1
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Њизби нањзати исломї дар Тољикистон бошад ё на?
Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол | №40 (316). Чоршанбе, 26-уми декабри соли 2012 | Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru
Нуриддин ЌАРШИБОЕВ: "Мазњака" -и нави Хадамоти алоќа
Як гапи њафта
Ќосими БЕКМУЊАММАД: Мултфилм њам хатар дорад
2
Як шарњи сиёсї
Љаноби ИКС: Амиршо Миралиев ва Абдулло Ёрови “крайний”
4
«Розњои пинњон»
5
Дар ин шумора: изњорот
10 БЕЊТАРИНИ БИЗНЕСИ ТОЉИКИСТОН Ќиёмат дар Тољнет: 4 версияи як амалиёт
Љузъиёти боздошти Умаралї Ќувватов дар Дубай љањон
3
Поёни салтанати одамхудо
10 мардикорнома
Мардикорї гуноњ аст?
16
2
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Масъулини њизб, ки дар сари синаашон ходими њизб навишта шуда буд, барои сабт иљозат надода, онњоро аз толор ронда, дарро пўшиданд. Нашрияњои чопї аз ин мулоќот гузоришњо омода карданд. Суоли матрањ ин аст, ки ЊНИТ аз телевизион чї гапи пинњонї дошт?
ПРЕЗИДЕНТ НИГАРОНЇ
Интиќоди шадиди Эмомалї Рањмон аз беамалии СПАД Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон дар љаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастаљамъї (СПАД) изњор дошт, ки "то њанўз ягон натиљаи љиддие аз ќарордодњои аз сўи мо имзошуда, барномањо ва њуљљатњои дигари њамкорињои дастаљамъї намоён нест".
Эмомалї Рањмон ба носозгории муњити иттилотии кишварњои узви созмон ишора карда, њамчунин гуфт: "То њанўз васоити ахбори оммаи кишварњои узви СПАД аз муносиботи авлавиятдор дар самти амнияти дастаљамъї бархурдор нестанд. Ва њам ин гуна авлавият умуман, ки мављуд нест", - гуфт Эмомалї Рањмон. Њамчунин дар ин љаласа, тавре пештар эълон шуда буд, Ўзбакистон расман ин созмонро
дубора тарк кард. Кўшиши дирўзаи Сергей Лавров, вазири умури хориљаи Русия, зимни сафараш ба Тошканд ва гаравонидани Ислом Каримов, раисљумњури ин кишвар бар ивази бахшидани 700 млн доллар ќарзи Ўзбакистон аз Русия низ натавонист Тошкандро дар ин созмон нигоњ дорад. Александр Лукашенко, президенти Беларус зимни баррасии ин масъала изњор дошт, ки Ўзабкистон бо хоњишњи худ рас-
ман ин созмонро тарк гуфт ва "њељ гуна гузаште барои дубора пайвастан ба ин созмон, аз љумла барои Ўзабкистон манзур нахоњад гашт". СПАД дар асоси Ањдномаи Амнияти Дастаљамъї, ки 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд, созмон ёфтааст ва тибќи он кишварњои аъзо ўњдадор шудаанд, ки амнияти њамдигарро дастаљамъона њифз карда, бар зидди зухуроти террористї мубориза баранд. Ду соли пеш ин созмон воњиди нави худ ба ном КСОР-ро созмон дод, ки рисолаташ вокуниши фаврии њарбї мебошад, аммо Ўзбакистон онро напазируфт. Бо бурун рафтани Ўзбакистон аз ин созмон шаш кишвар Тољикистон, Беларус, Арманистон, Ќирѓизистон ва Русияву Ќазоќистон аъзои он боќї монданд. Ин созмон дар доирањои коршиносї ва сиёсї як тарњи русї мањсуб мешавад, ки ба таъмини манфиатњои Русия дар Осиёи Марказї ва Ќафќоз равона шудааст, вале то њол аз худ њамчун созмони самаранок дарак надодааст.
ОЃОЗ НИГАРОНЇ
"Мазњака" -и нави Хадамоти алоќа Њафтаи гузашта Хадамоти алоќаи назди Њукумати Тољикистон бори дигар вирди забонњо гашт: ин маќомот ба ширкатњои дастраскунандаи Интернет супориш дод, ки дастрасии корбаронро ба 131 сомонаю торнамо масдуд созанд. Сабаб боз њам корњои профилактикию техникї нишон дода шудааст. Ман рўихати он сайтњоро аз назар гузарондам ва ба хулосае омадам, ки миёни онон сайтњои маъруф ва иттилоотї кам ба назар мерасанд. Намедонам, ки "ихтиёриён"-и Бег Зуњуров аз кадом лињоз он сомонаю торнамоњоро ба ин рўихати номатлуб ворид карданд, вале, мутмаинам, ки дар сурати ба наќзи ќонун роњ додани онњо - вайрон кардани меъёрњои њуќуќї ва ахлоќї чунин сайтњоро бемалол бо роњи ќонунї аз тариќи баррасии судї мањдуд кардан имконпазир аст. Аммо Хадамоти алоќа боз њам ба наќзи њуќуќи конститутсионии шањрвандон даст задааст. Ин бори аввал нест. Мутаассифона, дар њукумати љумњурї гўши шунавову чашми биное нест, ки оќибати ногувор ва таъсири манфии ин иќдомро ба рушди Тољикистон тасаввур намояд. Роњбари Хадамоти алока Бег Зуњуров бо масхарабозиаш маъруфи љањон гашт, вале аз љониби маќомоти назоратї бемуљозот монд. Гумони ѓолиб ин аст, ки вай ин корро аз пеши худ намекунад, ё пуштибони зўри воломаќомтар дорад!
Тањољуми лафзии муфтї Њафтаи гузашта, бино бар гузориши радиои "Озодї"ва дигар расонањо, Сайидмукаррам Абдулќодирзода, раиси Шўрои уламои Тољикистон, дар мавъизаи намози рўзи љумъааш дар масљиди марказии Душанбе вуљуди мавридњои шиканљаи зиндониёнро рад намуд. Ў, ки дар њузури садњо намозгузор амри маъруф мекард, хабари расонањо дар бораи шиканљаву зўроварї дар мањбасњоро "нодуруст" ва "иѓвогарии худи расонањо" хонд. Ин гуфтањои муфтии мусалмонони Тољикистон боиси вокунишњои интиќодии љомеа ва рўзноманигорон гашт. Њафтаи нав, вале охирини соли 2012 огоз гардид. Соњибрасонаву сардабирон оё омодаанд, ки ба тањочуми лафзии муфтї - домулло љавоби муносиби њуќуќї бигўянд?
Раиси Њизби нањзати Исломии Тољикистон Муњиддин Кабирї омодагии хешро барои мусолиња бо раиси шањри Душанбе бинобар ќазияи судї марбут ба суханњояш оид ба вазъи экологии пойтахт иброз дошт. Ќаблан вакили мудофеи ў аз суд пардохти зарари маънавиро дар њачми 20 миллион сомонї талаб карда буд. Маълум нест, ки ин ќазия бо чї меанљомад. Коршиносон андеша доранд, ки даъвои Убайдуллоев асоси воќеї надорад. Ќаблан низ як даъвои ў нисбати "Шабакаи аввал" дар додгоњ баррасї гардида буд. Суди марњалаи аввал даъвои Убайдуллоевро ќонеъ гардонид, вале љониби дигар аз ин ќарор норозї гашта, иброз дошт, ки ба суди болої шикоят мебарад. Њамзамон, барои таќвияти њаќ буданаш гузориши дигари муфассале нишон дод. Суоли матрањ ин аст, ки мурољиати шањрдор ба додгоњ кўшиши бо роњи ќонунї њал кардани ќазияњо, худсафедкунї ё PR дар арафаи интихобот аст?
20-уми декабр, бо роњбарии Шермуњаммади Шоњиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Љумњурии Тољикистон љаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии љумњурї баргузор гардид.
бута ќабул намуданд. - Дар фарљоми љаласа Шермуњаммади Шоњиён ба аъзо ва кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии љумњурї дар соли 2013 рољеъ ба масъалањои интихоботи дарпешистодаи Президенти Љумњурии Тољикистон дастуру супоришњои мушаххас дод, навиштааст манбаъ. Соли оянда моњи ноябр дар Тољикистон интихоботи раисиљумњурї баргузор мегардад.
Хайрхоњии мардум ва њиммати "тољикони нав"
АЊЗОБ НИГАРОНЇ
Рањматилло Зойиров: Асли шиканља бояд тасдиќ шавад Рањматилло Зойиров гуфтааст, ки њадаф аз таъсиси комиссияи вижа - тасдиќи асли масъалаи шиканља дар мањбасхонаи шањри Хуљанд мебошад, ки мањбусон ба васоити ахбори омма пешнињод кардаанд: - Мо аз роњбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллї хоњиш кардем, то якљоя аз њисоби вакилони Маљлиси намояндагон, љомеаи шањрвандї, созмонњои њифзи њуќуќи инсон комиссияи вижае таъсис ёбад ва аз наздик аз њаёти мањбусон дидан кунем. Ба гуфти Рањматилло Зойиров, дар номаи ирсолшуда унвонии роњбарияти КДАМ далелњое, ки мањбусон аз вазъи шиканља ба хабарнигорон расонидаанд, маълумот пешнињод шудааст. Њафтаи гузашта мањбусони мањбасхонаи раќами 2/3-и шањри Хуљанд як навори видеоиеро ба
Нуриддин Ќаршибоев, раиси АМВАОМТ
Кабирї ба мусолиња омодааст. Убайдуллоев чї?
Омодагии Тољикистон ба интихоботи президентї Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин љаласа аъзои Комиссия масъалањои лоињаи дастурамалњо барои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон, барои комиссияи њавзавии интихобот оид ба интихоботи президенти кишвар, тартиби баррасии арзу шикоятњо аз љониби комиссияњои интихоботиро баррасї намуда, љињати тасдиќи он ќарорњои мар-
5 ГАПИ ЊАФТА АЗ
хабарнигорон пешнињод карданд, ки дар он осори шиканљаи мањбусон дар бадани онњо вуљуд дорад. Мањбусон дар ин навори видеої бадани љароњатдоштаи худро намоиш додаанд. Гуфта мешавад, ин мањбусон моњи ноябри соли љорї аз мањбасхонаи №1-и шањри Душанбе ба мањбасхонаи Хуљанд интиќол дода шуданд. Њамзамон, пайвандони онњо шанбеи гузашта ба Прокуратураи генералї аз шиканља шудани фарзандонашон шикоят кардаанд.
Мутобиќи раддабандии созмони бритониёии "Charities Aid Formation" аз рўи хайрхоњї Тољикистон миёни 146 давлати дунё дар зинаи 61-ум ќарор гирифтааст. Дар гузориши љадиди ин созмон - "Нишондоди хайрхоњї дар љањон барои соли 2012" иштироки ањолї дар корњои хайр, аз љумла додани пул ба созмонњои хайриявї, кори волонтёрї ва кўмак ба мўњтољони ношинос бањогузорї шудааст. Роњи маъмултарини хайрхоњї дар Тољикистон кўмаки бевосита ва мустаќим ба мўњтољон аст: 46 дарсади тољикистониён гуфтаанд, ба ниёзмандони ношинос мунтазам хайр мекунанд. Њамчунин 45 дарсади пурсидашудагон дар Тољикистон изњор доштаанд, ки ба корњои волонтёрї машѓул мешаванд. Аммо људо намудани пул бо маќсадњои хайриявї дар Тољикистон маъмул нест ва њамагї 6 дарсад гуфтаанд, ки ин корро иљро мекунанд. Суоли матрањ ин аст, ки магар "точикони нав" - соњиби ќасру бўстонсароњои бошукўњ ва мошин њамин фисадро ташкил медињанд ё онњо то њол худашон "сер нашудаанд"?
ЊНИТ аз телевизион чї њарос дорад? Билохир, 21 ноябр гурўњи эљодии ШТР "Азия" -ро ба мулоќоти вакили Маљлиси намояндагон ва Раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистон Муњиддин Кабирї бо љавонон ва сокинони шањри Хуљанд роњ надоданд. Дар даромадгоњи хонаи маданияти №1 шањри Хуљанд ва журналисти ТВ "Азия" Афзал Босолиев ва наворбардор гуфтанд, ки њатман бояд аз роњбари дастгоњи хизб иљозати сабт ва даромаданро гирифтан лозим аст. Онњо гуфтаанд, ки занг занед ва омадани моро хабар дињед. Баъди андаке фурсат ба онњо гуфтаанд, ки иљозати сабт нест, толорро тарк кунед. Гурўњи эљодї ба ин амали ѓайриќонунї розї нашуда, сабти вохўриро шурўъ карданд. Масъулини њизб, ки дар сари синаашон ходими њизб навишта шуда буд, барои сабт иљозат надода, онњоро аз толор ронда, дарро пўшиданд. Нашрияњои чопї аз ин мулоќот гузоришњо омода карданд. Суоли матрањ ин аст, ки ЊНИТ аз телевизион чї гапи пинњонї дошт?
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
3
Додољони Атовулло, журналисти саршиноси кишвар, ки имрўз аз љумлаи мухолифони сарсахти Њукумати Тољикистон шинохта мешавад ва сарпарастии созмони "Ватандор"-ро дар хориљ аз мамлакат ба уњда дорад, бо паёме аз санаи хуруљаш аз Тољикистон ёд кардааст.
Умаралї Ќувватов аз Дубай дар як суњбати телефонї ба Иззат Амон, роњбари Созмони "Љавонони муњољири Тољикистон" гуфтааст, сабаби боздошт шуданаш аз љониби маќомот дар ин кишвар - шикояти ширкати "Тољирон" аст.
- Ширкати мазкур ба маќомот шикоят бурдааст, ки Умаралї Ќувватов аз ин ширкат ба маблаѓи 6 млн. доллари ИМА ќарздор аст, - мегўяд Иззат АМОН. Њамчунин, ба гуфтаи манбаъ, маќомоти интизомие, ки шаби гузашта Умаралї Ќувватовро боздошт кардаанд, ваъда додаанд, агар мушаххас шавад, ки ќазияи даъвои ширкати "Тољирон" ва боздошти ў сиёсї аст, метавонанд Умаралї Ќувватовро бо паноњгоњи сиёсї таъмин созанд. Дар ширкати "Тољирон", имрўз, 24уми декабр, ба TojNews гуфтанд, дар њаќиќат, ба маќомоти ќудратї шикоят бурдаанд. Љамолиддин Муродов, њуќуќшиноси ширкати "Тољирон" дар Душанбе, дар як суњбати телефонї ба хабарнигори TojNews гуфт, "ширкат алайњи вай ба маќомоти ќудратї мурољиат кардааст,
аммо аз боздошти вай хабар надорем". Бино ба иттилои ў, Умаралї Ќувватов аз ширкати "Тољирон" ќарздор аст, аммо бо далели идомаи тафтишоти парвандаи љиноятї, аз ошкор кардани миќдори маблаѓи ин ќарз худдорї карда мешавад. Ин дар њолест, ки ЉДММ "Тољирон" ва ЉДММ "Фароз" расман рабт доштани Умаралї Ќувватовро ба ин ширкатњо ва сохторњои зертобеи онњо, баъди мухолифи њукумат эълон шудани молики собиќи ин ширкатњо тобистони соли љорї, рад карда буданд. Дар ин бора дар ду мактуби расмии ЉДММ "Фароз" ва "Тољирон" расонаї шуданд, ки дар онњо гуфта мешуд: "Умаралї Ќувватов ба ЉДММ "Фароз", "Тољирон" ва сохторњои зертобеи онњо ягон мансубият надошт ва надорад". Њар ду ширкат ќайд намудаанд, ки
далели ин гуфтањо њуљљатњои муассисї ва њуќуќї мебошанд, ки дар Вазорати адлияи Тољикистон ва Кумитаи давлатии андози назди Њукумати Тољикистон мављуд аст. Умаралї Ќувватов 20-уми августи соли љорї аз Маскав, дар як мусоњибаи телевизионї бо шабакаи "К+" изњор кард, ки ў аз дастандаркорони ширкати "Фароз" аст, ки ба воридоти маводи сўзишворї дар Тољикистон ва таъмини неруњои НАТО дар Афѓонистон бо маводи сўзишворї машѓул буд. Тавре ў ба "К+" гуфт, тањти фишор маљбур шудааст Тољикистонро тарк кунад ва роњбарии гурўњи мухолифи њукуматро бо номи "Гурўњи 24" ба зимма бигирад. Ќувватов сиёсати њукумати кунунии Тољикистонро мавриди интиќод ќарор дода, гуфт, кори гурўњро њаводиси охири Бадахшон такон дода, мухолифони њукуматро муттањид кардааст. "Гурўњи 24", бинобар иттилои роњбараш, аз 24 нафар, аз љумла, сиёсатшиносон, иќтисоддонњо ва дигар мутахассисон иборат аст, ки барои ислоњи вазъ дар Тољикистон камар бастаанд ва тасмим доранд, аз њукумати феълї талаб кунанд, то истеъфо бидињад. Тибќи итттилои Додољон Атовуллоев, журналисти маъруфи тољик ва мухолифи њукумат, Умаралї Ќувватов, раиси "Гурўњи 24", шаби гузашта дар Фурудгоњи байналмилалии Дубайи Амороти Муттањидаи Араб аз љониби маќомоти мањаллї боздошт шудааст. Њарамгули ЌОДИР
"ЉАШН"
20-солагии њиљрати Додољони Атовулло Додољони Атовулло, журналисти саршиноси кишвар, ки имрўз аз љумлаи мухолифони сарсахти Њукумати Тољикистон шинохта мешавад ва сарпарастии созмони "Ватандор"-ро дар хориљ аз мамлакат ба уњда дорад, бо паёме аз санаи хуруљаш аз Тољикистон ёд кардааст. Дар сањифаи худ дар Фейсбук Додољони Атовулло навиштааст: -24уми декабри соли 1992, яъне расо 20 сол ќабл баъди вуруди неруњои њукуматї, баъди анљоми иљлосияи Хуљанд тарки Ватан кардааст. Бунёдгузор ва муњаррири нашрияи "Чароѓи рўз" бо њамон шеваи хоси тезу тундаш ба њамватанон паёме фиристодааст ва ба номи Худованд, "шањидони гулгункафан, зиндониёни бегуноњ, азизоне, ки бе љиноят хор гаштаанд ва њамарўза зери таъќибу фишор ќарор доранд, модарони рањинтизор, муљоњидони роњи озодї, муњољирони дар љавонї пиргашта" (иќтибосот айнан) савганд ёд кардааст, ки ба муборизааш идома хоњад дод. Ва боз гуфтааст, њар кї мехоњад бо онњо бупайвандад ва њар кї наметавонад, дуо бифристад. Журналист Додољони Атовулло њарчанд мегўяд, 20 сол пеш аз Ватан рафта буд, вале дар замони кори Комиссияи оштии миллї ба Душанбе
омад ва њатто боре бо Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон њамсўњбат ва аз ў кафолати амният ва мусоидат ба чопи расмии "Чароѓи рўз"-ро њам дарёфт кардааст. Аммо баъди бозгашт ба кадом иллате ба мухолифати худ идома дод ва 3-4 сол пеш созмони наверо бо номи "Ватандор" таъсис дод, ки њадафи он мубориза барои ба даст овардани њокимият дар Тољикистон эълон шудааст. Президент Эмомалї Рањмон дар љашни 100-солагии матбуоти тољик бо ишора ба шарту шароити пешнињод-
ИЛЊОМИ ЊАФТА ЌИЁМАТ Мардуми давраи мо њарфи ќиёмат гўянд, Мешавад ё нашавад, дон, ки Худо медонад. Рўзи мардум, ки дигар бад зи ќиёмат шудааст, Мањшари зиндагиро халќи гадо медонад. Растахези сањари шодии дидори Худо, Шудааст аз мани худ њар кї људо медонад. Ќимати љони азиз, уммати Пайѓамбари ман, Мекунад дар рањи Њаќ њар кї фидо медонад. Ваъдаи растани мардони њаќиќатгўро, Њокими мутлаќи ин њарфу садо медонад. Шўњрат Давлатшоев
кардаи Додољони Атовулло ишора карда гуфт, ки "он замон бо ду ё се миллион доллар буљаи мамлакат ба худ раво надидааст, ки шарти 100-њазордоллариро барои иљрои тарњњои матбуотии Додољони Атовулло ќабул намояд". Ба иттилои Додољони Атовулло, шахсиятњои калидие дар кишвар аъзои созмони "Ватандор" њастанд, вале то ба имрўз ягон нафар аз узвияти хеш дар он расман эътироф накардааст. Фирўзи МУЊАММАД
ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ
аз Ќосими БЕКМУЊАММАД
Мултфилм њам хатар дорад Њафтае ќабл ба Истаравшан гузарамон афтоду мењмони яке аз рустоњои он шудем. Дар ќиёс бо Душанбе њаво бисёр сард буд ва чун соњибхона моро ба њуљраи сандалидор даъват кард, хушњол гардидем. Баъди њавои сард сандалї натанњо гуворо буд, балки моро ба ёди айёми пурхотираи бачагї андохт. Айёме, ки бахше аз он мањз бо сандалї иртибот дошт... Замони бачагї сандалиро фаќат ба он хотир дўст медоштем, ки баъд аз яхмолаку барфбозї дасту пойњои карахтшудаи худро зери он гарм кардаву дубора ба кўча бармегаштем. Бо сандалї олами ќиссаву афсона ба суроѓи мо меомад. Танњо бо "Буд набуд, будгор буд…" мањдуд намешуд, балки хеле аз достонњои "Шоњнома", њикояњои "Гулистон"-у њатто киссањои ќуръонї мањз аз айёми бачагї ва њалќа заданњои гирди сандалї барои њамеша дар ёдњоямон наќш бастааст. Дар он замон филмњои тасвирї ё худ мултфилмњои шўравї низ бештари ќиссањоеро, ки бибињову бобоњоямон мегуфтанд, на танњо тасдиќ, балки такмил њам мекарданд. Зеро дар он мултфилмњ о њамеша њаќ бар ботил ва хирад бар љањолат пирўз мешуд, рўњи латифи кўдакон бо арзишњои асосие чун нек будану некї кардан, дўст доштани падару модар ва наздикон, ѓамхор будан дар њаќќи табиат ва ѓайра ошно мегардид. Ќањрамонњо чи инсону чи њайвон маъмулан адолатпеша буданд. Њоло гўё барои кўдакон имконоти бештар фароњам шудааст. Чандин шабакаи моњвораии филмњои тасвирї пахш гардида, ба ѓайр аз сиддињои бешумори мултфилмњо, ки сари њар хиёбон фурўхта мешавад, бозињои компютерї низ барои машѓул доштани кўдакон дар назар гирифта шудаанд. Дар ќиёс бо мултфилмњои замони шўравї бахши зиёде аз маводе, ки имрўз барои кўдакон арза мешавад, дорои асари номатлуб њастанд. Маъруфтарин мултфилмњо ва бозињои компютерии кўдакон њамонњое њастанд, ки зўровариро таблиѓ мекунанд, пур аз куштору хунрезианд. Ин њама, ба сурати табиї, ба рўњу равони кўдакон асар мегузорад. Агар ќањрамонњои мултфилмњои замони шўравї симои зебову ахлоќи нек доштанд, пас бештари ќањрамонњои мултфилмњои хориљии имрўзї на танњо бадахлоќанд, балки камтар ба одами солим монанданд. Дањону рўйњои каљу ки леб, с арњои чорку нљ а, анд ом њои н ом ав зу нашон он ќадар ба дилњои кўдаконамон нишастааст, ки дигар сару сурати росту дурустро ќабул надоранд. Дар мултфилмњои шўравї асосан њаќ бар ботил бидуни сарбуриву хунрезї пирўз мешуд, ки барои рўњи нозуки кўдакон таъсири амиќ дошт. Њоло бо ин бозињои компютерї кўдаконамон бо истифода аз силоњњои мухталиф садњо нафарро мекушанду аз хун серї надоранд. Агар дар мултфилмњои айёми бачагии мо дў стии шеру харгўш имконпазир буд, пас имрўз дигар зулм кардани зўр бар заиф ќоида шудааст. Ин як навъ шакл додани љањонбинии кўдакон ва омода кардани онњо барои зиндагие бо чунин меъёрњост. Пас дар ин робита бояд масъулини марбута фикр кунанду чора андешанд. Аммо зоњиран нигаронии онњо бештар аз љойи дигар аст. Чанд рўз пеш хабареро хондам, ки раиси вилояти Хатлон аз мухолифати худ бо риш гузоштани љавонон хабар додааст. Яъне њанўз њам дар чашми мансабдорони баландпояи кишвари мо ришу њиљоб тањдиди аслист. Ваќте салла аз калла муњимтар шавад... Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Љузъиёти боздошти Умаралї Ќувватов дар Дубай
i
ДАЛЕЛ
БЕЊТАРИНЊО
Нигина Амонќулова - бењтарин сарояндаи мардумї Маркази тадќиќотии љомеашиносии "Зеркало" натиљаи пурсишњоеро, ки тањти унвони сарояндаи бењтарини ањолї, бењтарин барандаи телевизион ва барномаи радиоиву серхонандатарин рўзнома гузаронида шуда буд, маълум кард. Тавре дар марказ хабар доданд, натиља аз рўи пурсишњо бароварда шуд. Дар ин пурсиш Нигина Амонќулова бо гирифтани 15 хол бењтарин сарояндаи мардумї дониста шуд. Садриддин Наљмиддин низ бо ба даст овардани 12 хол љойи дуюмро ишѓол кард ва Нозияи Кароматулло бо 11ву Шабнами Сурайё бо 10 хол љойи сеюму чорумро соњиб шуданд. Талабшо Муќимов бо гирифтани 15 овоз бењтарин барандаи телевизион эълон
гардид. Орзу Исоев ва Мунира Њакимова бо гирифтани 4 ва 3-овозї баъд аз Талабшо бењтарин барандаи телевизион дониста шуданд. Барномаи "Ахбор", барномањои консертї, Лаззату Кошона ва Мумтоз бењтарин барномањои телевизионї дониста шуданд. Маркази тадќиќотии љомеашиносии "Зеркало" аз 5-ум то 13-уми декабри соли равон пурсише миёни ањолї тањти унвони
бењтарин сароянда, бењтарин барандаи телевизион ва барномаи радиоиву рўзнома гузаронид ва натиљаашро дирўз,18-уми декабр, эълон кард. Мирзо Рањмуддинов
4
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Чизе, ки сармоягузоронро мегурезонад, ин духурагї дар ќонунњо ва фасод аст. Набояд ин омилњои манфї шакл бигиранд. Албатта, пеш аз оне, ки мо њар иќдомеро мегирем, мо меомўзем, тањлил мекунем, баъдан по мегузорем. Њафтаи гузашта дар шањри Душанбе бахшида ба Рўзи истиќлолияти миллии Финландия љамъомад доир гардид. Њамрохон Зарифї, вазири корњои хориљии кишвар, аз номи Президент ва Њукумати Тољикистон табрикоти расмиро ба Туула Юрёла, сафир оид ба супоришњои махсуси Финландия дар Тољикистон ва ба мардуми ин кишвар расонд. Њамрохон Зарифї аз сатњи њамкорињои ду кишвар ёдовар шуда, барќароршавии њамкорињои дипломатии Тољикистон ва Финландияро ќадами нек ва рушдкунанда маънидод кард. Финландия дар чандин лоињањои муштарак ба Тољикистон сањмгузор аст. Яке аз ин барномањо - Ташаббуси вусъатноки Аврупо (ТВА) мебошад, ки ба рушди минтаќаи Осиёи Марказї, аз љумла, Тољикистон равона шудааст. Дар чорчўби ин барнома лоињањои зиёде, аз љумла, лоињаи "Мадад ба рушди тиљорат" мебошад, татбиќи он аз соли 2009 оѓоз шудааст. Њадафи ин лоиња афзоиши имконияту иќтидори тиљоратї дар тамоми минтаќањои ТВА мебошад. Барои татбиќи лоињаи имкониятњои амалиётњои патрулї ва назоратї дар Ќўшунњои сарњадии Тољикистон, ки тавассути САЊА аз соли 2007 инљониб амалї мешаванд, Финландия маблаѓи 544.000 евро ироа намудааст. Туула Юрёла, сафир оид ба супоришњои махсуси Финландия дар Тољикистон, бо хабарнигори "Нигоњ" мусоњиб шуд ва ба њамкорињои њар ду кишвар равшанї андохт: - Финландия дар Тољикистон сафорати мустаќими худро надорад ва Шумо дар пойтахти кишвари худ мешинед, оё воситањои њамкории дипломатї бо Тољикистон чї гуна сурат мегирад? -Ташаккур. Таќрибан њар сол се маротиба ба Тољикистон меоям. Аввалин сафар бањори соли 2008 буд. Ман ќаблан вазъияти кишвари Шуморо пайгирї мекардам ва дар бораи он хело њам маълумот дорам. Яъне дер боз бо Шумо ва кишвари Шумо шинос њастам. Финландия, њарчанд, ки дар Тољикистон сафорати мустаќими худро надорад, вале ин маънои онро надорад, ки равобити дипломатї ва шиносої нест, ё агар њаст ночиз аст. Мо ба масъалањои рушди Тољикистон, ё њар ду тараф таваљўњи зиёд дорем. Мо талош карда истодаем, ки дар кадом соњае набошад, њамкорињоро ривољ дињем ва аз таљрибаи њамдигар истифода кунем. - Љониби Тољикистон кадом муносиботи дипломатиро то ба њол анљом додааст ва оё заминањои њамкорї муњайё шудаанд? - Ман дар бораи Тољикистон њаминро гуфтанї њастам, ки аллакай ќадами дипломатик дар сатњи њамко-
рињои давлатї расман гузошта шуд. Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон, тирамоњи њамин сол ба Финландия сафари расмї дошт. Ин маънои онро дорад, ки муносиботи сиёсї дар марњалаи ќонеъкунанда мебошанд. Ин сафар хеле муњим буд. Зеро, президенти Финландия то ба ин сафар дар бораи Тољикистон огоњии камтар дошт. Баъди ин сафари Эмомалї Рањмон тассурот ва маълумоти бештар пайдо кард ва њоло њамкорињо ва ниёзњои њар ду кишвар бештар шуда истодааст. Ин сафар на танњо љанбаи шиносої ва барќарор кардани муносиботи сатњи расмї буд, балки он масъалањои доѓи минтаќа, дарёфти роњњои шарикии њамкорї, таќвият бахшидан ба њамкорињои то ба њол мављуд ва ѓайраро низ фаро гирифт. - Тољикистон бештар ба њамкорињои иќтисодї ниёз дорад. Дар шакли љалби сармоя оё ин нукта дар гуфтугуйи сарони ду кишвар вуљуд дошт?
Туула Юрёла: "Сармоягузоронро духўрагї ва фасод мегурезонад" Сўњбати "Нигоњ" бо сафири супоришњои махсуси Финландия дар Тољикистон Агар дошт, бо кадом шева, дар њоле, ки таваљљўњи сармояњои хориљї ба кишвари мо ночиз аст? - Медонед, ин сафар бурди иќтисодї дошт барои кишвари Шумо. Бале, саромоягузорони Финландия мехостанд, ки дар бораи вазъ ё шеваи сармоягузорї ба Тољикистон маълумот пайдо кунанд ва албатта, ба хотири сармоягузорї. Биоянду инљо сармоягузорї кунанд. Чизе, ки сармоягузоронро мегурезонад, ин духурагї дар ќонунњо ва фасод аст. Набояд ин омилњои манфї шакл бигиранд. Албатта, пеш аз оне, ки мо њар иќдомеро мегирем, мо меомўзем, тањлил мекунем, баъдан, по мегузорем. - Бо вазири корњои хориљии Тољикистон Њамрохон Зарифї вохўрї доштед, оё вазъи љалби сармоягузорї ба Тољикистонро матрањ кардед? - Бале, мо бо Њамрохон Зарифї сўњбат доштем ва ин масъаларо матрањ кардем. Мо гуфтем, ки бояд саромоягузорони Финландия ин љо омада, саромоягузорї кунанд. Ё баръакс,
соњибкорони Тољикистон ба кишвари мо рафта, маблаѓгузорї кунанд. Муносиботи сиёсии њар ду кишвар дар сатњи хуб аст. Акнун мо марњалањои навро дар соњаи иќтисод тањким мебахшем. Барои ин бояд ки ќонунњои њамдигарро омўзем. - Финландия чандин лоињањоро тавассути Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо дар Тољикистон маблаѓгузорї мекунад. Ин лоињњао бештар хислати амниятї ва фарњангї доранд, бахусус дар самти њифзи њуќуќи инсон, волоияти ќонун ва сарњадот. Дар соњаи илм чї? - Дуруст аст, яке аз њамкорињое, ки мо тавассути САЊА дар Тољикистон роњандозї мекунем, дар љодаи тањкими волоияти ќонун аст. Дар баробари ин, баробарї дар назди ќонун , адолати судї ва ѓайра низ аз мадди назари мо дур намондааст. Ин барномањо барои табаќањои осебпазири љомеа, дастгирии онњо ба адолати судї ва баробарњуќуќии онњо дар назди ќонун шароит фароњам меоваранд. Дар бахши њамкорињои илмї мо
як барномаи муњим ва душвор дорем. Ин пайдо кардани муносибатњои байни Инситути геологии Тољикистон ва Финландия мебошад. - Њоло Финландия чањорчўби Барномањои худро бо Тољикистон мушаххас кардааст. Оё шумо ба онњо нисбат ба солњои пеш зарфияти бештар медињед ва ё дар њамон сатњ боќї мемонанд? -Мо шурўъ аз соли 2013 барномањои худро танњо барои Тољикистон ва Ќирѓизистон мушаххас карданием. То ба ин сол барномањои мо барои Африќои Шарќї, Кафќоз ва Осиёи Марказї буд.
Барномањо барои Тољикистон барои рушди иќтисоди сабз, њифзи муњити зист, иќтисодиёт, коркард ва иктишофи захирањои табиї равона хоњанд шуд. Маќсади ин барномањо љалб кардани ќишри љомеа ба иќтисод мебошад. Бояд ки љомеа аз пешрафтњои иќтисодии давлат хабар дошта бошад. Њамзамон, Барномаи таъмини адолати судиро идома хоњем дод. Ин як љузъи кориии Барномаи мо дар оянда аст. Мо дар баъзе соњањо тахассус ва пешрафт дорем ва мехоњем таљрибаи худро дар ин самтњо ба љомеа ва њукумати шумо омўзонем. Ва аз таљрибаву малакаи онњо низ биомўзем, то дар рушди њамдигар муосидат кунем. Њар кадом бахши барномањои њамкории мо хати маши худро дорад. Бахусус дар пайваст кардани институтњои демократии њар ду кишвар. - Шумо талоши бештар барои њамоњанг сохтани њамкорињои иќтисодї ва сармоягузорї доред, оё њангоми сафари Президенти Тољикистон дар ин самт ягон санаде ба имзо расида буд? - Бале, мо санади байнидавлатї оиди лаѓви аз андозсупории дукаратаро ба имзо расонидем. Ин барои пайдо шудани заминањои иќтисодї ва сармоягузорї хеле муњим аст. Сармоягузорон аввал ба ќонунњои соњавии кишвар, баъдан ба фазои солими фаъолият нигоњ мекунанд ва баъд иќдом мегиранд барои сармоягузорї ё фаъолият. Шартномаи дигаре, ки дар њоли тањия аст, ин њимояи њуќуќии сармоягузорон дар ду кишвар аст. Дар марњалае, ки Тољикистон аъзои Созмони љањонии тиљорат шуд, ин раванди иќдомњои сармоягузориро фароњам мекунад. - Сармоягузорони Финландия дар кадом бахши иќтисодї ё иљтимоии кишвари мо метавонанд иќдом гиранд? - Мо метавонем дар бахши таљњизоти обтозакунї, истифодаи самараноки неруи барќ, истењсоли масолењи сохтмонї ба Тољикистон таљрибаи хурдро интиќол дињем. Асоси сармоягузорињои мо бошад, истењсоли масолењи сохтмонї мешавад. Ташаккур барои сўњбати хеле љолиб. Ба шумо њам ташаккур. Мусоњиб Њарамгули ЌОДИР
Барои маълумот: Хонум Туула Юрёла 10 апрели с. 2010 њамчун сафир оид ба супоришњои махсуси Финландия дар Тољикистон, Узбакистон ва Туркманистон таъйин шудааст. Дафтари ў дар Вазорати корњои хориљии Финландия дар ш. Њелсинкї воќеъ гаштааст. Ќабл аз ин хонум Юрёла дар Вазорати корњои хориљии Финландия аввал ба њайси љонишин ва сипас ба њайси Директори департаменти кишварњои Аврупои Шарќї ва Осиёи Марказї адои хизмат намудааст. Хонум Туула Юрйола дипломати касбї мебошад.
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
5
Магар ин ба гурўњњо таќсим кардани мусалмонон нест? Аз ин љињат агар даркор бошад, на Муњиддин Кабирї, балки њар тољики мусалмон барои шумо беѓамони ислом садњо далел меоранд, ки ислом имруз дар фазои муосири дунё ниёз ба њизб дорад!
Њизби нањзати исломї дар Тољикистон бошад ё на? Ќорї Исмат: - Бисёри аъзоёни њизб, мутаассифона, ашхоси ќаблан дузду дурўя њастанд. Агар њизб барои тоза кардани сафаш машѓул шавад, хубтар мешуд. Ё Кабириро мебояд њизби дигар ташкил дињад. Like o 1 Абумуњаммад Абдулкарим: - Ин муллоњои њукуматї њатто Ќуръонро барои њадафњои худ истифода мебаранд. Мегўянд, ки минбар љои тарѓибу ташвиќи шахсиятњо нест. Пас чаро шумо аз минбар барои шахсияти муфтї истифода бурда, матни ќалбакии баёноти ўро дар робита ба бастани масљиди Муњаммадияи Вањдат ќироат кардед? Шарм накарда, ояти сураи "Рум"-ро барои ба њизбњо таќим нашудан меоранд! Магар шумоњо набудед худатонро ба гуруње таќсим карда уламои рабонии кишвар амсоли Эшони Нуриддин ва Њољї Мирзо ва Мулло Абдурањими Ќазоќониро дар минбарњо сиёњ мекардед ва хусусан эшони Нуриддинро шиа мегуфтед? Магар ин ба гурўњњо таќсим кардани мусалмонон нест? Аз ин љињат агар даркор бошад, на Муњиддин Кабирї, балки њар тољики мусалмон барои шумо беѓамони ислом садњо далел меоранд, ки ислом имруз дар фазои муосири дунё ниёз ба њизб дорад! Агар њизб набошад, ки атрофи он мусалмонон эътилоф дошта бошанд, пас шумо баринњо дар баробари ќонунњои зиддихудої њамеша лаби хомушї мебандед. Like o 8 Нусрат Шокиров: - Барои чї ислом дар Тољикистон ниёз ба њизб дорад, дар њолате, ки роњбари ЊНИТ аз сиёсати пешгирифтаи Толибон тарафдорї намуда, онњоро "прагматикњои бузург" мехонад. Магар бо ин гуна сиёсат пеш бурдани љомеаи муосир мумкин аст?
Максим Исаев: - Ман низ дар ин вохўрї истирок доштам. Лекин як чиз бароям норўшан монд. Максади ин вохўрї аз чї иборат буд? Њар як вохўрї, конфронс ва ё суњбатњо барои худ маќсад ва вазифа дорад. Кабирї ва њамроњони ў, ба кавле "омаданду, нишастанду гуфтанду рафтанд". Бар иловаи ин, халќ фаќат хунук хўрд. Устод Кабирї на ягон масъалаи мардумро њал карданду на ба ягон суол љавоби сањењ доданд. Аз шароити кунунии Тољикистон ягон маълумоти кофї аз забони он кас нашунидем. Мисолњо асосан аз давлатњои дигар гуфтанду ба иборае "соф" шуданд. Аъзоёни ЊНИТ фаќат ба мардуми саводи динии кам дошта баробар шуда метавонанд, вале агар имомхатибон ба суњбат њамроњ шаванд, ман ба њоли онњо рањмам омад. Инро вохўрии Исфара ошкор кард: 1. Байни мардум ќариб буд, ки боз људої андозад. 2. Ин вохўрї оѓози футурравии ЊНИТ аст. Инро ман њамчун як фарди дар ин вохўрї иштирок карда, эњсос кардам. Абумуњаммад Абдулкарим: - Имрўзњо ба чї сиёсатњои хабистар аз он љомеаро пеш бурда истодаанд, чаро инаш нашавад? Дар мавриди ниёзи натанњо Тољикистон, балки тамоми кишварњои исломї ба њизб як нуктаашро болотар баён карда будам, агар бихоњед боз нуктањои дигареро хоњам овард Нусрат Шокиров: - Кадом ќонуни ЉТ ба ислом тавњин мекунад? Сониян, зарурати мављудияти њизби исломиро бо факту далел исбот намоед. Солисан, љомеаи мо ба њизби динї зарурат надорад. Масалан, дар Афѓонистон 17 њизби ба ном исломї фаъол аст, ки аъзоёнаш бо нидои "Оллоњу Акбар" якдигарро мепаронанд. Like o 1
Амиршо Миралиев ва Абдулло Ёрови “крайний” Суханони Амиршо Миралиев, муовини раиси Маљлиси намояндагонро, ки ба Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барќи тољик” равона шуда буданд ва шояд аз рўи маќоли “духтарам ба ту мегўям, келинам шунав”, ба Гул Шералї, вазири саноат ва энергетика њамро хонда, њуш аз сарам парид. Ба андеша рафтам. Чї суханоне! Бубинед: «Нангу номуси миллї дар мо нест. Чанд сол аст, ки системаи гармидињї дар шањри Душанбе кор намекунад? Чанд сол боз? Магар барои њал кардани мушкили 700 њазор ањолї ягон мушкили љиддї аст? Хоњиш нест. Офарин, ба он шањрњое, ки 10 - 15 миллион ањолї доранд. Масъалаи молиявиро ба миён мегузоред. Кўшишу њаракат кардан даркор буд. Шуморо бо боварии том президент ба ин вазифа гузоштаанд...» Ба худ гуфтам: хайрият, њамин президент будааст, ки бо номаш мешавад пушти њама чиз пинњон шуд, аз љумла дурўѓ ва фиреби мардум. Ба назар мерасад, мўњтарам Амиршо Миралиев то ин рўз дар хориљи кишвар буданду намедонистанд, ки дар Тољикистон 16 сол боз мардум, ба истилоњ “конкретно” тирамоњу зимистон барќ надоранд. Гўё нав ба Тољикистон омадаанд. Ва аз рўи суханони он кас бармеояд, ки дар ин мушкили 15 - сола нав гунањкор ёфтаанд ва ў њам њељ каси дигар не, балки Абдулло Ёров аст. Ин кас дар ин муддат вазири энергетика њам буд, яъне Ёров. Ўро бењтарин мутахассиси соња медонанд, аммо имрўз “крайний” мањз ў шудааст. Як њамкорам наќл кард, ки акаи Абдулло пас аз хориљ шудан аз парлумон њатто аз рўзноманигорон илтимос кард, ки ўро ѓам “надињанд”. Ба мо маълум нест, ки ў то куљо мутахассис аст, аммо аз рўи мањал ва собиќаи кориаш мешавад хулоса кард, ки муваффаќ њам набошад, касе њаст ва чизеро медонад, ки ин њама сол дар як соња кор карда, меояд. “Барќи тољик” то ба имрўз чандин роњбарро - аз Љўрабек Нурмуњаммадов то Санъат Рањимов - дидааст, ки њоло онњо “вазир” ё раиси фалон идора нестанд. Шояд бошанд, аммо барои мо маълум нест. Вале акаи Абдулло... Як ваќт вазири маорифи давр Абдуљаббор Рањмонов дар як сўњбаташ гуфта буд, ки ўро рўзноманигорон “тути пастаки осонбарояк” пиндошта, њарчи ба дањанашон омад, навиштан мегиранд. Воќеан чанд соле, ки ў вазир буд, хуб танќид шунид, аммо чизе нагуфт, баробар нашуд. Абдулло Ёров њам њамин гуна роњбар будааст. Њоло бори оњи ќариб 90 дарсад ањолии бебарќи Тољикистонро ў мекашад ва њатто Ландкруизераш њам њарфи дањони матбуоту кўчаву паскўча шудааст. Лекин холисанлиллоњ, њељ касе љуръат намекунад, тањќиќ кунад, ки љурми ў дар бебарќии Тољикистон чї ќадар аст. Як ширкатеро идора мекунад, ки ба истилоњи мардум, аз сагу хари кўча ќарздор аст ва онњо њам кам нестанд, ки аз “Барќи тољик” ќарздор бошанд. Ширкат, ба иттилои худаш, аз андоз, Сангтўда - 1 ва ѓайраву њоказо ќариб 600 миллион ќарздор аст. Намедонам, ки њоло “Талко” пеши “Барќи тољик” ќарздор њаст ё не, аммо дар гузашта буд, лекин вазорати обу обёрї, мардум ва ѓайрањо аз “Барќи тољик” ќарздоранд. Суол пайдо мешавад: Абдулло Ёров милиса, суд, агентии фасод ва нозири “Барќи тољик” аст? Хуб, њадаф “сафед” кардани ў нест, шояд ў дар фаъолияташ сањлангорињо дорад ва шояд њадаф аз ин маъракаи роњандозишудаи танќид дар моњи оянда аз кор сабук кардани ў бошад, лекин чаро мањз ў бояд фаќат гунањкор бошад? Нињодњои дигар, аз љумла маќоме ба монанди парлумони Тољикистон бояд сари ин масъала фикр накунанд, ки чаро ќарзњои “Барќи тољик” бахшида нашавад, то худкифо шуда, рушд кунад ва чаро вазоратњои барќи онро истифода карда, пулашро надињанд? Чаро хонањои мансабдорон то сагхонањояшон бо барќ таъмин бошаду хонаи мардуми оддї не? Ин њам мушкили Ёров аст, ё њукумати иљроия? Аз гап гап баромадан мегирад. Њамин худи мансабдорон њамагї пули барќро месупурда бошанд? Ягон кас тафтиш кардааст? Суоли дигар: чаро дар даврони Шўравї талафот ё “потеря” - и барќ 8 - 9 дарсад буд мегўянду њоло ин раќам ба 20 дарсад расидааст? Касе инро мепурсад? Аз куљо...
i
Мувањњид Ансорї: - Имомхатибони дарбориро чизе навиштанд, доданд, онро мехонанд. Ва суханони ин гуна хатибон ягон асос надорад ва ба он оятњое, ки онњо истидлол карданд, љавобашро хатман аз Кабирї гирифтанд. Мардуми Исфара аксарият узви ЊНИТ - анд ва њамеша аз ислом њимоят кардаанд ва мекунанд. Аз ин рў, аз имомхатибон истифода мекунанд, то ЊНИТ-ро бадном кунанд. Like o 7 Илњом Илњомљон: - Имомхатибони имрўза аз раисони колхоз њиљ фарќе надоранд. Кадоме имон ва тарс аз худо дошт, фаќат сухани Худоро мегуфт, аз хатибї гирифтанд. Like o 5 Умар Рамазонов: - Ду-се мулло мегўянд, мусалмонон ба Њизби нањзат ниёз надоранд. Муфтї гуфт, дар мањбасњо шиканља нест. Аммо кї гўш медињад? Ниёзи доштан, ё надоштанро бигзорем, то худи мусалмонњо муайян кунанд. Like o 2 Солењ Њотамиён: - Ягон љои шубња нест ва ин бори дигар симои Кабирї ва обрўи ў дар байни мардумро нишон дод. Ин имомхатибон сухани њаќро гуфтаанд. Ин Кабирї фикр кардааст, ки ўро дар тамоми љо мепазиранд. Вале ин хел нест. Агар ба дигар навоњии кишвар мерафт, ба фикрам, ба пешвози ў ягон нафар намебаромад. Як чизро дарк кардаем, ки ЊНИТ бо сарварии Кабирї моро ба роњгумї бурда истодаанд. Like o 3 Илњом Илњомљон: - Натичаи интихоботи парлумон њукуматро тарсонд, чун аксари овозро нањзат гирифта буд. Њоло њукумат бо дасти муллоњое, ба мисли муфтию имомхатибон мехоњад обрўи њизбро бибарад. Like o 1
«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС
Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО 22 декабри соли 2012 Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон бо фаъолони њизбаш дар шањри Исфара вохўрд. Дар ин мулоќот чанд имомхатиби масљидњои Исфара њам ширкат карда, масъалаи мављуд набудани њизбият дар дини мубини исломро пеш гузоштанд. Аз љумла имомхатиби масљиди љомеи "Њазрати Шоњ" Абдураќиб Рањмонов гуфт, ки "як њизби нањзат номи худро исломї монданаш аз нуќтаи назари шаръї, ки моро ба тафриќа ва ба људої меандозад, нодуруст аст" ва "номи исломро барои худ ва манфиатњои гурўњии хеш њамчун хилъат истифода бурдан хуб нест". Муовини сархатиби масљиди љомеи шањр Обидхон Ѓафуров њатто гуфт, ки "Абдуллоњи Нурї дастурхони њизбро кашиданд. Номи шумо садсолањо дар таърих њамчун ќањрамон боќї мемонад, агар њамин дастурхонро ѓундоред!". Хулоса, ин бањс ба "Фейсбук" њам кўчид ва ширкатдорон сари ин суол ба бањс нишастанд:
МАВЌЕЪ То оѓози соли 2013 њафтае беш намондааст ва чун њамешагї дар љамъбасти сол њама њисобот медињанд ва маќомот ину он корњоро кардем, гуфта, худро "сафед" мекунанд. Дар баромади худ президент соли 2012 - ро соли комёбињо гуфта буд, аммо имрўз то куљо мо ба комёбињо ноил гардидем? Дар оѓози сол Ўзбакистон роњи оњанро махкам карда буд, њоло бошад дар охири сол эълон доштааст, ки интиќоли газ ба Тољикистонро манъ мекунад. Ба амсоли ин њаводиси Хоруѓ сару садоњоро ба бор овард, вале вазирон ин амалиётро "муваффаќ" гуфтанд. Имрўз њам ба ин монанд дар байни љомеа як гуруњ мардум љонибдоранд, ки имсол соли комёбињо буд, вале гуруњи дигар бар хилофи андешаи онњо мегўянд, ки имсол соли шикасти њукумати Тољикистон буд. Вобаста ба ин мавзуъ "Нигоњ" пурсид:
Шумо аз фаъолияти яксолаи њукумати Тољикистон розиед? Фазлиддин БОБОЕВ, устоди донишгоњ: - БАЛЕ, сад дар сад. Охир, бубинед, ки давлату њукумат њамеша дар ѓами мардуми кишваранд. Маоши кормандони буљавиро зиёд карданд, роњњо месозанд, корхонањои хурд сохта истодаанд, марказњои таълимиву мактабњои миёнаро бо компютер ва дигар таљњизоти замонавї таъмин карда истодаанд. Њамаи њамин хизмат аст, охир! Агар таваљљўњ карда бошед, пеш аз иди Рамазон нарху наво дар ќисми зиёди мамлакатњои исломию давлатњои фоизи зиёди мардумонаш мусулмон боло рафт. Аммо дар мо чї? Дар Тољикистон, бахусус дар шањри Душанбе намояндагони њамин њукумати кунунї нагузоштанд нархи мањсулот, аз љумла арзиши орд боло равад. Ана, Худо хоњад, аз солњои оянда аъзогиямон ба Созмони Љањонии Тиљорат, ки пурра тасдиќи худро ёфт, њукумат ба соњибкорон бештар кўмак мерасонад. Нодида гирифтани чунин фаъолиятњои мусбати њукумати Тољикистон беинсофист! Мо бояд ба ќадри хизматњои абармардони миллат расем. Соли 2012ро метавонем, ки соли бурдборї барои Тољикистон ном гузорем.
Иззат АМОН, тањлилгар: - На! Ман ба он хотир аз фаъолияти солонаи њукумат розї нестам, ки њич як аз ислоњоти рўи дастгирифтаи њукумат дар соли 2012 амалї нашуданд. Мушкили барќ бештар шуд, ки камтар не. Вазъи роњњо ва коммуникатсия бадтар шуд, инчунин вазъи амнияти озуќа њам љои таъриф надорад. Мушкилоти муњољират имсол нисбат ба солњои пешин вахимтар гардид. Зеро бар замми мардону љавонон, занони миллат низ дар соли љорї муњољир шуданд. Ќарзи давлатї сол аз сол бештар мегардад, вазъи тандурустї ва маорифу фарњанги кишварро танњо мешавад орзу кард, ки бењ шавад. Имсол дар миёни кишварњои фасодзада мо боз њам љои "намоён"-ро ишѓол кардем. Албатта, намешавад гуфт, ки њукумати кишвар ва рањбарият по болои по гузошта нишастаанд, онњо кор карда истодаанд, вале гумон мекунам сиёсати нодурусти кадрї сабаб шудааст, ки барномањои стратегии рўи дастгирифта наметавонанд амалї гарданд. Зеро бинишу нигоњи 90 фисади масъулини кишвар њанўз њам дар сатњи идораи наќшаи ё худ њамон ба истилоњ "плановая экономика" мондааст.
6
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Онњоро њар сол омўзиш гузаронанд ва њамчун ихтиёриён бе маош њам кор мекунанд. Ба фикри ман ин аз њама роњи хуб аст, зеро то аз шањр ба дењот расидани низомиён ќочоќчиён худро дар Афѓонистон мегиранд.
Сокинон мегўянд, онњо нимашабњо пушти дари хонаи сокинон аз гуруснагии худ шикоят намуда, хоњиш мекунанд, то барояшон чизи хурданї бидињанд. Ин ќочоќчиён ба сокинон гуфтаанд, ки онњо роњи бозгашт ба кишварашонро надоранд ва маљбуранд дар хоки Шўрообод боќї бимонанд. Аммо ба гуфтаи сокинон, зиндагии пинњонии ќочоќчиён ѓайритасаввур аст. Як сокини Шўрообод, ки нахост номашро ошкор шавад, дар сўњбат ба "Озодї" дар ин робита гуфт, "онњо њоло фаќат шабона мегарданд ва рўзона дар пинњонгоњњои худ барои гарм шудан оташ даргиронда пинњон мешаванд. Бузи кўњї ва харгўшу кабк шикор карда мехўранд. Дар гармињо ба фикрам њамон њамкоронашон кўмак мерасонаданд, њоло дигар дар ин сардињо касе кўмакашон намекунад. Барои њамин нон металбанд. Ин њам аз як дења як бор нон металбанд, зеро метарсанд, ки фардо дар ин љо низомињо омада, онњоро боздошт мекунад" Шумораи ќочоќчиёни гадои афѓон маълум нест, зеро онњо танњо ду нафарї ба дењот ворид мешаванд ва ба гуфтаи сокинон шояд дигарон махфї мемонанд. Ба гуфтаи сокинон, аслан инњо ќочоќчиёне њастанд, ки гурўњњои ќочоќчии тољик маводи мухаддирашонро гирифта, маблаѓашонро бозпас намедињанд ва баргаштани онњо бе маблаѓи маводи мухаддир ба Афѓонистон, барояшон баробар ба марг аст. Дар њамин њол, Давлат Сафаров, як коршиноси мањаллї мегўяд, инњо гурўњњое њастанд, ки аз њар ду љониб фиреб хўрдаанд. Ба гуфтаи ў, ин гурўњњо дар кору зиндагии хеш рањгум задаанд: "Онњо аз Афѓонистон аз роњбарони худ маводи мухаддирро оварда, ќисмеашро нахт мефурўшанд ва ќисми дигарашро нася ба њамкорони тољикашон медињанд. Онњо дигар маблаѓро шояд бо саба-
НАЌЛИ МУЗОФОТЇ
Раис омад, барќ кам шуд.
Наркобаронњои гадо Ќочоќчиёни мусаллањ шабона дар дењоти наздимарзии ноњияи Шўрообод нон "гадої" мекунанд. бњое, ки њамкорони тољикашон боздошт мешаванд, гирифта наметавонанд. Аз ин рў, дигар ба Афѓонистон рафта наметавонанд. Маљбуранд, ки бо сахтї дар ин љо пинњон шуда зиндагї кунанд" Аммо сокинон мегўянд, аз њузури ин ќочоќчиёни «гадо» дар њарос њастанд. Давлат Љамилов, як сокини Шўрообод мегўяд, дар зимистон нерўњои интизомї бо далели сардии аз њад беш наметавонанд, ин љо њузур дошта бошанд ва аз сўи дигар ќочоќчиён нисфи шаб пушти дари хонањо меоянд, ки боздошти онњо аз сўи низомиён ѓайриимкон аст. Аз ин рў, Љамилов мегўяд, бењтар аст, то аз њисоби љавонону мардони дењот, ки дар артиш хидмат кар-
ХУШХАБАР
даанд, гурўњњои ихтиёрии муњофизатї ташкил карда шавад, то худ бо ќочоќчиён мубориза кунанд. Ў гуфт: «Ин гуна љавонон зиёд њастанд ва танњо бояд онњоро бо силоњ таъмин кард. Онњоро њар сол омўзиш гузаронанд ва њамчун ихтиёриён бе маош њам кор мекунанд. Ба фикри ман ин аз њама роњи хуб аст, зеро то аз шањр ба дењот расидани низомиён ќочоќчиён худро дар Афѓонистон мегиранд.» Намояндагони маќомоти интизомї мегўянд, воќеан, дар шароити зимистон гузаронидани амалиёт мушкил аст, аммо ба ќавли онњо, тасмими бо силоњ таъмин кардани сокинони мањалї дар салоњияти онњо нест.
Ќаблан, Неъмат Наимов, сардори Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Шўрообод гуфта буд, ба хотири вуљуди ќочоќчиёни силоњбадаст, сокинон метавонанд, яроќ шикорї бигиранд. ? гуфта буд, ки барои њуљљатгузорї дар ин самт, ба сокинон кўмак хоњанд расонид. Аммо њузури ќочоќчиён дар њолест, ки тобистони имсол то оѓози њаводиси Бадахшон, вазорати корњои дохилї барои поксозии гурўњњои кочоќчї амалиёти калонмиќёс гузаронида буд. Бо шурўъи њаводиси Бадахшон ва хуруљи нерўњо аз Шўрообод, ќочоќчиён дубора ба паноњгоњњои худ ба Шўрообод баргаштаанд. «Озодї»
ИМКОНИЯТ
ДУ РЎЗИ СОЛИ НАВ БАРЌ БЕМАЊДУДИЯТ ДОДА МЕШАВАД
УЗРХОЊИИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОЉИКИСТОН АЗ АМОРОТИ АРАБИСТОН
Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барќи тољик", ба роњбарони Шабакањои таъминкунандаи барќ дастур додааст, ки рўзи 31уми декабри соли равон, шурўъ аз соати 06-00 то соати 22-00-и 1-уми январи соли 2013 энергияи барќї ба ањолї бемањдудият таъмин карда шавад.
Дастаи мунтахаби Тољикистон оид ба футбол аз мунтахаби Амороти Муттањидаи Арабистон барои иштирок накардан дар бозии дўстона, ки дар назар буд, рўзи 29-уми декабри соли равон дар давлати Ќатар баргузор шавад, узрхоњї кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати мазкур хабар доданд, "бо дастури њукумати кишвар ва захирањои мављуда" тайи ду рўз барќ мунтазам дода мешавад ва дар сурати риоя нашудани ин љадвал сокинон метавонанд ба телефонњои боварии "Барќи тољик", ки рўзњои ид низ кор хоњад кард, бо шуморањои 37 883 55 11 ё 37 883 55 22 занг зананд. Ёдрас мешавем, бо супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон барои сарфаи оби обанбори Неругоњи "Норак" аз 7-уми октябр дар тамоми минтаќањои љумњурї лимити истифодаи энергияи барќї љорї карда шудааст. Лимити барќ дар тамоми ноњияњо, ба ѓайр аз марказњои вилоятњо ва ноњияњои саноатии
Дар ин бора рўзномаи байналмилалии "Алиттињод"-и Аморати Муттањидаи Араб хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дастаи Тољкистон сеюмин кишваре мебошад, ки аз мунтахаби Аморати Муттањидаи Араб узрхоњї мекунад. Пеш аз дастаи миллии Тољикистон ду кишвари дигар - Урдун ва Лубнон, ки мебоист декабри соли равон бо мунтахаби Аморат оид ба футбол бозии дўстонае баргузор намоянд, узрхоњї карда буданд. Дар њамин њол, Фаридун Солиев, масъули дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тољикистон аз интишори чунин хабар изњори беиттилої кард ва дар суњбат ба мо гуфт, ки айни њол бозингарони дастаи мунтахаби кишвар то 10-уми январи соли 2013 дар рухсатї ќарор доранд.
кишвар, љорї гардида, тибќи он, неруи барќ дар ин навоњї аз соати 00:00-и шаб то 04:00 субњ ва аз соати 10:00-и рўз то 16:00-и бегоњї мањдуд карда мешавад.
Рўзи ќабули раиси ноњияи Бобољон Fафуров дар љамоати Дадобой Холматов барќро барои ањолї ѓайричашмдошт хомўш накарданд. Аз будани барќ сокинон њам хурсанд буданду њам њайрон, ки имрўз офтоб аз кадом тараф баромада бошад. Охир њамагї дар як шабонарўз 4, 5 - 5 соат барќ мегирифтанду халос. Сањарї якуним, гоњо ду соат, аз соати 6-и субњ то баъзан соати 8. Аммо имрўз соат аз 9 мегузашту барќ хомўш намешуд. Инро мардум њама гуна шарњ медоданд. Яке мегуфт, ки бо ин роњ масъулин мехоњанд, ки рўњияи мардумро болида намоянд ва онњо имрўз камтар ба назди раис оянд, чунки шикояти мардум аз камбуди барќ ва паст будани шиддати он хеле зиёд аст. Агар бошандагони љамоат бо ин масъала назди раис оянд, масъулин даррав барќро нишон медињанду мегўянд, ки то имконият барќ дода истодаем-ку! Мана њозир њаст-ку! Ана, тамом. Дигаре мегуфт, барои он ки масъулин аз раиси ноњия гап нашунаванд, ба мардум барќ додаву бо ин роњ худро сафед карданї њастанд. Аммо ба њамаи ин нигоњ накарда, дили сокинон, ки "пур" буд, бошитоб назди раиси ноњия омада, аз паст будани шиддати барќ ва кам интиќол додани он шикоят намуданд. Раис њам дар љавоб гуфт, ки ба њаминаш њам шукр кунед: - Ин љо дења аст, як њисоба ёфтан мумкин, бо таппаку кўмур хонаро гарм карда, хўрок пухтан мумкин аст. Чашма хато карда, дарахтњои хушкшударо бурида, хонаро гарм кардан мумкин, вале дар "этаж" проблема. Кампирњои 80 сола меоянд, ки онњо дар "этаж" зиндагї мекунанд, агар бовар надоред, рўзи шанбе ќабули ман аст, биёед! Шумо њам барќро самаранок истифода баред, вагарна ин лимите, ки барои ноњия људо карда шудааст, агар њаво сард шавад, аз ин њам камтар мешавад. Дар њамин маврид раиси љамоат бањри амалї кардани суханњои раиси ноњия дар рўзи равшан, ки барои раис шуда, дар толор барќро гирон карда буданд, хомўш кард. Раис ин њолатро дида гуфт, ки барои ман шуда, барќ дода истодаед - мї? Ё ин "движок"?. Њама гўё ба дањон об гирифта бошанд, ки хомўш монданду касе љуръати лаб кушоданро накард. Худи раис фањмида, ба раиси шабакањои барќи ноњия гуфт: -Ба коргаронатон хабар дињед, барќро хомўш кунанд, њоло шаб дар пеш аст, боз лимит тамом нашавад. Баъдан барќро хомўш карданд. Фикри раиси дуруст баромад. Кормандони барќ њамон рўз аз соати муайяншуда як соат дертар ба ањолї барќ доданд, чунки як соати онро аллакай дар соатњои ќабули раиси ноњия дода буданд. Хулоса, рўзи ќабули шањрвандон низ барои сокинони љамоат бо як соат умри худро дар торикї гузаронидан хотирмон гашт. Худо накунад, ки мутассадиёни барќ ин таљрибаро дар дигар љамоатњо низ рўзи ќабул аз тарафи раиси ноњия истифода кунанд, зеро ки боз соати интиќоли барќ ба ањолї мањдудтар мешаваду мардум аз гирифтани њамон соатњои ангуштшумори он њам бенасиб мемонанд. Афзал БОСОЛИЕВ
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
7
Аз сўи дигар, ба фикрам, фош шудани ин сюрприз ба имиљи њукумат латмаи сахттар зад. Касе аз он хабар надошт, намедонистанд ва њама гумон мекарданд, дар сатри аввали ин рўйхат "Модари инќилобњои шабакавї" - Фейсбук меистад...
хаи лоињаи иловањоро дастрас накардааст ва посухи ў чунин буд, "а мана дастаманда њай мї...". Нав фањмидааст, ки лоиња дар дасти ў будааст. Саидљаъфар Исмонов баъди мавќеъгирињои шадиди Афѓоз Оќилов гуфт, ки агар њар вакиле пешнињод ва ирод дорад дар шакли хаттї пешнињод кунад: "Оинномаи њизб бист сол боз таѓийр нахўрдааст ва љомеа дар ислоњоту пешравї аст, аз ин рў, он њам ниёз ба ислоњоту таѓийрот дорад".
Њизби демократ:
дам. Ба хотири иљозат надодан ба доир кардани Анљумани ЊДТ гуруснанишинї кардем. Равшанљон Ахмедов, зодаи вилояти Суѓд худро забоншинос ва њуќуќшинос муаррифї кард. Ба гуфти вай, аввалин љавони демократ дар Суѓд дар солњои 90-ум будааст ва мањз барои њамин аз донишгоњ хориљ шудааст. Айни њол дар хориљ аз кишвар ба сар мебарад. Саидљаъар Исмонов, собиќ узви Њизби халќии демократии Тољикистон, зодаи ноњияи Фархор худро сардори бахши техникии Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон, корман-
боз анљумани ѓайринавбатї, боз рањбари нав
"А МАНА ДАСТАМАНДА ЊАЙ - МЇ..." Масъалаи севвум, дар бораи таѓийроту иловањо ба Оиномаи ЊДТ буд. Зиёзода Табаралї Нозимпур ба вакилон гуфт, ки нусхаи лоињаи иловањо ба Оинома ба бахшњои њизб фиристода шудааст ва дар умум аз руйи бандњо ин лоињаро ба овоз мегузорем. Афѓоз Оќилов, вакил аз вилояти Суѓд мухолифат кард. Ба гуфти вай, "лоиња сар то бо по хатост". Як вакили дигар гуфт, аз иловањо бехабаранд. Аз ў пурсиданд, ки нус-
Ба гуфти собиќдорони њизб, зарурати иловањо ба Оиннома соли 2006 пеш омада будааст, аммо бо сабабњои объективї ин иќдом кашол ёфтааст. УСМОНОВ - РАИС! Масъалаи севвум - масъалањои ташкилї ва се зермасъала. Интихоби раиси ЊДТ, муовини аввал ва муовинонаш. Зиёзода номзадии Саидљафъар Исмоновро пешнињод кард. Аммо яке аз вакилон пешнињод кард, ки "аз пешнињоди номзадњо даст кашед ва як нафар марди њаќиќї барояду шери майдон шаваду гўяд, ки ман худам раис мешавам ва кори њизбро пеш мебарам". Вакилони дигар њам ин пешнињодро тарафдорї карданд. Афѓоз Оќилов, вакил аз Суѓд гуфт, ки"њастанд нафарони арзанда, ки раисиро мебаранд. Масалан, ман омодаам, ки то ќатраи охири хун кори њизбро барам...". Аммо ин вакил тарафдори кам дошт. Дар нињоят ба "майдон" се номзад - Саидљаъфар Исмонов, Мамлакат Љайчиева ва Равшанљон Ахмедов баромаданд. Мамлакат Љайљиева, собиќдори њизб, то замони анљумани ѓайринавбатї роњбари Кумитаи тадорукоти ЊДТ вазъи саломатиашро сабаб хонда, аз номзадии худ даст кашид. Вай гуфт, ки њатто шавњарам ба хотири демократ будан аз ман људо шуд: - Вале ман аз роњ нагаштам. Хеле камбизоат њастам, як њуљра дорам. Устоди Донишгоњ њастам, аз шогирдон ягон тин намегирам. Ду маротиба дар гуруснанишинї иштирок кар-
ди Донишгоњи агарарї, Бонки миллї муаррифї кард. Њангоми овоздињии пўшида Саидљаъфар Исмонов ва Рањматљон Ахмедов раќобат карданд. Аввалї баранда шуд. Мамлакат Љайчиева, муовини аввал, Табаралї Зиёев, Файзулло Файзиев ва Рањматљон Ахмедов - муовин интихоб шуданд АНЉУМАНИ БИДУНИ РАИСИ ЊИЗБ Бо њамин даврони боз як раиси њизб - Масъуд Собиров ба охир расид. Ў низ соли 2006 анљумани ѓайринавбатї доир карда, аз паси Муњаммадрўзї Искандаров, ки зиндонї шуд, зимоми раёсати ЊДТ - ро ба даст гирифта буд. Рањматулло Валиев, собиќ муовини аввали Мањмадрўзи Искандаров дар гузашта ва Њољимуњамммад Умаров яке аз дигар собиќадорони њизб дар Анљуман иштирок надоштанд. Аммо дар анљумани ѓайринавбатї намояндагони вазорати адлия, њизбњои халќї - демократї, сотсиалист, аграрї иштирок доштанд. ЊНИТ, ЊКТ њам ба Анљуман даъват шуда будаанд, аммо бо сабабњои номаълум наомадаанд. Дар ин Анљуман мўњр, нишон ва билети њизбиро тасдиќ карда, дар охир мурољиатномаи анљумани ѓайринавбатии њизбро ќироат карданд. Бо њамин даврони Саидљафъар Исмонов оѓоз шуд...
F
Т
... бо Фаридун Рањнавард
Чаро Бег Зуњуров Бобои Барфї нест? Рўйхати 131 сомонаи интернетие, ки Хадамоти алоќаи Тољикистон супориши ќатъ кардани фаъолияташонро ба ширкатњои дастраскунандаи интернет додааст, дидам. Дидаму афсўс хўрдам... Афсўс, ки касе ба "сюрприз"-и хадамоти алоќа халал расонд. Касе тоќат накарда, рўйхати 131 сомонаи интернетї, ки бино ба бўйи фазои иттилоотии кишвар, гўё ба чашми њукумати Тољикистон мисли хор мехалиданд, ба расонањо фош кард. Њарчанд, ќавли маъруф, сензураро "шадидан мањкум мекунам", баъди дидани ин рўйхат пушаймон шудам, ки ин иттилоъ расонаї шуд. Чаро? Аз як љониб, дар арафаи соли нав бењтар буд, касе надонад, ки кадом сомона кай баста мешаваду кадомї дар рўйхат нест. Ва ба назарам, ин "сюрприз" фазои иттилоотиро як нав идона - солинавї медошт. Мисли "тўњфа"-и Бобои Барфї. Њаст, њатто миќдораш њам маълум - расо 131 то. Аммо дар дохили "тўњфа" - рўйхат чист, касе намедонист. Бобои Барфї тўњфаро зери арча гузошта рафтаасту то бонги соати деворї, касе њаќќи боз карданашро надорад. Аљиб, не? Аз сўи дигар, ба фикрам, фош шудани ин сюрприз ба имиљи њукумат латмаи сахттар зад. Касе аз он хабар надошт, намедонистанд ва њама гумон мекарданд, дар сатри аввали ин рўйхат "Модари инќилобњои шабакавї" - Фейсбук меистад... Бигзор, ба ќавле, "хайр чї, кишвар дар умќи буњронњост, њукуматро фањмидан мумкин, мубориза мебарад, ба он тавре, ки метавонад. Дигар илољ надорад...". Аммо кї гумон мекард, ки он љо сомонањои порнографї ва тафрењї навишта шудаанд? Масалан "Урод.ру" дар куљо инќилоб карда метавонист? Акнун ин иќдом хандахариш шудааст. Дирўзњо коршиносони соњаи њуќуќ, сиёсат, созмонњои байналмилалии дифоъ аз њуќуќи башар, њукумати Иёлоти муттањидаи Амрико, љомеаи пешсафи журналистии љањон љиддан изњори нигаронї мекарданд, ки њукумати Тољикистон бо њадафњои сиёсї - интихоботи президентии соли оянда тасмим гирифтааст озодии суханро дар ин кишвар фалаљ кунад. Иќтибосеро аз изњороти ахир дар ин бора меорам, ки аз забони њукумати Иёлоти муттањидаи Амрико, баъди баста шудани радиои Озодї, ба ќарибї садо дода буд: "...Иёлоти Муттањидаи Амрико боварї дорад, ки њуќуќи њар як шањрванд дар озодона иброз намудани фикри худ - хоњ дар майдони оммавї ва хоњ дар шабакаи интернетї умумибашарист. Имрўз ин љомеа бори дигар ба мо дар њайрат монд. "Тўњфаи Бобои Барфї, ќавли мардуми мо, чашми ин љомеаву созмонњои љањониро мош барин кушод. Бахусус, дар Њукумати ИМА, шояд касе тасаввур њам намекард, ки дар дохилї тўњфа чист. Аммо акнун таассуорт чунин аст, ки гўё њукумат - Хадамоти алоќаи Тољикистон барои пешгирї аз инќилоб дар Тољикистон Урод.ру ва "Мой Мир", ки имрўз асосан ба тасаллогоњи пирони танњову муљаррад табдил шудааст, мебандад. Албатта дар ин рўйхат сомонањое њам њастанд, ки аз фаъолияту амалњои њукумати Тољикистон интиќод кардаанд. Аммо дар ин рўйхат њамчунин сомонањои фањшеро дидан мумкин аст, ки то њол ягон љавони сархуш дар Тољикистон боз накардааст. Дирўз чанде аз дўстон ба ман навиштанд, ки "Хадамоти алоќа ин сомонањоро аз куљо пайдо карда бошад, нав дидем." Баъзењо барои пешкаш кардани ин рўйхат њатто ташаккур њам гуфтанд. Ба Хадамоти алоќаи Тољикистон... Ба ман фаќат аљиб буд, ки чаро љомеаи фаъоли Тољикистон созмонњои хориљї ва байналмилалї, ки гўё дар ѓами њуќуќи башар, натанњо дар Тољикистон, балки дар тамоми дунё њастанд, ба Бег Зуњуров, раиси Хадамоти алоќа дарафтоданро дўст медоранд. Намедонам барои чї њама гумон мекунад, ки дар сафи пеши дифоъ аз њукумат Бег Сабурович Зуњуров истодааст ва баста шудани сомонањои интернетї иќдоми мустаќилонаи ўст. Њатто баъди он њам, ки ин нафар борњо шифоњї изњор ва бо ќалб тасдиќ кардааст, ки ба ин амалњо ќодир нест. Яке аз мисолњои ахирро меорам. Дар ёд доред, ваќте "нохост, тири милтиќи думилаи "охотник" ба сими асосии алоќа бо Бадахшон расид"? Ин одам, ваќте аз ў пурсиданд, ки чаро онњо бо падару модар ва хешу наздиконашон дар Бадахшон, ки он љо амалиёти низомї љараён дошт, занг зада наметавонанд, бо забони худ гуфта буд: "Один пастух, один сын чиновник в Вахдате , охотник-да ... Стрелял в воздух и вот связа нету в Хороге. А может там в Хороге население на не том месте сидели, и телефон не берёт....". Баъд аз ин, ба назари Шумо, ба ў вазифаи Бобои Барфиро бовар кардан мумкин аст, ё не? Хулоса аз шумост?
i
ДЕМОКРАТЊОИ БОЗ БА БАЛОЃАТ РАСИДАНД Масъалаи якуми рўзнома њисоботи Кумитаи тадорукоти даъвати Анљумани ѓайринавбатии X1 буд. Як вакил аз Исфара мухолиф баромад. Вале Зиёзода гуфт, ки бе ироаи гузориш намешавад анљуман кард. Пешнињодро ба овоздињї гузоштанд. Кортњои сурх бардошта шуданд ва бо ин усули демократї пешнињод гузашт. Мамлакат Љайчиева, роњбари Кумитаи тадорукоти анљумани ѓайринавбатї аз фаъолияти кори Кумита гузориш дод. Ба гуфти вай "новобаста аз мавќеъгирињои чапу рост ва њуљумњои чапу рост, бояд ки онњо мардона меомаданд ва сўњбат мекарданд. Аммо онњо наомаданд ва Шумо онњоро мешиносед". Маълум, ки гап дар бораи Масъуд Собиров, раиси расмии њизб меравад. Масъалаи дуввуми рўзнома "вазъи бўњронии ЊДТ ва тадбирњои таъхирнопазири бартараф кардани он". Гузоришдињанда Зиёзода Табаралї Нозимпур пайроњаи ЊДТ аз платфорами Алмаато то Эрон, ИНОТ ва баъдан дар Тољикистонро сањифагардон кард. Ба гуфти вай, роњбарияти ЊДТ дар замони истиќрори сулњ ва ризояти миллї њангоми пешнињод ба квотаи 30% хешу таборони худро муаррифї карданд, ки ин боиси норозигии иддае аз аъзои њизб гардид. Соли 2000 73% вакилони анљуман ба тарафдории Муњаммадрўзї Искандаров райъ додаанд. Ба истиснои бахши суѓдии ЊДТ, дигар созмонњои шањру навоњии њизб дафтари њизбї надоштаанд ва чанд маънињои дигар буданд дар гузориши Зиёзода.
БИДУНИ
Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Њизби Демократи Тољикистон 23 декабр роњбар ва муовинони навашро барои панљ сол интихоб кард. Анљуман бо тарафдории 56 вакил кори худро шурўъ кард. Дар даќиќањои аввали кори анљуман садорати он ба Масъуд Собиров роњбари ин њизб тамоси телефонї гирифтанд, аммо љавоб набуд. Зиёзода Табаралї Нозимпур (Табаралї Зиёев), ки кори Анљуманро то интихоби раиси нав пеш мебурд, рўзномаи Анљуманро пешнињод кард. Як вакил, ки номаш барои мо номаълум монд, изњори ташвиш кард: "Мо фаќат анљумани ѓайрнавбатї мегузаронем. Кай анљумани навбатї мегузарида бошем?!"
Мењрафзуни АБДУЛЛО
8
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Агар тасмими Нањзат бар он шавад, ки номзад пешнињод кунад, бовар дорам метавонам мутаќоид созам анљуманро, ки чаро ман номзад набошам. Бинобар ин, дар мо мушкилии њатман аз ин ду якеро интихоб кардан пеш намеояд, иншоаллоњ.
- Моњи апрели соли оянда ЊНИТ 40 - солагии таъсисёбии худро таљлил мекунад. Ин љашн аз љашнњои пешина чї тафовут хоњад дошт? - Ба номи худованди бахшанда ва мењрубон. Ин бори аввал нест, ки Нањзат санаи таъсисёбии худро љашн мегирад. Бо ибтикори Устоди марњум Сайид Абдуллоњи Нурї мо љашни 30 солагии Нањзатро баргузор карда будем ва ба ин муносибат чанд китобу маводњо њам нашр шуда буд. Шояд ин дафъа каме бо омодагии бењтар баргузор шавад ва ширкати мењмонони хориљї низ пешбинї шудааст. - Дар Раёсати олии ахири ЊНИТ барномањои кори Нањзат дар соли 2013 баррасї ва дар замина тасмимњое низ гирифта шудааст. Ба истиснои ќарори 40 - солагї чї нукоти муњим дар ин Раёсат баррасї шуд. Њаводиси Хоруѓ ва тирборон кардани дафтари њизб, ќатли Сабзаалї (раиси собиќи вилоятии њизб) боздошти Шерик Карамхудоев, чї? - Мо асосан атрофи лоињаи барномаи фаъолияти њизб дар соли 2013 бањс кардем ва он ќабул гашт. Масъалањои зикркардаи шумо мустаќиман матрањ набуданд, зеро ин масоил дар љаласањои ќаблї баррасї гашта буданд ва зарурати дар њар љаласа бањс кардани онњо нест. - Дар маљмўъ бархурди њукумат бо ЊНИТ баррасї шуд? Аз љумла изњороти Додситони кулл дар робита ба фаъолияти њизб? - Мо изњороти Прокуратураи генералиро дар Шўрои сиёсии њизб бо ширкати намояндагони Прокуратураи Генералї бањс кардем ва зарурати кашонидани он ба раёсати њизб намонд. Буданд масоиле, ки прокуратура дуруст ишора карда буд, асосан дар санаднигорї, вале онњо њам эътироф карданд, ки иштибоњњое аз тарафи онњо низ сар задааст. Њам мо ва њам прокуратура ба хулоса омадем, ки њадафи санљишњо бояд ислоњи камбудињо бошад, на сўиистифодаи таблиѓотиву сиёсї аз баъзе камбудињо, ки дар њама сохтор вуљуд дорад. - Дар ин љаласа шева ва тарзи ширкати њизб дар интихобот мушаххастар шуд? Њизб бо эътилоф меравад, бо номзади худ ширкат мекунад? - Њизб назарашро дар бораи шеваи ширкат дар интихобот ќаблан эълон карда буд ва њоло масъалаи тозае пеш наомадааст, ки дар раёсат онро медидем. Агар то анљуман таѓйироте дар мавќеи њизб шавад, раёсат њатман онро баррасї мекунад, вагарна, њарфи охирро анљуман хоњад зад. - Агар пешнињоди вакилони ЊНИТ барои ислоњи ќонун дар парлумон пазируфта нашуд, тасмими ширкат иваз хоњад шуд? - Њизб чунин шарт нагузоштааст, ки агар пешнињодњои мо ќабул нашуд, ширкат нахоњем кард. Дар њама њолат анљуман тасмим мегирад, на раёсат, ё Шўрои сиёсї. - ЊНИТ имкон дорад аз номзади ЊХДТ дастгирї кунад? Ин пораи њарфњо аз сўњбатњои ахири матбуотии шумост. Фикр мекунед ЊХДТ ба дастгирии ЊНИТ ниёз дорад? - Мо масъалаи љонибдорї аз номзадњои дигарро танњо дар њолате баррасї мекунем, ки њизби худамон номзад пешнињод накунад. Дар он сурат, мо ба барномаи номзад ва њадафњои ў нигоњ мекунем, на ба њизбияташ. Эњтимоли њамкорї бо њама њизбњои расмии кишвар вуљуд дорад. Оне, ки дигарон ба дастгирии мо ниёз доранд ё не, масъалаи дигар мебошад ва бояд аз онњо пурсид. Меъёр барои мо танњо барнома ва њадафњои номзад мебошад, на чизи дигар. - Аммо ин пешнињоди шумо аз тарафи як неруе, ки худро оппозитсионї муаррифї мекунад, то њадде ѓайричашмдошт ба назар мерасад. Чун оппозитсия як ќишри муайян ва мушаххаси љомеаро ба унвони электорати собит ба худ љалб ва љазб кардааст ва бо таваљљўњ ба интихоботи ахири парлумонї аксарияти райъи мардумро њам соњиб шуд. Фикр намекунед чунин мавќеи калаванда ва ноустувор бар ноумедсозии электорат ва љамъи љонибдорон анљом намеёбад? - Оё омодагї ба њамкорї ва эътилофи байни њизбњо калавандагї ва
ноустуворї шинохта мешавад? Мо њоло чизе пешнињод накардаем, танњо ба саволњои рўзноманигор атрофи сенарияњои эњтимолї посух додем. Оне, ки мушаххас мебошад, ширкати њизб аст, боќї сенарияњо болои миз њастанд ва тасмим дар арафаи интихобот гирифта мешавад. Сиёсати њизбї њељ гоњ якравї ва карахтї набуд ва то имрўз ин сиёсати мо боиси тавсиаи электорат гаштааст, на кам шудани шумораи тарафдорони он. Худатон њам ишора кардед, ки њизб овозњои хубро соњиб шуда буд, пас натиљаи њамин сиёсатњои созанда ва боз будааст. Бисёрињо мехоњанд мавќеи моро сахттар ва радикалї бубинанд, вале нањзат асосан аз шевањои муътадил ва созанда истифода
феълї ва шароити имрўз бошад надорем? - Дар Тољикистон оппозитсияи њадафманд барои таѓйири шароити феъли вуљуд дорад ва шарт нест, ки таѓйири шароит њатман аз тариќи таѓйири њукумат сурат бигирад. Таѓйири њукуматњо њам як амали табиист, агар бо роњњои ќонунї ва демократї анљом шавад, вале он набояд њадафи аслї бошад. Таѓйири њукумат њамон ваќт рўзмарра мешавад, ки худи њукумат барои таѓйири шароит талош накунад, ё талош кунаду дигар ќудрати таѓйир додани вазъро надошта бошад. Дар он сурат, масъалаи таѓйири њукумат ба як њукумати коршоям гузошта мешавад. Њукумати Италия як сол пеш сари
Муњиддин Кабирї:
Осиёи Марказї заиф аст, вале вуљуд дорад. Эњтимоли инќилоб дар њама кишвари ѓайридемократї аз лињози назариявї вуљуд дорад, зеро мардум ваќте мебинанд ки бо роњњои демократї ва интихобот наметавонанд вазъиятро таѓйир бидињанд, даст ба инќилоб мезананд. Оё дидаед, ки дар кишварњои демократї мардум инќилоб кунад? Мардум метавонад митинг кунанд ва њатто њукуматро маљбур ба истеъфо намоянд, вале инќилоб ба маънии дигаргун кардани низом ва кулли њокимият њељ гоњ рух намедињад. Кишварњои худкома ва ѓайридемократї дар ин масъала хеле осебпазиранд ва заиф бошад њам, ин эњтимол вуљуд дорад. Вале, дар нисбати Тољикистон шароит фарќ мекунад. На ба маънои он, ки дар мо шароит бењтар аст. Дар мо, хушбахтона, нерўи сиёсии тарафдори инќилоб нест, њамагон љонибдори ислоњот ва рушди эволютсионї мебошанд. Ин неруњо наќши стабилизаторро байни њокимият ва мардум мебозанд ва бо танќидњои худ аз фаъолияти њокимият иљозат намедињанд, ки эътирозоти мардум ба њади инќилоб бирасад. Эњтимоли инќилоб бештар дар он кишварњое мебошад, ки имкони камтарин танќид вуљуд надорад ва маъмулан дар чунин кишварњои зоњиран ором вазъ якбора метаркад, мисли Либия. Коршиносон, аз он љумла, Патрушев, бештар омилњои иќтисодиву иљтимоиро ба назар гирифтаанд, ки дар Тољикистон аз њама бадтар мебошад. Бебарќї, муњољират, сатњи пасти зиндагї, коррупсия, мањдудсозии озодињо ва ѓайра. Вале, вуљуди њизбњои сиёсии оппозитсионї, васоили ахбори оммаи мустаќил ва имконияти нисбии интиќод аз њокимият таъсири худро дар коњиш додани хатари њамагуна инќилоб расонидаанд. Албатта, иштибоњњои њокимият дар оянда метавонад хатари инќилобњоро бештар гардонад, ба хусус агар эътимоди мардум аз механизмњои ќонунии таъсирррасонї ба равандњо мисли интихобот аз ин бештар коста гардад. Ва мардум њам аз
"МОРО РАДИКАЛ ДИДАН МЕХОЊАНД" Мусоњибаи ихтисосї бо раиси ЊНИТ ва вакили Маљлиси намояндагон хоњад кард. Дар њар сурат аз њарфи шумо шунавида мешавад, ки омода бо муомилаед. Агар њарфи шумо пазируфта шуд, муомила ба завќи шумо хатм гардид аз номзади ЊХДТ, ки маълум аст љонибдорї хоњед кард. Вале масалан кї тазмин медињад, кї кафолат медињад, ки ончи муомила шуд баъдан фаромўш хоњад шуд. Чун дар гузашта низ аз чунин мавридњо намунањо хеле зиёд аст. - Мо њамеша омодаи њамкорї бо њамагон њастем, вале на ба маънои муомала ё тиљорат. Муомила ба маънои додугирифт мебошад, њамкорї васеътар аст, бештар дар заминаи њамдигарфањмї ва эњтироми якдигар сурат мегирад. Шарт нест, ки дар натиљаи он чизе дода шавад, ё чизе гирифта шавад. Муњим, ки идеяњо ва арзишњои мо амалї гарданд. Нањзат таљрибаи муомилаву доду гирифтро аз сар гузаронд ва маълум, ки касе кафолат дода наметавонад. Бинобар ин, атрофи муомила набояд суњбат кард, балки атрофи арзишњо ва њадафњо бояд гуфт. Барои мо сохтани як љомеаи озод, демократї ва эњтироми инсон дар назди давлат муњим мебошад. Ин мењвари барномаи номзади мо хоњад гашт ва агар номзад пешнињод накардем, меъёри њамдигарфањмии мо бо дигар номзадњо хоњад буд. - Ба ин тартиб њоло метавон натиља гирифт, ки дар дохили Тољикистон оппозитсияи њадафманд, ки марому маќсадаш таѓйири њукумати
ќудрат омад ва дар лањзањои мусоњибаи мо истеъфояшро эълон кард ва гуфт, ки дар шароити нав бояд њукумати дигар сари кор биёяд. Яъне, дар як сол шароити дигар ба вуљуд омад ва њукумати навро талаб кард. Мисли мо нест, ки истеъфои як вазир ба як њодисаи фавќулодда баробар дониста мешавад, чї расад ба њукумат. Дуруст аст, ки мо Италия нестем, вале агар бо њамин муносибат боќї бимонем, њељ гоњ ба он сатњ намерасем. Њоло мо бояд бубинем, ки оё њукумати феълї хоњиш ва тавони таѓйири шароити кишварро ба як шароити бењтар дорад, ё не? Агар дорад, чаро масъалаи ивазшавиашро гузорем ва медонем, ки дар минтаќаи мо талаби рафтан аз мансаб чї ќадар дарднок ќабул мешавад ва чї вокунишњое нишон медињанд. Шояд бењтар он аст, ки ба худи њукумати амалкунанда фурсат дода шавад, то аз шиорњо ба иќдомњои мушаххас гузарад ва исбот кунад, ки омодаи ислоњот ва таѓйири вазъ њаст. Бояд дар њама њолат мантиќї рафтор кард. Танњо дар сурати нотавонии њукумат барои шурўъ ва анљоми ислоњоти зарурї ва таѓйири вазъият аз иваз кардани кулли њукумат метавон сўњбат кард. - Николай Патрушев, дабири Шўрои амнияти Русия аз имкон ва эњтимоли вуќўи "инќилоби ранга"дар Тољикистон гуфтааст. Назари Шумо чї аст? - Эњтимоли чунин инќилобњо дар
њокимият ва њам ањзоб дилсард гардад. Дар хар сурат, эњтимоли сар задани инќилобро хеле ва хеле заъиф медонам. - Агар ЊНИТ номзадии шуморо ба президентї ва њукумат ба вазирї, масалан, вазири умури хориљї пешнињод кунад, кадомеро интихоб мекунед? - Умуман нияти кор дар њокимияти иљроияро надорам, дар њељ симате. Њељ гоњ барои мансаб талош накардаам ва иншоаллоњ, нахоњам кард ва агар битавонам дар њамин маќоми имрўзаам ба миллат хидмат кунам, кофист. Гоњо фикр мекунам, ки шояд њаминаш њам зиёдатї бошад. Агар тасмими Нањзат бар он шавад, ки номзад пешнињод кунад, бовар дорам метавонам мутаќоид созам анљуманро, ки чаро ман номзад набошам. Бинобар ин, дар мо мушкилии њатман аз ин ду якеро интихоб кардан пеш намеояд, иншоаллоњ. - Аз шањрдорї 20 миллион сомонї љуброн мепурсед. Ин пули калон нест? Онро барои чї сарф хоњед кард? - Масъала дигар аст, сари маблаѓ нест. Аслан бовар надоштам, ки корро ба додгоњ мекашонанд ва фикр кардам, ки бо њамон раддияи даѓалу беасос ором хоњанд шуд. Њатто пас аз даъвати додгоњ њам гуфтем, ки зарурати ин кашмакаш нест ва хуб мешуд, ки иштибоњро дарк карда, даъворо бигиранд. Вакили мо ва дигар њууши-
носон пас аз дидани навор ва матни бозгардони суханронї гуфтанд, ки баръакс нисбати мо тўњмат ва дурўѓгўї шудааст ва шаъни вакилро паст задаанд ва бояд аризаи даъвогї пешнињод гардад. Бо вуљуди њамин њам, ќабл аз сафар ба вакил гуфтам, ки агар тарафи дигар даъвояшро пас гирад, зарурати идомаи ин бањс нест. Баъдан маълум гашт, ки тарафи дигар даъвати додгоњро дар бораи њали масъала ќабл аз мурофеа напазируфтааст ва вакили мо даъво бо љубронро таќдими додгоњ кардааст. Кам ё зиёд буданашро вакил мушаххас кардааст ва танњо мо гуфтем, ки он дар сарсабз гардонидани пойтахт сарф хоњад шуд. Њадаф аз даъво пул ё чизи дигар нест, он аст, ки њамагон бидонанд, ки њаќиќат танњо дар як тараф нест ва њама њарфи гуфтан доранд. - Дар љашни 40 солагї собиќадорони њизб, ки њоло аз он рафтаанд, мисли Сайид Ќиёмиддини Ѓозї ва Давлати Усмон, даъват мешаванд? - Њатман. Њар касе ки камтарин хидматро дар ин роњ кардааст, мењмони гиромии мост. Ин роњест тўлони ва табиати роњ њамин аст, ки мераванду меоянд. Њоло маълум нест, боз кї меояду кї меравад. Ин љашни њамаи ин бузургон мебошад ва ният дорем мењмонњои зиёде даъват намоем ва як чорабинии вањдату њамдигарфањми баргузор гардад. - Ахиран сафаре ба Суѓд доштед, ки дар расонањо ба шакли гуногун инъикос ёфт. Далелаш дар чист? - Ин сафари оддї ва идомаи сафарњои ќаблии мо ба манотиќи кишвар буд. Бори аввал нест, ки мо дар ин ноњияњо вохўрињо мегузаронем. Чун охири сол аст, чанд љаласаи љамъбастии њизби дар назар буд ва як вохўрї бо љавонони шањри Хуљанд. Шумо медонед, ки мо вохўрињои моњонаро дар Душанбе дорем ва гоњо дўстони Суѓд эрод мегирифтанд, ки чаро танњо дар пойтахт? Бо истифода аз рузњои истироњат ин љаласаву мулоќотњо ба наќша гирифта шуд. Чизе, ки ќобили дастгирї ва тазаккур мебошад, ин муносибати маќомоти мањаллии њокимияти давлатї нисбати љаласањои мо буд. Дар њар се вохўрї , Ашт, Хуљанд ва Исфара толорњои васеъ ва муносиб људо шуда буд. Агарчи, мо нияти мулоќот танњо бо аъзо ва љонибдорони њизбро доштем, ба ѓайри шањри Хуљанд, ки љавонон дар маљмўъ даъват шуда буданд, масъулини мањалї зањмат кашиданд ва ширкати фаъолони ин шањру ноњияњоро таъмин карданд. Ба сардии њаво нигоњ накарда, толорњо як соат пеш аз мулоќот пур буданд ва аксаран муаллимону кормандони љамоатњо ва ќишрњои гуногуни љомеа. Чунин њамкорї ва мусоидат боиси он мегардад, ки ќишрњои гуногуни љомеа аз андешаи якдигар бохабар бошанд ва якдигарро бишнаванд. Бовари дорам, ки ин таљриба идома хоњад дошт ва на танњо дар ин ноњияњо, балки дар тамоми гўшаву канори кишвар. Чунин таљрибаро мо то њол надоштем, ки дар љаласаи љамъбастии њизби мо бештар аз 400 мењмон аз ќишрњои гуногун, ба вежа равшанфикрон ширкат дошта бошанд. Барои як њизб дар шароити имрўза душвор аст ба танњои битавонад ин њама кормандони давлатиро дар рўзњои кори љамъ биёварад ва ин танњо бо дастгирии маќомот имкон дорад. Њоло он ки њар кас дидаву шунидаи худашро менависаду мегўяд, як тарафи масъала мебошад, муњим он аст, ки ин таљриба ба даст омад ва мо исбот кардем, ки якдигарро шунида метавонем ва дар љаласањои якдигар ширкат кардан имкон дорад. Ин нишон дод, ки маќомоти мањаллї агар бихоњанд метавонанд њамкории хуб бо њизбњо бикунанд ва њељ монеае вуљуд надорад. Танњо хоњиш ва љасорат лозим. Чун ин таљриба ќаблан набуд, шояд як муддате дар бораи мавзуњои саволу љавоб ва баъзе бањсњои тунд бигўянду бинависанд ва чанде пас хомўш хоњад шуд, вале муњим он аст, ки роњи њамкориву њамдигарфањми боз шуд. Ва њама ба ин натиља расиданд, ки тамоми њизбњои сиёсии кишвар њадафи муштарак доштаанд ва он њам расидан ба як љомеаи пешрафта ва ободу осуда. Агар ихтилофе њаст, танњо дар роњи расидан њаст, на дар њадаф. Барои љомеаи имрўзи мо ин муњимтар мебошад, аз оне ки мегўянду менависанд. "НИГОЊ"
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
9
То имрўз аксарияти тољирони муваффаќи Тољикистон аз расонаї шудани номашону фаъолияташон парњез мекарданд. Ба хотири таъмини амнияти бизнеси худ ва њам бањона надодан намехостанд маќомоти сершумори назоратиро бедор кунанд ва "тири" тафтишу санљишњои онњоро ба сўи худ нигаронанд.
10 бењтарини бизнеси Тољикистон Бори аввал дар даврони истиќлол бењтаринњои бизнеси Тољикистон эълон шуданд. Ин муаррифї дар як мањфили бошукўњ дар бинои "Душанбе-Плаза" баргузор шуд. Аммо дар ин фењрист асосан онњое љой ёфтанд, ки аз ширкат дар озмуни Анљумани миллии мудирон ва бозорёбон (маркетолог) и Тољикистон натарсиданд. "ЭЛИТА" Ќисмати аввали озмун "Элитаи бизнеси Тољикистон" унвон дошт. Аз њудуди 30 ширкат дар дањ номинатсия 20 ширкати бењтарин интихоб шуданд. Ба ќавли мубтакирон, онњо бизнеси муваффаќ ва барои кишвар муфид доранд. Инњо кињоянд? 1. "Кашфиёти сол" - љамъиятњои дорои масъулияташ мањдуд (ЉДММ) - и "БДО" ва Об њаёт". 2. "Бизнес - стил" - Љамъияти сањњомии пўшида (ЉСП)-и "Таљам" ва ЉДММ "Алкон - Душанбе". 3. "Боварї" - ЉДММ - њои "Аспендос Тревел" ва "Ред лайн". 4. "Шарики боэътимод" ЉДММ "Доро" ва ЉСП "Рос-Азия Инвест". 5. "Сифат" - ЉСП "Комбинати шири Душанбе", ЉДММ "Тољик - Мармар". 6. "Тамѓаи мо" - ЉСП "Гулистон" ва ЉДММ "Рухом". 7. "Инноватсия" - ЉДММ - њои "Мир фото" ва "Орзманд инжиниринг". 8. "Масъулияти иљтимоии бизнес" - КВД "Талко" ва "Тољ Сохтмон Байнулмилал". 9. "Пешсафи минтаќа" Љамъияти сањњомии кушода (ЉСК) - и "Мурѓи њилол" ва ЉДММ "Текстил Сити". 10. "Музаффарият" - ЉСК "Авитсенна" ва ЉДММ "Вавилон Т". "10 ТОП" Ќисмати дуюми озмун "10 менељери бењтарини Тољикистон" дар 5 номинатсия эълон
шуд. Кињоянд ин дањ роњбари бењтарини бизнеси Тољикистон? 1. "Бонуи соњибкор" - Нуринисо Рустамова, роњбари ширкати "Боварї ва њамкорї". 2. "Менељери ояндадор" Искандари Њодї Саид - "Оби њаёт" ва Шералишоњ Кабиров "Талко". 3. "Роњбари љўянда" - Мањмадалї Оди наев - "Мурѓи њил ол", Хаз арал ї Саидов "Комбинати шири Душанбе" ва Зайд Саидов - Анљумани истењсолкунандагон ва соњибкорони Тољикистон. 4. "Роњбари пурмањсул" "ТАДЭС" ва Тољиддин Пиров "Тољиксодиротбонк". 5. "Роњбари навовар" - Игор Умаров - "Таљам" ва Бењзод Файзуллоев - "Вавилон - Т". "ЧАРО?" - ЊОИ БИЗНЕСИ ТОЉИК Ба ќавли Шавкат Бозоров, раиси Анљумани миллии мудирон ва бозорёбон (маркетолог) - и Тољикистон њадаф аз ин озмун, ки моњи ноябр эълон шуд, мушаххас ва муаррифї кардани элита - нухбагон ё бењтаринњои соњибкории Тољикистон буд, аммо барои ширкат њамагї 30 ширкат ва 10 менељер дархост фиристоданд.
Ин маънои онро надорад, ки дар Тољикистон њамин ќадар ширкат ва њамин ќадар менељер њастанд, балки њамин ширкату менељерњо аз ширкат дар озмун натарсиданд. Шавкат Бозоров гуфт, сабаби иштироки номуассири ширкату менељерон дар ин озмунро таљрибаи аввал будани он номида, илова кард, ки мўњлати он њам хеле кўтоњ буд ва ба таври кофї њам муаррифї ё реклама нашуд. Аммо ба ќавли яке аз соњибкорон, ки нахост номашро гирем, ширкатњо ва менељерон аз хавфи он ки пас аз ин бо маќомоти гуногун, аз љумла андоз мушкил пайдо накунанд, аз иштирок дар озмун худдорї карданд. Њамчунин ширкатњое бузургтар, аз ќабили "Исмоили Сомонї - асри 21", "ХИМА", "Сомон Айр", "Фароз", Умед 88", "Тољирон", "Тољик Айр", "Барќи тољик", бонкњо ва ѓайра, ки дар Тољикистон фаъоланд, низ дар озмун иштирок надоштанд. Маълум нест, ки масъулини онњо бехабару сахт масруф буданду ваќти сархорї надоштанд, ё њамин тавр, нописандї карданд. Дар миёни менељерони маъруфи бизнеси Тољикистон њам асосан онњое ба чашм мехў-
ранд, к и дар миёни мардум маъруфанд. Масалан, Зайд Саидов, Шералишо Кабиров, Тољиддин Пиров, Бењзод Файзуллоев. Ваќте аз Шавкат Бозоров пурсидем, ки чаро чењрањои озмун он ќадар маъруф нестанд, бо ханда гуфт: "Агар Нуралї Одинаев, сарвари ширкати "Мурѓи њилол" - ро Шумо нашиносед, айби мо нест. Ин ширкат на танњо дар Тољикистон, балки дар минтаќа њам машњур аст". Бо вуљуди ин, дар ин озмун ширкат кардани афроди соњибкор ва менељероне назири Њасан Асадуллозода ("Ориёнб он к " ), Ш ам с у лл о Соњ и бов ("Фароз"), Раљабалї Одинаев ("Умед 88"), Бањрид дин Наљмиддинов ("Таљининвест"), бигзор хориљї њам бошад Фарњод Мирзоев ("Газпром - Тољикистон") ва бигзор њатто нафарони наздик ба Муродалї Алимардон њам онро шукўњу шањомати хоса медоданд. Воќ еан, т аъ си ре, ки и н ва б а и н њо м он ан д ш ирк ат њ о б а иќтисоди Тољикистон доранд, х ел е б у зу рг ас т. Ба ќав ле, онњо обу њавои иќтисоди моро муайян мекунанд ва аз њама муњим мушкиле бо маќомоти мухталифи нозири бизнес надоранд.
"БРАВО!" Шавкат Бозоров мегўяд, бо ин озмун на њама њадафњои дастандаркорон пиёда шуданд ва дастовардњо минималї буданд. Ин эътирофи самимонаи ташкилкунандаи аввалин озмуни ширкатњову менељерони бењтарини бизнеси Тољикистон аст. Вале бояд иќрор кард, ки дар кадом сатњ њам набошад, ин озмун яхро шикаст. То имрўз аксарияти тољирони муваффаќи Тољикистон аз расонаї шудани номашону фаъолияташон парњез мекарданд. Ба хотири таъмини амнияти бизнеси худ ва њам бањона надодан намехостанд маќомоти сершумори назоратиро бедор кунанд ва "тири" тафтишу санљишњои онњоро ба сўи худ нигаронанд. Таври маълум, бизнеси Тољикистон бозиву гардонандањои худро дорад, то њадде соњибкор метавонад рушд кунад, аммо рушди минбаъдаи онро нерўе муайян мекунад, ки вазъу бозорро дар даст дорад. Аз њамин хотир, ба ташкилкунандагони аввалин озмуни бењтаринњои Тољикистон мешавад гуфт: "Браво!" Тољикистон ба ин гуна озмунњо бештар аз озмунњои дигари марбут ба гесўву дигарњо эњтиёљ дорад. Боз браво! Фаромарзи ФОЗИЛ
10
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Шинохти расмии давлати Фаластин дар СММ, ки муљиби чун кишвари нозир шомил шуданаш ба ин созмони љањонї гардид, зарбаи муњлике буд ба љисму љони давлати яњудї.
Замоне, ки президенти Љумњурии Исломии Эрон Мањмуди Ањмадинажод як олами бидуни Исроилро ба тасаввури љањониён медод, ВАО-и ѓарбї инро ба ришханд мегирифтанд ва сарвари давлати Эронро аз мутаассибе беш намедонистанд. Ва боз мутаасибе, аслан ќобилияти дарки сиёсї надорад. Вале Ањмадинажод аз ин намеранљид, балки аз суханронї ба суханронии дигар фикри худро таќвият медод ва ќотеътар дар ин бора њарф мезад. Ва њар боре аз Маљмааи умумии СММ Мањмуди Ањмадинажод аз Исроил мегуфт, аввалинњо шуда намояндагони ИМА, Канада, Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир ба нишони эътироз љаласаро тарк мекарданд. Вале дур намерафтанд, ки садои ўро нашнаванд, дар роњрави маљлисгоњ таваќќуф мекарданд ва нутќи Мањмуди Ањмадинажодро пурра мешуниданд ва танњо баъди аз минбар поён шудани ў ба љойгоњи худ бармегаштанд. Аммо њоло бо гузашти замон мебинем, ки Ањмадинажод чандон мутаассиб њам набудааст. Акнун худи онњое, ки њарфи зиддиисроилиро шунидан намехостанд, зидди ин кишвар мавзеъ гирифтаанд. Исроилро ба шањраксозињои наваш мањкум мекунанд. Муддати беш аз 60 сол аст, ки давлати яњудї мањкум ба ин ё он амал мешавад, вале ба гуфти мардум аз ин миљљааш хам намехўрад. Вале ба назар мерасад ин бор вазъ дигаргуна аст, зеро тањлили рўйдодњои ахир баёнгари он нуктаанд, ки дар олами муосир сиёсатњои дигар тарњрезї мешаванд, дунёи бидуни Исроил, ки Ањмадинажод талќин мекард, њоло ба як афкори умум табдил мешавад ва њатто на ба њарфи пуч, балки акнун тањлилњои илмї рўи кор меоянд ва исбот мешавад, ки дар њаќиќат башарият ба поёни лоињаи таъсиси Исроил наздик мешавад ва давлате, ки аз соли 1948 дар замини бегонагон таъсис шуд, чун асоси таърихї ва пойгоњи иљтимої надошт, акнун боз аз љониби њамонњое, ки таъсисаш карда буданд, аз байн бурда мешавад. ДАЊ СОЛ БАЪД ИСРОИЛРО ДАР ХОБ ХОЊАНД ДИД Машњуртарин ва шинохтатарин яњудиёни олам ва як сиёсатмадору сиёсатшиноси варзидаи ИМА Генрї Киссинљер, ки њарфу њиљои он њамеша дар дафтари кории Кохи Сафед ќарор мегирад, эълон кард, ки баъди 10 соли дигар Исроилро дигар дар хоб мебинед. Ва баъдан ин даъвои Генрї Киссинљерро 16 хадамоти махсуси ИМА, ки муддати тўлонї як пажуњиши муштарак гузаронида буданд, тасдиќ карданд ва бо далелњои рушан исбот намуданд, ки љаноби Киссинљљер њаќ аст. Собиќадори амният ва сиёсату тањлил басо ошкор њарф зада буд. Охири моњи ноябри соли љорї расонањо хулосаи тањлили ўро интишор доданд. Генрї Киссинљер дар мавриди
ШАРЊИ ХАБАРИ №1 Эдуард Шевардн адзе, ки бо "Взгляд" суњбат мекард, гуфт, акнун дар Гурљистон "кори Љунбиши ягонаи миллї ва президент Михаил Саакашвилї ба анљом расидааст" ва изњороти ахири Саакашвилї ба мисли охирин набард дар сањнаи мубориза аст, ки аз сангарњо мањрум шудаву рў ба эътирофи маѓлубият дорад. Швернадзе, ки худ як гурги борондида ва сиёсатмадори њирфаї аст, вазъро метавонад тањлил кунад ва мебинад, ки кори ин гурўњ хатм шудааст ва акнун мардум омодаи пазииши гурўњи дигаре бошанд, ки шояд бо тозакорї зиндагонии онњоро нуронитар кунад. Михаил Саакашвили дар суханронї назди њамњизбњои худ эълон кард, ки баъди анљоми давраи президентиаш дар моњи октябри соли 2013 низ аз сањани сиёсї нахоњад рафт. "Мо бо боварии том бармегардем, то бо касоне, ки барои иштибо-
Дурнамои давлати «Исроил»: аз суханони Ањмадинажод то иќдомоти Иттињоди Аврупо Инсоният як дањсолаи дигарро бояд тањаммул кунад, то ба њама инљиќињои давлати яњудї поён дода шавад. хатари берунї ба Исроил њарфе њам назад, њатто нагуфт, ки баъди бомборони Эрон њолате пеш хоњад омад, ки Исроил аз байн меравад. Балки гуфт, ки давлати яњудї замонашро сипарї кардааст ва соли 2022 аллакай аз он нишоне намемонад. Пажуњиши хадамоти махсуси амрикої бошад 70 миллиард доллар маблаѓгузорї шуда буд ва маводи тањлили он дар њаљми 82 сањифа бо номи "Омодагї ба Ховари Миёнаи бидуни Исроил" интишор ёфт. Тањлилњои хадамоти љосусии Амрико ба он далолат мекунанд, ки дар ќаламрави имрўзаи Фаластин 700 њазор манзили маскунии яњудиён ќомат афрохтааст, ки тибќи меъёрњои байналмиалї ѓайриќонунї бунёд шудаанд. Љањон хуб медонад, ки ин заминњо мансуб ба Фаластинанд, вале Исроил ба њељ ваљњ њозир нест онро ихтиёрї баргардонад. Онњо бар ин назаранд, ки ин амали давлати яњудї Африќои љанубии солњои 80 асри гузаштаро ба ёд меорад. Тибќи њамин пажуњиш њизби њокими "Ликуд" бештар аз њар ваќти дигар майл ба азхудкунии заминњое дорад, ки мутааллиќ ба ин кишвар набуданд ва нестанд. Ба аќидаи муаллифони пажуњиш Исроил наметавонад ба тањдидњои рўзафзуни фаластиниву арабї
ва эронї муќовимат кунад. Дар гузашта дар љомеањои арабї сарварони диктатор мекўшиданд зуњуроти зиддиисроилиро дар миёни ањолии худ буѓї кунанд. Вале ин гуна руњия баъди суќути шоњи исроилпарасти Эрон дар минтака тадриљан аз байн рафт ва њукуматњои худкомаи арабї њам ногузир шуданд, ба хотири њифзи салтанати худ аз ангезањои зиддиисроилї дар мамолики хеш пуштибонї кунанд. Чун роњи дигар надоштанд. НИШОНАЊОИ АЁНИ ПАЖУЊИШ ВА НАЗАРИ КИССИНЉЕР Шинохти расмии давлати Фаластин дар СММ, ки муљиби чун кишвари нозир шомил шуданаш ба ин созмони љањонї гардид, зарбаи муњлике буд ба љисму љони давлати яњудї. Њарчанд ИМА аз ин иќдом пуштибонї накард, вале гумон буд бидуни розигии пасипардагии он касе љуръат ба ин гуна масъалагузорї кунад. Дар аввалин даќиќањои эълони райъи муносиб дар СММ дарёфт кардани Фаластин Исроил эълон кард, ки ба шањраксозињои худ ба шиддати нав идома медињад ва њатто тарњњоеро рўи даст мегирад, ки ќаблан аз роњандозиаш худдорї мекард. Тибќи ин тарњ дар Байтулмуќаддас, шањре, ки бояд тибќи муќар-
рароти байналлмиалї пойтахти давлати Фаластин бошад, 5 блоки истиќоматї, ки њар кадом иборат аз 180 хона мебошад ва он дар майдони 37,460 метри квадратї доман пањн кардааст, сохта шуда, 3000 хонаводањои яњудї љойгир карда мешаванд. Пештар њам рўзномаи лондонии "Ал-Ќудс ал-Арабї" истинодан ба гуфтаи яке аз масъули Фаластини худгардон Ањмад ар-Равидї навишта буд, ки "дар Ќудс ќарор аст биноњои наве ќомат рост кунанд, ки сохтори демографии минтаќаи "Ал-Ќадима" - ро комилан таѓйир дињанд. Тибќи тарњи нави давлати яњудї Ќудс пайтахти Исроил хоњад буд ва дар он танњо яњудиён њаќи истиќомат хоњанд дошт". Ба гуфтаи Равидї ин тарњ 20 њазор хонањои фаластиниёнро ба хатари нобудии комил рў ба рў хоњад кард. Ин тарњ бештар минтаќаи Рамат Шломо бояд амалї гардад ва бино ба гуфтаи шањрдори ноњияи арабнишини Шафоат Рамат Шломо солњои 1970 аз љониби Исроил ѓасб шудааст ва њељ гоњ сарзамини яњудиён набудааст. ВОКУНИШЊО АЗ ХОРИЉ ТО ДОХИЛ Иќдоми Исроил боиси норозигии љомеаи байналмилалї шуд ва аз ав-
Поёни салтанати одамхудо Хабаре, ки мехоњем ин соат пайи тањлилаш бошем, ду љанба дорад: аввалан дар поёни муњлати президентї сарвари Гурљистон орзу мекунад, ки дубора сазовор ва шоиста ба ин кохе, ки муддате пас бояд аз он равад, баргардад. Ва дуюм, оне, ки ин кохро замоне барои Саакашвилї холї карда буд, мегўяд, акнун ў ба карераи сиёсии худ поён дод ва Саакашвилї дигар ба мардуми Гурљистон лозим нест. Соњиби ин суханон Эдуард Швернадзе, сарвари пешини Гурљистон аст, ки аз дасти Саакашвилї домани њокимиятро рањо карда, бознишаста шуда буд. њотамон ба мо овоз надоданд, муколамаи созанда дошта бошем. Мо њизби зиёда ватандўстем", - гуфт ў. Аммо Эдуард Шеварднадзе мегўяд: "Ман дар пешгўињои худ иштибоњ намекунам. Онњо на заминаи бозгашти дубора доранд ва на мардум онњоро мепазиранд. Дар сањнаи сиёсати ояндаи кишвар барои онњо љой нест. Барои халќи Гурљистон Саакашвили даркор нест. Агар ўро дар хориљ ин ќадар дўст медоранд, пас бо худ бигиранд ва он љо президент таъинаш кунанд. Халќи Гурљистон њукми ўро содир кард. Умедворам аќли Саакашвили мерасад, ки худаш ба истеъфо равад, то он ки
мардум аз тахташ дур андозанд.", гуфт ў. Аммо ин аввалин бор нест, ки Эдуард Шеварднадзе дар мавриди Михаил Саакашвили изњори назар карда бошад. Бори аввал тобистони соли равон вай аз мардуми Гурљистон пузиш хоста буд, ки бо иштибоњ ба сари онњо Саакашвилиро овард ва бидуни муќовимати лозим њокимиятро ба ў таслим намуд. Вай ба иштибоњи худ ќоил буд ва мегуфт мањз ў гунањкор аст, ки Гурљистон ба ин њол гирифтор шудааст ва мардуми гурљї шахсеро, ки сазовори онњо ва ин кишвар нест, ба сарварии худ баргузидаанд.
Аслан тањаввулоти Гурљистон бењтарин намунаи ивазшавии њокимият дар ќаламрави пасошўравист. Њатто намунаи ибрат барои њама њокимони худкомаи минтаќа аст, ки инак, бо гузашти бештар аз ду дања аз фурўпошии Иттињоди Шўравї лаљоми њокимиятро аз даст намедињанд. Аммо дар Гурљистон ин чорумин бор аст, ки њокимонаш иваз мешаванд. Ин бор табдили њокимият бо роњи осоишта ва бидуни хунрезї. Ва ба назар мерасад кишвар аз бархўрдњои хунин таљрибањо андўхт ва мардум њам диданд, ки муќовиматњои низомї њаргиз ба нафъашон нест ва сабр карданд, дар интихо-
валинњо шуда, Амрико ба ин вокуниш нишон дод. Њукумати ин кишвар гуфт, ки "аз чунин як иќдом моту мањбут шудааст". Котиби давлатии ИМА Њиллари Клинтон изњор дошт: "Иљозат дињед такрор кунам, ки маъмурияти мо чун пештара ба гўши Исроил басо фањмо расонда буд: ин гуна амал ба гуфтушунидњои сулњ монеаи љиддї эљод мекунад". Иттињоди Аврупо бошад, расман инро мањкум намуд ва навишт, ки љомеаи байналмиаллї бояд шадидан садди роњи ин гуна иќдомоти давлати сањюнистї шавад. Уилям Њейг - вазири умури хориљии Британияи Кабир мегуфт, ки "ин гуна амал обруи байналмилалии Исроилро мерезонад ва изњори назарњои онро дар мавриди танзими сулњомези бўњрони Фаластину Исроил ба шубња мебарад". Ва баъдан чор кишвари аврупоии Шўрои амнияти СММ - Фаронса, Олмон, Португалия ва Британияи Кабир аз давлати Исроил талаб карданд, ки ба шањраксозињои худ дар ќаламрави ишѓолии Фаластин фавран хотима бахшад. Фаластини худмухтор тарњи нави шањраксозиро "љинояти њарбї" унвон кард ва тањдид намуд, ки ба додгоњи байналмилалии расидагї ба љиноёти љангї мурољиат хоњад кард. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун эълон кард, ки њар тарњи сохтмони нав дар Байтулмуќаддас ва соњили ѓарбии руди Урдун бояд фавран хунсо карда шавад. Вазорати корњои хориљии Русия бо пахши баёния иќдомоти Тел-Авивро рахнае ба девори сулњ номид. Президенти Туркия Абдулло Гул наќшањои нави Исроилро тарњњои љадиди сањюнистї хонд ва њушдор дод, ки Исроил "бо оташ бозї мекунад". ЯЊУДИЁН ХУД НИЗ МУХОЛИФАНД Собиќ сарвазири давлати Исроил Яњуд Олмерт аз љумлаи мухолифони сарсахти шањраксозињои нав ва тарњи пешнињодии Бинямин Натанёњу мебошад. Яъне, дар худи давлати яњудї њастанд чењрањои таъсиргузоре, ки иќдомоти сарвари имрўзаи кишварашонро тањти аломати савол мебаранд ва на танњо Исроил, балки љомеаи яњудии оламро аз оќибатњои љуброннопазири ин амал њушдор медињанд. Ахиран, Олмерт сиёсати Натанёњуро шадидан зери тозиёнаи танќид гирифт ва гуфт, ин амал давлати яњудиро дар муњосираи байналмилалї ќарор додаст. "Натанёњу Исроилро дар фосила аз љомеа љањонї ќарор дод. Ин як амалест, ки собиќа надорад ва барои ин лозим меояд бо арзиши гарон онро ислоњ намуд. Љомеаи яњудї бояд инро донад", - гуфт Олмерт.
Фирўз МУЊАММАД
бот касеро баргузиданд, ки сарвари имрўза ўро зиддимардумї эълон карда буд. Иванашвили њатто дар мухолифат бо Саакашвили њуќуќи шањрвандии худро аз даст дода буд. Оё метавон бо вуљуди он ки инсон мухолифи туст, ўро аз ватан мањрум сохт ? Ин коре бу д, ки касе дар ќаламрави Шўравии собиќ анљом надода буд. Аммо имрўз он табъидшуда ва он "беватаншудаи иљборї" ба Гурљистон чун пирўз ворид шуд. Михаил Саакашвили муборизаи сиёсиро бо касе бохт, ки њарифи деринаш буд ва ба назар мерасад, тўли солњои њокимият вай натавонист ба худ љойнишин пайдо кунад. Натавонист аќаллан Путин бошад, ки Медведеве ба худ ёбад, то баъдан ба курсии худ муљаддадан нишинад. Аммо ин аз он аст, ки замон ва макон махсусиятњои худро дорад. Бори сиёсї кашидан низ илова ба масъулият, ба замону макон низ алоќаманд аст.
Насрулло НИЁЗЇ
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
11
Истиботњо ва истидрокњои эшон дар тавзењот,ки шумори онњо ба понсаду шаст мерасад, дар бисёре маворид дуруст ва пазируфтанист.
"Девон"-и Устод Абўабдуллоњи Рўдакї, нахустин гўяндаи бономи шеъри форсї, ки тавассути Ќодири Рустам,муњаќќиќи варзидаи тољик дар соли 2007 дар шањри Олмотии Ќазоќистон мунташир шуда буд, дар Тењрон бо хатти форсї ба нашр расид.Ин "Девон",ки дар тољикї тањти назари доктор Сафари Абдуллоњ ба чоп расида буд,аз сўи Шоњмансури Шоњмирзо,коршиноси фарњангии умури Тољикистон дар Муассисаи фарњангии ЭКО бо хатти форсї баргардон шуд, тавассути доктор Њасани Анўша ,пажуњишгари саршиноси эронї вироиш шудааст.Ношири китоб Муассисаи фарњангии ЭКО мебошад. "Девон"-и Рўдакї,ки бо тасњењ, тањия ва таълиќоту њавошии Ќодири Рустам омода шудааст,дарвоќеъ барои хонандаи эронї љаззоб ва пурањамият хоњад буд,зеро њарчанд бузургтарин пажуњиш дар бораи Устод Рўдакї ва ашъори ў китоби Устоди зиндаёд Саиди Нафисї "Муњити зиндагї ва ањволу ашъори Рўдакї" мебошад,аммо баъд аз нашри ин китоб таќрибан кори мондагор ва пурарзишу академї дар мавриди Устод Рўдакї ва осори ў дар Эрон ва Тољикистон анљом нашуд ва дар осори мунташиршуда низ иштибоњ ва камбудњои фаровон дида мешаванд. Ќодири Рустам дар сарсухани муфассали хеш, ки бар "Девон" нигошта, аз таърихи рўдакипажуњї дар Эрону Тољикистон,Русияву Покистон ва дигар кишварњо дар 50 соли ахир ёдоварї намуда, дар бораи вуљуд надоштани матни нисбатан сањењ ва комили осори Устоди шоирон изњори таассуф намудааст. Муаллиф сипас дар идома матни сањењ ва дурусти ашъори Рўдакиро,ки иборат аз ќасида, ѓазал,-
"Девон"-и Рўдакї дар Эрон ќитъа,порањои бозмонда ва рубоиёт мебошанд, меоварад ва ба шарњу тафсири онњо мепардозад,ки бидуни шак муњимтарин ќисмати "Девон"- и мазкур аст ва барои алоќамандону ањолии фарњанг арзиш ва ањамияти фаровон дорад, чунки муњаќќиќ бо такя бар манобеъи мављуд њамаи костї ва норушанињоро дар ин замина рафъ намуда ва нусхаи сањењ ва дур аз ѓалати шеъри соњибќирони шоириро дар ихтиёри хонанда ќарор медињад. Низ дар бораи абёти дигарон,ки ба номи Рўдакї забт шудаанд ва ин иштибоњро, ки дерест дар адабиётшиносї ба як муъзал табдил ёфтааст, мавриди баррасии амиќ ќарор медињад,зеро таври маълум дар пажуњишњои анљомшуда дар бораи падари шеъри форсї бисёре аз абёт ва ашъори ў ба шоирони дигар, аз љумла Шањиди Балхї, Абўшакури Балхї, Абулмасал, Абулаббоси Бухорї, Шокири Бухорої, Кисоии Марвазї, Тайёни Марвазї, Оѓољї, Фирдавсї, Фаррухї, Унсурї, Алии Ќарти Андигонї... мансуб шудаанд ё баръакс ашъори шоирони дигарро ба Рўдакї мансуб донистаанд,ки муњаќќиќи мудаќќиќ парда аз рўи ин сўитафоњумот бармедорад. Дар бахши тавзењот Ќодири Рустам бо такя бар манобеъ ва навиштаи луѓатномаю фарњангњои муътабар ва овардани мисол ва намунањои зиёд сурати сањењи вожагон ва мисраъ ва таркибњои ашъори шоирро собит месозад,ки манобеъи мавриди назари ў
79 китоб ва 13 маќола аз ањли тањќиќи кишварњои мухталиф мебошанд. Њамчунонки Њасани Анўша дар номае ба Муассисаи фарњангии ЭКО менависад: "Мусањњењи муњтарам якояки ашъори бозмондаи Рўдакиро ковида, нуктањои даќиќ ва санљидае аз онњо берун кашида ва тавзењоти рўшангаре дар бораи онњо додааст.Эшон дар ин тавзењот бар бисёре аз гўшањои торики ашъори Рўдакї рўшанї афканда ва аз ибњомоти он парда бардоштааст.Афзун бар ин оќои Рустам абёти тозае аз сурудањои Рўдакиро, ки аз баракати чопи порае аз мутуни куњан пайдо шудаанд. аз онњо берун кашида ва ба "Девон"-и Рўдакї афзудаанд ва бар порае абё-
ти мунтасаб ба Рўдакї,ки дар дафтар ва девони шоирони дигар пайдо шудаанд,хати бутлон кашидаанд.Истиботњо ва истидрокњои эшон дар тавзењот,ки шумори онњо ба понсаду шаст мерасад, дар бисёре маворид дуруст ва пазируфтанист....Кори эшон,ки бар пояи зањмати дигарон, бавижа устод Саиди Нафисї ва Абдулѓанї Мирзоев устувор аст, мунаќќањтарин (поккардашуда, каломи ислоњшуда) ва даќиќтарин пажуњиш дар бораи Рўдакї боќї хоњад монд". Доктор Њуљљатуллоњи Аюбї, раиси Муассисаи фарњангии ЭКО дар пешгуфторе, ки бар "Девон" навишта, бар ањамияти љойгоњи Устоди шоирон дар адабиёти форсї ва љањон ва низ
зарурати анљоми пажуњишњои бештар ва амиќтар дар ин заминаро таъкид менамояд ва менависад:"Дар мавриди зиндагї ва осори ќофиласолори шеъри форсї,ки ба ќавли Абулфазли Балъамї - таърихнависи номдор "ўро дар Араб ва Аљам назир нест",њазорон тањќиќ ва пажуњиш ва маќолаву рисола дар Шарќу Ѓарб аз сўи ањли адаб чї дар гузашта ва чї имрўз бо забонњои мухталиф анљом шуда,ки њамагї бар ин нукта таъкид доранд: Рўдакї шеъри форсиро бунёд нињод ва ба масобаи хуршедест,ки анвори он бар аќсо нуќоти љањон метобад ва ќалби олиму омиро мунаввар мекунад. Шеъри Рўдакї бо онки бархе онро як миллиону сесад њазор мисраъ гуфтаанд ва аз газанди рўзгорон танњо њазор мисраъ то ба рўзгори мо расида, таровату тозагии худро аз даст надода,балки бо мурур шоху љавонањои нав аз ин дарахт бармерўяд ва то гўши суханшунав боќист,сарводањои ў боќї хоњад монд. Далели ин шоистагї њамоно мавзўъи мондагори онњо - некї ва накукорї, хирадварзї, дўстї, гузашт, адолат ва муњаббат будаааст." Фирдавси АЪЗАМ, PC: "Девон"-и мазкур бо хатти Устод Муњаммади Њайдарї, устоди хат ва хушнависии Эрон тазйин ёфта ва бо шуморагони 2000 мунташир шудааст. "Девон"-и Рўдакї дар њамоиши фарњангї њунарии кишварњои форсизабон, ки бо њиммати Муссисаи фарњангии ЭКО дар њафтаи гузашта дар Тењрон барпо шуд, бо њузури ањолии фарњанг ва њунар дар "Толори Шамс"и ин Муассиса, рўнамої гардид.
12
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Дар ин нома сабаби мањдуд кардани сомонаву пойгоњњои интернетї шарњ дода нашудааст. Дар љавоб ба суоли он, ки ин амал чї пайомадњое барои Тољнет, ё бахши тољикии Интернет хоњад дошт, њамсўњбати мо мегўяд: - Ваќт нишон медињад, ки чї паёмад хоњад дошт. Соате пеш ширкатњои дастраскунандаи Интернет ё интернет-провайдерњои кишвар ба иљрои супориши навбатии Бек Зуњуров, раиси Хадамоти алоќаи Тољикистон оѓоз намуданд ва бубояд дастрасї ба 131 сомонаву пойгоњи ватаниву хориљиро мањдуд созанд. Дар Анљумани ширкатњои дастраскунандагони Интернет дар кишвар ба ширкатњои дастраскунандаи Интернет расидани ин супориши хаттиро тасдиќ карда, гуфтанд, ки дар ин мактуб, дар бораи замони амалї шудани ин иќдом чизе гуфта нашудааст, аммо дар номаи Хадамоти алоќа суроѓаи 131 сомонаи хориљиву ватанї омадааст, ки дар назар аст, рўзњои наздик баста шаванд. Дар њоле ки рўйхати пурра ба рўзноманигорон дастрас нест, дар радифи сомонањо: toptj.com, topvideo.tj, tjknews .tj, politicforum.ru, youtubemusic.ru ва шабакањои иљтимоии "В Контакте", "Одноклассники", "Твиттер" ва mail.ru оварда шудааст. Аммо сабаби ба ин иќдом даст задани маъмури бозори алоќаи Тољикистон чист? То куљо ин амал, ки аллакай дар Тољнет "ќиёмати интернетї" ном гирифта мешавад, ќонунист? Чї
ноябри соли 2013 буда метавонад, яъне ташаббуси худи Бек Зуњуров аст. Роњбари Хадамот ин корро бо шевае мекунад, ки метавонад, яъне сабаб нодонист. Дуюм, ин корро амали тарњрезишудаи идеологњои њукумат медонад, "алови чашми" баъзењоро бигиранд. Агар ин тавр аст, пас, њукумати феълї рефлексияи сиёсиро, њадди аќал, дар ин бахши њассос аз даст додааст ва ба хатои фањше роњ дод. Сеюм, ин сомонабандонро боз њам амали тарњрезишуда мењисобад, вале бо дасти бегонагон. Бо ду маќсад: яке беобрў кардани њукумати феълї ва роњбарияти давлат, зеро љанг бо Интернет дар љомеаи љањонии имрўза њамеша мавриди хандахариш ќарор мегирад, ё бо маќсади боло бурдани шиддати иљтимої ва фароњам овардани замина барои инќилобњои сунъї. Чорум ва аз назари камина, боваркарданї, заминаи иќтисодї дорад. Гап сари он меравад, ки роњбарияти феълии Хадамоти алоќа 3-4 сол боз њадафи таъсиси Маркази ягонаи коммутаториро дорад, то кулли трафики интернетї ва алоќаи мобилї аз як мар-
Ќиёмат дар Тољнет: 4 версияи як амалиёт
чиз Бек Зуњуровро тањрик додааст, ки ба чунин амал даст занад? Оё Њукумати Тољикистон ба ин кор рабте дорад? Асомуддин Атоев, раиси Анљумани ширкатњои дастраскунандаи Интернети Тољикистон, мегўяд, "айни замон мо мактуби расмии Хадамоти алоќаро рўи даст надорем, аммо дигар дастраскунандагони Интернет онро пайдо кардаанд". Дар ин нома сабаби мањдуд кардани сомонаву пойгоњњои интернетї шарњ дода нашудааст. Дар љавоб ба суоли он, ки ин амал чї пайомадњое барои Тољнет, ё бахши тољикии Интернет хоњад дошт, њамсўњбати мо мегўяд: - Ваќт нишон медињад, ки чї паёмад хоњад дошт. Ба гумони ѓолиб, мисли бастани дигар сомонањо мешаваду баъдтар мекушоянд, аммо хеле аз сомонањо аз зонаи tj берун хоњанд шуд, мисле, ки TojNews дар ду соли пеш баъди ду бор мањдуд шудан, аз зонаи tj берун шуд. Ин сабаби заиф шудани контентофарони дохилї шуда, амнияти иттилотии кишварро поин хоњад бурд. Ба гуфтаи Асомуддин Атоев, маъмури бозор ба њадафаш намерасад, зеро бо ин гуна чорањои техникї садди роњи интиќоду баррасињои шадиди масъалањои иљтимоиро гирифта намешавад. Сабаби мањдудиятњои пешин, аз љумла, бастани сомонањои ватаниро роњбарияти Хадамот беодобињо ва тадќидњои беасос дар шабака унвон карда буд, аммо миёни сайтњои рўйхати ахир, расонањои маъруфи назири РИА Новости, РБК ва Лента.ру низ њастанд, ки нашри нигоштањои тањќиромезро ба худ раво намедонанд. Дар шарњи сабабњо ва оќибати ин амал Саймуддин Дўстов, роњбари Созмони љамъиятии "Информатика барои демократия ва рушди миллї" (ИНДЕМ) мегўяд: - Дар њоли њозир чањор версияи ин амал ба назар мерасад: Аввал, ин омодагињои як масъули њукумат ба интихоботи президентии
каз гузарад. Соли љорї ин тарњ бо номи "Маркази назорати IP" пайдо шуд. Он дар шакли пешнињоди Хадамот ба вазоратњо пешнињод шуд, аммо вазоратњои калидї онро номаќбул ва ѓайриќонунї шумурда, рад намуданд. Ба љуз аз њадафњои эълоншудаи ин тарњ , ки гуё амниятианду давлат бояд аз онњо пуштибонї кунад (тарс аз инќилобњои ранга ё сањнавї миёни элитаи њукмрон хеле зиёд аст), њадафи дигар аз таъсиси ин марказ контроли љараёнњои пулии бозори алоќаи кишвар метавонад бошад, ки фоидаи софи солонааш беш аз 250 миллион доллари ИМА аст. Нафар ё гурўње, ки чунин фишанг дорад, дар шароити Тољикистон шарики молии соњибони ширкатњои алоќаи мобилї ва интернет-провайдерњо мешавад. Аммо... Новобаста аз он ки, сабаби ин амал ё дурусттараш, "Ќиёмат дар Тољнет" чї шудааст, он бесамар хоњад буд, зеро бастани сомонаву пойгоњњо аз рўи IP як кори бењуда аст ва таќрибан, 80-90 дар сади инстифодабарандагон аз прокси ва анонимайзерњо истифода мебаранд. Оќибати ин амал "душмани Интернет" хондани њукумати Тољикистон ва болоравии шиддати иљтимої хоњад шуд". Фаъоли фейсбукї Зафар Абдуллоев њам ба ин назар аст, ки "бастани сомонањо ба њамин усул аз мантиќ дур аст ва аз нодонї ба он роњ дода шудааст". Асомуддин Атоев бошад, таъкид мекунад, ки "бастани сомонањо ба масал он аст, ки шахсе дар роњу бозор бо чашм ва гўшњои баста мегардад ва гумон мекунад, ки касе дар љамъият њаќорат намекунад ва одоби љамъият олист, аммо зери мошине мемонад. Дар њамин њол, интригаи рўз боќї мемонад, ки "ќиёмат дар Тољнет" - ро интизор мешавем ё на ва оё интернет-провайдерњо талаби ѓайриќонунии маъмури бозорро иљро мекунанд, ё хайр? Шањлои АБДУЛЛО
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Имом - хатиб, мардум, ањли ибодати ин масљид мехоњанд масљидашон ном дошта бошад. Аќаллан барои он ки масљид аз часпаки "серков" тадриљан халос шавад, њарчанд он чї ба забон нишастааст, пок кардани он осон нест.
13
14
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Лоињаи Ќонуни Тољикистон "Дар бораи интихоботи президент", ки аз љониби Кумитаи тадорукот оид ба ислоњоти интихоботи президент" ба парлумон пешнињод шуд, баррасї нашуд.
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
15
Тавассути командаи *100# муштариён имкон доранд, ки оид ба тавозуни худ ва миќдори холњо, ки дар моњи гузашта барои фаъолнокии худ ба даст овардаанд, маълумот бигиранд. Эквиваленти пешнињоди холњо: барои 1 долларе, ки аз љониби муштарї сарф карда шудааст, ширкат 1 балли бонусиро њадя мекунад.
НАХОД?
ЌИМАТИ КОЃАЗ - Њамин нашрияи "Љумњурият" чанд дирам нарх дошта бошад? Њар гоње, ки ба бозори марказии ноњияи Њисор барои рузномахарї меравам, мебинам, ки дар даромадгоњи бозор ду зани миёнсол яке тољику дигаре - рус, баста- бастаи рўзномаи "Љумњурият"- ро тал чида, як донаашро бо нархи арзон, дањ- понздањ дирамї мефурўшанд. Савдогарони бозор, асосан мевафурўшон онро мехаранд ва ин њам бошад барои печонидани ангуру себ. Як чиро нафањмидам. Наход, ки њамин ќадар коѓаз дањ дирам ќимат дошта бошад? Чун он ќадар коѓазро агар барои чопи нашрияњои мустаќил истифода мебурданд, гумон мекунам, ки харидорон тез онро мехариданд ва ин ќадар хор намешуд! Ё онро барои истењсоли ягон коѓази дигар истифода мекарданд, хубтар набуд, ки аз шаст то њафтод дирам арзиш дорад! Ёќубљон ОДИНАЕВ, сокини ноњияи Њисор
?-И НОБОБ ОЁ "МЕГАФОН-ТОЉИКИСТОН" БА МУШТАРИЁНАШ РОЙГОН ТЕЛЕФОН МЕДИЊАД? - Дар байни муштариёни ширкати мобилии "Мегафон-Тољикистон" хабари хуше сайр дорад, ки агар холњои муштариёни он ба адади 100 расида бошад, аз тарафи ширкат тўњфа, масалан, телефон бо нишондоди рамзи ширкат ё ба миќдори холњои симкорт ба њисоби онњо даќиќањои ройгони гуфтугўї гузаронида мешавад, ки муштариён бо салоњдиди худ метавонанд онро њам дар дохили шабака ва њам берун аз он истифода баранд. Њамин иттилоъи хуш то кадом андоза њаќиќат дорад? Агар дар бораи рост ё дурўѓ будани њамин хабар маълумот медодед, аз шумо сипосгузор мешудем. Раљабмурод РАЊМАТОВ, сокини љамоати Зайнабободи ноњияи Рўдакї - Дар њоли имрўз њамаи муштариён: њам муштариёни дерина, њам муштариёни нав ба таври автоматї иштирокчии барномаи садоќатмандии "МегаФон Бонус" мегарданд. Дар баробари ин, муштариёни нав ба њайси туњфа даъватномањои баробар ба 5 балл (хол) мегиранд ва баъдан дар љараёни истифодаи фаъолонаи хизматрасонињои ширкат муштариён соњиби бонусњои нав мешаванд. Тавассути командаи *100# муштариён имкон доранд, ки оид ба тавозуни худ ва миќдори холњо, ки дар моњи гузашта барои фаъолнокии худ ба даст овардаанд, маълумот бигиранд. Эквиваленти пешнињоди холњо: барои 1 долларе, ки аз љониби муштарї сарф карда шудааст, ширкат 1 балли бонусиро њадя мекунад. Маълумотро оид ба он, ки муштариён холњои љамъоваришударо ба чї метавонанд иваз намоянд, шумо метавонед аз сатрњои поён хонед. Бањри пешгирии нофањмињо ба муштариён бояд маълумоти зерин расонида шавад: муштарї њар ќадар холњои зиёд дошта бошад, њамон ќадар имкониятњои ў барои иваз кардани холњои мазкур ба бастањои љолиби хизматрасонињое, ки аз љониби Барномаи садоќатмандии "МегаФон Бонус" пешнињод карда шудаанд, зиёд мегарданд. Ба бастањо доираи васеи хизматрасонињо, аз љумла смс, ммс, бастањои интернетї, даќиќањо њам дар дохили шабака, њам барои анљоми даъватњо ба операторони дигари ЉТ дохил мешаванд. Њамчунин имкон аст, ки холњо ба зангњо ба самти Русия ва бисёр дигар хизматарсонињо иваз карда шаванд. Маълумоти муфассалро оид ба иштирок дар Барномаи садоќатмандї метавон тавассути телефони ройгони 0505 ба даст овард. Ба саволи Шумо менељери ширкати мобилии "Мегафон -Тољикистон" Фирўза БЕРДИЕВА посух дод.
ЧАРО?
АКСИ ГЎЁ
Ба дањон об гирифта гаштан - Якчанд моњи охир мусофиркашњои тамѓаи "Газел" дар роњњои пойтахт дар гардишанд. Ронандањои онњо њамаи нишастгоњњои "Газел"-ро пур аз мусофир карда, боз аз болои онњо одам савор мекунанд. Пештар мусофирон аз ба љои 3 нафар то 4 мусофир савор кардани ронандагони "Хундай-старекс" бисёр шикоят мекарданд. Ин проблема њал нашуда, боз ин ронандагони "Газел" дарди сар шуданд. Як ваќт "Газел"-њо бо "Cтарекс"њо ба раќобат тоб наоварда, аз мусофиркашонї худро дур гирифта буданд. Акнун боз пайдо шуданд. Чаро ронандагони "Газел" аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанд? Ба љои 14- 15 то 22- 25 мусофир савор мекунанд. Чаро онњо назорат карда намешаванд? Мувофиќи ќоидаву ќонун, ё худ њамон меъёри стандарти давлатї ронандагони "Газел" бояд чанд мусофир савор кунанд? Файзалї ХОЛИЌОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Муњтарам Файзалї Холиќов, воситаи мусофирбари тамѓаи "Газел" дар шањри Душанбе солњои зиёд аст, ки фаъолият мекунад. Аслан мувофиќи шиносномаи завод дар "ГАЗЕЛ" 13 ва 15 љои нишаст ба истиснои љои нишасти ронанда пешбинї карда шудаас т. Мутаассифона, имрўзњо мо мушоњида мекунем, ки дар ин намуди наќлиёт аз меъёр зиёд мусофирон мешинанд. Дар давоми рейдњои муштараке, ки аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон", шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати вазорати корњои дохилї дар шањри Душанбе гузаронида мешаванд, барои аз меъёр зиёд савор кардан нисбати зиёда аз 1000 ронанда протоколњои ќоидавайронкунї тартиб дода шуда, ба љавобгарии маъмурї кашида шудаанд. Пеш аз њама мо бояд маърифати шањрвандиамонро баланд бардорем. Ман фикр мекунам, ки агар мо шањрвандон дохили наќлиёти пур нашавем, ягон ронанда моро маљбур карда наметавонад. Дар мусофиркашонии дохилишањрї 5 навъи наќлиёт: автобус, троллейбус, сабукрави "такси" дар шакли "Седан", трамвай ва метрополитен бояд истифода шаванд. Мо трамвай ва метрополитен надорем. Навъе, ки Шумо мегуед, ба њолатњои истисної истифода шуда истодааст, ки бояд љои худро иваз намояд. Дар мусофиркашонии дохилишањрї микдори мусофирон аз рўи љойи нишаст муќаррар нашуда аз рўи ѓунљоиши умумї ба категорияњо људо карда мешавад. Ба саволи Шумо директори МДК " Душанбенаќлиётхадамотрасон" Абдуњомид ШЕРАЛИЕВ љавоб дод.
?-И НОБОБ ШИНОСНОМА БА ЊАЙВОНЊО - Пурсиданї њастам, ки оё барои сагу гурбањои хонагї дар ќаламрави шањри Душанбе гирифтани шиноснома шарт ва зарур аст? Наход ин рост бошад? Гирифтани шиноснома барои њайвонњо ихтиёрї аст, ё маљбурї? Пештар ин хел муќаррарот набуд. Агар њамин хел бошад, ќадом маќомот барои њайвонњои хонагї шиноснома медињад? Сайдамир МУЊИДДИНОВ, сокини шањри Душанбе - Бале, мувофиќи муќарроти нав дар шањри Душанбе соњибони сагу гурбањо бояд онњоро аз назари мутахассисони Раёсати назорати давлатии байтории шањри Душанбе гузаронида, барои онњо шиноснома гиранд. Њар як сагу гурбаи хонагї бояд соњиби шиноснома бошад. Њамчунин мувофиќи банди 41-уми "Ќоидањои тартиботи љамъиятї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе" бо маќсади њифзи саломатии ањолї ва њолати санитарї дар шањри Душанбе соњибони сагњо, гурбањо ва њайвоноти бемањсул барои риояи талаботњои зерин вазифадоранд: а) ќатъиян иљро кардани ќоидањои нигоњубини сагњо, гурбањо ва њайвоноти бемањсул; б) пайваста дар њолати тозаву озода нигоњ доштани хуљрањои сагњо, гурбањо ва њайвоноти бемањсул ва њудуди назди хуљра. Беназорат мондани сагу гурбањо дар њудуди ташкилоту корхонањо ва њавливу биноњои серањолї, бароварда чаронидани њайвонот дар њудуди шањр, ба сайру гашт баровардани сагњо бе дањонпўш дар боѓњои фарњангию фароѓатї ва оббозї доштани сагњо дар кўлу каналу селпартоњо ва љўйборњои шањр, харидорї, фурўш, ворид кардан ё ба каси дигар супоридани сагњо, гурбањо ва њайвоноти бемањсул бе иљозати байтор (ветеринар) - и шањр манъ аст. Шањрвандон ва шахсони масъуле, ки талаботи банди мазкурро вайрон мекунанд, тибќи санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ба љавобгарї кашида мешаванд. Ба саволи Шумо мудири шуъбаи коммуналї ва муњандисии дастгоњи раиси шањри Душанбе Рустам ИБРОЊИМОВ љавоб дод.
БИДУНИ ШАРЊ
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ
РАИСОН ЊАМ ТАЊЌИР МЕКУНАНД - Бори аввал аст, ки ба шумо менависам. Рўзи 21-уми декабри соли равон раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ Муњиддин Кабирї барои вохўрї бо аъзоёни њизб ба ноњияи Ашт ташриф оварданд. Вохўрии Муњиддин Кабирї бо мардум дар кинотеатри "Лола"-и шањраки Шайдони ноњияи Ашт баргузор гашт, ки дар он дар баробари аъзоёни ЊНИТ, њамчунин ѓайрињизбиён ва муовини раиси ноњияи Ашт Даврон Охунљонов ширкат доштанд. Ба дигар њисоб агар гўем, намояндагони тамоми ноњия дар ин чорабинї њузур доштанд, хато намешавад. Вохўрї хуб гузашта истода буд. Мардум суол медоданду ба саволњои худ аз љаноби Муњиддин Кабирї љавоб мегирифтанд. Саволњои мардум доири њар масъалаи мубрами рўз буд. Мањфил ќариб се соат давом кард. Сеяки он гузашта буд, ки муовини раиси ноњияи Ашт Даврон Охунљонов, ки дар назди Муњиддин Кабирї нишаста буд, барои савол додан ба мењмон ба минбар њозир шуд. Муовини раиси ноњия дар ин мањфил ба љои он ки ягон масъалаи доѓи рўз ва ё ягон масъалаи њалнашудаи заруриро баррасї намояд, ба шахсияти ман расида, маро тањќир кард. Дар њузури Муњиддин Кабирї ва 700 сокини ноњия, ки дар толор менишастанд, Даврон Охунљонов бо хашм бо дасташ ба ман ишора карда, ба Кабирї гуфт: "муњтарам раис, ин кас бо њамин кулоње (дар сарам ба мисли кулоњи шодравон Ањмадшоњи Масъуд доштам), ки дар сар дорад, мехоњад ба ин љо Афѓонистонро орад, ё Афѓонистони дигар созад. Ман аз шумо хоњиш дорам, ки ба љавонон дар њамин бора фањмонед. Баъди рафтани шумо њамин хел корњоро (яъне кўлоњмониро) бас кунанд ва аз сар бадар кунанд". Муовини раиси ноњия худаш бошад дар сар телпаки туркї дошт. Дар як дам 700 кас 1400 чашм шуда њама ба ман таваљљуњ карданд. Сабташро низ дорам. Дар ин лањза худамро бисёр нороњату ноњинљор њис кардам. Аммо, ман сабр кардам. Нахостам мањфил вайрон шавад. Ба эњсосот дода нашуда, ба тањќири кардаи муовини раиси ноњия хомўш нишастам. Гуфтам, дар ин бора пас аз мањфил бо ў гап мезанам. Акнун њамаи проблемањои њалношудаи ноњияи Аштро Даврон Охунљонов њал кардаанд, ки ба кўлоњи мардум дахолат мекунанд. Ин дар њолест, ки мувофиќи моддаи 5-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуќуќу озодињои њар як шањрванд дахлнопазир аст! Ман тањќири муовини раиси ноњияи Аштро нисбат ба худ ќабул надорам! Аммо муовини раиси ноњияи Ашт ба њарими шахсии дигарон даромада, дахолат мекунад. Гўё касоне, ки њамин хел кўлоњ дар сар гузоштаанд, бефаросат, ё ба ибораи дигар, террорист њастанд? Яъне, мо њамин ќадар синну соламон рафтааст, њоло њам кўдак будаему ба насињат эњтиёљ доштаем. Агар ягон аврупої фарз кардем дар мањфил бо кўлоњи миллии худ њузур медошт, оё муовини раиси ноњия ўро низ тањќир мекард? Фикр мекунам, ки не! Муњтарам муовини раиси ноњия сипањсолор Ањмадшоњи Масъуд як шахсияти варзида буданд. Ин кўлоњи афѓонї не, ин кўлоњи тољикї аст! Кўлоње, ки шумо дар сар доштед, он тољикї набуд, балки туркї буд. Баъдан шодравон Ањмадшоњи Масъуд тољики асилу ватандўст буданду гузаштагонаш аз мавзеъи Дањбедаи Самарќанди бостонї буданд. Ањмадшоњи Масъуд дар зиндагиам њамчун як марди ватандўсту гуманист идеали ман аст. Муњтарам муовини раиси ноњияи Ашт, агар бовар накунед, як бор китоби таърихро хонед! Фаррух АБДУЃАНИЕВ, сокини ноњияи Ашт
Диќќат Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ мурољиат кунед. Суроѓа:шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хонамузейи Мирзо Турсунзода ё ба масъули сањифаи «Нигоњи мардумї» бо шумораи телефонии 985 60 86 85 занг занед. Њамчунин, ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru нависед.
Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, Тел:985 60 86 85, E-mail: nigoh_tj@inbox.ru
16
№40 (316), 26-уми декабри соли 2012
Ин пуле, ки мардикорон мефиристанд аз як љињат гардиш хўрда ањволи мардуми онљоро бењтар нигоњ дорад, аз љињати дигар боиси ќиматии мањсулот ва беќурбии пули миллї мегардад.
ЛАТИФАЊО
Шўхињо аз Фазлиддин Насриддинов, директори «Анљумани волидони кўдакони аутизмдор»
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
Раистўйчалпак Масъуд Собиров, раиси ЊДТ:
НАВБАТДОР Давраи студентї муаллифи як «ноу њау» будам. Гоње ба дарси муаллим N, ки
бисёр сахтгир буд, агар дер монам - дафтарњоро дар пушт, зери либос пинњон мекардаму нотарсона бо бўр ё латта (љои гирифтанаш аниќ буд) ворид мешудам ва онњоро назди тахтаи синф монда, ба љоям менишастам. Манзур он буд, ки гўё ман навбатдор будаму дер намондам, балки њамчун навбатдор паси буру латта рафта будам. Ин дафъа њам њамин хел кардам. Ваќте нишастам, бинам - аксари њамкурсон лабханд карданд. «Кора хит накунед» - ишора мекардам ба онњо. Афсўс, лабханд давом кашид. Ба тањдид гузаштам (албатта, бо овози паст). Муаллим гашту сўям гуфт: - Аз дўстонат гила накун, мутаассифона, имрўз ту 6-ум нафаре њастї, ки бўру латта овардед…
МУАММО Рўзе њамсарам, ки ронандаи худрави шахсї мебошад, занг зад ва гуфт, ки калидро дар дохил фаромўш карда, нохост дари худравро пўшидааст. Акнун наметавонад дохили он шавад ва ронад. Пурсидам: - Калиди дуввум куљост? Гуфт: - Дар ѓаладони мошин. Мавриди насињат набуду маљбур шудам аз дўстонам чораи мушкилиро пурсон шавам. Баъди хеле пурсиш якеи онњо шумораи устодеро дод, ки бо мошинкушої машњур будааст. Ба зудї усто омада, гарон њам бошад, муамморо њал кард. Ба њамсарам тавс
- Маро ба ин анљуман даъват накардаанд ва ман намедонам, ки инњо кистанд, ки анљумани ѓайринавбатиро баргузор кардаанд, дар њоле ки раёсати Њизби Демократи Тољикистон фаъол аст. Сабаби хомўшии мо ин аст, то бубинем, ки ин анљуманро аз паси парда кињо идора мекунанд. - Даъватномая фиссонда, мењмонхонаи бењтаринба будда, бо арўси паси пардаям шумова нишон тиян будас-а?!! Њар рўз тўй не, ки чалпак хўдда шинед, раис-ако!
Њалвобаёнком Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Дар бисёр маљлисњои Маљлиси намояндагон дар ваќти ќабули ќонунњо ва њини њамсўњбат шудан бо дўстон мо ин мавќеъ (носолимии љомеаи Тољикистон)-ро њамеша баён
МАРДИКОРНОМА
Мардикорї гуноњ аст? Боре дар Маскав хонаи дуњуљрагиеро таъмир мекардем. Таъмирро мебоист то соли нави масењї ба поён мерасонидем. Аммо аз тангии ваќт дар хавотир будем ва аз соњибхона хоњиш намудем барои таъмири њуљраи шустушўй (ванная комната, санузел) устоњои иловагї гирад. Пагоњаш як бачаи тахминан 25 солаи ўзбак бо номи Ѓайрат, аз Хоразми Ўзбакистонро овард. Тўли як њафта бо њам кор кардем ва он таасуроте, ки аз сўњбат бо ў бардоштам, то њол дар хотираам чарх мезанад. Ѓайрат дар масљиди Маскав дарс мегирифт ва дар ваќтњои холї ба сохтмон машѓул буд. На ў тољикї медонисту на ман ўзбакї, бинобар ин бањси мо бо забони русї мегузашт. Кўтоњи гап он, ки ў њамаи мусулмонони мардикорро гунањкор дар он мењисобид, ки 3 - 4 њазор километрро тай карда, ба суроѓи пул омадаем. Ин ќадар мо мусулмони пулдўст шудаем. Ба хотири пул, зану фарзанду волидонро партофта, шањр ба шањр овораем. Дар ин оворагї шароити номусоидро бањона карда, на намоз мегузорему на рўзаи моњи Шарифи Рамазон медорем. Бисёрињо расму оини бегонаро ќабул намуда, ба зинову шаробу луќмаи њаром дода мешавем. Фикр намекунем, ки фарзандњо бояд аз тарбияи падар низ бархурдор бошанд. Фикр намекунем, ки занњо низ нафс доранд. Мо ошиќи пулу моли дунё гаштаем. Гузаштагони мо агар ба хотири таблиѓи дини Исломи азиз дунёро мегаштанд, мо бошем танњо ба хотири як чиз - ПУЛ! Айнан чунин маъно доштанд суханњои Ѓайрат. ЊАВАС, ТААСУБ, ЊАСРАТ Солњо гузаштанду аз бисёрињо чунин пурсон шудам, ки ба хотири чї тарки диёр кардаанд. Гуфтаи Ѓайрат тасдиќи худро ёфт. Танњо љавонњо ба хотири халосї аз хизмати њарбї дур аз Ватан гаштаанд. Дигар њама ба хотири пул… Яке мегуфт, ки мехоњад мошини сабукрав бихарад, дигаре хонаю замин, саввумї, лињозоти хона (телевизори ќимат, диван, кресло, компутар барои писараш), чањорум барои тўи
арўсї ва ѓайраву њоказо... Таасубу њасрат дар ављ. Чаро њамсоя ё писари њамсоя доштаасту ман не... Дар навбати худ њар яки онњо тасдиќ мекарданд, ки дар Тољикистон барои зиндагии рўзмарра метавон кор пайдо кард, яъне танњо барои шикам. Пас дар њаќиќат чї зарур аст ин мусофириву ѓарибиву азоб? Ваќте њама дар Ватан аст њукумат аз паи кор шуда ба ислоњи камбудињо мекўшад то иќтисодиёти кишварро боло бардорад, вагарна табаддулот чењрањои оќилу кордонро сари мансаб меовард. Вале њоло, ки њаёти мардум асосан бо маблаѓи мардикорон рафта истодааст, зарурат ба кори њукумат намондааст. Ин пуле, ки мардикорон мефиристанд аз як љињат гардиш хўрда ањволи мардуми онљоро бењтар нигоњ дорад, аз љињати дигар боиси ќиматии мањсулот ва беќурбии пули миллї мегардад. Бисёр хуб мешуд агар дањ сол пеш Тољикистон бо њама кишварњо худ режими визавиро ба роњ мемонд ва то имрўз њама чизу њама кас љои худро меёфт. БАРАКАТ Аз наќли як дўстам Љањонгир, пули мардикорї баракат њам надорад. Ў баробари баргаштан ба хонааш яксола музди мардикориашро ба дасти падараш месупорад ва фикр мекунад, ки акнун яксол бепарво хўрда мегарданд. Аммо се моњ пас бисоти падар холї мешавад. Падараш мегўяд, дидї баракоти пули овардаатро. Акнун, бубин, баракаи пули маро, ки фардо гўсолачаеро аз оѓил фурўхта, њамин се моњ оиларо мехуронам. Ба гуфти Љањонгир, дар њаќиќат пули як гўсолача пули мардикориро, ки баробар ба дањ гўсолача буд як бар сифр зад. Ё ду њамсоя, яке мардикори овора, дигари дењќон. Яке дур аз фарзандон, дигари дар оѓўши љигарбандон. Вале њаёти њарду мегузарад ва аз њам на камию на бартарї доранд. "МЕДОВЫЙ МЕСЯЦ" Бисёр бародарони мардикор њастанд, ки тарки диёр кардаанду пушаймонанд. Ба фикри онњо, акнун, ки омаданд пас набояд бо дасти холї раванд. Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон
Њ а ф т а н о ма д а р В а зо р а ти ф а р њ а н г и Љ у м њ у р и и Т о љи к и с то н ба ќ а й д г и р и ф та шу д а а с т.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01
Чунки бо дасти холї рафтан гўё боиси шарм бошад. Оё он боиси шарм нест, ки ваќте бармегардї фарзандат туро намешиносад ва ё тарбияи нодуруст гирифта, асари суханњои ту дар ў гум шудааст? Бо нияти ду се моњ омада солњои сол дар "ботлох" дармемонем. Тољиддин аз ноњияи Вахш, пас аз як моњи хонадоршавиаш рўй ба мардикорї меорад. Мегўяд, барои гузаронидани тўй ќарз гирифтаанд ва акнун як сол мешавад, ки ќарзро пардохт менамояд. Њамсинфаш шўхиомез ба ў њамдардї карда мегўяд, ки то баргаштани ту кўдаки навтавлидат "фигураи янгашкаро" вайрон мекунаду дигар он парии шаби тўйи арўсиат дидаро дар хобат њам намебинї. Пас чаро мо вобаста ба вазни маошњои Тољикистон зиндагию тўю маърака намекунем? Чаро гаронии нархњои Тољикистон бо маошњои Русия њамбастагї дорад? ЌАРОРЊОИ КОРНАДОДА Раиси љумњур Эмомалї Рањмон заминро дар ихтиёри дењќон вогузошт. Чаро сањми худро аз дасти нањангбригадирони даврони Шўравї талаб карда, ба кишту кор машѓул намешавем? Нањангбригадирон то кўдаки дар шиками занњояшон бударо номнавис карда, мардумро аз нони дањонашон мањрум сохтанд. Вале агар мо тарки Ватан намекардему болои ин хољагињои дењќонї фишор меовардем, бењтар набуд? На. Мо дигар намехоњем меваю сабзавот парвариш кунем, пахта чинем. 50, 80, 200, 600 сомониро назарамон намегирад. Чї будани ШУКР-ро гум кардаем. Њукумат ба расму оинњои мардумї низ дахл карда, ќарор оиди танзим ва каммасрафии тўю маъракањоро баровард. Оё бењтар набуд бо назардошти сатњи пасти зиндагї ба ин ќарор воќеъбинона назар карда, тўю маъракањоро бо харољоти камтарин мегузарондем? На! Мо бењтараш пешакї ду њазор сомонї љарима супорида, тамоми буду шудамонро дар тўй харљ мекунему бечора навдомодро пас аз моње ба "рухсатии мехнатї"-и ду сола ба Русия мефиристем. www.ilhom.wordpress.com
медорем. - Баён доштан гиред, доњии азиз! Бо њалво гуфтан њам, њозирњо дањон ширин мешавад. Баъд мехезанд, ки хобанд.
Шикансухбас Одинашоњ МУРОДОВ, сухангўи раёсати муассисањои ислоњии ВА: - Дар мањбасхонањои Тољикистон шиканља вуљуд надорад. Ин њама сару садоњо асос надоранд. Аслан истифода кардани телефони моболї аз љониби мањбусин худ ин хилофи ќонунгузории кишвар мебошад. - Дуппа - дуруст. Боз илова мекардед, ки дар Тољикистон ранги шаб сапп-сафеду ранги шир- сипп сиёњ аст.
Имиљсухадам Абдуллоњ ЌОДИРЇ, сухангўи Хадамоти муњољирати Тољикистон: - Шомил шудани Тољикистон ба ин ё он созмоне, ки манфиатњои миллии моро дар назар гирифта ва ба ин тариќ хостањои кишвар ва миллатро бароварда месозад, имиљи Тољикистонро њатман дар арсаи байналмиллалї баланд мебардорад. - Пештар, то як-ду байт аз Мирзо Турсунзода, ё номи ќуллаи Боми Љањонро нагиред, намешинохтанд. Њоло дигар њољат нест ба ин майда чуйда. Як калима - "чурка" ё «љамшуд» гўед, сразу мешиносанд. Имиљ аз ин баланд меравад магар?
Ришвилљид Ѓайбулло АФЗАЛОВ, раиси вилояти Хатлон: - Ман љиддї мегўям, љавон бояд, ки риш надошта бошад… - Хуб шудааст, Раис. Мўйи лаб чї? Мўйи таги каш, поинтар… бошад, ё не? Чанд сантиметр бояд бошад? Мушаххастар гўед, илтимос. "Ќазо шаваду хато не", мегўянд дар урфият.
www.tojnews.org
www.tojnews.org
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09