Нигох 36 (418)

Page 1

"Тољикї ё мусалмон?"

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

1

Ба сўи кўза не, ба сўи чашма бояд рафт САЊИФАЊОИ 8-9 №36 (418). Чоршанбе, 3-юми декабри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

НАЗАРИ МУШОВИР

Навори зидди Ѓалатї Баротоваро зидди миллат аст! САЊИФАИ 4

ЊУКУМАТИ ИЉРОИЯ

Таѓйироти кадрї дар шањру ноњияњо САЊИФАИ 6

БАЊС БО КАБИРЇ

"Лаббайк"-и Академия САЊИФАИ 7

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"Рўзи флаг" дар чойхонаи "Роњат" САЊИФАИ 16

ЌАРЗИ ТОЉИК Раиси панљуми "Барќи тољик" ё идораи соњаро "бомба" мефањмад, ё худро ба нодонї зада, манфиатњои гуруњеро амалї месозад?


2

ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

«ЌАРЗИ ТОЉИК» Раиси панљуми "Барќи тољик" ё идораи соњаро "бомба" мефањмад, ё худро ба нодонї зада, манфиатњои гуруњеро амалї месозад?

Барои як хонандаи њушманд, ду-се њафтаи гузашта собит сохт, ки "Барќи тољик" ангушти пўсандаест, ки буриданаш њайф аст, вале агар набурї, ба тамоми бадан сироят мекунад. Касе дар хотир надорад, ки кай дар бораи ин ширкат њарфи хубе гуфта шуда бошад. Ин њисоб гум шудааст. Расонаву коршиносонро як сў гузорем, њатто дар љаласањои њукумативу парлумон дар бораи "Барќи тољик" касе сухани хуб намегўяд. Гўё сухан дар бораи мусибат меравад, дар бораи маризе, ки њељ кас ба сињат ёфтанаш бовар надорад ва њељ кас намедонад, ки ўро чї гуна даво бахшад. Аммо ин мариз њар сол њудуди 850-950 миллион сомонии аз њисоби фурўши барќ ба даст овардаро обу лой мекунаду боис гаштааст, ки масъулони њукумат ва Президент назди Русияву Эрон эњсоси шармандагї кунанд. Аммо аљибаш ин аст, ки њич кас намепурсад, ки чаро чунин шуд ва муњимтар аз ин, ин њолат то кай давом мекунад? Тањлили чанд омили хабарии ду-се њафтаи охир нишон медињад, ки раиси нави ин ширкати муњими давлатї Рустам Рањматов дар бораи ин соња донишњои кофї надошта, ба гумони ѓолиб бозичаи дасти дигарон шудааст...

Раиси №5 ё Раис-Намедонам Панљ соли ахир "Барќи тољик" - ро панљ нафар роњбарї карданд. Њар касе намеомад, дар аввал мадњу ситоиш мешуд, ки нафари њирфаии соња аст, соњаро "об карда хўрдагї". Љомеаи безор аз бебарќиву бегармї дар интизори роњњалњои раиси нав мешуд, то зимистони навбатї, албатта. Аммо он ќадар, ки раиси бо валвалаву воњима меомад, њамон ќадар хаппу дам, "ба лабњо кулўх молида" аз вазифа мерафт. Ончунон рафтанд, ки "на пай мемонду на Њайдар", фаќат бо сару садоњо, ки "имрўз ё пагоњ мањкамаш мекунанд". 26-уми ноябр раиси №5 -и "Барќи тољик" Рустам Рањматзода њам собит кард, ки "воњимаи Рустам бењ аз Рустам аст". Аз баромади ў дар љаласаи Маљлиси намояндагон дар баробари он њама сифате, ки аз вай шунида мешуд, њамон рўз шабакањои иљтимої як унвонро ба ў метавон арзон диданд: Раиси "Намедонам". Њар суоле, ки аз ў шуд, посух дод: намедонам! Сару садоњо дар бораи давраи донишљўї ва шеваи бањогирияш дуруст баромаданд. Аммо як "кашфиёт"-е кард Рањматзода, ки касро ба ду андеша водор мекунанд: а) аз афташ ин одам намедонад, ки роњбари куљост; б) ё намедонад, ки шояд мардум бештар аз ў дар бораи "Барќи тољик" медонанд (дурусттараш, азияти бебарќиро дидаанду маљбуранд кори ин ширкатро тањќиќ кунанд). Медонед ў чї кор кард? Рањматзода дар парлумон гуфт, "Барќи тољик вазъи иљтимоии мардумро ба назар гирифта, ќарздор шуд. Чї

«

РУСТАМ РАЊМАТОВ ДАР ПАРЛУМОН «НАМЕДОНАМ» БУД тур? Аз рўи мантиќи ў: аз он ки ширкат нерўи барќро аз ширкатњои хориљї 15 дирам гирифта, ба мардум 12,6 дирам (бо назардошти ААИ) мефурўшад, аз "Сангтўда - 1" - 418,5 миллион ва Сангтўда - 2 - 165 миллион сомонї, љамъ 583, 5 миллион сомонї ќарздор шудааст. Ё тавба!!! Ин гуна мулоњизаронии оммавии роњбари муњимтарин ширкати давлатиро дида, кас ангушти њайрат мегазад: Аљабо, ин гуна рањбаронро аз куљо пайдо мекунанд, ки: а) ё дар ин соња балоро намефањманд; б) ё аъзои парлумон ва љомеаро аблањ гумон мекунанд. Аз барои Худо, русњо ва эронињо њоло њамагї камтар аз 15-17% -и барќи моро медињанд, 5% - ро манобеъи дигар ва то 80 % - ро неругоњњои "бобої" истењсол мекунанд, ки арзиши аслии њар киловат дар онњо, ба њисоби коршиносон аз 5 дирам (!) бештар несту амортизатсияашон кайњо аз 100 % гузаштааст! Шумо, ки мисли "Маколли" аз Русияву Ќазоќистон бо вагону мошинњо орду ганду навъи махсус оварда, мол истењсол намекунед? Шумо, ки мисли "Талко" аз Австралияву Бразилия бо киштиву эшелонњо садњо њазор тонна хокаи алюминий намекашонед, то мањсулот истењсол кунед? Шумо

Рањматзода "намедонам" гуфту љонро халос кард. Умуман, тавре гуфтем, рањбарони "Барќи тољик" ќариб дањ сол мешавад, ки гўё ба як азоб аз ширкат љон халос мекунанд. Аммо худи "Барќи тољик" он ќадар дар љони мардуми Тољикистон пайваста, ки њељ аз он халосї нест.

«

сарвати ин мардум-обро аз дохили турбинањои амортизатсияашон кайњо будшуда гузаронида пул мекунед. Лоаќал нархи энергияи барќї барои мардум, мисли Ќирѓизистон 6 дирам мебуд, он замон ин даъворо мекардед, ки дар фикри вазъи иљтимоии мардум њастед! Хуллас, сатњи идории нав дар садри "Барќи тољик" то њадде будааст, ки парлумонро њам дар њайрат гузошт, зеро аз "талафот"-и рекордии энергияи барќї лаб кушод. Рекорди љумњуривї ё иттифоќї не, рекорди љањонї! Бале, хонандаи гиромї, дар шарњи сабаби дар ќарз ѓўтавар шудани "Барќи тољик" роњбараш аз талафоти нерўи барќ ё ба ќавли рањбари "Барќи тољик", "патерия" (аз 15 то 19 дарсад !) ва ќарзњои бархе корхонањои бузургро ном бурд. "Баъзе субъектњо низ њастанд, ки шумо худатон бисёр хуб медонед, имкониятњояшон барои пардохт кардани маблаѓи барќ мањдуд аст" - ин њам сухани Рањматзода дар парлумон аст. "Плохому танцору яйца мешают"-таъкид мекунад маќоли русї. Агар, имкони пардохт надоранд, барќ надињед, агар ќарздоранд, пас ќонунро риоя карда, тариќи суд ситонед. Воќеан, њар панљ раисеро, ки дар "Барќи тољик" надидем, омилњоеро њамеша бањона мекунанд, вале ин ќадар бењунарона, нахустин бор.

Барќи арзон ва бепул Як даъвои дигари "Барќи тољик" ин аст, ки дар миёни кишварњои ИДМ ё худ СНГ барќи аз њама арзон дар Тољикистон аст. Рањматзода њам ин далелашро оварду дар балои Шукурљон Зуњуров, раиси МН, монд. Ахирї ваќте пурсид, ки њоло нархи нерўи барќ дар кишварњои њамсоя чї ќадар арзиш дорад, љавоб дода натавонист. Иќрор кард: "Намедонам!" Зуњуров њам афсўс хўрд: "Ваќте намедонед, ин бисёр бад аст!" Рањматзода бояд донад, ки Ќирѓизистон аз Тољикистон ба 2 сент, ќариб 11 дирам, барќ харида, ба сокинонаш бо нархи 1,5 сент, ё 8 дирам мефурўшад. Барќи дохилии Ќирѓизистон барои мардум 6 дирам аст. Яъне дар барќи арзон Ќирѓизистон аввал аст. Туркманистон, кишвари собиќ Шўравї, умуман барќро ба мардумаш бепул медињад (Ўзбакистон - 15 дирам). Ќиёси музди мењнати миёнаи ин кишварњо ва Муѓулистонро низ як сў мегузорем, ки мисли раиси "Барќи тољик"дар сатњи миллї шарманда нашавем. Аммо дар бораи фонди музди мењнати ин ширкати давлатї нагуфта намешавад.

300 миллион сомонї маош Аммо чаро ин 7,1 миллиард, ё 1 миллиарду 300 миллион доллар, њељ не, ки мардуми Тољикистонро соњиби барќ кунанд? Њатто дар пойтахт, он љо, ки умуман мањдудияти барќ вуљуд надорад, сол аз сол вазъи барќрасонї бад мешавад. Агар ин ќадар маблаѓ харљ шуда бошад, кадом тарњњоро "Барќи тољик" барои бењбуди вазъ дар кишвар анљом додааст (ба истиснои хати барќи "Љануб - Шимол")? Куљо расад ба бењбуди вазъ, "Барќи тољик", ки дар панљсолаи ахир бори панљум роњбарашро иваз мекунад, то панљ моњ боз ба кормандонаш маош надодааст. Рањматзода гуфт, аз 58,9 миллион ќарзи музди мењнати кормандон соли љорї танњо 32 миллион сомонї пардохт шудааст. Ин моњу моњњои оянда чї? Боз ќарз зам мешавад? "Барќи тољик" мегўяд, моњона 25 миллион сомонї барои маош харљ мекунад. Дар "Барќи тољик" њудуди 10 њазор нафар кор мекунанд, ки 3 њазорашон нозиранд. Њол он ки дар замони Шуравї теъдоди коргарон дар бахшњои алоњидаи соња то 10 маротиба кам буд. Оё касе зарурати фонди музди мењнати 300- миллионаро исбот кардааст? Хайрият инро аз Рањматзода дар парлумон напурсиданд, вагарна маљбур буд, ки рост гўяд: Не! Аммо системаи фасодолуда бояд ба њар васила пулњои ширкати давлатиро имрўз харљ кунад. Системаи бесамар ба ояндаи худу мардуми кишвар коре надорад. Шояд наќша дигар аст?

Ояндаи "БТ" - IRS - и дигар? Рањматзода "намедонам" гуфту љонро халос кард. Умуман, тавре гуфтем, рањбарони "Барќи тољик" ќариб дањ сол мешавад, ки гўё ба як азоб аз ширкат љон халос мекунанд. Аммо худи "Барќи тољик" он ќадар дар љони мардуми Тољикистон пайваста, ки њељ аз он халосї нест. 26-уми ноябр Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия, дар њамон љаласаи парлумон эълон дошт, ки ќарзи беш аз 7милиардии "Барќи тољик" аз њисоби буљаи давлатї пардохт хоњад шуд. Вай гуфт, ширкат барои таљдиди сохтор ва таљњизоти нав аз бонкњои хориљї 7,1 миллиард сомонї гирифтааст. Ин як раќами оддї нест - гап дар бораи зиёдтар аз нисфи буљаи имсолаи Тољикистон (13 миллиарду 901 миллион сомонї) меравад. Мо барваќт "тахтаву тирак" - и худро аз парлумонамон љамъ кардаем. Дигар умедвори ин нестем, ки касе дар он масъаларо моњиятан ба баррасї гузорад. Аз љумла, он рўз дар баробари ин изњороти Љамолиддин Нуралиев, ки гуфт, 7,1 миллиард сомонї ќарзњои "Барќи


БАЊСИ МИЛЛАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

3

ОЯНДАИ «БАРЌИ ТОЉИК» АЗ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ: НАРХРО БАЛАНД КАРДАН ЛОЗИМ, БА ЉОИ ЯК РОЊБАР 10 ДИРЕКТОРИ СОЊАВЇ МЕШИНОНЕМУ АЗ БУДЉА ПУЛАШОН МЕДИЊЕМ, ТО ЉИП ХАРАНД. НАРХИ ЉИПРО ЖУРНАЛИСТОН НАФАЊМАНД ШУД... Мантиќан, ширкати давлатии зараровар бояд зери фишори Вазорати молия-масъули пур кардани будља бошад, то босамар кор кунад, аммо инљо акси њол мушоњида мешавад. Чаро? Ин суолњоеанд, ки њар шахси њушманд аз худ мепурсад. Шояд барои љавоб ёфтан ба ин суолњо ба ояндаи "Барќи тољик" ва "барномаи Вазорати молия", ки Нуралиев расонаї намуд, таваљљуњ бояд кард?

Наќшаи вазорат ва талаби донорњо

ЉОНАТАН ДАНН - РОЊБАРИ ЊАЙАТИ СБП ДАР ТОЉИКИСТОН БАР ОН АСТ, КИ «БАРЌИ ТОЉИК»-РО БОЯД ХОРИЉЇ ИДОРА КУНАД тољик" аз њисоби буљет пардохт мешавад, касе аз намояндањои мардумї инро напурсид: љаноби муовини аввали вазири молия, агар 250 миллион доллари ќарзи Чин барои роњи Душанбе - Чаноќро аз њисоби буљет пардохт кунем (аз моњи апрели имсол шуруъ кардем), ин 7,1 миллиард, ё 1 миллиарду ќариб 300 миллион доллар ќарзи "Барќи тољик" - ро аз буљет - кисаи халќ дињем, IRS барои кї маблаѓ љамъ мекунад, наздик ба 1 млрд. сомонии љамъшуда куљо мешавад ва ширкатњои ояндае, ки моли "Барќи тољик" - ро тарака хоњанд кард, чї масъулият дар баробари ин ќарз хоњанд дошт? Бале, касе напурсид, вале, љомеа дер ё зуд хоњад пурсид ва љавоб додан назди халќи азиятдида осон нест. Аммо аљобати дигар ин буд, ки баъди ин њама намедонамњои раиси "Барќи тољик" Љамолиддин Нуралиев ўро "менељери касбї" тавсиф кард.

Таърифи нољо Номбурда гуфт, ки ширкати холдингї, билахира, нафари касбиро дар соња пайдо кард: - Ман боварии комил дорам, ки раис Рањматзода Рустам як сатњи баланди касбї доранд. Проблемањое, ки имрўз дар ширкати холдингї пайдо шудааст, дар оянда аз байн меравад. Вале саволу овозањое аст, ки гўё вазорати молия аз дастгирии "Барќи тољик" рўй тофтааст, ин комилан нодуруст аст. Вале мо тамоми мушкилоти соњаро омўхтем ва баъдан ба Бонки аврупоии рушд дар робита ба дастгирии молиявии он мурољиат кардем. Холо мо то соли 2017 ислоњот дар сиёсати тарифї, идораи корпоративї пешбарї мекунем. Наќша њам назди худ гузоштаем, ки ягон бори фискалиро ба ўњдаи ширкат нагузорем. Баъзењо савол мегузоранд, ки ширкат муфлис шудаасту вазорати молия ба онњо кўмак намекунад ва бетаваљљўњ аст. Аммо ман ба чунин саволгузорї куллан розї нестам. Вазорати молия бо дастгирии Њукумати Тољикистон тамоми кўшишро ба харљ медињад, ки ширкатро аз вазъи бади молиявї барорад. Мо њамчунин нерўгоњњои Сарбанд, зеристгоњи Турсунзода, нерўгоњи Ќайроќум ва дигар нерўгоњњои барќиро ба воситаи грантњо ва маблаѓњои буљети давлатї аз мушкилот мебарорем" Дар доирањои коршиносиву тањлилї Љамолиддин Нуралиевро њамчун як мансабдори хеле эњтиёткор медонанд, ки бењудаву бањуда, изњори назар намекунад, пас чи чиз ўро ба пуштибонии раиси "Барќи тољик" тела дод?

Хуб наќшаи вазоратро аз забони муовини вазир, ки шунидему хондем: сиёсати нархгузорї, идораи корпоративї ва харљи пул аз будљет. Хеле сода: нархро баланд кардан лозим, ба љои як роњбар 10 директори соњавї мешинонему аз будља пулашон медињем, то љип харанд. Нархи љипро журналистон нафањманд шуд... Фоиз ситонидан аз пулњои хазинадорї кори осон нест. Аммо донорњо чї талаб доранд? Њукумати Тољикистон аз соли 2011 боз ба маблаѓи 7,2 млн. еврои Бонки Осиёии Рушд барномаи таљдиди сохтори "Барќи Тољик"-ро бо ширкати Corporate Solutions пиёда мекунад. Таљдиди сохтор се марњала - тиљорикунонї (2011 - 2013), раќобат (2014 - 2015) ва хусусигардонї (2016 -2018) ном доранд. Дар нињоят "Барќи Тољик" ба се ширкат хусусї карда мешавад, ки яке бо истењсол, дигарї, интиќол ва саввумї, фурўши барќ машѓул хоњанд буд. Ин барномаро бубинед: аз соли 2011 ба 2013 ТИЉОРИКУНОНЇ буд. Дар амал тиљорикунонї фаќат боло бурдани нархи энергияи барќї шуд, ки мунтазам зери фишори донорњо ва Вазорати молия амалї мешуд. Дигар чї тиљорикунонї буд? Фурўши ќарзњои "Барќи тољик" бо дисконти 30-50 %-ї? Ин нишонаи коррупсия аст, на тиљорикунонї. Ќарзи ширкат аз бонкњои тиљоратї аз 700 миллион сомонї гузаштаасту ба гумони ѓолиб, ин ширкати давлатї дар бонкњои хусусї ё НБО-и "Норак"-ро гарав мондааст ё НБО-и "Бойѓозї"-ро зери амволе мисли НБО-и Ќайроќум ба ягон бонкир даркор нест. Пас давлат ё бояд ин ќарзро ба љои Барќи тољик дињад ё яке аз ин НБОњоро дињад. Ќарз болои ќарз зам мешаваду дигар њич. Аз 2014 ба 2015 МАРЊАЛАИ РАЌОБАТПАЗИРИИ ШИРКАТ хоњад буд. Як ширкати ќарздор ва сар то по ба фасод ѓутида бо кї раќобат мекунад? Агар донорњо ва Вазорати молия, воќеъан аз манфиатњои иќтисодии корхона ва давлат пуштибонї мекарданд, бояд кайњо дар ин ширкати давлатї идораи корпоративї ташкил карда, шаффофияти фаъолияти онро, минљумла тариќи нашри њатмии аудити мустаќил дар расонањо љорї месохтанд.Барои ин заминаи њуќуќии комил вуљуд дорад. Оё шумо боре эълон хариди "Барќи тољик" бо дањњову садњо миллион сомониро дар матбуот дидаед? Не, зеро хариди таљњизоту бекора хондани онњо манбаъи даромади раисон аст. Оё боре шунидаед ё хондаед, ки арзиши аслии истењсоли як кВт.соат энергияи барќї чанд дирам аст? Не, зеро онро њатто аз Роњбари давлат пинњон медоранд, то сирашон пўшида боќї монад. Агар Президент Эмомалї Рањмон фањмад, ки дар Ќирѓизистон истењсоли як кВт.соат энергияи барќї чизе зиёдтар аз 5 дирам аст, сахт нороњат мешавад ва алабатта љавоб мепурсад. Сахт мепурсад. Барои он ки нафањмаду напурсад, кордонњо як тан за хешу табори роњбари давларо њатман дар схе-

«

Ин, ки Љамолиддин Нуралиев мегўяд, ќарз аз буља пардохт мешавад, манзараи дањшатро дањчанд хоњад кард. Ояндаи "Барќи тољик" як IRS - и дигар хоњад буд. Ва дигар ин њам маълум мешавад, ки пушти Рустам Рањматов, ки замони воќеъан, тасодуфан пайдо шуданаш дар ин соњаи стратегї њадс зада мешуд, "одами сарвазир аст", кас ё гурўњи дигар меистад.

«

мањои пулкоркунияшон, дар ширкатњои давлатї шомил мекунанд, то масъулони Прокуратураи генераливу Агентии мубориза бо коррупсияву КДАМ андеша кунанд. Ин нафарон маъмулан мутахассиси соња нестанд, аз ин рў на аз худ ва на аз ширкату манфиатњои давлатї пуштибонї карда наметавонанд. Дар "Барќи тољик" њам аз њамин шева истифода мешавад. Ин гуна ранг гирифтани кор, ки таќрибан дар њама ширкатњои давлатї мушоњида мешавад, ба манфиати пулкоркунњо асту бар зарари давлату миллат ва иќтисоди миллї. Аммо аљиб ин аст, ки созмонњои донор, хоса Бонки љањонї (БЉ) ва Сандуќи байналмилалии пул (СБП) ба ин корњо чашм мепўшанд. Гўиё намебинанд. Агар воќеъан онњо ин масоилро дар чањорчуби ањдофи эълондоштаи худ њал кардани мешуданд, зимни пешнињоди нахустин кўмаки пулї ба "Барќи тољик" ва Њукумат шар-

БА НАЗАР МЕРАСАД, КИ ОЯНДАИ «БАРЌИ ТОЉИК» АЗ ЌОЊИР РАСУЛЗОДА ВОБАСТА АСТ ти фаъолияти шаффофи ин ширкати давлатиро гузошта, механизми амалї кардани онро месохтанд. Пас, мантиќан, метавонем хулоса кунем, ки: а) Барои вазорати молияи феълї, ин як бозии нуфуз ва шояд манфиатњои кутоњмуддат аст; (Дар замони вазирии Сафаралї Наљмиддинов ин кор ѓайримкон буд);

б) Барои БЉ ва СБП ин як барномаи таљдиди сохтор набуда, балки муфлис кардани ширкат аст ва оѓози марњалаи асосї њамон хусусикунонї аст, ки бояд аз соли 2016 ба 2018 анљом шавад. в) Мавзеъгирии Вазорати молия ба БЉ ва СБП хеле писанд аст, вале зидди манфиатњои милливу давлатї мебошад. Ин хулосањо бояд боиси нигаронии давлатсолорон ва Маркази ягонаи ќабули ќарор дар кишвар бошад, то таъмини истиќлолияти энергетикї афсона нашаваду самти афзалиятноки фаъолияти њукумат гардад. Дар акси њол, "Барќи тољик" ќарзи тољик шуда, барќи кисагї мегардад.

Барќи кисагї Ширкатњоеро, ки эњтимолан ин се корхонаро соњиб хоњанд шуд, метавон то љое муайян кард. 15 соли охир "Барќи тољик" барои иљрои тарњњояш 1 миллиарду 200 миллион доллар харљ кардааст. Њоло 15 тарњ ба маблаѓи 64 млн. доллар дар њоли иљроишанд. Аммо руйхати сармоягузорон касро ба андеша водор мекунад: Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Олмон, ЭксИмБонки Чин, Бонки Олмон, Бонки рушду таљдиди Аврупо, "Ориёнбонк". Инњо на фаќат сармоягузор, балки онњоеанд, ки ба "Барќи тољик" ва њукумат ќарз дода, фардо талаб мекунанд. Эњтимолан, ширкату сохторњое, ки то соли 2018 ширкатро "тарака" хоњанд кард, бо ин бонкњо бояд забон ёбанд ва онњоро ба муомилањои худ ворид намоянд, то њам кафолати ќарзашон шавад, њам судашонро бардоранд. Ин, ки Љамолиддин Нуралиев мегўяд, ќарз аз буља пардохт мешавад, манзараи дањшатро дањчанд хоњад кард. Ояндаи "Барќи тољик" як IRS - и дигар хоњад буд. Ва дигар ин њам маълум мешавад, ки пушти Рустам Рањматов, ки замони воќеъан, тасодуфан пайдо шуданаш дар ин соњаи стратегї њадс зада мешуд, "одами сарвазир аст", кас ё гурўњи дигар меистад. Ба эњтимоли зиёд, нафароне, ки њоло таќдири пулњои будљети Тољикистонро маълум карда, коршарики асосии созмонњои ба ном донор мебошанд. Донорњое, ки ба "Барќи тољик"-пўшидатарин ширкати давлатии тољик, ширкате, ки аз меъёрњои байналхалќии идораи корпоративї ва пешбурди шаффофи бизнес бўе надидаасту боре њам аудити мустаќилашро рўи чоп наовардааст, линча-линча пул медињанд.

Ќиёми НУР

АЗ "НИГОЊ": Дар доираи як тарњи расонаї, ки тањќиќи љамъиятии фаъолияти панљ ширкати давлатї: КВД "Роњи оњани Тољикистон", ЉСШК "Фурудгоњи байналмиллалии Душанбе", ЉСК "Тољик Эйр", КВД "Талко" ва ШСКХ "Барќи тољик", љињати љорї кардани меъёрњои байналмилалии пешбурди шаффофи бизнес ва идораи корпоративї, идораи нашрияи "Нигоњ" ба унвонии Сарвазир Ќоњир Расулзода моњи октябри соли љорї нома (№ 130, аз 24.10.2014) равон кардааст, ки мутаасифона, бо гузаштани муњлати муайянкардаи ќонунгузор - як моњ љавобаш нарасидааст. Бо истифода аз фурсат ба котиботи Сарвазир ёдрас мекунем, ки њамоно интизори љавоби љаноби сарвазир њастем.


4

ШАЊРДОРЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

Ин љо бозори дўстии Тољикистону Афѓонистон ном дорад, ки дар љамоати дењоти Чимтеппаи ноњияи Рўдакї соли аввал нест фаъолият мекунад. Дар пањлўи бозори "Сомон" дар мањаллаи Гипрозем воќеъ аст ва расман ба Љамъияти дорои масъулияти мањдуди "Саиди Њалим" тааллуќ дорад. Љойи бозор, ки сарњади ноњияи Рўдакї ва шањри Душанбе аст, аз мадди назари маќомоти њукумати ноњияи Рўдакї дур монда, масъулини ноњияи Фирдавсии пойтахт, расман њаќќи дахолат карданро надоранд. Ин љо, ба ќавли мардум, саг соњибашро намеёбад. На корманди БДА њаст, ки таваќќуфи ѓайриќонунии воситањои наќлиётро назорат кунад ва на касе аз маќомоти њифзи муњити зист мепурсад, ки чаро ошхонаву самбўсахонањо дар пањлўи фурўшгоњњои мањсулоти сохтмонї ва нурињои минералї кор мекунанд. Мардуми камбаѓал аз ин ошхонањо, ки ба ягон талаботи санитарї љавобгў нестанд, истеъмол мекунанд. Ин боиси бепарвоии масъулини бозор шудааст, ки њарчанд ба ширкаташон номи бузурги "Бозори дўстии Тољикистону Афѓонистон"-ро сазовор медонанд, ба сокинон фаќат "душманї" мекунанду зарар мерасонанд. Мошинњои хурду калон ва миёнаи боркаш аз сањар то шом ба ин љо бор ворид мекунанду аз он ба бозорњои шањру навоњии кишвар мекашонанд. Бозор истгоњу таваќќуфгоњи алоњида барои мошинњо надорад. Бинобарин, онњо дар сари роњи мошингард, ки камтар аз шаш метр васеї дорад, ќатор меистанд. Аз сањар то шом ин љо њаракати наќлиёт мушкил мешавад. Њавои ѓализи ин љоро, ки аз дуди мошинњои дармондаи боркаш зањролуд шудааст, нафас кашидан ба саломатии сокинон зарари марговар дорад. Мошинњои пурбор, ки вазнашон аз сад тонна бештар аст, роњро вайрон кардаанд. Њол он ки ин роњ, 10 сол пеш санглох буду ваќти раиси љамоати дењоти Чимтеппа будани Саид Бобоазизов, асфалтпўш шуда буд. Њоло роње, ки њамагї

АЪРОФ

"Бозори дўстї" бо мардум душманї мекунад

ДАРОМАДГОЊИ БОЗОР

АХЛОТИ ДУ БОЗОР ДАР НАЗДИ ДАРИ МАСЉИДИ ЉОМЕИ Љ/Д ЧИМТЕППАИ НОЊИЯИ РЎДАКЇ

3-4 сол пеш мисли шиша тозаву покиза ва сињат буд, валангор шудааст. Мањз њамон љойњои роњ вайрон шудаанд, ки аз он љо мошинњои пурбор барои ба бозор даромадан гардиш мехўранд. Ахлот аз ду бозор ба љўйбори ду бари роњ партофта мешавад, ки онро обногузар кардааст. Об дар рўзњои боронї ба роњ зада мебарояд. Ин љо чанд акс аст, ки аз бесоњибї дар ин "аъроф", далолат мекунанд, нашр кунед, то масъулини њукумат ва љамоати дењоти Чимтеппаи ноњияи Рўдакї бинанд. Таваќќуфгоњи алоњида барои мошинњои боркаш омода созанд, то мардумро аз зарари марговари зањри "СО" рањо кунанд.

Агар ин кор аз дасташон наояд, дар даромадгоњи љамоати дењот, нуќтаи махсуси таъминкунии бехатарї созанд, то мардум аз ин роњ бе "противогаз" нагузаранд. ЉДММ "Саиди Њалим" вазифадор карда шавад, ки роњи вайронкардаашро таъмир кунад. Он гоњ њаќќи маънавї пайдо мекунад, ки номи "дўстии Тољикистону Афѓонистон"- ду миллати њамзабону њамсояро дошта бошад. Вагарна ин як аърофе хоњад монд миёни бињишт ва дўзах.

10 МЕТРИИ БОЗОРИ «САИДИ ЊАЛИМ», МАСЉИДИ ЉОМЕИ Љ/Д «ЧИМТЕППА»

Орифи ЊАМДАМ, махсус барои "Нигоњ"

МОШИНЊОИ БОРКАШ БА ЊАРАКАТИ НАЌЛИЁТ ХАЛАЛ МЕРАСОНАНД

Мушовири Президент: НАВОРИ ЗИДДИ ЃАЛАТЇ БАРОТОВАРО ЗИДДИ МИЛЛАТ АСТ! ЯКЕ АЗ «ШОЊИДОН»-И «НУРИ НАЊЗАТ» Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон навори фањш ва бадномкунандаи "Нури нањзат"ро зидди Ѓалатї Баротова, узви фаъоли ЊНИТ мањкум кард. Хурсандмурод Мирзоев, ёвари калони Президент оид ба масоили њуќуќї дар суњбат бо TojNews 27-уми ноябр гуфт, ин наворњоро дар дастгоњи президет дидаанд ва аз пахши онњо изњори нигаронї мекунанд. «Ин наворњо хислати раќиби сиёсиро шикастан надоранд, балки зидди Миллат, љомеа ва шањрвандони Тољикистон равона шудаанд. Бояд одобнома, ё меъёре ќабул шавад, ки онњое, ки ин усулро исифода мекунанд, ё пањн мекунанд, дарёфт ва ба љавобгарї кашида шаванд». Дар хусуси он ки, ин наворњо аз љониби маќомоти амниятии

кишвар сохта ва пањн мешаванд, ёвари калони Эмомалї Рањмон гуфт, бовар надорад, ки дастандаркорони ин наворњо аз дохили Тољикистон бошанд. - Бовар надорам, ки њатто ин кори дасти маќомоти алоњида бошад. Фикр мекунам, ки ин наворњо дар хориљ аз мамлакат омода ва пањн мешаванд. Бовар дорам, онњое ки ин наворњоро сохтанду пањн карданд, аллакай иштибоњи худро фањмиданд, илова кард љаноби Мирзоев. Изњорот аз Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон дар њоле садо медињад, ки 26-уми ноябр бо пахши як изњорот Ѓалатї Баротова гуфт: агар њукумат ќодир бошаду дастандаркорони "Нури нањзат"-ро ифшо кунанд, ба њар масъул 25 њазор доллар мукофот хоњад дод.

Ѓалатї Баротова, фаъоли ЊНИТ њафтае пеш њадафи њамлаи иттилоотии "Нури нањзат", ки худро студияи хадамоти амнияти дохилии ЊНИТ муаррифї карда, ба бадномкунии аъзои фаъоли он даст мезанад, ќарор гирифт. Дар мурољиаташ Баротова навиштааст: "тибќи машварати корие ки дар назди Президенти кишвар дар моњи ноябри соли 2011 доир шуда буд, протоколи 32-20 ќабул карда шудааст, ки аз рўи он нисбати аъзои ЊНИТ мубориза бурда истодаанд ва онњоро бо њар роњу восита таъќиб намуда истодаанд". Ў дар изњороташ таъкид мекунад, ки "узви ЊНИТ буда, пурра њизби худ ва маќсаду маромњои онро дастгири менамоям" ва ЊНИТ-ро "ягона умеди охирини Тољикистон" медонам. Бону Баротова ЊХДТ-ро мавриди интиќод ќарор дода, киноя задааст, ки "ба ягон амали нек ќодир нест". Дар идома ў гуфтааст, ки бо навиштани ин мурољиат низ

"медонам, ки шумо барои њалли ин матлаб ќодир нестед ва ќодир њам буда наметавонед. Зеро сарчашмањои он боз бевосита ба худи маќомоти номбурда бурда мерасонад. Агар шумо матлаби номбурдаро њал карда тавонед, пас дар њаљми 25 000 доллари ИМА ба њар яки шумо мукофотпулї дода мешавад". Ин дар њолест, ки онњое наворро тамошо кардаанд, мегўянд дар навор на Ѓалатї Баротова, балки зани дигар аст. Изњороти Баротова боиси њамлаи навбатии "Нури нањзат" шуд, ки "шоњидї"-и 11 нафарро дар бораи ин ки гўё дар навор воќеан Баротова сабт шудааст. 11 нафар аз сокинони ноњияи Восеъ, аксаран пиразан ва мўсуфедон дар наворе шоњидї медињанд, ки ќањрамони навори фањшо Ѓалатї Баротова, фаъоли ЊНИТ мебошад. Ин навор 29-уми ноябр дар шабакаи иљтимоии Ютуб гузошта шуд. Дар ибтидои он бонуе

мегўяд: "Бо боварии том гуфта метавонам, ки њамон навори интернетие, ки ба воситаи шабакаи интернет тамошо кардам, шахсияти худи Баротова Ѓалатї Пирумќуловна мебошад. Њамон занро ман аз хўрдї мешиносам...". Ин зан наќл мекунад, ки дар њамон љамоат њастанд занњое аз ЊНИТ, ки ман аризањояшонро гирифтам, ки гуфтанд "апа, мо пеши шумо омадем, бо розигии худамон аз њамин њизб мебароем". Дар навор ба ин монанда, 6 зан ва 4 марди дигар бо интиќод аз ЊНИТ сухан карда, шоњидї медињанд, ки ќањрамони навори фањшо Ѓалатї Баротова мебошад. Дар шабакањои ичтимоии интернет шоњидии бардурўѓи сокинони Восеъро мањкум карданд, ки занњо ва пиразанњову мўсафедон дар ноњияи дурдасте чун Восеъ, дар шароити зимистон ва бебарќї имкони дастрасї ба интернетро надоштаанд.


ЉОМЕАИ МАДАНЇ Телпаку тањпўшњоятонро доред, ки парида нараванд: созмонњои ѓайрињукуматї, ё "НПО" - њои дохиливу хориљї ва байнулмилалие, ки дар Тољикистон кор мекунанд, танњо дар соли 2013 5 миллиарду 521 миллион сомонї ё ќариб 1 миллиарду 40 миллион доллар грант гирифтаанд. Лутфан гуфтагињоямонро сахттар доред: ин танњо њисоботи ќариб 30 дарсади "НПО" - њо аст! Буљети Тољикистон тайи се соли охир: соли 2013 - 12 млрд. 300 млн, соли 2014 - 13 млрд. 901 млн., соли 2015 - 15 млрд. 276 млн. сомонї. 5 миллиарду 521 сомонї ќариб нисфи буљаи соли 2013, 45 дарсади буљаи соли 2014 ва сеяки буљаи соли ояндаи Тољикистон. Боз такрор мекунем: ин њисоботи молиявии ќариб 30 дарсади 2800 созмони ѓайрињукуматии дохилї, хориљї ва байнулмилалии фаъол Дар Тољикистон аст. Аз ин теъдод 191 созмон намояндагии созмонњои хориљиву байнАлмилалиянд. Як њисоби сарсарї мекунем. 30 дарсади 2800 баробар аст ба 933,3. Баќия 1 њазору 866 созмон њанўз њисоботи худ барои соли 2013 - ро пешнињод накардаанд. Аввалин, интрига ё савол ин аст: созмонњо чаро њисоботро насупурдаанд? Онњое, ки аз ин ќазия то љое маълумот доранд, мегўянд, њанўз моњи декабри соли 2013 вазорати адлия бо имзои вазир Рустам Менглиев шакли њисоботро ба созмонњо пешкаш кардааст. Созмонњо бояд манбаъи грант, корњоеро, ки аз њисоби он иљро кардаанд, маоши коргарон ва баќия харољоташонро нишон дињанд. Муњлати супоридани њисобот 1 апрели њар сол аст. Инак, то чор моњи дигар муњлати супоридани њисоботи соли 2014 ба анљом мерасад, аммо 70% - и созмонњо то ба њол њисоботи соли 2013 - ро пешнињод накардаанд. Аз ин пеш бархе гуфтугузорњо дар доирањои мањдуд вуљуд доштанд, ки кадом як созмони љамъиятї бо њукумат мушкил пайдо кардааст ва адвокат мекобад. Хулоса мешуд, ки ин ба кадом як масъалаи сиёсї ва фишори њукумат сари созмонњои љамъиятї (тавре дар аксари кишварњои собиќ Шўравї аз тарси "инќилобњои ранга"-ву "бањори араб" Ба фарќ аз Душанбе, дар Тошканд фањмиданд, ки ќонунњои Маскав дар соњаи муњољират, ѓорати рўирости муњољирони корї аст. Бо ташаббуси Тошканд муносибатњои муњољирати корї миёни Ўзбакистон, ки дар Русия аз 4 то 6 млн. муњољир дорад, бо Маскав бозбинї мешавад ва созишномаи нави байнињукуматї ба имзо мерасад. Ин хабар ваќте пахш шуд, ки парлумони шањрии Маскав ќонуни њатмї ва пулакї кардани иљозати кор, суѓуртаи тиббї ва маълумотномаро дар бораи донистани забон ва таърихи рус ќабул кард. Тибќи ин ќонун, аз 1-уми январи соли 2015 иљозати яксолаи кор дар Маскав барои як муњољири хориљї, аз љумла тољикон, ўзбек ва ќирѓизњо, бо назардошти ќурби рубли русї, наздики 2 њазор доллари ИМА хоњад шуд. Иљозати якмоњаи кор дар Маскав барои як муњољир 4 њазор, суѓуртаи тиббї, 5,4 њазор рубли русї хоњад буд. Њамин тавр, муњољирати ќонунии корї барои як муњољир дар Маскав, дар як сол 90 њазор рубл, бо ќурби њозира, њудуди 2 њазор доллари ИМА нарх хоњад дошт. Расонањои наздик ба Кремл, аз ќонуни мазкур, ба манфиати муњољирони корї тавсиф мекунанд, гўё тибќи он шањрвандони кишварњои бераводид, њаќ доранд ба табобатгоњњо шабонарўзї мурољиат кунанд. Суѓуртаи тиббї ба муњољири корї њаќќи шикастабандї, дандонпизишкї, рентген, ташхиси хун, ташхиси ултрасадо ва агар лозим шавад, њатто ба рухсатии тиббї бароянд. "Ба буљаи Маскав, - менависад "Известия", фаќат суѓуртаи тиббии "гастарбайтерњо" беш аз 5 млрд. рубл хоњад уфтод.Аммо ин расона нагуфтааст, ки аз муњољирон дар як сол чї миќдор маблаѓ љамъоварї хоњад кард. Дар Душанбе, ба назар мерасад, ки пинаки касеро ин масъала њанўз халалдор накардааст. Њол он ки коршиносон мегўянд,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

5

5 МИЛЛИАРДУ 521 МИЛЛИОН СОМОНЇ

Маблаѓе, ки Њукумати Тољикистон намедонад, куљо меравад чораљўї мекунанд) бастагї дорад. Њоло тахмин мекунем, ки мушкили "НПО" - њо мањз њамин њисобот шудааст. Воќеан, ваќте онњо мушкил надоранд ва фаъолияти шаффоф мекунанд, чаро аз пешнињод кардани њисобот метарсанд? Аз ин нуќтаи назар, пешнињоди вазорати адлия ба маќомоти дигар дар бораи сабт кардани грантњо то љое мантиќист. Вазорати адлия пешнињод кардааст, ки ба Ќонуни иттињодияњои љамъиятї таѓйиру иловањо ворид карда шавад. Таѓйири асосї бояд дар моддаи 38 сурат гирад. Ин ба њукумат њуќуќ медињад, ки грантњоро то расиданашон ба созмонњои ѓайрињукуматї сабти ном кунад, агар накард, онњо наметавонанд гранташонро гиранд. Маълум нест, ки ин корро кї мекунад: худи вазорати адлия, молия ё ягон нињоди дигар. Воќеан, њукумат њаќ надорад, ки донад, оё маблаѓи ќариб баробари буљааш куљо меравад, ба дасти кї меафтад ва ў онро ба кадом маќсад истифода мебарад? Холисанлиллоњ ќазоват кунем, агар њар сол ба Тољикистон ба њисоби миёна 1 миллиард, равед, ана, ним миллиард доллар ба њисоби созмонњои хориљї ворид шуда бошад, натиљаи он ку? Ин саволи муњимтарин аст ва мо наметавонистем онро бо огањони њол, соњибони созмонњои љамъиятї ба миён нагузорем. Аксари онњо аз шунидани раќами 5 миллиарду... даст ба телпаку тањпўш бурда, ин раќамро њавої, њатто дурўѓ мехонданд. Љои бањс нест, агар созмонњои љамъиятї аз хориља ин ќадар маблаѓ мегирифтанд, Тољикистон дар

њисоби инќилобњои ранга аз Ќирѓизистон пеш мебуд. Аммо мебинем, ки бархе њатто, ба истилоњ, нони хўрдан надоранд. Њељ тасаввур намешавад кард. Бо 1 миллиард доллар неругоњи Роѓун ба кор медарояд! Мо њатто њаќќи маънавї надорем, ки ба ин раќам бовар кунем! Вале огањони дигар раќамњои тамоман мутафовитеро пешнињод мекунанд, ки ба ин раќам бовар накунем, хато ме-

АЗ 1-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2015 ИЉОЗАТНОМАИ ЯК МОЊАИ КОР ДАР МАСКАВ 4 ЊАЗОР ВА СУЃУРТАИ ЊАТМИИ ТИББЇ 5,4 ЊАЗОР РУБЛ ХОЊАД ШУД

БЕСОЊИБ

Ѓорати ќонунї ва тањќири шањрвандони мо дар Русия пинаки Душанберо халалдор намекунад

ќонуни мазкур ѓорати ќонунии муњољирон аст, ки пеш аз ин аз љониби бандитњо ва полиси фасодзадаи Маскав сурат мегирифт. Маскав, ки 80 дарсад, бино ба иттилои ѓайрирасмї, аз 20 млн. 13 млн. муњољирони кории хориљиро ба кор таъмин кардааст, њадди аќал 40 дарсади даромади онњоро, минбаъд ќонунї ба буљааш хоњад рехт,мегўянд онњо. - Дар мисоли Тољикистон, - мегўяд коршинос Рустам Самиев, - аз 3 млрд. долла-

ре маблаѓе, ки њар сол ба кишвар интиќол дода мешавад, имкон аст, бинобар мањдудиятњои ахир ба муњољират 40-50 дар садаш ба кишвар ворид нашавад. Бино ба гуфтаи коршиносон, феълан ба њисоби миёна як тољик ба ивази 12 њазор рубл, наздик ба 350-400 доллари ИМА дар Русия кор мекунад. Дар як сол, ин музд бо назардошти маблаѓи иљораи хона ва хўроку либос, на бештар аз 3 њазор доллари солона баробар хоњад шуд, ки ба оилањои ни-

кунем. Онњо, пеш аз њама тахмин мезананд, ки раќами 1 миллиард бигзор аз њисоботи 30 дарсад берун омада бошад њам, аммо аксаран аз созмонњои хориљиву байнАлмилалї бояд бошад, зеро хориљињо талаботи ќонунро дуруст иљро мекунанд ва дар ин кор аз касе њам муттањам нестАНД. Чаро њам бошанд? Мегўянд: бародарон, ин пули мо аст, аз шумо нест ва онро мо барои Тољикистон истифода мекунем, иљораи хонаатонро медињем, мардуматонро маош медињем, ягон камбудиатонро бартараф мекунем, дигар чї мехоњед, њамин њам набошад? Ва инро њам аз њукумати Тољикистон намепўшанд, ки ќариб 80 дарсади ин маблаѓро барои этиёљоти худ харљ мекунанд ва фаќат ќисмати ночизашро барои тадбиќи тарњи барномањои худ. Масалан, маоши ягон хориљї аз 4 5 њазор доллар кам нест. Сари ќадам ба "командировка" мераванд, барои ин њам пул мегиранд. Аз он, ки дар њамсоякишвари Афѓонистон фаъолият доранд, ин њам пул аст. Хориљињои НПО - њо бо Жигуливу Опел намегарданд. Аммо созмонњои ѓайрињукуматии дохилї? Онњо бояд чї њисобот дињанд? Инро, ки аз хориљињо чї ќадар пул гирифтаанд ва њукумат бояд онро донад? Њукумате, ки ягон зарра кўмак намекунад, аммо инак, чашм ба кисаи онњо бурд. Хулласи калом, ин гапи калон аст. Оташе афрўхта шуд, ки ба зудї хомўш намешавад. Њукумат ба њуљум гузашт. Телпаку тањпўшњоятонро доред, ки... Далери ХАЙРУЛЛО

ёзманд ба Тољикистон ирсол карда мешавад. Аз 1-уми январ муњољири ќонунї бояд амалан 50 дар сади пули кор кардаашро ба давлати ќабулкунанда супорад. Ин зарбаи сахт пеш аз њама ба иќтисодиёти бе ин њам заъифи Тољикистон хоњад расид, -мегўяд Самиев. Гавњар Љураева, роњбари созмони дифоъ аз њуќуќи муњољирон дар Русия - "Муњољират ва њуќуќ" гуфтааст, муњољирати ќонунї аз рўи ин ќонун ба манфиати муњољирон нахоњад буд. Ба истилоњ "нелегал"њо дар Маскав боз њам зиёдтар хоњанд шуд. Коршиносон, бовар доранд, ки бо имтиёзњои суѓуртаи тиббї муњољирони ѓайриќонуниро ба чорчўба даровардан мушкил хоњад буд, чун онњо барои дарёфти ризќу рўзии зану фарзандонашон, маљбуранд ба хориљ аз Ватан сафар кунанд ва амалан ваќти бемор шудан надоранд. Як талаби ќонуни нави Маскав ин аст, ки бе суѓуртаи тиббї иљозаи кор ва санади ташхиси изи даст, корфармо бо муњољири корї шартнома баста наметавонад. Иљозаи яксолаи корї ба ивази 90 њазори русї, ё 2 њазор доллар муњољиронро водор мекунад, ки аз муљољирати мавсимї даст кашида, муњлати њиљраташонро ба муддати на камтар аз як сол дароз кунанд, ки ба мушкили равонї ва хонаводагии оилањои муњољирон оварда мерасонад, - мегўянд коршиносон. Дар Душанбе, ки њудуди 1,5 млн муњољири корї дар Русия дорад, чун одат баъди як рўзи ќабул шудани ин ќонун, айни њол дар ин бора низ хомўширо авло медонанд. Изњороте дар робита ба ин масъала, на дар сатњи вазорати корњои хориљї ва на Хадамоти муњољират, ки зоњиран ибораи тањќиромези "гастарбайтер"-ро нисбати њамватанони муњољир бо сукут ќабул кардаанд, њанўз њам садо надодааст. Умари ТОЊИР


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

Дар Душанбе муаллим аз талабањои синфи 11-ум, яъне хатмкунандагон, мепурсад, ки баъди гирифтани номаи камолот дар куљо хондан ва кї шудан мехоњанд. Равшан ном хонанда ба муаллим љавоб медињад, ки мехоњад "заочни" шавад. Муаллим гаштаву баргашта мепурсад, ки "заочни", яъне ѓоибона дар куљо, дар кадом факулта, ё ихтисос тањсил карданист. Равшан исрор меварзад, ки: ба ягон љои дигар намеравам, фаќат "заочни" мешавам, тамом! Мисоли аз њама дањшатнокро як муњољир наќл кард: ваќте муњољирини украинї аз як љавони тољик мепурсанд, ки кист, мегўяд, донишљўям. Мепурсанд, дар куљо мехонї, посух медињад: Пединститут, ман "педик" (фикр кардааст, ки чун донишљўи "мединститут" "медик" аст...) Чаро ин ќиссањоро наќл кардам? Маќолаи нависанда Адаш Истадро дар шумораи гузаштаи "Нигоњ" хонда, худдорї карда натавонистам. Даъвои рўшанфикрї надорам, аммо мехоњам ин бањс дар шуморањои минбаъда њам идома кунад ва ба он натанњо рўшанфикрон, балки масъулин ва коршиносони соња љалб шаванд, то аз ин бањсњо манфиате ба ояндаи маорифи мо, ки шояд аз замона ба 100 сол аќиб мондааст, бирасад. Бовар дорам, њар касе, ки масъаларо мефањмад, дар азоби виљдон ва масъулияти пеши насли оянда гирифтор мешавад. Вазъи аксарияти куллї мактабњои миёнаи мо аз ќиссаи "заочни"-и Равшан бењ нест. Ба ман наќл карданд, ки аз ноњияи Айнї ду љавон ба хондан ба Душанбе омада будаанд, ваќте аз онњо пурсидаанд, ки ба куљо дохил мешавед, яке аз онњо гуфтааст: -Фалонї ба юридически, ман ба "љазира"... (Донишгоњи миллии Тољикистон дар "Шањраки донишљўён" дар мањаллаи Буни Њисораки Душанбе, ки бо номи "Љазира" маъруф аст). Сабаб чист, ки хатмкунандаи мактаб намедонад дар оянда кї мешавад? Ё њатто шояд намехоњад дар ин бора фикр кунад? Аввал муњити хонаводагї шояд сабаби бепарвоии бача шуда бошад, бепарвоии падару модар, бобову бибї ба донишу донишомўзии фарзандашон. Сабаби дигар боѓча ва мактаб аст, ки наметавонанд дар беш аз 11 сол дар дили бача мењри ягон касбро бедор кунад. Мушкили боѓчањо алоњида ва бузургтар аст. Масалан, дар самбўсахонаи назди идораи њафтаномаи "Нигоњ", зани самарќандие, ки дар боѓчаи кўдакона мураббї буд, баъд аз кор, аз нисфирўзї то шом самбўсафурўшї мекард. Тасаввур кунед, ки ин зан маљбур буд, барои пул, дар ду љо кор кунад, чунки рўзаш шояд намегузашт. Аммо мураббие, ки њушу ёдаш ба самбўса аст, то нисфирўзї ба кўдакони хурдсол чї тарбият дода метавонад? Чунин мисолњо зиёданд. Њамкорам наќл кард, ки духтарчаи дусолааш, баъди ба боѓча мерафтагї шуданаш камгап шудааст, дар хона њарфе зиёдатї намегўяд. Модараш наќл кард, рўзе мушоњида кардааст, ки бо зочањо "муаллимабозї"

«

МАОРИФ

"ЗАОЧНИ" Дар њошияи бањсе, ки нависанда Адаш Истад моро мехонад

карда, онњоро, яъне "шогирдонаш"-ро, суханњои ќабењ, аз ќабили "падарлаънати ќанч... ва њоказо" гуфта "љанг" кардааст. Тифли дусола номи кўдаконеро, ки дар як гуруњ дар боѓча бо ў њастанд, ба њар зочааш гузошта, онњоро дашном карда, тањдид мекардааст, ки агар хап нашинї, хафа (буѓї) карда мекушам. Маълум мешавад, ки инро вай аз муррабияш дар боѓча омўхтааст. Сабаби хап шиштанаш њам дар њамин аст, ки аз муррабї метарсад. Њамкорам мегўяд, кўдакашро аз парастории ин мураббї гирифта, ба гуруњи русї супурдааст. Кї будани мураббї нињоят муњим аст, вай бояд мутахассис бошад, ки бо њар яки аз кўдакон вобаста ба психологияи онњо кор кунад. Ин кори њар зан нест. Аксарияти мактабњо имрўз дар пойтахт шароити оддии тањсилро надоранд. Ба талабањо љой намерасад. Дар як синф то ва њатто беш аз 40 нафар мехонанд. Муаллим дар 35-45 даќиќаи дарс ваќти назди њамаи онњо якборї омада, тафтиш кардан надорад. Ман дар мактаби №77-и шањри Душанбе 11 сол хондам. Аз ин ду солаш ба "мактаби шўравї" рост омад. Солњои 1990-1991 дар синфи мо 21 нафар мехонд, агар хато накунам. Синфхонањо зимистон гарм мешуданд.

Формуларо менависад дар тахтаи синф: с2=a2 +b2 . Шогирдон инро навишта, бояд аз ёд бикунанд. Агар аз ёд кунанд, бањо панљ, аммо аксарият намефањманд, ки теоремаи мазкур барои чї лозим аст. Фарз кардем, агар дар тахта секунља кашида, пурсед, ки гипотенуза канї, ба ѓайр аз 1-2 нафар касе онро нишон дода наметавонад.

Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон раисони бархе аз ноњияњоро аз вазифаашон барканор кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, имрўз (2-юми декабри соли2014) Эмомалї Рањмон кадрњои ба вазифањои нав таъиншударо барои суњбат ба њузур пазируфт. Зимни таѓйироти кадрї раиси шањри Хоруѓи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон ва раисони шањру ноњияњои Истиќлол, Ќайроќќум, Конибодом, Куњистони Мастчоњ ва Мастчоњи вилояти Суѓд ва ноњияњои Вахшу Носири Хусрави вилояти Хатлон иваз карда шуданд. Эмомалї Рањмон иљрокунандањои нави вазифањои раисони шањру ноњияњои номбурдаро ба кори софдилонаю содиќона ва

«

Гармии мактабро дар ёд дорам, ки зимистон ваќте ба мактаб медаромадем, дастпўшакњоро кашида, ба батареяњо овехта, дарс мехондем. Баъди ду дарс, соати тахминан 9:30 субњ даст ба даст ба ошхона мерафтем ва хўроки якум дуюм медоданд. Муаллимаи бадахшонии мо Давлатбегим Худоназароваро дар ёд дорам, ки мегуфтанд, агар ќандчойро то охир нанўшед, дарсро аз худ карда наметавонед, духон мешавед. Баъд љанг сар шуд, њама љо сарду торик шуд. Як моњ ду моњ ба дарсњо намерафтем. Дари мактаб баста буд. Њоло дар аксарияти мактабњо зимистон барќ нест ва аз сардии синфхонањо муаллимон ва талабањо маљбуранд бо палтову пўстин дарс хонанд. Дар чунин шароит фаќат нобиѓа метавонад аз пайи донишомўзї шавад. Њама устод Айнї шуда наметавонад, ки дар сардиву торикї ба захми пойњои хунукзадааш шамъ об карда, хонаду аллома шавад... Бачае, ки дар мактаб гурусна асту хунук мехўрад, кай парво дорад, ки муаллим чї мегўяд. Зањматњои омўзгорони ин мактаб, аз љумла, муаллима Гадозода Шакарљон Олимовна, устод Муллохонов, Толибов Ќадим Толибович, муаллима Сољида Шукурова ва дигарон буд, ки дар солњои љангї ва баъди љанги шањрвандї дилњои моро ба донишандўзї ба оянда гарм мекарданд. Солњои баъдиљангї ќариб се сол мо дар шањри Душанбе ба мактаб бе љуздон мерафтем. Чунки дар бозор чизе набуд. Њоло тамоми моли дунё дар бозор њаст. Он ваќт тала-

ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР БАРХЕ ШАЊРУ НОЊИЯЊО хизмати бомасъулият ба мардум њидоят кардааст. Бо фармони Президент Ќиматгул Алибердиева иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Хоруѓи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон таъин карда шуд. Раиси собиќи ин шањр Фаромўз Имомбердиев ба вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти љамъиятии дастгоњи Шўрои амнияти Љумњурии Тољикистон гузаронда шуд. Њамчунин: - Худойназар Амонзода - иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Истиќлоли

вилояти Суѓд; - Матлубахон Сатториён - иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Ќайроќќуми вилояти Суѓд; - Ѓайбулло Боњиров - иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Конибодоми вилояти Суѓд; - Мањмадљобир Ризоев - раиси ноњияи Куњистони Мастчоњи вилояти Суѓд; Ѓайрат Азизов - иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд; - Шарбатулло Девонаев - раиси ноњияи Вахши вилояти Хатлон; - Рамазон Оймањмадов - иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин гардиданд.

бањои мактаб ба дарс дафтару ќаламро ба борхалтањои селофанї андохта меорварданд. Китоб ба њама намерасид. Як китобро ду -се кас бо навбат бо худ ба хона мебурдем ва дарс тайёр мекардем. Ваќти донишљўи факултаи журналистика будан, соли 2005 дар њамин мактаб кор кардам. Расман муаллими забону адабиёт, аммо дар мактаб, ки муаллими фанњои даќиќ намерасид, ба синфњои 8-ум аз геометрия, риёзиёт дарс гуфтам. Чун медонистанд, ки роњбари синфам - муаллима Гадозода аз риёзиёт дарс гуфтаанду мо дар чандин олимпиадањо аз ин фанњо бомуваффаќият иштирок доштем. Хулоса, дар њар гурўњ 1 - 2 нафар сарфањм меравад, ки дарс дар чї бора аст. Дигарон, агар муаллими љавон сустї кунад, омодаанд ўро латукўб ва аз синф берун кунанд. Ќоида будааст, ки ба бачањои бедониш бисёр бањои ду мондан мумкин нест, чунки обрўи мактаб зарар мебинад. Дар синф баъзан дар як курсї дунафарї мешинанд, чунки курсї намерасад. Дар бораи тарзи таълим, њољати гап нест. Талаба ки ба дарс диќќати зарурї намедињад, намефањмад, муаллим аз гап задану фањмондани мавзўъ хаста мешавад ва њамин тавр аз як мавзўъ ба мавзўи дигар њамакаса парида рафтан мегиранд. Барои мисол, муаллим аз китоби дарсї "Теоремаи Пифагор"-ро мехонад: "Дар секунљаи росткунља, квадрати гипотенуза ва њосили љамъи квадрати катетњо баробар аст". Формуларо менависад дар тахтаи синф: с2=a2 +b2 . Шогирдон инро навишта, бояд аз ёд бикунанд. Агар аз ёд кунанд, бањо панљ, аммо аксарият намефањманд, ки теоремаи мазкур барои чї лозим аст. Аммо бо вуљуди ин мактаббачаи имрўзаро гўлу гумроњ гуфта намешавад. Ќисми зиёди онњо дар истифодаи компютер ва таљњизоти замонавї ва интернет аз устодонашон донотар мебошанд. Дар мактабњо ба љойи омўзонидани истифодаи дуруст ва манфиатноки интернет, таљњизоти замонавї, барои мисол телефонњову планшетњо, тарзу таърихи кори онњо, маќсади истењсол ва истифодаи он, муаллимон бо талабањои телефондор, планшетдор "љанг" эълон кардаанд ва онњоро таъќиб мекунанд. Акнун худро ба љойи бачаи мактабхон монед, ки истифодаи муњимтарин технологияњои муосирро, ки вай мехоњад дошта бошад, мебинад, ки муваффаќтарин одамони дунё онро истењсол кардаанд, дар даст доранд, мактаб ќабул надорад. Вай бояд дар бораи муаллим чї фикр кунад? Барои мактаббачањое, ки дар оила шароити иќтисодии бењтар доранд, дар хона аз компютер, интернет истифода мебарад, дарсу насињати муаллим, ки њар моњ аз ў 20 сомонї мегирад, чї арзиш дошта метавонад (падару модар пули њармоњаи мактабро ба муаллим бо фарзандаш мефиристанд)? Њар яки ин масъалањо, баррасии алоњидаро талаб мекунанд, ки дар як матлаб баён кардан мушкил аст. Бинобар ин ин љо нуќта мегузорем, то ба ин мавзўъ боз гардем. Аз љумла таъсири равонии пул додан ба муаллимро ба воситаи талаба, ба уњдаи омўзгорон, равоншиносон вогузор мекунем, ки ба ин масъала аз назари илм дахл кунанд.

Фаридун РАЊНАВАРД


МИЛЛАТСОЗЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

7

МОРМОИ ё Маркази омўзиши равандњои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, машњур ба мањфили "Љањони андеша", суханони Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистонро дар Маскав бо интишори як изњорот тасдиќ кард...

Фошгўї Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ дар Маскав таъкид гуфт, ки дар академияи илмњо як гурўњ нишаста, танњо корашон навиштани маќолањо алайњи нањзат аст: - Ба љои он ки корманди академия андешаи нав, як ихтирои љадид тавлид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар рањбари њизб ё аъзои раёсати нањзат як мусоњиба дињад ва ё маќолае нависад, то бархезаду ќалам ба даст гирад. Магар чунин афродро мешавад корманди соњаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соњаи илм њамин аст? Раиси ЊНИТ њамчунин аз гурўњи дигаре ёдовар шуд, ки алайњи руњониён, ањзоб

"ЛАББАЙК"-И АКАДЕМИЯ Кормандони Академияи улум таъйид карданд, ки бар зидди ЊНИТ ва рањбаронаш матлаб чоп мекунанд ва зану модари тољик наворњои фањш тањия мекунанд. "Магар чунин афродро мешавад тољик гўфт?" - гуфт ў. Ин суханони Кабирї аз он нуќтаи назар фошгўї мањсуб мешаванд, ки танњо бо як калима "академия" манбаъи парокандани матолиб алайњи њизбашу худро ошкор кард. Аммо аљобат дар ин нест...

Эњтиёткорї Дар ин њам нест, ки Фарњод Рањимї, президенти Академияи илмњои Тољикистон бидуни зикри номи ЊНИТ ва ё рањбари он дар як вокуниши худ нисбат ба фошкорињои Раиси ЊНИТ гуфт: "Дар Академияи илмњо айни замон ягон мавзўъ дар бораи њизбњои сиёсї ва ё афроди вобаста ба онњо мавриди тањќиќу баррасї ќарор надорад, аммо он матлабњое, ки аз љониби баъзе кормандону олимони Академия тариќи ВАО чоп мешаванд, фикру назари шахсии онњо мебошанд. Ман гуфта метавонам, ки њељ мавзўе мо надорем, ё мавзўеро пеш намебарем, ки он ба тањќиќи фаъолияти ин ё он њизби сиёсї айни замон равона шуда бошад. Њар шахсе, ки менависад ин фикри шахсии онњо аст, олим аст, олим, ки шуд, соњибфикр аст, фикри шахсии худашро дорад. Њар корманди Академияи илмњои Тољикистон њамчун як ќишри љомеа, њамчун як шањрванди љумњурї њуќуќ дорад нисбат ба ин ё он њизбу њаракат ё рафтору гуфтори ягон роњбар фикри шахсии худашро дар васоити ахбори омма чоп кунад".

МОРМОИ дар радди президент Њанўз аз вокуниши президенти Академияи Илмњо чанд лањза нагузашта, кормандони МОРМОИ-и АИ як изњорот пахш карданд. Дар изњороти ин марказ хитоб ба Раиси ЊНИТ омадааст: "Муњтарам, Кабирї! Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки як гурўње, ки дар назар доред, кор-

мандони илмии Маркази омўзиши равандњои муосир ва оянданигарии илмии АИ ЉТ мебошанд". Инро метавон танњо "лаббайк" ба Кабирї унвон кард. Эътирофи он, ки матолиби зидди ЊНИТ - ро кормандони як Марказ дар Академияи улум менависанд, бигзор, лањни шадид ва интиќодомез дорад, аммо барои расонањо дастовард аст. Мо намегўем, ки њамаи матолиби "фабрикаи љавоб" - ро ин марказ менависад. Бигзор, ќисман њам нависад, аммо эътирофи манбаъ барои мо баробари њамон "Эврика!" - и Архимед аст. Шодибой Атої, корманди илмии МОРМОИ гуфт, аз замони таъсиси ин марказ аз љониби кормандони он њудуди 120 матлаб оид ба равандњои сиёсї ва падидањои иљтимої таълиф ва аз тариќи расонањо чоп шудааст. Вай гуфт, "шахсан худи ман бораи гузоришњои Сайид Абдуллоњи Нурї ва Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ чанд матлабе навиштаам. Маркази мо дар њоли њозир равандњои таъсиргузори љомеа аз љумла исломи сиёсї ва фаъолияти ЊНИТ ва ќисман Рањматилло Зоировро дар Тољикистон мавриди омўзиш ќарор дода, дар бораи дигар љарёнњои мазњабии ѓайриисломї ва њизбњои сиёсии кишвар корро аз соли оянда оѓоз хоњад кард. Илова бар ин фирку андешањои мо аз тариќи гузоришњои радиої ва телевизионї њам пахш шудааст, ки айни замон теъдоди онњоро даќиќ гуфта наметавонам". Дар изњороти МОРМОИ ин чунин зикр шудааст, ки "тўли моњњои охир маќолањое, ки кормандони ин марказ навишта, бо чоп расониданд, моњияти илмї-оммавї дошта, онњо фаќат дар натиљаи омўзишњои амиќи илмї омода гардидаанд. Ин кормандон мисли шумо сиёсатмадор нестанд ва ба ягон њизбу њаракате њам вобаста нестанд. Онњо љањонбинии илмиро тарѓиб мекунанд ва соњиби унвон ва ихтирооти илмї њам њастанд". Азбаски матлабе аз МОРМОИ дар бораи ЊНИТ - ро натавонистем дастрас ку-

нем, маълум кардани ин ки онњо илмї оммавї буданд, ё дар сабки "фабрикаи љавоб" барои мо душвор аст. Аммо аз идомаи изњороти МОРМОИ бармеояд, ки он матолиб њам чандон чунин нестанд, ки муаррифї мешаванд: "Муњтарам Кабирї, мо вазифадор њастем, ки тамоми равандњои муосир, аз он љумла исломи сиёсиро омўзиш ва тањќиќ намоем. Њамчун муњаќќиќ ва шањрванд вазифадор њастем, ки фаъолияти шуморо тањлил кунем, дар бораи фазосозии ѓайримиллї, ѓайридунявї ва ѓайриилмии њизби шумо љомеаро низ огоњї дињем". Ин кормандони Академия таъкид кардаанд, ки ин марказ масъули наворњои ба ном "Нури нањзат" нест.

ЊНИТ - и МОРМОИ Дар изњороти МОРМОИ омадааст, марказ дар симои ЊНИТ, ки зиёда аз чињил сол фаъолият дорад, ба ѓайр аз љангу ситез, бо куфр тамѓа задан, тањќиру тавњинњои бешумор кардан, дигар навъ чењраи инсониро, ки њувияти миллати тољикро бисозад, намебинад: "Ин њизб бояд барваќт аз фазои сиёсии Тољикистон ва љомеаи тољик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боќї мондааст. Аммо љомеаи тољик бояд тасмим гирад, ки чунин чењрањои ифротгар ва тавтиаангезро њар чї зудтар аз фазои сиёсї берун созад, зеро бо ЊНИТ

миллати тољик дар оянда наметавонад, як ќадам ба пеш равад. Њизби Шумо таљассумгари симои миллати тољик нест ва дар оянда њам нахоњад буд". Ин марказ аз ин њам худдорї намекунад, ки "љонибдорон" - и нањзат дар Академияи улумро ошкор кунад. Ба иддаъои кормандони он, "солњои охир дар Академияи илмњо нафароне пайдо шудаанд, ки аз идеологияи пешгирифтаи Шумо (ишора ба Кабирї) њимоят ва њидоят мекунанд. Махсусан, кормандони алоњидаи Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќ ба љои тањќиќоти илмї дар бораи масъалањои мубрами љомеаи тољик ва љањон ба тарѓиби фарњанги туркї дар зери ниќоби "Исломи тањаммулпазирии Фатњулло Гулен" тарѓиб ва фазосозї мекунанд. Барои мисол, ахиран нашриёти "Ирфон" маљмўаи маќолањои Н. Одилов, Р. Назаров, К. Олимов, А. Шамолов, Х. Зиёев ва дигаронро бо номи "Њикмати тањаммул" ба нашр расонд. Пештар дар мавриди таблиѓи идеологияи исломи туркї кормандони ин муассиса чандин маќолаву китобњои алоњида низ навиштаанд". Нодир Одилов, Кароматулло Олимов, Абдувоњид Шамолов олимони шинохта ва шоистае њастанд, ки дар илми тољик сањми худро доранд. Аммо ин ишораи дилпуронаи марказ ба онњое, ки бар ба бари онњо кор мекунанд, то куљо аз худи онњост ва чї ишорае ба олимони фавќуззикр дорад, оянда нишон медињад. Аз ин гузашта, Худоёр Њафизов, корманди дигар марказ, дар расонањо ЊНИТ ро бо ДОИШ - у Толибон њамсанг донистааст, ки суолњои зиёдеро ба миён меорад. Аз љумла инро, ки оё ин зарбаи аз миён поён нест? Амруллоњи НИЗОМ

Таърихи МОРМОИ Маркази омўзиши равандњои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмњои Тољикистон 1-уми июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъсис ёфтааст. "Њадафи аслии Марказ тарѓиби љањонбинии илмї ва фалсафї ва омўзиши равандњои муосири сиёсї, иљтимої ва фарњангї дар Тољикистон, минтаќа ва љањон, оянданигарии илму технологияи пешќадам ва роњу усулњои амалигардонии љањонбинї ва дастовардњои илмї мебошад. Ин иќдом ба хотири тањкими арзишњои дунявї ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи њар як шањрванди Тољикистон аст." (иќтибос аз Ойинномаи Марказ). МОРМОИ тавассути аъзои мањфили "Љањони андеша" таъсис дода шудааст. Яке аз намояндагони "Љањони андеша" файласуф Комил Бекзода таълифе ба номи "Љањони андеша" дошт, ки Худоро инкор мекард.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

БАЊСИ ЊУВВИЯТ

"ТОЉИКЇ Ё МУСАЛМОН?" Ба сўи кўза не, ба сўи чашма бояд рафт

Як саволи бемантиќ Оќиле хеле хуб гуфтааст, ки дар тиб "ташхиси дурусти бемор нисфи табобат аст"-у дар таълим "саволи дуруст дода тавонистан - нисфи дониш". Дар рўзномањо як савол такрор меёбад, ки ба аќидаи банда, ѓайримантиќї, бељо ва аз воќеият дур аст: "Тољикї ё мусалмон?" Барои беасос будани ин саволро бо далелњо исбот кардан бояд ба ќонунњои мантиќ ва хулосабарорињои мантиќї (диалектикї) такя кунем. Олам мураккаб асту њодисањои олам аз он мураккабтар. Њодисањои ба якдигар бе восита, ё ба восита робита доранд. Муќоиса ва хулосабардории ин робитањо низ бевосита ва бавосита мешаванд. "Мева аст ё себ?" Муќоиса ва хулосабарории бевосита Дуруст аст, ки барои муќоисакунї бевоситаи ду мафњум, ки дар паси онњо предметњои конкретї меистанд, пайвандаки људоии "ё" истифода бурда мешавад. Бигирем, мафњуми мева, сабзавот, њайвонот, паранда, хазанда, њашарот ва њоказоро. Мо ба воситаи пайвандаки људоии "ё" ин мафњумњоро, ки дар паси онњо предметњои конкретї меистанд, муќоиса карда метавонем. Яъне, мо бе ягон шубња гуфта метавонем, ки ин "сабзавот аст ё мева?". Дар ин њолат шахсе, ки меваву сабзавотро бо хубї фарќ мекунад, ба ин савол ба осонї љавоб дода метавонад, чунки савол мантиќї аст. Агар бигўем, ки "ин мева аст ё себ?". Ин савол муѓлаќ, бемантиќ ва содалавњона мешавад, чунки мафњуми тоќаи "себ"-ро ба мафњуми кулли "мева" муќоиса кардан љоиз нест. Себ мева аст, лекин мафњуми пурраи меваро дода наметавонад. Чи бояд гуфт? Бояд гуфт, ки "ин кадом мева аст?". Шунаванда ба осонї љавоб медињад: "ин мева себ аст". Њар як мева ба худ сифат ва хосиятњои хос дорад. Себу ангуру анору нок.... метавонанд сурху зарду сафеду ширину турш.... шаванд. Ин мевањо аз рўи шакл ва хосиятњояшон аз якдигар фарќ мекунанд. Бигирем себу нокро. Себ сурху сафеду сабзу ширину талх.... мешавад. Нок њам бисёри њамин хосиятњоро дорад. Вале себу нок аз љињати њаљм ва

«

Дар ин муќоисакунї ва хулосабарории оддї гап дар бораи ба кадом дин мансуб будани Њазрати Иброњим меравад. Иброњим, Исо, Мўсо, Муњаммад... мафњуми инсонро медињанд, насронї, яњудї, мусалмон, будпараст... мафњуми динро. Аз ин љо хулоса мебарояд, ки мафњуми инсонро ба мафњуми дин муќоиса кардан мумкин нест.

«

шаклаш аз якдигар фарќи куллї доранд. Ваќте мегўянд, ки "ин себ аст ё нок?" савол мантиќї ва дуруст мебошад. Ваќте, ки мегўянд "ин себ аст ё сурх?", "ин нок аст ё зард?" ин саволњо бемантиќ ва содалавњона мешаванд, ба мисли саволи "Тољикї ё мусалмон?". Себу нок меваанд, сурхиву зардї яке аз сифатњои онњост. Бинобар предмет ба сифати он не, балки ба предмети дигар муќоиса карда мешаваду сифати предмет ба сифати предмети дигар. Њамин тавр, "тољик" миллат аст, аммо "мусалмонї" динест, ки ба он тољик (мусалмон) мансуб аст. Бинобар тољикро ба мусалмонї муќоиса кардан ѓайримантиќї ва нољо мебошад. Хатои мутлаќ аст. Ќоилам, ки ин кашфиёти банда нест. Ин илм аст. Илмест, ки аз китоби Худо Ќуръон маншаъ мегирад. Бигирем, "Иброњим на яњудї буд, на насронї, вале (шахси) поки мусалмон буд ва њељ гоњ аз мушрикон (низ) набуд" (сураи Олї Имрон ояти 67)-ро. Дар ин муќоисакунї ва хулосабарории оддї гап дар бораи ба кадом дин мансуб будани Њазрати Иброњим меравад. Иброњим, Исо, Мўсо, Муњаммад...

мафњуми инсонро медињанд, насронї, яњудї, мусалмон, будпараст... мафњуми динро. Аз ин љо хулоса мебарояд, ки мафњуми инсонро ба мафњуми дин муќоиса кардан мумкин нест. Яъне гуфтан љоиз нест, ки ин "шахс Иброњим аст ё мусалмон?", чунки Иброњимњои номусалмон њам бисёранд. Чи тавре гуфтан мумкин нест, ки "ин себ аст ё сурх?". Њамин тавр аз ин ояти Ќуръон бараъло маълум аст, ки Иброњим ба дини мусалмонї мансуб аст, на яњудї, на насронї ва на мушрик аст. Чї бояд гуфт? Бояд гуфт, ки ин шахс "Иброњими мусалмон" аст. Айнан њамин тавр ба саволи "Тољикї ё мусалмон?" содалафњона ва ѓайримантиќї бошад њам бояд љавоб дод, ки "Тољики мусалмонам". Њамин тавр, гуфтаниям, ки саволи нодуруст љавоби дуруст надорад. Аз саволи нодуруст љавоби дуруст талаб кардан, аз гови нар шир талаб кардан аст. "Бо душмани ман..." Муќоиса ва хулосабарории бавосита Муќоиса ва хулосабарории ба восита мантиќї на ба ёрии пайвандаки људоии "ё" балки ба воситаи маљмўи мафњумњо ба амал оварда мешавад. Шоњи мантиќи Шарќ Абўалї Ибни Сино (шояд ба аќидаи банда њамфикр бошед-ЊНЊ) ба чунин хулосаи сазовору оламорои мантиќї омадааст: "Касе ки ба душмани ту дўст бувад, дўсти ту набувад". Аз ин чанд аксиомаи мантиќї баромадааст, ки вирди забони мардум буда, дар њаёти њаррўзаи онњо тадбиќу истифода карда мешаванд: а) Дўсти дўсти ман, дўсти ман аст. б) Душмани душмани ман, дўсти ман аст. в) Дўсти душмани ман, душмани ман аст. г) Душмани дўсти ман, душмани ман аст. Дар ин хусус бисёр пургўї шавад њам, як чизи дигарро аз ин марди хирад хотиррасон накардан кори убол аст: Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст, Бо дўст набоядам, дигар бор нишаст.

Парњез аз он асал, ки бо зањр омехт, Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст. Агар ба гуфтањои боло дуруст назар кунем, ин робитањо ва хулосабарорињои мантиќї бевосита набуда, балки ба восита маљмўи мафњумњои дўст, душман, асал, зањр ва мору магас аст. Яъне, робита ва хулосабарорињои бавосита мебошанд. Хонандањои зираки банда гуфтањои болоро хулоса карда, шояд тамасхўромез бигўянд: "Аљаб кашфиёте... ин њама маълуму њамафањм аст-ку?!" Ана, гап њам дар њамин аст, ки ин њама маълуму њамадон асту њама аз куљо маншаъ гирифтани онро на медонанду на ба ќадраш мерасанд. Ин пеш аз њама, аз каломи Аллоњи Акбар (Аллоњи Бузург) аст. Аллоњ барои он бузург аст, ки Ў Офаридгор (офаранда), Парвардигор (парваранда) ва нахустгуфтори њама асрори Олам аст. "Асрори азалро на ту дониву на ман", лекин Ў медонад. Дар ин хусус нахустгуфтории Аллоњ дар сураи Мумтањанаи Ќуръон бараълобаён ёфтааст "Ай мўъминон њаргиз дўст нагиред, душманони марову душманони худро, ки мефиристед ба сўи мушрикон хабару пайѓом ба сабаби дўстие (ки доред ё мехоњед, ки онро барпо кунед)" (ояти 1). Дар њамон љо "Њар ки дўстї кунад (ба душманони) Худо, пас ин дўстикунандагони золимонанд" (ояти 9). Ин каломи Аллоњ ба ибтидои асри VII-и мелодї дахл дорад. Аммо хулоса ва аксиомањое, ки дар бораашон бисёр суханронї кардем, мањсули зањмати олимону мутафаккирони асри миёна ва замони муосир мебошанд. Олим бузург аст, вале Худо бузургтар. Моли њар кас бояд ба худаш насиб кунад. Гап, гапи нахустгуфтор аст. "...аз дўстї ёбанд бахт". Муќоиса ва хулосабарории бадеї Намудњои тафсири Ќуръон хеле зиёданд. Яке аз намудњои он адабї мебошад, ки ањли уламои илми адаб дар шаклњои гуногун гуфтањои Худои мутаъолро тафсир карданд ва мекунанд.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

МИНБАР БА ХОНАНДА Моњияти Исломро ягонагии имону амал ва бе якдигар вуљуд надоштани онњо ташкил мекунад. Ин нуќтаи назар Рўдакии бузургворро ба хулосае, овардааст, ки шаклњову зинањои дониши инсон (донишњои њиссї ва мантиќї)-ро тањлилу тадќиќ накарда ба хулосае омадааст, ки онро аксиомаи илми њозиразамон ("Амалия меъёри њаќиќат аст") меноманд: Кас наомўхт аз гузашти рўзгор, Низ наомузад, зи њељ омўзгор. Дар бекаму кост ба риштаи назм кашидану тафсир кардани тамоми оятњои Ќуръон хизмати Мавлоно Љалолиддини Балхї хеле калону назаррас аст. Мисли "нест њељ мављуде магар, ки ба некї ёд мекунад, Худоро валекин шумо (ай инсонњо) намефањмед ёд кардани онњоро" (сураи Исро ояти 44). Ин нахустсухани Худоро Мавлоно чунин тафсир кардааст: Боду хоку обу оташ бандаанд, Бо ману ту мурда бо Њаќ зиндаанд. Шаффофият, лаззат ва нозукбаёнии ин каломи осмонї - Ќуръон на танњо эљодиёти классиконро зебу зиннат ва такон додааст, балки ин таъсир ба адибони муосир низ расидааст. Фарзанди фарзонаи миллати тољик Мирзо Турсунзода мегўяд: Одамон аз дўстї ёбанд бахт, Душманї орад, ба мардум рўзи сахт. Дар муќоиса ин сатрњои замонии адиби тољик аз нахустояти Ќуръон "Ба номи Худованди бахшандаву мењрубон", ки њамаи сурањои он (ѓайр аз сураи Тавба) ба ин оят ибтидо меёбад, сарчашма мегирад. М. Турсунзода ба маънои оламгири ин ояти Ќуръони чуќур фуру рафта, ќадраш кардааст. Ў хуб дарк кардааст, ки бахшандагиву мењрубонї сарчашма ва сабаби дўстї аст. Дар навбати худ дўстї сабаби хушбахтї мешавад. Ва баракс душманї сабаби бадбахтї шуда, дер ё зуд ба сари мардум рўзи сахтро ба бор меоварад. Дар омади гап, ногуфта намонад, ки шояд ќадрдонї ва шафоати њамин ояти Ќуръон буд, ки М. Турсунзода на танњо дар Осиё ва Африќо, балки дар тамоми дунё ба хубї ва сулњпарвариаш ном бароварда, номаш вирди забони оламиён шуд. Гуфтаи суфтаву нишонраси Лоиќи зиндаёд: Санге агар аз кўњ фитад, сад сангро бељо кунад, Марде, ки номардї кунад, сад мардро расво кунад. Магар ин шањодати он нест, ки Офаридгор Одаму Њаворо аз њамон як хоку гил офарид. Њама аз њамон як падару модаранд. "Бани одам аъзои якдигаранд", "Муъмин бародари муъмин аст"....Дар ин хусус гуфтаи халќ "Аз касофатии як бенамоз њафтод мањалла месўзад" беасосу бемоњият низ нест. Аз муќоиса ва хулосабарорињои бадеии боло бараъло маълум ва њувайдост, ки дар ин љо на киноя асту на муболиѓа. Он чї, ки бузургон гуфтаанд, заминаи ќуръонї ва воќеї доранд. Шубња

дар ин љо норавост. Киноя. Ба аќидаи банда, киноя ду хел мешавад: киноя барои ќасос гирифтан аз касе (ин мавзўи бањси мо нест) ва киноя барои тарбия ва таълим додани мардум. Ин намуди охири киноя дар эљодиёти адибони ќадим ва муосир хеле хуб љойгиранд. Дар ин хусус аљаб хуб гуфтааст њазрати Мавлоно Љалолиддини Румї: Дил ба даст овар, ки Њаљи акбар аст, Аз њазорон Каъба як дил бењтар аст. Дар ин љо Мавлоно дар муќоисаи њаљу ба даст овардани дил, ба даст овардани дили касеро њазорњо бор аз ба љо овардани Њаљи акбар "афзалтар" шуморидааст. Дар ба маќсад наздиктар кардани ин аќида Њазрати Њофиз боз хеле ошкоро ва муфассалтар гуфтааст: Май бихўр, мусњаф бисўз, оташ андар Каъба зан, Сокини бутхона бошу мардумозорї макун. Аз ин љо аён аст, ки Њофиз се амали макрўњ ва носавоб - майхўрї, мусњафсўзї, каъбаоташзаниро ба як амали савобураво - озор надодани дили мардум муќоиса карда, дуюмашро "њимоя" кардааст. Инро њама медонад. Пас дар ин хусус масъалагузорї барои чист ва чї бояд гуфт? Гап сари он аст, ки дар дунё њељ чиз бе сабабу бе мантиќу бе заминаи воќеї шуда наметавонад. Ин моро водор мекунад, ки ба њар як масъала воќеъбинона назар карда, ба он љавоби конкретї дињем. Худо - Њаќ яктост. Њаќиќат яктост ва конкретист. Вале дурўѓ, киноя, муболиѓа бисёр аст. Дар кинояе, ки мо гуфтем, гап дар бораи тарбияи инсон меравад, на дар бораи латма задан ба дини муќаддас - Ислом. Њар чиз шакли худро дорад. Мусалмонї шакли зоњиршавии Ислом мебошад. Шахс ба шарте мусалмон њисобида мешавад, ки се ё панљ (барои имкониятдорњо) рукни мусалмониро иљро кунад. Ин фарзи Худо мебошад. Фарзи Худоро як сў гузоштану мардумозорї накардану дили касеро ба даст оварарданро пеша кардан, ин дар Ислом духўрагї ба вуљуд оварданро мемонад. Ислом њељгоњ духўра набуд, духўра нест ва духўра намешавад. "Ислом ба зоти худ надорад айбе". Пас духўрагї, духўрасозї, духўрабунёдї нофањмии мост. "Њар айб, ки њаст, дар мусулмонии мост". Моњияти Ислом дар ягонагии имону амал аст. Имон бе амалу амал бе имон њељ аст. Имон дар дилу майна бавоситаи забону дасту пову дигар узвњои фармонбардори дилу майна содир мешавад. Дилу забон њамсамт шаванд, мурод њосил мешавад, вагарна не. Њазрати Бедил дар ин хусус бењуда нагуфтааст, ки: "Эй ман ѓуломи он касе, ки дилаш бо забон якест!" Чї љои пинњон доштан. Мо мардуми ањли зиё дар гузаштаи на он ќадар дур шеърњои оламорои Њофизи Шерозї, Љалолиддини Румї ва дигаронро зам-

зама карда, даъвои мусалмонї мекардем. Худро тасалло медињем, ки мусалмонем, аммо ба маънои куллаш ин тавр набудааст. Пас, чї тавр будааст? Илмат ба амал чу ёр гардад, Ќадри ту яке њазор гардад. (Њилолї) будааст. Яъне њеч гуна хайрхоњиву садаќавудилёбї шартњои мусалмониро ба куллї иваз карда наметавонад. Кори савоб кардан як чиз асту мусалмонї чизи дигар. Кори амри хайр кунї савоб мегирї ва шартњои мусалмониро иљро накуни кофир мешавї. Худо гуноњњои бандаашро мебахшад. Кори савоб кунї ба ту арљ мегузорад, вале рукнњои мусалмониро иљро накунї кофир мешавї. Офаридгор њељ гоњ кофиронро намебахшад. Ќарзу фарзи Худоро њатман ба љо бояд овард. Муболиѓа. Бадеият бе муболиѓа намешавад. Амри мањол аст, ки шоир ё нависандаи бемуболиѓаро дарёбї. Сардафтари адабиёти классикии тољик Абўабдуллои Рўдакї гарчанде бисёр воќеъбину воќеънигор аст, эљодиёташ аз муболиѓа холи нест: Мир Моњ асту Бухоро осмон, Моњ сўи осмон ояд њаме. Бигирем муболиѓаи Синои даќиќнавису даќиќкорро: Аз каъри гили сиёњ то ављи Зуњал, Кардам њама мушкилоти гетиро њал. М.Турсунзода дар баёни ин услуби бадеї аз Рўдакї ва А.Сино хеле баланд рафтааст. Ў мегўяд: "Њар нафас, њар ќатраи хун, њар тори мўям коммунист!" Воќеият чї мегўяд? Аввалан бояд гуфт, ки моњ зебо нест. Дар навбати аввал моњ на тобеи осмон, балки чун њамроњаки табии Замин, тобеи Замин аст. Хоки моњ бенур ва ноназаргир буда, аз њисоби шуоъњои офтоб равшан ва зебо мешавад. Бинобар мардуми авом зебогии духтаронро ба Моњ ташбењ дода, "Ин духтар чун моњи шаби чањордањум хушрўй аст" - мегуфтанд. Албатта, ин на айби устод Рўдакї

«

Ба аќидаи банда, устод Рўдакї аз Мир њам безор буду аз Моњу Бухорову аз љўи Мулиён њам. Њушу ёди шоири ошиќ ба мањбубааш Нигина банд буд. Ў бисёр мехост, ки њарчи зудтар ба Бухоро раваду ба висоли Нигина бирасад. Бинобар ў ба эњсосоти баланд дода шуда, ин тасвири муболиѓавии ѓайривоќеиро офарид.

«

9

буду на айби мардум, чунки ин воќеият дар илм маълум набуд. Ба аќидаи банда, устод Рўдакї аз Мир њам безор буду аз Моњу Бухорову аз љўи Мулиён њам. Њушу ёди шоири ошиќ ба мањбубааш Нигина банд буд. Ў бисёр мехост, ки њарчи зудтар ба Бухоро раваду ба висоли Нигина бирасад. Бинобар ў ба эњсосоти баланд дода шуда, ин тасвири муболиѓавии ѓайривоќеиро офарид. Агар Амир мефањмид, ки ин њама барои ў неву ба хотири Нигина аст, кўр кардани Рўдакї он тараф истад, Мир забони ўро аз њалќаш меканд, то дигар чизе гуфта натавонад. Абўалї ибни Сино дар байни мардуми Шарќ ба номи Шайхурраис маъруфу машњур буд. Дар замонаш ба њамадон будани ў касе шубња надошт. Ин њаќиќатест ба њама маълуму машњур. Имрўз илми замон на фаќат "аз ќаъри гили сияњ то ављи Зуњал", балки аз олами заррањои хурд (микроолам) то ба макроолам (олами ба љашму бо асбобњо намоён)-у мегаолам (олами дур) хеле хуб бохабар аст. Электроникаву кибернетика, техникаи компютерї, асбобњои электронии њисоббарор хеле хуб тараќќї ёфтааст. Тиб аз "теѓи Сино" то ба кор омадани ултрасадову лазерњо расидааст, вале ягон муассисаи илмии љањон, ягон олими забардастарин даъвои онро надорад, ки њамаи мушкилоти олам њал карда шудааст. Фаќат оламро беканор ва мушкилоти онро беканортар мешуморанду халос. Њукумати шўравии абарќудрат зери роњбарии партияи ягона - Партияи Коммунистї амал мекард бо адолату хайрхоњиаш дар тамоми олам шўњратёб буд. Вай фаќат барои мардуми мусулмон як аќидаи бегона ва нораво дошт - атеизм, њатто атеизми љанговар. Ба аќидаи В.И.Ленин коммунист бояд атеисти љанговар бошад. Аз чист, ки як шахси мусалмону миллатдўсту мазњабдўст устод М.Турсунзода ин љињати масъаларо фикр накарда вуљудашро ќурбони Партияи Коммунистї кунад. Банда инро дониши эњсосї ва муболиѓа њисоб мекунад. Одам шири хом хўрдаст. Муболиѓањо дар фарњангу адабиёти мо бешуморанд. Муболиѓањои устод Садриддин Айнї, Њабиб Юсуфї, Бозори Собир ва бисёри дигаронро њатто "чашида"-ашон намешавад. Банда бо ин гуфтањоям ба рўи бузургон панља кашидани нестам. Фаќат њаќиќати њолро гуфтаам. Инро агар ман нагўям, дер ё зуд албатта каси дигар мегўяд. Хулоса. Кўза мањсули зањмати инсону чашма бошад, неъмети Худо аст. Аз кўза њам метавон ташнагї шикаст, вале на њамеша, чунки оби кўза метавонад тамом шуда бошад, кўза сўрох шуда, ё шикаста бошад... Аммо бо дили пур ба неъмати Худо - чашма барои ташнагї шикастан умед бастан мумкин аст, чунки чашма абадї ва њамеша шодоб аст. Њољї Нуриддини Хайриддин

САДОИ МАРДУМ

ПУРСИШ: ШИКОЯТ КАРДАН АЗ БЕБАРЌЇ НАТИЉА НАМЕДИЊАД

10% 5%

Хеле хуб

15% 4%

2%

10%

10%

Натиљаи як назарпурсї маълум кард, ки мардум шикоят кардан аз бебарќиро як кори бењуда медонанд.

6%

0% 1

2

3

4

5

6

7

Намедонам

20%

23%

Мо њамеша нерўи барќ дорем

25%

Худо аз ин бад накунад!

30%

Бад не, шикоят надорам

35%

43%

Зинда бод таппак, движок ва ангишт!

40%

Шикоят кардан, натиља намедињад

45%

Ба зимистонњои бе барќ одат кардаем

50%

1%

8

Назарпурсии ахир тањти унвони "Бе нерўи барќ рўзатон чї тавр мегузарад?" маълум кард, ки 43 дарсади респондентон ба варианти "Шикоят кардан, натиља намедињад", овоз дода, 10 фисади дигар њам гуфтаанд, ки "Ба зимистонњои бе барќ одат кардаем". 23%-и иштирокчиниёни дигар ба варианти "Зинда бод таппак, движок ва ангишт!" раъй дода, 10 фоизи ширкаткунандагон њам гуфтаанд: "Худо аз ин бад накунад!". Њамагї 6 дарсади онњо ќайд кардаанд, ки "Мо њамеша нерўи барќ

дорем" ва 2%-и дигар њам гуфтаанд: "Бад не, шикоят надорам". 4 фисади раъйдињандагон гузинаи "Хеле хуб"-ро интихоб карда, 1%-и ахир њам ба варианти "Намедонам" овоз додаанд. Ин назарпурсии виртуалї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 25-уми нояб то 2юми декабри соли љорї дар сомонаи ОИ "Тољнюс" гузаронида шуда, дар он 277 нафар ширкат кардааст. Сабаби кам будани теъдоди райъдињандагон мушкилоти техникї дар сомона мебошад, ки се рўз љой дошт.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

НАБЗИ АМРИКО Муттањида њамоно њуќуќи аќалиятњои нажодї наќз мешаванд. Воќеъият њам ин аст, ки ирќпарастї њамоно боќист. Дар маърўзаи Лоиња оид ба њуќуќњои шањрвандии Донишгоњи Гарвард, ки соли 2006 интишор ёфта буд, профессор Гэри Орфилд менависад: "Сатњи ирќпарастї, табъизи њуќуќ дар мамлакат ба сатњи охири солњои 1960 расидааст. Мо таќрибан њамаи комёбињоеро, ки дар љараёни лаѓви табъизи њуќуќ дар љомеаи кишвар соњиб шуда будем, аз даст додем".

НАЗАРЕ БА ДИРЎЗ Талоши сияњпўстони амрикої барои њуќуќњои башарии худ аз замони эълони давлате бо номи Иёлоти Муттањидаи Амрико оѓоз шудаву бо гузашти як ќарни пурра њам анљоми он пайдо нест. Ва таърихи ин

9-уми августи соли 2014 дар шањраки Фергюсон (штати Миссури) Майкл Браун, сияњпўсти 18-солаи амрикої њадафи тири корманди пулис Даррен Уилсони сафедпўст ќарор гирифт. Тибќи иттилои расмии маќомот, то ин замон Браун њич мушкиле бо ќонун надошт, ба љинояте гумонбар намешуд. Аммо Уилсон ўро ба як дуздие гумонбар донист, ки лањзае пештар аз куштор рух дода будааст. Аз сўи дигар, Уилсон низ бо собиќаи кории чорсола ягон љазои интизомї њам надоштааст. Рўйдоди мазкур муљиби шўру ѓавѓо дар љомеаи Амрико шуд. ВАО онро хеле васеъ инъикос карданд ва њарчанд пулис ба бегуноњии кормандаш ишора мекард ва далолили шоњидонро меовард, ба назар мерасид ин барои касоне, ки ба мављи эътирозот мепайвастанд, чандон ањамияте надошт ва онро танњо худсафедкунии маќомот меномиданд ва на аз ин беш. Он замон президент Обама зимни як суханронї ба хонаводаи Браун таъзия баён кард ва аз вазорати адлияи кишвараш хост, то ба ќазия аз зовияи ќонун бархўрд кунад ва онро њамаљониба мавриди тафтишу тањќиќ ќарор дињад. Аммо дар аввалин рўзњои тафтиш пулис аз ифшои номи корманде, ки Браунро куштааст, худдорї кард ва инро ба хотири таъмини амнияти ў донист. Дере нагузашта натиљаи тафтиш дар љаласаи доварони бузург (коллегияи њакамон, ки тибќи ќонунњои он кишвар масъалаи супурдани гунањгор ба судро њал мекунад) оѓоз гардид. Майкл Браунро баъди 15 рўзи кушта шуданаш ва баргузории чанд ташхис ба хок супурданд ва ба ин муносибат се намояндаи Кохи Сафед расман ширкат кард. Масрафоти дафн пурра бар души маќомоти њифзи њуќуќ буд ва хонаводаи Браунњо илова бар ин 200 њазор доллари дигар аз созмонњо ва шахсони алоњида ба шакли кўмак дарёфт кард. Аммо ташхиси аввалияи судї дар бадани Браун изи борутро ошкор накардааст. Пас маълум шудааст, ки љониби ў аз наздик тир холї накардаанд. Ин дар њолест, ки масофаи Браун ва Уилсон хеле наздик ва онњо рў ба рўи њам ќарор доштаанд. Агар чунин аст, пас иддиои он, ки Уилсон Барунро аз пањлу захмї кардаву куштааст, асос надорад. Ин аст, ки 24-уми ноябр дар 25-умин љаласаи худ ин доварон ба ќароре омадаанд, ки Уилсон ба додгоњ кашида нашавад. Аммо тафтишоти федералї њамоно анљом нашудааст ва он њатто баъди ќарори доварони бузург њам идома хоњад кард. Њамин тасмими маќомот боиси он гардид, ки дањњо њазор тан дар сар то сари ИМА даст ба тазоњурот зананд ва як вазъи нигаронкунанда ва омилњои бесуботгардонандаи амниятро ба миён оранд. Дар як муддати кутоњ тазоњурот таќрибан њамаи штатњои Иёлоти Муттањидаро фаро гирифт ва гирдињамомадагон ба наќзи њуќуќи башар ишора доштанд ва талаб мекарданд, ки корманди пулис ба љавобгарии љиноятї кашида шавад. Вазъ дар шањраки Фергюсон ба вахомат гароид. Њазорњо тан аз љумлаи издињоми хашин ба биноњои маъмурї њамла оварданд, оташсўзињо оѓоз шу-

САБАЌЊОИ ФЕРГЮСОН Табъизи нажодї дар Амрико бо гузашти як садсола њал нашудааст

данд, дар баъзе манотиќ тазоњуроти оосоишта ба хушунат печид. Губернатори штати Миссури дар ќаламраваш вазъи фавќулодда љорї кард ва неруњои иловагии пулис ва маъмурини интизомиро ворид намуд. Дар шањри Ню-Йорк тазоњуркунандагон бо шиори "Њаёт барои сияњпўстон низ маънї дорад" ва "Адолат ба Майкл Браун" ба кўчањо баромаданд ва кўчаи Таймс-скверро пурра ишѓол намуданд, ба сари сардори пулиси шањр хуни љаълї рехтанд. Президент Обама беназмињо дар Фергюсонро амали љинояткорона номид ва хостори он шуд, ки гунањгоронаш ба љазо кашида шаванд. "Одамон агар љиноят содир кардаанд, пас бояд ба курсии љавобгарї биншинанд",- гуфт ў дар як суханронии худ. Аммо куштори Майкл Браун на аввалин ва на охирин њодисае буд, ки дар ин рўзњо рух дод. Як рўз пеш аз эълон ќарор дар бораи Даррен Уилсон дар шањри Кливленд, шатати Огойё пулис навраси 12-соларо парронд ва эълон кард, ки гўё вай силоњи дасташро бо фармони пулис ба замин нагузошт. Ин наврас баъдан дар бемористон аз олам даргузашт.

ВОКУНИШЊО ВА ТАЊЛИЛЊО Кумитаи зидди шиканљаи СММ аз њукуматдорони Иёлоти Муттањидаи Амрико талаб кард, ки дар мавриди сўистифодаи пулис аз ќудрат тањќиќот барад. Кумитаи ёдшу-

даи СММ замоне ин гуна даъват дар миён гузошт, ки дар ин кишвар мављи тазоњуроту рањпаймоињо ба муносибати аз љониби пулиси сафедпўст кушта шудани як навраси сияњпўст ва худдории додгоњ аз оѓози парвандаи љиноятї ба ављ мерасид. Аврупо ба ин рўйдод вокунише нишон надод, аммо сару садоњое аз Русия ба гўш расиданд. Ба муљарради сар задани беназмињо дар Фергюсон тањлилгарони Русия табли шодї њам навохтанд, ки ин рўйдодњо майдоне барои амрикоињост ва акнун наметавон оташи ин низоъро, ки њам ќавмиву њам нажодист, фурў нишонд. Гурусна нону ташна об дар хоб мебинад ва дар Русия њам, ки ташнаи бесуботињо дар Амрико њастанд, зуд аз рўйдоде назири њаводиси Фергюсон сояи ноамнињои бештар ва бесуботкунандаи назм дар ин кишварро диданд. Корманди илмии институти ИМА ва Канадаи Академияи улуми Русия Владимир Василев инро бањона барои эътирозоти сартосарї ба хотири сатњи пасти зиндагонї дар ин кишвар номид. Вай гуфт, ки ба оташи ин эътирозот њатто худи Барак Обама бо ќонуни нави муњољираташ равѓан рехтааст. 20-уми ноябри соли равон Обама бо судури фармоне эълон кард, ки бештар аз 4 миллион муњољирони ѓайриќонунї на танњо ихрољ карда нахоњанд шуд, балки иљозаи кор дар Амрикоро дарёфт мекунанд. Рўйдодњои Фергюсон барои љомеаи Амрико такони љиддие шуданд ва он воќеъиятро ба намоиш гузоштанд, ки бо вуљуди модели демократияи пешрафта дар Иёлоти

талошњо басо пурфољиавианд: бар асари эътирозот њазорњо тан аз љумлаи африќоитаборон ба њалокат расидаву зиндонї шудаанд, њазорњо нафар љойи кор аз даст додаанд, дањњо тан бенишон ѓайб задаанд. Вале бо вуљуди њамаи ин талоши сияњпўстони амрикої њаќиќате нуњуфта дар умќ дорад: њич кўшише дар роњи истиќлоли андешањои озодихоњї бенатиља нест, агарчанде ќурбонї мехоњад, мањрумият дорад ва уќубатњое сангини дигар њам ба дунбол дорад. Дар зинањои аввалин ин талошњо Маркус Гарвї, яке аз фаъолони љунбиши сиёњпўстон, асосгузори Ассотсиатсияи умумиљањонии бењбудии вазъи африќоињо ва озодсозии онњо аз зулм бештар ба тозагии хуни африќоињо таъкид мекард ва аз њамаи сияњпўстони армикої даъват менамуд, ки ба Африќо баргарданд ва бо "сафедпўстони иблис" омезиш наёбанд. Аммо баъдан Мартин Лютер Кинг ба сањнаи сиёсии мубориза зидди нажодпарастї омад, ки Амрикоро барои њамаи ирќу нажоди сокини он ватан медонист. Консепсияи муборизаи озодихоњонаи Кинг бар пояи дарёфти њуќуќњои башарии аз дастрафта ва боќї мондан дар Амрикову онро чун ватани ягонаву воњид шумардан асос ёфта буд. Ва Кинг ин расолати таърихии худро адо кард. Зери фишор монд, аз сўиќасдњо љон ба саломат бурд, дўстони назикашро аз даст дод, вале он расолатеро адо кард, ки Махатма Гандї барои њиндуњо анљом дода буд. Вай билохира сияњпўстонро дорои њуќуќи баробар бо сафедпўстон дар сар то сари Амрико кард. Раисони љумњури ин кишварро водор намуд, ки дар ќонунњои интихоботии худ таљдиди назар кунанд, то зангиён њам њуќуќи баробари интихоб кардану интихоб шудан дошта бошанд. Ва њамин талош буд, ки тадриљан африќоитаборон дар Амрико соњиби иззат шуданд, аз миёни онњо вазирону сиёсатмадорони варзида ба майдон омаданд. Ин талош тадриљан намояндаи онњо Барак Обамаро сари ќудрати Амрико овард ва бори дигар он њаќиќатро ба намоиш гузошт, ки риояи демократияи воќеъї дар љомеаи башарї метавонад рушди кишварњоро таъмин созад ва баръакс њокимиятњои худкомаву хонаводагї метавонанд мамлакатњоро аз рушд боздоранд, фасодро таќвият бахшанд ва чашми сокинонашонро ба роњи кўмакњову хайрияњои башарї чор созанд. Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

ВОКУНИШ - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ѓончї маълум менамояд, ки маќолаи мазкур мавриди баррасии њамаљониба ќарор дода шуд. Бо маќсади таъмини иљроиши дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон оиди вусъат бахшидани корњои созандагї, ободонї ва бунёдкорї, бо ќарори раиси вилояти Суѓд муњтарам Абдурањмон Ќодирї дар ќаламрави вилоят соли 2014 - соли роњњои обод эълон карда шудааст. Бањри иљроиши ќарори раиси вилоят аз 10.01.2014, тањти №15 "Дар бораи тасдиќ намудани Барномаи вилоятии "Соли 2014- соли роњњои обод" ќарори раиси ноњия аз 16.01.2014, тањти №4 "Дар бораи тасдиќ намудани Барномаи ноњиявии "Соли 2014- соли роњњои обод" ба тавсиб расонида шуда , бањри иљроиш дастраси масъулин гардонида шудааст. Дар асоси Барномаи ноњиявї ба маблаѓи умумии 1 миллиону 502 њазору 500 сомонї бояд 82 км роњњо таъмир ва 100 км роњњо шаѓалпўш ва тахту њамвор карда шаванд. Дар њаќиќат роњи Ѓончї - Каленинобод, ки 29 км дарозї дорад, барои ноњия роњи асосї мањсуб ёфта, маркази ноњияро бо чор љамоати дењоти аз љињати ањолї ва мавќеъи љойгиршавї калон мепайвандад. Соли љорї дар асоси Барномаи ноњиявї фаъолият ба роњ монда шуда, бо дастгирии раиси вилоят 2 км, аз њисоби Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Тољроуд" 1км ќисмати роњи мазкур асфалтпўш карда шуда, беш аз 45 тонна мум барои тайёр намудани масолењи асфалтобетони хом ва ба роњ мондани таъмири ќисмати боќимондаи роњ дастрас карда шуда, корњои таъмирї бо маром идома доранд. Дар ин давра инчунин беш аз 253 км роњњои мањаллї ќумпўш ва тахту њамвор карда шуда, аз таъмири љорї бароварда шуданд. Як адад пул сохта шуда, теъдоди муайяни иншоотњои обгузари зери роњ аз таъмир бароварда шуданд. Аз лињози "субвенсионї" будани ноњия, ќисми зиёди корњои таъмирии роњњо аз њисоби хољагињои кишоварзї, ањолї ва соњибкорони мањаллї бояд ба иљро расонида шаванд. Ноњияи Ѓончї дар њаќиќат яке аз ноњияњои калонтарини картошкапарварї мањсуб меёбад. Мутобиќи дастуру супоришњои Сарвари давлат, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ањли зањмати ноњия соли љорї майдони кишти картошкаро дар сектори љамъиятию хусусї ба 4000га расонидаанд. Кишоварзони ноњия аз тамоми иимкониятњо хуб истифода намуда,

«

11

ЃОНЧЇ - НОЊИЯИ "СУБВЕНСИОНЇ"

(Вокуниш ба матлаби "Ѓончї-њукумати аз мардум људо", "Нигоњ" 28 (410), аз 1- уми октябри соли 2014)

барои гирифтани њосили дилхоњ мењнат намуда истодаанд, аз рўи тањлили мутахассисони соња имсол њосилнокии картошка назаррас хоњад шуд. Инчунин маълум менамоем, ки дар ваќти таќсимоти оби полезї нофањмињо байни 1 - 2 нафар ашхоси муайян ба амал омада, бо далолати масъулини соња сари ваќт чораљўї карда мешавад. Њолатњои аз њисоби умум бурдани об ба заминњои шахсї аз љониби ходимони давлатї бе асос мебошад. Оиди фурўши амволи давлатии хољагии дењќонии ба номи Њотам Ќурбонови дењаи Басманда, маълум менамоем, ки баъзе бино ва зербиноњо, ки муваќќатан истифода бурда намешаванд, барои пардохти ќарзи андоз ва ќувваи барќ дар асоси Ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ба фурўш бароварда шуда, маблаѓњо маќсаднок сарфа карда шудаанд. Чоњи

Њамзамон бољи давлатї ба андозаи 480 сомонї аз њисоби љавобгарон - Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ва шањрванд Холиќов А ба тариќи муштарак ба фоидаи давлат рўёнида шудааст.

«

амудии дењаи Басманда, ки дар назди бинои асосии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 7- и дењаи Басманда љойгир аст, барои таъмири сариваќтї ва таъмини фаъолияти доимї ба шахси масъул вобаста карда шудааст. Нисбати хусусигардонии иншоотњои сохтмонаш нотамом (маркази савдо, бинои маъмурї ва истењсолї, пойгоњи гармидињї ва бинои истењсолї) дар дењаи Даштикони љамоати дењоти Яхтан маълум менамоем, ки иншоотњои дар боло номбаркардашуда дар музоядаи фурўши моликият аз љониби комиссияи хусусигардонии иншоотњои моликияти давлатии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон бо нархи 100 њазор сомонї ба фурўш бароварда шуда, дар музоядаи оммавї ба арзиши 110 њазору 250 сомонї ба шањрванд Холиќов Алишер фурўхта шуда, бо охирин шартномаи хариду фурўши амволи давлатї музояда тањти №85 аз 05.11.2013, шартномаи хариду фурўши амвол аз тарафи Идораи нотариалии ноњияи Ѓончї баста шуда, ба шањрванд Холиќов А. шањодатномањо дар бораи њуќуќ ба моликият дода шуда-

анд ва дар ин аснод ба иншоотњои харидаи ў аз тарафи Корхонаи фаръии байниноњиявии баќайдгирии техникии шањри Истаравшан шиносномаи техникї дода шудааст. Бо дархости маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия Суди иќтисодии вилояти Суѓд масъаларо мавриди баррасї ќарор дода, бо њалномаи худ аз 23.04.2014, №2-227/2014 протоколи №85 дар бораи натиљањои музоядаи фурўши моликият аз 04.11.2013, шартномаи № 85 оиди хариду фурўши иншоотњои хусусигардонї дар музояда аз 05.11.2013, шартномаи хариду фурўши иншооти хусусигардонї дар музояда аз 13.11.2013, ки дар фењрасти №3ш-88 ба ќайди давлатии нотариалї гирифта шудааст, шањодатномањо дар бораи њуќуќ ба моликият аз 15.11.2013, ки дар фењрасти тањти №7шс Идораи нотариалии ноњияи Ѓончї тањти № 23, 24,25 ба ќайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шуд. Њамзамон бољи давлатї ба андозаи 480 сомонї аз њисоби љавобгарон - Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ва шањрванд Холиќов А ба тариќи муштарак ба фоидаи давлат рўёнида шудааст. Дар бораи ѓайриќонунї таќсим намудани ќитъањои замини наздињавлигї ва њодисањои нохуши масъулини Кумитаи заминсозии ноњия маќомотњои дахлдори њифзи њуќуќ дар доираи талаботњои Ќонунњои амалишавандаи Љумњурии Тољикистон машѓул мебошанд. Дар бораи эътироз ба ќарорњои раиси ноњия оид ба људо намудани ќитъањои замини наздињавлигї бошад, нисбати масъулини соња дар доираи ваколатњо чораљўї карда шудаанд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия минбаъд низ барои гуногунандешї, њаќиќату адолатпарастї, такмили демократияи баёнияи сухан, андешаи солим ба нафъи љамъият чораву тадбирњои лозимаро меандешад. Зуфархон ИСМОИЛЗОДА, раиси ноњияи Ѓончї

ПАРВАНДАИ НАЗИРОВА НИЊОЇ НАШУДААСТ (Вокуниш ба матлаби "Пуштибони Назирова кист?", "Нигоњ № 18 (400) - Маќолаи "Пуштибони Назирова кист?", ки аз номи шањрвандони Љамоати дењоти "Чоркуњ" - и шањри Исфара Абуллоева М., Љалолова С. ва Ниёзова М. ба табъ расидааст, мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Айни њол аз болои таъиноти маљлиси судии суди шањри Исфара аз 27 - уми майи соли 2014, ки бо он парвандаи љиноятї нисбати Назирова Наима Бобосолиевна бо моддањои 314 ќисми 1 ва 323- и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон бо сабаби пушаймонї аз кирдор ќатъ

карда шудааст, аз љониби иљрокунандаи вазифаи раиси Суди Олї Ашўров М. эътирози назоратї оварда, барои баррасї ба раёсати суди вилояти Суѓд равон карда шуд. Аз натиљаи баррасии эътирози назоратї дар суди вилояти Суѓд ба Шумо иловатан маълумот пешнињод мегардад. Басбї ХОЛОВА, муовини раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

ВАТАНДОРЇ Ватандорї агар дар иттињоду номусу нанг аст, Маро умре алайњи душманони миллатам љанг аст. Мањалбозо! Ту њам кам нестї аз душмани миллат, Либоси худшиносї дар тани ту кўтању танг аст. Туро дар cap њамеша орзуи љангандозист, Бале, умре хуморї дар суроѓи нашъаву банг аст. Туро атвори ношоиста барњам медињад рўзе, Дили ту оњани пўсидаи пурлою пурзанг аст. Зи ман њардам чї пурсї љои зисту зодгоњамро, Ватан моро дили дардошнои ањли фарњанг аст.

КАТИБА Чун даргузарем, нолаву оњ кунанд, Бо ањли диёри марг њамроњ кунанд. Азбас ба дуои зиндањо муњтољем, Эй кош мазори мо сари роњ кунанд. Дар рўй ба рўи хоки мо рањгузарон, Биншаста дуову зикри Оллоњ кунанд. Аз лавњи мазори ман бихонанд ин панд, В-ин панд шиори њар гузаргоњ кунанд. Эй он, ки пагоњ навбати рафтани туст, Магзор, ки хоки мо чарогоњ кунанд.

ЉОНРО НИСОРАШ ДОШТАМ Ёди он рўзе, ки чун дил дар канораш доштам, Сад тароват аз нигоњи беѓубораш доштам. Рўз то бегоњ гирди хонаи ў њамчу дузд, Ман ба кунље рўз то бегањ шикораш доштам. Дидани рўи накўяш гар намегаштам насиб, Бањри ў бас рафтуо бар љои кораш доштам. Солњо бигзаштаву ман масту махмурам аз он, Баски боре чашм бар чашми хумораш доштам, Баъди сад соли дигар боре агар бинам варо, Њамчу Ванљї сад рање љонро нисораш доштам.

ДАР СОЯИ МИЖГОНИ ХЕШ Умрњо ман љабр кардам бар худу бар љони хеш, То чу гандум ќад кашам аз мазраи домони хеш, Рўзи нодорї набурдам даст бар хони касе, Бо ќаноат будаам дар кулбаи вайрони хеш. Хуни дил хурдам ба љои шир аз пистони дањр. То нагаштам соњиби дуккону дастархони хеш. Нархи болорафтаи бозору асъорам кушад, Шиквањо дорам зи дасти тољири даврони хеш. Тангдастї он ќадар дилтанг месозад маро, Шарм медорам зи дастархону аз мењмони хеш. Чун дарахти пир, к-аз бехаш бирўяд навдањо. Умри ман боќист андар умри фарзандони хеш. Сер бошї, хўрданињо дида монанди магас, Силаи хасрат мазан бар рўї бо дастони хеш. Шоиро, гар шеъри ту бар дарди миллат барнахўрд, Бех, ки оташ дардињї бар сањфаи девони хеш. То нагардад моли мардум хоки ѓоратпарварат, Љо мадењ бегонаро дар сояи мижгон хеш.

ЗИНДАГЇ Зиндагиро бин, ки њар дам имтињонам мекунад, Гањ малулу гоњ-гоње шодмонам мекунад. Чун њубобе пеш-пеши мављ меронад маро, Гоњ-гоње зери мављи худ нињонам мекунад. Гоњ мебардорадам то маснади хуршеду мањ, Пасттар гоње зи хоки остонам мекунад. Гоњ-гоње бо њама бедодиву шўру шараш Ноумеди зиндагии ин љањонам мекунад. Гоњ дору мехўрам андар паи дармони хеш, Бар хилофи нафъ бингар, ки зиёнам мекунад. Нимаи умрам агарчи гашт сарфи зиндагї, Дидани зебозане гоње љавонам мекунад. Медињад гоње маро илњоми пайдарпай, вале Мўњри хомўшї гање андар забонам мекунад. Зиндагї донам, ба умри одамй гургоштист, Мерасад рўзе, ки ќасди љисму љонам мекунад. Номи ман бар сањфаи ањли адаб хоњад гузашт, 3-он ки баъди марг шеърам љовидонам мекунад.

БИНГАРАД БО ЧАШМИ БОЗ Кас намедонад, ки умри кист кўтањ ё дароз, Љуз њамон зоте, ки бошад бандаро бо ў ниёз. Бо худољўї тавон обод кардан охират, Бо худогўї нагардад ризќ одамро фароз. Дил бисузад, об њам аз чашми кўр ояд бурун, Кор хоњї, садди роњи ту намегардад намоз. Муддати умри њама љонзодњо якнавъ нест, Ќозњо дар умри худ миранд, не дар умри ѓоз. Нокасу ношустарўе табъи моро хира кард, Бас намедонад бањои сабзиву нархи пиёз. Имтиёзи бахт дорад одамй дар умри хеш, Чун аљал ояд, набошад њељ касро имтиёз, Мењри олам дар дили моњї чунон бошад ќавї, Баъди мурдан њам ба дунё бингарад бо чашми боз.

ЗИ РЎЗИ АЗАЛ АСТ Ризќ аз рўи амал нест, зи рўзи азал аст, Камбаѓал аз нигањи рўзи азал камбаѓал аст. Умр њам додаи таќдир бувад, ваќт расад, Гарчи садсола шавї, пеши рањи ту аљал аст. Бадгуњар маърифати нутќ надорад ба забон, Дар лабу комаш агар ќанду наботу асал аст. Хулќи некўст агар мояи бахти њама кас, Хулќи бад пояи мустањками љангу љадал аст. Бењтарин тўњфаи Аллоњ ба мо занњоянд,

БО ШОИР Бењтарин љой барои њама занњо баѓал аст. Дигарон дар паи андўхтани симу заранд, Бандаро симу зараш мисраи шеъру ѓазал аст.

ТИФЛИ ДУНЁ ГАРД Офтоб аз бурљи чархи нилгун омад бурун, Њамчу тифл аз батни модар ѓарќи хун омад бурун. Модари шаб зод ўро дар либоси абрњо, Парда бо нураш дариду лолагун омад бурун. Чодари шаб сўхт, хокистар шуданд исторагон, Рўшанї бар рўи ин дунёи дун омад бурун. Њайратам омад, ки аз шоми сияњрўи хунук Тифли оташзои дунёгард чун омад бурун?

МЕДИЊАД БАРЊАМ Мањалбозо! Туро теѓи забонат медињад барњам, Ватанро оќубат суду зиёнат медињад барњам. Бањоро! Бо њама гулбозиву гулрезият рўзе, Туро хам сардии фасли хазонат медињад барњам. Сухансанљо! Туро гар табъи модарзод рўзї нест, Љањони шеърро тарзи баёнат медињад барњам. Даѓал гуфтан агар табъи касонро мекунад хира, Хамушї иштињои мењмонат медињад барњам. Љавоби нону дастархони мардум ќарзи инсонист, Хасисї, дегу обу ошу нонат медињад барњам. Ѓами фардои халќам бар мазорат мебарад, Ванљї, Туро ноањлии ањли забонат медињад барњам.

ЧЎПОН БАДАЛИ ВАНЉЇ Чўпон Бадали Ванљї 17 майи соли 1959 дар дењаи Ѓўмаяки ноњияи Ванљ ба дунё омодааст. Соли 1976 мактаби №4-и зодгоњаш ва соли 1980 Донишгоњи давлатии омўзгории шањри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (њоло С.Айнї)-ро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тољик ба итмом расонидааст. Фаъолияти кориашро њамчун муаллим солњои 1980-1982 дар мактаби №2-и ноњияи Колхозобод (њоло ноњияи Љалолиддин Румї) оѓоз намудааст. Солњои 1983-1986 дар вазифаи муњаррири радиои назди рўзномаи ноњиявии "Њаќиќати Колхозобод" (алњол "Навиди Балх") кор кардааст. Солњои 1987-1989 инструктори шўъбаи таблиѓоту ташвиќоти Кумитаи њизби коммунисти ноњияи Колхозобод, солњои 1990-1992 ба њайси мудири шўъбаи фарњанги њукумати ноњияи Љ.Румї фаъолият доштааст. Алњол намояндаи ширкати "Рухом"-и шањри Душанбе дар шањри Ќўрѓонтеппа аст. Аз овони љавонї шеър менависад. Набераи шоири халќ Муллоёри Ванљист. Хонандагон бо шеърњои Чўпон Бадали Ванљї њанўз аз сањифањои рўзномаву маљаллањои љумњуриявї "Омўзгор", "Фарњанг", "Адабиёт ва санъат" инчунин китобњои "Сояи маънї" ва "Бўсаи субњ" шиносанд. Узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон ва узви конфедератсияи байнамилалии Иттифоќњои журналистон мебошад.

МУЊТОЉИ ХОКИСТАР КУНАД "Аз барои зар мусалмон хидмати кофар кунад", Зиндагонї дар сарои кишвари дигар кунад. Њайфи он марде бурун аз хона рафту барнагашт, Њайфи он мурѓе,ки майли лонаи дигар кунад. Њар куљо бо пои худ рав, не ба пои дигарон, Аќл мебояд дар ин рањ хешро довар кунад. Ќуввати боло паридан нест бар мурѓи њаво, Парру боли хеш чун дар оби дарё тар кунад. Шоире табъи Худододї надорад, оќибат, Тарки шеъру шоириву хомаву дафтар кунад. Назди зоти Њаќ бувад волотарини бандагон, Он, ки як умре адои хизмати модар кунад. Аз хатои аскари оддї Ватан дар хавф нест, Оњ аз он љурме, ки боре сарвари лашкар кунад. Ин фалак шањро гадову бас гадоро шоњ кард, Рўзгор оинаро муњтољи хокистар кунад.

НАГЎЯД ГУФТАИ МОРО Ба фањми кунд осон нест кардан дарк маъноро, Ба доси тези маънї бидраванд ин киштаи моро. Ба майдони сухан по менињанд имрўз каљпоён, Аз он тарсам, ки расво мекунанд имлову иншоро. Суханро аз баландии маќоми маънї бояд гуфт, Набахшоянд дар мањфил зарифон њарфи бељоро. Харобии асаб меоварад њарфе, ки нобарљост, Намонад рањравї кафше, ки танг асту занад поро. Њама чизи љањонро нусхаи аслаш бувад зебо, Асо асло нагирад љои пои марди якпоро. Агар хоњї камоли илм ёбї, бештар омўз, Ки аз пурбарфии кўњ аст равнаќ оби дарёро. Бузурги неши нойи хеш дидан нест, ай нодон, Бузург он аст, к-ў имрўз бинад рўи фардоро. Ту ай шањрї, ки мебинї заминро аз баландињо, Куљо донй, чу дењќонзода роњи кори сањроро. Ќазо ояд, њаво њечу даво њечу шифо њељ аст, Ба панља кай тавон бигрифт пеши роњи дарёро? Рањи Њаќ мебарад моро ба сўи олами улвї, Ки чун пешинагон бар дигарон монем дунёро. Шабе дар мањфиле Ванљї ба дарду бо алам мегуфт: Сано гўям касеро, ки нагўяд гуфтаи моро.

Ё ЊАРДУ (Панд илњом аз ѓазали устод А. Лоњутї) Ватан обод аз кор аст, ё бекор, ё њарду, Мусибат бар харидор аст, ё бозор, ё њарду. Њама моле харад инљову дар љояш кунад савдо, Намедонам харидоранд ё туљљор ё њарду. Њама дар ањди Шўро пуштибони њамдигар буданд, Агарчанде ѓанї буданд ё нодор ё њарду. Фишори хун гање пасту баландї мекунад бар мо, Зи гўшти таккахурданњост ё ќучќор ё њарду. Замин камњосилу камобу камдоруву кампоруст, Гунањ бар дўши саркор аст ё шудгор ё њарду. Басе шоир, ки умре мадњи кас гўянду гоње халќ, Надонам шоири халќанд ё дарбор ё њарду. Чунон дилбастаам бо шеъру бо санги Ватан, рўзе, Бимирам дар сари ашъор ё бозор ё њарду.

Њама дарду ѓаму њасрат кунун бепарда мегўям, Агарчи масту мадњушам ва ё њушёр ё њарду. Чу Лоњутї забони ростгўву табъи оташбор, Маро зери заминам мебарад ё дор ё њарду

НАШИНОСАНД Бас кўрдилонанд, ки моро нашиносанд, Шоњанд ба ќавле, ки гадоро нашиносанд. Бигрехта чун тирагї аз равшании шамъ, Ин дилсияњон нуру зиёро нашиносанд. Зоѓони сиёњанд нишаста бари булбул, Бишнида сурудеву наворо нашиносанд. Њар лањза дигар карда рањи мењру муњаббат, Доранд басе ёру вафоро нашиносанд. Бо душмани худ њамдаму бо ѓайр њамогўш, Бо дард бимиранду даворо нашиносанд. На габру на кофар, на мусулмони тамоманд, Ин љамъ мусулмону насоро нашиносанд. Дар назди Худо арзиши мо аз њама болост, Моро нашиносанд, Худоро нашиносанд.

РУБОЇ BA ДУБАЙТАЊО Гоње, ки зи гардану камар мегирем, Бо завќ лабони њамдигар мегирем. Ту ќуттии гўгирдиву ман донаи он, Њар гањ, ки ба њам расем, дармегирем. Хушбахт касе, ки зан ба як бор гирифт, Шоиста яке ёри вафодор гирифт. Бадбахт касе, ки шукри фарзанд накард, Н-осуд касе, ки зан ба такрор гирифт. Сад бор ба мо насињату панд кунанд. Сад бор хилофи панди худ фанд кунанд, Андар аљабам, ки ин худонотарсон, Чун саљда ба даргоњи Худованд кунанд?! Бар тобути ман агарки манзур кунед, Ин байти маро гирифта дастур кунед. Хоњед, ки осуда шавам дар тањи хок, Бо дафтару бо ќалам маро гўр кунед. Бо пой даме рўи љањон хоњї рафт. Аз рўи замин ба осмон хоњї рафт. Бар хонаи охират, ки гўристон аст, Онљо ту ба пои дигарон хоњї рафт. Њарчанд, ки бо њукми аљал мемирам, Бо дарди гарону бо касал мемирам. Монандаи занбур, ки мирад ба асал, Часпида ба шеъру бо ѓазал мемирам. Бо донишу илм одами обод аст, Аз монеањои зиндагї озод аст. Ноањл бувад касе, ки бетарбия монд, Гумроњ бувад касе, ки бе устод аст. То зиндагї њасту дар танам љон дорам, Бо кўрдилони халќам исён дорам. Њар хирасаре бинозад аз дењаи худ, Ман фахр кунам, ки Тољикистон дорам.


("Нигоњ", № 23 (405), 27 августи соли 2014).

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

13


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

Бо гузашти моњњои рафтан аз кори Агентї аз чењрањои гарме ёд мекунам, ки ќаблан гўё намедидам. Аз хеле замонњо мехостам дар бораи ў чанд сатре барои матбуот нависам. Аммо њамеша дар ин андеша будам, ки чї бояд бинвисам. Дањ сол њамкор будем. Ин муддат шояд садњо вараќ номаву баромаду маърўзањоро бо машварати якдигар навиштаем. Басо шабњоро дар кўчаву хиёбонњои пойтахт ба рўз овардаем, то амнияти мењмонони арљманди кишвар таъмин бошад. Ва ин шабњо гоњ сард буданду гоњи дигар гарм. Мо зери борону барф њам ќадам задаем ва зери шуои ширмањтоб низ гардиш кардаем. Аммо њоло сатре мехоњам, ки сароѓози ин достони хеле кўчак аз сарнавишти як инсони оддї бошад. Оре, як инсони оддї, ба он маъно, ки тўли њаёташ на вазир будаву на раис, вале њар љойе кор кардааст, дасти гарму дили нарм доштааст. Бо њамин дили гарм ба кор часпидааст ва њамеша муваффаќ будааст. Ва њар боре аз вазифа ба вазифаи дигар таъин кардаанд, масъулиятноктар аз аввалї будааст, чун ўро шахси масъулиятшинос ёфтаанд. Дар банди ин андешањо сураташро хаёлан пеши назар меовардам ва дар ин субњи боронї як садои ошно бо лањни ширини бадахшонї ба гўшам мерасад: "Салом. Диёр нестї-ку". Ва дарњол посухаш медињам: Чї тур диёр нестам, инљоям. Ва боз њамон садо ово медињад: Сенздањ рўз шуд мељўям. Медонам, ки ў тўли 13 рўз маро наљустааст, чун њар субњ салом мекунем ва њар шомгањ дасти њам мефишорему аз њам људо мешавем. Ин сенздањ як ибораи маъмулии каломи ўст: сенздањ соат, сездањ вараќ, сездањ одам...Ва дар њамин гуфтор њам як самимияти хоси одамї нињон аст. Њар касе агар бори

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

ЊАМКОРИ ОШНО аввал аз забонаш ин "сенздањ рўз љустан"-и ўро бишнавад, гумон мекунад, ки хуб дўстоштанист, ки рўзњо ўро мељўянд. Шерѓозї Саодатќадамов дар хонаводаи зиёї, дар рустои хеле зебоманзару сарсабз ва калонтарини Рушон - Баррушан дида ба олам кушодааст. Падараш Мабатќадам Саодатќадамов аз љумла омўзгорони матрањи кишвар буда, умреро дар тарбияи насли наврас сарф кардааст ва ин зањамоташ бо њафт медал, Ифтихорномањо ва унвонњои олии "Аълочии маорифи халќи СССР", Муаллими хизматнишондодаи Тољикистон ќадр шудааст. Шерѓозї хатмкардаи факултаи забонњои хориљии Донишгоњи давлатист. Аз љумлаи шогирдони устод Наљмонов, донишманди адабиёти араб ва яке аз муњаќќиќони хуби тољики ин адабиёт аст. Аммо Шерѓозиро пайроњаи Наљмонов ва дигар устодони каломи бадеъ ба худ накашид, роњи вай баъди хизмати дусолаи њарбї ба њайси тарљумон дар Афѓонистон дигар шуд. Шояд мехост пажуњишгар бошад, шояд дар дил орзу њам дошт, ки роњи падар пўяд ва аз љумлаи омўзгорони матрањ шинохта шавад. Вале баъди хизмати аскарї ихтиёроташро ба дасти комсомол, ки он замон бахши љавонони њизби ягона ва њоким буд, супурд. Мањз бо тавсияи комсомол вай либоси афсарї ба бар кард ва аз он соат то ба имрўз, ки бештар аз 30 сол мегузарад, он либосро аз тан накашид. Аз лейтинант то рутбаи полковникї зина ба зина расид ва боре њам дар ин андеша нашуд, ки бояд акнун баргардад ба пешае, ки онро омўхтааст.

Капитани милитсия Ќурбонова Римаро, ки сардори зершуъбаи кор бо ноболиѓони ноњияи Роњи оњан буд, устоди нахустини худ медонад ва мегўяд вижагињои кори милитсия ва муносибат бо ноболиѓонро аз ў омўхт. Баъдан Шўъбаи ѓоибонаи мактаби олии милитсияи Тошкандро њам хатм намуд. Њамзамон бо тањсил аз соли 1990 то 1994 нозири калони базрасии њайати шахсии Раёсати корњои дохилии шањри Душанбе буд ва аз моњи ноябри соли 1995 ба вазифаи муовини сардори шўъбаи корњои дохилии ноњияи Марказии (њоло Фирдавсии) шањри Душанбе оид ба њайати шахсї таъин карданд. Баъди панљ сол, моњи июни соли 2000 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон ба кор омад. Ва њоло љонишини сардори Ситоди ин нињод аст. Аз замони хизматаш дар Афѓонистон ќиссањои зиёд дорад, ки аз сар гузаронидааст. Ва њар сарнавишт дар он сарзамини љангзада худ ќиссаи љолибест, ки ин љо маљоли баёни он нест. Аммо зањматњояшро њукумати ваќт бо медали хизматњои муњорибавї ва ордени Ситораи Сурх ќадр кардааст. Њамчуноне соли љорї Њукумати Тољикистон зањмати 15 -солааш дар Агентиро бо медали «Барои хизмати шоиста» ќадр намуд. Бунёди хонавода њам барояш баъди хизмат дар Афѓонистон муяссар шуд. Ин њамон самараи ишќе буд, ки пойдеворашро бо Некбахтсултон солњои донишљўи гузошта буданд. Ва имрўз њам Шерѓозї мегўяд шояд бењтарин ганљи зиндагї барояш њамин

Некбатхсултон буд, ки дар гармиву сардї, дар њар мушкили зиндагї ўро дарк кард ва дар пањлуяш ќарор гирифт. Ва дар зиндагии онњо мушкилот кам набуд. Хоса барои як марди низомипўш, ки ихтиёраш на дасти худи ўст: имрўз метавонад дар Душанбе бошад, фардо дар Ќротегин. Имшаб бо фарзандонаш таоми шом хўрад ва дањњо шаби дигар дар куњу пушта як бурда нонро дар оби чашма тар кунаду тановул намояд. Ин муддат онњо тавонистанд чор фарзанд ба камол расонанд, онњоро соњибмаълумот кунанд ва њар кадомро ба љодаи маърифат равона созанд. Аз миёни фарзадонаш писарбузаргаш Шерзод ва духтараш Ситора мактаби миёнаро бо медали тилло хатм кардаанд. Ситора донандаи хуби забони олмонист ва замони мактабхонї борњо дар олимпиадањо ѓолиб шудаву соњиби ду медали тилло њам гардидааст. Бобољони ШАФЕЪ


НИГОЊИ МАРДУМЇ

15

АКСИ ГЎЁ

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Муњољирони тољик дар Федератсияи Русия њоле доранд, ки пасттарин шањрвандони давлатњои љањон, аз ќабили Буркина - Фасо, Сера Леоне, ќабилањои Африќо надоранд. Њукумати Тољикистон муњољирати беш аз 1. 500. 000 нафарро "раванди љањонї" арзёбї намуда, эшонро ба гўшаи фаромўшї партофтааст. Дар њамин фасли сармои зимистон садњо тољикон дар муњољират бе хонаву љо, сарсону саргардон дар љустуљўи кор ќарор доранд. Љои зисти ин бечорагон паноњгоњњои метрову тањхонањои сарду торик мебошад. Дар вокзалу аэропортњо бошад садњо тољик шабу рўзро дар орзуи баргаштан ба Ватан зери тафтишу истинтоќи берањмонаи пулиси Русия сипарї месозанд, вале ба иллати надоштани роњкиро ба боздоштгоњњою зиндонњо партоб мешаванд. Муњољири тољик берун аз Ватани худ аз оддитарин њуќуќи инсонї мањрум аст! Берун аз Ватан саг њурмати беш дорад, беш аз тољики сарсахту бадбахт. Агар мори афъие тољикро газад, дањонаш талх хоњад шуд, зеро имрўзњо тољик синоними «ѓулом», «батрак», «бењуќуќ» «нотавон» гаштааст. Мисоли ин гуфтањои мо, пайдоиши нави вожаи "Таджичит" дар саросари расонањои хабарї ва гуфтугўии мардуми Русия аст. Вожаи мазкур ба маънии "батраквор, ѓуломвор кор кардан" дорад. Ин корест, ки

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

ВОЖАИ НАВ: "ТАДЖИЧИТ!" ДАР РУСИЯ маош, ваќту соат, шароит ва кафолат надорад, яъне мисли ѓулом кор кардан. Лаб фурў баста аз маоши худ, тоќат кардан ба дашному тањќири "хољагон" ва аз гуруснагї намурдан аст. "Тољике ба кор даъват карда мешавад, ки маоши худро талаб накунад!" (Требуется таджик, который не требует зарплату!) "Фаќат тољикон ба кор гирифта мешаванд!" (Только для таджиков!) Бо њамин минвол дањњо эълону хабарњо аз он дарак медињад, ки миллати тољик, халќи ориёии тољдор берун аз Ватан мавриди тамасхуру истењзои шадид ќарор гирифтааст. Сабаб дар чист? Сабаби асосии ба ин дараљаи ѓуломона расидани миллати тољикро ман пеш аз њама надонистани њуќуќу бесаводии 70 дар сади њаммилатони худ медонам. Баъдан надоштани сиёсати дурусти њукумати Тољикистон дар ин соња. Мо дар Ватан ягон кори дурусте накардаем, ки миллати рус ё дигар миллатњо моро њурмату эњтиром намоянд. Чї кардем? Донишмандону бузургон, мутахассисону соњибкорони сарбаланди миллат тарки Ватан карда, барои ободии замини бегона хизмат доранд. Дар Ватан ягон консепсияи мушаххаси ободонї

барои мардуми оддии мењнаткаш ба роњ монда нашудааст. Модарони тољик барои муњољират фарзанд таваллуд карда истодаанд. Бубинед, ки дар САЊШ ба кўдаки навзод намехоњанд, мисли Эмомалї Рањмон, бо расми ниёгон ному насаб номнавис карда, шањодатнома дињанд. Ба падару модари кўдак мегўянд: - Марвориди Нуъмон намешавад, Нуъмонова Марворид нависед! Агар гўед чаро? Мегўянд, ки кўдак калон шуда, чї тавр ба муњољирати мењнатї меравад? Аз марзи гумрукї мегардонандаш. - О ин духтар аст, духтари тољик дар муњољират чї кор мекунад? Падару модар ба гапи маъмури САЊШ медароянд ва духтарашонро ба тарзи "русї" - Нуъмонова Марворид Неъматовна номгузорї карда, шањодатнома мегиранд. Ана боз як муњољирзани ояндаи тољик! Мактабро тамом карда, дар шањрњои пањновари Федератсияи Русия рафта "таджичит" мекунад. Маълум мешавад, ки давлат аз овони хурдсолии шањрвандони худ ба раванди муњољирати мардум, њамчун ба ѓуломони ояндаи тољик мусоидат карда истодааст. Њам ба марду њам ба зан! Шерзоди АМРИХУДО, муњољири тољик P. S. Оё дар баробари вожаи "таджичит" - и Русия, боз важањои наве, аз ќабили "рагуничит", "сахмиячит", "бесаводичит", "кишлачит", "фиребчит" ва ѓайра низ дар Тољикистон рўйи кор меомада бошанд? О Русия бо Тољикистон шарики стратегї њаст - ку! Ба ин суоли мушаххас шояд забоншиносон, олимон, интеллигенсияи хамўш, ё хубтараш масъулини њукумати Тољикистон посухи сањењ бидињанд. Њамин тавр не?!

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? Њукумат изњорот дод: Сабаби барои баланд бардоштани нархњо пайдо нашуд. Аз ин хотир, нархњо бе сабаб баланд мешаванд. Падар аз ноумедии зиёд духтари 7 - уми худро Манучењр ном кард.... Дирўз нохост дар роњ китфам ба китфи нафаре расид. Вай бо садои хашмгин гуфт: "Ягон проблема дорї?" Ман гаштаму тамоми проблемањоямро барояш гуфтам. Акнун то њозир бо ў гиря карда шиштаем... Ду тољир вомехўранд: - Салом, кору бор чи тавр? - Алейкум, чи гўям... на он ќадар хуб, ки писанди ман бошад ва на он ќадар бад, ки ту мехоњї... "Салом магар ту намедонї, ки бе ту њаётам намегузарад. Ту маро аз марг наљот медињї. Ман бе ту мемирам. Агар дар як рўз ман туро се маротиба набинам, мемирам, љонакам. Ман туро мехўрам, гуфт донишљў ба РОЛЛТОН". Ба моњ шинї моњ шавї, бо интернет шинї бемор шавї. Бе пул шавї, њайрон шавї, пулдор шавї, вайрон шавї.

БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миёномадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи Тољик": Директор Аттоев С.К, Тел: 221-86-89, 95177-40-71, танзимгар: тел.701-84-02; Шабакањои барќи ноњияи Исмоили Сомонї: Сардор - Нуров О., тел:985-56-02-09, танзимгар:227-10-50, 227-10-51; Шабакањои барќи ноњияи Шоњмансур: Сардор - Рамазонов Х., тел:985-42-02-79, танзимгар:227-10-12, 227-10-13; Шабакањои барќи ноњияи Сино: Сардор -Мањмадшоев М., тел:95-133-88-35, танзимгар:236-10-14, 236-10-17; Шабакањои барќи ноњияи Фирдавсї: Сардор -Кишваров Д., тел:985-56-02-08, танзимгар:231-10-24, 231-10-21.

ЛАТИФА - Љонакам, китоби "Чї гуна 100 сол зиндагї кардан мумкин" - ро надидї, - мепурсад зан аз шавњараш. - Ман онро сўзондам. - Барои чї? - Модарат онро мутолиа карданї буд. *** Корманди БДА аз љавоне, ки курси ронандагиро хатм намуда барои гирифтани шањодатномаи ронандагї имтињон месупорад, мепурсад: - Тасаввур кун, ки ту сари чанбарак нишастаї ва дар роње њаракат мекунї, ки њамагї як мошин гузашта метавонад, аз тарафи рост куњи баланд ва аз љониби чап љарии яккилометра аст. Ногоњ аз пеш як кампир ва як духтари љавон пайдо мешаванд. Дар ин ваќт кадомашро зер кардан лозим? - Албатта, кампирро. - Хез рав, аз имтињон нагузаштї. - Чаро муаллим? - Тормозро зер кардан лозим. *** Дар финали Љоми љањон 2010 дар Африќои Љанубї як кўдаки 10 - сола њам дар варзишгоњ ќарор дорад. Марди дар пањлўяш нишаста мепурсад: - Ту аз куљо барои ин билети ќимат пул ёфтї? - Падарам харид. - Њоло ў дар куљо аст? - Дар хона. Билет мекобад.

? - И НОБОБ ПАНДУ АНДАРЗИ БУЗУРГОН - Чањор чиз обрўйро мерезонад: дурўѓ, бешармї, пурсидан бе зарурат (гадої) ва гуноњи бисёр. - Умри љавонатро ѓанимат дон, чун медонї љовидон нестї. - Пайваста дар кори хайр бикўш ва гунањи дўсти худ дидї, бипўш. - Касе, ки хирад надорад њамвора аз кардањои худ пушаймон ва дар ранљ аст. - Тафовути инсонњо дар доштан ва надоштани истеъдодњо нест, балки дар чигунагии истифода аз он аст. - Сахтињои бузург ба одамї нерўи дучандон мебахшад. - Дониш арзиши онро дорад, ки ранљњо бикашї. - Он ќадар ташвиќ кунед, ки ташвиќ нашудан танбењ бошад. - Њељ чизе хубтар аз забон нест агар хуб шавад ва њељ чизе бадтар аз он нест агар бад шавад. - Худованд барои мо ду гўш ва як забон офаридааст, то шуниданамон бештар аз гуфтанамон бошад. - Мардумро дар ѓайб њамон гўй, ки дар пеши рўй тавонї гуфт. - Агар њама метавонистанд аз истеъдодњои худ дуруст бањра бигиранд, дунё њамон бињишти мавъуд мешуд, ки њама мехоњанд. - Аз иштибоњоти худ шарманда нашавед ва онро љурм надонед. - Шикаст беш аз муваффаќият омўзанда аст, касе, ки њељ гоњ иштибоњ намекунад њаргиз ба љое намерасад. - Дар талаби илм то ба гўшањои олам низ роњ рав. Фароњамсоз Умар ШЕРОВ, хонандаи мактаби миёнаи №17 - и шањри Душанбе

?-И НОБОБ ЧАРОЃАКЊОИ РОЊНАМО ДАР ТАВОЗУНИ КИСТ? - Мехоњам донам, ки чароѓакњои роњ дар тавозуни РБДА ВКД ЉТ аст ё Вазорати наќлиёти Тољикистон? Чароѓакњои роњнамо дар Тољикистон молу мулки кї ба њисоб меравад ва бояд кї аз болои чароѓакњои роњнамо назорат бибарад? Абўбакр ЉЎРАХОНОВ, сокини ноњияи Ёвон - Бо ќарори собиќ Шўрои Вазирони ЉШС Тољикистон тањти №57 аз 21-уми феврали соли 1986 дар љумњурї корхонаи давлатии љумњуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон ташкил гардидааст. Корхонаи мазкур пешбурди корњоро дар соњаи ташкили њаракат дар роњ, љињати љињозонидани кўчаю роњњои автомобилгарди маркази шањру ноњияњо бо воситањои техникии танзими њаракат дар роњ анљом медињад. Дар зертобеъи он, корхонањои фаръї дар вилояти Суѓд, минтаќањои Ќурѓонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон, минтаќаи ноњияњои тобеи марказ ва ќитъаоти шањри Душанбе дохил мешаванд. Корхонањои мазкур дар шањри Душанбе, марказњои вилояту шањру ноњияњои љумњурї сохтмони иншоотњои чароѓакњои роњнамо, гузоштани аломатњои роњ, нишонагузорї намудани хатњои уфуќї ва нигоњдошти воситањои техникии танзими њаракат дар роњро иљро менамояд. Дар дигар роњњои автомобилгард иљрои чунин корњоро муассисањои зертобеъи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон амалї мекунанд. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (418), 3. 12. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"РЎЗИ ФЛАГ" ДАР ЧОЙХОНАИ "РОЊАТ" Мирзодиккак дар назди Вазорати тандурустї Ѓалтакро дида, ба тааљљуб афтод, зеро ќабл аз интихоботи парлумонї нигаронї доштан аз тансињатии ањолї хосияти хуб надорад. Ў барои ќабл аз вазиру кабир шунидани арзу доди Ѓалтаки каљтоќї ўро ба чойхонаи "Роњат" ба чойнўшї даъват намуд. Ѓалтак, ки аз интизори хаста шуда буд, дархости љўраашро рад накард. Онњо зери парфишонии парчами миллї вориди чойхонаи "Роњат" шуданд. Дар ин рўз њама аз морони Зањњоку дирафши Кова ќисса мекарданду Мирзодиккаку Ѓалтак аз он гиламанд буданд, ки сол то сол гирифторони маризињои бадахлоќї, нашъамандї ва њою казо меафзояду масъулин бо намоиши се -чор таљњизоти тибии тариќи хайриявї аз хориљи кишвар вориднамудаву бунёди якчанд беморхонаю бунгоњњои тиббї корашонро анљомшудаю мардумро наљотёфта њисобот медоданд. Ба андешаи Ѓалтаки дењотї, маълумоти вазорати тандурустї аз маълумоти вазорати кишоварзї нисбати саломатии ањолї ва истењсоли картошкаю пиёз якхелаанд. Тафовут дар он аст, ки бо болоравии нарху наво дар бозорњо дурўѓ будани маълумоти вазорати кишоварзї ошкор мешаванд, вале аз ќабристонњо касе нисбати бармањал љон ба Љонофарин таслим намудани бархе аз фавтидагон, масъулони њукуматњои мањаллї ва кормандони соњаи тандурустиро љавобгарї эњсос намекунанд. Шояд онњо прокурорњои худро доранду ба њукумат боварї надоранд?! Њоло мардум дуои онро мекунанд, ки Худованд онњоро аз афтидани корашон ба милисаю болниса дар канор нигоњ дорад, вагарна, ба ќавле, "љилу пўстак " бой медињанд. Инак, љўрањо паси мизи ѓизохурї нишастанду пешхизмат барои химзматрасонї њозир шуд. Мирзодиккак бо фармоиш додани як чойнак чойи кабуд масъулиятро аз зиммааш дур кардан мехост, вале Ѓалтаки дењотї овардани ќанд, нон ва ќурутобро илова кард. Мирзодиккак аз иловањои Ѓалтак хурсанд шуд, зеро касе чизе фармоиш дод, пулашро худаш мепардозад. - Љўра, уштур њамаро бардошту кафлезро не! Ќанду ќурутобу нонро фармоиш додї, агар дар њамин "Рўзи флаг" 100 - граммї мебардоштем ман аз сардї намеларзидаму сўњбатамон ба сўњбати ду файласуф монанд мешуд. Пешхизмат бо розигии Ѓалтак фавран дархости Мирзодиккаки аз сарди ларзидаистодаро иљро намуд. Мирзодиккак баъди бардоштани ќадањи дуюм ва хўрдани ќурутоби серравѓану серпиёз, ба ќавле, љон дар рамаќаш давид, хунаш ба гардиш даромаду дањонаш тафсид. Мирзодиккак: - Ќандаша занад њукумати љонољонамон, бахусус, масъулони соњаи тандурустї. Фањмида гир, агар мардум солим набошад, давлат солим намешавад. Ана њамин солимї ва бардамии мо њаст, ки бачањо дар кўчањо байраќ бардошта гаштанд. Зањњок, ки аз морњо метарсид, бачањои Коваро ќурбони морњояш кард... Ѓалтак: - Мирзољон, њозир аз њамон морњои Зањњок дида, бемории ВИЧ - СПИДу нашъамандї барои љомеаи мо хафноктар аст. Ба ин беморињо ќисме аз мардону занон ва њатто кўдакон дучор шудаанд. Бархе сирамон ошкор нашавад, гуфта, пинњон шуда гаштаанду ќисме аз "хуљаинњо" фарзандони нашъамандашонро дар тањхонањо занљирбанд кардаанд, то ки мардум писари фалони нашъаманд шудааст, нагўянд... Мирзодиккак: - Њукумати љонољонамон кайњо њамаи раисони љамоатњоро вазифадор кардагї, ки касе аз муњољирати мењнатї баргаштааст, аввал, маълумотнома дар бораи саломатияшро пешнињод намояду сипас ба хонааш дарояд. Ѓалтак: - Мирзољон, коѓази безабон њамин ќадар маълумоти дурўѓро оиди истењсоли картошкаю пиёз мебардораду њамин сињату саломат баргаштани муњољирони мењнатиро намебардорад? Њозир маълумот талаб кунанд, мебинед, ки ним соат пас њамаи маълумотњо туппа дуруст дастрас мешаванд. Ман, якчанд рўз дар як дармонгоњи саломатї аз назорати духтур гузаштани кормандону хизматчиёни давлатиро дидаму ба сињатиашон шубња кардам. Фањмидам, ки имзою муњри саломатї пулакї будааст. Пулро мўл месупоред, натиља манфї, насупоред як моњи расо њам медаведу њам пул медињед!? Мирзодиккак: - Дар байнашон ягон номзади ЊХДТ ба парлумони кишварро дида бошї, хабар дењ, вагарна дар як давраи интихоботї cе - чор бор гузаронидани интихоботи миёндаврї ба фоидаи њукумати љоночонамон нест. Ба ростї, њозир салом пулаки шудагию имзо дукарата. Имзои раис њам пулакию аз саис њам. Мана, дар беморхонањои беморињои рўњї ва наркологї пизишкон, духтурон ва саРаиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

нитарњо намерасанд. Чаро? Барои он ки аз бештари хешу таборони девонањою наркаманњо пул гирифта намешавад. Њоло њамаи љавонон хоњиши љарроњ ва момодоя шуданро доранд. Љарроњ донад, надонад, мебурад. Мабодо соњибонаш пул надињанд, намедўзаду рост ба сардхона мефиристад. Ќисме ба чунон "босаводанд", ки ба љои кўррўда гурдаро љарроњї мекунанду баъди фањмидани иштибоњашон кўррударо бурида мепартоянд. Њаќќашонро бошад ќабл аз фавтидани бемор аз хешу аќрабояш дукаратаю бисёркарата меситонанд... Аљоибаш он аст, ки агар дорую дармонњоро аз њамон дорухонаи гуфтагии духтури табобатї харидорї накунед, беморатон шифо намеёбад?! Ѓалтак: - Ана, барои њамин ќисме аз беморон ва њољатмандон ба назди духтур нею рост ба назди муллоњою табибони халќї мераванд, то ки бо шланг пуф кунанду дар баданашон бо хатти арабї ќиссаи "Мушу гурба"- ро бинависанд ва њоказо... Мирзодиккак; - Он чї ман ба ту гуфтам, вазири тандурустї ба ту намегуфт, зеро ќисме аз маълумоташонро сирри давлатї гуфта, њатто ба журналистони ТВТ намедињанд. Хуш, ки бошад бо пешхизмат њисоббаробарї намою зери парчами Ватани мањбубамон аз чойхона бо табъи болида мебароем, вагарна корамон ба духтурон афтода монад, онњо моро бе љарроњї рост ба сардхона мефиристанд. Љўрањо бо таъби болида аз чойхонаи "Роњат" баромаданд. Мирзодиккак зери парчами Тољикистон то замони ба маршрутка савор шудани Ѓалтак рост истоду сипас роњ сўи хонаашро гирифт. Одамони зиёд дар кўчаи марказии пойтахт зери ливои парчами Љумњурии Тољикистон ќадам мезаданд. Дар осмон абрњо ба рехтани борони сарди тирамоњї тайёрї медиданд. Ин гуфтаи файласуфонаи "њар кас аз паи кори худаш" - ро ба хотир меовард...

Љўрабек НАЗРИЕВ, собиќ раиси Институти шарќшиносї ва мероси хаттии АИ ЉТ: - Мутаасифона, имрўз расм шудааст, њар соњибмансабе, њар "маќомдор" - е, њар нафаре, ки дар љайб зар дорад, осон вориди майдони илм мешавад, рисолаи номзадї "менависад", баъди чанде рисолаи докторї дифоъ мекунад ва доктор мешавад ва билохира даъвои бештаре мекунад. Бешак, чунин амал бемории илм аст, хориву беќадрии олим. - Чї мешавад, ки мисли Русия як маъракаи Дессернет роњандозї кунему корњои илмии уламои навро тањќиќ кунем? Астрид ТОРС, комиссари олии САЊА дар умури аќќалиятњои миллї: - То поёни соли љорї то 400 000 нафар аз муњољирони тољик маљбур мешаванд аз Русия баргарданд. -Э, аз забонатон шамол бараде! Истед, ки худашон меоянд, ё Путиншоњи ў равонашон мекунад? Сайидмукаррам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон: - Мавъизагаре аст, ки садњо одам аз суханњои ў њидоят ёфтаанду мераванд љаннат, аммо ў меравад, љањаннам. -Аз нигоњатон маълум, ки шумо њамин хел мавъизагарро наѓз мешиносед, ё не? Александр ФЛОРОВ, роњбари РОСГИДРОМЕТ: - Нафт, ки яке аз омилњои таъсиррасони сиёсат дар љањони феълист дуюмдараља хоњад шуд ва љои онро об хоњад гирифт. - Александри љў, 10 сол боз президенти мо њаминро гуфта истодааст. О, њаминро, ки карда бошед, мемуред бо Путин 5-6 млрд. доллар баТољикистон иќтисоди сармоягузорї карда, бо соњибони аслии об дўсту шарик шавед?! Абдурањим НАБИЕВ, њаљвнигор: - Бо дењќонї машѓулам. Баъд аз њаљ омадан дар ду кино наќш бозидам. Тасмимам ин аст, ки танњо дар кино бозї мекунам. Дар соњаи кино њадди аќал музди рўзи кориро медињанд, аммо дар соњаи њаљв мисли як "маймунбоз" бо ту рафтор мекунанд, фикр мекунанд, маймунбоз на гурусна мешаваду на оила дорад. -Интихоби хуб. Кино бењтар, албатта, зеро то часпидани лаќаби "Њочии маймунбоз" як ќадам мондаасту халос. Фирўз ХОЛИЌЗОДА, собиќ ёвари прокурори ноњияи Исмоили Сомонї: - Маст набудам ва њеч куљое нагурехтам! -Аз барои Худо фаќат нагўед, ки вай занак худаш омада ба мошин зад. Ба ин кор фаќат Њукумову як вазир ќодиранд. Рашид Ѓанї АБДУЛЛО, сиёсатшинос: - Тољикистон бояд њамкорињояшро бо Русия равнаќ дињад, вале ин њамкорињо ба ин маънї нест, ки мисли Ќирѓизистон барои даромадан ба узвияти созмони њамкорињои АвруОсиё саросема шавад. -Беташвиш бошед, устод! Мо мардуми саросема нестем. Мисли созишномаи Пойгоњи 201 як рўз пеш аз омадани Путин бе ягон тайёрї даромада, њамаро дар њайрат мегузорем.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.