї боло бурда мешавад. Ширкати Тселл сабаби баланд шудани нархи зангњо ба Русияро дар таѓйир ёфтани ќурби асъори хориљї арзёбї мекунад. Дар хабарномаи Тселл гуфта мешавад, ки мувофиќи ќарори Хадамоти зиддиинњисорї аз 7-уми августи 2012 ва

ТCЕLL НАРХИ ЗАНГЊОРО БА РУСИЯ БА 30% БОЛО МЕБАРАД таѓйир ёфтани ќурби асъор аз лањзаи ба имзо расидани ќарори мазкур арзиши зангњо ба Русия аз нав дида баромада шудаанд. Як даќиќаи зангњо ба ин самт бо њисоби њамаи андозњо 1 сомонї њисобида мешавад. Ширкати Тселл нархи занг ба Русияро дар њоле боло мебарад, ки дигар ширкатњои мобилии кишвар нархи зангњо ба ин самтро таѓйир надодаанд. Њоло нархи як даќиќаи занг ба Русия тариќи ширкати "Вавилон-мобайл" 0,6813 сомонї ва "Мегафон Тољикистон" 0,67 сомониро ташкил медињад.

Соли 2012 ширкатњои "Мегафон Тољикистон" ва Beeline аз сўи Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон барои нархгузории аз њад зиёд арзони зангњояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, ба љавобгарї кашида шуда буданд. Он замон маќомот бо бањонаи "љилавгирї аз монополист шудани ширкатњои русї" нархномаи зангњо ба Русияро барои њама ширкатњо на камтар аз 10 сент муайян карда буд. Дар пайи ин ќарор њамаи ширкатњои мобилї арзиши зангњо ба Русияро аз 60 дирам боло бурда буданд. Ин њам дар њолест, ки њамасола аз

Тољикистон зиёда аз 1 млн. нафар барои кор ба Русия мераванд ва алоќаи мобилї василаи асосї ва дар бисёри њолатњо ягонаи иртибот бо оила ва наздикон дар ватан мањсуб мешавад. 14


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

142 њазору ... км2 МУШКИЛОТ

СУЃД

ЊАБСИ МАВЛУДА БАРОИ ЌАТЛИ ДУ КЎДАКИ 1,5-СОЛАИ ХОНАВОДААШ

Кормандони милиса Мавлудаи Зиёдулло, сокини 23-солаи шањри Истаравшанро боздошт намудаанд, ки дар ќатли ду кўдаки хурдсол, писари хоњаршўй ва духтарчаи бародари худ муттањам мешавад. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тољикистон иттилоъ доданд, ин ду љиноят тайи як њафта рух додаанд ва асрори ин љиноят баъди марги кўдаки дуюм ифшо шудааст: "Дар њар ду њолат волидон фарзандони хурдсоли худро муваќќатан барои нигањбонї ба Мавлуда супоридаанд". Ба иттилои манбаъ марги хурдсол Шафиев Абубакри якунимсола 29-уми августи соли 2016 дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини ин хонадон аст, ба вуќўъ пайвастаст: "Пайдо кардани љисми бељони кўдаки солим, дар дохили гањвора њарчанд њодисаи ѓайричашмдошт буд, аммо шубњаи касе аз наздиконро ба вуљуд наовард ва бо гумони он, ки њалокати

хурдсол марги табиист бе хабар додан ба ягон маќомоти њифзи њуќуќ ўро ба хок месупоранд". Вазорати умури дохилї мегўяд, дар пайи ин ќазия 4-уми сентябр дар хусуси бедарак гум шудани хурдсол Бобоева Фотимаи 1,5-сола ба маќомоти милиса ариза ворид шудаст: "Баъди як рўз љасади хурдсол дар дохили њуљра зери курпањо дарёфт гардид. Њарчанд ин њолат шабоњати њодисаи нохуш ва беэњтиётї дошт, дари ќулфкарда дар љойи ходиса шубњаовар менамуд. Хурдсол ба Мавлудаи Зиёдулло фарзанди бародар мебошад. Дар ин љиноят гумонбаршаванда бо истифода аз курпача роњи нафаси хурдсолро баста ба њалокат расонидааст". Манбаъ афзуд, кушодани ќабр ва ташхис нишон додааст, ки марги кўдаки якум низ маљбурї буда, тариќи бастани роњи нафас кушта шудаст. Маќомоти умури дохилї таъкид мекунанд, ки сабаби даст ба љиноят задани Мавлудаи Зиёдулло рўшан нест ва бо волидони кўдакони кушташуда низ муноќишае надоштааст. Ба иттилои тафтишот зоњиран њам нуќсе дар саломатии љисмонї ва равониаш дида намешавад: "Васвосї ё ба истилоњ "маняк" ва доштани њиссиёти бадбинї нисбати кўдаконро тафтишот ба гумонбаршаванда нисбат медињад. Љоизи ќайд аст, ки дар рафти тафтишоти пешакї хулосаи ташхиси мутахассиси равоншинос гирифта хоњад шуд. Феълан аз рўи далелњои мазкур нисбати Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз карда шуда, гумонбаршаванда ба њабси пешакї гирифта шудааст". ozodagon.com

ШИКОЯТИ МУШТАРИЁНИ "СОМОН ЭЙР" АЗ НОПИСАНДИИ ШИРКАТ

Муштариёни "Сомон Эйр" аз нописандии ин ширкати њавопаймої шикоят карда, мегўянд, шоми дирўз ба иллати бемасъулияти масъулини он натавонистаанд аз Хуљанд ба Душанбе парвоз кунанд. Бењрўз Зеваров, продюсери тољик мегўяд, аз рўи чиптаи гирифтааш бояд соати 18:00-и бегоњии 18-уми сентябр тариќи њавопаймои ширкати "Сомон Эйр" аз Хуљанд ба Душанбе парвоз мекард, аммо ин ширкат аз интиќоли онњо ба Душанбе худдорї кард. Љаноби Зеваров мегўяд, намояндаи "Сомон Эйр" њатто назди онњо њозир нашудаанд, то барои сарсонињо аз онњо пўзиш хоњанд. -На касе пайдо шуд ва на ба зангу паёмњои мо љавоб дод. Танњо дар маркази хизматрасонии ширкат гуфтанд, ки пулатонро омада аз Душанбе гиред. Мо як шаби дигар дар Хуљанд мондем ва танњо субњи 19-уми август тариќи њавопаймои ширкати "Тољик Эйр" ба Душанбе парвоз кардем, -мегўяд Зеваров. Ин њамсуњбати мо мегўяд, бо айби ширкати "Сомон Эйр" аз як чорабинї дар Душанбе дер кард. Масъулини ширкати "Сомон Эйр" дар шарњи ин хабар мегўянд, бо сабаби нарасидани њавопаймо маљбур буданд, хатсайри ХуљандДушанберо бекор кунанд. Тимур Бандишоев, сухангўи "Сомон Эйр" дар суњбат ба TojNews гуфт, "14-уми сентябри соли 2016, соати 00:33 ба ваќти мањаллї, њавопаймои Боинг- 737-800, ки хатсайри №203-ро ба самти Душанбе Санкт-Петербург

иљро мекард, баргардонида шуд. Сабаби баргардонидани њавопаймо ба Душанбе мушкили индикатсия дар кабинаи њавонавардон буд. Ба иллати техникї, яке аз чархњои њавопаймо љамъ намешуд..." -Ваќти умумии парвози њавопаймо 3 соату 26 даќиќаро дар бар гирифт. Њодисаи мазкур маљбур сохт, ки њавопаймо муддате истифода нашавад ва ин амал дар навбати худ ба љадвали иљрои парвозњои ширкати њавопаймої таъсир расонд. Баъзе хатсайрњои минбаъда бо таъхир иљро гардиданд, баъзеи дигар умуман бекор шуданд. Њамаи мусофирон оиди батаъхиргузорї ва бекор кардани хатсайрњо сари ваќт огоњ карда шуданд, ба истиснои њолатњое, ки ба мусофирон аз рўйи раќамњои телефони дар хазинаи чиптафурўшї гузоштаашон имконияти занг задан набуд. Ин масъули ширкати "Сомон Эйр" мегўяд, ба мусофироне, ки хатсайрњояшон бекор шуда буданд ва хоњиши супоридани чиптањои авиатсиониро доштанд, маблаѓи чипта аз маконе, ки онро харидорї намуда буданд, пурра баргардонида шудааст. Ин нахустин њолати ба мушкил гирифтор шудани њавопаймоњои ширкати "Сомон Эйр" дар њафтаи равон нест. Ќаблан ин ширкат дар хатсайрњои СанктПетербург-Душанбе ва Красноярс-Душанбе ба мушкилот дучор омада буд. Вазорати наќлиёти Тољикистон дар пайи зиёд шудани хабарњо оиди нуќс пайдо шудан дар њавопаймоњои ширкатњои тољикистонї ба тањќиќи сабабњои он шуруъ кард.

дањои аъзои шўрои сиёсии ЊНИТ - њизби дар Тољикистон мамнуи нањзати исломиро ба уњда гирифт. Баъди чанде маќомот гуфтанд, парвандаи Ёров муњри махфї дорад. Боздошти Бузургмењр Ёров ба вокуниши созмонњои дифоъ аз њуќуќи инсон рў ба рў шуда буд. Њоло нањзатињои зери њимояти Бузургмењр Ёров ба муњлатњои тўлонї њабс шудаанд. Додгоњи олии Тољикистон Саидумар Њусайнї ва Муњаммадалї Њайит, муовинони раиси њизби дар Тољикистон мамнўъи Нањзати исломиро ба њабси абад мањкум кард. Додгоњ Рањматуллои Раљаб, Абдуќањњори Давлат, Саттор Каримов (Махсуми Абдусаттор), Ќиёмиддин Авазовро ба муњлати 28-солї, Зубайдуллоњи Розиќро 25 сол, Мањмадалии Файзмуњаммадро 23, Саъдуддини Рустам ва Воњидхон Ќосиддиновро 20-солї, Њикматуллоњи

Сайфуллозодаро 16, Муњаммадашариф Набиев ва Абдусамад Ѓайратовро 14-солї аз њуќуќи озодї мањрум намуд. Ягона зан ва њуќуќшиноси нањзат Зарафо Рањмонї ба 2 сол зиндони низомаш умумї мањкум шуда, дар пайи татбиќи ќонуни афви бахшида ба 25-солагии истиќлолияти Тољикистон, ахиран аз њабс озод шуд. Ин афрод нимаи дуюми моњи сентябри соли гузашта дар пайи хунсо шудани ошўби генерал Абдуњалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тољикистон боздошт шуда буданд. Дар охирин мурофиаи додгоњї дар таърихи 11-уми майи соли равон додситонї барои чор тан аз боздоштшудагон: Саидумар Њусайнї, Муњаммадалии Њаит, Ќиёмиддин Авазов, Абдуќањњори Давлат ва Рањматуллои Раљаб њукми абад хоста буд.

СИЁСЇ

ТАЛАБИ 25 СОЛИ ЗИНДОН БА БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ Айбдорунандаи давлатї аз додгоњ барои Бузургмењр Ёров, вакили боздоштшудаи тољик 25 соли зиндонро талаб кард. 19-уми сентябр Рустам Таќдирзода, айбдоркунандаи давлатї аз суд талаб кард, ки адвокати маъруф Бузургмењр Ёровро ба 25 сол ва Нуриддин Мањкамовро ба 23 соли зиндон мањкум кунад. Муаззама Ќодирова, вакили дифои Ёров ва Мањкамов ба даъвои айбдоркуннади давлатї изњори норозиятї кард ва аз додрас хостори адолат њангоми баровардани њукм шуд. Парвандаи Бузургмењр Ёров аввали моњи апрели соли љорї ба суд ирсол шуда буд. Маќомот Бузургмењр Ёровро дар ќаллобї, сохтакорї, ифротгарої, "ташкили иттињоди экстремистї" ва "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" муттањам медонанд. Бузургмењр Ёров тибќи моддањои 189, ќисми 2, банди "г", 247, ќисми 2, 307, ќисми 2, 307 ќисми 1, 340, ќисми 2, бандњои "а", "б", "в"-и Кодекси љиноятї парванда боз шудааст. Ба Нуриддин Мањкамов, вакили дифои дигари тољик бо моддањои 189, ќисми 2, банди "г", 247, ќисми 4, банди "б", 307 ќисми 2, банди "г" ва 307, ќисми 1

парванда оѓоз шуда, айб эълон гардидааст. Бузургмењр Ёров, собиќ рањбари Коллегияи адвокатњои "Сипар", аз 28-уми сентябри соли гузашта инљониб дар боздоштгоњ ќарор дорад. Ўро кормандони Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккили Вазорати корњои дохилї барои бозпурсї даъват карда, њамон рўз боздошт намуданд. Субњи 29-уми сентябр ВКД аз оѓози парвандаи љиноятї алайњи адвокат хабар дод. Нахуст алайњи ў бо дастрасии моддањои 140, ќисми 6 ва моддањои 145 ва 146-и Кодекси мурофиаи љиноятї ва моддањои 247 (ќаллобї) ва 340 (сохтакорї) Кодекси љиноятї парванда оѓоз шуд. Баъди 2 моњи боздошти адвокат, маќомот хабар доданд, ки нисбати Ёров њамчунин бо моддаи 307, ќисмњои 1, 2 ва моддаи 189-и ќонуни љиноятї парванда шуруъ шуда, ў ба "даъвати оммавї дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистї", "ташкили иттињоди экстремистї" ва "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" муттањам дониста мешавад. Вакили дифоъ замоне боздошт шуд, ки њимояи њуќуќи 13 тан аз боздоштшу-


СЎЊБАТИ РЎЗ Маќомоти судї иддио доранд, ки барои пардохти ќарзњои Окушеви ќазоќ бояд њамаи амволи зану фарзандони Зайд Саидов мусодира шуда, онњо ихрољ карда шаванд. Ин як гузориши хеле такондињандаро писари соњибкор Хайрулло Саидов дар сањифаи Фейсбуки худ гузошт ва дар кутоњтарин фурсат аз пурхонандатарин ва пурбањстарин матолиби шабакањои иљтимої гашт. Дар воќеъ бо гузашти њудудан чор сол њам њамоно номи Зайд Саид чун шахси муваффаќ дар тиљорату созандагї ба забон ронда мешавад ва он ки имрўз маќомот мехоњанд барои ќонеъ сохтани даъвои як ќазоќ, ки боз њам ўро то њол касе надидаву аз тариќи намояндааш даъво пеш мегузорад, хонаи фарзандонашро мусодира кунанд, муљиби гўмагўњои тоза шуд. Дар ин бора бо Хайрулло Саидов суњбат доштем, ки ба хонандаи "Нигоњ" пешкаш мешавад. -Метавонед мушаххастар гўед, ки ин хонахо кай харида шуда буданд ва чаро мутааллиќ ба падаратон нестанд? - Ягон хона мутааллиќ ба падарам нестанд. Инњо њамагї аз модару бародару хоњаронам њастанд. Замоне, ки падари мо дар Маскав яке аз соњибкорони муваффаќ буданд, мо фарзандон низ канорашон кор мекардем. Замоне, ки дар пойтахт фаъолият доштанд, мо низ бекор набудем ва њар кадом шуѓлеву фаъолияте дошт. Пас мо магар њаќе надоштем хона дошта бошем? Чї гуна мешудааст, ки як узви оиларо њабс куниву амволи фарзандонашро њам кашида гирї? Ин кадом ќонун аст? -Дар охирин мурофиањои судии Зайд Саид дар ќарори суд мусодираи кадом амвол буд ва то имрўз аз Зайд Саид чињо мусодира шудааст? - То љойе медонед, њамаи корхонањои марбут ба падарам ва њатто шариконаш мусодира шуданд. Мо њоло чизе аз моли падар надорем. Њама дороињои ишон забт шуданд. Њатто амволе, ки иртиботе ба парвандањо надоштанд, ситонида шуданд. Боќї мондааст њамин чанд хонае, ки фарзандонашон дар он зиндагонї мекунанд. Ман дар ќарори суду додрасњо мантиќро намебинам. Як хориљие, ки шахсан ман ўро надидаам, муддаии амволи падари мост. Ва њар рўз додгоњ даст ба як иќдоми нав ба фоидаи Окушеви ќазоќ мезанад. Гўё ў муњимтар аз аз он аст, ки мо дарбадар бошем. -Чаро шумо муваффаќ нашудед, ки доир ба њар хонаи мавриди бањс дар ин 3,5 сол ќарори мушаххаси додгоњро ба даст оред? Чї монеъа буд? - Дар хукм фаќат гуфта шудааст, ки њамаи амволи ба њабс гирифта шуда мусодира шаванд. Ин комилан ѓайриќонунї аст. Бояд њар як моле, ки мусодира мешавад, алоњида дар суд баррассї мешуд ва исбот мешуд, ки ѓайриќонунї ба даст омадааст. Аммо чунин нашуд. Ва мо њам барои њар молу амволе, ки ба њасб гирифта шуда буд, дар тўли ин 3,5

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

7

Хайрулло САИДОВ:

МЕТАРСАМ, КИ БЕСАРПАНОЊ МЕМОНЕМ сол ба судњо мурољиат карда будем. Њамаи ин судњо ба њар бањонае мурољиати моро пас мегардонанд ва ё дар баъзе мавридњо комилан хомўширо пеша мекарданд. Дар натиља мо наметавонистем посухи расмї ба даст орем. -Шумо дар навиштањои худ ва дар ин суњбат њам ба ќарзњои Окушев ишора кардаед. Њоло ў куљост ва чаро намешавад бо ў мулоќот кард ва ё ба бањси дигари судї даъват намуд? Ин љо чї монеъ аст? - Худи Окушевро мо аслан надидаем ва намедонам куљо аст. Ў як намоянда дорад бо номи Алиназаров Панљшанбе, ки корашро мебарад. Такрор њам шавад, бояд зикр кунам, ки ин њукме, ки падари манро боз бештар аз ду миллион карздор кардаанд, комилан ѓайриќонунї аст. Чун шояд падарам то имрўз хабар надоранд, ки ўро боз ќарздор њам кардаанд. Зеро њамаи ин мурофиањо паси дарњои баста ва бе ширкати Зайд Саид ва бастагонаш мегузаранд. Мо аслан чизеро намедонем, танњо мебинем, ки боз ќароре содир шудааст. Падари мо се сол инљониб зиндонианд, вале мурофиањо идома доранд. Аз сўйи дигар суд њам вазифадор аст,

ки тибќи ќонун њаќќи њамсару фарзандони падарамро њам људо кунад. -Магар њама роњњои расидан ба њаќиќат баста шудаанд? Дигар роње нест, ки аз амволи худ дифоъ кунед? - Чї роње њаст ба љуз ин ки боз ба додгоњ мурољиат кунем ва ин корро мо карда истодаем. -Дар њамин лањзањое, ки мо суњбат дорем, хонаводаи Зайд Сайид чї њол дорад?

- Хонаводаи Зайд Саид дар њоли парешониву асабоният ќарор дорад. Њамаи моро бими мањрум шудан аз сарпаноњамон фаро гирифтааст. Яъне, дар ба дар шудан, овора мондан дар кўчањо. Кї гумон мекард, ки замоне ба сари фарзандони Зайд Саидови ободгар ин гуна фољеањо меоянд. Худо нигоњ дорад. Тољнюс

СЕРХОНАНДАТАРИНЊО

СММ: КОРВОНИ МОШИНЊОИ БАШАРДЎСТОНАРО ДАР ЊАЛАБ БОМБАБОРОН КАРДАНД Намояндагони СММ хабар медињанд, ки дар њамлаи њавоии корвони мошинњои ёрии башардўстона 12 нафар кушта, чандин тан маљруњ ва 18 мошин осеб дидааст. СММ ва бахши "Њилоли ањмар"-и Сурия дар мувофиќат бо созишномаи оташбас, ки бо миёнаравии ИМА ва Русия њосил шуд, ба ниёзмандон маводи

ѓизої, дору ва дигар мањсулоти ниёзи аввалия мерасониданд. Чанде пеш аз њамлаи њавої артиши Сурия эълон кард, ки созишномаи оташбасро анљомшуда медонад. ИМА мегўяд, то кунун даќиќ нест, ки кадоме аз љонибњо ин њамларо анљом додааст. Њавопаймоњо нахуст мошинњои борбар ва баъдан табибонро бомбаборон

кардаанд. Пештар аз ин корвони мошинњои СММ боре њам аз њаво њамла нашуда буданд. Нашрияњо бо такя ба Ќасри сафед менависанд, ки созишномаи оташбаси Русия ва ИМА дар гумон аст, ки барќарор бимонад.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

МУСОЊИБА

АДАБИЁТИ БАЧАГОНА ДАР КИШВАРЕ РУШД МЕКУНАД, КИ КЎДАК БАЧАГЇ ДОРАД Азизи АЗИЗ:

Суњбати ихтисосї бо адиби маъруфи бачагон Азизи Азиз - Азиз, шумо шахси тасодуфї дар адабиёт нестед ва соњиби чандин китобу дањњо њикояву афсона барои атфолед. Ва то љйе медонем, аз адибони эътирофшудаи кўдакнавис дар кишваред. Њаќро доред, ки дар бораи адабиёти бачагона дар Тољикистон изњори назар кунед. - Дар 25 соли охир барои кўдакон ин ќадар китоб чоп шуд, ки дар 70 соли шўравї чоп нашуда буд. Манзурам на асари назмист, зеро ман шоир нестам ва назми кўдаконаро баррасї карда наметавонам, њарчанд зиёд мехонам ва бетараф нестам. Ман адабиёти барои кўдакони синни 5-10-сола иншошударо дар назар дорам. Вале маводи ба ќавле, бачахўрак кам аст. Китоби хуб ањён-ањён ба дасти кўдак мерасад. Ноширон низ сањлангоранд, бахусус, ноширони мустаќил. Баъзе китобњо бо њуруфе чоп мешаванд, ки дар Русия барои истифодаи чунин њуруф ноширро ба суд кашиданашон аз эњтимол дур нест. Боз, рассоми бачагона надорем. Ягона рассом, ки завќи кўдакро ба назари эътибор гирифта, сањифањоро оро медињад, Сайёра Имоддинова аст. Хуллас, агар назорату сахтгирии замони шўравї мебуд, эњтимол 70 фоизи ин китобњо ба нашр намерасиданд. - Чаро? - Ин ќиссањо бисёр содалавњонаанд. Муаллифон хонандаро зиёд насињат мекунанд, маслињат медињанд. Масалан, бачањо ба боѓ даромада, себ медузданд. Боѓбон омада онњоро насињат мекунад, ки дуздї одати бад аст... Ин ќиссаи бачагона намешавад. Ќиссаи бачагона мисли њар асари бадеии дигар бояд њикмати баланд дошта бошад. Баъзан набудани як љумла моњияти ќиссаро заиф мекунад, онро бењикмат менамояд. Њар њодисаро метавон ќиссаи бачагона кард, вале ин кори осон нест. Болои сўхта намакоб, бисёр адибон чї будани адабиёти бачагонаро сарфањм намераванд. Як мисоли одї: баъзе носирон гумон доранд, ки "Ситорањои сари танўр"-и Сайф Рањимзод асари кўдакона аст. Дар асл ин ќисса барои калонсолон аст аз њаёти кўдак, яъне фаќат ќањрамони ќисса кўдак аст. Кўдак будани ќањрамони ќисса чунин маъно надорад, ки онро бачагона гўем. То имрўз ќиссае надорем, ки њамсанги "Тобистон"и Пўлод Толис бошад.

АДИБОНИ БАЧАГОНАИ МО КЎДАКШИНОС НЕСТАНД Сабаб чист? - Сабаби асосї: кўдаки тољик њанўз хонанда нест, зеро модараш намехонад. Дуюм, адибони бачагонаи мо кўдакшинос нестанд… Њар инсон аќл дорад. Аммо на њар инсон соњиби фаросат аст. Манбаи илњом њамин фаросат мешавад. Масалан, фарзанди боаќл ба пиёлаи

падар чой мерезад. Фарзанде, ки боз фаросат дорад, ин амалро бо камоли одоб анљом медињад: сухани хуш мегўяд, пиёларо ба назди падар мегузорад, феълу табиати падарро, ки хуб омўхтааст, ба пиёла њамон ќадар чой мерезад, ки падар инро хуш мепазирад, боз нон мешиканад ва мунтазири хидмати дигар меистад ва ѓайра. Кошифї фармудааст, ки фаросат модарзодист, агар чунин нашуд, инсон бо азму талоши зиёд соњиби фаросат хоњад шуд. Хуллас, фаросат манбаи илњом аст. Барои эљоди асар адибро фаросати фавќуллода зарур аст. Боре як нафар афсона овард. Барои писанди маликаи гунљишкон шудан дигар гунљишкон тўњфањо меоранд. Яке ангуштарї, дигаре - марворид, сеюмї тољи зарин… Ва малика арўси гунљишке мешавад, ки тољи зарин оварда буд. Ман ин афсонаро таѓйир додам: бењтарини гунљишкон њамоне мешавад, ки барои малика як табаќ дона овардааст! Муаллиф ба шўр омад, ки афсонаашро "вайрон" кардам. Лол мондам, ба ў фањмондам, ки барои гунљишк донаву пашша аз њар гуна тўњфа авлотаранд. Охир вай гунљишк аст, симу зарро аз мављудоти олам танњо одамї мепарастад. Нафањмид… - Худи шуморо чї ба майдони адабиёти бачагона овард? Чї њодисае таконе шуд, ё чї тавр шуд, ки аввалин навиштаи шумо барои кўдакон рўйи коѓаз омад? - Љавоби сањњењ доданам муњол аст… Шояд ин буд, ки аз бачагї зиёд афсона мехондам. Ё ягон сабаби дигар… - Душворињои ин адабиёт дар чист? Чаро мегўем, ки навиштан барои атфол ба маротиб мушкилтар аст? - Ин ба завќу табиати адиб вобаста аст. Агар шумо як-ду рўз дар мактаб ба бачањо дарс мегуфтед, ба осонї мефањмидед, ки диќќати ўро ба худ љалб наму-

«

Адиб њаргиз эътибор намедињад, ки хонандааш зиёд аст ё кам. Илњом барои хонанда намеояд, илњом њолати табиии адиб аст. Агар ташна монед, бе иштироку мадади "мухлиси"-и дигарон низ об нўшидан мегиред. Завќу илњом бошад, бояд навишт. Агар ќисса хуб бошад, хонанда ёфт мешавад. Бесабаб Расул Ѓамзат нагуфтаст, ки аз "Доѓистони ман" як нафар бањра бардорад њам, худамро хушбахт мењисобам.

«

дан басо душвор аст. Кўдакро дарк карда тавонистан лозим аст. Агар сухани шумо обшуставу умумї бошад, бештар насињат кунед, бахусус исрор намоед, ки шуморо гўш кунанд, тамом - онњо дилтанг шуда, худро нороњат њис мекунанд. Камтар одамон, њатто омўзгорон лаёњати бо кўдак гуфтугў кардан доранд. Баъзе адибони машњур тавонистанд, ки чї будани адабиёти бачагонаро сарфањм раванд. Лев Толстой баъди "Љанг ва сулњ", ё "Анна Каренина" барои атфол афсонаву њикояњое навиштааст, ки гаштаю баргашта мехонем! Ё Чингиз Айтматов баъди "Дуроњаи бўронї" афсонаи "Чипалак" низ навишта буд, ки басо марѓуб аст ва "Муаллими аввалинаш" дар барномаи таълимии мактабњои Олмон омўзонида мешавад. Дар вохўрї бо атфол баъзе адибони бачагонаи мо ба минбар баромада, беист шеър мехонанд, ё воќеаеро наќл мекунанд. Борњо шоњид будам, ки ањли толор онњоро гўш намекард ва омўзгорон гаштаву баргашта исрор мекарданд, ки бачањо сухани адибро шунаванд. Ин бад аст. Ба саволи дуюматон мегўям, ки барои бачањо ќиссаю афсона навиштан душвор аст. Аммо барои ман - баръакс: боре чанд хостам барои калонсолон ягон ќисса нависам. Аз дастам наомад… Дидед? Ин тавр њам мешавад. - Шумо муддате омўзгор њам будед ва њоло њам зиёд иртибот бо мактабњо доред. Мулоќот бо кўдакону наврасон бароятон чї медињад? - Омўзгори асил дар синфњои ибтидої чунон ангуштшумор аст, ки баъзе мактабњо дар хоби шабашон њам надидаанд. Худ шоњид будам, ки муаллимаи 40 сол собиќаи коридошта дар муќоваи дафтари шогирди синфи аввалаш 7 хато содир кард. Ва бовар мекунед, ин муаллима дар он мактаб баобрўст! Аслан имрўз барои таълиму тарбия ќариб тамоми шароит муњайёст. Ашёи хониш - фаровон. Вазорати маориф ва илм барномаю њуљљатњои заруриро тањия намудааст. Китоби дарсї дорем. Вале муаллими хуб кам аст. Бадбахтона, падару модаре, ки тарбияву таълими фарзандашро њаргиз фаромуш накунанд, ангуштшумор. Барои њар гапу кор ба вазорат дарафтодан осон аст. Боре ба падару модарон њаќиќатро фањмонед. Болои сўхта намакоб, волидон њуќуќашонро намедонанд. Бо вуљуди ин барномањои таълимї хато доранд. Як хатои мактаби мо ин аст, ки хонандаи синфи ибтидоиро забоншиносї меомўзем! Чї лозим аст њамин омўхтани њиссањои нутќ, пасванду пешванд барои кўдак?! Вай њанўз забондон нест, забоншиносї чаро?! Дар синфи ибтидої кўдак чор амалро аз худ кунад, кифоя: хонда, навишта, фањмида ва наќл карда тавонистан! Агар ин амалро ба 4 њисса баробар донем, сеякаш бояд хондану наќл карда тавонистан бошад, 25 фоизи дигар - навиштанњои кўдак аст.

ДАР ЉОПОН БЕАДАБИИ ФАРЗАНД ДАР МАКТАБ МОТАМИ ВОЛИДОН ДАР ХОНА АСТ - Ё айб дар кўдакон њам бошад? Бисёртар омўзгорон ва њатто падару модарон аз лаёќати фитрии фарзандону шогирдон шиква мекунанд. - Кўдак њамеша беайбу бенўќсон аст, магар ки дар равонашу љисмаш аз лањзаи таваллуд айбу нуќсон нарафта бошад! Айбро дар кўдак аввал модар, баъд падар, нињоят омўзгор "мерос" мегузорад. Бубинед, омўзгор дар охир меистад, на дар аввал. Дар кишвари Русия, Љопон, Эрон, ё Куриёи Љанубї, ки кўдакон бенињоят зиёд китоб мехонанд, дар маѓоза китобро модарон интихоб мекунанд! Чунки босаводанд… Ваќте дар њузури ман Њадя Шарифї ном модари эронї ба Тењрон аз Душанбе занг зада пурсид, ки писараш Сиёмак оё китобашро хонда ба итмом расонд ва оё китоби навашро ба даст гирифт ва боз ба ман гуфт, ки ин китоби 57-ум аст, ки Сиёмаки шашсола хондааст, њуш аз сарам парид. Мо дар 4-5 сол як маърака обод мекунем. Мабодо дар маърака хатое равад, 4-5 сол ин як нуќсонро дар ѓайбу њозираш ба рўйи соњибмаърака мекашем. Вале фарзанд, ки њар рўз хато мекунад, боиси маломат намешавад. Бесаводии фарзанд айби бузурги хонадон аст. Модарон ба саволи "Анварљонатон дар мактаб чї хел мехонад?" чунон беѓам ва бепарво љавоб медињанд ва мавзўи сўњбатро чунон саросема ба бозор мекашанд, ки гўё аз рафтори фарзанд ќаноатманд бошанд. Худо накунад, ки фарзанд дар хона ба модару падар аз сарзанишу танбењи омўзгораш хабар биёрад! Дар Љопон беадабии фарзанд дар мактаб мотами волидон дар хона аст. Волидон муддати дароз аз омўзгор узр мепурсанду худро шармандаву гунањкор медонанд. - Модари тољик на њамеша ба љараёни тањсили фарзандаш таъсир расонда метавонад, гарчанде модарони маълумоти олидор кам њам набошанд. Бетарафї ва бепарвоии волидон низ метавонад таъсир дошта бошад. - Ў агарчї хондаю навишта метавонад, њатто маълумоташ олист, дар таълиму тарбияи фарзандаш бесавод асту таљриба надорад. Якуми сентябрро волидон бесаброна мунтазир мешаванд. Якуми сентябр аслан барои онњо ид аст, на барои фарзандонашон. Онњо нињоят нафаси "осуда" мекашанд. Њар зани хонавода, бахусус модар бояд босавод бошад. Афсўс, ки дар мо алњол чунин нест. Дар замони шўравї низ чунин набуд. Албатта, модарони босавод дорем, аммо ангуштшуморанд… Ин љо гап аз аксарият меравад. Боре дар як сўњбат гуфтанд, ки "њар синфи мактаби мо 35-40 хонанда дорад


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

АДИБ

ва аз куљо савод шавад? Омўзгор фурсат надорад, ки њар шогирдашро пурсад…" Моро одат шудааст, ки айбро ба гардани дигарон, масалан, мактабу вазорат бор кунем. Агар 1000 омўзгор як кўдакро таълим дињаду оила бетараф бошад, мурод њосил намешавад. Имрўз мањз чунин аст. Хуб, ба он шикоят љавоб додам, ки дар Куриёи Љанубї синфхона то 60 шогирд дорад ва аксарият хубу аъло мехонанд. Медонед сабаб чист? Модарон он љо баъзан аз кор даст мекашанд, чунонки аз аксарияти модарони љопонї чунинанд, то фарзанди худро таълим дињанду тарбия. Дар мо таълимро комилан кори мактаб медонанд ва тарбияро гоњ-гоњ ќисман вазифаи оила мењисобанд. Ана, ин љањолат аст! Инро хурофот дар илм гўем хато намекунем. Бе модари хушсаводу љањоногоњ фарзанди фарзона ба воя намерасад. Худатон ќазоват кунед: модар, ки 2-3 фарзандро наметавонад тарбия кунад, як омўзгор дар ним рўз чї тур 30-40 фарзандро таълим дињаду тарбият?! Аммо мо таъриф мекунему халос: модарони мо чунинанду чунонанд! Оре, чунинанду чунонанд, вале аксарият чунину чунон нестанд. Хуб мешуд, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон "Ќонун дар бораи масъулияти падару модар"-ро дубора тањрир мекард. Ин Ќонун басо рањмдилона навишта шудааст, муаллифон гўё аз кадом кас ё кадом як ќонуни байналхалќї њаросидаанд. Дар асл њар ќавму миллат махсусияти худашро дорост ва ин чиз муњимтар аст, на кадом касу кадом ќонуни њатто СММ! - Вале мо модаронро таъриф мекунем… - Ба аксарият намефорад, ки айбашро рўирост гўем, њарчанд њар халќ, ё мањал хислату одати хос дорад, ки дар дигар мањал камтар ба назар мерасад. Масалан, ноњияњои босаводу бесавод, майпарасту майбезор, бодиву љиддї, хурофотзадаву ќавиимон, њатто оќилта-

МУАРРИФИИ "НИГОЊ: Азизи Азиз барои љомеаи Тољикистон шахси ноошно нест, бахусус барои он доирае, ки китоб мехонанд ва ба таълими насли наврас сарукор доранд. Аз муваффаќтарин адибони кўдакнависи кишвар аст, ки бештар аз 200 афсонаву 130 њикояи хонаданї навиштааст. Теъдоди китобњояш шояд ба 30 наздик шуда бошанд. Ва љолиб он аст, ки њикояњои ў то ин замон бо чандин забони олам, аз љумла русї, инглисї, гурљї, ќирѓизї, узбекиву чехї тарљума шудаанд. Њоло дар остонаи шунидани хабари чопи китобаш бо њуруфи форсї дар Эрон аст. Њикояњояш аз љониби мунаќќидон ва коршиносони адабиёти кўдак бањои баланд гирифтааст. Аз миёни наќдњои зиёди асарњояш ин навиштаро мехоњем бо њам бихонем: Сью Елис, Директори Маркази Рушди тањсилоти ибтидоии Ингилистон: "Азизи Азизро Худованд њамчун адиби бачахо офаридааст. Вай истеъдоди табиї дорад, эљодиёти ў ба синну сол ва шавќу завќи кўдакон бисёр мувоффиќ аст. Чї ќадар ангуштшуморанд афсонанависон!.. Шуњрати афсонањои Азиз берун аз кишвари Шумо рафтааст.."

ру аблањтар њастанд. Аз ин хусус забон кушоед, њаќ њам бошед, дар бало мемонед. Аз ин сабаб танќиди модарон низ дар Шарќ раво нест. Бигузор чунин монаду бошад! Халќро бо тањияи ќонуну ќоидањо метавон тарбия кард. Ќонунњои љиддї эљод кунему амалї шаванд, бахусус ќонуне, ки дар боло зикрашро кардем.

АНДЕРСЕН РОЗЇ НАШУД, КИ МУЉАССАМААШРО ДАР ЊАЛЌАИ БАЧАЊО БУНЁД КУНАНД - Баргардем бар сари масъалаи адабиёти бачагона. Мегўянд, ки адабиёти бачагонаи мо таърихи дароз надорад. Дар асри гузашта пайдо шуд.

- Рост аст. Адабиёти бачагонаи шифоњї вуљуд дошт, ки асли асли адабиёт нест, як шоха, ё фасли адабиёти бачагона ба шумор меравад. Адабиёти бачагона дар кишваре пайдо мешавад ва рушд мекунад, ки кўдак бачагї дорад. Агар ў то наврасї аз пайи пайдо кардани ризќу рўзї шавад, кўдакї надошт гуфтан мумкин аст. Дар гузашта мањз чунин буд: аз синни 5-у 6 бачањо дастёру ёрдамчии падару модар мешуданд: мўзадўзу челонгару кулолу дењќон... Фурсати бозиву саводомўзї набуд. Яъне, фарзанд якбора калонсол мешуд. Аз ин рў, бе кўдакї кўдак нест. Ваќте кўдакї нест, мактаб намешавад, бе мактаб савод нест, бе савод зарурат ба адабиёт намемонад. Адабиёти бачагонаи мо солњои сиюми асри гузашта рўйи майдон омад. Воќеан, бачањо њар ќадар саводноктар бошанд, адабиёти бачагона он ќадар рушд мекунад. - Дар Ѓарб чї гуна буд? - Таърихи адабиёти бачагонаи Ѓарб низ чандон тўлонї нест. Аммо аз мо пештар аст. - Вале адабиёти Ѓарб хеле адибони барљаста дорад. Ба монанд Люис Керел (муаллифи "Лиса дар сарзамини аљоиб"), Селма Лагерлеф, Корней Чуковский, Самуил Маршак, Љоан К. Роулинг (муаллифи "Гарри Поттер"), Њанс Кристиан Андерсен... - Дуруст. Аммо ин љо сатњи завќу дониши бачањо њам ањамият дорад. Дар бисёр кишварњои Ѓарб забони китоб аз забони хонавода ќариб тафовут надорад. Ин чиз басо муњим аст. Гоњо як љумларо бачаи мо танњо барои он ба душворї мефањмад, ки пасоянди "ро" дорад. Аз шогирдони синфи 2-и як мактаб пурсидам, ки соњил чист, касе надонист... Андерсен дар кишвари худаш адиби бачањост, вале ўро дар Тољикистон асосан мо, калонсолон, адиби бачањо мегўем. Воќеан, худи Андерсен боре розї нашуд, ки муљассамаашро дар њалќаи бачањо бунёд кунанд. Эътироз намуд, изњор кард, ки адиби бачањо нест, балки барои бачањо наменависад. Дуруст гуфта буд: бештарини афсонањояш барои калонсолонанд, зеро сахт мураккабанд ва фалсафаашон барои маѓзи бачањо вазнинї мекунанд. Адиби бачањо њамон аст, ки бачањо бе дахолати бевоситаи мо эътироф кардаанд! Баъзе афсонањои Андерсенро бачањо баъди тањияи филмњои тасвирї, бахсус, филмњои тасвирии дар Русия тањияшуда, бењтар дарк карданд. - Пас филмњо содатару фањмотар аз асарњои Андерсенанд? - Оре! Барои кўдак дидан аз хондан осонтар аст. Агар аз ду якеро пешнињод кунем, диданро интихоб мекунад. Аз ин сабаб хондан хусусияти иљборї дорад. То водор накунед, кўдак китобхон намешавад. Аммо ин водор кардан бояд хашму ѓазаб, танбењу сарзаниш надошта бошад. Омўзгор басо доною њунарманд бошад, ки шогирдонаш китобхон шаванд. - Пас Саъдиву Бедилу Њофиз хондани кўдакон дуруст нест? - Баъзан модар фарзанде ба дунё меорад, ки њофиза, завќ ва истеъдоду фаросати фавќуллода бузург дорад. Масалан, мисли Њофизи Шерозї, ё Бедил. Аммо ин ба таълиму тарбияи умумии кўдакон ќариб ягон муносибат надорад. Њофиз дар тифлї шеър гуфтааст гўён, њамаро ба ин кор водор кунем, девонахонањо пур аз кўдак хоњанд шуд. Ин мисли он мешавад, ки ба тифли чандрўза тухмбирён хўронем. Оќибат чї мешавад, љойи бањс нест… Бачањо нахуст хонданро ёд гиранд ва он чї хонданд, фањманд. Ин кори дар шароити Тољикистон 3-5-солаи мактабї аст. Пасон ба омўзиши адабиёти ниёгон шурўъ кунем. Ба донишљў шеъри Љомиро хонед, хобаш мебарад… Ё шумо гумон мекунед, ки ин байти Туѓралро донишљўёни мо ба осонї, ё ба якбор хондан мефањманд: Дишаб аз лаъли бадахшон шуд њикоят, лаъли ў Хандае аз нописандї дар Бадахшон карду рафт. Не, њаргиз! Муддате хонанда, нињоят ошиќи адабиёт буд, то аз пасу пеш омадани

9

мубтадову хабар, ин љову он љо гузошта шудани нуќтаву вергул саргаранг намонї! - Танќид барои шумо чї ќудрат дорад? - Одатан, замоне ки дар маљаллаи "Чашма" муњаррир будам, навиштањоямро ба шоири бачањо Љўра Њошимї ё ба устод Камол Насрулло нишон медодам. Беќарор мешудам, ки кай вараќњоро бармегардонанд. Ваќте хатоњоямро мебинам, хушњол мешавам. Танќид хуб аст, агар намоишкорї набошад. Танќид бояд љўрањошимиёна бошад! - Таъриф шунавед чї? - Аз њакиме пурсидаанд: "Чун сармо асар кард, чї кор мекунед?" Гуфт: "Меларзам!" - Шумо мавзўъро чї хел интихоб мекунед? - Агар супориш дода ё хоњиш карда бошанд, сахттар зањмат кашидан лозим меояд. - Магар чунин њам мешавад? - Мешавад! - Мушкил аст адиби кўдакон буд? - Замоне мушкил буд, алњол - не… Дар олам ягон кори осон нест. Корро завќу илњом осон мекунад. - Дар кадом сатњ адибони кўдакнавис дорем: љањонї, минтаќавї ё дохилї? - Инро шумо муайян кунед. Агар исрор кунед, мегўям, ки имрўз, баъди Пўлод Толис, насрнависи бачагонаи (таъкид мекунам: нависандае, ки барои хонандагони синни хурди мактабї бояд эљод кунад) мањаллї њам надорем. - Чї халал мерасонад? - Халал нест. Бањона њаст. - Масалан чї бањона? Метавонед рушантар њарф занед? - Масалан, имрўз бачањо китоб намехонанд, чаро зањмат кашем? Адиб њаргиз эътибор намедињад, ки хонандааш зиёд аст ё кам. Илњом барои хонанда намеояд, илњом њолати табиии адиб аст. Агар ташна монед, бе иштироку мадади "мухлиси"-и дигарон низ об нўшидан мегиред. Завќу илњом бошад, бояд навишт. Агар ќисса хуб бошад, хонанда ёфт мешавад. Бесабаб Расул Ѓамзат нагуфтаст, ки аз "Доѓистони ман" як нафар бањра бардорад њам, худамро хушбахт мењисобам. Ё як ривояти чинї њаст. Њунарманде мудом ва фаќат дар кўњистон, дар лаби чашма, дар оѓўши гулу себаргаю дарахтони њазорсола най менавохт. Ваќте садои най ба гўши мардум расид, гурўњ-гурўњ рафта саропо гўшу њуш мешуданд. Боре як мухлисаш гуфт: "Чаро ба шањр намеої, то њама ин мусиќии нотакрорро шунаванд?" Љавоб дод, ки "Ман барои худ най менавозам. Маро чї кор ба шунавандањо!?" Агар эљодкор дар фикри писанд омадану наомадани ќиссааш бошад, асари мондагор эљод карда наметавонад. - Барои адиби бачањо дастгирї лозим аст? - Дар оѓоз - ња, баъд, дар њар шароит, њатто зери танќиди дурусту нодуруст, таърифу мањкум карданњо њам адиб эљод мекунаду халос. Мўсо Љалилро дар мањбас фашистон магар дастгирї кардаанд!? Ё устод Айниро њини навиштани "Намунаи адабиёти тољик" кї пуштупаноњ буд?! - Дурнамои ин адабиётро метавонед тасаввур кунед? - Не, наметавонам. Њар чї шуданаш мумкин. Чингиз Айтматов ногањон арзи њастї карду фарњанги ќирѓизу Ќирѓизистонро олам шинохт… Ё Расул Ѓамзатов Доѓистонро дар як сол мањбуби хонандагонаш кард… То Айтматову Ѓамзатов чунин набуд...

Мусоњиб Бобољони ШАФЕЪ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

Абдулмуъмин О. корманди 63-солаи ЉСК "Тољиксодиротбонк", ки аз љониби раиси муваќќати бонки мазкур мавриди латукўб ќарор гирифта, дар беморхона бистарї шуда буд, ба кори худ баргашта, мегўяд, тасмим дорад, то ба нафаќа баромаданаш ин љо фаъолият хоњад кард. Бино ба гуфтаи Абдулмуъмин О., роњбарияти муваќќати бонк нисбати ў ягон даъво надоранд, аммо аз ў дархост кардаанд, аз аризаи шикоятияш ба кумитаи амнияти миллї, ки аз болои Мирњаёт Ёќубов, раиси муваќќати бонк барои латукўб ва њабси худсарона навишта буд, даст бикашад. Вай аз аризааш даст кашиданї нест ва мегўяд, то ба нафаќа баромаданаш њамагї ду моњ боќї монда, мехоњад ин муњлатро дар ЉСК "Тољиксодиротбонк" ба анљом расонад. Абдулмумин О. дар вазифаи сардори Хадамоти њифзи мењнат, мудофиаи гражданї ва назорати бехатарї аз сўхтори "Тољиксодиротбонк" кор мекунад. Мирњаёт Ёќубов, ки аз моњи майи соли љорї, рањбарии муваќќатии "Тољиксодиротбонк"-ро ба уњда дорад, Абдулмуъмин. О-ро дар њузури кормандони бонк, гўё барои насби камерањои назоратї (жучок) латукўб карда, фармон додааст, то ўро дар хољатхона њабс кунанд. "-8-уми август буд, ваќти корї ба анљом мерасид ва мехостам ба хона равам. Дар ин ваќт як муњофизи бонк маро љеѓ зад, ки сардори хадамоти бехатарї туро фарёд дорад. Рафта дар онљо истодам вале гуфтанд, ки њоло ту даркор нестї. Дар ин ваќт дар ошёнаи 2-юми бинои асосии "Тољиксодиротбонк" нишаста будам, ки Сардори хадамоти бехатарии "Тољиксодиротбонк" Ќурбоналї омад, ки биё даро. Даромадам, ки дар даруни кабинети роњбари бонк 4-5 нафар аз маъмурияти муваќќатї ва 2-3 кормандњои пешина истодаанд. Даромадам, ки як провода (ноќил) дар онљо овезон аст. Рости гап ман раиси муваќќатии бонкро 1-2 ду бор дида будам ва ўро хуб намешинохтам. Њама дар дохил рост нигоњ карда истода буданд... Як одам аз байни њамонњо, ки баъдтар фањмидам роњбари муваќќатии бонк Ёќубов Мирњаёт аст, "ин чї аст ин чї аст гуфта", аз гулўям ќапида бурда дар болои як миз афтонду хафа кард. У гулўямро сахт хафа карда мегуфт, гап зан ки инро (жучок)-ро њамроњи кї ва барои чї мондї?!! Шумо "жучок" монда моро гўш мекунед. Роњбари муваќќатии бонк имконият намедод ки ман гап занам чун бо дастам гулуямро сахт медошт. Нафасам гирифту ќариб мемурдам, вале кормандони нав ва доимии бонк сардори департаменти бехатарии бонк ва дигарон дахолат накарданд. Сардори хадамоти бехатарї њатто љуръат накард, ки омада маро

КОРМАНДИ ЛАТУКЎБШУДАИ "ТОЉИКСОДИРОТБОНК" БА КОРАШ БАРГАШАТААСТ аз дасти раис халос кунад. Баъд ногањон раиси муваќќатии бонк маро озод карду ба яке аз муњофизонаш Сафар фармон дод, ки "инро гирифта мебаред ва дар Бонки миллї мањкам мекунед ва баёноташро мегиред". Муњофиз маро маљбуран ба даруни њољатхонаи бонк, ки дар пањлуи кабинети раиси бонк будааст, наздики 2 соат њабс кард. Дар ин ваќт ман ба писарам занг задам, ки биё маро халос кун инњо маро бурда мањкам мекунанд. Тахминан соати 5:20 буд, ки писарам ба бинои асосии бонк омада, бо илтимос назди раис медарояд ва зораю тавалло карда, ўро розї мекунонад, ки маро озод кунад. Хуб баъдан 1-2 соати дигар маро бурда, баёнотамро гирифтанд. Боз назди раиси муваќќатї оварданд, соатњои 22 баёнот тайёр шуд ва аз онљо озод шудам...", наќ кал карда буд тн корманди "Тољиксодиротбонк". Я Абдулмуъмин О. њамчун гуфт, роњбарияти муваќќатии бонк баъд аз пайдо шудани видеокамераи пинњонї фармон додааст, ки њамаи огоњкунандањои зидди сухтор (по-

жарные датчики) тафтиш шаванд: "Ба 156 нафар фармон дод ва намоянда даъват карда, њама огоњкунандањои зидди сўхторро кофтем ва аз онљо 4 "жучок" пайдо кардем. Баъдан мутахассисон муайян карданд, ки аз ин камерањои пинњоние, ки њам навор ва њам садоро нишон медињанд, њамагї 1 донааш кор мекардааст. Он "жучок"-е, ки маро ба хотири он лату куб карда буданд, њам корношоям будааст. Лекин ба он корњое, ки маро гунањкор карданд, ягонтои он ба вазифаи хизматии ман дохил намешавад ва ягон роњбар ин корро намекунад. Бояд роњбари бонк месанљид, ки ин кор ба вазифаи хизматии кї медарояд. Ин корро њамонљо аниќ накарданд ва њамин ќадар ба ман зарбаи маънавї расонданд". Як манбаъи Тољнюс дар "Тољиксодиротбонк", ки нахост номаш ошкор шавад, изњор дошт, ки "низоми зиддисухторї ва камерањои назоратї дар њар бонки Тољикистон њастанд. Дар "Тољиксодиротбонк" низ. Камерањои назоратї ду хел мешаванд: ошкор ва пинњонї. Камерањои ёфт шуд, љузъе аз ни-

зоми камерањои бонк буда, ба хадамоти бехатарии худи бонк тааллуќ доранд. Симњои онњо ба њуљрањои Хадамоти бехатарии бонк мерафтаанд. Аммо аз бетаљрибагї њамин хел нофањмї шудааст". Дар рањбарияти муваќќатии "Тољиксодиротбонк" ва БМТ касе њозир нашуд, ки ин ќазияро ба Тољнюс шарњ дињад. Маврид ба зикр аст, ки Мирњаёт Ёќубов 32 сол дошта, ба ин вазифа аз љониби Бонки миллии Тољикистон се моњ пеш таъин шудааст, то ба њайси роњбари мудирияти муваќќатї вазъи молии бонкро бењтар кунад. Ў мактаби №93-и пойтахтро хатм кардааст. Баъди хатми факултаи иќтисоди Донишгоњи миллии Тољикистон, ба вазифаи сардори яке аз раёсатњои "Амонатбонк" таъин шудааст. Дар Бонки миллии Тољикистон кор карда, то ба вазифаи сардори Раёсати амалиёти байналмилалї расидааст. Њич гоње дар вазифањои роњбарї кор накардааст. Аз афроди наздик ба муовини раиси БМТ Љамолиддин Нуралиев мањсуб мешавад.

Стив Свердлов: ХЕШУТАБОРИ ЭЪТИРОЗГАРОН БОЗДОШТ ШУДАНД Стив Свердлов, муњаќќиќи масоили Осиёи Марказї дар созмони байналмилалии Human Rights Watch рўзи 20 сентябр гуфт, аз рўи иттилои онњо дар паи "эътирози хомўшона"-и аъзои ЊНИТ дар нишасти САЊА дар шањри Варшава њудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тољикистон боздошт шуданд. Дар ин бора Свердлов дар як сўњбати ихтисосї бо радиои Озодї аз шањри Варшава хабар дод. Ў гуфт, рўзи 19 сентябр гурўњи мухолифон ба толори маљлисгоње ворид шуданд, ки дар чањорчўби љаласаи САЊА оид ба њуќуќи инсон вазъи Тољикистонро баррасї мекард. "Хабари боздошти тахминан 50 хешу табори ширкатдорони ин иќдоми сулњомезро баъди љаласаи САЊА љиддї мегирем. Ин хабар њоло мавриди тањќиќ ќарор гирифтааст, вале дар сурати тасдиќи хабар, ин наќзи хеле љиддии њуќуќи инсон аст. Њамаи ин дар њолест, ки њайати Тољикистон дар љаласаи дирўза дар бораи ўњдадорињояш дар баробари принсипњои њуќуќи инсони САЊА баёнот медод", - гуфт Стив Свердлов. Дар љаласаи рўзи 19 сентябр дар Варшава намояндагони њукумат ва љомеаи шањрвандии Тољикистон, аз љумла ваколатдори њуќуќи инсон Зариф Ализодаиштирок доштанд. Ба толори маљлисгоњ њудудан 20 на-

фар аз ширкатдорони эътирози назди бинои САЊА ворид шуданд, ки дар тан куртањое бо акси боздоштшудањову зиндонињои мисли Бузургмењр Ёров ва аъзои раёсати ЊНИТро доштанд. Онњо оромона дар пушти ширкатдорони маљлисгоњ саф оростанд ва ба гуфтаи Свердлов, бо баъзе аъзои маљлис њамсўњбат шуданд. Свердлов гуфт, баъди ин аз рўи иттилои онњо, бархе хешовандони боздоштшудањо аз љониби ходимони амнияти мањаллї дар Тољикистон њушдор гирифтанд, ки наздиконашон дигар дар чунин эътирозњо иштирок накунанд. Свердлов гуфт, ки ин мавзўъро бо њайати њукумати Тољикистон дар Варшава баррасї хоњанд кард. Вай гуфт, њар сол як бор кишварњои узви САЊА дар як њамоиши калоне сарљамъ шуда, бори дигар аз ўњдадорињои худ дар робита ба њуќуќи башар ёдовар мешаванд. "Њама гуна хушунат нисбати афроде, ки аз њаќи худ барои озодии баён истифода мекунад, на танњо наќзи даѓалонаи њуќуќи инсон, балки бозгўи бархўрди воќеии њукумати Тољикистон нисбати принсипњои њуќуќи башар аст. Ин аломати хеле ва хеле бад аст ва маънои онро дорад, ки онњо аз принсипњои демократї хеле дуранд. Мо аз маќомот талаб мекунем, ки фишорро болои хешован-

дони ин нафарон хотима дињанд. Умедворам, ки онњо базудї озод мешаванд ва миёни њукумат ва љомеаи шањрвандї як муколама сурат мегирад". Як манбаъ дар Кумитаи амнияти милии Тољикистон ба радиои Озодї гуфт, ин боздоштњо дар ноњияњо сурат гирифта ва "ба Кумита рабте надорад". Сухангўи ВКД Тољикистон мегўяд, ки аз ин њодиса хабар надоранд ва касе низ ба онњо мурољиат накардааст. Дар Вазорати хориљаи Тољикистон њам гуфтанд, ки дар ин замина хабаре надоранд. Дар солњои охир баъзе кишварњои хориљї, ба мисли Полша, мањалли таљаммўи мухолифони тољик шудаанд. Дар миёни онњо аъзои ЊНИТ, "Гурўњи 24" ва дигар афроди сиёсї њастанд, ки баъди баста ва мамнўъ шудани ин созмонњо дар Тољикистон, ба хотири дарёфти њаќи паноњандагї ба хориља рафтаанд. Ин гурўњњо дар гузашта дар Туркия, Олмон ва Полша борњо намоишњои эътирозї ташкил карда, аз њукумати Тољикистон риояи њуќуќи инсон ва озодии мањбусони сиёсиро талаб кардаанд. Ин навбат, ба гуфтаи ташаббускорони эътироз дар Варшава, онњо бори аввал бо чењрањои боз њозир шуда, бо шиору овезањо озод шудани ба гуфтаи онњо мањбусони сиёсиро таќозо мекарданд.


ТАСМИМ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

11

ТАШКИЛОТИ "ДИАЛОГ"-И ГЮЛЕН ДАР ТОЉИКИСТОН БАСТА ШУД Ташкилоти "Диалог"-и Фатњулло Гюлен, рањбари њаракати "Хизмет"-и Туркия дар Тољикистон бо супориши маќомоти амниятї баста шуд. Эмсал Коч, рањбари ин ташкилот дар љаласаи дирўза 19-уми сентябр дар Душанбе ба аъзои ин ташкилот аз хатми фаъолияти созмонаш хабар дода, сабаби ин тасмимро ба мушкилоти молї рабт додааст. Аммо бино ба гуфтаи чанд тан аз аъзои ин ташкилот, фарзияи расмї аз њаќиќат дур аст. Дар асл ин иќдом дар пайи изњороти њукумати Туркия, ки њаракати "Хизмет"ро террористї унвон карда, дар даст доштан ба табаддулоти низомии 15-уми июли соли љорї дар ин кишвар айбдор кард, бо дастури маќомоти амниятии Тољикистон сурат гирифтааст, -мегўянд онњо. Бино ба иттилои манобеи мо, тибќи як дастури маќомоти амниятии Тољикистон ин созмон бояд расман аз хатми фаъолияташ дар Тољикистон ба расонањо хабар дода, ќароргоњашро дар хиёбони марказии пойтахт ба номи Рўдакї - 100 холї кунад. Ёдрас мекунем, дар пайи табаддулоти низомии 15-уми июл дар Туркия, Сафорати ин кишвар дар Тољикистон бо баргузории чанд нишасти матбуотї аз маќомоти њукуматии Тољикистон дархост кард, ки созмонњои марбут ба Фатњулло Гюленро бандад. Њукумати Туркия расман аз ИМА талаб дорад, ки рањбари фирории њаракати Хизметро боздошт ва ба ин кишвар истирдод кунад. Бино ба иддаои њукумати Туркия, њаракати дар асл террористии "Хизмет", бо роњбарии Фатњулло Гюлен, ки дар ИМА иќомат дорад, бо сохтани шабакаи ширкатњои тиљоратї ва литсейњои туркї, аз љумла дар кишварњои пасошўравї соњиби нуфузи зиёд гашта, њадафашон ба амнияти ин давлатњо хатарзо будааст. Ин дар њолест, ки ба узвияти ин созмон дар Тољикистон асосан зиёиён ва мансабдорон шомил шудаанд. Барои мисол Махфират Хидирова, муовини

раиси вилояти Хатлон, Абдурањмон Мањмадов, директори Пажуњишгоњи фаласафа ва илоњиётшиносии Академияи илмњо, бисёри аз устодони донишгоњњо ва табибон ба ин созмон шомил шудаанд. Соле ќабл давлати Туркия аз кишварњои хориљї, аз љумла аз Тољикистон хоста буд, ки литсейњои мутааллиќ ба њаракати Фатњуллоњ Гюлен дар ин давлатњо баста шаванд. Рўзномаи туркии "Daily Sabah" навишт, ки моњи майи соли 2015 Раљаб Тайип Эрдуѓон, президенти Туркия ба президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон, њамчунин ба рањбарони кишварњои Озарбойљон, Сенегал, Габон, Косово, Конго, Ќазоќистон, Сомалия ва Љопон бо чунин дархост мактуб ирсол кардааст. Дар Тољикистон шабакаи литсейњои туркї аз соли 1993 амал мекунанд, ки онњоро ширкати "Шалола" идора ме-

кард. Ин созмон низ чанде пеш дар Тољикистон баста шуд ва литсейњои тољикї тукрї ба литсейњо барои лаёќатмандон таѓйири ном карданд. Њамчунин теъдоди муаллимони турк дар ин мактабњо, ки аксарияти фарзандони мансабдорони тољикро ба тањсил фаро гирифтаанд, ихтисор карда шуданд. Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм гуфта буд, ки "ин литсейњо дар аввал њамчун литсейи хайриявї пайдо шуданд. Барои мардуми камбаѓалу камбизоат пайдо шудагї њастанд. Дар ќарордоди Њукумат низ чунин омадаст. Бояд ин литсейњо аз њисоби маблаѓњои хайриявї амал мекарданд. Мутаассифона, бо мурури замон аз таъиноти азалии хеш дур рафтанд". Вазир гуфта буд, ки "шахсан ман тарафдори бастани ќарордод бо ширкати Шалола танњо дар сурати хайриявї њастам, на зиёда аз ин".

Аз Њукумат ба TojNews гуфта буданд, ки сохтори нави литсей аз љониби Президент тасдиќ карда, барои ба тасвиб расонданд ба парламент ирсол шудааст. Њукумати Туркия Фатњуллоњ Гюлен, пешвои љумбиши "Хизмет" (Хидмат)-ро, ки литсейњои муштарак зери сарпарастии ширкатњои ба ў наздик фаъолият доранд, ба ташкили гурўњи террористї ва ба вуљуд овардани нињодњои њамсони њукумат гунањкор медонанд. Додгоњи шањри Истанбул дар моњи декабри соли гузашта барои боздошти Фатњулло Гюлен, пешвои љумбиши "Хизмет" ќарор содир карда буд. Нисбат ба Фатњуллоњ Гюлен дар Туркия њануз дар солњои 90 бо иттињоми талош барои дигар кардани сохтори давлатї парвандаи љиної боз мешавад. Ў бо ќасди табобат аз Туркия фирор карда буд.

луби нигаронкунандаи љомеаи имрўза муборизаи беамон баранд. Ба ќавли Вазири корњои дохилї, Осиёи Марказї минтаќаест, ки кишварњои он сарњади мураккаб ва роњњои пурпечутоб доранд. Аммо, дар баробари муњимияти равуои наќлиётию боркашонї, ин риштаи байниминтаќавї њамчун интиќоли силоњу муњољирати ѓайриќонунї, маводи нашъадор ва њамчунин

гузаронидани љангљўёни ба гурўњњои терористию экстремистї шомилшуда аз як минтаќа ба минтаќаи дигар истифода мешавад. Ба ќавли иштирокчиёни њамоиши мазкур кишварњои минтаќа бояд механизми њамкориро коркард намоянд, ки он њаракат ва интиќоли љангљўёнро ба минтаќањое, ки дар он љо амалиётњои љангї мераванд, пайгирї карда тавонад.

СЕРХОНАНДАТАРИНЊО

ТАЊДИДИ ЉАНГЉЎЁНИ ХОРИЉЇ ДАР ДУШАНБЕ БАРРАСЇ ШУД Дар шањри Душанбе дар мавзўи "Љангљўёни террористии хориљї: тањдидњо ва масъулиятњо" њамоиш ба кори худ оѓоз кард. Вохўрии мазкур бо иштироки маќомоти њифзи њуќуќи 13 кишвари дунё ва дар доираи лоињаи "Калкан"-и Интерпол баргузор шуда, имрўз 20-уми сентябр низ давом мекунад. Дафтари матбуоти ВКД-и Тољикистон дар гузориш аз ин љараён "Гуруњи 24"-ро дар ќатори "Ал-Ќоида", "ДИИШ", "Толибон" ва "Љундулло" гузоштааст. -Ташкилоту гурўњњои хусусияти террористию экстремистидошта, аз ќабили "АлЌоида", "Љундулло", "Њаракати исломии Туркистони Шарќї", "Ансоруллоњ", "Толи-

бон", "Давлати исломї", "Љабњат-ан-Нусра", "Гурўњи 24", њаракати динии "Салафия", "Њизб-ут-Тањрир", Љамоат-ул-Исломї", "Бародарони Мусулмон", "Лашкар-ут-Тайиба", Гурўњи исломї, љамъияти "Таблиѓот" ва дигарон, ки кўшиш доранд, дар як љабња вазъияти љамъиятїсиёсии минтаќаро халалдор созанд,омадааст дар хабарномаи ВКД. Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилї дар баромадаш гуфт, кормандони маќомоти њифзи њуќуќи кишварњои аъзоро зарур аст, ки дар њамбастагї бо љиноятњои хавфнок, аз ќабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, гардиши ѓайриќонунии яроќу аслиња ва маводи нашъадор, дигар зуњуроти номат-


12

БО ШОИР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

ЗИНДАГЇ - ИСЁН АСТ! Зиндагї чист? - яке мепурсад. - Зиндагї чист? - ба такрор зане мепурсад Ва худаш мегўяд: - Зиндагї оњи мани бевазан аст! Ки дар он шабњоро Ба сарам бе сари шавњар зистам, Пойи гоњвораи фарзандонам. Зиндагї - бурдаи нонест, ки умре нонро Кўчарўби заѓане гаштаму онро љустам, То кунун мељўям! То ки фарзандонам, Чашм аз суфраи мардум пўшанд. Зиндагї - ранљи мани бевазан аст, Ки агар бачаи ман мадраса рафт, Бе китобаш напазируфт касе! Бе либосаш напазируфт хасе! Бе либосе якранг, Ки яке тољири хуношоме Тарњи ќонунї бар он бахя зада! Ва ман онро натавонам бихарам... Зиндагї - оњи ман аст, Оњи мани бевазан аст! *** Содае донишљў, Зиндагиро њама ояндаи худ медонад. "Мо љавонон - њама - ояндаи ин буму барем, Бе ягон шак, паси ин роњбарон, роњбарем!" Эй басе донишљў, Њамчу ин донишљў, Кўча-кўча њама мадњўши шиор, Кўча-кўча њама мафтуни шиор, Зиндагї мељўянд! Шањр дар њар ќадами хеш шиоре задааст, Зиндагї рўйи шиор... *** Зиндагї, - масхарабозе мегуфт, - Зиндагї - сањнаи мо далќакњост! Ки дар он бар њама кас механдем, Шаб ба њоли худу онњо, ки њама масхараанд, Пеши худ мегирйем! *** Мунтаќиде мегуфт: Зиндагї - водии хомўши сиёсатбозон, Зиндагї - мадфани дерини сиёсатбоз аст! Мурдањое мурда, Солњо њарфи сиёсат бар лаб, Њукм бар мардуми дилмурда кунанд! Масалан, - ў мегуфт: Дина дар шањр њаќири мутакаббире мурд, Мурдае буд, ки мурд. Мардумон мегуфтанд: Чоч аз ганди њаќорат мутааффин шудааст! Дар Самарќанд, ки "аз Чоч та бењї"-ш гуфтанд, Мурдае оварданд, Ки аз он мурдаи Темур ба тарс афтодаст. Ки Самарќанд аз ин мурда ба дод омадааст... *** Шоире аз дили торихи Њирот, Ба яке байти малењ, Зиндагиро ба Бухорову Самарќанд китобат кардаст: "Дар Самарќанд њанўз, Гурба ях менахўрад. Дар Бухоро, ки хурус, То кунун мурѓи нар аст!*" *** Пирмарде мегуфт: - Зиндагї гўши кар аст! Подшањ дар он кар, Њар кас ояд паси онњо бар тахт, Подшоње кур аст! (Духтари карре буд, Модари ман мегуфт: Кар бало њаст, бало...) Шоирон мегўянд, - пирмард инро гуфт: Аз Бухорои шариф куре рафт, Кар ба љояш омад. Карбало гашт Бухорои шариф, Кар балои дигар аст!** *** Дина аз ин њама ѓам безоре, Хештанро ба дарахте овехт. Зиндагї - худкушии безорест! *** - Зиндагї чист? - намедонам! - гуфт Духтаре, ки ба шитоб Кўчаро мепаймуд. *** Мўсафеде, ки дари масљидашонро дирўз Баста буданд ба зулм, Бе ки тарсад зи касе гуфт ба ман: - Зиндагї - љойнамози ману туст, Ки ба даргоњи Худо саљда кунем. Зиндагї - саљда намудан ба Худост... ***

Бањорї, гулбадомонї, дар оѓўши ту боронам, Кўњистоне таманної, дар оѓўши ту дарёям. Ѓизоле саркашї, аз мављи чашми бода мехезї, Ба гулгашти хаёлотам, ба гуляшти ѓазалњоям. Куљо ман, ишќ њам пеши љамолат лол мемонад, Туро љуз бо њариќи бўсањо ман бо чи бисроям? 18.09.2016. ТИРМОЊИ ЃУРБАТРО... Боѓ - боѓи бебаргист***, сарв - дасти беангушт, Ток - пири афсурда, љомаи хазон дар пушт. Раддаи сапедорон, њамчу бардањои пеш, Дар гузаргањи боданд, дасту пову сарњо ѓушт. Љўйњо - хати ожанг, кўчањо - сукути санг, Бар дари дилам дигар кас намезанад ангушт. Тирмоњи ѓурбатро рў ба рў њамебинам, Эй Ватан! Куљо њастї? То бигирамат оѓушт. Њар нафас фишори маѓз, њар даме фишори дил, Мезанад маро аз пой, мезанад маро бо мушт. ***

Исфандиёр: ЗИНДАГЇ ИСЁН АСТ! Зиндагї аз нигањи дарзии пир, Аз яхан то ба кафан як сари сўзан роњ аст! *** Зиндагї дар гузари тољири њирс Махзани гумшудаи Ќорун аст... *** Ба дарахтон гуфтам: - Зиндагї чист? Шумо медонед? Беди Маљнун дар андуњи худаш пинњон гашт, Ва сафедори падар сар афшонд... Тирмоњ бар дари боѓ Гулу рушан мекард... *** Зиндагї чист? - ба дарё гуфтам. Мављ зад, дар дили худ тўфон кард, Каф ба лаб, силї ба соњил заду гуфт: - Зиндагї путк ба сандон задан аст! Зиндагї арсаи хомўшон нест, Зиндагї наъра ба кайњон задан аст! *** Њаќ ба дарёст! - ба ман тўфон гуфт, Зиндагї дар њама њол исён аст, Зиндагї тўфон аст, Зиндагї исён аст! 09.09.2016

БО ИН ЊАМА ЊАМОСАИ ХУРШЕД... (Ба Хуршеди Атовулло) Ќурбони бозињои замину замон шудем, Ќурбони нозињои камину камон шудем. Моро ба ваќти тифлї замон ѓуссапир кард, Мо кай љавонї дидаву мо кай љавон шудем? Он як чунон гуфту дигар гуфтамон чунин, Мо дар забони халќ чунину чунон шудем. Шабњо ба роњи Кањкашон мезадем ќадам, Ќисмат бубин, ки хори ду-се кањкашон шудем. Мо аз шубонкорагон њаргиз набудаем, Бар мо чи шуд, ки зор ба дасти шубон шудем? Бо ин њама њамосаи Хуршед мондаем, Бо ин њама Тањамтани сад достон шудем. Бо ин, ки мурд оташи суѓдї, намурдаем, Худ оташему тољику суѓдї калон шудем! *** Фархунда бод номи ту! Ёри ќадими ман, Ту Яшти Мењри мо шудї, мо Яшти љон шудем! 10.09.2016

ДИДААМ ХУРШЕД БЕРУН ОМАД АЗ ЗИНДОНИ ШАБ (Пайоме ба њамватанони зиндониям, ба мањбусони сиёсї ва пуштибонї аз пешнињоди "16-уми сентябр - рўзи мањбусони сиёсї") Нест ахтар ин, ки мерахшад миёни хони шаб,

Њаст ин алмоси рахшон шуълаи дандони шаб. Бо шињобе охта чун теѓ, тир аз зўзанаб, Моњ шуд захмї ба тиру ханљари буррони шаб. Осмон аст ин ва ё кушторгоње дар нињон? Хуни ахтар мечакад аз найзаи мижгони шаб. Нест дар даврони истиќлоли мо њарфи хуше, Умрро бењўда фарсудем дар даврони шаб. Боз њам бо ин њама зулму ситамњо дидаам, Юсуфи Мањ мебарояд аз чањи Канъони шаб. Боз исён, боз исён, боз исён мекунам, Баски дидам хандаи субњ аст дар поёни шаб! Миллати ман, миллати хуршедии ман, зинда бош, Гарчи девони ту афтодаст бар девони шаб. Мерасад айёми озодї ба њар зиндоние, Дидаам, Хуршед берун омад аз зиндони шаб! 16.09.2016

Суѓдзоди танњоям, оташам ба љон афсурд, Войи мањди Деваштич, войи кишвари Зардушт! 19.09.2016

МАРГ ОМАД, КИ... Марг омад, ки: "Њой! Мебарамат! Бе чуну бе чарой мебарамат! Ин сарой аз сари ту мемонад, Хоља! Аз ин сарой мебарамат. Кўси шоњї задї ду-се рўзе, Ман кам аз як гадой мебарамат. Љомањое гаронбањоят буд, Ман ба ниме ќабой мебарамат. Мардуме зери по-т мебўсид, Бинигар, зери пой мебарамат! Ба Худо то куљо ситезидї? Њол пеши Худой мебарамат! Бо худат, гў, чи метавонї бурд? Ва чи монї ба љой? Мебарамат!

ДОНИСТАМ ИН ЌАДАР, КИ КАСЕ... Дидам басо касо, ки дар ў нангу ор нест, Љуз дар ѓами худаш, ба ѓами кас канор нест. Дидам, миёни нањлу милал, њамчу дар Ватан, Ќавме ба мисли миллати мо хору зор нест. Аз кўњсорзодагон уммедам ин набуд, Чун кўњсорзодае худ бевиќор нест. (Бо ин, ки дидаам басе дар кўчаи Ватан, Марде дигар ба ѓайри худи кўњсор нест.) Дирўз дар мусибате, дар сањнае ѓамин, Дидам, ки њамдиёри худам њамдиёр нест. Дидам, ки њамдиёри худам мефурўшадам, Дидам, ки њамдиёри худам марди кор нест. Донистам ин ќадар, ки пас аз он њама набард, Як мард дар миёнаи ин садњазор нест! Донистам ин ќадар, ки ба ман ѓайри ашки ман, Обе намедињад касу кас ѓамгусор нест. Донистам ин ќадар, ки ба ѓайр аз худам касе Бар ман рафиќу додару хешу табор нест. Донистам ин ќадар, ки касе баъди ман нагуфт: Дар хайли мо чаро дигар Исфандиёр нест?... 17.09.2016

БА ХУДО, ЊАРЧИ, КИ ГУФТАМ... Ба рухат - ахтари шабњои ба худ омаданам, Мезанам фоли таманнои ба худ омаданам. Эй зан, эй маърифату маслињату манзалатам, Ту шудї маъбару маъвои ба худ омаданам. Нест дар шањр маро бе ту на рањбар, на рање, "Ассалом, эй рањи рустои ба худ омаданам.****" Рафтам аз хеш канори ту, ки оям бар худ, Чунки бе ту набувад љои ба худ омаданам. Ба Худо, њарчи, ки гуфтам ба худ о буд, худ о, Ба худ о буд чу маънои ба худ омаданам. Мекашам бода канори ту ман имрўз, ки њаст Лаби ту соѓари фардои ба худ омаданам. Маст бигзор маро, то ки ќиёмат нашавад Шањр аз њайбату ѓавѓои ба худ омаданам. Маст аз бодаи оѓўши ту будан бењтар, Аз рањи майкада бе пои ба худ омаданам. 01.09.2016 Олмон

БА ГУЛГАШТИ ХАЁЛОТАМ, БА ГУЛЯШТИ ЃАЗАЛЊОЯМ... Дар оѓўшат чу меоям шавад оташ саропоям, Халилам, гул шавад оташ дар оѓўшат чу меоям. Саропо оташї, оташ! Саропо рўшанї, рўшан, Ман аз ту субњ мегирам, ман аз ту Офтоб оям. Ман ин девонагиро то ѓазал овардаам, эй зан, Ки ту Лайлои маљнуниву ман маљнуни Лайлоям! Ман аз тамсил берун мекашам њарфи туро инљо, Ки ту худ Тури Синоиву ман худ Тури Синоям.

* Њазрати Абдуррањмони Љомї бо танз гуфтаанд: Дар Самарќанд гурба ях нахўрад, Дар Бухоро хурус мурѓи нар аст! ** Дар "Ёддоштњо"-и устоди аллома Садриддин Айнї ба муносибати рафтани яке аз мансабу дигаре ба љои ў омадан аз шоире наќл шуда: Аз Бухоро кур рафту кар ба љои ў нишаст, Дар Бухорои шариф ин кар балои дигар аст! *** "Боѓи бебаргї" - вом аз устоди бузург Ахавони Солис аст. **** Мисраъ аз ѓазали баланди устоди равоншод Абдуваќќос Юсуфист, аз ѓазали баланду хушоњанге бо матлаъи: Ман гузаргоњи њавасњои ба худ омаданам, Эй Худо, боз кушо пойи ба худ омаданам.

03.09.2016


ТАХТАИ СИЁЊ Барои чї дар мањаллаи мо - дар "Гипрозем" солњо боз милиса њич наметавонад хараљу мараљи мошинњоро ба тартиб орад? Бовар намекунед, аммо ин сиррро бароям бобои љўгие, ки дањ сол аст мудом назди Донишгоњи славянї мешинад, ошкор кард. Љўгї ба милиса ва хараљу мараљи мањалли ин чї дахл дорад, баъдтар мефањмед, аммо њоло дар бораи ќонунњои нонавиштаи "Гипрозем" наќл кунам... Ин њамон Гипрозем аст, ки сардори милисааш журналисти Маркази тадќиќоти журналистии Тољикистонро задааст. Ба гуфтаи журналист, ўро њангоме, ки шоњиди мољарои милиса бо зани савдогаре шуд, латукўб кардаанд. Дар ин мањалла натанњо журналистонро ва натанњо милисањо мезананд. Ман пештар ќиссаи як мардикор, ки ўро мошин зада маљруњ карда буд ва аз сањар то бегоњ на аз масљид на аз милиса мусалмоне наздаш нарафта буд, навишта будам. Вазорати корњои дохилї дар вокуниш ба ин матлаб вокуниш нишон дода буд. Милисањои ин љо барои хунукназарї муљозот шуда буданд. Як нозири БДА-ро аз кор гирифтанд. Ба њар њол ВКД њамин хел гуфта буд. Аммо вазъ дар Гипрозем бо муљозот ислоњ нашуд, агар бадтар нашуда бошад. Дар ин мањалл мошин бисёр аст. Аз њар куљои дигар бисёртар. Мошин ин љо дар љойи мумкину номумкин меистад. Соатњо меистад. Касе суроѓ намекунад, ки он аз кист. Ду тарафи роњ таваќќуфгоњ шуда, хатти дуюми њаракат аз ду сў ба истгоњи наќлиёти мусофиркаш табдил меёбад. Чор бозори ин мањалла чунон мошинњоро ба худ мекашад, ки асал дар љалби мўру магас ољиз аст... Дар гармои тобистон њавои ин љоро нафас гирифтан номумкин мегардад. Сигоркаш бошед, ин љо тамоку гиронед, он ваќт то кадом андоза ночиз будани зарари дуди никотинро дар муќоиса бо атмосфераи ин мањаллаи пойтахт дарк хоњед кард... Аммо ду -се нозири милиса, ки њамеша миёни роњанд, њамеша бо табассум халачўбашонро ин сўву он сў тоб дода, бо виќор фаќат ишора мекунанд: ба ин мошин ишора мекунад, ки равад, ба онаш ишора мекунад, ки истад, ба дигарї ишора мекунад, ки мешиносадаш,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

13

ЧАРО ДАР МО ЊАТТО ЉЎГЇ ЉОЯШРО БА КАСЕ ДОДАН НАМЕХОЊАД?

ба чорумї салому салют мефиристад... Сањар то шом ин љо тамба аст. Дар ин мањалла ќонун ва ќоидањое амал мекунанд, ки дар ягон китобу кодекс навишта нашудаанд. Аммо сокинону савдогарон ва мусофирони доимї ин ќонуну ќоидањоро чун панљ не, ки дањ панљаашон аз бар кардаанд. Касе аз ин ду-се нозири БДА намењаросад, ки агар ба самти муќобил барояд љарима мешавад. Не, албатта нозири милиса кўр нест, вай мебинад, ки ќонуни навишта вайрон шуд, аммо ронандаро кифоя аст ба ў як ишора кунад... Ронанда сигнали мошинро чунон пахш мекунад, ки тамоми мањалла њушёр мешавад. Он ваќт нозир њам халачўбашро њатман мебардорад. Ба маънои "роњи сафед! Ака ё додар..." Савдогарон истгоњи троллейбусњоро бо бозор табдил додаанд. Партовро рўйирост оварда, баъзан бо ароба мерезанд. Дар сари роњ. Њамон љое, ки мурѓбирён мефурўшанд. Бомжњо бемалол ин љо то сањар истироњат мекунанд. Касе аз маќомоти ко-

рњои дохилї пашшаи касеро пишт намегўяд. Кўчаву роњрави пиёдагардон аз нисфирўзї ба бозори либосу ѓизо, меваю сабзавот табдил меёбад. Хулоса шањрак мељўшад. Чаро ин мардумро касе чизе намегўяд? Ба ин саволи ман боре яке аз савдогарони ин бозори сарироњї љавоб гуфта буд: "камбаѓаланд инњо, њама дар хобгоњњо меистад ё дар иљора, љой дар бозор ќимат..." Аммо њоло бозор холї аст. Ин мардумро ба зўр, бепул ба бозор дароварда намешавад. Борњо шоњиди "фишор"-и масъулини бозор ба мошинњои боркаши табузфурўшї шудаам, ки намехоњанд дарунтар аз дарвозаи бозор дароянд. Ва дина сањарї ваќте аз њамон роњи тамбаву тор гузашта ба кор меомадам, боз бобои љўгиро дидам, ки дар остонаи дари "Русский Мир", дар бинои Донишгоњи Русияву Тољикистон нишаста, "кор" мекард. (Љўгињо талбандагиро воќеан касбу кор мењисобанд). Як љавон ба ин бобо 1 сомонї дароз карда, суњбати гар-

ме орост: Э, бобо њолиям њамин љо мешинї? Мо ин донишгоњро њафт сол пеш тамом карда, 5 сол дар Россия кор кардем, омадем... Ќанд зан, бобо!! Њолиям њамин љої! Бобо њам пирона сар љунбонда: -Зиндагї -да бачам! Ин муколама маро ба фикр бурд: Аввал ин ки дар Душанбе, гуфтї њамон дорандаи дипломи донишгоњ, њадди аќал њафт сари сол, ба ѓайр аз бинокорї, ягон чї таѓйир нахўрда аст. Диплом дорї ё не, маљбурї ба мардикорї равї... Дигар ин ки мо ба њамин ќонуни нонавишта, мисли савдогарони мањаллаи мо аллакай одат кардем. Вагарна, дар ин њафт сол мо хуб донистаем, ки ба бобои љўгї пул доданамон хайри худої не, ки одат аст. Дањ солу бист сол њам ба бобои љўгї пул медињем, дар њоле, ки медонем, ин бобо ба пул ниёзе надорад. Дар љайбаш аз ману шумо бештар пул дорад. Мисли њамон милисањои мањаллаи мо, ки аллакай тамоми ронандагон онњоро ном ба ном мешиносанд ва шояд як сомонии додаашонро бо пахш кардани сигнал њар дам ба нозир хотиррасон мекунанд. Муносибаташон наздиктар аз хешутабории имрўзина аст. Ва сеюм ин ки дар мо мансабдорону нозирони милиса он тараф истад, њатто љўгињо "пост"-ашонро ба касе додан намехоњанд. Ба талбандаву љўгињо кор надорам, аќаллан нозирони БДА-ро тез-тез иваз кунед, хараљу мараљ ба поён мерасад. Намедонам барои чї, аммо ман ба ин бовар дорам. Фаридун РАЊНАВАРД

БОЗДОШТИ 4 "ШУМАХЕР" ВА ДАРДИ МАНСАББОЗЇ

Шоми 13-уми сентябр моќомоти корњои дохилии Тољикистон гуруњи ронандагони љавонро, ки дар пойтахт пойга мекарданд, боздошт карданд. Чор нафари боздоштшуда Бахтиёр Рањимови 27-сола, Бахтиёр Љабборови 29-сола, Алишер Камолови 28-сола ва Одил Зокирови 31 -сола дар роњи мошингарди ќад-ќади "Наврўзгоњ" (ипподроми собиќ ) пойга мекарданд, -хабар медињад ВКД. Онњо боздошт шудаанд. Мошинњои онњо дар таваќќугоњи љаримавии РБДА-и шањри Душанде њабс шуда, бо ќарори суд ин чор нафар ба 5 шабонарўзи њабси маъмурї мањкум шуданд. Маќомоти корњои дохилї

мегўянд, онњо натанњо ќоидањои њаракат дар роњро вайрон кардаанд, балки бо суръати хеле баланд мошин ронда, дар роњ вазъи садамавї ва хатарзо офаридааанд. Роње, ки ин љавонон ва љавонњои дигар пойга мекунанд, барои ин кор хеле ќулай аст. Њам кормандони БДА нестанду њам камерањои "Шањри бехатар". Онњо танњо нафароне нестанд, ки ин љо пойга мекарданд. Ин роњ њамчун љойи пойгаи писарони мансабдорони воломаќом ном бароварда аст. Аммо ин чорнафара, ки ахиран боздошт шуданд, онњо њам, ба гумони ѓолиб боздошт намешуданд. Албатта агар зинда

мемонаданд, садама намекарданд, ё баъди пойга хархашаю бадмастї намекарданд, ба њар сурат мерафтанд ними шаб ба хона ва касе онњоро чизе намегуфт. Агар... Агар садамаи 10-уми сетябр рух намедод. Ба боздошти ин чорнафара, ба гумони ѓолиб садамаи маргбори дигар бо иштироки Фаромуз Саидов, писари 23-солаи ноиби Сарвазири Тољикистон Давлаталї Саид сабаб шуд. Ин садама маќомотро њушдор дод. Вагарна чунин пойгањои шабона дар роњњои мошингарди пойтахт њодисаи чандон нодир нест. Ќонун шояд барои ин навъи ќонунвайронкунї њабси панљрўза ё камтару бештареро пешбинї карда бошад. Дуруст аст, ки љазои нафароне, ки барои кайфи худ њаёти дигаронро зери хатар гузоштаанд, сангинтар бошад. Аммо саволи дигар ин аст, ки чаро маќомот аз боздошти ин

чор "Шумахер" зуд хабар доданд, дар њоле, ки ќазияњои марбут ба мансабдорон, ё наздикони онњоро пинњон медоранд. Садамаи писари Њукумов, љияни Амирќул Азимов, ахиран садамаи писари ноиби Давлаталї Саидов њам танњо баъд аз он ки журналистон ба он пай бурданд, ошкор карда шуд. Њол он ки дар пайи ин садама ду нафари комилан бегуноњ ба њалокат расид.

Агар маќомот мустаќилона рафтор кунанд, аз мансаббозиву шиносбозї ва рўйпўшкунии айби ин ё он нафари воломаќом худдорї карда, њамаро ба як чашм, ба чашми ќонун нигоњ кунанд, бовар аст, ки чунин њодисањо натанњо кам мешаванд, балки ба тадриљ аз байн хоњоанд рафт. Аммо кай мо аз дарди мансаббозиву хотирбинї рањо хоњем шуд?


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

Барзу Абдураззоќов, коргардон, аз фаъолтарин чењрањои љомеаи шањрвандии Тољикистон. Нафаре, ки бидуни тардид метавон намоди рўшанфикрї, таљассумгари набзи љомеа номид. Болотар аз ин, њама касоне, ки бо Барзу камтарин шиносоиро доранд, ба ў як сифатро ќоиланд: инсони комил. Ба ибораи дигар, ў њамомананди дарёст. Њамаро дар худ меѓунљонаду ѓурури хос дорад. Аммо ўро ягон чањорчубаву тангно дар доираи худ наѓунљондааст. Агар ором аст, пас оромии ў мисли оромии дарё беасрор нест. Дар бораи ў гуфтану навиштан њам осон нест. Ба тавоної, њунармандї, назокат, љасорату дониш ва малакаи коргардонии ўро, њатто нотавонбинњояш ќабул доранд. Њама ўро эътироф доранд. Барои ба ин сатњу мартаба расидан, Барзу бо талош ба воя расидааст. Њеч гоњ аз талоши сохтани худ хаста нагардидааст. Шояд аз башумор шахсиятњои Тољикистон аст, ки китоб ба таври њамеша муниси ўст. Барзу Абдураззоќов 19-уми сентябри соли 1959 дар оилаи њунармандони асил Њабибулло Абдураззоќољ ва Фотима Ѓуломова ба дунё омадааст. Аз ин сабаб, ќадам ба дунёи театр нињодани ў тасодуфї нест. Шањодатномаи мактаби миёнаро соли 1976 гирифтааст. Худи њамон сол ба Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1980 онро хатм мекунад. Дар давоми солњои 1980 то 1987 дар факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии њунарњои театрии Русия маъруф ба ГИТИС тањсил кардааст. Фаъолияти кориашро дар Тољикистон аз театри давлатии шањри Хуљанд оѓоз карда, минбаъ дар Театрњои љавонони ба номи Мањмудљон Воњидов, Театри драмавии русї ба номи Маяковский, Театри драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї дар шањри Душанї идома медињад. Аммо дар чанд соли охир дар Тољикистон гўё сањнањои театр барои асарњояш тангї мекард. Даќиќтараш, мушкилињои фаровон дар баробари намоишњои ў меофариданд. Дар муддати фаъолияташ беш аз 50 асар ва намоишњои театриро ба сањна гузоштааст. Ин асарњои ў дар театрњои Тољикистон, Ўзбакистон, Ќирѓизистон, Ќозоќистон, Русия, Эрон, давлатњои аврупої ва ѓайра ба намоиш гузошта шу-

ИЗТИРОБ

БАРЗУ АБДУРАЗЗОЌОВ 55-СОЛА ШУД даанд. Чи дар сањнаи театр дар Порис ё дар Хуљанд дар баробари њунари ў холисона каф кўбидаанд. Як муддат дар шањри Хуљанд фаъолият мекард. Он замон њама аз театр дар Хуљанд мегуфтанд, дар сањифањои матбуот њарф аз Барзу буд. Ба Душанбе омад. Соли 2009 намоишномаи "Девонагї. Соли 93"-ро аз рўи асари "Таъќиб ва ќатли Жон Пол Марат" аз дромновиси олмонї Питер Улрих Вайс ва "Соли 93" аз Виктор Њугу, шоъир ва дромнависи фаронсавї омода кард. Намоиш њаводиси инќилоби Фаронса дар ќарни 18-ро бозтоб мекард. Намоиш дар арафаи љашни Наврўз дар театри Маяковский муаррифї гардид. Дар назар буд, ки баъди се рўз ба сањна гузошта мешавад. Аммо ба сензураи Вазорати фарњанги Тољикистон рў ба рў гардид ва намоишњои баъдї мамнўъ шуд. Њамин тавр, бо таѓйири номи намоишнома ба "Девонагї. Соли 1793" ва дигаргунињое дар сањна иљозат доданд. "Девонагї. Соли 93" ягона намоиши Барзу Абдураззоќов нест, ки гузоштани он дар сањнаи театри тољик манъ гардидааст. "Муњољир" намоиши дигаре, ки Барзу Абдураззоќов аз рўи асари Славомир Мрожек, нависанда, драматург эссеист ва рассоми лањистонї омода карда буд, дар сањнањои театри тољик роњ наёфт. Намоишнома дар толорњои хурде пешкаши теъдоди хеле ками тамошобинони тољик гардид. Худи Барзу Абдураззоќов дар як суњбат аз он намоиш чунин ёд кард:: "Ин намоишро дар иљрои ду њунарманди бењамтои тољик Нозим Меликов ва Ќурбони Собир ба сањна мондам. Аммо баъди 3-4 маротибаи ба сањна гузоштан, намоиши минбаъдаи онро манъ карданд. Шумораи тамошбинон низ зиёд набуд. Хеле дардовар аст, ки пас аз сарфи ин ќадар нерўву зањмат, спектакли омодашуда, ба тамошобин пешнињод нашавад. Мо шабона барои омода намудани ин сањна кор мекардем, чунки рўзона њар яки мо дар театр машѓули корњои дигар будем. Ваќте мањсули зањматњои

сангини худро ба тамошобин пешнињод карданї будем, туњмати палиде муњраи моро шикаст, ки гўё мо аз сањнаи театр тољикро тањќир кардаем. Намоишнома ба њамин тариќ ба куллї мамнуъ эълон шуд". Аммо мамнуъ эълон карданњо танњо барои Тољикистон буд. Намоиши мазкур моњи августи соли 2013 дар тањияи ў дар Театри академии ба номи Токтоболот Абдумомунови шањри Бишкек ба сањна гузошта шуд. Њоло бо гуфте як пояш дар хориљ асту як пояш дар Тољикистон. Дар сањнањои театри Ќазоќистону Ќирѓизистон намоишнома мегузорад... Барои њаводорони театри тољик намоишномањои "Найрангњои Абдуи Хуљандї", "Шабпарак хоб дид", "Чор дарвеш", "Антигона", "Оттелло", "Њайвонхонаи шишагї" дар тањияи Барзу Абдураззоќов аз пурномтарин намоишномањои театрї боќї мондааст. Намоишномаи "Хизматгори ду хоља"-и ў дар театри Лоњутї аз сердбинандатаринњо шуда, "Нидо" ва "Роњи дури дур то Макка"-аш барандаи чандин љоизањои минтаќавию байналмилалї ва унвони "Бењтарин намоишномаи ИДМ" ба худ гирифтааст. Барзу дар соли 2013 бо даъвати Ќирѓизистон ба ин кишвар рафт ва чандин намоишњо дар сањнањои театри ин кишвар гузошт. Њатто соли 2013 дар ин кишвар "Коргардони сол" эътироф шуд. Дар интихоботи президентии Тољикистон дар соли 2013 бо мавќеъгирињояш аз номзадии Ойнињол Бобоназарова, номзад ба маќоми президентї аз љониби мухолифин љонибдорї кард. Ўро њамчун чењраи мухолиф бозтоб кард. Аз хабарсозтарин чењрањои сол буд. Дар соли 2014 низ якчанд бор бо њимоя аз Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик садо баланд кард. Мухолиф буданашро дар як суњбат чунин шарњ дод: "Оппозитсия ин маънои позитсия, мавќеи дигар доштан аст. Аз ин нуќтаи назар, ман инсони мавќеъњои тамоман дигар њастам, на мисли онњое, ки моро идора мекунанд. Ман душман нестам,

аммо дунёро ба ранги дигар мебинам, тасаввуроти ман дар бораи љањон дигар аст, рангорангии рангњои сиёсии ман тирукамонранг њастанд, олами ман гуногуновоз аст, бисёровоза - полифонї аст. Ман Исоро, Буддову Пайѓамбари акрам Муњаммадро дўст медорам, чун медонам, ки онњоро Худои ман офаридааст. Ман олами сиёњу сафеди афроди беистеъдодро дўст намедорам. Ман ба камрангї тобеъ шуда наметавонам. Ман зебоиро ќади љон мепарастам. Мусиќї ва кўдаконро дўст медорам. Ўзбакњо, ќирѓизњо, яњудињо, бирмагињоро дўст медорам ва онњоеро, ки мехоњанд љањонро барои ман таќсим кунанд, чашми дидан надорам. Агар ин оппозитсия будан аст, пас, бешак, ман аввалин оппозитсионери љањон њастам". Соли 2010 силсиламусоњибањои ў бо чењрањои матрањи Тољикистон дар рўзномаи "ИмрўзNews" аз пурхонандарин матлабњои ин нашрия буд. Барзу нишон дод, ки дар рўзноманигорї низ чирадаст аст. Соли 2001 Њунарманди шоистаи Љумњурии Тољикистон гардидааст. Соли 2011 дар шањри Душанбе дар Озмуне тањти унвони "хушсалиќатарин сокини шањри Душанбе", ки бо номи "ТОП-50" маъруф буд, аз хушсалиќатарини сокинони Душанбе шинохта шуд. Соли 2012 њафтаномаи "Нигоњ" рейтинги "Чењрањои мардумии соли 2012"ро баргузор намуда, Барзу Абдурраззовро "Њунарманди сол" эълон кард. Соли 2013 низ бо ќарори њакамони 5-умин фестивали театрї дар Ќирѓизистон, ки ба муносибати 70-солагии њунарманди хизматнишондодаи ќирѓиз Т. Турсунбоева дар шањри Нарин баргузор гардид, дар ин кишвар "Коргардони сол" эътироф шуд. Соли 2014 аз љониби Вазорати фарњанг ва Анљумани фаъолони театр дар Ќирѓизистон барои бењтарин њунари коргардонї дар 5 соли охир соњибљоиза гардид. Дар бораи фарзандонаш мегўяд: "Се фарзанд дорам: Бењрўз, Каюмарс, Ханно. Ва се фарзанде, ки аз худ мешуморам: Фирўза, Сафина, Исроил!"


НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА

?-И НОБОБ Ташхиси пешазникоњї ба як дарди сар табдил ёфтааст. Мехостам пурсам, ки мувофиќи ќонун духтурон бояд давоми чанд рўз баъд аз мурољиати мо ташхисро гузаронанд? Д.А.сокини шањри Сарбанд. Тибќи тартиби тасдиќкардаи Њукумати Тољикистон ташхиси навхонадорон давоми 14 рўз баъди мурољиати шањрвандон ташхисро анљом дода мешавад. Тибќи ќарори њукумат маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї муваззаф шудаанд, танњо дар сурати пешнињоди хулосаи тиббї аз арўсу домодшаванда аризаро барои сабти никоњ ќабул намоянд. Њукумат муќаррар кардааст, ки ташхиси њатмии тиббї ройгон дар муассисаи тиббии мањалли зист анљом дода мешавад. Афроде, ки дар хориљи кишвар иќомат доранд, бояд хулосаи муассисаи тиббии мањалли иќоматашонро ба хадамоти консулї пешнињод намоянду никоњашонро ба ќайд бигиранд. Њукумат инчунин муќаррар кардааст, ки арўсшавандањои њомила, ки нияти издивољ доранд, бояд давоми 7 рўз баъд аз мурољиат ба муассисаи тиббї аз ташхиси тиббї гузаронда шаванд. Њадафи ташхис, ки ройгон гузаронда мешавад, таъмини њаёти солим ва љилавгирї аз таваллуди фарзандони маъюбу бемор арзёбї шудааст. Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон муваззаф шудааст, ки њар сол то 30 декабр аз иљрои тартиботи тасдиќшуда ба њукумат гузориш дињад.

?-И НОБОБ Хабари Прокуратураи генералї дар бораи пешгирї шудани 8 амали терористї тариќи хондани мукотибањои электрониро хондам. Ин хуб аст, ки аз амалњои терористї пешгирї карда мешавад, аммо боз нигаронї аст, ки махфї будани мукотибањои шахсии сокинон зери шубња меравад. Суоли ман аз Прокуратураи генералї ин аст, ки оё мукотибањои электронии њамаи шањрвандон назорат карда мешаванд? Оё ин наќзи ќонунгузории кишвар нест? Билохира, хондани мукотибањои мањрамона, дахолат ба зиндагии шахсии шањрвандон мањсуб мешавад ё не? Инро масъаларо кадом ќонун ба танзим медарорад? З.А., сокини ноњияи Деваштич.

Барои таъмири наќлиёти мошинам ба 2,5 њазор сомонї эњтиёљ дорам. Мехоњам ин маблаѓро аз ягон бонк ќарз гирам, лекин дар бораи муфлис шудани бонкњо он ќадар зиёд шунидаму хондам, ки дигар аз ќарз гирифтан метарсам. Агар мудирияти бонкњо ин мурољиати маро хонанд, хоњишмандам тариќи рўзнома ба ман љавоб дињанд. Давлатбеков М., сокини ноњияи Рўдакї.

?-И БОБ

15

АКСИ ГЎЁ

Дар теппае чўпоне рост истодааст. Дар назди чўпон рама мечарад. Ногањон телефони мобилии чўпон занг мезанад. Ў телефонро ба гўшаш наздик мекунад. Њамаи рама сўи ў мегардад. Чўпон бо ифтихори баланд сўи рама нигоњ карда мегўяд: - ин маро мепурсанд. *** Афандї аз бозор табаќи чўбї мехарад. Фикр мекунад, ки инро хона барам як рўз не як рўз мешиканад. Ябора шикаста пайвандаш мекунад, баъд ба хонааш мебарад. *** Ба муносибати зодрўзи писараш њамсояи Афандї тўйи калон баргузор намуд. Афандї њам хоњиши зиёд дошт, ки дар ин маърака иштирок намояд, зеро њамсояаш бой буд ва ўро таклиф накарда буд. Бинобар ин ў њила фикр кард, ки њам дар тўй бошаду, њам мењмони фахрї. Ў вараќи ѓафсеро гирифта, чорќат намуд, ба лифофа љой кард ва дар баѓалаш пинњон кард. "Ассалому алайкум, олимаќомам! гуфт Афандї, ба њавлии њамсоя даромада истода. - Ба муносибати зодрўзи писаратон, ќозиамон, бароятон табрикнома фиристоданд" ва лифофаро аз баѓал гирифта ба соњибхона пешнињод намуд. Бой аз ин хабар хеле хушњол гардид. Лифофаро ба кисаи даруни либосаш гузошт ва Афандиро дар љойи пурифтихор љой кард ва наздаш бењтарин ѓизоњоро гузошт. Баъд соњибмаърака билохира ором шуд, даст ба ришаш бурду лифофаро аз баѓал бо эњтиёт баровард ва кушод, ки болои зонуњояш вараќи тозае афтид. "Инро чї хел фањмем? - гуфта ў дасту по гум карда, ба Афандї мурољиат намуд. "Мумкин, ќозї ваќт надоштааст табрикнома нависад, охир кораш бисёр, фањмидан мумкин, - гуфт Афандї ва лаѓмонро тоб дода ба дањон меандохту мегуфт, - мактуб њам лозим набуд, охир ман суханњояшро як ба як ба Шумо расондам-ку!" *** - Ту дар назди директор ваъда дода будї, ки дигар дар ваќти кор шароб наменўшї. Боз кайфат таранг ку! - Парво накун, дўстам. Бо директор њамроњ нўшидем!

?-И БОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

*** Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада гуфт: - Раис, имшаб хоб дидам, ки Шумо ба ман рањматнома ва мукофоти пулї додаед. Сардор гуфт: - Рањматномаро нигањ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алњол мо ба он сахт эњтиёљ дорем.

ВАЌТЕ АЙФОН НАБУД...

ХАРИ МАРО НАХАНДОНЕД! Мурољиати ман ба онњое, ки аз ноадолтињо дар Тољикистон ба созмонњои хориљї, аз љумла он созмонњое, ки аз њуќуќи башар дифоъ мекунанд, дахл дорад. Њуќуќи ману шумо-шањрвандони Тољикистон барои ягон созмони њуќуќи башар, барои сафорати ягон кишвари хориљї умуман барои љомеаи мадании Ѓарб муњим нест. Барои исботи ин назари хеш ба шумо як далел меорам: Райъпурсии умумимардуми Тољикистон, ки моњи майи соли равон баргузор гашт, 40 таѓйиротро ба ќонуни асосии кишвар дарбар мегирифт. Масалан, ман бо 20-тои ин масъалагузорї розї ва бо 20тои он зид будам ва дар ин райъпурсї аслан имкони райъ додан ба тарафдории ин таѓйиру иловањо ё баракси он имкон надошт. Дар як райъпурсї набояд 40 масъала бо як "ња" ё "не" матрањ мешуд. Ин райъпурсиро созмонњои њуќуќи башар сафоратхонањо намояндањои хориљї њама гуё назорат доштанд. Касе эрод нагирифт, ки дар райъпурсї як нафар наметавонанд ба 40 масъала якбора розї ё зид бошад. Розиед? Ин раъйпурсї гуё баргузор шуд. Агар ин созмонњо њуќуќи ману шуморо эњтиром мекарданд, масъала ба ин њад содда гирифта намешуд. Аз онњое, ки дар шабакањои иљтимої љор зада, хусусан аз Ѓарб кумак металабанд, як хоњиш дорам: Бародарон, њамаватанони азиз, илтимос, "хари маро нахандонед". Дар њалли мушкилоти худ, аз љумла мушкилоти њуќуќї худатон њаќталошї кунед. Ин андешаи ман аст, ман онро ба касе бор карданї нестам. Гуфтї як бузургамон, ки муроди мо насињат буду гуфтем... Назаров.С. сокини пойтахт.

?-И БОБ БА ЉОИ 09

Соли 2010 ба як нафар бо асъори хориљї ќарз дода будам ва имрўз ў имкони баргардонидани маблаѓи ќарзи гирифтаашро бо асъори хориљї надорад. Ў мегўяд бо ќурби њамонрўзаи доллар ба ту сомонї медињам. Мехостам пурсам, ки моњи майи соли 2010 ќурби доллари ИМА ба чанд сомонї баробар буд? Аз куљо ќурби онрўзаро пайдо карда метавонам? Ташаккур! Абдулбосит, сокини ноњияи Хуросон. Шумо барои гирифтани иттилоъи эътимоднок бояд ба Бонки миллии Тољикистон мурољиат кунед. Ба телефонии (992 44) 600-32-47 ба Хадамоти матбуоти БМТ занг зада, ба саволатон посух гирифта метавонед. Иттилоъ дар бораи ќрби асъор дар даврањои гуногун дар сомонаи Бонки миллии Тољикистон низ дастрас аст.

Шумораи 23-и њафтаномаи "Нигоњ" куљо шуд? Њафтаи гузашта дар тамоми шањри Душанбе шумораи №23-и њафтаномаи "Нигоњ"-ро кофтам, аммо мутаассифона онро аз ягон дўкони рўзноманфурушї пайдо карда натавонистам. Шумораи № 23-и "Нигоњ" куљо шуд ва ман онро аз куљо дарёфт карда метавонам? Фирўза, сокини Душанбе. - Агар шумо дар дуконњои рузномафурўшї нусхаи њафтаномаи "Нигоњ"-ро дарёфт карда натавонистед, пас метавонед онро аз сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews аз бахши "Нигоњ" варианти электронии онро дастрас кунед. Сомона имкони мутолиаи нашрияро хеле осон ба роњ мондааст. Ташаккур барои таваљљуњатон.

Директори Департаменти муомилоти пулї ва амалиёти хазинадорї Њаитов Амриддин Зуњуриддинович Тел.: + (992 44) 600-32-43; Директори Департаменти идораи захирањои байналмилалї ва сиёсати ќурби асъор Лафизов Нуриддин Љамолиддинович Тел.: + (992 44) 600-31-82; Директори Департаменти технологияњои иттилоотї Машрабов Њамидулло Мањмадуллоевич Тел.: + (992 44) 600-32-56; Сардори Идораи суботи молиявї Мањмудов Изатулло Туйчиевич Тел.: + (992 44) 600-31-43; Сардори Идораи њисобдорї-сармуњосиб Фархудинов Раљабалї Асоми-

динович Тел.: + (992 44) 600-31-50; Сардори Идораи кормандон Гадоев Давлањмад Одинаевич Тел.: + (992 44) 600-32-11; Сардори Идораи амалиёт дар бозори озод Дуреева Лариса Геннадевна Тел.: + (992 44) 600-31-62 ; Сардори Идораи муносибатњои байналмилалї Холбобоев Азиз Файзуллоевич Тел.: + (992 44) 600-31-80; Сардори Идораи омор ва тавозуни пардохт Саломова Гулнора Гулямовна Тел.: + (992 44) 600-31-49; Сардори Идораи амният Раљабов Њасан Сафарович Тел.: + (992 44) 600-31-42; Сардори Идораи низоми пардохт Салоњиддинов Шуњрат Камолиддинович Тел.: + (992 44) 600-31-11 ;


16

ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (508), 21. 09. 2016

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

ЧЕЊРА

«ДУРАХШИ МЕЊР» БА ПОСИ ГИРОМИДОШТИ МАХСУМ ОЛИМЇ Ба поси гиромидошти шоири шањир Махсум Олимї тањти унвони "Дурахши мењр" мањфили шеъру суруд баргузор мегардад. 5-уми октябри соли љорї соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тољикистон ба номи Акашариф Љўраев ба муносибати солрўзи шоири тољик Махсум Олимї мањфили шеъру суруд бо номи "Дурахши мењр" барпо мегардад. Тавре фарзанди марњум Шањриёр Олимї иттилоъ дод, мањфили шеъру суруд бо иштироки Њунарманди мардумии Тољикистон Хосияти Зарафшонї, рўзноманигорон ва дўстони шоир дар назар дошта шудааст. Шоири тољик Махсум Олимї 5-уми октябри соли 1956 дар дењаи Каздони ноњияи Айнї чашм ба олами њастї кушодааст. Ба шеъргўї соли 1973 сар карда, соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омўзишгоњи энергетикии шањри Ќўрѓонтеппа дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар матбааи шањри Душанбе ба њайси барќчї кор кардааст. Нахустин шеъри ў бо номи "Модар" дар рўзномаи ноњиявии "Мењнат"-и ноњияи Айнї соли 1975 рўи чоп омадааст. Њамчунин, дар давраи донишљўияш дар шањри Ќўрѓонтеппа шеъру таронањояш дар сањифањои рўзномаи "Њаќиќати Ќўрѓонтеппа", "Љавонони Тољикистон" ва "Маориф ва маданият" пайваста чоп мешуданд. Махсум Олимї солњои 1985 то 1991 дар Иттифоќи нависандагони Тољикистон, маљаллаи "Занони Тољикистон", Радиои Тољикистон ва рўзномаи "Љавонони Тољикистон" ба њайси хабарнигор кору

фаъолият кардааст. Махсусан солњои 1987-1989 њангоми дар рўзномаи "Љавонони Тољикистон" ба њайси хабарнигори шўъбаи маориф ва фарњанг кор карданаш ў бештар ба масъалањои мубрами соњаи маориф, забон ва адабиёт рў оварда, як силсила маќолањои љолиб навиштааст. Китоби нахустини шоир бо номи "Бўи умед" соли 1985 дар нашриёти "Ирфон" ба нашр расидааст. Махсум Олимї дар баробари фаъолияти шоирию рўзноманигорї, инчунин ба тарљумаи осори халќњои шўравї низ машѓул шуда, шеърњои шоирон Тоњир Тохис (Озорбойљон), Мўсо Низом (Озорбойљон), Арбен Кардашов, Райсат Саидова (Доѓистон), Рашад (Озорбойљон), Оразгул Оннаева (Туркманистон), Олег Хлебников (РС ФСР), Анатолий Сафронов, Албертина Иванова, Виктор Авотиниш (Латвия), Лорина Бэлтияну (Молдавия), Морис Посхишвили ва Надежда Емеляноваро ба забони тољикї тарљума намуда, дар матбуоти даврї ба нашр расонидааст. Бештари ашъори Махсум Олимї ба забони русї ва ќисме аз шеърњои ў ба забонњои украинї, озарї, ўзбекї, чувашї, болќарї, лагзї ва ѓайра тарљума шудаанд. 24-уми моњи октябри соли 1992 дар шањри Душанбе дар як њодисаи мудњише аз тарафи нафарони номаълум кушта мешавад. Маќбараи Махсум Олимї дар дењаи Каздони ноњияи Айнї гузаргоњи ањли назар шудааст.

ПРЕЗИДЕНТИ ЌИРЃИЗИСТОН ДАР ИСТАМБУЛ БИСТАРЇ ШУДААСТ Пойгоњи хабарии туркии Haberler.com навори видиоиро дар мавриди бистарї шадани Президенти Ќирѓизистон Алмосбек Отамбоев дар фурудгоњи Отатурки Истамбул интишор дод. Гуфта мешавад, ки Отамбоевро мошини ёрии таъљилї дар яке аз бемористонњои шањри Истамбул бистарї кард. Дафтари матбуотии раёсати љумњурии ин кишвар хабар додааст, ки вазъи саломатии президент 20-уми сентябр рў ба бењбудї овардааст. Алмосбек Отамбоев мебоист дар кори Иљлоссияи 71-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар шањри Ню-Йорк ширкат мекард. Аммо њавопаймои президент ногањонї ба фурудгоњи Отатурки Истамбул фуруд омадааст, чун раиси љумњур дарди ногањониро дар сина эњсос кардааст.

Аз сабаби беморї вай ба љойи худ вазири умури хориљї Эрлан Абдулгиевро ба Ню-Йорк фиристодааст. Ва худи ў барои табобат як рухсатии кутоњмуддат гирифтааст. То лањзаи нашри ин хабар, љузъияти аз ин бештар ироа нашудааст.

Муњаррир: Фаридун Рањнавард

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

-Ња, ња! Баъзеи онњо худашон талаб карданд, ки гушнаву ташна маршировка кунанд. Фаќат, аз донишгоњ хориљ накунед шуд, домулло...

Станислав ПРИТЧИН, корманди илмии Институти шарќшиносї ва коршиноси умури кишварњои Осиёи Марказї: -Раисљумњури эњтимолии Узбакистон як нафари амалгаро ва сахтгир аст. Тољикистон бартараф кардани ин танишњову барќарор кардани муносиботи навро аз Мирзиёев набояд интизор шавад. Бо ин њол дар суханронии ў дар маљлис ба њамсоякишварњои Узбакистон ишорањои мусбат шуда буданд. Вале, табиист, ки танишњои бунёдї иљоза намедињанд, ки дар наздиктарин фурсат њама чиз њалли худро пайдо кунад. - Тобути инашро њам тољик рафта мебардорад. Мо гуфтему шумо шунидед...

Шавкат САИДОВ, сухангўи раиси шањри Душанбе: -Донишљўёне, ки дар љашни 25солагии истиќлолият ширкат карданд, аз њисоби буљаи шањр, давоми 9 моњ метавонанд аз наќлиёти мусофиркашонии љамъиятии коммуналї - автобус ва троллейбус" истифода намоянд. - Ин буљаи шањр њам резинї будаст гўед. Њам ба роњбарияташ, њам ба "љонњои мурда", њатто ба донишљўён њам расид -э!

Стив СВЕРДЛОВ, муњаќќиќи масоили Осиёи Марказї дар созмони байналмилалии Human Rights Watch: - Њар сол як бор кишварњои узви САЊА дар як њамоиши калоне сарљамъ шуда, бори дигар аз ўњдадорињои худ дар робита ба њуќуќи башар ёдовар мешаванд. - Ёдовар, ки шуданд, мераванд, то соли дигар боз оянду як бори дигар ёдовар шаванд...

ОЉИЛ

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

Нуриддин САИД, вазири маориф ва илми Тољикистон: - Љавонону донишљўёни мо - пайрави Пешвои Миллат, худашон хоњишманди иштирок дар љашни 25солагии Истиќлолият буданд.

Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 918 74 75 79 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Эрмак ОМУРАЛИЕВ, Директори Агентии њавопаймоии Ќирѓизистон: -Мушкилот дар муњаррики њавопаймои "Тољик-Эйр" буд. Он ба њаво хест. Вале халабон пай бурд, ки дуруст кор намекунад. Ин буд, ки њавопайморо ба замин нишонд. Агентї санади рўйдодро тартиб дод. Мо љониби Тољикистонро дар љараён гузоштем. Дар посух Душанбе њавопаймои дигар фиристод. Дар ибтидо мо гумон кардем, ки ин тайёра мусофиронро аз фурудгоњи "Манас" ба Душанбе мебарад, вале баъдан фањмидем, ки он ќисми эњтиётї ва таъмиргар овардааст ва ќасди мусофир бурдан надорад". - Барои бачањакои мо, тайёра аз одамон дида ќимматтар аст, бобои Эрмак!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.