“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
Ойнињол БОБОНАЗАРОВА:
1
"Сарбоз латукўб шавад, Ватанро њимоя намекунад" №14 (447). Чоршанбе, 01-уми июли соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ТАЪЗИЯ
Даргузашти мутарљими Ќуръон ва "Сањењи Бухорї" САЊИФАИ 7
ШАРИК
Ѓарриву пештозї Чаро русњо њамеша мехоњанд фаромўш кунанд, ки сабаби бадбахтињои мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тољикистон мањз Русия аст?
САЊИФАИ 4
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Назари расмии Мирзодиккаку Ѓалтак ба "бегпулї" - и нав САЊИФАИ 16
12 ёри Саудї Тољикистон "руњониёни зархарид" - ашро ошкор мекунад?
Њушдори Кобул
АМНИЯТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
2
WikiLeaks, сомонаи маъруфи ифшогар, аз њузури 12 руњонии "зархарид"и тољик хабар дод, ки барои таблиѓи ѓояњои мазњабии њукумати Арабистони Саудї дар Тољикистон гумошта шудаанд. Ин иттилоъи нодир расман тахмину гумонњои коршиносони тољик дар бораи раќобати шадиди Саудї ва Эрон дар Тољикистонро таъйид мекунанд. WikiLeaks 19-уми июн таќрибан 70 њазор номаи Вазорати умури хориљї ва дигар нињодњои Арабистони Саудиро фош кард ва дар ќатори онњо номањое низ дучор меоянд, ки ба сафорати ин кишвар дар Тољикистон тааллуќ доранд. Дар ин номањо дипломатњои саудї аз нуфузи Эрон дар Тољикистон нигаронї карда, зарур донистаанд, ки тарѓиби ѓояњои мазњабии Арабистони Саудї дар Тољикистон густариш дода шавад. Дар яке аз номањо, ки соли 2011 навишта шудааст, омадааст, ки 12 нафарро ба ивази маблаѓ ба таблиѓи ѓояњои мазњабии Арабистони Саудї љалб кардаанд ва 5 тани онњо устодони Донишгоњи исломии Тољикистон њастанд. Ин иттилоъ аз љониби вазорати корњои хориљии Тољикистон ва њам сафорати Саудї дар Душанбе то ба њол шарњ дода нашудааст. Танњо Тољиддин Асомиддинзода, ректори Донишгоњи исломии Тољикистон ба расонањо љалби устодони муассисааш ба таблиѓоти ѓояњои мазњабии кишвари дигарро хилофи оиннома ва ќонунњои кишвар хонда, ин ваъдаро супурд, ки дар њоли ошкор шудан онњоро хориљ хоњанд кард. Маќомоти зидахли Тољикистон шояд аз он хотир аз рўи њикмати "сари кал - таги тоќї" рафтор карданд, ки солњои 2011 - 2012 вазорати умури хориљии кишвар барои гузарондани конфронсе марбут ба Афѓонистон аз Арабистони Саудї 200 њазор доллар кўмак дархост кардааст. Ба њар њол, ин ифшогарињои WikiLeaks калиди сиёсатњои Арабистони Саудиро ба дасти коршиносон медињад, ки дар гузашта аз раќобати шадиди он бо Эрон суњбат мекарданд.
"Ишќи аввал" Саудї тайи 5 соли ахир на фаќат дар амри муќобала бо Эрон, балки мазњаби њанафї дар Тољикистон хеле пешрафт кард. Љараёни салафия, ки 10 соли ахир тањти пўшиши мазњаби ањли суннат ва љамоат дар Тољикистон реша давонд ва то љое муваффаќ шуд фитнањоеро ба миён орад, мањз мазњаби расмии њукумати Саудї аст. Таќрибан пас аз соли 2005 салафия љиддан ба зиндагии мазњабии мардуми Тољикистон сар халонд. Асосан "љавонони шањрї" ба он таваљљуњ мекарданд. Кор то љое рафт, ки бархе идеологњои њукумати Эмомалї Рањмон онро њамкори хуб дарёфтанд, ба ин далел, ки салафињо рањбари давлатро "улу-
12 ёри Саудї Тољикистон "руњониёни зархарид" - ашро ошкор мекунад? ламр", касе, ки њукмаш бебањс аст, мењисобанд. Аз дигар тараф, аз нигоњи ин идеологњо, салафињо ба њукумат барои коњиш додани нуфузи руњониёни њанафии анъанавие, назири Эшони Нуриддинљон, Эшони Абдухалил ва Њољї Мирзо бояд кўмак мекарданд. Ин буд, ки салафињо њатто ба телевизионњои давлатии Тољикистон роњ ёфта, амри маъруф мекарданд, то ин ки чењраи худро ошкор накарданд. Муњаммадии Рањматуллоњ, ки гуфта мешуд, рањбари салафињои Тољикистон аст, дар мањфилњо аз хатари шиањо ва Эрон ба Тољикистон суњбат мекард, њарчанд њамчунин далоилро тайи 20 соли ахир касе дар даст надошт. Ў љое њатто Эшони Нуриддинљонро шиа хонд. Гузашта аз ин, муллоњои навбаромади салафї ба куфр эълон кардани бархе расму анъанањо ва мактабњои фикрии тољикї, аз ќабили иди Наврўз ва мазњаби тасаввуф даст заданд. Онњо мисли ошиќе, ки ба шўру шарри "ишќи аввал" печидааст, озодона дар сањнаи мазњабии Тољикистон даст ба кор буданд.
Фитнаи салафињо рўз ба рўз бештар мешуд. Роњбараш љое изњор кард, ки теъдоди аъзояш ба 5 њазор нафар расид. Аммо маќомоти амниятї лаб фурў баста, хомўшї ихтиёр карда буданд. Замоне, ки салафињо, аз њад гузаронданд, Њољї Акбари Тўраљонзода, руњонии маъруф ва собиќ ќозии мусалмонони Тољикистон парда аз чењраи онњо бардошт. Ў салафињоро њамкори Ал - ќоидаву Толибон ва дигар созмонњои террористї унвон кард, њама аз як идеология маншаъ мегиранд ва як сарчашма сармоягузорї мешаванд. Фошкорињои руњонии маъруф маќомотро њам аз хоб бедор кард. Салафияро Суди Олии Тољикистон бар асоси хулосаи прокуратура 8 январи соли 2009 мамнуъ эълон кард. Прокуратура ин љараёнро дар ангехтани низоъ миёни мазњабњо муттањам карда, эълон дошт, ки салафињо мехоњанд дар Тољикистон ќудратро ба даст оварда, давлати исломї ташкил кунанд. Дар пайи ин як ќатор пешвоёни ин љараён, аз љумла Мулло Сирољиддин зиндонї шуданд. Мавсуф соли 2010 ба 7 соли зиндон мањкум шуд. Аммо моњи августи соли 2013 дар як љаласаи Шўрои љамъиятї Сайидму-
род Фаттоњзода, он замон мушовири президенти Тољикистон эътироф намуд, ки ба хотири муносибатњои њасана бо Арабистони Саудї наметавонанд пайравони салафияро љиддан тањти фишор гиранд. Ќабл аз ин моњи июл Мулло Сирољиддин низ пеш аз муњлат озод шуд ва дар боздошти салафињо дар Тољикистон њам як гуна "давраи оромї" фаро расид.
12 ќањрамони... саудї Давраи ороми фаъолияти салафињо пас аз мамнуъ эълон шуданашон пурсамартар аз оѓоз намудор мешавад. Дар асл мебинем, ки дар ин давра як гуна марњалаи нави тоќат кардани салафињо аз сўи њукумати Тољикистон оѓоз шуда, то ба имрўз идома дорад. Њоло рўшан мешавад, ки чаро њукумати Тољикистон пас аз соли 2012 бо салафињо нарм шуд. Дар ин давра Саудї он 12 ёри худро пайдо кард. Њељ баъид нест, ки он "12 тани нопок" ба њукумат нуфуз карда, "њаќиќати њол" ро фањмонда бошанд. Мањз дар њамин давра муносибатњои Эрону Тољикистон "тобу табъ" - и ќаблии худро аз даст доданд. Ќариб як сол Тољикистон дар
САДОИ МАРДУМ
40%
46% ба тањкими њамкорињои Тољикистону Ўзбакистон бовар доранд
36%
35% 30% 25%
20% 16%
20% 15%
13% 10%
10%
5%
5%
1%
0% 1
2
3
4
5
6
7
Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки 36 фоизи мардум ба тањким ёфтани њамкорињои Тољикистону Ўзбакистон бовар доранд. Назарпурсии виртуалии ахире, ки зери унвони "Ба тањким ёфтани њамкорињои Тољикистону Ўзбакистон бовар доред?" баргузор шуд, маълум кард, ки 10 дарсади мардум ба варианти "Бале, алакай ќадами нахуст гузошта шуд (баргузории Комиссияи байнидавлатї)" раъй дода, 36 фоизи дигар ба гузинаи "Албатта, агар президентњои ду кишвар хоњанд" нохун задаанд. Аз сўи дигар, 20 фисади иштирокчиён изњор доштаанд, ки ба тањким ёфтани њамкорињои ду кишвар
бовар надоранд, зеро ба гуфтаи онњо, "бањсњои њалношуда зиёданд." Инчунин 16 фоизи респондентон њам аз тањкими њамкорињои Тољикистону Ўзбакистон ноумед буда, таъкид мекунанд, ки он "аз Душанбеву Тошканд вобаста нест." Њамагї 1 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар бораи тањкими њамкорињои Тољикистону Ўзбакистон фикр накардаанд, вале 5 фисади ахир дар ин бора изњор доштаанд, ки "ба ман фарќ надорад." Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсиву љамъиятии "Нигоњ" аз 25 то 30 - уми июни соли 2015 дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews гузаронида шуд. Дар он 456 нафар иштирок кардааст.
СИЁСАТ Эрон ва Эрон дар Тољикистон сафир таъин накарданд. Њукумати Тољикистон ин шубњаро њамеша дошт, ки Эрон Њизби нањзати исломї ва як ќатор руњониёни бонуфузро таъмини молї мекунад. Аммо ин гап њељ гоњ расонаї намешуд, њарчанд гоњо ишорањо мерафт. Салафињо дар ин муддат, ки ЊНИТ аз љониби њукумат саркўб мешуд, гўё ором буданд, аммо дар асл дањњо љавони тољикро тавонистанд ба сафњои "Давлати исломї" дар Ироќу Сурия љалб кунанд. Онњо тавонистанд, ки тавре дар гузашта Суњроб Лангариевро ба сафњои худ љалб карда буданд, љавонони бонуфузи навро низ љалб кунанд. Кор ба ин њад расид, ки ба ќавли бархе манобеъ, дар сафи неруњои ќудратии Тољикистон нуфуз карда, њатто полковники ВКД, фармондењи ОМОН - Гулмурод Њалимовро њам ба сафи "Давлати исломї" пайвастанд. Абдуллоњи Муњаќќиќ, собиќ корманди Маркази исломшиносии Тољикистон ва яке аз мухолифону мунтаќидони сарсахти салафия, бар ин бовар аст, ки салафињо ба њукумат ва масљидњои Тољикистон нуфуз кардаанд. Ў раиси Шўрои уламо, муфтии Тољикистон Сайидмукаррам Абдуќодирзода ва раиси Кумитаи дин - Сулаймон Давлатовро ба он муттањам мекунад, ки њељ гоњ зидди салафињо сухан накардаанд. Аз нигоњи ў, њамаи хатмкардагони макотиби Покистон ва Арабистони Саудї, ки њоло аксари масољиди кишварро имомхатибї мекунанд, аз идеологияи "салафия" ва саудипарастї "бањравар" шудаанд. Салафињо њоло дар телевизиони "Висоли њаќ", ки аз шањри Мадина пахш мешавад, руйрост ба танќиди сиёсатњои динии њукумати Тољикистон пардохтаанд. Дар ин барномањо њукумати Тољикистон барои наздикї бо Эрони шиа муттањам мешавад, ки ба њадафи аслии Саудї мувофиќ аст. Яке аз огањони њол бар ин аст, ки њукумати Эмомалї Рањмон дар майдони мазњабии Тољикистон ду нерў Саудї ва Эронро мебинад, аз ин хо-
тир, роњбарии Кумитаи динро ба дастпарвари Саудї ва Донишгоњи исломиро ба хатмкардаи Донишгоњи Ќуми Эрон вогузор кардааст. Ин як гуна тавозун ба нафъи манофеъи хориљї аст ва манфиатњои миллии дохилї суоли мантиќиеро ба миён меоранд: мазњаби Имоми Аъзам куљо мешавад? Агар рањбари Шўрои уламову Кумитаи дин салафї ва ректори Донишгоњи исломї - шиа аст, њанафињо куљоянд? Мантиќан, онњо зидди мазњаби њанафї кор намекунанд? Ё касе бар ин фикр аст, ки салафиву шиа барои таќвияти мазњаби њанафї хизмат мекунанд, дурусттараш, бовар мекунад, ки гург галаро посбонї хоњад кард? Чаро њукумат бо салафињо вориди муомила шудааст, дар њоле ки онњо даст ба сарнагунии ќудрат ва таги по кардани истиќлолияти Тољикистон задаанд? Љои пўшида нест, ки 12 дастнишондаи саудї дар сањнаи мазњабии Тољикистон хеле пешрафт карданд ва бештар аз он муваффаќ шуданд, ки Саудї интизор дошт. "Ќарсакњои пурдавоми мављдор!" Равобити Тољикистону Эрон он гуна нест, ки ќаблан буд. Дар Тољикистон фазои мусоид барои идеологияи салафї вуљуд дорад, ки љавононаш роњи Сурия ва Ироќро бе дудилагї пеш мегиранд. Дигар таблиѓ зарурат надорад. Масољиду муассисањои таълимї бо кадрњои салафї ё наздик ба онњо, ки худро њанафї хонда, дар асл аќидањои такфириро тарѓиб мекунанд, таъмин шудаанд. Агар ба коршиносон эътимод кунем, нињодњои расмии динии кишвар њам ба дасти дастнишондањои Саудї гузаштааст. Пас ягон маќом ё нињоди дахлдори ватандўсте њаст, ки нињоят вазъро шарњ дињад: "руњониёни зархарид" ро ошкор, њадди аќал аз кор барканор хоњанд кард ё не? Ё боз њам "сари кал - таги тоќї" ё "айби дўстон пўшида бењ"? Интизори посух мешавем! Ва... мавзуъро пайгирї мекунем! Далери ХАЙРУЛЛОЊ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
3
Муњибуллоњи Ќурбон Хонандаи азиз, ман њам мисли њамкасбонам, ки "сутун"-и худро доранд, ќарор кардам, хаймае дар як кунљи "Нигоњ" бизанам. Дар ин хайма он њарфњое љой мегиранд, ки дидаам ва ё шунидаам...
Кўчаи Толстой куљост? Аз назди Донишгоњи педагогии пойтахт мегузаштам, ки марди тањмин панљоњсолаи зиёинамо дар даст љузвдоназ ман пурсид: "Кўчаи Толстой дар куљост?" Чун дар ин мањалла солњо Сафорати ИМА воќеъ буду ман дар он кор мекардам, зуд посухаш додам, ки тахмин сад метр раваду ба рост тоб хўрад. Чун дуямон ба як самт мерафтем, пурсидам, ки он љо чї мекобад. Гуфт, Маркази ќабули муњољирон ба Русия дар њамин кўча будааст. Андак дар њайрат њам афтодам, ки ба ин синну сол ў дар бораи њиљрат меандешад. Чун аз ин хусус пурсидам, шарњам дод, ки духтур аст. Фарзандонаш дар Русия шањрванд шудаанд ва акнун падарро даъват кардаанд, ки барои истиќомати доимї ба Русия бикўчад. "Додарам, агар шумо барин табибон аз кишвар бираванд, њоли мо чї мешавад?" - буд суоли ман. Пурсиши ман маъќулаш нашуд, ки як норозиёна ба ман нигарист ва гуфт: "Ман сї сол боз духтурам, бале, танњо духтурам. Унвони илмї њам дорам, савод њам дорам, вале ќадрам накарданд. Алам мекунад, ки дар минтаќаи муайян таваллуд нашудаам..." Чизе нагуфтам, ба љуз њарфи хайрбод. Ба идора омадам ва чашмам ба иттилое дар шабакае афтод: "Абдумалик Ѓаниев, мутаваллиди дењаи Понѓози ноњияи Ашти ЉТ дар шањри Набережние Челнии Тотористон дањ соли охир мезистааст ва њамчун духтур ба мукофоти махсуси Президенти Тотористон - автомобили сабукрав сазовор шудааст. Гумон меравад, ў кайњо шањрванди Русия шудааст. Ва он духтуре, ки аз ман роњ пурсид, муддате мегузараду шањрванди Русия мешавад. Ва ба сафи шояд сесад, чорсад ва ё панљсадњазораи он тољикистонињо, ки шањрванди Русия шудаанд, медарояд.
Дар сартарошхона Дар сартарошхона як зан буду се писар, ки тахмин дувоздањ, дањ ва њаштсола буданд. Ман баъди он бачањо навбат гирифтам. Медидам, ки модари бачањо хеле мењрубон буд ва њатто ба баъзе рафторњои бачањояш чизе намегуфт. Чун навбати онњо расид, њар яке тари мўйбандиеро интихоб мекард ва модар танњо бо ишораи тасдиќ сар мељунбонид ва эътирозе намекард. Аммо ман мехостам, ки модар андак љиддитар ва ё сахттар гирад, вагарна дар оянда онњо умуман ба сухани ў гўш намекунанд.
Чун ин њарфњоро дар нигоњи ман хонд, зан гуфт, ки пагоњ ин бачањо хатнасур доранд. "Магар ин дувоздањсола њам акнун хатнасур мешавад?" - нохост мисли тароша аз бом аз дањонам баромад. "Бале, акнун имконият пайдо кардам, то ки хатнасурашон барпо шавад." "Аслан, љашни хатнасур на суннат асту на фарз. Бисёр миллатњо чунин дастархонкушої надоранд. Бинобарин имконият набошад, метавонед, њамон маъракаро нагузаронед. Чаро ба худ љабр мекунед?" гуфтам. "Њафт сол пеш шавњарам мањз барои гузаронидани маъракаи пурдабдабаи хатнасури њамин се писар ба Русия рафт. Ў мегуфт, ки рўзи љашнашон ба сари се шоњписарам салла баста, бо карнай ва сурнай тўё мекунам. Аммо худи њамон сол аз Русия мурдаашро оварданд. Пас аз фавташ њар замон шавњарам ба хобам медаромад ва мепурсид, ки занак, бачањоро бо карнай ва сурнай тўй кардї. Бинобарин ба худ маќсад гузоштам, ки сад њазор ќарздор шавам њам, то ба њамон сатње, ки шавњарам орзу мекард, туйи хатнаи се писарамро нагузаронам, худро дар ин зиндагї дар назди фарзандонам ва руњи шавњарам ќарздор мењисобам..." Пурсидам, ки дар куљо кор мекунед. Посухам дод, ки дар бемористон пизишкёр асту ќариб чорсад сомонї моњона дорад...
Бо ангушт ишора накун! Дар яке аз кўчањои марказии пойтахт бо шиносам рўбарў задем. Пас аз салому алейк каме ба якдигар дил холї кардем. Дар он љойе, ки бо амри тасодуф истода будем, ќасри бисёр бадвоњимае бунёд мекарданд. Чун шиносам аз он мањалла буд, пурсидам, ки ин ќаср аз кї мешавад. "Аз кї мешуд, аз домоди њамоне, ки мансаб дорад, ќудрат дорад..." "Ба хаёлам дар љойи њамин ќасри сохташаванда кўдакистон буд", - гуфтам ва ба тарафи он бинои нотамом бо даст ишора кардам. "Дуруст, дар љойи ин иморат чанд моњ пештар кўдакистон буд, лекин дўстам, ту бо даст ишора накун!" - фармономез гуфт шиносам. "Чаро бо даст ишора накунам?"- кунљкобї кардам. "Боз он милисањое, ки дар назди ќасри мансабдор њастанд, гумон накунанд, ки мову ту дар бораи ин ќаср суњбат дорему ба ту дар бораи соњибони ин ќаср ман маълумот дода истодаам..."
ШОУ - БИЗНЕС
Оршавин: "Аз Нигина Амонќулова узр мепурсам" Овозхони эронї, ки барои "дуздї" - и таронаи "Дар оѓўши ту мемирам" - и Нигина Амонќулова муттањам мешуд, узрхоњї мекунад. Алии Зореъї, мулаќќаб ба Оршовин, тайи як тамоси катбї тариќи интернет ба TojNews гуфт, ин таронаро яке аз дўстони эрониаш ба ў таќдим карда, огоњ накардааст, ки оњангу шеър ба кї тааллуќ дорад. Вай мегўяд, ќабл аз ин ки оњангро бихонад, намедонист, ки оњанги хонуми Нигина мебошад, аммо пас аз он ки оњанг мунташир шуд, фањмид, ки ин оњанг тољикї буда ва хонуми Нигина онро хондааст. "Ин љо ман аз хонуми Нигина маъзаратхоњї мекунам"
- менависад Оршовин. Ва тариќи TojNews узри худро ба Нигана Амонцулова расонданї аст Ќаблан расонањо аз ќавли Тобиш Њилолї ва Нигина Амонќулова хабар дода буданд, ки овозхони эронї бидуни иљозаи онњо таронаи "Дар оѓўши ту мемирам"- ро на фаќат хонда, балки номи муаллифони матну оњангро њам таѓйир додааст. Аз ин хотир, онњо мехоњанд Оршовинро ба додгоњ кашанд. Муаллифи оњанг Тобиш Њилолї ва соњиби матн - Мирзоњусайни Бадалипур, мутахаллис ба Мењрвар аст. Аммо Оршовин матни сурудро аз Ойсон Ибодї ва оњан-
гашро аз Фарзод Адњамї муаррифї кардааст. Зимнан, он чї дар ин тарона аз Эрон аст, мисраи аввал - "Дар оѓўши ту мемирам" аст, ки ба шоири маъруф Нодири Нодирпур тааллуќ дорад ва шоири тољикро тањрик додааст. Ин, ки мисраъи аввали ин шеър ба шоири эронї тааллуќ дорад, низ нав ошкор мешавад. Ин бори нахуст нест, ки бањси "аз ману аз ту" миёни овозхонони тољик ва эрониву афѓон ба миён меояд. Соли гузашта миёни Бањром Ѓафурї ва Валї, овозхони афѓон сари ду тарона бањси муаллифї ба миён омад. Валї таронањои "Дар ин замона" ва
"Њамсоядухтар" - ро бозхонї карда, бидуни њељ навоварї онњоро ба худ мутааллиќ донист. Валї маъзартхоњї кард. Соле пештар нафароне хостори ба додгоњ кашида шудани Моњира Асалхўљаева, овозхони ўзбакистонї барои бозхонии таронаи "Наравад" - и Шабнами Сурайё шуда буданд. Солњои охир чунин маворид зиёд иттифоќ меафтад, ки њатто ба "дуздидан" - и сенарияи клипњо овозхонон муттањам мешаванд. Ва коршиносон инро њам зикр мекунанд, мардуми минтаќаи мо фарњанги хеле наздик ва њатто муштарак доранд ва тайи таърих дањњо таронаву оњанг аз ин ба ин халќ интиќол ёфта, "худї" шудаанд. Ба ќавли онњо, њоло низ њамон раванд идома дорад, аммо асри фанноварињои нав воќеиятњои худро дорад.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
Талабшо Шейхов, сокини дењаи Ялаши љамоати Пилдони ноњияи Љиргатол соли 1990 дар кўњистон дар хонаи яке аз шиносњояш хирсбачаи 1, 5 - моњаро пайдо кард. Хирсак бесоњиб буд. Модару бародарашро шикорчињо кушта буданд. Бар ивази як буз бобои Талабшоњ хирсбачаи модаро аз соњибаш гирифт ва онро Мария ном кард (он замон сериали мексикоии Просто, Мария! дар собиќ Шўравї мањшар ба по карда буд). Марияро бо шири гов, гоњо шири келинаш бузург кард. Президент Эмомалї Рањмон ба бобои Талабшоњ соли 1995 пешнињод кард, ки дар зоопарки Душанбе кор кунад... Бойбачањо бар ивази Мария ба бобои Талабшоњ пули калон, њатто 2 - 3 - хонагї дар маркази шањр ваъда карданд, розї нашуд. Аммо замоне шуд, ки бобои Талабшоњ њам ба посбонии Боѓи њайвонот ва њам маблаѓи бузурги бойбачањо зор шуд, лек касе ба додаш нарасид. Духтар бузург шуда, рўзе то 10 - 12 кило ѓизо мехўрд. Зўри "падар" барои таъмини ў намерасид. Бобои Талабшоњ, ки синнаш ба 80 расида буд, маљбур буд њамроњи Мария дар кўчањо гашта, намоишномањои худро ба мардум пешнињод кунанд ва ќути лоямути "духтар" - ашро пайдо намоянд. Мўйсафед ваќте медид, ки љавонон "салому алайк" - ро намедонанд, аз хирс хоњиш мекард, то ба онњо одоб нишон дињад. Онњо 21 сол бо њам буданд. Мўйсафед соли 2011 вафот кард. Мария њам, ба ќавли бархе, ду моњ пас аз ў љон ба љонофарин супурд... Ќиссаи онњо паёмест ба инсонњо, ки ду руњи њамроњро наметавон аз њам људо кард. Ва ин дунё ба љуз мењр чизе пойдор нест ва бидуни он, маъное њам надорад. Сокини Душанбе Михаил Рибаков пешнињод дорад, ки барои њардуи онњо дар ягон гўшаи ѓарибонаи пойтахти Тољикистон њайкали ду дўст, "падару фарзанд" ва як намунаи нотакрори тавозуни руњонии инсону вуњушро гузоранд. Як муљассамаи ѓайриоддї дар таърихи башарро гузоранд, то дарсњое барои инсониятро ёдоварї кунад. Ва он арљгузорї на фаќат ба бобои Талабшоњу "Мария", балки њамзистии инсону табиат хоњад буд. Мўйсафед ва хирс ду воќеияти Душанбе буданд, ки ње? як хориљ? ё мењмони пойтахти Тољикистон онњоро њељ гоњ фаромўш намекунад! Онњо на ба ману мо, ё Тољикистону олами ислом, балки ба инсоният тааллуќ доштанд. Бале, дар миёни мо, аммо њамчун инсону хирс зистанд. Барои пойтахти Тољикистон, ки ин гуна ќиссаву падидањо хеле кам иттифоќ меафтанд, њайкали онњо шояд ба як таърихи воќеї табдил ёбад.
Мўйсафед ва хирс Ду руње, ки дар кўчањои Душанбе зиндагї мекунанд
ШАРИКИ СТРАТЕГЇ "Аргументи и факти" ("АиФ") нашрияи маъруфи Русия матлаберо тањти унвони "Кишвари гастербайтерњо" нашр кард, ки вокунишњои шадидеро дар Тољикистон ба бор овард. Нашрия маљбур шуд, ин матлабро аз сафњаи интернетиаш њазф кунад. Ин матлаб болотар аз як тањќир буд ва дар зимн паёмњои љиддитаре дошт.
"Шарм кунед!" Асри 19, ваќте русњо ба хотири пешдастї кардан аз инглисњо сарзамини Осиёи Миёнаро забт ва марзи сунъиеро миёни ину он
5
Ѓарриву пештозї Чаро русњо њамеша мехоњанд фаромўш кунанд, ки сабаби бадбахтињои мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тољикистон мањз Русия аст?
Пўкњои рус Муаллифи "Страна гастербайтеров" ё "Кишвари гастербайтерњо" гўё ба Тољикистон омада, "вазъро омўхта", дарёфтааст, ки "Тољикистон аз њисоби Русия зиндагї мекунад, мисле ки Замин аз Офтоб нерў мегирад". Гўё њадафи матлаб њам маќомоти Русияро ба ин бовар расондан аст, ки бояд бо Тољикистон раводид љорї кунад. "Њарчанд тољикон мардуми мењмоннавозанд, аммо ин кофї нест, то рељаи виза љорї нашавад...", "юнонињо низ моро дўст медоранд, аммо бе раводид ба кишвари худ роњ намедињанд" ва як далели дигари муаллифи матлаб: Ќирѓизистону Ўзбакистон, Чин ва Ќазоќистон ва Эрони дўст бо Тољикистон низоми раводид љорї кардаанд, аммо њељ яке аз онњо намехоњад, ки шањрвандони ин кишвари "фаќир" - ро ба ќаламраваш роњ дињад ва "танњо Русия аст, ки дар ба рўи тољикон боз кардааст". Аз Душанбеву Кўлоб њам як тасвире дорад: "Шом дар гўшаву канори пойтахти Тољикистон аз тирезаи ягон хона равшании чароѓро намебинї, одамон нестанд, тамомии мардуми манотиќу навоњї ба кор рафтаанд". Муаллиф менависад, ки сокинони беш аз бист рустои берун аз шањри Кўлоб њар тобистон хонахез ба Русия талбандагї мераванд ва аз нигоњи ў, занону кўдаконе, ки рангу ба ранг пўшида, дар вокзалњои Маскав, СанкПетербург ва њатто Новосибирск гадої мекунанд, мањз ин мардуманд. Љое дигар мавзуи забонро ба миён мегузорад, ки њукумати Тољикистон ба забони давлатї арљ мегузорад, аммо дидааст, ки модарон ба сари фарзандони мактабхонашон дод мезаданд: "Боз аз забони русї бањои ду гирифтї? Ваќте калон мешавї, барои кор куљо меравї?" Георгий Зотов, муаллифи "Кишвари гастербайтерњо" аз зоти њамон рўзноманигорони безоти Русия аст, ки 25 сол ба ин сў даст ба тањќири миллати Тољикистон мезананд. Ин тоифа "садои дил" - и доирањоеро дар Русия расонаї мекунанд, ки мехоњанд воќеиятњои таърихи дирўзу имрўзро тањриф кунанд. Дар Тољикистон хуб мефањманд, ки онњо андешањои "ястреб" ё "шоњин" - њои Кремлинро њамеша расонда меистанд. Ин пўкњо њељ тан гирифтанї нестанд, ки сабаби бадбахтињои мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тољикистон мањз Русия буду њаст ва хоњад монд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
сњо ташкил ва таљњиз карданд. Ризвон Содиров агенти ГРУ - и Русия буд. Маскав кўмакњояш ба Фронти Халќиро 300 миллион доллар њисоб ва маркази "Окно" дар Норакро бар ивази ин маблаѓ аз худ кард. Як вазири тољики он замон гуфта буд, ки як танки харобу нокорамашонро русњо 5 миллион доллар њисоб карданд, њол он ки 1 миллион њам ќимат надошт. Ин танњо мухтасари љиноятњои Русия алайњи тољикон аст ва Зотову пуштибонњояш ин њамаро бештару хубтар аз мо медонанд.
Шарики беэътимод
тарафи Ому эљод карданд. Русњо ќабл аз њама камари миллати тољикро шикастанд. Нисфи тољикон дар Афѓонистон ва нисфи дигар дар Осиёи Миёна монданд. Агар русњо набуданд, рушди минтаќаи мо дигар мебуд, масалан, мо лоаќал имрўз дар њадди Эрон мебудем. "Равшану Љамшуд" шудани тољик натиљаи њамроњї бо Русия аст. Худо бо онњое њамеша номењрубон будааст, ки бо Русия буданду њастанд. Њатто бародарони русњо - украинњо аз онњо безоранд. Њар касе тавонад, аз рус мегурезад. Ягон миллати дигар - ќирѓиз, ќазоќ ва ўзбак - ин гуна зарбаи сарнавиштсўзро аз рус нахўрдааст, ки тољик хўрд. Соли 1924 ваќте Осиёи Миёна табартаќсим шуд, дар харитаи Осиёи Миёна њатто кишваре ба тољикон ихтисос дода нашуд. Танњо соли 1929, њамон њам ваќте Њабибуллоњи Калаконии тољик дар Афѓонистон ба ќудрат расид ва русњо фањмиданд, ки тољикон дар ин минтаќа ќудрати матрањ њастанд, ризоияти ташкили Љумњурии сотсиалистии Тољикистонро доданд. Тайи 70 соли њукумати Шўравї русњо танњо коре, ки карданд, аз миён бурдани фарњангу њуввияти тољикон буд. Самарќанду Бухороро ба ўзбакњо доданд. Солњои 37 бењтарин уламо ва рўшанфикрони минтаќа, ки
ќариб 70 - 80 дарсад тољик буданд, ќурбонии репрессияи Сталин шуданд. Русњо њама кўшишро карданд, ки ўзбакњо, ќирѓизњо ва ќазоќњо рушд кунанд, аммо тољикон вобастаи рус монанд. Чаро? Тољикњо минњайси эронї таърихи бошарафтар аз русњо ва дигар мардуми собиќ Шўравї доштанд. Ќисса кутоњ, русњо то ба њол ба тољикон рашк мекунанд. Сабаби бадбахтии 40 - солаи Афѓонистон мањз таљовузи Шўравї, шакли империявии Русия, буд. Сафири Русия дар Афѓонистон Замир Кобулов хуб дар хотир дорад, ки ваќте бо Ашраф Ѓанї Ањмадзай, он замон вазири молия, њоло президент мулоќот кард, чї шунид. Ваќте Кобулов шарм накарда, бо Ѓанї мавзўи 8 миллиард доллар ќарзи Афѓонистон пеши Русияро матрањ кард, ахирї гуфт: "Шарм кунед! Як кишварро хароб кардед ва њоло ќарз мепурсед? Мо Шуморо ба додгоњи байнулмилалї мекашем ва 50 миллиард доллар љуброн талаб мекунем". Љанги шањрвандии Тољикистонро русњо сармоягузорї карданд. Њам ба "юрчик" ва њам ба "вовчик" мањз онњо силоњ доданд. Русњо тайи 70 сол як ќатор дастнишондањоеро њам тарбия карданд, ки то ба њол камари њиммат ба хизмати Русияро бастаанд. Фронти халќиро, ки њазорњо тољикро ќир кард, ру-
СИЁСАТИ ИТТИЛООТЇ
Ситоиши Абдуљаббор Рањмонзода аз фаъолияти рањбари нави "Ховар" Абдуљаббор Рањмонзода аз фаъолияти рањбари нави АМИТ "Ховар" ситоиш кард. Абдуљаббор Рањмонзода, ёрдамчии Президенти оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа зимни суханрониаш дар Анљумани 14-уми Иттифоќи нависандагон аз надоштани сомона ин нињодро интиќод кард. Аз рањбарияти нави Иттифоќи нависандагон хост, ки дар интернет сомона боз карда, осори нависандагонро љой дињанд. Ў аз љумла Агентии миллии иттилоо-
тии "Ховар"-ро мисол овард, ки дар як њафта сомонаи хабаргузориро нав кардаанд. 19-уми июн Заробиддин Ќосимї ба љои Садриддин Шамсиддинзода директори АМИТ "Ховар" таъин шуда буд. Расо баъди 10 рўзи таъин шуданаш ба ин маќом, 29-уми июн тарњи нави сомонаи "Ховар" фаъол шуд, ки зоњиран аз сомонаи ќаблии он фарќ дорад. Сомонаи "Ховар" бо забонњои тољикї ва русї буда, масъулини он мегўянд, ки ба зудї бахшњои он ба забонњои англисї, арабї ва чинї низ фаъол мешавад.
Таърих он тараф истад, ањамияти Тољикистон барои Русияи имрўзро низ ин пўкњо мехоњанд бо њамчунин таънаву миннатгузорї ночиз нишон дињанд. Инро, ки бар ивази марги беш аз 100 њазор, аксаран љавонмарди Тољикистон, Русия њузураш дар Осиёи Марказиро солњои 90 - ум таъмин кард, њарфе намегўем. Имрўз њам њамон вазъ аст. Агар Тољикистон набошад, сели террористони вањшї ба самти Кремлро кї мегирад? Пойгоњи 201 не, албатта. Ин пойгоњ баръакс террористонро ба худ љалб карда, ба љони мардуми тољик хатар эљод кардааст. Ягон сармоягузори хориљї ба Тољикистон сармоя намеорад, то ин пойгоњ њаст. Њоло созмонњои террористї ба Тољикистон шояд коре надоранд, аммо њузури пойгоњи 201 - и Русияро дида, Тољикистонро кишвари забтшуда мењисобанд. Агар онњо боздошта нашаванд, байраќи ДОИШ - ро дар Кремл њамон муњољироне хоњанд зад, ки имрўз кўчањои Кремлро мерўбанд! Зотову аз зоти вайбудањо инро њам нафањманд, рўшантар мегўем: ХОЊЕД, КИ МО БА САРЗАМИНИ ШУМО НАРАВЕМ, ШУМО АЗ САРЗАМИНИ МО РАВЕД. МО ЊАМ БАРМЕГАРДЕМ! Бале, њадаф аз њамчунин матлабњо маљбур кардани Тољикистон барои ворид шудан ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё - "СССР-и љадид" аст. Ваќташ ояд ва зарур дониста шавад, Тољикистон ба ин иттињоди шубњаангез ва номаълум, ки оянда дорад, ё не, дохил мешавад. Аммо кас њоли Белорусу Ќазоќистонро дида, ин тавр фикр намекунад. Агар русњо дилу нияти пок доранд, метавонанд аз таблиѓи "тоза" кор гиранд ва бидуни тањќир, Тољикистонро ба иттињоди машкукашон даъват кунанд. Азбаски ниятњо њароманд, амалї шуданашон њам ба гумон аст. Бахусус, дар мисоли Арманистон рўшан мешавад, ки иттињоди русиро њукуматњо мехоњанд, на мардум. Бале, "гастербайтер" - њои тољик зиёд мехоњанд, ки Тољикистон ба Иттињоди иќтисодї ворид шавад ва њамаи роњњо ба рўяшон боз шавад. Њайфо, ки чунин намешавад, зеро Кремл шарики боэътимод нест. Русњо ба ваъда вафо намекунанд. Мисол, соли 2013 ду созишномаи муњољират имзо шуд, ки бояд вазъи муњољирини тољик дар Русияро сабук мекард. Аммо њоло аз сабукињои ин созишнома чизе боќї намондааст. Мо бовар дорем, ки пас аз ворид шудани Тољикистон ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё вазъи муњољирин аз ин њам бадтар мешавад. Ва ин гуна маљбур кардани Тољикистон барои ворид шудан ба ин иттињодро љуз "сиёсати ѓарриву пештозї" чизи дигаре намешавад унвон кард.
Фаромарзи ФОЗИЛ P. S. Ин матлаби мо ба миллати бузурги рус, ки аз сиёсатњои нољавонмардонаи Кремл дар њаќќи шарикони стратегиаш розї нест ва барномањояшро, ки бо роњњои њаром амалї мекунад, мањкум мекунад, дахл надорад.
6
ТАЪЗИЯ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
Бомдоди 30-юми июн Муњаммадљон Умаров, мутарљими Ќуръон ва "Сањењи Бухорї" ба забони тољикї дар синни 65-солагї аз олам даргузашт. Дўстони марњум мегўянд, Муњаммадљон Умаров ваќтњои охир аз дарди гурда ранљ мебурданд. Марњум аз соли 1988 инљониб ба тарљумаи осори динї машѓул буда, аз љумла Ќуръони Каримро, бо сарпарастии Президент Эмомалї Рањмон ба забони тољикї баргардон кардааст. Чун намунаи корњои Муњаммадљон Умаров метавон аз тањияи матни тарљумаи форсии китоби муќаддаси "Ќуръон", мутааллиќ ба Шоњ Валиюллоњи Дењлавї-"Фатњу-р-рањмон фї тарљумати-л-Ќуръон" (дар маљаллаи "Илм ва њаёт" солњои 1992-2005 чоп шуда), тарљумаи "Њафтяки Ќуръони маљид" (њамроњ бо овардани матни арабї, ба хати кириллї, дар њамкорї бо Н.Назаров. нашри аввал, Душанбе 1999 ва нашри дуввум, Душанбе 2003), овонигории матни арабї, тарљума ва тафсири "Њафтяки шариф" аз "Тафсири Њусайнї", дар њамкорї бо Н.Назаров. Душанбе 2006, тарљумаи Ќуръони карим ба забони адабии тољикї (Душанбе 2007 ва нашри нав 2011), тарљумаи матни комили "Сањењ"-и Имом алБухорї (дар шаш љилд, дар њамкорї бо Ф.Бобоев. чор љилди он то имрўз чоп шудааст. Душанбе 2004, 2005, 2008 ва 2011), тањияи матни "Таърихи Табарї-тарљумаи Абўалии Балъамї" (аз рўи нусхаи ќаламии ќарни XIII милодї, дар њамкорї бо Ф.Бобоев, ки соли 2001 бо њуруфи кириллї нашр гардидааст), тањрири њашт љилди китоби "Таъриху-л-мулуки ва-р-русул"-и Имом Табарї (машњур ба "Таърихи Табарї" дар њамкорї бо Ф. Бобоев), Душанбе, 2015 ва ѓайра ном бурд. Ў дар як сўњбат бо "Нигоњ" дар бораи тарљумаи Ќуръон бо забони тољикї гуфта буд, ки "дар соли 2007 як Комиссия оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо дар Њукумат ташкил карданд. Дар он ман аъзо будам. Дар он љо кор мекардем. Як рўз худи Љаноби Олї, Президенти кишвар аз дар даромаданд. Дар он љо њарф сари нашри тарљумаи Ќуръон рафт, гуфтанд, ки тарљумаи эронињоро, ки тањия карда будем (бо ислоњ ва мувофиќаткунонї бо нигоњи ањли суннат ва љамоат), аз нав нашр мекунем. Абдулло Юлдошев, собиќ муовини вазири корњои хориљї ба Љаноби Президент пешнињод карданд, ки нашри тарљумаи эронињо лозим нест ва агар Шумо дастгирї кунед, тарљумаи тољикии таќрибан омодашуда дорем, онро нашр кунем. Љаноби Президент њам бо як хушњолии хоссашон гуфтанд, ки агар Ќуръон бо забони тољикї бошад, њамин њоло нашр мекунем. Супориш шуд, ки тарљумаро то моњи рамазон омода кунем… Ин як муъљиза буд, ки китоб рўи нашр омад ва дар он бояд наќш ва дастгирии њаматарафаи Президенти кишварро дар назар бигирем". То ин ваќт Ќуръон аз њуруфи форсї ба сириллик баргардон шуда буд. Баргардонии Умаров нахустин тарљума ба забони тољикї буд. Бо њамин рўњияи баланди илмию эътиќодї Муњаммадљон Умаров шоњасари дигари таърихи тамаддуни љањонї, ки аз тарафи фарзанди халќи тољик тадвин шудааст, яъне китоби бисёрљилдии "Сањењ"-и Имом Бухориро низ бо сарфи чанд соли дигари њаёти худ тарљума кардааст, ки он низ аввалин тарљумаи комили маљмўаи њадисњои Паёмба-
Даргузашти мутарљими Ќуръон ва "Сањењи Бухорї" ри Ислом ба забони адабии муосири тољикї мебошад. Њоло ин маљмўа мунтазири дастгирї ва чоп аст. Њамроњ бо Ф.Бобоев баргардон кардаанд, ки то њол 4 љилди он ба нашр расидааст. Муњаммадљон Умаров 15-уми январи соли 1950 дар шањри Душанбе, дар оилаи њуќуќшиноси барљаста ба дунё омада, мактаби миёнаи №53-и пойтахтро хатм намудааст. Соли 1967 ба Шуъбаи забони арабии факултаи забонњои Шарќи Донишгоњи давлатии Тољикистон (ДМТ) дохил шуда, соли 1972 онро хатм мекунад. Фаъолияти мењнатиашро соли 1972 дар Саридораи Энсиклопедияи Шўравии тољик оѓоз намуда, аз соли 1978 дар Инситути шарќшиносии Академияи илмњои Тољикистон ба кори илмї-тадќиќотї мегузарад ва то њол дар њамин даргоњ ифои вазифа мекунад. Дар ин миён солњои 19731975 ва 1982-1985 дар кишварњои арабї дар лоињањои Иттињоди Шўравї вазифаи тарљумони забони арабиро бар ўњда дошт. Муњаммадљон Умаров дар баробари кору фаъолият дар Институт солњои 1986-1996 дар Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва солњои 1996-2007 дар Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Абуњанифа аз забони арабї ва таърихи динњои љањон дарс гуфтааст. Дар бораи тарљумаи осори динї, ў муњаррири масъули як идда китобњои дар Душанбе интишорёфта, аз љумла "Зиндагонии Муњаммад", "Заруриёти диния"-и Садриддин Айнї, "Кимиёи саодат"-и Имом Муњаммади Ѓаззолї, "Муњити зиндагї ва ањволу ашъори
Рўдакї"-и Саид Нафисї ва ѓайра мебошад. Муњаммадљон Умаров мутарљими чандин филмњои бадеї аз русї ба тољикї ва низ мутарљими сериали телевизионии "Имоми Аъзам Абўњанифа Нўъмон" (истењсоли ТВ Миср) аз арабї ба тољикї буда, дар њар бахше, ки зањмат кашад, садоќатмандона ва борвар кор мекунад. Шиори ў дар зиндагї ин аст: Ба дасти касон кони гавњар макан, Агар зиндаї, дасту пойе бизан. Дар миёни корњои арзишманди Муњаммадљон Умаров хусусан, тарљумаи Ќуръони карим љойгоњи хосса ва бисёр арзишманд дорад. Барои дарки ањаммияти ин корнамоии ў бояд ба нуктањои зерин таваљљўњ шавад: 1. Тарљумаи Муњаммадљон Умаров аввалин тарљумаи комили Ќуръон ба забони адабии муосири тољикї ва бо риояти тамоми талаботи касбии тарљума буда, дар илми тарљума ва дар ќуръоншиносии тољик тањаввули љиддї ба њисоб меравад. 2. Ин тарљумаи Ќуръон бо тафовут аз тарљумањои шарќшиносии Шўравї ва ё бо фарќ аз тафсирњои дорои тобиши мазњабї, аввалин тарљумаи мустаќими Ќуръон ба забони муосири тољикї буда, рўњ ва асолати Ќуръонро њамчун китоби эътиќодї њифз намудааст. 3. Мањз чопи Ќуръони тарљумаи Муњаммадљон Умаров аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон дастгирї гашта, дастраси ањолии кишвар шудааст, ки дар натиља, тамоми ќишрњои мардуми Тољикистон ба матни фањмои тољикии Ќуръони карим дастрасї пайдо карданд.
4. Ба хотири дар сатњи сазовор ба љой овардани ин амонати бузурги илмї, миллї ва имонї, Муњаммадљон Умаров њудуди њашт соли умри худро ба тарљумаи даќиќ ва муќоисаи чандкаратаи матни Ќуръон сарф намудааст. Бо таваљљуњ ба ин нуктањо, метавон гуфт, ки тарљумаи Ќуръон ба забони муосири тољикї, ки аз тарафи М.Умаров анљом шудааст, на танњо як кори илмї, балки як корномаи миллї низ мебошад. Бо вуљуди чунин мењнату корномањои бузург, Муњаммадљон Умаров саршор аз хислатњои баланди ахлоќию инсонї буда, дар камоли адабу хоксорї ва дар сатњи зиндагии соддаи як зиёии оддии тољик рўзгор ба сар мебарад. Ин аст, ки Муњаммадљон Умаров фаќат як тарљумони фаннии манти ин осори бузург набуда, балки дар тўли омўзишу тарљума, дурдонањои бењтарини маърифати милливу диниро дар вуљуди худ љамъ оварда, дар ахлоќи некўи худ амалї намудааст. То љое, ки чун номи ўро ба забон орї, дўстону ошноён пеш аз њама, маърифати баланду шахсияти ахлоќии ўро пеши назар меоранд. Намози љанозаи марњум асри 30-юми июн дар масљиди Сари Осиёи пойтахт баргузор шуд. "Нигоњ" ба ањли оила ва рўшанфикрони Тољикистон барои даргузашти Муњаммадљон Умаров сабри љамил мехоњад. Худованд љояшро љаннат гардонад. "НИГОЊ"
ИЌТИСОД
Тољикистону Молдова хостори таќвияти њамкорињои иќтисодї шудаанд
Дар љаласаи дуюми Комиссияи байнињукуматии Тољикистону Молдова оид ба њамкории иќтисодї љонибњо ба та-
вофуќ расиданд, ки лоињаи Барномаи њамкории иќтисодї байни ду кишварро тањия ва ба имзо расонанд.
Љаласаи мазкур 30-юми июн дар Китобхонаи миллї тањти роњбарии Ќодири Ќосим, раиси Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи Тољикистон ва Тудор Капоч, муовини вазири иќтисоди Молдова баргузор шуд. Бино ба иттилои расмї, дар љаласаи мазкур масъалаи таќвият бахшидани њамкорињо
дар соњаи тиљорат ва иќтисод, сармоягузорї ва дастгирии соњибкории хурду миёна, кишоварзї, саноат, энергетика, тандурустї , наќлиёт , њифзи муњити зист мавриди баррасии љонибњо ќарор гирифт. Тибќи маълумоти оморї гардиши савдои Љумњурии Тољикистон бо Молдова 3,9
млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 1,3 млн. доллари ИМА-ро содирот ва 2.6 млн. доллари ИМА-ро воридот ташкил додааст. Љаласаи якуми комиссияи байнињукуматии Тољикистону Молдова дар соли 2004 дар шањри Кишинев баргузор гардида буд.
МУРОЉИАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
7
Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
Вокуниши академикї
"Дастури хавфнок" Њукумат ба саркўбии расонањои мустаќил шуруъ кард? Ба сохтору муассисањои давлатї мустаќиман иттилоъ доданро ба журналистони расонањои ѓайридавлатї манъ кардаанд. Минбаъд дастрасии расонањои ѓайридавлатї ба иттилои расмї танњо тавассути Агентии миллии иттилоотии "Ховар" сурат хоњад гирифт. Гуфта мешавад, ин дастур ба роњбарияти корхонањои давлатї зимни љаласаи ахири њукумат, 30-юми июн дар Душанбе ироа шудааст. Муаллифи хабар менависад, дар чанде аз корхонаю нињодњои давлатї, ба шарти ифшо накардани номашон, ин иттилоъро тасдиќ карда, гуфтаанд, "минбаъд ѓайрињукуматињо бояд танњо бо мактуби расмї мурољиат кунанд..." То чопи ин шумора, ин хабарро, ки аввал Ожонсии иттилооти TojNews пахш кард, расман таъйид накарданд. Шояд ин дастур умуман расман шарњ дода нашавад, ба њар сурат, агар чунин тасмим гирифта шуда бошад, дарвоќеъ бояд боиси нигаронии љомеаи журналистии кишвар гардад ва як дастури хавфнок арзёбї шавад. Аввал ба он хотир, ки чунин тасмим ѓайриќонунї хоњад буд.
Моддаи 23 Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар ВАО" муассиса ва корхонањои давлатї ва мансабдорони онњо вазифадоранд ба журналист иттилои заруриро дар муњлати муќарраркардаи ќонун пешнињод кунанд. Моддаи 23-и њамин ќонун, ки муносибати воситањои ахбори оммаро бо маќомоти давлатї ва ташкилот ба танзим медарорад, мегўяд: 1. Њар шахс њуќуќ дорад, ки тариќи воситањои ахбори омма дар бораи фаъолияти маќомоти давлатї, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо иттилооти аниќ ба даст орад. 2. Воситањои ахбори омма њуќуќи аз маќомоти давлатї, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон гирифтани ахборро доранд. Маќомоти давлатї, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо ба воситањои ахбори омма маълумоти зарурї дода, барои шинос шудан бо њуљљатњо имконият фароњам меоранд.
3. Маќомоти давлатї, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо вазифадоранд, ки ба воситањои ахбори омма маълумоти расмии зарурї ва ба маводњои танќидї ва тањлилии онњо, ки омўзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мўњлати то се рўзи кории баъди мурољиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, љавоб дињанд. Аз љониби маќомоти давлатї, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо иттилооти таъљилї, ки ањамияти љамъиятї дошта, ба номгўи маълумоти дорои сирри давлатї ва дигар маълумоте, ки бо ќонун њифз карда мешавад, дохил нест ва омўзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешнињод карда мешавад. 4. Роњбарони маќомоти давлатї ва ташкилотњо вазифадоранд ба маводи танќидї ва тањлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омўзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мўњлати на бештар аз ду њафтаи баъди рўзи нашри (пахши) онњо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор љавоб дињанд. 5. Дар њолати аз додани маълумот саркашї намудани роњбарони маќомоти давлатї ва ташкилотњо, намояндаи воситаи ахбори омма ба маќомоти болої ё тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба суд шикоят карда метавонад.... Ин љо њар гуна шарњ зиёдатї аст. Аммо агар ба назар гирем, ки ќонуни нави матбуот, - њамон Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар ВАО" - и нав соли 2013 ќабул шудааст, чунин як тасмимро метавон нишонаи заъфи њукумат дар самти сиёсати иттилоотї унвон кард. Ба ибораи дигар, зўракї як самти асосии сиёсати давлатро то њадди АМИТ Ховар мањдуд кардан аст. Ин гуна сиёсат "оё ба амвољи иттилоотии љањони муосир тоб меорад, ё не?" саволи риторикї аст, албатта.
Пушти дастур Аммо ин савол воќеан љавоб мехоњад, ки бо бастани роњи як гуруњи журналистон ба нињодњои давлатї ба чї натиља расидан мумкин аст? Дар фазои иттилоотии имрўз иттилоъ њар соату њар лањза куњна мешавад. Ба гумон аст, ки дар чунин
шароит касе ба нињодњои давлатї мактуб карда, се рўзи ќонунї (баъзан як моњу ду моњ) интизори посухи расмї ба саволњо нишинад. Ба хонандаи имрўз хабари дирўза љолиб нест. Дар чунин њол, роњи ягонаи расонањо рў овардан ба манобеи ѓайрирасмї хоњад буд, ки ин ба њич ваљњ ба манфиати давлати Тољикистон нахоњад буд. Дурусттараш, њар касе ин фармон, амр ё дастурро агар дод, як ќадам ба тарафи суќути давлатдории миллии Тољикистон рафт. Чї тавр? Ваќте иттилои расмї мањдуд шуду љои онро иттилои ѓайрирасмї ё аз манобеъи мухолифони давлат мегирад, љанги иттилоотиро њукумат ба мухолифонаш бой медињад. "Ба доно як ишорат!" - аз ин зиёд ман наметавонам ба њукуматдорон фањмонам. Шахсан барои ман иттилои фачу лач ва яктарафае, ки як мансабдори чаласавод медињад, зарур нест. Љомеаи журналистї манофеи миллию давлатиро хуб мефањмад. Мисолњои алоњидае аз њаводиси чанд соли ахир метавон овард, ки расонањои ѓайридавлатї дар њифзи манофеи миллї ва давлатии Тољикистон дар фазои иттилоотї дар пањлўи њукумат истода буданд. Масалан, њамлаи иттилоотї ба сохтмони НБО Роѓун, љанги иттилоотї бо ДОИШ ва ѓ. Аммо чунин иќдом - мањдудияти дастрасї ба иттилоот барои расонањои мустаќил ба гумони ѓолиб натиљаи баракс хоњад дод, ки журналистонро ба давлатї ва ѓайридавлтї људо мекунад. Аз љониби дигар, инро метавон шуруъи марњалаи аз миён бурдани матбуоти мустаќил дар Тољикистон метавон талаќќї кард. Тарње, ки бояд дар баробари барномаи "антинањзат" иљро шавад. Њоло дар љомеаи журналистии тољик, ки гоњо байни худ, аз таќсим шудани нашрияњои ѓайридавлатї ба мањалњо шикоят доранд, шояд касоне фол њам мезананд: чунин тасмим ба нав шудани рањбарияти АМИТ "Ховар" чї рабте дошта метавонад? Њарчї набошад, тарњи сомонаи агентии давлатї баъди як њафтаи нав шудани рањбарият, иваз нав шуд. Чї мегўед, ки дар мо ин гапи хеле калон аст: Иттифоќи нависандагони Тољикистон то њол сайт надоштааст! Тасаввур мекунед? Умари ТОЊИР
Як гурўњ собиќадорони Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон аз бозтоби ќазияи ягона гимназияи исломї дар расонањо нигаронї мекунанд. Зимни як матлаб бо имзои чандин нафар, ибтидо академик М. Нуъмонов, гуфтаанд, ки "виљдон, нангу номуси тољикона ва эњсосоти ватандўстона намегузорад, ки дар баробари иттилооти носањењ, носанљида ва бепоя муњри хомўшї ба лаб гузорем". Кўтоњи сухан, собиќадорони Донишгоњ бисёр дар тањайюранд, ки чаро солиёни охир мо - рўзноманигорони тољик рисолати аслии хешро, ки њаќиќатнигорї ва созандагї мебошад, фаромўш кардаем. Онњо матолиб дар бораи гимназияи исломиро танќиди беасос ва "муќтазои табиат"-и рўзноманигорон медонанд. Ин гап - "ягона Гимназияи исломиро бастанд" - собиќадоронро ба ташвиш овардааст. Онњо инро бањои сиёсї дода, гуфтаанд: "гўё вазифаи љонии ин тоифа журналистон тобиши манфї додан ба њар иќдом ва ибтикори Њукумати мамлакат мебошад. Гўё онњо "дирижер"-е доранду бо як ишораи ў њамагон ба "навохтан" медароянд". Њамин тавр, "аъмолу гуфтори як гурўњ рўзноманигорони... "ватандўст"-у "миллатпараст" ва "њаќиќатљў"-ю "ростќавл" онњоро ба шигифт меорад, зеро "агар ба ќазияи бинои хобгоњи Донишгоњи омўзгорї назари воќеъбинона медоштанд, нек дарк менамуданд, ки њар моње маблаѓи њангуфт аз њисоби иљораи бино ба хориљи љумњурї интиќол меёфт". "SADR Ink" - и ИМА беш аз якуним миллион доллар (!) фоидаи соф ба даст овардааст. "Куљост нангу номуси миллї ва њисси ватандўстии рўзноманигорони арљманди мо, ки "аз пашша фил месозанд?!" Боз аз он таассуф мехўранд, ки "дар хабарњои пахшгардида рўзноманигорон манфиати миллиро ба инобат нагирифтаанд". Воќеан љойи суол аст, ки муњтарам собиќадорон аз рўи кадом меъёр сатњи ватандўстї, њаќиќатљўї, миллатпарастї, манфиатњои миллї ва амсоли ин дигар арзишњои волои инсониву шањрвандиро муайян мекарда бошанд? Якум, агар номуси миллї ва њисси ватандўстї доред, аз њукумат талаб кунед, ки аз њисоби кињо ба љазирањои Вирљиния ё њисобњои хориљии кадом оилањо солона чандсад (на 1,5!) миллион доллар меравад? Пашшаву фил ба хотир меояд, не? Академикњои миллатдўст чаро боре напурсиданд, ки пули IRS куљо меравад? Дуюм, манфиати миллї ин буд, ки гимназияи исломї дар Тољикистон бояд бошад. Дар он бояд асосњои мазњаби њанафї омўхта шаванд. Академикњо агар манфиати миллиро мешинохтанд, бояд ангушти ишора ба сўи мактабњои туркии тариќати Гюлен мекарданд. Сеюм, мисолњои боло исбот мекунанд, ки шумо "дирижёр" доред, на мо. Фармон доданд, иљро мекунед, "хап шин" гуфтанд, хомўш мешавед. Ман бар инам, ки њамин хел академик доштан хилофи манофеъи миллии Тољикистон аст. Муњтарам собиќадорон, оё Шумо фикр намекунед, ки мављудияти ришва ва пора дар системаи маориф ин хиёнат ба насли миллат, ба ояндаи давлат аст? Оё боре ба њисоботи Агентии зидди фасод чашм дўхтаед? Танњо дар соли 2014 аз љониби ин нињод 101 мавриди фасоди молї дар системаи вазорати маориф ва илм ошкор шудааст. Ватандўстї аз диди Шумо њамин аст? Хиёнат ин аст, ки мо - рўзноманигорон мегўем, ё ин аст, ки шумо - омўзгорон мехоњед аз миллат пўшед? Дар омади гап, чанд сол пеш дар расонањо дар бораи Носирљон Салимзода, дар замоне, ки ректори Донишгоњи давлатии Хуљанд буд, матлабе нашр шуд. Дар он аз ќазияи сирќати миллионњо сомонї маблаѓи буља њарф мерафт. Агар хеле поквиљдону ростќавлед, метавонед аз эшон суол кунед, ки чаро ба ин матлабњо посух надоданд? Агар ба масъалаи бањси Гимназияи исломї баргардем, хеле тааљљубовар аст. Гимназияи мазкур тобеаи вазорат мебошад. Агар вазорат хостори бастани гимназия нест, тавре шумо мегўед, пас масъала чї аст? Ман ба самимияти Шумо бовар надорам, зеро вазорат метавонад оддї биноро ба гимназия дињад. Агар ба хобгоњ зарурат аст, чаро Донишгоњи омўзгорї хобгоњеро ба муассисаи таълимии туркии "Шалола" додааст, ки бо пул утоќњоро ба донишљўёни тољик иљора медињад? Ин пул ба хориљ намеравад? Шумо он ќадар академик њастед, ки њангоми дарафтодан ба мо - журналистон масъаларо тобиши сиёсї медињед ва номи Президенту Њукуматро барои њимояи худ истифода мекунед. Чаро наметавонед пўшти номи худ пинњон шаведу аз амалњои худ њарф занед? Шумо як њаёт чунин будед ва ба ин њол афтодани Тољикистон натиљаи кори Шумо, кори шогирдону шогирди шогирдони шумо њам њаст. Ва на њамаи рўзноманигорон он гуна њастанд, ки шумо тасаввур мекунед. Њар беша гумон мабар, ки холист...
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
30-уми июн Анљумаи Иттифоќи Нависандагони Тољикистон баргузор шуд ва Низом Ќосимро раиси ин иттињод таъин кард. Бо њамин даврони рањбарии Мењмон Бахтї, шоир ва драматурги тољик ба анљом расид. Хабарнигори мо бо мавсуф дар бораи фаъолияти 11-солааш суњбат кард. - 11 сол муддати каме нест. Агар ба пас нигаред чї бурду бохтњое дошт? Дар ин дањ сол ба майдони адабиёт кї омад ва кї аз ин арса бирафт? - Бале, дар ин муддат, ё худ як давраи томи фаъолияти босамари эљодї, 5 солу 10 сол барои ин ё он адиб метавонад наќши дилхоње бозад. Дар ин мўњлат, бешубња чењрањои тоза ба майдони адабиёт омаданд. Мо ин чењрањои тозаро пеш аз њама тавассути машварати адибони љавон, ки дар њудуди вилоятњо ва њам дар доираи њавзањои адабии умумиљумњуриявї баргузор шуда буд, пайдо намудем. Ѓайр аз ин, дар оѓози давраи кори Раёсат, мо барои љавонон љоизаи навтаъсиси "Падида"-ро асос гузоштем. Ин љоиза аз рўзи таъсис ёфтан то ба имрўз, 3 дафъа, дар ду сол як бор, ба љавонони соњибистеъдод супорида шуд. Ногуфта намонад, адабиёти муосири тољик бо адибони варзидаю шинохтаи хеш њамеша ифтихор дорад ва дар ин миён ин насл низ барои пешбурди адабиёт хидмати босазо намудаанд, ки дар Анљумани навбатї ин номњоро Шумо дар маърўза ва њам гузоришњои рафиќон хоњед шунид. Аз бурду бохтњо низ муфассалан сўњбат мекунем. - Шумо аз зумраи маъдуд адибоне њастед, ки дар муњимтарин жанрњои адабї асар офаридаед, шоир, нависанда ва драматург њастед. Ва густохї намебуд агар ман аз Шумо суол кунам, ки назми мо дар ин дањ соли охир пеш рафт, ё наср? Зимнан очерку публисистика дар чи њол аст? - Аз роњи низоми наќшаи солонаи кори Раёсати Иттифоќи нависандагон дар толорњои хурду бузурги ИН тањти унвони "Тадбирњои умда" мањфилњо доир ба осорњои нави шоир ва нависандагони мо пайваста баргузор мегардад. Ин мањфилњоро аз рўи наќшаи корї ва гоњо берун аз наќша кормандони масъули бахшњои назму наср, драмнависон, адабиёти кўдак ва наврасон барпо мекунанд. Дар ин мањфилњо осори шоирону нависандагон аз љониби наќди адабї ва њам ихлосмандони адабиёт тањлил ва арзёбї мегардад. Бамаврид медонам ишора кунам, ки сад афсўс, чопи китобњо имрўз на танњо дар Тољикистони мо, балки дар тамоми кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї бо теъдоди 300 то 1000 нусха чоп мешаванду бас. Дар замони Шўравї дар Тољикистон теъдоди чопи китоб аз 5 њазор то 20-25 њазор нусха иборат буд ва китоби адиб њам ба дасти хонанда ва њам ба китобхонањои хурду бузург рафта мерасид. Эњтимол то љое дуруст бањо надодани хонанда ба эљодиёти адибон њамин ишораи мо њам бошад. Агар аз рўи њаќиќати њол гўем, имрўз ба назму насри дар замони истиќлол офаридаи адибони мо метавон ифтихор кард. Адибоне, ки ба навиштани публисистика бештар шуѓл доранд, дар даврони истиќлол фаъолияти назаррасе доштанд. Доир ба сохтмонњои хурду бузурги неругоњњои барќї амсоли Роѓун, Сангтўдаи 1 ва 2, тунелњо, азнавсозии роњњо, шањру ноњияњо ва ѓайрањо дигар адибон дар мисоли Нависандаи халќии Тољикистон Муњиддин Хољазод, Бахтиёр Муртазоев, Шералї Мўсо, Ра-
«
МУСОЊИБА љабалї Ањмадов, Њанифаи Муњаммадохир, Мирањмади Амиршо ва дигарон бо роману ќиссањо ва маќолањои пурарзиши худ хидмату зањмати сангини бунёдкоронро огоњона ба ќалам додаанд. Дар ин миён маљаллаи адабии "Садои Шарќ" ва њафтавори "Адабиёт ва санъат" низ корномаи бунёдкорони замони истиќлолро пайваста ба табъ расониданд. - Дар даврони Шўравї низ Шумо дар нињодњои эљодї кор мекардед ва њамзамон иртиботњои наздик бо ИН доштед. Мегўянд, дар замони Иттињоди Шўравї Иттифоќи нависандагон мафкурабардори идеологияи коммунистї ва давлати Шўроњо буд ва њоло низ баъзењо ба ин назаранд, ки истиќлолият натавонист барои Иттифоќи нависандагони Тољикистон мустаќилият орад ва он дар доираи идеологияи низоми имрўзаи давлатдорї мечархад. ИН то куљо дар тасмимгирињои худ мустаќил аст ва нињодњои давлатї то куљо ба фаъолияти он дахолат мекунанд? - Ба њељ кас пўшида нест, ки Иттињоди Шўравї њама созмонњои эљодиро ба хотири мафкурабардории идеологияи коммунистї
Мењмон БАХТЇ:
"Аз онњое ранљидам, ки ба бўњтонњо бовар карданд..." бунёд карда буд. Аммо нависандагоне њам буданд, ки то љое, берун аз ин њалќа осори гаронбањо ба олами адабиёти љањонї таќдим карданд, ки ин њамаро нодида гирифтан хуб нест. Агар аз рўи инсоф гўем, истиќлоли Тољикистон барои мо болу пари парвоз бахшид. Ваќте худи ман дар оѓози истиќлол бунёд гузоштани муљассамаи бузурги Исмоили Сомониро дар маркази Душанбе дидам, дилам шукуфт, њам ба истиќлолият ва њам ба љуръати камназири мўњтарам Эмомалї Рањмон ањсант гуфтам. Ин мисолро барои он овардам, ки агар замони Шўравї мебуд, ин хел ёдгории бузурги нишонаи давлатдории тољиконро бо ин њаљму шањомат роњ намедоданд. Ё худ бунёди туннелњо, роњњо, неругоњњои барќї ва азнавсозии пойтахти азизамон шањри Душанберо. Ман бо дилпурии тамом ва њам огоњона ба шумо мегўям, ки истиќлолият ба Иттифоќи нависандагон њам мустаќилият дод ва њам озодии андеша. Ана њамин озодии андеша буд, ки ман асарњои драмавии таърихиро ба номи "Шоњ Исмоили Сомонї", "Фирдавсї", "Нангбардори Хуљанд"-ро ба табъ расондам. Ду асари дар боло номбурда дар озмуни умумиљумњуриявї сазовори љои аввал гардида буданд. Драмаи "Фирдавсї" (берун аз намоиши сањна, њамчун асари мустаќил) сазовори мукофоти давлатии ба номи Рўдакї гардида буд. Бо ин ман гуфтаниям, ки агар њамин истиќлолият ва озодии андеша намебуд, шояд ман ин асарњои таърихиро ба ин шаклу ба ин оњанги озодандешї наменавиштам. Дар ин ду даврае, ки банда раиси Иттифоќи нависандагон будам, агар аз рўи инсоф гўям, фишор, таъзиќ, ба гуфти русї "дикта"ро аз љониби Њукумат ва аз худи Љаноби Олї надидаям ва мушоњида накардаям. Танњо ба роњи хуби корњои эљодї њидоят карданду бас! Боз ба маврид медонам арз кунам, ки њамин рўњи демократї доштани Њукумати Тољикистон аст, ки имрўз рўзномањои ѓайри-
Масалан, шоирае, ки дар замонаш устод Лоиќро бо тўњмату иѓво мехост пушти панљара шинонад ва баъдан ба Иттифоќи нависандагон низ тўњмату иѓво пањн кардан хост, ў низ чанде ба њамин дард гирифтор шуд. Роњбарияти ИН нигарон шуданд, ки ў аризаи аз узвият ва њам аз ИН даст кашиданашро навишта меорад, аммо ба кадом сабабу андешае ариза наовард.
«
давлатї њуќуќи озодандешї доранд. Онњо норасогї ва камбудињоро ба хонандагонаш пайваста мерасонанд. Дар љумњурињои њамсоя, рости гап, ин тарзи озодандешї вуљуд надорад. Ман дар 3 кишвари њамсоя, ки аз роњи сафари хидматї рафта будам, ин њолатро мушоњида кардам. - Чї дар гузашта ва чї имрўз буданд бањсњое, ки ИН-ро як созмони кўњнашуда ва меросмонда аз низоме медонанд, ки њоло вуљуд надорад. Ба ин андеша розиед? Метавонанд адибони тољик бе чунин созмон бошанд? - Ба ин намуд бањсњо дар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї, бахусус баъди пошхўрии Иттињод хеле ављ гирифта буданд. Онњо дар чанде аз кишварњое, ки унвони ИДМ-ро гирифта буданд, Иттифоќи нависандагонро ба ду Иттифоќи мустаќил ва дар баъзе аз кишварњо аз рўи ѓараз онро баста буданд. Аммо пас аз чанд муддате ин хатогиро эњсос карда, Иттифоќи ягонаро аз нав барќарор карданд. Дар Тољикистон низ ба ин оњанг аз љониби ду-се нафаре, ки дар озмунњо мукофот нагирифта буданд, ба ин мазмун гоњ-гоњ садоњо баланд мекарданд. Масалан, шоирае, ки дар замонаш устод Лоиќро бо тўњмату иѓво мехост пушти панљара шинонад ва баъдан ба Иттифоќи нависандагон низ тўњмату иѓво пањн кардан хост, ў низ чанде ба њамин дард гирифтор шуд. Роњбарияти ИН нигарон шуданд, ки ў аризаи аз узвият ва њам аз ИН даст кашиданашро навишта меорад, аммо ба кадом сабабу андешае ариза наовард. - Адибон дар замони шўравї хеле зиёд миёни мардум буданд. Имрўз њам њастанд, вале ба назар камтар. Ё зиёданду таблиѓ намешаванд ё ин љо шояд мушкили дигаре њаст? - Дар замони Шўравї заводу фабрикањо, колхозу совхозњо фонди махсус доир ба фарњанг доштанд. Адибоне, ки аз роњи Бюрои тарѓиби адабиёт ба шањру ноњияњо мерафтанд, аз њисоби њамин фондњо њаќќи хидматашонро дар вохўрињо мегирифтанд. Бюро низ бо ин ташкилотњо ќарордор мебаст ва адибонро хавасманд мекард. Имрўз ин намуд фондњо, аз гуфти намояндагони Бюрои тарѓиб, вуљуд надорад. Ба ин нигоњ накарда, имрўз њам адибони мо аз тариќи радиою телевизион ва њам дар шањру ноњияњо пайваста вохўрињо мегузаронанд. Аммо аз тариќи телевизион ин намуд вохўрињое, ки дар шањру ноњияњо мегузаранд, кам тарѓиб мешаванд. - Соли љорї хеле бањсњои тезутунд сари
эътои љоизаи давлатии ба номи Рўдакї буданд. Аз ин чї бардошт метавон кард: њангомањое, ки афрод расонаї кардаанд, ё воќеан њам ин гуна мушкил дар интихоби асарњои шоиста њаст? - Ин суол бештар ба Кумитаи давлатии љоизањои ба номи Рўдакї дахл дорад. Азбаски ман њам узви њамин Кумита њастам, метавонам бо ду њарф доир ба ин масъала изњори аќида кунам: Асареро, ки наќди адабї ва њам хонандагони бофазлу дониш бањои мусбат дода бошанд, муаллифи он аз ин даргоњ ноумед нагаштааст. Ќабул доред, ки пазириш ба сафи ИН дар ќиёс ба солњои Шўравї хеле сода шудааст ва теъдоди касоне, ки узвияти ин иттињодро доранду маъруфияташон ба ин сатњ нест, афзудааст? Зимнан ба ёд оред, ки худи Шуморо чї гуна ба узвияти ИН пазируфта буданд? - Сифати ќабул ба узвият хуб аст, аммо шуморааш назар ба замони устод Турсунзода афзудааст. Ба он хотир, ки агар дар замони устод Турсунзода ањолии Тољикистон 4 миллион бошад, имўз ќариб ба 9 миллион расидааст. Агар дар он замон 4 Донишгоњи Олї бошад, имрўз Тољикистон 38 Донишгоњи олї ва Донишкада дорад. Ин њама донишгоњњо, хушбахтона љавонони навќаламро ба воя расонида, љониби Иттифоќи нависандагон њавола мекунанд. Акнун бубинед тафовути рањ аз куљост то ба куљо. Агар аз рўи инсоф гўем, љавонони имрўз дар муќоиса бо љавонони солњои 50 то 90 хеле пухтаю расида ва пешрафтаю љањондидаанд. Ба хаёлам, њољат ба мисол овардан нест. - Зарфи ин 11 сол назари матбуот ба фаъолити ИН ва Раиси он яксон набуд. Чиро аз эродњо ќабул кардед ва аз кадом ранљидед? - Аз њасудон ва дилсиёњон наранљидаам, чаро ки оин ва зиндагии онњо тамоми умр њамин тарз љараён гирифтааст ва њамин сурат хоњад монд. Ман аз онњое ранљидам, ки ба њамин бўњтонњо бовар карданд. - Бо чї кор машѓул хоњед шуд? - "Зинда бод озодї!" - гуфта аз паи асарњои нотамоми хеш мешавам. - Шояд њарфе монда, ки напурсидем? - Ба њамќаламону дўстоне, ки ба садри ин Раёсат меоянд, барору тозакорињо ва саломатию хушрўзї хоњонам. Сўњбати Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
9
26-уми июн дар шањри Душанбе њамоише ба муносибати Рўзи љањонии гиромидошти ќурбониёни шиканља баргузор шуд. Дар он фаъолони љомеаи шањрвандї, њуќуќшиносон ва онњое, ки пайвандонашон аз шиканља осеб дидаанд ё фавтидаанд, ширкат доштанд. Хабарнигори мо дар њошияи ин њамоиш аз Ойнињол Бобоназарова, њуќуќшиноси маъруф ва рањбари Созмони љамъиятии "Перспектива+" нахуст пурсид, ки дар Тољикистон то куљо сатњи шиканља коњиш ёфтааст?
Ойнињол БОБОНАЗАРОВА:
"Сарбоз латукўб шавад, Ватанро њимоя намекунад" - Ваќтњои ахир Эътилофи зидди шиканља барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб корњои зиёдеро анљом дод. Сафарњои масъулини СММ оид ба шиканља то як андоза барои кам шудани шиканља дар Тољикистон таъсири худро расонд. Чун пештар мегуфтанд, ки дар Тољикистон умуман шиканља нест, агар њолатњои шиканља ба ќайд гирифта мешуд, онро ба сўистифода аз мансаб рабт медоданд. Муносибати љиддии Эътилофи зидди шиканља ва њам расонањои мустаќил ба ин масъала таљаљљўњи маќомотро низ љалб кард, ки пешравие ба назар мерасад. - Оё мушахасан метавонед бигўед, ки чї пешравї ба миён омад? - Њамин, ки бо ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси љиноятии Тољикистон оид ба шиканља як моддаи махсус ворид кардаанд, худ пешравї аст. Аз љониби дигар, ин баёнгари вуљуд доштани шиканља мебошад. Инчунин чандин ќарори судї мављуданд, ки нафарони даст ба шиканља зада љазо гирифтанд. - Дар чанд ваќти охир на дар маќомоти тафтишотиву интизомї, балки бештар њолатњои шиканља ва зўроварї дар ќисмњои њарбї мушоњида мешуд. Намунааш Шањбол Мирзоев ва наваскаре, ки чанде пеш дар ќисми низомии
воќеъ дар Конибодом ба њалокат расид... - Ќуввањои мусаллањ ин як сохторе аст, ки дастрасї ба шаффофияти он хеле мушкил аст. Ваќте љавони 18-соларо дар онљо латукўб мекунанд, дар вай як тарс пайдо мешавад. Ин гуна љавонон латукўб шудани худро то замоне, ки сахт захмдор шуда бистарї нашаванд, ба њеч кас намегўянд. Ин як анъана шудааст бо номи "дедовшина" ва наваскарон гумон мекунанд, ки њамин чиз бояд бошад. Наваскарон гумон мекунанд, ки агар кўњнааскарон онњоро як-ду-се мушт зананд, њељ гап нест. Аммо ваќте љавонро чунон мезананд, ки мемирад ё сахт љароњат мебардорад, баъд љомеа хабардор шуда, журналистон аз пайи он мешаванд. Ваќте дар милитсия њолати шиканља сурат мегирад, адвокат дар назди боздошшуда њаст ва ба воситаи адвокат боздоштшуда имкон дорад, ќазия расонаї шавад. Аммо дар назди сарбоз њеч касе нест ва аз шиканља шудани ў љомеа огоњ намешавад. Замоне хабари шиканља раоснаї мешавад, ки аллакай, њатто дер шудааст. Ваќтеро сарбозеро лату кўб мекунанд, мутмаин бошанд, ки ин нафар ватанро њимоя намекунад. Љиноятњои мар-
бут ба шиканља ба муќобили як нафар не, ин хиёнат ба ватан аст. Ваќте ягон нафар љиноят содир мекунад, ин як масъала аст, аммо ваќте шахсе љиноят мекунад, ки вазифаи вай њимояи инсон аст, масъала ранги дигар мегирад. Барои њамин мо пешнињод кардем, ки љинояти шиканља яке аз љиноятњои вазнин эълон шуда, барои ашхоси бо чунин љиноят зиндоншуда ќонуни авф татбиќ карда нашавад. Дар ин бора чандин бор Эътилофи зидди шиканља ба маќомоти дахлдор мурољиат кард, ки тариќи ќонуни авф бахшидани афроди бо љурми шиканља зиндонишударо бардоранд ва дар ќонун махсус зикр шавад, ки шахсоне, ки шиканља мекунанд, мавриди авф ќарор намегиранд. Аммо, мутаассифона, дар Тољикистон афроде, ки шиканља мекунанд, авф мешаванд. Мо талаб дорем, ки на-
бояд онњо авф шаванд. - Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Тољикистон дар ќисмњои њарбї мониторинг гузаронд. То куљо ба шаффоф будани ин мониторинг метавон бовар кард? - Ин масъала ба он вобаста аст, ки Омбудсмен то чи њад ба ин масъалањо таваљљўњ дорад. Мо надидем, ки оид ба њуќуќи инсон аз тарафи Омбудсман ягон изњорот пахш шуда бошад. Ё надидаем, ки он нафар дар парламент оид ба шиканља, муњољирати мењнатї ва ѓайра суханронї карда бошад. Омбудсмен як институте њаст, ки дар Тољикистон вуљуд дорад, аммо дар амал мо фаъолияти љиддии онро намебинем.
гуна њиљоб астам њанўз аз ту; сад гуна њиљоб аст њанўз азам ту; сад гуна њиљоб аст њанўз аз туам) ва танњо вазн (њамчунин ин љо ќофия) аст, ки эљоб карда замир (бандакљонишин) бо калимаи њанўз пайваст шавад ва агар вазн мехост он метавонист бо њар калимаи дигаре аз ин мисраъ, тавре ки нишон дода шуд, бипайвандад. Зимнан, эњёи дубораи ин имкони нањвї аз роњи истифодаи њарчи бештар ба ѓанои забони мо, ба вижа дар назм бисёр ёрї хоњад кард. Аммо истифодаи "њанўзам" ба маънои "њанўз њам", ки њатто дар сарлавњањои як нашрияи мўътабари электронї мушоњида шуд, ба њеч ваљњ аз назари нањвї дуруст нест. Балки эњтимол меравад, худи "њанўз" аслан "нўз" буда, (Нашуд пасту бар љои хеш аст нўз. Фирдавсї) "ња"-и аввал, њамон кутоњшудаи "њам" аст, яъне "њамнўз". Онгуна, ки дар "њамэдун" ба њамин маъно боќї мондааст, чун баъди мим садоноки "э" омада, талаффузашро осон сохтааст. Њамчунин, ќобили ёдоварист, ки баъзан форсизабонон ба таќлиди забони омиёна ва гуфтории мањалли худ "њанўзам"-ро ба маънои "њанўз њам" ба кор бурдаанд, ки мутобиќ ба меъёр нест.
ШУРАФ - МУШРИФ; ШАРАФ - МУШАРРАФ
Суњбати Муллораљаб ЮСУФЇ
ДУРУСТ БИНАВИСЕМ
ЊАР ОЙИНА - ЊАРОЙИНА Замоне ин иштибоњ ба назар расид, ки дар матни тарљумаи як асари классикї таќрибан дар њар як сањифа ибораи "каждое зеркало" мушоњида шуд, дар њоле ки бо маънои матн њеч таносуби маълуме надошт. Ваќте ба матни асл (дар њуруфи кирилї) мурољиат шуд, тахмини мо дуруст баромад. Мутарљим њар љое ки ибораи "њар ойина"-ро дидааст, онро "каждое зеркало" тарљума кардааст ва дар ин маврид ба ў хурда гирифтан њам чандон аз рўйи инсоф нест, зеро ин ибора ба таври мошинї чунон тарљума њам мешавад. Аммо дар асл ин калимаи "њаройина", яъне "ба њар ойин" аст, ки аз назари таркиб бо калимањои "њархела", "њарранга" монанд буда анљомаи "а" эљоб мекунад, ки пешванди "њар" бо решаи калима пайваст навишта ва хонда шавад. Кунад њаройина ѓайбат њасуди кутањдаст, Ки дар муќобала гунгаш бувад забони маќол. Саъдї Чи хуб аст аз ин калимаи зебо ва пурмаъно, ки муродифи муносибе дар корбурди имрўзии мо надорад, њарчи
бештар истифода шавад, то он саросар роиљ ва мафњум гардад.
ЊАНЎЗАМ - ЊАНЎЗ ЊАМ Сабаби ривољи иштибоњи мазкур, яъне "њанўзам" ба маънои "њанўз њам" зоњиран бардошти носањењ аз мавридњоест, ки нависандаи пешин замири шахси аввалро бо калимаи "њанўз" пайваста, ба љои "њанўз маро" "њанўзам" навиштааст. Ин навъ љойгузинии озоди замирњо (-ам, -ат, -аш) дар забони адабиёти классикии мо хеле роиљ аст, вале дар забони имрўзи мо ин имкон хеле мањдуд гардида, замир танњо дар як љо ё ду љои муаяни љумла ба кор бурда мешаваду бас. Масалан, агар вазнро эътибор накунем, тибќи ќоидаи забони адабиёти классикї замири шахси аввалро дар мисраи дувуми ин байти Аттор, ки мурољиат ба маъбуд аст, метавон дар чанд калима гузошт: Бигдохта чун барфи тамўзам аз ту, Сад гуна њиљоб аст њанўзам аз ту. (Садам гуна њиљоб аст њанўз аз ту; сад гунаам њиљоб аст њанўз аз ту; сад
Дар маќолае дар хусуси зиндагї ва осори адиб ва донишманди маъруфи ќарни 18, ки наздик ба 90 сол умр дидааст, омадааст: "ў дар айёми тифлї ба далели бемории шадид мушарраф ба мавт шуд". Дар љои дигар омадааст, "Китобхонаи ў мушарраф ба боѓча буд". Маълум аст, ки мантиќ халал ёфтааст, агарчи бузургони гузашта аз рўи эътиќод ва имон метавонистанд, "мушарраф ба мавт" бинависанд, вале дар ин њол аз идомаи зиндагии мавсуф имкони сухан гуфтан боќї намемонд. Аз ќиёси љумлаи дуввумї метавон њадс зад, ки ин љо "мушарраф" дар асл калимаи дигаре ба маънои "наздик" аст, ки дар навишти форсї бо мушарраф сурати ягона дорад. Ин калимаи "мушриф" аст, ки аз решаи "шураф" баргирифта шудааст ва мутаассифона ин калима њам дар матнњои тањияшуда бисёр ваќт ба сурати "шараф" навишта шуда, аз таносуби маъної бо боќии матн хориљ мегардад. Дар чунин мавридњо масъала вобаста ба таваљљўњ нисбат ба таносуби маъноии матн аст, ки агар андаке диќќат ба харљ дода шавад, метавон аз иштибоњ эмин монд. Рустами ВАЊЊОБ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
Њафтае ќабл билохира Иёолоти Муттањидаи Амрико ба издивољњои њамљинсон иљозат дод. Додгоњи олии ин кишвар ќарор кард, ки ба издивољи њамљинсон дигар монеа нест. Пештар аз ин шататњои алоњида ба ин ќарор омада буданд, вале акнун дар кулли мамлакат ин фољеаи башарї расман иљозат дода шуд. Аз соњибмаќомњои матрањи ин кишвар Вазири умури хориља Љон Керрї аз аввалинњо шуда расман аз тасмими додгоњ истиќбол кард ва њатто гуфт, ки Амрико талош хоњад кард дар сар то сари Сайёра издивољи њамљинсон расмї шавад. Вале на танњо дар гўшаву канори олам, балки дар худи Амрико мухолифони ин ќарор беш аз њадди интизор аст. Ахиран губернатор Майк Њакабї эълон кард, ки издивољи њамљинсон ќонунњои табиатро вайрон мекунад ва ин аслан номумкин аст. Вай дар сањифаи Твиттери худ навишт, ки "Додгоњи олї ќодир нест ќонунњои табиат ва Худовандро дар бораи никоњ лаѓв кунад, њамчуноне ќудрате надорад, ки ќонуни љози-
атфол фикр кард",-менаивсад нашрия. Дар идома муаллифи маќола ба масъалаи насл таваљљуњ мекунад. Маъмулан издивољњои њамљинсон насл надоранд, вале агар тасмим гирифта шавад, ки ин ќонуни табиат низ наќз карда шавад, пас њамљинсгароён соњиби насли худ мешаванд, ки ин барои ояндаи Сайёра кушанда аст. Вале дањшатноктар аз њамаи ин: пешбинї мешавад, ки баъди расман эълон шудани никоњ миёни њамљинсон чандњамсарии бонувон, алоќањои хонаводагї, аз ќабили падар бо духтар, хоњар бо бародар, модар бо фарзанд, ки як вањшонияти замони муосир дар тамаддуни ѓарбист, низ тадриљан маќоми расмї хоњанд гирифт. "Аммо, менависад муаллиф, чї хоњад шуд агар одамон бо њайвонот издивољ кунанд? (Назири инро дар Њинд дидем, ки духтареро бо саге њамболин ва никоњ карда буданд). Вале аз издивољ бо њайвонот њатман насл ба вуљуд меояд, ки маълум нест он одам аст ё њайвон. Дар
"Марду мард, зану зан" Чаро мо бояд њатман аз тасмиме, ки Додгоњи олии ИМА гирифт, нигарон бошем?
баи умумиљањониро манъ намояд". Он ки издивољи њамљинсон аз нигоњи њамаи динњои самовї ќобили интиќоду мамнуъ аст, шаке нест. Њатто масењияте, ки Амрико аз он пайравї мекунад, бархўрди шадид ба мавзуъ дорад. Чї монад ба Ислом, ки њукмаш басо ќатъист: МАНЪ АСТ! Аммо "The Guardian", нашрияи маъруфи британиёї навишт, ки акнун баъди расмї шудани издивољи њамљинсон одамон ќодир шуданд ќонунњои табиатро хароб кунанд. Ин нашрия як фарзияи илмиро мавриди тањлил ќарор медињад, то фањмонад, ки издивољњои њамљинсон то кадом њад тавозуни зиндагиро дар олам хароб мекунад. "Њамчуноне пешбинї мешуд, тантанањои ќонуни нав дар бораи издивољи њамљинсгароён муљиби ба вуљуд омадани рангинкамон дар кулли манотиќ шуд. Рангинкамон ин нишони ЛГБТ (љомеаи ливотагарон, хонумњои њамљинсгаро, трансњо ва ѓайра) мебошад ва вуљуди он дар назари аввал чизи баде њам нест. Аммо агар нек бияндешем њолати ба миёномада дигаргуна аст ва њамин рангинкамон метавонад зиндагии инсонњоро ба мушкил рў ба рў гардонад. Чї тавр? Рангинкамон зоњиран безарар аст, вале бубинед, ки ки онњо чї гуна ба биної таъсир мерасонанд, агар муддати дурудароз ба онњо бингаранд. Мо рангњоро ба шарофати њуљайрае ташхис мекунем, ки дар шабакаи чашм љойгир аст. Тибќи табиаташон агар дурудароз ба як ангеза нигаранд,ин њуљайрањо хаста мешаванд ва дар натиља одамон метавонанд дар ташхиси рангњо ба мушкил рў ба рў шаванд. Ва ин як фољеаи басо бузургест! Он ваќт инсон чї гуна метавонад мушаххас намояд, ки бо кадом ранг аз кўча бояд убур кунад ва тибќи кадом нишон ё ранг бомбро безарар гардонад?",- омадааст дар тањлил. Ба атфол чї иттифоќоте пеш меояд? Дар баччагї ќишри биноии маѓз њанўз ба таври комил шакл нагирифтааст ва рушди он вобаста ба он аст, ки тифл бештар чиро мебинад. Вале агар вай ба таври мудавом ба маљмуъи њамешагии рангњои рушан мутаваљљењ шавад, ин метавонад ќобилияти ташхиси рангњоро дар вай дигаргуна шакл дињад. Аз ин рў ояндаи насли башар зери хатар ќарор дорад! Бояд дар бораи
натиља зуњури нажоди гибридї, нимодаму нимњайвон ногузир аст. Ва мо Заминро ба сайёраи доктор Моро табдил медињем, ки дар нињояти амр тамаддуни инсонї хотима меёбад". Дар мо чї? Пўшида нест, ки њатто дар Тољикистон ва љамоњири њамсояи он рушди њамљинсгарої ба назар мерасад ва маќомот њам инро пинњон намедоранд. Таваљљуњи рўякї ба иддае аз сомонањои мубаллиѓи ин фарњанг кифоя аст дида шавад, ки мизони љалби афрод ва синну соли онњо ба кадом њад аст. Як пажуњиши њанўз анљомнушда танњо аз шањри Душанбе дар чанд шабакаи интернетї 254 нафарро ба ќайд гирифт, ки бо њам дар муколама њастанд. Ва синну соли онњо аз 18 то 64 аст. Миёнашон бино ба эътирофи худашон (метавонад дурўѓ њам бошад) омўзгорон њам њастанду донишљўён њам, коргарон њам вуљуд доранду кормандони баландмаќоми баъзе идорањо низ. Ва агар ба ин рўйдоди дар Санк-Петербург боздошт шудани як подполковники ВКД-ро илова кунем, пас њадс задан душвор нест, ки падида то кадом њадд густариш ёфтааст. Ва агар ба ин боз хостори паноњандагї шудани иддае аз њамљинсгароёнро, ки созмонњои байналмилалї расонаї карданд, илова кунем, мебинем, ки вазъ хушнудкунанда нест. Љон Керрї гуфт, ки кишвараш талош хоњад кард издивољ бо њамљинсонро дар рўйи Замин расмї кунад. Ва аввалин талошњо пуштибонї аз онњоест, ки ба иллати фишор мехоњанд паноњандаи он кишваре бошанд, ки ин амал мамнуъият надорад. Кї метавонад кафолат дињад, ки бо гузашти як ё ду дањсола ин масъала ба омили фишори амрикоиву аврупої барои љамоњири мусалмоннишин табдил намеёбад? Тољикистон ва дигар мамолики исломиро танњо арзишњои исломї ва эътиќоди мардум метавонанд аз ин вартаи нобудї наљот бахшад. Вале муносибати маќомот бо дин агар таѓйир наёбад, бо гузашти њамин ду дањсола аллакай худи љавононеро, ки синнашон он ваќт ба 25-30 хоњад расид, мутаќоид кардан душвор хоњад буд, ки ин падидаи њайвонист, на инсонї.
Фирўзи МУЊАММАД
Њушдори Кобул Маќомоти расмии Кобул хитоб ба кишврањои Осиёи Миёна мегўянд, агар аслиња ва таљњизоти низомї дар ихтиёри мо нагузоред, ДОИШ аќиби дарвозањоятон хоњад расид. Оё маќомоти кишвар инро бояд тањдид донанд, њушдор ё паём? Веб-блоги Раззоќи Моъмун "Гузоришномаи Афѓонистон" дар гузорише менависад, ки давлати доктор Ѓанї сиёсати хориљии худро мутафовут аз даврони Њомид Карзай танзим кардааст. "Карзай истратежї надошт. Теории истифода аз љанг дар њукумати љадид амре муњим аст. Доктор Ѓанї ќабл аз ин низ гуфта буд, ки Афѓонистон ба љойи њамаи кишварњои минтаќа алайњи терроризм мељангад ва кишварњои Осиёи Миёна бояд каме ба худ такон дињанд. Вай мехоњад иќтисод ва аслињаро аз тамоми кишварњои минтаќа ба даст биёварад". Ин манбаъ ба наќл аз маќомоти расмии Кобул навиштааст, ки тамоми иќтисоди љанг барои мубориза бо терроризм бояд ба Афѓонистон сарозер шавад. Зеро, ба навиштаи ин манбаъ, Афѓонистон барои сулњ ва љанг як минтаќаи таъйинкунанда аст. Манбаъ аз Нурулњаќ Улумї, вазири умури дохилии Афѓонистон иќтибос меорад, ки дар љаласаи ахири Маљлиси Намояндагон гуфтааст: "Ба хотири мањори талоши љангљўёни хориљї ва Толибон бо кишварњои Осиёи Миёна дидорњое доштем ва аз ин кишварњо хостори таљњизоти низомї ба Афѓонистон шудем. Гузоришњои ахир њамин аст, ки хориљињо бо фомилашон (хонаводањояшон) дар бахшњои Шимол зиндагї мекунанд ва талош барои ноамн сохтани кишварњои њамсоя доранд. Дар дидорњое, ки бо маќомњои кишварњои Осиёи Миёна доштем, гуфтем, ки мардуми Афѓонистон дигар сипари ин кишварњо буда наметавонанд ва бояд ин кишварњо Афѓонистонро дар таљњизоти низомї кўмак кунанд, зеро Афѓонистон намехоњад, ки аз хокаш дар баробари кадом кишваре истифода шавад". Дар гузаштаи начандон дур, замоне, ки давлати Тољикистон бо мухолифони мусаллањаш дар љанг буд, мањз ду тан аз маъруфтарин чењрањои сиёсиву низомии Афѓонистон - Бурњониддини Раббонї ва Ањмадшоњи Масъуд, ки њоло њарду ба сафи шуњадои роњи Њаќ пайвастаанд, мањз аз њукумати Эмомалї Рањмон пуштибонї мекарданд ва талош бар ин карданд, ки муњољирин аз Афѓонистон ба ватанашон баргарданд, миёни њукумат ва сарварони неруњои оппозитсион муоњадаи сулњ имзо шавад. Масъуди шањид њама корро кард, то Толибон ба марзи Тољикистон наздик нашаванд. Зеро вуруди Толибон ба вилоёти шимол суќути худи онњо низ буд. Шимоли Афѓонистон то замони вуруди неруњои мусоидати байналмилалї дар ихтиёри ќуввањои вафодор ба Масъуду Раббонї монд. Он замон, албатта, Масъуд ва Раббонї њадафњои худро низ дунбол мекарданд.
Мехостанд шимол як майдони муќовимати зидди Толибон боќї бимонад, то љомеаи љањонї мутаваљљењ шавад, ки муќовимат шикаст нахўрдааст. Афѓонистон он шабу рўз амалан ба ду ќисмат људо шуда буд ва њатто тибќи наќшањои геополитикї низ ин ќисматшавї мувофиќ ба ањдофи истеъмори љањонї низ буд. Вале ин љо муњраи аслии бозї - Ањмадшоњи Масъуд ба њеч ваљњ ризо набуд Афѓонистон ќисмат шавад. Вай ин нуктаро дар мусоњибањои зиёдаш такрор карда буд. Ин буд, ки Шимолро чун як бахши Афѓонистоне, ки тавони муќовимат бо Толибон дорад, дар панљаи худ нигоњ медошт. Вале вай њам ногузир буд барои худ аќибгоње дошта бошад ва бењтар аз Тољикистон наметавонист кишвари дигар аќибгоњи ин сипањсолор бошад. Барои ин лозим меомад ба сулњ миёни ду љиноњи мухолиф бештар аз дигарон мусоидат кунад ва њатто мулоќоти сарнавиштсози Хустдењ низ бо ташаббуси Раббониву Масъуд сурат гирифта буд. Мањз дар њамин Хустдењ тарњи нињоии созишномаи сулњ кашида шуд, ки бо андаке такмил он дар Маскав имзо шуд. Аммо давлати Ѓанї ин гуна ниёз надорад, муњтољи њеч аќибгоње нест, њоло ки амрикоињо ва теъдоди дигари хориљиён артиши худро нигоњ медоранд, давлати Кобул ниёз аз аќибнишинї надорад. Аз сўйи дигар њусни таваљљуњи њамзабоние, ки ба Тољикистон Масъуду Раббонї доштанд, Ѓанї надорад. Он ки доктор Абдуллоњ сафари Тољикистон дошту муддате чароѓи њамон њамгироии замони Масъудро рушан кард, ба он маъно нест, ки сиёсат дар Афѓонистон дигар шуда бошад. Њамчуноне аз навиштаи Раззоќи Моъун њам пайдост, доктор Ѓанї бо як истратежии хос вориди сањнаи набард бо мухолифонаш шудааст. Ва пай бурдан душвор нест, ки дар ин истратежї тарањњуми масъудона љо надорад. Акнун Кобул талаб мекунад, ки чун Афѓонистон сипар барои неруњои террористї аст, пас кишварњои Осиёи Миёна, бахусус Тољикистон, Узбакистон, Ќирѓизистон ва Туркманистонро лозим меояд, ки амалан кўмак намоянд. Њатто мушаххас гуфта: бо силоњ ва иќтисод. Бо ду чизе, ки Афѓонистон шадидан ниёз дорад. Ваќте ки барои неруи барќ моњњо талош меравад, ки созишнома имзо шавад ва касе аз роњбарони ин мамолик њозир нестанд, як муоњадаи истисної бо Кобул имзо кунанд, пас Кобул низ яќинан ба ин натиља расидааст, ки бояд ин кишварњо то кадом њад муњим будани Афѓонистонро чун сипар эътироф кунанд. Ва набояд мамолики Осиёи Марказї инро тањдид шумаранд, балки паси дарњо будани неруњои тахрибкори экстремистї собит аст. Ахиран маќомоти расмии Тољикистон иќрор шуда буданд, ки дар марз бо Афѓонистон њудудан 1500 љангии Толиб мунтазири вуруд ба Тољикистонанд. Бигзор онњо Толибони афѓон набошанд, њатто аъзои гуруњи Њизби исломии Туркистон бошанд, ки њадафашон аз ќаламрави Тољикистон ворид шудан ба хоки Узбакистон аст. Вале дар њар маврид ин Тољикистон аст, ки зањри бесуботї нўш мекунад.
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
ТАБЛИЃ
Шарикон, мизољон ва дўстон! Ширкати Qnet ба олами ислом маљмуи нави соатњои дастии Bernhard H. Mayer®-ро пешкаш кард. Ороиши соатњои дастї руњи исломї дорад. Соатњои сифати аврупої, ки дар онњо номи Аллоњ њаккокї шудааст, њангомаи њаќиќиро дар Ховари Наздик ба вуљуд оварданд. Дизайни нав ин моли дунявиро дар кишваре, ки пур аз нањйи динї аст, ба тавсиявї табдил дод. Боварии мардуми ин љо, ки ба даст омад, бешак, тавсияи муътамаде хоњад буд, барои мусалмонони тамоми дунё. Дар бораи ин њодиса нашрияи арабии "Аз-зовяат" чунин менависад: "Ширкати Qnet њамеша ба арзишњо ва урфу одати минтаќа бо эњтироми хоса муносибат мекунад. Тиљорат мекунад ва муносибатњои шарикиро таќвият мебахшад. Яке аз принсипњои асосии ширкат дар њамин аст ва он дар њамаи минтаќањо риоя мешавад. Зиёда аз он, роњбарияти ширкати Qnet бовар дорад, ки моли ширкат бояд ба мардуми мањаллї дар зиндагї аз рўи арзишњову суннатњо кўмак кунад. Дар кишварњои Ховари Наздик ва Африќои Шимолї, ки ислом тамоми пањлуњои њаёти мардумонро фаро ги-
11
Соатњои дастї бо "номњои Аллоњ" рифтааст, рамзи нишонњое, ки дар онњо номи Худо, амру нањйи Ў (љ) ва марбут ба суннати Паёмбар (с) дарљ аст, ањамияти махсус доранд. Зикри номи Парвардигор дар њаёти арабњо мавќеи хос дорад. Танњо гирифтани номи Аллоњ ва сифоти Ў кори хайр ва ибодат мањсуб мешавад дар ин љо. Сокинони Шарќ аз ќадимулайём дар чизњое, ки барояшон ќиммату ањамияти хос доранд, номи Аллоњ ва оятњои Каломуллоњро сабт мекунанд. Ва, албатта, соатњои дастї бо номи Аллоњ барои онњо на танњо як чизи ќимат, балки арзишмандтару манфиатовар хоњад буд. Дар соатњое, ки њар кадом дастї сохта шудаанд, тамоми 99 номи Аллоњ дарљ шудаанд. Навиштаљот дар соатњо аз љониби њаккокону рассомони бењтарине, ки ба њаккокии арабї машѓуланд, иљро шуда, соатро
бо се њалќаи зебо оро додаанд. Дар њамоњангї бо се аќрабак ба он њусни ѓайриоддї зам мекунанд. Соатњо дар ду шакл пешнињод мешаванд, бо асоси нуќрагин ва дастаи оњанин, ки занг намезанад ва асоси сиёњ ва дастаи резинї. Рўйшиша аз ёќут ва механизми швейтсариягии квартсии Ronda аз афзалиятњои он мањсуб мешаванд. Шуруъи фурўши соатњои махсусро Холид Диаб, директори генералии ширкати Qnet дар минтаќаи Ховари Наздик ва Африќои Шимолї эълон кард. Вай таъкид кард, ки: "Маљмуаи соатњои нави дастисохт анъанањо ва эътиќоди моро ба фарњангу арзишњои минтаќа бо талаботи махсус ба тасвирњо идома хоњад дод. Мо таќозои зиёдро аз љониби муъминон, онњое, ки ба њар чизе, ки Худо офаридааст, эњти-
ром доранд, интизор будем". Маљмуаи мазкурро ба фурўш гузошта, мо мехостем миннатдории хоси худро ба мизољон ва шариконамон дар Ховари Наздик ва Африќои Шимолї баён дорем. Имрўз ин Ховари Наздик ва Африќои Шимолї минтаќањое мањсуб мешаванд, ки фурўши моли Qnet дар њоли рушди бештар аст. Ширкат ба ин манотиќ ањамияти хос медињад ва ситоди он дар Дубай (АМА) ба пањнкунандагони худ беш аз 2 милион соатњои маљмуаи нави "Номњои Аллоњ" ро пешнињод мекунад. Агар Шумо низ ба соатњои ширкати Qnet таваљљуњ доред, метавонед онњоро тариќи намояндагии ширкат дар Тољикистон ба даст оред.
ИНТИХОБ
Низом Ќосим - 8-умин Раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон
Низом Ќосим, вакили Маљлиси намоядагони Тољикистон дар Анљумани 14-уми Иттифоќи нависандагон рањбари нави ин нињод интихоб шуд.
30-юми июн дар театри драмавии академии ба номи Абулќосими Лоњутии Душанбе Анљумани Иттифоќи нависандагон баъди як соли таъхир баргузор шуд. Низом Ќосим бидуни раќиб дар овоздињии кушодаи вакилони Иттифоќи нависандагон раис интихоб шуд. Њамчунин, 64 нафарро ба узвияти Раёсати Иттифоќ ќабул кардаанд. Низом Ќосим дар ин вазифа шоир ва драматург Мењмон Бахтиро иваз кард, ки аз соли 2004 инљониб Раиси раёсати Иттифоќи нависандагон буд. Иттифоќи нависандагони Тољикистон соли 1934 ташкил шуда, аввалин раиси он Саид Носир будааст. Баъдан, дар ин маќом чењрањои ба мисли Ањмедбек Мавлонбеков, Абдусалом Дењотї, Сотим Улуѓзода, Мирзо Турсунзода, Мўъмин Ќаноат, Аскар Њаким ва
Мењмон Бахтї раисї кардаанд. Шоир Абдулќосим Лоњутї дар замони таъсиси Иттифоќ Раиси фахрии он таъин шуда будааст. Иттифоќи нависандагон аз ташкилотњои бозмонда аз даврони Шўравї аст, ки аз буљаи давлат маблаѓгузорї мешавад. Дар замони Шўравї таблиѓи ѓояњои коммунистї яке аз самтњои аслии фаъолияти иттифоќи нависандагон мањсуб меёфт. Дар Анљуман аз љониби аъзои Комиссияи тафтишотї пешнињод шуд, ки Иттифоќ аз иттињодияи љамъиятї ба муассисаи давлатї табдил дода шавад. Тасмим гирифта шуд, ки ин пешнињод ба Президент Эмомалї Рањмон ироа карда шавад. Раиси нави Иттифоќи нависандагон Низом Ќосим пури Љањонгир дар интихоботњои
парламентии солњои 2010 ва 2015 ду навбат аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї вакил аз ЊХДТ интихоб шудааст. Ў 57 сол дошта, дар шањри Ќурѓонтеппа зода шудааст. Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси филолог - журналист соли 1979 хатм кардааст. Солњои гуногун дар нашрияи "Пионери Тољикистон", корманди идораи тарѓиботии Иттифоќи нависандагон, муњаррири нашриёти "Адиб" ва сармуњаррири Вазорати фарњанг буд. Аз соли 2006 то 2010 дар вазифаи Директори муассисаи давлатии "Телевизиони кўдакону наврасон - Бањористон" кор кардааст. Мењмон Бахтї, ки то ин дам Раиси Иттифоќи нависандагон буд, 69 сол дошта, дар дењаи Шули ноњияи Рашт ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омўзгории Тољикистон мебошад. Дар солњои 19952000-ум вакили Маљлиси Олї ва соли 2005 узви Маљлиси Миллї буд.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
БО ШОИР Понздањ сол ќабл дар охирин рўзи моњи июн ќалби пуртапиши устоди шеъру сухан Лоиќ Шералї аз задан бозмонд. Ин рўз баробар ба рўзи мотами миллї буд, рўзе, ки муддате мо шеъри аљамро дар сукут дидем. Марде аз миёни мо рафт, ки сухангустар, ширинбаён ва зиёда аз доираи тасаввур дилбохтаи ин миллату ин Ватан буд. Шеъреро аз ў наметавон пайдо кард, ки мењри ин сарзамин ба гунае ёд нашуда бошад. Устод Лоиќ сарояндаи бебадали ишќ буд ва гумон намекунам дар ќарни бист шахсе дар пояи ў муњаббатро суруда бошад. Устод Лоиќ умре бо ѓами ин миллат буд ва бахусус ашъори љовидонаи чанд соли охираш моломол аз дарди ин миллат суруда шуд. Вай љанги њамватаниро тањаммул накард ва њамвора ду љонибро мазаммат мекард ва ба сулњу оштї даъваташон менамуд. Дар сурудани ашъори зиддиљанги низ касе мисли ў муваффаќ нашуд. Зеро вай аз таъкид хаста намешуд ва билохира аз имзои созиши сулњ ба ваљд омад. Њеч шоњиде фаромўш намекунад, ки устод чї гуна бо гулу гулдаста ба фурудгоњ рафт, то вуруди њайати њукуматї аз Маскавро, ки бо имзои санади њамдигарбахшї омада буд, истиќбол гирад. Вале дардо, ки ин фарзонаи миллат ба 59-умин солгарди њаёташ олами моро тарк кард. Ин чанд шеър ба поси хотири шоири маъруф ин љо чоп мешавад.
ЛОИЌ ВИДОЯТ КАРДУ РАФТ.... Љон ба ќурбони ту, эй мењани хунинкафанам, Будї байтушшарафам, гаштаї байтулњазанам. Душманат чор тараф аљнабию хонагиянд, Тани танњо ба чї ниру сафи аъдо шиканам? Дўст душманнасаќу душмани ту дўстнамост, Рост гўям, бипаронанд зи чашму дањанам. Тољик андар Ватани хеш чаро муттањам аст? Ё хато рафта ба тољик таваллуд шуданам? Њама халќони дигар анљуман оростаанд, Дар Самарќанд нашуд сохта ним анљуманам... Гуфт алломаи Иќбол, ки бархез зи хоб! Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам... Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурў, Дигаре гуфт: биё, мањваши симинзаќанам... Он яке гуфт ѓами гову бузу бузѓола, Дигаре гуфт ѓами хонаву фарзанду занам... Домани кўњ гирифтему думи маркаби хеш Рафт аз даст њама домани дашту даманам. Эй Хуросон, ту бигў, соњати Эронвич ку? Ман аз ин фољиа чун шиква ба яздон накунам? Ку дигар шаъшаъаи донишу фарњанги бузург? Ку дигар карру фару наъраи ѓулѓулфиканам? Рўзу шаб аз ѓами ту гирякунон месўзам, Ту ба хун ѓарќаю ман ѓарќи малолу мињанам. **** Гиряи ман на аз он аст, ки даргоњам сўхт, Њам на з-он аст ки шуд сўхта боѓу чаманам, Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам, Њам на з-он аст, ки фарсуда бувад пирањанам, Гирям аз он ки туро њукм ба куштан карданд, Эй ту њам появу њам мояи инсон буданам! Гирям аз он ки зи бунмояи ин ќисмати талх Ман сухан гўям агар, нест касе њамсуханам. Гирям аз он ки ба жарфои чунин фољиае Нашавад хира кас аз њамнасабу њамватанам. Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафе Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам. Гирям аз он ки ту танњоиву ман танњотар, Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам. 18.02.1996 Бемористони дил **** Шумо, шикастабањоён, маро чї медонед? Шумо, бузургифурўшон, маро чї медонед? Надидаед чу як бор љанги рўёрўй, Шумо, гурезаи майдон, маро чї медонед? Ба оби мурда фаќат акси хеш мебинед, Шумо, каноранишинон, маро чї медонед? Агар ба ављ парам ман, пари шумо шиканад, Аз ин муомала њайрон, маро чї медонед? Зи гулшукуфти бањоре шумо хазон гардед, Шумо, хазони парешон, маро чї медонед? Ба пеши чашми њаќиќат чу зарра ночизед, Ба љањлу кина бузургон, маро чї медонед? **** Дар калла њатто бод не, ин боданўшї аз куљо, Бо пўстѓафсї ин њама чарминапўшї аз куљо? Дирўз бехомак будї, бекозаю бомак будї, Њоло ба бозори љањон, мошинфурўшї аз куљо? Дуллор ба каф барги хазон, дуздї накардї? Рост гўй,
Даври лабон, кафки дањон, дарёхурўшї аз куљо? Дї будї беизорраке, дар кўчаю бозораке, Бо зењни кунду аќли кунд, ин тундљўшї аз куљо? Дирўз таппак мезадї, дар пода љуфтак мезадї, Ай сустаку мустак бигў, ин сахткўшї аз куљо? Дирўз хомўшак будї, ољиз чу харгўшак будї, Имрўз бонгат то фалак, вањйи сурўшї аз куљо? Соли 1995 ЭЙ ХАЛЌ, ЭЙ ХАЛЌИ СОДДАДИЛ Беѓам њама ѓахорњо, бесар њама сардорњо, Аз ваъда пур толорњо, холї њама анборњо. Пур шуд агар сад кисае, холист милюн кисае, Хории миллатро бубин, дар кўчаву бозорњо. Хушкида оби рўйњо, гандида оби љўйњо, Пўсида наъши одамї, дар чолањо, дар ѓорњо. Оњангашон њанги хару фарњангашон банг асту бас, Симои миллат зишт шуд, аз зиштии кирдорњо. Оне, ки хонї дўстат, кањ љо кунад дар пўстат, Гирдат гирифта чорсў гирдоби гирудорњо. Асъор дорад, пур хўрад, ашъор зери по нињад, Помол шуд аќлу хирад, аз тозиши дуллорњо. Фарёдњо афсўсњо, аз марги созу сўзњо, Вовайлато, воњасрато аз марги нангу орњо! Бар њоли ту мегирямо, њар лањза мемирамо, Эй халќ, халќи соддадил, бо андуњу тиморњо.... Октябри соли 1993 **** Чун набуд дидаваре, њаќназаре дар бари халќ Барфу борони бало рехт ба фарќи сари халќ. Сангдил баски фузун буд дар ин сангистон Дили санг об шуд аз оњи дили модари халќ. Њар ќадар дасти дуо сўи худо боло шуд, Он ќадар ќањри худо рехт ба бому дари халќ. Чун зи масљид ба дили халќ камон кард камин, Халќ донист, ки љуз худ набувад довари халќ. Дар Душанбе зи шару шўр замин меларзид, Минбари чанд љигаррехта шуд минбари халќ. Косаи сабр чу лабрез шуд аз дасти тињї Пур шуд аз хуни дилу хуни љигар соѓари халќ. Ин ки ќонун ба сари тахт нишинад бояд Шоњкорест, ки анљом шуд аз сангари халќ. Гар шавад чира зи њамдастии мардум ќонун, Љовидон сабт шавад дар вараќи дафтари халќ. Бегуноњ нест дар ин фољиъа њар бегунање, Гунањашро бинамояд назари њаќвари халќ. **** Ман, ки мурдам, ба рўи турбати ман Нутќњои дароз кам гўед. Монда айнак ба чашму аз коѓаз Шарњи сўзу гудоз кам гўед. Чун бигўед бо забони дароз Дар дили мост зинда љовидон... Мурд Лоиќ, валек ашъораш Зинда монад, њаме забон ба забон... Андаке сабр! Нек андешед! Ки шумо худ дилу забон доред? Як тањаммул кунед бекоѓаз, Ки шумо худ магар нишон доред? Чист бонги баландгўи гунг, Чун забони ман аз сухан монад. Зиндаи љовидон? Чи варсоќист! Он суханњо кай аз дањан монад?
Чанбари гул ба рўи турбати ман Нўшдорую марги Суњроб аст. Дар дили ман чаман-чаман пажмурд Чанбаре, ки њанўз шодоб аст. Аз дурўѓи шумо дилам бигрифт, Бандаро кушт ваъдањои дурўѓ. Охирин илтимос: дар сари хок Кам навозед пардањои дурўѓ. Гар бихоњед розї хуспам ман, В-ар шумо з-одамї нишон доред, Шоироне, ки баъди ман оянд, Дар сари ваќт посашон доред. Мурдаам ё ки зинда хоњам буд, Аз лаби рўду чашмањо пурсед. Аз њама ганљи синаи куњњо Мурдаам ман ва ё шумо, пурсед! Ман набудам бузургу олитабъ, Лек чанде ишорањо кардам. Нарасидам ба манзили хуршед, Илтиљо аз ситорањо кардам. Нарасидам агар ба ќуллаи кўњ, Пеши ў ман суљуд овардам. Ахтари нав наёфтам дар шеър, Дар дилам њар чї буд, овардам. Шеър гуфтам на аз барои худам, То ба ќадрам раседу бинвозед. Шеър гуфтам барои он, ки шумо, Ќадри худро дуруст бишносед. **** Чанд оне аз насиби ин љањонам мондааст, Як нигоњи вопасин бар осмонам мондааст. Бар камони ќадди худ мебинаму хун мехурам, Тирњо рафтанд, дуде аз камонам мондааст. Сад љањонро тай задам њам бо ќалам, њам бо ќадам, Як ќадам аз хонадон то хокдонам мондааст. Њосил аз нозукдиливу шишаљонињои ман Айнаки бишкаста андар дидагонам мондааст. Бори тан сангинтар аз бори љањон бар дўши ман, Ин ќадар аз зиндагї бори гаронам мондааст. Љамъ созам њар сањар чун устухонњои танам, Устухоне нест, дарди устухонам мондааст. Аз равонам кай таровад баъд аз ин шеъри равон? Сакта дар дил, сакта дар пои равонам мондааст. Даствора мекашад пои маро сўи лањад, Њаббазо, якто аниси мењрубонам мондааст. Љони нолон, оњи сўзон, чашми њайрон ин њама Ёдгор аз орзуњои љавонам мондааст. Меравам бедаступо њар лањза сўи ломакон, Чанд оњи охирин андар маконам мондааст... 25.12.1995 **** Агар сад сол њам љўї, маро дигар намеёбї, Шабу рўзон худо гўї, маро дигар намеёбї. Ба роњи ман чу пойандози махмал њар сањаргоње Ба сони сабза њам рўї, маро дигар намеёбї. Ман он якроњу якрў будаму бо роњи худ рафтам, Ту, ки садроњу садрўї, маро дигар намеёбї. Сабукрої, сабукпої, муњаббатро намешої, На њам ањли такопўї, маро дигар намеёбї. Саропо чашм њам бошї, маро дигар намебинї, Агар сењриву љодуї, маро дигар намеёбї. Њама доѓе, ки дар оинаи дил дорам аз ишќат, Агар бо ашк њам шўї, маро дигар намеёбї. Ба худ љўшида мехушкам мисоли чашмаи куњсор, Агар дарёи Омуї, маро дигар намеёбї. Бињиштизода њам бошї, бињиштатро бињиштам ман, Агар аз чархи минуї, маро дигар намеёбї.
ВОКУНИШ Дар асоси аризаи сањњомони хољагии дењќонии "Ободї" аз дењаи Чавалай, Љамоати дењоти Ќиблаии ноњияи Рўдакї нашрияи "Нигоњ" тадќиќоти журналистї мегузаронад. Њарчанд он ба анљом нарасидааст, баъзе далелњо тадриљан рушан мешаванд. Фишурдаи масъала чунин аст: Њукумати ЉТ аз 1 июли 2011 ќарори № 336-ро баровардааст, ки мувофиќи он, барои 39 эњтиёљманд, 23 нафарашон аз Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ мебошанд, дењаи нав бо номи "Ќиблаї к - 76 Чавалай" дар дењаи Чавалай бунёд карда шавад. Њавиљойњои ин дењаяки навбунёд аз њисоби " 4 гектар замини хољагии дењќонии "Ободї" сохта мешуд. Аз байн ќариб чор сол гузашта бошад њам, ба истиснои як - ду нафар, ки танњо пойдевори њавлињои ояндаи худро кашидаанд, дигар соњибони замин њам њанўз сохтумони хонањояшонро сар накардаанд ва ба хољагии "Ободї"њам ба љойи 4 гектар аќаллан як ќитъа њам замин надодаанд, њол он ки дар Кодекси замин омадааст, ки пеш аз он ки аз хољагие заминро барои истифода гиранд, аввал ба он хољагї замини баробарарзиш дода мешавад. Ба замми ин дар натиљаи мурољиат ба суд хољагии "Ободї" дар даст њам њалномаи Суди Олии иќтисодї ва њам ќарори коллегияи кассатсионии Суди Олии иќтисодиро дорад, ки ба он њатман чор гектар замини баробарарзиш бояд дода шавад! Прокуратураи генералии Тољикистон низ ин ќазияро ба таври бояду шояд тафтиш накарда, 30 октябри 2014 бо имзои Кишварзода А.Г., муовини Прокурори генералї (њоло ба дигар вазифа таъин шудааст) мактуби љавобї навиштааст: "Бинобари ин, дар рафти санљиш бо дахолати Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон тибќи Ќарори зикршудаи Њукумати ЉТ ва Суди Олии иќтисодии ЉТ аз 30 майи соли 2014 аз заминњои љамоати дењоти Ќиблаї дар масоњати 4.0 га ќитъаи замини баробарарзиши кишоварзї људо карда шудааст." Њол он ки бо тамоми масъулият баён мекунем, ин хољагї то 30 июни 2015 ба ивази 4 гектар заминаш як ваљаб њам нагирифтааст! Чї сиррест нињон дар ин ќазия? Чаро то имрўз ќарори Суди Олии иќтисодї иљро нашудааст? Њоло барои намакчашак як пораи кўтоњ аз суњбате, ки ба ин ќазия дахл дораду дар нимаи дувуми соли 2014 забт шудааст, пешнињод мекунем.
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
13
"Ака, ин масъалањоро тезтар бинед..."
Дар урфият ибораи хуби "намакчашак" њаст. Мо њам хостем, аз тадќиќоти журналистие, ки мегузаронем, як пораи хурдашро ба шумо таќдим кунем, яъне, намакчашак бикунед.
Гуруње аз онњое, ки аз Чавалай ќитъаи њавлиљой гирифтаанд, барои оѓози сохтумон ба сари замин мераванд. Аммо раиси хољагии "Ободї" Рустам Шамсиев ба он гуруњ мегўяд: "Ман дар даст њалномаи Суди Олии иќтисодиро дорам ва то ман чор гектар замини баробарарзишро нагирам, иљоза намедињам, ки дар ин минтаќа касе сохтумон кунад." Овози телефонии Њасан (дар рўйхати кормандони Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ, ки мо дар даст дорему барояшон аз Чавалай ќитъаи замин људо шудааст, Њасан
Ба замми ин дар натиљаи мурољиат ба суд хољагии "Ободї" дар даст њам њалномаи Суди Олии иќтисодї ва њам ќарори коллегияи кассатсионии Суди Олии иќтисодиро дорад, ки ба он њатман чор гектар замини баробарарзиш бояд дода шавад!
«
Холиќов њаст, аммо њанўз пурра рушан нашудааст, ки ин њамон Њасан аст), корманди Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ ба корманди њукуматие, ки аз Чавалай замин гирифтааст: "Раиси ноњияи Рўдакиро гап занед, ки ба ин хољагї замини баробарарзиш дињад." Коргари њукуматї аз Њасан мепурсад: "Њасанљон, документои мо сад фоизай?" Љавоби Њасан: "Сад фоизай... Проблем нестай." Коргари њукуматї: "Њасанљон, Њамин одама (Рустам Шамсиевро) ёрдам кунед, заминаша гирад. Ба ин одам (Рустам Шамсиев) гап зан. Мо пагоњ чизњоямонро биорем ва корро сар кунем... Ман бо ин одам (Рустам Шамсиев) намехоњам каштал ба каштал шавам. Њасанљон, мо саѓирањои сари кўча нестем, айб аст... Ака, ин масъалањоро тезтар бинед, ман кора сар кунам. Сертификат њаст, ќарори њукумат њаст. Њамон п... -оро сари суд бикашен. Чї онњо к.. мезананд..." Коргари њукуматї ба
Рустам Шамсиев: "Мову шумо спорит накунем. Худи Њасан зангаш (ба Наимов Мустаќим, муовини аввали раиси ноњияи Рўдакї дар њамон замон) бизанад, худаш документ карда, љавобаша дињад. Кори љангљолиро наѓз намебинам..." Аљиб аст, ки чаро корманди њукуматї, дар айни замон соњиби як ќитъа замин аз Чавалай аз Њасан мепурсад, ки "документои мо сад фоизай?" Чаро ў ба Њасан мурољиат мекунад, ки "Ака, ин масъалањоро тезтар бинед, ман кора сар кунам?" Корманди Дастгоњи иљроияи Президент ба ин ќазия чї дахл дорад? Умуман, чї ва ё кї сабаб ва монеъ шудааст, ки хољагии дењќонї замини баробарарзишро дар тўли зиёда аз се сол гирифта наметавонад? Тадќиќот давом дорад...
шањрвандї мешавад. Дар сохторњои ќудратї мегўянд, ки "хизмати њарбї душвор буда, ѓайримеъёрї аст, баъзан он шабонарўзї анљом дода мешавад. Барои њамин њамаи хизматчиёни њарбї ќобилияти хизмат дар синни 48-солагиро надорад, ќобилияти кории худро аллакай дар ин синну сол гум мекунанд". Дар вазорати молия мегўянд, ки зиёд шудани сафи нафаќагирони хизматчиёни њарбї боис ба ин тасмим шудааст. Њоло дар Тољикистон зиёда аз 20 њазор нафар нафаќаи соњаи њарбї мегиранд. Барои як сол нафаќаи онњо зиёда аз 160 миллион сомониро ташкил медињад.
Таѓйироти пешнињодкардаи Вазорати молия њоло дар сатњи баррасии вазорату идорањои буда, дар назар аст моњњои наздик ба Њукумати Тољикистон ирсол шавад. Ба гуфтаи манобеъи TojNews яке аз мухолифини ин тарњ Шералї Хайруллоев, ёрдамчии Президент оид ба масъалањои амнияти миллї мебошад. Дар гузашта низ дар замони вазири мудофиа буданаш низ Шералї Хайруллоев зидди таѓйиру иловањо ба Ќонун "Дар бораи вазъи њуќуќии хизматчиёни њарбї" буд, ки он замон њаљми кўмакпулињоро ба хизматчиёни њарбї то 10 маротиба кам карда буданд.
М. СИДДИЌЗОДА
МУШКИЛ
Вазорати молия кормандони маќомотро аз нафаќаи њарбї мањрум карданист!? Вазорати молия мехоњад, ки кормандони маќомоти ќудратиро аз нафаќаи њарбї мањрум кунад. Тибќи лоињаи нави Ќонун "Дар бораи нафаќаи хизматчиёни њарбї", ки аз љониби ин вазорат омода шудааст, хизматчиёни маќомоти ќудратї танњо баъди расидан ба синни нињоии хизмат њуќуќи гирифтани нафаќаро пайдо мекунанд. Дар асоси ќонунгузории љории Тољикистон кормандони маќомот вобаста ба рутбањои хидматиашон баъди 20 соли фаъолият ба нафаќа мебароянд. Як манбаъ аз маќомоти ќудратї ба TojNews гуфт, ки аммо лоињаи нави Ќонун ин ќоидаро барњам мезанад. Кормандони маќомот дар ваќти муќарраршуда ба нафаќа мебароянд, аммо баъди 58-солагї њуќуќи гирифтани нафаќапулиро доранд. Дар вазорати молия тасдиќ кардаанд, ки лоињаи нави ќонуни мазкур барои мувоффиќа ба вазорату сохторњои дахлдор ирсол шудааст ва тибќи он таѓйироти нав хизматчиёни њарбї танњо баъди расидан ба синни нињоии хизмат њуќуќи гирифтани нафаќаро пайдо мекунанд.
Дар вазорати молия аз шарњи бештар дар бораи тарњи мазкур худдорї мекунад. Як масъули вазорат гуфт, ки "агар ин таѓйирот ќабул шавад, хизматчиёни њарбии то рутбаи подполковник дар синни 48-солагї, полковник 53 сола, генерал-майор ва генерал-лейтенант 58 сола, ва генерал-полковник дар синни 63-солагї ба нафаќа мебароянд. Тибќи пешнињоди мо ин нафарон баъди њамин синну сол њуќуќи нафаќа гирифтан пайдо мекунанд". Ин масъули вазорат мегўяд: "Он тартибе, ки ќаблан кормандони соњаи њарбї баъди 2025 соли хизмат нафаќа мегирифтанд меистад, аммо пешнињоди мо як критерияи дигар мешавад. Зеро баъзан њолатњое њаст, ки нафарони љавон дар синни 38-40 солагї аллакай нафаќагир мешаванд. Аз њисобе, ки баъзан як соли хизматашон 2 сол њисоб карда мешавад. Барои њамин мо пешнињод кардем ки барои нафаќаи кормандони соњаи њарбї як тартиби муайян бошад". Ин пешнињод на ба њама вазоратњои ќудратии кишвар писанд омадааст. Бештар посухи рад додаанд. Маќомот гуфтаанд, ки нафаќаи кормандони маќомоти ќудратї баробар ба нафаќаи
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
АДОЛАТ БУДААСТ, ЛЕКИН...! Барои аз њамсарам људо шудан ва фарзандони ноболиѓамро аз ў гирифтан ба Суди ноњияи Синои шањри Душанбе мурољиат кардам. Мутаассифона, ду соли талошам бењуда рафт ва аз рафтори судяи ин ноњия ноумед шудам. Баъд бо маслињати дўстон ба Суди ноњияи Рўдакї, ки мањалли зисти собиќ њамсарам аст, мурољиат кардам. Судяи Суди ноњияи Рўдакї Искандари Саидзода пас аз мурофиа ќарори одилона баровард, ки ду фарзанди ноболиѓ ба тарбияи ман вогузор карда шавад, зеро собиќ њамсарам аз уњдаи ин кор бо баъзе сабабњо намебарояд. Ростї, аз ин тарзи муносибат ва муњокимаронињои судя Саидзода хеле ќаноатмандам ва пас аз ба даст гирифтани њалнома, акнун метавонам бигўям, ки адолат будааст, лекин ман онро на дар ноњияи Синои пойтахт, балки дар ноњияи Рўдакї ёфтам! Бо арзи сипос, Љамшед РАЊМОНОВ, сокини шањри Душанбе
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ПУЛИ ОБРО МЕСУПОРЕМУ АЗ ОБ БЕНАСИБЕМ! - Синам ба 83 даромадааст, то њол ба кишту кор хоса ба боѓдорї шавќу раѓбати беандоза дорам. Дар љамоати Ифтихори ноњияи Ашт то соли 1992 колхози ба номи Ленин амал мекард, ки 800 гектар замин дошт. Колхоз тавассути Канали калони Фарѓона обёрї мешуд. Он ваќт дар замини колхоз пурра пахта парвариш карда мешуд. Аммо як ќисми замини колхоз дар њамон ваќт њам аз об норасої дошт. Баъди соњибихтиёрии Тољикистон колхоз таљдид гардида, ба якчанд хољагии дењќонї табдил дода шуд. Аз сабаби норасоии об 97 гектари колхозро људо карда, барои бунёди боѓ ба мардум доданд. Њоло дар ин 97 гектар замин 34 хољагии дењќонї таъсис дода шуда, самти фаъолияташон пурра ба боѓдорї равона гардидааст. Яке аз њамин њољагињои дењќонї мансуб ба ман аст, ки аз 2 гектар замин иборат аст. Ман ин 2 гектар заминро пурра ба боѓ табдил дода, дар он дарахтони зардолу шинондам. Дар 703 гектар замини собиќ колхози Ленин обчакорї карда мешавад. Соли гузашта барои об 280 сомонї пардохт карда будам. Вале њамагї ду бор 12 - соатї имкон пайдо кардам, ки боѓамро об дињам. Имсол бошад барои об 500 сомонї пардохт кардам, аммо ягон бор боѓамро об дода натавонистам. Њоло фасли гармои тобистон њукмрон аст, вале ман боре њам боѓамро об надодаам. Аниќтараш, имконият намешавад, ки ба дарахтонам об монам. Рў ба рањми Худованди бузург њастам, ки аз оби боронаш боѓамро бенасиб нагардонад. Ваќте нињолу дарахтони аз беобї хушкшудаи боѓамро мебинам, дилам реш - реш мешавад. Об аз рўи адолат таќсим карда намешавад. Таќсимоти ноадолатонаи об дар љамоатро ќабул надорам! Љињати ислоњи вазъ чандин бор ба маќомоти мањаллї, ноњиявї ва вилоятї мурољиат карда будам, аммо, мутаасифона, мушкилоти ман ва 33 хољагии дењќонии дигари љамоат то њол њалли нињоии худро пайдо накардааст. Намедонам дар маркази љумњурї ба таъминоти об кадом вазорат ё идора машѓул аст, то ба онњо низ мурољиат намоям. Бинобар ин, редаксияи гиромї, аз Шумо хоњишмандам мушкилоти маро ба маќомоти дахлдори оби љумњурї расонед! Ин чї хел машавад, ки њар сол сари ваќт пули обро супораму аз об бенасиб монам? Умедворам, ки баъди нашри арзи ман мушкилоти 34 хољагии дењконии боѓпарварии љамоати Ифтихори ноњияи Ашт њалли мусбии худро меёбаду боѓњои ташналаби мо аз об серобу шодоб мегарданд. Мани мўйсафеди 83 - сола дуогўи њамаи онњое њастам, ки мушкилоти моро омада, дида, билохира, онро њал мекунанд ва моро ба боѓдорї дилгарм месозанд. Вањњобљон САИДОВ, сокини љамоати Ифтихори ноњияи Ашт
ЛАТИФА Марде ба хонаи дўсташ омада мебинад, ки рафиќаш дар миёнаи њавлї дутор навохта шиштасту занаш њезум мекафонад. Мард бо ќањр: - Айбу шарма намедонї - а, занат њезум мешиканаду ту дутор менавозї? - О, вай дутор навохта натавонад айби ман - чї? *** Як мард аз кор барваќт ба хонааш меояд. Занаш дарро дер боз мекунад. Мард эњсос мекунад, ки дар хона касе њаст. Љевонро мебинад ва мегўяд, ки "инљо нест". Долонро хабар мегираду мегўяд "инљо нест". Њаммомро менигарад ва мегўяд, "инљо њам нест". Хам шуда таги диванро мебинад, ки марде луб - лучи модарзод 100 доллараи шараќосиро сўяш дароз мекунад. Мард пулро гирифта ба киса мезанад ва мегўяд: "инљо њам набудааст"…
ОЁ МЕДОНЕД?
АВТОМОБИЛЊОИ ОИЛАИ ФОРД - Соли 1903 шањрванди ИМА Генри Форд аввалин маротиба дар иёлоти Мичигани Амрико бо маблаѓи 28 - њазор доллар корхонаи бонуфузи "ФОРД МОТОР КОМПАНИ"- ро дар бинои фабрикаи бекорхобидае ба фаъолият омода сохт. Мањсулоти аввалини ин корхона "аробачаи бензинї", номи "МОДЕЛ А" - ро гирифт, ки онро писарбачаи 15 - сола низ идора карда метавонист. Соли 1911 нахустин автомобили ин корхона ба оммаи васеъ пешнињод гардид, ки он номи "МОДЕЛ Т", - ро гирифта, аввалин автомобили таърихї шинохта шудааст. Ин автомобил то њол маќбули бисёр амрикоињо буда, нархи ибтидоии он сароѓоз 260 долларро ташкил медод. Дар муддати 1 сол аз он 11 њазор фурўхта шуда буд. Дар њамин давра "ФОРД МОТОР КОМПАНИ", як ќатор мошинњои гуногун - аз ќабили автобусњои хурд, мошинњои мањсулоти хўроккаширо сохта ба оммаи мардум пешнињод кард. Солњои 1920 -1940 корхонаи мазкур талаботи њамарўзаро ба воситањои олии техникї ба инобат гирифта, моделњои навро ба сохтан оѓоз кард. Аз љумла автомобили 8 силиндрдорро 1 апрели соли 1932 сохт, ки он дар љањон аввалин маротиба дар ин ширкат сохта шудааст. Шуњрати ширкат тадриљан боло рафта, акнун намояндагињои он дар Аврупою Русия низ кушода шуданд. 24 уми сентябри соли 1945, Генри Форд роњбарии ширкаташро ба дасти наберааш-Генри Форди 2 медињад. Генри Форди 2 соли 1948 модели нав "ФОРДА" - ро месозад. Дар ин солњо ширкат ба истењсоли мошинњои варзишї диќќати махсус медод, ки аз тарафи
љавонон хело хуб пазирої меёфт. Соли 1964 автомобили "МУСТАНГ", истењсол шуда ба омма пешнињод гардид. Солњои 1980 - 2000, ширкат автомобилњои "ФОРД ТАУРУС", "МЕРКЮРИ - СЕЙБЕ", "МОНДЕО", "ФОРД - ЭСПАСТА" -ро сохта ба мардум пешнињод намуд ва аз њисоби фурўши ин автомобилњо буљаи ширкат дањчанд зиёд шуд. Айни њол дар олам зиёда аз 70 намуди мошинњои гуногунтамѓмае чун "ФОРД", "ЛИНКОЛН", "МЕРКЮРИ" ва "АСТОН - МАРТИН", фурўхта мешавад. Њоло гарчанде дар дунё ба ѓайр аз автобилњои ин ширкат садњо навъњои дигари автобил истењсолу пешнињоди харидорон гардонида мешавад, вале ширкати "ФОРД" бо вуљуди он, нуфузу эътиборашро аз даст надодааст. Наврўз РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур
? - И НОБОБ РОЊКИРО АЗ ШАЊРИТЎС ТО ДУШАНБЕ ЧАНД СОМОНЇ АСТ? - Њар боре, ки аз Шањритўс ба шањри Душанбе тавассути мошинњои сабукрав оям, ронандагон аз 25 то 40 сомонї роњкиро меситонанд. Аммо дар бозгашт аз Душанбе ба Шањритўс бо 20 сомонї њам мошин ёфтан имкон дорад. Муаммои роњкирои ин ду самтро ман нафањмидам. Ронандагони мошинњои сабукрав дар ин самт аз усули "Бардорад зам кун, набардорад кам кун" истифода мебаранд. Автобусњои Автовокзали шањри Душанбе дар ин самт дар равуоянд. Ростї, боре њам дар автобуси онњо нанишистам. Нархи роњкирои автобусњои Автовокзали шањри Душанбе аз Душанбе то Шањритўс ва дар бозгашт чанд сомонї аст? Оё дар онњо њам фарќият дар нархи роњкирои омаду бозгашти автобусашон амал мекунад? Нигина РАСУЛОВА, сокини ноњияи Шањритўс - Терминали мусофиркашонии шањри Душанбе ё Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Эйшн Экспресс Терминал" аз моњи марти соли 2013 инљониб дар Љумњурии Тољикистон фаъолият дорад. Терминал дар њудуди собиќ Автовокзали шањри Душанбе љойгир аст. Дар муддати начандон тулонї терминал бо сарфи 140 миллион сомонї ва бо истифода аз технологияи муосири сохтмону меъморї таъмиру азнавсозї гардида, мавриди бањрабардории мусофирон ќарор гирифт. Айни њол дар ЉДММ "Эйшн Экспресс Терминал" 15 хатсайри байнишањриву ноњиявї амал мекунад. Ба мусофирон ронандагони љамъият тариќи автобусњои тамѓаи "MAN", ки истењсоли давлати Олмон аст хизматрасонї мекунанд. Дар як рўз аз саристгоњи ЉДММ "Эйшн Экспресс Терминал" мусофирон тариќи хатсайри Душанбе - Ќўрѓонтеппа 4 маротиба соатњои 8:00, 10:00, 13:00, 15:00; бо хатсайри Душанбе - Љалолиддини Рўмї 3 маротиба соатњои 8:00, 10:00, 13:00; бо хатсайрњои Душанбе - Љиликул, Душанбе - Ќубодиён ва Душанбе - Шањритўс ду маротиба соатњои 8:00 ва 12:00; бо хатсайрњои Душанбе - Кўлоб, Душанбе - Восеъ, Душанбе - Данѓара, Душанбе - Гулистон ду маротиба соати 8:00 ва 10:00; бо хатсайрњои Душанбе - Панљ ва Душанбе - Ќумсангир ду маротиба соатњои 8:00 ва 13:00 ва хатсайрњои Душанбе - Фархор, Душанбе Њисор, Душанбе - Шањринав ва Душанбе - Турсунзода як маротиба соати 8:00 ба манзилашон расонида мешаванд. Нархи роњкирои хатсайри Душанбе - Њисор - 5 сомонї, Душанбе - Шањринав - 7 сомонї, Душанбе - Турсунзода - 8 сомонї, хатсайрњои Душанбе - Ќурѓонтеппа, Душанбе - Данѓара ва Душанбе - Љиликул мутаносибан 15 сомонї, хатсайрњои Душанбе - Љалолиддини Рўмї ва Душанбе - Ќубодиён - 20 сомонї, хатсайрњои Душанбе - Гулистон ва Душанбе - Ќумсангир - 22 сомонї, хатсайри Душанбе - Восеъ - 23 сомонї ва хатсайрњои Душанбе - Фархор, Душанбе - Кўлоб, Душанбе - Панљ ва Душанбе - Шањритўс мутаносибан 25 сомонї муќаррар шудааст. Нархномаи зикршуда дар бозгашт ба шањри Душанбе таѓйир наёфта, чун нархномаи ќаблї, ки аз Душанбе то маркази шањру ноњияњо муќаррар шуда буд боќї мемонад. Ба саволи Шумо аз ЉДММ "Эйшн Экспресс Терминал" посух доданд.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №14 (447), 01. 07. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Назари расмии Мирзодиккаку Ѓалтак ба "бегпулї" - и нав Садои нофорами телефон Мирзодиккакро аз хоби ширини сањар бедор кард. Генерали мустафъї, ки баъди сањархўрї сахт хобаш бурда буд, бо чашмњои пўшида телефонашро аз даруни љогањ ба зўр ёфту аз кат боло шуд. Њавлиро як-як аз назар гузаронд, то итминон пайдо кунад, ки касе аз ањли оилааш ўро намебинад, даќиќтараш, халтаи носашро. Фањманд, ки рўзадор асту нос мекашад кам-кам, ѓур-ѓур мекунанд. Халтачаи сабзро аз зери болинаш гирифту рост дастшўї равон шуд. Телефон беист садо медод: Мирзодиккак: - Ало! Ња, хобат набурд - чї? Дар ин кали сањар занг мезанї? Ѓалтак: - Пешин шуд, дўстам. Лекин дар њаќиќат хобам набурд. Мирзодиккак: - Боз чї гап шуд? Тинљї бошад? Ѓалтак: -Дина смс омад ба телефонам, ки њар моњ 80 дирамї аз телефони ман мегиранд. Ќобилљони нањзатї мегўяд, ки Бег Зуњуров барои номер андоз љорї кардааст. Гуфтам, пурсам, ки аз номери ту њам андоз меситонанд, ё фаќат аз номери ман... Мирзодиккак: - Барои њамин 80 дирам ту маро аз хоб бедор кардї? Ѓалтак: - Шояд барои ту 80 дирам пули пучаке набошад, лекин барои ман баринњо 10 дирам њам пул аст. Мирзодиккак: - Ба њамин 80 дирам 4 дона саќич надињад, чизе намедињад. Ѓалтак: - Бигзор 2 дона саќич дињад, лекин ин саќичњои ман аст, мефањмї? Ягон кас, њатто ќудои подшоњ њам њаќ надорад... Мирзодиккак: - Уфф... боз сар кардї!? Аз мо њам њар моњ 80-дирамї мегирад, ана њамон ќудои шоњ амр кардаст. Фаќат аз ту не, аз њама! Шуд-мї? Љони мо халос? Ман њозир нос мекашам, дигар гап зада наметавонам. Ѓалтак: - Барои чї? Мирзодиккак: - Барои номер. Ѓалтак: - Барои номер фаќат дар Сирк маймунбозњо пул мегирифтанд. Дар ёдат њаст, аввалин бор Сирки Масков омада буд. Реклама мекарданд дар телевизор: Цирковой номер с обезьянами и козлом" Мирзодиккак: - Ту њеч аз неш заданњоят намондї, ки намондї-да! Ѓалтак: - Ту 80 дирам мегўї, бало ба паси 80 дираму вале як бор њисоб кун, агар дар кишвар 6,5 милион нафар телефони фаъол дошта бошад, ин чї ќадар маблаѓ мешавад. Мирзодиккак: - Чї ќадар мешудааст?
Ѓалтак: - Не, ту худат њисоб кун, 80 дирам зарби 6,5 милион 5,2 милион сомонї! Инро ба 12 зарб зан, њар сол 10 милион доллар мешавад. Мирзодиккак: - Эње, наѓз- ку! Буљаи давлати азизамон њар сол соњиби 10 милион доллар шавад, кори бад нашудааст - ку. Ман тарафдори њамин хел корњо, дўстам. Бег Сабурович патриоти њаќиќї! Аз ватандўстиаш њамин хел иќдомњо пеш мегирад. Ѓалтак: - Ња, боз гўй, ки дар ѓами номуси миллат, шабу рўз хоб накарда, дар пайи эљод аст, эљоди роњњои ѓанигардонии буљаи давлат. Дар ягон љойи дунё андози аксизї аз телефон дидаї? Дар мо њаст. 5 фоиз андозро ширкатњои мобилї не, мо мардум месупорем, ки гўё телефонњои мобилї зарароваранд барои саломатї! Мирзодиккак: - Дар телевизор чанд бор намоиш доданд, дидї-ку. Чї хел зарароваранд телефонњои мобилї. Касро ба саратон мубтало мекунад. Ѓалтак: - Зараровар, ки бошад, ба мо љубронпулї дињанд. Дар куљо дидї, ки ин андозњо барои табобати беморони саратон равона шуда бошад. Чанд касро медонї, ки давлат ройгон доруву дармон кунад? Мирзодиккак: - Э, барои 80 дирам, гапро ба кимкадом кўчаву пасткўчањо накаш! Ту баринњо 80 дирам надорем гуфта, њар моњ барои гапњои бењудаву бањуда 80 сомонї њам сарф мекунед. Ѓалтак: - Ширкатњои мобилї аз њисоби гапњои барои шумо бењудаи мо милионњо доллар андоз месупоранд. Ба буљаи Тољикистони азиз! Аз ин рў, гапњои телефонии мо барои ин кишвар чандон бењуда њам нестанд, дўстам! Лекин медонї чї... гап дар 80 дирам нест. Мо мардум агар њар моњ 100 сомонї гўяд њам шояд медињем, чунки маљбурем. Дина аксиз гуфтанд, имрўз номерпулї, пагоњ боз ягон бегпулии дигар ихтироъ мекунад. Бадбахтї дар ин нест. Бадбахтї, дўстам, дар њамин аст, ки инњо сер намешаванд, њеч гоњ! Мефањмї? Њеч гоњ!
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Мењмон БАХТЇ, раиси Иттињоди нависандагони Тољикистон: - Ба њамќаламону дўстоне, ки ба садри ин Раёсат меоянд, барору тозакорињо ва саломатию хушрўзї хоњонам. - И-и-и-и! Меред - мї? Боз як - ду соли дигар анљумани иттифоќро ба ќафо партофта, раисї кардан гиред, буд. Намешуд-мї? О, як сол шуд ку?! Фаридун ЊОДИЗОДА, тањлигари умури сиёсї: - Мо 20 - 30 сол боз вањдати миллї надорем. То њол мо мегўем, мо тољик нестем, ман кўлобї, ман ѓармї, ман данѓарагї, ман ёвонї, ман панљакентї ва ѓайра. Ин чї гуна вањдати миллї аст? - А бач' ёвониё иљ' чї дахл доран? Бо њам'ра бори Ёвон ксай и мардак... Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси МТС: - Њукумат аз ЊНИТ умуман тарс надорад ва њељ коре барои аз майдон баровардани он то њол накардааст. Агар ин корро карданї бошад, њамагї як супориши оддї кифоя аст, зеро бисёр касон худашон мехоњанд, ки аз њизб бароянд, вале шарм медоранд. - Бовар кунед, њамон "як супориши оддї"-ро медоданд, бењтар буд. Аз муллои тољик секс - символ ва аз полковники ВКД террорист сохтан шарт набуд. Исмоил ПИРМУЊАММАДЗОДА, руњонї: - Одамоне, ки ба табиб муњтољанд, метавонанд бо духтурони хеш машварат кунанд. Муфтии эшон духтуронашонанд. Агар духтурон гўянд, ки рўза ба саломатии онњо зарар дорад, пас бояд ба гуфтаи њамон муфтиашон, яъне духтурон амал бикунанд. - Агар миќдори дорухонањоро ба назар гирем, ин мардум бояд ё умуман рўза нагирад, ё дар сањархўрак фаќат дору хўрад, домулло? Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - Овозањое, ки гўиё ба Зойиров фишори сахт овардаанду мавќеи сиёсии худро таѓйир додааст, асос надоранд. - Хайрият, ки ин овозаро худатон баровардед, вагарна мо ќариб номатонро фаромўш карда будем... Нуралї ШОЕВ, ректори Донишгоњи технологии Тољикистон: - Мо наметавонем гўем, ки њамаи донишљўёни мо пас аз хатм соњиби љойи кор мешаванд, вале муњим он аст, ки дар њолати будани љойњои корї, махсусан дар корхонањо худи хатмкардагон таваљљуњ наменамоянд. -Э, Шумо зўр, донишгоњатонба гап нест! Хатмкунандањоба кор нест! "Чунга-чанга..." Ойнињол БОБОНАЗАРОВА, њуќуќшинос: - Шахсоне, ки дигаронро зери шиканља ќарор медињанд, набояд авф карда шаванд. - Бењтараш, дар мањзари ом ба дор овехта шаванд, чї гуфтед, маълима?
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњи Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09