Нигох 37 (419)

Page 1

Эронитаборони Урупои Шарќї дар асри биринљї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

1

САЊИФАЊОИ 8-9 №37 (419). Чоршанбе, 10-уми декабри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

НАЗАРИ ДЎСТ

Чаро Рањмоновро дўст намедоранд? САЊИФАИ 5

МАЗЊАБ

"Ту некї куну дар Даљла андоз" САЊИФАИ 7

ЛАТХОНАИ ЊАРБЇ Вазири мудофиаи Тољикистон маљбур шуд, ки латукўби як даъватшуда ва 2 волидайнро дар Комисариати њарбии Панљакент тањќиќ кунад

СУД

Ѓалатї БАРОТОВА:

Прокурор њабс намешавад

ХУДОВАНД ЉАЗОИ ЎРО ДИЊАД!

САЊИФАИ 3

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"Анортарбуз"- и Шабдолов ва буљаи Парлумон САЊИФАИ 16

Баъд аз суњбат бо Ѓалатї Баротова, дигар намешавад, ўро узви як њизби сиёсї муаррифї кард, ки пеш аз интихобот дар гирдоби сиёсат ќарор гирифта, бо раќибони сиёсияш мубориза мебарад. Ба расонањои баобрў меравад, то мусоњиба бидињад, «холњои сиёсї» љамъ кунад...


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ

Ба буљаи Тољикистон дар дањ моњи соли љорї аз њисоби озод кардани ширкатњо аз андоз барои воридоти молу таљњизот ба маблаѓи беш аз 320 млн. доллари ИМА ворид нашудааст. Маблаѓи пардохтњои гумрукї, ки ширкату корхонањо аз пардохташон дар Тољикитстон озод шудаанд, дар давраи њисоботї 1 млрд. 621,0 млн. сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки назди Њукумати Тољикистон иттилоъ медињад. Бо пешнињоди Њукумати Тољикистон, дар ду соли охир, чандин ширкат аз пардохти бољи гумрукї, барои ворид кардани молу таљњизот аз љумла барои ширкати ширкати "Asian Express", чандин мењмонхонањои панљситорадор, корхонањои парандапарварї, ЉДММ "Тољ-чайна 2013", Вазорати корњои хориљї, барои ворид кардани блнакњои шиносномањои биометрї аз Олмон ва њатто таљдиди корхонаи ќолинбофии Ќайпроќќум озод карда шудаанд. Миёни ин ширкатњо кам нестанд онњое, ки ба наздкони мансабдорони воломаќоми Тољикистон тааллуќ доранд. Мањз ба ин хотир парлумони Тољикистон дар як сол беш аз 10 маротиба ба Ќонуни ЉТ "Дар бораи буљаи давлатї" таѓйирот ворид мекунад. Коршиносон мегўянд, Тољикистон њамчун узви Созмони умумиљањонии тиљорат (ВТО) хилофи меъёрњои ин со-

3,5 МЛРД. СОМОНЇ: маблаѓе, ки ба буљаи кишвар ворид нашуд змон рафтор кардааст. Нозим Ишанќулов, коршиноси масоили иќтисодї мегўяд, озод кардани ширкатњои алоњидаи давлатї ё хориљї аз пардохтњои давлатї хилофи меъёрњои СУТ мебошад, ки Тољикистон соли 2013 узви он шудааст. "Дар чунин њолатњо, ки Њукумати Тољикистон ба бархе ширкатњо имтиёзи андозї медињад, дар њуљљатњои СУТ чун субсидия (кўмаки молиявии давлатї) ба њисоб меравад. Ин кўмаки зикршуда ба њама ширкатхо дастрас нест. Зеро чунин ширкатњои со-

њибимтиёз бо пешнињоди вазоратњо ва ќарори Њукумат муайян карда мешаванд. Дар ин маврид, ин субсидияњои махсус мешавад, ки аз љониби СУТ танзим мегардад. Агар дар оянда њаљми ин намуди субсидияњо зиед шавад ва ба савдои байналмилалї таъсири манфї расонад, дар ин холат дигар кишварњои аъзои СУТ њуќуќ доранд, ки ба ин созмон алайњи Њукумати Тољикистон мурољиат кунанд" - мегўяд коршинос. Дар Вазорати рушди иќтисод ва

савдои Тољикистон аз шарњ додани ин масъала худдорї карданд. Дар ду соли ахир Тољикистон аз њисоби озод кардани ширкатњои вордикунандаи ин гуна молу таљњизот њудудан ба маблаѓи 3,5 млрд. сомонї, муодили 700 млн. доллар зарар дидааст. Бино ба маълумоит расмї, дар соли 2013 маблаѓи умумии имтиёзњои тарифии татбиќгардида 1 млрд 971,4 млн. сомониро ташкил додааст.

Вай гуфт: "Ман як нафари иљрокунанда њастам, 900 сомонї шудани чипта сирри корхона аст." Аммо Фаррух ном намояндагии Ширкати давлатии њавопаймоии "Точик Эйр" мегўяд, хатсайри ХуљандДушанбеи ин ширкати давлатї аз пагоњ - 10 декабр фаъол хоњад шуд, ки ќиммати чипта ба ду нархнома: 420 ва 471 сомонї ба фурўш гузош-

та мешаванд. Аз сард шудани њарорат ва барфрезї шоњроњи Душанбе - Хуљанд Бустон-Чаноќ, ягона роње, ки шимоли кишварро ба Душанбе мепайванд, мушкилгузар шуда, њолатњои то чанд рўз дар аѓба дар мондани воситањои наќлиёт мушоњида мешаванд.

Муллораљаб ЮСУФЇ

СИРРИ 900 СОМОНИИ "СОМОН ЭЙР" АЗ ХУЉАНД ТО ДУШАНБЕ" Ширкати њавопаймоии "Сомон Эйр" нархи чипта дар хатсайри Хуљанд - Душанберо ду маротиба боло бурдааст. Дар њоле, ки ин ширкат мусофиронашро аз Душанбе ба Хуљанд бо нархи 500 сомонї мебарад, онњоро аз Хуљанд ба Душанбе бо нархи ќариб дучанд, - 900 сомонї ба пойтахт мекашонад. Ќиммати чиптаи њавопаймо ба хатсайри Хуљанд-Душанбе сокинонро нигарон кардааст. Дар намояндагии "Сомон Эйр" ба мусофирон сабаби боло рафтани нархи чиптаро шарњ надодаанд. "Имрўз- 9 - уми декабр барои харидани чипта ба фурудгоњи Хуљанд раф-

тем. Дар бахши чиптафурўшии фурудгоњ ба мо гуфтанд, ки ќиммати чипта 900 сомонї аст. Ин нархро шунида, ба пойтахт парвоз накардем. Наход, нархи чиптаи Хуљанд-Душанбе, дар хатсайри дохили кишвар њамин ќадар ќиммат дошта бошад. Кї аз зимистон ва мушкилгузар шудани роњњои шимоли мамлакат сўистифода мекунад, бояд худи роњбари давлат дида бароянд", - мегўянд чанде аз мусофироне, ки ба TojNews мурољиат карданд. Давлат Замбуров, намояндаи ширкати "Сомон Эйр" - ягона ширкати њавопаймої, ки дар ин хатсайр айни њол фаъол аст, ба 900 сомонї баробар шудани нархи чиптаро сирри корхона номид.

Ќамари АЊРОР

КВД "РОТ": ЌАТОРАЊОИ РУСИЯ БА ТОЉИКИСТОН НАМЕОЯНД Масъулини КВД "Роњи оњани Тољикистон" аз интишори хабари лаѓви њаракати ќаторњои Русия ба кишвар изњори тааљљуб мекунанд.

Масъулини ин ширкат мегўянд, њудуди 20 сол аст, ки ќаторањои роњи оњани Русия вориди шањрњои Тољикистон намешавад. Балки њафтае се маротиба ќатори

Тољикистон аз ду нуќта: Душанбе ва Хуљанд ба самти Маскав њаракат мекунад. Масъулини шуъбаи равобити хориљии Роњи Оњани Тољикистон мег-

ўянд, муассиса мушкилтарин даврони худро пушти сар мекунад, њам аз нигоњи иќтисодї ва њам аз назари хидматрасонї ба мусофирон ба мушкилоти умда рў ба рўст. Бино ба гуфтаи манбаъ охирин чанд вагон соли 2012 харидорї шуда буд. Аввали соли равон роњкиро барои вагони платскарт то 1 њазору 356 сомонї ва барои купе то 1 њазору 860 нарх дошт. Пештар арзиши сафар ба Маскав

бо ќатор мутаносибан 1176 ва 1631 сомонї буд. Ин њам дар њолест, ки расонањои русї хабар додаанд, ки Русия њаракати ќаторњои роњи оњанашро ба самти Тољикистон манъ кард. Бино ба навиштањои расонањои Русия, масъулини ин кишвар камдаромад будани хатсайри њаракати ќаторњо ба самти Тољикистонро сабаби ин тасмим номидаанд. Мењрбону ОРИФЇ


ЊАВОДИС

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

3

ЊАБС НАМЕШАВАД Шикояти наздикони зани кўчарўбе, ки ёвари прокурор бо мошин зада кушта буд, дар суд натиља надод

Суди шањри Душанбе таъиноти Суди ноњияи Сино дар мавриди афви Фирўз Холиќзода, ёвари прокурори ноњияи Исмоили Сомониро бетаѓйир монд. Фирўз Холиќзода, ёвари прокурори ноњияи Исмоили Сомонї 29-уми сентябр дар назди мењмонхонаи "Њаят Рељенсї" кучарўб Зевармо Пироваи 54соларо бо мошинаш зада, аз љойи њодиса фирор карда буд. Вай, бино ба иттилои расмї, аз љониби маќомот боздошт гардида, бар асоси ќонуни афв аз љавобгарї озод шуд. Мирзо Муродов, шавњари Пирова нисбат ба таъиноти Суди ноњяии Сино ба зинаи болоии суд шикоят бурд. Таъиноти зинаи аввал бетаѓйир боќї гузошта шуд. Мирзо Муродов, шавњари Зевармо

баъд аз эълони њалномаи Суди шањри Душанбе дар бораи бетаѓйир мондани афви Холиќзода гуфт, аз кори тафтишот норозї аст, зеро њуќуќњояшон дар љараёни тафтишот ба онњо пурра фањмонда нашуд. Наздикони Зевармо Пирова аз он изњори нигаронї доранд, ки муфаттиш бе хабар аз онњо аз парвандаи Холиќзода моддаи 127 (Дар хатар монондан) - ро бардоштанд ва ўро ба ќонуни афв ворид карданд. - Дар аввал нисбати Холиќзода бо ду моддаи Кодекси љиноятї: моддањои 212 (вайрон кардани ќоидањои њаракати роњ ва истифодаи воситањои наќлиёт) ва 127 парванда боз шуда буд. Моддаи 212 ба афв дохил мешуд, аммо моддаи 127 ба афв дохил намешуд. Беогоњии мо муфаттишон аз парвандаи Холиќзода моддаи 127 - ро бардошта гуфтанд, ки гўё љиноят бо аломатњои ин модда дар кирдори ў љой надорад. Њол он ки ќаблан кормандони БДА гуфта буданд, ки Холиќзода аз љои њодиса ѓайб задааст. Ба њамин хотир мо аз Суди шањри Душанбе хоста будем, то ќарори Суди ноњияи Исмоили Сомониро бекор карда, парвандаро нисбати Фирўз Холиќзода аз сар бигирад, - мегўяд Муњаммадсаид Мирзо, писари марњум Пирова. Наздикони Зевармо Пирова мег-

ўянд ба афв шудани Холиќзода зид нестанд, "аммо аз он норозианд ки бехабар аз онњо моддаи 217-ро аз парвандаи Холиќзода бардоштаанд. Њама медонад, ки Холиќзода баъди садама аз љои њодиса фирор кардааст, аммо чаро муфаттиш ин чизро нодида гирифт. Яъне моро нофањмонда худашон аз пеши худ хулоса бароварданд. Ўро ба авф ворид карда, моро нафањмонданд. Агар ќаблан Суд моро аз њуќуќњоямон огоњ мекард мо дигар шикоят намебурдем." Ќутбинисо Мирзоева, ки аз Прокуратураи генералї дар мурофиа намояндагї мекард гуфт, 3-юми октябр наздикони марњум бо тамоми моддањои парванда шинос буданд. Ў аз Суд хост то њалномаи суди зинаи аввал бетаѓйир мононда шавад. Судя Фахриддин Дадоматзода зимни ќироати њалнома гуфт, наздикони љабрдида метавонанд аз Фирўз Холиќзода талаби љуброни зарар кунанд. Зеро ќонуни авф шахсро аз љуброни зарар озод намекунад. Хуб мешуд Холиќзода ба наздикони љабрдида мадад мерасонд. Наздикони Зевармо Пирова мегўянд баъд аз чанд рўзи садама хешовандони Фирўз Холиќзода ба хонаи онњо як миќдор кўмаки моддї аз ќабили 1 гўсфанд, як линча орд ва боз хўрокињои

дигар овардаанд. Аммо баъд аз онки Холиќзода дар суд ин кўмаки худро ёдрас карда, миннат мекунад наздикони Зевармо кўмаки ўро дубора ба хонааш мефиристанд. Фирўз Холиќзода дар суди зинаи аввал гуфтааст, аз пушти ин садама 8 соли кориаш барбод рафт. Фирўз Холиќзода писари Кароматулло Холиќов, собиќ декани факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон мебошад. Умари ТОЊИР

БОЗДОШТИ РАИСИ СУД ЊАЛОКАТИ ЯК МОДАР БО ЧОР БАРОИ 7000 ДОЛЛАР ПОРА ФАРЗАНДАШ АЗ ДУДИ АНГИШТ Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия раиси Суди иќтисодии шањри Душанберо барои гирифтани пора боздошт кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентї, Шарифзода Рањим Зариф , раиси Суди иќтисодии Душанбе ба гирифтани пора ба маблаѓи 7 њазор доллари ИМА гунањкор дониста шуда, боздошт шудааст. Ба маълумоти Агентї, Раиси Суди иќтисодї моњи августи соли равон барои ба манфиати шањрванд Соњибназаров Ф. њал кардани аризаи даъвогї 7 њазор доллари ИМА аз ў талаб кардааст. Гумонбаршуда, моњи августи соли љорї маблаѓи 4 њазор доллари ИМА - ро шахсан ва боќимонда маблаѓи 3 њазор

доллари ИМА-ро тавассути котибони маљлиси судї Њабибов Њ.Љ. ва Нусратуллозода А.Н. гирифтааст. 29-уми ноябри соли равон нисбат ба Рањим Шарифзода дар асоси моддаи 319 ќисми 3 КЉ Љумњурии Тољикистон ва нисбат ба котибони маљлиси судї Њабибов Њ. ва Нусратуллозода А. дар асоси моддаи 36 ќисми 5 - 319 ќисми 3 КЉ Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї боз шуда, тафтишот идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки раиси Суди иќтисодии Душанбе мансабдори сатњи болотарин аст, ки расман дар ришваситонї гумонбар дониста мешавад. Умари ТОЊИР

Шаби 7-ум ба 8-уми декабри соли 2014 дар дењаи Бакарони љамоати дењоти "Симиганљ"-и шањри Вањдат як модар

бо 4 фарзандаш аз дуди ѓализи ангишт ба њалокат расидааст. Бино ба иттилои Мањмадалї Ашўров, раиси Љамоати дењоти Симиганљ Насиба Маљидоваи 29-сола чор фарзанди хурдсолаш: Фаридаи Саидакрам 7-сола, Саидаслами Саидакрам 5-сола, Фазилаи Саидакрами 4сола ва Муњаммади Саидакрами 3-сола њангоми

ЗЕВАРМО ПИРОВАИ МАРЊУМ

хоб будан дар хонаи истиќоматиашон аз дуди ѓализи ангишт зањролуд шуда, ба њалокат расидаанд. Ба гуфтаи маќомоти корњои дохилї, ин бори аввал нест, ки дар Тољикистон бар асари дуди ѓализи ангишт сокинон ба њалокат мерасанд. Аз љумла 8-уми декбари соли љорї шањрванд Собир Холматови 54- сола, сокини ноњияи Спитамен дар хонаи истиќоматиаш низ аз дуди ангишт ба њалокат расидааст. Вазорати корњои дохилии кишвар аз сокинон хостааст, ки њангоми истифодаи маводњои сўхт боэњтиёт бошанд! Амруллоњи НИЗОМ

ЊНИТ БА ДОДОЗОДА БОВАР КАРДААСТ Њизби нањзати исломии Тољикистон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї хостааст, барои ворид намудани намояндагони ањзоб ба њавзањои интихоботї ќарори дахлдор ќабул намояд. ЊНИТ ин тасмимро баъд аз он эълон кард, ки Абдуманнон Додозода, раиси Дастгоњи КМИР ба расонањо гуфтааст: "Бар пояи пешнињодњои САЊА ва ањзоби сиёсї, ки мегуфтанд, аъзои ањзоб дар кори комиссияњои њавзањо ва ќитъањои интихоботї ширкат кунанд, чунин таѓйир ба вуљуд омад: ба ин комиссияњо танњо сохторњои ма-

њаллии ањзоби сиёсї метавонанд намоянда пешнињод кунанд, на дастгоњи марказии онњо. Агар њизб дар шањр, ноњия ё вилоят созмонњои мањаллї дорад, танњо њамон созмон њуќуќ дорад, намоянда пешнињод кунад". Дар пайи ин гуфтаи љаноби Додозода, ЊНИТ бо пахши як баёния хостори он шуд, ки ин гуфтањои намояндаи КМИР ба њукми ќарор дароварда шавад. ЊНИТ мегўяд, агар ин гуфтањо дар шакли ќарор ќабул гардида, ширкати намояндаго-

ни ањзоб дар њавзањои интихоботї таъмин шаванд, ба доир гаштани интихоботи шаффоф ва озод дар кишвар умед бастан мумкин аст. Амруллоњи НИЗОМ


МУСОЊИБА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

4

Баъд аз суњбат бо Ѓалатї Баротова, дигар намешавад, ўро узви як њизби сиёсї муаррифї кард, ки пеш аз интихобот дар гирдоби сиёсат ќарор гирифта, бо раќибони сиёсияш мубориза мебарад. Ба расонањои баобрў меравад, то мусоњиба бидињад, «холњои сиёсї» љамъ кунад... Вай як Модари дењотї, мисли Модарони мову Шумо, хеле-хеле худотарс, соддаву самимї аст. Ва шояд ягона гунањаш назди мову шумо њамин аст, ки нињоят хушбовар, самимї ва дунёнадида менамояд. Вай ба Њизби нањзати исломии Тољикистон, барои сиёсат не, барои мансаб не, барои пул не, ба хотири номи Бузурги дини мубини Ислом, дини Паёмбари охират омадааст ... - Салом. Шуморо аз хабаргузории TojNews занг мезанам… … (танњо садои гиряи паст ба гўш мерасад) - Агар Шумо зид набошед, 8-10 даќиќа ваќтатонро мегирифтам. -... бачам, њамаи гапњоямро ба он духтар (манзур хабарнигори "Озодї" Ганљина Ганљова аст) гуфтам. Ўро худам даъват кардам, ки омада манро бинад. Ў духтар аст, манро мефањмад... - Баъди ин њама навору њарфњо зери чи эњсосе ќарор доред? - Чи њам гуфта метавонам. Барои њама маълум аст, ки воќеият чист. Ба чунин натиља расидаам, ки ин њама дурбинњои дунё арзише надоранд. Агар сад дурбини дунёї њам бошад, барои ман дурбини охират муњим аст. Асос он аст, ки мехоњї дар назди фарзандњоят сарбаланд бошиву фарзандњоят низ сарбаланд бошанд. Дар ин њолат 4 мисраи шеъри шоир ба хотир мерасад, ки гуфтааст: Достони писари Њинди љигархун магар нашунидї, Ки ба сари авлоди Пайёмбар чї гузашт? Падари ў лаби дандони Пайёмбар бишикаст, Модари ў љигари амми Пайёмбар бидарид. Бар сари Пайѓамбаре, ки дунё мафтуни ў буд, њамин хел азобњо диданд, кинаву кудурат нисбаташон карданд. Пас мову ту дигар кї њастем? Ягон чизро иваз мекунад гуфтани ман? Худованд бандањои худро имтињон мекунад. Мумкин, ман дар имтињони ў ќарор дошта бошам. Худро њамин ќадар ором мекунам, ки фарзандњо маро бубахшанд. - Шумо ќаблан эълон кардед, ки агар дастандаркорони ин навор ифшо карда шаванд, љоиза пешнињод мекунед. То њол барои ёфтани онњо ба ягон маќомот мурољиат кардед? - То имрўз чандин занњои њамсинну солам маро урён карда, танаи маро чанд бор диданд. Ба ягон маќомот мурољиат накардаам.

Ѓалатї БАРОТОВА:

ХУДОВАНД ЉАЗОИ ЎРО ДАР ЊАМИН ДУНЁ ДИЊАД Фаќат њамин ќадар мегўям, нафаре, ки дар њаќќи ман чунин корро раво дидааст, Худованд љазои ўро дар њамин дунё ба ў нишон бидињад. Баъди сари ман њам, ки ин нафарон љазо бинанд, дигарон гўянд, ки фалонї модари пок буд. Ман 51-сола ва соњиби 12 набера мебошам. Њатто ба як нафар аз рўзноманигорон мўйи сарамро нишон додам, то бубинад ки дар сари ман мўйи сафед аст. Аллакай ба остонаи пастї рафта истодаем. - Расонањо дар бораи он хабар доданд, ки Шумо барои ифшои онњое, ки наворро тањия карданд, љоиза пешбинї кардаед. Инчунин, расонањо навиштанд, бармалост, ки ќањрамони навор Шумо нестед. Дар интернет навори дигареро гузоштанд, ки чанд сокини Восеъ ба он шоњидї медоданд, ки гўё Шуморо дар навор шинохтаанд... - Ман дигар намехоњам дар бораи онњо гап занам, чунки номашон ва кї будани онњоро намедонам. Худованд худ ќозии барњаќ аст. - Шумо аз кай боз узви ЊНИТ њастед ва фаъолияти сиёсї мебаред? - Ман 7 сол мешавад, ки узви ЊНИТ њастам. Ман аз аввал то њол як узви ќаторї њизб мебошам. Онљо гуфтанд, ки гўё ман

«

- Чи њам гуфта метавонам. Барои њама маълум аст, ки воќеият чист. Ба чунин натиља расидаам, ки ин њама дурбинњои дунё арзише надоранд. Агар сад дурбини дунёї њам бошад, барои ман дурбини охират муњим аст.

њаљ рафта бошам, њол онки ман њаљ рафтагї нестам. Агар ин њизби ѓайриќонунї ё экстремистї бошад, ба монанди Њизби тањрир гапи дигар њаст. Њизбе, ки расман фаъолият мекунад. Модарамон њазрати Оишаро низ дар замони худ тўњмат карда буданд, ман кї њастам, ки ба ман тўњмат назананд? Ман дар назди дурбини Худованд пок бошам, ин барои ман бас аст. - Шуморо чї водор кард, ки мањз узви ЊНИТ шавед? - Дини Ислом як дини покизагї аст. Пайдоиши њаќ нанги далоил написандад, Офтоб на чизест, ки љўї ба чароѓаш. Ваќте дар рўзи равшан мебинї, ки даъват ба сўи Худо, даъват ба сўи покизагї аст, даъват ба модарони покдоман аст, кї мехоњад ин даъватро ќабул накунад? Њар ваќте ба сари инсон ягон душворї

«

афтад, худатро чї мегирї? Ваќте маро аз ин кор огоњ карданд, ман дарак надоштам. Ваќте кас аз як кор дарак надорад ва омада ба ў чунин хабарро мерасонанд пас инсон чигуна мешавад? Ваќте ин кор сар зад, фарзандонам омада маро гирифта ба назди оилањояшон бурданд. Зеро зан бояд занро фањмад. Ман соли 1964 таваллуд шуда, соњиби 12 набера мебошам. Дар њамин рўзњои ѓаму ѓусса чанде пеш фарзанди калониам соњиби дугоник шуд, як писару як духтарча. Њаќиќатро дар торикї мељўянду дар рўшної онро меёбанд. Умед аз даргоњи Худованди мењрубон дорам, ки он рўз мерасад, ки њаќиќат ошкор мешавад. Торикї ѓайб мезанаду равшанї пайдо мешавад. Суњбати Абдуазими АБУВАЊЊОБ

САДОИ МАРДУМ

50%

"ВАВИЛОН" - БЕЊТАРИН ХИДМАТРАСОНИ ИНТЕРНЕТИ МОБИЛЇ

40%

Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки беш аз 50%-и корбарони интернети мобилї хидматрасонии ширкати "Вавилон"-ро бењтар медонанд.

60%

52%

30%

25% 17% Тссел

Мегафон

6%

Вавилон

10%

Билайн

20%

0% 1

2

3

4

Назарпурсии ахире, ки тањти унвони "Суръати интернети кадоме аз ин ширкатњои мобилиро бењтар медонед?", баргузор шуд, маълум кард, ки 52 дарсади респондентон ба варианти "Вавилон" раъй додаанд. Аммо, тибќи ин назарпурсї, хидматрасонии интернетии шикати "Билайн" аз њама паст буда, раъйи њамагї 6 дарсади иштирокчиёнро ба даст овардааст. Ин назарпурсї маълум кард, ки хидматрасонии интернети моби-

лии ширкати "Тисел" баъд аз "Вавилон" дар љои дуюм ќарор дошта, 25 фисади раъйдињандагон онро интихоб кардаанд. Инчунин 17 дарсад гуфтаанд, ки хидматрасонии интернети мобилии ширкати "Мегафон" бењтар аст. Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 3-юм то 9-уми декабри соли љорї дар сомонаи ОИ "Тољнюс" гузаронида шуд. Дар он 550 нафар иштирок кард.


ЉОМЕАИ МАДАНЇ Камина бо Абдуљаббор Рањмонов 32 сол боз ошно њастам. Онњое, ки то соли 2004 дар факултањои филология, шарќшиносї ва филология тањсил кардаанд, медонанд, ки А.Рањмонов ки буд. Масъулият, серталабї ва љиддиятњои ў донишљўро маљбур мекард, ки хонад. Билфарз агар дарсаш соати якум доир мегардид, панљ- дањ даќиќа пеш аз дарс донишљўёни зиёдеро медидед, ки давида љониби бинои таълимї меомаданд, то ки дер накунанд ва љазо нагиранд. Њадди касе, ки дар дарси А.Рањмонов иштирок намекард. Агар некў назар андозем, омўзгор љиддиву серталаб бошад, барои ректору декан дигар шарт нест, ки њозирѓоибу назорат кунад. Имрўз аксарияти омўзгорон бетарафанд ва чунин мепиндоранд, ки барои тартибу низом ва њозиршавии донишљў ба дарс танњо декану љонишини декан бояд љавобгў бошанд. Баъзењо аз ѓоиб будани донишљў хурсанд њам мешаванд, зеро баъдтар "отработка" гуфта пул талаб мекунанд, масалан, ту дањ соат набудї, бист сомонї те! Солњое, ки А.Рањмонов дар факултаи шарќшиносї аз фанни Адабиёти садаи бистуми тољик дарс медод, ба донишљўён китобњои бадеии зиёдеро тавсия мекард, ки хонанд ва камина бо донишљўён он асарњоро сабаќгардонї мекардам. Донишљў то 40-50 асари бадеї ва садњо шеъру ѓазалу рубоиву дубайтї азёд мекард, то аз имтињони А.Рањмонов гузарад. Ва ман њар рўз баъди дарс то шом нишаста адабиёт ќабул мекардам. Дуруст аст, ки ин анъана дар кафедра аз ташаббусњои Соњиб Табаров буд ва бо рафтани устод Х.Асозодаву А.Рањмонов аз донишгоњ замоне заиф шуда буд. Соли 2008 ваќте устод Х.Асозода ба кафедра баргашт ин анъанаро аз нав эњё кард ва донишљўёнро маљбур мекардем, ки китоби бадеї хонанд. Њозир њам агар он донишљўён ба ман рў ба рў шаванд, бо таъзиму такрим изњори сипос мекунанд, ки замоне моро маљбур кардед, ки хонем.

ИСЛОЊОТГАР Муддати њафт соле, ки Абдуљаббор Рањмонов вазири маориф буд, сањифањои матбуот њама аз ў ќисса мекарданд. Дар баробари њама он њангомањои беасос баъзан эътироф њам мекарданд, ки пуркортарин вазир А.Рањмонов мебошад. А. Рањмонов ислоњотро то љое, ки ёд дорам, аз таъмири бинои вазорат оѓоз кард ва дар як муддати кутоњ зоњири бино таѓйир ёфт. Баъдтар њуљљатгузорию тартибу интизомро талаб кард, ба сифати таълим диќќат дод, норасоии китобњои дарсиро дар љумњурї аз байн бурд, низоми таълимро дар њамаи зинањо ба роњ монд пасон масъалаи сару либос ва дигар масъалањо ба миён гузошт. Масалан, соли 2005 ваќте ман декани факултаи филологияи тољики ДМТ будам, дар кабинети декан њамагї дар се љузвдон (скоросшивател) њуљљат буду тамом. Њоло миќдори ин љузвдонњо ба 45 расидааст. Садњо низомномаву дастур мунташир шуд. Бо сарварии вазир ва њамаи ректорон мактабњои олї мавриди тафтиш ќарор дода шуданд. Норасоињои зиёде ошкор шуд. Чандин муассисањои таълимї, ки ба талабот љавобгў набуданд, баста шуданд. Баъдтар ба мактабњои миёна рў оварда шуд ва дар таърихи мављудияти Тољикистон ягон кас ёд надорад, ки вазири маориф мактаб ба мактаб гашта, њамаро бо чашмони худ бубинад. Бо мудирони маорифу директорони мактаб ва омўзгорон њамкорї намояд. Дар дурдасттарин минтаќањои кишвар, ки њатто мудири маориф ба он мактаб нарафтааст, вазир рафт. Ва дар муддати њафт соли вазирии А.Рањмонов дар Тољикистон 850 мактаб сохтаву ба истифода дода шуд. Чи ќадар китобњои дарсиву барномањо навиштаву нашр шуданд. Дар бораи ин ки А.Рањмонов њамчун вазир дар соњаи маориф чи хидматњоеро анљом додааст, баъдтар таърих худаш ќазоват мекунад. На як рўзноманигори ёвагўи аз ин соња бехабар. Дуруст аст, ки баъди аз вазирї рафтани А.Рањмонов аввалин рўзноманигори эътирозгар дар муќобили ў Сафват Бурњонов фазилатњояшро эътироф кард. Ин љавонмардист.

СЕРТАЛАБ Соли 2012 А.Рањмоновро ректори ДДОТ ба номи С.Айнї таъин карданд. Баъди чанд

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

5

ЧАРО РАЊМОНОВРО ДЎСТ НАМЕДОРАНД? моњаш ў маро хоњиш кард, ки ба наздаш биёям ва масъулияти декании факултаи филологияи тољики ин донишгоњро ба дўш бигирам. Моњњои аввал бисёр ваќт дар шигифт мешудам, ки чаро ин ќадар ў нороњат мебошад. Гузашти ваќт нишон дод, ки њамаи ин аз серталабиву принсипнокии ў ва камњавсалагии кормандон аст. Ў дўст медорад, ки њамаи амру супоришњо сари ваќт амалї шаванд. Аммо на њамаи масъулон ќудрати иљрои ин супоришњоро доранд. Дурўѓгўиву худнамоиро дўст намедорад. Ў роњбари кабинетї нест, ки мардум дар ќабулгоњаш моњњо мунтазираш шаванд. Њамеша дар байни омўзгорону донишљўён аст ва бо онњо мустаќиман мулоќот мекунаду проблемањояшонро мешунавад. Тамоми њуљљатњои ба наздаш овардаро саропо хонда тањрир мекунад, садњо низомномаву дастур навиштааст, ки танњо номгўяшон чанд сањифаро пур мекунад, хулоса њама аз љараёни таълим, њам тарбия ва хољагї огоњии комил дорад. Дар вуљуди худ як нерўи азими роњбарї дорад ва ин нерў чун оташе ўро пайваста ба такопў савќ медињад. (Њамин гуна нерўро ман дар вуљуди Нуриддин Саид мушоњида карда будам, ки се сол дар Донишгоњи миллии Тољикистон ректор буд ва њамаи он ободињое, ки тўли се сол ў дар ДМТ кард, набояд мардум фаромўш кунанд).

ДУШМАНОНИ ДОХИЛЇ Њар роњбаре, ки аз рўи принсип, сидќї ба ислоњот машѓул шаваду барои амалї шудани њадафњояш њељ касу хељ чизро хотир набинад, табиист, ки маќбули њамагон нест. Ислоњотро дар Донишгоњи омўзгорї А.Рањмонов аз аттестатсияи кормандону омўзгорон оѓоз кард. Пирону калонсолоне, ки дигар ќобилияти корї надоштанд, ба нафаќа гусел шуданд, онњое ки унвони илмї надоштанд, рухсатии эљодї гирифтанд, то рисолањои илмии худро дифоъ намоянд. Ин аттестатсия соле ду бор доир мегардад. Натиљаи њамин маљбуркунињо буд, ки дар ду сол бист нафар номзади илм ва дањ нафар рисолањои доктории худро анљом дода ба дифоъ пешнињод намуданд. Онњое ки њавсалаи кори илмї кардан надоштанд, аз донишгоњ рафтанд. Тавре болотар ишора рафт, А.Рањмонов дар кор кардан хотир намебинад, кори хуб кардї, ањсан мешунавї, хато кардї, љазо мебинї. Масалан, бо вуљуди њамаи ошноињо, ки мо доштем, аввалин маротиба сарзаниш-

ро дар дафтарчаи мењнатиам аз А.Рањмонов гирифтам. Ба њамин минвол агар роњбар аз уњдаи кор набарояд, фавран сабўкдўш мегардад. Дар муддати ду сол ќариб аксарияти деканњо дар Донишгоњи омўзгорї аз вазифа сабукдўш гардиданд ва мудирони кафедрањо низ. Сабабаш ба талабот ва меъёрњои А.Рањмонов љавобгў набудани фаъолияташон буд. Аз ин гурўњ онњое ки маънавиёти баланд доранду бинобар сабаби ќобилияти роњбарї аз вазифа рафтаанд, ќаноатманданд, вале онњое ки аз њарду мањруманд дар муќобил чун оппозитсия ќарор гирифта, њамчун душмани дохилї пайваста аз пайи низоъандозию гапбарию гапбиёриянд. Ва дар пањн кардани њар гуна гапу калочањои бемаънї дар сањифањои матбуот ин гурўњ њам даст доранд.

ТАРТИБУ НИЗОМИ НАМУНАВЇ Назму тартиб дар њар куљо, ки пойдор бошад, он љо кор рангу барори дигар дорад. Барои ин кор њам А.Рањмонов садњо садњо низомномаву санадњои меъёрию њуќуќии дигарро ба тасвиб расонидааст, ки аз рўи онњо омўзгорону донишљўён бояд амал намоянд. Дар "Низомнома" ва "Оиннома"-и ДДОТ ба номи С.Айнї њамаи њуќуќњои донишљў таъин гардидааст. Суратњои либосњои намунавии тавсияшуда барои омўзгорону донишљўён дар њамаи факултетњо часпонида шудаанд. Дар ягон низомнома чунин талабот ба миён гузошта нашудааст, ки донишљў бо пойафзоли каблукњояш 5-10 сантиметра ва ё либосњо ќиматбањо ба дарс њозир шавад. Ин бофтаи рўзноманигорон аст, Рањмонов этикетро хуб медонад. Либосњои муќаррарї, хоњ миллї бошад, хоњ аврупої, тозаву озода бошад.Дар пўшидани сару либос њам бояд донишљўён таќлидњои кўр-кўрона накунанд. Бо слансињои њаммомравию пољомањои шабхоравї ба дарс наоянд ва амсоли ин. Пўшидани сару либос ба завќи фард вобастагї дорад. Ва ин завќ дар њар давру замон дигаргун мешавад. Агар мо насли имрўзаро ба њоли худ гузорем, баъд мебинем, ки дар пўшидани сару либос чї кор мекунанд. Инро касе медонад, ки бо донишљўи муосир сару кор дорад. Бењуда њам дар "Рўзи дониш" президенти кишвар ин масъаларо ба миён нагузошта буданд. Айни њол дар Донишгоњи омўзгорї низоми либоспўшї хуб риоя мешавад ва донишљў аз дарвозаи донишгоњ бо бейљик, ки

дар он љо ному насабу факултеташ навишта шудааст, ворид мегардад.

САБАЌГАРДОНЇ Айни њол яке аз масъалањои муњими њалталаб дарсгурезии донишљўён аст. Донишљў бесабаб ба дарс њозир намешавад, ё меояду мегурезад. Махсусан, рўзњои шанбе, ки бисёрињо ба дења рафтанї мешаванд ва рўзњои душанбе, ки аз ноњияњо бармегарданд. Дар ин њолат донишљўи баинтизому фаъол њатман ба номи декан ариза навишта љавоб мепурсад, вале донишљўи беинтизом худсарона рафтан мегирад. Сар задани масъалаи сабаќгардонї њам дар Донишгоњи омўзгорї сабаб дошт. Матлаб ин аст, ки њар њафта дар маљлисњои раёсат садорати факултањо ба ректор маълумот медињанд, ки њафтаи гузашта давомот то 94-96 фоизро ташкил медод. Зимни рейде, ки як рўзи шанбе худи ректор дар факултањо анљом дод, маълум шуд, ки дар баъзе аз факултањои донишгоњ то 30-40 фоизи донишљўён дар дарс нестанд. Барои ин падида чор нафар декан љазои сахт гирифтанд ва баъд ин давомоти њаррўзаро коргузорони факултањо бо иштироки намояндагони раёсати таълим анљом медињанд. Баъди аз сафари Беларус баргаштани ректор идеяи сабаќгардонї ва муќаррар кардани љарима барои дарсгурезону дарсшиканон ба миён омад, ки чанд бор муњокима гардид. Танњо пањн шудани овозаи ин низомнома дар байни ду рўз давомоти донишљўёнро то 96-98 фоиз расонд. Акнун хонандаи азиз худ ќазоват кунад, ки кори хайр шудааст ё бад? Дар мактабњои олї садњо проблемањое вуљуд доранд, ки тадќиќоти журналистиро таќозо мекунад. Вокуниши ин масъалањо боиси пешравии маорифи кишвар мегардад. То ин ки чун академик Абдуљаббор Рањмонов кадри роњбарикунанда омода гардад, дањсолањо лозим мешавад. Роњбари хуб будан њам њунар аст. Мо набояд академик А.Рањмоновро боз дорем, хубаш дар бараш истода ўро дастгирї намоем, то ки њадафњои некаш амалї гардаду сатњи сифати дониш баланд шавад ва барои кишвари азизамон мутахассисони аз њама љињат ба талабот љавобгў омода гарданд. Боймурод ШАРИФЗОДА, декани факултаи филологияи тољики ДДОТ ба номи С.Айнї


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

ЊУЌУЌИ ИНСОН

"Ба сарам бо лагад мезаданд"

Тањќири модар

"Ба сарам 3-4 мушт фароварданд ва бењуш шудам, "дар дохили утоќи корї ба баданам даст зада, маро тањќир ва лату кўб карданд", "дар њамин ваќт военком даромада, маро бо мушт зад ва ман афтодам ва чапонро ба сарам кашидам. Ба сарам бо лагад мезаданд. Ман дод задам ва аз њуш рафтам", - ин њама суханони нафароне њастанд, ки иддао доранд, аз љониби кормандони Комисариати њарбии шањри Панљакент мавриди латукўб ќарор гирифтаанд. Њар мавсими даъвати њарбии љавонон ба хизмати њарбї дар Тољикистон интригањои зиёде дорад. Гуфтан душвор аст, ки ягон мавсими даъват дар Тољикистон бе "саргузашт" њои гўшношунид гузашта бошад. Дар гузашта асосан шикоят аз "облава"-ву фурўхтани билети њарбї ба "бойбачањо" буд. Мардум, ба ќавле, "сари кафида зери тоќї" карда, ба њамаи ин тоќат мекарданд... Аммо дар мавсими даъвати тирамоњии соли 2014, ба ќавле, "мазза аз ќайла гузашт". Дар ин мавсими даъват як даъватшуда ва ду волидайн аз шањри Панљакент дар давоми 24 рўз мавриди латукўби шадид ќарор гирифтанд. Онњо мегўянд, бо пои худ бо Комисариати њарбї дохил шуда, аз он љо ѓарќи хун ва бењуш ба беморхона интиќол ёфтанд. Њама аз он сар шуд, ки 7-уми ноябр Мирзоалї Њаќбердиев, як сокини шањри Панљакент аз латукўб шудани писараш аз тарафи кормандони Комисариати њарбии шањри Панљакент ба расонањо шикоят бурд. Ба гуфтаи Мирзоалї Њаќберидев, 4-уми ноябр кормандони комиссариати њарбии ноњияи Панљакент писараш Саидалї Њаќбердиевро бидуни даъватнома ва огоњии пешакї аз ќади кўча ба зўр гирифта, дар роњ то маркази ноњия латукўб кардаанд, ки вай бењуш шуда, пас аз ду рўз дар беморхона ба худ омадааст. Саидалї Њаќбердиев њамин сол Донишгоњи Хуљандро хатм карда, ба дењааш барои кор баргаштааст. Худи Саидалї дар сўњбат ба "Нигоњ" воќеаи ба сараш омадаро пурра наќл карда, гуфт, то њол намедонад чаро кормандони Комисариати њарбї ба ў мисли љинояткор муносибат карданд: - 4 ноябр ман дар кўча будам, ки нохост мошини шиноси яке аз њамќишлоќиамон пайдо шуд. Мошин назди ман ќарор кард ва аз дохили ду шиносам бо номњои Шермањмад ва Тилло, ки дар ягонљо кор намекунанд намудор шуданд. Ин ваќт аз курсии ќафои мошин ду нафар дар либоси шањрвандї фаромада, дастони маро баста, зўран ба мошин савор кардани шуданд. Ваќте аз онњо кї буданашонро пурсидам, гуфтанд ки кормадони Комисариати њарбии шањри Панљакент мебошанду бояд маро ба хизмати њарбї сафарбар кунанд. Ман ба онњо гуфтам, ки майлаш ман розї, аммо бояд волидайнамро огоњ кунам. Онњо бошад гуфтанд, ки хайр худашон мефањманд. Хулоса то бинои љамоати Рўдакї омадем ва маро ба мошини дигар шинонда ба сўи комисариати њарбї бурданд. Ба Марѓедар расидем, ки мошин вайрон шуд. Онњо дастони маро мисли як љинояткор ба пушт ќатъ карданд. Ваќте ман аз ќонуну ќоидањои

Ќазияи латукўби Саидалї Њаќбердиев шояд он ќадар мавриди бањс ќарор намегирифт, агар як зан аз латукўб шуданаш аз тарафи кормандони Комисариати њарбии шањри Панљакент ба расонањо шикоят намебурд. Бибимарям Њамроева, як сокини 54-солаи љамоати Косатароши шањри Панљакент мегўяд, 20 ноябр дар Комисариати њарбии шањри Панљакент аз љониби Далер ном корманди ин нињод (Далер Мирватов - М. Ю) латукўб шудааст. Ба гуфтаи ин модари 54-сола, ў он рўз ба Комисариати њарбї барои он рафта буд, то ба кормандонаш расонад, ки чашмони писараш Шоњимардон нуќс доранд ва ў бо ин иллат натавонист мактаби миёнаро хатм кунад. Аммо дар комисариат ба љои ба арзи ў гўш кардан дар дохили утоќи корї ба баданаш даст зада, вайро тањќир ва лату кўб кардаанд. Азбаски Бибимарям бемории фишори хун дош-

«

САИДАЛЇ ЊАЌБЕРДИЕВ

мов, сокини љамоати Сўљинаи шањри Панљакент, дар сўњбат ба "Нигоњ" воќеаи ба сараш омадаро чунин наќл кард: - 24 ноябр Шўњрат Раљабов, котиби љамоат ба ман гуфт, ки Комисариати њарбии шањр маро даъват кардааст. Њарчанд писарамро чанд рўз ќабл ба хизмат фиристода будам, аммо бењурматї нашавад, гуфта, ба онљо њозир шудам. Онљо Ќобилов ва Далер гуфтанї одам аз ман пурсиданд, ки фарзандат дар куљо аст? Ба онњо гуфтам, ки фарзанди маро шумо ба хизмат бурдед ва дар куљо буданашро њам бояд шумо донед. Аммо онњо гуфтанд, ки гўё писари ман фирор карда бошад. Ваќте аз онњо талаб кардам, то писарамро ёфта дињанд, яке аз онњо "э хез" гуфта, маро ба зурї аз он кабинет бароварда, ба дигар кабинет бурд. Яке дар кушода ва як нафар ворид шуда, маро сахт латукўб кард. Чапонамро ба сарам печида, ба чашмонам сахт заданд, ман бошам доду вой кардам ва бе-

ЛАТХОНАИ ЊАРБЇ Вазири мудофиаи Тољикистон маљбур шуд, ки латукўби як даъватшуда ва 2 волидайнро дар Комисариати њарбии Панљакент тањќиќ кунад

АБДУЉАББОР РУСТАМОВ даъват ба хизмати њарбї ёдовар шудам, "кўдаки дурўза гапгардонї мекунї", гуфта ба сарам 3 - 4 мушт фароварданд. Бењуш шудам ва дигараш ба хотирам нест. Ба њуш омадам, ки дар беморхона њастам. Гўш ва сарам сахт дард мекарданд... Дар давоми 22 рўзи дар беморхонаи шањри Панљакент бистарї будани Сайидалї аз Комисариати њарбии ноњия касе ба хабаргириаш наомад ва то њол низ ўро суроѓ накардаанд. Вале масъулини њукумати шањри Панљакент, гуфтањои Саидалї Њаќбердиевро рад карда мегўянд, худи ў дар гардишгоњи роњ худро аз мошин ба берун партофтааст ва касе ўро латукўб накардааст. Гарнизони њарбии Хуљанд низ ба тањќиќи ќазияи Саидалї Њаќбердиев шурўъ намудааст.

тааст, дар ин гирудор аз њуш рафта, ба фарш афтодааст ва вайро хешовандонаш ба бемористони шањр интиќол додаанд. Писари калонии Бибимарям Њамроева, моњи майи соли равон хидмати аскариро ба анљом расонида, писари хурдиаш Турсуналї Аллаёров 2 ноябр ихтиёрї ариза навишта, ба хидмат рафтааст. Аммо баъди чанд њафта кормандони Комисариати њарбии шањри Панљакент писари дигари ў Шоњимардон Аллаёровро, ки ирсї чашмонаш иллат доранд, дошта, ба хидмат фиристодаанд. Арзи Бибимарям Њамроева њатто ба Хисрав Абдуназаров, раиси шањри Панљакент расидааст, аммо ў мегўяд, то њол натиљае аз ин кор нест.

"Кї зад Шуморо?"

Ман ба онњо гуфтам, ки майлаш ман розї, аммо бояд волидайнамро огоњ кунам. Онњо бошад гуфтанд, ки хайр худашон мефањманд. Хулоса то бинои љамоати Рўдакї омадем ва маро ба мошини дигар шинонда ба сўи комисариати њарбї бурданд. Ба Марѓедар расидем, ки мошин вайрон шуд.

«

Саидалї Њаќбердиев ва Бибимарям Њамроева танњо "ќурбонї"-и кормандони Комисариати њарбии шањри Панљакент нестанд. 4 рўз пас аз шикояти Бибимарям Њамроева санаи 24 ноябр як сокини дигари Панљакент аз латукўб шуданаш дар Комисариати њарбии ин ноњия хабар дод. Абдуљаббор Руста-

CАРБОЗИ МАРДИКОР Дар дењаи Рўзи Обноки љамоати Ёрї, дењаи Майкатаи љамоати Амондараи ноњияи Панљакент ва дењаи Вешканди љамоати Урметани ноњияи Айнї ќисмњои низомии њарбї вуљуд доранд. Бино ба маълумоти сокинони дењањои назди ќисмњои низомї сарбозон ба корњои хољагии дењањо, аз љумла, хиштрезию хиштборкунї, сангборкунї, заминковию заминкишткунї, иморатсозї ва ё корњои сањроии, мисли алафдаврї, љоридаврї, љавдаврї, гандумдаврї ва семучкачинию семучкарезонї љалб мешавад. Аз рўйи гуфтаи сокинон, як гурўњ шахсони алоњида бар ивази маблаѓи ночиз бо сардорњои ќисми низомї сўњбат карда, сарбозонро ба кор мебаранд. Ќисми низомии дар наздикии дењаи Рўзи Обнок буда низ барои

як гурўњ шахсони алоњида муфт хизмат мекунанд. Њатто як сарбози ќисми низомии њарбии дењаи Рўзи Обноки љамоати Ёрї, ки аз гуфтани ному насаби худ худдорї намуд, ба мо гуфт, мо сарбозонро ба дењањои Вешист, Киштўдак, Дашти Ќозї, Рукнобод, Марѓедар, Тагоби Халќ, Ќумоќ, Гулистон, Ўти Баланд ба кор мефиристонанд. "Сарбозони мардикор" музд намегиранд. Нерўи сарбозонро на барои корњои пасти ашхоси алоњида, балки барои бунёди иншоотњои муњими давлатї бояд истифода бурд. Зеро дар аксар дењањои кишвари азизамон бунгоњњои тиббї, муассисањои фарњангї ва китобхонањои махсус вуљуд надоранд. Шервони УМРИДДИН, рўзноманигор

БИБИМАРЯМ ЊАМРОЕВА њуш шудам. Ба њуш омадам, ки рўямро аз хун тоза карда истодаанд. Маро пурсиданд, кї зад шуморо, ман гуфтам шумо задед. Ман назадаам гуфт, гуфтам, бале, шумо назадед. Њамаи ин аз тарс буд. Баъд ба хона телефон карда, воќеаро фањмондам. Омада, маро ба беморхона бурданд. Ў иддао дорад, ки шахси ўро латукўб карда, Далер Аватов ном дорад.

Тањќиќ дорад Хабарнигори "Нигоњ" хеле кўшиш кард, ки шарњи 3 латукўб дар Комиссариати њарбии Панљакентро аз вазорати мудофиа дастрас намояд, аммо муяссар нашуд. Њатто ба номи вазири мудофиа - Шералї Мирзо 3 декабр дархости журналистї ирсол гардид. Вазорат њозир нашуд шарњи расмии худро иброз дорад. Танњо мегўянд, ќазия зери назари Шералї Мирзо ќарор дошта, бо анљоми тањќиќот ВАО дар љараён гузошта мешавад. Дар Комисариати њарбии шањри Панљакент танњо як нуктаро такрор мекунанд, ки тафтишот њама чиро муайян мекунад.

Муллораљаб ЮСУФЇ


ЊИФЗИ МАЗЊАБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

7

"ТУ НЕКЇ КУНУ ДАР ДАЉЛА АНДОЗ" Оё амал рукне аз имон аст ? Дар ибтидо ќабл аз хилќат ва биъсати Одам (ъс) њамаи малоика барои офариниши одамї ихтилофи назар ва норозият доштанд, зеро онњо аз фасодкорињо, ќатлу куштори одамизод байни якдигарашон ва дигар амалу кирдорњои зишти инсон бохабар буданд. Аммо ваќте Худованд (љљ) Одам (а)ро офарид ва аз илми ладуннии худ ба ў дононд, ўро касбу њунар омўзонд ва нисбати дигар мављудоту махлуќот мукаррам гардонид, барои пайравї кардани инсонњо ва ба роњи росту дуруст ва таълиму тарбияи ахлоќї њидоят намудани онњо аз љинси худи инсон ва ќавми онњо пайёмбаронро фиристод. Њамзамон бо мурури айём ба паёмбарони њар давру замон барои омўзиш ва ба таври комилу дуруст рањнамої намудани пайравони худ, муошират ва муносибат кардан ба ахлоќи њамидаи инсонии байни њамдигар дар зиндагї, инчунин подошу аљр ва уќубати он дар рўзи охират, аз љониби худ китобњо ирсол кард. Замоне ифроту тафрит дар эътиќод ва ахлоќу кирдори инсонњо дар байни мардумон хеле боло рафт, яъне мардум ба ибодат ва парастидани њар гуна махлуќоту маснуот, аз ќабили оташ, офтоб ва сангу бутњо ва ѓайри инњо пардохтанд. Инчунин ќадру манзалати инсон хусусан занон ва мардуми бечораву бенаво дар байни љомеаи умум -инсонї чунон поён рафт, ки одамонро, аз љумла занонро њамчун њайвон ва ашё истифода бурда, њар гуна амалњои ѓайриинсониро раво медонистанд. Баъзе шахсиятњои худхоњу ситамгар, ќавму ќабилањо ва дигар афроду гурўњњои фасодкор, ба хотири афзалият ва бартарият нишон додани худ ва ќавмњояшон, ба ќатлу куштори якдигар даст заданд. Худованд (љљ) ба сўйи тамоми инсоният дини мубини ислом ва охирин паёмбарро љињати таълиму тарбияи дурусти ахлоќї ва ба роњи росту дуруст њидоят намудани онњо фиристод. Њамзамон ба Паёмбари акрам (с) Ќуръони маљидро нозил кард, ки дар сар то сари он панду андарз ва амру њидоятњо барои амал кардан ба корњои нек ва подоши он, инчунин тарк намудани амалњои ќабењу номашрўъ ва уќубати онњо зикр гардидааст. Мутаассифона, дар чанд дањсолаи охир зиёд ба назар мерасад, ки байни љомеаи мардуми Тољикистон, бахусус љавонон ва наврасон, бањсу мунозира ва муноќишањои зиёди бемаврид дар мавзўи ањкому аркони дини мубини ислом ва тарзу роњњои анљом додани онњо гаштааст. Як гурўњи одамон дониста ё нодониста шахсонеро барои анљом додан ё надодани амале аз аркони ислом ва ё ба таври комилу дуруст иљро нанамудани ин ё он амал ва ё маросими динї зери танбењ ва накуњиши шадид ќарор медињанд. Бањсњо то љое боло мераванд, ки шахсе ќасдан (ба истиснои нафйу инкор) бе ягон узри шаръї ва иљборї як амали машрўъи аз аркони ислом, ба мисли (намоз, рўза ва…) -ро тарк мекунад, бевосита, аланиву ошкоро ўро кофир мегўянд. Ё шахсе фаќат љињати ризояти Парвардигор ба рўњи арвоњ ва гузаштагон садаќае мекунад, њамзамон барои ноил шудани аљру савоби зиёд, як амали муфид ва кори хайреро анљом медињад, ўро дафъатан бидъаткор, риёкор ва мунтањо мушрик эълон мекунанд. Њоло бо маќсади пешгирї аз чунин зиёдаравињо, ки ба љуз аз фитнаву нифоќ миёни ањолии кишвар чизи дигаре дар пай надоранд, мехоњам ба чанд нукта тазаккур дињам, то њамватанони азизам аз масъала огоњии бештар дошта бошанд. Аслан "имон" дар луѓат иборат аст аз тасдиќ, яъне ба ростї ва дурустии амре гувоњї додан ва изъон, яъне иќрор кардан,

гардан нињодан ва фармонбардорї кардани њукми хабардињанда, ќабули хабардињанда ва донистани хабардињандаро содиќ, ин афъол аз имон аст, ки маънои њаќиќиаш "омана бињї" мебошад. Пас имон њаќиќї нест, агар дар ќалб нисбати сидќ ба сўйи хабар ё хабардињанда аз ѓайри ќабул ва тасдиќ воќеъ шавад, балки имон, ин тасдиќ ва ќабул њар ду бо њам мебошанд ва ба сабаби ин ду "таслим", яъне мусалмонии шахс воќеъ ва зоњир мешавад. Дар шариат "имон" ба забон гуфтани калимаи шањодат ва дар дил бовар доштан ба он, ки он чї Паёмбари акрам (с) аз сўйи Худо овардааст дуруст аст, пас имон кирдори дил ва забон бо њам аст. Дар ин маврид Имом Нававї аз Имом ибни Салоњ (р) чунин овардааст: "Решаи имон боварии дил аст ва решаи ислом гарданнињї ва таслим шудани ошкор ба њамаи арконњои он мебошад ". Шарњи Сањењи Муслим,љ. 1, сањ 189. Таърифе, ки хавориљ, муътазила, вањњобї, салафї ва ѓайра, барои имон доранд: "Имон гуфтани шањодатайн, амали аркон ва боварии ќалбї аст ", яъне амалро рукни асосї аз аркони имон ќарор додаанд ва мегўянд: "Шахси мусалмон амале аз аркони исломро ќасдан (ба истиснои нафйу инкор) тарк намуд, ё муртакиби гуноњи кабира гардид, кофир мешавад ва њамеша дар дўзах хоњад монд". Бояд гуфт, Худованди Таъоло дар оятњои Ќуръон имон ва амалро ба таври људо ва алоњида зикр кардааст, монанди "Ба дурустї, касоне, ки имон оварданд ва амалњои солињ карданд ", дар ин љо амал атф бар имон карда шудааст ва атф далел бар муѓойират аст. Бинобар ин, амалњо љузъ ва рукни имон намебошанд ва таъсире дар асли имон надоранд. Худованди Мутаъол дар оятњои зиёд нисбат ба касоне, ки муртакиби гуноњ шуда, осї гаштаанд, лафзи имонро ба кор бурдааст. Ва ин далолат бар он мекунад, ки амалњо чї нек бошад, ё бад дар зоти имон ва каму зиёд шудани он њељ таъсире надоранд. Имон ба унвони шарт барои ќабули амал ќарор дода шудааст,чунончи шахси ѓайримусалмон агарчанде амалњои некро анљом медињад, ба ў фоида намебахшад ва ў аз азоби рўзи охират дар амон намебошад. Бинобар ин, имон ба сабаби тоату ибодат ва эњсону накукорињо ќавї мегардад, аммо ба сабаби кирдори зишту ќабењ заиф мешавад. Аз њамин лињоз, Худованд (љљ) дар китоби муќаддаси худ то хурдтарин ва ночизтарин амали хайри фарди муъминро нодида нагирифтааст, балки ба соњиби ин гуна амалкунандаи хайр низ аљру подош ва љазои нек ваъда кардааст. Паёмбари гиромї низ барои растагор ва наљот ёфтан аз оташи дўзахро бо як амали хурди ба ягон амалњои машрўъ, аз ќабили (закот, ушр ва ѓайра), монанд ва мувофиќ набударо, ки он ним бахши хурмо мебошад, ба пайравонаш амр фармудааст, ки баёнгар ва тасдиќкунандаи ин гуфтањо мебошанд. Сипас ба дигар амалу кирдорњои неки инсонї назар карда андеша кунем, ки чї подошу чї оќибат дорад. Имон аз њафт рукн ва њафтоду чанд (сешаш-нуњ) шоха иборат аст, ки аз њама шохаи боло ва бузургаш такрор ва зикри калимаи тайиба (Ло-илоња-иллалоњ) ва аз њама охиру хурдтараш дур кардани хору хас аз роњу гузаргоњњои мардум мебошад. Ваќте хору сангеро аз роњ дур кардан љињати зарару азият нарасидан ба роњгузар ва мардум, нишонаи имондор будани он шахс бошад, пас худ ёрию дастидароз кардан ба бечорагону бенавоён, хусусан ятимон ва бесарпарастон, бе шакку шубња, нишонаи имони комил доштани шахси мусалмонро

мекунад. Њамзамон, ваќте инсон аз рўйи инсофу дилсузї як кори нек ва муфидро нисбати њољатманд ё бечорае анљом медињад, Худованд чораи кори худи ўро осон мекунад ва дар ивази он аљру савоби зиёд медињад. "Ту некї куну дар Даљла андоз, ки Эзид дар биёбонат дињад боз". Албатта, ваќте инсон њар амали некеро, ки анљом медињад, он бояд на танњо риёкорию худнамої набошад, балки аз самими ќалб иљро карда шавад. Ривоят аст, ки Умар ибни Хаттоб(р) мардеро дид, ки сарашро хам кардааст, гўфт: "Эй соњиби гардан, гарданатро баланд кун, тавозўъ ва шикастагї дар гардан нест, балки дар ќалб аст". Боиси тазаккур аст, ки Худованд (љљ) дар каломи раббонї сањобагони гиромиро мадњ карда фармудааст: "Байни њамдигар мењрубонанд", яъне онњо рањмдилу мењрубон буданд бар мусалмонон ва бар тамоми халќ, инчунин, ба ањли зимма (кофироне, ки дар байни мусалмонон зиндагї мекунанд) рањм доштанд. Аз њазрати Умар (р) ривоят карда шудааст, ў мардеро аз ањли зимма дид дар њоле, ки пири солхурда буд, бар дари хонањои мардум рафта металабад, Умар (р) ба ў гуфт: "Ба ту инсоф накардем, ваќте љавон ва чолок будї аз ту љизя (андози сарикасї аз ѓайри мусалмонон) гирифтем, имрўз туро зоеъ ва нотавон кардем, сипас амр кард ба додани нафаќаи ў аз байтул моли муслимин". Њамзамон аз њаёт ва рўзгори паёмбарони пешин ба мо маълум мешавад, ки онњо низ нисбати мардум ва пайравони худ мењру шафќати зиёд доштанд. Ривоят карда шудааст, ки Мўсо (а) ба Парвардигор гуфт: "Ё Раб, ба кадом кирдору хислатам маро сафии худ гардондї? Худованд (љљ) гуфт: Ба рањму шафќати ту бар халќи ман". Љињати пайравї кардан ба амалу кирдорњои неки Паёмбар ва ёрони ў, фармонбардорї ва иљобат намудани шахси мусалмон дар он амру тоатњое, ки маъмур шудаанд, дар каломи раббонї чунин зикр шудааст: "Эй муъминон, Худо ва Расули ў ва амирони ўро фармонбардори кунед". Инчунин Расули акрам (с) дар њадиси муборак умматони иљобатии худро амр карда фармудааст: "Бар шумо пайравї кардан ба сунати ман ва хулафои рошидин вољиб аст". Пас таќлид ва пайравї кардан ба Паёмбар (с) ва ёронаш аз вољиботи имон ва вазифаи муќаддаси њар шахси мусалмон ба шумор меравад. Бинобар ин, бар њар фарди мусалмон лозим ва зарур аст, на танњо байни худ ва наздиконаш рањму дилсўзї дошта бошад, балки байни њамдигар ва дигар ниёзмандону муњтољон, агарчанде ѓайримусалмон аст, ёрирасону дилсўз бошад. Албатта, дар ин маврид бузургон бењуда нафармудаанд: "Аз мукофоти амал ѓофил машав, гандум аз гандум бирўяд, љав зи љав". Инчунин, шахси мусалмон набояд танњо аз тоату ибодати худ маѓрур шуда дигар амалу кирдори неки инсониро нодида бигирад, зеро даргоњи рањмати Худованд (љљ) васеъ аст ва ба андак кори муфиду хайр метавонад ўро растагор ва дар рўзи охират аз азоби оташи дўзах наљот бидињад. Њамзамон аз њаёту рўзгор ва амалу кирдори пешвоёни дин, аз љумла њазрати Умар (р), ба мо маълум мешавад, ки ў "Амиралмуъминин", яъне пешво ва роњбари њамаи мусалмонон аст ва яке аз дањ ёри бињишти буданашро Расули акрам (с) башорат дода буд. Аммо новобаста ба ин неъматњои бузурге, ки аз љониби Парвардигор ба ў дода шудааст, боз њам саъю кўшиши зиёд ба хотири ризояти Парвардигор ва ноил шудани аљру савоб, дигар корњои нек ва муфидро анљом медод. Ва

дар ин маврид аз Њасан (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: "Бузургони уммати ман ба намозу рўза доштани бисёр ба бињишт дохил намешаванд, лекин бо дилњои солим ва саховати нафсњояшон ва ба рањму инсоф аз барои њамаи мусалмонон ба он дохил мешаванд". Бояд зикр кард, ки њар амалу кирдори некеро, ки шахси мусалмон анљом медињад, аљру подоши гуногунро доро мебошад, аммо дасти ятимеро гирифта, сари ўро сила кардан ва ба ў мењру шафќат ва навозишу мењрубонї намудан љойгоњи хоссе дорад, зеро Худованд (љљ) дар Каломи раббонии худ ба Расулаш васият карда фармудааст: "Ва аммо ятимро пас ситам макун", яъне ўро зарбу лат накун, балки бо ў неки ва муомилаи хуб намо, моли ўро соњиб машав, зеро худат заљру азияти ятимиро кашидаї, пас аз барои ятим мисли падари мењрубон бош. Њикоят шудааст, ки рўзе Исо (а) дар роњ мерафт, ки бо иблис вомехурад дар њоле, ки дар як дасташ асал ва дар дасти дигараш хокистар буд. Исо (а) гуфт: "Эй душмани Худо, бо ин асал ва хокистар чї кор мекунї? їблис гуфт: Асалро бар лабони ѓайбаткунандагон мемолам, то ин, ки ѓайбат ширину дароз шавад, аммо хокистарро бар рўйи ятимњо мепошам, то ин, ки онњоро мардум бад бинанд". Дар мавриди хиёнат ва ињонат накардан ба ятимњо, инчунин некї ва хайрхоњї кардан нисбати онњо аз Паёбари ислом (с) амру њидоятњо зиёд мебошад. Аз љумла дар њадиси муборак аз Расули Худо (с) омадааст:"Њар ваќте ятиме зада шавад, аз гиряи ў арши Рањмон ба ларза медарояд, пас Худованди Бузург мегўяд: Эй малоикањои ман, кист мегирёнад ятимеро, ки ман падари ўро дар хок ѓоиб кардаам?". Яъне касоне, ки ятимњоро хорузор нигоњ медоранд, њаќќу њуќуќи онњоро поймол менамоянд, Худованд барои љазои ин ашхос, ки чунин аъмоли зишту ќабењро нисбати ятимон раво медоранд, фариштагони худро шоњид ќарор додааст. Ва инчунин Расули Худо (с) барои касоне, ки дар њаќќи ятимњо хайрхоњ мебошанд ва ба онњо некї, эњсон, муомила ва муоширати хуб менамоянд, љазои нек ва аљру подоши зиёд ваъда карда фармудааст: "Шахсе иќдом мекунад ятимеро ба сўйи таомаш ва нўшиданиаш, Худованд бињиштро барои он шахс вољиб мегардонад". Пас љињати муртакиб нашудани чунин аъмолу кирдори зишт ва ноил шудани аљру савоб ва иззату обрў бояд инсони комил бахусус шахси мусалмон саъю кўшиши зиёд намояд. Бинобар ин, њар фарде, ќавме, миллате, давлате сарбаланд ва некном мешавад ва аз њар љињат пешрафт мекунад, агар дар он њуќуќ, дастгирї ва навозиши бечорагону бенавоён, хусусан ятимон ва бепарасторон, риоя карда шавад. Чуноне ба мо маълум аст, сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатамон бо роњбарии сарвари он Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон, љињати ёрию дастидароз кардан ба мардуми камбизоат, аз љумла ятимон ва бесарпарастон, инчунин ташвиќ ва тарѓиб намудани дигарон ба ин кори нек ва хайр, ин нишонаи дилсузї ва сарбаландии давлат ва сарвари он нисбати халќу миллат мебошад. Ва дар ин росто Расули акрам (с) чунин фармудааст: "Рањмкунандаро Худо рањм мекунад. Рањм кунед шумо касеро, ки дар замин аст, шуморо касе, ки дар осмон аст рањм мекунад". Абдуќодир МАЉИДОВ, Исломшинос


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

8

ТАЪРИХ

ЭРОНИТАБОРОНИ УРУПОИ ШАРЌЇ ДАР АСРИ БИРИНЉЇ (Маќола бо каме ихтисор чоп мешавад) ВАЛЕНТИН СТЕСТЮК Муњаќќиќи мустаќил аз Укроин Валентин Стетсюк, подполковники мустаъфї, муњаќќиќи мустќили забоншиносї ва этнологияи таърихї буда, солиёни дароз дар ин самт пажуњишњои ќобили мулоњизаеро анљом додааст. Вай бар ин назар аст, ки забоншиносии риёзї, љуѓрофиё, бостоншиносї, асотиршиносї, ономастика, ќавнигориро метавон барои тањќиќи масоили мураккаби замони ќаблазторихї истифода кард. Шуѓли дуввуми ў сайру сайњати "Днестр" аст. Валентин Стетсюк 77 сол дорад ва муаллифи маќолањои зиёди публистистї буда, асарњои адабї низ менависад. Пас аз итмоми "Муњољирати аввали Бузурги халќњо" дар наздикии минтаќаи сукунати ќаблии худ славянњо, балтињо, эронињо ва германињо боќї монданд. Барои тањќиќи этногенези баъдии ин халќњо бори дигар кўшиш мекунем аз усули графоаналитикї истифода намоем. Барои забонњои германї ва балтї, ба сабаби кам будани теъдоди забонњояшон истифодаи ин равиш мувољењ бо мушкилот аст, аз ин рў зарур аст аз забонњои эронї ва славянї оѓоз намоем. Мо медонем, ки пешзабони ќадими эронї ё ба истилох забони сароѓоз ба забонњои мутаъдад таќсим ва табдил шуд, ки аз назари банду баст кавитару муназзамтар буданд. Пешзабони славянї ба теъдоди камтари забонњо таќсим шуд, аммо аз њаммонандињои бештари забонњои славянї, метавон ба натиља расид, ки таќсимшавии забонњои славянї ба шева ва гўишњои људогона баъди шаклгирии забонњои (дар оѓоз гўишњои) эронї шуруъ шудааст. Аз ин рў, бо назардошти хранология бояд мањз аз забонњои эронї шуруъ кард. ЗАБОНЊОИ ГУРУЊИ ЭРОНЇ Дар њоли њозир ба гуруњи забонњои эронї наздики 40 забон дохил мешаванд. (Оранский И.М., 1979, 33). Дар миёни онњо забонњои људогонае чун осї (осетинї) (бо гўишњои иронї ва дигорї), яѓнобї, пашту ( бо гўиши вонетсї), забонњои язѓуломї, курдї (бо гўйишњои ќурмонжї, суронї, гуронї ва ѓ.) балуљї, гелонї, мозандаронї, сарикуњї (ки сарикўлї низ гўянд), забонњи порочию ормурї, толишї ва забони тотї, ки ба ин забон наздик аст ва забони Симнонро метавон баршумурд. Забонњои дигар шомили гурўњњо мебошанд. Инњо забони толишї бо забони ба он наздики тотї, гўишњои форсїтољикї (форсї, хузистонї, бандарї, куњистонї, њазора ва диг.), забонњои камгўишвари маркази Эрон, гўишњои лурї ва бахтиёрї, гўишњои љануби Эрон (башќордї, ќумзорї ва ѓ.), забонњои помирї, ки иборат аз Яѓнобї

зергуруњи забонњои шуѓниву рўшонї ва ишкошимиву вахонї аст, мебошанд. Њамчунин боз забони Авасто, забони бохтарї, портї, суѓдї ва сакоиву хутанї ва забону гўишњое, ки сарчашмањои таърихї зикр накардаанд ва дар ин бора тањлили забоншиносии матнњои Авасто ва забони форсии ќадим шањодат медињанд, низ вуљуд доштанд ГУСТАРИШИ ЗАБОНЊОИ ЭРОНИИ МУОСИР Таърихи аксари забонњои эрониро ба сабаби набудан ва ё кам будани осори хаттї наметавон ба гунаи комил пайгирї кард ва афзун бар ин, баъзеи ин забонњо аслан фоќиди осори хаттї мебошанд ва ё хеле кам асарњои хаттї ба мерос гузоштаанд. Бо итминон метавон аз рушди забони форсї, ки таърихи онро шуруъ аз асри YI то милод мешавад пайгирї кард, аз њамбастагии наздики тољикї бо ин забон ва њамчунин дар мавриди идомаи забони суѓдї дар яѓнобии муосир њарф зад. Њатто суоли мансубияти диалектоложии забони Авасто то њол ба даќиќ њаллу фасл нашудааст. (Оранский И.М., 1979, 33). Аз сўи дигар, забони форсї тўли садсолањои зиёд ба дигар гуруњи забонњои эронї таъсири амиќ гузошта ва баъзан имкони он вуљуд надорад, ки иќтибосоти порсиро, ки биёр ваќт вожањои аслии забонњои бидуни хат ва ё

Забон

Осї

Курдї Афѓонї Толишї Форсї Помирї Гелонї Язѓуломї Сарикўлї Балуљї

Осї

460

Ягнобї

245

593

Курдї

221

274

682

Афѓонї

192

286

334

663

Толишї

115

183

278

219

456

Форсї

245

371

446

501

295

845

Помирї

134

272

231

283

148

338

600

Гелонї гилянский

97

185

265

244

211

360

189

453

Язѓуломї

113

202

175

215

102

237

321

124

448

Сарикўлї

67

144

124

144

79

171

253

102

169

342

Болуљї

59

100

120

108

71

128

81

77

58

46

174

Љадвали 8. Теъдоди калимањои умумї дар забонњои эронї

дорои осори ќалили хаттиро аз истеъмол хориљ кардаанд, аз онњо људо намуд. Ин аст, ки тањќиќи муносибати хешии забонњои эронї фавќулодда мураккаб аст. Илова ба ин, на дар њамаи забонњои муосир луѓатномањо тањия шудаанд ва баъзе луѓатњои мавчуд њам барои муаллиф дастрас набуданд. Бо вуљуди ин тањлили муќоисавии лексикаи забонњои эронї анљом шудааст. Барои тањлил чор љилди луѓати этимологии забонњои эронї (Расторгуева В.С., Эделман Д.И. 2000-2004, Эделман Д.И. 2011), луѓати таърихї-этимологиии забони осї (осетинї) (А. Обоев В. И., 1958-1989) ва луѓатњои дузабонаи забонњои осї, курдї, толишї, гилёнї, порсї, пашту, тољикї, дарї, язѓуломї, шуѓнї, рушонї (бо хуфї) бартангї, яѓнобї, сарикўлї истифода шуданд. Иттилоъот дар бораи ќонунмандии мутобиќати асосии фонетикї миёни забонњои эронї аз асари Соколов (Соколов С. Н., 1979, 127235) иќтибос шуд. Дар раванди тањлил маълум шуд, ки забони сунъии дарї бар асоси форсиву тољикї сохта шуда, ахирї (тољикї) аз форсї рушд кардааст, аз ин рў зимни пижуњиш ин се забон ба сурати воњид оварда шуданд. Забонњои шуѓнї, рушонї ва бартангї низ маншаъи воњид доранд. Онњо низ дар гуруњи забонњои помирї муттањид карда шуданд. Фењристи хулосавии љадвали луѓатњои этимологї барои оилањо ва гуруњњои гуногуни забонњо, ки аз рўи онњо натиљагирї сурат гирифтааст, дар сомонаи ман "Альтернативная историческая лингвистика" оварда шудааст. Дар маљмуъ барои тањлили забонњои эронї 1660 изоглос ("Изоглосса" калимаи юнонї буда, марзњои густариши ин ё он зуњуроти забониро ифода мекунад. Ин истилоњ бори аввал аз љониби олими латиш А. Биленштейн истифода шудааст) гирифта шуд. 290 тои онњо умумиэронї ва боз чандтои дигар њосилшуда аз калимоти дигар эътироф шуданд. Калимањои умуман эронї он калимањое мањсуб мешаванд, ки дар аксари забонњои эронї вомехўрданд (аз дањ дар нуњ забон), њамчунин калимањое, ки тахминан барои њамаи забонњои њинду аврупої умумї буданд. Баъди ин тањлил љадвали калимањо тартиб дода шуд ва теъдоди калимањои умумї барои ду забони эронии људогона њисоб карда шуданд. Натиљаи ин њисобњо дар љадвали 8 оварда шудааст. Дар асоси ин њисобњо наќшаи муносибатњои хешии забонњои эронї

тартиб дода шуд, ки дар расми 36 нишон дода шудааст. Макони сукунати эронињо дар расми 37 оварда шудааст. Њангоми тартиб додани љадвал рушан маълум буд, ки барои баъзе забонњо маводи лексикї кифоя нест; дар њаќиќат луѓатномањои яѓнобї, толишї, гелонї, язѓуломї, сарикўлї шомили вожањои маъдуд мебошанд. Илова бар ин, мушаххас гардид, ки бархе аз маълумоти ироашуда бо њамдигар дар тазоданд, зеро ба муносибатњои хешии ќадима муносибатњои забонии нисбатан навтар дар ќаламравњои сукунати тоза дар Осиёи Миёна таъсир гузоштаанд. СУКУНАТИ АЖДОДИ ЭРОНИЁНИ БОСТОН На њамаи иќтибосњо аз форсиро, ки таъсири амиќе ба забонњои боќимондаи эронї расондааст, метавон хориљ кард. Гузашта аз ин, забони суѓдии ќадим замоне, ки суѓдиён ба самти Помир њаракат карданд, таъсири муайяне ба забонњои помирї дошт. Вале ин таъсирро амалан ошкор кардан ѓайриимкон аст. Њамин тариќ сохтори ќадими муносиботи дуљонибаи забонњои эронї хеле зиёд тањриф шудааст ва дар таркиби лексикаи муосир ба таври кофї инъикос наёфтааст. Вале бояд иќрор шуд, ки њангоми тартиб додани наќша он љое, ки маълумот дар як љуфти забон ихтилоф дорад, ба кўмаки љуфти дигари забонњо метавон иттилоъ ба даст овард. Бо ин њол, бояд иќрор шуд наќша макони љойгиршавии забонњои эрониро чандон даќиќ инъикос намекунад, зеро њангоми љустуљўи фалоти забонї (фазои фарњангї ва забонї) барои баъзеи онњо мушкилот ба миён омад. Маълум буд, ки ќаламрави умумии Эрон бояд љое дар шарќии маљрои боло ва миёнаи Днепр љойгир шуда бошад ва кўшиш шуд намунаи ба дастомадаи хешї мањз дар он љо љой дода шавад. Бо итминони зиёд метавон дар бораи дар наќша љой додани забонњои ќисмати болоии љадвал њарф зад. Ба сабаби он ки осетинњо охирин ќавме буданд, ки ватани аљдодии худро тарк карданд, ин љадвал тавре тартиб ёфтааст, ки минтаќаи забони осї нисбатан дар ќисмати шимол, яъне дар минтаќаи њиндуаврупоињо дар њавзаи дарёи Сож миёни Днепр ва Ипут љой гирифт. Ин дар њолест, ки минтаќаи забони яѓнобиро миёни Ипут, Днепр ва Десна ва минтаќаи забони курдиро миёни Десна, Угра ва шањ-


ВА ИЛМ ри Жиздра метавон љой дод. Минтаќаи забони паштунї миёни Днепр, Сула (шохаи чапи Днепр) ва Десна ва минтаќаи забони толишї дар болооби дарёи Оскол, ба соњили рости Дон миёни дарёњои Сосна ва Соснаи Ором мавќеъ мегирад. Минтаќаи забони форсиро метавон дар болооби Псёл, Ворскла ва Дони Шимолї миёни дарёи Оскол ва Сейм љой дод. Мушкилоти вежа дар љой додани минтаќа барои забонњои сарикўлї, язѓуломї ва забони умумии халќњои Помир ба миён меояд. Барои охирї њеч мавзеъе љуз дар соњили рўдњои Ворсклї, Псёл ва Орел вуљуд надорад, вале марзњои даќиќи он дар шимолу шарќ ва љануб маълум нест. Минтаќаи забони язѓуломї бояд љое дар љанубтар ва сариколї бояд дар хамгашти Дон воќеъ бошанд. Мушкилоти љойгирсозии онњо дар он аст, ки дар имтидоди соњили бањри Озуф (Азов) чандин минтаќањо вуљуд доранд, ки дар онњо метавонанд забонњои эронии мозандаронї, ќумзорї ва ѓайра, ки барои таљриба гирифта нашудаанд, ташаккул ёфта бошанд Љойгиршавии минтаќаи забони балуљї дар њамсоягї бо вепсњо дар асоси иттилоъоти ночизи иртиботи он бо дигар забонњои эронї ва дар мављудияти калимоти ягонаи забони вепсњо ва балуљњо исбот мешавад. Масалан, ба калимаи вепсии naine "арўс" калимаи балуљии na'ёnё "духтар" ва "janaine" ба маънои "зан" хуб мувофиќат мекунад. Возењ аст, ки дар њолати дуалии ќавмии ташкили љомеаи ибтидої, ваќте мардон бояд занонро аз ќабоили дигар ба њамсарї мегирифтанд, њамон як зан барои волидони балуљаш духтар ва барои хонаводаи шавњараш арўс ба њисоб мерафт. Њамин тариќ на танњо њаммонандињои забонї, балки гувоњињои иттињоди никоњии миёни вепсњо ва балуљњо низ њамсоягии онњоро тасдиќ мекунад. Эњтимол дорад калимаи балуљии pёrok "бобо" ба вепсии per'eh "оила" муртабит бошад. Маводи лексикии забони балуљї дар айни замон кифоя нест, вале тањлили муќоисавии лексикии забони вепсї бо дигар забонњои эронї анљом шуд. Дар натиљаи тањлил муайян гардид, ки бо забони вепсї забони курдї бештар калимањои муштарак дорад. Чунончи, пижуњиш дар забони вепсї 76 калимаи умумї бо забони курдї, 65 бо осї, 62 бо форсї, 61 бо толишї, 56 бо гелонї ва 45 калима бо паштуниро ошкор кард. Дар љадвал метавон дид, ки минтаќаи забонњои курдї ва осї наздик ба минтаќаи забони вепсї мебошанд ва иртиботњои забонї миёни ањолии ин минтаќањо њамчунин бояд наздик бошад. ИЌТИБОСОТИ МАРОЌАНГЕЗ Мисолњо аз иртиботњои људогонаи забонњои курдї ва вепсї: курдї: "ќатра" - вепсї: "чаконидан"; курдї: hebhebok "тортанак" - вепсї: - "тортанак"; курдї: xumari "торикї" - вепсї: "нимторикї, шом"; курдї: kusm "тарс" - вепсї: "тарсонидан"; курдї: henase "нафаскашї" - вепсї: "нафас кашидан"; курдї: "шиња кашидан" - вепсї: hirnaita " шиња кашидан "; курдї: e'ys "шодї" - вепсї: ijastus "шодї"; курдї: "нова" - вепс. kurn "обрав, нова". Њамчунин вожањои мушобењи забонњои курдиву вепсї мављуданд, ки дар як ва ё ду забони дигар низ калимањои мушобењ доранд доранд: курдї: "втыкать", талишї: "шикастан" - вепсї: дан";

"халон-

Расми 36. Љадвали муносибатњои хешии забонњои эронї курдї: miraz, толишї: myrod, гелонї: "хоњиш" - вепсї: "талабот"; курдї: "тапиш, ларза", лтс. purinat "ларзонидан", вепсї: pirpitada "ларзонидан"; Ѓайр аз ин дањњо калимоти умумї барои забонњои курдї, вепсї ва боз барои бештар аз се забони дигари эронї мављуданд. Бо минтаќаи забони мордовї минтаќаи забонњои курдиву толишї наздиканд. Дар натиља, аз њамаи забонњои эронї, ѓайр аз осї, толишї ва курдї бо забонњои мокшин ва эрзян (мокшан ва эрзян номи забонњои мордовии мансуб ба оилаи забонњои финниву волжї мебошанд, ки дар Мордовї чун забони русї забони давлатї мебошанд. Мутарљим) 62 калимаї доранд. Дар забони осї ин гуна калимањои умумї 67 адад ошкор шудаанд, вале баъзе аз онњо мутааллиќ ба замонњои хеле баъдианд, иртиботи баъдтари забонї миёни мордовї ва аљдодони осетинњо ба замони скифњо рост меоянд. Аз љумлаи иртиботњои људогонаи курдиву мордовї метавон ин мисолњоро овард: курдї: leyi "нањр, дарёча, љўй" - мокшин: ляй, эрз. лей "дарё"; курдї: "гов" - мокшин: скал "", эрзян: скал "гов"; курдї: sutin "молидан" - мокшин: сюдерямс "молидан"; курдї: ceh "љав" - мокшин: чуж, , эрзян: шуж "љав". Чуноне медонем, фрокийњо, яъне пешгузаштагони олбонињо дар секунљаи миёни Тетерев, Рос (шохоби аввалини Днепр) ва Днепр сукунат доштанд. Дар муќобили соњили Днепр пешгузаштагони паштунњо ва яѓнобиён зиндагонї мекарданд. Мутаносибан забони албонї бояд бештар калимоти паштуї дошта бошад. Чанд мисол: пуштуї: bus "мякина" - албонї: byk " низ њамчунин"; пуштуї:gah "ваќт" - албонї: kohё " низ њамчунин"; пуштуї: "урён" - албонї: lakurig " низ њамчунин"; пуштуї: peca "њисса" - албонї: pjesё "низ њамчунин; пуштуї: tar. "гирифтан" - албонї: thur "низ њамчунин; пуштуї: xwar "љароњат" - албонї: varrё "низ њамчунин"; пуштуї: cira "арра" - албонї: sharrё

Љадвали 9. Алоќањои људогонаи забонии мордовї ва толишї

"низ њамчунин"; (калимаи охир шояд барои њарду забон аз лотинии cira "арра" иќтибос шуда бошад). Њамчунин ба миќдори камтар намунањои људогона аз иртиботњои забонии фрокийњо бо дигар њамсоягонашон-пешгузаштагони яѓнобињо ва суѓдињо пайдо шудааст: албонї hingеllin "ржать" - яѓнобї hinj'irast "низ њамчунин"; албонї anё "берег" - яѓнобї xani "низ њамчунин"; албонї kurriz "спина" - яѓнобї "низ њамчунин". Чуноне нишон дода шуд, марзи ѓарбии Эрони ќадим соњили Днепр буд. Аз он тарафи Днепр дар ќитъаи љангалї ва даштї он замон бояд аљдодони тохарињо, балтњо, славянњо, олмонињо, келтњо, албонињо, арманињо ва фракињо зиндагонї мекарданд. Њамин тавр тохариён бояд дар њамсоягї бо осетинњо мезистанд. Иртиботњои ќадимии забонї инро тасдиќ мекунанд. Дар асарњои худ Абоев ин гуна мисолњоро чун иќтибосоти мутаќим аз забонњои осї ва тохарї овардааст: "тохарї: witsako "реша" - осї (осетинї): widag "њамин тур" "тохарї: porat "табар" - осї "њамин тур"; "тохарї: eksinek "кабутар - осї " њамин тур"; "тохарї: aca-karm "мори печон" - осї kalm "мор"; "тохарї: aca-karm "мори печон" - осї kalm "мор"; живот - осї " њамин "тохарї: тур"; "тохарї: "село" - осї " њамин тур"; "тохарї: aсcwа "оњанї" - осї "пўлод"; "тохарї: "душман" - осї son " њамин тур " (баргирифта аз А. Абоев В. И., 1965) Абоев бар ин назар буд, ки ин иќтибосот мансуб ба давраи сикифњост, вале он замон тохариён мебоист ба Осиё муњољират карда бошанд. Ваќте тахориён ватани аљдодии худро гузоштанду рафтанд, љойи онњоро балтњо ишѓол намуданд ва бо ин васила ќаламрави худро то Днепр васеъ карданд. Дар ин замон људошавии забонњои балтї ба ду гўиш-шарќї ва ѓарбї рўй дод. Дар ќаламрави пешини балтињо воќеъ дар ѓарбтари Березин (шохоби поёнии Днепр) гўиши ѓарбї ташаккул ёфт, ки баъдан аз он забонњои пруссиявї, ятвяжї ва дар минтаќаи миёни Днепр ва Березин гўиши балтии шарќї рушд кард. Баъдан аз ин гўишњо забонњои људогонаи литовї, латишї, земгалї ва куронї ташаккул ёфтанд. Њамин тариќ балтињои шарќї бо аљдодони осетинњои муосир дар иртиботи мустаќим шуданд. Албатта, ин раванд ба забони онњо бетаъсир намонд ва дар ин росто иртиботњои забонии осиро бо забонњои балтињои шарќї метавон ошкор намуд. Бисёре аз ин мисолњоро Абоев дар луѓати таърихїэтимологии забони осї овардааст, вале онњоро мансуб ба замони скифњо донистааст. Ва ин амалан барои баъзе аз ќисматњои он ќобили ќабул аст. Мисолњои њаммонандињои забонњои балтињои шимолї бо дигар забонњо аз он њикоят дорад, ки балтињои шарќї бо аљдодони олмонињои шимолї ва осетинњо иртиботњои наздиктар доштанд. НОМЊОИ ЭРОНЇ ДАР МАЊАЛЊОИ АЉДОДЇ Вуруди эронињо ба ќаламрави мавриди назар низ таъсири худро дар топонимикаи мањал гузошт. Аммо иртибот додани минтаќаи ташаккули эронињои људогона бо топонимњои забонњои ёдшуда мушкил аст. Сабабњои ин амр метавонад гуногун бошад ва ба тањлили топонимикаи эронї, даќиќ намудани муносибатњои хешии забонњои эронї танњо замоне баргаштан имконпазир аст, ки луѓатномањои нисбатан пурраи забонњои яѓнобї, толишї ва балуљї тањия шаванд. ..... Якчанд топоноимњои дар берун аз минтаќаи забони курдї мављуд аст, ки онњоро метавон бо ёрии забони курдї маънидод кард. Масалан, дар Золотоношейи вилояти Черкас дарёи Ирклей ба Днепр мерезад ва дар соњили он рустои Ирклей љойгир шудааст ва таќрибан дар муќобил ба дарёи Тясмин Ирклейи дигар љорї мешавад. Њарду дарё ба сой мерезанд. Аз ин рў калимањои курдии erq "љарї, партгоњ" ва leyi - "нањрча, сойча" ба табиати ин мањал мувофиќати

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

9

комил дорад. Њамон решаи leyi метавонад дар номи шањрњои Балаклей дар вилояти Харков ва рустое дар вилояти Полтава ширкат дошта бошад. Ќисмати дуюми калима аз курдии belek "сафед" мебошад. Дар ватани аљдодии афѓонњо бо вуљуди он ки харитаи мукаммалу фарогир ва луѓатњои зиёд вуљуд доранд, топонимњое, ки тавонї бо кўмаки ин забон шарњу тафсир намої, хеле кам вомехўранд. Инак, чанд мисол: Дар шањраки Варва (номи ќадимааш Варин) воќеъ дар вилояти Чернигови Укроин ва соњили дарёи Удайи љанубу шарќитари Прилук мафњуми афѓонии varva "лошахўр" маъмул аст; њамчунин тахмин меравад, ки решаи он калимаи славянии вар"љўшидан бошад" (Янко М.П., 1998, 65). Дењаи Келеберда дар соњили рости Днепр ба муќобили Канева аз нигоњи фонетикї калимаи курдии kele "сар", berd "санг" ба њам наздиканд, вале ин љо низ муайянкунандаи онро метавон аз калимаи афѓонии "хона" љуст. Ба маъно барои ифодаи калимаи санг метавонад калимаи курдии berd мувофиќ бошад, аммо ин калима њанўз дар ин мањал кашф нашудааст, њарчанд дар забони форсї ин калима

Расми. 37. Ќаламрави ташаккули забонњои эронї дар асри дуюми то солшумории милодї вуљуд дорад. Дар паштуї berta ба маънои "ба аќиб, баргаштан" истифода мешавад, ки метавон дар мадди назар дошт. Вале донистани асли он аз лотинии callibertus "озодшуда" комилан беасос аст (Янко М.П., 1998, 65). Дар калимаи Нежин (номи шањр) - паш"нишон, аломат" туии nix. an, форсии дида мешавад; оё топоними Унеж, Униж (Янко М.П., 1998, 244-245) мансубияте ба ин калимањо доранд ё на маълум нест. Чун инњо метавонанд асли баромади тамом ан дигар дошта бошанд. Дар ватани аљдодии суѓдиёни ќадим танњо як топоним пайдо шудааст, ки дар забони яѓнобї шарњи мантиќї дорад. Ин дарёи Обеста мебошад, ки калимаи умумиэронии ab, ob "об" ва яѓнобии asta "пуршўру маѓал" аст. Њамчунин дар минтаќаи яѓнобї дењае бо номи хеле љолиби Шаболтосовка воќеъ дар љанубу ѓарбии Новгород Северской вуљуд дорад. Дар забони яѓнобї калимае, ки ин топонимро шарњу эзоњ ё ифода кунад, пайдо нашуд. Вале калимањои ба он наздик дар паштуї "тез" ва форсї tus "тўс" вуљуд доранд. Ба калимаи паштуии "тез" метавон номи рустои Шабалиновро мансуб донист, ки љанубтари Шаболтасовка љойгир аст, вале ин дар минтаќаи курдист. Номи дењаиа Шенгуриро, ки дар наздикии Кобеляк дар вилояти Полтава љойгир аст, метавон ба калимаи курдии "зебо" ва ё паштуии "духтаре, ки ба хотири висол бо дўстдоштааш фирор кардааст", иртибот дод. Њамчунин топоним муродифњое дар гуруњи забонњои финну угорї дорад. Худи дења дар ќаламраве љойгир аст, ки дар ќадим мансуб ба форсњо буд. Дар ин њол гузинањои мухталиф вуљуд дошта метавонанд. Решаи ин калима дар забони форсї пайдо нашудааст ва ё минтаќаи ташаккули баъзе забонњои эронї њамоно даќиќ муайян нест, ё худ ин русторо муњољирони эронї аз минтаќаи шимол бунёд кардаанд ва ба он худ номгузорї намудаанд ва ё эњтимол меравад ин калимаи мордовии сянгяря "кабуд" бошад. Тарљумаи Бобољони ШАФЕЪ Баргирифта аз http://www.v-stetsyuk.name/


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

ЊАЉВИ ГЕОПОЛИТИКЇ

Чоргонаи ќањрамонњои минтаќа аз дурбини CNN Рўзе Алии Хоманаї, Рањбари Инќилоби исломии Љумњурии исломии Эрон, Бенямин Нетаняњу, Сарвазири Исроил, Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ва Раљаб Тайиб Эрдуѓон, Президенти Љумњурри Туркия дар яке аз дањлезњои бинои бо њашамати Созмони Миллали Муттањид (СММ) дар як замон ќадам мезаданд. Њамон ваќт зоњиран Алии Хоманаї як марди оддї ва хоксор менамуд. Вай њар сеи онњоро садо карда гуфт: Эй Путин, эй Тайиб ва эй Бебї инљо биоед! Чаро якљо нанишинем ва дар бораи корњои зиёде, ки ба њамаи мо муњим мебошанд, чаќ-чаќ накунем. Ин мурољиати Алї ба гўши њар сеи онњо њарзагўї ва хеле нофорам мерасид, вале ба ин њама нигоњ накарда, бо дили нохоњам ба сўи мизи гирде, ки Алї дар соњили бањр дар Ню-Йорк нишаста буд, тоб хўрда омаданд. Алї: Чї њол доред ва чї хабар, умедворам, ки роњат бошед. Тайиб: Бо назардошти чолишњое, ки дар кишвар ва хориљ аз он ба онњо рў ба рў њастам, бояд эњсос карданро биомўзам. Владимир: Оњ, ман худамро роњат њис мекунам. Бепарво, њама чиз дорам. Бебї худат чї хел? Бебї: Чаро њамаи шумо ба ман ањамият медињед, ман худамро чї хел њис кунам? Алї: Воќеан, мо ањамият намедињем. Ин як манзараи хеле зебост, њамин хел не? Дарё ва биноњо њама зебоянд... оё медонї, бояд СММ ба Тењрон кўчонида шавад? Бебї: Чаро бояд СММ ба Тењрон кўчонида шавад?! Шумо чї пешинињод карда метавонед? Алї: Хеле хуб, ту медонї, ки бузургтарин тамаддунро сарзамини Форс дорад, мо бар хилофи дигар кишварњо чанд њазор сол соњиби импрея будем. Мо дар ќалби стротегии замин ќарор дорем. Тењрон маркази курраи замин буда, аз њама љо расидан ба он осон аст. Тайиб: Ин кори масхараомез аст! Агар СММ ба љое кўчидан хоњад, он бояд Истанбул бошад. Мо дар дараљаи аввал меросбари сарватњо, тамаддун ва империяи Усмонї мебошем. Мо пуле дар байни Шарќу Ѓарб њастем. Баъдан Истанбул-дар љањон аз Истанбул дида шањри бузургтаре ёфт намешавад. Бебї: Саросема нашавед, СММ бояд ба Ќудс кўчонида шавад. Ќудс гањвораи динњои бузурги осмонист. Њатман дар муќобили Ќудс ягон шањре раќиб намебарояд. Владимир: Эй бача, охирин бор кай дар Маскав будї? Намедонї, ки Маскав чї пешнињод карда метавонад? Нигањ кун, мо дар њар њолат ва ба њар ќароре, ки дар барои кўчонидани СММ ба њар куљое, магар ба Маскав бошад, зид мебароем. Бебї: Гўш кунед, СММ ба ягон љо кўчонида намешавад. Лекин, Алї худат ба ман

«

нигоњ кун. Ту чї гуфтї, ин љо чанд коре њаст, ки ба њамаи дахл доранд? Худо накунад, ки ягон чизи муштараке дар байни мо вуљуд дошта бошад! Алї: Њоло гўш кун, номи Худоро бо тамасхур ёд накун. Оё ту бовар дорї, ки њамаи мо ташнаи афзоиши ќударти худ њастем? Оё њамаи мо намехоњем, ки бар болои њамсояњои худ зўр бошем. Бебї, ту бигў, њамон чизе, ки "поймолшавии њуќуќи инсон" -аш мегўянд, чист? Њамаи мо ба он мефахрем, њамин хел не? Тайиб: Алї, як лањза сабр кун, ту дар бораи худат бигў. Мо дар кишварамон ба ин корњо даст намезанем. Туркия аз њама љониб намунаи демократияи исломї аст. Дар ватани мо њама озод ва хушбахт њастанд. Бебї: Биё мон! Њељ кас ба мисли ту ба миллаташ бадрафторї намекунад! Ња, шояд Алї аз ту бадтар бошад! Алї: Бебї, худат аз њад гузарондї (хеле дур рафтї). Ман як одами бо таќво њастам, бо њар як шањрванд ба хубї рафтор мекунам. Бебї: Эња, Алї њаќ бар љониби худат, рост мегўї. Миллати бечораи Эрон њама зертобеъи худат њаст ва худат медонї, ки чї хел онњоро ба зону шинонда, афшўра(сок)ашонро љафида мегирї! Чизи дигар, ман медонам, ки худат ба хотири моро ром кар-

Ња Тайиб, ин чиз ба хашин будани ман чї дахл дорад? Мо ба украинињо газ ва пул медињем, лекин ба мо гўш намекунанд. Онњо бо Ѓарб њамроњ шудан мехоњанд. Украинињо дар њама њолат девонаанд. Украин дар њар вазъияте аз Русия пайравї мекунад. Кї метавонад пеши роњи маро бигирад, Обама?

«

дан силоњи атомї мехоњї. Алї: Бале, мо фаќат силоњи атомї мехоњем, то њамаро битарсонем, бахусус њамин суннињои гирду атрофамонро. Мо шуморо нест карданї нестем, чун ки агар мо ин корро таљруба кунем, шумо барои куштани миллионњо эронї силоњї атомї доред. Хеле хуб, њамаашон шањид мешаванд, шањодат хеле дараљаи бузур аст. Лекин мушкил ин љост, мо намедонем, ки агар шуморо нест карданї шудем, пас аз он Љумњурии исломї тавони зистанро дорад ё хайр? Баќои Љумњурии исломї барои ман аз њама чизњои дигар муњимтар аст. Бебї: Оё муътаќидї, ки ба ростї ман туро бовар мекунам? Як лањзае њам дар ин бора фикр накун. Мо туро намегузорем, ки соњиби ягон хел силоњи атомї шавї! Мо медонем, ки чї кор кунем. Алї: Ту медонї мо чї ќадар "зирак" њастем. Мо медонем, ки чизњоро чї хел пинњон кунем. Чанд сол чунин кор кардем, дар оянда њам шуморо ѓофилгир хоњем кард. Чаро ба ин эътиќод дорї, ки мо аз чизе даст мекашем ва њамин њафта барои тамдиди чизи дигаре ба тафовуќ расидем? Мо худамон медонем, ки бар болои он амрикоињои бефањм чї хел пирўз шавем. Владимир: Эй мардакњо, ин тараф нигоњ кунед, шумо дар кадом бора суњбат доред? Поймолшавии њуќуќи инсон, силоњњои атомї, дигараш чї? Биёед инњоро як сў гузошта, дар бораи чизњои њаќиќї- газ, нефт, тиљорат ва мол-суњбат кунем, инњо муњимтаранд. Мо дар Русия вазъиятро ором мекунем ё ба воситаи пул мардумро мехарем, агар мол фоида накард, ки ин чиз дар Русия хеле ба нудрат рўх медињад, дасту остинњоямонро бар мезанем. Аз ин сабаб мо нигарони њуќуќи инсон нестем.

Тайиб: Эй Владимир ту воќеан мазоќ мекунї. Пеши поятро надида, мехоњї, ки вазъиятро ором кунї? Ту як марди хашин-љангљў, њатто бадтар аз Бебї! Алї: Њаќ бар љониби Тайиб аст. Владимир ту як ба њамон чизњои дањшатафкани сохтагиат нигоњ кун. Аввал Ќримро аз худ кардї ва баъди он нерўњои низомї ва аслињаатро ба Шарќи Украин фиристодї, садњо нафар кушта шуд ва то њол даъво дорї, ки баќияи ин давлатро ба Русия њамроњ кардан намехоњї. Владимир: Ња Тайиб, ин чиз ба хашин будани ман чї дахл дорад? Мо ба украинињо газ ва пул медињем, лекин ба мо гўш намекунанд. Онњо бо Ѓарб њамроњ шудан мехоњанд. Украинињо дар њама њолат девонаанд. Украин дар њар вазъияте аз Русия пайравї мекунад. Кї метавонад пеши роњи маро бигирад, Обама? Ман мисли Бебї нестам, ки Каронаи Бохтарии руди Урдуни Фаластинро пурра њамроњ карда, фаластинињоро аз он љо бадарѓа кунам, воќеан ин як дањшат аст! Бебї: Нигањ кун, Обама маро манъ карда наметавонад. Вай то њол фикр карда истодааст, ки чї кор кунад, ў њељ гоњ ором наменишинад, ман инро медонам. Вале, Обамаро як сў гузор, Владимир худат бигў, ростї ман мехоњам, ки Яњудо ва Сомироро њамроњ кунам? Ман чї хел заминњои ќавми яњудро њамроњ мекунам? Ман аз шахсоне, ки мегўянд, Исроил як режими ишѓолгар аст, хафа мешавам! Тайиб: Бебї, ин ќадар беаќл нашав! Худат заминеро ишѓол кардаї, ки на замини ту асту на ба ту таъаллуќ дорад. Бар илова, ту як зиндони бузурги кушодае дар Ѓазза сохтаї. Мутаассифона, Обама дар бораи чї кор карданаш њељ фикр намекунад. Нигањ кун,


МИЛЛАТСОЗЇ ман озодгарам. Ба хотири озод кардани фаластинињои бечора дар Ѓазза мељангидам, лекин ту ва рафиќони амрикоият њељ шафќате надоред. Њамаатон њамин хел сангдил њастед. Бебї: Тайиб, пеш аз њама мегўям, ки он чї мо дар њаќќи фаластинњо мекунем, ба хусус "ЊАМОС" (Њаракати муќовамати исломии Фаластин) њељ ваќт ба ту дахл надорад. Мо бо онњо мушкилоти амниятии печидае дорем. Ба ман бигў, агар бидуни ягон хел огоњї њазорњо ракет бар болои мардуми шумо ва шањрњоятон мепартофтанд, чї кор мекардї, бигў! Эй мардакњо, хоњиш мекунам аз њад нагузаронед. Тайиб: Бебї бо вуљуди ин, ки-дар љанги 51-рўза ахири Ѓазза њазорњо фаластинии бегуноњро кушта, чанд њазори дигарро маљрўњ карда, хонањояшонро хароб ва шањрашонро вайрон кардї, медонї, агар муњосираи беш аз 8-солаи Ѓазза аз љониби шумо бардошта шавад, ЊАМОС ягон ракет ба сўятон намепартояд?! Бебї: Оњо! Ман ба ќадре ба ЊАМОС бовар мекунам, ки ба ту љаноби Раљаб Тайиб Эрдуѓон бовар дорам. Њамаи шумо ду рўи як сикка њастед, њељ фарќе байни шумо нест. Шумо фаќат "моро бад мебинед". Аз сархат. Алї: Бебї, ман медонам, ки ту чиро дар назар дорї. Ту фикр мекунї, ки мо мусалмонон яњудињоро бад мебинем. Не, ман исроилињоро бад дида, яњудињоро дўст медорам. Бебї: Инак чунин бардошт карда мешавад, ки исроилињо яњудї нестанд? Нав фањмидам, ки ту мусалмононро дўст дошта, суннињоро бад мебинї, њамин хел не? Алї: Мавзўъро дигар накун. Мо шиаён мусалмонони њаќиќї њастем. Суннињо њатто аз шумо исроилињо бадтар њастанд. Тайиб: Алї ин хел нагў. Ту медонї, ки дар воќеъ як чизи фарќкунанда дорї. Ман њамеша шубња мекардам, ки бар зидди мо суннињо ин ќадар зањр(нафрат) дошта бошї, њоло ин чизро фањмидам. Ту бояд аз худат хиљолат бикашї! Суннињо шиаёнро бад намебинанд, лекин фаќат ба онњо бовар надоранд, ту њамеша бар зидди мо чоњ меканї! Владимир: Шумо аз ин даргињои байни суннї ва шиъї бас намекунед? Ин њама бењуда ва бефоидаанд. Мо дар Русия хеле хушбахтем, ки чунин мушкилињоро надорем. Чунки, мо ба ягон чиз бовар намекунем. Динро фаромўш кун. Зеро аз дин ба љуз мушкилот чизи дигаре намеояд. Дар нисбати мо бошад, фаќат пул гап мезанад. Тайиб: Владимир, ту чихел ин ќадар љуръат карда дар бораи дин гап мезанї? Ислом поктарини динњои љањон аст. Ќуръон ба мо меомўзад, ки якдигарамонро дўст бидорем ва барои якдигар љон бидињем. Бебї: Њаќ бар љониби Тайиб аст. Онњо ба хотири якдигарашон љанг мекунанд ва ба хотири муњаббат ќурбонї карда мешаванд. Нигањ кун, чї хел дар Сурияву Ироќ ва Яман...ња Афѓонистонро фаромўш кардам, ба якдигарашон ањамият дода, худро ќурбонї мекунанд? Алї: Бебї, акунун ту худат комилан аз хат берун баромадї. Ин як муноќишаи оилавї аст! Бебї: Ростї, ин чизро медонам Алї, ту эњсос мекунї, ки фаќат ба пуштибонии рафиќи ќассобат Башшор Асад пойбанд њастї, то њазорњо мардуми осоиштаи мусалмони бегуноњро ќатл кунад. Муътаќидам, ки ин њама тибќи наќша пеш меравад, баъди несту нобуд шудани мардум њама чиз ба Оила боќї мемонад. Владимир: Эй мардакњо, ин бањс ба ягон чиз оварда намерасонад. Медонед, ки чиро дар назар дорам? Дин лаънат аст. Агар метавонистам тамоми фаъолиятњои диниро дар Русия ќатъ мекардам. Нигањ кунед, чаро мо дар бораи њаќиќати воќеї, ки гуфта будам-сарват ва њукумат-, суњбат намекунем? Алї: Ту њамеша дар бора молу сарват гап мезанї. Хеле хуб, бигзор дар бораи мол суњбат кунем. Њамаамон ба хотири осон кардани кори давлатдории худ ба пул ниёз дорем, ин љо чї мушкилї аст? Бебї: Алї њаќ бар љониби туст, њамаи мо барои осон кардани кори давлатдориамон ба пул ниёз дорем. Лекин муътаќидам, ки рафиќамон Владимир дар ин љо њар сеи моро мисли худаш фикр мекунад. Алї: Худои баланмартаба ва тавоно туро рањм кунад. Ман... инро дар назар дорам. Ман њељ гоњ мисли ту не, балки монанди

њамаи шумо барои худам пулу мол љамъ намекунам! Владимир: Хеле хуб. Эй Алї, олиљанобку. Ту мегўї, ки пул намегирї. Ба ман бигў, ки ту бо чї зиндагї мекунї? Алї: Ман фаќат он чизе, ки Худои тавоно ба ман мерасонад, мегирам. Лекин медонї, ки Худованд дар нисбати онњое, ки Ўро мепарастанд, хеле саховандї мекунад? Бебї: Њоло мефањмам, ки чаро ин ќадар имони ќавї доштаї. Ман муътаќидам, ки диндории мард љои ифтихор аст, зеро Худованд бандагони мухлисашро назорат карда, болои онњо моли зиёде хайр мекунад. Владимир: Пештар гуфта будам, ки мардум тамоми корњоро ба номи Худо анљом медињанд. Инњо мекушанд, забњ мекунанд, медузданд ва ба номуси мардум таљовуз мекунанд, лекин мо дар Русия њамон кори худамонро анљом медињем. Њама медонад, ки мо медуздем, њеч кас ањамият намедињад. Ба њамин хотир њеч кас дар ин бора њељ кор карда наметавонад. Аммо, Тайиб аз ту пурсиданиям, ки ту худатро чї хел марди бо таќво мењисобї, ту њам ба лутфи Худо такия мекунї? Тайиб: Хуб гўш кун, Худованд њамеша дар нисбати ман мењрубон будааст. Ман дар ин масъала ба пуррагї мисли Алї њастам. Дар кишварам њар чї бихоњам, анљом медињам ва њар шахс фикр мекунад, ки ман наљотдињандаи Туркия њастам. Нигањ кун, ман дар муддати камтар аз 10 сол иќтисодиёти кишварам-Туркияро се баробар боло бурдам. Оё њаќ надорам, ки чанд миллионаке аз ин љову он љо канда гирам ва бовар кунам, ки барои ин ќадар ќурбонињои ман нисбат ба кишварам фарзандонам аз онњо истифода мекунанд? Владимир: бечора, ман њам дардшарики худат њастам. Лекин ваќте гап мезанї ба кї бовар мекунї? Ту бовар дорї, ки мо аз ин њам зиёдтарашро намедонем? Алї: Хуб гўш кун Владимир, ту бо Тайиб ба ягон маќсад намерасед, ман хеле ваќт мешавад, ки ба ў "таслим" шудаам. Лекин Бебї ман туро намегузорам, ки аз ин вартаљарї эмин бошї! Љаноби Нетаняњу нагў, ки ман одами покам, барои сарфу харљи зављаам дуздї намекунам. Агар вазифаатро аз даст бидињї ё аз пардохтњои сарфу харљи занат даст бикашї, вай туро мекушад! Бебї, Ростї, ман барои занам хеле харљ мекунам, лекин ёд дошта бош, ки вай њамеша дар канори ман аст. Мо чанд ваќт баъд ќоидањоро мешиканем ва њукуматро дар ин љову онљо ба баъзе чизњо муттањам мекунем. Чанд вазирам дар ќазия ришва ва ё фасоди молї муттањам шуданд, ин як чизи табиї аст. Ба њар њол, ман айни замон ба тавсеи шањраксозї ва ба ќонуне, ки Исроилро бар асоси он як давлати яњудї ва барои яњудињо бишиносанд, машѓулам, кї ба коррупсия ањамият медињад? Алї: Бебї ту фикр мекунї, ки воќеан ин корро ба хотири субот дар Ховари Миёна анљом медињї? Лекин, бигзор ба мавзўи мол баргардам. Оё ту гуфтаниї, ки мисли ин рафиќи азизам Владимир фаќат пулро аз зери миз медуздї? Владимир: Алї, як лањза сабр кун. Ман ягон бор нагуфтам, ки пулро аз роњи таги миз дуздї мекунам. Њаќиќатро гўям, ман ба ин кор ниёз надорам. Дар кишвари ман Русияи кабир ин чиз (дуздї) як кори писандида аст. Алї: эй мардакњо њамаатон хуб гўш кунед, ман фикр мекардам, ки мо имконияти як гуфтугўи созанда ва њал кардани баъзе мушкилоти зарурии њамсояњоямонро анљом дода метавонем, лекин корњо тавре менамоянд, ки мо њаќиќатро дигар хел мебинем. Аммо агар чунин кореро њам анљом бидињем, вазъият бадтар мешавад. Зеро ба ѓайр аз ин чї хел сари ќудрат боќї мемонем? Владимир: Эй мардак љони гапа гуфтї. Ман медонам, ки шарикони ман дар њамин нуќта бо ман мувофиќ њастанд. Бебї: Хеле хуб, мо дар як чиз њадди аќал бо њам ба тавофуќ мерасем. Тайиб: Бале, шояд як бори дигар љамъ шудани мо зарурат дошта бошад! Алї: Ин ќадар бепарво нашав, мардум фикр мекунанд, ки мо барои тамдиди њукумат ва сари ќудрат мондани худ наќша мекашем. Тарљумаи Амруллоњи НИЗОМ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

11

Олуча олучаро дида... Чаро ислоњи ному насаби русї миёни роњбарони тољик расм шуд? Дирўз ба як идораи муътабар бо коре рафтам. Нафаре аз ходимони он лавњеро, ки дар он ному насаби роњбар ба шакли тољикї сабт шуда буд, ба пањлуи дари дафтари сардор насб кард. Аз ў пурсидам, ки сабаб чї бошад, ки якбора бо як овоз байни роњбарони баландпоя ва дар баъзе нињодњо, аз љумла, дар Прокуратураи генералии Тољикистону Суди олии Тољикистон ва дар зинањои миёнаи ин нињодњо њам тољикшавї, дурусттараш ислоњи ному насаби русї ба аљдодї сар шуд. Посухам дод, ки ў як корманди оддист ва аз ин гирумонњо хабар надорад, аммо ному насабаш русї аст ва ба худаш маъќул њам њаст. Агар маљбураш накунанд, баъди сад сол њам номашро аз русї ба тољикї намегардонад. Дар байни мардуми оддї ва кормандони миёна ва поёнии идорањои њукумат ањён ањён нафароне пайдо мешаванд, ки аз исми хонаводагї кунияи русиро партофтаанд. Вале байни сарварон чї шуду чї монд, ки номдигаркунї якбора бо суръати баланд сар шуд ва ба вазире ё кабире, ки номи хонаводагиаш бо "-ов" ё "-ев" тамом мешавад, нома нависед, то он мактуб ба он вазорат мерасад, вазир номашро тољикї кардааст. Сабаб чї бошад? Виљдони миллиашон якбора ба љўш омад? Њол он ки як сол пештар вазъият тамоман дигар буд. Агар он рўзњо ба фењристи ному насаби вазирону раисон менигаристед, бароятон маълум мегардид, ки фаќат як гуруњи хурди курсинишинон номи худро ба тарзи суннатї гардонида буданд: Гавњар Шарафзода, раиси Кумитаи забон ва истилоњот дар назди Њукумати ЉТ, Азим Иброњим, муовини сарвазир, Шермуњаммади Шоњиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Тољикистон, Ќосими Роњбар, вазири кишоварзї, Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тољикистон ва чанди дигар. Аз байни инњо Азим Иброњим ва Гавњар Шарафзода аввалин нафароне буданд, ки ному насабашонро суннатї кардаанд. Масалан, хонум Шарафзода њанўз соли 1998 аз бањри "-ова" баромада будааст. Бо яке аз кормандони миёна дар як ни-

њоди њукумат, ки ба наздикї кунияи тољикї гирифтааст, суњбати кўтоње доштам. Чун аз ў сабаб пурсидам, ки чаро номашро тољикї кард, иќрор кард, ки дар гўшаи хаёлаш њам номашро ба тољикї гардонидан набуд, зеро барои ин кор масрафи тахминан 300 сомонї ва ваќту њавсала даркор аст. Аммо сардор дастур дод, ки њамаи мо, ходимон, дар як муддати кўтоњ насабамонро тољикї кунем. Кунљкобї кардам, ки агар ин дастурро иљро намекардед, чї мешуд. Гуфт, чизе намешуд, вале ин гарданшахии ман рўзе ба инобат гирифта мешавад ва шояд барои баландтар баромадан халалам њам расонад. Аз ин суњбат бармеояд, сардор дастур дода, аммо ба сардор кї фармон дода? Ва якбора ба фављ - фављ тољикшавии насаби рањбарон кї ва ё чї сабаб шуда? Шояд Раиси љумњур, ки аз њамтимону тобеонаш барои ба ному насаби аљдодї баргаштан талабе пеш наоварда буд, тоќаташ тоќ шуда, дастуре дода, ки њамаашон бояд аз "-ов" "-ев" даст кашанд ва миллаташонро фаромўш накунанд? Президент њафт ё њашт сол пештар номи худро тољикї карда буд ва њатто ёдам њаст, баъзе воситањои ахбори Русия ба ин амали сарвар киноя њам зада буданд. Метавон гуфт, воќеан њам Президент бисёр ботањаммул ва пурбардошт будааст, ки дар тўли ин солњо расман ва рушод аз ягон вазир ва ё рањбар напурсид, ки чаро то њол исмат русист. Мантиќ њам њаминро талаб мекунад, ки ваќте ки шумо, муњтарам раиси кумита ва ё вазир, бо ибораи Њофиз бо Президент дар як "киштинишастагон" њастеду сиёсати ўро пиёда месозед, мебоист аз ин иќдоми миллатпарваронаи Президент њам бо љону дил... њафт сол пештар дастгирї мекардед ва аз бањри номи русї мебаромадед. Пас чаро якбора ва ањлона роњбарон ба исми тољикї мегузаранд? Ва ё табиати инсонї њам мисли олуча аст, ки чун яке ранг оварад, дигараш низ сурх мешавад? Сафои СОДИЌ

ЌАРЗИ ХОРИЉИИ ТОЉИКИСТОН БЕШ АЗ 2,1 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ШУД

Ќарзи хориљии Тољикистон то ибтидои моњи октябри соли равон 2 миллиарду 122,4 миллион доллари ИМА - ро ташкил додааст. Бино ба иттилои расмї, ќарзи бевоситаи давлат зиёда аз 1,9 млрд. доллар буда, њаљми ќарзњои кафолати дав-

латї дошта ба 19,34 млн доллар мерасанд. Маблаѓи ќарзии корхонањои давлатї баробар ба 31,5 млн. доллар мебошад. Њаљми ќарз аз Сандуќи байналмиллалии асъор, ки барои риояи мувозинати пардохт ва наќши таъминкунандаи Бонки Миллиро таъмин кардан, гирифта мешавад, ба 152,42 млн. доллар мерасад. Вазорати молияи Тољикистон дар моњи июли соли равон эълон карда буд, ки дар нимаи аввали соли 2014 ќарзи хориљии Тољикистон 2, 2 миллиард доллар аст, ё баробар ба 21,9 %-и воридоти нохолиси дохилиро ташкил медињад. Азамати ВАЊЊОБ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

БО ШОИР Басир Абдулло 6 - уми сентябри соли 1968 дар дењаи Ќалъачаи Дукчии ноњияи Исфара чашм ба олами њастї кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №18 - и зодгоњаш ба Донишгоњи миллии Тољикистон њуљљат месупорад, аммо ба ў муяссар намегардад, ки дар ин даргоњи илму маърифат донишљў шавад. Басир Абдулло, мисли њазорњо њамватанони муњољирамон ба Русия барои кор меравад. Аз соли 2002 то инљониб дар Русия доимї зиндагиву кор мекунад. Мавсуф њоло дар ин кишвар ба омўзиши забонњои англисї ва арабї машѓул аст. Бо омадани илњом Басир Абдулло шеър њам эљод мекунад. Њоло чанд намунаи шеъри эљодкардаи ў пешкаши шумо мегардад.

БАСИР АБДУЛЛО Санги душман ба сарам гарчи муаллаќ бошад, Ман ба он роњ равам,то рањи барњаќ бошад. Тасдиќи њар суханеро ѓами андеша кунам, Гуфтаи њар ки агар њар ќадаре њаќ бошад. Лањзае сабр кунам,то ки равад љањду љадал, Додзан бар сари ман гар каси ноњаќ бошад. Њар ќадар зор шавам, хизмати яњуд накунам, Гарданам бор чаро кофири мутлаќ бошад?! Гар ба мо бо назари Рафшану Љумшуд нигаранд, Кори моро ба куљо роњату равнаќ бошад? Њоли моро нашавад бењ ба ин мулки хунук, Чун таманно фаќат аз њуљљату байраќ бошад. Њар ќадар олиму доно, ки шудем, беамалем, Хизмати мо ба кадом ањсану ќарсак бошад. Њар ѓами одаму олам, ту Басирї, ки махўр, Фикри бењуда фаќат дар сари ањмаќ бошад!!! *** Тољикистон! Љон фидоят гар кунам, арзанда бод! Бењтаринї, бандагї бар њифзи ту аз банда бод! Душманонат дур наянду балки он њамсояанд, Дар љањон њамсояи бадкинаат шарманда бод! Аз гиребон гар гирифтанд, аз гулўят мегиранд, Эй, илоњо, дасти душман аз гиребон канда бод! То њанўз истодаї бо зонуят, аз љо бихез! Ростќомат подшоро тољвар зебанда бод! Гарчи имрўзи ману ту ин ќадар бечорагист, Сад умеди мо ба фардо, зиндаи оянда бод! Ин ѓарибї, ин људої бигзарад, њар тољикат Роњу ризќи худ биљўяд њар куљо, ёбанда бод! Пеши чашми ањли олам парчамат бардоштї, Дар баланди парчамат аз обру тобанда бод! Аз бари ту, модари љон, дур њастан дам агар, Њастии њар тољике бо њастият оганда бод! Њар ќадар куштанду моро дар дили мо гиря аст, Дар дили фардои наслат шодї бодо ханда бод! Номи ту хоњанду созандам сиёње то кунанд, Дилсиёње то ба охир рўсиё, руганда бод! Пири дунё будиву аз нав љавонат кардаанд, Тољикистон, њар хатое мекунї бахшанда бод! Бар њасудон гуфта монам, ин шиори ман бувад: Тољикистон зинда буду зинда асту зинда бод!!! *** Туро, ки ёд кардаам хумори кўи ту гирифт, Ба кўи ту расидаму хаёли рўи ту гирифт. Ба ваќти бас надиданам љамолу њусни дилбарат, Дилам њавої шуд, њавас ба љустуљўи ту гирифт. Зи ман гуреза мешавї, ба ман ситеза мекунї, Камони ишќи душманам нишони сўи ту гирифт. Ба зангу гуфтугўи ман ту ханда мекунї, вале Маро чи гиря аз гулу зи гуфтугўи ту гирифт. Ба буи гул дигар њавас намекунам, ки он нафас Њавои хонаи дилам чу атри бўи ту гирифт. Кушам њамон нигоњро, ки сўи дидаат кунад, Ва рашки шонаро кунам, ки мављи мўи ту гирифт. Чи ошиќи забониам, чи мардї шишаљониам, Ки сакта дар забони ман зи рў ба рўи ту гирифт *** Замон нав мешавад аз нав, ба њар давре зи навсозї, Ва гўё ин замон созад зи нав бо ин љањон бозї. Замон мизбону мо мењмон - бигуфт гар шоире боре, Ба гуфти шоири њаќќосухан ман розиям, розї. Камонсозу камондоре, камонбозї дилаш љўяд, Дилам бар ларза меояд зи њар љангу камонбозї.

Њазорон наѓма месозад љањони наѓмагар аз нав, Шавад бечора халќ аз наѓмабозу нагмапардозї. Њазорон њилла мељўяд замони њиллаљў имрўз, Сари фардои олам мекафад бо хиллаандозї. Кафомон халќи олам роњи равшанро намељўяд, Ба пеш охир равад кай бо кафорафтан, кафотозї? Зи шеъри бешарар шоир надорад ќадру ќиматро, Агар њофиз надорад номи хубе бо бадовозї. Забонатро нигањ дору љавон њушёр бош имрўз, Ки умратро насўзонад зи беаќлї ягон ќозї. Замон нодида бигрифтан, зи нодонї давиданњо, Нишони оќилї охир набошад, аз чї метозї? Басирї, пеш аз он, ки як сухан гўї,бикун фикре, Надорад ин замони мо табу тоби сухансозї ... *** Њар сањар, дўст, ба оинаву аксат назаре кун, То тавонї, зи руњи турши ќавоќат њазаре кун. Роњи ожанги чабин дидаву андеша намо, эй, Ваќту умрат гузарон, аќлу дилатро хабаре кун... Бо табассум бикунї ёд агар лањзаи хушро, Зи хаёли хафу андешаи бад њам гузаре кун. Рўзи дирўза зи ту бад гузарон шуд, ба чї боке? Рўзи имрўза бикушї, ки шавад хуб, дигаре кун. Дил фарањ дору тањорат бикуну шукри имонат, Ба намоз исту њама роз тавонї сипаре кун. Душ, гар сахт биранљонд ягон нохалафи зўр, Зур бошї, ту биё, њар ѓами худро басаре кун. Дар сањар, васвасаи душману шайтони раљим аст, Аз дилат буѓзу паи решаи кинро бадаре кун. Љону дил бо ѓаму коњиш наравад аз паи хоњиш, Натавонї, ки кунї хоњиши дил, рањми саре кун. Хуб бувад, даст биёзонда каме машќ намої, Руњи ниммурдаву нимзиндаи худро шараре кун... Њар сањар, рўзи нав асту рањи умри дигаре њаст, Шукри ин неъмату њар додаи ваќти сањаре кун... *** Хурсандињои ман шоду сафои дил, нозу навои акл, Дилбандињои ман обу њавои дил, сози расои аќл. Озурда гаштанам, афсурда гаштанам аз сахтии њаёт, Дилмурда гаштанам кори фанои дил, ё худ адои аќл. Овора буданам, бечора буданам ин ќисмат асту лек, Садпора буданам љабру љафои дил, ќањру љазои аќл. Бењуда медавам, њар љо, ки меравам дар роњи зиндагї, Бас хаста мешавам ё аз барои дил, ё аз ќафои аќл. Дилтангињои ман, љонсангињои ман аз душманї бад аст, Њар чангњои ман сўзу сазои дил, сањву хатои аќл. Дур чун зи Мењанам худро њамезанам бар кору бори сахт, Њар дам гиристанам ё аз ќазои дил, ё аз азои аќл. Бегонагї бубин, бехонагї бубин бошад азобу дард, Девонагї бубин шуд мубталои дил, шуд дар балои аќл. Лоиќ нашуданам, содиќ нашуданам бањрат Ватан хатост, Ошиќ нашуданам беќалбињои дил, беаќлињои аќл!!!! *** Дарси њаёт дидаму нохонда мондаам, Дар тангнои зиндагї дармонда мондаам. Ишќи љањонї љустаму онро наёфта, Аз ишќи дину илм ќафомонда мондаам. Њар як фишори зиндагиро дил ба худ гирифт, Дилхаста, дилшикаста ва дилмонда мондаам. Аз зарбањои сахт наафтодаму вале Ѓам хўрда, худ зи пою пай афтонда мондаам. Бар њар ки дода гўш бикардам, ки њар чї гуфт, Худро чу хўса сохта сўзонда мондаам. Ќадре накарда умри хушеро, љавониро, Бигзашту рафт, бехабаре монда мондаам. Љустам чу нону луќмаи бемењнате, вале Дасту дилам ба лойи ѓам олонда мондаам.

Љустам њаёти хуш ба Ватан, чорае нашуд, Худро ба амри дил зи Ватан ронда мондаам. *** Меравему пеш, аммо љои худ истодаем, Маќсаде кай пеши худ аз азму сай бинњодаем? Зиндагиро дида-дида, боз чун нодидае, Бо њама боаќлї пеши ањли олам содаем. Њар ќадар боло давему бар баландињо равем, Ин ќадар дар пастињои зиндагї афтодаем. Љодаи илме талошеро надорему чаро Дар талоши нони худ њам мо чунин бељодаем?... Кори хайреро накарда дар рањи аљру савоб, Мо ба пеши Њактаъоло аз гунањ озодаем? Аз љањолат кай бирастему бубинем асли худ, Мо мусалмон, гуфта то кай масти бангу бодаем?... Њеч кас аз моли дунё, ѓайри имонаш набурд, Мо, вале бар нафси дунё љону дилро додаем. Шири модар пухта буду хом гуфтемаш, чаро? Ё чу модарзода хоме хом мо њам зодаем?... *** Њар гањ, ки туро дидаву оѓўш мекунам, Гўё тамоми ѓусса фаромўш мекунам. Ман ташнаам ба дидаи боронирези ту, Аз оби чашму чашмаи лаб нўш мекунам. Як дам, ки бо ту њамнафасе мешавам, зи нав Хунсардињои дил њама дар љуш мекунам. Оѓўш мекунам ва ором мешавам, Бар њар сухан ва оњи дилат гўш мекунам. Ман дидањо намеканам аз нури рўи ту, Гар нози шањдбори туро хуш мекунам. Бояд ба ќадри ту бирасам бо мурури ваќт, Шояд фиѓони дил њама хомўш мекунам. Њар бор меравам зи барат, эй азизи дил, Бори фироќи зиндагї бар душ мекунам. *** Бар дарду гарди ишќ, ки моил ќариб шудам, Тањсили ишќ карда фазоил, ѓариб шудам. Њар ѓусса рафт аз нафаси дилхароши љон, Чун масти атри зулфи њамоил, наљиб шудам. Хуш лањзае, ки аз бари ман хушнамо гузашт, Бас, бар нигоњи дилбари ноил, насиб шудам. Гуфтам, суоли ишќу саломаш дињам, вале Њайфо, ќариб нагаштаму зоил, раќиб шудам. Мафтун ба њарфу њар сухану хандааш будам, Афсун ба њусни нози шамоил, базеб шудам. Бо он нигањ, ки кушт маро чашми дилрабо, Аќлу дилам бибурд, ки ќоил, аљиб шудам. Боре, Басир гуфт: Ба дарде, ки охире Дар њарбу зарби ишќу масоил адиб шудам. *** Бо роњи њаќ равон шавї, њакбурда меравї, Бо роњи каљ чу тири хатохўрда меравї. Бо роњи сахт агар, ки равї љустуљўи бахт, Хуни љигар ва аќлу дил афшурда меравї. Роње зи илм пеш бигир эй љавон, ки хон, Санги хатои зиндагї бишмурда меравї. Эй, пир, басо љавон, ки надид даври пириро, Бар лаб чаро ба њасрату озурда меравї? Имону ишќро ба чи бидњї ба доми нафс, Лаззат зи он надидаву нобурда меравї. Аз худ марав зи сарвату њадро гузар макун, Носер бар љањон шуда нохўрда меравї. Бар васлу коми ишќи дилат кай бувад мурод, Гар роњи ишќ бе дилу бе гурда меравї... Бар ќадри зиндагї бирасу зиндагонї кун, Фиръавни навзамон шавї њам, мурда меравї. Барги хазону резиши онро Басирї бин, Рўзе, чунон ки пир шудї, пажмурда меравї.


ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

13


14

ДИДГОЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

- Ваќтњои охир масъалањои марбут ба љавонон дар љомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иљтимої иќтисодї, бекорї ва камбудињои љавонї аќидањои ифротї ва ѓояњои иртиљоии "хориљї" низ мафкураи љавонони моро табоњ менамоянд. Ба ин амр якчанд омилњо мусоидат менамоянд, ки баррасї намудани онњо аз ањамият холї нест. Яке аз мушкилоти асосии љавонон дар љомеаи муосир ин поён рафтани меъёрњои ахлоќї ба шумор меравад. Ваќте муомилаи љавонон пур аз алфози фањшу ќабењ бошад, ваќте сухани дурўѓ як меъёри муќаррарї бошад, ваќте ришва одати маъмулї ба шумор равад, ваќте дар назди сомонањои иљтимої ваќти зиёд ва ќимати љавонон сарф шавад, пас, ваќти задани бонги хатар фаро расидааст. Дар замоне, ки таѓйироти бунёдї љомеаи љањониро фаро гирифта, љањонишавї хатари омезиши фарњангњо ва аз байн бурдани асолати миллиро тањдид месозад, ягона умеди наљоти миллат љавонони бофарњанг ва баномус мегарданд. Хатари дигаре, ки ба љомеа, алалхусус ба љавонон тањдид месозад, ин густариши фаъолияти љараёнњои ифротї ва иртиљої мебошад. Созмонњои ифротї аз ќабили "Њизб - ут - тањрир", "Ансоруллоњ", "Љунд-ул-лоњ" ва "ал-Ќоида" фаъолияти тахрибкоронаашонро бо шиорњои исломї рўпўш намуда, њадафи шикасти сохти конститутсиониро дар кишварњои минтаќа доранд. Хатари тањдиди онњо бо ѓояи таъсиси Хилофати ягона, аз байн бурдани режимњои давлатии мављуда, бо даъват ба љињод ва амалњои зўроварї алоќаманд мебошад. Барои љалби љавонон љараёнњои мазкур аз тамоми василањо истифода ме-

МУШКИЛОТИ ЉАВОНОН ВА РОЊЊОИ ЊАЛЛИ ОН ДАР ЉОМЕА

намоянд. Дар баробари њавасманд намудани љавонони ноогоњ, љалби љавонон ба марказњои махсуси таълимии динї, "ёрї" - њои молиявї, тарѓиби ѓояи мубориза алайњи бединон ва соњибмазњабон татбиќ мегарданд. Фаъолияти густурдаи љараёни "Салафия" низ ба пояи вањдати мазњабии ањолии кишвар зарба зада, аќоиди иртиљоиро дар мафкураи љавонон пањн месозад. Онњо аз риояи аркони исломи ноб њарф зада, пеш аз њама вањдати мусулмононро барњам мезананд. Ѓояи зарурат надоштани мазњаб барои пайравони огоњ мањз ин њадафро пайгирї месозад. Аз ин рў, пайравони Салафия мазоњиби дигарро хоњ суннї бошад, хоњ шиа эътироф намесозанд. Танњо тайи ду соли аввали фаъолият

(солњои 2007 - 2008) равияи мазкур зиёда аз 20 њазор нафарро (тибќи маълумоти расонањои ѓайрирасмї) ба доми худ кашида, ба пояњои амнияти мазњабї, иљтимої ва равонии љомеа зарба мезанад. Мардуми кишвар, ки бо арзишњои тањаммулпазирї шуњрат доранд, дар рў ба рўи хатари муассир бо пардаи динї ќарор гирифтанд. Боиси таъкид аст, ки яке аз омилњои гароиши љавонон ба ин гуна гуруњњо сатњи пасти маърифати зењнї, надонистани арзишњои ватандорї ва унсурњои асосии динї ба шумор меравад. Њамзамон сатњи баланди бекорї, сатњи пасти иљтимої ва шароитњои зиндагї ва ѓайра ба ташаккули иртиљоият миёни наврасон мусоидат месозад.

Аслан, аќидањои иртиљої ва усулњои фишору зўроварї аз замони љанги шањрвандї миёни ањолї роиљ гаштанд. Айни замон зиёда аз нисфи ањолии кишварро насли љавон ва наврас ташкил медињад. Љавонон дар заминаи равобити баъди љангї ташаккул ёфта, тарзи муносибат ва усулњои зўроварии рафторро шоњид буданд. Аз ин рў, барои расидан ба њадаф аз усулњои зўроварї истифода менамоянд. Мушкилоти дигаре, ки дар зењни љавонон љой гирифтааст, ин ќимати гарони манзили зист, хизматрасонии тиббї ва тањсил, миќдори ками љойњои кори арзанда ва бо маоши хуб ба шумор меравад. Дар чунин шароити њассос чи кор бояд кард, то нерўи муќтадири љавонон ба самти созандагї ва рушд равона гардад. Тавре маълум аст, рушди кишвар на танњо бо муваффаќиятњои иќтисодї, балки бо сињатии маънавии миллат муайян мегардад. Таърихан яке аз арзишњои суннатии мардуми мо фарњанги ѓанист, ки бо таърихи миллат ва унсурњои ислом ташаккул ёфта, љомеаи моро љузъи тамаддуни исломї мегардонад. Аз ин рў, масъалаи тарбияи љавонон дар руњияи меъёрњои ахлоќї, фарњангї ва динї яке аз масоили муњим дар кишвар ба шумор меравад. Амриддин ШАРИПОВ, устоди ДМТ, дотсент


НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА Духтар беморхона барои аёдати наѓздидааш меравад. Дар назди дари бемор занеро бо халати сафед мебинаду мепурсад: - Иљозат њаст дароям? Зан аз ў мепурсад: - Мебахшед, шумо кї мешавед ба бемор? Духтар посух медињад: - Ман хоњари бемор. Зан бо тааљуб мегўяд: - Аз шиносої шодам: ман модари бемор. *** Зан ба шабакаи телевизионї занг мезанад: - Илтиљо мекунам, навиштаљоте, ки аз таг медаванд, дигар нишон надињед. Шавњари ман фикр мекунад, ки ин караоке аст, аллакай ба сурудхонї даромадааст. *** Омўзгор дар синф ба талабањояш мегўяд: - Бачањо, њамаат дуо кунед, ки имсол хунукї камтар шавад. Талабањо дар љавоб мегўянд: - Њамааш бефоида аст устод, дуои мо мустаљоб намешавад. Омўзгор: - Чаро? Яке аз талабагон дар љавоб мегўяд: - Э устоде, агар дуоњои мо мустаљоб мешуд, шумо то њозира зинда намебудед. *** Дар синф кори контролї. Талабањо мепурсанд: - Муаллима, калкулятор истифода бурдан мумкин? Муаллима: - Бале. Дигар талаба: - Љадвали Менделеевро чї? Муаллима: - Мумкин. Акнун нависед номи мавзуъ: Таърихи давлати Сомониён. *** Мошини Афандиро нозири БДА ист фармуда, мегўяд: - Чаро мошинат раќам надорад? Афандї дар љавоб мегўяд: - Командир ман ранги њама нестам. Ман номерома аз ёд медонам.

БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миёномадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи Тољик": Директор Аттоев С.К, Тел: 221-86-89, 95177-40-71, танзимгар: тел.701-8402; Шабакањои барќи ноњияи Исмоили Сомонї: Сардор - Нуров О., тел:985-56-02-09, танзимгар:227-10-50, 227-10-51; Шабакањои барќи ноњияи Шоњмансур: Сардор - Рамазонов Х., тел:985-42-02-79, танзимгар:227-10-12, 227-10-13; Шабакањои барќи ноњияи Сино: Сардор -Мањмадшоев М., тел:95-133-88-35, танзимгар:23610-14, 236-10-17; Шабакањои барќи ноњияи Фирдавсї: Сардор -Кишваров Д., тел:985-56-02-08, танзимгар:23110-24, 231-10-21.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

? - И НОБОБ

ОЁ МАН БЕ ЊУЗУРИ ШАВЊАРАМ МЕТАВОНАМ, ПАТЕНТИ ЎРО МАЊКАМ КУНАМ? - Соли 2009, шавњарам ба як ширкати хусусї ба њайси омўзгори забони англисї ба кор даромад. Ширкат шавњарамро тариќи патент ба кор ќабул кард. Дар ин ширкат њамсарам ба кор шуруъ кард, аммо маош мувофиќи ањди шуда аз љониби корфармо таъмин карда нашуд, аз ин сабаб, пас аз ду моњ аз кор рафт. Баъд аз ду моњи кор дар ширкат ин патентро дигар истифода набурдааст ва онро мањкам њам накардааст. Њамин сол аз Нозироти андози ноњияи Сино ба хона мактуб омад, ки шавњрам аз њисоби фоизи патент зиёда аз 5000 сомонї ќарздор шудааст. Айни њол, шавњарам дар Русия дар муњољирати мењнатї ќарор дорад. Инро чї хел фањмем, ваќте ки шахс дар љумњурї нест, бо патент кор намекунад, патенти ў фоиз кор мекардааст? Оё аз нигоњи ќонунгузории љории кишвар ин дуруст аст? Оё ман бе њузури шавњарам метавонам, ки патенти ўро мањкам кунам? Барои ин чї кор кардан лозим аст? Зебогул САФАРОВА, сокини шањри Душанбе - Мутобиќи ќисми 1и моддаи 283 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон (КА ЉТ) низоми андозбандии шахсони воќеие, ки фаъолияти соњибкориро дар асоси патент амалї менамоянд низоми махсуси андозбандї мебошад. Бинобар ин соњибони патент уњдадоранд андозњои муќаррарнамударо ба андозаи устувор новобаста аз даромади бадастомада бояд пардохт намоянд. Меъёрњои андозњои соњибкорони инфиродие, ки тибќи патент фаъолият менамоянд аз рўйи намудњои алоњидаи фаъолият бо назардошти хусусияти минтаќавї дар асоси моддаи 286 - и КА ЉТ, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њамзамон бояд таъкид намоям, ки уњдадории андози шахси воќеие, ки низоми патентиро интихоб намудааст то расман бекор кардани ќайди давлати давом мекунад. Шояд дониши нокифояи њуќуќї ё аз фарњанги соњибкорї огоњ набудан, ё дигар њолатњои истисної шавњаратонро водор намудааст, ки бидуни риояи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон патенти худро аз ќайди давлатї расман бекор накарда ба Русия њамчун муњољири корї рафтааст. Акнун бо љалби адвокат ё худатон метавонед ба нозироти андози ноњияатон мурољиат карда патенти шавњаратонро аз ќайди давлатї бароварда бекор кунед ва дар асоси санадњои њуќуќї агар чунин чунин њолати сабуккунанда вуљуд дошта бошад аз пардохти ќарзу фоизи он худдорї намоед. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илми њуќуќшиносї посух дод.

ШЕЪРИ ИЉТИМОЇ ДАР ВАСФИ ИНТИХОБОТ БО ЛАЊЉАИ МАЊАЛЛЇ Эй мардум хуб хуш кунен, Ќисса дорум гуш кунен. Дар мардумон одатай, Гапи хубмон очатай. Хафа нашен калоно, Танќид ба мо одатай, Сарќонуни кишвармон, Таъќиб наку танќидомон Озодии виљдон дорем, Хуб бисёр ќонун дорем. Дар давраи тинљињо, Дур зи интихобињо, Мардум мешад фаромўш, Калоно гум ќисматуш. Касе ёди мардума, Мардумони мазлума, Мардуми бе обу нуна, Бе свету њезума, Парвош асло надора, Налогша баланд дора, Ѓавѓо дар сари данг дора, Мушу гурба љанг дора, Даври интихоб сар меша, Калоно гаранг мешан, Ѓамхори мардум мешан, Фаромўшї гум меша, Бояд овоз бигира, Курсии хуб бигира, Номи хуби депутат, Яке роњсоз мешава, Дигаркорсоз мешава, Сеюмї собун месоза, Чорумї хуб менавоза Њизбњои ќиссавї, Ќиссаи афсонавї, Бедор ай хоб мешаван, Бо мардум соз мешаван.

Овозта мода бте, Љонсозта мода бте, Ин мардуми бечора, Сарсону надора чора, Њайронай, ки чї куна, Интихоб кна ё накуна, Агар нарава интихоб, Ё ки рава дар хона хоб Овозаш дуздида меша, Интихобаш барваќт меша, Интихоб ки намеша меша. Барои ў чї фарќ меша, Все равно ў мардикорай. Сини Русия равонай, Дар таги шатаи урус, Тољико додгуёнай Ана интихоб сар меша, Сари калоно вайрон меша, Дар фикршон мардум меша, Бад андак бад гум меша, Пештар хуб буд камтарак, Калўшу орди сар сарак, Ба мардумо мерасид, Даври интихоб мешид, Ин ќиссаи ма ростай, Бовар кун њамтањастай Ду се рўз пас аз интихоб Мардум њастай ё ки нестай? Ин шеъри ма хуб нестай, Дарди сари ман њастай, Бади навиштани ин, Приговорам низ њастай Таъќиб накунен дўстон, Ман як маъюби љавон, Бо зиндону ќатли ман, Кортон намеша осон. Зафар ЌУРБОНОВ

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

ПОДШОЊУ ХОНЊОИ ШАБАКАЊОИ БАРЌРО КАБУЛ НАДОРАМ! - Дар моддаи 5 - уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст: "Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд". Дар моддаи 1- уми Конститутсияи ЉТ омадааст: "Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад". Дар моддаи 18 - и њамин Конститутсия навишта шудааст: "Њар кас њаќќи зиндагї дорад". Ман ин иќтибосро инљо бесабаб наовардаам. Фикр мекунам, ки аксарияти роњбарони имрўзаи ташкилоту идорањои давлатї талаботи меъёрњои Конститутсияро намедонанд ва аз иљрои онњо саркашї мекунанд. Ин суханњо дахл доранд ба фаъолияти роњбарони ЉСК - и "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ва Шабакањои барќи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт. Онњо нисбат ба хонавода ва њамсояњои мо муносибати хунукназарона зоњир карда, моёнро аз энергияи барќ мањрум сохтаанд.Онњо ба таъмии шабакањои барќи мањаллаи мо машѓул намешаванд, ба аризаи дар ин бора навиштаи ман эътибор намедињанд. Агар ањвол њамин тавр давом ёбад муносибати беинсофона ва хунукназаронаи онњо ањолиро аз давлату њукумат норизо менамоянд. Њамин хел муносибат мекунанд, ки гўё њар яки онњо подшоњ ва амир Олимхон бошанд. Аз иљрои вазифањои хизматии худ рўирост даст кашида, бешармона тамоми гуноњро ба сари истифодабарандагони энергияи барќ, яъне ањолї бор мекунанд. 50 - 60 сол пеш дар замони СССР хатњои барќї ва симчўбњо дар мањаллаи мо ба истифода дода шуда буданд, ки акнун аксарияти онњо фарсудаву корношоям гардидаанд. Аз он давр дигар ягон бор азнавсозиву тармим нагардидаанд. Аз ин сабаб њар рўз дар мањаллаи мо барои бартараф кардани садама кушокушии энергияи барќ аст. Аз роњбарони давлату њукумат эњтиромона хоњиш мекунам, ки ба ин хонњои замони нав фањмонед, ки вазифаашон аз чї иборат аст! То ки онњо авомфиребї накунанд, ба мискину саргардоникунии халќ роњ надињанд, ба арзу шикояти шањрвандон эътибори љиддї дода, эњтиромона муносибат кунанд ва камбудињои сарзадаро ислоњ кунанд! Холабеѓамию фориѓболї ва бепарвофалакии онњо аз њад гузаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки ба онњо зўри њељ як маќомоту ташкилоти ваколатор намерасад. Аз рўи зулму ситам муносибат мекунанд, вале бояд донанд, ки њамаро кушта наметавонанд. Вазифа дар дасти онњо ба шамшер табдил ёфтааст. О, ин чи хел пойтахт аст, ки дар хонаи сокинонаш пайваста энергияи барќ набошад? Аз 1 то 2 - юми декабри њамин сол њам 30 - 40 соат энергияи барц набуд. Мањаллаи мо - Зањматобод мањаллаи ториктарин ва пурхатартарини пойтахт мебошад.Метавонам, боз якчанд сањифаи дигар илова намоям, лек бо њамин иктифо мекунам. Фаромўш нашавад: 2 сол пеш дар бораи проблемањои шабакањои барќ ба номи раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев ариза навишта будам. Аризаро ба ЉСК- и "Шабакањои барќи Душанбе" фиристониданд, танњо омада диданд, бо њамин халос. Муњаммадраљаб САНГИНОВ, сокини мањаллаи Зањматободи ноњияи Исмоили Сомонї, њавлии №373, нафаќахўр ва маъюби гуруњи III.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (419), 10. 12. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"АНОРТАРБУЗ"- И ШАБДОЛОВ ВА КОЊИШИ БУЉАИ ПАРЛУМОН Сметаи Маљлиси намояндагон дар соли 2015 наздик ба 17 миллион сомонї пешбинї шуда, нисбат ба соли љорї 700 њазор сомонї кам шудааст. Дар ин бора 3-юми декабр дар љаласаи навбатии Парлумон, зимни баррасии Лоињаи ќонун "Оид ба тасдиќи сохтор, руйхати вазифањо ва сметаи харољоти Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" иттилоъ дода шуд. Шукурљон Зуњуров, раиси маљлиси намояндагон дар љаласа гуфт: -харољоти сметаи соли оянда нисбат ба соли љорї 700 њазор сомонї кам карда шудааст. Сметаи палатаи поёнии Парлумони кишвар соли 2014 дар умум 17 миллиону 241 њазору 521 сомонї буд. Бино ба иттилои расмї, вакилон дар соли љорї 617 њазору 744 сомонї бештар аз смета масраф кардаанд. Шодї Шабдолов, вакили Њизби коммунист дар Парлумон аз кам будани маоши кормандни техникии Маљлиси намояндагон изњори нигаронї карда гуфт, коњиш додани буљети соли ояндаи депутатњо набояд ба маоши онњо таъсир расонад. Вай гуфт, маоши кормандони техникї, аз љумла, ронандањо ва фаррошон 300 со-

- Маоши ронандаамро зиёд кунед, ки маро мекушад...

монї аст бояд зиёд карда шавад. - Дар њоле, ки маоши њадди аќал дар пойтахт 800 сомонї аст, кормандони техникї парлумон 380 сомонї маош мегиранд. Ронандањои мо оддї нестанд, онњо масъулияти бехатарии вакилонро ба дўш доранд. Онњо бояд масъулияти бештар њис кунанд, дар ин роњњо миёни 500 њазор наќлиёте, ки дар пойтахт аст, вакилро саломат бояд бурда расонанд. Аз номи Парлумон ба Президент дархост карда шавад, то маоши онњо зиёд гардонда шавад. Нархи барќ ва хизматрасонии коммуналї боз баланд шуд, аммо маоши 340 сомонї ба чї мерасад? Ман дирўз як тарбузи ба анор монандро 20 сомонї харидам. Ин бозорњои мо назорат надоранд, нархро чанде, ки хоњанд мебардоранд,- гуфт вакили Њизби Коммунист. Шукурљон Зуњуров, ин пешнињоди вакилро дастгирї кард. - Воќеан на танњо маоши кормандони сатњи поёнии Парлумон, њатто дар соњањои дигар њам маоши фаррошу ронанда паст аст ва бояд, ки вазъи онњоро дарк карда, тадбир андешида шавад, - гуфт спикери Парлумон. Маоши вакилони Парлумони Тољикистон дар Тољикистон њудуди њазор доллари ИМА аст, ки аз болотарин музди мењнат дар кишвар мањсуб мешавад. Маоши њадди аќал дар Тољикистон 200 сомонї муќаррар шудааст. Њаљми музди миёна дар кишвар, тибќи њисобњои оморї баробар ба 918 сомонї гуфта мешавад, ки камтар аз 170 долларро бо назардошти ќурби имрўзаи сомонї ташкил медињад. Дар љаласа сабабњои коњиш додани буљаи Парлумонро шарњ надоданд. Њамчунин маълум накарданд, ки минбаъд вакилон харољоташонро аз кадом њисоб бояд кам кунанд; барои мисол, пули об, ќанд ва ё бензин барои мошини хизматї. Баррасии Лоињаи ќонун "Оид ба тасдиќи сохтор, руйхати вазифањо ва сметаи харољоти Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" дар умум, бидуни кадом шакку шубња, ки аз вакилони даъвати феълї, ки барои соли 2015 боќї мемонанд, ором гузашт. Интихоботи Парлумонии Тољикистон тибќи ќонун бояд моњи марти соли 2015 баргузор шавад. Мењрбону ОРИФЇ

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Олим БОБОЕВ, раиси ЊИИТ: - Cабаби асосии коррупсия дар низоми капитализм нуњуфтааст. Њамин низоми капитализм асос меёбад ба капитале, ки бо роњи ѓайриќонунї сарчашма гирифтааст. Бинобар ин, он сарчашма як атрибути њамин низом аст. Ин низом худаш низоми фасодзода аст. То низом таѓйир наёбад, коррупсия аз байн намеравад. - Эњњњааа, ана гап гуљонда будааст-дия! Мо гўйид, ўттоќљон, 22 сол боз ўй кара гаштем, мамлакат вайрон шудагишба ким айбдор гуфта... Иброњим УСМОНОВ, роњбари мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо": - Боварї дорам, замоне дар Тољикистон ќудрате пайдо мешавад, ки новобаста аз он ки ќудрати љамъиятї аст, њукуматї аст ва ё дигар, як њайкали сулње месозанд, ки ба ин њайкали сулњ мардум барои хурсандии ин замонашон ба хотири фавтидагони ин љанг сари таъзим меоранд. - Аз њайкалњои зиндаашон чї дидем, ки аз њайкалњошон бинем, устодљон? Абдуманон ДОДОЕВ, раиси дастгоњи КМИРТ: - Њеч љое бењтар аз бинои мактаб барои гузаронидани маъракаи интихоботї нест ва кормандони њеч нињоде мисли омўзгорон, дониши хуби сиёсї ва кор бо мардумро надоранд. -Ин гапатон њељ асоси воќеї надорад, зеро дар 22 сол дар кишвар аќалан як тањќиќоти дурўѓакї њам дар ин бора сурат нагирифтааст... Љалолиддин МАЊМУДОВ, собиќ њамраиси КОМ: - Љанг ду тараф дошт. Сулњ низ аз вожаи мусолиња гирифта шудааст. Мусолињаро ду тараф мекунад. Дар аввал рамзи КОМ ду даст буд, ки он дастњо маълум буд. Аммо имрўз он даст њам аз байн рафту сулњ моли як гуруњ гаштаасту љанг моли як гуруњи дигар. - Шутурро пурсиданд, ки кўтал хуб аст, ё нишеб, гуфт: Худо гирад њардуро... Рустам РАЊМАТЗОДА, раиси ШСХК "Барќи Тољик": - Бар асоси рељаи тањияшуда, ба суратњисоби нерўгоњи Сангтўда - 5 млн. сомонї ва ба суратњисоби нерўгоњи Сангтўда - 1 њар сол 200 млн. сомонї маблаѓ интиќол медињем. -Камтараки дигар кор кунед, яке мефањмед, ки милионњои асосї ба кадом суратбењисобњо интиќол меёбанд... Рустам ЛАТИФЗОДА, раиси Њизби аграрии Тољикистон: - Аъзои њизби мо бештар сокинони дењот ва кишоварзон њастанд. Маќсаду мароми мо ба маќсаду мароми кишоварзон хеле наздикї дорад. Мо њангоми вохўрињо ба суолњои онњо дар бораи роњњои самараноки истифодаи замин суњбат мекардем. Сиёсати њизбро фањмонидем, якбора аъзоёнамон бештар шуд. Инњо аъзои хасакї нестанд, балки њамаи онњо санљида шуда, бо тавсияи собиќадорони њизб ба аъзогї пазируфта шуданд. - Биёед, як шуморем-ку... Худатон - як, муовинатон - ду, боз кї... аз хасакињо бошад њам, шудан мегирад... Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Дар њоле, ки маоши њадди аќал дар пойтахт 800 сомонї аст, кормандони техникии парлумон 380 сомонї маош мегиранд. Ронандањои мо оддї нестанд, онњо масъулияти бехатарии вакилонро ба дўш доранд. Онњо бояд масъулияти бештар њис кунанд, дар ин роњњо миёни 500 њазор наќлиёте, ки дар пойтахт аст, вакилро саломат бояд бурда расонанд. - Шодї Давлатович, баъди љумлаи аввалатон, гумон кардем, ки хобатон бурда, дар хобатон гап мезанед... Хайрият, ки давомашро гуфтед.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.