SOS!!! Духтардуздї?
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
1
Тайи шаш моњи ахир дар Тољикистон беш аз 50 духтар, ки асосан ноболиѓ њастанд, бедарак гум шудаанд!!!
1
№
(329). Чоршанбе, 27-уми марти соли 2013
САЊИФАИ 3
ДАР ГИРДОБИ СИЁСАТ
Зўри Душанбе Чаро Умаралї Ќувватов ѓайб зад? САЊИФАИ 9
ФОРМАТИ БОБОИ ФАЙЗ Фаридун РАЊНАВАРД:
Очата бугў, пи-пи накуна... САЊИФАИ 7
20 имомхатиби тољик дар маркази вањњобия Имомхатибони Тољикистон ба Ќатар барои омўзиши забони арабї рафтаанд, ё асосњои љараёни вањњобия?
ДИН ВА МАЗЊАБ Эшони НУРИДДИНЉОН: "Касе њуќуќи манъи никоњи хешутабориро надорад" САЊИФАИ 12
БЕПАРДА, БО ДАЛЕЛ Абдуќаюми ЌАЮМЗОД:
Ба Саймумин Ятимов бовар кардам... Фошгўињои журналисти шинохта бо корбарони интернет САЊИФАЊОИ 4-5
БА ПРЕЗИДЕНТ ГАП ДОРАМ... Ваќте ў бо мактуб ба идораи "Нигоњ" омад ва хоњиш кард, ки мактубашро ба президент Эмомалї Рањмон ва раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев нашр кунем, шояд касе аз мо, њатто дањяки ин дардномаро ба худ тасаввур намекард...
2
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
МАВЗЎИ АСОСЇ
Як гуруњи 20 - нафараи имомхатибони Тољикистон барои омўзиш ба як маркази вањњобия, ё салафия дар Ќатар сафарбар шудаанд. тоулло Ќосимов, сухангўи Маркази исломии Тољикистон ба"Нигоњ"гуфт, ки ин гуруњ аз сўи Кумитаи дин ва Шўрои уламои кишвар созмон ёфта, дар ин маркази маъруф як давраи кўтоњ забони арабї хоњад омўхт. Вай афзуд, гуруњро Эшони Сайидљони Сорбонхўља, раиси Шўрои уламои вилояти Хатлон ва муовини раиси Маркази исломии Тољикистон ва њамчунин намояндаи Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Тољикистон рањбарї мекунад ва ин барнома дар доираи њамкорињо ва созишномаи дуљониба байни маќомоти умури динии ду кишвар роњандозї шудааст. Иттилое, ки сухангўи Маркази исломии Тољикистон дод, беш аз ин тафсилоте надорад. Аммо бино ба иттилои рўзномаи ќатарии "Ал-араб", гуруњи имомхатибони тољик, ки якмоња дар масљиди љомеи ба номи Муњаммад ибни Абдулвањњоби давлати Ќатар њузур доранд, аз равишњои таълимї ва усулњои таблиѓотии он изњори ќаноатмандї карданд. Рўзнома менависад, ин барномаи таълимию такмили ихтисосии вижае, ки барои имомхатибони Тољикистон тахсис дода шудааст, иборат аз ањкоми таљвид, тиловати Ќуръони карим, тафсир, њадис, фиќњ, забони арабї, сирати Паёмбар(с), фиќњи равишњои таблиѓотї ва илмњои љомеашиносї мебошад.Њамчунин, ба иттилои ин манбаъ, "бо назардошти оёти Ќуръонї ва ањодиси набавї имомхатибони тољик донишњои худро дар заминаи асосњои аќидаи исломї низ такмил медињанд ва ба ин васила исломи муътадилро дар љомеа тарѓиб хоњанд кард". Ин давраи таълимии диниро барои имомхатибони Тољикистон Пажўњишгоњи даъват ва улуми исломии назди Вазорати авќоф ва умури исломии давлати Ќатар дар ростои
А
МАСЉИДИ ЉОМЕЪИ ЌАТАР, КИ НОМИ АСОСГУЗОРИ ВАЊЊОБИЯ - МУЊАММАД ИБНИ АБДУЛВАЊЊОБРО ДОРАД
20 имомхатиби тољик дар маркази вањњобия Имомхатибони Тољикистон ба Ќатар барои омўзиши забони арабї рафтаанд, ё асосњои љараёни вањњобия?
МУБАЛЛИЃИ САЛАФИЯ ВА ИМОМХАТИБОНИ ТОЉИК хидмат ба ислом ва мусалмонон, дар доираи хидматрасонињои моддї ва маънавї барои даъватгарон ва пешравии онњо дар роњи Худо рўи даст гирифтааст.20 имомхатиби тољик чор њафта аз шанбе то љумъа рўзона чањор соат дарс мехонанд. Ин давраи омўзишї шурўъаз 2-юми март то 3-юми апрели соли равон идома мекунад ва пас аз анљоми он ба иштирокчиён шањодатнома ё "сертификат" њам дода мешавад. Вале имомхатибони тољикистонї дар чї љое дарс мегиранд?
Таърихи масљиди "ислоњталаби тавоно" Масљиди љомеи Муњаммад ибни Абдулвањњоб 16-уми декабри соли 2011 бо ширкати шахсан Шайх Њамад бин Халифа, оли Сонї, сарвазир ва вазири умури хориљии Ќатар дар Доња, пойтахти Ќатар ифтитоњ шуда, дар як муддати кўтоњ ба маъруфтарин марокизи таълимии вањњобї салафї табдил ёфт. Сарвазири Ќатар дар расми ифтитоњи масљид гуфта буд: "Мо ба ин мас-
љид номи Муњаммад ибни Абдулвањњоб, донишманди бузург, ислоњталаби тавоно ва эњёгару пешво, ки аз Худо мехоњем, ўро аз љумлаи онњое, ки Паёмбар (с) дар бораашон гуфтааст: "Њамоно Худованд дар сари њар сад сол як муљаддид - эњёгареро бар ин уммат мефиристад, то динро эњё кунад", бигардонад". Маќомоти ин кишвари арабї Шайх Љосим ибни Муњаммад ибни Сониро муассиси давлати Ќатар ва олими дин мешуморанд, ки аз зумраи пайравони Муњаммад ибни Абдулвањњоб, асосгузори љараёни вањњобия, њамчунин пешвои салафиёни имрўзи љањон буд. Онњо њамеша аз он ифтихор мекунанд, ки асосгузори Ќатар аќидаи вањњобияро зербинои идеологияи ин кишвар ќарор дода, дар дохил ва хориљи он, аз љумла давлатњои исломї пањн кардааст. - Шайх Љосим масъулияти чоп ва интишори китобњое, ки даъвати Вањњобиятро дар бар мегирифт, ба хотири фањмонидани дини Худо ва рисолати Паёмбарашро ба мардум дар Њиндустон бар уњда гирифт. Мо то њол ба њамонхаттикашидаиаљдодонибузургамонамалмекунем...Мо бар ин боварем, ки ум-
мати исломї дар ин замоне, ки чолишњои мухталиферо пешорў дорад, барои навсозї ва табодули афкор ба таљриба ва даъвати вањњобият ниёз дорад...-иќтибос мекунад суханони сарвазирро сомонаи вазорати авќоф ва умури исломии давлати Ќатар. Масљиди љомеи Муњаммад ибни Абдулвањњоби Ќатар, ки њудуди 130 њазор намозгузоррољой мекунад, толорњои алоњидаи намозгузорїбарои мардон вањам занон дорад.Танњо дар як толори занона дар як ваќт беш аз 1200 нафар метавонанд намозњои худро бо љамоат ва ё дар алоњидагї бихонанд. Дар шафати масљиди љомеъ як муљтамаи таълимию тафрењї ва илмию пажўњишїниз љойгир аст ва толибилмони мухлисони салафия дар љањонро фаро мегирад. Рўзномаи "Араб", ё "Ал - араб" менависад, ки гуруњи 20 - нафараи имомхатибони Тољикистон низ дар њамин муљтамаъ, ба ќавли маќомоти тољик дарси забони арабї ва ба гуфтаи манобеъи арабї, ањкоми таљвид, тиловати Ќуръон, тафсир, њадис, фиќњ, сирати Паёмбар(с), фиќњи равишњои таблиѓотї, љомеашиносї ва "бо назардошти оёти Ќуръон ва ањодиси набавї имомхатибони тољик донишњои худро дар заминаи асосњои аќидаи исломї низ такмил медињанд ва ба ин васила исломи муътадилро дар љомеа тарѓиб хоњанд кард".
Дарс аз уламои маъруфи салафї Ба иборати дигар, имомхатибони кишвар бо истифода аз таљрибаи бойи худ аз ин фурсатњои мутолеотї бо донишмандони варзида ва рўњониёни шинохтаи Ќатар ва дигар кишварњои исломї, ки барои дидору мулоќот, таълиму тазкия (ахлоќ) меоянд,табодули назар мекунанд. Дар масљиди љомеи Муњаммад ибни Абдулвањњобњар њафта дар рўзи љумъа яке аз олимони шинохтаи љањони ислом, бавижа онњое, ки Донишгоњи исломии Мадинаи Мунаввара ё дар дигар муассисањои таълимии пайравони Муњаммад ибни Абдулвањњоб, ки дар кишварњои исломї дарс хонда ва ё аз нигоњи аќида ба ў пайравї мекунанд, барои ироаи хутбаи намози љумъа ба минбари худ даъват мекунад.
Рўзи 21 - уми март Доктор Абдулњай Юсуф, раиси бахши Фарњанги исломї дар Донишгоњи Хартуми Судон, дастпарвари Донишгоњи Мадинаи Мунаввара, маркази маъруфтарини салафия дар љањон, ки дар шањри Мадинаи Арабистони Саудї воќест, хутбаи љумъаро хонд. Бино ба иттилои сомонаи ќатарии raya.com,Доктор Абдулњай Юсуф пас аз шом низ дар мавзўи ањамияти луќмаи њалол барои як мусалмон, бахусус рањбарон ва уламои мусалмон беш аз 2 соат суњбат кард.Аммо маълум нест, ки имомхатибони тољик дар ин суњбат ширкат доштаанд ё на? Њамчунон, ки маълум нест, чи гуна маќомоти кишвар ба ин сафар ва бозомўзї розигї додаанд? Шояд онњо иттилоъ надоштанд, ки бо вањњобия ва салафия сару кор доранд, ё хайр?
Салафия дар Тољикистон Љараёни салафия аз соли 2006 то моњи январи соли 2009 дар Тољикистон аланї фаъолият мекард, то ин ки аз сўи Суди олии кишвар мамнўъ эълон шуд. Беш аз 10 пайрави ин љараён зиндонї шуданд. Дар њоли њозир, бино ба иттилои "Нигоњ", ба истиснои Эшони Сирољиддин, имомхатиби масљиди Зарафшони шањри Душанбе баќия озод шудаанд. Коршиносон тахмин мезананд, ки сафари 20 имомхатиби Тољикистон ба Ќатар ва омўзишњои онњо дар Маркази масљиди љомеи Муњаммад ибни Абдулвањњоб бахше аз њамкорињои ду кишвар аст. Ќатар аз кишварњои сарватманди дунёаст, ки баъд аз Кувайт дар љањони ислом аз нигоњи таъминоти маъишї ва рифоњи хонаводагї маќоми дуввумро ишѓол мекунад. Бино ба иттилои расмї, дар Тољикистон њам тарњњоеро, назири шањраки "Диёри Душанбе", ширкати лоињакашї ва машваратии сохтмонї ва бузургтарин масљиди Осиёи Марказї барои 100 њазор намозгузорро ба маблаѓи 100 миллион доллар рўи даст гирифтааст. Танњо суол ин аст, ки сафари гурўњи 20 нафараи Кумитаи дин ва Шўрои уламо ба Ќатар, бахусус ба тарњи масљиди нав чї рабте дошта метавонанду дар пушти ин сафар чи маќсадњо буда метавонанд? "Нигоњ"
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
НИГАРОНЇ аќте сањифаи бедарак гумшудањои сомонаи расмии вазорати корњои дохилии Тољикистонро назар мекардам, барои худ як манзараи изтиробангезеро кашф кардам: Тайи шаш моњи ахир дар Тољикистон беш аз 50 духтар, ки асосан ноболиѓ њастанд, бедарак гум шудаанд!!! Њоло рўйхати онњоеро меорам, ки наздиконашон ба маќомот мурољиат кардаанд. Аммо бо назардошти менталитети мо мешавад хулоса кард, ки аксарият ба милиса мурољиат накардаанд, то шаъну шарафи оиларо паст назананд. Њатто намедонам чї хулоса кунам ва инро чї гуна шарњ дињам? Охир, ин барои кишвари хурди мо хеле зиёд аст. Шояд ин љо иштибоњи мажомоти расмї њам љой дошта бошад, ки аз сомона номњои духтарони пайдошударо нагирифтаанд ва бовар дорам, ки ќисмати умдаи гумшудањо аллакай пайдо шудаанд. Аммо бо ин вуљуд, агар ќисмате аз онњоро пайдо кардаанд, ин падидаи номатлуб аст. Дар зер танњо рўйхати духтаронро аз сомонаи ВКД меорам (http://www.mvd.tj/ index.php/uk-UA/bedarakgumshuda):
В
1. Кўлоб, 18. 03. 2013 - Олимова Њусния Умаровна, соли таваллуд - 1985. 2. Конибодом - Абдуллоева Дилноза, соли таваллуд - 1993. 3. Норак - Рамзияи Мирзозода, соли таваллуд - 1994. 4. Фирдавсї - Иброњимова Зулфия Љамшедовна, соли таваллуд - 1996, хонандаи синфи 9, мактаби миёнаи №40. 5. Сино-1 -Сайдалиева Руњия Шањриёровна, соли таваллуд - 1995. 6. Панљакент - Мелиева Њилола, соли таваллуд - 1995. 7. Фирдавсї - Гадоева Малоњат Мањмадраљабовна, соли таваллуд - 1998. 8. Рашт - Гулбањори Шамсулло, соли таваллуд - 1993. 9. Сино-1 - Љабборова Миљгона Мањмадовна, - 1999. 10. Фирдавсї - Лапина Зарина Муќимљоновна, - 1997. 11. И. Сомонї - Љалилова Фарзона Асадуллоевна, соли таваллуд - 1995. 12. Хуљанд - Усмонова Истат Умаровна, - 1994. 13. Шоњман су р - Рабиева Тањмина Суњробовна, соли таваллуд - 1999.
3
SOS!!! Духтардуздї? Тайи шаш моњи ахир дар Тољикистон беш аз 50 духтар, ки асосан ноболиѓ њастанд, бедарак гум шудаанд!!! 14. Ќўрѓонтеппа - Сурпаева Рухсора Саидовна, соли таваллуд - 2000!!! 15. Шањритус - Нурбобоева Лола Холмуминовна, соли таваллуд - 1996. 16. Хуљанд - Њайдарова Ѓалатмоњ Љамолиддиновна, соли таваллуд - 2000!!! 17. Вахш - Валиева Моњтовбї Додарљоновна, соли таваллуд - 1985. 18. Исфара - Гулнозаи Ќобилзод, соли таваллуд - 1995. 19. Исфара - Хидирова Гулнора Султонќуловна, соли таваллуд - 1985. 20. Ѓончї - Орипова Навбањор Юнусљоновна, соли таваллуд - 1993. 21. Ашт - Рањимова Рузигул Садриддиновна, соли таваллуд - 1998. 22. Спитамен - Ѓафурова Гулноза Анваровна, соли таваллуд - 1993. 23. Фирдавсї - Муллоева Фариза Саидаброровна, соли таваллуд - 1998. 24. Рўдакї - 1 - Нурова Ситора Саймуродовна, соли таваллуд - 1990. 25. Ёвон - Зокирова Сурайё Ибодуллоевна, соли таваллуд - 1993. 26. Фирдавсї - Яќубова Сабоњат Мирзоалиевна, соли таваллуд - 1995. 27. Сино - 2 - Исмоилова Гулноза Абдусаломовна, соли таваллуд - 1997. 28. Њисор - Рањимова Саида Комиловна, соли таваллуд - 1995. 29. Хуљанд - Абдуќодирова Нилуфар, соли таваллуд - 1998. 30. Шоњмансур - Саидова Манижа Абдуњамидовна, соли таваллуд - 1998. 31. Сино - 1 - Бадякова Нияре Рустамовна, соли таваллуд - 1996. 32. Сино - 2 - Миљгонаи Афзал, соли таваллуд - 1996. 33. Варзоб - Сайёраи Шокир, соли таваллуд - 1993. 34. Њисор - Султонова Марљона Эркиновна, соли таваллуд - 1996. 35. Ќубодиён - Восиева Нилуфар Рањимовна, соли таваллуд - 1995. 36. Исфара - Муњибахон Умарзода, соли таваллуд - 1992. 37. Кўлоб - Шањнозаи Бобоназар, соли таваллуд - 1990. 38. Вањдат - Зарифзода Гулруи Рафиоллоњ, соли таваллуд - 1997. 39. Рўдакї - 1 - Шарифова Гузал, соли таваллуд - 1997. 40. Кўлоб - Камолова Судоба, соли таваллуд - 1995. 41. Шоњмансур - Маликаи Музаффарзод, соли таваллуд - 1997. 42. Хуљанд - Тоњирзода Мубораки Элбой, хонандаи синфи 8.
43.Сино - 2 - Набиева Ситора Насибовна, соли таваллуд - 1997. 44. Норак - Њисайнова Моњрў Сафаралиевна, соли таваллуд - 1993. 45. Шоњмансур - Умедаи Мурод, соли таваллуд - 1997. 46. И.Сомонї - Саидова Рисолат Муродалиевна, соли таваллуд - 1997. 47. Фирдавсї - Лола Нонголой, соли таваллуд - 1994. 48. Фирдавсї - Давлатшоева Н уќра Насибовна, соли таваллуд - 1993. 49. Конибодом - Дустматова Зарнигор Баротовна, соли таваллуд - 1997. 50. Файзобод - Каримова Лола Воњидовна, соли таваллуд - 1991... P.S. Њангоми тањлили рўйхати гумшудањо дар сомонаи ВКД боз як ќонунмандии ногувори дигар фош мешавад - аксарияти онњое, ки ба мажомоти милиса мурољиат кардаанд, волидайн нестанд?! Ин метавонад танњо як сабаб дошта бошад - падару модар дар Русия дар муњољирати корианд!!! Аюб ЭГАМОВ
КУМАК КЎНЕД!
ЉУСТУЉЎИ ДУХТАРЧАИ ХУРДСОЛ Дафтари матбуоти Вазорати корњои дохилии Тољикистон аз бедарак гум шудани ду кўдаки хурдсол хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, ба шўъбаи ВКД дар ноњияи Шоњмансури пойтахт, Тимур Аралови 30-сола, сокини кўчаи Айнї, хонаи 32/1, њуљраи 53 мурољиат намуда, аз бедарак гум шудани ду фарзанди ноболиѓ хабар додааст, ки гуфта мешавад, яке аз гумшудањо фарзанди вай будааст. Тимур Аралов гуфтааст, рўзи 25уми март, таќрибан соати 16-00 духтари
«
Малика Араловаи 5 сола 25-уми март, таќрибан соати 16-00 њамроњи духтарчаи амакаш Сабина Араловаи 4 сола аз хона барои бозї берун рафта, бедарак гум шудаанд.
хурдсолаш Малика Аралова, соли таваллудаш 2007, њамроњи духтарчаи бародараш Сабина Аралова, соли таваллудаш 2008, аз хона барои бозї берун рафта, бедарак гум шудаанд. -Барои дарёфт намудани хурдсолон аз љониби кормандони маќомоти корњои дохилї чорабинињои фаврїљустуљўї идома доранд, - мегўяд манбаъ.
Аз њамаи онњое, ки дар бораи Малика ва Сабина иттилоъе доранд эњтиромона хоњиш мешавад ба шуморањои телефонии пайвандони онњо занг зананд: 91-900-12-00 ва 91-970-55-33.
4
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
БЕ ПАРДА
Абдуќаюми Ќаюмзод - "Журналисти сол" дар соли 2012, аз нигоњи њафтаномањои сиёсии "Нигоњ" ва "Фараж"; нафаре, ки ахиран, мусоњибањояшро бо мухолифини тољик фаъолони Њизби нањзати исломї ба 40-солагии ин њизб бахшид; хабарнигори бахши тољикии Радиои "Озодї", ки баъди мољарои ба ќайд нагирифтанаш дар Вазорати корњои хориљї, ба маркази бањсњои тезутунди ахир дар фазои иттилоотии Тољикистон табдил ёфта, то њол дар бораи ин мољаро њарфе назадааст... ба саволњои истифодабарандагони TojNews зимни як пресс-конфронси виртуалї посух гуфт. Мухбир 14 март, 2013 - 15:46 Барои чи шумо "журналисти сол"-ро акредитатсия накарданд? Албатта, инро худи шумо медонед, њарчанд ин гапро дар "баѓалатон" пинњон карда гашта истодаед. Агар ин ќадар маъруф бо он љоизањо бошед, бояд тамоми расонањои "хусусї" аз љумла њамин Тољнюс барои ба даст овардани шумо љанг шавад, чаро онњо ба шумо ин хел хайрхоњї кардани нестанд? Ин чї маънї дорад? Абдуќаюми Ќаюмзод: - Љавоб: Аккредитасия ба хабарнигори хориљї аз тарафи вазорати корњои хориљї дода мешавад. Аз соли 2002 то соли 2012 дар масъалаи гирифтани ин њуљљат барои ман кадом мушкил пеш наомада буд. Моњи феврали соли 2012 мўњлати аккредитасияи ман ба анљом расид. Аммо ин навбат дархости дафтари "Озодї" дар Душанберо барои гирифтани корти эътибории ман вазорати мазкур радд кард. Дуруст аст, ки дертар -моњи апрел (20 апрели соли 2012) њуљљати мазкурро фаќат ба хотири онки битавонам дар љаласаи Маљлиси олии кишвар, ки дар он Паёми президент ироа гардид, ширкат варзам, барои муваќќат( се моњ) доданд. Баъди ин тахминан нимањои моњи июн розї шуданд, ки барои 6 моњи баъдї бидињанд. Аммо ваќте вазорат омадам гуфтанд, ки компютер нуќси фаннї пайдо кардаасту фардо хоњед гирифт. Ва дигар бо њамин надоданд ва танњо бо иљозаи шифоњии вазорат то моњи декабр корро идома додам. Агарчанде дафтари марказии радио ва сафорати Амрико дар Душанбе низ љињати њалли мусбати ќазия вориди амал шуданд ва дертар созмонњои хабарии Тољикистон ва бархе аз ањзоб ва ташкилоти иљтимої њамчунин дархост карданд, дигар вазорати хориљї эътино накард ва њозир нашуд ташрењ бидињад, ки ба чи далел њамчунин мавзеъгирї мекунад. Њоло ки далели радди корти эътибории банда номаълум аст сару садоњо атрофи он хеле зиёд шуданд. Ва ин сару садоњо дуруст баъд аз нашри баёнияи президенти ваќти радиои "Озодї" дар сайти ин радио баланд шуданд. Мутаассифона шумо низ бар ин боваред, ки ман иллати радди аккредитсияамро медонам аммо дар "баѓалам" пинњон доштаам. Вале хоњ бовар кунед хоњ не, вазъ њамин тавр њаст. Намедонам. Дар департаменти иттиллооти вазорати хориљї гуфтанд, ки ин њаќќи мост, ки мўњлати корти эътибории шуморо тамдид накунем ва низ тавзење њам надињем. Ва њамин набуди далели радди ин мадрак боиси њар гуна њадсу гумонњо шудааст. Њамакнун яке иллати онро дар навиштањои ман мељўяд, дигаре њадс мезанад, ки бо бархе аз ањзоб ва афроди номаќбул ба маќомот наздикї дорам ва баъзеи дигар мегўянд, ки ба интихоботи раёсати љумњурї марбут аст, ки то бо ин тарзи бархурд бо хабарнигорон пеши роњи нашри матолиби интиќодї гирифта шавад ва илло дар ѓайри сурат сарнавишти ман болои онњо низ такрор мешавад. Намедонам суоли пурсидаи шуморо посухи ман ќонеъ кард ё хайр, вале њар он чизеро, ки буд гуфтам. Расонањои хусусии кишвар ва на танњо хусусї ( "Љумњурият" аз 16 феврали соли љорї) аз љумла њамин Тољнюс ин ќазияро бозтоби густарда доданд. Зеро ба сарнавишти як журналист ва як њамкору њампешаи худ, ки ќурбонии бозињои номаълум шудааст, бетараф буда наметавонистанд. Ва агар ман-
зуратон пешнињоди кор аз љониби ин расонањо ба ман бошад, бале, таќрибан њамаашон даъват карданд. Аммо ман њанўз аз кори радио нарафтаам ва умедворам, ки миёни радио ва вазорати хориљї дар ин масъала њамдигарфањмї ба вуљуд меояд. Каримчон 15 март, 2013 - 15:46 Салом ба њама. Муњтарам Ќаюмзод, мехостам фикри шуморо дар бораи тарзи њукуматдории дунявї бифањмем. Чи назар доред, оё Тољикистон исломї бошад бењтар аст, ё дунявї? Абдуќаюми Ќаюмзод: -Шакл ва низоми давлатдорї њанўз наметавонад сабаби пешрафт ва шукуфоии кишвар, мардум ва љомеа бишавад. Мо беш аз 20 сол аст, ки зери сояи давлати дунявї ба сар мебарем. Ва њукумат ба бањонаи онки давлати дунявием пушти ин таъбир паноњ бурда болои аксарияти арзишњо ва суннани мардум тохтан дорад. Кор ба љое кашида, ки деги таоми худої аз љониби кормандони умури интизомї ба зўр аз хонаи мизбон ва дар њузури мењмонон мусодира гардид. Њатто дар даврони шўравї, ки бо дин дар раќобати шадид ќарор дошт њамчунин беэњтиромї нисбат ба анъаноти мардум сурат нагирифта буд. Ва ё њоло парлумон алайњи ба истилоњ "никоњи хешу таборї" вориди амал шудааст. Дар њоле ки никоњ ва кї раво аст ба кї норавостро дину мазњаби мо 1300 сол пеш маълум ва ќонун кардааст. Ин њама натиљаи амали давлати дунявист, ки албатта мардум аз афту башараи њамчунин давлат безор шудаанд. Ба андешаи ман он давлат, ки аз љониби мардум интихоб мешавад ва дар назди мардум њисобот медињад, чун аз
«
-Шакл ва низоми давлатдорї њанўз наметавонад сабаби пешрафт ва шукуфоии кишвар, мардум ва љомеа бишавад. Мо беш аз 20 сол аст, ки зери сояи давлати дунявї ба сар мебарем. Ва њукумат ба бањонаи онки давлати дунявием пушти ин таъбир паноњ бурда болои аксарияти арзишњо ва суннани мардум тохтан дорад.
раъйи мардум бастагї дорад, фарќ надорад, ки он дунявї бошад ва ё мазњабї барои мардум бењтар аст. Аммо як нуктаро набояд фаромуш кард, ки дин ва давлат ва баракс давлат ва дин њамеша дар канори њам дар осоиш хоњанд буд. Намешавад, ки алайњи анъанаву суннатњои мардум давлатро бишўронд ва ё аз зўри давлат бар
Абдуќаюми ЌАЮМЗОД:
раѓми арзишњо ва урфу одати мардум, ба хусус арзишњои мазњабї истифода кард. Аз ин лињоз давлат хоњ дунявї ва ё хоњ исломї ва аммо аз ирода ва раъйи мардум вобаста набошад, барои мардум кор нахоњад кард. Ваќте давлат интихоб нашудааст, дар пайи кадом тасодуф сари кор омадааст, он давлат на ба манфиати миллат ва мардум, балки барои таќвият ва тањкими худ талош мекунад. vatandor 15 март, 2013 - 15:48 Назаратон бораи интихоботи раисљумњур дар соли љорї чист ва то кадом андоза, мардум ба Эмомалї Рањмон таваљљуњ доранд? Абдуќаюми Ќаюмзод: -Интихоботи раёсати љумњурии Тољикистон дар соли љорї аз интихоботњои пешина фарќ хоњад дошт. Зеро ду њизби асосии мухолиф Нањзати исломї ва сосиал-демократ ин навбат вориди сабќати ин интихобот хоњанд шуд. Шонсњои раиси љумњурї барои пирўзї аз тариќи интихоботи шаффоф ва демократї нињоят ночиз аст. Вале момедонем, ки дар шумориши оро њукумати феълї устухон надорад ва таљрибаи зиёдеро андўхтааст. Аммо мардум ба нафаре, ки исмашонро зикр кардед таваљљўњ надорад. Чун тўли 20 соли сари ќудрат будани ў кадом бењбудиеро дар рўзгори худ њис накардааст. Инро худи маќомот низ хуб медонанд. Orifi 15 март, 2013 - 17:35 Ассалому алайкум, устод Абдуќаюми Ќаюмзод. Дар мусоњибае бо хабарнигори "Озодагон" зикр намудед, ки дар оянда нияти нашри сўњбатњои дигареро аз љумла маљмўи сўњбатњое бо Устод Њољї Акбар Тўраљонзодаро доред, лутфан мегуфтед, ки ин чу гуна сўњбатњое хоњад буд, сўњбатњои ќаблие ,ки дар расонањо нашр шудаанд ё сўњбатњои нав ки њанўз дар љое нашр нашуда? Магар намешавад бисёртар атрофии сабабњои љанги шањрвандї ва умуман таърихи љанги шањрвандї бо эшон сўњбат намоед? Китоби тозанашри шуморо бо номи "40 соли мубориза, муќовимат ва талошњо", ки ба 40 солагии таъсисёбии ЊНИТ бахшида шудааст чї гуна метавон дастрас кард? Оё имкони нусхаи электронии онро ба торнамои nahzat.tj гузоштан њаст? Чї мешуд агар аъзогии ЊНИТ-ро ќабул намоед ва он љо фаъолияти рўзноманигорї баред. Абдуќаюми Ќаюмзод: -Бародари азиз Орифї, ташаккур аз ин ки ба навиштањои ман таваљљўњ доред ва њарфњои самимї мегўед. Бо љаноби ќозї-домулло Њољї Акбари Тўраљонзода, рўњонї ва сиёсатмадори бузурги тољик дар бораи музокироти сулњи тољикон китоберо шояд дар ду љилд омода карда истодаам ва матолиби он ќаблан чоп нашудааст ва низ як китоби дигар маљмўаи мусоњибањо бо эшон аст, ки ќаблан дар нашрияњо дарљ кардаам. Дар китоби оид ба музокироти сулњ, албатта дар бораи сабабњои љанги шањрвандї низ гуфта хоњад шуд. Китоби "40 соли мубориза, муќовимат ва талошњо", ки ба 40 солагии таъсисёбии ЊНИТ бахшида шудааст, рўзњои наздик дар дастраси хонандагон ќарор хоњад гирифт. Ва аз љумла нусхаи электронии он ба торнамои nahzat.tj ба наздикї гузошта мешавад. Зарурат ба узвияти ягон њизб аз љумла ЊНИТ-ро намебинам.
Чаррор 15 март, 2013 - 20:32 Оќои Ќаюмзод! Бо Додољони Атовулло чї гуна муносибат доред? Дар бораи вазъи рўњиву саломатиаш чї медонед? Ба фикри Шумо Д. Атовуллоев бо ин амалњое, ки дорад, метавон мубталои касалии рўњї донист? Бо Д.Атовуллоев чи робитаи хешубаторї доред? Хоњишмандам, њамчун Ќаюмзод, ки шуморо марди љасур медонанд, љавоб гуед, то бовар бештар бошад! Абдуќаюми Ќаюмзод: -Бо устод Додољони Атовулло муносибати хуб ва дўстона дорам. Вазъи сињњатї ва авзои рўњии эшон олї аст. Дуруст аст, ки соли гузашта бар асари сўиќасди нољавонмардонаи зархарид(он)и сиёњбахт, ки дастури кадом золими худозадаро иљро кард, вазъи саломати Устод бад шуд. Вале бо ризои Худои пок ва бо дуои њазорон- њазор дўстону дўстдорону њаќталошон ин Устоди забардасти журналистикаи тољик аз ин сўиќасди нољавонмардона љони солим бадар бурда њоло сињњату саломатанд. Њар он касоне ки Додољони Атовуллоро касалии рўњї мењисобанд худашон ботини кўр ва гўши кар доранд. Чун ў тамоми умр дар роњи њаќќ ва дар талоши њаќиќат ќалам ва ќадам зада боре њам аз ин љода мунсариф нашудааст. Зињї њамчунин инсонњое, ки ирода ва азми ќавї доранд ва имони мустањкамашон боис мешавад, ки њайсият ва шарофати инсонии худро њамеша њифз кунанд. Дуруст аст, ки лањни устод Додољон дар ин авохир як кам тунд ва дурушт шудааст. Аммо њатто дар ин тарзи гуфтораш њам њарфе хилофи виљдон ва имон нагуфтааст. Бале, бо Додољон аз як дења њастем ва эшон таѓои фарзандони мананд. Хабарнигори ОЗОД 15 март, 2013 - 20:58 Муњтарам, Ќаюмзод, оё ба назари шумо ширкати Эмомалї Рањмон дар интихобот ба манфиати давлат, љомеа ва миллат аст? Мехостам назари Шуморо дар ин бора донам, ќаблан ташаккур. Абдуќаюми Ќаюмзод: -Эмомалї Рањмон беш аз 20 сол аст, ки дар сари ќудрат аст. Худи ў , бешак, аз сатњи "як бачаи дењќон" то ба мартабаи "Љаноби олї" сабзиду пешрафт кард. Тўли ин солњои рушду такомули худ љаноби президент барои баќои давлат ва тањкими раёсаташ тамоми корро кард, ки њарф надорад ва дар ин бора хелењо гуфтанду дар оянда њам хоњанд гуфт. Албатта, манзури ман он навиштањо ва менавиштањои бархе аз тамаъварзони маддоњ аст, ки набударо буда, наќсро наѓз ва камро беш љилва медињанд. Аммо агар инсофан бинигарем, ба вазъу њоли мардуми мо натанњо худи мову мардуми мо, балки мурѓони њаво низ гиря мекунанд. Чун љойи пешравї, љойи зиндагии ободу осуда мо ба аќиб, ба аъмоќи асри амир Олимхон ва њатто фиръавнњои мисрї бармегардем. Њоло баробари фаро расидани фасли зимистон рашъа ба андоми мардуми мо меуфтад. Мардуми тољик аз зимистон безор шудааст. Хонааш сарду торик. Он чизеро аз даст додааст, ки ќабл аз омадани ин њукумат дошт. Тобистонаш њам љойе барои сифат кардан надорад. Барои дарёфти ќутти лоямут, хонахез, зану мард муњољир мешавад, муздури халќу мулки бегона аст. Ва ин минволи зиндагї, мисле ки дигар русуми зиндагиаш шудааст. Хуб, дасти
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
БО ДАЛЕЛ
5
Ба Саймумин Ятимов бовар кардам... шумо дард набинад, ин тарзи зиндагї киро хуш омада бошад? Ба хусус раиси љумњури феълиро, ки дар рафъи ин вазъи асафбор тўли ин њама муддат дасти кўтоњ доштааст? Албатта, ба истиснои он ки як гурўњи кўчаки давру бари эшон комилан баракси ин воќеияти талху шўри љомеаи кишвар рўзгори муфаррању муљаллалеро соњиб шудаанд. Як намунаи гўёяш њамин бародари бузурги худи Љаноби олист, ки дигар солњост назди тракторашон нарафтаанд. Аз ин лињоз фикр мекунам њоло њамин њафт соли ахир, ки љаноби Рањмон раёсат дошт барои эшон зиёдатї буд. Ва азбаски он кас аз байни мардум ба ин поя расонида шудаанд њоло ин њама вазъу њолати мардумро хуб дидаву амиќ дарк карда ба доми тазвири "пешвозгирињои телевизионї" намеафтанд ва бо камоли масъулият дар ин навбат аз муддаї шудан ба ин маќом даст мекашанд. Аз давру барашон машваратњо зиёд дода мешавад, ки фаќат Шумо сазовори ин маќом њастед, вале гумон мекунам ин бор иштибоњи ќаблиро такрор нахоњанд кард, чун нарафтани он кас ба интихобот роњро барои дигаргунї ва берун омадан аз ин вазъу њолати бад боз хоњад кард. Ва ширкат навар-
«
-Шонсњои раиси љумљурї барои пирўзї аз тариќи интихоботи шаффоф ва демократї нињоят ночиз аст. Вале мо медонем, ки дар шумориши оро њукумати феълї устухон надорад ва таљрибаи зиёдеро андўхта аст.
зидани он кас боиси забондарозиашон шуда ва бебунёдии таънаву маломати душманњояшонро, ки њар гоње аз авќот ин љумлаи машњурро, ки "бо хун омадем, бо хун меравем" ёдовар мешаванд, собит мекунад. Руслан 16 март, 2013 - 14:34 Салому алейкум. Аввалан ташаккур ба сомонаи TojNews, ки чунин саволу љавобњоро пешкаши хонандагонаш мегардонад. Муњтарам Абдуќаюми Ќаюмзод, сабаби тамдид накардани Шумо ваё аз кор рондани шумо дар сомонаи "Озодї" аз тарафи вазорати корњои хориљї аз чї мебинед ва бо кадом далел ва ё аз тарафи ќонун барои тамдиди Шумо иљозат надоданд. Ташаккур Абдуќаюми Ќаюмзод: -Радди тамдиди мўњлати аккредитасияи ман аз тарафи Вазорати умури хориљии Тољикистон њељ гуна тављењ дошта наметавонад ва ин як тасмими хилофи ќонун аст. Дар ѓайри сурат мегуфтанд, ки Шумо фалон аслу банди ќонунро наќз кардед. Аммо нагуфтанд.
олии солњои 90 то 95 аз Маљлиси намояндагони солњои истиќлол бо љуръат ва бољасорат буд. Њоло вакилони Маљлиси намояндагон танњо коре, ки мекунанд дастур ва хостањои њокимияти иљроияро либоси ќонун мепўшонанд. Мисолњоро метавон фаровон овард. Бубинед, вакилони парлумон созишномаро дар мавриди роњи пулакї кардани роњи Хуљанд-Душанбе ба тасвиб расониданд аммо намедонанд, ки соњиби он ширкат кї аст ва љууръати пурсиданро њам надоранд. Ва ё инки ваќте тарњи Ќонун дар бораи ворид кардани таѓиру иловањо ба ќонуни интихоботи президентї вориди Маљлис шуд то замоне, ки њукумат мавќеашро муайян накард вакилон дар дањон об гирифта нишастанд.Њамин вакилон маоши раиси љумњурии Тољикистонро муайян мекунанд. Аммо то њоло шунидаед, ки кадом вакил дар бораи он ки ин маош чанд аст чизе гуфта бошад? Хуб, фикр намекунед, ки њамчунин нињоде як нињоди изофї аст ва зарурат бар мављудияти он нест? Зеро, њамин вазорату кумитањо, ки ќонунњоро менависанд, хуб дигар худашон тасдиќ бикунанд.Чун дар парлумон касе бар таѓйир додани он љуръат намекунад. Зеро он бо имзои раиси њукумат вориди парлумон мешавад....
Иљозат надоданд, як хабарнигори озодандеша ва озодабаён кори худро идома дињад. Зафари Умар 16 март, 2013 - 15:48 Салом! Барои Абдуќаюми Ќаюмзод устод дар риштаи журналистика кї бошад??? Абдуќаюми Ќаюмзод: -Аз њар касеву њар нафаре як њарфе ёд гирифтам онњоро устоди худ мењисобам. Нахустин навиштањои маро рўзноманигори варзида Ќироншоњи Шарифзода тањрир карда ва ба чоп расонидааст. Дар газетаи он замон машњури "Љавонони Тољикистон". Баъди чанд соли танаффус, ки дубора ба кори хабарнигорї дар "Озодї" шурўъ кардам ду нафар аз дўстони пешинам, ки дар ин расона кор мекарданд Мирзонабии Холиќзод ва Рањматкарими Давлат ёрињои беѓаразонаи худро дареѓ надоштанд. Вале, инки шогирди як нафаре буда бошам, ин тавр нест. Мешавад гуфт, ки худомўзї кардам... Дурбин 16 март, 2013 - 16:27 Ќаюмзоди гиромї, пас аз ихрољ шудан аз родиюи "Озодї" ягон нашрия ва радио ба Шумо пешнињоди кор кард? Агар ба куљо даъват кунанд, инкор карда наметавонед? Минбар бисёр аст, аммо шумо чаро мехохед факат дар "Озодї" кор кунед??? Абдуќаюми Ќаюмзод: -Ќаблан ба ин савол љавоб додам. Дар воќеъ чанде аз расонањо пешнињоди њамкорї ба манро доданд. Вале чи тавре худи Шумо њам пай бурдаед аз љойи корам људо шудан намехоњам. Зеро дар ин коргоњ 12 сол мешавад, ки фаъолият дорам. Ва инљо одат кардаам. Барои он дар "Озодї" мехоњам корамро идома бидињам, ки пеш аз њама дар муќоиса бо баќияи расонањо маоши хуб дорад ва дигар инки он як расонаи нафари алоњида нест, радиои байналмилалї ва соњиби манзалат ва маќоми хос аст. Аз тарафи дигар баъди танаффуси чандсо-
ла мањз "Озодї" маро ба кор даъват ва њамин тавр дубора ба кори журналистика љалб кард.... Ворухи- Исфара 17 март, 2013 - 07:18 Салом устод Абдуќаюми Ќаюмзод! Шумо ки марди босаводу далеру љасур њастед бояд нотарсона љавоб гўед: Бархе аз мардум мегўянд, ки бо иваз шудани президент ягон мушкили њал намешавад. Шумо њамчун журналист ва марди босавод чи посух медињед? Ташаккур. Абдуќаюми Ќаюмзод: -Мутмаин бошед, ки бо иваз шудани президент мушкилињои асосии Тољикистон њал мешавад. Њам мушкилињои иќтисодї ва њам мушкилињои сиёсиву иљтимої. Интихоботњо озоду шаффоф доир хоњад шуд, зарурат барои имтиёз додан ба корхонаи "Талко" ва ё "Тољирон" боќї намемонад, роњи пулакии Хуљанд-Душанбе бепул мешавад, робитањо бо љањони берун, ба хусус њамсояњо бењтар мегардад, озодњои диниву эътиќодї ва озодии сухан риоят мешавад ва мардум бидуни тарсу њарос тўю маъракаи худро доир мекунанд ва ѓайра. Озодфари Озод 17 март, 2013 - 23:10 Салом, Абдуќаюми Ќаюмзод! Аввало ба шумо бурдборї мехоњам. Савол: Шумо њозир дар ягон љо кор мекунед? Абдуќаюми Ќаюмзод: -Не, дар айни замон њељ љо кор намекунам. Зохир 18 март, 2013 - 12:27 Муњтарам Ќаюмзод. То љое медонем, шумо чандин сол њамчун хабарнигори парлумонї кор кардед. Хоњиш мекунам, назаратонро оид ба кори парлумон, бархўрди вакилон ба журналистон ва махсусиятњои кори журналисти парлумонї бигўед. Абдуќаюми Ќаюмзод: -Солњои ќабл аз љанги шањрвандї њам дар њафтаномаи "Њафтганљ" хабарнигори парлумонї будам ва аз соли 2002 дар радиои "Озодї" низ дар иљлосияњои парлумон ширкат мекардам. Шўрои
Ксерокс 19 март, 2013 - 09:54 Суол ба бењтарин журналисти муосири тољик. љаноби Ќаюмзод, Шумо аз нафароне њастед, барои таблиѓи рањбарияти ЊНИТ на камтар аз як дастгоњи таблиѓотї фаъолият кардаед. Аз Шумо пурсиданиам, ки агар ЊНИТ ба љои њукумати имрўза ояд, чи бартарињое хоњад дошт. Хоњиш мекунам, даќиќан посух дињед, на ба таври пароканда. Ќаблан сипос. Абдуќаюми Ќаюмзод: -Бо ба сари ќудрат омадани ЊНИТ хеле аз мушкилињои љомеаи Тољикистон аз љумла, мањалгирої, хешутаборбозї, љалби писарон духтарон ба вазифањои давлатї, ришват ва фасод аз байн рафта дар кишвар таѓйироти мусбат пеш меояд. Аммо роњбарияти ЊНИТ њануз барои ширкат дар интихоботи раёсати љумњурї ширкат хоњад кард ё хайр номаълум аст. Њарчанд ман гумон мекунам тавон ва неруи кофии идораи давлатро дорад ва раиси он метавонад намунаи олии як раиси љумњурии нав дар кишварњои шўравии пешин бошад. Аммо оне, ки гуфтаед дар таблиѓи он на камтар аз як дастгоњ хидмат кардаамро ќабул надорам. Чун њаро ончики ман дар бораи ин њизб ва афроди алоњидаи он навиштаанд дигарњо бештар аз он навиштаанд на камтар. Дар њар сурат интихоботи парлумонии соли 2010 нишон дод, ки мардум аз ЊНИТ бо камоли майл љонибдорї кардааст. Кошиф 19 март, 2013 - 11:34 Шунидам, ки бо раиси Кумитаи амнияти миллии Тољикистон Саймумин Ятимов мулоќоте доштед. Мумкин аст тафсилоти онро бигуед... Абдуќаюми Ќаюмзод: -Бале, бо љаноби Саймумин Ятимов дар интињои соли гузашта мулоќот доштам. Сўњбати љолиб њам буд. Аммо тафсилоти сўњбатро шояд ягон ваќти дигар бигўям, вале як чизро раиси КДАМ бо ќотеият изњор доштанд, ки нињоди зери рањбарии эшон барои нагирифтани аккредитасияи ман њељ гуна дахолат надоштааст. Сўњбати љаноби Ятимов дар воќеъ самимї буд ва ман ба њарфи он кас бовар кардам.
6
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
Ин манам? -Њоло ин мактубро навиштан мехоњам. Намедонам, ки онро то ба охир мерасонам, ё не. Бори чандум аст, ки онро нимаву пора мекунам, нимаву пора мекунам... Ростї, ин даъфа ќарор кардам, ки њатман ин мактубро ба идораи нашрияи “Нигоњ” фиристам. Пеш аз њама барои он ки суханњои президент Эмомалї Рањмонро дар бораи дастгирияш ба ятимону бепарасторон, ниёзмандону муњтољон борњо шунидаам. Бори ахир дидам, ки президент ба онњо кўмак кард ва умедам ба ў ва ба њалли мушкилотам афзуд. Баъдан ба он хотир, ин мактубро оѓоз кардаам, ки илољи дигареро намебинам. Њоло, ростї, аз чї сар кунам, намедонам. Њар нуќтае, ки дар ин мактуб мегузорам, ба њар љумлаи навиштаам бармегардам, наход муаллифи ин сатрњо ман бошам? Ду сол пеш, њатто тасаввур намекардам, ки чунин рўзњоро паси сар хоњам кард, чунин мактуб хоњам навишт... Ман -Шафоати Неъматуллоњ. Аз соли 1999 сокини шањри Душанбе. 20 сол дорам. Мо дар оила се фарзандем. Ману апаам ва шукри Худо, як бародари дигар дорам. Њамин тавр шуд, ки мо аз соли 1999 хона надорем. Пас аз људо шудани падару модарам, мо аз ноњияи Ховалинги вилояти Хатлон ба пойтахт кўч бастем. Ман њамагї 6 сол доштам...
Бародарам... Соли гузашта бародарам СултонНеъматуллоев бо њукми Суди олии Тољикистон ба муддати 12 сол аз озодї мањрум шуд, ки ќиссаи дуру дарозест. Мо бовар дорем, ки дар њаќќи бардарам зулм шуда ва ў бе адолат ба њабс рафтааст. Ў њамагї 17 сол дошт ва аз мањбас 29-сола берун хоњад шуд. Бо ў чї мешавад? Модарам дар ѓами ў бемор аст. Мо њама аз ѓами ў беморем. Аз ѓами модари бемору заъиф,ки моро дар рўзњои мушкил нагузошт, то аробакаш бошем. Нагузошт, то пакетфурўш бошем. Нагузошт, то биравем ќад-ќади роњ, мошини мардум шўем... Њоло мо барои ташхиси бемории модар пул надорем. Натиљаи эњтимолии ташхис вуљуди маро ба ларза меорад. Мабодо, аз ў њам мањрум шавем...
Дониш ва донишгоњ Соли гузашта, ман, ки ба адолат, ба ќонун ба њаќиќат бовар доштам, дар рўзе, ки бародарам суд мешуд ба имтињони ќабул, дарун-дарун гириста, ба Донишгоњи миллии Тољикистон рафтам. Модарам натавонист маро то дари ин даргоњ гусел кунад. Ба мурофиаи судии ягона писараш рафт... Ба умед, бо дуо, бо умедаз Худо, адолат хоста... Ман, ки мактаби миёнаи раќами 94-и шањри Душанберо бо бањои аъло ва бо медали тилло хатм карда будам, хаёлам, тамоман дигар будам. Ба муъљиза бовар доштам. Бовар доштам, ки ман донишљўи факултаи иќтисод ва идораи Донишгоњи миллии Тољикистон мешавам ва бародарамро озод мекунанд вамодарам хушбахт хоњад шуд...
ЗИНДА
В
аќте ў бо мактуб ба идораи "Нигоњ"
омад ва хоњиш кард мактубашро ба президент Эмомалї Рањмон ва раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев нашр кунем, шояд касе аз мо, њатто дањяки ин дардномаро ба худ тасаввур намекард. Бисёрињо, њоло њам ба ин ќодир нестанд ва ба гумон аст замоне бифањманд. Духтари 20-солаи тољик, ба президент чї њам гуфта метавонист? Вай чї розњои ногуфтаву ногуфтанї, чї дарду мушкилњо дорад? Дида тавонистани ин розу ниёз, куљо расад ба дарк ва эњсос кардани ин аламњо, паси табассуми дилкаши љавондухтари тољик, ки њар лањза метавонад ба ашки љонсўз мубаддал шавад, номумкин аст.
Ба президент гап дорам... Њоло шањодатномаи пур аз бањои панљу чор ва медали тиллои мактабиро дида, хушњолии он рўзро, ки ба ман ин коѓазњоро бо тантана медоданд, ба ёд меорам... Аз худ мепурсам, наход, ин коѓазњо дигар арзише надоранд ва нафароне, ки онњоро имзо кардаанд, шояд худ нахоста, маро фиреб медоданд? Шояд дониста? Аммо чаро?... Аз иншо бањои баланд гирифтам. Хаёлам, то донишљў шудан як ќадами дигар монда буд. Аз он ки бе миёнараву бетаѓо, бо дониши худ бањои чор гирифтам, изњори хурсандї мекардам. Пеши онњое, ки мегуфтанд,“бе таѓо нарав, меафтї”, сарам боло шуда буд. Аз тест њам 158 бал гирифтам. Ба ман гуфтанд, ки бали баланд гирифтї, дар љойи 50-ум њастї, аммо ба гуруњи буљавї њамагї 25 нафар ќабул мекунанд. Боз модарам ѓам хўрд. Хост шикоят кунад, намондам... Касе бањои аълои маро, дониши маро ба назар нагирифт. Касе медали тиллои маро ба назар нагирифт.
Ноновари хона Њарчанд тан додан, таслим шудан одати ман нест, баъди мањкум шудани бародарам њамаи мо рўњан худро шикаставу афтода њис мекунем. Дар хона се
нафар заиф мондем. Апаам донишљў. Модарам бемор. Он рўзњо аввалин бор дарк кардам, ки бори зиндагї ба сарам афтода, аслан барои даъво бо донишгоњ ќуввату њавсала надоштам. Бояд кор мекардам, ваќти заъифї набуд. Бояд оиларо нигоњ медоштам. Модар дигар тавони кор кардан надорад. Рўзи дароз мегиряд. Кор кофтам. Ёфтам. Њоло кор мекунам. Дар як сехи яхмосбарорї. 500 сомонї маош мегирам. Ба њама чиз намерасад...
Бозии таќдир Болои сўхта намакоб, падарам низ, ки солњо бо мо зиндагї намекард, моро тарк гуфт. Ин дафъа то абад... Вай солњо дар беморхона бистарї буд. Аввали моњи феврали њамин сол ба мо аз беморхона занг заданд, ки падарамро мошин задааст. Мо љасади ўро аз бемористон гирифтем. Аъзои баданаш пурзахм буд. Духтур гуфт, касе телефонї хабар додааст, ки марде дар роњ, назди беморхонаи ољилии шањр бењуш хоб аст... Ронанда падари маљруњамро зада, як сў назди истгоњи наќлиётї оварда, рў ба рў бо марг партофта фирор кардааст... Шояд агар духтур меовард, вай зинда мемонд. Ин дафъа њам таќдир моро сахт гирифт. Зин-
дагї гўё ману моро ба сахтї месанљад, ба тобоварї меозмояд... Фикри ин њама бозињои таќдир, маро аз як ангуштам мањрум кард. Ба андеша фурў рафта, нафањмидам, ки чї гуна ангуштам зери чархаи дастгоњи коѓазпечкунии яхмос монд. Ду моњ бистарї будам. Љарроњї барои пайваст кардани ангушт номуваффаќ анљом ёфт.
Чемпиони Осиё Њоло дастгирии роњбарияти њукумати Тољикистонро нисбати варзиш ва варзишгарони љавон мебинам. Замоне ман њам дар ќатори онњо будам. Чемпиони Осиё оид ба таеквондо, дорандаи камарбанди сиёњ. То устоди ин навъи варзиш шудани ман як ќадам монда буд. Як ќадам, њамагї як ќадам, ман кўшиши бардоштани ин гомро доштам, бо тамоми нирў, вале афсўс, гирдоби воќеияти зиндагї маро ба сўи дигар мекашид... Баъди љарроњї, ба ман гуфтанд, ки наметавонам машќу тамринро идома бидињам. Њоло фаќат ба медалу нишонњо, ба камарбанди сиёњ ва сертификате, ки дар он президенти Куриё имзо гузоштааст, нигариста, ба ёди он рўзњо њасрат мекунам. Чї рўзњо буданд, чї талошу зањматњо, чї эњсос... Охир, кам буданд онњое, ки
мисли ман кўшиш доштанд, то муваффаќ шаванд, чаро чунин шуд? Чаро бо ман? Бо ман, ки барои муваффаќият, њатто ду курси омўзиши забони англисиро хатм кардам, ронандагиро омўхтам... Намефањмам.
Дар гирдоб Умеди камтарин, ки “поёни шаби сияњ сафед аст”, њанўз њам моро ба идомаи њаёт ва мубориза барои рўзњои нек водор мекард. Саргардонињо, афтодану хестанњои гирдоби ин як сол, ки фањмидам, метавонад ба садсолањо баробар шавад, моро аз мушкили асосї дур медошт. Аммо ин њам дер давом накард. Ба наздикї, язнаамба ёдамон овард, ки мо бояд то моњи май хонаи ўро холї кунем. Њоло намедонем, ки чї кор кунем?Ба куљо равем? Хонаи иљора? Вале аз кадом њисоб?... Њамин аст, ки коѓазу ќалам ба даст гирифтам. Њоло умедам танњо ба президент Эмомалї Рањмон ва раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев аст, ки маро мешунаванд, дарк мекунанд ва албатта, дасти кумак ба ниёзманд дароз хоњанд кард.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
БО АЌЛУ ЊУШ
Фаридун РАЊНАВАРД бидуни FоRм@т
Чї тавр Кумитаи дини назди њукумати Тољикистон дар Мастчоњ 6 нафарро узви ЊНИТ кард?
Бисёр маъзурам, вале бояд рост гўям, ман санъат ё њаљвро дар њамин сурудаи бобои Файз умуман намебинам.
Таъсиси њизб ва њаракатњои исломї ѓайришаръї буда, боиси пароканда шудани миллат мегардад. Ин нукта мењвари вохўрии гуруњи махсуси Кумитаи оид ба корњои дини назди њукумати Тољикистон бо сокинони љамоати Оббурдони ноњияи Мастчоњ будааст.
М
авлавї Абдурањим, яке аз асосгу зорони ЊНИТ ва собиќ аъзои ин њизб, ки њоло дар Донишкадаи ис ломии ба номи Имом Абўњанифа дарс медињад, бо намояндагї аз гуруњи кории Кумитаи корњои дин иштирок карда, таъсиси ЊНИТ - ро ѓайришаръї хондааст. Мавлавї Абдурањим 19-уми март дар суњбат ба ТоjNews гуфт, ки њамчун муассис ва асосгузори ЊНИТ дар солњои навадум, њоло ба дарки иштибоњи худ ва онњое, ки бо вай асосгузори њизби исломї будаанд, расидааст ва зарурати фаъолият кардани ЊНИТ-ро намебинад: - Бале, ман дар ноњияи Мастчоњ суњбат кардам ва ба љавонон гуфтам, ки ислом таъсиси њама гуна њизби исломиро манъ кардааст. Шумо фикр накунед, њизби исломї арзишњои исломии шуморо њимоя мекунад. Умуман, таъсис ва фаъолияти њама гуна њизбу њаракатњо бо номи ислом истифода аз номи ислом аст, тамом. Ман ваќти ба њиљрат рафтан аз сар гузаронидам, омўхтам, дарк кардам, ки гуруњњои алоњида исломро истифода мекунанд ва баъди баргаштан оњиста-оњиста аз њизби исломї берун шудам. Назарањоямон иваз шуданд. Њоло 13 сол аст, ки узви ин њизб нестам. Илњом Беков, масъули ЊНИТ дар Мастчоњ ва яке аз иштирокчиёни вохўрии гуруњи кории Кумитаи дин ва шоњиди суханронињои Мавлавии Абдурањим дар ин вохўрї ба TojNews гуфт, муњтавои вохўрии ин гуруњи корї таблиѓи зидди ЊНИТ буд: - Мавлавии Абдурањим ба асоси шаръї надоштани њизби нањзат таъкид карда, гуфт, ки ЊНИТ хислати хавориљї дорад. Ваќте 9 узви Њизби нањзатро Кумитаи дин ба вохўрї даъват кард, хеле шод шудем, ки њамкорї њаст. Баъди ифтитоњи вохўрї аз муњтавои суханронињои онњо фањмидем, ки онњо моро ба берун шудан аз "њизби ѓайришаръї", ба таъбири худашон, даъват карданд. Мавлавии Абдурањим мегуфт, ки ЊНИТ ва њаракатњое, ки номи исломї мегиранд, боиси пароканда шудани миллат мегарданд. ЊНИТ хислати хавориљї дорад ва хавориљро шарњ дод, ки чї маъно дорад. Баъдан, гуфт, ки ваќте ба Афѓонистон њиљрат карда буд, Ањмадшоњи Масъуди равоншод ба вай гўё гуфта бошад, ки њизби исломї нодуруст аст, набояд аз ислом истифода кард ва барои њамин аз ЊНИТ баромадааст. Дар Кумитаи дини назди Њукумати Тољикистон мегўянд, вохўрињои мазкур дар асоси наќшаи солонаи Кумита дар њамаи шањру навоњї доир мешаванд. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи мазкур хислати "антинањзатї"-и ин вохўрї ва мулоќотро рад карда, гуфт: - Дар њар як нимсола Кумита наќшаи вохўрї бо шањрвандонро дорад. Њоло чор гурўњ бо роњбарии Абдурањим Холиќов, раиси Кумита оид ба корњои дин, Муродулло Давлатов, директори Маркази исломшиносии назди президент, Љумъахон Ѓиёсов, муовини раиси
ФОРУМ/БЕ ТАЊРИР Як шањрванд 19 март, 2013 - 14:29 - Агар шумо воситае барои бастани њизб мехоњед, пас ин корро баъди итихобот кунед. Собир 19 март, 2013 - 17:17 - Мусулмони њаќиќї аъзои ягон њизби исломй намешавад. Корбар 20 март, 2013 - 09:22 - Чї магар мусалмони њаќиќї факат аъзои њизбњои ЊХДТ (ки зарараш аз фоидааш зиёд ба Ислом) ё коммунистї (атеисти) шавад? Ин суханонат ягон мантиќ надорад. Суханони ту мисли "демократи њаќиќї бояд аъзои њизби демократї нашавад" ё "комунисти њаќиќї аъзои ягон њизби комунистї нашавад" аст. Халил 24 март, 2013 - 20:42 - Дар кадом давлат дидї, ки њизби исломї маќсади равнаќи Ислом дошт? Магар
Кумита оид ба корњои дин ва банда ташкил шудааст. Дар вилоятњои Хатлон, Суѓд ва навоњии тобеи марказ вохўрињо доир мекунем. Ба гуруњњо намояндагони Донишкадаи исломї, Маркази исломї, Шўрои уламо ва руњониёни дигар шомиланд ва бо мардум оид ба вазъи динї, њуќуќњои динии онњо, пешгирї аз гаравидани онњо ба њаракату њизбњои исломї ва сиёсии ѓайриќонунї суњбатњо мешавад... Муњамамдалии Њайит, яке аз фаъолон ва собиќадорони ЊНИТ мегўяд, аз соли 1999 ба ин сў, яъне замони дубора сабти ном шудани њизб Рањим Каримов, ки њоло худро Мавлавии Абдурањим муаррифї мекунад, дар ќайди њизб набуд: - Ваќте Саид Абдуллоњи Нурї ба вазифаи раиси Кумитаи гумрук шудани Рањим Каримов розї нашуд, вай ба Давлат Усмон ва устод Нурї тањдид кард, ки агар розї нашавед, сулњу вањдати Шуморо вайрон мекунам. Бо њамин роњ худро ба ИНОТ пайваст ва мансаб гирифт, аммо аз соли 1999 њељ гоњ аъзои њизб набуд. Ањмадшоњи Комилзода, тањлилгари масоили сиёсї мегўяд, Абдурањими Каримро мешиносад. Вай бар ин назар аст, ки "будан ё набудани њизбе бо номи исломиро ба њељ ваљњ намешавад шаръї, ё ѓайришарї номид": - Ин кори сиёсат аст, метавонад бошад, метавонад набошад. Аммо домулло Абдурањим як бозии сиёсї мекунад, њамаи инњо њамин хеланд. Пас аз ин ки њукумат барои онњо манфиати ночизе вогузор мекунад, шояд ба муќобили њамон њизб, гурўњ ва Худо медонад, фардо ба муќобили боз чї касеву чизе садо баланд мекунанд? ЊНИТ дар Мастчоњ 900 аъзо дошта, дар як моњи охир иловатан дар ин ноњия 250 нафари дигар аъзо шудаанд. Илњом Беков, раиси бахши ЊНИТ дар ин ноњия мегўяд, њамон рўз - 15-уми марти соли љорї, баъди анљоми вохўрї ва берун шудан аз толор, дар зери таъсири суханњои Мавлавии Абдурањим бо нишони эътироз 6 нафар мустаќим аъзои њизб шуданд. ЊНИТ 20-уми апрели соли 1973 дар шањри Ќўрѓонтеппаи вилояти Хатлон бо номи Созмони нањзати љавонони озоди Тољикистон таъсис шуда, муассисони ин созмони кўчак Саид Абдуллоњи Нурї, Ќорї Муњаммадљони Ѓуфрон, Одинабеки Абдусалом, Њољї Каландари Садриддин ва Неъматуллои Эшон будаанд. ЊНИТ, бинобар иттилои ин њизб, дар умум 40 њазор аъзо дошта, яке аз њизбњои сиёсии фаъоли Тољикистон ба њисоб меравад. Ба наздикї Њољї Акбар Тўраљонзода дар як фатво ба саволи хонандаи сомонаи ин хонадон посух гуфта, хайр карданро ба њизби сиёсї, ки гароиши исломї дорад, љоиз донист. Бино ба гуфтаи коршиносон, фатвои мазкур вокуниш ба амалиёти "антинањзат"-и маќомоти њукуматї дар кишвар буд, ки ваќтњои ахир шаклу муњтавои нав касб кардаанд. Њоло интригаи рўз аст, ки вокуниши нањзатињо ба ин ќазия чї хоњад буд? Сукут, ё...? Њарамгули ЌОДИР намебинї, ки тўли 100 сол Покистон бо 126 њизби исломиаш мардумро дар бадбахтї доштаанд? Чї ин ќадар Исломро ба сиёсати њароматон олуда месозед? Агар маќсади мансаб доред, пас ба эњсоси мардум ва эътиќоди мусулмонон бозї накунед, ки на дар ин дунё ва на дар он дунё хушбахтиро намебинед!!!! Худованд рохнамо бошад! Корбар 19 март, 2013 - 17:52 - Ин њама зарбањои пешазинтихоботї аст. ЊХДТ аз раќиби њалол метарсад. Њоло њама маќомот барои ин њизб хидмат карда истодаанд. Моро Аллоњ нигох медорад... Узви ЊХДТ 20 март, 2013 - 12:20 Аллоњ ва ислом ба њизб умуман ниёз надоранд. Агар ин кори мо бошад, кори дурустеро пеша дорем. ЊХДТ ба пеш!!! Мо садњо њазорем, бо халќи азиз ба сўи пирўзињои нав, ба пеш!!!
Очата бугў, пи-пи накуна... Њоло суруди фолклории Бобои Файз, ки баъди Љашни Наврўз, 22-юми март дар Варзишгоњи марказии шањри Душанбе, бо "таклиф"-и президент Эмомалї Рањмон дар Шабакаи телевизиони давлатї намоиш дода шуд, вирди забонњо шудааст. Дар тамоми Шабакањои иљтимої торнигори сабти сурудањои Бобои Файз гардон шуданд. Масалан фаќат як сабти њамин суруди фолклории Бобои Файз - "Очата бугў"-ро, ки президент реклама кард, дар "Ютуб"зиёда аз 28 њазору 300 нафар тамошо кардаанд. Барои муќоиса, наворњои як соли пеши Бобои Файзро дар ТВ, ки ба интернет роњ ёфт, метавон мисол овард, ки бештар метавон овард, ки онњоро то имрўз њамагї аз 2 то 5 њазор нафар тамошо кардаанд. Бобои Файзро, ки ТВ-и тољик дар шоу-барномаи солинавї ба "Бобои барфї"-и русї иваз карда буд, асосан соли гузашта шинохтанд. Навори маъруфтарини "Бобои барфии тољик", дар "Ютуб" аз соли гузашта диќќати њамагї бештар аз 5 њазор тамошобинро љалб карда тавонистааст. Дар бораи табъу завќ бањс кардан дуруст нест, ба назарам. Он дар њама њар хел аст. Масалан, ман наметавонам гўям, ки ба ман Бобои Файз ва њунари ў аслан писанд нест. Бисёр маъзурам, вале бояд рост гўям, ман санъат ё њаљвро дар њамин суруда умуман намебинам: "Дўстони ширин маро гирен баста барен, Ба пеши њамун љурѓоти лаълбаста баред-и-и-и-и-и-и-и... Худо бигира дуѓой туруши тунука, Саломи мара ба чаѓдегой маска баред-и-и-и-и-и-и-и-и-ии-и-и-и-и-и-и-иии-и-и-и... Очата бугў! Очата бугў!" Ман дар ин мисрањо, на њаљв, на санъат, на њунарро намебинам. Шояд њастанд, шояд аксарият ва ё њама муќобили назари ман бошанд ва ин табъи онњоро хушу болида ва завќашонро ќонеъ мекунад. Агар чунин аст, ман намефањмам, чаро мо барои мисол, чўпонбачаи хатлонї, Љими Баймуратро, ки тавонист бо суруди "Љими-Љими" ва бо асбоби мусиќии ягонааш, сатили обкашї тамоми толорњои консертии Русияро "обод" кунад, њатто ба шоу-барномаи Шабакаи давлатии телевизиони Русия - "Минута славы" роњ ёфт, дар Шабакаи якум нишон намедињем? Баймурат њам мухлиси зиёд дорад ва натанњо дар Федератсияи Русия. Наворњои видеоии "Љимми" аз Тољикистонро милионњо нафар тамошо карда, писандидаанд. Такрор мекунам, ки дар бораи завќу табъ ва даркии њунару санъат бањс намекунам, ин эњсоси инфиродист, вале ба назарам, фолклор бояд фолклор бо-
Њ
Акс аз youtube.ru
"Антинањзат"
7
БОБОИ ФАЙЗ
шад. Ман фикр мекунам, миёни фолклор ва санъат њамеша бояд фарќ гузошта шавад. Масъала ба назарам дар њамин аст, ки аз он чї мо ба омма тариќи шабакаи умумимиллї намоиш медињем, пешнињод мекунем, тамошобин бояд чизе худ гирад. Ѓизои маънавї гирад. Барои мисол, ман дар њамин мисрањоро: "Очата бугў, дига мара бача нага, Фарбењаку, турсуќаку саќќача нага. Дар сари дастархон, дар ваќти нањор-и-и-и-и-и-и-и-ии-и-и-и-и-и-и-и Пи-пи накуна, биё-ку баррача нага...",ѓизо намебинам. Ба њар њол барои худ ва онњое, ки медонам, ё назарашонро шунидаам. Ман дар бораи хории забони адабї, лањља, калимањои "турсуќаку", "саќќача"-ву "пи-пи" њарфе намегўям. Дар бораи шунидани "пи-пи" аз пирамарди солхўрдаи тољик он њам дар шабакаи давлатии телевизион, дар бораи одоби пирамарди солдидаи тољик низ хулосаро ба хонанда њавола мекунам. Умуман дар ин бора,ба назарам,њар кас метавонад худ хулоса кунад ва андешаи инфиродї дошта бошад. Аммо масъулияти ТВ, ВАО, журналистика, адабиёт, њунар, санъат њамин аст, ки мањсулаш пуч набошад, албатта ин андешаи ман аст. Масалан, ман оњанги дуторро хеле дўст медорам. Ваќте њофизи мардумї, равоншод Одина Њошим аз эљодиёти Њофизу Бедил, Соиби Табрезї мехонад, њаловат мебарам. Одина Њошим, њунар ва дарку дониши сухан, адабиёт ва санъат доштааст. Одина Њошим метавонад ба дигарон писанд набошад. Ва ба назарам, њадди аќал, то як-ду соати пахши сурудњо дар бораи "пи-пи"-и кардани очаи фулонї, Одина Њошимро намоиш надињанд. Метавонанд, дигар умуман намоиш надињанд. Ин бањс нест.
8
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
МАЃЗИ ДАРД
«Нимчањо»: аз ош, ё мош? Ихтисосњои "равѓанин" Тољикистонро обод мекунанд? "Олам аз дасти ду тоифа - нимчаолим ва нимчатабиб хароб мегардад" - мегўянд, донишмандон. Воќеан њам ин гуфта љањон - љањон маънї дорад. Имрўз дар љомеаи мо нуќсони асосї дар њамин ду мактаб ба назар мерасад. Маќсад аз љумлаи боло тамоми табибон ва донишмандон нестанд, вале дар маљмўъ мављудияти ин "нимчањо" дар соњаи тиб ва дигар бахшњои илму маърифат барои шахси мунсиф љойи бањс надорад. амасола њазорњо нафарљавонон донишкадаву донишгоњро бо тахассу сњои гуногун хатм карда, садњо нафари онњо барои идомаи тањсил ва с оњ и б ун в о н г а шт а н ба шўъбањои асперантура ва магистратура дохил мешаванд. Савол ин аст, ки аз миёни ин њама "садњо" ва "њазорњо" чанд нафар баъди хатм, њамчун мутахассис ба кору фаъолият машѓул мешавад?! Танњо дар соли 2011, мутобиќи омори расмии Тољикистон, 549 нафар аз рўи соњањои гуногун ба шўъбањои гуногуни аспирантура ќабул гаштаанд. Тааљљуб дар он аст, ки шумораи аспирантон аз рўи тахассусњои, ба ќавле "равѓанин", хеле зиёд буда, вале хонандагони аспирантура аз тахассусњои даќиќ ва дар айни њол барои рушди љомеа муњим хеле кам аст. Масалан, шумораи асперантон аз рўи тахассуси "Њуќуќшиносї" - 33, "Иќтисодиёт" - 140, "Тиббї" - 43. Аммо аз рўи тахассуси "Физика" - 21, "Химия" - 20, "Биология" - 13, "География" - 1 нафар ба аспи-
Њ
рантура ќабул гаштаанд (Ниг: Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон; 1/76). Ин худ шоњиди он аст, ки вазъи бади иќтисодї ба тафаккури хонандагон таъсири худро гузошта аст ва онњо нисбати оянда чандон хушбин нестанд. Боз Худо медонад, ки аз ин њама шумораи зикрёфта чанд нафар мутахассис ва чанд нафар "нимчаолим" ва "нимчатабиб" мешаванд.
Як умр бандагї ё бандагиро бастаем? Имрўз мо дар њама соња бо мушкилоти зиёд рў ба рў њастем. Аз дохили хона то боѓчаи кўдакона ва то мансабу идорањоямон, аз нўки по то тори сар, мушкилот дорем. Як умр кори моро хитоињо бо музди калон иљро мекунанд ва љавонони хатмкардаи мо барои ба даст овардани "ќути лоямут" роњ ба сўйи муњољиратро пеш мегиранд. Аз соли 2005 инљониб барои хондани аспирантура аз рўи тахассуси "Геология" њатто як нафар њам дохил нашуда
аст. Аз рўи тахассуси "Архитектура" бошад, танњо соли 2006 як нафар ба аспирантура шомил гаштааст ва то соли 2011 њатто як нафар донишљў њам сабти ном нест. Мо њамеша даъво мекунем, ки Тољикистон кишвари бињиштмонанд аст, вале амалан барои рушди он камтар мекўшем. Оре, аксари сарзамини мо аз кўњу пушта иборат аст, канданињои зери заминии ќимматбањо зиёд дорад, аммо кадом мутахассис ин амалро бояд иљро намояд?! Агар вазъ чунин идома ёбад, њатман рўзе фаро мерасад, ки мо барои ба даст овардани канданињои зери заминї аз кишварњои хориљї кумак талаб мекунем ва онњо бошанд бе "пул саломи моро алейк" намегиранд.
Ана гап дар куљо! "Навад дар сади курсињои илми "Љомеашиносї" ва "Равоншиносї" дар дасти яњуд аст" - ќайд кардааст устод Абдуллоњ Носењи Улвон. Сирри бурди онњо њам дар њамин аст. Ќабл аз ин ки ба кишваре ворид гарданд, аввалан вазъи љомеа ва
њолатњои психологии мардумро меомўзанд. Имрўз љойи бањс нест, ки фанни "Љомеашиносї", хусусан "Равоншиносї" ба фанни умдатарин дар рушди маънавии мардум табдил ёфтааст. Кўчактарин масоил ба омўзишњои равоншиносї ниёз доранд. Вале дар соњаи маорифи мо ба ин масъала шояд чандони ањамияти љиддї намедињанд. Гувоњи ин гуфта шумораи аспирантон дар риштањои зикргашта аст. Дар тахассуси "Равоншиносї" соли 2005 - як нафар, 2006 - сифр ва минбаъд то соли 2011 њар сол як нафар ба њайси аспирант ќабул шудааст. Дар риштаи "Љомеашиносї" бошад, соли 2011 касе ба аспирантура ќабул нагашта аст.
Илми тиб фарз аст!!! Мутаассифона, имрўз тафаккури баъзењо чунон хароб гаштааст, ки агар гурбаи њамсояашро мошин занад, ин њолатро аз дину диндорон, ё ба ќавле аз муллоњо медонад. Гўё таълимоти ислом сабаби бадбахтии онњо гардидааст. Аммо њаќиќат чизи дигар аст. Мо аз аввалин соатњое, ки аз асолати динии худ дур монда, барои худамон "исломњои дуруѓин" сохтем, ба бадбахтињо дучор гаштем. Исботи гуфтаи боло фатвои имом Ѓаззолии Тўсї аст. Ў соли 1058 таваллуд шуда, соли 1111 вафот кардааст. Таќрибан дањ аср ќабл, дар китоби "Эњё-улулум"-и худ омўзиши фанни тиб, математика, дигар навъњои саноатро фарз њукм карда буд. Инчунин яке аз донишмандони муосир, доктор Вањбаи Зуњайлї дар китоби "Фиќњи хонавода"-аш омўзиши воситањои техникиро фарз медонад. Имом Ѓаззолии Мисрї дар китоби "Наќши Ќуръон дар љањони муосир" таъкид мекунад, ки мусалмонон бояд њамон тавре, ки ба улуми "моварои табиат" (олами ѓайб) диќќат додаанд, ба њамин андоза ба омўзиши фанњои табиї талош варзанд. Аммо он чї дар Тољикистон мушоњида мешавад, гапи дигар аст. Њама аз паси ихтисосњои "равѓанин" њастанд, аммо дар њамин соњањо њам пешрафт нест. Низоме дар мо вуљуд дорад, ки рушди ботавозуни тамоми соњањоро таъмин карда наметавонад. Айб дар ош аст, ё мош? Ин суол њоло актуалї мешавад. Аммо барои рафъи ин њама мушкилот дар рушди Тољикистон танњо як роњ вуљуд дорад: сарфи назар, ки кистем, даст ба дасти њам дода, бадгумонињоро як тараф гузошта, синањоро пур аз мењру муњаббати ободии ватан намуда ќадам бардорем. Мо барои васл кардан омадем... Абдуллоњ ОЌИЛЗОДА
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
СИЁСАТ
9
Муртазо АЊУРОЇ Нигоњи хориљї
5-10 нафар муфаттиш њаќоратам карданд ва носазо гуфтанд. Сурати яке аз онњо ва лату кўб ва фањњошии онњоро то сад соли дигар њам наметавонам фаромўш кунам.
Филми тољикии ман
Зўри Душанбе Чаро Умаралї Ќувватов ѓайб зад? Хабари ѓайб задани Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24" аз боздоштгоње дар Дубай кайфи љонибдорони ўро парронд. Дар њукумат њам нафаси озод кашиданд, ки аз "инаш" њам халос шуданд ва бањонае њам "садта-садта" пайдо шуд. Бархе дарњол ба ин фикр раф танд, ки ўро мисли мухолифо ни ќаблї "хаппу дам"ба Душанбе овардаанду ана њозир дар телевизион пайдо шуда, аз ишќи ватану шукри истиќлол сўњбат мекунад ва иттињомотеро, ки алайњаш њукумат эълон кардааст, бо љону дил ќабул медорад. Ин як шеваи озмудашуда аст ва сенарияи тахминии истирдоди ягон мухолифи сарсахт ба Душанберо њоло кўдаки 7 - сола њам набошад, мўйсафед, ё кампири 70 - сола метавонад тасаввур кунад. Аммо Бюрои марказии миллии "Интерпол" дар Тољикистон бо пахши як иттилоъ, ки Ќувватов дар Дубай аст ва истирдод нашудааст, барои тањлилгарон итминони хотир дод. Зеро дар гузашта ваќте аз истирдод сўњбат мешуд, маќомот то лањзаи зарурї хомўширо авло медонистанд. Истирдоди мармузи Искандаровро маќомот ќариб ду њафта пас иќрор шуда буданд. Низомхон Љўраев рост бидуни шиноснома "худ бо пои худ" ба Душанбе омада, довталабона дар телевизиони давлатї суњбат карда гуноњњояшро ба гардан гирифт. Аммо ќазияи Абдулвосит Латипов, ё Ќорї Восит собит кард, ки имкон дорад на фаќат наздикон, балки тамоми љомиа умуман аз сарнавишти як истирдодшуда расман огањ нашаванд. Гўё об буду буѓ шуд. Маќомот то ба њол мањалли будубоши ўро ошкор накардаанд ва шояд дар асл њам намедонанд, ки ў куљост. На иќрор њаст, на инкор. Аммо чаро Ќувватов ѓайб зад? Бахусус аз кишваре, ки Русия нест, шањре, ки Маскав нест, балки хеле муосиртар, обрўмандтар ва мутамаддинтар аст, яъне Дубай? Дар гузашта аз ин шањр бародари Ѓаффор Мирзоев, Абдурасулро оварда буданд. Бар асоси ќарори суд. Њоло ќарори суд дар мавриди Ќувватов набаромадааст ва ў ѓайб зад. Ин иттилоро Николай Николаев, вакили дифоъи мавсуф эълон кард, ки намедонад
Б
як њафта боз нафари тањти њимояташ куљост. Мантиќан касе бовар намекард, ки Ќувватов истирдод шудааст, зеро суди Дубай њам, суди Маскав нест, ки хапу дам ќарор барорад, озод кунад ва нафари озодшударо як гурўње халта ба сар кашида, ба гурўњи дигаре таслим кунанд. Дар натиљаи пурсуковњо мо ба ин натиља расидем, ки таги коса нимкосае њаст. Дар чунин ќазияњо, албатта, расонаи бузурги тољикї - овоза ба кор медарояд. Аз рўи ин манбаъи азаливу шарќии иттилоот, гўё ба љони Ќувватов як сўиќасде сурат мегирифтааст ва маќомоти амниятии Дубай ба хотири љилавгирї аз он ўро пинњон кардаанд. Гўё дар як боздоштгоњ бо ў ќотиле аз Узбакистон ва ё Афѓонистон ќарор доштааст, ки дастури нобуд кардани ўро аз куљое гирифтааст. Аммо бино ба иттилое, ки яке аз наздикони Ќувватов тариќи интернет ба мо дод, сабаби "ѓайб задани" мавсуф эътирози Душанбе аз изњориназарњои озоди ў дар боздоштгоњ будааст. Воќеан, Ќувватов то ба њол ягона мањбусест, ки то лањзаи "ѓайб задан" метавонист бо матбуот сўњбат кунад ва тариќи адвокаташ дар Ютуб наворњоеро њам ба намоиш гузорад. Њама медиданд, ки аз 24 декабр ба ин сў риши сиёњи дар замони соњибкорї сафедї надидааш, пурра сафед шудааст. Табиист, ин озодиву ќайсарињои Ќувватов агар озодї дар зиндонњои Дубайро ба намоиш гузорад, ба табъи њукумати Тољикистон, ба истилоњ намефорид. Бино ба ќавли манбаъи мо, Душанбе аз маќомоти Дубай хостааст, ки љилави Ќувватовро бигиранд ва ба рафти тафтишот судро аз фишорњои матбуот озод кунанд. Аммо њоло дар пайи ѓайб задани Ќувватов ќазияаш торафт пур аз суолњо мешавад. Бюрои марказии миллии "Интерпол" дар Тољикистон мегўяд, ки ба маќомоти зидахли шањри Дубай расман мурољиат кард ва љавоб гирифт, ки "Ќувватов Умаралї айни замон дар мањкамаи нигањдории муваќќатї ќарор дошта, мурофиаи навбатии судии ў рўзи 7 апрели соли равон доир мегардад, ки вакили мудофеи ў њуќуќшинос аз Аморати Муттањидаи Араб мебошад". Тавре дида мешавад, Бюрои "Интерпол" - и Тољикистон ба сароњат ишора мекунад, ки адвокати ў аз Аморати муттањидаи араб аст. Яъне на Николай Николаев! Ин худ боз як суоли дигар аст. Аммо ба гуфтаи пайвандони Ќувватов, мурофиаи рўзи 7 апрел охирин мурофиаи ў хоњад буд ва сарнавишташро муайян хоњад кард, ки истирдод шавад, ё хайр. Зўри Душанбе ба хомўш кардани садои ў расид, аммо ба оварданаш мерасад? Мунтазир мемонем. Фаромарзи ФОЗИЛ
Ремути телевизионро бар медорам ва як - як конолњоро тамошо мекунам. Баъди каме бо худам фикр мекунам ва мегўям: хап! Эњтимолан бењтарин ва роњатарин кор метавонад бошад, бояд дурбинро бардошт ва њар рўз ба хиёбони Рўдакї рафт ва аз ободї ва тамаддуни миллати тољик гуфт. Бояд зоњирро њифз кард ва ба навъе обрўдорї кард ва ба њамаи дурбинњо маъмурият дод, ки фаќат хушї ва ободонии кишварро намоиш бидињанд. Аммо њамаамон хуб медонем, ки воќеият чизе дигар аст. Ман намефањмам, ки бо ин корњо ќасд дорем киро фиреб бидињем ва ањмаќ кунем? Агар як аз ин дурбинњо дасти ман меафтод аз чизњое филм мегирифтам, ки њар рўз мебинам. Аз фаќру гуруснагї ва дармондагии мардум филм мегирифтам. Аз њоли кўдаконе навор мегирифтам, ки ба љои рафтан ба мактаб ва бозї кардан, маљбур њастанд, ки сахт кор кунанд. Аз рўзгори занњое навор мебардоштам, ки ба хотири љои хоб ва нони шаб даст ба танфурўшї мезананд. Аз њаёти мардоне навор мегирифтам, ки ба ном соњибкор ва раис чанд - то зан ва духтари љавонро гирди худ љамъ меоранд ва њар тавре, ки дўст дошта бошанд, бо онњо рафтор мекунанд. Аз њоли парду модарњое навор мегирифтам, ки ба хотири фаќру бе пулї духтарњояшонро савдо мекунанд ва духтарњояшонро ба никоњи мардњое дар меоранд, ки 20-30 сол аз духтарњояшон бузургтаранд. Аз корхонањои давлатие навор мегирифтам, ки фасод ва ришва дар онњо бедодї мекунад. Аз хеле чизњо ва хеле љойњое чунон филме мегирифтам, ки... ва ба ин коргардонњои телевизион нишон медодам, ки Тољикистон фаќат хиёбони Рўдакї нест ва аслан њам нест, ки бароям бигўянд, ки ту як хориљї њастї ва ё ин ки тањсилоти олї надорї ва танњо чизе, ки бароям ањамият дорад, ин ки ман њам мисли шумо як мусалмони форсзабон њастам ва љузъе аз љомеаи бузург ва куњани Эронзамин њастам ва шарм дорам рўзеро шоњид бошам, ки фаќру фањшо ва чизњои зишти дигареро, ки ба вузуњ мешавад дид, њамагир бишавад ва забонзади њама мардуми дунё бишавад. Ба аќидаи ман, он рўз аз мо хеле дур нест ва дар љое, ки њукуматаш мардумро фаромўш кард ва хеле аз мардумро мебинї, ки Худоро фаромўш карданд, бояд мунтазири бадтар аз инњо бошем. Намедонам бояд аз куљо шурўъ карду гуфт, вале медонам, ки набояд хап шуда биистем ва тамошагар бошем. Њарфњое њастанд, ки бояд гуфта ва шунида шаванд. Њафтаи гузашта бо яке аз дўстонам суњбат мекардам ва дар ин байн низ аз иттифоќе, ки дар идораи амнияти шањрї барои як дўстам рух додро таъриф мекардам ва барои дўстам, ки Абдулманнон ном дорад, гуфтам, чї тавр лату кўб ва њаќорат шуд. Абдулманнон бародарона ба њарфњоям гўш дод ва аз шунидани ќасдам ва кори саркардагиам, яъне роњандозии сафњаи "Нигоњи хориљї" бисёр хурсанд, бо муњаббат дасто-
Б
намро фишурд ва дуояшро бадарќаи роњам кард. Ў њам аз иттифоќе гуфт, ки якуним сол пеш барояш рух дода буд ва моил буд, ки дар ин сањифа чоп шавад: - Рафтам аз бозор як мошин тарбуз гирифтам ва овардам барои зиндагиро пеш бурдан ва пеши бемористони марказии колхоз тарбузњоро фаровардам ва дар њоли фурўхтан будам. Дидам як мошини хориљї омад. Гуфтанд, падарат чанд ваќт шуд гузаштагї? Гуфтам, 20 рўз шуд. Гуфтанд, книшка дорад? Мехоњї, мо ёрдампулї бидињем ва бароят коѓаз бинависем? Гуфтам, майлї, якљо меравем. Даруни мошин шудам ва ба як идораи дар пеши тонка даромадем. Онљо маро заданд ва гуфтанд, ки ту дар хонаат дарс мегузаронї ва аз ман хостанд то ин корро ба гардан бигирам. Гуфтам: На. Ман ин хел одам нестам ва агар бипаронї њам ба гардан намегирам ва чун хостагии ононро накардам, маљбурам карданд, ки як шабонарўз росто биистам ва намемонданд, ки ман бишинам ва поњоям варам карданд. Дар ин муддат 5-10 нафар муфаттиш, ки аниќ њаќоратам карданд ва носазо гуфтанд. Сурати яке аз онњо ва лату кўб ва фањњошии онњоро то сад соли дигар њам наметавонам фаромўш кунам. Баъд маро пеши хона оварданд ва чун рамаќ надоштам, ки аз мошин фароям, маро аз мошин тела карда, дар кўча партофтанд ва пеш аз рафтан низ ба хонаам даромаданд ва тамоми хонаро кофтанд ва ягон чиз наёфтанд ва яке аз онњо гуфт: мебахшед, додар, мо хато кардем. Баъди он ман беморхонаи Якум Советский рафтам, маро ќабул накарданд ва фањмидам љое мерафтам, пеш аз ман кормандони амният рафта буданд ва гуфта буданд, ки ин одамро ќабул накунед ва ба ман мегуфтанд, ки ту дурўѓ мегўї шоњид надорї. Ваќте маро ба назди дарвозаи хонаам партофтанд, њамсояњо тамошо доштанд. Аммо кї шањодат медињад? Ин одамњо ягонтоаш гурда надоранд. Куљо бояд мерафтам? Чї кор бояд мекардам? Ман љавобе барои чашмони тар ва ќалби захмхўрда Абдулманнон надорам, аммо чанд суол аз роњбарон, созмонњои њуќуќи башар ва њамсояњои Абдулманнон дорам. Агар Абдулманнон тоќат намекард ва гуфтагии шуморо ба гардан мегирифт, чї балое бар сари ў меовардед? Чаро шунидани Каломи Худо ва Расул ва дидани муаллиме, ки дарси Ќуръон медињад, то ин андоза барои шумо азобовар аст? Оё медонед, ки гумоштањои шумо ба чї корњое машѓуланд? Дафтарњои Созмони миллал ва њуќуќи башар, вазифаи шумо дар ќиболи ин гуна пешомадњо чист ва чаро сокит њастед? Ва як суњбат њам бо њамсояњо ва касоне, ки ин вањшигариро диданд ва хап истодаанд ва ба кумаки бародари мусалмони худ нарафтаанд, гуфтаниам ва ин сухани ман нест, балки сухани Худо ва Расул аст, ки гуфтаанд: агар зулмеро бибинед ва коре накунед, гуноњи шумо камтар аз он золим нест ва дар он дунё Худо ваъда додааст, якљоя муљозот хоњед шуд.
10
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
- Шуморо ба Тољикистон "хуш омадед" мегўем. Њадаф аз ин сафаратон чї буд? - Телевизиони Nex 1 маро барои сабти барномаи байналмиллалии наврузї, ки дар тамоми давлатњои форсизабони дунё љашн гирифта мешавад, ба Тољикистон, ба шањри Душанбе даъват кард. Шукри Худо, їарномаи наврўзии соли љадидро бо мардуми Тољикистон доштам. - Шумо ба хонаи кўдакон рафтед ва аз консерватория низ дидан намудед, магар инњо њам дар барномаи наврўзиатон буд? - Бале, њадаф ин буд, ки то љойи имкон мо фаровонињои мухталифро аз Тољикистон ба тамошобинони форсзабон дар хориљ нишон дињем. Аз баъзе хонадони тољик ва эронї низ дидан кардем, то бубинем, ки мардум чї гуна аз Наврўз љашн мегиранд, ба консерватория низ рафтем, то нишон бидињем, ки чї ќадар алоќамандони мусиќї пушти коранд ва як эњтироме њунарї гузоштем, то як ангезаи боњаяљонтареро барои донишомўзони консерватория муаррифї кунем ва бубинанд, ки кори њунарро агар ишќ дошта бошанд, идома дињанд ва пушти кор бошанд ва агар истеъдод дошта бошанд, њатман ба љое мерасанд. - Дар бораи ишќ ба санъат гуфтед. Аз мусоњиба бо оќои Бежани Муртазавї маълум шуд, ки вай њанўз аз дунимсолагї скрипка ё виолон менавохт. Шумо чї? - Барои хондан њамеша аз синни кўчактар њавас доштам. Аз 11- 12 - солагї шуруъ кардам ба сароидани оњангњои мухталиф. Њатто дар мадраса тиловати Ќуръон меомўхтам, зеро дўст доштам, ки бихонам ва њамаи ин ишќу алоќаро дар худам њис мекардам. Баъд дар 14-солагї ба Амрико рафтем. Дар мадрасаи Амрико бо чанд мусиќачї ошної пайдо намудам, ки аз он тариќ бо дўстї сабт карданро ошно шудам ва шурўъ кардам ба сабти оњангњои мухталифи худ. - Бисёр њунармандони эронї мегўянд, сабаби њиљраташон инќилоби исломии Эрон аст. Њиљрати Шумо низ ба он рабт дорад? - Бештар падару модар мехостанд, ки ман дар муњити бењтаре дарсро идома дињам. Њадафи аслиашон ин буд. - Амрико озодтар аст? - Хеле. Имконоту озодии бештар дорад, хеле роњаттар аст. Аз лињози ѓарибї ва ѓурбат як зовияе, вале озодї ва имконот низ як зовияи хело возињу бузурге аст. - Мусиќї барои Шумо чист: ишќ, зиндагї, кор…? - Њамаи инњое, ки гуфтед, њаст. Воќеан, дар мадди аввал ишќ њаст ва алоќа ба кор, дар дуюм њаяљони тавлиди кор ва хилќати кори љадид, ки бароям азиз аст ва зебогињое, ки дорад. Дар марњилаи сеюм њирфаам аст, корам аст ва њамин. - Баъзењо овозхониро касб намешуморанд ва фикр мекунанд, барои зиндагиро пеш бурдан бояд як шуѓл ва ё кори дигар дошта бошанд. Шумо чї назар доред? - Ман ба њадафи касбу кор ба ин кор наомадам. Њаќиќат ин аст, ки аз ишќам ба ин кор омадам ва ин корро дўст доштам ва алоќае, ки ба ин кор дорам, анљом медињам. Вале бо мурури замон, шукри Худо, барои тамоми зањамоте, ки кашидам ва ишќу муњаббате, ки аз мардум дарёфт кардам, дидам, воќеан ман бояд тамоми ваќтамро бигзорам, ки битавонам он миќдоре, ки дўст дорам, дар кори мусиќї фаъол бошам. Баъд аз ин аз ишќ табдил ба шуѓлам шуд. - То куљо як овозхон аз мухлисаш дар офаридани оњанг ва интихоби шеър вобаста аст? Яъне мекушед, ки таронаатон ба табъи онњо мувофиќ бошад? - Дар интињо њар њунарманд тамоми зањамотро мекашад, ки аз тарафдорон ва ба гуфти шумо, мухлисон таъйид карда шаванд, то њунарманд њаяљонзада бошад, аз он аксуламали тарафдорон энерљї бигирад. Барои њамин, бештарин таваљљуњи њар овозхон ризоияти тарафдорон ва мухлисонаш аст. - Наќши пулро аксари њунармандон дар мусиќї муњим мешуморанд, назари Шумо чист? - Бубинед, ваќте ба тариќи њирфаї кореро анљом медињед ва агар кори бењтареро анљом дињед, даромади бештаре низ мешавад. Видиоњо ва оњангњои бењтар харљи зиёд дорад. Ба хотири он, ки дар бозори мусиќї, махсусан форсизабон бе њич пардохт дар ин давру замон, ки Интернет вуљуд дорад, аз фурўши оњанг даромаде намеояд. Ќаблан як миќдори ширкатњо кўмак мекарданд, чун СД мефурў-
ШАЊЛОИ АБДУЛЛО БО МАНСУР ЉАФЪАРЇ
Мансур ЉАФЪАРЇ:
"Аввал тиловати Ќуръон меомўхтам" Сўњбати ихтисосї бо Мансур, овозхони маъруфи эронии муќими ИМА, ки њафтаи гузашта мењмони Тољикистон буд хтанд. Вале алъон чун њама чї рўи интернет дар њолати даунлоуд њаст. Њанўзам мардум одати харид ба тариќи Itone ё Amazon-ро надоранд. Барои њамин хеле харљи кори мусиќї боло рафтааст. Натонистани фурўхтани оњанг ба мардуми оддї, махориљи моро хеле боло бурдааст, вале ба хотири ишќе, ки ба касбамон дорем, бояд бештар кор кунем, ки даромади бештаре ба даст орем, то тавонем њам зиндагиамонро пеш барем, њам харљи корњои љадидеро, ки мехоњем тавлид кунем, пайдо намоем. - Дар зиндагї оё буданд лањзањои мушкил ё маъюсї, ки бепул монда бошед ва гуфтед, ки аз бањри њама мебароеду паси ягон кори дигар мешавед? - На, њељ ваќт. Ман њамеша ин ќадар корамро дўст медорам, ин ќадар ба корам алоќа дорам ва бо ишќ анљомаш медињам, ки сахтињо барои ман хеле чизи кўчаке њаст дар муќобили ишќам ба ин кор. -Мегўянд, ки Шумо як шахси сарватманде њастед ва тиљорате низ доред? - На, сарватманд нестам ва як зиндагии маъмулї дорам, бо худаму хонумам ва 3-то
«
Њиљ ваќт наметавонед љилави интиќодро бигиред, њатто агар бењтарин кореро анљом дињї, теъдоди одамоне пайдо мешаванд, ки ин корро намепазиранд ва эроде ба он доранд.
фарзандам. Як зиндагии маъмулї дорем ва хело њам розиам њастем. - Бо ширкати атрбарорї низ њамкорї доред? Мегўянд, бо номи Шумо атре фурўхта мешавад? - Бале, ман як кори парфюм анљом додам, ки 7 - 8 соли пеш ба бозор омад. Чун дар хонаводаи падарам, Худо биёмурзадаш, бо лавозимоти ороишї машѓул буданд, аз бачагиам хеле ба ин кор алоќа дорам. Ба хотири он алоќае, ки ман доштам, ин корро анљом додам
ва њанўзам як фаъолияти кўчаке дар он ришта дорам ва њоло ба умеди Худо саъям ин аст, ки ба Тољикистон низ он колоро бирасонам, аз тарики он ширкате, ки бо онњо кор мекунам, ба бутико ва маѓозањои Тољикистон бирасонанд ва њар ваќт агар он фурсат пеш биёяд, хело хурсанд мешавам. Вале ин аслан тиљорати ман нест. Кори њирфаии ман хондан аст, вале чун аз хурдї дар ин кор алоќа доштам, нисбат ба кори падарам, он њам ба унвони як шуѓл ва ё њоббї аст. - Мусиќии поп ва эстрадаи тољикро чї гуна дарёфтед? - Хеле зебост, таронањое, ки ман мешунавам, видиоњои мухталиф, ки њамзабонони мо дар Тољикистон эљод мекунанд. - Коршиносони мо аз баъзе њунармандони тољик интиќод мекунанд, ки мусиќии попи тољикро надониста, даст ба ин кор мезананд… - Интиќод њамеша вуљуд дорад, чун намешавад њар касро розї нигоњ дошт. Интиќод метавонад далеле бошад, ки њунарманд битавонад сахтар кор кунад ва саъй кунад, ки мањсули бењтаринашро ба мардум нишон дињад. Њиљ ваќт наметавонед љилави интиќодро бигиред, њатто агар бењтарин кореро анљом дињї, теъдоди одамоне пайдо мешаванд, ки ин корро намепазиранд ва эроде ба он доранд. - Шумо бо ягон овозхони тољик њамкорї доред? - Њамкорї на, дўст њастам ва давоми ин сафар низ бо чанд њунарманди дигар низ шинос шудам. Садриддин Наљмиддинро, ки хело овози зебое дорад ва овозашро дўст дорам. Ќаблан мешинохтам ва тўли ин сафар бо азизони дигар ошно шудам, ки хеле корашонро дўст доштам. - Аз эронињо чї? - Њунармандони эронї низ њамаашон воќеан хело зањмат мекашанд ва ба зањматашон эњтиром ќоилам. Садои Муин, Дориюш ва Гугушро дўст дорам. Њама зањмат мекашанд ва ман хеле хушњолам, ки бо вуљуди дар ѓарибї будан хонандагони эронї ин ќадар ишќу алоќа ба корашон доранд ва ба пушти корашон њастанд. - Аз њаётатон метавонед, ки ягон хотираи хуберо ёдоварї кунед? - Чизи бахусусе ёдам намеояд. Њамон ишќу муњаббати мардум, воќеан, ки њамеша пур аз самимият ва муњаббат аст, маро ба давом додани корам тела медињад. - Суруде доред, бо номи "Иде надо-
рам", ки зиёд миёни мухлисон мањбубият ва самимият пайдо кард. Таърихи онро мегуфтед. - Ман он сурудро барои њамдардї ба мардуми Эрон, ки баъд аз зилзила дар шањри Бам рух дода буд, хондаам. Ба хотири азизоне, ки љонашонро аз даст доданд ва эњтироме ба ёдашон ин оњангро эљод кардам, ки онњо њамеша дар зењни мо ва дар ќалби мо љой дошта бошанд. - Озарињо шуморо бењтарин овозхони озарї мењисобанд... - Чун забони падарам озарї буд, худи ман хело забони озариро дўст дорам. Бо ин ки аслан наметавонам суњбат кунам, вале миќдори хубашро мефањмам. Ба хотири њамин, аз устод Рањмон хоњиш кардам, ки дар Лос Анљелос суруди озарї бихонам ва маро кўмак бикунад. Оњанги "Барибох"-ро се сол пеш эљод кардам. Ман ин оњангро мешинохтам ва аз хотироти бачагиам буд. Дар арусињои хонаводагї, ки мерафтем, хонаводаи падар оњангњои ќадимиву фолклор мегузоштанд ва мераќсиданд. "Барибох" њамеша дар зењнам буд. Баъд зилзилае, ки дар Озарбойљон уфтод, низ маро тахти таъсир карор дод ва хеле нороњатам кард ва барои њамдардї ба озариёни азиз оњанги "Айрилик" (Људої") - ро бо оњанги тунд сароидам. Хостам, ки як руњияе бидињад ба мардум, як эњтироме гузошта бошем ба хотири љон супоридани он азизон. Хело дўст дорам эљоди шеъри озариро, њамин тавре ки бо забони туркї ва курдї хондам ва дар фикрам њаст, ки ба забони тољикї низ суруд хонам. - Мансур чї орзу дорад? - Аз Худо ба мардуми тамоми дунё ва форсизабонони дунё саломатї мехоњам. Барои худаму фамиламу фарзандом саломатї мехоњам. Умедворам сулњу осоиши њамаи дунёро, махсусан он кишварњоеро, ки дар њамсоягї бо Тољикистону Эрон ва Афѓонистон њастанд. - Оё ягон маќсаде њаст, ки дар паяш њастед ва фикр мекунед, ки бояд анљомаш дињед? - Ман хело дўст дорам, ки метавонам њар коре, ки анљом медињам, бењтарини худамро дар он анљом бидињам. Њадафи ман њамин аст, ки кореро ки дўст дорам, битавонам анљомаш дињам ва ишќи муњаббати мардум масири корњоям ва пуштибонам мешавад.
Сўњбати Шањлои АБДУЛЛО
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
ДЕЊЌОНЗАН
11
Раисони бемоликият Чаро дастрасї ба ќарзњои бонкї мушкил аст? Бино бар маълумоти сомонањои интернетї, феълан танњо дар вилояти Хатлон 16 њазор хољагии дењќонї мављуд аст, ки наздики 10 дарсад аз ин хољагињоро занон рањбарї мекунанд. Њамакнун мавсими кишту кори бањорї фаро расида, хољагидорон дар пайи пайдо кардани маблаѓанд. Вакилони палатаи поёнии парлумон моњи феврали соли љорї ба Ќонуни Тољикистон "Дар бораи ипотека" таѓйиру иловањо ворид карданд, ки аз ин ба баъд хољагидорон њаќ доранд барои дарёфти вом сертификати истифодабарии заминро бояд дар гарав бигзоранд. Сарфи назар аз љанбањои мусбат ва манфии ин таѓйирот шояд барои ин сол њам бонкњо ва њам хољагидорон аз ин имконият ба таври шоиста истифода набаранд.
Коршиносон мегўянд, аксари бонкњо бештар манфиатдоранд, ки амволи соњибмулк бар ивази ќарзи бонк дар гарав гузошта шавад. Аз он љо ки занњои тољик дар бисёр њолат соњиби молу мулк ва ё амволи ѓайриманќул нестанд, ба дарёфти ќарзњои бонкї дастрасии камтар доранд. Гулшоњ Шарипова, раиси хољагии дењќонии "Панљшанбе" аз ноњияи Њамадонї мегўяд, сар аз соли 2008 хољагиашро таъсис додааст, аммо танњо ду соли охир аст, ки аз ќарзњои бонки давлатии "Амонатбонк" бањра мебарад: - Соли гузашта 10 њазор сомонї ќарз гирифта будем, имсол - 20 њазор. Ба пули бештар эњтиёљ дорем, вале эњтиёткорї мекунем, ки мабодо аз бонк ќарздор нашавем. Аз худамон техника надорем, барои њамин баъзан корњоямон ба сустї пеш меравад. Агар як трактор мехаридем, хеле аз мушкилотамон њал мешуд. Албатта, дар њамаи корњо ба ман шавњарам Панљшанбе Алиев кўмак мекунад, њам дар дарёфт кардани ќарзи бонкї, њам дар кишту кору љамъоварии њосили зироат. Ба гуфтаи ин хонум, хољагии дењќонии эшон аз 14 га замини лалмї иборат аст, ки дар ин заминњо сабзавоту ѓалладона ва пахтакорї мекунанд. Вай мегўяд, солњои гузашта аз љониби ташкилоти "Зан ва замин" кўмак дар намуди тухмии сабзавоту ѓалладона дарёфт менамуд, ки ин ёрдамњо барои пешрафти кори хољагидориаш мусоидат мекарданд. Эњтиёткории Гулшоњ дар њолест, ки бархе аз бонкњо барои занњо имтиёз ихтисос до-
К
даанд, аз љумла Бонки исломии рушд њадаф гузоштааст, ки 40 фоизи муштарињояшро аз њисоби занон пайдо кунад ва албатта, ба онњо бо имтиёзњои бештар вом бидињад. Светлана Муниева, мудири департаменти ќарздињии "Амонатбонк" мегўяд, занњо аз ин бонк вом дарёфт мекунанд, аммо бештар барои тиљорат: - Муштарињои мо аз њисоби занњо њастанд, вале бисёрии онњо барои тиљорат ќарз мегиранд. Заноне, ки сардори хољагии дењќонї њастанд, албатта, онњо њам барои дарёфти ќарз мурољиат мекунанд, вале нисбатан кам њастанд. Дар бонки мо њељ мушкилие барои додани ќарз ба занњои хољагидор мављуд нест, - меафзояд Светлана Муниева. Хонум Муниева дар њоле аз мављуд набудани монеањо дар роњи дарёфти ќарзи бонкї аз љониби занњои хољагидор њарф мезанад, ки бино бар як гузориши радиои "Озодї", бархе аз занони хољагидор гуфтаанд, бо сабаби соњибмулк набуданашон наметавонанд аз бонкњо ќарз бигиранд. Хайриннисо Сариева, раиси хољагии дењќонии "Холтўра"-и ноњияи Ќубодиён ба радиои "Озодї" гуфтааст, тайи як соли охир наметавонад аз бонкњои тиљоратї маблаѓи ќарзї дарёфт
«
кунад. Вай гуфтааст, ба хотири рушди хољагии кишоварзиаш ба 8 њазор доллар ниёз дорад, аммо бонкњо аз пешнињоди ќарз ба ў худдорї мекардаанд. Ба эътимоди хонум Сариева, иллати аслии парњези бонкњо аз њамкорї бо хољагии ў танњо дар зан будани роњбари он аст: - Хољагии мо садњо мушкил дорад. Азбаски ба истењсоли пахта сарукор дорем, бароямон сараввал трактор лозим аст, аммо бе дарёфти ќарзи бонкї онро харида наметавонем. Масъулони бонкњо мегўянд, ки зан њастї, моликият надорї, кафолат нест, ки маблаѓи ќарзиро баргардонида тавонї. Аз ин рў, худдорї мекунанд. Мо 4 гектар замин дорем ва њоло танњо бо сарфи нерў ва маблаѓњои худї кори хољагии кишоварзиро пеш мебарем. Бархе аз соњибназарон мегўянд, танњо занњо ва он њам рањбарони хољагињои кишоварзї нестанд, ки дар дарёфти ќарзи бонкї ољиз мондаанд. Зулфиќори Исмоилиён, коршиноси масоили иќтисодї мегўяд, дар нањваи фаъолияти кунунии бонкњои Тољикистон мардњо низ дар роњи пайдо кардани ќарзи бонкї дучори чандин мушкилї мешаванд: - Фоизњои баланд ва муњлатњои кўтоњ омилњои аслии рушд накардани доду ситади
Аз худамон техника надорем, барои њамин баъзан корњоямон ба сустї пеш меравад. Агар як трактор мехаридем, хеле аз мушкилотамон њал мешуд.
бонкї дар Тољикистон мањсуб мешаванд. Њатто ман иттилоъ дорам, ки дар бархе аз навоњии дурдасти кишвар ќарзњои бонкї 60 фоиза њастанд. Яъне як соњибкор, ё тољир, ё хољагидор, агар 100 доллар вом бигирад, дар нињояти муњлат бояд 160 доллар ба бонк баргардонад. Муњлатњо низ хеле кўтоњанд, 6 моњу 8 моњ. Албатта, ин кутоњињо намегузоранд ќарзгириву ќарздињї рушди бештар кунад ва эњтиёљмандон аз ќарзњои бонкї бањраманд гарданд, - меафзояд Зулфиќори Исмоилиён. Ба гуфтаи ин иќтисоддон, агар дар андешаи рушди ин соња бошем, ќабл аз њама бояд ин ду љанбаро дар ин самт бознигарї бикунем, ки дар нињоят њам мардон ва њам занњо аз ќарзњои бонкї бархурдор бошанд. Гулшоњ Шарипова, раиси хољагии дењќонии "Панљшанбе" аз ноњияи Њамадонї мегўяд, бар иловаи 14 га замин 10 гови парворо дар заминњояш бонї мекунад, ки њар гоњ ба маблаѓи изофї эњтиёљ пайдо кунад, яке аз ин говњоро мефурўшад ва ниёзашро мепушонад. Ба мањзи ба даст овардани маблаѓ љойи говњои холишударо пур мекунад. Хонум Гулшоњ мегўяд, аз ин тариќ - зиёд кардани саршумори говњояш ва пасандози каме маблаѓ дар солњои оянда талош мекунад, ки дигар аз бонкњо вом нагирад ва бо маблаѓи худї харољотњояшро бипўшонад. Ба назар мерасад, ягона роњњали даќиќи вобаста набудан аз ќарзњои бонкї роњи интихоб кардаи хонум Гулшоњ аст. Ёќуб ЊАЛИМОВ
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
Иброњим Усмонов
Муаррих ва рўзноманигори тољик. Шахсе, ки дар ин ду касб муваффаќ будааст. Муддате кори сиёсї њам кардааст, раиси кумита њам будаасту муовини вазир низ. Вале маъруфияташ чун устоди журналистон бештар аст. Њаќиќатнигорї, бетарафї, адолатпешагї, тањаммулпазирї ва эњтиромро аз принсипњои аслии журналистика медонад. Доктори илми таърих, профессор. Иброњим Усмон 65 сол ќабл соли 1948 10 - уми сентябр дар дењаи Понѓози ноњияи
Ашти вилояти Ленинобод (њозира Суѓд) дида ба олам кушодааст. Бахши журналистикаи Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм кардааст ва дар Донишгоњи Москав аспирантура хондааст. Аз дафтари фаъолиятњои мењнатиаш мехонем, ки дар рўзномаи "Тољикистони Советї" кор кардааст. Баъдан дар Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи Ленин омўзгор буд, солњое њам дар Донишгоњи шањри Кобул вазифаи мушовириро адо намудааст, декани факултаи филология, журналистика ва тарљумонии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, муовини раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион будааст ва соли 1994 ба курсии раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тољикистон такя задааст. Вале дар ин вазифа тўлонї кор накард. Солњои 1995-96, яъне њудудан ду сол мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалањои иљтимої ва баъд аз соли 1995 то 2000 намояндаи мардум дар парламон будааст. Тўли ин муддат рањбарии Кумитаи парламонї оид ба муносибатњои байналмилалї ва маданиятро ба ўњда доштааст.
Сањми Иброњим Усмонов дар музокароти сулњи тољикон арзишманд арзёбї мешавад. Вай ќариб дар њама даврњои музокарот чун узви њайати давлатї ширкат дошт ва дар раванди гуфтушунидњо бо пешнињодоти судманд бори гарони мухолифати мутаќобиларо њам то андозае сабук кардааст. Баъди имзои Созишномаи сулњ дар Маскав аз моњи июли соли 1997 то соли 2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масъалањои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба ўњда дошт. Аз аввали соли 2004 бори дигар ба њукумат баргашт ва то декабри соли 2006 муовини якуми вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон буд. Соли 2009 раиси Шўрои ВАО-и Тољикистон интихоб гардид. Аз соли 1974 узви Иттифоќи журналистони Тољикистон аст. Оиладор ва соњиби 4 фарзанд мебошад. Иброњим Усмонов аз љумлаи мухолифони сарсахти гузариш ба алифбои ниёкон аст. Вай бар ин назар аст, ки дар ин марњила аз зиндагї хати прилик бењтарин хат барои тољикон аст ва хати арабиасос метавонад раванди саводомўзии миллат-
ро кунд кунад. Ва борњо дар ин бора дар рўзномањо расман изњори назар кардаст. Вале дар муњити фарњангї ва илмии кишвар ин изњори назарњояш вокунишњои гуногунро ба бор овард. Љонибдорони алифбои арабиасоси тољикї аз ин мавзеъгирињои Иброњњим Усмонов басо тунд интиќод карданд. Эњтимоли он њам вуљуд дорад, ки ин гуна мавзеъгирињо боис гарданд эътибораш миёни ањли фазл коњиш ёбад. Вале ин ќазовати ояндагон аст, аммо бидуни шак, имрўз Иброњим Усмонов аз муваффаќтарин муаррихон ва як олими пуркори тољик аст, ки дар рушду нумўъи илми кишвар сањми арзишманд дорад. Муаллифи асарњои зиёдест ва тањќиќоти пурарзише дар тањлили журналистикаи муосир дорад. Ба маъруфияти Муњаммадшариф Њимматзода чун олими борикназари Ислом эњтиром ќоил аст. Сайид Абдуллоњи Нуриро сиёсатмадори ояндабин ва дурандеш медонад. Китоби Муњаммадшариф Њимматзода "Зиндагї ва осори имом Абуњанифа" зери назари се доктори илм интишор ёфтааст, ки яке аз онњо Иброњим Усмонов ва дуи дигар Мўсо Диноршоев ва Абдунабї Сатторзода буданд. Фирўзи МУЊАММАД
12
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
ДИН ВА МАЗЊАБ
Б
исмиллоњ ассалоту васса лому ало Расулиллоњ Худованди Карим никоњ ва издивољро барои љањониён машруъ гардонид. То ба ин васила насли башарият идома пайдо кунад ва аз пушти ин издивољњои наслњои солим ва созандаи башарият сар баланд кунанд ва то ин, ки байни зану мард муњаббату маваддат ва улфату рањмат боќї бошад. Издивољ суннати илоњист, ки аз замони њазрати Одам ва тамоми паёмбарони илоњї то имрўз идома дорад ва Худованд ба воситаи издивољ насли башариятро аз нобудї нигоњ доштааст. Аммо шариати Паёмбари охирин алайњиссалом барои издивољ ва ихтиёри љуфти худ як чанд ќавонини худро гузоштааст. Чуноне, ки дар сураи Нисо, ояти 24 омадааст, Худованд якчанд даста занонро издивољашонро њаром донистааст, ки аз љумлаи онњо, модар, хоњар, хола, амма, хоњари ширхора ва ѓайра мебошад. Худованд дар охири ин оят издивољи дигар занњоро барои мард њалол донистааст. Яъне издивољ бо духтари хола ва ё амма аз назари шариати ислом мамнуъ нест. Худованд фармудааст: "Эй Паёмбар мо барои ту он њамсаронеро, ки мањрашонро додаї, њалол гардонидем ва онеро, ки Худованд аз ѓанимати љангї дар ихтиёри ту ќарор дода, ва духтарони амакат ва духтарони аммаат ва духтарони таѓоят ва духтарони холаат, ки бо ту муњољират карданд..." (Ањзоб/50). Дар ин ояти муборака сароњатан зикр шудааст, ки издивољ бо духтари хола ё амма, таѓо ё амак љоиз аст. Шариати ислом дар масъалаи издивољ зану мардро мухайяр гузоштааст ва ончи, ки барои шариат муњим аст ин аст, ки дар масъалаи куфъ ањамият дињанд. Куфъ, яъне зану мард бояд муносиби њам бошанд ва марди мусалмон ва намозхон бояд њамсареро барои худ ихтиёр кунад солиња ва муъмина бошад. Инчунин чуноне, ки аз таърихи мо мусалмонон собит шудааст, Паёмбари Худо бо духтари аммаи худ Зайнаб бинти Љањш издивољ карданд ва духтари худро ба писарамуяш њазрати Алї издивољ кунониданд. Аз њазрати Алї ва Фотимаи Зањро фарзандоне ба дунё омад, ки њам донишманд ва њам шахсиятњои нотакрори майдони ислом буданд. Њасан ва Њусайн, ду писари њазрати Алї ва Фотима бењтарин улгу ва намунаи хирад ва донишу илм буданд. Бинобар њамин, ин суханњо, ки гуё издивољи хешовандї сабаби носолим таваллуд шудани фарзанд мешавад, аз назари тиб ба шакли ќонуни тиббї собит нашудааст. Балки ин њолатњо нисбї аст. Њолатњои нисбї, ки гоњо дар баъзе њолатњо рух медињад ва дар њолатњои дигар на, наметавонад ќонуни ќатъии тиббї гардида бошад. Аслан он чизе, ки боиси нигаронии таваллуд шудани фарзандони носолим аз издивољи хешовандї шудааст ин аст, ки баъзан беморињои ирсї ба воситаи падару модар ба фарзанд интиќол меёбанд. Омилњои беморињои ирсї ба ду даста таќсим мешаванд: ѓолиб ва иртиљої (нуњуфта). Омилњои ирсии ѓолиб ќудрати зуд зоњир шуданро дорад, вале омилњои ирсии иртиљої ќудрати зуњур пайдо карданро надорад, магар дар њолате, ки як омили ирсии иртиљоии дигар бо ў њамроњ шавад. Дар ин њолат зуњур мекунад. Масалан, агар дар якеи аз падар, ё модари тифл омилњои ирсии ѓолиб бошад бемории ирсї ба фарзанд интиќол меёбад ва фарзанд эњтимолан носолим ба дунё меояд. Дар ин њолат фарќ надорад, ки зану шавњар бегона бошанд ва ё наздик. Аммо дар њолати иртиљої агар ба шарте, ки дар њардуи зану шавњар омилњои ирсии иртиљої вуљуд дошта бошанд, эњтимолан фарзанд носолим ба дунё меояд.
Эшони НУРИДДИНЉОН:
"Касе њуќуќи манъи никоњи хешутабориро надорад" Хулоса табибон баён доштаанд, ки дар сад фоизи њолатњои таваллуди фарзанди маъюб ва ё носолим нисбати издивољи хешовандї 3 ё 4 фоизро ташкил мекунад. Магар ин нисбат дар 94%, ки ношї аз майзадагї ва ё нашъамандї ва фоњишагї аст, ки ба чашми душманони дин хурд, ки имруз сару садо баланд кардаанд. Мо намегуем, ки њатман бояд инсон бо духтари хола ва амаки худ издивољ кунад, њамчуноне, ки дар баъзе аз
«
аст ва мардуми суннатї аслан бештар пойбанди таомули хешовандї ва падару модарсолорї њастанд. Аммо то ин дам мушкилии густариши фарзандони носолим аз њисоби издивољї хешовандї нигаронкунанда нанамудааст. Яке аз профессорњои машњур Ален Битлерз, мудири маркази генетикии инсонї дар шањри Перси Австарилия баъди пажуњиш дар гуруњи бузурги аз кудакони дорои ноќисии модарзодї ба хуло-
Мо то њол дар кишвар ягон шакле аз оморњову пажуњишњои солими илмї дар ин маврид надорем, ки исботи онро кунад, ки аксари фарзандони носолим таваллудшудаи љомеаи мо натиљаи издивољи хешовандї аст.
диёнатњои њиндусї чунин аст, ки бар онњо чунин навъ издивољ вољиб аст, вале њаргиз њам розї бар он нестем, ки њалоли Худованд ботил дониста шавад. Ин њаќро ба мо њамчун мусалмон на Худо додааст ва на Паёмбар алайњиссалом. Хулоса ончи, ки боиси ба дунё омадани фарзандони носолим мешавад, ин танњо издивољи хешовандї набуда, балки ин як вањми бегонагон хусусан масењиён аст, ки имруз дунёро аз назари моддї ва набардї маълумотї контрол мекунанд. Мо то њол дар кишвар ягон шакле аз оморњову пажуњишњои солими илмї дар ин маврид надорем, ки исботи онро кунад, ки аксари фарзандони носолим таваллудшудаи љомеаи мо натиљаи издивољи хешовандї аст. Фаќат одате бар мо ва бар забонњои мо часпидааст, ки ончи аз Ѓарб ва ё фарњанги Ѓарб дикта мешавад, бе ягон тафаккури солим ќабулаш дорем. Њоло он, ки ба гумонам, ин ќабил издивољњо дар љомеаи мо зиёд њастанд. Зеро љомеаи кишвари мо суннатї
сае омадааст, ки эњтимоли таваллуд шудани фарзандони ноќис ва носолим дар издивољњои бегона 2 дар садро ташкил мекунад ва дар издивољњои хешовандї 4 дар сад. Яъне ин маънои онро дорад, ки издивољи хешовандї танњо сабабгори таваллуд шудани фарзандони носолим нест. Балки дар њолатњое, ки дар генњои падару модари хеш беморие вуљуд дошта бошад, эњтимоли интиќол ёфтани он ба фарзанд чанд дар сад зиёд аст. Худи ў чунин мегуяд: "Мардум бидуни ин, ки тањќиќоти лозим дар ин замина анљом дињанд ин гуна издивољњоро мамнуъ эълон мекунанд ва њоло он, ки ин тавр нест". Ў пешнињод кардааст, ки барои пешгирї аз таваллуд шудани фарзандони носолим хуб мешавад, ки марду зан ќабл аз издивољ ташхиси генетикї супоранд. Агар дар сурате, ки дар генњои њардуи онњо беморињои ирсї вуљуд дошта бошад, аз чунин издивољ худдорї кунанд. Бинобар њамин, роњи њал ин нест, ки бояд ќонуне бароварда шавад, ки
пеши роњи издивољњои хешовандї гирифта шавад. Зеро таваллуд шудани фарзанди носолим метавонад аз падару модаре низ бошад, ки аслан ба њам ќаробати хешї надоранд. Агар воќеан ояндаи насл барои давлатдорон муњим аст, бояд, ки роњњои анљоми ташхисњои генетикиро ба роњ бимонанд ва њатто ин озмоишњоро бепул анљом дињанд. Сониян, оё манъкунандагони ин издивољ метавонанд кафолат дињанд, ки дар сурати манъи издивољи хешовандї дигар фарзандони носолим дар љомеа таваллуд намешаванд? Магар оморњои бесару нўги кишварњои Ѓарбро наменигаранд, ки чї ќадар фарзандони маълул ва носолим аз пушти падару модари майзада ва нашъаманад таваллуд шудааст ва чї ќадар ин амал боиси нигаронии он кишварњо гардидааст? Хулоса, шариати ислом аз издивољи хешовандї дифоъ накардааст ва онро низ њаром надонистааст. Балки ин амр ба худи шахсони издивољ мекарда вобаста аст. Њатто дар ривояте омадааст, ки њазрати Ибни Умар љавононро тавсия карданд, ки бо бегонагон издивољ кунанд. Инчунин фаќењони ислом гуфтаанд: "Издивољ бо хеш сабру тањаммул мехоњад ва бо бегона сабабгори таваллуди фарзандони наљиб мешавад. Яъне агар инсон бо хеш издивољ кунад ба хотири силаи рањми хешї сабру тањаммулњои зиёд бояд дошта бошад ва издивољ бо бегона фарзанди наљиб мебахшад. Ба њар њол мо, ки мусалмон њастем ва дидгоњи мо дар асоси ислом бошад ва назари ислом ва тамоми фаќињони ислом ин аст, ки издивољ бо хеш љоиз аст ва њељ касе њуќуќи манъи инро надорад. Аммо дар њолати вуљуд доштани беморињои ирсї, ки баъди ташхиси генетикї маълум мешавад, новобаста он ду љуфт хеш бошанд ё бегона, бењтар аст аз чунин издивољ худдорї шавад. Вассалому алайкум ва рањматуллоњи ва баракотуњ.
МАНФИАТИ МИЛЛЇ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
13
Шикасти такаббури яњудї Баъди се соли фољеаи "Киштињои озодї" билохира давлати яњудї аз Туркия узр пурсид Бинямин Натанёњу, сарвазири Исроил рўзи љумъаи гузашта барои њалокати 8 табаъаи Туркия аз љумлаи њомиёни њуќуќи башар расман аз ин кишвар узрхоњї кард. Дафтари нахуствазири Исроил бо тайиди ин хабар эълон кард, ки Бинямин Натанёњу дар як тамоси телефонї аз њамтои турки худ Раљаб Тайип Эрдуѓон аз номи давлаташ барои он рўйдоди нангин, ки муљиби њалокати афроди бегуноњ шуда, равобит миёни ду кишварро тира сохтааст, узр хост. Ва дар њамин тамоси телефонї сарвазири давлати яњудї изњор доштааст, ки кишвараш омода аст ба хонаводањои ќурбониён љубронпулї низ пардозад. Аммо дар њоишияи иттилоияи мазкур хабаргузорињо навиштаанд, ки ин гуфтугўи телефонї ва ин узрхоњї ба хотири рафъи зиддият миёни Исроил ва Туркия бо ибтикори президенти ИМА Барак Обама сурат гирифтааст. Обама дар остонаи сафари худ ба Урдун дар сўњбат бо хабарнигрон дар фурудгоњи Тел-Авив паём додааст, ки мањз бо маслињати ў миёни роњбарони сатњи олии ин ду кишвари њамсоя, вале раќиб муколамаи телефонї дар љараён шудааст. Ба дигар маънї Обама тавонистааст сарвари давлати яњудиро ба он мутаќоид созад, ки ба хотири сулњу субот дар минтаќа мањз ў аз Эрдуѓон узрхоњї кунад. Се сол пеш ваќте командоси Исроил дар минтаќаи обњои озод киштињои њомили кўмаки башарї ба навори Ѓаззаро мавриди њамла ќарор дод ва як тарњи љиноиро амалї сохт, ба љуз ИМА таќрибан њамаи кишварњои олам Исроилро мањкум карданд. Њатто бо гузашти њафтањову моњњо, њарчанд комиссиёни байналмилалї низ љурми ТелАвивро исбот намуд ва ин кишварро масъули њамла ва сабагори марги њомиёни њуќуќи башар донист, Вашингтон њарфе зидди Исроил иброз надошта буд. Ва Исроил низ њама гуна фишорњои байналмилалиро нодида гирифт ва ё ба ибораи рехтаи мардумї, "худро ба каррї" андохт. Аммо фал-
сафаи ин тањаммули фишорњо љои дигар нуњуфта буд. Њамчуноне дар мусоњиба бо "Lib?ration" сарвари шўъбаи тањќиќотии Коллељи мудофиаи НАТО дар Рим, муаллифи китоби "Таърихи навини артиши Исроил" Пер Разу, гуфта буд: "Њукумати Натанёњу медонад, ки обрўи хориљї барояш арзише надорад. Муњимтар аз њама пуштибонии Амрикоро аз даст надињад. Агар ошкоро ин рўйдодро мањкум накард, пас кобинаи Натанёњу чунин мењисобад, ки чизи аз њама асосї њифз шудааст".
Сайри таърихии рўйдод Инак, мухтасар љараёни њодиса: 31 майи соли 2010 корвони киштињои њомили молњои башардўстона дар талош барои рахна задан ба муњосираи чандинсолаи навори Ѓазза ба њамлаи низомиёни Исроил рў ба рў гардид ва дар як бархўрди нобаробар 9 тан аз њомиёни њуќуќи башар кушта шуданд, ки 8 тани онњо шањрвандони Туркия буданд. Таърихи инсоният дар ду ќарни охир ёд надоштааст, ки кишваре ба мудофеини њуќуќи инсон чунин муносибати хушунатборро раво дида бошад. Дар ин њайат на танњо намояндагони кишварњои исломї, балки афроде мансуб ба мамолики Аврупо, намояндагони парламон, њалќањои академї ва њатто барандаи љоизаи Нобел, хонуми ирландї Мейрид Корриган Магуайр шомил буданд. Њамлаи вањшиёнаи командоси Исроил Туркияро шадидан такон дод. Субњи рўзи 31 май ва рўзњои дигари аввали моњи июн ќариб њамаи шањрњои ин кишвар шоњиди тазоњуроти густардаи мардум шуданд. Сокинони Туркия аз њукумат љиддан талаб мекарданд, ки бо Исроил эълони љанг кунад. Анќара сафири худро аз Тел-Авив бозхонд. Парламон ба њукумат дар бораи таљдиди назар дар иртиботњо миёни Туркия ва Исроил дастур дод. Дар њуљљате, ки парламон ќабул кард, аз љумла омадааст: "Њукумати Исроил барои ин њамла бояд расман
пузиш хоњад, гунањгоронро ба љавобгарї кашад, ба зарардидагон љубронпулї пардозад. Дар навбати худ Туркия бояд роњњои њуќуќии миллї ва байналмилалиро бар зидди Исроил истифода барад" Сарвазири Туркия Раљаб Тайип Эрдуѓон зимни суханронї дар парламони кишвараш гуфт, ки Туркия дар њоли зарурат омода аст бо Исроил биљангад. "Мо ба касе маслињат намедињем, ки тањаммули Туркияро бисанљад ва он касе, дар симои мо душман мебинад, њаќи худро мегирад. Мо метавонем пуртоќат ва дўстони хуб бошем ва боз метавонем душманони сарсахт ва нерўманд бошем". Вай амали Исроилро доѓи љомеаи љањонї хонд. Вай њамчунин таъкид карда буд, ки баъди ин њодиса муносибати Исроил ва Туркияро ба њадди пештара овардан аз имкон берун аст. Вале бо умеди дигар аз исроилињо даъват намуд, ки "ба муќобили њукумати роњзани љинояткори худ садо баланд кунанд ва ба муњосираи зиддибашарии навори Ѓазза хотима бахшанд". Дар моњњову солњои баъдї Анќара тибќи њамин дастури парламони худ амал намуд. Њама гуна иртиботњои дипломатї ва иќтисодиву тиљоратии худро барканд, иљрои баъзе муоњадањои низомиро ба таъхир андохт ва аз роњњои дипломатї њама кори мумкинро анљом дод, то ба давлати яњудї фишор орад. Тел-Авив муддати ин се сол њама гуна фишорњо ва даъватњо барои оддї кардани равобиташ бо Туркияро нодида мегирифт. Аниќтараш хостори оддишавии робитањо буд, вале бидуни ёдоварии рўйдоди "Киштињои озодї".
Узр чї гуна пазируфта шуд? Вазири умури хориљии Туркия Ањмад Довуд-уѓлї дар сўњбат бо телевизиони TRT љузъиёти сўњбати телефонии Эрдуѓон бо Натанёњуро фош кард. Вай аз
љумла гуфт, ки ќабл аз баргузории сўњбати телефонї Раљаб Тайип Эрдуѓон аввал ба Мањмуди Аббос, сарвари Фаластини худмухтор ва баъд ба Исмоил Њания, яке аз роњбарони калидии "Њамос" дар навори Ѓазза дар тамос шуд ва бо ибрози андеша аз вазъи ба вуљудомада аз онњо иљоза хост то узри Натанёњуро бипазирад. Танњо баъди ин ду занги телефонї сўњбати ду сарвазир баргузор шуд, ки Эрдуѓон дар он узри сарвари давлати Исроилро ќабул кард. Сипас, Натанёњу гушии телефонро ба Барак Обама дод. Довуд-уѓлї иброз дошт, ки узри давлати Исроил, ки натиљаи талошњои сесола буд, љониби Туркияро комилан ќонеъ мекунад. Ин њам дар њолест, ки сарвазири давлати яњудї иброз дошт, ки сабаби пузиш хостани худро ба мардуми кишвараш хоњад фањмонид. Аз љумла вай метавонад аз омилњое сухан кунад, ки зарурати оддишавии равобит бо Туркияро таќозо доранд. Ва лањзае баъд аз анљоми сўњбати телефонї ва гусели Обама ба Урдун Натанёњу дар сањифаи Фейсбуки худ аз ин омилњо ном бурд. Вай навишт, ки вазъ дар Сурия, мављудияти гурўњњои гуногун бо њадафњои пешгўинашаванда дар ин кишвар, ки њар кадом дорои захирањои бузурги силоњу муњимоти љангї мебошанд, аз љумлаи омили аслии ин узрхоњї буд. Сарвари давлати яњудї мављуд будани силоњњои кимиёвї, дар сурати аз љониби давлат ва ё мухолифон истифода шудани онро тањдиди ошкор ба амнияти Исроил номид. Ин буд, ки Исроил ногузир шуд бо узрхоњї барои рўйдоди се соли ќабл равобиташ бо яке аз бозингарони аслии минтаќаро бењбуд бахшад.
Фирўзи МУЊАММАД
14
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
БЕМАДАНИЯТЇ
"Њаргиз ба шањри мо мењмон наояд!"
Амният мушкилї намуд, аммо чун дуруст нигоњ кардам, фољиа тофт. Фољеае, ки чанд сол аст ба мо бор шудааст, аммо касе онро дидан намехоњад, чї расад ба пайдо кардани роњњали он. Чунин вонамуд мекунанд, ки гўё чизе ва ё коре нашудааст, балки як кори маъмулист, ки бояд шавад, њатто њатман бояд чунин бошад. Фољеа солњост, ки идома дорад ва мо одат кардаем. Он замоне рух медињад, ки Љаноби Олї аз Тољикистон ба хориљ, ё аз Душанбе ба ягон вилояту ноњия сафар мекунанд, ё барои кушодани мактаб ва ё ягон иншооти дигари пойтахт мераванд. Пагоњ соати 9. 00 Љаноб, фарзи мисол, ба мањаллаи Зарафшон барои кушодани кадом як бино бояд раванд, аммо соат 8 нашуда, "бидору бигир" дар пойтахти як кишвар
(!) шурўъ мешавад. Гуруњ -гуруњ низомиён, бо нишонњои сарисинагии БДА, ё воњиди махсус калтак дар даст, гўё њолати љангї бошад, кўчаи мавриди назарро ињота мекунанд, сари чанд ќадам як ё дунафарї ќарор мегиранд! Ин њанўз фољиа нест. Њатто мешавад гуфт, ба хайр аст, ки оянду истанд. Соат, ки аз 8 гузашт, њаракати наќлиёт тамом! Илољатро ёбу харатро каш! Мардум сарсон, ронандањо њайрон, сарњо вайрон. Хайрият, ки Офаридгор моро пуртоќат офаридааст… Мо дарк мекунем, ки барои амнияти роњбари як кишвар бояд кўшиш кард, аммо наход ин аз њисоби сарсонии њазорон нафар бошад? Ё ба љои салла, калла меоранд? Амният кай боз сарсониву оворагии мардум дар кўчаву пасткўчањо шудааст? Як далели оддї: оё њамон мењмони баландпояе, ки ба Душанбе меояд, мепурсад, ки ин шањр мошин дорад, ё не? Ё хулоса намекунад, ки дар ин шањр њама кор мекунанду мошинњо фаќат дар миёни хонањо "баљо" карда шудаанд, бехабар аз он, ки ризќи нисфи ин мардум дар њамин кўча аст. Њама таксињо њастанд, ки дар ин кўчањо мегарданд, вагарна шањр бидуни "тадобири амниятї" њам холї мебуд. "Њама ба фронт рафтаанд! Русия! Мардикорї!" Чандин бор "ќурбонї" - и ин фољиа будам, вале намехостам, ки дар ин маврид њарфе гўям. Ин дафъа дар айёми Наврўзи Аљам ин ноњаќиро дидаму тоќат накардам.
Дирўз хостем, ки кўчаи Фотењ Ниёзиро убур карда, ба бинои Шарќи озод равем, вале дар роњ дидем, ки кормандони БДА хеле зиёд њастанд. Аз дил гузаронидам, ки дар ин љо ягон садама шудааст ва шитоб, ки доштем роњи худро давом додем. Касе моро "ист" њам нагуфт. Ваќте пули Баракатро гузаштему таќрибан 200 метр рафтем, дидем, ки роњ баста аст ва барои наќлиёт иљоза набудааст, зеро дар Наврўзгоњ мусобиќаи гўштин баргузор мегаштааст. Намедонам, ин гуштигирони мо дар Наврўзгоњ ќувваозмої мекунанд, ё дар ќади роњ?! Пас ба ќафо гаштам, вале њамоно суоле ба сарам чарх мезад, ки чаро мо ба њамон самт меомадем ва пеш аз пул ва баъди он зиёда аз 15 корманди БДА буд, лекин моро нигоњ надоштанд ва нагуфтанд, ки роњ баста аст, бо роњи дигар равед, ё чаро тариќи телевизион ва радио эълон накарданд, ки роњро "мебанданд"! Ин њам ба хайр аст. Рўзи омадани президенти Австрия љаноби Фишерро бубинед. Дар як рўз 4 маротиба роњро бастанд. Сабаб: ба шањри мо мењмон омадааст! Ростї, хандаам меояд, ки њамон мењмон њам намегўяд, ки ин шањр чї гуна шањре бошад, ки холї аст ва њатто мумкин роњбарони мо гумон кунанд, ки онњо барои мењмон шањрашонро ором нишон медињанд, вале њайњот… Охир њамон мењмон агар Шумо бошед, магар фикр мекунед, ки ин шањр ором аст? Њаргиз! Ман шахсан фикр мекунам, ки ин
мардум тамоман ќашоќанд ва дар шањрашон ѓайр аз раисон дигар касе мошин надорад. Албатта, ин фикри ман аст ва шояд њар якеи шумо фикри дигаре дошта бошед. Дар таксї нишастам ва хостам, ки ба љои зарурї равам, вале њамон замоне, ки ба чароѓаки роњи марказї наздик шудем, овози њаёњуй баланд шуд ва чур-чури њуштаки кормандони БДА. Роњ њам "ќањрамонона" баста шуд. Ронанда оњи сард кашид: - Кош барои мо маош медоданд, ё моро бо љои кор таъмин мекарданд, охир, њамин ризќу рўзиамонро аз пушти њамин шуѓли таксї меёбем, аммо имрўз саввумин бор аст, ки ба њамин њодиса рў ба рў мешавам ва мизољони ман фирор мекунанд. Охир, ин бегоњ магар ин мењмон барои кўдакони ман нон медода бошад?!" Ў хомўш шуду ман ба фикр фурў рафтам, вале то њол нафањмидам, ки чаро онњо бояд ним соат ё як соат роњро пешакї банданд, ё барои омадани як мењмон ба пойтахти мо чаро ќариб чор соат мардумро аз роњи худашон, ки барои он андоз месупоранд мањрум намоем. Як суол дорам: оё имкони ин њаст, ки њамин фољиаи ќариб 20 - соларо ба поён расонанд? Агар касе дар ин фикр нест, пешнињод мекунам, ки њаргиз ба шањри мо мењмон наояд ва мардуми маро сарсону саргардон накунад! Эраљи АМОН
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД...
15
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
?-И НОБОБ
ОЁ МАЪЮБ БА ГИРИФТАНИ ЁРДАМПУЛЇ ЊУЌУЌ ДОРАД?
АЗ УСТУХОН ЊАМ ГЎШТ КАНДАН МЕХОЊАНД?
- Шахсе, ки маъюби гурўњи дуюм аст, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад, ки барои фарзандони ноболиѓаш љубронпулї, ё ёрдампулї аз давлат дастрас намояд ва он мувофиќи нишондоњо чанд сомонї мебошад? Шариф МИРЗОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур
- Якчанд моњ пештар, аниќтараш аз соли гузашта як даќиќаи гуфтугўии нархи зангњои баромад ба Русия аз тариќи њамаи ширкатњои мобилии Тољикистон ба таври бесобиќа баланд шуда, ба 12 сенти ИМА расид. Ростї, ман дар аввал њайрон шудам. Бинобар ин, ба њамаи операторони ширкатњои мобилї занг зада, пурсидам, ки сабаб чист, ки яку якбора нархи зангњои баромад ба самти Русияро боло бурдед. Гуфтам, ки инсоф доред. Онњо дар љавоб гуфтанд, ки "муштарии гиромї мо њолати шуморо дарк мекунем, аммо бароятон бигўем, ки баланд намудани нархњои зангњои баромад ин тасмими мо нест". Гуфтам, пас ин нархњои зангњои баромад бо тасмими кї ќимат карда шуд? Њамаи операторон (банда муштарии чор ширкати мобилї њастам) љавоб доданд, ки баланд намудани нархњои зангњои баромад бо ташаббуси сардори Хадамоти алоќаи назди ЊЉТ дар мувофиќа бо Хадамоти зиддиинњисории назди ЊЉТ дар Тољикистон љорї карда шудааст. Чун аз операторони ширкатњои мобилї чунин љавобро шунидам фикре ба сарам зад, ки акнун тамом, модоме, ки баланд намудани арзиши гуфтугўии телефонї бо ин тарз ташаббуси Хадамоти алоќа будаасту дастёру мададгораш Хадамоти зиддинњисорї дар оянда паст шудани зангњои баромад ба Русияро интизор шудан нашояд! Зеро мансабдорони мо њамеша ба љои салла калларо меоранд. Зиёда аз як миллион ањолии ќобили мењнати Тољикистон дар муњољирати мењнатї дар Русия ќарор доранд. Онњо њастанд, ки дар Тољикистон камтар зиндагии мо рангу таровиши дигар доранд. Онњо њастанд, ки њар сол баробари буљаи Тољикистон ба пайвандонашон маблаѓ мефиристонанд ва суботу оромиро дар Тољикистон таъмин мекунанд. Мансабдорони Тољикистон њастанд, ки ба ин селаи азими муњољирон дар Тољикистон љои кор муњайё карда наметавонанд боз мушкил бањрашон эљод мекунанд. Бовар кунед барои муњољирони мењнатї алоќаи мобилї ин ягона воситае мебошад, ки лоаќал бо дидорашон њам набошад бо овози онњо сер мешуданд. Пештар мувофиќи тарофањои ширкатњои мобилї занги баромад ба Русия аз 1 то 7 ё 8 сенти ИМА буду халос. Акнун бошад бо "ѓамхории ватандўстона"-и Хадамоти алоќа ва Хадамоти зиддинњисорї пайвандони муњољирони мењнатї дар Тољикистон аз ин воситаи хубу дастрас мањрум шуданд. Ман ин хел "ѓамхорињои аблањона"-ро нисбати њам муњољирони мењнатї ва њам барои пайвандону наздикони онњо ќабул надорам! Аз роњбарияти Хадамоти алоќа ва мансабдорон давр хоњиш доштам, ки зангњои баромад ба самти Русияро паст кунанд. Бигзор аќќалан мардум бо пайвандону хешовандонашон бемалол сўњбат кунанд. Њамаи ин балои ба хайр ман як чизро нафањмидам, ваќте дар Тољикистон ягон чиз ќимат карда мешавад, Хадамоти зиддиинњисорї бояд манфиати халќро њимоя кунад, ё ягон гурўњи мансабдори алоњидаро? Чаро дар Тољикистон аз устухон њам гўшт кандан мехоњанд? НАСИМ АКРАМОВ, сокини ноњияи Исфара
- Мувофиќи моддаи 31-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон" ба маъюбони гурўњњои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои ѓайри ќобили мењнати оила доранд, ба њар кадом аъзои ѓайри ќобили мењнати оила, вале на бештар аз 3 нафар - ба андозаи 50 фоизи њадди аќали нафаќа аз рўи синну сол, ки айни замон ба 52 сомонї баробар мебошад, иловапулї муќаррар карда мешавад. Ќайд кардан лозим аст, ки муќаррароти мазкур ба нафаќањо аз рўи маъюбии мењнатї тааллуќ дорад. Ба саволи Шумо сардори Раёсати муносибатњои мењнатии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Раљаб РАЉАБОВ посух дод.
?-И БОБ
АНДОЗ АЗ ХОНАВУ ЊАВЛИЊО ЧЇ ТАРЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Айни њол андоз аз амволи ѓайриманќул ва андоз аз замин дар ќаламрави шањри Душанбе мувофиќи кадом банди Кодекси андоз ситонида мешавад? Бисёр мехостам, ки оиди тартиби андозбандї аз амволи ѓайриманќул ва андоз аз замин масъулини Кумитаи андози назди њукумати Тољикистон аз соли 2005 то 2013 љавоби ќаноатбахш медоданд. Њамидулло АЗИЗОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Тартиби андозбандии молу мулки ѓайриманќул, аз љумла объектњои ѓайриманќул тибќи талаботи ќисмати (параграф) 3-уми боби 41-и Кодекси андоз ва андози замин тибќи талаботи ќисмати (параграф) 2-умии боби 41-и Кодекси андоз ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тасдиќ намудани меъёрњои миёнаи андози замин ва меъёрњои андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї" амалї карда мешавад. То санаи 1-уми январи соли 2013 андоз аз молу мулки ѓайриманќул барои солњои дахлдор, аз љумла барои солњои 2005-2012 бо каратнокї аз рўи меъёри андози замин муайян карда мешуд (меъёрњои андози замин ва андоз аз молу мулки ѓайриманќул барои солњои 2005-2009-ро метавонед аз нозироти андози мањалли зисти худ талаб намоед ва онњо вазифадоранд ба шумо онро пешнињод намоянд.) Мутобиќ ба талаботи Кодекси андоз дар тањрири нав тартиби њисобкунии андоз аз объектњои ѓайриманќул таѓйир дода шуда, меъёри он бо истифода аз нишондињанда барои њисобњо муќаррар карда шуд, ки он аз санаи 1-уми январи соли 2013 амал намуда, барои солњои ќаблї татбиќ намегардад. Меъёри андоз аз объектњои ѓайриманќул тибќи талаботи моддаи 279 барои объектњои молу мулки ѓайриманќули ба сифати
ДОНИШ АНДАР ТАН... биноњои (њуљрањои) истиќоматї истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ - ба андозаи 3 фоиз аз нишондињанда барои њисобњо (барои 1м2=1сомону 20 дирам) ва барои объектњои молу мулки ѓайриманќули зиёда аз 90 метри мураббаъ - ба андозаи 4 фоиз аз нишондињанда барои њисобњо (барои 1м2 =1сомону 60 дирам) бе назардошти коэффисентњои минтаќавї муќаррар гардидааст. Тибќи талаботи ќисми 3уми моддаи 277-и Кодекси андоз барои биноњои ёрирасони шахсони воќеї (гаражњо, саройњо ва дигар биноњои ёридињанда), ки дар фаъолияти соњибкорї истифода намешаванд, 50 фоизи масоњати ишѓолнамудаи онњо њамчун манбаи андоз ба њисоб гирифта мешавад. Ба саволи Шумо раиси Кумитаи андози назди њукумати Тољикистон Нусратулло ДАВЛАТОВ посух дод.
ДАРЁ ВА ДАРЁЧАЊО НИЗ МИСЛИ РАГЊОИ ХУНГАРДАНД - Пештар донишмандон мегуфтанд, обњои зери замин аз худи замин аст. Аммо илми муосир исбот кард, ки замин аз худ об надорад. Обњои зери замин оби барфу боронњо ва жолаанд, ки меборанд. Ва ин обњо дар њавзњои зеризаминї љамъ мешаванд. Он гуна, ки љисми инсон рагњои хунгард дорад, дарё ва дарёчањо низ дар пайкари замин мисли рагњои хунгарданд. Ба наќшаи замин бингаред, мебинед, ки дарё ва дарёчањо дар замин мисли рагњои хунгарди пайкари инсонанд. Ва инро њам Худованд барои инсон халќ кардааст. Худованд ба замин ба андозаи муайян ќувваи љозиба ва кашиш додааст, то обњо тамом ба замин фурў нараванд. Ва ин андозаи кашиш њамон ќадар, ки лозим аст обро ба худ љазб мекунад. Дар сураи Таборак њам ин мазмун омадааст: "Бигў: "ба ман хабар дињед, ки агар оби шумо фурў равад, пас кї оби равон дар ихтиёратон мегузорад?" Агар Худованд мехост замин тамоми обро дар худ мекашид ва њамаи он об ба замин бебозгашт фурў мерафт. Пешнињоди Сурайё ДАВЛАТОВА, сокини ноњияи Рўдакї
?-И НОБОБ
ЉЎГИЊО ДАР АВРУПО? - Дар ботлоќзорњои Ироќи љанубї, дар байни шањрњои Басра ва Восит, ки дар муддати садсолањо, њанўз аз давраи давлатдории Сосониён, ќабилаи љатњо (арабиаш зутт), ки аслашон аз Њиндустон мебошад, зиндагонї мекарданд. Замони даќиќи ба ин макон омадани онњо ва сабабњои муњољираташон номаълум аст. Чандин муддат онњо дар роњњо роњзанї карда, ба тиљорат ва боркашонї халал мерасонданд ва ањолии гирду атрофи шањрњоро ѓорат мекарданд. Тадриљан вазъият ба дараљае хавфнок гардид, ки њатто хавфи канда гардидани робитаи байни Баѓдод ва шањрњои соњилибањрї ба миён омад, бинобар ин, халифа Муътасим (њукмрониаш дар солњои 833-842-и мелодї) маљбур шуд, ки соли 834 артиши худро барои пахш намудани шўриши балвогарон фиристад. Дар натиља 17 њазор ањли ќабила ба сарњади Рум (Византия) ва Осиёи саѓир кўчонида шуданд. Олимон бар онанд, ки сиганњо (љўгињо, лўлињо) авлоди њамон љатњо мебошанд, ки дар ваќти љангњо бо румињо ба асорат афтода, баъдтар ба Аврупо фурўхта шудаанд. Онњо аз љониби њукуматдорони давр ба таъќиб гирифтор гардида, аз як мамлакат ба мамлакати дигар кўч мебастанд ва дар аввали асри XVI дар тамоми Аврупо пањн гардиданд. Аз русї тарљумаи њољї Савридин СОЊИБОВ, сокини ноњияи Файзобод МАНБАЪ: "Кратакая история ислама" соли 2003.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №1 (229) 27. 03. 2013
ЊАЉВ ВА ТАНЗ Љумъаи МИРЗО - Ин Мањбуби Ганљалї не, балки Мањбуби Љангалї буд.
"КОШ ВАЗИФААМРО НАМЕГИРИФТАНД…" Як рафиќамро аз вазифаи сардабирии рўзнома сабукдўш карданд. Як-ду рўз интизор шудам, то ба худ биёяд ва баъд љуръат карда, зангаш задам. Гўширо бардошт ва ба тассалидињї даромадам: - Хайр, њељ гап не, зиќ нашав, дўстам. Ин мансабу вазифа аз сари њама мемонад. Аз њама муњимаш он, ки саводи ту, таљрибаи ту, мањорати ту ва одамгарии туро гирифта наметавонанд... Дўстам, ки каме шўх њам њаст, гапамро буриду гуфт: - Эй љўра, кош њамон савод, таљриба, мањорат ва одамгариамро мегирифтанду вазифаамро не…
"ДЎСТОНИ САДГИРОМЇ" Дар кадом семинаре буд, ки устод Ќироншоњи Шарифзода маърўза доштанд. Устод сари чанд ваќт "рекламная пауза" мекарданду баъд суханрониашонро бо ибораи "дўстони гиромї" идома медоданд. Чун ин ибора зиёд ба гўш расид, иштирокчие, ки шояд тасодуфан ба ин маърака афтида буд, ки аз шахси дар пањлўяш буда пурсид: - Њамин "дўстони гиромї"-аш чї маънї дошта бошад? - Гиромиаш њамин, ки пеш аз баромад бо дўстонашон садгиромї нўшида буданд, - гуфт нафаре дар љавоб.
"ДАРОМАД МАЗЗА НАДОРАД"
ПУРБИНИ ДАРВЕШ
Солњои 90-уми асри гузашта дар радиои Тољикистон кор мекардам. Барнома зиёд омода мекардем, вале маошро, ё намедоданд, ё дер-дер медоданд. Рўзе ба аёдати падару модарам рафтам. Пас аз ањволпурсї падарам, ки радио гўш мекарданду барномањоямро медонистанд, гуфтанд: - Баромадњо зўр-ку, бачам. Ман њамоно љавоб додам: - Падарљон, баромадњо-ку зўр, аммо даромадњо мазза надорад...
МАЊБУБИ ЉАНГАЛЇ Моњи шарифи Рамазон буд. Чун анъана дар навбати омадани лифти ГЖК будем. Баъди чанд даќиќа дари лифт боз шуду аз дохили он рўзноманигори љавон Мањбуби Ганљалї баромад. Шояд аз серкорї ё ба хотири моњи Рамазон буд, ки ришу фашаш расидаву рўяшро нонамоён карда буд. Чун ба лифт нишастем, бонуе дар њайрат шудаву пурсид: - Њамин љавон Мањбуби Ганљалї набуд? Андоми Мањбуби Ганљалї пеши назарам омаду гуфтам:
"ЧОИ ХУШКАМОН ТАМОМ ШУД" Дар даромадгоњи "Шарќи озод" чанд рўзноманигор љамъ шуда будему мавзўи сўњбатамон шумораи љашнии зиёда аз садсањифагиии рўзномаи "Нигоњ" буд. Як њамкасбамон савол ба миён гузошт: - Шумораи љашнии "Нигоњ"-ро хондед? Љавоби шахси аввал чунин буд: - То пурра хондам, ки ду чойник чойро нўшидам. Дуввумї гуфт: - Ман як ќуттї ќањваро тамом кардам, то хондани ин шумораро ба охир расонам. Сеюмї илова намуд; - Ман ду рўз аз љои корам љавоб гирифтаму дар хона нишаста, ду-се "Тефал" чойро нўшидаму коре карда, хондани онро ба охир расонидам. Нигоњи саволдињанда љониби ман равон гашт. Аз посухњои њамкасбонам эњсос намудам, ки онњо дар ягон чойхона нишаста рўзнома хондаанд, ки љавоб додам: - Рости гап, ман њам шумораи љашнии "Нигоњ"ро хонданї будам, лекин дар хонаамон чойи хушк тамом шуда буд.
ЉАМЪИЯТИ КАММАОШ Дар маъракае бо љамъи дўстони рўзноманигор нишаста будем. Соњиби маърака хушомадед гуфту аз банда хоњиш кард, ки мењмононро шинос кунам. Ин фалониву он фалонї гуфта шинос кардам. Чун навбат ба шинос кардани Њотами Њомид расид, гуфтам: -Ин кас Њотами Њомид, корманди ЉММ "Чархи гардун". Соњиби маърака боз пурсид: - "Чархи гардун"-ашро фањмидам. Лекин нафањмидам, ки њамин ЉММ-аш чї бошад? Ба ранги паридаву коњидаи Њотам назар карда гуфтам: - ЉММ-аш Љамъияти Маошаш Мањдуд-да.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Зариф АЛИЗОДА, омбудсмени Тољикистон: - Дар соли 2012 ман тамоми мањбасхонањои кишварро гаштам. Барои муайян кардани меъёри муносибат бо мањбусон ба кормандони муассисањои иљрои љазо даврањои омўзишї гузаронидем. - Худо накунаду шумобаринњо бо сифати дигар ба мањбасхонањо равед, зорро ба "давраи омўзишї" фаро гирифта мешавед-дия. Зубайдуллоњи РОЗИЌ, раиси шўрои фатвои ЊНИТ: - Агар маќсад аз манъ кардани издивољњои хешутаборї насли солим бошад, мо њам тарафдорем, вале маќсад насли солим нест. - Бобои мулло, бовар кунед, маќсад насли солим аст, насли солими муњољирони корї. Бас будагист як миллион касаливу пасалия ба Русия равон кардан?! Обрўи њукуматамон чї мешавад? Мўсо АСОЗОДА, тањлилгар: - Њар давлате, ки бо кишвари дигар дар доираи низоми раводид њамкориашро ба роњ мемонад, бурд мекунад. Давлатњои мутамаддин аз ин раванд гузаштаанд, мо њам бояд бигзарем. - Ана гапу мана гап! Калла не, гунбази аќл, гўед. Бо Эрони њамљавор виза доштанамон хуб, бо Узбекистон аз ин хубтар, акнун бо Русия њам љорї кунему баъд њамакаса ба ягон ќабри хунук дароем, чї тур, муњтарам?! Мењмоншо ШАРИФЗОДА, докторанти Донишгоњи Бергени Норвегия: -Воќеият худ мегўяд дар кадом сатњ ва дар кадом љомеа њаёт ба сар мебарем. Бисёранд мардуми дунё, ки аз шоњигарї ба демократия рафта расидаанд, вале мо роњро ба сўи демократия пеш гирифтем ва ба љомеаи ѓарибе афтидем. - Вокеъияти шумоя намедонем, воќеъияти мо њамин, ки замони демократияи соли 1991 як нафар бар прокурори Данѓара ѓолиб шуда, акнун моро ба шоњигарї мебарад, вале бовар кунед, њоло њам маълум нест, ки кї ѓариб аст... Шавкат ЊАМРОЕВ, муовини вазири обёрї ва хољагии оби Узбакистон: - Тољикистону Ќирѓизистон мехоњанд, идораи захирањои обро ба дасти худ гиранд, мехоњанд, рўдњо зери фармони онњо бошанд ва онњо тавонанд, шароити ѓайриодї ба вуљуд оранд. Ин хел намешавад ва касе ба ин роњ намедињад. - Шавкат-ака, беташвиш булинг, ќирѓизњоя намедонем, вале а дасти инош хок намебиёд. Вай муйсафеда таги вай... ња вай...аз дасти њаминњо намеомадагї кунетон, ун тарафаш маслињат мешут.