№4 (332). Чоршанбе, 17-уми апрели соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

Эмомалї РАЊМОН:

1

"Ќарор ќабул накардаам, ки номзадии худро дар интихобот гузорам" №4 (332). Чоршанбе, 17-уми апрели соли 2013

МИЛЛАТ ВА ШОИР

Академик Темур Зулфиќоров Чї кор бояд кард, ки адиби тољик аз даст наравад? САЊИФАИ 5

КОРШИНОСИ АРШАД

Адвокат Тўраљонзода Чаро Њољї Акбари Тўраљонзода аз Эшони Абдухалилљон, Эшони Абдулвољиди Ќалъаинавї ва Домулло Њикматуллоњи Тољикободї њимоят кард?

"Тољикистони нав" боз як њизби хоболуди дигар? САЊИФАИ 11

Нигина Амонќулова - "силоњи нав" алайњи Њизби нањзати исломї? БАЊСИ МИНТАЌАВЇ

Путин ва Каримов ба њамдигар бовар надоранд САЊИФАИ 13

БИДУНИ ФОРМАТ

Арчаи Душанбе соя надорад САЊИФАИ 7

Сазои мулло


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

ољї Акбари Тўраљонзода, собиќ ќозии мусалмонон ва муовини аввали сарвазири Тољикистон чанд муддат аст, ки хомўш буд. Гоњ мешунидем, ки дар Чин аст, гоњ дар Арабистони Саудї ва гоње дар ягон кишвари дигар. Дар матбуот њам кам падид меояд, ё матбуот ўро "ором" гузоштааст. Аммо Ќозї - домулло њељ гоњ намегузорад, ки ўро фаромўш кунанд ва шояд як шахсияти фаромўшшуданї нест. Бахусус, лањзае ў пайдо мешавад, ки љомиаи Тољикистон фикр мекунад, њама љо оромист, "руфтаву об задагї". Аммо ваќте ў дар расонањо њатто бо чанд љумла изњори назар карда, падид меояд, зуд шўре ба по мешавад. Ќабл аз ин, ў додани хайрот ё маблаѓ ба як њизби исломї, дар мавриди Тољикистон - Њизби нањзати исломиро љоиз дониста буд. Ин изњори назар, ё шояд фатвои ў "Фабрикаи љавоб" - ро чун одат бетараф нагузошт ва як маќола њам дар "Љумњурият" алайњи Тўраљонзода чоп шуд. Аммо вокуниши ахири ў дар сомонаи Радиои "Озодї" дигарбора ўро дар сархати ахбори расонањо ќарор дод ва љомиаро ба масъалаи хеле муњим, ки на њама кас, ба итминони мо, шояд 99,9 дарсади Тољикистон ба даркаш намерасад, љалб кард. Аммо ин дафъа мутмаинем, ки "Фабрикаи љавоб" њадди аќал дастгирї накунад њам, хомўш хоњад монд, зеро Тўраљонзода як масъалаи доѓи мазњабиро ба миён гузошт ва бо истифода аз саводу обрўяш ба њимоят аз заминањои мазњабї ва шохањои тасаввуфи тољикон садо баланд кард. Тири салафињо, ё гурўње, ки аз онњо истифода мекунад ва шояд душманони дигари тасаввуф ва суфиёни Тољикистон хок хўрд...

Њ

Њимоят аз раќибон Эшони Абдухалилљон, Эшони Абдулвољиди Ќалъаинавї ва Домулло Њикматуллоњи Тољикободї аз чењрањои маъруфи руњонии Тољикистон њастанд, ки дар муборизањои бародарон Тўраљонзодањо барои дифоъ аз ислом тайи солњои ахир на фаќат њимоят накарданд, балки гоњо бо онњо мухолифат варзиданд ва њадди аќал вокуниш нишон надоданд. Аз љумла агар Эшони Абдухалилљон ва Домулло Њикматуллоњи Тољикободї дар масъалаи манъи рафтани занон ба масљид муќобили Тўраљонзодањо садо баланд карда, тасмими њукуматро дастгирї карданд, дар масъалаи манъи њиљоб, рафтани наврасон ба масљид ва

МАВЗЎИ АСОСЇ

Адвокат Тўраљонзода Чаро Њољї Акбари Тўраљонзода аз Эшони Абдухалилљон, эшони Абдулвољиди Ќалъаинавї ва домулло Њикматуллоњи Тољикободї њимоят кард?

ќонуни бањсноки масъулияти волидайн фаъл набуданд, њарчанд, ки хомўш њам наистоданд. Ин хомўшии нисбии онњо то куљо тасмими мустаќилона ва масъулияти онњо дар назди љомеа ва муридонашон буд, њанўз суолест, ки аз онњо посух мехоњад ва њељ яке њам то ба њол омода нашудааст, ки бо матбуот дар ин бора суњбат кунад. Аммо њоло Њољї Акбар Тўраљонзода ба њимоят аз ањли тариќат ва ин се руњонии маъруф бархост. Эњсос намешавад, ки ў ин корро ба хотири њимоят аз раќибонаш кард, балки тахмин меравад, ки Тўраљонзода хатари бузургеро ба мактабњои аќидатии Тољикистон эњсос кардааст. Мо

њам њис мекунем, ки кадом як гурўњи наздик ба салафињо, ё худи ин тоифа, ки аз хориљ, бахусус доирањои зиддиисломии љањон пуштибонї мебинанд, ё шояд хадамоти махсуси кадом як кишвар њамлаи хатарнокеро алайњи эътиќоди мардуми Тољикистон омода кардаанд ва худ нахоста руњонии зиракеро назири Њољї Акбари Тўраљонзода такон доданд.

Тариќати тољикї Сухан аз њамала ба тасаввуф меравад, тариќате, ки ба миллати тољикон шахсиятњои бузургтарини таърихаш - Имоми Аъзам, Ибни Сино, Румї, Хайём, Ѓаззолї, Бањоуддини Наќшбанд, Саъдї, Њофиз, Камол, Љомї, Бедил, Мавлоно Яъќуби Чархї ва њазорњо мутафаккири нотакрорро тўњфа кард. Бар пояи ин мактаби бузург ахлоќи њамидаи тољикї ба вуљуд омад. Кам касе аз мо ваќте ба бархе кишварњои исломї рафта, меояд, ин бардоштро њам дорад, ки мусулмонї дар Тољикистон будаасту... Њамгунии ахлоќи њамсояњои тољикон ўзбекњо, ќирѓизњо, ќазоќњо, туркманњо, тоторњо, уйѓурњо, паштунњо ва дигар ќавмњои хурду реза мањз ба шарофати ин мактаби тасаввуфи исломї, ки тољикон дар рушду намуи он наќши калидї доштаанд, ба вуљуд омадааст. Дар илму ахлоќи исломї устоди њамаи ин миллатњо тољикон буданд. Хоља Ањрори Валї аз Ќазоќистони имрўза то Покистон як империяи воќеие дошт, ки мардуми ин пањно ва давлатњои гуногунро дар хизмати мадрасањои исломї ва мардуми ѓарибу бенаво гузошта буд. Њарфаш барои њокимони темурї ќонун буд. Бо шарофати ў 30 сол дар ин сарзамин љанг нашуд. Тариќати наќшбандї низ садсолањо ба ин сў аз Чеченистону Тотористон то Њиндустон доман пањн кардааст. Њељ аљаб надорад, ки дар Њиндустону Покистон бо насабњои "Наќшбанд" вомехўред. Ин њам империяи маънавии Бањоуддини Наќшбанд буд. Ин империяњои тољикиро касе суќут дода натавонист, њатто атеистони коммунисти Шўравї њам барои шикасти ин мактаб камтар аз дигарон талош накардаанд ва салафиву тањририњои ѓарббунёд низ муваффаќ нахоњанд шуд.

Зиддиятњои дохилї Дар таърихи ислом руњониёне буданд, ки чун ин мактабро дарк намекарданд, бо ањли тасаввуф зиддиятнишон медоданд. Имоми Аъзамро зањр доданд, Мансури Њаллољро ба дор кашиданд, Боязиди Бастомиро куштанд... Ба ќавли њолдонњо дар дунёи имрўз на фаќат салафињои саудибунёд, њатто дар доирањои болоии Эрони шиа њам назари нек ба сўфињо ва ањли тариќатро надоранд. Ин кишварњо шариатро бо роњи тањдид амалї кардан мехоњанд, вале ањли тасаввуф бар онанд, ки тарѓиб инсонњо ва љомеаро бештар ва тезтар ислоњ хоњад кард, ба њамин хотир ислоњшавии љомеаро

дар ислоњшавии афроди он мепиндоранд ва тарбияи афрод бештар талош мекунанд, то худ огоњона ислоњ шаванд. Шояд бархе норизоиятињо дар низоми имрўзаи љумњурии исломї мањз бор кардани иродаи бархе ашхоси сари ќудрат болои мардум бошад. Иддае њам бар ин ишорат мекунанд, ки ба љанги дохилии Тољикистон ноогоњона љалб шудани парвардањои макотиби ќодирия ва наќшбандия низ њамин иштибоњи сахтро дошт ва натиљањояш ба мо маълум аст. "Нигоњ" дар бораи сањми сўфиён ва тасаввуф дар густариши фарњанги тољикї - форсї, таърихи макотиби тасаввуф дар Тољикистон бо њамин иктифо мекунад, то зудтар сари маќсад ояд ва бовар дорад, ки хонандаи закї, ањамияти тасаввуф ва пирони тариќатро барои ин миллат то љое агар намедонист, фањмид.

70 вокуниш Њољї Акбари Тўраљонзодаро ду наворе, ки сомонаи Радиои "Озодї" аз њалќањои зикри Тољикистон нашр кард ва хонандагони зиёде бо дањшат ба онњо вокуниш карданд, тањрик додааст. Навори аввалї, ки "Озодї" гуфтааст, номаълум аз куљост, дар пайи тањќиќи "Нигоњ" маълум шуд, ки аз мањфили Эшони Абдулвољиди Ќалъаинавї аст. Навори дуввум аз њалќаи зикри Эшони Абдухалилљон дар Њисор будааст. Аммо вокуниши хонандагони сомона аксаран манфї аст. Масалан, яке менависад, ки "магар ин навор дар Тољикистон аст? Чї бадбахтї бар сари ин љавонони мусулмони беаќида! Инњо мисли љин садо медињанд. Наъузубиллоњ!... Исломе, ки Аллоњ ба мо фармудааст, бознагардед, пас шумо ба њамон яке аз 72 шохаи роњгумкарда њастед...!" Дигаре менависад: "Дурдом! (Девонахона!) Боз дигаре мегўяд: "Не говори! 100 кило тавба. Я просто в шоке, мардум! Инњо њама соќ нестанд" Ва ба њамин ќабил назарњо. Аксаран манфї ва душманона. Њољї Акбари Тўраљонзода дар сомонаи "Озодї" сабаби вокунишашро ба ин наворњо то љое шарњ дода, аммо муфассал барои TojNews гуфт, ки ў ба 70 хонандаи "Озодї", ки "тасаввуфро инкору масхара кардаанд, посух гуфтааст ва њама масљидравии љавонон ва дар њалќањои зикр иштирок кардани онњо изњори ташвиш намуда, ин амалњоро хатар барои ояндаи кишвар ва Ватан медонанд". Он чї Тўраљонзодаро ба вокуниш маљбур кардааст, ин будааст, ки "ягон нафар аз тасаввуф пуштибонї накардаанд ва асли онро инкор мекунанд, њол он ки асли шаръї дорад.

"Салафињо ва атеистњо!" Мавсуф дар вокунишаш ба хонандагони Озодї менависад, ки онњо ин матлабро "бо диќќат мутолиа кардам ва њамчунин њар ду наворро дида, ба хулосае омадам, ки ягон нафар донандаи улуми Ис-


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

НИГАРОНЇ

3

Муњаќќиќ бадбинии салафия бар тариќаи сўфияро дар он арзёбї мекунад, ки "осори исломї ва аќидаи тавњидии суфия, ки аз Ќуръони карим ва суннати Паёмбар (с) таркиб ёфта, монеъи густариши аќидаи пурзалолати террористии салафия аст": - Пешвоён ва бунёдгузорони љараёни салафия барои бартараф намудани таълимоти тавњидии сўфия ва осори исломии онон бо тамоми нерў ва роњу усулњои пешќадам талош доранд, ки сўфия ва осори исломии орифонро куфру ширк муаррифї намоянд, балки салафия ќадам фарохтар гузошта, бузургтарин пешвоёни суфияро кофиру мушрик эълон намудааанд. Осори ирфонї ва тариќаи сўфия монеаи љиддї ва асосї барои густариши андешаи такфирї, интињорї ва тахрибкории љараёнњои моњиятан террористї, аз љумла, љараёни салафия мебошад.

Се навори љанљолї: аз куљо?

ломї, хусусан, ањли сунна вал љамоат, ба сайти Озодї дохил намешаванд. Ман низ аз љумлаи онњое њастам, ки ба сайти Озодї дохил намешавам. Дар ин љо фаќат салафињою атеистњо љавлон кардаанд." Сипас руњонї ва сиёсатмадори маъруф ба равияи сўфињо руљўъ карда, менависад, ки онњо "дар шимоли Африќо, Халиљи Форс, Њиљоз, Ќафќоз, Осиёи Миёна, Афѓонистону Эрон ва Покистону Бангладеш вуљуди густарда доштанд. Мардумро ба роњи рост ва покии нафс њидоят мекарданд. Фазкуруллоња зикран касиро (Худованди Бузургро нињоят зиёд зикр намоед, беадад). Бо панљ ваќт намозро хонда љимакак гаштан, кор буд намешавад. Худои Бузург аз бандањояш ихлос, муњаббат, садоќат... мехоњад. Хулоса, аз асри 9-10 сар карда тасаввуф пањн шуд. Њазрати Мавлонои Рум дар њалќаи зикрашон раќсу садои мусиќї, хусусан найро иљоза дода буданд. Њазрати Абдуррањмони Љомї, Ањмади Љомї, Шайх Бањоуддини Наќшбандї, њазрати Саид Ќаландаршо бо тахаллуси Љунунї, њазрати Мавлоно ва њазрати Амирљон њама пирони тариќат буданд. 25-30 сол пештар њазрати Эшони Тўраљон, њазрати Эшони Абдуррањмонљон ва Эшони Шайх дар Њисор аз пирони тариќат буданд ва њалќањои зикр доштанд". Њалкаи дуввум њалкаи зикри Эшони Халилљон мебошад. Њељ мухолифате ба Ислом ва фиќњи Исломї надорад. Илова ба ин эшон, эшони Абдулвољид дар Ќалъаи Нави Файзобод, Домулло Њикматулло дар ноњияи Тољикобод низ њалќањои зикр доранд, вале бо равияи Наќшбандия. Эшони Халил дар равияи Ќодирия мебошанд. Њарду равия њаќ њаст ва касе ба љуз аз салафињо инро инкор намекунад. Сањобањое аз ањли суфа дар масљиди Пайѓамбари Худо (с) њамеша њалќаи зикр доштанд. Касоне, ки моро ба асри 21 тазаккур медињед ва ин корњоро як амали зишт мењисобед, паёми ман ин аст: дар Тољикистон 4000 масљид њаст ва аз ин 400-тояш љомеъ. Агар њар масљиди љомеъ њазор намозгузор дошта бошад, љамъ 400 њазор намозхон дорем. 3600 масљиди панљваќта 50 -100 намозхон дорад, ки 90 фоизашон рўзњои љумъа ба масљидњои љумъа мераванд. Мемонад 10 фоизаш яъне 10 х 3600 = 36 њазор. Љамъи њамаи намозхонњои Тољикистон 436 њазор нафар мебошад, яъне камтар аз панљ фоизи ањолии Тољикистон. Дар њалќањои зикр бошад, шояд њамагї њазор нафар иштирок мекунад ё не?, Худо медонад. Аз ин рў шумо, љанобони атеист изњори ташвиш накунед. Њафтуним миллион мардум дар роњи ихтиёри шумо њастанд, аз њамонњо косманавту олим, духтуру муњандис, раќќосу хонанда тайёр карда, мамлакатро ривољ дињед. Чаро ривољ намедињед? Кї халал мерасонад? Кї пеши роњатонро гирифтааст? Аввал ба мењнату азоб хонда, диплом гирифтањоро бо кор таъмин кунед, то ди-

гар љавонњо шерак шаванд. Донишљўйњои имрўзаро 80 фоизаш барои аз хидмати аскарї халос шудан ва ё бо фишори падаронашон мехонанд. Зеро медонанд, ки баъди тамом кардан боз Русия мардикорї... Хулоса, камбудии худатонро ёбед ва ислоњ кунед, кишвар тараќќї мекунад". Дар идома Тураљонзода бо киноя менависад: "Шайхњое, ки номашон зикр шуд, аз онњо натарсед, зеро њар сеяшон дуoгўйњои "Љаноб" њастанд ва њамеша дар њаќќаш дуои хайр мекунанд ва "ифтихори" њамнишинї њам доранд" ва мегўяд: "Касе пурсид, ки чаро Эшони Нуриддин ва Њољї Акбарро зикр накардї? Ба хидмататон мерасонем, ки мо њалќањои амри маъруф ва нањйи мункар дорем, вале даъвои пири тариќатї надорем. Агарчи њазрати Ќиблагоњамон ба Эшони Нуриддин, бардарамон, фотиња додаанд. Радиои Озодї, комменти хеле дароз шуд, агар одамгарї дошта бошед, зањмати бандаро ба назар гирифта, ба њайси як маќолаи алоњида нашр намоед. Вассалому ало маниттабаъал Худо. Зинда бошед!".

Шарњи муњаќќиќ Атеистњо, ки дар замони шўравї на фаќат тасаввуф, балки дар умум тамоми динњоро инкор мекунанд, маълум аст, чаро ањли тасаввуфро ќабул надоранд. Аммо салафињо чаро? Абдуллоњ Муњаќќиќи Њанафї, корманди пешини Маркази исломшиносии Тољикистон, яке аз мухолифини сарсахти салафињо мегўяд, тасаввуф ё сўфињо парвардаи мактаби исломї буда, муќаллид аз кирдору рафтор ва афкору андешаи Муњаммад (с) ва сањобагон (рт) буда, ягон иртибот ва пайвастагї ба рањбонияти масењї надоранд. Балки сўфия марњилаи

Дар Тољикистон 4000 масљид њаст ва аз ин 400-тояш љомеъ. Агар њар масљиди љомеъ њазор намозгузор дошта бошад, љамъ 400 њазор намозхон дорем. 3600 масљиди панљваќта 50 100 намозхон дорад, ки 90 фоизашон рўзњои љумъа ба масљидњои љумъа мераванд. Мемонад 10 фоизаш яъне 10 х 3600 = 36 њазор. Љамъи њамаи намозхонњои Тољикистон 436 њазор нафар мебошад, яъне камтар аз панљ фоизи ањолии Тољикистон. Дар њалќањои зикр бошад, шояд њамагї њазор нафар иштирок мекунад ё не?, Худо медонад.

олї, баландї ва бандагї ва шинохти Худованди Мутаъол аст. Шайх Аттор (р) мефармояд: Мо сўфии сўфаи Худоем, Берун зи худему аз Худоем!

То ин ки ду наворе, ки мўљиби бањсњо сари тариќати суфия дар Тољикистон шаванд, дар гузашта як навор да бораи ањли тасаввуф будани Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24" низ нашр шуда буд. Мо гуфта наметавонем, ки ин наворњо бо њам як њалќаи занљиранд, зеро њар яке дар давру замони гуногун ба миён омадаанд, аммо њамагї як њадафи умумии дастандаркоронро бармало мекунад: СИЁЊ КАРДАНИ ТАСАВВУФ. Њамчунин намешавад гуфт, ки ду навори ахир ба ќазияи Умаралї Ќувватов рабт дошта бошанд. Ё шояд ягон барномае, ба монанди "антинањзат" зидди эшонњои суннатї ва домуллоњои варзида пиёда мешавад, ё шояд тарс додани онњо аст ва шояд бар асоси ин наворњо кадом як парвандањои љиноятї њам омода мешаванд, то эшонњоро дар њолати мабодо идора карда тавонанд.

Бањамойии рўњониён? Њољї Акбар Тураљонзода аз Эшони Абдухалилљон ва домулло Њикматуллоњи Тољикободї пуштибонї кард, њарчанд ба онњо ин кинояро низ зад, ки "дуoгўйњои "Љаноб" њастанд ва њамеша дар њаќќаш дуои хайр мекунанд ва "ифтихори" њамнишинї њам доранд". Аммо дар асл мавќеи ў бо раќибонаш дар ин маврид наздик шуд. Муносибати оилаи Тўраљонзодањо бо эшонњои мазкур, хеле мулоим гўем, на он ќадар гарм буд. Тайи се моњи ахир Тўраљонзодањо дар масъалањои афзоиши тарѓиботи динњои ѓайриисломию гаравидани мусалмонони Тољикистон ба динњои ѓайр ва никоњи муваќќати мутъа бо Саидмукаррам Абдулќодирзода, раиси Маркази исломии Тољикистон-сохтори динии зери нуфуси њукумат низ њаммавќеї нишон доданд. Хуллас, уламои исломии Тољикистон дар њар мавриди зарурї ба њам меоянд. Аммо дар њамалоти иттилоотї алайњи њалќањои зикр - доирањои тасаввуфи Тољикистон Шўрои уламо то ба њол хомўш аст. Барои муфтї Саидмукаррам Абдулќодирзода, ки раќибаш Тўраљонзода ўро ба пайравї аз салафия муттањам мекард, фурсати муносиби маълум кардани воќеияти ин даъво фаро расид... Амруллоњи НИЗОМ

ТАСАВВУФ ЧИСТ? "Тасаввуф", вожае арабї ва ба маънои "сўфї шудан" ва ё "сўфї будан" аст. Ва аммо дар робита бо маънои "сўфї", ки чист, чанд дидгоњ вуљуд дорад, ки дар зайл ба порае аз онњо ишора мекунем: 1) "Сўфї" аз вожаи "сифат" ба маънои "ороста шудан ба сифатњои нек ва тарк кардани сифатњои нописанд" аст. 2) "Сўфї" аз вожаи "сафо" ба маънои "покї" аст; 3) Ин калима аз вожаи "Суффа" баргирифта шуда. Шайх Абдулќодир Исо(соњиби китоби "Њаќоиќ анит - тасаввуф") дар ин бора мегўяд: "Сўфї, тобеъ ва пайрави "Ањли Суффа" мебошад. Ањли Суффа, пештозони нахустин аз мардони тасаввуф аз љумлаи сањоба (гони њазрати Паёмбар (с) - "Нигоњ") мебошанд. Зиндагонии њамроњ бо ибодату парастиши холисонаи онон, намунаи аълое буд, ки мардони тасаввуф дар асрњои баъдї онро барои худ улгу ќарор доданд". 4) "Сўфї" аз вожаи "сафва" ба маънои "баргузида" аст. 5) Бархе аз бузургон њам аз он љињат сўфї гуфтаанд, ки либоси пашминаи хашин бар тан мекунад. Суњравардї (соњиби китоби "Авориф ал-маориф") дар ин хусус мегўяд: "Иштиќоќи тасаввуф аз "суф" (ба маънои пашм), аз њар иштиќоќи дигар муносибтар аст, чун ки мегўянд: "тасаввафа", яъне

пашмина пўшид, њамчунон ки мегўянд: "таќаммаса", яъне љома бар тан кард. Пас сўфиёнро ба либоси зоњирашон мансуб кардаанд, ки аз њар нисбате рўшантар аст".. "Мурод аз тасаввуф тазкияи нафс, поксозии калбњо, ислоњи ахлоќ ва вусул(расидан) ба мартабаи Эњсон аст. Тасаввуф љуз ин нест. Њол, агар касе хост, метавонад унвони онро чизи дигаре гузорад, мисли он ки баъзе номи онро "љанбаи руњии Ислом", ё "љанбаи эњсон дар Ислом" ва ё "љанбаи ахлоќ дар Ислом" ва аз ин ќабил унвонњо гузоштаанд. Лекин дар урфи исломї унвони он "тасаввуф" шинохта шудааст" Эшон ањкоми ибодиро "шариат" ном нињода, маќсуди њаќиќї, ки худи Худост, "њаќиќат" унвон кардаанд, ва он гоњ, роњи расидан ба "њаќиќат"-ро "тариќат" ќаламдод намудаанд. Ба сухани дигар, сўфиён мўътаќиданд, ки "шариат" зоњирест, ки ботине дорад ва ботини шариат роњ аст, ки "тариќат"-аш мехонанд ва поёни ин роњ "њаќиќат" аст, ки пас аз фанои ориф ва сўфї аз худ, њосил меёбад. Ин аст, ки ориф ва сўфї, ба се чиз мўътаќид аст: шариат, тариќат, њаќиќат. Ў мўътаќид аст, ки шариат василае аст барои тариќат, ва тариќат василаест барои њаќиќат".


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

4

ЊАМВАТАН

Фишанги маъмурии Ѓайбулло Афзалов Раиси Њизби аграрї бо бањонаи мулоќот бо интихобкунандагон ба Хатлон рафт, аммо њадафаш тарѓиби номзади њизб аст

дар хотироти љавонии ман бо як чењраи шоирона, андак андешаманд, андак хаёломез, андак таваљљўњманду мушоњидагар, бо ќадду ќомати зебо ва мўњои љингила, ки дар овони донишљўї дошт, тулўъ мекунад. Ў њамеша дар бораи шеъру шоирон сухан мегуфт, ба онњо бањогузорї мекард ва дар љустуљўи шеърњое буд, ки аз онњо дилаш об хўрад. Он замоне буд, ки шеър зиндагиро равшан мекард ва маълум буд, ки Султон барои шеър зиндагї мекунад ва њадафи волои зиндагияш шоирї буд. Мехост есенинвор шеър гўяд, Сергей Есенинро мепарастид. Мегуфт: ман Есенини Бадахшонам. Намегуфт, Есенини Тољикистон, балки

Ў

ЕСЕНИНИ БАДАХШОН Султон Шоњзода - шоири навгарои тољик 70 - сола шуд

мир Ќароќулов, раиси Њизби аграрї ва њамзамон вакили парлумони Тољикистон мегўяд, бо иљозати Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагон ба Восеъ ва Балљувон як њафта ба сафари хидматї рафтааст, то бо аъзои њизбаш вохўрї доир кунад. Раиси ЊАТ 16 апрел дар суњбат бо "Нигоњ" гуфт, њоло дар роњ ба сўи ноњияи Восеъ аст ва он љо бо корњои њизбї машѓул хоњад шуд. Истифодаи мошини давлатиро барои корњои њизбї Ќароќулов дуруст хонд ва гуфт, ин њаќќи вакилиаш аст. Амир Ќароќулов, аъзои Кумитаи масъалањои иљтимої, оила ва њифзи саломатии Маљлиси намояндагон аст. Аммо манобеъи мо дар Восеъ мегўянд, раис ва вакили ЊА дар парлумон њоло бо номзади њизби худ ба вохўрињо рафта, иштирок мекунад. - Бале ман бо номзадамон дар вохўрињо иштирок мекунам, интихобкунандањоро мегўем, ки сол то сол камбудињо њал мешаванд. Мушкилот сол то сол кам шуда истодаанд, - гуфт пешвои аграрињо ба "Нигоњ".

вакилї њаст ё нест? Давлаталї Давлатов, раиси Комиссияи одоби вакилон ба "Нигоњ" гуфт, тибќи Дастурамали корї вакилон танњо дар асоси ќарори Шўрои Маљлиси намояндагон он њам дастљамъона ба вохўрї мераванд ва вакилони њизбї њам њуќуќ надоранд, ки дар рўзњои кории парлумон ба назди аъзои њизб ба вохўрї раванд: - Сафари хидматї дар асоси барномањои парлумон сурат мегирад. Амир Ќароќулов, ки вакил аз њавзаи интихоботї аст, замони вохўрињо њуќуќ дорад кадом минтаќаеро, ки хоњад барои вохўрї интихоб кунад. Аммо њоло вакилон дар кор њастанд.

А

Мулоќоти тасодуфї Рўзи 15 апрел њангоми бозгашти номзадњои њавзаи интихоботии Восеъ дар роњ ногањон Амир Ќароќулов бо Зайниддин Сафаров, номзади Њизби аграрї дар ин њавза, раиси ноњияи Балљувон ва ду -се корманд и масъули њавзаи интихоботии Восеъ ва њукумат аз номзадњои дигар људо мешаванд. Бино ба иттилое, ки ба дасти мо расид, дар роњ Ќароќулов бо шогирдаш Ѓайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон вомехўрад ва чанд соат њамсуњбат мешаванд. Дар њукумати вилояти Хатлон аз посух ба ин суол, ки Афзалов дар Восеъ чї кор мекард, худдорї карданд. Рўзи 16 апрел Рустам Њисориев, навбатдори ќабулгоњи раиси вилояти Хатлон ба "Нигоњ" гуфт, раиси вилоят дар утоќи кориаш њузур дорад ва Шумо њуќуќ надоред, ки бо раис суњбат дошта бошед. Амир Ќароќулов тасдиќ кард, ки дар роњи Балљувон "тасодуфан" Ѓайбулло Афзаловро дидааст ва чанд соат суњбат њам доштанд...

Дастурамали вакилї Дар асоси Дастурамали Маљлиси намояндагон вакил дар як сол ду бор бояд ба мулоќоти интихобкунандањо раванд. Аввал, моњи сентябр, яъне тирамоњ ва дуввум, баъди Паёми солонаи президент ба Маљлиси Олї, охирњои апрели њар сол. Ин ду навбати мулоќотњо њам њадафњои мушаххаси худро дорад: ба мардум ё интихобкунанда натиљањои фаъолияти вакилонро расонидан ва арзи онњоро шунидан. Њангоми вохўрии дувум вакилон Паёми президентро ба мардум мерасонанд. Аммо дар рўзњои корї машѓул шудани вакили Маљлиси намояндагон бо корњои њизбї хилофи Дастурамал ва Одобномаи

Њарамгули ЌОДИР

мегуфт: Есенини Бадахшон. Ў љойи худро медонист ва талоши зиёдї намекард. Аммо воќеан Есенини Бадахшон буд. Мисли Есенин табиатро эњсос мекард, бо табиат њамтабиат буд. Мисли Есенин дар шеъри ў ишќ, љавонї ва зеботарин эњсосоти њаёти шоирона дар тоблуи табиат ба љилва меомаданд: Аз дами гарми офтоби бањор, Пурнаво ќалби масти дарё шуд, Гул баровард љангалу имрўз Дастаи гул ба дасти дарё шуд. Ин шурўи суњбати шоири маъруфи тољик Камол Насрулло дар бораи дўсту њамкурсаш Султон Шоњзода буд, ки агар умр вафо мекард, њоло 70 - сола мешуд. Камол Насрулло эњсоси замонеро баён мекард, ки шеъру шоир ќадр доштанд, солњои 80 - ум шоирони љавон ќолабњои гузаштаву коммунистии шеъри тољикиро шикаста, ба навгароињо мепардохтанд ва њар яке мекўшид њарфи нав, тасвири нав ва хориљ аз ќолабњоро рўи коѓаз орад. Мањфиле, ки ба муносибати 80 умин солгарди Султон Шоњзода дар толори Иттифоќи нависандагони Тољикистон баргузор шуд, гули сари сабади адабиёти имрўзи тољик Мўъмин Ќаноат, Гулрухсор, Абдулњамид Самад, Мењмон Бахтї, Камол Насрулло, Саидалї Маъмур ва дигаронро љамъ оварда буд. Шоири маъруф Саидалї Маъмур, низ дўст ва шарикдарси Султон Шоњзода ба хотир меорад, ки дар давру замони худ ў аз навгўён ва муаллифи тасвирњои бењамто буд. Масалан, модари дилшикастаеро дар сари санг тасвир карда, дар он муљассамаи ѓамангези модари нокомро мегузорад: Ѓами ў дар дили ў кўњ шуда, Тарс дар дидаи ў ях баста. Дар тасвири дўстон Султон Шоњзода як инсоне пур аз эњсосњои шоиронаву зебо аст. Ў аз насле намояндагї мекард, ки дар замони эњтирому арљгузории шеъру шоирї ба сар мебурд. Ошиќона гуфтану навиштан мароми шоир ва ошиќона шунидану хондан кори љамъияти он замон буд. Султон Шоњзода муаллифи маљмўањои Чашмаи Носир, Ману борон, Ошёни уќоб, Сояи кўњ, Паррандањои кабуд ва Афсонаи бањор аст. Танњо исми ин

«

маљмўањо, ки дар замони рукуди Шўравї нашр шуданд, кофист, ки ба воќеияти навгароињои ў итминон пайдо кунем. Аммо зиндагии Есенини Бадахшон пас аз истиќлол, бахусус, марги фољиавии бародараш, низ шоири навгаро Амонбек Шоњзода ранги дигар гирифт. Шоири маъруфи тољик Гулназар ба ёд меорад, ки Султон Шоњзода аз мунаќќидони шеърњои бародари љавонаш буд, ўро сахт танќид мекард, аммо ваќте Амонбек соли 1993 дар пайи суќути тайёраи хатсайри Хоруѓ - Душанбе фавтид, ў ба азо нишаст. Дигар Султон он Султони ошиќу зебогўву зебопараст набуд ба хотир меорад Гулназар. Ба ќавли дўстони марњум, зарбаи дигаре, ки ба ў расид, аз силоњбадастон буд. Онњо боре ўро сахт озурданд ва Султон роњи дењаи Поршневи Шуѓнони Бадахшонро пеш гирифт. Он љо ў соли 1943 ба дунё омада буд ва дар яке аз шеърњояш мегўяд: Як нафар, як рўз гуфтам рў ба рў: "Дар Бадахшони ту ѓайр аз санг чист? Гарчи дорад одамони сарбаланд, Лек он љо пахтаву ангур нест…" Њар чї гуфтї боз гўю… лек ман, Кўњосо худнамої мекунам. Дур афтам аз Бадахшонам агар, Сангњояшро гадої мекунам. 27 апрели соли 1995 дар синни 52 - солагї рўзгори ин шоири миллат мањз дар оѓўши сангњои Бадахшон сар омад... Дар ин гўшаи Тољикистон расме доранд, ки сари ќабри нав пиёла мешикананд. Султон Шоњзода њам гуфта буд: Пас бимонед мурѓњои диёр Риштаи мењри худ зи ман набуранд, Баъди боронњо сари гўрам, Мурѓњо аз пиёла об хўранд. Зимнан, дар рўзи таљлили љашни 70 солагии шоир пушти тирезањои Иттифоќи нависандагон борон меборид. Тасодуф буд, ё њисси пешбинии шоирона, Худо медонад. Аммо эњсос мешуд, ки руњи ў бо дўстону наздиконаш дар он толор њузур дошт...

Мехост есенинвор шеър гўяд, Сергей Есенинро мепарастид. Мегуфт: ман Есенини Бадахшонам. Намегуфт, Есенини Тољикистон, балки мегуфт: Есенини Бадахшон. Ў љойи худро медонист ва талоши зиёдї намекард.

САДОИ МАРДУМ

ЊИЗБИ «ТОЉИКИСТОНИ НАВ» ТАРЊИ ЊУКУМАТ АСТ

40%

5% 0%

1

2

7%

3

Зидди њизбсозиам

10%

16%

Хуб. Њуќуќ доранд

15%

Хуб. Бењтарин кор

20%

Бад. Тарњи њукумат аст

24%

25%

Бад. Њар кас кори худашро кунад

30%

4

5%

5

Барои ман фарќ надорад

34%

35%

14%

6

Назарсанљии виртуалии ахир, ки Тољнюс зери унвони «Муносибати шумо ба њизби "Тољикистони нав" ва Зайд Саидов чї гуна аст?, гузаронд, маълум кард, ки аксари иштирокчиён ин њизбро тарњи њукуматї медонанд. 206 нафар - 34 дарсади ширкаткунандагон варианти «Бад. Њар кас кори худашро кунад»-ро интихоб кардаанд. 24 дарсад (144 нафар) аз иштирокчиён ба гузинаи «Хуб. Њуќуќ доранд» раъй додаанд ва њамчунин 16 дарсад (96 нафар)и дигар варианти «Хуб. Бењтарин кор»-ро интихоб кардаанд. Ин дар њолест, ки 14% (81 нафар)

ба варианти «Барои ман фарќ надорад», овоз додаанд ва 7 (32 нафар) дарсади дигар гузинаи "Зидди њизбсозиам" - ро интихоб кардаанд. Дар ин назарсанљии ахир, ки TojNews аз 10 то 16-уми моњи равон бо фармоиши њафтаномаи Нигоњ гузаронид, 600 нафар респондентон иштирок доштанд.


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

ПАРТИЯ

5

МАЪЛУМОТНОМА:

Академик Темур Зулфиќоров Чї кор бояд кард, ки адиби тољик аз даст наравад? Адиби русзабони тољик Тимур Зулфиќоров бояд ба адабиёти тољик ворид ва ба ў унвони академики Академияи улуми Тољикистон дода шавад. Вазорати маориф истиќбол намуд. Ањли илму адаб интизори љавоби Мамадшо Илолов, президенти АУ њастанд.

Нома ба Эмомалї Рањмон Хуршед Ниёзї, академик ва оњангсози тољик ба Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон нома навишта, хостааст, ки дар китобњои дарсии Адабиёти тољик барои мактабњои тањсилоти њамагонї (синфњои 5 - 11), ки солњои 2008 - 2011 аз чоп баромадаанд, танњо дар китоби таълимии Адабиёти тољик барои синфи 8 ба љуз ду сатрак дар бораи намояндаи комилњуќуќи адабиёти миллї будани шоири шинохта Темур Зулфиќоров дигар гапе нест. Академик ба президент пешнињод кардааст, ки ба нашри ояндаи китоби Адабиёти тољик барои синфи нињої (11) оид ба фаъолият ва эљодиёти Темур Зулфиќоров чанд сањифа ворид карда шавад. Хуршед Ниёзї њамчунин хостааст, ки тањќиќ ва омўзиши амиќи эљодиёти бадеї ва публитсистии Темур Зулфиќоров аз нигоњи илм ба роњ монда шавад.

Акбар Турсон асоснок мекунад Акбари Турсон, директори Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии Академияи улуми Тољикистон мегўяд, Темур Зулфиќоров дарвоќеъ аз адибони тавонои русзабони тољик аст. Вай гуфт, њарчанд Темур китобњояшро ба забони русї таълиф кунад њам, аммо тафаккураш сирф тољикї ва ё миллї мебошад, аз ин хотир, бояд тањќиќ ва ба дарси адабиёти мактабњои миёна ворид шавад, зео ў классики зиндаи адабиёти мо аст.

«

Аммо Акбари Турсон дар бораи додани унвони академик ба Темур Зулфиќоров гуфт: - Ин унвони сирф илмист ва додани онро тибќи оинномаи Академияи илмњои Раёсати Академияи улуми Тољикистон њал мекунанд. Ман муътаќидам, ки имрўз барои пажўњиши илмии эљодиёти Темур Зулфиќоров заминањо омода шудааст ва минбаъд њангоми тањќиќи таърихи адабиёти муосири тољик ва робитањои адабї ба барномаи тадќиќоти Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї ворид карда хоњад шуд. Ў аз он эљодкоронест, ки дар чандин ришта ќаламкашї мекунад ва дар њамаи онњо асосан муваффаќ мешавад. Зулфиќоров ба сифати шоир, нависанда ва намоишноманависи соњибистеъдод дар љањон шинохта шудааст.

Вазорати маориф? Розї! 27 - уми феврали соли равон дар толори маљлисгоњи вазорати маорифи Тољикистон љаласаи миллии тањсилот баргузор гардид, ки дар рўзномаи он гузориши академик Хуршед Ниёзї дар бораи ворид кардани омўзиши њаёт ва фаъолияти шоир ва нависанда Темур Зулфиќоров ба барномаи таълимии адабиёти тољик ворид буд. Дар натиља љаласаи Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маориф ќарор баровард, ки дар он пешнињоди Хуршед Ниёзї ба инобат гирифта шуд. Дар ин ќарор омадааст, ки пешнињоди Аълочии фарњанги Тољикистон, узви пайвастаи

- Ин унвони сирф илмист ва додани онро тибќи оинномаи Академияи илмњои Раёсати Академияи улуми Тољикистон њал мекунанд. Ман муътаќидам, ки имрўз барои пажўњиши илмии эљодиёти Темур Зулфиќоров заминањо омода шудааст...

Академияи адабиёт ва њунарњои зебои Русия ба номи Г. Р. Державини шањри Санкт Петербург Хуршед Истампур Ниёзї ... ба инобат гирифта шавад. 2. Ба раиси гурўњи њамоњангсози барнома ва китобњои дарсии адабиёти тољик - Мирзо Солењов супорида шавад, ки дар нашри такрории китобњои дарсии Адабиёти тољик ворид кардани маводро аз њаёт ва эљодиёти Темур Зулфиќоров (дар њаљми панљ сањифа) амалї намояд. 3. Назорати иљрои талаботи ќарори мазкур ба зиммаи муовини аввали вазири маориф, муовини раиси Шўрои миллии тањсилот Фарњод Рањимов гузошта шавад.

Академик Илолов. Норозї! Хуршед Ниёзї гуфт, номаи дигари мурољиати худро 30 марти соли равон ба Мамадшо Илолов, президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон равона кардааст. Аммо президенти АУ ба Нигоњ гуфт, пешнињоди академик Ниёзї воќеї нест: - Мо дар доираи Оиннома кор мекунем. Наметавонем, ки онро сарфи назар кунем ва аз рўи гапи як одам кор кунем. Ќоидаи оиннома ин аст, ки барои гирифтани академикї бояд доктори илм бошї. Ман ба Хуршед Ниёзї гуфтам, ки биё, ба Темур Зулфиќоров унвони академики ифтихорї дињем, аммо ў намефањмад. Академик Ниёзї гуфт, ба Темур Зулфиќоров бояд унвони академики АУ и Тољикистон дода шавад ва талоши мо ба он хотир аст, ки баъд аз чанд сол Русия барои зањматњои вай дар ин кишвар Тему рро њамчун н авис ан даи ру с эълом дорад ва ўро аз халќи тољик, аз адабиёташ мањрум мекунад. Бо њамчунин ќадрдонии ў аз њ амчу нин як паёмад мешавад љилавгирї кард.

Шањло АБДУЛЛОЕВА

Тимур Зулфиќоров 17-уми августи соли 1936 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Падараш - Ќосим Зулфиќоров замоне раиси Кумитаи мардумї(Народный коммитет) - и Бухоро таъин гардида, баъдан ќурбонии репрессияњои сталинї шуд. Модараш - Людмила Успенская, профессор, доктори улуми забоншиносї буд. Темур Зулфиќоров айни замон шањрванди Русия буда, дар шањри Маскав њаёт ва фаъолият дорад. Муаллифи ќариб 25 асари адабї - маљмўаи ашъор, роман, новелла, масал, намоишнома ва киноќисса мебошад. Осори ў ба беш аз 30 забони дунё тарљума шудааст. Асарњои Темур Зулфиќоров, ки дар Тољикистон ба табъ расидаанд: Две легенды о любви. -Душанбе: Ирфон, 1980. Эмиры. Мудрецы. Поэты. - Душанбе: Ирфон,1983. Охота царя Бахрам-Гура Сасанида. Душанбе: Ирфон,1986. Возвращение Ходжи Насреддина. - Душанбе: Маориф,1987. Любовь, мудрость,смерть дервиша. - Душанбе: Адиб,1990. Первая любовь Ходжи Насреддина. - Душанбе: Адиб,1991. Бахше аз асарњои Зулфиќоров ба забони тољикї тарљума шуда, дар матбуот, нашрияњо ба чоп расидаанд ва ба сањна гузошта шудаанд: 1. Ишќи аввали Хоља Насриддин // Садои Шарќ, 1990, №6, ки баъд дар шакли китоби алоњида ба табъ расид. 2. Ишќи аввали Хоља Насриддин. - Душанбе:Ирфон,2007 3. Кабки ќафас (драма), 1987 4. Ишќи аввали Хоља Насриддин (ќисса ва њикояњо, тарљумаи Ю.Юсуфї). - Душанбе: Ирфон, 2007 5. Новеллањо (тарљумаи Ю.Юсуфї) Дар маљ.:Шукуфањои насри муосири Русия, Душанбе, Адиб,2010. 6. Писари афон ва президенти Амрико (тарљумаи Ю. Юсуфї). Дар маљ. Шукуфањои насри муосири Русия, сањ 61-78. 7. Афъї - мори марљон (тарљумаи Нур Табаров). - Душанбе: Адиб,2010


6

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

ШИМОЛ

Љумъабой САНГИНОВ:

"Мансабдори мо гўё дар асри 19 зиндагї дорад" Аз 18 њамагї чор шањру ноњияи вилояти Суѓд сомона доранд. Њол он ки дастур аз президент як соли пеш ироа шуда буд. Рољеъ ба мазмуну мўњтаво ва фаврияти маводи онњо чизе намегўем, зеро "чї гўям, ки нагуфтанам бењтар аст".

Љ

умъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суѓд, дар мулоќоте, ки бо рўзноманигорон дошт, яке аз сабабњои таъсис надодани сомонањоро ба тарси мансабдорон рабт дод: - Њамчун масъули ин самт мегўям, ки кори мо дар самти таъсиси сомонањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо ѓайриќаноатбахш ба роњ монда шудааст. Тамоми фишангњоро истифода бурдем. Гумонам ин аст, ки дар ин љо як омили тарс њам вуљуд дорад. Аз тарафи шахсоне, ки намехоњанд сомонањои ин ё он шањру ноњияњоро таъсис дињанд.

Фармони 622 татбиќ намешавад Рўзноманигорон аз сатњу сифати вокуниши шахсони мансабдор изњори нигаронї карда, мегўянд, вокунишњое, ки аз љониби нафарони масъул дар ин ё он расона чоп мешаванд, ба талабот љавобгў нестанд ва ин корро гўё ба хотири аз "ка-

лон" гап нашунидан мекунанд, на ба хотири ислоњи камбудї, ки ин масъулиятношиносї дар баробари фармони 622 аст. Дар маљмўъ рўзноманигорон бар инанд, ки фарњанги вокуниш чандон дар мо нест. Ин њам дар њолест, ки аз рўи иттилои масъулин, дар семоњаи аввали соли 2013 дар расонањои љумњуриявию мањаллї 103 маводи танќидиву тањлилї нашр шудааст, аммо њатто 50 адади он мавриди вокуниши шахсони мансабдор ќарор нагирифтааст. Муовини авали раиси вилоят низ аз ин масъала изњори ташвиш кард: - Вокуниш накардан ба маќолањои танќидї ин бањогузории теъдодї аст. Сифати худи вокуниш масъалаи дигар аст. Мо медонем, аксарияти Шумо - рўзноманигорон ба манфиатњои пешрафти љамъият эљод мекунед, вале, мутаассифона, то имрўз мо мансабдорон натавонистем, ки фарњанги вокунишро ба ин масъулият созгор карда, як заминаи мўътадили фазоеро ба вуљуд наовардем, ки вокуниш боиси пешрафт шавад. Мо њам эњсос мекунем, ки ин масъала дар фармони 622-и президенти мамлакат

маќсаднок пешбинї шудааст, аммо имрўз татбиќи худро ба пуррагї наёфт.

Журналист - тўб Гирифтани иттилоъ имрўз аз мансабдорони сатњи миёна хеле душвор аст ва онњо бо њар роњу бањона мехоњанд, ки аз сўњбат бо рўзноманигорон канораљўї кунанд. Ин мушкил чанд сол аст, ки пешорўи рўзноманигорон ќарор дорад. Фиристодани рўзноманигор аз ин даргоњ ба он даргоњ, як навъ "футбол" кардани ў мушоњида мешавад. Љумъабой Сангинов гуфт, ки мутаассифона, бархе аз мансабдорони мо дар муносибат бо ВАО дар сатњи мансабдори асри 19 њастанд, њол он ки њоло асри 21 аст: - Ваќте масъулин барои Шумо иттилоъ надоданд, "сирри давлатї" аст, гуфтанд, як бор њамин њолатњоро барои мо равшан кунед. Бисёр хоњиш мекунам, ба раќами телефони ќабулгоњ як занг занед. "Ман мухбири фалон рўзнома, ба њамин њолат дучор шудам" гўед, ёвар ба ман ин гапро мерасонад, мо чора мебинем.

Муовини раиси вилоят, ки як суњбати самимї бо рўзноманигорон дошт, гуфт, як љанги иттилоотї байни абарќудратон дар заминаи манфиатњояшон идома дораду бо њар роњу восита мехоњанд тафаккури мардуми моро таѓйир дињанд. Вай афзуд, сањми ВАО дар пешгирии чунин њамлаи иттилоотиву фарњангї ва ба вуљуд овардани афкори солим назаррас аст, зеро имрўз дар Суѓд 12 телевизион, 10 радио, 48 нашрия ва 6 маљалла фаъолият доранд. Рўзноманигорон низ аз тафриќанаандозї байни ВАО-и давлативу мустаќил суњбат карданд. Бахусус, ба ин ё он чорабинии давлатї ё љашнворањо, ё њангоми додани мукофотњои давлатї рўзноманигорони мустаќил дар њошия мемонанд, њол он ки онњо низ аз миллат намояндагї мекунанд ва барои миллат менависанд. Аммо бархе мансабдорон, гўё замони Амир Олимхон бошад, људоиандозї мекунанд ва ин боиси нигаронист. Афзал БОСОЛИЕВ

®

Первый фестиваль ретро автомобилей состоится в Душанбе Первый фестиваль-выставка коллекционных автомобилей "Авто ретро Душанбе" состоится 21 апреля в рамках празднования Дня столицы. Как сообщили организаторы фестиваля, парад ретро автомобилей начнётся в центре столицы, а конечным пунктом автопробега станет пересечение улиц Карамова и Хофиза Шерози (кольцевая у парка "Боги Пойтахт"), где и пройдёт выставка. "К нам обратилась группа любителей ретро автомобилей с просьбой разрешить провести такой автопробег и выставку. Мэр Махмадсаид Уббайдуллаев поддержал данное мероприятие", сказал Шавкат Саидов, пресс-секретарь мэра столицы. Для обозрения жителей и гостей Душанбе будут выставлены более 70 раритетных автомобилей и мотоциклов 1931 - 1970 годов выпуска, в том числе автомобили следующих марок и моделей: - ГАЗ-М-1 ("Эмка"); - ГАЗ-АА (полу?торка); ГАЗ-ММ (полуторка);

- "ЗИС" 110 Седан и "ЗИС" 110 Б Кабриолет; - "ЗИМ" М 12; - "Чайка" ГАЗ 13 и ГАЗ 14; - "Победа" М 20 Седан, М 20 Кабриолет, М 72, - "Волга" ГАЗ 21, ГАЗ 21 УС, ГАЗ 22, ГАЗ 22 УС, ГАЗ 23, ГАЗ 2401, ГАЗ 2402, ГАЗ 2410, ГАЗ 3101, ГАЗ 3110; - ГАЗ 67 А и ГАЗ 67 Б, - ГАЗ 69 А и ГАЗ 69 Б; - "Жигули" ВАЗ 2101, ВАЗ 21011, ВАЗ 2102, ВАЗ 2103, ВАЗ 2104, ВАЗ 2105, ВАЗ 2106, ВАЗ 2107, - "Москвич" М 400, М 401, М 402, М 403, М 407, М 408, М 410, М 423, М 426, - Запорожец ЗАЗ 965 и ЗАЗ 968 - Mercedes Benz 300 модель 1951 года 300Series; - Mercedes Benz 170 модель 1938 года; - Mercedes Benz 230 W143 модель 1938 года; - Buick Centuria, модель 1937 года;

- Buick Special, модель 1938 года; - Ford model B модель 1932 года; - Ford GPA амфибия 1943 года; - Opel Admiral модель 1937 года; - Opel Kapitаn модель 1938 года; - Opel Olimpic модель 1939 года; - Humber Super Snipe модель 1958 года; - Plymouth Savoy, модель 1956 года; - Plymouth Valiant модель 1972 года; - Nissan President, модель 1970 года, а также мотоциклы различных моделей УРАЛ, ИЖ, ЯВА. Пожалуйста разместите информацию я газете, можно сделать перевод на тадж. язык без изменений только, пожалуйста и с упоминанием спонсора. И какую-нибудь фото ретромашины поставьте красивую. С. Дустов дал добро)) Если Вы владелец или любитель старинных автомобилей, Авто ретро клуб приглашает вас принять участие в автопробеге старинных автомобилей по городу Душанбе (проспекты Рудаки, Айни и улица А.Дониш), а также посетить первый в Таджикистане фестиваль-выставку автомобилей "Авто Ретро Душанбе". Регистрация участников и справки по телефонам: 98 527-94-94, 91 704-93-93, 93 583-00-33, 918 64-01-36. Участие в выставке и вход БЕСПЛАТНО! Среди посетителей выставки будет проводиться розыгрыш призов и подарков. Спонсором Ретро-выставки выступает Оператор сотовой связи в Таджикистане - компания Tcell. "Вечёрка"


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

ДАР МАЙДОН

7

Фаридун РАЊНАВАРД бидуни FоRм@т Ман љонибдори онам, ки журналист бояд воќеиятро нависад, вакили парлумон њар њарфе дар љаласа, дар вохўрї бо мардум ё дар мусоњиба ба журналист мегўяд, дониста ва асоснок бошад.

Арчаи Душанбе соя надорад

ЗЎРИ ДУШАНБЕ - 2 Додгоњи марњалаи аввали Дубай њукм баровард, ки Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24" - ро ба Тољикистон истирдод кунад. Ќувватов ба њамсараш гуфтааст, ки шояд, ин охирин дидори мост. Оё таќдири Ќувватов њал шудааст? Мурофиаи суди истирдодї ба ваќти Дубай соати 10 -и рўзи якшанбе, 14 - уми апрел баргузор шуд. Таќрибан се соат пас вакили дифои Умаралї Ќувватов - Николай Николаев тариќи Твиттер хабар дод, ки суди Дубай дар ѓайби ўву нафари тањти њимояташ њукми истирдодро баровардааст: - Њалномаро мо дар даст надорем, аммо метавон тахмин кард, ки танњо маблањи калон сабаби истирдоди вай шудааст, - навишт Николай Николаев. Сипас ў дар бораи маблаѓе, ки 8 адад 0 дорад суњбат кард ва суди Аморати Муттањидаи Арабро ба даст доштан дар фасод муттањам намуд. Дар суњбат тариќи Фейсбук Николаев ба "Нигоњ" гуфт, ки ин иттилоъ ба ў тариќи манбањои худаш дастрас шудааст. Аммо вакили дифоъ умедвор аст, ки Ќувватов ба Тољикистон осон истирдод намешавад ва тибќи ќонунњои ин кишвар се марњалаи дигар аст, ки бояд гузашта шаванд. Ба ќавли ў, дар марњалаи аввал мешавад аз ќарори истирдоду далелњои парванда ба суди болої шикоят бурд ва дархост кард, ки тањќиќи парванда аз сифр оѓоз шавад, яъне парванда боз ба покуратура бармегардад. Дар Дубай њукми нињоиро вазорати адлия мебарорад ва мањз ин нињод маълум мекунад, ки њукми истирдод дуруст буд ё нодуруст. Њамзамон эњтимоли зудтар истирдод шудани Ќувватов низ вуљуд дорад. Агар марњалаи дуввум - суди таљдиди назар далелу исботи кофї барои рад кардани дархости истирдодро наёбад, то ду њафта ва њадди аксар як моњ пас истирдод сурат мегирад. Љиноятњое, ки алайњи Умаралї Ќувватов Агентии назорати молиявї ва мубориза зидди коррупсияи Тољикистон эълон шудааст, хеле шубњанок менамуданд, аммо ин назар дар Тољикистон ва миёни љонибдорони Ќувватову вакили дифоъаш роиљ аст. Парвандаи ўро Агентї дар асоси шикояти шањрвандони Афѓонистон ва Чин моњи июни соли гузашта боз карда буд. Бино ба ин манбаъ, њатто њолати ду моњ гаравгон гирифтани шањрвандони хориљї дар ин парванда њам љой дорад. Фаттоњ Саидов, роњбари Агентї дар як нишасти матбуотї гуфта буд: "Мошинњое, ки онњо аз хориљ ба дохил бо њисоби 40 тонна маводи сўзишворї меоварданд, бо зўрї мегузарониданд, дар њаљми 7 њазор доллар ворид мекарданд... Њамзамон, 4 шикояти дигар аз номи шањрвандони Тољикистон нисбати Ќувватов ворид шудааст. Бар пояи шикояти Ширкати "Тољирон" њоло мо тафтишот бурда истодаем. Умаралї Ќувватов бо ирсоли як мурољиатнома аз зиндони Дубай пайдошавии ин парвандаи љиноятиро фармоишї ва сиёсї хонда, онро ба мавзеъгирињои шадиди худ дар баробари сиёсатњои њукумати феълии Тољикистон ва интихоботи президентии ноябри соли љорї рабт дод.

«

Умаралї Ќувватов худро молики аслии ширкатњои "Фароз" ва "Тољирон" меномад, ки тибќи иттилои Шабакаи аввали телевизиони Тољикистон, гурўњи ширкатњои "Фароз" ва "Тољирон" воридкунандагони парки бузургтарини мошинњои сўзишворикаш дар Тољикистон буда, беш аз 300 адад мошин дорад. Бахше аз ин мошинњо, аз љумла, барои кашонидани сўзишворї барои неруњои НАТО дар Афѓонистон истифода мешаванд. Гуфта мешавад, манфиатбардори асосии ин ширкатњо домоди президенти Тољикистон Шамсулло Соњибов аст, ки Умаралї Ќувватовро ба аз худ кардани моликияташ бо роњи ?айриќонунї айбдор медонад. Ќарори марњалаи аввали суди Дубай, ба назар мерасад, бо даъвоњои љониби Тољикистон мувофиќ будани онро нишон медињад. Ќумрї Њафизова, њамсари Умаралї Ќувватов, ки барои дидани шавњараш аз Маскав ба Дубай рафта буд, дар як тамос тариќи Скайп ба "Нигоњ" гуфт, ки шавњараш дар мулоќоти ахир бо ў хайрухуш кард ва гуфт, ки шояд дигар якдигарро набинем. Вай гуфт, ки агар шавњарашро ба Душанбе истирдод кунанд, ба гумон аст, ки ў зинда монад. Аммо оё зўри Душанбе ба истирдоди Ќувватов мерасад? Николай Николаев мегўяд, ваќте дар миён 100 миллион доллар аст, дар Аморати Муттањидаи Араб, бахусус шањри пулу тиљорат Дубай њам дар баробари чунин "атои рањмонї" тоќат карда наметавонанд. "Ин як кишвари аврупої ё амрикої нест, ки барои тиљорати ќонун низоми давлатдорї мухолифат кунад. Аз номаш маълум, ки аморат аст, амир дорад, то љое автократист. Вагарна чї тур мефањмед, ки шумо дар суд нестед, адвокати шумо нест, аммо суд њукм мебарорад?" Аммо иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки ин љо њарфи сиёсат низ дар миён њаст ва он даъвоњо дар бораи муносибати њасанаи маќомоти Тољикистон бо амири Дубай њарфи кўчаву бозор нестанд. Њоло нафаре набудааст, ки бо дархости Душанбе аз Дубай истирдод нашуда бошад. Абдурасул Мирзоев, бародари Ѓаффор Мирзоевро Душанбе бидуни мушкил истирдод кард. Валї Ўзбеков, ки барои аз худ кардани 60 миллион доллар маблаѓи сангњои ќиматбањои Душанбе муттањам мешавад, низ аз Дубай ба Душанбе омад, ё оварда шуд. Аммо Ќувватов ба даъвои созмонњои љањонї, аз љумла Афви байнулмилал шахси сиёсї аст ва истирдоди ў хилофи Эъломияи њуќуќи башар аст. Аммо маълум нест, ки паси парда чї аст: раќами иборат аз 8 сифр, муносибатњои сиёсии Аморат ва Тољикистон, ё воќеан, итминон дода тавонистан ба љинояткор будани Ќувватов. Зўри Душанбе ба марњалаи аввал расид, аммо ба марњалањои дигар мерасад ё не, боз суоли рўз боќї мемонад. Фаромарзи ФОЗИЛ

Љиноятњое, ки алайњи Умаралї Ќувватов Агентии назорати молиявї ва мубориза зидди коррупсияи Тољикистон эълон шудааст, хеле шубњанок менамуданд, аммо ин назар дар Тољикистон ва миёни љонибдорони Ќувватову вакили дифоъаш роиљ аст.

агоњ... не, дирўз, даќиќтараш, аллакай имрўз... (Њоло, ки ман ба навиштани ин матлаб шуруъ кардам, соат 00:23 даќиќаи шаб - аллакай 16-уми апрел аст. Шумораи навбатии "Нигоњ" ба дасти хонанда - чоршанбе - 17-уми апрел хоњад расид. Бинобар ин масъулият назди хонанда як андоза нороњат мекунад, ки чї бояд навишт: дирўз, имрўз ё пагоњ?) хуллас, 16-уми апрел, дар назар аст, мурофиаи судии Муњиддин Кабирї, раис ва вакили ЊНИТ дар парлумони Тољикистон бо шањрдорї ва Раёсати њифзи муњити зисти шањри Душанбе баргузор мешавад. Дар бораи ин ќазия ман њарфи гуфтанї надорам. Ба назарам, кори бењудаву бемаънї аст ва љонибњо аллакай аз карда пушаймонанду тавре мегўянд, дигар ин суд надорад. Ќазия њар ќадар зуд ба итмом расад, њамон ќадар бењ - ба њар ду љониб. Ман љонибдори онам, ки журналист бояд воќеиятро нависад, вакили парлумон њар њарфе дар љаласа, дар вохўрї бо мардум ё дар мусоњиба ба журналист мегўяд, дониста ва асоснок бошад. Ман зидди ин њастам, ки њар ќадар раёсат, њукумат ё мансабдори алоњидаи он "њаќ" ва "соњиби сухани њалкунанда" бошад њам, ба озодии баён ва андеша арљ гузорад ва касеро барои он ки фикрашро баён кардааст, ба толори суд кашола накунанд. Ба назари ман, дар мо барои нишон додани ќудрату тавоної њанўз имконияти зиёде њаст ва барои исботи ин ба бањсњои пурсадои судї њољат нест. Барои мисол, њамин масъалаи кабудизоркунї, дарахтњои пойтахт, ки ахиран боиси бањси судии депутат ва њукумати шањр шуда буд, яке аз воситањои нишон додани сайъу талош барои ободии пойтахт, бахусус барои Раёсати њифзи муњити зист аст. Рўзи љумъа гузорам ба кўчаи Ањмади Дониш афтод, роње, ки ба Фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе мебарад. Маро шукуњи шоњбулутњои шукуфта дар ду тарафи роњ моту мањбут карданд. Њамин њоло, шоњбулутњои ду тарафи роњ саршори баргњои тару тоза ва ѓарќи гуланд. Аз тароват ва бўи хуши гулњои ин дарахтони зебову хушќад, ки биноњои ду тарафи роњро аз чашмњо пинњон кардаанд, њаловат бурдам. Дигаронро намедонам, аммо ба ман ин дарахтон хеле писанданд. Ва фикр кардам, агар дар тамоми кўчањои шањр ин навъи дарахтон мешуданд, бењтар мебуд. Ин љо воќеан зебост. Чанд лањзае, ки зери ин дарахтони тару тоза будам, ба худ тасаввур мекардам, чї ќадар онњое, ки аз ин роњ гузашта ба фурудгоњ мераванд, намехоњанд тарки ватан кунанд, бигзор њатто барои чанд рўз бошад. Ва баръакс онњое, ки имрўзњо ба ватан аз муњољират бармегарданд, чї ќадар аз дидани ин манзара хушњолтар, хушбахттар мешаванд. Ман зидди чанорњо дар шањри Душанбе нестам. Баръакс, муќобили буридани њар дарахт, њар гиёњи ин шањрам, агар ин кор ногузир набошад. Шукри Худо, аллергия њам надорам. Аммо агар воќеан чанорњои пир ба Душанбеи љавон халал расонанд, решањои бузурги онњо ба наќшаи генералии шањр, гулгардњои он ба сињатии аксарияти душанбегињои нав хатарзо шуда бошанд ва буридани онњо ногузир, ба назарам, мањз шоњбулут бояд љойи онњоро гирад. Шоњбулут, ба назарам, дар пойтахт аз арча бењтар аст. Ман зидди арча њам нестам. Њатто дар шакли солинавї! Арча њамеша сабз асту хазонаш дар фасли тирамоњ камтар аст. Аммо чї илољ, арчањое, ки дар мо њадди аќал дањ соли ахир мешинонанд, Душанберо сарсабз нишон намедињанд. Шояд аз таъсири дуди мошинњои Душанбе бошад, шояд аз мушкили обёрии нињолњои арча дар тобистон, ба њар њол, ба мушоњидаи ман, дар Душанбе арча сабз намешавад. Арчаи Душанбе, барои мисол, мисли арчаи Варзоб сабзу сербарг нест. Соя надорад. Дар кўњсор арча ранги дигар дорад. Дар пойтахт вай ранги хосе пайдо карда, аз гарду ѓубори рањ пажмурдаву њусни шањрро костааст. Бахусус арчањои ќади роњњои мошингард. Дар њамин њол, дар шањр нињолњои шоњбулут њам шинондаанд. Аммо хеле кам. Ман дар хиёбони Рўдакии пойтахт нињолакњои 2 - 3 солаи шоњбулутро дидам, ки хеле зуд ќаду бар гирифтаанд. Ба назарам, модоме дар шањр шоњбулут хуб нашъунамо мекунад, њам аз нигоњи эстетикї ва аз њам нигоњи иќтисодї шинонидани ин навъи дарахтон нисбат ба арча, ки аз Русия оварда мешавад, манфиатовар аст. То љое медонам, афзоиш ва парвариши шоњбулут дар шароити Тољикистон мушкил нест. Дигар ин ки њар сол дар кўчаву хиёбонњо арчањои хушкидаро ба нињолакњои нав иваз кардан њољат намешавад. Албатта, агар њам њукумат ва њам сокинони шањр пеш аз њама ба нигоњ доштани Душанбеи сарсабз њавасманд бошем. Тамом.

П


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

МАЃЗИ ДАРД

Президент Эмомалї Рањмон дар Брюссел баъди мулоќот бо Мартин Шулс, раиси Парлумони Иттињоди Аврупо дар як нишасти хабарї изњор дошт, ки то кунун барои иштирок дар интихоботи президентї ќарор ќабул накардааст: "Доир ба интихоботи президенти Љумњурии Тољикистон дар соли 2013. Ман њоло ќарор ќабул накардаам дар борае, ки номзадии худро мегузорам ё не. Лекин њамчун президент, президент ин кафили Конститутсия, кафолат медињам, ки интихоботи дар пеш истодаи соли 2013 дар Тољикистон шаффоф ва озоду демократї гузаронида мешавад".

i

Матлаби ин сањфа андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

Оё дарвоќеъ, Эмомалї Рањмон ќарор ќабул накардааст, ки дар интихоботи имсола ба њайси муддаї ва довталаби чавкие, ки инак, беш аз бист сол аст рўяш такя дода ва бо тамоми васила аз он њифзу њимоя кардааст, ширкат варзад? Ин њарфњо дарвоќеъ самимона аст? Ва ё ин ки дар асл ин маконе, ки ин суол барояш матрањ шуд (яъне Аврупо) боис шудааст, ки њамчунин љавоб дињад? Яъне ин як навъ "маневр" аст. Чун даќиќан дар он аудиторияи ѓарбї эълони тасмими ширкат аз сўи як нафаре, ки беш аз ду дањсола мешавад дар сари ќудрат аст, аз сўе ба саволњои зиёд рў ба рў мешавад ва аз сўе њам як навъи беэњтиромї ва камоли тањќири низоми мардумсолорї ба њисоб меояд. Низоме, ки дигар аслу маъно ва моњияти зиндагии он мардум шуда, ба њељ ваљњ иљоза нахоњад дод, ки як нафаре, ки беш аз бист сол дар сари ќудрат аст, боз даъво кунад, ки муддаї ва довталаби њамчунин мансаб ва масъулият хоњад шуд. Дар ин кишварњо мардум ваќте мефањмад, ки як нафар бист сол зиёдтар раиси як давлат аст, бовар намекунад, ки он давлат демократї бошад. Аслан худи шахс ба худ иљоза намедињад, ки бо њузури тўлонии худ дар курсии олии давлат иззати нафси љомеа ва эътибору эњтироми мардумро зери по бигзорад. Њатто агар зери рањбарии ин шахс миллат ва мардум дар ављи рушду ривољ ќарор дошта ва зиндагии муљањњазу муљаллалро ба даст оварда бошад. Ва агар посухи он суол аз тарафи раиси љумњурии Тољикистон љавоби дигар буд дафъатан борони пурсишњо бар сараш фурў мерехт, ки чаро боз шумо? Чаро? Магар нафари дигар нест? Магар ин халќ чї халќест? Аз ин лињоз, бо ин тарзи посух раиси љумњурї њам худро тавре дигар, тавре, ки барои он љаласа лозим аст, љилва дод ва њам аз њамлањои лафзии баъдї, албатта, то замони иљозаи ќонунии маъракаи интихобот, худро эман нигоњ дошт. Вале... вале агар ин суол дар љое дигар, мисли Маскав аз љаноби Эмомалї Рањмон пурсида мешуд, њамчунин посух медод ва ё комилан муќобили ин њарф ва суханонро мегуфт? Шуморо намедонам, вале ман бар ин назарам , ки тахмин чунин мегуфт, ки њоло ман љавонам ва мегуфт, ки Ќонуни асосии Тољикистон њамчунин имконотро фароњам кардааст ва барои ширкати худ кадом монеаро намебинад. Яъне дар Маскав ошкоро изњор мекард, ки аз муддаиён аст ва барои ишѓоли минбаъдаи курсии олии Ватан њадди аксари талошашро ба харљ хоњад дод. Аммо, њоло бигзарем аз ин њама њарфу њадис ва рў оварем ба он чи ки дар дасти мост. Ва ончи дар дасти мосту онро мову шумо хондему шунидем њамоне аст, ки гуфта шуд. Яъне њарфе, ки беруни дањони Рањмон шуд, ин аст, ки ќарор ќабул накардааст. Хуб аст, албатта, ки ќарор ќабул накардааст ва аз ин њам бењтар аст, ки њамин мавќеъро то анљоми ин маърака иваз накунад. Аммо дар ин њолу вазъ мояи тааљљуб ва шигифтовар эълони бархе аз миссионерњои ЊХДТ аст, ки якуним соли пеш ўро номзади арзандаву бебадали худ барои интихоботи оянда эълон карданд! Яъне онњо бидуни он ки аз Эмомалї Рањмон бипурсанд ва ризоияти ўро бигиранд, ин гуна эълону изњори назарњо кардаанд? Аз рўи тамаллуќу хушомад буд ин амал? Ва ё ин ки кадом ѓаразе дигар доштанд? Чун, инак, президент бо дањони худ ва дар мазњари ом гуфт, ки ќарор ќабул накардааст. Вале, аз тарафи дигар, агар њарфи ЊХДТ њарфи худи љаноби Рањмон набуд, пас чаро њамон ваќт дар ин бора чизе нагуфт. Балки сокит монд. Аз ин сукут бармеояд, ки вай ба њарфи ЊХДТ розї будааст. Дар њар сурат ин "бозї" чї маъно дорадро мо то њамин се - чањор моњи баъдї даќиќ мефањмем. Вале боз маќолу зарбулмасалњои зиёде дорад мардуми тољик. Аз љумла ваќте њаводис ѓайри-

Эмомалї Рањмон: "Ќарор ќабул накардаам, ки номзадии худро дар интихобот гузорам" мунтазира иттифоќ меуфтад ва ё инсон тасмимњо ва ё корњое ѓайримаъмулї ва истисної анљом медињад, чунин мегўянд: "одаму њаводис" ва ё "як сару сад хаёл". Ба ин маънї фикр мекунам, шояд сабабњое буда бошад, ки Эмомалї Рањмон то кунун тасмим нагирифтааст ва шояд њам тасмим нагирад: ( кори хубе мекунад) мисли маризї,солмандї, хастагї ва авомиле монанд ба инњо. Аммо то кунун дар бораи маризии шадид доштани президент ва ё инки худро солманд шуморида бошад, чизе дар матбуот рў назадааст. Хуб, дигар хастагї ва эњсоси шадид барои истироњат. Дарвоќеъ бист сол дар як курсї нишастан ва кори давлат пеш бурдан барои њар инсоне хастагиовар аст. Агар ин одам на аз курсии раисии колхоз, балки аз вилоят ва ё кадом вазорате њам омада бошад, таљрибаи роњбариро балад ва ќадру маќоми ин курсиро дониста бошад њам хаста мешавад. Бист сол барои таърих фурсати кўтоњ аст, барои умри як инсон ва як давлат фурсати хеле зиёд мебошад. Аз ин лињоз шояд... эњтимол дорад... гумон меравад... имкон дорад... мумкин... баъид нест, ки ...раиси љумњурии феълї хаста шуда бошад ва њамин аст, ки то њол ќарор ќабул накардааст. Хуб, дигар ў њам инсон аст, ниёз ба истироњат дорад. Магар не? Аммо як нуктаро ин љо метавон мусаббат кард, ки хастагии љаноби Эмомалї Рањмон танњо ба корњои давлатї марбут намешавад. Дуруст аст, ки мудирияти як кишвар, он хоњ кўчак ва ё бузург аст, одамро хаста хоњад кард. Бахусус, ки ба таври тўлонї сари ќудрат бошї. Тавону неруву мањорату малакаат харљ мешавад, дигар идеяи тоза надорї, њама њарфњоятро мардум, бидуни он ки дањон боз кардї, медонанд. Мардум њам аз ин њама муњиту фазо, ки аз як сурат ва аз як садо ва аз як зоњир пур шудааст, хаста шудаанд. Њатто соати пахши ахбор њам пур ба њамон садои шинос аст. Хуб, ин њамин аст, ки дар кишварњои олам аз ду навбати 4 ё 5 - сола, як нафар бештар њуќуќи роњбарї карданро надорад. Албатта, ин усули идора исбот кард, ки њазору як бор бењтар ва муфидтар аст: санљида, озмуда ва таљриба шудааст, таъйид ва тасдиќ шудааст, ки њамчунин кишварњо тараќќї хоњанд кард. Инљо метавон садњо намуна овард. Аммо хонандаи огоњ худ медонад. Зеро рўзгори бархе аз "дарозумрон" нишон дод. Мисоли гўёяш Њуснї Муборак аст. Аммо ин бадбахтї танњо болои миллат на, балки бо хонавода ва аъзои он ( боз њам Њуснї Муборак) пеш хоњад омад, ки

њатто њамон љамъкардаашонро (хуб дигар муњим нест, ки аз чї роње гирду ѓун карда буданд,...дуздї буд, зада гирифта буданд, муфт ба даст омад... ба њар сурат аз онњо буд ва хеле њам њаст) хўрда наметавонанд ва сарпаноњ мељўянд, хафол мекованд. Масалан сарнавишти Максим Боќиев, писари Ќурмонбек Боќиев, мисоли тару тоза метавонад бошад. Аммо шояд дар асл хастагии љаноби раиси љумњур ва падар аз он буда бошад, ки баъди ў сарнавишти бастагону пайвандонаш чї хоњад шуд. Ва мабодо, ки онњо даст ба корњое бизананд, ки мояи сарафкандагї бишавад. Як ташвиши љиддии раиси љумњурї ва падар табиист, ки њамин масъалаи марбут ба сарнавишти наздиконаш аст. Аммо агар ба ростї њамчунин тасмими ширкат накардани љаноби раиси љумњурї бо њамин шаклу мазмун нињої бишавад, авзоъ дар кишвар комилан иваз хоњад шуд. Мушкили миёни Тољикистон ва Ўзбакистон њал мешавад, чун нафари баъдї њар касе њам бошад, он мушкилї ва ошкортар бигўем, он наќсу камие, ки раиси феълї дорад, надорад.Ўзбакистон ба ў "воњима" намекунад, ки "ман туро" овардаам. Бо Русия њам шароити њамкорї комилан дигар мешавад. Минбаъд барои довталаби ин курсї зарурат пеш намеояд, ки аз кишвар "замонат" гирифта шавад. Чун дигар ин кишвар њам ночор ба иродаи халќи тољик эњтиром ва арзиш ќоил мешавад. Њатто шароити муњољирон дигар мешавад, чун роњбари онњо вобастаи Русия нест. Аз дасти Русия мансаб нагирифтааст. Шароити муњољирони тољик мисли ќирѓизњо мешавад. Навад рўз бидуни сабт метавонанд дар Русия бигарданд. Нархи маводи сўхт барои кишвари мо аз тарафи Русия поин бурда мешавад.Бо таѓйири равобит бо ин ду кишвар мушкили набуди барќ ва газ њам њал мешавад. Мардум њам минбаъд бањузур тўю маросимњои худро, бидуни он ки аз намояндаи идораи танзим битарсанд, баргузор мекунанд, адои намоз мушкил нахоњад буд, касе никоњи хешутабориро барњам намезанад, духтархола ва амубача, он гуна ки русуми садсолаи ин халќ буд, метавонанд бо њам издивољ бикунанд, милисањо маљбур нахоњанд буд, вакили Маљлиси намояндагонро тањдид бар бастани дасту пой кунанд, воизони масљид, имомхатибон матни аз ќабл омодакардаи Кумитаи динро ба намозгузорон намехонанд, балки ба саволњи онњо посух хоњанд дод. Онњо маљбур нестанд, ки ба тамљиду тавсифи нафаре даст

бизананд, ки њељ арзишашро надорад. Мунтањо Тољикистон ором мешавад. Ва бо таѓйир надодани њамин тасмим Тољикистон аз мушкилоти 20 сола озод мешавад, чун мушкили раќами 1 дуруст 20 сол аст, ки кишварро, мардумро, љомеаро, давлатро дар ќабзаи мушкилот фишурда, имкони сар боло кардан надодааст. Барои мисол афроде мисли академик Амир Ќарокуловро чи зарурат буд, ки дар ин пиронсолї "њизб" ташкил дињад ва бардурўѓ вориди интихобот бишавад? Љомеа ва мардум аз ин гуна мазњакањои тањќиромез наљот пайдо мекунанд. Кадрњои шоиста ба рањбарї вориди њокимият хоњанд шуд ва ин њарфе, ки дар кисаам кадр надорам аслан ва абадан шунавида намешавад, чун кадрњои варзида хеле зиёданд. Аммо ќисмати дувуми њарфњои раиси љумњур дар љаласаи Брюссел, ки њамчун президент кафили баргузории интихоботи шаффоф мешавад, боварнакарданист. Бахусус ваќте худи ў довталаб бишавад, ин имкону шароит вуљуд хоњад дошт, ки яке аз раќибони ў зафар ёбад? Ва ѓалабаи ўро эътироф кунанд? Возењ аст, ки посухи ин пурсиш манфї аст. Чун интихоботи парлумонии соли 2010 низ бо њамчунин кафолат аз љониби њамин президент баргузор ва натиљагирї шуд, ки тахаллуф ва таќаллуби онро халќи Тољикистон шоњид аст. Шахсиятњои дигар ва њизби дигари сиёсиро мардум дастгирї кард, аммо њизбе аксари курсињоро соњиб шуд, ки дар раъси он нафаре ќарор дорад, ки њам инак боз аз "кафолати интихоботи шаффофу демократї" дам мезанад. Хиёлатон ин аст, ки мардум бовар мекунад ба њамчунин "кафолат"? Фикр мекунам, на. Бо назардошти ин њама, аслан мутмаин нестам, ки љаноби Рањмон ширкат наварзад ва то кунун ќарор њам ќабул накарда бошад. Ў њанўз соли 2003 ваќте бар хилофи муоњадаи Сулњи умумї, ки як навбати 7 - солаи раёсати љумњуриро барои мањз ў дода буд (чун Ќонуни асосии соли 1994 ду панљсола гуфта буд) Ќонуни асосиро таѓйир дод ва баду давраи њафтсолаи баъдї роњро барои худ боз кард. Аз ин љост, ки ў ширкат хоњад кард ва ширкати ў бо эълони пирўзии ў анљом меёбад. Вале мушкилоти мардум, миллат ва давлати Тољикистон аз љумла мушкилоте, ки бархе аз онњо инљо тазаккур ёфт, боз њам боќї хоњад монд. Аммо ин навбат танњо пирўзии коѓазї кофї нахоњад буд ва идораи давлат, љомеа, мардум ва миллат ба осонї даст нахоњад дод.

Абдуќаюми ЌАЮМЗОД


МУЊОВАРА

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

9

улони вазорати корњои хориљї мурољиат хоњем кард. Њоло овозањое њам мерасанд, ки гирифтан раводид ё виза барои мењмонони ЊНИТ мушкилї шудааст, аммо дар Вазорати корњои хориљї дар ин бора иттилоъ надоданд.

Мурсї меояд?

Нигина Амонќулова -

"силоњи нав" алайњи Њизби нањзати исломї? Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) ќариб ду моњ ќабл ба Дастгоњи иљроияи президент мактуб навишта, дархост карда буд, ки барои баргузории љашни 40 солагии њизб Кохи Борбади шањри Душанберо дар ихтиёраш гузорад. Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, ба "Нигоњ" гуфт, то ба њол посухе нагирифтаанд ва умед доранд, ки Дастгоњи иљроияи президент ин хоњиши онњоро рад нахоњад кард: атто бо раиси Дастгоњи иљроияи президент дар ин маврид суњбатњо њам анљом шуда буд. Аммо ба назар мерасад, ки ин хоњиши мо рад шуданист ва ќарор аст, чорабинии 40 - солагї 27 апрел дар ќароргоњи Марказии њизб дар шањри Душанбе доир мешавад. Умуман ба номањои хаттии мо Дастгоњи иљроияи президент дар кадом бахше набошад, љавоб намедињад. Сабабашро њам намегўянд. Дар Дастгоњи иљроияи президент ба "Нигоњ" гуфтанд, ки аз номаи ЊНИТ хабар надоранд. Њатто як хонум, ки мудири шўъбаи умумии дастгоњ муаррифї шуд, пурсид: "Номаи ЊНИТ дар бланка буд ё вараќи одї? Раќамаш чанд аст ва кадом рўз фиристода шудааст? Даќиќ кунед, баъд биёед ё занг занед". Аз Њикматуллоњ Сайфуллоњзода, масъули ЊНИТ дар бланка будан ё набудан ва раќами мушахаси номаро пурсидем, аммо мавсуф бо як оњанги дилмондагї посух дод, ки аз ин нома, ки беш аз 50 рўз шудаааст, иттилои бештар надорад. Вай гуфт: "Нома бо бланкаи њизбї ва имзои Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, ирсол шудааст ва раќаму рангаш, ки сафед буд ё сиёњ, чї ањамият дорад?".

Њ

Дархости Кабирї Аслан, раиси ЊНИТ Кохи Борбадро њанўз соли 2010 "таги чашм карда буд". Он замон дар љаласаи Шўрои љамъиятї, ки бо иштироки раисаш Эмомалї Рањмон мегузашт ва иддае аз рањбарони ањзоби сиёсї банди таърифу тавсифи ў буданд, Муњиддин Кабирї аз президент хоњиш кард, то яке аз маљмаањои љумњуриявиро барои доир кардани Анљумани

пешазинтихоботї дар ихтиёри ЊНИТ гузорад. Эмомалї Рањмон масъаларо дар љояш њал кард. Ба шањрдорї дастур дод, ки яке аз кох ё толорњои васеи пойтхатро ба ихтиёри ЊНИТ гузорад. Он замон бархе аз мунтаќидони њукумат ба Кабирї эрод гирифтанд, ки роњбари њизб ва сиёсатмадор шуда, бо президент мавзўи камбуди толорро матрањ кард. Аммо баъди Анљумани ЊНИТ ќабл аз интихоботи парлумонї эродгирандагон дарк карданд, ки дархости Кабирї бељо набуд. ЊНИТ Анљумани худро дар кохи Љомї доир кард ва њатто тариќи телевизион гузорише аз он пахш шуд. Дархости Кабирї иљро шуд.

Мењмони ЊНИТ ё Рањмон? Њоло ЊНИТ дубора ба мушкили толор рўбарўст. Мењмонони хориљиро дар куљо ќабул мекунад? Агар Кабирї бо Эмомалї Рањмон, масалан, рўзи 27 апрел дар маросими ироаи Паём ба Маљлиси Олї нохост рў ба рў шавад, шояд ин дархостро кунад, зеро мењмонони хориљї ќабл аз њама на мењмони ЊНИТ, балки Тољикистон њастанд ва сарвари ин кишвар кафили озодињои сиёсии њар як шањрванд аст. Атрофиёни президент лоаќал дар ин лањзањо шояд ба ў расонанд, ки ин маърака бояд аз барномањои њукуматї алайњи ЊНИТ берун баррасї шавад. Масъулини ЊНИТ мегўянд, ки дар Кохи Борбад доир шудани маъракаи 40 - солагии њизб обруи Тољикистон аст, зеро њизб сарвати сиёсии ин давлат аст. Муњиддин Кабирї гуфт: - Беш аз 30 мењмон аз Малайзия, Испания, Эрон, Афѓонистон, Русия, Миср, Арабистони Саудї, Ќирѓизистон, Покистон, Ќазоќистон, Туркия, Ќатар ва

кишварњои дигар, намояндагињои дипломатии давлатњову созмонњои байнулмилалї ба ин љашн даъват шудаанд. Умедворем, ки вазорати корњои хориљї дар масъалаи раводид ба мењмонони хориљї сањми худро мегузорад. Дар гузашта ин нињод дар масъалаи раводид ба мењмонони хориљї ба мо кўмаки худро дареѓ надоштааст. Барои сари ваќт расидани мењмонони чорабинї бо масъ-

Ба эњтимоли зиёд фењристи даъватшудагони ЊНИТ аз мењмонони анљумани он дар соли 2011 фарќ дошта бошад. Акнун онњо аз кишварњое низ даъват шудаанд, ки он љо инќилоб шудаву њукуматњои худкома сарнагун шудаанд. Бахусус, ахбори марбут ба Муњаммад Мурсї, президенти Миср пас аз пирўзї дар интихоботи президентии соли гузашта то ба њол дар сархати сомона ва нашрияи ЊНИТ ќарор дорад. Гузашта аз ин, Муњиддин Кабирї борњо Њукумати Тољикистонро даъват кардааст, њаракати "Ихвон - ул - муслимин"-ро аз рўйхати созмонњои мамнўъ, ки њамагї террористї ва экстремистї арзёбї мешаванд, хориљ кунад. Муњамад Мурсї, намояндаи ин њаракат, њоло президенти Миср аст, Тољикистон дар Ќоњира сафорат дорад, яъне роњбарони ду кишвар њамкор њастанд. Аммо ин ки, Тољикистон "Ихвон - ул - муслимин" - ро њанўз аз рўйхат хориљ накардааст, оё ба ин маънист, ки њанўз ба президент будани Мурсї ва њизби њокими Миср шудани он бовар накардааст? Муњиддин Кабирї мегўяд, дар 40 солагии ЊНИТ мењмонон аз созмону њаракатњои Миср, ки дар парлумон намояндагї доранд, даъват шудаанд. Аксарияти парлумони Мисрро ихвонињо ташкил мекунанд.

Кох аз Нигина! Аммо бино ба рекламае, ки дар телевизионњои давлатии Тољикистон пахш мешавад, рўзи 27 апрел дар Кохи Борбад сарояндаи љавон Нигина Амонќулова консерт дорад. Ин консерт "Салом, азизам" унвон шудааст. Сарпарастонаш "Имон - Интернешнл", ТВ "Сафина", "Азия - Плюс", "Симонте", "Оила" ва ѓайра. Аммо сарпарасти асосиаш Кумитаи радио ва телевизиони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аст. Бо назардошти барномае, ки дар расонањо "антинањзат" ном бурда мешавад, метавонем гўем, ки њукумат ин овозхонро њамчун як "силоњи нав" алайњи ЊНИТ истифода мекунад? Мењрафзуни АБДУЛЛО


10

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

ШОИР Мирзоњусайни Бадалипур(Мењрварз) устоди Донишгоњи миллї аст. То кунун ду китоб чоп карда ва унвони рисолаи илмияш "Таълимоти ахлоќии Ќуръон" мебошад. Пайдост, ки мавсуф ба манобеъе кор доштааст, ки бўстони шеъру адаби мо њамеша аз ин сарчашмањои маънавї сероб будааст. Бо ин њол шоирии Мирзоњусайн як амри табиї ва бадењист. Љанбаи маънавї ва њикамии шеъри ў ќавї буда, дар айни њол ин ашъор аз латофати њунарї бархўрдор мебошад. То кунун аз ишон як маљмўаи шеър ба чоп расида, маљмўаи дувум бо номи "Намози ишќ" дар дасти чоп аст. Дар зер фаќат ќисмате аз шеърњояш, ки зам-замаи таровати бањор ва њикмати Наврўзанд, пешкаши хонандагон мегардад. Ба хотири майдони бештар додан ба ин ашъори хубу хонданї суханро мухтасар мекунем ва ба шоир вомегузорем, ки гуфтаанд: "Соњибдилон њикояти дил хуш адо кунанд". Рустами ВАЊЊОБ

Мењрварз: Ту бањорї, ки пур аз манзарањо меої… Биё, бањори нав, Ки аз насими пуртароватат Чу пуштањои сабзи махмалини ту Сабзљон шавам Зи бўи хубу рўи нозанини ту Љавон шавам Равам ба сўи ёлањои сабз, бо њавас Ба њар гули шукуфта рў кунам Ба чашмањои шеърхону обшори хандарез, гуфтугў кунам Ва зангњои бастаи вуљуди хеш, Ба обу реги тозаи хаёл шустушў кунам Ки омади бањор покї аст Ва тозагии њар вуљуди хокї аст Бањор ваќти ишќбозї аст Ва доманаш намозї аст, намозї аст.

РАВАМ ЗИ НАВ Ба сарзамини кўдакї Ки ёдгор аз бањори умри ман бувад Зи њар дарахти солхўрдае, Ки бо њаловате Ба сояаш Зи сўзи гармињо Ба рўи хок хуфтаам Ва ё ки мевааш хому пухта хўрдаам Ва ё ки шохааш шикаставу ба хона бурдаам Ба љурми ин њама гуноњњо Бињил талаб кунам Ба сангу кўю теппањои ошно Ки манзили таронахониам буданд Зи нав сурудањои рўзњои рафтаро Дар ин диёри хотира Ба наѓмањои дилрабои рўдњо-ш зам - зама Ба зери лаб кунам Ба њар кўњи љавобакам Чу мурѓи чокаке Садо кунам

Садои кўдакона дардињам Чу як ѓариб дар диёри ошно Зи њастиям хабар дињам Ба рўи суфањои хокии падар Намоз адо кунам Ба рўњи модарам Ки ёди ўст љовидон Ба даргањи Худои ломакон Дуо кунам Њанўз аловхонааш бўи шири пухта мекунад Ва модарам ба рўи њавлиям Ба товасанги худ Тути хушку ќанд кўфта мекунад Ба ёди ин њама хаёлу хоб Вуљуди хастаам Дарунї сўхта мекунад Биё бањор, биёр ишќи ман, Ту эй табиб, эй пизишки ман Биё, ки омадат ба дида љо кунам Зи нав зи шўри шавќи ошиќї Дар ин вуљуди мурдаам Ќиёмате ба по кунам

ДАШТИ ОРЗУЊО Ба дашти орзуњоят гули армони ман сабзид, Зи оњанги таманноят наво дар љони ман сабзид. Ту он рангинкамонї рўзи боронњои чашмонам, Ки аз њар партави ту нур дар чашмони ман сабзид. Ту рўзе омадиву аз ќудумат бар дарам гул рехт, Чи шодиву тараб дар кулбаи эњсони ман сабзид. Вуљуди сарди ман бо сўзи ишќат гарм бинмудї, Умеди зиндагї дар њар раги шарёни ман сабзид. Чу дарси одамият додиям дар мактаби ишќат, Зи њар як њарфи андешаи инсони ман сабзид. Андар оѓўши бањоронам дар оѓўши ту не, Аз ѓами олам фаромўшам, фаромўши ту не. Дар лаби дарёяму лабњои дил хушканд, хушк, Об ширин аст, аммо чун лаби нўши ту не.

Лола мечинам зи кўњу лола мечинам зи дашт, Гул ба сањро чанд чинам, аз баногўши ту не. Ишќ њам озодии рўњ асту њам зиндони ўст, Бар сарам бори ѓам овардасту бар дўши ту не Гарчи гўяндам хамўшї пеша кун, Мирзоњусайн, Ман забонро бастаму дил бин, ки хомўши ту не. Чу ояд мавсими гул њар бањорон ёр, ёдам кун, Бирезад бар сари ту резаборон ёр, ёдам кун. Навои ин дили дарёии манро нафањмидї, Чу бишнидї садои обшорон ёр, ёдам кун. Мани фарзанди кўњистон вуљудам атри гул дорад, Вазад бар ту насими кўњсорон, ёр ёдам кун. Начидам лолае аз боѓи лабњоят валекин ту, Чу гулчинї равї дар лолазорон ёр, ёдам кун. Гули торони чашмонам, ки мањзун асту гирён аст, Чу борон бинї андар чашми торон ёр, ёдам кун. Чу Мансурам, ки мемирам вале мастона мемирам, Манам аз зумраи он сарбадорон ёр, ёдам кун. Худоё, ошиќии ман хатои рўзгорон аст, Ба раѓми ин хатои рўзгорон ёр, ёдам кун. Ба сарам њавои борон, ба дилам навои борон, Ба чакочакаш нависам ѓазале барои борон. Зи насими љонфизояш, зи зулоли ќатрањояш Дили мо сафо гирифта, чї хушо сафои борон Чї ќадар бањор бигзашту наомад он бањорам, Ва њавои дил бигиряд масали њавои борон. Ба суруди рез-резаш аламе зи худ зудоем, Ѓами дил зи мо барорад, ба Худо, садои борон. Зи лабони хушки лола ба тамуз чун шунидам, Љигари кабоб донад, асари давои борон. Дишабам чї ашк мерехт зи чашму абр мегуфт, Ки ту, Мењрварз, дорї дили њамнавои борон. Ту ошнои њоливу порї, ба чашми ман Дар чор фасли сол, бањорї ба чашми ман Боду њавои марзи дилам сахт тира аст. Ту он њавои хушгуворї, ба чашми ман. Рангобаранг мављ занї дар хаёли ман Чун обшори оинаворї ба чашми ман. Наврўзи ман туиву дилафрўзи ман тўї, Эй навбањор, њусни диёрї, ба чашми ман. Борони ѓам ба шеъри тарам з-он бувад, ки ту Њар рўз сели ашк, биёрї ба чашми ман. Хуш бош, хуш аз бањри ман ай ормони зиндагї, Њар лањза аз армони ман, як достони зиндагї. Чун як дарахтам ѓарќи гул, рўидаам дар боѓи ту. Оби њаётам додаї, ай боѓбони зиндагї. Њам боѓи дил гулшан зи ту, њам шоми дил рўшан зи ту. Бошї њамеша бар сарам, ай осмони зиндагї. Аз сўхтан огањ шудам, то он, ки марди рањ шудам, Боло ба болоям барї, ай нардбони зиндагї. Дорам ба сар савдои ту, љону дилам маъвои ту, Оѓози дунёи манї, ай остони зиндагї. Чун ормони ориён пурмаѓзу поку рўшанї, Пайванди љон дар љони мо, ай маѓзи љони зиндагї. Шайдои рўят њар нафас шайдову шайдотар шавам, Кардам ба бомат ошён, ай ошёни зиндагї. Љавлонзанон чун бигзарї, з-абрешими роњи хаёл, Масти тамошои туам, эй корвони зиндагї.


СИЁСАТ

М

ЗАЙД САИДОВ, МУАССИСИ ЊИЗБИ "ТОЉИКИСТОНИ НАВ

"Тољикистони нав" боз як њизби хоболуди дигар? Таваљљуње, ки аз сўи расонањо ва коршиносон ба ташкили њизби сиёсии "Тољикистони нав" ба назар расид, нишон медињад, ки дар кишвари мо (њадди аќал дар миёни бахши рушанфикри љомеа ва он низ асосан дар Душанбе) њанўз њам ба масъалаи эљоди нињодњои нави љомеаи маданї ё шањрвандї ба унвони фурсати кўмак ба ислоњи вазъ нигоњ мекунанд. Њастаи аслии гурўњи ташаббускори ташкили њизби "Тољикистони нав"-ро онњое ташкил медињанд, ки ба умури иќтисодї ва тиљорї сару кор доранд. Ин ба он маъност, ки аз тариќи минбари њизб барнома ва афкору андешањои худро дар робита ба њаллу фасли масоили сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии љомеа баён хоњанд кард. Мантиќан дар мароњили баъдї кўшиши вуруд ба парлумон ва муаррифии номзад барои интихоботи раёсати љумњурї, яъне талоши сањм гирифтан дар мудирияти кишвар, аз иќдомоти ин њизб хоњад буд. Ин алифбои сиёсат аст ва "Тољикистони нав" низ бо ањдофе, ки дар эъломияи худ овардааст, ба истилоњ "наќшаи роњ"-ро сохтааст. Аммо бањси муњимтар ин аст, ки оё барои дастёбї ба ин ањдоф њизби нав аз чї имконоте бархурдор хоњад буд ва чї масиреро барои худ интихоб хоњад кард? Агар бо омадани "Тољикистони нав" фаќат шумораи ањзоби сиёсї афзоиш ёбаду њеч таѓйире дар фазои сиёсї ба бор наояд, ташкили он фаќат иттифоќи нав хоњад буд, на падидаи нав. Падидаи нав замоне хоњад шуд, ки афкору андеша ва ё њамон идеяњои тоза ва бархоста аз матни ниёзњои воќеии иљтимої ва иќтисодии љомеа натанњо матрањ шавад, балки барои љомаи амал пўшонидани онњо низ тими муносиб ташкил гардад. Шакке нест, ки Зайд Саидов аз тавон ва истеъдоди лозим дар арсаи тиљорат ва умури иќтисодї бархурдор аст, вале сўњбат аз яку ду ва њатто дањ нафар њам нест, балки аз омодасозии ќишри нухба ё худ њамон элитаи мудириятист. Бо камоли таассуф, дар афкори умумии кишвари мо ангуштнамотарин элитаи мудириятии соњањои иќтисодї ва тиљориро умдатан на бар асоси малакаву ќобилиятњои њирфаиашон, балки ба далели тааллуќи хусусї, хешовандї, мањаллї ва ѓайраашон ба доирањои расмї мешиносанд, ки воќеан падидаи нигаронкунанда аст ва ислоњи вазъ њам аз рањбарияти кишвар ва њам аз нињодњои љомеаи маданї њиммат металабад. Дар чунин шароит шояд вазифаи муњимтару арзишмандтар кўмак ба парвариши насли нави элитаи мудириятї дар арсањои мухталифи њаёти сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии љомеа аст, ки дар ин росто натанњо ањзоби сиёсї, ба шумули њизби тозаэљоди "Тољикистони нав", балки дигар

нињодњои иљтимої низ сањм бигиранд. Умед бастан фаќат ба ањзоби сиёсї як навъ аќиб мондан аз воќеиятњоест, ки имрўз дар давру бари мо иттифоќ меафтад. Танњо дар марњилањои интихоботї аз њолати хоболудї берун омадани ањзоби сиёсї дар асл ба он маъност, ки солњо боз бўњрон домангири бештари онњост. Аммо наќши заифи низоми њизбии кишвар ва бетафовутии мардум ба сарнавишти онњо муљиби баќояшон шудааст. Чанд рўзе пеш бо яке аз муаллимони рустої, ки мењмонам буд, аз бобати фаъолияти ањзоб дар манотиќ сўњбат мекардам. Ба ин суоли ман, ки "Аз ањзоб кадомаш дар тарафњои шумо фаъол аст?", натавонист посух гўяд. Њатто бидуни камтарин эњсоси хиљолат гуфт, ки "Аз ин њизбњо чї фоида, бачаам нони маро аз Русия таъмин мекунад…". Њарфашро нодуруст намегўям, вале калимаи "хиљолат"-ро фаќат ба он хотир истифода бурдам, ки муаллим њамеша зиёии дења буд, ба мардум аз он чї дар кишвару дунё мегузашт, маълумот медод. Аммо њоло насли нави зиёии дења, бо вуљуди фаровонии иттилоот, аз ањзоби сиёсии, ба истилоњ, таги бинии худ маълумоте надорад. Пас чї љойи сўњбат аз мардуми одї! Аммо њамзамон њарфи муаллим дар мавриди фоида надоштани ин ањзоб ба гунае наќшу ањамияти онњо дар њаёти воќеии мардумро нишон медод. Яъне худамон њам хуб медонем, ки парлумони њизбї доштанамон дар асл нишони комилан мардумї будани ин шохаи ќудрат нест, балки зоњирест, ки бо сохтани он худро "демократї" љилва медињем. Далел меоварам. Дар кишварњои пешрафтаи дорои низоми мудирияти њизбї расм аст, ки ваќте њизбе аз ўњдаи иљрои вазифа баромада натавонад (масалан, њукумат дар иљрои барномаи эълонкардааш ноком монад) ва ё намояндаи он ба љинояте даст занад (фарќ надорад вазир аст ё коргари одї), расман аз мардум узр мепурсад. Аммо барои ин њама барномањои нимакора ва дањњо зиндониёни мансабдори кишвар боре нашудааст, ки њизбе узрхоњї карда бошад... Њамзамон ин амр низ нишон медињад, ки барои ањзоб афкори умумї ањамияти хосе надорад, ки худ бозгўкунандаи ба њадди зиёд маснуї будани низоми њизбии кишвар аст. Дар чунин шароит по ба майдони сиёсат гузоштани "Тољикистони нав" таѓйиру тањаввулеро ба бор хоњад овард? Посухи ин суолро ваќт хоњад дод… Ќосими БЕКМУЊАММАД

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

11


12

Б

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

а гуфтаи тањлилагари пажуњишгоњи Ховари Миёнаи Русия Андрей Шохин, дар Маскав ба самимияти њарфу њиљои президенти Узбакистон чандон бовар надоранд. Бахусус, Путин метавонад мутмаъин бошад ва барои ин далел њам дорад, ки андешањои Ислом Каримов аз амалњояш фарсахњо дуранд. Вай метавонад њарферо ба забон орад, ки масъули иљрои он набошад. Чунончи, тобистони соли гузашта ин ду сарвар дар фурудгоњи Тошканд дидор доштанд. Каримов ба Путин дар бораи садоќат ба таърихи иртиботњои ду кишвар, муносибатњои наздик ва њамкорињои стратегї њарф зад ва ваъда њам дод, ки кишвараш њамоно содиќ аст. Аммо њудудан баъди ду њафтаи ин дидор Тошканд эълон кард, ки аз Созмони Паймони Амнияти Дастаљамъї хориљ мешавад. Талошњо барои таљдиди назар дар ин замина натиља надоданд ва дар њаќиќат Узбакистон ин паймонро тарк намуд. Фурсате баъд Тошканд ба иќдомоти дигар даст зад ва сањмияњои бахши узбакистонии ширкати МТС-и Русияро беэътибор эълон кард. Он замон хабаргузорињо иттилоъ доданд, ки Раиси Шўрои директорони МТС Владимир Евтушенков аз дўстони хеле наздики президенти Русия аст ва тасмими Тошканд Маскавро наметавонад нигарон накунад. Ва боз ин дар њолест, ки аз ваъдаи садоќати Ислом Каримов фурсати зиёд њам нагузашта буд. Пас њоло, ки муддати ќариб як сол аз ин рўйдод мегузарад, тањлилгарон бори дигар бо ёдоварї аз он њадс мезананд, ки дар мулоќоти июнии Путину Каримов гуфтугузори дигар њам будааст, ки аз назари матбуот дур мондааст ва шояд мањз канор наомадан рўи кадом масъалаи љиддие Тошкандро хашин кардааст, ки аввал аз Паймони Амнияти Дастаљамъї хориљ шуд ва баъдан даст ба иќдомоти дигари тиракунандаи муносибот зад. Ин дар њолест, ки беэътибор донистани сањмияњои МТС зарбаи сахте ба иќтисоди Русия мезад. Аз сўи дигар, Каримов њам ба садоќати Маскав чандон бовар надорад. Дар Тошканд њам сиёсатмадорон зиёд ќисса мекунанд, ки дар гузашта фиреби Кремлро зиёд хўрдаанд ва фарќи Каримов аз Рањмон он аст, ки Узбакистон аз мавќеияти хубтаре бархўрдор аст ва як нуктаи муњими стратегї барои ќудратњост. Ин бор њам њанўз матбуот маталберо дар њошияи дидори Путину Каримов дар Маскав интишор надодаанд, ба љуз иттилои сухангўи Кремл Песков, ки аз мављудияти њусни тафоњум миёни ду сарвар њарф мезанад. Агар ба гузашта бингарем ва равобити њадди аќал ду соли охири ин ду мамлакатро пеши назар орем, пас метавонем њадс занем, ки ин бор њам гуфтугў миёни онњо осон набуд ва њатман, ки паси пардаи иттилои расмї мулоњизоти дигар њам дар канор аст, ки баъдан рўи об хоњад баромад. Вале њоло он чизе, ки ошкор аст, изњори назари ду сарвар дар њузури хабарнигорон баъди анљоми мулоќот мебошад. Владимир Путин гуфт, ки "мо бо Ислом Абдуѓаниевич дар мавриди масъалањои минтаќавї ва байналмилалї табодули афкор кардем. Мавќеъи кишварњои мо дар бисёр мавридњо мувофиќ ва ё бисёр наздик аст. Ин имкон медињад, ки дар доираи СММ манфиатњои умумии худро њифз кунем, њамкорињои бунёдиро дар ИДМ ва СЊШ ва дигар иттињодияњои байналмилалї рушд дињем. Вазъи Осиёи Марказиро муфассал мавриди баррасї ќарор додем, аз мушкилоти хуруљи неруњои НАТО аз Афѓонистон дар соли 2014 њарф задем. Ба ин натиља расидем, ки минбаъд низ рўйдодњоро мушикофона пайгирї кунем. Аз љумла, ба роњбарияти Афѓонистон дар маљрои эътидоли вазъи њарбї-сиёсї, мубориза бо тањдидњои мухаддиротї, терроризм ва экстремизм мусоидат намоем". Ислом Каримов низ ин гуфтањоро тайид намуд, вале илова кард, ки љонибњо ба равобити дуљониба ба назари интиќод нигаристаанд, дурнамои онро баррасї кардаанд, вазъи минтаќаро дар шароити дигаргунињои ахир мавриди сўњбат ќарор додаанд. Албатта, барои Тошканд њар мавзўъ дар ин гуфтушунид муњим буд. Аз љумла сўњбат кардан аз заъфи њамкорињои иќтисодиву коммуникатсионї, муњољирати корї ва ѓайра. Ин њам дар њолест, ки соли 2012 њиссаи Русия дар муомилоти коло дар Узбакистон 29 фоизро ташкил додааст, ки ин бино ба арзёбии коршиносон ин нишондињандаи хуб аст. Рафиќ Сайфулин, як сиёсатшиноси узбак бар ин назар аст, ки "акнун на замонест, ки Маскав њам иддаиоњои подарњаво дар масъалаи иртиботи Узбакистон бо Аврупо ва бахусус ИМА дошта бошад, њатто бањси раводид њам њоло нољост. Барои Узбакистон њалли масоили иќтисодии дохилї хеле муњим аст, бояд масъалаи ба кор таъмин кардани атбои худро њаллу фасл кунад, чун бекорї бештар аз њадди интизор аст".

БАЊСИ МИНТАЌАВЇ

Путин ва Каримов ба њамдигар бовар надоранд Бо гузашти се рўз аз анљоми сафари президенти Узбакистон ба Маскав натиљаи гуфтушунидњо норўшан боќї мондаанд ва маълум нест, ки ду љониб сари кадом масъалаи мавриди бањс ба чї тавофуќ даст ёфтанд.

Коршиносони минтаќа њамчунин бањси ахиран сар задаи раводидро аз љумлаи фишорњои навбатии Кремл ба љамоњири Осиёи Марказї медонанд. "Ман ин изњорот дар бораи раводидро хитоб ба президент Каримов медонам.,-мегўяд сиёсатшиноси ќирѓиз Марс Сариев.- Ин гуна суханпардозињо љомеаи узбекони Русияро ба изтироб меорад ва як њолати асабонияти фишор дар дохили Узбакистон ба вуљуд меорад. Ин метавонад як омили фишор ба роњбари Узбакистон шавад, то дар баъзе масоил Маскав дасти боло дошта бошад".

Геополитика муњимтар аз иќтисоду иљтимоъ Вале барои Ислом Каримов ва Владимир Путин муколамаи геополитикї муњимтар аз њар чизи дигар аст. Барои Русия ин хеле муњим аст, чун дида мешавад, ки ваќтњои охир Узбакистон ба ИМА хеле наздик мешавад ва ин ду кишвар ќариб, ки њама њассосиятњо дар равобити якдигарро канор гузоштаанд. Амрико аз Узбакистон чун роњи хуруљ аз Афѓонистон ва дар ояндаи наздик барои наќши по дар Осиёи Марказї мехоњад истифода кунад. Аммо ин на ба манфиати Маскав аст, чун Кремл минтаќаро таърихан минтаќаи манфиатњои худ медонад. Аз сўи дигар њатто Каримов њам шояд дарк кардааст, ки гашти сиёсї њоло ба нафъи Кремл нест. Зарфи ин бист соли баъди фурупошии Иттињоди Шўравї Русия бо њамон иќдомот ва талошњои бузургманишии русии худ љамоњири пасошўравиро на танњо аз худ дур кард, балки иддаеро муќобили худ ќарор дод. Њоло бо кишварњои назди Балтик аслан забони муросо ёфта наметавонад, бо Ќафќоз низ иртиботњои чандон хуб њам надорад. Зери назорати он њамин Осиёи Марказї монда, ки агар муњољирати корї ва сатњи камбизоатї дар ин мамолик набошад, гумон аст, ки онњо бо Русия бимонанд. Гузашта аз ин Узбакистгон назар ба ду љумњурии дигари њамсояи худ имкониятњои бештари муќовимат бо султаљўињои Русия дорад. Аз касе дигар пўшида нест, ки Узбакистон аз мухолифони сарсахти бунёди неругоњњои азим дар Тољикистон ва Ќирѓизистон аст. Русия то њол њељ ваъдаи даќиќи сармоягузорї ва ё њадди аќал пуштибонии сиёсаии нерўгоњи «Роѓун» дар Тољикистонро надодааст, вале дар љараёни сафари порсолаи худ ба Бешкек президент Путин муоњадаеро имзо кард, ки бунёди неругоњи «Ќамбар-ота» дар ин кишварро бештар аз 1 миллиард доллар сармоягузорї мекунад. Дар навбати аввал, ба

назар мерасад, ки Маскав ин њамаро бар хилофи муоњадањояш бо Тошканд анљом медињад, вале дар асл бошад чунин нест. Миёни Маскав ва Тошканд як комиссияи муштараке амал мекунад, ки лоињаи неругоњи «Ќамбарота»-ро меомўзад. Коршиноси рус Александр Князев инро як сиёсате медонад, ки то њадди мумкин зиддиятњо дуљонибаро сари ин масъала барњам мезанад. Ин коршинос њамчунин таъкид мекунад, ки бо вуљуди он ки дар таъйини сиёсатњои Маскав дар ќиболи кишварњои Осиёи Марказї иштибоњоти зиёде вуљуд дорад, вале Кремл бояд дарк кунад, ки Узбакистон як кишвари калидї дар ин минтаќа аст ва суботу амният бештар аз мавзеъгирии он вобаста мебошад. Ба маъниии дигар Узбакистон кафили амният дар минтаќа шумурда мешавад ва бисёр нукоте њастанд, ки барои худи Русия низ њоизи ањамият мебошанд. Ва Князев сафари Каримов ба Маскавро аз нигоњи мушкилоти минтаќа баъди хуруљи неруњои

НАТО аз Афѓонистон баъди соли 2014 хеле муњим арзёбї кард. Яќинан, Ислом Каримов суолоти љиддї дар мавриди мавзеъгирињои Путин нисбати Тољикистон ва бахусус, неругоњи «Роѓун» дар миён гузоштааст, зеро як њадафи аслии сафар шунидани нуќтаи назари сарвари давлати Русия дар чунин масъалањои калидии минтаќавї буд, то дар интихоби роњи ояндаи иртибот бо Ѓарбу Шарќ аз он кор гирад. маъмулан дар дипломатия натиљаи ин гуна сўњбатњо расонаї намешаванд, вале бо гузашти фурсате аз амалкарди Маскав метавон дарёфт, ки хулоса чист. Ин њам дар њолест, ки Ислом Каримов дар њамон брифинги мухтасари матбуотї ба љиддияти сўњбат рўи масъалањои калидї ишора карда мегуфт: "Мехоњам ќайд кунам, ки дар њаќиќат ба саволњои худ љавобњои љиддї ва асоснок дарёфт намудам".

Фирўзи МУЊАММАД


ТАХТАИ СИЁЊ Ба Сарвари давлат, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон Мўњтарам Љаноби Олї! Ба шумо Холмуродов Абдулло Асоевич мурољиат карда истодааст. Ман бо њукми суди ноњияи Шоњмансур аз 21.01.2010 сол бо моддањои 244 ќ. II ва 249 ќ. 4 б. а, в гунањкор дониста шуда ба мўњлати 19 сол мањрумї аз озодї бо нигоњ доштан дар муассисањои ислоњии низомаш махсус мањкум шудаам, ки бо он норозї буда, бо истифода аз марњилаи кассатсионї ба Суди шањри Душанбе мурољиат кардам. Суди шањри Душанбе дар таърихи 24.02.2010 шикояти кассатсионии маро ќонеъ накарду њукми суди нањояи Шоњмансурро бетаѓйир мононд. Барои олами њуќуќ ин амри муќаррарї мебуд, агар аљобат намедошт.

Дар чанги судяи журналист Аљоиботи кор дар он аст, ки ман бо судяи суди Шоњмансури пойтахт Тошев С. Сенздањ сол (!) боз даст ба гиребон њастам. ? бо њаммуалифии як каси дигар дар рўзномаи "Дайжест Пресс" санаи 24.02.2010 тањти унвони "Охотники за иностранцами" маќола чоп кард, ки ѓайриќонунї буд. Тошев С. дар мурофиаи судии ман раискунанда буду дар маќолаи худ навиштааст, ки ман соли 2000 бо моддањои 32 ќ. 1305, яъне "тайёрї ба хиёнат ба давлат" мањкум шудаам ва соли 2007 озод шуда, фаќат дар фикри дуздиву, ѓорату фиреббудам ва моњи октябри соли 2007 сол ба хонаи директори филиали ЗАО "Зарубежводострой" дар Тољикистон бо маќсади дуздї даромадаму аз хонааш як ноутбук, як љуфт гўшвори тиллои, 3000 (се њазор) рубли русї ва 2000 (ду њазор) доллари ИМА-ро дуздидаам ва аз ин соњибхона Антипов А. С. ба њаяљон омаду љон ба љаббор супурдааст. Аммо ин њама аз њаќиќат дур аст! Њаќиќати кор дар он аст, ки соли 2000-ум ман бо њукми суди њарбии шањри Душанбе аз 07.06.2000 сол бо моддањои 32 ќ. 1-305 КЉ ЉТ гунањгор дониста шуда, ба мўњлати 7 (њафт) сол низоми сахт мањкум шуда будам ва раискунанда дар мурофиаи судї њамин Тошев С. буд. Он ваќт парвандаи љинои бо аризаи Рањимов М. С. оѓоз шуд, ки худ онро "провакатсия" карда буд, зеро хусумати шахсї дошт нисбати бародарам Холмуродов Шодї Асоевич. Гап сари он аст, ки Рањимов њанўз соли 1996 дар ѓайриќонунї нигоњ доштани яроќи оташфишон гумонбар шуда буду бародарам Шодї ягона шоњиди ин кор буд. Боз њам аљиб он аст, ки сардори онваќтаи Хадамоти бехатарии дохилии Вазорати амнияти ЉТ капитан Умаров Мансурљони ба шумо шинос ба ин љузъияти њалкунанда ањамияте надоду дар ваќти тафтишот аз ман хост, ки полковник Федюшкин Ю. И-ро ба ў ба ќавле "супорам". (Акнун шумо ба ёд биёред ќазияи халабонњои рус ва решањои онро). Масъалаи асосии ќазияи онваќта дар он буд, ки маро "барои тайёрї дидан барои хиёнат ба давлат дар намуди супоридани сирри давлатї ба љосусони хориљї " муттањам карданд.

"Љосус"-њои Мансур Умаров "Љосус" хориљї ин зертобеъи Умаров Мансур буду сирри давлатї ду вараќ нусхаи китоби "Активный поиск агентов противника" чопи нашриёти "Высшая школа КГБ СССР" аз соли 1989 . Ин ду вараќро муфаттиш бо ихтирооти худ -санади № 1 аз 08.02.2000 сол тартиб дода, китобро махфї карду нусхањоро дорои сирри хидматї донист. Њол он ки дар ќонунгузории ЉТ мафњуми сирри давлатиро он ваќт Ќонуни ЉТ "Дар бораи сирри давлатї" аз 14 декабри соли 1996 муайян мекард ва он ба њиљ ваљњ ин ду вараќро сирри давлатї намедонад, зеро он дар тамоми давлатњои ИДМ њаст. Ба ин ќаногат накарда, муфаттиш санади "экспертизаро" ихтироъ карду судя Тошев С. дидаву дониста он ќабул намуд. Бояд ќайд кунам, ки мувофиќи моддаи 11 прим 1 КЉ. ЉТ "Ќоидањои тафсири ќонуни љиноятї" Ќ. 2: "Иборањо ва (ё) мафњумњое, ки дар њамин Кодекс истифода бурда мешаванд, њамон маъноеро доранд, ки дар ќонунњои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси љиноятї тартиби дигар пешбинї нашуда бошад" Дар Ќонуни ЉТ "Дар бораи сирри давлатї" аз 14.12.1996 сол № 339 бе ягон духўрагї мафњуми сирри давлатї оварда шудаасту мафњуми "экспертиза" мављуд нест ва дар Кодекси љиної тартиби дигар пешбинї нашудааст. Лекин дар тўли ин солњо ба њама арзу шикоятњо ман ба маќомоти судї ва прокуратура мањз њамин их-

тирои муфатиш ва судья Тошев С. -ро яъне санади № 1 аз 08.02.2000 солро асос гирифта, њукми судья Тошевро ќонунї мењисобанд. Ман бошам ќурбонии содагии худ ва ин ду мансабдор шудаам. Соли 2001-ум баъди эълони Ќонуни авф мўњлати љазои маро кам карданду ман 14.04.2005-ум озод шудам, на соли 2007-ум чи хеле, ки Тошев С. дар маќолааш носањењ овардааст.

Суиќасд ба љони Шулашов Моњи сентябри 2005 оиладор шудам ва худи њамон ваќт ба ЗЖБИ шањри Норак ба њайси

шартнома оиди ташкил кардани экскурсияњо ба калонтарин ГЭС-и Тољикистонро бастам. Солњои пеш беш аз 80 000 њазор одам ба њайси турист ба НОБ-и "Норак" ташриф меоварданд. Кор оѓоз шуду барои сохтмони мењмонхонаи нав дар шањри Норак ќитъаи замин муайян гашт. Ман барои таќвият бахшидани кор аввалњои моњи октябри соли 2007 ба шањри Москваи Русия рафтам ва то охири моњи октябри соли 2007 он љо мондам. Дар Москва сармоягузороне ёфтам, ки барои сохтмони мењмонхона сармоя ихтисос доданд, вале баъди баргаштанам роњбарияти ОАО "ИнтуристТољикистон" иваз шуду бо сармоягузор вохўрии онњо ба амал наомад.

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

13

мияњои онро ба 55 000 (панљоњу панљ њазор) доллари ИМА нарх монд, вале дар маќолааш ягон сухане нагуфт дар бораи ин ва њам усули аз дасти ман гирифтани ин ширкат. Оиди ин ќазия ман ба Агентии мубориза бо фасод мурољиат кардам. 21.05.2012 онро ба Раёсати вилояти Хатлон фиристодаанд, вале танњо баъди он, ки дар пресс-конфронси нимсолаи соли 2012 журналистон аз сардори Раёсат Љамшед Сангов оиди ин ариза пурсон шуданд, тафтишот сар шуд ва оќибат ба назди мани зиндонї њуљљати пардохт-расходний кассовый ордер ба маблаѓи 9900 (нуњ њазору нўњсад) сомонї оварданд, ки "санаи рўз" надошту "маќсади пардохт" щам дар он нишон дода нашуда

Номаи махбусе, ки ихтироъ кор буда, даъво дорад, ки Шулашову писараш Акмалро зимни суиќасд наљот дода, зарби корд хурдааст. Ў масъулини баландпояи амниятро муљрими бадбахтињои худ дониста, соњибони "СомонЭйр"-ро дар ѓасби сањмияњои ширкаташ муттањам медонад, вале танњо аз судя Тошев ва низомии судии Тољикистон гила дорад...

Адолати гаранг Ё чаро судя номи Тољикистонро олуда кард?

иќтисодчї ба кор даромадам. 23-юми феврали соли 2006 ба љони раиси собиќи НОБ "Норак" Шулашов Н. Ш. ва писараш Акмал суиќасд шуд ва мањз бо дахолати ман Акмал зинда монда, падараш њам зарере надид, вале ман ба ќисми чапи ќафаси синаам аз зарби корд љароњат бардоштам, хушбахтона корд ба узвњои асосї нарасида буд. Акнун пушти деворњои зиндон мепурсам, ки агар судя Тошев адолатхоњ аст, барои чї дар бораи ин њодиса дар маќолааш сухане нагуфт? Баъди ин њодиса ман аз ЗЖБИ шањри Норак аз кор баромадаму дар шањри Норак њуљрае ба иљора гирифта, дар он нуќтаи фурўши чиптањои њавопаймої ва таъмири компютерњо кушодам.

Масъули рейси Душанбе-Маскав Баъдан ЉДММ-и "Феникс-Нетворк"-ро таъсис додаму дар сохтмони НОБ-и Сангтуда-1 нуќтаи фурўши чиптањои њавопаймої кушода, таъмири компютерњоро ба роњ мондам. Шањрванди Русия Антипов А. С. яке аз муштариёни доимии ман буд. Дастрас кардани чиптањо, таъмири компьютерњои сохтмони Сангтуда-1 ва дастраси ба шабакаи Интернет дар сохтмонро ман таъмин мекардам ва њама аз корам ќаноатманд буданд, зеро корамро хуб медонам. Охирњои соли 2006 сол дар шањри Норак роњбарияти њамонваќтаи намояндагии ширкати "Интурист-Тољикистон", ки тамоман аз кор монда буд ва аз ман хоњиш карданд, ки фаъолияти намояндагиашонро аз нав ба роњ монам. Њуљрае дар наздикии њукумати ш. Норак ба иљора гирифта, бо роњбарияти НОБ-и "Норак"

Бо баргаштанам мушкилињо пайдо шуданд. Мењмонони хориљї бисёр меомаданд барои дидани НОБ-и Норак ва наќши роњбаладонро коргарони НОБ ва муаллимони љавон иљро мекарданд, вале сардори шўъбаи амнияти шањри Норак зид баромад. ? далел меовард, ки ман собиќ корманди амният будаму баъдан суд шудаам. Ин самти корам хароб шуд, аммо руњафтода нашудам. Маро ќисман ин туњмат кард, ки гуё ман 17-уми октябри соли 2007 дуздї карда бошам. Одаме, ки ман дар хонааш тамоми моњи октябри соли 2007 зиндагї кардаам ба Прокурори генералии Тољикистон ариза навишт, ки ин одам дар хонаи ман буд, вале касе бовар кардан намехоњад. Њамчунин, ки њич яке аз маќомот нусхаи чиптаро талаб намекунанд!!! Наход ин ќадар мушкил бошад дархост фиристодан ба фурудгоњњои Душанбе ва Маскав оиди ин масъала? Охир, дар бойгонињои фурудгоњњо њатман купонњои чиптањо вуљуд доранд ва дар базаи маълумотњо низ. Болои ин њама, худи Анатолий Сергеевич Антипо дар њавопаймо аз сактаи дил вафот карду марги ўро судя Тошев С. ба ман рабт медињад. Акнун гўед, ки сарамро ба кадом девор занам?!

Ихтироъкориву љаќќониам сарамро хурд? Шумо ва љомеаи Тољикистон бояд донед, ки ман руњафтода нашуда, соли 2008 ба Душанбе омада фаъолиятамро дар ин љо пеш бурдам ва дар охирњои соли 2008-ум хизматрасонии пур намудани њамёнњои электронии Webmoney Transfer-ро ба воситаи терминалњои пардохтии Экспресс-Пейро ихтироъ карда, онро бо шањодатномаи мањсулоти зењни 093ТJаз 20.03.2009 сол ба ќайд гирифтам. То он замон дар Тољикистон фаќат дар шањри Душанбе як нуќтаи кортњои пешпардохти Webmoney буду баъди амали намудани мањсулоти зењниам дар тамоми ќаламрави ЉТ дастраси ба ин намуди хизматрасонї пайдо шуд. Моњи майи соли 2009 дастраси ба фурўши чиптањо барои хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе-и ширкати "Сомон эйр" ќатъ шуда буд ва баъди ба имзо расидани шартномаи иловагї байни ТКП Федератсияи Русия, КВД "Тољик-Эйр" ва ЉДММ "Феникс-Нетворк" дар таърихи 07.06.2009 сол дастрасї ба фурўши чиптањо ба хатсайри номбурда барќарор шуд. Ман муассиси ЉДММ "Феникс-Нетворк2 будам ва дар ин кор сањм гирифтам. Дере нагузашта ширкати "Сомон-Эйр" харидорї сањмияњои ЉДММ "Феникс-Нетворк" шуд ва оќибат онро "харид" бо бањои зиндонї шудани мани содда, албатта, ки ќиссаест дуру дароз ва рабт дорад ба одамњое, ки гирифтани номашонро алњол зарур намедонам. Дар њукм судя Тошев С. нархи 10%-и сањ-

буд. буд. Гўё ман бо ин коѓаз маблаѓи сањмияњоро гирифта бошам, вале дар асл њама медонанд, ки "расходний касовый ордер" дар њисоботи бухгалтер барои он истифода мешавад, ки маблаѓи аз суратњисоб гирифташуда барои ягон хизматрасонї ё хариди ягон ашё дар баланс њисобї шавад. Бо ин тафтишот ва суди "боадолат" исбот карданианд, ки ман худам ба худам сањмияњои ширкатамро фурўхтаам.

Рањгумии ману гарангии адолат Медонам, ки аз корњои кардаи ман дигарон миллионњо сомонї фоида мегиранд, ошашон шавад, е даъвое надорам ба љуз пардохти сањмияњои ширкатам. Њамсарам иљоранишин аст, падарам ноумед, таќрибан њиљ касе аз дўстон бо шумули онњое, ки нонашонро хурдаму нонашон додаам, онњое, ки њамнишинам буданд, онњое, ки наљоташон додаам, суроѓам намекунанд. Хеле гарангу сардаргумам, аммо аз барои Худо мебинам, ки адолати судї дар кишвари мо гарангтар аст. Ин њама беадолатиро амалњои ѓайриќонунии судяњо, аз љумла Тошев боз њам печидатар карда, таќдири маро сўзонда истодааст. Санаи 24-уми феврали соли 2012 Коллегияи касатсионии суди шањри Душанбе мебоист шикояти маро баррасї мекард, аммо то замони баргузории суд, дар њоле, ки њукми судя Тошев ба ќувваи ќонунї надаромада буд, маќолаи "Охотники за иностранцами" дар рўзномаи "Дайджет-Пресс" баромад. Магар он метавонист ба судяњои дигар таъсир нарасонад? Магар дар ягон кишвари дунё ин кори мешудагист? Магар он маќола рўзи маро сиёњ накард? Маќсад аз он чї буд: худнамої болои устухонњои ман ё нияти разилонатаре? Иќрор мешавам, ки ман моњи беайб нестам ва љинояти пешбининамудаи моддаи 249и Кодекси љиноии Тољикистон ("роњзанї")-ро содир кардаам. Маљбур ба ин кор рафтам, зеро ќарздорњоям ба ман рўз надоданд. Сахт пушаймонам аз ин кирдори паст ва асло ба он даст нахоњам зад. Худо маро эмин дорад. Аммо ин маънои онро набояд дошта бошад, ки дигар њуќуќњои ман поймол шаванд. Ман интизори тафтишоти иловагї ва тантанаи адолати судиям. Аз онњое, ки маро бо айбњои будаву набуда зиндонї карданд, умеди љавонмардиву нектинатї дорам. Умедворам ин номаи ман шоёни диќќати Шумо мегардад, мўњтарам Президенти Тољикистон. Худо нигањбони Ватани азиз ва дўстдорони он! Абдулло ХОЛМУРОДОВ, 16.03.2013, мањбаси Ќурѓонтеппа


14

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

БЕ ШЎХЇ


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ?-и нОбОб

15

ЧАРО?

- Мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манзили меросиро то кай ба расмият даровардан лозим аст? Расмияти азхудкунии хонаи меросї чї гуна амалї мешавад? Бурњониддин ЌУЛОВ, сокини дењаи Гулободи ноњияи Рўдакї - Мутобиќи боби 61-уми ќисми 3-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва дар асоси моддаи 1174 кодекси мазкур барои соњиб шудан ба мерос ворис њуќуќ дорад онро ќабул намояд. Ќабули мерос бо ягон шарт ё эзоњ дода намешавад. Њамон ваќт аз тарафи ворис мерос ќабулгардида, эътироф мешавад, ки агар ў воќеан, ба соњибияти амволи меросї шуруъ намояд, ё ваќте ки ў ба маќомоти нотариати мањаллї кушода шудани мерос дар хусуси ќабули мерос ариза дињад. Амалњои дар њамин модда нишондодашуда бояд дар давоми шаш моњ аз рўзи кушода шудани мерос ба анљом расонида шаванд. Шахсоне, ки барои онњо њуќуќи вориси танњо дар њолати ќабул накардани мерос аз тарафи ворисони дигар ба миён меояд, метавонанд дар хусуси розигии ќабули мерос дар давоми мўњлати боќимондаи ќабули мерос эълон намоянд ва агар ин мўњлат аз се моњ кам бошад, пас он то се моњ дароз карда мешавад. Ќабули мерос аз рўзи кушодашавии мероси ба ворис таалуќдошта эътироф карда мешавад. Мувофиќи моддаи 1176 бошад нотариуси мањали кушодани мерос уњдадор аст, ки бо хоњиши ворис ба ў шањодатномаи њуќуќи меросгириро дињад. Шањодатномаи њуќуќи меросгирї баъди гузаштани шаш моњ аз рўзи кушодашавии мерос дода мешавад. Пас аз гузаштани ин мўњлати шашмоња Шумо метавонед манзили меросиро ба расмият дароред. Ба саволи Шумо директори ташкилоти љамъиятии "АРБИТРАЖ" Саъдулло ШЕРОВ посух дод.

ЧАРО БА РОЊЊОИ МАСТЧОЊ ЭЪТИБОР НАМЕДИЊАНД? - Мувофиќи иттилои сардори Раёсати БДА ВКД ЉТ љаноби Мањмадсаид Саидов то соли 1992 дар Тољикистон 320139 навъњои гуногуни воситаи наќлиёт ба ќайд гирифта шуда буд. Тибќи иттилои дигари њамин манбаъ, алњол њамаи наќлиёти баќайдгирифташуда дар саросари Тољикистон зиёда аз 369 њазору 521 ададро ташкил медињад. Њамагон медонем (д), ки њар як соњиби воситаи наќлиёт ба давлат навъњои гуногуни андоз барои истифодабарии он ва њамчунин, барои истифодабарии роњ низ андоз месупоранд. Аммо ин дар њолест, ки лоаќал барои таъмири љорї ё дарбењи роњњои мањаллї ва беруназноњиявї(њоло дар мавриди таъмири капиталї сухан накардем) маблаѓ аз тарафи буљети њукуматњои шањру ноњия ё аз хазинаи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон чудо карда намешавад. Ё мешавад, мо намедонем? Маблаѓи аз соњибони воситањои наќлиёт љамъоварї кардашуда куљо мешаванд? Сабаб њамин аст, ки аксари роњњои мањаллї ва роњњои байниноњиявї дар вилояти Суѓд дар њолати бисёр бад ќарор доранд. Аз Шумо масъулини Вазорати наќлиёти Тољикистон пурсиданї њастам, ки оё вазорати Шумо барои таъмири љорї ё дарбењи роњњои мањаллии вилояти Суѓд, хусусан, ноњияи Мастчоњи нав тадбир меандешанд ё не? Оё дар њамин солњо Вазорати наќлиёти ЉТ боре ба њамин роњњои мањаллии мо маблаѓ људо кардааст? Чаро Вазорати наќлиёт ба таъмири роњњои ноњияи Мастчоњ эътибор намедињад? Охун МИРЗОАЛИЕВ, сокини дењаи Сурхкати љамоати Оббурдони ноњияи Мастчоњ - Дар соли 2013 барои таъмир ва нигоњубини роњњои автомобилгарди ноњияи Мастчоњи Нав аз буљаи љумњурї 342 њазору 669 сомонї маблаѓ пешбинї шудааст. Дар соли 2012-ум бошад, 289 њазору 179 сомонї маблаѓ људогардида буд, ки дар доираи маблаѓњои људогардида 126 километр роњњо аз таъмири љорї бароварда шуд.Инчунин, аз њисоби маблаѓњои мутамаркази Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон иловатан 20 тонна муми моеъ ба маблаѓи 46 њазору 800 сомонї људо гардида буд. Шањрванди гиромї, ќайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси моддаи 20-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи роњњои автомобилгард ва фаъолияти роњдорї" манбаи маблаѓгузории роњњои автомобилгарди мањаллї аз буљети маќомоти мањаллї мебошанд. Ба саволи Шумо сардори Раёсати сохтмон ва хољагии роњњои Вазорати наќлиёти Тољикистон Бозоралї ЊАЁТОВ посух дод.

НАМУНАИ ОЛИИ ТАЌВО

ЮСУФ (а) - НАМУНАИ ОЛЇ БАРОИ ЉАВОНОН - Мо баъз ан дар омў зиш ва фањми каломи илоњї ба бањсњои њошиявї ва саргармкунанда машѓул гашта, аз асли матлаб бехабар мемонем. Масалан, ваќте ќиссаи Юсуф (а)-ро мехонем, ба љустуљўи номи зани азизи Мис р, номи шавњ араш, номи бародарони Юсуф (а), муддати људоии фарзанду падари бузургвораш Яъќуб (а) саргардон мегардем. Њар ояи карима барои худ садњо дарси ибрат ва њаётї дорад. Юсуф (а) барои љавонони имрўзаи мо намунаи олие дар покдоманї аст. Зикри ќиссаи ў њам дар ин китоби муќаддас барои расонидани њамин паём ба љавонон зикр гаштааст. Албатта, ин ќисса дарсњои зиёд дорад. Имрўз мо дар љомеаи худ аз коста гаштани ахлоќи љавондухтарону љавонписарон шикоятњо дорем ва сабабњои чунин њолатњоро љустуљў мекунем. Инчунин дар бораи муолиљаи он њам андеша менамоем. Вале мо бояд фаромўш накунем, ки роњи ягона ин муолиљаи имонии љавонон аст. Имрўз мо бояд аз ояњои ќуръонї доруњое дуруст намуда, тавассути сўзандору онро ба хуни љавонон љорї намоем. Доруи ягона ин имон аст. Сўзандору хеле зиёд аст. Масалан ВАО, махсусан шабакањ ои т елевиз ионї ва ра-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

диоњо, сањифањои фейсбук, сомонањ ои инт ернетї, му ас сисањои таълимї, њамаи ин номбаршудањо њукми сўзандоруро доранд. Имрўз мо бањона мекунем, ки замона хароб гаштааст. Имкониятњои гуноњ дар мо хеле зиёд аст. Оё Шумо хабардор њастед, ки Юсуф (а) барои наздикї бо Зулайхо (ин ном дар кит обњои таърих ї омадааст) чї ќадар имконият дошт? Инак имкониятњои ўро њисоб мекунем: 1.Юсуф љавон буд ва ќувваи шањвонии љавонон ќавитар аст; 2.Мављудияти њисси шањвонї дар вуљуди мардон нисбати занон; 3.Ў љавонмарди муљаррад (безан) буд; 4.Дар диёри ѓарибї умр ба сар мебурд; 5.Зулайхо зани соњибмансаб ва соњибљамол буд; 6.Зулайхо ин амалро шахсан мехост; 7. Зулайхо аз Юсуф ин амали зиштро талаб намуд ва худро пеши ў таслим кард; 8. Юсуф дар зери дасти Зулайхо буд ва њукми ѓуломи ўро дошту Зулайхо њар чї мехост, анљом медод; 9. Зулайхо аз воридшавии касе ба њуљраи хоб хавф надошт, зеро дарњоро ба пуррагї баста буд; 10. Юсуф њамчун шахси мањ-

рами ин хонавода дониста мешуд ва касе ўро аз даромадан ба назди Зулайхо манъ намекард; 11. Зулайхо барои ин маќсади шум расидан аз занони маккори Миср мадад талаб кард; 12. Зулайхо Юсуфро дар сурати напазируфтани хоњишаш, ба зиндоншавї тањдид кард; 13. Шавњари Зулайхо марди камѓайрат ва берашк буд. ( Ниг:Аллома ибн и Ќайми Љавзї; Дарду дармон; 1/254, 255) Ваќте њазрати Юсуф тамоми ин имкониятро тайи по намуда, таќворо пеша кард. Худованд ўро аз чоњи торик ва зиндони пуразоб ба чоњи подшоњї расонид ва соњиби дунёву охираташ кард. Оё Шумо фикр мекунед, ки ин неъмати илоњї хоси Юсуф аст? Не, хоси ў нест. Танњо Паёмбар буданро касе љуз Аллоњ таъоло ба касе намедињад. Вале дигар неъматњои илоњї датраси њамаи љавонон аст, ба шарте таќво ва парњезкориро пеша кунанд. Ин гуфтањоро ман аз пеши худам намегўям, балки Худованд фармудааст:"Мо ба бандагони некўкор њамин тавр подош медињем." (сураи Юсуф - 22) Фароњамсоз: Абдуллоњ МУКАММИЛОВ, сокини шањри Душанбе

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ФАРЊАНГИ ПАСТИ РОНАНДАГОН ВА ПИЁДАГАРДОН - Боиси фарањмандист, ки имрўзњо дар кишвари мо тамоми намуди воситањои наќлиёт ба чашм мерасанд. Имрўзњо давлати Тољикистон барои воридоти тамоми намуди воситањои наќлиёт- чї мусофирбар ва чї боркаш, бе ягон монеа иљозат додааст. Кўчањо пур, ба ќавле, "пробка" - роњбандон. Аммо 93 дарсади кишварамонро кўњњо ва њафт дарсади дигарашро њамворї ташкил медињад. Солњои охир ба сабаби мушкилињои пай дар пайи тањмилшуда аз кишвари њамсоя аз роњи оњани мављудбудаи кишвар низ самаранок истифода бурда натавониста истодаем. Аз ин сабаб, нисбат ба роњњои њавої ва роњи оњан роњњои автомобилгард дар кишвари мо дар айни њол аз афзалияти калидии мо дар рушди некўањволии Тољикистон мебошад. Аксарияти соњањои гуногуни иќтисодиёти љумњурї бо наќлиёти автомобилї эњтиёљоташонро бароварда месозанд. Пўшида нест, ки 80 дарсади хизматрасонї дар соњаи мусофиркашонї ва њам боркашониї ба воситаи наќлиёти автомобилї рост меояд. Имрўз агар ба омор назар кунем, њар 20-ин шањрванди Тољикистон соњиби мошин аст. Ин љои бадї надорад. Бигзор бошад. Аммо садамањои тез - тези воситањои наќлиёт, дар пайи он маргу мири зиёди одамон, номавзун рондани воситаи наќлиёт, риоя накардани ќоидањои њаракат дар роњ аз тарафи ронандагон ва пиёдагардон, холабеѓамии нозирони БДА, бо пул харидани њуљљати ронандагї, ба ишораву аломатњои роњ сарфањм нарафтани аксари љавонон, бо суръати баланд рондани мошин аз љониби фарзандони мансабдорону шахсони доро ва мављуд будани њолатњои корупсионї њангоми имтињонсупорї барои гирифтани њуљљати ронандагї нигаронии зиёде доранд. Барои љилавгирї аз садамањо ва маргу мири одамон њар як ронанда агар аз рўи ќоидаи њаракат дар роњ (ПДД) њаракат ё амал намояд ва нозирони БДА низ фориѓболї накунанд, гумон намекунам, ки хараљу мараљ њамин ќадар зиёд рух медињад. Бењудаю бањуда садои гўшхароши мошинашонро мебароранд. Дар њолати банд шудани роњњо тоќати истоданро надоранд ва ба муќобили хатти роњ мебароянд. Аз сабаби тангии роњњои шањр рўз то рўз рањбандон, яъне (пробкахо) зиёд шуда истодаанд. Нозирони БДА дар ин њолатњо ва њангоми кор накардани чароѓаки роњ сари ваќт ба љои њодиса намеоянд, то љилавгирї аз њаракату равуои бетартиби воситањои наќлиёт кунанд. Гарчанде дар шањри Душанбе якчанд гузаргоњи зеризаминї, сохта, ба истифода дода шудааст, баъзе пиёдагардон њаёти худу атрофиёнашонро ба хавфу хатар гузошта, аз болои гузаргоњи зеризаминї аз байни анбуњи зиёди воситаи наќлиёт мегузаранд. Имрўзњо бадбахтии дигар дар он аст, ки бо сабаби мушкили набуди љои кор дар кишвар њамаи шањрвандон рўй овардаанд ба кашонидани мусофирон. Хуљљати расмие, ки барои кашонидани мусофирон лозим аст, мутаассифона, дар баъзе наќлиётњо дида намешавад. Мувофиќи талабот наќлиёташон корношоям аст, ба замми њамаи ин, камбудињои љойдошта боз ронандагон нисбат ба мусофирон даѓалона рафтор менамоянд. Ронандагон, чї хеле ки хоњанд, њамон хел њаракат мекунанд. Дар кадом хатти роњ хоњанд меистанд, аз 4 хат танњо яктояшро озод менамоянду дигаронашро банд мекунанд. Як сабаби банд шудани роњњои кўчањои шањр аз њамин аст. Ин норасоињое, ки алњол гуфтам, бефарњангии шањрнишинии моро бозгў мекунад. Бояд ин мушкилињо њалли худро дошта бошанд. Ва дигар ин ки, мо одамем, наход, худро идора карда натавонем? Ман чунин фарњанги пасти ронандагон ва пиёдагардонро ќабул надорам! Агар дар асл аз рўи ќонуну ќоидањои љойдошта дар роњњо амал намоем, ягон љоямон кам намешавад ва хараљу мараљ низ дар роњњои кишвар коњиш меёбад. Пеш аз њама Худованд ба мо шуур додааст, бо њамин аз њайвон фарќ карда меистем. Ваќте одам будани худро дарк накунем, пас, чист фарќ байни мо ва њайвон? Фирўз ЃАФУРОВ, сокини шањри Душанбе


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №4 (232) 17. 04. 2013

ЊАЉВ ВА ТАНЗ МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

СУРАТИ ГЎЁ

Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Мо тибќи анъанањои солњои пеш ќарор додем, ки сари як пиёла чой ва як коса љурѓот дар хонаи яке аз аъзои њизб (дар Њисор) ин вохўриро доир кунем.... Милисањо њатто моро тањдид карданд, ки агар аз ин љо наравед, дасту поятонро баста мебарем. - Эњ, дунё-дунё, намедонї ба кї бовар кунї. Охир, "Фабрикаи љавоб" мегўяд, ки наздик ба 500 одам будааед-ку. Агар ин рост бошад, пас 200-300 коса љурѓот ба љуз дар хонаи Алимардонов дар ягон љойи Њисор нест. Ё шумо њам аз њукумат ёд гирифта, љурѓотро худатон мехуреду нањзатињои ќаторї дањанњо воз мешинанд?

Владимир СОБКАЛОВ, муовини КВД "РОТ": - Ягона чизе гуфта метавонам ин аст, ки Узбакистон њар бореро, ки ба Тољикистон транзит мешавад, аз тафтиши љиддї мегузаронад. -Иииии, шумову Њукумов њам аз боварии бонуи Гулнора Каримова баромадед-мї?! Кора бало зад, гўед. Хайр њич гап не, тарифњои баландтарин дар дунёро баландтарин дар коинот кунед, боз ягон чойхонаву ресторани дигар њам месозед то аз вазифа рафтан.

Сафаралї РАЉАБОВ, вакили парлумон: - Муњољират ягон зарар надораду дар тамоми мамлакатњои тараќќикарда муњољирати мењнатї њаст ва ќисми зиёди даромади мардум аз њисоби њамин муњољирати мењнатист. - Бо ин сатњи маърифату љањонбинї ва дарки олам узви парлумон будани шумо њам зарар надорад, аммо бовар кунед дар њар кишвари дунё ба љуз Тољикистон ин кор имконнопазир аст.

ПЕШНИЊОДИ ХОНАНДА

Барои мо чї мањсулоти стратегї ба њисоб меравад? 1. Талко - ширкати алюминийи тољик: маблаѓи даромади буљаи давлат аз њисоби андоз 214 миллион сомонї ва ё 48 миллион доллари амрикої дар соли 2012. Гардиши савдои беруна + 163 миллион доллар. Ба иќтисоди кишвар наздик ба 200 миллион доллари амрикої ворид мекунад. 2. Аз содироти пахта ба буљаи давлат наздик ба 15 миллион доллар ворид мегардад, њамагї воридоти арзї наздик ба 100 миллион доллар аст. 3. Шумораи шањрвандони тољик, ки дар Русия ба муњољирати мењнатї машѓул њастанд, беш аз

1,1 миллион њисоб карда шудааст. Соли гузашта аз Русия ба Тољикистон аз љониби шахсони воќеї 3,2 миллиард доллар фиристода шуда буд. Интиќоли маблаѓњои муњољирон ба Тољикистон наздик ба 50 дарсади маљмўи мањсулоти дохилиро ташкил медињад. Бино ба маълумоти Бонки љањонї, дар соли 2012 аз рўи интиќоли маблаѓ дар муќоиса бо Маљмўи мањсулоти дохилї (ВВП) дар љањон дар љойи аввал ќарор дорад. Аюб ЭГАМОВ

Шамсиддин ЌУРБОНОВ, роњбари беморхонаи "Насл": - Агар мо миллати солиму бофарњанг хоњем, бояд поямонро ба чени кўрпаамон дароз кунем. Ба миллати мо хатари нобудшавї ё пиршавї тањдид намекунад. Афзоиши таваллуд баланд аст. -Хайр бо ин сатњи бекориву шабњои дарози бебарќї дигар чи кор њам кунем? Њама мардони дар Тољикистон монда, таги курпа хатари нобудшавї ва пиршавии миллатро шахсан дур карда истодаем, гўед.

Усмон СОЛЕЊ, корманди ЊХДТ: - Гумон мекунам, ки дар оянда ин кор (пикету њамоишњои эътирозї) густариш меёбад. Чун ин падидањои аввалин аст, ки мардум бо роњи баён кардани эътироз нисбати ягон масъалае, ки беадолатї кардаанд, фикру андешањояшонро баён медоранд. - Ња, ин аниќ, вале љойи пикету митингњо иваз мешавад чї бало? Барои дар оянда пиёда нагаштан. Љойи коре ёбед, ки офисаш аз њайкали Исмоили Сомонї то кохи Вањдат набошад.

Иззатулло ШАРИФОВ, роњбари Сарраёсати иљрои љазои Вазорати адлия: - Шахси гунањкор бояд масъул бошад. -Мебахшед то кардани гуноњ ё баъди он? То зиндон шудан ё баъди ба истеъфо рафтан?

Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов

Њ аф тан о ма д ар Ва зо ра ти ф ар њ а нг и Љ у мњ у р ии Т о љи к и с то н ба ќ а й д г и р иф та шу д аа с т.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд.  Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст.  Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд.  Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист.  Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.