Пулиси ахлоќ ба кї лозим аст?
Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол
Ќосими БЕКМУЊАММАД: Миллат ашёи осорхона нест Шарњи сиёсї
3
| №17 (293). Чоршанбе, 18-уми июли соли 2012 |
Љаноби ИКС:
Фаридун РАЊНАВАРД:
«Зилзила» - и Хатлон «Розњои пинњонї»
Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru
Аз пуф то туф!
5
Бидуни формат
7
Дар ин шумора: љазо
Оѓохони IV ва "имомчањо"-и навзуњур-2 Се фарзияи як куштор 7 Фарзияњои куштори Холмўъмин Сафаров, сарвари Муассисаи давлатии хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зист ва язнаи президенти Тољикистон
Худкушии се зиндонї ва барканории раиси мањбас
љањон
3
Мољарои сиёсиву низомии киштии "Алаид"
10 пурбин
Рўзњои хуб
16
2
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
Аммо аз худкушии мањбуси дигар - Далер Азизов љилавгирї шудааст, ки гуфта мешавад, ваќти муоина дар гарданаш љароњатњои бо теѓи алмос расонидашуда мушоњида шудааст.
ФАВЌУЛОДДА
АСРИ XXI
Мушкили чархбол дар кумитаи њолатњои фавќуллода Кумитаи њолатњои фавќуллода ва мудофиаи граждании Тољикистон то њол дар ихтиёри худ чархболњо надошта, дар њолатњои зарурї аз Вазорати мудофиа ва ширкатњои њавопаймої, чархбол иљора мегирад.
Ин нуктаро генерал-полковник Хайриддин Абдурањимов-раиси Кумитаи мазкур 17- уми июл, зимни як конфронси матбуотї, дар посух ба суоли хабарнигорон баён дошт.
Раиси Кумита дар мавриди тавонмандињои техникии ин нињоди муњими давлатї гуфт: - Нигоњдории чархбол ва экипаж маблаѓи зарурї ва мутахасисони соњаро таќозо дорад. Аммо надоштани
чархбол фаъолияти наљотбахшонро халалдор намекунад. Мисоли ин, дирўз кормандони мо аз дарёи кўњсори Анзоб, бидуни чархбол мошини боркаши ширкати "Тољирон"-ро, ки бо 30 тонна сўзишворї ба дарёи Сиёма сарнагун шуда буд, рањо карданд. Дар идомаи ин нишаст, иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2012 дар љумњурї, 280 њодисаи фавќуллодаи табиї ба амал омадааст, ки дар натиљаи онњо 25 нафар њалок шудаанд. Ин њам дар њоле, ки дар њамин давраи соли гузашта, 78 њодисаи фавќуллода ва њалокати 8 нафар ба ќайд гирифта шудааст. Дар натиљаи риоя накардани ќоидањои бехатарї њангоми шиноварї имсол дар дарёњо, обанборњо ва кўлњо 40 нафар ва дар нимсолаи соли 2011- 63 нафар шањрвандони љумњурї њалок гардидаанд. Бино ба иттилои Кумитаи мазкур ахиран дар бораи таъсиси Платформаи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба паст кардани хавфи офатњои табиї, ќарори махсуси Њукумати кишвар ба тасвиб расидааст. Зайнуддин ОРИФЇ
БОВАРЇ
Њамрохон Зарифї: "Не, ба таќдир тан доданї нестем!." "Ба таќдири ба мо додаи Ўзбакистон, ки роњи оњан ба Тољикистонро бастааст, тан доданї нестем, ба ин хел таќдир њеч гоњ тан намедињем.Тољикстон њамеша бо киварњои њамсоя муносибати судманди дипломатї дошт ва дорад. Аммо, муносибат бо кишвари њамсоя Ўбзакистон, бахсус дар масоили роњњо таѓийр ёфтааст", -гуфт Њамрохон Зарифї вазири корњои хориљии Тољикистон.
Зимни нишасти матбуотї дипломат гуфт, -Тољикистон роњњои алтернативии баромадан аз бунбасти роњњоро кофта истодааст. Тарњи роњи оњани дорои ањамияти байналмиалии Тољикистон-Ќирѓизистон-Эрон ва Чин, гувоњи тан надоданї мо аст.
Бинобар иттилоъи Њамрохон Зарифї, дар сафари њафтрўзаи президенти кишвар ба Љумњурии мардумии Чин дар ин бора њам сўњбатњо сурат гирифтаанд. -Бахсус дар мавриди оѓози корњои сохтмони роњи оњани байналмилии Тољикистон-Ќирѓзиситон- Хитой Эрон сўњбатњо доир шудаанд. Њоло корњои фаннї ва техникии ин роњро ширкатњои эронї омўхта истодаанд, умед аст, ки сохтмони он
рўзњои наздик шурўъ мешавад", гуфт вазири корњои хориљї. Тољикистон Эрон ва Чин тасмим доранд, лоињаи роњи оњани байналмиал, ки се кишварро ба њам мепайвандад, њамчунин хатти интиќоли нафтро аз Эрон ба Ќирѓизистон тавассути марзи Тољикистон бисозанд. Сармоягузори аршади ин сохтмон Эрон ва Чин мањсуб мешавад.
Нуриддин Саидов: 12 мактаб дар вагон ва 1 мактаб дар хаймаанд Соли 2012 хонандагони 12 мактаби тањсилоти њамагонии Тољикистон дар вагон ва як мактаб дар хайма паси сар шудааст. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тољикистон ба "Нигоњ" иттилоъ дод. Вазири маориф пинњон намедорад, ки нимсолаи соли тањсилро 12 мактаб дар вагон гузарониданд ва њанўз њам, ин вагонњо њамчун мактаби миёна фаъолият доранд. Њатто дар ноњияи Мирсайид Алии Њамадонии вилояти Хатлон хонандагони мактаб маљбуранд дар хайма дарс омўзанд. Нуриддин Саидов мегўяд, минтаќањое, ки бар асари њодисањои табийї обхезї ва боришот осеб дидаанд, мактабњои ин мавзеъ хароб шудааст. Бар асари ин њодисањо мактабњо муваќќатан дар вагон, хайма ва эњтимол биноњои дигар кўчонида шудаанд. Дар шањри Вањдат 2 мактаб дар вагон, дар ноњияњои Њамадонї як мактаб дар хайма, дар Восеъ мактабњо дар љойњои дигар љой доранд. Айни њол дар мактабњои миёнаи икшвар 1 млн. 710 њазор хонанда тањсил мекунанд. То
Мењрафзуни АБДУЛЛО
ЉАЗО
Худкушии се зиндонї ва барканории раиси мањбас Ботурхон Исмоилов, сарвари муассисаи ислоњии ЯС 3/2 -и Вањдат ва муовинаш аз вазифањои худ барканор шуданд.
Њарамгули ЌОДИР
МАСЪУЛИЯТ Тавре номбурда ба "Нигоњ" иттилоъ дод. Ќарзи "Тољик эйр" дар назди "Тољиксуѓурта" аз њисоби 2% суѓуртаи фурўши чиптањои њавопаймо буда, аз соли 2010 инљониб талошњо барои гирифтани ин маблаѓ идома доранд. "Даъвои мо то ба Суди иќтисодї њам рафт. Суди иќтисодї даъвои моро њаќ баровард. Ба "Тољик-эйр" супориш дод, ки маблаѓи аз њаќќи суѓуртаи чиптањои мусофирон дастрасшуда ба "Тољиксуѓурта" баргардонида шавад. Аммо, ин ќарори Суди иќтисодї иљро нагардид. "Тољикайр", њамчун корхонаи давлатї аз ќарори суд норозигї баён карда, ба Суди Конистутсионї аз болои Суди иќтисодї шикоят бурдааст. Акнун, даъвои моро марњалаи дигари судї мебинад. Бо гузашти ваќт ва идомаи талошњои судї, эњтимол то охири сол маблаѓ то ба 30 миллион сомонї рассад...",- гуфт Абдулло Абдуллоев. Бањс миёни ду корхонаи давлатї аз замони роњбарии Муњиббуло Сафаров дар КВД "Тољиксу-
Ќарзи "Тољик-эйр" аз Тољиксуѓурта ба 30 млн. мерасад Корхонаи воњиди давлатии "Тољиксуѓурта" ду сол боз аз Ширкати "Тољик-эйр" ќарзашро ситонида наметавонад. Ин маблаѓ то охири соли љорї ќарзи Ширкати "Тољик-эйр" аз Корхонаи воњиди давлатии "Тољиксуѓурта" эњтимол ба 30 миллион сомонї расад, - гуфт Абдулло Абдуллоев, муовини аввали раиси КВД "Тољиксуѓурта".
ѓурта" оѓоз шудаанд, ки номбурда њоло дар вазифаи мушовири давлатии президент оид ба иќтисод фаъолият мекунад. Ширкати "Тољик -эйр" ва КВД
"Тољиксуѓурта" аз ширкатњои давлатии суѓуртакунии кишвар мањсуб меёбанд, ки 48%-и бозорро фаро гирифитааст. Њарамгули ЌОДИР
соли 2025 теъдоди хонандагони мактабњои миёна аз 2 миллион мегузарад. Вазорати маор ифи Тољи кист он а з со ли 2005 ислоњот дар соњаро роњандозї кардааст, ки яке аз самтњои ислоњот сохтмони мактабњои наву замонавї бо назардошти шароити таълимии муосир мебошад. Бинобар иттилоъи вазири маориф, њанўз мактабњое њастанд, ки дар биноњои солњои 30-юми асри гузашта фаъолият доранд.
Ин барканорї дар пайи чанд худкушии мармуз ва беназмињо дар ин муассиса иттифоќ афтодааст. Бинобар иттилои Сарраёсат оид ба иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон, барканории Ботурхон Исмоилов ба ин њаводис рабт надорад, балки ў ба кори дигар гузаронда шудааст ва њоло сарварии муассисаи ислоњии бачагонаро ба зимма дорад. Аммо дар бораи истеъфои муовини ў иттилоъ дода намешавад. Моњи гузашта дар Муассисаи ислоњии шањри Вањдат, мавсуф ба "Кирпичний" се зиндонї даст ба худкушї задаанд.
Бинобар иттилоъи манбаъ аз ин муассиса, рўзи 6-уми июни соли љорї Нўъмон Сатторќулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноњияи Конибодом ба далоили норўшан дар утоќе худро ба дор овехтааст. Дар таърихи 22-уми июн, Алишер Ќосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шањри Душанбе дар бемористони мањбас ва рўзи 26уми июн Аљик Ќаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноњияи Фархор худро захмї карда, фавтидаанд. Аммо аз худкушии мањбуси дигар - Далер Азизов љилавгирї шудааст, ки гуфта мешавад, ваќти муоина дар гарданаш љароњатњои бо теѓи алмос расонидашуда мушоњида шудааст. Ќаблан дар сўњбат бо мо, масъулини Сарраёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон иттилоъ дар бораи беназмињо ва марги мањбусон дар мањбаси мазкурро рад карда буданд. Аммо пас аз ин њаводис, бино ба иттилоъи расонањо, додситонї алайњи сардухтури маркази тиббии Муассисаи ислоњии шањри Вањдат, дар робита ба ду "худкушї"-и мармуз дар ин муассиса парвандаи љиної оѓоз кардааст. Ахиран, Толибхон Азимов, корманди прокуратураи додситонии вилояти Хатлон, ба вазифаи прокурори назорати иљрои ќонунњо дар муассисањои ислоњї ва мењнатї дар шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи марказ таъйин шуд. Масъулини Сарраёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлия аз тафсилоти мавзўъ худдорї мекунанд.
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
3
Агар моро нашиносанд, фикр мекунанд, ки дунё бар мењвари мо мечархад. Њатто дар масъалаи ахлоќ ва фарњанг, ки башарро вомдори худ медонем, ба њарду по мелангем.
АНОНС
ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ
Рўзњои фарњангии Укроин дар Душанбе Њайати фарњангии укроинї ба Душанбе меояд Рўзњои 1-8-уми августи соли равон дар Душанбе рўзњои фарњангии љумњурии Укроин баргузор мешавад. Тавре аз вазорати корњои хориљии кишвар иттилоъ доданд, ин тасмим зимни вохўрии сарони ду кишвар, Эмомалї Рањмон ва Виктор Янукович дар Киев гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, њадаф аз гузаронидани рўзњои фарњангии ин кишвар дар Душанбе, мустањкам намудани муносибатњои фарњангии Тољикистону Укроин аст. Тавре мо маълум намудем, дар ин рўзњо њамоиш-кон-
серт ва намоишномањои театрї бо њунарамоии бењтарин санъаткорони укроинї, дар толорњои консертї ва театрњои кишвар пешкаши њаводорони санъату њунар хоњанд шуд. Њайати њунармандони мењмонро вазири фарњанги ин кишвар Юрий Богутки сарварї мекунад. Иштирок дар консерт ва дигар барномањои њунарї озод аст.
Миллат ашёи осорхона нест
Фарзона АШЎРМАДОВА
ТАЊДИД
Игор Коротченко: "Агар Душанбе аз хати кашидаи Маскав берун барояд…" Игор Коротченко, коршиноси масоили низомї- сардабири нашрияи русии "Дифои миллї" дар як матлаби худ овардааст, ки Русия бояд аз тамоми имкониятњо истифода барад, то нуфузи њарбию сиёсияшро дар минтаќа нигоњ дорад.
Ба гузориши хабаргузории Росбалт, Игор Каратченко ба суханони
ахири Дэн Бэртон, раиси њайати порлумони Амрико, ишора карда гуфтааст, ки: Маскав ба хотири манфиатњои худ дар Осиёи Марказї бояд ба њар ќиммате бошад, њузури низомии худро дар Тољикистон њифз намояд. Сардабир тањдидомез ба маќомдорони Тољикистон гуфтааст, њар навъ талош барои њамкорї бо ИМА оќибатњои ногуворе дар пай хоњад дошт, чунки Маскав абзорњои зиёде монанди фишор бар муњољирони кории тољик, ташдиди муќаррароти раводид ва кумак ба мухолифони сиёсии давлати Душанберо дар ихтиёр дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки ваќтњои ахир матолиби тањдидомез дар расо-
нањои русї аз забони маќомдорони њарбиву дипломатї зиёд нашр мешаванд. Бинобар гуфтаи тањлилгарони сиёсї Маскав, ки стратегияи мушаххас надоштанаш дар минтаќа аён буд, нуфузи худро ба пуррагї аз даст дода, дар њолати сардаргумї ќарор дорад. Амалї нашудани ваъдаи Душанбе ба президенти собиќи Русия Дмитрий Медведев дар бораи тамдиди муњлати њузури пойгоњи 201уми Русия дар Душанбе, ки тибќи ќарордоди миёни љонибњо соли 2014 ба охир мерасад, Маскавро нигарон кардааст. Рустами САФАР
ЗАБОНИ ЊАЙВОНЇ
Тўтї Кеша бо супориши президенти кишвар забони давлатиро омўхт Кеша ном тўтие аз Боѓи њайвоноти "Ошёни булбулон"-и Конибодом имрўз ба забони тољикї њарф зад. Машќи пайваста ба Љўрабек Мўъминови паррандашинос имкон дод, ки дар тўли чањор сол ба тўтии худ Кеша забони тољикиро омўзонад. Акнун калимањои кўтоњи "боз биё", "ман Кеша" ва амсоли инро ин тўтии сухандон такрор мекунад. Тавре Љўрабек Мўъминов ба хабарнигори TojNews иттилоъ дод, худ аз 72 соли умраш, 50 солашро ба соњаи паррандапарварї бахшидааст. Чанд сол пеш, дар намоишгоње ба тўтињои сухандонаш Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон мароќ зоњир намуда, аз он ки тўтињо ба забони русї њарф мезаданд, ба соњиби тўтињо маслињат дода буд, ки акнун ин паррандањо бояд бо тољикї низ њарф зананд. Аълочии фарњанг, љоизадори Намоишгоњњои байналхалќии паррандагон Љўрабек Мўъминов роздони олами паррандањо буда, ахиран, гўшае аз Боѓи фарњангу истироњатии шањри Конибодомро харида, дар он боѓи кўчаки њайвонот ва бозори паррандањоро таъсис додааст. Акнун сокинони шањр дар ин љо на танњо бо навъњои гуногуни паррандањо, бал-
ИЛЊОМИ ЊАФТА ДАСТИ РЎЗГОР Дар шањр нест чењраи шодобу диданї, Дорад нињоли ќомати мардум хамиданї. Ранги хазон гирифт гул аз дасти рўзгор, Охир гул намонд ба гулзор чиданї. Дар лонањо шикаста пару боли мурњо, Љуз хору хас намонд зи боли париданї. Бишкастаанд нахли тару хушкро ба боѓ, То бишкананд њавсалаи саркашиданї. Бишнид гўш њарзаву мадњу сано, дигар Нашнид гўши дил суханони шуниданї, Фасли хазон расид магар ёри мењрубон? Дар шањр нест чењраи шодоб диданї. Абдуќањњор
аз Ќосими БЕКМУЊАММАД
ки бо олами рангину љаззоби хазандањо, аз ќабили сангпушт, мор, калтакалос ошно мешаванд. - Агар барои бунёди боѓ маќомоти мањаллї ќитъаи заминеро барои ман људо мекарданд, филу маймун ,уштуру хирс, оњую бањмутро њам аз дигар кишварњо оварда, ба намоиш мегузоштам ,- мегўяд Љўрабек Мўъминов. Љўрабек Мўъминов бештар њамчун доиранавоз ва сарояндаи сурудњои халќї дар ќисмати тољикистонии водии Фарѓона ва миёни мардуми Конибодом аз замони салтанати Шўравї шўњратёр буд. Имрўз духтари ў Луњира Мўъминова яке аз шашмаќомсароёни маъруфи Тољикистон мебошад. Њоло Љўрабек Мўъминов ба намоишгоњи наве омодагї мебинад ва тасмим гирифтааст дар фурсати мувофиќ ба Президенти Тољикистон забондонии тољикии тўтї Кешаро нишон дињад. Зайнуддин ОРИФЇ
Њар боре, ки ба води Вахш равам, муйсафеди ошноеро, ки нўњ дањаи умрашро пушти сар гузоштааст, аёдат мекунам. Солњост, ки таќрибан њамеша шоњиди як сањна мешавам. Ба мањзи ин ки аз саломатиаш пурсу пос мекунам, бо дастони хастааш зонуњои карахту бењолашро молиш додаву аз љавонињояш ёд мекунад. Аз замоне, ки дасту бозуи тавоно дошт, њунар дошт, обод мекард, таърифу тамљид мешунид. Ва њар бор мебинам, ки зиндагї кардан бо айёмеро, ки барояш хушу гуворо будааст, дўст медорад. Шояд кўмакаш њам кунад, аммо аз ин воќеият, ки имрўз аз пойи равон мондаасту бе ёрии дигарон њеч чизе аз дасташ сохта нест, наметавон фирор намуд. Ин як намунаи фардист, вале бо хислат, зењният ва љањонбинии мо - тољикон бертибот нест. Мо њама бо гузашта буданро дўст медорем. Одитарин чизро бањона мекунем, то ба гузашта баргардем. Фурсатњоро њам он љо мебинему тањдидњоро њам. Њатман ба наќши шахсии худамон низ таъкид мекунем. Мегўем, ки агар ман намебудам, чунин мебуду чунон мешуд. Гузоришњои њамасолаи расонањои расмї ва матолибу мусоњибањои нашрияњои мустаќил дар робита ба тањаввулоти солњои нахустини истиќлол ба таври мустаќиму ѓайримустаќим ин вижагии моро нишон додаву медињад. Камтар касе аз он сухан мегўяд, ки имрўз куљоем ва фардо куљо хоњем рафт. Шояд аз фикри он бим дорем? Шояд. Ин аст, ки њамеша аз таърих ва нубуѓи гузаштаи миллат мегўему ифтихор менамоем. Ба њадде муболиѓа мекунем, ки гўё агар мо намебудем, башар роњашро гум мекард. Аммо њеч касе омода нест ба ин пурсиш посух бидињад, ки чаро он пешинаи бузурги илмиву фарњангї натавонистааст заминаи пешрафти имрўзии фикриву зењнии моро фароњам намояд? Дар бозори илму фанноварии љањонї кадом мањсулотро бо барчаспи "тавлиди Тољикистон" арза кардаем? Ва оё њатто дар дањсолањои надик арза хоњем намуд? Мо бамаротиб бештар аз таносуби ањолиамон ба бозори љањонї танњо муњољири корї арза мекунем, дар њоле ки тавлиди илму донишамон барои он бозор таќрибан дар њадди сифр ќарор дорад. Имрўз миллатњое њастанд, ки бо вуљуди љавонии худ ба таносуби љамъияташон дањњо баробар бештар донишу фанноварї тавлид мекунанд. Мо ки њама доди ифтихор аз Абуалї Сино, Абўрайњони Берунї, Умари Хайём ва дањњо нобиѓаи илмии миллиамонро мезанем, дар ќиёс бо он аќвоме, ки аз ин гуна ифтихороти таърихї мањруманд, чи чизе дорем? Ба иборати дигар, дар боѓи илми љањонї чанд нињоли тољик - ворисони ин бузургмардони таърих дар њоли сабзиш будаву башар ба онњо чашми умед духтааст? Мусбат будани посухи ин пурсишњо бароямон њаќќи ифтихор аз гузаштаро медињад. Аслан надидем, ки аврупоињову ѓарбињо бо ин њама пешрафтњои шигифтангези илмї ва фанноварї мисли мо гирифтори уќдаи њаќирї ё эњсоси нуќс (комплекс неполноценности) бошанд. Њатто сари њар ќадам аз "Шоњнома" мегўем, вале агар даст рўйи дил бигзорему содиќона иќрор бишавем, ки чанд дарсад ин шоњасари безаволро то поён хондаем, бешак хиљолатзада хоњем шуд. Мутмаинан, хеле аз шоиронамон, ки шояд ба пайравї аз "Шоњнома" низ чизњое гуфтаанд, чунин њииматеро надоштаанд. Аммо бо ин њама дар масъалаи ифтихор, ба истилоњ, мардамон касе нест. Агар моро нашиносанд, фикр мекунанд, ки дунё бар мењвари мо мечархад. Њатто дар масъалаи ахлоќ ва фарњанг, ки башарро вомдори худ медонем, ба њарду по мелангем. Дур намеравем. Љуйњои назди хонањоямон аз касофат пур асту аз дасти бўю тафи зуболањо (партовњо) то як поси шаб хобамон намебарад. Боз даъвои собиќаи чанд њазор сол шањрнишиниро дорем. Бењтар аст аз чапу рост туф кардани носи дањони мардонамон нагўем, ки ин бемории лоилољу ѓайрифарњангиро бо худ ба њар куљо, ки рафтанд, бурданд ва симои бадеро аз миллат арза карданд. Агар идома дињем, ин достони асафбор хеле тўлонї хоњад шуд. Вале як чиз мусаллам аст: мо бояд гузаштаи таърихии худро донем ва аз он ибрат гирему худро ислоњ созем, аммо њаќ надорем њамеша мисли ашёи осорхона дар таърих зиндагї кунем. Барои ислоњи вазъ ирода ва њиммат лозим аст. Агар онро дорем, умеде ба оянда њаст, агар не…
4
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
Аммо зани ўзбак њам сар намефарорад. Дар натиља зани украинї ба суйи ў бо корд медаваду ба синаи ў чанд зарбаи марговар мезанад. КОКУЛОН БА ИВАЗИ 50 ДОЛЛАР Гулракат кокулони дарозе дошт. Аммо рўзе дар Питер бекор монду ба кошонаи њусн рафт. Кокулони дарозашро ба ивази 50 доллар фурўхт. Вале баъди чанде сахт аз кардаи хеш пушаймон шуд. Дигар пушаймонї суде надошт… СМС - МАРГ Апаи Сомия он рўз дар кор буд. Аммо ногањонї ба телефонаш смс омаду ў баъди хондани он дар љояш мисли барќ задагї карахт бимонд. Аз Тољикистон навишта буданд, ки «модарамон шабона аз беморї, аз олам гузашт, апаљон. Дар калонсолї ятим мондем» Ин смс - марг ќалби Сомияро ду пора сохт. Вале љойи кораш љое буд, ки раисаш хеле сахтгиру берањм буд. Њамин ваќт раиси маѓоза наздаш омада пурсид: - Ња, боз чї гиря дорї? - Модарам дар ватан вафот кардааст… - базўр, нимшунаво Сомия ин суханонро ба забон оварду беихтиёр инони гиряро сар дод. - Шуд акнун, шумо, тољикон фаќат проблема доред. Аз пайи корат шав, шабона ба хона рафта, фиѓонатро мекунї. Сомия ин њангом гиряашро нигањ дошта натавониста, ба суйи ташноб рафт. Он љо паст-паст фиѓон карда, алами дилашро каме холї кард. Сипас, аз пайи кораш шуд бо фиѓони дарунї. Агар њозир аз кор љавоб гирад, њамин тавр раисаш аз кор пеш мекунаду ў бепул мемонад. Ба ватан барои маъракањои худоии модари азизаш пул фиристодан даркор. Вагарна хоњарони камбаѓалаш маъракањои модарро назди дўсту душман гузаронида наметавонанд… БОЗОРИ ЗАНОНАИ МАРДИКОРОН Дар шањри Санкт-Петербург бозори Сафийский фаъолият дорад, ки тољиронаш асосан озариву арманиянд. Субњи солењон ин љо занони муњољири молдавиву тољику ўзбакро мушоњида кардан мумкин аст, ки ќатор истода мунтазири мошинњои калони фура меистанд. Мошини меваву сабзавот, њамин ки омад, занњо мисли корвони мўрча сўйи он медаванд. Тољирон сабзавотро фароварда, ба њар як яшики тозакардашуда нарх мемонанд. Гоњњо байни занњои муњољири тољику ўзбак барои кор љанљол мешавад. Рўзе зани молдавие омадани мошини фураро аз ќафояш надида монду бехабар таги мошин монд. Љисми реза-резаи ўро пеши чашми њамагон љамъ карда, ба «морг» бурданд. Ин зан 43 - сола буда, дар зодгоњаш 4 фарзанд дошт… ИН ХОК ЧЇ ЗЕБОСТ, ВАЛЕ ХОКИ ВАТАН НЕСТ… Зарафшон субњи солењон барваќт хесту барои шавњараш ноништа тайёр кард. Сипас дар тараддуди корравї шуд. Дина чипта харид, барои ба ватан рањсипор шуданд. Се сол боз ба ватан нарафта буд. Зану шавњар аз рўзи аввали омаданашон ба шањри Питер ният карданд, ки то пули як хонаро љамъ накунанд, њаргиз ба ватан нахоњанд рафт. Се фарзанди азизашро ба модар монда, рафта буд. Љигарбандонашро ба ёд
Онњое, ки худкушї мекунанд барои ин аст, ки мањбубтар бишаванд ва дилњоро бисўзонанд, ѓофил аз ин ки барои мањбуб шудан васоили бењтаре дорем. Муњаммад ЊИЉОЗЇ
инї ба сўйи ў бо корд медаваду ба синаи ў чанд зарбаи марговар мезанад.
Агар зан муњољир бошад - 2 оварда, дилаш гум зад. Мехост кабўтар шаваду парвоз кунад сўйи ватан ва азизонашро ба оѓўш кашида, бибўяду бибўсад, бибўяду бибўсад... Зарафшон ба гўшаш ноќили телефони мобилиро монду суруди хунарманди дўстдоштааш Сатторро гўш карда, хайёлан ба Тољикистон парвоз намуд. Ана, љигарбандонаш ба истиќболаш мешитобанд. Модари пираш њам, баробари онњо ба истиќбол баромада, шамол руймоли сафедашро оњиста – оњиста алвонљ медињад. Зарафшон метозад ба истиќболи љигарбандонаш ва садои бошаст омадани электричка Зарафшонро аз олами хаёл - аз Тољикистон якбора канда кард.... Вай, ки интизори омадани электричка истода, беихтиёр ба олами хаёлот фурў рафта буд, наздик омадани электричкаро надида монд. Садои гўшхароши аљал ваќте Зарафшонро ба худ овард, ки дигар имкони гурехтану рањої аз панљаи тавонои аждањои марг намонда буд. Аждари марг - электричка љавонзани дар фироќи ватан љигаркабобро дар як лањза зери чархи худ печонида, љону рўњу орзуњои ўро бо хоку хун олуда намуда, ба олами нестї бурд. Плейере, ки Зарафшон њамроњаш дошт, ба гўшае њаво хўрда, њамоно аз он садои дардолуди Саттор танинандоз буд: Ин хона ќашанг аст, вале хонаи ман нест, Ин хок чї зебост, вале хоки ватан нест. Љасади ин љавонзани 33 - соларо кафанпеч намуда, ба ватан фиристоданд... ЗАНИ ФИРЕБХЎРДА Љавонзане барои коркобї ба бозори Апрачка омад. Бо њамватане шинос шуд. Ин њамватан худро таќводор тарошида, ба ў ваъда кард, ки љойи кори хуб меёбад. Вале барои љойи кори хуб зиёда аз 5000 рубли русї даркор будааст барои «хозяин». Зани сода ба ў бовар карда, рафта аз њамхонааш пул ќарз гирифта оварда, ба ў дод. Аммо аз пулгирии ин бародари њаннот ду моњ
ФИРЕБИ ФИРМАЊО Дар кўчаву истгоњњои шањри Питер эълонњое вомехўранд, ки махсусан духтарони зебои Осиёи Миёнаро ба кор даъват мекунанд. Ва дар эълон ќайд гардидааст, ки новобаста аз миллат, зебої, ќадду ќомат наќш мебозад. Синну сол њам набояд аз 25 боло бошад. Духтараке аз Тољикистон, ки дар сини 19 - солагї баъди издивољи барваќтї аз шавњар људо шуда ба Русия омада буд, ин эълонро дида, ба он раќамњо занг мезанад. Ба фирмаи даъватшуда меравад. Пеш аз рафтан ба дугонааш занг зада, мегўяд, ки љойи кори зўре ёфтааст. Дигар то имрўз касе на зиндаву на мурдаи ўро дидааст. Бенишон ѓайб задааст. Духтараки дигари тољик аз шањри Самарќанд дар сўњбат бо ман наќл кард, ки ба яке аз чунин фирмањо ба кор мераваду аввал ўро њамчун манбаи интернетї барои шањватронии виртуалї истифода мебаранд. Баъд мегўянд, ки акнун бояд њамроњи дигар духтарон ба Дубай равад. Аммо духтарак бо фиреб аз коргоњ мебарояду худи њамон рўз чипта харида, ба Ўзбакистон меравад. Шањрванди Молдавия, Анна бошад, ба доми онњо низ бехабар аз рўйи эълон фитода, ба кор медарояд. Аввалњо њамчун фоњишаи виртуалї кор мекунад. Баъд ўро маљбурї ба шањри Маскав бурда, ба арабњо мефурўшанд. Оќибат бо фиреб ў њам гурехта, ба ватанаш меравад… МАРДИ ДАЛЛА Њастанд мардњои беору номуси миллатамон, ки ба «папа-роза»-гї машѓуланд. Аз њисоби љалб сохтани занњои зебо ба фоњишагї, гоњњо бо роњи фиребу найранг, гоњо бо роњи ихтиёрї онњо зиндагии шоњонаи имрўзи худро месозанд. Яке аз онњо Њабиб буд, ки бо ду љавони арманї дар шањри Питер ба даллагї машѓул буд. Бо духтарони зебои муњољир аввал бо бањонаи кор ёфтан шинос мешуду сипас, онњоро ба шањрњои Русия, ба фоњишагї мефиристод. Шиносномањояшонро гирифта, тањдид мекард, ки то ваќти муайян хизмат мекунанду сипас ваќти мусоид онњоро ба ватан мефиристонад. Вале кормандони амният чорањои зарурї сари ваќт андешида, ўро дастгир карданд ва њоло ин беимон дар мањбас аст.
гузашту њељ не, ки ў барои зан коре ёбад. Оќибат ба дили зан ин њама найрангњо заду ў барои пулаш омад. Мард шарм накарда гуфт, ки «кадом пул, ман умуман туро намешиносам». Ќањри зан омаду омада назди дигар мардуми бозор гуфт: - Ба ту барин гадо бахшидам панљ њазорро. ЗАНЊОИ ТОЉИК БЕРУН АЗ ШАЊР Мавзуна, Рањима, Файзигул дар берун аз шањр (загород) бо картошкачинї машѓул буданд. Њамин ваќт
доду войи муњољирзанони ўзбак баромаду њама ба он тараф давиданд. Зани муњољири ўзбаки синну солаш рафта рўи замини картошка печу тоб хўрда, корди ба синааш бархўрдаро гирифтанї мешуд. Мавзуна нотарсона наздик шуда, кордро аз синаи ў кашида баровард. Аммо то ба беморхона расидан зан вафот карда буд. Сабаби муноќишаи хунин љўякњои картошка будааст. Зани украиние бо зани ўзбак љанљол карда мегўяд, ки ин љўякро ў мечинад. Аммо зани ўзбак њам сар намефарорад. Дар натиља зани укра-
ГУНАЊКОРИ БЕГУНОЊ Занеро бо љурми дуздї ба мањбас гирифтанд. Зан дар толори суд фиѓонкунон мегуфт, ки ў гуноње надорад. Касе ба сухани ин зани бегуноњ эътиборе намедод. Дар асл соњиби хонае, ки зан хидматгор буд, ўро барќасдона ба дуздї тўњмат карда буд. Писари соњиби хона, ки њамеша масту махмур буд, гоњњо аз модар пинњонї пулњои модарро медуздид. Рўзе ин дуздии ўро зан диду ба модараш рафта расонид. Акнун байни модару писар љанљол сар шуд. Зани хидматгорро писари соњиби хона чашми дидан накард. Шабе дар таги болишти ў ноайён ангуштарини ќиматбањои модарро бехабар гузошту субњ ба модар гуфт, ки шояд ангуштарини гумшуда дар хонаи хоби хидматгорзани тољик бошад. Мањина мефањмонд, ки ў гуноње надорад. Чун дар ин шањри ѓарибї касе надошт, оиди ин њодиса делои љиної кушода шуд. Зани бегуноњ зиндонї шуд… Шањлои НАЉМИДДИН
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
5
Оё менељменти Хатлону Бадахшон аз њаво омадаанд? Чаро не? Хатлон ба љанги дохилї кашида шуд. Агар дар Бадахшон љанг мустаќим набуд, як муддат роњ ба марказ надошт. Аммо ин њам сабаби заъиф аст, зеро аз анљоми љанг 15 сол сипарї шудааст.
Пулиси ахлоќ ба кї лозим аст? Oleg-Sandro Panfilov: - Оё ин пулис њуќуќи ворид шудан ба парлумонро дорад? Камиль Арешов: - Бигзор аввал пулиси зидди фасоди устодонро ташкил кунанд, ки донишљўёни камбаѓалро ѓорат мекунанд! Пас дар бораи ахлоќу рафтор андеша кунанд. Њељ кас каси дигарро ба кори нек њидоят карда наметавонад, ваќте таги худаш тар аст! Ба ќарибї дар донишгоњ имтињон доштам ва ду устод маро "рўи бел" гузоштанд. Дигар имтињонњоро худ супоридам аз миёни 40 кас. Бовар намекунед, аммо чунин аст. "Ставка"-и минималї 25, максималї - 50. Аз ду фан ба ман бањои санљиш ва имтињонро нагузоштанд, зеро пул надодам. Акнун моњи август ба ман бањо мегузоранд, ё маро хориљ мекунанд, аммо ин дуздонро ман фош мекунам. Дар тамоми кишвар ва матбуот номи ин порахўрон ва ќаллобонро эълон мекунам. Ба ректори донишгоњу вазиру президент њам мерасад. Дигар роњ нест! Alexander Sodiqov: - Агар ректори донишгоњ ин пешнињодро кунад, ѓамангез аст. Куруш Сухроб: - Ѓамангез аст бо љавонони вайроншаванда муносибат кардан. Мушкилоти ахлоќиро полиси ахлоќ њал карда наметавонад. Сабабњои бадахлоќї дар љомеаи мо хеле васеъ аст. Мехр Собириён: - Агар чунин шавад, ин полисњои ахлоќ чун њарваќта "ба љои салла калла меоранд" ва зиндагии бе ин њам мушкили моро боз њам мушкилтар мекунанд. Бахром Фаизуллаев: - Барои таъсиси чунин полис лоаќал одобу маънавиёти нафаронеро баланд бардоштан лозим аст, ки шомили ин гуна хадамот мегарданд... Saidahmad Ikromov: - Шумо чанд маротиба ГАИ-шни-
књоро дидед, ки "хољагињои" худро дар посгоњ мехоранд? Ман зиёд дидаам. Бигзор он љо шурўъ кунанд, агар муваффаќ шуданд, пас оянда маълум мешавад. Salim Aioubzod: - Њаст ку Агентии мубориза бо коррупсия. Ин боз Агентии мубориза бо ахлоќи коррупсионї мешавад, не? Мархабо Зунунова: - Дар атроф фаќат комиссия, комиссия, гурўњњои корї... Чї таѓйир ёфт? Агар кўдаконро аз гањвора тарбия накунї, ба гумон аст, ки љомиа ва ё комиссия кореро карда тавонанд. Сармаддил Арчамайдони: - Говро як бор мегардонї, ки ба полиз надарояд, аммо дуввумбора медарояд, севумбора њам... Шокир Файзуллоев: - Мегўянд, ки пулис аллакай њаст. Дар пойтахт пас аз соати 23 гаштан мумкин набудааст… Нусратулло Юсуфбеков: - Дар даврони шўравї донишкадањо асосан дар Душанбе буданд ва он љо намояндањои манотиќи гуногуни Тољикистон зиндагї мекарданд ва аз якдигар чизи зиёдеро меомўхтанд, хусусан аз бачањои шањрї, ки ахлоќу тамаддуни шањриро медонистанд. Имрўз дар њар дења якто донишгоњ! Чї хел љавон аз дењи хеш берун нарафта, дорои ахлоќи њамида гардад. Бо ташкили полиси ахлоќ масъала њал намешавад. Umed Azimov: - Чаро аввал зањр созем, пас позањр? Бояд ба донишљўён роњи нек нишон дода шавад, на ин ки ба шеваи диктаторї ба онњо таъсир расонд. Иршод Сулаймони: - Пулиси ахлоќ дар як љомеаи фароахлоќї мисли њар маќомоти дигари Тољикистон номуваффаќ мешавад.
Mustafa Surkhov: - Ахлоќро на бо пулис (агар сари њар ќадам њам пулис гузорї), на бо тозиёнаву шамшеру љарима, балки бо таълими дуруст метавон таѓйир дод. Бобољон Ќаюмов: - Мисли аксари нињодњои дигар агар полиси ахлоќ њам ташкил шавад, вай худаш зидди ахлоќ мешавад. Масалан, нињоди мубориза бар зидди коррупсия ташкил шуд, аммо фасод њамчунон боќист. Аз тарафи дигар дар љомеаи мо бадномтарин нињод ин полис аст. Агар ахлоќро њам ба он супорем, Худо ба додамон расад. Аз тарафи дигар ваќте мардум то њол худаш намедонад, ки ахлоќ чист ва кори ѓайриахолќї чист, чї гуна онро риоят кунад? Исфандиёр Носиров: - Пешниходи нољо ба мисли дигаронаш. Виктор Луговых Виктор: - Онњое, ки ин пешнињодро дастгирї мекунанд, тартибу низоми оддии инсонї, ќонуният, суботро мехоњанд. Онњое, ки мухолифанд, низ њаќ њастанд, зеро дар кишвари мо аз рўи принсипи "мехостем хуб шавад, аммо боз њамон натиља" кор мекунанд. Фарид Ориён Балхи: - Пулиси ахлоќ дар кишварњое мешавад, ки низоми тоталитарї доранд, яъне ќоидаву ќавонине доранд, ки бояд назорат шаванд. Агар Тољикистон давлати демократї аст, оё ягон консепсияи муайяни ахлоќро дорад, ки бояд назорат шавад? Дуввум ин ки аз расонањо мехонем, худи њамин кормандони милиса дар кўчањо шабона бачаву духтарро дошта мепурсанд, ки киянд, чї кор мекунанд. Яъне барваќт дар мо низоми полиси ахлоќ хаст. Зарурат нест ба маошхўрњои нав.
«Зилзила» - и Хатлон Заминљунбиро медонед? Албатта. Агар донед, инро њам медонед, ки зилзила марказ ё эпитсентр дорад, яъне дар як љой ба чанд бал такон мехўраду ба њамин мављаш то љое, ки метавонад, меравад. Њодисањое ё воќеиятњое дар таърихи мо буданд ва њоло њам њастанд, ки зилзиларо мемонанд. Дар Тољикистон ин ќабил зилзилањо ба Суѓд кам таъсир кардаанд. «Рушди иќтисодии вилояти Суѓд ба давраи пеш аз љанги шањрвандї баргашт» - хабар дод Барномаи рушди Созмони Милали Муттањид дар Тољикистон. Соли 2011 даромади буља дар ин вилоят аз њисоби бахши хусусї аз 23 дарсад ба 40 фоиз баланд рафта, дар вилоят 65 корхонаи хурду миёна ба кор шурўъ кардаанд, аммо дар вилояти Хатлон бо вуљуди ањолии бештар - танњо 42 корхона сохтаанд. Корпоратсияи байналмиллии молиявї (IFC) бошад вилоятњои Тољикистонро аз нуќтаи назари иќтисодї чунин таќсим мекунад: дар Хатлон кишоварзї, дар Суѓд саноат ва дар Бадахшон љањонгардї бештар рушд кардаанд. Хайрият, «њукм меронанду муњофизат мекунанду мераќсанд не». Баъзењо бурди Суѓдро аз мавќеияти љуѓрофї ва наздиктар будан ба Русияву Ќазоќистону Ўзбакистону Ќирѓизистон медонанд. Вилоят дар чорроњаи роњи оњан ќарор дорад. Роњаш ба Душанбе пулакї аст. Аммо чї мегўед, ки мавќеи љуѓрофии вилояти Хатлон ё Бадахшон њам бад нест: яке дарвозаи Тољикистон ба Аф?онистону Покистону Њинд ва Эрону дигар кишварњои Халиљи Форс аст, дигаре њамсояи ќудрати љањонї - Чин. Мантиќан ин вилоятњо њам бояд рушд кунанд. Аммо њамон IFC калиди аслии муамморо ба дасти мо медињад: сабаби рушди Суѓд «хубтар будани мудирият ё менељмент дар сатњи њокимияти мањаллї» аст. Оё менељменти Хатлону Бадахшон аз њаво омадаанд? Чаро не? Хатлон ба љанги дохилї кашида шуд. Агар дар Бадахшон љанг мустаќим набуд, як муддат роњ ба марказ надошт. Аммо ин њам сабаби заъиф аст, зеро аз анљоми љанг 15 сол сипарї шудааст. Сабаби ќавї? Бале, вуљуд дорад. Њамон гапе, ки IFC мегўяд: менељмент! Менељменте, ки дар ин вилоятњо њукмронї карданду мекунанд, зодагони њамон даврони љанганд. Як замон гурўњњои силоњбадасте сари ќудрат буданд, ки бо истифода аз фурсат корхонањои истењсолии фаъол дар минтаќањоро ё «љамъу гир»-у оњанпора карда, фурўхтаанд, ё муддате фоидаи онњоро ба кисаи шахси худ задаанд. Пахта њам он солњо бо кўшиши ин афрод «кип» рафта, «љип» шуда меомад. Ин гурўњњо оњиста - оњиста аз ќудрат ронда шуданд. Њукумати марказї ќавї шуд. Аммо гурўњњои наве, ки аз љињати молї пурќудрат буданд, тањти номњои фирмаву ширкату њолдинг, бахусус ба вилояти Хатлон сар дароварда, албатта, корхонањои нав сохтанд, аммо ба пуррагї корхонањои бударо аз худ намуданд. Дањњо корхонаи коркарди пахта хусусї шуданд. Заминњои пахта дар натиљаи «сим-сим» - гўињои замона ба моликияти фючеристон табдил ёфтанд. Њоло сарвати Хатлон ќариб ки дар дасти афроди ангуштшумори наздик ба маќомоти болої аст. Номаълум аст, ки корхонањои онњо ба давлат чї ќадар андоз месупоранд. Дар ин вазъ менељменте, ки IFC мегўяд, чї кор њам карда метавонад? Аммо бо вуљуди ин, мардуми Хатлон дар кишварњои хориљї тољирони муваффаќу аксарият мардикоранд. Маводи мухаддири Аф?онистон 100 дарсад тариќи ин вилоят мегузорад. Чаро ин ќишрњо ба иќтисодиёт сармоягузорї намекунанд? Њаќиќат ин аст: майдон банд аст, на танг на ба ту, на ба ман. Мављи ин «зилзилањо» ба Суѓд њам рафтаанд. Аммо марказ эпитсентр, ки Хатлон буд ва Бадахшон наздиктар ба он, хисорот ин љоњо бештар ворид шуд. Водии Рашту Њисору Турсунзода њам истисно нестанд. Ба ќавли як манбаъи огоњ, барои пули Корхонаи алюмини Турсунзода дар ин шањр замони љанги шањрвандї 20 гурўњи љиноии байнулмилалї вуљуд дошт. Аммо он љо њам «зилзила» расидаву оидоти муњимтарин корхонаи Тољикистон на бо ањдофи миллї, балки гурўњї ва њатто инфиродї истифода мешаванд. Пас онњое, ки фикр мекунанд, мардум ин ё он мањалл чаќќону мањалли дигар муѓамбир комилан хато мекунанд. Муњимтарин омил - расидани «зилзила» ба ин ё он мањал аст, ки марказаш Хатлон буд. гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи њунарњои зебои Тољикистон зимни як нишасти хабарї аз зарурати таъсиси пулиси ахлоќ дар љомеа сухан кард. Ба ќавли ў, ин донишкада ќабл аз ќабули Ќонун масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд ба парлумон бо мактуб мурољиат карда, хоњиш карда буд, ки пулиси ахлоќ таъсис дода шавад. Вай гуфт, пулис дар боѓњо, хиёбонњои шањр, театрњо гашта, намегузорад, ки ягон нафар бо либоси безеб, њаќорату дашном машѓул шавад. Ректори донишгоњ њамчунин пешнињодашро бо он асоснок мекунад, ки милисањои Тољикистон бо љинояткорон машѓуланд ва њоло 30 дарсади ањолии кишварро љавонони то 30-сола ташкил мекунанд. Дар вазорати корњои дохилии Тољикистон як нињоди махсус вуљуд дорад, ки ба ахлоќ ва тартиботи љамъиятї машѓул аст ва бештар ба боздошти майхораву фоњишањо машѓул аст. Дар Фейсбук ин пешнињоди ректорро ба баррасї гирифтанд ва аслан гирди ин суол андеша ронданд:
«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС
i Матлаби ин
МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО
МАВЌЕЪ Генерал-полковник Владимир Чиркин, фармондењи нерўњои хушкигарди Русия эълон кард, ки Тољикистон анќариб ба шартњои Русия дар мавриди пойгоњи низомии 201 розї шудааст. Вай афзудааст, ки пойгоњ барои 49 сол ба ихтиёри Русия дода мешавад ва барои ин будубош Маскав маблаѓ пардохт намекунад. Дар гузашта гуфта мешуд, ки Тољикистон барои ин пойгоњ аз 250 миллион то 300 миллион доллар талаб дорад. Аммо чанд рўз пеш Њамроњхон Зарифї, вазири корњои хориљии Тољикистон изњороти дар Русия садододаро ошкор кардани иттилои пўшида номида, гуфт, «барои баъзе ашхос, ки наметавонанд ин љузъиётро дар даст нигањ доранд ва онро фош мекунанд ин айби онњо нест, балки бадбахтии онњост." Аммо то ба њол изњороти ахирро вазорати корњои хориљии Тољикистон шарњ надода, гуфтааст, ки посухи Тољикистон њамонест, ки Њамроњхон Зарифї гуфт. «Нигоњ» аз коршиносон пурсид:
49 сол замини Тољикистон бепул ба иљораи пойгоњи Русия дода шавад? Хилватшои МАЊМУД, сармуњаррири сомонаи «Озодагон»: - Ња! Фикр мекунам, ба иљора додан ва ё надодани замин барои пойгоњи Русия њанўз аз охири солњои 90-и садаи гузашта матрањ шуда буд ва Маскав бар ивази баъзе аз «гузаштњо»-и минималиаш аз Душанбе ин њаќро соњиб шуда буд. Њоло Тољикистон бояд аз роњњои диплумотики байнулмилалї истифода кунад. Чаро? Айни замон дар ќаламрави Русия 2 миллиони мо муњољиранд. Онњо шартан «омили фишор» ва «гаравгон»и бозињои Маскаванд. Дуввум, хату адабиёт ва осори илмии тољикон бо њуруфи сириллик ва он њам пойбанди ин абарќудрат аст. Сеюм, низомии феълии њукмрон бо ин ё он васила бо кўмаки Кремл побарљост. Панљум, дар бозињои геополитикї Тољикистон њанўз шарики стратегии собит наёфтааст, њатто кишварњои њамзабони минтаќа ин маќомро надоранд. Аз њама асосї: ваќт довари бењтарин аст, алъон санад тасвиб мешавад, фардо, ё пас аз чанд сол бознигарии он имкон дорад. Кї бовар мекард, ки девори Берлин дар як соат бардошта мешавад?
Иззат АМОН, тањлилгари масоили сиёсї: - На! Ба гумони ман, ба ин муддат ба иљора додани пойгоњи низомї ба як кишвар амният ва ояндаи кишварро зери суол мебарад. Њоло бањс сари он нест, ки ин пойгоњи низомї ба кї супорида мешавад, ба Русия, Амрико ва ё Эрону Њиндустон. Гузашта аз ин, раисљумњури Тољикистон низ чунин салоњиятро надорад, ки барои дарозмуддат хоки кишварро барои бегонањо ба иљора дињад, ба он хотир аз амният ном бурдам, ки тўли 20 соли истиќлолияти кишвар њамин пойгоњи 201 на як бору ду бор ба кишвари мо таарруз карда буд. Ва сиёсатмадорњои тољик низ дирўз таваллуд нашудаанду ин пањлуњои масъаларо хуб мефањманд. Масалан, замони ќазияи халабонњо сиёсатмаддорњои рус аз њукуматашон хостанд бањри озодии мањбусон аз њамин пойгоњ кор бигирад. То њанўз суханронии фошисти шумораи 1 и Русия Жириновский ба гўшам садо медињад, ки мегуфт: - Аз пойгоњи 201 то ќасри раисљумњур 10 даќиќа роњ аст. Яъне њамвора тањдид мекарданд.
6
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
Дар ин соња Тољикистон њанўз мутахассиси варзида надорад ва ѓолибан аз хориљи кишвар PR мушовирњо омада, тарњи PR матлабњоро ба ивази маблаѓњои њангуфт омода мекунанд. Барои истиќболи амалдорони пойтахт дар музофот тадобири гуногун меандешанд. Муњим, мењмон табли шодї навозад ва ба фаъолияти амалдорони мањаллї бањои мусбат гузорад. Дар ин маврид ба мењмоннавозии амалдорони вилояти Суѓд ќоил бояд шуд. Хуб, яке аз чунин тадобир ташкили "Сайри зардолу" дар Конибодом буд, ки ба тозагї њангоми ташрифи президент Эмомалї Рањмон ба вилояти Суѓд сурат гирифт. Воќеан, бори дуюм аст, ки маъракаи мазкур дар доираи ташрифи сарони воломаќоми пойтахт ба ин музофот баргузор мешавад. Сарвари давлат пас аз сайри зардолу баён дошт, ки ин тадбир бояд як сайри умумихалќї шуда, дар маркази вилояту пойтахти љумњурї доир гардад.
НАЌЛЊОИ МУЗОФОТЇ
Ќурбон - "Ѓї-ѓї" ва Моњрўи Душанбе
ПРЕЗИДЕНТИ ТОЉИКИСТОН ДАР КОНИБОДОМ
"Сайри зардолу": аз Конибодом то Душанбе Президент хуб таъкид намуд, зеро амалдорони вилояти Суѓд "Сайри зардолу"-ро гоњгоњ барои худнамоишдињї ташкил мекунанд, на барои оммаи васеъ. Магар дар пойтахти мамлакат - Душанбе ташкили "Сайри зардолу" имконпазир нест? Охир, мо сайри харбуза, каду, иди асал, намоишгоњ -фурўши мањсулоти кишоварзї дар шањри Душанбе доир намуда, табъи сокинони пойтахтро болида мегардонем. Зардолу аз љумлаи он мевањоест, ки хоси Тољикистони офтобрўя буда, дањњо намуди он дар манотиќи гуногуни кишвар њосил медињад. Аз нигоњи иќлим шањри Конибодом макони зардолу, бодом, анор ва пахта мебошад. Технологияи хушк кардани зардолу ва ба навъњои гуногун људо намудани зардолуро дар ин минтаќа пиру барно медонад. Соле њазорњо тонна меваи хушки Конибодому Исфара дар бозорњои Русия ба фурўш рафта, даромади оилавии мардумро таъмин мекунад. Тољикистон љумњурии аграрї аст. Тамъи балаззати мевањои кишвари моро бурун аз ќаламрави мамлакат эътироф кардаанд. Аммо ин кам аст. Аз лињози иќтисодї дар радифи кишварњои содиркунандаи мањсулоти кишоварзї ќарор доштани Тољикистон мояи ифтихор ва даромади воќеї мебошад. "Сайри зардолу" дар шањри Душанбе ба нимаи моњи июн рост меояд. Давраи пухта расидани меваи мазкур аз кулли манотиќи зардолупарвари кишвар бо дастоварди худ дењќонон мањсули худро ба пойтахт меоранд. Намоишгоњ - фурўши идо-
Зардолу фарзанди Хуршед аст, ки зиндагиро дар замин ихтиёр намуда ба дарахтони зардолу табдил ёфтаанд. Њикмати халќї
наи зардолу бо доираи васеи мардум дар Наврўзгоњ барпо мешавад. Дар сањнаи калон њунармандони пойтахту минтаќањо баромад мекунанд. Сўе хаймаи олимони зардолу мешавад, ки навгонињои илмиро мавриди бањс ќарор медињанд. Дар хаймаи дигар дењќонони нињолпарвар љамъ омада, аз таљрибаи амалии њамдигар воќиф мешаванд. Намоишгоњи рассомон, аккосњо, кашидадўзї, кулолњо, таљњизоти технологияи зардолу, хаймањои ороёфтаи минтаќањо ба ин маърака таровати тоза зам мекунад. Инчунин бозии лотерея ташкил кардан мумкин аст, дарахти сунъие иборат аз баргњои лотерея аст. Дар ин маврид љалби сарпарпастон аз љониби бонку соњибкорон барои дастгирии молиявї хуб аст. Садњо њазор сокин, мењмонони пойтахт, намояндагони ширкатњои сармоягузори хориљї, ањли расонањои хабарї аз "Сайри зардолу" бањравар мешаванд. Дар доираи сайри зардолу озмунњои гуногун љамъбаст гардида, ѓолибон бо мукофотњои хосае, ки рамзи "Сайри зардолу" дорад, сарфароз мешаванд. Ин маърака дорои соњиби муайян дар симои Кумитаи тадорукот, ширкат ва ё муассисаест, ки натиљањои сайрро тањ-
лил ва тарњи сайри навро мекашад ва давоми сол амалї намуда, озмунњоро эълон мекунад. Яъне Кумитаи доимамалкунандаи "Сайри зардолу" рамзи хосаи худ, суратњисоб дар бонк, торнамо дар интернет, штати кормандон, бинои идора, наќлиёти хидматї ва амсоли инро дорад. Шояд иддае аз хонандагон муаллифро хаёлпараст номанд. Аммо воќеият ин аст, ки Тољикистони соњибисти ќло л ниёз ба такмили эътибори вижа дар минтаќа дорад. Чунин PR иќдомњо ба таблиѓи кишвари осоиштаи серњосил будани Тољикистон мусоидат мекунад. Ман дар шањри Санкт-Петербург "Алые паруса" ном шабнишинии хатмкунандагонро медонам, ки дар дарёи Нева мегузарад ва њарсола садњо њазор мењмонро аз кишварњои хориљї дар ин шањр љамъ меоранд. Њарчанд ин маърака аз соати 2 шаб то 4 субњ давом мекунад, хиёбонњои марказии шањр пур аз одамони гуногунсол аст. Он шаб шањр ба ихтиёри хатмкунандагони макотиби миёнаву техникиву њарбиву олї вогузор мешавад. Мушакпар ронињо, рўшноии лазерї, савту суруд, базмњои љавонон то субњ идома меёбад. Губернатори шањр низ
дар ињотаи хатмкунандагон ба сайр мебарояд. Њамвора шабакаи телевизиони мањаллї аз ин мањфил аз соати 2 шаб мустаќиман гузориш медињад. Агар ба сари "Сайри зардолу"-и њукумати вилояти Суѓд баргардем, он љузъ намоишкорие беш набуд. Яъне бо иштироки доираи мањдуд ва пас аз рафтани президент давоми ду соат аз он шукўњ ва дабдаба чизе боќї намонд. Мардум танњо аз телевизион хабар ёфтанд, ки дар боѓи зардолу чунин як тадбири бошукўњ баргузор шудааст. Матлаби асосии PR (public relations) дар шароити иќтисоди бозаргонї љалби омма ба бозор ва афзоиши эътимоди мардум аст. Бояд иќрор шавем, ки дар ин соња Тољикистон њанўз мутахассиси варзида надорад ва ѓолибан аз хориљи кишвар PR мушовирњо омада, тарњи PR матлабњоро ба ивази маблаѓњои њангуфт омода мекунанд. Боварї дорам, ки "Сайри зардолу - 2013" дар Душанбе нишоне аз пешрафти Тољикистони аз нигоњи иќтисодї рушдёфта мешавад.
www.tojnews.org
www.tojnews.org
Зайнудин ОРИФЇ PR- мушовири ољонсии "ORO"
(идома аз шумораи гузашта) -…Борњо баъди дидани ман хостгорњо барои хостгорї ба хонаамон омадаанд. Онњо ањволи падарам ва шароити бади зиндагии моро дида, рафтанду дигар пас нагаштанд… Ќурбон "Ѓї-ѓї" оњи дили Моњрўи шањриро гўш мекард, "ѓї-ѓї" мекарду боз гўш ба ќимор мешуд. Аммо ў таѓйир хўрд. Ќурбон "Ѓї-ѓї", ки ба ќавле ба тарошидани ришаш аќлаш намерасид, рўзњои ахир ќабл аз баромадан ба пахтачинї ришашро метарошид. Сарулибосашро мешусту тозаю озода карда, канори Махфират љўяк гирифта, пахта мечид. Ў зуд - зуд ба Махфират пахта таќдим мекард. Моњрўй аз ў арзи сипос мекарду аз Худованд орзуи шифо ёфтани Ќурбон "Ѓї-ѓї"-ро дошт. Моњрўйи шањрї рўзњои аввал шоридани обњои дањони Ќурбонро медид ва ашк дар чашмонаш њалќа мезад. Ў падари маризашро ба ёд меовард ва аз он ѓам мехўрд, ки шабњо модараш танњо атрофи биноњои баландошёнаро рўбучин мекунад. Ќурбон "Ѓї-ѓї" бараъкси Саид аз касе боке надошт. Бо дидани Махфират табассум мекард ва омода буд, ўро ба оѓўш бигирад. - Саид, Саид! Хоњиш мекунам, ба ин љо биё, илтимос! Саид бо шунидани садои Махфират гуфт: - Омаданро меоям, вале оќибаташ бад мешавад. - Биё, љонам дар хатар аст, медонї!? Саид зуд назди Махфират омад ва гуфт: - Чї шудааст?! - Аз Ќурбон метарсам. Ў чашм аз ман намеканад ва нияти њарчи бештар наздик шуданро дорад. - Ќурбон "Ѓї-ѓї"! - садо рўшан кард Саид, - њозир меоям, гўшњоятро мебурам, фањмидї, Худозада! Сўњбати Саид бо Махфират торафт ављ мегирифт ва ѓаму ѓуссаи чандрўзаи танњої аз ќалби Моњрўйи душанбегї берун мебаромад. Дар ин њолатњо ќалби Ќурбон "Ѓї-ѓї" туѓён дошт, ки туѓёни бањр наздаш њељ буд… Рўзе садои љонкоње атрофро фаро гирифт. Ќурбон "Ѓї-ѓї" даруни љўяки пахта дароз мехобид. Бемории сарѓ ўро то љое гирифт, ки забонаш ба њалќаш фурў рафта буд. Саид бо азоб забони Ќурбонро аз њалќаш берун карду бо шунидани садои гиряи Махфират дигарон расида омаданд. Мошини таъљилї Ќурбон "Ѓи-ѓї" - ро бурд. Саид ба Махфират менигарист. Чизе гуфтан мехост, вале ќудрати гуфтани онро надошт. Онњо пањлуи њам аз пахтазор баромаданд. Махфират даст ба шонаи Саид бурду гуфт: - Ман аз танњої метарсам!... Давлати ШОЊЭЪТИБОР
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
7
Аз миёни њама охирин љиддитар ба назар мерасад. Фармоишгари ин љиноят метавонанд афроди гуногун бошанд: пулдода ё ранљида. Фарзияи ахир ишора ба фармоишгари ин љиноят мекунад. зидент њам боќуввваттар дорад, ки аз ашхоси алоњидаи нињодњои ќудратї аз љануби кишвар махфиёна, вале хеле пурсамар њифз мешавад. Соли 2010 дар Тољикистон 200 тон шираи камол истењсол шуда буд, ки баробари 10 15 миллион доллари амрикої арзиш дорад.Њаљми воќеъии ин бозоррро њич кас намедонад. Вале аз њама муњим, хољагии љангале, ки Холмўъмин Сафаров рањбараш буд, нозири парвариши камол буд. Ин фарзия заифтарин аст ва ба гумони ѓолиб аз љониби тафтишот мавриди корбарї ќарор надорад. ДУВВУМ. ТИЛЛО. Ин воќеият собит аст, ки ин конњои тиллои Тољикистон на фаќат даромади зиёд доранд, балки даст ёфтан ба коркарди конњо бидуни пуштибонии ќавї аз тарафи маќомоти болої имкон надорад. Тамоми ширкатњои дохиливу хориљиро танњо роњ ин аст, аз љумла ба њамин шева ширкати хитої даст ба корхонаи "Зарафшон" ёфтааст. Холмўъмин Сафаровро яке аз афроди таъсиргузор дар фаъолиятњои Кони тиллои
Се фарзияи як куштор Фарзияњои куштори Холмўъмин Сафаров, сарвари Муассисаи давлатии хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зист ва язнаи президенти Тољикистон Шом шуда буд. Пас аз се рўзи бозпурсии башиддат ўро љавоб доданд. Мехост аз бинои Раёсати кофтукоби љиної (УУР) берун шавад, ки ўро як капитани милиса боз хонд ва ба кабинеташ бурд. Баъди чанд даќиќа афсари милиса дар њузури вазири корњои дохилї буд. Ў бо итминон ба вазир гуфт: "Ќотил њамин нафар аст, ки баъди се рўзи боздошт љавобаш доданд. Барои ман як рўз дињед, то ман исбот кунам, ки ќотил кист". Вазир иљоза дод. Пас аз пайдо шудани маълумоти иловагї норўшанињо рўшан шуданд. Тибќи ин маълумот, мањз ба њамин шева, ба Холмўъмин Сафаров, сарвари Муассисаи давлатии хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зист ва язнаи президенти Тољикистон тањдид карда буданд. Ў яке аз њамсояњои Холмўъмин Сафаров дар ноњияи Восеъ аст. Шаби 13-уми июн ў бар ба бари Сафаров мерафт ва дар наздикии манзили ў, дар мањаллаи "Автовокзал"-и шањри Душанбе аз таппончае, ки дар таги дасти чапаш нигоњ медошт, ба њамсояи пешинааш се тир кушод. Пас аз ин дар назди дарахт ба кушташуда нигоњ карда, як тири "контролний" њам андохт. Бо њамин ѓайб зад. Вале ўро ба зудї њам набошад ёфтанд. Абдулвањоб Искандаров, сардори Раёсати корњои дохилаи минтаќаи Кўлоб иттилоъ дод, ки ин нафар дар минтаќаи Кўлоб панањ мебурд ва бо кўмаки як хабаррасон пайдо шуд. Аммо инро њам ишора кард, ки боздошти ин гумонбар намунаи касбияти баланд-и кормандони милиса аст. - Компютер, коѓаз ва чанд чизе пайдо шуданд... Албатта, ќотил будани ўро тафтишот ва суд муайян мекунанд, аммо њоло гумонбари асосї бо далелњое, ки пайдо шудаанд, ў њаст, - гуфт Искандаров. Искандаров мегўяд, ки вазири корњои дохилї ба ваъдаи худ вафо кард ва он нафаре, ки дар пайдо кардани гумонбаршуда сањми асосї дошт, соњиби хонаи дуњуљрагї дар шањри Душанбе шуд. Тахмин меравад, оне, ки хабари паноњгоњи ќотили эњтимолиро расонида ва оне, ки гуноњи ўро исбот кардаанд, ду нафари алоњида њастанд. Аммо бино ба манобеъи дигар собит кардани шахсияти гумонбаршуда дар ќатл кори дасти танњо афсари милиса аст. *** Тракторњои зиёд дар рудхонаи Душанбе маљрои обро дигар мекунанд. Таппончаи ќотилро мекобанд. Гумонбар гуфтааст, ки таппончаашро ин љо ба дарё партофтааст.
Акнун гумонбаршуда маълум аст. Аммо ин ибтидои кор аст. Оё гумонбаршуда њам фармоишгар ва њам иљрогари ќатл аст ё фармоишгар дигару иљрогар дигар? Дар Душанбе овозањо афроди зиёди сарватмандро аз гумонбаршудањо ва њам боздоштшудањо ном мебаранд. Аммо миёни онњо соњибмулки бозори "Б" низ њаст, аммо аз ў дида рањбари яке аз корхонањои тиллои кишвар, шањрванд К.Њ. низ њаст. Вазорати корњои дохилї њама гуна иттилоъро дар бораи ин њодисањо пинњон медорад, аммо фарзияњои асосї маълуманд. Нигох онњоро мўшикофона чамъ овард: Якум. Чарогоњњо, шираи камол ё Бешаи палангон. Ин фарзия пеш аз боздошти гумонбаршудањо ба он хотир пайдо шуд, ки чарогоњњо ва молдорон воќеъан аз чењрањои калидии муњити иќтисодию сиёсии Тољикистонанд. Њолдонњо аз бањси сохтмони боњашаматтарин кушки Тољикистон дар њудуди Бешаи палангон-и вилояти Хатлон, мутаалиќ ба Амонуллоњи Њукум сухан мекарданд, аммо сохтмони дигар дар Данѓара гўё ба ин бањс хотима гузошта бошад.Чун яке аз боздоштшудањо, ба гумони ѓолиб, бо тиљорати шираи камол рабт дошт, ин фарзия сўи шираи камол ва ќочоќи он низ мекашид. Шираи ин навъи растанї, ки дар домани кўњистон мерўяд, дар Њиндустону Афѓонистон харидори зиёд дорад ва асосан аз тариќи ќочоќ берун бароварда мешавад. Њарчанд, ки 19 - уми сентябри соли 2008 президенти Тољикистон бо фармони махсус чидан ва содироти онро манъ кард, аммо 28- уми августа 2009 ин фармонро бекор кард. Баъд аз ин, истењсол ва содироти он дар кишварро ширкати "Фароз" ба даст гирифт ва кўшиш намуд, ки садди роњи ќочоќ шавад, аммо пурра муваффаќ нашуд. Њолдонњо мегўянд, ки ин бизнесс пуштибонњои аз наздикони пре-
Шугнов, воќеъ дар минтаќаи Кўлоб мењисобанд. Хоњишмандони ин макони муќаддас воќеъан зиёданд ва онњо аз нафарони хеле дасткушоду дастдароз њам њастанд. Ваъдабозї ва Худо накарда, доду гирифт бо онњо воќеъан хатарнок аст. Нигоњ иттилоъ надорад, ки ин версия аз љониби тафтишот ба инобат гирифта шудааст, ё не, вале сару садоњо атрофи њабси яке аз гумонбарон дар робита ба конњои тилло зиёданд. САВВУМ ВА АСОСЇ. ПУЛИ КАЛОН Куштор барои пули калон ва хотири ранљида. Яке аз вижагињои иќтисодиёти Тољикистон ин аст, ки нафарњои зиёде ба пули калон сару кор доранд ва миёни онњо расмиёте вуљуд дорад, ки аз мардум пул гирифта мешавад, аммо ба онњо на њама ваќт баргардонида мешавад, ё чизи дигаре боиси ранљиши хотирањо мешавад. Аз ин рў, ќарзњои калоне аз афроди сарватманд, корхонањои фурўхташуда ва пулњои нагирифташуда (бањси ширкати "Бахт" бо "Ориёнбонк", бозори "Сомон" дар Чкаловск, сарнавишти номуайяни кони намаки Хоља Мўъмин, ки гўё ба фарзандони Асадулло Ѓуломов, собиќ муовини сарвазир тааллуќ дорад, бањси хонањои вайроншуда дар љойи бозори "Њољї Шариф"-и Ќурѓонтеппа ва чандин мисоли дигар) ва дигар ќиссањое вуљуд доранд, ки дар онњо аз хешу аќрабои роњбарон низ ном мебаранд. Аз миёни њамаи фарзияњо охирин љиддитар ба назар мерасад. Фармоишгари ин љиноят метавонанд афроди гуногун бошанд: пулдода ё ранљида. Фарзияи ахир ишора ба фармоишгари ин љиноят мекунад. Фармоишгарон метавонанд афроди гуногун бошанд, аз ќабили директори кадом як бозор ва сарвари кадом як корхона, ки "Нигоњ" ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот аз онњо ном намебарад. Идомаи ин ќиссаро интизор бояд шуд.
МАЪЛУМОТНОМАИ «НИГОЊ» Холмўъмин Сафаров, мудири Сарраёсати хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зисти Тољикистон ва шавњари хоњари президент Эмомалї Рањмон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, воќеъ дар мањаллаи "Автовокзал"-и шањри Душанбе кушта шуд. Расман иттилоъ доданд, ки "афроди номаълум рањбари Муассисаи давлатии хољагии љангал ва шикори Кумитаи њифзи муњити зист Холмўъмин Сафаровро бо таппончаи тамѓаи "Макаров" аз ќисмати рўй, ќафаси сина ва шикам захмї намуда, аз љойи њодиса ѓайб задаанд. Љабрдида бар асари љароњати вазнини љисмонї дар љойи њодиса њалок шудааст" Холмўъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноњияи Восеи вилояти Хатлон хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоњи миллї буда, чанд сол ба ин сў сарраёсати Кумитаи њифзи муњити зист ва то таъйин шуданаш ба ин маќом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноњияи Данѓараро бар дўш дошт.
БИДУНИ
F
Т
... бо Фаридун Рањнавард
Аз пуф то туф! Ахири њафтаи гузашта Думаи давлатии Русия таѓйироте, ки «Единая Россия» и Путин ба ќонуни љиноии ин кишвар пешнињод намуд, ќабул кард ва «тўњмат»-у «тањќир» бо аксарияти овозњо аз нав ба кодекси љиної ворид карда шуданд. Имзои президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро њам зери ин ќонун дер интизорї кашидан њољат намешавад, - мегўянд. Њарчанд акнун ба «тўњматчї» дар Русия мањрум шудан аз озодї тањдид намекунад, аммо барои «тўњмат» ва «тањќир» то 5 милион рубл љарима муќаррар шудааст. Ин барои Русия, ки маоши миёнаи ањолї каме бештар аз 30 њазор рубл аст, љазои сангин мањсуб мешавад. Аммо чун анъана «тўњмат»-у «тањќир» танњо ба ањли ќалам «даркор» аст. Дар ин бора баъдтар хоњем гуфт. Бинобар изњороти ањли ќалами рус, ин иќдом танњо барои бастани дањони журналистон ва блогерњо, мунаќќидони њукумати феълї амалї шудааст. Журналистон ва блогерњои рус аз ин таѓйироти ѓайричашмдошт, бонги изтироб мезананд, ки њадафи њукумат аз ворид кадани ин таѓйирот, танњо ва танњо мањдуд кардани озодии сухан аст! Аммо нигаронии журналистони тољик аз ин иќдоми Путин камтар нест! Чанде пеш баъди як пешнињоди президент Эмомалї Рањмон, ки дар вохўрї бо журналистон 10-уми марти соли љорї (вохўрии бахшида ба Рўзи матбуот 11-уми март) садо дода буд, моддањои 135 ва 136-и кодекси љиноии Тољикистон ба кодекси гражданї гузаронда шуданд. Аммо то њол масъалаи љазо барои «тањќиру» «тўњмат» муаллаќ аст. Ва айни њол касе намедонад, ки барои «тўњмат» ва «тањќир» чанд сомонї љарима мебанданд. Мегўянд, гурўњи корї иборат аз журналистону њуќуќшиносон дар пайи муќаррар кардани љарима аллакай ба хулосае наздик шудаанд, ки ќонуне њам бояд бошад, ки дар заминаи он тамоми намуди љаримањо муќаррар карда шавад. Дар Тољикистон, њамчунон ки дар Русия, санаде вуљуд надорад, ки њаљми љаримањоро танзим кунад. Дар бораи он ки дар Тољикистон њамин гуна лоињаи ќонун замоне њатто омода њам шуда будааст, дар хотир доранд. Аммо чаро ин лоиња то баррасї ба парлумон нарасид, касе намепурсад. Аз ин љо, суд идораи нашрияеро, ки њамагї 4 компютеру 2 хабарнигор дорад, метавонад барои мисол 300 њазор сомонї љарима кунад. Дар њоле маоши њадди аќалл 80 сомонї аст, иљтимої номидани давлат беаќлї мебуд. Нигаронии љомеаи журналистї њам дар њамин аст, ки ин таѓйирот дар кодекси љиноии Русия дар мо низ чун боз як «дарси ибрат» пазируфта нашавад. Њанўз аз ихрољи «тўњмат»-у «тањќир» аз кодекси љиноии Русия як сол сипарї нашудааст. Дар мо, њарчанд солњо масъалаи декриминализатсияи «тўњмат» ва «тањќир» аз љониби журналистон бенатиља матрањ мешуд, мањз баъди он ки ин корро дар Русия таљриба карданд, хеле осону оддї њал карданд. Пешнињоди президент Эмомалї Рањмон дар мавриди аз кодекси љиної соќит кардани моддањои 135 ва 136 низ баъди чанд моње, ки дар Русия моддањои «тўњмат»-у «тањќир»-ро декриминализатсия карданд, садо дода буд. Акнун бо бозгашти Путин ба сари ќудрат дар Русия, ин моддањоро аз сари нав ба кодекси љиної бозгардонд. Аммо дар мо чї кор хоњанд кард? Боз њам аз пайи бародари калонї? Боре як депутат шўхї карда буд, ки сирри дар 4 даќиќа як ќонун ќабул кардани парлумони мо дар нусхабардорї аз ќонунњои Русия аст: «Лоињаро мегирем, нусха мекунем ва њар љое, ки «РФ» навишта шудааст, ба «РТ» иваз мекунем. Ќонун тайёр!». Оптимистони мо бовар доранд, ки њукумати барои таъкиди истиќлолияти давлатї, ба њар њол солњои наздик ба ин иќдоми Маскав пайравї нахоњад кард. Њадди аќалл барои аз даст надодани холњои сиёсї, ки бо тўњфа-пешнињоди президент ба журналистон дар 100 - солагии матбуот. Пешнињоди президент Эмомалї Рањмон дар бораи аз кодекси љиної соќит кардани моддањои 135 ва 136, ки барои «тўњмат» ва «тањќир» љарима ва то ду сол мањбасро њам раво медид, мањсули сиёсати хирадмандона номиданд. Ва акнун то куљо ин хирад хислати иљтимої хоњад дошт, ваќт нишон медињад. Дар мо њам «тўњмат»у «тањќир» гўё танњо ба журналистон лозим аст. Гўё. Онњо ва фаќат онњо аз љазо барои тўњмат ва тањќир њазар доранд. Ба дигарон ин моддањо кора намекунанд. Ман бисёр дидаам, ки ронандаи наќлиёти љамъиятї мусофирро, мусофир ронандаро тањќир мекунад. Аммо боре дидаед, ки ронандае мусофирро, ё баракс, барои паст задании шаъну эътибораш дар љойи љамъиятї ба суд кашида бошад? Не!? Ин моддањо фаќат ба мансабдорони мо сахт даркоранду ба журналистони мо сахт халал мерасонад. Дигарон ба ин ва бисёре аз моддањои дигари ин ќонун аз баландї туф кардаанд! Туф!!!
8
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
Чаро исмоилия дучори нокомї гардид? Фирќае, ки бонги баланди корвони азаматаш чањор ќарни аввали ањди ислом ба гўши миллионњо мерасид, бењтарин неруњои маѓзию равониро гирд меовард, нињоятан ба ќимати љони њазорон инсон парешону фано шуд. таем? Чаро фалон ифодаро дар нохунак гирифтем ва дањњо “чаро”-и дигар. Кал њам заду кўр њам зад, пасмонда кулўх њам зад. Овозањо дар бораи латукўби банда, аз тарс ба кишвари дигар фирор кардан ё аз карда пушаймон гаштани мо низ пањн шуданд. Сипос Офаридгорро, ки дунёро ба дасти инњо надодааст. Дар ин миён ду нафар - журналисти шинохташуда Ноёбшои Зўробек (“Нигоњ”, 17-уми апрели 2012) ва ќаламкаши ношинохта Мирзољалоли Бадахшї (“Миллат”, 9-уми майи 2012) дар баробари навиштаамон ибрози назар карданд. Таассуфан, ин афрод парда бар чењраи инсоф пўшида, аввалї, ба худсафедкунї ва “сафед”-кунии мазњабу сиёњ кардани даврони фуќаропарвари шўравї (боре калла рўи зону гузошта намеандешад, ки он замон чун журналист чї зиндагї дошту њоло баъди “дидор” њамчун ношир чї рўзгоре дорад?) майл намудаю дувумї, ба эњтимол, на гарди мактабро хўрдаю на чанги мењмонхонаро,
ѓолиб, ин саљљодапарастон парвои мазњаб надоранд, муњим аз даст надодани хони пурнеъмати аълоњазрат аст, ба ќавли як зарифи мањаллї, “њаждањ сол боз даст ба кисаи имоми замон андохта, њељ бароварданї наянд”. Ситоиш ваќте хуш аст, ки ситоишгар хуб бошад. Бадбахтона, аксар ањли зиё ба сафсатаю њарзаи онњо бовар карда, ба фањму идроки фитнагарон намерасанд. Ростгўтарин шоири муосири тољик устод Бозор Собир, ки бо шаттагўї машњур аст, ду се сол пеш зимни як мусоњибаи матбуотї “аз Љорљ Сорос ва Оѓохони инглис эњтиёт бояд”, гўён ишорае кард. Њамин кифоят буд, ки як шоири миёнсоли бадахшонии ба эътирофи умум суханфањм, вале ба таассубу тамаллуќ ѓўтида устодро “бадтар зи кофир” эълон намуд ва зиёд носазо гуфт. Ойина бо андак пардози ботин осмонро луќма гардондааст. Пас, вокуниши тунди чунин афродро ба нуќтаи назари мо чун як амри табиї ќабул бояд кард. Шиори зиндагии эшон “гўр сўзаду дег љўшад” аст.
рўѓани худашон доѓ карданд”. Беш аз њама форсинажодон латма диданд. Дар Мовароуннањру Хуросон, Шому Мисру Яман, дар Самарќанду Бухоро, Марву Балх, Машњаду Шероз, Димишќу Баѓдод – хуллас, њар љое суми аспи Ќутайба расида буд, дар исмоиликушї худнамої мекарданд, берањмонаю вањшиёна ќатл менамуданд. Њарчанд ин фањмишу сиёсатњо ба ислом рабте надоштанду надоранд. Дар ќаламраве, ки онро аз номи ислом идора мекарданд, кунун яњуду насоро, љўгию бутпараст роњат зист доштанд, танњо пайравони исмоилия радди маърака. Ва онњое, ки љон ба саломат бурданд, ба дигар мазњабњои маъмули ислом гароиданд, ќисмате дар мобайни ањли тасаввуф паноњгоњ ёфтанд, бахше дар кўњу камари касногузар њамсони сангпушт љисмашонро ба дарун кашиданд. Беш аз 550 сол “исмоилия” амалан дар љањони ислом калимаи архаистї гардид. Њар имоми сохтаноме, ки солњои 1266-1830 рух задааст, фармондењи бесарбозро ме-
Оѓохони IV ва ки мавзўъро бо мантиќи аќл дарнаёфта, њарфњои кинояю ситезаю мазоќомезаш ба сони кулўхи хушки офтобсўхтаи тобистон дар њељ деворе намечаспанд. Хушбахтона, аз миёни ањли зиё нафарони зиёд ба умќи масъала наку расиданд ва њимояти хешро аз андешоти мо дареѓ надоштанд, ки аз эшон миннатдору сипосгузорем.
БЕД ГУФТЕМ, АКСАР ТУТ ФАЊМИДАНД Бо нашри матлаби “Оѓохони IV ва “имомча”-њои навзуњур” (“Нигоњ”, 28 марти 2012) гўё ба орухона об рехта шуд. Он љое андешаи солим нест, шўру валвала бармехезад. Резахўракони хони аълоњазрат, ки тўли ќариб њаждањ сол касе ёрои “пишт” гуфтани пишакашон надошт, њанўз нигоштаро дуруст нахондаю ба маќсадамон сарфањм нарафта, беибо моро ба мулњидї ва ињонат ба мазњабу пешвои он музниб ва залолатандозанда эълом доштанд. Аз кўза бурун њамон таровад, ки дар ўст. Филфавр “отряди љазодињанда” ба зодгоњам - Сучон сари акаю ду додарам тохт ва ба тањаддуд пардохт. Ин дењкадаи дар 15 - километрї аз маркази вилоят - шањри Хоруѓ дур ба ќиёматгоњ бадал гардид. Халифањои мањаллї бо ишораи “имомча”- њо бе ќироати матлаб
андешаи моро ширк маънидод карданд. Танњо баъди ду - се рўз бо ба дасти одамон расидани њафтанома сарњои гарм андаке хунук шуданд. Дар Душанбе низ кормандони созмону шабакањои бешумори аълоњазрат аз хоби асњоби раќим баромаданд ва ба “њуљум” гузаштанд. Њар касе ба ќадри ѓунљоиши зарфи афкори хеш унвонии мо тањќиру бадгўї раво медид. Як бонуи инглисдони дар созмони мазњабї баландмаќом ва бо “юбка” намозгузори “масљиди помирињо”, ки ба хотири эњтиром аз љинсашон номашонро намегирем, дар бораи аз љамъияти исмоилињо рондани мо “фатво” дод. Баландмаќоми дигаре дар симои мо “агенти сиёнизми байналмилалї” кашф кард. Тањдиду дўѓу пўписа ба осмон печид. Ба њар сатри нигоштаамон эрод гирифта мешуд: Чаро забони модарии аълоњазратро инглисї гуфтем? Чаро ба сари аълоњазрат “шляпа” гузош-
ОЙИНА ОСМОНРО ЛУЌМА ГАРДОНДААСТ Дарвоќеъ, мо ангушти ишорат сўи мавзўе рост кардем, ки давоми њаждањ соли охир, ба ќавли забоншиносон, “табу”, яъне комилан нуњуфта мањсуб мегардад. Зоњиран ба дидори аълоњазрат Оѓохони IV расидани муридонаш соли 1995 дар Бадахшон як њодисаи муќаррарї бояд мањсуб меёфт, эшон ба муболиѓаю бузургтарошї њељ эњтиёљ надошт: маќому мартабаи имом дар мазњаби исмоилия таъину яќин аст. Мутаассифона, дар садри созмони навтаъсиси мазњабї бо таќозои замон касоне ќарор гирифтанд, ки аксар бўе аз таърихи он набурда, аксари мардуми дастнигару ниёзмандро аз фурўѓ сўи зулмот кашиданї мешаванд, пешвои маънавиро ба “худои зинда” табдил дода, ањли мазњабро ба хандахариши дигарон дучор сохтан доранд. Ин ољизнавозњо зарраро офтобу ќатраро муњит пиндошта, тару хушк фаровон гуфта, ба касе маљоли дамзанї намедињанд, ёвасароию жожхоњии эшон бетаъсир намонд. Аксарияти исмоилиёни Бадахшон ба гирдоби ифроти мазњабї ѓўтидан доранд. Ин афрод, ки ба унвони “имомча” ёд кардем, тафаккуру андешаи дигарро њељ тањаммул намекунанд ва бо гурзи ањкомањои аз Доќиёнус монда саркўб сохтанї мешаванд. Дар майдони тавсифи бењудаю бепоя самандашон њамеша дартоз аст, то роњи ба кўи њаќ бурдаро кўр кунанд. Ба гумони
ИСМОИЛИЯ: ЗАРБАЊО АЗ ХУДИЮ БЕГОНА Исмоилия чун фирќаи равияи шиа дар хилофати араб њанўз замони зиндагии Њазрати Алї ибни Абитолиб - амакбача ва домоди пайѓамбари ислом Њазрати Муњаммад (с) арзи вуљуд кард ва тадриљан нуфузу эътибори зиёд касб намуд, асрњои Х-ХII ба љараёни пурќуввати афкори љамъиятї табдил ёфт. Бисёр нобиѓањои он замон, аз ќабили Рўдакї, Фирдавсї, Ибни Сино, Кисої, Балъамию Љайњонї ин фирќаро пазируфтанд.(Нигаред ба тадќиќоти академик Абдуѓанї Мирзоев ва профессор Парвона Љамшедов ва диг.) Ба ифодаи академик Александр Семёнов, “дар фирќаи номрафта њамеша дари бањсу мунозира сари ањкоми дин кушода буд”, шояд, ба ин сабаб дар рўњу пайкари форсинажодони ориёї бештар асар кард. Онњо бо эътимоди ботин, чашми умед ва дили гарм исмоилияро пазируфтанд. Ба ин васила аз тамаддуни ѓайрисуннатии аъроб аќидањо, ойинњо, маърифату њикматњо ва нажоду гавњару дудмони хешро њифз кардан мехостанд. Ташкили давлати исмоилии Аламут дар Эрон аз сўи косиб Њасани Саббоњ, асрњои ХI – ХII, ки 165 сол арзи вуљуд кард, нуќтаи баландтарини музаффарияти фирќа гардид. Вале бо шикасти Аламут дар соли 1266 аз сўи муѓулони чингизї исмоилия њамчун љараёни динї титу пит шуд. Генотсид ё наслкушии пайравони он оѓоз ёфт ва аз кўдаки гањвора то пири барљомонда аз дами тези теѓ мегузаштанд. Зарбаи љонкоњ аз худї њам мерасид, аз бегона низ. Форси исмоилиро - форси дигар мазњаб, турки исмоилиро - турки дигар мазњаб, араби исмоилиро араби дигар мазњаб мекушту мекушт. Ба ифодаи тањќиќотгари машњури фирќа Владимир Иванов, “исмоилиёнро бо
монд. Фаќат таќрибан соли 1830 зодаи Кирмони Эрон Њасан Алишоњ аз љумлаи исмоилињои низории пањну парешон љомеае гирудор сохта, ба њайси имоми 46-ум сар боло кард ва баъдан чун Оѓохони I ном ёфт. Ў соли 1844 аз Форс (Эрон) ба Бомбайи Њиндустон омад ва ба мадади мустамликадорони инглис, ки шиорашон “тафриќа андозу њокимият кун” буд, исмоилияи низорї эњё шуд. ШИКАСТАНЊОЮ РЕХТАНЊО: ЧУНУ ЧАРОЊО Чаро исмоилия дучори нокомї гардид? Фирќае, ки бонги баланди корвони азаматаш чањор ќарни аввали ањди ислом ба гўши миллионњо мерасид, бењтарин неруњои маѓзию равониро гирд меовард, нињоятан ба ќимати љони њазорон инсон парешону фано шуд. Равшан аст, ки афкори иљтимоию фалсафии исмоилия бо дигар фирќаю мазоњиби мусулмонї чандон созгор наомад. Ањли биниши ин фирќа таги шикастпорањои киштии кўњнаи дини маъмул оромидан намехост ва сафинаи нав ба нав бањри шино бунёд менамуд, алораѓми андешае, ки асбобу муњаррики онњо ќудрати то куљо расонданро доранд. Љое дари бањсу мунозира кушода аст, афкори гуногун рў мезананд, ѓояю андешаи тоза сутўъ мекунад, њаводиси одаму олам бо тарозуи аќлу мантиќ чен мешавад, на ба эътиќоду имон. Ин њама ногузир талоши озодихоњии халќ ва майли аз хилофати араб људошавии хоса ањли Аљамро ташаккул бахшид, пас, ба љуръат метавон гуфт, ки яке аз сабабњои аслии шикасти исмоилия норозигии сахти неруњои арабмаобу консервативї ё муњофизакори ислом буд. Иловатан, хостаю нахоста баъзе ќонуну ќавонини шариат аз сўи исмоилиён пушти по мешуданд ва сафи душманонашонро меафзуданд, эшон дучори тањдиду тазйиќ мегарди-
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
9
Худо нигањ дорад, агар абарќудратон аз алоњазрат Оѓохони IV дар бозињои сиёсии худ суд бардоштан хоњанд, он гоњ њоли исмоилиёни Бадахшон чї мешавад? Такрори таърихи баъди Аламутро кї мехоњад? Наход миёни мо њанўз њам њастанд нафароне, ки аз растохези Њасани Саббоњ умед доранд? данд. Бо ин њама бадтарин хасми исмоилиён нотифоќї миёни онњо буд. Ба эњтимоли ќавї, њељ фирќае дар ислом монанди исмоилия тика-тика нашудааст. Њар калчаю ѓалча бо дарёфти чанд пайраваке гурўњу гурўњча созмон медод ва бо номњои нав – љаъфарињо, сабоињо, сулаймонињо, довудињо, ќосимшоњињо, ношарињо ва дањњо унвони дигар ќад баланд намудаю муќобили њамдигар ба набард мехестанд, пой ба синаву теѓ ба гулўи њамдигар меандохтанд. Ва оќибат сарњои сабз ба бод доданд. Исмоилињо, ба эњтимол, танњо мусулмонанд, ки ба имоми зинда сар фуруд меоранд, чун сояи имом офтобї шуд, варо монанди марќади шоњони сауд аз ёд мебаранд. ПАНЉА БО ШЕРУ МУШТ БО ШАМШЕР Маълум нест, ки исмоилия кай дар сангистони Бадахшон таълимоти расмии динї шудааст, агар ривояти аз сўи Њаким Носири Хусрави Ќубодиёнї пањн гаштанаш воќеист, пас умри
ўѓи ба рост моно бењ, зи рости ба дурўѓ моно” амал намудаю теъдоди исмоилиёни љањонро ба 35 миллион (???) раќам мезанад. Боракаллою салламно! Ин ќаламкаш аќаллан китоби мудири шўъбаи Институти тадќиќоти исмоилия дар шањри Лондон доктор Фарњод Дафтарї (ниг. “Краткая история исмаилизма”, Москва, 2003)-ро вараќ мегардонд, теъдоди исмоилиёни низориро (исмоилиёни дигар гурўњу табаќа, ки шояд чанд донаяке боќї монда бошанд, ба аълоњазрат Оѓохони IV тоат намекунанд) бо ангуштони даст бармешумурд: 250 њазор дар Бадахшони Тољикистон ва њамин миќдор дар Бадахшони Афѓонистон, 50 њазор дар Покистон, 20 њазор дар Сурия, 30 њазор дар Эрон (оятуллоњњои эронї њазрати Оѓохони IV-ро хуш надоранд), чанд њазору чанд сад дар Яману Мисру баъзе давлатњои африќої; чанд фирорию овораю муњољир дар Аврупою Амрикою Канада. Њамааш ба як миллион намерасад.
рабт мегирад: њам иљтимоию њам иќтисоду њам маънавиёт. Сухани аълоњазрат он љо ќонун аст. Њатто, ба истилоњ, “боевикњо”-и мањаллї, ки Худоро худобердї мепиндоранд, ба пешвои маънавї њамеша сари таъзим фуруд меоранд. Замони шўравї арозонтарин барќ (1 кВт-1 тин) дар ин сарзамин буд, њоло шабакањои барќиро “Помирэнержи” гуфта, ба аълоњазрат иљора додаанд, гароннархтарин барќ (1 кВт - 12,5 дирам) - ро бадахшониёни муфлис мепардозанд. Ашот гуфтанї як марди миёнсоли арманї чун садри “Помирэнержи” бо 15 000 евро маоши моњона хуни ин бечорагонро чанд сол хўрду гумном гашт. Ваќте харољоти солонаи Хазинаи аълоњазрат бештар аз маблаѓи буљаи яксолаи вилоят аст, пас мусиќии дилхоњро кї фармоиш медињад? Ман мўътаќидам, ки агар дили сарони “ивазнашаванда”-и созмони мазњабї дар Бадахшон андаке ба ин сарзамину ба ин мардум месўхт, дар аксар љабњањо, хоса, дар амри љилавгирї аз интиќоли маводи
ром ба алоњазрат дар бисёр давлатњои исломї, чи миёни хосу чи миёни ом, ба хотири сарваташ аст. Аќаллияти миллї ё мазњабї бояд њамеша аз хирад ва эњтиёт кор гирад, намояндагонаш љомњои ишрат дар шаробкадањои маърифат ба сар кашида, фурўѓи донишро чароѓи њидоят намоянд, бо њамсоягон њамзистї ва бањри тасарруфи аќлњою ќалбњо сабќат кунанд. Тундравию сабуксарии мазњабї њаргиз ба нафъи миллатњову љомеањо нест, поро ба андозаи гилем рост кардан лозим, зеро панља бар шер андохтан на маслињат асту панљаи гурба шикастан на мурувват. Бояд аз эњтиёт кор гирифт, зеро модоме ду дањсола пеш ањли як мазњабро дар муќобили њамдигар бархезонданд, пайравони як мазњаби кўчаки ѓайрро “вовчик”-и навбатї эълон кардан мушкиле надорад. Бадахшониён дар муноќишоти ќаблї ба унвони тарафдори “вовчикњо” зиёд сарњо ба бод доданд, дигар њаќќи ѓалат по нињодан надоранд. Эшон боястї њаводиси таассуфбору фољианоки гузаштаро ба
ро намегузаронанд) ёд овард ва њамоно Шўрои уламои Тољикистон (наздиктарин маќоми динї ба њукумат) варо ба шиагарої муттањам ва фаъолияти масљидро ќатъ сохт. Агар ин Шўро сесад миллион мўъмин - шиаи љањонро “бегона” шуморад, 250 њазор пайрави як фирќаи парешонгаштаю љабрдида ва аз ин монда ва аз он рондаро ба оѓўш мегирад? Манфиати миллї бечуну чаро муќќадаму мураљаъ аз диниву мазњабист. Мо бадахшониёни Тољикистон даркушої кунем, на дарбандї. Аз он бифахрем, ки аз дудаи Љамшеди Љаму Рустаму Золем, аз дудмони Зардушту Куруши Кабирем, аз хуни Сиёвушу Исфандиёрем, аз пушти камари Оли Сосону оли Сомонем, аз аљдоди Шераку Спитамен, Муќаннаъву Темурмаликем, њамхуну њамраги Рўдакиву Фирдавсї, Ибни Синову Берунї, Балъамиву Низомулмулк, Хайёму Саъдї, Носири Хусраву Камоли Хуљандї, Донишу Шоњин, Айниву Туѓралем. Бинозему биболем, ки тољики тољдорем, фор-
«имомчањо”-и навзуњур-2 ё фош нагўям, кї мегўяд? ќариб дањасра дорад. Мањз њамин кўњњои сарбафалак њисоре барои наљоти ин мардум аз генотсиди мазњабї гардиданд ва на як бору ду бор. Генотсиди охир дар авохири асри XIX (солњои 1880-1890) сурат гирифт. Профессори равоншод Олуболу Боќиев (1934-2000), ки ин мавзўъро дунболагирї мекард, бо мадорики якрўяву якпањлуи таърихї, далелњои ќотеъ, мўътамаду асосманд, бо такя ба асноди сарбамўњри сандуќбанд собит сохт, ки њамроњшавии Помир ба Русия (соли 1895) комилан ихтиёрї буд ва боиси наљоти ин мардум аз наслкушї гардид. Хидмати мири ваќти Шуѓнон (он замон ќаламрави ноњияњои кунунии Шуѓнон, Роштќалъа, Рўшон ва шањри Хоруѓро фаро мегирифт) Азизхон дар ин росто сазовори ќадр аст. Њоло замона дигар шуда, инсоният ба кашфиёти беназири илмию техникї ноил гардидааст, вале тоифае аз озодазодагони бадахшонї “њанўз андар хами як кўчаанд”. Дар фањми эшон намеѓунљад, њар хилофе, ки инсон муртакиб мешавад, садамааш мустаќиман ба худи ў ворид шудаю зиёнаш домани худашро мегирад. Таърих аз зикри ифтихороти пешин иборат нест, фахри бепоёни оќои Ноёбшои Зўробек аз Њасани Сабоњ бељо набувад, ин марди љасур дифоъ аз мењан ва номуси ќавмию мазњабї намуд, гарчи арабзодаю туркнажодњо варо номардонаву ноњаќона “террористи раќами 1-и љањони ислом” мешуморанд. Масъала ин љост, ки дар зодбуми Њасани Сабоњ (Љумњурии Исломии Эрон) имрўз пайравони исмоилияро рўзи равшан бо чароѓ ёфтан муњол меояд. Оќои Ноёбшо аз печухами васвасаи хом набаромада, зери њикмати “дур-
АЊЛИ БАШОРАТ ИШОРАТ ДОНАД Оќои Мирзољалоли Бадахшї љойи хўшачинї аз хирмани њаќиќат ба анбоштани хасу хошок пардохта, соддалавњона менигорад: набояд барои густариши коррупсия дар љумњурї њанафия, ки аксари кулли мардуми мусулмони кишвар пайрави ин равия њастанд, љавобгў бошад. Алњаќ, мазњаби њанафия на танњо барои густариши коррупсия, балки дигар масоили иљтимоию иќтисодї дар љумњурї посухгў нест, 95 фисади мардуми Тољикистон пайрави он аст, вале љамъияту анљуману созмон надорад, фаъолияти њанафињо дар чањорчўби ќонуну ќавонини мављудаи кишвар роњандозї мешавад, имом-хатибњои масољид њамасола аз санљиши комиссияњои махсус гузашта, маќомоти марбута ба ифротиён, чун салафињо маљоли нафаскашї намедињанд ва хуб мекунанд. Аммо... Оќои Мирзољалол! Кас аст ањли башорат, ки ишорат донад ва чашми охирбин тавонад дид рост. Магар дар Бадахшон (ноњияњои исмоилиянишини Шуѓнон, Рўшон, Роштќалъа, Ишкошим ва шањри Хоруѓ) мазњаб дар чунин маќом ќарор дорад? Ё дар пойтахти љумњурї – Душанбе барои чанд тан пайрави ин мазњаб созмону љамъияту анљуман ташкил додаю афроде аз њисоби аълоњазрат кабоб мехўранду дигарон ба сафасатаю њарзаашон гўш додаю бо бўи кабоб ќаноат мекунанд? Рост, гоње хам мехўрад, вале асло намешиканад ва њамеша чун равѓани рўи об боло аз дурўѓ аст. Мардумро њафтафањм мапиндоред, љанобон! Дар Бадахшон њаждањ соли охир њама чиз ба мазњаби исмоилия ва аълоњазрат Оѓохони IV
мухаддири афѓонї пешравињои чашмгире ба даст меомаданд, аз нуфузу эътибори аълоњазрат истифодаи лозим нашуд. Ранљи рост кашидан бењтар аз шањди дурўѓ чашидан аст ё кўрї бењтар аз чашми кажбин мегўянд. МО ЊЕЉКАСОНИ ПОДШОЊЕМ Оќои Мирзољалол аз “даргузаштаи начандон дур аз љониби неруњои ѓаразнок људо намудани мардуми мусалмони тољик ба “вовчик”-у “юрчик» ёдовар мешавад, то коњи кўњнаро бод дињад, лекин мусалламан майнаро сари сабаби рух додани он об кардан намехоњад. Намеандешад, ки занг аз оњан хезаду онро хўрад, оѓози солњои 90-уми ќарни гузашта - замони болоравии бемисли эњсосоти милливу динї чанд гумроњу бебасаре хештанро саидзодаю асилзодаю эшонзода пиндошта ё маррифї карда, байраќи исломро ба осмони њафтум бардоштанї шуданд, ки бегонагон тамѓаи “вовчик”-ро ба пешонии мардуми як водї часпонда, љанги тањмилии шањрвандї дар Тољикистонро пиёда карданд. Тундравию зиёдаравии чанд тан «сурх»-у “сабз” оќибат каппаи њазорон нафарро валангор сохт. Бародарони њаммазњаб дар куштани якдигар худнамої карданд. Бармеояд, ки ањли зиёи Бадахшон аз дарси талхи таърих хулосаи дуруст набаровардааст, варна парчами исмоилияро болотар аз ќуллаи “Коммунизм” (њоло ба номи Исмоили Сомонї) намебарафрохт. Дам ба дам нав мешавад дунё, вале назари исломгароён ва созмонњои љосусии Ѓарб ба ин фирќа таѓйир нахўрдааст, бадандешон њоло њам дар каминанд. Банда ба он боварам, ки эњти-
тањлил кашанд, сурати воќеї ва таърихї, чї њолу хатњо ва чї доѓу љароњатњо доштани амалиёти пешини зиддимазњабиро аз равзанаи аќл бубинанду ба натиља бирасанд. Бардор - бардори бепояю бемояи мазњабу пешвои он ва њар гуна тундравї дар ин росто бо бањои ќимат итмом меёбад. Мардумро ба асри Х баргардондан ва тафаккурашро зоил намудан гуноњи азимест. Зистани инсонњо бидуни эътиќоду имон мушкил аст, вале андозаро дар њар сурат нигоњ бояд дошт, одамї нашояд хешро хасе пиндорад. Хоса, њоло, ки абарќудратони дунё бањри њифзи манофеи стратегии худ ба бархўрдњои нав ба нав омода мешаванд, њар чизи ѓайричашмдоштро интизор шудан мумкин. Кї кафолат медињад, ки “бањори араб” ба Осиёи Марказї кўчонда намешавад ва њукуматњои нимшоњию нимамирии минтаќа (истисно танњо Ќирѓизистон аст) ба фишори беруна тоб наоранд? Истифода аз эњсоси динию мазњабии мардуми овораю бечораи ин сарзамин осонтарин роњи барангехтани низои дохилист. Худо нигањ дорад, агар абарќудратон аз алоњазрат Оѓохони IV дар бозињои сиёсии худ суд бардоштан хоњанд, он гоњ њоли исмоилиёни Бадахшон чї мешавад? Такрори таърихи баъди Аламутро кї мехоњад? Наход миёни мо њанўз ам њастанд нафароне, ки аз растохези Њасани Саббоњ умед доранд? Охир, мо дар Тољикистон зиндагї дорем ва афкори динии мардумон њанўз дар сатњи паст аст. Бубинед, порсол Эшони Нуриддин Тўраљонзода - собиќ имомхатиби масљиди “Муњаммадия”-и шањри Вањдат аз маросими “Ошўро”- ёдбуди имом Њусайн (исмоилињо ин маросим-
синажодем, ориёием. Њар тољики хатлониву раштї, њуљандиву зарафшонї ва самарќандиву бухорої, балхиву њиротї, ќазвиниву шерозї љадди мост, бародару хоњари мост. Мояи ифтихори мост, ки андаруни сангистон забонњои авлоди љалолатмандамонро њазорсолањо њифз намудем, бисёр оину анъаноташонро то ба њол аз газанди њаводиси махуфи рўзгор мањфуз доштем. На ин ки зери домони як кеши љабрдидаву порашуда, ки шояд танњо номи пешвои сарватмандаш аз фаношавї нигоњ медорад, хилват гузинем, ба ёваву арзаи “салафї”-њои исмоилї- косалесакони мањаллї бовар кунем, зебанда нест, зери наќораи чанд неоисмоилии покиcтониасли асолатбохтаю зарандўз бираќсем, хештанро аз инњироф, хатову халал бирањонем. Фошгўї ва худро “шумрў” намудани муаллифи ин сатрњо танњо ба хотири њушдор ба њамдиёрон (хоки ќадамашон нури дидагонам) додан аст. Магар мумкин аст, дањшати ба ном љанги шањрвандиро аз хотир баровард: љасади тирхўрдаи додари 35 - солаам Алимуњаммад (Худо биомурзадаш) моњи марти соли 1993 ќариб як њафта дар мурдахонаи Душанбе монд, њамдиёрон аз тарси љон ёрои аз тањхонањо баромадан надоштанд, то дар гўручўби он номурод ба ман њамдастї кунанд. Худо умри њамсабаќам Шералї Мустафоќулов, бародарон Љумъахони Мирзо, Њабиби Ашўр ва Замири Юсуфро дароз кунад, ки аз фољиа дарак ёфтанду додарамро ба хок супурдем. Ба њама бандагони Худованд боќї тавфиќ мехоњем. Ёрмуњаммади СУЧОНЇ
10 №17 (293), 18-уми июли соли
2012
Ононе, ки замоне аз дасти Асад соњибмансабу соњибунвон шуда буданд, имрўз шикасти ўро яќин мебинанд ва медонанд, ки умри салтанати ў дароз нест. Њафтаи љорї аз иѓвопарокании матбуоти Британия Кабир дар мавриди рањсипории киштии боркаши низомии русии "Алаид" оѓоз шуд. Ин дуюмин бор аст, ки "Алаид" ба роњ меуфтад, вале дар Британия сару садоњое баланд мешаванд. Аммо ин бор онро киштињои љангї њамроњї мекунанд. Яъне, "Алаид", ки Москав мегўяд чархболњо ва тайёраи таъмиршударо интиќол медињад, дар ињотаи киштињои љангї озими сафар шудааст. Тањлилгарони низомї як вокуниши љиддиеро аз сўи Лондон пешгўї мекунанд ва мегўянд њатто ин метавонад тирагие дар равобити ду кишвар ба миён орад. Тибќи иттилои "Интерфакс" киштии боркаш њоло вориди бањри Балтик шудааст ва дар љазираи данягии Борнхол ќарор дорад. Аммо љониби Русия мегўяд нигаронии Ѓарб асос надорад. Киштињои нерўњои њарбї-бањрии ин кишвар ќасд надоранд ин боркашро бадраќа кунанд. Онњо ба истиќболи киштињои дигари њарбї мераванд, то дар обњои Атлантик, бањри Миёназамин ва бањри Сиёњ тамринњои муштарак гузаронанд. Ќарор аст ин омўзишњои њарбї дар рўзи флоти њарбї-бањрии Русия дар таърихи 29 июл оѓоз гарданд. Њамзамон бо ин љониби Русия мегўяд бо он ки Ми-25-ро ба Сурия интиќол медињад ягон ўњдадории байналмилалиро наќз намекунад. Вазири корњои хориљии Русия Сергей ЛАВРОВ изњор дошт, ки силоњњое, ки ин кишвар ба Сурия мебарад, наметавонанд ба муќобили ањолии осоишта истифода шаванд. Онњо ба хотири рафъи њамлаи берунаанд, чархболњо бошанд дар њоле ќарор доранд, ки ќисмњояшон аз њам људо карда шудаанд ва барои ба њам овардани онњо њаддиаќал 3 моњ лозим аст. Њамчуноне ёдовар шудем, 18 ё 20 июни соли равон ин киштї бори аввал бо хадамоти бањрии Британияи Кабир мушкил пайдо карда буд. Њангоми убур аз обњои мутааллиќ ба ин кишвар "Алаид"иљозаи убур дарёфт накард ва ночор ба аќибнишинї шуд. Баъдан изњороти расмї пахш шуд, ки дар он аз њомили бори низомї будани киштї барои давлати Сурия хабар дода мешуд ва тибќи тањримоти ахири кишварњои аврупої ва ИМА намебоист ба роњи худ идома медод. Маќомот эълон карданд, ки муоњадаи суѓуртавии он бинобар сабаби мувофиќ набудани њадафи шино ба таври автоматї лаѓв шудааст ва он дигар наметавонанд ба ягон бандари хориљї наздик шавад. Соњиби киштї ширкати "ФЕМКО" буда, дар Москав ва Петербург дафтари намояндагї дорад, вале он асосан дар Сахалин фаъолият мекунад. Пас чаро ин мушкил рух медињад? Дар њоле, ки кишварњои Ѓарб ва ИМА ба дахолати низомї дар умури Сурия таъкид мекунад, Русия мекўшад бо њар васила садди роњи ин иќдоми саркўбгарона шавад. Дар нишасте президенти Русия Владимир ПУТИН гуфта буд: "Мо толиби дахолати низомї нестем, вале мехоњем ќазия
ШАРЊИ ХАБАРИ №1 Дар Кореяи Шимолї Њен Ен Чхол ноиби маршал таъин гардид. Рўзе аз ин пеш дар мавриди барканории Ли Ён Њо аз ин вазифа иттилоъ дода мешуд, ки барои љомеаи Корея ногањонитарин хабар дониста мешавад. Ли Ён Њо аз љумлаи њарбиёни собиќадори ин кишвар буд, ки аз замони Ким Чен Ир ин вазифаро иљро мекард ва музаффариятњои зиёди низомии Кореяро ба номи ў нисбат медињанд. Вале барканориаш аз симмати њам сардори Ситоди генералї ва њам ноибии маршал љомеаи Кореяро то њадде њайратзада кард. Њарчанд эълон шуд, ки бино бар сабаби вазъи саломатї ба нафаќа гусел мешавад, вале коршиносон паси пардаи ин тасмимро мељўянд. Маќомот аввал љойнишини ўро эълон накарданд, шояд мехостанд донанд, ки чї аксуламале сурат мегирад. Табиист, ки дар режими Кореяи Шимолї амалан номумкин аст, ки касе ба тасми-
ва баъди Эрон Худое нахоста мо", мегўяд ў. Вай њамчунин бар ин назар аст, ки вуруди киштињои Русия ба обњои Сурия рўњияи нерўњои давлатиро боло мебарад. "Артиши Сурия дар њаќиќат омодагии бештар дорад ва аз нигоњи муљањњаз будан бо техникаи замонавї низ дорои бартарист. Сурия аз мо муддати солњои дароз воситањои техникї дарёфт кардааст ва гумон мекунам дар анборњои Сурия силоњу муњимоти љангї басо зиёд захира шудааст ва он метавонад муддати тўлонї бо мухолифонаш биљангад, агарчанде аз хориљ кўмак ворид нашавад њам. Вале ин арзёбї мутааллиќ ба дахолати низомии НАТО нест. Агар ин гуна дахолат сурат гирад, пас ин паймон нерўњои њарбии Сурияро аз рўи замин пок хоњад кард".
0000000000000
Мољарои сиёсиву низомии киштии "Алаид" бо роњи дипломатї њалл шавад". Њамтои амрикоии ў Барак ОБАМА низ бар њамин нукта таъкид мекунад, вале ба таври худ. "Њама роњњои дипломатии таъсир санљида мешаванд, вале мушкил он аст, ки вазъ беш аз њар ваќти дигар бўњронитар мешавад". Шўрои Амнияти СММ ду маротиба њам, ки Ќатъномаи дахолати низомии хориљиро ба муњокима гузошт, ду маротиба њам бо ветои Чину Русия он ќабул нашуд. Аммо ба назар мерасад Ѓарб аз њадафи худ пас намегардад. Акнун на талоши фиристодаи СММ Кофї АННАН корсоз омад ва на таъкиди нишастњои дигаре, ки сарони кишварњои зидахл дар нукоти гуногун доштанд. Вазъ дар њаќиќат рўз то рўз бўњронитар мешавад, Башор АСАД зимоми амрро аз даст медињад, генералњояш якояк фирор мекунанд ва сарпарастии нерўњои мухолифро ба ўњда мегиранд. Ононе, ки замоне аз дасти Асад соњибмансабу соњибунвон шуда буданд, имрўз шикасти ўро яќин мебинанд ва медонанд, ки умри салтанати ў дароз нест. Аз ин рў бармањал худро ба оѓўши мухолифон мезананд. Чун дар Либия Башор АСАД низ аз дохил заъиф мешавад. Русия, ки ба садњо километр масофа љойгир аст ва миёни њамсоягони Сурия дўсте надорад, наметаовнад амалан ёрї расонад. Ва ин киштињо, ки бо њар бањона ба обњои Сурия наздик хоњанд шуд, нафъе шояд надошта бошанд. Шояд баќои њокимияти Башор АСАДро боз муддате дароз кунанд, вале амалан ќодир ба таъсир дар раванди њодисот нестанд.
ТАЛОШЊОИ ДЕРМОНДАИ РУСИЯ Вале ба назар мерасад Русия њамоно дарк намекунад, ки ба кўмак ба Асад дер кардааст ва ин талошњо камнатиљаанд. Ва аз он ки Британияи Кабир аз убури киштињои низомии Русия изњори нигаронї мекунанд, иддае аз тањлилгарони шинохтаи рус ояндаи тираеро дар ин муносибатњо пешгўї мекунанд. Чунончї, ноиби аввали Президенти академияи масъалањои геополитикї Константин СИВКОВ бар ин назар аст, ки тањвили силоњ ба Сурия тибќи муоњадањои низомии љонибайн сурат мегирад, вале фиристодани нерўњои њарбї "як иќдоми номатлуб аст". Вай боз мегўяд: "Ин метавонад дахолати њарбї дар умумри Сурия талаќќї шавад. Агар ин кор рух дињад, пас Ѓарб њаќи дахолат дар умури Сурия пайдо мекунад", - гуфт ў дар нашрияи "Взгляд". Вале на њама ин назар доранд. Аз љумла роњбари Маркази пешбинињои њарбї, номзади илмњои њарбї Анатолий Сиганков љонибдори он аст, ки Москав ба Сурия нерў фиристад. Ба андешаи ў ин кишвар вазифадор аст шањрвандони худро аз њар гуна њамлањои эњтимолї муњофизат кунад. Ва агар дар Сурия љангњои доманадор оѓоз шаванд, пас нерўњои бањрии Русия ногузиранд пойгоњи њарбии худро њимоя кунанд. "Мо пойгоњи њарбї-бањрии худро њифз мекунем. Барои ин зарур аст воситањои сипари њавої вуљуд дошта бошанд. Агар Русия ин силоњњоро дошта бошад, пас ман гумон мекунам Фаронса ва кишварњои дигар, ки мехоњанд ба Сурия зарба зананд, аз њамла ба киштињои Русия дар Тар-
тус ва худи пойгоњи низомї худдорї мекунанд". Ин коршинос боз мегўяд Туркия чун узви НАТО гулугоњи Босфорро нахоњад баст. Тибќи конвенсияи Монтре дар бораи маќоми гулугоњњо Туркия вазифадор аст танњо дар вазъи љангї ин ё он киштиро аз тариќи Босфор роњ надињад. Туркия њоло роњро ба рўи киштињои Русия нахоњад баст". "БАЪДИ СУРИЯ ЭРОН ВА БАЪДИ ЭРОН МО..." Дар сиёсатњои муосир њадафњои геополитикї наќши муњим мебозанд ва он ки Москав мехоњад худро дўсти Димишќи рў ба таназзул нишон дињад, бастаи њамин њадафњоянд. Яъне, пои Русия комилан аз минтаќа мелаѓжад ва дигар тавони онро нахоњад дошт, ки Ховари Миёнаро минтаќаи манфиатњои худ номад. Танњо њоло Эрон монда, ки табиист баъди Сурия тавтеањо зидди Эрон шурўъ хоњанд шуд ва мудњиштарин љангњо шояд љанги Эрон бо Ѓарб бошад. Тањлилгари њарбї Дмитрий ЛИТОВКИН ирсоли нерў ба Сурияро њамин њадафи геополитикї медонад ва суол мегузорад: "Дар Сурия мо чиро њимоя мекунем? Њамкорињои њарбї-техникиро? Дар чањорчўби "Рособоронэкспорт" он на бештар аз 1-2 %-ро ташкил медињад. Сурия кишваре нест, ки ба он ќарзи зиёд дода шавад. Њарчанд ки њама силоњњои худро мо ба он дар шакли ќарз додаем. Вале як мўи корхонањои мо хам намехўрад, агар он њама барбод раванд. Ин ќарору тасмими роњбарони мост, ки дар минтаќа бояд нуфуз дошта бошанд. Зеро баъди Сурия Эрон
Таѓйироти кадрии кишвари асрорњо Хабари то њадде њангомабарангези аввали њафтаи љорї барканории як маќоми олии низомї дар Кореяи Љанубї буд, ки маъруфтарин расонањои хабарии олам, аз љумла Рейтер, Франс-пресс, Форс, ИТАР-ТАСС, ВВС пўшиш доданд. ми роњбарияти сатњи аввал эътироз ва ё саволомез нигарад. Пас ин эњтиёткорї марбут ба њамон асрорпарастии роњбарони зинаи аввали ин кишвар аст. Њарчанд манбаъњои расмї иллати ин барканориву таъинотро эълон накарданд, вале коршиносон тањаввулоти аввалин дар артиши ин кишварро оѓози як поксозии љадид баъди фавти нобањангоми Ким Чен Ир донистаанд. Худи Корея як кишвари асроромез аст, бисёр мушкил аст сирри низомї ва ё њатто иќтисодиву сиёсиро аз он берун кашид. Низоми њоким аслан дар пояи њамин сиёсати пўшида ќарор дорад ва њатто баќои он мањз пўшидагии асрор, махфияти иттилоъ мебошад. Ким Чен Ир
фавтиду хок шуд, вале касе ёрои он надорад, ки афсонањо атрофи мавлуди пешворо такзиб намояд ва ё онро шарњу тафсир кунад. Рўзи душанбе њатто дар матбуоти љањон ин хабар мунташир шуд, ки президенти љавони Корея бо хонуми зебое дар оинаи нилгун њувайдо шудааст. Аз ин пеш њамсарону дўстони сарварони ин кишвар дар њадди сирри ифшоношуданї ќарор доштанд. Аммо имрўз пайдо шудани ў бо хонуме боиси гўмагўњо ва гузоришњои тафсирї дар матбуоти олам шудааст. Гуфтаанд ё зани дуюмаш аст ё дўсти собиќаш ва ё хоњараш. Бо ин васила ифшо њам карданд, ки сарвари Корея соњиби се зан аст. Дар киш-
варњое чун Корея оддитарин хабари ифшошуда ба њадди сенсатсия аст. Њарчанд хонадор будан ё набудани сарвари мамлакате набояд масъалаи мавриди бањс бошад. Истеъфои ногањонии Ли Ён ЊОро марбут ба таъсири амаки сарвари имрўзаи Корея Чан Сон ТХЕК медонанд. Гуфта мешавад, ки ин мард баъд аз сари Ким Чен ИР амалан зимоми њокимиятро бар дўш дорад. Бо ин васила шояд мехоњад атрофиёни сарварро заъиф созад ва тадриљан зимоми амрро пурра ба даст гирад. Аз сўи дигар њадс зада мешавад, ки сарварони њизб хостанд назорати комили артишро дар даст дошта бошанд. Агар чунин аст, пас ин ибтико-
ВАЌТЕ ИН МАТЛАБ ОМОДА МЕШУД... Аммо ба назар мерасад рањсипор шудани киштињои Русия ба самти Сурия ин ягона нигаронї дар љомеаи байналмилалї нест. Ќарор аст рўзи чоршанбе Шўрои амнияти СММ новобаста ба эътирози Русия ва Чин ќатъномаи нави худро оид ба Сурия ба баррасї гузорад. СММ мегўяд Чину Русия зидди ин иќдоманд, вале онњо то ба њол касеро натавонистаанд мутаќоид созанд, ки чаро мухолифат мекунанд. Ба назар мерасад, ки Ѓарб ва Русия дар остонаи як мухолифати шадиди байналмилалї ќарор доранд. Рўзи душанбе фиристодаи вижаи СММ Кофї АННАН ба Москав омад, то дар мавриди наздик кардани дидгоњњову мавќеъњо бо маќомоти салоњиятдори ин кишвар гуфтугў кунад. Омаду баргашт, вале хабар дода нашуд, ки натиља чї шуд. Тибќи иттилои расонањо ин сафар њам дидгоњњоро бо њам наздик накард. Москав аз изњороти ахири иддае аз роњбарони мамолики Ѓарбї хашмгин шудааст ва мегўяд нахоњад гузошт, ки ин ќатънома дар ин шакл мавриди пазириш ќарор гирад. Русия аз СММ се талаб дорад: эњтироми соњибихтиёрї, тамомияти арзї ва дахолат накардан дар умури дохилии Сурия аз берун. Яъне, Москав зидди он нест, ки президенти Сурия Башор АСАД аз ќудрат канор ронда шавад, вале зидди он аст, ки ин амал аз хориљ сурат гирад. Лавров рўзи душанбе чандин изњороти шадид дод ва гуфт Ѓарб роњи тавњину тањќирро нисбат ба Русия пеш гирифтааст ва тањдид намуд, ки агар ќатъномаи Шўрои амнияти СММ ќабул гардад, пас нозирони байналмилалї бояд ќаламрави Сурияро фавран тарк кунанд. Ширкаткунандагони нишасти Женева дар бораи ташкили давлати интиќолї дар Сурия сўњбат карданд, бидуни тањдид ва истифодаи нерў. Вале Лавров мегўяд Ѓарб мехоњад ин њамаро бо дастрасї бо банди 7 низомномаи СММ амалї кунад, ки роњро ба дахолати низомї боз мекунад.
Фирўз МУЊАММАД
ри худи Ким Чен ИН аст, ки дар гузашта на хизмати артиш карда буд ва на тањсилоти њарбї дорад. Аммо гузаштагон ва пайвандонаш њама аз љумла афсарони низом буданд. Б а гу фтаи профес с ор Роберт КЕЛЛЇ сарвари имрўза њатто мактаби њизбиро њам нагузаштааст. "Ў на генералњоро мешиносад ва на полковникњоро. Вай бисёр осебпазир аст". Агар назари дуюмро сабаби ин таѓйироти кадрї ќабул кунем, пас метавон њадс зад, ки дар њаќиќат таъиноту барканорињои нав ин кишварро интизоранд. Он чї ки тањлилганрони дохилиро хушњол мекунад, бо роњи осоишта сурат гирифтани дигаргунист. Зеро дар гузашта афрод ё асроромез мефавтиданд, ё кушта мешуданд ва ё њаддиаќал ба садамаи автомобилї дучор мешуданд.
Насрулло НИЁЗЇ
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
Агар салоњиятњои президенти кишвар кам карда шавад зўргўињои нињоди иљроия болои ду шохаи дигари давлатдорї камтар мешавад.
11
12 №17 (293), 18-уми июли соли
2012
Корбурди «айб» њамчун истилоњи њуќуќї дар забони тољикї ва истилоњоти дигари аз он сохташудаи айбдор, айбдоркунанда, айбдоршаванда, айб эълон кардан ва ѓ. танњо махсуси забони тољикї дар замони Шўравї мебошад.
њамчун истилоњи њуќуќї ба кор рафта, дар забони форсї ва дарї дар ин маъно аз истилоњи дигари суннатии њуќуќї истифода шудааст. Дар "Луѓати русї-тољикї" (соли 1933) шарњи истилоњи русии обвинение аз се вожа истифода шудааст, ки истилоњи охир иттињом аст ва ин истилоњ имрўз танњо дар забони дарї ба кор меравад. Дар "Фарњанги русї ба форсї"
Вожаи арабии «айб» дар фарњангномањои тафсирї ва дузабона бар асоси маънињои он дар осори гузашта ва муосири форсї-тољикї ташрењ ва маънї шудааст. Дар робита ба маънои асли вожаи арабии мурољиа мекунем ба "Фарњанги арабї-русї" (Москва, 1977): (љамъ ) 1. порицание; 2. недостаток, изъян, порок. Барои ташхиси маъно муќоиса шавад дар арабї:
(таълифи Р.А.Галунов) танњо ба маънињои недостаток, дефект ёд шудааст. Маънињои вожаи айб бар пояи забони форсии дарии классик дар "Фарњанги русї ба форсї" (таълифи М.А.Гаффоров - Мирзо Абдулло бини Абдулѓаффори Табрезї) чунин нигошта шудааст: недостаток, парок / постыдный поступок; стыд, позор. Муќоиса шавад: феълњои таркибии номии айб кардан, айб љустан, айб гирифтан ва вожањои мураккаби айбпўш, айбљў, айбгў, айбгир дар ќолаби исм бо изофаи асоси замони њозираи феъл, њамчунин айбнок (бо пасванди - нок). Дар "Фарњанги русї ба форсї" таълифи Г.А.Восканян (соли 1986) обвинение: 1. муттањам кардан; 2. иттињом (љамъ иттињомот) ва обвинитель - додситон, муддаиулулум ва обвинительный - муттањам маънї шудаанд. Дар "Фарњанги форсї ба русї" (тањияи гурўњи муаллифон, М., 1970) њама маънињои маъмули вожаи айб дар забони форсї дарљ шудаанд. Њамчунин дар ин фарњанг вожаи муракка-
1. оскорбление; 2. недостаток, порок. - порок, недостаток, дефект. - имеющие недостатки, пороки; с изъяном. - позорный, постыдный. тель.
- 1. порицающий; 2. хули-
- имеющие недостатки, пороки, с изъяном, с браком. Бар асоси ин шаклњои арабї дар ин вожа танњо њамин маънињоро метавон дарёфт ва њељ як маъно ва истилоњи дигареро аз бунёди он наметавон берун кашид. Дар "Фарњанги форсї" (таълифи Муњаммад Муин) дар баробари маънињои: 1. бадї, нуќс, нуќсон; 2. бадномї, расвої; маънои дигари он - гуноњ низ ёд шудааст. Дар "Луѓатнома"и Дењхудо маънињои вожаи айб бо овардани шоњид аз осори адабии гузашта дарљ гардидааст. Ин вожа дар осори адабиву таърихии ќарнњои гуногун, ба монанди "Таърихи Наршахї", "Таърихи Байњаќї" ва ашъори Фирдавсї, Саної, Хоќонї, Аттор, Мавлавї, Манучењрї, Носири Хусрав, Саъдї, Њофиз ва дигарон ба кор рафтааст. Дар "Луѓатнома" бо истифода аз фарњангномањои маъруфи классик аз ин маънињои вожаи айб ёд шудааст: оњу, гуноњ; хато; зиштї ва ќубњ дар муќобили њусн ва њунар. Маънињои дигаре, ки муаллифи "Луѓатнома" аз "Фарњанги форсї"-и Муњаммад Муин иќтибос кардааст: бадномї ва расвої; гуноњ, хато ва ѓ. (Дар мавриди маънињои ин вожа ва шоњидњои он ниг.: Луѓатнома љ. 11). Дар "Луѓатнома" аз ќолабњои фаровоне бо вожаи айб дар осори гузаштагон ёд мешавад. Аз љумла: айб омадан - нуќс ва оњу мутаваљљењ шудан; айб овардан зоњир кардани айб; айб пўшидан махфї кардани айб; айб љустан - айб ёфтан; айб доштан - маъюб будан, ноќис будан; айб кардан - зоњир кардани хато ва ќусур ва гуноњи касе; айб гирифтан - ошкор кардани айб; айб густурдан - хатоњо ва гуноњони касеро фош кардан; айб гуфтан - бадии касеро гуфтан; айб намудан - нишон додани айб ва чандин вожањои дигари мураккаби бо љузъи айб шаклгирифта. Дар "Луѓатнома"-и Дењхудо айбдор - маъюб ва дорои айб ва феъли айб доштан - маъюб будан, ноќис будан, дорои нуќсон будан далели устувории ин маънињои бунёдї дар вожањои зикршуда мебошад, ки чунин вижагињои маъно дар ташрењи истилоњоти њуќуќии айбдор, айбдоркунанда, айбдоршаванда ва ѓ. дар корбурди ин ќабил истилоњот дар забони тољикї метавонад мавриди суол ќарор гирад. Дар чанде аз дигар фарњангњои форсї вожаи айб
чунин
маънї шудааст: "1. осеб, камбуд ё норасої (Чашмаш айб дошт. Кораш чандин айб дошт); 2. он чї бо арзишњои иљтимої носозгор бошад; ношоист; нораво (Ин корњо, ки мекунї, нораво аст). Њамчунин таркибњои айб пайдо кардан: 1. хароб шудан; 2. ёфтани харобї, камбуд ё норасої; айб гирифтан - харобї ё нодурустии чизеро бозгў кардан; эрод гирифтан. Аз њамин реша калимањои айбљў ва айбљўї низ дар ќолаби вожасозї шакл гирифтаанд (Фарњанги форсии имрўз, 1374). Дар "Фарњанги забони тољикї" (соли 1969) чунин омадааст: "айб - 1. норасої, нуќсон, хато, камбудї; 2. таъна, маломат, сарзаниш; 3. нанг, шарм. Муќоиса шавад, таркибњои айб гириф-
би айбдор
Д. САЙМИДДИНОВ - ПРОФЕССОР
низ бар асоси ша-
рњи фарњангномањои куњан ба русї
тель); айбдоркунандаи љамъиятї (общественный обвинитель); нутќи айбдоркунї (?) (обвинительная речь); айб эълон кардан (?) (объявить виновным); айбдоршаванда (обвиняемый); айбдоршуда (признанный виновным); айбнома=њукмнома (обвинительный акт, обвинительное заключение) (Фарњанги тољикї ба русї, 2006) Дар забони форсї меъёри корбурди ин истилоњоти њуќуќї аз забони тољикї тафовут дорад. Муќоиса шавад, дар форсї: гуноњ (вина); гуноњкор, муќассир (виновный, виноватый); дар мавриди он ки рафтори мухолиф бо фармонњои дин ё ќонун карда бошад; аз исми гуноњ, яъне коре, ки дин онро нораво шумурда бошад ва њамчунин рафтори нораво нисбат ба дигарон; дар истилоњи њуќуќї - сарпечї аз ќонун; гуноњ доштан = гунањкор будан; нораво будан; гунањкор шинохтан, гунањкор донистан (признать виновным); муттањам (обвиняемый, подсудимый); иттињом, њукм, њукми мањкумият (обвинение); њукм содир кардан (вынести приговор); мањкум кардан (вынести обвинение); муттањам кардан (винить), муддаї (обвинитель); мањкумият, иттињом (обвинителный); иттињомнома (обвинителный приговор); муттањам сохтан, муќассир донистан, муќассир шумурдан (обвинять) (Фарњанги форсии имрўз. 1375; Фарњанги русї ба форсї.1374). Дар истилоњи њуќуќии даврони Сосониён вожаи дар китоби дорои маънињои зиён, љурм, љиноят; гуноњ буда, баробарињои дигари форсии
Вожаи «айб» дар истилоњоти њуќуќї тан (гунањкор кардан, муќассир намудан, айб кардан); айб пўшидан (нуќсон пинњон кардан, махфї доштани камбудї); айб намудан (хато ва камбуди(-и касеро) ошкор кардан ва нишон додан); айб ба рўй боз намудан (камбудї ва нуќсони касеро ба рўяш гуфтан); ба айби касе пардохтан (айбљўї кардан, хўрдагирї кардан). Дар ин фарњанг њамчунин теъдоде аз вожањои мураккаби дигар бо љузъи айб бо шоњидњо аз осори гузашта зикр шудааст: айббин (=айбљў), айбнок, айбпўш, айбшў(й), айбљў(й) (бадгўй, хўрдагир, бадандеш, бадхоњ). Дар "Фарњанги тафсирии забони тољикї" (соли 2008) ва "Фарњанги мукаммали забони тољикї" (соли 2011) дар баробари маънињои маъмули ин вожа, маънои дигари он аз ќабили гуноњ, љурм, амали нораво ва вожањои мураккаби бо љузъи айб шаклгирифта, аз љумлаи чанд истилоњи њуќуќии айбгузорї, айбдор, айбдоркунанда, айбдоркунї, айбдоршаванда, айбдоршуда бар асоси асноди њуќуќї маънї шудаанд. Дар "Фарњанги форсї"-и Амид вожаи айб-наќиса, нуќс; бадї, дар ќолаби вожасозї дар ин чанд намуна ёд мешавад: айббин, айбпўш, айбљў, айбдор (дорои айб, маъюб), айбнок (айбдор, маъюб). Дар "Фарњанги тољикї ба русї" (соли 2006) ин маънињои айб, аз ќабили 1. изъян, недостаток, порок, дефект; 2. вина; проступок; (айб ёфтан (љустан, кофтан) а) находить недостатки; придираться; б) обвинять; порочить (айби касеро пўшонидан); айб мондан а) обвинять, вменять в вину; б) находить недостатки; 3. стыд, позор; постыд; поступок; айби шаръї а) деяние, которое по законам шариата считается грехом; б) (маљозан) серьезный поступок; айб донистан - считать
неприличным зикр гардидааст. Њамчунин дар ин фарњанг вожањои дигаре бо љузъи айб низ маънї шудаанд: айббин, айбгузорї (1. обвинение; 2. придирка), айбдор 1. виновный, виноватый; 2. обвинямый, подсудимый; айбдор кардан-обвинять, винит кого-л; айбдорї (виновность), айбдоркунанда (обвинитель), айбдоркунї (обвинение); нутќи айбдоркунї(?) (обвинительная речь), айбдоршаванда (обвиняемый), айбдоршуда (признанный виновным), айбнок (с недостатком, с дефектом), айбнома (обвинительный акт, обвинительное заключение), айбпўш, айбпўшї, айбљў, айбљўї. Дар "Луѓати русї-тољикї" (соли 1933 дар алифбои лотин) истилоњоти русии вина, дар забони тољикї ajb, taqsir, gunoh, обвинение gunahgorkuni, ajbdorkuni, ittihom ва обвинитель gunahgorkunanda, ajbdorkunanda ва дар "Луѓати русї-тољикї" (соли 1949) обвинение 1. гунањкоркунї, айбдоркунї; 2. њукми айбдоркунанда, айбнома; 3. тарафи айбдоркунанда, муддаї, даъвогар; обвинитель - (њамчун истилоњи њуќуќї) айбдоркунанда, муддаї маънї шудааст. Дар "Луѓати русї-тољикї" (соли 1985) вина-айб; винить-гунањкор (айбдор, муттањам) кардан, - виновный гунањкор, айбдор; виновные лица шахсони айбдор; обвинение ба маънои 1. айбдор (гунањкор) кардан, айбдоркунї; 2. айбнома, њукмнома; 3. муддаї; обвинитель - айбдоркунанда, муддаї, додситон омадааст. Дар забони дарии Афѓонистон обвинение - иттињом, обвинитель - муддаї, обвинять - муттањам кардан. Њамчунон ки аз муќоисаи форсии нав, форсии муосир, тољикї ва дарї мебинем, вожаи айб
танњо дар
забони тољикї пас аз Инќилоби Октябр
миёнаи
он
мањсуб мешавад. Бунёди ин истилоњ аз эронии бостон *vi-nas - ба маънои мањв шудан, аз байн рафтан, форсии миёнаи монавї
, форсии нав
ёнаи монавї
- гунањкор, ар-
Тољикї айб, гуноњ айбдор, гунањкор айбдоркунї, айбдор (гунањкор) кардан айбдоркунанда, (муддаї, додситон) айбдоршаванда айбнома, њукмнома
Форсї гуноњ гунањкор иттињом, њукми мањкумият муддаї, додсетон
Русї вина виновный, виноватый обвинение
муттањам иттињом, мањкумият
гунањкор (айбдор, муттањам) кардан
муттањам кардан
обвиняемый, подсудимый обвинение, обвинительный акт, обвинительное заключение винить, обвинить
чунин маънї шудааст: 1. недоброкачественный, с изъяном, дефектный; 2. поврежденный, искалеченный; (айбдор кардан) а) портить, делать дефектным; б) вредить, калечить. Вожаи айбдор дар ин фарњанг њамчун муродифи айбнок, яъне дорои айб ва ё нуќс ба кор рафтааст. Дар "Фарњанги "Шоњнома" (бо кўшиши Алї Равоќї дар ду љилд, Тењрон 1390) ин маънињои вожаи айб бо овардани шоњид зикр шудааст: 1. нуќс, нуќсон, бадї; 2. хато, гуноњ. Дар "Шоњнома" таркибњои айб овардан (=айб ва эрод гирифтан, хўрда гирифтан, сарзаниш кардан); дучори нангу ор кардани касе (чизе) ва айб љустан истифода шудаанд. Корбурди ин вожаи арабї дар чунин шоњкори ноби забони форсии дарї далели маќоми он дар луѓати забони мо мебошад. Дар забони тољикї бо истифода аз вожаи айб ин истилоњоти њуќуќї мавриди истифода ќарор дорад: айб (њамчун истилоњи њуќуќї - вина); айбдор = гунањкор (виновный, виноватый; обвиняемый, подсудимый); айбгузорї (обвинение); айбдорї (виновность); айбдор кардан = гунањкор кардан, муттањам кардан; айбдоркунанда (обвинитель); айбдоркунандаи давлатї (государственный обвини-
-
гуноњ; дар забони арманї (иќтибоси портї) vnas - зиён, талафот; љурм, гуноњ. Њамчунин - гунањкор, љинояткор, муљрим; форсии ми-
обвинитель
манї (иќтибоси портї) vnasakar љурм; љиноят; гуноњ, таќсир (Nyberg 1974, 213; Периханян 1973, 539-540). Њамчунон ки аз ташрењи вожаи арабии айб дар забони арабї ва суннати хаттии форсї-тољикї бар асоси маънињои он дар фарњангномањои пешин ва муосир бармеояд, дар миёни маънињои вожаи мазкур маънии гуноњ яке аз маънињои ѓайрироиљи он мањсуб шуда ва он маънои аслї ва бунёдии ин вожа намебошад. Бинобар он корбурди айб њамчун истилоњи њуќуќї дар забони тољикї ва истилоњоти дигари аз он сохташудаи айбдор, айбдоркунанда, айбдоршаванда, айб эълон кардан ва ѓ. танњо махсуси забони тољикї дар замони Шўравї мебошад. Бо таваљљўњ ба маънињои нахуст ва ё аслии вожаи айб дар луѓати арабї ва иштиќоќи ин маънињо дар форсии дарї бар асоси осори адабии ќарнњои гуногун метавон тањаввулоти таърихии онро дар ќолабњои вожасозї ва таркиботу ибороти мухталиф мушоњида кард. Бо ибораи дигар вожаи мазкур дар суннати хаттии форсї-тољикї дар баробари њифзи маънињои аслї тавсиаи маъно низ пайдо кардааст. Яке аз маънињои ин вожа дар таркиби ќолаби љуфтњои муродиф бо љузъњои арабї+форсї -тољикии айбу
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
13
Моњи мубораки Рамазон фурсати хубест барои сохтани рўњу љисми инсон, бинобар ин дар ин моњ метавон сањафоти аъмоли хуби худро ба некї кардан ба мардум ва садаќоту тоату ибодат чанд баробар афзуд. Њар амале фурсате дорад.
шарм, ки дар баёни маъно баробар мебошанд, мањфуз мондааст. Дар ин таркиби љузъи дуюм, яъне вожаи шарм муродифи вожањои нанг ва ор буда, дар ин ќолаб барои ташхиси љузъи арабии - «айб» њамчун муродифи он ба кор рафтааст. Бар ивази вожаи форсї-тољикии гуноњ ба кор бурдани истилоњи айб ба њайси истилоњи њуќуќї тавассути тарљумонњои дар риштаи њуќуќ ѓайрињирфаї ва аз забони меъёр, ба вижа забони классикї чандон огоњї надошта сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки дар корбурди вожаи айб тарљумонњои осори њуќуќї бештар ба истифодаи ин истилоњ дар забонњои туркии минтаќа, ба вижа забони ўзбакї руљўъ кардаанд. Дар мавриди маънињои ин вожа метавон ба забони ўзбакї мурољиат кард. Дар забони ўзбакї айб (ayb) ва калимањои мураккаби аз он сохташуда дар ќолабњои ўзбекї ва ќолабњои омехтаи тољикї ва ўзбакї чунин шакл мегирад: айб, 1. айб; 2. ношоист, нораво; 3. кори шармовар; 4. осеб, камбуд ё норасої; ќусур, иллат; 5. гуноњ, љурм; айбдор: гунањкор; (њуќуќї) муттањам; айбдор (дорои нуќси љисмонї, маъюб); айбдорлик (иттињом, гуноњкорї); айбламуќ (бар касе айб бастан, гунањкор шуморидан); айбланувчї (муттањам њамчун истилоњи њуќуќї); айблаш (амали муттањам кардан); айбловчї (бозпурс), айбловчї (айбгў); айбона (иттињомнома), айбнома (љарима, товон); айбситмоќ (дар вуљуди касе айб љустан) (Фарњанги ўзбакї ба форсї. љ.1. 1386). Вожаи айб (ayb) дар чандин ќолаби вожасозии забони ўзбакї низ дар ташкили вожањои нав, аз љумла, истилоњоти њуќуќї, мисли забони тољикї истифода шудааст. Корбурди ин вожа њамчун истилоњ дар њавзањои забонии тољикї ва ўзбакї яксон мебошад. Дар забони ўзбакї низ вожаи тољикии гуноњ (gunoh=ayb) дар њамон маънои аслї, яъне коре, ки дин онро нораво медонад; сарпечї аз ќонун ба кор меравад. Муќоиса шавад: дар ўзбакї gunohkor=gunohsiz - он ки рафтори мухолиф бо ањкоми дин ё ќонун карда бошад (Фарњанги ўзбакї ба форсї љ.1.). Њамчунин ки аз тафсилоти фарњангњои русї ба тољикї ва тољикї ба русии нашрњои гуногун бармеояд, то "Луѓати русї-тољикї" (соли 1985) вожаи гунањкор, гунањкор кардан бо айбдор, айбдор кардан ба њайси истилоњи њуќуќї баробар ба кор мерафтаанд. Аммо дар "Луѓати русїтољикї" (соли 1985) дар истилоњи њуќуќї вожаи арабии айб дар маќоми аввал ќарор дода шудааст. Њол он ки дар ду Луѓати русї-тољикии нашри солњои 1933 ва 1949 аз њар ду ин вожањо (айб ва гуноњ) дар ќолабњои вожасозї баробар истифода гардидааст. Муќоиса шавад: гунањкоркунї-айбдоркунї, гунањдоркунанда-айбдоркунанда, ба маънои муддаї ва ѓ. Ќолаби гунањгоркунї дар њамин равиш - айбдоркунї аз феълњои таркибии гунањкор кардан ва айбдор кардан берун омада, ин вожањо тибќи меъёри вожасозии забони тољикї ќолаб зада шудаанд. Аммо феъли таркибии айбдор кардан дар асл бинобар ташрењи фарњангномањои куњани форсии дарї маънои маъюб кардан, ноќис кардан, дорои нуќс карданро дошта, њамчунон ки дар боло зикр шуд, айбдор ва айбнок њар ду дар як маъно ба кор рафтаанд. Вожањои гунањгоркунанда-айбдоркунанда ва гунањкоршаванда-айбдоршаванда низ дар равиши вожањои мураккаби ќолаби исм бо сифати феълї шакл гирифта, аммо дар забони форсии дарї собиќа надоранд. Ин ќолаб дар вожасозии забони мо дар солњои Шўравї ташаккули бештар пайдо карда, иллати аз истифода хориљ шудани истилоњоти асили њуќуќии дигар гардидааст.
Ба номи Худованди бахшандаи мењрубон. Инак, моњи муборак ва пурфайзи Рамазон фаро расид, моње, ки саропо рањмату махфират аст, моње, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эњсос мекунад, моње, ки рањмату баракоти Илоњї монанди борони бањорон фуруд меояд, моње, ки тамоми њаракоту саканоти хуби инсонї дар даргоњи Илоњї арзиши чанд баробарро мегиранд, болотар аз њама моње, ки Худованд онро тавсиф намуда, бузургтарин мўъљизаи худ - Ќуръони Каримро фиристод. Ин моњи муборакро ба тамоми мусалмонони љањон, хусусан мардуми шарифи Тољикистони азизамон табрик мегўем. Моњи мубораки Рамазон фурсати хубест барои сохтани рўњу љисми инсон, бинобар ин дар ин моњ метавон сањафоти аъмоли хуби худро ба некї кардан ба мардум ва садаќоту тоату ибодат чанд баробар афзуд. Њар амале фурсате дорад. Инсон дар он мавќеъ ба чизњое дастрасї пайдо мекунад, ки дар дигар фурсатњо он чиз ё ба даст намеояд, ё ин ки андаке ба даст меояд. Рамазон низ нисбат ба дигар моњњо чунин аст, яъне ваъдаи Худованд аст, ки подоши аъмоли хуби инсонро дар ин моњ чанд баробар мекунад. Сипос Худоеро сазост, ки моро барои сипосгузории худ роњнамої намуд ва аз сипосгузорон ќарор дод, то
Марњабо, РАМАЗОН! барои эњсон ва некўияш аз шукргузорон бошем ва моро бар он сипосгузорї подоши некукорон дињад ва сипос Худоеро, ки сазост, ки дини худро ба мо ато намуд ва моро љузви миллати хеш (ислом) ихтисос дод ва дар роњњои эњсон ва некияш рањна-
мун кард, то ба василаи неъматаш дар он роњњо рафта ва ба сўи ризо ва хушнудияш даст ёбем, сипосе, ки онро аз мо бипазирад ва ба василаи он аз мо хушнуд гардад. Сипос Худоеро, ки Рамазонро барои мо моњи тазкия ќарор дод.
Ва сипос Худоеро сазост, ки моњи худ Рамазонро, моњи сиём ва рўза ва моњи ислом ва моњи тазкия ва моњи тасфия ва пок кардан аз гуноњон ва моњи ќиём ва истодан барои намоз дар шабњо ё ба по хостан дар эњёи ислом ва љињод дар роњи Худоро яке аз он роњњои эњсон ќарор дод, ончунон моње, ки Ќуръон дар он фурў фиристода шуд, дар њоле, ки барои мардум роњнамое аз гумроњї ва нишонањои ошкори рањбарї ва људокунандаи миёни њаќ ва ботил аст. Пас, бартарии онро бар моњњои дигар ба сабаби њурматњо ва гиромидоштанњои бисёр ва фазоил ва бартарињои ошкор, ки барои он ќарор дод, њувайдо гардонид ва дар он моњ аз љињати бузургдошт, он чиро ки дар моњњои дигар њалол карда, њаром намуд ва хўрданињо ва ошомиданињоро дар рўзњои он манъ кард ва барои он ваќти муайяне ќарор дод, ки Худои бузургу тавоно љоиз ва раво намедонад, ки пеш андохта шавад ва намепазирад, ки аз он ваќт ба таъхир афтад. Сипас ибодат ва бандагї дар, шабњои њазор моњ бартарї дод ва онро Шаби ќадр номид, шабе, ки Худои таъоло аљалњо, рўзињо ва њар амре, ки њодис мешавадро муќаддар мефармояд, дар он шаб бисёре аз фариштагон ва рўњ, ки махлуќе аст бузургтар аз фаришта ба фармони Парвардиигорашон бар њар, ки аз бандагонаш бихоњад бо ќазо ва ќадаре, ки мўњкам ва устувор карда, ки таѓйир ва табдиле дар он нест. Ваќте Паёмбар (с.) дар хутбаи шаъбония фазоили моњи Рамазон ва рўзаро баршумурд, њазрати Алї (к.в.) пурсид: бењтарин аъмол дар ин моњ чист? Дар посух Паёмбар (с) фармуд: «Алвараъу ъан мањоримиллоњ», яъне парњез ва иљтиноб аз маъосї ва гуноњон аст, бинобар ин рўза омили боздоранда аз гуноњ, омили саркўбкунандаи нафси исёнгар аст, ки рўзадор бо анљоми ин дастури Илоњї ба нањви ањсан, ки аз шароити камоли рўза аст, рўњ таќво ва парњезгориро дар хеш зинда мекунад, зеро ки бо рўза ва дар моњи мубораки Рамазон, ислоњи нафс ва тарбияти он ва таќво пеша кардан ба маротиб осонтар аст, зеро гуруснагї ва ташнагї ва дигар мањрумиятњои рўза, шўълањои саркаши ѓароизи њайвонї ва њавоњои нафсониро хомўш месозад. Мавлоно Мавлавї гўяд: Њаст рўзаи тоњир, имсоки таом Рўзаи маънї, таваљљўњ дон тамом. Ин дањон бастї, дањоне, боз шуд Ки хўранда, донањои роз шуд. Љўъ мар хоссони њаќро додаанд То шавад аз љўъ шер зўрманд. Марњабо, РАМАЗОН! Абдуљаббори АМИНЗОДА
14 №17 (293), 18-уми июли соли
2012
Ќабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оќибатњои фољиаи Чернобил ба муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбии ЉТ барои фарзандони шањрвандоне, ки бар асари фалокати неругоњи барќї атомии Чернобил зарар дидаанд (ќарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18), амалї мегардад.
№17 (293), 18-уми июли соли 2012
15
Ман ба посбон гуфтам, ки аввал шинос шавам, баъд аъзо мешавам. Посбон гуфт, бошад ва дохили китобхона шудам. Ростї, дар китобхона хизматрасонї бо риояи шароити муосир ба роњ монда шудааст. Кормандони он мекушанд, ки ба њар як корафтода сари ваќт ёрї расонанд.
?-И НОБОБ
?-И БОБ
БА ТАРЗИ НАВИ ИДОРАКУНИИ БИНОЊОИ ИСТИЌОМАТЇ ГУЗАШТАН ИХТИЁРЇ АСТ Ё МАЉБУРЇ?
- Њафтаи гузашта дар нашрияи "Нигоњ" дар бораи тарзњои идоракунии биноњои истиќоматии бисёрхонагї дар њудуди шањри Душанбе мавод дарљ шуд. Мехоњам донам, ки ба ин тарзи нави идоракунии биноњои истиќоматї гузаштан ихтиёрї аст ё маљбурї? Баъдан механизми татбиќи идоракунии биноњои истиќоматї, њуќуќу ўњдадорињо ва вазифањои пешбинишудаи он дар байни сокинони ин ё он манзили зист ба чї тарз роњандозї карда мешавад? Ањлиддин ХЎЉАНАЗАРОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - То ба тасвиб расидани Ќонуни ЉТ "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили ЉТ" аз 4-уми ноябри соли 1995 квартирањо (минбаъд хона) бо манзилњои истиќомативу ѓайриистиќоматї ва молу мулки умумии онњо дар биноњои бисёрхонагї дар моликияти давлатї (коммуналї) ќарор дошта, нигоњдорї ва идоракунии онњо тавассути идораву раёсатњои истифодабарии манзил амалї мегашт. Ќисми ками биноњои бисёрхонагї дар моликияти кооперативњои манзилї-сохтмонї ва идорањо ќарор доштанд. Бо татбиќи Конуни зикргардида, манзилњои истиќоматї асосан ройгон хусусї гардонида шуда, ду моликиятдор пайдо намуданд: - шањрванд, ки манзили истиќоматиашро хусусї гардонидааст; раёсат ё идорањои хољагї - коммуналї, ки истифодабарии бинои бисёрхонагї ва молу мулки умумиро амалї менамуданд.
Мутобиќ ба талаботи моддаи 11-и Ќонуни ЉТ аз 5уми августи соли 2009 № 542 "Дар бораи нигоњдории биноњои бисёрхонагї ва ширкати соњибмулкони манзил" соњибмулкон дар муддати 6 моњ аз рўзи ќабули Ќонун бояд яке аз намудњои идоракунии бинои бисёрхонагиро интихоб намоянд: 1. Идоракунии бевосита аз љониби соњибмулкони манзил; 2. Идоракунї тавассути Ширкати соњибмулкони манзил; 3. Идоракунї тавассути ташкилот ё корхонаи идоракунї, новобаста аз шакли моликият. Бояд дар назар дошт, ки дар њолати аз тарафи соњибмулкони манзил интихоб нагардидани ягон тарзи идоракунии зикргардида, аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ноњия, тибќи тартиби муайянгардида озмуни кушод љињати интихоби ташкилоти идоракунанда барои идоракунии бинои бисёрхонагї гузаронида мешавад. Барои интихоби тарзи идоракунї бояд тањлили њолати техникии бинои бисёрхонагї гузаронида шуда, њайати соњибмулкон аз рўи категорияњои иљтимої, шумораи онњо, масоњатњое, ки онњо соњибмулкї менамоянд ва имконияти умумии соњибмулкон љињати маблаѓгузории нигоњдории бинои бисёрхонагї, гузаронидани пурсиши соњибмулкон нисбати кадом тарзи идоракунии бинои бисёрхонагиро онњо љонибдор мебошанд, гузаронида шавад. Бояд муќаррароти Ќонуни мазкур њатман то њар як соњибмулки бинои бисёрхонагї фањмонида шавад. Бояд ќайд намуд, ки соњибмулкони манзил метавонанд аз иштирок дар идоракунии бинои бисёрхонагї тамоман даст кашанд ва мунтазири аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии ноњия муайян намудани ташкилоти идоракунї бошанд. Дар ин њолат бо соњибмулконе, ки мавќеъи худро муайян накардаанд, бояд вохўрии иловагї ва корњои фањмондадињї гузаронида шавад. Гуфтан ба маврид аст, ки ќарор нисбати интихоби тарзи идоракунї танњо маљлиси умумии соњибмулкони манзил бароварда метавонад, зеро он маќомоти идоракунии бинои бисёрхонагї мебошад ва иљрои ќарорњои он барои њамаи соњибмулкон њатмї мебошад. Бо назардошти он, ки дар кулли биноњои бисёрхонагї утоќњои барои гузаронидани машварату маљлис вуљуд надоранд, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ноњия утоќи муносиб дар шањрак барои гузаронидани маљлисњои умумии соњибмулкони манзилро бояд пешбинї намояд. Ба саволи Шумо мудири шўъбаи коммуналию муњандисии дастгоњи раиси шањри Душанбе Рустам ИБРОЊИМОВ љавоб дод.
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ ЧАРОЃАКЊОИ РАЊНАМО АЗ ЉОНИБИ МУТАСАДИЁНИ СОЊА БОЯД ТЕЗТАР ТАЪМИР КАРДА ШУДА, ФАЪОЛ ГАРДАНД - Баъди таъмиру мумфаршгардонии роњњои кўчањои протоколї ва канории алоњидаи шањри Душанбе аксари чароѓакњои сохти Шўравї ба чароѓакњои диодї иваз карда шудаанд. Онњо назар ба чароѓакњои сохти замони пешин афзалияти бештареро доро буда, бо рељабандии сониявии худ, ки баъзеашон 24 сония бархе дигарашон 20 сонияро дар бар мегирифт, њаракати пиёдагардон ва воситањои наќлиётро дар роњњои Душанбе дуруст ва даќиќ танзим мекунанд ва одамону соњибони воситањои наќлиёт ба њар самте мехоњанд бемалолу осон њаракат мекунанд. Алњол нисфи ин чароѓакњои роњнамо дар роњњои шањри Душанбе аз фаъолият мондаанд. Шояд ин чароѓакњои рањнамо истењсоли Чин буданд, ки бинобар пастсифату арзон буданашон аз истифодабариаш чандон муддате нагузашта, онњо аз кор боз мондаанд? Инљо як маќоли тољикиро гуфтан ба маврид аст, ки "Арзон бе илат намешавад, ќимат бе њиммат". Аз назари ман, агар мутасаддиёни соња ба маблаѓи ќаблї каме маблаѓи дигар зам менамуданд ва аз чароѓакњои нисбатан босифатараш харидорї карда, дар кўчањои шањр насб мекарданд, кор то ин њад
намерасиду љароѓакњои рањнамо то дергоњ хизмат мекарданд. Аммо њамаи ин дар њолест, ки гарчанде аз фаъолият боз мондани бархе аз ин чароѓакњои роњнаморо як чанд моњ гузашта бошад њам, он аз љониби мутасаддиёни соња таъмир карда намешаванд. Корношоямии чароѓакњои рањнамо дар бархе мавриди дигар манбаъи пулситонии кормандони БДА аз соњибони воситањои наќлиёт гардидааст. О, шумо агар мутасаддиёни воќеии соња бошед, аввал чароѓакњои рањнамоятонро соз кунед, баъд аз ро-
нандагон љарима ситонед. Корношоямии чароѓакњоро ронандагон муддати дуру дароз дида ба андеша мезананд, ки гўё онњоро махсус зуд соз намекунанд, ки бештар аз ронандагон љарима ситонанд. Ман ќабул надорам ин гуна њолати корро, бояд барои љилавгарї аз садамањои эњтимолии воситањои наќлиёт чароѓакњои рањнамо аз љониби мутасадиёни соња тезтар таъмир карда шуда, онњо фаъол гарданд. Љамшед ОБИДОВ, сокини шањри Душанбе
ОЯНДАИ НАСЛИ НАВРАС
НАХОД? НАХОД, КИ НАВРАСОНУ ЉАВОНОНИ МО ЛОАЌАЛ ДАР КИТОБХОНА ХУДРО МАДАНЇ НИШОН ДОДА НАТАВОНАНД? - Рўзе аз рўзњои гарми тобистон бо маќсади аъзо шудан ба Китобхонаи миллии Тољикистон рафтам. Китобхонаи навбунёд воќеан бузургу боњашамат ва хуштарњу замонавї аст. Њамчунин тарњи бинои китобхонаи тозабунёд рамзї аст, ки ба хотири арљ гузаштан ба китоб ва донишу маънавиёт дар фарњанги шаш њазорсолаи пурѓановати миллиамон ба шакли китоби кушода сохта шудааст, ки гўё ташнагони илму маърифатро ба љониби худ фаро мехонад. Мувофиќи иттилои масъулон, масоњати умумии китобхона аз 45 њазор метри квадратї иборат аст ва он дорои 40 толори гуногуни хониш мебошад. Китобхона њамчунин 22 махзани калони нигоњдории китоб дорад, ки дар он бемалол мешавад то 10 њазор китобро љой дод. Дар даромадгоњи китобхона посбони миёнсоле дар курсии худ менишаст ва бо самимияти ба худ хос бе он ки ман аз ў шароити аъзо шудан ба китобхонаро бипурсам, пешдастї карда, аз љои худ хест, хуб пазирої кард ва шартњои аъзошавиро фањмонд. Мувофиќи гуфтаи ў, бо пардохти 10 сомонї ман ва ё дилхоњ шањрванд метавонем худро номнавис намоем, барои муддати се сол корти китобхонаро дастрас карда, аъзо шавему аз махзани гаронбањои он истифода барем. Ман ба посбон гуфтам, ки аввал шинос шавам, баъд аъзо мешавам. Посбон гуфт, бошад ва дохили китобхона шудам. Ростї, дар китобхона хизматрасонї бо риояи шароити муосир ба роњ монда шудааст. Кормандони он мекушанд, ки ба њар як корафтода сари ваќт ёрї расонанд. Аммо ба ќадри ин њама шароити оливу хизматрасонии хуб баъзе наврасону љавони аъзои китобхона намерасанд. Онњо бо рафтори нољои худ њашамату зебогии китобхонаро мекоњонанд. Баъзе наврасону љавонон њангоми дар роњрави он будан маѓал мебардоранд ва оромии муњити китобхонаро халалдор мекунанд ва боиси малоли хотири дигарон мешаванд. Њангоми дар толори хониш низ будан бо садои занги телефон ва гапзании баланди хеш ба атрофиёни худ халал эљод мекунанд. Онњо фикр намекунанд, ки дар љои љамъиятї ќарор доранд ва ин рафторашон хуб нест. Айб њам шавад бояд бигўям, ки њољатхонаи китобхона низ аз љониби ин гуна афрод ифлосу чиркин гаштааст ва онњо аз паси худ ба тозагии он риоя намекунанд. Кас фикр мекунад, ки ин наврасону љавонон аз кўчаи ахлоќу одоб нагузаштаанд. Агар ба махзани илму фарњанг ва адабамон чунин рафтор дошта бошем оё боварї њаст, ки китобхонаро дар шароити аввали кушодашавиаш барои солњои сол боз нигоњ дошта метавонем? Наход, ки сабаби коста шудани ахлоќу одоби наврасону љавононро дур мондан аз тарбияву сиёсати падарашон бошад, ки аксарашон дар муњољирати мењнатї берун аз кишвар ќарор доранд. Наход, ки наврасону љавонони мо лоаќал дар китобхона худро маданї нишон дода натавонанд? Дилором САИДОВА, сокини шањри Душанбе
Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, тел: 985 60 86 85
16 №17 (293), 18-уми июли соли
2012
Мардуми тољикро то он дараља чашми дидан надоранд, ки моро ба њар нохушии кишвари худ сабаб мегузоранд. Гўё мо - тољикон ин нохушињоро ба миён оварда бошем. Оё дар Русия як халќи тољик муњољир аст?
ЛАТИФАЊО
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
Шўхињо аз шоир Салими Зарафшонфар - Чаро? - Чунки ман онро пўшида гаштаам.
ЖЕМПЕРИ ТАЪРИХЇ Як шоири маъруф, ки коргоњаш дар њамсоягии коргоњи Зарафшонфар љойгир буд, боре, айёми зимистон, аз вай хоњиш кард: - Акси нав гирифтанам лозим. Бо жемпери худам чандин дафъа акс гирифтаам. Ба хотири такрор наёфтан шумо жемператонро ба ман ду-се даќиќа дињед. Зарафшонфар жемперашро бадар карда дод. Шоир рафт ва чун акс гирифта омад, фахромез арз кард: - Жемператон ба таърих ворид шуд! Чунки ман бо он дар танам акс гирифтам. - Ин жемпер барваќт ба таърих ворид шудааст, -- гуфт Зарафшонфар.
ШАРИК Нависандаи шинохта шодравон Муњаммадзамони Солењ, ки охирњои умраш зиндагии обидона умр мегузаронд, Зарафшонфарро дар кўча дида, пурсид: - Салимљон, шумо њоло њам май менўшед? - Кам-кам, барои иштињо. - Аз ман насињат, бас кунед. Бубинед, ман бо шумову Бањманёр хеле менўшидам, як сол боз тарки маю сигор карда, ниёиш мекунам. Њоло ман ба дараљаи њафтуми тариќат расидаам ва шабњо бо Саноиву Ироќию Љунунї сўњбат мекунам. - Ако, ин замон њамсўњбатони Саноию Ироќию Љунунї бисёранд, ман барои он ки Хайём танњо намонад, гоњ-гоњ бо вай ќадањ мегирам. ЁДБУД БА ХОТИРИ ХУД? Адибае њангоми сўњбат ба Зарафшонфар шикоят кард: - Дина дар Иттифоќи нависандагон
ёдбуди дугонаам буд. Навбати ман, ки омад, раиси маљлис "Регламентро риоя кунед!" гуфта намонд, ки зиёд гап занам. Ними суханњоям ногуфта монданд… - Њељ гап не, - тасаллї дод Зарафшонфар, - ними суханњоятонро барои ёдбуди худатон нигоњ доред. БАРОДАРЇ - БАРОБАРЇ Шоири шинохта Хайрандеш аз Зарафшонфар пурсид: - Ту чї ќадар ќарздор њастї? - Њашт њазор доллар. - Афсўс, бародари љон… - Барои чї афсўс? - Барои он ки ба ту њељ ёрдам кардан наметавонам, худам њафт њазор доллар ќарз дорам. - Не, шумо ёрдам кардан метавонед. - Чї хел? - Ќарзи ман њашт њазор, ќарзи шумо њафт њазор. Ман панљсад доллари ќарзамро ба шумо мебахшам, аз они њардуямон њафтунимњазорї мешавад. Ана инро бародарї-баробарї мегўянд.
Рўзњои хуб гар мо тољикон ба ин пастзаданњои миллатњои аз мо маданияти пастдошта тоќат мекунем? Чаро мо дар мусофирї ањл нестем монанди дигар миллатњо? Мо адабиёти њазорсола дорем, аммо чаро аз маданияти худ дар мулки мусофирї дур мешавем? Ин саволњо дар дилу љони ман мисли хун гардиш меёбанд. Мардуми тољикро то он дараља чашми дидан надоранд, ки моро ба њар нохушии кишвари худ сабаб мегузоранд. Гўё мо тољикон ин нохушињоро ба миён оварда бошем. Оё дар Русия як халќи тољик муњољир аст? Оё дигар халќњо дар он љойњое, ки мо кор мекунем, кор намекунанд? Ба мардумам дилам месўзад. Боз ба Худо марољиат мекунаму худро тасаллї медињам: - Эй Худои мењрубон, бигзор ин рўзњои дањшатноктарини мардуми тољик паси сар шавад. Дигар, илоњо, ягон тољики мо ин рўзњои вазнини мусофириро набинад. Ба њукумати мо ќуввату аќли солим дењ, ки њуќуќи моро дар хориља муњофизат кунад ва ба поймол шудани нангу номуси тољик роњ надињад… Агар њукуматдорони Тољикистон љиддан зидди барномаи "Наша Раша", ки мардуми тољикро чун афроди паст нишон медињад, ба давлатдорони боломаќоми Ру-
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
- Агар вобаста ба парвандаи 33-нафараи исфарагињо сухан равад, ин парванда њукми худро гирифтааст ва ба ќувваи амал даромадааст, ки на ман, на корпуси додгоњї онро зери шубња бурда наметавонем ва њуќуќ њам надорем. - Њуќуќ ку доред, аммо наметавонед. Вале мутмаин бошед, дер ё зуд дигарњо мебаранд ва ба гумони ѓолиб пушти панљара њам.
Љузбахт Њамроњхон ЗАРИФЇ, вазири корњои хориља: - Агар барои баъзе ашхос, ки наметавонанд ин љузъиётро (љузъиёти ќароргоњи пойгоњи 201 дар назар аст), дар даст нигањ доранд ва онро фош мекунанд ин айби онњо нест, балки бадбахтии онњост.
сия арз карда, аз онњо талаби манъ намудани онро мекарданд, ин барнома дер давом намекард. Дар нашрияву телевизиони Русия нисбати ин намоиш танњо диаспорањои тољикони Маскав баромад карданду халос. Чаро намояндагони сафоратхонаи Тољикистон бо нота баромад накард? Магар онњо тољик нестанд ё аз чунин барнома хабар надоштанд? Рости гап, мо - тољикон худ њам айб дорем. Мо бо кору рафтори ношоями худ ба дигарон дастак медињем, ки нисбати мо чунин муносибат кунанд. Чаро мо бо либосхои ифлосу кўњна ва ё корї ба шањр мебароему байни мардум бо овози баланд гап мезанем? Чаро мо ба њама кори пасту каммузд ба тезї розї мешавем? Оё моро падару модар чунин тарбия карда буданд? Чаро мо ба якдигар њасад мебарем? То он даме, ки мо тарбияамонро хуб накунем, дигар мардум чунин ноинсонињоро давом медињанд. Мо иззати якдигарро аз худ бояд сар кунем. Агар шумо хоњед, ки бо шумо хуб муомила кунанд, бояд худи шумо муомилаи хубро нисбати дигарон кунед. Њарчанд ин рўзњои вазнини мусофирї ба сари мо омадаанд, аммо ин рўзњо њам мегузаранд. Ба сари мардуми тољдори ман офтоб нурпошї мекунаду рўзњои хуб мерасанд…
www.ilhom.wordpress.com
Дептарс Сергей ЛАВРОВ, вазири корњои хориљаи Русия: - Мутаассифона, дар ин љо њатто тавтеа ба назар мерасад, ба мо мегўянд, ки агар шумо барои ќабули ќатънома аз рўи банди њафтуми СММ иљоза надињед, мо аз тамдиди мандати њайати нозирон сарпечї хоњем кард. -Њиљ гап не, шумо њам як 100-200 муњољири амрикоиву инглисро њабс карда, депорт кунед, яке метарсанд.
Њаљпорашуб Мавлон МУХТОРОВ, муовини раиси Кумита оид ба корњои динї: - Сару садо атрофи фурўхта шудани квотањо барои њаљро њам мо шунидем. Аммо ман бо тамоми масъулият метавонам бигўям, ки ин шикоятњо бе далеланд. -Шунидан кай бувад монанди дидан?! -бо тамоми масъулият мегўем мо.
Роѓзар Страун СТИВЕНСОН, вакили парлумони Иттињоди Аврупо: - Ман муътаќидам, ки тарњи Роѓун як тарњи безарар ва њамзамон тарњи муњим барои тавсеъаи минтаќа аст. Садди обанбори Роѓун дар воќеъ аз садди обанбори нерўгоњи Норак фарќе надорад. -Мо њам ба њамин боваро сањмия харидем, Струан -ако, вале монополияи "РогунГЭСстрой"-и Њасан акоя дида, ба сифати корooову ояндаи нерўгоњ шубња касосем, гўид!
Артољном Мењмоншо ШАРИФЗОДА, муњаќќиќ ва файласуф: - …Ба ин гуна воќеийят њар як Тољик, ки њама ваќт бо ному номус мезист ва имрўз муњтољи нон гаштааст, мувофиќ набуд ва наметавонад бошад… Худ калимаи Тољик муќобили камбаѓалї ва беномусист... - Бале, ин номусдорї буд, ки иќтисодиёту савдои мамлакаташонро ба дигарон таслим карда, дар Русия аробакашї мекунанд, то тољикони асилтар боз њам бойтар шаванду замину корхонаву вазифафурўширо идома дињанд. Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон
Њ аф т ан о ма да р В а зо р ат и ф а рњ а нг и Љ у м њ у р ии Т о љ и к и с т о н б а ќ а й д гириф та шу д аас т.
Нусратулло АБДУЛЛОЕВ, раиси Суди олї:
-Бадбахтњо саросема шудан доранд, бехабар аз он ки њукумати шумо кайњо ба таслим шудан омодааст.
МАРДИКОРНОМА
Чанде пеш телевизиони ТВC-и Русия барномаи "Право имею"-ро нишон дод, ки ба муњољирони корї бахшида шуда буд. Дар барнома ќонуни охирине, ки барои воридоти муњољирони корї ба корхонаву ташкилотњои технологияи баланд ва коркунони хонагї (домработники) ќоидањоро пешбинї мекард, мутолиа шуд. Агар ин ќонунро ќабул кунанд, муњољири корї бояд баъди худро ба ќайд гузоштан (регистрация) кор ёбад. Ваќте ў кор меёбад, бо кордињанда бояд шартномаи корї бандад. Он гоњ бо ин шартнома ба Кумитаи миграционии он ноњия рафта, бояд њар моњ 1000 рубл бидињад, пас аз он метавонад натарсида кор кунад. Аз хотир набароред, имсол бе њуљљати духтурї ба ягон корхона муњољирро ба кор намегиранд. Мўњлати онро њангоми гирифтан аз духтурхона, албатта, муайян кунед. Дар барнома ду тараф буданд, ки аз муњољирон дифоъ мекарданд, дигаре зидди сабукињо ба онњо буданд. Њангоми тамошои барнома маро хашм гирифт, аммо худро дошта, онро то охир тамошо кардам. Дар барнома як тањлилгари иќтисодї гуфт: - Мо ќонуну ќоидањо ќабул кунем ё накунем, бе коргарони муњољир тараќќиёти давлатро ба сатњи даркорї бароварда наметавонем, аз ин лињоз онњо ба Русия лозиманд. Аммо киро ва чанд нафарро даъват кардан кори ташкилотњои салоњиятдор аст. Собиќ депутати њизби ЛДПР Алексей Митрофанов, ки тарафдори содда гардонидани будубоши муњољирон ва таъмини њуќуќи онњо буд, гуфт: - Оё ягон шањрванди рус ба он корњое, ки имрўз муњољирони тољик мекунанд, розї њаст? Ба он њаќќи музде, ки ин муњољирон мегиранд, русњо кор мекунанд? Њељ ваќт русњо хусусан дар Маскав ин корњоро намекунанд ва агар ман ноњаќ бошам, барои ман он нафарро пайдо кунед. Дар ин барнома сухан фаќат дар бораи мардуми тољик мерафт. Зидњо мехостанд, ки бо Тољикистон рафтуои визавиро љорї кунанд, ба собиќ њамватанони худ, яъне русњои хориљ шароити ба ватан баргаштанашонро осон намоянд. Баъди ин барнома фикрњои бисёр кардам, ки чаро Худованд ба мардуми тољики ман чунин ќисматро раво дид. Ма-
Корпњуќ
Шўъбаи муњосибот тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 44 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09