№8 (336). Чоршанбе, 15-уми майи соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

Амонуллоњи Њукум: "ворис" ё заъфи њукумат?

1

САЊИФАЊОИ 8-9 №8 (336). Чоршанбе, 15-уми майи соли 2013

АЊЗОБ

"Салом, акаи Исмоил!" САЊИФАИ 3

ЁДИ БУЗУРГОН

Роњи бебозгашти фотењи љанг САЊИФАИ 12

АМАЛИ ЗАМОН

"Облава"дар Њисор САЊИФАИ 6

ПУРБИНИ ДАРВЕШ

Боздиди Мирзодиккак ва Ѓалтак аз Мўъминобод САЊИФАИ 16

Амалиёти «ЗС»


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

МАВЗЎИ АСОСЇ

"Амалиёти ЗС" Чаро Зайд Саидов набояд ба Тољикистон баргардад?

Маъракаеро, ки аз сўи нињодњои њукуматї алайњи Зайд Саидов, соњибкори маъруф ва собиќ вазири саноати Тољикистон пиёда шуд, амалиёти аз ќабл тарњрезишудае беш набуд. Њадафи он њам ба як љањиш пурра сиёњ кардани шахсият ва бовар кунондани мардум ба он буд, ки собиќ вазир, соњибкори муваффаќ як шахси ба љомиа хатарнок аст. Сароѓоз ба ин таъкид мекунем, ки расонањои дохилу хориљи Тољикистон бояд пеши "Фабрикаи љавоб" агар сар фуруд наоранд њам, лоаќал бояд эътироф кунанд, ки ин манбаъ воќеан баёнгари руњияњои аслии њељ набошад марказњои ќабули ќарор дар њукумати Тољикистон аст. Он чї ба ќазияи Зайд Саидов рабт дорад, "фабрика" манбаъи бењтарине буд, ки тамоми тасаввуроти њукуматро дар бораи ин шахси то ба имрўз барои мањз раддањои боло мўътабар бармало нишон дињад.

"Фабрика" рўзи якшанбе ба таври ољил се матлаб, яке ба русї ва дуи дигар ба тољикї нашр кард, танњо дар пайи он ки рўзи шанбе намояндагони прократура манзили ўро дар Душанбе аллакай бо санксияи тайёри суд кофтуков кунанд. Ин оѓози амалиёт буд. Аз паси ин Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия ду ширкати Зайд Саидовро ба напардохтани андоз дар њаљми беш аз 4 миллион доллар, ширкати сохтмониашро ба изофанависї дар њаљми 1, 9 миллион доллар ва доситонии шањри Душанбе ўро ба серзанагї муттањам карданд. Номи занњояш низ дар расонањо чоп шуданд. Аммо он чї расман аз сўи ин нињодњо эълон шуд, баёнгари бинишњо ё муаррифии Зайд Саидов аз сўи нињодњои вижа, бахусус амниятї буд. Дар матолиби "фабрика" бо њамон услуби хос ва эњсоси ин, ки касе шуморо бо ин њарфњо ва њељ гоњ ба суд кашида наметаво-

над, маъракаи сиёњкунии соњибкори маъруф гарм шуд. Аз њар се матлабе, ки фабрика дар Фейсбук нашр кард, бармеомад, ки сабаби хашми њукумати Тољикистон мањз рў ба сиёсат овардани соњибкори муваффаќ Зайд Саидов, дурусттараш, ташкил кардани њизби нав, ё нуњум - "Тољикистони нав" аст. Аммо то ин ки ба сабаби аслии хашм - ташкили њизб даст задани Зайд Саидов расанд, муаллифони хеле мутталеъи "фабрика" номаи аъмоли ўро чун дар рўзи мањшар бардоштанд. Гузаштаи Зайд Саидов дар умум аз касе пўшида нест. Ў аз аввалин афроде буд, ки корхонаи хусусї дошт, чун хатмкардаи факултаи иќтисодї ва табиатан соњибкор буд. Бо шурўъи ноамнињо, азбаски аз зодагони водии Рашт буд, фирор кард, дар Русия ба тиљорат машѓул шуд ва аз њаводорони ИНОТ ба њисоб мерафт. Њар гуна овозањо њастанд, ки ў бо маблаѓи мухолифин кор мекард ва даромадњояшро ба онњо барои мубориза мефиристод. Аммо њоло маълум мешавад, ки "фабрика" ўро дигаргуна мешинохтааст. Дар муаррифињои ин манбаъи нестдарљањони иттилоъ, Зайд Саидов дар айёми љанги дохилї хазонадори ИНОТ буд ва маболиѓи аз кишварњои арабу Эрон омадаро аз худ мекард ва њатто "ба марњум Саид Абдуллоњи Нурї њисоботи бардурўѓ медод". Албатта, ин иттилоъ шубњаангез аст, зеро сари маболиѓи ИНОТ ќавитар аз ў, ба муаррифии "фабрика", шахсе бо навоќиси љисмонї, шахсиятњо буданд ва барои онњо Зайд Саидов як "колбасахўр", яъне нафари дур аз љињод ва муќими Маскав буд. Бо ин вуљуд, "фабрика" ба аз миён поёни соњибкор зарба мезанад. Ўро аз афроди наздик ба Мулло Абуллоњ ном мебарад, зеро гўё бародари ў Мирзорањим замоне муовини ахирї будааст. Ба њамин минвол, Зайд Саидовро оварда, ба Њољї Акбари Тўраљонзодаву Муњиддин Кабирї мечаспонанд. Дуруст ашхосе, ки имрўзњо дар муаррифињои "фабрика" на камтар аз ибни Лодану Мулло Умар њастанд.

Фаъолони сиёсї дар шарњи ќазияи Зайд Саидов Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон: - Ин фишори сиёсї, бозии сиёсї ва "санљиши" сиёсист. Албатта, њукумат ба шитобзадагї роњ дод, вале ман ба он боварам, ки љонибњо оштї мекунанд ва Зайд Саидов бо "љарима" халос мешавад. Дар њоле, ки 50% мансабдорони тољик субъекти моддаи 170-и Кодекси љиноии Тољикистон, яъне бисёрзанї мебошанд, ба соњибкори маъруф часпонидани онро љомеа ќабул намекунад. Феълан дар њукумат хатар ва манфиат мувозинат дорад. Зайд Саидов ба танњої истодагарї карда наметавонад, зеро барои ин имконият надорад. Ќонун ўро њимоят карда наметавонад, чунки ќонунро њоло ба манфиатњои гурўњї ва ѓаразњои сиёсї истифода мекунанд. Ягона силоњи њимоят ин Аудити байналмилалї ва њаракати мардумї дар ин замина аст, ки њукумат аз ин сахт метарсад. Барои њамин, тарафњо созиш мекунанд. Асоси дигари ин созиши тарафайн бо њукумат ва даст кашидан аз таъсиси њизби сиёсї ва марњалаи охирин устуворї нишон додани ин созиш бо ќуввањои мухолиф аст. Нуралї ДАВЛАТ, тањлилгари тољик: - Њукумат аз фигураи сиёсї шудани Зайд Саидов ва пайдо шудани ин њизби нав сахт нигарон аст. Ў аъзои њукумати Тољикистон ва аз одамоне буд,

ки замоне бо раиси њукумат равобити хуб дошт. Дар њамин марњила њукумат интизор надошт, ки ў ба сиёсат даст мезанад. Ин амали вай ба њукуматдорон хуш наомад ва дар баробари ў аз њамон амалњои таљрибашуда кор гирифтанд. Њоло на њукумат ва на љониби дигар намедонанд, ки ин кор ба љї меанљомад. Шодї ШАБДОЛОВ, раиси Њизби коммунист ва вакили парлумон: - Њукумат бо ин шурў ѓавѓо, ки атрофи зиндагии шахсї ва фаъолияти соњибкории Зайд Саидов барпо кард, баръакс, имиљи худро дар назди љомеаи байналмилалї коњиш дод. Зеро мавсуфро дар дохил ва хориљи кишвар ба њайси як соњибкори тоза ва орї аз пораву мансабхоњї мешиносанд ва эњтиром мекунанд. Дар Тољикистон њељ кас њуќуќ надорад, ки таъсиси њизби навро монеъ шавад, таъсиси њизби нав њуќуќи ќонунии њар як шањвранд аст ва Вазорати адлия њам танњо њуќуќи ба ќайд гирифтанро дорад. Агар амалњои Саидов ба талаботи ќонунњои амалкунанда мухолифат дошт, дар баробараш кайњо чора медиданд. Якбора бо неруи њамаи маќомот ба вай часпидану айбу гуноњ кофтан оини мардонагї нест ва кори ѓайриќонунї аст. Чї, танњо Зайд Саидов аз чанд зан фарзанд дорад, дигарон чї?!! Мо бояд меъёри ќонуни оиладориро бо назардошти вазъи имрўзаи љомеа

ќабул кунем. Солона дањњо тобути мард аз Русия меояд, баъд занњо чї кор кунанд? Ин масъалае набуд, ки далели кушодани парвандаи љиної шавад. Муњаммад АБДУЛЛО, коршинос: - Ќазияи Зайд Саидов решањои хориљї дорад. Онњое, ки атрофи роњбарияти мамлакат фазодсозї мекунанд ва машварати саркўб кардани шахсиятњои сиёсиро медињанд, агентњои таъсиррасони хориљї њастанд, ки пеш аз интихобот ба осиёби неруњои эътирозї дар кишвар об мерезанд. Барои кордонњо маълум буд, ки "Тољикистони нав" наметавонад ба зудї мавќеи ЊЊДТ-ро танг кунад, барои онњо вазифаи асосї - љой ёфтан дар парлумон буд, ки билахира, ба фоидаи њукумат анљом мешуд. Раљаби МИРЗО, роњбари Маркази тањлилии "Бозтоб": - Ќазияи Зайд Саидов як навъ њадафи дур кардани ў аз Тољикистонро дорад. Шояд, њукумат кадом мушкили љиддитаре аз ин ќазия дорад. Вагарна њадаф агар боздошти вай мешуд, чї монеа мегашт, ки пеш аз сафараш ба Аврупо ўро дар фурудгоњ боздошт кунанд? Чаро роњат аз Тољикистон берун шуд?Ин аст, ки ман њам мухолифи онњое њастам, ки ба Зайд Саидов "машварат" медињанд, ки ба Тољикистон барнагардад.

"Фабрика" инро њам фаромўш намекунад, ки Зайд Саидов аз њисоби 30% - и ИНОТ раиси Кумитаи саноат ва сипас бидуни ягон квота аз сўи президент вазири саноат таъин шуд. Гўё мањз ин давра ў бо истифода аз мансаб корхонањои дўзандагии "Гулистон", "Тољикмармар", "Пойтахт", "Тољиккристал" ро бо нархњои арзон харидорї кард ва мавќеи ширкатњояшро дар Русия устувор намуд. Њатто "Душанбе плаза" - ро, ки моли њалоли мардум ва њукумати шањри Душанбе аст, "фабрикаи љавоб" моликияти Зайд Саидов муаррифї мекунад. Аз ин њам бигзарем, Зайд Саидов ба худхоњиву худнамоишдињї муттањам мешавад, на фаќат барои ташкили њизб, балки сарварии Федератсияи тенниси Тољикистон, ки "як "самореклама" аст ва бо љўрабозиву улфатчигї ба даст омадааст". Њатто Зайд Саидов ба он муттањам мешавад, ки маблаѓњои барои рушди соњаи теннис људошавандаро ѓайримаќсаднок истифода мекунад ва "натиљаи кори ин тољири "муваффаќ" аст, ки Тољикистон имрўз њатто як теннисбози дараљаи сатњи љањонї он тараф истад, сатњи минтаќавї њам надорад". Хулоса, дар амалиёти "ЗС" танњо як чї намерсад: Зайд Саидов сабабгори тамоми мушкилоти Тољикистон - фаќр, муњољират, фасод, фањш, бесаводї ва ѓайраву њоказо аст. Агар мо дар ин љо кор мекардем, инро њам менавиштем! Дар Тољикистон њељ гоњ чунин набудааст, ки як нафарро чунин сиёњ кунанду аммо боз бубахшанд. Бале, ин маврид буд: марњум Султон Ќувватов чун акси њамсарони худро дар "Љумњурият" дид, аз мубориза даст кашид. Акнун Зайд Саидов њам метавонад барои "Тољикистони нав" бахшиш пурсад ва љони худу наздиконашро халос кунад? Рафти амалиёти "ЗС" нишон медињад, ки њамчунин роњ вуљуд надорад. Ў, ки њоло дар Фаронса аст, метавонад барнагардад. Ба гумони ѓолиб, њадафи амалиёти "ЗС" њамин њамин аст… "Нигоњ"

Саймиддин ДЎСТОВ, коршинос: - Фишор болои Зайд Саидов болотар аз фишор ба як шахсияти сиёсї ва муассиси њизби номнависнашуда аст. Њукумат зарфиятњои Зайд Саидовро хуб медонад, вале марказњои ќабули ќарор дар кишвар иттилои даќиќ надоранд, ки њадафи аслии ў чист. Онњо намефањманд, ки ислоњталабї њам ватандорист. Бадгумонї боис шудааст, ки њукумат аз талошњои ватанхоњонаи Зайд Саидов, ки бидуни шубња, дар њамин марњила аз иттифоќчињои табиии њукумати феълї буда метавонад, бардошти дуруст надорад. Марказњои ќабули ќарор ба мустаќилияти Зайд Саидов шубња доранд, "Тољикистони нав"-ро тарњи хориљї гумон мекунанд. Њол он ки барои чунин хулоса асос нест. Чун роњбарияти феълии кишвар тасмими љиддии иштирок ва ѓалаба дар интихоботи президентиро дораду аз Маскав ва Тењрон то љое нигарон аст, ба воситаи фишор ба Зайд Саидов ва "Тољикистони нав" мехоњад ба кишварњои таъсиррасон, назири Русия, Эрон, ИМА, Иттињоди Аврупо ва Ўзбакистон нишон дињад, ки вазъи сиёсиву иљтимоии кишварро пурра контрол карда, ќоидањои бозии сиёсиро худ таъин хоњад кард. Ин ки шевањои амалигардонии контрол то куљо ќонунї аст, албатта, масъалаи дигар аст. Бо њамин далоил, мо бар онем, ки фишор ба Зайд Саидов болотар аз фишор болои шахсияти ў ва тарњи "Тољикистони нав" аст. Ин вазъият метавонад ба фоидаи њукумат ва Зайд Саидов ва муњимтар аз ин, ба манфиати миллї њал шавад. Баръакс, метавонад боиси эљоди муњити боз њам носолимтар дар арафаи интихоботи президентї гардад. Умедвор бояд буд, ки љонибњо ба хирад такя мекунанд, на ба эњсосот ва манфиатњои яклањзаина.


АЊЗОБ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

3

"Салом, акаи Исмоил!" Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиалдемократ, мавќеашро бо њукумат мувофиќат мекунад ва аз мухолифи сарсахт ба "оппозитсияи мулоим" табдил меёбад? Зойиров - робот? Як њафтаи охир дар сањифаи фейсбукии Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон, бо "Исмоили Сомонї" (ИС) ном истифодабарандаи ин шабака бањсе идома дорад, ки кам касе ба он таваљљўњ мекунад. Албатта, "Исмоили Сомонї" як фейк - номи бофтаву сохта аст, аммо интиќодњои ў аз Зойиров кадом як гуфтањои пучу бемаъние нестанд ва ин фейк як шахси одї нест. Ў раиси ЊСДТ-ро насињат мекунад, ки чї тавр бояд як лидери воќеї бошад, масалан, ў мегўяд, ки "Азизи ман, ягон њарфе дар посухњои Шумо аз дил намебароянд, њатто, хайрхоњї эњсос намешавад, гўё як робот љавоб медода бошад". Ин фейк Зойировро ба он танќид мекунад, ки баъзе хусусиятњои рањбариро надорад, аз ин хотир, наметавонад ба ў њамчун рањбари ояндаи Тољикистон эътимод кунад ва маслињат додааст, ки чї тавр рањбари ЊСДТ бояд ислоњ ва бењтар шавад. Раиси ЊСДТ-ро гўё бањсњо бо "ИС" хуш омадааст. Дар оѓоз ў мекўшад, ки иттињомоти раќибашро рад кунад ва ин корро моњирона анљом медињад, аммо эътироф кардааст, ки воќеан, робот шудааст. "Салом, акаи Исмоил! - менависад Рањматилло Зойиров. - Ин гуна мурољиат барои ман табиитар ва гуворотар аз мурољиат кардан ба Исмоили Сомонии мўњтарам аст. Шумо, шояд, ќариб дар њамон нуќтаи зарурї афтодед, ваќте посухи маро - посухи робот номидед, зеро ин бањогузорї аз воќеият дур нест! Њар рўз бо дањњо мавриди беадолатї, тањдид ва њамлањои њамешагї ба шаъну шараф ва обруи кории одамон, аз љумла, худам дучор меоям. Алайњи ман комилан бо номњои сохтаву бофта, њатто, дар ВАО,

рўзномањову васоити электронї менависанд ва њамеша вориди бањсњои тезутунд мешавам. Бояд дар чунин шароит зинда монам. Ва ин њол 12-15 сол аст, ки идома дорад. Дар чунин шароит мехоњї - намехоњї, робот мешавї".

"Њамнавої" ё фишор? Хуб, ин даромади сухани мо буд. Воќеан, ваќте Зойиров аз фишорњо сўњбат мекунад, ин як њарфи ў нест. Ќариб њамаи онњое, ки равандњои сиёсї дар Тољикистонро пайгирї мекунанд, хуб медонанд, ки чї тавр раиси ЊСДТ бо њукумат даст ба гиребон аст ва њам алайњи ў бо номњои сохтаву бофта, њатто, нашрияњои давлатї чї гапњо менависанд. Аммо чанд рўзи охир, бахусус, пас аз 7 май, ба назар мерасад, ки Зойиров дар мавќеъгирињо алайњи њукумат хеле "мулоим" шуда, њатто, то дараљае бо он, шоирона гўем, "њамнавої" мекунад. Масалан: 1) 7 майи соли 2013 Рањматилло Зойиров дар як мурољиатнома тањти унвони "Дар бораи шарикии стратегии Русияву Тољикистон" мавќеи Президиуми Шўрои ЊСДТ-ро баён мекунад ва ба назар мерасад, дар он на мавќеи як њизби мухолифи Њукумати Тољикистон, балки њамкорї бо он баён мешавад. ЊСДТ бар ин нукта таъкид мекунад, ки бигзор муносибатњои ду кишвар бар асоси њуљљатњое роњандозї шаванд, ки созишномањои миёни кишварњо талаб мекунад, на изњороти алоњидаи Онишенкову ќазияи халабонњо. Бахусус, дар масъалаи пойгоњи низомии 201 ЊСДТ изњор доштааст, ки он бояд бар асоси созишномаи дуљониба ё интернатсионалї, њамчун кафолати тамомияти арзї ва амнияти марзњои љанубии ИДМ ќабул шавад. Ё дар изњорот гуфта мешавад, ки

алаи муносибатњои сарду нарми Русияву Тољикистон ин ќадар дер "аз хоб бедор шуд", замоне, ки њама гапњо гуфта шудаанду њама мунтазири тањаввулоти наванд? Зойиров аз "боло" супориш гирифт ё фишорњо аз њад гузаштанд? 2) 11 майи соли 2013 изњороти дигари раиси ЊСДТ "Дар бораи номи расмї ва иштироки ЊСДТ дар интихоботи Президенти ЉТ" нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки "рўзи 11 апрели с. 2013 зери № 10-10-88 Вазорати адлияи ЉТ ба суроѓаи ЊСДТ, кўчаи Р. Набиев, 260, оид бо номи Њизби умумимиллии сотсиалдемократи Тољикистон (ЊУСДТ) муаррифї шудани ЊСДТ, "бо вуљуди он ки њизб дар Вазорати адлияи ЉТ 20 декабри соли 2002 њамчун Њизби сотсиал-демократи Тољикистон сабти ном гаштааст", мактуб (эрод) ворид кардааст. Мактуб ба Њизби сотсиал-демократи Тољикистон ворид нагаштааст, азбаски соњибмулки ин суроѓа зери фишори маќомотњои беруна маљбур гашт, ки шартномаи иљораро бо ЊСДТ ќатъ намояд, аз ин рў, ЊСДТ дар ин суроѓа ќарор надорад. Нусхаи мактуб ба ЊСДТ танњо рўзи 8 майи с. 2013 дастрас шуд". Ин љо маълум аст, ки Вазорати адлия аз ЊСДТ хостааст номи њизбро бо њамон номи расман сабтшудааш гирад, яъне на Њизби умумимиллии сотсиалдемократ ё ЊУСДТ, балки Њизби сотсиал- демократ. Зойиров ин иштибоњи худро мардона эътироф карда, аз ВАО хоњиш мекунад, ки "њизб расман њамчун Њизби сотсиал-демократи Тољикистон (ЊСДТ) муаррифї гардад" ва "дар кампанияи интихоботии Президенти ЉТ соли 2013 њизб расман њамчун Њизби сотсиал-демократи Тољикистон (ЊСДТ) иштирок менамояд".

Ин љо аз љониби худ "Нигоњ" ба љаноби Зойиров пешнињод мекунад, ки бигзоранд, мо - рўзноманигорон низ номи он касро, лоаќал, барои мардум дуруст нависем, яъне Рањматулло (њ), на Рањматилло, зеро ин ном хусусияти лањљавї ва мањаллї дорад ва дар шиносномаи он кас нодуруст дарљ гардидааст. Агар дуруст њам бошад, байни мардум маъмул ва роиљ нест. 3) Далели сеюми "њамнавої"-и раиси ЊСДТ мавќеъгирии он кас дар санаи 12 май аст, ки матолиби нашрияњои Русия дар бораи ворид шудани неруњои њарбии Чин ба хоки Мурѓобро рад мекунад. Савол ин љост, ки рад кардани ин хабар ба Рањматилло Зойиров чї муносибат дорад, чун як масъули давлатї ё марзбонї нест? Ин љо њам нишонањои фишор ва "њамнавої" зоњир мешаванд, зеро гумон меравад, дар њукумат ин иттилоъро кори дасти аъзои ЊСДТ Алим Шерзамонов дар Маскав донистаанд ва Зойиров маљбур шудааст, ки гуфтањои тобеи худро рад кунад. Аммо лањзањое, ки ин матлаб омода мешуд, Алим Шерзамонов боз дар "Фейсбук" навишт, ки аз њарфњои гуфтаи худ намегардад ва сад дар сад даъвояш дуруст аст. Вай мехоњад, ки дар Тољикистон як комиссияи мустаќил ташкил шуда, ба Мурѓоб равад ва воќеиятро ба мардум расонад. Хулоса, то ба њол наздикшавии мавќеи мунаќќиди сарсахти Њукумати Тољикистон бо раќибаш дар њадди эътидол ќарор дорад ва як навъ ба "оппозитсияи мулоим" табдил меёбад. Ва ба назар мерасад, он њама маслињатњои "Исмоили Сомонї" бењуда набудаанд. Пас, чаро он касро набояд "Ака!", њатто, "Акаљон!" гуфт? Фаромарзи ФОЗИЛ

САДОИ МАРДУМ

62 % ЊУЗУРИ НИЗОМИЁНИ РУСРО ЌАБУЛ НАДОРАНД

15% 10% 5%

9%

15%

0% 1

2

3

Натиљаи масъалаи бозгашти марзбонони рус боядназарсанљии ахири TojNwes маълум кард, ки 62 дарсад аз пурсидашудагон њузури пойгоњи низомии Русия дар Тољикистонро ќабул дар доираи Созишномаи њамкорињои марзї миёни Тибќи 23% ду кишвар њал шавад. надоранд. ин Созишнома, русњо дигар ба марзи Тодарсад (210 нафар) и иштирокчиёни Њамагї 9 дар сад (49 нафар) њузури пойљикистон барнамегарданд. Ва дар39масъназарсанљї, ки зери унвони Њузури низомиёни гоњи низомиёни рус дар Тољикистонро ќабул алаи Неругоњи "Роѓун" ЊСДТ нозук изњорусро то соли 2042 ќабул доред? гузаронида дошта, варианти Ња, бидуни чуну чаро-ро инти12% роти Дмитрий Медведев дар Тошкандро шуд, варианти "Не, ќатъиян мухолифам, 23% хоб карда, 2 дарсади дигар ( 9 нафар) гуфтаанд, сиёсї унвон карда, даъват кардааст, ки (126 нафар) ин сохтмонро бар пояи дипломатияи иќти- варианти Не, аммо дигар илољ на- ки "Барои ман фарќ надорад. дорем, 15 дарсад (82 нафар), гузинаи "Ња, таИн назарсанљии виртуалї бо супориши содї њал кунанд. Ва 2%ба њамин монанд нукнњо ба ивази тањое, ки гумон меравад, ба мавќеи њуку- маблаѓ ва имтиёз-ро интихоб кар- њафтаномаи Нигоњ тўли як њафта аз 8 то 14-уми даанд. 12 дарсад (64 нафар)-и баъдї дар ин майи 2013 дар байни хонандагони ОИ TojNews мат наздиктар ва бењтару мувофиќанд. 4 5 6 назарсанљї Суоли аслї ин љо ин аст, ки чаро ба варианти Бигзор, вале на зиёд- гузаронида шуд ва дар он 540 нафар иштирок тар азмасъ5-6 соли дигар овоз додаанд. намуд. ЊСДТ ё Рањматилло Зойиров дар Барои ман фарќ надорад

20%

Не, аммо дигар илољ надорем

25%

Ња, бидуни чуну чаро

30%

Бигзор, вале на зиёдтар аз 5-6 соли дигар

35%

39%

Не, ќатъиян мухолифам

40%

Ња, танњо ба ивази маблаѓ ва имтиёз

45%


4

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

НИГОЊИ ДИГАР

«Братишка» ё ватани иллюзиявии ман 6 апрел. Рўзи љањонии тандурустї. Касе дар назди дастгоњи рентген, ки дар сањни Театри опера ва балет монда буданд, навбат мепоиду дигаре, аз маслињатњои бепули духтурон дар ин рўз бањра мебурд. Њама хизматрсонї бепул. Ман бошам њамин чорабиниро аксбардорї мекардам. Яке ба дурбини аккосии ман ду корманди милиса њам афтоданд, ки дар кунљи майдон нишаста, донањои офтобпараст "семичка" мешикастанд. Аммо онњо аз акбардории ман хашин шуда, маро ба наздашон хонданд: - Чуба бе разрешени сурат гирифтесай? Иља, биё! Наздашон омадам. Яке хост дастгоњро аз дастам кашида гирад: - Ку иља бте фотопаратта!

Аммо тавќќуф кард. Шояд дарёфт, ки чї тавр истифода кардани онро намедонад ва фармон дод: - Тез удалитуш ку суратои мора! Ман хостам акси онњоро аз дастгоњ нобуд кунам, аммо чун милисањо сурати худро диданд, ором шуданд ва яке гуфт: - Неки сурати зур гирифтай, братишка… - Хайр, биёед боз сурат мегирам. Гуфтам ман, зеро воќеан акси онњо ба худам њам хуш омада буд. Ва хеле намехостам "удалитшон" кунам. Милисањо рост истоданд ва боз фармон: - Биги! Як - ду ќитъа акс гирифтам. Њарду дида, хуш шуданд: - Ооо, суратои зўр! Меброришон, братишка?

- Бале! Бо ин ваъдаи нашри суратњо ба милисионерњо "майлаш камандир, ман рафтам" - гуфта, сўи идора равон шудам, аммо чанд ќадам задаму милиса боз маро садо кард: - Э иља биё, братишка! Ту мора дар љои шиштагимон сурат гирифтї, бо наган, ки милисањо кор накадестан. Биё иља, да байни халќ суратмон бигир, гўё мо кор кестем - да аку! Хуллас, милисањо аз кунљу канори майдон љамъ шуданд ва вонамуд карданд, ки кор карда истоданд ва ман акс гирифтаму хушњолона роњи идораро пеш гирифтам. Як ќадар хушњол будам, ки аз чанги милисањо аксњоямро сињату саломат берун овардам, аз сўи дигар, ѓаме дар дилам нишаст… Таќаллубкорї!

Одамони таќаллубї, маќомоти таќаллубї… Онњо аз ман хурдсол буданд, аммо чун "пагон" доштанд, ман пешашон "братишка" будам. Ва боз фикри… гўё дар асл њомии њуќуќ дорем чун милиса, онњо бошанд вонамуд мекунанд, ки моро њифз мекунанд. Њамин гуна як Тољикистони иллюзиявї дорам ман, ватане, ки фикр мекунї, њељ намешавад дар тасаввуротат гунљонд! Ва ман њам воќеан ин ватани иллюзиявї хаёлотии худро дўст дорам… Тавре ваъда дода будам, акси милисањоро чоп мекунам. Бо каме таќаллубкорї… Ин њам мањсули хаёлоти ман. Онњо гўё њастанд ва гўё… на… Абдуллои "Братишка"

ГАРДИШИ НАВ

Боздошти Имом Ѓоибов, њамкурси Шерхон Салимзода Имом Ѓоибов, собиќ прокурори шањри Исфара ва яке аз дастандаркорони "парвандаи исфарагињо", аз тарафи Агентии назорати молиявї ва мубориза бар зидди фасод боздошт шудааст. Агентї дар таъйиди ин хабар мегўяд, њамроњ бо ў, њамчунин Одил Очилов, собиќ сардори Шўъбаи назорат аз болои кормандони маќомоти корњои дохилї дар вилояти Суѓд њам боздошт шудааст. Њарду дар гирифтани пора дар њаљми махсусан калон гумонбар дониста мешаванд. Имом Ѓоибов дар "Парвандаи исфа-

рагињо" яке аз шахсиятњои калидї мањсуб меёфт, вале бо сабабњои номаълум то њол дар озодї буд. Ў ду панљсола прокурори шањри Исфара буд, Низомхон Љўраевро хеле хуб мешинохт ва њатто, аз њамтабаќони ў мањсуб мешуд. Замоне, ки Агентии назорати давлатии молиявї ташкил шуду Шерхон Салимзода роњбари он таъин гашт, Имом Ѓойибови њамкурсаш сардори Раёсати тафтишотии Агентї таъин шуд. Ў бо Одил Очилов, ки он ваќт сардори Шўъбаи назорат аз болои кормандони маќомоти корњои дохилї дар вилояти

Суѓдро ба ўњда дошт ва аз замони тањќиќи куштори муовини прокурори генералии ваќт Толиб Бобоев соњибкор Низомхон Љўраевро хуб мешинохт, аз бозкунандагони "парвандаи исфарагињо" мањсуб мешаванд. Соли 2009 Имом Ѓоибов аз тарафи Агентии назорати молиявї ва мубориза бар зидди фасод роњбари гурўњи тафтишотии ќазияи Низомхон Љўраев ва Одил Очилов муовини ў таъин мешаванд Њар ду њам аз наздикони роњбари Агентї будаанд. Хешовандони беш аз 100 исфарагї, ки дар доираи ин силсилаи парвандањо бозпурсиву ба њабс гирифта шуда буданд, мањз ин ду нафарро тањиягарони ин амалиёт медонанд, чун њар ду њам бо Низомхон Љўраев наздик буда, аз фаъолиятњои

соњибкорї ва сарватмандии ахирї огоњ буданд. Бо пурмољаро шудани ќазия Имом Ѓоибов прокурори ноњияи Фирдавсии пойтахт таъин шуда, то љое аз парванда дур шуд ва баъди бозгашти Низомхон Љўраев аз Русия сирњое фош шуданду прокурори генералї ўро аз вазифа сабукдўш кард. Айни њол тањќиќи "Парвандаи исфарагињо идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки дар ин парванда 31 нафар аз 10 то 25солї равонаи зиндон шуда буданд, ки дар њоли њозир 7 нафарашон ба озодї баромадаанд ё љазояшон сабуктар шудааст ва як гумрукчї дар мањбаси Хуљанд вафот кард, ки барои марги ў то њол касе љазо нагирифтааст. "TojNews"


ФАРЁДИ АЌЛ Як соли пеш дар расонањо иттилое пахш шуд, ки дар арафаи 23 май - Рўзи љавонон созмоне бо номи "Ќадам ба ќадам" бо маќсади мубориза алайњи мањалгарої дар Тољикистон њуљљатњои худро ба Вазорати адлия месупорад. Аммо 7 майи соли гузашта Далер Шарипов, рањбари созмон, мавриди латукўб ќарор гирифт ва њарфи созмон њам аз забони расонањо афтод. Аз мавсуф њам суоли аввалини "Нигоњ" ин буд, ки оё нињоят њуљљатњои созмон ба Вазорати адлия барои сабти ном расиданд?

- Ростї, баъди он ки мавриди њамлаи афроди номаълум ќарор гирифтам, созмондињандагони "Ќадам ба ќадам", яъне љавонони ташаббускор тасмим гирифтанд, ки то рўшан шудани ќазия сабти номро мавќуф гузорем. Ва ин ќазия то њол маълум нашуд ва мо њам ќарор кардем, ки то як замони дигар сабти номи "Ќадам ба ќадам"-ро мавќуф гузорем. - Хато накунем, аввалин хабар дар бораи созмонро Радиои "Озодї" пахш кард. Фикр намекунед, ки хабари "Озодї" сабаби латукўб ва ба ќафо афтодани сабти номи "Ќадам ба ќадам" шуд? - То андозае ин хабар он шабу рўз ба ќазияи рухдода, шояд, сабаб шуд. Аммо як хабар набояд ба чунин оќибат орад. Фикр ме-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

Далер ШАРИПОВ:

"Ќадам ба ќадам бармегардем" Сўњбат бо Далер Шарипов, сарвари Созмони љавонони "Ќадам ба ќадам" кунам, ташаббуси љавонон барои нафароне писанд наомад. Њамзамон, ман дар ТВ "Сафина" - муассисаи давлатї кор мекардам ва донишљўи Донишгоњи миллї будам. Ва пушти мо, ки њељ гуна афроди њукуматї ё ЊХДТ намеистод, шояд, ба ин масъала дигар хел бархўрд шуд. Ва агар маќомот њамлагаронро пайдо карда метавонист, назари мо њам дигар мешуд. - Баъзењо он шабу рўз мегуфтанд, ки пушти "Ќадам ба ќадам" Муњаммади Нурї, писари Саид Абдуллоњи Нурї меистад. Ин дуруст аст? - Ман ба хонадони устод Нурї эњтиром ќоилам. Ва бо бародари гиромї Муњаммади Нурї муносибати дўстона дорем. Эшон замони донишљўї барои тањсили мо кўмак кар-

даанд. Ду сол дар манзилашон иљоранишин будем. Аммо Худо шоњид, ки на Муњаммади Нурї ва ё на касе дигар аз Њизби нањзати исломї барои ин тарњ аз мо пуштибонї накардаанд ва ё машварату кўмаке аз онњо нахостаем. Ин идея замони донишљўї пайдо шуд. Ман аз Суѓд, Бадахшон, Хатлон ва дигар навоњї дўстони зиёд дорам. Ва ин идеяро ба онњо пешнињод кардаму онњо пазируфтанд. Мо сўњбатњои зиёд доштем. - Далер, ба назаратон чунин наменамояд, ки дар созмони Шумо њам ба монанди "Ватандор"-у "Гурўњи 24" ва њатто, Љунбиши миллї танњо як нафар аст, он њам худатон. Баќия аъзои Шумо кињоянд? - Созмони мо аз љавонони фаъолу донишманд иборат аст, ки имрўз дар кишва-

5

рњои гуногун машѓули кору дарс њастанд. Мо тариќи шабакањои иљтимоии интернет њамеша дар сўњбату мулоќотем. Аммо чун шароити кунунї таќозо мекунад, ки онњоро муваќќатан номбар накунам. Масалан, дар як сўњбат бо радиои "Имрўз" мо шаш нафар аз ташаббускорон ширкат карда будем. Созмонњое, ки Шумо номбар кардед, дар хориљ ташкил шудаанд. Аммо мо дар маркази Тољикистон шањри Душанбе тасмими худро гирифтем. - Њоло куљоед? Метавон гуфт, ки баъди латукўб аз идомаи роњатон даст кашидаед? - Роњи њадафи мо мушаххас ва устувор аст. Мо барои як солу ду сол ё як марњилаи муайян нахоњем омад. Ва аз ин идея њам даст накашидаем. Тољикистонро бидуни мањалгарої, ки решаи ќариб њамаи бадбахтињои миллат аст, дидан мехоњем. Бо ваќту шароит ва марњилањои муайян механизми аз байн бурдани онро амалї мегардонем. Феълан ба омўзиш ва корњои хољагї машѓулам. Бо љавонони фаъол иртибот дорам. Вазъияти имрўзаи кишварро љиддан меомўзему тањлил мекунем. Иншоаллоњ, бармегардем, ќадам ба ќадам. - Сабти ном, ки нашудаед, чї тавр фаъолият мекунед? - Мо метавонем мисли як њаракат дар масири худ ќадам занем ва афкорро ба вуљуд орем. Имрўз њизбу созмонњое дар Тољикистон расман фаъолият мекунанд, ки мешавад гуфт, наќше надоранд. Агар таърихи созмону њизбњои гуногунро вараќ занем, мебинем, ки муассиртаринашон ё сабти ном нашудаанд, ё њамеша зери таъќибу фишоранд. Мо мекўшем бо љавонони фаъол ба баъзе њаводис таъсири мусбї расонем. - "Ќадам ба ќадам" дар интихоботи президентї аз кї пуштибонї мекунад? - Мо аз нафаре пуштибонї мекунем, ки мардум ўро интихоб мекунад ва барои миллату Тољикистони азиз аз зану фарзанду молу љонаш мегузарад. Мо ба нафаре овоз медињем, ки манфиати мардуми Тољикистонро аз манфиатњои авлодї, гурўњї, мањаллї ва њизбї боло мегузорад... "Нигоњ"

Насибаи Насиб Як љавони фаќири тољик чї орзу дорад? Насибро хоб намебурд аз гуруснагї. Пањлу ба пањлу мегашту њисоб мекард. Вале бо раќамњо меъдаро ором карда наметавонист. Имрўз ба хотири апањояш ваќти пешин модараш як оши бомазза пухт. Аммо хеле кам буду касе аз хўрдани он сер нашуд. Бегоњї якпорагї нони љувориро ба ўву апањои камаќлаш таќсим карда доданду халос. Модару падараш њам гурусна хоб рафтанд. "Чаро ман фарзанди аввалин нестам? Ба Русия рафта, кор мекардаму ањли оиларо таъмин менамудам", - мегуфт ба худ. Насиби 14-соларо бо сабаби фаќирї аз тањсил ботамом гирифта буданд. Худи ў пойафзоли дурусте надошту шарм мекард, ки ба мактаб равад. Њамсинфонаш ба ў писханд мезаданд. Охир, ў бачаи ботану тўш шудааст. Аз пўшидани либосњои саддарбењу танг хориаш меояд. Дар танњої гоњо гиряву мурданро орзу мекунад. Дидани ањволи падари бемору модари афгораш барояш мушкил аст. Ду апааш модарзод нуќсдор тавлид ёфта, дар хона гўё як бори зиёдатианд. Аќлашон ба чизе намераваду зуд-зуд аз хона гум мешаванд. Насиб њарчи тезтар мурдани онњоро аз Худо илтиљо мекард. Чор апаи дигараш соњиби хонаи ободи худ њастанд. Язнањояш њам айни замон дар Русия мардикоранд. "Дар њамин ќиматї чаро ин ќадар таваллуд мекарда бошанд?" - андеша мекард Насиб њоли зори апањои серфарзандашро дида. Деворњои њавлї, кариб ки, пурра кафида, фурў раванд, вале њатто, барои пойде-

вор кардан њам имкон надоранд. Айвони дарози бетиреза љойи нишасту хоби Насиб њам ба њисоб мерафт, зеро апањояш баъзе рўзњо њамроњи фарзандон шаб хобравї меомаданду дар хона љой мешуданд. Ва он гањ дар љойи тангу хунук Насибро тамоман хоб намебурд. Оњу воњи падари фалаљаш ба асабаш сахт мерасид. Базўр инљикињои падарро тоќат мекард. Охир, замоне падараш солим буду дар колхоз кор мекард. Он ваќтњо аз хўрока танќисї намекашиданд. Падари мењнатиаш 45 сол собиќаи корї дошт. Рўзе ваќти каланд кардани замин худ аз худ пойњояш варам карданду бењол фитод. Ба њамин бистарї гардид. Пуле надошт, ки табобат кунад. Акнун ба љойи падар Насиб дар замини колхоз кор мекунад. Ў, аслан, аз хурдї бачаи эњсосї буду мехост мактаб хонда, санъаткор шавад. Суратњои актёрони номдорро љамъ мекард.

«

Вале имрўз эњтиёљ ўро ба ин ањвол афкандааст. Бо либосњои тунуку пойафзоли дарида, ба сари замин рафта, базўр-базўр каланд мезанад. Агар дар дигар оилањо яккаписарро эрка ба воя расонанд, дар оилаи онњо эркагї чист, намедонанд. То имрўз ў маззаи шоколадњои "Сникерс"-у "Марс"-ро намедонад, ки чист. Фаќат медонад, ки барои чї модараш рўздармиён як бор хўроки гарм мепазад. Он њам ё пиёба асту ё шўрбои камравѓани наскдор. Ошро моње

Оњу воњи падари фалаљаш ба асабаш сахт мерасид. Базўр инљикињои падарро тоќат мекард. Охир, замоне падараш солим буду дар колхоз кор мекард. Он ваќтњо аз хўрока танќисї намекашиданд. Падари мењнатиаш 45 сол собиќаи корї дошт. Рўзе ваќти каланд кардани замин худ аз худ пойњояш варам карданду бењол фитод. Ба њамин бистарї гардид.

«

як бор мувофиќи имкон бегўшт мепазанд. Насиб, аллакай, ба хубї медонад, ки дарди камбаѓалї чї дардест. Дарди љонгудозу хорї. Њама ба њолат механданд. Ба ту аз баландї нигоњ мекунанд. Ба маъракањояшон даъват намекунанд. Рўзњои ид касе по ба остонаи хонаи онњо намемонад. Рўзи иди Рамазон касе хонаи онњо наомад. Љўрањояш масхаракунон гуфтанд, ки дар хонаи онњо ѓайри калламуш дигар чизе нест. Насиб, њатто, рўзи ид либоси наве надошт, ки пўшад. Боз пинњонї гирист, дилаш месўзад ба њоли хонавода. Аммо аз дасти ў чї њам меояд? Ба њафт сомонии музди мењнаташ чизе харида наметавонад. Њавлиашон таъмирталаб шуда, намаду кўрпачањояшон тамоман кўњнаву фарсуда, табъи касро хира мегардонанд... Насиб ният дорад, ки пас аз як сол пул ќарз гирифта, роњи Русияро пеш гирад. Боз як мардикор зиёд мешавад... Шањлои НАЉМИДДИН


6

СИЁСАТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

М

ањмадраљаб Одинаев, сокини љамоати дењоти Њаёти нави ноњияи Њисор ба "Нигоњ" гуфт, 5 май, соатњои 10.00-и рўз дар чорроњаи назди Ќалъаи Њисор мошини шахсиашро дар канори роњ монд, ки сардори Раёсати БДА-и ноњия Давлатшоњ Сурхаков ва муовинаш ўро боздошт карданд. - Сурхаков дасти маро дошт ва гуфт, ки рафтем, "облава". Дастонамро доштанду тарафи "Опел"-и худашон бурданї шуданд. Пурсидам, чї кор кардам, чї шуд, фањмонед, охир, шумо киед, чикораед? Яке гуфт, корманди БДА аст. Сурхаков гуфт, ин муфаттиш аст. Билети њарбиро нишон додам, аммо боз њаќорату кашокаш карданд. Гуфтам, равед, куљое шикоят мекунед, кунед, ман ќарзи худро бо хоњиши худам иљро кардам. Ба вазири корњои дохилї нисбати ин даѓалрафтории кормандони БДА шикоят дорам. Мањмадраљаб соли 2005 ба донишгоњ дохил шуда, баъди хатми он, соли 2011 бо хоњиши худ ба хидмат рафтааст ва тибќи ќонун як сол хидмат кардааст. Билети њарбии вай тањти раќами №64 71 26 аст. Як сол дар ќисми низомии 13 483 хизмат кардааст ва њатто, раќами ќисми низомиро аз ёд медонад. Меърољиддин Њомидов, навбатдори ќабулгоњи вазири корњои дохилї, 7 май ба "Нигоњ" гуфт, њодисае, ки нисбати шањрванд Мањмадраљаб Одинаев аз тарафи кормандони БДА-и Њисор рух додааст, ба ќайд гирифта шуда, рўзњои наздик тафтишот анљом меёбад ва ба шањрванд ба таври хаттї посух медињанд.

"Ќонуниву ѓайриќонунї" Талошњои мо барои пайдо кардани Сурхаков бенатиља анљом ёфтанд. Ба зангњои мо дар БДА-и Њисор касе љавоб надод. Аммо дар Комиссариати њарбии ноњия гуфтанд, ки ба Комиссияи даъвати љавонон ба артиш намояндагони БДА њам шомиланд, аммо њуќуќ надоранд, ки дар роњу хонањо бидуни даъвати расмї љавононро "шикор" кунанд ё бо сарулибоси шањрвандї фаъолият намоянд.

лава"-и даъватшавандањо нест, ба истиснои њолате, ки ќонунгузорї мушаххас кардааст, яъне дар њолати бо даъвати расмї њозир нашудан ба Комиссариатњои њарбї ва саркашї намудан, даъватшаванда аз тарафи маќомот њозир карда мешавад.

"Њодисаи маъмулї"

"ОБЛАВА"ДАР ЊИСОР Кормандони БДА - Бозрасии давлатии автомобилии ноњияи Њисор њам дар "облава" сањм мегиранд. Онњо, њатто, љавонеро "облава" карданд, ки дар сафи артиш хидмат кардаву дар даст билети њарбї дорад. Фаридун Муњаммадалиев, сухангўйи Вазорати мудофиа, ба "Нигоњ" гуфт, ки даъвати бањории љавонон ба артиш дар ноњияњои тобеи љумњурї, ки Њисор

«

ба он дохил мешавад, 85% иљро шудааст. Ба ќавли ў, иљрои наќшаи даъвати бањории љавонон ба артиш нисбати солњои ќаблї назаррас аст ва њољат ба "об-

Талошњои мо барои пайдо кардани Сурхаков бенатиља анљом ёфтанд. Ба зангњои мо дар БДА-и Њисор касе љавоб надод. Аммо дар Комиссариати њарбии ноњия гуфтанд, ки ба Комиссияи даъвати љавонон ба артиш намояндагони БДА њам шомиланд, аммо њуќуќ надоранд, ки дар роњу хонањо бидуни даъвати расмї љавононро "шикор" кунанд ё бо сарулибоси шањрвандї фаъолият намоянд.

«

Аммо далоили дигар нишон медињанд, ки дар Њисор "облава" як њодисаи маъмулист. Кормандони Комиссариати њарбии ноњия њамроњи Мањмудов Баёнќул, раиси љамоати Мирзо Ризо, 30-юми апрел, соати 10-00 ѓайримунтазира вориди манзили истиќоматии Фаррух Њасанов шуда, хостанд ба таври иљборї писараш - Иќбол Њасановро, ки 13-уми апрел аз хизмат дар ќисми њарбии "65 99"и ноњияи Турсунзода баргаштааст, дубора ба хизмат баранд. Фаррух, бародари Иќбол, ба "Нигоњ" гуфт: - Ваќте ки бародарам - Иќбол ба онњо фањмонидан хост, ки се рўз ќабл аз хизмати њарбї омадааст, онњо бовар накарданд ва барои дурўѓгўї ба сару рўяш шаппотї заданд. Танњо ваќте бародарам ќисми њарбї ва дар куљо хизмат карданашро гуфт, онњо бовар карда, ўро рањо карданд. Аммо бар асари латукўби кормандони Комиссариати њарбї дар рўи бародарам доѓ мондааст. Дар байни ноњияњои тобеи љумњурї Њисор наќшаи даъватро иљро накардааст, шояд, маќомоти он аз ин хотир ба хашм омадаанд. Аксари љавонон дар муњољират, баќия фарзандони мансабдорон ва тољирон њастанд. Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хидмати њарбї" омадааст: шањрвандоне, ки баъди хатми донишгоњу донишкадањои олї ба хидмат мераванд, њамагї як сол њуќуќи хидмат кардан доранд ва боз њам тибќи њамин ќонун хидмат барои њар як љавон дар сафи артиш як маротиб таъкид ёфтааст. Аммо Комиссариати њарбии Њисор аз кадом ќонун ва ќоида кор мегирад? Њарамгули ЌОДИР

Аљоиботи Панљрўд Арчањои Боѓи Рўдакї дар њасрати дидори президент хушк шуданд? Аввали бањор буд. Аз дења занг заданд, ки дењаро аз нав обод мекунанд, зеро барои зиёрати устод Рўдакї президент Эмомалї Рањмон бо њамтои эрониаш Мањмуди Ањмадинажод меоянд. Ман њам рафтам. Деворњои ду тарафи дарё, ки солњои тўлонї вайрон шуда буданд, таъмир шуданд. Гурўњ-гурўњ устоњо саргарми кор буданд - чойхонаву мењмонхонаро рангубор мекарданд, дар роњравњои боѓи соњили рости дарё "плитка" мечинданд. Босуръат кор мекарданд, то дар ваќти муайяншуда њамаро ба итмом расонанд. Сањарї аз хоб хестам, ки як гурўњи коргарон корро тамом накарда, ба дидорбинии пайвандонашон рафтаанд. Сабаб пурсидам. Бригадир хурсандона гуфт, ки президент њоло дер меомадааст...

Президент "меравам!" гўяд, шуд… - Додар, додар, бубин, ки президент соли 2008 омада буд ва пеш аз омаданаш ќариб хело љойњоро обод карданд ва баъзе љойњои дигаре, ки "успеть" накарда буданд, ваъда карданд, ки мекунем, вале 5 сол мешавад, ки ваъдаро иљро накарданд. Ана имрўз бин, ки як бор омад-омадаш баланд шуд, боз чї ќадари дигарро обод карданд. Барои њамин, мегўям, ки худаш ба дења наояд њам, соле як маротиба аз дастгоњ гўянд, ки президент ба зиёрати Рўдакї меравад, бас аст, ин њарфњои Бобои Абдуѓаффорро шунида, ба ў ањсант хондам,

зеро як марди нахонда њам бошад, фиребкорињњои масъулинро дида, тањлил мекунад...

"Арчаи тиллої" Ман ба Душанбе баргаштам ва пас аз як моњ рафтам. Аз коргарон нишоне набуд. Гўё њамаро тамом карда рафтанд. Аз роњравњои боѓи пањлуи рост ќадам зада, медидам, ки устоњои "плитказан" корро "исмоилдавон" кардаанд. Нимпайкарае, ки соли 2008 оварда буданду аз сиёњиаш Рўдакиро шинохта намешуд, бурдаанд ва ба љойи ў "Рўдакии сафед", яъне нимпайкараи дигаре мондаанд, ки аз пешина хушрўйтару љаззобтар аст.

Аммо ќисмати љолиби ќиссаи ман аљоиботи Панљрўд - арчањо њастанд. Президентњо меоянд, гуфта, тамоми дарахтњои меваи боѓи падари шеъри форсї Абўабдуллоњ Рўдакиро решакан намуданду арча шинонда буданд. То як моњи набудани ман арчањо аксаран хушк ва њезум шуда буданд. Як дўстам гуфт, њамин арчањо њам фањмиданд, ки президент намеояд, насабзидаанд. Дигарї мегуфт, ки ин арчањо ба иќлими Панљрўд мувофиќ набудаанд. Аммо ваќте шунидам, ки як бех нињоли ин арча 900 сомонї будааст, њуш аз сарам парид. Ба тахминам, дар боѓ беш аз 100 арча буд, ки аз хориља оварда буданд. Арчаи худї мешуд, бепул месабзид...

Дар поёни ќишлоќ барои чархболњо боз "фурудгоњ" сохта буданд. Соли 2008 њам сохта буданд, лекин соњилашро мустањкам накарданду дарё вайрону валангораш карда буд. Аммо имсол њам боз сохтанд ва боз ба мисли пешин чор тарафаш кушода, агар каме оби дарё зиёд шавад, боз вайрону валангор хоњад шуд! Дили масъулин барои мењнати худашон, буљаи бе ин њам фаќиронаи Тољикистон намесўхта бошад? Ба назари ман, боз устод Рўдакиро ранљонданд, боз кўр карданд...

Эраљи АМОН


ЭЪТИРОЗ

7

њуќуќи инсон

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

Митинги "Мовароуннањр" Чаро Прокуратураи генералї ва Суди Олї мардумро ба митингу майдон мекашанд?

Р

ањбарият ва муштариёни ширкати сохтмонии "Мовароуннањр" аз президент Эмомалї Рањмон ва раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев талаб карданд, ки барои гузаронидани митинг ё гирдињамої иљозат дињанд. Дар ин мурољиат, ки ариза ё огоњинома унвон шудааст, аз рўи ќонуни ЉТ "Дар бораи маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњпаймоињои осоишта" аз рањбарони Тољикистон хоњиш мешавад, ки 3 июни соли 2013 аз соати 10.00 то 14.00 майдони "Озодї"-и Душанбе, муќобили бинои Маљлиси Олии Тољикистон ба ихтиёри муштариёни "Мовароуннањр" вогузор шавад. Ба даъвои ахирињо, моддаи 29-и Сарќонуни Тољикистон кафолат медињад, ки "Шањрванд њаќ дорад дар маљлис, гирдињамої, намоиш, рањпаймоии осоишта, ки ќонун муќаррар кардааст, ширкат варзад".

Чаро митинг? Ќазияи "Мовароуннањр" ва беш аз 500 муштариаш 3 сол аст, ки аз сањифаи расонањо канда намешавад. Раиси он Љўрабек Охунов 5 июли соли 2012 ба 13,6 сол зиндонї шуд, аммо бо ин ќазия њалли худро наёфт. Додгоњ моликияти "Мовароуннањр"-ро, ки мантиќан моли њалоли ширкату муштариёнаш аст, њабс кард. Суди Олии Тољикистон 13 сентябри соли 2012 њукм кард, ки биноњои нотамоми "Мовароуннањр" барои муштариёнаш "нигаронида шавад". Аммо Вазорати адлия моњи ноябри њамон сол биноњои нотамоми ширкатро ба фурўш гузошт. Ин тасмим муштариёнро ба ѓазаб овард ва онњо аз Суди Олї талаб карданд, ки ба ин роњ надињад, балки

«

Ноилољї ё тањдид? Рањбарият ва 502 муштарї бар ин боваранд, ки агар биноњои нотамоми "Мовароуннањр" аз њабс озод шаванд, имкон доранд сохтмони онро ба итмом расонда, бо нархи пасттар аз 25-30% соњиби манзил шаванд. Аммо њоло танњо ба хотири бекор кардани ќарори Суди Олї лозим мешуморанд, ки 3 июни соли 2013 аз соати 10.00 то соати 14.00 дар муќобили бинои Маљлиси Олї гирдињамої гузаронанд.

бигзоранд, ки худи ширкат биноњоро ба анљом расонда, бо онњо њисобї кунад. Моњи январи соли равон Суди Олї эълон кард, ки фурўши биноњо матрањ нест. Моњи марти соли равон "Мовароуннањр" ба Суди Олї мурољиат карда, хост, ки барои фаъолияташ иљоза дињанд, аммо посух нагирифт. Рўзи 12 май муштариёни ширкат дигарбора аз Суди Олї хостанд, ки ба фаъолияти ширкат иљозат дињад, зеро дар миён миллионњо доллар аст ва он њам маблаѓи 502 муштарие, ки умед доштанд маблаѓњои барои сохтмони манзил ба ин ширкат додаашонро мегиранд. Акнун њукми норўшани Суди Олї рањбарият ва муштариёнро маљбур кардааст, ки даст ба гирдињамої зананд.

Гунањкор - Прокуратураи генералї ва Суди Олї Аз ариза ё огоњиномаи рањбарият ва муштариёни "Мовароуннањр" бармеояд, ки Прокуратураи генералї ва Суди Олї мардумро ба митингу майдон мекашанд. Дар ариза ё огоњиномаи онњо омадааст, ки мањз аз бесалоњиятии маќомоти тафтишотї дар симои Прокуратураи генералии ЉТ ва маќомоти судї Суди Олии ЉТ, инчунин, иљрочиёни Суди ноњияи Синои шањри Душанбе имконе

«

надорем, ки вобаста ба сањмњои гузоштаи худ дар давоми сохтмони манзилњои нав иштирок намоем". Бино ба даъвои рањбарият ва муштариёни "Мовароуннањр", дар асоси њукми судї аз 5 июли соли 2012 ва таъиноти кассатсионии зинаи кассатсионии Суди Олї аз 11 сентябри соли 2012 маблаѓи 35 000 доллар ва 37 000 сомонї, ки дар депозити Прокуратураи генералї нигоњ дошта шудааст, бо 8 бинои истиќоматии сохтмонаш нотамоми "Мовароуннањр" барои барќарор кардани товони зарар ба љабрдидагон аз њабс, аслан, озод нашудаанд, то давом додани сохтмон имконпазир гардад. Њуљљатњои расмии давлатии ин амвол ба онњо супурда шудааст, аммо имкони ихтиёрдорї кардани онро надоранд. Рањбарият ва 502 муштарї бар ин боваранд, ки агар биноњои нотамоми "Мовароуннањр" аз њабс озод шаванд, имкон доранд сохтмони онро ба итмом расонда, бо нархи пасттар аз 25-30% соњиби манзил шаванд. Аммо њоло танњо ба хотири бекор кардани ќарори Суди Олї лозим мешуморанд, ки 3 июни соли 2013 аз соати 10.00 то соати 14.00 дар муќобили бинои Маљлиси Олї гирдињамої гузаронанд.

Дар анљоми ариза исми ташкилкунандагони гирдињамої - Тўрабек Охунов, иљрокунандаи вазифаи директори "Мовароуннањр", Мамадназар Рањматшоев, раиси Кумитаи мизољони ширкати "Мовароуннањр" ва Бузургмењр Ёров, раиси Коллегияи адвокатњои Тољикистон - "Сипар", оварда мешавад, ки њатто, телефонњои худро навиштаанд. Онњо мегўянд, ки "зиёда аз 500 сањњом, дар навбати худ, дањњо ашхоси дигареро доранд, ки њуќуќњои онњо низ даѓалона вайрон шуда истодааст ва дар маљмўъ, зиёда аз 5000 нафар имрўз хоњони он мебошанд, ки ба майдон бароянд…" Воќеан, то ба имрўз як суол барои љомеа рўшан нест, ки барои кї зарур буд ним њазор нафарро се сол боз дар ба дари суду прокуратура кашида, корро то гирдињамої расонад? Прокуратураи генералї ё Суди Олї? Аммо азбаски дар асоси ќонунњои Тољикистон аввалї наќши њалкунанда дорад ва њар чї гуфт, Суди Олї иљро мекунад, пас, замоне фаро нарасидааст, ки фањмонанд: ин њама кашокашињо чї маъно дорад? Ягон љавоби рўшан њаст, ки дигар ин мардум њам дар ба дар набошанд? Чаро аз посух ба ин суол рў метобанд ва ба њуќуќњои шањрвандон беэътиборї мекунанд? Ё касе мехоњад миллионњо доллари ширкату муштариёнашро муфт аз худ кунад? Агар ин тур нест, пас, асли матлаб чист? Бале, ин як ноилољї аст, ки кас барои њимоят аз њаќќи худ ба майдон мебарояд, аммо њељ кас њаќќи инро надорад, ки ин ноилољиро ба тањдид табдил дињад. Тањдид ба амнияти Тољикистон. Оё меарзад, ки онро эљод кард? Фаромарзи ФОЗИЛ


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

ТАХТАИ СИЁЊ

Њашт сол мешавад, ки президент паёпай дар паёмњояш ба парламент дар ин ё он шакл се њадафи стратегии давлат: расидан ба истиќлолияти энергетикї, таъмини амнияти озуќаворї ва рањої аз бунбасти коммуникатсионї сухан карда, дар назди масъулин вазифагузорињо мекунад. Агар дар самтњое пешравї ба назар мерасанд, дар бахшњое њатто талош ба сифр баробар аст. Роњи оњан, ки яке аз унсурњои асосии рањої аз бунбасти каммуникатсионї мањсуб меёбад аз њамин бахшњост, вале роњбари КВД "Роњи оњани Тољикистон"Амонуллоњи Њукум на танњо муљозат нашуд, балки аз ў њамчун "наследник"ном мебаранд...

Амонуллоњи Њукум:

"ворис" ё заъфи њукумат? Дарки президентї Соли 2005 президент Эмомалї Рањмон барои рушди минбаъдаи љомеа ва давлат вазифањои нињоят муњимро муайян кард. Сухан дар бораи cе њадафи стратегии давлатдории тољикон буд, ки мањз дар паёми соли 2005 њамчун вазифањои ањамияти аввалиндараљадошта садо доданд. Мушкилот хеле хуб тасвир шуда, барои њалли онњо президент 5 сол пешбинї кард. Роњњалњое низ пешнињод шуданд. Аз љумла, роњбари давлат мушахассан ба масъулин супориш дод, ки бо љалби сармояи хориљї барои лоињакашї ва сохтмони роњи оњани Душанбе-Ќўрѓонтеппа-Панљ ва

Ќундузи Афѓонистон чорањои зарурї андешанд. Метавон гуфт, ки њанўз њашт сол ќабл президент муњим ва зарур будани ин тарњро дарк намуда, барои ба кишвари транзитї мубаддал гардондани Тољикистон ин супоришро ироа дошт. Њамаи ин ба хотири роњ ёфтан ба бандарњои обњои гарм ва рањої аз тањримњои бардавом (перманентии) Узбакистон буд. Њамвора, президент аз тарњои љорї сухан кард, ки барои ба кишвари воњид мубаддал гардидани Тољикистон роњњои мављуда таљдид гардида, наќбњо бунёд шаванд. Чунин њам шуд. Соли 2006 наќби Анзоб шикоф шуд (чигунагии он бањси инљо нест), роњи мошин-

гарди Кўлоб-Хоруѓ-Кулма-Ќароќурум ба истифода даромад, се пул дар сарњади байни Тољикистону Афѓонистон сохта шуданд, таљдиди роњи Душанбе-Ќўрѓонтеппа-Кўлоб ба итмом расид. Њамин тавр њар сол, то соли 2013 Президент дар паёмњояш аз боз шудани роњеву наќбе дар дохили кишвар сўњбат мекард ва супоришњо иљро мешуданд. Охирон тарњхое, ки аз истифодаи он Президент дар паёми соли 2013 ёдоварї кард, боз шудани наќби Шањристон ва оѓози таљдиди роњњои мошингарди Душанбе-Турсунзода ва АйнїПанљакент мебошанд. Воќеан, роњњои автомобилгард Тољикистонро дар чањор фасли сол ба њам пайваст намудаанд, ки њамеша аз

он чун дастоварди замони истиќлол ва ањди Эмомалї Рањмон ёд хоњанд кард. Вале дар ин миён Президент дар паёмњояш аз ягон дастоварди роњи оњан сухан накардааст. Бараъкси шабакаи аввали телевизиони Точикистон, ки баъди хар боди нофорам суи Амонуллохи Хукум хоса пеш аз чаласахои мухим ба реклому таргиби ночои КВД "Рохи охани Точикистон" даст мезананд.

Тарњи фаромўшшуда ва бохтњои пайдарпай Баръакс, роњбари давлат њар сол таъкид мекунад, ки дар ин самт камбудињои зиёд љой доранд, бояд барои бартараф намуданаш чораљўї шавад. Аммо воќеоти як соли ахир исбот намуд, ки номуваффаќии роњбарияти Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" ин нињоди барои иќтисоди кишвар калидиро ба "устухоне дар гулў" монанд кардааст. Яъне онро на фурў бурда мешаваду на аз бањраш гузаштан. Нињоят тасмими амрикоињо ва њампаймонаш барои баровардани нерўњояшон аз Афѓонистон нишон дод, ки Тољикистон барои кишвари транзитї гардидан омода нест. Зарурати тарњи роњи оњани Душанбе-Ќурѓонтеппа, Панљ - Ќундузи Афѓонистон кунун ба хубї эњсос мегардад. Аммо ин ягона ва аввалин тарњ ва барномае дар самти роњи оњан нест, ки аз нотавонї ва дарк накардани равандњои феълии минтаќавї аз љониби роњбарияти КВД "Роњи оњани Тољикистон" гувоњї медињад.

Наќшаи №1

Ваъдаи њавої Соле пештар роњбари давлат бо нигаронї аз болоравии нархи роњи оњан Амонуллоњи Њукумро аз љой хезонд ва ваъда шунид, ки агар лозим шавад, зарари ба субъектњои хољагидори Тољикистон аз њисоби болоравии нархњо расида љуброн мешавад. Нигаронии Эмомалї Рањмон љой дошт, зеро роњи оњани Тољикистон гароннархтарин роњи оњан дар дунё (тонна/км) мебошад ва роњбарияти КВД "РОТ" инро "чораи муассир дар баробари Узбакистон" муаррифї мекунад, ки дар шимоли Тољикистон аз ин роњ истифода мебарад. Натичаи ин "сиёсат" буд, ки дар якуним


ОИНИ ДАВЛАТДОРЇ ду соли охир киммати рохи охан аз истгохи Сарахси Туркманистон то истгохи Душанбе1 ба хисоби миёна аз 3300-3500 то 5500-7500 доллари ИМА расида, нархи рохкиро дар як тонна сементи Эрон то 115-120 доллар боло рафт. Чунин муносибат КВД "Талко"-ро сохт, алюминиуми аввалияро то портхо тавассусти мошинхои боркаш расонад. Амонуллоњи Њукум ваъдаи чуброн дод, вале иљро накард. Њич яке аз корхона, ширкату муассисањое, ки мо ба онњо дар ин хусус мурољиат кардем, љуброни ин зарарро нагирифтааст. Шояд маблаѓњои аз њисоби болоравии тарофањои роњи оњан сармоягузорї шудаанд? Бале, аммо дар Узбакистон, аз љониби КВД "Ўзбакистон темир йуллари".

Сармоягузорї ба Ўзбакистон

Роњсозии њамсояњо На ин, ки ишорањои равшани Президент дар паёмњояш, балки роњбандињои Ўзбакистон натавонист, роњбарияти нињодњои зиддахли Тољикистонро барои ёфтани роњњои алтернативии бидуни Ўзбакистон маљбур намояд. Ин њам дар њолест, ки Ўзбакистон дар давоми 20 соли ахир њамвора барои аз вобастаии њамсояњояш берун шудан роњњои оњани нав месозад. Дар ин муддат њудуди 1000 км роњи оњани нав дар Ўзбакистон бунёд гардидааст, ки вобастаии Тошкандро аз Туркманистону Ќирѓизистону Ќазоќистон ва њатто Тољикистон камтар мекунад. Тарњи нави Ўзбакистон барои бунёди роњи оњан тариќи аѓбаи Камчик (нигаред ба сурати № 1), ки маркази Ўзбакистонро бо вилоятњои водии Фарѓона мепайвандад, на-

аз он дарс нагирифтанд ва 46 км роњи оњани Душанбе - Ќурѓонтеппа ба гуфте "шири шутўр хўрд" (2). Хароб гардидани ќитъаи роњи оњани Амузанг - Ѓалаба аз љониби Ўзбакистон, ки зарари он дар давоми ду сол кайњо марзи миллионњо сомониро убур кардааст. Агар тарњи аввалї ва дуюмї иљро мегардид, эњтимоли ками ба ин рўз расидан буд (3). Њазф гардидани Тољикистон аз сохтмони роњи оњани Хитой, Ќирѓизистон, Афѓонистон, Эрон, ки ба љойи Тољикистон Ўзбекистон интихоб карда шуд. Сарфи назар аз он, ки асосноккунии техникиву иќтисодї (Feasibility study) ќисмати ин тарњ, ки аз Тољикистон мегузашт, аз љониби ширкати "Метро"-и Эрон бо маблаѓгузории ин кишвар дар њаљми 1 млн доллар гузаронда шуд (4). Ахиран, њуљуми расонаиву танќидњои маќомњои русї аз ќаторњои роњи оњани Тољикистон (5) аз њодисањои маълуму маъмуле буданд, ки кордонии роњбари зирак сади ин њама гардида метавонист. Набуди чунин рањбар ба зарари Тољикистон ба итмом расид, вале њукумат хомўш аст.

Наќшаи №2

Масъулини ин ширкати давлатї, баръакси роњбарияти КВД "РОТ" ба ин масъала муносибати давлатсолорона доранд. Аз ин рў, барои маблаѓњое, ки аз њисоби болоравии нархи роњи оњан (он њам асосан аз њисоби ширкату соњибкорони Тољикистон ва борњои ба самти Тољикистон равон) дар Вазорати молияи кишвар суратњисоби махсус кушода, дар

Ин дар навбати худ њукумати Тољикистонро назди ИМА ва њампаймонњояш камањмият намуд. Ваќте дар ин бора ба як дипломати тољик сўњбат доштем, бо дард гуфт: Инњо "хоки пой"-и "Ўзбакистон темир йуллари" њам намешаванд.

якуним соли ахир беш аз 800 млн (!) доллари амрикої љамъ овардаанд. Акнун кї кафолат медињад, ки ин сармояи њангуфт барои танг кардани Тољикистон дар самти Афѓонистон истифода намешавад? Бале, њич кас ва њич нињод. Зеро КВД "РОТ"-и ањди Њукумов дастнорас аст ва дар он низоми яккањукмронї љорї аст. Ин њам дар њоле, ки дар аксари кишварњои њамсуд роњбарии чунин корхонаи стратегиро Шўрои директорон ба уњда дорад. Фаъолиятњои нисбатан он шаффоф буда, назорати љамъиятии онњо роњандозї шудаасту самаранокии кори онњо маълум аст, мисли роњи оњани кишвари њамсоя.

"Хоки пой"-и темир йуллари Масъулини роњи оњани Ўзбакистон, баръакси њамтоёни тољики худ њамасола барои роњ кушодан ба кишварњои Осиё ва расидан ба бандарњои Покистону Халиљи Форс талош доранд. Бунёди роњи оњани "Хайратон-Мазори Шариф"-и Афѓонистон аз ќабили чунин тарњњои њамсоякишвар мебошад, ки онро њам бо маблаѓи љалбшуда аз Бонки рушди Осиё ба маблаѓи 170 млн доллари ИМА амалї шуд ва хеле аз бозорњои Афѓонистон, аз љумла бозори стратегии мањсулоти нафтиро зери контроли Узбакистон бурд ва сањми ширкатњои тољикиро дар ин бозор ночиз кард.

мунаи чунин гуфтањост. Агар ин роњ бунёд гардид, ахирон вобастагии Ўзбакистон аз роњи оњани Тољикистон низ ба итмом мерасад. Њатто Афѓонистони љангзада дар бунёди роњи оњан ба мисли масъулини кишвари мо хомўш нанишаст. Афѓонистон бо љалби Ўзбакистону Эрону Чину Туркманистон талош дорад, ки ќисмати шимоли кишварашро ба минтаќаи транзитї мубаддал гардонад. Тарњи роњи Мазори Шариф-Њирот аз њамин ќабил аст. Дар муддати 10 соли ахир, даќиќтараш дар давоми рањбарии Амонуллоњи Њукум, ки аз соли 2002 инљониб роњбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" мебошад, Тољикистон ба њодисањои пешбинишаванде рў ба рў гардид, ки менељменти босамар наметавонист ба онњо роњ дињад ва беамалї дар хеле аз ин њолатњо љиноёти вазнин аст. Зеро њамаи ин њодисањо ба иќтисоду имиљи Тољикистон зиёни њангуфте расондаанд. Ба маънои томаш фаромўш гардидани тарњи роњи оњан то Ќундузи Афѓонистон, ки зикрашро дар боло кардем, аз љумлаи чунин њодисањои нангин аст (1). Бохти шармовар ва ибратнашавандаи дигар ин аст, ки њамасола Ўзбакистон роњи оњани Тољикистонро ба муддатњо бесабаби љиддї банд мекард, аммо масъулини тољик

"Вањдат-Ёвон" Тарњи дохилии кишвари роњи оњани Душанбе - Ќўрѓонтеппа, ки сохтмони он моњи марти соли 2009 бо иштироки президент ифтитоњ ёфт, аз муњимтарин тарњњои Эмомалї Рањмон мењсуб мешуд. Ў шахсан дар ин бора чандин маротиба таъкид кард ва супориш дод, ки ин тарњ бо харљи наздик ба 500 млн сомонї бояд бунёд гардад. Роњбари давлат њисоб њам карда буд, ки ин тарњи муњим дар давоми 10 сол маблаѓи харљшударо мепўшонад. Њукумат воридоти мањсулот барои сохтмонро дар буљаи соли 2012 аз пардохти бољи гумрукиву андоз озод намуд, вале бо сабабњои номаълум ин тарњ амалї нашуд, њол он ки дар Тољикистон кам касон шубња доранд, ки дар сурати зарурї Амонуллоњи Њукум ин роњро бо пули худаш низ сохта метавонад. Њолдонњо бар онанд, ки роњбарияти КВД "РОТ" њамаро мутмаъин сохт, ки ин тарњро бояд аз њисоби ќарзу грант амалї намуд.

Тарњи нав дар иљрои масъулини кўњна Чанде пеш, бо эълони он, ки дар сохтмони роњи оњани Чин, Ќирѓизистон, Афѓонистон, Эрон на Тољикистон балки Ўзбакистон интихоб шудааст, Тољикистон дар пайи роњи алтернативии нав уфтод. Он њам бошад,

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

9

роњи оњани Тољикистон, Афѓонистон, Туркманистон аст. Президент боз њам сафаре ба Туркманистон дошт ва дар паёми имсолааш аз ин тарњ ёд кард ва онро омили муњими рушди иќтисодии Тољикистон номид. Аммо барои бунёди ин тарњ боз ба њамонњое такя мешаванд, ки 10 сол боз дар амалї намудани чунин тарњњо аз љониби онњо сањлангорї кардаанд. Агар роњбари давлат аз роњбарияти КВД "РОТ" сенарияњои эњтимолии халал эљод кардани Ўзбакистонро дар ин самт мепурсид, мутмаин мешуд, ки ин тарњро низ таќдири роњи оњани "Вањдат-Ёвон" интизор аст, зеро ин нињод ва ин роњбар, ки таъинкунандагони сиёсати давлатии соња мебошанд, боре њам аз худ дарки равандњои муњими глобалї ва минтаќаиро нишон надодаанд ва гумон аст, ки дар ин дањсолањо нишон дињанд.

Дарки равандњои глобалї Дар њамин њол, равандњои љањонии дар минтаќа амалишаванда, барои дар амал татбиќ гардидани чунин тарњ мусоидат хоњанд кард, агар аз онњо зиракона истифода шавад. Чанд рўз ќабл аз тавоффуќи роњбарияти кишварњои Тољикистон, Афѓонистон ва Туркманистон барои сохтмони ин роњ, дар моњи феврали соли равон доклади Муњандисони вижа барои бозсозии Афѓонистон (SIGAR - Special Inspektor General for Afganistan Reconstruction) ба унвонии вазорати дифоъи ИМА - Пентагон ба нашр расид. Дар он гуфта мешуд,ки барои барќарорсозии Афѓонистон вазорати дифоъи ИМА дар бунёди роњњои оњан аз Афѓонистон ба кишварњои Осиёи Марказї кўмак мекунад. Њамзамон, барои бунёди чунин роњњо љониби Афѓонистон низ њавасманд буда, Вазорати фавоиди оммаи Афѓонистон бо Бонки рушди осиё дар ин самт тањќиќоте ба сомон расондааст. Тибќи хабарњо ин роњ бояд то соли 2015 дар доираи барномаи Њамкорињои иќтисодии минтаќавии Осиёи Марказї (ЦАРЕС) ки Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Муѓилистон, Тољикистон, Туркманистон, Ўзбакистон ва Чин шомили он (нигаред да сурати № 2) мебошанд, сохта шавад. Ширкати "Ўзбакистон темир йуллари" омодагиашро барои гузарондани асосноккунии техникиву иќтисодї (ТЭО ё физибилити) эълон дошта буд, ки ба гуфтаи рањбари барномањои ин ширкат, Наврўз Эркинов бунёди тарњ 450 млн долларро дар бар мегирад. Бале, чизе беш аз нисфи њамон 800 миллион доллар "сармоягузории" КВД "РОТ"-ро. Дигар маълум аст, ки њарифи сарсахти мо дар ин самт боз Ўзбакистон хоњад буд. Зеро сохтмон ва истифодаи роњњои оњан дар шимоли Афѓонистон аз љониби ширкати ўзбакии "Ўзбакистон темир йуллари" амалї гардида, ин роњњоро Ўзбакистон то соли 2015 ба консенсия гирифтааст. Њамчунин, сохтмони ин роњ аз нигоњи техникиву молї аз тавони ин cе кишвар берун буда, бе њузур ва розигии Ўзбакистон амалишавиаш зери суол аст. То ин дам, њич яке аз созмонњои молии љањонї, назири БЧ, ХБА, БАОР ва Бонки осиёии рушд, Эксимбанки Чин ва Куриё тарњњоеро, ки Узбакистон зидди онњо будааст, амалї накардаанд. Чунин ба назар мерасад, ки "не"-и Ўзбакистон "кордонї"-и КВД "Роњи оњани Тољикистон" дар ин љо низ њалкунанда хоњад буд.

Заъфи њукумат ё "ворис" Дар њоле, ки КВД "Роњи оњани Тољикистон", низоми яккањукмронї дар он ва шахсияти роњбари корхона Амонуллоњи Њукум (ба ёд биёред љанљол бо Ўзбакистонро дар заминаи бадгўињои ў дар њузури сафири ин кишвар, ки Њукумов ўро нашинохтааст, њабс шудани писари ў ва ќазияи пурсару садои "Дело летчиков" ва чанд мавриди дигарро) аз нуктањои заъфи сиёсатњои Њукумати Тољикистон мањсуб ёфта, ба таѓиру ислоњи фаврї ниёз доранд, ивазнашванда будани Амонуллоњи Њукумро ба наздикї ва риштањои хешутабории ахирї бо президенти мамлакат рабт медињанд ва аз ў ба њайси вориси сиёсї ё "наследник" ном мебаранд. Сирри кордонии Амонуллоњи Њукумро дар дасткушодии ў медонанд, ки натиљаи он беиттилоъии роњбари давлат дар бораи ин корхона мебошад. Агар воќеъан чунин бошад, пас метавон ин ватанро бебокона тарк кард.

Азамати ВАЊЊОБ


10

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

БА НОМ ИНТИХОБОТ

Бозгашти Навоз Шариф Аз омадани Навоз Шариф пеш аз худи покистонињо амрикоињо табли шодї мезананд. Чун дар гузашта аз амрикогаротарин њокимони ин кишвар будааст.

И

нтихоботи саросарии Покистон бори сеюм сиёсатмадори собиќадор Навоз Шарифро сари ќудрат овард. Барои Навоз Шариф, ки дар гузашта ду маротиба пирўзи интихобот буд ва муддатњо шањди њокимият чашидааст, таъсиси кобинаи вазирон шояд кори душворе набошад. Ин њам дар њолест, ки њизби ў аз ќадимитарин њизбњои ин кишвар аст ва дар љараёни муборизоти сиёсї пухтаву расида ва мушкилоти зиёдеро њам пушти сар гузоштааст. Интихоботи имсолаи Покистон шабоњате ба гузашта надорад. Њатто тибќи иттилои маќомти расмї мардум ин бор бештар ба назди сандуќњои раъй омаданд. Агар мизони ширкати мардум дар интихоботи соли 2008 44 дар сад бошад, пас, ин бор бештар аз 60 дар сади ањоли ќобили раъй дар он ширкат намуданд. Ва боз ин дар њолест, ки гурўњњои тундрав, аз ќабили Толибон тањдид карда буданд, ки монеъи баргузории њар гуна интихобот дар ин кишвар хоњанд буд. Онњо ба ќасами худ то љое содиќ монданд, аз субњ бар асари инфиљорњои пароканда фазои интихоботии Покистон бўи хуну борут мекард. Тибќи иттилои пулис бештар аз 20 нафар дар ин хушунат кушта шуданд. Вале ин њам натавонист монеи раъйдињии мардум гардад. Аз сўи дигар аз замони истиќлолияти Покистон дар 66 соли пеш ин аввалин бор буд, ки њукумати ѓайринизомї тавонист муддати панљ солро бидуни тањаввулоти њарбї ва табаддулоти низомиву мунњал шудани давраи раёсаташ тай кунад. Покистонро беш аз ними ин давраи истиќлолият низомиён идора кардаанд ва се маротиба кишвар ба табаддулоти низомї рў ба рў шудааст.

Навоз Шариф ва талоши ќудрат дар Покистон Миёнмуњаммад Навоз Шариф 63 сол дорад ва яке аз тољирони машњури пўлод дар зодгоњаш - вилояти Панљоб мебошад. Хонаводаи ўро дувумин сулолаи роњбарони сиёсии Покистон меноманд. То замоне, ки генерал Парвиз Мушарраф барканор ва тањдид ба бадарѓа ё њабс нашуд, Навоз Шариф

ду маротиба ба ќудрати сиёсии Покистон даст ёфт ва ин ду бор њам сесолї нахуствазири ин кишвар буд. Худи Навоз Шарифро метавон як тољири муваффаќ ва магнати иќтисодии Покистон номид. Дар гузашта вай дорандаи силсилакорхонањои Ittefaq Group буд ва дар ин кишвар аз сарватмандтарин шахсон мањсуб мешуд. Тибќи иттилои "Daily Pakistan", соли 2005 хонаводаи Навоз Шариф чоруммн сарватманди кишвар эътироф гардид ва сармояи он 1,4 миллиард доллар арзёбї шуда буд. Аммо роњи ў ба сиёсат њамеша бо интригаву талошњои султахохї њамроњ будааст. Ба ќудрат вай аз вазирї дар Панљоб расид. Замоне, ки Беназир Буњуто барканор гардид, дар интихоботи нави парлумонї пирўз омад. Вале њукумати Навоз Шариф дар маљмўъ натавонист бар таваррум пирўз ояд. Президенти ваќт Ѓулом Исњоќхон њукумати Шарифро ба фасоди молї ва љисман нобудсозии мухолифонаш муттањам намуд ва онро бо судури фармоне мунњал кард. Аммо баъди як њафта суди олии ин кишвар бо њимоят аз Навоз Шариф ќарори президентро барњам дод, вале баъдан президент ва Шариф баъди як муколамаи дурудароз ба ин натиља расиданд, ки њар ду аз симмати худ канор мераванд. Дар интихоботи зудрас бори дигар Беназир Буњуто пирўз омад. Охири соли 1996 Бњутто ба истеъфо рафт ва дар интихобот Навоз Шариф ѓалаба кард. Баъди сари ќудрат омадан вай ба конститутсияи кишвар таѓйирот ворид намуд, ки тибќи он ба президент манъ мекард, ки њукуматро дигар кунад ва ба њизбњо он њаќро медод, ки вакилони худро, ки аз сиёсати њизб норозианд, дар парлумон иваз намоянд. Акнун аз ин ба баъд мунњалсозии парламон ва њукумат амалан номумкин мегардид. Иќдомоти Навоз Шариф пешгўинашавнада буданд. Гоњ вай бо лаѓви рўзи истироњати љумъа љомеаи диниро муќобили худ мегузошт ва гоњи дигар бо ифтитоњи роњи мошингард миёни Исломобод ва Лоњур ва саљиши силоњи атомї ба њадде маъруфияти худро боло мебурд. Њатто пешнињод њам намуд, ки дар Покистон шариати исломї љорї гардад. Ин хоста аз љониби Ассамблеяи

миллї пуштибонї ёфт, вале Сенат напазируфт. Бо бањонаи мубориза бо терроризм њукумати вилояти Синдро мунњал эълон кард, трибунали њарбї эълон намуд ва озодињои шањрвандонро мањдуд сохт. Моњи феврали соли 1999 вай дар шањи Лоњур бо сарвазири Њиндустон Атал Бињар Ваљпаи мулоќот намуд, ки њосили он имзои Эъломияи Лоњур буд, ки истифодаи љонибайни силоњи атомиро мањдуд мекард. Метавонист ин равбит миёни ду кишвари ба њам зид ба њоли одї баргардад, вале Парви Мушарраф, ки сарварии артишро ба ўњда дошт, ба як муќовимати низомї бо Њиндустон даст зад, ки ба пирўзии комили њиндуњо анљом гирифт. Як сол баъд Навоз Шариф фармондењи артиш Парвиз Мушаррафро ба истеъфо гусел намуд. Љавобан ба ин генерал Мушарраф бар асари роњандозии табаддулоти низомї Навоз Шарифро ба њукми якумрї мањкум намуд, вале баъдан иљоза дод, ки ба Арабистони Саудї бадарѓа карда шавад. Моњи сентябри соли 2007 Шариф ќасд кард ба Покистон баргардад, вале нагузоштанд, ки аз њавопаймо поён шавад. Баъди марги фољиавии Беназир Бњутто њарчанд кўшид интихоботро бойкот эълон кунад, вале баъдан бо Осаф Алии Зардорї канор омад. Дар интихоботи соли 2008 њизби ў љои дуюмро ишѓол намуд ва дар интихоботи Панљоб пирўз шуд. Баъдан аз Зардорї талаб кард, судяе, ки Мушарраф барканор карда буд, ба вазифааш барќарор созад. Аммо Зардорї ин пешнињодро напазируфт ва Шариф аз иттињод бо ў даст кашид ва худро дар муќовимати сиёсї ќарор дод. 16 марти соли 2009 ба њабси хонагї мањкум гардид, вале ба зудї озод шуд.

Амрикогаро Тањлилгарон аз вуруди муљаддади Шариф ба сиёсат чандон хушбин нестанд. Зеро мардуми Покистон фаромўш накардаанд, ки ду давраи њокимияте, ки ў дошт, фасод беш аз њар ваќти дигар рушд кард, њукумат бештар гирифтори кашмакашњои дохилї буд. Њайдар Шавкат, як тан аз тањлилгарони масоили сиёсии Покистон дар сўњбат бо "АлАрабия" гуфтааст, ки дар ду давраи њокими-

яти Навоз Шариф мардуми Покистон комилан ба фаќр ѓўтида буд. Ва баъид аст, ки вазъи имрўза бењтар аз ќабл шавад". Навоз Шариф замоне ба ќударт расид, ки Покистон як давраи њассоси муносибатњо бо Амрикоро пушти сар мегузорад. Барои амрикоињои дар остонаи хуруљашон аз Афѓонистон муносиб набуд, ки Покистонро аз худ дур кунанд. Вале иќдомоти низомиён ва роњандозии силсилаамалиётњо дар ќаламрави ин кишвар бо бањонаи мубориза бо Толибон ва бахусус бидуни њамоњангї бо Исломобод аз миён бурдани Усома бин Лодан ин равобитро тира кард ва Алии Зардорї ва кобинаи ў ба хуруљи амрикоињо аз хоки Покистон мувофаќат накард. Аммо аз он ки Навоз Шариф дубора чанг ба домони њокимияти Покистон зад, метавонанд амрикоињо хушбин ба таѓйири сиёсатњои байналмилалии ин кишвар бошанд. Зеро Навоз Шариф як њокими аз ќабл амрикогарои Покистон буд ва инро дар сўњбатњои ошкоро бо дипломатњои амрикої иброз медошт. Ду сол ќабл дар сомонаи мољаробарангези WikiLeaks депеши сафири ваќти ИМА дар Покистон Энн Паттерсонро интишор дода буд, ки дар он аз сарсупурдагии Навоз Шариф ба Амрико њарф зада мешуд. Њарчанд расман борњо Амрикоро танќид њам кардааст ва шояд ин сиёсате бошад, ки баъзан интиќод мекунанд, вале дар асл сиёсати Вашингтонро мепазирад. Дар њамон депеш нуктаи љолиб зикр шуда буд. Навоз Шариф аз пуштибонии ИМА дар таъини генерал Каёнї ба сифати вазири мудофиаи ин кишвар изњори миннатдорї мекунад. Њайдар Шавкат бо ишора ба ин асноди таърихї мегўяд, ки Шариф хеле амрикогарост, вагарна ба таъини генерале ба сарварии артиш аз Вашингтон изњори ташаккур намекард. Аз сўи дигар ,ин нукта баёнгари он аст, ки кўмаки амрикої њатто дар таъини кадрњои роњбарикунандаи Покистон њам наќш мебозад. Ва дар як замоне, ки њукумати Осаф Алии Зардорї равобити Покистон бо ИМА-ро хеле тира кардааст ва намегузорад, ки Вашингтон аз роњњои он барои интиќоли неруњояш истифода барад, омадани Навоз Шарифро метавон ба муроди дили Кохи Сафед номид. Фирўзи МУЊАММАД


ШИМОЛ "Пул сўхт" Нигаронї барои аз даст рафтани љойи кор буд. Бархе ба хотири таъмини хонавода бо "кридит" нав "РАФик" харида, ба кор шурўъ кардаанд. Онњо мегўянд, агар маќомот пешакї мўњлат медоданд, ки баъди фалон ваќту соат њуќуќи фаъолият надоред, гапи дигар буд. Вале фармон зуд баромаду онњоро ѓофилгир кард. - Фармонро "чатоќ" бароварданд. Нав дирўз ба љойи ќарз ин "РАФик"-ро гирифта будам. Пул сўхт... - мегўяд як ронанда.

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

11

"Фармони чатоќ" Бо як фармони шањрдори Хуљанд Раљаббой Каримов 140 микроавтобуси тамѓаи «РАФик» њуќуќи кашонидани мусофиронро аз даст медињанд. Ронандагон назди њукумати шањр љамъ омада, норозигии худро баён карданд.

"1 апрел" Мудири шўъбаи наќлиёт ва алоќаи њукумати шањри Хуљанд Ѓафурљон Дадољонов мегўяд, ин тасмим барои замонавї кардани симои шањр ва боло бурдани сатњи хизматрасонї ба мусофирон аст. Вай гуфт, њанўз 11-уми январ ба шаш "ЉДММ"-и машѓули таъмини хатсайрњо мактуб дода, огоњ карда буданд, ки сар аз 1-уми апрел фаъолияти "РАФик"-њо ќатъ шавад, вале роњбарони љамъиятњо на њамаро огоњ кардаанд: - Баъди он ки гапи фармон баромад, ронандагон шикоят намуданд. Комиссия ташкил кардем ва њолати техникии микроавтобусњоро санљида, 6 моњи дигар мўњлат додем. Ин ба хотири рўйпўш кардани харољоти ронандагон буд, чунки бархе аз онњо тариќи кредит микроавтобус гирифта, фаъолият доштаанд.

"РАФик" - и "пир" "РАФик" аз солњои 80-ум аст, ки дар Тољикистон фаъолият дорад. Кайњо хизмати худро кард. Охирин "РАФик"-ро соли 1995 баровардаанд. Аз рўи талаботи ќонун бояд на беш аз 7-8

сол кор кунад. Аммо "РАФик"-њои мо хеле "пир" шудаанд, балки 2- 3 баробар хизматашонро кардаанд. Бисёрии онњо фарсуда њам шудаанд. Имрўз, њатто, дарёфти ќисмњои эњтиётии онњо душвор аст. Ѓафурљон Дадољонов мегўяд, њоло дигар намуди наќлиёти замонавї истењсол шудаанд:

- Ба Хуљанд њамарўза мењмонњои зиёд меоянд. Ин дувумин шањри бузурги Тољикистон аст. Њоло дар Ќазоќистону Ўзбакистон ва њатто, "зодгоњ"-и "РАФик" ин намуди наќлиёт нест. Танњо дар ќисме аз минтаќањои Ќирѓизистон фаъолият дорад. Дар бораи арзиши "РАФик"-њо Ѓафурљон Дадољонов гуфт, ќимати он

дар бозор њамагї 500-600 доллари амрикої аст ва дар шаш моњи оянда ронандагон ин маблаѓро кор карда, ба болои ин метавонанд дар хатсайри дигар шањрњо, ба истиснои Хуљанд, фаъолият кунанд. Афзал БОСОЛИЕВ

Кўдакистон ќимат намешавад! Посухи раиси Шўъбаи маорифи шањри Хуљанд ба матлаби Афзал Босолиев "Кўдакистон њам ќимат мешавад?", "Нигоњ", №48, аз 20 феврали соли 2013)

Ш

ўъбаи маорифи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд маќолаи рўзноманигор Афзал Босолиевро мавриди тањлилу баррасї ќарор дод. Рўзноманигор дар баробари он ки ба як масъалаи бисёр њам муњим даст задааст, беш-

тар ба овозањо такя карда, ин матлаби худро омодаи чоп намудааст. Ба њамагон маълум аст, ки сол то сол вазъи муассисањои томактабї хеле бењтар гардида, кўдакон бо хўроки серѓизо таъмин гашта истодаанд. Аммо бояд зикр намоем, ки маблаѓи 35 сомонї дар муќоиса бо нарху навои бозор хеле ночиз

мебошад ва то имрўз нархи кўдакистонњо боло бурда нашудааст ва ин набояд сокинонро ба ташвиш оварад. Дар Ш?ъбаи маориф оид ба боло бурдани нархи кўдакистонњо ягон тасмим гирифта нашудааст ва ё фармоне низ дар ин маврид ба муассисањои томактабї дастрас нагардидааст. Муаллиф дар идомаи матлаби хеш ба хўрду хўроки кўдакон дар муассисањои томактабї таваљљўњ зоњир карда, таъкид менамояд, ки дар аксари кўдакистонњо хўроки атфол ба ѓайр аз макарон дигар чизе нест. Аммо дар асл ин тавр нест ва дар муассисањои томактабии шањр бањри он талош менамоянд, ки њар рўз бо номгўи гуногун барои кўдакон хўрок омода намоянд ва ѓизонокии онро низ таъмин намоянд. Кўдакон њар њафта аз навъњои гуногуни таомњо, аз ќабили мастоба, шавла, нах?дпалов, макарон, гречка ва ѓайра истеъмол менамоянд. Дар мавриди ба талабот љавобгўй набудани хўроки атфол муаллиф нуќтаи назари

мудири шуъбаи гигиенаи кўдакон ва наврасони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суѓд Хайрулло Рањматуллоевро меоварад ва сабаби аслии ин њолатро намояндаи ин сохтор хеле хуб тавзењ медињад: "Он маблаѓе, ки аз тарафи волидайн барои хўрду хўрок пардохт карда мешавад, албатта, нокифоя мебошад, зеро ки бо ин маблаѓ имрўз бо сабаби баландшавии нарх дар бозор онњоро бо ѓизои лозима таъмин кардан номумкин аст". Бале, сухан дар ин бора меравад ва мушкилот низ њамин њост, ки зикрашро Хайрулло Рањматуллоев бо овардани асноду раќами мушаххас оид ба ѓизои кўдакон баён доштааст. Афзал Босолиев дар идомаи матлаб назари мушовири муассисањои томактабии Ш?ъбаи маорифи шањри Хуљанд Тўњфа Мамадљоноваро бо истинод аз мусоњибаи телевизионї овардааст, ки болоравии нархи кўдакистонњоро овозае

беш намедонад. Дар њаќиќат, болоравии нарх ба љуз овоза чизе нест, зеро то имрўз нархњо боло бурда нашудаанд. Аммо дар мавриди нарасидани муассисањои томактабї ва пурра ба таълим фаро нагирифтани атфол мо бо рўзноманигор њамаќидаем. Дар тањлили ў сабаби баста шудани кўдакистонњо, ба тавозуни дигар муассисањо гузаштани онњо нишон дода шудааст ва имрўз, воќеан, барои ба муассисањои томактабї фаро гирифтани кўдаконашон беш аз 2000 нафар сокинон дар навбат меистанд. Дар ин замина таъкид карданием, ки бунёди чанд муассисаи томактабии хусусї ва кўдакистони инноватсионї дар шањри Хуљанд барои 600 нафар босуръат идома дорад ва мо боварї дорем, ки ин мушкилот бо њалли Барномаи рушди муассисањои томактабї барои солњои 2012-2016 њалли худро хоњад ёфт. А.Х. АСЛОНОВ, мудири Шўъбаи маорифи шањри Хуљанд


12

РАНДА

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

Роњи бебозгашти фотењи љанг Сањифањои охири сарнавишти ќањрамони ин ќиссаро касе намедонад. Ва муаллиф дар ин дањ соли охир бори дуюм аст, ки аз ў њикоят мекунад. Дар њикояти аввал яќинан ў зинда буд. Вале њоло ќисмати номаълуме дорад ва њадаф аз чопи очерк - пайдо кардани иттилои даќиќ дар бораи ўст.

Ш

ояд, дањ бањор аст, ки ў низ ќато ри дањњо нафар аз кормандони ин китобхона тарки Ватан кардааст. Людмила Рижева, ки солњо сардори шўъбаи кадрњо буд ва аз сарнавишти њамаи кормандон хабар дорад, ќиссањои басо љолибе аз рўзгори њар кадоми онњо мекунад. Аз љумла, дар бораи Ањмад Њаётов низ. Ва на танњо Людмила Михайловна, балки њамаи онњое, ки ўро мешинохтанд, номашро бо мењр ба забон мегиранд. Мегўянд, ў барои ин китобхона зањмати зиёд кашид ва то охирин рўзњое, ки дар Душанбе буд, аз коргоњи азизаш дил наканд. Ба заъфи љисмонї нигоњ накарда, меомаду мерафт... Марди миёнаќад ва лоѓарандоме буд Ањмад Њаётович. Чењраи басо самимї дошт. Собиќадори Љанги Бузурги Ватанї, ки хизматњои шоёнаш бо чандин ордену медалњо ќадр шуда. Тўли 22 сол сарварии ин китобхонаро ба ўњда дошт. Хишти нахустини бинои он низ мањз бо ширкати ў гузошта шуд. Дар ин китобхона њама ўро яксон дўст медоштанд, зеро ба мушкилоти коргаронаш хастагинопазирона расидагї мекард.

нист ба Ањмади њамватан ва азизтарин дўсти сангари мардиву мардонагї охирин њарфашро бигўяд ва Ањмад њам онро чун вопасин васият пазируфт. Даме, ки љон аз ќолабаш берун мешуд ва њис мекард, ки акнун дидори пайвандонаш муяссараш намегардад, гуфт, агар Ањмад саломат ба Душанбе баргардад, аз хонаводаи ў хабар гирад, дар мушкилоташон пуштибонашон бошад. Чун дар ин дунё ў њамин зану њамин фарзандро дорад. Ўро ќисмати зинда бозгаштан насиб гардид. Дар Душанбе аёли дўсти њамсангарашро пайдо намуд. Вай зани ситорагарми русе буд, ки як фарзанди 4-5 - сола дошт. Ба ќасами ба њамсангари шањидаш дода содиќ монд ва муддате пас ба хотири хор нагаштани фарзанди њамяроќаш бо њамсари ў њамхона шуд ва он тифлаки зеборо, ки ёде аз симои гарми дўсти марњум мекард, чун љигарбанди худ ба камол расонд. Аммо таќдир дар баробари ин самимияташ бо ў чандон мењрубон набудааст. Онњо њарчанд орзу доштанд фарзанди дигаре аз зиндагонии муштарак дошта бошанд, вале ин то ба охир насибашон нагардид.

Эй дўст!

Як умру ду љанг

Аммо зиндагонї бори имтињони сангинеро бар дўши ў гузошта буд. Солњои љанг яке аз бењтарин дўстонашро, ки љавонмарди шуљоъ ва инсони некнињоде буд, аз даст дод. Ин ду тан, ки шояд, бо як даъват аз Душанбе озими хати љабња шуда буданд, рўзњову моњњои сармои русро паси сангарњои пурбарфу борон пушти сар гузоштаанд. Дар мудњиштарин ва хунрезтарин лањзањо дасти њам гирифтанд, дар гуруснагї пораи нони љавини сиёњ ва дар ташнагї ќатраи обро бо њам диданд. Захми тири адњ барои дўсти њамсангараш љонкоњу кушанда омад, вале вай таво-

Ањмад Њаётов дар умри худ ду љангро пушти сар гузошт. Дар љанги аввал сангарнишин ва сипари њар ваљаб хоки мењанаш буд. Аммо дар љанги дувум, ки тањдиде ба истиќлолияти Тољикистони азизаш дошт, аз заъфи пириву ранљурї танњо метавонист назора кунад. Вале ќатори садњову њазорњо њамватанон ў низ њадафи ин бебандуборї ќарор гирифт. Баъди андешањои зиёд оќибат ба вилояти Аштархони Русия - ба зодгоњи бобоии занаш кўч бастанд. Албатта, душвор аст људої аз Ватан, ёру дўстон ва њамкорону њамкасбоне, ки беш аз 30 соли њаёташро дар њалќаи

онњо сипарї карда буд. Вале аз таќдир куљо метавон гурехт? Гумон дошт дур аз садои тиру туфанг зиндагонии орому осудаеро хоњад ёфт, вале ин бор њам ќисмат ўро зери имтињони шадиди дигаре ќарор дод. Ба хонадонаш мусибат болои мусибат омад. Соле баъди кўчбандї фарзанди ягонаи хонадон, ки ќасд дошт амволи хонаро интиќол дода, ба волидайни пираш бипайвандад, дар Душанбе дур аз пайвандонаш гирифтори бемории ќалб гардид ва муддате нагузашт, ки ин маризї ўро ба њалокат расонид. Модари зор аз ин хабари шум ва ѓурбати дурии абадї аз фарзанди ягонаи ѓўрамаргаш тоб наёвард ва баъди бемории тўлонї ў низ Ањмади мењрубонашро тани танњо гузошта, аз олам рахти сафар барбаст. Ањмад Њаётов ба ин мусибат низ тоб овард. Ќисмат чунин буд, ки ўро њамеша дўстони самимиаш ќабл аз ваќт тарк мекунанд. Ў боз тани танњо монд, вале ин бор дур аз Ватан, дур аз азизону пайвандонаш, дур аз маконе, ки хуни нофаш дар он рехтааст...

Чизе надошт, ба љуз садоќат Ва аз њамин љо иртибот бо Ањмад Њаётов ва зиндагиномаи ў канда мешавад. Охирин номааш ба дасти њамкорону шогирдонаш, шояд, беш аз дањ сол пеш расида буд. Ў аз

рўзгори танњои худ дар Аштархон менавишт ва мегуфт, дар ин шањри пурмаѓал ягона њамсўњбаташ телевизион аст, ки рўзи дароз ваќти худро сарфи тамошои он мекунад. Хонаи ободу зебое дар соњили Волга дорад ва аз тирезааш мебинад, ки дар дарёи нопайдоканор киштињо њаракат мекунанд, дар соњили дарё бошад, тобистони гарм мардуми зиёде машѓули оббозї ва истироњатанд. Њама ўро эњтиром мекунанд, ки собиќадори љанг аст, нафаќаашро сари ваќт меоранд ва аслан, камбудие надорад. Аммо аз нома пайдост, ки танњої ва дурї аз инсонњои мањбуб, њалќаи дўстону њамватанон ўро рўњан азият медињанд. Вале ў нияти бозгашт надорад. Шояд, аз он аст, ки дар Душанбе на касе дораду на манзиле. Њарчанд дар нома сабаби инро наменависад, аммо пай бурдан душвор нест, ки ин бор низ садоќату вафо аз домони ў мегирад ва намехоњад бо кўчбандии дубора ба Ватан бори дигар аз мањбубтарин инсон - зављае, ки њаёташро барои хушии хотири ў бахшид, дур монад. Зиёрати оромгоњи ў марњами дардњои танњоии ўст. Барои инсонњое чун Ањмад Њаётов муњаббат, садоќат, вафо ба ањду паймон ба маротиб болотар аз зиндагонии серу пур ва бо карру фар аст. Бале, ин сарнавишти такондињанда ва моломол аз ибратро наметавон бо оромї шунид. Дар китобхонаи шањрии ба номи Абулќосим Лоњутии пойтахт низ њар сол дар арафаи рўзи пирўзї дар љанг бо Олмони фашистї ќатори дигар собиќадорон аз Ањмад Њаётов бо эњтироми хоса ёд мекунанд. Солњои ќабл худи Ањмад Њаётович аз он рўзгори пурњаводис наќлњои талху ширине мекард. Аммо акнун он корномањо ва имсолу солњои дигар саргузаштњои љангии ўро дигарон барои насли ноошнои имрўз ќисса хоњанд кард.

Чанд сатре ба анљом Имсол 80-умин солгарди таъсиси китобхонаро љашн мегиранд ва мехоњанд њамаи онњое, ки замонеро дар ин боргоњи маърифат сипарї кардаанд ва бо дарду ранљаш шарик буданд, бори дигар гирди њам оянд ва сари дастархони идона биншинанду гузаштаро ба ёд оранд. Гузаштае, ки бе ёди он наметавон зист ва гузаштае, ки бо њама шириниву талхињояш дар дафтари хотироти айём сабт гардидааст. Аз Ањмад Њаётович низ даъват хоњанд кард ва ширкати ў бењтарин тўњфаи љашнвора хоњад гашт… Албатта, агар зиндаву дар њаёт бошад...

Бобољони ШАФЕЪ

АЗ ИДОРА: Дар ин замони рушди воситањои коммуникатсионї, гумон намеравад, пайдо кардани иттилоъ дар бораи њамватане, ки фотењи љанг аст, душвор бошад. Ва боз ин дар њолест, ки ба шарофати интернет њар хонанда имкон дорад дилхоњ шумораи "Нигоњ"-ро мутолиа кунад. Умеди онро дорем, ки ќабл аз њама тољикони муќими Аштархон ва навоњии атрофи он даст ба кор мешаванд ва њар иттилое, ки дар ин замина пайдо мекунанд, ба муаллиф аз тариќи суроѓаи bobo1959@mail.ru ва ё идораи њафтаномаи "Нигоњ" хабар медињанд.


ВОКУНИШ Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав на аз љониби Кумитаи андоз, балки тибќи супориши Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 20 апрели соли 2011 аз љониби Комиссияи њукуматї, ки ба он намояндагони њамаи вазорату идорањо, инчунин намояндагони ассотсиатсияњои дастгирии соњибкорї шомил шуда буданд, тањия гардидааст. Вазорату идорањо, мутахассисону коршиносон, соњибкорон, ассотсиатсияњои дастгирии соњибкорї ва дигар андозсупорандагон, инчунин ташкилотњои молиявии байналмилалї дар рафти тањия ва муњокимаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон фаъолона иштирок намуда, ба унвонии Комиссия ва Гурўњи кории Њукуматї дар маљмўъ зиёда аз 4000 таклифњо пешнињод намуданд, ки дар Кодекси нави андоз аксарияти ин пешнињодњо ќисман ё пурра ба инобат гирифта шудаанд. Дар натиљаи ба инобат гирифтани пешнињодњои асоснок шумораи умумии моддањо аз 355 адад (Кодекси андози ќаблї) ба 329 адад ва шумораи истинодњо аз 384 адад (Кодекси андози ќаблї) ба 176 адад кам карда шуд. Номгўи андозњо аз 21 намуд то 10 намуд кам карда шуда, аз 1 январи соли 2017 ба 9 намуд баробар карда мешавад. Илова бар ин, бо маќсади иљрои супориши паёмии Сардори давлат шумораи эъломияњои андоз то 41 фоиз, шумораи њисоботњои андозї то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтњои андозї то 43 фоиз кам карда шуд. Њангоми тањияи Кодекси андоз дар тањрири нав имтиёзњои андозии ќаблан амалкунанда мононда шуда, имтиёзњои андозии иловагї пешбинї гардидааст. Аз љумла: - андоз аз фурўши чакана хориљ карда шуд; - талабот оид ба истифодаи музди мењнати миёнаи номиналии омории коргарони кироя барои њисоби андози даромад ва андози иљтимоии кормандон хориљ карда шуд; - воридоти молњо барои эњтиёљоти корхонањои навтаъсисе, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дўзандагї) машѓул мебошанд, аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда буд. Илова бар ин, барои коркарди пўст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соњаи кишоварзї ба мањсулоти нињої ба мўњлати то 5 сол имтиёзи андозї тибќи ќарори дахлдори Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад; - воридоти техникаи таъиноти кишоварзї, таљњизоти истењсолию технологї ва маснуоти такмилии (комплектии) онњо тибќи Номгўй, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 02.03.2013, №93 тасдиќ карда шудаанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Ин имтиёзро, минбаъд на танњо шахсони њуќуќї, балки соњибкорони инфиродї низ метавонанд истифода намоянд; - њадди баќайдгирї бо максадњои андоз аз арзиши иловашуда аз 200 њазор сомонї ба 500 њазор сомонї баланд карда шуд, яъне минбаъд субъектњое, ки тибќи низоми соддакардашудаи андозбандї фаъолият менамоянд аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд; - то соли 2017 паст намудани меъёри андоз аз фоида барои фаъолияти истењсолї аз 15% ба 13% пешбинї шуд; - меъёри андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард дар соли 2015 - 50% паст ва аз 1 январи соли 2017 ин андоз бекор карда мешавад; - аз манбаи андозбандии андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард харољоти пардохти андозњо ва харољоти шахсоне, ки бо маќсади бартараф намудани оќибатњои офатњои табиї ё њалли масъалањои иљтимої иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти маќомоти дахлдори давлатї месупоранд, хориљ карда шуд; - аз манбаи андозбандии андоз аз молу мулки ѓайриманќул иншоотњо хориљ карда шуда, барои соддатар намудани тартиби њисоб ва пардохти андози мазкур коэффитсиентњои ба хонањои бисёрошёна пешбинишуда ва коэффитсиетњои иловагї вобаста ба баландии шифти хона (то 4 метр, аз 4 то 6 метр, зиёда аз 6 метр) ва вобаста ба ошёнаи барои хонањои бисёрошёна бекор карда шуда. Илова бар ин, тањхона ва болохонаи манзили истиќоматии шахси воќеї, ки баландии он на зиёда аз 2 метрро ташкил медињад аз андози мазкур озод карда шуд (агар ба маќсади соњибкорї истифода набарад);

- субъектњое, ки дар минтаќањои озоди иќтисодї фаъолият менамоянд аз пардохти њамаи намуди андозњо, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воќеї ва андози иљимої озод карда шуданд. Бояд ќайд намуд, ки сарфи назар аз кам шудани номгўи андозњо ва пешбинї гардидани низомњои андоз, ягон андозсупоранда, новобаста аз он ки ба кадом намуди фаъолияти соњибкорї машѓул аст, супорандаи њамаи намудњои андоз буда наметавонад ва бо назардошти уњдадорињои андозии ба миёномада, ба њисоби миёна танњо аз 4 то 6 намуди андозро пардохт менамояд. Илова бар ин, дар Кодекси андоз низоми соддакардашудаи андозбандї барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї (андози ягона) пешбинї гардидааст, ки субъектњои тибќи низоми мазкур фаъолияткунанда аз пардохти андозњои зерин озод мебошанд: - андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда барои субъектњои соњибкории хурд), ба истиснои даромадњои дар манбаи пардохт андозбандишаванда; - андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки њангоми воридоти молњо ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пардохт мешавад ва (ё) дар њолати анљом ёфтани амалиётњои дар манбаи пардохт андозбандишаванда; - андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард;

бурди тартиби њисобдории муќарраршуда ва бе пешнињоди эъломияи андоз ба маќомоти андоз ба роњ монанд, ки чунин њолат ноадолатии андозбандї ва норозигии дигар андозсупорандагонро ба миён меоварад. Вобаста ба зиёд шудани меъёрњо барои намудњои алоњидаи фаъолият бо патент бояд махсус ќайд намуд, ки бо маќсади таъмини адолати андозбандї меъёрњое, ки бо маблаѓ муќаррар карда мешаванд, бояд њар сол бо назардошти сатњи таваррум индексатсия карда шаванд. Зеро, њангоми дар шакли фоиз муќаррар шудани меъёрњо дар њолати таѓйир ёфтани сатњи таваррум таносуби њаљми даромад ва њаљми андозњо худ ба худ танзим мегардад. Дар њамин асос дар Љумњурии Тољикистон андози замин, андози ягона, пардохтњои њатмї, ки меъёри онњо бо маблаѓ муќаррар шудааст, њар сол бо назардошти сатњи таваррум индексатсия карда мешаванд. Меъёрњои пардохт барои патент бошад њанўз соли 2008 тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 майи соли 2008, №273 тасдиќ гардида, новобаста аз он, ки њар сол бо назардошти сатњи таваррум меъёрњои андозњои бо маблаѓ муќарраршуда (аз ќабили андози замин, андози ягона, андоз аз молу мулки ѓайриманќул), индексатсия мешуданд вале тайи 6 соли охир маблаѓи патент бе таѓйир монд, ки вобаста ба таѓйир ёфтани арзиши молњо, кор ва хизматрасонї

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

13

соњибкорони инфиродие, ки тибќи тартиби нав минбаъд њуќуќи бо патент фаъолият намуданро надоранд, соњибкории худро бо шањодатнома ба роњ монда истодаанд. Дар њолатњои дигар, соњибкорони инфиродие, ки минбаъд њуќуќи бо патент фаъолият намуданро надоранд, њамчун коргари кироя барои соњибкорони инфиродии дигаре, ки шањодатнома доранд, ё њамчун коргари кирояи шахсони њуќуќї фаъолияти худро ба расмият дароварда, ба соњибкорї машѓул шуда истодаанд. Бинобар њамин, дар семоњаи аввали соли љорї таносуби шумораи шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шањодатнома фаъолият менамоянд, таѓйир ёфта, каму зиёд шуда бошад њам, дар маљмўъ шумораи андозсупорандагон дар ин давра кам нашудааст. Ба санаи 1 январи соли 2013 шумораи умумии субъектњои хољагидори фаъолияткунанда 187496 нафар ва ба 1 апрели соли 2013 дар маљмўъ (соњибкорони инфиродие, ки тибќи патенту шањодатнома фаъолият менамоянд, хољагињои дењќонї (фермерї) бе таъсиси шахси њуќуќї ва шахсони њуќуќї) 187862 ададро ташкил менамоянд, ки нисбат ба аввали сол 366 адад бештар мебошад. Дар асоси ќонунгузории нави андоз (Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тасдиќи Ќоидањои андозбандии соњибкорони инфиродие, ки дар

КОДЕКСИ РУШД (Љавоби Кумитаи андози Тољикистон ба маќолаи "Кодекси нањс" ("Нигоњ" аз 20.02.2013 №48(324) - андози замин: - андози даромад аз даромадњои вобаста ба фаъолияти кишоварзї бадастовардаи аъзои хољагии дењќонии (фермерии) бе таъсиси шахси њуќуќї фаъолияткунанда, ки супорандаи андози ягона мебошад. Бо маќсади дастгирии соњаи кишоварзї барои заминњои кишти обї, ки барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї дар њаљми нисфи меъёри муайяншуда муќаррар карда шудааст. Бинобар њамин, супорандаи андози ягона, ки ба кишти пахта машѓул аст 50 фоизи андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзиро пардохт менамояд. Меъёри андози иљтимої барои аъзои хољагињои дењќонии бе таъсиси шахси њуќуќї фаъолияткунанда аз 15 сомонї то 10 сомонї паст карда шуда, мўњлати пешнињоди эъломияи он аз моњона ба нимсола иваз карда шуд. Яъне минбаъд эъломияи андози иљтимої барои аъзои хољагии дењќонї, ки бе таъсиси шахси њуќуќї фаъолият менамояд на ин, ки дар як сол 12 маротиба балки 2 маротиба ба маќомоти андоз пешнињод карда мешавад. Аз мавриди амал ќарор гирифтани ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тасдиќи ќоидањои андозбандии соњибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шањодатнома фаъолият менамоянд" аз 31.08.2012, №451 зиёда аз се моњ сипарї гардид. Чуноне, ки таљрибаи татбиќи ќарори мазкур нишон дода истодааст, сарфи назар аз корњои зиёди тавзењотию фањмондадињї, ки то мавриди амал ќарор гирифтани санадњои мазкур аз тарафи маќомоти андоз анљом дода шуда буд ва њоло њам идома дорад, мутаасифона, аз љониби баъзе шањрвандон ва соњибкорони инфиродї на њамаи муќаррароти нави љоришуда дуруст дарк ва фањмида мешавад, бинобар њамин, ба иштибоњот роњ медињанд. Корњои назоратї ва тањлилї нишон медињанд, ки даромади солонаи ќисме аз соњибкорон зиёда аз 100 њазор сомонї (њадди гузариш ба тартиби андозбандї дар асоси шањодатнома) ва њатто зиёда аз 500 њазор сомониро (њадди гузариш барои идомаи фаъолият дар шакли шахси њуќуќї) ташкил медињад, оммо онњо мехоњанд њоло њам фаъолияти худро дар асоси патент бар хилофи муќаррароти ќарори мазкур бе пеш-

ва сатњи даромаднокї љавобгўи принсипи андозбандии воќеї набуд. Њол он ки тибќи маълумотњои расмии оморї, дар Љумњурии Тољикистон дар нимсолаи дуюми соли 2008 сатњи таваррум 3,5 фоиз, дар соли 2009 - 5 фоиз, дар соли 2010 - 9,8 фоиз, дар соли 2011 - 9,3 фоиз ва дар соли 2012-6,4 фоизро ташкил додааст. Ба њамин тариќ, агар маблаѓи патент тибќи принсипњои эътирофшудаи андозбандї њар сол индексатсия карда мешуд, пас њаљми он дар ин солњо то ба имрўз бамаротиб зиёд мегардид. Њол он ки барои аксар намудњои фаъолият, ки меъёри онњо дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 августи соли 2012, №451 зиёдтар карда шудааст, њаљми афзоиши меъёр њамагї аз 5 сомон то 50 сомониро ташкил медињад. Њамзамон, бояд ќайд намуд, ки меъёри патент барои як ќатор намудњои фаъолият, ки ањолї ба онњо бештар ниёз доранд кам карда шудааст (бе љойи нишаст тайёр намудан ва фурўши таомњо, кашонидани мусофирон ба воситањои автобусњо, кашонидани борњои гуногун то 5 тонна, корњои граверї, кандакорї, мањсулоти бофташуда ва гулдўзикардашуда ва њоказо). Илова бар ин, барои адолатнок шудани меъёри патент, барои масоњати савдо дар њаљми 1 метри мураббаъ меъёри минималї, барои 2 метр меъёри бештар ва барои аз 2 то 3 метр дигар меъёр пешбинї карда шудааст, ки тибќи ќарори ќаблї маблаѓи патент (новобаста аз масоњати љои савдо) барои њама як хел буд. Сарфи назар аз ин, раванди мавриди амал ќарор додани тартиби нави андозбандии соњибкорони инфиродї аз он гувоњї медињад, ки мутаассифона, то њанўз як ќисмати соњибкорони инфиродї ва намояндагони баъзе расонањои хабарї муќаррароти ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистонро аз 31 августи соли 2012, № 451 дуруст дарк ва аз худ накардаанд ва бинобар њамин, ба иштибоњот роњ медињанд. Бояд ба инобат гирифт, ки дар натиљаи гузариш ба низомњои дахлдор шумораи андозсупорандагон дар баъзе категорияњои андозсупорандагон зиёд ва дар категорияњои алоњидаи дигар кам гардида истодааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки андозсупорандагон фаъолияти соњибкориашонро тамоман ќатъ мекарда бошанд. Масалан, як ќисмати

асоси патент ё шањодатнома фаъолият менамоянд" аз 31 августи соли 2012, №451) тартиби андозбандии соњибкорони инфиродї таѓйир дода шуд, ки дар натиља зарурати ба тариќи шањодатнома гузаштани 35 намуди фаъолияти соњибкории ќаблан бо патент анљомдодашаванда ба миён омад. Дар баробари ин, як ќатор соњибкорони инфиродие, ки бо шањодатнома фаъолият менамуданд, бо назардошти аз 500 њазор сомонї зиёд шудани даромади умумиашон, ё аз 30 м2 калонтар будани њаљми масоњати љойи фаъолияташон, инчунин дар сурати машѓул шудан ба фурўши сўзишворї, гази моеъ ва табиї, таъсис додани бозорњо, мењмонхонањо ва хизматрасонињои варзишї, ташкили сехњои оњангудозї бояд минбаъд дар шакли шахси њуќуќї фаъолияти соњибкории худро идома дињанд. Дар рафти азнавбаќайдгирї муайян гардида истодааст, ки баъзе соњибкорон амали патент ва ё шањодатномаи худро тибќи тартиби муќарраргардида ќатъ накарда, ба хориља сафар намудаанд ва ё дар Тољикистон истиќомат дошта бошанд њам, вале бо сабабњои беморї, ба шавњар баромадан ва дигар њолатњо фаъолияти худро ќатъ накардаанд. Чунин њолатњо дар рафти азнавбаќайдгирї соњибкорони инфиродї тибќи Барномањои сисемаи иттилоотии андоз муайян карда шуда, фаъолияти онњо бо тартиби муќарраргардида ќатъ кунонида шуда истодааст, ки ин амал њам ба таѓйир ёфтани шумораи соњибкорон таъсири худро мерасонад. Мутобиќ ба талаботи моддаи 327 Кодекси андоз (муќаррароти интиќолї) барои давраи гузариш ба низомњои дахлдор се моњ (то 1 апрели соли 2013) муќаррар шуда бошад њам, сарфи назар аз корњои тавзењотию фањмондадињии зиёди маќомоти андоз њамаи андозсупорандагон ин амалро дар мўњлати људошуда анљом дода натавонистанд ва гузариш њоло њам идома дорад ва дар рафти гузариш метавонад таносуби шумораи андозсупорандагони дар категорияњои алоњида фаъолияткунанда аѓйир ёбад, ки ин дар асл маънои дар маљмўъ кам шудани шумораи андозсупорандагонро надорад. Нусратулло ДАВЛАТОВ, Раиси Кумитаи андози назди њукумати Тољикистон


14

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ?-И БОБ

БАРОРУ НОБАРОБАРЇ

БДА-И "МАСЪУЛИЯТШИНОС" ВА РОНАНДАИ "БОФАРЊАНГ"

ОДАМЕ, КИ ОРЗУ НАДОРАД, МУРДА АСТ...

- Њар боре, ки аз як манотиќ ба манотиќи дигар сафар мекунам, ё аз як гўшаи шањр ба гўшаи дигараш меравам, аз дидани баъзе манзарањои "љолиб" хело зиќ мешавам. Аммо ин аламамро танњо аз коѓазу ќалам мегирам ё бо њамон "гармї" дар сањифаи интернет менишинаму ѓазабамро дар он љо паст мекунам. Чунки медонам, ки дигар аз дасти ман, њамчун шањрванд дар Тољикистон чизе намеояд. Баъзењо, мумкин, баъди хондан фикр кунанд, ки ин шахс ноўњдабаро будааст, лекин бо боварии комил мегўям, ки аз дасти Шумо њам чизе намеояд! Агар нафаре, ки инро ќабул надорад, пас, рўзи иќдомашро нишон дињад, то ин мардум бубинанд ва аз ў ёд гиранд. Ваќте дар хиёбон ё кўчаву пасткўчањои Душанбе ќадам мезанед, ду тарафи роњро мошинњо ињота карда гирифтаанд, вале аз байни 10-то агар якеаш дуруст монда бошад, гарчанде ки дар он љойњо таваќќуфи зиёд кардани мошинњо мумкин нест, лекин ин "шеф"-њои даврони мо куљое хоњанд, мемонанд. Касе гурбаашонро пишт гуфта наметавонад. Намедонам, ин фарњанги мошин мондан аз куљо ба сари онњо зада бошад. Бар замми ин, кормандони "масъулиятшинос"-и мо, яъне нозирони роњ (БДА) бошанд, аз ронандањо њам гузаронидагианд. Дар њар куљое, ки хостанд, меистанд. Акнун дар масъалаи "пулсалом" гап намезанем, ки боз пагоњ мегўянд, ки канї њамон одамро ёфта биёр, набошад, мањкам мекунем. Ба мисли маќоли "дузди зўр соњиби говро бастааст". Танњо дар бораи дар роњ истодан ва тарзи муаррифии онњо мегўям. Рўзи 12-уми май, тахминан, соати 16 дар хиёбони Рўдакї, аниќтараш, дар мањаллаи "Водонасос" ќадам мезадам, ки чашмам ба се корманди БДА афтод ва онњо гўё бехатарии роњро нигоњ мекарданд. Аммо 15-20 метр аз онњо поинтар ду ронандаи бофарњанги мо бошад, мошинашонро дар роњи пиёдагард оварда мондаанд ва пиёдагарди бечора бошад, барои роњро гузаштан бояд ба роњи асосї барояду онљоро гузарад, вале инро чашмони кормандони БДА намебинад. Аз тарафи рост истода, мошини аз тарафи чапро манъ карданд ва ман њам интизор шудам, ки бубинам онњо чї кор мекунанд, хушбахтона, баъди манъ кардан ў ба самти он мошин нарафту баргашта, назди мошини худ омад ва он ронанда бошад, зуд аз мошин фаромада, назди ў омад, Худо накунаду дар ваќти гузаштан ягон мошин ўро мезад, пас, кї љавоб медод? Оё ба кормандони БДА намефањмонанд, ки онњо бояд назди ронанда раванд, на ин ки ў назди онњо?! Чаро имрўз кормандони БДА бемасъулият шудаанд? Чаро ба онњо дарси одоби муошират гузаронида намешавад? Оё сањар барои кормандони БДА "путёвка" дода мешавад ё ин ки касе куљое хоњад, рафта меистад? Нўшервони МУРОДИЛЛО, сокини кўчаи Мирзо Ризои шањри Душанбе

- Мо дар замоне зиндагї ба сар дорем, ки хушбахтона, њама чиз дастрас аст. Бубинед, ки чї тавр сурат гирифтан осон шудааст. Њамагї 20 сол пеш на њар кї сурат гирифта метавонисту на њар кї онро тайёр карда метавонист. Њоло бубинед, ќариб кўдакњо метавонанд, ки блоги шахсї кушоянду хат нависанд, ки як ваќтњо шоирону нависандагони забардасту тиллодаст ин корро карда наметавонистанд. Як ваќтњо китоб нархи гароне дошту тайёр кардани он дастї буд ва њатто, на њама китоб хонда метавонистанд. Телефонро намегўед. Чї ќадар гуфтугў бо он осон шудааст. Як ваќте одамон дар навбати гуфтугў бо телефон дар Маркази алоќа љамъ мешуданду соатњо интизорї мекашиданд. Аммо аљоибот дар он аст, ки бо ин ќадар пешравии илму техника инсон боз худро хушбахт њис намекунад. Сабаби он дар чї бошад? Њар ќадар, ки тасаввуроти Шумо зебову рангин бошад, боз њамон ќадар бењтар ва њамон ќадар тезтар ба орзуятон Худованд Шуморо мерасонад. Аз њама асосї чунин тасаввуротро бисёртар кунед ва агар хубтар мебуд, расми он хонаро медоштед ва њар рўз онро тамошо мекардед. Ва аз њама асосї, шукр кунед, ки Худованд мењрубон аст ва ягон бандаашро ноумед намесозад. Бисёрии одамон фикр мекунанд, ки онњо зиндагї надоранд, балки вуљуд доранду халос... Шаш њазор (6000) сол пеш хитоињо гуфта буданд: "Одаме, ки орзу надорад, мурда аст..." Њаќиќатан, љавонеро боре аз кор пеш карда гуфтанд, ки ў тамоман истеъдод надорад. Љавони бечора ќариб аќлашро бохта буд. Ба куљое, ки намерафт, ўро ба кор намегирифтанд. Вай рассоми хуб бошад њам, расмњои ўро маъќул намекарданд. Нињоят ў аз дунё хаста шуда, бемор шуду моњњои дароз бистарии беморхона шуд. Ва дар ваќти бистарї шуданаш дар дили вай орзу пайдо шуд... Ў орзу кард, ки барои кўдакон расмњо хоњад кашид. Фаќат кўдакон ўро мефањманду ќадр мекунанд. Ва ин мард дар беморхона ба кашидани расмњои кўдакона сар кард. Њоло он љавони ноўњдабарою нобарорро дар тамоми дунё медонанд. Номи вай Уолт Дисней аст, ки барои хизматњои шоистааш 26(!) маротиба Љоизаи Оскар гирифтааст. Вай њамчун коргардон (режиссёр) 111 филм бардошта, боз ташкилдињандаи (продюсер) 576 филм буд. Агар љавон дар бистари маргаш орзу намекард, Худо медонад, аз бистараш хеста метавонист ё не, вале орзу ўро нагузошт, ки бо зиндагї падруд гўяд. Ва ў бо бемориаш мубориза бурда, сињат шуду њаракат карда, ба муваффаќиятњо ноил шуд. Ва ин одами аљиб сухане дорад: "Њар касе, ки орзуи хуб мекунад, албатта, комёб хоњад шуд!" Басир АБДУЛЛОЕВ

?-И НОБОБ

ЧАРОЃАКЊОИ РОЊНАМО ДАР ТАВОЗУНИ КИСТ? - Аксар ваќт чароѓакњои роњ дар љодањои шањр тез-тез аз кор мемонанд. То дергоњ онњо барќарор карда намешаванд. Барои чї нуќсони баамаломада дар чароѓакњои рањнамо зуд ислоњ карда намешаванд? Бигўед, ки идора ва истифодабарии чароѓакњои роњнамо дар тавозуни кадом вазорат ќарор дорад? Раёсати БДА ВКД ЉТ ё Вазорати наќлиёт? Нурулло МИРЗОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Бо ќарори собиќ Шўрои Вазирони ЉШС Тољикистон тањти №57 аз 21-уми феврали соли 1986 дар љумњурї корхонаи давлатии љумњуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон ташкил гардидааст. Корхонаи мазкур пешбурди корњоро дар соњаи ташкили њаракат дар роњ, љињати љињозонидани кўчаю роњњои автомобилгарди маркази шањру ноњияњо бо воситањои техникии танзими њаракат дар роњ анљом медињад. Дар зертобеи он корхонањои фаръї дар вилояти Суѓд, минтаќањои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон, минтаќаи ноњияњои тобеи марказ ва ќитъаоти душанбегї дохил мешаванд. Корхонањои мазкур дар шањри Душанбе, марказњои вилояту шањру ноњияњои љумњурї сохтмони иншоотњои чароѓакњои роњнамо, гузоштани аломатњои роњ, нишонагузорї намудани хатњои уфуќї ва нигоњдошти воситањои техникии танзими њаракат дар роњро иљро менамоянд. Дар дигар роњњои автомобилгард иљрои чунин корњоро муассисањои зертобеи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон љавоб доданд.

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ИМОНДОРИРО БО ПУЛ ЌИЁС КАРДА НАМЕШАВАД! - Њафтаи гузашта дар "Нигоњ" матлаби хонандаи нашрия Искандар Сафарзодаро бо номи "Оё мусулмонон дар Тољикистон 99 дар сад њастанд?" хондам. Муаллиф мушкили доѓи рўзро матрањ кардааст. Воќеан, ин мушкилї дар Тољикистон љой дорад. То љое, ки њамчун як хонандаи нашрияњои даврї огоњї дорам, ин мавзўъ дар кишварамон на танњо дар нашрияњои тољикї, балки дар нашрияњои русї низ бозтоб ёфтааст. Њамаи маводњои интишоршудаи ин нашрияњо нисбати фаъолияти шубњаноки созмонњои миссионерї интиќодї буда, аз пайёмадњои хатарбори эњтимолии он давлат ва љомеаи кишварро њушдор додаанд. Аммо мутаассиф аз онам, ки маводњои интишоршуда ба бархе аз њамватанонамон дарси ибрат намешаванд ва онњо дидаву дониста, худро дар доми тазвири миссионерон осонакак меафтонанд. Чанд сол ќабл аз ин дар мањаллаи "Дўстї"-и пойтахт, дар як маркази хизматрасонї кор мекардам. Дар наздикињои он як ибодатгоњ (церковь) низ амал мекард. Ба ќавли ибодаткунандагони он, ки аксарашон русзабон буданд (дар байнашон ягон-ягон тољику ўзбак низ вомехўрд), ин "церковь"-и немисї буда, онњоро барои ибодаташон њамарўза бо хўроки гарм ва гоњу ногањи дигар бо сарулибос ва маводи доруворї таъмин мекардаанд. Аз як ибодаткунандаи тољики он, ки пиронсол буд, пурсидам, оё ибодате, ки шумо дар ин љо (церковь) мекунед, аз сидќи дил аст? Пўшаймон нестед, ки таѓйири дин намудед? Мухотаби ман, ки худро Карим ном бурд, дар љавоб гуфт: - Э додар, ман њанўзам мусалмон њастам. Таѓйири дин накардам. Як зани тотор доштам. Дар солњои пириам ў бо њар бањона љанљол бардошта, хўрокам намедод, либосњоямро намешуст. Ахиран, дар набудани ман хонаи духуљрагиамонро фурўхта, ба Тотористон фирор намуд. Алњол дар хонаи бародарам зиндагї дорам. Аз тарси янгаам, ки ба бародарам мегуфт, шунидам : "Ин бори зиёдатиро ба куљо, ба хона овардї? Њамин бародари ту дар ин хона намерасид, ки овардї!", аз сари маљбурї ба ин љо меоям. Намехоњам бар дўши бародарам сарборї шавам ва аз барои ман байни ўву њамсараш љанљол рух дињад. Ин љо нисфирўзии њар рўз хўроки ройгон мехўрам. Барои хўроки шом њам хўроку нон медињанд, ки онро њар рўз дар як зарф ба хона мебарам. Китобњои додаи онњоро бардурўѓ, гўё ки мехонам, аммо, дар асл, аз он пайравї намекунам. Умедворам, Худованд маро барои ин гуноњам мебахшад. Як "муштарї"-и дигари тољики ин ибодатгоњ бо ќаноатмандї изњор медошт, ки аз роњи интихобкардаш пушаймон нест ва аз он изњори нигаронї менамуд, ки як мусулмон ба як мусулмони дигар дасти ёрї дароз намекунад. Ў аз масъулони ибодатгоњ ситоиш мекард, ки ўро бо хўроки гарм, сарулибос ва маводи доруворї таъмин мекунанд. Ба андешаи инљониб, тангдастии иќтисодии хонаводањои тољик онњоро водор мекунад, ки дари њамчунин созмону ташкилотњои диниро бикўбанд! Ягон ёрии ин ќабил созмонњои миссионерї беминнат нест. Бояд бар ивази "мењрубонї"-и онњо аз бањри дину оини аљдодии худ бигзариву ба подош бо подош љавоб гардонї. Аксари сокинони кишвар њамон каму кости зиндагиро, ки онњо (ѓайримусулмоншудагон) мушкил унвон мекунанд, низ доранд. Аммо онњо ба њељ ваљњ дини аљдодии худро хор шудан намегузоранд ва имонашонро зери шубња ќарор намедињанд. Ман гумроњии ин ќабил тоифаро ќабул надорам! Ислом дини барњаќ аст ва Муњаммад (с) охирин Паёмбари фиристодаи Худованд. Имондориро бо пул ќиёс карда намешавад! Худованд њамаро ба роњи рост њидоят кунад. Омин! Ањлиддин ХЎЉАНАЗАРОВ, сокини шањри Душанбе ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи тањти №02158, ки ба хонандаи мактаби №42-и шањри Кўлоб, Саидалиев Љомї таалуќ дорад, бинобар сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад.


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №8 (336) 15. 05. 2013

ПУРБИНИ ДАРВЕШ

Боздиди Мирзодиккак ва Ѓалтак аз Мўъминобод Ѓалтак њаросон ба кўњ мебаромад. Мирзодиккак ѓалтону хезон аз ќафои љўрааш то ба назди оромгоњи Домулло Икроми Лангарї расиду назди оромгоњ болои сабза дароз кашида, муддате мондагияшро паси сар кард. Љўрањо баъди зиёрати оромгоњи ин марди шариф, ки замоне илми Бухороро ба Кўлоб оварда буд, болои сабза нишаста, сўњбати деринтизори худро шурўъ карданд. Дар ин рўзи бањорї, ки љўрањо масофаи тўлониро тай намуда, њаќиќати зиндагии мардуми кўњистонро бо чашми сар дида буданд, гуфтанињои зиёде доштанд. Аз чї бошад риштаи сўњбати онњо ба масъалаи дар моњи сентябри соли љорї ба ноњияи баландкўњи Мўъминобод сафари хидмати доштани Президенти кишвар часпиду ќариб буд, ки то нимашаб идома ёбад. Як поси шаб уллоси гурги гуруснае Мирзодиккакро ба худ овард. Ў аз Ѓалтак хоњиш кард, ки ўро соќу саломат ба шањри Душанбе бифиристад, зеро Пахтагул Панљсолаева як њафта боз роњи баргаштани Мирзодиккакро интизор аст. Ќобилљони нањзатї аз пайи намозхон кардани зани урусаш саргардон гаштаву танњо дар моњи Шарифи Рамазон падараш ба ёдаш мерасад, то ки якљоя таробењхонї бираванд. Мирзодиккак: - Худо хоњад, моњи сентябр ќадами мубораки Президентамон ба Мўъминобод бирасад, Мўъминобод Душанбе нашавад њам, Данѓара мешавад. Ѓалтак: - Хестї, ки хобї! Дар Боло будагињо хати сафари Љаноби Олира тавре кашидаанд, ки ў меояд, мадњия шунида меравад. Мирзодиккак: - Мон-е, ту њам гузарондї! Њукумати љонољони мо њукумати демократию фуќаропарвар, вагарна ту баринњоро дар масљиди Шоњи Хомўш меовезанд. Ѓалтак: - Як замон сурхњо дар ин мавзеъ донишмандонро парронда, масљидњоро ба хок яксон кардаву китобњои бебањоро сўзонда, ќуръонхониро манъ будаанд. Акнун навбати шумо њукуматињо! Мирзодиккак: - Худо нигоњ дорад. Мо сурхњо нестему њизби коммунист, ки дар он Пахтагул Панљсолаевна котиба шуда кор мекунад, пурра стратегия ва тактикаи корбарияшро таѓйир додааст. Ѓалтак: - Мирзољон чанд рўз боз шањраки Мўъминободро бо љўраи Набиљонат чарх зада баромадї. Дидагиятро дидию шунидагиятро шунидї. Канї гўй, чї таассурот бардоштї, ња!? Мирзодиккак: - Дар шањраки Мўъминобод демократия пурра ѓалаба кардагї. Мана, дар майдони шањрак њайкали асосгузори давлати тољикон Исмоили Сомониро сохта истодаанд. Дар назди яке аз биноњои њукумати мањаллї муљассамаи Владимир Ленин ба чунон тозаю озода аст, ки кайк пояшро болои он гузорад, "буксоват" мекунад. Мана, инро идеологияи миллї бо назардошти арзишњои демократї мегўянд. Ѓ - Њамон љўраи њамсафарат Набиљон ягон масъалањои доѓи дар ноњия љойдоштаро бароят ќисса накард ё вай њам мисли ту ба њукумат сахт часпидааст? Мирзодиккак: - Кам - кам гуфту хоњиш кард, ки дар ягон љо дањонамро накушоям, вагарна ўро аз вазифаи муаллимиаш озод мекунанд. Љўра, дар ноњияи Мўъминобод ќадри муаллиму духтур бенињоят баланд будааст. Ту боши ифтихор мекунї, ки замоне падарат дар ин ноњия подабон буду дар хонаатон, ба ќавли мардум, гўшту шир байт мегуфтаасту муаллимону духтурони њамсоя зиндагии шуморо дида, лаб мелесиданд. Ѓалтак: - Он замонњо ферма буд, гову мол буд. Подабони касб буд. Њоло русияравї касб шудааст. Муаллиму духтур, ки каму беш аз буљети давлат маблаѓ мегиранд, њамаи њастияшонро

ба њукумати љонољон бахшидагї, фањмидї? Мирзодиккак: - Фањмо, њамин хел аст, ки Набиљон номи Президентамонро каљ намегираду лекин агару магараш бисёр. Ѓалтак: - Чи хел агару магар будааст? Мирзодиккак; - Гуфтан намехоњаму агар нагўям дар роњ то ба Душанбе нарасида, мекафам. Мардум сад дар сад ба он боваранд, ки Љаноби Олї оромгоњњои Мир Њасаншоњи Исфањонї ва Домулло Икроми Лангариро зиёрат намекунад, зеро роњњои вайрону валангор, мардуми аз сел дар азоб мондаи ќадоваи дењаи таърихии Лангар љавобгў ба дурбинњои телвизионњои давлатї ва арзу шикояти мардум ба садобардорњои радиоњои миллї мувоффиќат намекунанд. Ѓалтак: - Ќандаша занад, Набиљон! Ана њамин хел мардакњоро ватанпарвар мегўянд. Мардум мебояд њаминхелињоро дар интихобот вакили хеш дар парламент интихоб намоянд. Афсус, ки ќисме ќабл аз интихобот бо додани ваъдањои пуч ва бо истифода аз фармонфармої овозњои мардумро соњиб гашта, дар парлумони кишвар курсињои роњатро ишѓол мекунанду дар тањрири ќонуну ќарорњои љавобгўи дарди мардум ољиз мемонанд. Мирзодиккак: - Рост мегўї, љўраи љон! Агар њамин хел набошад сангов ба ин дастур мешавад!? (Ишора мекунад ба сангови Лангар, ки њамаљоро хароб кардааст). Дар Мўъминобод об несту бо боридани борони сел мардум дар азоб мемонанд. Ѓам нахур, Ѓалтакбой! Президенти мо аз њамаи президентњо дида зўртару бењтар. Дар асри 9 Мир Сайид Њасаншоњи Исфањонї омада, Лангарро обод карду дар замони соњибистиќлолї Президенти мо наметавонад? Метавонад! Ѓалтак: - Рањмат, ки ту њастию дили маро таскин медињї, вагарна дар пањлуи Домулло Икроми Лангарї чашм мепўшам, то ки чунин беадолатињоро набинаму нашунавам. Њамин замон боз уллоси гург ва гиряи шаѓоле ба гўши љўрањо расид. Мирзодиккак: - Вањ! Ин гургу шаѓолњоро бина, рўзона њам уллос мекашанде! Тезтар аз ин љо меравем, вагарна як коммунист беваю як нањзатї бепадар мемонад. Љўрањо ба роњ баромаданд. Онњо манзарањои њузнангезро дар табиати бињиштосои кўњистон дида, афсўс аз онро мехўрданд, ки бештари роњбарон дар љойи худ мувофиќи ќобилияташон нанишаставу танњо бо маќсади фиреби мардум курсињои роњатро харидаанд…

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Мањмадулло АСАДУЛЛОЕВ, сухангўи ВКД: - Агар шањрдории Душанбе барои ташкили ин гирдињамої (гирдињамоии сањњомони "Мовароуннањр" дар назар аст) иљозат дињад, мо омодаем барои гузарондани он шароит фароњам созем. - Агар надињад, дубинкаву водомёту аспњо омодаанд? Нашавад, ки дар "сагљакиши аввал" вазир дар кабинеташ танњо монад?!

Нурбобо САИАЛИЕВ, шањрванд: - Мушкилии ман дар дастрас кардани замине мебошад, ки назди хонаи мо њасту бо маќсадњои начандон мувофиќ имрўз мавриди истифодаи шахсиятњои алоњида ќарор гирифтааст. - Хиљолат накашед, Нурбобо, мушкили ин миллату љомеа њам њамин: замину сарватњои миллї мавриди истифодаву сўистифодаи шахсиятњои алоњидаву мардум мардикору муздури Русия.

Рафиќа МЎСОЕВА, рањбари Асосиатсияи энергетикњои Тољикистон: - Моро тањќир накунед. Мо супориши ягон кас ё гуруњро иљро накарда истодаем. Акнун маълум шуд, ки Зайд Саидов аз рушди Шўрои њамоњангсоз дида, бештар ба таъсиси њизби худаш, "Тољикистони нав" машѓул будааст. -Хушо ба њолатон, апаи Адолат, эъ,мебахшед рафиќа Рафиќа Мўсоевна.

Алї МАСТОВ, тањлилгар: - Шояд, дар њукумат бошанд чандин нафароне, ки ќонуни сеюми Нютонро донанд ё аќќалан шунида бошанд: "Њар амал аксуламалро ба вуљуд меорад". -Хай воњима кардед-да бародар! Чандин нафарон -ку не, ду-се кас њаст аз шунидагињо.

Наимљони САИДАЛЇ, сароянда: - Продюсер аз сароянда пул гирифта, консерташро барпо мекунад. Чї даркор ба ман ин хел продюсер? Ман хубтараш аз хизмати продюсерњои рўзноманигоронам истифода мебарам. -Эњ, Наимљон-Наимљон, њама сирњоя фош мекунед-дия бо њамин хасисиятон.

Гулчењра ШАРИПОВА, мудири "Боѓи пойтахт" : - Афроди алоњидае дар шабакањои иљтимоии интернет талош доранд, ин боѓро "бадном кунанд". -Оњ, ин фейсбукињое! Аз гурбаи Гулнора Амиршоева ба "Боѓи пойтахт" гузаштанд-мї?!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.