- Оё фейсбукињо динро аз сиёсат људо медонанд?
Иттилоот ва тањлил барои одамони фаъол
Ќосими БЕКМУЊАММАД: Њама доди ватанхоњї зананд, аммо... Шарњи сиёсї
| №6 (282). Чоршанбе,2-юми майи соли 2012 |
Љаноби ИКС:
Насибамоњи МИРВАЛЇ:
"Батс!". "Фантастикаи" Фаттоњ Саидов. 3
«Розњои пинњонї»
Е-mail: nigoh_tj@inbox.ru
«Мехоњам модарам зиндонї шавад» 5
Нигоње ба музофот
6
Озодї ва пул Як хонанда дар Тољикистон чанд сомонї нарх дорад?
Дар ин шумора: сиёсат Манъи содироти ангишт ба хориљи кишвар
2 љањон
Муборизаи Мирзо ва Саломат Ё идомаи ќиссаи воќеии «Рўзи сиёњи таксист»
Кореяи Шимолї: аз афсона ба афсона
10 пурбин
Инќилоби хирад
16
2
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
Њизби нањзати исломии Тољикистон ният дорад рўзњои наздик номаи саркушодаи худро унвонии Њукумати кишвар дар мавриди мўњтавои аслии Протоколи 30-20 аз љаласаи Шўрои Амнияти назди Президент ирсол намояд.
ИЛОЉИ ВОЌЕА
5 ГАПИ ЊАФТА АЗ
Манъи содироти ангишт ба хориљи кишвар - Њукумати Тољикистон аз 1-уми майи соли љорї содироти ангишт ба хориљи кишварро манъ кард. Ин ќарор дар љаласаи навбатии њукумат, ки тањти раёсати президенти кишвар Эмомалї Рањмон баргузор гардид, тасдиќ шуд.
Дар ин маљлис инчунин Наќшаи чорабинињо оид ба омодасозии сариваќтии соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї ба фаъолияти мунтазам ва босамар дар давраи тирамоњ ва зимистони солњои 2012-2013 баррасїгардид.
Тамоми сохторњои давлатии љумњуриявї, вилоятї ва шањрию ноњиявї вазифадор карда шуданд, ки доир ба рафти иљрои наќшаи чорабинињои мазкур ба Вазорати рушди иќтисод ва савдо ва ба Ситоди љумњуриявї њар моњ њисобот пешнињод намоянд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дастур дод, ки барои фаровон захира намудани маводи сўхт, аз љумла ангишт, гази моеъ ва афзун намудани нуќтањои фурўши онњо, њамчунин захираи озуќаворї барои ањолї ва хўроки чорво аз њозир чорањои сариваќтї ва амалї андешида шаванд. Оид ба њолати назорат ва танзими фаъолияти наќлиёти автомобилї њисоботи Вазири наќлиёт шунида шуд. Зимни њисобот ба роњбарони масъулони соња доир ба тармиму навсозї ва нигоњдории босифати роњњои мошингард, пешгирї аз вайроншавии пеш аз мўњлати роњњои навбунёд ва таъмини
рафтуомади бемонеаю доимии наќлиёти автомобилї дар њамаи минтаќањои љумњурї супоришњои мушаххас дода шуд. Дар љаласа њамчунин Созишнома миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Белорус оид ба фаъолияти муваќќатии шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Белорус ва шањрвандони Љумњурии Белорус дар Љумњурии Тољикистон ва чанд санади дигари њамкорињои хориљї тасдиќ карда шуданд. Дар охири маљлис Сарвари давлат Эмомалї Рањмон таваљљўњи њозиринро, њамчунин ба иљрои Наќшаи чорабинињо доир ба иљрои супоришњои дар паёми президенти Тољикистон ба Маљлиси Олии кишвар зикргардида љалб намуда, дар назди роњбарони сохторњои дахлдор вазифањои мушаххас гузошт. Нилуфари КАРИМ, TojNews
МУШКИЛИ МУДАВВОМ
Номаи ЊНИТ ба њукумат Њизби нањзати исломии Тољикистон ният дорад рўзњои наздик номаи саркушодаи худро унвонии Њукумати кишвар дар мавриди мўњтавои аслии Протоколи 30-20 аз љаласаи Шўрои Амнияти назди Президент ирсол намояд.
Дар дафтари ЊНИТ дар Душанбе ба TojNews гуфтанд, усулан ирсоли нома дар љаласаи Шўрои сиёсї маслињат шудааст, ки нома њатман фиристода шавад, аммо даќиќан рўзи ирсоли он мушаххас нест. Вакилони ЊНИТ дар Маљлиси Намояндагон дар мавриди асл будан ё набудани "Пртоклои 30-20" унвонии Прокуратураи генералї нома фиристода буданд. Прокуратураи генералї дар посух ба номаи вакилони МН мўњтавои санади дар сомонањои русї нашршударо рад кард, аммо гуфт, ки воќеан ин љаласа дар њузури сарвари давлат доир гардидааст. Њамакнун ЊНИТаз њукумати кишвар таќозо дорад, ки мўњтавои аслии Протоколи 30-20 аз љаласаи назди президентро ошкор кунад, то "сохтакорињо"-и тасдиќкардаи Прокуратураи генералї исбот шаванд. - ЊНИТ интизор дошт, ки дар паёми солона эњтимол сарвари давлат дар мавриди нашри ин санад ва
сохтакорона будани он ёдрас мешавад, аммо ин тавр нашуд. Агар Президенти кишвар дар паёмаш аз ин санад ёдрас мешуд ва онро рад мекард, ЊНИТ аз ирсоли нома ба њукумат ва изњори нигаронї худдорї мекард. Њамакнун ЊНИТ тасмим дорад, ки мўњтавои аслии "Протоколи 30-20" аз њукумат талаб кунад, - гуфт як масъули њизб. Њудуди ду моњ ќабл торнамои "Звезда.ру"-и Русия дар матлаби худ тањти унвони "Тољикистон дар пешорўи инќилоб" навишта буд, ки њукумати Тољикистон алайњи ЊНИТ ва ширкатдорони гирдињамоињои солњои 90-ум барномаеро рўи даст гирифтааст. Нашри нусхаи ин санад дар сомонањои русї боиси сарусадоњо ва мавќеъгирињои њизбњои сиёсї ва љомеаи шањрвандї дар Тољикистон гардиду вакилони ЊНИТ дар Маљлиси намояндагон аз Прокуратураи генералї талаб карданд, ки ба
тањќиќи асноди нашршуда дар торнамои "Звезда.ру" пардозад. Рўзи 7-уми март вазири корњои дохилї Рамазон Рањимов изњор намуда буд, ки "Прокуратураи генералї ба тањќиќи матлаби "Звезда.ру" шурўъ кардааст". Ба дунболи ин масъули ЊНИТ гуфт, ки њарчанд ба асоснок будани санад шубња дорад, аммо воќеияти муносибати маќомот бо њизб дар минтаќањо мавчудияти ин санадро собит месозад". Мењрафзуни АБДУЛЛО,
TojNews
САРНАВИШТ
Даргузашти яке аз ёрони Мањмуд Худойбердиев дар Хатлон Мањкамбой, яке аз њаммаслакони полковники исёнгар Мањмуд Худойбердиев, ки бо лаќаби Мањкам-командир машњур буд, дар шањри Ќўрѓонтеппа аз дунё даргузашт. Дар ин хусус ба TojNews як манбаи боэътимод аз шањри Ќўрѓонтеппа иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ў, марњум дар натиљаи як маризии сироятї пас аз авф шудан ва озод гаштанаш аз зиндон, вафот кардааст. Агарчи хабари марги Мањкамбойро Шамсиддин Салимов - раиси љамъияти ўзбактаборони вилояти Хатлон дар як тамоси телефонї тасдиќ намуда бошад њам, аммо њаммаслаки Мањмуд Худоибердиев будани марњумро тай-
ид накард. Ба гуфтаи Салимов, сабаби зиндонї шудани Мањкамбой дуздї ва дигар љиноятњои сабук будааст. Мањкамбой пас аз авф озод шудан аз моњи сентябр ба ин сў дар шањри Ќўрѓонтеппа зиндагї мекард. Рустами САФАР, TojNews
Орзуи КАРИМ, хабарнигор
Чаро президент аз Ўзбакистон нагуфт? Паёми президент Эмомалї Рањмон дар расонањои чопи Душанбе хабари аввале буд ва ин паём дар њафтаномањои расмии кишвар бо матни комилаш интишор шуд. Интизорињои мардум аз ин паём зиёд буд, вале фарќият аз паём то паём чизи чандон љолибу зиёде набуд. Супоришњо ба масъулин кишвар, ки шояд онњоро аз хоб бедор намуд, љолиб буд, вале интизории мардум аз паём дар муносибати сиёсию дипломотии ду кишвари њамсоя буд. Шояд, мардум интизор доштанд, ки Эмомалї Рањмон аз кишвари њамсоя Ўзбакистон нигаронї мекунад, вале аз Ўзбакистон њарфе нагуфт.
Мо - мењмонпараст Сергей Лавров, вазири хориљаи Русия, ки таи сафари дурўзаи худ бо маќомоти тољик дидору гуфтугў дошт, пойгоњи низомии кишварашро дар Тољикистон омили сулњу субот дар минтаќа арзёбї намуд. Ягона масъалае, ки ба хотири он мењмон дар Душанбе омад, ин пойгоњи низомї дар Тољикистон буд ё ин пойгоњ ба манфиати Тољикистон аст ё Руссия маълум нест, вале аз сўи њукумати кишвар хуб пазируфта шуд. Аљибаш ин буд, ки ў бо дасти холї омад ва бо дасти пур рафт.
Њашари маљбурї Њашари умумї рўзњои 28 - 29 - ум дар кишвар шояд яке аз хабарњое буд, ки бештар дар расонањои расмии кишвар бахусус дар телевизионњо пўшиши бештаре дода шуд. Се телевизиони давлатї ин хабарро гаштаю баргашта намоиш медоданд. Агар мањвора медоштам мегузаштам ба шабакаи дигар то як барномаи хуберо бубинам, вале мисли дигар тамошобинони бемањвора маљбур будам, ки барномаву гузоришњоро аз њашари мумумї тамошо кунам. Баъзе аз мансабдорони шањру навоњии вилоят дар гузоришњои телевизионї худро шояд касдан ба дурбини наворбардорон бо белу каланд зоњир мекарданд, ки ба чашми дигар роњбарият намоён шаванд. Онњо ба хотири наворбардорї аз роњаткурсї бархоста, ба тозакунии атрофии корхонањояшон пардохтанд. Иќдоми хубе буд ин њашар. Њама дар рўзи истироњат ба тоза кардани корњонањояшон баромаданд. Ба ќадри мардуми дењќону коргари сањрої расиданд. Боз њам бо њамин бањона назди корхонањояшонро "кабудизор" карда, ифлосињояшонро тоза карданду дарахт шинонданд. Аљабо, чї кори хубе. Аммо њиљ боварам намеояд, ки он мардуми ба њашар омада њам бо майлу раѓбати худ омада бошанд. Чунки агар ин мардум майл медоштанд, президент нагуфта, бояд худ гирду атрофашонро тоза мекарданд ё моро то нагўянд намекунем?!
СММ пуштибони муњољири тољик, Девонаев чї? Созмони Милали Мутањид аз рўзгори муњољирони тољик нигарони намудаасту пуштибони муњољирони тољик шудааст. Ин нињод гуфтааст,ки мехоњад њаќќу њуќуќи муњољирони тољикро берун аз кишвар њимоя кунад. Кош, ба мушкили мушкили муњољирони тољик ин нињод расидагї кунад. Имрўзњо дањњо муњољири кории тољик берун аз кишвар рўзгори сангинеро паси сар мекунанд, ки барои пеш бурдани аробаи зиндагї душворињоро паси сар кунанд. Кош, "муњољирбачањои саргардони тољик" аз њуќуќњои худ бархурдор мегаштанд. Сари 15 сол мешавад, ки касе ба дарди ин муњољири тољик расидагї намекунад, њатто на президент ва на Сафиаллоњ Девонаев, аммо ин созмон чї мехоста бошад ба мо маълум нест. Мо дуогўем, ки чї хуб мебуд, агар софдилона ва беѓараз мешуд!
Зарар ба камбаѓал Хароб шудани манзилњо ва заминњои кишт бар асари сел хабаре буд, ки тезтар дар миёни мардум пањн шуд. Кумитаи њолатњои истирорї аз тархиб шудани хонањо дар ноњияњо хабар медод, ки бештар дар расонањои онлайнї мунташир мешуд. Ин селоба њам чанд соли ахир рўй овардааст ба харобкорињои хонањои мардуми камбизоату фаќири вилояти Хатлону Зарафшон. Дањњо хонаро ќисман хароб намуда, зарар ба заминњои кишти дењќони бечора расонидааст. Њайронам, ин кушку хонањои барњавои мансабдорон ва заминњои зиёди онњоро намедида бошад? Ё шояд ин табиати афсункорро низ "через" карданд?
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
3
Касоне, ки ба њар далеле наметавонанд ё намехоњанд хидмати њатмии аскариро анљом дињанд, пас аз як моњи омўзиш дар маркази таълимиву тамринотии марбута ва пардохти маблаѓи муодили таќрибан 300 доллар соњиби билети њарбї мешаванд.
ЭЪЛОНХАБАР
ЯК ШАРЊИ СИЁСЇ
Дар ин бора ба TojNews Хилватшоњи Мањмуд Дабири кулли Шўрои расонањои Тољикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин њамоиш -дар чор бахш масоили вобаста ба декриминализатсияи тўњмату тањќир ва масоили вобаста ба лоињаи ќонуни нави ЉТ "Дар бораи ВАО", таќдири ташкилотњои ѓайрињукуматии электронї ба њангоми гузариш ба пахши раќамї, ахлоќ њамчун унсури асосии масъулияти ВАО-и озод ва мањаллї ва сањми ТИК дар рушди ВАО-и мустаќил баррасї мешаванд. Тавре хабар дода шуд, дар љаласаи умумї натиљаи он ба маъраз гузошта шуда, тавсияњои мушаххас оид ба
бењбудии вазъи озодии баён дар Тољикистон тањия мегарданд. Ба додгоњ кашида шудани нашрияњои мустаќили "Азия плюс", "Фараж", "Озодагон", "Миллат", "Пайкон" барои нашри матолиби танќидї, таъќиб ва њабси журналистон Мањмадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов барои фаъолияти касбї, то кунун њаллу фасл наёфтани масъалаи декриминализатсияи тањќир ва тўњмат, созмонњои журналистиро нигарон сохтааст. Њамчунин, аз мадди назар дур мондани таќдири ташкилотњои мустаќили телевизионї ва радиої њангоми гузариш ба пахши раќамї, сол то сол ба гоњнома табдил ёфтани на-
шрияњои мањаллї, масдуд сохтани дастрасии истифодабарандагон ба шабакаи интернет, аз љумла сомонањои интернетии хабарї боиси он мегардад, ки дастрасии мардум ба воситањои мустаќил ва алтернативии ахбор душвортар мегардад. Чорабинии мазкур аз љониби Иттифоќи журналистони Тољикистон, Анљумани Миллии Васоити ахбори оммаи мустаќили Тољикистон, Медиа алянси Тољикистон, Анљумани рўзноманигорони форсизабонони "АФРЎЗ", ташкилотњои љамъиятии "Хома", "ИНДЕМ" ва "Журналист" дастгирї ёфтааст. Сарвинози РУЊУЛЛОЊ, TojNews
ФОЉИА
Сел дар Кўлоб 4 нафарро кушт Бар асари селу обхезињои дањ рўзи ахир дар минтаќаи Кўлоб, бар пояи иттилои расмї, чањор кас ба њалокат расидаанд. То имрўз ному нафар ду ќурбонии офати табиї Моњшариф Каримова, сокини ноњияи Мўъминобод ва Нурмад Љомадов, сокини дењаи Тудании ноњияи Шўрообод маълум шудааст, ки онњо бар асари сели шаби 22 апрел љон бохтаанд. Бар асари сел дар дењањои Тебалай ва Боѓи Њабиби канори шањри Кўлоб беш аз 20 манзил ба таври љиддї таќрибан 40 хонаи дигар ќисман осеб дидаанд. Раиси бахши минтаќавии кумитаи њолатњои изтирории Тољикистон Рамазон Неъматов овозањо дар бораи бар асари сели шаби гузашта ба њалокат расидани одамонро дар дењаи Тебалай рад кард. Сокинони дења низ гуфтанд, ки сел талафоти одамї ба думбол надоштааст ва аммо молу чорвои бархе аз сокинон тўъмаи ин офати табиї шудаанд. Айни њол бархе аз афроди манзилњояшон осебдида дар хонаводањои хешовандонашон ба сар мебаранд. Онњое, ки хонањояшон ќисман осеб дидаанд, дар манзилњояшон боќї мондаанд. Созмони Њилоли Ањмар дар минтаќаи Кўлоб дањ хонаводаи манзилњояшон тахрибшударо бо хайма таъмин кард. Хабарнигори Озодї мегўяд, ки айни њол фаќат сокинони мањаллї ба осебдидагон ёрї мерасонанд ва онњо бо таом таъмин мекунанд, маќомоти мањаллї њанўз ба минтаќаи офат ягон хел кўмак, аз љумла, кўмаки ѓизої ироа накардаанд.
Афроде, ки бехонаву љой мондаанд, аксаран онњое њастанд, ки дар обхезии сойи Тебалай дар соли 2010 дар Кўлоб бесарпаноњ монда буданд ва пас аз он, ки соњиби хонаи нав шудаанд, дубора ба манзилњои пешини худ ба наздикии сойи Тебалай баргаштаанд. Љаноби Нозимов мегўяд, Кумитаи њолатњои фавќулода борњо њушдор дода буд, ки одамон дар манзилњои назди сой зиндагї накунанд, вале мардум гўш надода, дар
ИЛЊОМИ ЊАФТА МавиМаСаби
Гастарбайтер Нони ту талх аст, эй љон, муфт кай ояд ба даст, Мову ту њамхун - ман шоир на вассофи љанг, Тан ба таќдир додаиву ранљи дўзах мекашї, Ѓуссаи ман мисли хун бар сафња резад бедиранг. Зодгоњи бачагиат хонаи зиндаятимњост, Тамѓаи беволидайнї карда з-онњо бардањо, Тарк кардї хонаву дар, дар хатар мондї Ватан, Гум кардам ман дар ин ѓурбат шумори мурдањо. Мезанї љорўб мањзун барзани бегонагон, Аз ѓами як пора нон, кай мешавї эй љон, халос, Кистї? Омўзгорї?... Ё фаромўши Худо? Ман зи фарљоми њаёти талхи ту дорам њарос. Чуѓди љанганд он њама хоњони озодии мо, Њар куљо хун њаст, аз озодї кай ёбї нишон. Мебарад аз сина гарчи оби ѓайр андўњи мо, Будаем, њар љо, ки њастем, то абад бехонумон. Насли тан бар бардагї биспурдаву эдун ба даст Љои шамшеру сипар бигрифта љорўбу табар. Ту њамон банно, њамон љорўбкаши бехонумон, Ман њамонам, дар ѓарибї мисли ту тобутшумар. Тарљимаи Љўёи Самарќандї
њамин љо зиндагї ихтиёр кардаанд. Ин дар њолест, ки Эмомалї Рањмон, раиси љумњури Тољикистон дар остонаи таљлили иди истиќлолияти кишвар дар моњи сентябри соли 2010, калиди бархе аз хонањои навро ба мардуми осебдида супурда буд. Дар бунёди манзили нав барои мардуми осебдида вазорату идорањо ва ширкатњои хусусї сафарбар шуда буданд. «Озодї»
ОЌИБАТ
Њукми ду узви тољики Њизби тањрир дар Маскав Суди ноњияи Останкинои шањри Маскав ду шањрванди Тољикистонро бо љурми ќасди бомбгузорї ва њифзи маводи мунфаљира ба муддати 2, 5 солї мањкум ба зиндон кардааст. Тафтишот мегўяд, Акбарљон Отабоев ва Алишер Отаљонзода бо амри Акмал Ѓафуров, ки рањбари шўъбаи гурўњи мамнўъи мазњабии Њизб-утТањрир дар пойтахти Русия шинохта мешавад, мехостанд як роњи оњанро битарконанд. Аммо суд Ѓафуровро ба мањзи њамкориаш бо тафтишот аз масъулият маоф кард. Фаъолияти Њизб-ут-Тањрир, ки барои таъсиси хилофати исломї дар Осиёи Марказї мубориза мебарад, дар Русия аз соли 2003 бо ќарори Суди олиаш манъ шудааст. "Озодї"
аз Ќосими БЕКМУЊАММАД
Њама доди ватанхоњї зананд, аммо... Њафтае пеш рањбарони вилояти Суѓд зимни изњори нигаронї аз ќаноатбахш набудани љараёни даъвати бањорї ба хидмати аскарї, саркашии фарзандони соњибмансабонро яке аз далоили асосї донистанд. Албатта, эътирофи маќомоти баландпояи вилоят ба ин масъала љойи ситоиш дорад. Аммо љонишини раиси вилоят Љумъабой Сангинов бо ишора ба он ки 400 сад тан аз соњибмансабони сатњи гуногун монеи хидмати фарзандонашон дар артиши миллї шудаанд, фаќат аз «78 тан директорон ва љонишинони директорони макотиби таълимоти њамагонї ва 11 намояндагони мардумї дар маќомоти ќонунгузори мањаллї» ёд намудааст. Ба сурати табиї ин пурсиш пеш меояд, ки оё дар вилояти Суѓд танњо директорони мактабњову љонишинони онњо ва намояндагони шўроњои мањаллї писар доранду бас? Рањбарони вилояту ноњияњо чї? Ё хонумњояшон тибќи супориш фаќат духтар ба дунё меоранд? Табиист, ки ин суолњо танњо мањдуд ба Суѓд нест ва дар сатњи кишвар низ бояд ба онњо посух гуфта шавад. Ќатъан аз писарони мансабдоронамон ин шуљоатро интизор нестем, ки мисли шоњзода(!) Гарри набераи Елизабетаи II дар Афѓонистон хидмат кунанд ва ё ба монанди бародари бузургаш Уилям ташнаи аскарї дар сафи низомиёни бритониёї дар ин кишар бошанд. Не, танњо хидмати одии аскарї ва он њам дар сафи неруњои мусаллањи Ватан! Аслан љолиб хоњад буд, агар дар ин робита яке аз нињодњо ва ё расонањои мустаќил тањќиќот анљом дињад. Масалан, мушаххас намоянд, ки њадди аќал дар 15 соли сулњу вањдати миллї, ки артиш ба истиснои чанд мавриди мушаххас асосан дар фазои суботу оромї ба сар мебурд, фарзандони кадом аз соњибмансабони кишвар (аз сатњи олї гирифта, то роњбарони вилояту шањру ноњияњо) хидмати аскарї кардаанд. Барои ин, интишори асомии писарони соњибмансабони тољик, ки синну солашон барои хидмати аскарї дар 15 соли ахир муносиб будааст, кофист. Натиљаи чунин тањќиќот ба таври бисёр возењ маълум хоњад кард: доди ватанхоњие, ки маќомоту мансабдоронамон мезананд, дар асл ба гуфтор аст ё кирдор? Яъне аз Ватан фаќат мансабу имконоташро дўст медоранд ва ё хидмат дар сафњои артиш - сутунмуњраи њифзи давлатдории миллиро низ барои худ ќарзу фарз медонанд? Бидуни шак фирори фарзандони соњибмансабон аз хидмати аскарї танњо яке аз масоил аст, вале њаргиз асли мушкил нест. Чаро ки таќрибан дар њама кишварњои шўравии собиќ шароити мушобење вуљуд дорад ва маќому мансабдорон ва бахусус нухбагони њокими сатњи марказиву мањаллї аз фиристодани фарзандонашон ба артиш худдорї мекунанд. Намехоњанд, ки замистон аз сардиву тобистон аз гармї азоб кашанд, сањарии барваќт аз хоб хезанд, хуроки бемаза хуранд ва ѓайра. Албатта, артиш истироњатгоњ нест ва буда њам наметавонад. Аммо шароити мавриди назари мардум ин аст, ки њадди аќал фарзандонашонро солим тањвил додаву солим бозпас гиранд. Артиш табиатан сахтї дорад ва бидуни сахтї обу тоб ёфтани љавонон имконпазир нест. Аммо ин сахтињо бояд мустаќиман ба худи артиш ва боло бурдани ќобилиятњои размиву дифоии он иртибот дошта бошад, на масоиле чун сўистифодањои хусусї аз аскарон ба унвони неруи кори маљонї ва бадтар аз њама идома ёфтани «фарњанг»-и нангини артиши шўравї, яъне авбошии маъруф ба «дедовшина». Яке аз сабабњои аслии парњези љавонон аз хидмати аскарї ќиссаву достонњои марбут ба «ќањрамонињо»-и њамин «дедњо» аст. Ин падида нишонаи заъф будаву бе рафъи он артиш њеч гоње ба маънои воќеияш артиш нахоњад шуд. Ончи дар артиш иттифоќ меафтад, танњо натиља аст ва бояд сабабу иллати он шинохта шавад. Бидуни шак, яке аз далоили мизони болои довталабони вуруд ба донишкадаву донишгоњњои кишвар на сатњи баланди илмиву омўзишии онњо, балки кўшиши наљот ёфтан аз аскарист. Бахше аз љавонон низ мањз ба њамин хотир муњољиратро, ки на њамеша корї, балки барои хелењо моњњо бекорист, аз хидмат дар артиш авлотар медонанд. Аз ин бобат ислоњи вазъи артиш аз як сў ба коњиш ёфтани фасоду ришвахории марбут ба пазириши донишљўён ба донишкадаву донишгоњњо кўмак хоњад кард ва аз сўйи дигар то њадде монеи муњољирати иљбории љавонон ба хориљ хоњад шуд. Бархе аз кишварњои шўравии собиќ барои ислоњи вазъи ба ин монанди артишњояшон иќдомотеро дунбол мекунанд, ки омўзиши он барои Тољикистон муфид хоњад буд. Њатто дар њамин Ќирѓизистони њамсоя чанд намуди хидмати аскарї (њатмї, алтернативї ва ќарордодї) љорї кардаанд, ки то њадди зиёд мушкилашонро рафъ намудааст. Масалан, касоне, ки ба њар далеле наметавонанд ё намехоњанд хидмати њатмии аскариро (ки танњо 1 сол аст) анљом дињанд, пас аз як моњи омўзиш дар маркази таълимиву тамринотии марбута ва пардохти маблаѓи муодили таќрибан 300 доллар соњиби билети њарбї мешаванд. Ин танњо роњи њалли муносиб барои рафъи мушкил нест ва имконоти дигаре низ њатман вуљуд дорад. Аммо тасаввур кунед: ваќте дањњо њазор нафар ин маблаѓро ба буља (на кисањои шахсї) месупоранд, дањњо миллион доллар њосил мегардад, ки бо он метавон ба мушкилоти артиш бењтар расидагї кард ва шароитеро фароњам сохт, то њадди аќал љавонон аз аскарї мисли аљина аз дўди сипанд нагурезанд. гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Рўзи 3-уми майи соли равон соати 9. 00, дар толори маљлисгоњи мењмонхонаи "Пойтахт" бо ташаббуси Шўрои ВАО-и Тољикистон ва мусоидати молии Институти Љомеаи кушода - Бунёди Мадад дар Тољикистон ва Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо конференсияи љумњуриявї тањти унвони "Озодии баён: воќеият ва сарнавишти ВАО-и мустаќил дар Тољикистон" доир мегардад.
i Матлаби ин
Њамоиши љумњуриявї тањти унвони "Озодии баён"
4
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
Бале, мо на танњо мешунавонем, балки мешунавем. Зиндагии шунавандагонро бо љўшу хурушаш эњсос кардан ба истилоњ «фишка»-и мост. дааст. Барои ин чї ќадар ќойидањоеро вайрон намекунем! Дасти њамкоронам намеравад, ки Вале муњим он аст, ки њамкорони ман ин корро холисона ва хеле нозук мекунанд, хоса Субњон Љалил, ки чењраву корти шиносоии «Ватан» аст. Вањ, чї ќадар зиёиву нозукбин аст, ў! Воќеъан, ифтихор мекунам, ки чунин њамкори соњибзавќу донишманд ва фавќуллода дорам.Худо њифзаш кунад - Ин њис мешавад, хоса ваќте дар он сўи гўшии телефон ронандае, мусофире ё бонуи хонашине ќарор дораду Субњон Љалил эфири мустаќим мебарад. -Бале, мардуми мо, ки маъмулан аз расонањо вањм дорад, бо ў сўњбат мекунанд, зарофатгўї мекунанд. Ў барои онњо худист. Баъзан фикр мекунам, ки Субњон харитаи роњ ба сўи њар яке садњо њазор шунавандаро дорад. Вале кам касон медонанд, ки ў директори барномавии «Ватан» њам њасту сиёсатњои родиёро, чї дар бахши иттилот ва чї дар бахши мусиќї, таъин мекунад.
Мўњовараи «Нигоњ» бо директори генералии ширкати радио-телевизионии «Ватан» Вера Кулакова-Браннеруд дар арафаи Рўзи радио -Вера …. хидмати шумо арз кунам, ки њадафи мо аз ин сўњбат кушодани маѓз-маѓзи родиёи «Ватан» ва сирру асрори он барои хонандаи «Нигоњ» аст… - Мо омодаем барои хонандаи шумо ва кулли њамдиёрон мављ-мављ урён шавем (механдад)… ба он маънї, ки радиои «Ватан»-ро аз дарун бубинанд. -Хеле олї. Аз он шурўъ кунем, ки чи тавр шуду родиёи «Ватан» анъанаи родиёњои мошиниро шикаст? Фарзи мисол, «Нигоњ» аз омодасозии консепт-макет шурўъ шуд, то њар сафњаи он «чењра» дошта бошад. «Ватан» аз чї шурўъ шуд? - Њама тарњњо аз ѓоя ва љамъшавии њамдилон шурўъ мешавад, ки «Ватан низ истисно нест. Мо корро соли 2003 шурўъ кардем. 9 сол пеш, санаи 7-уми май садои Мањмадшо Зеваров ва Наргис Ќосимова рўи мављи 106 ФМ пахш шуд, ки амалї кардани ѓояи мо – сохтани як расонаи дўсту њамнишин барои њамватанон буд. Интихоби номи «Ватан» њам ба њамин хотир буд: чизе гарму худї ва дўсту њамнаво. Шояд њамин буд, ки мо анъанаи родиёи мошинї будан дар пањнои шуравиро то љое шикастем ва бо мурури замон родиёи њамагонї шудем. Њоло моро на танњо дар мошину роњ, балки коргоњу хона њам гўш мекунанд. Он ки мо тањаввулот кардаем, баъди сафарњои зиёд ва коромўзию табодули таљриба дар Русияву Ќазоќистон маълум шуд. Њолост, ки бозори родиёи Тољикистон устувор менамояд. Он замон арзишњои маъмул дигар буданд. -«Ватан» -и тољикї дар муњити расонаии он замон русии Тољикистон? -Бале, аз оѓоз њадафи мо мардумї шудан буд. Табиист, ки бидуни такя ба забони модарии
Вера Кулакова-Браннеруд:
«Ватан» дили мосту мо дили «Ватан» аксари мардум ин номумкин аст. Оњ, он замон ин чи ќадар мушкил буд! Таќрибан аз њар мутахассису мунаќќид ишораи номуваффаќ шуданро мешунидем, аммо ваќт нишон дод, ки командаи мо ин трендро пеш аз дигарон эњсос карда будааст. Њоло дигаронанд, ки аз пайи мо тољикият мекобанду барои мањбуби халќ шудан талош меварзанд. Тадќиќоти як ширкати русї нишон додааст, ки дар Тољикистон мардум асосан аз соати 7 то 10-и рўз радио гўш мекунанд.Мањз њамон ваќт, ки эфири мустаќими
мо бо Субњон Љалил рўи мављи 106 ФМ аст. Фикр мекунам, ин тасодуф нест, балки робита бо мардум аст. -Воќеъан эњсос шуданист, ки шумо бо мардум хатњои алоќа доред… -Бале, мо на танњо мешунавонем, балки мешунавем. Зиндагии шунавандагонро бо љўшу хурушаш эњсос кардан ба истилоњ «фишка»-и мост. Гоњ аз гумкардае њикоят мекунему гоње ба мардум имкон медињем маърифатсозї кунанд. Акнун мефањмам, ки фарањофарї ва кўмаки иљтимої рисолати «Ватан» шу-
-Ња? Воќеъан намедонистам, ки ў «босс» њам њаст. -Барномарезии «Ватан» ва њатто низоми пахши реклому огоњиномањо њама мањсули кори ў мебошанд. Агар мушоњида карда бошед, миёни радиои гуногуни Тољикистон, ки яке чун иттилоотї мавзеъгирї мекунаду дигаре танњо мусиќиву реклом пахш мекунад, мо тавозунро нигоњ медорем, аз иљтимоиёт, иќтисод ва сиёсат, дар умум аз зиндагии мардум бо њама каму костагињояш бидуни эњсосот њарф мезанем. Директори барномавии мо ва дар кулл аъзои
командаи «Ватан» масъулияти иљтимоии худро эњсос мекунанд, объективияту тавозунро риоя менамоянд, вале њич кас мисли Субњон Љалил хоксору заминї нест. Духтарњои мо бошанд, зеботариннанд. -Ман инро њис кардан дорам. Онњоянд, ки «Ватан» ахбори љиддї дорад? -О, нагўед, ман ин ќадар хушбахтам, ки садои махмалии Лутфия Додихудоева насиби «Ватан» гашт. Ў духтари соњибмаълумоти хушќад асту басо кордон. Ахбори љиддии «Ватан»-ро ў дар такя ба манобеи худї ва ахбори хабаргузорињои ватанї омода месозаду њич ваќт ба эњсосот дода намешавад. -Ростї, кам роњбаронро дидаам, ки ин ќадар кормандонашро таърифу тавсиф кунад.. -Ман онњоро дўст медорам. -Масъули бахши мусиќии «Ватан» кист? -Љавонтарин муњаррири мусиќии Тољикистон Мануљењр Рўзиев, писари Акбар Рўзиев аст. Хеле љавон аст, вале дар љараёни кулли навгонињои мусиќии олам мебошад. Аз ў умедњои калон дорем. -Фикр мекунам, ки ба хеле аз расонањои Тољикистон ба истилоњ «чењраи одамї» ва хушбинї намерасад.Ин сири шумост? -Сире нест. «Ватан дили мосту мо дили «Ватан». -Аз наќшањои наздиктарини «Ватан» њикоя мекунед? - Бењтараш аз тарњои иљтимоиямон наќл мекунам. Наќшаи наздиктарин, ташкили мањфили радиоии «Ихтиёриёни кўмакрасон» аст. Њадаф ба њам овардани чунин љавонон аст. Ёрии њуќуќии шабонарўзии мо ва њимоятчиёни касбї ба бонувонро идома хоњем дод. Ду маъракаи нињолшинонї дар Душанбею Ќурѓонтеппа ба наќша гирифтаем. Орзу дорам, ки тирамоњи соли љорї «Ватан» муљавиз ба даст оварда, тариќи Интернет пахш мешавад. Озмуни «50-гонаи хушсалиќатаринњо»ро имсол низ идома хоњем дод, то пойтахт намои пойтахтї дошта бошад.Одамони зебову хушсалиќа зеби шањрњоянд. Орзуи гулобиам ин аст, ки «Ватан» радиои сартосарии Тољикистон гардад. - Худо хоњад. «Ватан» ќиссањои монанд ба радиои арманї дорад? -Бенињоят зиёд. Мо як шунаванда дорем, ки Абдуњафиз ном дораду кранчї асту моро аз баландии 70-80 метр гўш мекунад, ў дар сохтмони ќариб њама биноњои баландтарини нави Душанбе иштирок кардааст ва аз њар объекти нав албатта занг мезанад. Як бонуи духтури нафаќахўр аст, ки њафтае чанд бор албатта ба идора меояд, мегўяд «ниёз ба дидори шумо дорам». Хеле самимї аст. Духтари љавоне буд, мухлиси Субњон Љалил. Сахт мехост, ки бо Субњон издивољ кунад, зиёд меомад. Духтарон шўхї мекарданд, ки «аллакай ду зан дорад». «Зани сеюм њам мешавам»-мегуфт. Шунидем, ки шавњар кардааст, хурсанд шудем.
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
5
Агар шумо гўед, сиёсат палид аст, мо мегўем ислом мехоњад хамин сиёсатро аз палидї пок кунад… Агар хадаф аз сиёсат хидмат ба мардум бошад, пас он ибодат аст ва айни диёнат.
МИНБАРИ ФЕЙСБУКИЊО Ин њафта яке аз бањсњои љолиби "Фейсбук" ба мавзўи зан бахшида шуд. Мижгон Азгулинор ном истифодабарандаи шабака як андешаеро аз ширкатдори дигар ба бањс кашид, ки менавишт: "Зан президент шуда наметавонад, чунки агар њомиладор шуда, кўдак бизояд, анќариб шаш моњ кор омада наметавонад, дар натиља давлат ва њукумат аз байн меравад. Иќтисод хароб, ахлоќи љомеа ва муносибатхои байнидавлатї ва байналхалќї осеби љиддї меёбад. Дигар њукуматро момодояњову бободояњо идора мекунанд. Шавкату шукуњи давлат аз байн меравад. Табиати фитрии зан барои идораи давлат нест. Агар президент дар соли дуюм њомиладор шаваду дугоник таваллуд кунад, кишвар бесоњиб мемонад…" Ва суоле, ки сараш бањс шуд, ин буд:
Зан президент шуда метавонад? Мижгон Азгулинор: - Ман намедонам чї гуна ба чунин хулосањои аљибу ѓариб мерасанд, аммо он зан магар гов аст, ки њар сол бачадор мешавад? Ё зани тољик фабрикаи чўљабарорї аст, ки њар сол бачадор шавад? Иззат Амон: - Магар алон гайри ин аст? Магар бисёр љумњу рињоро асосан занон идора намекунанд? Гумон намекунам, ки агар рањбари давлати мо зан мешуд, аз ин њоле, ки дорем, холамон бадтар мешуд. Гузашта аз ин, Беназир Бњутто низ (худо рањмат кунад) як зане беш набуд ва ду фарзанди гул њам дошт. Магар дар бисёре аз кишварњои дунё зан рањбар нест? Бо вуљуди доштани фарзанду шавњару оила зан метавонад рањбари хубе бошад. Бехрузи Султониён: - Аз нигоњи Ислом рањбари давлат таъин шудани зан дуруст аст? Иззат Амон: - Агар он давлат љумњур бошад, чаро на? Мусалламан, имоматии зан дар намоз барои мард дуруст нест, боќї, ки мушкил надорад. Шухрат Кудратов: - Мард ва зан баробарњуќуќ њастанд. Агар зан президент шавад, метавонад аз баъзе мардњо њам хубтар роњбарї кунад. Барои он ки хешу табори президенти зан беназмї накунанд, бояд вазъи сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва дигарро дар зери назорати ќатъии худ гирад. Ин зан бояд иродаи мустањкам дошта бошад. Хумоюн Самадов: - Мард ва зан баробарњуќуќ њастанд. Фаќат дар рўи вараќ! Мехр Собириён: - Пешравии давлат ба виљдон ва дониши роњбар вобаста аст, на ба зан, ё мард будани ў. Сурадж Назаров: - Намунаи ибрат кишвари хамсоя Ќирѓизистон аст,ки хонум Отунбоева дар муддати кўтоњ президент буд ва дар он шароит вазиятро ба даст гирифта, боиси сулњу суботи кишвараш гардид. Метавонист ба монанди дигар сарварони минтаќа давлатдориро идома дињад. Лекин мардонавор бо расидани мўњлаташ курсиро холї кард, гарчанде таклифњо буданд, ки як соли дигар давлатдорї кунад. Назир Муминов: - Дар њоли хозир барои мардуми мо љинсияти президент њељ фарќе надорад. Чун барои мо, ки одат кар-
дем лагандбардор ва зулмпараст бошем, фарќе надорад раисамон кї њаст. Як фарќе њаст ва он њам ин аст, ки шояд президенти зан зеботар аз мард бираќсад. Назир Муминов: - ?"Хушо" ба њоли шавњари он зан... Ajam Kalonov: - Дар маљмўъ њам зан ва њам мард инсон њастанд ва њар яки онњо тавон ва ќобилияти роњбариро доранд. Мо њаргиз гуфта наметавонем, ки мард дар роњбарї аз занњо бењтар аст ва ё баръакс њам. Аммо аз он, ки зан ин тавоноиро дорад, шакке нест. Инро таърих нишон додааст. Занњое будаанд, ки дар роњбарї аз нигоњи садоќат ба кор, поквиљдонї, тозагї, самимият аз бештари мардњои роњбар авлавият доштаанд. Шодмон Шодмонов: - Агар мушкилиро дар њомилашавии зан бинем, занњо пас аз 40солагї ба ин мансаб кўшиш кунанд, мешавад! Шокир Файзуллоев: - Биёед, занро аввал "президент" дар оила бинем ё ин ки "вазир". Асосан вазир њастанд дар оилањои тољик: 1) "вазири маориф" - тарбияи фарзандон; 2) "вазири тандурустї" - шавњ ару фарзанд касал шу д, њамоно аз паи онњос т, тозагї, љомашўї; 3) "вазири ВАО" - њамоно ба шавњар хабар медињанд, агар фарзандон ба гап надароянд; 4) "вазири иќтисод" - пулро доимо дар куљо сарф кардан ва сарфаљўиро медонанд; 5) "сарвазир" - доимо мас лињатгари шавњар... ва ѓайрањо... Пас чаро не?) Салмон Ризоев: - Медонед, ки камбудии зан дар чист? Зуд-зуд ба эњсосот дода мешавад. Абдуллохи Мухаккик: - Зан президент бошад, њар моњ як маротиба касалии занона мешавад, 10-15 рўз ба кор омада, наметавонад. Ваќте фарзанд зод, тибќи фармоиши табибон бояд зиёда аз ду сол ба тифлакаш шир бидињад ва ба кор набарояд. Зане, ки Президент аст, маљбур аст дар сафарњо гањвораи тифли худро барад, барои бехатарии тифли худ телехранителњои зиёд гардонад, чанд тани дигарро гањвораљунбонаки тифли худ таъин кунад. Тибки тавсияи духтурон 2 сол ба кор набарояд, њукумат ва давлат бесоњиб мемонад. Фасо-
МАВЌЕЪ
ду порахўрї ривољ меёбад… Фарид Ориён Балхи: - Ин аќидаи ботилтарин дар асри 21 аст, ки њаќќи зан ба президент шудан нодида гирифта мешавад. Аз тавлиду ба тарбияи фарзанд машѓул шудани президент гуфтан мантиќ надорад, балки як фиреб кардани мухотаби шумо аст. Њељ гоњ зане ба кудрат намерасад ва мутмаинан нахоњад расид, ки љавону бетаљриба бошад. Беназир Бњутто, Индира Ганди, Миттеран, Ангела Меркел ва хатто вазироне ба монанди Њиллари Клинтону Њино Раббониро њељ касе надидааст, ки барои фарзанд шуда, аз кор монда бошад. Иззат Амон: - Дар замони хилофати ислом њамчун коре ё мисоле рух надода буд, ки таљрибаи онро њамчун далел биёварем. Вале хуб медонем, ки исломи азиз ќадр ва манзалати зан ва модарро дар шариат аз мард њам дида болотар гузоштаас т. Хайрият аст, ки бештари занњои мо аз њуќуќи худашон дар ислом бехабаранд ва илло бо њама он беинсофие, ки дар љомеаи мо нисбати зан мушоњида мешавад, сари мардњо чормаѓз мешикастанд. Хуб, агар воќеияти замони худамонро дар назар дошта бошем (яъне сохти давлатдории республика ва ё љумњурї) бо далел ба ќонунњои мављуда як зан тамоми њуќуќњоеро, ки як мард дорад, дорад. Яъне дар њељ банде аз сарќонуни кишвар зикр нашудааст, ки зан њаќќи рањбар шудан надорад. Агар касе бар ин аќида аст, ки зан њаќќи президент шуданро надорад, иштибоњ кардааст. Чуноне ки устод М.Турсунзода мефармоянд: "Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо. Ногуфта намонад, раисљумњури кишвари Њинд низ зан аст. Фарид Ориён Балхи: - Њар инсони шоиста - хоњ зан, хоњ мард - њаќќи рањбар шуданро дорад. Зан њам он ваќт лидер мешавад, ки ин хусусиятњоро дорад. Пас ў як шахси фавќулодда ва ќобили ќабили мардум хоњад буд, на зане, ки шумо дар назар доред. Њоло дар Тољикистон шахсан ин гуна занро намебинам, аммо дар фикри зикри мо бояд ин воќеият ва њаќиќати асри 21 бошад, ки зан њам метавонад роњбари давлат, вазир ё сарвазир шавад.
«Розњои пинњон»-и љаноби ИКС
"Батс!". "Фантастикаи" Фаттоњ Саидов. Шумо бовар доред, ки Низомхон Љўраев дар озодї аст? Албатта, не. Ин хобу хаёл - фантастика аст. Аммо медонед, ки ин тавр нест? Фантастика нест. Чаро? Посух нест. Боз суол: медонед, кї мегўяд, ки Љўраев озод аст? Фаттоњ Саидов! Раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бар фасод! Њамон нињоде, ки чанд моњи охир хешу аќрабои ќочоќбару њатто ришвахори ќариб нисфи њукумати Тољикистонро "батс!" гирифту шинонд! Мо умедворем, ки барои ин навиштањо моро њам пеши онњо намебаранд. Бовар дорем, зеро озодии баён инро талаб мекунад. Аммо худи Фаттоњ Саидов аљаб одам аст. Русњо мегўянд ку "справедливий" адолатпеша! Њо, дар ёдатон њаст, корманди БДА, марњум Равшан Шариповро, ки ду бўзбала латукўб карданд? Бале, пас фавтид (љояш љаннат шавад!). Боз нагўед, ки ин хушомад аст, аммо дар омади гап, бояд гуфт: мањз бо дахолати Фаттоњ Саидов бўзбалањо ба љазои худ расиданд. Њатто њамон ВКД, ки бояд дар ќазияи ин корманди худ њаќро ба њаќдор мерасонд, чї шуду худро ќафо кашид. Мегўянд ку, бале, њамон гап - "задний ход" зад. Аммо Фаттоњ Саидов ин тавр накард. "Батс!" Мушаххас масъаларо пеши маќомоти дахлдор гузошту њаќ ба њаќдор расид. Хуб, инро суд исбот кард. Мо не. Хулоса, Фаттоњ Саидов одами шўхї не! О, ин њама наркобизнесњои воњимаро бо линкњои хеле ќавї дар њукумат нињоди ў боздошт кард! Хулоса, раиси Агентї њоло масъалањои хеле муњимро њал карда истодааст, ки Худо барори корашро дињад. Аммо чї тур кунем, ки њисси журналистї гуфтанї гап њаст ва ин љо боз "аммо, вале, лекин" - њо пеш меояд? Дар ќазияи Низомхон Љўраев, ки худаш ихтиёрї ва љасурона ба Душанбе омада буд. Фантастика? Кї мегўяд? Худаш! Кумитаи давлатии амнияти миллї тасдиќ кард! Хуб, ба ин бовар кардем. Аммо озодияшро чї тавр мешавад бовар кард? Мешавад тасаввур кунем, ки њоло Низомхон Љўраев бо њамроњии ањли оила ва хоњаронашу модараш дар як кунљи Душанбе ба сар мебарад. Љои зисташро ба ягон кас намегўяд. Хаппу дам ўро ба Агентии назорати молиявї ва мубориза бар фасод меоранду ду се савол медињанду ў, албатта, иќрор мешаваду боз меравад хонааш. Мисли "невидимка"? Охир, ин Душанбеи мо гўед, ин ќадар шањри калон не. Гапи њамон хитоињо њар касро мешавад "на литсо" донист. Аммо ин љо "гапи дигар њаст" барин менамояд. Не, не, мо он суханони љаноби Саидовро, ки гуфт, шумо журналистон гирди ќазияи Низомхон Љўраев њангома месозед, аслан бањс карданї не. Дуппа дуруст! Чун раис гуфт, бояд дуруст бошад. "Тимсоњ мепарад? Не. Аммо раис гуфтанд, ки мепарад! Бале, мепараду фаќат пасттар!" Аммо ин љо як суоли муљмал њам њаст: ба ихтиёрї омадани Љўраев бовар кардем, боз бовар мекунем, ки ў дар озодї аст. Њамин тавр њам хуб аст, ки ў дар озодї бошад. Аммо барои кї? Њукумат ё худи Низомхон? Кош, ин мардуми якрав бовар кунанд. Њамин ќадар менависї мефањмонї, аммо мегўянд, ки ин тавр нест. Њатто наздиконаш. Аммо ин муњим аст? Барои кї? Барои наздиконаш, албатта. Аммо таърих наќл мекунад, ки ин идомаи як афсона аст. Худаш омад, дар озодї аст ва фардо суд мешаваду ўро љавоб медињанд, адолат пирўз, маблаѓњои ѓайриќонунї азхудшуда ба давлат баргардонида, корхонањо ба соњибони навашон таслим карда мешаванд… Бисёр чї мешавад, агар зиндаву саломат бошему бошанд. Озодии Љўраев ањамияти байнулмилалї дошта метавонад. "Батс!" Ањли љањон, Суди Аврупо, СММ бояд донанд, ки ќазияи Љўраев аз рўи адолат љараён дорад. Бовар накунанд, биёянд, бубинанд. Ин "фантастика" ва афсонањое, ки дар Душанбе эљод мешаванд, бо назардошти вазъи ногувори њуќуќи башар дар сатњи байнулмилал ва Тољикистон ба миён меоянду мераванд. Афсонањо асосан бо хушбахтї тамом мешаванд. Њамаро мешавад ташкил кард. "Батс!"
Сарвари давлат Эмомалї Рањмон зимни паёми солонаи худ ба парлумон изњор дошт, ки бо маќсади такмили сохтор ва кам кардани харољоти идоракунии давлатї, то охири моњи июл гурўњи корї таъсис дода, 15 фоиз ихтисор кардани кормандони маќомоту идорањои давлатиро ба баррасї мегирад. Онњое ихтисор мешаванд, ки вазифаашон дар он ё ягон нињоди дигар такрор мешавад. Хулоса, њукумати Тољикистон 15 дарсад ихтисор хоњад шуд, на афроди алоњида, балки вазифањои алоњида. Ин маънои онро дорад, ки сафи бекорон дар кишвар боз хоњад афзуд, ин дафъа на аз њисоби мардуми бемаълумот, балки соњибмаълумотон. Вобаста ба ин мавзўъ «Нигоњ» аз коршиносон пурсид:
15% ихтисор кардани кормандони маќомоти давлатиро дастгирї мекунед? Муњиддин КАБИРЇ, сарвари ЊНИТ: - ОРЕ! Даст задан ба ихтисори кормандони маќомоти давлатї ин як кори маъмулї дар њолатњои бўњрон ё нарасидани буља мебошад. Аз тарафи дигар, табиати маќомоти давлатї чунин аст, ки њамеша майл ба зиёдшавии кормандон дорад ва њатто дар њолатњои оддї њам гоњо ихтисор лозим аст. Дар паём ишора ба такрори ваколатњо ва масъулиятњои сохторњои гуногун дар дохили як вазорат шуд, ки дар њаќиќат зиёд мушоњида мешавад. Бинобар ин, ихтисори навбатї метавонад ду њадаф дошта бошад. Яке, пешгирї аз њолатњои такрори масъулиятњо, дуввум, сарфаљўї дар маблаѓњо. Зеро, боло бурдани њачми номиналии маошњо маблаѓњои бештарро талаб менамояд, ки ќисман метавонад аз њисоби ихтисори кормандон ба даст биёяд. Дар њар сурат, ин иќдом ќобили дастгирист.
Нуралї ДАВЛАТ, тањлилгар: - НА! Ман барои ихтисори 15 фоизи кормандони бархе идорањои давлатї хушњол мешавам, аммо бовар надорам, ки дар инљо њам пурра ва аз рўи виљдон ихтисор кунанд. Мо дар тўли 20 соли гузашта чандин сохторрро озмоиш кардем, вале натиља њамин аст, ки имрўз мебинем. Ин чунин маъно дорад, ки дар баробари ихтисори кормандон бояд сифати касбияти онњо низ ба назар гирифта шавад. Танњо дар ин сурат мо ба маќсад ноил мешавем. Шояд ин сохтори нав ва ихтисоре, ки бояд сурат бигирад, дастовардњое ба дунбол дошта бошад. Зеро мо наметавонем фаќат озмоиш гузаронем, сохторро таѓйир дињему натиљаи хуб ба даст наоварем. Фикр мекунам, ки ин маротиба бояд иштибоњњои гузашта ба назар гирифта шаванд. Нашавад, ки боз як камбаѓали босавод ихтисор шавад!
6
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
Бо гузашти рўзњо љароњати дастам аз табобат нагирифтан бўй гирифта, њатто кирм пайдо намуд. Аммо модар тањдид карда мегуфт: «Агар дар ин хусус ба падар лаб кушода, шикоят кунї, туро мекушам ва ба дарё мепартоям!» Аз тарси модар ба падар лаб намекушодам.
Ба прокурори генералии Љумњурии Тољикистон Салимзода Шерхони Одина Модар офарандаи насли одамист. Модар аст, ки насли инсонї идома меёбад. Модар аст, ки тифлро ба дунё оварда, сари гањворааш шабзиндадорї мекунад, то љигарбандаш бароњат хоб равад. Модар аст, ки ба як пора гўшти хом бо шири сафедаш љон меофарад, мењрубонињояш тифлро пухта менамояд. Кўдак бо аллаю рўйи даст ва дар домони модар калон мешавад. Маро њам модар зодаю шири сафедашро дода њаёт бахшидааст. Аммо таќдир ба ман номењрубонињои зиёд кард. Њарчанд дар кўњистони Дарвоз, ки зодгоњи ман аст ва ин гўшаи Тољикистонро бињишти рўи замин мегўянд, дар он љо бињишити худро дарнаёфтаам. Мисли дигар тифлакон шири модарро ба серї нахўрдаю афсонаи ширини тифлї надоштам, хандаи тифлї аз лабонам абадан парида буд. Банда баумеду шайтон ноумед аст, мегўянд. Умед аз њама охир мемирад. Акнун ман ранљу азоби аз модари љонї дидаамро мегўям ва кушодани гирењи муаммоњои сарбастаи зиндагии бевафоро ба Шумо прокурори генералї њавола месозам. ...Падарам Мирвалї Расулов аз издивољи аввал бахт надид. Бефарзандї боис шуду аз зављааш људо гашт. Таќдир бахти ўро бо модари ман - Тилло, ки бо як писар аз шавњар људо гашта буд, пайваст. Агар хонавайронии падарам бефарзандї сабаб шуда бошад, пас људоии модар (инро баъдтар фањмидам) шаттоњию љанљолњои оилавї ва бероњагардию нописандии модарам ба шавњари худ сабаб будааст. Падарам шахси низомї ва афсари ќисми њарбии воќеъ дар Дарвоз буд. Ў ба хотири фарзандёбї бо модарам зиндагї оѓоз кард. Њарчанд баъзе наздиконаш вайро аз хислати баду шаттоњї ва даллагии зан (модарам) њушдор доданд, вале ў ба ин гапњо бовар накарда, бо вай издивољ намуд. Писари ўро ба фарзандї хонд. Худованд ба рўи онњо мењрубонињои худро кушода, барояшон тифли деринтизорашон (яъне маро) њадя намуд. Тавлиди банда њамон рўзњо дунёи онњоро рангину афсонаи зиндагиашонро ширин гардонд. Мутаассифона, ин афсона ширин оѓоз ёфта, талх анљомид. Дар байни зану шавњар сардї афтод. Зеро модари ман сабукпо буду бо як мард ( шавњар) ќаноат намекард. Шукри зиндагии кунунї ва бахти дар даст доштаашро нанамуд. Бо гузашти айём, чуноне дар халќ мегўянд, офтобро бо доман пўшонда намешавад, бероњагардии зан ба гўши шавњар расид. Пас аз ин гумонњо љанљоли онњо ба миён омад ва он њамарўза як њодисаи муќаррарї шуда монд. Рўзе модар, ки чунин бањонаро мељуст, талаби аз шавњар људо шуданро ба миён гузошт. «Ман шавњари дигар мекунам, ту духтаратро (мани нўњмоња дар назар аст) ба хонаи модарат бубар, ки ба бахти навбатиам халал мерасонад» - гуфта, модарам Тилло Мансурова маро аз синни нўњмоњагї ба хонаи бибиам Сафармоњ Амирбекова (модари падарї), ки дар шањраки Гулистони ноњияи Љалолиддини Румии вилояти Хатлон истиќомат мекунад, бурда монду дигар суроѓам накард. Дар мактаби № 8-и љамоати дењоти Гулистон то синфи 8- ум тањсил намудам. Њамарўза роњи модарро мепоидам, пазмонаш мешудам ва дил мехост ўро зудтар, аќаллан як маротиба бубинад. Дар оѓўши модар ва аз бўи ў сер шавам. Аммо, кўки чашмон аз интизорї канданду модар ба хабаргирии духтар наомад. Дилам заъф мекард дар орзуи дидори модар. Ноилољ 1 сентябри соли 2008- ум худ ба хонаи волидайн, воќеъ дар
ва ба дарё мепартоям!» Аз тарси модар ба падар лаб намекушодам. Вале ин сир рўзе ошкор шуд. Ман дар њолати вазнин ба беморхона афтидам. Модар ва бародари берањму сангдил маро дар беморхона низ ором нагузоштанд. Бо тањдид мегуфтанд, ки аз њоли худ ва «мањкама»-ю шиканљаи онњо ба касею љойе шикоят набарам. Рўзе ањли оила ба тўйи хешовандони модариам рафта, маро паси дари бастаи «мањкама»- анборхона монданд. Аз гуруснагї ва зарбањои бадан аз њуш рафтам. Њамсоязан аз ин њоли ман дарак ёфта, «ёрии таъљилї» ва кормандони милитсияро љеѓ зад. Онњо маро аз «мањкама»-и модар озод намуда, ба беморхона бурданд. Духтурњо аз сарам 1,5 литр зардоб гирифтанд. Аз љониби муфаттиши прокуратураи ноњияи Дарвоз (Ќалъаихум) Раљабов нисбати модарам Тилло Мансурова парвандаи љиноятии № 252 кушода шуд. 12 апрели соли 2009 маросими суд баргузор гардид. Ёрдамчии прокурор эътирозро хонда, ёдовар шуд, ки нисбати Тилло Мансурова њанўз соли 2005 парвандаи љиноятї кушода шуда буд, аммо суд онро дида набаромад ва гунањкорро пуштибонї намуд. Раиси суди вилояти Бадахшони кўњї ва муовини прокурори вилоят модарамро аз судшавї нигоњ доштанд. Њарчанд модарамро барои љинояти содирнамудааш аз 12 феврал то моњи октябри соли 2009 дар СИЗО-и шањри Хоруѓ нигоњ доштанд, бо дастгирии
«Мехоњам модарам зиндонї шавад» дењаи Умараки ноњияи Ќалъаихум (Дарвоз) омадам. Ба модар арз доштам, ки тањсилро дар ин љо идома медињаму минбаъд бо онњо мемонам. Аммо ба идомаи тањсили ман иљозат надод. Падарам Расулов Мирвалї бошад, «пагоњ ба ту сару либоси мактабї харида меорам, албатта ба мактаб мебарам»,- гўён ба дилам умед мебахшид. Вале модар дар ѓайби падарам тањдид менамуд, ки агар ба мактаб равам, маро мекушад ва маро латукўб кард. Бегоњии њамон рўз сару рўйи варамидаамро зери рўймол пинњон намуда, ба падарам гуфтам, ки ба мактаб намеравам. Падари њайратзада њамоно мегуфт, ки барои тањсилам њамаи шароитро муњайё месозад, танњо ман хонда, хатту савод бароварда, дар оянда соњибкасб шавам. Ў ѓофил монда, ки он лањзањо пойњоям аз замин канда шудаю дастонам ба осмон намерасиданд. Њамин тавр, њамарўза дар набудани падар, зери шиканљаи модар ва бародарам (ўгай) Умедљони Азимљон мемондам. Онњо ба њар корам эрод гирифта, бо як бањонаи ночизе маро азоб медоданд. Њатто онњо ба ман иљозати ба хонаи њамсояњо ва хешу табор рафтанро намедоданд. Аз субњи барваќт то беваќтии шаб ба корњои хона машѓул шуда, ба ѓуломи онњо табдил ёфтам. Баъди итмоми кори рўз, аз соати 19 то сањар дар анборхона, паси дари баста нигоњам дошта, аз сурохии таги дари он ним коса хўрок ва пораи нон медоданд, ки аз он сер намешудам. Дар ин «мањкама»-и модар зиндонї будаму азоб мекашидам. Ин шиканљаи модар аз моњи октябри соли 2008 то феврали соли 2009 идома ёфт. Модари сангдилу золим ва бародари берањм њатто дар моњи рамазон маро гурусна нигоњ медоштанд, хўроки сањару шом намедоданд. 15 феврали соли 2009 бо амри модар љомашўї кардам. Аз шитобкорию тарс ва беэњтиётї дас-
тамро дар оби љўш сўзондам. Аз тарси модар дасти сўхта зери остин мегаштаму дандон ба дандон монда, сабру тоќат мекардам, њарчанд љойи љароњат маѓзу устухонамро ба сўзиш меовард. Падар рўзе аз њолам бохабар шуда, барои ба беморхона бурдани ман мошини њамсояро овард. Аммо модарам «агар ба беморхона равї, рўзе зањр дода, туро мекушам!»гўён тањдидам намуд. Аз 15 январ то 9 феврали соли 2009 бо дасти баста гаштам ва модар боре њам малњаме ба захми дастам набаст. Ваќте, ки бо як даст корњои хонаро мекардам, модар латту кўб карда, бо ин ќаноат нанамуда, ба бародарам Умедљон мефармуд, ки маро калтаккўб кунад. Барои чунин «љазо» додан онњо калтаки махсусе тайёр карда буданд. Боре модар ба писар шикоят намуд, ки гўё ман аз корњои хона саркашї мекунам. Умедљон ноќили ѓафсеро дар оташ тасфонда, бо он ба устухони пойи чапам зарбаи сахте зад, ки дар натиља чароњат бардоштам. Рўзи 21 январи соли 2009 бо њамин бањона, маро бўѓї карда, пўсти зери манањ ва гарданамро бо нохунњояш канд. 4 феврали њамон сол модарам Тилло Мансурова пеш аз беморхона бурдан маро сахт тела дод ва ман ба девори хона бархўрда, биниам лат ёфт. Болои сўхта намакоб маро латту кўб намуда, ба бинии латхўрда чанд зарба зад, ки дар натиља биниам хуншор шуд. Худи њамон рўз модару бародарам оњанеро тасфон карда, ба танам часпониданду ба калтаки худ мезаданд. Азимљони хунсард бо калтак ба панљањои дасти чапам зада, ангуштонамро шикаст. Бо гузашти рўзњо љароњати дастам аз табобат нагирифтан бўй гирифта, њатто кирм пайдо намуд. Аммо модар тањдид карда мегуфт: «Агар дар ин хусус ба падар лаб кушода, шикоят кунї, туро мекушам
раиси суди ноњия ва раиси суди ВАБК, ки дўсти оилаи Мансуровњо мебошанд, модарамро бе доѓи судї озод намуданд. Прокуратураи ноњияи Дарвоз ва прокурори собиќи вилояти Бадахшони кўњї натавонистанд, ки модарам Тилло Мансуроваро ба љавобгарї кашанд. Судяњо адолатро «куштанд», адолат поймол гардид, њуќуќи инсон њимоя нагашт. Зеро оилаи Мансуровњо барои маќомотњои њуќуќї дастнорас буданд. Мўњтарам, прокуророи генералї! Куљост адолати судию њимояи инсон? Зиёни ба ман расондаро, кї љуброн мекунад? Оё рўзе њаќ ба њаќдор мерасад? Акнун ман маъюбам, шояд бо ин нуќс бахти худро наёбам, мисли духтарон ба шавњар набароям ва модар шуда њам натавонам. Саломатиам рўз ба рўз коњиш меёбад. «Зиндон»-и модар ва ранљи расондаи бародар маро ба ин њол расонда, њоло рўњану љисман азоб мекашам. Ба њамаи ин нигоњ накарда, ба адолати судї, амалї гаштани ќонунњои кишвар ва њимояи Конститутсияи (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон боварї дорам. Охир, мо шањрванди давлати соњибистиќлол, дунявї ва демократї њастем. Умед дорам, ки бо кўмаку мусоидати Шумо адолат барќарор мешавад, ќонундонњои ќонуншикан дар назди ќонун љавоб хоњанд гуфт. Мехоњам, ки модарам Тилло Мансуроваро ба мањкама кашам. Бигзор ў мувофиќи љиноятњои содирнамудааш дар назди ќонун љавоб гўяд. Зеро мо, њама ѓуломи ќонунем ва бояд волоияти ќонун њимоя гардад. Бо эњтиром Насибамоњи МИРВАЛЇ, сокини љамоати дењоти «Гулистон»-и ноњияи Љалолиддини Румии вилояти Хатлон.
НАЌЛЊОИ МУЗОФОТЇ
Довар Салими дањмарда бо њамаи хешу аќрабояш хайрухуш кард. Ў нони ба касон додаашро бахшид, барои хўрдањояш хоњиши бахшиш намуд. Ўро њама пињил карда буданд. Салим аз касе ќарздор набуд, вале љонаш ба осонї вуљудашро тарк намекард. Муллои дења чанд бор сураи «Ёсин»-ро болои сари маризи дар талвосаи љон ќироат кард, вале љон ба зудї намебаромад. Салим замоне ба худ меомад, ишора ба ангуштони пойњояш мекард ва чашм аз корди дар сутуни хона овехташуда намеканд. Љамшед - писари хурдии Салими дањмарда падарашро мефањмид, вале худдорї мекард. Мулло Закарё дар њайрат буд. Рўзи дањум, замоне, ки Салим ишора ба ангуштонашро дошт, мулло аз мехи сутуни хона кордро гирифту даст ба ангуштони пои ў зад. Салим калимаи «Шањодат»-ро ба забон оварду дунёро падруд гуфт. Љамшед аз гиря монд. Ба хуљраи дигар гузашт. Мехост бихобад, аммо намешуд. Њодисаи доварии падари рањматияш пеши назараш меомад. Шаб. Бо баромадани моњи мунир њама љой рушан гардида буд. Сояи кўњу теппа рамаро безобита намуд. Рамаи гўсфандони хуспида аз як тараф ба тарафи дигар медавид. Сагњо атрофи онњо чарх мезаданд. Гурги љавон, серѓайрату чолок гўшти тару тоза мехост. Гурги хокисттарранг аз байни буттањо ба рама наздик шуд. Гўсфандеро њадаф гирифта, бо як љањиш гулўяшро пора кард. Сагњо дар рўшноии моњ ба таљовузгар дарафтоданд. Љанги гург бо се саги рама дар ављ буд. Гург гуруснагиро фаромўш карда, мехост аз посбонони рама рањо шавад. Ў бо чолокии бењамтояш ду саги рамаро аз худ дур кард. Саги сеюм ба ў дарафтод. Дар њамин замон садои Салим баланд шуд. Сагњои аз дандонњои Хокисттарранг љароњатбардошта, бо шунидани садои соњибашон шердил шуданд ва ба кўмаки њамљинсашон шитофтанд. Акнун Салим як довар буд. Медид, ки зўри се саг ба гург намерасад. Хокистарранг якеро муттањам мекард, дувумї аз ў маѓлуб мешуд. Тоќати Салим тоќ шуд. Њангоме, ки сагњо ба гург дарафтоданд, ў оњиста ангўштони пои гурги саргарми муњорибаро бо корди алмосиаш бурид. Гург дар талвосаи љон сагњоро аз худ дур кард ва хост ба пеш њаракат кунад, вале панљањои буридааш имкони њаракатро намедоданд. Набард боз идома ёфт. Довар боз даст ба ѓиромї зад. Ў панљањои пои дувумї Хокистаррангро бурид. Акнун Хокистарранг ба гурѓ не, ба тимсоњ шабоњат дошт. Ў аз дандонзанињои бешумори сагњои рама љон дод… Љамшед њамроњи падараш буд. Ў њамаро медид ва ба далерию шуљоати гург ќоил шуда буд. Аз он, ки падараш панљањои пои гургро бурид, норозї буд. Љамшед доварони муштзанї ва футболро барои ѓиромиашон мањкум мекард. Њоло ў шоњиди ѓаромии падараш шуда буд, вале ба гуфтани њарфе љуръат намекард. - Ман довар мешавам, довари њаќиќї, орзу мекард писари дањмарда, ки ашк аз дидањояш шорида, болиштро тар мекард… Давлати ШОЊЭЪТИБОР
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
7
Феълан дар љомеа як фигураи зиёиеро на фаќат дорем, балки мебинем, ки гули сари сабади вохўрињои сарвари давлат ва чорабинињои сатњи давлатї аст. Бањсе, ки бо ташаббуси маркази «Диалог» ба мавзўи «Зиёї кист ва наќши ў дар њифзи манфиатњои миллї» бахшида шуд, хеле аз фарњангиён ва сиёсатмадоронро гирди њам овард. Бовар нокарданист, аммо воќеият буд. Мўсо Диноршоев - файласуф, Сўњроб Шарифов - вакили мардумї аз ЊХДТ, Муњиддин Кабирї - раиси ЊНИТ (модератори ин нишаст), Иброњим Усмонов профессор… Умуман вазни ин мањфил сабук набуд. Мавзўи зиёї бори аввал нест, ки дар мењвари бањсњои ќишрњои мухталиф ќарор мегирад, аммо пухта нашудани бардошт ва боварии тарафњо болои шинохти он солњост, ки идома дорад. БАЊОИ «2» БА МИЛЛАТ Мўсо Диноршоев, донишманди тољик бар ин назар аст, ки манфиатњои миллї дар њоле аз хатарњои беруна њифз мешаванд, агар ќишри зиёї мушаххас бошад ва зиёиён мавќеи мушаххас ва мароми якхела дошта бошанд. Ба гуфти ў, «нафароне, ки ба фаъолияти зењнї - фикрї машѓуланд, бо он вуљуд ки кори њар яке аз онњо якранг ва якнавохт нест, зиёиянд ва дар як мартаба ќарор доранд: - Хоњ илм ва хоњ дин њар яке ба зоти худ илм аст. Муњим нест, ки љањонбиниву тафаккури онњо фарќ дорад. Зиёї дар њифзи манфиатњои миллат новобаста аз он ки рўњонї аст ё дунёвї як ќишри воњид аст. Зиёии асил намегузоранд, ки дар байни ќишрњои мухталифи љомеа ихтилоф ба вуљуд ояд. Дар сурати байни манфиатњои умумимиллї ва ќишрњо рух додани ихтилоф охири кор ба низоъ ва љанг меоварад. Дар гузаштаи начандон дур миллати ранљдидаи мо аз ин имтињон гузашт ва бањои ду њам гирифт. Мо ин марњалањоро паси сар карда, 5 сол бо њам љанг кардем, толеъи баланд буд, ки боз тарафњо хатои худро фањмиданд ва ба созиш расиданд, - гуфт Диноршоев. «ФИГУРА» Сўњроб Шарипов, вакили парлумон, ки бо мавќеи оригиналиаш ягона шахсияти истисної дар командаи њукумати Эмомалї Рањмон ва Њизби халќї демократии Тољикистон шинохта мешавад, мегўяд, њар як зиёї бояд манфиатњои миллї ва давлатро њимоят кунад. Вай афзуд, афроде, ки дар дилхоњ соњаву сатњ - динї, дунёвї, љањонї - соњиби андеша њастанд, зиёиянд. Собиќ раиси Маркази тадќиќоти стратегии назди президенти Тољикистон аз замони роњбариаш дар ин марказ мисол овард:
- МТС солњо сари суолњои «зиёї кист ва идеяи миллї чї гуна бояд бошад?» кор кард, аммо то ба њанўз ба кулминатсия нарасид, ки ин ду чист. Шояд дар сурати доир гардидани муколамањо ва гуфтугўњои ошкорову самимї посухи њардуро барои миллат мушаххас кунем. То ба њол нафањмидем, ки зиёї кист ва андешаи миллї чист? Феълан дар љомеа як фигураи зиёиеро на фаќат дорем, балки мебинем, ки гули сари сабади вохўрињои сарвари давлат ва чорабинињои сатњи давлатї аст. Аммо дар вохўрињо ва фурсатњои
муждаи нек аст. Неруњои равшанфикр њушдор медињанд, ки риштаи вањдатро аз танидани бегонагон ва худињои манфиатдор эњтиёт кунанд. Зеро на њама ањли дарбору љомеаи имрўз дар ќолаб ё мафњуми зиёї домулло Тўраљонзода ё Њољи Мирзоро ќабул дорад. Ё баръакс аз доираи зиёиёни ќишри рўњонї шояд, ки Шодї Шабдолов, раиси Њизби коммунист ва вориси коммунизми давраи шўравиро њамчун зиёї ќабул надошта бошанд. Сарфи назар аз он ки ў њам дар зоти хеш зиёї аст. Иддае (файласуфон, ѓарбпарастон, рус-
ИМОМИ АЪЗАМРО ДАР ЭРОН ЉАШН МЕГИРАНД Аммо профессор Иброњим Усмонов дар бораи шинохти зиёї
Мулло - зиёї аст ва ё чаро аз «Ошўро» шўр андохтанд?
АЌЛЊОРО АЌЛЊО ЁРЇ ДИЊАНД...
ќиммати рўбарўи бо президент на заљри миллат ва марги солонаи садњо муњољир, балки нашри китобњои худ ё додани порчаи замин барои гулкории худ ба ёди ў меояд. Илова бар ин, агар аз рўйи толорњо ќиёс кунем, дар вохўрї бо зиёиён ањли адаб, шоиру нависанда, вазиру кабир, вакилон, раисони ноњияњо ва сармуњарирони нашрияњои расмї ба ин ќишр дохил мешаванд. Зимнан устухонбандии ин барнома чандон муњим нест, ки зиёиёнро аз кадом зовия интихоб мекунанд. Аммо њоло ки афроди донишманд тасмим гирифтаанд хатњои ќирмизиро аз руйи симоњои зиёиён бардоранд ва шинохти љомеаро дар арзишњои аслї ва воќеї муайян кунанд,
гароњо) мегўянд, зиёї онест, ки дар мактаби шўравї ба камол расидааст ва то њоло идеяи шўравї дар маѓз - маѓзи вуљудаш зинда аст. Аммо, иддаи дигар, ки дар хати васат ќарор доранд, пўшида намедоранд, ки њарду - домуллои тањсилкарда ва оне, ки дидгоњи дунёвї дорад - зиёї њастанд. Вале иддаи дигар симои зиёиро дар саллаву дастор ва ришу љелак - либоси бобои Рўдакї дидан намехоњанд. Њол он ки Фирдависиву Румї, Рўдакиву Саної, ќањрамонњои миллї, ба истиснои Эмомалї Рањмон, бо љелаку љомањои суннатї ба дараљаи зиёї расидаанд. Рўдаки њам риши зебо дошт… Бањси зиёї, миллат ва манфиатњои миллї њамеша бо дин ва
www.tojnews.org
www.tojnews.org
миллат бармехурад, мегўяд Сўњроб Шарифов ва меафзояд, вазни дин аз миллат вазнин аст. Аз ин хотир, ба таъкиди вай, давлатмардони мо бояд барои насли оянда вањдати миллату динро мерос гузоранд, то насли нав ин мушкилро ба мерос нагирад, натиљаи њамон меросеро, ки њоло ба њам наомадаанд, яъне дину давлат.
назари дигар дорад. Ба бовари ў, «нафари мактабнодидае, ки дар бораи дин, сиёсат ва фарњанг сўњбат мекунад, ба зоти зиёї дохил шуда наметавонад»: - Ваќте сухан сари мафњуми зиёї ва дохил шудани уламои динї ва дунёвї ба ин ќишр меравад, намешавад, ки аз бањсњои тарафњои доирањои динї сарфи назар кард. Зеро даъвои зиёї будан ё шудан дар худ суоле дорад, ки бо чї арзиш ва мењвар ин мартабаро гурўњњо ё шахсиятњо ноил мешаванд. Бахусус, уламои динии мо, ки бањсњо ва аќидањои динии онњо аз масоили иќтисодї ва иљтимоии кишвар дида, ба истилоњ дар њукумат ва љомеа гармтар аст. Дуруст аст, ки масоили эътиќодї дар њар давру замон њасосият дошт ва дорад. Аммо муњим дарки манбаи хатар будан ё доштани он аст. Зеро, инсонњо дар баробари хостањои шањрвандии хеш, боварњои фардиро њамеша муќаддас медонанд. Яъне масоили фардї ва эътиќодиро. Вале мо зиёиёни бетараф дорем, ки дар мавзўњои њасос сокитиро авло медонанд. Шояд яке аз арзишњои зиёиёни замона ин аст. Мўсо Диноршоев бо назардошти вазъи фазои динии кишвар афзуд, ки вазифаи зиёиёни динї таъмини вањдати динї аст: - Албатта, таъмини вањдати иљтимої, сиёсї, фарњангї, иќтисодї њам муњим аст, аммо динї муњимтар аст. Зеро мавзўњое, ки дар
байни уламои динї мехезад, тамоми љомеаро ба шўр меорад. Исботе буд, ки воќеияти њоли љомеаи моро инъикос кард. Афзун бар ин, то ба њол дар ВАО ва чоррабинињои муњими давлатї атрофи ин вазъ фикре баён нашуда буд. Аммо, суоли матрањ ин аст, ки чаро бо вуљуди ба «шўр» овардани љомеа ва ба эњсости мардум таъсир гузоштан, касе намехоњад, ки дар мавзўњои умумимиллї ва динии миллат садое баланд кунад? Њамон њарфе, ки фазои динии кишвар шикоф пайдо кардааст. Ба назар мерасад, ки ихтилофњои афкорї, на аќидатї ва мазњабї донишмандонро њам водор ба баён кардани мавќеъ ва дидгоњњои хеш кардааст. Бахусус бањси Ошўро, ки чанд моњ сархати хабарњои рўз буд. Масъалае набуд, ки ин ќадар шўр шавад. Аммо, ин бањсро ки шўр кард, суол аст. Файласуфи тољик аз замони шўравї ва сафараш ба Эрон ёдовар шуд, ки бахшида ба гиромидошти Имоми Аъзам конфронсе доир шуда будааст. Аммо, суол нашудааст ё нашунидааст, ки чаро Имоми Аъзами сунниро љашн кардаанд? Абдулвоњид Шамолов, раиси Пажўњишгоњи фалсафа, њуќуќ ва илоњиётшиносии назди Академияи илмњо њам рўзњои аввали сар шудани «шўр»-и Ошўро гуфта буд, ки «тарафњо бояд дасти њам дињанд ва якдигарро бахшанд.Зеро њарду мазњаб пайкараи дини мубини ислом аст ва набояд, ки ин ду тараф то толори судї њамдигарро кашанд. Аммо бо вуљуди ин бањси Ошўро то ба суд кашида шуд». КЇ БО ДИН МЕСИТЕЗАД? Пас, кадом омилњо ва гурўњњое њастанд, ки аз роњандозии барномањои зидди арзишњои динии кишвар, ба истилоњ лаззат мебаранд ва бо рўњу равони љомеа сарбасар мешаванд? Бовар нокарданист, ки њифзи вањдати динї танњо дар зењни Мўсо Диноршоев ва Абдулвоњид Шамолов омада бошаду халос? Ё чї? Агар не, чаро рахнаандозињо дар масоили муњим хотима намеёбанд? Ба таъкиди донишманди тољик, дар њоле, ки олами ислом дар сатњи љањонї дар мухолифат бо ќудратњо ќарор дорад, мутаассифона, дар Тољикистон ба љойи арљ гузоштан ба вањдати исломї барномањои мухолифати байни мазњабњо амалї шуда истодааст. Фатњулло Ќосимов, намояндаи Маркази исломии кишвар аз њозирин даъват ба амал овард, ки бањри таъмини вањдати мазњабии кишвар талош кунанд. Соњибназарон мегўянд, мутаассифона, дар фазои динии кишвар Кумитаи дин вазифаи худро дар самти дифоъ аз фазои мазњабї иљро накарда истодааст, њол он ки Кумитаи дин бояд вањдати диниро таъмин кунад. Хулосаи ин нишаст ин буд, ки фарди ба кори зењнї машѓул буда зиёї аст. Аммо ба таъкиди Зариф Наимов, устоди Донишгоњи миллї зиёї њамонест, ки 10 ва 20 соли сарнавишти миллат ва љомеаро пешгўйї мекунад. Аммо воќеият ин аст: нафаре, ки пайомади ќадами имрўза барои фардо ё иќдомњои хаторо ислоњ карданї мешавад, тањти таъќибњои фикрї ќарор мегирад ва болои ному шахсияти ў хати ќирмиз кашида мешавад. Ва њатман куљоиву одами кї будани ў бо ангушт ишора мешавад.
Њарамгули ЌОДИР
8
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
Барои депорт кардани 500 - 600 њазор одами дигар 1,5 - 2 соли фаъолияти мунтазами тайёрањо ва ќаторањо лозим мешавад. Инро дар Кремл хуб мефањманд ва имиљи «шармандатарин ва вањшитарин њукумати Аврупо»-ро касб карданї нестанд. Тибќи ин сенария, роњбарияти сиёсии Тољикистон барои хунсо кардани тањдиду хатарњои дохиливу беруна омодагї дида, вазъи иљтимоиву сиёсии кишварро батадриљ бењтар менамояду дар баробари Русия сиёсати прагматикиро муваффаќона пеш мегирад. Бар хилофи андешаи дар љомеа њоким (њатто миёни интеллектуалњо), заминањо барои амалї намудани чунин сиёсат бо назардошти иљрои ду вазифаи барои президент Эмомалї Рањмон хеле муњим: а) нигоњ доштани њокимияти шахсї; б) тањкими давлатдории миллии тољикон, воќеан њам вуљуд доранд. Шояд баъзе аз мухолифони сарсахти њукумати феълї бањс кунанд, ки вазифаи тањкими давлатдории миллї барои Эмомалї Рањмон муњим нест, аммо бар асоси тањлилњо ва бардоштњо аз гуфтаву навиштањои њамсафони ў мо бар онем, ки ў солњо боз худро асосгузори давлати нави тољикон дониста, устувории онро вазифаи љонї ва њатто «худододии» худ медонад. Аз ин рў, то замоне, ки ў сари ќудрат аст, новобаста аз он ки ин фањмиш чї гуна ва зери кадом омилњо ташаккул ёфтааст, тањкими давлатдории миллии тољикон рисолати ў бояд бошад. Ин албатта, бањси сифат (менељменти ноўњдабаро ва мутеъи манфиатњои оилавию мањаллї) ва шеваи таъмини ин вазифа(яккањукмронї) ро аз байн намебарад, вале он ба њар њол бањси дигар аст. Акнун мегузарем ба тасвири тањдиду хатарњои дохиливу берунї ва роњњои хунсо кардани онњо, зеро ин шарти амалї намудани сиёсати прагматикї дар баробари Русия аст. Вазъи иљтимоиву сиёсии Тољикистон хуб њам набошад, сахт нигаронкунанда нест. Суботу амнияти љомеа ва давлат таъминанду омилњои ба таври бардавом барњамзанандаи онњо ба назар намерасанд. Баръакси ним соли пеш, ки њукумати марказї таќрибан рефлексияи сиёсиро аз даст дода буд, маќомоти ќудратї, хоса Кумитаи давлатии амнияти миллї набзи љомеаро ба хубї эњсос мекунанд ва таќрибан њич раванди муњими љамъиятї (ба истиснои равандњои хафвноки иќтисодї) аз нигоњи амниятињо дур нест. Њарчанд дар маќомоти ќудратї, хоса вазорати мудофиа ва КДАМ таъсири русгароён ва тафаккури истеъморзада зиёд ба назар мерасад, аммо садоќати шахсию касбї, вобастагии роњбарияти онњо аз президент Эмомалї Рањмон ва тарс аз фошсозињои марказњои иктишофии ѓарбї кафили фаъолиятњои нисбатан самарноки онњо боќї мемонад. Њарду нињод њам барои муваффаќона бурдани амалиётњои локалии низомї омодаанд. Вазъи криминалї ба таври кифоя идорашаванда менамояд, њарчанд чунин ба назар мерасад, ки љиноёти худи милисањо аз љиноёти дигар зиёдтар аст. Иќтисоди воќеї ва каналњои моливу пулї таќрибан пурра дар ихтиёри њукумат ва наздикони нухбагони њукмрон ќарор дошта, рушди чашмнорас, вале бомайлони он таъмин аст. Њама бозору соњањо ѓасб шуда, раќобати бозорї таќрибан вуљуд надорад. Унсурњои бозории идораи нарху наво ќариб, ки истифода намешаванд. Иќтисоди миллї ба баландравии ќимати мањсулоти нафтї тобоварии худро нишон дод, њарчанд њукумат аз имконоти шароитофарї барои мањсулоти нафтии Туркманистон ва Озарбойљон истифода накард. Соњибкории хурд ва миёна зери бори фишори маъмурї ва фасод маљаќ шудааст. Вале сатњи баланди андозбандї ва таркиби андозњо имкон медињад, ки буљаи давлатї барои 2 - 3 соли наздик иљро гашта, то 70 - 100% зиёд кардани маоши кормандони будљаиро таъмин кунад. Шиддати иљтимоии вобаста ба дастрасї ба ќитъањои замин барои сохтмони манзил њам дар љануб ва њам дар шимол тадриљан паст шуда, бо додани чанд њазор га замини дигар пеш аз интихоботи президентии соли 2013 таќрибан аз байн меравад, њарчанд
зиёд шудани хаљми сохтмон ба гароншавии нархи масолењи сохмтонї оварда мерасонаду чораандешии вазорати рушди иќтисод ва савдоро таќозо дорад. Фаъолияти ањзоби сиёсии њамчун мухолиф мавзеъгиранда (ЊНИТ, ЊУСДТ ва ЊДТ) камранг буда, дар муњити сиёсї њич як гурўњи ќавии ќудратталаби зарфиятдор ба назар намерасад. Чорањои превентивии зидди ќудратталабии эњтимолии нањзатї самар дод. Заминањои иљтимоии фаъолияти муллоњо ва эшонњои суннатии машњур бамаротиб кам гардида, эњтимолияти дастгирии онњо аз сўи гурўњњои сиёсии дохилї ва хориљї ба сифр баробар карда шудааст. Њуќуќњои динии мардум њамоно наќз мешаванд, вале эътирозњо дар ин самт шакл нагирифтаанд ва гирифтанашон њам дар гумон аст.
ВАО-и мустаќили тољ икзабон, намояндагони варзидаи љ омеаи шањрвандї ваконтрнухбагондармасъалањои умумиллї аз мавзеъгирињои њукумати феълї љ онибдорї карда, бавуљ удовардани «колонаи панљ ум»-ро аз њисоби онњо номумкин гардонидааст. Њ окимият њарчанд хусусияти худкомагї дорад, аммо каммаърифатии мардумро ба назар гирифта, бо ниё-
БО ПУТИНЕ, КИ ТОЉИКИСТОНРО ЯК БОР ФИРЕБ ДОД
датарин ва вањшитарин њукумати Аврупо»-ро касб карданї нестанд, хоса ваќте, ки бошандагони Болотний ва Сахаров њич љой напаридаанду соати худро интизоранд ва вазифаи љалби то 600 њазор муњољир ба шањвандии Русия зиёдтар аз ваќти дигар актуалї аст. Бозори мењнати Русия бошад, баъд аз ворид кардани «кортњои кабут»-и Олмон њукумати Медведев-Путинро маљбур хоњад кард, ки дар як соли наздик: а) институти ќайди муваќќатиро аз байн бардорад; б) низоми квотадињиро такмил дињад ё барњам занад; в) механизми соддаи љалби кормандони баландихтисосро пиёда намояд. Њамин тариќ, тањлили тањдиду хатарњои дохилї ва берунї ва чорањои эњтимолии «шарики стратегї» нишон медињад, ки Русия то бањори соли оянда барои ќабули шарту шароити муносибот бо Тољикистон «мепазад». Дар натиља, њукумати феълї бо камтарин зањмат ба гузариш (переформат)-и ороми муносибатњои дуљониба бо Русия муваффаќ шуда, ќарордод оиди будубоши 10 - солаи пойгоњи низомии 201 - и Русияро бо шартњои зерин розї мешавад: - на зиёдтар аз 3 - 3,5 њазор сарбозу афсари 80 дарсадашон мустаќар
«Гузариши ором - 2020» Сенарияи дуюм ё идораи давлатсолоронаи тањдиду хатарњои дохиливу берунї зњои сатњи пасттари он муваффаќона бозї мекунад. Обрўи сарвари давлат, кито љое бо непотизм ё хешу таборпарастї хатчадор шудааст, њамоно баланд асту аз дастгирии мардумї (ба истиснои пойтахт, ки мисли дигар кишварњо маъмулан райъи зиддињукуматї медињад) бархурдор мебошад. Њамаи ин дар маљмўъ ду тањдиди асосї: а) инќилоби мардумї; б) табадуллоти давлатиро таќрибан аз байн бурдаанд. Њамин тариќ, дар ду соли наздик, бинобар набудани массаи критикї, инфрастурктураи инќилобї ва сарчашмањои молї инќилоби мардумиро (дигар љои шубња нест, ки дар ќарни 21 кулли режимњои авторитариро се таќдир интизор аст: трансформатсияи дохилї, инќилоби мардумї ва ё табадуллот аз хориљ, аз љумла зери ниќоби инќилоби ранга) дар Тољикистон мањор кардааст. Бахусус, ваќте Ѓарб манфиатдор аст, ки то актуалї будани «Шабакаи шимолї» амну суботи Тољикистон таъмин бошад. Дар чунин вазъ, рањбарияти сиёсии Тољикистон хостањои русгароён, ходимони давлатии бознишаста, ки тафаккури истеъморзада доранд ва инчунин нафаќахўрони сершумори ФСБ дар Тољикистонро нодида гирифта, дар 3 - 9 моњи наздик шарту шароити нави муносиботро бо шарики стратегияш - Русия маълум менамояд. Бояд гуфт, ки нутќи кайњо пухта, вале ѓайриинтизори президент дар маросими кушодашавии филиали МИСИС, сафари амалан бебарори вазири корњои хориљии Русия Сергей Лавров ва таъкидњои паёми солона ишора ба он мекунанд, ки президент Эмомалї Рањмон омода аст дар баробари Русия ва хостањояш сиёсати прагматикї пиёда созад. «Тарки одат амри муњол», тамоми ин муддат, русњо њуљумњои иттилоотии худро идома дода, тирамоњи соли равон онро бамаротиб афзоиш медињанд, вале ба шахсияти Эмомалї Рањмон ва ањли хонадони сершумори ўву бизнесњои бурзургашон намерасанд, зеро марказњои тасмимгирии Русия аз аввал, махсус бањси бозгашт ба сарњад ва 49-соли ќарордодро ба миён овардаанду барои бастани ќарордоди кўтоњ низ розиянд. Аз ин
рў, «пулњоро нахоњанд сўхт». Акнун, хатару тањдидњои беруниро ба мизони тањлил мекашем, зеро идора накардани онњо кўшишњои таъмини гузариши оромро барњам зада метавонанд. Тањдиди калонтарини амниятї ба суботи Тољикистон боз њам њузури низомии русњо дар се мавзеъи стратегии мамлакат аст, вале њузури њарбиву сиёсии амрикоиён дар минтаќа, мавзеъгирињои Иттињоди Аврупою Чин ва фаъолиятњои беназири марказњои иктишофии Ѓарб ва Эрон , ки табодули чунин иттилоъро бо њукумати Тољикистон амалї мекунанд, шонси истифода бурдани низомиёни русро барои дигар кардани роњбарияти сиёсии Тољикистон ќариб, ки аз байн бурдааст. Чунин амалиёт рискњои бенињоят калон дошта, дар сурати номуваффаќ шудан маънии пошхўрии ИДМ-у ЕврАзЭс, куллан заиф шудани Русия дар Созмони њамкорињои Шонгњой, зинда гўронидани орзуи путинии Иттињоди АвруОсиё ва билахира пурра аз даст додани Осиёи Марказиро дорад. Тањдиди дигари амниятї, низоъњои мањдуди наздисарњадї, чї дар сарњад бо Афѓонистон, ки минљумла бо дасти русњо ташкил шуда метавонад ва чї дар сарњад бо Ўзбакистон ва кўшиши зарбаи њавої ба сарбанди НБО-и «Роѓун» аз љониби Тошканд мебошад, ки бинобар омодагињои њарбии ду соли ахириТољикистон бесамаранду барои худи Ўзбакистон хатарнок, зеро чунин кўшиш њудуди Тољикистонро макони будубош ва таъминоти мухолифини яроќнок ва беяроќи режими Ислом Каримов намуда, водии Фарѓонаро метарконад. Чунин мавзеъгирии Тољикистон метавонад, дастгирии пинњонии ИМА-ро пайдо кунад, зеро Ўзбакистони идорашаванда ба табъи дили онњост. Эњтимолияти њуљуми навбатии Мањмуд Худойбердиев низ вуљуд дорад, вале дар њар ду самти эњтимолї (љанубу ѓарб ва шимол) муваффаќ нахоњад буду боиси ѓасби њудудњои муайяни Ўзбакистон низ гашта метавонад. Бинобар мин, онро љиддї гирифтан нашояд, вале нодида гирифтан њам бемаънигї мебуд. Пайдошавии гурўњњои алоњидаи љангї дар минтаќаи Рашт ва Бадах-
шон низ аз эњтимол дур нест, вале ба сурати љиддї ва бардавом чунин гурўњњо муваффаќ намегарданд. Њамин тариќ, баръало маълум аст, ки омодагињои сиёсї, дипломатї ва њарбии њукумати феълї таќрибан њама тањдиду хатарњои эњтимолиро хунсо кардааст ё карда метавонад. Бо дарёфти роњњали ин мушкилот мемонад вазифаи бењтар кардани вазъи иљтимоиву иќтисодии ањолии кишвар, ки пеш аз интихоботи президентї мароми маљбурии њукумат њам мегардад. Тањдиди дигари эњтимолї, дар натиљаи фишорњои Русия сари муњољирон ба вуљуд омада метавонад. Наздик ба 800 - 900 њазор муњољири кории тољикистонї, ки њудуди 26 - 29 % ањолии аз нигоњи иќтисодї фаъолро ташкил медињанд, дар муддати муайян метавонанд, ба омили фишор болои њукумати гапнорави Тољикистон табдил ёбанд. Аммо баръакси аќидаи мављуда, ки муњољирини бозгашта омили инќилобї буда метавонанд, сињат нест. Њатто агар русњо риск карда, бар хилофи муќаррароти ИДМ болои муњољирони мо фишори оммавї шуруъ кунанд, изњороти Тољикистон љињати хориљ шудан аз ИДМ (узвияти мо аслан манфиати гуманитарї дошт, ки бо гузашти як дањсола ахамияташро гум мекунад ) онњоро њушёр мекунаду ќатъи будубоши низомиёни рус дар Тољикистон онњоро сари мизи гуфтушунид бармегардонад. Русњо «гови муќаддас» будани муњољирони мо ва будубоши низомиёнашонро хуб мефањманд, аз ин рў, барои мўњлати дарозтар аз 2 - 3 моњ фишор нахоњанд овард. Бар замми ин, аз нигоњи техникї низ амалї кардани фишори бардавом болои муњољирони мо хеле душвор, хастакунанда ва серхарљ аст. Аввал ин ки њудуди 250 - 280 њазор муњољири корї ё шањвандии Русия доранд, ё дар марњилањои гуногуни натурализатсия (иљоза барои зист ва дигару дигар) мебошанд, ки хориљ кардани онњо номумкин аст. Барои депорт кардани 500 - 600 њазор одами дигар бошад, 1,5 - 2 соли фаъолияти мунтазами тайёрањо ва ќаторањо лозим мешавад. Инро дар Кремл хуб мефањманд ва имиљи «шарман-
дар Кўлобу Ќурѓонтеппа ва 20 дарсадашон дар шањри Душанбе; - њар даромаду баромади љузъу томњои пойгоњ ва техникаи њарбї бо иљозаи маќомоти мањаллии њокимияти давлатии Тољикистон; - дар њоли эълони вазъи фавќуллода дар кишвар ва ё њуљуми кишвари сеюм ба Тољикистон гузаштани фармондењї ба Сарфармондењи Ќуввањои мусаллањи Тољикистон; - таъмини тобеияти пурраи судии њайати шахсии пойгоњ ба ќонунгузории Тољикистон; - хотимаи кўшишњои фаъол кардани стансияњои телевизионї ва радио дар пойгоњ; - њаќќи иљора аз соли 2 - юм таъин карда мешавад (он набояд камтар аз 50 дарсади маблаѓе, ки ширкатњои русї аз бизнесашон дар Тољикистон мебароранд, бошад. Яъне њудуди 200 миллион доллари ИМА барои як сол); - вогузор шудани фурудгоњи низомии «Айнї» ба ихтиёри якљояии њарбиёни рус ва њинду; - ќарордод барои сохтани се нерўгоњи хурд дар дарёњои Тољикистон аз љониби Русия; - ширкати Њукумати Русия ё ширкатњои русї дар консорсиуми байналмиллалии НБО-и «Роѓун» бо шартњои барои њама яксон. Бо назардошти он ки љониби Русия аз соли 2004 инљониб ду маротиба ањдшиканї кард (ќарордод бо президент Владимир Путин барои 2 млрд. доллари ИМА сармоягузорї ба иќтисоди Тољикистон ва ќарордод бо президент Дмитрий Медведев дар соли 2009, ки сохтани се нерўгоњро дар назар дошт) ратификатсияи ин ќарордодњо бо Русия то соли 2016 мавќуф гузошта мешавад. Мисле, ки љониби Русия ќарордод оид ба сарњадро аз соли 2004 то соли 2011 дар Думаи давлатї ва Шўрои Федератсия кашол дод. Дар навбати худ, њукумати феълї вазифадор аст, ки интихоботи парлумонии соли 2015 ро ќонунї ва шаффоф гузаронад, то намояндањои воќеии мардуми Тољикистон њузури низомиёни русро ќонунї гардонанд, на як гурўњи хурди манфиатдорон. «Нигоњ»
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
9
Буљаи расонањои њукуматии Тољикистон дар љое эълон нагардидааст. Аммо бо њисобњои ѓайрикасбї метавон тахминан њисоб намуд, ки даромади њади аќали як рўзномаи њукуматии Тољикистон чї ќадар аст. 3 - юми май рўзи озодии баён аст. Дар Тољикистон њанўз соли 1990 бо ќабули Ќонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» ба озодии матбуот, ки як рукни асосии озодии баён мебошад, замина гузошта шуд. Њатто дар бештар маврид озодии баён ва озодии матбуотро баробармаъно маънидод мекунанд. Матбуоти Тољикистон аз соли 1990 то ин дам гардишњои гуногунеро паси сар кард. Имрўз ВАО-и чопии мо феноменеро мемонад. Яъне нисбат ба 20 соли давлатдории мустаќил расонањои ѓайрињукуматї пешравие ба даст овардаанд, аз љумла озодии нисбии баёнро мешавад дастоварди матбуоти мустаќил номид. Аммо дар умум матбуоти тољик нисбат ба замон ва матбуоти байналмилалї фарсахњо дур мондааст, гўем, хато нахоњад буд. Мисоли оддї он аст, ки матбуоти тољик њоло хонандаи асосии худашро наёфта, «душман»-е назири сомонањои интернетї фазои онро танг карда истодаанд… Бо ин њама, матбуоти мустаќили тољик аз ѓунљоиши доираи сиёсии Тољикистон фаротар рафтааст. Њатто тањлилгарони соња гуфтаанд, матбуоти мустаќил на танњо вазифаи худро, балки вазифањои њизбњои сиёсии оппозитсиониро низ иљро мекунад. Дар њолатњое дар муќобили аќидаи њукумат аќидаи алтернативиро пешнињод мекунанд. Шояд ин яке аз бањоњои баландтарин нисбат ба матуботи озоди Тољикистон бошад. Ин њама саъюу талош ва њатто аз худгузаштагии кормандони матбуоти тољик дар 20 соли ахир ќариб сирф аз рўи садоќат ва дўстоштани касб будааст. Он озодии баёне, ки дар матбуоти Тољикистон ба назар мерасад, аз рўи содоќат ва касбият тавлид шудааст. Дар њоле, ки имрўз таъминкунандаи озодии баён дар пешрафтатарин расонањои озодгўи дунё маблаѓ ба њисоб меравад. Сарфи маблаѓњои њангуфт аст, ки расонањои хориљї барои аз худ кардани фазои иттилоотии њар кишваре дод аз озодии баён мезананд. Сарфи маблаѓ дар матбуоти тољик бо ќиёс аз расонањои хориљие, ки дар Тољикистон фаъолият мекунанд, ба сирф баробар мебошад. ЧАНД ПУЛ ЌИММАТ ДОРЕМ? Дар Тољикистон як чанд расонањои хориљие фаъолият доранд, ки муваффаќтарини онњо бахши тољикии радиои «Озодї» ва сомонаи бахши тољикии ВВС мањсуб меёбанд. Дар озодии баён ва пањн кардани хабар бо забони тољикї ин расонањо дар фазои иттилоотии Тољикистон пешгом мебошанд. Тавре маълум аст, радиои «Озодї» аз љониби Конгреси ИМА маблаѓгузорї мегардаду молики ВВС Британияи Кабир мебошад. Тибќи хабари Шўрои пањнкунандагони мављњои радиоии ИМА, будљаи бахши тољикии радиои «Озодї» танњо барои соли 2013 1,57 миллион доллар пешбинї шудааст. Ин маблаѓ барои 8 соат барномаи радиої ва сомонаи «Озодї» људо карда шудааст. Ба њисоби ин Шўро, ањолии Тољикистон 7,5 миллион нафар аст, ки барои љалби як нафар 0,21 доллар рост меояд. Тамоми сокинони Тољикистон шунавандаи радио ва хонандаи сомонаи «Озодї» нестанд. Миќдори шунавандагони радиои «Озодї» даќиќ нест. Аммо ба њисоби сомонаи маъруфи www.mysitecost.ru шумораи боздидкунандагони сомонаи www.ozodi.org (IP
Дар даромадгоњи аксари бемористонњои кишвар калимаи «беморхона» навишта шудааст. Ин ном ногуфта аз он ки ба забони тољикї созгор нест, ба мардуми дармонда, ки худ дар њолати ногувор ќарор ва эњтиёљ ба «шифо» доранд, зарари рўњї мерасонад. Чаро? Зеро ин ном ба инсонњо таъсири манфї мерасонад. «Беморхона» баргардонида аз забони русии «больница» аст. Додихудо Саймиддинов раиси Кумитаи забон ва истилоњот мегўяд, «вожае, ки мо дорем, бемористон аст…» Аз дидани номи беморхона ба корбурд ё истифодаи услуби донишмандони илми мантиќ (ки аз вожањои «тасаввурї»
адреси Озодї 94.198.114.135. љои пахш Прага) дар як рўз њудуди 6, 430 нафар мебошанд. Бо як њисоби одии арифметикї, яъне 1 570 000 (маблаѓ) : 6 430 (истифодабарандагон) = 244,1. доллари ИМА. Пас барои љалби њар як истифодабарандаи сомонаи бахши тољикии радиои Озодї Конгресси ИМА дар як сол 244 доллар масраф менамояд. Яъне њар як хонандаи тољик барои амрикоињо 244 доллар ќиммат дорад. Аммо барои љалби хонандаи тољик расонањои њукуматї чї ќадар масраф мекунанд, ё бо љумлаи дигар мову Шумо барои расонањои њукуматї чї ќадар ќиммат дорем? Буљаи расонањои њукуматии Тољикистон дар љое эълон нагардидааст. Аммо бо њисобњои ѓайрикасбї метавон тахминан њисоб намуд, ки даромади њади аќали як рўзномаи њукуматии Тољикистон чї ќадар аст. Барои мисол рўзномаи №1-и њукумати Тољикистон «Љумњурият» бо теъдоди 31 500 нусха дар як њафта се маротиба нашр мешавад. Обунаи яксолаи рўзномаи Љумњурият 96 сомонї муќаррар гардидааст. Агар њудуди 30 000 нусхаи рўзнома тариќи обуна пањн гардад, пас танњо маблаѓи аз обуна ба даст меовардаи рўзнома 2 880 000 (2 миллону 880 њазор) сомонї ё наздики 600 њазор доллар мебошад. Ба љуз ин рўзнома аз њисоби реклом ва дигар манбањо даромад дорад. Њамчунин, аз буљаи давлат барои рўзнома маблаѓ људо мешавад. Агар танњо маблаѓи аз обуна ба дастмеовардаи рўзномаро њисоб кунем ва њар як рўзнома ба дасти 4 нафар расад, пас аудиторияи «Љумњурият» 126 њазор нафарро ташкил медињад. Танњо аз њисоби обуна барои љалби хонандагони рўзнома њудуди 4,7 - долларї рост меояд. Рўзномаи «Љумњурият» пеш аз њама ба хотири нашри фармону дастурњои Президенти мамлакат, ќарорњои Њукумат ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва тарѓиби сиёсати њукумат ба нашр мерасад. Гуфтани он, ки хонанда барои рўзномаи њукуматї чи ќадар ќиммат дорад, он ќадар ба мантиќи имрўз наздик нест. Зеро бештари муштариёни рўзнома ба таври иљборї ба рўзномањои расмї обуна карда мешаванд. Яъне барои хондани тарѓиби њукумат мо муваззафем, ки маблаѓ пардохт намоем. Ин падида нисбат ба «Озодї» муќоисанашаванда мебошад. Агар гўем, ки хонанда дар назди расонањои расмии чопї
Озодї ва пул Як хонанда дар Тољикистон чанд сомонї нарх дорад?
ќиммат њам надорад, хато нест. Барои љалби хонанда талош њам надоранд, зеро ќариб дар њар як нињод, ташкилот, муассисањои шањру навоњї ва вилоятњои љумњурї рўзнома масъулони обуна дорад, ки бояд маблаѓро ба суратњисоби рўзнома гузаронанд. Дар њамин њол буљаи матбуоти мустаќили Тољикистон на бо расонањои хориљї муќоисашаванда мебошаду на бо матбуоти расмии кишвар. Ин њам дар њолест, ки дар Тољикистон 5 - 6 њафтаномаи мустаќиле њаст, ки бештар ваќт барои муайян кардани вазъи озодии баён дар кишвар такя ба сањифањои онњо карда мешавад, ё барои муайян кардани вазъи озодии баён њамчун меъёр ќабул гардидаанд. Тиражи њар яке аз ин нашрияњо ба њисоби миёна 5 њазор нусха мебошад. Гоње 2,7 њазор нашр мешаванд, гоње то 7 њазор ва аз он зиёд њам мерасанд. Агар њар як нусхаи нашрияро 4 нафар хонанд, ба њисобе аудиторияи як нашрияи мо «Нигоњ» 20 њазор нафарро ташкил медињад. Барои љалби обуна ва хонандагон ба мисли нашрияњои расмї дар ташкилоту нињоде нафаре масъул нест, ки хонандагонро љалб намояд. Барои омода намудани маќола, нашр, фурўш ва дигар мушкилоти чопи њафтанома рўзноманигорон масъул мебошанд. Буљаи њафтаномањои мадди назари мо ба њисоби миёна 50 њазор доллари ИМА-ро ташкил медињад. Аз ин њам камтар низ мебошанд ва барои дахолат накардан ба асрори тиљоратии њафтаномањо ин њисобњоро канор мегузорем. Барои 20 њазор хонанда дар як сол њафтаномањои мо 50 њазор доллар масраф мекунанд, ки барои љалби њар як хонанда 2,5 долларї рост меояд. Ин раќам аз нишондињандаи радиои «Озодї» ва рўзномањои расмии њуку-
мат ба маротиб камтар мебошад. РАСОНАЊО БА КЇ ТААЛЛУЌ ДОРАНД? «Озодї» ба Конгресси ИМА тааллуќ дорад. «Љумњурият» аз њукумати Тољикистон ва президент мебошад. Пас матбуоти мустаќил мутааллиќ ба кист? Дар Тољикистон ба мисли дигар кишварњои демократї сармоядоре омода нест, ки њафтаномањои мустаќилро аз нигоњи молиявї дастгирї намояд. Њукумат њеч ваќт моил ба он набуд, ки барои ВАО-и мустаќил маблаѓгузорї кунад. Гурўњњои молиявї ќариб, ки расонањои мустаќилро хуш надоранд. Њамчунин, муассиси њафтаномањои мустаќили Тољикистон ягон сармоядори номии кишвар нестанд. Њамагї онњое мебошанд, ки чархаи гардиши њафтаномаро дар такя ба маблаѓи хонанда, реклом, PR-матлабњо ва амсоли инњо пеш мебаранд. Ањзоби сиёсии кишварамон, ки худ дар њолати ќашшоќї ќарор доранд, ба матбуот кўмаке карда наметавонанд. Як назари сатњї ба сањифањои матбуоти мустаќил кофист муайян намоем, ки дар зери таъсири гурўњеву нињоде њастанд, ё на. Аз нигоњи молї њафтаномањои мо мустаќил мебошанд. Гарчи дар доирањои берун аз матбуот чунин андеша њам љой дорад, ки њафтаномањои мустаќил аз љониби ташкилотњои хориљї маблаѓгузорї мешавад. Њафтаномањои мустаќил аз нигоњи эљодї бештар аз њама дар зери таъсири сармуњаррир ва муассис ќарор доранд. Он њам бештар ба љанбаи мањаллї мепечад. Дар бештар маврид нисбат ба расонањои њукуматї матбуоти мустаќил аз барномањои њукуматие, ки ба нафъи миллату мардум равона гардидаасту зери интиќоди бегонагон ќарор гириф-
Тарс аз «беморхона» Пешнињоде барои раиси шањри Душанбе ва вазири тандурустї
ва «тасдиќї» тасаввур ё тасдиќи маљњулеро њосил мекунанд) дар зењни мо натиљаи дохил, ки пур аз беморї, ранљурї, шикастањолї ва… аст, њосил мешавад. Ба корбурди ин услуб агар баръакс бошад (яъне шифохона), мањсули зењн ин аст, ки дохил маконест њар ки мурољиат кунад, шифо меёбад. Пас тасаввур шавад, ки љое беморхона ва шифохона номгузорї шуда бошад, кадоме аз инњо метавонад дар-
мондаро таъсири манфї ё мусбат расонад?! Бархе бар ин боваранд, ки беморхона наметавонад ба инсон зарари рўњї расонад ва бо мурури замон шифохона њам метавонад диди инсонњоро дигар кунад, зеро аз дохил дар баъзе маврид шифо наёфта, њатто баъзан онњоро фавтида мебароранд. Аммо Нафиса Муродова мудири кафедраи равоншиносии Донишгоњи миллии Тољи-
кистон ба фикри дигар аст. Вай мегўяд: «Аз назари равонї беморхона метавонад ба инсонњои дармонда таъсири манфї ва шифохона умед бубахшад. Ном яке аз воситањоест, ки ба инсон таъсири манфї ё мусбат мерасонад. Сухан инсонро њам мемиронад ва њам зинда мегардонад» Мавсуф бар ин аст, ки агарчи ин тасмим (иваз кардани беморхона ба шифохона) аз љињати иќтисодї мушкилофар
тааст, хубтару муассиртар дифоъ намудаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки 5 њазор нусхаи њафтаномаи мустаќил аз шумораи 6 маротиба бештари матбуоти расмї муассиртар буда, дар офариниши афкори омма сањми назаррасе дорад. Дар њимояи манфиатњои давлативу миллї, њатто гоњо њукуматї расонањои мустаќил бо чунин маблаѓгузории ночиз аз расонањои расмї пешсафтар будаанд. ЊУКУМАТРО ЗАРУР АСТ, КИ … Таќрибан як сол ќабл Давлаталї Давлатзода, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї дар љаласае дар парламент гуфта буд, ки бояд дар соли 2013 маблаѓгузории нашрияњои музофотї аз буљет хориљ карда шуда, ба љои онњо нашрияњои мустаќил маблаѓгузорї карда шаванд. Ин пешнињод мавриди таваљљўњ ќарор нагирифт. Њол он ки онро нафаре ироа дошт, ки солњо то 1,2 млн сомонї обунапулии «Минбари халќ»-ро барои корњои њизбї истифода мекард. Пас агар њукуматро зарур аст, ки фазои амнияти иттилоотиаш таъмин ва дар њимояи манфиатњои аслии миллати тољик дар ин фазо сањмгузор бошад, бояд пеш аз њама дар ташаккули журналистикаи воќеан миллї сањм гирад. Агар матбуоти мустаќил аз љониби њукумат кўмаки молї карда шавад, аз манфиат берун нест. Барои роњандозии ин амал мешавад, аз пешнињоди Давлаталї Давлатзода кор гирифт. Баъдан, обунаи маљбурии нашрияњои расмї ва соњавї то љое мањдуд гардад, дар ин њолат ин нашрияњо мисли нашрияњои мустаќил барои љалби хонандагон талош хоњанд кард.
аст, аммо вожаи беморхона зарари рўњї мерасонад ва бояд шифохона бошад, ки ин дармондагонро ќувват мебахшад. Додихудо Саймиддинов ин пешнињодро пазируфта, мегўяд: «агар дар баробари бемористон, ки вожаи аслии тољикї мебошад, шифохона низ истифода шавад, хуб аст» Таблиѓоти бемаврид, ба ќавли дигар, «њаркиву њарчи», баъзан сабаби баръакс шудани номњо мегардад. Метавон «маркази саломатии тибби љануб», ки дар мањаллаи 46 воќеъ аст ва «беморхонаи клиникии № 3»-ро ном бурд. Яъне таблиѓи як нуќтаи хурди тиббї ба таври худ ва аз он бузургтар бо њамон тарљумањои тањтул-
Мењрубони ХОЛИЌ
лафзї. Дар њоле ки на он нуќтаи хурд метавонад маркази саломатї ва на беморхонаи клиникї ба ин ном бошад. Маркази клиникї бояд «дармонгоњ» бошад. Аз ин хотир, ба Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе ва Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тољикистон пешнињод мешавад, ки бар пояи далоили боло бо истифода аз тавсияњои донишмандони илми мантиќ, забоншинос ва равоншинос «беморхона» ба «шифохона» (ё бемористон) иваз шавад. Баќияаш ба салоњдиди шумо! Исматуллоњи АЗИЗ
10 №6 (282), 2-юми майи соли
2012
Ин мардум аз куљо медонанд, ки Ким Чен Ин омадааст, дар њоле ки вай ин љо дида намешавад? Ва духтар посухаш медињад: "Вай њамеша дар ќалбњои мо њузур дорад. Мо низ акнун соњиби нерў њастем. Ва ин пойдевори хушбахтии халќи мост",- мегўяд ў. Дар он суханроннї аз он низ ёд кард, ки Кореяи Шимолї як ќудрати атомист, вале таъкиди дигар њам кард: "Нерўи асосии ЉХДК ќувваи атомии он нест, нерўи он иттињоду њамбастагии мардуми он аст".
Ба зодрўзи Ким Ир СЕН, поягузори низоми сотсиалистии Кореяи Шимолї сад соли пур шуд. Зинда њам набошад, номашро хонадонаш хост абадан зинда нигоњ дорад ва акнун солшумориро дар Кореяи Шимолї аз рўзи таваллуди ў шурўъ хоњанд кард. Љои тааљљуб надорад. Ў на Исои набї (а) аст, ки аз мавлудаш солшумории исавї оѓоз гардад ва Муњаммади Пайѓамбар (с) аст, ки аз рўзи њиљраташ солшумории мусалмонон оѓоз бигирад. Ин ду фиристодагони Аллоњ ба насли башар буданд. Вале Ким Ир Сенро нисбат ба солшуморї чист? Шояд танњо он ки дар Кореяи Шимолї барояш маќоми пайѓамбарї додаанд. Таърих паёмбарони худхондаро зиёд дидааст ва ќавњои гумроњеро њам зиёд медонад, ки касонеро баробар ба фиристодаи осмонї медонанд ва на Худо, балки ўро ибодат мекунанд.
Кореяи Шимолї:
АЗ АФСОНА БА АФСОНА "ВАЙ ЊАМЕША ДАР ЌАЛБЊОИ МО ЊУЗУР ДОРАД" "Маљаллаи амрикоии "Parade" солњои 2003-2004 ва соли 2008 Ким Чен Ирро бадтарин диктатори олами муосир номида буд". Аз хабари матбуот. Нимаи дуюми моњи апрел рўзњои басо тантанавї дар Кореяи Шимолї буданд. Мардуми ин сарзамин љашнворае доштанд бо номи "Рўзи Офтоб" ва истиќболи он ба мавлуди асосгузори низоми сотсиалистї дар ин кишвар Ким Ир СЕН рост омад. Сохтаву бофта буд ин љашнвора ва ё анъанаи ќадимии мардуми ин сарзамин дар маъохизи интишорёфта чизе дарёфт нашуд. Танњо матлабе, ки пайдо кардем, иртиботи зодрўзи доњї ба рўзи Офтоб буд, ки акнун аз ин ба баъд бояд як рўзи басо хотирмон ва тантанавї барои мардуми ин сарзамин бошад. Сарвари нави ин кишвар, набераи Ким Ир СЕН Ким Чен ИН дар як суханронї таъкид кард: ин рўзи вањдати миллат аст, рўзест, ки гармии офтоби бархоста аз мавлуди пешво ќалбњои сокинонро гармї мебахшад ва онњоро барои боз њам басиљ шудан атрофи ѓояњои абадзондаи доњї ташвиќ мекунад". Суханронии Ким Чен ИН, ки бо ин њама љавонї аз падар тахти шоњаншоњиро ба мерос гирифт, суханронињои замони коммунистї дар ќаламрави кишвари Шўроњоро мемонд. Ва
боз рамзист, ки маросими тантанавии ба тахт нишастани набераи доњї њам дар њамин рўз таъин гардид, яъне ид болои ид буд. Ин рўзњо дар ин кишвар таронањо лабрез аз ситоиши доњї ва хонадони ўянд, раќсу бозињо таљассумгари роњи тайкардаи доњї ва ањли хонадони ваянд. Дар таронае суруда мешавад: "Доњии муаззам,ту барваќттар бихоб. Охир ту басо серкорї ва боз басо дер мехобї. Аммо барои мо муњимтар аз њама саломатии туст!". Бале, ин яке аз он сањнањо аз гузоришоти мўътабартарин хабаргузорињои олам буд, ки иќтибос шуд. Ва њарфи дигар боз ин аст: хабарнигоре аз духтари рањнамо, ки басо зираку чобук ба назар меояд ва њатто бо забони русї њам озодона метавонад сўњбат кунад, дар мавриди зуњури ќарибулвуќўъи Ким Чен ИН миёни мардум, ки барномарезї нашудааст ва касе аз он огоњ нест, мепурсад: "Ин мардум аз куљо медонанд, ки Ким Чен Ин омадааст, дар њоле ки вай ин љо дида намешавад? Ва духтар посухаш медињад: "Вай њамеша дар ќалбњои мо њузур дорад". Ва њарфњои дигар њам њастанд, ки ба риштаи тасвир кашидани онњо имкон надоранд. Аммо ин њам, ки гуфта шуд, муњаббати роњбар дар ќалби мардум аст. Аммо кї медонад, ин муњаббат то куљо самимист. Замоне мо њам Леонид Бреж-
невро дар њузураш чї њарфњое намегуфтем, ё Иосиф СТАЛИНро. Вале дар ѓайб чї? Чї суханњои носазо дар њаќашон иброз медоштанд. Шояд дар Корея њам чунин аст. ИНЌИЛОБ АЗ СИЛОЊ ОЃОЗ МЕШАВАД Аз замони оѓози инќилобњои арабї мавзўъи худкомагони олам дар сархати матбуоти љањон љой гирифт. Зеро ду њокими дар нахустин моњњои шурўъи инќилобњои мардумї сарнагуншуда аз љумла худкомагони олам буданд. Ва нишон аввалини ин диктаторї умри тўлонии онњо дар ќудрат буд. Дар Кореяи Шимолї њам як сулола 67 сол аст, ки дар сари њокимият ќарор дорад. Ва ин давлат аз падар ба писар ва њоло ба набера интиќол ёфтааст. Сеюмин насли њокимони хоназот ба сари ќудрат омад ва бо он ки басо љавон аст, зимоми як кишвари пурихтилофи байналмилалиро ба даст гирифт. Ба ќавле калиди силоњи атомї дар дасти љавонтарин њокими дунё уфтод. Мутаассибони ѓояњои марксистї дар њамон андешаи догматикии худ боќї монданд ва њамоно наметавонанд ба олам бо чашми аќл бингаранд. Наметавонанд бовар кунанд, ки Иттињоди Шўравї аз он пош хўрд, ки ѓояи бунёди он заминї набуд. Онњо њамоно бар ин назаранд, ки ин ќудрати љањонї аз иштибоњи роњбаронаш аз
КИМ ИР СЕН, ПОЯГУЗОРИ НИЗОМИ СОТСИАЛИСТИИ КОРЕЯИ ШИМОЛЇ њам пош хўрд. Дар Чин ва Кореяи Шимолї ѓояњои коммунизм дар равнаќанд, вале фарќ миёни ин ду он аст, ки Чин ба роњи рушди глобалї гомњои устувор гузошт ва кўшид иќтидори мудофиави худро аз њисоби рушти бемайлони иќтисоду саноат таъмин кунад, кореро анљом дињад, ки дар серљамъияттарин кишвари олам бањси сиёсї дар сатњи олї вуљуд надошта бошад. Чин дарњои худро ба рўи оламиён боз кард, њам ќурати њастаї шуд ва њам ќудрати бузурги иќтисодї ва соњањои њарбиву иљтимої ва саноатї баробар рушд карданд. Вале дар Кореяи Шимолї вазъ дигаргуна аст. Роњбаронаш ба иќтидори мудофиавии мамлакаташон таваљљўњи хоса зоњир намуданд. Онњо бар ин назар буданду њастанд, ки миёни кишварњои њамсоя дўсте надоранд ва ягона муттакояшон дар сиёсатњои хориљї њамин Русияву чанд кишвари сотсиалистиасоси оламанд. Бунёдгузори давлати сотсиалистї Ким Ир СЕН худро ќабл аз њар каси дигар як марди низомї медонист ва мегуфт: Инќилоб аз силоњ оѓоз мешавад. Ва ин кишвар роњи ягонаи муќовимат бо омилњои дохиливу хориљиро дар мусаллањ шудан дарёфт. Ин буд, ки аз нигоњи
низомї рушд кард, вале аз назари саноатї њатто аз њамсоякишвари њамномаш фарсахњо дур монд. Онњо истиќлолияти худро њамон истиќлолияти низомї медонанд ва Ким Чен ИН дар нахустин суханронии барномавии худ мањз ба њамин нукта таъкид намуд: "Бо сабабњои геополитикї кишвари мо зери љабру ситами мамолики дигар ќарор гирифт, вале имрўз вазъи геополитикї таѓйир ёфт ва мо давлати мустаъќил шудем". Ва боз ба мардум хитоб кард: "Барои он ки "мушти њарбии" худро пурзўр созем ва вазифаи худро дар бунёди як кишвари пешрафтаву нерўманди сотсиалистї ба анљом расонем, бояд њама корро барои тањкими нерўњои мусаллањи худ анљом дињем. Пас биёед, то пирўзии нињої ба пеш гом занем". Тањлилгарон як рўњияи љанговаронатар аз Ким Чен Ирро дар фарзанди ў ба мушоњида гирифтаанд. Вай мегўяд, сулњу салоњро мепазирад, вале он набояд муѓойир ба ѓояњои истиќлолталабии мардум бошад ва мухторияти моро тањдид кунад. "Он боби таърих, ки ќудратњои бузурги олам иродаи худро болои мамолики заъиф бор мекарданд, ба охир расид.
РОЊБАРОНИ АФСОНАВИИ ТАЪРИХИ МУОСИР Бале, мардуми Кореяи Шмолї хоставу нохоста ба афсонањо дар мавриди доњиёнашон бовар мекунанд. Иосиф СТАЛИН бо вуљуди ќудратмандтарин роњбари олам буданаш хаёлпардозу афсонабоф набуд. Вай накўшид ба хотири мањбубият миёни мардум гузаштаи худро бо ривоятњои беасос омезиш дињад. Вале роњбарони Кореи Шимолї ин корро карданд. Ба мисли он ки гўё симурѓи афсонавї пешгузаштагони Ким Чен Инро аз фарози кўњњо овард, то ин халќи рањгумро дарси истиќлолият омўзад. Вале истиќлолият аз киву аз чї? Ба хотири љоњу мансаб ва ѓояи сиёсии худ як кишвари воњидро ду пора карданд ва садњо њазор нафарро сар ба куштан доданд. Аз љумлаи мубаллиѓони њамешагии хонадони Кимњои Кореяи Шимолї генерал-лейтенант Константин ПУЛИКОВСКИЙ аст, ки такрор ба такрор мегуфт: "Ким Чен ИР диктатор нест. Вай роњбарест, ки њукумати нерўманд сохт ва дар кишвар назму тартиботро њоким гардонд". Ва њамин генерал хоста буд ё нохоста асрори хонаводагии Ким Чин ИРро фош кард. Ба гуфтаи ў маќомти Корея гоњи навиштану гуфтани гузаштаи сарвари худ ба иштибоњи љиддї роњ медињанд. Вай на дар љои муќаддасе, ки кореягињо ба он бовариву имон доранд, балки дар дењаи Вятски кишвари Хабаровск ба дунё омадааст. Вале дар худи ин кишвар таваллуди доњї ба шакли як асотири шуниданї наќл мешавад. Гўё вай дар кўњи Пэктусан дида ба олам боз карда бошад ва њини таваллуд аз модар дар осмон рангинкамони дугона ва як ситораи дурахшон нурпошї мекарданд. Аммо мегўянд дар њаќиќат Ким Чен Ир дар хонаводаи капитан дар њамон мањалле ба дунё омадааст, ки бригадаи тирандози 88уми Артиши сурх маскан гузида буд ва то замоне, ки онњо вориди Корея шуданд, сарвари оянда Юрий Ирсенович Ким ном дошт.
Фирўз МУЊАММАД
ШАРЊИ ХАБАРИ №1 Николай МАКАРОВ аз љумлаи шахсони соњибмартабаи Русия аст, ки бори аввал сарењан ба мављудияти хатар аз барномањои њастаии Эрон ва Корея таъкид мекунад. Вай дар сўњбат бо ширкати телевизионии Russia Today гуфт: Тањдид њамеша вуљуд дорад, аз ин рў мо басо мўшикофона рушди иќтидори атомии бисёре аз кишварњоро пайгирї мекунем... Ва он тањлиле, ки мо бо њамроњии амрикоињо гузаронидем, тасдиќ мекунад, ки бале, эњтимолияти хатар вуљуд дорад ва ба он ки сипари дифоъи њавої бояд бунёд кард, мо розї шудем. Дар Русия ба чунин изњори назар вокуниши сиёсї сурат нагирифт. Ин танњо генерал Леонид ИВАШОВ буд, ки эътироз кард. Ва эътирози ў интиќоди шадудуллањни генерал ба гене-
Хиёнат ба Ватан ё ихтилофи љиддии Артиш бо сиёсатњои Кремл? Генерал-полковник Леонид ИВАШОВ Сардори ситоди кулли нерўњои мусаллањи Русия Николай МАКАРОВро ба хиёнат ба ватан муттањам кард. рал аст. Леонид ИВАШОВ мегўяд, Макаров ба таври њамешагї аз харидории техникаи њарбї аз хориљ љонибдорї мекунад ва бо ин васила тавлидоти њарбии ватаниро ба хок месупорад. Вай тањти сарварии Сердюков модели дифоиеро сохтанианд, ки бо сохторњои НАТО мепайвандад. Имрўз бошад вай аз сипари дафъи њавоии амрикої пуштибонї мекунад. Агар чунин нест, пас изњорот дар мавриди мављудияти хатар аз барномањои њастаии Эрон ва Кореяи Шимолї ба кадом маъност? Аввалтар аз њама ин суол пеш меояд, ки барои кадом кишвар ин тањдид вуљуд дорад? Ва баъд
бояд љадвали консепсияи стратегии Эронро бикашад, зеро ягон кишвар танњо бо силоњи атомї наметавонад амал кунад. Наход Эрон мехоста бошад мисли амрикоињо дар љањон љаноб шавад? Ва ё он мехоњад Ховари Миёнаро комилан тасарруф кунад ва ё соњиби захоири нафтии њавзаи Хазар бошад? Албатта, ин аз њазёне беш нест. Њадафи ин изњори назарњо пуштибонии хољагонашон аз Пентагон ва НАТО аст. Ана барои њамин ба ў унвони ќањрамонї додаанд, вале на ќањрамони НАТО, балки ќањрамони Русия. Генерал Ивашов на танњо як низомии њирфаї ва донандаи хуби илми
њарбї муаррифї шудааст, балки тањлилгари барљастаи масоили дифоъї низ њаст, ки чандин китоб дар ин масъала интишор додааст. Шояд чун дид, ки њарфи сиёсатмадорон ба мавзеъгирињои сардори Ситоди кулли артиш шунида нашуд, генералона барошуфт ва суханонеро њам ба забон овард, ки болотар аз эътироз буданд. Вай аз љумла гуфт: Њоло Путин њама асосро дорад, ки зарба ба Эронро дастур дињад. Киро зањраи он хоњад буд, ки эътироз кунад? Вай хоњад гуфт: Ман њељ гоњ дар артиш хизмат накардаам ва полковники хадамоти махсус њастам, на артиш. Сардори Ситоди генералї, яъне шахси расмї хулоса дод, ки тањдид вуљуд дорад. Ва ман чунин фањмидам, ки агар тањдид њаст, пас вай
барои Русия вуљуд дорад. Генерал Ивашов аз он низ ошуфта аст, ки маълум нест дар Русия кї сарфармондењи олї аст. Ва ин фармондењї ё дар Брюсел ё дар Вашингтон ва ё дар Лондон ташкили љаласа медињад. Вале ман 100% бовар дорам, ки дар Русия он вуљуд надорад. Ин аввалин бор аст, ки як генерал зидди генерали баргузидаи Кремл дар Русия садои эътироз баланд мекунад. Гузашта аз ин тањлилњои генерал Ивашов дар аксар мавридњо амалї шудаанд ва њарфе, ки њоло гуфтааст баёнгари мављудияти ихтилофоти љиддї миёни сиёсатњои Кремл ва артиши ин кишвар аст.
Насрулло НИЁЗЇ
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
11
12 №6 (282), 2-юми майи соли
2012
- Натавонистем, - гуфт муфаттиш, - дар тањи курсї панљараи оњанин њаст, ки бо зўри даст аз тани курсї људо карда намешавад. Агар бо зўрї мегузоштем, селофан медарид. (Идома аз шуморањои оянда) БОЗДОШТШУДАРО ДАР КУЉО НИГОЊ МЕДОРАНД? Сергей, таќрибан, соатњои 6.30-и сањарї Мирзоро ба утоќи кории сардори БДА-и шањри Норак Бозоралї Њабибов, ки дар њамон бинои ШКД љойгир асту дари алоњида дорад, овард. - Ин, - ба Мирзо ишора карда, гуфт Сергей, - то омадани муфаттиш, дар утоќи ту истад. - Не, - љавоб дод Њабибове, ки рўзи аввал дар латукўби Мирзо иштирок дошт. - Боздоштшуда дар утоќи ман чї кор мекунад? Ту медонї, ки ман бо тафтишот ва тањќиќи ибтидої тамоман алоќа надорам. Соњаи ман дигар аст! - Чї кор кунем? - маслињатомез пурсид Сергей. - Ба ИВС бар! - гуфт Бозоралї. - ИВС ќабул накард, - љавоб дод Сергей, - сардораш мегўяд, ки аввал, ба таври расмї иљозат гирем. То муфаттиш омада, аз прокурори шањр иљозат нагирад, боздоштгоњи муваќќатї ќабул намекунад. - Ин проблемаи ту! - гуфт Бозоралї Њабибов. - Хайр, камтар дар пеши ту истад, ман ягон љой ёбам, - илтимос кард Сергей ва ба љавоби Бозоралиро мунтазир нашуда, аз дар берун шуд. Баъди рафтани Сергей, сардори БДА ба Мирзо рў овард: - Дар ин љо истодани ту мумкин нест. Бењтараш, ба њавлї баромада, мунтазир шав! Агар чой ё ќањва хоњї, шарм накарда, гуфтан гир, - аз чї бошад, ки оњанги гапзаниашро таѓйир дода, гуфт Њабибов. - Не, ака, њељ чиз лозим нест. - Хайр, ба берун баро! Мирзо ба њавлии бинои ШКД баромада, ба хараки назди даромадгоњ нишаст. Ў мунтазири даъват буд, аммо намедонист, ки кї ва ба кадом утоќ ўро бояд даъват кунад. Муфаттиш Убайдулло Ќодирѓуломов таќрибан соатњои 9 ба кор омада, Мирзоро дар рўйи њавлї дид: - Ту њоло њам дар њамин љої? пурсид, ў - Хез, ба утоќи ман меравем. Њар ду ба утоќи муфаттиш омаданд. - Ту, то баргаштани ман, дар њамин љо нишин, - гуфт Ќодирѓуломов, - маро ба назди сардор даъват кардаанд. Муфаттиш рафту баъди таќрибан ним соат баргашта омад. Дар даст чанд вараќ дошт ва аз ваљоњаташ маълум буд, ки аз чизе норизост. - Ту, дар њаќиќат, бо "наркотик" машѓул њастї? - туршрўёна гуфт муфаттиш, - О, дар ваќти пурсиш чандин маротиба гуфта будї, ки наркотик аз они ту нест, онро њамроњонат паротофтаанд. - Рост, - гуфт Мирзо, - аз они ман нест. - Чї хел аз они ту нест, ки дар баёнот ба гуноњњоят иќрор шудаї? гуфт муфаттиш ва вараќњои дар даст доштаашро ба Мирзо нишон дод. - Охир, ман Рембо нестам…., бо алам гуфт Мирзо, - маро он ќадар заданду азоб доданд, ки ба гуфтаи Сергей розї шудам мурдаи Ленинро ба гардан гирам…. - Бояд тоќат мекардї, - гуфт муфаттиш, - агар тоќат мекардї, имрўз туро љавоб медоданд. Хайр, кори мекардагиатро кардї, акнун, бояд дар назди прокурор њаќиќатро наќл кунї. Њозир ман туро бо милисањо рўбарў мекунам ва њар суханат дар протокол навишта мешавад, бинобар ин, андеша карда, ба саволњо љавоб дењ. РЎБАРЎКУНЇ БО МИЛИСАЊО Муфаттиш яке аз милисањоро ба утоќи кори худ даъват кард. Баъди анљоми расмият, ба милиса мурољиат кард: - Шумо дар љойи њодиса будед ва дидед, ки маводи мухаддирро аз мошини њамин шахс ёфтанд?
Муборизаи Мирзо ва Саломат Ё идомаи ќиссаи воќеии «Рўзи сиёњи таксист» - Ња, - гуфт милиса. - Маводи мухаддир дар куљо пинњон карда шуда буд? - пурсид муфаттиш. - Дар дохили мошин. - Аниќтар гуфта метавонед? пурсид муфаттиш. - Не, аниќ намедонам, чунки маводро Бозоралї Њабибов ёфта буд. - Дастгиршуда мегўяд, ки дар мошинаш маводи мухаддир набудааст. Шумо ба ин чї мегўед? - пурсид муфаттиш. - Агар набошад, Бозоралї чиро ёфтааст? - ба савол бо савол љавоб дод милиса. Мирзо ба ёд овард, ки ин милиса дар дидбонгоњи БДА буду њуљљатњои ронандагии ўро сардори милисаи шањр Анвар Тошев ба дасти ў дода буд. Ќодирѓуломов милисањоро як-як ба утоќ даъват карда, чунин саволу љавоб мекард, аммо дар байни милисањои даъватшаванда Анвар Тошев, Бозоралї Њабибов, Мањмасаид Изатуллоев (Сергей) набуданд. Дар ваќти рўбарўкунї муфаттишро ба утоќи сардор Анвар Тошев даъват карданд. Муфаттиш аз назди сардори ШКД баъди чанд лањза баргашта, нишондодњои милисањоро гирифту боз баромада рафт. Муфаттиш бо баргаштан аз назди Анвар Тошев, норозиёна ба Мирзо гуфт: - Эњтиёт бош, ки нишондодњои милисањоро таѓйир дода, тамоми гуноњњои кардаву нокардаатро ба гарданат мезананд. Аммо ту дониста бош, ки ман ба њаромбозї њамроњ намешавам. - Ман, њозир њар чї гўянд, чизе намегўям, - гуфт Мирзо, - ваќте ки ба назди суд ё прокурор баранд, њамаашро наќл мекунам. Њатто мегўям, ки шумо, муфаттиши ман њам аз таги кору бори милисањо хабардор њастед. - Дуруст, - гуфт Ќодирѓуломов, агар хоњї, маро њамчун шоњид ни-
шон дењ. Ман шоњидї медињам, ки милисањо на танњо ба ту, балки ба ман њам фишор овардаанд. МУФАТТИШ ВА ПРОКУРОР Муфаттиш Убайдулло Ќодирѓуломов баъди анљоми рўбарўкунї њамроњи Мирзо ва як нафар милисаи посбон ба ќабули прокурори шањр омад. Ў Мирзою посбонро дар берун монда, ба утоќи прокурор даромад ва оид ба њодиса маълумоти мухтасар дод. Прокурор баъди шунидани маълумоти муфаттиш, шинос шудан бо баёноти Мирзою нишондодњои милисањо ва назора кардани "далели шайъї" ба муфаттиш мурољиат кард: - Шумо чї фикр доред? - Ман ба як хулоса наомадаам, гуфт муфаттиш, - њоло ду версия њаст. Якумаш ин ки, дастгиршуда бо гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир бевосита сарукор дорад. Дуюмаш ин ки, ў бо маводи мухаддир алоќа надорад. - Шумо, њарчанд ки муфаттиши таљрибадор њастед, версияњои аљоиб доштед, - бо зањрханд гуфт прокурор, - шумо муфаттиш њастед ё фолбин?! Ба монанди фолбинњо: "ё алоќа дорад, ё алоќа надорад" мегўед. Шумо дар муддати ин се рўз бояд тафтиш карда, даќиќ мекардед, ки алоќа дорад ё не. - Ман ваќту имконияти тафтиш надоштам, - гуфт муфаттиш, - Шумо хабар доред, ки тањќиќоти ибтидоиро ман не, балки сохтори дигар мегузаронад. - Бо вуљуди ин, шумо метавонистед, ки ба тањќиќоти ибтидої назорат кунед. Аммо ба љойи ба як хулосаи дуруст омадан, Шумо ба монанди фолбинњо "ё-ё" мегўед. Муфаттиш, баъди ин сухани прокурор, сари худро хам карду гўё бо омўзиши баёнотњо машѓул шуд. Прокурор баёноти Мирзоро ба даст гирифту ба муфаттиш рў овард: - Дастгиршуда дар баёноташ менависад, ки маводи мухаддирро аз
кадом як шахси ношинос ба 100 сомонї харидааст. Шумо ба ин сухан бовар мекунед? - Намедонам, - бо сари хам љавоб дод муфаттиш. - Оё ба 100 сомонї њамин миќдор мавод харидан мумкин аст? пурсид прокурор. - Не! Ба фикрам, ин ќисми баёнот дурўѓ аст, - гуфт муфаттиш, - дастгиршуда, мумкин аст, маљбур шуда, чунин баёнот дода бошад?! - Чї хел маљбур шуда? - бо ќатъият пурсид прокурор, - Шумо њоло њам дастгиршудањоро маљбур мекунед? Оё ќонун ба шумо дахл надорад? - Не… мо маљбур намекунем… забон хоида, гуфт муфаттиш, - лекин баъзе дастгиршудањо… худашон, баъди ду-се рўз шиштан, баёнот менависанду гуноњашонро ба гардан мегиранд. Прокурор расмеро ба даст гирифту пурсид: - Маводи мухаддир дар њамин љойи мошин ва њамин тавр пинњон карда шуда будааст? Оё маводи мухаддирро њамин тавр пинњон мекунанд? Охир, ин ба таври ошкоро гузошта шудааст-ку! - Ин расмро мо дар љараёни тафтишот гирифтем, - гуфт муфаттиш, маводи мухаддир дар тањи курсии назди ронанда пинњон карда шуда будааст. - Барои чї маводи мухаддирро дар љои ёфтаатон гузошта, расм нагирифтед? - боз пурсид прокурор. - Натавонистем, - гуфт муфаттиш, - дар тањи курсї панљараи оњанин њаст, ки бо зўри даст аз тани курсї људо карда намешавад. Агар бо зўрї мегузоштем, селофан медарид. - Барои чї ваќти кашида гирифтанатон селофан надарид? - пурсид прокурор. - Дар ваќти кашида гирифтанашон ман набудам, намедонам, - гуфт муфаттиш. - Хуб, дар бораи ин ќуттї чї мег-
ўед? - ба ќуттии картоние, ки маводи мухаддир дар он љой дода шуда буд, ишора карда, пурсид прокурор. - Дар бораи ќуттї?.. - ба њайрат омада, пурсид муфаттиш, - чї њам мегуфтам? Маводи мухаддир њамин аст. - Оё дар ваќти ёфтанатон мавод дар дохили њамин ќуттї буд? - пурсид прокурор. - Не, мавод дар селофан печонида шуда, скочпеч шуда буд. Ќуттї надошт. - Ќуттиро аз куљо гирифтед? - боз савол дод прокурор. - Ман аниќ намедонам, - гуфт муфаттиш, - ба фикрам, кадоме аз милисањо оварда буд. - Яъне кадоме аз милисањо пешакї, њатто пеш аз ёфтани маводи мухаддир, аниќ медонистааст, ки маводи мухаддир дар њамин ќуттї љойгир мешавад? Оё мувофиќ омадани њаљми мавод бо андозаи ќуттї шубњаовар нест? - пурсид прокурор. - Рост мегўед, ман ба ин љињати масъала ањамият надодаам, - гуфт муфаттиш. - Шумо на танњо ба ин, балки ба чанд љињати дигар низ ањамият надодаед. Сабабаш бояд ба худатон маълум бошад, - гуфт прокурор. - Сабабаш… - каме андеша карда, гуфт муфаттиш, - шањрванд Мирзо Каримов рўзи шанбе дастгир шуда буд. Аз сабаби он ки дастгиршавии ў ба рўзњои истироњат мувофиќ омад, ман бо ў кор карда натавонистам… дар истироњат будам… ПРОКУРОРИ НОРАК ВА МИРЗО Дар ваќти мулоќоти муфаттиш ва прокурор Мирзо дар берун њамроњи милисаи посбон меистод. Баъди чанде Мирзоро ба утоќи прокурори шањри Норак Ѓанї Сангаков даъват карданд. Прокурор бо рўи хуш Мирзоро ќабул карду гуфт: - Биёед, Шумо шањрванд њастед ва тамоми њуќуќњоеро, ки Конститутсияву ќонунњо барои шањрванд муќаррар кардаанд, доред. Гузаред, шинед. Гунањгор будан ё набудани Шуморо суд муайян мекунад. Аммо бояд донед, ки маќомоти тафтишотї на њама шахс, балки шахсони гумонбаршударо ба суд мекашанд. Шумо аз љониби маќомоти тафтишотии ШКД гумонбар шудаед, ки бо гардиши маводи мухаддир машѓул мебошед. Ин рост аст? - Не, ака, дурўѓ аст. Ман њељ гоњ бо наркотик машѓул набудам, - гуфт Мирзо. - Шумо дар баёнотатон навиштаед, ки маводи мухаддирро ба сад сомонї харидаед, - ба навиштаи Мирзо нигоњ карда, гуфт прокурор. - Ин баёнотро бо диктаи як нафар милиса навиштам, - љавоб дод Мирзо, - ман то ин баёнот, баёнотњои дигар навишта будам, аммо милисањо њамаи онњоро медаронданду талаб мекарданд, ки баёноти ба дилашон маъќул нависам. Прокурор ба сару рўйи Мирзо, ки осори захм дида мешуд, бодиќќат назар карду пурсид: - Шуморо заданд? - Хеле латукўб карданд. Ман ду шабу се рўз дар ШКД будам, аз љонам сер шудам. Баъди азобу шиканља, барои халос кардани љони худ ќарор додам, ки баёнотро мувофиќи гуфтаи милисањо нависаму баъд њаќиќатро ба Шумо ё суд гўям, - гуфт Мирзо. - Њаќиќат, аз нуќтаи назари шумо, чї тавр аст? - пурсид прокурор. Мирзо тамоми воќеаро аз диди худ наќл кард. Прокурор бодиќќат гўш мекарду баъзан савол медод ва баъзе нуктањоро дар дафтари худ ќайд мекард. Баъди анљом ёфтани наќли Мирзо, прокурор пурсид: - Агар њозир бо "Амиршо" ва Њусейн рўбарў шавед, мешиносед? - Албатта, мешиносам, - бо боварї љавоб дод Мирзо, - ман чанд маротиба њамчун таксист ба "Амиршо" хизмат карда будам. (Давом дорад)
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
13
Ин фољеа аст, албатта, вале рўњия, њолу њавои зиндагї ва кору пайкори мардуми Самаркандро намешавад дигар кард. Аз хурд то бузург тољикї њарф мезананд,тољикї андеша мекунанд, тољикона зиндагї доранд.
ДОСТИЕВ ва ОНИШЕКО Ваќтњои охир њаводиси куштор, садама ва ё беморињо дар миёни шањрвандони мо дар Русия бисёртар ба назар мерасад ва ё маќомоти расмии мо тасмим гирифтаанд, ки акнун беибову беистињола дар ин бора њарф зананд. Чанде пеш бар асари оташсўзї дар яке аз навоњии назди Маскав ќариб 20 муњољир то ба дараљаи шинохтанашаванда сўхта, њалок шуданд. ВАО-и Русия дарњол чун анъана, ё шояд равияи касбї ва ё дастури сарварон бошад, ки аз ин худорањматињо шањрвандони Тољикистон - ро тарошиданду маќомоти Тољикистон бо пахши як изњорот ин далелро рад кард. Баъди чанде хабаргузорињо хабари шуми љароњат бардоштани ќариб 10 тољикистонї ва фавти 1 нафар бар асари фурў рафтани бинои сохташаванда дар маркази Маскавро пахш карданд. Ин дафъа маќомоти расмї, бахусус намояндагии Хадамоти муњољирати Тољикистон дар Русия ин хабарро таъид ва шањрвандони Тољикистон будани онњоро тасдиќ кард. Дар навиштаи рўзи 18 апрел дар сомонаи ин маќомот муфассал ному насаб, дараљаи љароњат ва љойи табобати онњо дарљ гардидааст. Ва боз як шумхабар дар хусуси, ба таъйиди сафири Тољикистон дар Маскав Абдулмаљид Достиев, бо бемории сил дар шањри Красногорски вилояти Маскав бистарї будани ќариб 20 шањрвандони мо пахш шуд. Љаноби сафир таъкид доштааст, ки аз ин њолат хабар доранд ва бо табибони ин бемористон дар тамос буда, барои шањрвандони Тољикистон дасти кўмак дароз хоњанд кард. Аммо мушкил дар дигар љост: чаро мо то замоне, ки њодисаву балое бар сари фарзандони ин миллат наояду расонаї нашавад, коре намекунанд? КУ НАМОЯНДАГЇ? Намояндагии хадамоти муњољирати Тољикистон дар Маскав њатто дар сомонаи худ дар ин бора хабаре ё мурољиате њам нашр накард. Шояд бо ин восита ба сарваронашон нишон доданї бошанд, ки корашон дар Русия хуб асту њама орому њама сокит. Аммо аз сўи дигар ин аз ноогоњии маќомот аз вазъи зист, будубош ва шароити кори муњољи-
рин гувоњї медињад. Воќеан њам маълум нест, ин намояндагї бо ин ќадар корманду бо ишѓоли ин ќадар дафтари бузург дар Русия ба чї кор машѓул аст, агар танњо чанд њисоботи ширкат дар чорабиниву вохўрињоро ба назар нагирем. Ба њар сурат, аз навиштањои сомонаашон чунин бармеояд. Боре њам дар он нахондаем, ки кормандони ин намояндагї дар љойњои анбўњ, њангоми рейдњои Хадамоти муњољирати Русия ширкат карда бошанду дар ин маврид аз љабри онњо шањрвандони моро рањонида бошанд. Ё аќаллан аз вазъу шароити кории муњољирин дар сохтмонњову бозорњо, ки асосан тољикон кор мекунанд, дидан карда бошанду кўмаке ба онњо расонида бошанд. Њатто ин маќомот хабари ронда шудани 40 муњољирро аз хоки Русия, ки хабаргузории Озодагон дар ин бора навишт, таъйид кардааст, аммо намояндагии ин нињод дар Русия њатто талоши љўё шудани сабабњои ронда шудани ин теъдод шањрвандонашро накардааст. Агар мекард, дарраву зуд онро дар сомонааш њамчун кори бузурге мунташиру тарѓиб менамуд. Барои мисол фаќат дар мўњлати аз 25 март то 20 апрел танњо 1 њолати кўмаки фардї ба муњољири мењнатї дар хусуси рўёнидани њаќќи мењнаташ дар ин сомона хабар дода шудаасту халос. Дигар њама сафарњову вохўриву дидорбинї, ба ќавли Фирдавсии бузург, Нишастанду гуфтанду бархостанд. Гузашта аз ин, ин сомона дар навиштањояш доиман тољиконро барои надонистани њаќ, бемаълумотї, ќонуншиканї муттањам мекунад, ки ин таблиѓи манфї ё торсакии иловагие ба рўи муњољирин аст. ТАМЃАИ ДИГАР? Бармегардем сари тољикони мубталои сил дар Красногорск. Бино ба маълумоти расонањо, донишљўёни тољики яке аз донишгоњњои тиббии Маскав, ки ба бемористони шањри Красногорск таљрибаомўзї рафта будаанд, аввалан шуда аз бистарї гардидани як гурўњи калони беморони сил хабардор шудаанд. Аз он хотир, ки баъзе аз беморон њатто њуљљат надоштаанд, донишљўён барои тањияи њуљљатњо ба консулгарї мурољиат намудаанд, аммо дар он љо ба онњо даѓалона рафтор намуда, гуф-
таанд, ки ба кори худ машѓул бошанд. Ин нафарон баъди ин ба созмонњои тољикон мурољиат ва аз ин восита ба ВАО дастрасї пайдо карда, ин хабарро расонаї кардаанд. Тавре сомонаи Озодї дар навишт, 4 писару 1 донишљўдухтари тољик баъди ошкор кардани муњољирини мубталои сил кўшиши љамъоварии маблаѓ ва интиќоли додани онњоро ба ватан кардаанд. Шояд муоина ва дидани шароити нокифояи табобат виљдони ин нафаронро азият додааст, ки чунин тасмим гирифтаанд. Аммо бо сабаби набудани шиноснома наметавонистанд беморонро ба Тољикистон интиќол бидињанд. Њатто овозањое расиданд, ки кормандони консулгарии сафорат ба сари ин донишљўён пулисро даъват намудаанд ва пулис онњоро бурда бошад. Мо хостем бо ин донишљўёни воќеан дилсўз ва табибони њаќиќї дар тамос шавем, аммо, мутаассифона, шояд бо сабаби он таъкиде, ки Шўњрат - донишљўи тољик дар Радиои Озодї дошта буд, дигар касе гўшии телефонашро аз њисоби ин панљгона намебардорад. САФОРАТУ ХАДАМОТИ НООГОЊ Чаро хабарро аз дигарон, аз худи мардум ва ё ВАО мешунавем, на аз сафорату намояндагии хадамоти муњољират? Њарчанд сафири Тољикистон дар Маскав аз огоњиаш оиди ба сил мубтало будани тољикистонињо њарф зад (он њам љавобан ба суоли хабарнигорон аз хориљ - аз Прага), маълум мешавад, ки дар њаќиќати њол аз вазъи будубоши шањрвандон огоњ нест, бо маќомоти пулис, муњољират, тандурустї, маориф ва дигар маќомоти Русия робитаву алоќаи зич надоранд. Дар акси њол маќомоти тандурустии ин кишвар дарњол ба маќомоти Тољикистон, бахусус сафорат ва намояндагии хадамоти муњољират дар ин хусус хабару њушдор медод. Агар чунин мебуд, метавонистем гўем, ки њамкорињои сафорату намояндагї бо маќомоти мањали иќомати муњољирин дар сатњи бояд роњандозї шудааст. Аммо афсўс, ки НЕ! ДАСТАКЕ БА ОНИШЕНКО Чанде пеш Генадий Онишенко, сардухтури бездоштии Русия, ки миёни мардуми тољик чењраи манфури миллатгаро муаррифї шудааст, њатто овардани меваљотро бо баѓочи дастї аз Тољикистон манъ кард. Оё таъкиди сафири Тољикистон дар Маскав љаноби Достиев дар мусоњибааш бо Радиои Озодї дар хусуси кам набудани мубталоёни бемории сил дар миёни муњољирин ба Онишенко ва дигар сардамдорони Русия наметавонад фишанги хуби фишор гардад? Метавонад, албатта, метавонад. Аз чї бошад, ки љаноби дипломати тољик ба чунин лањн бар зарари миллаташ сухан мегўяд?! Кам набудан маънои бисёрро дорад ва он метавонад ба њар тартиб аз сўи дигарон талаќќї шавад ва бешак, ин сухан на ба манфиати мост. Њаминаш намерасид, ки дар ќатори нашъаманду нашъаљаллобу дузду роњзан њамчун миллати бемору миранда тарѓиб гардем, бахусус аз сўи сафири кишвари худамон. Худо кунад, ки ин навишта аз чашми миллатгароёни рус, бахусус аз чашми Онишенко баринњо дур монад. Илоњї! Карим САИД Маскав
Њаёт Неъмати Самарќандї, шоири тољики муќими Самарканд, ки солњои тулонї сарварии Маркази фарњангии тољикони ин шањр буд, муддатест, ки дар Душанбе ба сар мебарад. Мо ба хотири сўњбати ў дари чанд нињоди калидии фарњангї ва ањли ќаламро кўфтем, вале мутаасифона касе аз омадан ва макони будубоши муваќатии ў дар пойтахт хабар надошт. Нињоят мо устодро дар мењмонхонаи Фарњангпайдо намудем. Ў ин бор нисбати чанд соли пеш, ки дар яке аз анљуманњои тољикони љањон дар пойтахти кишвар дида будам, фарсудатар ва хастатањолтар менамуд. Хостам чанд суол аз зиндагї ва фаъолияти худи ў, кору
назари маќомот буд. Касе ба аёдатам намеомад ва чизе дар матбуот чоп накардам. Албатта, буданд дўстони содиќе, ки аз њељ касу чиз намењаросиданд ва ба дидани банда меомаданд. Ин њол асабњоямро хеле афсурдаву хароб карду беморї хуруљ кард. Пештар бо асобаѓал роњ мерафтам, дигар њоло ин имкон њам аз даст рафтааст. Танњо бо аробача њаракат мекунам. - Њолдонњо ќисса мекунанд, ки ваќте як мактаб ё синфи тољикиро мебанданд, шумо оби дида мерезеду ѓамбемор мешавед... - Њамин тавр њаст, вале чї њосил аз ѓамбемор шуданњои ман, ваќте вазъ бадтар мешаваду бењтар не? Масалан, дар дењаи Хоља Ањрори Валї, ки дар наздикии хонаи мост, яке аз мактабњои калонтарин дар
Њаёт Неъмати Самарќандї:
там. Духтури он як марди ўзбак будааст. Вай маро ѓоибона мешинохтааст. Он ќадар ба ман лутфу мењрубонї ва кўмакњои бисёре кард, ки... Мардуми оддї дар муносибатњои сарди ин ду кишвар ягон айб надорад. Коре њам надорад, ки Роѓун сохта мешавад ё намешавад. Роњи оњанро банданд, ё набанданд. Мардум ба кору бори худаш саргардон аст. Айб дар сиёсатмадорон аст, ки њатто ин мардуми асрњо боз бо њам њамсояву хешу табор, ба кишварњои њамдигар бо чандин мушкил рафтуомад мекунанд. - Шумо гуфтед худро ба домони шеър задаед. Оё китоби ашъоратонро ба нашр расонидед? - Не, ягон китобамро то имрўз чоп накардаам. Њануз имконияти молї даст надодааст. - Ин љо рўи мизи шумо Маснавии маънавї-ро мебинаму куллиёти ашъори Мавлавиро. Ин китобњоро аз ин љо харидед? - Не, ин китобњои худи ман аст ва онњоро аз Самарќанд бо худ овардаам. Чандест, ки њамдами рози ман Мавлавї асту девони ашъораш. - Оё ба суолњоятон аз Мавлвї посух меёбед? - Оре, меёбам ва њатто бештар аз хостањоям њам. Зиндагиномаи Мавлавиро ваќте мехонам, дар аксар мавридњо ўро ѓамшарики худ мебинам ва шабоњатеро низ миёни худаму он мутафаккири тавоно дармеёбам. Маро эљод ва њам зиндагиномаи Мавлавї шефта кардааст ва шабњои зиёдеро бо ў то субњ мебарам. Чуноне ки Мавлавї аз Шамси Табрезї дуриро наметавонист тањаммул кунад, њамон сон ман низ аз Мавлавї дур буда наметавонам.
Дигарам аз сиёсат напурсед... пайкори фарњангиён ва умуман тољикони Самарќанд, муносибати њукумати Ўзбакистон ба мактабњои тољикї дар миён гузорам. Аммо устод бо як дилгароние изњор дошт, ки намехоњад аз сиёсат суњбат кунад ва солњои охир худро билкул худро ба домони шеър задааст: - Дидам, ки њарфи мо фарњангиён чандон гўши суханшунав надораду корагар нест, даст афшондам. Аз дањњо мактаби тољикии Самарканд феълан танњо се мактаб боќї мондааст. Ин фољеа аст, албатта, вале рўњия, њолу њавои зиндагї ва кору пайкори мардуми Самаркандро намешавад дигар кард. Аз хурд то бузург тољикї њарф мезананд,тољикї андеша мекунанд, тољикона зиндагї доранд. - Шуморо тољикони ду кишвари њамсоя, њамчун як пули матине миёни худ медонистанд ва њар дастоварди фарњангии тољикони Узбакистон ва ё њар ќадами љониби њамдигар бардоштаи онњоро ба талошњову зањматњои бешумори шумо иртибот медоданд, вале чанд соли охир аз худ дарак намедодед... - Маро се сол њабси хонагї карданд ва худи маќомоти Узбакистон њам худ намедонистанд, ки барои чї? Аз соли 2005 то 2008 ман дар манзили зисти худ зиндонї будам. Њар як ќадам ва њар як амали ман зери
Ўзбакистон њаст. 80 синфи тољикї дошт ва мутахассиси зиёде дар ин мактаб кор мекарданд. Аз ин мактаб чанд олими соњаи математика, физика, химия ва профессорњо сабаќ гирифта ва њоло дар соњањои гуногун фаъолият мекунанд. Нависанда Адаш Истад њамин мактабро хондааст, ман хам. Њоло дар ин мактаб зиёди зиёд 20 нафар тањсил мекунанд. Макази фарњангї, ки 15 сол раисаш будам, њоло дигар фаъолият намекунад. Дар фикри касе хам нест, ки чунин марказ буд ё набуд. Як ё ду нашрияи тољикї чоп мешаваду халос. Ягон мањфили шоирону адибон нест. Гоњ-гоњ Садрї Саъдиев меояду мешинем, сўњбат мекунем. Адаш Истад њоло бемор аст. - Ба назари шумо роњи бурунрафт аз ин сардињое, ки миёни ин ду кишвари њамсоя афтодааст, кадом аст ? - Бењтарин роњи бурунрафтро аз ин вазъият ман танњо дар њамин мебинам, ки бояд сарони њарду кишвар аз аспи ѓурур фароянду ба њам гузашт кунанд. Бояд муносибатњои пешинаи њамсоядорї ва њамзистии осоиштаро аз нав гирифта, дар фикри ояндаи мардум бошанд. Мадуми ўзбак бисёр мардуми хубанд. Онњо аслан хеле мардуми зањматдўсту дилсофанд. Мо ањли фарњанги тољикро хеле њурмату эњтирм мекунанд. Масалан, дар яке аз истироњатгоњњо дам мегириф-
Њамчунин ман њоло ба пажухиш низ машѓулам. Калимањои сирф тољиикиро, ки дар миёни мардуми Самарканд мањфуз мондаву, мутаассифона, дар Тољикистон истифода намешаванд ва ё нодуруст истифода мешаванд, гирд оварда истодаам ва насиб бошад дар шакли як китоб омодаи нашр мекунам. Достоне иншо кардаам бо номи Бињишти гумшуда ба ифтихори Ањмадшоњи Масъуд. Ин достонро ман дар вазни Шоњнома навиштаам. Ман бо номи Масъуд, чунин тољик ва њамватан ифтихор дорам. Ин як пора аз он достон: Нахобида бере ба љойгоњи гарм, Намонда сарашро ба болини нарм. Бишуд сангзори дара бистараш, Ба ќуллаи кўњаш бимонда сараш. Нахобад то миллаташ ба болои санг, Њаме ќалби нармаш биомад ба танг... Дўстони афѓонии муќими Тољиистон мехоњанд як мањфиле ташкил кунанд, шинос шаванд, бишнаванд ин достони маро ва тасмим доранд онро ба нашр расонанд. Ман инчунин дар лањзањои бекорї ва фориѓ шудан аз хондани китоб, њунармандї низ мекунам. Аз чўбпорањо ва матоъи адрас љузвдону сандуќчањо месозам барои нигоњдори зевари занона ва дигар ашёи зарурї ва ба дўстонам њадя мекунам. Сўњбати Сафаргул Олимї
14 №6 (282), 2-юми майи соли
2012
Ин порча кўчонида шудааст ва дар он се ѓалат зикр гаштааст. Аввалан, хониш як сифат не, балки чанд сифат дорад. Аз ин
№6 (282), 2-юми майи соли 2012
15
Аз нав дида баромадани лоињаи таъсиси шабакаи "Варзиш" дар наќшаи солонаи Кумита ворид шудааст ва корњо низ дар ин самт оѓоз ёфтаанд. Баробари ба анљом расидани тарњи асосии сохтор, муждаи фаъолияти Шабакаи навтаъсис ба самъи њаводорон њатман расонида мешавад.
?-И НОБОБ
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
НАХОД?
ОЁ БАРОИ МОНДАНИ МОШИН ДАР ЊАВЛИИ БИНО ЉАРИМА СИТОНИДАНИ НОЗИРОНИ БДА АЗ РЎИ ЌОНУН АСТ? - Як бегоњ нозирони БДА-и ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе ба назди манзили зистамон (кўчаи Бењзод, назди собиќ супермаркети Тољикистону Голандия) омада, ба мо эрод гирифтанд, ки чаро мо - истиќоматкунандагон мошинњоямонро дар назди манзили зисти чорошёнаамон мондаем. Ба шумули ман боз шаш њамсояамро љарима бастанд. Ин дар њолест, ки мо мошинњоямонро дар дохили сањни бино монда будем, на дар беруни он. Бигўед, ки оё њамин амали нозирони БДА-и ноњияи Шоњмансур аз рўи талаботи ќонун аст, агар ња, он тибќи кадом ќонун ё ќарор нисбати мо роњандозї шуд? Маврид ба зикр аст, ки дар назди бинои мо таваќќуфгоњ барои мондани мошин нест, пас мо мошинњоямонро дар куљо монем? Ман як шахси конунпазир њастам ва донистан мехоњам, ки дар чунин њолатњо њаљми љарима барои мондани мошин дар сањни бино чанд сомонї муќаррар шудааст? Саида ЗИЁЕВА, сокини нохияи Шохмансури шахри Душанбе - Дар асоси талаботи моддаи 346-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон барои таваќќуф ва бозистодани воситањои наќлиёт дар минтаќањои истиќоматї, дар наќб, ки ба њаракати дигар воситањои наќлиёт ва пиёдагардон монеа ба вуљуд меоранд, инчунин беназорат гузоштани воситаи наќлиёт, ба андозаи аз як то ду нишондињанда барои њисобњо (аз 40 то 80 сомонї) љарима таъин карда шудааст. Бинобар он амали кормандони Бозрасии давлатии автомобили ШКД -и ноњияи Шоњмансур ќонунан дуруст мебошад. Барои муайян намудани минтаќаи истгоњи воситањои наќлиёт, шањрванди гиромї, бояд ба Њукумати ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе мурољиат намояд. Ба саволи Шумо муовини шўъбаи хадамоти роњбонии РБДА ВКД ЉТ, подполковники милитсия Ашраф САФАРОВ љавоб дод.
НАХОД, КИ РОНАНДАГОНИ САРЊУЙ НАЗОРАТ НАМЕШУДА БОШАНД? - Аз мањаллаи 103 ба тангеми рангаш сафеде, ки дар шишаи пешаш, 55 - 46 Мост навишта шудаву раќами давлатиаш 27 - 15 01 РТ буд, савор шудам. Пеш аз савор шудан аз ронандаи он пурсидам, ки то пули 46 меравед? Ронанда гуфт, бале. Ваќте ки ба наздики омўзишгоњи № 33 расидем, ду зан монда будем. Ронанда гуфт, ки фароед, ман дигар тараф меравам. Мо розї нашудем, чун пеш аз савор шудан, пурсида будем љойи даркориамонро. Ба ман 20 дирам дароз карда, гуфт, ки ма инро гиру фаро аз мошини ман. Ман ба ў фањмондам, ки беморам, пул надорам, ки боз дар дигараш савор шуда, ба љойи даркориам расам. Вале ў дар љавоб маро тањќир карда, гапњои бемаънї гуфт, ки то њол ба худ наомадаам. Наход, ки чунин ронандагони сарњуй пеш аз баромадан ба ин ё он хатсайр аз љониби масъулони љамъиятњои мусофирбар назорат намешуда бошанд, ки чї хеле хоњанд бо мусофирон муносибат ва дар роњ њаракат мекунанд? Њокимой КАРИМОВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Шањрванди мўњтарам! Воситаи наќлиёте, ки Шумо зикр кардед, дар ќайди ягон љамъияти мусофирбари шањри Душанбе нест ва он дар њудуди шањр худсарона ба кашонидани мусофирон машѓул аст. Воситањои наќлиёти мусофирбари хитоии 7 љои нишастдоштае, ки бо мо тариќи шартномаи њамкорї хизматрасонї менамоянд, бо трафаретњо, нишонањои корхонањо ё љамъиятњои наќлиёти мусофирбарии ба онњо мансуб муљањњаз гардонида шудааст. Аз њамаи сокинон ва мењмонони пойтахт эњтиромона хоњиш менамоем, ки ваќте норасоиву камбудии дилхоњ воситаи наќлиёти мусофиркашониро дар њудуди шањри Душанбе мебинед, ба кадом корхона ё љамъият вобаста буданашро аниќу даќиќ намоед. Дар он сурат мо метавонем нисбати ронанда ва корхонаи наќлиётии ба он мансуб чораљўї намоем. Њамзамон ба мусофирон маслињат медодем, ки танњо аз хизматрасонии наќлиёти мусофирбари раќами силсилаи ТТ ва асосаш зард истифода баред. Ба њар њол мо ин шикояти Шуморо ба масъулини БДА-и шањри Душанбе љињати ислоњи вазъ равон мекунем. Ба саволи Шумо директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон" Абдуњомид ШЕРАЛИЕВ љавоб дод.
ЗОДРЎЗ МУБОРАК! Устоди Донишгоњи миллии Тољикистон мўњтарам ЉЎРА БУРЊОНОВ ба синни мубораки 75 расиданд. Мо устоди азизро ба ин муносибат табрик ва муборакбод гуфта, ба он кас умри дароз, тани сињат, тамоми хушињои њаёти хонаводагї ва фаъолияти босамари илмиро таманно дорем. Аз Худованди маннон барояшон хоњони обруву иззату кушоиш њастем ва барои хидматњое, ки бањри миллати тољик кардаанд, изњори сипос менамоем. Зодрўзатон муборак бошад, устоди азиз! Бо эњтиром, кормандони кафедраи физиологияи одам ва њайвоноти ДМТ
Эътибор надорад Шањодатнома дар бораи ба ќайдгирии давлатии шахси воќеї ба сифати соњибкори инфиродї № 1430012916, ки онро нозироти андози ноњияи Файзобод (дар асоси шањходатномаи АС 006269, аз 20.03.2008) 30 июни соли 2010 ба соњибкор Муродов Љўрабек Ќаландарович додааст, эътибор надорад!
Маро дар њолати ногувор намонед! Ба иттилои Шумо мерасонам, ки зиёда аз 40 сол боз дар соњаи санъат кор карда истодаам. Синну солам ба 75 расид. Дар ин умр боре гапи сахт ё танбење нашунидаам ва нагирифтаам. Ба бозињои сиёсї ё гурўњї низ шомил набудаам. Вале мутолиаи маќолаи њафтаномаи Шумо аз 28 марти соли 2012, №1 (277), сањифаи 8-9, тањти унвони "Оѓохони IV ва "имомчањо"-и навзуњур" (муаллиф Ёрмуњаммади Сучонї) маро њам малол ва њам дар њолати ногувор монд. Дар њафтанома омадааст: "Борњо аз забони профессори санъатшинос Аскар Абдурањмонов (ў рўшонист) шунидаам": "Ин имом шуѓнист, ки дар даргоњаш аксаран намояндагони ин ќавм хидмат менамоянд". Аввалан, ман дар хотир надорам, ки нисбати Мавлоно Њозиримоми бузургвор ва мардуми Шуѓнон ин суханонро гуфта бошам! Сонї, чун муриди Имоми Ваќт њуќуќ надорам, ки рафтору кирдори ин бузургворро мавриди муњокима ќарор дињам. Намедонам, ки муаллиф ин гуфтањоро аз куљо гирифтааст. Њол он ки аз ин хусус бо ман сўњбат њам накардааст. Њафтаномаи бонуфузи "Нигоњ" низ ба шитобкорї роњ дода, бо кормандони Имомат ва бо банда тамос нагирифта, чунин маводи ѓаразомезро чоп кардаанд. Дар натиља ин маќола чандин касонро дар њолати ногувор гузошт. Зарур мешуморам, изњор намоям, ки ин суханњо бофтаи худи муалифанд ва ба ман заррае тааллуќ надорад. Фаќат хоњони он њастам, ки дар оянда, агар Ёрмуњаммади Сучонї чизе навиштанї бошад, ба раќамњои боварибахш такя намояд, на ин ки аз њаво гирад. Зеро чунин факту раќамњо (агар чунин гуфтан љоиз бошад) бештари хонандагонро дар ташвиш ва њолати ногувор мемонад. Аскар АБДУРАЊМОНОВ, арбоби шоистаи санъати Тољикистон, профессор
"ЗИ ПИРОН НИШОНИ ЉАВОНЇ МАЉЎ" Ман тарафдори хизмат кардани љавонон дар сафи артиши миллї њастам. Бигзор љавонон ба артиш даъват шаванд ва ба модар - Ватан хизмат кунанд. Вале, яке аз хонандагони нашрияи "Нигоњ" дар шуморањои ќаблї аз шањри Исфара гуфтааст: "Агар касе хизмат кардан нахоњад бигзор бар иваз маблаѓ пардохт кунад ва аз хизмат озод шавад." Ман ин пешнињодро ќабул надорам. Зеро ки дар он сурат фарзандони вазиру кабир ва раисон, ки барои онњо хизмат кардан дар сафи артиши миллї ор аст, маблаѓро пардохт карда метавонанд ва худро аз хизмат озод мекунанд. Боз дар артиш мемонад чор камбаѓалбача, оне, ки кисаи падараш тињист. Ваќте ки фарзандони ќишри миёнаи љомеа бо ду чашми боз ин дурангиро мебинанд, аз нанг пеш мегиранд роњи Русияро, яъне аз хизмати њарбї мегурезанд. Љавононро ба хизмати њарбї ба таври бояду шояд њавасманд кардан лозим аст. Агар комиссариатњои њарбии вазорати мудофиаи ЉТ "облава" кардан гирад ва хона ба хона гашта љавононро маљбур ба хизмат љалб кунад, ин роњи њал нест. Аммо ман хизмати алтернативиро ќабул дорам. Агар ин тавр мешуд љавонон њавасманд шуда худашон ба комиссариатњои њарбї рафта, худро номнавис карда ва бовар кунед барои сафарбар гардидан ба хизмат навбат мепоиданд ва ягон љавон аз хизмат намегурехт ва њољат ба "облава" низ намемонд. Дар баробари ин 2 пешнињод дорам. Бигзор хизмат дар артиш яксола шавад. Бо њама эњтиром ба шахси вазири мудофиаи ЉТ Шералї Хайруллоев, ки айни њол пир шудааст, шоире дар ин хусус гуфтааст: Зи пирон нишони љавонї маљў, Ки оби рафта наояд ба љўй. Аз ин сабаб вазири мудофиа - Шералї Хайруллоев бояд ба нафаќа барояд ва ба љойи ў афсари љавони олирутбаи мавриди писанди њамагон бо њисси баланди миллї ва љонисорї ба Ватан бояд аз тарафи президенти Тољикистон вазири мудофиаи ЉТ таъин карда шавад. Шералї Хайруллоев њамчун вазир тамоми нерўву тавонашро барои зинањои аввали ташкилшавии артиши миллї сарф кард. Акнун бояд давлати пирї ронад. Акнун кори ўро дигар афсари мавриди писанди њамагон бояд идома дињад. Барои он ки комиссариатњо бо тартиби низоми кўњна кор мебаранд ва обрўи вазорати мудофиаро бо ин шеваи номуносиби ба хизмат сафарбар гардонидани љавонон мерезонанд, бояд њатман дар сохтори он њам ислоњот дароварда шавад. Писарам шодравон Хуршед Назаров бо хоњиши худ ихтиёрї соли 1990 ба хизмати њарбї сафарбар гардид. Ду сол хизматро дар Маскав ва Украина сињату саломат ба љо овард. Аммо, мутаассифона, моњи ноябри соли 1992 аз хизмат ба хона баргашту каме њам наистода ўро дар ќатори дигар љавонмардони ноњия моњи декабри соли 1992 бо роњхати комиссариати њарбии ноњияи Њисор ба водии Рашт тариќи чархбол интиќол доданд. Моњи августи соли 1993 дар њамин љанг шањид шуд. Писарам ягона фарзандашро надида, аз олам рахти сафар бибаст. Ин љанги бемаънї ва аблањона буд, ки бо дасисаи бегонагон тољик тољикро мекушт. Њоло духтари писарам 18 сола аст ва дар синфи 11 мехонад, ягона нишон аз писарам њамин набераам аст. Ба хотири шањид шудани фарзандам ба бародараш аз комиссариати њарбии ноњия бе хизмати њарбї кардан билети њарбиро оварда, ба хона доданд. Чї гарон аст гум кардани фарзанд барои модар. Агар ман боз писар медоштам ба мисли дигар волидон ўро аз хизмат намегурезондам, агар камтар ба онњо аз љониби афсарон ва давлат ба таври бояду шояд нигоњубин мекарданд. Зебо ЊАМИДОВА, сокини ноњияи Њисор
?-И НОБОБ
ЧАРО ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ВАРЗИШИИ ТОЉИКИСТОН ЊАНЎЗ ЊАМ ФАЪОЛ НАШУД? - Cоли гузашта дар вохўрии президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо варзишгарони кишвар ќарор буд, ки шабакаи алоњидаи варзишї кушода мешавад. Њамчунин раиси Кумитаи радио ва телевизион Асадулло Рањмонов дар шарњи ин хабар ба хабарнигорон эълон дошта буд, ки ин шабака то охири соли 2011 фаъол мешавад ва мухлисони варзиш метавонанд онро роњат тамошо кунанд. Соли 2011 ба охир расид, Худо хоњад, соли 2012 њам ним шуд, аммо чаро пахши барномањои ин шабака њоло њам шурўъ нашудааст? Сабаб чист - набудани мутахассисон ё нарасидани маблаѓ? Насимљон АКРАМОВ, сокини дењаи Чоркўњи шањри Исфара Шамсиддин РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини дењаи Чилчаи ноњияи Темурмалик - Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон корњои мушаххасро дар атрофи лоињаи таъсиси шабакаи телевизионии "Варзиш" идома дода истодааст. Азбаски бинои Хонаи Радио дар шафати иншоотњои тозабунёд - Нишони давлатї, Парчам ва китобхонаи миллї ќарор дорад, соли гузашта анљом додани азнавсозї ва таъмири намуди берунии бино ногузир буд. Аз ин рў, тамоми имконияти молиявї барои таъмири бино равона гардид. Аз нав дида баромадани лоињаи таъсиси шабакаи "Варзиш" дар наќшаи солонаи Кумита ворид шудааст ва корњо низ дар ин самт оѓоз ёфтаанд. Баробари ба анљом расидани тарњи асосии сохтор, муждаи фаъолияти Шабакаи навтаъсис ба самъи њаводорон њатман расонида мешавад. Ёдовар мешавем, ки имсол дар мултиплекси аввали (пакети якум) пахши раќамї ба ѓайр аз 4 шабакаи давлатї 4 шабакаи дигар, аз љумла шабакаи "Спорт-1" дар шањри Душанбе, вилояти Хатлон ва аз моњи май дар вилояти Суѓд пахш карда мешавад. Ба саволи Шумо раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Асадулло РАЊМОНОВ посух дод.
Масъули сањифа Абўалї НЕКРЎЗОВ, Тел:985 60 86 85, E-mail: nigoh_tj@inbox.ru
16 №6 (282), 2-юми майи соли
2012
Ин гуна инсони росткор, ростќавл, дилсафед хеле кам вомехўрад. Як сухани ў гоњ-гоњ ба ёдам меояд, ки мегуфт: "ман бо дилу ботин ва бо амал мусулмонам, на бо зоњир". МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Молмолак
Инќилоби хирад Ба њамагон маълум аст, ки мавзўи бардоштаи олимон Салими Аюбзод ва Зафар Мирзоён бањсу кашмакашњо ба миён овард. Ин мавзўи Ќуръону Шоњнома буд ва х онанд аго не , к и бе х аб а ра нд , бояд худ дар торнамоњову торнигорњо онро барояшон рўшан намоянд, чунки онро бо ду - се калима натавон фањмид ё фањмонд. Танњо њаминро мешавад баён намуд, ки Худо накарда, душмане вориди сарзамини мо шаваду бо риши дароз ду ояте аз Ќуръон ќироат намояд, метарсам тамоми буду бошу хонаро ба ў њадя накунем. Дар бањсњои фейсбукї банда низ як каме ба эњсосот рох дода, аз "тангназарї" (вожае, ки бархе дўстон ба ман раво диданд) бародарони тољики худро носазо гуфтам. Воќеан як нафарро кофир ва ѓайра номидан тангназарист. Чунки њар шахс Худоро бо дилаш мешиносад ва бо дилаш бо ў мепайвандад. Банда низ барои "аудитория"и торнигори хеш мехоњам як каме дидгоњамро баён намоям. Пеш аз он ки ба навиштањои поён оѓоз намоям, гуфтаниам, ки ин навиштањо бофта, дурўѓ, хаёлї ва ё фармоишї нестанд, то хонанда бардошти нодуруст нанамояд. Њаёти мусофирию муњољирї мусоидат бар он намудааст, ки бо нафар они гу но гу н ња мниш ину њамсўњбат шудаам. Ин љо мисоле бо шиносонидан ба ду нафари онњо меорам. Дар Русия барои тољик риш
монда гаштан, хавф надошта бошад њам, аммо бояд хеле сарсупурдаи Ислом буданро таќозо менамояд. Ва кам тољикон ба нигоњњои нафратовари русњо тоб оварда, риши дароз мемонанд. Бо амри таќдир коре дар як дења ёфтем ва он љо рафтем. Дар ин дења боз як гурўњи дигари тољикон кор мекарданд. Бо маќсади дўстї њар ваќти холї назди онњо рафтанро оѓоз кардем. Чун дидем якеаш марди солрафта, тахминан 50 сола, риши дароз дошт ва њамагї дар итоати ў панљ ваќт намоз мехонданд, мењри мо ба онњо афзуд. Аммо дар љавоб аз онњо на онќадар эњтиром дидем ва робитаро аз онњо кандем. Кор то љое расид, ки дар ин дењаи хурдакак, њар боре дар кўчае рўбарў мешудем, на салом буду на алейк. Дар дења њамагї як истгоњ буд, ки рўзе се маротиба утубус (автобус) мегузашт. Дар паси истгоњ як маѓозаи хўрока буд. Нону дигар чизњо лозим шуду ба маѓоза рафтам. Дар истгоњ он тољики ришдор ва боз нафаре аз њамроњонаш меистоданд. Ба маѓоза даромадам. Тирезањои маѓоза, ки ба тарафи истгоњ назар мекарданд, калон буданд. Маѓоза камодам буд. Пас аз даромадани ман як русзанак тахминан 30 сола њамроњ бо кўдаки навроњгард берун рафт. Чун он кудак бо ќадамњои хурд-хурд роњ мерафт, модараш (шояд модараш буд) низ ба оњистагї аз маѓоза дур мешуд. Дар ин айём нигоњам ба
он њаммиллат онам афти д ва ба чашмонам бовар намекардам. Ин лањзаро бо калимањо тасвир намудан наметавонам. Ин лањзаро бояд ба чашми худ дид. Њарду, њам марди солрафтаи риши дароздор ва њам љавони пањлўяш бо нигоњњояшон гўё он занро урён мекарданд. Баробари нигоњ ва поёну болошавии чашм сари онњо низ хам шуда, болою поён ва каљу нимкаљ аз гардан тоб мехўрд. Он зан ягон нимнигоње сўяшон напартофт. То 15 - 20 метр дур шудани ў нигоњи онњо аз тори сар то ангушти пойи ўро гуё шикоф менамуданд. Аз хашм базур худро ба даст гирифта, аз маѓоза рафтам. Њамчунин бо амри таќдир, бо як марди тољики солхўрда њамкор шудем. Нафари дигаре њамроњамон кор мекард, дар набудани ин мард ўро таъна мезад, ки бубин, пир шудаасту намоз намехонад, риш намемонад ва русхислат шудааст. Бо гузашти ваќт бо хулќу атвори ин марди солхўрда наздиктар шинос шудам. Воќеан на намоз мехонду валекин на шароб менўшид. Симои ин мард як нуре дорад, ки љаззоб аст. Ин гуна инсони росткор, ростќавл, дилсафед хеле кам вомехўрад. Як сухани ў гоњ-гоњ ба ёдам меояд, ки мегуфт: "ман бо дилу ботин ва бо амал мусулмонам, на бо зоњир". То њанўз њар ваќте ки фурсат даст дињад, ба зиёрати ў меравам. Ин танњо ду намуна буд. Ва њазорњо њазор намунаи дигар метавон овард. Аммо ваќте ки хирад дарк намояд, гапи бисёр лозим њам нест. ilhom.wordpress.com
Фаттоњ САИДОВ, роњбари Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо куррупсия:
-Бо истифода аз вазифањои давлатї, дар боло мешинанду инњоро оњиста-оњиста сарашонро дастмол мекунанд, ки нашъаљаллобї кардан гир. - Ба панљ-шаш љуфти дастони молишгар завлона занеду журналистонро ба баъзе амалиётњо љалб кунед, мебинед, ки аз боло "резко" чуртида, дар куни кўчаи зиндагї мезананд.Чї гуфтед?
Шубкоп Леон ПАНЕТТА, вазири дифои ИМА: - Бовар надорам, ки мутахассисони эронї асрори сохти њавопаймои бидуни сарнишини Амрикоро кашф карда бошанд. Бар асоси таљрибањоям мегўям, ки ба тавоноии онњо дар ин замина, шубња дорам… - Бобои Лева инами шумора пур нафањмидестем. Чанд вахт шубња кесте, ки њами эрониёи брати мо бомбаи атомї сохтестан. Аки самолети таърифитона зада, ки гирифтан, бо шубња доре, ки я таёраи пустлоќи шумора копия када наметонан?! Хестї, ки Булёни боло рафтай, бача! Эрониву хитої любой чира копия мекна, брат!
Хаќпонт Низомхон ЉЎРАЕВ, собиќ раиси химзаводи Хуљанд: - Ман худ ба ватан баргаштам. Касе маро маљбур насохтааст ва ё ба зўрї наовардааст. Ин њаќиќат аст. -Рост, рафиќи депутати собиќ! Ин "њаќиќат"-њои шуморо Ќосим Ќосимову Бахтиёр Гулову Алї "Понт"-у Шерхон Салимзода ва акнун Фаттоњ Саидов надонанд, аќли мо заминињо намегирад. Хуш омадед, омада, рафтанатонро фаромўш накунед!
Ставдур Убайдулло ЌУРБОНОВ, ректори ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино: - Њарчанд овозањо хеле зиёд аст, ки "ставка"-и воридшавї ба донишгоњ 10 12 њазор доллар аст, ин дурўѓ аст. -Ба њар њол боз як санљиш гузаронед: яке гиранду то шумо нарасад-чї?! Ё "ставка" на самом деле кам шуд?
Минмарз Муњиддин КАБИРЇ, роњбари ЊНИТ: - Магар дар њокимият мо исломињо мебошем, ки баъзе кишварњои дуру наздик ба хотири мо шуда, миллати моро ба муњосира гирифтаанд ва њатто роњњоямонро бастаанду марзњоямонро миннакорї кардаанд? -Мулло Муњиддин, як бори дигар такрор кунед, ки мантиќи мулло-депутатии шуморо соф нафањмидестем! Шумо гуфтанї, ки миннакорї ба хотири дунявї будани њукумат аст?
Фаъталаб Сайфулло САФАРОВ, муовини директори МТС: - Аз њукумат худро набояд дур гирифт, балки ба таври фаъол онро аз худ намудан даркор то моњияти мардумии он равшантар зоњир гардад. - Бењтарин! Агар дар рў ба рўи Ќасри президент як митинг ташкил карда њаминро такрор мекардед, нуран алонур мешуд. Ва илова кунед: Њукумат хизматгори мардум аст, на мардум хизматгори њукумат!
Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов Котиби масъул: Эраљи Амон Њ аф т ан о ма да р В а зо р ат и ф а рњ а нг и Љ у м њ у р ии Т о љ и к и с т о н б а ќ а й д гириф та шу д аас т.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09