№2 (330). Чоршанбе, 3-юми апрели соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

Барзу Абдураззоќов:

1

"Њама шикаст хўрд. Бар абас рафт" №2 (330). Чоршанбе, 3-юми апрели соли 2013

САЊИФАИ 8

Академик ва каблук ШЕЪРУ ШОИР Адибаи Азиз:

Дареѓо, дар Ватан хуршедњоро пора месозанд САЊИФАИ 12

ДАРДИ ДИЛ Абдуќаюми Ќаюмзод:

Бозии хатарнок САЊИФАИ 3

ЧЕЊРА ДАР АМАЛ Бобак Занљонї мафиоз ё сармоягузори нави Тољикистон? САЊИФАИ 4-5

ДИПЛОМАТИЯИ ТОЉИК

Љойнамози дипломатия ва доллар САЊИФАЊОИ 4-5

Абдуљаббор Рањмонов, ректори Донишгоњи омўзгорї ва собиќ вазири маорифи Тољикистон назди даромадгоњи ДОТ истода, духтаронро аз назар гузаронда, ба дарс роњ медод. Ў намедонист, ки ин иќдомаш Тољнет ё бахши тољикии интернетро тарконда, дар хориља њам акси садои он ба вуљуд меояд ва ба худи ректор дардисарњо эљод мекунад....


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

2

МАВЗЎИ АСОСЇ

С

бидуни ислоњ онро пахш кунанд. Ин дафъа мушаххасан кўшиш ба харљ дод, то шахсан худро каме "сафед" кунад. Вай љиддан таъкид кард, ки "ин њама аз нотавонбинї ва бадхоњии як зумра ашхоси манфиатљў нисбат ба банда сарчашма мегиранд". Аз изњороти дуюми ДОТ маълум мешавад, ки аз Абдуљаббор Рањмонов "душмани ислом" сохтани ВАО њам ректорро ё самимона, ё аз тарс тањрик додааст. Дар изњорот омадааст: "...ман низ мусулмонам, имон дорам ва шояд аркону нозукињои ин дини муќаддасро аз баъзе рўзноманигорон хубтару бењтар донаму риоя кунам... Эњтирому арзишњои дини мубини Ислом ва пок нигоњ доштани он барои Рањмонов чизи бегона нест, аммо хурофотпарастиро Рањмонов њамеша муњокима мекунад. Мо дар замоне ќарор дорем, ки њар гуна "иѓво"-и хурд боиси шиддат гирифтани андешаву муноќишањо мегардад... Биёед, ба љои њангома сохтан вањдати миллї, фарњанги пешрафтаро таблиѓ намоем, таќлидкорї ба "хољагони хориљї"-и худ накунем ва Тољикистонро бо маърифат обод созем. Ин аст мароми А.Рањмонов".

убњи 27-уми март Абдуљаббор Рањмонов, ректори Донишгоњи омўзгорї ва собиќ вазири маорифи Тољикистон назди даромадгоњи ДОТ истода, духтаронро аз назар гузаронда, ба дарс роњ медод. Ў намедонист, ки ин иќдомаш Тољнет ё бахши тољикии интернетро тарконда, дар хориља њам акси садои он ба вуљуд меояд ва ба худи ректор дардисарњо эљод мекунад....

Аз 5 то 10 см Ректори Донишгоњи омўзгории Тољикистон бар асоси як низомномаи Вазорати маориф аз донишљўдухтарон талаб кард, ки ба дарс бо пойафзоли пошнааш аз 5 то 10 см баланд оянд ва дар акси њол ба сањни донишгоњ њам роњ дода намешаванд. Абдуљаббор Рањмонов ба TojNews (Тољнюс мисли "Нигоњ"ба гурўњи расонањои Созмони љамъиятии "Индем" дохил мешаваду "Нигоњ" њуќуќи истисноии чоп кардани матлабњои онро дорост- муаллиф) ин ќарорашро шарњ дода гуфт: - Ин иќдом дар пояи фармони Вазорати маориф сурат мегирад. Мо аз аввали соли хониши 2012-2013 ин талаботро љорї карда будем. Донишгоњ омўзгор омода мекунад ва њар маданияте, ки сар мезанад аз омўзгор сар мезанад. Мо аз духтарон хоњиш кардем, то пойафзолеро пўшанд, ки ба рафторашон мувофиќ бошад. Ин љо на донишгоњи тарбияи чисмонї аст, ки бо "чешки" ё "тангем"-е, ки маъмул аст, ворид шаванд. Њамчунин мо аз онњо талаб кардаем, ки пояфзоли баланде, ки роњ гашта натавонанд, напўшанд, пояфзоле, ки баланияшон миёна, барои мисол аз 5 то 10 см, ки ин барои онњо њељ мушкилие надорад, иљозат дода мешавад. Донишљўдухтароне, ки имрўз ба дарсњо роњ дода нашудаанд, мегўянд, дирўз деканњои факултањо ва дигар омўзгорон ба синфхонањо даромада, ин талаби раёсатро эълон кардаанд. - Пеш аз љашни Наврўз кураторон ба мо гуфта буданд, ки то Наврўз њар чї пушидан мумкин ва баъди Наврўз, бидуни либоси ягонаи донишгоњї ва пояфзоли мувофиќ вориди донишгоњ шавем, - мегўяд Мавзуна, донишљўи ДОТ ва меафзояд - Акнун ба мо пойафзоли нав харидан лозим аст, бо "тангем" намемонанд, бисёрињо аз ноњияњо омадаанд, чанд дугонаи ман, масалан, боз ба падару модарашон занг зада гуфтанд, ки пул фиристанд, то туфлиро мувофиќи хоњиши ректор харидорї кунем. Ректори ДОТ он рўз шахсан донишљўдухтаронро назди дари донишгоњ контрол кард ва муайян намуд, ки 85 дар сади духтарон ќарори моро амалї кардаанд. - 15 дар сади дигар, асосан онњоеанд, ки ё дарсгурезанд, ё онњое њастанд, ки давомоти намунавї надоранд... - гуфт ректори ДОТ.

Њикмати каблук

Академик ва каблук "Иѓво" Абдуљаббор Рањмонов танњо рўзи дигар фањмид, ки ба чї мољаро печид, ваќте хабари иќдомоти нави ў дар сархати ахбори расонањо ќарор гирифт ва ба зудї ба серхонандатарин матлаби њафтаву њатто моњ табдил ёфт. Дар бањсњо ўро аксаран ба масхара ва маломат кашида, њатто лаќабњои "моделйер"-у "Каблуков" - ро њам ба ў часпонданд. 28-уми март Раёсати ДОТ чанде аз матлабњоро дар радиои "Озодї" ва "Озодагон" "иѓво" номид, зеро 27-уми март буду шуд як назорати доимию муќаррарие дар назди даромадгоњи донишгоњ баргузор гардид, аммо "њангоматалабон барои хонданї шудани сомонаашон аз он "сенсатсия" сохтанд". Ба назари Раёсати ДОТ, ягон амали нораво ва ё иќдоми нозасое ба вуќуъ напайваста, балки таблиѓи зебоипарастї буд. "Шумо худ холисона ќазоват намоед, магар бо "иринка"-ю "макасинка", "тангем"-у "шлёпка" ба даргоњи муќаддас омадан љоиз аст?!" - омадааст дар изњорот. Ин изњорот як гуна њамлаи ДОТ ва ректораш ба расонањо буд, ки "аз љониби ашхоси пушти сангарњо пинњоншуда" фармоиш гирифтаанд. Шояд хафагии сахт аз рўзноманигорон буд, ки Абдуљаббор Рањмонов аз хабарнигори "Азия-Плюс" Марњабои Њоким

ба шуъбаи корњои дохилии ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурд. Дар аризааш ба милитсия навишт, ки "фаъолияти нодуруст ва ѓайрќонунии хабарнигор"-ро баррасї кунанд. Дар шарњи ин хабар дар ДОТ ба рўзноманигорон гуфтанд, ки Марњабои Њоким на њамчун журналист, балки "ба монанди љосус" рафтор намуд. Ба назар мерасад, Абдуљаббор Рањмонов ва командааш дар ДОТ хеле осемасарона тасмим мегирифтанд, то дар "љанги иттилоотї" бо љомеаи шањрвандї дар пайи ќазияи каблук пирўз оянд. Аммо об аз сар гузашта буд. Дигар касе ба Рањмонову раёсати ДОТ гўш намедод. Ин њам дар њоле, ки дар изњороти Раёсати ДОТ њарфњои барои љомеа муњим низ буданд. Бањсњо ављ гирифтанд, форумњо рангњои аљоибу ѓароиб касб карданд. Бањси каблук Тољнетро тарконду аксарият ректору мавзеъгирфияшро ѓайриќонунї, ѓайриахлоќї, ѓайритољикї ва зиддишариатї номиданд. Академик њам паст наомад.

"Изњорот - 2 ё мароми Рањмонов" Рањмонов рўзи 1-уми апрел боз як изњорот ќабул кард ва аз расонањо талаб кард, ки

Новобаста ба омилу сабабњо, њар ду изњороти Абдуљаббор Рањмонов ба матолиби ВАО боиси ситоиш аст, зеро ќариб нест мансабдори давлатие дар Тољикистон, ки бидуни истифода аз зарфиятњои "Фабрикаи љавоб" ба матбуот ва сухан арљ гузошта, вокуниш нишон дињад. Аксаран њатто Фармони № 622-и Президенти Тољикистон оиди вокуниш ба маводњои танќидии ВАО нодида мегиранд. Мо њам мехоњем бовар кунем, ки Абдуљаббор Рањмонов он чиро, ки рўзноманигорон навишта буданд, нагуфтааст, ё он тавр гуфтааст, ки дар изњоротњояш мегўяд. Воќеан, њељ касе аз академикњои Академияву фарњангистонњои дунё, шояд ба истиснои кишварњои љањони сеюм ба шеваи либос ба бар кардану пойафзол пўшидан коре надорад. Ва њам дар њељ як кишвари, њатто ба ном демократї ба озодињои инсон ин гуна муносибати масхараомез намекунанд, ки дар Тољикистон мекунанд. Аммо чї метавонем кунем ва гўем, ки бозгашти пурсарусадои Абдуљаббор Рањмонов ба сафњањои расонањо заминањои танњо имрўзї ва марбут ба "ќазияи каблук" нестанд. Мавсуф њанўз замони вазири маориф буданаш вирди забонњо шуда буд ва асосан бо муборизањо алайњи пўшиши исломї - сатру њиљоб ном баровард, телефонњои мобилиеро аз рўи синаи духтарон гирифт, волидайни мактаббачањоро маймун хонд. Хуб, боз чї гапу корњо ба Абдуљаббор Рањмонов рабт дода мешаванд, аз касе пўшида нест ва ин љо такрори онњоро лозим намедонем, зеро ў кадри президентї ва одами њукумат аст. Ў ва корфармояш бовар доранд, ки наврасу љавонњои тољикистонро тањќир карда, њуќуќу озодињои онњоро поймол сохта, аз онњо шахсият сохта мешавад. Ин аст, мухтасари ќиссаи академик ва каблук, ки албатта њикмат дошт: љомеаи Тољикистон, хоса бахши фаъолтари он, ки аз Интернет истифода мебарад, дигар њеч амали зиддимардумиро тоќат карданї нест, њатто он агар њадафи тарбияи зебопарастиро њам дошта бошад. Мардум бедор ва њаќталаб шуда истодаанд. Эраљи АМОН

ФОРУМ/БЕ ТАЊРИР Психиатр Сари духтарора монду ба пояшон часпид? Инро дар психиатрия футфетиш мегўянд Шавќати Муњаммад Бањ- бањ! чї иќдомоте. Размери тагпўшии занњоро њам муайян кунед. Љаъфар Шумо аљоиб одам будаед, яке ба ба болои сари духтарон чаќќа мешавед, як соли дигар таги пошона чен мекунед. О, устод!!! Шумо агар ѓамхори миллат бошед ба масъалаи боло - аќлу фаросат ва донишу заковаташон, дар мавзўи поён бошад баландии таги пой не ба рафторашон диќќат дињед... Њољї Бародаро! Худо накунад, агар Абдуљаббор Рањмонов вазири тандурустї шавад. Тољикистонињо њама бе асбоб мемонанд.

Тарафдор Ман бо ин дастур розиам. Бигзор омўзгорони оянда њам бо аќлу заковат бошанду њам зебо. Агар ректор њозир ин навъи тарбияи зебопарастиро тарбия накунад, оянда ин духтарон низ ба мактабњо мисли баъзе муаллимањо бо "иринкаю" "маринкањо" дарсгўи мераванд. Муаллима бояд њаматарафа идеали хонанда бошад!!! Зид Муњтарам тарафдор! Агар шумо тарафдори њ амин иќдом бошед, пас шумо бояд аввалин шуда занатонро, хоњаратонро, модаратонро, духтаратонро ба њамин донишгоњ дохил кунед, то онњо бо пояфзоли пошнабаланд, бо миниюбка ва сари луч худро атру упо, орову торо дода биёянд ва мардони бегона аз дидани онњо њаловат баранд...

Донишљў Аз бекорї кадукорї) Восеъ Ин вазирњо Бек Зуњурову Абдуљаббор Рањмонуф мусобиќа дошта бошанд? Беном Њозир худаш нигоњ кунед, ки духтарњо бо чї хел либос ба донишгоњ мераванд (грубо говоря реклама) все нормально так держать Исфара Шикорчї Зуњуров ва моделер Рањмонов! Ин ду нафар симои њукуматанд?! Муъмин ХУДОВАНД чени А.Рањмонов намедонистааст, ки чигуна либос ба духтарон зебандааст? Ў зоти пок ба сатру њиљоб амр мекунад. Мењмон Ана ба Шумо демократия. Не страна, а

телешоу "Кривое Зеркало", тут все чиновники стараются "выйти на сцену" и рассмешить народ. Рањгузар Риши муаллим се сантиметр буд, акнун пошнаи донишљў то 10 см. Чаро дигар ректорон ин корро накарданд? Тољик Боре њиљобпушњоро МАЙМУН номида буд ва записи суханњояш то њол дар интернет њаст! Алишер Чи хеле, ки Љаноби олї мегўянд, љавонон ояндаи миллатанд. Аслан ба донишљўён савод ва донишро доданро.... омўзонанд аз пўшоку либосњо кордор нашаванд...агар ин хел давом дињад вой бар њоли ояндаи тољикон (((


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

НИГАРОНЇ

Њ

укумати имрўзаи Тољикистон њосил ва бархоста аз талошњои ЊХДТ ва раиси он нест. Њукумати Тољикистон натиљаи шикасти неруњои мардумї аз љумла Њизби нањзати исломии Тољикистон дар баробари ќудратњои хориљї ва интихоби ин ќудратњои хориљї дар љойи њамин неруњои мардумї, аз љумла ЊНИТ аст. Лињозо ин њукумат замоне машруият пайдо кард, ки љониби дигари љанги тањмилї, вале шањрвандї ИНОТдар симои роњбари ЊНИТ зери санади сулњ имзо кард ва бо њамин муќовимати мусаллањонаи панљсола хотима ёфт. Ин њукумат бо шарту шароити махсус фаъолияти ЊНИТ - њизби динии сиёсиро пазируфт. Ќонуни асосиро мутобиќи майли ин њизб иваз ва замонати фаъолияти онро таъйид кард. Ин њама љараёнот зери назар ва ширкати мустаќими раиси феълии давлат иттифоќ уфтодааст. Яъне раиси феълии давлат бо тарафи дигар, њамин Нањзати исломї ва њамин рўњониюну сиёсиёни барои гуруње муътабар дасти оштї дода, њукуматашро бо онњо ќисмат кард. Он ваќт касе аз ин њукумат бар зарурати фаъолият доштани ЊНИТ тардид надошт ва заррае шакро дар дил љой намедод, ба шумули раиси Шўрои уламо, Кумитаи дин ва худи раиси давлат. Ба ин тартиб дину давлат дар канори якдигар љомеаро идора ва захмњои љанги шањрвандиро баробар тадовї ва дармон мекарданд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки њоло бо гузашти бештар аз се панљсола њукумат тарафи дигарро намехоњад бубинад, балки шароити комилан муќобили замони оѓози сулњро болои тарафи дигар эъмол кардан мехоњад. Байни њукумат, ЊНИТ ва пешвоёни мазњабї, бо шумули домуллоњои варзидаву эшонњои суннати ѓайринањзатї, ки аксариятанд, як садди бузурге рост шуда, фазои сокиту ороми кишвар тадриљан ѓуборолуда мешавад. “Бозигарон” даст ба бозии хатарноке задаанд, ки гумони ѓолиб, ё хатари онро эњсос намекунанд ва ё воќеан барнома ва наќшањоеро ба иљро гузоштаанд, ки комилан муќобили манофеи миллат ва мардуми мост. Шиддату фишори рўзафзуни сохторњои њукуматї болои ЊНИТ ва муассисањои мазњабї ва уламои мўътабар вориди як вањлаи вањмангезу вањшатнок мешавад. Маъмурини идороти масъул дар умури дин бар алайњи ончики арзишу муќаддасот ва суннату анъана ва оийну мазњаб ном дорад, даст ба кор шудаанд. Онњо хеле сареъ ва саросемавор чорањоеро татбиќ карданианд, ки дар замони худ Камол Отатурк ва Муњаммадризошоњи Пањлавї муќобили дину пешвоёни он ва арзишу меъёрњои мазњабї таљриба карда ноком шуданд. Балки бархурди хашин ва хушунатомези онњо мунтањо роњ, сањна ва њукуматро дуруст ба њамин исломињо боз кард. Бозї бо эњсосоти муќаддаси динї, худсарона муќобили арзишњо ва ќавонини илоњї сохтани ќонунњо ва иљборан водор кардани раъият бар иљрои онњо даќиќан заминаи суќути њар гуна њукуматро фароњам ва замони баќои онро босуръат коњиш медињад. Ин хулосаи камина нест, балки бардошти љомеашиносї ва исломшиносоии ѓарбиву шарќї аст. Ва ин дигар њарфи нав њам нест, ки ислом танњо дин нест, танњо аз тоату ибодат иборат нест. Ислом аз њамон оѓози зуњур ва баъдтар дар масири густариши худ њамвора њамроњ бо сиёсат будааст, балки сиёсате, ки

3

Бозии хатарнок Идомаи бархурди инчунонии њукумати иљроия бо дину ислом хатари бузургеро ба бор хоњад овард ва кишварро дучори як фалокати пешгўинашаванда мекунад... дар сояи Ислом њукумат кардааст, оромиши бештар доштааст. Намешавад бар болои мардуми мусалмон бо ба бозї гирифтани аркону арзишњои динї њукумат кард. Дар Шўрои олии соли 1990, ки сардори давлат ба муљарради вакили он будан тавонист ба њамчунин маќому мартаба даст ёбад, чанд намояндаи дин низ узви он буд. Њоло ин мамнўъ аст. Чи тур ваќте дар тамомии маросими мардум “мулло” бологузар ва мушкилосонкун аст, дар нињоде, ки вазифааш эљоди ќоида ва ќонуни зиндагї аст, барои ин ќишр љой нест? Њамчунон, ки беш аз 1 миллион муњољирии кории њар сол 3,5-4 млрд. доллар (!) ба Тољикистон оваранда як намоянда њам дар Маљлиси намояндагон надоранд! Бубинед, дар њоле ки Тољикистон бештар аз 20 сол аст мустаќил ва мардони давлаташ њам мусалмонзодаанд, аз иќдомоте кор гирифта мешавад, ки аланан љанг бо арзишњо ва меъёрњои исломист. Масољид баста, нављавонон аз адои намоз дар он мамнўъ, мардони мансабдор аз рафтан ба масљид

«

Байни њукумат, ЊНИТ ва пешвоёни мазњабї, бо шумули домуллоњои варзидаву эшонњои суннати ѓайринањзатї, ки аксариятанд, як садди бузурге рост шуда, фазои сокиту ороми кишвар тадриљан ѓуборолуда мешавад.

манъ, ќироати намоз танњо дар љойњои махсус, занњо аз њиљоб набояд итифода кунанд, таълими фарзандон ва ошноии онњо бо заруриёти динї иљозат нест ва дањњо мавориди дигари мањдудсозї дар љињати иљрои фароизи динї ва шаръи исломї дар ин чанд соли ахир эљод шудааст. Ин њам зидди талаботи Сарќонуни Тољикистон. Рўёрўї то њадде пеш рафт, ки дегчаи оши худоии як фарди мусалмон барои наќзи

ба истилоњ ќонуни танзим мусодира карда шуд. Тањќир ва тавњин аз ин бештар мешавад?! Фишору зўргўї алайњи урфу одоти мардум њамин ќадар аст. Аз инњо њам гузашта њоло њукумат як маъракаи зидди ЊНИТ-ро, њизби шарики сулњи худро роњ андохтааст. Афроди огоњу ноогоњ, ки бо гардиши фалак умури диниро дар њукумат бар ўњда доранд, дар саросари кишвар даст таблиѓ ва ташвиќи зидди ЊНИТ мезананд. Аз онки дар ин барномаи “антинањзатї” муллои бособиќаи нањзатї Мавлавї Абдурањим љалб мешавад, кадом манфиате њатто барои мусаннифони ин барнома ба бор нахоњад овард. Чун ин њама надомату пушаймонињои ин Мавлавї ќалбї нест, ва маълум аст, дастуреро худ нахоста, муќобили хости дили худ , иљро мекунад ё ѓараз дораду замонасозї мекунад. Ба он боварам, ки ба ин домулло, ва иъода кардан аз иддаоњои пешинааш ва иќола кардан аз ќавлу паймонаш, худаш бовар надорад, чи расад ба онњое, ки њељ подошу инъомеро аз ин њукумат нагирифтаанд?! Ба эњтимоли ќавї аз чунин кори онњо раиси давлат эњсоси шадиди хиљолат мекунад, чун дасти дигари ба санади сулњ имзогузошта, муассис ва раиси ин њизб буд, ки њоло дигар, иншоаллоњ, ки дар фирдавси барин љояш аст. Мусалламан ин кор (бозї бо дину ойин- муќаддасоти мардум) авоќиби хатарнок дорад, ва тардид набояд кард, ки барномарезон ва тарроњони ин сиёсати рўдаррўї њукуматро гирифтори ботлоќе карданианд, ки мунтањо дар мунљалоби он на танњо њукумат ва ЊНИТ-у муллоњои ба истилоњ сиёсї, халќ низ банд меуфтад. Он ваќт дигар ин кишвар бо дасти дохил идора нахоњад шуд. Ва баъид нест муллое садо баланд бикунад ва бар муќобили оне ки алайњи аркону мавозини ислом стратежї дуруст кард аз аксуламалњое чун љињод истифода барад. Чорањои љустаи њукумат љињати ба дур ва фосила нигоњ доштани мардум аз ЊНИТ ва њамин тавр муллоњои сиёсї:аз ќабили бастани масљидњо, ба њошия рондани домуллоњову эшонњои суннатии номвар, манъи нављавонон дар адои намоз ва омўзиши динї ва пўшиши исломї ва ѓайра далели муваљљањи он мулло хоњад буд, ва ў метавонад бо иттико ба њукми ќуръонї фатвои љињод содир кунад. Аммо возењ аст, ки таѓйири 180 дараљаи муносибати њукумат бо дин ва пеш гирифтани сиёсати тазъиќу фишор њамин тавр ва бељињат буруз накардааст. Ин њама таппу талошњо, ин њама бетобиву бехудињо ва аз

шавкат ва шањомати дину афрод ва созмони мазњабї кам ва коста карданњо танњо барои баќои ќудрат аст. Ќудратдорон барои касби он на аз дохил, балки аз берун мадюнанд. Берунањо аз нерўњои милливу мазњабии тољик њарос доранд. Аз ин љост, ки инњо дастуроти берунањоро ба иљро гузошта аз дохил, ки бозї бо эњсосоти ќудсии халоиќ хатарофар аст, андеша намекунанд. Мутаассифона то њоло хиёл доранд, ки њокимияти тарсе, ки болои ин мардум барпо кардаанд абадулобод боќї мемонад ва халќ ин њама зиллат ва тањќирро тањаммул мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки хатарноктарин марњала дар ќисмати давлатдории њокимияти имруза фаро расидааст. Ин аст, ки масъулини камсалоњият аз њар бутта эњсоси бим ва нафрат доранд ва аз њар як нафаре, ки як кам аз рўи инсофу виљдон њарф мезанад, сурати душман мељўянд. Њукумат бояд ба ниёзњои њамарўзаи мардум лаббайк гўяд, онњоро ќонеъ созад. Аммо худро муќобили дину аркони он ќарор дода, бар зарари њасту баќои худ ЊНИТ ва рўњониёнро танњо пуштибони дину ойин месозад. Љойи худро бо дастони худ ба Нањзат ва муллоњои сиёсї медињад. Ислому итоати он танњо марбут ба ЊНИТ ва ё Тураљонзодањо нест. Аз Абдурањим Холиќов, аз Муродулло Давлатов, аз Сайидмукаррам Абдуќодирзода ва аз онњо болотар њам њаст. Ваќте рейдњо ташкил дода дар масољиду толорњо аз ислом њарф мезанед самимї будан бењтар аст. Магар мешавад дар толори пур аз мусалмон суханоне гуфт, ки ба ањли толор нофорам ва нописанд бошад? Кореро, ки то ба имрўз шумо анљом дода истодаед. Набояд муртакиби иштибоњ шуд. Бозї бо эњсости ќудсии мардум вайронгар аст. Ин бозии хатарнок бар нафъи њељ љониб нест. Дар масъалаи дину диёнат набояд љониб, тараф ва сангар сохт ва набояд дар заминаи он љабња гирифт. Њоло ки ин мардум аслан напурсидааст, ки дар канори толори варзишиву макотибу беморхона њукумат чанд мадраса ва чанд масљид аз пули хазинаи давлат, аз њисоби ин мусалмонон сохтааст? Њукумате, ки људо аз дини раъияташ бишавад, љилави рушду густариши дини мардумашро бигирад, писанди кї ва бо кист?

Абдуќаюми ЌАЮМЗОД

10% 0%

1

4%

2

7%

3

9%

4

8%

5

10%

6

Њамин њам гап шуд?

20%

Дафтари матбуоти Вазорати корњои дохилии Тољикистон аз бедарак гум шудани ду кўдаки хурдсол хабар дод.

Бояд манъ карда шавад!

30%

Зарар дорад, зеро аз он фарзандони носолим зода мешавад

40%

Хуб, дини ислом онро манъ накардааст

50%

НАЗАРСАНЉЇ: 68% БА НИКОЊИ ХЕШУТАБОРЇ РОЗЇ АСТ Бояд бошад, зеро аз дигарон њам насли носолим зода мешавад

55%

Табибон онро тавсия намедињанд

60%

Чаро ба аъзои Њукумат мумкин будаасту ба мо не?

САДОИ МАРДУМ

8%

7

Д ар н ат иљаи н аз арпу рс ии ахире, ки ОИ “TojNews” гузаронд, 68 дар сад аз иштирокчиён нисбат ба никоњи хешутаборї назари мусбат доранд. Дар ин назарпурсї, ки аз корбарон ва хонандагон пурсида шуд: “Муносибати шумо ба никоњи хешутаборї чї хел аст?”, 55 дарсад (228 нафар) варианти “Хуб, дини ислом онро манъ накардааст”-ро интихоб кардаанд. 9 дарсад (36 нафар) ба гузинаи “Бояд бошад, зеро аз дигарон њам насли носолим зода мешавад”, 4 дарсад (16 нафар) - и дигар ба варианти "Чаро ба аъзои Њукумат мумкин будаасту ба мо не?” раъй додаанд. 7 дарсад (29 нафар) - и иштирокчиёни назар-

санљї варианти “Табибон онро тавсия намедињанд”ро интихоб кардаанд ва дар њамин навбат 8 дарсад (42 нафар) - и дигар тугмаи “Зарар дорад, зеро аз он фарзандони носолим зода мешавад”-ро пахш кардаанд. Њамагї 10 дарсад (42 нафар) аз ширкаткунандагони ин раъйгирї гуфтаанд, ки “Бояд манъ карда шавад!” ва 8 дарсад (34 нафар) - и дигар варианти “Њамин њам гап шуд”- ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљї бо фармоиши нашрияи “Нигоњ” тари?и сомонаи интернетии ОИ “TojNews” тайи як њафта, аз 25-уми март то 2-уми апрели соли 2013 гузаронида шуд ва дар он 418 нафар иштирок кард.


4

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

БЕ ПАРДА увумин бораст, ки Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Тољикистон ширкати "Осиё эспресс" ("Asian express") -ро аз пардохти бољи гумрукї ё андоз, ки маблаѓњои ќобили таваљљуњеро дарбар мегиранд, озод мекунад, вале ин дафъањам аз сўи вакилони парлумон асосан бебањс истиќбол мешавад.Ин дафъа њам гўё парлумони Тољикистон як намояндаи мардумї дошта бошад, танњо Шодї Шабдолов, раиси Њизби коммунист аз масъулин пурсид, ки ин ширкат аз кист, аз куљост... Ба ин суоли Шабдолов намояндаи Вазорати молия посухи аниќ надод ва "Нигоњ" худ паси ин суолњо шуд.

Д

Бобак Занљонї - мафиоз ё сармоягузори нави Тољикистон? "Љаноби З." Ин ширкати хусусї, бино ба иттилои ѓайрирасмї,пуштибонии ќавї дар сатњи олии рањбарияти Тољикистон дорад, аммо дар асл мутааллиќ ба як тољири эронї бо номи Бобак Занљонї аст, ки то ин наздикї номашро на фаќат дар Тољикистон, балки Эрон њам кам касе медонист. Номи ў пас аз он вирди забонњо шуд, ки Иттињоди Аврупо алайњи 64 ширкати ў тањ рим эълон кард ва дар ин рўйхат "Asian express Airline" - ширкати њавонавардии Тољикистон низ буд. Дар расми ифтитоњи бинои нави Автовокзали Душанбе Бобак Занљонї бо иттифоќи президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон, мири шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев ва сафири Эрон дар Тољикис тон Алиасѓари Шеърдўст њузур дошт. Аммо дар Эрон дар бораи ў он гуна менависанд, ки гўё як шахси хеле муњим, њамзамон машкук, яъне "аспаки торик" бошад. Номи Бобаки Занљонї барои аввалин бор дар хабари сомонаи "Роњи оњан" - и Эрон пас аз як матлаби интиќодї ва ифшогарии сомонаи "Бозтоб"-и ин кишвар расонаї шуд. Ин тољири љавони эронї, ки њамагї 3839 сол дорад, пас аз мољаро байни Мањмуд Ањамдинажод, президенти Эрон ва хонаводаи Лориљонињо, раиси Маљлис ва бародаро-

ни ў дар парлумони ин кишвар рўи об баромад.Дар ин љаласаи парлумони Эрон Ањмадинажод навореро пахш кард, ки дар он Бобак Занљонї ва се мансабдори воломаќоми ин кишвар, аз љумла Фозил Лориљонї,бародари хурдии Алии Лориљонї, раиси Маљлиси Шўрои исломии Эрон сўњбат мекард.Расонањо навиштанд, ки Занљонї аз ин мансабдорон мехост, ки ба кору тиљораташ дар Эрон мусоидат кунанд ва гўё њарфи пора њам буд. Ин наворро Мањмуди Ањмадинажод дар Маљлис пахш карда, хонаводаи Лориљонињоро ба љиноятњои иќтисодї муттањам кард.Аммо ин навор аввалин мољарое шуд, ки Занљониро дар хабарњо ба вуљуд овард ва ўро аввалин бор шинохтанд. Ќабл аз ин њамеша дар расонањо бо номи Љаноби З. зикр мешуд. Аммо ба зудї мушаххас шуд, ки Бобак Занљонї, даллоли бузурги нафтї ва сармоядори љавони эронї аст, ки ба тозагї дар рўйхати тањримњо њам ќарор гирифта ва наќшаш дар иќтисоди имрўзи Эрон аслан кам нест. Ў танњо дар як мавриди амалиёти иќтисодї-нафтї ба дарёфти бештар аз 300 миллион доллар муваффаќ шудааст.

Љанги "амини амвол" Оянда аз Занљонї шояд бештар хоњем шунид, зеро комисиюни энержии Маљлис(-

парлумон) - и Эрон вазири нафтро даъват карда, дар мавриди Бобаки Занљонї маълумот хост. Дар њоле, ки Ањмади Ќалъабонї, мудиромили Ширкати миллии нафт ба сароњат гуфт, ки ин фардро намешиносад ва ў њељ иртиботе бо Ширкати миллии нафт надорад, пойгоњи хабарии саноеи нафти Эрон навишт, ки чанд миллиард доллар аз фурўши нафти Эрон дар хориљ аз кишвар ба њисоби Занљонї рафта, аммо ба кишвар мунтаќил нашудаааст. Сомонаи хабарии "Блутеннюс" њам дар ин замина ифшо кардааст: "Бобак Занљонї мањмулаи нафтиеро ба арзиши ќариб ду миллиард доллар шомили 12 киштии нафткаш аз вазорати нафт гирифта,LC, ё замонатномаи бонкиеро њам тањвил додааст. Занљонї мутобиќ бо ќарордоде, ки бо вазорати нафти Эрон имзо карда буд, бояд ин мањмуларо ба ќимати бушкае 106 доллар ба фурўш мерасонд ва билофосила маблаѓи фурўши онро ба хазонаи давлат боз мегардонид. Акнун муддатњо аз замони пардохти пул сипарї шуда, аммо вай иќдом ба бозпардохти пул намекунад. Дар натиља масъулони вазорати нафт дар пайи вусул(дарёфти) кардани LC ё замонатномаи бонкии вай будаанд, аммо мутаваљљењ мешаванд, ки бонки содиркунанди ин санад дар Малайзия воќеъ буда, муддате

ќабл тавассути Бобак Занљонї ба ќимати њашт миллион доллар харидорї шудааст ва ба њељ ваљњ ќодир ба пардохти санади мазкур, ки садњо баробар арзиши худи бонк аст, нест. Дар ин шароит Бобак Занљонї ба масъулони вазорати нафт пайѓом медињад, ки аз пайгирии мавзўъ сарфи назар кунанд. Ў гуфтааст, нафтеро, ки чандин њафта ќабл ва дар шароите, ки ќимати нафти Эрон болотар аз 110 доллар будааст, фаќат 90 доллар ба фурўш расонд ва ба иборати дигар, њудуди 300 миллион доллар ё 16 дарсад арзиши кулли мањмула(бор)-ро илова бар суди њангуфте, ки бобати ин даллолї ба љайб задааст, ба Эрон боз нахоњад гардонид". Бобак Занљонї дар дифоъ аз худ гуфт: "Дар њоли њозир Эрон душманони зиёде дорад ва ба исми тањримњо саъй доранд аз талоши бозаргонон ва касоне, ки барои бозори кишвар ва ба њаракат даровардани чархаи иќтисоди он њаракат мекунанд, љилавгирї кунанд ва ин худ як љанг аст". Ў даъво дорад, ки дар њељ як аз ширкатњояш аз ронт(мафиябозии иќтисодї) истифода накарда ва аз касе ќарздор нест. Њамчунин далолии нафтро њам такзиб кард. "Њар бозаргони њаќиќї ва њуќуќї иљоза дорад ба хариди нафт аз кишвараш аст ва њатто фурўши нафтро ин љониб дар чорчўби ќонуни


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

БО ДАЛЕЛ

5

думи Тољикистон дорад, моњи феврал сомонаи Sanctionwiki осон карда буд. Бино ба иттилои ин сомона, дар Тољикистон ба љуз аз "Asian express Airline" боз ду ширкат - Kont Building ва Kont Trading ва њамчунин Kont Bank фаъолият доранд, ки ба Бобак Занљонї тааллуќ доранд. Соњибкори маъруфи эронї њам пас аз он вориди Душанбе ва дар расонањои давлатии Тољикистон пайдо шуд, аммо аз назари рўзноманигорон пинњон монд, ки ўро дар матбуоти худи Эрон ва Ѓарб хеле, ба истилоњ "хоида", чї гапњое нагуфта буданд. Аммо ў дар Тољикистон чї кор мекунад? Аввалин ќадами Занљонї ба Тољикистон њамон "Осиё - экспресс Айрлайн" ("Asian Express Airline") аст, ки соли 2007 сабти ном шуд. То ба њол ин ширкат ба Тољикистон чанд њавопаймои муосир ворид карда, бо вуљуди тањрим шудан аз сўи Иттињоди Аврупо ба Алмаатову Бишкек аввалин парвозњои худро анљом медињад. Таксињо ва автобусњои онро мо дар кўчањо мебинем, ки дар ќиёс бо таксињои дигар хеле арзон хизматрасонї мекунанд. Њамчунин бори аввал мардуми Тољикистон соњиби Автовокзали замонавї Терминали автобусњои Душанбе (Dushanbe Bus Terminal) шуданд, ки аз баракати "пулњои нафтии" оќои Занљонї аст. Дар шафати телевизиони "Сафина" бинои "Конт Банк" воќест, ки бино ба иттилои сомонаи расмиаш, 8 июли соли 2011 фаъолияташро оѓоз карда, ба аз се ду њиссаи кишоварз ва чорводорони кўњистони Тољикистон ва њам корхонаву соњибкорони хурд хизмат мерасонад. Мегўянд, биноњои наве, ки дар шафати Сирки миллї ќомат афрохтаанд, мањсули Kont Building, яке дигар аз ширкатњои Бобаки Занљонї аст. Sanctionwiki гуфтааст, ки Kont Building Марказ и тиљоратии Ду шанбе (Dushanbe City Center) - ро њам месозад. Њоло ки ин матлаб омода шуд, ба мо танњо ширкатњои фавќуззикр маълум шудаанд, шояд рўзњо ва моњњои ахир боз ягон ширкати дигаре дар хонадони "Конт груп" пайдо шуда бошад. Аммо худ бо иттифоќи президент, раиси шањри Душанбе ва сафири Эрон зоњир шудани Бобаки Занљонї дар Тољикистон далели барљастаи он аст, ки майдони парвоз барои ў дар ин кишвари форсзабон хеле фарох аст.

Акс аз АМИТ Ховар

Ба Саймумин Ятимов бовар кардам... БОБАК ЗАНЉОНЇ БО ЭМОМАЛЇ РАЊМОН ВА МАЊМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ. БАРРАСИИ ТАРЊИ ТЕРМИНАЛИ ДУШАНБЕ

байнулмилалї анљом додам. Зеро Иттињодияи Аврупо ва Амрико теъдоде аз кишварњоро ба унвони кишварњои аз тањрим озод барои муддати муайне эълом намуда ва ин љониб бори тиљоратии худро ба кишварњои ѓайримуљоз набурда ва нафурўхтаам"-навиштааст сомонаи nick.niloblog.com "Бозтоб" - вебсайти усулгаро ё мухолифони њукумати Эрон,тобистони соли гузашта, бидуни овардани номи Занљонї ба ронхўрон(мафия)- и нафтї ишора кард, ки бо дур задани тањримњо ба миллиардњо дол-

Аммо каме баъд навбат ба он расид, ки "Бозтоб" дар идомаи ифшогарињояш ба ў пардохт ва муддаї шуд, ки Занљонї яке аз бузургтарин ва ношинохтатарин "падархондањои иќтисоди Эрон" аст.Ба навиштаи ин сомона,Бобак Занљонї то ќабл аз ба ќудрат расидани Ањмадинажод фарди маъмулї буд, аммо акнун 64 ширкати фаъоли иќтисодї дар Эрон, Туркия, Аморати Муттањидаи Араб, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Арманистон, Њолланд ва Малайзияро дар ихтиёр дорад, ки бренди "Соринет" - ро дар лавозимоти бењ-

Вай як рў з пас аз ин т ањримњо гу фт, ин њ ама як ишт ибоњ аст , "Бон ки аввалин и исломї"( Fir s t Is lamic Inves tment Bank) , ки дар Малайз ия фаъолият меку н ад ва "беш аз 60 ширкати дигари мутааллиќ ба ман њељ фаъолияти ѓайриќонуние надоштаанд". Бар асоси ин тањримњо, Занљонї нафарест, ки барои интиќоли пули нафт ба Эрон кўмак мекунад, вале худи ў мегўяд, ки "ман як эронї њастаму шиносномаи эронї дорам ва маблаѓњои зиёде ба ширкатњои худ дар саросари љањон мефиристам, ин амр сабаб шудааст, онњо(ИА) фикр кунанд, ки мо аз касе вобаста њастем". Nick.niloblog.com,як сомонаи дигар менависад: "Баъд аз ќарор гирифтани номи Бобак Занљонї дар фењристи тањримњои Аврупо, он тавре, ки гуфта мешавад, оќои Занљонї тасмим мегирад бахше аз сармояи худ дар хориљи кишвар, муодили 5 миллиарду 200 миллион долларро бо хариду њудуди 117 шикрати созмони таъмини иљтимої, ба Эрон мунтаќил кунад".

Парвози Занљонї дар Тољикистон

ТЎЊФАИ «КОНТ - БОНК». ЃОЛИБ ШОЯД ОНРО АЗ ДАСТИ ЗАНЉОНЇ ГИРАД лар сарват даст ёфтаанд. "Ин афрод бо таъсиси ширкатњое дар хориљ аз Эрон, муомилоти молї ва наќлу интиќоли арзро ба љои дастгоњњои давлатї анљом дода,фоиз мегиранд, зеро системаи молї ва иттилооти кишварњои ѓарбї ќодир ба назорати њамаи њисобњои бонкї ва наќлу интиќолоти пул, бавижа бо арзњои ѓайр аз евро ва доллар нестанд ва ба ин тартиб давлати Эрон муваффаќ ба дур задани тањримњо мешавад" - навиштааст "Бозтоб". "Бозтоб" њушдор дода буд, ки "дар ќолиби ин муомилот пулњои њангуфте аз байтулмол ба њисоби "амини амвол"(онњое, ки пулњо ба амонат мегиранд)-њое, ки амонатдор нестанд, мунтаќил мешавад. Ба вижа он ки ба далели вуќуи фаъолиятњои иќтисодии мазкур дар хориљ аз кишвар, имкони назорати њисоб ва радёбии пул барои дастгоњњои назоратии Эрон низ вуљуд надорад."

Тарњи Ањмадинажод Машої Дар њамон айём Бобак Занљонї бо ширкати дар ихтиёрдоштааш ва албатта,бошгоњи футболи Роњи Оњани Эрон гарм буд ва њељ хабаре аз ў дар расонањо мунташир намешу д. Ў ба унвони молик ва раиси њолдинги "Суринет" бошгоњи футболи Роњи оњанро харида, вале номашро таѓйир надода буд.

доштї, ороишї ва њотелдорї, бурљсозї, њавонавардї, наќлиёт ва муомалоти нафтї мезанад. Ўро аз як сў аз наздикони Исфандиёр Рањими Машшої, яке аз наздикони Ањмадинажод муаррифї мекунанд,ки то маснади муовини аввали раисиљумњур расид, вале дере нагузашта, рањбари инќилоби Эрон бо ирсоли нома хостори барканории вай шуд ва худи ў тарки ин мансаб кард. Мухолифони Занљонї менависанд, киў аз пуштувона ва њимоятњои амниятї суд мебарад.Сомонаи "Трибун" (www.teribon.ir) дар ин бора навиштааст: "Дар тањримњои љадиди эълоншудаи Иттињоди Аврупо аз Занљонї ба унвони "як кўмакрасони калидї дар муомалоти нафтии Эрон ва интиќоли пулњои нафтї ба Эрон" ном бурда шудааст ва бонки ў "Аввалин бонки исломї" (First Islamiс Bank) муттањам аст, ки василае барои интиќоли пардохтњои нафтї будааст".

Берун аз соя Тањримњои Иттињоди Аврупо ва гуфтугузори зиёд дар Эрон Бобак Занљониро маљбур кард, ки аз соя берун ояд ва ба иттињомоте, ки алайњаш эълон мекунанд, посух гўяд. Вай 23-юми декабри 2012 ба ољонсии "Ройтерз" гуфт, ки бонк ва дигар ширкатњои вобаста ба ў њељ фаъолияти ѓай риќон у ние анљо м над одаа н д ва бо њу ку мати Э рон њ ам њ амкорї надоранд.-

Инак, парлумони Тољикистон ду њафта пеш ширкати "Осиё - экспресс"-ро ба маблаѓи 7 миллион сомонї пардохтњои гумрукї ва андоз барои воридоти 300 таксиву 50 автобус бекор кард.Руњулло Њакимов, муовини вазири молияи Тољикистон, ки ба парлумон барои муаррифии таѓйиру иловањо ба Ќонуни буљаи соли 2013 омада буд, дар посух ба эътирози Шодї Шабдолов, вакили парлумони Тољикистон, ки пурсид, "ин таксиву автобусњо ќимати роњкироро дар кишвар боло мебаранд, чаро бояд имтиёз дошта бошанд?", гуфт, ин ширкат солона ба буљаи Тољикистон аз њисоби андозњои дохилї то 12 миллион сомонї маблаѓ ворид ва 600 нафарро бо кор таъмин мекунад. Аммо ин аввалин имтиёздињињои парлумон ба "Осиё - экспресс" нест. Дар гузашта низ вакилони мардумї онро барои ворид кардани автобусњои "Манн"-и Олмон аз пардохти молиёт ва андоз ба андозаи 5 миллиону 600 њазор сомонї озод карда буданд. Аммо њар дафъа касе аз вакилон напурсид, ки ин чї ширкат аст, ба кї тааллуќ дорад. Танњо шарње, ки дар бораи молики "Осиё - экспресс" буд, ба Руњулло Њакимов, муовини вазири молия тааллуќ дорад, ки гуфт, ин ширкат марбут ба "Конт груп" аст ва сарвари он соњибкори тољик Рустам Саидов аст. Аммо боиси таваљљўњ аст, ки масъулини Тољикистон ахбори то ба њол пайдошуда дар бораи "Конт групп" - ро љое њам зикр намекунанд. Њаќ ба иттилои воќеиро, ки мар-

P.S.

"Соњибкори ватанї" Аммо аљобати фаъолияти Бобаки Занљонї дар Тољикистон ин аст, ки то ба њол касе аз масъулини њукумат ва њам рањбарони ширкатњояш ба гардан намегирад, ки асосгузори ин њама мањз ўст, на каси дигар. Дар сўњбат бо мо масъулини ширкатњо гуфтанд, ки ин ширкатњо ба соњибкорони ватанї тааллуќ доранд ва њусусї њастанд. Онњо мехоњанд "офтобро бо доман пўшанд", дар њоле ки тамоми љањон аз воќеият хабар дорад. Худи Бобак Занљонї дар табрикоти солонаи худ ба кормандони зерсохторњои худ дар арафаи соли нави њиљрї-хуршедии 1392 аз љумла гуфт : "Роњандозии терминоли мусофирї ва хатути њамлу наќл (хатсайрњои мусофиркашонї)-и шањрии ин ширкат дар кишвари Тољикистон...њамагї њаракати гуруњи Суринет дар љињати афзоиши тавлид ва сармояи эронї буда, аз љумлаи иќдомоти ан љомшуда дар соли 1391 ас т". (sorinetsport.ir) Факти дигари аљиб ин аст, ки раиси ширкати "Asian Express Airline" Сўњроб Оймањмадов, писари Мањамдамин Оймањмадов, намояндаи собиќи тиљоратии Тољикистон дар Эрон аст, ки њоло ахирї дар маќоми рањбарии ширкати Kont Trading фаъолият мекунад. Дар пайи тањќиќ аз як коршиноси мўътабар, ки нахост номашро гирем, як нуктаро мехоњем зикр кунем. Вай гуфт, коре, ки Занљонї дар Тољикистон мекунад, то љое ба чашм мехўрад ва ба нафъи мардуму кишвар аст, фаќат менељерони тољики ў судљўї накунанд: - Вазифаи инсониву бародарии њукумату мардуми Тољикистон аст, ки дар замони тањримњо алайњи Эрон дар канори бародари худ бошанд. Бигзор нафъе, ки аз ин ширкатњо бардошта мешавад, ба кўмаки Эрон бошад. Ин мояи ифтихори мост.

Амруллоњи НИЗОМ

"Нигоњ" дар бораи фаъолияти ширкатњои Бобаки Занљонї дар Тољикистон

маълумоти дигареро њам дар ихтиёр дорад, ки ироаи онњоро ба ваќти дигар мавќуф мегузорад.


6

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ЗИНДА буд (масалан, аз рўи иттилои мо, утоќи намозгузориро дар Китобхонаи миллї "ботантана" ва тарсу вањм бастаанд) ва дуввум, њадафи молиявї њам дошт, зеро дар нишаст Ќувайт эълом дошт, ки ба фонди молиявии созмони Муколамаи њамкории осиёї 300 миллион доллар људо кард. Ин њам пас аз он буд, ки президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон дар ин нишаст аз кишварњои дорои созмон даъват кард, ки ба кишварњои нодор таваљљўњ кунанд. Нодор аз доро чї таваќќуъ карда метавонад? Сармоягузорї, маблаѓ. Худи созмон њам њоло як, ба истилоњ "Мањфили дороёну нодорон" - ро мемонад. Акнун аз њамин 300 миллион наход 10 - тоаш ба Тољикистони нодор нарасад? Пули миллионњо адад љойнамоз-дия! Чї гуфтед?

"Велкам, май френд!" Субњи рўзи 28 апрел вазири корњои хориљии Тољикистон Њамрохон Зарифї дар дањлези бузурги Кохи Сомон-бўстонсарои њукуматї дар хиёбони Рудакї меистод, то намояндагињои кишвари узви созмони "Муколамаи њамкории Осиё" ва мењмононро бипазирад. Аз соати 8 - и субњ шурўъ аз шайхњои Халиљи Форс то "юбкапўшон" - и Бутану хонуми сабзина аз Бангладешу миллатњои зарди Чину Таиланду Бирмаро бо "Велкам, май френд! Гуд монинг!" (Хуш омадед, дўсти ман! Субњ ба хайр!) пешвоз мегирифт.

"Табассуми дипломатї" Вазир хоксорона даст пеши бар истода, лабханд мекард, ки дар љањон њамчун "табассуми дипломатї" ва ба тољикї, расми мизбонї унвон мешавад. Ў дасти мењмононро фишурда, пурсупос мекард ва ќоматро рост гирифта, рў ба журналистон меовард, то онњо имкони акс гирифтан дошта бошанд. Рўзноманигорон, ки аз кишварњои мухталиф буданд, мекўшиданд ин лањзањои хотирмон бо иштироки намояндагони кишвари хешро аз даст надињанд. Касе њам буд, ки бекораву бакора њамаро аз як тараф аксу навор мегирифт, аз љумла фотографу операторњои ВКХ-ву хабарнигорони Озодиву ВВС ва телевизионњои Тољикистон. Вазир Зарифї, албатта, пас аз додугирифти њарфу табассумњои дипломатї боз чашм ба дарвоза медўхт, як фарди мунтазирро мемонд ва ќиёфааш одї мешуду аз њаяљони мизбонї орї. Њамин лањза гуфтаи сармуњарир ба ёдам омад, ки боре бо дард гуфт: "Баъди бо ин шарту шароит бастани ќарордод оиди будубоши њарбиёни Русия ва Пойгоњи 201 дар Тољикистон дипломатияи тољик то њадде беќадр шуд, ки дигар номањояшонро ягон котиби шашуми шуъбаи 17-уми вазоратњои хориљї мехонанд ё не ва љавоб додан њам ба онњо дигар шарт нест". Мегуфтї, агар вазифа набошад, љаноби Зарифї аслан намехандад ва шояд умуман дар њаёташ табассум накардааст. Аммо ин гумон ба зудї ботил баромад.

"Иштибоњ"-и Попов Ба назарам чунин намуд, ки он лањза љаноби Зарифї мехост, сахт хандад. Њатто тавре хандад, ки ќоњ - ќоњаш Кохи Сомонро њам тасхир кунад. Аммо ў худро дошт. "Кагэбэшная выдержа" кор дод-андешидам он лањза. Юрий Попов, сафири Русия дар Тољикистон, ки љаноби Бахтиёр Њакимов, сарвари намояндагии Русия дар ин нишастро њамроњї мекард, як гуна асроромез то наздикии вазир омад ва њамагон интизор доштанд, ки њамин њоло салом мекунад. Аммо Попов гузашту рафт. Аз рўи расму русуми ин нишастњо, ки протокол меноманд, фаќат сарварони намояндагињо бояд бо вазир "саломуалайк" мекардаанд (воќеан, Зарифї беш аз 200 мењмони ин нишастро агар њамин тавр ќабул мекард, ин маърака се рўз бояд идома меёфт). Баќия аъзои њайат бояд аз роњи дигар мерафтанд, ки аз афташ љаноби сафири Русия дар ин маврид ё фаромўш кард, ё њамин тавр "рањгум зад". Чї мегўед, ки бо

Њикмати Шиноватра Дар љаласа 31 намояндагии кишварњои узви созмон, Бонки Рушди Осиё ва њам Туркия њамчун нозир ширкат карданд. Мењмони махсус ва баландпояи љаласа Таксин Шиноватра, собиќ сарвазири Таиланд ва аз асосгузорони созмони Муколамаи њамкории

Љойнамози дипломатия ва доллар Гузориши махсуси "Нигоњ" аз рафти љаласаи 11 - уми вазирони корњои хориљии созмони "Муколамаи њамкории Осиё", ки дар шабакањои телевизионии њукуматї намоиш намедињанд ... сафарњои Русия њар кор шуданаш мумкин, њатто сањарї низ. Аммо банда, ки он лањза аз ин ќоидањо хабар надоштам , фикр кардам, ки Попов гўё ба таври эътироз бо Зарифї салом накард. Љаноби вазир он лањза худро дошта натавониста, хандид. Як навъ њайрон њам менамуд. Шояд меандешид, ки задї, аниќтараш рањгум, ки задї салом кун. Мо домони љаноби Поповро сар надода, аз пасаш рафтем. Ваќте Зарифї ќабули мењмононро ба анљом расонда, ошёнаи чорум баромад ва дар љои худ - курсии барандаи маљлис нишаст, Юрий Фёдорович ба назди ў рафт ва њарду даст ба дасти њам доданд. Ин њам расм буд, ё "ислоњи иштибоњ" номаълум монд. Сафари шарики стратегї аз мадди назари мо дур нашуд, ё тавре шуд, ки ба чашмамон хўрда истод. Он кас як бор дар толор ва бори дигар њангоми танаффус дар пешайвони ошёнаи чоруми Кохи Сомон бо Шоњќосим Шоисломов, сафири Ўзбакистон дар Тољикистон сар ба сар шуда, сўњбат кард. Кї мегўяд, ки муносибатњои Русияву Ўзбакистон бад шудаанд? Ё фаќат дар ќиболи Тољикистон бад нашудаанд? Ростї, љанги тањмилии шањрвандї ба хотирам омаду дар баданам мурѓак давид. Брррррррр... Хайрият, 21 сол гузаштааст...

ЧАЌ-ЧАЌИ САФИРОНИ ЎЗБАКИСТОНУ РУСИЯ САРИ ЯК ПИЁЛА ЧОЙИ ТОЉИКЇ

«

Шиноватра соли 2006 ба Душанбе омад, аммо пас аз бозгашт њукуматаш суќут кард ва ба Британия фирор намуда буд...Президент Эмомалї Рањмон, ки инро медонист, чї андешањое дар сар дошт? Эњ, агар андешањои одамонро сканер карда мешуд, њамон замон андешањои њамин ду тани рў ба рў нишастро копи карда, ба шумо ончунон нишон медодам, ки ...

Љойнамоз ва доллар Чун аз дипломатњо гап гирифтан таќрибан имкон надорад, мушоњидаро давом додам. Ваќте аз зинапояи дасти чапи Кохи Сомон боло мешудам, чашмам ба як "девори сунъии чўбин", ки одатан дар тарабхонањо мегузоранд, афтид ва паси он љойнамози мањшар, таќрибан 30 адад. Оњо! Дар Кохи "Сомон"??! Дар кохи њукуматї, љои расмї ва љои кори чандин нафар, агар ин љаласањо њам ќисме аз кори президенту вазири корњои хориљї бошанд, дар љои кори онњо густурдани љойнамоз магар хилофи ќонуну сиёсатњои нав нест? Ё? Бале, ё барои фирефтани назари арабњову дигар њайатњои мусалмонї, ки матбуоташон Тољикистонро ќариб ки ба "куфр" гунањкор мекунанд, буд? Аммо хеле баъд ба чунин хулоса расидам: ин аввал, эњтироми њайатњои мусалмонї

Осиё буд, ки дар рў ба рўи президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон менишаст. Хаёлам, танњо ў буд, ки дар њавои мутантани нутќњои болохонадори пур аз мењру муњаббат як ишораи хуб кард: аз соли 2006 ба ин сў танњо ду кишвар узви ин созмон шудаанд, яъне корњои Муколамаи њамкории Осиё - "љиѓел". Шиноватра соли 2006 ба Душанбе омад, аммо пас аз бозгашт њукуматаш суќут кард ва ба Британия фирор намуда буд...Президент Эмомалї Рањмон, ки инро медонист, чї андешањое дар сар дошт? Эњ, агар андешањои одамонро сканер карда мешуд, њамон замон андешањои њамин ду тани рў ба рў нишастро копи карда, ба шумо нишон медодам, ки... Фаромарзи ФОЗИЛ

ШЕРМУЊАММАД, ТАРЉУМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ТО ГИРИФТАНИ АКСИ УМУМЇ ДАР НАЌШИ «ДИРИЖЁР»


БО АЌЛУ ЊУШ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

7

- Айни њол ин корро ба љои давлат "Талко" анљом дода истодааст, ки чандон дуруст нест. Њар изњороти Ўзбакистон оиди зарари "Талко" дар созмонњои байналмилию ВАО аз рўи барномањои махсуси давлатї роњандозї ва то љое муваффаќ шудаанд. Ахиран Кумитаи аграрї ва экологияи парлумони Тољикистон изњороти маќомоти ўзбакро дар мавриди он, ки "Талко" њамасола ба Ўзбакистон 227 миллион доллар хисорот меорад, беасос хонда, пешнињод кард, ки зарари корхонањои наздимарзии Ўзбакистон ба муњити зисти Тољикистон њисоб карда шавад ва барои ин як гурўњи махсус ташкил карда шавад.

3 пешнињод ба Ўзбакистон

Гови бедандон алайњи Талко "Талко" - ширкати алюминийи тољик аз њамлањои иттилоотии Ўзбакистон ба љон омадааст. Њар моњ аз вилояти Сурхондарё мактубњои "мењнаткашон" ба парлумони Тољикистон ворид мешавад, ки "Талко" - бузургтарин корхонаи алюминийи Осиёи Марказиро бандед... "Талко" 30 - юми марти соли равон дар остонаи 38 - солагии корхона бо иштироки намояндагони Кумитаи њифзи муњити зист, коршиносони соњаи экологияву рўзноманигорони ватаниву хориљї дар шањри Турсунзода њамоише баргузор кард. Мавзў "Ширкати алюминийи тољик: экология ва истењсолот" унвон дошт.

Харољоти экологии "Талко" Игор Сатторов, сухангўи "Талко" хабар дод, ки корхона барои мањор кардани хатарњои экологї барномаи чорабинињоеро роњандозї мекунад ва сол ба сол дар ин самт харољот низ зиёд мешавад: - Дар давоми 7 соли охир бо ин маќсад ќариб 190 миллион сомонї сарф кард. Масалан, соли 2006 - 17,5, 2007 - 19,14, 2008 - 28,4, 2009 - 29,1, 2010 - 30,1, 2011 - 31,0 ва дар соли 2012 32, 2 миллион сомонї сарф кард. Маълум аст,ки дар љараёни истењсоли алюминий миќдори зиёди партовњои моеъ ва сахт њосил мешаванд. Аммо солњои охир дар дохили корхона коркарди партовњои сахт ва њавзи тањшинот тибќи технологияи тањиянамудаи кормандони корхона ва њамкории зич бо олимони Академияи илмњои Тољикистон ташкил карда шудааст. Он имкон медињад, ки њар моњ 1730 тонна партови истењсолот коркард шуда, аз он 350 тон криолит ва 140 тон электролити бозгардон, 400 тон нимсўхтаи анод ва 140 тон маводи ангиштдор барои истењсоли анод ва 700 тон филизпорањои сиёњ њосил шавад. Стратегияи экологии ширкат аз кам кардани моддањои ихрољшавандаи олудасозї ба атмосфера аст.

Агар Ўзбакистон муваффаќ шавад... 20 соли ахир матбуоти расмї ва ѓайрирасмии Ўзбакистон пайваста фаъолияти корхонаи алюминийи Тољикистон мавриди интиќод ќарор дода, њатто дар минтаќањои љанубии он кишвар намоишњои иљбории эътирозї созмон медињанд ва баёнияњо пахш мекунанд. Дар саросари кишвар овезањо бо талаби бастан ва хатарнок будани ин корхонаи Тољикис-

тон ба назар мехўранд. Мактабњои Ўзбакистон њатто чанд даќиќаи бо ин таблиѓот дарсњои худро оѓоз мекунанд. Расонањои ўзбакї менависанд, ки корхона зиёда аз 30 сол аст, ки мунтазам муњити зисти навоњии Сариосиё, Узун, Дењнав, Алтити вилояти Сурхандарёро, ки беш аз 1,1 миллион ањолї дорад, вайрон мекунад. Игор Сатторов дар њамоиш гуфт, Ўзбакистон барои муттањам кардани "Талко" синамогарони итолиёвиро киро кардааст, то филмеро бо номи "Фољиаи экологии Ўзбакистон" ба навор гиранд ва њадафи аслї вобаста ба фаъолияти Талко аст: - Онњо аз куљое як гови бедандон ва кўдаконеро ба навор гирифтаанд, ки гўё аз таъсири Талко мариз шудаанд. Мо намедонем он аксњоро кї гирифтаст ва дар куљо ба навор гирифта шудаанд, аммо бубинед, ки мо дар гирду атрофи он њастем ва њаво чї ќадар тоза аст. Игор Сатторов аз он изњори нигаронї кард, ки амнияти иттилоотии "Талко" таъмин нест ва Тољикистон дар баробари њуљумњои иттилоотии Узбакистон осебпазир аст. Вай аз рўзноманигорони ватанї даъват кард, ки дар бахши экология сиёсати иттилоотии худро пурќувват намоянд: - Мо намехоњем, ки корхона ба масъалањои сиёсї дахлдор бошад, мо танњо мехоњем, ки ба истењсолот машѓул бошем ва кори

«

мо халал нарасонанд. Ва ин иддаои интернетии Ўзбакистон оид ба зарари экологии Талко бо роњи гуфтушунид њал карда шавад. Аммо мебинем, ки онњо гузашт кардан намехоњанд ва моро бо њар роњу восита сиёњ мекунанд. Масъули "Талко" мегўяд, Ўзбакистон бо њар роњу восита мехоњад, ки корхонаи алюминий баста шавад ва агар бо мусоидати њамсоякишвар "Талко" аз кор монад, зиёни он метавонад ба миллиардњо доллар расад: - Агар Ўзбакистон муваффаќ шавад ва њавзњои "Талко" 20 даќиќа аз кор монанд, онњо сард гашта, барои дубора барќарор намудани онњо 500 миллион доллар лозим аст. Барои дубора ба кор андохтани "Талко" бошад, њудуди 3 миллиард доллари амрикої лозим аст. Барои хариду насби онњо 3,5 сол зарур аст, ки дар ин ваќт шарикони њамкори худро аз даст медињад, чун ягон шарик тайи ин муддат интизор намешавад,- гуфт Игор Сатторов.

Њукумати танбал Татяна Њасанова, коршиноси мустаќил, ки дар њамоиш иштирок дошт, давлати Тољикистонро дар њимояи манфиатњои экологии худ танбал арзёбї кард. Вай талаб кард, ки Тољикистон дар сатњи давлатї ба њуљумњои иттилоотии Узбакистон љавоб гўяд:

Дар тарњи аввали сохтони корхонаи алюминийи Тољикистон дараљаи ѓилзати партовњои атмосферї ба миќдори 34090,30 тонна дар як сол пешбинї шуда буд. Аз соли 2010 тибќи лоињаи муваќќатан мувофиќашуда бо Кумитаи давлатии њифзи муњити зисти Тољикистон миќдори иљозатии партовњои умумї 25 460, 776 тон дар як солро ташкил медињад. Бино ба иттилои лабораторияи Талко, онњо њамасола тањлилњои намунаи њаво дар љойњои корро 4600, атрофи корхона (дар радиуси 10 км. то сарњади Ўзбакистон) - ро 2450, намунаи обро 300 маротиба меомўзанд. Ченкунињои баргузоршудаи дараљаи ѓилзати гидрогени фтордор ва фторидњои сахт дар њавои мањаллањои ањолинишини атрофи корхона то сарњади Ўзбакистон дар радиуси 10 километр дар 11 нуќта нишон дод, ки дар дањ соли охир ягон њолати баланд шудани гидрогени фтордор, ки меъёри муќарраргардидаи он 0,005 мг/метри мукаабро ташкил медињад, ќайд нашудааст. Инчунин ченкунињои баргузоршуда дар солњои 2001 то 2012 нишон медињад, ки дараљаи ѓилзати гидрогени фтордор дар минтаќаи санитарию муњофизатии КВД "Ширкати Алюминийи Тољик" аз меъёри муќарраршуда паст будааст.

Дар њамоиш Талко ба масъулони дахлдори Тољикистон, аз љумла ба Кумитаи њифзи муњити зист се пешнињоди асосиро ироа намуд, ки дар сурати ќабули он ба Ўзбакистон ироа карда мешавад: Якум, таъсиси комиссияи муштараки коршиносони соња ва љалби коршиносони мустаќил аз кишварњои хориљї барои анљоми тањќиќоти таъсири "Талко" ба вазъи воќеъии муњити зист дар ќаламрави ду кишвар. Масъулони Талко ба ин назаранд, ки натиљаи тањќиќоти ин комиссия ба онњо низ имкон хоњад дод, то барномањо барои њимояти муњити зист дар ин минтаќаро ба таври комил роњандозї кунанд. Дуюм, дархости дубора фаъол кардани се постгоњи њамешагии назорат бар вазъи њавои навоњии наздик ба марзи Тољикистон ва мањалли корхона аз Ўзбакистон. Сеюм, тамдиди тавофуќнома миёни Ўзбакистон ва Тољикистон "Дар бораи њамкорињо барои бењбуди вазъи муњити зист дар минтаќаи манфии корхонаи алюминий". Ин созишнома миёни ду кишвар 17-уми ноябри соли 1994 ба имзо расид ва дар асоси он корхонаи алюминийи Тољикистон дар навоњии марзии Ўзбакистон чор дармонгоњ ва як бунгоњи тиббии муљањаз, се мактаби њамагонї барои беш аз 200 мактаббача ва беш аз дањ чоњи обкаширо ба маблаѓи 34 миллион рубл (пули соли 1993) бунёд кард.

Асли гап дар куљост? Аммо чаро дар ин самт Тошканд на ба њамкорї, балки мањз бастани "Талко" то дари созмонњои байнулмилалї рафта, аз онњо хостори фишор ба Тољикистон мешавад? Далели аввал ва бебањси њатто коршиноси ноогоњ аз соња љанљоли сари олудашавии муњити зист аз сўйи Талкоро ба сардии муносибатњои Тољикистону Ўзбакистон аст. Боир Урунов, сармутахассиси шўъбаи њифзи њавои атмосфераи Кумитаи њифзи муњити зисти Тољикистон, гуфт, ин бањс аз замони сохтмони корхона дар минтаќаи љанубии Тољикистон шурўъ шуда, сабаб яктост - њасад: - Онњо мехостанд, ки обанборњои Роѓун, Норак ва бузургтарин корхонаи алюминийи минтаќа дар Ўзбакистон сохта шавад, аммо муваффаќ нашуданд. Ин масъул хабар дод, ки дар њаќиќат аз Ўзбакистон ба унвонии Кумита њар моњ мактуб меояд, вале номањое, ки ба Кумита мерасанд, аз љониби як гурўњи одамон аст, ки аз ягон љамъият ва ё созмонњои алоњида мебошанд. Албатта, мо њам новобаста ба шахсони алоњида ва ё номаълум будан ба онњо љавоб менависем. Дар баъзе мавридњо аз Талко мепурсем, ки шуморо ба чунин кор муттањам доранд. Тафтиш мекунем, хулосаашро мефиристем. Боир Урунов мегўяд, ягон корхона безарар нест, аммо агар зарар ба мардуми Ўзбакистон мерасид, онњо кайњо расман аз Кумита талаб мекарданд, ки чорањои зарурї андешида шавад, вале онњо тавассути шахсони алоњида мактуб мефиристанд, на ягон маќомоти расмї. "Талко", бузургтарин корхонаи тавлидоти алюминий дар Осиёи Марказї буда, дар њамдастї бо шарикаш "Талко - менељмент", ширкати бритониёї аз сармоягузорони иќтисоди Тољикистон аст ва чандин корхонаи навро бунёд мекунад. Аммо ба ќавли онњое, ки сиёсатњои иќтисодии Тољикистонро тањлил мекунанд, "Талко" зербинои Маљмааи саноатии љануби кишвар аст ва дар дарозмуддат бояд дањњо корхонаи дигарро рўи кор орад. Ба ќавли ин манобеъ, Тошканд мехоњад мањз аз ин пешравињои Тољикистон љилавгирї кунад, вагарна танњо "Талко" ба Ўзбакистон зараре надорад.

Шањлои АБДУЛЛО


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

МАЃЗИ ДАРД

љонсии иттилоотии TojNews бахшида ба наќши зиёиён дар Тољикистон бо Барзу Абдураззоќов, коргардони варзида, њунарманди театри тољик ва яке аз зиёиёни миллати тољик сўњбати виртуалї доир намуд. Њоло фишурдаи ин сўњбат.

О

Осиб 22 март, 2013 - 11:10 Љаноби Барзу, лутфан бигўед, ки рисолат ё расолати зиёї (равшанфикр) аз рисолати сиёсиаш чї фарќ дорад? Сипос барои посух. - Зиёї ё интеллигенте, ки мо мегўем, як арзиши умумї дорад. Вай наметавонад дар театр дигар бошад, дар сиёсат дигар. Муносибати вай вуљуди вай хоњ дар сиёсат, хоњ дар сањнаи театр, инъикос меёбад. Таљассум мешавад. Истеъдод, талантро Худо медињад. Одаме, ки истеъдод дорад, барои ин љавобгар аст. Назди Худо, назди худ ва назди љомеа. Аммо зиёї як чизи шахшуда нест. Вай пеш аз њама шахсест, ки тамоми атрофро, мавриди шубња ќарор медињад. Шак мекунад ба њама чиз. Вай ба њама чиз тавассути таљриба ва дониши худ мерасад. Ин таљриба метавонад фољиавї бошад. Вале зиёї, ба њаќиќат њамеша бо роњи худ мерасад. Мушкил ё масъала, хоњ динї бошад, хоњ илмї бошад, хоњ Хайём гуфта бошад ё Шекспир, зиёї, ба он шак мекунад. Вай ин њаќиќатро бо чашми худ мебинад. Барои њамин, зиёї, ба худ натарсида саволњои зиёд медињад. Пеши худ масъалањо мегузорад. Вай њамеша дар низоъ аст, бо худ, бо љомеа ва бањои он љањон. Ў тавассути аќли худ таљриба ва донишаш њамаи чизе, ки ба одамї фањмо метобад, рад мекунад, шак мекунад, мавриди шубња ќарор медињад. Вай њамеша бо худ дар низоъ аст, вай дар низоъ бо љомеаи нокомил аст. Вай њамеша медонад, ки шайтон бедор аст. Њар ќадар, ки таланти ту зиёд бошад, ва њар ќадаре, ки маќомат баландтар бошад, шайтон бо ту бештар даст ба гиребон мешавад. Новобаста ба он ки ту мисли Волтер, бехудо ваё мисли Достоевски батаќвову имондор бошї. Зиёї њамеша дар маъниљўист, вай дар њамин паноњ мељўяд. Ворид кардани ин маънї ба љањон - паноњгоњи зиёї аст. Али 22 март, 2013 - 14:33 Суол ба муњтарам Барзу: наќши зиёиёнро дар рўёрўињои солњои 90-ум чї тавр бањо медињед? Оё дар вазъияти вањими имрўзаи љомеа бетарафии аксарияти зиёиён дар он солњо низ муассир аст? Имрўз онњо дар бедории љомеа чї кор карда метавонанд? - Ба назарам, гуноњи бештар ба зиёиён аст дар љанги шањрвандї. Ман шоњиди њодисањои он солњо будам. Ман дар ёд дорам тулуи хоњиши истиќлолияти моро. Театри олї. Журналистикаи олї, кинои хуб, умедњои хеле олї. Њама шикаст хўрд. Барабас рафт. Мо маргро дидем. Мо дидем, ки чи хел дўстони моро куштанд. Мо дидем, ки чї хел журналистонро мекуштанд. Мо њар рўз касеро гум мекардем. Табиати одамии мо бохт. Таслим шуд. Баъди ин мо дигар ба худ наомадем. Интеллегентсияи мо худ пир шуд. Вай монда шуд, хаста шуд. Вай дасташро фаровард ва интизор аст, кай ба нафаќа меравад. Оё дарњол ягон илоље ёфтан мумкин аст? Албатта! Бояд насли навро тарбия кард! Ва шарти асосї: онњо бояд бовар кунанд, ки зиндагии бехтар доштан мумкин аст. Мо њоло на њама чиро бохтаем. Мо шанс дорем, мо бояд онро истифода барем. Танњо бо як роњ - бо роњи донишомўзї. Миллат бояд ба љањон кушода шавад. Ва бояд тамоми чизи бењтарине, ки одамият офарид, омўзад. Миллати боаќл миллатест, ки аз дониш рўй намегардонад, аз њар љое, ки ин дониш барнаояд. Ин аст нишони рушди миллї ва њар миллат. Мо бояд ин масъаларо омўзем. Юсуф 23 март, 2013 - 14:36 Дар хусуси таъсис додани як иттињоди љамъиятии зиёиёни тољик чї фикр доред, то ба он аъзо гардидан мувофиќи талаботњои муайян сурат бигирад ва барои пешравии ин кишвар кореро ба њайси як гуруњи ташаббускор анљом дињад. Магар бо андешаронињои парокандаи худ мо ваќтро аз даст надода истодаем? - Ман ба иттињод бовар надорам. Ман онњоро зиёд дидам. Иттињоди кино, ... ба назарам, ба њар яки мо, бояд ба худ посух гўем,

Барзу Абдураззоќов:

"Њама шикаст хўрд. Бар абас рафт" ки оё мо мехоњем чунин зиндагї кунем ё не? Мо бояд пурсем, ки агар инро намехоњем, чиро мехоњем? Вакте мо инро муайян кардем, баъд мо бояд муттањид шавем. Мо дигар танњо ба ин њаќ надорем, ки гила кунем. Мо дигар ба гилакунї њаќ надорем. Мо бояд ин шанси мондаро ба ёфтани роњи ояндаи зиндагии худ истифода барем. Мо наќша дорем. Мо наќша надорем, мефањмед, ин аст мушкил. Мо њама, сад дар сад ба вирус гирифтор шудаем. Ин вирус як ном дорад : "фоида надорад". Мо бояд донем, ки ин соат, имрўз аз мо чї вобаста аст ва бояд амал кард. Ваќте мо донем, ки бояд чї кор кунем, бояд муттањид шавем. Мо фаќат дар бораи воситањои расидан ба њадаф бањс кунем. Мо бояд ба позитив омўхта шавем. Хусрав 23 март, 2013 - 20:31 Ассалому алейкум! Пеш аз њама бароятон тансињативу хотирљамъї ва ободиву сарбаландї таманно дорам ва умедворам њамеша мисли њамаваќта њаќро мегўед. 1. Эмомалї Рањмонро зиёї гуфта метавон ё не? 2. Имрўз мушкилињо дар кишвар хеле зиёд аст ва рисолати зиёиён пешнињоди роњи њалли мушкилињост чаро зиёиён хомўшанд? 3. Агар ягон њизби сиёсї шуморо ба маќоми номзад ба президенти пешнињод кунанд ќабул доред? 4. Агар ЊНИТ ба сари њокимият ояд оё метавонад давлатро аз имрўза бењтар идора кунад? 5. Имрўз бисер мушоњида карда истодаем, ки ба сари ЊНИТ ва ЊСДТ фишорњо зиёд аст ва инро чї гуна шумо маънидод мекунед? Ва мехостам фикри шуморо оиди њизби нањзати исломї фањмам зеро мехоњам аъзои ин њизб шавам. Сипосгузорам! - Љанобон, ба атроф назар кунед ва худ хулоса кунед. Ба дониши ректорон, њуќуќшиносон ва сиёсатмадоронатон ањамият дињед, шумо мефањмед дар бораи хомўшии зиёиён. Мо дар кишвари пур аз тарс ва ноумедї зиндагї дорем. Мо кўдаку оила дорем. Мо аз онњо дар хавотирем. Кодњои генетикии мо таѓйир хўрданд, хусусияти миллии мо дар 20 соли ахир заиф шудаанд. Мо ба ВИЧ-и тарсуї ва ноумедї гирифторем. Мо ба дуруѓгўї гирифторем. Системаи њифзи миллат вайрон шудааст. Намешавад њама чиро ба зиёиён бор

«

кард. Ба ў душворї мекунад бори як миллатро кашидан. Миллат тавассути генийњои иќтисодї, илмї, физикњо боло бурда мешавад. Намешавад њама чиро ба дўши зиёї бор кард. Мо бояд аз худ пурсем, ки њар яки мо чї кор мекунем, то миллати мо бењтар шавад? Ин фаќат њамон замон рух дињад, ки њар яки мо хоњад зиндагии бењтар дошта бошад. Ба таври дигар гўем, набояд бовар кард, ки касе меояд ва зиндагии мо таѓйир меёбад. Мо бояд одат кунем, ки мо худ метавонем њаёти худро таѓйир дињем. Дар ИМА идея нест. Мо њама дар љустуљўи идеяи миллї њастем. Лозим нест. Фаќат як идеяи миллї даркор аст. Кор кун ва њама чиз мешавад: маош, пенсия, њама чиз... Ба зиёї умед набандед, худ корро ба даст гиред. Дар бораи номзадї ба президент бояд гўям, ки ба назарам, одамони сазовортаре њастанд ба ин маќом. Дар бораи ЊНИТ ман хеле Муњиддин Кабириро эњтиром дорам, вай сазовори эњтиром ва шахси босавод аст. Аммо чун ман худам одами дунявї њастам, кино, мусиќї, театр, рассомї, санъатро, дар умум, дўст медорам ва дар њамин њол, ман одами имондор њастам, ман ба ин њизб овоз намедодам. Љаррор 24 март, 2013 - 20:35 Салом устод Барзу! Саволам ин астБа фикри Шумо дар кишвари мо, зиёиёне,ки дар њаќиќат хазинаи тиллои миллат, рањнамои мардум бошанд, мављуд њастанд? Саволи дигар: Сабаби пайдо шудани њар гуна равияву љараёнњои динї, ки зиёд ба чашм мерасанд, дар чист? Дар ин масъала метавон сањми ночизи ањли зиёро дид, ки натавонистанд, барои интихоби роњи дуруст, мардумро рањнамои кунанд? Њамчун зиёї, ки мо Шуморо эътироф дорем, ба мо чї маслињат медињед, барои њифзи манфиатњои миллї? Ташаккур ба Шумо! - Зиёї кист? Вай одамест, ки аз ў љавоби саволњоро меёбї. Агар шумо одамеро медонед, ки вай ба саволњои муњими шумо посух дода метавонад, зиёї дорем. Ба атроф назар кунед. Насабњои шиносро пеши худ монед ва ба саволњои худ посух меёбед. Дар асл, аљиб аст, ки мо љавобњоро дар Хайём, Румї, Саъдї ва Њофиз меёбем. Онњо, албатта, њастанд, бисёр хонед, бисёр фикр кунед,

Мо њама, сад дар сад ба вирус гирифтор шудаем. Ин вирус як ном дорад : "Фоида надорад". Мо бояд донем, ки ин соат, имрўз аз мо чї вобаста аст ва бояд амал кард.

шояд, ин зиёиро шумо дар худ меёбед. Вафо 26 март, 2013 - 04:48 Дуруд ба Шумо љаноби Барзу! Лутфан мегуфтед, ки чаро имрўз онон, ки њамчун зиёї байни халќ муаррифї мешаванд, мушкилоти мардумро ба гўши садрнишинон ва масъулин намерасонанд, њол он ки ба фикри банда ин яке аз масъулияти онњо мебошад, яъне расонидани сухани њаќ? 2.Мадњиясароро метавон зиёї гуфт? 3.Назари Шумо оиди нафароне, ки тамоми бадбахтињо ва мушкилоти љомеаро сари муллоњо бор мекунанд ва сабаби ќафомонии давлатро ба онњо (муллоњо) рабт медињанд, чист? 4. Аъзои ягон њизб будан бењтар аст ё набудан? Лутфан, пањлуњои мусбату манфиашро мегуфтед. Ва нињоят, тавсияи Шумо ба мо. Дар шароити кунуни шомили кадом њизб гардем? Ќаблан барои посухњо изњори миннатдорї баён мекунам. Муваффаќ бошед! - Њастанд зиёиёне, ки њаќиќатро мерасонанд. Гўшњо он љо ношунаво шудаанд. Дар бораи њизб ва аъзояш. Ман њеч гоњ аъзои њизбе набудам. Будан њам намехоњам. Агар ман ќатрае њуќуќ дошта бошам, ки худро зиёї номам, ман худ њизб њастам. Маро ба ягон љо бурдан зарур нест, ман худ роњамро меёбам. Ба ман роњамро нишон додан шарт нест. Барои ин чиз ман сар дорам. Агар кўмаки ман ба њизбе лозим шавад, барои шукуфоии ин љомеа ман омодаам. Куруши Кабир 29 март, 2013 - 14:39 Устоди арљманд! Сохти давалтдории имрўзаро чї гуна бањо медињед ва ин ба андешаи шумо чї шакли давлатдорист? Дар љои нишаста будем гуфтанд, ки мо ба асри 16 баргаштем, шумо чї фикр доред? - Мо бояд дастовард дошта бошем. Миллат бояд мол ба вуљуд орад. Дастовардњои миллат бояд воќеї бошанд, дурўѓин не, мисли њайкалњо... Cомонизм аз оѓоз дурўѓин аст. Ленин мурд, бояд Ленини нав ихтироъ мекардем. Чаро сомонизм таваллуд шуд? Дар њоле, ки моро коммунистон, тарбиятдидагони вождизм - доњипарастї - Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин идора мекунанд. Мо бояд шаъни миллатро боло мебурдем. Ва мо садњо њайкал лозим набуду нест. Мо бояд мактаб месохтем. Бояд энергетика, иќтисод, илм ва фарњангро ба вуљуд меовардем. Барои шиорњо маблаѓи зиёд сарф кардан нашояд. Дар Љопон, дар ИМА шиор нест, дар Олмон шиор нест; демократия, кор ва ќонун њаст. Ваќте ќонунњо кор мекунанд, шиорпарастї ба мо даркор намешавад.


PROBLEMS

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

9

Ширкати истењсоли доруворї муфлис мешавад?

М

асъулини корхонаи воњиди давлатии "Хатлон-фарматсия" бо ирсоли номае аз Ѓайбулло Афзалов раиси ин вилоят хостаанд, то онњоро бо бинои дорои шароитњои корї таъмин намояд. Дар мактуб омадааст, ки "…аз моњи майи соли 2010 инљониб, дар собиќ њудуди ќитъаи замини КВД "Хатлон-фарматсия" мувофиќи ќарори раиси шањри Ќўрѓонтеппа ва пешнињоди Раёсати тандурустии вилоят сохтмони бинои нави Маркази вилоятии беморињои ќалб идома дорад... маъмурияти сохтмон аз мо талаб доранд, то биноро холї намоем. Ин њам дар њолест, ки то њол барои дар оянда фаъолият кардани корхонаи мо ягон љой пешнињод карда нашудааст. Дар ќисми зиёди шањру ноњияњои вилоят бошад вазъият аз ин њам бадтар аст". Илњом Муродов - роњбари КВД "Хатлон-фарматсия" ба "Нигоњ" гуфт, онњо умедворанд, ки аќаллан бинои собиќи Маркази вилоятии зидди беморињои сил, ба ихтиёри КВД "Хатлон- фарматсия" гузошта мешавад, зеро дар арафаи Наврўз он ба бинои наву замонавї кўчонида шуд. Ба гуфтаи ў, агарчї "Хатлон-фарматсия" дар назди беморхонањои марказии 20 шањру ноњия намояндагии худро дорад, вале ба сабаби набудани шароит ду филиали он, яке, дар Ќўрѓонтеппа ва дуввумї, дар ноњияи Панљ истењсоли маводи мањ-

лулии зарурї ба роњ монда шудаасту халос, њол он, ки бояд дар бисёре аз шањру ноњияњо истењсоли замонавии доруворї ба роњ монда шавад: - Мо асосан дар ин ду филиал истењсоли мањлули сегона - перекис водороди 6%-аю 3%-а, фуратсилин ва ѓайрањоро мувофиќи дархости беморхонањою ниёзмандон бар роњ мондаем. Ба болои ин муассисањои тандурустї маблаѓи дорувориро пардохт намекунанд. Ќарзњои муасиссањо ва ташкилотњои тандурустии вилоят дар назди корхонаи мо аз 100 њазор сомонї гузаштааст ва ин раванд боиси сустии гардиши мол дар корхона гардидааст. Агар ин раванд идома ёфтан гирад, аз эњтимол дур нест, ки корхонаи мо муфлис шавад. Масъулини "Хатлон-фарматсия" мегўянд, бо 7 корхонаи савдои яклухти Тољикистон шартномаи тарафайн дошта, пайваста маводњои дорувориро аз онњо дастарс менамоянд. Соли 2012 ва 3 моњи соли љорї бо маблаѓи зиёда аз

«

Акс аз magnitka74.ru

Оворагии "Хатлон-фарматсия" 830 њазор сомонї доруворї ва маводњои безараргардонию наркотикиро ворид намуда, онњоро ба 56 корхона ва муассисањои тиббии шањру ноњияњои вилоят ба маблаѓи зиёда аз 569 њазору 968 сомонї таќсим кардаанд. То ба имрўз як ќатор муассиса ва ташкилотњои тандурустї бо маблаѓи умумии 107 њазору 452 сомонию 03 дирам маводњои дорувориро аз ин нињод гирифта, маблаѓи онро напардохтаанд. Илњом Муродов мегўяд, яке аз масъалањои муњим таъмини беморхонањои шањру ноњияњои вилоят бо маводњои наркотикию психотерапевтикї мебошад, ки ин ба дўши КВД "Хатлон-фарматсия" вогузор шудааст: - Соли гузашта дар вилояти Хатлон 4163 њодисаи осеб дидан аз њайвонњо ба ќайд гирифта шудааст, ки мутаассифона, бо сабаби камбудии ваксинањои "антирабикї" на њамаи шахсони осебдида аз њайвонњо ба маќсади пешгирии њорї эм карда шудаанд.

Ба болои ин муассисањои тандурустї маблаѓи дорувориро пардохт намекунанд. Ќарзњои муасиссањо ва ташкилотњои тандурустии вилоят дар назди корхонаи мо аз 100 њазор сомонї гузаштааст ва ин раванд боиси сустии гардиши мол дар корхона гардидааст.

КВД "Хатлон-фарматсия" дар 20 шањру ноњияи вилояти Хатлон намояндагии худро дошта, њамаи онњо дар асоси ќарори раиси вилояти Хатлон аз 3 юми феврали соли 2004 - ум ва фармони Раёсати тандурустии вилоят аз 2- юми марти соли 2004-ум "Оиди ташкил намудани Корхонаи Воњиди Давлатии "Хатлон-фарматсия" ва филиалњои он дар назди беморхонањои маркази маъмурї ва шањру ноњияњои вилояти Хатлон" ташкил карда шудаанд. Як манбаи наздик ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба мо гуфт, њамасола аз буљаи кишвар барои муассиса ва ташкилотњои тандурустї 4,5 миллион сомонї барои доруворї ва 7 миллион сомонї барои хўрока људо карда мешавад. Ва мувофиќи наќша бояд, ки аз ин њисоб табаќаи имтиёздори љомеа ба монанди иштирокчиёни љангу мењнат, пиронсолон ва кўдакон ройгон табобат карда шуда, тамоми беморон бо хўроки гарму ройгон таъмин карда шаванд. Аммо аз мушоњидањо маълум мегардад, ки дар муассисањои табобатии вилояти Хатлон на табаќаи имтиёздори љомеа ройгон табобат карда мешаваду на ба маризон хўрок пешнињод мегардад... Рустами САФАР, Ќўрѓонтеппа

Хуби бади Наврўз 20 рўз мешавад, ки дар Тољикистон тантанањои наврўзї идома доранд. Бо шарофати ин ид 5 рўз истироњат кардем. Аммо њоло бархе мегўянд, ки аз тамошои барномањои наврўзї хаста њам шудаанд...

Обу лойи маблаѓ?

"Њанг"аз "фарњанг" Коршинос Набиюллоњи Суннатї мегўяд, бо он вуљуд ки "аз оѓили холї гови шохзан бењ" барномањои наврўзї ўро њамчун тамошобин њељ гоњ ќонеъ намекунанду карда њам наметавонад: - Навоварї нест. Агар сабтњои соли гузаштаро дар телефизион гузоранд, фикр мекунї, сабти њаминсола аст. Шояд телевизионњои мо дарвожеъ сабтњои соли гузаштаро имрўз ва имрўзаро соли оянда намоиш дињанд? Кайфияти онњо

бањси дигар аст. Гўё ин фарњанг танњо "њанг" дорад? "Фар" -аш ку? Танњо суруди бойчечак, пухтани суманак ва раќсу сурудњои бемазмуни иборат аз љунбонљунбону ларзон-ларзон дар телефизион боз чї мебинед? Магар ин њамаро такрор ба такрор тамошо карда, метавонед истироњат кард? Зимнан, њамсўњбатони дигари мо њам мегўянд, дар тамоми шањру навоњии Тољикистон гўё як сенария њаст ва ба болои ин онњоро аз телевизионњо батакрор намоиш медињанд.

Вањњоби Назир, коршиноси дигар аз сарф шудани миллионњо сомонии буљаи Тољикистон ба ин гуна барномањои ба ном "фарњангї" изњори нигаронї мекунад, ки шояд аз тарафи масъулин обу лой шаванд: - Телевизионњо ва масъулин дар ноњияњо гўё муваззафанд, ки як шањомати наврўзиро дар кишвар ба вуљуд оранд. Ростї, эњсос мешавад, ки сол ба сол Наврўз мардумитар мешавад, дар хотирањои миллат зинда мешавад. Бовар њаст, ки як рўз њамагонї хоњад шуд. Аммо бовар дорам, то он рўзе, ки ба солшумории њиљрии шамсї нагузарем, он ањамияти худро њамчун Соли нав пайдо намекунад. Дигар, чун ид мардумї бояд бошад, њукумат танњо рўзи истироњатро муќаррар кунад ва мардум бо пули худ барномањояшонро тањия кунанд. Масалан, ба ягон љо сафар кунанд, ба оѓўши табиат раванд, ба боѓњои истироњатї бароянд, театр раванд. Он гоњ буља њам фоида мебинад ва ид њам дилбазан намешавад. Масалан, бахшида ба Наврўз танњо дар як шањри Хуљанд дар 60 мавзе чора-

бинињо ташкил шуданд. Њукумати шањр барои пухтани суманак гандум, равѓан ва њезумашро маблаѓ дод. Телевизионњои мањаллї аз рафти чорабинињои наврўзї гузориш медоданд. Дар маркази шањр барномањои калони консертї намоиш доданд. Иди асосї бо иштроки раиси вилоят њам шуд. Хуб нест, ки ин барномањо бошанд ва раис њам дар ќатори мардум бошад, то иди як нафар не, иди њама шавад?

Дуо: "Кош, њар рўз ид бошад!" Бо омад-омади идњо корњои хубе, ки мешаванд, аёдати шахсони ниёзманд ва обод шудани маконеву ба истифода додани иншоотњои нав мебошад. Дар шањри Хуљанд, ба иттилои шањрдорї, бахшида ба Наврўз беш аз 1000 оилаи ниёзманд кўмакњои моддиву молї гирифтанд, 150 кўдак хатнасур шуданд. Холаи Нориниссои 74 - сола дуо мекунад, ки кош њар рўз ид мешуд, ки бо ин бањона масъулин кам бошад, аз њолу ањволи барљомондагон хабар мегиранд. Афзал БОСОЛИЕВ


10

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ТАВЛИДИ КИШВАРИ ОТАШИН Аз сарчашмањои таърихї бармеояд, ки давлатдорї дар њудуди Озарбойљон на камтар аз ќарни яки пеш аз мелод мављуд буда ва давлате бо номи "Озарбойљон" аллакай аз асри IV то милод машњур гашта буд. Њудуди ин минтаќаи таърихї - љуѓрофї дар ќарнњои гуногун дигаргун шуда, баъзан аз Дербент то Њамадон тўл кашидааст.Яке аз аввалин давлатњои ин њудуд шоњигарии Манна дар љануби Озарбойљон дар асрњои IX-и то мелод пайдо шуда буд, њарчанд он замон калимаи "Озарбойљон" истифода намешуд. Аслан калимаи "Озарбойљон" дар ќарни 4-и то милод, њамчун ифодаи давлати номаълуме дар асоси шикастањои империяи Ахоманидњо пайдо шудааст. Он замон ин давлат ба юнонињо бо номи "Атропатена" маълум буд. Ва мањз аз њамин калима ибораи муосири "Озарбойљон" баромадааст. Дар асрњои XII - XIIIдавлати абарќудрати Отабекњои Озарбойљон мављуд буд, ки заминњои њамсарњади Ќафќоз, Эрон ва Ироќро зери тасарруфи худ дароварда буд. Таърихи ин давлати абарќудратро дар мањсули мењнати З. М. Буниятов "Давлати Отабекњои Озарбойљон" (Боку, 1978с.) дидан мумкин аст. Дар асри XIV, дар Табриз шоњ Исмоил Сафавї худро меъросхўри тољ ва тахти Озарбойљон эълон кард (њарчанд баъдан давлати ташкилкардаи ўњамеша аз љониби эронињо идора мешуд).Тавре Октай Эфендиев дар китоби "Давлати Озарбойљонии Сафавињо дар асриXIV" (Боку, 1981с.) ќайд мекунад: "Њокимияти сафавињо аз љониби феодалони болонишини озарї, пеш аз њама аз тарафи ќабилањои номдор - амирњо, таъсис ёфта буд". Нињоят, 28-и майи соли 1918 расман "Љумњурии Демократии Озарбойљон" - давлати дунявїэълон шуд, ки аввалин љумњурїнатанњо дар Озарбойљон, балки дар тамоми олами ислом гардид. Таърихи давлатдорї зери унвони "Озарбойљон" дар нигоштањои ќадима, асримиёнагї ва муосир пайгирї карда мешавад. Ибораи "давлати Озарбойљон" ё "кишвари Озарбойљон" њануз дар асрњои миёна аз љониби таърихшиносон ва љуѓрофшиносони мусалмон истифода мешуд. Мисол, дар асри XIIIтаърихшиноси араб Яъќут ал-Њамавїќайд мекунад: "Озарбойљон - кишвари бузург ва давлати абарќудрат аст. Асосан ин диёри куњї буда, ќалъањои бисёр, боигарии беандоза ва дарахтони мевадињандаи хеле зиёд дорад. Ман дар њељљое ин ќадар боѓу дарё ва кўлњоро, ки ин љо вохўрдам, надидаам". Њангоми тасвири шањрњои Озарбойљон таърихнигор чунин менависад: "Ардабил - яке аз машњуртарин шањрњои Озарбойљон аст. То замони ислом ин шањр пойтахт буд… Урмия шањри бузурги ќадимаи ин кишвар буда, миёни он ва бањри њамсон таќрибан се -чор чаќрим масофа аст. Ба ќавли баъзењо ин ватани Зардушт, паёмбари оташпарастон аст. Шамаха - шањри зебову обод, пойтахти Ширвон аст". ЭТНОС (ЌАВМ)Ё ЊУДУД? Новобаста аз зиёд будани мавод оид ба таърихи атиќа ва асримиёнагии Озарбойљон, асл ва меъёрњои хориќаи "давлатдории озарињо" то охир тањќиќ нашудаанд. Суоли матрањ ин љост, ки кадоме аз давлатњои дар ќадим ва асрњои миёна бударо мумкин аст "озарї" гуфт ва кадомеро аз ин миён ихтисор кард? Мушкил сари он аст, ки на њамеша њудуди Озарбойљон зери як давлат буд ва дигар ин ки на њама давлатњои бунёдёфта аз љониби аљдодони мо номи "Озарбойљон"-ро доштанд. Барои мисол, давлатњои њудуди Озарбойљон номњои гуногун доштанд: Манна, Мидия, Алабанияи ќафќозї, Шервон, Аррон, давлатњои Элденизидњо, Элханидњо, Сафавињо ва амсоли ин. Аслан, давлати миллї - хирќи замони баъдина аст. Дар асрњои миёна давлатњо номи ќабила ва сулолањоро доштанд, на номи миллатњоро. Ин омил њам дар Аврупо ва њам Осиё мављуд буд, ки Озарбойљон истисно нест. Агар дар давраи давлатдории озарињо дар ќадим ва асрњои миёна сухан ронем, пас дар ин њолатњо вањангоми ба назар гирифтани ин омилњо давлатро "озарбойљонї" гуфтан дуруст аст: 1) Агар давлат ва пойтахти он дар њудуди љуѓрофї-таърихии минтаќаи Озарбойљон, њам Озарбољони Шимолї ва њам Љанубї, љойгир шуда буд. Ин омилро метавон њудудї ном бурд. Баромади этникї(ќавмї)ва сулолањои њукмронро дар ин маврид метавон мадди назар кард.Ба руйхати ин гуна давлатњо метавон Албанияи ќафќозї, давлати Ширвоншоњ ва империяи Элхонидњоро ворид кард. 2) Агар давлат аз љониби озарї таъсис дода шуда, озарї (турки озарї) онро идора карда бошад. Ин омилро метавон этникї(ќавмї)номид ва дар ин њолат зарур нест, ки давлат ё пойтахти он дар њудуди Озарбойљон љой-

МИЛЛАТ

Сарчашмањои давлатдории Озарбойљон

®

исёр мепурсанд: "Давлате бо номи "Озарбойљон" кай пайдо шудааст? Оё Озарбойљон тавре, ки мегўянд, љавон аст, ё ин ки решањои давлатдории озарињо амиќу ќадимаанд?"Дар посух ба ин суол баъзан ин суханонро низ мешунавї: "Давлатдории озарбойљонињо бори аввал соли 1918 бо номи Љумњурии Демократии Озарбойљон пайдо шудааст". Аммо оё дар асл чунин аст? Дар маводи мазкур мо кўшиш мекунем, ки парда аз рўйи ин гуфтањо бардорем.

Б

гир бошад. Дар ин маврид метавон империяи Сафавињоро, ки пойтахти империяро аз шањри Табризи Озарбойљон ба умќи Эрон кўчониданд, мисол овард. 3) Агар давлат аз љониби озарї таъсис ёфта ва аз љињати љуѓрофїњам дар њудуди Озарбойљон љойгир буд. Дар ин њолат мањаки давлат њудуди Озарбойљон буда, таркиби он асосгузори озарбойљонї аст.Ба ин гурўњ давлатњо, ки њам аз љињати њудудї ва њам аз љињати асосгузор ба озарбойљонињо тааллуќ доранд - давлатњои ОтабекњоиОзарбойљон, империяи Каракоюнлу, Аккоюнлу, абарќудрати Сафавињодар оѓози мављудият, хонигарињои озарбойљонињо дар асри XVIII ва албатта Љумњурии Демократии Озарбойљонро (1918-1920) дохил кардан мумкин аст. МУЛКИ ФЕОДАЛЇ ВА ИМПЕРИЯЊОИ БУЗУРГ Барои чї новобаста аз таъкидњои зиёд дар дастхатњои арабизабон дар бораи давлтадории озарињо дар асрњои миёна, бисёр давлатњои дар њудуди Озарбойљон буда номњои гуногун доштанд? Яке аз сабабњоон буд, ки он замон на танњо дар Озарбойљон, балки тамоми давлатњои мусалмонии шарќ як шакл мулкњои феодалї вуљуд доштанд, ки давлатњоро на аз рўйи миллат ва њудуди љойгиршавї, балки аз номи ќабила ва сулолањои асосгузори онњо номгузорї мекарданд. Ба ѓайр аз ин, давлатњое, ки дар њудуди Озарбойљон на њамеша аз љињати њудудї ё миллї мањдуд буданд, яъне баъзан онњо аз худи Озарбойљон калонтар њам буданд. Мисол давлатдории Ширвоншоњ ё хонигарии Ќарабоѓ дар худ пурра њудуди Озарбойљонро фаро намегирифтанд, аммо давлатдории Элхонидњо, Аккоюнлу ва Сафавињо аз љињати њудудї хеле калон буданд, ки аз Њиндустон то Ќафќоз тўл мекашиданд. Њамаи ин империяњо дар шањри озарии Табриз пойтахти худро доштанд, аммо аз ном бурдани абарќудрати худ њамчун "озарї" худдорї мекарданд. Аммо новобаста аз ин њама, ин сулолањо аввалин давлатњое буданд, ки барои рушди давлатдории озарињо замина фароњам овардаанд. ЧАРО "ФОРС"? Баъзан мепурсанд, ки: "Барои чї дар ќарнњои миёна аврупоињо давлати Сафавињо ва дигар давлатњое, ки мо онњоро озарї мехонем, "Форс" мегуфтанд? Чаро њокимони ин давлатњо зидди ин гуна ном набуда, баъзан

«

њангоми навиштор ба аврупоињо худро бо итолиёвї "rei di Persia" (шоњи Форс) мегуфтанд? Барои чї сафири давлатдории Сафавињо дар Испания Оруљбек Баят (1560-1604) китоби худ дар бораи таърихи давлатдории Сафавињо, ки дар Валидолид нашр шудааст, "Китоби Оруљбек Баят, Дон Жуани Форсї" ном гузоштааст? Чаро дар ин њуљљатњо номи давлати мо на "Озарбойљон", балки њамчун "Форс" ёдоварї шудааст? Шояд њамаи ин давлатњо сирф эронї буда, ба Озарбойљон ягон алоќае надоранд?" Вобаста ба ин, бояд зикр кард, ки аз замони Юнони ќадим ва "падари таърих" - Геродот аврупоињо њамаи њудуди Эрон,Ќафќози ѓарбї ва Осиёи марказиро "Форс" мегуфтанд, яъне замини форсњо. Баъдан њатто ваќте ки форсњо њукуматро дар ин љо аз даст њам дода буданд, аммо аврпуоињо њамоно онро Форс мегуфтанд. Ба ѓайр аз ин, муаллифони ѓарб дар навиштањои худ на танњо ин, балки тамоми дигар минтаќањои ањолинишини ѓайрифорс, яъне туркњои озарї - "ќизилбошњо"-ро низ њамчун форс ёдрас шудаанд. Яъне барои Ѓарб њамаи ањолии ин минтаќа новобаста аз миллият ва дигар арзишњо форс буданд. Њаќиќати њол он аст, ки худи Форс оѓоз аз ќарни 11 то саддаи 20 дигар аз љониби форсњо идора намешуд. Он дар њама љо аз тарафи туркњо ѓасб шуда, идора мешудва бештари ин идоракунандагон туркњои озарї, амсоли Элдегизидњо, Каракоюнлуњо, Аккоюнлуњо, Сафавиён, Афшориён ва Ќољорњо буданд. ДИПЛОМАТИ ОЛМОНЇ ДАР БОРАИ МИДИЯ ВА ШИРВОН Дигар ибораи зинда, њарчанд нисбатан камистеъмол ин "Мидия" буд, ки ба аврупоињо аз осори таърихшиносон ва љуѓрофшиносони юнонї: Геродот, Страбон, Плиний ва дигарњо маълум гаштааст. Њатто баъд аз 2000 соли нестшавии шоњигарии Мидия дипломат ва сайёњи олмонї Энгелберт Кемпфер (16511716) Ширвонро - Мидия ва Шамахро пойтахти он гуфтааст. Сурати шањри Боку, ки дар мањсули мењнати ўаз соли 1683 оварда шудааст, чунин зерматн дорад: Baccu. Ein Stadt in Medeu, an der Caspischen See ("Боку. Шањр дар Мидия, дар соњили бањри Каспий"). Мардуме, ки дар Ширвон, воќеъ дар ќисмати шарќии Мидияи асил, зиндагї мекарданд, худро натанњо мидиянї намегуфтанд, балки дар ин маврид њама чизро фаромўш карда буданд. Аммо барои Кемпфер ин њама муњим набуд

Худи Форс оѓоз аз ќарни 11 то саддаи 20 дигар аз љониби форсњо идора намешуд. Он дар њама љо аз тарафи туркњо ѓасб шуда, идора мешудва бештари ин идоракунандагон туркњои озарї, амсоли Элдегизидњо, Каракоюнлуњо, Аккоюнлуњо, Сафавиён, Афшориён ва Ќољорњо буданд.

ва ў Ширвонро њамоно Мидия ва давлатдории Сафавињоро - Форс мегуфт. Њудудњое, ки имрўз худро Озарбойљон ва Эрон мегўянд, дар ќарнњои миёна номњои гуногун доштанд: Форс, Мидия, Ширвон, Ќафќоз ва ѓайра. Дар баробари ин, давлатњои мављудбуда дар ин минтаќањо аз љониби туркњо таъсис ёфта, боз њам туркњо онро идора мекарданд, аммо њељ як аз ин давлатњо худро расман на Озарбойљон, ё Форс ном бурда, балки бо номи асосгузори давлатдорї (Отабекњо, Элдегизидњо, Аккоюнлуњо, Сафавиён, Кољорњо ва ѓайра), муаррифї мекарданд. ТАВЛИДИ РЕСПУБЛИКА Кулминатсияи давлатдории миллии Озарбойљон 28 майи соли 1918 буд, ки Љумњурии Демократии Озарбойљон (РДО)- аввалин љумњурии олами ислом расман эълон шуд. Дар ќиёс бо республикањои асримиёнагї РДО давлати миллї буда, на манфиати ин ё он сулолањои феодалї, балки манфиатњои халќи Озарбойљонро барои худшиносии миллїњимоя мекард. Пешвои њаракати миллї М.Э.Расулзода дар нишасти парлумони РДО соли 1919, бахшида ба солгарди истиќлолияти Озарбойљон, чунин гуфта буд: "Њама дигар давлатњои туркбунёд дар пайдоиши худ ба дин такя карданд, дар њоле ки Республикаи Озарбойљон бар асоси базаи шинохти миллї-фарњангї, дар пояи давлатдории миллї- демократии туркї фаъолият мекунад". Бори аввал дар олами ислом РДО системаи парлумонии бисёрњизбї, сохтори республикавиро љорї карда, давлатро аз дин људо намуд. Њамчунин ќонун дар бораи забони давлатиро ќабул карда, њуќуќи аќалиятњоро њифз намуд ва ба занон њуќуќи овоздињиро фароњам овард. Аз ин сана давраи наве дар сохти таърихии Озарбойљон оѓоз шуд. Тавре мебинем, таърихи давлатдории Озарбойљон решањои ќадима дорад. Вобаста ба ин дуруст ва зарур аст, агар абарќудратњое амсоли Атропатена, Албанияи Ќафќозї, њамзамон давлатдории Ширвоншоњ, Отабекњои Озарбойљон, Каракоюнлуњо, Аккоюнлуњо ва оѓози давлатдории Сафавињоро хонигарии озарбойљонињо дар ќарнњои XVIIIва XIXва ЉумњурииДемократии Озарбойљон (1918-1920)-ро ба таърихи давлатдории Озарбойљон вобаста донем. Аз њамаи ин гуфтањо бармеояд, ки наќши мардуми озарї дар таърихи давлатдорї ва сиёсии Ќафќоз, Эрон ва умуман Шарќи наздику дур хеле назаррас аст.

Фарид АЛЕКПЕРЛИ, доктори илмњои таърих, Институти дастнигории АИМО, (НАНА), 8 февралисоли 2013


БО ЧАШМИ ХУД 50-солае буд, ки љавоне ўро њамроњї мекард. Ќарор додам аз онњо пурсам, ки Майдони шўриш дар куљо љойгир аст. "Шумо магар бори аввал дар Петербургед?" - ба савол бо савол љавоб дод марди бузургсол. "Бори аввал",-посух додам ман. "Ў низ нахустин бор омадааст", - ба сўи њамсафараш ишора намуд мард ва зуд ба "ту" гузашта, илова намуд: "Рафтем бо мо, ман њоло ўро рањнамої мекунам. Њам ба ту ва њам ба ў наќл мекунам". Шиноси нави ман Анатолий ном дошта ва афсари неруњои зериобии Русия будааст. Вай ба Санкт-Петербург бо њамхизмати љавонаш Васил ба сафари хидматї омада буд. Субњ ќарор аст онњо бираванд, аз ин рў ќасд кардаанд шаб сайри шањр кунанд. Мо то як поси шаб гашутгузор кардем, аз хиёбонњо ва гулгаштњо гузаштем. Анатолий марди огоње буд ва дар бораи шањри соњили Нева хеле ќиссањои љолиб наќл кард. Замони гаштугузор мо ду маротиба ба ќањвахона даромадем, то чизе бихўрем ва гарм шавем. Он љо дар бораи якдигар пурсидем. Маллоњон дар њама љое, ки об њаст, будаанд, вале дар бораи Тољики-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

11

Мо чун дўстони наздик аз њам људо шудем ва табодули шуморањои телефон кардем. Зимнан, 19 март дар Русия рўзи бањрнавардони киштињои зериобист. Акнун ман дўстоне дорам, ки метавонам онњоро ба чунин рўз муборакбод кунам.

Дилсўзї Субњи рўзи дигар ба ман роњбари яке аз созмонњои љамъиятии тољикон занг зад ва хоњиш намуд, ки дар мулоќот бо намояндагони шањрдории Петербург ширкат намоям. Ман чорабинињои нимарасмиро дўст намедорам, аз ин рў, хеле намехостам дар он иштирок дошта бошам. Вале наметавонистам пешнињодро рад кунам, аз ин рў бархостам ва рафтам. Дар ин чорабинї таќрибан 15 нафар аз љумлаи муњољирони корї аз Тољикистон ва ду нафари дигар аз шањрдории Петербург - як мард ва як зани ба тахмин 30-35-сола гирди њам омада буданд. Нишаст њељ расмияте надошт. Моро гирди мизи калоне нишонданд. Муносибати намояндагони шањрдорї хеле дўстона буд. Онњо нанавиштанд ва љое њам ќайд

Акс аз sakuratravel.ru

Хотираи Санкт-Петербург абарро хонда, ба андеша фурў рафтам: маълум мешавад, ки дар Русия, ки аз чї бошад ВАО-и мо душман нишон медињанд, одамоне њастанд, ки омодаанд ба њамватанони мо, ки дур аз ёру диёр ќарор доранд, дасти мадад дароз кунанд. Агарчи тааљљуб кардан њам нољост. Ман худ соле ќабл аз ин дар зимистони сард ба Санкт-Петербург рафта будам ва шахсан шоњиди њамон муносибати инсондўстона ба сокинони тољики пойтахти шимолии Русия шуда будам.

Х

"Питерро дўст медорам…" Ба Санкт-Петербург ман он ваќт бори аввал омада будам. Кайњо орзу доштам ин шањри таърихї, шањри Пётри Бузургро тамошо кунам. Дар аввалин фурсат харитаи шањр ва вараќаи рањнамоиро харидам ва рафтам ба тамошо. Сармои тоќатфарсо буд. Боди яхї имкон намедод, ки даст аз киса берун созї. Як бори дигар дар рўбарўи бинои зебо ва назаррабо ќарор гирифта, ба хулосае омадам, ки дигар китобчаи рањнаморо вараќ назанам, ба љои ин аз рањгузарон хоњиш намоям, ки дар бораи ёдгорињои таърихии шањр бароям њикоят кунанд. Аз пањлу зани 45-50 - солае мегузашт, ки муаллимаи солњои мактабии маро ба ёд меовард. "Ин гуна одамон метавонанд дар бораи шањри худ наќл кунанд",-аз дил гузаронидам ман. Дар сонияњои баъдї ман муаддабона салом кардам ва хоњиш намудам дар бораи биное, ки мехостам дар борааш бидонам, маълумот дињад. "Ой, ман хеле шитоб дорам, - гуфт он зан ва боз илова намуд, - басо кўтоњ наќл мекунам. Ин калисои љомеи Ќазон аст, ки соли бунёдаш...". Вай хеле тез, вале њамзамон басо љолиб ќисса мекард. Њикояти "кўтоњ" тахминан 15 даќиќа тўл кашид. Зан њатто худаш надонист чї гуна мутаваљљењи ин сўњбати љолиб шудааст. Ногањон гўё аз

хоб бедор шуда бошад, пурсид: "Шумо аз куљо?". "Аз Тољикистон!"- тез посух додам ман ва вокуниши ўро мунтазир шудам. На як бору ду бор шунида будам, ки дар матбуоти Русия дар бораи мо чињо менависанд ва мо барои русиягињои ќаторї коргарони бесавод, пањнкунандагони беморињо ва ќочоќчиёни мухаддиротем. Ба назарам чунин расид, ки зан аз он афсўс хоњад хўрд, ки ваќташро бењуда талаф кардааст ва аз наздам бошитоб меравад. Вале маълум шуд, ки њамсўњбати ман профессор-санъатшинос буда, рисолаи илмии худро дар мавзўи шањрњои ќадимии тољикон-Самарќанду Бухоро њимоя кардааст! Дар маљмўъ, сўњбати мо боз ним соати дигар тўл кашид ва мо чун дўстон аз њам људо шудем. Билофосила табъам ба навње болида шуд ва акнун чандон сардии њаворо њам њис намекардам. Ба тамошо идома додам ва сари роњ атрофиёнро дар њар бора мепурсидам. Дар бораи Эрмитаж ба ман милисаи рањбон наќл кард ва баъд муддате худро аз назорати роњ фориѓ ёфта, ба ман мегуфт, ки аз кадом тараф бояд назар андозам, то маркази таърихии Петербургро хуб тамошо карда тавонам. Дар майдони кох зани рањгузар бо хоњиши ман љузъиёти љолиберо дар бораи бунёди сутуни Александрия наќл намуд. Ў чунон љолиб ва мароќовар њикоят мекард, ки ман беихтиёр аз ў пурсидам: "Шумо иттифоќан санъатшинос нестед?". "На, ман духтурам, фаќат шањрамро дўст медорам", - посух дод ў. Дар ин њамсўњбатам низ ман ягон аксуламали манфї ба тољикии худ эњсос накардам.

"Одами худї…" Рўзњои зимистон дар Петербург хеле кўтоњанд. Соати панљ аллакай торикї ба суроѓ омад. Дар назди пайкараи машњури "Савораи мисї" ман таќрибан соати њашти бегоњ расидам. Соњил амалан холї ба назар мерасид ва одамон хеле кам вомехўрданд. Аз љумлаи роњгузароне, ки бо онњо њамсўњбат шудам, марди ба тахмин

Моњи феврал дар шањри Санкт - Петербург намояндагони созмони љамъиятии мањаллии "Пизишкон ба атфол" ба кўдакон ва хонаводањои муњољирони кории тољик кўмаки ройгони тиббї пешнињод намуданд. Ин навгонї дар пасманзараи сиёњкунињои пайвастаи њаёти њамватанони мо дар Русия, ки дар матбуот ва фазои интернетии кишвар моломол аст, маро то њадде ором намуд. Олам бидуни одамони хайрхоњ нест!

стон хеле кам медонистанд. Ва он љо ман њама истеъдоди суханварии худро истифода кардам ва дар бораи Ватанам наќл намудам. Вале барои онњо он чиз љолиб буд, ки ман охири солњои 80 њуљљатњои худро ба омўзишгоњи бањрии Одесса супурда будам. Аснодамро пазируфта бу-

«

Аз пањлу зани 45-50 солае мегузашт, ки муаллимаи солњои мактабии маро ба ёд меовард. "Ин гуна одамон метавонанд дар бораи шањри худ наќл кунанд",-аз дил гузаронидам ман. Дар сонияњои баъдї ман муаддабона салом кардам ва хоњиш намудам дар бораи биное, ки мехостам дар борааш бидонам, маълумот дињад...

данд, вале дар лањзањои охир хешовандон розї нашуданд ва иљозат надоданд. "Ту одами худї!"- ба ваљд омад Анатолий ва пешнињод кард, ки мењмони онњо шавам. - "Агар писанд афтад, бо мо мемонї". Пешнињод хеле љолиб буд, вале ман дар љайб чиптаи бозгашт ба Душанберо доштам. Соли нав њам наздик мешуд ва пўшида нест, ки онро дар њалќаи хонавода ва пайвандон пешвоз мегиранд.

накарданд, ки мо кистему аз куљо, танњо маќсади мулоќотро, ки барои њамватанони мо хеле муњим буд, иброз доштанд. Маълум гардид, ки ин бачањо аз шањрдории Петербург омадаанд, то муњољиронро аз мушкилоташон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград пурсанд. Њадаф - омўзиш, ба гурўњњо људо кардан ва дар оянда кўмак расондан дар њалли мушкилоти бамиёнмеомада будааст. Ва маълум гардид, ки ин гуна дидору мулоќотњо аз хеле замонњо, њанўз аз даврае, ки губернатори Санкт -Петербург њозира сарвари Шўрои Федералии Русия Валентина Матвиенко буд, баргузор мешудаанд. Иќрор бояд шавам, ки ѓамхории шањрдории Петербург барои ман чун журналист такондињанда ва дилпазир буд, коре, ки шоистаи тањсин ва эњтиром. Њукумати мо ба масъалаи муњољирон бо таъсиси Хадамоти муњољират танњо ду сол ќабл таваљљўњ намуд. Бањси он рўз басо гарм, пурмўњтаво ва хотирмон буд. Муњољирони корї бештар дар мавриди озору азияти пулис шикоят мекарданд. Баъзе эродњо ва ишорањо дар мавриди корфармоён низ буданд. Кормандони шањрдорї бисёр њирфаї ба назар мерасиданд ва мекўшиданд ба бањс дода нашаванд, ба суолњое, ки мехостанд посух дарёфт кунанд, басо ба дурустї, бомањорат ва мушаххас масъала дар миён мегузоштанд. Ман мушоњида кардам, ки кормандони маъмурияти шањрдорї њамзамон мекўшиданд ба муњољирин имкон дињанд, ки андешањо ва пешнињодњояшонро дар мавриди њалли ин ё он масъала баён намоянд. Онњо худ низ роњи њалли мушкилро пешнињод менамуданд. Аз мулоќот ду љониб изњори ќаноатмандї карданд ва басо гарм бо њам худоњофизї намуданд ва аз њам људо шуданд. Ман дар кўча ќадамзанон андешидам, ки бењуда ба Санкт-Петербург наомадаам. Ман ин шањрро дўст доштам. Худи Русия њам дар умум њамоно кишвари дўст аст. Одамони одї дар њама љо якхеланд - онњо чизе надоранд, ки миёни њамдигар ќисмат кунанд...

Набї ЮСУПОВ


12

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ШЕЪРУ ШОИР

Адибаи Азиз Дареѓо… Дареѓо, дар Ватан хуршедњоро пора месозанд, Тамоми порањоро рањ ба рањ бечора месозанд. Куљое лўхтаку маъшуќаи беобрў дар шањр, Сари минбар равад аз отифа ангора месозанд. Дилам мурѓест туи ин ќафас пар мезанад рўзе, Њавои абр, буѓзе дар гулў њамвора месозанд. Фиѓон аз фитнаи ин тарњи бефардои номардон, Лаби њар рўд ќасри региро садбора месозанд. Муњољир аз Ватан ёде кунад, аммо Ватан аз ў? Ки тобути варо дар сардљо овора месозанд. Худоё! Њайкали шеъри маро бедасту по магзор, Маро њам бишкананду пайкаре аз хора месозанд. Агар марди сигорї љуста будам аз тамоми шањр, Туро аз дасти ѓам саргаштаи майхора месозанд. Бубин, аз пушти шиша инќилоби гиряњо зебост, Чаро бо номи борон њасрати бекора месозанд?

Боз борон Боз борон, Ќосиди рўзи бањор аст. Мезанад бар кўчањои шањри барфї, Мебарад барфи диламро… Мебарад бо худ зимистонро… Дар рањи марди муњољир Резаборон, Ќатра-ќатра дар бари рў, Ашкњои интизор аст. Мўи ман тар, Њамчу гесўи дарахтон.

Шеъри сабзи зиндагиро, Гуфтаам дар зери борон. Дидаам дар зери чатри дўстдорон, Ишќро бо чашми гирён. Менамояд, балки ин дурдона дар пои булўр , Дар тани мармарнамои бегуноњаш… Менависам њар сањар, Нома аз номи булут, аз барги тар. Ошиќона, Љовидона, Дар бари њам. Боз мехонам нигоњаш, Оњ, ин дам майдаборон, Мекунад бо њам никоњаш. Резаборон, Мезанад ангушт, Мезанад бар шишаи љон… Шоири ман, Ошиќи ман, Оњ, ин дам мезанад мушт, Бар дари дил, Бо сад армон. Оњ, борон! Бас макун оњанги розат, Наѓмањои дилнавозат, Ман чї медонам ниёзат?! Шоирам сад байт гўяд, Аз баёзи достони љонгудозат. Оњ, борон! Гиряњои модарам аз пушти ман буд. Бар замини хонаи мо, Бар сарову њотаи мо, Бар сари долу дарахтон… Бар сари њар донаи мо, Боз бор, эй резаборон! Ба шоири мазњабї Мехостам, ки саркашу бозигарам кунї, Ман изтироби шўъла шавам дар шабони ту, Раќсам ба даври њайкали хомўши бењисат,

Мехостам, ки бўса шавам дар лабони ту. Ёри ќадимї ёди пур аз мољарои шум, Чун он парї зи љангали вањшї гурехтам, Баъди туву хаёли висолат, чї содагї, Сад осмон барои кї ман ашк рехтам? Мехостам зи оинањои ду чашми ту, Тасвирњои хеш басе љустуљў кунам. Аз хонае, ки ќуфлу калидаш рабудаанд, Мехостам, ки ќалби туро орзу кунам. Бошад њарамсарову ту, эй мазњабии ман, Як шаб тамоми њастии ман нўшбоди ту. Њоло ќасам ба номи ту, эй ишќ, эй Худо, Ќасде ситонаму бидињам дод, доди ту! Он гањ зи чоки пироњани нилуфарини ман, Домони ишќ мекашию зора мекунї. Дар пои ман фитодаву маѓлуб мешавї, Дарвешињои ошиќи бечора мекунї. Дўзах дигар барои ту оташ намедињад, Оре, манам бињишти туву нозанини ту, Дигар куљост ќиссаи он ёри мазњабї, Эй осмон биё, ки манам дар замини ту. Њоло, ки дур аз бари ман ханда мекунї, Хатњои сарнавишти маро канда мекунї. Эњсосњои як зани аз худ рамидаро, Помол мекунї, чи шарманда мекунї. Эй ошиќе, ки пайкари лухтам надидаї, Меъмори ќасрњои гуноњи ту мешавам, Маъшуќаам гарчи дар ин хобњои ноз, Рўзе расад ба ќайди никоњи ту мешавам!

Хуморї аз сигор Сигори байни дастони ту будам, кош, эй шоир, Агар сўзам миёни панљањои мењрубонат, хељ боке нест! Шароби љоми бадномї, ки нўшам кардї, эй шоир, Аввал мастам, дар охир ту фаромушам кардї, эй шоир! Њанўзам аз лабони бўсахоњат ќисса хоњам кард, Ман ин афсонаро сад њисса хоњам кард, Агар шеъри сапедам, як шабамро дар канорат рўз хоњам кард, Туро, эй шўълаи љонам шарарафрўз хоњам кард. Дигар хокистарам аз ишќи бефардои норўшан, Дигар ман нестам бо ман! Ба љоям як шабањ дар љодахо ошуфта мегардад, Ба номаш номи ту, дар љамъи "мо" ў гуфта мегардад. Хуморї аз сигор гар мешавї, ёди маро њам кун, Агар дар зери борон тар шавї, ёди маро њам кун.


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ОДАМ

Н

арзиќул Давлатов, сокини 34солаи ноњияи Њисор, соли 2002 се тоссари миллатгарои русро, ки њамватани 17-солаи ўро пеши чашмаш куштанд, ба ќатл расонда, дар зиндон, дўсти наздикашро аз даст дод. Вай президентии Владимир Путинро инкор карда, баъди 10 соли зиндони низомаш пурзўр, адолатро дар чашмони духтарчааш мебинад... - Нарзиќул, ин њодисаи мудњиш чї хел рух дод? - Мо дар ќассобхонаи шањри Сходнаяи Маскав кор мекардем. Бегоњї ваќте аз кор баромадем, ду рафиќи дигарам, яке аз Ёвон ва дигарї аз Суѓд, бо ман буданд. Соати шаш, торик буд, ба электричка савор шудем. Мо ду нафар дар танбур тамоку мекашидем. Љавони суѓдї сигор намекашид, зеро нав 16-сола буд. Вай давида дар љойи мусофирон шишт. Њамагї ду истгоњ рафтем, ки аз вагони пеш шаш скинхед даромаданд. Мо ваќт наёфтем, ки љавони суѓдиро њимоя кунем. Скинхедњо ба латукўби ў сар карданд. Ваќте расидем, ки дидем Фарњод бењаракат хобидааст. Шаш нафар буданд. Яке аз онњо, ду метру 7 см ќад ва 140 кг вазн дошт. Њар кадоми онњо Фарњоди љавон ва нимљонро мезад. Вай дар љойи њодиса њалок шуд. Ман, ки ќассобї мекардам, њамеша бо худ корд доштам. Ман њамон скинхеде, ки аз њама азимљусса буд дар байнашон, 16 корд задам, афтид. Тоссари дигариро, ки худро болои тољикбача партофта, ўро мезад, сар буридам. Кордро аз дасти ман њамроњи ёвониям гирифт ва сеюмашро, ки аллакай мегурехтанд, зада афтонд. Яке аз онњоро доштем, ки њамин ваќт милисањо моро доштанд. Машинист зуд хабар додааст, дар истгоњи дигарї моро милисањои ОМОН интизор буданд... Яке аз нафароне, ки мо куштем, љияни прокурори вилояти Маскав будааст. Ному насабаш Лисенко Сергей Анатолиевич буд. 26-уми марти соли 2002 ба мањбас афтидам. Хуллас, мо ба мањбасе афтодем, ки љойи шикастани одамони саркаш, чеченњо, доѓистонињо буд. Мо ба љойи нањорї, њар сањар, шатта мехўрдем. Њар сањарї, тањхона мебурданд, як соат латукўб мекарданд, баъд нањорї медоданд. Њар рўз се маротиба латукўб мекарданд. Шиканља медоданд, ки ягон гуноњи дигарро њам ба гардан гирем. Баъди се моњ, моро ба "Петровка 38" оварданд. Баъд аз 21-уми ноябр моро ба "Матросский Тишина" бурданд. Он љо то 29-уми декабр будам. Аз он љо моро ба СИЗО-и Можайский, ки 10-ум калония мегўянд, оврданд. Аз њамин љо моро ба суд мебурданд, роњ то суд 2,5 соат буд. "Автозэк" меомад моро ба суд мебурд. Дар отдели Химки, моро гуфтанд, ки мо ба шумо кумак мерасонем, шумо як ду љинояти дигарро њам ба гардан гиред. Рўирост гуфтанд, ки мо ба шумо телефон, пул, хўрок медињем дар мањбас. Рафиќи ман розї шуд. Ман розї нашудам. Ду кори дигарро ба гардан гирифт. Дар рўбарўкунии сохта, ўро "шоњиди њодиса", дар њузури "шахсони холис", аз миёни "љинояткорон" шинохт. Наќши шахсони холис ва љинояткоронро худи милисањо бозї мекарданд. Лекин рафиќи ман дар суд исбот кард, ки вай дар ваќти со-

дир шудани ин љиноят, дар љойи дигар буд, суд фањмид, ки ўро маљбур кардаанд, ки айбро ба гардан гирад. Њамин тавр ба ман дањ сол, ба рафиќам 9 сол доданд. Вай дар њабс њалок шуд. Сабабашро намедонам. Лекин баъди суд вай ба лагери дигар рафту ман ба дигар, мо байни њам алоќа доштем бо телефон. Ба ман дар беморхона гуфтанд, ки ду њафта пештар "подделникат" аз олам гузашт. Бањори соли 2005 буд. - Дар Суд исбот шуд, ки онњое, ки Фарњодро ќатл карданду, њадафи корди шумо ќарор гирифтанд, скинхедњои миллатгаро буданд? - Бале, дар суд исбот шуд, ки аввал онњо рафиќи моро куштанд. Шоњидон, мусофирони электричка ба суд оварда шуданд, он се скинхеди дигарро њам оварданд. Суд онњоро низ ба муддати 8 солї аз озодї мањрум кард. Шоњидон гуфтанд, ки русњо буданд, онњо гуфтанд, ки скинхедњо бачаи љавонро бегуноњ зада куштанд, мо худро њимоя мекардем. Суд инро ба назар гирифт, вагарна њукми якумрї медод. - Шумо ваќте онњоро корд мезадед, чї њис мекардед? - Агар шумо инро дар назар дошта бошед, ки оё дили ман ба онњо месўхт, ё не, ман росташро мегўям, ман онњоро одам њисоб намекардам, њисоб њам намекунам. Ман одам накуштаам, онњо одам нестанд ва њаќќи дар ин дунё гаштанро надоштанд. Солњои 2000-ум онњо бисёр буданд ва бисёр тољиконро мекуштанд. - Шумо барои њимояи худ кордро њамроњ гирифта мегаштед? - Ман дар суд њам ба ин савол љавоб дода будам. Мо барои њамроњ гирифтани корд иљозатнома доштем. Коѓазњоро ба суд пешнињод кардем, ки мо иљозат доштем бо худ корд гирем, зеро дар ќассобхона кор мекардем. Суд инро њам ба назар гирифт. Мо шаб ба кор рафта, шаб бармегаштем. Барои њимояи худ кордро бо худ мегирифтам. Милиса медошт, ман иљозатномаамро нишон медодам, њич чї намегуфт. - Ба назари Шумо, суд одилона буд? - Одилонаашро намедонам, лекин одамоне, ки он љо њузур доштанд, гуфтанд, шумо ин одамонро набояд суд кунед, инњо тарафи мазлум буданд. Инњо илољи дигар надоштанд. Аввал калњо њамла карданд, онњо як нафари инњоро куштанд. Шоњидон њамин гапњоро дар суд гуфтанд, натарсиданд. Ба њар њол, он љо ту тољик, яъне "сиёњ" њастї. Дар ватани онњо, ба суди одилона умед бастан, ман фикр мекунам, аблањї мебуд. Ба ман 10 сол муњлати минималї доданд. Ба ман судя гуфт, ки ман тољикњоро чашми дидан надорам, лекин скинхедњо ба назарам боз њам бадтаранд. Барои њамин туро ба 10 сол мањкум мекунам. Судя инро ба мо гуфт рўирост.

13

дам. Ин љо зану фарзанд доштам. Оилаам шавњар кард. Ду духтарча дорам, синфњои 4-уму 5-ум мехонанд. Духтарчаи дуюмамро умуман надидаам. Ваќте ман ба Русия, мардикорї рафтам, занам дар моњи панљуми њамиладорї буд. Хонаи худро фурўхта будам, хостам кор кунам, биёям хонаи худамро харида гирам. Дар хонаи хушдоманам зиндагї мекардам. Оилаамро њам мефањмам. Вай љавон буд. Модараш ба ў рўз надод, ўро ба шавњар доданд. Ўро фањмидан мумкин аст. Суди одилонааш њамин хел шуд. Насибу таќдир њамин будааст. - Агар скинњедњоро намекуштед, њабс намешудед, таќдиратон њам шояд дигар хел мебуд? Ваќте ќарор кардед, ки кордро аз ѓилоф кашед, чиро фикр мекардед? Дар бораи оила зану фарзанд тамоман фикр накардед? Оё пушаймон нестед? - Не, пушаймон нестам. Агар метавонистам се скинхеди дигарро њам мекуштам. Онњо гурехтанд. Њастанд дар Русия, чеченњо, доѓистонињо, гурљињо, ки скинхедњоро шикор мекунанд, медоранд, мекушанд, латукўб мекунанд. Ман инњоро дидаву дониста накуштаам. Мо дигар илољ надоштем. Агар мо онњоро намезадем, онњо моро мезаданд. Барои онњо фарќ надорад, ки ту ќазоќї, ќирѓизї, тољикї, молдаванї, мезананд, мекушанд. Фаќат аз як чиз пушаймонам, ки њамон рўзи нањс мо агар

Нарзиќул ДАВЛАТОВ:

Худро одамкуш намењисобам... Мусоњиба бо муњољири тољик, ки барои ќатли се скинхед 10 сол дар зиндон буду... - Дар мањбасњои Русия тољикон бисёранд? - Бале. Занњои тољик бењад бисёранд. Ман њаминро гуфтанї омадам, ки ба хоњарон ба занњои тољик, ки хато накунанд. Он љо занњои тољик зиёданд, ки аз рўи хатои худ, беаќлии худ ба њабс афтода, таќдири худро сўхтаанд. Занњои љавони тољик, асосан ба Русия чї хел меафтанд? Онњо зани дуюму сеюм мешаванд, тољикони худамон онњоро мебаранд, фиреб мекунанд, мебаранд, онњоро ба ќочоќи героин истифода мебаранд. Онњое, ки худашон ба даст меафтанд, занњои дуюмашонро месупоранд, худро бо пул халос мекунанд. Занњои тољик бисёр бо њамин роњ рафта, њабс шудаанд. Занњо, ки ба њабс афтиданд, дигар онњоро касе нигоњ намекунад. Ман ќариб 300 зани тољикро дидам дар мањбасњо, дар беморхонаи мањбас њамроњи онњо суњбат њам доштам, 95 дарсадашон мегуфтанд, ки шавњарашон онњоро "подставит" кардааст. Занњои тољик бояд донанд, ки набояд ба онњое, ки зани дуюм мегиранду ваъда медињанд, ки ба Русия мерем, кор мекунем, бовар кунанд. Оилањое, ки духтар доранд, бояд

бовар накунанд, ваќте мегўянд, ки духтаратонро ба ман дињед, ман зани дуюм мекунам, Русия мебарам, кор мекунем, хона мехарем. Ин як роњи бизнес шудааст, ки духтарони тољикро бо роњи фиреб ба кишварњои дигар мебаранд, истифода мекунанд. Ман 10 сол пеш намедидам, ки духтари тољик дар Маскав, дар Русия дар ќади роњ истода бошад. Ман пештар надида будам. Аммо дар муддати 7 моње, ки баъди аз њабс озод шуданам истодаму пули роњкиро кор кардам, дидам, ки духтарњои тољик дар ќади роњ истодаанд. Дар њама љойњое, ки духтарњои бероња меистанд, њозир духтари тољикро дидан мумкин аст. Њар кадоми онњое, ки пурсидам, мегуфтанд, ки зани дуюм шуда омадаанд, ё тољикњои худамон оварданд. Мегўянд, паспортам дар дасти "сутенер"-њо аст, ман наметавонам ба ватан баргардам. Аксарияти занњои тољик, фиреб хўрда, ба Русия мераванд, ба олами љиної шомил мешаванд, њаёташон месўзад. - Ин њодиса зиндагии Шуморо то куљо таѓйир дод? - Ваќте ин њодиса рух дод, 24 сол доштам, њоло 34 - сола шу-

дар лаб сигор намедоштем, шояд Фарњодро намекуштанд. Вай чолокона пеш гузашт, аз мо дур рафт. Чаро аќаллан аз дасташ надоштам. Њаминро баъзан фикр мекунам. Њамин чиз азобам медињад. - Агар шумо о дамк уш гўянд, меранљед? - Ман худро одамкуш њис намекунам. Ман одам накуштаам, онњо вањшї буданд, ман вањшињо куштам. Агар маро одамкуш гўянд, онњое, ки дар њолати душвор, дар њолати маргбор дўсташонро партофта мераванд, мегурезанд, онњоро бояд чї номем? Онњо одамкуш нестанд? Онњое, ки дўстонашонро мепартоянд, зиёданд... - Њоло дар ватан чї њол доред? Муносибати мардум, шиносњо, маќомот бо Шумо чї хел чї хел аст? - Њоло чизе надорам. На хонаву дар, на оила, на љойи кор. Иљорашин. Дар ноњияи Њисор, дар сехи равѓарезї кор мекардам, маошам 450 сомонї буд. Дар он љо њам кор нашуд. Њоло бекорам. Аз 3-юми март инљониб дар сех кор нест... Мусоњиб Фаридун РАЊНАВАРД


14

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ТАБЛИЃ


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЧАРО?

?-И НОБОБ

ЉАНГИЁНИ ЗИДДИ МАЊМУД ЧЇ ИМТИЁЗ ДОРАНД? - Мувофиќи ќонунњои кишвар шањрвандоне, ки барои сохти конститутсионии Тољикистон ба муќобили гурўњи љиноии Мањмуд Худойбердиев мубориза бурдаанд ва њамчунин љанговарони интернатсионалистанд, ки дар Афѓонистон љангидаанд, чї имтиёз доранд? Туманљон САФАРОВ, сокини дењаи Сурхоби ноњияи Фархор - Тибќи Ќарори Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон аз 29-уми июни соли 1993, тањти №312 "Дар бораи њифзи иљтимоии шахсоне, ки дар амалиётњои њарбї (муноќишањо) оид ба њимояи сохти конститутсионии Љумњурии Тољикистон иштирок намуда ва дар натиљаи ин муноќишањо зарар дидаанд, њамчунин оилањои бесаробонмондаи шахсони мазкур" он шањрвандони Љумњурии Тољикистон иштирокчии амалиётњои њарбї (муноќишањо) оид ба њимояи сохти конститутсионии Љумњурии Тољикистон эътироф карда мешаванд, ки то моњи сентябри соли 1993 дар њайати ќисмњои њарбї шомил гардида буданд. Мутобиќи ќарори мазкур иштирокчиёни њимояи сохти конститутсионї ба имтиёзњои барои иштирокчиёни ЉБВ пешбинишуда ва онњое, ки ба сабаби иштирокашон дар ин муноќишањо маъюб шудаанд - ба имтиёзњои барои маъюбони ЉБВ пешбинигардида њуќуќ доранд. Дар мавриди имтиёзњои шањрвандоне, ки ба муќобили гурўњи љиноии Мањмуд Худойбердиев мубориза бурдаанд, иттилоъ медињем, ки маќоми њуќуќии онњо аз љониби Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон тибќи ќонунгузории дахлдор муайян карда мешавад. Оид ба имтиёзи љанговарони интернатсионалист, аз љумла иштирокчиёни воќеањои Афѓонистон дар замони Шўравї иттилоъ медињем, ки њуќуќ ва кафолати иљтимоии ин категорияи шањрвандон њамчун ветеранњои амалиёти љангї дар ќаламрави давлатњои дигар дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи ветеранњо" (моддањои 16, 17, 25 ва 27) пурра муќаррар гардидааст. Ба саволи Шумо сардори Раёсати муносибатњои мењнатии Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон Раљаб РАЉАБОВ посух дод.

НОГУФТАЊО...

ЊИКМАТИ "ЧАШМ" - Дар бораи чашм адибону суханварон ва соњибназарону ошиќон бисёр гуфтанду навиштанду суруданд ва васфашро дар љилд-љилд дафтару китобњо љой доданд, ки њадду њисобаш гум аст. Зебопарастон чашми маъшуќаро ба "чашмони ѓизол", "ангури тагобї", "бодомчашм", "шањлочашм", "чашми хумор" ва боз ба дигар чизњои зебо ташбењ додаанд. Аммо чашми шуљоъро ба "пиёла" ва "чашмони алавдор" монанд кардаанд. Бадбинњо чашмро ба "тангчашм", "чашмгурусна", "мурдачашм", "чашмаш сангро мекафонад" ва ба ѓайра чизњои дигар мисол меоранд. Хулоса, оиди чашм бисёр ибора мављуд аст, ки онро њар рўзу њар соат дар гуфтугузорамон вомехўрем. Аз он љумла шахсе дар бозор аз шиносаш мепурсад: - Фалониро надидї? - Ња, як чашмам афтиду баъд ў куљое ѓайб зад. - Дуруѓ нагў, њар ду чашмат дар љояш - ку! Ин љо бањсро оиди чашм ба дарозо намекашему танњо сари як ибора - "Њамаро ба як чашм дидан" каме таваќќуф менамоем. Бале, мегўянд, ки "Ў њамаро бо як чашм мебинад", ё баръакс. Ду-

15

русту аммо... њамаро бо як чашм дидан танњо хоси Яздони пок, пайѓамбарон ва волидон аст. Агар ба зиндагї жарфтар зењн монда мушоњида намоем ягон роњбар, сардори корхона ё шахси барўманду обрўманд њамаро ба як чашм намебинанд. Масалан: раису сарвар, сардори сеху саркор, устои бахши корхона ба чунин хислат мубталоянд. Бинобар ин дар урфият гуфтаанд: "Ба умеди Худо шаву буттаро њам мањкам дор!" Зеро аксари кулли раису вазир ва сардорони зинањои поёниву болої кўшиш мекунанд, ки дар гирду атрофашон бештар худињоро љалб намоянд. Баъзењо даъво пеш меоранд, ки "Ман њамаро ба як чашм мебинам!" Аммо мо, мутаассифона, дар љомеаи имрўзаамон баръакси онро мебинем. Инљо масали халќї аст: "Аввал хеш баъд дарвеш". Њоло ин масал каме дигаргун шудааст. Яъне: "Аввал худам, баъд худам ва боз худам". Ана њисобашро ёбеду гиред! Аммо ба њар њол мо агар якдигарамонро бо "як чашм" (як хел) медидем, дар кишвари мо на љангу љидол, на љуѓрофиябозиву мањалгарої, на дуздию фисќу фиљур, на манманиву нотавонбинї, на фиребу найранг, на пораю рибо ва дигар њолатњои номатлуб намемонд. Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини шањри Душанбе

ЧАРО ДАР РЎЯМ ДОЃЊОИ САФЕД ПАЙДО ШУДАНД? - Таќрибан ду сол мешавад, ки дар як тарафи рўям худ аз худ доѓњои сафед пайдо шуданд. Барои муолиља њам ба табибони касбї ва њам ба табибони мардумї мурољиат кардам, аммо доѓњои бари рўям нест нашуданд. Чаро дар рўям худ аз худ доѓњои сафед пайдо шуданд? Оё ягон табиби мардумиеро медонед, ки дар табобати њамин гуна беморї ба ман мадад расонад? Агар ња, лутфан суроѓаашро дар "Нигоњ" низ дарљ мекардед. Диловар ЊАЛИМОВ, сокини мањаллаи Шоњмансури ноњияи Шоњмансур - Бародари гиромї, сараввал бояд бигўем, ки маризињои сафедии пўст чор намуд мешаванд. Ба монанди барас, пес, сияњпес ва бањаќ, ки аз љињати намуду таъсирнокї ва дорую дармон аз њамдигар фарќ мекунанд. Сабаби пайдоиши ин амроз (беморињо) дар дараљаи аввал, истеъмоли таомњои тару рутубатнок, шўру турш ва монанди инњо мебошанд, ки ба мизољи одам мувофиќ наомада, моддањои балѓаму савдо дар љисм зиёд шуда, таркиби хунро вайрон мекунаду боиси ба вуљуд омадани беморињои гуногун мегардад, хусусан, беморињои пўст бештар пайдо мешавад. Дараљаи дуюми пайдоиши ин беморињо таъсири муњити зист, таъсири хунукию рутубатнокии хона, истеъмоли обњои ифлос ва ѓайрањо, ки дар натиља чор модда ва ё чор унсур - хун, балѓам, сафро ва савдо бо њам омезиш ёфта, кори љигару сипурз, (сиёњлавак)-ро вайрон мекунад, ки дар натиља чунин беморињо хуруљ мекунад. Дар охир бояд зикр кард, ки ин бемории ирсї низ мебошад. Њакимони тиб борњо таъкид карда, ба мардум маслињат медоданд, ки њељ гоњ дар шаби мањтобї суманакро бо ширчой нахўранд ва ё ширро бо моњї, ширро бо тухми мурѓ, харбузаро бо афл ва ѓайрањо истеъмол накунанд, ки ба беморињои гуногун гирифтор шуданашон мумкин аст. Бемории барас сафеди патнок буда, дар байни буѓумњои пушту гардан, дасту пой, сутунмўњра, рўй ва дигар ќисми устухондор пайдо мегардад. Пўсти доѓи барасро бо ду ангушт бардошта, он љо сўзан фурў баранд, агар хун наояду об ё зардоб ояд, табобаташ мушкил буда, мураккабулдаво мебошад, зеро ки решаи ин беморї аз устухон аст. Дар ваќти молиш додани пўсти сафедгашта, агар сурхї пайдо кунад, иншоаллоњ, шифо меёбад. Ин беморї як илољ дорад... Песї, ин доѓи сафед, ки бар бадан меафтад ба сабаби моддањои балѓамї дар хуне, ки ѓизои узв мешавад ё аз таѓйир ёфтани мизољи узв ба рутубат ва сардї. Ин доѓњо аз пўст ба ботин, яъне ба гўшти зери худ, њатто то ба устухон сироят мекунад. Гоњ дар баъзе узвњо ва гоњ дар тамоми бадан пайдо мешавад. Њамин тариќ тамоми баданро фаро мегирад ва сап-сафед мешавад. Ба љои сафедшуда, сўзан фурў баранд ба љойи хун зардоб ояд, молиш дињанд, сурх нагардад, песи мушкилдавост. Агар аз љои сўзан фурўрафта хун барояд ва дар ваќти молидан сурх гардад, ин барас нест, шифо меёбад. Сиёњпес ин доѓњои сиёњ, ки дар зоњири пўст пайдо мешавад, ин рўз ба рўз сироят мекунад, то љойњои жарфии бадан низ пањн мегардад. Пўсти бадан дурушт гашта, монанди фулуси моњї (пўсти моњї) аз он карахтњо људо мешавад, ки моддаи сўхтаи савдои сўхтан мурдор аст. Дар хотима бояд хотиррасон кард, ки давою табобатро бе ташхису маслињати мутахассисон иљро намудан хуб нест, чаро ки агар рафту навъи бемориро муайян накарда, даво (дору) тайёр кардан боиси расонидани таъсири манфї ба беморї мегардад ва ё баъзе аз њукамо гуфтаанд, ки барас даво надорад, аммо ман бар ин боварам, агар мўњлати беморї нагузашта ва он дуруст ташхис шавад, иншоаллоњ, илољи даво дар он њаст. Бародари гиромї, њамаи махсусиятњои ин беморї ва давову дармони онро рўи сањифаи газета овардан аз имконият берун аст бинобар ин шумо метавонед бо шумораи телефони 919 35 52 91 барои гирифтани маълумоти иловагї ба мо мурољиат намоед. Мо кўшиш менамоем ба ќадри тавонамон ба шумо ёрї расонем. Ба саволи Шумо Муњаммадрасул ИБРОЊИМЗОДА табиби мардумї посух дод.


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №2 (330) 03. 04. 2013

ЊАЉВ ВА ТАНЗ

ПУРБИНИ ДАРВЕШ

Акс аз www.ozodi.org

Оќибати носкашї

Њавопаймои Маскав - Душанбе парвозашро давом медод. Аслиддин бo кафи даст ба зонуи Некрўз зад. - Хайр, гап зан! Аз гап мондї - ку, - гуфт. Некрўз ба дањонаш ишора кард, ки нос дорад. Ангушти ишоратияшро ба маънои “як даќиќа” боло бардошт ва сипас аз љой бархоста, ба охири њавопаймо, ба њољатхона рафт. Дере нагузашта баргашта омад ва ба љои худ нишаст. Аслиддин табассум карда, гуфт: - Э Некрўз-е, ту кай одам мешавї - а? Њамон ностуфкуният дар сари зани генерал бароят бас набуд? Некрўз бо садои “вањ-ња-ња…” хандаи якбора омадаи худро дошта натавонист. Аслї гуфт: - Боре Искандари “шрам”-ро дидам. Бечора захмаш калон будааст, ки ин ќадар изи калон мондааст. Некрўз ба пешонияш ишора карда, гуфт: - Э вай аз инљо то болои чашмаш дарида буд. Чї гуфт ба ту? Њанўз њам аз ман хафа аст? - Ваќти бањузур гапзанї набуд. Кўтоњакак наќл кард. Канї Некрўзљон, “Сухан аз дањони Луќмон хуш аст”, њамон ќиссаро худат наќл кун, - хоњиш кард Аслиддин. Некрўз табассум карда, гуфт: - Солњои донишљўї пас аз љанги шањрвандї, Душанбе пур аз “боевик” шуда буд. Ман, Њофиз ва Сабур дар мањалаи Зарафшон зиндагї мекардем. Мо дар ошёнаи шашум як хонаро иљора гирифта будем. Дар поён, дар ошёнаи чорум як “боевик” бо оилааш зиндагї мекард. Дар боло, дар ошёнаи њафтум Искандар ва боз чор донишљўи дигар иљоранишин буданд. Як рўз нос кашидам ва аз тиреза ба поён нигоњ накарда, туф кардам. Ваќте каллаи зани “боевик”-ро, ки аз тиреза ба поён нигоњ мекард, дидам, алакай дер шуда буд. Нос фаромада рост ба сари ў зад. “Чарсас” карда, дар байни мўйњои рангкарда ва зебо шоназадааш зада пош хўрд. Ман худро зуд ба аќиб кашидам. Маро надид. Оњиста тирезаро ќулф задам. Зуд аз та-

моми хона халтањои пуру холии носро љамъ карда пинњон кардам ва дандонњоямро тоза шустам. Ба Сабур ва Њофиз кори рухдодаро наќл кардам. Њама маслињат кардем, ки дар ин хона њељ кас нос намекашад. Њардуи онњо бе ин њам носкаш набуданд. Бо тарсу ларз китобу дафтарњоро кушода, дар интизори “боевик” нишастем. Рўз омада, бегоњ шуд. Нињоят дарро касе сахт сахт кўфт. Ман дарро кушодам. Бо дидани чењраи “боевик” муйњои баданам сих шуданд. Ў дар даст таппонча фашшаскунон дарро зада, даромад ва таппончаро ба пешониям зер карда, фарёд зад: “Дар сари зани ма кї нос туф кад!? Кї?! Гав за!”. Аз ѓазаб чашмонаш калон ва дандонњояш ѓаљаррос зада фашшаскунон тез-тез нафас мегирифт. Аз тарс дасту пойњоям дараќ-дараќ меларзиданд ва забонам наметавонист њарфе талаффуз кунад. Дар як лањзае, ки таппонча дар пешониям буд, тамоми њаёти гузаштаам мисли навор аз пеши назарам гузашт. Хайрият, Њофиз, ки аз ман се-чор ќадам дуртар меистод, “акаљон, дар ин хона њељ кас носкаш нест.” гуфту “боевик” таппончаро аз пешониям гирифт. Сипас фашшосзанон бо пойафзолњояш ба хонањо гашта, бо лагад кўрпачањоро њар тараф пош медод. Ба њар тараф нигоњ карда, назди Њофиз омад ва гуфт: “Ага фанум кадї њамата мепаронум!”. Ман, ки чанд даќиќа пеш љон аз танам рафта буду ба мурдан тайёр шуда будам, дубора љон гирифта, забонам кушода шуд. Гуфтам, “Не, акаљон, мо њарсе носкаш нестем. Кобед њамаљоро. Ана кисањоямонро њам бинед...” ва љайбњоямро чаппа карда, нишон додам. “Боевик” ба назди тирезаи ќулфзада рафта бозистод. Пардаро як сў карда ба токчаи таги тиреза назар кард. Сипас дашномдењон аз хона рафт. Дарро ќулф задем. Аз тарс ранги њамаамон парида буд ва бо њам сухане намегуфтем. Аз байн ду-се даќиќа њам нагузашта, аз болои сарамон, аз хонаи Искандар доду фиѓон ва гулдур-гулдури афтиданњо баланд шуд. Пагоњаш фањмидем, ки дарашон таќ-таќ шудааст. Искандар дар он њолат бо дањони пур аз нос дарро мекушояд. “Боевик” ин њолати Искандарро дида, бесаволу љавоб, бо таги таппонча ба пешонии ў чунон мезанад, ки пешонияш медарад ва љобаљо аз њуш рафта меафтад. Баъд њамаашонро ќариб ним соат лагадкорї мекунад. Фардояш Искандар бо њамроњонаш ба назди ман даромаданд. Чун носкашии маро медонистанд бо ман хеле бањсу кашмакаш карданд. Њарчанд аз хумори нос дандонњоям гиз-гиз мекард, се рўз ба дањон нос нагирифтам ва дар киссаам њам минбаъд гирифта нагаштам, ки мабодо ногањон “боевик” аз пешам баромада, кисаамро наковад! Он замон аз тирезањои пластикї ному нишоне набуд ва тирезаро њамхонањоям “иллат раваду одат не”, ту хоњ - нохоњ як рўз ин коратро идома медињї, гуфта, бо се - то мехи дусадї мањкам карданд. Ана њаминхел, дўстам. Ин аст таърихи “шрам”-и Искандар. Ilhom.wordpress.com

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Абдумаљид ДОСТИЕВ, сафири Тољикистон дар Русия: - Њамон созмон ё диаспорањое, ки мегўем дар асоси мањал ташкил шудаанд. Аз Тољикистон шояд чандон эњсос нашавад, вале дар Русия ин гуна масоилро мисле, ки дар оинаи нилгун мебинї, равшану возењ аст. -Э, њамун љоям "диаспора чигуна, њукумат намуна" будааст, гўед.

Ањмадшоњ КОМИЛЗОДА, рўзноманигор: - Аслан аз нигоњи ахлоќ ба маргу бадбахтии дигарон хушњолї намекунанд. Вале асли зиндагии минтаќаи мо тарзе шудааст, ки ночор ба њама бадбахтии Каримуф ва сиёсатхои ў бояд хушњол шуд. Агар касе ин тавр нест, дурўя аст. - Яъне ахлоќ ва сиёсатњои Каримуф, ки созгор нестанд, бояд њама бадахлоќ шаванд-мї?

Иззат АМОН, роњбари Созмони љавонон дар Русия: - То он ваќте дар Тољикистон имкони шароити кор фароњам нашавад, њиљрат давом мекунад ва рўз то рўз сафи лашкари муњољирон меафзояд. -То ваќте, ки муњољирон њастанд, гуруње онњоро лашкар мебинаду гуруње гурезањои таслимшуда.

Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Албатта ба сиёсати њукумат ман дар бештар масоил мухолифам, вале дар масъалаи Роѓун њукумат хомўш нест. Њоло музокира рафта истодааст. Њукумат хомўш нест, яъне њукумат таслим нашудааст. -Рафиќи коммунист, ба назар гиред, ки бинобар фалсафаи "ѓариву пештозї" додувой карда, таслим шудан њам имкон дорад.

Мањмадшариф Набиев, раиси минтаќавии Њизби нањзати исломии Тољикистон: - Бояд чизи хубро дар љомеа тарѓиб кард ва аз чизњои бади асабхароши гузашта ёддоварї кардан хуб нест. -Мушкил хамин, ки хар гуруху хар хизбе "чиз"-и хои хуби худашро таргиб мекунад.

Николай БОРДЮЖА, дабири кулли СПАД: - Ман ягон бор эњсос накардаам, ки роњбарияти Тољикистон зимни татбиќи ин ё он тавофуќот ба кашолакорї роњ додааст. - Мо њам эњсос накардаем, Кремл њанўз бод набаровардааст, ки дар љавоб "лабай" мешунавад.

Раиси Шўрои муњаррирон: С.А. Дўстов

Њ аф тан о ма д ар Ва зо ра ти ф ар њ а нг и Љ у мњ у р ии Т о љи к и с то н ба ќ а й д г и р иф та шу д аа с т.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 500 77 41 Масъули логистика ва чоп: тел: 93 591 02 01

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд.  Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст.  Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд.  Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист.  Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 1,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.