Шумораи нави "Нигоҳ" №29(512), аз 19-уми октябри 2016

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

Ортиќ Ќодир: ТЕАТРИ ТОЉИК ЧАНДИН МАРЊИЛАРО ТАЙ КАРД, ТО КАСБЇ ШАВАД

1

САЊИФАЊОИ 8-9 № 29 (512). Чоршанбе, 29-уми октябри соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

ПОЙТАХТ

РАЊСОЗИИ ДУШАНБЕГЇ

САЊИФАИ 6

ИСЛОМ

МАЗЊАБ ВА ИЌТИСОД САЊИФАИ 5

ЌАЗИЯ

МОЉАРОИ ГУРДАФУРЎШЇ БА ИТТИЊОМИ ТЕРРОРИЗМ БАДАЛ ШУД? САЊИФАИ 10

НАЗАР

"ТОЉИКУШ БИКУН!" ё даъвати соњибкори маъруф ба миллатсозии њамагонї САЊИФАИ 7

МИНТАЌА

130 ЉОСУСИ АМРИКОЇ ДАР ЛИТСЕЙЊОИ ТУРКИИ ГУЛЕН

Барќи худкома ПАРВАНДАИ НАВИ БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ Прокуратураи генералии Тољикистон дар асоси моддањои 350 (Беэњтиромї нисбати суд) ва 330-и (тањќири намояндаи њокимият) Кодекси љиноятии Тољикистон алайњи Бузургмењр Ёров парванда оѓоз кардааст. САЊИФАИ 3

САЊИФАИ 10


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

Агар пеш аз ин мегуфтанд, ки њукумат рўз аз рўз аз мардумаш дуртар меравад ва ба як њукумати номардумї ва худкома табдил шудааст, хелењо меранљиданд. Ё њадди аќќал норизогї мекарданд. Ман њам миёни онњо будам. Бо далел, албатта. Зеро нишонаи худкомагї ин аст, ки роњбар ишора накарда, супориши дуруст ё нодуруст, коре ќонунї ё ѓайриќонунї фавран иљро мешавад. Ќанд хўраду дар Туркманистон як мансабдор супориши роњбари давлатро иљро накунад ё соњааш ќафо монад. Њамон бегоњ "масъалааш њаллу вал мешавад". Дар мо чунин нест. Баръакс, мебинед, ки баъди ду-се моњ як раиси ноуњдабаро боз вазифаи нав гирифт. Вазифаи "равѓанитар". Ё корхонае, ки садњо миллион сомонии мардумро барбод додааст, ислоњ нашуда, боз аз њукумат дастгирї меёбад. Худкомагї њамчунин дурї аз мардум ва манфиатњои ќонунии халќ аст. Дар мо њукумат то як соли пеш ба мардум такя мекард. Пурра њам набошад, то љое мекард. Акнун ба назар мерасад, ки на, дигар такя намекунад. Шояд шањди зўргарої сабаб шуда? Даќиќ намедонам, аммо пас аз расонаї шудани ќарори ахири њамин њукумат, ки нархи гармиву барќи набударо бе ягон асоси иќтисодї боло бурд, ман ба номардумї гуфтани њукумат норизої баён нахоњам кард. Зеро... Нашунидам нагўед...! Бар асоси ќарори њукумат, ки аз он ёд кардем, аз 1-уми ноябр нархи барќу гармї барои мардум боз њам боло бурда хоњад шуд. Ду њафта пас дигар мову шумо - мардум барои њар киловати нерўи барќи ватанї, ки дар муќоиса бо энергияи барќї дар њар кишвари дигари дунё бо харљи камтарин (дар Ќирѓизистони њамсоя камтар аз 5 дирам) тавлид мешавад, на 12,6 дирам, балки зиёдтар пардохт хоњем кард. Хабаргузории "Озодагон" ин коѓазро, ки Њукумати Тољикистон 1-уми октябр тасдиќ кардааст, дар сомонааш нашр кард. Инак, Њукумат ќарор кардааст, ки минбаъд, ањолї барои як киловат/соат энергияи барќї 14,65 дирам, истеъмолгарони саноатї ва ѓайрисаноатї 35,65 дирам (ба истиснои як корхона!), барои истеъмолгарони соњањои буљавї ва коммуналї, муассисањои варзишї 14,20, барои наќлиёти барќї - 9,55 дирам... пардохт хоњанд кард. Аљиб аст, ки тибќи ин ќарор боз њам нерўи барќ барои корхонаи бузургтарини Тољикистон ва њатто минтаќа - "ТАЛКО" гаронтар нахоњад шуд. Ин корхона, ки бино ба маълумоти расмї, то 40 дарсади барќи Тољикистонро истеъмол мекунад, метавонист локомотиви иќтисоди Тољикистон бошад, аммо наметавонад, чун дар пайи буњронњо ба дарди сари менељменташу њукумату мардуми кишвар мубаддал шудааст. Њарчанд ин ширкати давлатї барќро бо нархи ду маротиба арзонтар аз мардум мехарад, аммо бар зарари том кор мекунаду истењсолро кам кардан дорад. Зараровар будани корхонаи тавлиди

ТАЊЛИЛ

БАРЌИ ХУДКОМА алюминиюм масъалаи дигар аст, аммо барои чї бояд мардум - мардуме, ки тибќи иттилои расмї, 32 фоиз ва ба иттилои ѓайрирасмии ба воќеият наздиктар беш аз 50 % -аш дар њошияи фаќр ба сар мебарад, барои вонамуд кардани корхонадории чанде аз нухбагони сиёсї, бояд миён шиканад? Магар њамин далели худкомагї нест? Инро ба таври дигар ном бурда намешавад, рафиќон! Њоло нархи як киловатт барќ барои ањолї 12,6 дирам аст. Ин чї маънї дорад: Як гармидињандаи барќии 2-киловатта, ки дар фасли зимистон дар њар як хона доиман истифода мешавад, дар њар соат 30 дирам, дар як шабонарўз (агар барќ бошад) 7,2 сомонї њисоб мекунад. Дар як моњ як гармидињанда барои буљаи як оила 216 (дусаду шонздањ) сомонї меафтад. Бо ин бекории сартосарї, ки мо дорем, барои оилае, ки дар он як нафар кор мекунад, ин метавонад 25-30дар сади маошаш бошад. Маоши миёна чизе беш аз 900 сомонї аст. Њадди аќќал 30 дар сади ин мардум ё 2,6-2,7 млн. одам дар камбизоатї ба сар мебаранд. Яъне дар як рўз онњо наметавонанд барои худу ду доллар масраф кунанд. Агар дар ин бора муаллифони лоињаи ќарори њукумат, ки онро бо ифтихор "бо њадафи мусоидат ба рушди соњаи энергетика" ба ќалам додаанд, андеша накардааст, дар Њукумат бояд дар ин андеша бо-

шанд. Бо донистани воќеиятњои шароити зисти мардум, бовари кас намеояд, ки Президент ва Раиси Њукумат зери он имзо гузоштааст. Аз сўи дигар, бовар кардан њам намешавад, ки манфиатбардорони ширкати де-факто муфлиси "Барќи тољик" Эмомалї Рањмонро њам, њамон тавре, ки мардумро фиреб медињад, фанд дода тавонистаанд. Президент чанде пештар эълон дошта буд, ки дар анборњои "Барќи тољик" молу таљњизоти баробар ба 2 млрд. сомонї љамъ шудааст, ки аксаран нолозиманд. "Љамъ шудаанд", яъне бо пули наќди аз мардум љамъоварда бо маблаѓи 2-3 маротиба аз нархњои бозорї гаронтар харида шудаанд. Дар тамоми дунё инро фасод меноманд ва барои он масъулини ширкатњои давлативу хусусиро мањкама интизор аст. Дар мо, баръакс: ќарори њукумат ќабул шудааст, ки онњо пули бештари мардуми кампулу бепулро љамъ оранд. Гуиё ширкате, ки дар як сол беш аз 300 миллион сомонї ќарздор шудаасту кулли ќарзњояш њудуди 1213 млрд. сомониро ташкил медињад, бо чиндани 2,5 дирами иловагї аз њар кВт аз буњрон берун мешавад. 1 миллиарду 246 миллион сомонии "Ориёнбонк" ин ширкатро наљот дода натавонист. 9,8 миллиард сомонии Вазорати молия, яъне пули мардум дар дардаш нахурду њамин 2,5 дирами иловагї наљоташ медињад?!!

Ин њам бо пинњон кардани санаи ќабули ќарори њукумат, муњтавои ќарор ва љорї кардани мањдудияти барќро "корњои профилактикї" номидан??! Бале, душанбегињои арљманд, як њафта зиёд боз дар кишвар рељаи "лимит"-и нерўи барќ шуруъ шудааст. Ба шоњидии сокинон, шуруъ аз 13-уми октябр ањолии атрофи Душанбе, навоњии вилоятњои Хатлон ва шањру ноњияњои тобеъи марказ дар як шабонарўз њамагї 9-10 соат барќ доранд. Онњоро касе аз мањдуд шудани рељаи таъминоти барќ огоњ накардааст. Нозирљон Ёдгорї, сухангўи ин ширкат як њафта мешавад, ки ба мардумфиребии мањз машѓул аст, ки барќхомўшкунињо дар аксари кулли дењот дар асл "лимит" нест. Гўё мањдудият то њол шуруъ нашудааст. Ба расонаї шудани ќарори ахири њукумат, ки барќи набударо ба мардум гаронтар хоњад кард, сухангўи ин ширкат боз њам худро ба нодонї зада ба расонањо гуфтааст, ки аз тасмими боло рафтани нархи барќ хабар надорад. Киро фанд мекунед, рафиќон?! Мардуми худро? Дигар ин мардум арзиши аќаллан огоњ карданро надорад? Дигар шарт нест ба мардум расонидан, ки фалон соатњо барќ хомўш карда хоњад шуд? Агар, на, вой бар њоли њамаамон! Зимистону кампуливу бепулии мардум дар пеш аст.

мумкин рўзњои наздик "лимит"-и барќ љорї шавад. Тирамоњи соли гузашта мањдудияти интиќол барќ ба ањолї расман аз 19-уми октябр љорї шуда буд. Њарчанд сокинон њанўз аз 1-уми октябр аз ќатъ шудани барќ шикоят доштанд. Масъулини "Барќи тољик" он ваќт гуфта буданд, ин тасмим дар пайи сард шудани њаво ва кам шудани резиши оби дарёи Вахш гирифта шудааст. Ширкати "Барќи тољик" њар сол мегўяд, ки

лимити барќ ба хотири њифзи оби обанбори Норак гирифта мешавад, ки дар фасли сармо аз кам шудани сатњи оби дарёи Вахш ба камбуди об дучор мешавад. Њудуди 80%-и Тољикистонро нерўгоњи Норак бо нерўи барќ таъмин мекунад. Зимнан, дар фасли сармо Тољикистон ба 3 миллиард киловат-соат нерўи барќ ниёз дорад. Аммо дар фасли тобистон барои истењсоли изофии нерўи барќ харидор намеёбад.

Умари ТОЊИР

ЗИМИСТОН

ШУРУЪ ШУДАНИ "ЛИМИТ"-И БАРЌ ДАР НАВОЊИИ ГУНОГУНИ ТОЉИКИСТОН Дар аксари кулли навоњии Тољикистон, аз љумла дар навоњии тобеи марказ ва вилояти Хатлон рељаи мањдуди таъмини ањолї ба бо барќ роњандозї шуда, аммо ширкати "Барќи тољик" љорї шудани "лимит"-ро тасдиќ намекунад. Нозирљон Ёдгорї, сухангўи ШСХК "Барќи тољик" дар суњбат ба TojNews љорї шудани "лимит"-и барќро рад карда гуфт, "лимит мумкин рўзњои наздик шуруъ мешавад..." Аммо сокинони манотиќи гуногуни Тољикистон мегўянд, шуруъ аз 13-уми октябр аллакай рўзона барќ дар хонањои онњо хомўш карда мешавад. Х. Шарипов, як сокини шањри Њисор мегўяд, шабона аз соати 23:00 барќро то соати 5:00-и субњ хомўш мекунанд ва рўзона аз соати 09:00-и субњ то соатњои 17 -18:00 барќ дар

хона барќ надоранд. Њамин тариќ, дар як шабонарўз њамагї 910 соат барќ дорем, -мегўяд Шарипов. Њамчунин чанде аз сокинони ноњияњои Вањдату Файзобод ва ноњияи Рўдакї низ мегўянд, наздики як њафта мешавад, ки барќ танњо шабона 5 соат ва рўзона 4 соат дода мешавад. Сокинони навоњии вилояти Хатлон низ ба мушкили дастрасї бо барќ рў ба рў шудаанд, ки шабакањои барќтаъминкунї беогоњї ба рељаи мањдуд гузаштаанд. Дар њамин њол сухангўи "Барќи тољик" ќатъ шудани интиќоли барќро ба гузаронидани корњои профилактикї пеш аз фасли зимистон рабт медињад. Љаноби Ёдгорї мегўяд, барќро ќатъ мекунанд барои он ки њоло омўхта истодаанд ва

TojNwes


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

3

Прокуратураи генералии Тољикистон дар асоси моддањои 350 (Беэњтиромї нисбати суд) ва 330-и (тањќири намояндаи њокимият) Кодекси љиноятии Тољикистон алайњи Бузургмењр Ёров парванда оѓоз кардааст. "ЭЊТИРОМ" ВА "АДОЛАТ" Прокуратураи генералии Тољикистон, бар асоси ду моддаи ќонуни љиноятии Тољикистон - моддаи 350 (беэњтиромї нисбати суд) ва 330 (тањќири намояндаи њокимият)нисбати адвокати маъруф, ки 6-уми октаябр ба 23 соли зиндон мањкум шуда буд, парвандаи љиноятї оѓоз кардааст, мегўянд наздикони адвокат. Ќаблан гуфта мешуд, ки парвандаи нав алайњи Ёров танњо ба як моддаи ќонуни љиноятї - моддаи 356-и ин ќонун асос ёфтааст, "тањдид ё зуроварї вобаста ба амалбарории адолати судї, тањќиќ ё тафтиши пешакї" ном дорад. Бино ба гуфтаи наздикони адвокати маъруф, парванда аз љониби Прокуратураи генералии Тољикистон пас аз бањси айбдоркунандаи давлатї бо Бузургмењр дар рузи 29-уми сентябр оѓоз шудааст. Бино ба гуфтаи онњо, он рўз Бузургмењр Ёров зимни ироаи сухани охирини худ дар Додгоњи шањри Душанбе дар бораи додараш Љамшед Ёров сухан гуфта, шеъри маъруфи Мумин Ќаноат "Бародарам"-ро ќироат кардааст. -Айбдоркунандаи давлатї аз Ёров талаб кард, ки аз моњияти масъала берун нарафта, на дар бораи додараш балки дар бораи парвандаи худаш сухан кунад. Дар зимн миёни айбдоркунандаи давлатї ва адвокати боздошшуда бањс ба миёна омада, аз ду љониби суханњои пасту баланд гуфта шуд. Љамшед Ёров он рўз њануз дар њабс ќарор дошт,-мегўянд наздикони адвокати боздошшуда. Дар робита ба ин парвандаи нав аллакай аз Бузургмењр Ёров баёнот гирифтаанд. Моддаи 356-и Кодекси љиноятии Тољикистон бо љарима ба андозаи аз панљсад то як њазор нишондињанда барои њисобњо ё корњои ислоњї ба мўњлати то ду сол ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин мўњлатро пешбинї кардааст. Додгоњи шањри Душанбе 6-уми октябр Бузургмењр Ёровро ба муњлати 23 ва Нуриддин Мањкамовро ба 21 соли зиндон мањкум карда буд. Бузурмењр Ёров ва Нуриддин Мањкамов вакилони дифои 14 тан аз фаъолони њизби мамнуъи нањзати исломї буданд, ки ба солњои тўлонї азљумла ба њукми абад мањкум шудаанд.

in Central Asia бо нашри як изњорот 7-уми октябр гуфтанд, њукми тўлонии ду њуќуќдони тољик ба озодии баён ва мустаќилияти пешаи адвокатї зарба мезанад. Созмони дифоъ аз њуќуќи башар - "Амнисти Интернешнл" ахиран бо таъкиди ин ки њабси Бузургмењр Ёров ва Нуриддин Мањкамов ангезаи сиёсї дошт, ба кумаки њарду иќдоми хосаеро њам роњандозї кард. Бо пахши як мурољиатнома, дар робита ба ѓайриќонунї ба муњлатњои тўлонї аз озодї мањрум шудани Ёров ва Мањкамов, њамчунин бархилофи меъёрњои ќонун баргузор шудани мурофиањои судї нисбати адвокатњо, ин созмон аз љомеаи башарї дархост кард, то зери ин мурољиатнома имзо гузошта ба Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бифиристанд. Иштирокдорони "Кумаки фаврї" њамчунин метавонанд аз ширкаташон дар ин иќдоми "Амнисти Интернешнл" бо ирсоли мурољиатномаи мазкур ба Сафорати Тољикистон дар Русия њукумати Тољикистон ва љомеаи љањонро огоњ кунанд.

ВОКУНИШИ ЉОМЕАИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ Созмонњои бонуфузи њуќуќи башар ба солњои тўлонии зиндон мањкум шудани Бузургмењр Ёровро талоши маќомоти Тољикистон барои хомўшсозии адвокатњои мустаќил унвон кардаанд. Human Rights Watch, Norwegian Helsinki Committee, ва Association for Human Rights

ТАЪРИХЧА Бузургмењр Ёров, собиќ рањбари Коллегияи адвокатњои "Сипар" аз 28-уми сентябри соли гузашта инљониб дар боздоштгоњ ќарор дорад. Ўро кормандони Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккилонаи ВКД барои бозпурсї даъват карда, њамон рўз боздошт намуданд. Субњи 29-уми сентябр ВКД аз оѓози парвандаи љиноятї

ПАРВАНДАИ НАВИ БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ алайњи ў хабар дод. Нахуст алайњи ў бо дастрасии моддањои 140, ќ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи љиноятї ва моддањои 247 (ќаллобї) ва 340 (сохтакорї) Кодекси љиноятї парвандаи љиноятї боз шуд. Баъд аз 2 моњ маќомот хабар доданд, ки нисбати Ёров инчунин бо моддаи 307 ќисмњои 1, 2 ва моддаи 189 парвандаи љиноятї боз шуда, ў дар "даъвати оммавї дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистї", "ташкили иттињоди экстремистї" ва "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" муттањам дониста мешавад. Ў замоне боздошт шуд, ки њимояи њуќуќи 13 тан аз боздоштшудањои аъзои шўрои сиёсии ЊНИТ (њизби мамнуъшуда дар Тољикистон)-ро ба ўњда гирифт. Баъди чанде маќомот гуфтанд, парвандаи Ёров муњри махфї гузошта шудааст. Боздошти Бузургмењр Ёров ба вокуниши созмонњои дифоъ аз њуќуќи инсон рў ба рў шуда буд. Вай тамоми иттињомоти маќомотро алайњаш бофта ва туњмати беасос медонад. Ба гуфтаи нафароне, ки дар мурофиаи Бузургмењр Ёров иштирок доштанд, ў аз Шириншоњ Шоњтемур ва Нусратулло Махсум, ќањрамонони Тољикистон ёд карда гуфтааст, "замоне ин бузургон бо иттињомњои сохта њукми ќатл гирифтанд." Вай гуфтааст, ки аз аввал ба барќарор шудани адолат дар парвандааш шубња

дошт. Масъулини Суди шањри Душанбе 27уи сентябр ба рўзноманигорон ва намояндагони корпусњои дипломатї иљозат надоданд, ки дар мурофиаи охирини Бузургмењр Ёров иштирок кунанд. Айбдорунандаи давлатї барои Бузургмењр Ёров 25 сол ва барои Нуриддин Мањкамов 23 соли зиндон талаб карда буд. Алайњи Бузургмењр Ёров бо моддањои 189 ќисми 2 банди "г", 247 ќисми 2, 307 ќисми 2, 307 ќисми 1, 340 ќисми 2, бандњои "а", "б", "в"-и Кодекси љиноятї парванда боз шудааст. Нисбати Нуриддин Мањкамов, вакили дифои дигари тољик бо моддањои 189, ќисми 2 банги "г", 247 ќисми 4 банди "б", 307 ќисми 2 банди "г" ва 307 ќисми 1 парванда кушода шуда буд. Њукми ду вакили дифо дар њоле эълон шуд, ки рўзе пеш намояндаи ИМА дар Шўрои њуќуќи башари СММ талаб кард, ки онњо озод карда шаванд. "Мо бахусус дар робита бо сарнавишти Бузургмењр Ёров, бародари ў Љамшед Ёров ва Нуриддин Мањкамов изњори нигаронї мекунем. Мо талаби худро такрор мекунем, ки ин нафарон бояд озод шаванд". Парвандаи Бузургмењр Ёров аввали моњи апрел ба суд ирсол шуда буд. Маќомот Бузургмењр Ёровро дар ќаллобї, сохтакорї, ифротгарої, "ташкили иттињоди экстремистї" ва "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" муттањам медонанд. «Нигоњ»

САДОИ МАРДУМ

НАЗАРПУРСЇ: ТРАМП ВА КЛИНТОН АРЗАНДАИ

КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТЇ ДАР ИМА НЕСТАНД

Аксарияти иштирокчиёни назарпурсии "Нигоњ" мегўянд, агар имкони иштирок дар интихоботи президентии ИМА-ро медоштанд, ба њељ кадом аз номзадњо дар ин сабќат овоз намедоданд.

Назарпурсии навбатии "Нигоњ", тањти унвони "Агар имкон медоштед, дар интихоботи президенти ИМА ба љонибдории кї райъ медодед?" баргузор шуда, дар он 764 нафар иштирок карданд. 41 дарсади иштирокчиён, ё 313 нафар дар посух ба ин суол гуфтаанд, агар имкони иштирок дар интихоботи президентии ИМА-ро медоштанд, на ба Доналд Трамп ва на ба Њиллали Клинтон овоз медоданд. Аммо бархилофи назари респондентони мазкур 26 дарсад ё 200 нафар иштирокчиён аз Доналд Трамп љонибдорї карда, гуфтаанд ў номзади арзанда ба маќоми президентии ИМА аст.

Дар њамин њол 33 фоиз ё 251 нафар аз пурсидашудагон хонум Њиллари Клинтонро лоиќи курсии президентї дар ИМА мебинанд. Ин нафарон дар назарпурсї изњор доштаанд, ки агар дар ИМА ба онњо иљозат медоданд, то дар интихобот райъ бидињанд, њатман аз хонум Клинтон љонибдорї мекарданд. Интихоботи президентї дар ИМА рўзи 8-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. Дар он барои курсии президентї асосан 2 номзад Доналд Трамп аз Њизби љумњурихоњон ва Њиллари Клинтон аз Њизби демократ миёни њам раќобат мекунанд.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

САЛОМ, ПОЙТАХТ!

РАЊСОЗИИ ДУШАНБЕГЇ Таъмири роњ дар ќисмати хиёбони Борбад шањраки Гипроземро ба ахлотгоњи њаќиќї табдил карда, мардум аз роњрави ободу рўшної мањрум мондаанд.


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

5

МАЗЊАБ ВА ИЌТИСОД Мањотир Муњаммад, собиќ нахуствазири Малайзия, ки дар муддати 22 сол мамлакаташро ба яке аз лидерњои иќтисоди љањонї табдил додааст ва ислоњоти иљтимоиву иќтисодии баргузорнамудаашро роњи исломии тавсеа ба ќалам медињад, ба суоли рўзноманигорон: "Чї робитае байни ин ду омилњои мухталиф - мазњаб ва иќтисод - мављуд аст?", чунин посух гуфтааст: " - Дар дунёи имрўз, мутаассифона, шумораи зиёди давлатњое бо ањолии мусулмон њастанд, ки наметавонанд тараќќї кунанд. Сабабгори ин ањвол таълимоти Ислом намебошад. Дар 1400 соли гузашта муфассирони Ислом, уламо, муллоён ин дини воњидро њамчунон ба навъу гунањои мухталиф тафсир кардаанд, ки мо имрўз њазорњо динњои гуногун ва хилофи якдигарро мушоњида мекунем. Мо дар Малайзия талош кардем, ки ба суннатњои аслии Ислом, он суннатњое, ки дар Ќуръон њастанд ва аз таљрибаи таърих гузаштаанд, бозгардем. Ќуръон ба мо мефармояд, ки ќироат кунем, яъне дониш ба даст оварем. Мусулмонони аввалин тибќи ин таълим рафтор карда, осори олимони Юнони ќадим ва дигар њакимони ќабл аз Исломро меомўхтанд ва барои бањра-

вар кардани дигарон ин китобњоро тарљума мекарданд. Ин донишмандони мусулмон бо тањќиќоти худ барои ѓанї гардондани хизонаи дониши умумибашарї сањми бузург гузоштаанд. Аз миёни мусулмонони даврањои пешин риёзидонњо, табибон, мунаљљимони бузург бар арсаи дунё падид омадаанд. Онњо дар тамоми риштањои дониши замони худ ба дастовардњои бузург ноил гашта буданд. Дар натиља мусулмонон тавонистанд, ки аз ѓановати сарзаминњои худ бањраманд гарданд, аз тиљорати хориљї суд бардоранд, амнияти давлаташонро таъмин намоянд, мардуми мамлакатро аз хатарњо њифз кунанд ва - ба ин васила - барои онњо шароити мусоиди зиндагї, тибќи фармудањои Ислом, фароњам оваранд. Дар вазъияте, ки сокинони Аврупои асрњои миёна хурофотиву аќибмонда буданд, мусулмонони бофарњанг тамаддуни бузургу муњтарами мусулмонии худро бунёд нињоданд ва ќодир буданд бо дигар нуќоти љањон ба раќобат пардозанд ва уммати хешро аз таљовузи хориљї дифоъ намоянд. Вале пас аз паймудани ними роњ дар масири тамаддуни исломї тафсиргарони нав зуњур намуданд, ки тибќи дастури онњо

дониш андўхтанд маънои фаќат илоњиётро омўхтанд дошт. Омўзиши илмњои табиї, тиб ва амсоли онњо дигар тањсин намешуданд. Аз лињози пешрафти фикрї дар љомеаи мусулмонї давраи рукуд фаро расид. Мусулмонон бештару бештар ба доираи бањсњои бебунёд дар атрофи масъалањои љузъие, аз ќабили "оё пўшидани шалвори танг ва ба сар гузоштани кулоњи сояафкан хилофи Ислом нест?", "кор кардан бо мошинаи чопиро Ислом манъ намекунад?", "истифода бурдани рўшноии электрї дар масљид мумкин аст?" ва амсоли инњо, кашида шуданд. Бо ин ањвол мусулмонон аз инќилоби саноатї ба ѓафлат монданд. Чињоро мо аз Ислом сармашќи кори худ кардем?

Рўњи тањаммул ва усули њамкориро. Дар Малайзия бар он мекўшанд, ки фаќат аз таълимоти аслии Ислом, на аз дастуроти фирќањову воизони мухталиф пайравї намоянд. Ман фикр мекунам, ки кишварњои мусулмоннишин бояд босубот, пойдор ва соњиби њукумати ќобил бошанд. Онњо бояд аз лињози иќтисодиву молиявї нерўманд ва аз назари саноатї ва фановарї пешрафта бошанд. Албатта, барои расидан ба ин њадаф ваќт лозим аст, ваќту фурсате, ки набояд бар њадар равад. Барои ин мо бояд, њамчуноне ки Ќуръон мефармояд, такя ба аќлу хирад намоем. Дини мо таълим медињад, ки сабур бошем. Возењ аст, ки сабр муќаддамтарин фазилати инсон аст". Тањияи Њамза ШАРИПОВ

СЕРХОНАНДАТАРИНЊО

ЭЊТИМОЛИ АФВИ ЌАРИБ 3 МИЛЛИОН МУЊОЉИРИ ЃАЙРИЌОНУНЇ ДАР РУСИЯ

Асламбек Паскачев, Сарвари комиссияи масъалањои муњољирати шўрои назди президенти Русия пешнињод дорад, ки Русия як афви умумї барои њудудан 3 миллион муњољири кории ѓайриќонунї эълон кунад.

Паскачев ќасд дорад то охири моњи октябри соли равон ин масъаларо дар мулоќоташ бо Владимир Путин дар миён гузорад. Асламбек Паскачев ба "Газета.ру" гуфтааст, ки тибќи маълумоте, ки дар даст дорад, дар сар то сари

Русия њудудан 3 миллион нафар муњољирони кории ѓайриќонунї зиндагонї мекунанд. "Мо наметавонем ба ин муросо кунем, ки дар ќаламрави кишвари мо ба ин теъдод одамон бо ќасду ниятњои номаълум зиндагонї кунанд Наметавонем низ ба он муросо кунем, ки ин афрод кор кунанду ба буљаи давлати мо андоз насупоранд".-гуфтааст ў. Ин намояндаи президенти Русия гуфтааст, ки бо муњољирон зиёд њамсуњбат мешавад ва пай бурдааст, ки барои онњо њузури дурудароз муфид нест. Чун ќонунњои Русия масъалаи дарёфти патенту иљозаи корро мушкил кардаанд.

Аз сўйи дигар љаримаи соњибкорон барои истифода аз зањмати муњољирони ѓайриќонунї зарбаи сахте ба соњибкории хурд аст. Аммо ширкатњои бузург муњољирони ѓайриќонуниро зиёд ќабул мекунанд, чун имкони пардохти сари ваќтии пулро доранд. Њатто барои ин гуна ширкатњо пардохти љарима низ чандон мушкил нест ва аз љарима тарс надоранд". "Ман пешнињод мекунам, ки ин афвро сар аз соли оянда шуруъ кунанд. То он замон гузинањои гуногуни љалб ва ё сабти номи муњољиронро тїибќи таљрибањои љањонї омўзанд".


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

142 њазору ... км2

СИНАМО

ХАТЛОН

ДАР ЉАШНВОРАИ "ДИДОР" БАХТИЁР ХУДОЙНАЗАРОВРО ЁД КАРДАНД Тавре Сафар Њаќдодов, рањбари Анљумани синомагарони Тољикистон иттилоъ дод, ба љашнвораи "Дидор", ки аз 16 то 20 октябр баргузор мешавад, 40 мењмон аз Русия, Эрон, Афѓонистон, Арманистон, Озарбойљон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Гурљистон, Њиндустон, Муѓулистон, ИМА, Швейтсария ва Олмон даъват шудаанд. "Љашнвораи имсолаи "Дидор" ба гиромидошти хотираи коргардони маъруфи тољик Бахтиёр Худойназаров бахшида шудааст ва аз ин рў, тасмим гирифтем, то чањор филмашро ба мардум нишон дињем. Ин ёдоварї аз мост", - афзудааст Њаќдодов. Ба гуфтаи вай, дар њафтумин љашнвораи "Дидор" 80 филми баланди достонї ва филмњои кўтоњ ба намоиш гузошта мешаванд, ки дар онњо ба "гуфтугўи фарњанги Ѓарбу Шарќ", "Синамои форсизабонњо Афѓонистон, Эрон ва Тољикистон" ва осори синамогарони љавону навкор таваљљуњи

ЉОПОН ДУ ТАРЊИ ИЉТИМОИИ ХУДРО ДАР ЉАНУБИ ТОЉИКИСТОН БА АНЉОМ РАСОНД Давлати Љопон ду тарњи иљтимоии худро бо арзиши 208 њазору 921 доллар дар ноњияњои Балљувон ва Восеъ ба анљом расонд. Такаши Окимото сарвари шуъбаи равобит бо љомеаи Сафорати Љопон дар Тољикистон гуфтааст, ки бо ширкати маќомоти давлатї ва намояндагони сафорат маросими анљоми ин ду тарњ баргузор шуд.

Тарњи аввал бунёди бинои мактаби миёнаи раќами 11 дар дењаи Њироби Балљувонро дар назар дошт, ки он ќомат афрохт. Дар љамоати дењоти "Мењнатобод"-и ноњияи Восеъ бемористони минтаќавї бунёд шудааст. Манбаъ гуфтааст, ки њукумати Љопон дар оянда низ омода аст ба њукумати кишвар љињати бењбуди шароит дар навоњии дурдаст ва рустоњо њамкорї кунад.

ПОЙТАХТ

хос шудааст. Синамобазми байналмилалии "Дидор" аз соли 2004 ин љониб дар ду сол як бор баргузор мешавад. Љашнвораи гузаштаи "Дидор" ба 110-солагии Комил Ёрматовкоргардон, филмноманавис, њунарпешаи тољик ва асосгузори синамои Тољикистону Ўзбекистон бахшида шуда буд.

СУЃД

ЌАСДИ ХУДКУШИИ ЯК ЗАНИ 58-СОЛА

ДУЗДИИ 16 ЊАЗОР СОМОНЇ АЗ ФУРУДГОЊИ ДУШАНБЕ Вазорати корњои дохилии Тољикистон дар Фурудгоњи байналмилалии Душанбе дуздии 16 њазор сомониро ошкор кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо гумони дуздии ин маблаѓ як сокини 24-солаи шањри Душанбе боздошт шудааст. Манбаъ мегўяд, гумонбаршаванда, 14-уми октябр, тахминан соати 22:00даќиќа, њангоми дар терминали фурудгоњи шањри Душанбе ќарор доштанаш, пинњонї аз дохили сейфи фурўшандаи чиптањои њавопаймои ЉДММ "Агентии алоќаи њавопаймо" маблаѓи пулї дар

њаљми 16 350-сомониро дуздида, аз љойи њодиса ѓайб задааст. Нисбати далели мазкур парвандаи љиноятї оѓоз гардида, корњои тафтишотї давом дорад.

БУЊРОН

РАИСИ КУМИТАИ АНДОЗ ИЌРОР ШУД, КИ ВАЗЪИ КОРХОНАЊО ХУБ НЕСТ Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Тољикистон мегўяд, кормандонаш як зани 58-сола аз ќасди худкушї наљот додаанд. Ин њодиса њамагї чанд рўз пештар дар соњили дарёи Сир рух додааст. Умеда Юсупова, сухангўи нињод дар шарњи ин хабар гуфт, ки хонуми 58-сола бо ќасди поён додан ба њаёташ ва рањої аз ќайди мушкилот мехост аз болои пул худро ба зер афканад. "Ин зан бидуни андешаи дигар худро ба оѓўши дарёи пурхурўш андохтааст ва дар

њамин асно чашми кормандони бахши наљоти Кумита, ки маъмулан дар љоњои хавфнок гаштугузор мекунанд, ба зани дар њоли ѓарќ шудан афтодааст." Манбаъ мегўяд, кормандони наљот фурсатро аз даст надода, худро ба об андохтанд ва занро бо чолокї аз он берун кашиданд. Дар кутоњтарин муддат барояш њар кумаки аввалияро расонданд ва баъд ба бемористон интиќол доданд. Зан аз марг наљот ёфт. Вале сабаби даст задан ба худкушї то њол маълум нест.

ТАБИАТ

КУМИТАИ ЊОЛАТЊОИ ФАВЌУЛОДДА ЊУШДОР МЕДИЊАД Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании Љумњурии Тољикистон сокинон ва мењмонони кишварро огоњ мекунад, ки рўзњои 18-19-уми октябри соли љорї дар ќаламрави мамлакат њаво рў ба сардї меорад. Борон ва боди сарду сахт дар назар аст. Њарорати њаво дар водињо ба 1012°С мерасад. Дар манотиќи баландкуњ барф меборад, дар навоњии људогона бўрони шадид њам интизор меравад. Дар ин рўзњо дар минтаќањои куњї ва ноњияњои наздикуњї хатари омадани сел вуљуд дорад. Њавои таѓйирёбанда табиист, ки роњандозии корњои сањро, молчаронї дар чарогоњњо, кори рафтуомади мо-

шинњо , фаъолияти муассисањои алоќа ва хадамоти коммуналиву таъминоти барќро ба мушкил рў ба рў месозад. Аз ин рў Кумитаи њолатњои фавќулодда огоњ мекунад: хеле эњтиёткор ва ботаваљљуњ бошед!

Ќарзи соњибкорону корхонањо аз андоз дар Тољикистон 125 млн. сомонї афзоиш ёфтааст. 12-уми октябр Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тољикистон дар љаласаи Маљлиси намояндагон гуфт, ќарзњо аз андоз дар давоми 9 моњи соли равон 125 миллион сомонї афзоиш ёфта, ба 825 миллион сомонї баробар шудаанд. Раиси Кумитаи андоз изњори таассуф кард, ки дар самти љамъоварии баќияи андозњо натиљаи дилхоњ ба даст наомадааст ва вазъи корхонањо низ бо сабабњои омилњои беруна чандон хуб нест. Тибќи маълумоти љаноби Давлатзода,

дар њоли њозир 30% соњибкорон баќияи ќарзи худ аз андозро пардохт накардаанд.

ЊАМСОЯ

ДАР ЯК МОЊ 20 ЊАЗОР УЗБАКИСТОНЇ БА МИРЗИЁЕВ МУРОЉИАТ КАРДААНД Тайи беш аз як моњ ба ќабулгоњи интернетии Шавкат Мирзиёев, иљрокунандаи вазифаи президенти Ўзбекистон, ки дар сањифаи расмии њукумати ин кишвар "gov.uz" боз шуда буд, зиёда аз 20 њазор шањрванд мурољиат кардааст. Бино ба гуфтаи масъулони ќабулгоњи маљозии Мирзиёев, бештари шањрвандон аз набудани пули наќд дар бонк, нерўи барќ ва газ дар мањалњо шикоят карда, инчунин гуфтаанд, ки харидории мошин дар фурўшгоњњо мушкил аст. Њамчунин њазор мурољиатномаи дигар дар мавриди мушкил гардидани дарёфти шиносномаи биометрї, иљозаи будубош дар Тошканд ва ќонуншика-

нињои кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ворид шудааст. Ба ќабулгоњи маљозии иљрокунандаи президенти Ўзбекистон, ки 24 соати шабонарўзу 7 рўзи њафта фаъол аст, шањрвандон метавонанд оиди мушкилињои "њалношуда"-и худ бо раќамњои 1000 ва 0-800-210-00-00 занг зананд ё нома бифристанд. Ба љуз ин, дар Фейсбук сањифаи махсусе боз шудааст, ки аз мурољиатњои шањрвандон ба ќабулгоњи маљозии Шавкат Мирзиёев ва расидагї ба онњо хабар медињад. Ваъда дода мешавад, ки тамоми ин шикоятњо баррасї ва камбудњо бартараф хоњанд шуд.


КАШФИЁТ "Тољикиш бикун!" Ин ибора, ки солњои охир сари забонњост, ба маъное истифода мешавад, ки аз дасти тољик кори дурусте сохта нест. Гўё, њар коре, ки тољик анљом медињад, бо сифати паст ва тарзи бад анљом мешавад. Ва бадтар аз њама худи мо ин ибораи пур аз тавњину тањќирро эљод кардаем ва ба он бовар дорем. Чаро мо тољикон, ки замоне ба дунё он њама бузургони илму адабро эњдо кардем, халќу ќавмњои њамсоя талош мекарданд, фарњанг, кишоварзї, њунар ва илмро аз мо биомўзанд ва ба мо пайравї мекарданд, имрўз ин ќадар бечораю њаќир шудаем? Саёњи асри њафти Чини Сюян Цзян мардумони муќими Хутану Самарќанд ва Ќарширо, ки ниёгони мо буданд, њамчун одамони бомањорату донишманд ва хушбахт тасвир мекунад. (А. Шишов, Таджики, Алматы, 2006) Таќрибан сад сол пеш А.П. Шишов дар китоби "Таджики"-и худ аќидаи Н. Энгельгардтро дар бораи тољикон баён мекунад, ки мањорати баланди кишоварзии онњоро фаќат бо чинињо мешавад муќоиса кард. Њамон љо ин муаллиф аз Миддендорф ин иќтибосро меорад: "... Вале тољик, бештар аз яњудї, ки аз бисёр љињат ба ў монанд аст, бо мањорат ва ќобилият дар касбу њунар фарќ мекунад..." Чаро имрўз фарзандони баъзе миллатњо бештар комёбанд? Барои баррасї ва муќоиса падидаи яњудиёнро баррасї мекунем, зеро намояндагони ин миллат дар њама соњањо дастовардњои беназир доранд. Танњо ин воќеият ќобили таваљљуњ аст, ки 50% ќањрамонњои мусобиќоти шатранљи дунё ва 27% барандагони љоизаи Нобел намояндањои ин миллатанд, дар њоле, ки онњо њамагї 0,25% ањолии дунёро ташкил медињанд. Чаро дар тавлиди нобиѓагон ин миллат дар љои аввал меистад? Рамзи муваффаќияти онон дар чист? Оё онњо аз азал комёбу муваффаќ офарида шудаанд? Ё женоми ин миллат сабаби ин њама дастоварду комёбињост? Илми женеалољї дар омўзиши женоми миллатњо хело пешрафт кардааст. Падидаи миллати яњуд барои илми женеалољї бозёфти нодир аст, зеро жени ин миллат бо баъзе сабабњо холис мондааст. Хулосаи коршиносони соња ин аст, ки женоми миллатњо аз њам фарќ мекунанд вале женоми њеч миллате бар миллати дигар афзалият надорад, балки ба эътиќоди олимони ин соња жен инфиродї аст. Жен њомили иттилоъоте аст, ки аз падару модар ба мо мегузарад. Аксари вежагињое, ки гузаштагони мо доштанд ба мо тањвил меёбад. Яъне мо дар ќобилият ва тобоварї нусхаи падару модари худ њастем. Чї ќадр, ки жени аз гузаштагон ба мо мерос расида ба рафторамон таъсиргузор њаст, њамон ќадр фаъолияти мо низ дар тўли њаёт ба жен таъсири худро мегузорад ва "пай"-и мо низ дар ќатори жени авлодї ба насли оянда мунтаќил мешавад. Женоми миллати яњуд дар зери таъсири муњити шадиди зист рушд кардааст. Ваќте ин мардум дар тўли њазорсолањо дар зери зулму таъкиб буданд, пай-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

7

кардаанд. Пас, њаќирии мо женетик нест. Аз ин бармеояд, ки бечорагии имрўзии мо ва ѓарќи љањлу таассуб монданамон аз уќдаи худкамбинии мо, њаќирнигари ба худ (комплекс неполноценности), фазои номусоиди доништалабиву ояндабинї дар оила ва набуди муњити созгор дар љомеа маншаъ мегирад. Вагарна, мо худамон ба ин аќида розї намешудем, ки аз дастамон кори дурусте сохта нест, ва ин ибораи тахќиромез ба вуљуд намеомад! Агар яњудиён бо худсозї ва вањдату якдигардастгирї ба муваффаќият ноил шуда бошанд, мо бо худсўзї ва парокандагї доим бохтаем. Мутаассифона, агар яњудиён дар тули ин ќарнњо худро баргу-

"ТОЉИКУШ БИКУН!" ё даъвати соњибкори маъруф ба миллатсозии њамагонї васта паи ёфтани роњњои нав барои зинда мондан буданд. Худи онњо яке аз розњои муваффаќияти худро аз зулми Гои медонанд. (Дар ин ибора Гои ба маънои мардумони ѓайрияњуд омадааст, ки яњудиёнро таъќиб ва ба онњо зулм мекарданд ва њатто саъй мекарданд онњоро мањв ва дунёро аз эшон пок созанд.) Дар муќобили таъкибу зулм Бани Исроил доим кўшиш мекарданд, ки донишу малакаи худро сайќал дињанд ва дар раќобат баранда бошанд, то зинда бимонанд. Ин саъю кўшиши онњо дар женомашон таѓйироте ба вуљуд меовард, ки фарзандонашон тобовартар ва ќобилтар ба дунё меомаданд. Яъне жени "пухта"-и онњо сохта ва обутобёфта аз зањмати наслњояшон аст, вагарна дар ибтидо аз женоми миллатњои дигар "пухта"-тар набудааст. Комёбињои миллатњои дигар аз ќабили олмониву љопонї низ исботи ин иддаоянд. Онњо низ дар муваффаќ кардани миллати худ кўшидаанд ва комёб гаштаанд. Вале жен яке аз омилњост. Омили дигари рушди фард наќши оила мебошад. Яке аз рози дигари муваффаќияти яњудиён наќши модарони онњо дониста шудааст. Давид Голдштейн раиси бахши женшиносии Донишгњи Дюк гуфта: агар интихоб байни жени яњудї ва модари яњудї бошад, ман охириро интихоб ме-

кардам. Модар дар оилаи яњудї наќши калидї дошта, зањмати тарбия ва муваффаќияти фарзанд ба души ўст. Яъне наќши модар созандаи фард ва дар маљмўъ жени миллї аст. Албатта, пеш аз њама худи модар бояд тарбияву тањсилдида бошад. Зеро, агар фарзанд тарбияи дуруст нагирад, хонишаш шабурўз пайгирї нашавад, хатто жени "пухта" дар њамон њоли љанин мемонад ва рушд намекунаду ба љое намерасад. Омили дигари рушди афрод муњити созгор мебошад. Муњит ва фазои донишпарвар заминањои рушди истеъдоду нубуѓро фароњам меоранд. Муњите, ки дар он ањли дониш боќадранд, афродро ба донишомўзї тањрик медињад. Масалан, агар Эйнштейн на дар Олмон балки дар иморати Бухоро таваллуд мешуд ва тањсилашро на дар Суисс балки дар Афѓонистон анљом медод, баъид буд ЭЙНШТЕЙН бишавад! Вале сохтани муњити созгор кори њамагонї аст. Барномањои махсуси давлатї ва њамкории њама нињодњои иљтимої зарур аст то фазои маърифатпарвар ба миён ояд. Мо тољикон, чунонки дар оѓоз низ таъкид шуд, дар гузашта ба дунё нобиѓагони зиёд додаем, ки чунин ифтихорро на њар миллате дорад. Мардумнигороне, ки ниёгони моро тасвир кардаанд њама бо як овоз аз њунару мањорати онњо тавсиф

зида эълон карда, намоди худсозї гашта бошанд, мо дар сад соли охир бо назари њаќорат ба худ намунаи худвайронкунї гаштем. Вагарна, тољике, ки тули ќарнњо ба њамсоягони худ кишоварзї меомўхт, чї тавр имрўз заминњои худро ба чиниён медињад, то барояш мањсулот бирўёнанд? Воќеан, созандаи сарнавишти њар касеву миллате пеш аз њама худаш аст! Њоло! Агар мехоњем миллати мо дар оянда мањв нашавад ва љойгоњи сазоворе дар байни милали пешрафта дошта бошад, бояд ояндабин бошем ва дар рушди худ бикўшем, то насли ояндаамон бо жени "ќобил"-таре ба дунё биёяд! Ќадам ба ќадам ва насл ба насл худро бисозем! Ба фарзандони худ аз рўзи аввал кўшиш ва ба даст овардани натиљаро биомўзем! Агар шумо пайваста дар рушди худ бикўшед, мутмаинан фарзандатон бо жени "ќобил" тавлид мешавад! Агар тавонистед фарзанди худро ба омўзиш ташвиќ кунед, бењтарин корро барои ояндаатон анљом додаед! Агар тавонистед як њамватанро ба дониш рањнамої кунед, бењтарин кореро барои ояндаи миллату кишвари худ анљом додаед! Ба умеди рўзе, ки миллати мо боз аз нав нобиѓањо тавлид бикунад! Абдухалил ХОЛИЌЗОДА, соњибкори муваффаќ

ЊУКУМАТ Пўлод Муњиддиниён, вакили Маљлиси намояндагон курсии вакилиашро канор гузошт. Дафтари матбуоти Президенти Тољикистон хабар дод, ки Пўлод Муњиддиён Директори Гурўњи татбиќи лоињањои сохтмони иншооти энергетикии назди Президент таъин гардид. Ў дар ин вазифа Исроил Бобоевро иваз кард, ки бо сабаби вафоташ ваколаташ ќатъ гардида буд. Пўлод Муњиддиниён 18-уми майи соли 1959 дар ноњияи Айнї таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишкадаи муњандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муњандиси таъминоти барќу гармї ва газ хатм кардааст. Номзади илмњои техникї мебошад.

ИСТЕЪФОИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОН ПУЛОД МУЊИДДИНИЁН Фаъолияти мењнатиашро соли 1982 ба њайси ассистенти кафедраи "гармитаъминкунї ва вентилятсия" - и Донишкадаи политехникии Тољикистон оѓоз намуда, солњои 1983 - 1992 ба корњои илмї ва омўзгорї машѓул буда, минбаъд дар вазифањои гуногуни масъул ва роњбарї дар маркази барќу гармидињии шањри Душанбе кор кардааст. Солњои 2003 - 2006 муовин, муовини якуми раиси шањри Душанбе, мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии То-

љикистон буд. Солњои 2006 - 2013 муовини якуми вазири энергетика ва саноати љумњурї буд. Аз моњи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини вазири энергетика ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон фаъолият намудааст. Барои фаъолияти мењнатиаш бо унвони "Корманди шоистаи Тољикистон" ва медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардидааст. Оиладор, соњиби се фарзанд мебошад. Пулод Муњиддиниён 1-уми марти соли 2015 вакили Маљлиси намояндаго-

ни Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шуда буд. TojNwes


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

Дар атрофи театри имрўз ва муњити театрї дар кишвар зарфи ин чанд соли охир зиёд гуфта шуд. Маќолањои тањлилии матбуот ва суњбати барљастатрин чењрањои театри муосир то њадде як бонги изтироб њам буд, ки театр мавќеъи худро дар љомеа аз даст медињад. Ва далел њамоно толорњои беодами театрњост, ки њатто дар нахустнамоиши спектаклњои хуб низ пур намешаванд. Ва албатта, ин мушкил вуљуд дорад, онро касе наметавонад рад кунад. Дар ќиёс ба аввалу охири солњои 80 асри гузашта толори театрњои мо аксар ваќт холианд. Чаро? Посухи ин суолро дар суњбате бо Ортиќ Ќодир, њунарманди варзида, ровии маъруф љустем. Ортиќ Ќодир на танњо як мушоњид аст, балки дар заминаи муњити театрї андешањои худро дорад. Воќеъан њам бидуни солимгардонии муњити театрї умед бастан ба он ки толорњои театр пур аз бинанда мешаванд, имкон надорад. - Театри тољик чанд марњиларо паси сар кард. Марњилаи аввал марњилаи ибтидої буд, марњилаи театри хиёбонї, ки дар заминаи анъанањои мардумї, таќлидкорон, масхарабозон, дорбозону чашмбандон ва ѓайра амал мекард. Яъне, он чизе буд, ки иртибот ба появу заминањои њунари мардум дошт. Ин њунарњои мардумї дар шакли театрњои халќї дар шањрњо ва марказњои бузурги фарњангии тољикон, Бухорову Самарќанд, Хуљанду Њисори шодмону Кўлоб, навоњи ВМКБ, Раштонзамин ва ѓайра вуљуд доштанд ва сарчашмаи худро аз адабиёти шифоњї ва хаттии ниёгон мегирифтанд. Дар заминаи њамин њунармандони мардумї соли 1922 дар шањри Конибодом бо ташаббуси њунарманди маъруфи тољик Комил Ёрматов аввалин театри касбии миллии тољикї бунёд мешавад. Њарчанд он солњо Конибодом дар њайати Убекистон буд. Бинои нахустин театри касбиро худи њунармандон ба таври њашар бо роњбарии Комил Ёрматов сохта буданд, ки сањна ва парда дошт. Барномањоии аввалини ин театр аз сањнањои хурди њаљвї, таблиѓотї ва суруди раќсњои мардумиву классикї иборат буд. Соли 1929 дар собиќ бинои театри ба номи Владимир Маяковский, ки он солњо "Хонаи дењќон" ном дошт, нахустин театри касбї дар пойтахти Љумњурии Тољикистон ба фаъолият оѓоз намуд, ки асосгузори он аввалин коргардони касбии тољик Њомид Мањмудов буд. Намоишњои нахустини театри навтаъсис љанбаи таблиѓотї дошта, дар мазаммати сохти куњна-танќиди бою кулакњо, хону амирон, муллову ќозиён, фолбинон ва амсоли ин ва њамчунин тарѓибу ташвиќи сохти нави коммунистї-сотсиалистї мураттаб мегардиданд. Њунармандони нахустини он низ аслан зодагони Бухорову Самарќанд буданд, ки маълумоти касбї надошта, дар заминаи њамон театри масхарабозон, театри хиёбонии добозону ќиссасароён њунари худро сайќал дода буданд. Марњилаи аввали театри тољикро метавон таблиѓотї номид. Баъдан тадриљан бадеияти театр боло рафт ва таъсири театри рус бо омадани њунармандони рус ба театри тољик боз њам амиќ дарк шуд. Марњилаи љустуљўи чењрањои њунарї аз миёни мардум ба хотири сохтани театри касбї буд. Яке аз сањмгузорони аслии ин љустуљўњо коргардони маъруф ва фиристодаи Маскав Ефим Исоевич Мителман буд. Мителман дар поёгузории театри касбии тољик ва тарбияи њунармандони касбї хизматњои басо шоиста анљом дод. Муњаммадљон Ќосимов, Аслї Бурњонов, Софя Туйбоева, Туњфа Фозилова, њатто Ато Муњаммадљонон аз љумлаи бозёфтњои ў буданд. Инњо касоне буданд, ки бевосита аз мактаби њунарии худи театр, мактаби Мителман бањра бурдаанд. Ва ташаббускори таъсиси ин гуна мактаби њунарї Котиби ваќти Њизби коммунисти Тољикистон Турсун Улљабоев мањсуб мешуд. Мањз бо дастур ва мусоидати бевоси-

БА РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТЇ

таи Улљабоев Мителман тавонист бо таъсиси мактаби њунарї дар дохили театр зумрае аз санъаткорони асилро рўйи сањна оварад, ки баъдан онњо худ шањсутунњои санъати театрї дар кишвар шуданд. Ў дар назди театр аввалин студияи тарбияи њунармандони касбиро таъсис дод, ки дар он њунармандоне чун Убайдулло Раљабов, Гуландом Сафаралиева, Н.Муњаммадљонова ва дигарон ба камол расиданд. Оњиста-оњиста, ваќте ки драматургияи рус ва љањонї ба театри тољик роњ ёфт, касбияти театр ва њунармандони он хеле ќавї гашт. Албатта, дар миёни театрњои Иттињоди Шўравї театри тољик љойгоњи муњимро касб кард. Барои рушду такомули театри миллии мо хизматњои коргардонњои касбї Феликс Александрин ва Њољиќул Рањматуллоев хеле бузург арзёбї мешавад.

АЗ ТЕАТРИ ЊУНАРМАНД БА ТЕАТРИ КОРГАРДОН Охири солњои 1950 ва аввали солњои 1960 бо вуруди коргардон Хушназар Майбалиев, ки хатмкардаи Институти коргардонии Маскав буд, марњилаи дигар шуруъ шуд. Дар ин марњила ба театр Мањмудљон Воњидов, Њошим Гадоев, Марям Исоева, Носир Њасанов, Њабибулло Абдураззоќов, Тўрахон Ањмадхонов, Фотима Ѓуломова, Мукаррама Камолова омаданд, ки њамаи инњо хатмкардагони донишкадаи санъати Маскав буданд. Бо ин театр ба театри тафаккуру андеша табдил шуд. То Майбалиев театр театри актёр буд. Аммо Майбалиев театрро ба театри коргардон табдил дод. Ва ин табиист, чун бењтарин театрњои оламро бо номи коргардонњояшон меши-

«

Зиёиён бе театр њаёти худро тасаввур карда наметавонистанд. Толорњои пур аз тамошобинро мо он солњо шоњид будем. Мардум бо як љањон њавас меомаданд ва аз њар омади худ хуш мешуданд. Театр ба ќадамгоњи адибон, олимон табдил шуд ва чун ќишри бедору огоњи миллат вориди театр шуд, дигарон аз онњо пайравї карданд. Аз љумла донишљўён, омўзгорони мактабњои миёнаву олї ва ѓайра.

«

носанд. Масалан театри Вахтангов, театри Любимов, театри Товстаносов, театри Ефрос ва амсоли ин. Яъне дар олами театри муосир коргардонњои машњур услубу шеваи хости њунарии худро дар театр таљассум мекарданд ва рушди театрњо бо номи онњо иртибот мегирад. Коргардонњо њунармандонро тавре худашон мехостанд, ба бозї медароварданд, наќшофарнии њунарманд ба диктаи коргардон вобаста мешуд. Ёд дорам дар суњбате, ки мову шумо дар бораи коргардони маъруф Хушназар Майбалиев доштем, шумо ўро поягузори театри андешаву тафаккур дар Тољикисон номидед. Мехостам дар ин бор суњбат кунед: театри андеша яъне чї? - Бале. Хушназар Майбалиев андешаву тафаккур ва фикри навро ба театр ворид кард. Аввалин спекталњои вай "Деэл"и М.Бойљиев, "Ревизор"-и Гогол "Фарёди ишќ"-и Ѓанї Абдулло... Ва њамаи инњо на танњо театри андеша ва тафаккур, балки ва театри коргардонро дар Тољикистон поягузорї карданд. То Майбалиев театр њамчун театри актёрї мањсуб мешуд, дар он пафоcи лирикї ва романтизм бештар буд. Майбалиев онро ба театри реализм табдил дод, реализми хеле баланд ва дорои њикмату андеша. Ва иштибоњ нахоњем кард, агар бигўем, ки ин як равияи комилан нав, яъне рафтану ворид шудан ба љањони ботинии персонаж буд, ки устод тўли солњои коргардонї ба он муваффаќ шуд. Чанд насли баъдинаи театр дар њамин мактаб тарбия гирифтанд ва ташаккул ёфтанд. Ва њамин давра давраи гул-гулшукуфии театри тољик буд. Њамин гуна талошњо муњити пойтахт муњити театрї кард. Зиёиён бе театр њаёти худро тасаввур карда наметавонистанд. Толорњои пур аз тамошобинро мо он солњо шоњид будем. Мардум бо як љањон њавас меомаданд ва аз њар омади худ хуш мешуданд. Театр ба ќадамгоњи адибон, олимон табдил шуд ва чун ќишри бедору огоњи миллат вориди театр шуд, дигарон аз онњо пайравї карданд. Аз љумла донишљўён, омўзгорони мактабњои миёнаву олї ва ѓайра. Њунармандон њам дар навбати худ ањли зиё ва бахусус шоирону нависандагон иртибот гирифтанд ва њамин иртиботњо боис мешуд, ки намоишномањо такмил ёбанд, забони онњо пок ва фањмо шавад, дар интихоби матну порањои шеърї аз маслињату машварати якдигар кор гиранд. Бахусус, барои Мањмудљон Воњидов барин њунармандон, ки талоши эљоди театри як актёр доштанд ва ин нобиѓаи њунар њам тавонист бар ашъори Њофизу Хайём моноспекталњои худро рўйи сањна орад. Дар натиља театр посухгўи ниёзњои маънавии мардум шуд. Њолате пеш

омад, ки тамошобин хориљ аз театр њам дар бораи намоишномањои дидааш меандешид. Яъне як пайванди маънавї миёни бинандаву коргардону њунарманд ва дар умум театр ба вуљуд омад. Театри андеша дар олам мавќеъи хоси худро дорад. Ин равия њамаи эљодкорон, аз љумла њунармандон, коргардон, драмнависонро ба њам меорад ва онњо якљоя барои театр меандешанд. Дар натиља як намоиши љолибу диданї рўйи сањна меояд. Аз сўйи дигар худи роњбарони давр ба театр хонаводагї меомаданд. Тасаввур кунед, ваќте роњбарони сатњи олї ба театр меомаданд, ин хеле таъсире дар љомеа дошт. Масалан, Турсун Улљабоев худашро бе театр тасавур карда наметавонист, њато ба тамошои намоишњои бачагона њамроњи наберањои худ меомад ва худи њамин таваљљуњи роњбари сатњи аввал роњбарњои сатњи болоро маљбур мекарда, ки ба театр оянд. Њузури Улљабоев ин ташвиќ буд, то дигарон низ пайравї кунанд. Аммо баъдан, ваќте ки Иттињоди Шўравїаз њам пош хўрд ва Тољикистон ба як љанги тањмиливу љанги дохилї рў ба рў шуд, ќатори дигар низомњои љомеа ин равия низ шикаста шуд. Љанг театрро аз фаъолияти асосї ва рўзмарра боздошт, равиши унсгирии мардум бо театр шикаста шуд. Замоне буд, ки мушкил буд намоишномањоинав рўйи сањна оянд. Њунармандон парешон шуданд, иддае аз кишвар берун рафтанд, иддиае дигар аз ноилољї паси кори дигар рафтанд, то рўзгорашонро таъмин кунанд. Дар њамин асно бо истифода аз холигоњ гуруњњои нав сањнаро пур карданд, бештари онњо гуруњњои масхарабозон буданд, ки хеле аз њунари асил ва театри касбї фосила доштанд. Мардум гумон мекарданд, ки театр њамин аст, дар театр бояд танњо барои ханда меої, Вале бо вуљуди ин мушкилот театр вуљуди худро нигоњ дошт. Аввалњо гоњу ногоњ ва баъдан зуд-зуд намоишномањои нав рўйи сањна меомаданд. Вале асолати солњои 80 то имрўз дигар барќарор нашуд.

"ДАЉЉОЛ" ЭРОНЗАМИНРО ТАСХИР КАРД" - Табиист, ки љанг бисёр арзишњоро барњам мезанад, бесуботии љомеа як сў, вале аз байн рафтани арзишњои фарњангї сўйи дигар аст. Дар ин панљ соли љанг медонем, ки намоишномањои љиддї њам рўйи сањна наомаданд, чун љомеа вазъеро паси сар мекард, ки инро ќабул надошт, сиёсат низ. Чун љанг худ зояндаи бесуботї дар њамаи арсањои њаёти мамлакат аст. Вале баъди љанг ва имзои созишномаи сулњу барќаро-


СУЊБАТИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

9

Ортиќ ЌОДИР: ТЕАТРИ

ТОЉИК ЧАНДИН МАРЊИЛАРО ТАЙ КАРД, ТО КАСБЇ ШАВАД

рии субот марњилаи бозгашт ба њунари асил њам шуруъ шуд. Дуруст? - Албатта, ин бозгашт ба вуљуд омад. Зеро њунармандони асиле чун Фаррух Ќосимов, Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдураззоќов аз майдони андешањои худ дур нарафата буданд. Бо вуљуди љангу парешонї онњо бо њамон андешаву дарки фалсафии худ на танњо дар майдони њунар боќї монданд, балки ин гуна андешањои худро фарохтар карданд. Онњо тавонистанд бо дастгирии баъзе созмонњои байналмилалї њатто сафарњои њунарї ба ќалби Аврупову Эрон доштанд, ба Русия рафтанд, ба дигар кишварњои пасошўравї сафарњои њунарї доштанд ва бо ин васила нишон доданд, ки дар Тољикистон дуруст, ки љанг аст, вале санъат, њунар, театр дар њоли рушд аст. Њукумати ин кишвар бо вуљуди даргир буданаш бо мухолифони мусаллањаш, боз барои рушди санъати театрї мусоидат мекунад. Ин хеле муњим буд. Ва нуктаи дигар ин аст, ки бењтарин намоишномњои театри "Ањорун" њам мањз дар њамин давра ба вуљуд омаданд. Фаррух Ќосимов аз аввалинњо шуда ба сањнањои таъсиргузори театриро аз адабиёти пурѓановати классикиамон љуст ва пайдо кард. Вай андешањои орифонаро ба сањна овард, ба Мавлавї, Љомї, Аттор, Њофиз, Саъдї руљуъ кард, ба "Шоњнома" рў овард, ба сарнавишти бузургтарин суфињо таваљљуњ кард. Дар њамон марњила мањз театри Фаррух Ќосим муаррификунандаи театри тољик дар арсаи байналмилалї гашт. Ва Фаррух дар ин марњила ва баъдан барои рушди санъати театрии кишвар хизмати хеле арзанда ва пусрсамар кард. Ва љолиб он аст, ки ин спектаклњо дар дохили кишвар чандон зиёд тамошобин надоштанд, мардум шояд онро дарк накарданд. Вале он дар Аврупо дарк шуд, дар Эрон ба хушї истиќбол шуд ва дар озмуну љашнворањои байналмилалї соњиби љоизањои сатњи олї шуд. Ман худ шоњид будам дар соли

2001 дар дуюмин љашнвораи байналмилалии театри Эрон замин дар устони Хузистон, дар шањри Ањвози Эрон намоиши "Даљљол"-и Фарух Ќосимов соњиби шоњљоиза шуд, ки ман бо њамин гуруњ шомил будам. Ман наќш надоштам, вале ман чун худи Фаррух Ќосимов бемор буд ва дуруст њарф зада наметаовнист, ман ин спекталро дар оѓоз муаррифї мекардам, дар бораи таъриху барномањои театр ва муассисону намоишномањои он суњбат мекардам. Баъди анљоми намоиш якояк њунармандонро муаррифї мекардам, дар бораи њар кадоми онњо маълумоти мухтасар медодам. Ваќте Фарух Ќосимов бо њамон њолати беморї, ки воќеан њам мариз буд, рўйи сањна меомад, њато њолатњое буд, ки тамошобини Эрон мегиристанд ва дуо мекарданд, ки Худованд ин гуна як коргардони варзида ва маъруфро, ки намоишномањои арзишмандро рўйи сањна овардааст, шифои комил ато кунад. Ман ин њолатњоро хуб ёд дорам њато маќолае њам навишта будам, бо номи "Даљљол" Эронзаминро тасхир кард", ки он дар нашрияи "Чархи гардун" чоп шуд. Ва њамин гуна њолатњо дар Аврупо низ рух медоданд, дар шањрњои Аврупо, ки мардумаш мухлисони театр мебошанд, намоишномањои "Ањорун"ро њамин гуна хуш пазируфтанд, яъне инњо ба фањму дарки мардуми Аврупо наздик буданд. Ва имрўз ман метавонам бо ифтихор гўям, ки театри тољик њамеша аз коргардони хуб ѓанї буд. Мо ифтихор мекунем аз Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдуразоќов, Султон Усмонов, Бањодур Миралибеков, Ќурбон Собиров коргардонњои хубе, ки намоишномањои бархе аз инњо дар сањнањои театри олам барояшон шуњрат оварданд. Инњо анъанаи Хушназар Майбалиевро дар мавриди тањкими театри модерну андеша идома доданд, инњо бењтарин анъанањои театри Аврпуоро дар Тољикистон бо тафак-

«

Баъди анљоми намоиш якояк њунармандонро муаррифї мекардам, дар бораи њар кадоми онњо маълумоти мухтасар медодам. Ваќте Фарух Ќосимов бо њамон њолати беморї, ки воќеан њам мариз буд, рўйи сањна меомад, њато њолатњое буд, ки тамошобини Эрон мегиристанд ва дуо мекарданд, ки Худованд ин гуна як коргардони варзида ва маъруфро, ки намоишномањои арзишмандро рўйи сањна овардааст, шифои комил ато кунад.

«

кури шарќиёна љомаи миллї пўшониданд ва спекталкњое дар он равияњо ба сањна гузоштанд, ки моли миллатанд. Дар натиља он гуруњњое, ки солњои љанг ба вуљуд омада буданд, худ аз худ аз байн рафтанд, њунари асил љойи худро гирифт, онњо дар раќобат бо театри воќеъї ва касбї шикаста шуданд ва худ љойро холї карданд. Вале њоло њам мо мушкилоти зиёд дорем, њоло њам муњити мо муњити театрї нест, мо њамоно аз љамоњири Ќафќоз њатто ќафо мемонем. Масалан, дар Арманистон, Гурљистон, Озарбойљон, муњит театрї аст, мардум њаёташонро бе театр тассавур карда наметавонанд. Барои онњо билет ёфтан ба намоиш як љашн аст. Барои рафтан ба театр либоси вежа мепўшанд. Агар зимистон сард аст, бо мўза мераванд, вале њатман дар гардероб онро мекашанд ва барояшон пойафзоли дигар медињанд.. хулоса чизњое, ки њоло барои театрњои Душанбе танњо мешавад орзу кард.

ТЕАТР ДАР ЊАМА ДАВРУ ЗАМОН ЉОЙИ ХОСОН БУД - Ба назари ман театр муњитест, ки на њама метавонанд он љо њузур дошта бошанд. Солњое, ки шумо аз он чун солњои муњити театрї ёд кардед, ман низ ёд дорам ва медонам, гули зиёии тољик ба театр мерафт. Њамаи онњо њатман аз зумраи омўзгорон, олимон, сиёсатмадорон ва донишљўён буданд. Њоло чї? - Фаромўш њам набояд, ки аз ќадим театр љойи хосон буд. Имрўз њам чунин аст. Яъне он љо андешамандон меоянд. Вале имрўз чї монад ба театр, мо њатто аз хондани китоб фориѓ шудем, аз китоб дур шудем. Сатњи таълиму тарбия поин рафт, китоб гарон шуд, дастрасї ба он мушкил шуд ва њамин њолат ба театр њам дахл дорад. Мардум дур шуданд. Аз сўйе агар намоишномањои хуб каманд, вале аз љониби дигар чуноне дар мисоли театри "Ањорун" гуфтам, спектаклњои хуб њам тамошобин намеёбанд. Душмани аввали мо ин бесаводї аст. Яъне, дар пояи бесаводї чи тавр метавонад як кас биёяду Шекспиро тамошо кунад. Ё гуем симфонияи Бахро бишнавад. Асарњои оламшумули Чехову Островскийро тамошо кунад. Барои дарки спектаклњои сатњои љањонї дониш ва ќобилияти дарк доштан муњимаст. Љанг завќи мардумро њам кушт. Он замон касоне ки дар театр монда буданд ё гуруњњое, ки омаданд, пайи завќи мардум рафтанд ва дар пояи дарки онњо асар ба сањна гузоштанд. Яъне, имрўз барои он ки муњити мо театрї шавад, аз њамон поён бояд шуруъ кунем. Аз боѓчањо, аз муњити оилавї. Падару модарони имрўза худ муњтољи тарбия њастанд. Онњо завќ надоранд, вой бар њоли фарзандон, ки дар он муњит ба воя мерасанд. Љомеаи имрўз ба инќилоби фарњангї ниёз дорад, давлат бояд барномањои хеле корхўрдаи рушди фарњангро рўйи даст гирад. Сатњи фарњанг, дарки маънавии он, ки боло рафт, муњит фарњангиву театрї мешавад. Драматургияи тољик њам рушд меёбад. Мо имрўз таќрибан драматургияи миллї надорем, филмномањои хуб надорем, ки коргардонњои хубамон филм бардоранд Театр дар љомеаи хеле муњим аст. Дар давраи Шўравї ба ѓайр аз он ки мо намоишњои хеле ќавї доштем, боз њизб худаш барномасозї мекард, ки корхонањо ба театр раванд, муассисањо, мактабњо донишљўён ба театр раванд. Ин барномарезї мешуд. Ѓайр аз ин пайваста мо њамроњи адибон ба вохўрињо мерафтем, ба корхонањо, ба таълимгоњои илм, њатто тобистонњо ба лагерњои пионерї мерафтем. Ба сањро назди мардум мерафтем, вохўрињо мегузаронидем, ки беасар намемонд. Ва бовуљди њамаи ин имрўз мо бозгаштро тадриљан эњсос мекунем, худи њамин суботи њамешагї ва таъмини амнияту осудагї мардумро дубора ба фарњанг моил мекунад. Бидуни ин имкон надорад. Ва бояд љомеаи тољик рў ба фарњанг орад, чун њамин аст асолати миллї. Суњбати Бобољони ШАФЕЪ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

ЌАЗИЯ барои тањќиќ ба шуъбаи корњои дохилї равон карда шуд." Вале аз шуъбаи корњои дохилие, ки маводи аъмоли Назировро дастрас кардааст, ба Озодї гуфтанд, ки онро љињати тањќиќ ба ШКД-и Шоњмансури шањри Душанбе, мањали бо роњи љарроњї гирифтани як гурдаи Назиров равон кардаанд ва њарфи нињоиро дар бораи ин ќазияи печдарпеч њамин нињод хоњад гуфт. Ходими полис гуфт, ки дар љараёни тањќиќ Назиров низ бозпурсї хоњад шуд ва дар сурати бегуноњї, мавод баста шуда, шиносномањояш баргардонида хоњад шуд.

Назари њуќуќшинос Назар Назаров, њуќуќшинос аз маркази дифоъ аз њуќуќи инсон дар Хуљанд мегўяд, маќомот њаќ доранд замони тафтиши мавод оид ба гумонбар ба љиноятњои махсусан вазнин шиносномаи шањрвандро то замони анљом тафтиш бигиранд. "Тафтиши мавод маънои онро надорад, ки њатман алайњи шањр-

МОЉАРОИ ГУРДАФУРЎШЇ БА ИТТИЊОМИ ТЕРРОРИЗМ БАДАЛ ШУД? Як љавони суѓдї иддао дорад, ки талошаш барои кандани ќарзи калоне ўро ба фикри фурўши гурда овард, вале дар натиља, ба сараш мољарои нав эљод кард: њоло ўро барои нияти сафар ба кишварњои зери назари гурўњи террористии "Давлати исломї" муттањам мекунанд. Ин љавон, ки намехоњад номи воќеиаш дар матбуот нашр шавад, 28 сол дорад ва як зодаи ноњияи Исфара аст. Ў мегўяд, ваќте соли гузашта бо нияти фурўши як гурдааш ба Истанбули Туркия сафари кўтоње кард, соле баъди бозгашташ мавриди шубњаи маќомот ќарор гирифт. Як моњи охир, ба гуфтаи ў, санадњояш дар дасти маќомоти амниятї аст, њаќиќати сафари ў ба кишваре, ки наздиктарин њамсояи Сурияи тањти назари ДИИШ аст, санљида мешавад. Маќомот гуфтаанд, шиносномањои ўро баъд аз анљоми тањќиќ бармегардонанд. Ин љавон, ки бо номи мустаори Маъруф Назиров ном мебарем, мегўяд: "Аввал маќомоти њифзи њуќуќ, баъд додситонї бо ман суњбат карданд. Онњо аз ман баёнот гирифтанд барои фурўхтани як гурдаам. Баъд њар ду шиносномаам, њам дохиливу њам хориљиро гирифтанд. Гуф-

танд, ки мо аниќ мекунем, ки ту бо њамин маќсад ба Туркия сафар кардї ё бо ягон роњи рустї аз Туркия ба Сурия гузаштиву бозгашта ба Тољикистон омадї." Вай мегўяд, бидуни шиноснома њељ як барномаи зиндагиашро амалї карда наметавонад: "Ман оиладор шуданї, баъди он ба назди бародарам барои кор ба Русия рафтанї. Барои њамин шиносномањоямро гирифтаниам, вале њељ кор аз дастам намеояд."

"Гурдаамро барои кандани ќарз фурўхтам" Маъруф Назиров мегўяд, сафараш њамроњи як рањбалади тољик ба Истанбули Туркия ба ќасди фурўхтани як гурдааш моњи сентябри соли гузаштаи 2015 бебарор буд. Табибони турк нахостаанд гурдаи ўро бо роњи љарроњї бигиранд. Вале баъди бозгашт гурдаи чапашро бар ивази 40 њазор сомонї дар Душанбе фурўхтааст: "Ба ин маро шароит маљбур кард. Чор сол дар сохтмони Русия кор кардам ва ростї, аз кори сохтмон безор шудам, пули мардикорї танњо нўг ба нўг барои сарњисоби зиндагиам мерасид. Каме ба савдо њам

даст задам, ќарздор шудам. Баъди њамин як гурдаамро фурўхтам, ки мушкилотамро бартараф кунаму сари тиљоратеро бигирам." Ин љавон мегўяд, баъди љарроњиаш дар Душанбе дар тирамоњи соли 2015, њудуди ду моњ табобат гирифт ва баъди тахминан як соли зиндагї дар пойтахт, сентябри соли љорї ба зодгоњаш Исфара баргашт. Баъди бозгашт мавриди бозпурсии маќомот ќарор гирифт. Маъруф Назиров мегўяд, дар 28 соли умраш танњо мактаби миёнаро хатм карда, дар сохтмонњои Русия кор кардааст. Њељ ихтисос ё машѓулияти дигар надорад ва зиндагиаш пурмушкил аст.

Маќомот чї мегўянд? Дар њамин њол дар додситонии мањалли зисти Маъруф Назиров ба радиои Озодї тасдиќ карданд, ки ин шахс мавриди бозљўї аст, маълумоти додаи ў дар бораи сафараш ба Туркия, фурўши гурда ва дигар љузъиёт санљида мешавад. Як корманди додситонї рўзи 17 октябр дар суњбат бо Радиои Озодї гуфт, ки "Баъд ин мавод аз рўи тобеият

МИНТАЌА

ДАР МАКТАБЊОИ ТУРКИИ ГУЛЕН ДАР ЌИРЃИЗИСТОН ВА УЗБАКИСТОН 130 ЉОСУСИ АМРИКОЇ КОР МЕКАРДААСТ Дексстер Филкинс, тањлилгари амрикої навиштааст, ки дар мактабњои Гулен дар Ќирѓизистон ва Узбакистон 130 корманди хадамоти љосусии Амрико чун омўзгорони забони инглисї кор мекарданд. Ин маќола ахиран дар маљаллаи "New Yorker" чоп шудааст. Ин хабарнигори амрикої дар як тањлили фарогир навиштааст, ки чи гуна ва бо истифода аз кадом роњу шевањо муддати 30 сол Фатњулло Гулен ва љонибдоронаш тарњи табаддулот дар Туркияро кашиданд, вале он ноком монд.

Бино ба навиштаи Филкинс Гулен нуфузашро дар Осиёи Марказї ва Ќафќоз аз тариќи ширкати "Хизмат", ки аслан ба таъсиси мактабњо машѓул буд, боло бурда буд ва пирўзии табаддулоташ дар Туркия ба ин кишварњо бетаъсир намемонд. Ин манбаъ њамчунин навиштааст, ки танњо дар Узбакситон ва Ќирѓизистон 130 кормандони хадамоти љосусии амрикої чун омўзгорони фанни инглисї фаъолият доштанд. Маврид ба ёдоварист, ки хазинаи Гулен аз соли 1992 дар Ќирѓизистон

фаъол шуд в адар як муддати кутоњ дар ин кишвар 16 литсеи туркиро боз кард, донишгоњи ба номи Камол Отатуркро созмон дод, ки њоло дар он 796 муаллимони ќирѓиз фаъолият доранд, 163 омўзгор аз Туркия дошт ва 36 омўзгори дигар аз кишварњои мухталиф. Баъди нокомии табаддулоти давлатї ва њарбии Гулен дар Туркия муассисањои таълимии он дар ќаламрави кишварњои Осиёи Марказї, аз љумла дар Тољикистон низ баста шуданд. TojNwes

ванд парвандаи љиноятї боз мешавад. Дар њолати боз кардани парванда шиносномаашро бармегардонанд. Вале аз оѓоз то анљоми тањќиќи ќазияњои марбут ба гумонбарї ба содири љиноятњои вазнин ва махсусан вазнин њуљљатњои шањрвандро нигањ медоранд."

Шубњаи маќомот аз куљо маншаъ мегирад? Маќомоти Тољикистон, ки аз сафари беш аз 1000 шањрванди Тољикистон ба ќаламравњои тањти назорати ДИИШ дар Сурияву Ироќ изњори нигаронї мекунанд, талош доранд љараёни сафари шањрвандон ба Туркияро зери назорат дошта бошанд. Маќомот дар солњои охир дар Сурия дар гурўњи террористии "Давлати исломї" будани чандин сокинони ноњияеро, ки Маъруф Назиров зиндагї дорад, ошкор карда, чандин нафаронро зимни берун рафтан аз Тољикистон ба ќасди сафари Сурия баргардонида буданд. Аз љумла, сафари љавонњои синни баъдимактабї дар фурудгоњ махсус санљида мешавад. Озодї


АСОЛАТ Баъзе касоне, ки ба забони тољикї дуруст ошно нестанд, "забони тољикї аз форсї чї ќадар фарќ дорад?" - гуфта мепурсанд, аммо касе, ки ба адабиёти куњна ва нави форсї ва тољикї шиносої дорад, ба хубї медонад, ки дар миёни инњо фарќи асосї нест. Дуруст, агар мо лањљањои мањаллиро дар назар гирем ва ба њамон нигоњ карда забонро ба гурўњњо људо кунем, на ин ки дар байни Эрон ва Осиёи Миёна, балки дар байни худи ањолии Тољикистон ва Ўзбакистон њам хеле лањљањои људогона ёфт мешавад. Лекин дар дунё њељ ќавме нест, ки људогонагии љузъии лањљањои мањаллиро дар назар гирифта, барои њар лањља як забони људогона сохта бароварда бошад. Як тољик ё як эронї асарњои Саъдї, Њофиз, Низомї ва монанди инњоро чї ќадар фањмида ва дўст дошта хонад, њамон ќадар њам асарњои Рўдакї, Камоли Хуљандї, Исмати Бухорї, Сайфи Исфарангї ва монанди инњоро фањмида ва дўст дошта мехонад. Як тољик барои фањмидани баъзе луѓатњои аз форсии ќадим гирифта шудаи Фирдавсї ба чї андоза ба душворї афтад, як эронї њам барои фањмидани онњо њамон ќадар душворї мекашад. Инњо, ки гуфта шуд, нисбат ба адабиёти кўњна, адабиёти манзуми имрўзаи эрониён ва тољикон ва забони авоми Эрон ва тољикон аст. Аммо агар ба сари забони нашри матбуоти имрўзаи Эрон биёем, масъала ранги дигар мегирад. Зеро забони нашри матбуоти имрўзаи Эрон 6070 фоиз ба арабињои мушкил омезиш ёфтааст, ки гумон намекунам онњоро њар эронии саводнок њам бифањмад, чї љои тољикон. Ман шахсан ба кор фармудани баъзе суханњои арабї, ки имрўз дар забони форсу тољикї њазм шудааст, муќобил нестам. Ва инчунин кор фармудани истилоњњои илмї-арабиро, ки аз имрўза форсї ё тољикї ба љои онњо сухани ќобиле ёфт намешавад, лозим медонам. Лекин на ба он дараља, ки аз забони форсї танњо адот боќї монад, ё баъзе суханњои дар форсї њазмшудаи арабиро ба ќоидаи араб љамъ карда, хонандагонро ба кофту кови луѓат ва сарфу нањви арабї маљбур кунанд. Мо дар ин бора мисолњо ва намунањо аз матбуоти имрўзаи Эрон оварда метавонистем, фаќат аз дароз шудани маќола тарсида аз ин кор чашм пўшидем ва љустуљў карданро ба худи хонандагони њаваскор њавола намудем. . Лекин як мактуби чопаеро, ки аз Кирмоншоњ ба идораи "Рањбари до-ниш" омада, акси он дар ин шумора чоп шудааст, ба пеши тамошои хонандагон мегузорем. Ин мактуби 15 сатра њамагї тахминан 150 калима буда, аз онњо танњо 33 калимааш форсї аст, ки бештарини инњо њам монанди "чун, ки, аст" адот ва робита аст. Ин аст сурати он мактуб: Идораи љаридаи шарифа... Чун бињамдиллоњ ва-л-минна Ширкати Саодати Кирмоншоњ, ки яке аз муассисоти тиљоратї ва маорифї ва омму-л-манфиа аст, то кунун ба таъсиси муассисоти хайрия аз ќабили матбаа ва китобхона ва ѓайра, ки њар як омили муњимми тараќќї ва басти маориф ва нашру танвири афкору тавсиаи доираи илм ва иттилоот аст, муваффаќ шудааст ва инак дар таъќиби назариёти хайрхоњонаи њайати омила ва мудираи ин ширкат ва бар асари масоии љумлаи эшон (ќироатхонаи Ширкати Саодат) низ, ки ифтитоњ ва таъсиси он манут ва мутаваќќиф ба иљозаи расмї аз макоми манеъи вазорати љалилаи дохила буд, бо доштани иљоза ва имтиёзи расмии он вазорати љалила расман мафтуњ ва бинобар муќаддамоти фавќ, ки барои муаррифии Ширкати Саодат ва муассисоти хайрияи ширкати мaзбypa буд ва назар ба ин ки китобхона ва ќироатхона барои басти доираи илм ва иттилоот таъсис шуда, лизо аз коркунони он идораи муњтарам мутамманї аст барои мусоадат бо ин муассисаи Ому-ул-манфиа ва кўмак ба нашри иттилоот ва хидмат ба маориф минбаъд як шумора аз љаридаи шарифаро ба унвони ин ќироатхона ирсол намуда ва аз ин иќдоми

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

11

ДАР АТРОФИ ЗАБОНИ ФОРСЇ ВА ТОЉИКЇ

маорифпарварона аъзои ин Ширкат ва коркунони муассасоти онро ќарини имтинон фармоед. Мудири китобхона ва ќироатхона С. Муњаммадсаид Њасании Ѓайратзода Сабаби аслї барои навиштани ин чизњо якду мактуби хусусї буд, ки аз Эрон ба номи мудири "Рањбари дониш" омада буд. Нависандаи яке аз ин мактубњо (аз баски мактуби хусусї буд, бе иљозат изњор кардани номи нависандаи муњтарам муносиб дида нашуд) дар бораи забони "Рањбари дониш" чунин менигорад ки: "...чун муњити шумо мутамаддинтар ва озодтар аз Эрон аст, тараќќиёти шумо сареътар хоњад буд, фаќат, ба аќидаи ман, боистї ќадаре форсии маљаллаи худатонро мутобиќи маљаллот ва рўзномањои Эрон бинависед. Порае фироз ва каламот дар маљаллаи шумо дидем, ки имрўза миёни мо эрониён маъмул нест ва албатта тадриљан ислоњ хоњед намуд..." Табиї, дар љавоби ин мактуб бо далелњои лузуми сода кардани забон, мактубе аз љониби мудир навишта шуд. Дар љавоби ин мактуб боз худи њамон нигорандаи муњтарам дар мактуби дуввум менависад: "Далоили мазкураи рољеъ ба тарзи тањрири маљаллаи "Рањбари дониш" мутобиќ бо аќл ва мантиќ аст... Ба тавре ки марќум намудаед, љароиди Эрон мавриди истифодаи умумї намебошад ва муњимтарин рўзномаи ин мамлакат шояд мутаљовиз аз њазор хонанда дар байни дањ миллион нуфус надошта бошад"... Ин ду мактубро агарчи як шахс навишта аст, ба мо бисёр чизњоро мефањмонад: 1) Забони матбуоти Эрон на танњо ба тољикон, балки ба худи эрониён њам душворї мекардааст, ки ин љињатро нависанда дар мактуби дувум иќрор мекунад. 2) Забони матбуоти Эронро бо он њама иборатњои пуртантанаи касдону касмадон пур кардан ба њељ асоси маъќуле вобаста набудааст, чунончи касе, ки он иборатњои тантанадорро бар "Рањбари дониш" пешкаш мекард, дар мактуби дувум "далоили сода кардани забонро мутобиќ бо аќлу мантиќ" мешуморад. 3) Модом ки ин "амрњои воќеъ" дар майдон аст, модом ки "далоили сода кардани забон мутобиќи аќл ва мантиќ аст, забони матбуоти Эрон њам дер аст ё

зуд сода хоњад шуд. Баъзе касон њастанд, ки ба сабаби ошно набуданашон забони тољикиро, яъне забони авоми тољикро забони форсии вайроншуда мепиндоранд. Лекин агар аз баъзе таъсирњои љузъии забони ўзбакї чашм пўшем (масалан, кор фармудани "мї" дар мавриди истифњом), содатарин ва софтарини лањљањои форсї забони тољик аст. Ин даъвои моро мусташриќи маљорї Њерман Вамберї, ки чанде дар Эрон ва Осиёи Миёна забонро тафтиш кардааст, ќувват медињад. Ин мусташриќ дар љилди аввали "Таърихи Бухоро ё худ Мовароуннањр" ном асари худ дар як љои фасле, ки "Давраи пеш аз ислом" гуфта сар мекунад, дар бораи забони тољикї-форсии Осиёи Миёна менависад: "Шеваи њозираи форсии Осиёи Миёна аз љињати луѓат ва эъроб ба њама шевањои дигар дида хосиятњои форсии ќадимро бештар нигоњ доштааст. Агарчи форсиёни Осиёи Миёна аз бисёр асрњо боз њамеша дар миёнаи унсурони турон бошанд њам, содагии забонро нигоњдорї кардаанд. Шевањои дигари форсї, хусусан шевањои љанубї, агарчи ба њамсояrонии ѓарбии худ - сомињо кам омехта бошанд њам, ба таъсири онњо (сомињо) бисёртар дода шудаанд..." Ин даъвои мусташриќро бо як мисол ќувват дињем: агар ба китобњои луѓати форсї мурољиат кунем, суханњоеро, ки дар миёни онњо "? " ё "U"-и мамдуд аст, "вов"-и маълум, "вов"-и маљњул, ва "ё"-и маълум ва "ё"-и маљњул гуфта таъин мекунанд. Ин људогонагии "вов" ва "ё"-њо то имрўз дар забони тољикї мањфуз мондааст. Њар тољик i шер (њайвони дарранда)-ро ба "ё"-и маљњул ва шири (нўшидани)-ро ба "ё"-и мaълум мегўяд ва инчунин ин људогонагии овозро дар "вов"-њои "рўз-сўз-љўй-мўй" (бо вови маљњул) ва "дур-буд--суд ва зуд" (ба вови маълум) равшан карда мебарорад. Аммо эрониёне, ки мо дидаем, њамаро маълум карда мегўянд, албатта ин аз таъсири забони араб омадааст, ки дар вай њама "вов" ва "ё"-њои мамдуда маълуманд. Мусташриќи мазкур дар гуфтањои болои худ боз як њошия баста мегўяд: "Лањљаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тољикон гап мезананд, то имрўз аз тарафи донишмандони забони форсї таф-

тиш нашудааст. Дар ин лањља аз љињати луѓат ва аз љињати эъроб бисёр хосиятњо њастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд, дар ин лањља замирњо ва феълњо назар ба лањљаи њозираи Эрон ба таъсири забони бегона камтар дода шудаанд...". Азбаски мусташриќи мазкур 65 сол пештар аз замони њозира (1863) Эрон ва Осиёи Миёнаро сайр ва тафтиш кардааст, бояд ќуввати дарёфти вай то имрўз боќї бошад ва дар ин муддати андак дигаргунињои бисёре ба забон руй дода, забони авоми тољикро аз забони авоми эронї вайронтар накарда бошад. Аз њамаи ин навиштањо ба гумони ман як масъалаи дигар њaм љавоб ёфт: баъзе касон "рафта-рафта забони матбуоти тољикї ба забони форсии умумї як хоњад шуд, ё ин ки як лањљаи људогона шуда хоњад монд?" - гуфта аз нависандагони тољикзабон мепурсанд. Агар муроди ин пурсандагон аз забони форсии умумї забони форсии содатар бошад, забони тољикї худи њамон аст, ки ќисман ба майдони матбуот ва адабиёти нави тољикї ќадам мондааст. Ба гузаштани замон ва зиёдатии таљрибаи нависандагон боз содатар ва авомфањмтар хоњад шуд. Азбаски забони оммаи тољик њaнўз дуруст тафтиш нашудааст, нависандагони мо дар дењањо ва кўњсорњо кам гаштаанд, ба кор фармудани баъзе таъбироти душвор, ки аз китобњо ёд гирифтаанд ва баъзе калимањо, ки аз њамсоягони мо гузаштааст, маљбур мешаванд, ин душворињо ба андозае, ки нависандагони мо ба авом наздик мешаванд ва авомро мешиносанд, кам ва бартараф хоњад шуд. Яъне забони матбуоти тољик рафта-рафта аз њозирааш њам содатар хоњад гардид, ки ин мешавад забони форсии сода. Аммо агар муроди пурсанда аз забони форсии умумї забони матбуоти имрўзаи Эрон бошад, на ин ки забони матбуоти тољик рафта-рафта ба вай наздик хоњад шуд, балки дер аст ё зуд забони матбуоти имрўзаи Эрон, ба сода кардани худ ва наздик шудан ба авоми худ маљбур хоњад шуд, ки ин мешавад забони форсии сода, забони тољикї - забони зинда дар байни авоми имрўза! Устод Садриддин Айнї, "Рањбари дониш", 1928, шумораи 4-5


12

БО ШОИР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

Ту чун фасли бањорон тозарўї, Њамеша бехазон мемонї, эй гул. ......... Майи вањдат бувад дар соѓари мо, Дињад неруи нав бар пайкари мо. Ба сар бошад чу хуршеди дурахшон, Зи нураш файз ояд бар дари мо. .............. Ба дашти хотирам лола дамида, Ба гулбарги дилам шабнам чакида. Гуландомо, биё бо њам нишинем, Ки субњи дилкаши вањдат расида. ............ Биё, Ширину Лайлои дили ман, Биё, гармии ќалбу манзили ман. Намедонї, ки пас аз марги тан низ, Хаёлат мекунад обу гили ман. .............. Ба љамъи халќи ман нусрат, муборак! Шукўњи тозаву шавкат, муборак! Ба њар як пиру барнои диёрам, Сабоњи пургули вањдат, муборак!

То ба чашми ў намоям ман азизу муњтарам, Хешро дар љодањо девона кардам аз алам, Чун пазируфтам ба давраш њам њаќорат, њам ситам, "Дар њавои васли матлаб кардам аз ором рам, Њељ амре мўљиби таскини оромам нашуд." Роњи ман бастанд дар рањрав басо аѓёрњо, Мешунидам аз забони ањли дил ахборњо, Пеш мебурдам ба раѓми зиндагонї корњо, "Сўхтам дар оташи њасрат чу њинду борњо, Холи њиндуи бутон аз бахти бад ромам нашуд."

Исмоил ЗАРИФЇ:

ПАЙКАРИ ОЗУРДААМ АФГОР МЕОЯД ЗИ ЌАВМ САЗОВОРЕ НАМОНД Мухаммас бар ѓазали Адибабону Рафтию дар сина љуз ќалби гирифторе намонд, Дар вафою ањд дилбанди сазоворе намонд, Рўи дўшам ѓайри бори дурият боре намонд, "Дар дилам аз ёдгорат ѓайри озоре намонд, Рафт хуршеду ба шаб аз нураш осоре намонд." Аз миёни кўчабоѓи ид рењлат мекунам, Аз љањон бо дидаи навмед рењлат мекунам, Аз гузаргоњи Каю Љамшед рењлат мекунам, "Ман аз ин торикии тардид рењлат мекунам, Бовари ту чун ба покии шафаќворе намонд." Арчи чанде ишќро њар љо санохон омадам, Оќибат з-ин бодия зору њаросон омадам, Бо дили пурдарду бо ќалби парешон омадам, "Бесадо дар кўчаи поиз гирён омадам, Дар сукутам мадраљи ширини анворе намонд." Бањри подории худ то чанд мељўям субут? Умри ман бигзашт бе ёди ту дар даври рукут, На хабар дорам зи Мўсо, на хабар дорам зи Лут, "Дар мањак арќоми найранг асту меорам сукут, Чун харидорї ба ѓайр аз фанди айёре намонд." Дар рањат истодаам бедор, эй душманнасаќ , Аз мани афгори худ ёд ор, эй душманнасаќ , Хорињои бекасон бишмор, эй душманнасаќ ,

"Дўст медорам туро, эй ёр, эй душманнасаќ , Аз њаётам ѓайри як-ду рўзи абгоре намонд." Меравад фасли љавонї соате беѓам нишин, Бо ду дасти хештан аз меваи ќисмат бичин, Дањр мерезад ба комат сам ба љои ангубин, "Эй замони њирсу оз, эй љангали аздод, бин, Рўшанї дар мадраљи рафтору гуфторе намонд." Нокушода дида омад бар дарам пайки сафар, Не насибам гашт хушбахтї, на оњанги зафар, Эњтироме доштам бар дањри дуни пурхатар, "Љамъият бемор шуд, љўї гуноњ аз як нафар, Гул саломат дар биёбонњои пурхоре намонд." Ман чї мегўям дигар бо ќалби мањзуни фигор, Гардиши даврон намояд мурѓи љонамро шикор, Мерањам аз хешу аз андешаи хешу табор, "Гулшани маъно хазон асту суханњо бебањор, Чанд мегўї, ки гуфтан ѓайри такроре намонд." Бар сари мо мушкили бисёр меояд зи ќавм, Бар љигарњо сўзиши сад хор меояд зи ќавм, Пайкари озурдаам афгор меояд зи ќавм, "Инзиво хуштар агар озор меояд зи ќавм, Хоса он рўзе, ки дар дунё вафодоре намонд."

ДУБАЙТИЊО Ба чашмонам љавон мемонї,эй гул, Ќарину мењрубон мемонї,эй гул.

ВАЊДАТ Мурѓи дилро болу пар дар вањдат аст, Боѓи љонњоро самар дар вањдат аст. Њам азизу њам лазизу њам наљиб, Ангубину њам шакар дар вањдат аст. Шери танњо низ танњо њељ нест, Ќуввати ањли башар дар вањдат аст. Симу зар бар дард кай бахшад даво, Киссањои симу зар дар вањдат аст. Аз љавонмардї агар ояд сухан, Мардии соњибназар дар вањдат аст. Миллат аз вањдат расад бар коми дил, Барги њар созу зафар дар вањдат аст. Сулњ доруи њама беморињост, Шоми торикро ќамар дар вањдат аст.

ТУ СИТОРАИ УМЕДЇ Ту гули њамешасабзї, Ту бањори бехазонї, Ту сарою хонаи нур, Ту чароѓи осмонї. Ту ягонаи дили ман, Ту таронаи дили ман, Ту сапедаї ба шомам, Ту ба њусн бањру конї. Ту саодати њаётї, Ту фариштаи наљотї, Ту баќои њастии ман, Ту бињишти љовидонї. Ту сафои субњи идї, Ту ситораи умедї, Ту тавони ќалби решї, Ту барои ман љањонї.

НАШУД Мухаммас бар ѓазали ТУЃРАЛ Посдори хотири дилдор аќломам нашуд, Табъи ў болида аз ин меваи хомам нашуд, Воќифи андешаи оѓозу анљомам нашуд, "Оњ, аз даври фалак як лањза бар комам нашуд, Ќуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд."

Гарчи аз даврон надидам дар сари худ љаври кам, Гарчи ман аз љодаам берун нарафтам як ќадам, Њар нафас андеша кардам аз маи љоми адам, "Баски нўшидам басе паймонањои зањри ѓам, Аз маи ишрат, вале як љуръа дар љомам нашуд." Гарчи аз кайвони дун мехостам роњи сапед, Бе шамоле низ меларзидам њамчун барги бед, Рўзи хурсандї наомад пеши рўи ман падид, "То нињодам дар паи сайди талаб доми умед, Мурѓи ин вањшатсаро дар њалќаи домам нашуд." Чун наовард шохаи бењосилам њаргиз самар, Чун надидам дар сарои дун макони бехатар, Давраи пирї расиду мондаам ман бехабар "Хонабардўши хаёлам мунтазир шаб то сањар, Як тулўи кавкаби бахт аз лаби бомам нашуд." Чун сагон њаргиз нарафтам њељ аз пеши дараш, Њамчу парвона њамегардидам аз гирди сараш, Бо ЗАРИФЇ ман нагаштам њељ рањ њамсоѓараш, "Туѓралам дар дом шуд з-он њарду бодоми тараш, Як илољи хушкии савдо зи бодомам нашуд." Роњи ЗОСУН 18.10-16


ЌАДРДОНЇ Писараш ўро љўё гашт. Аз ёдњо, аз хотирањо, аз сањфањо, аз гулгашту хиёбонњо, аз мавзеъњои Талхаку Козешаху Пушти Хор, ки он љо љавонињояшро дар тори њар сангу зери њар буттаву бурсњои сарсабз гузошта буд, аз дењи айёми љавонияш Каздон, ќад-ќади рўди Зарафшон то Айниву Панљакенту Самарќанду Бухоро аз гулбоѓшои шашри Ќўрѓонтеппа , аз њар кўчаву боѓѓои Душанбешањр, аз замири дўстони содиќаш, аз дидагони пурмењру рањинтизори зављааш, аз наќлу ќиссаву хушгўињои њамсолону њамкорону њамхизматону њамсабаќонаш. Ва пайдо кард, Падарро… Падари шоирашро, падари чењрахандону бекинаву бериёашро. Падари шеър дар лабу ѓарќида дар хуни худро. Оне, ки дар он сањнаи фољиабори пурдањшат, рўзи 24.10.1992 љоми шањодат чашидаву биступанљ сол ин љониб, дар оѓўши модари абадудањри худ ба сар бурдаву ба сўњбати Њаќ нишаста. Он њабиберо, ки кунун аз дидањо ба дил рахт бастааст… Ва барои поси гиромидошти солмарги падар шоми хотираеро бо роњбарии њунарманди мардумї Хосияти Зарфашонї ва њунармандони дигар омода намуд. Ки он шоми 05.10.2016 ба вуќўъ пайваст. Пардаи сањна боз мегардад. Дар пештоќи сањна симои бисёр бануру самимиву дидадаро бо чашмони пурмењр Махсум Олимї намудор аст. Њамон шоири љавону умедбахш. Њамон шоири пуршуру пурсавдо. Њамон шоири якруву якрой. Њамон шоире, ки њамагї 36 сол аз умр бурда буд. Ва њанўз љавон буду, орзуву омолаш дар дил,

13

дорад. Ман бо падрат дўстї доштам… Ва ман инљо дарк кардам, ки ин љавон дар ба дар, идора ба идора, хона ба хонаи дўстону њамкорону њамсабаќони падараш гашта онњоро ба ин мањфили зебо, ба шоми хотираи падар даъват намуда. Чун дафтари хотирот вараќгардон мешавад ба ёд меояд, ки Махсуми ширингуфторро, як иддаи нотавонбин ноогоњона куштанд. Љони љавонашро рабуданд. Парвози баланди шеърашро боз доштанд. Тифлаконашро аз дидори падар мањрум сохтанд. Боке не! Чун мебинам, ки тифлаки кўчаки ў имрўз бузург гаштаву ном бардори падар, умед аст, ки вай шеърњои ногуфта ва нотамоми падарро идомабањш мешавад. Оњу њасрати дўстону пайвандон дар ин шоми хотира тарона мегашт. Таронањои шоири шањид. Аз куљо донистаме фарњанг фарњанги худаст…. Бале он мањфили шеъру суруд буд. Мањфили сухан, мањфили андеша… Ва дар идомаи ин њама ровї Абдуќањњор мегўяд: -Махсум дар он айём, чун Хуршед дурахшид. Чун хуршеди тобон. Ва мавќе гирифт бо суханаш дар ќатори устодо-

САД ЊАЙФУ ДАРЕЃИ ОЛИМЇ… мактаби устодони сахтгир чун Ќутбї Киром, Лоиќ Шералї, Гулназар бањра бардошта буд. Ва мо дўстон ављи парвози ўро медидем. Умед буд, ки ў яке аз тавонотарин шоирони замон худ хоњад шуд. Вале, як рўзи тирамањ. Як рўзи нањс, як рўзи хазонрез, ки атрофу акнофро бўйи боруту дуди ѓализ фаро гирифта буд, ин љавонмарди саршор аз шеру сурудро, нољавонмарде, нотавонбине, худхоњу хештанношиносе нишони тир сохта синаашро дариду ѓарќа дар хунаш намуд.Он рўз њамон тирамњи хазонрези шоир буд. Ва њамон байташ пешорў омад: Аз кўчањои холї, чун бигзарам хаёлї, Тарсам, мекушандам як рўз чун Њилолї. Абдуѓаффори Абдуљаббор ба намояндагї аз Вазорати фарњанги љумњурї

шеъри тару нобаш дар лаб ва мављи хаёлоташ рангину мурѓи илњомаш баландпарвоз. Сурати ў ба толор менигарад. Ба ањли нишаст. Ба чењрањои ошно. Ба дидањои пурмењр. Њамаро дар њилоли дидагонаш гўиё ба навор мегирифт. Ва пайдо мекард он љо дўстонро, устодонро, пайвандонро, њамќадаму њамќаламу њамќадањонро! Њамаро медид. Бо њамон таровати дўстона. Бо њамон самимияти хосаи хеш. Ва ин дам толорро бўйи сунљид муаттар мекунад. Машомњо аз он мешаманд. Буйи бањорї. Ва ин шоми тирамањи љомазаррин бўйи бањор оварда буд. Бўе аз накњати ёд. Ёди шоири шањид. Ва гўиё бо навои обшорон он њама мењру вафо тарона гашта, аз тори сурудофари њунарманди мардумї Хосияти Зарафшонї ба Кох ѓулѓула меафканд. Ањли толор аз фарњ меболанд. Фарањмандї дар рухсорањои онљо будагон гулкорї гашт. Домани андешањо. Ва онро пардоз медињад муовини раиси Иттињодияи нависандагон Юсуф Юсуфї: -Сухани асил намемирад. Ва дурустараш онро касе кушта наметавонад. Он дилњоро ба њам меоварад. Мењр мепарварад. Тарона гаштаву мову шумоёнро ба њам меоварад. Дардро бозгў мегардад. Дарди љомеаро. Ва ин басо рамзист,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

ки дар хайрёди Махсуми шоир мо ситоиш аз сухан дорем. Зеро санаи мазкур Рўзи забони тољикист… Ва банда ба ифтихори чунин санањои муборак њамагони шуморо муборак бод мегуям. Ва домони андешањо ба дасти устод Кароматуллоњи Мирзо бармехўрад: - Махсум љавонмарди дидадаро, хушсўњбат, бонамак ва ќадршинос буд. Шоири ояндадор. Бо хаёлоти бикр. Боѓайрат. Сертакопў. Пурифтихор. Ў аз

афзуд, ки :-рўзе дар њуљраи кори нишаста будам, ки як љавони хушандоме ба наздам даромаду гуфт:- Шумо дўсти падарам будаед. Бо падарам њамкорї доштаед. Ба наздатон омадам, то ягон хотиротеро дар бораи падар аз шумо бигирам. Гуфтам:- чї ном дорї? Гуфт:Шањриёр. Пурсидам, ки:-писари кї мешавї? Гуфт:-писари Махсум Олимї, ва гуфтамаш:- Бале, ончи гуфтї воќеият

ни сухан. Ў суханро меписандид. Сухани нобу шеворо. Бо ѓами дил пеши бедил орамидан хуб нест, Назди бедил рози дил гуфтан шунидан хуб нест. Њар сухан дониста гую хом бошад пухта кун, Хушаи нопухтаеро њам дурудан хуб нест… Баъдан Ќурбони Восеъ, ходими илмї ва љамъиятї аз лањзањои донишандўзии шоир дар Институти адабии умумиљањонии ба номи М.Горкий дар шањри Маскав наќл кард. Аз њамон рўзњои пуршару шури айёми донишљўї. Махсуми љавон ва хонаи мењмоннавози ў ва дар он хона гирдомадани навќаламони собиќ иттињоди Шўравї ва љањон. Ва дар ин мањфилњо гули сари сабад будану бо лутф сухангуйињои шоир ёдовар шуд. Хонаи ўро тамоми донишљўёни ин донишкада медонистанд. Зеро дар пештоќи он бо њуруфи форсиасос "Тољикистон" навишта шуда буд. Пас аз он Абдуќодири Абдуќањњор эълон дошт, ки њоло ба сањна Умедљон Холов, як љавони соњибистеъдод, ки гарчанде бо чашми сар ашъори шоирро нахонад бошад њам бо чашми рушану равони дил шеъре аз ашъори Махсумро ќироъат менамояд толорро хомўши ба коми худ даркашид.. Ва лањзаи хомўшї. Ва толор ањсан хонданаш… Ва замоне, ки писари шоир Шањриёр шеъри худро бо унвонии "Марги шеър" ба ањли нишаст ќироъат намуд ашки дарду њасрат ва ашки надомат сари мижгонњо боргашт: "Падрам шоир буд", Шоири кишвари ѓам, Шоири кишвари худ… Ва ѓуруре будаш, Њамчу кўњи ватанаш. Ва дами шодињо, Гањ ба тайёраи ишќ. Ошиќонро ба тамошо мебурд… Ва њамин суруда буд, ки он љо будагон ба њасрат гуфтанд: Сад њайфу дареѓи Олимї! Мухтор БОЌИЗОДА


14

КИШВАР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

ДОЃ

АМНИЯТ

МОДАРИ 82-СОЛА ТАВАССУТИ ДОДГОЊ АЗ ФАРЗАНДАШ АЛИМЕНТ МЕРЎЁНАД

Сокини 82-солаи Ќубодиёни вилояти Хатлон ба воситаи додгоњ аз писари калонияш алимент талаб кардааст. Додгоњ низ даъворо ќабул ва писари Сангин Мирзоеваро вазифадор кардааст, ки њар моњ ба модараш 70 сомонї алимент дињад. "Ман маъюбам ва маљбур шудам ба додгоњ мурољиат кунам ва онњо даъвои маро ќабул карданд, аммо њаљми алиментро 70 сомонї муайян карданд, ки хеле ночиз аст", - мегўяд пиразан. Сангин Мирзоева њанўз дар љавонї аз шавњараш људо шуда, шаш фарзандашро, ки дуи онњо дар замони љанги

шањрвандии кишвар даргузаштаанд, худ ба воя расондааст. Ў њоло њамроњи писари хурдиаш зиндагї мекунад ва ду духтараш низ баъди издивољњои номуваффаќ ба назди модарашон баргаштаанд. Саидмањмуд Гулзода, додраси додгоњи Ќубодиён мегўяд, ин бори дувум аст, ки дар ноњия волидайн аз фарзандон алимент талаб мекунанд. Бар пояи ќонунњои маъмурии Тољикистон, фарзандони ќобили мењнат вазифадоранд, ки падару модари нафаќахўрашонро нигоњубин кунанд. Сангин Мирзоева аз фарзандаш 300 сомонї алименти моњона талаб карда буд.

ДАР ТОЉИКИСТОН СИМКОРТЊОИ ФУРЎХТАШУДАРО ДУБОРА САБТ МЕКУНАНД Анљумани ширкатњои мобилии Тољикистон мегўяд, раванди сабти дубораи симкортњо то 1 апрели соли 2017 идома ёфта, њадафи асосии он аз байн бурдани раќамњои ѓайрифаъол аст. Охири соли гузашта муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон (КДАМ) дар порлумон ибрози нигаронї карда буд, ки баъзе аз симкортњои кишвар ба дасти љангиёни Толибон афтодааст. Аз ин рў, ба гуфтаи вай, 7 миллион симкорти фурўхташуда аз нав ба ќайд гирифта мешаванд. Ѓафурљон Эркаев, раиси Анљумани ширкатњои мобилї далели ин иќдомро ба боло рафтани њаќќи хизматрасонї ва ба тартиб даровардани тарзи истифодаи симкортњо марбут донист. Ў гуфт, "ќаблан ба далели арзон будани арзиши иљораи раќамњои мобилї ва NGN њаќќи онро ширкатњои мобилї пардохт мекарданд. Аз ин лињоз, бархеи муштариён ду ва зиёда аз он симкорт доштанд. Баъди боло рафтани њаќќи иљораи раќамњо, пардохти

ин маблаѓ ба ўњдаи муштариён вогузор шуд, ки дар натиљаи шумори онњоро якбора коњиш дод". Мансур Умаров,муовини раиси Кумитаи амнияти Миллии Тољикистон гуфтааст, 70 дарсади симкортњо дар њолатњои номуайян фурўхта шуданд ва бояд аз нав ба ќайд гирифта шаванд. Муштариёне, ки аз ќайди дубора саркашї мекунанд, аз симкорти худ мањрум хоњанд шуд.


НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И БОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

15

АКСИ ГЎЁ

НАРХИ БАРЌ ЧЇ ЌАДАР ЌИММАТ ШУД? Оё дуруст аст, ки нархи барќ баланд мешавад? Агар баланд шавад пас чї ќадар? Ќосим ШОДИЕВ, сокини ноњияи Љаббор Расулов. Хонандаи азиз ин хабар дуруст аст. Дар Тољикистон арзиши нерўи барќ ва гармї барои шањрвандон ва корхонањо ба истиснои корхонаи "Талко" боло рафт. Тибќи ќарори №417-и Њукумати Тољикистон ањолї ва корхонањо сар аз 1-уми ноябр барои барќ ва гармї ќиммати зиёдтар пардохт мекунанд. То имрўз ќиммати њар як киловатт-соат нерўи барќ дар Тољикистон 12,6 дирам буд ва аз 1-уми ноябр он 14,65 дирам хоњад буд. Ќиммати нерўи барќ барои корхонањои саноатї 35,65 дирам, барои пойгоњњои обкашонї дар тобистон 2,55 ва дар фасли сармо 9,55 дирам муќаррар шудааст. Бояд бигўем, ки ин таѓйирот ба Вилояти мухтори куњистони Бадахшон дахл надорад. Дар асоси ин тасмим њамчунин ќиммати гармї низ боло бурда шуда ва нархи 1 Гкал нерўи гармї 1 сомонї муќарар шудааст.

?-И БОБ Њафтаи оянда тўй дорем, аммо намедонем, ки вазъи боду њаво чигуна мешавад. Баъзењо гуфтанд, ки аз Интернет бинем, аммо ман ба Интернет он ќадар бовар надорам. Мехоњам аз Агентии обуњавошиносї бипурсам, ки вазъи боду њаво њафтаи оянда чигуна аст? Шањло ШОКИРОВА, сокини шањри Сарбанд. Тибќи пешбинии Агентии обуњавошиносии Тољикистон рўзњои наздик дар љумњурї њарорати њаво то 10 -12 дараља паст мешавад. Бино ба иттилои масъулини Агентии обуњавошиносї, шаби 18 ба 19-уми октябр дар ќаламрави љумњурї њавои таѓйирёбанда, борони кўтоњмуддат, дар баъзе љойњо борони шиддатнок дар назар дошта шудааст. 20-уми октябр њавои бебориш дар назар дошта шуда, рўзњои 21-22-юми октябр эњтимоли дубора шиддат гирифтани борон пешбинї мешавад. Бар асоси пешгўии обуњавошиносон, 19-22-юми октябр њарорати њаво дар Суѓд то 10-15 дараља, Хатлон 14-19 дараља, навоњии тобеи марказ- 13-18 дараља ва ВМКБ то 11-16 дараља гарм хоњад шуд.

ШЕЪР

ДОСТОНИ СУРАИ ИНЉИЛ ВА ЯК ДОИШЇ Бо мусалсал Доишї истода буд, Огањ аз кори худу омода буд. Ќоматаш болову ришаш то миён, Ќањр дар симову номаш Ќањрамон. Дасту бозуяш ситабру говзур, Дидањо њамчун уќоб андар убур. Дошт љиперо дар он як марду зан, Гуфт: Эй мардак бихоњам аз ту ман, То бигуї, ки мусалмонї ту њам, В-ар набошї ман мусулмонат кунам? Гуфт мардак: Ман? Мусумони тамом, Не мусулмони ба зоњир ё ба ном! Гар мусулмонїбигуфташ- сура хон! Хонд оёте зи Инљил, он замон. Доишї гуфташ: Бирав, роњат сафед, Њаќ насозад њељ гоњат ноумед! Чун гузаштанду бирафт аз сар хатар, Зан ба шу гуфто: Чи кардї пурњунар?! Гар бидонистї, ки аз Инљил ту, Ояте хондї бар он нопокру, Сар зи тан карди људомон дар Замон, Он палиди нокаси нопокљон! Гуфт мардак гар будї огоњ вай, Аз китоби Мустафо, эй некпай, Тарки ин зулму ситам кардиву бад, В-ин бадињо аз мусулмон кай сазад*?! Абдурашиди ФОЗИЛ

СУХАНОНИ ЊИКМАТОМЕЗ Устод гуфт: Пушти њар як марди муваффаќ як зани оќила аст. Яке аз бачањо пурсид: Пушти як зани дармонда ва бепаноњ чї касе аст? Устод љавоб надод ва бо бањонае синфро тарк кард. Аммо љавобашро њама медонистем; "Як номард" Дењотї Барои озодї лозим нест осмон ва заминро бихаред, танњо худатонро нафурўшед. Мандела Тамоми таърих иборат аст аз љанги сарбозонест, ки њамдигарро намешиносанд ва бо њам мељанганд, барои ду нафар, ки њамдигарро мешиносанду намељанганд. Замоне мерасад, ки ИНСОН дигар љушиши ишќро эњсос намекунад. Он чи ки мемонад танњо трагедия (мусибат) аст. Зистан барои касе ё чизе… Дигар маъное надорад, дигар њеч чиз маъное надорад, љуз андешаи мурдан ба хотири чизе… Алберт Камю Њељ кас дар корвони зиндагї бедор нест, Мондагон дар хоби ѓафлат, рафтагон афсонаанд. Соиб

АШК ВА ШАМШЕР...

ЛАТИФАЊО - Дарсњоят дар мактаб чї хел? - Бад! Муаллим њамеша мепурсаду мепурсад. Ба фикрам худаш чизеро намедонад. ****** Як одаме ба берун баромада дод мезад. Барои ишќатон худро кушед, барои ватан худро кушед аз ошёнањои баланд худро партоед, агар намурдед боз партоед то ки бимиред. Баъд як одаме омаду пурсид ту чаро њамаро ба мурдан даъват карда истода, ту худат чикораї? Љавоб дод: ман ќабркан.

ОЁ МЕДОНЕД? -95%-и таркиби барфро њаво ташкил медињад. Дар баробари сафед будан, барф сиёњу сабз низ мешавад. Дар Швейтсария соли 1969 барфи сиёњ борида буд ва он њам дар рўзи Соли Нав. Соли 1955 бошад, мардуми Калифорния шоњиди боридани барфи сабз гардида буданд! -Борон дар таркиби худ витамини В12-ро дорад. -Шањрвандони Португалия њуќуќ доранд, ки њангоми боридани борон тамоман ба кор нараванд. Агарчї боришот моњњо идома ёбад њам, онњоро касе ба љавобгарї намекашад. -Яке аз рўзномањои машњури Аврупо тайи 20-сол мешавад, ки маълумот дар бораи боду њаворо ба таври шеър нашр мекунад.

****** Ваќти аз назди мактаб гузаштан падар ба писараш мегўяд: -Дидї, бачам, 20 сол пеш ман њамин мактаби шуморо хатм карда будам. Писараш мегўяд: -Нав фањмидам, ки барои чї директор фаќат тарафам дод зада мегўяд: "ма ту барин ањмаќа 20 сол шуд надидагї будам дар ин мактаб"

МАРДУМИ ТОЉИК

БА ЉОИ 09

Ба сар бурда ба љангал умр, аммо, Ту ќонунњои љангалро надонї. Талош дар ин макон бањри њаёт аст, Талош бояд намуд, то зинда монї. Дар муњите, ки инсонњо зиндагї доранд, чї бояд кард, то зинда монда, одамии худ гум накунї? Абдурашиди ЊАМИДЗОД, сокини ноњияи Ёвон. Барои ба суолњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат намоед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї-77, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефонии 44-600-80-38 ва 915-89-0357 занг занед. Ё ба воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

Агар хоњед, ки аз ихтирооту кашфиёти љањон, њуљљатњои патентї огањї пайдо намоед ва ё дар кору фаъолиятатон аз адабиёту маљаллањои гуногунсоња, ќоидањои меъёрї ва дигар маводњои иттилоотї истифода намоед, пас марњамат, ин имкониятро Китобхонаи давлатии патентию иттилотї- и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон барои Шумо фароњам овардааст. Нишонии мо: ш. Душанбе, к.Айнї 14а (Рў ба рўйи истгоњи "Экрани кабуд") Шумораи телефонњо барои тамос: 227 97 05, 37 880 30 72, 222 2109, 222 21 33, 44 600 55 79, 917 23 28 16 ва 989 00 54 24. Почтаи электронии мо: gptb.tj@mail.ru


16

ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (512), 19. 10. 2016

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

ЧЕЊРА

АБДУАЗИМИ АБДУВАЊЊОБ Муњаррири ваќти нашрияи "Нигоњ" ва сармуњаррири хабаргузории Тољнюс. 16-уми октябри соли 1985 дар дењаи Томини ноњияи Айнї дида ба олам кушодааст. Солњои 2003-2008 дар факултаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон тањсил кардааст. Фаъолияти кориашро чун рўзноманигор моњи октябри соли 2007 аз њафтаномаи "Нигоњ" оѓоз кардааст ва то моњи майи соли 2010 котиби масъули он будааст. Аз моњи сентябри соли 2010 то моњи марти соли 2012 дар нашрияи "Имрўз-нюс" хабарнигор ва муњаррири шуъба кор кардааст. Аз моњи марти соли 2012 то моњи июни соли 2013 дар Раёсати тањлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон кор мекард. Тобистони соли 2013 бо даъвати ношири "Нигоњ" баргашт ва муњаррири "Нигоњ" шуд. Соли 2015 сармуњаррири хабаргузории Тољнюс таъин шуда, то моњи апрели соли 2016 ин масъулиятро бар душ дошт. Забонњои русї ва инглисиро медонад. Барандаи чандин љоизаи созмонњои журналистии кишвар аст. Аз љумла, љоизаи љасорати журналистии Медиа-Алянси Тољикистон, љоизаи гуруњи расонањои "Озодагон" ва ѓайра. Борњо барои ширкат дар конфронсњои байналмилалии рўзноманигорї ва такмили ихтисос ба Љопон. Чин, Олмон сафар кардааст. Аз моњи апрели соли равон муќими Аврупост. Дар яке аз марказњои илмї забони олмонї меомўзад, то тањсилашро дар донишгоњњои Олмон идома дињад. Журналисти муваффаќ Раљаби Мирзо ва ношир Сайидмуњиддини Дўстмуњаммадиёнро устодони худ дар љодаи журналистї медонад ва мегўяд аз таљрибаву маслињату машварати онњо хеле омўхтааст. Њамкораш Бобољони Шафеъ дар бораи ў мегўяд: "Замоне, ки Абдуазим дар мактаб мехонд, модараш мехостааст Абдуазим духтур шавад, бародари бузургаш ўро њуќуќшинос диданї буд. Аммо майли ў ба журналистика бештар буд. Замоне, ки маќолањои танќидї дар сањифаи нашрияњо мехонд, гумон мекард мањз њамин журналистика аст, ки метавонад руњи ко-

вишгару эътирозиашро ќонеъ созад. Вале баъди он ки соњиби диплом шуд, шояд ба дарки ин нукта њам расид, ки журналистика мољарољўї нест, балки масъулият аст. Ин буд, ки паси мољаро нарафт, пайи тањлил шуд, тањќиќу масъалагузориро авло донист". Абдуазими Абдувањњобро шояд касе аз ношири "Нигоњ" Сайидмуњиддини Дўстмуњаммадиён касе хубтар нашносад, ки мегўяд: "Руњи эътирозї ва омодагии њамешагї барои худсозї дар як инсон ками андар кам вомехўранд. Дар вуљуди Абдуазим њаст. Дар вуљудаш чї, руњу пайкараш аз њамин хамир аст. Њоло дигар соњибќалам асту падари хонадону марди солор, аммо љўё буданро аз даст надодааст, пайваста дониш меомўзаду барои донишу навгонињо боз аст. Мисли њамон Абдуазими 21 сола, ки ба "Нигоњ" ба кор омада буд. Тамоми марњилањои кор дар "Нигоњ": "Чойники бесоњиб"-Гузоришгари "бидав -биёр"Журналист - Муњаррир - Сармуњаррирро дар чанд сол гузашту умедворам ба марњилаи нињої- Соњибназар њам мерасад. Мактаби хубе њам дар Маркази тадќиќоти стратегї, замони Суњроб Шарипови рањматї гузашт ва дарсњои накуе аз Абдуллоњи Роњнамо гирифт. Њич кадоме аз журналистони тољикро, ки 10 сол боз бо онњо сару кор дорам, ба њадди Абдуазим масъулиятшинос наёфтаам. Бар замми журналисти хуб будан, ќобилияти хуби роњбарї ва муњимтар аз он: ќобилияти њалли мушкилоти мураккаб ва кор дар шароити фавќуллодаро дорост. Ба хости Худованд, љомеаи Тољикистон дар бораи Абдуазими Абдувањњоб њоло зиёд хоњад гуфту шуниду навишт".

52 СИФАТИ "НИГОЊ" Салим АЮБЗОД, рўзноманигори шинохтаи тољик

МАТЛАБЊОЯШ АСОСАН ДАР ТАКЯ БА "ЊАЗРАТИ ФАКТ" ТАЊИЯ МЕШАВАНД Дар номи "Нигоњ"-ро танњо як њарфи холии "о" буд, ки онро бо тасвири њадаф пур кардаанд. Чунин рамз умедвор мекунад, ки нигоњњои "Нигоњ" њадафмандона ва нишонрас бошанд. Ин нашрияро барои бархе аз матлабњои љасуронааш мехонам. Хуб аст, ки аксари чунин матлабњо асосан дар мавзўи рўз буда, ба "Њазрати Факт" такия мекунанд, на ба эњсосот ё њадсу гумон. "Нигоњ" њарчанд аз бисёр љињат ба њафтаномањои дигар монанд аст, тамоюли ошкоро ба ин ё он гурўњ, мањал, нињоди давлатї, сиёсатмадори муайян надорад, ба камияш чунин чиз ба назар намерасад. Камбудии њафтанома мурооти "минтаќаи танќидмамнўъ" аст ва њам истифодаи "берањмона"-и майдони чоп, манзурам, матолиби хеле дароз, ки аз дидани онњо касони шитобзадаро бим мегирад, ки кай ин њамаро мехонда бошанд. Дигар ин ки бархе аз матолиби он бояд ишораи "табли?" дошта бошанд. Пештар пайванди нашрия бо шабакањои иљтимої ќавї буд, акнун аз байн рафтааст.

Муњаррир: Фаридун Рањнавард

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 918 74 75 79 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Файзулло ХОЛБОБОЕВ, сафири Тољикистон дар Укроин: - Масъулини Укроин овораи наздикшавї ба Аврупо шуда, ба њамкорї бо кишварњои ИДМ бетаваљљуњї зоњир мекунанд. Аммо мегўянд, дўсти куњна бењтар аз ду дўсти нав аст. - Баъзењо аз дўсти куњна, аниќтараш аз рањо кардани курсї то њадде метарсанд, ки омодаанд як миллатро ба "чурка"-ву "гастарбайтер" табдил бидињанд.

Доналд ТРАМП, номзад ба маќоми Президенти ИМА: -Агар ман 8-уми ноябр дар интихоботи президенти И МА пирўз шавам, метавонам то маросими савганд бо Путин мулоќот дошта бошам. - Агар њадаф аз иштирок дар интихобот мулоќот бо Путин бошад, њатто орзўи дидор бо он њазратро накунед.

Ќаноат ЛАТИФОВ, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тољикистон (U-19): -Мусобиќаи "CAFA Women's Cup U-19" дар Тошканд барои футболбоздухтарони тољик як санљише буд пеш аз мусобиќаи интихобии ќањрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола. - Фаќат нагўед, ки санљиш омодагии онњоро барои издивољ нишон дод...

Николай БОРДЮЖА, котиби генералии Созмони паймони амнияти дастаљамъї (СПАД): -Маќомоти Тољикистон аз љангиёни баргашта аз сафњои ДИИШ маълумоти зиёдеро гирд овардаанд, ки мешавад онњоро барои муаррифии чењраи аслии ин созмони террористї истифода кард. - Истифода кунед майлашу, нашавад, ки барои маълумоти зиёдтар њарки рост омад, љангии бозгашта аз Сурия гуфта, боздошт кунанд. Онњо метавонанд!

Асламбек ПАСКАЧЕВ, Рањбари комиссияи масоили муњољирати Шўрои назди Президенти Русия: -Бояд як афви умумї барои њудудан 3 миллион муњољири кории ѓайриќонунї эълон кард. Бояд то охири моњи октябри соли равон ин масъаларо дар мулоќот бо Владимир Путин дар миён гузорем. Мо наметавонем ба ин муросо кунем, ки дар ќаламрави кишвари мо ба ин теъдод одамон бо ќасду ниятњои номаълум зиндагонї кунанд. Наметавонем низ ба он муросо кунем, ки ин афрод кор кунанду ба буљаи давлати мо андоз насупоранд. - Нее? Ё, як бало карда, аълоњазратро барои шомил шудан ба Иттињоди авруОсиё розї кардед - мї?

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.