“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
Бахтиёр РАЊИМОВ:
1
"Ягон президент ин гуна фармон надодааст" №1 (434). Чоршанбе, 1-уми апрели соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
Интихоби таърихї
Њизби нањзати исломии Тољикистон баста шавад ё не?
"Бачаќапак" тамом мешавад!
Агар даъватшавандагон ба сафи Артиш ин матлабро хонанд, бовар њаст, ки њамагї аз Русия фирор мекунанд, на ба Русия
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
2
Интихоби таърихї Њизби нањзати исломии Тољикистон баста шавад ё не? Амалан, мардуми Тољикистон бо он вуљуд, ки дар тасмимгирї дасти кутоњ доранд ва баста шудани ин ё он њизб аз онњо вобаста нест, балки ин кори Суди Олї аст, сари дуроњае ќарор ќарор гирифтаанд. Аз як љониб, њукумат инро мехоњад талќин кунад, ки мањз мављудияти ЊНИТ, њамчун як њизби динї ва созмони билќувваи ифротї мўљиби бадбахтињои оянда хоњад шуд ва аз љониби дигар, ЊНИТ њушдор медињад, ки ин ноамнї пас аз баста шудани он њамчун як "њизби мўътадил" - и эътирофшуда дар сатњи байнулмилал иттифоќ хоњад афтод. Аз ин хотир, ин суолњо, ки "Чї хоњад шуд?", "ЊНИТ бошад ё набошад?", "Агар бошад, чї мешавад, агар набошад, чї?" барои мардуми Тољикистон муњим, балки њаётан муњим њастанд. Ва њоло хулосаи коршиносоне, ки бо "Нигоњ" суњбат карданд, пешкаши хонандагон мешавад.
27-уми март дар масљидњои Тољикистон матне ќироат шуд, ки намогузоронро барои навиштани мактуби дастљамъона ба њукумат ба манзури бастани Њизби нањзати исломї даъват мекард. Матни 4 - сањифагии андозаи А - 4 то ин, ки ба дасти имомхатибон расад, аллакай субњи њамон рўзи љумъа дар ихтиёри расонањо ќарор дошт. Домулло Сайидакбар, муовини раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон дар масљиди марказии Душанбе аз намозгузорон даъват кард, ки дастљамъона ба њукумат мурољиат кунанд, то маќомот роњњои ќонунии бастани ЊНИТ-ро пайдо намоянд. Дар ин матн, ки бо имзои А. Мавлонов ба масљидњо расидааст, рўшан гуфта мешавад, ки як раъйпурсии њамагонї дар Тољикистон баргузор шаваду мардум изњор намоянд, ки "дигар ба ягон њизби ба ном "исломї" ниёз надоранд". Ба бовари Мавлонов ва њам имомхатибоне, ки аз љониби Кумитаи дини Тољикистон таъин мешаванд, будани ЊНИТ барои мардуми кишвар мушкилоти амниятї халќ мекунад, зеро дар мисоли "њамсояњо" њар кишваре як њизби исломї дорад, ба буњрон мувољењ шудааст. 30-юми март Шўрои сиёсии ЊНИТ пешнињоди баста шудани њизбро "фитна", "мухолиф ба Конститутсияи ЉТ ва Созишномаи сулњ" номида, хостори ба љавобгарї кашидани масъалгузорњо шуд ва аз оќибатњои бади он ба миллату давлат њушдор дод: "даст задан ба иќдомњои фитнаангез ва рискдори сиёсї дар чунин шароит баёнгари он аст, ки баъзе маќомот аз воќеъиятњо дур рафта, бо бардоштани масъалањои њассос, вазъи бе ин њам буњрониро буњронитар мегардонанд. Бешак, ингуна иќдомњо бар зарари субот, амният ва рушди миллату кишвар мебошад, ки масъулияти оќибатњои он бар души тарроњон ва иљрокунандагони он мебошад".
Идомаи љанги шањрвандї, Кабирї, ДОИШ, Эрон... Абдуќаюми Ќаюмзод, собиќ хабарнигори Радиои "Озодї" њанўз соли 2011, то ин, ки "протоколи 32 20" ва барномаи, ба истилоњ, "антинањзат" вориди амал шаванд, њарфи баста шудани ЊНИТ - ро ба миён гузошта буд. Он замон аксари њамсуњбатони ў, аз љумла Амирќул Азимов, раиси ваќти Шўрои амнияти Тољикистон инро "як гапи бењуда" ва муѓойир ба Сарќонуни Тољикистон хонда буд. Як рањбари ЊНИ аз ин, албатта, он замон њадсу гумонњо, сахт нороњат шуда, гуфта буд: "гап ба шумо - рўзноманигорон монд дигар". Бале, он замон дар ин бора њатто фикр кардан ѓайримантиќї буд, зеро ЊНИТ дар ављи шуњрат ва ќудрати худ ќарор дошт. Њизб дар интихоботи парлумонии соли 2010 аксари ороро ба даст оварда буд, њарчанд расман Комиссияи марказии интихоботї натиљањои дигар ва комилан фа-
рќкунандаро эълон намуда, танњо ду курсии парлумонро барояш "таќдим" кард. Муњиддин Кабирї, рањбари ЊНИТ, гули сари сабади мањофили на фаќат дохилї, балки байнулмилалї шуд. Дастгоњи марказии њизб ба як корхонаи ќавии сиёсї табдил ёфт, ки дањњо нафарро сафарбар намуда, кор мекард. То ба њол њељ як аз ањзоби Тољикистон тавре фаъолият надорад ва ба гумон ѓолиб, дар оянда њам наметавонад дошта бошад, ки ЊНИТ дорад. Раванди исломишавї ва сиёсатњои танзими фаъолиятњои динии њукумати Тољикистон аъзо ва љонибдорони навро ба оѓўши ЊНИТ тела мекард. Инро рањбарияти ЊНИТ дарк намекард ва агар мекард њам, огоњона пеш мерафт. Аммо њукумат вазъро дуруст ташхис дода, барномаи "антинањзат" - ро роњандозї намуд, ки њоло шароити баста шудани ЊНИТ - ро фароњам кард. Аммо иддаи дигар аз коршиносон мутмаинанд, ки шикасти ЊНИТ пас аз имзои Созишномаи сулњ оѓоз шудааст, мањз замоне, ки ИНОТ, як танзими сиёсию низомии ќавии чанд њизбу созмон ба њизбњову созмонњои хурд пош хўрданд. Ин то љое шароити бењтари сиёсї ва амниятии хуберо барои љомиаи Тољикистон эљод намуд, аммо амалан њизбњоро хурд кард. Интиќоди Муњаммадрўзї Искандаров, рањбари зиндонии Њизби демократи Тољикистон аз Саид Абдуллоњи Нурї, рањбари ИНОТ, ки он замон ба рањбарияти ЊНИТ сахт расида буд, њоло шояд онњоро ба дањшат орад. Искандаров гуфта буд: "Нурї моро фурўхт!". Ва на фаќат онњо, яъне мухолифинро. Имрўз воќеият ин аст, ки рањбарияти ЊНИТ дар љараёни музокироти сулњ ва њам пас аз он на фаќат манофеъи миллї, њатто њизбиро њимоят карда натавонист, балки дар бораи де-
мократитару озодтар шудани Тољикистон таърифе њам надошт. Коршиносон мегўянд, агар рањбарияти ЊНИТ пушти манофеъи шахсї намебуд ва гузашт ё иштибоњоти стратегї намекард, низоми давлатдорї дар кишвар эњтимолан хеле демократитар мешуд, на ин гуна, ки имрўз њаст. "ЊНИТ тарафи сулњ набуд, балки љузъи тарафи сулњ буд. Инро собит кард, ки њатто њамон замон ва бо њамон ќудрат њам тарафи сулњ набудааст. Агар будааст, тарафи заъиф будааст ва заъиф бар тавоно њамеша мебозад" мегўянд онњо. Амалан дар иштибоњоти стратегии ЊНИТ, ки то ва баъд аз соли 1997, то замони барњаёт будани Саид Абдуллоњи Нурї сар заданд, рањбарияти имрўзаи он наќше надоштанд. Инњо як равандеро сипас рањбарї мекарданд, ки моњиятан идомаи љанги дохилї буд. Њоло дар таърифи марказњои ќабули ќарор ин андеша, ки ЊНИТ њамчун як њизби динї њамеша як мушкили Тољикистон буд, воќеияти худро собит мекунад. Бо ЊНИТ Эрону кишварњои арабро ќаноат медоданд, ки Тољикистон љузъи олами ислом аст. Русияву Ўзбакистон ва Исроилро метарсонданд, ки исломињо дар Тољикистон метавонанд ба ќудрат расанд. Агар ба љои он ягон њизби ѓайриисломї рушд мекард, шояд ба нафъи љомиа мебуд. Коршиносон ин нуктаро њам таъкид мекунанд, ки ЊНИТ ба њукумат хатаре намедошт, агар Муњиддин Кабирї рањбараш намебуд. Мавсуф бо он вуљуд, ки аз оѓоз то анљом ба нафъи њукумат, тањти шиори "нигоњ доштани сулњу субот ва пойбандї ба Созишномаи сулњ" кор кард, амалан ба сиёсатмадори њушманди сатњи љањонї ва шахсияти муњим дар сиёсатњои дохиливу хориљии Тољикистон табдил ёфт. То
30% 20% 10%
8%
2%
15%
Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки наздик ба 90%-и мардум аз сиёсати дахолати Њукумат ба либоспўшии бонувон њимоят намекунанд.
1%
Барои ман фарќ надорад
40%
87% ЗИДДИ СИЁСАТИ ЊУКУМАТ ДАР БАРОБАРИ ЛИБОСПЎШИИ БОНУВОНАНД
72%
Дар ин бора фикр накардам
50%
Не, њукумат дигар кор надорад?!
60%
Ња, зеро хукумат хубтар аз мо медонад
70%
Бале! Бечунучаро дастгирї мекунам
80%
Ќатъиян не, ин хилофи ќонун ва шариат аст
САДОИ МАРДУМ
2%
0% 1
2
3
4
5
6
Назарпусии ахир ба унвони "Оё Шумо аз сиёсати дахолати Њукумат ба либоспўшии бонувон њимоят мекунед?" маълум кард, ки 72% иштирокчиёни ин назарпурсї ба варианти "Ќатъиян не, ин хилофи ќонун ва шариат аст" раъй дода, 15 дарсади дигар њам таъкид карданд, ки "Не, њукумат дигар кор надорад?!" Инчунин 8 дарсади респондентон дар ин маврид ќайд кардаанд, ки "Бале! Бечуну чаро дастгирї мекунам" ва 2% дигар њам гуфтаанд, "Ња, зеро њукумат хубтар аз мо медонад".
Дар байни ширкаткунандагони ин назарпурсї њамагї 1 дарсад ба гузинаи "Дар ин бора фикр накардам" раъй дода, 2 дарсади ахир њам варианти "Барои ман фарќ надорад"-ро интихоб кардааст. Ин назарпурсии виртуалї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 17-ум то 31-уми марти соли 2015 дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 867 нафар ширкат кардааст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
њимтар аз ин, арзишњои онро худи њукумати Тољикистон соњибї ва амалї намояд. Аз ин њам муњимтар роњ надодан ба њиљрати дигарбораи ЊНИТ аст, то дастхуши ќудратњои љањонї нашавад. Воќеан, солњои љанги дохилї ИНОТ, тањти рањбарии Саид Абдуллоњи Нурї ин имконро дошт, ки бо Толибону Ал - ќоида пайвандад ва мушкили зиёдеро барои мардуми Тољикистон халќ кунад. ЊНИТ он замон барои миллат ва њукумат интихоби дуруст кард, њоло ин интихоби таърихї пеши њукумат меистад, то боз як ќувваи радикалии дигарро дар муќобили худу Тољикистон эљод нанамояд. Њар рафтан омадан дорад. ЊНИТ њам соли 1992 рафт, омад ва њоло њам равад, боз меояд. Аммо чї гуна меояд, тавре соли 1997 буд, ё хашинтар?
Чї даркор?
интихоботи президентии соли 2020 њузури њамчунин чењра дар раъси як њизби сиёсї дар сањнаи сиёсии Тољикистон њадди аќал ба нафъи гуруњи њукмрони имрўз нест. Њайдар Љамол, раиси Кумитаи исломии Русия, аз асосгузорони ЊНИТ - и Иттињоди Шўравї ба мавзўи бастани ЊНИТ фаротар менигарад ва далели аслиро "даст кашидани Эрон" аз пуштибонии он арзёбї мекунад. Амалан, тањаввулоте, ки дар олами ислом иттифоќ афтоданд, аввал, Ироќу Сурия ва сипас Яман, њамчунин Афѓонистони њамеша ноамн ва муќобилати Эрону њамкори стратегиаш Русия бо Амрикои дар њоли њуљум њукумати Тољикистонро маљбур кардаанд, ки кишварро якдаста кунад. Ба ин маънї, ки бигзор, пуштибонони ЊНИТ - у Њизби коммунист, њатто "Ансоруллоњ" - у доишињои Тољикистон њукумати Тољикистонро ягона ќувва эътироф кунанд ва мањз барномањои худро бо он ба миён гузоранд, на "колоннаи панљум" - гуруњњои тањти назорати худ. Ин якдастагї амнияти Тољикистонро таъмин мекунад, аммо онро аз институтњои љомиаи шањрвандї мањрум карда, низоми худкомагии воќеиро ба миён меорад. Дар баробари ин то куљо рушди устувори иќтисодї таъмин хоњад шуд, воќеияти дигарест, ки љомиаи Тољикистонро нигарон ва ба ояндаи худу кишвар
машкук хоњад кард. Агар рушди иќтисодї таъмин шуд, пас на фаќат бастани ЊНИТ, балки дар умум заъиф кардани љомиаи шањрвандї ба нафъи Тољикистон тамом мешавад, агар не, ин њама хатоњое хоњанд буд, ки ояндагон онњоро нахоњанд бахшид.
Ду коѓаз... Муњиддин Кабирї мегўяд, агар ЊНИТ баста шавад, танњо ду коѓаз шањодатномаи вазорати адлияи Тољикистонро аз даст хоњанд дод. Амалан њизбу аъзояш боќї мемонанд. Ба ќавли ў, муњим аќида аст, на расмї ё ѓайрирасмї будан. Раиси ЊНИТ њатто зиндонї шудани худу пайравонашро њам як марњалаи дигари фаъолияти њизбаш медонад. Аз нигоњи ў, садоќат ба аќидаву миллат муњим аст, на расмї фаъолият кардану дар озодиву зиндон будан. Воќеан, коршиносони наздик ба њукумат дар шарњи ин, ки сарнавишти рањбарону аъзои ЊНИТ чї хоњад шуд, њарфе намегўянд. Аз ин хулоса метавон кард, ки њанўз ин масъала нињої нашуда, ё шудаву њоло замони расонаї карданаш нест. Аммо коршиносон њар гуна бархўрди хашин бо онњоро ќобили ќабул намењисобанд, зеро кинаву кудурати сиёсї набояд барои ояндагон ба мерос гузошта шавад. Аз нигоњи онњо, бењтарин роњ ин аст, ки ЊНИТ табдили ном кунад ва му-
Зоњиран, ЊНИТ, бахусус пас аз роњандозии барномаи "антинањзат" - и њукумат њамчун як њизби ќудратманд хунсо шуд. Сиёсати сабру тањаммул намегузорад, ки он ба як ќувваи тахрибкор табдил ёбад. Хулоса, зоњиран, њељ хатаре надорад. Дигар чї зарурате барои бастанаш боќї монда? Коршиносони наздик ба њукумат аввал ин нуктаро таъкид мекунанд, ки маќомоти зидахл "медонанд, чї кор кунанд" ва кушодани асли матлаб ба љомиа дар чунин шароит шарт нест. Ба ќавли онњо, тањлилњое аз оянда вуљуд доранд, ки агар гуфта шаванд, на фаќат мардуми оддї, балки худи ЊНИТ-ро њам ба тањлука меоранд ва меафзоянд: "бастани ЊНИТ - ро агар имрўз касе хуш ќабул намекунад, фардо барои он аз љой рост шуда, кафкўбї хоњад кард, балки худи ЊНИТ аз њукумат миннатдор хоњад шуд, ки аз ворид шудани он ба як фитнаи дигар љилавгирї кардааст". Ва меафзоянд, ин њама иќдомот "илољи воќеа пеш аз вуќўъ аст". Коршиносоне, ки ЊНИТ - ро њоло як нерўи ќавї намењисобанд ва пушти кўшишњо барои бастани он бозињои дигарро мебинанд, мегўянд, "ин нўги пирях аст". Аз нигоњи онњо, дар асл њадаф як раъйпурсї ба манзури ворид кардани таѓйиру иловањо ба Сарќонуни Тољикистон аст, ки бояд бо бањонаи бастани ЊНИТ роњандозї шавад. Ба ќавли онњо, зимни ин раъйпурсї як ќатор таѓйироти усулї дар низоми давлатдории кишвар роњандозї мешавад, аз љумла эњтимол Маљлиси Миллї барњам хўрад, муњлати президентї лаѓв ва салоњиятњои сарвазир зиёд шаванд. Аммо њама пас аз соли 2020... Далери ХАЙРУЛЛОЊ
ОМОР
Таѓйироти кадрї дар Њукумат ва таъини 6 аъзои Маљлиси миллї Президент Эмомалї Рањмон 6 нафар аъзои Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро таъин намуда, њамчунин як ќатор таѓйироти кадрї амалї намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аъзои Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъин шуданд: - Фарњод Рањимї - Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон; - Хайрулло Сафарзода - директори генералии Љамъияти сањомии кушодаи Нерўгоњи барќии обии Роѓун; - Саодат Аминљонова - муовини сартабиб оид ба корњои муолиљавии беморхонаи клиникии шањрии №1, ба
номи С.Урунови шањри Хуљанди вилояти Суѓд; - Мењринисо Бобобекова - раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигў; - Мурзабай Љошбаев - раиси ноњияи Мурѓоби Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон; - Абдурасул Насимов - раиси љамоати дењоти Фрунзеи ноњияи Љалолиддини Румї. Инчунин, бо ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон муовинњои якум ва муовинони роњбарони як ќатор вазорату идорањо таъин карда шуданд. Саидрањмон Назриев, ки то ин ваќт муовини вазири рушди иќтисод ва
савдо буд, муовини якуми вазири рушди иќтисод ва савдо таъин шуд. Хол Њайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияњои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияњои нав, Сўњроб Мирзоев муовини якуми вазири наќлиёт, Љамшед Шерматов муовини вазири молия ва Љамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захирањои об таъин гардиданд. Бо амрњои Президенти Љумњурии Тољикистон Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи њуќуќии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Зафаршо Иброњимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тољикистон ва Шањло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тољикистон таъин карда шуданд.
3
Баёни аёну ноаён аз Фахриддини ХОЛБЕК
Бешўхињои апрелї Воќеиятњои Тољикистон Рўзи хандаро љиддї мекунанд. Аз мавќеи 1 апрели соли 2014 ба он чї, ки то 1 апрели соли 2015 гузашт, бархўрд кунем, хеле механдем, зеро дармеёбем, ки он чї он рўз шўхї менамуд, имрўз љиддї менамояд. "Љосусї" - и Александр Содиќовро шўхї мепиндоштем танњо дар он сурат, ки ин њодиса 1 апрел иттифоќ меафтод. Ва дар баробари он аввал, ба зиндонї, сипас, рањо шуданаш њам механдидем. Агар як соли пеш мегуфтед, ки Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ - ро дар Кўлоб "тухму помидоршаппак" мекунанд ё занон дар Хоруѓ ба Саидумар Њусайнї дармеафтанд, мегуфтанд, шумо сињат нестед ва бар њолатон... механдиданд. Занон "митинг" мекунанд ва касе аз онњо љазо нахоњад гирифт. Митинги бељазо њам бароятон хандаовар мебуд, агар дар пеши сафорати Британия иттифоќ намеафтод. 1 апрели соли гузашта агар мешунидед, ки сафири Британия Тољикистонро пеш аз муњлат тарк мекунаду Додољон Атовуллоев Кабириву Рањматулло Зоировро њаќорат, зањрханд мекардед. Ва инро њам шўхї мепиндоштед, ки Абу Холиди Кўлобї ба Эшони Нуриддину Њољї Мирзо тањдид хоњад кард. Як соли пеш агар натиљањои интихоботи парлумонии имсоларо касе њамин гуна пешбинї мекард, шўхї мепиндоштем. Инро њам, ки ањзоби матрањ Њизби нањзати исломї ва Њизби коммунист ба парлумон роњ нахоњанд ёфт. Намояндаи парлумон шудани раиси Њизби сотсиалист Абдуњалим Ѓаффоров, раисиаш дар аввалин љаласаи Маљлиси Намояндагон ва ситоиши ў, аз љумла костюми наваш, аз љониби худи президентро њам мегуфтем, шўхии таќдир аст. Дар давраи интихобот 5 даќиќа аз суханронии Саид Иброњими Назар бурида шуд. Инро агар як амри табиї ќабул мекардед, омодагии ТВ барои љуброни онро даќиќан "як шўхї кардем - де" мефањмидед. Зиндонї шудани Шуњрат Ќудратову таъйиноти ахир дар њукумати Тољикистон њам тасаввур намешуданд, аммо мешудааст. Агар мегуфтем, ки 1 доллар аз 4 сомониву 90 дирам ба 6 сомониву 30 дирам "хез" мекунад, масхараамон мекарданд, ё девонаамон мехонданд. Ангушти ишоратиро дар чаккаи сарашон тоб медоданд, агар касе мегуфт, ки нархи як литри бензин аз 7 ба 4, 5 ва як литри газ аз 4 ба 1 сомониву 80 дирам "сарнишеб" мешавад. Гузоришњои љиної - эротикии "мулло" - њо дар ТВ - ро ку аслан касе тасаввур намекард ва инро њам, ки дигар видеотека "мўд" намешавад. Њатто силсилаи матолиби интиќодї аз фаъолиятњои шањрдори ќудратманди Душанбе - Мањмадсаид Убайдуллоев њам шўхї менамуданд, чї расад ба ин, ки ахирї пас аз 23 сол ба њамсангараш аризаи истеъфо навишт. Шояд ин њам љиддї наменамуд, ки аризаи ў ќабул нашуд ва матолиби танќидї дар бораи шањрдорї њам аз ТВ "ѓайб" заданд... ...Ба ДОИШ - у Амрикову Путину Украинаву Шарли Эбдову... дањњо тањаввулоти дохилу атроф ва дурињои Тољикистон як бингарем, њазорњо шўхии дар гузашта билќувваро мебинем, ки дар асл дар асл ба воќеиятњо табдил ёфтааст. Њама пешгўинашаванда шудаву мо њам дар баробари он. Њоло баста шудани Њизби нањзати исломиву сотсиал - демократ, њатто коммунист ва њатто ба мањкама кашида шудани рањбарони онњо њам шўхї менамояд. Зайд Саидов њам ин фикрро надошт. Як раъйпурсї њам ба манзури њазфи њизби динї ва дар баробари он дањњо таѓйироти аз ин муњимтар дар Сарќонун аз љумлаи бешўхињо шояд шавад. Ин њам, ки кадом тањаввулоти гўшношуниданї дар амнияти минтаќа ба миён меояд ва он чї пеш меояд, ки аслан тасаввурашро надорем. Воќеиятњои Тољикистон, бе шўхї, хандаро љиддї мекунанд. Аммо хуб мебуд, ки ба рўи онњо њамоно бихандем, зеро ханда доруст, мегўянд...
4
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
Наврўзи Президент Маросими тањлили Наврўзи байналмилалї дар Тољикистон имсол аз 21-ум то 25-уми март дар вилояти Суѓд бо иштироки президент Эмомалї Рањмон баргузор шуд. (Аксњо аз сомонаи расмии Президенти Тољикистон)
Суханронї дар љашни марказии Наврўз. Хуљанд.22 март
Шоми Тантанањои марказии наврўзї. Хуљанд. 22 март
Ифтитоњи иншооти љашнї дар Ќайроќќум. 23 март
Ифтитоњи иншооти љашнї. Ќайроќќум. 23 март
Дар корхонаи нави мурѓпарварї.
Дар сартарошхонаи ќисми низомии 3501. Хуљанд 21-уми март
Асос гузоштан ба бунёди шањри нав, ки Сайњун номгузорї мешавад. 24 март
Сайри боѓи Вањдати миллї бо Бозор Собир ва Муъмин Ќаноат. 22 март
Туњфасупорї ба 500 ятим. Хуљанд 21-уми март
ИЌТИСОДИ АСОСЇ
5
Фаридун Рањнавард
ИЌТИСОД
Русал коњиши истењсоли алюминиумро идома медињад UC Rusal ба ќароре омадааст, ки иќтидори истењсоли алюминиумро бори дигар коњиш дињад. Дар ин бора дар Њонконг директор оид ба истратежї, рушд ва соњибкории Русал дар бозорњои молиявї Олег Мухаммадшин хабар дод. Ў гуфтааст, ки имрўз нархро аз иќтидорњои иловагї интизор шавем. Ожонсии Reuters, ки ин суханонро аз Муњаммадшин наќли ќавл мекард, навиштааст, ки намояндаи ширкат аз шарњи бештар худдорї намуд. Бори аввал РУСАЛ аз коњиши тавлиди алюминий моњи сентябри соли 2013 хабар дода буд. Он замон истењсоли алюминиум дар корхонањои воќеъ дар Волгоград, Волхов ва Урал, њамчунин дар майдони аввали корхонаи алюминии Новокузнетс ва корхонаи Alsconи Нигерия ќатъ шуда буд. Танњо аз њисоби корхонањои ёдшуда ширкат тавонист гудозиши алюминийро то охири њамон сол 247 009 тонна кам кунад. Охири соли 2013 ширкат нерўи барќро дар электролизерњои корхонаи Иркутск, майдончаи дуюми Новокузнетс, Саяногор ва Хакасс коњиш додааст. Амалан, соли 2013 UC Rusal тавлиди алюминиумро 8 дарсад ё худ 3,86 миллион тонна кам кардааст. Њамин тариќ UC Rusal ба то 3,6 дарсад коњиши њазинањои тавлидии алюминиум дар соли 2013 муваффаќ шудааст. Соли 2014 њазинањои тавлидии алюминий дар
ин ширкати бузург 10,3 дарсад кам шуд ва њар тоннаи он аз 1864 доллари соли 2013 ба 1671 доллар дар соли 2014 расид. Соли гузашта UC Rusal 3,6 миллион тонна алюминий истењсол намудааст. Њамзамон, соли 2014 раќибони калонтарини UC Rusal - RioTinto (6% то 3,3 миллион тонна), Alcoa (12% то 3,1 миллион тонна) ва ширкати чинии Chalco ( 13% то 3,3 миллион тонна) тавлиди алюминиумро коњиш додаанд. Аз сўи дигар гуфта мешавад, ки бозори алюминии љањонї ба истиснои Чин ба камбуди алюминий рў ба рўст
Истењсоли аккумуляторњои чинї дар Хуљанд Бо сармоягузории Чин дар шањри Хуљанд корхонаи истењсоли ќисмњои эњтиётї барои таљњизоти корхона, автомобилњо ва корхонаи истењсоли аккумулятор сохта мешавад. Бино ба иттилои расмї, Абдурањмон Ќодирї, раиси вилояти Суѓд дар мулоќоти ахир бо Эн Джи Сай, роњбари ширкати саноати кўњии Тољикистону Чин дар ин бора ба тавофуќ расидаанд. Дар ин мулоќот њамчунин масъалаи сохтмони комбинати металлургї дар шањри Истиќлол низ мавриди баррасї ќарор гирифт, -мегўяд хадамоти матбуотии раиси вилояти Суѓд. Гуфта мешавад, ки комбинати металлургии Ширкати саноати кўњии Тољикистону Чин дорои иќтидори коркарди 50 њазор тонна сурб ва 50 њазор тонна руњ дар як сол мебошад ва тавре таъкид гардид, корхона авоили соли 2017 ба кор дароварда мешавад.
"Иштибоњ иштибоњ аст, њарчанд бисёрињо бо он розиянд." Бернард Вербер
Либоси номаълум
ИЌТИСОД
Айни замон як корхонаи ширкати мазкур дар шањраки Зарнисор фаъолият дорад, ки он бо коркарди аввалияи маъдани руњ ва сурб машѓул аст.
ОМОР
Коњиши интиќоли маблаѓ аз Русия ба Тољикистон
Ба иттилои расмї, интиќоли маблаѓи муњољирони кории тољик аз Русия тавассути бонкњо 8% коњи ёфтааст. Муњољирони кории Тољикистон дар интиќоли маблаѓ аз Русия, миёни кишварњои ИДМ аз пешсафон мањсуб мешаванд. Тибќи иттилои сомонаи расмии Бонки марказии Русия, соли
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
гузашта ба воситаи бонкњо аз ин кишвар ба Тољикистон 3 миллиарду 831 њазор доллари ИМА интиќол ёфта, ин нишондод ба њисоби миёнаи як амалиёти интиќолї 295 долларро ташкил мекунад. Ба њисоби Бонки марказии Русия аз Тољикистон ба ин кишвар 467 миллион доллари ИМА интиќол ёфтааст. Маблаѓи аз Русия ба Тољикистон интиќолёфта нисбат ба соли 2013 њудуди 324 миллион доллар ё 8% камтар мебошад. Соли 2013 ба воситаи низомњои интиќоли маблаѓњои пулї аз Русия ба Тољикистон 4 миллиарду 155 миллион доллари ИМА ёфта буд. Дар миёни кишварњои ИДМ аз
Русия беш аз њама ба Ўзбакистон 5 млрд. 581 млн. доллар интиќол шудааст. Дар маќоми дуюм Тољикистон ќарор дорад, баъдан Украина мебошад. Дар соли 2014 аз Русия ба Украина 2 миллиарду 247 миллион ба воситаи системањои бонкї интиќол додаанд. Тибќи маълумоти Бонки миллии Тољикистон, аз њаљми умуми маблаѓњое, ки дар соли 2014 аз Русия ба Тољикистон ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русї, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медињад. Дар њамин њол, Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешбинї мекунад, ки дар соли 2015 њаљми интиќоли маблаѓ бо доллари ИМА ба Тољикистон њудуди 30% коњиш меёбад. Ќаблан, Бонки миллии Тољикистон хабар дода буд, ки соли 2014 њаљми умумии интиќолњои пулии ба љумњурї воридшуда 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 8,3 фоиз камтар мебошад.
Чаро назорати либоспўшии занону духтаронро ба милиса бовар кардан иштибоњ буду чаро ин амалиёт натиљаи манфї хоњад дод? Амалиёте, ки маќомоти корњои дохилї, гўё барои љилавгирї аз таќлиди занњо ба фарњангу либоспўшии бегона шуруъ карданд, дар љомеа ба зиддияту нофањмињо рўбарў шуд. Дигар хел шуда наметавонист. Иддае ин амалиётро ќатъиян сиёсї - мубориза бо ислом, масалан, аз силсилаи њамон амалиёти "риштарошон"и љавонон номиданд. Ва бо њамин, дар пасманзари интихоботи парлумонї, њама чиз гўё барояшон фањмост. Ба фарќ аз онњое, ки фикрашон ба ин њад радикалї нест. Аљиб аст, воќеан, аммо аз афташ дар мо онњое њам, ки танзими либоспўшии имрўзиро мавзўи актуалї ва мушкили №1 мешуморанд, њастанд. Бо ин иддао, ки сатру њиљоби занон дар Тољикистон эътиќодї ва исломї аст, на њама розиянд. Либоси тољикии анъанавии модарону бибињои мо ба маротиб исломитар аст. Ваќт нишон хоњад дод, ки шеваи кори маќомот чї натиља медињад, ваќте милисањо дар кўчањо занонро аз бари њамсаронашон "барои фањмондадињї" ба шуъбаи корњои дохилї кашола кунанд. Аммо айни њол, барои љомеа "хатари либосњои эрониву афѓонї", ки фаќат масъулин гўё эњсос кардаанд, номаълум аст. Бахусус, "афѓонї" ин љо ба кадом манзур зикр мешавад? Кї ягон либоси афѓониро дидааст? Шояд манзур либосњои арабист? Даќиќан, ња, аммо чаро масъулин аз сатри арабї нигаронї надоранд? Ё он ба "либоси бегона" шомил намешавад? Либоси миллї кадом аст? Бисёрињо ин саволро матрањ мекунанд, ки диќќати милиса ба доманњои кўтоњи аврупої њам љалб карда шудааст? Оё "мини-юбка" ба мо "бегона" нест? Онњое њам њастанд, ки феминистона ва кундаланг савол гузоштанд, мардони љинспўши тољикро кай бо яктагу љелаки миллї хоњем дид? Њамаи ин саволњо, муттаассифона, бељавобанд њанўз. Масъулин ба ѓайр аз як гузориши телевизионї, ки фоњишањои сатру њиљобдорро намоиш дод, шарњи дурусте дар бораи зарурати "љилавгирї аз либоспўшии бегона миёни занњо" надодаанд. Дар мо ба фоњишањо кам касон бовар доранд. Оё ягон тањќиќот баргузор шудааст, ки сабаби майли занонро ба ин ё он фарњанг, ба тарзи либоспўшї маълум карда бошад? Оё тањќиќоте собит кардааст, ки таќлиди занњо ба фарњанги "афѓониву эронї" (хонда шавад - умумиэронї, ки тољикон аз он љумлаанд) барои фарњанги миллии мо хатар дорад? Чї хатар? Барои мисол, тањќиќоти ахири видої дар Русия маълум кардааст, ки зани њиљобдор дар Маскав худро амнтар эњсос мекунад. Наворбардории пинњонї собит кард, ки зани њиљобрпўшро дар Маскав аз љавонњои хира њимоя мекунанд. Њар љавони мусалмон омода аст, ки ба њимояи зани њиљобдор садо баланд кунад. Дар њоле ки муносибаташон дар чунин њолат бо занњои аврупоипўш тамоман дигар аст. Кї мегўяд, ки занону духтарон дар Тољикистон њамин мушкилро надоранд ва роњи њаллашро дар њиљобу сатр наёфтаанд? Сабабњои дигар њам истисно нестанд. Танњо бо њамин роњ метавон љомеаро ба хатарзо будани фарњанги "эрониву афѓонї" бовар кунонд. Вазорати фарњангу кумитаи кор бо занон дар 20 соли ахир чї кор кардаанд, то занону духтарон ба фарњанги бегона "майл" бикунанд? Оё маќомоти корњои дохилї ба занону духтарон чиро мефањмонанд? Кадом фарњангу кадом либосро пешнињод мекунанд? Нуктаи дигар, эњтироми зан. Аљаб сиёсатњое дар минтаќаи мо вуљуд доранд, ки њама гўё ба куртаву эзори зан рабт мегиранд. Коммунист меояд, фаранљии ўро мегирад ва ба ў "юбка" мепўшонад, Толибон меояд, таги бурќа мегирад. Ба зурї. Аммо њоло дар як љомиаи демократї ин њаќќи зан муроот намешавад, ки бояд тавре хоњад, њамон тавр либос пўшад. Дар мавриди мо. Бале, либоси миллї доштан бењтар аз њама гуна либос аст. Аммо "либоси миллї" чист? Ку намунањои он? Чї гуна бояд бошад, ки писанди њама шавад? Ваќте либос маълум нест, чї тавр онро ба бар кунем?
6
СУЊБАТИ РЎЗ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
- Дар васфи Самарќанду Бухоро зиёд суруд мехонед. Дуруст аст, ки боре Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон Шуморо заминченкунак ё "землемер" хитоб кардааст? - Дар байни мардум ин хел гапу гапчањо њаст. Ба гўши худам њам расидааст. Лекин њама сафсатаву дурўѓ аст. Ман президенти кишвари њамсояро эњтиром мекунам. Имрўзњо дўстии мову Ўзбакистон хуб мешавад. Дар рўзномаву сомонањо мехонем, ки бояд роњњо боз шаванд, њавопаймо ва тайёрањо ба Самарќанду Бухорову Тошканд парвоз кунанд. Њар рўз кўшиш кардан даркор, ки дўстї мустањкам шавад. Чунки њамсоя ба њаќќи Худо баробар аст. Воќеан Самарќанду Бухоро замини мо - тољикон аст, дар он љо тољикон зиндагї мекунанд. Дар њудуди Ўзбакистон њам бошанд, тољикзабонанд. Маданият ва расму русуми мо дар он љо њаст ва боќї хоњад монд. Барои њамин мо - тољикон Самарќанду Бухороро дўст медорем ва бигзор онњо дар њудуди Ўзбакистон бошанд. Лекин дўстии ин ду давлат њамаваќт дўстии мустањкам бошад ва ин дўстиро мо бояд эњтиёту рафту омад кунем. - Робитаи Шумо бо овозхони шинохтаи Ўзбакистон Шералї Љўраев чї тур аст? - Шералї Љўраев устоди санъати Осиёи Миёна аст. Бисёр њунарманди хуб ва инсони поквиљдон њам њастанд. Мо бародари наздик, дўст њастем ва солњое, ки љавон будаму Самарќанду Бухорою Тошканд, Андиљону Фарѓонаву Марѓелон, Ќўќанду Намангон, њар куљое, ки мањаллаи тољикнишин буд, рафта, консерт медодам, дар тўйњо иштирок мекардам, бо устод Шералї Љўраев вомехўрдем. Устод ваќте Тољикистон меомаданд, њатман маро хабар мегирифтанд, ман барои он кас аппаратураву дигар таљњизотњои техникиро дуруст мекардам, ки овора шуда, аз Ўзбакистон набиёранд. Њозир доимо тариќи телефон бо он кас сўњбат мекунем. 22 сол зиёд шуд, ки устод Љўраевро дар радио ва телевизионњои Ўзбакистон нишон намедињанд. - Чаро? - Намедонам. Лекин дар ваќташ устод Шералї Љўраев депутат, одами наздиктарин сарвари давлати Ўзбакистон буданд, баъдтар байнашон чї гапе шуд, ки устодро якбора дар радиову телевизион манъ карданд ва нагузоштанд сањна бароянд. Рости гапро гўям, дўстї љои пурсидани ин хел гапњо нест, ман њам напурсидам. Лекин тољикони мо он касро ба тўю маъракањояшон оварда, њурмату эњтиром мекунанд. Дар Хуљанду Истаравшан ва дигар љойњо дар чандин маърака иштирок карданд. Ба наздикї консерњояшон дар Маскаву Челябинску Новосибирск баргузор шуд. Шогирдњои ман аз Тољикистон устодро бурда, консерт дода омаданд. Худашон аз мо ва шогирдони ман розї њастанд. - Соли 2014 овозае буд, ки Шумо бо Шералї Љўраев консерти якљоя доред... - Бале, дуруст аст. Наќшаи консерти якљояи ману устод Шералї Љўраев буд, аммо аз вазорати корњои хориљии Ўзбакистон ба мо гуфтанд, ки устод Шералї Љўраев дар радио ва телевизионњои Ўзбакистон иљоза надоранд. Чї гапе шудааст, ки рањбарияти кишварашон норозигї кардааст, ба ин маънї, ки шумо Шералї Љўраевро бурда бардор - бардор накунед. Мо њам не нагуфтем, чун ваќте онњо мактуб навиштанд, мо бояд камтар фикр кунем, ки аз паси як - ду њунарманд муносибати ду давлат вайрон нашавад. - Шумо бештар дар консертњои њукуматї ширкат мекунед. Устодатон Љўрабек Муродовро њам мебинед? - Устод Љўрабек Муродов дар консертњои њукуматии шањри Хуљанд иштирок мекунанд. Дар Душанбе нестанд. Зиндагиашон дар Хуљанд аст, меоянд, як моњ дар Душанбе меистанд ва бармегарданд. Таќрибан ду њафта пеш дар радиои "Фарњанг" бо иштироки он кас як
Афзалшоњи ШОДЇ:
- Нигина Амонќулова, Озода Ањатова, Љонибек Муродов, Ѓолиб Юсупов, Шабнами Сураё, Бањром Ѓафурї, Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наљмиддин, Муњаммадрофеи Кароматулло, Тањмина Ниёзова, Нозияи Кароматулло ва ѓайрањо... Њар кас сатњу услуби худро дорад. Њамчун њунарманд њељ касро намегўем, ки ин бузург асту ин зўр, ин камзўру ин арзанда нест. Халќ бањо медињад. Љонибеку Шабнаму Садриддин берун аз кишвари мо - Афѓонистон, Русия, Амрико, Англия ва дигар давлатњо мухлиси зиёд доранд. Мардум њурмату эњтиром мекунанд, њунарашон хуб аст. Лекин њунармандоне њастанд, ки савод, истеъдод надоранд, матнашон бисёр хароб аст. Ин гуна сарояндањо њам дар Тољикистон пуру барзиёд шудаанд. Инњо хаёл мекунанд, ки санъат як роњи осон асту тез дар байни мардум обрў мегиранд. Не, хато мекунанд. Њезум барин тез оташ гирифта, тез сўхта хомўш мешаванд. Њунари асил хомўш намешавад, њунари сохтакорї зуд хомўш мешавад. - Шеъри имрўз ба дарди суруд мехўрад? - Шеърњои хуб зиёданд. 15 соли охир бисёр сурудњои ватандўстї, мардумро нисбат ба дўст доштани миллат, забон, ватан, модар тарѓиб мекардагї зиёд эљод шуданд. Шеърњои шоирони мо њам хуб њастанд, сар карда аз устоди зиндаёд Лоиќ Шералї, Мўъмин Ќаноат, Камол Насрулло, Гулназар Келдї, Њаќназар Ѓойиб, Сайидалї Маъмур, Рањмат Назрї, Толиби Озарахш, Гулрухсор Са-
"Репро дўст медорам" Сўњбати озод бо Афзалшоњи Шодї, њунарманди мардумї ва директори Филармонияи давлатии Тољикистон ба номи Акашариф Љўраев барномаи калон 1 соату 15 даќиќа давом кард. Ман аз аввал то охир онро гўш кардам. Дар телевизион њам баъзе сурудњояшонро нишон медињанд. Устод Љўрабек Муродов њамеша дар мадди назари давлат њастанд. Имрўз устод ягон мушкилие надоранд. - Ояндаи "Шашмаќом" - ро чї гуна мебинед? - Баъди аз Тољикистон рафтани њунарманди мањбуби мо устоди Шашмаќоми дунё Барно Исоќова ва дар умум яњудињои Бухоро њама гумон мекарданд, ки ин мусиќии волоро фаќат њамонњо зинда медоранд. Мо ба устодони санъати яњудї ташаккур мегўем, ки ин ќадар сол санъати Шашмаќоми моро боло бардошта омаданд. Лекин Шашмаќом санъати тољик аст. Дар Тољикистон Академияи Шашмаќом њаст, Консерватория миллї, Донишкадаи санъат факултети Шашмаќом, хонаи радиои тољик ансамбли Шашмаќом доранд. Бо ќарори Њукумати Тољикистон њар сол 12 май рўзи Шашмаќоми тољик ќайд мешавад. Мардуми тамоми Тољикистон аз Суѓд ба Хатлону Бадахшон ба њунари шашмаќом-
сарої рў овардаанд. Мардум мардуми солњои 1991 - 2000 нест, имрўз хеле пеш рафтааст. - Дар бораи Фалак чї фикр доред? - Фалак бозёфти бузургтарини тољикист. Ин як дардномаи миллат аст. Худам чанд намуд фалак месароям. Ба наздикї дар Кўлоб будам, дар як консерт се намуд фалакро хондам. Баъд як мўйсафед баромада гуфт, ки ту аз куљо њаминро омўхтї, писарам. Бобо, гуфтам, шабу рўз Одина Њошимро гўш мекунам, фалаксароёни Тољикистон Давлатманд Холов ва дигаронро гўш мекунам. - Дар бораи реп чї назар доред? - Њар жанреро, ки чизњои бемаънї, беодобї, дашном ва гапњои фачу бемазмун дорад, ќабул надорам. Репро дар Америка, Аврупо ва Русия гўш кардаам. Як санъати хуб аст, ба шарте ки тарбиявї бошад, бачањоро ба як роњи хуб кашад, чун имрўз жанри реп мухлисњои зиёд дорад. Ман репро гўш мекунам, репро дўст медорам, мехоњам жанри реп жанри одоб бошад. - Сурудњои "ситора" - њои навро чї гуна баррасї мекунед?
фиева, Фарзонаи Хуљандї... Шахсан ман њамчун фарзанди тољик агар касе, ки тољикро таъриф кунад, миллати моро барои пешравиву ободиаш тарѓиб кунад, рости гапро гўям, дар пеши пош саљда мекунам. - Устод Лоиќ Шералї дар зиндагии Шумо чї наќш доштанд? - Устодам буданд. Зиёда аз 25 сол дар бари он кас будам. Њамон шаб шеър менавиштанд, сањар ман оњанг мебастам. Њамроњашон мегаштам, мошинашонро мешустам. Мошинашонро њай карда мегаштам, бо мошини худам њар куљо мебурдам. Як рўз пас ё устод хонаи ман меомаданд ё ман ба хонаи устод мерафтам. Дар сафарњо борњо њамроњ будем. Падархонди ман њастанд. Писархонди он кас будам. Хеле хушбахтам, ки чунин падари маънавї доштам. То имрўз зиёда 200 - 220 шеъри устодро ба оњанг дароварда хондаам. Як моњ пеш чанд шеъри навашон пайдо шуд, ки њоло дар ягон љо чоп нашудааст. Ман њозир онњоро ба оњанг гирифта истодаам. Сўњбати Шервони УМРИДДИН
ДИН
Хурдсолтарин ќории Ќуръон дар китоби рекордњои Гиннес сабт шуд Исми Абдуррањмон, кўдаки сеюнимсола аз Алљазоир бо њифзи кулли Ќуръони карим дар китоби рекордњои Гиннес њамчун хурдсолтарин ќории Ќуръон сабт шудааст. ро њам дуруст намешиносад, вале тамоБа гузориши расонањои арабї, Абми 30 љузъи Ќуръони маљидро њифз кардуррањмон лаќаби ќањрамони Ќуръонда, бо забони бурро ва фањмо онњоро ро аз љониби имомхатиби масљиди алќироат мекунад. Ў дар њифзи Каломи Аќсои Фаластин дарёфт кард. поки Аллоњ истеъдоди Худододї дошРасонањо навиштаанд, ки ин тифл та, дорои хотираи ќавї мебошад. то њол хонда наметавонад ва њарфњо-
Аз замоне ки ба дунё омад, дар хона барои ў пайваста ќироати Ќуръон шунавонида мешуд ва замоне, ки гап заданро дар синни ду солалагиаш ёд гирифт, бидуни зањмату машаќќат њарфу садоњоро талаффуз мекард. Модари ин тифли хурдсол гуфтааст њангоме ки њомила буд, ваќтњои холии худро њамеша бо тиловати Ќуръон пур мекард ва падараш гуфтааст, ки эњтимол таъсири ќироати модараш ва гўш кардани садои тиловати Ќуръон боис шуд, ки ин тифл пеш аз гап заданро ёд гирифтан, китоби Худовандро аз бар намояд.
РАВЗАНА
Афсўс бар паланг, андўњ бар уќоб Андешањо аз мушоњидањои рўзи интихобот Интихобот натанњо мавриди интихоби ин ё он нафар ба маќомоти намояндагї, балки як марњилаи мушоњидаю омўзишу хулосабардорї њам њаст. Хоса мушоњидаи рафтору гуфтор, муомила, масъулияти масъулони интихобот, ки аѓлаб омўзгорон њастанду љои баргузории он низ муассисањои таълимї. Баъди он мушоњидањо ба њайси як табиб омили камсаводию каммаърифатии аксари шогирдони мактабњоямонро барои худ ифшо намудам. Ќисса ин аст, ки банда ба њайси шахси мўътамади нафаре, ки мебоист ба Маљлиси шањрї вакил интихоб мешуд, ба мактаби миёнаи тањсилоти умумии №53 - и дењаи Марѓедар, ки яке аз минтаќањои интихоботї љойгир буд, рафтам. Нахуст сар задам ба толоре, ки овоз медоданд. Њама беќарору серташвиш, хоса омўзгорони мактаб. Маълум набуд, ки кадоме аз онњо аъзои комиссияи интихобот асту кадомаш не. Њама (таќрибан 20 нафар) гўшу њуш буданд ва пайваста бо раиси њавзаи интихоботї ва раиси учаскаи интихоботї бо ишорањои ба худашон маълум "гуфтугузор" менамуданд. Дар рафти кор маънии ин ишорањо низ маълум шуд. Мехостанд ба яке аз номзадњо "хизмат" кунанд. Ин
баъдан њангоми шумори бюлеттенњо ошкоро эњсос шуд. Ба мушоњида гирифтам, ки омўзгорон ва дигар масъулон соате баъд дусе нафарї аз бинои мактаб хориљ мегардиданду пасон бо чењраи болида, ки дар илми ќиёфашиносї "эйфория" ном мебаранд, бармегаштанд. Ин асрор низ ошкор шуд. Яке аз вакилшавандањо љое кабобу шароб омода кардаасту масъулони интихобот гоњ-гоње аз он чошнї мегирифтанд. Чун шумораи овоздињандањо ба тадриљ кам мешуд, ваќт ёфта, синфхонањою сањни мактабро давр задам. Ин љо собиќ хонаи чорводорони собиќ фермаи собиќ хољагии љамоавии ба номи Рўдакї будааст. Синфхонањои хурду нообод, дару деворњое, ки дилро бухс мекунанд. Дар гўшаи сањни мактаб нимпайкараи олими адабиётшинос, рањматии Бобо Худойдодовро, ки таълимгоњ номи ўро дорад, чанд сол пеш гузашта буданд. Гузоштаанду бо њамин гўё аз бањраш низ гузаштаанд. Ранги нимпайкара рехтаю атрофи пояи он на сабзае њасту на гуле. Хар рўз чашми садњо нафар шогирдони мактаб ба ин пайкараи рангрехтаю атрофаш нообод меафтад. Аз дили онњо бо дидани ин њолат чї мегу-
зарад, Худо медонад. Шояд ба ин чун сарварону устодони таълимгоњашон чашмонашон одат кардааст. Ва ё бо дидани он орзуи номвар шудану ба чунин "эњтиром" сазовор гардиданро аз сар бадар месозанд. Баъди дидани ин манзарањо ва такопую ташвиш, часпу талошу гиру дори сарварону омўзгорони мактаб, ки масъулияти интихобот ба душашон буд, андешае ба сарам омад. Барои интихоб шудани нафаре онњо ин ќадар талошу ташвиш доранд, вале чаро барои аќќалан сафед кардани дару девори синфхонањо, ба тартиб овардани атрофи нимпайкараи сањни мактаб коре накардаанд? Дар бораи сифати таълим, сатњи саводу маърифати шогирдонашон чизе намегўем. Шояд хуб њам њаст. Вале дар муњите, ки ман бо устодони онњо як рўзро сипарї кардам, ба дурустии ин гуфтаам шубњаам зиёд шуд. Ба ташвишу љањду "талош"-њои онњо менигаристаму айёми мактабхонию донишљўиам, симои маърифатбори омўзгоронам аз мактаби дар замонаш машњури ба номи Абдусалом Дењотии дењаи Ѓўсар, устодони донишгоњиам Исњоќї, Ѓуломов, Пўлодовњо ва дигарон ба ёдам меомад. Аз онњо њам илм меомўхтему њам маърифат, њам инсонгарию њам ростќавлию љасорат. Ман намегўям, ки њама омўзгороне, ки бо онњо сўњбат доштам, яксон буданд. Байни онњо инсонњои бомаърифату шоиста низ шояд зиёданд. Афсўс, ки ман кам ба мушоњида гирифтам ё банди "ташвиш"-њои интихобот онњо чењраи асосиашонро рўшод накарданд. Нињоят, барои ман муњим набуд, кадоме вакил интихоб шуд, њарчанд агар бе ќилу ќол, бе "ташвиш"-у "љањду талошњо"- и "ќањрамонони" ин љабња мегузашт, шояд натиљааш дигар мешуд. Хайр, њарчї шуд, шуд. Афсўсам аз наќши омўзгорон аст, ки зиёиёни дењот њастанд ва ба онњо эњтироми зиёдеро ќоилам, симои мактаб, ки дар байни корзори интихоботњо фаромўш мешавад. Агар ин талошњо бањри бењбудии мактаб, боло бурдани сатњи донишу маърифати шогирдон мебуд, нуран ало нур мешуд. Афсўсам боз аз он буд, ки мо дар бисёр чунин сањнањо наќшофариниро ба ўњдаи омўзгорон мегузорем. Нафароне, ки зотан бояд барои шогирдон ва на танњо онњо намунаи ибрат бошанд. Бегмуроди АДЊАМ, мудири шўъбаи Беморхонаи марказии ш. Панљакент, љарроњи дараљаи олї, "Аълочии тандурустии Тољикистон"
ИЌТИСОД
Ислом Каримов бо раъйи беш аз 90%-и интихобкунандањо боз президент шуд Ислом Каримов бо гирифтани беш аз 90%-и раъйи мардум барои даври навбатї президенти Ўзбакистон эълон шуд. Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар эълон кард, ки ба љонибдории Ислом Каримов 17,2 миллион ё 90,39%и интихобкунандањо овоз додаанд. Интихоботи президентї дар ин кишвар 29-уми марти соли 2015 баргузор шуд, дар вараќаи интихоботї исми чањор номзад Ислом Каримов, аз њизби либерал-демократ, Наримов Умаров, аз њизби сотсиал-демократ "Адолат", Њотамљон Кетманов, аз њизби халќии демократї (собиќ њизби коммунисти Ўзбакистон) ва Акмал Саидов, аз њизби демократї љой дошт. Ба маълумоти комиссияи интихоботии ин кишвар барои ширкат дар интихобот 20 миллону 798 њазор интихобкунанда номнавис шудаанд, ки аз он 18 миллиону 928 њазор (91,01%) ширкат кардаанд. Ислом Каримови 77-сола аз соли 1989 Ўзбакистонро рањбарї мекунад.
Соли 2000-ум бо гирифтани 95,9% раъйи интихобкунандагон рекорд гузошта буд. Нозирон аз ИДМ ва кишварњои узви Созмони њамкорињои Шанхай интихоботро шаффоф ва бидуни таќаллуб донистаанд. Нозирони САЊА интиќод аз он кардаанд, ки дар интихобот бидуни раќобат баргузор шуда, наќзи њуќуќ густурда ба чашм мерасид. Ќабл аз интихобот ба ѓолиб шудани Ислом Каримов, президенти феълии Ўзбакистон ягон тардидро намедиданд. Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар њанўз соати 10-и 29-уми март эълон дошт, ки 33%-и интихобкунандањо раъй додаанд, ки тибќи ќонунгузории ин кишвар интихобот баргузоршуда дониста мешавад. Соати 20:00 овоздињї ќатъ шуда, хабар додаанд, ки 91,1% ё 18 миллиону 928 њазор интихобкунандагони Ўзбаки-
стон барои президенти оянда овоз доданд. Дар соати 17:00 дар участкањои интихоботї раъйдињии 85,2% (17,728 миллион интихобкунанда)-ро ба ќайд гирифта буданд. Нозирону коршиносон аз ибтидо мегуфтанд, ки Ислом Каримов боз бо ѓалабаи мутлаќ президент хоњад монд. Зеро дар ин кишвар амалан мухолифин вуљуд надошта, 3 раќиби Ислом Каримов "номзадњои хуб" дониста мешаванд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
7
Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
Диктатори намунавї Тољикистон кадом роњро интихоб кардааст? Ли Куан Ю, сарвазир ва нахустин рањбари Сингапур њар чи мегуфт, иљро мекард. Мегуфт, "тактикаи ман њамеша ба гунае буд, ки дастовардњоямро кам гирам ва ба комёбии бештар дар ќиёс ба он чизе, ки ваъда кардам, муваффаќ шавам". Инро аз сирњои ба даст овардани боварии мардум медонист. Ли Куан Ю 29-уми марти соли равон дар синни 91солагї фавтид. Аз худ як давлате ба мерос гузошт, ки 50 сол ќабл пораљазираи гумноме дар гўшаи аз дил беруни Малайзия ба њисоб мерафт. Ли Куан Ю њам мисли њар як рањбари кишварњои Осиёи Марказї худкома ном бурда мешавад. Дар ин кишвар низ озодии андеша барин арзишњои љомеаи демократї ќурбони суботу амният шудаанд. Имрўз Сингапур аз амнтарин кишварњои дунёст. Аммо ба фарќ аз Тољикистону дигар кишварњои Осиёи Марказї Сингапур аз камтарин захирањои табиї мањрум аст. Њатто дар ибтидо об барои нўшидан ва хок барои бунёди сохтмонро аз кишварњои њамсоя мехарид. Зарфиятњои зењнии рушдкарда низ тухми анќо буд. Хуллас, њеч чизе аз гузаштаи 50 сол пеш надорад, ки ба он нигоњ кунанд. Њама фикру зикр ба пеш! Аз як гўшаи ин шањр - давлат ба канори дигараш бо худрав то яку ним соат њаракат мекунед, масофае аз Регар ба Вањдат. Њудуди он 718,3 километри мураббаъ аст ва эњтимоли зиёдшавї дорад. Ањолї 5,4 миллион аст - 3,34 миллион шањрванди Сингапур, 528 њазор хориљие, ки њуќуќи доимии зист доранд, 1,6 миллион коргару донишљўи хориљї ва ѓайра. 50 сол пеш, ба гуфти мардум, сагро дар ин кишвар мебастанд, фирор мекард. Бо шиносномаи ин давлат ба 170 кишвари дунё бидуни раводид сафар кардан мумкин аст, ки бештараш кишварњои рушдкардаанд! Њоло бузургтарин ширкатњои љањонї дар ин давлат намоядагї доранд, ки њудуди 460 миллиард евро фоида меоранд. Дар аксари рейтингњои иќтисодии љањонї аз љумлаи аввалинњост. Дороињои њар шашум хонавода бидуни њисоби амвол ба 800 њазор доллар мерасад... Бо Тољикистон умумиятњое дорад: њукумати Ли Куан Ю њам худкома буд, ба њаёти шахсии шањрвандонаш дахолат мекард, ба мисле, ки бояд бо кї издивољ карду бо кї не, чї пешаро бояд интихоб карду ба хондани кадом фан авлаввият дод... Аммо њамаи ин ќадамњо санљидашуда гузошта мешуданду мешаванд. Дар интихоби кадрњо шоистасолор буд. Фарзандаш, ки имрўз сарвазир аст, бидуни дахолати падар ба ин маќом расидааст... Ли Куан Ю аз худ тасвири сиёсатмадори давлатмадорро ба зењнњо биспурд. Исмашро бо њуруфи зарини барљаста дар торихи шахсиятњои љањонї сабт кард. Бо як љумла, мардуми Сингапур дар кишваре зиндагї мекунанд, ки дар солњои наздик ба он расидани Тољикистон аз њар гуна эњтимол берун ба назар мерасад. Илло дар як њолат. Аз Президент Эмомалї Рањмон ислоњоти либералї интизор шудан камоли содалавњие беш нест. Ў то чї њад ба демократия майл доштанашро нишон дод. Арш - "потолок" - и хоњишу иродаи сиёсии ў роњбари моил ба демократия будан аст. Аммо аз ў "худкомаи нарм" (ибораи Фрэнсис Фукуяма дар њаќи Ли Куан Ю) интизор шудан ба маќсад наздиктар аст. Ў њоло њам шанс дорад, ки бо таѓйири раванди мављуда, лидери воќеан миллї гардад, ки њама љониб бидуни шубња ќабул намоянд. Њатто бо ќурбонї кардани арзишњои демократие, ки имрўз аз он дар Њукумат зиёд њарф мезананд. Дар ин роњ зарур аст, ки Эмомалї Рањмон аз формулаи маъруфи Ли Куан Ю дар мубориза бо коррупсия низ кор гирад, ки гуфтааст: "аввал се дўсти худро њабс кунед. Шумо даќиќ медонед, ки барои чи онњоро њабс кардед, муњимтар аз ин, онњо њам медонанд, ки чаро зиндонї шуданд". Танњо ин нишонаи муборизаи содиќонаро дошта метавонад... Таърих исбот кардааст, ки њеч ќудрате мондагору љовидона нест. Њар гузаштаро ояндагон бањо медињанд, мисле, ки мо аморатдорони Бухороро.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
Њар рўз њар аскар 200 грамм гўшт, 120 грамм моњї, 100 грамм шири гов, маска, тухм... истеъмол мекардааст. Ин фењристи ѓизоњои дар як шабонарўз мехўрдаи сарбози тољикро хонда, оби дањон меравад, зеро на њамаи мо њар рўз ин миќдор гўшту моњї мехўрем ва аз Вазорати мудофиа ташаккур мекунем, ки воќеан ѓами муњофизони Ватанро мехўрад. Бе муњобот ин рўйхатро хонда, кас мехоњад, бигўяд, ки ин хидмати њарбї неву парваришгоњ ва бачу качро як тараф монда, пир бошад њам артиш равад! Фењристи ѓизоњои сарбози тољик дар як шабонарўзро мехонаму ањсант ба Вазорати мудофиаи Тољикистон мегўям. Ањсант барои ѓамхорї дар њаќќи онњое, ки кишвар, яъне, мову шуморо аз аду муњофизат мекунанд. Ташаккур барои он мегўям, ки мувофиќи ин фењрист сарбози тољик дар як шабонарўз бисту як намуд хўрокворї истеъмол мекардааст! Бовар намекунед? Марњамат, як ба рўйхати ѓизоњо назар кунед. Пеш аз њама, албатта, чашматон ба миќдори истеъмоли гўшт меафтад: 200 грамм! Бале, дар як шабонарўз аскарбачаи тољик 200 грамм гўшт тановул мекардааст. Менависаму худам њам бовар намекунам, зеро сарбози тољик ба замми гўшт боз 120 грамм моњї, 100 грамм шири гов, 30 грамм маска, 600 грамм картошка, нимта тухми мурѓ, 40 грамм сабзавот ва њатто 20 грамм меваи хушк рўзмарра мехўрдааст! Масалан, худи ман кай дар хона моњї хўрда будам, ёдам нест, аммо тахмин ду моњ ќабл дар мењмоние аз ин луќмаи њалол чашида будам. Воќеан, агар сарбози тољик њар рўз чунин номгўйи ѓизоро истифода барад, душман он тараф истад, куњро занад, гард - гард мешавад. Ва мо осуда ва бо дили пур мехобем. Ва аз ин ѓамхории Вазорати мудофиа дар њаќќи сарбозон ба хулоса омадан мумкин аст, ки агар ин рўйхат дар матбуот ба табъ расад, дигар ба "облава" ё "бачаќапак" њољат намемонад. Аксари волидони даъватшавандањо аз чунин хўроки бомазза ва ѓании сарбозон огоњ шаванд, бовар дорем, худашон бачањояшонро ба комиссариати њарбї меоранд, то ки ба Ватан хидмат кунанд. Бовар дорам, баъзеашон боз каму беш ришва њам медињанд, ки мабодо бачаи онњоро ношоям гуфта, аз хидмати Ватан мањрум накунанд. Чаро?
САРБОЗ
"Бачаќапак" тамом мешавад! Агар даъватшавандагон ба сафи Артиш ин матлабро хонанд, бовар њаст, ки њамагї аз Русия фирор мекунанд, на ба Русия та бошанд, пас дар як рўз сарбози тољик тахмин ба 15 сомонї ѓизо мехўрдааст. Ин њуљљат "Меъёри озуќавории умумии њарбї" ном дорад ва намедонем, ки он барои кист. Шояд барои афсарон бошад? Агар ин тавр мебуд, дар "як шабонарўз" наменавиштанд, чунки афсар аќаллан субњонаву шомро дар хонааш тановул мекунад. Ё ин фењрист шўхии 1 - апрел, ки махсус ба идораи нашрия оварда бошанд? Мо њам андак шубња кардем, зеро агар ин рўйхат дуруст бошад, маблаѓи умумии ѓизои аскарбачањо дар як сол ба дањњо миллион сомонї мерасад ва ин ба буљаи Вазорати мудофиаи Тољикистон њатман гаронї меорад, чунки хўрок ин танњо як намуди масраф аст ва вазорат боз дањњо намуди дигари харољот дорад. Ё рўйхате, ки ба дасти мо расид, ба ќавле "фейк" бошад, чунки дар он на муњр асту на номи расмии Вазорати мудофиа Љумњурии Тољикистон? Бинобарин фењристи мазкурро ба табъ расонида, умедворем, Вазорати мудофиа дар сурати бепоя будани ин номгўй раддияе навишта, ба замми он рўйхати муњрдори расмии ѓизоњоеро, ки аскари тољик мехўрад, ба идораи нашрияи мо мефиристад. Агар номгўи расмии Вазорати мудофиа мабодо ба фењристи мо пешнињодкарда рост ояд, он гоњ... он гоњ мо бовар дорем, "бачаќапак" тамом мешавад ва дари комиссариатњои њарбии љумњуриро даъватшавандањо охурча мекунанд!
Барои он ки кадом даъватшаванда дар хонааш њар рўз зиёда аз 500 грамм ду навъ орд (яъне, нон), 200 грамм гўшту 120 грамм моњї, 100 грамм шири гов ва боз 16 намуди дигар мехўрад? Агар ин суолро давом дињем, кадом оилаи иборат аз панљ нафари тољик њар рўз як кило гўшт истеъмол мекунад. Шояд аз сад як оила чунин тарзи майишат дорад, чунки аз љињати маблаѓ ба оила таъсири љиддї ворид мекунад. Аз рўи њисоби оддї, агар њамаи ќисмњои њарбї мол парвариш кунанд, як кило гўшт аз 25 сомонї кам намешавад, яъне, сарбоз њар рўз ба 5 сомонї гўшт, тахмин 3 сомонї моњї, 1, 5 сомонї орд (нон), 1 сомонї ё камтар картошка ва боќї дигар ѓизоњо 5 сомонї арзиш дош-
Сафои СОДИЌ
ПАРЛАМЕНТ ВА ЉОМЕА Њукумат ба Парламент яке аз пурбањстарин лоињањои ќонунро пешнињод кард, ки соли гузашта боиси нигаронии иттињодияњои љамъиятї шуда буд. Дар љаласаи Њукумати Тољикистон, ки 31-уми март баргузор шуд, лоињаи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонун "Дар бораи иттињодияњои љамъиятї"-ро барои баррасї ба Маљлиси намояндагон ирсол кардаанд. Ќаблан, созмону ташкилоти љамъиятии дохиливу хориљї аз ворид кардани таѓйиру иловањо ба ин ќонун нигарон буданд, зеро ба гуфтаи онњо Њукумат мехоњад, ки дастрасии онњо ба грантњои хориљиро мањдуд кунад. 25-уми ноябр наздики 100 созмон дар Тољикистон дар як баёния талаб кардаанд, ки Њукумат лоињаи Ќонун "Дар бораи иттињодияњои љамъиятї"-ро, ки вазорати адлия омода кардааст, напазирад. Созмонњои љамъиятї аз он нигаронї доранд, ки дар њолати ќабули тарњи мазкур дастрасии созмону ташкилотњои љамъиятї ба грантњои хориљї мањдуд мегардад. Ин тасмимро созмонњои љамъиятї хилофи меъёрњои байналмилалї дониста, мањдуд кардани фаъолияти ташкилоти љамъиятї дар Тољикистон медонанд. Рустам Шомурод, вазири адлияи Тољикистон дар оѓози соли 2015 гуфта буд, њадаф аз ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонуни мазкур на мањдуд кардани грант ва маблаѓњои хориљист, балки бањисобгирии кўмаки молиявие, ки аз хориљи кишвар ба иттињодияњои љамъиятї ворид мегардад, мебошад. Вазир мегўяд: "моњият он аст, ки бояд ташкилотњои љамъиятие ки кўмак ё грант аз хориљиён
Лоињаи нигаронкунандаи иттињодияњои љамъиятї ба Парламент рафт мегиранд бояд огоњ созад ки чи ќадар маблаѓ гирифтааст ва ба кадом самт сарф кардааст." Ба њисоби Вазорати адлия аз 2 њазору 800 иттињодияи љамъиятї дар Тољикистон њудуди 1 њазору 600 иттињодияи љамъиятї њисобот пешнињод кардаанд ва 500 ташкилот маълумот дар бораи маблаѓњои љалбгардидаашонро нишон доданд, ки маблаѓи калон љалб кардаанд. Аммо вазир аз гуфтани раќами даќиќи ин маблаѓ худдорї кард. Интизор меравад, ки бо ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонуни мазкур ташкилотњое ки дар самти фаъолияти сиёсї машѓул мебошанд, зери назорати шадид ќарор мегиранд. Вазир њам гуфта буд, ки "бояд пеши роњи истифода бурдани иттињодияњои љамъиятї барои дастрасии маќсадњои сиёсї, њизбї гирифта шавад. Мо маќсади љорї кардани низоми иљозатдињии истифодаи ин маблаѓњоро љорї кардани нестем фаќат ташкилотњо бояд дар бораи маблаѓњои љалбшаванда маълумот дињанд". Сухан дар бораи маблаѓи кам не, дар бораи миллиардњо сомонї меравад. Тибќи маълумоти пањншуда созмонњои ѓайрињукуматї, ё "НПО" - њои дохиливу хориљї ва байнулмилалие, ки дар Тољикистон кор мекунанд, танњо дар соли 2013 5 миллиарду 521 миллион сомонї грант гирифтаанд. Ин танњо њисоботи ќариб 30
дарсади "НПО" - њо аст. Расонањо ин иттилоъро аз манбањои худ нашр карданд. Гуфта намешавад ин раќам аз кадом манбаъ гирифта шудааст. Ин њам дар њолест, ки соли 2013 буљети Тољикистон 12 миллиарду 300 миллион буд, соли 2014 - 13 миллиарду 901 миллион аст ва барои соли 2015 15 миллиарду 276 миллион сомонї муќаррар шуд. Њамин тавр, 5 миллиарду 521 сомонї ќариб нисфи буљаи соли 2013, 45 дарсади буљаи соли 2014 ва сеяки буљаи соли равон мешавад. Воќеан, ин суол њоло њам љой дорад, ки ваќте ташкилоту созмонњо мушкил надоранд ва фаъолияти шаффоф мекунанд, чаро аз пешнињод кардани њисобот дар њаросанд? Аз ин нуќтаи назар, пешнињоди вазорати адлия ба маќомоти дигарро дар бораи сабт кардани грантњо мантиќї ба назар мерасад. Мегуфтанд, ки таѓйири асосї бояд дар моддаи 38 сурат гирад. Ин ба њукумат њуќуќ медињад, ки грантњоро то расиданашон ба созмонњои ѓайрињукуматї сабти ном кунад, агар накард, онњо наметавонанд гранташонро гиранд. Маълум нест, ки ин корро кї мекунад: худи вазорати адлия, молия ё ягон нињоди дигар. Воќеан, њукумат њаќ надорад, ки донад, оё маблаѓи ќариб баробари буљааш куљо меравад,
ба дасти кї меафтад ва ў онро ба кадом маќсад истифода мебарад? Пањлуи дигар. Кам нестанд, онњое, ки ин раќамро берун аз бовар медонанд. Чунин пиндошта мешавад, ки ин раќами 5 миллиард сомонї аз њисоботи созмонњои хориљиву байналмилалї берун омадааст, чун онњоянд, ки њисобот медињанд. Дар масрафи маблаѓашон низ соњибихтиёранд ва иддао њам карда метавонанд, ки ин пули мо аст, аз шумо нест ва онро мо барои Тољикистон истифода мекунем, иљораи хонаатонро медињем, мардуматонро маош медињем, ягон камбудиатонро бартараф мекунем, дигар чї мехоњед, њамин њам набошад? Ва инро њам аз њукумати Тољикистон намепўшанд, ки ќариб 80 дарсади ин маблаѓро барои этиёљоти худ харљ мекунанд ва фаќат ќисмати ночизашро барои тарњу барномањои худ харљ мекунанд. Одитар гўем, кормандони офисњои хориљї жигуливу опел намегарданд. Аммо созмонњои ѓайрињукуматии дохилї? Онњо бояд чї њисобот дињанд? Инро, ки аз хориљињо чї ќадар пул гирифтаанд ва њукумат бояд онро донад? Њукумате, ки ягон зарра кўмак намекунад, аммо инак, чашм ба кисаи онњо бурд. Ташкилоту созмонњоро чи интизор аст, ба зудї рушан мешавад.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
1-УМИ АПРЕЛ
9
Бахтиёр РАЊИМОВ:
"Ягон президент ин гуна фармон надодааст" Суњбати ихтисосї бо роњбари "Ѓарибшо компания" Бахтиёр Рањимов дар Рўзи Ханда
- Имрўз аксарият гумон мекунанд, ки њаљвнигорон доимо хандонанд ва чашмони онњо гиряро намебинад. Оё боре Шумо гиристаед? -Бале, ман борњо гиристаам. Њаљвнигор асосан барои хандондани мардум нест ва барои ин њам офарида нашудааст. Њаљвнигор барои аз байн бурдани камбудињо бо шўхию зарофат ва хидмати мардум офарида шудааст, яъне мардум ба рўи мушкилињо табассум карда, пайи њаллашон шаванд. Барои чї мо гиря намекардаем? Мо њам одам њастем, мехўрем, шодї ва хурсандї дорем. Худи њозир аз беморхона аз аёдати як дўстамон баромадем. Ваќте мо назди он кас даромадем, намедонам аз алам буд ё чизи дигар ў гиря кард. Баробари ў беихтиёр ашки чашмони ман низ љорї шуд. - Кадом мушкилињои љомеа шуморо нороњат мекунад?
- Њамаи он мушкилеро, ки нороњат мекунанд, мо даррав онњоро барои сањна омода мекунем, пешкаши тамошобинон мегардонем. Бигзор тамошобинон ва мухлисон инро бинанду худ хулоса бароранд. Њатто масъулин ва роњбарият бинанд ва аз пайи бартараф намудани ин камбудињо шаванд. - Мегўянд, њунарманд ду зиндагї дорад - сањнавї ва пасисањнавї. Дар оила шуморо њамчун њаљвнигор чї гуна ќабул мекунанд? - Зиндагии рўйи сањна ин бо халќ будан, барои халќ хизмат кардан аст. Рўйи сањна мо дузд, ѓоратгар, шоњ, вазир, пулдор, камбаѓал, гадо мешавем. Лекин паси сањна зиндагии дигар аст. Агар мо дар зиндагии рўи сањнавї мардумро хандонем, дар зиндагии паси сањна мисли дигаронем. Аз сањна мо мардумро механдонем, аммо агар хона рафта, боз хандида-хандида гап зани-
ву хўрду хўроки дуруст набошад, кўдакон пойлуч бошанд, янгамулло кафгирро гирифта, дар сарат мезанад. Барои ў фарќ надорад, ки ту дар сањна наќши шоњро бозї кардї ё ки наќши вазирро. Дигар аллакай ханда ба кор намеравад. Ба њар њол мо аз зиндагї шукр мекунем. Зеро агар ман њозир шиква кунам, ки зиндагиам бад, ягон кас ба ман нон намебиёрад. Њарчи њаст ба он ќаноат кардан даркор. Кор кардан даркор. Шахсан ман консерт меравам, ба ѓайр аз он продюссерї мекунам, барандагї мекунам, сањна менависам... - Баъзе бар инанд, ки њаљви тољик имрўз ба як бунбасте ворид шудааст. Назари шумо ба вазъи њаљви тољик? - Ман њамчун њунарманд ба дигар њамкасбони худ санги маломат заданї нестам. Њар сањна аз худи њунармандон вобаста аст, ки кадом мавзўъро дар кадом сатњ интихоб ва онро чї тавр иљро мекунанд. Агар мавзўи хуб бошаду иљроиши безеб, ин аллакай як минуси дигар мешавад. Лекин агар бозї хуб бошаду мавзўъ хуб набошад ин њам хуб нест. Мо мушкилињои њаљви тољикро њамарўза мегўем, вале њељ вокунишеро намебинем. Мушкилии асосии њаљви тољик ин нарасидани драматургњо ва муаллифони сањнањои њаљвї мебошад. Дар ин њол мо маљбур мешавем, ки худамон сањнањоямонро нависем, аз сўњбати ду нафар ягончї мегирем. Дар њаќиќат њаљви тољик имрўз хеле коста аст, хеле хароб аст. Барои мо драматургњои хуб даркор. Вазорати фарњанги Тољикистонро зарур аст, ки драматургњои хубро љалб карда, шароити хуб фароњам оранд, ки онњо барои њаљвнигорон сањнањои њаљвї нависанд. Суруди сол шуда гузашт, "Овози тиллої", фалаксароён, шашмаќом-
хонї шуд, лекин дар байни инњо њаљву њазл "саѓира" монд, бепадар монд. Он дар дасти "падарандар" калон шуда истодааст. Барои онки нисбати њаљв таваљљўњ намекунанд, њол онки талабот нисбат ба њаљв нисбат ба дигар жанрњо зиёдтар аст. - Мардум ваќте њаљвнигорро мебинанд, одатан механданд. Шумо ин чизро чї гуна ќабул мекунед ва умуман зиндагии як шахси шинохта дар љомеаи Тољикистон чигуна аст? - Бењад мушкил аст, аммо ман ба ин чиз барваќт одат кардагї њастам. Њастанд нафароне, ки ба мо писханд мезананд. Новобаста ба њамаи ин мо ба њамаи онњое, ки салом медињанд, салом дода, аз пайи кори худ меравем. Чї хеле, ки дар урфият мегўянд, љойи гул-гул бошу љойи хор-хор. - Шумо гоњо назди Президент мушкилињои љомеаи Тољикистонро ба риштаи њаљв мекашед. Оё боре шудааст, ки шуморо барои ин кор "танбењ" дода бошанд? - Не, ягон кас моро чизе нагуфтааст. Зеро аксари сањнањои тањияменамудаи мо бо дастгирии масъулин аст ва моро хеле дастгирї мекунанд. Дар як чорабинї, Љаноби олї, ба ман гуфтанд, сањнањои маро тамошо мекунанд, суханњои ту нисбат ба суханњои баъзе вазиру депутатњо тезтар ба нишон мерасанд, ба њадаф мерасанд, гуфтанд. Њарчї зиёдтар баромадњои хуб кун. Танќидро аз худи ман сар карда, то поён бар, намоишњои танќидї кун. То њол ман њељ бовар надорам, ки ягон президент ба њаљвнигори кишвари худ чунин фармон дода бошад. Суњбати Муллораљаб Юсуфї
ДУРУСТ БИНАВИСЕМ
АЉДОД ВА АВЛОД Ва ё шарњи он ки чи тавр бархе ќаламбадастони мо волидонашонро ба дунё овардаанд
Ќодири РУСТАМ Бархе аз ќаламбадастони тољик зоњиран маънои вожањои содаи "авлод" ва "аљдод"-ро намефањманд ва гоње онњоро ба љои якдигар истифода мекунанд. Ин амр фаротар аз сањву иштибоњ аст ва бояд бесаводї унвон бишавад. Ба љумлањои зер таваљљуњ фармоед:
"Империяи сохтаи Чингиз ду аср устувор монд. Аљдодони ў амали вайро идома доданд, махсусан Ботухон ва Хубилай…" (Фараж, 2 апрели 2009, № 13) "Аммо соњибкори мањаллї…. ба умеди тарањњуми сафорати Ирон нашуда, ба умеди шафоати рўњи ин аљдоди паёмбари акрам Муњаммади Мустафо салаллоњу алайњи вассалам даст ба таъмиру тармим ва азнавсозии ќисматњои алоњидаи марќади алломаи бузурги машриќзамин Мир Сайид Алии Њамадонї шудааст". (Тољикистон, 6 феврали 2012, № 6)
"… Њатто имрўз академикњои мо бо кароњат аз авлоди худ ёд мекунанд, чї расад ба авомуннос. (СССР, № 24, 11 июни соли 2009). "Мирзољон, мана ягон авлодам дар вазифањои роњбарикунанда кор намекард ва намекунад. Ман ба њамин Њукумати љонољони мегуфтагиатон ягон ѓарази шахсиву авлодї надорам" (Нигоњ, 4-уми марти 2010, № 50 ). Чун медонем, ки Ботухон ва Њубилай набера ва абераи Чингизхони хунхор њастанд, пас инро њам медонем, ки хабарни-
гор "аљдод"-ро, ки љамъи "љад" (бобо) - арабист ба љойи "авлод", ки низ љамъи "валад" (писар)-и арабист истифода кардааст. Бино ба "мантиќ"- и муаллифи љумлаи дувум Алии Њамадонї, ки дар ќарни 12 зиста, бобоњои (!?) паёмари ислом аст, ки панљ ќарн пештар аз ў умр ба сар бурдааст. Љумлаи севум аз маќолаест, ки адами иттилоъ ва ифтихор аз гузаштаро ба бањс кашида ва дар он низ "авлод" балади "аљдод" истифода шудааст. Ба хусус истифодаи "авлод" ба ивази "аљдод" интишори фаровон дорад. Њатто як нафар аз профессорони риштаи забони арабї аз тариќи телевизион лоф зада буд: "ман ифтихор мекунам, ки Абўалии Сино авлоди ман аст", гўї Бўалиро духтари ў зодааст ва гўї ин ќаламбадастони бесавод
падару модарашонро ба дунё овардаанд. Дар забони гуфтор њам истеъмоли "авлод" ба маънои зодагони як хонадон ("род"-и русї) ѓалати машњур шудааст ва бархе аз ањли ќалам низ аз ин хатои ом пайравї мекунанд. Дар ин маврид бењтар аст ба љойи авлод аз вожањои дигар, масалан, гузаштагон, падару бобоён, аслоф, хонадон ва ѓ. истифода карда шавад.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
Аз охири њафтаи сипаришуда Арабистони Саудї билохира тасмим гирифт, ки дар умури дохилии њамсоякишвараш Яман ошкоро дахолати низомї кунад. Њавопаймоњои Арабистон ва муттањидонаш аз кишварњои арабии Халиљи Форс шањри Санъо, пойтахти Яман ва навоњии атрофи он ва њама ќаламраверо, ки тахмин мекунанд њусињо тањти тасарруф доранд, бомбборон карданд ва муљиби њалокати ѓайринизомиёну вайрону валангор шудани мулки обод шуданд. Арабшиноси маъруф ва яке аз тањлилагарони минтаќа Леонид Исаев дар суњбате бо коршиноси Online гуфтааст, ки иќдоми Риёз аллакай мањкум ба шикаст аст. - Дар бораи эњтимолияти лашкаркашии Арабистони Саудї аз хеле пештар њарф зада мешуд. Аммо оё худи яманињо ба ин бовар буданд, ки Риёз аз сухан ба амал мегузарад? - Амалан њамин тавр аст. Президенти Яман Абдураббињї Мансур Њодї барои њамла ба хокаш аз љониби кишвари дигар хеле талош кард. Аввал барои кумак ба Лигаи давлатњои Араб мурољиат намуд. Вале миёнањои моњи март посухи рад гирифт. 22 уми март вай ба Шўрои Амнияти СММ мурољиат кард, вале дар он љо низ лоињаи пешнињодиро ба овоз намонданд. Баъдан ба Шўрои њамкорињои давлатњои араби Халиљи Форс мурољиат кард, то ёрии њарбї расонанд. Ва мањз дар њамин Шўро билохира ба њарфи вай гўш доданд ва њамаи ин мамолик, ба истиснои Умон ризояти худро барои дахолати низомї доданд. Султони Умон њамеша сиёсати бетарафї дар њалли буњронњои минтаќавї дорад ва майдони худро барои гуфтушунидњо боз нигоњ медорад ва аз ин суд мебарад. Гузашта аз ин Умон кишварест, ки то Яман марзи муштарак дорад ва султони он аз он, ки нерўе назири нерўи Арабистон ва сарвате ба њадди он надорад, намехоњад худро гирифтори амалњои љавобии њусиён кунад. Баъди ин мурољиат Арабистони Саудї шањрвандони худро аз навоњии марзї бо Яман хориљ кард ва ин маънои оѓизи амалиёти низомиро дошт. Шаби 24-ум ба 25-уми март њусињо дар Аден даст ба амалиёт заданд. Онњо ба ин умед буданд, ки баъди ишѓоли ин шањр Риёз аз роњандозии амалиётии низомї даст мекашад, вале иштибоњ карда буданд. Саудиён ба зудї ба њамлаи ошкоро оѓоз карданд. - Аммо чаро? - Ба он хотир, ки Яманро дар нињояти кор зери тасарруфи худ нигоњ дорад. Риёз тўли дањсолањои охир Яманро чун минтаќаи манфиатњои худ медонад ва касеро ба он роњ намедињад. Бо талоши муќовимат бо њусиён Риёз аз сохторњои исломие чун "Ал-Ќоида", ки њатто чанде пештар ба садоќат ба Давлати исломї савганд ёд карда буданд, њамкорї кард. Вале ман бар ин назарам, ки ин дахолат бидуни шак барои саудињо суде нахоњад дошт. - Чаро? - Зеро њусиён посух медињанд. Онњо аллакай худро дар марзњои Арабистони Саудї мустаќар мекунанд ва аз њоло ба тирборони манотиќи наздик шуруъ кардаву њатто дањњо рустои ин кишварро тасарруф намудаанд. Вале онњо њоло дарунтар намераванд, њаддиаќал то замоне, ки яќинан барояшон маълум намешавад, ки Арабистони Саудї бо ин бомбборонњо чї мехоњад. Аммо ин иќдомњо метавонад ду гузина дошта бошад. Эњтимол Арабистон мехоњад
«
ЉАЊОН
Леонид ИСАЕВ:
дохилаи низомї паймон баст, онњо умедњои Њодиро барбод доданд. Фармондењи пойгоњи њарбии Аден генерал Нољї ал-Арашї ба фармони вазири мудоифаи низоми Њодї итоат накард ва худи њамон рўз њусиёнро вориди шањр намуд. Ин њам далели мувофиќ набудани яманињо ба дахолат аз хориљ аст. Ягона шахсе, ки то охирин лањзањо ба президент Њодї вафодор монд, ин вазири мудофиа Мањмуд ас-Байњї буд. Вале ваќтњои охир фармонњои ўро њатто дар Аден гўш накарданд ва имрўз худи вай аз љониби њусиён боздошт шудааст. - Фарз кунем, ки таљовузи њарбї пешрафту муваффаќият надорад. Аќалан он метавонад монеъи њусиён шавад? - Мушкил сари он аст, ки њусиён метавонанд ба њамлаи љавобї гузаранд. Сухангўи пешвои "Ансоруллоњ" Абдулмалик ал-Њусї изњор дошт, ки ин гуруњ омода аст вориди Арабистони Саудї шавад ва ба њукмронии чандинсолаи сулолаи шоњони саудї хотима гузорад. - Мараг онњо ин гуна имкон доранд? Дуруст аст, ки љанговарони хеле хубанд. Аз сўе
"Риёзро лозим меояд акнун дар се љабња љангад"
бо ин васила "Ал-Ќоида"-ро муњофизат кунад ва бо ин васила њусиёнро то њадде ба гуфтушунид моил созад. Аз як сў, саудиён бозгашти Абдураббињї Мансур Њодиро чун њомии манофеъи Риёз ва ташаббускору пешбарандаи гутушунидњо миёни ќабоил хоњонанд. Аз сўи дигар, муњлати президентии Њодї њанўз моњи феврали соли 2014 ба анљом расидааст ва њузури ў дар садри њокимияти Яман аслан ќонунї нест. Гузинаи дуюм, эњтимоляти он низ вуљуд дорад, ки Арабистон то комилан аз ќудрат дур кардани њусиён ба амалиётњои низомии худ идома доданист. Агар чунин аст, пас шикасти Риёз яќинан таъмин шудааст. - Магар Риёз ва муттањидонаш аз он неруе бархўрдор нестанд, ки як гуруњи маъмулиро шикаст дињанд? Теъдоди њусињои мусаллањ ба чанд мерасад? - Дар кишваре, ки 25 миллион љамъият дорад, шаст миллион силоњ мављуд аст, њамаи сокинон мусаллањанд. Дар Яман он гуна нест, ки ањолї оромона дар хона биншинаду њарбиён тирандозї кунанд. Дар њоли муќовимат њама вориди сањнаи љанг мешаванд.
Аз сўи дигар њамла ба Арабистони нафтхез, ки бисёре аз кишварњои ќудратманди љањонї манфиатњои худро мањз дар будани њамин сулола мебиннад. Ин мамолик хеле сармояњои худро дар Арабистон доранд, ки наметавонанд ба осонї онро аз даст дињанд. Њусиёнро њангоми тантана дар Риёз метавонанд пора кунанд.
«
Яманињо авлодан љанговаранд ва неруи љангиву матонату мардонагии худро дар замони њазрати Муњаммад (с) исбот кардаанд. Онњо пайкараи аслии артиши Пайѓамбар (с) буданд. Ва љанговартарин дар миёни њамаи арабњо мебошанд. Соли 2014 онњо аллакай артиши Саудиро аз ќаламрави мавриди бањс миёни Яман ва Арабистон берун ронда буданд. Ин боз дар њолест, ки њамлаи њавоии Арбистони Саудї хеле аз неруњои сиёсиро ба њам овард, њатто баъзе аз мухолиони њусиён эълон карданд, ки зидди таљовузи Риёз хоњанд љангид. Ин аллакай маълум аст, ки Арабистон дар Яман пирўз нахоњад шуд. Бомбборони онњо натиља надод. Аллакай дар дуввумин рўзи њамла фурудгоњи Санъо ба фаъолияти худ оѓоз кард. Њамла ба пойгоњњои њарбї ва анборњои силоњи њусиён зарари чандоне надошт. Вале бар асари ин њамла аз 30 то 40 тан аз ањолии мулкї кушта шуданд, ки ин худ аз худ њисси бадбинии ањолии мањаллиро ба оли Сауд боло мебарад. Дурус т аст, ки бояд амалиёти заминї оѓоз намуд, вале мушкил он аст, ки онро кї бояд анљом дињад? Дуруст аст, ки ба пуштибонї аз ин амалиёт аллакай чандин кишвари њавза ва хориљ аз он изњори назар кардаанд, аз Марокаш то Покистон, вале њоло маълум нест, ки амалан кї омода аст кўмак кунад. Агар Миср як ё ду њавопаймо эъзом намояд, ин њанўз кумаки њарбї нест. Фиристодани неруњои њарбї як љињати масъала, љињати дуюм оё ин кишварњо омода њастанд дар вазъи ноороми имрўзаи Ховари Миёна амалан дар биёбонњои Арабистони Љанубї биљанганд? Масалан, оё Урдун омода аст неру эъзом кунад ва шоњигарии худро аз тањдиде, ки аз сўи Сурия мерасад, заъиф созад? Оё Миср омода аст нерў фиристад ва аз имконисти амалиёт зидди Либия (чун яќинан наметавонад дар ду љабња биљангад) даст кашад? Магар Покистон тайёр аст бо ширкат дар ин љанг муносибаташ бо Эронро тира созад? Гумон аст. Ва як саволи дигар: артиши кишварњое, ки зидди Яман вориди љанг шудаанд, то куљо нерўманд ва љангианд? Миср њамаи љангњои ќарни гузаштаро бохтааст ва Арабистон аслан тўли ин чанд дањсолаи охир наљангидааст. - Магар наметавон ба неруњои дохилие, ки ба президент Њодї вафодоранд, такя кард? Масалан ба њарбиён. - Њарбиёни ин кишвар аз хеле ваќт ба инљониб ё ба "Ансоруллоњ" ва ё ба мухолифони дигари Њодї, неруњои вафодор ба президенти пешин Абдуллоњ Солењ итоат мекунанд. Љанубиён бошанд ваќтњои охир тасмим гирифтанд, ки бо шимолињо пайванаданд. Умеди дигари Њодї аз неруњои Аден буд, ки боз њам бахт ба рўяш натофт. Њамон рўзе, ки президент бо кишварњои халиљ дар мавриди му-
ин њифзи ќаламрав аст, ки гумон намекунам ягон суадї хоњиши онро дошта бошад, ки бо онњо рў ба рў дар набард шавад. Аз сўи дигар њамла ба Арабистони нафтхез, ки бисёре аз кишварњои ќудратманди љањонї манфиатњои худро мањз дар будани њамин сулола мебиннад. Ин мамолик хеле сармояњои худро дар Арабистон доранд, ки наметавонанд ба осонї онро аз даст дињанд. Њусиёнро њангоми тантана дар Риёз метавонанд пора кунанд. -Аввал ин ки шарт нест њусиён дар ин марњила ба Риёз раванд. Кофист, ки Макка ва ё Љиддаро ишѓол кунанд. Дуюм, ба Арабистони Саудї зарур аст њатто дар се љабња вориди љанг шавад. Аз шимол нигаронї аз Ироќ дорад, ки Давлати исломї хеле фаъол аст ва он дар њаќиќат метавонад ба Риёз лашкар кашад. Гузашта аз ин рух додани як беназмии оммавї дар вилоятњои шарќии Арабистон, ки чашмањои аслии нафти ин кишварро дар худ љо додаанд, зиёд аст. Ва нињоят Эрон, ки аз њусиён пуштибонї мекунад, дар ин гуна вазъият аниќ аст, ки њаргиз хомўш наменишинад. - Шиъиёни вилоятњои шарќии Арабистон чї гуна метавонанд исён кунанд, дар њоле, ки неруњои амниятии ин кишвар онњоро ба истилоњ дар нуги сўзан нигоњ медоранд ва њар амалашон шадидан зери назорат аст. - Саудиён дар њоле метавонанд ин гуна назорат дошта бошанд, ки кори дигар надоранд. Аммо ваќте дар ду љабња вориди љанганд ва неруњояшонро саргарми муќовимат бо њусиён ё ДОИШ мекунанд, ин имконро комилан аз даст медињанд. Чанде пеш як ожонсии амрикої бо фармоиши Эрон тањќиќотеро дар ин замина анљом дод, ки хеле љолиб буд ва он метавонад як харитаи роњ ба дасти Тењрон бошад, ки зарфи 24 соат ќисмати шарќии Арабистонро комилан бесубот гардонад. - Барои Русия гузинаи дуюм ба манфиат буд ва ин зиддият ба дарозо хоњад кашид? - Аз нуќтаи назари иќтисодї, бале, њамин тавр аст. Нархи нафт боло меравад, њамзамон бо ин рубл мавќеъи худро мустањкам месозад. Мантиќан барои Русия ин хуб аст, ки Арабистони Саудї ба як кишвари бесубот табдил шавад ва низоми шоњаншоњии Саудї аз њам пошад ва дар пасманзараи ин њама мављи нави ноамнињову нооромињо Бањрайнро фаро гиранд. Русияро лозим меояд бо њусиён дар иртибот ва муколама шавад, зеро ягона шарики Маскав дар минтаќа мањз онњоянд. Ва ягона мудохилаи созанда вето гузоштан ба ќатъномаест, ки барои дахолати низомї дар Яман ба Шўрои амният ворид шудааст. Суњбати Геворг Мирзоян, "Expert Online"
БАЊС
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
11
Боздошти ду корманди Агентии зидди нашъа бо 83 њазор доллар
АЗ РОСТ, ГЕНЕРАЛ РУСТАМ НАЗАРЗОДА БО ПОЛКОВНИК БЕКОВ (АКС АЗ СОМОНАИ АГЕНТЇ)
Ду мансабдори Агентии назорати маводи нашъаовар бо иттињоми пораситонї ба маблаѓи калон боздошт шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубори-
за бо коррупсия, полковник Саидмухтор Беков, сардори Шуъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва Эргаш Маликов, сардори шуъбаи панљуми Раёсати
сад афсус 30 март, 2015 - 10:00 Бори каљ њеч гоњ ба манзил намерасад, домулло Рустам Урманович, шумо воќеан кадрношиносед ва ин камбудии љиддии шумо дар тўли солњост, ки садхо корманд њаёту мамоташ бо айби шумо сўхта, номи онњоро наменависем, чаро ки шумо бо њама нуќсонхои љойдода инсони хубед!
ё ба ягон давлати манѓитнишин мегирад. Љаноби олї ин таври бад њам не-да. Ягон тољики бечораи англисидонро ёфта мондан даркор. Шоњ 30 март, 2015 - 12:07 Бисёр набудааст- ку, 83 њазор долларак будааст. Озодашон кунед!
Раљаб 31 март, 2015 - 08:09 Њамин домуллои гуфтагит намедонам аз кадом осмон чи хел ситора фаровардагї аст, ки дар њамин вазифа мегуї, ки сварка кардагї бошад. Њамаро аз кор мегиранд, лекин инро намељунбонанд. Аслан, ягон кас намедонад, ки ба кї хизмат мекунад. Майда-майда љаъмаш кардаистодаааст. Худо накунад, ягон бетартибї шавад, худашро дар мамолики Туркия ва
Муњољир аз Маскав 30 март, 2015 - 12:13 Дар бораи Саймухтор Беков мегўянд, ки шўйи кадом журналистка будааст, зани дуюмаш журналисти номи будааст. Ку тафтиш кунед, њамин гап рост, ё дуруѓ. Salim 30 март, 2015 - 13:03 voy bar holi mardum. Оnkadr majburi winondaаnd Гость 30 март, 2015 - 14:53 Саидмухтор Беков, шавњари директори
фаврї-љустуљўии њамин нињод ба ситонидани 83 њазор доллар ришва муттањам мешаванд. Ба фарзияи расмї, -моњи январи соли равон аз љониби кормандони Агентии зидди маводи нашъаовар ду нафар бо гумони пањн намудани маводи мухаддири маснуъии-"экстаз" боздошт шуда, нисбати онњо парвандањои љиноятї оѓоз мекунанд. Беков ва Маликов барои "сабук" кардан ва аз љавобгарии љиноятї озод кардани боздоштшуда, инчунин баргардондани худрави тамѓаи BMW Х5 аз бародари боздоштшуда 50 њазор доллар талаб мекунанд. Моњи феврал 42 њазор доллари онро ба даст овардаанд. Вале моњи марти соли равон Беков ва Маликов дубора бо бародари боздоштшуда мулоќот карда, барои "мулоим" кардани моддаи Кодекси љиної боз 80 њазор доллари дигар талаб мекунанд, 19-уми март, замоне, ки
хадамоти зиддикоррупсионї Маликовро боздошт мекарданд, вай аллакай 41 њазор доллари ваъдагиро дар як нуќтаи фурўши сўзишворї гирифта буд. Кормандони Агентии зиддикоррупсия дар дафтари кории Беков тафтиши хизматї гузаронида, аз кабинети ў 23 њазор доллареро, ки пештар ситонида буд, мусодира карданд. Саидмухтор Беков аз љумлаи кормандони собиќадори Агентї дониста мешавад, ки солњои зиёд муфаттиш, сармуфаттиш, муовини сардори шуъбаи тафтишотї кор карда, ахиран баъди барканории сардори пешини шуъба, полковник Додоматов сарварии ин шуъбаро дар ихтиёр гирифтааст. Эргаш Маликов низ аз љумлаи кормандои пуртаљрибаи хадамоти фаврї дониста мешуд, ки падараш низ собиќадори соња мебошад.
бахши тољикии Радиои "Озодї" буд ба фикрам. Барои њамин њам ин хабарро Радиои "Озодї" пахш накард. Браво, ана, ин аст озодии сухани ба усули амрикої! Озод 30 март, 2015 - 16:11 Агар чунин бошад, пас "Озодї"-ро ба ќап дароварданд, гўед. Бо њамин озодї боз капут шуд... заправчик умед88 30 март, 2015 - 17:39 Тољнюс, ваќте шофер касса меравад, пассажираш пулро ба бордачок мемонад, баъд агентњо шоферро маќапанд, вакте меќапанд, шофер механдад, бехабар аз "подстава".
ба фикрам.
zoro 31 март, 2015 - 11:15 Ин гапњо њамааш дуруѓ аст. Инњоро "потставить" кардаанд, инњо њамааш барои рекламаи Рустами Эмомалї, писари президент аст
Фарњод 31 март, 2015 - 14:25 Ба назари ман, онњое, ки зидди раиси Агентии мубориза бо коррупсия таъин шудани Рустами Эмомалї њарф мезананд, як фарзияро нодида мегиранд. Эњтимол президент писарашро ба хотири эътимоди бештар ва бо умеди ин ки дили писар ба падараш бештар аз мансабдорони дигар месўзад, ба ин вазифа таъин карда бошад. Ваќт нишон медињад. Хисрав 31 марта, 2015 - 14:27 Агар шўи журналисти Радиои "Озодї" будани Беков дуруст бошад, эњтимол ба хотири фаъолияти занаш боздошт карда бошанд. Агар не, имиљсозї барои Рустами Эмомалї дар вазифа нав аст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
БО ШОИР
ДИЛБАЗМ Дар њавои бањор дилбазм аст, Табли мастона ќосиди разм аст, Дар фазои хумор атри ишќ, Дар саройи бањор гулбазм аст… Навбањор ошиќ аст мисли ман, Ошиќи пайки шўри растохез, Бода боди љунуни хунамро, Мезанад сўйи бесўйї мањмез. Бо ту хоњам зи нав љавон будан, Гулфишон њамчу арѓавон будан, Маргро б одами нафас куштан, Дар дами лањза љовидон будан! Чашми сабзи само дурахшон аст, Рўйи сурхи замин фарањшон аст, Дар њавои бањор базми ишќ, Соќии базми ишќ Яздон аст!
МОДАР Башар, эй дури ман, дурдонаи туст, Самар, эй нури ман, аз донаи туст, Њама бори љањон дар шонаи туст, Бињишти орифон дар хонаи туст; Дар ин дањре, ки бомаш осмон аст, Фариштамодарам, њолат чї сон аст?! Ту он љонї, ки љононофаринї, Ту он дардї, ки дармонофаринї, Ба номи туст ин сайёраи ишќ, Ту њури љаннати чархи барин; Љамолатро љилои ахтарон аст, Љалолатро санои ду љањон аст! Туро дар олами фонї фано нест, Маќоматро ба љуз њамду сано нест, Баландињои ту аз хоксорист, Бузургињои ту аз бурдборист; Љањон аз мењри ту хуршедхоњ аст, Намурдан дар ќадамњоят гуноњ аст!
ДИГАР ИШЌ Зи анљум расида, зи гардун, Ду ошиќ, ду кайњон, гардун. На Лайло, на Узро, на Ширин, На Фарњод, На Вомиќ, На Маљнун! Дигар ишќ, дигар нур, дигар њур, Дигар раќс, дигар соз, дигар љўр. Дигар ѓам, дигар нам, дигар оњ, Дигар ашк, дигар рашк, дигар сур! Дигар шаб, дигар рўзи ѓамсоз, Дигар њузн, дигар сўзи дамсоз, Дигар теѓ, дигар захми марњам, Дигар шўр, дигар тўри анбоз. Дигар шањд, дигар зањр, ширин, Дигар доѓ, дигар боѓ, рангин, Дигар куњ, дигар руњ, воло, Дигар ор, дигар дор, сангин… Ду њастї, ду мастї, ду њайрон, Ду хаста, ду раста, ду сарсон.
Гулрухсор Сафиева Ба дунё, ду дунё, чу дунё, Ду мањшед, ду яхкуњ, ду вулќон! На аз ту, на аз мо, дигар ишќ, На пинњон, на пайдо, дигар ишќ, На бо ту, на бо мо, дигар ишќ, На то ту, на то мо, дигар ишќ!... Зи гардун расида ду гардун, Ду ошиќ, ду фаршод, ду мазњун, На Лайло, на Узро, на Ширин, На Фарњод, На Вомиќ, На Маљнун! Дигар ишќ!..
БАЗМИ ВИСОЛ Бе ту шабамро рўз нест, Тобу табамро сўз нест, Бе офтоби чашми ту Рўзи наву наврўз нест. Бе гулхани дидори ту Аз хандазори гул чї суд, Аз ќањ-ќањи кабки дара, Аз чањ-чањи булбул чї суд? Чун шуъла, аз гулхан, биё, Чун ханда, аз шеван, биё, Чун гиряи нагриста, Чун хандаи гулшан биё! Ишќ аст базморо, биё, Шавќ аст руњафзо, биё, Бањри ту кам нагристам, Шодии ѓамфарсо, биё! Аз нури мањ зарњал биёр, Аз ахтарон озар биёр, Болои каф хуршедро Бо тунгу бо соѓар биёр. Дар базми васли ошиќон, Вахшури Вахшоно, биё. Бо сури чанги Борбад, Бо шўри Мавлоно, биё! ТАРОНАИ ИСТИЌЛОЛ Аз фарози ќуллаи иќболи мо, Медамад хуршеди истиќлоли мо! Њадяи яздон, бињишти мо, Ватан, Шањкитоби сарнавишти мо, Ватан! "Атри "Љўйи Мулиён-у накњаташ, Мо зи шеъри Рўдакї бўидаем. Мо њама аз оби Рўдак хўрдаем, Мо зи дарди Рўдакї рўидаем!.."
Дарди оламсози ишќи љовидон, Дарди дерин, дарди эњёи Ватан. Дарди ширин,дарди миллатофарин, Дарди воло, дарди зебои Ватан.
Ин љо њама озоданд, Дилбурдаву дилёданд, Дар шањри гадои ишќ Шањзодаву шањзоданд.
Ишќи ту дар хуни мо, дар љони мост, Ишќи ту дар шањраги имони мост. Офтоби ишќи оташбори ту, Љавњари ойинаи ирфони мост!
Ин љо њама шон дорад, Аз ишќ нишон дорад, Дил дар кафи дасти дил, Љон дар кафи љон дорад.
- Чист истиќлол? - Иззат доштан! Ба диёри худ муњаббат доштан. Дар замини шуњрати озодагон, Донаи мењру садоќат коштан!
Ин љо Ватани ишќ аст, Гул пирањани ишќ аст, Ин љо њама мисли ман Соњибватани ишќ аст.
Аз фарози ќуллаи иќболи мо, Медамад хуршеди истиќлоли мо! Њадяи яздон, бињишти мо, Ватан, Шањкитоби сарнавишти мо Ватан!
ОТАШБАЗМ Нав рўз шуд, Наврўз шуд, Шаб рўз шуд, таб сўз шуд, Бар њафт пушти Ањриман, Њурмузди мо пирўз шуд! Аз оњи сарди тармањо, Рухсораи гармо шукуфт. Дар банд-банди шохсор, Њусни чаманоро шукуфт. Оѓоз шуд, овоз шуд, Афсонаи шеъру шароб. Оташ зи хуни ток бурд, Паймонаи шеъру шароб. Худсўз омад офтоб, То базми ирфонї кунад. Бо миллати њуру малак, Арѓушти санъонї кунад… Нав рўз шуд, Наврўз шуд, Шаб рўз шуд, таб сўз шуд, Бар њафт пушти Ањриман, Њурмузди мо пирўз шуд.
ДАР ПАРДАИ ШАББОДА… Ин љо њама якрўянд, Якроњаву яксўйянд, Афсунгару афсона, Љодугару љодуянд.
Бо дидаи оташбор, Бо ќалби фарањафзор, Бар кишвари сабзи ишќ Хушдор биё, эй ёр! Дар пардаи шаббода, Оњанги паёми туст. Ин чашма ба номи ман, Ин ќулла ба номи туст!
ХОБИ НАВРЎЗЇ Шаби хоби хобњо буд, Ишќ мазњаби сафо буд, Њамаро яке дилу дин, Њамаро яке Худо буд. Њамаро як осмон буд, Њамаро як ормон буд, Ишќ мазњаби башар буд, Ишќ мазњаби љањон буд! Њама гиряњо гириста, Њама хандањо суруда, Њама ѓуссањо фарањноз, Њама дудањо зудуда!.. Њама буд Миллати ишќ, Дур аз маломати ишќ, Гуњари садаф шикаста, Зари хосу ќимати ишќ… Њамаро ниёзи дил буд, Нафаси гудози дил буд, Ба тавофи Каъбаи ишќ Њамаро намози дил буд! Њама аз Манораи Ишќ, Зи сафо пайём мегуфт. Њама дар азони ишќаш, Ба Худо салом мегуфт!..
ВОКУНИШ Роњбари ду ширкати муњими давлатї - КВД "Тољик Эйр" ва "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" Рустам Холиќов бо ирсоли як мактуб ба "Нигоњ"аз иљрои Фармони № 622 - и Президенти Тољикистон саркашї карда, масъулияти ќонунии худро ба дўши нињодњои дигари њукуматї андохтааст
НОДИДАГИРИИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ Идораи нашрия баъди чопи матлаби "Корхонаи воњиди хусусии Халиков" ("Нигоњ",№47(429), аз 18-уми феврали 2015) љињати иљрои Фармони № 622 Президенти Тољикистон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор бамаводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма", матлабро ба унвонии Рустам Холиќов роњбари КВД "Тољик Эйр" ва "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" равон кард. Њарчанд иљрои ќонунгузории соњавї ва хоса фармони № 622 дар "Нигоњ" як кори маъмулї аст, аммо мо ба умед будем, ки ин дафъа љаноби Холиќов љавоби салоњиятнок медињад ва шояд асос њам меорад, ки чаро ба дархости журналистї посух нагуфт, зеро њамин шабу рўз бо супориши муовини Сарвазири мамлакат Марњабо Љабборї бояд 14 расона, минљумла "Нигоњ" оид ба иљрои ин фармон ба њукумат гузориши хаттї дињанд ва инро масъулини ширкати давлатї хуб медонанд. Аммо чї мегўед, ки роњбари ин ду ширкат талаботи Фармони Президентро, ки мефармояд: "Роњбарони вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї: - љињати вокуниш ба мулоњизањои танќидї ва пешнињодњое, ки дар воситањои ахбори омма иброз мегарданд, дар мўњлатњои тибќи ќонунгузории љумњурї муќарраргардида тадбирњои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиљаи баррасии онњо ба Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва воситањои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ дињанд", поймол кард. Ба сифати "тадбири бетаъхири мушаххас" љаноби Холиќов як номаи подарњаво равон кардааст. Поинтар худ ќазоват кунед.
БАДГЎЇ Ё БАЊОНАИ БЮРОКРАТ? Мактуби расмии "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе", баъди 21 рўзи таќвимии нашри матлаби мазкур, бо имзои Рустам Холиќов ба идораи нашрия ворид шуд. Вай дар мактубаш аз љавоб ба суолњои дархости журналистї гурехта, навиштааст: "Бори дигар хотиррисон менамоем, ки фаъолияти молиявї-хољагии ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" дар асоси талаботи ќонунгузории амалкунанда оид ба љамъиятњои сањњомї, тибќи озмун аз тарафи ширкатњои аудитї, инчунин аз љониби Агентии назорати назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералї, Кумитаи андоз, Палатаи њисоби назди Президенти Љумњурии
ХИЗМАТЧИИ САРКАШ Ё чї тавр "дум сагро мељунбонад"*? Тољикистон, Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданї" (ИКАО), Кумитаи байнидавлатии авиатсионї (МАК), Раёсати авиатсияи граждании Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон мунтазам мавриди санљиш ва тањлил ќарор мегирад. Барои шиносої бо хулосаи санљишњои маќомоти расмї, ки тайи солњои 2009-2014 дар ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" гузаронида шудаанд, метавонед ба муассиси корхонаи мазкур - Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон мурољиат намоед". Ин нома як маънї дорад: Холиќов талаботи ќонунгузории Тољикистонро дар бораи иттилоот, матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма, дар бораи мурољиати шањрвандонро вайрон мекунад, њуќуќи нашрия њазорњо шањрвандони Тољикистонро ба гирифтани иттилоот поймол карда, на танњо посух доданї нест, балки дар мактуби расмї масъулини нашрияро ба бадгўї туњмат кардааст, ки боз њам хилофи ќонун, худписандї ва нишони заъфи идорї аст. Ин амали Холиќов маќоли "бањонаи кампири гу...н дуѓи турўш нони љавин"-ро мемонаду бас.
Бояд иќрор шуд, ки мо аз бюрократњо њама гуна љавобу њама гуна вокунишро интизорем, аммо бори аввал дар таърихи истиќлолият мебинем, ки як мансабдори ширкати давлатї ё хизматчї корфармояш, яъне Њукумати кишварро дар симои як Кумитаи давлатї муваззаф гардонад, ки ба нашрия ё журналистон шумо љавоб гўед. Мутмаин бояд буд, ки дар њодиса дар таърихи "Идораи давлатї дар Тољикистон" сабт хоњад шуд ва Раёсати хизмати давлатї ба он бањо хоњад дод, зеро кам шудааст, ки "дум сагро љунбонад".
"ВАЌТЕ ДУМ САГРО МЕЉУНБОНАД" Тавре хонанда аллакай медонад, "Нигоњ" баъди шаш (!) моњи мукотиба бо роњбарияти ЉСШК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" ва КВД "Тољик Эйр", натиљањои пешакии як
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
13
тањќиќоти журналистияшро дар бораи фаъолияти ин ду корхонаи муњимми давлатї, нашр кард. Тањќиќоти журналистии "Нигоњ", бинобар ќонуннописандињои Рустам Холиќов нотамом монд. Шўрои муњаррирони "Нигоњ", бо умеди ин ки нашри 32 саволи асосии гуруњи тадќиќотї ба роњбарияти ин ширкатњо, боиси љалби диќќати Њукумати кишвар ва маќомоти назоратии Тољикистон, минљумла Прокуратураи генералии Тољикистон, ки масъули иљрои якхелаи ќонунгузории кишвар мебошад, ба ќазия шуда, билохира, роњбарияти саркаши ширкатњо дар симои Холиќов дарк хоњад кард, ки иљрои ќонун, новобаста ба мансабу маќом ба њар кас њатмї ва ногузир аст, ин матлабро ба нашр расонд. Дар он матлаб мо хулоса кардем, ки "ин ду корхонаи азим, на ширкатњои давлатии ањамияти стратегидошта, балки моли хусусии як нафареро мемонанд, ки на танњо "худашро шоњу табъашро вазир" медонад, балки дар интригањояш гум асту дур нест, ки таќдири Амонуллоњ Њукумовро такрор кунад...". Мактуби ахири Рустам Холиќов, мутаассифона, ин хулосаро фаќат таќвият медињаду халос. Роњбари ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" ва КВД "Тољик Эйр", ки номаи аввалини нашрияро њанўз 19-уми августи соли 2014, бо 32 саволи марбут ба фаъолияти ин ду корхона гирифта буд, њар даъфа бо бањонаи нав аз посух ба онњо саркашї мекунад. Аввал серкориашро бинобар маросими ба истифода додани терминали нави Фурудгоњ ва љаласаи СЊШ дар Душанбе баъдтар, сирри тиљоратии корхонаро бањона карда буд. Акнун, баъди 7 моњ аз "бадгўї нисбати корхона" шикоят мекунаду, ба худ иљозат медињад, ки ба нињодњои Њукумати Тољикистон "супориш" дињад, то ба љойи ў ба саволњои расонањо посух дињанд? Ин маќоли машњури "дум сагро мељунбонад"-ро ба хотир меорад. Вагарна, чї тавр мешудааст, ки як мансабдор супориши Њукумати Тољикистон (№26/10-7365, аз 10-уми ноябри соли 2014) ва мактуби расмии Вазорати наќлиёти Тољикистон (№1 (7,1)-668 аз 17-уми декабри соли 2014)-ро нодида бигирад?!
ЧЇ БОЯД КАРД? Бо маълум шудани мавќеъи Холиќов назди гуруњи тањќиќотии "Нигоњ" ва Шўрои муњаррирони нашрия, суоли матрањ ин аст, ки чї бояд кард? Зеро масъалае, ки њафт моњ аст, ба фаъолияти эљодии журналистї монеа эљод карда, руњияи кормандон ва хонандагонро тира кардааст, бояд њал шавад. Шўрои муњаррирони нашрия ба хулоса омад, ки дар бораи саркашии навбатии хизматчї Холиќов хонандагонашро аз тариќи њамин матлаб воќиф сохта,эълон дорад, ки акнун ин ќазия масъалаи шарафи њар як корманди нашрия ва обрўю эътибори кории "Нигоњ" асту ба холиковњо бояд љавоби ќонунмандона ва ассиметрї дода шавад. Амалкарди моро барои 7 моњи оянда интизор бошед! "НИГОЊ"
P.S: Агар пешнињодоте аз хонандагон ва њаводорони нашрия дар доираи ин ќазия бошад, њайати эљоди онњоро ба хушнудї баррасї хоњад кард. * Ибора аз филми машњури "Wag the Dog" бо иштироки Роберт Де Ниро
ИСФАРА
Аввалин радиои мањаллї дар марз бо Ќирѓизистон Дар љамоати "Чоркўњ"-и шањри Исфара ќасд доранд, ки радиои фароѓатїиттилоотї дар рўи мављи FM роњандозї кунанд. Ин иќдом аз љониби љавонони мањаллї пеш гирифта шудааст, ки њукумати шањр аз он љонибдорї мекунад. Дар нахустин мулоќоти муассиси радио Илњоми Файз бо Даврон Зоњидзода, раиси шањри Исфара аз он хуш истиќбол шудааст. Ба гуфтаи Илњоми Файз дар ибтидо мављи радио чањор љамоати калонтарини шањр Чоркўњ, Ворух, Сурх ва Хољаи Аълоро фаро мегирад."Дар оянда Аммо мо кўшиш мекунем дар зудтарин фур-
сат фарогирии мављи онро ба тамоми Исфара таъмин кунем. Даврон Зоњидзода, раиси шањри Исфара аз иќдоми моро дастгирї намуда, ваъда доданд, ки кўмак мекунанд",-мегўяд Илњоми Файз. Љамоатњои мазкур мисли бештар минтаќањои дурдасти Тољикистон дар бумбасти иттилоотї ќарор дошта, ин холигї аз љониби расонањои њамсоякишвар, бештар ўзбакї пур карда мешавад.
Илњоми Файз афзуд: "Оинномаи радиоро рўзњои наздик барои сабти ном ба Кумитаи телевизион ва радио пешнињод хоњанд кард. Дар оѓоз пахши барномањо аз субњ то шомро фаро мегирад ва баъдан ба пахши шабонарўзї хоњанд гузашт". Муассиси аввалин радио дар љамоати Чоркўњ боварї дорад, ки радиои ў мувафаќ хоњад шуд, зеро мардуми Исфара ниёз ба чунин радио доранд. Он аз љониби нафарони алоњида дастгирии молї ёфтааст. Љамоати Чоркўњ яке аз љамоатњои калонтарин дар шањри Исфара буда, зиё-
да аз 40 њазор ањолї дорад, ки дар сарњадии Ќирѓизистон љойгир аст. Ташкили расона дар ин љамоат таљрибаи аввал нест, ќаблан дар соли 2000 телевизион таъсис додаанд, ки муваффаќ нашуд. Дар њоле, ки минтаќањои назди сарњадї зери пушиши иттилоотии расонањои бегона ќарор доранд, таъсиси чунин расонањоро коршиносон барои дар њавзаи иттилоотии ватанї нигоњ доштани сокинон амри зарурї медонанд. Бори аввал нест, ки дар минтаќањои наздисарњадии вилояти Суѓд чунин радиоњо ба роњ монда мешавад. Радиоњои "Диёр"-и Ашт, "Исфара"-и Исфара, "Садои Панљакент"-и Панљакент, "Авис Плюс" ва "Дунё FM"-и Истаравшан аз зумраи чунин расонањо мебошанд.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМИ АКСИ САДО
ЌАНД ЗАН ДОДАРАМ ОЗАР! - Дар мавзуи "Дили модар" нахустин бор банда аз эљодиёти адиби эронї - Эраљ Мирзо воќиф гашта будам. Шуњрати манзумааш ("Дили модар"-и ў) ба њамаи ихлосмандони адабиёт ва њатто ба камсаводтарин фард таъсири амиќи руњї гузошта буд. Агар аксарият калонсолонро пурсед, ки кадом адиб оиди дили модар бењтарин ва хотирмон асар эљод кардааст, воќифон номи Эраљ Мирзо ва ё мазмуни достони "Дили модар" -и ўро ёдовар мешаванд. Ошиќе, ки дили модарашро гирифта, ба маъшуќааш мебараду дар остонаи даромадгоњи мањбубааш пешпо хўрда меафтад ва сараш мекафад, онгоњ аз дили тапидаистодааш модар садои, "Оњ, бачам сараш сахт зад?" - ро кї намедонад. Дар шумораи (№44 (426) аз 27-уми январи соли 2015) - и "Нигоњ" ба њамин мазмун шоири тољики мо Озар љомаи нав пўшонда, таронае эљод кардааст, ки дили њар хонандаро ба ваљд оварда, ба умќи фикру андешаи дур мебарад. Модари нобиное дар таваллудхона писар тавлид мекунаду момодоя тифли ўро бо зане, ки духтар таваллуд кардааст, иваз карданї мешавад. Ваќте момодоя тифли зани бегонаро парпеч карда, ба модари нобино меорад, нобино тифлро рад карда, "Ин кўдак аз ман нест, кўдаки худамро оред!" мегўяд, њуш аз сари доя мепарад. Сардухтур низ дар назди зани нобино музтар мешавад ва мепурсад, ту чї тавр кўдакатро мешиносї? Модар дарњол љавоб мегўяд, ки ман тифламро на бо чашми сар, балки бо нигоњи дил мешиносам. Дар ин њангом гиряи тифле ба гўши модар мерасад. "Ана, њамон тифл кўдаки ман аст. Наздам оред" - мегўяд ў. Кўдакро меоранд ва аз пистони модар шир фаввора мезанад. Кўдак баробари сина маконидан ором ва модар худро бароњат њис мекунад. Ќанд зан додарам Озар! Аз њамин рўз ман туро Озар не, балки Эраљ Мирзои сонї меномам. Навиштаи туро ба якчанд нафар барои хондан тавсия намудам. То зинда бошам ба њар љое, ки равам, байни мардум навиштаатро њикоя хоњам кард. Офарин! Бо эњтиром, Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе
СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? ХАРИДУ ФУРЎШ Раиси хољагї як замини наздињавлигї фурўхт, кораш ба додситон афтид. Дуюмашро фурўхту худро рањо кард. ТАЉРИБАИ БОЙ Бо замини наздињавлигї њамаро таъмин мекунам, гуфта, тамоми заминро фурўхт. Пас аз ин таљрибаи бой дорад, гуфта, ба вазифаи баланд монданд. ЊАДАФИ БЕБОР Њадафи ман соли 2015 расидан ба маќсадњои дарпешгузоштаам дар соли 2014 аст, ки мебоист соли 2013 анљом медодам, зеро соли 2012 ба худ ќавл додам ба онњо мерасам. Ин маќсадњоро бори аввал соли 2011 ба наќша гирифта будам. ЭЪЛОН ДАР НАШРИЯ Љавонони танњоро мељўем. Сину сол аз 18 то 27. Оиладор бошад њам мешавад, аммо аз як фарзанд зиёд надошта бошад. Ќад, вазн, ранги мўйу чашм, мазњаб ва бурљи толеънома муњим нест. Бо эњтиром: Комисариати њарбии ноњияи Гулобод. ЯКДИЛЇ "Пул наметавонад зиёдатї бошад…" - аќида доранд мардум. Ва давлат онњоро дастгирї менамояд: "Набояд мардум соњиби пули зиёдатї бошанд".
АКСИ ГЎЁ
ЛАТИФА Афандї ба бозори љањонї рањсипор мешавад. Хело тамошо мекунад, ѓайричашмдошт нигоњаш ба маѓозае меафтад, ки дар онљо каллаи одам мефурўхтанд. Афандї сўи маѓоза шитофта, як - як нархњояшонро мепурсад. Фурўшанда каллаи хитойиро 500 доллар, русро 1000 ва амрикоиро 1200 доллар мегўяд. Ногоњ Афандї каллаи тољикро мебинаду мегўяд: - Оњ, зўр, чанд шуд? Фурўшанда: - 10 миллион доллар. - 10 миллион доллар. Чаро ин ќадар ќимат аст? Фурўшандаи маѓоза дар љавоб мегўяд: - Ин калла "пачка" аст, њоло кор фармудагї нест. *** Њамшира вориди хуљраи бемор шуда, мегўяд: - Бемор, бедор шавед... бедор шавед охир!!! Бемор: - Чї гап? - Ман ба Шумо доруи хоб овардам. *** - Духтарљон, корњоят бо домоди ман чї хел? - Њељ модарљон, барои њар майда чуйда бањс мекунем. - Яъне? - Яъне ман мегўям, ки мехоњам дар тўй либосњои сафед пўшам, вай бошад аслан тўй кардан намехоњад... *** - Ќодир, бин чї хел духтарњои зебо. Духтарак номи шумо чї? - Номатро нагў ба ў! - Майлаш Фарањноз… - Эээ Шањло...! *** Як роњзан кордро бароварда, ба рањгузар мегўяд: - Агар њозир 100 сомонї дињї, љони як одами хубро мехарї. Рањгузар: - Он ќадар одами хуб њам наметобї. Роњзан: - Љони худатро дар назар дорам, беаќл!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
15
БА ЉОЙИ 09 - Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед. Пас, ВКД-и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефони раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-21-21; Ќисми навбатдории ВКД: 221-08-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-15- 42, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-1306, 224-48-74; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 22313-30, 227-80-00; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-83-35; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-22-38; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї:233-7224, 233-72-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-0697, 6-30-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 225-15, 2-25-36;
Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-1769, 2-25-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 291- 14, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ:22100-16.
? - И НОБОБ
БАРОИ ИВАЗИ ТАЛОН БА КУЉО МУРОЉИАТ КУНЕМ? - Њангоми пур шудани талони ќайди ќоидавайронкунии воситаи наќлиёт ба куљо бояд мурољиат кунем? Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ ё шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии мањалли зист? Талони ќайди ќоидавайронкунии нав чанд сомонї арзиш дорад? Муњиддин САЙФУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Тибќи ќонунњои амалкунанда њангоми хонапур шудани сатрњои талони ќайди ќоидавайронкунї он аз тарафи шуъба ва шуъбачањои БДА, РВКД, ШВКД дар шањру ноњияњо дар љойи зисти шањрванд иваз карда мешавад. Талон дар њама њолат баъди пешнињод кардани ариза, шањодатномаи ронандагї оид ба фаъолияти ронандагии дараљаи воситањои наќлиёт мувофиќ будани шањрванд ва вараќаи имтињонотї дода мешавад. Арзиши талони ќайди ќоидавайронкунии нав 9 (нуњ) сомонї мебошад. Ба саволи Шумо аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ЉТ посух доданд.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (434), 1. 04. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Иќдоми нахустини депутат Мирзо Диккакович Ѓалтак дўсташ Мирзодиккакро, ки депутати љамоатї интихоб шуда буд, дар љашни наврўзии дења дида, њайрон, аммо хурсанд шуд. Вай бори ахир рафиќашро дар мактаб - њавзаи интихоботї дида буд ва гумон мекард, ки ў вакили парлумон шуда ба пойтахт кўч бастааст. Ѓалтак: - Эњ, одамњои нав дар ќишлоќњои куњна! Биёянд, биёянд! Нури дида - тољи сар. Депутатњоро њам миёни мардум медидаем-а? Мирзодиккак: - Чаро не? Њоло ист, чунон давлати демократї созем, ки... Мо њамаваќт дар њамин љо. Депутати њамин ќишлоќ, ки набиёяд, аз њоли шумо напурсад, кї мепурсад? Ѓалтак: - Хайрият! Боз ман гумон мекардам, ки дўстам дар Маљлиси намояндагон дар Душанбе корро сар кардаасту моро тамоман фаромўш... Мирзодиккак: - Гўш кун дўстам. Ростї гап, Наврўз бањона, дидор ѓанимат, гуфта, омадам. Бо ту як маслињат њаст. Ту газетњоро мехонї, фаќат танќидро дўст медорї... ќаламат њам бад нест, ба фикрам-а? Ѓалтак: - Бале, шаф шафро њам дўст намедорам, шафтолуи гапро гўю мон охир! Мирзодиккак: - Хулоса, як аризаи хушрў навиштан даркор, ба номи муовини раиси ноњия. Раиси љамоатро танќид кардан даркор. Аз шароити бади роњ шикоят кунанд мардум. Имзо љамъ кардан даркор. Ману ту њамин љо солњо боз зиндагї мекунем, ту ањволи роњро медонї. Баъди љанги шањрвандї, ки танкњо роњњоро хароб карданд, дигар касе таъмири дуруст накардааст. Як рўз дар њамин чуќурипастии роњ афтида мурем, айб мешавад, дўстам. Бигзор роњњои дохилии ќишлоќамон обод шавад. Ѓалтак: - Ман туро фањмидам, дўстам. Чаро њамин корро пештар накардї? Ист, ман медонам сабабашро. Акнун, ки депутат шудї, аз мењмонњою хешутаборат шарм медорї - а? Боз нагўянд, ки Мирзо Диккакович чї хел депутат аст, ки њатто роњашро то хонааш обод накардасст! Аз дасташ чї меояд?! Шумо њамаатон њамин хел, бо 400-500 сомонї маоши давлат, илољи хонањои дуошёнаву сеошёна сохтанро меёбеду роњи ќишлоќро ба њукумат бор мекунед. Мизодиккак: - Гўш кун, ту дирўз њукуматро танќид мекардї, ќариб марги худорањматї падари 109-солаатро њам ба дўши њамин њукумат бор мекардї-ку! Чї шуд якбора ба ту!? Ё ягон вазифа ваъда кардаанд. Шояд барои Ќобилљони Нањзатият замини наздињавлигї ваъда карда бошанд? Ѓалтак: - Ман аз заминфурўш њам безораму аз заминаш њам. Вазифааш аз сараш монад! Дар ноњия љойи ман кор мекардагї намонд. Ба ѓайр аз ду-се мардикорбозораш. Њамаро вайрон карда, дар љояш ќаср сохтед. Ман наѓз медонам, ки бо навиштани ариза кор њал не, фаќат номи ман бад мешавад. Баъд, ана, вай милиса омада, Ќобилљони маро пурсуљў мекунад.
Чунон давлати демократї созем, ки ...
(«Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
- Бадбахтињо маълум, вале "худи донишмандон" розї нестанд, ё хатти форсиро намедонанд? Усмон САБЗОВ, раиси ноњияи Њисор: - Ман хона надорам, ягон гектар замин њам надорам. Мошини савор мешудагии шахсиам, барориши соли 2003, то њол ягон литри бензини давлатиро насўхтаам. Нўшокињои спиртї наменўшам, нос намекашам, зани 2-юм надорам, маъшуќа њам надорам. Њайронам, онњое, ки ин њамаро доранд, чї зиндагие дошта бошанд? - Хайрият дар синфи панљум мехонам нагуфтед, раис!
- Муаллима, як илтимос, ќонунњоро ба риштаи назм дароред. Шояд ин бесаводон хонанду аз ёд кунанд.
Мирзодиккак: - Кї гуфтааст, ин гапро. Аризаро навис, имзои мардумро љамъ кун, ман он тарафашро њал мекунам. Ѓалтак: - Ту намедонї инњоро. Нав депутат шудї. Дар "боло" њама ба умеди ќарзу кўмаки хориљї нишастаанд. Пурсї, пул нест, мегўянд. Боз дањ бањонаи дигар меёбанд. Агар ин тавр намешуд, масъалаи менавиштагї бисёр. Масалан, хонањои навро дар болои каналњо сохта, дењаи поён ќариб беоб мондааст. Ба кї мегўї?! Масалан, ману чанд њамсояи дигарам њозир як проблема дорем. Намедонам, ки Ќобилљонро аз военком чї тавр халос кунам. Писаронамонро аз инњо куљо пинњон карданро намедонем. Имрўз не, пагоњ хона ба хона гашта мекобанд. Ана њамин хел, рафиќ депутат! Ана, акнун мефањмї, чаро ин мардум бо шавќу завќи тамом, ба кўча баромада, ба гуфти худашон, наврўзї доранд!? Ба ѓайр аз Худову њамин бањору наврўзаш дигар ба касе умед баста наметавонанд ин бечорањо. Мирзодиккак: - Як масъалаи оддиро ба ту гуфтаму тамом, ба бало гирифтор шудам. Њаминро њам ба философияи худат бурда часпондїда... Ѓалтак: - Дўстам, ту медонї феъли маро. Ман њарчї дар дилам аст, дар нўги забонам њамон аст. Ана дузди Шариф депутат шуданї буд, овоз нагирифт. Ана вай наркобизнесаш њам натавонист. Ман намедонам, ту чї хел депутат шудї, ростї гап, лекин шудї -ку! Ба ту чї ќадар одам овоз дод? Њамонњо бояд мурољиат кунанд бо ариза. Агар ту аз онњо нагурехта, вохўрї карда, масъаларо фањмонї, мардум дастгирї мекунанд. Ман бовар дорам. Ту њам бовар кун!
dustov@mail.ru
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ»
Нурмуњаммад АМИРШОЊЇ, донишманди тољик: - Оддитарин чиз гузаштан ба хатти форсї аст, њоло ба он омода нестем, њоло солшумориаш тамоман чизи дигар аст. Љомеаи Тољикистон ба ин чиз тайёр нест. Чанд сол мо бањс кардем ва мубориза бурдем, худи донишмандон ба ин чиз розї нестанд. Бадбахтї ин аст.
Мењринисо БОБОБЕКОВА, шоир, узви Маљлиси миллии МО ЉТ: - Њамин мардуми дењот аст, ки њоло бе ягон тамаллуќ ва њавасмандї худашон кору зиндагї мекунанд. Фарзандонашонро таълим медињанду таъмин менамоянд. Агар тавонам, барои онњо мадад мекунам, албатта, тавассути ќонун.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Сайидумар ЊУСАЙНЇ, муовини раиси ЊНИТ: - Бигзор, Шўрои уламо, Кумитаи дин бо ширкати уламо ва намояндагони Њизби нањзати исломї мизи гирд ташкил дињанд ва ба исбот расонанд, ки ЊНИТ бар зарари амнияти кишвар ва садди пешрафти љомеа аст. Исбот кунанд, ки воќеан камбуди барќ дар фасли сармо, фаъол нашудани корхонањои муњим дар кишвар, вуљуди фасод дар идорањои давлатї... низ њама айби ЊНИТ аст, марњамат, њизбро бубанданд. - Як чизи дигарро њам даќиќ кунем. Мизи гирд надорем, чоркунља бошад шудан мегирад - мї? Шералї ГАНЉАЛЗОДА, вазири наќлиёти Тољикистон: - Имзои "Созишномаи байнидавлатии назорати роњњои байнисарњадї" њатмист ва танњо њамин санад метавонад оромию субот дар минтаќаи Исфараву Ботканд ва дигар манотиќи марзї бо Ќирѓизистонро таъмин кунад. - Оромию субот гуфта, рўзе аз ватани аљдодї мањрум намонем шуд, раис! Аламшозода АБДУРАЊМОН, муовини аввали Вазири корњои дохилї: - Ба њамагон маълум аст, ки имрўз тамоюли бегонапарастї ва ба фарњанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиќи либосњои бегона дар баъзе шањру ноњияњои мамлакат, њисси бегонапарастї ва таќлидкорї дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоњида мерасад. - Ба њар њол, то 8-уми март ба њамагон дар ин бора њеч чиз маълум набуд...
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.