“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
ДАРГУЗАШТИ ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ, АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ ТОЉИКИСТОН
1
САЊИФАИ 4 №12 (495). Чоршанбе, 15-уми июни соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
-УМ СОЛ БО ШУМО!
ЁДБУД
Сайидмуњиддин Дўстмуњаммадиён:
ДАВЛАТМАРДОНИ ХОКСОР ЊАРГИЗ НАМЕМИРАНД! САЊИФАИ 5
РАМАЗОН Дилбар Гургова:
ФАРЗАНДОНАМРО БА ВАЗИРИ МАОРИФ МЕСУПОРАМ!
САЊИФАИ 4
ДИКТАТОР
"Ошўб"-и Оќтеппа Ё чаро ба режимњои худкомаи Осиёи Марказї ба ѓайр аз "тундгароёни мазњабї" ќувваи дигаре тањдид намекунад?
ГИТЛЕР - ХУНРЕЗТАРИН ЧЕЊРАИ ТАЪРИХИ АСРИ ХХ САЊИФАИ 10
БО ШОИР
ТАРСАМ, КИ ЕКУШАНДАМ… САЊИФАИ 12
СУДИ ОЛЇ БА ДУ ЊАМПАРВАНДАИ ЊОЉЇ ЊАЛИМ ЊУКМИ АБАД ДОД САЊИФАИ 6
2
МАВЗУИ АСОСЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
Ќазияи хунини Оќтеппаи Казокистонро аз бисёр љињат ба "ошўб"-и моњи сентябри соли гузашта дар Душанбе, ки ба гуфтаи маќомот бо рањбарии генерал Абдуњалим Назарзода сурат гирифт, монанд аст. Маќомоти Ќазоќистон, амали террористии Оќтеппаро талоши сарнагун кардани режими Назарбоев аз љониби гуруњи "тундгарои мазњабї" унвон карданд, ки аз хориљи кишвар тарњрезї ва идора шудааст. Аммо фактхо аз чизи дигар далолат мекунанд...
"Ошўб"-и Оќтеппа Ё чаро ба режимњои худкомаи Осиёи Марказї ба ѓайр аз "тундгароёни мазњабї" ќувваи дигаре тањдид намекунад?
ТЕРРОРИ 5-УМИ ИЮН Рўзи 5-уми июн як гуруњи мусаллањ ба ду маѓозаи силоњ ва як ќисми низомии Горди миллии Ќазоќистон дар шањри Оќтеппа њамла карданд. Дар натиљаи ин њамлањо ва таъќиби онњо, њадди аќалл 25 нафар кушта ва дасти кам 37 нафар захмї шудаанд. Маќомоти корњои дохилии Ќазоќистон гуфтанд, ки дар Оќтеппа 13 нафар аз њамлагарон кушта ва 4 нафари онњо маљруњ шудаанд. 9 нафари њамлагаронро маќомоти амниятї боздошт кардаанд ва 6 тани дигар тавонистаанд панањ баранд. То њол маќомот ному насаби ин нафаронро фош намекунанд, аммо мегўянд аллакай шахсияти њар кадоми онњоро медонанд. Дар пайи ин ходиса Пешвои миллат (Елбаси) Нурсултон Назарбоев се руз аз назархо дур буд. Рузи чорум дар телевизион пайдо шуда, гила кард. Аз "хочагони хоричи" ва исломгароён-салафињо.
ОШЎБИ ИСЛОМГАРОЁНИ ПИВОФУРУШ? То чаласаи назди Елбаси дар Ќазоќистон гуруњи мансабдорони давлатї, аз љумла собиќ муовини аввали Прокурори генералии ин кишварро ба гумони омодагї ба сарнагун кардани њукумат боздошт карданд. Айни њол, маќомот дар бораи рабт доштани ин боздоштњо ба ќазияи Оќтеппа њарфе назадаанд, аммо миёни гумонбарони боздоштшуда, узви Шўрои конститутсионї, мушовири давлатии дараљаи дуюм, њамчунин сардори бахши корњои дохилии вилояти Ќазоќистони Љанубї њастанд. Њамчунин полковник собиќ муовини аввали сардори бахши корњои дохилї ва ду фармондењи ќисмњои низомии вазорати дифоъ дар ин вилоят боздошт шудаанд. Маќомоти амниятї њамчунин боздошти Тохтар Тулешов - олигархи пивофуруш аз Шимкентро шарњ доданд, ки аз моњи январ боздошт шуда буд. Бино ба иддаои Кумитаи амнияти миллии Ќазоќистон Тулешов, ки русгарои машхури Казокистон низ хаст, ќаблан омодагї дида, аз соли гузашта барои ноором кардани вазъ, бетартибињои оммавї ва офа-
ридани шароити мусоид ба таѓйири њукумат бо роњи зўроварї иќдом кардааст. Тулешов риштаи нозук ва айни њол ягонаест, ки тазоњуроти марбут ба ислоњоти заминро дар моњњои апрел ва майи соли љорї дар Ќазоќистон бо њамлањои 5-уми июн дар Оќтеппа мепайвандад. Ќаблан расонањои русї навишта буданд, ки тазоњурот бо маблаѓгузории олигарх сурат гирифтааст, ки ба њар нафар барои ширкат дар ин гирдињамоињо аз 50 то 150 доллар маблаѓ медодааст. Ин иддаоро расонањои русї, ки он шабурўз хеле нигарони вазъ дар Алмаато буданд, бо далеле собит карда натавонистанд. Расонахои ба Кремлин наздик аз пуштибони русхо будани Тулешов чизе нагуфтанд.
ВАЗЪИ ФАВКУЛЛОДА БАРОИ ХИЁНАТКОРОН Њоло дар шањри Оќтеппаи Ќазоќистон бинобар "тањдиди хатари террористї" вазъи фавќулодда эълон шудааст. Интернет хомўш ва алоќаи мобилї суст кор мекунад. Аз сокинон хоњиш шудааст, ки хонањои худро тарк накунанд. Кумитаи амнияти миллии Ќазоќистон бо нашри як баёния гуфт, ки як воњиди махсусаш 10-уми июн ба манзиле дар Оќтеппа њамла оварда, 4 "террорист"-ро куштанд. Њамчунин гуфта мешуд, ки як марди дигар дар кўча алайњи пулис тир кушода, аз тири љавобии маќомот кушта шудааст.
Ба гуфтаи маќомот, дар тирандозињои рўзи 10-уми июн дар Оќтеппа касе аз ањолии осоишта ва нирўњои интизомї осеб надидааст. То њол маќомот гурўњеро ба њамлањои Оќтеппа айбдор накарда, дар баёнияњо аз њамлаварон "тундравони мазњабї" ном мебаранд. Касе дар ин бора бањс намекунад, ки маќомот "тундравони мазњабї" гуфта, љангљўёни исломиро дар назар доранд. Дар њамин њол, дар шабакањои иљтимої гурўње бо номи ношиноси "Артиши озодибахши Ќазоќистон" зуњур кард, ки масъулияти њамлањои Оќтеппаро бар ўњда гирифт. Ин гуруњ гуфтааст, њамлањо дар Оќтеппа оѓози муборизаи онњо алайњи сулолаи президент Нурсултон Назарбоев буд. Дар њамин њол, то њол маќомоти далели кори дасти исломињои тундгаро будани ин њамлањоро бо далеле собит накардаанд. Аммо гуфтанд аз вуљуди гуруње бо номи "Артиши озодибахши Ќазоќистон" хабар надоранд. Нурсултон Назарбоев, ки дар паёми видеоие бо забони ќазоќї, баъди ин њодисањо гуфт, "террористонро бояд њукми ќатл дод", њамлањоро нишонањои "инќилобњои ранга" номид, ки дар Гурљистону Укроин ва Ќирѓизистон рух дода буданд. Њоло дар расонањо њодисаи Оќтеппаро, ки 400-њазор ањолї дораду дар ѓарби Ќазоќистон, як минтаќаи нафтхез љойгир аст, ба омилони дигар рабт доданї мешаванд. Аз љумла гуфта мешавад, ки дар ин мавзеъ исломгарої рў ба афзоиш оварда, аввалин њамлаи маргталабона дар таърихи Ќазоќистон соли 2011 мањз дар њаминљо рух дода буд. Аммо коршиносон мегўянд, ќатлу кушторро дар рўзи аввали моњи Рамазон ба исломињо рабт додан, мантиќ надорад. Хоса бо маблаггузории олигархи пивофуруш. Бино ба иттилои ѓайрирасмї, њамлаварон дар Оќтеппа як нафарро бо корд куштаанд. То њол далели рўшане дар мавриди даст доштани гуруњи мазњабие аз љониби маќомот оварда нашудааст. Беш аз як њафта аз ќазияи хунин гузашта, аммо то њол маълум нест, ки он кори дасти кї буд. Парлумони Ќазоќистон њам њамлањоро дар Оќтеппа мањкум кард, аммо дар њамин њол гуфт, ин њодисањо ба мазњабе рабте надоштанд.
ОШЎБИ ЊОЉЇ ЊАЛИМ-2? Як мурур кифоя аст, то умумиятњо дар ин ду њодиса - њамлањо дар Оќтеппа ва "ошўби Њољї Њалим" дар Душанбе ва Вањдатро мушоњида кард. Њатто шарњи маќомот њам ба
њам хеле монанд аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, дар њодисањои субњи 4-уми сентябри соли 2015 Абдуњалим Назарзода, маъруф бо Њољї Њалим, ки дар вазифаи муовини вазири мудофиа кор мекард, даст доштааст. Тибќи изњороти ВКД, "4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-даќиќа аз љониби гурўњи муташаккили љиноятї ба Шўъбаи корњои дохилии шањри Вањдат, инчунин дастгоњи марказии Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон њуљуми мусаллањона доир гардид. Дар натиља миќдори зиёди силоњу муњиммоти љангї аз љониби ин дастаи террористї тасарруф ва рабуда шуд. Чор нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва 4 нафар кормандони Шўъбаи ВКД дар шањри Вањдат ба њалокат расиданд. Аз љониби сохторњои ќудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористї аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуњалим Мирзо (Њољї Њалим), муовини Вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон, аъзои Њизби нањзати исломии Тољикистон, собиќ размандаи Иттињоди нерўњои мухолифини Тољикистон, ки тибќи Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон ворид гардида буд, дар асоси наќшаи пешакї тарњрезишуда ва маслињати ќаблї бо њаммаслаконаш роњандозї гардидааст. "Ошўби генерал" Назарзодаро, ки муљиби баста ва террористї эълон шудани Њизби нањзати исломии Тољикистон шуд, ба љуз аз маќомот зиёд шарњу тавзењ надоданд. Љузъиёти андак-андаки ин ќазия ба расонањо аз наздикони зиёда аз 170 боздоштшуда роњ ёфтанд, ки паси дарњои баста муњокима шуданд. Чандин нафар аз фаъолони ЊНИТ-и мамнуъ ба њабси якумрї мањкум шуданд. Бале, њаводиси хеле монанд, ки ба њар шева њикоят аз мушкили интиќоли ќудрат дар Ќазоќистону Точиќистон мекунанд. Тавре ба назар мерасад, на нухбагони њукмрони ќазоќ ва на тољик бо вуљуди Елбаси ва Пешвои миллат доштан њам, роњњали ин мушкилро, ки масъалаи асосии њар як давлатдории љавон мањсуб меёбад, наёфтаанд. Мусаллам аст, ки то онњо ин мушкилро нињодина њал накунанд, мухолифонашонро берањмона саркуб хоханд кард. Ба назар мерасад, мухолифон низ ин нуктаро дарк кардаанду муњити сиёсї ба тадриљ дигар мешавад. "Нигоњ"
НАБЗИ РЎЗ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
3
би Аллоњи бузург менамояму илтиљо мекунам, ки Худованди бенињоят борањм подоши ин њама мењрубонињоятро бидињад ва дар ин моњи рањмату маѓфират манзили охирататро ободу бињишти љовидонро бароят насиб бигардонад. Илтимоси дуъо дорам.
ДАР СЎГИ АДВОКАТИ МАЪРУФ ИСЊОЌ ТАБАРОВ Исњоќ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов, ки то охир талош кард аз њуќуќи ин соњибкори муваффаќ ва сиёсатмадори мањбус, новобаста ба монеъањову фишорњо њимоят кунад, шоми 12-уми июн дар бемористони "Якум Советский"-и пойтахт аз олам даргузашт. Адвокати маъруф 61 сол дошт. Бино ба гуфтаи наздиконаш, Исњоќ Табаров ду моњ аз мушкили нафасгирї ранљ мебурд ва дар ин муддат табибон бемории ўро даќиќ ташхис карда натавонистанд. Табибон ба пайвандони Исњоќ Табаров гуфтаанд, ин вакили дифоъ дар пайи сактаи ќалб љон додааст. Исњоќ Табаров, тањти фишорњои равонї ќарор дошт, ки ба фаъолияти касбияш рабт доштанд. Даргузашти Исњок Табаров дар њолест, ки ду писараш дар зиндон ќарор доранд. Далер Табаров, писари хурдии адвокат 28уми феврали соли љорї боздошт шуд ва аввалњои моњи июн аз љониби додгоњи шањри Вањдат ба муддати 6 моњ аз озодї мањрум гардид. Додгоњ ўро ба иттињоми "хабар надодан" равонаи зиндон кард. Писари калонии адвокати марњум Фирўз Табарови 27-сола, аз сўи додгоњи ноњияи Вањдат барои "зархаридї" ва "даъвати оммавї барои аз роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсионии Тољикистон", ба 13,5 соли зиндон мањкум шуд.
Худи адвокат боздошт ва њабси фарзандонашро омили фишор ба шахсияташ унвон карда буд. Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дигари Зайд Саидов, рањбари њизби сабтиномнашудаи "Тољикистони Нав", ки бо Исњоќ Табаров ва Шуњрат Ќудратов аз њуќуќи соњибкор ва сиёсатмадор њимоят мекарданд, њамчунин ба иттињоми тамаъљўї боздошт шуда буд. Адвокат Шуњрат Ќудратов, ки њамчунин ба иттињоми ќаллобї ва тањрикдињї ба љиноят ва пора додан муттањам шуд, феълан дар њабс ќарор дорад. Хайрулло САИДОВ, писари Зайд Саидов дар сўги Исњоќ Табаров Исњоќ Табаров барои падарам, барои хонадонамон бародарвор хизмат кардааст, ки боиси эњтироми хоса аст. Нафаре буд, ки бо вуљуди фишорњо дар њама њолату лањза моро танњо нагузошт, њамроњи мо буд, њамроњи дарду азиятњои мо буд, дили дардноку шикастаи моро тасаллї медод, ќалбамонро умед мебахшид, барои њаќќу њуќуќи падарам ва хонаводаамон талош меварзид, овоз баланд мекард. Ў њамроњи мо дарду азият мекашид, аммо ошкор намекард, мардона рафтор мекард, дар
кораш устувор буд. Ноадолатињои замона зиндагонии ўро низ пуралам кард ва оњиста - оњиста бо сўхтанњо решаи умри ўро барканд. Дар тўли се соли мусибати падарам, албатта баъд аз мањбас шудани ду вакили дифоъи падарам, буданд вакилони дифоъе, ки бо вуљуди гирифтани маблаѓ њамагї як ё ду њафта тоќат карда бо мо кор карданду халос, сипас кори падарамро партофта рафтанд. Вале Исхоќ Табаров њамеша бо мо буд, њамеша мегуфт, ки дар њама њолат аз њаќќи Зайд Саиду хонаводааш дифоъ мекунам ва ин буд, ки ин њама тањдиду фишорњо ўро ба як вакили соњибмактаб табдил дод. Ростї, дар симои ў бародари љониеро медидам, ки новобаста аз мушкилоти ба сари фарзандонаш омада, (яъне ду љигарбандаш айни замон дар мањбас ќарор доранд) моро танњо нагузошт. Шояд аз мусибати фарзандон ё ноадолатињои замона дарун - дарун сўхт, вале љое њарфе нагуфт, дардашро бо худ бурд. Шояд њамин буд, ки њатто табибон иллати сар задани бемориашро муайяну мушаххас карда натавонистанд. Эй бародари гиромї ба ёди хотират, ки боиси эњтирому ќадрдонии беандоза аст, ки дар рўзњои сахту вазнин њамроњу њамнафаси мову падари бузургам буди, як лањза њам моро аз хотир набароварда аз њаќи падари бузургам дифоъ карди ва њам инак инро вазифаи љониву эмони худ медонаму дасти дуо љони-
Адвокати маъруф Файзиниссо ВОЊИДОВА дар бораи Исњоќ Табаров: -Пеш аз њама фавти њамкасбам Исњоќ Табаров бароям ѓайриинтизор буд ва ин хабар маро хеле ѓамгин намуд. Марњумро ман аз лањзаи њимоят намуданаш аз Зайд Саидов тавассути ВАО шинохтам ва то имрўз ман боре њам надида будам, аммо то охир мубориза бурданаш марбут ба парвандаи Зайд Саидов худ гувоњи њимоятгари касбї, љасуру далер буданаш аст. Бубинед, ду нафар адвокатњои Зайд Самдовро зиндон карданд, аммо марњум натарсида муборизаро идома дод. Ин буд, ки маќомот шояд касди ўро аз фарзандонаш гирифтанду онњоро зиндон карданд. Шояд фарзандонаш гуноњ доштанд, шояд не, ман ба ин масоил хулосаи амиќ дода наметавонам, чунки аз љузъиёти парванда ошно нестам, аммо маълум аст ки ин парвандањо ва ѓами фарзандон ўро кушт. Хомўшии њамкасбон ўро кушт. Табаров дар набард танњо буду боре њам њамкасбонаш садо баланд накарданд. Аз ў љонибдорї ва дастгирии маънавї накарданд. Набудани њамрайъии адвокатњо, хомўшии љомеа ўро кушт. Ин хомўшии адвокатњо агар идома ёбад, бидонанд, ки навбати њама мерасад, дасти маќомот дароз аст, њар касе ки садо баланд кард, аз камбудї маќомот овоз баровард, таќдири Табаров интизор аст. Ба ањли пайвандонаш сабри љамил хоњонам ва Равонаш шод бод! Мањмудљон ЌОСИМОВ, дўсти Исњоќ Табаров дар бораи марњум: Аз лињози меъёрњои фардї гирем, бењтарин дўсту рафиќу бародарро аз даст додем. Аз лињози меъёрњои љомеъадорї бошад, нафаре, ки саропо самимияту касбият буд. Дар мавриди он чи иртибот ба мавзўи Зайд Саидов ва фаъолияти касбии Исњоќ Табаров марбут аст; он душворињо, нобарорињо, ончи ки ў ва дигар вакилони дифоъ, мо ва нафароне, ки бо ќонун сару кор доранд, умуман њар нафаре, ки заррае аз њаќиќату адолат тасавуроте дорад чи гуна метавонад дарёбад? Ин њама як асари баде дар нињодаш гузошта буд. Њамаваќт мегуфт, андеша мекард, норизо аз он буд, ки шояд сабабаш ман њастам, ки натавонистам дар дарёфти њаќиќату адолат дар он сатње, ки зарур асту лозим аст, ба ин ё он фард кумаке кунам. Азоб мекашид, дард дошт, вале њар касе, ки соњиби аќлу хирад аст, медонад, ки коре, ки Исњоќ Табаров карда буд, ду адвокати дигаре, ки дар бараш буданду дифои њуќуќњои Зайд Саидов бар уњдаашон буд, коре, ки инњо карданд, онњоро аз бењтарину бузургтарин њимоятгарони њуќуќ, на танњо дар љумњурї кард. Ман бо камоли масъулият мегўям, ки коре ки инњо карданд, ќањрамонї буд. Коре, ки акаи Исњоќ кард, ќањрамонї буд. Тањияи Нилуфари КАРИМ
СИЁСАТ
ТАСАЛЛИЯТИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА БАРАК ОБАМА
Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон, дар робита ба њамлаи хунин ба клуби њамљинсгароён дар шањри Орландаи ИМА ба Барак Обама,изњори њамдардї намудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президенти кишвар, Эмомалї Рањмон, сарвари давлат дар барќияи тасаллияти худ ба президенти Штатњои Муттањидаи Америка Барак Њусейн Обама изњор доштааст, ки хабари амали террористї дар шањри Орландои ИМА, ки мўљиби њалокат ва љароњат бардоштани дањњо шањрвандони кишвар гардид, бо андўњи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам. "Мављи дањшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду, на ватану на миллат, имрўзњо кишварњои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаљамъонаро алайњи ин тањдиди глобалї ќотеъона таъкид менамояд"- омадааст дар барќия.
Инчунин Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон бо изњори таъзияву тасаллият ба мардуми Амрико ва ба наздикону пайвандони ќурбониён карда, барои маљруњшудагон шифои комил хостааст. Нафаре, ки дар Орландои ИМА ба клуби њамљинсгароњо њамла карда буд, ба "Давлати исломї" байат кард. Ин иттилоъро ФБР тасдиќ карда, бино ба иттилои як ќатор расонањои амрикої ин амр баъд аз он "Давлати исломї" масъулияти њамларо ба "гей-клуб" дар Орландо ба уњда гирифт, сурат гирифтааст. Дар ФБР тасдиќ кардаанд, ки баъди дар "Ал-Амак" ном пойгоњи иттилоотии марбут
ба ин созмон нашр шудани хабар дар бораи он ки "Давлати исломї" масъулияти ин њамларо ба уњда гирифт, шањрванди 29-солаи афѓонтабори Амрико ба ин созмони террористї байъат кардааст. Бино ба иттилои ѓайрирасмї, ки дар баъзе расонањо нашр шуд, ин нафар Умар Сиддиќ Матин ном дошта, ду маротиба барои иртибот бо яке аз террристон пурсуљў шуда будааст. Дар њамла ба клуби њамљинсгароњо, шоми гузашта 49 нафар њалок ва 53 тани дигар захмї шудаанд. Њамлавар аз маќомот паноњ бурда, чанд нафарро ба гаравгон гирифтааст, аммо дар пайи амалиёти неруњои зудамал кушта шудааст. Дар Амалиёт 11 нафар ширкат карда, як афсари амрикої захм бардоштааст. Дар шањри Орландо њолати фавќулодда эълон шудааст.
TojNwes
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
Ќањњор Мањкамов, ходими сиёсї ва нахустин президенти Тољикистон 8-уми июн дар синни 85-солагї аз олам даргузашт. Ба иттилои наздикони Мањкамов, тўли 3 моњи ахир ў аз беморї ранљ мебурд ва дар бемористони Ќарияи Боло табобат мегирифт. Љанозаи Ќањњор Мањкамов,аввалин президенти Тољикистон имрўз 9-уми июн баъд аз намози пешин дар масљиди марказии шањри Душанбе баргузор гардид. Барои видоъ бо Ќањњор Мањкамов ќариб аксари аъзоёни Њукумати Тољикистон ширкат доштанд. Азљумла Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси Маљлиси миллї, Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагон, Ќоњир Расулзода, сарвазир, Рустами Эмомалї, раиси Агентии зидди фасод, Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин ва дигарон иштирок доштанд. Дар ин маросим инчунин Оќил Оќилов, сарвазири собиќи Тољикистон ва чандин аъзоёни Њукумати ќаблї низ иштирок доштанд. Ќањњор Мањкамов тибќи васияти худаш дар ќабристони Сари Осиёи шањри Душанбе ба хок супорида мешавад. Президент Эмомалї Рањмон барои баёни таъзия ба хонаи Ќањњор Мањкамов, нахустин президенти Тољикистон рафт. Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагон, дар љаласаи навбатии Парлумон гуфт, Эмомалї Рањмон ба поси хотири хизматњои Ќањњор Мањкамов ва барои баёни тасаллият ба хонаи Ќањњор Мањкамов рафтааст. Шоми 8-уми июн Эмомалї Рањмон дар як барќияи тасаллият гуфт, Мањкамов Ќањњор Мањкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабњои мухталифи роњбарикунандаи давлатї ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таљрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тољикистон сарф кардааст. "Мавсуф њамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роњбари дилсўзу ѓамхор дар хотири мардуми Тољикистон абадї хоњад монд". Љаласаи рўзи 9-уми июни Маљлиси намояндагон бо лањзаи хомушї ба поси хотири Ќањњор Мањкамов, нахустин президенти Тољикистон оѓоз ёфт. Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагон аз хизматњои Мањкамов ёдоварї карда гуфт, "ман мисли ў дар зиндагї одами поквиљдон ва хоксорро надидам. Хизматњои шоистаи ў бо чандин мукофотњои давлатї ќадр шуданд". Ќањњор Мањкамов, 16-уми апрели соли 1932 дар шањри Хуљанд таваллуд шудааст. Солњои 1982-1986 раиси Шўрои вазирон ва солњои 19861991 котиби якуми КМ Њизби комунистии Тољикистон буд. Соли 1990 аз љониби Шўрои олї њамчун нахустин президенти Тољикистон интихоб гардид, вале баъд аз чанд моњ аз симматаш истеъфо дод. Бо рафтан аз мансаби президентї Ќањњор Мањкамов дигар ба сиёсати калон барнагашт. Тибќи ќонунгузории Тољикистон ў њамчун собиќ президент аъзои доимии Маљлиси миллї, палатаи болоии Парлумон буд. Муллораљаб ЮСУФЇ
ШАХСИЯТИ ТАЪРИХЇ
ДАРГУЗАШТИ ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ, АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ ТОЉИКИСТОН
Дилбар ГУРГОВА: ФАРЗАНДОНАМРО БА
ВАЗИРИ МАОРИФ МЕСУПОРАМ! Дилбар Гургова, модари панљ фарзанди ноболиѓ, ки барои вайрон кардани ќонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, метавонад аз 4 то 8 њазор сомонї љарима шавад, мегўяд, пас аз њукми суд фарзандонашро ба Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм месупорад. Дилбар Гургова, соњиби панљ фарзанди ноболиѓ аст. Дар хобгоњи иљора зиндагї мекунад ва панљ фарзанди ноболиѓашро ба танњої тарбият дорад. Шавњараш Амрулло Нуров њафтаи гузашта бо иттињоми даст доштан дар ошўби 4-уми сентябри соли гузашта, ба 23 соли зиндон мањкум шуд. Мушкилоти ў бо маќомот пас аз боздошти шавњараш шуруъ шуданд. Сарфи назар аз он, ки дар шароити сахти иљтимої ќарор дорад, Прокуратураи ноњияи Шоњмансур нисбаташ парванда оѓоз кард. Дар асоси нишондодњои омўзгорон, Гургова, тибќи моддаи 164и Кодекси љиноиятии Љумњурии Тољикистон, ќисмњои 1 ва 2 ба "Монеъ шудан ба гирифтани тањсилоти њатмии умумии асосї (нўњсола)" айбдор мешавад. Моддаи мазкур њадди
аќал 4 њазор сомонї љаримаро пешбинї кардааст, ки Дилбар барои ба даст овардаин ин маблаѓ бояд солњо кор кунад. Вай мегўяд, дар як рўз аз 10 то 20 сомонї меёбад, ки танњо ба хўрондани кўдаконаш мерасад. Парванда ба суди њамин ноњия ирсол шудааст. Гургуова пеш тар ба расонањо гуфта буд, ки муфатиш ба ў тањдид кардааст, ки ўро ба њабс хоњад гирифт. Дилбар мегўяд, дар дуконе фаррошї мекунад, аз нодорї наметавонад ба фарзандонаш либоси мувофиќ ба талаботи имрўзаи мактабро харидорї кунад. Муаллимон ду фарзанди мактабхони ўро бинобар надоштани пойафзоли "дуруст" аз дарс рондаанд. Бино ба гуфтаи Гургова тифлони ўро, ки аз ночорї мехост ба ятимхонањо супорад, ин муассисањо низ ќабул накарданд. Њамакнун Дилбар Гурговаро, љаримаи калон аз 4 то 8 њазор сомонї тањдид мекунад. Парванда нисбати Гургова дар асоси нишондоди омўзгорон сохта шудааст. Латофат Ѓафурова, омўзгори мактаби тањсилоти њамагонии №48 ноњия ва роњбари синфи Худоёр, писари ќањрамони ин матлаб навиштааст, ки рафтори Худоёр Нуров он ќадар хуб нест ва сару либоси мактабии дар танаш буда њам доим ифлос. Давомоташ њам хуб набудааст. Аз аввали сентябри соли 2015 њамагї 10-15
рўз ба дарс омадааст ва дигар то моњи апрели соли 2016 ба дарс наомадааст. Сайрам Саримсоќова, омўзгори дигари њамин мактаб дар нишондодаш гуфтааст, ки Нуров, писари дигари Дилбар давомоти хуб надошта, 201 соат дар дарсњо иштирок накардааст. Дар бозори 9-ум километр бо модараш савдо мекардааст. Гулрухсор Саидова, савдогари бозори 9ум километр њам ба сифтаи шоњид баёнот додааст, ки дар њаќиќат Дилбар Гурговаро мешиносад, ки дар пањлуйи ў сабзавот мефурўшад. Зиндагии Гургова вазнин буда, кўдаконаш ба модарашон кўмак мекардаанд ва Дилбар Гургова инсони хуб ва бо њама муносибати нек дорад. Айбдоркунанда ё прокурор пешнињод кардааст, ки мутобики моддаи 61-и КЉ ЉТ њолатњои сабуккунандаи љавобгарии љиноятии Дилбар Гурговаро ба назар гиранд, ки бори аввал содир кардааст. Вай њамчунин аз кирдори содирнамудааш сидќан пушаймон аст... Аљиб аст, ки тафтишот аз омўзгорон намепурсад, ки чаро нисбати Гургова пештар то замони боздошти падарашон ба маќомот шикоят набурдааст? Чаро дар парванда нишондоди Дилбар Гургова ва писараш Худоёр дар бораи талаб кардани маблаѓи моњонаи мактаб вуљуд надорад? Чаро касе дар прокуратура аз онњо
намепурсад, ки оё муаллимон аз онњо њар моњ пули мактаб талаб мекарданд, ё не? Хонум Гургова мегўяд, борњо ба прокурор гуфтааст, ки ваќте моњи октябр писарашро аз мактаб хориљ карданд, Латофат Ѓафурова чанд маротиба ба хона омада, маблаѓи мактабро талаб карда буд. Панљ маротиба ба мактаб рафтам, гуфтам монед дар дарсњо иштирок кунад. Боз њам Ѓафурова гуфт, ман кор надорам, директор мегўяд, ки њаштмоња маблаги мактабро дињад, баъд роњ медињам! Гургова мегўяд, имкони як дирам пардохт кардани љаримаро надорад ва агар суд њукмашро дар асоси ин модда содир кунад ва ўро айбдор донад, фарзандонашро ба Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм месупорад. Ў мегўяд, барои кўмак ба назди Њамидулло Фаќиров, сардори раёсати маорифи шањри Душанбе рафтааст. -Сахт дилам монд. Ваќте ба Фаќиров гуфтам, охир фарзандонамро ба хотири маблаѓи моњона аз мактаб пеш мекунанд ва инак худамро павранда кардаанд, рафту њукми мањрум аз озодї дињанд, гиред фарзандони маро саробон шавед. Гуфт, ки не! Гуфтам пас онњо дар кўча дузд ва бесавод тарбия ёбанд? Посух дод, ки агар фарзандонат љинояткор шаванд, турмањои нав сохтаем, мераванд мешинанд, њељ гап не!
Мењрбону ОРИФЇ
ЁДБУД Азизон, аз даргузашти ходими љамъиятиву сиёсии тољик Султон Мирзошо сахт андуњгин бошед. Љомеаву миллати мо дар ин рўзгори нохўш як Инсони самимї, Шахсияти гиромї, Ходими содиќ, Сиёсии муњофизакор ва Шањрванди бомасъулиятро аз даст дод. Ин Марди Бузург аз љумлаи онњоест, ки банда "оригиналњои Кўлоб" номашон мебарам. Дар борааш як очерки потретї њам навиштан дорам, ки ба хости Худо замоне чоп хоњам кард. Солхои 2006-2007, таќрибан ду сол бо њам дар як бино, дар Кохи "Вањдат" кор мекардем. Рањматї раисии Кохи "Вахдат"-ро ба ўњда доштанду мењмонхонаи "Авасто" њам расман тобеи эшон буд. Њафтае се-чор маротиба нимаи дуюми рўз ё бегоњї сайру гашт мекардем, бо њам ѓизо мехўрдем. Гоње њам дар утоќи кориашон. Ба љуз он рўзњое, ки вазири ваќти корњои дохилї Мањмадназар Салихов ба "Авасто" ѓизои нањор хўрдан меомад. Барои Салихови пуртакаббур њафтае як ё ду бор дастнишондааш Ризвон Билолов раиси њутели "Авасто" гўшти барра обпаз мекард. Рањматї вазири бадќавоќро хуш надошт, аммо љињати риояи расмиёти дарбориёни ваќт даъваташро мепазируфт. Пурсидам, ки чаро? Гуфтанд: "…дар сиёсат ваќту нерўи одам маъмулан барои онњое сарф мешавад, ки хушашон надорї…". Ду бор њам пешнињод карданд, ки агар лозим донї, бо Салихов шиносат кунам. Гуфтам зарурат нест, чун њич нукоти муштарак наметавонам дошт бо ў. Бо ин ки љавон набуданд, њар замон ба суњбатњои чандин рўз ё њафта пеш баргузоршуда ё нотамом монда бармегаштанд. Далели нав меоварданд, аз таљоруб мегуфтанд, ё бе оњанги насињат маслињати муфиде медоданд. Бо дўстон хеле самимї буданд. Боре гуфтам, њама китобњои навиштаатонро аз рафњои пушти миз дињед, хонам. Баръакси хеле аз ќаламкашон гуфтанд, зарур нест ва омирона илова карданд, ки "инсонњо аз китобњо ќимматтаранд…". Эњсос мекардам, ки суњбату њамнишинињои мо ба дигар "босс"-њои Кохи "Вањдат" хуш намеояд. Ў онњоро муаддабона "игнор" мекард. Таљрибаи бузурги њизбиву маъмурї ва бардоштњое аз њар яке аз нухбагони 30-40 соли ахир дошт. Љонибдори макевиаллизм, даќиќтараш сталинчї буданд. Ман, ки ба мактабу корномањои болшевикњои тољик як зарра њам эхтиром надорам, хеле баъзе аз бардоштњои эшонро мепазируфтам, чун ба масъалањое нигоњи инсонї доштанду ба масоиле миллї аз дидгоњи реализми таърихї менигаристанд. Мењмонњои зиёде наздашон меомаданд. Бо њар кору бањонае. Ба њама яксон рафтор мекарданд. Аз зодаи Љануб буданашон њич чиз њикоят намекард: на гуфтор, на рафтор, на либос, на тафаккур. Дар масоили сиёсї бенињоят муњофизакор буданд. Чандеро њам мегуфтанд "ин барои гапгирї меояд". Бардошташон ин буд, ки дар дастгоњи КМ Хизби коммунисти Тољикистони шўравї, мисли дарбори шоњон интригасозї омили муњими сиёсат давр буду котибони дуюм аз гапчинњо зиёд истифода мебурданд. Мехостанд дар дастгоњи њукумати нав аз ин шева кор нагиранд. Баъди ин гуна суњбатњо банда таќрибан њар бор номзади нав ба Рањбарии Дастгоњи иљроияи Президентро пешгўї карда метавонистам. Каму костагињои њукуматро хуб медонистанд, аммо аксари онњоро "иштибоњњои корї" мегуфтанд. Ходи-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
5
Сайидмуњиддин ДЎСТМУЊАММАДИЁН:
ДАВЛАТМАРДОНИ ХОКСОР ЊАРГИЗ НАМЕМИРАНД!
ми Содиќи Давлат буданд. Ба хеле аз масоил нигоњи давлатсолорона доштанд. Рањматї интелектуал набуданд, аммо фаросати том доштанд. Тамоюл ё трендњои сиёсатро хуб дарк мекарданд. Гоње њам бархилофи арзишњояш аз ташаббусњои сиёсии њукумат пуштибонї мекарданд. Бурњон меоварданд, ки "ваќте президент амр ё ќонунеро имзо кард ё расман гуфт, дигар љои бањс нест. Иљро кардан лозим ё аќќалан танќид кардан зарур нест. То ќабули ќарор зўру тавоної дошта бошї нишон дењ". Ба таъкид мегуфтанд, ки давлатдорї дар Тољикистон кори њар касу њар тоифа нест. Уболу савоби зиёд дорад. Ваќте бањси Пешво рў зад, дар њузури мардум гуфтанд, ки зарурат надорад. Президент олитарин мартабаву волотарин масъулият аст. Ин гуна мавзеъгириро танњо Шањрванд ва Ходими воќеъии давлат дошта метавонад. Хоса дар ин рўзгори нохўши миллату љомеаи мо. Солњои баъдї, гоње њам мешуд, ки номашонро аз рўйхати даъватињо ба ин ё он чорабинии миллї берун мекарданд. Барои номенклатураи њизбї коре ношуданї ва тањќиромез. Шояд аз пирї буд, ки аз ин корњо каме
азият мекашиданд. Дар матлабе аз ин бора навиштам. Дар ањди рањбарии Бахтиёр Худоёров дар Дастгоњи иљроия буд. Баъди он номи бандаро њам хат заданд. Хуб њам карданд, чун эњтиромам ба худам зиёдтар шуд. Рўзе занг зада наздашон даъватам карданд. Рафтам њузурашон. Як пиёла чой дароз карданд. Ошуфта менамуданд. Аз вазъи саломатї ва дарди эњтимолии ќалб шикоят карданд. Тасаллои дил гуфтам "медонед-ку, фишорбаландї ва бемории ќалб зуд аз рангу рўй ташхис карда мешавад. Ягон нишона несту…". Ќоњ-ќоњ хандиданд ба курсї такя зада. Баъди чанд лањза маќсудашонро гуфтанд. Шўхї кардам, ки "Устод ин хел гапњоро ба ман нагўед, бо журналистон сару кор дорам…", яъне сир нагўед. Гуфтанд, "Медонам, кї њастї. Шину чоп кун. Баъди сарам ба њама гўй. То он ваќт њич кас надонад". Бо њаяљон сари компутар шишта, васиятномаашонро, ки як сањфа навишта буданд, рўи ворд чиндам. Ним сањфа зиёдтар шуд. Он амонатро то имрўз њифз кардам. Чун хоњиши худашон буду ањамияти хоси љамъиятї дорад, барои шумо, азизон мегўям. Ин Инсони Бузург ва Ходими Давлат, ва-
зири ваќти фарњанг ва нахустин Рањбари Дастгоњи ичроияи Президенти Тољикистон ва шояд аз нахустин мушовирони Эмомалї Рањмон дар васиятномаашон кулли молу мулк ва сарватњояшон - як хонаи бисёрњуљрагї дар пойтахт, як бўстонсарои ќадима ва каме пулро ба ду тан аз наздиконашон васият карда буданд. Ин рўз, ки тани бељони ин Марди Бузург, Шахсияти гиромї, Ходими содиќ ва Шањрванди бомасъулиятро ба хок месупорем, сабаќ дорад. Барои ман. Барои Шумо. Барои кулли инсонњои бошараф. Барои хукумат ва Президент низ. Хама аз Ўем ва сўи Ў бозмегардем! Аммо давлатмардони хоксор њаргиз намемиранд. Дар ин рўзу соатњои мотам боке нест агар мардони тољик низ бигирянд, барои як њамватани баномус, барои як абармарди хоксор, барои инсоне бо дили бузург! Ин сатрњоро бо дард менависам, то ин хотира миёни садњову њазорон хотираи накў аз пирамон Султон Мирзошо дар абрњои маљозии Коинот барои њамешагї ёддошт шавад. Худо рањмат кунад ва љояшонро бињишт гардонад!
ПУРБАЊСТАРИНЊО
Бозор Собир: МУХОЛИФОНИ ИСЛОМЇ МУВАФФАЌ НАХОЊАНД ШУД! Шоир Бозор Собир гуфтааст, мухолифини њукумати Тољикистон асосан исломињоянд, ки мехоњанд бо роњњои нав ба кишвар ворид шуда, мардумро гумроњ кунанд. Вай ин нуктаро дар суњбат бо АМИТ "Ховар", ки 13-уми юин дар сомонаи агентии иттилоотии миллї нашр шуд, баён кардааст. "Мухолифини њукумати мављудаи Тољикистон асосан исломињоянд, яъне идомаи њамон мухолифони собиќ. Вале дониста бошанд, ки ба њељ ваљњ муваффаќ нахоњанд шуд. Ќаблан
тољикон мањдуд буданд, дўсту душманро намешинохтанд, вале акнун наѓз мешиносанд ва хеле оламу одамдида низ шуданд. Албатта, онњо талош доранд, ки бо сенарияњои нав ба нав вориди кишвар шаванду мардумро гумроњ созанд, вале тирашон хато мехўрад, ин тоифа барои сарвату мансабу кисањои худашон кор мекунанд. Дигар онњо на дар фикри давлатанду на дар фикри миллату мардум", гуфтааст шоири шинохта. Вай њамчунин аз њодисоти солњои 90 ва љанги шањрвандї ёдовар шуда, гуфтааст: "...Дар солњои аввали ба истиќлол расидан моро фиребу гумроњ карданд, ба майдонњо кашиданд, бародар бо бародар даст ба гиребон шуд. Ман борњо гуфтам, боз њам мегўям, ки моро
фиреб доданд, мо ки саводи дурусти сиёсї надоштем, зуд ба доми фиреби гурўњњои манфиатљў афтодем. Акнун ин мардум дигар таљрибаву сабаќ гирифтаанд, бояд њушёртар бошанду дубора ба доми ин гунањо, ки бо сенарияњои нав ба нав зуњур кардан мехоњанд, наафтанд, бахусус љавонон. Тољикистон дар муќоиса бо давлатњои њамљинси хориљиаш пешрафтатарин љумњурист. Алалхусус дар соњаи маорифу маданият, ободонї ва озодии занон. Озодии занони моро, ки асосан мероси Шўравист, занони Шарќи исломї орзу њам карда наметавонанд. Ва њамин ки иншооти бузурги аср, ифтихори миллати тољик-НБО-и "Роѓун" ба кор дарояд ва корхонањои саноатї боз њам бештар бунёд
шаванд, истиќлоли мо комилтар мешавад",таъкид кардааст Бозор Собир. Ба боварии Бозор Собир, "агар дар Тољикистони мо низ њамон солњо мисли Абдуллољонов ва Мулло Абдулло барин нафарон сари ќудрат меомаданд, љумњурї кайњо аз даст рафта буд. Яке далкаки сионизм, яке далкаки пантуркизм ва дигаре далкаки панисломизм будааст. Ваќт нишон дод. Хайрият љумњурї ба дасти шахсе расид, ки ба њељ идеологияи иртиљої олуда нест. Яъне, наќши барљастаи Президенти муњтарами мо Эмомалї Рањмон беш аз њама дар он аст, ки љумњуриро бехалал нигоњ дошта тавонист. Як љавони 40-сола аз байни мардум баромад, мардумї буд воќеан, дўсташ доштанд, аз ягон мактаби партиявї нагузашта буд, сарвар интихобаш карданд. Муњтарам Эмомалї Рањмонро мардум бисёр эњтиром мекунанд, чунки бисёр як инсони хоксору оддї ва раиятпарвар аст. Ў ба унвони Ќањрамони Тољикистон ва Пешвои миллат њазор бор арзандаю сазовор аст."
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
ЗИНДА
СУДИ ОЛЇ БА ДУ ЊАМПАРВАНДАИ ЊОЉЇ ЊАЛИМ ЊУКМИ АБАД ДОД Садриддин Неъматов ва Сирољиддин Одинаев, ду тан аз гумонбарони њамдастї дар ошўби 4-уми сентябри соли гузашта дар Душанбе ба њукми абад мањкум шудаанд. Суди олиии Тољикистон нисбати ин ду нафар, ки дар пайи амалиёти маќомот моњи сентябри гузашта, ба иттињоми њамдастї бо Назарзода Абдуњалим Мирзо, муовини собиќи вазири дифоъ боздошт шуда буданд, њукми абад дод ва бо ин њукм талаби айбдоркунандаи давлатиро ќонеъ кард. Њукм нисбати ин ду нафар пештар содир шуда, аммо бинобар муњри махфї доштани парванда, танњо имрўз тавассути наздикони мањкумшудагон расонаї шуд. Амрулло Нуров, яке аз гумонбарони дигари ин парванда низ ба 23 соли њабс мањ-
кум шудааст. Суд ба Нуров дар њоле 23 соли зиндонро раво донистааст, ки айбдоркунандаи давлатї аз додгоњ 15 соли њабсро таќозо карда буд. Бино ба гуфтаи наздикони мањкумшудагон, 10-уми июли соли љорї њукми додгоњ нисбати 9 нафар аз њампарвандањои Абдуњалим Назарзода эълон шудааст. Бино ба иттилои Прокуратураи генералї, аввали моњи сентябри соли гузашта, бо супориши Абдуњалим Назарзода ваколатдори калони оперативии маќомоти корњои дохилї Абдуллоев Зиёриддин Ќодирович њамроњ бо 20-25 нафар ба ШКД-и Вањдат њамлаи мусаллањона кардаанд. Дар натиља, 3 нафар кормандони милитсия, инчунин роњбар ва аъзои ин гурўњи љино-
СЕРХОНАНДАТАРИНЊО
СЕРХОНАНДАТАРИНЊО
ДАР СЕ МОЊ: 284 САДАМА ВА 201 ТАЛАФОТИ ЉОНЇ Дар семоњаи аввали соли равон 284 њодисаи вайроншавии ќоидањои њаракат дар роњ ба ќайд гирифта шуда, дар натиљаи он 102 нафар ба њалокат расидааст. Шумораи њалокшудагон нисбат ба њамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёд аст, ки сабабњои асосии он аз меъёри муќаррарї баланд намудани суръати њаракати воситањои наќлиёт, риоя накардани ќоидаи сабќат, манёвр, тартиби нодурусти гузаштан аз чорроњањо, бетаваљљуњии шањрвандон ба низоми њаракат дар роњ ва дар баъзе њолатњо ѓайриќаноатбахш будани њолати роњњо мебошанд, изњор дошт генерал-майори милитсия Мањмадсаид Саидзода. Ба гуфти Мањмадсаид Саидзода, соли 2015 ба Љумњурии Тољикистон 17 752 адад воситаи наќлиёт ворид шудааст, ки, дар бехатарии њаракат дар роњ бетаъсир нест. Вобаста ба ин, дар радифи корхонаву муассисањои давлатї, љамъияту ширкатњои хусусии наќлиёти мусофирбар ба фаъолият пардохтанд. "Аз љумла, наздик ба се сол аст, ки системаи худкори "Шањри бехатар" дар пойтахти кишвар амал намуда, насби камерањои назоратї дар минтаќањои дигари Тољикистон идома дорад. Бо вуљуди ин њама ибтикороти давлату Њукумат ва иќдому чорабинињои Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон масъалањои муњими дигаре низ њастанд, ки њалли сариваќтии онњо ногузир аст.
ятї Абдуллоев Зиёриддин Ќодирович ва Каримов Сайфулло аз љароњати тири силоњи оташфишон ба њалокат расида, се нафар кормандони милитсия љароњати љисмонї гирифтанд. Њамлаи дигари гурўњи марбут ба Њољї Њалимро, ки дар мањаллаи гардиши фурудгоњ сурат гирифтааст, полковник Љунайдуллоњ Умаров рањбарї мекардааст, ки ўро 2530 нафар силоњдорон њамроњї мекардаанд. Маќомот мегўяд, ки "5 нафар кормандони маќомоти милитсия, ки тибќи супориш барои дастгиркунии иштирокчиёни њуљуми мусаллањона ба шуъбаи маќомоти корњои дохилї дар шањри Вањдат сафарбар шуда буданд, бо истифодаи тири силоњи оташфишони тамѓаи автомати Калашников ба њало-
кат расида, ба 1 нафари онњо љароњати љисмонї расонида шудааст". Маќомоти Тољикистон аз љойњои њодиса, манзилњои истиќоматї ва дигар љойњои нишондоди дастгиршудагон зиёда аз 589 мил силоњи оташфишони гуногунтамѓа ва 48 њазору 943 дона тирњои ќутрашон њархела ёфтаанд. Инчунин, 34 адад силоњи оташфишони гуногунтамѓа, ки аз љониби гурўњи љинояткорон ѓайриќонунї бо худ нигоњ дошта мешуд, дарёфт гардиданд. Дар изњороти Прокуратураи генералї, ки баъди ин њамла пахш шуд, гуфта мешуд, ки : "њодисаи шаби 3-юм ба 4-уми сентябр аз ќабл тарњрезишуда буд, ки он бо маслињати пешакии Абдуњалим Назарзода, маъруф ба Њољї Њалим "бо бо сардори Раёсати инспексияи њарбии Вазорати мудофиа, полковник Умаров Љунайдулло Сатторович, муовини фармондењи ќушунњои хушкигарди ќуввањои мусаллањ, полковник Сафаров Назармањмад Муродович, сардори шуъбаи разведкаи њарбии ќушунњои хушкигард, полковник Юнусов Умар Кенљаевич ва дигар њаммаслакони љиноятпешаи худ, аз њисоби собиќ хизматчиёни њарбии баталони 25-и ќисми њарбии 31001, аз љумла Муродов Сарабек Баротович, Абдуллоев Зиёриддин Ќодирович ва дигар нафарони айни њол шахсияташон барои тафтишот номаълум, ки њар яке аз онњо гурўњи муайянеро сардорї мекарданд, наќшаи мусаллањ гардонидани аъзоёни гурўњњои љиноятї ва оѓоз намудани њамлаи мусаллањонаро зидди намояндагони сохторњои ќудратї дар њудуди шањру ноњияњои Душанбе, Вањдат ва Рўдакиро тарњрезї карданд". Дар изњорот гуфта мешавад, Њољї Њалим бо сўиистифода аз ваколатњои хизматиаш аз бинои дастгоњи Вазорати мудофиа "645 мил силоњи оташфишони гуногунтамѓа ва 64 њазору 445 дона тирњои ќутрашон њархеларо тасарруф намуда, дар автомошинањои хизматии њарбї ва шахсиашон барои ба дигар аъзои иттињодияи љиноятї таќсим намудан ба њудуди корхонаи хусусии нонпазии ба Назарзода Абдуњалим Мирзо тааллуќдошта, воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Ањмади Дониш-55 ѓайриќонунї интиќол доданд". Њамчунин, бо супориши ў ба 100 нафар аз аъзои гурўњаш сарулибоси њарбї пўшонда, мусаллањ кардаанд. TojNwes
БОЗДОШТИ СОКИНИ 44 БО ГУМОНИ ЉИНОЯТИ ЌАЛЛОБЇ Дар Душанбе марди 44 - сола сокини ноњияи Њисор бо гумони ба љинояти ќаллобї даст заданаш дастгир шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корњои дохилии кишвар, дирўз 13 июн пас аз ворид гардидани мурољиатњои шањрвандон кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноњияи Њисорро бо гумони ба љинояти ќаллобї даст заданаш дастгир намуданд. "Гумонбаршуда, соли 2015 бо роњи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шањри Хуљанд даромада, аз ў 756 њазор сомониашро гирифта, то њол барнамегардонад. Инчунин, марди гумонбаршуда аз боварии марди 36-солаи сокини шањри Душанбе суиистифода намуда, 23 њазор сомонї ва 35 њазор доллари амрикоиашро гирифта, бозпас на-
Тавре, ки назорати њамарўза дар роњ нишон медињад, дар се њолат, яъне, пагоњирўзї, нисфирўзї ва шом теъдоди воситањои наќлиёт дар чорроњањо зиёд гардида, ба танбашавї оварда мерасонад. Бинобар ин, дар чунин вазъияти мушкил масъулони Бозрасии давлатии автомобилї дар ин минтаќањо таъљилан њозир шуда, бањри ба танзим даровардани њаракати наќлиёт сафарбар мешаванд. Бо назардошти зиёдшавии теъдоди автомобилњо дар љумњурї, махсусан дар шањри Душанбе, васеъ ва навсозии роњњо љараён дорад", - мегўяд сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон . TojNwes
гардонидааст" - мегўяд манбаъ.. Аз рўи њодисаи мазкур парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишот идома дорад. TojNwes
СЕРХОНАНДАТАРИНЊО
ЗАДУХУРДИ НАВ ДАР САРЊАДИ ТОЉИКИСТОН БО АФЃОНИСТОН Дар сарњади Тољикистон бо Афѓонистон боз як задухурди нав рух додааст. Бино Муњаммад Улуѓхољаев, сухангўи Ќушунњои сарњадии КДАМ задухурд миёни марзбонони тољик ва ќочоќчиёни афѓони шаби 13-уми июн тахминан соати 01:00 ба амал омадааст. Манбаъ мегўяд, "гурўњи мусаллањи ќочоќчиёни шахсияташон номаълуми афѓон иборат аз 4 нафар дар ваќти убури ѓайриќонунии марзи давлатї бо сарњадбонони тољик рў ба рў мешаванд.
Дар натиљаи итоат накардани ќочоќчиён байни сарњадбонон ва ќочоќбарони мусаллањи афѓон задухўрд ба вуќўъ меояд. Баъди фирори ќочоќчиёни афѓон сарњадбонони тољик љои њодисаро аз назар гузаронда, ин маводи мухаддирро дарёфт менамоянд." Баъд аз задухўрд ва фирори ќочоќчиёни афѓони аз љои њодиса 22 кг маводи мухаддири навъи чарс дарёфт ва мусодира шудааст. TojNwes
РАМАЗОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
7
ЗАНГИ ДИЛЊОРО БО ТИЛОВАТИ ЌУРЪОН БИШЎЕД Њазор мартаба гўям дањон ба мушку гулоб Њанўз номи ту бурдан камоли беадабї аст. Ин байт дар мавриди тиловати Ќуръони Карим аст. Охирин дањаи моњи мубораки Рамазон ин рўзњои нузули Ќуръони Карим барои бандагони Худо, рањнамоии башар ва њидояти мўъминон аст. Дањаи сеюм, ки як дањаи љамъбастии моњи шариф аст, чандин рўйдоди муњими таърихиро дар худ љо додааст. Яке аз он шањодати Амиралмўъминин Алї (к)- мавлои муттаќиён аст ва дигар рењлати бонуи бузургвор, аввалин њамсари Расули Худо (с) њазрати Хадиља (р) мебошад. Моњи Рамазони соли дањуми беъсат, баъди се рўзи фавти Абутолиб њазрати Хадиља, дувумин шахси наздик ба Расулаллоњ (с) олами моро тарк карданд ва Расули Худо (с)-ро дар як андўњи бепоёне, ки баъдан, борњо аз он ёд кардаанд, танњо гузоштанд. Аз љумлаи санањои муњими таърихї, ки ба ин дања иттифоќ уфтодааст, нузули Ќуръони Карим аст. Ва ин китоби осмонї дар шаби Ќадр фиристода шудааст, ки аз бењтарину мукаррамтарин шабњои сол ва моњи Рамазон аст. Њамчуноне Худованди љањониён дар ояти 185 сураи мубораки "Баќара" мефармояд: "Моњи Рамазон, моњи нузули Ќуръон аст". Ва аз сўи дигар, дар сураи "Ќадр" мефармояд: "Мо Ќуръонро дар Шаби Ќадр нозил кардем". "БЕЊТАРИН ИБОДАТИ УММАТИ МАН ТИЛОВАТИ ЌУРЪОН АСТ" Ќуръони Карим ва тиловати он бузургтарин неъмат барои банда дониста мешавад ва дар ислом мартабаи бузургтаре аз ин амр нест. Њазрати Расули Худо (с) касонеро, ки Ќуръон мехонанд, "дўстони хоси Худо" унвон кардаанд. Ва дар њадиси дигар он Њазрат (с) фармудаанд: "Бењтарин ибодати уммати ман тиловати Ќуръон аст". Тиловати Ќуръон занги дилњоро мешўяд, инсонњоро аз ранљњо наљот медињад. Ва чун аз занги дил суол шуд, Расулаллоњ (с) посух доданд: "Ќалбњо олуда мешаванд ва занг мегиранд он гуна, ки оњан занг зада мешавад. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Занги ќалб бо чї чиз пок мегардад? Фармуданд: Ба василаи тиловати Ќуръон ва ёди марг". Дар њадиси дигар аз Расули Худо (с) омада: "Ќуръонро бихонед, ки он дар рўзи ќиёмат шафоаткунандаи ањли худ бошад, ду сураи дурахшон-Баќара ва Оли Имронро бихонед зеро онњо рўзи ќиёмат ба сурати ду абрпора ва ё ба сурати ду сели паррандагони болкушода ва сафбаста ба суроѓи ањли худ оянд ва аз онњо њимоят намоянд". Тиловати Ќуръони Карим, ин бузургтарин ва боазаматтарин мўъљизаи Илоњї роњу равишњои хоси худро дорад ва яке аз муњимтарин талаб бо дарки маънї хондани он аст. Ривоят аст, ки њазрати Икрима (р) њамеша дар њангоми тиловати Ќуръон аз њуш мерафт, зеро шадидан мутаваљљењи азамати он шуда буд. Ва њамвора таъкид мекард: "Ин каломи Парвардигори ман аст". Дар китоби "Лањзае бо ањли роз" ин њикоят омада: Язид ибни Каъб ривоят мекунад: Як дафъа машѓули хондани намози ишоъ будем. Њазрати Имоми Аъзам (р) низ дар байни мо њузур доштанд. Ба мањзи ин ки имоми љамоат ояи
"Изо зулзилатил арзу зилзолањо" - (Њангоме замин ба сахттарин зилзилаи худ ба ларза дарояд) - ро хонд ва баъди намоз мардум аз масљид хориљ шуданд, Имоми Аъзам (р) - ро дидам, ки ба фикр фурў рафта. Ба худам гуфтам, њоло муносиб нест, ки барои ишон эљоди музоњимат (нороњатї) намоям. Нури чароѓро кам намуда, ба манзил рафтам. Бомдод, ваќте барои додани азон омадам, Имоми Аъзамро дар њоле дидам, ки инчунин, мегуфт: "Чї ќадар бузург ва бартар аст он зоте, ки ивази як зарра (чї хубу чи бад) - ро медињад. Борилоњо! Бандаат (Ибни Нўъмон) - ро аз азоби охират наљот дењ". Язид ибни Каъб мефармояд: Имоми Аъзам (р) машѓули њамин розу ниёз ва ниёиш буд, ки азони субњро додам. Баъдан, назди ишон рафтам ва гуфтам: "Бо шамъ ниёз дорї? "Фармуданд: Хайр. Гуфтам: Азони субњ дода шуд. Фармуданд: бисёр хуб. Ва ба хубї ёд дорам, имом Абўњанифа (р) бо њамон вузўъи намози ишоъ намози субњро хонданд. Тўли таърихи дароз муфассирене, ки каломи Худоро тафсир кардаанд, зимни шарњу баёни маънии ин китоби осмонї ба одобу талаботи хости тиловати он низ таваљљўњ намудаанд ва ба бозмондагон васиятњое кардаанд, ки китоби Худоро дар кадом њолатњо бояд тиловат намуд. Мухтасари ин талаботро дар ин шакл метавон љамъбаст намуд: бо вузўъ будан, боадаб ва орому бовиќор истодан ва ё нишастан, рў ба ќибла овардан, сарро поин андохтан ва ѓайра. Имом Ѓаззолї (р), ин фаќењи бузург фармудаанд, ки набояд "ба њолати сари по нишастан ё такя бар чизе додан ва нишастан ба њолати кибр ва ѓурур Ќуръонро бихонад. Боадаб бошї ва калимоти онро шумурда, равон бихонї ва як - як њарфњоро бе аљала ва шитоб адо кунї". Тиловати саросемавор ва бидуни дарки маънї њамеша боиси сарзаниши ањли имон будааст. Аз љумла Ибни Аббос (р), ки аз љумлаи сањобагони ќарин ба Расули Акрам (с) буданд ва бештари њадисњои сањињ аз љониби эшон ривоят шудаанд, мефармоянд: "Агар сурањои "Зилзилат" ва "Ќория" - ро бихонам ва дар маънои онњо тафаккур кунам, бештар дўст дорам аз ин ки сурањои "Баќара" ва "Оли Имрон" - ро бо аљала бихонам". "Ёдам кунед, то ёдатон кунам..." Гуфтаї: Ман бо шумоям рўзу шаб,
Як замон ѓофил набошед аз талаб. Пас бад-ин нисбат ба ту њамсояем, Ту чу Хуршедиву мо чун сояем. Чун шавад, эй мўътии бемоягон, Ки нигањ дорї њаќи њамсоягон. Ќуръони Карим дастури зиндагї барои бандагони ростин, њидояткунандаи башар ба сўи Худои мењрубон аст. Худованд зоти бахшанда ва мењрубону бонавозиш аст. Ва ба њаддест, ки дар њељ каломаш бандаро ноумед аз рањмати худ намедонад. Талќин мекунад, ки сўяш оянд, бо Ў иртибот гиранд, бо Ў рози дил гўянд, зеро Ў шунавову бино ва ќабулкунандаи њар дуо мебошад. Дар ояти 154 Сураи Баќара Худои љањониён мефармояд: "Ёдам кунед, то ёдатон кунам". Муфассирин дар тафсири ин оят гуфтаанд: маќсуди Њазрати Њаќ он аст, ки бандагон бо пойдорї ва субот ва истиќомати хеш Худоро ёд кунанд. Худованд мефармояд, ки маро бидуни як лањза ѓафлат ёд кунед, то ман њам шуморо пайваста ёд кунам. Бо надомат ва пушаймонї аз афъоли зишти худ ба ёди ман бошед, то бо карам ва марњамати худ шуморо ёд кунам. Бо тарки љањону интихоби љониби ман ёдам кунед, то бо марњамат ёдатон кунам, бо ихлос ва бериё ба ёди ман бошед, то бо рањої аз чанги мушкилот ба ёдатон бошам. Бо дилњои худ маро ёд кунед, то бо аз миён бурдани андўњњоятон ба ёди шумо бошам. Муаллифи Тафсири навини Ќуръони Карим" Абдушарифи Боќизода дар шарњи ояти мазкур ин гуна менависад: "Муњимтарин омили аќибафтодагї, хорї ва бесарнавиштии мусалмонони имрўз њамин људої ва дурии онњо аз арзишњои Илоњї ва паёмњои рањоибахши дини Худо мебошад, ки асрњо ќабл шурўъ гардидааст. Ва ин раванди рў ба пастии онњо имрўз ба љое расидааст, ки дар баъзе кишварњои мусалмоннишин фарзандони онњо таќрибан аз маърифати дурусти динї ва шинохти воќеии Ислом мањрум ва бебањра гаштаанд. Онњо иззату шараф, асолати динї, арзишњои фарњангї ва сарбаландии дунёву охирати худро танњо бо бозгашт ба њарими дини Худо метавонанд ба даст оваранд". ВАЌТ ВА МАВЗЕЪИ ЌИРОАТИ КИТОБИ ХУДО Ибни Масъуд (р) мегўяд: "Њар гоњ илму маърифатро хостед, Ќуръонро
боз кунед, ба ростї илми аввалин ва охирин дар он вуљуд дорад". Ва дари њикмати Илоњї ба рўи банда аз нахустин ба забон рондани њарфе аз каломи шариф боз мегардад. Аммо барои тиловати он ваќту соати хосеро мушаххасан нишон надодаанд, то банда имкони зиёд дошта бошад, ки каломи Худояшро мутолиа кунад. Танњо дар баъзе њолатњо хондани онро нољоиз медонанд. Масалан, њангоми хутбаи намози љумъа, ки бояд намозгузор гўш фаро ба хутба дошта бошад. Дар бозор, ки љойи сермаѓал ва ё ба таъбири Расули Акрам (с) "хонаи шайтон аст", тиловати Ќуръон бо садои баланд мумкин нест. Ќуръонро бояд дар љое тиловат кунанд, ки њозирин ба он гўш андозанд ва аз он бањра бардоранд, на ки бо корњои дигар овора шаванд. Дар бозор зикр гуфтан ва Ќуръонро бо садои паст хондан иљозат њаст, вале бо овози баланд тиловат кардани он дуруст нест. Ё худ дар масљид њам агар мардум машѓули намозхонї бошанд, бо овози баланд хондани Ќуръон мумкин нест. Ба он хотир ки ба намоз халал мерасонад. Дар дигар њолатњо тиловати Ќуръон равост. Њато тавсия дода мешавад, ки агар имкон дошта бошанд, онро шабонарўзї бихонанд, вале бо пои ботањорат ва садои хуш. Олими шинохта, Имом Муњаммади Ѓаззолї (р) тиловати Ќуръонро дар шаб гуворотар донистаанд, "зеро ќалби инсон дар шаб фориѓтар ва дорои сафои бештар аст. Ва рўзњо агарчи инсон дар тиловат бошад, њаракат ва омаду рафтани дигарон ва иштиѓолашон ба корњои дунё ботини ўро тањрик ва машѓул мекунанд. Махсусан, дар ваќте, ки инсон љўёи коре бошад ва бад-он ки њар тур Ќуръон бихон, чї бевузўъ ва дароз кашида бошї, аз фазилат ва савоб холї нест. Зеро Худованд онро дар њамаи ањвол сутуда ва фармудааст: "Онњое, ки дар њар њолат истода ва нишаста ва хуфта Худоро ёд кунанд ва доим фикр дар хилќати осмону замин карда ва гўянд: Парвардигоро, ту ин дастгоњи боазаматро бењуда наофаридаї, пок ва муназзањї, моро ба лутфи худ аз азоби дўзах нигоњ дор" (Оли Имрон, 191).
14
8
ТАЊЛИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
МАЌОМИ ИЉТИМОЇ ВА СИЁСИИ ЗАБОНИ ТОЉИКЇ ДАР СОЛЊОИ 20-30-ЮМИ АСРИ ХХ Охири асри Х1Х ва оѓози асри ХХ дар тамоми љањон, аз љумла дар ќаламрави Осиёи Марказї низ зуњуроти мухталифи маънавї ва инќилобњои гуногун рух дода, боиси таѓйири вазъи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангї гардиданд. Ин дигаргунї ба чанд омил вобастагї дошт: Нахуст, Осиёи Марказї аз тарафи Русияи императорї ишѓол гардида, дар фазои муносибатњои тиљоратї ва сиёсї табаддулоти комилан нав ба вуљуд омад. Аморати Бухоро новобаста ба тобеияти худ аз Русия дар ин кишвар сафоратхона (элчихона) боз намуда, барои содироти ашёи хом, кушодани роњњои оњан, таъсиси бонкњо ва мубодилаи мол имконият фароњам овард. Воќеаи мазкурро профессор Н.О.Турсунов чунин маънидод менамояд: "Шикасти Россияи подшоњї дар љанги Ќрим аз Туркия, Инглистон ва Фаронса дар солњои 1853-1856 маркази эътибори сиёсати хориљии њукумати Романовњоро аз Балкан, Шарќи Наздик ба Шарќи Миёна ва Дур, дар навбати аввал ба Осиёи Миёна кўчонд" (8, с.625). Дувум, дар заминаи ин навъ муносибатњо зарурат ва шароити сафар кардану омўхтани авзои маданиву иќтисодии Русия ва сарзаминњои дигари Аврупо ба миён омад. Яке аз чењрањои барљастаи илмиву сиёсии замон Ањмади Дониш, бевосита њамчун намояндаи дипломатии аморати Бухоро пайињам ба Петроград (Петербург) (солњои 1857, 1869 ва 1874), сафар карда, бо авзои сиёсии яке аз кишварњои абарќудрати Аврупо - Русияи подшоњї, ободиву рифъати иќтисодиёт, шањрдорї, рушди саноат ва техника ошно шуд. Равшанфикри тољик Ќорї Рањматуллоњи Возењ низ баъди Ањмади Дониш хотироти сафари яксолаи (18861887) худро аз кишварњои Туркия, Эрон, Ироќ, Арабистони Саудї ба сурати китоби алоњида таълиф кард, ки он "Савонењ-ул- масолик ва фаросих-ул-мамолик" ё "Ѓароиб-ул-хабар фї аљоиб-ис-сафар" унвон дошта, нависанда авзои иќтисодиву иљтимоии шањру давлатњоро ташрењ медињад. Шоир, тарљумон ва ходими сиёсии ваќт Сайид Ањмадхољаи Аљзї дар роњи њаљ аз комёбињои илмиву техникии Туркияву Миср, Ќафќоз, Русияву Украина огоњ гардид. Мирзо Сирољуддин дар тўли сафараш, ки аз 5 июни соли 1902 то моњи январи соли 1903 идома ёфт, ба дидани мамлакатњои Олмон, Фаронса, Англия, Австрия, Швейтсария, Туркия, Эрон, Афѓонистон ва дигар сарзаминњо мушарраф гардида буд. Ў дар сафарномаи "Туњафи ањли Бухоро" ањволи раият, кишвардориву шањрдорї, вусъати ободиву пешрафти тиљорат, илму маънавияти њар минтаќаро тасвир мекунад. Севум, ба сабаби вуруди рўзномаву маљаллоти русиву туркї, арабиву форсї, чун "Сирољ-ул-ахбор", "Сирољ-ул-атфол", "Иршод-ун-нисвон", "Амонул-ахбор", "Ислоњ", "Ойинаи ирфони иттињод", "Бедорї ва иттифоќи ислом", "Анис", "Њабл-улматин", "Чењранамо", "Парвариш", "Тарљумон", "Мулло Насриддин", "Ваќт", "Миръоти ибрат", ки як бахши аъзами ин љаридањо дар Мисру Њиндустон ва Эрону шањрњои мусалмонии Русияи подшоњї ба табъ мерасиданд, бедории фикрї рух дод. Њамзамон дар шањрњои Самарќанду Бухоро ба эњтимоми равшанфикрони тотору њозарї, амсоли Исмоили Ѓаспарї, Мирзољалол Юсуфзода ва љавонбухороиён, чун Мањмудхоља Бењбудї, Сиддиќхољаи Аљзї, Њољї Муин, Мирзо Сирољ, Мунавварќорї Абдурашидхонов, Абдулвоњиди Мунзим, Садриддин Айнї рўзномаву маљаллањои "Бухорои Шариф", "Самарќанд", "Ойина" ва ѓайра таъсис ёфт. Ин омил низ боиси таљдиди таъриху фарњанг ва забону адабиёти тољик гардида буд. Бино ба навиштаи профессор Н.О.Турсунов Мањмудхоља Бењбудї дар маќолаи "Ду забон не, чор забон лозим" (маљаллаи "Ойина", №1. -С.12-14.) "забони тољикии форсиро забони мадраса ва адибон, забони якчанд шањрњо ва дењањои вилоятњои Самарќанду Фарѓонаи Туркистон номид.
Вай зарурати аз худ намудани забонњои арабї, русї, туркї ва форсиро таъкид кардааст" (8, с. 679). Њарчанд тибќи ин иќтибос Бењбудї дидаву дониста љуѓрофияи мављудияти забони тољикиро дар ин маќола танг мекунад, вале фикрњои пешрав низ дар он ба назар мерасад. Чорум, ташкили мактабњои усули нав, ки бунёдгузори нахустин дабистон Абдуќодири Шакурї (18751943) буда, онро соли 1903 дар шањри Самарќанд таъсис додааст. Моњи октябри соли 1908 адиб ва ходими сиёсиву љамъиятї Абдулвоњиди Мунзим (1872-1934) дар Бухоро ин навъ мактаб созмон медињад. Таъсис ва фаъолияти мактабњои усули љадидро њукуматдорони замон намехостанд ва барои мављудияти онњо монеањои зиёд амал мекард. Бо ин њама, ин нањзати фарњангї барои ба љараёни бедории мардуми пешрафтаи љањон пайвастани тољикон наќши муассир гузошт. Панљум, падидањои сиёсиест, ки дар заминаи муборизањои дохиливу берунии Аморати Бухоро, таѓйири низоми њукмронї, ташкили Иттињоди Шўравї, таќсимоти миллї - њудудии Осиёи Миёна сар задааст. Бояд таъкид намуд, ки бо вуљуди таъсири зиёди панљ омили зикргардида талоши равшанфикрони тољик дар мавриди эњёи забону фарњанги тољикон дар аморати Бухоро бенатиља анљомид. Њарчанд аввали моњи сентябри соли 1920 баъди нашри нахустин манифести Кумитаи Инќилобии Умумибухорої, Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро таъсис ёфта бошад њам, пантуркистон монеи мављудияти забони тољикї гардиданд. Мутаассифона, пантуркистон асосан тољиконе мисли Фитрат ва Усмонхоља љадидоне буданд, ки баъди тањсил дар Туркия ин ѓояи бегонаро тарѓиб менамуданд. Таассуфовар он аст, ки ба ин гурўњ љавонони равшанфикр, амсоли Нарзуллои Бектош, Мањмудхоља Бењбудї, Њољї Мўин, Њомидхољаи Мењрї ва дигарон шомил буданд. Бино ба таъкиди устод Садриддин Айнї онњо (пантуркистон - С.Љ.) на танњо дар байни худ, балки ба мардуми шањри Бухоро њам, ки бештарини онњо забони ўзбакиро намедонистанд, ба забони туркии усмонї гуфтугў мекарданд. Пантуркистони Бухороро яке аз фарзандони сарватманди ин љо Файзулло Хољаев, ки баъдтар Раиси Љамолов С.Н. Маќоми иљтимої ва сиёсии забони тољикї дар солњои 20-30-юми асри ХХ 38 - Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро таъин шуд, роњбарї мекард. Ташвиќоти ин ќабил љавонони рањгумзада даъвоњои бисёр вазнин дошт, ки аз љумла онњо даъво доштанд, ки тољикон дар асл "њамон ўзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд" (2, с. 29). Аз ахбори "Таърихи инќилоби Бухоро" бармеояд, ки 28-уми зилќаъдаи соли 1328 дар Бухоро тариќи пинњонї Љамъияти "Тарбияти атфол" таъсис меёбад ва бо маблаѓгузориву сарпарастии он то соли 1914 30 нафар љавонони соњибфазли Бухоро ба Истанбул барои таълим фиристода мешаванд. Ин љамъият бењтарину пешравтарин љавонони Бухороро ба худ љалб намуда, аз рўи ойинномаи хуфя амал мекунад. Дар баробари дахолат ба корњои сиёсї, љамъият ба масъалаи маориф ањамияти зиёд медињад (1, 97-101). Аз ин хотир, њамчунон ки таърихнигор Н.Њотамов менависад, баъди ташкили љумњурї дар мактабњои шўравї тањсил ба забони туркї ва дар мактабњои усули кўњна бо забони тољикї сурат мегирифт. Аз шумораи умумї 12 њазор талаба дар мактабњои усули кўњна тањсил менамуд, ки ин миќдор њамагї 6,6 %-ро ташкил мекард (9, с. 293). Маълум мегардад, ки пантуркистон баъди ташкили љумњурии алоњидаи шўравї њамоно ѓояву маќсадњои худро тарѓиб намуда, садди љараёни рушди забони модарии худ мешуданд. Ба забони туркї таълим додан дар мактабњои шўравї ва ба забони мактабу мадрасањо табдил додани забони тољикї боиси аз поён рафтани тадриљии тољикон дар Бухорову музофоти атрофи он гардидааст. Ин љавонон фиребхўрдаи бунёдгузори љараёни пантуркизм, файласуф ва љомеашинос Зиё
Гёкалп буданд, ки бино ба маълумоти академик Рањим Масов ќаламрави сукунати турконро на Туркияву Туркистон, балки Тўрон - сарзамини бузургу љовидонї медонист (матни электронии китоби академик Р.Масов "Таджики: Вытеснение и ассимиляция" дар шакли PDF). Њамзамон бошќирду тоторњои ба Бухоро роњёфта, чун Ањмад Закї Валиди Тоѓан, ки номи аслияш Ањмад Закинвич Валидов буда, баъди муњољират дар Туркия унвони мазкурро соњиб шуд, инчунин Исмоил Fаспари ва Юсуф Оќчур ин љараёнро тезониданд. Гумоштагони љараёни пантуркистии Туркия Анварпошшо ва Салимпошшо бо даъвои истиќбол аз сиёсати сотсиалистии асосгузории давлати шўравї В.И.Ленин ба Осиёи Марказї омада, љараёни босмачигариро тавсеа бахшиданд. Мањз њузури онњо дар ин минтаќа боиси рух додани љанги шањрвандї шуд, ки садњо шањру дењот харобу валангор ва њазорон одамон куштаву маљрўњ гардиданд. Ихтилофи андеша миёни тарафдорони сохти наву кўњна заминаи душманиву кинтузиро дар мањалњо, њатто дар хонадонњо ба вуљуд овард. Дар ин фурсат ду воќеаи таърихї мўљиби аз равнаќ бозмондани забони адабии тољикї ва инкишофи раванди иљтимоии он гардид: 1. Зиёиёне, ки аслан тољик буданд, ба забону миллати худ хиёнати ошкор карданд ва сокинони воњидњои маъмурии тољикнишин аз арзишњову шароити таърихии забону миллати худ дур афтоданд. 2. Дар садри Љумњурии Халќии Сотсиалистии Бухоро пантуркистон ќарор гирифта, дар муддати чор соли њукумат тамоми низоми маорифу фарњанг ва маънавиётро барои таќвияту интишори манфиатњои фардиву гурўњии худ истифода намуданд. Djamolov S. N. Social and Political Status of the Tajik Language in the 20-ieth - the 30-ieth of the XX-th Century - 39 - Ин омилњо боис шуд, ки дар сароѓози пош хўрдани аморати Манѓитињо ва ташкили љумњурии навсохтор масъалаи пуштибонї, њимоят ва тараќќии забони адабии тољикї аз њоли равнаќ боз монд. Аз ин хотир, бесабаб нест, ки пас аз таќсимоти миллї - њудудї дар Осиёи Марказї сохтору њайати нави њукумат масъалаи миллатњову забонњоро дубора ба муомилоти иљтимоиву маънавї ворид кард. Баробар ба тарѓиби љамъоварии осори шифоњї, аносири луѓавии лањљаву шевањо, мардумшиносї, тадќиќи забони адабии тољикї мавзўи марказии рўзномаю маљаллањо гардид. Талош барои шинохти дубораи асолати миллї, баланд бардоштани маќоми забони тољикї, омўзиши шеваю лањљањои шањру манотиќи тољикнишин, мубоњисот дар атрофи забони адабиву гуфтугўї дертар шурўъ гардид. Академик Муњаммадљон Шакурии Бухорої сароѓози бањсњои илмии вобаста ба забонро бо таъсиси Љумњурии Мухтори Сотсиалистии Тољикистон дар соли 1924 пайванд дода, замони оѓози таълифи маќолоту баргузории анљуманњоро соли 1926 ба шумор меоварад (6, с. 4-5). Ин даъворо мўњтавои маљмўаи "Забони тољикї дар мабнои мубоњисањо" собит менамояд, зеро мусаннифону мураттибон дар ин китоб маќолањои солњои 1926-1930- ро гирд овардаанд. Ин навъи љамъ овардани маќолањо ба масоили мењварии мавзўоти умумї ва то љое ягонаи онњо иртиботи амиќ дорад. Бояд ёдовар шуд, ки бањси забони тољикї њанўз дар замони мављудияти низоми њукмронии аморат дар Бухоро ба василаи рўзномаву маљаллањои мањалливу минтаќавї ва хориљї сурат мегирифт. Ин масъала дар баробари мавзўоти марказии матбуоти ибтидои садаи ХХ, чун мушкилоту мавонеи маориф, кори дину диёнат, умури сиёсиву иљтимої, шарњи иќтисоду тиљорат мавќеъ дошт. Бо ин њама, "беэътиборї" нисбати забон дар он айём як амри воќеї буд, чунки ба забону миллат бештари зиёиёну равшанфикрон на њамчун масъалаи этникиву ќавмї, балки чун муаммои мазњабї муносибат мекарданд. Вале чун кори пантуркистон дар ќаламрави аморати
Бухоро равнаќ ёфт, масъалаи забон ањамияти этникияшро афзун кард. Пантуркистон, њамчунонки академикон Муњаммадљон Шакурї, Рањим Масов, профессорон Намоз Њотамов, Маъруфи Раљабї, муњаќќиќони дигар, амсоли Абдулхолиќи Набавї, Субњони Аъзамзод, Нўъмонљон Fаффоров ёдрас мешаванд, мавзўи забонро ба муаммои аслии ќавми турк таблил дода, барои густариши он зери ливои давлати бузурги ормонии "Тўрон" тамоми кўшишњои худро ба харљ доданд. Баробари ташкили љамъиятњои пўшидаи динї анљумани "Чаѓатой гурунги" созмон дода, бо истифода аз нуфузи мазњаби ањли суннат ва паст задани маќоми мазњаби шиа забони туркиро интишори бештар доданд. Тољиконро ба эронињо, ки як ќисми умдаи сокинони шањрњои Самарќанду Бухоро ва атрофи он ба шумор меомаданд, њаммазњаб талќин карда, бо эњёи нафрати мазњабї латмањои сахт ба пойдевори забони тољикї заданд. Чунон ки академик Муњаммадљон Шакурї менависад, ки баробари олимони тољик бархе аз муњаќќиќони рус низ дар рўзномањои "Овози тољик (Самарќанд), "Бедории тољик" ва "Тољикистони сурх" (Душанбе), "Рањбари дониш" (Тошканд) маќолањои зиёде ба табъ расониданд (6, с. 6). Њокимияти шўравї дарёфт, ки љараёнњои роиљи диниву сиёсї дар Осиёи Марказї, мисли пантуркизму панисломизм ва панэронизм барои вусъати сиёсати шўроњо ва Љамолов С.Н. Маќоми иљтимої ва сиёсии забони тољикї дар солњои 20-30-юми асри ХХ - 40 болшевизм хатари зиёд дорад. Ин гумонро њаракати аксулинќилобии босмачиён ва љангу муборизањои ошкорои пантуркистон, ки дар зери таъсири бевоситаи давлатњои Туркия ва Англия ќарор гирифтанд, ошкортару возењтар сохт. Таъќиби пантуркистон ва муборизаи мусаллањона бо босмачиён чанде аз равшанфикрони тољики хиёнаткардаро, амсоли Фитрату Бектош ва зиёиёни фиребхўрдаеро, чун Абдулќодир Муњиддинову Абдулвоњиди Мунзим (Бурњонов) водор сохт, ки аз роњи хеш баргарданд. Баъзе аз собиќ пантуркистон, чун Нарзуллои Бектош, Абдулќодир Муњиддинов расман аз миллати тољик барои гуноњњои нобахшидании хеш узр хостанд (7, с. 31-32). Бояд дар ин маврид ду нуктаро ёдрас шуд, ки мањз ба сабаби гароиши зиёиёни љавони тољик, ки як гурўњи асосиашон тањсилдидагони Истанбулу Боку буданд, дар таќсимоти миллї - њудудї сарзамини тољикон бамаротиб ихтисор шуд, шањрњои таърихї ба марзњои Ўзбекистон шомил гардиданд. Ба болои ин, масъалаи таѓйир додани алифбо њамчун идомаи таќвияти сохтмони маданият дар давраи нав мўљиби буридани наслњо аз решаи аслии забону фарњанг шуда монд. Бо ин њама, барои муттањид гардидани ин гуна шахсиятњо масъалаи гузаштан аз алифбои форсии арабиасос ба хатти лотинї боис шуд. Амри воќеист, ки њељ як забон бидуни хат - василаи ифодаи фикр, љойгоњи баланде надорад. Дар њама давру замон хат унсури асосии забон ва миллат шинохта шудааст. Аз ин дидгоњ, бањси гузаштан ба алифбои лотинї, ки иљборан сурат гирифт, равшанфикрону забоншиносон ва донандагони хуби адабиёту таърихро сари масъалаи сохтани алифбо љамъ овард. Агарчи олимону муњаќќиќон дар оѓоз муќобили гузаштан ба алифбои бегона буданд, вале аз сабаби он ки масъалаи таѓйири хат хусусияти умумииттифоќї дошту сарварони баландмаќоми Њокимияти шўравї В.И.Ленин ва Комиссариати маориф А.В.Луначарский муњаррикони ин дигаргунї буданд, дар радду ќабули ољилии он ољиз монданд. Низоми сиёсии њукмрон маќсад дошт, ки забони русиро низ ба лотинї иваз намояд. Дар баробари ин В.И.Ленин таъкид карда буд, ки дар масъалаи табдили алифбо дар ќаламрави Њокимияти шўравї ба саросемагї роњ надињанд. Шояд В.И.Ленин дар соли 1924 вафот намекард, ин масъала ранги дигар мегирифт. Аз ин хотир, соли 1929 дар ин хусус комиссияи
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
људогона таъсис ёфт. Бино ба навиштаи Абдухолиќи Набавї "дар рўзномањои "Учительская газета" ва "Литературная газета" тањти унвони "Алифбои байналмилалї" маќолањо ба табъ расида, шўрои олии илмї бо сарварии профессор Яковлев корњои тайёрї сар карда буд, вале он, шояд бо назардошти мулоњизањои Ленин, аз ин марњала боло нарафт. Аммо кор нисбат ба ањли алифбои арабиасос ранги дигар гирифт" (6, с. 14). Барои пешбурди ин раванд дар назди Президиуми шўрои миллии Комитети иљроияи марказии Иттињоди Љамоњири Шўравии Сотсиалистї маркази илмие бо номи Кумитаи марказии умумииттифоќии алифбои нав (ВЦКНА) ташкил гардид. Њамин гуна, соли 1922 туркони озарї дар пайравии давлати Туркия, ки бо кўшишњои Мустафопошшо алифбои туркон ба лотинї иваз гардид, ба ислоњи алифбо шурўъ карданд. Нињоят моњи феврали соли 1926 дар љаласаи умумитуркии "туркшиносї" расман ва ќатъан гузаштан ба алифбои лотиниро эълон доштанд. Дар татбиќи ин Djamolov S. N. Social and Political Status of the Tajik Language in the 20-ieth - the 30-ieth of the XX-th Century - 41 - навъ сиёсати замон сарвару саркардањои мардуми Озарбойљон Самард Оѓомуалї - уѓлї саъйю талоши зиёд ба харљ дод. Соли 1926, бо сабаби он ки Љумњурии Мухтори Шўравии Тољикистон дар њайати Љумњурии Шўравии Ўзбекистон ќарор дошт, алифбои лотинї ба расмият даромад. Ин мавзўъ ба масъалаи сиёсиву давлатї табдил ёфта, Анљумани якуми шўроњои Тољикистон дар заминаи маърўзаи Аббос Алиев дар бораи ќабули алифбои нав ќарор кард. Ин ќарор дар нахустин Анљумани муаллимони Тољикистон дастгирї ёфт. Баъди гузашти як фурсати муайян 17-уми сентябри соли 1927 Комиљроияи марказии Тољикистон тањти раќами 35 ќарори алоњидаеро дар бораи ќабул ва татбиќи алифбои лотинї ќабул менамояд. Маълумоти боло собит месозад, ки њарчанд ќарор дар Анљумани якуми шўроњои Тољикистон оид ба ќабули алифбо тасдиќ ва имзо шуда бошад, вале бо сабабњои гуногун сохтани алифбои мутобиќ ба расмулхати арабиасос ва татбиќи он ба таъхир гузошта мешавад. Ин маънои онро дошт, ки зиёиёну пешравони миллат, ки аз кардањои хеш, яъне гароиш ба пантуркизм пушаймон шуда буданд, намехостанд, ки ба гузашта бори дигар хиёнат намоянд. Аз тарафи дигар, бетарафию ќафокашии онњо дар назди њукуматдорони замон маънии дурї љустан ва истиќбол накардани сиёсати мадании навро дошт. Дар ин миён, Абдуррауфи Фитрат, Нарзуллои Бектош, Абдулќодир Муњиддинов, Абдул- воњиди Мунзим ва чанде дигар ба ин мавзўъ якбора рў оварданд. Дар канори бањси алифбо бањсњои дигаре, чун нолозим будани адабиёти классикї ва кўњна будани равишњои шоириву суханварї ба миён омаданд. Худсафедкунии шахсиятњои адабиву сиёсии ёдшуда, бахусус Нарзуллои Бектош ва Абдулќодир Муњиддинов дар бештари маќолоту таќризњо ва љавобияашон ба китобиёти дигар нависандагону рўзноманигорон дида мешавад. Абдулќодир Муњиддинов худ ва њаммаслакони худро дар маќолааш "Мардуми шањр ва атрофи Бухоро тољиканд ё ўзбак?" дар бисёр корњо, аз љумла таъсиси Љумњурии халќии шўравии Бухоро, паси воќеањои июл-сентябри соли 1920 гунањкор медонад: "Дар замони ибтидои ташкили (Љумњурияти) Бухоро се гурўњ ашхос дар сари кор буданд: 1. Туркњои асири
љанги умумї. 2. Ўзбакњои Фарѓона ва Тошканд, ки ќисми куллии онњо њамфикр ва њаммаслаки љадидњои Бухоро буданд. 3. Мо, љадидони Бухоро, ки давраи тарбия ва инкишофи фикрии ибтидоии худро дар доираи инкишофи фикри панисломизм ва пантуркизм дар Осиёи Миёна гирифтем ва дер замоне дар тањти таъсири куллии мафкураи пантуркистї ва панисломизм будем" (4, с. 64). Дар зери њамин руњия Фитрату Мунзим ва Бектошу дигарон ба шарњу тавзењи масъалањои забони адабиву алифбо пардохтанд. Дар натиља аз солњои 1927-1928 ба баъд Фитрат, Лоњутї, Маннофзода, Рањим Њошим, Нисор Муњаммад, профессорон Семёнов, Фрейман, Мунзим, Бектош, Бурњониддин Икромї, Обид Исматї ва дигар олимон ба тањияи тарњи алифбои нав пардохтанд. Дар масъалаи табдили алифбо соли 1927 кумитаи махсусе созмон ёфта буд, ки Кумитаи марказии алифбои нави тољик (КМ АНТ) ном дошт, 20 нафар ва тибќи иттилооти дигаре 27 нафар аъзо дошт. Дар моњи май дар шањри Самарќанд рољеъ ба ин масъала маљлиси машваратї даъват ва ба муњокимаи ањли ширкат ду лоињаи Љамолов С.Н. Маќоми иљтимої ва сиёсии забони тољикї дар солњои 20-30-юми асри ХХ - 42 - алифбои нав -лоињаи профессорон Абдурауфи Фитрат ва А.А.Семёнов пешнињод гардид. Љаласаи мазкур бо каме ислоњ лоињаи профессор Абдурауфи Фитратро пазируфт. Бо назардошти бегона будани алифбои лотинї ва дар фурсати кўтоњ сурат гирифтани ќабули лоиња он аз нуќсонњо орї набуд. Бинобар ин тамоми љанбањо ва нозукињои ин масъалаи муњимро дар бар намегирифт. Аз ин рў, дар ин замина дар матбуоти давр мубоњиса ва мунозирањои гарм ва танќиду таќризи ин лоиња оѓоз гардид. Ба хотири хотима додани љараёни мунозирот дар мавриди алифбои нав ва ба маљрои илмї даровардани он Комиссариати маорифи Тољикистон 28 -уми октябри соли 1928 дар шањри Тошканд Анљумани якуми Алифбои нави тољикиро барпо намуд. Бино ба ањамияти мавзўъ дар анљуман илова бар шахсиятњои маъруфи фарњангии тољикон, чун устод Айнї ва чанде аз профессорони рус аз љониби Бюрои сиёсии Осиёимиёнагї, намояндаи Комиссариати дохилї Нисор Муњаммад, раиси шўрои илмии Комиссариати маорифи Ўзбакистон Њошимов иштирок намуданд. Илова бар масъалањои рўзнома - ќабули алифбои нави тољикї ва имлои он дар ин анљуман низ ду лоињаи алифбои нав, яке лоињаи профессор А.А. Фрейман ва дувумї њамон лоињаи такмил ва ислоњшудаи профессор А.Фитрат мавриди муњокима ќарор гирифт. Пас аз бањсу мунозирањо ва љанљоли зиёде бо илова кардани баъзе бахшњои профессор А.А.Фрейман боз њамон лоињаи профессор А.Фитрат пазируфта шуд ва раванди лотинонидан дар Тољикистон оѓоз гардид. Шиорњои љараёни табдили алифбо хеле рўњияву оњанги замонаро ифода мекарданд: "бар зидди душманони алифбои нав", "бар зидди алифбои хуро- фотпањнкунандаи арабї", "оташ ба решаи алифбои арабї" ва… "кампания"-и васеи таблиѓотї ба хотири љорї кардани алифбои инќилобии нави тољикї, "алифбои нави сотсиалистї" ба роњ андохта шуд. Мавзўи гузаштан ба алифбои нави лотинї бо ин ба поён нарасид ва чанд ма- ротибаи дигар дар маљлису анљуманњои мўътабари илмї мавриди баррасї ќарор гирифт ва ба он баъзе таѓйиру иловањо
ворид шуданд. Аз љумла, дар Пленуми якуми алифбои нави тољикї, ки 15-уми ноябри соли 1929 дар шањри Сталинобод ва "Кенгош"-и илмии тољикони Ўзбакистон - 10-15-уми феврали соли 1930 дар Тошканд баргузор шуд, ин мавзўъ масъалаи марказии мубоњисот буд. Саранљом пас аз бањсу мунозирањои бисёр дар анљуману конфронсњо ва "кенгош"- у маљлисњои машваратї дар атрофи алифбои лотинї ва зарурати гузаштан ба он 22- юми моњи августи соли 1930 дар шањри Сталинобод Анљумани нахустини илмї - забоншиносии Тољикистон баргузор гардид. Дар он фикру андешањо, пешнињоду назариёти то ин замон аз љониби забоншиносону зиёиёни тољик ва мутахассисони рус баёншуда ба инобат гирифта, ќоидањои муваќќатии имло такмил ва ислоњ ёфта ва алифбои нав то љои имкон ба ќонуну ќоидаи савтиёти забони тољикї мутобиќ сохта, барои омўзиши њамагон пешкаш гардид. Мавзўи дигари доманадор дар ин солњо муайян кардани меъёрњои асосии забони адабии тољикї ба шумор мерафт. Шояд суоле пайдо шавад, ки то ин дам, яъне охири солњои 20-ум ва оѓози солњои 30-юми асри ХХ мардум забони адабиву китобатї надоштанд? Албатта, забони тољикї побарљо буд, шоирону нависандагон бо ин забон асар эљод мекарданд, вале мушкилї дар ин самт ќарор дошт: Воќеан, бар асари истиќболи гарм аз шеваи назму насри Бедил, сабки њиндї ва зери таъсири љумалоту таркиботи арабї мондани адабиёти тољик фањми тамоми нуктањои суханварон барои авом душвор буд. 2. Забони туркї ба василаи кўшишњои пайвастаи љадидону пантуркистон фазои матбуот ва забони расмиву идории аморати Бухоро ва чанд сол баъд Љумњурии Халќии Шўравии Бухороро фаро гирифта буд. Аз ин рў, барои ба таври дилхоњ баромадан аз ин ду "мушкилї" зарурати сода кардани забони адабии тољикї пеш омад. Дар заминаи шевањои бузурги забони адабии тољикї бунёд нињодани меъёрњои забони расмии мактабу маориф, матбуоту адабиёт ва дигар соњањои њаёти љамъиятї мавзўи гарми мубоњисоти Садриддин Айнї, Рањим Њошим, Абдуррауфи Фитрат, Нарзуллои Бектош ва дигар равшанфикрони тољик гардида, дар ин баррасињо олимони рус Е.Э.Бертелс, О.Сухарева, А.Семенов, С.Дяков ва дигарон њамроњ шуданд. Ин љараёнро нашри маќолоте, ки ошкоро мавќеи милливу худшиносии таърихии равшанфикрони љавону миёнсолро муайян месохт, вусъат бахшид. Дар ин бобат муњаќќиќи варзида Абдулхолиќи Набавї меоварад: "Мањз дар њамин давра буд, ки навиштањои фошкунандаи А.Муњиддинов, А.Алиев, Муъминхоља, М.Рањимї ва бисёр дигарон оид ба беадолатии таќсимоти миллї ва душманони забону миллати тољик ба табъ расид ва барои чун љумњурии мустаќил эътироф шудани Тољикистон муборизаи пуршиддат љараён гирифт. Зиёда аз он, ин раванди бањсњои забоншиносї тољикони Ўзбакистонро ба талош барои њуќуќашон оид ба забон ва мактаби миллї такон дод…" (7, с. 24). Мавриди зикр аст, ки маљмўи навиштањои ин шахсиятњои сиёсиву илмї дар ду љилди китоби "Дарси хештаншиносї" ѓунљоиш ёфтааст (4, с. 5). Чизи љолиб дар ин бањсњо оид ба тарњрезии забони адабї тамоюли равшанфикрон ба ду самт - истиќболи наву идома бахшидани забони адабиёти классикиву забони умумифорсї, забоне, ки кулли форсигўёни олам бо он такаллум менамоянд ва забо-
9
ни содаи авоми тољик дар асоси яке аз лањља ё шевањои машњур нигаронида шуда буд. Азбаски масъалаи демократї кардани забон дар замони њокимияти шўравї масъалаи мењварї буд, зарурати сода кардани забон дар асоси шевањои марказї ќабул гардид. Мавриди зикр аст, ки ин масъала дар рисолањои арзишманди профессор Т.Вањњобов "Љанбањои сотсиолингвистии рушди забони тољикии адабї" (солњои 20- 30 асри ХХ) аз тадќиќи пурдомана бархурдор аст. Боби нахустини китоби аввали ин тадќиќот "Сиёсати ленинии баробарњуќуќии забонњои миллї" унвон дошта, масоили калидии забони давлатї дар оѓози њокимияти шўравї њаллу фасл гардидааст. Амали ночиз ва зараровар будани љорї кардани забони давлатї дар љумњурињои алоњидаи шўравї нуќтаи олї дар фармудањои В.И.Ленин оид ба ин масъала аст (3, с. 6-25). Бояд ёдовар шуд, ки ба баррасии забони адабии тољикї роњбарони сиёсии Тољикистони онваќта Нусратулло Махсум (Лутфуллоев), Абдулќодир Муњиддинов, шарќшиносони рус, адибону рўзноманигорони тољик, муаллимон ва њатто хонандагони одї сару кор мегирифтанд. Дар сањифањои матбуоти замон натиљаи мабоњиси маљлисњо ба нашр мерасиданд, тадќиќоту китобњои илмї рўи коѓаз меомаданд. Танњо дар муддати њафт моњи соли 1930 ду маљлиси илмї ва як комиссияи тайёрї ба Анљумани забоншиносон фаъолият намуд. Љамолов С.Н. Маќоми иљтимої ва сиёсии забони тољикї дар солњои 20-30-юми асри ХХ - 44 Дар тањлилу тавзењи масоили вобаста ба забони адабї аз њама бештар маќолањои адибону муњаќќиќон Рањим Њошим, Нарзуллои Бектош ва Тўраќул Зењнї ба табъ расидаанд. Ба ин тартиб, маљлиси машваратии (кенгош)-и илмии тољикони Ўзбекистон 10-14- уми феврали соли 1930 дар Самарќанд баргузор гардид. Пас аз чанде комиссияи тайёрї ба анљумани илмии Тољикистон дар њайати Љабборї (раис, роњбари нашриёти давлатї), Китис (котиб), Семёнов, Бектош, С.Дяков аз 7 то 10уми июли соли 1930 дар Сталинобод фаъолият намуда, маводи омодагї ба Анљумани забоншиносиро тайёр кард. Анљумани нахустини илмии забоншиносони Тољикистон аз 23 то 28-уми августи соли 1930 давом ёфта, масъалањои зеринро фаро гирифт: а) забони адабии тољик; б) тасњењ ба алифбои лотинї; в) дар бораи имлои нави тољикї; г) масъалаи алифбои шуѓнонї. Ба ин масъалањо А.Муњиддинов, Е.Э.Бертелс, О.Сухарева низ таваљљўњ зоњир кар- данд. Дар ин маврид пешнињоди А.Муњиддинов басо љолиб буд: "Ба аќидаи мо барои ба вуљуд овардани забони адабї лањљаи як љойро чун асос шинохтан даркор нест, бењтар аст, ки мо асосњои назарї ва амалиро муайян кунем. Лањљаи кадом љой, ки ба асосњои мо мувофиќ ва наздик бошад, забони адабии мо низ ба он наздик мешавад. Маќсади мо ба вуљуд овардани забони адабии мањаллї нест. Бояд мо як забони адабї ба вуљуд оварем, ки фањмиданаш барои њамаи тољикзабонони шўрої осон бошад. Забоне, ки барои оммаи мо фањмиданаш осон бошад, он забон барои мардуми порсигўйи Эрон ва Афѓонистон ва Њиндустон њамчун забони адабии умумї пазируфта хоњад шуд" (4, с. 23). Чунонки профессор Т.Вањњобов менависад: "Устод Садриддин Айнї бартарияти забони кўњистони тољикро махсус таъкид намуда, пешнињод мекунад, ки забони кўњистони тољик ба њайси забони китобњои мактабии тољикон пазируфта шавад, зеро: а) "забони кўњистони тољик забони форсии сода"; б) "аз такаллуфоти эронї холї"; в) "ба луѓатњои арабии ношунида халт наёфта"; г) "ба сарфу нањви форсї мувофиќ аст"; ѓ) "…дар талаффуз назар ба забони форсиёни шањрї ќадаре ѓализї дорад"; д) "Мааззолик соф ва мувофиќи ќоида аст". Чунин забон "аз Фалѓар - Мастчоњ гирифта то Ќаротегин а Дарвоз маъмул ва њамафањм аст" ва "…бояд забони китобњои мактабии тољикон забони форсии сода бошад" (3, 101-102). Бо њамин гуна бањсу мунозироти зиёд љараёни як марњалаи сохтмони забони адабии тољикї дар Тољикистон фаъолияти худро анљом дода, барои идомаи равнаќи он вазифагузорї менамояд. Дар анљуман масъалаи навиштани луѓатњову фарњангномањо, тањияи имло, ташкили кумитаи луѓат ва истилоњ, омўзишу љамъоварии лањљаву шевањо ба миён гузошта шуд. Маљмўи ин мабоњисро соли 1930 муњаќќиќи маъруф Рањим Њошим дар китоби "Забони адабии тољик" гирд овард (10). Ин фаъолиятњои густурда роњи минбаъдаи тараќќии забони тољикиро дар доираи њокимияти шўравї нишон дод ва то љое њамвор кард. Ба ибораи дигар, забони тољикї маќоми сиёсї ва иљтимоиву таърихии худро баъди њодисањои нобасомони дањсолањои ибтидои асри ХХ дубора дар муњити умумииттифоќї барќарор намуд. Сўњроб ЉАМОЛОВ, унвонљўи кафедраи таърихи халќи тољики Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон (Тољикистон, Хуљанд)
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
"Ман аз ду имконият бархўрдорам: ё ба амалї кардани њамаи наќшањоям муваффаќ мешавам ва ё комилан ба нокомї рў ба рў мегардам. Ваќте муваффаќ шудам, бузуругтарин шахсияти таърихи башар мегардам ва агар ноком мондам, мањкум мешавам, инкор мекунанд ва лаънат мехонанд". Ба назар мерасад њамин буд шиори аслї дар зиндагии Гитлер-хурезтарин чењраи таърихи башар дар ќарни ХХ. Чењрае, ки бо гузашти ќариб сад сол аз омадану рафтанаш њам дари бањсро ба рўйи шахсияташ боз гузоштааст ва имрўз њам сарнавишти ў, сиёсати ў, токтикњои низомиву комёбї ва шикастњояш мавриди бањсњои пуршўранд. Њарчанд то кунун садњо китоб навишта шуд, њазорон маќолањо чоп шуданд, дањњо филмњо наворбардорї шуданд, вале боз њам ў њамон як шахсияти пурбањс ва пурмуаммост. Дигар касе ба ин шак надорад, ки Адолф Гитлер чун як чењраи хунрез дар таърих ворид шуд ва рушантарин симои фашизми олам аст. Ба гардани ў хуни миллионњо мардону занон ва пирону тифлони бегуноњ аст. То ба имрўз боз њам кам касон бовар кардаанд, ки Гитлер соли 1945 дар бункери худ даст ба худкушї зад ва љасади ў бар асари оташсўзї дар Рейхстаг ба коми оташ рафт. Вале бисёрињо њоло њам ба тахмини зинда мондани ў ва то солњои 1960 дар Аргентина буданаш муътаќиданд. Зеро одамон дар оѓоз наметавонистан ба ин бовар бошанд, ки шахсияте чун Гитлер, ки ними дунёро ба хоку хун кашид, марги осон-худкуширо барои худ бипазирад. Ва ду љониби бањс низ ба сари худ њаќанд. Вале муаммо њамоно мондааст. Ва чун аз гуфтањњои ў иќтибос меранд, мебинем, ки њар фармудаи ў на натиљаи тафаккури як инсони солим аст, балки љумлањоест аз таљрибаи ў берун омада. Яъне, ваќте вай мегўяд, "Њаёт ин навбат истодан барои марг аст, вале баъзењо бенавбат ба он мечаспанд", пас вай њамон марги иљбории миллионњоро дар назар дорад, ки бар асари бомборонњои ў ба њалокат расидаанд. АЗ ОЃОЗ Адолф Гитлер 20-уми апрели соли 1889 дар шањри Браун Иннеи Австро-Венгрия дар хонаводаи мансабдори гумрук Шиклгрубер таваллуд шудааст. Дар 16-солагї мактаберо хатм кардааст, ки маълумоти пурра надодааст. Мехостааст ба академияи бадеии Вена дохил шавад, вале ноком шудааст. Соли 1908 баъди марги модараш ба Вена омада, дар паногоњи бехонагон зиндагонї ихтиёр кардааст. Шавќи беандоза ба расмкашї дошт ва худи њамон сол чанде аз расмњои хубашро ба савдо гузоштаву аз он њисб зиндагонї кардааст. Яке аз аввалин устодони ў, ки руњияи миллигароиро парвариш дод, профессор Петш ва яњудибадбини гузаро К.Люгер буданд. Зери таъсири онњо Адолф њисси нафрат ба славянињо пайдо кард ва яњудиёнро барои тамоми умр бад дид. Вай ба азамати миллати олмон бовар дошт. Мегўянд шикасти Олмон дар Љанги аввали љањон ва инќилоби соли 1918-ро чун фољеаи худ ќабул кард. Охири соли 1918 вай ба Мюнхен баргашт ва ба рейхсвер ва њизби коргарони Олмон шомил шуд. Муддате нагузашт, ки бо ѓояњои миллигарої номвар шуд ва дар њизб низ соњиби маќому манзалат гардид. Ба њадде, ки соли 1919 бо ташаббуси ў ин њизб ба ин шакли Њизби миллї-сотсиалистии коргарони Олмон таѓйири ном кард. Тањаввулоти дохилињизбї, номдигаркунињои њизб ва аз рўз ба рўзи дигар маъруфият ёфтани Гитлер мавзуъи як суњбати људогона аст, вале ин љо њадафи мо нишон додани он дањшатест, ки Адолф бо љумла њаммаслаконаш ба сари љомеаи башарї чї овард. ЌАДАМЊОИ АВВАЛ БА СЎЙИ ЊОКИМИЯТ Адолф Гитлер тадриљан домони њокимият гирифт. Соли 1923 вазъ дар Олмон хеле муташанниљ шуд. Дар Бовариё љонибдорони мунњал кардани парламон ва бар-
ДИКТАТОР
ГИТЛЕР ХУНРЕЗТАРИН ЧЕЊРАИ ТАЪРИХИ АСРИ ХХ
ќарор сохтани як њукумати диктаторї бо сарварии фон Кара дастбакор шуданд ва наќши асосиро дар ин амр ба Гитлер ва њизби ў доданд. 8-уми ноябри соли 1923 вай дар гирдињамоии тарафдоронаш суханронї кард ва гуфт, ки инќилоби миллї оѓоз шудааст ва бояд хоинони њукуматї дар Берлин сарнагун карда шаванд. Шабона воњидњои њамлакунанда бинои маъмурии Мюнхенро забт карданд ва дар таърихи Олмон ин рўйдод чун "табаддулоти пиво" машњур шуд. Вале он ба зудї шикаст хўрд ва моњњои феврал ва марти соли 1924 мурофиаи додгоњии сарварони табаддулот баргузор шуд. Гитлерро 5 сол аз озодї мањрум карданд, вале баъди 9 моњ вай ба озодї баромад Гитлер замоне оод шуд, ки њизбаш пароканда шуда буд, вайро лозим омад дубора эњё кунад. Миллигароёни Олмон аввали солњои 30 миёни мардум шуњрат пайдо карданд. Аммо дар ин миён як кўшиши барканории Гитлер аз сарварии њизб ва ба љойи вай таъин кардани Штрассер ноком шуд. Зеро Гитлер инро зуд пай бурд ва дўсти њамњизбашро дар муњосираи иттилоотї ќарор дод. 31-уми январи соли 1933 президент Гинденбург Гитлерро канслери рейх, ки он замон вазифаи сарвазирї дониста мешуд, таъин кард.
Дар аввалин моњњои фаъолият бо бањонаи тањќиќи оташзании Рейхстаг аз љониби миллигароён вай даст ба мањдудиятњои демократї дар кишвараш зад, фаъолияти њизби коммунист ва баъдан њизби сотсиал-демократиро мамнуъ эълон намуд. Баъзе ањзоб ихтиёрї фаъолияти худро ќатъ намуданд. Иттињодияњои синфї (иттифоќњои касаба) барњам дода шуданд ва амволашон ба Љабњаи миллии коргарон дода шуд. Дигарандешон таъќиб шуданд, ё ба зиндон рафтанд ва ё аз кишвар берун рафтанд. Дар амалиёти "эндлёзунг" (њалли нињої) ќариб њамаи ањолии яњудии ин кишвар нобуд карда шуд. Аз сўйи дигар њамсафонаш дар њизбро низ аз вазифањояшон барканор намуд. 30-уми июн дар ќатли пешвоёни СА, ки нисбат ба Гитлер танаффур доштанд, ширкат намуд. Он рўз њамсафонаш фон Кар, Рем, Штрассер, генерал Шлейхер ва дигарон кушта шуданд ва Гитлер худро њокими мутлаќ дар Олмон эълон намуд. 28-уми апрели соли 1939 Гитлер аз лаѓви эъломияи Олмон ва Лањистон дар бораи дўстї ва њамла накардан ба ќаламрави њамдигар хабар дод. Яъне, ин эълони омодагии љанг бо ин њамсоякишвар буд. СИЁСАТЊИ ЯЊУДСИТЕЗЇ Аммо Гитлер тадбирњое андешид, ки ба манфиати милаташ буд. Аз љумла вай аввалин коре, ки кард бекориро барњам зад. Як маъракаи сартосарии кўмак ба дармондагонро роњандозї намуд. Чорабинињои зиёди варзишиву фарњангиро пиёда кард. Вале њамаи ин иќдомњо ба он хотир буд, ки дар дохили кишвар миёни омма пуштибонон дошта бошад ва баъдан таваљљуњи худро ба он равона сохт, ки чї гуна бояд ќасоси шикасти шармандавори Олмон дар Љанги аввалро ситонад. Вай ба як љанги доманадор кишварашро омода мекард, њамаи иќтидори захиравиро барои тањкими артиш равона сохт. Дар
як муддати кутоњ вай Чехословакия, Австрияро ишѓол намуд, ба Лањистон њамла кард ва соли 1939 Љанги дуюми љањонро оѓоз намуд. Вай аввал назорати худро дар ќисмати ѓарбии Аврупо барќарор кард ва баъд Иттињоди Шўравиро њадаф ќарор дод. Гитлер як сиёсати нонавиштаи зиддияњудиро пеш гирифт. Дар ин кишвар таъќиби яњудиёну лўлињо оѓоз шуд. 15-уми сентябри соли 1935 Ќонунњои нажодпарастии Нюрнберг ќабул шуданд, ки яњудиёнро аз њама њуќуќњои шањрвандиашон мањрум менамуд, тирамоњи соли 1938 њамлаи умиолмонї ба яњудиён шуруъ гардид, ки бо номи "Шаби булўрин" машњур аст. Ва нињоят чанд сол баъд амалиёти "эндлёзунг" (њалли нињоии масоили яњудї) пиёда шуд, ки амалан ба ќатли оми яњудињо табдил ёфт. Таърих баъди анљоми љанги дуюми љањон ин амали Гитлерро Холокост номид ва њамоно яњудиён чун як фољеаи мудњиш аз он ёд мекунанд. Њарчанд бисёрињо ба њадду њудуд ва шакле, ки яњудињои имрўз Холокостро ёд мекунанд, бовар надоранд. Вале табъиди нажодї ва яњудчитезї, ќатли сартосарии онњо љо доштааст. Вай артишро таќвият дод, нерўњои тонкї созмон дод, ќаввањои шикастаи њавоиро дубора таќвият бахшид ва ба по хезонд, чун барои њамлањои дур намешуд бидуни ширкати њавопаймоњо муваффаќ буд. Замоне буд, ки Гитлер гумон мекард хеле бемори вазнин аст ва фурсати зиёд њам надораду ба зудї мемирад. Аз ин рў хеле осемасарона талош кард, то њама наќшањояшро дар зиндагиаш амалї созад. Њатто 5-уми ноябри соли 1937 васиятномаи сиёсї ва 2-уми майи соли 1938 васияти шахсї навишт. Моњи марти њамон сол Австрия ва баъд бахше аз Чихияро низ тибќи муоњадаи Мюнхен ишѓол кард. Моњи марти соли 1939 ќисмати боќимондаи Чехословакияро аз худ кард ва баъд ба Лањистон даъвои ќаламрав намуд. Муттањидони Лањистон даъвои Гитлерро рад карданд ва ин буд, ки 3-уми апрели соли 1939 Гитлер тарњи њамлаи низомї ба Лањистонро кашид, ки дар таърих бо номи амалиёти "Вайс" машњур аст. Њамзамон бо Иттињоди Шўравї ањдномаи њамла накардан ба ќаламрави њамдигарро имзо намуд. Аввали моњи сентябри соли 1939 билохира Љанги дуюми љањонї оѓоз гардид. Лањистонро дар як муњлати хеле кутоњ ишѓол намуд. Моњњои апрел ва май вориди Норвеж, Дания, Њолланд, Люксембург ва Белгия шуд ва хати љабњаро ба самти Фаронса шикаст. Моњи июн нерўњои вермахт Порисро ишѓол карданд ва Фаронса таслим шуд. Бањори соли 1941 Олмон Юнон ва Югословиро њам ишѓол кард ва 22-уми июн ба Иттињоди
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
ДИКТАТОР
11
Онњо аз соли 1925 то дами марги Гели бо њам буданд. Замоне, ки даст ба худкушї зад, њомиладор буд. Бо Мария Рейтер Гитлер соли 1926 дар маѓозае, ки ў кор мекард, шинос шудааст. Ду бор дар њаёташ ба шавњар баромадааст. Соли 1927 мехост барои муњаббати Гитлер худро биёвезад. Аз соли 1931 то 1938 борњо бо сарвари Рейх вохўрдааст. Ева Браун мањбубаи аз њама дўстдоштаи Гитлер буд, ки соли 1929, замоне, ки 17 сол дошт ва Гитлер 40-сола буд, шинос шуданд. Мањбубаи охири умраш, ки дар як рўз бо њам даст ба худкушї заданд. Дар бораи Ёва Браун хеле зиёд метавон гуфт, вале мавзуъ њоло на ин аст. Ѓайр ин боз аз Юнити Митфорд, духтари лорди инглис, ки муддати як сол бо Гитлер њамхоба шудааст ва бо дарёфти хабари эълони љанг миёни Британия ва Олмон ду тир ба сар андохтаву боз њам љони солим бурдааст, Эрна Ганфштенгль, Рената Миллер, Юнити Валкирия Митфорд низ ном мебаранд, ки маъшуќањои солњои гуногуни Гитлер будаанд ва њамаи ин занон њам гоњо худкушї кардаанд ва гоњи дигар бо сабабњои номаълум њалок шудаанд.
Шўравї њамла намуд. Дар як муддати хеле кутоњ љумњурињои назди Балтик, Украина ва Белорусия, Молдова ба бахши азими Русияро ба тасарруфи худ даровард. Миллионњо нафарро дар ќаламрави ишѓолї ба ќатл расонданд, зинда сўзонданд, шањрњову рустоњоро хароб карданд, корхонањоро нобуд сохтанд. Охири соли 1942 артиши Сурх ба њамлањои шадид гузашт, муттањидони аврупої нерўњои худро ба Италия ворид карданд ва ба љанг дохил шуданд. Аввали соли 1945 аллакай љангњо дар ќаламрави Олмон шуруъ шуданд Ин як шарњи хеле кутоњи љанги ќариб њафтсолаи љањонї буд. Танњо барои ишѓоли СССР Гитлер панљ сол талош кард ва билохира Артиши Сурх ќабри ўро кофт. МУАММОЊОИ ФАВТИ ГИТЛЕР Чуноне ишора рафт, Гитлер шахсияти истисноист, ик то ба њол њатто сари маргу зиндагонии ў баъди анљоми љанг ва торумор шудани фашизми Олмон идома дорад. Тибќи асноди расмї ва ташхиси экспертизаи Иттињоди Шўравї Адолф Гитлер бо њамсараш Ёва Браун худкушї карданд. аммо љасади онњо бар асари оташсўзї дар Рейх, ќабл аз он ки сарбозон вориди бунгоњи фюрер шаванд, сўхта буд. бо вуљуд ќисматњои боќимондаи љасадаш ба Маскав оварда шуданд ва мавриди озмоиш ќарор ёфтанд. Гуфта мешуд, ки марги диктатор ва њамсараш даќиќ аст. Олимони Шўравї баъди омўзишњои даќиќ исбот карданд, ки њамин ду љасади овардашуда ба Гитлер ва њамсараш Ёва Браун дахл дорад. "Соати 2:30 шаб Гитлер ба яке аз мањфузањои бункер омад, ки 20 нафар дар њоли омодабош ќарор доштанд. Вай дасти њар кадоми онњоро фишурд ва баъдан ба утоќи худ даромад. Ва касоне, ки ба маросими хайрбод омада буданд, саргарми раќс зери мусиќии патефон шуданд ва то дами субњ раќсиданд. Садои мусиќї то утоќи Гитлер мерасид, аз ин рў вай талаб кард, ки ба ин беназмї хотима бахшанд. Вале он шаб вай ба ќароре наомад, ки худкушї кунад. субњи рўзи 30-уми апрел низ ба њамон низоми пешин гузашт, вазъи њарбиро баррасї карданд. Соати 14 дар њалќаи котиба ва ошпазаш таоми чошт хўрд. Ва боз мисли шаби пеш худоњофизї карданд ва бо њамсараш Ёва Браун ба утоќи худ рафт. Ин бор Борман ва Геббелс дар роњрави танг навбатдорї карданд, онњо интизори худкушии фюрер ва рехтани бензину сўзонидани љисми ў буданд. Ва бино ба шањодати њамагон, аз љумла ронанда, ошпаз ва ёварон соати 15:30 са-
дои тир баланд шуд. Њамагон ба утоќ ворид шуданд ва љисми бељони Гитлери тирхўрда ва Ёва Брауни зањрнўшидаро диданд. Навиштаанд Мелников ва Черная дар маќолаи худ бо номи "Режими нозї ва фюрери он". Ташхисњои баъдї, ки аз рўйи љасадњо дар Маскав гузаронида шуданд, ба њамин далолат мекарданд. Яъне, Гитлер ва њамсараш худкушї кардаанд ва љасади онњоро сўзонидаанд. Худи далели сўзонидани љасадњо ба њадде, ки мушаххас кардани чењра номумкин аст, боиси гўмагўњо миёни тањлилгарон ва пажуњишгарон шуд. Аз љумла шоеоте њам пањн шуд, ки гўё Гитлер намурда буд ва зинда ба Аргентина омад ва то солњои 1960 он љо зиндагонї кард. Яке аз љонибдорони ин фарзия муаррихи аргентенї Абел Басти дар ин бора се китоб навишт: "Гитлер дар Аргентина" (2006), "Гитлер дар табъид" (2010) ва "Асрори Гитлер" (2011). Бастї мехоњад исбот кунад, ки фюрер кушта нашуда буд, балки пинњонї бо киштии зириобї ба Арентина оварда шуд ва то охири умраш дар њамин кишвар боќї монд. Дар ќиёс ба фарзияи шўравињо амрикоињо низ муддаї шудаанд, ки косахонаи сар ва манање, ки русњо мавриди ташхис ќарор дода буданд ва дар Русия нигоњдорї мешавад, мансуб ба хоњари Гитлер аст, на ба худи ў. БОВАРЊО ВА ОДАТЊОИ ГИТЛЕР Касоне, ки аз сарнавишти Гитлер китоњо навиштаанд ва гузаштаи ўро тањќиќ кардаанд, мегўянд аз соли 1931 то охири умраш аз љумлаи гиёњхўрон буд. Аммо баъзе муаллифон бар ин назаранд, ки танњо аз хўрдани гўшт худдорї мекард. Сигор намекашид, њатто дар Олмон муборизаи шадидеро зидди сигор ба роњ монда буд. Хеле марди тозакор буд ва ифлосиро тањаммул намекард. Шахсе буд камсуњбат, бо инсонњо замоне њамсуњбат мешуд, ки ба манфиаташ бошад. Дар номањояш андешањои худро менавишт ва талаб дошт, ки онро иљро кунанд, ба афкори дигарон коре надошт ва намепурсид. Дўст медошт, ки дар суханронињояш калимањои берунаро зиёд истифода барад. Мегўянд хеле зиёд мутолиа мекард, њатто замони љанг вай фурсат дошт бештар китоб хонад. Духтури шахсиаш фон Њасселбах гуфтааст, ки рўзе њатман як китобро ба поён мерасонд. Замоне дар Линс дар се китобхона якбора аъзо шуда буд. Аввал китобро аз охири он вараќ мезад ва агар ба ќароре омад, ки бояд ин китобро хонад, пас бисёр ваќт њар љойе лозим буд,
он ќисматашро мехонд. Ва боз њам дар бораи Гитлер: Мегўянд вай баромадњои худро бо як нафас дар назди дастгоњи чоп дикта мекард. Пеш аз он ки ба дикта оѓоз кунад, дурудароз пешу пас ќадам мезад, гўё худро омода месохт. Сипас, мисли он ки суханронї дорад, бо њамон оњанги таѓйирёбандаи хашму ѓазаб ва ё оромиву тамкин њарфњое, ки бояд бигўяд, дикта мекард. Ду духтари чопгар базўр метавонистанд суханони ўро чоп кунанд. Баъдан соатњо менишаст ва матни чопшударо тањрир мекард. Моњи январи соли 2012 расми фюрер "Шаби бањр"-ро дар ауксион 32 њазор евро савдо карданд. Силоњи шахсии Гитлер туфангчаи Walther PPK будааст ва шояд аз њамин силоњ худро кушта бошад. Чун сарфармондењи нерўњои мусаллањи Олмон Гитлер то охири умр дар рутбаи еврейтор боќї монд, дар њоле, ки артиши кишвар њазорњо фелдмаршалу генералњо дошт. 22-уми июни соли 2015 дар ауксиони Олмон 14 расми кашидаи Адолф Гитлер 400 000 евро фурўхта шуд. Дар навори Ѓазза маѓозае њаст, ки Гитлер ном дорад. Касоне, ки аз он харидорї мекунанд, мегўянд барояшон маќбул аст, ки ин маѓоза ба номи Гитлер номгузорї шудааст, зеро вай бештар аз њар каси дигар яњудиёнро бад медид. ЊАМСАРОН ВА МАЪШУЌАЊОИ ГИТЛЕР Дар бораи робитањои шањвонии ў гўмагўњо зиёданд. Гоњо ўро њамљинсгаро меноманд, дар њоле, ки њамљинсгароњоро чашми дидан надошт. Аммо он ки маъшуќањои зиёд дошт, собит шудааст. Мегўянд занони синакалонро дўст медошт. Ба ранги мўйи онњо эътибори чандоне намедод. Њамаи маъшуќањояш аз ў њудудан 20 сол хурд буданд. Њатто ин духтарон ба њадде содда буданд, ки баъзеи онњо омода буданд, барои Гитлер худкушї кунанд. Дар сарчашмањо аз иртиботаш бо занон то соли 1914 маълумоте нест, вале аз баъди Љанги дуюми љањон дар бораи онњо иттилоъ пайдо мешавад. Шарлотт Эдокси Алида, духтари ќассоби фаронсавї, ки бо олмонї хуб њарф мезад ва ба лўлињо шабоњат дошт, яке аз маъшуќањои ў буд. Дар 18-солагї бо Адолф њамхоба шудааст. Номи Шарлота бештар дар навиштањои дўстони наздики Гитлер омадааст. Онњо њамагї як сол бо њам будаанд. Хонуми дигар Гели Раубал, ки симои славянї дошт ва аз Гитлер 19 сол хурд буд.
АЗ СУХАНОНИ ГИТЛЕР Гитлер ормонњои худро дар шакли як китоб навиштаву дар замони зинда буданаш бо номи "Набарди ман"интишор додааст. Он замон китоб дар мактабњо њатман омўхта мешуд ва бахше аз барномањои дарсї буд. Вале баъди шикасти Олмон дар љанг ин китобро на танњо дигар чоп накарданд, балки аз рафњои маѓозањо барчиданд. Њоло баъди њудудан 90 соли чопи аввали он, бори дигар дар баъзе кишварњои олам аз љумлаи пурфурўшарин китобњо шудааст. Њафтае ќабл нашрияи итолёвии Il Giornale эълон кард, ин китобро якљо бо рўзномааш ба мардум ройгон таќсим хоњад кард. Бар замми ин нашрия ба китоб шарње њам илова намекунад ва тавре њаст, њамон гуна дастраси мардум мегардонад. Китоб аслан тарљумаињолист, вале андешањои Гитлерро комил дар бар мегирад. Китоб дар бисёр кишварњои олам тарљумаву нашр шудааст, њатто дар Эрон онро 18 маротиба бо форсї интишор додаанд. Чопи ин хабар њатто дар шабакањои Фейсбуки тољикї муљиби гўмагўњои зиёд шуд. Бисёрињо инро фоли нек намедонанд ва мегўянд дар ин марњилаи сарозер шудани муњољирон аз Шарќ ба Аврупо ин китоб метавонад андешањои миллигароиро таќвият бахшад ва хавфро барои паноњљўён бештар кунад. Зумраи дигар мегўянд сабаби аслии пурфурўш шудани китоб он аст, ки дергоњ чопу тавзењаш мамнуъ буд ва шояд боз он њам буда метавонад, ки аврупоиён дар бораи русњо бештар мехоњанд бидонанд, чун як бахши муњими он дар њамин бора аст. Ба њар сурат "Набарди ман" замоне пурњикмат номида мешуд ва дар он суханони њикматбори Гитлер низ гирд омадаанд. Аслан Гитлер суханњое дорад, ки барои донистани афкори ў омўзандаанд. Аз ќабили: Касе аѓ ѓолиб нахоњад пурсид, ки оё вай рост гуфта буд ё дурўѓ. Ман ба ин олам на барои он омадам, ки ба одамон хубї кунам, балки омадам то аз заъфи онњо истифода барам. Бахт ба рўйи њукуматњо хандид, ки одамон њагиз фикр намекунанд. Миллате вуљуд надорад, ки эњё нагардад. Дар олам одамони ќодиру тавоно ва заъиф, фаќирон ва сарватмандон зиндагонї мекунанд, вале мурдаи онњо як хел бў мегирад. Њаёт ин навбат истодан барои марг аст, вале баъзењо бенавбат ба он мечаспанд. Чун роњатро интихоб кардї, пас бо он то охир бирав. Њар касе сохтаи Худоро вайрон мекунад, зидди иродаи Худованд муттањид мешавад. Мо тањаммули онро надорем, ки касе ба ѓояњои масењиамон њамла мекунад, амалан љунбиши мо масењист. Тањияи Бобољони ШАФЕЪ
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
БО ШОИР Хас ба рўи об сарсон аст монанди њубоб, Гавњар ар бошї туро боло љањидан хуб нест. Гар ба мањ шинї чу моњу њамдами дегї-табоњ, З-ин сабаб бо њар касу нокас танидан хуб нест. Косаи давр аст њар кас навбате дорад ба худ, Оќилї гар, аз паи мансаб давидан хуб нест. **** Оње, ки беасар шуд, оњ аз љигар набошад, Дарде, ки ишќ зодаст чун дарди сар набошад. Ёре, ки дарбадар шуд андар суроѓи ёре, Монанди лўлидухтар ў дарбадар набошад. Марде, ки дур бошад аз хонаву дари хеш, Њарчанд тифл дорад, аммо падар набошад. Девонаи љунунро девонасар надонед, Ў ошиќи њаќиќист, девонасар набошад. Дар боѓи нављавонї, то њусни ту ба бор аст, Нахли умеди мо низ бе бору бар набошад. Њар дил, ки дар нињодаш дарди нињони ишќ аст, Монанди мурѓи хона бе болу пар набошад
МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Махсум Олимї яке аз шоирони љавони боистеъдоди мо буд, ки солњои 80-ум бо оѓози нафаси тоза ба љодаи адабиёт по нињод, аммо сад афсўс, ки ин роњро ба поён набурд. Вай дастпарвари институти адабии умумиљањонии ба номи М.Горкий дар шањри Маскав буд ва аз љониби устодони забардасти адабиёти оламшумули рус сабаќ гирифта, бо тўшаи шеъри Рўдакиву Њофизу Туѓрал рањпаймои олами фардо шуд. Аммо воќеањои ногувори ибтидои солњои 90-ум шохи љавонии ўро шикастанд, ѓунчањои шеър дар дилаш ношукуфта монданд, њазорон њазор мухлисони каломи бадеъ аз чакидањои ночакидаи ќалами ў мањрум шуданд. Махсум гўё марги фољиабори худро дарк карда буд,ки навишта: …Тарсам, ки мекушандам, як рўз чун Њилолї. Ў аз марг наметарсид, душманони миллат аз тарс ўро ба ќатл расониданд. Ёдам њаст арафаи хонадоршавии Махсум буд. Ману устодон Ќутбї Киром ва Мастон Шералї дар шањри Панљакент сафари хидматї доштем. Шоири љавон моро ба њоламон намонда, ба зодгоњаш Каздон бурд. Падару модар ва хешу аќрабояш моро бо шодї пазирої карданд ва то сањар дар гирди кундаалов шеърхониву аскиягўи забона мезад. Ногоњ падари Махсум ба мо рўй оварда гуфтанд: - Писари ман њоло љавон аст. Пасту баланди зиндагиро намедонад. Ўро эњтиёт кунед. Дардо, аламо, ки ўро эњтиёт карда натавонистем. Устод Ќутбї Киром дар як шеъри худ ин шањодатро чунин ишора кардаанд: Худоё,Тољикистонро амон бахшо зи худхоњї, Дилам садпора шуд аз маншаи "инљойи", "онљойи." Ба њар кї бингарам, теѓи забонаш ќатл мехоњад, Дареѓо, шарбате, нуќле, наботе, маѓзу њалвое. Махсум љавон рафт. Аммо шеъраш љавон монд ва бо љавонии Тољикистон умр ба сар мебарад. Гулназар Инак, намунае чанд аз ашъори шоири љавонмарг ва шањид Махсум Олимї:
Ёди санги кўњсорам мекушад, Дар диёрам дарди ёрам мекушад. Сели кўњ манро набитвонад кушад, Сели ашки рўзгорам мекушад. Гармии ишќи ту љонам медињад, Сардии мењри ту зорам мекушад. Талхии дуди сигорам роњатест, Талхрўзи рўзгорам мекушад. Њалќаи дорам нахоњад кушту лек, Њалќањои зулфи ёрам мекушад. Бебарориам намегирад барор, Гирудори бебарорам мекушад. Дурии њиљрону оњу нола не, Шодии дидори ёрам мекушад Бо ѓами дил пеши бедил орамидан хуб нест, Назди бедил рози дил гуфтан шунидан хуб нест. Њар сухан дониста гўю хом бошад пухта кун, Хўшаи нопухтаеро њам дурудан хуб нест.
Ў ба Балх омад. Рањої балхиён аз рўзи талх омад. Њаким омад, Вабо норозиву розї, Зи њар як хонадони мардуми балхї, Бурун омад. III …Сањаргоњї Шитобон боди сањрої Хабар овард: Њаким аз дори дунё рафт, Тулўи офтобе аз Бухоро рафт. Дар он шањре, ки хуршеде чу Сино нест, Зи дилњо хун, Зи чашмон ашки дарё рафт. БА НАЗДАТ БОЗ МЕОЯМ Ба дастам гул ба дил сўзи нињонї, Ба сина оташи ишќи љавонї, Ба сар андешањои зиндагонї, Ба ёди навбањори бехазонї, Ба наздат боз меоям,
Зи файзи хандаю эњсону шодї, Замоне дењаам гардад дигаргун. Ба раќс оянд онњо дења раќсад, Њама дилдодаву дилдори шайдо. …Мани ошиќ ба духтарњои шањрї, Фаќат дар гўшае биншаста танњо… ТАРСИ МАН… (Маснавї) Тарси ман аз љому аз май нест, Тарси ман аз нолиши най нест. Тарси ман аз дарди бедард аст, Тарси ман аз марди номард аст. Тарси ман аз маргу душман нест, Тарси ман аз сели бањман нест. Тарси ман аз љанги дунёист, Тарси ман аз ёри њарљоист. Тарси ман аз тармаи кўњ нест, Тарси ман аз дарду андўњ нест. Тарси ман аз ёри аѓёр аст, Тарси ман аз ёри айёр аст.
ТАРСАМ, КИ МЕКУШАНДАМ…
**** Аз ошёни ишќат, то ошёнаи дил,
Роњи дароз набвад, роњи ягонаи дил. Дар олами муњаббат пуршўру пуртароват, Љуз хонаи ѓами дил, моро куљост манзил! Аз роњи бевафої, доим канора љўем, Не розием зи панду в-аз фанди марди љоњил. Мо толиби висолу парвардаи вафоем, Дар роњи ишќи љонон пайваста пой дар гил. Айёми нављавонї чун рўд дар шитоб аст, Љўши дили ману ту чун мављњои соњил. КЎЊИСТОНЇ Кўњистонї манам, ман- зодаи сангам, Маро пушту паноњам ќуллањои кўњсорон аст. Дилам бо софї пеши дўстон як умр, Њамеша чун њавои баъди борон аст. Сурудам њамнавои обшорон аст. Ба сўям машъали уммеду армон Аз сари ќулла Чї хуш рахшанда тобон аст, Фазои осмони орзуям З-ахтаристони навшукуфта, Мисоли даштњои лолазорон аст. Замири дил маро сарсабз њамчун майсазорон аст. Њамеша устувору садшикан дар роњи таќдирам, Чу кўњзодам "Пастињои гардунро набипзирам" Лабонам ташнаи шеъри Аљам доим. Дилам лабрези ишќи аввали ёр аст. Ба ёди ишќи ў, то он замоне зиндаам, Ман шоду масрурам Њар он чї шуд насиби ман Аз он њаргиз наменолам Бидуни ў дигар чизе намехоњам. Ќаноат мекунам бо њукми таќдирам. Фаќат аз кори номардони дун, Хашмину дилгирам. Нахоњам зери по афтода гулњои шукуфонро Нахоњам паст тори ќуллањои кўњсоронро Уќобам ман, Уќоби кўњсоронам. Маконам Ќуллањои кўњсорон аст. Нахоњам зиндагиеро, ки ў беќадру арзон аст. Кўњистонї манам, ман - зодаи сангам, Нигоњам чун дили дилдодаам гарм аст. Сурудам њамнавои обшорон аст, Шиори ман шиори родмардон аст, Маконам кўњсорон аст... СЕ ЛАЊЗА I Даруни мањбаси торик, Даме, ки љон бувад чун ашк. Андар дида овезон, Сино ба ёди некўе. Миёни сатрњои сураи Ќуръон, "Шифо"- бинвист, "Шифо"- бинвист. Ту гуї ў давои дардњои бедаво бинвист. II Бурун шуд Буалї аз мањбаси торик, Зи пушти корвон пои пиёда
Ба наздат боз меоям. ёди бўсањои норабуда, ёди байтњои носуруда, ёди киштањои ишќу армон, ёди ѓунчањои нокушуда, Ба наздат боз меоям, Ба наздат боз меоям. Ба раѓми нављавонии ману ту, Ки чун ѓунча бањорон боз н-ояд. Ба раѓми лањзањои умри ширин, Ки чун гул дар гулистон боз н-ояд. Ба наздат боз меоям, Ба наздат боз меоям.
Ба Ба Ба Ба
ДУХТАРЕ ДИДАМ… Духтаре дидам, ки танњо шиста аст, Гўшае дар он шаби базму тараб. Њаст аз чашмони мањзунаш аён, Ноаён месўзад андар тобу таб. Њар нигоњаш сўи домоду арўс, Рамзноку сењрноку ноумед. Худ намедонад ба домоду арўс, Бахти бад хоњад ва ё роњи сафед. Чашмњояш сўи раќќосону лек, Ёди ў боди парешони бањор. Њам намефорад ба гўшаш ин замон, Савти оњангу суруди ёр-ёр. …Лабхамўш њангоми раќси духтарон, Меравад аз базми љамшедї бурун. Љуз худи ў кас намедонад чаро, Ќалби ў дар ин шаби шодист хун. ЉЎГИДУХТАР Мўю гесўи парешон, Ќомати мафтуну зебо, Фориѓ аз дунёи армон, Фориѓ аз дунёи фардо, Љўгидухтар. Аз сањар то шоми беваќт, Меравад аз дар ба дар, Њамчу тифлони замони љанг, Гўё бепадар. …Дар паси њар дар љавонияш фидо, Дар паси њар дар барорад ин нидо, Хонаи ободатон обод бод, Чашми бад дур бод аз ин хонадон. Шодї њоким бошад андар ин макон. Њамрањи њар як нидо Њар як дуо. Умр аз ў мекунад кам-кам гузар, Ў вале аз рафти умраш бехабар, Мекунам андеша чун бинам варо, Беибо гўям маро бо худ бубар. "Рўзњои умри арзони туро, То ки ѓун дорам аз њар пушти дар". МАНИ ОШИЌ Гање, ки духтарони дењаи ман, Ба савти ёр-ёр оянд арѓушт. Ба гўш ояд зи рўду чашмаю кўњ: Маро кушту маро кушту маро кушт. Гање, ки духтарони дењаи ман, Ба раќс оянд раќсад беди Маљнун.
Љањон афсона, мо афсонасозем, Барои лањзаи худ сарфарозем. Чї бадбахтем, бадбахтем, бадбахт, Ки худбадбину бегонанавозем. **** Касе, ки завќу идроке надорад, Дили аз ишќ садчоке надорад. Агар фарзандњо миранд яксар, Ба дил як заррае боке надорад. **** Чу медонам, ки дунёдори нокас, Басо мўњтољї дорад аз паи хас. Дилам пайваста огањ менамояд, Ки аз ин сон касон пайваста метарс. **** Зи њарфи носазо дил мехўрад ѓам, Зи макри бевафо дил мехўрад ѓам. Аз он ки носипосеву дурўе, Бимонад бељазо дил мехўрад ѓам. *** Диле бо ишќи ёре боумед аст, Диле аз зиндагонї ноумед аст. Дили манро умед аз ноумедист, Чу шоми тор поёнаш сафед аст. *** Шаби шабзиндадоронро сањар бод, Умеди дўстдоронро шарар бод. Чї хуш гар духтари хушкардаи ман, Ба ман дар дењаи мо њамгузар бод. **** Дарёи равон зи рањ нагардад њаргиз, Шуд мўй сафед сияњ нагардад њаргиз. Рози дили худ ба кас бигуфтї, ки бигў, Рози дили ман панањ нагардад њаргиз. **** Шавад гум аз само афтад ситора, Маљў ўро намеёбї дубора, Љавонї њам чу моро тарк гўяд, Намеояд, намеояд, дубора. **** Каси камдидаро кам нописанд аст, Дили ѓамдидаро ѓам нописанд аст. Маро, ки олами ман, модарам њаст, Агар ў нест олам нописанд аст. **** Гање, ки бодаи ѓам мекунам нўш, Арўси ѓам маро ояд ба оѓўш. Бигўяд њамдилу њамхонаам шав, Зи шодињои дунё кун фаромўш. **** Якеро одамон аз рўйи мансаб, Кунандї бас гање бардор-бардор, Бубинам инчунин мардону гўям, Худо аз дарди номардї нигањ дор. **** Яке бо раѓми мо рўзи ѓами мо, Бихандад, раќсаду хонад тарона. Вале ў бехабар аз он ки рўзе, Варо ин рўзи мо ояд ба хона. **** Њар касе к-ў хонда худро ањли дил, Шеърњои Рўдакї аз ёд бурд. Зинда бошад, хонам ўро мурда ман, Пеш аз маргаш барои ман бимурд.
ВОКУНИШ Прокуратураи шањри Хуљанд вобаста ба маќолаи "Офтобро аз осмони кўдакони мо медузданд", ки дар рўзномаи "Нигоњ" аз 09.03.2016 сол тањти №49 дар асоси мурољиати 700 нафар сокинони шањри Хуљанд ба нашр расонида шудааст санљиш гузаронид. Бо ин маќсад дар асоси фармони прокури шањри Хуљанд аз 29 марти соли 2016 тањти №4 оиди санљиши мазмуну моњияти маќолаи мазкур гуруњи корї дар њайати- Муњаммадљонзода М.Т.муовини раиси шањри Хуљанд, Шокиров А.-мудири шуъбаи меъморї ва шањрсозии вилояти Суѓд, Исоев А.А.-мудири шуъбаи меъморї ва шањрсозии шањри Хуљанд, Ёрматов А-раиси кумитаи идораи замини шањри Хуљанд, Боиров Х.сардори шуъбаи ташхисњои лоињавїсохтмонии вилояти Суѓд, Мамадљонов А.-сардори Хадамоти назорати сохтмон дар вилояти Суѓд, Мухаммедов С-ГАП ЉСК Суѓд-шањрофар шањри Хуљанд ташкил карда шуда дар мањалли бањс, яъне дар љояш мавриди баррасї ќарор дода шуд. Муайян карда шуд, ки дар асоси Наќшаи генералии шањри Хуљанд, ки аз љониби ЉСК "Шањрофар" тањия шуда, бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 октябри соли 2010 тањти №479 тасдиќ гардидааст, дар мавзеи мазкур сохтмони бинои истиќоматии 9-ошёна бо нуќтањои савдо ва хизматрасонї дар ошёнањои аввал ба наќша гирифта шудааст. Тибќи Ќарори раиси шањри Хуљанд аз 23 августи соли 2013 тањти №464 дар мавзеъи мазкур ба ЉДММ "Холис" барои сохтмони бинои истиќоматии 9ошёна дар ошёнаи аввал маркази савдо ва дар тањхонааш таваќќуфгоњи наќлиёти сабукрав ба масоњати умумии 3200 метри мураббаъ ќитъаи замин људо гардида, ќабл аз оѓози корњои сохтмони аз тарафи љамъият лоињаи иншооти сохташаванда тартиб дода, хулосаи мусбии экспертизаи давлатии лоиња аз 19 феврали соли 2015 тањти №ЭД-85 60/15 дастрас карда шудааст. Мутобиќи хулосаи дастаљамъонаи муттахассисони зикргардида тибќи талаботи МЌС ЉТ 30-01-2007* "Шањрсозї банаќшагирї ва бунёди мањалњои ањолинишин" боби 5, банди 58 таљдиди комплекси њудудњои шањрсозї бояд бо маќсади таъмини рушди устувори мањали ањолинишин, бењсозї ва дастгирии сифати муњити њаётгузаронї, ба стандартњо ва меъёрњои истифодабарї мутобиќ намудани фондњои манзили љамъиятї ва истењсолї, инчунин бо дар назардошти истифодаи маќсадноки њудудњои њамаи навъњои мањалњои ањолинишин ва дигаргунсозии инфраструктурањои муњандисї, иљтимої ва наќлиёт дар риоя бо талаботњои экологї, санитарию гигиенї ва зиддисухтор дар амал татбиќ карда мешавад.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
13
БА 700 ХУЉАНДЇ Љавоб Ба маќолаи "Офтобро аз осмони кўдакони мо медузданд", ки дар рўзномаи "Нигоњ" аз 09.03.2016 сол тањти №49 ба нашр расидааст.
Мувофиќи тавзењоти Наќшаи генералии шањри Хуљанд љадвали №3 масоњати микроноњияи 13-ум 37,87 га-ро ташкил медињад, ки аз он љумла масоњати њудуди истиќоматї ба 29,07га баробар буда, зичии масоњати манзили истиќоматї 4427м2/га, зичии ањолї 189одам/га ташкил медињад. Агар ин нишондињандањоро бо замимаи 5-уми МЉС ЉТ 31-01-2007* муќоиса намоем, зичии фонди истиќоматї 5000-7500м2/га, зичии ањолї 250-300 нафар/га мебошад ва лоињаи кори сохтмони бинои истимќоматии 9 ошёна дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар тањхонааш таваќќуфгоњи наќлиёт, воќеъ дар мањаллаи 13-уми шањри Хуљанд ба иморатсозии њудудњои истиќоматї дохил мешавад, ки он дар асоси минтаќабандии љойгиронї ба талаботњои њолати муњити атроф, санитарию-гигиенї, шароити иќлимї, сухторнишонї бо роњњои тањлиявї, роњравњои пиёдагард ба талаботи меъёру ќоидањои сохтмон љавобгу аст. Барои муайян намудани шароити иќлимї аз тарафи муттахаассисон таљњизоти "светопланиметр" истифода шуда, санљиш аз нуќтаи мобайни бинои истиќоматї муайян намудааст, ки
дар давраи тобистон, ки рушноии офтоб таќрибан 75-800 мебошад, ягон монеагї дида нашуда, дар давраи зимистон таќрибан 1,5-2 соат рушноии офтоб мерасидаст. Фишори миёнаи солонаи шамол дар минтаќаи шањри Хуљанд 45 кг/м2 ташкил медињад, ки ин нишондод ба шамолрасиии биноњои гирду атроф кифоя будааст. Харитаи бинои №9 дар мањаллаи 13 мувофиќи шиносномаи техникии бино аз 01.06.1982 сол тартиб дода шуда, љамъ 12408 м2-ро ташкил додааст. Бинои истиќоматии мазкур шакли кооперативї буда, мебоист дорои сертификати њуќуќи истифодабарии замин
гардад ва андози њаќќи истифодаи заминро месупорид. Лекин ќитъаи замини мазкур то ин дам њамчун замини полезї ва боѓ истифода мешуд. Дар сањни њавлии бинои истиќоматии №9 инчунин ќитъаи замин барои майдончањои бачагона ва варзишї, роњрав ва истгоњи наќлиёт пешбини шуда бошад, њам он аз тарафи сокинони бино ѓайримаќсаднок истифода шуда истодааст Тибќи хулосаи муттахассисон њарчанд ба ЉДММ "Холис" ќитъаи замин ба андозаи 40м ба 80м, яъне 3200м2 људо шуда бошад, њам њаљми бинои ба наќша гирифташуда 15м ба 75м мебошад, ки ин 1125м2-ро ташкил медињад. Яъне масоњати боќимонда барои истифодаи умум, њамчун майдончањои бозии кудакон, истироњати калонсолон, машѓулиятњои варзишї, таъиноти хољагї, сабзазоркунї ва гузаргоњу истгоњи наќлиёт пешбинї карда шудааст, ки дар оянда аз он тамоми сокинони ин мањал истифода бурда метавонанд. Њамзамон тибќи мактуби роњбари гурўњи минтаќавии Раёсати экспертизаи давлатии ѓайриидоравии њуљљатњои лоињавии шањрсозии Кумитаи меъморї ва сохтмони назди Њукумати ЉТ дар вилояти Суѓд аз 05.04.2016 сол тањти №43 нусхаи наќшаи генералии пешнињодгардида асос барои корбарї набуда, дар нусхаи ба маводи санљишї тибќи хулосаи муттахассион замима гардида, баъди ислоњи эродњои экспертизаи давлатї тањти №60/15/9184 аз 19.02.2015 сол ба лоињаи сохтмони бинои мазкур хулосаи мусбии экспертизаи давлатї дода шудааст, ки дар он талаботњои њолати њифзи муњити зист, санитарию гигиенї, шароити иќлимї, майдончаи бозиии кўдакона дар фосилаи 17 метр нисбати бинои 5 ошёнаи №9 бо масоњати 140 м.м., майдони истироњати калонсолон, машѓулиятњои варзишї ва таъиноти хољагї бо масоњати 290 м.м., роњњои тањлиявї дар асоси талаботи меъёрњои сўхторнишонї, роњравњои пиёдагард ба талаботи меъёру ќоидањои сохтмон љавобгў будаанд. Солизода А., Прокурори шањри Хуљанд, мушовири адлияи дараљаи 1
СЕРХОНАНДАТАРИНЊО
ПАРЛАМОНИ АВРУПО ХОСТОРИ ОЗОДИИ АЪЗОИ РАЁСАТИ ЊИЗБИ МАМНУЪШУДАИ НАЊЗАТИ ИСЛОМЇ ШУД 35 узви Парлумони Аврупо аз кишварњои мухталиф бо ќабули ќатъномае аз Њукумати Тољикистон хостаанд аъзои Њизби мамнуъшудаи нањзати исломї, Зайд Сайидов ва дигар мухолифони давлатро озод кунад. Ин ќатънома рўзи 7-уми июн ќабул шудааст ва аъзои Парламони Аврупо гуфтаанд, ки аз боздошт ва зиндонї шудани мухолифони давлат ва њомиёни њуќуќи башар, азъои хонаводаву хешу аќрабои онњо шадидан нигаронанд. Муаллифони ќатънома гуфтаанд, ки чењрањои сиёсї бояд тибќи ќонунњои Тољикистон ва уњдадоррињои байналмилалие, ки ин кишвар ба уњда гирифтааст, шаффофу ошкор ва одилон муњокима шаванд, то саволе ба гунањгориву бегунањии онњо боќї намонад. Маќомот бояд бо далелњои раднопазир гунањгории онњоро нишон дињанд. Ин муаллифон аъзои Љиноњи мардумии парамони Аврупо њастанд ва аз њукумати То-
љикистон хостаанд вазири пешини саноат Зайд Саидов, муовинони ба њукми абад мањкумшудаи њизби мамнуъи нањзати исломї Сайидумар Њусайнї ва Мањмадалї Њаит ва дигар аъзои раёсати њизбро, ки ахиран ба муњлатњои гуногун роњии зиндон шудаанд, озод кунад. Вакилони Парламони Аврупо њамчунин хостори лаѓви парвандаи Зайд Сайидов ва вакилони мудофиа Шуњрат Ќудратов ва Бузургмењр Ёров шудаанд. Ин муаллифон њамчунин аз соњибкор Абубакр Азизхољаев низ ном бурдаанд ва аз њукумат хостаанд таъќиби ўро бас кунад. Ќатъномаи порлумони Иттињодияи Аврупо идомаи вокунишњои байналмилалї ба зиндонї кардани 14 -узви раёсати Њизби мамнўи нањзати исломї аст. Рўзи 9-уми июн Сафорати Амрико дар Тољикистон низ бо пахши баёнияе гуфта буд, ки
"ба зиндон мањкум шудани аъзои Раёсати њизби мамнуъи Нањзати исломї садои мухолифонро дар Тољикисон хомўш мекунад". Сару садоњои байналмилалї дар мавриди азъзои Раёсати њизби мамнуъи исломї замоне баланд шуд, ки рўзи 2-уми июн Додгоњи олии кишвар њукми зиндонии онњоро эълон кард. Бар асоси ин ду муовини Райиси њизб Сайидумар Њусайнї ва Мањмадалї Њайит ба њукми абад мањкум шуданд ва аъзои дигари Раёсат аз 2 то 28 сол роњии зиндон гаштанд. Маќомоти ин афродро ба узвият дар гуруњњои љиної, барангехтани низоъњои мазњабї ва нажодиву ќавмї ва террор муттањам медонанд. Њамаи онњо нимаи моњи сентябри соли гузашта дар пайи хунсо шудани ошўби генерал Абдуњалим Назарзода, маъруф ба Њољї Њалим боздошт шуда буданд. Роњбарони дигари ин њизб, ки њамакнун дар кишварњои гуногун паноњанда шудаанд, бо пах-
ши њар гуна изњорот иттињомотро бепоя мехонанд, вале Додгоњи Олї мегўяд гуноњи афродро бо далелњои ќатъї исбот кардааст.
TojNwes
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
7 ДАР ЧАНД РЎЗ ЯК ХАТМ БОЯД КАРД? "Агар шаётин бар ќалби бани Одам мусаллат намешуданд, ба маќоме мерасид, ки малакути аълоро тамошо кунад". (Расули Арам (с)). Дар шариати исломї хатми Ќуръон дорои дараљањои зиёд аст. Ва бењтарин дараљаи он хатми фањмида ва дарккардашуда мебошад. Пайѓамбари гиромї (с) дар се рўз хатм кардани китоби осмониро тавсия медињанд. Ва мегўянд, ки агар дар камтар аз се рўз як хатм воќеъ шавад, ба он маъност, ки тиловаткунанда онро хондааст, вале чизе нафањмидааст. Имом Ѓаззолї дар як њафта як хатм карданро тавсия медињанд ва мегўянд, ин дараљаи мўътадили хатми Ќуръон аст. Ин олими раббонї навишта: "Магар намебинї, ки ба ту дастур дода шудааст, ки намоз бихонї, вале аз хондани он дар тамоми рўз нањй шудааст…Ва гузашта аз ин, бояд таваљљўњ дошта бошї, ки муќоисаи тиловати Ќуръон бар корњои муфиди дигар сањењ нест ва масали ин аст, ки бигўї: "чун дору барои бемор муфид аст, њар ќадар бештар бихўранд, фоидааш бештар аст, дар сурате, ки басо иттифоќ меуфтад, ки хўрдани доруи зиёд сабаби марг мешавад". Амиралмўъминин Алии Муртазо (р) фармуда: "Ибодате, ки шинохту маърифати Худо дар он набошад ва тиловате, ки њамроњ бо тадбир дар оёт нест, фоидае надорад". Ва агар хоњем ин нуктаро рўшантар тавзењ дињем, боз њам рў меорем ба Имом Муњаммади Ѓаззолї: "Зинњор ба зиёдии хатмњои Ќуръон хушнуд мабош ва агар як ояро дар саросари шаб такрор кунї ва дар маънои он бияндешї, аз ду хатми Ќуръон бењтар аст. Ва њазрати Расули Худо, алайњиссалом љум-
РАМАЗОН
ЗАНГИ ДИЛЊОРО БО ТИЛОВАТИ ЌУРЪОН БИШЎЕД лаи "Бисмиллоњир-рањмонир-рањим"-ро 20 бор такрор кард ва Саъд бинни Љобир шабе то субњ ба такрори ин оя машѓул буд: "Ва эй бадкорон, имрўз шумо аз сафи некувони Худо шавед". Шояд шоистатар барои ту ин аст, ки гуфтори яке аз орифонро сармашќ барои хеш ќарор дињї, ки гуфтааст: "Ман дар як њафта хатме дорам ва ин хатмро њам дорам, ки сї сол аст, ки онро шурўъ кардам ва њанўз тамом нашудааст". ЌУРЪОНРО КЇ БОЯД ТАФСИР КУНАД? Ин бахшро аз ин њадиси ќудсї оѓоз кунем, ки Расул (с) фармуданд: "Њар кас барои худ Ќуръонро тафсир кунад, бояд љои худро дар дўзах омода кунад". Ва метавон хулоса кард: тафсири ояњои каломи раббонї аз љониби њар касе иљоза нест. Мутаассифона, имрўз њар атеисти собиќу њар мансабдори давлат ва омўзгори навмашќро метавон пайдо кард, ки бехабар аз ин фармудаи Расули Худо (с) як ояти каломи Њаќро бо хости худ шарњу тафсир медињад ва намедонад, ки муртакиби гуноњ шудааст. Табиати инсонист, ки дарки фитрии худро амалан њаќ медонад ва пушти он нест, ки ин шарњаш дуруст буд ё на, њаќи тафсир дошт ё на. Боиси таассуф аст, ки дар доирањои њукуматї, бахусус, он бахш аз сохтори давлат, ки ба назорати дин машѓуланд, ин аќидаи нороиљ дар љараён аст, ки гўё
муллоњо ба хости худу ба фоидаи худ Ќуръонро шарњ медињанд, аз ин рў, агар худи онњо ба ин кор машѓул шаванд, ба мардум њаќиќатро зиёдтар мерасонанд. Вале бехабар аз он ки тафсири Ќуръон илм аст ва ин илмро аз оѓоз то ба анљом наомўхта, шарњи каломи Худованд номумкин аст. Зеро њар њарфу њиљои он маънии хос ва замони иљрои хос дорад. Њатто, мутаассифона, баъзењо тарљумаи калима ба калимаи оёти каломи Худоро тафсир медонанд. Надонистани илми тафсир ва надоштани мутолиаи асарњои муфассирини шинохта барои шахсе, ки иддоои тафсиргарї мекунад, на танњо савоб нест, балки гуноњи бузургест. Ин фармуда аз Имом Муњаммади Ѓаззолї дорем, ки дар шарњи њадиси боло омадааст: "Касоне, ки гумон мекунанд Ќуръон љуз тарљумаи зоњирї маъниии дигаре надорад, танњо аз нафси худ хабар медињанд (ва маълумоти худро муаррифї менамоянд) албатта, метавонанд аз худ хабар дињанд (бигўянд, мо љуз маънии лафзї чизи дигаре намедонем). Вале дар ин ки њукм кунанд бояд тамоми мардум ба андозаи онон бидонанд ва бештар аз мизони тарљумаи лафзї аз Ќуръон нафањманд, иштибоњ мекунанд. Чун ањодис ва осор бар ин далолат доранд, ки дар фањми маъонии Ќуръон саъйе барои ањли дарк мављуд аст".
НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ Чанд сол аст, ки мехоњем барои писарам хона харидорї намоем. Бо ин маќсад пул љамъ карда истодаем. Аммо ман мехостам фањмам, ки аз пуле, ки барои хона харидан барои писар дар давоми чанд сол љамъ кардаем, закот дода мешавад ё не? Муњаммаднабї. Агар барои харидани хона маблаѓе љамъ карда бошед, ки ба њадди нисоби шаръї расида бошад ва як ё чанд сол аз он гузарад, вале њанўз шумо хона харида натавонистед, пас дар ин њолат закотро адо мекунед. Аммо агар пас аз расидан ба њадди нисоб ва пеш аз гузаштани сол шумо бо он маблаѓ хона харидед, пас дар ин сурат закот бар шумо вољиб намегардад. Аз сомонаи Шўрои уламои Тољикистон
?-И БОБ? Ба бозињои тобистонаи олимпии соли 2016, ки дар шањри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мегардад ваќти хеле кам мондааст. Олимпиада ќуллаи аз њама баланди варзиш буда, њар варзишгар орзу мекунад дар ин мусобиќа соњиби медал гардад. Агарчї ман варзишгар нестам вале дўстдори варзиш мебошам ва бисёр мехоњам варзишгарони тољик аз Олимпиада бо медал баргарданд. Суоли ман чунин аст: То имрўз чанд нафар аз варзишгарони тољик соњиби роњхат ба Олимпиада дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардиданд? Ризвон АМИНОВ, сокини ноњияи Айнї. То имрўз 3 нафар аз варзишгарони тољик барои иштирок дар бозињои тобистонаи олимпии соли 2016 (Рио-де-Жанейрои Бразилия) роњхат дарёфт кардаанд. Инњо гурзпарто Дилшод Назаров, људочиён Комроншоњи Устопириён ва Муњаммадмурод Абдурањмонов мебошанд. Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тољик аввалин шуда соњиби роњхат ба Бозињои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардида буд. Вай дар мусобиќаи анъанавии љањонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозї дар Љумњурии Чех бо натиљаи 79,36 метр маќоми дувумро касб кард. Ин натиља ба ў имкон медињад, ки дар мусобиќаи ќањрамонии љањон, ки рўзњои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-деЖанейро (Бразилия) ширкат варзад. Комроншоњи Устопириён, пањлавони маъруфи тољик дуюмин варзишгари тољик буд, ки соњиби роњхат ба Олимпиадаи тобистона дар Рио-де-Женейро гардид. Вай дар шањри Тошканди Ўзбекистон, дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки 15-17-уми апрел баргузор шуд, дар вазни то 90 килограмм сабќат карда, њамаи њарифонашро маѓлуб кард ва бо ин ѓалаба роњи худ ба сўи Бразилияро њамвор кард. Сеюмин варзишгари тољик, ки соњиби роњхат ба Олимпидаи тобистона гардид ин Муњаммадмурод Абдурањмонов мебошад. ин пањлавони тољик тавассути квотаи ќитъавї њаќќи ширкат дар олимпиадаро соњиб шудааст. Абдурањмонов дар рейтинги ахири Федератсияи байналмилалии људо (IJF) дар вазни беш аз 100 кило миёни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48 љой гирифтааст. Ба суоли Шумо аз Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон посух доданд.
ЛАТИФАЊО
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
15
АКСИ ГЎЁ
Як рўз њазрати Азроил, бидуни огоњї ба утоќи кории як вазир ворид мешавад. Вазир рўйи роњаткурсї дар гарданаш мисли кўдакњо латтапораеро баста хўрок мехўрд. Њазрат мепурсанд: - Ња, вазир ба чї кор машѓулї??? Вазир як худашро метаконаду сарашро аз болои косааш мебардорад. Аз тарс карахт шуда, мегўяд: - Бобољон, мама хуйсодам. Њазрати Азроил њам паст наомада мегўянд: - Шери бобош, мамата хўр, попота пўш, њардумон тай-тай мерем!!! ******* Вакили Парлумон барои ќазои њољат рафта, ба љаласа дер њозир мешавад. Оњистаоњиста ба толор ворид шуда, нўг-нўги по ба гўшае омада мешинад. Ногоњ мебинад, ки дасту рўйи вакилони дигар њама нуќта-нуќта доѓи сабз шукуфтааст. Бо њайрат аз нафари њампањлўяш мепурсад: - Чї, ягон эпидемия омадааст? - Э, не-е, - бо кароњият даст меафшонад ў, - кадом як депутати бетамиз носашро дар кондитсионер туф кардааст. ******** "Дар дафтари шоир Салимшо Њалимшо як гурўњ кормандони рўзномаи "Тољикистони Советї" шоњмот мезаданд. Котиби масъул дарро мекушояд, ки дуди сигор дар фалак, фазои њуљра ѓализ. Салимшо таклиф мекунад: -Биё, шин, шоњмот занем. Котиб рад мекунад. -Дар утоќи шумо хар намешинад. Салимшо нимѓурма мегўяд: -Ин хел бошад, рав." ******* "Дардам хурўљ карду ба занам шикоят кардам. Гуфт: -Чї кор кунам? Гуфтам: -Њар ваќте ки дардам боло мегирифт, чї кор мекардї? Гунањкорона иќрор шуд: -Манањбанд тайёр мекардам."
АЉОИБОТИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ 1.Калонтарин кўли зерях дар љањон. Кули Шарќ дар Антарктида соли 1994 бо роњи анализи радиолокатсионии ќитъаи яхї кушода шуда буд. Дар чуќурии 4 км. дар зери сипари яхии антарктикии шарќи рустшуда, аз њама куњансолтарин ва тозатарин кул дар љањон ба шумор меравад, дар давоми 500 њазор сол тамоман аз олам канор гирифта шудааст. Масоњати 14 000 м2 ва чуќурии 100 м. доро мебошад. 2.Калонтарин њалќањои дуд дар љањон. Вулќони амалкунандаи Этна дар Ситсилия аз њама баландтарин ва амалкунандатарин дар Аврупо мебошад. Дар натиљаи протсесси мураккаби физики њалќањои дуди диаметрашон 200 м. пайдо шуданд, ки то 10 даќиќа нобуд намешуданд, то дами ба баландии ќариб 1000 м. аз сарчашмаи оташихрољи вулќон баромадан. 3.Чуќуртарин доманакўњ дар љањон. Доманаи дарёи Ярлун-Тсангбо дар Осиё, ки аз Тибет то Бангладеш пањн шудааст, чуќурии аз њисоби миёна 5000 м., ва дар љои аз њама чуќураш 5382 м. мебошад, ки 3 маротиба аз Канёни Калон чуќуртар аст. 4.Пиряхи тезтарин дар љањон. Бо дарозии 54 км.. масоњати 4,8 км. ва бо баландии 910 м. дар якчанд љойњо пиряхи Колумбия, ки дар байни Анкоридж ва Балдиз дар Аляскаи ИМА љойгир шудааст бо шиддати аз њисоби миёна 35 м. дар як руз пеш рафтааст. Дар 20 соли охир ў шиддати худро ду баробар зиёд намудааст. 5.Хунукии яхин. Пиряхњо 11%-и сайёраро ташкил медињанд ва асосан дар Антарктида ва Гренландия љойгир шудаанд. Онњо аз барфу ях ташкил ёфта, масоњати 16 млн.км2-ро ишѓол мекунанд. Пиряххо бузург мебошанд, онњо яхњои хеле зиёдро дар бар мегиранд, чунки дар он љо боришоти барф аз обшавии он шиддатноктар аст. Аз њама пиряхи бузургтарин пиряхи Ламберт мебошад, ки дар њудуди Антарктидаи австралиягї љойгир шудааст. Масоњати пиряхи Ламберт 64 км кВ-ро ташкил медихад, дарозиаш 700 км, яъне зиёдтар аз масоњати штати Флорида мебошад. 6.Кули Балхаш калонтарин кули Ќазоќистони марказї аст.Аз љињати бузургї чорумин кули Осиёи Миёна буда, дар ќисми шарќии Ќазоќистон љойгир шудааст. Балхаш кули сарбаста аст.Дар хамии васеи Балхашу Алоќул дар баландии 340 м аз сатњи бањр љойгир аст.Масоњаташ 17-22 њазор км2,дарозиаш 605 км,бараш дар ќисми шарќї 9-19 км, дар ќисми ѓарбї то 74 км,чуќуриаш 26 м,њаљми массаи об 112 км2, масоњати њавзааш 501 њазор км2 мебошад.
?-И БОБ?
БА ЉОИ 09 Дар ваќти зарурат Шумо метавонед ба ШСХК "Барќи тољик" занг занед Мирзо Исмоилзода, раиси ширкат 235-87-66 Мањмадумар Асозода, муовини аввал 235-86-30 Ѓолиб Убайдуллозода, муовин 235-87-97 Мављуда Холиќзода, муовин 235-86-40 Шуъбаи умумї: 235-86-66
Аз 1-уми июл маош ва нафаќа дар Тољикистон тибќи фармони Президент боло меравад. Аммо дар ин самт барои мо омўзгорон як нофањмї аст. Мушкилї дар ин аст, ки мо аз 1-уми июл ба рухсатии мењнатї мебароем. Маош низ мањз дар ин моњ баланд мешавад. Њоло мо намедонем, ки оё рухсатпулии мо баланд мешавад ё не? Дирўз муњосиби мактабамон гуфт, ки не пули рухсатиатон зиёд намешавад ва танњо аз моњи сентябр маошатон зиёд мешавад. Аммо ман ба ин бовар надорам. Хоњиш мекунам, ки масъулини Вазорати молия ба ин масъала рўшанї андозанд. Омўзгор аз шањри Душанбе. Барои ба суолњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат намоед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї-77, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефонии 44-600-80-38 ва 915-89-0357 занг занед. Ё ба воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (495), 15. 06. 2016
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
ХУДОЙБЕРДЇ ХОЛИЌНАЗАРОВ Худойбердї Холиќназаров, директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президент ва собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон 65сола шуд. Ў 14-уми июни соли 1951 дар Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1975 Шуъбаи форсии факултаи забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1974 њамчун тарљумон дар Афѓонистон шуруъ карда, солњои 1976-78 мудири лабораторияи факултаи забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Тољикистон буд. Соли 1978 ба Эрон рафт ва то соли 1980 дар ин кишвар њамчун тарљумони забони форсї кор кардааст. Холиќназаров баъди баргаштан аз Эрон як сол дар Донишкадаи тарбияи љисмонии Тољикистон ба донишљўён дарс гуфт. Соли 1981 барои кор ба Институти шарќшиносии Академияи илмњо гузашт ва то соли 1987 дар ин даргоњ фаъолият намуд. Солњои 1987 - 1988 - мушовир- тарљумони КМ созмони љавонони Иттиходи Шўравї (ВЛКСМ) ва солњои 1989-91 муаллими калони кафедраи фалсафа ва таърихи Институти забон ва адабиёти рус буд. Соли 1991 Тољикистон истиќлолият ба даст овард ва баробари он дар кишвар низоъњои дохилї сар заданд. Дар ин сол Худойбердї Холиќназаров раиси љамъияти Носири Хисрав буд. Пас аз ин Холиќназаров аллакай ба сиёсати калон ворид шуд. Моњи майи соли 1992 дар Њукумати муросои миллї вазири корњои хориљї ва робитањои иќтисодии берунии Тољикистон таин шуд. Моњи июли њамон сол ин вазорат ба Вазорати корњои хориљї табдили ном кард ва Холиќназаров вазири он боќї монд. Дар ин вазифа то моњи ноябри соли 1992, яъне то баргузории Иљлосияи XVI-и Шўрои олии Тољикистон ва ташкили њукумати нав бо роњбарии Эмомалї Рањмон боќї монд. Дар ин иљлосия ўро аз вазифаи Вазири корњои хориљї барканор карданд. Солњои 1993-98 Холиќназаров муовини ра-
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Мањмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ, раиси шањри Душанбе: - Бо инобати таъсиргузор боќї мондани буњрони молиявии љањонї аз харољоти дуюмдараља худдорї намуда, бо шаффофият ва роњ надодан ба амалњои коррупсионї сарфаву истифодаи таъинотии маблаѓњоро таъмин созед. - Дуюмдараља? Раис зани дуюм нагиретон гуфтосен-мї? Бобољон АМОНУЛЛОЊ, овозхон: - Таќрибан се моњ пеш матни сурудро аз шоир Озарахш гирифта, ба устод Авзалшоњ Шодиев пешнињод кардем. Устод ба суруд оњанг монданд ва дар якчанд консерт онро якљоя сароидем. Клипи онро дар маконњои зебои шањри Душанбе, ки нишонањои ватандориро дар худ таљассум мекунанд аз ќабили парчам, Ќасри миллат, майдони Исмоили Сомонї сабт кардем. Насиб рўзњои наздик клип ба дасти мухлисон хоњад расид, мегўяд. - Њамту када, тилвизор ба роњ ёфтанї ман гўед! Э бало шумоњон!
иси Маркази њамоњангсозии неруњои демократии Тољикистон дар ИДМ буд. Узви њайати гуфтушунид миёни тољикон аз љониби ИНОТ буд ва дар њамаи даврњои гуфтушунид дар он фаъолона ширкат кард. Баъди имзои Созишномаи сулњ аз њисоби 30 фоиз сањмияи мухолифон вазири мењнат ва шуѓли ањолии Тољикистон таин гардид ва дар ин вазифа то соли 2000 кор кард. Солњои 2000 - 2012 сардори Раёсати тањияи стратегияњои миллї ва барномањои иљтимої иќтисодии Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон буд. Моњи майи соли 2012 муовини аввали директори Маркази тадќиќоти стратегї ва январи соли 2014 директори ин муассиса таин шуд. Худойбердї Холиќназаров муаллифи зиёда аз 150 маќолањои илмї дар маљаллањои Тољикистон ва хориљї буда, ду маљмўаи маќолањои илмї ва ду монографияи илмї ба нашр расондааст.
АКСИ РЎЗ
Дилбар ГУРГОВА, модари серфарзанд: - Пас аз њукми суд, агар маро айбдор кунанд, фарзандонамро ба Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм месупорам. Бигзолр саробонї кунанд, зеро маро барои напардохтани пули мактаб айбдор кардан доранд. - Саидов инсони хубанд, лекин якбора калон ба баред! Обат бубарад, оби калонат бубарад! Бозор СОБИР, шоир: - Агар дар Тољикистони мо низ њамон солњо мисли Абдуллољонов ва Мулло Абдулло барин нафарон сари ќудрат меомаданд, љумњурї кайњо аз даст рафта буд. Яке далкаки сионизм, яке далкаки пантуркизм ва дигаре далкаки панисломизм будааст. Ваќт нишон дод. - Ваќт бисёр чизњоро нишон доду нишон медињад, аммо њама кирои гап нест. Шеър нависед бењтараш! Нуридин САИД, вазири маориф ва илм: (ба намояндагони Бунёди Оќохон) - Дар баробари шањрвандони љумњурињои Ќазоќистону Ќирѓизистон, Афѓонистону Покистон, шањрвандони Тољикистон, на танњо аз Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, балки аз тамоми љумњурї ба Донишгоњи Осиёи Марказї ќабул карда шаванд. - Ректорњои донишгоњњо њам бояд аз тамоми минтаќањо бошанд, ё не? Як ин сў њам нигаред!
Шариф ХАЛИЛ, нависанда: - "Ташаккур, ин орзуи деринаи ман буд. Китоб дар Тошканд чоп шуд ва њанўз худам онро надидаам. Ин орзуро баъзе ёрону рафиќон дар дили ман зинда нигањ доштанд. Чопи китоб, ки яке аз мушкилоти асосиаш пайдо кардани маблаѓ аст, на ба њама муяссар мешавад. Бисёр нависандањо асарњои худро менависанду як сў мегузоранд. - Аз он ки чоп кунанду, касе нахарад, як сў гузоранд бењтар аст, не? ТАСВИРИ АЊМАД ЗОЊИР БО ЌАЛАМИ АЛИЗОДА БЕНАЗИР. 13.06.2016 Муњаррир: Фаридун Рањнавард
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 918 74 75 79 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09