Нигох №03 (436).Чоршанбе, 15-уми апрели соли 2015

Page 1

Эшони Нуриддинљон:

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

1

Фавтидагони фољеаи Файзобод њама шањиданд №3 (436). Чоршанбе, 15-уми апрели соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ГУЗОРИШ

Оби Замзам тиљорати шубњаангез

САЊИФАИ 4

ПАЁМ БА ОЯНДА

Гунтер ГРОСС:

"Нависанда фаќат нависанда нест..." САЊИФАИ 5

Бемористони Ибни Сино

Дарди сутунмуњраро зуд рафъ мекунем!

ШАФФОФИЯТИ АМРИКОЇ Сафорати Амрико дар Тољикистон пулашро барои чї сарф мекунад?


ДАВЛАТДОРЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

2

Раёсати назорати кулл ё OIG (Office of Inspector General) - и Иёлоти Муттањидаи Амрико харољоти соли молиявии 2014 - и сафорати ин кишвар дар Тољикистонро 84 миллион доллар њисоб кардааст, ки нисфи зиёди ин маблаѓ барои масоили амниятї сарф шудааст. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, OIG як нињоди нозири њукумати ИМА аст, ки њар чанд сол бозрасї ё аудити сафорату нињодњои ин кишвар дар саросари љањонро анљом дода, њисоботи онро ба нашр мерасонад. OIG бозрасии сафорати Амрико дар Душанберо аз 29 октябр ба 15 ноябри соли 2014 анљом дода, натиљањои онро, ки маълумоти "њассос, аммо на махфї" (sensitive, вut unclassified) њисобида мешуд, моњи марти соли равон ба нашр расонд. Дар ин гузориш камбудињои сафорат низ ошкор шуда, барои рафъи онњо 38 тавсия дода шудааст. Њоло, ки ин санад дар дастраси мо њаст, як муруре књтоње ба муњтавои он мекунем, ки сафорати Амрико дар Душанбе пулњояшро барои чї харљ мекунад ва бозрасони Раёсати назорати кулл ё OIG кори онро чї гуна арзёбї кардаанд.

Тин ба тин Сафорати ИМА дар Душанбе аз 6 нињоди алоњидаи амрикої дар Тољикистон иборат аст, ки њар яке буљаи худро доранд: 1) департаменти давлатї ё вазорати корњои хориљї (13 миллиону 778 њазору 305); департамент ё вазоратњои 2) дифоъ (44 миллиону 691 њазору 445); 3) адлия (40 њазор) ва 4) корњои дохилї (810 њазор доллар); тандурустї ва рушди инсонї (273 њазору 144 доллар) ва 6) USAID - Агентии рушди байнулмилалии Иёлоти Муттањида (24 миллиону 325 њазор). Љамъи харољоти сафорати Амрико 83 миллиону 918 њазору 016 доллар њисоб шудааст ва тавре дида мешавад, беш аз нисфи он аз њисоби вазорати дифоъи Амрико пардохт мешавад. Бино ба гузориши Раёсати назорати кулл ё OIG, дар нињодњои амрикоии Тољикистон 360 нафар кор мекунанд. Аз ин шумора 66 нафар шањрванди худи Амрикоянд. 11 нафар афроди мањаллї мебошанд, ки Амрико киро кардааст. 283 нафари дигар сирф коргарони мањаллиянд, ки аз сўи кормандони амрикої роњбарї мешаванд.

«

Шаффофияти амрикої

Сафорати Амрико дар Тољикистон маболиѓи худро барои чї сарф мекунад?

Њарчанд аз 360 корманди нињодњои амрикої 314 нафар машѓули иљрои корњои вазорати корњои хориљии ИМА њастанд, харољоташон њамагї 13 миллиону 778 њазору 305 доллар аст. Ќисмати умдаи маблаѓ - 8 миллиону 287 њазору 900 доллар барои ICASS (International Cooperative Administrative Support Services) харљ мешавад. Ин нињодест, ки сирф ба сармоягузории амрикоињо дар нињодњои амрикоии хориљ аз Амрико машѓул аст, ё содда карда гўем, ин бештар аз 8 миллион доллар харљи худи амрикоињо барои барномањояшон дар Тољикистон аст. Барои амалиётњои сохтмонии хориљї (Overseas Buildings Operations), аз љумла иљораву сохтмон дар биноњои тањти назорати сафорати Амрико, 1 миллиону 602 њазору 323 доллар ва барномањои дипломатї ва кордорї 1 миллиону 350 њазору 910 доллар масраф шудааст. Њамин тавр, харољоти амнияти дипломатњои амрикої 722 њазору 148 долларро ташкил мекунад ва њазинаи нигањдории 12 муњофиз ё маллоњи Марин, ки наќши посбони фахриро иљро мекунанд, њамагї 104,293 њазор доллар мебошад. Бино ба гузориши OIG, барои татбиќи барномањои њуќуќї ва зидди маводи мухаддир дар Тољикистон 598 њазор доллар масраф шудааст. Дар ќисмати дигари гузориш омадааст, ки сафорати Амрико дар Душанбе барои сармоягузории Агентии назорати маводи нашъаовари Тољикистон 700 њазор доллар људо мекунад ва сафорат аз Вашингтон хостааст, ки ин маблаѓро дар соли молиявии 2015 аз 13 ба 15 дарсад афзоиш дињад.

Њатто ѓайбзании Путин метавонад тибќи кадом лоињае сурат гирифта бошад, то омўхта шавад, ки афкори мардум чї гуна мечархад. Шояд Путин мехост донад, ки кадом ќуввањо талоши њокимият хоњанд кард ва кист муддаии курсии раёсати љумњурї. Ва њар тањлилгаре, ки атрофи ин "гумшавї" ибрози назар намуд, беихтиёр Русияи бе Путинро низ пеши назар овард.

«

Харољоти вазорати дифоъи Амрико дар Тољикистон тафсир намешаванд. Бино ба маълумоти OIG, 34 миллиону 505 њазор доллар барои њамкорињои низомї бо Тољикистон харљ шудааст (аз љумла барои омўзиш ва кўмак ба низомиёни тољик дар доираи барномаи назорати аслиња). 10 миллиони дигар барои амалиёти махсуси фармондењии марказї сарф шудааст, ки маълум нест чї дар назар дошта мешавад. Бозрасони OIG низ дар ин бора њарфе наовардаанд. Дар ин харољот ин њам аљиб аст, ки масъулияти таќвияти гумрук ва марзи Тољикистонро аз љониби Амрико вазорати корњои дохилии он кишвар ба зимма дорад. Дар њамин њол, дар аудите, ки феврали соли 2008 OIG дар сафорати Амрико дар Душанбе анљом додааст, соли 2007 нињодњои амрикої 296 корманд (46 амрикої, 4 - корманди кирояи мањаллї ва 246 - корманди мањаллї) ва њамагї 7 миллиону 363 доллар њазина доштанд (њамон сол дар Бишкек 300 корманду 6 миллиону 583 доллар ва дар Тошканд 367 коргару 9 миллиону 546 њазору 964 доллар буљет доштанд). Њарчанд ба дараљаи Афѓонистон нест, аммо арќоме, ки "тин ба тин" њисоб шудаанд, ин воќеиятро собит мекунанд. ИМА, бидуни бањс, бештари сармоягузориро сари Афѓонистон мекунад. Харољоти сафорати Амрико дар Кобул дар соли 2014, бино ба аудити OIG, 2 миллиарду 465 миллиону 001 њазору 547 долларро ташкил медод. Теъдоди кормандонаш - 2271 нафар. Аз ин 1023 нафар амрикої, 41 корманди кирояи мањаллї ва 1207 корманди мањаллї мебошанд). Харољоти Амрико бештар мешавад. Пешрафтњояш низ.

"Барои рўзи мабодо" Дар гузориши OIG нуктањои љолиб зиёданд, ки бархўрди амрикоињо бо масоил ва кормандони "худї" - ву "бегона" -

ро бармало месозанд. Њоло имкони овардани њамаи онњо нест, аммо зикри чанде аз онњо њам холї аз нафъ намебошад. Дар гузориш ваќте сухан дар бораи кормандони мањаллї меравад, як љумла омадааст: OIG бо коргарони мањаллї мулоќот кард ва онњо њамагї аз кори сафир ситоиш карданд, ки ба мушкили онњо љиддан таваљљўњ мекунад. Ва дар ќисмати музди мењнат бозрасон инро зикр кардаанд, ки кормандони мањаллї маоши афзуда њанўз дар соли 2010 - ро нагирифтаанд (ба ин далел, ки ќимати доллар 47 дарсад коњиш ёфтааст). Дар ќисмати кўмаки тиббї ин нукта низ зикр мешавад, ки кормандони мањаллї барои пўшидани маблаѓи кўмак асноди љаълї меоранд. Љои дигар сухан аз боби пардохти 26 дарсад андози њифзи иљтимої меравад, ки њукумати Тољикистон аз 1 январи соли 2013 барои кормандони мањаллии сафоратњо љорї кард. Дар гузориши OIG омадааст, ки ин як гуна пешнињод кардани иттилоъ дар бораи кормандони мањаллии сафорат мебошад. Њамчунин зикр мешавад, ки сафорати ИМА дар ин бобат бо маќомоти Тољикистон вориди гуфтушунид шуда, њоло (рўзи омода шудани ин гузориш - 15 ноябри соли 2014) онро нињої накардааст. Сухан дар бораи пардохти таќрибан 300 њазор доллар меравад, ки кормандони мањаллии сафорати Амрико дар Тољикистон бояд ба њисоби андози иљтимої гузаронанд. Аммо Амрико њељ гоњ ин пардохтро ба зиммаи худ намегирад, зеро корманд андози худро бояд худ супорад. Бино ба иттилои бархе манобеъ, эњтимолан сафорати Амрико пардохти 26 дарсадро ба зимма гирад, аммо 13 дарсади дигар аз маошро бояд худи кормандон пардохт кунанд. Ќисмати ќобили таваљљўњи ин гузориш 38 тавсияи бозрасони OIG барои бењбуди кори сафорати Амрико дар Тољикистон аст. Масалан, дар ќисмати кўмак ба Агентии назорати маводи

САДОИ МАРДУМ

МУШТАРИЁН БЕШТАР БА ЪВАВИЛОН ЭЪТИМОД ДОРАНД

43%

45% 40%

Муштариёни алоќаи мобилї дар кишвар ба ширкати "Вавилон" эътимоди бештар доранд.

35%

27%

30% 25%

ТК мобайл

Мегафон

5%

14% Вавилон

10%

14% Билайн

15%

Тселл

20%

2%

0%

1

2

3

4

5

Назарсанљии ахир дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews собит кард, ки њудуди 43 дарсад аз ин навъи хизматрасонии ширкати мазкур ќаноатманданд. Дар назарсанљие, ки ќариб 700 нафар аз хонандагони сомонаи мазкур ширкат кардаанд, ба саволи "Аз хидматрасонии кадоме аз ин ширкатњои мобилї ќаноатмандед?" 43 фисад љавоби "Вавилон"-ро нохун задаанд. Дар љойи дуюм, вобаста ба ќаноатмандии муштариён, ширкати мобилии "Тселл" меистад. Ба тарафдорї аз ин ширкат, 27 дарсад раъй додаанд.

Ин дар њолест, ки дар ин назарсанљї, ду ширкати дигари мобилї - "Билайн" ва "Мегафон" бо гирифтани 14-дарсадии овозњо дар љойи сеюм ќарор гирифтанд. Ва њамагї 2 фоизи ширкатдорони ин пурсиш гуфтаанд, аз хизматрасонии ширкати мобилии "ТК Мобайл" ќаноатманданд. Ин назарсанљии ѓайрирасмї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта аз 8-ум то 15уми апрел, дар суроѓаи www.tojnews.org идома дошт. Дар сомона, аз як компютери фардї танњо як маротиба овоз додан мумкин аст.


ШАРИКИ СТРАТЕГЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

3

Баёни аёну ноаён аз Фахриддини ХОЛБЕК

"Њаќи раис". Љинояти ношинохтае дар ќонунгузории Тољикистон

Маблаѓ

Теъдоди умумии кормандо н

зарурї онро истифода мекунад. Аслан сафоратњои Амрико барои харљи маболиѓ аз Вашингтон иљоза мегиранд, аммо ин 300 њазор доллар сирф барои њолатњои пешбининашуда људо мешавад. Аммо дафтари таќсими пули Амрико дар Бангкок пешнињод кардааст, ки ин маблаѓ ба 55 њазор доллар коњиш дода шавад. OIG низ аз ин пешнињод љонибдорї карда, коњиш додани маблаѓро тавсия медињад. Эњтимолан, ин коњишёбї ба вазъи њоло мушкили молиявии кормандо ни мањаллї

Кормандо ни амрикої

Нињод

Кормандо ни кирояи хориљї

нашъаовари Тољикистон бозрасон тавсия медињанд, ки сафорат танњо тамаркуз сари муассир будани маоши кормандони Агентї намояд ва аз пардохти молиёту дигар харољоти ин нињод худдорї кунанд. Љои дигар OIG аз 300 њазор доллари наќде суњбат мекунад, ки ба истилоњ, "барои рўзи мабодо" - и сафорат аст. Аслан ин маблаѓ 150 њазор барои заминларза ва њамин ќадари дигар барои амалиёти пешбининашуда ду таќсим мешавад. Ин маблаѓи наќдест, ки њар як сафорат дар ихтиёр дорад ва дар њолатњои

ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТЇ Ё ВАЗОРАТИ КОРЊОИ ХОРИЉЇ Барномањои дипломатї 20 0 13 33 $1,350,910 ва коргузорї ICASS 7 9 210 226 $8,287,900 Дипломатияи мардумї 3 0 11 14 $983,359 Амнияти дипломатї 3 0 17 18 $722,148 Амнияти Marine 6 0 4 12 $104,293 (посбони фахрї) Намояндагї 0 0 0 0 $16,999 Амалиёти сохтмони 1 0 0 1 $1,602,323 хориљї Тањкими њуќуќи 1 0 5 6 $598,478 байнулмилалї ва маводи мухаддир Мошини раводидхон 0 1 3 4 $111,895 Љамъ 41 10 253 314 $13,778,305 USAID 5 1 12 18 $24,325,000 ВАЗОРАТИ ДИФОЪ Дафтари атташеи 5 0 1 6 $186,445 низомї Дафтари њамкорињои 4 0 5 9 $34,505,000 низомї Фармондењии марказии 7 0 0 7 $10,000,000 амалиётњои махсус Љамъ 16 0 6 22 $44,691,445 ВАЗОРАТИ АДЛИЯ Маъмурияти мубориза 4 0 1 6 $40,000 алайњи маводи мухаддир Љамъ 4 0 1 6 $40,000 ВАЗОРАТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ Гумрук ва њифзи марз 1 0 1 2 $810,122 Љамъ 1 0 1 2 $810,122 ХИЗМАТРАСОНИЊОИ ТАНДУРУСТЇ ВА БАШАРЇ Маркази назорати 1 0 3 4 $273,144 маризињо Љамъ 1 0 3 4 $273,144 Дар умум 66 11 283 360 $83,918,016

Амрико рабт дорад, ки дар њама соњањо кўмакњои хориљиашро коњиш додааст. Минљумла, OIG иттилои дафтари њамоњангсози кўмакњои Амрико дар Аврупо ва Авруосиё меорад, ки бино ба он, ИМА соли 2014 ба Тољикистон $36 миллион доллар кўмак расондаанд ($16 миллион барои пуштибонии фондњои иќтисодї, 2 млн. кўмаки низомї ва омода кардани кадрњо, 7 млн. - тандурустї, 7 млн. - маводи мухаддир ва сохторњои низомї). Аммо соли 2015 ин кўмак ба $30 млн. доллар коњиш меёбад (аз њисоби коњиш додани барномањои маводи мухаддир, аммо сармоягузории барномањои зиддитеррористї ва минапокї бештар мешавад).

Дуру наздик Гузориши OIG њомили маълумоти арзишманд аст, ки на њамаи онро мо метавонем ин љо зикр кунем. Асли матлаб њам ин набуд, ки чашм ба кисањои сафорати як кишвари хориљї дар Тољикистон дўхта бошем. Ишорањои мо њам бар ин нест, ки Амрико ин ќадар маболиѓро барои кадом як инќилобу кадом як созмони ифротї шояд харљ кунад. Ин љанбаи дигар аст, ки ба бањси мо њељ рабте надорад, чун маълумоти мувассаќ дар ин бора нест, бахусус амрикоињо онро њељ гоњ расонаї намекунанд. Сухан танњо аз тартибу низоми кори як кишвар ва миллат аст, ки бо ифтихор мегўяд, аз њисоби андози мардум ва ба хотири дифоъи манофеъи миллии Амрико фаъолият мекунад. Шояд бошад, аммо њамчунин гузоришњоро ќаблан дучор наомада будем. Ин далели бармалои шаффофият дар буљети як кишвар аст. Айни чизе, ки барои кишварњои ИДМ, Осиёи Марказї ва дар ќатори онњо Тољикистон намерасад. Мањз ин рафтор Амрикои дурро барои мо наздик мекунад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ

РАСМЇ

Ифтитоњи сафорати Тољикистон дар пойтахи Кореяи Љанубї

Дар шањри Сеул бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бори нахуст бинои Сафорати Тољикистон дар Љумњурии Корея ифтитоњ ёфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, маросими ифтитоњи бинои Сафорати Тољикистон

дар шањри Сеули Љумњурии Корея, ки бо афрохтани Парчами давлатї ва садо додани њамзамони Суруди миллии Тољикистон дар назди он оѓоз ёфт. Дар маросими ифтитоњи сафорат дар баробари Президент Эмомалї Рањмон, дигар шахсони расмї муовини вазири корњои хориљии Љумњурии Корея Чо Тае Йол ва масъулини дигари кишвари мизбон ва њамчунин бо њузури корпуси дипломатии

муќими Сеул љараён гирифт. Эмомалї Рањмон ифтитоњи Сафорати Тољикистонро дар Корея омили муњим барои густариши минбаъдаи муносиботи гуногунљанбаи ду кишвар номида, изњори бовар намуд, ки ояндаи наздик, тибќи тавофуќоти њосилшуда, Сафорати доиммуќими Корея ва намояндагии Агентии ин кишвар доир ба робитањои байналмилалї дар шањри Душанбе кушода мешаванд.

Нафаре дар як ноњия муваффаќ шуд, ки аз хориљињо барои сармоягузории тарње маблаѓи кирои гап гирад. Ба њамсуњбати муаллифи ин сатрњо гуфтааст, ки акнун "њаќи раис" - ро хоњад пардохт. Ин пул ё чизе дар шакли дигар аст, ки бояд ба соњиби курсие дар ноњия ё аз он болотарњо, њатто то "болоњои дигар" пардохт шавад. Раис ваќте таги коѓазе имзо кардааст, ин ишораро додааст, ки "чун корат буд шуд, моро њам ба назар гир, ки...". Мо дар бораи "њаќ" зиёд шунидаем. Касе набояд бошад, ки боре "њаќ" надода бошад. Њадди аќал дар Тољикистон. Ваќте бо мактаб сарукор дорї, њаќќи муаллим њаст, њатто китобу таъмир њаќ доранд. Шифохона њам аз духтур то њамшираи шафќату тамизкор њаќ мехоњад. Њатто агар тўй ё мотам доред, "њаќњо" - е дар миён њастанд, ки агар пардохт накардед, тўятон ба мотам ва мотаматон ба тўй метавонад табдил ёбад. Бале, Шумо муваззаф нестед, аммо бояд пардохт кунед, вагарна... њадди аќал шарманда мешавед, ё ба "мурдагї" ном мебароред. Аммо "њаќњо" - е њастанд, ки оќибати пардохт нашуданашон ба шармандагиву "мурдагї" тамом намешавад. Як мисол рўшан, ки љањонї шуда буд, ќиссаи "Љаноби 10 дарсад" - президенти собиќи Покистон - Осиф Алї Зардорї аст. Шавњари сарвазири марњум Беназир Бњутто ин лаќабро чї тавр гирифт? Зардорї солњои 1988 ба 1990 аз њар созишномае, ки бо мусоидати њукумати Бњутто ба имзо мерасид, 10 дарсад талаб мекард. Мисолњои рўшане аз њамчунин "њаќњои бузург" дар Тољикистон надорем, аммо њамагї хуб медонем, ки ин гуна муомилот дар амалиётњои молиявї дар вазоратњои зирабту идорањои њукуматї вуљуд доранд. Ва инро њам хуб медонем, ки касе дар ин робита ба љавобгарї кашида нашудааст. Ва нахоњад шуд, зеро танњо онњое њаќ мегиранд, ки аз ягон маќомот наметарсанд, балки ба монанди "љаноби 10 дарсад" бар ин фикранд, ки "њаќ" доранд. Инро њам он тараф гузорему воќеияти дигарро натарсида кашф кунем: оё "њаќ" дар ќонунгузории Тољикистон муљозот мешавад? Не. Њаст љинояте ба номи ришватситонї (дар омори Агентии мубориза бо коррупсия мавриди зиёд сабт шудааст). Онро талаб мекунанд. Ришватситонњое боздошт мешаванд, ки аз болояшон ба маќомот шикоят метавон бурд. Ваќте шикоят мебарад, ки кас имкони додани њамон ришватро надорад. Аммо дар аксари маврид кас барои он, ки замин гирад, ё фарзандашро ба ягон мактаб дохил кунад ё љинояташро сабук кунад, бо камоли майл мекўшад бо пул дањони њамаро бандад. Албатта, ин ќудратро њамоне дорад, ки дорад. Пул. Як гапи дигар тамаъ аст. Масъуле кореро, ки масъулияташ аст, иљро мекунад, аммо бар ивази он чизе тамаъ мекунад. "Њаќатро гир, корро буд кун", яъне "њаќ" талаб карда намешавад, балки онро бо хоњиши худ пешнињод мекунанд. "Њаќ" - ро аз ќабл медонанд, ки чунину чунон аст. Бо фаросат дармеёбанд, ки бояд ин корро кунанд. Зоњиран "њаќ" ба ришва ва тамаъ монанд аст, балки моњиятан фарќе надорад, аммо оне, ки медињад, ин гуна намеандешад. Вай инро хуб медонад, ки агар "њаќи раис", њатто духтур ё милисаро надињад, њолаш бад мешавад. Маълум, ки њарду дар як "ќаламрав" ва бо як "ќоидаи бозї" "кор" мекунанду хоњ нохоњ боз рўбарў хоњанд шуд. Амалан надодани ин "њаќ" аз "бозї" баровардани "соњиби њаќ" аст. Агар надод, кор расво ё ин дафъа "њаќ" - е ситонида хоњад шуд, ки "њаќ"-и ќаблиро љуброн кунад. Аз ин хотир, "њаќ"-дињанда интихоб надорад. Бояд дињаду халос, ки дафъаи дигар њамон грантро њам гирад. Ва... кораш пеш равад. Бархе некбин њастанд, ки то чанд соли дигар дар идорањои њукуматї технологияњои нав роњандозї мешаванд ва ин њол коррупсияро поён меорад. Масалан, андосупоранда андозро тариќи интернет месупорад, пардохти маблаѓњо, масалан, барои шиноснома њам ба ин шева сурат мегирад. Ин њама сатњи фасодро поён меорад. Бадбахтї ин аст, ки фарњанги "њаќдињї" ба як воќеияти бебањс табдил ёфта, онро њамин тавр, ки њаст, њамчун як амри воќеъ љомиаи мо ќабул кардааст. Онро наметавон бо фанноварињо ва дигар роњњо аз миён бурд. "Њаќ" аз њамон Њаќ аст. Фаќат ў њаќ дорад, ки њаќашро дињанд. Њоло, ки Њаќро "њаќ" медонем, фасоди бузургтар ва љуброннопазиртар аст, зеро аз Ў истифодаи сў мекунем. Бидуни шак, як зарурате ба вуљуд омадааст, ки масъалаи "њаќ" дар Тољикистон омўхта шавад, пеш аз њама аз сўи нињодњои зидахл ва сипас, бале, вазорати фарњангу мањфилњои андешамандон. Шояд чизе пайдо шавад.


4

ЗИНДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

Тасаввурнокарданист, аммо дар Тољикистон љумњурие, ки 65 фоизи обњои Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, як литр об 15 сомонї фурўхта мешавад. Оби Замзам, чашмае, ки каме дуртар аз Каъба њазорон сол ба ин сў аз зери замин мебарояд. Дар "Ќуръон" омада, ки Замзам дар замони њазрати Иброњим (а) пайдо шудааст. Аммо шояд дар гўшаи хаёли њељ як аз паёмбарон намерасид, ки оби Замзам рўзе моли тиљорат њам мешавад. Солњои пеш ин обро зоирони хонаи Худо ба Тољикистон меоварданд. Њар зоир њаќ дошт то 20 литр оби Замзам биёрад. Солњои ахир ширкатњои њавопаймої ин меъёрро то 5 литр кам карданд. Аммо худи ширкатњо, аз љумла "Тољик Эйр" ба овардани об шурўъ карданд ва дар њаљмњои бузург. Зоирин њоло маљбуранд, ки обро аз њаљ омада, дар ватан харидорї кунанд. Фурўши оби Замзам дар маѓозањои шањри Душанбе њам ба роњ монда шуд. Аммо то њол ягон нињоди давлатї кафолат надодааст, ки оби фурўшии Замзам воќеан њам аз Замзам аст, ё дарёи Варзоб.

"Замзам чанд сўм?" Оби Замзам асосан дар дўконњои Масљиди марказии Душанбе фурўхта мешавад. Зарфњои аз 250 миллиграмм то 5-литри ин об љузъе аз моли тиљорати дўконњоянд. Аммо дар њамаи маѓозањо ин об нархи якхела надорад. Дар нахустин дўкони назди Масљиди марказї фурўшанда нархи 5 литр обро 75 сомон гуфт, аммо агар бисёр харидорї кунам, арзон мекунад. Дар маѓозаи дуввум 5 литр об - 75 - 80 сомонї нарх дорад. Зарфњои хурдтари оби Замзам низ ба фурўш гузошта шуда буданд, ки ќимати онњо аз 5 сомонї шурўъ мешуд. Дар маѓозаи сеюм 5 литр оби "Замзам" - 85 сомонї! Фурўшанда ба рамуз дармеёбад, ки ќимат барои ман гарон менамояд ва мегўяд: "Агар харидор бошї, 80 сомонї њам мешавад!". Дар њамин њол, дар Арабистони Саудї 5 литр оби Замзамро барои интиќол ба давлати дигар бо ќиммати 9 риёл, муодили 16 сомонї мефурўшанд. Зарфи 10 - литра 21 риёл ё 33 сомонї арзиш дорад. Яъне 5 литр оби Замзам аз Арабистон ба дасти фурўшандаи тољик ба ќимати 60 сомонї боло меравад.

Аслї ё љаълї? Як руњонии тољик, дар посух ба ин суол, ки "оё фурўхтани оби Замзам дуруст аст?" гуфт, тиљорати оби Замзам њељ ишколе надорад, аммо аз худ ё хусусї кардани худи чашма иљоза нест. "Њар

Оби Замзам тиљорати шубњаангез рўзи ќиёматро ёдовар шуд: "Одами обњоро меоварда, бачањаки хуб ва худотарсай, њељ ваќт ба хотири дунё охираташро намесўзонад." Савдогари дигар барои исботи њаќќонияти обњои Замзам ба тамѓаи ширкати "Тољик Эйр" ишора карда, гуфт, обњоро ин ширкат меорад. Дигарї гуфт, ба њаќиќї будани обњои Замзам кафолат медињад, зеро онњо бо бастабандии Арабистони Саудї ба Тољикистон ворид мешавад. Фурўшандаи дигар аз пурсупоси зиёди мо ба шубња афтид. Гуфт, дар бораи асл ё њаќиќї будани ин обњо чизе гуфта наметавонад, зеро онро фирмањо меоранд.

"Тафтиш намешавад!"

кас обро аз чашма бурда, дар зарфе гирифта мефурўшад, гунањкор намешавад" - мегўяд ин њамсуњбати мо. Аммо суоли матрањи дигар ин аст, ки то куљо оби Замзами дўконњои Тољикистон асл њастанд, на љаъл? На њамаи фурўшандагон љавобњои ќонеъкунанда медињанд. Фурўшандаи дўкони аввал

ДИН

Дар њамин њол, "Тољик Эйр" мегўяд, соли 2015 аз Арабистон умуман оби Замзам наовардааст, зеро аз ин њисоб соли гузашта зарари љиддї дидааст. Мунаввар Муллољаев, сухангўи ширкат ба "Нигоњ" гуфт, "Тољик Эйр" танњо дар мавсими њаљ бо њавопаймоњое, ки њољиёнро ба Арабистон мебаранд, об меорад. Вай афзуд, ширкат барои њар зарфи 5-литраи об то 60 сомонї маблаѓ сарф кард, аммо онро дар шањри Душанбе бо ќимати 40 сомонї ба фурўш гузошт ва аз он бештар њољиён харидорї карданд. Ваќте "Тољикэйр" мегўяд, соли 2015 оби Замзам ворид накардааст, пас оберо, ки дар дўконњои Масљиди Марказї савдо мешавад, кадом фирма меорад, ё њамагї љаълї, яъне оби дарёњои моянд? Гузашта аз ин, оби Замзам барои мардуми мусалмони тољик муќаддас аст. Шифобахш будани онро тибби муосири љањонї низ исбот кардааст. Албатта, агар асл бошад, на љаъл! Муллораљаб ЮСУФЇ

ДИН

Замзами љаълї аз Маккаи мукаррама Рўзи 14 апрел сомонаи Arabnews.com хабар дод, ки дар шањри муќаддаси мусалмонони љањон - Маккаи мукаррама полис дар як корхонаи оби Замзам санљиш гузаронида, ошкор кардааст, ки ин користон оби оддиро бо каме оби Замзам омехта мефурўхтааст. Барои пешгирї кардани ин гуна љиноятњои иќтисодї Ширкати миллии оби Шоњигарии Арабистони Саъудї ќарор баровард, ки минбаъд ба њар як мењмон, њољї ва ё сайёњи њам аљнабї ва њам саъудї танњо 5 литр оби Замзам фурўхта мешавад. Бино ба ин санад, бе пешнињод кардани шиноснома оби Замзам ба њеч нафар фурўхта намешавад ва барои як шиноснома як зарфи панљлитра дода мешавад. Ќаблан њар як сайёњ ва ё њољї метавонист 10 литр Замзам бо худ барад. Таъкид шудааст, ки ин зарфи пластикї муњри махсус дорад. Аммо мардуми бумї аз ин ќарор норозигии худро баён кардаанд, ки онњо аз њар гўшаву

Ягон фурўшанда сертификат ё њадди аќал ягон њуљљати тасдиќкунанда дар бораи њаќиќї будани обњои Замзамро надорад. Агентии "Тољикстандарт" мегўяд, обњои Замзам њанўз аз ташхис нагуштаанд. Сўњроб Алиматов, роњбари Раёсати нозироти савдои ин нињод мегўяд, ягон бор мавзўи аслї будан ё набудани обњои Замзамро тафтиш накардаанд. Зеро ин ягон меъёр надорад, ки мо муайян кунем, ки он оби аслї аст ё не."

Наовардаем!

канори кишвар меоянд ва мехоњанд ба ањли оилаи худ оби муќаддас ва шифобахш баранд. Арзиши як зарфи панљлитраи Замзам 9 риёли саъудї мебошад, ки тахмин ба 16 - 17 сомонї баробар аст.

Кумитаи дин сафари то 35-солањоро ба Њаљ манъ кард Кумитаи дин мегўяд, сабаби манъи шањрвандони то 35-сола аз зиёрати Хонаи Худо, танњо эњтироми пиронсолон аст. Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Тољикисон бо нашри як баёния шарњ додааст, ки ин тасмим ба хотири додани имконият ва имтиёз барои ќишри куњансоли мамлакат гирифта шуда, маќсад аз он авлавият додан ба нафарони аз 35-сола боло мебошад. Ба навиштаи масъулини Кумита, тайи чанд сол аст, ки љониби Арабистони Саудї ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи њиссаи њаљравандагони кишварњои мусулмониро ихтисор намудааст ва ин кор низ яке аз сабабњои дигари манъи сафари шањрвандони то 35-сола аст. Масъулини Кумитаи дин мављуд будани дигар омилњоро рад мекунанд. Азљумла онњо мегўянд, ин масъала њељ рабте ба масъ-

алаи мубориза бо ифротгарої надорад ва танњо ба хотири эњтироми калонсолон аст. Ќаблан шањрвандони аз 18 то 80-солаи тољик њаќ доштанд, ки ба зиёрати хонаи Худо раванд. Њамасола аз Тољикистон 6000 нафар барои адои маносики њаљ ба Арабистони Саудї сафар мекунанд.


ИЌТИСОД

Тиљорати Русия бо кишварњои Осиёи Марказї коњиш ёфт

Кай лўлї аз тољик будан даст мекашад?

ба 302,4 (ду моњи соли гузашта 411,8 миллион доллар) миллион доллар поин шудааст. Воридоти мол аз Ўбакистон ба Русия низ кам шуда, аз 139,7 миллион доллари соли 2014 то 78 миллион доллар поён рафт

Боздиди сарвазир аз сохтмони роњани оњани Вањдат-Ёвон

Дар умум дар моњњои январ ва феврали соли 2015 тиљорати хориљии Русия 83,9 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин дар муќоиса ба ду моњи аввали соли 2014 28,9 дарсад кам арзёбї мешавад.

Бино ба иттилои расмї, "дар давоми се моњи соли равон дар масофаи 1,5 км ќисмати болоии роњ омода шудааст". Барои бунёди ин роњ ширкатњои хориљї аз љумла чинї ва эронї љалб шудаанд. Гурўњи ширкати 19-уми Љумњурии мардумии Чин масъули бунёди наќбу пулњои ќитъаи Вањдат-Ёвони роњи оњани Душанбе-Ќўрѓонтеппаро мебошад. Сохтмони масири хатти роњи оњани "Душанбе-Ќўрѓонтеппа" њанўз моњи марти соли 2009 шурўъ шуд ва аз соли 2010 баъди монеагузорињои Ўзбакистон дар рафтуомади ќаторањои вилояти Хатлон корњои сохтмонї дар ин масир љоннок гардид. Аммо то њол, бо гузашти ќариб 6 сол ин хатти роњи оњан бунёд нашудаст. Ахиран, Президент дастур додааст, ки роњи мазкур то моњи сентябри соли 2016 дар остонаи таљлили 25-умин солгарди Истиќлолияти Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор дињанд. Бояд марњилаи аввали соли 2014 ба исти-

фода ќарор мегирифт. Аз љоннок кардани корњои сохтмонї дар роњи оњани мазкур дар њоле хабар медињанд, ки Маљлиси намояндагон 14-уми январи соли равон барои идомаи бунёди роњи мазкур Созишнома ќарзи имтиёзнок миёни Њукумати Тољикистон ва Бонки содироту воридоти Чин оид ба "Сохтмони роњи оњани Душанбе -Ќурѓонтеппа дар ќитъаи Вањдат-Ёвон" ба тасвиб расонданд. Чин барои бунёди ин роњ 68 миллион доллар ќарзи имтиёзнок медињад, ки Тољикистон бояд дар давоми 25 сол баргардонад. Ин хатти роњи оњан аз ноњияњои Вањдат, Рўдакї ва Ёвон мегузарад. Њанўз аз замони Шўравї хатти роњи оњан аз Душанбе то мавзеи Элоки ноњияи Вањдат мављуд буд. Аз тарафи Ќўрѓонтеппа, то Заводи кимиёвии ноњияи Ёвон низ хатти роњи оњан кашида шуда буд. Барои пайваст намудани хатти роњи оњан аз мавзеи Элоки ноњияи Вањдат то Заводи кимиёвии тољик њамагї 40 километру 700 метр хатти роњи оњан бунёд намудан лозим аст, ки 5 сол боз сохта намешаванд. Ќаблан эълон карда буданд, ки тарњи лоињавии ин роњ 129 миллион доллари ИМА-ро ташкил медињад.

ФУРУДГОЊ Се корманди Корхонаи воњиди давлатии Фурудгоњи байналмилалии Душанбе бо иттињоми мусоидат ба интиќоли маводи мухаддир боздошт шудаанд. Як манбаъ аз маќомоти Тољикистон мегўяд, ки се корманди Фурудгоњи байналмилалии Душанбе моњи августи соли гузашта барои интиќол додани беш аз 3,5 кг героин бо хатсайри Душанбе-Красноярс мусоидат кардаанд. Аммо расонањои русї аз боздошти як шањрванди Тољикистон дар фурудгоњи "Емеляново"-и шањри Красноярски Русия, ки тариќи хатсайти Душанбе-Красноярск 3,5 кг героин интиќол додааст, субњи 14-уми апрел хабар пахш кардаанд. Маќомоти Русия барои боздошти њамдастони нафари боздоштшуда маълумоти оперативиро ба Агентии

Шарму њаё баъзан аз он чи ки ќонун манъ накардааст, нигоњ медорад. Сенека

Ору кор

ДУШАНБЕ-ЌЎРЃОНТЕППА

Ќоњир Расулзода, Сарвазири Тољикистон аз сохтмони роњи оњан дар ќитъаи Вањдат- Ёвони роњи оњани Душанбе - Ќурѓонтеппа шинос шуд. Ў 8-уми апрел аз ибтидои роњи оњан дар мавзеи Элок то истгоњи роњи оњани Ёвон аз тамоми ќитъањои сохтмонї дидан кардааст.

5

Фаридун Рањнавард

ОМОР Тиљорати хориљии Русия бо кишварњои Осиёи Марказї аз љумла бо Тољикистон дар ду моњи аввали соли 2014 ба таври чамшрас коњиш ёфтааст. Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Федератсияи Русия дар моњњои январ ва феврали соли равон њаљми маблаѓи гардиши тиљорати хориљии ин кишвар бо Тољикистон 107,5 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 6% камтар мебошад. Дар ду моњи аввали соли гузашта ин маблаѓ 114,7 миллион долларро ташкил медод. Тибќи омори нашркардаи Хадамоти гумруки Русия муомилоти тиљоратии Русия бо Ќазоќистон дар моњњои январ ва феврал 22 дарсад коњиш ёфтааст. Содирот аз Русия ба Ќазоќистон дар ќиёс ба моњњои январ ва феврали соли гузашта аз 1939,8 миллион доллар то 1544 миллион доллар кам шудааст. Воридот аз Ќазоќистон ба Русияро аз 1128,3 то 850 миллион доллар кам ба њисоб гирифтаанд. Њамчунин, тиљорати хориљии ин кишвар бо Ќирѓизистон аз 292,9 то 258,8 миллион доллар ва бо Туркманистон аз 144,3 то 116,4 миллион доллар коњиш ёфтааст. Вазъ гардиши тиљоратии Русия бо Ўзбакистон низ чунин буда, маблаѓи тиљорати хориљии Русия бо ин кишвар

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

Боздошти се корманди фурудгоњи Душанбе барои интиќоли героин назорати маводи нашъаовари Тољикистон интиќол додаанд, ки дар натиља се корманди гумруки фурудгоњи Душанбе боздошт шудаанд, - навиштаанд расонањои русї. Аммо сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовар аз ин њодиса 1-уми апрели соли равон хабар додааст. Тибќи хабари Агентї ин њодиса моњи августи соли гузашта рух додааст. Дар пайи маълумоти маќомоти Русия аз љониби Прокуратураи наќлиёти Тољикистон аз рўи моддаи 322 ќ.1 КЉ ЉТ ("Хунукназарї") парвандаи љиноятї оѓоз мешавад. Аз њисоби кормандони Про-

куратураи наќлиёт ва Агентии назорати маводи нашъаовар гурўњи оперативї-тафтишотї таъсис медињанд. Дар натиља аз љониби кормандони Агентї дар шањри Душанбе се нафар сокинони пойтахт дастгир гардиданд, ки онњо бо сўйистифода аз мансаб барои интиќоли маводи нашъаовар аз шањри Душанбе ба шањри Красноярск мусоидат менамуданд. Аз рўи ин њодиса аз тарафи Прокуратураи наќлиёти ЉТ аз рўи моддаи 289 ќ. 2 "("Ќочоќ") парвандаи љиноятї оѓоз гардид.

Беш аз як моњ аст, ки хонаи наздиконамро таъмир мекунам. Худи онњо дар Русия. Пулро баъзан ба ман мефиристанд, барои масолењи сохтмонї, барои устоњо... Рўзе ќабл устоњо партови сохтмониро аз ошёнаи шашум ба поин фуроварда, ба мошин бор мекарданд. Барои рафъи ташнагии онњо ба яке аз маѓозањои пойтахт барои харидани нўшокї даромадам. Фурўшанда - духтараки хеле хушандоми тахмин 25сола. Гуфтам, як "Спрайт"-и 1,5-литрї дињад. Ў њам зуд нўшокиро овард. Дарёфтам, ки пули майда надорам. Дар кисса пули калон, музди мењнати се нафар, барои як моњи таъмири комил. Духтарак пулро дида, гуфт: - Ба ман пул медињед - чї? - Агар маъќул шавед, чаро не? - шўхии духтараки фурўшандаро об додам. Бароям хеле аљиб буд, ки давоми ин шўхї чї мешавад. Як 100-сомонї дароз кардам. Акнун духтарак пули майда мекофт. Гуфт, ки намедонад њамёнашро дар куљо мондааст. - Шояд шуморо ѓорат карда бошанду шумо бехабар мондед? Духтарак зуд самти суњбатро таѓйир дод: - Шумо аз шањр? Ягон "квартира" барои иљора намедонед? - Не, ман аз ќишлоќ, магар аз рўйи дар офтоб сўхтаам пай набурдед? - Ман њам аз ќишлоќ-да! - Аз куљо? - Аз ноњияи М... Ман шавњар карда, људо шудаам, як писарча дорам, њоло хурд аст... Духтарак 95 сомонї баќияро ба ман доду ваќти рафтанам гуфт: - Телефонамро гиред, шояд агар "квартира" ёбед, занг мезанед. - Не, ман њоло њамин љоям, боз медароям. Агар пайдо шавад, омада ба худатон мегўям... Вай чаро аз шавњараш људо шудааст? Њоло дар Душанбе дар хонаи кї меистад? Чї њол, чї шароит дорад? Барои пул, барои "квартира", барои зиндагии тинљ дар пойтахт духтаракони дењотї ба чї омодаанд? Барои марди пулдор як луќмаи тайёр аст. Баъдтар, ба гумони ѓолиб, ин луќма ночор сафи зану духтаронеро пур мекунад, ки њар рўз Вазорати корњои дохилї дар телевизион нишон дода, онњоро фоњиша меномад... Устоњо, баъди анљоми кор гуфтанд, ки ширешу зардевор бояд бихарем. Яке аз онњо мошин дорад. Розї шуд, ки таксисти мо шавад. Ба бозори "Султони Кабир" мерафтем. Дар роњ, ваќте усто - таксист дар чароѓаки сурх меистод, лўлидухтари кабудчашме, ки ба њамќавмонаш аслан монанд набуд, ба тирезаи ронанда наздик шуда, гуфт: - Як сўм хайр кун, сербачча шавї... Ронанда - усто мулоимхунукона ба лўлидухтар гуфт: - Як сомонї тиям, ба ман медињї? Лўлидухтар ба хашм омад. Ќариб чашмони ронанда - усторо меканд. Дашномњое, ки накард... Аз мошин дур шуд, ба ронандаи дигаре наздик нашуд. "Пешнињод"-и ронанда то кадом њадд ба иззати нафси лўлидухтар сахт расида буд, дар чењраи ў аён буд. Чанд сол пеш дар расонањо њатто бонги изтироб мезаданд, ки дар Русия ќавми љўгиро њамчун тољик мешиносанд, чунки шиносномањои Тољикистонро доранд. Аз талбандагии онњо ор мекардем. Хулосаи ман ин аст, ки лўлињо, ё љўгињо, тавре худашон иќроранд, талбандагияшон аз гуруснагї ё нодорї нест, балки воќеан "касб" ё љузъи муњимми фарњангашон аст, ки аз он ор намекунанд. Ин "касб" њеч гоњ онњоро "фоњиша" шудан намемонад. Онњо ба ин "пастї" намефуроянд. Касе дида, ё шунидааст, ки зане аз ин ќавм фоњиша шуда бошад? Ман нашунидам. Мо њар рўз аз боздошту зиёд шудани фоњишањо ба оламиён хабар медињем. Гўё ба тамоми бадбахтињои Тољикистон мањз њамин фоњишањо гунањкоранд. Аммо касе намехоњад фикр кунад: бо ин шароите, ки зану духтари тољик дорад, савол ин нест, ки "чаро фоњишањои мо зиёд мешаванд?", балки ин аст, ки чаро мо аз намоиши фоњишањои худ ор намекунем? Бале, гап дар ор аст, на кор. Аз ин љо њељ аљобат дар инро намебинам, агар рўзе фаро расаду њатто њамон лўлињо аз "мо" будан ор кунанд.


6

ЁДБУД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

Ин марди шариф дар замони шўравї тањсил карда, аспирантураро дар Русия ба итмом расонид ва муддате дар ин кишвар кору фаъолият кард, вале камолоти эљодї ва ташаккули вай чун олим, сиёсатшинос ва шахсияти давлатї дар Тољикистони соњибистиќлол поягузорї шудааст. Ў соли 1963 дар хонаводаи олими машњури тољик, доктори илмњои фалсафа, профессор Иброн Шарипов таваллуд шудааст. Сифатњои оливу неки инсонї чун поквиљдонї, садоќат, усулият, ростќавлї, муњаббат ба миллату Ватани худ Тољикистонро аз оила, аз ќиблагоњаш ба мерос гирифтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 77-и шањри Душанбе ба Донишгоњи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, ба факултаи фалсафа дохил мешавад. Баъд аз хатми донишгоњи мазкур дар соли 1988 ба Ватан бозгашта, дар Донишгоњи миллии Тољикистон ба њайси устод ба кор машѓул мегардад. Соли 1990 боз ба аспирантураи Донишгоњи давлатии Москва дохил шуда, соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзўи "Њад ва имкониятњои озодї" дар риштаи Фалсафаи сиёсатшиносї бо муваффаќият њимоя мекунад. То соли 1998 дар њамин Донишгоњ ба сифати корманди илмї кор кардааст. Дар давраи тањсил дар аспирантура, дар солњои мушкилу вазнини давраи гузариши буњронии солњои 90-ум ба хотири таъмини рўзгор, њамзамон бо иљрои корњои илмї, чун коменданти хобгоњ, посбон, дистрибютери ширкат, назоратчї дар бозори "Лужники" кор кардааст, ки ин њам таљрибаи хуби зиндагї ва дарси њаёт барои олими љавон гардид. Шодравон Суњроб Шарипов дар охири солњои 80-ум ва аввали солњои 90ум њамроњи И. Сатторов, њоло сафири Тољикистон дар Русия, Р. Сафаров эроншиноси маъруфи тољики муќими Русия, Х. Муњаббатов - олим, арбоби љамъиятии муќими Москва, П. Муллољонов - сиёсатшиноси тољик ва дигарон нахустин созмони фарњангии тољикон дар Русия "Суѓдиён"-ро таъсис дода буданд. Онњо дар њаёти иљтимоии Русия ва њифзу муаррифии фарњанги тољикон барои љањониён корњои назаррасро анљом доданд. Соли 1998 дар њаёти ў сањифаи нав боз мешавад. Вай ба Ватан баргашта, дар Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон чун мудири шуъбаи сиёсати дохилї ба кору фаъолият машѓул мешавад. Суњроб Шарипов моњи ноябри соли 1998 њангоми таљовузи љинояткорону террористони Мањмуд Худойбердиев аз љумлаи сиёсатшиносони камшумор буд, ки чандин рўз мунтазам дар тамоми шабакањои телевизиони Тољикистон суханронї намуда, мардумро ба иттињод, вањдат ва њимояи манфиатњои миллї даъват мекард ва тавонист дар љанги иттилоотї, ки бар зидди Тољикистон ба роњ андохта буданд, ба бадхоњони миллати тољик љавоби дандоншикан дињад. Вай чун олим, сиёсатшинос ва ватандўст камол меёфт. Маќолањои рўзмарраву мубрам ва нишонрасу њадафманди вай дар љомеа аксуламали љиддї ба миён меоварданд. Сабк, тарзи ифодаи фикр, хулосаронию на-

љуён ва асперантон рисолањои номзадии худро зери бе воситаи ў омода карда буданд. Бояд гуфт, ки дар соњи илми сиёсатшиносї дар Тољикистони муосир бе машварат, таќриз ва тавсияи муфиди Суњроб Шарипов ягон кори илмї амалї намешуд. Вай дар Тољикистон мактаби муосир, касбї ва тањлилии сиёсатшиносиро ба вуљуд овард. Муаллифи ду монография ва бештар аз 500 маќолаи илмї-тањлилї ва иштирокчии садњо конфронсњои илмї-амалии љумњуриявї ва байналмилалї мебошад. Устоди равоншод унвони профессориро дар синни 50 солагї касб намуда буд. Шарипов Суњроб шахсияти саршиноси иљтимої, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ ба њисоб мерафт. Ба аќидаи коршиносон, бо омадани вай ба парлумон бањс бар сари масоили мубрами њаёти љомеа ва тасвиби ќонунњои сарнавиштсоз љиддитару шадидтар шуд. Бењуда нест, ки Суњроб Иброновичро Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон, Раиси

Ёде аз устод Суњроб Шарипов сиёсатмадори маъруфи тољик ва олими саршиноси соњаи сиёсатшиносї 18 апрел ба синни мубораки 52 мерасид. тиљагирї ва бардошти устод аз рўйдодњои љомеа бо нотакрории худ, мантиќи худ, масъулият ва тањаммулпазирии хеш дар баробари андешаи дигарон фарќ мекарданд. Метавон гуфт, ки вай асосгузори сиёсатшиносии амалї дар Тољикистони муосир мебошад. Инро на танњо коршиносону олимони Тољикистон, балки олимон ва мутафаккирони дигар кишварњо низ эътироф мекунанд. Суњроб Шарипов, яке аз коршиносони варзида ва тањлилгари Созмони њамкории Шанхай буд. Ў дар байни олимон ва коршиносони ЉХЧ, Русия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Эрон, Њиндустон, Муѓулистон, Афѓонистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Исроил ва ѓайра аз обрўю њайсият ва эътибори хос бархурдор буд. Маќолањо ва тањлилњои илмию ояндабинии вай дар ИМА, Фаронса, Олмон, Полша, Австрия, сохторњои тањлилии СММ, СААД, САЊА, Иттињоди Европа, ИДМ ва ѓайра маълуму машњур буд. Вай њамеша ба њимояи манфиати миллї ва давлатии Тољикистон суханронї намуда, фарњанги хуби бањс, тањаммулпазирї нисбат ба мусоњибон ва дигарандешони сиёсиро дошт, ки ба кам касон муяссар мешавад. Чунин хислатњои наљиби Суњроб Иброновичро ба назар гирифта, ўро муовини мудири шуъбаи итилоотї-тањлилии Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ ва роњбари бахши тањлилї таъйин мекунанд. Баъдан ў ба њайси ёвари Пре-

зиденти ЉТ ифои вазифа менамояд. Соли 2005 Суњроб Шарипов боз ба Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти ЉТ ба кор баргашт, вале ин дафъа чун роњбарии ин нињоди бонуфузи тањлилї-ояндабинї. Дар ин маќом истеъдоди роњбарии ў ва сифатњои дигари вай чун олим ва тањлилгар хубтар намоён гардид ва эътибораш дар љомеа афзуд. Њамкорон ва журналистон Суњроб Иброновичро шўхиомез "яке аз аввалин сиёсатшиносони Тољикистон", "стратеги раќами яки кишвар" меномиданд, вале дар ин шўхї њаќиќат нињон буд. Дар давраи роњбарии вай МТС-и назди Президенти ЉТ на танњо ба маркази тањлилии минтаќа, балки ба нињоди бонуфузи тањлили масоили мубрами вобаста ба њаёти сиёсї-иљтимої ва иќтисодии Тољикистон, Осиёи Марказї, робитањои байналмилалии сатњи љањонї ва ояндабинии равандњои рушди љомеаи мухталиф табдил ёфт. Сохторњои бонуфузи тањлилї ва илмии байналмилалї ба мазмуну моњияту мантиќи тањлилу ояндабинии Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти ЉТ арзиш ќоил мешуданд. Марказ як навъ нињоди илми тадќиќотї миёни љомеаи шањрвандї ва њукумат гардид. Устод тамоми масъулиятро ба дўши худ гирифта, вазифањо ва њадафњои сиёсати дохилї ва хориљии кишварро воќеъбинона ва бољуръат тањлилу арзёбї карда, шарњу эзоњ медод. Устод ба кори илмии фундаменталии сиёсатшиносї идома медод. Дар соли 2000 бо ибтикори вай дар Тољикистон нахустин Шўрои илмии ВАК-и Русия оид ба њимояи рисолаи докторї дар илми сиёсатшиносї таъсис ёфт. Суњроб Шарипов дар синни 37 - солагиаш рисолаи илмиро њимоя карда, унвони доктори сиёсатшиносиро гирифт. Ў дањњо шогирдон - унвонљў ва аспирантњо аз Эрон, Ќазоќистон, Озорбољон, Арманистон, Русия, Тољикистонро тарбия карда, ба кори илмии онњо роњбарї мекард ва онњоро чун олиму коршинос ба камол расонидааст. Дувоздањ нафар тањти роњбарии вай рисоли, номзадии илм ва докториро њимоя кардаанд. Аз он љумла њафт нафар унвон-

МНЉТ Шукурљон Зуњуров, Раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев собиќ Вазири корњои хориљї Њамроњхон Зарифї ва дигар шахсиятњои бонуфузи кишвар њимоятгари фаоли манфиатњои њаётан муњими давлати муосири тољикон номидаанд. Њарчанд Суњроб Ибронович њануз аз синни љавонї дар љодаи сиёсат фаъолу донишманд буд, вале афсўс, ки боќимондаи умр кифоят накард, то наќшањои стратегии давлатро, ки дар сар дошт, бобати бештар муаррифї намудани миллати тољик дар арсаи сиёсати љањонї пиёда созад. 20 марта, сол 2015 Газети Нигоњ шодравон Шарипов Суњроб Иброновичро сиёсатмадори сол ва чењраи сиёсии кишвар элон намуд ва ќайд кардан, ки ягона чењраи хабарсози Њизби халќии демократии Тољикистон буд, ки бо озодандешї ва ростгўї шуњрат дошт. Назарашро на ба манфиати як гуруњ ё њизб, балки манофеи миллии Тољикистон баён мекард. Аз сиёсатмадорони насли нав буд, ки фазои сиёсии кишва њузури чашмрас дошт . Аммо, мутаасифона, марги нобањангом устод Суњроб Шариповро дар синни панљоњудусолагї, дар давраи камолоти умр, эљодкорї, амалисозии наќшањои стратегие, ки метавонистанд ба манфиати давлату миллат бошанд, бо худ бурд. Дар санаи 19-уми январи соли 2015, соати 12-10 даќиќа дар беморхонаи Ќарияи Болои шањри Душанбе Шарипов Суњроб Ибронович моро падруд гуфт. Дар рўзи љанозаи марњум Раиси парлумони кишвар муњтарам, Шукурљон Зуњуров аз номи Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон ба хонаводаи марњум тасалият изњор намуда, гуфтанд, ки марги Суњроб Ибронович барои Тољикистон як талафоти нињоят калон аст. Мо, шогирдонаш ифтихор мекунем, ки чунин устоди љасуру донишманд, шахси ватандўст, содиќ, вафодор, њимоятгари манфиатњои Халќу Миллат ва Ватан доштем. Њикматулло ХОЉАЕВ, Корманди МТС-и назди Президенти ЉТ


РАВЗАНА

Гунтер ГРОСС:

"Нависанда фаќат нависанда нест..."

Гунтер Гросс, нависандаи шуњратёри Олмон, барандаи љоизаи Нобел дар адабиёт рўзи душанбе, 13-уми апрел дар синни 87-солагї дар як бемористони шањри Любек, воќеъ дар шимоли Олмон аз олам даргузашт. Гросс як чењраи тобноки адабиёти олам буд, ки дар ду ќарн зиндагї ва эљод кардааст. Аз љумлаи афроде, ки фашизмро њам дидаву шоњиди шикасти он низ буда ва муддати дигар њамзамон гузоришгари ќисматшавии Олмон будааст. Гросс аз љумлаи адибоне буд, ки ба сиёсат њам майл доштаву аз ањзоби гуногун њаводорї мекардааст. Бахусус, майлаш ба њизби Сотсиал-демократии Вилли Бронт зиёд будааст. Дар интихоботи соли 1967 Гросс аз мубаллиѓони шоистаи муддаии курсии нахуствазир Вилли Бронт мањсуб мешуд. Ва яке аз пурмуњтавотарин ва серталабтарин китобњои Гросс њам маљмуъаи мукотиботаш бо Вилли Бронт будааст, ки њатто бо чандин забони олам тарљумаву мунташир шудааст. Аммо мегўянд, вай то ба охир талош кард роњаш аз сиёсати њизб људо бошад, то тавонад дар њолатњои зарурат аз он интиќод кунад. Соли 1996 сиёсати њизбро дар баробари муњољирони кориву паноњандагон аз мамолики дуру наздик ѓайримасъулона хонд ва

аз сафи он хориљ гардид. Ин замоне буд, ки дўсташ Бронт њам кайњо оламро тарк карда буд. Аммо мутолиаи осораш ва мусоњибањои ахираш баёнгари онанд, ки хоњ шомили њизби сиёсї буда ва хоњ берун аз он, вале аз сиёсат људо набудааст. Дар суњбате гуфтааст, ки "нависанда фаќат нависанда нест, ў дар айни њол шањрванд ва табааи кишвари хеш аст". Яъне, аз назари Гросс адиб наметавонад дар як љомеа зиставу нисбат ба тањаввулоти он бетараф бошад. Вай дахолат ба њаёти иљтимої, сиёсї ва фарњангии кишварро аз љониби адиб вазифа медонист. Њатто дар суњбате аз адибони љавон даъват кард, ки њатман бояд ба сиёсат дахолат кунанд. Гросс адибе буд, ки њамеша худро дар мењвари кашмакашњои аќидативу сиёсї медид. Соле пеш вай дар мусоњибае бо нашрияи "Райнише пост" аз сарнавишти ояндаи попи Рум Франсиско изњори нигаронї кард. Вай гуфт, ки худи ў "одами эътиќодї нест, вале барои зиндагии поп нигаронам. Поп њавои тоза ба Ватикан ворид кард, аммо мумкин аст ин ба бањои љонаш тамом шавад". Гунтер Грос аз љумлаи нависандагони яњудиситези олам низ мањсуб мешуд. Њарчанд асарњое бузурге дар ин замина наофаридааст, вале як шеър

ва чанд изњори назараш ўро бо љомеаи яњудии олам муќобил гузошт. Соли 2012 шеъре мунташир кард ва дар он давлати "Исроил"-ро ба хотири эљоди сиёсати љангљўёна нисбати барномањои њастаии Эрон мавриди интиќоди шадид ќарор дод. Эрон аз ин шеър истиќболи гарм кард, вале давлати яњудї ўро "унсури номатлуб" номид. Барои сарвазири давлати яњудї ин нукта изтиробангез буд, ки Гросс "Исроил"-ро бо Эрон ќиёс кардааст. Грос баъди интишори романаш бо номи "Табли њалабї" дар соли 1959 шуњрати љањонї ёфт. Баъдан румонњояш бо номњои "Гурбаву саг", "Солњои сагона" ба сурати асарњои сегона интишор ёфтанд. Коргардони машњури Олмон Фолкер Шлёндорф баъди рўйи навор овардани ин асарњо дар фестивали байналмилалии Канн соњиби љоизаи "Нахли тиллої" ва соле баъд ба "Оскар" шарафёб шуд. Соли 1999 адиби маъруф љоизаи Нобел дар адабиётро дарёфт кард. Солњои охир Гросс аз Олмон даъват мекард, ки ба гузаштаи миллигароии худ назар андозад ва талош накунад ин сањфаи таърих ба рўйи ояндагон ва наслњои нав пўшида монад. Худи ў соли 2006 асари тарљумањолии худ бо номи "Пўст кандани пиёз"-ро чоп кард ва иќрор шуд, ки дар 17-солагї дар сафи артиши СС љангидааст ва њатто маљруњ њам шудааст. Баъди љанг то соли 1946 дар асорати артиши Амрико будааст. Аммо вай гуфт, ки ширкаткунандаи майдони љанг буд, вале њеч љиноят содир накардааст, чун њатто тире наандохтааст. Ин иќрор ба њамлаи лафзии мунаќќидон рў ба рў шуд. Гроссро ба он муттањам мекарданд, ки гузаштаи худро то ин замон пинњон медошт, ин дар њолест, ки адиб аз арзишњои башарї њарф мезанад. Аммо Гросс посух дод, ки дар тўли дањсолањо талош кард иштибоњи солњои љавониашро ба хубї љуброн кунад. Дар маљмуъ аз Гросс 15 роман мерос мондааст. Аксари ин китобњо бо тарљумаи форсї ва русї дастрасанд. Олмоншиносон бештар "Табли њалабї"-и ўро аз румонњои сегонааш муносиби мутолиа медонанд.

МАЗЊАБ

Фавтидагони фољеаи Файзобод њама шањиданд

Эшони НУРИДДИНЉОН:

Нафароне, ки дар фољеаи дењаи Яккабеди ноњияи Файзобод зери хок мондаанд, аз љониби Эшони Нуриддинљон шањид хонда шудаанд. Эшони Нуриддинљон Тўраљонзода, аз рўњониёни маъруфи Тољикистон 10 нафар сокинони дењаи Яккабедро, ки 3-юми апрел дар натиљаи фуромадани ярч зери хоку лой монда, фавтидаанд, шањид номидааст. Эшони Нуриддинљони Тўраљонзода 10 нафаре, ки дар дењаи Якабеди ноњия Файзобод зери ярч монда, фавтида буданд, шањид њукм кард.

Ў дар сомонаи Тўраљонзодањо гуфтааст, ки "метавонед онњоро шањид бигўед ва иншоаллоњ онњо дараљаи шањодатро назди Худо ёфтаанд. Зеро Паёмбар алайњиссалом дар њадиси сањењ мегўянд: Шањидон ба ѓайр аз шањидї дар роњи Худо њафт тоифаи дигар аст... Яке аз онњо: касе, ки дар зери вайрона( мисли девор ва ё ярч) мемирад. Ривояти Абудовуд ва Насої. Худованд ин бародарони шањидро ѓариќи рањматаш гардонад ва ба хешу таборашон сабри љамил ва аљри љазил ато кунад". Ин нуктаро Эшони Нурид-

динљон дар посух ба пурсиши як нафар зикр кардааст. Дар њодисаи фуромандани ярч дар дењаи Яккабеди Файзобод 10 нафар ба њалокат расидаанд, ки то њол љасади 6 нафари онњо аз зери хок бароварда шуд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

7

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

Пешвои миллат: ў кист ва чї даркор аст? Иддае аз донишмандони наздик ба Њукумат пешнињод карданд, ки Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон расман "Пешвои миллат" номида шавад. Ин даъватро ба зудї гурўње аз файласуфон садде дар раванди демократикунонї номиданд. Њафтаи гузашта дар сомонаи расмии ЊХДТ матлабе бо номи "Пешвои миллат" бо имзои Носирљон Салимї ва Холмањмади Самеъ нашр шуд. Муаллифон, аз пешвоёни эътирофшудаи сатњи љањонї ба мисли Љорљ Вашингтон, Мањатма Гандї, Шарл де Голл, Франклин Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан Ю, Махатхир Муњаммад ёд карда, дар баробари он аз Эмомалї Рањмон њамчун нафаре, ки "рисолати пешвои миллї дар ибтикороту амалњои ў таљассум ёфтааст" сифат кардаанд. Ин даъват аз љониби мунтаќидони Њукумат зарба ба моњияти демократия, паст будани сатњи фарњанги сиёсиву замонасозї, рушди шахспарастї унвон шуд. Вале болотар аз ин вокуниши Маркази омўзиши равандњои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмњо буд. Нињоде, ки тобеъ ба Академия аст ва дар он нафароне кор мекунанд, ки дар як муддати кўтоњ ба афкорсозони љомеа мубаддал шудаанд. Бештар ваќт мавќеъгирињову назароти онњо чунон садо медињад, ки бо марказњои ќабули ќарор њамоњанг шудаанд. Кўтоњи сухан, аз бархўрди як нињоди Академия ба ин масъала чунон бардошт њам мешавад, ки ѓояи "Пешвои миллат" њатто дар доирањои њукуматї мухолифони худро дорад. Пешнињоди ин ѓоя њатто дар доирањои наздик ба Њукумат баррасї нашудааст. Асли ин ѓоя дар Тољикистон нав нест. Ќаблан низ Саидмурод Фаттоњзода ва Мансур Сайфиддинов ѓояи "Президенти мардумї"-ро ба миён гузошта буданд. Баъди муовини аввали раиси ЊХДТ шудани Фаттоњзода, дубора рў задани чунин як идея гўё фањмо аст. Аммо ин љо чизи дигар муњимтар аст; ба назар чунин мерасад, ки њатто аз љониби муаллифони ин пешнињод њам, ѓояи "пешво" на чун воќеъияти таърихї ва зарурати иљтимої, балки чун идомаи мантиќии мадњу ситоиши њоким ба миён гузошта шудааст. Далелњое, ки муаллифони ѓоя овардаанд, бештар чун таблиѓи сиёсї намудор мешавад... Воќеан, масъалаи пешвои миллї ва лидери эътирофшудаи давлатї дар асли худ барои як давлатдории миллї падидаи мусбат аст. Онро наметавон дар баробари равандњои номатлуби шахсиятпарастї, авторитаризм, мадњу ситоиши рањбар ва амсоли ин гузошт. Лидери миллиро бо мадњу ситоиш ва ќиёс кардан бо чењрањои сатњи љањонї ва ба таври сунъї офаридан намешавад, балки ба таври табиї аз љониби љомеа бояд ќабул шавад. Лидерони миллї дар даврони њассоси давлатдории кишвари худ, дар њолатњое, ки кишвар дар марзи будан ё набудан ќарор дорад ба ќудрат расидаанд. На танњо баќои кишварро таъмин мекунанд, балки барои муайян кардани роњи минбаъдаи он таърихсоз шудаанд. Намунањои зиёди пешвоёни миллиро таърих дар ёд дорад. Аз љумла се намунаи он барои мо хеле ошност. Аввал, пешвоёни мондагори аврупої ба мисли Шарл де Голли фаронсавї, Линколну Рузвелти амрикої ва чанд чењраи дигар, ки на танњо дар кишварашон балки дар миќёси байналмилалї муњрањои бузурги сиёсати љањонї гардиданд. Ба ин нафарон касе унвони баланди "пешвои миллат" надодааст. Балки ин нафарон барои гурўњи одамон, ё элитаи њукмрони давлатњояшон ба таври њамешагї як намунаи давлатмард боќї мондаанд. Дуюм, намунаи давлатдории Махатхир Муњаммад ва Ли Куан Ю инчунин Дэн Сяопин дар Осиё мебошад. Инњо њар се худкома буданд. Ба рушди минбаъдаи давлатњояшон поя гузоштанд. Дастоварди Малайзия, Сингапур ва Чин бевосита ба номи онњо рабт мегирад. Сеюм, намунаи лидерони сунъї мебошанд, ки дар кишварњои љањони сеюм худро сохтанд. Аз љумла Сафармурод Ниёзов дар Туркманистон ва Муњаммад Ќаззофї дар Либия дар ду кишвари саршор аз манобеъи табиї бо тамоми имконоти мављуда аз худ пешво тарошиданд. Аммо таљриба нишон дод, ки дигар ба исми Ниёзов чизе боќї намонд. Он ки Ќаззофї яккањукмронї мекард, низоми интиќоли ќудрат аз миён рафта буд, баъд аз худаш кишвар аз вазъи буњронї берун намеояд. Мешавад аз таљрибаи истисноии Нурсултон Назарбоев дар Ќазоќистон низ њарф зад, ки барои сохтани ў чун пешвои миллат тамоми дастгоњњои давлатї кор карда, атрофи исми ў Ќазоќистонро бунёд карда истодаанд. Аммо вобаста ба вазъи имрўзии Тољикистон ин масъала тарозуи њасосеро дар рўи даст мемонад, ки барои риояи таъодули он моњирона кор гирифтанро талаб мекунад. Хонандаи ин сатрњо бо гузашти солњо хубтар бањо хоњад дод, ки идеяпардозони ѓояи "пешвои миллат" дар Тољикистон ба кадом гурўњ шомил шудаанд...


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

- Кай ба фаъолияти хабарнигорї пардохтед ва дар куљоњо кор кардед? Соли 1978 факултаи филологияи Донишгоњи милли Тољикистон (он замон Донишгоњи давлатї) - ро бо зерихтисоси журналист хатм кардам. Бояд ба вилояти Ќўрѓонтеппа барои кор мерафтам, вале бо исрори шодравон падарам, ки 45 сол муаллими забон ва адабиёти тољик буданд ва таќозои модари шодравонам, ки солњои панљоњуми ќарни пеш бо падарам Донишгоњи омўзгории Хуљандро дар њамин ришта ба итмом расондаанд, ба дењаам Њушёр баргаштам. Кумитаи радиошунавонии вилояти Фарѓона, ки бахши тољикї низ дошт, бо вуљуди аввалин дипломдори соњаи рўзноманигорї аз тољик буданам ба кор напазируфт. Он љо нафароне кор мекарданд, ки забони тољикиро намедонистанд (Худоё, маро бубахш). Сўх тобеи ноњияи Риштон (Рошидон) буд ва бо илоље ба њайси мусањњењ ба идораи рўзномаи ўзбекии "Риштон њаќиќати" шомили кор шудам. Њашт моњ кор кардам ва забони ўзбекиро низ то андозае омўхтам, вале дарк кардам, ки дар ин забон дар журналистика комёб нахоњам шуд, аз ин лињоз муаллими забон ва адабиёти тољики мактаби дењаамон шудам. Соли 1981 ба Афѓонистон сафарбар шудам. Баъди шаш моњ баргашта, кори муаллимиро идома додам. Соли 1986 Вазорати обёрї ва зироъати Ўзбекистон барои тарљумонї дар Афѓонистон эњтиёљ пайдо кард ва аз байни понздањ нафар мо-ду нафарро пазируфтанд. Дар шањри Кобул, вилоятњои Тахору Кундуз ва Балх ба мушовирони шўравї дар бахшњои обёрї ва сохтумон тарљумонї кардам. Охири соли 1988 ба Ватан баргашта, дар сањифаи навтаъсиси тољикии рўзномаи ноњиявии "Риштон њаќиќати" машѓули кор шудам. Баъдан Сўх ноњияи алоњида шуд ва корро ба яке аз шогирдонам Масъуди Мирзо (дастпарвари Донишгоњи давлатии омўзгории шањри Душанбе) супурдам ва ба њайси котиби шўрои дењаи Њушёр чоруним сол вазифа анљом додам. Дар тайи ин солњо аксарияти тифлакони навзод исму насаби тољикиро соњиб шуданд, чун Кобинаи Вазирони љумњуриамон бо судури як ќарор имкон фароњам овард, ки ному насаби њар як ќавму миллати маскуни он тибќи суннатњои миллиашон навишта шавад. Исму насаби аксарияти он љавононе, ки солњои 1989-1993 ба дунё омадаанд, дар шањодатномањои таваллудашон тољикї сабт ёфтааст. Дар њамин њол низ њар кас инро хоста бошад, барояш мушкиле вуљуд надорад. Ба таври мисол исму насаби ду набераам, ки дар Тошканд таваллуд шудаанд, дар шањодатномањои таваллудашон тибќи суннатњои худамон гузошта шудааст ва касе эрод њам нагирифтааст, ки чаро њар ду "зода" навишта мешаванд. Соли 1994 маро љонишини мудири мактаби ба номи ќањрамон Тешабой Одилов таъйин карданд ва баъди як сол ба маќоми мудири ин мактаб расидам. Дар тайи ин солњо хабару маќолањо ва лавњаву очерк ва репортажњоям муттасил дар рўзномањои "Овози тољик" ва "Риштон њаќиќати" ба табъ мерасид. Аз соли 1995 ба радиои "Озодї"пайвастам. Дар баробари мудири мактаб барои бахши тољикии радиои "Озодї" аз вилоятњои Фарѓонаву Намангон (Ўзбекистон), Ўшу Љалолободу Ботканд (Ќирѓизистон) ва њатто шањрњои Исфараву Конибодом (Тољикистон) гузоришњо ироа мекардам. Соли 1998 ба курси такмили ихтисоси муаллимони љумњурї ба Тошканд рафтам. Дар љараёни тањсили 24 - рўза дар бораи брифингњову нишастњои хабарї ва тањаввулоти дигар њашт гузориш навиштам, ки њамаи он пахш шуд. Дар яке аз рўзњо аз Прага гуфтанд, ки ба хабарнигори доимї дар Тошканд ниёз доранд ва агар ин пешнињодашонро бипазирам, бароям маоши хуб низ медињанд. Моњи марти њамон сол бо оилаам ба Тошканд кўчидем. Дар Вазорати хориљаи Ўзбекистон сабти ном шудам ва то авохири соли 2005 гузоришгари радиои "Озодї" дар пойтахти Ўзбекистон будам. Шояд шунавандагони радиои "Озодї" шунидаанд ва ё њадди аќал медонанд, ки аз ин кишвар чї гузоришњое додаам ва бо чанд сарони давлат чанд бор сўњбатњои ихтисосї анљом додаам ва ё дар ниша-

«

МУСОЊИБА

Мирасрори ФАРЃОНЇ:

"Тољикони бурунмарзиро низ ба эътибор гиред" Мусоњибаи ихтисосї бо Мирасрори Фарѓонї, хабарнигори тољики муќими Тошканд стњои хабарї саволу љавоб кардаам. Танњо бо Эмомалї Рањмон се бор сўњбати ихтисосї анљом додаам (ду бор дар Тошканд ва як маротиба дар Бишкек). Соли 2005 фаъолияти дафтари радиои "Озодї" дар Тошканд мутаваќќиф карда шуд. Ваќте бекорї тањдидам мекард, мудири бахши тољикии "Озодї" хонуми мењрубону латиф Маъсумаи Турфа пурсид, ки мехоњам дар Бишкек хабарнигор бошам. Ин суоли ў посухи мусбат гирифт ва тайи панљ сол дар Љумњурии Ќирѓизистон хабарнигорї кардам. - Чанд муддат дар ВВС њам кор кардед. Чаро боз омадед "Озодї"? - Авохири соли 2001 дар бюрои тошкандї Азиз Љўраев (равонаш шод бод) ном мудир таъйин шуд. Њаќиќати њол ин аст, ки дар байни бештар аз сї нафар хабарнигорони бахши ўзбекї аз њама фаъолтар будам ва инро Љўраев намехост. Аз ман таќозо мекард, ки њар куљое равам, бояд аз вай иљоза бихоњам. Ман сарпечї кардам ва муносибатамон вайрон шуд. Тафсилоташ дуру дароз аст, вале мухтасар њамин аст, ки маљбур шудам, дар озмуни ВВС барои истихдоми хабарнигор дар бахши форсї ширкат кунам. Барандаи ягонаи ин озмун шудам ва тасмими худро ба Аббоси Љаводї эълон кардам. Вай гуфт, замоне расидааст, њар кас њар љое хоњад кор мекунад. Эътирозе накард ва гуфт, ки чор тарафатон ќибла. Ба њайси хабарнигор дар ВВС сабти ном шудам ва дар дафтари тошкандии он фаъолиятро шурўъ кардам. Њамон рўзњо Раисиљумњури Тољикистон, љаноби Эмомалї Рањмон бо сафари расмї ба Тошканд омад. Баъди анљоми музокирот ва имзои њуљљатњо нишасти хабарї баргузор шуд ва бо иљозаи оќои Ислом Каримов ба Эмомалї Рањмон ба забони тољикї суол додам ва намояндагони њукуматии Тољикистон аз ин љуръати ман њайрон шуда мехостанд бубинанд, ки саволдињанда кист. Ќисмати расмї ба охир расид ва фурсатеро ба даст овардам, ки бо Президенти Тољикистон сўњбати ихтисосї анљом дињам. Ин сўњбатро дар шакли комил ба "Озодї" низ фиристодам. - Чаро ин корро кардед? - Хостам бидонанд, ки бори дуввум бо президент Рањмонов сўњбати ихтисосї анљом додаам. Ба яке аз њамкоронам гуфтам, ки саволњои маро аз байн бигирад ва худаш њамон саволњоро гузорад. Сонї, аз ин музокироту сўњбат њамагї дуним даќиќа барои ВВС гузориш тањия кардам. Ин саволу љавобњоям бо тарзи дигар дар "Озодї" пахш шуд. Рўзе нафаре аз њамкорони собиќам дар Прага занг зад ва гуфт, ки оќои Љаводї мехоњад бо ман сўњбат кунад. Оќои Љаводї гуфт, ки дубора ба "Озодї" баргардам ва вай барои ман барин хабарнигор сахт ниёз дорад. Гуфтам, ки ВВС маоши хубам медињад ва омода шудаам, ки барои шаш моњ ба Лондон биравам. Визаам низ тайёр аст, ки аввал барои дањ рўз ба Афѓонистон сафар кунам ва барои бахши форсии ВВС аз минтаќаи шимоли ин кишвар гузоришњо ироъа намоям. Аммо оќои Љаводї боисрор гуфт, агар бозгардам, маошамро аз ВВС хеле бештар мекунад ва метавонам ба њайси хабарнигори

Њама медонад, ки бо кормандони "Озодї" чї бархўрдњо сурат мегирад ва онњоро чї сарнавишт интизор аст. Агар бевосита сари суоли шумо њарф занам, хотирањо мухталифанд. Яке аз хотирањои аљиб њамин аст, ки њар ваќт ба Прага даъват мешудам, баъзе њамкорон бо ман мисли таљрибаомўз муносибат мекарданд.

«

"Озодї" ба Афѓонистон биравам. Боз гуфт, ки дар як сол њадди аќал ду маротиба ба Прага меоям. Дориюши Раљабиён, ки дар ВВС кор мекард, тасмими маро шунида, њайрон шуд ва гуфт, магар аз касе ранљидаам ва ё касе дар ќиболи ман ноадолатї кардааст. Гуфтам, ки чизе нашудааст ва бояд ба "Озодї" баргардам. Росташ, дар "Озодї" дўстони зиёде пайдо кардам ва муносибати њамаи онњо бо ман якранг буд. Гузашта аз ин исрори оќои Љаводї маро водор намуд, ки дубора ба "Озодї" баргардам. Шартномаро бо ВВС ќатъ кардам ва озими Афѓонистон шудам. Баъди бозгашт аз Афѓонистон ба дафтари "Озодї" омадам. Ба рўям дарвозаро боз накарданд. Ин таќозои мудири дафтар будааст. Гуфтам, ки "Озодї" маро боз истихдом кард ва бояд дубора мизи кориамро ба ман бозгардонанд. Баъди соате дар ба рўям боз шуд. Шояд аз Прага занг зада матлабро фањмонданд. Фаъолиятамро дар "Озодї" дубора идома додам. Моњи марти соли 2002 ба Прага рафтам. Оќои Љаводї субњи рўзи дигар гуфт, ки дар летучкаи пагоњї вайро њамроњї мекунам. Дар летучка хурсандона эълон кард, ки тавонист хабарнигори тошкандиашро аз ВВС ба "Озодї" баргардонад. Њама ќарсак заданд ва вайро табрик намуданд. Њамон сол ду маротиба (барои як моњ ва се моњ) ба Прага рафта омадам. - Аз кор дар "Озодї" чї хотирањо доред? - Аз "Озодї" хотирањоям бад нест. Агар ёдатон бошад, барои њамкорон беш аз се вараќ фикрњои худро навишта будам ва аз кор рафтани худ аз "Озодї"-ро фољиа нахондаам. Вале касе, ки дар як љо понздањ сол ё бештар аз он кор кардааст, набояд аз мадди назари рањбарият ва њамкорони њамон идора дур бимонад. Њама медонад, ки бо кормандони "Озодї" чї бархўрдњо сурат мегирад ва онњоро чї сарнавишт интизор аст. Агар бевосита сари суоли шумо њарф занам, хотирањо мухталифанд. Яке аз хотирањои аљиб њамин аст, ки њар ваќт ба Прага даъват мешудам, баъзе њамкорон бо ман мисли таљрибаомўз муносибат мекарданд. Гузоришњои навиштаамро њатман тањрир мекарданду хат мезаданд. Ин дар њолест, ки дар Фарѓонаву Тошканд солњои дароз гузоришњо менавиштаму баъди сабту монтаж ба Прага мефиристодам. Рўзе хостам шўхие кунам, аммо номи касеро ин љо намеорам, чун намехоњам дили касеро биозорам. Аз дилозор - Худо безор. Гузориши тайёри нафареро гирифтаму ба њамкори дигарам додам, ки њамеша гузоришњоямро сахт тањрир мекард. Гуфтам, ки онро зуд хонда дињаду баъд дар студия сабташ мекунам. Хонда ин љову он љояшро хат зад ва вараќро сиёњ карду ба ман дод. Хандаам омад, вале худдорї кардам. Ин гузориши Обиди Шакурзода буд, ки "тањрир" шуда буд. Ба Обидљон рўй оварда гуфтам, ки гузоришро босаводона нависед. Бубинед, ин ќадар сањву хато кардаед. Обидљон вараќи сиёњро диду њайрон шуд. Ваќте матлабро ба вай фањмондам, дуру дароз хандид. Нуктаи дигар он аст, ки таќрибан тўли дуним моњ аз Маскаву Хуљанду Ќоњира ва Хоруѓу Алмаатову Тошканд (се моњ ба љои худ Шариф Халилро монда рафта будам) гузоришњоро гирифта , чортоашро дар барномаи нимсоатї, ки он ваќт пахш мешуд, истифода мекардам. Барои њар кадоми ин гузоришњо дар њаљми чор - панљ сатр пешгуфтор менавиштам. Њар ваќт онро барои тањрир медодам, њатман вараќ сиёњ мешуд, вале баъзан ваќт то шурўъи барнома кам монда бошад, ба касе чизе намегуф-

там ва њамон матни худро дубора чоп мекардаму ба студия медавидам. Њолате пеш наёмадааст, ки касе дар ин маврид эрод гирад. Аљиб аст, њамту не? Аммо њамааш гузашту рафт. Натавонистам, ки боре ба Душанбе биёяму бо њамкорон рўбарў ошно шавам. Аз соли 1998 шањри Душанберо надидаам. Аммо то соли 2010 борњо дар Хуљанд будам ва боре дар иди Вањдат ширкат кардаву зиёфати Эмомалї Рањмонро дар бўстонсарои вай хўрдаам. - Дар Бишкек бархўрд бо шумо чї гуна буд? - Моњи феврали соли 2006 озими Бишкек шудам ва дар ин кишвар панљ сол кор кардам. Соли аввал Вазорати хориљаи Ќирѓизистон ман ва ду шањрванди дигари Ўзбекистонро сабти ном кард. Баъд њамаамон бидуни сабти ном кор кардем, чунки ин вазорат аз сабти номи шањрвандони Ўзбекистон њамеша сарпечї мекард. Аммо Ќирѓизистон кишварест, ки бидуни сабти ном иљозаи кор кардан мављуд буд, танњо хабарнигор наметавонист дар нишастњои вижаи хабарї ширкат кунад. Идораи мо маро ба њайси хабарнигори "Озодї" дар парлумони Ќирѓизистон сабти ном кард. Ин имкони иштирок дар љаласањои парлумон ва сўњбат бо депутатњоро медод. Дар Бишкек бо фаъолони созмони тољикони Ќирѓизистон ба номи устод Рўдакї робита барќарор карда будам. Фаъолияти ин созмонро баъзан мавриди баррасї ќарор медодам. Моњи сентябри соли 2008 Равшанбек Собиров раиси ин созмон интихоб шуд. Пешнињод кардам, ки ба сифати органи созмон нашрияе таъсис дињем. 15 сентябри њамон сол шумораи нахустини моњномаи "Паёми Ала-Тоо" ба нашр расид. Сардабирии онро низ банда бар дўш доштам. Раиси созмони тољикони шањри Бишкек Ќодиршои Мурувват ва хонуми вай - Истодаой Турсунова дар тањияву чопи ин моњнома њамкорї мекарданд. То анљоми соли 2010 "Паёми Ала-Тоо" њар моњ мунташир мешуд ва ба Душанбеву Алмаато низ шуморањои онро интиќол медодем. Дар њоли њозир Ќодиршои Мурувват тањияву чопи ин моњномаро ба даст гирифтааст. - Чаро аз "Озодї"рафтед ё шуморо равонданд? - Авохири соли 2010 дар радиои"Озодї"маъракаи ихтисоркунї шурўъ шуд ва ману Насибљони Амониро дар Бишкек ваАлмаато дар ќатори дигарон аз кор сабукдўш карданд. Мудири бахши тољикї медонист њамаи онњое, ки дар Тошканд хабарнигори "Озодї" буданд, ба кишварњои Аврупову Амрико ва Канада муњољир шуданд. Аммо хабарнигороне, ки њамроњи ман аз Тошканд ба Бишкек омадаву кор мекарданд, ба Прага даъват шуданд. Њамон ваќт пешнињод карда будам, ки агар як нафарро дар Прага барои кор ба Душанбе фиристанд, 5-6 нафар аз њисоби маоши вай метавонистанд кори худро дар "Озодї"давом дињанд. Чунки радиои "Озодї" дар Прага барои як нафар њам маоши хуб медињад ва њам ў ва оилаашро ба хонаву љой таъмин мекунад, пули фарзандонашонро барои тањсил дар мактаб мепардозад. Ин кор нашуд ва моро ба њоли худамон гузоштанду ман ба Тошканд баргаштам. Аз сафири Тољикистон дар Бишкек Асомиддин Саидов хеле хурсанд њастам. Гуфт, ки дар Бишкек бимонам ва рўзномаи "Паёми Ала-Тоо"ро мунташир кунам. Вай омодааст, ки бароям њар моњ камаке кўмаки молї кунад. Вале кирои хона сесад доллар буд, ки њар моњ аз њисоби маошам дар "Озодї"пардохт мекардаму акнун ин маош (њазор доллар)-ро надорам. Гуфтам, ки барои дар Бишкек мон-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

Мирасрор Ањроров 1 апрели соли 1955 дар дењаи Њушёри ноњияи Сўхи вилояти Фарѓонаи Ўзбакистон таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи ба номи Абулќосим Лоњутиро хатм карда, як сол дар фабрикаи пойафзалбарории шањри Душанбе кор кардааст. Сонї ба ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1978 тамом кардааст. Журналисти бењтарини соли 2012-и Иттињодияи журналистони Ўзбекистон дар вилояти Фарѓона (Дипломи дараљаи 1), соњиби љоизаи хабарнигории ба номи Девид Бурк (ИМА) дар соли 2005 мебошад. Дар шањри Тошканд зиндагї мекунад. Соњиби панљ фарзанд ва 13 набера аст. данам ба пули бештар ниёз дорам ва чунин имконият мављуд нест. Боз як чизи дигар њанўз њайратамро афзудааст. Ба ман сабаби ихрољамро чунин тавзењ доданд, ки гўё дар лањни гуфторам гўиши ўзбекї маълум шуда меистад ва ин њам баъди он ки дар "Озодї" 15 солкор кардам ва боз баъди он ки дар бахши форсии ВВС низ маро хеле хуб истиќбол намуданд. Мудири ин бахш Боќири Муин бевосита тарафдори он буд, ки ман хабарнигори вай дар Тошканд бошам. Акнун њамаи ин гапњо, тавре ки дар мо мегўянд "як хара бор" аст. Ман рафтани худ аз "Озодї"ро њаргиз фољиа намедонам ва Худо ба њар кас насибаашро медињад. - Шумо дар мавриди тањияву тартиб додани китоби "Алифбо" дар Ќирѓизистон наќш доред. Дуруст аст? - Бале. Ин њаќиќат аст. Мактабњои тољикии Ќирѓизистон аз нарасидани китобњои

дарсї азият мекашиданд. Барои њамин тасмим гирифтем, ки дар ин љода низ кореро анљом дињем. Дар њамкорї бо муаллимаи мактаби миёнаи ба номи устод Садриддин Айнї, воќеъ дар дењаи Учќўрѓони ноњияи Ќадамљо Њурматхон Ањмадалиева барои синфи якуми мактабњои тољикии ин кишвар китоби "Алифбо" тартиб дода шуд, ки китоби хонишро низ дар бар мегирифт. Матнњои зиёдеро дар бораи адибони тољику ќирѓиз, шањру рустоњо ва обу дарёњо бевосита худам тартиб додам. Мусаввире пайдо кардам, ки андомњоро тољикї мекашид. Суратњояш хеле олї буд ва нусхае аз ин китоб њоло дар дастам аст. Њатто яке аз масъулони нашриёти "Ўзбекистон"-и Тошканд Зебо Тоњириён, ки ба табъу нашри китобњои дарсии тољикї сару кор дорад, ба ин китоб бањои баланд дода гуфт, ки аз китоби "Алифбо"-и онњо бењтар баромадааст. Китоб омода гардид, вале вазорати маориф ва илми Ќирѓизистон маблаѓ пайдо накард, ки онро аз ширкати хусусии нашаротии "Азур" харидорї кунад ва мавриди интишор ќарор дињад. Барномаи таълимии "Алифбо"-ро низ тартиб дода будем. Банда ваќти дароз дар болои ин китобњо кор кардам. Баъд аз бозгаштам ба Тошканд хабар ёфтам, ки китоби "Алифбо" дар њаљми хурдтар ва бо расмњои дигар интишор ёфтааст, вале китобро вараќ мезадаму медидам, ки дар он вожањои нави тољикї ва матнњои тањиякардаи маро комилан мавриди истифода ќарор додаанд. Танњо навиштани номи маро дар радифи тартибдињандагон фаромўш намудаанд. Фикр мекунам, ин мавзўи бањси дигар аст. - Оё зимни сукунат дар Ќирѓизистон дар тарљимаи китобњои дарсї низ кореро анљом додаед?

- Бале. Њамчунин матну шеърњои 12 номгўй китобњои суратдорро низ аз русї ба тољикї баргардон намудаам, ки ба сифати маводи иловагї барои мактабњо тањия шудаанд. Гузашта аз ин, зери тањрири банда китоби яке аз рўшанфикрони учќўрѓонї Саидазим Пўлодї тањти унвони "Умри гузашта, роњи тайкарда" ба чањор забон - тољикї, ўзбекї, русї ва ќирѓизї (460 сањифа) мунташир шуд. Аз достони Манас ќисмати "Издивољи Манас ба Хоникей (Робия)"-ро низ тарљима кардам, ки 108 байтро ташкил мекунад. Ин тарљима дар китоби "Мозаика" дар Бишкек ба нашр расид. - Њоло рўзномаи "Овози тољик" нашр мешавад? - Рўзномаи "Овози тољик" њафтае ду маробита ба табъ мерасад ва бештар маводи расмї ба табъ мерасонад. Њамчунин дар сањифањои ин рўзнома маводи мухталифи дигар низ дарљ меёбанд. "Овози тољик" дар соири вилоятњои Бухорову Самарќанд, Љиззаху Сирдарё, Сурхондарёву Ќашќадарё, Намангону Фарѓона хабарнигорони худро дорад. Онњо њадди имкон аз тањаввулоти иќтисодї ва иљтимоиву фарњангї дар ин вилоятњо гузоришњо тањия мекунанд. Рўзнома осори адибони классикии форсу тољик, навиштањои ќаламкашони тољики муќими Ўзбекистон ва тарљумањо аз забони ўзбекиро пайваста интишор мекунад. Дар Самарќанд рўзномаи "Овози Самарќанд" мунтазам нашр мешавад. Тибќи хабарњои расида шумораи муштариёни он дар солњои охир хеле зиёд шудааст. Ин рўзнома замимае барои кўдакон низ ихтисос додааст. - Адибони тољикзабон осори худро ба нашр мерасонанд? - Дар нашриёти "Ўзбекистон" дар баробари нашри китобњои дарсї барои мактабњои тољикии кишвари мо њамчунин китобу маљмўањои зиёд ба табъ расидаанду мерасанд, ки ба ќалами адибон ва олимони тољик марбутанд. Фикр мекунам, љињати табъу нашри китобњои тољикї мушкиле вуљуд надорад. Танњо дар мавриди пардохти маблаѓи он шояд кадом мушкилие пеш ояд, ки дар њамаи кишварњои дигар дида мешавад. - Дар Радио ва ТВ-и Тошканд барномањо бо тољикї нашр мешаванд? - Радиои "Тошканд" дар њамин њол барномањоеро ба забонњои дигар, аз љумла тољикї пахш мекунад. Масъули барномаи тољикї Муњаббат Љўразода талош ба харљ медињад, ки шунавандагонаш аз кори вай ќаноъат њосил кунанд. Ќаблан радиои љумњурї ба забонњои зиёд барномањо пахш мекард, вале чанд соли охир шумораи барномањояш коњиш ёфтааст ва гуфта мешавад, ин њодисаи муваќќатист. Шабакаи аввали телевизиони љумњурии Ўзбекистон барномаи тољикии "Рангинкамон" пахш мекунад. Ин барнома бештар маводи фарњангї ба табъ мерасонад ва дар як моњ то чањор маротиба пахш мешавад. Дар Самарќанду Бухоро низ пахши барномањои радио ва телевизион хеле хуб ба роњ монда шудааст. Аз тариќи шабакаи аввал баъзан барномањои тањиякардаи онњо низ намоиш дода мешавад. Аз љумла, "Рангинкамон" яке аз барномањояшро ба истиќболи Наврўз дар Бухоро бахшид, ки хеле гуворову дилрабо тањия карда буданд. - Шумо гуфтаниед, ки аз худи тољикони кишваратон бештар рушду нумўъи забону фарњанг вобаста аст? - Бечуну чаро. Далел меоварам, барои кор ба ширкати радио ва телевизиони вилояти Фарѓона даъват карданд. Радиои тољикї дар ин љо ќариб 50 сол боз барномањои худро пахш мекунад. Моње ду-се маротиба тавассути телевизион намоишњои тољикї

9

тањия ва пешкаши бинандагон мегарданд. Ваќти ба Фарѓона омаданам садои радиои тољикї хомўш буд. Тањияи барномањои телевизиониро журналист Олимљон Њусайнов бар дўш дошт. Донистам, ки имкониятњои ин шахс мањдуданд. Аввал њафтае ду барномаи радиої тањияву пахш намудам ва мунтазам шумораи он афзоиш ёфт ва ба њафт расид. Банда дар муддати якуним соли кор дар бораи фарњангиён, фермерњо, сохтумончиён ва њунармандони тољики муќими ин вилоят беш аз сивупанљ намоиши телевизионї тањияву пахш кардам. Дар айни замон радиои Фарѓона њар рўз то 20 даќиќа барномаи тољикї пахш мекунад. Соли 2012 дар озмуни Иттињодияи журналистони Ўзбекистон дар вилояти Фарѓона ширкат кардам ва дар байни журналистони радиоњои давлативу хусусии ин вилоят љоизаи аввали "Журналисти сол"-ро ба даст овардам, ки аз он ифтихор мекунам. - Ба наздикї дар шањри Душанбе китобе ба нашр расид, ки аз ўзбекї тарљума шудааст. Шунидам, ки онро шумо тарљума кардаед. - Зодаи дењаи Сўљинаи ноњияи Панљакент журналист ва адиби ўзбектабори муќими шањри Стокњолми Шветсия Юсуф Расул хоњиш кард, ки шеъру њикояњояшро ба тољикї баргардон кунам. Ин корро бар дўш гирифтам ва тарљума ба охир расид. Юсуф гуфт, ки онро дар шакли маљмўа дар яке аз матбаъањои шањри Душанбе интишор мекунад. Ќабл аз интишори китоб ду њикояи тарљумашуда дар маљаллаи "Тољикистон" ба табъ расид. Баъд соли 2013 маљмўа тањти унвони "Хиёбони дил" дар нашриёти "Эр-граф" чоп шуд. Боз китоберо аз ўзбекї тарљума кардаам, ки перомуни он баъди нашраш њарф хоњам зад. Соли 2010 дар Бишкек китоберо ба номи "Бањор боз меояд..." мунташир намудам. Ќањрамони асосии он фарде аст, ки умри кўтоњи худро барои мардум ва бењбудии зиндагии онњо бахшидааст. Дар ин замина аз даврањои кўдакиву наврасї ва љавонии вай ва њамдењагони ў лањзањои зиёдеро ёдовар шудаам, ки худам низ дар он иштирок кардаам. - Солњои охир ба чї кор машѓул будед? - Моњи декабри соли 2013 дар вазорати хориљаи Ўзбекистон ба њайси хабарнигори Радио ТВ "Орзу" (Афѓонистон) сабти ном шудам ва шаш моњ кор кардам. Акнун бекор њастам ва синам ба шаст мерасад, замони бознишастагиам њам омад. Ваќти он расидааст, ки ба нафаќа бароям, барои њамин аснод тањия мекунам, то ба шўъбаи таъминоти иљтимої супорам. Аввали моњи апрели соли равон синам ба шаст мерасад ва ба Парвардигори бузург шукр мекунам, ки саломату сарбаланд ба ин син њам расидам. - Дар охири сўњбат чї таманно доред? - Як орзу ё шояд бењтар аст ва сањењаш њам њамин аст ки пешнињод бигўям, дорам. Ва он њам ин аст ки ањли хомаи Тољикистон адибон ва рўзноманигорон, албатта, манзурам масъулин ва маъмурини Иттињоди нависандагон ва Иттињоди журналистон дар суроѓи њампешањои бурунмарзии худ њам бошанд. Ва Тољикистон барои адибон ва журналистони тољики бурунмарзї низ љоизањояшро дареѓ надорад. Фикр мекунам, касе, ки дар рушду нумўъи забону фарњанги худ наќши кўчаке дорад, сазовори ин гуна љоизањост. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ P.S. Ин мусоњиба тавассути интернет анљом пазируфтааст

ДУРУСТ БИНАВИСЕМ Солњои охир дар расонањои тољикї гурўње аз калимањои содаи форсиро бе њеч далел ва тављење бо афзудани калимањои дигар ва пасвандњо истифода мекунанд. Дар ин њол, агарчи шакли калимањо дигар мешавад, маъно ва ё тобиши маъноии онњо бидуни таѓйир мемонад. Ѓалла, мева, борон, сел аз љумлаи чунин калимањое њастанд, ки аз љониби ќаламбадастони тољик "таъмиру тармим" шуда, гунањои ѓалладонагї, мевагї, боронгарї, селхезї пайдо кардаанд. "Зеро нархи маводи кишоварзї, аз љумла ѓалладонагињо нисбати порсол як маротиба зиёд шудааст". (Озодагон, 6.06.1912, № 22) "Ин дар њолест, ки картошка баъди ѓалладонагї дуюмин мањсули серистеъмолтарин дар Тољикистон мебошад". (Торнамои Озодагон, 31.03.2014)

АФЗУДАЊОИ НОЛОЗИМ "Агар диќќат дода бошед, моњи равон дар бозор бештар мевагии пастсифат ва ё норасид фурўхта мешуд". (Фараж, № 34, 22. О8. 2012) "Бар асари боронгарии шадид оби дарёи канори шањри Кўлоб боло шуда, шањрро зери об гузошт". (Торнамои Радиои Озодї, 7. 05. 2010) "Њалокати як нафар аз боронгарињо дар Султонобод" (Торнамои Радиои Озодї, 26.04.2014) "Канали ба номи Сталин, ки аз маркази шањраки маркази ноњия мегузарад, бар асари боронгарї аз маљрои худ берун шуда, њудуи 30 манзили зистро, ки пойдевор надоштанд, тахриб кардааст". (Торнамои радиои Озодї, 13.05.2014).

"Хоку гиле, ки селхезї бо худ овардааст, имкони њаракати мошинњоро номумкин кардааст." (Торнамои Радиои Озодї, 7.05.2010) Боиси таассуф аст, ки доираи истифодаи ин вожањои љаълї бо гузашти солњо густардатар мешавад ва њам ќаламбадастони тољик ба ин шева боз калимањои дигарро низ таѓйири шакл медињанд. Чунончи: "Даромаднокии Эйпл ду баробар зиёд шуд" (Миллат, 25.04.2012, № 17) "Умр ба ин хуршеди њунари тољик вафогї накард, то ки эшон ба ин ѓазали ноб оњанг эљод кунанд." (Миллат, 25.04.2012, № 17) Њамаи ин вожањоро бидуни ба онњо час-

понидани калимањои ёрирасон ва пасвандњояшон метавон истеъмол кард, чунон ки тайи садсолањо истифода мешуданд. Баръакс чунин "фарбењї" калимањои солимро хароб карда, фасоњату балоѓатро аз миён мебарад ва ба завќњои салим бармехурад. Масалан, "ѓалла" худ "номи умумии донањои гиёњии тираи гандумиён (монанди гандум, љав, биринљ, арзан ва ѓ.)" аст (Фарњанги форсии имрўз), яъне мафњуми донаро дар худ дорад ва ба он бори дигар пайвастани "дона" дур аз мантиќ ва лутфу назокати забони модарии мо мебошад ва ба ин њам ќонеъ нашуда, ба "ѓалладона" часпонидани пасванди "гї" боз бештар калимаро хашантар ва бемантиќтар кардааст. Дар калимањои дигар низ "гї"-ю "нокї"-ю "гарї" ва "хезї" афзудањои нолозим ва бељо аст.

Ќодири РУСТАМ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

ЉАЊОН

Билохира, рўзе ќабл аз райъдињї ба сафари президенти Чех Милош Земан ба Маскав ќарор шуд, ки њукумат харљи онро бипардозад. Зери фишори азњоби мухолиф ва љомеаи шањрвандї президент Земан ба хулосае омад, ки дар сафороии њарбї ширкат намекунад. Дар ин муддат дастгоњи раёсати љумњурї мулоќоти президентро бо сарвазири Словакия Роберт Фитсо тарњрезї кардааст. Яъне, акнун Земан барои ширкат дар маросими таљлили њафтодсолагии пирўзї бар фашизм вориди Маскав мешавад, вале дар муњимтарин чорабинии он иштирок нахоњад кард. Мушкили президенти Чех Милош Земан бо парламон ва њукумати кишвараш намунаи боризи риояи арзишњои демократиро ба намоиш мегузоранд, ки шоистаи пайравї барои давлатмардони минтаќаи мо низ мебошад. Таќрибан то субњи рўзи сешанбе бањси пардохти сафари президент дар сатњи њукумати ин кишвар дар љараён буд. На парламон ва на Кобинаи вазирон њозир набуд дар мавриди буљаи сафари президент тасмим гирад. Милош Земан аз миёни њамаи роњбарони кишварњои Аврупо аввалин касе буд, ки даъвати президенти Русия Владимир Путинро дар мавриди ширкаташ ба љашнвораи њафтодумин солгради пирўзї дар Љанги дуввуми љањон пазируфт. Шояд он замон гумон намекард, ки тасмимаш ба зиддиятњо дар дохили кишвар рў ба рў мегардад. Парламон, њукумат ва ањзоби мухолифи давлат аз Милош Земанро интиќод карданд, ки чї тур метавонад бо як роњбари худкомае, ки њама арзишњои башарї ва демократиро зери по гузоштаву ошкоро бахше аз ќаламрави њамсоякишварашро тасарруф намуда ва дар талоши идомаи ин таљовуз мебошад, пањлу ба пањлу ќарор гирад ва бо илњом аз сафороии њарбии он, ки то њадде намоиши ќудрати низомї хоњад буд, сўи сарбозону афсаронаш дастафшонї кунад. Ин буд, ки масъалаи људо кардани буљаи сафар пеш омад ва аз њамин ихтилофи назарњо дар мавриди сафари президент ба Маскав дар фазои њукумат ва парламон ба њам печид. Аммо Милош Земан мегўяд, њадафи ў њамрайъї бо мардуми рус аст, ки њазорњо тан аз сарбозони Иттињоди Шўравии собиќ барои

Гулњои бањори Афѓонистон хун мехўранд, на оби борон. Тайи як њафтаи ахир дар гўшањои гуногуни ин кишвари љангзада чандин амалиёти террористї ба вуќўъ пайвастанд, ки дањњо нафарро куштаву захмї ба љой гузоштанд. Созмони милали Муттањид бо пахши як гузориш мегўяд, ки тайи се моњи ахир дар ин кишвар 655 мулкї кушта ва 1155 тани дигар захм бардоштаанд. Ин раќам дар гузориши СММ дар ќиёс бо њамин давраи соли 2014 2% кам аст. Аммо паёмњои рўзњои мо на афѓонистонї, балки фароафѓонистонианд. Тайи як њафтаи ахир се њодисаи ќобили таваљљўњ барои њамсоягони Афѓонистон дар ин сўи Ому иттифоќ афтоданд. 9 апрел дар пайи њамла ба биноњои суд ва прокуратура дар шањри Мазори Шарифи вилояти Балх 18 нафар кушта ва 67 нафар захмї шуданд. Њамагї сарбози урду, пулис, хадамоти амният, неруњои махсус, прокуратура ва шањрванди оддї буданд. Њамон рўз дар вилояти ўзбакнишини Форёб љангиён ба посгоњи Урдуи миллии Афѓонистон њамла оварда, 4 сарбозро кушта ба љой гузоштанд. Ду посгоњи дигар низ тирборон шуданд. Ќаблан дар ин вилоят љангиён хонањои мардум ва масљидеро њам ба оташ кашида буданд. Њодисаи дањшатноктарин дар Бадахшон

«

ро ишѓол кунад. Мо кишваре мебошем, ки муддати 20 сол Иттињоди Шўравї истило карда буд ва хуб медонем, ки ин чї таъсире дар руњияи љомеа хоњад дошт",- гуфт вакили парламон Мирослава Немсова. Бино ба арзёбии коршиносон сафари Милош Земан ба Маскав 600 њазор крон ё худ 22 њазор евро њазина хоњад дошт ва агар дар њукумат зидди маблаѓгузории ин сафар овоз дињанд, пас Земанро лозим меояд масъаларо мустаќилона њаллу фасл кунад. Аммо собиќ вазири умури хориљии Чех Сирил Свобода мегўяд, бе розигии кобинаи вазирон президент аслан наметавонад расман вориди Русия шавад. "Масъулияти сиёсати хориљї бар дўши њукумат аст ва Кобинаи вазирон дар ин бора ба парламон њисобот медињад. Њар тасмими иттихозшуда дар сиёсати хориљї аз љониби сарвазир ва ё

Ихтилофи чехї Чехњо тавонистанд президенти худро маљбур кунанд, ки барномаи сафараш ба Маскавро таѓйир дињад озодсозии Чехословакия љон бохтаанд ва њазорњо тани дигар захмиву маълул ба хонањои худ баргаштаанд. Интизор мерафт, 8-уми апрел кобинаи вазирон пешнињодро ба овоз мемонд, вале сарвазир Богуслав Соботка эълон кард, ки аз сабаби ихтилофи назар миёни вузаро ин райъдињї чоршанбеи оянда баргузор мешавад. Яъне, рўзи чоршанбе бояд вазири умури хориљии ин кишвар Лубомир Заоралек басо муфассал дар бораи барномаи сафари президент гузориш дињад ва танњо баъди он аъзои њукумат хулосаи нињоии худро

эълон хоњанд кард. Њамчуноне ишора шуд, нуќтаи аслии ихтилофи назар сари ширкати Земан дар сафороии њарбист ва агар ин бахш сари ваќт аз рўзнома бардошта мешуд, шояд мушкиле барои маблаѓгузории сафар пайдо намешуд. Мухолифонаш мегўянд, дар сафороии њарбї Земан ногузир аст дар як саф на танњо бо Владимир Путин, балки бо диктатори Кореяи Шимолї ќарор гирад, ки ин муѓойир ба ќонунњои демократист. "Русия њуќуќи байналмилалиро наќз мекунад ва талош дорад бо њар васила Укроин-

узви комилњуќуќи кобина имзо карда мешавад. Ин тартиб дар моддаи 63 - и Конститутсияи Љумњурии Чех аз ќабл муайян шудааст ва бидуни риояи ин низом наметавон чизеро таѓйир дод. Ман гумон мекунам, ки бе имзои сарвазир президент наметавонад сафари хориља дошта бошад. Вай танњо метавонад як сафари хусусї бо њавопаймои хусусї дошта бошад",- гуфтааст Свобода.

Бобољони ШАФЕЪ

Давраи "Х" Фољиаи шимоли Афѓонистон тањдид ба љануби Осиёи Марказї аст? иттифоќ афтод. Њудуди 900 љангии созмонњои террористї ба 20 посгоњи Урдуи миллии Афѓонистон дар Дараи Хустаки вулусволии Љурм њамла оварда, 28 сарбозро танњо сар заданд. Теъдоди кушташудагон расман аз 35 нафар боло гуфта мешавад. Минтаќањо њоло тањти назорати љангиёнанд. Урдуи миллии Афѓонистон ба амалиёт омодагї мебинад. Ин њодисањо барои мо дар Осиёи Марказї чї паём доранд? Аввал. Форёб вилояти њаммарз бо Ўзбакистону Туркманистон аст. Байраќи "Давлати исломї" дар марзњои ИДМ бори аввал дар ин вилоят боло шуд. Дасти ќудратманди Абдурашид Дўстум дар нигоњ доштани амнияти он заъф нишон медињад. Ё мавсуф барои иљрои барномаи интиќоли љанги Афѓонистон ба Осиёи Марказї халал намерасонад. Дар гузашта, коршиносони

Сар задани 28 сарбози њукуматї дар Бадахшон аз сўи љомасиёњони ДОИШ ва як пулис дар Самангон аз сўи Њаракати исломии Ўзбакистон нишон медињад, ки дар Афѓонистон як љанги дигар оѓоз шудааст ва њадафи он њамоно Осиёи Марказї аст.

«

Афѓонистон Дўстумро як љузъи ин бозї муаррифї карда буданд. Дуввум. Мазори Шариф - пойтахти Шимоли Афѓонистон, маркази Балх, амнтарин гўшаи ин кишвари ноамн, њамсояи девор ба девори Ўзбакистону Тољикистон 10 сол боз чунин њамларо надида буд. Њадафи ин њамла аввал тањти шак гузоштани ќудрати Атомуњаммади Нур, волии Балх бошад, дуввум, њушдор ба пуштибонњои ў - Чину Русия аст, ки миёнро мањкамтар банданд. Суќути Мазори Шариф њамеша суќути Шимоли Афѓонистон ва мояи нигаронии кишварњои Осиёи Марказиву ИДМ буд. Тавре дар замони Толибон наќши сипарро Ањмадшоњи Масъуд бозї мекард, ин дафъа Устод Ато аст. Зимнан, "Вашингтон пост" як матлаби интиќодї дар бораи ў нашр кард, ки њамчун љангсолор намегузорад технократњо дар Афѓонистон сари кор оянд. Аммо дар асл Ѓарб мехоњад Аторо аз миён бардорад. Сеюм. Толибон заъиф мешаванд. Мулло Умарро, ки худро 19 соли пеш "амирулмуъминин" эълон карда буд, "халифа" - и нав Абўбакри Баѓдодї эътироф намекунад. Ўро аксари фармондењони Толи-

бон, њатто Њаракати исломии Ўзбакистон дигар эътироф намекунанд. Љангиёни исломї акнун ду "амир" доранд. Ва шак нест, ки ќудрати Баѓдодї дар њоли афзудан аст. Сар задани 28 сарбози њукуматї дар Бадахшон аз сўи љомасиёњони ДОИШ ва як пулис дар Самангон аз сўи Њаракати исломии Ўзбакистон нишон медињад, ки дар Афѓонистон як љанги дигар оѓоз шудааст ва њадафи он њамоно Осиёи Марказї аст. Чорум. Дараи Хустаки Љурмро расонањои љангсози хориљї "Вазиристони Афѓонистон" унвон кардаанд. Он дар мањалле воќест, ки роњњояш ба Покистон, Тољикистон ва Чин мебарад. Тобистон дар ин дара њамагї 200 љангии Толибу Њаракати исломии Ўзбакистон, Аморати Ќафќоз ва Љамоати Ансоруллоњ сукунат доштанд. Њоло теъдоди онњоро 1000 нафар њисоб мекунанд.

Паёми аввали кутоњ ва рўшан ба кишварњои Осиёи Марказї ин аст, ки "омаданд!". Њоло онњо бо забти ќаламравњои њукумат барои эљоди пойгоњу марказњои луљистикии худ сар кардаанд. Усома ибни Лодан соли 1988 аз Ањмадшоњи Масъуд хоњиш карда буд, ки барои эљоди се пойгоњ дар шимоли Афѓонистон (Мазори Шариф, Ќундуз ва Бадахшон) мусоидат кунад. Масъуд ин пешнињодро ќатъиян рад кард. Њоло рўшан мешавад, ки терроризми байнулмилалї бо истифода аз заъфи њукумати вањдати миллии Афѓонистон даст ба эљоди ин пойгоњњо задааст. Он рўз дур нест, ки дар як давраи номаълум ё "Х" аз ин вазиристонњои шимоли Афѓонистон њаракатњои ба ин сўи Ому шуруъ шаванд. Шояд дур аст, аммо наздик мешавад.

Фаромарзи ФОЗИЛ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

ТАРЃИБ

Гирифторони беморињои сутунмуњра ва асъоб метавонанд минбаъд, дар кишвари худамон, бе сафарњои пурњазина ба марказњои љарроњии хориљї, дармон ва љарроњї бишаванд. Зимни таъкиди ин нукта мутахассиси ин бахш Эркин Боќиев таъкид намуд, ки тўли се соли фаъолият љарроњони ин бахш беш аз 140 амали љароњии чурраи байни мўњрањои сутунмўњра, спондилолистез ё бартараф намудани бељошавии мўњрањо,

Бемористони Ибни Сино:

11

®

Дарди сутунмуњраро зуд рафъ мекунем!

спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мўњрањо ба воситаи лавњаи титан ва пластинаро анљом доданд, ки дар кишвар бесобиќа буда, бо муввафаќият анљом ёфтаанд. Ба замми ин, ба воситаи лавњаи титание, ки байни мўњрањои сутунмуњра гузошта мешавад, мўњраи бемор дубора мустањкаму солим мегардад. Амалњои аз байн бурдани омоси њароммаѓз, косахонаи сар ва мўњраи гарданаи сутунмўњра низ, анљом дода мешавад, ки амалњои нозуку зарифанд. Таљњизоти нодир ва мудерн дар иљрои амали ин љарроњињо мададрасони мутахассисони кордидаву варзида мегардад! Ба љуз ин њамаи маводи истифодашаванда якбормас-

раф буда, маводњои банду баст комилан безаргардонида шуда мебошанд. Хафви сироятшавї ба беморињои сироятї куллан аз байн бардошта шуда аст. Ташкилоти "Суѓуртаи миллї", ки дар назди бемористон фаъолият мебарад, дар сурати суѓурта шудани бемор, ќисме аз њазинањои дармону амалро пардохт ва љарроњиро барои

бемор арзонтар мекунад. Роњбарияти бемористон ин амрро ба хотири њалли мушкилоти иљтимоии мардум пеш гирифтааст. Хотиррасон менамоем профессор Аббос Бахтиёрї -нейрољарроњи маъруфи эронї, имрўзњо дар кишварамон ќарор дошта, сар аз 9-ми апрел ба машварат ва табобати беморон оѓоз кард!

Маълумоти зарурї ва муфассалро аз сайти расмии Бемористони Ибни Сино http://ibnisino.tj/ метавонед пайдо намоед.

МУШКИЛИ ДОЃ

Љузъиёти боздошти журналисти ТВТ Як манбаъ аз Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия љузъиёти боздошти Хайрулло Мадисоев, корманди Шабакаи аввали телевизиони Тољикистонро ифшо кард. Бино ба иттилои манбаъи TojNews, Хайрулло Мадисоев барои миёнаравї дар људо кардани ќитъаи замини наздињавлигї аз љамоати Лоњури ноњияи Рўдакї аз як нафар 6 њазор доллари ИМА талаб кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, Мадисоев ба ин нафар, ки ќаблан шиносої доштааст, ваъда мекунад, ки дар якљоягї бо Абдусаттор Мирзоев, муњандис-заминсози љамоати Лоњур барои гирифтани 0,06 га замини наздињавлигї мусоидат мекунад ва њуљљатњои онро низ ба талаботи ќонун мутобиќ мегардонад.

Алайњи Хайрулло Мадисоев, муњаррири идораи сиёсии Шабакаи аввал ва Абдусаттор Мирзоев, муњандис-заминсози љамоати Лоњури ноњияи Рўдакї бо моддаи 247 ќисми 4-и Кодекси љиноятии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз шуда, тафтишот идома дорад. Хайрулло Мадисоев баъд аз зўњри 9уми апрел аз љониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза

бо корупсия дар бинои Шабакаи аввал боздошт шуда буд. Масъулини Шабакаи аввал ва Агентї дар рўзи аввали боздошти Мадисоев аз додани њама гуна иттило худдорї карда буданд. Ќаблан фарзияњое низ матрањ буд, ки Мадисоев барои ба эфир роњ надодани як нафар аз ў 3 њазор доллар талаб кардааст. Аммо онњое, ки дар Шабака кор мекунанд, мегўянд, ин хабарнигор дар сатње набуд,

ки барои ба эфир рафтан, ё нарафтани навору гузорише тасмим гирифта тавонад. Хариду фурўши замин аз масъалањое доѓе мањсуб мешавад, ки борњо Президент Эмомалї Рањмон дар бораи он бо нигаронї њарф задааст. Президент Эмомалї Рањмон зимни љаласаи Шўрои амният гуфта буд, "солњои охир дар мамлакат ѓайриќонунї људо намудан ва фурўши ќитъањои замин ба як њодисаи маъмул ва воситаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст." Ба иттилои Президент, тайи панљ соли охир вобаста ба ќонуншиканињо дар соњаи замин 290 парвандаи љиноятї оѓоз намудааст. Дар њамин давра аз љониби маќомоти прокуратура дар ин самт 2687 парвандаи љиноятї оѓоз гардидааст, ки 441 адади онро парвандањои љиноятии хусусияти коррупсионидошта ташкил медињанд. Вале бо вуљуди чорањои андешидашуда, ќонуншиканї дар истифодаи замин њанўз њам кам нест.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

БО ШОИР Гарчи дар ситамгарї аз њама фаротарї, Гарчи дар фирефтан аз њама њажиртар, Эй илоњаи Сухан, љоми љоннавози ман, Нест аз ту шањдтар, нест аз ту ширтар.

Њар ситора офтоб нест. Дўстам, бародарам, Ман ба айни боварам, ки ин ќиёс Аз вуљуди мову туст: То ки хуни гарми зиндагї дар раги ману ту метапад, Ин сабўи сарбазери офтоб холї аз шароб нест. То ки шањпари умеди мо нарехтаст, Њар кабўтаре Дар диёри мо Камтар аз уќоб нест.

БУЛБУЛ Чи мехонї, ту эй булбул? Њама такрор мехонї, Њамон як достонро њар сањар сад бор мехонї. Агар ман як сухан такрор гўям хурда мегиранд, Касе бо ту намегўяд, ки аз перор мехонї. Найистонро майистон мекунї аз мављи овозат, Расули "Мантиќуттайрї"-ву аз Аттор мехонї. Навои Борбадро њеч кас чун ту намедонад, Њазорон сол танњо ту њамон адвор мехонї. Њама дору дарахт аз нашъаи ту ранг мебандад, Ту чун Мансур њар гањ бар фарози дор мехонї. Паре аз каљкулањ љаста, сафи мижгон ба њам баста, Саре бар осмон боло, ќаландарвор мехонї. Кї медонад, ки оёти Сулаймон аст, ё Довуд? Кї мегўяд, ки Ясно, ё ки Гоњанбор мехонї? Ту як мушти парї охир, наметарсї, ки дар гирї? Забони шўъла дар минќори оташбор мехонї. Њамон донад, ки мушти хоки ту бо хуни ишќ омехт, Кадомин роз мегўї, кадом асрор мехонї.

БИЉИЛГУН Фасли тобистон сайр дорам дар куњистон, Як биљилгун4 мепарад ин суву он су, Мекунад бо ман њаёњу. Дар сари ангушти љурзе5 Лона дорад нусхаи љўроби пашмини Бадахшон, Сарнагун бар даррае жарф, Љони мурѓак бар сари ин лона ларзон.

РУСТАМИ ВАЊЊОБ ЁД Уммед зинда аст, агар ёд зинда аст, Њар банди ин дарахт зи бунёд зинда аст. То метапад дилат, ки канад кўњи яъсро, Дар Бесутуни њасти ту Фарњод зинда аст. Як санги кўњсори ватан бешарор нест, Дар љавфи санг њам дили озод зинда аст. То дасти модарон ба сари сабзи зиндагист, Уммед бар шафоату имдод зинда аст. Асли ту дар ту њаст, ки аз он дами Сурўш Дар нойи устухони ту фарёд зинда аст. Дар чорсўйи ту њама пайкори худгарист, Путки гарону Коваи Њаддод зинда аст. Ман "зиндабод" менасароям, ки ин Ватан Бо зиндабоди ман на, ба эљод зинда аст. Ваќт аст, то ба мўъљиза эњёи худ кунем Бо он фару шукўњ, ки аљдод зинда аст. Бедил, ба панди ту дили ман кор мекунад, Бо шод зинда аст, ба ношод зинда аст.

ХУРШЕД Зи кўњи хора он ки љўйи хун бикшод, Хуршед аст, Чи хуне, шири ширин шуд, магар Фарњод Хуршед аст. Њазорон ахтари бартар зи Хуршед аст худорой, Ба пойи хидмати халќ онки сар бинњод, Хуршед аст. Бидидам, њар киро доѓе ба дил аз миннати ѓайр аст, Зи миннатњои аѓёр он ки њаст озод, Хуршед аст. Ба дасти лутф бар сар мезанад њар субњ моро Дўст, Ба шоми тирарўзињо гули имдод Хуршед аст. Љањон то њасту то хоњад будан, фарзанди Одамро Њамин як сикка зар мерос аз аљдод Хуршед аст. Њама шаб рози истеъдодро аз шамъ мељустам, Сањар хандиду посух дод: "- Истеъдод? Хуршед аст!" Хато набвад, агар гўям, ки сабки ман хуросонист, Маро мавлову муршид, рањбару устод Хуршед аст.

АЗ СИТОРА ДУРТАР Эй ба дил шикастанам аз њама далертар, Аз ситора дуртар, аз тулўъ дертар. Њарчи бошитобтар аз ту дур мешавам, Мешавї ту чун нафас боз ногузиртар. Дар дилам замон-замон мешавад ѓамат љавон, Њар ќадар, ки мешавад рўзгор пиртар. Дар њарири бостон гашта пайкарат нињон, Бўстони бостон њаст дилпазиртар. Хостам ба боли ту аз њама рањо шавам, Гаштаам ба чанги ту аз њама асиртар.

ХОКИ ТУ

Эй биљилгун, Љўраи љун, Ман њамонам дода аз даст Он ду шањри нозанинро, Ќуббатулисломрову Сайќали рўйи заминро, Њол ин сон бетафовут Сайр дорам дар кўњистон, Фасли тобистон. Лонаат обод бодо, Баччагонат шод бодо, Ќасди озорат надорам, То абад корат надорам.

Нигањи ту нигорњо дорад, Гиряат обшорњо дорад. То наболї, гуле намерўяд, Хандаат навбањорњо дорад. Нест тасхири ќалби ту осон, Нози ту кўњсорњо дорад. Нарасад ќадди умр бар дидор, Баъди марг интизорњо дорад. Дашт хунину осмону камон, Шоњи Кайњон шикорњо дорад. Чун тавон лоф зад, ки хоки туам? Хоки ту шоњкорњо дорад.

Меравам, то аз уфуќ пањнои Мењанро бубинам... Меравам, бар ќуллаи ин кўњ, шояд аз фароз, Тири Орашро бубинам боз дар парвоз.

ДАР КУЉО БУД? Эй растхези ногањон, эй рањмати бемунтањо! Мавлоно Ин савсану лола дар куљо буд? Ёли яли ёла дар куљо буд? Ин селаи булбулони ошиќ, Ин зораву нола дар куљо буд? Эй оњуи лаб ба косаи санг, Ин косаи мола дар куљо буд? Бар дашти ѓазал њамезанад сум, Ин маст ѓизола дар куљо буд? Эй моњ, куљо чунин хиромон? Ин зевари њола дар куљо буд? То пошнаи Арусисангї2 Гесуи шалола3 дар куљо буд? Меруфт зи дида хоб соќї, Мегуфт: пиёла дар куљо буд?

ОЙИНА Њанўз ойина ойинаст, Чунон кушодадилу рўйбозу бекинаст. Агарчи дида басо чашмњои хашмогин, Агарчи дар дилаш уфтода бас гирењи љабин, Агарчи хурда бар ў санги чашмњои њарис, Агарчи ях зада аз тоби чењраи бењис, Касе шумурда ба њасрат шумори ожангаш, Касе ба турѓуза6 аз ў бихоста рангаш, Касе нишонда ба хидмат чу лавњи љодуяш, Касе ба сурати худ хаф фиканда бар рўяш... Њанўз ойина ойинаст, Чунон кушодадилу рўйбозу бекинаст... Фуру нишаста дар аъмоќи тираи гили "ман!", Ту метавонї магар ончунон будан дили ман?!

ИСТИОРА Њар саре уќоби кўњсори мо гарчи на каму на беш Як паранда аст, Њар паранда як уќоб нест. Ончунон ки офтоб гарчи як ситора аст,

1

Як маънои "дор" дарахт аст. Пайкараи табиъии асотирї. Шаршара. 4 Биљилгун - хурдтарин парандаи кўњистон, ки баъзан намадгарак њам гўянд. 5 Љурз - дарахтест шабењи сада бар фарози кўњњо рўяд. 6 Турѓуза - ба лањни шадид ва тунд сухан гуфтан, сарзаниш кардан. 2 3

"Ба чашми дил..." - Лоињаи нави "Нигоњ" мебошад, ки дар назар аст тўли як сол - то Наврўзи соли 2016 идома ёбад. Бо интихоби Шўрои муњаррирони "Нигоњ", дар ин лоиња ашъори шоъирони маъруф, соњибистеъдодњои љавони порсигў, на танњо аз Тољикистон, балки аз Эрону Афѓонистон ва Ќирѓизистону Ўзбекистон низ дар њар шумораи нашрия дар њамин сањифа ба хонанда пешкаш хоњад шуд. Хонандагони "Нигоњ" низ имкон доранд ашъори худро ба идораи њафтанома, барои баррасї ва нашр бифиристанд. Њадаф аз лоињаи мазкур кашфу ташвиќи ашъори муосири порсї-тољикист, ки дар анљоми лоиња дар назар аст дар як маљмуаи мунтахаб ба табъ расад.


НОМАИ БЕТАЊРИР Мо, кормандони (собиќи) Институти таърихи Академияи илмњои Тољикистон, ки зери ин мактуб имзо гузоштем, мехоњем, чењраи аслии Рањим Масов, директори ин Институт ба љомеа, њукумат ва дўстдорону мухлисони илми таърих рўшан шавад. Амалњои ѓайриќонуние, ки дар 26 соли фаъолияти ин нафар аз чашмњо пинњон мондаанд, билохира рўйи об барояд. Насаби аслии Рањим Масов Мастов аст. Дар асл 15-уми майи 1937 таваллуд шуда, 78 сол дорад. Шояд аз шарм насабашро, баъди директори Институти таърихи Академияи илмњо шуданаш ба Масов иваз кард. Таърихи таваллудашро низ ба 16-уми ноябри соли 1939 таѓйир доду гуё дар синни 5 солагияш ба мактаб рафтааст. Аммо иваз кардани ному насаб, табиати инсонро таѓйир намедињад, мутассифона... Аввалин суханони Рањим Мастов баъди директори институт интихоб шуданаш ин буд, ки бостоншиносон ва мардумшиносон бо экспедитсияњои њарсолаи худ, Институтро хароб (разорили) карданд ва ман пеши роњи онњоро мегирам. Мастов корро аз шўъбаи мардумшиносї шурўъ кард. Мудири шўъбаи мардумшиносї М. Њомидљоноваро (мутахассиси мардумшиносии водии Зарафшон) барои хариди нигорањо ва номутобиќати нархи онњо гунањгор намуда, аз институт ронд. Бо њамин экспедитсияњои мардумшиносї барњам хўрданд. Дар њодисањои солњои 90-уми асри гузашта баъзе олимони русзабони ин шўъба Тољикистонро тарк карда, тољикон монданд, аммо онњо рўзи хушро надида, ба фишору беадолатињо тоб наоварданд. Номзадњои илм Н. Бобоева, (мутахассиси мардумшиносии Файзободу Кўлоб) Н. Тошматов (мутахассиси мардумшиносии Истравшан), З. Мадаминљонова (мутахассиси арабњои тољик), А. Давидов (мутахассиси њунарњои мардумї), доктори илм И. Муњиддинов (мутахассиси Дарвозу Бадахшон), Р. Љањонов (мутахасиси водии Фарѓона), А. Мардонова (мутахассиси водии Њисор), Р.Абдулвоњидов( мутахассиси чорводорї, бо рисолаи тайёри докторї) рафтанд. Мастов бо Р. Абдулвоњидов дар бораи мавзўъи чорводорї љанљол карда, гуфта буд, "ин мавзўъи илмї нест" Абдувоњидов ўро ба надонистани мавзуъњои мардумшиносї муттањам намуда буд. Р. Мастов аз ин гуфтаи Р. Абдувоњидов ба ѓазаб омада ўро дашном дода "ман туро мекушам"- гуфта, аз ўтоќи кориаш пеш мекунад. Р.Абдувоњидов ариза нонавишта аз Институт рафту дигар барнагашт. Мастов мошинњои Институтро ба экспедитсияњои хориљї иљора мењињад ин ин пулњо ба куљо сарф мешавад, бояд агенти коррупсия санљад. Хизматгори шахсияш Парушевская Л. аз њисоби Осорхона маош мегирад. Дар Институт маоши иќтисодчиро, ки номаш њасту худаш кор намекунад, Мастов ба куљо сарф мекунад, ин њам як масъалаи алоњида аст, ки бояд кормандони агентии коррупсия бисанљанд. Ногуфта намонад, ки Агентии мубориза бо корупсия бо андак ковиш 63 њазор сомонии онњо дуздидаро ошкор кард, ки он њам аз киссаи худ нею аз њисоби даромадњои ѓайрибуљавии Институт баргардонида шуд. Дар Институт он ќадар њолатњои коррупсионї зиёду нињонанд, ки тафтишу тањлили алоњида лозим аст. Дар дањ-понздањ соли охир Мастов 8 (њашт) муовинашро оид ба корњои хољагї-маъмурї маљбуран аз кор пеш кард. Сабаби асосї дар он аст, ки агар онњо аз як-ду сол зиёд кор кунанд, сирру асрори Мастову се-чор шарикашро сарфањм мераванду гуфти мардум, "капаашон дуд мекунад". Яке аз муовинонаш Мурод Ёров якуним сол кор карда, сирри аз худ кардани пули давлатро фањмида, назди Мастов даромада хабар дод. Мастов аз ин кор хурсанд нашуд. Вай ба муовинаш гуфт: "Ёров ты баран, я тебя уничтожу, какое твое дело до этого, напиши заявление и уходи!" -гуфта аз утоќи кориаш ўро пеш кард. Ёров ариза нанавишт, вале аз ў дар ваќти беморияш, бо сад њиллаю найранг ариза гирифтанду аз кор ронданд. И. Муњиддинов, доктори илми таърих, мардумшиноси номї тамоми умри худро дар соњаи илми мардумшиносии тољик бахшидааст. Ўро низ аз ин шуѓли дўстоштааш Рањим Мастов мањрум кард. Яъне ўро аз кор пеш кард. Ваќте, ки хонааш ба коми оташ рафт, дар ин мудат як писараш аз дунё гузашт. Баъди чанд ваќт ў ва ањли оилааш дар хонаи сухтагї зиндагї мекарданд, вале ваќте, ки ба назди Р. Мастов барои кўмак рафтанд, ба ѓайр аз гапњои тањќиромез дигар чизе нашуниданд. Тарки кор карданд. Муддате бекор монду бо оилаш дар роњ истода, донаи офтобпараст савдо мекарданд, аз бемадорї њамсояњо ўро дар роњ бењўш пайдо карданд. Баъди чанд ваќт ўро ба Донишгоњи миллї ба кор даъват намуданд ва ба ў як хонаи якњуљрага тўњфа намуданд ва он кас то охири умри худ дар он љо кор карданд. Муњиддинов ба донишљўён мардумшиносї сабаќ медоданд. Баъди бемории дуру дароз аз олам гузаштанд. Ба аёдати он кас хориљиёни зиёде меомаданд. Баъди сари устод, хонумашон ба Институти таърих рафта, хоњиш намудааст, ки китобњои устодро харидорї намоянд, аммо касе парвои устод Муњиддинов ва бойгониаш надошт ва ин китобњоро хонумашон фурўхтанд, то ин ки се тифлаки ятими худро аз гуруснагї рањо дињанд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

13

"Нигоњ": Матлаби мазкур бо ихтисор нашр шудааст. шуданд. Ў узви вобастаи Институти бостоншиносии Олмон, узви бостоншиносони Россия мебошад. Соли 1991 њамроњи Р. Мастов узви вобастаи АИ ЉТ интихоб шуда буд. Р. Мастов бе ягон њиссагузорї дар илм аз рўи мансабаш соли 1993 академик шуд. Ю. Яќубов хост, ки барои академик шудан, ягон китоби бунёдї нависад ва дар илми таърих њиссаи нав гузорад. Ў соли 1994 асари "Тољикон"( пиромуни этногенез)-ро менависад, ки асосњои проблемаи этногенези тољиконро дар бар мегирад. Соли 1996 асари бунёдї "Религия древнего Согда"-ро пешнињоди хонандагон менамояд. Бори аввал дар ин китоб дини пеш аз исломии тољикон њамаљониба тањлил ва баррасї шудааст. Ин китоб дар Япония ба забони японї тарљума шуд. Ду китоби дарсии" Тарихи халќи тољик" барои синфњои 5-6-ро навиштааст. Ў cоли 2006 љашни 2700солагии Кўлобро гузаронид ва ба ин муносибат

РАЊИМ МАСТОВ КИСТ? Дар шўъба танњо ду нафар З. Юсуфбекова ва М. Шовалиева монданд. Шовалиева дар бораи "Хўрокњои миллї" рисолаи номзадї навиштааст, аммо аз сабабе, ки роњбараш Юсуфшоњ Яъќубов мебошад, 20 сол аст, ки дифоъ карда наметавонад. Мастов ба ў пешнињод карда буд, ки аз роњбарии Ю. Яъќубов даст кашад, ў барояш роњбари дигарро таъин мекунад ва њимоя мекунад, аммо ин зани бовиљдон ба ин пешнињод розї нашуд. Р. Мастов Ю. Яъќубовро бо он муттањам карданї мешавад, ки ў шогирд тайёр карда наметавонад. Аммо њаќиќат он аст, ки Р. Мастов Ю. Яъќубовро барои шогирд тайёр кардан имконият намедињад. Ба наздикї бо роњбарии Ю. Яъќубов бостоншиноси эронї А. Муминї дифоъ намуд, пеш аз дифоъ Р. Мастов ба вай пешнињоди аз роњбарии Ю. Яъќубов даст кашиданро намуда буд. А. Муминї дар љавоб ба ў гуфтааст: "... магар девона шудед, ман аз дифоъ даст мебардорам, аммо аз роњбарии устодам не!" Љанљол то президенти Академияи улум Фарњод Рањимї рафта буд. Чунин мисолњо хеле зиёданд. З. Юсуфбекова мактаби мардумшиносии Санкт-Петербургро хатм кардааст. Р. Мастов ўро бе сабаб аз вазифаи мудири шўъба ронд. Дар љояш З. Мадаминљоноваро таъин кард, аммо дере нагузашта ўро низ пеш кард. Њамин тавр ба шарофати роњбарии "адолатмандонаи" Р, Мастов аз шўъбаи номдори мардумшиносии замони Шуравї ном мондаасту халос. Яке аз шўъбањои калонтарини Институт бостоншиносї буд ва дар он 27 нафар кор мекарданд. Њар сол 15-20 дастаи гуногун ба омўзиши ёдгорињои гуногундавраи таърихи халќи тољик машѓул буданд ва бо мањсулаш номдортарин дар Осиёи Марказї њисобида мешуд. Дар шўъба аслан русзабонњо кор мекарданд, дар њодисањои солњои 90-уми асри гузашта 10 нафар рафтанд. Дигарон: В. Соловёв , И. Маслов, Т. Отахонов, А. Абдуллоев, М. Азизов, Х. Муњиддинов, А. Дружининаро Мастов аз кор пеш кард. Бояд ќайд кард, ки А. Дружинина ягона бостоншиносе аст, ки солиёни дароз њамроњи Б. Литвинский дар Тахти Сангин кор карда, мавод ва тарзи њафриёти ин ёдгории нодирро медонад. Ў њар сол аз њисоби Институти бостоншиносии Олмон дар он њафриёт мекард ва барои осорхонаи Институт маводи нодир ворид менамуд. Мастов бо мудирони шўъбањо маслињат накарда, мувофиќи табъи худ рафтор мекунад. Бе маслињати шўъбаи бостоншиносї экспедитсияи А. Дружининаро дар Тахти Сангин барњам дод, солиёни дароз аст, ки ин ёдгории нодир бесоњиб мебошад. Чанд соли охир В. Соловёв аз Россия пул меорад, то ин ки дар ёдгории Кофирќалъаи ноњияи Љалолиддини Румї кори њафриётиашро идома бидињад. Ин ба манфияти илми мо аст, аммо ба сабаби ба мо номаълум Р. Мастов ўро аз ин кор дур сохт. Соли 2011 ягона сиккашинос, шогирди мактаби сиккашиносии Санкт-Петербург, доктори илм, ки беш аз 40 сол дар институт кор мекард, Д. Довудї ронда шуд. Р. Мастов њељ андеша намекунад, ки Институт барои тайёр кардани мутахассис солњои зиёд маблаѓ сарф мекунад, то он олим шавад ва ба миллату кишвар манфиат биёрад. Акнун даст ба гиребони бостоншиноси шинохта, доктори илм Ю. Яъќубов задааст ва зиёда аз 20 сол аст, ки ошкору пинњон чор тараф тўњматона менависад ва мехоњад, ки ў аз кор равад. Р. Мастов Ю. Яъќубовро њељ намебахшад, ки бе маслињати ў 2700-солагии шањри Кўлобро ба њукумат пешнињод намуд. Дар муддати 6 соли њафриёти шањри Кўлоб Мастов боре ба он љо нарафта, аз минбарњо "Кўлоб таърих надорад!" гуфта љор мезад. Њатто бо талаби вай аз ЮНЕСКО намоянда

омада буд, то фикри ўро тасдиќ намояд, аммо намоянда њафриёти Кўлобу Хулбукро дида, розї рафт. Ин њазёнгўии Р. Мастов Ю. Яъќубовро маљбур сохт ва ў то дар рўзномаи " Љумњурият" маќолае навишта, ба вай гўяд, ки дар бораи таърихи ќадимии ин ва ё он ноњия салоњияти сухан гуфтанро надоред, зеро мутахассиси он даврањо нестед. Дар њаќиќат Р. Мастов дар бораи таърихи ќадими халќи тољик тасаввурот надорад, агар медошт, њељ гоњ зидди ќадимияти Кўлоб, њоло Њисору Дарвоз намебаромад. Зеро њар дењаи тољик таърихи на кам аз 2 њазор солро дорост. Р. Мастов барои маќола оиди Кўлоб шуда, дар бораи писарони Ю. Яъќубов ба идораи милитсия мактуби тўњматомез менависад, ки гўё онњо ба љони ў ќасд кардаанд. Милитсия бачањои Ю. Яъќубовро бурда, тафтиш кард ва боварї њосил намуд, ки академик Мастов онњоро тўњмат кардааст. Тайи солњои соњибистиќлол шудани ватани мањбубамон, фарзандњои содиќи Ватан бо супориши Сарвари давлатамон, дар ноњияњо ободонии зиёд карда истодаанд. Яке аз онњо барои омўзиши маркази Дарвози ќадим маблаѓ пайдо намуда, аз Ю. Яъќубов, ки Р. Мастов баъди љашни 2700- солагии Кўлоб ўро аз њафриёт дур карда буд, хоњиш намудааст, ки ба омўзиши Ќалъи Кўњнаи Дарвоз машѓул шавад. Ю. Яъќубов розї мешавад, аммо мушкили дар он буд, ки Р. Мастов зидди омўзиши Дарвоз баромада мегўяд, ки "... дар он љо њељ ёдгорие нест, намешавад ва намеравед, кўњистон таърих надорад". Ю. Яъќубов маљбур шуд, ки аз њисоби худ рухсатї гирифта, ба омўзиши Ќалъаи Кўњнаи Дарвоз машѓул шавад. Њафриёти соли 2012 нишон дод, ки Ќалъаи Кўњнаи Дарвоз ёдгории нодире дар таърихи халќи тољик мебошад. Карон кашфи асри 21 дар таърихи халќи тољик аст ва мемонад. Танњо майдони чавгонбозии он бо амфитеатраш як иншоотї бузурги таърих аст. Соли гузашта Президенти мамлакат аз Карон дидан карда, баён намуд:- " Ба ман гуфтанд, ки дар ин љо њељ ёдгории ќадим нест, аммо мебинам, шањри калон будааст..." ва дастур дод, ки он њамаљониба омўхта шавад. Р. Мастов ба президенти собиќи АИ М. Илолов низ гуфта буд, ки дар сафари Бадахшон аз Карон дидан накунад, аммо М. Илолов ду бор (2013, 2014) омада ёдгориро диданд ва аз њазёни навбатии Р. Мастов тааљљуб карданд. Р. Мастов ба президенти кунунии АИ Фарњод Рањимї низ мактуб навишта, гуфтааст дар сафари Бадахшон аз Карон дидан накунанд, зеро дар он љо њељ ёдгорї нест ва Ю. Яъќубов мардумро фиреб медињад. Аммо президенти АИ Ф. Рањимї аз кашфи расадхона дар Карон огоњї доштанд ва аз дидани он хурсанд шуданд. (2014). Р. Мастов мављудияти Каронро рад менамояд. Баъди сафари Президенти мамлакат, дар "АsiaPlus " њукуматро ба он гунањгор менамояд, ки ёдгорињоро сунъї ќадимї мекунанд, яъне зидди љашни 3000- солагии Њисор баромад кард. Оё директори Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносї бо кадом аќли солим аз кашфи чунин ёдгорї ба монанди Карон рўй метобад? Се сол аст, њисоботи илмии Ю.Яъќубовро Р. Мастов ќабул надорад ва аз ин кашфиёти муњим Академияи илмњо низ хомўш аст. Яке аз сабабњои Каронро напазируфтани Р. Мастов, ба фикри мо, рашку њасад нисбат ба Ю. Яъќубов мебошад. Ю. Яъќубов 55 сол аст, дар Институти таърих дар бахши бостоншиносї кор мекунад ва дар ин муддат 660 асару маќолањо навиштааст, ки чандин баробари навиштањои Р. Мастов мебошанд. Ю. Яъќубов пурмањсултарин олими таърихи халќи тољик аст. Ў бостоншинос аст, мекобад, меёбад менависад, яъне њамаи навиштањояш сухани нав, кашфи нав дар илми таърих аст, ин тавоноиро раќибаш надорад. Маќолањои ў ба бисёр забонњои дунё нашр

3 китоб (бо њаммуаллифї), Энсиклопедияи Кўлобро тайёр намуд, ки дар он 100 маќолаашро љой дод. Баъди љашни 2700-солагии Кўлоб Яъќубов ният дошт ба омўзиши таърихи ин минтаќа аз љумла Данѓара машѓул шавад, аммо чї тавре дар боло ишора шуд, Р. Мастов ба ин роњ надод. Дар ин муддат Ю. Яъќубов асари бунёдии " Давлати Каёниён "-ро ( с.2012) пешкаши хонандагон мегардонад. Асар дар асоси тањлили њаматарафаи сарчашмањои авестої ва бостоншиносї навишта шуда, исбот карда мешавад, ки сулолаи Каёниён беасос устура хонда шудааст. Дар натиљаи дар Аљинатеппа пайдо шудани њайкали 13 метраи Буддо ва миќдори зиёди муљассамањои дигар, деворнигорањо зарурати дар Институт ташкил намудани лабараторияи реставратсия ва консерватсия ба миён омад. Як гурўњи чавонон С. Шарипова , Абдурозиќова Р., Л. Новикова барои таљрибаомўзї ба Ленинград фиристода шуданд ва онњо бо ихтисосњои гуногун ба Душанбе баргаштанд. Химикњо даъват шуданд ва бо сарварии Э. Сайко лабаратория ташкил шуд ва Буддо ва дигар ёдгорињоро онњо тармим кардаанд. Дар њодисањои солњои 90- ўми асри гузашта бисёр таъмиргарони русзабон рафтанд, аммо тољикон монданд. Дар пайваст намудани бахшњои Буддо ва гузоштани он дар осорхона хизмати Р. Абдурозиќова, Шарипова С. ва Сафаров С. калон аст. Аммо Р. Мастов хизматњои онњоро ба як нафари аз Санкт Петербург даъват шуда нисбат дод, ки тањќири рўйрост нисбати онњо ва сабаби аз кор рафтанашон гашт, лабораторияи таъмирї аз солњои 60 фаъолият дошта, барои Институт чун боду њаву лозимаро Р. Мастов барњам дод. Яке аз шўъбањои барои таърихи халќи тољик хеле лозима шўъбаи асри миёна буд, ки ба он академик А. Мухторов сарварї менамуд. Дар солњои 80-ўми асри гузашта як гурўњи чавонон Бойматов Л., Мањмадќаддамов С., Лашкаров Р., Юсупов Ш., Одилбекова Р., Курбонова Х., Масалова Љ., Исмоилов Л., Исмоилов А., Махсумов Ќ., Бердиев Д., Шарипов Ш., Абдулвоњидова Ф., Элчибеков К., Юсупов З., Саидов Ќ. ва дигарон љамъ шуда буданд. Аммо Р. Мастов онњоро бо бањонаи суст донистани забони русї тањќир намуда, маљбур намуд, ки Институтро тарк намоянд. Яке аз донандаи хуби сачашмањо Исмоилов Л, дар Донишгоњи Новосибирск аз таърихи Шарќ бо забони русї дарс меўяд. Шарипов Ш, дар донишгоњи Хўљанд дарс мегўяд. Р. Мастов Љ. Масаловаро, ки донандаи забонњои арабї, олмонї, англисї ва русї буд, аз аспирантура хориљ намуд, гарчанде ин одам забондон буд. Р. Мастов њељ дарк намекунад, ки ў директори Инстиути таърихи халќи тољик аст на Русия ва инљо донистани забони русї шарт нест, аммо донистани забони тољикї ва хатти арабї шарт мебошад. Ў шарм намедорад, ки бо забони тољикии кўчагї гап мезанад. Мастов Р. даъвои донандагии забони русї мекунаду аз чї бошад, ки аз њисоби Институт тањриргари шахсї бо забони русї В. Флоровро нигоњ медорад?. Умедворем, ки маќомоти салоњиятдори болої аз ин навиштаи мо ба хулосае меоянду илми таърих ва љомеъаи мењнатии Институти таърих аз ин бало халосї меёбанд. Ю. ЯЌУБОВ Доктори илми таърих, сарходими илмии Институти таърихи АИ ЉТ; Д. ДОВУДЇ Доктори илми таърих, собиќ корманди Институти таърихи АИ ЉТ; М. ЁРОВ Собиќ муовини директори Институти таърихи АИ ЉТ; Л.БОЙМАТОВ, корманди собиќи Институти таърихи АИ ЉТ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ ШАХСОНИ ДОРОИ ИМКОНИЯТИ МАЊДУД ЧЇ ИМТИЁЗ ДОРАНД? - Шахсони дорои имконияти мањдуд (маъюбони гуруњи 1 ва 2), ки ба фаъолияти соњибкорї машѓул њастанд, њангоми пешбурди фаъолияташон дар масъалаи андозсупорї аз кадом имтиёзњо бархурдор њастанд? Шариф МИРЗОЕВ, сокини шањри Душанбе - Дар Кодекси андоз барои маъюбони гуруњњои 1 ва 2 як ќатор имтиёзњои андозї пешбинї гардидааст, аз љумла: 1. Мутобиќи сархати 1 ќисми 2 моддаи 102 - юми Кодекси андози Љумњурии Тољикистон маъюбон аз давраи кўдакї ва маъюбони гуруњњои 1 ва 2 њуќуќ доранд аз даромади андозбандишавандаи андоз аз даромад барои њар моњи соли андозї дар њаљми 10 нишондињанда барои њисобњо (40х10=400 сомонї) тарњ намоянд. 2.Мутобиќи сархати 15 ќисми 1 моддаи 274 - и Кодекси андоз ќитъањои заминњои наздињавлигї ва заминњое, ки барои сохтмони манзил ба маъюбони њамаи гуруњњо људо карда шудаанд, дар њолати мављуд набудани аъзои оилаи ќобили мењнат аз пардохти андози замин озод мебошанд. 3. Мутобиќи сархати 3 моддаи 278 - и Кодекси андоз молу мулки ѓайриманќул дар намуди хонаи истиќоматї ва дигар биною иморат ва иншоот дар як ќитъаи замини наздињавлигї ва ё як ќитъаизаминбароисохтмониманзил љойдоштава ё як њуљра, кидаронњо маъюбони гуруњњои 1 ва 2 ба ќайд гирифта шудаанд, њамчунин як бўстонсарой ва як гараж, ки моликияти шахсони мазкур ба њисоб меравад, бо андоз аз объектњои ѓайриманќул андозбандї намегарданд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

? - И НОБОБ АРЗИШИ ШИНОСНОМАИ НАВИ ДОХИЛЇ ЧАНД СОМОНЇ АСТ? - Аз кай боз дар ќаламрави љумњурї додани намунаи нави шиносномаи дохилї -корти идентификатсионї ба љойи шиносномањои пешини дохилї њатмї гардонида шуд? Барои гирифтани шиносномаи нав шањрванд ба мизи шиносномадињии ин ё он ШКД- и шањру ноњияњо бояд намунаи кадом њуљљатњоро пешнињод кунад? Аз рўзи супоридани намунаи њуљљатњои дархостшуда шањрванд дар муддати чанд рўз метавонад соњиби шиносномаи нави дохилї шавад? Арзиши шиносномаи нави дохилї чанд сомонї аст? Мењрангез РАЊМАТОВА, сокини ноњияи Рўдакї - 1.Тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20 уми сентябри соли 2013, тањти №1519 "Дар бораи љорї намудани кортњои идентификатсионии шањрвандони Љумњурии Тољикистон" аз моњи марти соли 2014 дар љумњурї додани намунаи нави шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон (корти идентификатсионї) оѓоз гардид. Шиносномаи мазкур љавобгўи њамаи талаботњои Ташкилоти байналмиллалии авиатсияи гражданї буда, он аз масолењи мустањками поликарбонат, ки фарсуданашаванда мебошад, тайёр карда шудааст ва дорои хусусиятњои зиёди њимоявї мебошад. Бо шиносномаи мазкур Шумо метавонед ба њамаи минтаќањои Тољикистон, аз љумла тариќи њавопаймо ба Суѓд, ВМКБ сафар намоед. 2.Шиноснома бо сабт дар бораи суроѓаи љойи истиќомат ба расмият дароварда мешавад. Њангоми иваз шудани љойи истиќомат, баъди азќайдбарорї, дар шиноснома баќайдгирї тавассути ба он часпонидани вараќаи худчаспи ширешдор амалї карда мешавад. 3.Мутобиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 - юми майи соли 2014 та?ти №336 "Дар бораи муќаррар намудани њаљми хирољ барои додани шиносномаи шањрвандии Љумњурии Тољикистон ва харољоти маблаѓњои дигар пардохти њатмї ба буљет" њаљми хирољ барои додани шиносномаи шањрвандии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 10 доллари ИМА бо пардохти маблаѓ бо асъори миллї бо ќурби муайяннамудаи Бонки миллии Тољикистон дар рўзи супоридани маблаѓ, муќаррар карда шудааст. 4.Барои гирифтани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон ба Хадамоти шиносномавию баќайдгирии ШВКД дар мањалли истиќомататон мурољиат намоед. Шиноснома ба шањрвандон дар муњлати на дертар аз 15 рўзи корї пас аз ирсол шудани файли электронї аз воњидњои њудудии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон дода мешавад. Аммо дар њолати гум кардан ё муайян намудани шахсият шиноснома тибќи тартиби муќаррарнамуда на дертар аз 30 рўз аз рўзи додани тамоми њуљљатњои зарурї дода мешавад. 5. Њангоми сари ваќт иваз накардани шиноснома тибќи моддаи 469 - и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба андозаи аз як то ду нишондињанда барои њисобњо љарима таъин карда мешавад. Як нишондод баробари 40 сомонї муќаррар карда шудааст. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

Роњ. Нозири БДА автомашинаеро нигоњ медорад: - Чаро тасмаро набаста ва бо телефон гап зада меравї? - Ака, гуфтам бароят ягон натиља шавад ва хушњол шавї, барои њамин. *** Мусофири такси оњиста рўи шонаи ронанда зад, чун мехост аз ў саволе пурсад. Ронанда дод зада, идораи мошинро аз даст дод. Ќариб буд, ки ба автобусе бархўрад. Мошин аз хати муайяншуда берун рафт, наздик буд, ки чаппа шавад. Аммо болои роњи пиёдагард канори маѓозае манъ шуд. Чанд сония ронанда ва мусофир бо њам чизе нагуфтанд. Билохира ронанда рў ба мусофир оварда гуфт: - Њой мардак, дигар њељ ваќт ин коратро такрор накун. Мусофир узрхоњї карда гуфт: - Ман намедонистам, ки як зарбаи оњиста ин ќадар туро метарсонад. Ронанда љавоб дод: - Имрўз аввалин рўз аст, ки таксиронї мекунам. Охир, 25 сол ронандаи мошини мурдакаш будам. *** Омўзгори шуъбаи ѓоибона аз донишљуњо мепурсад: - Шумо дар куљо кор мекунед? - Ман шиму костюм мефурўшам. - Хайр, наѓз баъд размерамро мегўям. - Шумо чи?- мепурсад аз донишљўи дигар. - Ман ба телефонњо пул мегузаронам. - Шумораи телефонамро медонед, њм? Наѓз! Шумо чї? - Ман размери шуморо медонам, муаллимљон. - Ња, офарин! Шумо чї кор мекунед? - Ман гўрков… *** Марде ба кабинети духтури дандон даромада, баромад. Занаш: - Чї шуд? - Духтур ду дандонамро канд. - Барои чї ду дандонро канд, яктоаш дард мекард ку? - Бале, духтур гуфт, ки пули майда надорад…

БА ЉОЙИ 09 - Гуруњи эљодии "F1[iMDOD]IT SERVICES" бо маќсади фароњам овардани минбари эљоду иттињод ва боз сохтани дари фазлу маърифат, шуруъ аз соли 2011 инљониб, барои кулли мактабиёни тољик ва омўзгорону волидайни эшон пойгоњи интернетии maktab.tj-ро фаъол гардонидааст. maktab.tj - аввалин ва бењтарин пойгоњи интернетї барои муњассилини то?ик бо забони тољикї ва барои шумост! Мањз бо назардошти њамин маъмурияти maktab.tj њамаи хонандагони мактабњои миёнаи тањсилоти умумии пойтахт ва дигар шањру навоњии кишварро ба хотири боз њам ѓанитар гардонидани муњтавои он бо матолиби љолибу хонданї ба њамкорї даъват мекунад. Муњасилин метавонанд тариќи почтаи электронии мо: infof1imdod.tj ва ё шумораи телефонии (918) 94-32-31, (44) 600-6130 бо маъмурони maktab.tj њамвора дар робита бошанд!

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! БЕНАЗМИИ ЊАРАКАТИ НАЌЛИЁТРО ДАР ДУШАНБЕ ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Банда аслан зодаи шањри Душанбе мебошам. Бо таќозои касбам, ки ронандагист, ба аксари шањру ноњияњои Тољикистон сафар кардаам. Њамчун ронанда ошкоро мегўям, ки њангоми идора кардани мошин дар дохили роњњои шањри Душанбе асабонї мешавам. Шояд суол шавад, барои чї? Барои он ки аксарияти ронандагони воситањои наќлиёт дар роњњои дохили шањри Душанбе ба ќоидањои њаракат дар роњ эътибор намедињанд, риоя намекунанд ва ба дигар ронандањо монеъа (помех) эљод мекунанд. Гарчанде дар дохили роњњои пойтахт аз моњи ноябри соли 2013 камерањои мушоњидавї насб карда шуда бошад њам, аммо аз замони роњандозии он тоба њол бархе ронандагон љињати ислоњи вазъ масъулияте њис намекунанд ё сабаќе нагирифтаанд. Ваќти расидан ба назди камерањои мушоњидавї 90 дарсади ронандагон њангоми сурх шудани чароѓак барои њаракати мошинњо ист мефармоянд, аммо, мутаассифона, 10 дарсади дигари ронандагони саросемаи воситањои наќлиёти сабукрав ва њатто мусофиркаш раќамњои ќафои мошинашонро канда, бо суръати баланд аз назди камерањои мушоњидавї убур мекунанд. Пас аз убур кардани масофаи 500 - 800 метр боз раќамњои мошинашонро дар љои доимиаш мечаспонанд. Боз бархе аз ин ронандањо дар њолати њаракати мошин оинаи пеши мошинашонро поён карда, ба ронандаи дигар мегўянд: "Камераро зўр фиреб кардам ња?!". Бо ин њам ќаноат накарда, илова мекунанд: "Шутури сафедро дидї ё не?" 90 дарсади ронандагони дигарро мисол овардам, ки њангоми наздик шудан ба назди камерањои мушоњидавї ист мефармоянд, вале њамин, ки аз назди камера гузаштанд, 50 дарсадаш боз ба беназм идора кардани мошинашон идома медињанд.Аз њамин сабаб, то њоло дар роњњои дохили пойтахт дар роњњои бе камераи мушоњидавї ё дар он роње, ки нозири БДА наистодааст, нисфи ронандагон шердил шуда, бо беназмиву бесарусомонї воситаи наќлиёташонро идора мекунанд ё ба он роњ медињанд. Ќисми дигараш шабона (соатњои 00:00- 01:00 ) - и шаб дар кўчаи Ањмади Дониш, Њофизи Шерозї- маъруф ба "бетонка" ва дар њамшафати роње, ки ба њайкали Абўалї Сино наздик аст (аз тарафи дасти рост) ба "гонка" - и худравњояшон оѓоз мекунанд. Њамаи дўстдорони "гонка" дар љойњои номбаршуда љавононанд. Боре њангоми пойгаи мошинњо, агар хато накунам, тобистон ё тирамоњи соли гузашта буд, ду мошин ба њам бархўрда, ба садама гирифтор шуданд. Хайрият, ронандагони дилхуш осеби сахт надиданд, танњо маљруњ шуданду халос. Лекин аз ростї гўям, нисбати њодисаи баамаломада ва маљруњ шудани бархе аз онњо дилам насўхт. Њайњот, маро сангдил нахонед. Ин љавонони дўстдори "гонка" њар чизе, ки худ коштанд, њамонро даравиданд. Дили худашон бояд барои худашон бисўзад. Аз масъулини баландпояи дахлдори РБДА ВКД ЉТ пурсидан мехостам, ки оё онњо хилофи ќоидаи њаракат идора кардани мошинро аз љониби њамин гуна ронандагони љонбезор намебинанд? Љињати ислоњи вазъ боз чї чора андешиданї њастанд? Чанд ронандаро љарима карданд? Оё ронандагони љаримашуда ба њолати такрории ќоидавайронкунї даст заданд ё ислоњ шуда истодаанд? Охир, айб аст, ки дар роњњои дохили пойтахт чунин бесарусомонии њаракати воситањои наќлиёт ба мушоњида бирасад. Бояд пойтахт барои дигар шањру ноњияњои кишвар дар њама масоил аз љумла дар њаракату гардиши муназам ва ботартибонаи њама гуна воситањои наќлиёт намуна бошад! Аз сардори Раёсати БДА ВКД ЉТ эњтиромона хоњиш дорам, ки рейдњои доимиро чињати ислоњи вазъ пайваста дар дохили роњњои пойтахт њам рўзона ва њам шабона роњандозї намояд, то шумори садамањо ва маргу мири одамон коњиш ёбад! Дар амалї шудани ин амали хайр ба њамаи нозирони БДА муваффаќият ва комёбї хоњонам! Нодир САЛИМПУР, сокини шањри Душанбе

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №3 (436), 15. 04. 2015

ТАЪРИХЧА

Ќиссањои Ќозї Ќурбон Ба номи Худои Зиндаи Поянда. Ёддошти миллат хазинаи бебањои миллї аст. Баъзан, ёддоштњо њодисањои кўчаканд. Вале дар ёди афроди миллатанд, охир. Миллат бо њамаи буду шудаш миллат аст. Аз он ёддоштњо ќиссањоест дар забони мардуми Обигарм рољеъ ба Ќозї Ќурбон, охирин ќозии Обигарм дар даврони собиќ Аморати Бухорои Шариф. Ќиссаи аввал. Дар байни дењаи Калтањо ва Ќандак кўтале њаст, ки роњи нави мошингарди Душанбе - Рашт бояд аз миёнаи он убур мекард. Кўталро мардуми Обигарм "Кўтали Ќозї" мегуфтанд. Ва он ќиссаи аљибе дорад. Мардуми ду дењи номбурдаро барои заминњои њамин кўтал, ки даште калону кушод ва дањњо гектар аст, љанљолу низоъ мешавад ва ба ќозии онрўзаи Обигарм Ќозї Ќурбон мурољаа менамоянд. Ќозї мардумро мегўяд, ки ба љои њодиса њозир шаванд ва худаш њам ба он љо омада, дар мобайни кўтал менишинад. Пеши ќозї нону љурѓот меоранд. Мардум даъворо баён мекунанд. Њар кадом шоњиду васиќањои андоз ва дигар асноди молу мулкии он рўзро пешнињод менамояд. Пас, аз ошно шудан ба ќазия, Ќозї ба фарозу шеби кўтал ва пањнову болои он нигариста, мегўяд: аз њамин љои нишастаи ман поён аз мардуми дењаи Калтањо ва боло аз мардуми Ќандак! Бо њамин, тарафњо розї шуда, минбаъд кўтал ба номи "Кўтали Ќозї" машњур мегардад. Ќиссаи дуввум. Бобои модариам обигармї буд. Наќл мекард, ки Акаљонбой аз бойтарини мардумони Обигарм буд. Рамањои гусфандро бо воситаи аѓбаи Анзоб ба бозорњои Истаравшан мебурд. Дар миёни њар гўсфанд ду чўби калонтар аз дастаи бел мебастанд, то гоњи аз аѓба гузаштан гўсфанд ба даруни тарма фурў наравад. Бой дар Истаравшан чандин дўкон барои савдо њам доштааст. Боре, саги дўстдоштаи Бой мемирад. Бой сагро кафан карда, ба эъзозу икрори тамом мегўронад. Ќозї Ќурбон чун аз воќеа бохабар мешавад, Бойро назди худ даъват карда, мегўяд: "Бой, шаръи шарифи муњаммадиро тањќир намудї. Чаро сагро ба монанди мусулмонњо кафан кардї?" Бой ѓазаби Ќозиро дида, мегўяд: Љаноби Ќозї! Саг пеш аз марг васият кард, ки фулон гўсфанди чориро ба Шумо дињам". Ќозї каме дигаргун шуда, мегўяд:

"Худо хайр кунад. Саги шумо њаќќи љаноза њам доштааст". Ќиссаи саввум. Ќозї Ќурбон дар файсалаи умур мањорати бисёр доштааст. Овозаи фатвоњояш ўро дар Ќаротегину Дарвоз ва манотиќи дигар шўњратманд гардонида будааст. Боре як муллои њоитї, ки мадрасаи Бухороро ба итмом расонида буд, ба диёри худ Њоит бармегардад. Гоњи баргаштан ба ватан, шаб дар Обигарм мемонад. Њамчун мењмон ба маросиме мебарандаш. Ќозї Ќурбон дар садри маљлис нишаста будааст. Мулло ба одати муллоњои Бухоро суоле чанд аз Ќозї пурсида, посух мегирад. Нињоят, дар кадом масъалаи шаръие бањсашон идома меёбад. Ќозї мебинад, ки муллоро бо бањс ќаноатманд карда наметавонад, аз љой бархеста, њарифи худро як мушт мезанад. Мулло хомўш мешавад. Мулло фардо боз ба тарафи Њоит ба роњ мебарояд. Чун ба ватан мерасад, касони наздикаш ба зиёраташ меоянд. Сўњбат гарм мешавад, мардум аз Бухоро, мадраса ва таълим суол кардан мегиранд. Чун мефањманд, ки мулло шабро дар Обигарм гузаронидааст, мароќангез мепурсанд, ки Ќозї Ќурбонро дидааст ё не? Љавоб медињад, ки дидам. Боз мепурсанд, чї хел аст, чї ќадар мулло аст? Мулло љавоб медињад: "Худаш он ќадар мулло нест, локин мушташ хеле мулло будааст". Ќиссањо аз Ќозї Ќурбон баёни воќеиятњои як даври зиндагии мардуми тољик аст. Дар он танзу шўхї бо њаќиќат омехта гардидааст, ки аз забонњо ба забонњо наќл ва аз ёдњо ба ёдњо боќї монда ва хоњад монд. Дар њар давру замон нисбати чунин ќиссањо фикру андешаи мардум дигар шудан мегирад. Азизам, даври ману ту низ чун хобу хаёл мегузарад. Боре, ману ту низ ќисса хоњем шудан. Акнун, ки ќисса нестем, ќиссахону ќиссагў ва ќиссафањму ќиссашунав бошем. Дар ќиссањо панду андарзи зиндагист. Зиндагиро дарёб, ба ќадраш рас, ѓаниматаш дон. Њар лањза неъматест бебањо ва њар дам ѓаниматест беинтињо. Онро ба фурсатњои тиллоии умр табдил кун. Чун бадали он дигар дарнамеёбї. Бикўш, дар зењни мардум кори неку њарфи хубат боќї бошад. Саломату бардавом бош. Бо дуои нек, Домулло МАЪРУФ

АКСИ ГЎЁ

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Файзулло БАРОТЗОДА, роњбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тољикистон: - Дар пањнкунии сатри арабишуда ва либосњои динии саропо сиёњ наќши таблиѓотии њаракатњои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонањои иљтимоии шабакаи Интернет ва моњвора низ бисёр ќавї аст. -Як бало кунед, ки генералњо боло-болои бомњо моњворачиниро сар кунанд...

Умед ЉАЙЊОНЇ, пажуњишгар: - Њам донишомўзонро ва њам мансабдоронро бояд аз пайомадњои фасодкорї дар кишвар огоњ кард. Вале мансабдоронеро, ки даст ба фасод мезананд, бояд ба додгоњ кашид. - Умедљон, афсўс, ки додгоњ њаст, вале дигар ягон одами мекашидагї намондааст...

Мулло Њайдар ШАРИФЗОДА, руњонї: - Шаш масљиди минтаќаи Кўлоб ба тарафи Ватикан намоз мегузоранд. Њол он ки тибќи мазњаби Абуњанифа (р) 45 градус тарафи рост ва 45 градус тарафи чап, яъне 90 градуси самти ѓарбї ќибла мебошад. - Мушкили шумо, домулло, бо 4 сомонию 80 дирам њал мешавад. Ба имомхатибони масљидњо, 80 дирамї 6 дона транспортир харида дињед, љонатон халос.

Афзалшоњи ШОДЇ, сароянда: - Рэпро дар Америка, Аврупо ва Русия гўш кардаам. Як санъати хуб аст, ба шарте, ки тарбиявї бошад, бачањоро ба як роњи хуб кашад. Ман рэпро гўш мекунам, рэпро дўст медорам, мехоњам жанри рэп жанри одоб бошад. - Дар баъзењо, мутассифона, њунар бо одоб њич ба њам омада наметавонанд, Њољї!

Мањмадалї ЊАИТ, муовини раиси ЊНИТ: - Бе њузури њизби мо, фазои сиёсии кишвар камранг хоњад буд. Доирањое, ки љонибдори яккарањбариву яккањизбии љомеаи тољиканд, сахт иштибоњ мекунанд. - Баъди намоишњои фошкоронаи "Нури нањзат", ин як њаќиќати бебањс шудааст...

Шамсиддин ЌУРБОНОВ, роњбари Маркази тиббии "Насл": - Агар холисона бањогузорї кунем, тиб ва тандурустї дар 10 соли охир ба таври чашмрас дар Тољикистон рушд кард. Дар Тољикистон имрўзњо баъзе аз амалњое анљом дода мешавад, ки дар гўшаи хаёли касе 10 сол пеш набуд ва буда њам наметавонист.

... ТУ НАПУРС, ЉОНИ БОБО, ТУ НАПУРСУ МАН НАГЎЯМ... Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

- Мисол: 10 сол пеш ба хаёли касе омада њам наметавонист, ки занаш ваќти зоидан, аз таваллудхона занг зада, фарёд занад: "Дад-а-а-а-аш! Аз аптека дастпўшак харе-е-е-е-е-е-е-е-е-е-д!!!!!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.