№43 (319). Чоршанбе, 16-уми январи соли 2013

Page 1

1

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Манфиати элита бо рушди Тољикистон чї рабт дорад?

Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол | №43 (319). Чоршанбе, 16-уми январи соли 2013 | Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru

Абдулло АШЎРОВ:

Абдулло ОЌИЛЗОДА:

Секси наврасони тољик дар телефонњо Нигоње ба замона

2

Аз роњбари сунъї то роњбари њаќиќї Нигоње ба сиёсат

4

Ќиёми НУР: "Сомон-Эйр": лоймолии Ллойд Тахтаи сиёњи Нигоњ

Вокуниши Њољї Њалим ба муттањамсозињои Мањмадрўзї Искандаров ва Додољони Атовулло

13

Дар ин шумора: терроризм Боздошти афроди мусаллањ дар манзили узви ЊНИТ

2 расаонањо

Љарима барои намоз Аз афташ дар Тољикистон нахустин ва танњо нафаре, ки барои иљро кардани амри илоњї, яке аз аркони асосии дини ислом - намоз гузоштан расман, "тибќи ќонун" љазо гирифтааст, манам. Чаро нахустин ва танњо?

Нишасти матбуотии Эмомалї Рањмон

12 пурбин

Тољикистони дигари Ѓалтак ё бањси њољї Умар ва домод

16


2

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Дар пурсиш ба саволи "Аз рўи виљдон, боре пора додаед?" 57 дар сади раъйдињандагон (273 нафар) посух додаанд: "Бале, бе пора дар Тољикистон намешавад".

ТЕРРОРИЗМ НИГАРОНЇ

ЗАМОНА НИГАРОНЇВА АХЛОЌ

Боздошти афроди мусаллањ дар манзили узви ЊНИТ Бахши Њизби нањзати исломии Тољикистон дар ноњияи Мастчоњ иттилоъ дар бораи узви ЊНИТ будани афроди боздоштшударо, ки бинобар иттилои маќомоти ќудратї, шаби 9-ум бар 10-уми январ, њангоми амалиёти маќомоти махсуси Вазорати корњои дохилї, муќобилати мусаллањона карда, як нафар аз кормандони ин нињодро захмї кардааст, беасос хонд.

Дар њамин њол, Илњом Беков, раиси бахши минтаќавии ЊНИТ дар Мастчоњ, тасдиќ кард, ки ду нафари онњоро кормандони маќомоти ќудратї аз манзили зисти Ѓиёс Юнусов, узви Њизби нањзати исломии Тољикистон, боздошт кардаанд. Илњом Беков, раиси бахши минтаќавии Њизби нањзати исломии Тољикистон дар ноњияи Мастчоњ, дар як сўњбати телефонї бо TojNews

гуфт: "Ѓиёс Юнусов як мўйсафеди мастчоњї аст, ки чанд сол инљониб узвияти ЊНИТ-ро дорад. Љияни ин мўйсафед бо номи Лутфулло бегоњи њамон рўз он ду нафарро ба хонаи Ѓиёс Юнусов бурда, ба таѓояш мегўяд, ки ин мењмонон аз Самарќанд омадаанд, то субњ ин љо шабашонро рўз кунанд, субњи барваќт омада, онњоро аз ин љо мебарам.

Лутфулло, њамчунин, ба таѓояш - Ѓиёс Юнусов гуфтааст, ки ин афроди самарќандї барои ситонидани ќарзи худ аз нафаре ба ин љо омадаанд. Њоло узви ЊНИТ, ки шаби 9-уми январ боздошт шуда буд, баъди додани нишондод, озод карда шудааст", - гуфт Илњом Беков. Ёдрас мешавем, ки Радиои "Озодї" истинодан ба манобеи худ дар бораи боздошти гурўњи мусаллањ дар ноњияи Мастчоњ иттилоъ дода буд. Гуфта мешуд, шаби 9-ум бар 10уми январи соли љорї, бар асари даргирї миёни хадамоти махсус ва як гурўњи мусаллањи ношинос дар ноњияи Мастчоњ, як афсари неруњои ќисми таъиноти махсуси Вазорати корњои дохилии Тољикистон захмї шудааст. Маќомоти ќудратии Тољикистон аз њуввияти боздоштшудагон хабар намедињад. Фирўз МУЊАММАД, Тољнюс

ЊУЌУЌИ НИГАРОНЇИНСОН

Гумонбар шудани се корманди маќомот дар ќазияи Њамза Икромзода Прокурори генералии Тољикистон Шерхон Салимзода ќазияи марги мањбуси 28-солаи мањбаси №1-уми шањри Душанберо шарњ дода, гуфт, нисбати се нафар масъулини маќомоти њифзи њуќуќ парвандаи љиної оѓоз шудааст.

Бино ба иттилои Шерхон Салимзода, ин нафарон дар ќазияи марги Њамза Икромзода дар мањбаси № 1и шањри Душанбе гумонбар дониста мешаванд. Њамчунин, прокурори генералї дар бораи шиканља дар боздоштгоњ ва мањбасњо гуфт, дар давоми соли 2012 ба Прокуратураи генералї 22 нафар аз шиканља шикоят кардаанд. Вай гуфт, 10 нафар аз кормандони маќомоти интизомї барои истифодаи шиканља нисбати гумонбарон ва мањбусон ба љавобгарї кашида шудаанд. Моњи сентябри соли гузашта љасади мањбус Њамза Икромзода бо осори зиёди шиканља ба наздикони вай супурда шуд. Наздикони Њамза Икромзода роњбари муассисаи ислоњии №1-и пойтахт Рустам Тоштемировро дар латукўби Њамза Икромзода айбдор медонанд. Масъулони мањбасхона ин иддаоро рад карда, мегўянд, ин осори зарфи пластикї бо оби гарм аст, ки ба-

рои ба кор даровардани дили мањбус истифода шудааст. Моњи октябри соли љорї бо супориши Президент Эмомалї Рањмон тафтишоти ќазияи марги Њамза Икромзода ба ўњдаи Прокуратураи генералии Тољикистон вогузор шуда, гуфта мешуд, парвандаи мазкур тањти назорати шахсии Шерхон Салимзода, прокурори генералї, ќарор гирифтааст. Ин дар њолест, ки ахиран, Прокуратураи назорати иљрои ќонунњо дар муассисањои ислоњї натиљаи ташхиси ќазияи марги мармузи Њамза Икромзодаро эълон карда, гуфт, номбурда худкушї кардааст. Њамза Икромзода рўзи 20-уми сентябр, баъди муноќиша бо масъулони мањбасхона, ба њуљраи љаримавї гузаронида шуда, дар њамон љо ба њалокат расидааст. Пайвандони мањбус мегўянд, ки дар бадани Њамза Икромзода осори шиканља, аз љумла, изи сўхта, ки бо дарзмоли гарм сўзонида шуданаш аён аст, мушоњида шудааст.

Иззатулло Шарипов, роњбари Сарраёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон дар сўњбат бо хабарнигорон ва наздикони марњум гуфта буд, Рустам Тоштемиров барои ин амалаш танбењ гирифтааст. Ќаблан Вазорати адлияи Тољикистон гуфта буд, ки доѓњои сўхта дар бадани Њамза Икромзода осори асбоби тиббии дефибриллятор аст. Бинобар иттилои манбаъ, Њамчунин, 7-уми ноябри соли гузашта наздик ба 40 нафар аз наздикони ин мањбусон дар назди даромадгоњи Прокуратураи генералии Тољикистон гирдињамої карданд. Наздикони Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, мањбусони мањбаси раќами 1-и пойтахт, гуфтанд, наздиконашонро барои фош кардани њодисаи латукўб ва марги мармузи мањбуси ин мањбас - Њамза Икромзода ба расонањо, ба мањбаси шањри Хуљанд интиќол дода, азият медињанд. Њарамгули ЌОДИР, Тољнюс

Секси наврасони тољик дар телефонњо Дар телефонњои њамроњи хонандагони макотиби миёнаи Душанбе як навори фањш пањн шудааст, ки зоњиран ќањрамонони он мактабхон њастанд. Дар ин навори 21-даќиќаї як љавон дар либоси мактабї бо як духтари наврас муносибати мањрамона мекунад ва аз навор маълум аст, ки дуи онњо аз наворбардорї шудани ин сањна огоњанд. Дар шарњи ин навор гуфта мешавад, ки гўё ин навор дар хољатхонаи мактаби раќами № 44-и шањри Душанбе гири фта шудааст. Дурусти и ин навор, замони бардошта шуданаш ва шахсияти ќањрамонњои дар он сабтшуда њанўз мушаххас нашудааст. Да р сў њбат бо Ради ои О з о д ї б а ъ з е х о на нд а го ни мактабњои миёнаи Душанбе гуфтанд, ки ин навор аслан аз ду ќ ис ма т иб ор ат а ст . Да р ќисмати аввал хонандаи ин мактаб бо ин духтари наврас муносибати мањрамона карда ба навор мегирад ва ба њамсабаќонаш нишон медињад, то "бубинанд ў ба чї ќодир аст". Баъдан дар ќисмати дувуми навор гўё иддае аз њамасабаќони "ќањрамони аввалї" низ аз ин духтари наврас таќозо мекунанд, ки он кореро, ки б о ња мс аб аќ аш он к ар да буд, бо онњо низ анљом дињад. Соњибназар Сафаров, муовини раиси Раёсати маорифи шањри Душанбе рўзи 11у м и я нв а р д а р с ў њ б а т б а "Озодї" гуфт, аз шунидани ин хабар нороњат шудааст. Вай гуфт, Раёсати маорифи шањри Душанбе ба хотири пешгирї аз чунин амалњои ѓайриахлоќї, дар њамкорї бо сохторњои ќудратии шањри Душанбе аз моњи ноябр то дека бр и с оли гуза шта д ар њамаи макотиби миёнаи пойтахт бо хонандагони синфњои 9-11 ва волидайни онњо мулоќот анљом дода, сўњбатњо гузаронда буд:"Аксарияти чунин амалњои номатлуб баъд аз хатми дарсњо сурат мегиранд. Вазифаи асосии мактаб таълим додан аст. Албатт а ма кт а б ња м да р д ав оми

САДОИ МАРДУМ

Тибќи як назарсанљии Ожонси Иттилоотии TojNews 94 дар сади истифодабарандагони сомонаи ин ожонс гуфтаанд, пора додаанд ва ё дар зарурат омадаанд, ки пора бидињанд.

16%

Бе пора зиндагиям намегузарад

6%

Не, вале дар зарурат ба пора додан омодаам

57%

Не, ягон пора надодаам

Бале, бе пора дар Тољикистон намешавад

94%-и мардум омодаанд дар зарурат пора дињанд

21%

Пурсиш бо фармоиши «Нигоњ» дар пойгоњи интернетии www.tojnews.org гузаронида шудааст. Теъдоди овоздињандањо 477 нафар.

Дар пурсиш ба саволи "Аз рўи виљдон, боре пора додаед?" 57 дар сади раъйдињандагон (273 нафар) посух додаанд: "Бале, бе пора дар Тољикистон намешавад". Дар њамин њол, дар ин назарсанљї, танњо 29 нафар - 6% бахши "Не, ягон бор пора надодаам"-ро интихоб кардаанд. 16 дар сад, ё 76 нафари пурсидашудагон, ба њамин савол посух додаанд: "Не, вале дар зарурат ба пора додан омодаам". 21 фоизи респондентони сомо-

наи ОИ TojNews ицрор шудаанд, ки: "Бе пора зиндагияшон намегузарад". Пурсиши мазкур бо супориши Њафтаномаи сиёсї ва иљтимоии "Нигоњ" баргузор шуда, тўли 10 рўз, аз 4-ум то 14-уми январи соли љорї идома кард. Бояд гуфт, ки назарсанљии мазкур, хусусияти ѓайрирасмї дошта, дар он 477 нафар аз хонандагони сомона ширкат варзидаанд ва барои њар хонанда имконияти як маротиба овоз додан дода шуда буд.

таълим дар тарбияи хонандаго н му ва зз аф а ст , ва ле и н бештар масъулияти волидайн аст". Ин навор дар њоле дар тел е фо нњ о и њ а м р о њ и б а р х е мактаббачањо мечархад, ки аввали моњи декабр Радиои Озодї дар бораи пайдо шудани видеои дигари бањсбарангези духтарњои мактабхони пойтахт гузориш дода буд. Дар ин навор чањор духтари мактабхон зоњиран дар њолати сархушї бо њам бўсобўсї мекарданд. Ин навор мавриди интиќоди тамошобинони зиёд ќарор гирифт ва Раёсати маорифи пойтахт ин њодисаро мавриди санљиш ќарор дод. Бузургмењр Ёров, њуќуќшиноси тољик дар робита бо навори нави видеої мегўяд, мувофиќи ќонунгузории Тољикисто н, ал оќаи љинс ии ми ёни наврасони то 16-сола љиноят њисобида мешавад:"Пањн кардани сурат, видео ва дига р а х б о р о т и п о р но гр а фї њам мувофиќи моддаи 241-и Кодекси љиноии Тољикистон, љи ноя т њ исо би да меш ава д. Н а фа р о н е , к и б а и н а м а л даст мезананд, метавонанд ма њ к у м б а з и нд о н ш а в а нд мувофиќи ќонун". Аммо бархе аз коршиносон мегўянд, ки пањнкунандагони фањш тариќи видео ва интернет аз зафъи ќонун истифода карда, наворњои фањшро ба у нв они эр от ик а п ањ н ме ку нанд, ки он мувофиќи ќонун љиноят њисобида намешавад. Равоншинос Мањмуд Кабирї ба ин аќида аст, ки дар ингуна мавридњо муњимтар аз њама бањои љомеа ба аъмоли чунин наврасон аст: "Чунки аз чигунагии бархўрди љомеа таќдири ин наврасон вобаста аст. Агар љомеа масъулин сари эњсос кирдори ин љавононро мањкум карда онњоро аз мактаб ронанд, мавриди табъиз ќарор дињанд, психикаи љавонии онњо метавонад шиканда ва онњо якумр бадбахт шаванд" Ба ќавли ин равоншинос, азбаски дар гузашта љомеаи сунна тии Тољи кистон чунин њ о л а т њ о р о ш о њ и д на ш у д а буд, якбора мавриди интиќоди ша дид и а кс ар аъз ои љомеа ќарор мегирад. Бархе таъсири ѓарбу телевизиони бепардаи Русияро гунањгор карда, ба таблиѓи суннатњои ма зњ а б ї д а ъ ва т мек у нанд , дигарњо мегўянд, ки ахлоќи љомеа бозгўкунандаи вазъи насли наврас аст, ки дар як њолати рањгумзадагии ахлоќиву аќидатї ќарор дорад ва њар чизи хубу бадро ба осонї ќабул мекунад. Абдулло Ашўров, Озодї


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

3

Нуктаи муњимми дигар сифати кори муаллим аст. Муаллими имрўзї вазифадор аст, ки дар ќиёс бо муаллими замони шўравї фанни худро бамаробит бењтар донад. Зеро њоло фазои маљозї ё худ интернет барои алокамандон дарњои донишро боз кардааст.

ИНТРИГАИ РЎЗ

Баъди изњороти прокурори генералї Шерхон Салимзода дар бораи беиттилої аз таќдири Абдулвосит Латипов, маъруф ба Ќорї Восит, зинда будани собиќ мухолифи Њукумати Тољикистон, ки дар Русия боздошт ва нопадид шуд, саволи матрањ аст.

Ќорї Восит зинда аст?

Шерхон Салимзода сару садоњо дар бораи истирдоди Ќорї Восит ба Тољикистонро рад карда, гуфт: - То љойе иттилоъ дорем, маќомоти Русия низ оид ба нопадид шудани ин шањрванди Тољикистон дар ќаламрави кишвараш парванда боз кардааст. Мо дар бораи Ќорї Восит ягон иттилоъ надорем. Аммо аз Интернет хонда будам , ки нисбати нопадид шуданаш дар њамон кишвар маќомоти Русия парванда боз кардааст. Онњо низ намедонанд, ки вай куљо шудааст ва кї ўро бурдааст. Мо иттилои даќиќ надорем, - гуфт Шерхон Салимзода. Ба гуфти наздикони Ќорї Восит, вай дар манзили зисташ, дар шањри Волгогради Русия 20-уми октябри соли љор ї аз тар афи гурў њи ниќобпўш боздошт шуда, баъди

ин ѓайб задааст. Вакили дифои Ќорї Восит, аз рўзњои аввали нопадид шудани зерњимояшон мегуфтанд, ба эњтимоли зиёд, ин боздошт бо дархости маќомоти ќудратии Тољикистон сурат гирифтааст. Аммо Шерхон Салимзода њоло ин овозањоро рад кард ва гуфт, "онњо низ дар бораи сар-

навишти Ќорї Восит иттилои даќиќ надоранд". Моњи декабри соли 2010 дар шањри Волгогради Русия бо гумони даст доштан дар як ќатор љиноятњои сангин боздошт шуда буд. Аммо баъди чор моњи ин боздошт, моњи майи соли 2012 Суди шањри Волгоград вайро барои зисти ѓайриќонунї дар ќаламрави ин кишвар муттањам ва ба хориљ шудан њукм кард. Вале моњи августи њамон сол Суди Олии Русия њукми Суди шањри Волгоградро бекор карда, 15-уми октябр ўро аз боздоштгоњ бо шарти берун нарафтан аз мањалли зист озод кард. Баъди панљ рўзи озодї

ШАРЊИ ХОНАНДАГОН НИГАРОНЇ Джанго 14 январ, 2013 - 16:50 Ба фикрам, ин камбаѓал зидди Њољї Акбар баёнот надоду куљое љогањаш кардаанд. Ё фикрам нодуруст аст? ё тавба 15 январ, 2013 - 00:13 Агар дар ЉТ бошад, ин одам исбот кард, ки муњофизи собиќ не, содиќи Њољї Акбар Тўраљонзода будааст. Ќозидомулло худаш гуфта буд, ки вайро ба зидди мо истифода бур-

дан мехоњанд, шояд ў дар њаќиќат ягон сирро фош накард, ки дар ТВТ нишон надоданд, мисли додари Алии Бедакї. Шояд кушта бошанд, шояд умуман ба Тољикистон наовардаанд. Шояд худ гурехта рафтааст. Иноят 15 январ, 2013 - 00:16 Ин ќумондонњо кам буданашон ба манфиати миллат аст. Инњо бисёр буданд, мамлакат ором набуд. Њоло кўча буро мегардї то соати чанде хоњї. Ав-

собиќ ќумондони мухолифини Тољикистон нопадид шуд. Ќорї Восит, яке аз собиќ фармондењони Иттињоди неруњои мухолифини Тољикистон дар замони љанги шањрвандї ва аз љонибдорони Њољї Акбар Тўраљонзода мањсуб меёбад. Вазорати корњои дохилии Тољикистон Ќорї Воситро роњбари гурўњи террористї хонда буд. Гурўњи Ќорї Восит, бино ба иттилои маќомот, дар як ќатор љиноятњ ои санги н, аз љумла, куштори марзбонони рус ва кормандони маќомоти ко рњои дох илї дар замо ни љанги шањрвандї айбдор медонад. Њамчунин, гуфта мешуд, ки вал соати 5 - и бегањ кўча мебуромад, занакро таљовуз мекарданд, мардакро шаттакорї, ё ѓорат... Кушанд њам парво надорам. Абриддин 15 январ, 2013 - 12:13 Мегўед, ки ќонуни авф катї ўро бахшидаанд. Агар бахшида бошанд, чаро то ба имрўз сар намедињанд? Маълум, ки ягон гуноњ кардааст. Гуноњ надошта бошад, Худо худаш нигоњ медорад, агар карда бошад, ўро мезанад.

яке аз сабабњои боздошт ва истирдоди Ќорї Восит, ки гуфта мешуд, яке аз муњофизони собиќи Њољї Акбар Тўраљонзода аст, бо ќасди истифода ба муќобили Њољї Акбар Тўраљонзода сурат гирифтааст. Њољї Акбар Тўраљонзода гуфта буд, бо ин фарзия, ки Ќорї Восит аз љониби маќомот ба муќобили ў истифода хоњад шуд, розї аст. Ќозии собиќи Тољикистон бар он аст, ки мухолифини собиќ ва миёни онњо Ќорї Восит низ бо имзо шудани Созишнома дар бораи сулњи тољикон мавр иди афв ќарор гирифтаанд ва набояд таъќиб шаванд. Аммо иттилоъ дар бораи муњофизи собиќаш будани Ќорї Воситро рад мекунад. Шўњрат Ќудратов, вакили дифои Ќорї Восит, мегўяд, ки иттилоъ дорад, ки зерњимояаш дар яке аз боздоштгоњњои Кумитаи давлатии амнияти миллї нигоњ дошта мешавад. Баъди изњороти ахири Прокурори генералии Тољикистон Шерхон Салимзода, коршиносон мегўянд, савол дар бораи он ки Ќорї Восит то њол зинда аст, интригаи рўз аст.

P.S: Баррасии матлаб дар www.tojnews.org идома дорад. Ба сомона аз телефонњои мобилї њам ворид шудан имкон дорад.

НОАМНЇ НИГАРОНЇ Дар сўњбат бо ТоjNews як манбаъ аз Вазорати корњои дохилии кишвар гуфт, "амалиёти махсуси боздошти гумонбарон дар пайи њамлаи мусаллањона ба кормандони милиса дар ноњияи Конибодом роњандозї шудааст, вале то ин соат хабари мушаххасе аз љузъиёти њодиса дар даст нест". Ёдрас мешавем, гурўњи номаълуми мардони мусаллањ як нозири милитсия дар ноњияи Конибодомро кушта, яки дигарро шадидан захмї кардаанд. Бинобар иттилои Вазорати корњои дохилии Тољикистон, рўзи 14-уми январи соли 2013, тахминан, соати 15.30 даќиќа аз љониби кормандони БДА, Шуъбаи Вазорати корњои

Оѓози амалиёти махсус дар Суѓд Вазорати корњои дохилии Тољикистон мегўяд, амалиёти махсусеро дар вилояти Суѓд бо њадафи боздошти гурўњи мусаллањи номаълум оѓоз кардааст. дохилї дар ноњияи Конибодом автомашинаи тамѓаи "Опел-Астра" бо раќамњои ќайди транзитї тањти идораи 2 нафар шахсони номаълум ќарор дошт, боздошт гардида, барои тартиб додани протоколи њуќуќвайронкунии маъмурї ба майдончаи љаримавии ШБДА дастрас гардид. Њангоми азназаргузаронии автомашинаи зикргардида, ронанда ва мусофири он ба сўи кормандони ШБДА аз яроќи оташфишон тир

ИЛЊОМИ ЊАФТА БО ДАСТИ ХАЛЌ Ин сагдилон, ки хидмати айём мекунанд, Бо ваъда халќи содаро ором мекунанд. Балъида њаќќи халќро њамчун нањанги њор, Худро наљотбахши халќ эълом мекунанд. Дар коми хеш мекашанд амволи халќро, Халќи ситамкашидаро ноком мекунанд. Пур карда љайби халќро аз чормаѓзи пуч, Дар љайби хеш пиставу бодом мекунанд. Њар ваъдаро ба љоми май анљом медињанд, Халќи балорасидаро сарсом мекунанд. Аз бањри некномии худкомагии хеш Моро ба пањнаи љањон гумном мекунанд. Дарюза мекунанд ба њар љо зи номи халќ, Ѓофил аз он, ки халќро бадном мекунанд. Як њарф дар забонашон фарњанги халќ нест, Даъвои шарњи Њофизу Хайём мекунанд. Миннат нињода, шамъаке бар халќ медињанд, Хуршедро ба аљнабї инъом мекунанд. Бар умќи кору борашон борик бингаред, Аз номи халќ халќро душном мекунанд. Аз лутфу мењрубонии ишон чї љои њарф? Бо дасти халќ халќро эъдом мекунанд. Лоиќ Шералї.

холї карда, якеро ба њалокат расонида, дигареро захмї намуда, аз љойи њодиса фирор менамоянд. Дар натиљаи андешидани чорабинињои оперативї-љустуљўї автомашинаи тамѓаи "Опел-Астра" ва шахсони дар он буда муайян гардида, њангоми дастгир намудан ба кормандони милитсия муќобилияти мусаллањона нишон доданд, ки дар натиљаи он 1 нафар аъзои гурўњи террористї зада, нобуд карда

шуд. Аз љойи њодиса яроќи ошташфишон ва дигар лавозимоти љангї дарёфт карда шуд. Барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзои гурўњи террористї чорабинињои оперативї-љустуљўї идома доранд. Ба хотири гузаронидани корњои тафтишотї ному насаби онњо ошкор карда намешавад. Ин дар њолест, ки маќомоти махсуси корњои дохилї шаби 9-ум бар 10-уми январ дар ноњияи Мастчоњ се нафарро боздошт кардаанд, ки њамроњи худ силоњ ва лавозимоти љангї доштаанд. Ин гурўњ, њамчунин, ба кормандони маќомот вокуниши мусаллањона нишон дода, як нафарро захмї кардааст. Дар мавриди њуввияти ин нафарони боздоштшуда маќомот иттилоъ намедињанд. Шањлои АБДУЛЛО, Тољнюс

САДАМА НИГАРОНЇ

Њалокати се нафар дар натиљаи садама дар "Роѓун" Соли гузашта, дар натиљаи садамањои нохуш, дар сохтмони Неругоњи барќї-обии "Роѓун" се корманди "Роѓ ун ГЭСстрой" ба њалокат расидаанд. Дар ин бора Исроил Алям, муовини роњбари Саридораи назорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соњаи кўњкории назди Њукумати Тољикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар соли 2012 19 нафар кормандон дар корхонањои саноатї ба њалокат расида, 6 нафари дигар љароњатњои гуногуни љисмонї бардоштанд. Аз љумла, 15 нафар кормандон дар натиљаи гузаронидани корњои зеризаминї, 2 нафар дар корхонањои дорои химия ва металлургия ва 1 нафар дар натиљаи садамаи дастгоњи борбардорї ба њалокат расидааст. - Ба наздикони нафароне, ки дар натиљаи садамањо дар љараёни кор ба њалокат расида ё љароњат бардоштаанд, аз љониби худи корхонањо кўмаки молї расонида шуда, аз љониби комиссияи махсус ба миќдори 8 музди маоши якваќтаина људо карда шудааст, - гуфт манбаъ. Ба саволи рўзноманигорон, ки оё ќоидањои бехатарї дар Тољикистон ба меъ-

ёри санадњои байналмилалї мутобиќ аст, номбурда посух дод, ки тамоми санадњои меъёриву њуќуќї, мутаассифона, аз даврони Шўравї боќї мондаанд. - Дар давоми ду соли охир тамоми санаду меъёрњои њуќуќии мо дар Вазорати адлия дар тањлилу тањияи нав ќарор дорад, ки дар наздиктарин ваќт Шўрои љамъиятї тасдиќ хоњад кард, - гуфт Исроил Алям.

Гуфта мешавад, барои наандешидани чорањои лозимї оид ба пешгирї аз сар задани њодисањои нохуш дар иншоотњои истењсолии хатарнок, дар давоми соли 2012 - 57 корхона, аз љумла, ЉДММ "Шўроб"-и ноњияи Њисор, ЉСШК "Ангишт", ЉСШК "Кулобсоз"-и шањри Кўлоб ва ѓайра аз фаъолият боздошта шудаанд.

Мењрафзуни АБДУЛЛО, Тољнюс


4

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Ба гирифтани пурарзиштарин туњфа аз "Мегафон" ва "Киви", сабукрави тамѓаи "КИА Оптима", тибќи шартњои озмун, Сафаралї Мирзоев, дењќон ва сокини ноњияи Фархор созовор дониста шуд. 9-уми январи соли љорї Ширкати "ТТ-Мобайл" , ки чун «Мегафон - Тољикистон» маълум аст дар якљоягї бо системаи пардохтњои "Киви» (QIWI) иќдоми солинавии "Пардохти муфид"-ро љамъбаст карданд. Натиљањои он мардумро ба ваљд оварданд... Маросими љамъбаст дар яке аз дафтарњои "Мегафон" дар маркази тиљоратии «Созидания»-и пойтахт баргузор гашт. Ба гирифтани пурарзиштарин туњфа аз "Мегафон" ва "Киви" - сабукрави тамѓаи "КИА Оптима", тибќи шартњои озмун, Сафаралї Мирзоев, дењќон ва сокини ноњияи Фархор, ки бинобар гуфтаи худаш, дар зиёда аз 8 га замин ба кишти пахта, ѓалладонагї ва сабзавот машѓул аст, созовор дониста шуд. Сафаралї Мирзоев, ки бо гирифтани сертификат ва калиди мошини нав, њаяљони худро нигоњ дошта наметавонист, ба хабарнигорон гуфт: "Ваќте ки ба ман аз ширкати МегаФон занг зада гуфтанд, ки соњиби тўњфаи асосї гардидам, ман дар тўй будам. Дар аввал њатто бовариам наомад, вале њангоме, ки фањмидам, ки ин њаќиќат аст, намедонистам чї гўям. Хурсандиам њадду канор надошт. Барои чунин иќдом ба МегаФон ва Киви миннатдории худро баён мекунам". Барои ишѓоли љойи дуюм дар озмуни мазкур, њамчунин, планшетњои I-Pad ба сокини ноњияи Рўдакї - Зуњур Зайниддинов ва сокини ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон Хушвахт Холов, супурда шуданд. Ба сокини ноњияи Фархор, Фаррух Сангов ва сокини шањри Душанбе, Фарњод Муњамадиев, ки љойи сеюмро дар ин озмун ишѓол карданд, телефонњои тамѓаи I-Phone 5 таќдим карда шуданд. Муаллифони озмун њамчунин фаъолтарин иштирокчии озмуни "Пардохти муфид", Фаррух Мањмадов, ки тавре худи ў гуфт, барои бурд кардани тўњфаи асосї бештар аз иштирокчиёни дигар - 1016 маротиба пардохт анљом додааст, бо тўњфаи њавасмандукунанда - телефони тамѓаи I-Phone 5 сарфароз гардониданд. Фаррух Мањмадов, ки ба хабарнигорон рўњафтодагияшро њич нишон додан намехост, гуфт, ки њоло дар суратњисоби телефонаш, бештар аз 1000 доллари ИМА маблаѓ дорад. Бале, муфидии пардохт ва шарти озмун њам њамин буд, ки муштарї ба тавозуни телефони њамроњаш пул мегузаронаду интизори љамъбасти озмун мешавад. Кафолати шаффофияти озмунро бошад, Вазорати молияи кишвар ба њайси маъмури соња ва њайати њакамони мустаќил, ки сармуњаррири «Нигоњ» низ ба он шомил буд, таъмин мекарданд. Гуфта мешавад, иштирокчиёни озмун зиёда аз 400 њазор маротиба амали пардохтро ба суратњисобашон анљом дода, њар як муштарии шир-

кати "МегаФон" бо пур кардани суратњисоби худ ба маблаѓи на камтар аз 10 сомонї ва гирифтани рамзи нодир ба раќами хеш, имкони иштирок кардан дар бурди тўњфањоро дошт. Бино ба гуфтаи њайати њакамон, ки аз нафарони коршинос ва ба идораи ин ширкатњо бегона иборат буданд, озмун шаффоф ва мунсифона баргузор шуда, аз баргузории он ширкатњо зарари молї надидаанд. Дар "МегаФон" мегўянд, маблаѓе, ки муштариён барои иштирок дар ин озмун ба суратњисобашон пардохт кардаанд, минбаъд низ дар ихтиёри муштарї боќї мемонанд. Њамин тариќ, «Мегафон» ва «Киви» нишон доданд, ки на танњо ширкатњои эътимоднок њастанд, балки омодаанд дар баробари алоќаи сифатноки мобилию интернети дастрас ва низоми соддаи пардохти њаќќи телефон озмунњои мардумиеро њам муваффаќона пиёда кунанд.

R

ДАР ИН ОЗМУН ЊАЗОРОН НАФАР БЕШ АЗ 419 ЊАЗОР ПАРДОХТИ НА КАМТАР АЗ 10 СОМОНЇ КАРДААНД...

Дењќон аз Фархор соњиби «КИА-Оптима» аз «Мегафон»

ЮРИЙ МУТАЛЕНКО АЗ «КИВИ» ВА ПАРВИЗ ДАВЛАТОВУ ШАЊНОЗ КОМИЛЗОДА АЗ «МЕГАФОН» МУБОРАКБОД МЕГЎЯНД

«КИА-ОПТИМА» БА ФАРХОР МЕРАВАД...

ЃОЛИБОНИ ОЗМУН ИНТИЗОРИ ТЎЊФАЊОЯНД


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

5

Манфиатњои шахсї аз давлатї боло гузошта мешаванд. Мехостанд иќтисодро аз ин бењтар рушд медоданд, сатњи зиндагї баландтар мешуд. Тарњњои хуби давлатї зиёданд, аммо натиљањо дилсардкунанда њастанд.

МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО Хилофи интизорињо ин њафта дар Фейсбук дар сањифаи "Хабарњои иќтисодии Тољикистон" бори аввал як мавзўъ дар мавзўъи иќтисод беш аз 30 шарњ гирифт. Бо он вуљуд, ки бањс пурра бо забони русї љараён гирифт, мавзўъ хеле доѓ буд. "Нигоњ" њам бо камоли мамнуният ба ин бањс таваљљўњ ва онро барои хонандагонаш тарљума кард. Ќабл аз њама ин бањс дар ќиёс бо бањсњои диниву сиёсї хеле мутамаддин ва бидуни љанчолу хархаша буд. Њамагї муаддабона бо њам бањс мекарданд ва барои гуфтањои худ мекўшиданд далелњо пеш оранд. Афроде њам, ки иштирок мекарданд, соњиби вазифаву маќом њастанд. Модератори ин сањифа суоле пеш гузошт ба ин минвол:

Манфиати элита бо рушди Тољикистон чї рабт дорад? Матлуба Ўлљабоева: - Ин дар тамоми кишварњо як хел аст, аз љумла кишварњои мутараќќї. Эркин Мустафоќулов: - Апаи Матлуба, вазъи мо як хел нест... Духтари Обама, духтари Саша рањбари Федератсияи баскетболи ИМА намешавад. Ё бародари Меркел рањбари ДойчеБанк нест. Манофеъи элитаи сиёсї 100% ба рушди кишвар халал мерасонанд, бањонаи дар "дигар кишварњо чунин аст" сањењ нест. Like · 6 Матлуба Ўлљабоева: - Ояндаи духтари Саша ва бародари ў дар пеш аст )))) Зиндагї нишон медињад. Like · 1 Эркин Мустафоќулов: - Сахт шак дорам... Аздусар онњо аз раисљумњурони Ќазоќистону Ўзбакистан хеле фарќ мекунанд. Like · 1 Руслан Зиганшин: - Манфиатњои сиёсї ва бизнеси элитањо дар ЉТ бо њамдигар алоќамандии зич доранд. Ин вижагињо фарњангї ва иљтимоии мо аст. Онњо ба ИМА монандї надоранд. Аз ин љои гурез нест. Инро бояд ба назар гирифт ва њангоми шурўъи ин ё он кор ќабул кард. Иттињоди Шўравї таъсири бузург дошт барои он чї, ки имрўз дар мо рух медињад. Хуб мебуд, дар љомиаи мо чунин анъана шакл гирад: агар бизнесмен ба бизнес оѓоз ва одамонро љалб мекунад, бояд на фаќат дар бораи фоида, балки одамони тањти ихтиёраш фикр кунад. Shareholders First, but people's interest are more important - сањмдорон аввал, аммо манфиати мардум болотар аз ин аст. Ман Тољикистонро бо Амрико ќиёс намекунам. Њарчанд ваќте ман тањќиќ мегузаро-

нам, мекўшам он чиро пайдо кунам, ки моро муттањид мекунад. Let's think positively - Биёед, некбин бошем, ин давраи рушди мо аст ва мо бояд аз он гузарем. Њама чї љои худро мегирад, њама чиз замони худро дорад. · Like · 4 Алмос Сайфуддинов: - Розиам! Бояд некбин бошем. · Like · 1 Зафар Рањматов: - Он чї ба кишвари мо рабт дорад, банда аз истифодаи калимаи "элита" худдорї мекардам. Ба назарам, "элита" на фаќат љанбаи моддї, балки аќлонї њам дорад ва ба дараљаи муайян бартарии фарњангї њам њаст. Хуб нест, ки "синфи њукмрон" ё "доирањои њукмфармо" ва ба инњо монандро истифода кунем? · Like · 1 Ќањрамон Баќозода: - Мо кадом афзалиятњои дарозмуддати рушди кишварро дорем? Истиќлолияти энергетикї, баромадан аз бунбасти наќлиётї... Боз чї? · Like · 1 Матлуба Ўлљабоева: - Стратегияи боло бурдани сатњи некўањволии ањолии Тољикистон тайи солњои 2013-2015. Ќањрамон Баќозода: - Ба фикрам, манфиатњои мавриди назари мо асосан дар самтњое, ки маблаѓњои љиддии буљавї, ќарзї, грантї ва ѓайрањо бо њам рост мегиранд, зеро аз он метавон фоидаи калон ба даст овард. Дар њолатњои дигар онњо рост намегиранд, балки баъзан онњо самтњои гуногун доранд, яъне элитањо барои иљрошавии ягон афзалияти рушди кишвар манфиатдор нест, зеро аз ин онњо хеле чизњоро аз даст медињанд. Ваќте дар бораи мувофиќ омадани манфиатњои

шахсї ва давлатї мегўем, он љо зиддияти манфиатњо зиёд ба вуљуд меоянд. · Like · 4 Руслан Зиганшин: - Тавре фањмидам, дар навбати аввал ваќте ягон њуљљат (тарњњо, наќшањо) зарур аст барои гирифтани грант, ќарз ва буља, манфиатњои 100 дарсад мувофиќ меоянд, зеро бе коѓаз як сент њам намедињанд, аммо ваќте харљи ин маблаѓњо ба хотири рушди давлат пеш меояд, манфиатњои 100% мух ол ифа т ме ку нанд. Ња ми н тавр не? Лола Мерганова: - М анфиа тњ о и ша х сї а з давлатї боло гузошта мешаванд. Мехостанд иќтисодро аз ин бењтар рушд медоданд, са-

тњи зиндагї баландтар мешуд. Тарњњ ои хуби давлатї зиёданд, аммо натиљањо дилсардкунанда њастанд. Шояд бисёрињо аз элита дар бораи рушди кишвар фикр кунанд, аммо ватандўст нестанд. Як роњбари замони Шўравї наќл кард, ки он замон њам дуздон буданд, аммо фикри давлатро њам мекарданд, виљдон доштанд. Њоло… Умед Давлатзод: - Стратагияи боло бурдани сатњи некўањволии ањолии Тољикистон барои солњои 2013 201 5 - р о пар лумо н тас диќ к ар д . Њ ол о мо о нр о б а ро и нашр омода мекунем. Ба наздикї онро дар сомонаи вазорати рушди иќтисод ва савдо

љой мекунем... · Like · 6 Руслан Зиганшин: - Мухолифати манфиатњои шахсї ва давлатї дар бисёр кишварњо ба назар мерасад. Зарур аст, ки системаи доштану тавозунро барои таъмини шаффофияти ќарорњо ба вуљуд орем ва аз љамъ шудани вазифањо дар як даст љилавгирї кунем. Инро дар кишвари мо чї тавр роњандозї кунем, ки њар дуввумин нафар агар хешованд нест, як ошно аст... Ин масъалаи мураккаб аст... · Like · 1 Эркин Мустафоќулов: - Њар ќадар бахши давлатї зиёд мешавад ва њар ќадар он љо коргар дорад, аз он фоидае нест ва роњ ба сўи фасод боз аст…

МАВЌЕЪ Бо ќарори њукумати Тољикистон, шурўъ аз моњи январи соли равон барои сурудхонї дар љашну маъракањо, овозхононе, ки бидуни шањодатнома ва танњо бо патент фаъолият мекунанд, бояд ба хазинаи давлат њар моњ 540 сомонї пардохт кунанд. Ин њам дар њолест, ки ќаблан маблаѓи андоз аз овозхонон 450 сомонї буд. Вале то имрўз бо вуљуди 20 дарсад кам будани маблаѓи андоз зиёда аз 200 нафар то њол маблаѓро насупоридаанд ва бархеи онњоро тариќи телевизион эълон кардаанд. Аммо сарояндагон иддао доранд, ки ин ќарор ноадолатона асту мо њар замон ба тўйњо намеравем, чунки туйњо мавсимї њастанд ва имрўз њам бештари мардум тўйи калон карда наметавонад, ба њамин хотир, бояд ин љанбањоро меомўхтанд. Гурўњи дигаре мегўянд, ки мо пас аз ин амал маљбурем, ки тарки овозхонї кунему ба хориља муњољир шавем. Вобаста ба ин мавзўъ "Нигоњ" пурсид:

Боло бурдани њаќќи андоз барои Шабнаму Нозияву Садриддинњоро ќабул доред? Парвона ФИРЎЗ, хабарнигор: - БАЛЕ! Ин ќарор боиси дастгирист, вале ман фикр мекунам, ки як нозукии дигар дорад. Ба назари ман, андозро шахсан нисбати касе, масалан Нозия, Шабнам ва ё њунарманди дигар ва ё корманди дигар соњањо боло бурдан даркор нест. Яъне, андозро бояд на аз шакли фаъолият, балки аз њаљми даромад таъин намуд. Ваќте андоз бастагї аз њаљми даромад дорад, ин навъ андозро метавон андози иљтимої номид, яъне аз нафароне, ки даромадашон андак аст, андози камтаре пардохт мекунанд, ва баръакс... Гузашта аз ин, имрўз боз бояд тањмили молиёт бар ашёи гаронќиммат ворид кард (налог на роскошь), масалан, аз мошини гаронќиммат чї шањрванди оддї ва ё чї раиси љумњур, агар имкони харидории чунин мошинро доранд, пас бояд андоз пардохт кунанд. Лекин имрўз ин ќарор њам дуруст аст, чунки њофизони кучагї, ки чунин имконияти пардохти андозро надоранд, аз сарояндагї даст мекашанд. Пањлўи дигари масъала ин аст, ки агар сарояндаи асил монад, ў номи кишварро боло мебардорад.

Гулбањор РАВШАНОВА, донишљўй: - НА! Ман тарафдори ќабули чунин ќарорњо нестам, чунки бубинед, имрўз дар кишвар љойњои кори холї нест ва он 4 - 5 нафаре, ки имрўз аз пушти сурудхониаш рўз мегузаронад, боз ба онњо чашм "ало" карданд. Агар мо имрўз нархи андозро барои онњо боло бародорем, пас дар њолати натавонистан онњо маљбур мешаванд, ки тарки касб, ё ба таври дигар гўем, сурудхониро љамъбаст намоянд, боз сафи бекорњо зиёд мешавад. Дуввум, агар ќимати андоз барои онњо боло бурда шавад ва онњо низ ба хотири оне, ки ќимати андози муайяншударо супоранд, бояд барои рафтан ба љашну маъракањо нархи хизматрасониро боло бардоранд. Агар онњо нархро боло бардоранд, пас боз ба зарари кї мешавад? Албатта, халќи бечора! Барои њамин ман бо таассуфи зиёд мегўям, ки ин болонишинони мо кай фикри мардуми оддиро мекарда бошанд? Агар мо мехоњем, ки имрўз барои буља пул љамъ намоем, бигзор, аз раисон ва вазироне, ки маоши ночиз доранду кушкњои боњашамат, ё ин ки пули барќро аз идорањои зидахл љамъ намоянд...


6

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Айни замон аксари сокинони узбектабори ноњияи Шањритус ба хуби дарк намудаанд, ки таълими фарзандонашон бо забони модарї дар оянда ба онњо кор намедињад.

Ќисми зиёди бошандагони минтаќањои узбекнишини ноњияи Шахритус тариќи аризаи дастаљамъї аз шўъбаи маорифи ин ноњия дархост кардаанд, ки мехоњанд аз ин ба баъд фарзандонашон пура бо забони давлатї тањсилашонро идома дињанд. Бо тасдиќи ин гуфтањо, Сайфиддин Садриддинов - мудири шўъбаи маорифи ноњияи Шањритус гуфт, ки ба њамаи ин ногоњ накарда, ин раванди тоза боиси норасоии омўзгорони касбии забони давлатї дар ноњия гардид ва бори нахуст барои санљиш дар як ќатор мактабњо аз синфи 1 то синфи 4 таълимро бо забони тољикї бароњ мондем: - Агар ин таљрибаи пеша кардаи мо оянда натиљаи хуб ба бор орад, тамоми он 22 мактаби ўзбекзабони дар њудуди ноњия буда, зина ба зина ба ин система гузаронида шуда ва оњиста- оњиста таълимро пурра бо забони давлатї ба роњ мемонем, - мегўяд Сайфиддин Садриддинов. Бино ба гуфти ў, сабаби дар мадди аввал љорї кардани омўзиши забони давлатї аз синфњои ибтидої дар он мебошад, ки тањкурсии хонандагон мустањкам гардад, то зимни идома додани тањсил дар синфњои болої дучори мушкилоти забонї нагарданд. Дар такя ба гуфтањои боло Ќурбонгул ном як сокини љамоати дењоти "Пахтаобод"-и ноњияи Шањритус, ки айни замон ду фарзандаш бо забони давлатї тањсил менамоянд, њангоми як суњбати сарироњї бо мо иброз дошт, ки сабаби ба ин иќдом даст заданаш дар он мебошад, ки писари калониаш баъди хатми мактаби миёна бо сабаби надонистани забони давлатї натавонистааст тањсилашро идома бидињад: - Фарзанди калониам баъди хатми синфи 11 бисёр орзу дошт, ки тањсилашро идома дода, дар оянда духтур шавад, аммо аз сабаби хуб надо-

ШАЊРИТУС АЗ ДУШАНБЕ БЕЊТАР МЕШАВАД Чаро ўзбекњо дар мактабњои тољикї хонданианд? нистани забони давлатї аз имтињонњои ќабул нагузашт, ки ин боиси рўњафтодагиаш шуд. Пеш аз Русия рафтанаш аз ман хоњиш кард, ки бародару хоњарашро дар мактабњои тољикї супорем, то дар оянда ба ин мушкилот гирифтор нашаванд, - изњор дошт дар идома Ќурбонгул. Мувофиќи гуфтаи ин њамсуњбатам, айни замон аксари сокинони узбектабори ноњияи Шањритус ба хуби дарк намудаанд, ки таълими фарзандонашон бо забони модарї дар оянда ба онњо кор намедињад. Ба њамин хотир сол то сол шумораи хоњишмандо-

не, ки мехоњанд фарзандонашон дар синфњои тољикї тањсил кунанду дар оянда ба муассисањои олии кишвар дохил шуда тавонанд, афзудан дорад. Гуфтањои ин њамсуњбатамро Сайфиддин Садриддинов, мудири шўъбаи маорифи ноњияи Шањритус тасдиќ карда, њамчунин иброз дошт, ки њељ интизор набуд, ки имсол якчанд аризаи дастаљамъонаи падару модар "дар хусуси гузаронидани фарзандонашон ба синфњои тољикї" унвонии шўъбаи маориф ворид мегардад: - Агар аз як љињат ин нишони он бошад, ки падару модар дар фикри

ояндаи фарзандонашон мебошад, аз љониби дигар ин гувоњ бар он аст, ки ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд" дар ноњияи мо натиљањои хуб ба бор овардааст. Ва ин раванд агар идома ёфтан гирад, боварї њаст, ки дар ояндањои наздик кори маорифчиён хело сабук мегардад, чунки аллакай падару модар дар фикри таќдири ояндаи фарзандонашон афтодаанд, - афзуд дар идомаи суханрониаш Сайфиддин Садриддинов. Ў њамчунин афзуд, бурди дигари ноњия дар он мебошад, ки пас аз 4

соли пайи њам соњиби медали биринљї гардидани хонандагон соли хониши 2011-2012 толибилмон нахустин маротиба ба гирифтани 1 медали тилло ва 1 нуќра мушараф гардиданд, ки ин дар таърихи 20 - солаи Шањритус беназир мебошад. - Дар баробари ин, - мегўяд Сайфиддин Садриддинов, - имсол 16 хонандаи ноњия пас аз хатми мактаб мустаќилона ба муассисањои таълимии олии Русия, Украина, Белорусия ва дигар кишварњо дохил гардиданд, ки ин гувоњи бењ гардидани сифати таълиму тарбия дар мактабњои ноњия мебошад. Мувофиќи иттилое, ки аз шўъбаи маорифи ноњия Шањритус пайдо намудем, дар аввали соли хониши равон аз љониби президенти мамлакат ба муассисањои таълимии ин ноњия 48 компютер туњфа карда шуд, ки бо ин барномаи компютеркунонии муассисањои таълимии ноњия ба 86% расид. Айни замон дар муассисањои таълимии ноњияи Шањритус 500 адад компютер мављуд буда, тамоми мактабњои бо компютер таъмин гардида, соњиби генераторњои барќдињанда мебошанд. Њамчунин дар назар дошта шудааст, ки соли хониши оянда барномаи компютеркунонии ноњияи Шањритус пурра ба итмом расонида шавад. Чизи дигаре, ки дар шўъбаи маорифи ин ноњия атрофаш бо хушнуди сухан меронанд ин аст, ки соли равон омўзгоронро накофта, балки худи муалимон масъулинро кофтаанд. Мувофиќи гуфтаи Сайфиддин Садриддинов, баъди оне, ки президенти мамлакат зимни як суханрониаш оиди 60% боло бурдани музди мењнати омўзгорон ибрози андеша намуданд, аксари он муаллимоне, ки ќаблан тарки вазифа карда буданд, дубора ба кори хеш баргаштанд: - Аз он 70 нафаре, ки солњои ќабл бо илати камии маош рў ба муњољирати мењнатї оварда буданду аксарашонро љавонон ташкил медоданд, хушбахтона, ќариб њамаи эшон дубора рў ба мактаб оварданд. Ба замми ин, аз 39 хатмкардаи донишгоњу донишкадањое, ки тибќи роњхати Вазорати маориф ба ноњия фиристода шуда буданд, 35 нафарашон ба љойи кор њозир шуданд. Њамчунин њудуди 70 нафаре, ки тањсилро тибќи шартнома маълумоти олї гирифта буданд, ихтиёран касби пуршарафи омўзгориро ихтиёр намуданд, - иброз дошт дар идомаи суханрониаш Сайфиддин Садриддинов. Мудири маорифи ноњияи Шањритус мегўяд, ки соли љорї барои зимистонгузаронии муассисањои таълимии ин ноњия ба андозаи 540 метри кубї њезум ва бо маблаѓи 100 њазор сомонї ангиштсанг дастрас ва ба мактабњо таќсим карда шудааст. - Њамаи ин ѓамхорињои њукуматро ба инобат гирифта, - мегўяд Сайфиддин Садриддинов, - пеши худ маќсад гузоштаем, то аз тамоми имконот истифода намоем, ки хонандаи дар ноњияи Шањритус таълим гирифта бояд аз он толибилме, ки дар шањри Душанбе тањсил намудааст, аз љињати донишу љањонбинї, кам набошад ва Худо хоњад дар наздиктарин солњо ба ин маќсадамон њам ноил мегардем. Айни замон дар ноњияи Шањритуси вилояти Хатлон 54 муассисаи таълимї (22 мактаби дузабона - ўзбакию тољикї), 1 литсей, 1 мактаб - интернат, 1 маркази тањсилоти иловагї ва 6 кўдакистон амал менамоянд. Ва дар ин муассисањо ба зиёда аз 26 њазор хонанда таълим гирифта, 1200 омўзгору мураббия таълим медињанд. Рустами САФАР


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

7

Дар Кумитаи дин маро ба гап даровардан хостанд, ки ба адвокат мурољиат накунам. Гуфтанд, то судбозї, коѓазбозї мекунї, ки моњњо мегузарад.

Љарима барои намоз Аз афташ дар Тољикистон нахустин ва танњо нафаре, ки барои иљро кардани амри илоњї, яке аз аркони асосии дини ислом - намоз гузоштан расман, "тибќи ќонун" љазо гирифтааст, манам. Чаро нахустин ва танњо? Дар ин бора наќл мекунам.

Њ

холо ман нусхаи ќарореро дар даст дорам, ки дар он гуфта мешавад, ман барои ќонуншиканї, дар натиљаи муњокимаи Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Тољикистон айбдор дониста шуда, нисбати ман љавобгарии маъмурї татбиќ карда шудааст. Ман ба буљаи мамлакат барои намоз гузоштанам дар љойе, ки ќонун манъ кардааст, 280 сомонї љарима пардохт кардам. Ва ин хеле кам будааст. Тавре ба ман дар Кумитаи кор бо дини назди Њукумати Тољикистон гуфтанд, агар ман донишљў нею ягон љо кор мекардам, ин маблаѓ метавонист дусе маротиба зиёдтар бошад. Инро барои обрў гирифтан, ё барои овозаву дарвоза шудани номам наменависам. Ва њар даъфа ба ёд овардани он рўз, ки барои намоз хонданам ба милисахона бурданд, дар шигифт мешавам, ки шояд ман нахустин нафаре њастам, ки барои ибодат љарима бастанд, аммо афсўс, на охирин. Ба њар њол, акнун ба ин бовар дорам. Боз чанд мусалмони дигари тољикро ин рўз дар пеш аст? Ба худ савол мекунам. Аммо, мисли бисёрињо, ки бо шунидани ин њодисаи аљоибулѓароиби ман ангушти њайрат мегазанд, ман дигар њайратзада нестам. Намепурсам: "чаро?!", "чи хел?!!", "кай?!!!" "дар куљо?". Барои нафаре, ки дар зењнаш мустањкам ин андеша, ки дар Тољикистон 99 дар сад мусалмонанд, љо шудааст, шояд ин як латифа, як масхара, тањќир, њарза, дурўѓ намояд, то њаќиќати њол. Афсўс, бояд эътироз кунам. Маро барои намоз љазо доданд.

Амалиёти "Намозгузор 2012 - 2013"? Дар рў ба рўйи бозори мањаллаи Зарафшони пойтахт - шањри Душанбе масљиде њаст. Ба њар њол мо ин љойро масљид ном мебарем. Ман, ки беш аз як моњ мешавад, ин љо дар як хона иљора мешинам, аз Панљакент омадам. Интизорам, ки кай фармони Мањмаисуф Имомов, ректори Донишгоњи миллии Тољикистон дар бораи ба аспирантура ќабул шудани ман мебарояд ва ман билоохира ба дарс оѓоз хоњам кард ва Худо хоњад, соњиби хобгоњ низ мешавам. Њар ваќте дар хона бошам, намозро дар њамин љо мегузорам. Ин љо бисёрињо намоз мехонанд. Савдогарони бозор, мардуми намозхони мањалла, ки баъдтар фањмидам, ин љоро мањз њамин мардуми савобљўй сохтаанд, њамин љо намоз мегузоранд. Ин љо мењроб њаст. Љойнамоз њаст. Китобњои Ќуъони Маљид гузошта шудаанд. Њатто наќши гилеме, ки зери по партофтаанд, ба шакли љойнамоз аст. То он рўз, чизеву касе монеъи намоз хондан дар ин љо намешуд. 1уми ноябри соли 2012 мо њафт нафар маљбур шудем, аз ин масљид рост ба милисахона равем. Моро чор нозири минтаќавї ба шўъбачаи минтаќавии корњои дохилии мањаллї бурданд. Яке аз милисањо маро ба кабинет даровард ва дарро ќулф зад ва аз ман баёнот гирифт.

НАМОЗИ НАВБАТЇ ДАР МАСЉИДИ «ЃАЙРИЌОНУНЇ»-И МАЊАЛЛАИ ЗАРАФШОНИ ПОЙТАХТ Ба онњо фањмондан, ки намоз љиноят нест, моро рањо кунед, ѓазаби Худо... як амалї бењуда буд. Мегуфтанд, ки ин љо масљид нест, ин љо љойи љамъиятї аст. Ин љо намоз хондан хилофи ќонун аст. Њарчанд мепурсидем, ки чаро ин љо китоби Ќуръон њаст? Мењроб дар љойи љамъиятї чї лозим аст? Ва умуман ин љойи љамъиятї барои чї сохта шудааст, агар дар он љамъият намозашро хондан натавонад? Бањси мо бењуда буд... Баъди каме бањс худи милисањо њам ба забони њол омаданд, ки маљбуранд ин корро кунанд, маљбуранд моро боздошт кунанд, протокол тартиб дињанд, чун ќонун аз онњо инро талаб мекунад, вагарна онњо њам бо љону дил канори мо истода намоз хоњанд хонд, онњо њам мусалмонанд ва аз кори худ хурсанд нестанд, танњо вазифаашонро иљро мекунанд... Ин хулоса аз "суњбат"-и онрўза бо кормандони милиса буд. Аз мо дар милисахона, шуморањои телефон, нусхаи шиноснома ва баёнот гирифтанд. Ва гуфтанд, ки шумо огоњонида мешавед. Бо њамин гумон кардам, ќисса ба поён расид. Дидем, ки ќудуми намозгузорон њам аз масљид канда нест, касе касеро озор намедињад, на милиса ба намозгузор кор дораду на каси дигар. Хулоса, њама мисли пештара буд... Мо то њол он љо намоз мегузорем.

Даъват ба Кумитаи дин Сањарї, 2-юми январи соли 2013, ба ман як нафар занг зад ва гуфт, ки аз Кумитаи дин аст. Вай баъди пурсупос, ки оё ман дар љойи љамъиятї, њангоми "вайрон кардани ќонун" боздошт ва бозпурсї шудам, хулоса кард, ки одами даркориашро ёфт ва гуфт, ки ман бояд пагоњ (3-юми январ) соати 14:00 ба кумита њозир шавам. Гуфтам, тинљї бошад? Гуфт: тинљї, бо шумо як суњбати фањмондадињї мекунем. Ман ваќти муќарраршуда ба Кумитаи дини Тољикистон њозир шудам. Соати 14:30 даќиќа дар кумитаи љаласа оѓоз шуд. Дар љаласа чор нафар, аз љумла

њуќуќшиноси кумита, Юсупов Б., муовини аввал Ѓиёсов Љ., инчунин раиси иттињодияњои динї Завиќиев С. ва намояндаи Кумитаи дин дар ноњияи Сино Ализода Абдуљалол иштирок карда, парвандаи маро, ки он љо ба њайси гунањгор њузур доштам, мавриди муњокима ќарор доданд. Муњокима камтар аз дањ даќиќа давом кард ва ба ман бо ханда "мењмон" гуфта, мурољиат мекарданд. Гуфтанд: Баёноти ту аст? Гуфтам: Оре! Гуфтанд: Имзои ту аст? Тасдиќ кардам. Пурсиданд: -Ту иќрор мекунї, ки њамин корро содир кардаї? Гуфтам: - Бале, ман намоз хондам... Баъд ба ман гуфтанд, то дар берун мунтазир шавам, зеро онњо рафтори маро муњокима хоњанд кард. Ман њамон љо савол гузоштам, ки: чаро танњо маро муњокима мекунанд, дар њоле ки мо њафт нафар боздошт шуда будем ва њамаи мо баёнот дода будем ба нозирони минтаќавї? Ба саволи ман гуфтанд, ки кори ту бори аввал аст ва ту њамчун мењмон њастї, бинобар ин барраси аввалинро мо муњокима мекунем, минбаъд бо ин корњо суд машѓул мешавад. Њамчунин ба ман як парвандаро нишон доданд, ки яке аз онњое, ки бо ман будааст, њамчунин бояд мавриди муњокима ќарор дода мешуд, аммо ин нафар, ба кумита њозир нашудааст. Гуфтанд, ин одамро низ мо меорем, агар наомад, бо воситаи милиса оварда мешавад... Тавре ба ман маълум шуд, нозирони минтаќавии Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Сино, аз рўи баёноти ман парванда тартиб дода, ба суди ноњия ирсол кардааст. Суд 25-уми ноябри соли гузашта парвандаро вобаста ба тобеъият ба Кумитаи дин фиристодааст. Мехостам аз сардори Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Сино ва вазири корњои дохилии Тољикистон, муњтарам Рамазон Рањимов пурсам, ки оё онњо медонанд, ки баёноти шаш нафари дигаре, ки њамроњи ман боз-

дошт шуда буданд, куљо шуданд? Шояд онњо "љарима"-ро ба каси дигаре пардохт карда бошанд? Шояд он коѓазњоро муш хўрда бошад? Баъзан њамин хел њам мешавад…

"Љаримабандон" Як њафта баъдтар ман ќарори Кумитаи динро нисбати рафтори худ дидам. Аз ман талаб карданд, ки ба он имзо гузорам. Ваќте ќарор бароварданд, дидам, ки маро 280 сомонї љарима бастаанд. Гуфтам, бо ин ќарор розї нестам. Ваќте инро гуфтам, маро тарсонданд, ки агар ту ин ќарорро имзо накунї, парвандаи туро ба суд медињем. Кори туро суд њал мекунад. Фикрам асосан ба фармони ректори ДМТ дар бораи аспирантураи ман банд буд, ки акнун баъди ќарори мазкур, метавонист аз сўйи ректор имзо нашавад. Ваќте аз ин изњори ташвиш кардам, Завиќиев С. зуд ба ман фањмонд, ки хавотир нашавам, зеро "љиноят" - и ман хусусияти љиноятї надорад, парвандаи ман маъмурї будааст ва як ташбењи аљиб њам кард. Вай гуфт, ки ин рафтори ту монанди рафтори ронандаест, ки чароѓакро сурх гузаштааст. Ба худ гуфтам, аз кай инљониб ибодат ба Худои таъоло монанди гузаштан аз чароѓаки сурх шудааст?! Ба ќарор имзо гузоштам, аммо онро ба ман надоданд.

"Адвокат гирифтам" Ваќте вакили дифоъ ќиссаи маро шунид, бешубњаву гумон гуфт, нусхаи ќарореро, ки Кумитаи дин нисбати ман ќабул кардааст, ба ў дињам, то ў ба маќомоти судї шикоят барад. 10-уми январ, баъи дањ рўзи муњокима ва ќабул шудани ќарор, ман барои гирифтани нусхаи ќарор ба Кумитаи дин рафтам. Гуфтанд, ќарорро чї мекунї? Ваќте гуфтам, ки аз болои он шикоят мебарам, барои њифзи њуќуќам адвокат гирифтаам, гуфтанд, ќарор њанўз омода нест, баъди нисфирўзї биёям. Баъди нисфирўзї гап дигар шуд. Дар Кумитаи дин маро ба гап даро-

вардан хостанд, ки ба адвокат мурољиат накунам. Гуфтанд, то судбозї, коѓазбозї мекунї, ки моњњо мегузарад. Њатто гуфтанд, 97 дар сад бовар доранд, ки иваз кардани ќарори Кумитаи дин нисбати ман аз дасти ягон кас намеояд. Худоё, аз куљо ин њама "даќиќкорї"? "97 дар сад"? Њарчанд аз касоне, ки хондани намозро ба вайрон кардани ќоидаи њаракат дар роњ монанд мекунанд, чиро шунидан мехостед? Барои гирифтани нусхаи ќарор, маљбур шудам гўям, ки имконияти пардохти 280 сомонї љаримаро надорам. Завиќиев ваќте ин суханро аз ман шунид, беистињолаву андеша њадди аќал дар он хусус, ки ман барои адвокат гирифтан омодааму чаро аз пардохти 280 сомонї саркашї мекунам, ба ман аввал 135 сомонї ва баъд боз 60 сомонии дигар дод, ки бурда аз номи худ њамчун љарима пардохт кунам. Вай рўирост иќрор шуд, ки ба вай на љарима бастану на љазо додани ман лозим, балки квитансия лозим аст. Ба мусалмонии ин нафар бовар кардам. Ин одам на барои он маро љарима мекунад, ки намоз хондани ман, ё каси дигареро дар љойи љамъиятї намехоњад. Балки маљбур аст, ин корро кунад, чунки аз ў натиљаи корашро талаб мекунанд. Муњокимаи парвандаи ман, имзои ман дар ин ќарор, ки гўё баъди муњокимаи пурбањсе ќабул шуда буд, квитансияе, ки пардохт шудани љаримаро барои "ќоидавайронкунии маъмурї"-ро тасдиќ мекунад, ин њама барои њисоботаш лозим аст. Ин хулосаи ман аз суњбат бо Завиќиев С. буд. Ва баъди ин ман вазъи милисаеро, ки аз ман ба дўѓу даранг баёнот мегирифт ва вонамуд мекард, ки виљдонаш заррае азобаш намедињад, ки намозхонеро, мусалмонеро азият мекунад, фањмидам. Шигифтовар фаќат њамин аст, ки барои бисёрињо њанўз њам њисобот ва вазифа муњимтар аз арзишу муќаддасоти асосї мањсуб мешавад. Онњо њанўз њам омода нестанд, ки гўянд: "Не, барои њисобот, барои вазифа, барои курсї, ман ба њамватани худ, њамзабону њаммазњаби худ, даст боло намекунам!" Инро ба њамин хотир навиштам, ки инњо низ рўзе гуфта тавонанд: "Не...."

Ба кадом њисоб? Аз он рўз њар куљо ин ќиссаро наќл мекунам, аввал механданд, баъд бо њайрат гиребон мегиранд. Ин чиз маро як нав руњбаланд мекунад. На барои ин ки на ба њоли ман механданд, аз ман дар шигифтанд, балки шояд аз он ки дар љомеа, њарчанд на њама намозхонанд, љаримаро барои намоз ќабул надоранд. Ба худ меандешам, ваќте мегўянд 99 дар сад мусалмонанд, њаминро дар назар доранд. Бисёртар аз њама дар худи Кумитаи дин хандиданд. Мегуфтанд, Худоё, Кумитаи мо ба чї кор машѓул аст. Аммо ба ќарори Кумитаи дин бештар дар бонк хандиданду ба тавба гиребон гирифтанд. Ваќте ба бонк барои пардохти љарима рафтам, ба ман гуфтанд, наметавонанд маблаѓи маро ќабул кунанд, чун намедонистанд љарима барои чї ва ба куљо, кадом суратњисоб бояд гузаронида шавад. Ваќте гуфтам, ки аз Кумитаи дин фиристоданд, гуфтанд, ки ќумита суратњисоб надорад. Маљбур шудам ба Кумитаи дин баргардам ва даќиќ кунам, ки љаримаро ба кадом суратњисоб гузаронам. Ба саволи ман посух доданд, ки ба буљаи мамлакат пардохт кун. Њамин тавр њам кардам. Муњсин ЭШНАЗАРОВ

«Парвардигоратро бо њамд ва покї ёд кун ва аз вай омўрзиш бихоњ, ки њароина ў таъолло бисёр тавбапазир аст». Сураи Наср, ояи 3.


8

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Пўшида нест, ки то солњои 2003 дар гирди хонаи Салламу Мањмадрўзиву Шоњ дар њар куљое бошад, дар хонаи ман њам дањ - понздањ њозирбош њамаваќт буданд.

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

НУСРАТУЛЛО ЮСУФБЕКОВ Аз љумлаи камтарин табибони кишвар аст, ки дар самти љарроњии асаб (нейрохирургия) муваффаќ дониста шудааст. Яке аз донишмандони хуби соња ва шахсест, ки пайваста дониши андўхтаро дар амал татбиќ намудааст. Бо ин њама донишу кордонї дар дањ соли ахир ў дањњо маротиба барои илмомўзї ва табодули таљриба аз бењтарин донишгоњњо ва шифохонањои сатњи љањонї дидан намудааст ва он он њам аз њисоби маблаѓњои шахсии худ. Нусратулло Султонович Юсуфбеков зодаи Панљакенти бостонист. 29уми декабри соли 1954 дар ин гўша аз хоки Тољикистон дида ба олам кушодааст. Аз њамин шањр баъди хатми мактаби миёна чун дањњо њамватан ва њамсолонаш азми пойтахти кишвар кардааст. Шояд, он ваќт намедонист, ки аввалин сафар ба шањри Душанбе тамоми умр таќдирашро ба пойтахт мепайвандад. Соли 1977 факултаи муолиљавии Донишкадаи тиббии ба номи ибни Синои шањри Душанберо бо ихтисоси духтури муолиљ хатм намуд. Муддати ду соли дигар тањсилро идома дод ва дар бахши љарроњии умумї интернатураро хатм кард. Аз соли 1978 то 1981 духтури љарроњ буд. Сипас, аз соли 1981 муддати 8 сол љонишини сардухтур ва аз соли 1988 то соли 2004 сардухтури Беморхонаи марказии љумњуриявї буд. Аз соли 2004 шуъбаи љарроњии асабро дар ин бемористон сарварї мекунад. Дар тўли фаъолияти корї борњо кўшидааст малака ва дониши тиббии худро бо тањсил дар курсњои махсуси омўзишї дар шањрњои Душанбе, Маскав, Алмаато, Новосибирск, Самарќанд, Институти љарроњии асаби ба номи Н.Н.Бурденко такмил дињад. Ва дар идома пайваста дар пайи омўзиш ва такмили донишу мањорат будааст. Ширкат дар калонтарин конфронсњои минтаќавию љањонї, сипозиумњо, семинарњо муљиби ошноии бештари ў бо равишњои навтарини табобати беморињои асаб ва љарроњии асаб шудаанд. Чунончи, соли 1987 дар Конфронси умумииттифоќии љарроњони асаб оид ба масъалањои љароњати косахона ва маѓзи сар иштирок намуд ва ин як нишасте буд, ки бањсњои гуногуни муолиљаи љароњатњои асабиро љамъбаст мекард ва равишњои навтарини табобати онњоро муайян менамуд. Нусратулло Юсуфбеков, њамчунин, дар чандин хонишњои поленовии Русия ширкат кардааст. Аз љумла, дар хонишњои соли 2005, ки ба ифтихори 80-умин солгарди таваллуди пофессор Поленов баргузор шуда буд, иштирок дошт. Ду сол баъд шоњиди баргузории хонишњои дигари полиновї шуд, ки ба муносибати 150-солагии асабшиноси машњури рус Владимир Бехтерев доир гардида буд. Худи њамон сол дар Конфронси умумирусиягии љарроњии асаби атфол иштирок кард. Соли 2008 муддати се моњ таљрибаомўзи Институти илмї-тањќиќотии љарроњии асаби Русия буд. Њамон сол, инчунин, дар Симпозиуми љарроњии асаби Русия ва Љопон иштирок кард. Соли 2009 аз љумлаи ширкаткунандагони дувумин Форуми байналмилалии љарроњии асаб дар шањри Маскав буд. Нусратулло Юсуфбеков имрўз дар кишвар аз љумлаи варзидатарин табибони соња шинохта мешавад. Забонњои тољикї, русї, инглисї, узбакї медонад. Гулпарварї, варзиш, мутолиаи китобњои илмї ва бадеї аз дўстдоштатарин шуѓли ўст. Оиладор ва соњиби 3 фарзанду 6 набера аст.

- Сабаби омадани моро дарк намудед? - Бале. Ростї, ман боре њам бо рўзноманигорон сўњбат накардаам. Зарурат њам набуд, чун низомиям, њамин гуна хоњиш њам надорам. Сабаби асосии бо шумо сўњбат кардани ман ин аст, ки рўзе писари донишљўям нашрияи "Нигоњ" - ро ба ман оварда, гуфт, ин љо дар бораи Шумо навиштаанд. Дидам, парешон аст, эњсосї менамуд. Мусоњибаи Мањмадрузї Искандаров буд, ки дар бораи ман њарфи хато задааст ва гўё ман барои боздошти ў дар Маскав мусоидат кардаам. Ба њамин њам мехостам посух нагўям, тавре мегўянд, "љавоби ањмаќ - сукут" ё "саг мељакад, корвон меравад", аммо мардум инро њам мегўянд, ки "сукут аломати ризост" ва хомўш нишастани ман, ваќте дар њаќќи ман тўњмат мешавад, кори хуб нест. Њољї Њалим кї аст, чї аст, мардум медонад, собиќ фармондењон, муљоњидон медонанд. Ман дар миёни мардум чї обрў дорам, худам медонаму халќи Худо. Аммо ин сўњбате, ки бародари мо кард, барои ман зарбаи сахте буд. Ин зарба на фаќат ба ман, балки ба фарзандони ман буд. Шояд ягон рафиќашон ба онњо бигўяд, ки "дидї, падари ту кї будааст". Аз ин хотир, њоло омодаам ба саволњои шумо посух гўям. - Воќеан, дар мусоњибаи Мањмадрузї Искандаров, ки њафтаномаи "Нигоњ" чанде пеш (№38 (314), 12-уми декабри соли 2012) нашр кард, ишора мешавад, ки гўё дар боздошти ў дар Маскав ва истирдоди ў ба Тољикистон наќши Шумо њаст, яъне содда карда гўем, Шумо ўро даъват кардеду сипас милисањои рус ўро боздошт карданд. Асли воќеа чї буд? - Дар мавриди боздошти Мањмадрузї дар Маскав. Ин ќиссаи хеле дароз аст. Кўтоњ гўям, дар боздошти вай гуноњи ман нест. Сад дар сад. Худо кунад, ки Мањмадрўзї сињату саломат барояд, бародарона нишаста, бо шоњидон сўњбат мекунем. Мо бо њам ањди бародарї кардаем, танњо ману ў не, боз чанд нафари дигар њам њастанд, ки шањодат медињанд. Ман аз ў хоњам пурсид, ки њар чї гуфтааст, исбот кунад. Њоло чанд лањзаи ин њодиса - боздошти Искандаров дар Маскавро бароятон рўшан мекунам. Мањмадрузї дар мусоњиба гуфтааст, ки ман ўро занг задам, то ба пеши ман ояд. Аммо Худо шоњид аст , ки Мањмадрузї худаш пеши ман омад. Ман ўро даъват накардаам, балки худи ў пеши ман омад. Инро нависед ва агар Мањмадрузї онро мехонад, як бор ба хотир орад, ки он рўз назди хонаи ман дар ќарибии метрои Шоссе Энтузиастов омада, занг зад ва баъд ман хеста, пеши Мањмадрузї рафтам. Ин як. Дуюм. Ман бо ў бори аввал буд, яъне ваќте ўро боздошт карда, мањкам карданд ва баъд аз он љавоб доданд. Пас аз ин маротибаи дуюм ўро боздошт карданд, ки ман он љо набудам, дар Душанбе будам. Ўро чї гуна боздошт карданд, чї тавр ба Душанбе оварданд, ман дар Маскав набудам. - Дар Маскав он шабу рўз Шумо чї кор мекардед? - Ман аз соли 2003 то 2005 дар Академияи њарбии Фрунзеи Маскав мехондам, шунаванда будам. - Аз рўи мусоњибаи Искандаров соли 2003 њам Шумо ўро ба хонаатон даъват кардеду кормандони милиса омада, муњофизони ўро бурданд ва ваќте худаш ба милиса меравад, худашро њам мавриди пурсуљў ќарор медињанд. Ин ќисса чї хел шуда буд? - Мо аз рўи бародарие, ки доштем, гоњ - гоњ љамъ шуда, ё хўроки зуњр мехўрдем, ё шом. Занг мезадем ба якдигар, масалан, Шоњ, ё Салам, ё Мањмадрузї, биёед, дар хона хўрок тайёр якљо тановул кунем. Рўз буд, шаб буд, фарќ надошт. Њамон рўзе, ки ин кор шуд, 3 январ буд. Ман аз кор ба хона омада будам. 1 январ рўзи таваллуд доштам. Онро љашн гирифтем ва се рўз пас хона омадам, ки дастурхон

Њољї Њалим:

ред? Ин дуруст аст? - Ростї, ваќте ин хабарро шунидам, парво накардам. Бисёрињо занг зада мехостанд, ки назарамро фањманд. Ман чизе нагуфтам, зеро як тўњматро тафсир кардан њам кори оќилонаву мардона нест. Воќеятро гўем, ман намедонам, чї гўям ба саволи Шумо, зеро аслан аз њамин гуна гапњо дарак надорам ва шояд аз Додољон пурсидан даркор аст, ки ин гапро аз куљо гирифтаасту дар ВАО, дар интернету Фейсбук навиштааст. Аслан ин дуруѓи мањз аст. Ман намефањмам, ки чаро Додољон номи маро овардааст, чї њадаф дорад. Њамчун одами низомї ман њам пурсиданї њастам, ки ба ин дурўѓгўї як рўзноманигор чї зарурат дошта бошад. - Додољон Атоуллоев мегўяд, ки барои ин изњороташ манбаъи мувасаќ дорад. Агар рў ба рў бо ў нишинед, исбот карда метавонед, ки изњороти ў воќеият надорад? - Сад дар сад. Аслан њамчун љавонмард аз пас гап занаднро ќабул надорам. Мехоњам бо Додољон рў ба рў сўњбат кунам. Хоњад дар Амрико, хоњад дар Германия, њар куљое хоњад, ман омодаам, ки худам равам ва бо ў бањс кунам. Ман аз чизе тарс надорам ва дилам аз худам пур аст. Ман дар паси худ ягон ѓаждиро намебинам ва худамро гунањкор намењисобам. - Ба назари Шумо, чаро "Ватан-

"Њаќќи касеро Вокуниши генерал-майор Абдуњалим Назаров тайёр. Ба Шоњ занг задам, ки куљое набошї, тавонї биё, шинем. Шоњ гуфт, ки дар корхонаи Мањмадрўзї њастанд ва њанўз хўроки чошт нахўрдаанд. Њамакаса омаданд. - Яъне танњо Искандаров набуд? - Ман умуман бо Искандаров гап њам назадам ва даъват њам накардаам. Ман бо Шоњ гап задам. Мањмадрўзї њамроњи Шоњ омад. Онњо омаданд. Хонаам дар ошиёнаи панљум буд. Нишаста будем, ки як бача омада, гуфт, ки як мошин омаду милисањо баромаданд ва бачањои Мањмадрўзиро бурданд. - Он љо ба ѓайр аз муњофизони Искандаров, муњофизони Шоњ њам буданд? - Он рўз кињо буданд, куљо буданд, чї кор карданд, дар хотирам нест. Аммо ваќти омадани мо дар поён бачањо якљо буданд. Пўшида нест, ки то солњои 2003 дар гирди хонаи Салламу Мањмадрўзиву Шоњ дар њар куљое бошад, дар хонаи ман њам дањ - понздањ њозирбош њамаваќт буданд. Аммо аз соли 2003 теъдоди онњо кам шуда буд. Нафарони ман гоњ буданд, гоњ набуданд. Мисли пешина набуд, ки нафари бисёр њамроњамон бошанд. Њамроњи Мањмадрўзї, хато накунам, се нафар буд. Њамон рўз ваќте фањмидем, ки нафарони Мањмадрўзиро бурданд, худи ў занг зада фањмид, ки онњоро управленияи шањрї бурданд. - Баъд рўшан шуд, ки барои чї онњоро бурда будаанд? - Мањмадрўзї бо сардори раёсати шањрї сўњбат кард. Вай аз он љо гуфт, ки бояд худат њам биёї. Як - ду нафарро равон кард ва Мањмадрўзиро бурданд. - Сарвари раёсати шањрї он замон кї буд? - Изатулло Шарипов. Кормандонаш омаданд ва ба Мањмадрўзї гуфтанд, ки бояд њамроњи мо равед ва аз шумо як - ду чизро мепурсанд. Мањмадрўзї хест ва мо њам гуфтем, ки бо ў меравем. Ману Шоњ њам равон шудем. Онњо пешопеш ва мо аз ќафо рафтем. Ваќте раёсат омадем, дигар Мањмадрўзиро надидем. Дар раёсат бо мо Саллам-

шоњ Муњаббатов пайваст ва пас аз машварат ўву Шоњ пеши худорањматии Њумдин Шарипов, вазири онваќтаи корњои дохилї даромаданд ва бо кўмаки ў соати сеи шаб Мањмадрўзиро љавоб доданд. Онњо њамагї хеста, ба хонаи ман омаданд. - Сабаби ба милиса бурдани нафарони Искандаров чї буд? - Ваќте пурсидем, Мањмадрўзї гуфт, ки сабаб ѓайриќонунї нигоњ доштани силоњ ва бо худ гардонидани он будааст. Силоњњое, ки нафарони Мањмадрўзї бо худ мегардонанд, ѓайриќонунї будаанд. Воќеан ваќте ў сардори Кумитаи њолатњои фавќулодда, генерал - майор буд, бо имзои худ ба нафаронаш иљозат додааст, ки бо худ силоњ гардонанд. Дар раёсат гуфтаанд, ки он ваќт ту вазир будї, њоло не. Аз ин хотир, доштани силоњ ѓайриќонунї аст. Нафаронаш навиштаанд, ки силоњ ва иљозатномаро Мањмадрўзї додааст ва ўро њам гунањкор карда, нигоњ доштаанд. - Љаноби Назаров, чанд рўз пеш љунбиши "Ватандор" бо сарварии Додољони Атоулло як изњорот пахш кард. Дар он гуфта мешавад, ки њукумати Тољикистон бар зидди шахсиятњои маъруфи мухолифи њукумат як амалиёти вижаеро пиёда мекунад ва бар асоси ин амалиёт гўё Шумо аз њукумат 1 миллион доллар мегиреду онњоро, ба шумули Додољон Атовулооев аз байн мебардо-

дор" ягон каси дигарро неву мањз номи Шуморо овардааст? - Њамин саволро ман њам мехоњам аз Додољон пурсам, ки чї далел дорад ва чаро мањз ба ман часпидааст. Ман њолати ўро дар назар гирифта, њељ чиз намегўям, ба хотири он, ки ўро дар Маскав корд зада буданду ў аз чизе метарсад. Як хабаре шунидаасту дурўѓу рост будани онро тањлил накарда, аз тарси љон изњорот додааст, инро њам мефањмам. Аммо аз худи ў бояд бипурсем, ки ваќте гап мезанад, нисбати чанд нафар тўњмат мекунад, бояд ба њарфи худ љавоб гўяд. Чаро дар бораи чандин нафар мегўяду фаќат номи худро меорад? Дигарон кињо њастанд? Маълум аст, ки ў аз чизе тарсидаасту њоло намедонад чї мегўяд. Марњамат, њар љое гўяд, меравам ва бањс мекунам. Як чизи дигарро махсус таъкид мекунам. Ваќте навиштањои Додољонро дар Фейсбук дидам, гиребон гирифтам. Пеш мегуфтанд, ки мо - фармондењњо одамони бадгуфтору баддањон њастем, аммо њељ тасаввур намекардам, ки як рўзноманигор ин ќадар беадаб мешудааст. Ростї, њарфњоеро, ки ў дар њаќќи ман навиштааст ва маро њар чї гуфтааст, ман аз гуфтан шарм мекунам. - Шумо Додољон Атовулоевро мешиносед? - Ўро аз соли 1992 мешиносам. Наздиктар мешинохтагиам њамон сол буд, ки њамроњ њаљ рафтем. Охирин

МАЪЛУМОТИ «НИГОЊ»: Абдуњалим Назаров соли 1964 дар кўчаи Ќаротегини шањри Душанбе дар оилаи ронанда таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби №63 - и Душанбе аст. Соли 1992 пас аз оѓози љанги шањрвандї ба сафи ИНОТ ворид шуд. Дар дараи Ромит фармондењи як гурўњи муљоњидин буд, аммо ба сабаби маризии дил барои муолиља ба Ќазоќистон рафт. Пас аз имзои Созишномаи сулњ дар соли 1997 бо пешнињоди Саид Абдуллоњи Нурї, рањбари ИНОТ фармондењи баталёни 25 - и вазорати дифоъ таъйин шуд ва рутбаи полковникї гирифт. Соли 2005 Академияи низомии Фрунзе дар Маскав ва соли 2009 факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм кард. Соли 2006 - муовини фармондењи ќуввањои хушкигард таъин шуд ва аз соли 2007 то ба имрўз сардори Раёсати хадамоти ќушун ва бехатарии вазорати дифоъ аст. Соњиби 5 фарзанд.


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

9

Бо Алии Бедакї, дар хонаи Мирзохўља, агар бовар накунед, рафта аз Мирзохуља пурсед, њоло зинда аст, ки ман бо Алии Бедакї чї хел њарф зада будам.

маротиба 6 сол пеш дида будам. - Байни ду сўњбате, ки шуд, яке, сўњбати Искандаров ва дигарї, изњороти Атовуллоев, шумо ягон робитае мебинед? Бинед, якбора ду маротиба дар бораи шумо тайи як моњ сўњбат мешавад. Шояд ягон гап њаст? - Агар воќеияташро гўям, ман њатто дар ин бора фикр њам накардаам. Аслан намедонам, ки ин ду ба њамдигар чї рабте дошта метавонанд. Агар ин ду ба њам иртибот њам дошта бошанд, ман њатто намедонам, ки чї њадаф доранд, чї маќсад доранд. Ва агар ин њар ду изњорот агар робита њам дошта бошанд, пас ин љо як гурўње њаст, ки амалеро тарњрезї карданї њастанд. Инро бояд аз Додољон пурсему аз Мањмадрўзї... Дар ин бора ягон чиз ба сарам намеояд, дар ин бора чизе гуфта њам наметавонам. Баъзе гапњо пайдо мешаванд. Як њодисаи чанд соли пеш њам ба ёдам омад. Чанд сол пеш як гуфтаи Додољонро дар Маскав ба ман расонданд. Гўё вай гуфтааст, ки ба Њољї Њалим пули калон додаанд, барои он ки бачањое, ки собиќ муљоњид буданд, намонад, то ки зидди њукумат якљоя шаванд. Як маротиба миёни бачањо ин хел њарф зада буд. Як гуруњ аз Маскав назди ман омаданд, ки њамин хел аст. Ман фаќат хандидам. Њамон ваќт њам

њамаи онро супурдам. Аз соли 1997 дар рафторе, ки ман аз давраи омаданам ба Душанбе кардам, аз рўи ќонун нуктае наёфтанд, ки хилофи ќонун бошад. Натавонистанд, гўянд, ки фалон рафтори ту ѓайриќонунї аст, ту бояд барои ин рафтори кардаат, бояд назди ќонун љавоб дињї. Њар кас барои рафтори худаш, барои амали кардааш бояд худаш љавоб дињад. Вай Мирзо зиё аст, мулло Абдулло аст, ё Рањмон Сангинов аст. Њар кадоми онњо барои корњои кардаи худашон љавоб доданд. Имрўз агар маро бо Рањмон, бо Мансур, ё мулло Абдулло, муќоиса кардан мехоњанд, бояд аз мардуми њамон минтаќањо пурсанд, ки онњо кї буданду Њољї Њалим кї аст. Ин гапе, ки шумо мегўед, љомеа мепурсад, мардуми оддї намегўяд. Ман миёни мардум бисёр мегардам ва хуб медонам. Пўшида нест, ки ман бо њамаи ќумондонњо, чї Мулло Абдулло ва чї Ќорї Восит ва дигарон, ба истилоњ баланд гап мезадам. Бо Мулло Абдулло рафта, дар дараи Њакимї, дар љое, ки тамоми муљоњидонаш њамроњаш буд, рафта баланд гап задам. Гуфтам, ки кораш нодуруст аст. Бо Алии Бедакї, дар хонаи Мирзохўља, агар бовар накунед, рафта аз Мирзохуља пурсед, њоло зинда аст, ки ман бо Алии Бедакї чї хел њарф зада будам. Пеш аз њамон њодисањо. Аз њамаи бачањое, ки имрўз

оро аз њамонњо метавонед пурсед, онњо зиндаанд. Њамон љо гуфтанд, ки "овози Њољї Њалим њабс мешавад", яъне ба ман иљозати гап надоданд, зеро мегуфтанд, ки ман бо Мансуру Рањмон мухолифат доштам. Гуфтанд, иштирок кун, аммо гап назан. Гуфтам, хуб. Раис худорањматї Њабиб Сангинов буд. Машварат карданд, ки ќумондон Ќосимљон гап занад. Њама љамъ шуданду Ќосимљон, ки мулло буд ба сухан шурўъ кард, аммо ягон гапи руйрост ба Мансур нагуфт. Амри маъруф мекард ва ин тоќати маро тоќ кард. Аз љоям хестам ва гуфтам, ки ваќте Мансур мегўяд, ин минтаќаи ўст, бояд љавобашро дињад. Ва агар сањар то соати 8 - и субњ ќотилонро ба давлат насупорад, бигзор, сангар гирад. Ман бо ў љанг мекунам. Ин суханони маро Мулло Умар ва Љунайдуллоњ дастгирї карданд. Мансур пагоњи рўзи дигар соати 8. 30 ќотилонро ба ихтиёри давлат супорид. Ман чї гуфтаниам? Њар фармондење, ки бад кард, ба мардум зулм расонд, љазояшро дид. Ман, Худоро шукр, коре зидди давлату шариат накардам. Ин сирри дар сари кор мондани ман аст. - Шумо, тавре гуфтем, он ќадар фармондењи машњур набудед. Чаро мањз Шуморо фармондењи баталёни 25, ки аз мухолифини њукумат иборат буд, интихоб карданд?

нахўрдаам" ба иддиоњои Додољон Атовуллоев ва М. Искандаров аз чанд милион гап зада буд. Додољон чї хел "каттазан"-е њаст, ки фаќат аз милион боло гап мезанад. Аз худаш бояд пурсид. - Чун дар бораи собиќ муљоњидон суњбат рафт, дар љомеа њам савол медињанд, дар бораи шахсияти шумо ва шахсияти Шоњ Искандаров. Чї тур шуд, ки масалан, собиќ фармондењони муљоњидин - Мирзо Зиёев, Рањмон Гитлеру Мулло Абдуллою дигарон, ки дар замони љанги шањрвандї аз шумо машњуртар буданд, куштаву зиндонї шуданду аммо шумо бо њукумат њамкорї карда, худро нигоњ дошта тавонистед? Њатто ба мартабаи генерал-майор расидед. Чї хизматњое ба њукумат кардед, ё чї? - Соли 1997-ро агар ба ёд биёрем. Бо пешнињоди худорањматї устод Саидабдуллоњи Нурї, командири баталйони 25 шавам. Ва рутбаи полковникї њам ки аз тарафи вазири мудофиа ба ман доданд, бо пешнињоди Устод шудааст. Ваќте Устод ба мо амр кард, ки мо сулњ кардаем, њамин сулњ моро водор кард, ки силоњро супорем. Ваќте гуфтанд, сулњ шуд, силоњро супоред, мо силоњамонро супоридем. Ваќте ман дар шањри Душанбе бо 5 - 6 мошини сиёњшиша мегаштам, ќонун бароварданд, ки бо мошини сиёњшиша гаштан мумкин нест, ѓайриќонунї аст. Ман яке аз аввалинњо шуда, шишањои мошинамро пок кардам. Телевизион омад, баталйони 25, дар шоњидии њамонњо ман плёнкањои сиёњро аз мошинњоям кандам. Гуфтам, агар ин ѓайриќонунї аст, ман аз њамин рўз ба ин ќонун итоат мекунам. Њамон ваќт аз ман пурсида буданд, ки њамчун ќумондон чї орзу доред ва ман гуфта будам, ки орзуи ягонаи ман ин аст, ки дар шањри Душанбе бе њозирбошу бе силоњ гашта тавонам, бо бачаи худам, бо набераи худам озодона бесилоњу бењозирбош гардам. Ваќте созишномаи сулњ имзо шуд, ваќте гуфтанд, ки сулњ шуду мо бояд силоњњоямонро супорем, ман њамаи он силоњњое, ки аз њар куљо љамъ карда будам, дар баталйони 25, зиёда аз 500 силоњи оташфишону гуногун,

«БА ХИДМАТ ОМАДААМ!» хизмат кунї". Ман њам розї нашудам. Гуфтам, аз падарам бояд пурсам. Падари ман бисёр азоб кашида буд. Солњои аввали љанги дохилї ўро бурда, латукўб намуда, сару дастонашро шикаста буданд. Шаш моњ гашта наметавонист. Ба њамин хотир, бањона кардам, ки аз падар пурсам ва падарам "не"гўяду, ман њам гўям, ки падарам дуо надод ва ин масъулиятро ба дўш нагирам. Падарам дар Љамбули Ќазоќистон буд. Ман њам Љанбул рафтам. Ваќте назди падар омадам ва гапро гуфтам, бо ашки чашм дар рухсорањо мижа назада, гуфт, ки: "Ту ба дўш нагирї, кї

УНВОНИ ГЕНЕРАЛ-МАЙОР ТАЌДИМ МЕШАВАД зинда њастанд, рафта пурсед, ки ман бо Мирзо Зиё чї хел гап мезадам. Барои ман фарќ надошту надорад, ки кадоме ќамондон аст, ё каси дигар. Кадоме аз онњо, ки баъди созишномаи сулњ кори ѓайриќонунї кард, ман рафта, сўњбат кардаам. Имрўз судя нестам, ки онњоро њукм кунам, ки фалонї ин корро кард, бењмадонї он корро кард. Агар воќеиятро гирем, њастанд бачањое, ки бегуноњ њабс шудаанд, аммо онњо аксарият нестанд. Бисёрии онњо бегуноњ њабс нашудаанд. Масалан, Мансур Муаккалов, дар њар куљое мешиштем, мегуфт, ки ман минтаќа дорам, аз Водонасос то Ромит минтаќаи мо аст. Як рўз моро ба њукумат даъват карда гуфтанд, ки дар Роњатї як оиларо пурра аз кўдаки гањвора то калони хона ќатл кардаанд. Комиссия ташкил кардланд. Рафтем автоколоннаи 29, наздики шањри Вањдат. Намояндаи прокуратура, ВКД, Њабиб Сангинов аз комиссияи Оштии миллї, њамаи ќумондонњо љамъ шуданд. Саллам, Мањмадрузї, Њакими Фотењ ва дигар фармондењони мухолифин њамон љо љамъ шудем. Ин гапњ-

- Ин интихоби ман набуд. Он замон ман бо бародаронам дар Ќазоќистон тиљорат мекардем. Як рўз худорањматї Устод Саид Абдуллоњи Нурї занг зада, аз ман хоњиш карданд, ки ба Тењрон оям. Рафтам. Маро Устод Тўраљонзода ва як нафари дигар бо номи Муњаммадї, ки баъдтар муовини ман дар баталёни 25 буд, ба назди Устод бурданд. Гуфтанд, ки нафарони хоњишманд барои командирии баталйони 25 зиёданд, аммо ман ба хулосае омадам, ки худат бояд командир шавї. Ба хотири он, ки бачаи шањр њастї. Ин бачањои дигар, ки дар кўњњо гаштаанд, шароити шањрро намедонанд, шояд дар рафти сулњ ягон халал ворид кунанд. Шоњидони ин сањна њама њастанд, метавонед пурсед. Хуб, Њољї Акбар Тўраљонзода тарафи ман нигоњ карданд, ман сар љунбондам, ки розї нестам. Ќозї - домулло тарафи Устод гуфт, ки: "Њољї намехоњад-ку..." Аввал Устод як ќадар суст шуданд, вале баъд гуфтанд: "Њољї, мо аз ту напурсидем, ки ту командири баталйон мешавї, ё намешавї. Ин масъулият аст дар дўши ту. Ќабул мекунї, барои миллат, бояд

ба дўш мегирад? Кї ѓами мардумро, ѓами сулњро бояд имрўз хўрад? Њамон лањза дуо дода, гуфт: "Рав аз паси кор шав!" Ваќте омадам, ин љо аллакай масъалањо њал ва њуљљатњо тахт шуда буданд. Бачањои баталйони 25 њам омада буданд. Њамон ваќт бисёрињо бо истењзо мегуфтанд, ки "як сникерсхўри Маскавро ба мо командир мондаанд". Лекин бо гузаштани ваќт, њамаашон аз гапњои гуфтаашон пушаймон шуданд. Ваќте шинохтанд, фањмиданд, ки хато мекардаанд. Хеле сахтгир будам. Њар касе ќонуншиканї ё мардумозорї мекард, сахт муљозот мекард. 150 нафарро рондам. Алњамдулиллоњ, нияти мо холис буд, ё кори мо хости Худо буд, ки ба ин рўз омадем. Рутбаи генералиро њам зуд нагирифтаам. Рутбаро нафарони алоњида мегиранд, ки худро аз ин ё он љињат дар лањзањои њассос нишон додаанд. Масалан, Мањмадрўзї омад, раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда шуд, генерал-майориро гирифт. Ё Мирзо Зиёев, вазир шуд, ба ў рутбаи генералї доданд. Соли 1997 ба ман њам рутбаи

полковникї дода буданд. Пас аз хатми Академияи низомии Фрунзе дар Маскав ва 6 соли кор дар вазорати дифоъ рутбаи генералиро соњиб шудам. Лекин њастанд одамоне, ки ду - се сол кор карда, генерал шудаанд. - Фикр намекунед, ки рўзе мерасаду сарнавишти Шумо њам ба мисли фармондењони собиќ давр мехўрад? Ин нигарониро њам доред? - Агар бародароне бошанд, ки тўњматат кунанд, дўстоне бошанд, ки туро фурўшанд, њар кор имкон дорад. Ин зиндагї аст, њарчї мешавад. Аммо мутмаинан як чї мегўям, ки агар бо тўњмат маро нагиранд, бо рост маро муттањам карда наметавонанд. Шукри Худо, ман ќонунњои Худову давлатро риоя мекунам, дилам ба покии худам пур аст. Аз Худо метарсам ва љинояте дар њаќќи инсонњо накардаам. Њар чї кардам, ба нафъи давлату мардумам буд. "Бар сари фарзанди одам њар чї ояд, бигзарад". Омодаам њар чї, ки таќдир ба ман насиб мебинад, тањаммул кунам, зеро аз таќдир љои гурез нест. - Бо роњбарони собиќи ИНОТ ва фармондењоне, ки њастанд, чї гуна муносибат доред? Бо онњо равуо мекунед? - Гуфта наметавонам, ки бо касе муносибати бад дорам, баръакс, муносибатам бо њама хуб аст. Њам бо фармондењони собиќ ва њам њукуматї, ки дар доираи масъулияти худ муштарак бо онњо барои оромиву суботи кишварамон кору фаъолият мекунем. Бо ягон нафар ва њатто ба ягон инсони оддї њам душманї надорам. Аммо инсон њамин тавр аст, ки ба касе эњтироми бештар ќоил аст, ба касе камтар. Аз ин, ки ба касе эњтироми камтар дорам, ў сазовори ин аст. Акнун дар дили ман аст, ки ман ба кињо бештар ва ба кињо кам эњтиром дорам. Инро гуфта наметавонам. - Мегўянд, ки шумо сарватманд њастед. Оё ин дуруст аст? - Ман пеш аз ин њодисањо бо тиљорат машѓул будам. Солњои шўравї мошини шахсї доштам. Дери дер дар як сол мошинамро иваз мекардам. Алњамдулиллоњ, соњиби гап будем, пулу шароит њам доштем. Њозир њам, агар ман чизе дошта бошам, аз як чиз дилам пур аст, ки њаќќи ягон касро нахўрдаам, мол ё мошини ягон касро нагирифтам, ягон одамро "ту" нагуфтаам. Як одамро аз Тољикистон ёфта биёред, ки гўяд, Њољї Њалим аз командирї истифода бурд, маро як шапалоќ зад, ё дашном дод. Ман аз Худо метарсам, дигар аз касе наметарсам. Ман аз њисоби командири соњиби ягон чиз нашудаам. Ба шумо гуфтам, то он ваќте, ки маро оварда, командир монданд, њамроњи бародарам аз Ќазоќистон ба Тољикистон бо ќаторањо орд мефиристодем. Соњиби маблаѓ будем.


10

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Дигар "услуби гитлерї", њатто дар дохили оилањо, ба кор намеравад. Аз ањли оила шурўъ карда, то тамоми табаќањои љамъият, бояд аз услуби гуманистї (инсонпарварона) истифода бурда шавад.

Дер боз масъалае фикри ин љонибро ба худ љалб кардааст. Сарчашмаи асосии мушкилоти миллати мо дар куљост? Чаро мо таќрибан дар тамоми пањлуњои њаётамон чандон муваффаќ нестем? Аз њаёти оилавї гирифта, то њаёти иљтимоиву иќтисодиву сиёсї то зери гулў гирифторињо дорем. Шояд сабабгори ин гирифторињо оммаи мардум бошанд? Ё ин ки шояд роњбарони сиёсиву иќтисодиву иљтимоиву динї гунањкоранд? Не, шояд њарду тараф, миллат ва роњбарият, гунањкоранд? Хулоса, фикр мекардам, ки "айб дар ош аст, ё дар мош"? Агар ба њаёти оилавиамон назар кунем, ѓарќи мушкилот њастем. Њамарўза шумораи хонавайронињо дар љомеа зиёд гашта истодааст, фарзандон чандон тарбияи хуб надоранд, хархашањои оилавї ва ќатъи робитаи хешу таборї то андозае зиёд гаштааст. Дар баробари ин макотиби миёна ва олї рафта-рафта боварии тарбиявии худро аз даст дода, донишомўзон аз нигоњи маърифатнокї ва ахлоќї дар пояи хеле пойин ќарор доранд, дар шабакањои иљтимої мисли Ютуб навори бешармии љавондухтарони мактаби ибтидоии миллати тољик, ки ба ќавле 99% мусалмон њастанд, нашр мешавад. Аз нигоњи иќтисодї бошад, ба фикрам, вазъи зиндагии мардум ба њама маълум асту љойи бањс нест. Њамин масъалаи муњољирати мењнатї ба кишвари Русия, ки њамватанони мо њамасола бо сахттарин роњњо ва тањќиру ѓурбатњо ќути лоямуташро аз он љо ба даст меорад, барои исботи вазъи бади иќтисодии мо кифоя аст. Мардуми кишвар дар масоили динї њам чандон осудањол нестанд. Њатто кор то љое омада расид, ки баъзе аз "муллоњо" зиёдшавии масљидро дар љомеа боиси парокандагї унвон карданд. Ба ќавли мардум: "Намурдему ин рўзњоро њам дидем", ки "муллоњо" зиёдшавии масљидро боиси парокандагї мењисобанд. Иќболи Лоњурї гуфта аст: Дини кофир фикру тадбири љињод, Дини "мулло" фи сабилиллоњ фасод. Дар њоле, ки табаќаи рўњонияти расмї бояд њам дар назди Худованд ва њам дар назди миллати мусалмон масъулияташро эњсос намояд, фазои

Аз роњбари сунъї то роњбари њаќиќї озоди диниро барои мардум фароњам биёрад, дар тамоми масоили иљтимоии мардум китф ба китфи онњо истода, машварат дињад, роњнамої кунад, ѓамхорї зоњир намояд. Инчунин аз нигоњи сиёсї бо мушкилоти зиёд рў ба рў њастем. Аз як тараф Амрико, аз тарафи дигар Русияву дигарњо... Баъд аз андешаи зиёд ба хулосае омадам, ки сабаби калидї дар заъиф будани идораи љамъият нуњуфта аст.

Роњбарии дирўзу имрўз Шояд солњои пештар роњбарии мардум чандон душвор набуд, идораи онњо бо њар роњ имконпазир буд. Аз ин рў, баъзењо аз "услуби гитлерї" истифода карда, мардумро бо "зарби калтак" идора мекарданд. Вале имрўз чунин навъи идора ва роњбарї имконнопазир аст. Мардум њаќќашро талаб мекунад, танќид мекунад, дарди дилашро ошкор месозад. Агар аз воситањои расмї њам дардашро гуфтан натавонад, тариќи воситањои ѓайрирасмї, мисли шабакањои иљтимої, фарёд мезанад. Аз тарафи дигар имрўз тарзи роњбарї њамчун як фан эътироф гаштааст. Онро меомўзанд, тамрин мекунанд, дар атрофи он асарњо таълиф менамоянд. Зеро ободии љамъият дар дасти роњбарият аст. Имрўз барои тамоми роњбарон, сарфи назар аз навъияти он, њатто аз роњбари синф

сар карда, то болотарин дараљањои роњбарї, лозим аст, ки тарзи роњбарии мардумро омўзанд, то бо ин восита мардумро идора кардан тавонанд. Дигар "услуби гитлерї", њатто дар дохили оилањо, ба кор намеравад. Аз ањли оила шурўъ карда, то тамоми табаќањои љамъият, бояд аз услуби гуманистї (инсонпарварона) истифода бурда шавад.

Аз роњбари демократ то автократ Вобаста ба таърифи роњбарият донишмандон таърифоти гуногун доранд, вале дар маљмўъ ин истилоњот бо њам наздик аст. Масалан, доктор Абдулфаттоњ Њусайн Диёб дар китобаш "Роњбарияти фаъол" чунин навиштааст: "Роњбарият, хусусияти фитрие аст, ки дар асоси он шахси роњбар ќудрати таъсир расонидан дар маљмўи зердастонашро пайдо мекунад." Ниг: Њамон манбаъ; 1/1 Вале баъзе аз мутахассисон ба чунин андешаанд, ки ќисмати ками сифати роњбарият фитрї аст, вале ќисмати асосии онро касбият ташкил мекунад ва мафњуми он дар маљмўъ чунин аст: "Роњбарият ќадрат доштан барои ба њаракат даровардани мардум ба сўйи як њадафи муайян аст." Инчунин роњбар ба якчанд синф људо мешавад, ки бо муносибати ин бањс ду синфи онро инљо зикр мекунем.

Эълон " Позитив Продакшн такдим мекунад: Нахустнамоиши филми чадиди сол "Журналист". Дар тахияи коргардон Аъзами Розик ва аз рўи асари Хуршеди Атовулло "Марги журналист". Танхо як рўз. Зиндагиномаи журналистон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ: Ба ёди онњое ки дар роњи њаќиќат мурдаанд - Ба ёди онњое ки ба њасрати дидори фарзанд љон додаанд. Барои онњое ки умре дар талоши њаќиќат ва адолат њастанд Филми њунарии "Журналист". Бо ширкати њунармандони маъруфи тољик Ќурбони Собир, Давлат Убайдулло, Нозим Мелик, Моњпайкар Ёрова ва дигарон. 19 уми январ, Кохи Љомї, соати 14:00. Телефонњо барои тамос: 93-588-07-91 988-82-22-19.

Роњбари демократ (Democratic Leadership)- роњбаре аст, ки иљрои баъзе аз ќудратњояшро ба зердастонаш њавола месозад. Имтиёзи ин навъи роњбарият дар он аст, ки миёни зердастонаш фазои њамкориро фароњам меорад ва дар њама кор якљо бо онњо ќарор мегирад, кўшиш мекунад, то эњтиёљоти зердастонро амалї намояд. Ниг: Њамон манбаъ; 1/4 Роњбари автократ (Autoсratic Leadership)-роњбаре аст, ки ќудрати расмиро бозичаи дасташ ќарор дода, бо сўистифода аз он њукумат меронад, болоизердастонаш барои иљро намудани амали муайян ба таври иљборї фишор меорад, дар тамоми ќаророт раъйи худашро пеш бурда худкомавор рафтор мекунад, ба ќудрату мањорати зердастонаш аслан бовар надорад ва аз имконияти онњо истифода намебарад. Ниг: Њамон манбаъ; 1/5

Роњбари муваффаќ кист??? "На њарки сар битарошад, ќаландарї донад" - мегўяд Њофизи Шерозї. Роњбарият њунар аст, аз идораи хона сар карда, то идораи раият кори чандон сањл нест, балки аз шахси роњбар талош, дониш, њикмат ва ѓамхорї мехоњад. Имрўз агар аз роњбарон пурсида шавад, ки чаро љомеаи мо таќрибан аз њама љониб рў ба таназзул овардааст? Њатман дар љавоб зердастонро гунањкор мењисобанд. Падарон фарзандонро, шавњарон њамсаронашон-

ро, роњбарони макотибу маориф бошад донишљўёнро, рўњониёни расмї "зиёдшавии масљидро", сиёсатмадороне, ки дар курсии боло нишастаанд, худи раиятро гунањкор мењисобанд. Мо мехоњем бо њар бањона аз тањаммули ин љавобгарї фирор кунем. Дар њоле, ки роњбарият дар ислоњ ва харобии љомеа наќши калидї мебозад. Сифоти роњбари муваффаќ ба таври зерин аст: Якум - амонатдорї ва садоќат. Роњбари њаќиќї бояд болои тамоми гуфтањояш амалан муњри исбот гузорад, нисбат ба масъулияташ хиёнат накунад, барои мардум ваъдаи аз осмон ситора оварданро надињад, балки воќеияти мављударо нигоњ карда, дар фикри амалї кардани гуфтањояш бошад. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки роњбарон дар ибтидо барои касби овозу ном ба мардум ваъдањои осмонї медињанд, вале њамин ки ба курсї нишастанд, дигар њамаро фаромўш мекунанд. Дуюм - возењ будани маќсадњои дар пеш гузоштааш. Роњбари муваффаќ бояд ба мардум тамоми наќшањои дар пеш гузоштаашро возењу равшан баён намояд. Дар бисёр њолатњо чунин ба назар мерасад, ки роњбарон чї хостанашонро намедонанд. Баъзан бетафовутии мардум нисбат ба масоили мубрами сиёсии кишвар ба њамин сабаб вобастагї дорад. Барояшон бисёре аз корњои роњбарият ба чистон монандї дорад. Ба њаракат даровардани атрофиён сифати сеюми роњбари муваффаќ дониста мешавад. Бояд ќудрати онро дошта бошад, ки атрофиёнро ба худ љазб намояд, дар вуљуди онњо таъсир гузорад, барои амалї кунонидани маќсадњои дар пеш гузоштааш онњоро ба њаракат дарорад. Шоистаи роњбарї будан яке дигар аз сифоти лозимї дониста мешавад. Дар ривояти сањењ аз Паёмбар (с) чунин ворид шуда аст, ки агар коре дар ихтиёри шахсони ноањл супорида шавад, мунтазири ќиёмат бош. Ривояти Муслим.

Ба љойи охирсухан Хулоса, љамъият аз фард ва оилањо ташкил меёбад. Ислоњи љомеа ба салоњи њар як шахс вобаста аст. Агар воќеан њам роњбарони оилаву мактабу маориф ва аз он болотар роњбарони сиёсї дар фикри ободии љамъият ва пешгирии њамагуна нофањмињо бошанд, бояд тарзи дурусти идораи зердастонашонро омўзанд, мушкилотро бо роњи гуфтугў ва машварати њамаљониба њал намоянд. Дар акси њол, дар ин рўзњои наздик ба пой хестани мо хеле душвор аст.

Абдуллоњ ОЌИЛЗОДА


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

11

Биноњои баландошёнаи истиќоматии шањри Хуљанд солњои 1952 то 1994 сохта, ба истифода дода шудаанд, ки бисёрии бомњои хонањои истиќоматї бо гузаштани солњо фарсуда гардида, таъмирталаб гаштаанд.

Корхонаи воњиди давлатии коммуналии "Сарраёсати ободонї ва хољагии манзилию коммуналї"-и шањри Хуљанд дар иртибот ба талаботи Фармоиши Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7 феврали соли 2009 тањти № 662 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбории омма" дар ислоњи камбудињои дар маќолањои танќидї, арзу шикояти ањолї ва маводњои тањлилии матбуот љойдошта тадбирњои мушаххас меандешад. Маводи танќидию тањлилие, ки дар рўзномаи "Нигоњ" бо сарлавњаи "Биноњои обод гаштанд хароб!", дарљ гардида буд, дар машварати техникии сарраёсат бо иштироки раисони корхонањои зерсохтор ва шўъбањои дахлдор мавриди муњокима ва хулосабардорї ќарор дода шуд. Иттилоъ медињем, ки КВДК "Сарраёсати ободонї ва хољагии манзилию коммуналї"-и шањри Хуљанд бо корхонаю муассисањои зерсохтори худ дар соли равон бањри сазовор пешвоз гирифтани љашн дар бораи эълон гардидани 360 рўзи ободонї ва бунёдкорї бахшида ба 20-солагии Иљлосияи XVI-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон њамроњ шуда, ташаббуси роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљандро бањри тозагию ободонї, бунёдкорї, кабудизоркунию гулзоркунї ва сари ваќт гузаронидани корњои таъмирии биноњои баландошёнаи истиќоматї корњои назаррасро ба иљро расонид. Зикр бояд кард, ки корхонањои давлатии "Истифодабарии манзил"и соњили чап ва рости шањри Хуљанд худмаблаѓгузор буда, дар зертобеъи худ ќитъањои истифодабарии манзил, умури маркази диспечерї ва ќитъаи таъмири сохтмонї барои гузаронидани корњои таъмирии ќубурњои обу ташноб, ноќили барќии 0,4 квт, ќуттињои барќї, таъмири лифт, таъмири бом, таъмири даромадгоњњо, рубўчин ва тоза намудани атрофи биноњои истиќоматї фаъолият менамоянд. Нархномаи арзиши аслии хизматрасонии корхонањои давлатии "Истифодабарои манзил"-и соњили чап ва рости шањри Хуљанд, ки бо Раёсати Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд мувофиќа карда шудааст, барои хизматрасонии техникии фонди манзил дар соњили рост барои 1м2 масоњати умумї 0,21 дирамро ташкил медињад ва хизматрасонињои корхона бо истиќоматкунандагон дар асоси шартнома ба роњ монда шудааст. Ќайд карданием, ки даромади асосии корхона ин маблаѓи хизматрасонии техникии биноњои истиќоматї ба њисоб меравад. Дар мувозинаи корхонаи мазкур 296 бинои баландошёнаи истиќоматї мављуд мебошад, ки 97,3%-и њуљрањои онњо хусусї гардонида шудааст. Биноњои баландошёнаи истиќоматии шањри Хуљанд солњои 1952 то 1994 сохта, ба истифода дода шудаанд, ки бисёрии бомњои хонањои истиќоматї бо гузаштани солњо фарсуда гардида, таъмирталаб гаштаанд. Корхонаи давлатии "Истифодабарои манзил"-и соњили рости шањри Хуљанд аз имкониятњои вуљуддошта истифода бурда, то санаи 1 ноябри соли 2012 дар як ќатор биноњои истиќоматї корњои таъмирию тармимиро аз њисоби маблаѓњои хизматрасонии техникї ба иљро расонид. Дар соли равон таъмири бомњои хонањои баландошёна ба масоњати 7780м2 ба наќша гирифта шуда, иљроиш 10480м2-ро ташкил медињад. Њамаи ин раќа-

Вокуниш ба маќолаи "Биноњои обод гаштанд хароб!" ("Нигоњ", №33, 7 ноябри соли 2012)

мњои овардашуда аз тарафи корхонаи мазкур санадњои иљроиши корњо бо нишондоди суроѓањо ва њуљљатњои тасдиќкунанда вуљуд доранд. Суроѓањое, ки дар маќолаи танќидї дарљ гардидаанд, аз тарафи мутахасисони соња дар љояш дида баромада шуданд. Дар натиља маълум гардид, ки истиќоматкунандаи мањаллаи 3, бинои 12, њуљраи 69 (дар маќола њуљраи 68 чоп шудааст) Урунова Гулсара гўё аз соли 2008 то инљониб аз шоридани борон аз болои бом шикоят мекунад, ки ин нодуруст мебошад. Аз суханронии Урунова Гулсара маълум гардид, ки гўё ба назди он кас як шахс омада гуфтааст, ки ў хабарнигор мебошад ва ба газета маќола чоп менамояд. Дар ваќти сўњбат Урунова Гулсара фањмонидааст, ки ба корхонаи давлатии "Истифодабарии манзил"-и соњили рост ягон шикоят надорад

ва ба мурољиати онњо аз тарафи корхона ањамият дода, таъмири бом сари ваќт гузаронида шудааст ва дар њаќиќат корхонаи давлатии "Истифодабарии манзил"-и соњили рости шањри Хуљанд соли 2010 таъмири бомро дар њуљраи мазкур гузаронида буд. Њоло њуљраи 68 ба соњибмулк Дўстматова Майрам тааллуќ дошта, оиди таъмири боми њуљра ба ягон љой мурољиат накардааст ва шикоят низ надорад. Сокини бинои 1а, њуљраи 41 - и мањаллаи 32 Ќурбонов Насрулло дар њаќиќат соли равон оиди гузаронидани таъмири боми бино ба ќитъаи корхонаи мазкур мурољиат кардааст ва њоло аз тарафи ќитъа корбарї карда шуда, аз њисоби маблаѓњои хизматрасонии техникии бино масолењои сохтмонї ба монанди мум ва тол дастрас карда, корњои таъмирї табќи наќша оѓоз карда шуд.

Сокини мањаллаи 3, бинои 12, њуљраи 84, 85 Мирзоева Роњила соли 2011 дар њаќиќат оиди таъмири бом ба ќитъаи њамин корхонаи мурољиат кардааст. Аз тарафи намояндагони ќитъа бо раиси бино ва истиќоматкунандагон вохўрї гузаронида фањмонида шуда буд, ки таъмири бом ва дигар намуди таъмирњои љорй дар биноњои истиќоматии баландошъёна аз њисоби маблаѓњои хонапулї ва хизматрасонии техникї ба иљро расонида мешавад. Дар натиљаи корбарї ва њамдигарфањмї соли гузашта боми бино бо омехтаи ќуму семент ловида шудааст ва сокинони бино, њамчунин Мирзоева Роњила оиди корњои иљрошуда ягон шикоят надорад. Аз суханронии Мирзоева Роњила низ маълум гардид, ки оиди чоп шудани маќолаи танќидї ў бархурдор намебошад. Маълумотномаи навиштаи

онњоро дар ин љо айнан меоварем. Ќайд кардан зарур аст, ки тибќи иљроиши Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи нигањдории биноњои бисёрхонагї ва ширкатњои соњибмулкони манзил" ва ќарори Раиси шањри Хуљанд аз 26 январи соли 2012, №29 "Дар бораи таќвият бахшидани ислоњоти хољагии манзилию коммуналї ва рушди фазои раќобат дар соњаи идоракунии биноњои бисёрхонагї дар њудуди шањри Хуљанд" дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр гурўњи њамоњангсозї оид ба таъмини идоракунии самараноки биноњои истиќоматї таъсис дода шудааст, ки аз тарафи гурўњи њамоњангсозї корњои назаррас ба анљом мерасад. Айни њол дар шањри Хуљанд 54 бинои баландошёнаи истиќоматї, аз он љумла 32 адади он, ки дар соњили рости шањр љойгир аст, тарзи идоракунии соњибмулкони манзилро таъсис дода, аз ќайди давлатї гузашта фаъолият мебаранд. Корхонањои давлатии "Истифодабарии манзил"-и соњили чап ва рости шањри Хуљанд бо ширкатњои соњибмулкони манзил баъд аз бастани шартномаи тарафайн бояд хизматрасонї намоянд. Њоло бошад Сарраёсат ва корхонањои давлатии "Истифодабарии манзил"-и соњили чап ва рости шањри Хуљанд дар асоси дархости истиќоматкунандагони биноњои баландошёнаи шањри Хуљанд барои нигоњ доштани фонди манзил ва роњ надодан ба камбудињо чорањои мушаххас андешида, назоратро дар ин самт пурзўр менамоянд. Дар њамкорї бо раисони биноњои истиќоматї ва сокинони шањр бањри тозагию ободонї, бунёдкорї ва гузаронидани таъмири сариваќтии фонди манзил корбарї намуда истодаанд. А. КАРИМОВ, директори генералии КВДК "Сарраёсати ободонї ва хољагии манзилию коммуналї"-и шањри Хуљанд


12

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Яъне атрофиёни президенти мо худ имконият намедињанд, ки президент ба воситаи саволњои гузошташуда пеш аз њама аз фаъолияти бевоситаи командаи худ ва мушкилињои мардум огоњ шавад. ЊОКИМИЯТИ ЧАЊОРУМ Васоити ахбори омма - њокимияти чањорум, њокимияте, ки камбудињои се шохаи дигар суд, иљроия ва ќонунгузорро нишон медињад. Муљозот намекунад, танњо оина аст. Њар њукумати солим дар љањон дар ин оина худро мебинад, дуруст мекунад ва бењтар мешавад. Мањз ин њокимият мансабдоронро маљбур мекунад, ки бо дарки масъулият аз пайи ислоњи камбудињо шаванд ва инчунин барои муаррифии худ ниёз ба ў дошта бошанд. Бахусус дар шароити кунунии Тољикистон, ки аксари мансабдорон аз як минтаќаанд ва чунин ба назар мерасад, ки онњо аз њељ як ќонун њам наметарсанд, танњо рўзноманигоронанд, ки аз хатоињои онњо њарф мезананд ва онњоро ба масъулият водор мекунанд. Бахусус фаъолияти 5-6 соли охири матбуоти хусусї нишон дод, ки ВАО дар айни замон чун ягона мухолифи њаќгў вуљуд дораду њукуматро маљбур менамояд, ки аќаллан барои нишон додани фаъолияти худ баъзе корњоро анљом дињад. Мањз њамин њаќгўї ва њаќталошињои матбуоти хусусї мансабдорони давлатиро маљбур намуд, ки ба хотири дуртар будан аз рўзноманигорон президенти кишварро маљбур намоянд, ки нишастњои матабуотии мансабдоронро, ки пештар дар як сол 4 маротиба баргузор мегардид, ба танзим дароранд ва онро ба ду маротиба дар як сол коњиш дињанд. Миёни њокимияти асосї ва рўзноманигорон мањз бо ташаббуси мансабдорони давлатии мо фосилае ба вуљуд омада, ба љои њамкорї давлатро аз васоити ахбори омма дуртар сохта истодааст. Ба назар чунин мерасад, ки мансабдорони мо на танњо худ бо рўзноманигорон рў ба рў шудан намехоњанд, балки кўшиш мекунанд, то президенти кишвар низ бо онњо камтар вохўрї дошта бошад ва ё умуман во нахўрад, то ки рўзноманигорон аз камбудињои атрофиёнаш ба ў њарфе нагўянд. ПРЕЗИДЕНТЊОИ ДИГАР Солњои охир миёни президентњои кишварњои дигар роњандозии нишастњои матбуотї бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО-и дохиливу хориљї ба њукми анъана даромадааст. Мањз чунин нишастњо нахуст агар ќобилияти воќеї ва кордонии президентњоро ифшо созад, дуввум президент ба воситаи саволњои рўзноманигорон аз камбудї ва норасоињои атрофиён ва њатто худ огоњ шуда, аз пайи ислоњи он мешавад. Мањз н нишастњо обрўи президенти Русия Путинро хеле баланд бардоштанд. Њатто Медведев ин анъанаи Путинро идома дод. Танњо соли 2011 дар

Агар сухани журналистро хилофи одоб гўянд, бо боварї метавон гуфт, ки он њаќиќат дорад. Екатерина ДЁГОТ

нишасти матбуотии президенти Руссия зиёда аз 800 рўзноманигор ба ќайд гирифта шуданд - 300 намояндаи телевизион, 45 намояндаи радиоњо, 240 рўноманигор аз рўзномаву маљаллањо, зиёда аз 40 суратгир ширкат варзиданд. Танњо шумораи рўзноманигорони хориљї дар ин нишаст наздик ба 300 нафар буд. Нишасти матбуотии президенти Белоруссия 16 октябри соли 2011зиёда аз чоруним соат давом кард, ки дар он ба ѓайр аз рўзноманигорони ватанї 90 рўзноманигор аз ВАО-и Русия

Новобаста ба он ки президенти мо Эмомоалї Рањмон сафарњои худро зуд- зуд ба минтаќањои гуногуни кишвар анљом медињад, вале дар ин нишастњо аз тарафи маќомоти роњбарикунандаи мањалњо тамоми кўшишњо ба харљ дода мешаванд, ки касе аз камбудињо чизе нагўяд. Баромадњо пешакї тайёр карда шуда, шахсони тасодуфї ба он роњ дода намешаванд. Чанд сол пеш чунин њолат дар ноњияи Панљакент сурат гирифта буд ва дар ин бора аксари рўзномњо навишта буданд, ки

ка бояд соли 2012 шањри Бишкек пурра бо барќу гармї таъмин карда мешуд?" Алмазбек Атамбаев гуфт: "Бояд барои чунин ваъдањои дурўѓ шахсони масъул њам дар назди халќ ва њам дар назди ќонун посух гўянд. Зеро баррасии вазъият ва имкониятњо нишон дод, ки агар мо пурра ба азнавсозии ин сиСтема шўрўъ накунем, дар ду се соли оянда низ пойтахти Ќирѓизистон бо барќу гармї таъмин намешавад. ў инчунин аз фаъолияти сусти "Ќирѓизгаз" ва "Ќирѓизнефт" сухан ронда иброз дошт, ки яке аз сабабњои аслии

Нишасти матбуотии Эмомалї Рањмон Кї президентро аз рўзноманигорон људо мекунад?

ширкат варзиданд. Лукашенко ба њамаи саволњо нињоят даќиќ посух дод. Соли равон бори аввал дар таърихи Осиёи Миёна чунин нишаст бо президенти Ќирѓизистон Алмазбек Атамбаев низ сурат гирифт. Агарчї нишасти ў аз рўи ваќт камтар аз Путин буд, вале он њам 3 соат давом кард ва рўзноманигорон ба хулосае омаданд, ки президент аз вазъияти иќтисодиву сиёсии кишвари худ хеле огоњ буда, барои рушди он барномаи мушаххасеро аллакай рўи даст дорад. ТОЉИКИСТОН ИСТИСНО АСТ? Ба назар чунин мерасад, ки мансабдорони мо тамоми кўшишро ба он харљ медињанд, то чунин нишаст умуман созмон дода нашавад ва президентро аз рўзноманигорон њамеша дар фосилаи муайян нигоњ доранд.

"рўзноманигорон ва фаъолон ба вохурї бо президент роњ дода нашуданд", то ин ки аз камбудињои ноњия ба президент чизе гуфта нашавад. Воњўрињо дар дигар минтаќањо низ аксаран чунин сурат мегиранд ва президент наметавонад бо халќи худ озодона сўњбат карда, аз камбудињо огоњ шавад. Яъне атрофиёни президенти мо худ имконият намедињанд, ки президент ба воситаи саволњои гузошташуда пеш аз њама аз фаъолияти бевоситаи командаи худ ва мушкилињои мардум огоњ шавад. АТАМБОЕВ Ваќте аз президенти Ќирѓизистон пурсиданд, ки "Чаро то њол низоми гармидињии пойтахти Ќирѓизистон пурра ба кор надаромадааст, њол он ки мувофиќи ваъдаи вазири энергети-

ба "Ѓазпромнефт"-и Русия супоридани њама бозори нафту газ дар он аст, ки "Ќирѓизгаз" аз ўњдаи иљрои салоњиятњои худ набаромаданд ва кишварро бо газу нефт таъмин карда натавонистанд. Ў ваъда дод, ки дар соли оянда тамоми хонањои сокинони пойтахт ва атрофи онро пурра бо гази табиї таъмин хоњад кард. Ў њатто иброз дошт, ки "Ќирѓизгаз" ширкати миллї аст ва аз он ба миллат фоидае нарасид. Ширкати миллие, ки ба миллат фоидае наорад ва мардуми Ќирѓизистонро бо газ таъмин насозад, ба кї зарур аст?" Воќеан њаќ бар љониби Атамбоев аст. Оё бо миллї будани ин ё он соња ва аз он фоидае надидан хуб нест, ки аз бањри он гузарем? Масалан, мо "Барќи тољик", "Тољикгаз" ва шабакањои гармидињии миллї дорем, ки миллати мо аз газу ба-

рќи он мањрум аст ва аз онњо ба миллату давлат фоидае намерасад. Хуб нест, ки чунин ширкатњои миллиро мо низ ба хориљиён фурўшему миллатро бо газу нафту барќ ва гармї таъмин созем? БА ЉОИ ОХИРСУХАН Дастгоњи президенти кишвари моро низ зарур аст, ки як нишасти матбуотии бузургеро бо иштироки рўзноманигорони хориљиву дохилї роњандозї карда, ба президенти кишвар имконият дињад, ки чун роњбари давлат сиёсати дохиливу берунаи худро ба атрофиён муаррифї намуда, дар баробари ин бо рўзноманигорон сўњбати озод доир намояд ва аз пешрафт ва камбудињои командаи худ огоњ шавад. Зеро дар кишвари мо низ 21 сол аст, ки ваъдањо дода мешаванд, вале мансабдорон аз иљрои ваъдањои худ намебароянд. Боварї дорам агар президенти мо низ чунин иќдомро пеш гирифта дар як сол як вохўрї бо рўзноманигорон доир намояд, аз бисёр асроре огоњ мешавад, ки атрофиён аз ў пинњон медоранд ва ба ў намерасонанд. Зеро мурољиати нињоят зиёди солњои охири шањрвандон ба матбуот нишон медињад, ки дар кишвари мо матбуот чун ягона даргоње боќї мондааст, ки халќ њанўз ба он бовар мекунад. Соли гузашта натиљаи як назарпурсии ѓайрирасмие нишон дода буд, ки 70 дар сади пурсидашудагон дигар ба мансабдорони давлатї ва њатто ба маќомоти њуќуќ, аз љумла ба суду прокуратура боварї надоранд. Ваќте аз мурољиаткунандагон мупурсем, ки чаро шумо ба маќомоти њуќуќ мурољиат намекунед ва чаро мехоњед даъвои шумо мањз дар матубот чоп шавад, љавоб медињанд, ки "мехоњем аз ин ќазия президенти кишвар огоњ шавад. Зеро љуз ба президент дигар ба ягон нафар атрофиёни ў бовар надорем. Дар њељ маќомоте ба доди мо намерасанд". Њама гумон мекунанд, ки атрофиёни президент ва њатто суду прокуртура, вазирону муовинон асли ќазияро ба президент намерасонанд. Соли гузашта бори аввал дар чанд соли охир њангоми таљлили љашни 100- солагии матбуоти тољик, ки дар он Президенти кишвар ширкат варзид, њама гумон карданд, ки як сўњбати озод низ баргузор мешавад, вале мутаассифона, чорабинї чунон гузаронида шуд, ки њељ кас њатто имконияти додани ягон саволро пайдо накард. Аз њама бадбахтона, баъзе рўзноманигорон ба он даъват карда нашуданд. Ман гумон мекунам, ки соли равон бунёди чунин як нишаст њатмист. Зеро дар ин сол њам интихобобти президентї доир мегардаду њам чорабинињои дигар ва бори аввал ба президенти кишвар имконият дода мешавад, ки аз наздик бо мушкилоти гуногуни љомеаи тољик ошно шавад, аз мушкилоте ки атрофиёнаш аз ў пинњон медоранд. Акрами ХОЛИЌ


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

13

Як тољири љавони тољик њам, ки баъдтар дар дохили тайёра бо ў шинос шудам, розї нашуд, ки иловатан тарозубозї карда, пул пардохт кунад. - Ин чї лоймолї аст! хитоб кард ў. Вале ин оѓози шармандагии ин ширкати миллии њавопаймої буд. Сифати хизматрасонї ва нархњои осмонии билетњои ширкатњои њавопаймоии Тољикистон дар соли сипаришуда аз мавзуњои асосии шабакањои иљтимої ва ВАО буд. То ба вазифа таъин шудани љаноби Ллойд Пакстон ба њайси раиси "Сомон-эйр" ва истеъфои Музаффар Исњоќов аз садри "Тољик-Эйр", албатта. Зеро таъини менељерњои нав, хоса мутахассиси хориљї аз сўи Шўрои директорони ширкати сањњомии "Сомон-Эйр" дар маѓзњо умедеро љилвагар кард, ки акнун бо дур шудани роњбари даѓал ва музофотии ин ширкат Алишер Рустамов шеваи бархўрд бо мусофирон дигар хоњад шуд, аммо дањаи дуюми моњи аввали сол надаромада, ки ба "Нигоњ" шикояти навбатї расид...

МУСОФИРОНИ "СОМОН-ЭЙР" АЗ ЛЛОЙД ПАКСТОН УМЕД ДОРАНД...

Тарозуи имиљи Пакстон Фарњод Нозиров, доктори илми кимиё, ки санаи 6-уми январ тариќи њавопаймои "СомонЭйр" аз Истамбул ба Душанбе парвоз кардааст, ба идораи нашрия омад ва ќиссаи паст задани шаъну шафари одамї аз суи ин ширкатро њикоя кард. Ў мегўяд, чунин шеваи бархурд ба мусофиронро дар ягонљойи дунё надидааст, ончунон, ки фурутании аксари мусофиронро низ. Ва чун аз сомонаи ширкат дарёфтааст, ки роњбари нави он фарди хориљисту интизор дорад, ки камбудињо ислоњ мешаванд: - Њар сол ба ватан ба дидори падару бародарон меоям ва табиист, ки хатсайри муносиб мекобам. Ин дафъа бозгашт ба ватан аз тариќи Истамбули Туркияро интихоб кардам, њарчанд ќимати билет аз Истамбул то Душанбе хеле гарон аст. Ваќте дар толори фурудгоњ интизори саворшавї будем, чанд масъули мањаллї тарозуе оварда монданд. Ростї, банда нафањмидам, ки чаро он зарур шудааст. Касе аз 40-50 нафари њамсафар луќма партофт: "-Ана кори тољикии туркњо њам сар шуд". Ростї, шањрванди ИМА бошам, њам ин луќма ба њуввияти тољикиам сахт расид, вале истињола кардам, то бубинам, ки чи мехоњанд. Ба зудї њадафашон маълум шуд: мехоњанд борњои дастии мусофиронро баркашанд. Ё, тавба! -гуфта эъти-

"Сомон-Эйр": лоймолии Ллойд ПАРЧАМИ ТОЉИКИСТОН ДАР БОЛ МАСЪУЛИЯТ ДОРАД роз кардам ва гуфтам, ки њич њуќуќе барои ин кор надоред. Истодагарї карданду мардум њам ноилољ борњояшонро ба тарозучињо медоданд, то онњо баркашанд. Масъулони турк гуфтанд, ки ин корро бо хоњиш/талаби ширкати "Сомон-эйр" мекунанд, вагарна чунин тарљриба роиљ нест дар онњо. Гуфтанд, боре, ки бо худ доред, бар мекашем ва барои њар кило-

грами он маблаѓ пардохт мекунед. Дар даст як тўњфаю лаптоп доштам, ки дар тарозу кашиданд. Вазнашон 7 килограм баромад. Талаб карданд, ки маблаѓ пардохт кунам. Гуфтам, ин тарозуи имиљи тољикон аст, ки кадом як роњбари ноуњдабаро ихтироъ кардааст, вагарна шарт аст мусофирони наздик бо 400-500 доллар билетхаридаро ба ин шева масхара кардан?!! Ќатъин рад карда, барои гуё 2 кг бори "зиёдатї" ягон дирам њам надодам Онњо ноилољ фурў бурданд, вале ман на. Тааљубам аз он буд, ки мусофирон ин беэњтиромї ва беэњтиромии як хизматрасони дигари мањњалиро, ки бо ќањр мегуфт, "бардоред, баѓољњоятонро, ман инљоро тоза мекунам!" тањаммул мекарданд. Аз худ наљобати инсонї нишон намедоданд. Инро дида, он хизматчии фурудгоњро ба шиддат пеш кардам: "Эй, беадаб! Ваќте мо рафтем, баъ д поккорї меку нї,

ќадри мизољу мењмонро бидон!". Як тољири љавони тољик њам, ки баъдтар дар дохили тайёра бо ў шинос шудам, розї нашуд, ки иловатан тарозубозї карда, пул пардохт кунад. - Ин чї лоймолї аст! - хитоб кард ў. Вале ин оѓози шармандагии ин ширкати миллии њавопаймої буд.

"Янима бе, аробаи "Сомон-эйр" меояд!" Доктор мегўяд, ваќте дохили самолёт мешудем, фањмидем, ки маќсад аз тарозукашї ва пулситонї чї будааст. Аз сабаби он, ки мусофирони хатсайр кам будаанд, ширкат маљбур шудааст, ки бо њар роњ харољоташро бо усулњои худ - тарозуву боло бурдани ќимати билет љуброн кунад. - Инњо мехоњанд, ки аз мусофирон њатто 5 доллар њам канда гиранд- шарњ дод як тан аз мусофирони солхўрда ва илова кард, ки "тарозукашњо" кормандони фурудгоњи Туркия ва туркњо буданд. Аммо онњо бидуни шартнома бо "Сомон Эйр" ин корро карда наметавонанд. Эњтимол бо ширкат ё капитани самолёт шартномае дошта бошанд?" Ин замон, њамсафари соњибкорамон ишора кард,ки ба берун нигоњ кунед. Нигоњ карда, шарм доштам: Ду марде ба зўр баѓољи мусофирони "Сомон-Эйр" - ро њомили аробањои дастї кашола карда меоварданд. Мусофири бахудомадае боз њам шарњ дод: "Янима бе, аробаи "Сомон-эйр" меояд! Я-ни-ма!" Ин кор њам "эконом"-и роњбарияти ширкат аст ё капитани тайёра?

Ќоѓази ташноб ба аъзои Шўрои директорон Ба гумони ѓолиб, ин кори капитан набудагист, њарчанд "экономия"-и дигар њам буд. "Мўъљиза"-и навбатї, мо мусофиронро њангоми парвоз интизор буд ин њољатхонањои тангу чиркин ва бе коѓази ташнобу дастмоли коѓазї буд.

"ЯНИМА БЕ, АРОБАИ "СОМОН-ЭЙР" МЕОЯД! Я-НИ-МА!"

Аз барои Худо, ин кори айбест дар асри 21 бо чунин даъвоњои як ширкати миллї. Чунин ташноби танги "Боинг"-ро якум бор дар умрам дидам. Наход ширкат махсус ин ќадар онро танг фармоиш дода бошад?! Бо ИМА баргаштан, њатман емейл зада, аз масъулини "Боинг" пурсон мешавам. Вале њоло. Хонандаи арљманд бандаро бубахшанд, ваќте ба ташноб ворид шудам, нишастгоњи ташноб чиркину, тар ва пурахлот буд. Фарзи мисол, ин кори мусофири каммаърифате бошад, вале чаро он фавран ислоњ нашуд? Аз коѓази ташноб ва дастмоли коѓазї њам дар ин њуљрачача дараке набуд. Инро дида, ба ёдам расид, ки хеле пештар аз кадом як расонаи интернеї хондам. Дар Тољикистон амри роњбари давлат шудааст, ки мардумону масъулин сарфаи коѓаз кунанду аз њарду пањлуи вараќ истифода баранд. Беихтиёр, фикр кардам, ки наход.... Ва бовар накардам, зеро "Сомон-Эйр" ширкати овозадор аст, ки дар он њатто идораи корпоративї ба роњ монда шуда, Шўрои директорон дорад, ки љанобону бонувони шарафманде шомили он мебошанд. Вале дар њар сурат, ният дорам, ки як бастаї коѓази ташноб ва дастмоли коѓазї ба роњбарияти ширкат ва аъзои Шўрои директорони "Сомон-эйр" тавассути журналистон фиристам, то аз унвони "директорони коѓази ташноб" дар ВАО бенасиб намонанд. Ва њам онњо бояд донанд, ки ваќти сафари 5-8 соатї ба мусофирон пешнињод намудани ѓизои муносиб ва обу нўшобањои бештар салоњ аст. Стюарду стюардессањои ин ширкат њам набояд мисли "модари угай" як хўрокро "мањ, бигир" гуфта, осемасар таќсим кунанд. Мутмаин бояд буд, ки эњтироми мизољ обрўй ва муњимтар аз ин пул зам мекунаду баръакси он, дер ё зуд, аз њарду кам.

Тањияи Ќиёми НУР

Аз "Нигоњ": Ваќте шумора тањия мешуд, њодисањои дигари каммасъулиятї ва хунукназарии масъулони "Сомон-Эйр"дар баробари мусофирон маълумамон гашт, ки дар шумораи навбатї пешкаш хоњем кард.


14

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

Лоињаи Ќонуни Тољикистон "Дар бораи интихоботи президент", ки аз љониби Кумитаи тадорукот оид ба ислоњоти интихоботи президент" ба парлумон пешнињод шуд, баррасї нашуд.


№43 (319), 16-уми январи соли 2013

15

Нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ барои мардон аз синни 63-солагї ва барои занњо аз синни 58-солагї ё дар њолатњои дигаре, ки мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони ЉТ" нафаќа таъин карда шудааст, муќаррар карда мешавад.

?-И НОБОБ

ЧАРО? ТАМАННО

ДУШАНБЕ ЧЇ ЌАДАР НУФУС ДОРАД? - Чанд њафта ќабл дар нашрияи "Нигоњ" натиљаи нињоии барўйхатгирии ањолии соли 2010 чоп шуд, ки дер боз интизораш будем. Баъди соњибихтиёр шудани Тољикистон шумораи ањолї дар пойтахти кишвар - шањри Душанбе низ афзоиш ёфт. Мувофиќи маълумоти ѓайрирасмї дар шањри Душанбе беш аз 1 миллион нафар одамон зиндагї доранд.Оё ин маълумоти ѓайрирасмї ба маълумоти барўйхатгирии ањолии соли 2010, ки он расмї мебошад мувофиќат мекунад? Ањлиддин ХЎЉАНАЗАРОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Шумораи ањолии доимии шањри Душанбе ба њолати 21-уми сентябри соли 2010 - 724,8 њазор нафарро ташкил дод. Ба њолати 1-уми октябри соли 2012 бошад шумораи ањолии доимии шањри Душанбе ба 753,5 њазор нафар расид. Аз онњо мардон - 374,0 њазор ва занњо 350,8 њазор нафарро ташкил медињанд. Шањри бузургтарини љумњурї шањри Душанбе мебошад, ки шумораи ањолиаш нисбат ба соли 2000 169,9 њазор нафар ё 29 дарсад афзуда, 724,8 њазор нафарро ташкил медињад. Шањри Хуљанд аз рўи бузургї дуввумин шањре мебошад, ки шумораи ањолиаш нисбат ба соли 2000 15,7 њазор нафар ё 11 дарсад афзуда, 162,8 њазор нафарро ташкил медињад. Се шањр (Истаравшан, Ќурѓонтеппа ва Кўлоб) ба гуруњи шањрњои шумораи ањолиашон аз 50 то 100 њазор нафар дохил мешаванд. Аз њама бештар бо суръати баланд шумораи ањолии шањри Роѓун афзудааст, ки дар фосилаи байни барўйхатгирињо 1,7 баробар зиёд шудааст ва ин њолат ба кўчида омадани ањолї ба шањри Роѓун вобаста аст. Ба саволи Шумо сардори Раёсати барўйхатгирии ањолии Агентии омори назди президенти Тољикистон Зебо ИСМОИЛОВА посух дод.

АЗ БУЗУРГОН СУХАНОНИ МОНДАГОРИ ИМОМ БУХОРЇ (Р) "Ман дар муддати 16 сол "Љомеи сањењ"-и худро аз миёни шашсад њазор њадис баргузидам ва онро "њуљљате" миёни худ ва миёни Худованд ќарор додам". "Ман дар китоби "Сањењ" њадисеро ворид накардам, магар ин ки пеш аз он ѓусл намудам ва ду раъкат намоз гузоридам". "Ман дар китоби "Сањењ" љуз њадиси сањењро сабт ва тадвин накардам ва он чиро аз ањодиси сањењро (ба далели тулонї шудани китоб) фурў гузоридам, бештар будааст". "Ман чизеро намедонам, ки инсон ба он ниёз дошта бошад, магар ин ки он чиз дар китоб ва суннат вуљуд дорад". "Аз замоне, ки донистам ѓайбат њаром аст, њаргиз ѓайбати касеро накардаам". "Умедворам Худоро дар њолате мулокї шавам, ки бароям хасме набошад, то ба хотири он мавриди муњосабаам ќарор дињад". "Дар њар моњ панљсад дирњам аз мањсулоти заминњоям ба даст меоварам, њамаи онњоро дар роњи тањсил (ва нашри дониш) нафаќа мекардам". "Он чї (аз савобњо ки) ба назди

СУРАТИ ГЎЁ

ХЎШАЕ АЗ ГЎШАЕ... - Бобољон, дуои нек кунед, то ки "свет" њамеша гирон бошаду њељ гоњ намирад. - Худоё худовандо ман бимираму "свет" њељ гоњ намирад! Омин! *** - Бобољон, чаро рўз ба рўз "ќоќ" шуда истодаед? - Худоё, худовандо ман "ќоќ" шавам шудан гирам, лекин ОБ дар дарёю обанборњо ва љумаки ќубурњои њар як хонадон ва хонањои баландошёна ќоќ нашавад! Омин! *** - Бобољон, ваќтњои охир "сарам кам - кам чарх мезанад" мегўед. Биёед, ба духтур равем. - Э, э набераљони ширин, сарам чарх занад задан гирад, боз мемондагист. Лекин дуо мекунам, ки агрегатњои нерўгоњи Нораку Сангтўдаю дигару дигарон аз чарх задан намонад. Кошки нерўгоњи барќии обии Роѓун њам ба кор медаромаду агрегатњояш беист чарх задан мегирифт.Омин! *** - Бобољон, "гоњ - гоњ фишорам баланд мешавад" мегўед. Кам - кам чойи кабуд нўшед, паст мешавад. - Баланд шавад шудан гирад. Лекин дуо мекунам, ки нарху наво дар бозорњо баланд нашавад! Омин! *** - Бобољон, мўйњоятон рехта истодааст. Ягон табобат намегиред? - Э, э… резад рехтан гирад. Ин аломати пиронсолї. Лекин обрўи њељ кас дар назди каси дигар нарезад!Омин! Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини шањри Душанбе, нафаќагир.

Худованд аст (бароям) бењтар ва мондагортар аст". "Ман њаргиз донишро хор намегардонам ва онро ба дарвозањои мардумон (ва подшоњон) намебарам". "Њаргиз барои њадис гуфтан нанишастам, магар ин ки сањењи онро аз мустаќими он боз шиносам". "Барои њофизон чизе судмандтар аз талошњои сайрнопазир ва

мудовимати фикр ва андеша намедонам". "Ман ба назди њељ кас љуз "Алї ибни Мадинї" худро ночиз шумурдам ва аз њељ инсоне њадиси дилнишинтар ва писандидатар аз "Алї ибни Мадинї" нашунидам. Баргирифта аз китоби "Зиндагонї ва сирати Имом Бухорї"

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ ГАРОН ШУДАНИ НАШРИЯЊОРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Ман хондани нашрияњои даврии Тољикистонро дўст медорам. Ин шуѓл аз замони донишљўї ба ман одат шудааст. То чанд ваќти пеш, аниќтараш соли гузашта як дона газетаро рўзномафурўшони назди бозори "Шоњмансур" 1 сомону 50 дирам, 1 сомону 70 дирам ё се донаашро ба 5 сомонї мефурўхтанд. Акнун бошад рўзномафурўшон сар аз соли нави мелодї нархи онро баланд бардоштанд. Ростї, ман њамеша аз ин љо се ва баъзан 4 газета мехаридам, ки онњо газетањои "Нигоњ", "Озодагон", "Фараж" ва "Азия плюс" буданд. Алњол нархи як газета 2 сомонї, "Азия плюс" бошад 2 сомону 20 ва 2 сомону 50 дирам шудааст, ки хеле гарон мебошад. Ќаблан агар дар 6 сомонї 4 газета медоданд, њозир бошад 3 газет медињанд. Ба аќидаи ман, аксари мардум газет хондан мехоњанд, вале гаронии газетањо сабаб мешавад онњо аз харидории он даст мекашанд. Дар шароити имрўза дарёфти кори муносибу маоши хуб на ба њар кас муясар мегардад. Бо ин шароите, ки дорем, мардум њайрон мемонад бо маоши ночизаш нон харанд, ё газета. Шахсан ман айни њол муваќќатан (ба сабаби беморї) бекор њастам. Шукри фарзандонам, ки онњо дар Русия кор мекунанд ва аз маблаѓи ирсолкардаи онњо каме њам бошад рўзгорамон гардон аст. Аз њамин њисоб низ рўзнома харида, аз ѓизои маънавї бањравар мешавам. Њоло ба ќароре омадам, ки њар њафта танњо се газета харам. Аз чорумаш худдорї кунам. Фикр мекунам, одамоне, ки каму беш пул доранд, рўзнома хондан мехоњанд, онро мехаранд. Аммо дилам барои онњое месўзад, ки ба сабаби тангдастї аз хондани газета мањрум мешаванд. Бинобар ин, ман гарон шудани нашрияњоро ќабул надорам! Фирўз ЌУРБОНОВ, сокини шањри Душанбе

Пешнињоди Шамсиддин РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини дењаи Чилчаи ноњияи Темурмалик

БА СУРЪАТ , ЭЪ, МЕБАХШЕД СПИРТ НИЁЗ ДОРАМ!

?-И НОБОБ ОЁ МЕДАЛ БА НАФАЌАХЎР ЯГОН ИМТИЁЗ МЕДИЊАД? - Муњтарам ходимони газетаи "Нигоњ" ва кормандони Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон! Ман медали "Шўњрати мењнатї" (Трудовая слава) дараљаи сеюм дорам ва ба нафаќа мебароям оё ин орден ба ман ягон имтиёз медињад? Туманљон САФАРОВ, сокини дењаи Сурхоби ноњияи Фархор - Тибќи муќаррароти сархати шашуми банди 1 Ќоидањои таъин ва пардохти нафаќа барои хизматњои махсус дар назди Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30-юми июни соли 2007, №353 "Дар бораи масъалањои таъин намудани нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ" тасдиќ гардидаанд, онњое, ки дар соњаи фаъолияти хољагї, љамъиятї, илм, техника, адабиёт, санъат ва варзиш хизматњои бузург дошта, бо унвонњои фахрии Иттињоди Шўравї (ИЉШС), ЉШС Тољикистон, (халќї, хизматнишондода), мукофотњои давлатии Иттињоди Шўравї ва ЉШС Тољикистон сарфароз гардонида шудаанд, ба нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ њуќуќ доранд. Мувофиќи ќарори мазкур муайян намудани дараљаи хизмат, њуќуќи шањрвандон ба гирифтани нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ ва андозаи он ба салоњияти Комиссияи ЊЉТ оид ба муќаррар намудани нафаќа барои хизматњои махсус дар назди Љумњурии Тољикистон дохил мешавад. Нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ барои мардон аз синни 63-солагї ва барои занњо аз синни 58-солагї ё дар њолатњои дигаре, ки мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони ЉТ" нафаќа таъин карда шудааст, муќаррар карда мешавад. Шахсоне, ки дар як ваќт барои гирифтани нафаќа барои хизматњои махсус ва иловапулињо бо нафаќаи таъингардида аз рўи мукофотњои давлатї њуќуќ доранд, яке аз онњоро интихоб менамоянд. Андозаи нафаќањо вобаста ба хизматњои шахс ва дараљаи аз даст додани ќобилияти корияш, аз љониби Комиссия метавонад аз 3 то 6 нишондињанда барои њисобњо бо нигоњ доштани иловапулињо ва баландшавии нафаќањо, ки мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони ЉТ" таъин карда шудааст, муќаррар карда мешавад. Дархостњо дар бораи муќаррар намудани нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ аз тарафи раисони ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо ва ноњияњо, роњбарони вазоратњо, кумитањои давлатї ва идорањо, маќомоти идораи љумњурї, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон, Иттифоќи нависандагони Тољикистон ва Шўрои ветеранњои ЉТ пешнињод карда мешаванд. Шањрванд Сафаров Туманљон низ метавонад пас аз таъини нафаќа њуљљатњояшро бо тартиби дар боло зикргардида аз номи маќомоти дахлдор унвонии Комиссияи Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба муќаррар намудани нафаќа барои хизматњои махсус дар назди ЉТ барои баррасї пешнињод намояд Ба саволи Шумо сардори Раёсати муносибатњои мењнатии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон Раљаб РАЉАБОВ посух дод.

Барњамзанї ЉСШК “Хосият” фаъолияти худро барњам медињад. Њамаи даъвоњо муддати як моњ ќабул карда мешаванд. Тел: 918 68 00 04 Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, Тел:985 60 86 85, E-mail: nigoh_tj@inbox.ru


16

№43 (319), 16-уми январи соли 2013

- Ин мардак худаша мухолифи њукумат эълон кард. Кї то имрўза њамин хел гуфта тавонист? Картељдорњо њоло њам бисёр, дар оила. Канї як таш њамин ќадар љуръат кунад? Њар як домод, њар як домод, ки... њуш аз сарат мепарад.

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Улала

Тољикистони дигари Ѓалтак ё бањси њољї Умар ва домод Мирзодикак дар даст се гули мехак дар Фурудгоњи пойтахт интизори дўсти деринааш буд. Фурудгоњ пур аз одам: Рейси Маскав-дия. Милисањои бетарбия њар замон мардумро "а, бача у тараф бест, гови ту чии?!" гуфта, торњои асаби охирин зиёии тољикро мехарошиданд. Аз эълони фуромадани тайёра 45 даќиќа њам гузашта бошад, њамагї чанд мусофир аз толор берун шудаанду бас... Њо, ана дар миёни одамон дўсти хушќадаш намуд. Баъд аз 10 моњи муњољират дар Русия ѓолиби озмуни "Омўзгори сол-2010" Ѓалтак Боронович ба ватан бармегашт. Ў аз толор берун шуду ба оѓуши Мирзодикак афтод. Ёрон ончунон њамдигарро ба канор гирифтанду ба ќавле "бўй кашиданд", ки гуё ду Њасану Њусейн баъди 40 соли фироќ ба њам омада бошанд. Баъди ањволпурсии тољикона, ки бо ќишлоќизатсияи Душанбе саломатии ањли байт, гову гўсола, хару хингала ва ѓ.њ-ро дар бар мегирад, дўстони ќарин ба такси шиштанд ва табиист, ки сўњбат тафсид: Ѓалтак:-Рањмат, дўстам. Муњаббат карда, фурудгоњ омадед. Мирзодиккак:-Фурудгоњи байналмиллалии Душанбе гўед, домулло. Ѓалтак:-Э, монед садќаи номи Душанбе шавад ин фурудгоњу ин сарњаддориву ин хизматрасонї! Ба љойи Убайдуллоев мешудам, амр содир карда, манъ мекардам истифодаи вожаи Душанберо дар баробари ин шармандагињо... Мирзодиккак:-Таъмир шуда истодааст, Худо хоњад зўр мешавад... Ѓалтак:- Биноњоро-ку таъмир кардан имкон дорад, аммо маѓзњоро-чї?! Наход мусофир ним соат дар навбати сарњад истаду ним соати дигар боѓољашро интизор шавад?! Бо аввалин ќадамњо дилтанг шудам. Хайрият, чењраи гарми худатро дидаму дилам боз шуд. Хайр гўй, ки дар кишвар чи гапњо? Мирзодиккак:-Э, худат муњољири интернетдор-ку њама чиро аз ман хубтар медонї.. Ѓалтак: -Бардоштњои шумо, ки ањли фањм ва наздик ба њукумат њастед дигар, дўстам.. Мирзодиккак:-Њоло гап, гапи њољї Умар! Дар Афгонистон мулло Умар, дар мо њољї Умар..ња-ња-ња! Ѓалтак: - Хондам, чї менависанд ин газетањои дўстдоштаат? "Умаралї Ќувватов бояд ба Тољикистон истирдод нашавад!". Чи хел намешудаст?! О, ин мардак ширкатњои хориљиро фиреб дода будааст, оилаи калонњоро безобита кардаасту... Мирзодиккак:- Сода нашав. Инља ба фикрам гап калон..Ња-ња, калонам в курсе. Вай бетутуруќ дар телевизиони К+ чунон г...г..гг гап зад, ки мондан гир... Ѓалтак:-О, ин њамон нафаре нест, ки то дирўз бо њафт њашт љип, бо картељ мегашту, ягон кас пешаш наздик шуда наметавонист? Нав акнун имрўз ѓамимардумхўр шудааст?! Мирзодиккак: - Ин мардак худаша мухолифи њукумат эълон кард. Кї то имрўза њамин хел гуфта тавонист? Картељдорњо њоло њам бисёр, дар оила. Канї як таш њамин ќадар љуръат кунад? Њар як домод, њар як домод, ки... њуш аз сарат мепарад. Гапи Мирзодикак тамом нашуда буд, ки таксист ба гап даромад: -Мардум њамара медонан, ака. Лична худм медонм, ки якташ бозорќумайю яктаи дигаш роњи пулакї дора. Ай, любой мошин пул мекана, њаќ дорї гав за. Инаи љураи њољи Умари гуфтагии шмо манаполияи жиженни газ дора. Худо додагияй ийгитора, хурда гаштиян... Мирзодиккак: -Бачањои хуб, њамин мошина манъ намекунед, ман фуром, ки... Ѓалтак:-Мирзољон, натарс, ин мар-

дум њама гапро аз ману шумо хубтар медонад. Вале эътирози ман ин аст, ки агар њољї Умар љуръат медошт, ин гапњоро дар Маскаву Дубай не, дар Тољикистон мегуфт. Ваќте кордаш болои равѓан буд, ѓами мардумро нахўрд, акнун, ки аз дасташ кашида гирифтаанд, њамаи буду шудашро, нав мухолиф шуд?! Таксист: -Гўш кнен, брато. Њова, вай одами њамиља буд, ќатишон кор кард, наздик буд. Пулу молам дошт. Хай, ба чї?!! Шумо, чї гмон мекне, ки њами мардуми почакандаи ба нони хўрдан зор аст, бояд мухолифи њукумат бшава?! Ѓалтак: -Мантиќа дидед-ња Мирзо?! Лекин бачањо, шояд Умаралї Ќувватовро худи њукумат фиристода бошад, то ки Додољони Атовулло барин мухолифони сарсахтро ба роњи хато барад? Хољагони онњоро ифшо кунад? Мову шумо барин содањо бовар мекунем, ки вай мухолифи њукумат аст. Мирзодиккак: -Мо содањо њамин хел гумон карда, хап шиштем. То ваќте, прокурори генералї эълон накард, ки истирдоди Умаралї Ќувватовро талаб кардааст, њама њамин хел гумон мекарданд. Ман њам шубња доштам, ростї гап. Дар газетањо њам навиштанд, ки шояд ин тарњрезихои њукумат аст. Акнун, ки сабтњои њољї Умару домод фош шуд, њама фањмиданд, ки хато мекардаанд. Зойиров њам баромад кард. Ѓалтак: - Изњороти Зойировро хондам. Дуруст гуфтааст, ки таассуроташ манфї аст дар бораи Умаралї Ќувватов. Таассуроти хелењо манфї. Акнун талаб кардааст, ки Ќувватовро надињед, ки шиканља мешавад ва шояд њатто ўро марг интизор аст. Баъд-чї?! Мирзодиккак: -Баъдашро намедонам, лекин одамњо набояд шиканља шаванд, агар љинояткор њам бошанд. Ѓалтак: - Шумо, дўстам инро ба њукумататон ва хоса ба Зорро гўед. Таксист:-Ака, я - ду информатсия дар бораи Зорро бгум? Мирзодикаку Ѓалтак ба як овоз:- Не! Мирзодиккак: - Ина дидед, дањони мардумро баста намешавад. Ман нагўям, њам матбуоти мустаќил гуфта истодааст. Як рўз не, як рўз Тољикистон кишвари одамњои озод мешавад. Лекин ту ба вай мухолифчањоят гуй, ки агар рафиќонашон, њамњадафњояшон ба онњо бовар накунанд, мардуми ба ќавли ин бародар почаканда аз ..к.к.к..куљо бовар мекунад ба онњо?! Ѓалтак: - Оташин нашаву як чизро фањмон ба ман. Чаро мардум њар касе мухолифи њукумат гап зад, зуд дўсташ медоранд? Барои шумо њар кас бошад, хоњ дузду хоњ ќаллоб, фаќат аќидаи мухолиф дошта бошад, шуд. Вазорати тадурустї, боиси чопи як справкаи каппакалон шуд? Шуд. Бо муњру имзои дуъхРаиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон

Њ а ф тан ома д ар Ваз орат и ф а рњ ан ги Љу мњур ии Т ољик истон б а ќа йд ги риф т а шу д аас т.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01

тур, ки њољи Умар девонаи њот будааст, шумо ба вазорати тандурустї, ба духтуроне, ки тамоми сињатии миллат бовар карда шудаасту њамаи онњо ќасами Гиппократ хўрдаанд, бовар накардед. Њамаи нашрияњо пардапўшона гуфтанд, ки ин справка бо супориши маќомот дода шудааст. Ваќте гап дар бораи инњо равад, шумо ба касе бовар намекунед. Чаро? Ба ман фањмон. Мирзодиккак: - Справкаро дидам. Дар як нашрия чоп шуд. Саросема нашав. Аввал ин ки ин ќасами гиппократзадањо, чї њаќ доранд, ки маълумоти тиббии як шањрванди Тољикистонро дар газета нашр мекунанд? Њозир ман дар њамон "Фараж" нашр кунам дар бораи ба њушёрхона афтидани туро 10 сол пеш, бо ман чи кор мекунї? Алкаш гўям, ба тамоми љањон, чи кор мекунї? Канї гап зан? Охир ин супориши њукумат набошад, духтур њамин корро барои чї мекунад?! Калла дорї ё не?! Баъд ин ки њафтаи гузашта вазири тандурустї худаш гуфт, ки Умаралї Ќувватовро девона намедонад, балки муваккал будан ё набудани ўро ташхиси тиббї муайян мекунад. Медонї барои чї? Ѓалтак: - Барои чї? Мирзодиккак: - Умаралї Ќувватовро боздошт кунонданд? Кунонданд! Ба Тољикистон оварданї њастанд? Њастанд. Девонаро, ки овардї, бо кадом рўй суд мекунї? Њушёр шудааст гуфта?!! Аммо як эродатро дастгирї мекунам, ки Рањматилло Зойиров бояд ба Дубай равад. Њамин справкаро њам њамроњаш гирад. Шояд дар Дубай ба духтурњои шумо мегуфтагї бовар мекунанд? Ѓалтак: - Девона гуфтанашон барои чї буд, ин тавр бошад? Аз аввал инро магар фикр накарданд? Мирзодиккак: - Он ваќт ба фикр кардан ваќт набуд. То њаде тарсида буданд, ки бо њар восита мехостанд суханњои њољї Умарро њарзаву њазён ба ќалам дињанд. Аз ин рў гуфтанд, ки девона аст. Акнун, ки содда карда гўем, маќомоти Дубай гапдарої кард, намехоњанд, тамоми љањон ба инњо "њайфи ту!" хонад, ки одами аз аќл бегонаро ба љавобгарї мекашанд. Аз ваќташ фикр кардан даркор буд. Ин одам дар мањбас њам ором нашиштааст. Як ба интернет сар халонда бин, сабтњи суњбатњояшро бо домод маљбур шуд фош кунад. Боз мегўянд сабтњои дигарро акнун ба интернет мемонанд. Ба љомаи домодњо кайк даромадагї, дўстам. Ѓалтак: - Во-аљабо! Мирзо, ин њамаро ту ба ман мегўї?! Хобам ё бедор? Ба ин зиёии пуштибони њукумати мо чї шуда бошад? Мирзодиккак: -Эњ, домулло, замона дигар шуду мо дигар шудем. Ѓалтак:- Дар дањ моњи набудани ман ин Тољикистон дигар шудааст-ку! Мирзодиккак:- Бале, дўстам, вале ин њамаро аз тамоми њукумат танњо як домод њис кардаасту бас... Ин замон мошин аз назди ќароргоњи њукумати кишар гузашту аз чї бошад, ки ба ёди Ѓалтак собиќ рањбарони Тољикистон Рањмон Набиев ва Ќањњор Мањкамов расиданд. ? ба дўсташ мурољиат кард: Мирзо, то ба дења рафтанам бояд ба хонаи Ќањњор Мањкамович рафта, ба руњи њамсарашон, ки аз дунё даргузаштанд, фотиња хонем. -Албатта, меравем, гуфт Мирзодикак. Таксичї садои радиои мошинашро баланд кард: "Дунё гузарон...."

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС:

- Дар маъракаи интихоботи президентии имсола њамаи ањзоби сиёси ширкат карда метавонанд, лекин дар рафти муборизаи интихоботї ман боварї дорам, ки ягон њизб аз рўи имкониятњое, ки то имрўз дорад, бо ЊХДТ раќобат карда наметавонад. -Њизб-ањл ва виљдони даврони мост! Ура, товариши, ура!!!-гуфт диктори телевизиону виљдон ва марги СССР ба ёдаш расид....

Пирпулњон Бахтиёр ШУКУРОВ, директори Тољикстандарт: - Тољикстандарт бе ягон супориши њукумат, балки дар асоси ќонунњои амалкунандаи кишвар он нафаронеро, ки синнашон ба нафаќа (яъне мардњо ба 63 ва занњо ба 58-солагї расида буданд) ба нафаќа гусел кард. -Дупа-дуруст њам кардааст. Чашми одами калонсол аз куљо ба дурустии тарозу мегузарад?! О, ин "арра кардан"-и пулњои будљетї нест, ки чашми њар хеши пири бесаводатон њам гузарад.

Расмавлшањр Абдуфаттоњ ВОЊИДОВ, коршиноси масоили сиёсї: -Дар забони расмии сиёсї таѓйироти кадрие, ки оѓози њар сол ё сол дар миён ба амал меояд, љойивазкунии кадрњо меноманд. -Љойивазкунии кадрњо будагист-дия, домулло, на аз ањлу авлоду њамшањрињо!

Сибибчор Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Бубинед, мардуми тољик кишвари гарми худро гузошта, ба Сибир ё ва дигар манотиќ барои пайдо намудани ризќу рўзї сафар менамоянд. Оё муњољирони мо аз мастї сафар менамоянд? Албатта не! Њолати феълии Тољикистон чандон хуб нест ва ислоњоти љиддї мехоњад. -Рафињон коммунистон, башиддаттар танњид кунед њукуматро, ки ин дафъа дар парлумон як љоятон њам намедињанд. Ё номзадии Талбак Назаров дар интихоботи президентї аллакай тасдињ шудаю боз ягон паљн соли дигар маоши 4000 сомона гирифта, њуњуњњои мењнаткашонро "њифз" карда мегардед?

њафњафненав Сўњроб ШАРИПОВ, вакили парлумон: - Раисљумњур бо ин команда мавсими сиёсии 7 - солаашро ба охир мерасонад. Таѓйироти куллї пас аз интихоботи президентї ба вуљуд омада, то њафт соли дигар як командаи асосан нав сари кор меояд. - Мантињан дуруст, вале кї ба шумо гуфтааст, ки дар чунин корњо мантиње њатман њаст?! Њо бале, таљрибаи 20-солаи њукумат ва ба истироњатгоњи пенсионерон-парлумон равон кардани шумо далели ин гуфтаи мост.

www.tojnews.org

www.tojnews.org

 Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд.  Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст.  Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд.  Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист.  Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї  Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.