Нигох 10 493

Page 1

Бањром ЃАФУРЇ:

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

1

ЉОНИБЕКРО БАРОИ ТАЊЌИРИ ЭЪТИЌОДАМ БА ДОДГОЊ МЕКАШАМ САЊИФАИ 11 №10 (493). Чоршанбе, 1-уми июни соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

ЊАФТ ЌАДАМ БА СЎИ РАМАЗОН СИЁСАТ

ЗИНДА Абдуњалим ЃАФФОРОВ:

ЊОКИМИЯТРО БО СИЛОЊ ГИРИФТАНЇ НЕСТЕМ САЊИФАИ 7

ДИКТАТОР ЊО ШИ МИН:

ДИПЛОМ Ё МАЊБУБА?

САРВАРИ БЕСАРМОЯ ВА БЕХОНАВОДАИ ОЛАМ

Чї сабаби даст ба худкушї задани донишљўи Донишгоњи аграрии Тољикистон шуд? САЊИФАИ 4

САЊИФАИ 10

МУСОЊИБА

МАКТУБ

ХУРМОИ ЭРОН КУЉО ШУД?

ПАДАРАМРО КУШТАНД... САЊИФАИ 6

САЊИФАИ 13

НАЌДИ СУФИГАРЇ АЗ ДИДГОЊИ САДАИ XXI.

Зафар МИРЗОЁН

Љустори гузарои мо пиромуни сўфигарї, ки дар се шумораи њафтаномаи хондании "Нигоњ" ба чоп расида буд, сарусадоњое ба миён овард. Гуфтумонњо дар мавриди њусну ќубњи ин тариќати дар рўзгорони гирифтории тољикон ба ошуфтагињо ва нокомињои ранљбор берун омада, бо нигоштани як маќола ба анљом нарасид. Мањфили донишмандони нозукхаёли Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, ба унвони "Љањони андеша", корбарони Муассисаи Давлатии телевизиони "Сафина" низ нигорандаро барои суњбати густурда сари минбари хеш хонданд. (Аз ин фурсат кор гирифта, мехоњам ба президенти Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон, донишманди доно, Фарњод Рањимї сипоси хешро баён намоям, ки новобаста ба пуркорї, дар поёни мањфил ба толор ташриф оварда, суњбатро нек арзёбї намуданд). Љуз ин дар шабакаи иљтимоъии "Фейсбук", он ќадар пиндорњои эњсосотии росту норост берун омадаанд, ки бархе нигорандагон на танњо лутфи баёну ахлоќи њамидаро канор гузоштанд, балки бо иддаои бепояву бемоя ноогоњона аз андакхондагии хеш гувоњї доданд. Бархе аз ишон гумон доранд, ки бо мутолиаи сарсарї ва шунидорњое аз забони дигарон метавон ба бањси ин боварии пурпечутоб њамроњ шуд. Шигифтангез буд, ки шумори зиёди донишхоњон аз њадафи инљониб дар мавриди пеши дидори донишпажўњону журналистон гузоштани мавзўи сўфигарї, дарнамерафтанд. Мо бо он навиштор мехостем ба фарњангиёну донишиён њушдор бифиристем, ки дар ин замони гирудорњои љонкоњи донишпарвариву фарњанговарї, њукуматронии фановарї (нанотехнология), раќобати маргбори тавлидгарону љањонхорон, бар ивази љусторњои заминї, тавсифи мењанпарастиву бањам омадани тољикон барои ободсозии кишвар, рў овардан ба боварињои тасаввуфї, зимнан дар зењни љавонон коштани андешаи нигилистї (дунёбезорї), нобахшиданист. Гузашта аз ин боззоии андешањои пессимистиву нигилистї, васфи гўшанишиниву дарюзагарї ва соири талошњо барои дар лоќайдиву беватанї ба воя расондани љавонон берун аз манфиатњои миллии тољикон мебошад. Аз ёд баровардани љавњари давлати мо, ки дунявиву дањрї буда, таблиѓу ташвиќи дингароиро намепазирад, ба касе иљоза дода намешавад. 8


2

МАВЗУИ АСОСЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

ЊАФТ ЌАДАМ БА СЎИ РАМАЗОН Ба номи Худои Бахшанда ва Бахшоянда Пас аз чанд рўз моњи шарифи Рамазон фаро мерасад. Рўзаи ин моњи бузург чун яке аз аркони панљгонаи Ислом дорои фазилатњои хос буда, бандаи мўъмин тайи рўзњои башумор бо фурў бастани дањон аз хурданию нушиданї ва дурї гузидан аз њамхобаи њалол љињати ноил шудан ба ризои Худои таоло саъю талош менамояд. Рамазон чун мактаби созанда дар таквини шахсияти мусулмон наќши муассир дорад, моњест ки дар он амали нофила ба љои фарз ва амали фарз бошад ба мисоли њафтод фарз дар ѓайри Рамазон маќбулият дорад. Биноан, љињати тањсили савоб ва омодагї барои рўзаи моњи шарифи Рамазон њарфе чанд пешкаши хонанда менамоям. Ва њар њарферо гоме ба сўи Рамазони бузург медонам. Њарфи аввал иборат аст аз дуо барои расидан ба моњи шарифи Рамазон. Шаќву орзўи расидан ба савобу баракоти рамазония аз муњимтарин омодагї барои моњи шарифи Рамазон аст. Бино бар ин, барои мусулмон мустањабб аст, ки дуо кунад Худо вайро ба тани сињату офият ба моњи Рамазон бозрасонад. Дар ин маврид аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки дуо мекард: Худоё! Дар моњи Раљаб ва Шаъбон ба мо баракот ато кун ва моро ба моњи Рамазон бирасон! (Муснади Ањмад, раќ. 2346). Бандаи муъминро сазовор он аст, ки дар омади Рамазон барои худ ва барои кишвари худ ва тамоми мусулмонони олам дуо намояд, ки Худои Бузург кишварашро амну тинљ ва мардумонро тавфиќи рўзадорию гўш додан ба Ќуръони карим дар намози таровењ гардонад ва рўзаро боиси бахшиши гуноњонашон созад. Гоми дуввум њарфи шукр аст, ки бандаи муъминро Худои бузург зиндаю саломат тавфиќи рўзаю ибодат дода, ки он неъмате бепоён ва бартар аз њама неъматњои дунёст: "Агар неъматњои Худоро баршумуред, аз уњдаи шумори он баромада наметавонед." (Нањл/ 22). Ва њамаи он дар канори фазлу карами Худо сазовори сано ва ситоиши Ўст. Пас, бандаи муъминро вољиб аст шукру санои Худо гўяд, ба он ки ба ќалбу љасад ва тамоми аъзои вай тавфиќи адои чунин ибодотро фароњам овардааст. Гоми саввум хурсанд шудан аст ба омади Рамазон, чун он моњи ибодат,

«

ДОМУЛЛО МАЪРУФ, ИМОМХАТИБИ МАСЉИДИ САРИ ОСИЁИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ моњи хайру эњсону баракат, моњи сабру баробарї, моњи нузули Ќуръони карим ва мавсими рањмати илоњист. Ва дар ин моњ аљри амал зиёда шаваду савоби њасанот дучандон бошад. Ва табиист, ки бандаи мўъмин ба омаду идомаи он масрур мебошад, чун Худои таоло мефармояд: Бигў, ба фазлу рањмати Худо дар фарањ бошанд, ки он бењтар аст аз он чи (аз дунё) љамъ менамоянд". (Юнус/58) Мусулмони њаќиќї он аст, ки ба ќалби вай аз ибодат сурур ва ба дидаи вай аз тоат нур бошад. Мусулмон ба фазли Худо саодатманд аст, ки дар умраш баракоту бар тоаташ њасанот медињад. Гоми чањорум барномарезии рамазония аст, ки тибќи амалкарди он дар имони муъмин таќвият, дар замири вай таќво, дар вуљуди вай сабр бар тоату дурї аз маъсият ва дар ботини вай рў овардан ба Худои Таоло парвариш меёбад. Мусулмон бо пайрезии барномарезии собиќ бар Рамазон њамарўза ваќту тоату ибодати худро муайян карда, аз файзу фазоили моњи шарифи Рамазон дар тањаќќуќ бахшидан ба ормонњои рўњонию љисмонї истифода менамояд; дар идомаи як моњ худро бар он водор менамояд, то он ки дар њиммати вай нашот, дар азимати вай сабот ва дар амали вай ихлосу њасанот њосил шавад. Инсон ба ќадри ваќт ва умри гаронбањо расад, онро дар кори бефоида ва бемаъно сарф накунад, чунки "Рўзи ќиёмат ќадамњои бан-

Бандаро шоиста он аст, ки гуноњро шиносад, эътироф ва пушаймонї намояд. Рамазон он фурсати тиллоист, ки аз гуноњон тавба кунем, ба сўи Худо бо ашки њасрату надомат баргардем, ќасди муњкаму азми мубрам бар он дошта бошем, ки ба табоњкорию фасод, зулму зинову ќимор, шаробу рибохорї, хулоса љумлаи гуноњони зоњирию ботинї дигар барнахоњем гаштан ва дар љониби Худои таоло ва бандагонаш њаќшиносу њуќуќгузор бошем.

«

да аз мавќифи ќиёмат зоил намешавад, то он ки (аз чањор чиз) пурсида мешавад: аз умр, ки онро дар чи сипарї кард; аз илм, ки ба он чи амал кард; аз мол, ки аз куљо касб карду дар чи харљ кард; ва аз љисм, ки дар кадом роњ онро пир сохт. (Имом Тирмизї аз њадиси Абўбарзаи Асламї аз Расули Худо (с), раќ. 2417). Инсон, агар тавонад дар моњи Рамазон ваќти худро бо танзими муносиб дуруст истифода намояд, тамрини якмоња ба вай имконият фароњам меорад, ки тули 11 моњи дигар бар ваќт ѓолиб бошаду сарфи онро дуруст ба роњ монад. Ба ќавли Имом Шофеї: Ваќт шамшери буррон аст, агар онро бурида натавонї, он туро мебурад. Гоми панљум донистани ањкому шароити рўзаи моњи шарифи Рамазон аст. Зеро мусулмони њаќиќї он аст, ки Худоро бо илму маърифат ва яќину ихлос ибодат намояд. Мўъминро насазад, ки ѓофилу љоњилу мутањайир бошад. Шоистаи мўъмин он аст, ки дар љињати омодагї ба Рамазон аз маорифи рамазонї огоњї пайдо намояд ва ба шароиту ањком, мавонеу мафосид ва дигар масоили вобаста ба рўза ошної дошта бошад, то аз сари ѓафлат дар љониби Худо хато накунаду аз љињати нодонї дар вартаи гуноњ науфтад. Дар шароити муосир сарчашмањои донишу маърифати динї бисёр аст, аз китобу рисолањо ва шабакањои интернетї. Танњо хоњишу њавсала мебояд, то роњ дониста равї ва ќадам баршумурда гузорї. Њушдор, ки мавќиф бисёр азим асту оќибати он азимтар. Чун сухан дар боби як рукни динат меравад. Худои бузург моро ба пурсидан аз ањли илм мефармояд: "Пас, аз ањли илм бипурсед, агар намедонед". (Анбиё/7). Умеди банда аз љамъи ин њуруф он аст, ки "Ва кист некўтар ба эътибори сухан аз касе, ки ба сўи Худо

даъват кунад ва кори шоиста намояд ва гўяд: "Бар ростї ки ман аз мусулмононам" (фуссилат/33) , шомили њолаш бошад. Гоми шашум тавбаи содиќ аст. Чун мо њамагї инсонем, хато мекунем, лаѓжишу иштибоњот дорем. Дараљаи имони мусулмон ба куљо ки нарасад ва таќвои вай дар кадом сатње набошад, љуз пайѓомбарон сиришту хамираи вуљуди њамагї бо оби сањву нисён омехта њаст. Бо вуљуди ин саодати мо дар он аст, ки Худои мо Бахшанда ва Рањим аст, аз гуноњи бандагон дармегузарад ва эшонро мебахшояд. Дар моњи Рамазон дарњои рањмати илоњї кушуда шавад. Рў овардани банда ба дари рањмат худи тавба ва бозгашт ба сўи Худост. Бандаро шоиста он аст, ки гуноњро шиносад, эътироф ва пушаймонї намояд. Рамазон он фурсати тиллоист, ки аз гуноњон тавба кунем, ба сўи Худо бо ашки њасрату надомат баргардем, ќасди муњкаму азми мубрам бар он дошта бошем, ки ба табоњкорию фасод, зулму зинову ќимор, шаробу рибохорї, хулоса љумлаи гуноњони зоњирию ботинї дигар барнахоњем гаштан ва дар љониби Худои таоло ва бандагонаш њаќшиносу њуќуќгузор бошем. Тавбаи ростї аз њамаи гуноњон, дур будан аз гуноњу мавќеи гуноњ, дубора ба гуноњ барнагаштан аз самароти рўзаи комил аст. Ибодати сидќї он аст, ки банда бо вай мисоли он бошад, ки гўё нав аз модар зоида шавад. Чунки њама инсонњо бо фитрати салим ва пок аз гуноњ ба дунё меоянд. Нахуст тасаввуроти инсон аз таќлиди падарони гироишдошта ба динњои сохта ё тањрифшуда осебпазир мешавад, сипас дар асоси эътиќоди нодуруст гироиш ба шањвату дунёпарастї ва молу љоњталабї ба вуљуд меояд ва дар натиља инсон оѓуштаи гуноњ мегардад, то љое ки дар вай ќобилияти људо кардани њаќ аз ботил ва истеъдоди фарќи њалол аз


НАБЗИ РЎЗ

њаром дигар боќї намемонад. Баъзе инсонњо дар зимни инкори Худо офариниш ва истеъдоду ќобилиятњои худододиро низ инкор менамоянд. Ва табиист, ки ин дарњо ба рўи онњо пушида аст ва дар онњо низ нури фитрї боќї нест, куљо ќобилияту истеъдодњои фитрї. Дар маљмуъ ботини инсон масх мешавад. Инсон ба худии худ ва дигар инсонњо бегона мегардад. Худо паноњ дињад. Локин Худо Бузург аст, агар хоњад дар онњо низ истеъдоду ќобилиятњои фитриро кушо ва шукуфо месозад ва тавбаи содиќ насибашон мегардонад. Албатта, майлу хоњиши банда љињати кушоиши дарњои бахшоиш низ муассир њаст; дарњои пазироиш ва рањмати бепоёни Парвардгори Бахшоишгари Мењрубон. Дар асл, агар Худо хоњад, дар банда чунин майлу ирода пайдо мешавад, чун иродаи Ў фавќи њама иродањост. Бандаро дар он маќоми олї (мурод улувви маънавї, на њиссї) танњо изњори бечорагї ва шикастагист: Ба ављи кибриё, к-аз пањлўи аљз аст роњ он љо, Сари мўе гар ин љо хам шавї, бишкан кулоњ он љо. Ва њамин бечорагї дар айни замон изњори таљаллии ќудрату њикмати илоњї дар ин офарида (инсон) аст. Банда бояд њаќшиносу шоистаи он маќом бошад. Гоми охирин ва њафтум кушоиши сањифаи нав дар њаёт аст. Чун дар бадан нафас боќист, фурсат барљой њаст ва модоме дар ќалб тапиш њаст, замон аз даст нарафтааст. Мусулмон бояд аз хатои гузашта тангдил набошад ва аз

лаѓжишњои дирўз шикаста нашавад. Хато бар хатокор дарси растагориро талќин менамояд, лаѓжиш бар шахси уфтода хестанро таълим медињад. Мусулмон бояд аз насими атрафзо ва мушкбори Рамазон барои худ сањифаи нави поку атрогин кушояд, албатта дар чањор љињат: нахўст дар љониби Њаќ таоло, дуввум бо худ ва саввум бо ањли хонадон ва чањорум бо љумлаи мардумон.... Такмилаи гоми панљум. Ин такмиларо низ бар њафт ќайд банду устувор намудем, тибќи њадиси " Илмро бо навиштан ќайд кунед". (Мазмуни њадиси Расули Акрам аз ривояти Амр бини Ос дар Мустадраки Њоким, раќ. 362). Бояд донист, ки гоми мазкурро ин бандњо равону суфта месозанд, на ба мисоли бандњои зоњирианд, ки монеи гом бардоштану мондан бошанд. Њамчунин метавон њар гомеро бо њафт банд устувор кард. Банди аввал донистани он ки рўза фаризаи илоњист. Худои таоло мефармояд: "Эй он касоне ки имон овардаанд, рўза бар шумо фарз гардонида шуд, чунонки бар касони пеш аз шумо буда фарз гардонида шуда буд. Шояд шумо таќво дошта бошед."(Баќара/183) Банди дуввум он ки рўза каффораи гуноњон аст. Аз Њузайфа (раз) ривоят аст, Умар (раз) гуфт: Кадоме аз шумо њадиси Пайѓамбари Худоро (с) дар мавриди фитна ёд дорад? Њузайфа гуфт: Ман шунидам, ки Пайѓамбари Худо (с) мегуфт: Фитнаи инсон дар хонадону молу њамсояшро намозу рўза ва садаќа каффора менамояд. Умар (раз) гуфт, ки аз ин фитна намепурсам, балки аз фитнаи бузурге ме-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

пурсам, ки ба мисоли мављи бањр дар хуруш аст. Њузайфа гуфт: пеши он даре муњкам аст. Гуфт: дар кушода шавад ё шикаста? Посух дод, ки шикаста. Умар гуфт: Пас, њаргиз дигар баста нашавад. Ровиёни њадис мегўянд, ки аз Масруќ (и Нахаї, устоди Имоми Аъзам) пурсидем: Оё Умар медонист, ки дар кї буд? Њаминро Масруќ аз Њузайфа суол кард. Љавоб дод: Гуфт, ки оре! Монанд ба он ки медонист, ки пеш аз фардо шаб њаст. (Дар ањодиси дигар омадаст, ки дар Њазрати Умар буд, ки монеи фитнаи фитнагарон мешуд). (Сањењи Бухорї, раќ.1895) Банди савум он ки рўза танњо тарки хурдану нушидан нест, балки бандаи мўъмин бояд рафтору гуфтору нек ва кирдори писандида дошта бошад ва аз гуноњони ошкору пинњон даст кашад, то рўзаи вай нек бошаду аљр собит гардад. Дар ањодиси мубораки Расули Худо (с) омадааст: "Басо рўзадоронанд, ки насибашон аз рўза танњо гуруснагию ташнагист." (Муснади Ањмад, раќ. 8843). "Рўза тарки хурдану нушидан нест. Љуз ин нест, ки рўза аз лаѓву муноќаша аст. Агар касе туро дашном дињад ё бо ту мисли љоњилон сухан кунад, бигў: ман рўзадорам, ман рўзадорам." (Сањењи Ибни Хузайма, раќ. 1996). "Њар кї дурўѓ ва амал кардан ба онро тарк накунад, Худоро ба тарки таому шароб намудани вай њољате нест." (Сањењи Бухорї, раќ. 1903). "Чун касе аз шумо рўза дорад, сухан бекора ва буланд нагўяд." (Сањењи Бухорї, раќ.1907). "Мусулмон таънагару лаънатгў

3

нест ва на фањшу бењудагўст." (Муснади Ањмад, раќ. 3839). Банди чањорум он ки маќоми рўза дар миёни ибодот бисёр баланд ва савоби рўзаро танњо Худованд медињад. Дар ин маврид дар њадиси ќудсї омадааст, ки Худои мутаол мефармояд: "Њар амали фарзанди Одам барои худаш њаст, магар рўза. Ва рўза барои Ман аст. Ва Ман подоши вайро Худ хоњам дод". (Сањењи Муслим, раќ.2762). Албатта, савоби њама аъмолро Худованд медињад, вале таъкиди мазкур дар ин њадис ба љињати бузургии савобияти рўза аст. Банди панљум он хайру эњсони мусулмон дар моњи Рамазон бояд бештар бошад. Аз Ибни Аббос (раз) омадааст, ки Расули Худо (с) аз њама хайру љавонмардии бештаре дошт. Ва чун дар моњи Рамазон бо Љибриил мулоќот дошт, љавонмардию хайри бештаре мекард. Ва Љибриил њар шаби Рамазон то сипари шудани моњ бо он Њазрат вомехўрд. Расули Худо (с) Ќуръонро ба Љибриил арза мекард. Чун Љибриил бо вай вомехурд, Расули Худо (с) аз боди мурсала њам хайраш бештар мешуд. (Боди мурсала абрро меорад, хайри он бар њамагон мерасад). (Сањењи Бухорї, раќ. 1002). Банди шашум он ки рўза аз њар чи дар ботини бадан фурў раванда мешиканад, чунонки вузў аз њар чи ки аз бадан хориљ шаванда, ки наљас бошад, мешиканад. Аз љумлаи фасодкунандањои рўза истеъмоли дору ба тариќи укол аст, њар гуна ки бошад, агарчи ѓизои бадан нашавад. Њамчунин макрўњ аст, ки дар њавз фурў равад, чун дар он таъризи рўза аст ба фасод, яъне эњтимолияти шикастани рўза њаст. Чун ин эњтимол ќавист, муътабар хоњад буд. Аммо шустани бадан ба тариќи об аз боло бар бадан љорї кардан боке надорад. Банди њафтум огоњї бар донишу маорифи рамазония мусулмонро дар њар ќадам боиси њушдорию њаќкорист. Банда аз роњи донишу маърифат ба њикмату маќосиди олии ибодот мерасад ва медонад, ки фаризањои илоњї танњо марбут ба зоњири ибодот ва љониби моддии онњо нестанд, балки њадафу ѓоят аз љонибњои моддї ба маќосиди олї дар љињати такмилу тарбияи нафсу рўњи инсонї ва таслими мутлаќи вай назди амри Парвардгор (љалла ва ало) ва ба ин васила дарёфти ризои Њаќ таолост. Агар ибодатњо аз паёму љавњари маънавишон тињї бошанд, ба расму одати хушку холии беарзиш табдил меёбанд. Бандаи мўъмин дар канори эњсос ба љанбањои моддии рўза ба лаззоти маънавии он бояд роњ ёбад, рўњи вай онро эњсос намояд, ба фазои беканори саршор аз ихлосу мањаббат ва самимияти ибодот андарун фаро равад....

САДОИ МАРДУМ

НАЗАРСАНЉЇ: БА КЇ ЭЪТИМОДИ БЕШТАРЕ ДОРЕД? Дар назарсанљии ахири "Нигоњ", ба саволи "Ба кадоме аз инњо эътимоди бештар доред?", бо гузинањои њукумати иљроия, суд, прокуратура, КДАМ, Адвокатњо, Парлумон, Журналистон, Ваколатдори њуќуќи инсон, 43% посух гуфтаанд: "Ба ягон тои онњо эътимод надоранд". Ин дар њолест, ки дар ин назарсанљї, ба Њукумати иљроия 10%, ба Суд 1%, ба Прокуратура 2%, ба Кумитаи амнияти миллї 12%, ба Адвокатњо 2%, ба Парлу-

мон 1% ба Журналистон 21% ба Ваколатдори њуќуќи инсон - 3% изњори эътимоди бештар кардаанд. ; фоизи дигар гуфтаанд, "дар ин бора фикр накардаам". Дар ин назарсанљї, ки дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews баргузор шудааст, беш аз 400 нафар ширкат карда, дар сомона аз як компютер як маротиба ва ба як гузина овоз додан мумкин буд.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

ЗИНДА

ДИПЛОМ Ё МАЊБУБА? Чї сабаби даст ба худкушї задани донишљўи Донишгоњи аграрии Тољикистон шуд? Як донишљўи хатмкунандаи факултаи бањисобгирї ва молияи Донишгоњши аграрии Тољикистон ќасди худкушї кард. Шоњидони айнї мегўянд, вай баъди тањдиди ноиби ректор ба ин кор даст задааст. Аммо Ноиби ректор мегўяд, донишљўро мањбубааш ба ин њол гирифтор кардааст. Магомед Давронзода, донишљўи хатмкунандаи факултаи бањисобгирии молиявии ДАТ доруи зиёд хўрда, шоми 30-юми май дар њолати вазнин ба беморхона бурда ва бистарї шудааст. Табибон мегўянд, феълан ба саломатии Магомед Давронзода хатаре тањдид намекунад ва ўро аз шуъбаи эњёгарї интиќол додаанд. Вай дар як мактуб, ки бино ба гуфтаи шоњидон, дар њоли бад шудани саломатияш навиштааст, сабаби даст ба худкушї заданашро тањдиди ноиби ректор, ки ўро аз донишгоњ хориљ мекунад, унвон кардааст. Магомед дар ин мактубаш, ки ба лањљаи худ навиштааст, мегўяд: "Мањмадёров маро дар китобхона ќапиданд, аз ГОСТ (имтињони давлатї) пеш кард, соли дигар биё гуфт; ман доруи мома (пиразане, ки дар хонааш донишљўён иљора мешинанд - TojNews ) њамаша хўрдам, скори помош њой гўй, мемурам. Дарунам пури дору њай, худкушї кардам". Бино ба иттилои чанде аз дўстони Магомед, ки ўро дар њолати нињоят вазнин ба беморхона бурдаанд, хатмкунандаи ДАТ ба онњо наќл карда будааст, ки ноиби ректор Усмон Мањмадёров бинобар ин ки вай дар тан шими љинс дошта ва ришаш ногирифта будааст, тањдид кардааст, ки аз донишгоњ хориљ хоњад кард. Худи Усмон Мањмадёров ќазияро шарњ надода буд. Телефони ноиби ректорро, ба занги хабарнигори TojNews нафаре бардошт, ки худро устоди дигари њамин донишгоњ Инъомљон Набиев унвон карда, ќазияро чунин шарњ дод: "Ман ин бачаро дарс додаам ва хуб мешиносам, ки каме тарсончак аст. Вай имсол ду имтињони давлатї супорида, бояд 7-уми июн кори дипломї њимоя кунад. Дирўз 30-юми июн ба китобхона рафта будааст, ришаш ногирифта, либосаш ба талаботи мактаби олї љавобгў набудааст. Муаллим гуфтаанд, ки ин бача кї аст, бурда хориљ кунед, муаллим роњбаранд, роњбар чї мегуфт дигар? Аслан касе ўро аз донишгоњ хориљ карданї нест, фаќат як тарсондаанд, ин бача рафта њамин корро кардааст. ман рафта хабар гирифтам, шукри Худо њоло вазъаш хеле хуб аст. Ман дар ин кор айби муаллимро намебинам, талаботи донишгоњ бояд риоя шавад ва муаллим њам њаминро талаб кардаанд..." Магомед Давронзода, 22 сол дошта, сокини ноњияи Масчоњ аст. Хатмкардаи коллељи кишоварзии ноњияи Масчоњ мебошад. Баъди нашри матлаби мазкур, Усмон Мањмадёров, ноиби ректори ДАТ ва Аловуддин ОЛИМОВ, декани факултаи бањисобгирии ин донишгоњ њозир шуданд, то ќазияро шарњ бидињанд.

ДАР ЗЕР ПОСУХИ ИН ДУ НАФАР БА САВОЛЊОИ ЊАФТАНОМАИ "НИГОЊ" ОВАРДА ШУДААСТ.

УСМОН МАЊМАДЁРОВ, НОИБИ РЕКТОРИ ДОНИШГОЊИ АГРАРИИ ТОЉИКИСТОН

-Шумо ба Давронзода чї гуфтед? - Дар назди синфхонањое, ки имтињони тестї ќабул карда мешаванд, китобхонаи донишгоњ њаст. Мо бисёр ваќт навбатдорї мекунем, то ба имтињон шахсони тасодуфї ворид нашаванд, сару либосашон ба талабот љавобгў бошад. Мо аз донишљўён талаб мекунем, ки либоси тавсиявии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистонро риоя кунанд, яъне бо шиму курта ва галстук ва бо риши гирифта ба донишгоњ оянд. Њар рўз ман дањњо нафарро мефањмонам, ки либосатонро ба талабот љавобгў намоед. Ман 30-юми май бо њамроњии љонишини декани факултети бањисобгирї ва молия Абдуллоев Диловар дар гузаргоњи сўи синфхонаи имтињонот истода будам ва Давронзода бо як нафари дигар он љо омаданд. Дар танашон љинс ва футболка буд. Ман пурсидам, ки барои чї бо ин гуна либос њастед ва ришатон баланд аст? Ман онњоро тавсия додам, ки дар њудуди донишгоњ бо либоси расмї гардед. Ман танњо ба онњо гуфтам, ки баромада раванд ва рафти имтињонот халардор нашаванд. Ман ањамият њам надодам, Пагоњаш яъне 31-уми май аз декани бањисобгирї ва молия фањмидем, ки њодисаи нохуш рух додааст. -Ба Шумо чї гуфтанд? Ин кор чихел сурат гирифтааст? - Фањмидем, ки ў дору хўрдааст. Сабаби дору хурданаш аз рўи шунидам, ў бо як мањбубааш гапашон гурехтааст. -Яъне ин шунидаи шумо аст, ё ягон далели дигар њам њаст? Ин шунидаи ман аст. Дар ваќти имтињон касе ба ман занг зад ва раќамаш ношинос буд. Ман онро набардоштам ва устоди Магомед, Иномљон Набиев гуфт, ки ман ин раќамро мешиносам, ин њамшањрии ман аст. Телефонро ба он кас додам ва он кас суњбат карданд. Ин кас суњбат карда омада гуфтанд, ки гўё ман ба Магомед тањдид карда бошаму

ў дору хўрда бошад. -Аз нигоњи Шумо сабаби дорў хўрданаш чї будааст? Аз рўи шунидаам, ў бо мањбубааш љанљол кардааст. Ин љанљол рўзона шудааст ва намедонам соати чанд? Ман бо вай суњбат накардаам ва њатто ўро надидаам. -Ягон шоњиди љанљолро медонед? - Не. Баъдан як донишљўи мо бо ном Садриддин, ки бо ў дар якљо мезистааст омада гуфт, ки Магомед доруи бисёре хўрдааст. Садриддин гуфт, ки гўё мањбубашро бо касе фотиња кардаанд ва Магомед бо ў љанг кардааст. Ман њамин ќадар медонам. Ман танњо ўро насињат кардам. То њол барои риоя накардани сарулибос касе аз донишгоњ хориљ нагардидааст. Бояд хотиррасон намуд, ки донишљў рўзи 7-уми июн њимояи кори хатм дорад. -Шумо гуфтед, ки либосњои тавсиявии Вазорати маориф. Оё пўшидани ин либос тавсия аст, ё њатмї аст? - Бале, њатмї аст. Сару либосњои тавсиявї аст, ки бо ќарори мушовара Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст ва он бояд риоя гардад. -Ба фањмиши мо, тавсия њамин маъноро дорад, ки яъне донишљўён њамин гуна либос пушанд, бењтар аст, на маљбурї. Бояд донишљў аз дигарон фарќ карда истад, бинобар ин мо тавсия медињем либоси муайяншударо пўшанд. Намуди либосњои тавсияшуда дар роњрави донишгоњ овезон аст. -Назорати либоси донишљўён дар ДАТ ба дўши кї вогузор шудааст? - Дар сарбории устод ба ѓайр аз таълим ба тарбия низ соат људо карда мешавад. Аз ин рў, назорат бар дўши тамоми омўзгорон аст. -Аз мактубе, ки Давронзода навиштааст, хабар доред? Не, ман хабар надорам ва дар онљо на-

будам. Ба ман касе нагуфтааст. Ин мактубро мумкин дар манзили иљорааш навишта бошад. -Яъне шумо хабар доред? Не, ман аз интернет мактубро хондам. -Чи хел шарњ медињед онро? Мактуб нофањмо аст, дуюм, мактуб бо хатоњо навишта шудааст. -Чиро нафањмидед дар ин мактуб? Калимабандиаш хато аст? -Маќсадашро фањмидед? Гуфтааст, ки аз ГОСТ (имтињони давлатї) маро хориљ карданианд. Ман аз имтињони давлатї ўро пеш накардаам ва мувофиќи љадвал ў њамон рўз имтињон надошт. Вай танњо барои гирифтани имзо ба китобхона омадааст. Њамон рўз ў ягон имтињони давлатї надошт. Ман гуфтам, ки ваќти киматашонро бењуда нагузаронанд ва ё либоси тавсиявї пўшида, баъд ба донишгоњ биёянд. -Дар бораи будани ин мактуб пештар хабар надоштед? Ба фикри Шумо ин мактубро худи Магомед навиштааст, ё каси дигар? - Намедонам, ман надида бошам аз куљо медонам. Ба ман хабар доданд. -Кї? -31 уми май дўсти наздики Магомед занг зад, ки Магомед гиря дорад, маро дар интернет партофта, номи устодонамро паст задаанд. Мо њамин њолатњоро мебинем ва медонем. Бача, бача аст, љавон аст. Онњоро тарбия кардан даркор. Ман њамон љо ўро дидам ва њатто ўро фаромўш карда будам. Аловуддин ОЛИМОВ, Декани факултаи бањисобгирї ва молия ДАТ ба номи Ш. Шоњтемур: - Ман шаб хабар ёфтам, ки худкушї карданї шудааст, чунки гўё муаллим ўро љанг карда бошанд. Ман ба муовинам занг задам, ки Диловар, ту хабар дорї, ё не. Муовинам гуфт, ки ноиби ректор ўро насињат карданд, ки бе либоси тавсиявї ба донишгоњи набиё. Ман аз хотирам њам баромадааст, ки ба шумо гап занам. Ноиби ректор ин хел тањдид њам накардааст ва љанги сахт њам накардааст. Баъди вай ман ба Набиев занг задам,чун ў Магомедро хубтар мешиносад. Набиев гуфт, ки биё рафта хабар гирем. Мо соатњои 23 ба дидани Магомед рафтем. Духтур ба мо гуфт, ки Магомед бо як наѓздидааш љанг кардааст, барои њамин дору хўрдааст. Хеле гап задам ва суњбат кардам. ў њатто бахшиш пурсид, ки шумо ташвиш кашидед. Сањар ман ба ноиби ректор хабарро расондам. БА ЉОЙИ ХУЛОСА Дўстони наздики Давронзода, ки ўро нимашаб ба беморхона бурдаанд, мегўянд, аз мањбуба доштани Давронзода хабар надоштанд. Медонанд, ки бо духтаре фотиња шудааст, аммо дар бораи љанљоли миёни онњо низ касе аз онњо чизе нашунида буд. Њамчунин мегўянд, мактубро худи донишљў, дар њоле, ки саломатияш бисёр вазнин буд, навиштааст. Мактуб дар дасти яке аз дўстони наздики Магомед Давронзода будааст. Баъди пахш шудани хабари ќасди худкушї кардани донишљўи ДАТ дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews, ки њамчунин нусхаи он мактубро низ нашр кард, мактубро ноиби ректори ДАТ Усмон Мањмадёров аз дасташ гирифтааст. Тањќиќи сабабњои ќасди худкушї кардани донишљў, ки оё Давронзода дар њаќиќат мањбуба доштааст ва пеш аз њодиса оё миёни онњо муноќишае рух додааст, ё не, мушкил нест. Бахусус, барои маќомоти тафтишотї. "Нигоњ" барои тањќиќи одилона ва мунсифонаи ќазия изњори омодагї мекунад. Њафтанома њамчунин њадафи тањдиду фишорњои равонї ќарор гирифтани донишљўён - шоњидони айнии њодисаро, ки зертобеи љониби манфиатдор мансуб мешаванд, истисно намекунад.


БОЗОРИ ДУШАНБЕ Баъди мањдуд шудани воридоти мањсулоти эронї ба Тољикистон, дар бозорњои пойтахт мањсулоти машкук ва гароннарх пайдо шудаанд. Яке аз ин мањсулот, ки њамасола дар арафаи рамазон бозорњоро пур мекард, хурмои арабї, ё эронї аст, ки аз бозорњо, ба далеле, ки зикраш рафт, якбора ѓайб зад. Аммо ин навъи меваи хушкро, ки асосан аз Љумњурии исломии Эрон ворид мешуд, навъи дигари хурмо иваз кардааст. Барои мисол, дар бозори "Фаровон"-и пойтахт, ки он љо фурўши яклухти мол роиљ асту, аксари бозору фурўшгоњњо аз он љо бо мањсулот таъмин мешаванд, хурмои навъи "Кими" ба фурўш бароварда шуд. Як ќуттї аз ин навъи хурмои хориљї, ки 500гр вазн дорад, 20 сомонї фурўхта мешавад. Он њам дар бозори яклухтфурўшї. Дар бозорњои дигар, мусаллам аст, ки нархи он боз аз 10 то 20 дарсад меафзояд. Дар њоле, ки дар ин бозор мо хурмои истењсоли эронро наёфтем. Дар ќуттињои "Кими" бо забонњои арабї ва инглисї навишта шудааст, ки хурмо ба Алљазоир мансуб аст. Аммо дар матни тољикї мехонем, ки ин хурмо дар Тунис истењсол шуда, дар Аморати муттањидаи Араб бастабандї шудааст. Навиштаљоти тољикї њарчанд машкук ба назар мерасад, эроди маќомоти Тољикистонро ба мањсулоти Љумњурии исломии Эрон ба ёд меорад, ки мегуфтанд, дар онњо бояд навиштаљоти тољикї бошад. Мањз ба њамин сабаб, гўё Тољикистон воридоти мањсулоти Эронро мањдуд кард. Бастабандии "Кими" як бастабандии бисёр оддї ба назар мерасад, ки эњтиёљи ба кишвари дигар интиќол доданашро намебинем. Чаро "Кими"-и Алљазоирро дар Тунис бастабандї кардаанд? Ва ба Тољикистон ворид кардани мањз њамин хурмо, чи њикмат дорад? Дар њоле, ки њамон намуди бастабандиро феълан дар Тољикистон њам анљом додан мумкин аст. Хурмои Эрон, ки то се маротоиба арзонтар, тамоми сол дар фурўшгоњњои кишвар бањри ниёзи мардум фароњам буд, куљо шуд? Ворид кардани "Кими"-и гаронтар ба манфиати кист? Билоохира, ин хурмои кадом кишвар аст, аз Тунис ва ё аз Алљазоир? Чаро агар хурмои иронї мамнуъ шудааст, аз ягон кишвари наздиктар мисли Покистону Њинд неву аз як шивари дури Африќої бояд хурмо ворид кунем ва ба ин нархи ќиммат? Дар Агентии "Тољикстандарт" мегўянд, дар се моњи ахир дар шањри Душанбе умуман воридоти хурмои арабї ё эрониро ба ќайд нагирифтаанд. Яъне чунин мањсулот дар шањри Душанбе бояд умуман дар фурўш набошад. Мурод Ашуров, сардори Маркази матбуотии Агентии "Тољикстандарт" дар суњбат бо хабарнигори "Нигоњ" гуфт: "Се моњи охир воридоти хурмои арабї, ё эронї дар ќаламравї шањри Душанбе ба ќайд гирифта нашудааст. Њоло вилоятњоро боз меомўзем. Мутахассисони мо ин њолатро месанљанд ва дар њоли кашфи ќонуншиканї њатман чораљўї хоњанд кард. Дар охири соли 2015 1, 7 тоннаю хурмои арабии муњлаташ гузаштаро аз бозорњо љамъоварї ва нобуд карда будем. Дар 5 њолат аз рўйи сифат, бехатарї ва тамѓагузорї, ин миќдор мањсулот аз муомилот гирифта шудаанд, яъне ѓайристнадартї дониста шуданд. Тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї нисбати соњибкорон парвандаи маъмурї оѓоз шуда буд.

Таљрибаи Суѓд такрор мешавад? Соли гузашта њам дар арафаи моњи мубораки Рамазон ба як њодисаи мо-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

5

ХУРМОИ ЭРОН КУЉО ШУД? Дар бозорњои Душанбе љойи хурмои арабиро, ки аз Эрон ворид мешуд, хурмои нави машкук гирифтааст, ки се матиба гарон аст.

нанд дар вилояти Суѓд монеъ шуда буданд. Маркази "Тољикстандарт" дар вилояти Суѓд аз боздошти миќдори зиёди њалвову хурмо дар арафаи моњи шарифи Рамазон - 15-уми июни соли 2015 хабар дода буд. Мањкамбой Каримов - масъули дафтари матбуоти "Тољикстандарт" дар вилояти Суѓд гуфта буд, ки санљиши давлатї оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии мањсулот, ки дар њамкорї бо Кумитаи давлатии амнияти миллї сурат гирифтааст, нишон дод, ки дар амборхонаи ЉДММ "Абад-тиљорат", воќеъ дар шањри Хуљанд наздики 8 000 кг мањсулоти хўроквории пастсифат ва муњлати истеъмолашон гузашта барои фурўш нигоњ дошта мешавад. Маблаѓи умумии ин мањсулот беш аз 52 000 сомониро ташкил медињад: "Аз љумлаи мањсулоти муњлатгузашта зиёда аз 1 000 адад рулети "Фафа", ќариб 4 000 ќуттї њалвои "Симурѓ", 4 њазору 500 кг њалвои "Солењ", 3 000 кг хурмо ва боз чанд намуди дигари ширинињо, ки њама истењсоли Љумњурии Исломии Эронанд, буданд".

Мувофиќи маълумоти расмї, ташхис нишон додааст, ки аксар мањсулоти барои ташхис пешнињодгардида аз рўйи нишондињандањо ба талаботи стандартї мутобиќ набуданд: "Масалан, хурмои истењсоли Эрон аз рўйи нишондодњои гузаштани муњлати истеъмол ва маззаву бўйи туршї ва њалво бошад, аз рўйи номаълум будани санаи истењсол, мављуд будани бўйи равѓани талх ва људошавии моеи равѓанмонанд дар њалво ба талаботи стандарт ва регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон номутобиќ дониста шуданд. Гуфта мешуд, ки махсулоти номбурдаи пастсифат ва муњлати истеъмолаш гузаштаро соњибкор, рањбари ЉДММ "Абад-тиљорат" -- Мањмадалї Фарзорфар, шањрванди Љумњурии Исломии Эрон ва шарикони ў мехостаанд, рўзњои моњи шарифи Рамазон аз нав бандубаст намуда, ба фурўш бароранд: "Дар ваќти санљиш муайян карда шуд, ки тарзи нигањдории мањсулот ва шароити санитарї-гегиении он ба талабот мутобиќ набуда, мањсулоти хурмои муњлати истифодаашон гузаштаи ба њам часпидаро соњибкор бо иштироки якчанд нафар

коргарон ба зарфњои махсус рехта, бо об аз нав шуста, ба ќуттињои нав љойгир намуда, барои фурўш омода мекард, ки аз ин мањсулот мазза ва бўйи туршї баръало эњсос мегардад. Дар "Тољикстандарт" мегўяд, соњибкорон бо назардошти ин ки дар моњи Рамазон талабот ба хурмо ва њалво зиёд мегардад, барои ба ба даст овардани даромади бештар талаботи ќонунњои Љумњурии Тољикистон "Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон", "Дар бораи бехатарии мањсулоти хўрокворї" ва регламенти техникии Тољикистон "Дар бораи тамѓагузории мањсулоти хўрокворї"-ро вайрон мекунанд. Моњи октябри соли гузашта њам 60 тонна хурмои хушки эронї, ки муњлати истеъмолаш гузашта буд, дар истгоњи роњи оњани "Спитамен" ошкор шуд. Он њам ба ширкати "Абад Тиљорат Каспиян"-и Љумњурии исломии Эрон мутаалиќ будааст, -мегяўнд дар маркази "Тољикстандарт" дар вилояти Суѓд. Аз сабаби харољоти зиёд доштани интиќоли мањсулот ба мамлакати ирсолкунанда, намояндаи ин ширкат, баъди гузашти беш аз 3 моњ бо дархости худ барои нобудсозии мањсулот ба Маркази "Тољикстандарт" мурољиат кардааст. Аз истеъмолгарон хоњиш карда мешавад, ки дар њолати кашф шудани камбудињо дар мањсулот дар бозору фурўшгоњњо ба нињоди дахлдор мурољиат кунанд, то маќомот тавонанд сари ваќт пеши роњи мањсулоти пастсифатро, ки ба њаёти шањрвандон хатарнок буда метавонад, бигиранд. Нилуфари КАРИМ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

142 њазору ... км2 ТОЉИКОН

ЊОДИСАИ НОХЎШ

ОТАШСЎЗЇ ДАР АШТ: МУАЛЛИМ МЕХОСТ ЧОР НОБОЛИЃРО АЗ КОМИ ОТАШ РАЊО КУНАД Дар натиљаи оташ гирифтани ошхона аз гази табиї дар ноњияи Ашт 5 нафар бо шумули 4 ноболиѓ сўхта ва бистарї шудаанд. Духтурон мегўянд, айни њол вазъи онњо, ки њудуди 90 фоизи баданашон сўхтааст, хеле вазнин арзёбї мешавад. Манобеи огоњ дар суњбат ба TojNews гуфт, њодиса шоми рўзи љумъа - 26-уми май рух дода, бар асари он чор ноболиѓ ва њамсояашон, муаллими мактаб, ки ба кумаки онњо шитофтааст, осеб дидаанд. -Ин 4 ноболиѓ дар гази табиї картошка бирён карда, хомўш кардани балони газро фаромўш мекунанд. Газ баромада, тамоми ошхонаро фаро мегирад. Ваќте дубора ноболиѓон газро фурўзон мекунанд, оташ дар як лањза тамоми ошхонаро фаро гирифта, бадани ин нафарон њудуди 90 фоиз сўхтааст. Ду ноболиѓ, ки даруни ошхона будаанд, сахт љароњат бардошта, 2 ноболиѓи дигар љароњатњои нисбатан сабуктар дидаанд. Муаллим, њамсояи ин ноболиѓон ба ёрии онњо омада, худи ў низ дар оташ месўзад, - гуфт манбаъ. Љонибек Обидљонов, сардухтури беморхонаи марказии ноњияи Ашт дар тасдиќи ин њодиса ба TojNews гуфт, вазъи саломатии маљрўњон хеле вазнин аст. Тамоми аъзои баданашон сўхтааст ва аксарашон то 90 фоизи бада-

нашон осеб дидааст. Вазъи саломатии муаллим низ хуб нест, то 70 фоизи бадани ў низ дар оташ сўхтааст." Бино ба иттилои манобеи огоњ, осебдидагони ин оташсўзї - Манижаи 12-сол, Мењрдод ва Мадисмони 6-сола ва Назмиддини 7- сола будаанд. Аз муаллими мактаб, ки хостааст кўдаконро аз оташ рањо кунад, Абдурањмон Абдулатипов ном бурда мешавад, ки 49 сол доштааст. Шуъбаи корњои дохилї дар ноњияи Ашти вилояти Суѓд ба тањќиќи њодиса пардохтааст. TojNwes

ЉИНОЯТ

ДАР ТОЉИКИСТОН ЌОНУНИ ПАРДОХТ ЌАБУЛ МЕШАВАД Дар Тољикистон Ќонун "Дар бораи хизматрасонињои пардохт ва низоми пардохт" ќабул карда мешавад. Дар бораи шарњи ин ќонун хабар дода нашудааст, аммо дафтари матбуоти Президент мегўяд, лоињаи ќонуни мазкур аз љониби Њукумат маъќул шуморида шуда, ба Маљлиси намояндагон ирсол шудааст. Манбаъ мегўяд, дар маљлиси Њукумат инчунин лоињањои Ќонун "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон" ва лоињаи Ќонун "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шањрсозии Љумњурии Тољикистон" барои тасвиб ба Парлумони фиристонда шудааст. -Барои баррасї ба Маљлиси намояндагон њамчунин хулосањои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи сиёсати давлатї дар соњаи саноат" ва "Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи фаъолияти обуњавошиносї" пешнињод карда шуд. Лоињањои ќарорњо оид ба пешнињоди Маљлиси вакилони халќи вилояти Суѓд "Оид ба таѓйир додани номи шањраки Нови ноњияи Спитамени вилояти Суѓд ба шањраки Навкат" ва Дар бораи низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон баррасї карда шуданд,-мегўяд манбаъ. Дар маљлиси Њукумат инчунин масъалаи кадрњо баррасї шудааст. Сипас њисоботи раиси ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонии

вилояти Хатлон "Оид ба рафти иљрои Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї" ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот" шунида шудааст. Президент Эмомалї Рањмон вобаста ба иљрои њатмї ва сариваќтии масъалањои дар маљлиси навбатии Њукумати Тољикистон баррасишуда ва дигар масъалањои муњими љомеа дар анљоми кори љаласа ба аъзои Њукумат ва роњбарони дигар вазорату идорањои дахлдор дастуру супоришњо додааст. TojNwes

ПРЕЗИДЕНТ РЎДАКЇ: ДОНИШЉЎЁН БО КОРД МАКТАБАЧЧАГОНРО ЗАХМЇ КАРДАНД КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН

Ду донишљў дар ноњияи Рўдакї 4 мактабхонро бо корд захмдор намудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин донишљўён 30-юми май дар назди яке аз муассисањои тањсилоти миёнаи умумии ноњияи Рўдакї бо 4 нафар хонандагони синфњои 10 ва 11-уми мактаби мазкур: синну со-

лашон 16, 17 ва 18-сола, сокинони ноњияи Рўдакї аз њиссиёти авбошї љангу љанљол карда, хонандагонро зери лату кўб ќарор додаанд. Сипас, љавони 21-сола бо корди дар дасташ буда, ба узвњои бадани ноболиѓон задааст, ки дар натиља њамаи онњо љароњатњои гуногуни љисмонї бардоштаанд. Далели шайъї - корд аз дасти ин нафарон гирифта шудааст. Аз рўи њодисаи мазкур парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ВКД мушаххасан нагуфтанд, ки ин ду нафар донишљўи кадом донишгоњ мебошанд. Масъулини ин нињод яке аз донишљуёнро сокини 21-солаи шањри Вањдат ва дигариро сокини 19-солаи шањри Душанбе муаррифї кардааст. TojNwes

ЉАЊОН

БУЗУРГТАРИН ТАЛАФОТИ РУСИЯ ДАР СУРИЯ: ЧОР ЧАРХБОЛ ВА 20 МОШИНИ ЉАНГЇ ТАРКОНДА ШУД Дар Сурия аз тарконданда ва нобуд шудани чор чархболи низомї ва њудудан 20 мошини њарбии Русия дар як пойгоњи низомии мансуб ба ин кишвар хабар мерасад. Сабаби оташсўзии азим шарњ дода нашудааст, аммо тахмин меравад, ки ин пойгоњ шояд бар асари њамлаи љангиёни гуруњи Давлати исломї ба нобудї расид. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин талафоти Русия дар љанги Сурия аст. Аз тариќи акси мањвора метавон дид, ки чї гуна мошинњо ва чархболњову дигар таљњизоти њарбї ба коми оташ меравад ва метаркад. Бино ба тайиди Stratfor чархболњои мунњадимшуда навъи Ми-24 мебошанд, ки њам аз љониби њарбиёни Сурия ва њам рус мавриди истифода ќарор мегиранд. Дар бораи мављудияти пойгоњи низомии Русия дар минтаќаи мавриди назар то имрўз иттилоъ нарасида буд, аз ин рў коршиносон њадс мезананд, ки шояд ин пойгоњ муштаракан бо суриёињо истифода мешавад. Манобеъи давлатии Сурия ба хабаргузории РИА Новости ин иттилоъро тайид кардаанд, вале аз додани тавзењоти бештар худдорї варзидаанд. Ин њам дар њолест, ки расонањои

давлатї ва мустаќили Сурия то ин замон хабаре дар ин замина интишор надодаанд. Аммо намояндаи вазорати дифоъи Русия Игор Конашенков ин хабарњоро такзиб кардааст ва гуфтааст, ки то ин лањзањо талафоте дар нерўњои мусаллањи Русия дар Сурия вуљуд надорад. Вай гуфтааст, ки ин хабар як њафта ба инљониб мечархад, вале сињат надорад. ВВС дар њоишия пахши ин хабар навишт, ки бори аввал акс ва хабар аз љониби ожонсии Amak пахш шуд. ВВС њамчунин мегўяд ин бузургтарин талафоти низомии Русия дар љанги Сурия аст, ки собиќа надошт. Дар хабаре, ки дар сомонаи расмии ДОИШ интишор шудааст, гуруњ расман мунњадим шудани чархболњо ва худравњои њарбии Русияро ба уњда нагирифтааст ва гуфтааст, ки ин таљњизот сўхтааст. Яъне, талафот бо вуљуди такзиби љониби Русия амалан љо дорад. Аммо баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки эњтимол меравад ин оташсўшии сахте буд, ки муљиди инфиљори ќурхонањои аслиња шудааст ва бар асари онњо мошинњову чархболњо низ таркидаанд. TojNwes

Дар шањри Душанбе китоби нави Зафар Сайидзода бо номи "Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон: бозгашти давлати миллии тољикон ба арсаи сиёсати љањонї" интишор ёфт. Ин аслан як монографияи илмї буда, аз пешрафтњое њикоят мекунад, ки миллати тољик дар даврони Истиќлолияти давлатї даст ёфтааст. Муаллифи рисола мегўяд бахши муњимтарини њаёти сиёсии Ватани азизамон сиёсати хориљї, ки ба шарофати фаъолияти назариявию амалии боазамату арљманди Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ташаккулу тавсеа ёфтааст. Зафар Сайидзода чун муњаќќиќ талош кардааст љузъитарин таѓйиротро дар иртибот ба мавзуъи мавриди пажуњишаш ба риштаи тањлил кашад. Вай дар муќаддимаи басо муфассал аз таљрибањои љањониву њоли имрўзи олам мисолњо овардааст ва барои густариши доманаи тањлилаш талош кардааст аз ин майдони доманфарохи таърихи башар мисолњои рушане орад, то тасаввур шавад, ки миллатњо ва халќњо бо тай карда-

ни кадом марњилањо ба истиќлолияти андешаву тафакур расидаанд. Зафар Сайидзода мегўяд, сармояи аслии олам дар дасти теъдоди одамони мањдуд аст ва боќї сокинони Сайёра зердастони ин сармоядоронанд. Вай мисол меорад, ки бар асоси тозатарин гузориши мунташиршуда дар бораи ихтилофи табаќотї дар љањон, 1 дарсади мардуми љањон 99 фисади сарвати дунёро дар ихтиёр дорад. Дар ин гузориш инчунин омадааст, ки дар ду дањаи гузашта ба таври таќрибан доимї сарватмандон сарватмандтар шудаанд ва фаќирон фаќиртар. Ва ин дар њолест, ки њар рўз наздик ба 800 миллион нафар одамон гурусна сар бар болин мегузоранд ва њудуди 980 миллион нафар гирифтор ба фаќри мутлаќ њастанд, яъне ќудрати харидашон дар як рўз камтар аз 1 доллар аст. Дар бисёре аз кишварњо аксарияти мардум аз омўзишу таълиму тарбия бархўрдор нест. Муњаќќиќи тољик баъди ин руљуъ аз 25солагии Истиќлолияти давлатї сухан меронад ва мегўяд: Ин љашн дар шароите таљлил мегардад, ки мафњуму ормонњои истиќлол, озодї, демократия барои нахбагони сиёсї, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин њадафу ормонњо мушаххастар шуда ва њаракати њамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминањои њаёти сиёсию иљтимоию иќтисодию фарњангї ва афзудан ба дастовардњои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тўли чањоряк ќарн ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина наќши сиёсати хориљї ва дастгоњи дипломатї бисёр калидї аст. Китоб аз бобњои Тољикистон дар низоми љањони кунунї, Эмомалї Рањмон бунёдгузори сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон, Усулњои сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон, Вазифањои сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон, Тољикистон дар арсањои њамкории байналмилалї иборат буда дар нашриёти Контраст рўйи чоп омадааст. TojNwes


МУСОЊИБА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

7

Абдуњалим ЃАФФОРОВ:

ЊОКИМИЯТРО БО СИЛОЊ ГИРИФТАНЇ НЕСТЕМ Мусоњиба бо Абдуњалим Ѓаффоров, раиси Њизби сотсиалисти Тољикистон ва вакили ин њизб дар Парлумони Тољикистон, ки аз сафари корї, аз вилояти Суѓд баргаштааст. -Њадаф ва натиљаи сафари кориатонро ба вилояти Суѓд рўшантар бигўед, то хонандагони мо огоњї пайдо кунанд... -Ташаккур, њадаф ошнойї бо зарфияти фазои амнияти озуќавории миллат буд ва омодагї ба муњокимаи порлумонии масъалаи амнияти озуќаворї . Зеро солими миллат ин бузурги миллат аст.... Дар вилояти Суѓд бо фаъолияти ду корхона шинос шудам. Яке аз онњо корхонаи истењсоли мањсулоти шири "Кабири Хуљанд" аст, ки љурѓот, йогурт, кефир мебарорад. Дар ин ду корхона 45 нафар кор мекунанд. Мањсулоти онњо тавассути дастгоњхои хориљї истењсол мешавад ва ба талабот љавобгў мебошад. - Хулосаи сафари корї њамин буд? - На, ба назарам, мо бояд фарњанги кишоварзиро рушд дињем. Имрўз 162 њазор фермер дорем, ки аз имконоти мављуда самаранок истифода бурда наметавонанд. Мо бояд аз замин чор њосил гирем. Аммо танњо ду њосил мегирем. Ё, баъзан се њосил. - Ин пешнињодатонро дар бораи рўёндани 4 њосил дар Парлумон матрањ мекунед? Њадафи муњокимаи порлумонї чї аст? Кадом нињодњо ширкат хоњанд кард? - Њадаф таъмини амнияти озуќаворист. Дар он намояндагону мутахассисони Вазорати кишоварзї, Агентии давлатии "Тољикстандарт", суѓурта ва муассисаи тиббии санитарию эпидемологї њам иштирок мекунанд. Бубинед 22 тонна мањсулоти гуштии ба талабот љавобгў набуда ба кишвари мо ворид шудааст. Агар садди роњи инро намегирифтанд, чї мешуд? Яке аз масъалањо пешгирии воридшавии мањсулоти ба талабот љавобгў набуда мебошад. Ворид шудани мањсулоти гўшт ва тухм аз Эрон ва Њиндустон ба талобот љавобгў нест. Зиёд шудани тухми мурѓи воридотї дар

бозорњо њам ба зарар аст. Зеро тухми мурѓ аз Эрон то ба Тољикистон њашт рўз меояд. Дар ин муддат калорияи он вайрон мегардад ва ба истеъмолкунандагон зарар дорад. Агар мо амнияти озуќавориро таъмин карданї бошем, бояд воридоти тухми мурѓро аз Эрон тањти назорати љиддї гирем дар ташхисњои ќавї санљиш кунем. Зеро он ба сарвати миллат - саломатї вобаста аст. -Воридоти тухм, ба маълумоти ба мо расида аллакай манъ шудааст, хуб ба њар њол аз фаъолияти ЊСТ пурсем; њизби сотсиалистї дар чї њол аст? - Яке аз масъалањои асосї њоло барои мо рушд ва такомули њизб аст. То интихоботи порлумонии соли 2015 21 њазору 251 нафар аъзо доштем. Баъди њизби порлумонї шудан, шахсиятњои нав ва шинохта аъзои њизб шуданд. Дар вилояти Суѓд шоњид будам, ки мардум аз барномаи фарњангии њизб огоњ шуд. Фањмиданд, ки маќсади њизби мо мубориза бар зидди фасод ва бењтар кардани вазъи иљтимоиву иќтисодии мардум аст. Мо дар пеш љашни 20-солагии њизбро дорем, ки моњи август таљлил мекунем ва Шумо њам яке аз мењмони мо њастед. Барои ин љашнро гузарондан ба маблаѓ ниёз дорем бояд пайдо кунем. Бояд дар ин љашн хидмати шахсиятњои њизбро офарин хонем! Яке аз самтњои фаъолияти мо сиёсати гендерии занон мебошад. Тањмина Раљабова, раиси бахши занони њизб дар конфронсњои байналмилалї дар Австралия ва Варшава иштирок карда, масъалаи сиёсати гендерии занонро аз нуќтаи назари ЊСТ баррасї кард. Аз нигоњи ЊСТ занон дар њолати ногувор ќарор доранд. Дар оилањо мавриди хушунат ќарор мегиранд. - Медонед, дар суњбатњои хоса занони ЊСТ мегўянд њизбро тарк кардан мехоњанд, зеро дар Рўзи Модарон, 8-

52 СИФАТИ "НИГОЊ" Њољї Нуриддини Хайриддин, хонандаи фаъоли "Нигоњ"

"НИГОЊ" БОРИКБИН АСТ Яке аз хислатњои бењтарини рўзноманигор аз он иборат аст, ки ба мардум дар баробари торикї, чуќурї, хатарнок будани ѓорро нишон додан, бояд пањної, њаловат ва зебогии чароѓро низ воќеъбинона, беѓаразона ва љасурона инъикос намояд. Ё худ ў бояд чароѓи њаматоби торикии ѓору дидаи њамабини зебогии роѓ бошад. Рўзноманигор дар њалли тамоми мушкилотњои зиндагї догматику дурўяву дурўѓгў не, балки ростгўву устувору диалектик бошад! Ин сифатњоро банда бештар дар рўзноманигорї "журналистика"-и "Нигоњ" мушоњида кардам.

уми март њизб њатто як гул таќдим намекунад. Оё ин дуруст аст? - Мо дар марказ фаъолият дорем ва 33 дарсади аъзои њизбро бонувон ташкил мекунанд. Вобаста ба имконият, ё тавассути матбуот табрик мекунем. Њар яки онњоро рафта табрик кардан имкон надорад. Барои табрик кардан маблаѓ лозим! Мо танњо аз даромади аъзоњакї маблаѓ пайдо мекунем. Мувофики Оиномаи њизб, аъзои ба синни нафаќа расида аз пардохти њаќќи узвият озоданд. Њаки узвият дар мо як сомонї аст. Чандин нафар аз бонувон - аъзои ЊСТ дар хобгоњхо зиндагї мекунанд ва ман њар моњ ба онњо дар њаљми 100 ва 150 сомонї кумак мекунам. Рафта пурсед! Масалан дар хобгоњи мањаллаи Гипрозем зиндагї мекунанд. 3 - 4 кўдакї доранд. Рафта пурсед. -Даромади молиявии њизбро дар нишондодњое, ки ба маќомот пешнињод мекунед, ба сифр баробар кардаед. Сабабаш дар чї аст? -Бале мо чанд сол аст, ки оид ба даромади њизб сифр пешнињод мекунем. Зеро мо дар ваќти интихоботи порлумонї ва президентї маблаѓ љамъ меоварем. Аз миќдори маблаѓи љамъушда андоз месупорем ва боќимондаро сарфи интихоботњо мекунем. Аз 100 % маблаѓи љамъшуда 80 дарсадаш ба маоши раисони њизб дар шањру ноњияњо меравад, 20 дарсадаш андоз аст. Мо фаъолияти густурда дорем. Ба берун аз марзи Тољикистон меравем, бо муњољирон вомехўрем. Дар бораи урфу одатњо суњбат мекунем. Мо нисбат ба њодисаи ќабристони Москав назарамонро баён доштем. Раиси Маљлиси намояндагон њам ба ин масъала вокуниши љиддї нишон дод. Яке аз камбудињои љиддї ин аст, ки байни муњољирон њамватанони мо њам њастанд, ки ин низоъњоро ташкил мекунанд. Барои њамин бояд пеш аз њама ояти мухаббат ба ватанро аз худ кунем! Дўст доштани ватанро байни љавонон талќин кунем. -Соњиби дафтари кории доимї шудед? То ин дам хонаи худро њамчун дафтари њизб ба ќайд гирифта будед? -Бале, чун мо дафтари кори аниќ надорем. Њоло соњиби дафтар шудем ва он мавриди таъмир ќарор дорад. Кўшиш карда истодаем, ки дар шањру вилоятњо њам њизб дафтари корї дошта бошад. Мо як ќатор таѓйиротњо ворид кардем. Раиси ЊСТ-ро дар Кулоб иваз кардем. Шарифамо Каримоваро ба ин вазифа таъйин намудем. Мо 350 ташкилоти њизбї дорем. Мутаассифона њамаи бахшњо бе дафтари алоњида фаъоли-

ят мекунанд. Аммо омодагии љиддї дорем.Ин камбудињо оњиста-оњиста њал мешаванд. - ЊСТ чї њадафњо дорад? - Маќсади њар як њизби сиёсї расидан ба њокимият аст. Мо њоло имконияти пурраи ба њокимият расиданро надорем. Мо бо роњи осоишта, бо роњи порлумонї мегирем. Ягон инќилоб нашавад, ашки модарон ва кўдакон намерзад. Маќсади мо њифзи суббот аст. Мо бо силоњ њукуматро гирфитанї нестем. Ман силоњ ва миллион надорам, ки давъои ќудрат кунам! Тавре ЊНИТ, њизби мамнуъшуда мехост бо силоњ ва миллионњо доллар ќудратро ба даст гирад! -Онњо силоњ доштанд? - О, чї тавр надоштанд? Магар шумо тавассути телевизион надидед? Наќшаи гирифтани КДАМ ва телевизионро доштанд. Чї ин бофта аст? Ваќте њама чї бо њуљљат намоиш дода мешавад. Ваќте мушовири боздоштшудаи собиќ раиси њизб мегўяд, ки раисаш 3,5 (сею ним) миллион доллар гирифт. Ваќте вай гуфт, ки Эрон ин ќадар маблаѓ дода, гуфтааст, ки инќилоб кунед, ин аз куљо аст? Ман маблаѓ надорам ва маблаѓи дигаронро њам намегирам, то муттањам шавам. Мехоњам, ки маблаѓи худамро дошта бошам, ба мо дар ваќти маъракањои муњимми сиёсї маблаѓ кўмак мекунанд. Агар хонаи замбурро вайрон карданї шавед, ё расед, албатта шуморо газиданї мешавад. Ин ќадар моликияти онњоро тавассути телевизион нишон доданд. - Дар мо мансабдорони дигар њам хонањои миллиондолларї доранд, моликияти зиёд доранд, магар не? - Њамаи онњо њам, ваќташ ояд, љавоб мегўянд. Ман њељ моликият надорам, як хонаи истиќоматии сењуљрагї аз давраи шуравї мондааст. Зеро дузд нестам. Дар љанги шањрвандї нафарони тасодуфї дар маќомот роњ ёфтанд. Онњо маѓзи аз худ кардан доштанд, тамом! Барои њамин моликияти давлатї њам ба њар роњ торољ шуд. Ваќти онњо њам мерасад. -Чї орзу доред? -Хушбахтона ман ба њамаи орзуњоям расидам! Њар як орзуе, ки доштам, амалї шуд. - Чанд сол аст, ки раиси њизб њастед. Хаста нашудед ва омодаи рафтан њастед? -Омодаам. 12 сол аст, ки раиси њизб њастам, хаста њам шудаам... Суњбати Мењрбону ОРИФЇ


8

ТАЊЛИЛ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

НАЌДИ СУФИГАРЇ АЗ ДИДГОЊИ САДАИ XXI.

Зафар МИРЗОЁН 1 Бад - он гуна ки яке аз нотавонбинон гуфтори моро "атеизми љанговар" хондаанд, ки пайдост ишон на танњо аз вожањои "атеизм" ва "секуляризм" бардошти солим надоранд, балки бинобар андакхонда буданашон, дигаронро метавонанд ба вартаи гумроњиву худноогоњї бикашанд. Атеизм ва индифетеризмро набояд бо секуляризм даромехт. Секуляризм равиши давлатдорї мебошад, ки мабни бар он њукумат ва дигар нињодњои додхоњї ва сарчашмањои нигањбонии њуќуќ, бояд дар алоњидагї аз динњо ва боварињои динї вуљуд дошта бошанд. Аз як тараф секуляризм маънии озод будан аз ќонунњову таълимоти динї ва аз љониби давлату љомеа маљбур насохтани мардум барои риояи муќаррароти диниро дошта бошад, аз тарафи дигар секуляризм бар он маънист, ки фаъолияти одамон, бахусус фаъолияти сиёсии инсонњо бояд бар пояи бурњону далелњои орї аз мудохилаи динї устувор бошад. Сабабњои асосии пайдоиши секуляризм, инкишофи андешањои илмии одамон, аз љумла илмњои тиб, маърифати табиат, фарњанг ва монанди он мебошад. Ташрењи илмии њодисањои табиат, ки сабаби пайдоиши онњоро дар пеш вобаста ба ќуввањои фаротабии медиданд ва таъсири динро дар он рухдодњо наќши калидї менамоёнданд, акнун илмњои номбаршуда ба решањои фаннї ва заминии он падидањо даст мезаданд.

Мавзўе, ки хостаам пеши рўи пажўњишгарону омўзгорони донишгоњї ва расонањои хабарї намоён созам, яъне њангоми бозтоби равияњои тасаввуфї ба ифроту тафрит роњ додан ва бад - ин васила ноогоњона ва гање дидаву дониста, зењни љавононро ба сўйи пиндорњои барои асри кашфиётњои асрори замину осмон носолим, равона сохтан, боясти тарбиятгарони зењнњои љавонон, ба иборати сарвари ваќти Иттињоди Шўравї Иосиф Сталин, "инженерони рўњи андешаварзии љомеа" ро њушёр месохт. Гарчи дар мањфили номбурда бештари нишастагони толори муќаддаси Академияи Илмњо (он толоре, ки аз минбари он сухани хирадовари устод Осимї шунида мешуд), бо мо њамандеша буданд ва гумон меравад аз ин гуфтумонњо бардоштњои дурусте доштанд, аммо чанде дигар, пофишорї мекарданд, ки тасаввуф пиндорњои хирадмандонаи тољикон буда, дар худогоњии гузаштагони њушмандамон пайи равшан доштааст. Онњо (њамчунон бархе мубоњисони бемояи фейсбукї) мегуфтанд, ки сўфигарї фалсафаи жарфи инсонсози худошиносї ва худшиносї аст, вале касе аз ишон як намунае оварда натавонист, ки масалан тасаввуф дар замони пешин тољикону ирониёнро магар ба вањдати саросарї овард, то онњо чун девори фўлодин дар рўёрўи њамлаварони муѓул, ќарахониву ќарахитої ва темурилангиву салљуќиву шайбонї воистода, пеши роњи кушту кушторњои тифлону пирсолон ва таљовузу бардагии хоњарону модарони тољиконро гирифта бошанд. На! Ончуноне дар пеш гуфта шуд, сўфигарї бар хилофи ин бо тарбияи лоянњоливу дунёбезорї, њамлаи муѓулро барангехтаи хашми худо бознамоёндан, сабабгори шикасти маргбори тољикон гардида буд. Дар ин рўзгор ва дар рўзгорони аз даст додани сарзамини аждодї ба дарди ки мехўрд, чилланишинии муридон, сафсатахонињо пиромуни "њафт шањри ишќ", расидан ба водии фано ва худро худо ёфтану пайваста "аналлоњ", ("ман худоям") хондан. Дар китоби "Сафарнома" и Ибни Љабир, ки аслан аз Андалус (Андалузия, љануби Испания) буда, соли 578 њиљрї

(1199 м.) аз Андалус бо роњи Миср ва дарё ба Макка рафта ва дар бозгашт Ироќ, Сурия ва дигар љоњоро дида, аз њоли мусалмонони он замон огоњињои дилчаспе ба мо медињад. Ба навиштаи ў дар њама љоњо сўфиён бисёр фаровон буданд, ки ба хушї рўз мегузарондаанд. Дар њама љо бадомўзињои сўфиён бозорї шуда, дарвешиву порсої ва чашмпўшї аз љањон кори неке дониста мешудааст. Дар њама љо воизон мардумро ба гиристан вомедоштаанд. Дар Баѓдод Ибни Љавзї бузургтарин воизи он љо шумурда мешуда, болои минбар баромада сухан аз "ваљд", "ишќ ба худо" ва шеърњои сўфиёна хонда, мардумро мегирёнда ва њар бор касони бисёреро ба сар тарошидану дарвешиву порсої гузидан вомедоштааст. Дар њама китобњои навиштаи онњо шумо суханеро нахоњед ёфт, ки аз нигањдории кишвар ва љангу мардонагї ба миён омада бошад. Дар њама љоњо мусалмонон аз ин андешањо дур буданд. Зимни гуфтумонњои ёд шуда, барои худ бардоште доштам, ки ин бечорагони худро донои равияи тасаввуф пиндошта, яке њам аз ишон як сањифа аз нусхањои асли китобњои сўфиён, ба монанди "Тазкират - ул - авлиё", "Асрор -ут - тавњид", "Мисбоњ - ул - њидоят ва мифтоњ - ул - кифоят", "Фусус - ул - њукам", "Кашф - ул мањљуб" ва дигар таълифоти онњо нахондаанд. Ва хонда њам наметавонистанд, зеро аз бархе китобњои номбаршуда дар хазинаи дастхатњои Китобхонаи Миллї танњо як љилдї мањфуз аст, ки дастрасї ва мутолиаи дурусти онњо замону њавсалаи зиёдеро мехоњад. Дар мањфили Академияи Илмњо, ки иштирок ва баёни андеша озод буд, шахси тануманде бо тахтариши сиёњ ба минбар баромада, бо ѓурур гуфт "ман сўфиям, аз ноњияи Рўдакї омадаам ва намегузорам, ки исломро касе тањќир кунад......." Он бечораи андакхонда, ки љусса ва шеваи гуфтораш баёнгари нотавонї дар андешаварзии илмї буд, боварии тасаввуфиро аркони дини ислом мепиндошт. Шахси дигар, ки аз унвони баланди илмї бархурдор буд ва пажўњандаи роњи тасаввуф дониста мешуд, наќди

тасаввуфро нораво њукм карда, пойдории фарњангу забони тољикиро дар густариши тасаввуф медонист. Ва љавонони донишхоњи дар толор нишаста шигифтзада ба чашм мехўрданд, зеро то имрўз устодонашон дар омўзањои худ сўфиёнро файласуфони хирадманд бознамоёнда, бад - ин васила ба газофгўињо ба монанди "бе амри шайх офтоб барои нурпошї ба осмон нахоњад баромад" ва дигар худбузургнамоињо ва даъвоњои муъљизаофаринии шайхони тасаввуф, ки онро аврупоињо миститсизм (мистика - мистицизм) унвон додаанд, бовар мекарданд. Воќеан ба чунин газофсароињо дар кишварњое, ки андешамандонаш барќ, мошин, њавопаймо, сафинаи кайњоннавардї, телефон, компутер ва њатто дандонхилолу коѓази ташнобро кашфу тавлид кардаанд, онњое бовар мекунанд, ки ба норасоињои равонї гирифторанд. Охир эй андешаварон, агар аз роњи дин њам биёем худованд барои корњои љањон оине таъин намудааст ва чизе берун аз он оин буда наметавонад. Пас чи гуна метавон ба дурўѓбофињо дар пиромуни саргузаштњои он авлиёњои худбузургбин бовар кард ки гўё авлиёи сўфия ( аз љумла Боязиди Бастомї) тавониста буданд, бўйи Абулњасани Хараќониро дусад сол пеш аз таваллудаш, истишмом кунанд. Ё хонаи Каъба аз љои худ бархезаду ба пешвози шайхе бичархад, њазор моњї бо хоњиши касе аз зери об берун оянд бо сўзани заррин дар дањон ва ё шайх барои бе иљозати ў гирифтани љони шогирдаш, аз ѓазаб лагад сўи Азроил партояд ва лагади ў ба шишањои равони одамон бархўраду, мўрдагони он рўз зинда шаванд. Аммо бубинед, аз паямбари хотим њар замоне муъљиза хостаанд, бар хилофи Мусо ва Исо нотавонї нишон дода, ба тавоноии худованд ишора кардааст. (Мо арафно њаќ маърифатука) Агар он њама газофсароињоро ташбењу иѓроќ хонда, берун бароварданашонро дар њолати сакр (сакарот - бехудї) ќарор доштани шайх ташрењ бидињед, пас ба ки лозим аст суханони садсолањо пеш дар њолати беморї ва нотавонии рўњї гуфтаи шайхе.

ДОДГОЊ

ИТТИЊОМОТИ БИСЁРЗАНИИ ПАРВАНДАИ НАЊЗАТИЁН ВА ХОНАИ ДАВЛАТИИ ЊАМСАРИ ДУЮМИ КАБИРЇ Чор тан аз аъзои фаъоли боздоштшудаи ЊНИТ - њизби сиёсии дар Тољикистон мамнуъшудаи нањзати исломї ба бисёрзанї муттањам шудаанд, ки бино ба маълумоти дарёфтї, тафтишот якбора бо 2, 3 ва њатто 4 зан зиндагї доштанашонро собит кардааст. Бино ба маълумоти манобеи огоњ, Сайидумар Њусайнї (ноиби аввали раиси ЊНИТ) Абдуќањњори Давлат (масъули равобити хориљии ЊНИТ) Муњамадалии Файзмуњаммад, раиси Шўъбаи тафтишоти ЊНИТ ва Зубайдуллоњи Розиќ, рањбари шўъбаи илм ва кор бо уламои ЊНИТ барои бисёрзанї гунањкор дониста шудаанд. "Сайидумар Њусайнї якбора бо се њамсар, Муњаммадалии Файзмуњаммад ду ва Зубайдулло Розиќ њам бо ду њамсар зиндагонї доштааст.

Сеюмї то ду сол ќабл бо се њамсар зиндагонї мекардааст ва гўиё ки чанд сол боз људо шудаанд. Раиси ЊНИТ, њам аз соли 2002 -юм бо ду њамсар зиндагонї мекардааст ва маъшуќањо њам доштааст, ки њоло яке аз онњо дар Эрон паноњандагї гирифтааст. Хонаи њамсари дуввуми Муњиддин Кабирї, ки ба њукумати шањри Душанбе мутаалиќ будааст, эњтимол давлатї карда шавад. Зеро солњои 90 ва 2000-ум ваќте њамсари дуввуми ў ба њайси котибаи њукумати шањри Душанбе фаъолият доштааст, аз тарафи раиси шањр њамчун иљора барои зист дода шуда будааст"- гуфт манбаъ. Яке аз њамсарони дастгиршудагон дар суњбат ба Тољнюс гуфт, ки зиёда аз 15 нафар боздоштшудањои ошўби генерал Абдуњалим

Назарзода, маъруф ба Њољї Њалим собиќ вазири дифои Тољикистон низ ба бисёрзанї муттањам мешаванд. Муфатшинои парвандаи Њољї Њалим ва боздоштшудањои ЊНИТ мегўянд, ки њамаи боздоштшудањо ва њукмгирифтањои ин њизб ва худи генерал аз ду то 4 њамсар доштаанд. Нимаи аввали моњи май айбдоркунандаи давлатї дар Додгоњи олї барои Сайидумар Њусайнї (ноиби аввали раиси ЊНИТ), Муњаммадалии Њайит (ноиби раис), Ќиёмиддини Авал (раиси шўъбаи душанбегии ЊНИТ), Абдуќањњори Давлат (масъули равобити хориљии ЊНИТ) ва Рањматуллоњи Раљаб (раиси шўъбаи ноњияњои тобеъи маркази ЊНИТ) њукми абад дар зиндони низомаш махсус талаб карда буд. Барои Њикматулло Сайфуллозода, муњаррири њафтаномаи "Наљот" - 30 соли зиндон,

Муњамадалии Файзмуњаммад, раиси Шўъбаи тафтишоти ЊНИТ - 29 сол, Зубайдуллоњи Розиќ, рањбари шўъбаи илм ва кор бо уламои ЊНИТ -30 сол, Саттор Каримов, маъруф бо Махсуми Саттор - 28 сол, Саъдиддини Рустам - 24 сол, Воњидхони Ќосиддин, рањбари шўъбаи интихоботии ЊНИТ - 22 сол, Муњаммадшариф Набиев, раиси шўъбаи хатлонии ЊНИТ - 16 сол, Абдусамад Ѓайратов, раиси бахши минтаќаи Кўлоби ЊНИТ - 16 соли зиндони низомаш сахт талаб намуда, аз додрас хост барои Зарафо Рањмонї, ягона зан миёни боздоштшудањо, ки ба њайси мушовир њуќуќии раиси ЊНИТ фаъолият мекард, 5 соли мањбас таъин кунад. Дар робита ба парвандаи Њољи Њалим ва исёни ў зиёда аз 170 нафар боздошт шудааст, ки њоло мурофиаи онњо дар боздоштгоњи муваќатии КДАМ пушти дарњои баста идома дорад. Як манбаъ аз рафти мурофиа гуфт, ки эњтимол то ду њафтаи дигар мурофиа ба охир расида, суд ба хонаи машвратї равад.

Tojnews


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

Онњое ки ба нуктањои дар навишторамон омада хурдагирї намуда, хостанд далел оваранд, ки андешапешагони фарњехтаи мо, ба монанди Ибни Сино ва Њофиз худ сўфї буданд, гуфторашон кадом мояву пояи устуворе надорад. Ибни Синоро њанўз дар рўзгори таълифи дањњо кашфиёти бењамтояш кофир хонда буданд ва 60 сол пас аз даргузашташ, Имом Ѓаззолї дар китобе, ки дар наќди фалсафа навишта буд, вайро такфир кард. Яке аз донишмандони бузурге, ки мусалмонон вайро ба унвони донишманди исломї ёд мекунанд, Муњаммад бинни Закариёи Розї, ду китоб дар наќди нубувват (пайѓамбарї) навиштааст. Шайх Закариёи Розї барои хирад арзиши зиёде медињад ва кори касоне, ки мехоњанд байни дину фалсафа оштї барќарор кунанд,

онро бењуда медонад. Закариёи Розї истидлол кардааст, ки њељ файласуф "дар мунозирае бо як фаќењи воќеъї наметавонад бар суннати ислом пойдор бошад, балки бояд њама чизро худаш баррасї кунад, зеро танњо хирад метавонад одамиро ба сўи њаќиќат рањнамун шавад". Ва низ бо равшанї мегўяд: "Чї гуна мумкин аст касе фалсафї фикр кунад ва ба ќиссањои мутаноќизи пирзанон, ки нодониву љазми андешаро ташдид мекунанд, гўш фаро дињад?" Албатта Закариёи Розиро низ бадбинони кўрандеши донишњои дањриву дунявї, ба монанди Мусо бини Маймуни Хисрав, Абўњотами Розї, мулњиду кофир эълом дошта буданд. Дигар ин ки суфигарї (орден, ё њизби суфигарї) њама чизи парвардаву боистеъ-

додро, аз сармоядорон шурўъ карда, то шоирони бузург ва донишмандони овозамандро љузъи тариќати худ медонистанд. Ва чуноне гуфта шуд торихи тољикон намунањои бешумореро медонад, ки айёрони сўфигарї ба хонадони подшоњон роњ пайдо карда, онњоро ба доми тазвир гирифтор кардаанд. Чуноне дар пеш гуфта шуд, Њофизи ринди бузургворро сўфї хонда, чунин андешањои дањриву заминии ўро тасаввуфї бознамоён мекунанд, ки албатта хандаовар аст: Май хўр, ки шайху зоњиду муфтиву муњтасиб, Чун нек бингарї њама тазвир мекунанд. Ва ё: Мо шайху зоњид камтар шиносем, Ё љоми бода ё ќисса кўтоњ. Мутаасифона имрўз њарзаофаринони бешуморе пайдо шудаанд, ки њама гуфтањои шоирони аз дасти мутаассибони динї дарду ранљу тањќир дидаро, пиндорњои тасаввуфї бозгў карда, аз ин нодонии худ, адабиётшиносии тољикро ба вартаи торикиву рањгумї њидоят менамоянд. Гузашта аз ин чуноне дида мешавад, донишњои худошиносиро бо илмњои дањрї даромехта, зењну њуши љавононро аз эъљозу ибъод ба канор мебаранд. Њаким Умари Хайём чунин пиндорњои омиёнаи худбузургбинони диниро шунида, (дар ишора ба достони казоии устувории замин рўи шохи гов ва ларзидани замин бар асари думљунбонии нањанге, ки гов рўи он воистодааст), дар ќањр лабханду писханд задааст: Говест дар осмону номаш Парвин, Гови дигаре нуњуфта дар зери Замин. Чашми хирадат кушой, чун ањли яќин, Зеру забар ду гов, мушти хар бин. Яъне дар осмон як гову дар зери замин гови дигар, ки љамъ ду говро ташкил медињанд, вале дар миёни онњо як мушт, ё

9

шумори зиёди одамони харсират љой доранд, ки ба ин бофтори аблањона боварї доранд. Ва дар поён ба дастандаркорони мањфили "Љањони андеша" и назди Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон, ба вижа ба виростори нишастњои илмї, донишманди барљастаи тољик, устод Комил Бекзода изњори сипос намуда, ба равшанандешони бештар хомушї ихтиёр карда ёдкарди ин нукта раво дониста мешавад, ки мазњабгарої ва њамаву њама чизро дар чорчўбаи яксўнигарии динї варандоз кардан, ба нестии арзишњои фарњанги миллї бурда мерасонад. Ва низ њамеша боясти дар ёд дошт, ки адабиёти њазорсолаи мо густараи бепоёне дорад барои омўзишу пажўњиш ва бар пояи он ба воя расондани мардумони мењанпарвар, аммо пажўњишгарони тољик њанўз аз њазорон нукоти дар "Шоњнома" и бемарги Њаким Фирдавсї дар пиромуни, оинњои мењанпарварї ва худогоњиву фарњанговарии иронитаборон ва ё сабабњои шикастанњову аз по дарафтоданњои гузаштагонамон, шояд камеро шоистаи воковињои илмии хеш дониста бошанд. Ва њамчунон хаёли он дастандаркорони Вазорати маориф, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, сарварони донишгоњњоро, ки мавзўъњои илмиро барои пажўњишњои доншхоњони аспирантї ва донишљўёни дипломнавис интихоб ва пешнињод мекунанд, ба ин нукта мебояд љалб кард, ки тољикон давраи торики таассуби асримиёнагиро аз сар гузарониданд ва кашфи асрори прогресси техникї, дастёбї ба нанотехнология ва дўст доштану нигањбонии сарзамини падаронро, бо љусторњои сўфигарї, наметавон ба роњ андохт. Дар садаи 21 љавононро набояд ба барпо кардани хонаќоњњо водошт. 1 Ањмади Касравї, "Сўфигарї", Тењрон 1323 (чопи дуввум), мутобиќ ба соли 1944 мелодї, с. 43 2 Абулќосисми Партав, "Андешањои фалсафии иронї", Интишороти асотир, Тењрон, соли 1373 (1994 мелодї), с. 132


o

10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

Дар бораи Њо Ши Мин, сарвари Ветнам, ки кишвари мустамлика ва зери истеъмори ѓарбиёнро мустаќил кард ва дар худшиносии мардумаш сањми арзишманд дошт, наметавон ба љуз маълумоти расмї чизи бештар навишт. Шахсияти истисної њам набуд, танњо ин ки ба хотири истиќлолияти кишвараш даст аз издивољ кашид, ин аст, ки баъде фавташ аз ў насле намонд. Аммо зиндагонии ў мисли њамаи диктаторони олам буд. Баъди расидан ба шањди њокимият аз он дил наканд. Замони ў замони љангу бедод буд, замони таљовузи Амрико ба хоки Ветнам ва дар пирўзии ветномињо њиссаи ў низ бузург аст. Аммо бо вуљуди њамаи ин дар ёди љањониён чун диктатор монд. Вале на аз ќабили он диктаторњое, ки хуни халќашро макидаву худ ба сармоядори бузург табдил шудааст ва миллаташро ба њоли табоњї расондааст, балки аз моли олам чизеро наандўхтааст ва баъди рафтан аз ќудрату фавташ њам дороие аз ў сабт нашудаст. Ва боз: чун миллионњо коммунист дар мањдудаи андешањои коммунистї зист ва дар њамин мањдуда тарки олам кард. Маргаш њам мисли марги миллионњо ветнамї: бо аљали худ ва дар бистари беморї.

ЌАДАМЊОИ АВВАЛИН. РЎ БА КОММУНИЗМ Њо Ши Мин 19-уми майи соли 1890 дар рустои Кимлиени вилояти Нгеан ба дунё омадааст. Аввал номи ў Нгуен Шин Кунг будааст. Тибќи анъанаи ветнамињо дар остонаи вуруд ба мактаб вай соњиби номи дуюм - Нгуен Тат Тхан шуд. Падараш Нгуен Шин Шак аз љонибдорони њизби конфутсионии ватанпарвар будааст. Мегўянд хеле шахси босавод ва соњибмаълумот буд. Модараш Њоанг Тхи Лоан дар синни 32-солагї њангоми таваллуди фарзанди чорумаш дида аз олам пўшидааст. Дар рустое, ки Њо Ши Мин таваллуд шудаву ба камол расидааст, имрўз њам осорхонаи авлодии ў побарљост ва як маконест, ки ба зиёратгоњи бастагону њаводоронаш табдил шудааст. Дар бораи овони наврасии ў маълумот хеле кам аст, њатто манбаъњо дар мавриди тањсилоти ибтидоиву миёнаи вай камтар навиштаанд. Танњо он чи маълум аст, ки дар синни 21-солагї бо номи сохта маллоњи киштї шуд ва бо њамин рафтан ба уќёнусњову кишварњо вай замоне баргашт, ки аллакай болотар аз 50 сол дошт. Тўли сї сол вай њам ба Амрико рафту иќомат кард ва њам дар Британиёву Фаронса ва чанд кишвари дигари Аврупо. Дар Порис бо лаќаби Нгуен Ай Куок зистааст. Вурудаш ба Порисро соли 1919 гуфтаанд ва зисту зиндагонї дар пойтахти Фаронса дари сиёсатро ба рўяш боз кард. Вай ба кору рафтори созмонњои чапи Фаронса таваљљуњ кард, дар љаласот ва тазоњуроташон ширкат намуд. Муддате пас даст ба маќоланависї зад ва бо васила миёни љомеаи сиёсии кишвар шинохта шуд. Њамон солњо, аниќтараш соли 1919 вай ба роњбарони ќудратњое, ки муоњадаи Версалро имзо кардаанд, мурољиат намуд ва хостори додани озодї ба халќњои Њиндучин шуд. Зери

ДИКТАТОР 11 ноябри соли 1929 додгоњи императории Ветнам ѓоибона Нгуен Ай Куокуро ба марг мањкум намуд. Ин боис шуд, ки бештар эњтиёт кунад, вале иртиботашро бо коммунистони Фаронса мустањкамтар кард. Талошњои љиддии инќилобї ва истиќлолхоњии Њо Ши Мин аз аввали солњои 40 оѓоз шуданд. Соли 1941 дар Њиндучин тањти тасарруфи љопонињо Њо Ши Мин Лигаи мубориза барои истиќлолияти Ветнамро ташкил кард ва онро роњбарї намуд. Ин барояш имкон дод, ки бо СРУ-и Амрико ва давлати Чин зидди љопонињо њамкорї кард. Лигаи таъсисдодаи вай ба муроди Амрико набуд, вале он ки зидди Љопон садо баланд кард, аз вай пуштибонї намуд. Соли 1945 Љопон дар Њиндучин торумор шуд ва сарварии давлати мустаќилро Њо Ши Мин ба уњда гирифт. Замоне, ки дар Ветнами Шимолї сарвазир буд , ба коммунистони Љабњаи миллии озодихоњи Ветнами Љанубї барои сарнагунсозии њукума-

ЊО ШИ МИН - САРВАРИ БЕСАРМОЯ ВА БЕХОНАВОДА таъсири дўсти сотсиалисташ Марсел Кашен аввал ба њизби сотсиалистї ва баъд ба њизби коммунистии Фаронса пайваст. Сар аз соли 1920 яке аз фаъолони Коминтерн буд. Њо Ши Мин яке аз иштирокчиёни бевоситаи бунёди њизби коммунист дар Фаронса буд. Њатто соли 1923 ба Маскав омад ва дар ин шањр, ки ќалби коммунистон буд, сохторњои њизбиро омўхт ва дониши њизбии худро на танњо такмил дод, балки шахсияти худро низ сохт. Аз соли 1925 муддати ду сол вай тарљумони консулгарии Шўравї дар шањри Кантони Чин буд ва њамин солњо вай аввалин созмони љавонони коммунисти Ветнамро ташкил намуд. Вале дар ватанаш он замон вай наметавонист фаъол бошад, аз ин рў муддате дар Камбуљ зист ва муддати дигар дар Таиланд пинњонкор буд. Он замон алалкай дар минтаќаи Њиндучин гуруњњои коммунистї амал мекарданд.

ФАЪОЛИЯТИ "РАФИЌ ВИОНГ" Моњи декабри соли 1924 вай ба љануби Чин сафар кард. Фавран дар Кантон бо номи чинї аснод дуруст кард ва аз Нгуен Ай Куок ба Ли Ютсй табдил шуд ва бо њамин ном даст ба фаъолият зад. Вай асосан миёни муњољирони ветномии ин минтаќа кор мебурд ва ѓояњои инќилобиро таблиѓ мекард. Муддате пас дар Кантон "Кумитаи вежаи омодагии сиёсиро созмон дод. Дар ин кумита вай бо тахаллуси "рафиќ Вионг" ветномињоро усулу шевањои муборизаи инќилобї ва террори инфиродї меомўхт . Мањз дар њамин љо вай бо аввалин демократи инќилобии Ветнам Фан Бой Тяу шинос шуд. Соли 1925 дар Шонњой Фан Бой Тяу боздошт шуд ва "рафиќ Вионг" дар Кантон созмони љавонни инќилобии Вентнамро таъсис кард, ки њатто ургони чопии худро бо номи "Љавонон" низ роњандозї крад. Њатто барои љалби инќилобиёни кишварњои њамсоя "Иттињоди халќњои зери зулми Осиё"-

НИКИТА ХРЮШОВ, МАО ЗЕДУН, ХО ШИ МИН ВА СУНГ ЧИНГ ро ташкил кард. њатто овозањое њам вуљуд доранд, ки Њо Ши Мин бо як духтурхонуми чинї бо номи Сзэн Сюэмин издивољ њам кардааст. Вале дар Ветнам инро такзиб мекунанд ва мегўянд Њо Ши Мин ба хотири инќилоб аз њаёти шахсї ва барпо кардани оила комилан даст кашида буд. Њамин тариќ иртиботњои густардаи Њо Ши Мин бо коммунистони Шўравї дасти ўро дар таблиѓи ѓояњои инќилобиаш боз кард. Вай ба Маскав љавононро барои касби тањсил мефиристод, то дар донишгоњњои бузургаш тањсил кунанд ва чун коммунистони воќеъї ба ватанашон баргарданд. Соли 1927 Чан Кай Ши даст ба табаддлот зад ва ин ба њаёти шахсии Њо Ши Мин тањдиди ошкор дошт. Вай ба ќасди фирор хост ба Њонконг равад, аммо ўро роњ надоданд, сипас ноилољ бо тай кардани масофаи хатарноку дурудароз аз шимоли Чин ба ќаламрави СССР омад. Ва аз Маскав вай боз ба Аврупо сафар кард. Роњи пурмашаќќати як инќилобии сарсупурда саропо аз мушкилот буд. Вале ўро дилшикаста намекард, вай бо азми комил ба роњаш идома медод. Дар Сиам вай ба маконе рафт, ки муњољирини ветномї сукунат доштанд ва бо тахаллуси нави "Тхау Тин" гуруњњои инќилобии ветномињоро таъсис дод. Аммо

ти Љануб, ки аз љониби ИМА пуштибонї мешуд, кумак мекард. Бо вуљуди он ки Маскав ва Пекин ихтилофу назарњое бо њам доштанд, вале Њо Ши Мин аз ин ду кишвар кўмак дарёфт мекард. Соли 1965 ваќте амрикоињо Ветнами Шимолиро бомбборон карданд, Њо Ши Мин аз њар гуна музокарот дар њоли љанг худдорї кард. Ин буд, ки дар ин кишвар вай ба сумбули мубориза алайњи мутољовизин табдил шуд. Соли 1954 нерўњои мусаллањи Фаронса дар љанги Денбенфу шикаст хўрданд ва маљбур шуданд муоњадаи сулњи Женевро имзо карданд. Дар натиља ќаламрави Ветнам соњибихтиёр шуд, вале муваќќатан ду таќсим шуд. Ветнами Шимолї ба дасти Њо Ши Мин гузашт. Солњои 1955-1956 њукумати вай ислоњоти аграрї гузаронд ва синфи заминдорро барњам дод, заминњоро ба дењќонон таќсим кард.

БАЪДИ МАРГАШ КАСЕРО БА ВАСИЯТИ Ў КОР НАБУД Њо Ши Мин аз соли 1945 то 1969, яъне муддати 24 сол сарвари бебадали Ветнами Шимолї буд. Ўро ба марги 1,7 миллион сокинони ин кишвра муттањам мекунанд. Вале аксари онњо ќурбониёни љанг бо Амрико буданд.


ПУРБАЊСТАРИНЊОИ ТОЉНЮС Вай аслан зидди он буд, ки љасадаш чун љасади Ленин мумиёї шавад. Васият карда буд, ки љасадашро сўзонанд ва хокистарашро дар се гўаи кишвараш чун ёде аз ў гузоранд. Вале тибќи анъанаи роиљи кишварњои сотсиалистї пайравонаш васияташро нашуниданд ва ё нахостанд шунаванд. Љасади ўро мумиёї карданд ва барояш дахма бино карданд, то ба зиёратгоњи мардум табдил шавад. Тарзи њаёти Њо Ши Мин ба гунае тааљљубовар буд, ки то ба имрўз муљиби бањсњо атрофи номаш шудааст. Вай њамсар надошт ва як њаёти басо оддии зоњидона ба сар мебурд. Њатто дар пояш пойафзол аз рўпўши мошинњо дошт ва худро як дењќони хеле фаќир вонамуд мекард. Аммо њаёти худро пурра ба истиќлолияти кишвараш бахшида буд, чизи дигареро намедонистон ва намешинохт ба љуз ин ки њарфи истиќлол дар забон доштаву бо он ифтихор кунад. Аммо бархилофи маълумоти расмї баъзан китобњое навишта мешаванд, ки Њо Ши Минро ба бисёрзанї гунањгор мекуннад. Вале тањлилгарон мегўянд њатто њар дин муртадњои худро дорад. Њукумати Ветнам гўё ба ин њама одат кардааст, њарчанд зидди ин гуна аќидањои хилоф ба шахсияти Њо мубориза мебарад, муаллифонро мањкум ва њатто аз кишвар меронад, вале нисбат ба баёну андешањои гуногун тањаммулпазиртар аз њамсоягонаш аст. Дар назари ветномињо Њо Ши Мин худоест, ки хеле боадолат ва муњташаму муќтадир аст. Њатто замоне, ки капитализми нав ѓояњои сотсиалистиро аз сари роњи Ветнам шуст, касеро љуръати он нашуд, ки Њо Ши Минро ба чашми мардум бад кунад. Вай њамоно дўстдори мардумаш монд ва низоми нав њам натавонист чуноне дар Русияву Аврупо бо роњбарони фаќидашон карданд, ўро бадном созанд. Њоло њам дар оромгоњаш ба ёдаш миллионњо нафар шамъ меафрўзанд ва ёдашро гиромї медоранд.

БУДДО ВА ЊО ШИ МИН Коммунистони он замон ба адёне эътиќод надоштанд ва агар њам пайрави оине мекарданд, онро пинњон медоштанд. Њо Ши Мин низ парвардаи њамон низоми коммунистї буд. Дар бораи эътиќоду пайравињояш танњо баъди маргаш навиштанд. Дар бораи он ки Њо Ши Мин замоне будпараст буд, на дар зиндагї ва на баъди дањсолањои баъди маргаш зиёд намегуфтанд. Вале муњаќќиќони зиндагиномаи ў зарфи чанд соли охир иртиботњои руњонии сарвари Ветнамро бо Буддо ва оини буддої менависад, тањќиќ мекунанд ва љанбањои наверо дар ин амалњо фош мекунанд, на танњо Њо Ши Мин, балки дар бораи сарвари баъди ў Во Нгуен Зяп низ њамин аќида њаст, яъне вай будпарасти ашадї буд. Мегўянд падараш Нгуен Шин Шак олими будшинос буд ва эњёи буддизм дар Ветнам талошњои зиёд кардааст. Њатто дар номае навиштааст, ки "агар мехоњед озодиро дарёбед, пас аз оини буддої пайравї кунед". Ва писараш њам аз ў пайравї кардааст ва њатто мегўянд замони њузураш дар Таиланд ба бунёди ибодатгоњи буддої мусоидат кардааст. Аммо он њаќиќат аст, ки баъди Њо Ши Мин дайрњои буддоие њам дар Ветнам ќомат рост карданд, ки зоиронаш мањз ўро саљда мекарданд ва њоло њам саљда мекунанд. Бењуда њам нест, ки Њо Ши Минро худои ветномињо меноманд. Ин албатта, як мавзуъи суњбати хосест... Фирўзи МУЊАММАД

Бањром ЃАФУРЇ:

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

11

дар пањлўи њам менишастанд, пахш шуд. Љонибек тавре њампешааш аз ў таќозо карда буд, намоишкорона аз ў пўзиш хост. Вай гуфт: "Чихеле, ки мебинед ман бо яке аз хонандањои бењтарини Љумњурии Тољикистон ва дўсти азизам акаи Бањром якљоя дар инљо нишастаем. Њамин проблемае, ки ба наздикї дар интернет як навор баромад, ки ман дар онљо шўхї мекунам. Бо номи акаи Бањром як анекдот як шўхиро наќл мекардам. Як хел одамњо аз паша фил сохтанд. Њоло дар интернет фаќат њамин гап аст. Њаминро гуфтаниям, ки агар ман бо шўхии беасосе, ки ман дар байни дустон наќл кардам, акаи Бањром, хонаводааш ё мухлисонашро хафа карда бошам, бахшиш мепурсам. Ин як шухї буд..." Дар навори мазкур Бањром Ѓафурї низ гуфт: "Фикр мекунам, ки ин наворро мардум низ њамчун шухї ќабул мекунанд. Дар оянда боз њамкорї карда, суњбат мекунем. Мухлисон, мо шуморо бенињоят дўст медорем. Он чизе, ки дар навор мебинед, бисёр ба дил наздик нагиред. Њамдигарфањмї ва сулњи миёни ин ду нафар, албатта барои бисёрињо писанд омад, аммо онњое њам, ки ин ќазияро њамчун пиари навбатї ва њатто беэњтиромї нисбати эътиќодоти мазњабияшон, аз љониби Љонибек Муродов пазируфтаанд, низ кам набуданд. Њамин буд, ки матлаби TojNews дар шабакањои иљтимої яке аз серхонандатаринњо буд

ЉОНИБЕКРО БАРОИ ТАЊЌИРИ ЭЪТИЌОДАМ БА ДОДГОЊ МЕКАШАМ Бањроми Ѓафурї, овозхони шинохтаи поп, шикояташро аз дўст ва њамкасбаш Љонибек Муродов ба додгоњ набурда, њарду баъди як суњбат оштї шуданд. Бањром тасмим дошт Љонибекро барои тањќир ва паст задани эътиќодаш ба додгоњ кашад. Ѓафурї гуфт, Љонибек Муродов дар ѓайби ў, дар њузури дўстонаш намозхонии ўро ба масхара кашидааст, дар њоле, ки дурўѓ мегўяд. "Ман боре њам бо Љонибек Муродов дар сафар намоз нахондаам, вай рўйирост дурўѓ мегўяд, ки гўё бо ман намози ќаср хонда бошаду ман намозро имоматї кардаам ва њама бо нишони эътироз ба тарзи намозхонии ман, маро аз сафи пеш канор рондаанд ва намозро аз сари нав шуруъ карда бошанд. Шояд ин шўхї бошад, аммо намоз ки кори шўхї нест ва ман инро тањќири эътиќодам мењисобам. Агар дар мавриди чизи дигаре њазл мекард, ќабул доштам. Ман бисёр фикр карwww.tojnews.org

Љурабек 30 май, 2016 - 10:01 Бахромчон ѓам нахур, Чонибек ба гуфти мардак, харчи мехохад гуфтан мегирад Бобо 30 май, 2016 - 10:03 Ма нафахмидам, ки намози каср мехондиян, е таробех барои ки аввал каср мега, баъд мега ки таробех як хандахариши халк. Шабнам номи туро баровард, акнун имруз ту гап зан шидию. Диловар 31 май, 2016 - 02:21 Ман нафахмидам ин намози каср боз чи хели намоз? Намози АСР будагист. Иван 31 май, 2016 - 12:10 Бародар - пеш аз он ки ягон коментария нависи, бехтар мешуд аз ягон нафари диндор савол мекарди. Намози каср ин намози дар сафар аст на ин ки намози Аср. Хангоми сафар гузоштани намози Каср суннат аст. не важно 30 май, 2016 - 11:09 Инхо санаткор не, "артис" Шоди 30 май, 2016 - 11:35 худаш як майнўшу майзада аст, чаро боз Худоро фиреб карда худашро намозхон мегирад? хайфи дини Ислом... Руслан 31 май, 2016 - 13:47 вот такое время... а 30 май, 2016 - 11:45 Ин Чонибек кизикчи будааст ку. Хеле хандидам. Дилшод 30 май, 2016 - 13:59 Бањром бисер фикри хуб. Шахс бояд ба озодии виљдон ва эътиќод даст назанад. Ин алббата тањќир аст. Гость 30 май, 2016 - 13:54 Бахром афгонхоро ба додгох мекашид, навбати точикхо расид )))) Фаррух (не проверено) 30 май, 2016 - 14:19 Дар њаќиќат ин таъќири руїрост аст. Касе , ки бо фарзњои Худо даст мезанад, Худованд ўро дар ин дунё ва охират рўёсиёњ мегардонад иншаоллоњ. Намоз ин фарзи Худованд ба сўи бандагон аст, тўшаи инсон барои охират аст. љонибек бояд назди Худованд тавба намуда, аз Бањром узр пурсад. Артист 30 май, 2016 - 14:21 Фокус Покус -Артииист проста хуршед 30 май, 2016 - 15:18 росташро гуям, аз Љонибек ин хел шўхиро чашмдор набудам. аз Бањром узр мепурсад, ё не,

дам, њоло тасмим дорам ба додгоњ мурољиат кунам. Бигзор барои тањќираш, барои дурўѓу туњматаш пўзиш хоњад. Аз додгоњ њам њаминро таќозо хоњам кард, ки расман ва ба тарзи оммавї узрхоњї кунад. То њама бинанд ва донанд, ки ин як туњмат буд. Чунки ин масхараи Љонибек Муродовро, ки дар он эътиќоду эътибори банда паст зада шудааст, тамоми дунё дидааст. Ин наворро ба шабакањои иљтимої, аз љумла дар "Одноклассники" ва "Ютюб" пањн кардаанд. Чанд нафаре, ки он наворро дидаанд, ба ман дар ин бора гуфтанд", - мегўяд овозхон. Бино ба гуфтаи Ѓафурї, вай чанд бор ба Љонибек Муродов, ки дар Тољикистон њузур надорад, барои изњори назараш дар шабакањои иљтимої мактуб кардааст, аммо то њол ба навиштањояш посух нагирифтааст. Баъди ду рўзи нашри ин хабар, дар Фейсбук навори видеої, ки дар Љонибек ва Бањром

ва ду рўзи ахир бањсњои тезутундро дар форум ба вуљуд овард. Бањси Форуми ин матлаб дар сомонаи Ожонсии иттилоотии TojNews, бо ихтисори шарњњое, ки бинобар вайрон шудани меъёри ахлоќї дар онњо, нашраш мумкин нест, дар зер оварда шудааст: Дарвоеъ Бахром Гафури рост мегуянд, агар дар масоили дигар мебуд бахшидани буд ва ба таври шухи пазируфта мешуд аммо ин намоз аст ва намозро чунин таъкир кардан аз руйи одоб нест ва ба чунин инсон намезебад то ин дарача фикр намекардам ки ин гунна инсон аст Чонибек фикр мекардам эхтироми хоссае дорад ба дустонаш аммо афсус сад афсус бояд Чонибек узрхохи кунад ва ман низ бисёр хохиш мекардам ки хуб дида барояд додгох ва ба васоити ахбори омма бигузор бигуянд ки ин гунна инсонхое хастанд, ки то хатто аз фазилатхои ислом хабаре надоранд

кори худаш, аммо бояд тавба кунад... ДАЛЕР 30 май, 2016 - 15:30 ХАМИРА НАМЕШУД КИ ХАРДУЯТОН ХАЛ МЕКАРДЕД ШАРТ НАБУД КИ ДАР РАСОНАХОВУ МАЧАЛАХО ЭЛОН КУНЕД, ХОЛО КУМИТАИ ДИН ФАХМА САЛАФИ ГУФТА МЕБАРАТ МАХКАМ МЕКУНАТА Диловар 31 май, 2016 - 02:22 Ин як намуди ПИАР Хаха 31 май, 2016 - 14:51 Ха хаха неке рост гуфти хахаха Озод 30 май, 2016 - 15:52 Чи бадбахтие, хатто сарояндагони мо хам динзадаву хурофоти шудаанд. Наход кори дигаре надошта бошед. Агар ба исломи тахмили бовар доред, чаро сарояндаги мекунед? О ин дуруяги ё худ мунофики аст, ки дар шариат мунофик аз кофар бадтар аст. Чкаловск 30 май, 2016 - 17:05 Вактхои охир Бахром хама хофизхоро ба додгох кашидост. Бехруз 30 май, 2016 - 17:38 Аз моли чахон мазор дорад точик, Девонаи бешумор дорад точик.... фитнес 30 май, 2016 - 19:45 Хами одами сиёмка кадаги як чангандоз будай Хайдарбек 30 май, 2016 - 22:04 Ма да чои Гафури мебдум ... Сипар )) 30 май, 2016 - 22:07 меган Шабнам Чонибека одам кардай Хахаха и хами Чонибек буд ки Шабнама гирд гирди чахон гардонда машхурш кард, нмешид Шабнам худш рава. Хай хардушон дусту бародаран, шухи кардай ростай, дуругай бояд байни худшон хал кунан. Шахсан акаи Бахрома мешиносм, бисёр инсони заминияй, шерррри нарррай!!!! Иншааллох мардакишкати халш мекна. Чонибек 30 май, 2016 - 22:34 Хамном мебахши фикр мекардам хеле шахси "серьезно" хасти лекин кам кам беакл хам будаи! Халид 31 май, 2016 - 00:49 Аввал ин ки мусики дар ислом харом аст. Ва сароянда дар ва навозандаи мусики ва касе,ки мусикиро мехараду халоват мебарад дар мазхаби ахноф кофараш мехисобанд. Баъд ин ки Умари Форук разиалЛахум мегуяд: мард мард хисоб намешавад он даме,ки месарояду мераксад!

Muhojir 31 май, 2016 - 02:01 Du-se sol boz mehohi bo sudkashiho sude daryobi, vale nakshahot ba hamin sаr nahurda istodast. Avval Vali bud, bad boz du taronahoni afgon, holo Jonibek. Ѓариб 31 май, 2016 - 02:42 Хай дар сари кайф як шухи кардай... Зафар Курбонов 31 май, 2016 - 06:57 Бахромчон бехтарин кор мекуни. Зеро дифоъ аз акида ин мукаддасот аст, баъд рост мегуи, шариат чои шухию нагма нест, Suhrob 31 май, 2016 - 10:17 Чонибек кори хуб накарди... рустам 31 май, 2016 - 10:20 Адабгохи мухаббат нозу шухи бар намедорад! Бахром сад дар сад хакки намоз чойи шухи нест! Олим 31 май, 2016 - 11:39 Шахсан Бахроми Гафуриро намешиносам. Лекин иттифокат дар иди Шарифи Рамазон дар хонаи дусте нишаста будем, ки Бахроми Гафури бо ду рафикаш низ ба хамон хона даромаданд. Бовар кунед хеч бовари надоштам ки Бахром бо як овози хуш порае ай Куръони Карим тиловат мекунад. Бо як махорати баланд бо як овози форам ончунон кироат кард ки аз муллохои пеш пеши чумхури ягон фаркияте надошт. Лекин фикр мекунам, ки чонибек аз даргохи Ислом умуман тасаввурот надорад. Бо Бахроми Гафури дар як тарозу гузоштани чонибек маъно надорад. .... Баха 31 май, 2016 - 12:27 Хамин чонибек агар одами хуб мебуд, барои чор танга солхои пеш дар як филме ки хоричихо ба навор гирифта буданд, руйи рост секс снимать намекард.... Tahmina 31 май, 2016 - 15:44 кто такая Шабнами Сурайе? Вы ее знаете?! это Джонибек ее прославил! И еще люди перестаньте все так буквально воспринимать, это просто шутка. МИРЗОМУБИН КАРИМИ 31 май, 2016 - 21:23 эээхееее хамара шарманда карди Чонибек ман туя одами боакл фикр мекардам , .... аслаш айб дар худи хофизхои душанбе аз аввал Чонибекро дар душанбе рох намедодед, камтар хот гирифту хамай гап мезанад аз пушташ!!! Бахром Гафурия аз пушташ гап задошад аз паси дигар хофизхоям гап мезанад значит!!!!!


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

Пас аз ниёиши бардавом даст ба рў кашида, сари љойнамоз љањорзону нишаст ва њайъаташ ланљ, дар њоле, ки як њисси маѓшуш ба кулли аъзои пайкараш медавид, ба тафаккур рафт. Чашмони сурху обрав ва нињоят дар хонаи худашон фурўрафтаро ба њам оварда, ба садои дили нооромаш гўш андохт. Рўзњои охир дилаш номураттаб мезанад. Баъзан, ќафаси синааш вазнин, сим-сим дард њам мекунад. Чанд лањза пеш, ваќте ки ба рукўъ мерафт, ќалби нолонаш дар панљаи бемуруввати дарди номафњуме фишор ёфта, ин марди аз њама касу хаси олам озурдаро ба воњима андохт. Аз инояти яздонї, баъд аз лањзаяке, гирењи дарди беамон худ аз худ кушода, нафас гирифтанаш њам ќадре роиљ гардид. Танаш араќи сард фароварда, заррае худро сабук ёфт ва ба даргоњи Парвардигор шукронањо гуфта, намозашро ба зўр поён овард. Инак… рўи љойнамоз нишастааст вай. Акнун… бе њељ завќе нигоњи чашмони хираашро ба чањор њадди хона давонд. Хона равшан аст. Аз ду тирезаи тўрпардањои оњариашон ба љонибњо барчида як даста анвори бирешимии офтоб даромада, муњити онро мунаввар месозанд. Аз паллаи нимкофи онњо њавои тоза ворид шуда, сафои хонаро таъмин мекунад. Дар ин ваќту соат, ки… хуршеди олам рў ба ѓуруб нињодааст, нињоят барњавост хона, аммо…аз чї бошад,- дар он намеѓунљид Раис; нафастанг мешуд! Вай даст монда мањин-мањин гулўи худро молид ва яќин бухси дар он гирењхўрдаро нарм сохта, то роњи нафасаш равон гардад, бо азият оби дањонашро фурў бурд. Дањонаш бемаза, гўё кучула хоида бошад, талх… Баъд, аз болои куртаи обшустааш даст ба хонаи дил гузошт. Њанўз дар маќомаш ноором буд дили бечорааш! Фиѓон дошт он муште аз кавири сўхтаи пайкараш!.. Худаш намедонад, чї балое зад вайро? Чаро замираш ин тавр, яку якбора, талотум мекунад? Дар хонаи худ ба танг омада, пайваста исён мекунад? Шояд ѓаму андўњи айёми охир ба ў гарон афтод. Ё… кї медонад, аз ќазо паймонааш… Ба њар њол, аз талотуми ногањонии дилаш сахт тарсид. Тарсид, ки мабодо… -уфф-ф-ф.., Њатто дар ин бобат роиљ андешидан дарднок аст! …рафту бо амре љон ба Љонофарин супорад, њолаш чї мешавад? Яќин ягон бандаи худо хабар намеёбанд: -на фарзандон, на њаќу њамсояњо, на дўстони акнун камшумораш! Ва… нашъи ў рўи хона хору зору… бесоњиб монда… -Ё оллоњ, аз рўзњои ганда худат паноњ бидењ!-гуфт пичиррос зада ва дар худ ѓунча гашта, нигоњи пуризтиробашро ба ашёи хона: љевони ќадимасохт, чароѓи дар шифт овезон, дивану креслои замоне ангуштнамову акнун кўњна… кўчонд. Оњ кашида, аз тасаввури паёмади он оќибати вазнин бадтар андўњгин шуд. Як ваќтњо ин хонаву долонњо, њаддалимкон, моломоли нишот буданд,-ѓамгин ба ёд овард Раис.- Аз хандаву шўхињои фарзандон, аз њузури пайвандон, ёру дўстон… пур буданд. Ва… он дамњо кампири мењрубонаш њам њаёт буд. Шодии рўзгору нишоти саршори зиндагиро дар ин манзилу макон махсус таъкид месохт рањматї. Ѓами озори шавњари бадгуњарро гўё дидам намегуфт вай. Гўё фариштае буд, ки аз вуљудаш пайопай шодї мељўшид; лабонаш мудом моили ханда! Вай хуб дар хотир дорад… Баъд аз он ки… фарзандонаш парончак шуданд, онњо оилаи бадавлат ки буданд, азоб надида якеро ба шавњар гусел намуданд, сари дигареро љуфт сохтанд. Хуллас, бори шонаашон комилан сабуку аз ќарзи худ халос шуда, акнун ба фароѓи дил њаёт пеш бурдан мехостанд, ки… миёни дасту по, Муњиба… ба дори баќо пайваст! Зављаи дар рањму шафќат бењамтоаш, ѓамзудову нињоят бовафояш.., фариштааш! Раис бадард лаб газид ва оби чашмонашро бо пушти даст пок карда: -Аќаллан ягон љоякам дард мекунад, мегуфт, хайр… гапи дигар буд! Одами сип-си-

НОВЕЛЛА њати бо ду пой хушу хурсанд рост гаштагїа? Тавба кардам, Худољон! Эъ-е войе-е… бало бар паси њамин дунёи номард!-гуфт нимшунаво вай.-Мегуфтанд, ки вафо надорад ин аљузаи бадгуњар, шафќат надорад ин маккораи носер! Дар як он чиззу биз месўзондааст ва њамон лањза ба равѓани худат бирён њам мекардааст, ки хабар намеёфтаї! Раис боз оњ кашид. Ин дафъа сўзонтар ва лаби домани љелакашро ба рўи зонувон хобонда, маънидор ба љониби тиреза назар партофт. Аз паси панљањои сербарги дарахтон гузашта, ба хона анвори дар ин бегоњонї мулоими офтоб медаромад. Њамчунин аз чашмаки кушодаи тиреза њавои бањорї ворид мегардид. Вай муддате ба манзараи паси тиреза нигариста, хаставу озурда аз дил гузаронд, ки њанўз ба намози шом фурсат њаст. Ва… ќалби нооромаш њамон дам сим-сим халида, чашм аз тиреза бардошт; бо таассуф барчид нигоњашро ва сар хам намуда, аз нав ба фикр фурў рафт.

касе нест, ки бемукофот биравад! Мана мисолаш: вай њам њар чї дар њаёт кошта буд, фурсаташ расида, медаравад… ва ба ин худаш амин аст! Худованд ба ду чашми сараш чунон нишонаш дод, ки…эњ-ња-а-а..! Акнун кадом ангушташро бигазад?! Ё аз алами фурўзон ба пушти кадом даст дандон бимонад?! Дар њар маврид дард мекунанд он аъзои озорёбандаи танаш! Медонад, ки… њоло аз кардањои худ њазорон бор пушаймон бошад њам, сари мисли курут ќоќашро ба сад дару девор занад њам, суде надорад! Мефањмад, ки оби рафтаро бозпас гардондан номумкин аст, як амали берун аз тавони бандагонаш аст. Агар аќлаш, -њамин аќли парешонаш! - пештар даромада, дунёро аз њар љињат ба тарозуи адл андохта медид, атвори худро њам сари ваќт аз элаки одамият мегузаронд ва… аќаллан, ба фаровези

РАИС Фаромўш накардааст: …ваќте ки калиди саодат дар љайбаш буду домани хушбахтињо дар дасташ ва мехўрдааш дар пешу нохўрдааш дар ќафо… масрур зиндагї мегузаронд, вайро як дасти неруманде, ногањон, аз остини осмонњо канда, ба зиллат рўи хок шинонд! Оњњ-њ-њ..! Болои хоку хамуч, рўи тўда-тўда гандагї… Аз он рўз оѓозан чашмонаш мош барин кушода шуда, аз њаќиќати њаёт гўё хабар ёфт. Воќиф гардид, ки ќуфлкушои њама асрори олам пулу мол набудааст! Дар назди ѓазаби Парвардигор бандааш-бигзор мисли ў Раиси як замонањо давлаташ саршор бошад!- оќибат њаќиру нотавон мемондааст. Аз дасташ ягон кори кироие намеомадааст! Ин њаќиќати талхро акнун, мавридаш омада, фањмид. Замоне дарк намуд, ки пас аз вафоти Муњиба боз се бор хонадор шуд. Аммо ба хўи бади Раис тоб наоварда, соле нагузашта он бевањо гурехта рафтанд ва ў дар чорсўи зиндагї бе мањрами тан монда, азияти бемисле дид, ба дасти навозише зор шуда, оби дидагонаш чак-чак рехтанд. Људої аз нимаи тан-зани роздону нозбардораш ба ў хеле сангин афтод. Бо сафари бебозгашти вай файзи хонадонаш низ парида, кунун ба сараш беист санги маломат меборад. Ин зарбаи ногањон ќомати росташро хам ва миёни бардамашро шикаст. Боз… дар њамин айёми барояш мураккаб зайли замонањо таѓйир ёфта, аз мансабаш, молу манолаш, давлату њашамаш низ људо гардид. Дар як дам људо гардид! Гўё куллашон яхпорае бошанд, об шуданду рафтанд. Ана баъд, ѓаму андўњ думњодум домангираш шуда, оќибат вай- марди њамеша хушбахт, пешгањнишини даврањо..!аз оламу одам канора љуст, хонашин гашт. Магар њамин ќадар њам бевафо мешавад дунё?! Нома-а-ард!-ноаён мушт гирењ сохт вай ва чашмонаш мил-мил дубора зери забон гуфт: -Куљоянд он айёми масарратбахш?! Эњњ-њ-њ… њамааш бењуда будааст!биннї кашида, сари ин дам аз андешањо гаронашро поин андохт. Паињам оњ кашид ва оњиста пешонии пурчинашро молида, бо надомат лаб зери дандон гирифт. Ќатра-ќатра ашки сўзон њам аз дидагони ѓамгинаш зањида ва муддате дар партави офтоби бегоњї дурахшида, пас сарозер афтиданд. -Њаёт… аљаб гардишњое доштааст! Ва… мураккабу нињоят бешафќат будааст. На ба шоњ мурувват мекардааст, на ба гадо тарањњум!-нигоњи чашмони намаш ба дари даромад бо таассуф аз дил гузаронд ў. -Боз… дар дунё мукофоти амал ном чизе вуљуд доштааст, ки бандагонаш набояд аз он ѓофил бошанд. Охир, дар ин олами дудар

дањонаш нек назар мекард.., шояд ба ин ањвол гирифтор намемонд, мумкин имрўз, дар гашти умр, ин ќадар ба мусибат намепечид! Онњо, фарзандонаш,-як писару як духтари акнун бахонаву љой- њам дилсўзона зудзуд аз њолаш хабар гирифта, намегузоштанд, ки падарашон танњогиро њис кунад, зиёда уќубат бинад, нињоят… рўзгори чароѓон ба сар барад! Инак нури дидагонаш ба падар чандон мењр надоранд. Муомилаашон сард аст. Гўё аз пушту камари мутлаќо бегонае рўида бошанд, аз паси панља менигаранд, бефарќ менигаранд. Пас, маълум мешавад, ки дар гузашта, ваќти беолоиши бачагиашон, ќалби нозукашон аз аъмоли бади падар бебаркаш захмњои носур бардоштаанд. Пас, то имрўз кирдори ўро фаромўш насохтаанд. Шояд њаргиз аз ёд набаранд! Аммо…чї илољ?- ба њамааш худаш айбдор аст! Боз кї њам гунањкор мебуд?! Онњо-мевањои умраш,- низ аз баддањонии ў хеле озорњо дидаанд… Ёдаш њаст, ки кадом як шаби бедоди зимистон мастомаст занашро бо ду кўдаки навпо аз хона ронда буд. Боз як бор не-е, чанд бор такрор ёфта буд чунин кор! Зављааш-ку, -Илоњо, љоякаш пешгањи љаннат бод! -ваќти зиндагї зањри забону зарби мушту лагади вайро фаровон чашидааст. Аммо бечора, дамаш дарун, мегашт ба кори рўзгор андармон шуда. Рањматї ноилољ љафои шавњари бадгуњарро босаброна тањаммул мекард. Лекин… чї шуд оќибат? Шояд аз дилозории ў буд, ки њамсараш- акнун фањид, ки зани беѓубори саропо латофат будааст ў!-дарун-дарун ѓуссањо хўрда, охир дар як нафас ба сўи Холиќи худ рафт. Љавон рафт он мушти пар! Рўзи равшанро надида… Ва имрўз бари Раиси номдори дар замонаш пешкор, рањбари хел-хел идорањо… -Илоњи раис нашуда, дар тангнои мазор мерафт ў!холист, оѓўшашу љогањи хобаш низ чун баѓали барфистони кўњњо сард аст! -Худољон, бубахшо ин бандаи пургуноњатро!-пич-пич ба забон овард Раис ва бо сари хам боз ба фикр рафта: -Чаро ў як умр бадгапи баддањон буд, чаро ин ќадар дилозор буд?-њаргиз намефањмад!-ноаён оби дањон фурў бурд ва аз табиати мураккабаш дар бадали ин чанд соли танњої сахт дар тааљљуб монда, гаштаву баргашта њайрон шудаву ноилољ гирењбон ќапида, њоло аз чї буд, ки… барќосо аз дил гузаронд: -Пас, сиришти худаш аз рўзи азал вайрон будааст, ё кї медонад… хокаш мурдор будаасту аз он лояшро вазнинтар шўридаанд, ки фарљоми кор… хайр, маълум њама пасманзараш.

Вагарна… шояд… -Боз Худо медонад..!- тааљљуб варзидаву алами сўзон дар сина дубора гирењбон ќапид вай. Шамоли бегоњрўз аз нав љон гирифта, паллаи нимкофи тирезаро гузашта, рў-рўи хона ба сайр омад ва ба машоми Раис бўйи гўштбирёнро расонд. Яќин аз хонаи њамсоя пањн мешуд ин бўйи иштињоангез. Вай ноаён оби дањон фурў бурд ва рўдањояш ба ѓалаён омада, нињоят пай бурд, ки хеле гурусна мондааст. Як замон њамин хел бўйњои хуши таъомњои хел ба хел аз хонаи ў ба сўи њавлињои атроф мерафтанд. Акнун баръакс! Аз он љонибњо ба хонаи вай омада, зуд-зуд аламашро оварда, хотироти хуфтаро бедор месозанд. Ўро ба ёди зављаи шодравонаш, ёру дўстони инак паю ќадамашон комилан канда… мебаранд. Раис, дар доми хотирањои наву кўњна, вазнин аз сари љойнамоз хест. Бо кадомин андешае назди тиреза омада, ду даст дар ќафо, њайкалвор рост истод ва чашмаш ба офтоб афтод, ки дар паси шонаи дарахтон руст мешуд. Баъд аз чанде намози шом њам фаро мерасад. Аммо гурусна аст вай. Агар наберааш Рањматљон-писараки духтараш Фарзона… ягон дами гарм наорад, имшабро бо шиками гурусна поён хоњад овард. Боз њам шукр мегўяд, ки писару духтараш њастанд. Онњо дар њавлии падар зиндагї накунанд њам, баъзан омадаву рафта камобеш аз њолаш воќиф мегарданд. Худ натавонанд, фарзандонашонро мефиристанд, ки аз њоли бобо хабар гиранд. …Боз аз ину он тўлонї фикр карда, фурсаташ расидан пас бедилон намози шомро хонд… Ин дафъа зуд аз сари љойнамоз хест. Хона ба коми торикї мерафт. Ва… Ў чароѓро рўшан намуд. Дар як дам ба ашёи хона гўё љон давида, ба сурати азалиашон намудор гаштанд. Баробари ин дили торики Раис њам гўё заррае рўшної ёфта буд ки, аз паси дарвоза… дарвозаи оњанини рангхўрда… садои љонхароши кўдакона ба атроф танин андохт, ки омехта бо љакидани гулдуросии саг ба гўши Раис нишаста, ўро аз вартаи андешањои беохир рањонд. Боз садои раъдосои аккоси саг баланд шуд. Баъд чун барќ чирроси тарсолуди бачагона... Раис овози наберааш Рањматљонро шинохта, хаёлаш ба сад кўй рафта калавидаву дар пеши роњ ба дару девор бархўрда, афтодаву аз њавли љон дубора бар пой шуда, ба самти дарвоза шитофт. -Тур, ту-у-р, бадбахт! Нарас гуфтам! Нара-ас… Боз садои бадвоњимаи сагу чирроси бача баланд гардид. -Ќарабош, ту-ур!-боз овоз андохт Раиси мўйсафед, ки њоло ба дами дарвоза расида, чї хел аз остони њавлиаш берун ќадам гузошт, худ бехабар монд. Аммо... Њамин он ба дилаш.., ба ќалби дар давоми рўз нолонаш, гўё ханљаре хаста бошанд, њастиаш сангин гашт! Мушти ба тањдид бардоштааш дар њаво муаллаќ монда, бо дасти дигар синаашро ба чангол овард. Дар димоѓаш буйи оши палави иштињоангезу дар гўшњо садои махлути сагу овози љонхароши набера, љисми бемадораш дар дами дарвозаи як паллааш боз... оњиста шорида, ба замин афтид! Вуљудаш лањзае дар панљаи дарди беамон тапида, баъд… аз паси шарорањои беадади раќсон, ки ўро ноаён ба коми торикии мармуз мехонданд, гоњ падид омадаву гоњ батамом ѓайб зада, бо њама манзараи шомхўрдаи атроф омезиш ёфта хира- хира Рањматљонро дид, ки… шояд аз тарс! ё... яќин аз ѓазаби Карабош ба аќибаш нанигариста, медавид.., балки мегурехт! Ва боз... ...ваљоњати воњиманоки саги њамсояро… дид, ки думашро ѓолибона љунбонда, аз таки чашм ба ў бадќањр менигарад; нигоњаш як даста оташро мемонад. Вай аз ќафои раќиби гурезон зафарманд љакидаву ба оши палави акнун хоколуд њарисона дањон зада ва донањои биринљро аз миёни шикастањои лаълии чинї бо забон чиндачинда, ба Раиси њоло комилан хомўш тањдидомез меѓурриду дандон сафед менамуд. Шариф ХАЛИЛ


НОМАИ БЕТАЊРИР Ба президенти Тољикистон Эмомалї РАЊМОН Бо шикояти дубораи хонаводаи Алимардоновњо, Суди шањри Њисор баррасии парвандаи марбут ба марги Абдусамад Алимардонови 70-соларо, ки дар пайи муноќиша оилавии ду ќудо њалок шуда буд, аз сар гирифтааст. Наздикони Алимардонови марњум мегўянд, падарашон дар пайи латукўби 15 -20 нафар ба њалокат расидааст. Маќомот ба ин оила пешнињод кардаанд, ки аз даъво даст бикашанд, вагарна нисбати онњо низ парванда боз хоњад шуд. Онњо мегўянд, ба адолати судї бовар надоранд ва танњо дахолати Президент Эмомалї Рањмон метавонад ба тањќиќи одилонаи ќазияи ба сарашон омада мусоидат кунад ва гунањкоронро љазои сазовор бидињад. Зарифамоњ Алимардонова духтари марњум наќл мекунад: "Мо 2-юми феврали соли 2015 аз оилаи Низомовњо В. Н.-ро ба додарам Њасан Алимардонов келин кардем. Дар давоми чанд моњи зиндагиашон муносибаташон хуб набуд, келин ба гапи хусуру хушдоман гўш накарда, аз хона баромада рафт. Аз байн чанд моњ гузашт падарам Самад Алимардонов, соли таваллудаш 1947 рўзи 25-уми январ 2016 бо њамроњии додарам Фаррух Алимардонов ба беморхонаи ноњияи Њисор барои санљиши ќанди хун рафтанд. Њангоми аз беморхона баргаштан, Ш. Н. ва Љ. Н, ки таѓоии келин мебошанд, пеши роњи падарам ва бародарамро гирифтаанд. Падарам даст дароз карда, салом кардан мехостааст, ки Ш.Н. дашномњои ќабењ карда, аз гулўи падарам дошта, сахт зер мекунад. Дар њамин ваќт роњгузарњо падарамро аз чанги Ш.Н. рањо кардаанд. Падарам барои мо њам падар буданду њам модар. Мо панљ фарзанд дар хурдсоли аз модар мањрум шудаем. Падарам ба њама сахтињои зиндагї нигоњ накарда, фарзандонашро ба воя расониданду, мо бошад дар лањзањои охири умрашон натавонистем аз дасти ќотилон рањояш кунем. Ба дардаш даво бахшем. Рўзи 31 январи соли 2016, тахмин соати 14:00 раиси мањалла Ќурбон Низомов бо падарам суњбати телефонї карда, мегўяд, ки оилаи келин барои бурдани кўч меоянд. Падарам иљозат дода гуфтанд, ки омада њамаи чизњояшонро баранду аз се нафар зиёд ба хонаи ман надароянд. Аммо онњо мисле ки пешакї наќша кашида бошанд, ба хонаи мо 20 нафар даромаданд. Љ.Н., Љ.Н., А.Н., А.Н, Ќ.Н., О.Н., М.Н., Ш.Н, Р.Н., В.Н., М.Н., Ф.М., ва як мењмон аз Нозї, бо њамроњии Эшони Мухтор, Эшони Ќосим, Мўминов Донёр, Ниёзов Асрор, Ниёзов Ќурбон, раиси мањалла, Сайёд, ронанда ва устои мебел. Њамаи њаминњо ба хонаи мо даромаданд. Онњо аз тўйи як хешашон, ки дар наздикии хонаи мо буд, љамъ шуда, рост ба хонаи мо меоянд. Ваќте, ки чизњояшонро ба мошин бор мекунанд, таѓояш љанљолро сар мекунад. Додаронам Фаррух, Њасан, келинамон Наргис, ама-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

ПАДАРАМРО КУШТАНД... књоям Тоњир ва Бањодурро зада латукўб мекунанд. Аз овози баланд падарам берун мебарояд, ки таѓоњои келин ўро тела карда, то лаби пешдолон оварда, бо "кастет" ба ќафаси сина ва сару рўяш зада бењуш мекунанду боз лагадкўб карда, аз болояш зер карда мегузаранд. Ба назди дарвоза рафта додарам Фаррухро мезананд, ки ба сари духтур наравад. Баъд амакам дарвозаро ба зўр кушода ба сари духтур меравад. Духтурро оварданд, аммо падарам алакай дар кома буданд. Падарамро соати 16:00 ба беморхонаи ноњия оварданду соати 17:15 бистарї намуданд. Бо њамин, дигар падарам ба њуш наомаданд. То соати 23:35 фаќат аз дањонашон хун омад. Дар болои сарашон нишаста, аз Худо талаб мекардем, ки шифои комилаш дињад. Афсус, падарам дигар чашмонашро накушода аз олам гузаштанд. Пас аз марги падарам, соати 12и шаб љасадашонро ба мо доданд, гуфтанд, ки ба хона баред. То ними роњ омадем, ки занги телефон шуд, то ин ки падарамро баргардонда ба беморхона барои ташхиси тиббї баАБДУСАМАД АЛИМАРДОНОВИ 70-СОЛА рем. Падарамро баргардонда, ба беморхона бурдем. То соати 4:30 субњ ташхиси латї кор мекунанд. Барои он, ки бародарони тиббї карданд. Содиќов духтуре, ки ташхис гуин ќотилон дар вазифањои баланд кор мекузаронд, гуфт, ки ў, яъне падарам Абдусамад нанд, беобрў нашаванд гуфта, мо мурдаамонАлимардонов аз фишорбаландї мурдааст. ро фурўшем?! Оё ин аз рўйи адолат аст? Сару рўи даридааш ба маргаш дахле надоштаОё ќонуне дар Тољикистон амал мекунад, аст, гўё. ки аз њуќуќњои бечорагон њимоя кунад. Барои Аммо духтурони беморхона ба мо гуфба њалокат расидани падари ман, ки марги танд, ки падарат аз зарбаи сахт хун ба майнаи маљбурї буд, он гурўњи ќотилон ба љавобгарии сараш рафта, њалок шудааст. Агар фишораш љиноятї кашида мешаванд ё не? ё ќандаш баданд мешуд, мо даво бахшида Посухи Вазорати корњои дохилии Тољикиметавонистем. Аз ин хунукназарї, ќотилони стон ба мактуби Алимардоновњо падарам то њол дар озодї гаштаанд. МаќомоМуфаттиши Раёсати тафтишотии Вазорати шањри Њисор то њол ягон чораљўйї накарти корњои дохилии Тољикистон - М. Назиров. даанд. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ариПадарамро Љ.Н., Љ.Н., О.Н., Ќ.Н. заданд, аз заатон дар Раёсати тафтишотии ВКД мавриди зарбањои ин нохалафон, ки падарам бардошбаррасї ќарор дорад. Бо маќсади анљоми ти латукўби онњоро надошт, ба њалокат расид. фаврї, холисона ва пурра бо парвандаи љиноЊоло, пас аз марги падарам, калонњои деятии мазкур ба ШТ ШВКД дар шањри Њисор њаамон омада, ба мо мегўянд, ки аз даъвоядастури хаттї дода шуда, парвандаи љиноятї мон даст кашем. Онњо ба Шумо пулу мол метањти назорат ќарор дорад. дињанд, то хайру худоиятонро кунед. Ба онњо Мутобиќи талаботи моддаи 162 КМЉ ЉТ бо њам гуфтем, ки мо мурдаи мефурўхтагї намаќсади таъмини анљоми фаврї, холисона ва дорем, танњо мехоњем, ки ќотилони падарам пурра мумкин аст пешбурди тафтиши пешакї ќонунї љазо бинанд. Њатто калоншавандањои дар љои ошкор намудани љиноят, инчунин дар дења, ки коркунони њукумат мебошанд, ба мо мањалли будубоши гумонбаршуда, айбдоршатавсияи аз даъво даст кашиданро медињанду ванда ё аксарияти шоњидон анљом дода шапул пешнињод мекунанд. Инчунин ба мо гуфвад. Аз ин рў айни замон зарурияти ба пештанд, ки то Президент њам равед, њељ кор карбурди муфаттишоти Раёсати тафтишотии ВКД да наметавонед. Тољикистон вогузор намудани парвандаи љиноБародарони ќотилон дар сохторњои давятии мазкур мављуд намебошад.

ДОЃИ РЎЗ

БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ 15 ЊОЛАТИ "ЌАЛЛОБЇ"-РО НИСБАТАШ ТУЊМАТ ХОНД Бузургмењр Ёров дар мурофиаисудии имрўза, бино ба гуфтаи вакили дифоъ - Љамшед Ёров, тўли 2,5 соат бегуноњии худро бо далелњо исбот карда, аз 18 њолати айби нисбаташ эълоншуда, тибќи моддаи 247-и ќонуни љиної (ќаллобї) 15 њолаташро туњмат хонд. Адвокати маъруф гуфтааст, дар се њолат воќеан аз нафароне, ки дар мурофиа њамчун љабрдида ширкат доранд, ба њайси адвокаташон пул гириф-

13

та будааст, аммо бо сабабњои гуногун парвандањои ба онњо марбут ба анљом нарасидааст ва њозир аст, то маблаѓи аз онњо гирифтаашро бозгардонад. Ёров дар як мактуб ба наздиконаш, ки баъди мурофиа супурдааст, менависад, ки: Як телевизор дорам, нархаш 1400 доллар меистад, фурўшед ва пули адвокатро дињед. Як китоби Ќуръон дорам, ки ба асри 16 мансуб аст, онро низ фурўшед. Аз бонк ќарз дорам, пули

Натиљаи муоинаи тибии судї дар маитхонаи Беморхонаи марказии шањри Њисор. Муоинаи тибии судиро Содиќов А, эксперти тиббии судии дараљаи олї, бо собиќаи кории 20- сола гузаронидаст. Оѓози муоина 1уми феврал. Анљом: 13-уми феврали соли 2016. Хулоса, марги Алимардонов Самад аз норасоии кори дилу рагњои хунгард, узвњои нафаскашї, варами маѓзи сар ва шушњо дар аснои таркиши аневризми шараёни ќафои маѓзи сар, ки ба хунрезиши байни нимкурањо ва маѓзчаи маѓзи сар овардааст ба амал омадааст. Њангоми ќайди њаёт будан Алимардонов Самад гирифтори беморињои фишорбаландии шараёнї, атерослерози шоњраг, шараёнњои дил, шараёнњои асоси маѓзи сар, таасулоти дил, гипертрофияи мушакњои дил, диабети ќанд-2 дар марњилаи декомпенсатсия буд, ки хуруљи ин беморињо ба таркиши аневризм ва хунрезии маѓзи сар оварда расонид. Њангоми ташрењи тибии судии љасади Алимардонов Самад љароњатњои љисмонї дар намуди захмњои латхурда, харошњо ва хуномосњо дарёфт гардиданд, ки хусусияти пеш аз марги дошта аз таъсири љисмњои кунду сахт ба амал омадаанд ва ба фарорасии марг алоќамани надоранд. Њангоми ташрењи кимёвии судї хун ва талхаи марњум Алимардонов Самад машруботњои спиртї ва маводи мухаддир дарёфт нагардид.

бонкро дињед. Рўзномаи духтарамро биёред, то дар он имзо гузорам..." Адвокати боздоштшуда дар ин мактубаш њамчунин аз монеъ шудан ба вуруди журналистон ва љомеаи шањрвандї ба мурофиањои судї пурсида, гуфтааст, - суд хилофи Моддаи 273юми Кодекси мурофиавии љиноятї амал мекунад.

Хулосаи духтури беморхонаи шањри Њисор Хосиятов Бемор ба њолати вазнин дар беморхона бистарї шуда, аз тарафи рухсораи чапаш лат хўрдагї. Хуни бисёраш рафта, косахона ва майнаи сар осеб дидагї. Хунравии даруни сар шудагї. Дар ваќти бистарї шудан фишори хунаш ба 210/100 ИРА баробар шуд. Марги биологї дар њолати гипертонї шуд.

Tojnews

Тањияи Нилуфари КАРИМ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

ТАНЗ


НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ Моњи шарифи Рамазон низ фаро расид. Ман як суол доштам дар бораи шиканандањои рўза. Оё хунрезии дандон ва бо оби дањон фурў бурдани ин хун рўзаро мешиканад? Шањром Ќурбонов, сокини ноњияи Спитамен. Агар хун аз миёни дандонњои рўзадор барояд ва дар њалќаш дарояд, агар оби дањон бештар бошад, рўза намешиканад, аммо агар хун ѓолиб бошад, ё њар ду баробар бошанд, рўза мешиканад. ("Фатњу боб-ил-иноя". љ.1, сањ 175) Ба суоли Шумо аз Шўрои уламои Тољикистон посух доданд.

?-И БОБ Соли гузашта бояд маош, нафаќа ва стипендия зиёд мешуд, аммо нашуд. Дирўз дар бозор шунидам, ки имсол маошу нафаќа зиёд мешудааст. Ба худам гуфтам, Худо зад, акнун савдогарон бо ин бањона нархњоро ба осмон мебардоранд. Оё њамин овозањо дурустанд ва дар њаќиќат маош ва нафаќа имсол зиёд мешавад? Агар ња чї ќадар? Мазњаб СОЊИБОВ, сокини ноњияи Љалолиддини Румї Бале, хонандаи азиз, ин хабар дуруст аст. Сар аз 1-уми июли соли љорї маош, нафаќа ва идрорпулї дар Тољикистон боло бурда мешавад. Дар назар аст, ки музди мењнати кормандони идоракунии давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва низомињо 15 дарсад, кормандони муассисањои маориф, фарњанг, варзиш ва тандурустї 20 дарсад, муассисањои бахши њифзи иљтимої, аз љумла хона-интернатњо барои пиронсолону маъюбон, шуъбањои кумаки иљтимої дар хона ва истироњатгоњу осоишгоњњо барои собиќадорони љангу мењнат 25 дарсад зиёд шавад.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ Моњи шарифи Рамазон низ фаро расид. Дар ин моњи хайру баракат мусалмонон рўза мегиранд ва кўшиш мекунанд амалњои хайрро зиёдтар анљом дињанд. Аммо маро чизи дигар нороњат мекунад. Баъзе аз љавонони ноогоњ дар ќади роњ ва љойњои љамъиятї дар назди рўзадорон ягон чиз мехуранд ва ё менушанд. Аз рўи ќонунњои динї ин нодуруст аст ва ман аз њамаи њамватанон хоњиш мекунам дар назди рўзадорон аз хўрдану нушидан худдорї кунанд. Албатта, ман низ шуморо мефањмам, аксари шумо шояд бо сабаби беморї ва ё ягон омили дигар наметавонед рўза доред. Вале хоњишмандам рўзадоронро эњтиром намоеду дар наздашон чизе нахўред. Бобои САЙИДУМАР, сокини ноњияи Айнї. Барои ба суолњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат намоед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї-77, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефонии 44-600-80-38 ва 915-89-0357 занг занед. Ё ба воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

ЛАТИФАЊО

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

15

АКСИ ГЎЁ

Оилаи љавон 1 сентябр писарчаашонро ба мактаб ба синфи як равона мекунанд. Формаи мактабии нав, дар дасташ гул… баъди мактаб ўро бо хурсандї пешвоз мегиранд. Писарча бо ќошу ќавоќ даромада сумкаро ба болои диван партофта мегўяд: -Чаро шумо маро таъќид накардед, ки ин кашмокашак дањ сол давом мекунад. ******* Мард дуру дароз бо занаш бањс доранд. Мард дар охир монда шуда ба занаш мегўяд: -Майлаш, биё бо гуфти ту шавад… -Дер шуд, ман аз фикрам гаштам! ******** Мард ба духтараш: -Ин домодшаванда чї ќадар даромад дорад? -Аљоиб падарљон! Вай њам њамин хел савол дар бораи ту дод. ******** Барои он ки футболи мо томошобоб шавад, бояд ба гурўњи тренерњо иљозат дода шавад, ки милтиќро бо намак истифода баранд. ******* Ду дўст сўњбат карда истодаанд. -Имсол ман ба љазираи беодаме, ки дар байни уќёнус аст, меравам. -Чї хел зўр! Ба занат ин маъќул мешуда бошад? -Маъќул аст албатта! Вай бечора дар он љо ин ќадар ваќт зиќ шудагист бе ман…

БА ЉОИ 09 Дар ваќти зарурат Шумо метавонед ба "Агроинвестбонк" занг занед: Раис: Муродалї Алимардон 44-600-53-06 Фарруз Таѓоймуродов, муовини аввал 233-56-00 Абдусамад Нуров , муовини раис 233-32-33 Ѓоиб Давлатов, муовини раис 235-28-86 Мавлюда Ќодирова, муовини раис 236-50-72 Шуъбаи умумї: (+992 44) 6006868, 6005306, 6005307

ОЁ МЕДОНЕД? Нахуст иловае, ки ба Конститутсияи ИМА дохил шуд, тасдиќ намуд: " Конгресс набояд ягон ќонуне ќабул кунад, ки озодии сухан ва матбуотро мањдуд мекарда бошад".. Соли 1647 Парламенти Британия љашни мавлуди Исои Масењро барњам дод. Аз рўи ќонуни Норвегия хирси сафеди ќутбиро фаќат дар њолати ягон хел тањдид кардан ба њаёти инсон куштан мумкин аст. Дар штати Оклахомаи Амрико шикори нањанг манъ аст. Аз рўи ќонуни штати Алабама шудгори замини пахта бо фил манъ аст. Нил ва Амазонка- ду дарёи дарозтарин дар љањон мебошанд. Кадоме аз онњо дарозтар аст, суоли бањсист. Дарозии расмии Нил 6695 км-ро ташкил медињад, вале баъди таъсиси обанбори Насер дар болотари сарбанди Асуан дарозии он кутоњтар гардид. Агар эстуарии Пара-ро, аз њама сарчашмаи дурдаст њисоб кунем, дарозии дарё таќрибан ба 6750 км. мерасад. Охос-дел-Саладо дар сарњади Чили ва Аргентина вулќони аз њама баландтарин дар љањон мебошад. Баландии он 6887 километрро ташкил медињад. Дорои кратери бузургтаринро вулќони Тоба дар шимоли ќисми марказии Суматраи Индонезия мебошад ва масоњати он ба 1775 км. мерасад. Ин вулќони хомушшуда аст, охирин маротиба 75 њазор сол пеш хуруљ карда буд. Мауна-Лоа, Гавайхо дар ИМА, дорои 120 км. дарозї ва 50 км. масоњат аст, мањлули оташангезаш дар љазира масоњати беш аз 5125 км2-ро ташкил медињад. Аз соли 1843 ў аз њисоби миёна як бор дар 3,6 сол хуруљ кардааст. Вале аз соли 1984 хомуш аст. Мауна-Кеа ("Кухи Сафед") дар Гавай (ИМА) баландтарин куњ дар љањон мебошад. Аз пояи он дар таги уќёнуси Ором то куллааш-10 250 м. аст. Гап дар сари он аст, ки 6 њазор метр хамиши он дар таги об аст ва танњо 4205 дар баланди аз сатњи бањр аст. Умуман ин куњ аз Эверест 1357 метр баландтар аст. Куњи Эверест, баландкуњи шарќї дар шарќи Њимолой мебошад ва баландии 8848-ро доро аст ва нуќтаи баландтарин дар љањон мебошад. Номи худро Эверест ба шарафи генерал сэр Љорч Эверест (1790-1866 с.) гирифтааст. Љорч Эверест, дар солњои 18301843 генерал-губернатори Њиндустон буд.

САВОЛИ БОБ Ман аз мусофирони доимии наќлиёти љамъиятї, мањз њамон маршруткањо њастам. Ронандањо бисёр љавон. Тарзи муносибатро бо мусофир, умуман бо инсон намедонанд. Инњоро фањмидан мумкин, пулчинак надоранд, худашон пул мегиранд, баќия медињанд, дар роњ мошин бисёр, ќоидаро вайрон мекунанд бисёрињо. Асабњо хароб мешавад. Аммо ваќтњои охир як чизи бисёр бад, аз нигоњи банда албатта ба мушоњида мерасад, ки одоби муошират оњиста-оњиста мусофирон низ дар пойтахт фаромўш карданд. Масалан, ваќте пулро ба шумо медињанд ва мехоњанд, ки ба ронанда дароз кунед, касе хоњиш намекунад. Пулро фукатон оварда, ё ба китфатон зада, мегўяд: "Як нафар, дрозш ку!". Ман на як бору ду бор ба чунин нафароне, ки аз нигоњи банда албатта, бетарбия эрод гирифтаам. Посухи нафари охирин ба эроди ман њамин шуд: "Њама туѓрияй...". Ман бисёр мебинам, ки ваќте русзабонон ба маршрутка мешинанд, пул дароз мекунанд, албатта хоњишмандї мекунанд, ки: "Передайте, пожалуйста!" Ман савол дорам, ба онњое, ки ин њафтанома ба дасташон мерасад, оё шумо њам њамин њолати бисёр дуруштро эњсос кардед? Ва оё шумо ин одатро доред? Чаро? Чаро мо одоббезорем? Чаро мо аз истилоњоти мењрубонї, масалан, "марњамат", "хоњиш мекунам", "илтимос", "мебахшед", "бубахшед..." парњез дорем? Оё ин талаботи фарњанги замони муосир нест дигар? Бисёр мехостам, ки аќаллан як хонанда дар ин бора фикрашро баён кунад? Акбаралї ЊОКИМЗОДА, шањри Душанбе


ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (493), 01. 06. 2016

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

ЃУЛОМЌОДИР БОБИЕВ

Донишманди шинохтаи кимиё, ки дар тиб њам маъруфият пайдо кардааст. Яке аз муваффаќтарин олимони соња дар дањаи аввал ва дуюми асри ХХI аст. Ѓуломќодир Муккамолович Бобиев 17-уми марти соли 1960 дар дењаи Навободи Холмуродии ноњияи Вањдат, дар хонаводаи коргар дида ба олам кушодааст. Тањсили ибтидоиро дар мактаби дења гирифтааст. Мансур Абдусамадов, муаллими кимиё дар мактаби миёнаро аз устодони аввалини худ медонад, ки чашми ўро ба аљоиботи ин фан кушодаву дар интихоби ихтисос барои оянда сањм доштааст. Соли 1977 ба факултаи кимиёи Донишгоњи давлатии Тољикистон њуљљат супурд. Вале аз дохил шудан ба шуъбаи рўзона ба иллати нарасидани балли вуруд ноком шуд. Аммо нагзоштанд аз остонаи Донишгоњ ноумед ба зодгоњаш баргардад. Ўро ба шуъбаи шабонаи тањсил гузарониданд. Тибќи низоми ваќти тањсил афроде, ки шабона мехонданд, бояд њатман дар рўз ба фаъолияти мењнатї машѓул мешуданд. Бобиев имрўз њамон "нокомї"-ро оѓози неке дар фаъолиятњои имрўзаи илмии худ медонад. Зеро пас аз саршавии тањсил ў дар яке аз озмоишгоњњои маъруф ва пешќадами кафедраи органикии факултаи кимиёи донишгоњ, озмоишгоњи илмию тадќиќотии "Пептид" ба њайси ёвар ба кор шурўъ намуд. Њанўз дар айёми донишљўї вай дар байни устодон ва њамсабаќонаш њамчун донишомўзи пешќадам ва озмоишгари соњибсалиќа шинохта гардид. Аз ин сабаб ин љавони лаёќатманд аз љониби мудири кафедраи кимиёи органикї ва роњбари озмоишгоњи илмию тадќиќотии "Пептид" дотсент, номзади илмњои кимиё Ш. Холиќов, ки њоло доктори илм, профессор мебошад, ба кори илмї љалб карда шуд. Ин буд, ки вай дар соњаи синтези пептидњо ба муваффаќият ноил гардид. Чанде пас аз хатми Донишгоњ Ѓуломќодирро ба Маркази илмии кардиологии АИТ Иттињоди Шўравї барои аз худ намудани шевањои љадиди синтези пептидњо фиристоданд. Ў дар ин маркази бонуфузи илмї тањти сарпарастии яке аз олимони чавону тавоно, номзади илмњои кимиё, ходими калони илмї Дейгин И. (њоло, доктори илмњои биология, профессор) ба омўзиш шуруъ кард ва на танњо шевањои љадиди синтези пептидњоро омўхт, балки саодати онро њам дошт, ки дар тањияи яке аз доруњои навтарини ба эътидоловаранда ва таќвиятдињандаи системаи масуният Тимаген фаъолона иштирок намояд. Аз сўи дигар навиштани рисолаи номзадии худро мањз дар љараёни кораш дар Маскав оѓоз кард ва таќрибан онро ба анљом расонид. Пас аз бозгашт аз Москва Бобиев тадќиќотњои худро дар озмоишгоњи илмию тадќиќотии "Пептид" давом дод, вале бо баъзе сабабњои айнию зењнї ин озмоишгоњро тарк намуд ва барои шароити бењтаре ёфтан дар якчанд корхонањои илмию тадќиќотї кор кард. Билохира, барои давом додани пажўњишњои илмї ва амалї намудани натиљањои онњо даст ба ташкили корхонаи илмию тадќиќотї зад. Дар натиља дар соли 1992 Корхонаи хурди (њоло, Љамъияти дорои масъулияташ мањдуд) "Занд" ташкил

карда шуд, ки сарварии онро Бобиев ба ўњда гирифт. Дар ин корхона корњои илмї дар соњаи синтези пептидњои хурдмолекула ва тањияи маводи доруворї дар асоси онњо ба роњ монда шуд. Дар натиљаи бурдани тадќиќоти васеъ дар ин соња ба дастовардњои назаррас ноил гардид. Дар соли 1996 ў дар мавзўи "Тањќиќоти сохторї-функсионалии пептидњои фаъоли иммунии як ќатор тимопоэтин, тимозини бурсин" рисолаи номзадї њимоя намуда, соњиби дараљаи илмии номзади илмњои химия гардид. Дар соли 2000 дар мавзўи "Синтез ва хосиятњои биологии пептидњои пастмолекулярии тимусї ва таркиботи биологии њамоњангии онњо"-ро бо ихтисосњои кимиёи биологї ва дорусозї рисолаи докторї њимоя намуд. Аз кашфиёти муњими ў доруи "Тимотсин" аст, ки барои барќарорсозии муќовимати табии организм ба беморињои мухталиф истифода мешавад. Тимотсин ин полоиши пептидњои гармонњои тимуси чорвои калони шохдор ва моддаи кимиёвии руњ мебошад. Ба иќрори Бобиев самароварии он дар љараёни табобати беморињои давомдори иллатёбии љигар, гепатитњои вирусии (В, С, D), сиррози љигар, беморињои пўст, резиши мўй, касалињои Бехтерев, зиќќи нафас ва ѓайра эњсос гардид. Њоло ин дору дар тибб васеъ истифода мешавад ва маъруфияти хос дорад. Соли 1999 барандаи љоизаи озмуни Ихтирокори бењтарини Тољикистон гардид, соли 2000 бошад ѓолиби ин озмун шуд ва ба гирифтани медали тиллои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалї мушарраф гардид. Ѓуломќодир Бобиев дар баробари тадќиќоти илмї ба корњои илмию методї ва педагогї низ машѓул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Соли 2004 ба вай аз љониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия унвони илмии профессор дода шуд. Худи њамин сол профессор Бобиев барои корњои пурарзишаш дар соњаи педагогикаи хусусї ва таълим узви вобастаи Академияи тањсилоти Љумњурии Тољикистон интихоб гардид. Аз соли 2005-2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи донишгоњи мазкур кор кард. Аз соли 2006 профессори кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї мебошад. Њамчунин аз соли 2007 Раиси Кумитаи фармакологии Љумњурии Тољикистон аст. Профессор Ѓуломќодир Бобиев муаллифи зиёда аз 315 кори илмї, аз он љумла 50 кори илмию педагогї мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштањои химияи органикї, биохимия, фармакология ва педагогика бањои баланд гирифтаанд. Тањти роњбарии ў 6 нафар рисолаи номзадї њимоя карданд. Оиладор ва соњиби 5 фарзанд, 4 писар ва як духтар мебошад. Асарњои илмии профессор Ѓулоќодир Бобиев: 1. "Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине". Соли 2009 дар њаљми 228 сањифа дар "Издательский дом"-и Маскав чоп шудааст; 2. "Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа" (дастури таълимиву методї), соли 2009 дар шањри Душанбе интишор ёфтааст; 3. Китоби дарсї барои синфњои 11.-Душанбе, ЉММ "XEROXLand", 2007; 4. Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (дастури омўзишї), Душанбе, ПК "Политкомп", соли 2006; 5. Химияи биологї (дастури илмї бо забони тољикї); 6. Бо шарикмуаллифии У. Зубайдов, И. Шарипов, А. Њайдарова, Х.Тошев, С. Алимов дастури таълимї бо забони тољикї навиштааст.

Муњаррир: Фаридун Рањнаард

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 918 74 75 79 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Эмомалї РАЊМОН, Президенти Тољикистон: -Мо чунин фаъолияти муваффаќонаи љавононро дар њамаи соњањои иќтисоди миллї ва шохањои њокимияти давлатї ба инобат гирифта, масъалаи ворид намудани таѓйиру иловањоро ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дастгирї кардем ва бояд гуфт, ки дар ин маъракаи муњимми сиёсї љавонон аз њама бештар ба љонибдории ин њуљљати таќдирсоз раъй доданд. - Уррраааа! Уррррраааааааааа!! Уррррррррааааааааа!!! Бањром ЃАФУРЇ, овозхон: - "Ман боре њам бо Љонибек Муродов дар сафар намоз нахондаам, вай рўйирост дурўѓ мегўяд, ки гўё бо ман намози ќаср хонда бошаду ман намозро имоматї кардаам ва њама бо нишони эътироз ба тарзи намозхонии ман, маро аз сафи пеш канор рондаанд ва намозро аз сари нав шуруъ карда бошанд. Шояд ин шўхї бошад, аммо намоз ки кори шўхї нест ва ман инро тањќири эътиќодам мењисобам. Ман бисёр фикр кардам, њоло тасмим дорам ба додгоњ мурољиат кунам. Бигзор барои тањќираш, барои дурўѓу туњматаш пўзиш хоњад. -Баъди бахшишу узрнамоињо дар Фейсбук њар дуи шуморо клоунњо гуфтаанд, ба суд мурољиат намекунед? Њарчанд, нодурустии иддаои онњо бароятон хеле мушкил мешавад.

Љонибек МУРОДОВ, овозхон: - Њаминро гуфтаниям, ки агар ман бо шўхии беасосе, ки дар байни дўстон наќл кардам, акаи Бањром (Ѓафурї), хонаводааш ё мухлисонашро хафа карда бошам, бахшиш мепурсам. Ин як шўхї буд. - И-и-и! Омадед-мї? Љонибекљони додош, Америка ба килип касос, -гуфтанд-ку!

Муќим ЉУМЪАЕВ, омўзгори мактаби раќами 104-и дењаи Сўфиён: - Аввал, як хонандаи синфи 10 баъди бўидани гул дар рўи миз хобаш бурдааст. Баъди ў боз як нафари дигар аз њуш рафтаст ва нафари дигар низ ба кумаки ин духтар омада, ў њам аз њуш рафтааст. Як талабаи дигарро 100 метр дуртар аз мактаб пайдо кардем. - Як 200- 300 метри дигар мерафтед, шояд боз меёфтед? Ё не?

Зафар САЙИДЗОДА, журналист ва муњаќќи, муаллифи чандин китоб дар бораи Эмомалї Рањмон: - Сармояи аслии олам дар дасти теъдоди одамони мањдуд аст ва боќї сокинони Сайёра зердастони ин сармоядоронанд. Дар љањон, 1 дарсади мардуми љањон 99 фисади сарвати дунёро дар ихтиёр дорад. Дар ду дањаи гузашта ба таври таќрибан доимї сарватмандон сарватмандтар шудаанд ва фаќирон фаќиртар. -Дар Тољикистон њам ин њаќиќати талхи ду дањаи ахир њадди аќалл барои 40 % мисли рўзи равшан аён аст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.