- Оё љавонон дар сиёсати кишвар фаъол њастанд? - Албатта, паст гуфтани љавонон хуб нест, зеро аксаран онњо бачањои хубу боадабанд, аммо руњи беќарору инќилобї ва амбитсия надоранд.
Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол
Ќосими БЕКМУЊАММАД: Камонѓулаки коршиносони тољик Шарњи сиёсї
3
| №3 (279). Чоршанбе, 11-уми апрели соли 2012 | Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru
Љаноби ИКС: Низомхон. Њуббул ватану минал имон. «Розњои пинњонї» 5
Раљаби МИРЗО:
Панатсея Анатомияи як хабар
7
ГУМОНБАРШУДАГОН
Дар ин шумора: таваљљўњ Шањрдорї ба таъмири роњњои харобгашта шурўъ мекунад
Чор мансабдори њукумати Тољикистон Амонуллоњи Њукуматуллоњ, Мањмадсаид Зувайдов, Саидањмад Шарофиддинов ва Гул Шералї бояд ба љавобгарии љиної кашида шуда, аз 2 то 5 сол аз озодї мањрум шаванд.
3 љањон
Кабутари сулњ дар дасту гурбаи љанг дар баѓал
10
БОЗГАШТИ АЉИБИ НИЗОМХОН ЉЎРАЕВ
пурбин
"Маё тваё не панимаиш"
16
2
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
Ин иќдоми кадом як њизби сиёсї, ширкати номдор ё соњибкори бонуфуз набуд, балки иќдоми љавонони зебову хушлибоси тољикистонї буд, ки аксаран шањриянд. Иќдоми љавононе буд, ки насли калонсол маъмулан дар онњо "самимияту одамгарии солњои 70-80-ро" намебинад.
ТАЙИНОТ
5 ГАПИ ЊАФТА АЗ
Таѓироти кадрї дар маќомоти прокуратура ва корњои дохилї Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон дар маќомоти прокуратура ва корњои дохилї таѓироти кадрї амалї намуда, як гурўњ кадрњои ба вазифањои баланд таъиншударо барои сўњбат ба њузур пазируфт.
Дар ин бора ба TojNews аз Хадамоти матбуоти президент хабар доданд. Ба иттиллои манбаъ, дар мувофиќат бо сарвари давлат ба вазифаи прокурори вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон, Ќулмањмад Арбобов таъин карда шуд. Араб Сидиќов, муовини аввали прокурори вилояти Суѓд ва Амонљон Рафиев, муовини прокурори њамин вилоят таъин гардид. Прокурорњои ноњияњои Шуѓнон, Ванљ, Фархор, Шоњмансури шањри Душанбе, сардори хадамоти пешгирии ноболиѓони вазорати корњои дохилї, сардори шўъбаи корњои дохилии ноњияи Темурмалик ва командири яке аз ќисмњои њарбии ќўшунњои дохилї иваз карда шуданд. Президент Эмомалї Рањмон зимни сўњбат онњоро ба муборизаи
ТАВАЉЉЎЊ
Шањрдорї ба таъмири роњњои харобгашта шурўъ мекунад Љаласаи кории шањрдории Душанбе бо ширкати маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе тањти раёсати Мањмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар љаласа масъалаи барќарорсозии роњњои бар асари сардињои зимистон харобгардида, бо истифода аз ширкатњои пудратї ва маќсаднок истифодабарии маблаѓњои буљетї ва аз њисоби сањмгузорон љамъшуда, мавриди таваљљўњ ќарор ги-
рифт. Дар ин зимн бо таваљљўњ ба њолати иљрои дастури шањрдорї, аз 2 апрели соли равон дар мавриди дар њолати коршоямї нигоњ доштани каналу селпартоњои марзгузари шањр, аз љониби субъектњои масъулу со-
НАТИЉА
шадид бо љинояту љинояткорї, хусусан љиноятњои коррупсионї ва марбут бо маводи мухаддир, таъмини амнияту суботи љомеа ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон њидоят намуд. Бо изњори нигаронї аз афзоиши ќонуншиканї ва љинояткорї дар миёни љавонону ноболиѓон, дар назди масъулин вазифањои мушаххас гузошта шуд. Њамчунин аз роњбарияти прокуратураи генералї ва вазорати корњои дохилї талаб карда шуд, ки ба тарбияи хуби мутахассисони љавон, љобаљогузории кадрњо, арзу шикояти мардум ва таъмини волоияти ќонун, таваљљуњи доимї зоњир намоянд. Сарвинози РУЊУЛЛОЊ, TojNews
њибтавозун, аз натиљаи санљишњои анљомдодаи комиссияњои депутатї, Раиси шањр гузоришњоро баррасї намуда, таъкид сохт, ки бе ягон сањлангорї раисони ноњияњо ва Муассисаи давлатии "Раёсати обёрии маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе" дар њамкорї бо шахсони воќеиву њуќуќї тадбирњои воќеї андешанд. Инчунин дар љаласа рафти корњои сохтмонї, вусъати корњои омодагї ба азнавсозии иншоотњо дар ќисмати марказии шањр ибрози назар карда шуд. Фарзона АШЎРМАДОВА, TojNews
Фирори чањор муњољир аз боздоштгоњи Санкт-Петербург Чањор муњољири тољик ва њафт муњољири ўзбак аз боздоштгоњи шањри Санкт-Петербурги Русия фирор кардаанд. Дар ин бора расонањои хабарии ин кишвар иттилоъ додаанд. Тибќи хабарњои расида, ин њодиса рўзи 8-уми апрел рух додааст. Ёздањ муњољири корї, ки эњтимол буд аз ин кишвар ихрољ шаванд, ќулфи дари боздоштгоњро шикаста фирор карданд. Шоми рўзи якшанбе, Њилолиддинхоља Алломов, муњољири ўзбаки фироркарда дастгир шудааст. Хабаргузории "Konkretno.ru" бо такя ба гуфтаи яке аз масъулини маќомоти њифзи њуќуќи Русия навиштааст, ки Шуњрат Саъдуллоев, Фатњулло Холиќов, Кабир Муродов ва Комилљон
Бозоров, шањрвандони Тољикистон ва шаш муњољири дигари ўзбак аз љониби нињодњои интизомии Русия љустуљў мешаванд. Дар пайи ин њодиса Виталий Улаев, раиси боздоштгоњи махсуси шањри СанктПетербург, аз маќомаш барканор шудааст.
Ин њодисаи фирори муњољирон маротибаи аввал набуда, рўзи 21уми феврали соли равон, њашт муњољири корї аз кишварњои Осиёи Марказї аз ин боздоштгоњ фирор карда буданд. Сарвинози РУЊУЛЛОЊ, TojNews
САДОИ МАРДУМ
Шањноз КОМИЛЗОДА, журналист
Орзўи "китобњои чашмакдор" Чанд рўз пештар аз шунидани хабари баргузории љашнвораи љумњуриявии Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон хушњол шудам. Хеле хоњиш доштам, то аз ин љашнвора њамроњи фарзандонам боздид кунам, аммо мутаасифона, фурсат даст надод. Њарчанд чанд ваќт боз орзў намуда, барои духтарчаам "китоби чашмакдор"-и тољикї мекобаму дар ягон маѓозаи китобфурўшии Душанбе онро пайдо накардаам. Китобу китобчањои зиёди бачагона, ки акнун сухан мегўянду мусиќї низ доранд, дар маѓозаву дўконњо њаст, вале ба забони русиву барои фарњанги мо бегона. Аз ин рў, фикр мекунам дар баробари баргузории чунин љашнвора, як Барномаи миллии нашри китобњо барои кўдакон ва наврасон бо дастгирии молии калонтарин бонкњои кишвар, назири "Ориёнбонк"-у "Тољиксодиротбонк" тањия мегардид, хеле хуб мешуд.
Фейсбук ва одамгарии солњои 80 Иќдоми фаъолони шабакаи иљтимоии Фейсбукро, ки аз њаёт, таълим ва тарбияи хонандагонаи мактаб-интернати низомаш махсуси љумњуриявї, воќеъ дар ноњияи Њисор ошно шудаанд, шоистаи тањсин дарёфтам. Чун хондам, ки "љавонони фейсбукї бо шогирдони муасиссаи мазкур бозињои шавќовар доир намуда, чанд соат таъби онњоро болида гардонданд. Ба шогирдон якљо расм кашида, ба онњо филмњои тасвирї намоиш медоданд" дар чашмонам беихтиёр ашк њалќа зад. Ин иќдоми кадом як њизби сиёсї, ширкати номдор ё соњибкори бонуфуз набуд, балки иќдоми љавонони зебову хушлибоси тољикистонї буд, ки аксаран шањриянд. Иќдоми љавононе буд, ки насли калонсол маъмулан дар онњо "самимияту одамгарии солњои 70-80-ро" намебинад. Агар, воќеъан њам Фейсбук чунинњоро ба њам меорад, пас биёед њамаамон фейсбукї шавем. Магар бо "Забони порсї" будан фарањ надорад?
Иќдом дар "Забони порсї" Дар мањфили "Забони порсї"- и Фейсбук ин эълони љолибро дидаму зуд бо тўгмаи "лайк" "писандидамаш". Њадаф аз он арљгузорї ба хатти ниёкон буду чунин паём њам дошт: "Мо, порсигўёни Осиёи Марказй, аз давлати Точикистон мехоњем, ки ба оѓўши хатти порсй баргардад, то пайванди муљаддади мо бо дирўз, имрўз ва фардои миллат њосил шавад". Намедонам ањли ин гурўњ то куљо муваффаќ мешаванд, аммо ман аз самими дил барояшон комёбї таманно мекунам. Барои ман пайвастан ба ин иќдом ва ин мањфил кўшиши зиёии тољик шудан аст.
Шикоят аз "дыры" Дар муњити расонаии кишвар бањсу баррасињо сари роњњои мошингарди Душанбе зиёд аст. Ин мавзуъ шахсан ба мани бемошин њам иртибот дорад, чун воќеан њам муддати тўлонї задаву кубида аз як љо ба љои дигар рафтани мусофир ва он њам дар кўчањои маркази фарњангиву сиёсии тољикон бисёр нороњаткунанда аст. Ин буд, ки худ аз худ пурсидам: Чаро ин роњњо ин ќадар зуд-зуд хароб мешаванд?! Не-не, саросема нашуда, айби зимистону барфи зиёду борон нагўед. Як масъул аллакай гуфт: "Роњњо дар натиљаи барфу борон ва сардињои зимистон ба ин њол гирифтор шудаанд". Пас, вой ба њоли Маскав, ки 6 моњ зимистон дорад? Вой бар њоли Њелсинки, ки зимистонњои вазнину Лондон, ки тамоми сол сербориш аст?!! Аммо… тўли як њафтаи ахир, ки дар чанде хиёбону кўчањои пойтахт гаштам ба чашми счар дидам, ки таъмир рафта истодааст. Ман мунтазам навгонињои пойтахтро пайгирї мекунам, чун бо њама каму костиаш дўсташ медорам. Душанбе - зодгоњам аст, пас чї тавр дўсташ надорам? Ба ќавле, бо њама "дириву пирияш" њам бароям азиз аст, вале интизори таъмири роњњояш њастам, мисли дигарон.
Наврўзии "МегаФон Тољикистон" Њамчунин дидани хабару назарот доир ба иќдоми ширкати "МегаФон Тољикистон", ки хабарнигорон ва чењрањои шинохтаи кишварро бо љашни Наврўз бо шеваи хос (бо фиристодани Бањору Наврўзбек) табрик гуфт, хушам омад. Банда муаллифи ин лоиња будам ва аз ин ки он мавриди писанди мардуми зиёд ќарор гирифтааст, воќеан њам хушњол шудам. Њозир, ки ин сатрњоро менависам, чун масъули ин ширкат наметавонам, ки аз лутфи "Нигоњ" истифода набараму ширкатамро реклом накунам. Муваффаќу сарбаланд бошед, азизон!
БАРНОМА
"Раќс алайњи нашъамандї" - и ИМА дар Тољикистон Дар театри Владимир Маяковскии шањри Душанбе бо дастгирии шўъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи њуќуќии (INL) Сафорати ИМА ва шарики мањаллї - ташкилоти ѓайридавлатии "Даст ба даст" фестивали раќс баргузор гардид.
3.6%
Намедонам, барои ман фарќ надорад
34.8%
Узбакистон бо њар роњ ба маќсадаш мерасад
61.6% Њељ гоњ! Хобашро ба об гўяд!
Метарсам, ки худи њукумат надињад
Оё Узбакистон метавонад заминњои Тољикистонро соњиб шавад?
0%
Пурсиш бо фармоиши «Нигоњ» дар пойгоњи интернетии www.tojnews.org гузаронида шудааст. Теъдоди овоздињандањо 138 нафар.
Дар се моњи охир ташкилоти ѓайридавлатии "Даст ба даст" хореографњоро дар омода намудани раќсњо, ки муборизаи бомуваффаќият алайњи нашъамадиро инъикос мекунанд, љалб намудаст. Њар як мактаб раќсњои гуногунро, ки хатари нашъа ва хушињои зиндагиро бидуни нашъа таљассум намудаанд, пешнињод намуд. Ин лоњия боз шаш клуби раќсро дар Душанбе таъсис дод. Маќсади фес тивал - баланд бардоштани сатњи маълумотнокї доир ба хатарњои нашъа ва пешнињод намудани фаъолияти алтернативї барои хонандагон љињати пеш бурдани њаёти солим мебошад. 120
нафар хонандагон аз шаш макотиби Душанбе, аз синни 12 то 17 сола дар фестивали мазкур иштирок намуданд. Фестивали раќс ќисми барномаи INL доир ба коњиш додани талабот ба маводи нашъа дар солњои 2011-2012 мебошад. Дар доираи барномаи мазкур, INL зиёда аз 300 њазор доллар њамчун грант ба ташкилотњои ѓайридавлатии мањаллї ва байналмиллалї, ки чањор вилоятњои Тољикис тонро дар бар мегирад, људо шудааст. Нилуфари КАРИМ, TojNews
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
3
Мардум чизњоеро медонанд, ки њатто фикрашро њам намекунем. Чї дар сатњи кишвар ва чї дар сатњи вилоят ва шањру навоњї. Ин ќадар аз бародар, писару духтар, хусурбачаву домод, таѓову љиян ва дигар хешу таборњои мансабдорон медонанд, ки боварнакарданист.
РЎ БА РЎ
ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ
"Ширкати Алюминии Тољик" бо пахши як изњорот гуфт, дар давоми се моњи аввали соли равон 74 њазору 58 тонна алюминии хом ва 73 њазору 362 тонна алюминии аввалия истењсол кардааст, ки маблаѓи умумии он, ба 153,1 млн. доллари ИМА баробар аст. Зиёда аз ин, нишон-
додњои истењсолии семоњаи аввал нисбат ба семоњаи чоруми соли гузашта 8 дарсад зиёд буда, "ТАЛКО" мизони иљрои супоришњои гирифтаашро ба маблаѓи 5-6 миллион доллари амрикої афзоиш додааст, ки ин њам дар рушди истењсолот наќши муассир доштааст.
Аммо аз вазорати энергетика ва саноати кишвар ба TojNews гуфтанд, ки "ТАЛКО" њељ гуна эътирози расмие накардааст. Њамчунин ба гуфтаи масъулини вазорати мазкур, пешнињод намудани маълумот дар доираи салоњияти сохторњои дахлдори вазорат ва дар мавриди зикргардида маълумоти пешнињодшуда ба Раёсати иќтисод ва дурнамои вазорати энергетика ва саноат ќарор дошта, пешнињоди чунин маълумотњо аз љониби котиботи вазорат мунтазам пахш карда мешавад. Сарвинози РУЊУЛЛОЊ, TojNews
ФИШОР
Тањдиди милисањо ба журналисти "Имрўз-нюс" Хабарнигори рўзномаи "Имрўз-нюс" Завќибек Солењов зимни иљрои фаъолиятњои касбї дар њудуди шањри Роѓон мавриди тањдиду фишори милисањо ќарор гирифт. Ин њодиса рўзи 8-уми апрели соли равон дар дењаи Ќалъаи Нави шањри Роѓун рух додаст, ки дар онљо мусобиќаи гуштини миллї бахшида ба иди Наврўз баргузор мешуд ва хабарнигори "Имрўз-нюс" Завќибек Солињов љараёни ин мусобиќаро аксбардорї мекард. Ў гуфт: "Ваќте аксбардорї мекардам, як нафар аз кормандони ШКД-и шањри Роѓун ба наздам омада, бо тариќи "зурї" аз оринљам дошт ва гуфт, ки "аз банд берун баро". Дар њаќиќат ду љониби майдони варзишї аз бандњои махсус монеъа сохта шуда буд. Ман дар наздикии бандњо нишаста будам ва ба рафти гўштини пањлавонон халал њам намерасондам", -афзуд ў.
Аммо милиса бидуни пурсидани шахсият ва вазифаи рўзноманигор, аз оринљи ў гирифта, бо зурї ўро аз сањна берун мекунад ва њатто ба њарфи ў гўш намедод. - Чун ман гуфтам, дасташро бигираду аз зур истифода накунад, ў ба корманди дигари милиса, ки шояд зердасташ буд, хитоб кард, ки маро аз сањна берун кунад. Дар њамин ваќт ман њуљљати рўзноманигориамро бароварда ба ў дароз кардам. Номбурда њуљљати маро даѓалона аз дастам гирифта, ба љайбаш заду гуфт: - Бо ту дар шўъбаи корњои дохилї гап мезанам!". Баъди гирифтани њуљљати рўзноманигориям ў маро телакунон аз сањна берун кард, - афзуд Завќибек.
Дар њамин њол Мањмадулло Асадуллоев сардори хадамоти матбуоти Вазорати корњои дохилї мегўяд, Завќибек Солињев ба телефони боварии вазорат мурољиат кард. -Мо ўро шунидем ва бояд боз ин њодисаро аз љониби кормандони худи вазорат њам шунавем. Бо супориши вазир аввал санљиши хизматї бурда мешавад. Агар Завќибек ягон гуноњ накарда бошад, милисаро љазои хизматї медињанд, - афзуд Асадуллоев. Нилуфари КАРИМ, TojNews
БОЗГАШТ
Темур Зулфиќоров ба Тољикистон омад Нависандаи машњури тољику рус Темур Зулфиќоров ба Душанбе омад. Ўро дар ин сафар њамсафари доимияш Ирина Дмитриева-Ванн њамроњї мекунад.
Ба гуфтаи Темур Зулфиќоров, дар тўли ним соле, ки ў Тољикистон набуд, 3 китобаш нашр шудааст, ки боиси хурсандии ў гаштаанду акнун мехоњад онњоро муаррифї кунад: "Аз оѓўши абрњои бањорї гузашта, вориди Тољикистони наврўзї шудам. Ин муддат, ки дар Душанбе набудам, се китоб ба нашр расидаанд ё дар њоли нашранд. Китоби "Изумруды, рубины, алмазы мудрости в необъятном песке бытия" - и маро фонди "Айнї" ба нашр расонидааст, ки хеле зебо њам омадааст. Дар чунин вазъ чоп кардани чунин китоби
гароннарх, њатто боиси хиљолатзадагиям шуд. Китоби дигарам "Тридцать три новелл о любви"-ро нашриёти "Эр-Граф" чоп хоњад кард, ки аз љониби "Ориёнбонк" дастгирии молї ёфтааст. Китоби "Коралловая эфа" (Афимори марљонї) бо зањмати Нур Табаров ба забони тољикї тарљума шуда, дар нашриёти "Адиб" аз чоп баромадааст. Ин 3 китоб туњфаи хубе барои китобдўстони Тољикистон, бахусус барои Китобхонаи нави боњашамати ватанамон мебошанд". Темур Зулфиќоров чанд моње дар Душанбе хоњад монд ва ба љуз аз маросими муаррифии китобњои нав чанд вохўриву нишаст бо иштироки сарояндаи шањири романсњо - Ирина Дмитриева -Ванн бо ањли зиёи пойтахт хоњад дошт. -Ман мисли Мавлоно ба ѓайр аз сухани воло ба мусиќї низ шавќ дорам. Албатта, раќсњои суфиёна карда наметавонам, аммо якчанд
суруд навиштааму бо Ирина њамовозї хоњам кард, њарчанд санаи баргузории консерт дар пойтахт њанўз маълум нест, - гуфт Темур Зулфиќоров. То њол 9 албоми якљояи Темур Зулфиќоров ва Ирина ДмитриеваВанн омода гаштаанд, ки аз ин миён 12 суруд ба "Антологияи сурудњои русии 200 соли охир" ворид карда шудаанд. Соли љорї Темур Зулфиќоров чанд матлаби публисистї њам нашр кард, ки дутои он дар доирањои зиёї ва њукуматии Русия вокунишњои зиёд ба бор овард. Матлаби аввал "Великий завет любви" ва дувумї, "Тринадцать огненных коней" мебошанд, ки дар рўзномањои "Литературная газета" ва "Завтра" ба чоп расиданд. Нилуфари КАРИМ, TojNews
аз Ќосими БЕКМУЊАММАД
Камонѓулаки коршиносони тољик Аз таваљљуње, ки тайи беш аз як дањаи гузашта ба њузури намояндагони тољик дар њамоишњои мухталифи байналмиллалї дар минтаќа доштам, ба ин натиљаи асафбор расидам, ки сатњи коршиносони мо нисбат ба кишварњои дигар ва њатто њамсояњоямон асосан поинтар аст. Дар мавриди далоили он њам фикр кардам. Албатта, ќабл аз њама масъалаи харидор надоштани дониш пеши рўям омад. Ин омил аст, ки монеи рушди сатњи таълиму тарбия ва тањсил дар мактабњову донишгоњњо ва ба њошия ронда шудани мутахассисон мешавад. Шояд бархе бигўянд, ки дар ќиёс бо солњои пеш бахши маориф пешрафтњои хубе дорад. Бо ин назар мувофиќам, аммо сўњбат аз чанд мавриди муваффаќиятомез не, балки усулан аз коромадии низоми омўзишї меравад, ки барњаќ ниёзманди бознигарии љиддист. Чаро аз мактабу донишгоњ сўњбат мекунам? Зеро мавзўъ ба аскарон ва коршиносони тољик иртибот мегирад, ки њарду низ аз домони мактабу донишгоњ бар мехезанд. Агар мактабу донишгоњ дорои сатњи лозим набошанд, дар њарду љабња њам чизи зиёдеро наметавон интизор дошт. Манзури ман аз ибораи "сатњи лозим" ќабл аз њар чизе маълумот ё худ иттилоот аст, ки маљмўи он дар ин ё он ришта донишро ташкил медињад. Бидуни ин дониш њатто наметавон аскари хуб шуд, ки чї расад ба коршиносу мутахассис! Ин вижагист, ки наќши иттилоот барои њаёти фардї ва иљтимоиро таъйинкунанда сохтааст. Аммо баргардем ба бањси коршиносони тољик. Мусаллам аст, ки дар њамоишњову мизњои гирди байналмиллалї бештарин таъсирро коршиносоне мегузоранд, ки иттилоъ арза мекунанд. Ин иттилоъ њамеша сирфан илмиву тањќиќотї нест, балки бо таваљљуњ ба ањдоф ва манофеи хоси ин ва ё он кишваре муаррифї мешавад, ки коршинос аз он намояндагї мекунад. Борњо мушоњида намудаем, ки арза шудани "омору арќоми нав" ё ба ќавле "барои истифодаи мањдуд" чигуна фазои њамоишњоро тањти таъсири мустаќими худ ќарор додаву боиси таѓйири самту сўйи гуфтугўњо шудааст. Ин кор чанд њадафро дунбол мекунад, ки яке аз онњо расонаї шудани масоили мавриди назари ин ё он коршинос ё коршиносони кишвари хосест, ки бо њадафи аз ќабл мушаххасшуда ба њамоиш омадаанд. Бидуни ин низ, расонањо ба маълумот ва ё дидгоњњои як миќдор доѓу њангомабарангез њадди аксари таваљљуњро доранд. Дар яке аз конференсияњои соли гузашта дар шањри Алматии Ќазоќистон, ки ба мавзўи тањаввулоти Афѓонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказї бахшида шуда буд, як рўзноманигор-коршиноси узбак ин ќадар омору арќоми аљибу ѓариби марбут ба гурўњњои ифротии минтаќа ва бавижа Њаракати исломии Узбакистонро матрањ кард, ки дар як лањза вайро ба яке аз суханронони асосї табдил дод. Маълум буд, ки дастрасї ба чунин омору арќоми ба истилоњ тахассусї дар њадду тавони як рўзноманигори коршинос нест. Баръакс, Тошканд барои ширкат, гуфтани њарфњои хоси худ ва талоши таъсиргузории њадди аксарї ба фазои он њамоиш ин намояндаи худро бо маълумоти лозим таъмин карда буд. Узбакњо маъмулан дар хеле аз чунин иќдомот ё ширкат намекунанд ва ё агар ширкат њам кунанд, бояд бипазирем, ки њарфи хоси худро мезананд. Намунањое аз ин даст "арзаи иттилооти вижа" аз сўйи коршиносони кишварњои дигар ва махсусан русњо низ зиёд ба назар мерасад. Аммо посухи ин пурсиш ањамият дорад, ки онњо ин иттилотро чигуна касб мекунанд? Албатта, бахшеро аз манобеи боз (расонањо), вале маълумоти тахассусиро аз муассисањои тањлиливу тањќиќотї ва махсусан нињодњои ќудратї ба шумули кумитаву хадамоти амнияти миллиашон мегиранд. Бидуни шакку тардид чунин иттилоот ба он манзур вогузор мешавад, ки коршиносон дар љараёни љузъиёти мумкин ќарор бигиранд ва дар чунин њамоишу мизњои гирд битавонанд аз манофеи кишварашон бењтар њимоят намоянд. Лозим нест, ки њамаи он маълумот матрањ бишавад, аммо донистани он метавонад њар лањзае дасти коршиносро њамчун мутахассис бигирад ва нагзорад, ки аз сўйи њамкорони хориљии худ, ба истилоњ, ѓофилгир шавад. Чун маъмулан иттилооти бештари коршиносони тољик мањдуд ба ёфтањои хусусии худашон аз манобеи боз ва тањлилу натиљагирињояшон аст, маљбур мешаванд, ки ба наќли ќавл ва ё иќтибос овардан аз назару матолиби коршиносони хориљї дар ин ё он мавзўи мавриди бањс мањдуд гардида ва агар њиммат кунанд, натиљагирие анљом дињанд. Чораи дигаре њам надоранд, зеро ки бо онњо иттилоъро дар миён намегузоранд. Њатто дар мавриди терроризм ва ифротгаройї, ки њадди аќал нињодњои марбутаи Тољикистон дар ин заминањо таљрибаи мустаќил андухтаву бояд њаќќи гуфтани њарфи мутафовит бо дигаронро дошта бошанд, боз њам хомўшанд. Ваќте чунин иттилои худї вуљуд надошта бошад ва ё вуљуд доштаву аз коршиносон пинњон бимонад, онњо маљбуранд суханрониву сўњбатњояшонро бар асоси мавзўоту маълумоте омода намоянд, ки аз сўйи нињодњои мутолиотї ва ё расонањои кишварњои дигар муаррифї мешавад. Мусаллањ будан бо иттилоъ њар коршиносеро дар ќиёс бо дигарон дар вазъи бартар ќарор медињад, ки ба як намунае аз он ишора шуд. Бинобар ин дар дунёи имрўзї, ки дунёи иттилоот аст, бо дасти холї (яъне бе маълумот) њар коршиносе дар дифоъ аз ањдоф ва манофеи миллии худ ољиз мемонад. Ба ин далел аст, ки таќрибан њеч гоње бозї аз нимаи майдони мо ба нимаи майдони кишварњои њариф (ки дар дипломатияи расмї яке шарики стратегї, дигаре њамсояи наздик ва севвумї кишвари дўст номида мешавад) намегузарад. Бемаълумотии бештари коршиносони мо ба тамсил ба аскароне мемонанд, ки дар миёни майдони љанги муосир ќарор гирифтаву аз аслиња танњо камонѓулак доранд... гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
"Ширкати Алюминии Тољик" (ТАЛКО) маълумоти пахшкардаи вазорати энергетика ва саноати кишварро дар бораи ин, ки корхона дар се моњи аввали соли равон ба маблаѓи 27,5 млн. сомонї њаљми мањсулоти саноатиро кам кардааст, бардурўѓ эълон намуд.
i Матлаби ин
"ТАЛКО" бемаълумотии Гул Шералиро исбот кард
4
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
Дар донишгоњ аз ў пора меситонанд, дар интихобот райи онњо сарфи назар мешавад. Баъди хатми донишгоњ љойи кор намеёбанд ва маљбур ба муњољирати мењнатї мераванд.
Вазифаи асосии Кумитаи љавонон танњо тайёр карадани варзишгарон нест, балки тайёр карадани мутахассисони љавон дар бахши саноат њам аст. Имрўз бо фарогирии зиёда аз 23 њазор љавон дар омўзишгоњњои касбї - техникї дар дењоти кишвар трактористу комбайнчї намерасад. 6-уми апрел дар Маљлиси намояндагон буљети Барномаи «Љавонони Тољикистон» барои солњои 2010 - 2012 мавриди баррасї ќарор гирифт. Њукумат барои татбиќи ин барнома 9,5 миллион сомонї људо кардааст - 4,1 миллион (43.5%) - аз њисоби буљети давлат ва 5,4 миллион сомонї (56,5%) аз њисоби дигар манбаъњо ва љалби сармоя. Аммо ин «манбаъњо» ва «сармоя» мушаххас нестанд. Вакилон њисоб карданд, ки ин маблаѓ њамагї 0,004%-и ММД (маљмўи мањсулоти дохилї)-ро ташкил медињад, дар њоле ки 35% (2 миллиону 632 њазору 100 нафар) ањолии кишварро љавонони аз 14 то 30 сола ташкил медињанд, яъне сари њар љавон дар ду сол 52 то 54 дирам харљ мешавад. Гузориши хабарнигори «Нигоњ» аз парлумон: «ЉАВОНОНИ ЉИНОЯТКОРИ ТОЉИК» Сараввал Марњабо Љабборова, раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарњанг ва сиёсати љавонон бо гузориши вижае суханронї карда, аз љумла гуфт, аз соли 1999 инљониб барои њар се сол Барномаи «Љавонони Тољикистон» тањия мешавад ва њадаф бењтар намудани шароит ва зисту зиндагии љавонон, коњиши сатњи бекорї, падидањои номатлуб, пешгирии вайроншавии оилањои љавон, таъмини саломатии љавонон, тарѓиби тарзи њаёти солим, тарбияи ватанпарастї, баланд бардоштани њисси худшиносии миллї, љањонбиниву зиракии сиёсї, маърифати насли љавон аст. - Соли 2012 барои маблаѓгузории марњалаи сеюми барномаи «Љавонони Тољикистон» 1 миллиону 502 њазор сомонї пешбинї шудааст, аммо сатњи маблаѓгузории буљетии соњаи кор бо љавонон ба талаботи имрўза љавобгў нест. Њуќуќвайронкунї ва љинояткорї дар байни ноболиѓон ва љавонон сол то сол меафзояд, тибќи њисоботи оморї, дар соли 2011 аз тарафи ноболиѓон ва бо иштироки онњо (аз 14 то 18 сола) 545 љиноят ба ќайд гирифта шудааст, ки дар муќоиса бо соли 2010 - 15 љиноят ё 2,2% зиёд аст. Соли 2011 љавонон 3474 љиноят содир кардаанд, ки дар муќоиса бо соли 2010 - 618 љиноят бештар аст. Аксари љиноятњои вазнин ва масусан вазнин, аз љумла 47 куштор, 16 таљовуз ба номус, 546 дуздї, 436 муомилоти ѓайриќонунї бо воситањои нашъаовар, 453 авбошї, 394 ќаллобї, 32 ѓоратгарї ва 18 роњзанї мебошанд. Болоравии сатњи љинояткорї дар байни љавонон бештар дар шањру ноњияњои Душанбе, Вањдат,
рўњї мансуб медонанд, њол он ки ин гурўњ њам донишљўён ва њам мактабхон њастанд. Бо намояндагони дин, бо ањли љамоатчигии ин ё он шањру ноњия, маќомоти њифзи њуќуќ, мактаб, падарону модарон ва ѓайра бояд корњои фањмондадињї гузаронида шавад, то ин вазъи номатлуб ислоњ шавад.
сафарбар намуданд. Њолатњои номбаршуда мавриди санљиш ќарор дода шуда, шахсони гунањгор ба љавобгарї кашида шудаанд. Дар як ќатор шањру ноњияњо њатто марказњои љавонон нестанд, аз љумла дар 5 ноњияи вилояти Бадахшон, 8 шањру ноњияи вилояти Суѓд, 13 шањру ноњияи вило-
дар Тољикистон таъмин шуданд? Маликшо Неъматов гуфт, мутаассифона, ќисме аз љавонон ба давлатњои хориљї дубора баргаштанд, зеро дар Тољикистон имконияти идомаи тањсил аз рўи ихтисоси онњо набуд. Ќисме барои он ба хориљи кишвар рафтанд, ки ба онњо иљозати идомаи тањсилро надодаанд. Ба онњо пешнињод шудааст, ки бояд тањсилро аз курси аввал оѓоз намоянд. Саволи дигари Кабирї дар бораи додани ќарзњои имтиёзнок ба оилањои љавон барои пайдо намудани манзили зист буд. Дар љавоб Шавкат Соњи-
54 ДИРАМ нархи як љавон?
Вакилони Маљлиси намояндагон бањс карданд, ки љавонон ба масљид раванд, мактаб ё варзишгоњ
Нуробод, Рашт ва вилояти Бадахшон ба назар мерасад. Соли 2011 дар Тољикистон 556 (соли 2010 - 697) худкушї ва сўиќасд ба ќайд гирифта шудааст, ки 93 (соли 2010 - 105) ноболиѓ ва 189 (соли 2010-23) љавони аз 18 то 25 солаанд. 80 нафари онњо (соли 2010 82) хонандагони мактаб ва 13 нафар (соли 2010 - 20) донишљўёни макотиби олї њастанд. Назира Ѓаффорова, муовини раиси Маљлиси намояндагон гуфт, ин њама дар маљмўъ далели онанд, ки чорабинињои барномавии сиёсати давлатии љавонон, аз ќабили ташаккули фарњанги маънавию сиёсї, маърифати њуќуќї, саломатии љавонон, инчунин шуѓл ва мустаќилияти љавонон, аз тарафи масъулони маќомоти ваколатдори давлатї - субъектњои иљрои барномањо самарабахш ба анљом намерасанд: - Њар яки мо падару модар њастем, фарзанд дорем. Њар сол дар Тољикистон њазорњо чорабинињо барои љавонон гузаронида мешавад. Мазмуни бархе барномањои давлатии «Љавонони Тољикистон»-ро таѓийр бояд дод. Масалан, аксарият њолатњои суйќасд ба куштор ва худкуширо ба гурўњи касалињои
«ОБЛАВА» ДАР ПАРЛУМОН Марњабо Љабборова дар идомаи гузоришаш ба хизматии њарбии љавонон дахл карда, гуфт, ки дар давраи даъвати тирамоњии соли 2011 аз тарафи комиссияњои даъват ва комиссариатњои њарбї ба як ќатор ќонунвайронкунињо роњ дода шудааст: - Ба сафњои Ќуввањои Мусаллањ, дигар ќушунњо ва воњидњои њарбї шањрвандоне бояд даъват шаванд, ки дар ќайди њарбї гузошта шудаанд. Аммо ин талабот на њама ваќт аз тарафи маќомоти дахлдор иљро мегардад. Ин аст, ки аз 82 њазору 784 шањрванди ба синни 16 расида, 15 њазору 234 нафар ба ќайди ибтидоии њарбї гирифта нашудаанд. Ин омил ба он мусоидат мекунад, ки шањрвандони ба синни 18 расида, аз хизмати њарбї саркашї намоянд. Дар натиља кормандони комиссариатњо ба сафарбарии ѓайриќонунї ба хизмати њарбї даст мезананд. Дар давраи даъвати тирамоњии соли гузашта комиссариатњои њарбии шањри Душанбе - 187, шањру ноњияњои Рўдакї - 12, Рашт - 5, Вањдат - 8, Турсунзода - 4 љавон, яъне даъватшавандаро бо чунин тарзи ѓайриќонунї ба хизмати њарбї
яти Хатлон ва 6 шањру ноњияњои тобеи љумњурї. Дар минтаќањо масъалањои љиддан ташвишовари табаќаи љавонон, ба монанди паст будани сатњи зиндагї, набудани љойњои корї, музди кори мувофиќ, имтиёзњо оид ба машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї, даст задани љавонон ба ќонунвайронкунї ва сўиќасд ба љони худ, сатњи љинояткории љавонону ноболиѓон то имрўз њалли пурраи худро наёфтааст. Чорабинињое, ки аз љониби як ќатор ноњияњо баргузор мешаванд, аксаран якрангу якнавохт, бидуни омодагї, бе назардошти доираи мушаххаси иштирокчиён, бо такрори мавзўъњо гузаронида мешаванд. БА ХОРИЉА Ё САРИ РУЛИ ТРАКТОР? Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон ва њамзамон вакили МН оиди љавононе, ки бо супориши президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон аз давлатњои хориљї баргардонида шуданд, бо савол ба Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди њукумати ЉТ, ки дар љаласа њузур дошт, мурољиат кард: чанд дарсади љавонон бо љои кори муносиб ва тањсил
бов, муовини вазири молияи Тољикистон љавоб дод, ки бо ин маќсад дар буљети Тољикистон ягон сметаи харољотї пешбинї нашудааст. Сафаралї Гулов, вакили дигари парлумон бо интиќод изњор дошт, ки вазифаи Кумитаи љавонон на танњо тайёр кардани варзишгарон, балки мутахассисони љавон дар бахши саноат њам аст: - Имрўз бо фарогирии зиёда аз 23 њазор љавон дар омўзишгоњњои касбї - техникї дар дењоти кишвар трактористу комбайнчї намерасад. Вакил Нарзулло Љонов пешнињод кард, ки барои љавонњо маблаѓњои якдаъфинаи имтиёзнок пешнињод карда шавад. Вакили дигар Зиёратшо Саъдуллоев бо нигаронї гуфт, ки дар буљети Тољикистон барои њар як љавон дар як сол 52 ё 54 дирам људо шудааст, ки хеле ночиз аст. Шодї Шабдолов, раиси Њизби комунисти Тољикистон ва вакили парлумон изњор дошт, ки агар давлат аз кўдакистон то донишгоњ љавононро дуруст тарбия кунад, трактористу механизатор дар дењот пайдо мешавад, рассом, журналист ва дигар мутахассисони хуб њам: - Дар замони СССР барои њар як кўдак дар њаљми 4 тон
љилдњои гуногуни энсклопедия чоп шуда буд. Мутаассифона, имрўз ин тавр нест. Дар он замон барои инкишофу дониши кўдакону наврасону љавонон диќќати зиёд дода мешуд. Аз тарафи президент, ваќте ки лоињаи ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» пешнњод гардид, мо аз он љонибдорї кардем, гарчанде аз камбудињо холї набуд. ВАРЗИШГОЊ Ё МАСЉИД? Мењрољиддин Њакимов, вакили МН вазъи љавононро ташвишовар хонда гуфт, ки љавонони имрўза нисбат ба калонсолон ќодир њастанд, ки бо дониши муосири замонавї дар љомеа тањавулот ба вуљуд оранд, танњо дастгирї кардани мо ба онњо лозим аст: - Дар бисёр мактабњои тањсилоти њамагонї дарсњои тарбияи љисмонї ихтисор карда шудаанд. Майдончањои варзишї тахриб гардидаанд. Дар назди хонањо ва биноњои истиќоматї майдончањои варзишї ва љойи бозии кўдакон аз љониби ашхоси алоњида ѓасб карда шудааст. Ин амал бояд пешгирї карда шавад. Муњидин Кабирї боз љилави суханро ба даст гирифта, пешнињод намуд, ки бо пешнињоди барномањо ва маблаѓгузорї барои љавонон бояд ба онњо мустакилияти њамсон дод: - Мустаќилиятро њис намекунад, аммо онро мехоњад. Дар донишгоњ аз ў пора меситонанд, дар интихобот райи онњо сарфи назар мешавад. Баъди хатми донишгоњ љойи кор намеёбанд ва маљбур ба муњољирати мењнатї мераванд. Пешнињод дорам, ки сиёсати љавонон аз варзиш људо шавад, яъне Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати ЉТ ба се нињоди алоњида таќсим шавад. Онњо дар якљоягї функсияи худро иљро карда наметавонанд. 70 фисади љомеаи моро љавонон ташкил медињад. Бояд мактабро аз масљид људо накунем ва монеъи рафтани љавонњо ба масљид нашавем. Фикр накунем, ки агар мо дари масљидро барои љавонон бастем, онњо ба китобхона ё варзишгоњ мераванд. Ин фикри ѓалат аст. Ваќте ки монеъи масљидравии љавонон шудем, на њамаи онњо ба китобхонаву варзишгоњ мераванд. Љавонон бояд њаќќи интихоб дошта бошанд. Имрўз аксари љавонони бекор назди биноњои истиќоматї љамъ мешаванд ва китобхонаву варзишгоњ намераванд, андармони корњои дигаранд. *** Дар охир буљети Барномаи «Љавонони Тољикистон» барои солњои 2010 - 2012 ба овоз гузошта шуд. Аз 55 вакил, 51 нафар ба тарафдории он овоз доданд. Яъне 54 дирам барои як љавон дар Тољикистон кофї аст. Дигар чора њам нест.
Абўалї НЕКРЎЗОВ
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
5
Камоли Хуљандї об хўрад дар назди ин ватандўстї! "Во, ѓарибї!" - гуфта намегашту аз Табрез худашро ба Хуљанд мерасонд. Мешудаст - ку! Аз худи Маскав - а! Пиёда! Мошин ќатї! Љаннатии Камол аз Табрез агар бо хар њам меомад, њамин ќадар ваќт мерафт.
МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО Бањсњои ќатъи гази Ўзбакистон ба Тољикистон, як акси љуфти арабї дар Фаронса, ки зан худро пурра бо бурќа пўшида буд ва як фейсбукї саволи аљиб њам дод, ки "оё барои ин зан акс гирифтан чї зарур бошад?", Эрону фарзандони мансабдорон, дар кул, дигар мавзўъњои доѓи љомиаи имрўзи мо ин њафта дар "Фейсбук" хеле гарм буданд. Яке аз бањсњои дигар, ки мавриди бањси ширкаткунандагони шабака буд, ба љавонони имрўзи Тољикистон рабт дошт. Иззат Амон, аз фейсбукиёни маъруф, суоле матрањ кард ба таври зайл:
Оё љавонон дар сиёсати кишвар фаъол њастанд? Farid Oriyon Balkhi: - Љавонони тољик њељ гоњ худ ташаббус нишон надодаанд. Њамеша аз думи бузургон мераванд, то худ бузург шаванд. Љавонони тољик њанўз њам њамон бачањои нозпарвард ва гапшунави падару модаранд. Љавонони Миср ё рус нестанд. Чизе њам умедвор нашавед. Онњо на ба ошўб ниёз доранд, на пешрафт. Худ, ки фаъол набошанд, куљо пешрафт кунанд? Иззат Амон: - Љавонони мо њељ гоњ наметавонанд барои талаби њаќќи худ ба хиёбонњо бирезанд? Яъне хеле назари паст доред нисбати љавонони боѓайрати тољик? Farid Oriyon Balkhi: - Албатта, паст гуфтан хуб нест, зеро онњо бачањои хубу боадабанд, аммо руњи беќарору инќилобї ва амбитсия надоранд. Ками дар кам босаводанд. Онњое њам кам нестанд, ки бесаводу беадабанд. Дар њаќорат устухон надоранд. Як њаќоратњое кашф кардаанд, ки синну соли мову шумо аслан тасаввур намекунад. Нурали Раджаб: - Рост. Ин љавонони мо то ба ин сатњ мерасанд, ки чандин нафар рафта меоянд. Баъд дар Тjk теъдоди истифодабарандагони интернет чанд фоиз аст? Иззат Амон: - 1 фоиз. Шояд камтар њам бошад. Farid Oriyon Balkhi: - Иттилои расмї: тибќи маълумоти Хадамоти алоќаи Тољикистон, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо шумули корбарони мобилии Интернет, дар оѓози соли 2012 ба 1. 8 миллион нафар расидааст, ки таќрибан 24% ањолиро дарбар мегирад. Аммо тибќи манобеъи мустаќил, ин раќам њоло 35% арзёбї мешавад. Иззат Амон: - Шояд манобеъ кулли истифодабарандагонро дар назар доранд, ки баъзе онњо дар як њафта як бор вориди инет ворид ва почтаи электронии худро хабар гирифта, хориљ мешаванд. Вале теъдоди ононе, ки мисли мову шумо шабу рўз дар шабакањои иљтимої нишаста бошанд, боз њам хамон раќам аст - 1% ё каме бештару камтар.
Abdulhaev Azizullo: - Кам нестанд нафароне, ки табаддулот мехоњанд. Вале фаќат њамин хоњиш њасту тамом, тамоман фаъол нестанд. Сабабаш набудани лидере, ки тавонад њамаи онњоро сарљамъ намояд... Иззат Амон: - Набудани лидер як бањонае беш нест барои љавонон. Шахсан мо давоми 2 моњ дар кишвар будем. Ќариб њар рўз мусоњибаю изњоротњо пахш мекардем. Вале бо ин вуљуд љавонон майли сиёсат надоштанд. Лидер њам лозим нест. Сурадж Назаров: - Љавонони тољикро њисси ноумедї ва тарс фаро гирифтааст.Ин оќибатњои љанги шањрвандї ва сиёсати имрўзаи њукумат аст. Аммо мо худ шоњиди он њастем, ки рўз аз рўз сафи љавонони равшанфикр зиёд мешавад. Ва љавонон кам-кам љуръат пайдо мекунанд. Бањсу изњори аќидањое, ки мо мебинем, як ё ду сол пеш набуданд. Faridun Rahnavard: - Ин андеша, ки шабакањои иљтимої боиси инќилобњои бањории араб шудаанд, нодуруст ва бемантиќ аст. Дур шудани њукуматњо аз вазъ ва мушкилоти љомеа дар ин кишварњо боиси инќилобњо шудаанд. Сурадж Назаров: - Дар давлатњои араб вазъ ва мушкилоти љомеа ду ё се дањсола буд, ки вуљуд дошт. Бо мурури замон пайдо шудани шабакањои иљтимої боиси он шуд, ки инкилобњо сар зананд. Ва ин инкилобњоро "фейсбукї" њам мегўянд.
МАВЌЕЪ
Хасан Арабакеш: - Љавонони солњои 90 нисбат ба њозира дар сиёсат фаъолтар ва љасуртар буданд. Нурали Раджаб: - Як гузориши ТВ - и Русияро ман худам дидам. Мардуми оддї бањри њифзи кўчањои худ ва осорхонаи миллиашон баромаданд. Ваќте мухбир суол кард, ки чї тарз аз ѓорат шудани осорхона иттилоъ ёфтед, гуфтанд: "Њоло ягона манбаъи иттило танхо Фейсбуку Твитер аст". Хато накунам, њоло гапи Миср набуд. Abdulhaev Azizullo : - Дар масале омадааст: "Галаи гўсфандоне, ки онро шер рањбарї мекунад, бар галаи шероне, ки онро гўсфанд рањбарї мекунад ѓолиб хоњад шуд". То љое, њар шахс тавонад њуќуќи худро худаш њифз намояд. Мутаассифона, фаќат дар масъалањои майда њар кас шахсан худаш метавонад, њуќуќи худро њифз намояд. Масъалањои калонтарро танњо сарљамъона мебояд њал кард. Шодмон Шодмонов: - Дар замони Шуравї то як андозае таълиму тарбия ба дараљаи даркорї боло рафта буд, аммо бисёрињо шоњид њастанд, ки љавонон дар солњои 90-ум ба чї амалњо даст заданд. Худатон ќазоват намоед, ки сатњи таълиму тарбия дар чї сатњ ќарор дораду љавонони имрўза агар ба майдонњо резанд, чї њодиса рўй хоњад дод (Худо нишон надињад!). Бе майдонрезињо њам худатон дидед, ки бо Бобои Барфї чї шуд, пас боз чї пеш меоранд, Худо медонад...
«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС
Низомхон. Њуббул ватану минал имон. Ваќте ќиссаи бозгашти Низомхон Љўраев, собиќ вакили маљлиси намояндагони вилояти Суѓд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфараро тариќи телевизион дидам, аз он чї аз забони ин тољики 5 сол боз мусофиру дарбадар наќл кард, дар чашмонам ашк њалќа зад. Ашк дар давоми тамоми изњороти ў дар чашмонам мисле, ки оби чашма дар як љо љамъ мешавад, љамъ мешуду љамъ мешуд. Чун изњорот ба охир расид, телевизионро куштаму ба як хонаи беодам рафта, сахт гиристам. Гиря маро гулўгир мекард. Ашк аз чашмонам мисли марљон шашќатор мешуд. Аввал беовоз гиристам. Аммо чун субтитри суханони ў аз пеши назарам мегузашт, худро нигоњ дошта натавониста, садои хаста ва пур аз аламњои тољикиамро њам ба гиря њамроњ кардам. Фарзандонам, ки хоб буданд, аз хоб бедор шуданд. Аммо ваќте сабаби гиряи маро фањмиданд, онњо њам ба кунљи худ барои гиря кардан рафтанд. Њатто њамсояам, ки "тинљї аст, чї шуд?" гуфта аз дар даромад, худро дошта натавонист ва ба хонааш рафт, то дар хонаи худ гиря кунад. Таббист, ки ба ў ањли оилааш њамроњ шуданд. Дар давоми як соат тамоми хонаи 9 - ошёнаи мо ба љанозахона табдил ёфт. Хиёлам, ки тамоми Душанбе ва Тољикистон мегирист. Чаро гиря њам накунем? Охир, ин изњорот тариќи телевизиони давлатї, намедонам, ки дар таърихи љањон назир дошт ё не, аммо дар Тољикистон аниќ, ки назир надошт. Ватандўстиро бинед - е, њуббул ватану минал имонро, њамватанон! Инсоне, ки ќариб бо 10 моддаи Кодекси љиної муттањам мешуд ва бидуни шак, њамчун хатарноктарин љинояткор ба њукми абад шояд мањкум шавад, гуфт, ки фаќат ва фаќат бо ёди ватан ба Тољикистони азизи бебарќу газу гармї баргашт. Боз чї инсоне! Оне, ки якуним сол дар СИЗО-њои Русия шаб ситора шумурду рўз даќиќаву сония ва бешак, харљи њангуфт њам кард, дар нињоят "хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар" - гўён, аз Маскав ба ватани азизу њазорњо километр дураш фирор намуд. Вай метавонист, ки њамон љо монад, мисли дигар њамватанони мо кўчаву њаммоми урусро тоза кунад, аммо ѓурури тољикиаш иљоза надод. Як сарватманд, ки миллиард надошта бошад њам, аздусар миллион доллар доштагист, аз як "муњољирбачаи саргардони тољик" (!) дар Маскав ќарз гирифта, хаппу дам, бидуни огањ кардани адвокат ва наздиконаш, ки аниќ бо нияти нопок монеи бозгашти ў мешуданд, гурехта, ба диёри бобої омад. Мардигариро бинед - е, њамон муњољирбача "акаи Низом, агар бисёртар пул даркор бошад, гап нест, метавонам дињам. Не жалко!", гуфтагиву Низомхон "ќарз гирифтан кори хуб нест" - гуфтанї маќоли тољикиро ба хотир оварда, "не, додар, њамин ќадар кифоят мекунад. Гап нест, худатба" - гуфтагї. Љасоратро бинеду дам гиред! Низомхон бе шиноснома (!) сарњади чор кишвар - Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва нињоят Тољикистонро убур кардааст! Бизнесмен - дия! Бо 15 њазор рубли русї. Шояд аз ин кишвар ба он кишвар бизнес карда, катта - катта пулро ба љайби сарњадбонњо андохта, гуфта бошад: "Хўретон! Гардетон аз счети ман!"? Охир, чї тавр намешавад гиря накард ва офарин, ањсант нагуфт ба њамчунин як патриот? Њатто ваќте аз Исфара мегузашт, модари 78 сола ва ду хоњари муштипарашро зиёрат накарда, барои исбот кардани ватандўстї (ва танњо ин њисси наљиб!) рост ба Душанбе омад ва њељ љои дигар, масалан, милиса, прокурор, ё агентии коррупсия, ки дар сари роњаш буданд, нарафта, мустаќим на ба чапу на ба рост гашта, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон омад. Метавонист ба вазорати корњои дохила дарояд. Як ќадам буд. Аммо њамон латукўбњои боздошшудагон аз афташ ба хотираш омаданд, ки ба чап тоб хўрд. Ана, ин аст зиракї, доної! Ана, инро тољики њаќиќї мегўянд! Бори дигар ањсан, Низомхон! Бењуда дар номи ту калимаи "хон" - "шоњ" - ро падари худорањматиат, ки љояшон љаннат бод, њамроњ накарда будаанд. Рафтори шоњона! Ин мулк зеби ту дорад ва ту зеби ин мулкро дорї! Камоли Хуљандї об хўрад дар назди ин ватандўстї! "Во, ѓарибї!" гуфта намегашту аз Табрез худашро ба Хуљанд мерасонд. Мешудаст ку! Аз худи Маскав - а! Пиёда! Мошин ќатї! Љаннатии Камол аз Табрез агар бо хар њам меомад, њамин ќадар ваќт мерафт. Он љо, ки оила дошту молу мулк, дилаш нашуд. Аммо ту молу мулк, роњати ин дунёиро як сў гузоштиву њамчун мусалмони њаќиќї ва сўфии пок ватанро ихтиёр кардї! Дигар чї њам гўям, ки нагуфтанам бењтар. Фаќат њаминро мегўям, ки гап нест дар ту Низомхон! Ин ватандўстии туро таърих бањо хоњад дод!
Пахши мусиќї, радио ва маъвизањои рўњониён бо садои баланд дар наќлиёти мусофирбари шањри Душанбе пе шгирї мешавад. Маъмурони пулиси роњ дар кўчаву хиёбонњо рейдњо гузаронида, аз ронандагони мошинњои мусофирбар риояи ин муќаррароти навро талаб мекунанд. Аммо ба назари бархе муќаррароти нав як гуна наќзи њуќуќи инсонро мемонад ва ба ин нукта ишора мекунанд, ки њадаф мусиќї нест, балки мавъизаи руњониён аст. Иддаи дигар њам бар инанд, ки бархе аз њад зиёд мусиќии худро баланд мемонанд, ки ба яке маъќул аст, ба дигаре не. “Нигоњ” дар робита ба ин мавзўъ аз њамсўњбатонаш пурсид:
Мавъизаву мусиќї дар наќлиёти љамъиятї бошад? Аслиддин ЉУМЪАЕВ, сокини пойтахт: - БАЛЕ! Ин иќдомро љонибдорї намекунам. Барои ман, шунидани хабару мусиќии форам дар наќлиёти мусофирбар хуш меояд. Зеро нисбат ба оне, ки ба сўњбати телефонии дуру дарози кадоме аз мусофирон дар дохили наќлиёт хоњу нохоњ гўш фаро дињї, шунидани мусиќї авлотар аст. Ман шахсан дар бархе њолатњо худам аз ронандагон хоњиш мекунам, то садои мусиќиро баланд кунанд. Мусиќии хубу бад намешавад. Мусиќї мусиќи аст. Њамаро бояд одам гўш карда тавонад. То ба њол дар ягон наќлиёти мусофиркаш надидаам, ки ронандањо мусиќиро ин ќадар баланд мемонда бошанд. Аммо ба назари ман, ин кор ба хотири пешгирї кардани мавъизањо аст. Аз ин бару ун бар мешунавем, ки њукумат аз исломишавии љомеа њарос дорад ва ин кор њам як навъ вокуниш ба њамин аст. Вагарна мусиќї чї муносибат дорад ба тартибу низоми давлат? Мо Эрон не - ку! Њатто дар Афѓонистон мегўянд, ки мусиќї гўш кардан озод аст. Агар дар кўчањо мусиќї шунида нашавад, шањр як мотамхона мешавад. Њоло мебинед, ки њадаф мусиќї нест.
Ёќуби САИД, коршинос: - НЕ! Иќдоми маќомот њељ нуќс надорад. Мунтањо, бояд ба ин маънї набошад, ки "инро бишунав, онро нашунав". Ман њам дар ќатори њазорон сокини пойтахт њамарўза аз наќлиёти љамъиятї истифода мебарам. Дар бархе маврид хуб аст, ки садои мўътадили кадом шабакаи родиої ба гўш мерасад ва мусофирон аз хабарњои рўз огањ мешаванд. Аммо њолатњои зиёде њам њаст, ки садои гўшхароши кадом сарояндаи номгум бар ивази ин, ки рўњияи мусофиронро болида гардонад, баръакс сабаби озори эшон мегардад. Шунидани ин навъи мусиќињо танњо ба завќи пасти ронанда мувофиќ аст. Ва боз чанд омили дигар њаст, ки далели бамавќеъ будани ин иќдомро собит мекунад. Аммо танњо садои баланди мусофиркашонњо бознигарї намехоњад, балки њаракати наќлиёти љамъиятии пойтахт низ ниёз ба ислоњ дорад. Ман ронандагони "Старекс"-њоро дар назар дорам. Дар роњњои ноњамвори Душанбе, баъзеи эшон бо суръати 100 - 120 км дар як соат њаракат мекунанд. Маќомот бояд ин њолатњоро низ ба назар бигиранд.
6
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
Аммо ин афсона њељ не, ки тамом шавад. Порсол њамин шабу рўз таъмини барќ хеле хубтар буд. Имсол бошад, барќчиён ба фикрам, амалиётеро роњандозї кардаанд, ки номаш "тоќатсанљї" аст. Арафаи Наврўз буд. Дар љойгањ хобам,ки як кас омад гуфт, “намояндаи раисам. Раис салом гуфт. Омада натавонист”. 50 сомонї дод ва гуфт “Бобо, њисоб кун”. Гуфтам: “Маълум аст, ки 50 сомонї аст, боз инро чї хел њисоб кунам?” Давлатхон Одинаеви 95 сола дар дењаи Шарафободи ноњияи Њисор ба сар мебарад. Синнаш ба љое расида, вале аз њаводиси олам то љое хабар дорад, ба он чї дар атрофу кишвар мегузарад, бефарќ нест. Мустаќим дар зиндагии оилааш ширкат мекунад. Њанўз њам марди хона аст. Хабарнигори мо ба аёдати ин мўйсафеди наљиби ќариб якасра ва иштиокчкии Љанги бузурги ватанї рафт ва нахуст аз њолу ањволаш пурсид: - Наздики 700 сомонї нафаќа мегирам. Шукр, барои худам мерасад, аммо як писари марњум дорам ба номи Мусулмон Давлатов, ки иштирокчии љанги Афѓонистон буд. Чанд сол пеш аз дунё гузашт. Фарзандони ятими ў низ бар дўши мананд. Ана бо њамин нафаќа ањли оиларо бо як азоб таъмин мекунам. Аз дигар љо як дирам њам ёрї намерасад... - Аз њукумат кўмаке мерасад? - Арафаи Наврўз буд. Дар љойгањ хобам,ки як кас омад гуфт, “намояндаи раисам. Раис салом гуфт. Омада натавонист”. 50 сомонї дод ва гуфт “Бобо, њисоб кун”. Гуфтам: “Маълум аст, ки 50 сомонї аст, боз инро чї хел њисоб кунам?” Ман баъди љанг ба Ватан омадам. Дар Белорусия ва Украина будам, он љо хона доштам. Тамоми шароит муњайё буд. Лекин ба Ватан омадам барои зиндагї ва ободкунї. Гуфтамаш: “Мо њамин ќадар ќадр дорем дар Шумо?”. Ин чї хел одамгарї шуд? Ин чї хел замон шуд? Одамгарї дар он замон буд. Иззату њурмат буд. Ду бародарам дар назди худам њалок шуданд. Мо се нафар ба љанг рафта будем. Ин ќадар хун дода, љон дода мулкро обод кардем. Боѓњо бунёд кардем. Роњбарњо ќадри одамро намедонанд. Тасодуфї нишастаанд...
Бобои ДАВЛАТХОН:
РОЊБАРЊО ЌАДРИ ОДАМРО НАМЕДОНАНД - Замоне, ки Шумо зиндагї мекардед, аз имрўз чї фарќ дорад? - Замони мо - замони торик буд. Илтиљо мекунам аз љавонон, ки шумо одоб ёд гиред. Дар замони мо њатто њољатхона канда наметавонистанд. Намедонистанд. Њоло як замони тараќќиёт. Њурмати калонњоро донанд, таърихро омўзанд. Бо як одами ахмаќ љўра нашаванд. Барои пул шуда аз ака, додар аз дўст рўйгардон шудан лозим нест. Агар њар касе эњтиром ва њаќќи муаллимон, донишмандон ва эшону муллоњоро надонад, тараќќї намекунад ва таърихи худро њаргиз намедонад. Ваќтњои охир сахт ба сайидзодањо ва муллоњо часпидаанд, ин кор кори хуб нест, ман умри ќариб якасраро дорам, зиёд бо ин бузургон шиштухез доштам. Инњо њам мисли муаллимон дар миёни мардум хидмат мекунанд, њамон тавре, ки муаллимон талабањоро аз њамаи корњои бад тарсу бим медињанд, муллову эшонњо њам аз фармудањои дину
Ќуръон маънї гирифта, мардумро роњнамої мекунанд, ќадру ќиммати падару модарро мефањмонанд, њамсоядориро ёд медињанд, роњи ростро нишон медињанд, ки ба дармондањову беморон расидагї кунанд ва њазорњо кори хайри дигар анљом медињанд... Ин корњо куљояш номаќбул аст? Амали як муллои камсаводро мебинанд њамаи айбро бар сари дигар муллоњо мезананд, ин корњо ба фикри мани 95 - сола чандон дуруст намеояд. Миллат замоне пешрафта мешавад, ки њамаи чизро дар љои худаш бимонад. Њар киро ба андозаи худаш њурмат кунанд. Роњи ростро бояд пеш гирифт ва рост бояд гуфт. Ин хел не, ки њамаи мансабњоро худат бигирию дигарњоро “бегона” гўї. Зебу зинати љомеа њамеша бо якдигар будан аст, калону майда надорад. Калонњо бояд айби майдањоро дуруст ёфта ислоњ кунанд, танбењ накунанд, аз дасташон бигиранд, њамроњашон бибаранд, ана, он замон мил-
www.tojnews.org
www.tojnews.org
лат, миллат мешавад, њамчуноне, ки аз панљ ангушт, ки аз хурду бузург иборат аст, як мушт шудааст. - Бобо, Шуморо кадом сол ба љанг бурданд? - Соли 1942 ман худам гуфтам, ки ба љанг меравам ва кањрамон мешавам. Њамин тавр њам шуд, 5-уми сентябри соли 1942 ман роњии Фронт шудам. Дар њимояи Ватан бо душман љангидам. Се љароњат бардоштам. Бо ризояти Худо мо ѓалаба кардем. Ваќте ба Тољикистон баргаштам маро њоло њам ба унвони “писари босмачї” мешинохтанд. Аз ин ноошнойии мардум дилтанг мешудам. Мардуми мо њамеша содаанд. Намедонистанд, ки калимаи “босмачї” аз сўи душманони ин миллат сохта шуда буд. Мардуми равшанфикр, сарватманд кордон, чолокро бо ин калима сиёњ карда, бадбинии мардумро ба вуљуд меоварданд ва дар паси ин њадафњои худашонро роњандозї менамуданд. Њам-
чуноне ки солњои аввали 90- и асри гузашта мардуми соддадилу соддабини моро ба номи “вовчик”-у “юрчик” ба љони њамдигар андохтанд, ки оќибаташ ба њамаи мо маълум аст... Воќеият ин буд, ки падарам яке аз равшанфикрони њамин минтаќа буд. Аз хотирам намеравад Муќим Султон гуфтанї одам корманди амниятии ноњияи Ленин (њозира Рўдакї) омада буд. “Син босмачество” - гуфтанд. Баъд маро сурат гирифта гуфтанд “писари босмачї - душмани њукумат, рафта, дар љанг иштирок карда, маъюб шуда омадааст”. Яъне, њамеша мо писарони касони равшанфикрро рўзи хуш намедоданд, бо њар роњ мехостанд ќасос бигиранд ва обурўямонро дар назди мардум бирезонанд. Ин гуна чоплусон ва дурўён хамеша дар љомеа мављуданд... - Бобо, баъд ба чї кор машѓул шудед? - Ба дењаи Кони Намак омадам як худаму њамсарам ба танњої хайма дуруст кардем. 103 гектар заминро худам кор кардам. Боѓњо бунёд намудам. Аз њар гўшаву канор ба тадриљ мардум омадан гирифтанд. Дар дења мактаб набуд. Ман ба унвони сардори ин минтаќа дар њар љаласаи њукуматї дар бораи мактабу мактабдорї масъала мегузоштам. Дар дења мактаб набуд. Бо кўшиши ман ду мактаб сохта шуд. Њамон ваќт соли 1964 буд. Наздики 60 сол мешавад ин љо зиндагї мекунам. Бо шарафи Кони Намак мардум зиндагї карданд. Ба ин хотир ин дењаро Шарафобод низ мегўянд. Ба назари ман, њамон номи пештара бењтар буд. Ин кон љанбаъњои табобатї њам дорад. Мусоњиб Ањлиддин САЛИМОВ
НАЌЛЊОИ МУЗОФОТЇ Маќола бо лањљаи истаравшанї иншо шудааст.
Љанозаи тољикњо раво нест?! Бова Кенљабой писарашон ќати баъди тоату ибодати бомдод сари љойнамозба геракунон даст ба дуо бардошта, а Худои муттаол илтиљо мекарданд: - Худоё, Худовандо, ин рўзњоя ба сари бандањот овардї, тезтар бартараф кун. Мо бандањои ољизу нотавонат аъ ўњдаи кандани иќадар ќарзи мўли мўл буромада наметоним. Мо - мўсафедони поњомон лаби гўра худат шафоат кун, то ки а љанозаи худоият бенасиб намоним. Омин! - Дадаљон, чува гера каросит? - Э -э, љони дадош, гераи мана сабабаш њай. Дена газети "Нигоњ"-а хондаму сарам сари дига шуд. Унљаба як одам савол додаст, ки "Ќарзи берунаи Тољикистон њар сол рў ба афзоиш аст. Оё дар оянда имкони баргардонидани онро дорем?...". Саволаш неким саволи зўр. - Хайр, ќарзи берунаи Тољикистон чї ќадар будаст? - Ту напурсу ман нагўм, ќарзи андак-мундак не. Расо 2,1 (дую а да як!) миллиард доллари Америка! Њамун ќарзи бадвоњимая ман шабу рўз ўйла кара, хобам намебурдаги шудас. Охи ина кай канда мекуним? - Дадаљон, ќарз ба шумо чї дахл дорад? Одамои љавоб медодагї њаян. Ќарза њамуно як бало кара мекананд-дия. Шумо чува ѓам мехурид? - Љони ширини дадош, ту а афташ таги гапама нафањмидосї. Љанозаба мулло аввалан а соњиби мурда мепурсад: "Агар майит а ягон одам ќарздор бошад, шумо ќарзи вая адо кара метавонид?" Соњибойи мурда ќарзи майита ба гардан мегиран. Сонї, мулло љанозая мехонад. Агар рафту њељ одам ќарзи майита гарданашба нагирад, љаноза кардани майит нотуѓрї будас. Ана, баройи њаминам ман ѓам мехураму мегирам -дия. Некисам манба чї зарур иќадар ѓамхурї? - Э, э, дадаљони худам - э, дадаљони соддаю хоксорам. Э, аввалам шумо а њиљ кас ќарздор нестид. Наводо баъди саратон ягон одам бо асноду шоњид даъвои ќарз кунад, мо гарданба мегирим. Айин тарафаш хотирљамъ бошид. Њоли шумо боќувват, якчанд барфа зер мекунид. - Љони дадош, чува ту гапойи мана љонаша нафањмидосї? Ман гуфтанї, ки њамин ќарзи Тољикистонамоя ба њамаи одамош таќсим куним, медонї - мї чї ќадар мешад? Надонї а медонистаги одамо пурс, ки 2,1 (дую а да як) миллиард доллари Америка ба 7, 5 (њафту ним) миллион одамои Тољикистон чандолларї меафтад? - Хай дадољон, ба њар сари одамои Тољикистон чан долларї афтиданаш ба унњо чї дахл дорад? - Њама гапам њаминљаба- дия, љони дадош. Чуваки њамамон одамойи Тољикистон, њамун ќарзи анадак - мундаки бадвоњима њамаи муњонба дахл дорад. А саѓир то кабир, а фаррош то вазир барои кандани ќарзи сабилмонда љавобгар њайим. Агар рафту ќарза канда натонистиму ин байнба а дунё гузашта мониму њамун ќарз додагињо љанозаба биён медони - ми чи мешад? Яъне њамун шабу рўзба гузаштагї одамоба љаноза хондан нотўѓрї. Чуваки мо ќарздорим. Ворисо а ўњдаи ин ќарзмебурон - ми? Барои њаминам ман гера накунам кї гера мекунад? Њољї Абдуллоњи Њољї, нафаќагир
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
7
Ваќте бархе мегўянд, ки агар Тољикистон обанбори Фарњодро ба Ўзбакистон дињад ё ба шарти русњо дар мавриди 201 розї шавад, њама масъалањо њал мешаванд, хобест, ки аз он бояд берун шавем.
ЊАМРОХОН ЗАРИФЇ ВАЗИРИ КОРЊОИ ХОРИЉИИ ТОЉИКИСТОН "РАШК"-И ТОШКАНД Сард шудани равобити Тољикистон бо Ўзбакистон аз нуќтаи назари замонї "хизмати" Зарифї буда наметавонад. Зарифї соли 2007 вазири корњои хориљї шуд. Аммо Ўзбакистон танњо имрўз ё 5 сол боз даст ба бастани газу хароб кардани роњи оњан назадааст. 15 сол аст, ки Тошканд алайњи Душанбе "пўстинро чаппа пўшидааст". То ин замон роњбандиву газќатъкуниву хаттибарќљудокуниву минагузорињо њам буданд. Тошканд аз чї розї набуд ва нест? Он, ки мегуфтанд, решаи мухолифатњои Тошканду Маскав хусумати шахсии рањбарони аввал Эмомалї Рањмон ва Ислом Каримов аст, акнун њарзае беш нест. Душанбе барои пур кардани "холигоњи ўзбакї" дар ин муддат робитањояшро бо кишварњои њамзабон хуб кард, яъне боз як "њамсояи ба њаќќи Худо баробар" - ро дар шахси Кобул ва њам бародари бузургро дар симои Эрон пайдо намуд. Ин ба Тошканд хуш намеояд, зеро он љо ба ин фикранд, ки тољик ба ўзбак дар ќиёс бо афѓону эронї наздиктар аст. На фаќат дар робитањои хешовандї (воќеан, дар Тољикистон оилањои тољикї - ўзбакї ва дар Ўзбакистон оилањои ўзбакї - тољикї дањњо маротиба аз оилањои њамсон дар Эрону Афѓонистон зиёданд), балки бо њамин роњи оњану газу марзњо њам мову њамсояи ѓарбиамон наздиктар аз њама њастем. Пас, бешак, метавонем хулоса кунем: Тошканд ба наздикии Тољикистон бо кишварњои њамзабонаш "рашк" мекунад. Бахусус, ин шабу рўз, ки тарњњои наќлиётї ва энержї, аз љумла роњњои оњан ва хатти барќу лўлаи газ ба Эрону Афѓонистон пайдо шудаанд, Тошканд на фаќат дар фикри ин аст, ки вобастагињои Тољикистонро аз даст медињад, балки хавф дорад, тољикони Ўзбакистон њам ба њамгироињои форсї бетаваљљўњ нахоњанд буд. Дар нигаронињои Тошканд ин омил муњимтарин аст. Њарфи њамзабонї фаќат гап ё сиёсат нест, балки заминањои иќтисодї - роњи оњан, газ, нафт ва ѓайраро њам дорад. Аз ин хотир, маъракаи пиёдакардаи Тошканд алайњи нерўгоњи Роѓуну ширкати ТАЛКО далелњои ба зоњир хандаовари зистмуњитї, аммо дар зимн хуб андешидашудаи љиддї доранд. Вазорати корњои хориљии Ўзбакис-
тон тариќи сафоратњояш дар тамоми кишварњои љањон ва созмонњои байнулмилалї кор мебарад, ки тарњњои Тољикистонро сармоягузорї накунанд ва њатто ба ин кишвар ќарз надињанд. Њатто дар мактабњои ин кишвар муаллимон муваззаф шудаанд, ки то 5 даќиќа дарсро барои сиёњ кардани Тољикистон сарф кунанд. Яъне тамоми нињодњои Ўзбакистон нерўи худро барои "аз по афтондани" Тољикистон равона кардаанд. "ПУШТИ ПУР" Ваќте сухан аз фишорњои Ўзбакистон сари Тољикистон меравад, набояд инро њам ба назар нагирифт, ки "пушти пур" - и Тошканд куљост, яъне аз куљо дастгирї меёбад ва ба кї такя мекунад, дар куљо ба он мегўянд: "Ба пеш! Мо њастем!"? Русия. Фишорњои Тошкандро ба забони сиёсат "фишорњои Русия" мешавад тарљума кард. Бале, ба хотири пойгоњи 201, нерўгоњи Роѓун ва… дањњо иншооти майдаву чуйдае, ки риштањои вобастагии Душанберо аз Маскав тарангтар ва сахттар мекунанд. Ваќте бархе мегўянд, ки агар Тољикистон обанбори Фарњодро ба Ўзбакистон дињад ё ба шарти русњо дар мавриди 201 розї шавад, њама масъалањо њал мешаванд, хобест, ки аз он бояд берун шавем. Зеро ин љо суоли хеле сода пеш меояд: кї кафолат дода метавонад, ки ба љуз ин обанбор Ўзбакистон дигар чизе талаб нахоњад кард. Агар шартномаи 201 - ро барои Русия 49 сол тамдид кунем, кї кафолат медињад, ки 75% - и нерўгоњи Роѓуну корхонаи Талкоро талаб намекунанд ва аз фишор сари муњољирин даст мекашад? Об, ки аз сар гузашт, чї як ваљабу чї дањ? Маскаву Тошканд фаќат интизоранд, ки Тољикистон як гузашт кунад… ДИЊЕМ, НАДИЊЕМ? Дар дипломатияи имрўз ноилољї вуљуд надорад. Њарчї њам нест, асри 21 аст. Масъалае нест, ки бо роњи дипломатия њалли худро наёбад, аммо њамон њам на он масъалањое, ки пеши мо истодаанд. Хеле сода будан даркор аст, ки вазъи имрўзаро сода гирифт. Суоли навбатї: дар чунин њолат Зарифї, ботаљрибатарин дипломати имрўзи то-
љик, чї кор карда метавонад? Агар мо талаботи Маскаву Тошкандро иљро кунем, яъне њар чизеро, ки хостанд, "марњамат" гиред, гуфта дињем, ба мо чї мемонад? Њамон Зарифї ваќте бо эњсосе, ки хоси ў нест, гуфта буд, замини Тољикистон моли бобоям нест, вазъи ногуворро дуруст бозгўї карда буд. Чаро ў њаќ аст? Вобастагињои имрўзии мо аз Русияву Ўзбакистон муваќќатиянд. Масалан, фардо њамон бензину газ аз замини мо њам хоњанд бар омад ва ё тариќи лўлаи газу нафт аз Эрону Афѓонистон њам ворид ва мушкилоти мо њал хоњанд шуд, аммо замини барои 49 сол додашударо чї тавр мешавад баргардонд? Чун сухан дар бораи додани замин рафт, 1000 гектари ба Чин рафтаи замини Тољикистон ба хотир меояд, ки ба замони вазирии Зарифї рост омад. Њарчанд ў гуфта буд, ки дар ин музокирот танњо як маротиба ширкат дошт, аммо эълони ин "дастоварди дипломатия" (дар матбуот "ѓалабаи дипломатия") аз забони Зарифї садо дод. Бањси марзи мо дар замони шўравї ва њатто то шўравї вуљуд дошт, ки СССР - и пурќудрат ва Чин як аср кашол доданд, аммо њалли он ба замони Тољикистони мустаќил рост омад. Талаби чинињо 28 њазор гектар буд, тавре маќомоти мо мегўянд, аммо бо як њазор халос шудем. Аммо замин замин аст, бале, бобоист, набояд дода шавад. Аммо Тољикистон метавонист надињад? Агар намедод ва бањсро ба фардо мегузошт, кї кафолат медињад, ки фардо Чин - ќудрати љањонї бо њамин 1 њазор гектар иктифо мекард, оё чинињо њам по дар гулўи мо намегузоштанд, тавре имрўз русњову ўзбекњо мекунанд? Ё агар обанбори Фарњодро дињем, чї тавр мешавад бозпас гирем? Маълум, ки њељ гоњ гирифта наметавонем. Танњо ин таскин хоњад буд, ки як рўз даври мо њам мешавад. Аммо бо ин роњ - додан ба он рўз наметавон расид. Обанбори Фарњод манбаъи оби Мастчоњу Зафаробод - навоњии пахтакори мо аст, ки ќариб то Хуљанд расидааст. Аз он ба Ўзбакистону Ќазоќистон њам об меравад. Аммо сатњи оби он бояд баланд нигоњ дошта шавад, то ба каналњои мо об равад. Агар ба дасти Ўзбакистон афтад, кофист, ки сатњи обро паст кунад ва навоњии мо беоб монанд. Хуллас, мо чизе барои додан ба Русияву Ўзбакистон надорем. Тошканду Маскав ба хотири он, ки њукумати имрўзро дастнишондаи худ мехонанд, истодагарии Душанберо аз манфиатњои миллї ќабул надоранд. Ин љо њарфи сиёсати хориљиву Зарифї нест, балки манфиатњои мо бо њамсояву шарики стратегиамон аст, яъне мушкилоте болотар аз ќудрати як вазорат ва як вазир. То ба њол ягон коршинос дар бораи њалли мушкил пешнињоде накардааст ва… њам наметавонад. …Ва нагўед, ки ин њамаро мо барои љонибдорї аз Зарифиву вазорати корњои хориљї гуфтем. Ин танњо бозгўи вазъи ногуворе буд, ки мо рўбарў шудаем. Бањогузории фаъолияти Зарифиву вазораташ ваќт мехоњад. Фаромарзи ФОЗИЛ
аз Раљаби Мирзо
Панатсея Чаро њукумат Сўњроб Шарифови дигар надорад? "Њукумат аз дарун "мекафад". Њафтаи гузашта Гул Шералї - вазири энергетика ва саноати Тољикистон, ба маънои аслии парлумон бояд сарфањм рафта бошад. Мансабдорони дигари тољик низ шояд акнун ба тарроњи режими феълї "як љањон ташаккур" арза намуданд. Албатта, бањсњои нимаљиддии парлумонї дар Тољикистон таи дувуним соли ахир, ки ба курсии спикерї Шукурљон Зуњуров нишаст, гоњ - гоњ рух медоданд, аммо то ин замон онњоро ё Кабирї мекард, ё Шабдолов, ё Талбаков, ё Њусайнї. Бори аввал ба чунин шеваи то андозае тунд сар задани бањси парлумонї аз љониби намояндаи њизби њокимро дар њолате, ки мо дорем, метавон њодисаи нодир номид. Сўњроб Шарифов охирин вакили ба курсї нишастаи тољик ба Гул Шералї, ки ќонун "Дар бораи ангишт" -ро муаррифї мекард, бархўрди аљибе намуд. Ў ба вазири эркаи тољик, ба ќавле, "њуљум" намуд: - Чаро таи дањ соли ахир вазорати энергетика натавонист як нерўгоњи барќии њароратї бунёд кунад? Дар њоле, ки дар ин замина созишномањо низ ба имзо расида буданд. Агар ин созишномањо иљро мешуданд, имсол мардуми Душанбе бо оби гарм ва нерў таъмин мегардид. Шарифов бо интиќодоти зиёд унвонии ин вазорат гуфт, дастовардњое, ки Тољикистон дар бахши энергетика дорад, ба Гул Шералї ва кормандони он бастагї надоранд, зеро ин њама мањсули кори президент Рањмон аст. Шояд гирифтани номи президент дар ин њол барои депутат самимона буд (ба њар сурат, ў худро парвардаи мактаби сиёсии Рањмон медонад), ё барои дифоъ аз худ (зеро Сўњроб Шарифов ва хеле аз дигарон њам хуб медонанд, ки Гул Шералї барои љаноби Рањмон одами бегона нест). Аз ин љост, ки суоле пайдо мешавад: сабаби ин гуна бархўрди "нораво" ба яке аз "вазирони эркаи" тољикро бояд аз куљо суроѓ кард? Оё дуруст аст, ки умри вазирии Гул Шералї кўтоњ омадаасту ба ин васила њоло мехоњанд ўро аз мансаб канор кунанд? Ё дуруст бошад, ки барои намоиши демократияи парлумонї дар назди кишвару созмонњои ѓарбї шоу тањия кардаанд? Њарчи буд ё не, ин њолат бозгўкунандаи фазои феълии сиёсии Тољикистон аст. Мо шоњид гардидем, ки агар дар мамлакат интихоботњо шаффоф мегузаштанду номзадњои ба истиллоњ "нодуруст" вакил интихоб мешуданд, њоло чї вазъе доштем. Аз вазъи феълї бењтар мезистем. Њадди аќалл барои он ки дар он сурат вазироне мисли Гул Шералї (чунинњо зиёданд, хеле зиёд!) шояд барои њамеша орзу мекарданд, ки ба курсии вазирї чї, ки аќаллан мудирии ягон шўъбаи вазорат рањ ёбанд. Посухњое, ки вазири саноат ва энергетика ба саволњои "сахти" депутат Шарифов медод, бовар кунед, сахт хандаовар буданд. Масалан, ў мегуфт, шартнома барои бунёди нерўгоњи њароратї бо он сабаб иљро нашудааст, ки барои сохтмончиёни хитої… љои зист наёфтаанд. Тасаввур мекунед? Вале ин ягон латифаи Задорнов нест, посухи як вазири Њукумати Тољикистон аст! Пайомади љавобњои худро вазир баъдтар эњсос кард. Ваќте ин бањс дар расонањои хабарї бозтоб ёфт. Аз ин љост, ки пагоњаш дар сайти вазорат посухномаи њисоботгунае ба нашр расонд ва Сўњроб Шарифовро бо он муттањам карданї шуд, ки њарчанд дар мансабњои баланд кор кардааст, аммо "ё иттилоъ надорад ва ё ба сиёсати давлату њукумат дар робита ба энергетика бањои беасос медињад". Ба ќавле ўро гўё "подставит" карданї шуданд. Вале депутат Шарифов низ паст намеомад. Ў зимни ташрењи дархости худ ба хабарнигорон мегуфт "То њол ба саволи ман посух надоданд. Ман гуфтанї њастам, ки кор кунанд. Обрўи худро дар назди миллату давлат паст назананд". Ин гуна бархўрди як нафари њукуматї бегуфтугў мавзўеро ба вуљуд меорад, ки сабаби аслии ѓаюрии Сўњроб Шарифовро бояд аз куљо дарёфт? Гап сари ин меравад, ки баъзењо њузури Сўњроб Шарифов дар командаи президент Рањмонро як падидаи то љое истисної медонанд. Номи ў аслан ибтидои солњои 2000-ум расонаї шуд. Мањз дар ин давра ў бо назарњои хоси коршиносонааш дар расонањои хабарии ватаниву хориљї пайдо гардид. Аммо як муддати дигар, пас аз он ки ба фаъолият дар Дастгоњи иљроияи президент шурўъ кард, якбора ба шахси хомўш табдил ёфт. Аз ин рў, гуфтан мумкин аст, ки фаъолиятњои Сўњроб Шарипов ба ду давра рост меоянд: то ибтидои солњои 2000 ва баъди соли 2006 (даќиќтараш пеш аз маъракаи интихоботи президентии соли 2006). Интизор меравад, ки дар курсии вакилї марњилаи сеюми фаъолияти ў оѓоз ёбад. Аммо баъзан Сўњроб Шарипов ба ќавле "мегузаронад". Ў њатто аз интиќоди маќомоти њукумати Тољикистон, хоса наздикони президент (масалан Њасан Асадуллозода) низ худдорї накардааст. Лањзањое њам буданд, ки љаноби Шарипов аз гуфтани камбудињои худи президент низ худдорї накард. Масалан, ваќте журналистон аз ў пурсиданд, ки "оё президент ягон камбудї надорад?", Шарипов чунин посух дод: "Љаноби президент камбудї дорад. Ў инсон аст. Ман фикр мекунам он кас камтар суст њастанд ба муљозоти онњое, ки фасодкорї мекунанд. Раиси љумњур бисёр одами мењрубон аст. Гоњо њамин хислаташон дар корашон таъсир мегузорад... Фикр мекунам, ки њамин хислати мењрубонии он кас нисбат ба фасодкорњову дуздњо аст, ки корњои ношоиста карда имиљу обрўи давлату миллатро паст мезананд". Дар маљмўъ, ин мустаќилияти як нафари њукуматиро ба ду омил нисбат додан мумкин аст: 1) ў ба сифати "дудбаро" хизмат мекунад, яъне гоњњо бо туфайли мусоњибањои Сўњроб Шарипов љомеа гўё мутмаин мешавад, ки њукумат дар бораи мушкилоту масъалањои онњо огоњ асту роњи њалро љўёст; 2) азбаски директори МТС дар пеши касе муттањам нест, бинобар ин забони дароз ва сари баланд дорад. Муттањам набуданро дар ин њолат мебояд ба маънии заводу корхона надоштан ва умуман ба тиљорат машѓул нашудани як мансабдори давлатї фањмид. Фаъолияти ў нишон медињад, ки агар њар кадом аз вазирон ва масъулини њукумат дар маќоми худ як нафари арзанда, њирфаї ва то андозае мустаќил бошанду сиёсату тиљоратро омехта накунанд, имкон дорад, ки ба дарки умќи масъалањо рафта, бисёре аз мушкилоти љомеаро њал намоянд. Аз ин љост, ки алораѓми њамаи он мушкилоте, ки Сўњроб Шарипов дар бораашон сўњбат мекунад, ў мегўяд, ба президент вафодор асту то ваќти зарурат барои ў хизмат хоњад кард. Аз ин љост, ки чун њукумат нафари дигари ба ў монанд надорад, нерўи Шарифовро дар њама љо истифода кардан мехоњад. Ба таври дигар, ў њамон доруеро ба хотир меорад, ки онро дармон ба њама намуди беморї мењисобанд. Онро дар тиб панатсея меноманд. Аммо номаълум аст, ки нерўи "панатсеяи тољикї" барои чї ќадар кифоят мекунад. Пас бењтар нест, ки ба љои истифодаи Сўњроб Шарифов "дар њама љо" барои ў шарик ёбем? Ё фикр доред ингунањо дигар нестанд?
гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
"Пушти пур" - и Тошканд. Зарифї
АНАТОМИЯИ ЯК ХАБАР
i Матлаби ин
"Сиёсати хориљии мо ноком шуд!" Ваќтњои ахир ин суханонро дар мањфилњои алоњидаву расонањо зиёд мешунавему гоњо мехонем. Вазорати корњои хориљї барои сард шудани муносибатњои Тољикистон бо Русияву Ўзбакистон танќид мешавад ва њатто аз додани 1000 га замин дар соли гузашта ба Чин ёдовар мешаванд. Воќеан, тайи чанд соли ахир, бахусус даврони вазирии Њамрохон Зарифї муносибатњои Тољикистон бо Русияву Ўзбакистон рўз ба рўз коњиш меёбанд. Ин факт аст. Бархе ба "проамрикої" будани вазири корњои хориљї ишорат карда, мегўянд, ки Зарифї дар ин муддат тавонист бар ивази "љон ќўшни"-ву "старший брат" муносибатњои Тољикистонро бо Афѓонистону Эрон ва Амрикову Аврупо хуб кунад. Воќеан, чунин њам њаст, ки равобити ахирињо бо Тољикистон хуб шуданд ва аввалињо бад. Аммо дар асл Зарифї ва вазорати корњои хориљї то куљо дар ин вазъ сањм доранд?
8
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
Ќазияи Низомхон Љўраев бо ин њама дарњамбарњамї то куљо сиёсї буда ва ба интихоботи раисљумњурии соли 2013 дар Тољикистон чї рабт дошта метавонад? Суолњо зиёданд. Тавре мегўянд, зинда бошем, мебинем ва посухи ин суолњоро хоњем гирифт. Гуфтугузорњо дар бораи истирдоди мармузи Низомхон Љўраев, собиќ вакили маљлиси вилояти Суѓд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфара аз Маскав ба Душанбе њанўз 30 март шурўъ шуда буданд. Анна Ставитская, вакили дифоъи ў он рўз изњор дошта буд, ки нафари тањти њимояташ аз боздоштгоњ нопадид шудааст ва ба тахмини ў, Низомхонро маќомоти ќудратии Тољикистону Русия рабуда, Душанбе бурдаанд. Овозањое њам буданд, ки Љўраев аз СИЗО баромада, ба ягон кишвари хориљї фирор кардааст. Аммо пас аз 9 рўзи расо ў дар телевизиони «Љањоннамо» дар Душанбе зоњир шуд ва изњорот дод, ки худаш ба Тољикистон баргаштааст. Маълум шуд, ки ў рўзи 29-уми март аз СИЗО – и шањри Зеленогради Русия озод шуда, дар бозори наздиктарин назди бачањои тољик меравад ва аз якеи онњо, ки ўро шинохтааст, 15 њазор рубли русї (500 доллар) ќарз мегирад. Пас ў ба шањри Оренбурги Русия ва аз он љо ба Алмаатои Ќазоќистон меравад. Ба ќавли Низомхон, ўро дар марзи Русияву Ќазоќистон умуман тафтиш накардаанд. Њамин тавр, ўро дар марзи Ќазоќистону Ќирѓизистон њам касе бознамедорад ва ў аз Бишкек ба Ўши Ќирѓизистон омада, аз он љо ба дењаи Ќистакўзи вилояти Суѓди Тољикистон ворид мешавад. Пас аз ин ба Душанбе омада, мустаќим ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон меравад ва худро таслим мекунад. Низомхон Љўраев гуфт, ки ваќте ба хоки ватан ќадам монд, санги сиёње аз дўши дилаш афтод ва ба гунаи дигар, худро хушбахт њис кард. ШУБЊАЊОИ БОЗГАШТ Назар ба навиштаи расонањо маќомоти Тољикистон аз бозгаш ти Низомхон Љўраев њайратзада шудаанд. Нозирљон Бўриев, сухангўи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон гуфтааст, ки агарчи и н ња й ра то ва р а ст , а ммо њаќиќат аст: - Њар чизе, ки ў дар телевизион изњор дошт, бешубња, сад дар сад иќрори худи ўст. Ин «явка с повинной», яъне ба гуноњи худ иќрор шуда, омада ба маќомот ариза навиштан аст. Аммо хешовандонаш аз он дар њайратанд, ки агар бо мошин аз Ќирѓизистон ба Тољикистон омадааст, пас чаро сарироњ ба дењаи Чоркўњи ноњияи Исфара надаромад, ки модари 78-сола ва ду хоњарашро аёдат кунад? Ба ќавли хоњараш Иноятхон, модари Љўраев аз омадани писараш ба Душанбе дарак надорад ва фикр мекунад, ки ў њанўз дар Маскав аст. То њол нафареро маќомот ё наздикони Низомхон Љўраев њамчун вакили дифои ў дар Душанбе муаррифї накардаанд. Аммо Анна Ставитская, вакили дифои ў дар Маскав изњороти нафари тањти њимояташ тариќи телевизиони «Љањоннамо» - ро дар сўњбат бо расонањо ѓайримантиќї арзёбї кардааст. Ба ќавли ў, Љўраев наметавонист худ ба Тољикистон баргардад, зеро якуним сол барои истирдод нашудан мубориза бурд. Гузашта аз ин, ў метавонист дар бораи тасмими ба Душанбе баргаштанаш ба наздикон, вакили дифоъ ва рўзноманигорон хабар дињад: - Ў њатто метавонист тариќи њамроњонаш дар боздоштгоњ ба ману хешовандонаш хабар дињад, ки фавран озод мешаваду мо омада, ўро пешвоз гирем. Ин њама шањодати он аст, ки ў ихтиёрї ба Душанбе нарафтааст. Дигар ин ки чї тавр як нафар метавонад бидуни шиноснома ќаламрави чор кишварро убур кунад? Ман ба изњороти ў бовар надорам. ТО БОЗГАШТ
Њич чизе бадтар аз сарсониву саргардонї дар кишвари бегонагон нест. Њомер
НИЗОМХОН ЉЎРАЕВ - СОБИЌ ВАКИЛИ МАЉЛИСИ ВАКИЛОНИ ВИЛОЯТИ СУЃД
БОЗГАШТИ АЉИБИ НИЗОМХОН ЉЎРАЕВ Н из о мх он Љў р ае в с ол и 2 00 7 аз Т ољик ис то н фи ро р кард. Он замон прокуратураи вилояти Суѓд ў ва њамсафонашро бо чанд моддаи Кодекс и љино ии То љи к ис т он, а з љумла моддаи 104 (куштор), ки ба куштори муовини прокурори генералии Тољикистон Толиб Бобоев рабт дорад, муттањам кард. Љўраев њамчунин аз рўи моддањои 185 (таъсиси гу рў њи мус алл ањ и ѓа йр иќ онунї), 186 (бандитизм), 195 (њифзи ѓайриќонунии силоњ), 245 (азхудкунї ё камомади маблаѓ), 262 (ќонунї кардани (пулшўї) маболиѓ ё моликияти дигар, ки бо роњи ѓайриќонунї ба даст оварда шудааст), 292 (саркашї аз пардохти андоз) ва 340 (таќаллуб, омода ва истифода кардани њуљљатњои таќаллубї) гунањкор эълон шуд. Аммо он замон Љўраев ба Аморати Муттањидаи Араб фирор кард ва аз он љо ба Русия рафт. Соли 2009 Суди олии
Тољикистон 31 хешу ?амкор ва коршарики Низомхон Љўраев, аз љумла бародаронаш Толиб ва Фахриддин Љўраев?оро ба мўњлатњои аз 11 то 25 соли зиндон ма?кум кард. Азбаски њамаи онњо сокинони ноњияи Исфара буданд, расонањо ин парвандаро «Парвандаи исфар аги њо » унв он д о да нд . Бино бар иттилои суд, ин гурўњ ба давлат љамъан 11 миллион доллар зарари молї расондааст. Моњи августи соли 2010 Низ омхо н Љ ўр ае в ро ми ли са и ноњ ия и Х амов ник ии ша њр и Маскав бо дархости вазорати корњои дохилии Тољикистон боздошт кард. Аммо вакили дифоъи ў ба Додгоњи њуќуќи башари Аврупо мурољиат намуд, ки истирдодашро ба далели мавриди шиканља ќарор гирифтани ў дар Тољикистон манъ кунад. 27-уми феврали соли љорї мўњлати боздошти Љўраев ба
поён расид. Аммо чанд лањза пеш аз рањоии ў чањор нафари мулкипўш, ки ду нафари о нњ о ни ќо б пў ш б уд а нд , б а ?уљраи кори прокурори ноњияи Хамовникии Маскав зада даромада, дастуреро нишон доданд, ки бино бар он Низомхон Љўраев бояд дар робита ба я к сў и ?а сд чу н шо ? ид б а шўъбаи тафти шотии шањри Шелковски вилояти Маскав интиќол дода шавад. Бино ба ин дастур, аз моњи декабри соли 2009 то августи соли 2010 дар ноњ ия и Ш ел ко в ои в и ло ят и Маскав гўё Љўраев ба љони шањрванди Тољикистон Мирбодулло Каримов сўиќасд кардааст. Аммо вакили дифоъи Љўраев гуфт, вай дар ин муддат дар Дубай ба сар мебурд. Суди шањри Шелково ба њабси Љўраев то 28 апрели соли равон њукм баровард. Низомхон дар СИЗО – и шањри Зеленоград нигоњ дошта мешуд. Рўзи 29 март даст доштани ў дар
сўиќасд исботи худро наёфт. Дар кирдори ў танњо тањдид ба марг ошкор шуд ва тафтишот ўро рањо кард. Аммо вакили дифоъи ў мегўяд, ин њама як амали тарњрезишуда барои истирдоди Љўраев ба Душанбе буд. Ба ќавли ў, нафари тањти њимояташро бояд дар шоњидии ў рањо мекарданд, аммо ин тавр нашуд ва њоло Низомхон дар Душанбе аст. «ЧАРО» - ЊОИ БОЗГАШТ Суоли аслии ин бозгашти мармуз ба њамкории сохторњои амниятии Тољикистону Русия ва шахсияти худи Низомхон Љўраев рабт мегирад. Албатта, њангоми мурофиаи судї ќиссаи њаќиќии бозгашт и Љ ў р а е в б а Т о љи к и с т о н рўшан мешавад. Ў хоњад гуфт, ки ѓайриќонунї истирдод шудааст ё худ ба Душанбе омадааст. Аммо чаро Русия ўро ба Тољикистон таслим кард? Чаро бадоњатан соли 2010, ки Љўраев бо дархости Тољикистон боздошт шуд ва то ин муддат дар СИЗО-и Маскав буд, и с т и р д о д с у р а т на ги р и фт , балки њоло? Чаро Русия дархости Додгоњи њуќуќи башари Аврупо дар бораи истирдод накардани Низомхон Љўраевро ба назар нагирифт, д ар њоле ки барои истирдоди мармузи Муњаммадрўзї Искандар ов 3 0 њ а зо р ев р о ља р има шуда буд? Нињоят, Љўраев чї кас е аст , ки Тољик истон ин ќадар барои истирдодаш талош кард? Ташкили гурўњи мусаллањи ѓайриќонунї, яке аз иттињомот алайњи ў, маълум аст, ки бо 31 исфарагии њоло зиндонї рабте надорад, пас ин гурўњ оё њамон террористони зодаи Исфара нестанд, ки дар «Ансоруллоњ» мељанганд? Додгоњи њуќуќи башари Аврупо бадоњатан рўзи 30 март аз ѓайб задан ва эњтимоли ба Ду ша нб е ис тир до д шу да ни Низомх он Љўраев ба Русия номаи фаврї фиристода, таќозо карда буд, ки то 2-ми апрел вазъро шарњ дињад. Аммо тавре аз ќазияи Муњаммадрўзї Искандаров, ки низ ба таври мармуз ба Душанбе истирдод шуда буд, бармеояд, коре аз дасти ин Додгоњ наомад. Русия ал ла ка й по сух д од аа ст , ки ќазияи Љўраевро тањќиќ хоњад кард ва шояд боз бо пардохти 30 њазор евро посухашро дињад. Аммо мўњлати зиндонї будани Љўраев дар Русия 28 апрел тамом мешавад. Тавре Анна Ставитская даъво дорад, ў бояд ба Маскав баргардонида шавад, вагарна њангомаи байнулмилалї барпо хоњад кард. Оё мешавад, ки тањти фишорњои љомиаи байнулмилал Низомхон дубора ба Маскав «баргардад»? Ќазияи Низомхон Љўраев бо ин њама дарњамбарњамї то куљо сиёсї буда ва ба интихоботи раисљумњурии соли 2013 дар Тољикистон чї рабт дошта метавонад? Суолњо зиёданд. Тавре мегўянд, зинда бошем, мебинем ва посухи ин суолњоро хоњем гирифт. Ќиёми НУР
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
9
Акнун бояд роњбари давлат аз Гул Шералї, Амонуллоњи Њукуматулло, Мањмадсаид Зувайдов, Саидањмад Шарофиддинов ва дигар масъулони ба ин бемасъулиятї роњ дода, бипурсад, ки чаро мисли КВД "ТАЛКО" идораи рискњои корхонањоятонро ба роњ намондед?! Ќатъи газ ва тахриб шудани роњи оњани Ѓалаба – Амузанг аз сўи Ўзбакистон масъалаи ба љавобгарии љиної кашидани рањбарони сохторњои масъули «блоки иќтисодї», дар навбати аввал чор нафар – Амонуллоњи Њукуматуллоњ, раиси Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон», Мањмадсаид Зувайдов, раиси Корхонаи сементи Душанбе, Саидањмад Шарофиддинов, раиси «Тољиктрансгаз» ва Гул Шералї, вазири саноат ва энержии Тољикистонро пеш овардааст. Зеро дар натиљаи кўтоњбинии ин чор нафар имрўз љомеа ва њукумати Тољикистон ба хатару тањдидњое рўбарў шудаанд, ки бояд намешуд ва ё ин хатарњо бояд то дараљаи њадди аќалл (минимум) расонида мешуданд. Инро БЕАМАЛИИ ЉИНОЇ (преступное бездействие) меноманд. Бар хилофи таљрубаи љањон њамчунин модда дар Кодекси љиноии Тољикистон, ки пурра ин љиноятро дарбар гирад, вуљуд надорад. Аммо ба моддаи 315 - «Беамалї дар хизмат» мурољиат мекунем, ки дар он барои беамалии ходими давлатї љазо муќаррар шудааст - мањрумият аз озодї аз 2 то 5 сол. Љазо барон он ки дар натиљаи бемалии ин шахс љамъият ва давлат зарар дидааст. Акнун мебинем, ки љурми кї то чї андоза аст? «ФОИДА» - ЊОИ РОТ Дар натиљаи беамалии Амонуллоњи Њукуматуллоњ имрўз танњо худи «Роњи оњани Тољикистон» (РОТ) 1,5 миллион сомонї зарари моддї мебинад. Дар Ќўрѓонтеппа 50 нафар ба рухсатии бемўњлат равона шудаанд, аммо баќияро, ки мутахассисонанд, бояд РОТ нигоњ дорад ва маошашонро пардохт намояд. Ин зарар аз њисоби худи РОТ аст, ки имрўз њисоб шудааст. Аммо он ки аз роњи оњани «Ѓалаба – Амузанг» корхона чї суд мебардошт, маълум нест. Маќомоти Хатлон гуфтанд, ки тахриб шудани ин роњ 14 миллион сомонї ба иќтисоди вилоят зарар овардааст. Ин «аз нўги хамин фатир» аст. Акнун тамоми вагонњое, ки бояд мустаќим ба Ќурѓонтеппа ва Кўлоб мерафтанд, ба Душанбе меоянд ва бори онњо аз ин љо бо мошинњои боркаш ба вилоятњои Хатлону Бадахшон ва шимоли Афѓонистон пањн мешавад. Њоло харољоти роњ барои маводи ѓизої афзудааст, соњибкорон маљбуранд њазорњо сомонии дигарро, ки фардо миллионњо хоњанд шуд, пардохт кунанд. Ин афзоишњо аз кисаи 2, 5 миллион сокини Хатлону Бадахшон пардохт мешаванд. Болои ин зам мешавад, миллионњо доллар зарар аз њисоби кашонидани борњои мансуб ба ISAF (Нерўњои мусоидат ба амният дар Афѓонистон), ки њаљми эњтимолияшон садњо њазор тон мебошад ва ширкатњои тољикистоние аллакай чунин фармоишњо доштанд. Ин њам дар њоле, ки яке аз сабабњои бастани роњ аз љониби Ўзбакистон (гуё дар натиљаи амали террористї дар моњи ноябри соли 2011) ва баъдан хароб кардани ќитъаи «Ѓалаба – Амузанг» мањз роњ надодани Тољикистон ба хизматрасонии логистикии «Шабакаи шимолї» - роњи алтернативии таъмини нерўњои ISAF ва НАТО дар Афѓонистон бояд мешуд, ки шуд! Аммо, агар нињоди Амонуллоњи Њукуматуллоњ сохтмони роњи оњани Вањдат – Ёвонро сариваќт
Чор мансабдори њукумати Тољикистон Амонуллоњи Њукум, Мањмадсаид Зувайдов, Саидањмад Шарофиддинов ва Гул Шералї бояд ба љавобгарии љиної кашида шуда, аз 2 то 5 сол аз озодї мањрум шаванд.
Гумонбаршудагон
КЇ МОРО МЎЊТОЉУ ДАСТНИГАРИ БЕГОНАГОН КАРДАН ДОРАД? ба наќша мегирифту ба итмом мерасонд, инчунин вазъ пеш намеомад. Агар, КВД «Роњи оњани Тољикистон» чун њар коргоњи бузурги дигар рискњои мављударо бањои дуруст ва сариваќтї дода метавонист, як кишвар ва як њукуматро ба чунин њол гирифтор намекард. Дар вазоратњои мо «фоидаи» раиси РОТ-ро њисоб карда наметавонанд, зеро як беназмї дар ин љо ба вуљуд омадаасту «авторитет»-и ахирї, аз њисоби наздикї ба роњбари давлат чунин имкониятро барњам задааст. То ин рўз афсонањои «рањбарии муваффаќ» - и Амонуллоњи Њукуматуллоњ дунёро гирифта буданд. Акнун онњоро касе ба хотир намеорад. Балки дурўѓ будаанд? «БЕКИФОЯТ» Мањмадсаид Зувайдов, раиси Корхонаи сементи Душанбе бояд аз пеш медонист ва тадбир меандешид, ки корхонааш аз кор намонад. Ин корхона њамеша мушкилсоз буд, аз он нуќтаи назар, ки њамеша аз пардохти њаќќи газ ќарздор буд. Моњи июни соли гузашта «Тољиктрансгаз» газро барои он ќатъ кард. Сабаб, напардохтани ќарз буд. Имсол њам дар чунин вазъи њассос то ин замон 51, 2 њазор тон семент истењсол кардааст дар баробари 66, 3 њазор тони соли гузашта. Аммо чаро то ба имрўз ба монанди КВД-и «ТАЛКО» лоаќал як ќисмати эњтиёљоти худро бо сўзишвории алтернативї бароварда накард? Соли гузашта роњбарияти Корхонаи семент табли шодї зад, ки яке аз бухорињои гардонашро бо кўмаки чинињо ба кор бо ангишт мувофиќ кардааст, аммо њоло мегўянд, аз кор мондем. Агар ин таљриба буд, Мањмадсаид Зувайдов чаро ин таљрибаро такмил надод? Чаро «ТАЛ-
КО» аз Зиддењи Варзоб ба Турсунзода – ќариб 100 километр дурї метавонад ангишт кашида, синтези онро ба роњ монда газ ба даст овараду аммо Корхонаи семент, дар масофаи ними он ин корро наметавонад кунад? Ин њам дар њолест, ки аз сементи босифати ин корхона сохтмони стратегии Тољикистон – ИБОи «Роѓон» вобаста аст. Дигар тарњњо њам ба умеди ин корхона шурўъ бояд шаванд. Њољат ба фањмондан нест, ки аз кор мондани сохтмонњои бузург ва ба таъхир афтодани тарњњои нав чї зарбае ба наќшањои стратегии кишвар хоњад шуд. Магар ин љиноят нест?! Инро наметавон бахшид. ШИРКАТИ «ПРОБЛЕМА» «Корнамої» - њоеро, ки Саидањмад Шарофиддинов, раиси «Тољиктрансгаз» мекунад, фаќат дар матбуот мешавад хонд. Њамон њам дар лањзањое шахси расонаї мешавад, ки дар нињодаш проблема пайдо мешавад. Солњои охир аз «Тољиктрансгаз» фаќат «хабарпроблема» пахш мешавад. Њатто мушкили онро ба љои Саидањмад Шарофиддинов дигарон, аз љумла Муродалї Алимардон њал мекунанд (сафари моњи январ ба Тошканд). Дар Тољикистон ду ширкати хориљї – «Газпром» ва «Тетис – петролиум» газ мељўянд, аммо «Тољиктрансгаз» чї кор кард? Умуман, аз замоне, ки њаљми воридоти гази Ўзбакистон ба Тољикистон кам шуд, ин корхона чї кор кард? Чаро дар фикри манобеъи алтернативї, аз љумла аз ангишт њосил кардани газ, нашуд? Ин ба чї ва кї вобаста аст? Агар Шарофиддинов менељер мебуд, бармањал дар андешаи манобеъи алтернативї мешуд. Маблаѓ? Агар метавонист
асоснок кунад, президент ва њукумат ба ў медоданд! Дар Тољикистон ба «Тољиктрансгаз» эњтиёљ њаст, аммо на ба ине, ки имрўз мо дорем. Дар ягон љо намешавад омореро дар бораи ин корхона пайдо кард. Азбаски фаъолияташ муассир нест, хатто омор њам дошта бошад, намоён нест. Њол он ки ин тавр набояд бошад. Ин корхонаи хеле муњим аст, ба шарте афроди њирфаї онро «љунбонанд». «Тољиктрансгаз» ширкати ду корхона ва 2 њазор одам нест. Он бояд дар фикри 7,3 миллион нафар ва дањњо корхона, аз љумла «ТољикАзот» - и Ќўрѓонтеппа њам бояд бошад. Аммо ин тавр нест. ВАЌТ ОМАД… Гул Шералї чандин сол аст, ки дар садри вазорати муњимтарини кишвар нишастааст. Солњои ахир ба назар мерасад, ки бо номи ў тамоми мушкилоти соњаи энержии кишвар тавъам шудаанд. Ба ќавли Маяковский мегўем, проблемаи барќу энержї гуфта, Гул Шералиро дар назар дорем, Гул Шералї гуфта, проблемаи барќу энержиро. Бањси ў бо Сўњроб Шарифов, вакили парлумонро мешавад баёнгари лабрез шудани косаи сабри љомиа аз њамчунин вазир унвон кард. Охирин ќатра ба ин коса суханони Сўњроб Шарипов буд, ки пурсид: «Чаро таи дањ соли ахир вазорати энергетика натавонист як нерўгоњи барќии њароратї бунёд кунад? Дар њоле, ки дар ин замина созишномањо низ ба имзо расида буданд. Агар ин созишномањо иљро мешуданд, имсол мардуми Душанбе бо оби гарм ва нерў таъмин мегардид». Танњо ин суханон бояд кифоят кунанд, ки вазири саноат ва энержї мансабро тарк кунад. Зеро аз соли 2007 то ба имрўз соњаи тањти на-
зораташро натавонист рушд дињад, идораи рискњои онро ба роњ монад. Њељ кас мисоли рўшане оварда наметавонад, ки ягон иќдоми ў воќеан таѓйироте дар соња оварда бошад. Магар нархи баландтарин ангишт дар Осиёи Миёна! Кор то љое расидааст, ки ангишти ќирѓизї дар бозори дохилии Тољикистон раќобатпазир аст бо њам харљи роњкирояш. Дар посух ба Сўњроб Шарипов вай гуфт, ки њар чї кард, ба президент аён аст ва ахирї њам паст наомад: њар чї дар соњаи шумо дастовард буд, хизмати президент буд. «САЊМ» Акнун бояд президент аз Гул Шералї, Амонуллоњи Њукуматулло, Мањмадсаид Зувайдов, Саидањмад Шарофиддинов ва дигар масъулони ба ин бемасъулиятї роњ дода, бипурсад, ки чаро мисли КВД «ТАЛКО» идораи рискњоятонро ба роњ намондед?! Ё шумо камсаводњо аз ин љузъи таркибии илми идора бехабаред? Чаро то њол сохтори идораи КВД «Роњи оњани Тољикистон» ва дигару дигарро таѓйир надодеду шаффофияти фаъолиятњои онро назди мардум таъин накардед?! Сањми худро дар рўзњои бади мо њис мекунед, ё не?!! Барои беамалии љиної мешавад, ки боз чандин нафари дигарро њам мисол овард. Аммо «сањми» чор нафаре, ки дар боло зикр шуданд, дар вазъи имрўз ба амал омада дигаргуна аст. БЕАМАЛИИ ОНЊО ИСТИЌЛОЛИЯТИ ТОЉИКИСТОН ВА СУБОТИ ЉОМЕАРО ДАР ХАТАР ГУЗОШТ. Аз ин хотир, њамаи онњо бояд ба љавобгарї кашида шаванд. Њарамгули ЌОДИР, Ќиёми НУР
10 №3 (279), 11-уми апрели соли
2012
Тењрон њам дар олам њамин мушкилро дорад. Саркашии ў ин аз бедории шуури милливу мазњабии ўст. Эрон иддиои бузургманишї намекунад, балки мехоњад чун узви њамин башар њаќи истифода аз барномањои њастаї њам дошта бошад. Ќарор аст гуфтушуниди Эрон бо гурўњи "5+1" дар шањри Истамбули Туркия баргузор шавад. Дар ин бора аз аввалинњо шуда масъули сиёсатњои хориљии Иттињодияи Аврупо (ИА), Кетрин АШТОН ба хабаргузории Рейтер иттилоъ дод. Ин таъкид ба он хотир буд, ки то ин замон Тењрон пешнињод дошт ИА дар мањалли баргузории нишаст таљдиди назар кунад. Аммо ахиран мувофаќаи љонибњо ба даст омад ва "нахустин давр аз гуфтугўњои таъхиршуда як фазои созанда фароњам оварад, то љонибњо тавонанд, ба пешрафтњое даст ёбанд". Баъдан дар вазорати умумри хориљии Эрон њам ин хабарро таъйид карданд. Дар ин нишаст намояндагони кишварњои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса ва Чину Русия ширкат мекунанд. Аммо Тењрон сарењан эълон кард, ки музокирот бидуни ќайду шарт бояд доир гардад ва њар гуна шартгузорї ќобили ќабул нест. Изњороти љониби Эрон ба дунболи пахши он хабар нашр шуд, ки гуфта мешуд њайати музокаракунанда шарт пеш хоњад гузошт, ки аввал фаъолияти корхонањои њастаии Фордо мутаваќиф карда шавад. Њамзамон бо ин Шўрои олии амнияти миллии Эрон худи њамон рўз тайид кард, ки даври аввали гуфтугўњо бо кишварњои шашгона дар Истамбул доир мешавад, вале мизбони давраи дигар Баѓдод хоњад буд. АММО БОЗ ЊАМ ЊУШДОРЊО Оѓози музокароти Эрон бо 6 кишвари манфиатљў навиди хуш аст. Дар ин бештар аз як соле, ки гуфтушунидњо таъхир шуданд, тањдидњо афзуданд. Ќудратњои хориљї ба хотири аз даст надодани мавќеъи худ даст ба тањримњои Эрон заданд. Њарчанд ки аз ин тањримњо худашон њам љабр диданд, вале андешаи тасаллутгароёна ё худ шеваи зўрї ба онњо пирўз омадааст. Њатто њоло њам, ки мехоњанд гуфтушунид кунанд, бовар надоранд, ки муваффаќ мешаванд. То ин замон њамон лањни тањдид ба гўш мерасад. Тањдиди забонї ба он маъност, ки умед аз муколама камтар аст. Чунончї, вазири корњои хориљии Британияи Кабир Уилям ЊЕЙГ изњор дошт, ки Ѓарб омода аст аз фишорњои иќтисодии хеш бикоњад, ба он шарт, ки агар Тењрон дар барномањои њастаии худ ба гузашт розї шавад. Вай гуфт муттањидони ѓарбї дар тасмими худ ќатъї њастанд ва нахоњанд гузошт, ки Эрон соњиби силоњи атомї шавад. Албатта, ин тасмим аз касе пўшида нест. Вале боз њам наметавон озими музокарот шуду боз тањдид њам кард. Чуноне дар маќол омада: "Кабутари сулњ дар дасту гурбаи љанг дар баѓал". Ва ахиран вазорати ко-
рњои хориљии ИМА низ изњорот дод, ки аз он њамин оњанг ба гўш мерасид. "Мо мисли пештара бар ин ин кўшишем, ки иљоза надињем Эрон соњиби силоњи атомї шавад. Мо бо њамаи шарикони худ дар мавриди муњосираи режими Эрон кор кардем, то ин кишвар дарк кунад, ки саркашї аз таањњудоти байналмилалї бо чї ќиммате пардохт мешавад. Он чї аз Эрон талаб карда мешавад, ќатъи раванди кор сар и бар нома њои њастаї ва ё исботи он ки ин барномањо сулњомезанд. Вале мо ба вазъ воќеъбинона менигарем". Бори аввал як соњибмаќоми инглис изњор медорад, ки ѓарбиён талош надоранд низом дар Љумњурии Исломї таѓйир ёбад. "Мо аз њукумати Эрон интизори он шањодатем, ки барномаи њастаии кишвар барои маќсадњои сулњомез равона шудаанд, на барои тавлиди силоњи атомї ва мо њамчунин интизорем, ки ин кишвар аз талоши бунёди силоњи атомї худдорї мекунад", - гуфт Уилям ЊЕЙГ. Ва чуноне дида мешавад чунучароњои музокарот њамоно бештар аз њадди интизоранд. Ба назар мерасад љонибњо ба Истамбул ин бор низ бидуни њадаф меравад, агар њадаф мушаххас бошад, аз гузаштњои дуљониба бояд сухан ба миён ояд.
ШАРЊИ ХАБАРИ №1 Ангезаи сиёсї дошт ин парванда ва ё на гуфтан бармањал аст. Вале додгоњи амрикої билохира даст доштани Бутро дар амалиётњои ѓайриќонунии тиљорати силоњ исбот намуд. Дигар љои норушане боќї намонд ва даъвои вакилони мудофиа низ пазируфта нашуд. Дар Амрико њам чун дар сар то сари олам, њатто чун дар мову Русия. Онњо низ шахсеро, ки солњои сол љустуљў мекарданду дар як давлати дигар пайдо карданд, ѓайриќонунї ба кишварашон интиќол доданд. Замоне агар сухан аз Мањмадрўзї ИСКАНДАРОВ ва Низомхон Љ?РАЕВ равад, шояд Душанбеи расмї њам гўяд: Охир шумо њам Бутро аз ким- куљо ѓайриќонунї
ТАБАССУМЊОИ ПЕШ АЗ БАЊС“ОИ ТЕЗУ ТУНД
КАБУТАРИ СУЛЊ ДАР ДАСТУ ГУРБАИ ЉАНГ ДАР БАЃАЛ Мулоќоти истамбулии гурўњи "5+1" бо Эрон чї армуѓон хоњад дошт? ЧАРО ИСТАМБУЛ Ё БАЃДОД? Дар масъалаи баргузории љои мулоќоти намояндагони "5+1" то њамин замон кадом мушкиле набуд. Солњо,ки ин гурўњ дар њар љо таъин мешуд љамъмеомад, ташкили љаласа медоду мерафт, вале боре њам сари мањалли баргузорї бањс нашуда буд. Аммо ахиран Эрон аз Иттињодияи Аврупо хост то дар мавриди љои музокарот тасмими дигар гирад. Аввалин шуд намояндагони Маљлиси Исломї ин гуна наќтаи назар баён доштанд. Шояд ин аз таѓйир ёфтани дидгоњњои Раљаб Тайип ЭРДУЃОН дар муносибат бо Эрон ва Сурия буд. Ахиран Анќара як мавќеъи сурияситезиро иттихоз кард ва ба гурўњи кишварњое пайваст, ки хостори канорагирии Башор АСАД аз симматаш њастанд. Ба дунболи њарфи намояндагони маљлиси Эрон сарвазири Туркия Тењронро ба бесадоќатї айбдор кард ва гуфт, ки "эро-
нињо бо ин корашон обрўи байналмилалии худро аз даст медињанд". Аммо лањни суханони Эрдуѓон ин бор шадидтар буд. Масалан, "ин забони дипломатї нест, номи он чизи дигар аст, амм о ман нам етаво нам онро ин љо бигўям", гуфт ў. Аммо туркњо зуд пушаймон шуданд ва вазири корњои хориљии ин кишвар, (бо дастури Эрдуѓон, албатта) зуд расман узрхоњї кард. Узри расмї аз љониби Тењрон пазируфта шуд. ЉАЊОН ВА ЭРОН: ЧАРО ДИГАРОН СОЗАНДУ Ў НА? Аз љумлаи мушкилоти љањони барномањои њастаии Эрон аст. Аммо ин мушкил на аз он аст, ки Эрон ба хостањои љањониён сар намефарорад, балки аз он аст, ки кишварњои ѓарбї намехоњанд ва њатто наметавонанд дарк кунанд, ки мардуми ин сарзамин низ њаќ доранд мисли инглисњову олмонињову амрикоињо барномањои
њастаї дошта бошанд ва бо истифода аз захоири бузурги энержї кишвари худро инкишоф дињанд. Дар оламе, ки ќонуни љангал њоким аст, рушди иќтисодиву иљтимої њам мутааллиќ ба зўрњо ќарор мегирад. Яъне, танњо оне њаќи истифода аз абзорњои манфиатовар хоњад дошт, ки нерўманду ќавї бошад. Аз дигарон ин њаќ салб карда мешавд ва бигзор онњо мутеъ ва фармонбардори оламе бошанд, ки њама хубињои дунёро мехоњад мутааллиќ ба худаш донад. Тењрон њам дар олам њамин мушкилро дорад. Саркашии ў ин аз бедории шуури милливу мазњабии ўст. Эрон иддиои бузургманишї намекунад, балки мехоњад чун узви њамин башар њаќи истифода аз барномањои њастаї њам дошта бошад. Он чизе, ки ѓарбиён онро намехоњад. Намехоњанд дар шарќи исломї як кишваре худкифо ва вораста аз њама гуна сиёсатњои
султаљўёна арзи вуљуд дошта бошад. Аммо барномаи њастаї кайњост, ки барои Эрон ба як њамосаи миллї табдил шудааст ва агар имрўз љомеаи љањони мунсифона як њамапурсии умумї дар ин кишвар роњандозї кунад, гумон намеравад, ки аз хурд то бузург њатто 0,5% афроде њам ёфт шаванд, ки зидди барномаи ато мї да р ки швара шон райъ дињанд. Зеро дар тафаккури эро нии имрўза барномаи њастаї ин силоњи атомї нест, балки ин рушди иќтисодиву иљтимої, бењбуди шароити зист ва дурнамои инкишоф аст. Замоне Сайид Муњамади ХОТАМЇ, президенти собиќи Эрон дар иртибот ба иддиоњои Ѓарб дар мавриди барном ањои њаста ии ин кишвар гуфта буд: "Мо ба амрикоињо мегўем, ки дар куљои барномаи њастаии мо иштибоњро дидаанд, то пайи ислоњаш бошем. Вале мутаассифона, њозир намешаванд он нукотро бароямон арза доранд. Яъне, даъвоњо ботиланд ва агар ботил набуданд, њатман њарфе сари он иштибоњоти барномарезињо мо ироа медоштанд". Оре, Амрико ва Ѓарб нукоти муњимро дар иддиоњое мебинанд, ки наметавонанд онро собит созанд. То ба њол далеле ба даст наёмадааст, ки Эрон дар пайи сохтани силоњи атомї бошад. Шояд чунин ќасде њам вуљуд дорад, вале аксари коршиносони байналмилалї бар ин назаранд, ки заминаи тавлиди силоњи атомї дар Эрон њанўз фароњам наёмадааст. Њатто худи амрикоињо чанде пеш њама даъвои хадамот и љос усии давл ати яњудиро, ки мегуфт хеле зуд аст, ки Тењрон соњиби силоњи атомї шавад, рад карданд. Сафари Бинёмин НАТАНЁЊУ ба Вашингтонро исроилињо бебароратарин сафари сарварони давлати яњудї дониста буданд, ки натавонист Барак ОБАМАро мутаќоид созад, ки замони зарбаи низомї ба Эрон фаро расидааст. Ба сурати умум оѓози гуфтушунид пайёмест аз хушбинињо. Вале дидгоњњо њамоно хеле аз њам фосила доранд ва баъид аст дар як нишасту ду нишаст чизе бадаст ояд.
Фирўз МУЊАММАД
Лаврову Бут, Низомхону Мањмадрўзї Њафтаи сипаришуда баррасии як парвандаи пуровозаи сатњи байналмилалї дар ИМА ба анљом расид ва шањрванди Русия Виктор Бут, ки ба тиљорати силоњ муттањам мешуд, 25 сол аз њуќуќи озодї мањрум гардид. Ин хабар муддате дар сархати маъруфтарин хабаргузорињои олам ќарор дошт. бурда говсуд карда будед - ку! Вазири корњои хориљии Русия Сергей Лавров, ки ба Вашингтон сафар карданист, мехоњад бо Њилларї КЛИНТОН ин масъаларо муњокима кунад. Албатта, Вашингтон ин Душанбе нест, ки талаби ќатъї дар миён гузоранд. Њодисаи халабонњо њоло њам аз ёди касе нарафтааст. Оё Москав метавонад бо Вашингтон њамон муносибатро раво бинад? Хестед, ки хобед. Онро АМРИКО мегўянд ва инро Русия!
Дар сўњбате Сергей ЛАВРОВ аз шеваи интиќоли Буш интиќод мекунад ва онро ѓайриќонунї меномад. Аммо чашм мепўшад аз он ки ду шахсияти сиёсии Тољикистонро аз Русия бо кадом шева интиќол дода буданд. Агар сиёсатмадорон њангоми иддиое гиребони худро бўянд, чї хуш аст. Шояд иштибоњи сиёсї камтар шавад. Аммо масъалаи Бут пањлуи дигар низ дорад.То ба имрўз миёни тољирони расмиву ѓ?айрирасмї дар љомеаи байналми-
лалї фарќият намегузоранд. Тањлилгари низомї дар Африќои Љанубї бо исми Эндрю Фейнштейн ба ёд меорад, ки соле ќабл ваќте режими Муаммар ЌАЗЗОФЇ дар Либия шикаст хўрд, сарвазири Британияи Кабир Дэвид КЕМЕРОН бо ифтихор дар бораи сањми кишвараш дар ин амал ёдкард. “Аммо оё вай метавонад аз он низ ифтихор кунад, ки соли 2005 Британия ба Ќаззофї ба мабла?и 120 миллион евро силоњ фурўхта
буд? Ва њамин силоњ буд, ки тўли 8 моњ сўи тазоњуркунандагон оташ кушод ва муљиби куштаву захмї шудани одамон ва вайронии шањру дењот шуд”,- мегўяд ў. Ва њамин тањлилгар таъкид мекунад, ки миёни тољирони ќонуниву ?айриќонунї иртиботњое њастанд. Аз соли 2006 ба инљониб дар бораи назорати љањонии тиљорати силоњ гуфтушунидњо идома доранд, вале азбаски механизми он пайдо намешавад, ин талошњо ноком мондаанд, менависад The New York Times. Насрулло НИЁЗЇ
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
11
Ман ин воќеаро аз њаёти воќеии он зан гирифта, дар филм љой додам. Аз ин лињоз филм њеч гоњ сирф тарљумаињолї шуда наметавонад. Аз њаёти шахсии оилаи ман дар ин филм бевосита танњо як лањза ворид шудааст. Ба наздикї дар Душанбе нахустнамоиши фишурдаи силсилафилми 12 - сериягии “Соњил”, ки коргардон Раљабалї Пиров аз рўи асари нависанда Муњибуллоњи Ќурбон - “Савгандшикаста” бардоштааст, баргузор гардид. Ин филм њафтањои наздик аз телевизион намоиш дода хоњад шуд. Дар бораи ин филм ва њадафњои он бо чанд савол рўзноманигор Ќадриддини Исо ба нависанда, кинодраматург ё филмноманавис Муњибуллоњи Ќурбон сўњбате дошт ва сароѓоз аз таърихи пайдоиши ин филмнома ва силсилафилм суол кард: - Охирњои солњои 80-ум ман њикояе бо номи “Калобаи навард”, яъне калобаи чигил, навишта будам. Дар асоси он филмномаи љадид бо номи “Савгандшикаста”- ро навиштам. Аввалњои соли 2011 ин сенарияро ба киностудияи “Тољикфилм” пешнињод кардам. Ростї, бовар надоштам, ки онро ќабул мекунанд. Њатто бо Толибљон Рањматуллоев, муовини директори киностудияи “Тољикфилм” шўхї њам кардам, ки дар киностудия мафияе љамъ шудаасту мо барин эљодкорони ќаториро роњ намедињанд, аммо он кас гуфтанд, ки баръакс, агар филмнома пурмазмун ва хуб бошад, албатта, мавриди таваљљўњи коргардонон ва роњбарон мегардад. Хушбахтона, пас аз сипарї шудани ду - се њафта Толибљон ба ман занг зада, ба киностудия даъват карданд ва хабар доданд, ки сенарийи шумо сазовори филм шудан аст. Њамин тавр, мо бо коргардони ояндаи ин филм Раљабалї Пиров шиносо шудем. Ростї, ман мисли њар як муаллиф бисёр хушњол шудам. Љињати дигари хурсандии ман аз он иборат буд, ки коргардон Раљабалї Пиров яке аз режессёрони бомањорати касбї, хатмкардаи Донишгоњи кинематографияи Маскав мебошаду дар сари мо сартароширо намеомўхт. Ин асари якљояамон филми панљуми ў мебошад. Дар тўли њамкорї боз аз њунари ишон низ ќаноатманд будам. - Одатан њар фард пеш аз оѓози њар амал њадаферо барои худ муайян намуда, баъдан иќдом мекунад. Маќсадатон аз таълифи ин филм чист? - Як рўзноманигор пеш аз тамошои филм гуфт, ки ба фикри баъзењо, ин филми тарљумаињолист. Гуфтам, аввал филмро тамошо кунед, баъд њамин саволро дињед. Пас аз тамошои филм аз ў пурсидам, ки њанўз њамон савол боќист. Табассуме заду чизе нагуфт. Албатта, њар эљодкоре, ки ќалам ба даст мегирад, рўи коѓаз порае аз таљрибаи ѓункардаи худ мерезад. Дар њамин дувоздањ серия як пораро аз зиндагии хеш овардам. Ваќте кўдак будам, падарам маро ба пушт савор карда, гирдогирди хона “шутур” шуда, мегардонданд ва ман њам “ќатора” шуда, духтаронамро дар кўдакиашон ба пушт савор мекардам ва рўи хона мегардондам. Њадафи асосии ин филм дар азиз доштани оила аст, зеро аксари ваќт фикр мекунем, он ки бо мост, ќадр надорад ва њамин, ки аз вай дур шудем ё аз даст додем, баъд ба ќадраш мерасем. Мо дар ин њадафи ба нишон гирифтаи худ муваффаќ њам шудем. Бањри ошкортар намудани ин савол мехоњам як ривоятеро, ки дар њикоя ва филм инъикос шудааст, зикр намоям. Дењќоне дар заминаш бо мењнату машаќќати зиёд гандум мекорид. Дар айёми сабзиши гандум, ки ба об эњтиёљ дорад, офтоб нур мепошид ав ё баръакс, замоне ки гандум ба офтоб эњтиёљ дошт, пайињам борон меборид. Ин њол чанд сол паёпай меомаду дењќон њосили дилхоњ ба даст намеовард. Рўзе рў ба осмон
илтиљо зад: Худоё, њар хоњише, ки мекунам бароварда соз! Борон хостам, борон ва офтоб хостам, нур бидењ. Дуояш пазируфта, хостааш бароварда гардид ва он сол аз солњои пешин дида, чанд баробар зиёд њосил ба даст овард. Замоне аз он гандумро ба осиё бурда, орд кард, аз он халтањои зиёди гандум њамагї як халта орд гирифт. Аз ин рўйдод хиљил шуду боз дуо кард, ки Худоё, дар ин чї њикмат аст, ки аз њамин ќадар халтањои бисёр як халта орд ба даст овардам, дар њоле, ки пеш аз ин аз ду - се хал-
- Оё филми њунарї таъсир ба љомеа ба инсон дорад? - Албатта, филми њунарї дар љомеа, махсусан, дар тарбияи насли љавон хеле наќши чашмрас дорад, зеро имрўз филми њунариро ба ѓайр аз телевизиону кинотеатр тавассути интернет, планшет ва њатто телефон њам тамошо кардан имкон дорад. Мутаассифона, интернет аз калимаи “одоб” хеле дур аст ва ин минбар бо имкониятњои бењудуд дар баробари љињатњои мусбат инчунин барои ба фасод олуда шудани љомеа “сањм”
Оњистекак ба гўшатон мегўям, ки пеш аз наворбардории “Соњил” коргардону ман аз дари аксари кулли сарватмандон гузаштем, дари чандин созмонњои байналмиллалиро задем, аммо касе дастгирї накард. Њатто як ташкилоти байналмиллалї хаттї ваъда кард, ки аз љињати молиявї моро пуштибонї мекунад, аммо дар охир ваъда шикаст. Ба оши њамсоя умед бастан хуб нест ва оянда њам надорад. Бинобар ин, то ањамияти киноро роњбарони мо љиддан дарк накунанд ва ба ин соња ба ќадри кофї пул људо накунанд, дигаргунии мусбат дар ин соња мушоњида намешавад. Боз ин љо суоли дигаре пайи ин суњбат меояд, ки оё мо дорем кинотеатрњои замонавї, ки мардум ба он љо омада, њам филм тамошо кунанду њам истироњат? Ваќте дар пойтахт њамагї се кинотеатр бошад, пас дар бораи дигар вилояту ноњияњо ман хомўшам. Ваќте филм истењсол шаваду љойи нишон медодагии замонавї набошад, он филм ба кї даркор? - Яъне, филми “Соњил” бе ёрии молиявии беруна тањия шуд? - Бале, ин филм ба пули давлат ба навор гирифта шудааст. Албатта, агар имконияти молиявии филм зиёдтар мебуд, он боз хубтар мебаромад. Агар пул мебуду шароити кор дар киностудия хуб, шояд коргардонњои мо намерафтанд. Бубинед, аз ин сабаб имрўз коргардонони хуби насли калонсолтар Валерий Ањадов, Баќо Содиќов, Маргарита Ќосимова, насли миёна Бахтиёр Худоназаров ва Љамшед Усмонов, ки имрўз бо филмњои худ дар арсаи байналмиллалї
Муњибуллоњи ЌУРБОН:
ваќте духтаронам Мањин ва Макнуна яксолаву дусола буданд, ба пуштам савор мекардаму ба мисли ќатора гирди хона мегардондам, ки њамин чиз дар филм њаст. Ба ѓайр аз ин аз њаёти ман дар ин филм чизе љой надорад. - Хусусияти фарќкунандаи силсилафилм аз дигар филмњо дар чист? Оё ягон навоварие дар ин филм љой дорад? - Аслан, ин пурсиш ба коргардон дахл дорад, вале чун пурсидед, чанд мушоњидаи худро мегўям. Оре, филми мо аз дигар филмњо бо чандин хусусиятњо фарќ мекунад. Филме сохта шуд, ки бовар дорам, ба тамошобин њамчун филми тољикї писанд меояд ва ба ќавли як рўзноманигор “таппакфилм” нест ва боиси хиљолату муаллифон намегардад. Филм зебову љаззоб ба навор гирифта шудааст ва дар филми мо зўровариву тиру туфангу паррон - паррон вуљуд надорад ва як филми хонаводагист. Суханњои ќабењ, њаќорат, дашном ва бадгўї љой наёфтаанд, дар филм шаробнўшї ва занозанї нест. Аз њама муњимаш ин аст, ки дар филми мо лањља истифода нашудааст. Ман бовар дорам, ки ин филм ба тамошобин њам дар Душанбе, њам Самарќанду Бухоро, њам дар Кобулу Њирот ва њам Шерозу Тењрон барои тамошобин равшан ва фањмост. Дар ин самт сањми коргардон Раљабалї Пиров ва устод Ромишгар, муњаррири филм хеле зиёд аст. Мо азм намудем, филмро тавре ба навор гирем, ки ањли оилаи тољик, волидайну фарзандон якљоя нишаста, бетарсу хавф, шарм надошта метавонад тамошо кунад, чунки имрўз бисёр филмњоро њамроњи оила, фарзандон бо тарсу њарос тамошо мекунем.
«Соњил» «таппакфилм» нест та гандум ду - се халта орд мегирифтам. Садо меояд, ки гандумат напухт. Ин ба он мазмун аст, ки даруни гандумат пур нашуд, балки холї монд. Барои он ки гандуми ту ба табиат тоб наовард, сабукиро талаб намуд. Агар гандуми ту бо азобу машаќќат месабзид, дарунаш пур ва серњосил мегашт. Яъне зиндагї њам ба мисли ин њикоя аст. Агар инсон аз мушкилоти зиндагї гурезад ва роњи осонро љустуљў кунад, њеч гоњ муваффаќ намешавад. Бинобар ин, њар фарди оќил бояд барои гузаштан аз ин монеањо роњ ёбад ва дар њолати мушкилот сабру тањаммулро пеш бигирад, зеро зиндагї барои мард аст. - Чи тавре, дар васоити ахбор нашр шуд, дар аввал номи филм “Савгандшикаста” баъдан бо исми “Соњил” муаррифї гашт, ба њар њол ин исмро худи шумо интихоб кардед, ё дигарон? - Аз аввал ман барои ин филм чанд ном интихоб карда будам. Аз байни онњо то ин дам “Савгандшикаста” ба унвони ном боќї монда буд, аммо билохира коргардон Пиров ва муњаррири филм, устоди варзида ва пуртаљриба, забондон Љамшеди Ромишгар пешнињод карданд, ки номи филм “Соњил” гузошта шавад, зеро калимаи “соњил” дар ин филм њамчун рамз омада, наќши хоси худро мебозад. Ман ба фикри онњо розї шудам. - Барои чї дар ибтидо исми филмро савгандшикаста гузоштед? Оё касе дар ин филм савгандашро мешиканад? - Ман ин љо мазмуни филмро пурра ба шумо наќл намекунам, зеро он то њол ба маърази тамошо гузошта нашудааст, фаќат ин ќадар метавонам бигўям, ки њаќиќатан ќањрамони асосии филм савганди худро мешиканад.
мегузорад. Аммо як равияи мусбати дигар дар мамлакат солњои охир мушоњида мешавад. Ин пањн шудани филмњои иронї ва туркї дар тарљума мебошад, њарчанд дар ин филмњо њам на њама чиз хуб аст. Якум љињати хуби ин филмњо он аст, ки инњо бозори филмњои пур аз паррон – паррону дањшатро, ки барои паст шудани ахлоќи наврасону љавонон наќши пуртаъсир доштанд, каме бошад њам, танг карда, онњоро аз майдони ба канор бурданд. Љињати дигар он аст, ки насли наврас ба забони шевову ноби форсї тавассути филмњои иронї ва забони муътадили адабии тољик тавассути тарљумаи филмњои туркї наздик шудан дорад. - Пас чаро дар ќатори он филмњои дидании ирониву туркї киностудияи “Тољикфилм” филмњои диданбобро истењсол намкунад? - Филми њунарї натиљаи њунари якчанд нафар ва ё гурўњ аст. Масалан, нависанда барои асари худ танњо худаш масъул аст, яъне, агар ў ќиссае эљод кунад, бурду бохти он танњо аз худи ў баста аст ва наметавон айбро ба дигаре бор кард, аммо дар эљоди филм њам шахсиятњо, њам молия ва боз чанд омилњои дигар наќши якљоя мебозанд. Агар содда карда гўем, сохтани филм кори дастаљамъї буда, комёбии он аз чанд тоифа эљодкор, пеш аз њама сенарийнависи хуб, коргардони хуб, оњангсози хуб, наворбардори хуб, рассоми хуб ва аз њама муњим бозигарони хуб ва боз чандин “хуб”-њои дигар баста мебошад ва мабодо яке аз ин эљодкорон аз ўњдаи вазифаи худ набарояд, филми хуб намебарояд ва онро “Тољикфилм” истењсол карда наметавонад. Боз як “хуб”-и асосиро ман дар охир мондам, ки он пули хуб аст. Бе пули кирої филм бардоштан маънї надорад.
маъруф ва мањбубият доранд, тарки Ватан карданд. - Баъзе нафароњо мегўянд, ин филм тарљумањолї аст. Яъне, дар он зиндагии худи шумо иникос ёфтааст, оё ин дуруст аст? - Дар њаќиќат, чунин савол њам буд. Њатто як рўзноманигор ба ман гуфт, ки ин филмро аз зиндагии худатон навиштаед ва тарљумаи њоли худи шумо аст. Бояд бигўям, ки эљодкор ба мисли занбури асал аст. Мехонад, мушоњида ва таљриба мекунад, љамъовардањояшро њазм карда, аз он як чизи ноб ва холисро ба хонанда, ё бинандаву шунаванда пешнињод мекунад. Барои равшанї андохтан ба ин суол ман як лањзаи филмро ба шумо наќл мекунам. Њангоме занњо њомила мешаванд, ба чизе шадидан иштиёќ пайдо мекунанд. Масалан, њамлдоре дар зимистон ба ангур муштоќ мешаваду дигараш дар бањор ба ягон чизи хунук, ё ба чизи дигар. Занро дар ин њолат ба ибораи халќї сарторик мегўянд. Ќисса кўтоњ, ќањрамони филми мо ба ... шаммаи чой сарторик мешавад. Ман ин њодисаро аз зиндагии рўзмарраи мардум дида, дар ин филм љой додам. Боре ману нависандаи маъруф, кинодраматурги мумтоз Абдурофеи Рабиъзод, ки асарњояшон ба дањњо забон тарљума ва нашр шудааст, бо оилањоямон дар як маъракаи љашни дўстамон, марњум Насрулло Асадуллоев, ки дар тарабхона баргузор мешуд, иштирок доштем. Дар он асно чашми ман ба як зан афтод, ки аз чойник бо чумча шаммаро гирифта мехўрд... Ман ин воќеаро аз њаёти воќеии он зан гирифта, дар филм љой додам. Аз ин лињоз филм њеч гоњ сирф тарљумаињолї шуда наметавонад. Аз њаёти шахсии оилаи ман дар ин филм бевосита танњо як лањза ворид шудааст. Таќрибан сї сол пеш
- Ќабл аз ин ягон филмномаи дигаре, ки рўи навор омада бошад, навишта будед, ё ин нахустинаш аст? - Бале, ин аввалин филмномаи ман нест, балки як ќиссаи дигаре бо номи “Зери чодари ќиргун” навишта будам. Он ќисса ба забони русї тарљума шуда, дар маљаллаи “Памир” чоп шуд. Баъди ба табъ расидани ин ќисса ба ман хонум Гавњар Љўраева занг зада гуфт, ки ман ќиссаи шуморо дар “Памир” хондам ва дар ќиссаатон Эркин ном ќањрамоне доред. Оё Эркини шумо њамон Эркин аст? Ман гуфтам, бале њамон Эркине, ки шумо дар назар доред, ман њамон Эркинро дар ќисса тасвир кардаам. Ман медонистам, ки ќањрамони ман бо номи Эркин њамкурси хонум буд ва аз он тасвир Гавњарбону, ки њамсари коргардон, собиќ раиси Иттифоќи кинематографистони Иттињоди Шўравї, устод Давлат Худоназаров буд, њамкурсашро шинохтааст. Ба њамин восита бо устод Худойназаров шинос шудам. Натиљаи ин вохўрї он шуд, ки устод маро ба навиштани сенарий ташвиќ кард ва соли 1988 сенарияеро пешнињод кардам ва ин ба зудї ќабул шуд. Коргардон Ёрмуњаммад Аралев аз рўи ин сенария бо номи “Мањбуб” филм бардоштанд. Њоло њам гоњ - гоњ онро дар телевизион намоиш медињанд. Ман баъдтар сенарияи дигаре низ навиштам, мутаассифона, воќеањои солњои навадум сар шуд ва филмнависивиро муддате ќатъ кардем. Насиб будааст, баъди 20 сол боз ба ин касб баргаштам. - Боз дар оянда ягон наќшаи дигар доред? - Бале, на танњо наќша, балки ду сенарийи тайёр дорам ва дар сурати пайдо шудани маблаѓ коргардонњо низ омодааанд аз рўи онњо филм бардоранд.
12 №3 (279), 11-уми апрели соли
2012
Мирзо, ки худашро дастгиршудаи бењуќуќ медонист, дар љавоби тањдиди Бозоралї хомўш монд. Аз ваќти ўро дастгир кардан то њамон лањза њељ яке аз кормандони милиса ба ў њуќуќњои дастгиршударо нафањмонда буд. (Идома аз шуморањои гузашта) «ДАР БАЙНИ МИЛИСАЊО ЊАМ ОДАМИ ХУБ ЊАСТ!» Мањмадсаид Иззатуллоев (бо тахаллуси «Сергей») баъди аз дари даромадгоњ ворид шудан фармуд, ки Мирзоро ба утоќи кориаш баранд. Ваќте ки Мирзо њамроњи сарварони хадамоти ШКД - Анвар Тошев, Бозоралї Њабибов ба утоќи кории «Сергей» даромад, Мањмадсаид Иззатуллоев дарро бо ќуфл мањкам карда, ба Мирзо боѓазаб мурољиат кард: - Тез ќоил шав! Ин талаби «Сергей»ро Анвар Тошев ва Бозоралї Њабибов њам дастгирї карданд. Ваќте ки Мирзо бо талаби онњо ба гуноњи нокардааш ќоил нашуд, ду нафари онњо («Сергей» ва Бозоралї Њабибов) ба латукўби Мирзо шурўъ карданд. «Сергей» Мирзоро дашном мекарду мезаду мегуфт: - Њоло бест, шаб шавад, мурдаи Ленинро ба гардан мегирї! Чунин њолат то дер давом кард. Баъди таќрибан соатњои 1-2-и шаб ба дасти Мирзо завлона зада, ба ќисми навбатдорї интиќол доданд. «Сергей» дар ќисми навбатдорї дасти Мирзоро ба кат баста, ба навбатдори шўъба супориш дод, ки аз дастгиршуда бохабар бошад. Навбатдор баъди рафтани «Сергей» ба Мирзо рў овард: - Бародар, аз ќисмат љои гурез нест, њаќ, албатта, ба њаќдор мерасад. Њозир барои ту чї лозим аст? Мирзо баъди он ќадар латукўб фикр мекард, ки навбатдор њам ўро халтаи бокс тасаввур карда, дасташро машќ хоњад дод, аммо муносибати навбатдорро дида, лањзае њайрон монд. То њамон лањза фикр мекард, ки њамаи милисањо бо ў муносибати бад хоњанд кард. Бинобар ин бо овози хаста хоњиш кард: - Агар илољаш бошад, занљири дасти маро каме васеътар кунед, ки рагњои хунгарди дастамро тамоман пахш кардааст. Навбатдор баъди иљро кардани ин хоњиши Мирзо пешнињод кард, ки Мирзо хоб кунад. Ваќте фањмид, ки Мирзо аз зарбу лати милисањо ва дарди љигар, ки дар натиљаи латукўб пайдо шуда буд, сахт азият мекашад, болиштеро гирифта, ба ў дод ва фармуд, ки ба љои зарбхўрда пахш кунад. Мирзо бо мушоњидаи одамгарии навбатдор аз дил гузаронд: «Дар байни милисањо њам одамони хуб будаанд!» ЃАЙРИЌОНУНЇ ДАР ШКД НИГОЊ ДОШТАНИ МИРЗО Ин њодисањо, чуноне ки дар аввали ин навишта ишора кардем, 13-уми июни соли 2009 ба вуќўъ пайвастанд, ки рўзи шанбе буд. Сањарии рўзи дигар (14-уми июн) Мирзоро боз ба утоќи кории «Сергей» оварданд. «Сергей» боз ба монанди рўзи гузашта Мирзо ва ањли хонаводаи ўро дашномњои ќабењ карда, талаб намуд, ки баёнот нависад. Мирзо асли воќеаро дар шакли баёнот навишт, аммо «Сергей» баёнотро дарронда, талаб кард, ки Мирзо баёноти дигар нависад. Баёноте бо мазмуни он, ки Мирзо танњо буд, њамроњ надошт ва маводи мухаддир ба худи ў тааллуќ дорад. «Сергей» «ѓамхорона» маслињат дод, ки агар Мирзо тамоми гуноњро ба гардани худ гирад, кораш бењтар мешавад, зеро ки суд ба љиноятњои гурўњї гузашт намекунад. Мирзо зери тазъиќу фишору латукўб аз ояндаи фарзандон ва њамсараш фикр мекард. Ў наметавонист онњоро танњо гузорад… Баъди «маслињат»-ро напазируфтани Мирзо «Сергей» боз латукўбро давом дод. Латукўб, «маслињат» ва тањдиду дашномњои ў то охири рўз идома ёфт. Таќрибан соатњои 2-3-и шаб Мирзоро ба яке аз утоќњои корї (воќеъ дар ошёнаи якум) оварда, ба майоре супориданд. Майор, ки худашро муаррифї накард, аз Мирзо хоњиш кард: - Ман хеле монда шудаам ва имконият надорам, ки туро посбонї ку-
нам. Агар хоњї, ба њамон кунљ гузару хоб кун, ман ба ту коре надорам, аммо ту ба сари ман ягон балоро наор, яъне нагурез, ки ман љавобгар шавам. Мирзо ба кунљи њуљра гузашт. Ў хеле хаста буд, ду шаб боз хоб кардан намемонданд, бинобар ин то сањар хоб кард. Ба ќавли худи Мирзо, ки дар гузашта духтур буд, «њамон шаб байни ў ва мурда њељ фарќ набуд». Сањарии рўзи 15-уми июн Мирзоро боз ба утоќи кории «Сергей» оварданд. «Сергей» бо Мирзо тањдидомез «маслињат» кард: - Њозир ба Душанбе меравем. Агар аз љойњои гаштаатон «Амиршо»ю Њусейнро пайдо кардем, хуб, агар не, ба худат љабр мекунї, он шаттањои хўрдаат ба назарат дастмол метобанд ва он ду шаби дар ин љо гузарондаатро бо њавас ёд хоњї кард. «Сергей» њамроњи Бозоралї
ланд шуд. «Сергей» мамнунона сўњбат карда, дар охир гуфт: - Парво накун, мо пагондорњо пагондорњоро њурмат мекунем. Гап нест, «виручат»-ат мекунем. «Сергей» баъди хомўш кардани телефонаш ба Бозоралї Њабибов рў овард: - Бачањои пости аѓба занг заданд. Хоњиш карданд, ки гуноњи рўзи 13уми июн «подчинение накардан»-ро ба сари ин (ба Мирзо ишора кард) бор кунем, то ки барои бачањо як «резултат» шавад. Аз хотира: Мирзо рўзи 13-уми июн, њангоме ки њамроњи «Амиршо» ва Њусейн аз посгоњи Шаршар мегузашт, њељ кадом ќоидаи роњро вайрон накарда буд ва зиёда аз ин бе талаби посбон ихтиёран дар назди ѓаввачўб мошинашро манъ карда, ба мошинњои аз самти муќобил меомада роњ дода буд. Ў њатто бо милисаи посбон нимшўхї карда буд:
сад мошинронї кардан «Сергей» пешнињод кард, ки Мирзо ба рањгузарон диќќат дињад, шояд дар байни онњо «Амиршо» бошад. Оё гумонбаршавандаро њамин тавр љустуљў мекунанд? Онњо ба мањаллаи 46 - ум наздик шуданд. Ваќте ки аз назди тарабхонаи «Истаравшан» мегузаштанд, Мирзо хотиррасон кард, ки боре «Амиршо»-ро ба њамин мавзеъ оварда буд ва «Амиршо» њамон ваќт гуфта буд, ки дар њамин мањалла бо зану ду кўдакаш зиндагї мекунад. «Сергей» бо шунидани ин сухани Мирзо мошинро манъ карда, изњор дошт, ки коменданти яке аз хобгоњњо ва милисаи минтаќавї шиносаш мебошанд. Ў ба њамроњонаш гуфт: - Ман рафта мепурсам, шояд ки онњо шиносанд. Мирзо гуфт: - «Амиршо»-ро ман мешиносам,
Муборизаи Мирзо ва Саломат Ё идомаи ќиссаи воќеии «Рўзи сиёњи таксист»
Њабибов ба дасти Мирзо боз завлона зада, ба кўча баромаданд. Бозоралї Њабибов бо телефони мобилї таксии шиносашро даъват кард. Завлонаи дасти Мирзоро дар дастгираки ќафо мањкам карда, «Сергей» дар курсии пеш ва Бозоралї Њабибов дар пањлўи Мирзо нишастанд. Баъди аз назди ШКД дур шудан «Сергей» фармуд, ки мошин барои харидани сўзишворї рањсипор шавад. Ваќте ки мошин дар назди фурўшандаи сўзишворї ќарор кард, «Сергей» аз кисаи Мирзо тамоми пулњояш (42 сомонї) - ро гирифта, гуфт: - Ин дигар ба ту даркор намешавад! ШКД пул надодааст, ки мо туро ба Душанбе бурда орем. Ин пули бензин аст! Аммо маълум шуд, ки фурўшандаи бензин аз Бозоралї Њабибов 10 литр бензин «ќарздор» будааст ва њамон бензини «ќарзї»-ро ба мошин рехт. Бозоралї Њабибов ба «Сергей» гуфт: - Ту аз њамон маблаѓ њаќќи хидмати таксистро пардохт кун. «ПАГОНДОРЊО ПАГОНДОРЊОРО ЊУРМАТ МЕКУНАНД» Ваќте ки мошин аз аѓба гузашт, садои занги телефони «Сергей» ба-
- Ака, хап кардї, ягон хизмат кунем? Милисаи посбон бо табассум чўбдасташро ба боло бардошта, гуфта буд: - Њељ чиз лозим нест, роњи сафед! «СЛЕДСТВЕННЫЙ ЭКСПЕРИМЕНТ»-И БЕИЉОЗАТ ДАР ДУШАНБЕ Мирзо дар нишастгоњи ќафои таксии шиноси Бозоралї Њабибов ба сифати дастгиршуда менишаст, њарчанд ки дар њамон рўзњо факти дастгиршавии ўро ба маќомоти прокуратура арз накарда буданд. Дасти ў дар муддати таќрибан 7 соат (аз соати 8. 30 то соатњои 15) дар даст¬гираки болои дари мошин бо завлона баста шуда буд. Азоби Мирзоро њар шахсе, ки дасташро аќќалан 15 даќиќа боло карда меистад, метавонад дарк намояд. Ваќте ки ба Душанбе расиданд, Мирзо пешнињод кард, ки ба љойњои эњтимолии будани «Амиршо» раванд, аммо Мањмадсаид Иззатуллоев («Сергей») розї нашуд. Њар мавзеъеро, ки Мирзо ном мегирифт, «Сергей» бе¬асос рад мекард. Баъди чанд муддат дар шањри Душанбе бемаќ-
бењтар мешавад, агар њамроњи шумо равам. «Сергей» даѓалона ба Мирзо гуфт: - Ту дар љоят бишин! Аз мошин фаромадани ту мумкин нест! «Сергей» рафту њамроњонаш Бозоралї Њабибов, таксист ва Мирзо мунтазири баргаштани ў дар мошин монданд. Пас аз чанд даќиќа Бозоралї ба Мирзо рўй овард: - Барои дар ин гармои тоќатфарсо сарсону саргардон карданат њоло љавоб мегўї! Мирзо, ки худашро дастгиршудаи бењуќуќ медонист, дар љавоби тањдиди Бозоралї хомўш монд. Аз ваќти ўро дастгир кардан то њамон лањза њељ яке аз кормандони милиса ба ў њуќуќњои дастгиршударо нафањмонда буд. Мирзо дар њамон лањзањо фикр мекард, ки ў дигар њељ њуќуќ надорад.
«Сергей» бо тањдиду дашном («Ту б-@-т, моро ањмаќ кардаї! Њоло баргардем, @ нишон медињам!!!») баргашт ва онњо бо ишораи Бозоралї ба мањаллаи 65-уми пойтахт омаданд. Бозоралї арз кард, ки духтари донишљўяш дар њамин мањалла истиќомат мекунад. Ў ба воситаи телефони мобилї духтарашро ба наз¬ди роњи мошингард даъват кард ва падару духтар таќрибан як соат сўњбат карданд. «Следственный эксперимент» ё ба истилоњи тољикї санљиши тафтишотї дар амал ба хабаргирии шиносњои «Сергей»-ю духтари Бозоралї табдил ёфт. Љараёни санљиши тафтишотї дар протокол ќайд намегардид ва муфаттиш дар он иштирок намекард, ки аз амали худсарона ва беиљозат будани «санљиш» дарак медод. «Санљиш»-и тафтишотї не, балки амали худсарона ва бе¬иљозат будани он дар прокуратура даќиќ гардид, аммо маќомоти дахлдор нисбати ду нафар милисаи соњибмансаб (сардори БДА - и шўъбаи корњои дохилии шањри Норак Бозоралї Њабибов ва муовини сардори ШКД шўъбаи корњои дохилии Норак оид ба хољагидорї Мањмадсаид Иззатуллоев), ки ба тафтишот дахле надоштанду бе¬иљозат «санљиши тафтишотї» мегузаронданд, чораи амалї наандешиданд. ДАР ТАРАБХОНАИ КОЛХОЗИ «РОСИЯ» Бозоралї ва «Сергей» баъди анљоми «санљиши тафтишотї» хушњолона ба такси нишастанду амр карданд, ки мошинро ба самти колхози «Росия» ронад. Ба ќавли худашон, «обедкунї» мерафтанд. Ваќте ки ба тарабхонаи колхози «Росия» расиданд, бо ишораи Бозоралї таксисту «Сергей» аз мошин фаромаданд ва њар се ба тарабхонаи тобистона ворид гардиданд. Бозоралї ва «Сергей» аз њамон љо Мирзоро тањти назорат ќарор доданд. Мирзои даст¬баста дар гармои таќрибан 400С дар мошине, ки њамаи тирезањояш мањкам карда шуда буд, тан¬њо монд. Мирзо намефањмид, ки чаро ўро танњо гузошта рафтанд. Не, ў дар ин лањзањо аз таомули тољикї фикр намекард, ки якдигарро ба сари дастархон даъват мекунанд. Њарчанд ки дар муддати ду рўз чизе ба дањон нагирифта буд, агар даъват кунанд њам аз гулўяш як бурида нон намегузашт. Ў њамчун дастгиршуда фикр мекард, ки посбонњояш чаро ўро танњо гузошта рафтанд? «Агар, - аз дил мегузаронд ў, - ба љои ман каси дигар бошад, дастгираки ноустувори болои дари мошинро канда мегурехту ба милисањо љабр мешуд». Милисањо баъди «обед» дар тарабхонаи колхози «Росия» мамнунона ба назди мошин омаданд. «Сергей» дар даст чанд дона самбўса дошт, ки онњоро ба Мирзо дароз кард: - Барои ором нишастанат «мукофот» овардем. Бигир, бихўр! - гуфт «Сергей» ва ба ронанда фармуд: - Бирав, аз водопровод дар як баклашка об биёр! Ронанда барои об рафт. Дасти дарозкардаи «Сергей» њамчунон дар њаво муаллаќ монда буд. Мирзо ба суханони «Сергей» ањамият надода, аз њавои тоза бо њирс нафас мекашид, ки баъди кушодани дарњо ба мошин ворид мешуд. - Ту аз дасти мо намехўрї?! - бо иллат гуфт «Сергей» ва самбўсањои овардаашро ба курсии ронанда гузошт. (Давом дорад)
ТАСЊЕЊ: Хонандагони азиз! Дар матлаби «Муборизаи Мирзо ва Саломат» аз шуморањои пешин номњои зерин ба таври зайл хонда шаванд: Аскар Замонов - Анвар Тошев, сарвари ваќти ШКД - и Норак, Восеъ Назаров Бозоралї Њабибов, сарвари БДА - и Норак, Талбак Муллоев, («Афоня») - Мањмадсаид Иззатуллоев (бо лаќаби «Сергей»), муовини сарвари ШКД - и Норак оид ба умури хољагї, Муфаттиш Мањмадулло Субњонќулов Убайдулло Ќодирѓуломов.
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
13
Яке аз сабабњои дур мондани љавондухтарон аз тањсил муњити падарсолории мост, ки нисбат ба духтар њамчун моли кас, њамчун мењмон дар хонавода муносибат мекунанд, - иброз дошт ў. Гулрўи 28-сола имрўз дар яке аз иттињодияњои љамъиятии шањри Хуљанди вилояти Суѓд фаъолият мебарад. Ў дар яке аз дењањои дурдасти ноњияи Мастчоњ ба воя расидааст, ки муњиту менталитети ин минтаќа нисбат ба дигар манотиќ фарќ дорад. Чун сокинони ин минтаќа одат кардаанд, ки занону духтаронро њамеша дар хонаву манзили зисташон дида бошанд. «Хондану тањсил, кору фаъолият, ба мартабаи баланд расидан ва амсоли инњо на барои занон аст. Онњо танњо барои кори хонаю оиладорї офарида шудаанду бас»,андеша доранд аксари сокинони ин минтаќа. НАХУСТИН СОЊИБМАЪЛУМОТ Гулрў нахустин љавондухтари дењаашон аст, ки барои тањсил ба мактаби олї ба шањри Хуљанд омадааст. - Њангоме ба волидонам гуфтам, ки ба макотиби олї дохил мешавам, ин фикр ба падараму бародарам маъќул нашуд,- ба ёд меорад Гулрў. - Дар дењоти мо духтарон на фаќат барои тањсил ба шањр на мераванд, балки мактабњои миёнаро то ба охир намехонанд. Вале модарам, ки њамеша дар орзуи хондан буду хостори соњибмаърифат шуданро дошт, маро дастгирї намуд. Гулрў ба Хуљанд омад ва донишљў шуд. Аммо дар аввал ба ў бо чашми дигар нигоњ мекарданд. - Њар боре ба хонаамон рањсипор мешудам, њамсояњо - њам мардон ва њам занон - ба ман бо тааљљуб менигаристанд, ки ин њолат маро ба ваљд меовард. «Духтаре бо њиљоб дар шањр тањсил дорад…», - ин барои њамдењагонам як падидаи хориќулодда буд. Вале бо гузашти ваќт онњо низ одат карданд», - афзуд Гулрў. МЕХОЊАМ ХОНАМ, АММО… Рўзе бо Фарзона - љавонзани тахминан 32-сола њамсўњбат шудам, ки ў аз бемаълумотии худ шикоят дошт: - Дар мактаб хеле хуб мехондам. Орзу доштам, ки тањсиламро дар макотиби олї идома дињам. Дар оила барои ин имконият низ буд, вале падарам ва бародарам нахостанд, то ман аз дења ба шањр раваму тањсил намоям. Хоњари калониамро пас аз хатми синфи 9-ум ба шавњар доданд. Ду бародарам ба Русия ба муњољират рафта буданд. Чун дар хона ба ѓайр аз волидонам касе набуд, ман ба нигоњубини падару модарам ва бо корњои хонаву подабонї машѓул будам. Вале мутаассифона, пас аз хатми мактаб маро низ иљборан ба шавњар доданд. Алъон, соњиби 3 фарзандам ва њамеша аз надоштани маълумоти олию касбу њунар азият мекашам. Ду сол инљониб шавњарам дар Русия аст, корњои он кас њам он ќадар хуб нест. Рўзе мешавад, ки дар хона нони хўрдан намеёбам ва назди волидонаму бародаронам меравам ва аз њолу ањволи ман на фaќат худам, балки онњо низ кунун пушаймонанд,- бо таассуф љавоб дод Фарзона. Вале дар баробари ин, боз љавондухтароне ёфт мешаванд, ки дар мактаб завќи хондан надоранд. - Аз хондан кї чї шуд, ки ман шавам?! Зеро, барои тањсил танњо маблаѓу умратро сарф мекунию бас. Ба хона рафта, ба љойи он ки кори хонаро кунам, бояд китоб хонаму ба дарс тайёр шавам, будааст. Бењтараш ба корњои хонаамон ёрдам мерасонам,- мегўяд Зулайхо ном духтараки 16 -сола. Вале модари Гулрў - апаи Малоњат гуфт, ки барои мусоидат намудан ба тањсили духтараш кори дуруст кардааст: - Аввал, њамсояњо маро сарзаниш мекарданд, ки чаро ман
ЊУЌУЌИ МАРДУ ЗАН БАРОБАР! Имрўзњо дар аксари шањру навоњии Суѓд ќариб њар як љавондухтар бо чунин мушкилот рў ба рў мешавад. Дар њоле, ки ќонунгузории ЉТ барои њар як шахс њуќуќ ба тањсилро кафолат додааст. Аммо њуќуќшинос Муњаббат Љўраева андеша дорад, ки гарчанде
Ќурбониёни «падарсолорї» Духтаронро чї аз тањсил дур кардааст? духтарамро ба шањр барои тањсил фиристодам, ба љойи он ки монеа эљод кунам. Дар дењаи мо андеша доранд, ки ваќте љавондухтар панљ сол дар шањр тањсил мекунад, касе ба хостгории ў намеояд. Вале аз њама муњим он ки духтарам соњиби маълумоти олї шуд, кор мекунад, пешравї дорад ва хеле хушњолам, ки њамон ваќт ин иќдомро гирифтам, - бо ханда гуфт апаи Малоњат. ОМОРИ НИГАРОНКУНАНДА Дар бархе аз шањру навоњї, амсоли Мастчоњи Кўњї, Мастчоњ, Истаравшан, Панљакент, Зафаробод ва ќисме аз Исфара вазъият хеле нигаронкунанда аст. Тибќи омори Раёсати маорифи вилояти Суѓд, фарогирии љавондухтарон ба тањсил пас аз синфи 9-ум дар соли хониши 20112012-ум дар шањру навоњии Мастчоњи Кўњї - 41,1%, Мастчоњ 45,1%, Истаравшан - 53,4%, Панљакент - 59,3%, Зафаробод 65,1%-ро ташкил медињад. Дар ин асно, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди њукумати вилояти Суѓд барои таблиѓи љавондухтарон ба тањсил чорањои заруриро меандешад. - Дар њама шањру навоњї мо кўшиш менамоем, ки духтаронро дар зинањои гуногун барои њавасманд гардонидан ба тањсил љалб намоем,- гуфт рањбари Кумитаи мазкур Раъно Бобољонова. - Барои онњо машѓулиятњои махсуси њунаромўзї њам ташкил карда истодаем, чунки ба воситаи њунар мустаќилии занону духтарон таъмин карда меша-
вад, ки ин яке аз омилњо барои рушди шахсии занон аст. Ба андешаи номбурда, рушди шахсии занон имконият медињад, ки дар њама њолатњои њаётї барои зиндагиашонро пеш бурдан, онњо муваффаќ гарданд. Инчунин, кумита бањри таъсиси љойњои корї, чорањои лозима бањри баланд бардоштани маърифати њуќуќии занон бештар кўшиш ба харљ медињад. «Муњимтар аз њама, зани тољик пешрафта, соњибмаърифат бошад ва барои рушди шахсияташ талош варзад,- таъкид намуд рањбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Бобољонова. Барои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа, аз 3-юми декабри соли 1999 Ќарори Президенти ЉТ - Эмомалї Рањмон «Дар бораи баланд бардоштани наќши зан дар љомеа» ќабул карда шудааст. Баъди ин ќарор аз љониби масъулин як андоза барои соњибмаълумот шудани љавондухтарон диќќати љиддї дода шуд. Аз соли 1997 инљониб барномаи президентї оид ба квота барои љавондухтарони манотиќи дурдасти кишвар тарњрезї шуда буд. Дар њамин њол, тавре аз иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи маъмурияти вилоят бармеояд, дар соли хониши 2010 - 2011 духтароне, ки тибќи квотаи президентї тањсил менамоянд, 146 нафар буда, ин миќдор дар муќоиса бо соли хониши 2011 - 2012 ба 149 нафар расидааст.
љавондухтарон дар мактаби миёна дарси «Асосњои давлат ва хуќуќ»-ро омўзанд њам, мутаассифона, пайваста ба дарс нарафтани онњо боиси дур аз тањсил ва аз ин фан мегарданд: - Дар асоси талаботи моддаи 41-уми Сарќонуни ЉТ њар як шахс њуќуќ дорад ба гирифтани маълумот,- мегўяд М. Љўраева. Њуќуќи марду зан дар ин љода баробар аст. Дар солњои охир, мутаассифона, хоса љавондухтарон аз хондан дур монда, бо хонанишинї машѓуланд. Яъне, аз синфњои 6-7 ва синфњои боло мактабро тарк мекунанд. Њол он ки тибќи талаботи ќонунгузории ЉТ доштани маълумоти миёна ин шарти њатмї аст. «ПАДАРСОЛОРЇ» Рањбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи маъмурияти вилоят Раъно Бобољонова, яке аз сабабњои асосии дур аз тањсил мондани љавондухтаронро ба «муњити падарсолорї» рабт медињад: - Мутаассифона, яке аз сабабњои дур мондани љавондухтарон аз тањсил муњити падарсолории мост, ки нисбат ба духтар њамчун моли кас, њамчун мењмон дар хонавода муносибат мекунанд, - иброз дошт ў. - Яъне, мо фарзанди худро, агар вай љинси зан бошад, барои ба шавњар баромадан, тайёр мекунем. Тарбияи мо барои ба оилаи дигар рафта, дар он љо хизмат карда, созиш намуда, зиндагиашро хуб ба роњ мондан аст. Вале ба дигар пањлўњои зиндагї мо онњоро омода намесозем. Мо аз мадди назар дур менамоем, ки
мабодо њамин духтар бе шавњар намонад. Мо ба умеди шавњаре њастем, ки хўронаду пўшонад. Њамин муњити падарсолории мо, мутаассифона, на ба меъёрњои давлатї-дунявї ва на ба шариати мо дуруст меояд, ки ин боиси аз хониш дур шудани духтарон дар зинаи сеюми тањсил мегардад. ИЛМ БОЛОТАР АЗ ИБОДАТ Ба андешаи бархе аз коршиносон, дар он минтаќањое, ки ба дини ислом бештар гароиш доранд, дур мондани љавондухтарон зиёдтар ба чашм мерасад. Яке аз диншиносон - Фарњод Юсуфов соњибмаърифатии њам мард ва њам занро тибќи талаботњои дини мубини ислом зарур мешуморад: - Паёмбарамон Муњаммад (с) дар њадисашон мефармоянд: «Талаби илм болотар аз ибодат аст». Яъне, инљо паёмбари гиромї талаби илмро барои њар зану марди мусалмон фарз гуфтаанд ва бубинед, ки онњоро људо накардаанд ва њатто фарќ нагузоштаанд миёни зану мард, балки илмро барои њар ду љониб - њам зан ва њам мард фарз гуфтаанд. Созмонњои байналмилал мегўянд, ки рози ин мушкилот дар фарњанги хонаводагии тољикон нуњуфтааст, ки тањсилро барои духтарон муњим намедонанд ва илова бар ин, фаќру нодорї низ таъсири худро гузоштааст. Каримбой Комилов - сармуаллими Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров омилњои асосии дур аз тањсил мондани љавондухтаронро ба хоњиш надоштани онњо вобаста медонад: - Дар дењот ё минтаќањои Тољикистон, ки одатан аз шањрњо дуранд, як ќисми зиёди љавондухтарон бо сабабњои гуногун ба мактаб љалб нашудаанд. Онњо синфи 9-умро хатм намуда, баъдан барои гирифтани маълумоти пурраи миёна кўшиш намекунанд. Яке аз сабабњои асосии ин њолат хоњиш надоштани худи њамон духтарон аст, ки ояндаи худро вобаста ба фаъолияти минбаъдаи корї дар ин ё он соњаи љамъиятї намебинанд. Дуюм, эњтимол љанбањои иќтисодї низ дошта бошад. Зеро, як ќисми љавондухтарон баъди хатм одатан дар оила ба корњои сањрої, ё ин ки дигар корњое, ки вобаста ба њамон хољагї њаст, иљро мекунанд ва њаёти худро дар њамин доира мебинанд ва берун аз онро њатто тасаввур намекунанд. БЕМАЪЛУМОТЇ БА КУЉО МЕБАРАД? Њоло Гулрў макотиби олиро хатм намуда, соњиби кор гаштааст, вале ў мегўяд,«аксари дугонањоям ба шавњар баромаданд, мутаассифона, бе маълуоти олї…». Воќеан њам ин мушкилот кайњост, ки идома дорад ва надоштани маълумот метавонад боиси њамагуна мушкилињои хонаводагї, баъдан љомеа гардад. Аммо суоли матрањ ин аст, ки љавондухтари бемаълумот минбаъд чї гуна метавонад кўдакашро тарбият намояд?! Љамшед МАЪРУФ
P.S. Маводи мазкур дар натиљаи иштирок дар семинари «Рушди тадќиќоти журналистї»-и АМВАОМТ омода шудааст.
14 №3 (279), 11-уми апрели соли
2012
Ин порча кўчонида шудааст ва дар он се ѓалат зикр гаштааст. Аввалан, хониш як сифат не, балки чанд сифат дорад. Аз ин
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
15
Ба гуфти холаам, дар ин давлат тайи ин ду соли охир њатто сиёсате љорї шудааст, ки мувофиќи он њар як муаллим вазифадор аст, ки 5 даќиќаи дарсашро барои бадном кардани сиёсати пешгирифтаи Тољикистон сарф намояд.
?-И НОБОБ ОЁ БДА ЊУЌУЌИ ГАРДОНДАНИ ЊУЉЉАТРО ДОРАД? - Аз Федератсияи Русия љиянам ба номи ман ваколатнома (доверенность) барои фурўхтани мошини сабукрав равон намуд. Ман ваколатномаро гирифта, ба идораи нотариалии ноњияи Сино ва Шоњмансур бурдам ва масъулини он тасдиќ карданд, ки ваколатнома ќонунист. Пас аз ин ман ваколатномаро ба БДАи ЉТ барои "оформит" кардан бурдам, аммо масъулони он кабул накарданд. Онњо мегўянд, ки ваколатнома ѓайриќонунї аст. Саволе ба миён меояд, ки ваќте идораи нотариалї ваколатномаро тасдиќ кардааст, оё БДА њуќуќи гардондани њуљљатро дорад? Дар ин њолат маќомоти нотариалї чї даркор, ваќте БДА худаш ваколати нотариусро иљро мекардааст? Абдулмўъмин ОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Аз тарафи маќомоти Бозрасии давлатии автомобилї баќайдгирии давлатї ва аз ќайд баровардани воситањои наќлиёт тибќи "Тартиби баќайдгирии давлатии воситањои механикии наќлиёт ва ядакњо", ки бо ќарори Њукумати ЉТ аз 29-уми октябри соли 1999 тањти № 441тасдиќ шудааст, ба роњ монда шудааст. Дар Тартиби зикргардида асноде, ки ќонунї будани харидории воситаи наќлиётро тасдиќ мекунанд ва дигар санадњое, ки барои анљом додани амалњои баќайдгирї пешнињод карда мешаванд ва бо забони дигар тартиб дода шудаанд, бояд ба забони тољикї ё забони муоширати байни миллатњо тарљума ва аз тарафи нотариус тасдиќ карда шаванд. Агар ваколтаномањое, ки аз тарафи маќомоти натариус дода мешаванд, дараљаи њимоявї надошта бошанд, дар ин сурат ба ќалбакї ё сохтакорї гумонбар карда мешаванд. Мутобиќи Тартиби зикршуда асноде, ки дар он аломатњои сохтакорї доранд, барои анљом додани амалњои баќайдгирї ќабул карда намешаванд. Аз шањрванд Абдулмўъмин Оев хоњиш карда мешавад, ки бори дигар бо њуљљатњои худ ба шўъбаи баќайдгирии имтињонотии Раёсати БДА ВКД-и Љумњурии Тољикистон мурољиат намоянд, то масъалаи мазкур њалли худро ёбад. Ба саволи Шумо сардори шўъбаи баќайдгирии ШБИ РБДА ВКД-и ЉТ полковники милитсия Шералї САЛИМОВ посух дод.
ХАРИ МАРО НАХАНДОНЕД! ТАЊРИФИ ТАЪРИХ "… Аллома Муњаммад Иќбол як байт дорад, ки чунин аст: Чанги темурї шикаст, оњанги темурї ба љост, Сар бурун меорад аз сози Самарќанди дигар… Аллома бо ин байташ гуфтан мехоњад, ки Темур, ки аз батни боиффати тољик - Нигинабегим ба дунё омада буд, гарчанде аз байн рафтааст, вале шеваи корњои неки ў - иттифоќпарастї ва муттањидхоњии мардумони Осиёи Миёна дар ќалби халќњои некўкор боќї мондааст ва имрўзњо, аз мовароуннањрињо (аз ягон канори Самарќанд) мисли Темур ва давомдињандагони кори ў, узви хонадон ва силсилаи аљдоду авлодонаш аз Зањириддини Бобур сар карда, то Хумоюну Акбаршоњу Љањонгиру Шоњљањону Аврангзебу Бањодуршоњ касе пайдо мешавад, ки боз як бори дигар аз нав олами Шарќ, хусусан форсњо, тољикњо ва даризабонњо ва умуман мусулмонони Осиёи Миёнаро ба муттањиддї ва тифоќї даъват менамояд?! Навъе, ки аз Фарѓона ба Њиндустон омада, ба мо якум ин, ки исломи покро тўњфа оварданд, дуюм, ин ки забони тољикии нобро њадя карданд. Имрўз барои њалли ин масъала танњо ташаббускор лозим асту бас …" Номи китоб "Њайкали тиллої", Нашриёти "Истеъдод" Душанбе-2011, адади нашр 10000 нусха, муаллиф: Сайфиддин Акрамзодаи Тудаї ва муњаррир Усмон Сабзов. Шарњ: Ростї, имрўз замоне шудааст, ки њар касе бар сараш чизе ояд, онро китоб карда, ба чоп мерасонад. Аммо тањриф кардани таърих аз сўи чунин нимчатаърихнигорони бесавод љойи тааљљуби бештар аст, албатта. Њаминаш ба мо намерасид, ки аз Темур Лангович (ифода аз рўзномаи "СССР") ќањрамон бисозему ўро муттањидкунанди тољикону тарѓибкунандаи маданият ва ба мисли ин "тањрифнигор" њатто оварандаи забони тољикиву дини ислом битарошем?! Алњазар аз чунин таърихнигорони тањрифнигорони душмани миллати тољик! Дарёфт ва шарњи Носир ДАВЛАТОВ, сокини дењаи Зайнабободи ноњияи Рўдакї
?-И НОБОБ
ВОКУНИШ
ЧАРО ДАР ФАСЛИ БАЊОР ОДАМОН БЕШТАР БА БЕМАДОРИВУ КОЊИЛЇ ГИРИФТОР МЕШАВАНД? - Ваќте фасли бањор мешавад, аксари одамон дар вуљуди хеш бемадорї, камќувватї, гарангї, кундзењнї ва ба коњилї гирифтор мешаванд. Чаро мањз дар њамин фасли сол одамон ба ин илатњо гирифтор мешаванду дар фасли дигари сол не? Зайдулло Ёќубов, сокини дењаи Аскари сурхи ноњияи Рўдакї - Дар ду њолат, дар ду фасли сол дар ваќти сабзахез ва хазонрез дар тамоми табиат таѓийроти куллї ба вуљуд омада, яъне аз хунукї ба гармї омадан ва аз гармї ба хунукї рафтан ва њамчунин таѓийрот дар љирмњои осмониву заминї пайдо мешавад. Яъне таъсири њафт сайёра аст, ки таъсири онњо ба замин зиёд мешавад. Њамин таѓийроти куллї дар гардиши чор хилте, ки дар бадани инсон аст масалан савдо, сафро, хун ва балѓам њодис меёбад. Яъне њаминњо ба њамдигар омезиш меёбанд. Ваќте ки балѓам бо хуни савдо, ки он хуни ѓализи мурдор аст, яъне ки ифлос аст, ба хуну савдо ва сафро, ки он зардоб аст, якљоя шуда, боиси ављ гирифтани бисёр беморињо аз љумла беморињои пуст, диќќи нафас, фишорбаландї, рўдаву меъда, бемадорї ќамќувватї, ѓамгинї, коњилї ва ѓайрањо мегардад. Аз њамин сабаб бояд инсон дар ин фасл пеш аз њама аз хўрокињои бодовар, шўру тез, газакњо, одамоне, ки иллат доранд, яъне меъдањояшон нуќс дорад, мизољошон тар аст, мизољи хушк доранд, аз хўрдани онњо худдорї кунанд ё кам истеъмол намоянд. Одамоне, ки мизољошон гарм аст, аз истеъмоли таомњои гармиовар ба монанди равѓани њайвонот, масалан, моддањои гарм, асал ва дигар чизњои гарм, ки боиси фишорбаландї мешаванд бояд худдорї намоянд. Баъдан ягона роњ њамин аст, ки инро дар тибби ќадим мегўянд, дарунро тоза кардан лозим аст. Саволе ба миён меояд, ки бо чї тарз баданро тоза кардан лозим аст? Хусусан шахсоне, ки то 50 сола њастанд, пеш аз њама бояд бо барги сано бадани худро љилоб кунанд. Љилоб чист?Љилоб тоза кардани даруни бадан аст ва барги сано алафе аст, ки вай дар њавлињо ва пўштаву кўњњо мерўяд. Санои маккї, эронї ва њиндї аст. Њамчунин сано дар Краснодари Русия ва баъзе љойњои Украина мерўяд. Баъди шустан бо њамин гиёњ одам худашро хеле сабук њис мекунад. Моддањои нодаркори бадани инсон аз истифодаи хамин гиёњ аз бадан хориљ мешавад, яъне намакњо, моддањои тар, хусусан балѓам, хуни сўхта ва сафроро тоза мекунад. Одамоне, ки фишорашон баланд асту хуни зиёдатї доранд, метавонанд дар ваќти гул кардани лола хун бигиранд. Баъдан аз анвои хурдании шўру тез парњез кардан лозим аст. Дар фасли бањору тобистон рўзона хоб кардан хуб нест, хусусан ба одамоне, ки тармизољ њастанд. Шахсони тармизољ метавонанд ба бемории сулфа,ки он аз балѓами зиёд пайдо мешавад, гирифтор шаванд. Одамони фишорбаланд агар бо шиками сер рўзона хоб раванд, фишорашон мехезад, хўроки хўрдаашон дар меъда њазм нашуда мемонад ва меъда ба дард меояд. Њамчунин ваќте ки ашхоси алоњида њаракат намекунанд, хўрок хуб њазм намешавад ва сари инсон дард мекунад. Њозир ваќти зиндашавии табиат аст. Касоне, ки аз нарасидани йод ба бемории љоѓар гирифтор мешаванд, мисол, метавонанд бо истеъмоли сиёњалаф онро рафъ ё кам кунанд. Барои рафъи бемории фишорбаландї ва касалии ќанд хўрдани чукриву торон хуб аст. Барои санг доштагињо хўрдани шибит (укроп), арпабодиён, ќоку, барги зуф, пудина, ки дар лаби об сабзидааст, хуб аст. Дар таркиби њамаи ин растанињо моддањои кимиёвї, моддањои хуби биологии зинда, витаминњои гуногун барои даво аз ин ё он беморї мављуд аст. Агар аз њамин растанињо бо риояи меъёр истифода бибарем, барои пешгирии беморињо онњо муфид њастанд. Масалан, сир (чеснок)- ро танњо дар фасли сармо истифода бурдан назар ба гармо афзалияти бештар дорад. Њоло ба наздикї бодирингу помидори аз љињати экологї тоза ба њосил додан медароянд, ки истифодаи онњо назар ба хобондашудаи шўри он организми инсонро аз витаминњои зинда таъмин мекунад. Бо андак гузаштан аз ин фасли сол одамон ба њолати муќаррарии хеш бармегарданд. Агар шахсоне дар ин бора барои даво тафсилоти бештареро донистан мехоњанд, метавонанд бо шумораи телефони 91 935 52 91 ба ман мурољиат намоянд. Ба саволи Шумо Муњаммадрасул ИБРОЊИМЗОДА, табиби мардумї посух дод.
ДАСТУР БАРОИ ЉАВОНОНИ НОЊИЯЊОИ БЕБАРЌИ АФРИЌО ВА ТОЉИКИСТОН
?-И НОБОБ ВАЗИФАЊОИ ОМБУДСМЕН АЗ ЧЇ ИБОРАТ АСТ? - Дар Тољикистон дар баробари маќомоти судї, прократура ва адлия њамчунин нињоди ваколатдор оид ба њуќуќи инсон фаъолият мекунад. Вазифањои асосии ин нињод аз чї иборат аст? Шањрвандон бо кадом мушкилињои њуќуќии худ метавонанд ба он мурољиат кунанд? Сунатулло ШАРИФОВ, сокини дењаи Шавгардии љамоати Симиганљи шањри Вањдат - Нињоди Омбудсмен ("umbuds-man" бо тарљума аз калимаи шведї "намоянда", "њимоятгар" ё "њимоятгари њуќуќ"-ро ифода менамояд) соли 1809 бори нахуст дар давлатњои Скандинавия, аниќтараш, дар Шветсия, ваќте ки тибќи Конститутсия мансаби намояндаи парламент таъсис дода шуд, ташкил карда шудааст. Ба зиммаи Омбудсмен вазифаи назорати риояи ќонунњо аз тарафи шахсони расмї вогузор шуда буд. Воќеан, мансабњои ба ин монанд дар маданиятњои дигари ќадима вуљуд доштанд. Масалан, дар Рим њимоятгари љамъиятї вуљуд дошт, ки шањрвандони шањрро аз њама гуна шаклњои ситам њифз менамуд. Дар љањони ислом мўњтасибњо арзи вуљуд доштанд, ки на фаќат риояи ањкоми шариатро назорат мекарданд, инчунин бањсњои оид ба барќарор намудани њуќуќњоро баррасї намуда, вазифаи пешгирї кардани љиноятњоро бар ўњда доштанд. Айни замон дар љањон зиёда аз 119 институти миллї оид ба њуќуќи инсон мављуд аст, ки онњо асосан дар 35 соли охир рушд намудаанд. Алалхусус дар њамин 15 соли охир зиёдшавии шумораи чунин институтњо дар мамлакатњои Америкаи Лотинї, Африќо, Осиё, Осиёи Марказї ва Аврупои Ѓарбї ба ќайд гирифта шудаанд. Ин њолат бо он алоќамандї дорад, ки аксари шумораи зиёди давлатњо роњи инкишофи демократиро интихоб намудаанд. Њамаи институтњои мазкур вобаста ба инкишофи таърихї, фарњангї, иќтисодї ва сиёсї ба худ шаклњои (номњои) гуногунро ќабул менамоянд: комиссия, омбудсмен, ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, њимоятгари халќї, адвокати љамъиятї ва ѓайра. Аксарияти ин институтњо хусусиятњои умумї дошта, инчунин аз якдигар аз рўи мавќеи худ дар системаи њуќуќї, сохтор, расмиёт, ваколатњо ва дигар хусусиятњо љиддан фарќ мекунанд. Дар баъзе давлатњо институтњои миллї оид ба њуќуќи инсон аз як нафар иборат буда, њамзамон дар дигар давлатњо аз гурўњи коршиносон иборат аст. Дар Љумњурии Тољикистон институти мазкур ваколатдор оид ба њуќуќи инсон (минбаъд - ваколатдор) номида мешавад. Мансаби ваколатдор соли 2008 бо ќабули Ќонуни ЉТ "Дар бораи ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар ЉТ" таъсис дода шуд. Ваколатдор маќомоти алоњидае мебошад, ки дар шахси як одам таљассум ёфта, бо маќсади мустањкам намудани кафолати конститутсионии њифзи давлатии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, мусоидат ба риоя ва эњтироми онњо аз тарафи маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот (љамоат), шахсони мансабдори онњо ва шахсони мансабдори ташкилотњо, муассисањо ва корхонањо, новобаста ба шаклњои ташкилию њуќуќии онњо таъсис дода шудааст. Кори ваколатдор дар асоси принсипњои зерини асосї, ки ба њар як институти миллї оид ба њуќуќи инсон бояд хос бошад, ба роњ монда мешавад: мустаќилият (њуќуќї, фаврї, молиявї, ташкилї); доираи ваколатњо (баланд бардоштан ва њифз намудани тамоми њуќуќњои инсон бо назардошти шањрвандї, сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангї); дастрас будан (ба ањолї наздик будан, мувофиќ љойгир будан, дастрас будани расмиёт); њамкорї (бо дигар маќомоти давлатї, ташкилотњои ѓайрињукуматї, ташкилотњои байналмилалї ва ВАО-и њам дохили давлат ва њам берун аз он); самаранокии фаврї (истифодаи усулњои кор, ки барои њавасманд намудан ва њифзи њуќуќи инсон мусоидат мекунанд. Ваколатдор бо розигии Маљлиси намояндагони МО ЉТ ба мўњлати 5 сол бо имконияти боз ба як мўњлати дигар аз нав таъин шудан аз тарафи президенти ЉТ таъин карда мешавад. Ба саволи Шумо аз нињоди ваколатдор оид ба њуќуќи инсон љавоб доданд.
ТАСЊЕЊ: Дар шумораи гузаштаи нашрияи «Нигоњ» (№ 2 (278) аз 4-уми апрели соли 2012) бо сабаби техникї дар матлаби «?-и нОбОб – Чї хел аз худ ѓамро дур созам?» номи хонанда ба љойи Шарофат, Шарофиддин чоп шудааст. Бинобар ин, Шарофат хонда шавад.
Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, Тел:985 60 86 85, E-mail: nigoh_tj@inbox.ru
16 №3 (279), 11-уми апрели соли
2012
Эй кош, њамон русиро бехатову дуруст донему навишта тавонем. Хидмати шоёне барои зиндадории забони бегона. Доногии мо ба дараљае расидааст, ки тољик бо тољик русї њарф мезанад.
ЛАТИФА / ЛАТИФА
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
Шўхї аз Љўра ЮСУФЇ, шоир ва рўзноманигор
"ЭЙ ФАЛАК, ДОД АЗ ЉАФОЯТ…" Боре дар як тарабхонаи Хуљанд танњо менишастам ва устод Љўрабек Мурод ѓазали эшони Наќибхони Туѓралро аз магнитофон месуруданд: Эй фалак, дод аз љафоят бар чї њолам кардаї, Рост будам чун алиф, монанди долам кардаї.
Эй сипењри бемуруват з-ин кадомин шеваат Зери пойи бешуурон поймолам кардаї… Њамин ваќт се нафар љавонони олуфта, ки аз тарзи либоспўшияшон ва беодобона, бо њаёњуй вориди тарабхона гардиданашон "навтољик" будани онњо аниќ буд, ба пешхизмат фармон доданд, ки ягон суруди "блатной" монад. Пешхизмат гањ ба онњо менигаристу гањ ба ман ва оќибат гуфт, ки аз он муаллим "пурсидан даркор"… Њар се ба назди мизи нишастаи ман омаданд ва якеашон, ки аз њаракоту гуфтор "пешво" буданаш аниќ буд, гуфт: -Эй старик, аз њамин "Шашмаќом"у сурудњои доќиюнусї мо њељ чиз намефањмем, агар маънояшро ба мо фањмонї, хуб, вагарна Љўрабекро њам хомўш мекунему туро њам. Ба ёдам панди Саъдї расид, ки: Ду оќилро набошад кину пайкор, На доное ситезад бо сабукбор… Пас ба тафсир шурўъ кардам:
- Шоир мегўяд, ки фалак ба ў љабру љафо кардааст, ќомати мисли "алиф" росташро ба монанди "дол" хам кардааст…ва …ва њоказо… Аммо ман ба њисоб нагирифта будам, ки ин бахтбаргаштањо на "алиф"ро дидаанду на "дол"-ро… Ногањон мурѓи илњом пар заду рўњи шўхи пирам Туѓрал, ки воќеан шоири хеле зиндадил њам будаанд, мададгор гардид ва гуфтам: - Бачањо, бењтараш ин шеърро ба забони имрўзаи шумо тарљума мекунам, ки таќрибан чунин мешавад: Эй фалак, дод аз љафоят "банкрот"-ам кардаї, Пистае мехостам зањре "в ротам" кардаї. Ман зи ту мехостам роњи "прамо"-ю васеъ, Дар сари њар як ќадам сад "поворот"-ам кардаї… Бачањо маъноро фањмиданд ва калонашон сад, дуи дигар панљоњ долларї ба банда "гонорар" доданд ва ба пешхизмат таъкид карданд, ки минбаъд низ маро њурмат кунад.
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
«МАЁ ТВАЁ НЕ ПАНИМАИШ» САРСУХАН Кайњо мехостам дар ин мавзўъ чизе бинависам. Андешањоям мисли калобаи риштаи саргуму печдарпечанд. Аз чї оѓоз кардану бо чї ба итмом расонидан мушкилї меоварад. Инак гилсов (шпател) - ро канор гузошта, илњомамро фаро хондам ва ќалам ба даст гирифтам, то алами дилро аз коѓаз ситонам. Мавзўъ: руспарастї ва русзабонии тољикон. Нафароне, ки ба чунин беморї гирифторанду асаби нозук доранд, бењтараш дар њаминљо нукта гузошта аз торнигор(блог) берун раванд, то боиси малоли хотири онњо нагардад. РАФТЕМ Хуб, бо хонандагони азизе, ки мутолиаро идома медињанд, меравем ба дунболи мавзўъ. Хонандагони гиромї, ба саволи «Мо - тољикон кистем, чї миллатем ва чї хислат дорем?» чї посух мешавад гуфт? Биёед мушт бар сина зада, мо Синову Хайёму Рўдакиву Лоиќ доштем, намегўем. Мо давлати Сомониёну Самарќанду Бухоро доштем, намегўем. Ин њама замони гузашта буд. Њозир мо кистем? Њар нафар, пиру љавон, аз олим то ба дењќон, чї хидмате барои миллат, барои Ватан анљом дода метавонем?
шањрњои Русия ва дар Тољикистон ба забони модарии худ эњтиром гузошта, бо узбакї њарф мезаданд. Мекўшанд, ки вожаи гўшхароши ўзбакиро ба гўши атрофиён бирезанд ва лаззат њам мебаранд. Агар забони онњо мисли забони порсї ширину гуворо мебуд, шояд онро байналмилалї њам эълон мекарданд. МО ЧЇ? Мо доноем. Мо замонавием. Мо пешрафта ва тараќќикардаем. Мо чаппаю роста зўр зада, аз худ русидон метарошем. Эй кош, њамон русиро бехатову дуруст донему навишта тавонем. Хидмати шоёне барои зиндадории забони бегона. Доногии мо ба дараљае расидааст, ки тољик бо тољик русї њарф мезанад. Мо дар хонаи худ забони худро зери по кардаем. Забоне, ки дар зодбуми худ хору зор ва хандаовару нафра-
(«Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
- Як-ду сол пеш дар матбуоту интернет танќидњо дар бораи ширкати IRS пур буд. Яъне, роњи пулакї. Имрўз ин гуна танќидњову шикоятњо аз роњи пулакї ва ширкати IRS аз байн рафтааст. - Бачањои ширкати IRS беилњомї карда, бо љамоли худ шуморо мушарраф накарда истодаанд-чї?! Њич гап не, журналистони нашрияњои шумо мехондагї фањмиданд, акнун боз менависанд.
Фарсос Бобољон БОБОХОНОВ, собиќ Прокурори генералии Тољикистон: - Њар кас фарзанди худро дўст медорад. Мумкин богуноњ бошад, њамеша бегуноњии ўро дастгирї кунад. Лекин ба ин дараља ќасосгирї ба касе даркор набуд. - Инро уртоќ Бобохонов ваќти прокурори генералї буданатон мегуфтеду тибќи он амал мекардед, шояд ба ин рўзњо намезадед. Дањњо мардони аз беадолатї зиндонї шудаву садњо муйсафедону кўдакони аз бебарќї мурда, фарзанди кассе набуданд?
Тафсѓона Камолиддин РАБИМОВ, тањлилгари узбак: - Ба фикрам, чунин даъвати (ањзоби сиёсї) дар Тошканд вокунише нахоњад дошт, чунки мушкилоти миёни Тољикистону Узбакистон ба як марњилае расидаанд, ки мавќеи онњо љомаи ѓурури миллї ба бар кардаанд. Каримов гузашт карданї нест ва дар пеши рањбарияти Тољикистон шартњои худро гузоштааст. - Худо накарда, роњбарияти Тољикистон шарти тафсонидани Фарѓонаву Андиљонро пеш ораду љомањо гармї кунанд-чї?!
Ширарайъ Зафар АБДУЛЛОЕВ, тањлилгар: - Бо вуљуди он ки мо сиёсати Эмомалї Рањмонро дўст намедорем, ин њамон њолатест, ки мо бояд њамраъйии њамаљониба нишон дињем ва ба дипломатияи тољик кўмак кунем, чунки њоло он таќрибан заминањои худро барои пеш бурдани гуфтугўњо аз даст додааст.
Сизњуш Сўњроб ШАРИФОВ, вакили Маљлиси намояндагон: - Мо дар остонаи хуруљи нерўњои НАТО аз Афѓонистон ќарор дорем ва бояд роњи худро таъйин кунем, ки чї гуна рафтор кунем ва чї гуна манфиатњои худ, манфиатњои абарќудратњоро дар назар дошта бошем, ки њушёриро аз даст надињем ва бозичаи дасти онњо нашавем. - Дер шуд,љаноби вакил, дери дер! Тошканд ба соњибони НАТО аллакай фањмонд, ки шумо на танњо роњ надоред, балки рафторатон њам ба бероњї бурдаасту абарќудратњо бояд њарчї зудтар манфиатњояшонро ба Ислом-ота мувофиќ кунанд. Сиз мени тушундингиз-ми?! Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ»
ЧЇ БОЯД КАРД? Дуруст аст, ки «забон донї - љањон донї» гуфтаанд. Аммо њар забон дар ватани њамон забон истифода шавад, бењтар нест? Бигзор мисли ўзбакњо дар тамоми курраи Замин забони худро воло надонем. Њадди аќал дар Ватани худ, дар хонаи худ, дар вебгоњу сўњбатхонањои интернетї забони ширину гуворои худро эњтиром намоем. Ин майдатарин корест, ки аз дасти њар нафари мо меояд. Майдатарин хидматест, ки њар нафари мо метавонем ба хотири эњтироми лафзи волидайни худ, ба хотири эхтироми бузургони гузашта, ба хотири эњтироми хоки азизи зодгоњу сарзамини Тољикистон анљом бидињем. Чї гуфтед? Ilhomwordpress.com
Низом ЊАКИМОВ, вазири наќлиёти Тољикистон:
- Э, сирри маќола дар бораи шираи камол ва «тибќи моддаи 69» оѓози њамраъйии њамаљониба будааст, гўед, мулло!
НАМУНАИ ИБРАТ? Барои як њарфи «а» ва «ё» бо ўзбакњо нотифоќем ва муштбаргиребон мешавем. Онњоро аз худ паст мењисобем. Аммо онњо тавонистанд њуввияту худшиносии миллии худро боло бардоранд. Онњо дар Африка њам кўшиш менамоянд бо забони худ њарф зананд. Ростї, ин хислати онњо писандам омад. Чандин маротиба шоњиди он будам, ки ўзбакњо дар сўњбатхонањои маљозии интернетї, вебгоњњои љамъиятї, дар
Њ аф т ан о ма да р В а зо р ат и ф а рњ а нг и Љ у м њ у р ии Т о љ и к и с т о н б а ќ а й д гириф та шу д аас т.
тангез шудааст. Забоне, ки ба марг рўбарўст.
Арспур
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
0000000000000000000000
www.tojnews.org
www.tojnews.org
17
18 №3 (279), 11-уми апрели соли
2012
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
19
20 №3 (279), 11-уми апрели соли
2012
Муаллиф фаромўш мекунад, ки дар љумњурї дар њама соњањо, аз љумла соњаи маориф низ ќабул ва истифодаи маблаѓи шартномаи довталабон ва донишљуён дар асоси асноди меъёрии њуќуќии соња монда шуд.
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
№3 (279), 11-уми апрели соли 2012
Уитнї Њюстон яке аз шинохтатарин овозхонњои муосири Амрико дар синни 48 - солагї ба таври асроромез аз олам даргузашт. Тибќи иттилои расмї Њюстон дар мењмонхонаи "Beverly Hilton" воќеъ дар шањри Лос-Анљелес фавтид ва сабаби марги ногањонии ў мушаххас нашудааст. Аммо пулис мегўяд дар бадани ў нишонаи ошкори ќасди љиноиро мушоњида накардааст. Уитнї Њюстон солњои 80 асри гузашта рўи сањна омад ва дар як муддати кўтоњ маъруфияти зиёд касб кард. Таронањои "How Will I Know," Saving All My Love" ва "I Will Always Love You" барои љавонони солњои 80 ва 90 бештар вирди забон буданд. РОЊИ ПУРМАШАЌЌАТИ САНЪАТ Уитнї Њюстон дар кино низ наќш бозид ва нуќтаи ављи њунари ў дар синамо филми њунарии "Муњофиз" буд. Дар ин филм њамроњ бо Кевин Костнер наќши асосиро иљро кард ва њамаи сурудњои онро иљро намуд. Таронаи "I Will Always Love You" ("Ман њамеша туро дўст хоњам дошт") аз сурудањо дар филми "Муњофиз" буд, ки ќалби мухлисони созу сурудро дар сар то сари олам сайд кард. Баъди он њарчанд чандин наќши дигар дар синамо офарид, вале комёб нашуд. Сипас, вай комилан ба мусиќї рў овард. Ўро аз муваффаќтарин сарояндагони асри муосири Амрико медонанд, ки њам ба теъдоди таронањои марѓуб ва њам ба адади нашрашон дигаронро гузаштааст ва њатто барои адади мукофотњояш ба китоби рекорњои Гиннес дохил шудааст. Мегўянд тўли умр албоми таронањояш бештар 170 миллион
адад нашр шуда, ба мухлисонаш расидаанд. Бино ба гуфтаи Ассотсатсияи ширкатњои сабти овози Амрико Њюстон чорумин хонуми сароянда аст, ки танњо сабти таронањои дорои шањодатномааш бештар аз 55 миллион ададро ташкил додааст. Маљаллаи Rolling Stone ўро дар радифи 100 сарояндаи бењтарини љањон гузошта буд.
Аммо ваќтњои охир сароянда ба саломатї мушкил дошт. Ис-
Уитнї Њюстон -
ќурбонии нави мухаддирот
теъмоли пайвастаи маводи мухаддир ва нўшокињои спиртї бадани ўро гирифтори беморињои зиёд намуд. Зарфи се-чор соли охир ба њамин иллат чандин маротиба барномањои консертии эълоншудаи худро лаѓв кардааст Зану шавњар барои интиќол ва истеъмоли мухаддирот бо ќонун њам мушкил пайдо карда буданд. Чунончї, 11 январи соли 2000 дар фурудгоњи Гавай муњофизон дар баѓочи Уитнї Њюстон ва Боббї Браун њашиш кашф карданд, ки боиси сару садоњое дар љомеаи ин кишвар шуда буд. Охирин издивољи сароянда бо Боббї Браун низ анљоми ноком дошт. Баъди ба дунё омадани духтарашон ин ду њунарманд, ки њарду иртибот бо маводи мухаддир доштанд, аз њам људо шуданд.
РОЊЊОИ ПУРПЕЧУТОБИ ШЎЊРАТ Аммо зиндагонии шахсии ин сарояндаи маъруф роњи пурпечу фарозе доштааст. Соли 2002 Њюстон бо падараш Љон Њюстон мољаро дошт. Он замон президенти ширкати John Houston Enterprise ва дўсти хонаводагии онњо Кевин Скиннер аз болои Уитнї Њюстон ба додгоњ шикоят бурданд, ки гўё вай муоњадаро наќз мекардааст ва хостори љуброи 100 миллион доллар шуданд. Аммо дар мурофиаи додгоњї бањсро бохтанд ва ба маќсад нарасиданд. Сухангўи сароянда баъдан изњор дошт, ки падари 81-сола ва бемори ў ба ин даъвои судї иртиботи мустаќиме надошт. Аммо баъдан маълум шуд, ки Уитнї аз њолати ба миёномада, ки муддате боиси коњиши обрўяш дар љомеаи Ам-
рико гашт, озурда шуд ва моњи феврали соли 2003 ваќте падараш аз олам даргузашт, ба љанозаи ў њозир нашуд. Аммо ин мурофиаи судї муддати се сол идома дошт ва замоне ќатъ гардид, ки Скиннер ба мурофиа наомад. Моњи майи соли 2008 бошад модари угайи ў Барбара Њюустон ба додгоњ шикоят бурд, ки гўё духтархондаш мероси аз падар боќї мондаи худро нодуруст масраф мекунад ва иддиои таќсими мерос намуд. Ин бор низ додгоњ шикоятро ба манфиати сароянда њал кард ва иддиои мадарандарро ѓайриќонунї эълон намуд. АЗ ШЎЊРАТ ТО ФОЉЕА ЯК ЌАДАМ Оре, њамаи истеъмолкунандагони маводи мухаддирро роњи умр кўтоњу оќибати он пурфољеа аст. Аксаран дар танњої ва аз беморї мефавтанд ва ё ба садама дучор меояд ва ё худро ба ќатл мерасонанд. Маводи мухаддир ќурбониёни худро дар байни афроди шинохтаву варзида интихоб мекунад ва тўли як ќарн оламиён шоњиди дањњо њодисае буданд, ки чењрањои шинохта ва марѓуби санъату адабиёт, онњое, ки бо созу суруд ва шеъру тарона инсонњоро ба сўи њаёти зебо мехонданд, дунёро рангину холї аз њар гуна фањшо ба тасаввур медоданд,
баъди истеъмоли мухаддирот билохира љони худро аз даст доданд. Чунончї, 16 августи соли 1977 Элвис Аарон Преслї, сароянда ва њунарманди шинохтаи синамо дар синни 42-солагї оламро тарк гуфт. Сабаби марги ў истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ва доруњои психопропии гуногуне эълон шуд, ки баданашро ранљуру бемор карда буд. 5 апрели соли 1994 Курт Кобей, як тани дигар аз сарояндагони муваффаќи амрикої, сарвари гурўњи њунарии Nirvana дар хонаи худ воќеъ дар Сиетлї худро парронд. Њангоми ташхис табибон дар бадани ў 225-240 грамм героин пайдо карданд. Ин миќдор ба њадде кушанда аст, ки метавонад пурра вориди бадан нашуда, шахсро аз пой дароварад. Љимм Мориссон аз шўњратмандтарин њунармандони Амрикои ќарни пешин буд. Дар синни 27-солагї, дар ављи њунар ва шўњрат дар хонаи худ, андаруни ваннаи пуроб аз кафидани дил баъди истеъмоли мухаддирот ба њалокат расид. Аммо ин хабари расмї буд. Тибќи иттилои Сэм Бернетт, ки баъди марги сароянда китоб навишт, ўро дар њољатхона мурда пайдо карданд. Ва сабаби онро худи њамон замон истеъмоли аз меъёр зиёди героин эълон карда буданд. Ин иќтибоси кўчак аз китоби Сэм Бернетт: "Басо дардовар аст ба хотир овардан. Ваќте мо љасади ўро ёфтем, дар пеши биниаш каме кафк ба чашм мерасид ва ками дигар хун. Духтур ваќте ўро дид, гуфт: Ба фикрам аз меъёри зиёди истеъмоли героин фавтидааст". Анна Никол Смит, Љимми Хендрикс, Мурод Носиров, њатто Владимир Висотский ва боз дањњо тани дигарро метавон ном бурд, ки зиндагонии худро баъди истеъмоли пайвастаи маводи мухаддир бо фољеа ба поён расондаанд. Дар байни њунармандони тољик њастанд касоне, ки њунари волои худро баъди дўстиву улфатї бо маводи нашъаовар аз даст доданд, мухлисонашонро ноумед ва њаёти ширинашонро гирифтори сад ранљу бало намуданд. Вале касоне њам њастанд, ки иштибоњи худро пай бурданд, худро ба даст гирифтанд ва баъди танаффузи тўлонї бори дигар ба сањна баргаштанд, мухлисони интизори худро дарёфтанд. Ва яке аз онњо Субњон Саид, овозхони хушсадо ва мањбуб буд, ки имрўз худ аз мубаллиѓону тарѓиботчиёни њаёти солим ва зидди истеъмоли мухаддирот аст. Вай аз гузаштаи худ, ки муддате саргарм ба истеъмоли героин буд, наќлњо мекунад ва пинњон намедорад, ки замоне по ба остонаи як хатои таќдир нињода буд, вале аќли солим боло гирифт ва њоло бозгашт ба сўи хонадон, ба сўи мардум, ба сўи њунар ва ба сўи мухлис. Сокинони кишвар ду барномаи консертии ўро дар соли гузашта хеле хуб дар ёд доранд, ки шояд хотирмонтарин лањзањои њаёти ин сароянда буд. Бобољони ШАФЕЪ