“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
Сюзан ЭЛЛИОТТ:
1
"Тањдид ба Тољикистон, тањдид ба ИМА аст" №4 (437). Чоршанбе, 22-юми апрели соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
СУЊБАТИ ДОЃ
"Агар медонистам, ки бачаи маро баъди 4 рўз кушта, дар "морг" мепартояд..." Тољинисо Каримова:
САЊИФАИ 6
ГУЗОРИШ
1-ум, 5-ум, 15-ум... Чаро "Амонатбонк" дар пардохти нафаќа таъхир мекунад? САЊИФАИ 4
Буд ё набуд Кї ба муаллимони Рашт тањдид кард?
САЊИФАИ 5
Се роњи Толибон. Оё Мулло Умар ба нафъи Абўбакри Баѓдодї аз хилофат даст мекашад?
Њошим Гадо зањматкаши бузург Ман нобиѓа нестам, ман зањматкаши бузургам. Зарфи панљ соли тањсил шумо наметавонед њунари актёрї омўзед, санъат умрро талаб мекунад...
САЊИФАИ 7
САЊИФАЊОИ 8-9
ДАВЛАТДОРЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
2
Хабари ба оташ кашидани асбоби аёнии мактабе дар ноњияи Рашт сокинони онро ба ташвиш намеафканд, агар дар пайи ин њарфи як мактуби тањдидомез дар сабки тундгароёни исломї ба муаллимон расонаї намешуд. Ин як минтаќаи барои Тољикистон њассос ба њисоб меравад, бахусус дараи Камароб, ки хотироти даргирињои 4 - 5 соли пеш њанўз дар хотирањо боќї мондаанд.
Сафорати Амрико дар Тољикистон маболиѓи худро барои чї сарф мекунад?
Буд ё набуд.
Шаби љумъа ба шанбеи 17-ум ба 18уми апрел нафар ё гуруњи номаълуме ба мактаби №44 - и дењаи Ќушунбоѓи ноњияи Рашт ворид шуда, асбоби аёнии хонишро ба оташ кашиданд ва як мактуби тањидомезеро њам ба муаллимону муаллимон боќї гузоштанд. Рањматшоњ Солиев, раиси дењаи Ќушунбоѓи ноњияи Рашт, дар шарњи ин њодиса гуфт, тахрибкорон харитањои СССР, Тољикистон ва љамоати Боќї Рањимзода, чанд шиори мактабї, љадвалњои дарсии хонандагонро сўхтаанд. Вай иттилоъ дар бораи инро, ки аксњои ќањрамонони миллии Тољикистонро оташ зада бошанд, рад кард. Рањматшоњ Солиев аз афроди ангуштшумор аст, ки номаи њушдори ин нафар ё гуруњро хондаву мегўяд, дар он ба муаллиму муаллимањои дар умум ноњияи Рашт тањдид шудаанд. Ба ќавли ў дар ин мактаб омадааст, ки "аз ин пеш њам шуморо огоњ карда, аммо ин дафъаи охир аст ва агар дар як моњи оянда корњои худро тарк накунед, сахт пушаймон мешавед". Рўзи 20 апрел ин њодиса расонаї шуд. Дар шарњи он як манбаъ дар маќомоти зидахли ноњия ба Ољонсии TojNews танњо инро гуфт, ки њодисаро тањќиќ доранд ва ба хулосае нарасидаанд, ки ин як амали авбошї аст, ё кори дасти тундгароёни исломї. Ба ќавли ў, ба оташ кашидани асбоби аёнии мактаб метавонад авбошї бошад, аммо ин, ки муаллимањоро тањдид кардаанд, фаротар аз як амали авбошист.
Кї ба муаллимони Рашт тањдид кард? мактабро аз кор гиранду хеши ўро директор монанд, ба ин кор даст задааст. Вай афзуд, ин шахс харитаи СССР ва баъзе шиорњои мактабиро канда, дар гўшае ба он хотир оташ задааст, ки "директор бадном ва аз вазифааш барканор шавад". Хулосаи суњбати раиси ноњияи Рашт ин аст, ки "ин кор аз хусумати њамсоягї бархоста, њарфи ягон гурўњи нооромкунанда дар миён нест. "Боздоштшудагон як муаллими мактаб, бародари ў ва посбон мебошанд" - гуфт Ќаноатшо Лоиќов, аммо аз бурдани ному насаби онњо худдорї кард ва ин ваъдаро супурд, ки "баъдан онњоро ошкор хоњад кард".
"Ду кўдак" Аммо як рўзи ќабл - 20 апрел - раиси ноњияи Рашт њодисаро ба гунаи дигар ташрењ карда буд. Вай гуфт, асли воќеа он аст, ки ду кўдак чанд вараќаи китобро дар мактаб оташ задаанд ва худи ў ба мактаби №44-и дењаи Ќушунбоѓи љамоати Боќї Рањимзода рафта, њодисаро бо раиси бахши амнияти минтаќа, корњои дохилї, раиси љамоат ва директори њамон мактаб ба баррасї гирифтааст: - Ба њар њол ин њодиса тањќиќ карда истодаем ва муайян мекунем, ки кадом мак-
"Вазифаталабон" Рўзи 21 апрел Ќаноатшо Лоиќов, раиси ноњияи Рашт дар сўњбат ба TojNews аз боздошт шудани се сокини дењаи Ќушунбоѓ дар ин робита ба ин њодиса хабар дод. Ба ќавли ў, як њамсояи директори мактаб бо маќсади он, ки директори
«
Дар маркази Рашт - шањраки Ѓарм як бинои семанзилаи раёсат бунёд шуд. Дар шањраки Навобод, Њоит, Тољикобод, дараи Њакимї ва Тавилдара биноњои дуошёнаи шўъбањои нави милиса ќомат афрохтанд. Теъдоди кормандони милиса афзуд. Ќисми низомии вазорати дифоъи Тољикистон низ мањз дар дараи Камароб, ки замоне гузаргоњи бемамониати мухолифини њукумат буд, мустаќар шуд.
«
таббача ин корро кардааст. Њатман маълум мешавад, ки ин корро кї кардааст... Раиси ноњияи Рашт нуктаи аз њама муњими ин њодиса - дастрас шудани мактуби тањдидомез ба омўзгоронро рад карда, гуфта буд, ки дар Рашт ягон гурўњи "худсар" вуљуд надорад ва њама љонибдори сиёсати Президенти мамлакат мебошанд.
"Тундгароён" Дењаи Ќушунбоѓ, ба гуфтаи њамсуњбатони мо, дар саргањи дараи Камароби ноњияи Рашт воќеъ аст. Поёнтар аз ин дења як ќисми низомии вазорати дифоъи Тољикистон низ мустаќар шудааст, ки пас аз амалиёти густарда алайњи гуруњњои ѓайриќонунии мусаллањ дар водии Рашт ташкил шуд. Ин амалиёт пас аз он шуруъ шуд, ки 19-уми сентябри соли 2010 бар асари њамлаи як гуруњи мусаллањ дар дараи Камароб 28 сарбозу афсари вазорати дифоъи Тољикистон ба шањодат расиданд. Амалиёт то моњи майи соли 2011 идома кард. Дар ин миён моњи январи соли 2011 собиќ размандаи неруњои Иттињоди неруњои оппозитсиони тољик (ИНОТ) ва корманди шуъбаи мубориза бо љинояткории муташаккили Раёсати корњои дохилии ноњияи Рашт - Аловуддин Давлатов, мулаќќаб ба Алии Бедакї ва моњи апрели њамон сол фармондењи собиќи ИНОТ, ба иттилои расмї, он замон рањбари низомии "Љамоати Ансоруллоњ" - Абдулло Рањимов, ё Мулло Абдулло кушта шуданд. Дар замони љанги шањрвандї - 1992 то 1997 низ водии Рашт мањалли асосии
даргирињои миёни њукумат ва ИНОТ ба њисоб мерафт. Аммо пас аз кушта шудани Мулло Абдулло то ба имрўз ин минтаќаи амн ба шумор меомад. Њатто дар як суњбат ба муаллифи ин сатрњо пас аз як соли анљоми амалиёт сарвари Раёсати минтаќавии Рашт гуфт, дар ин минтаќа тайи як соли ахир танњо як њодисаи љиної, он њам дуздии гов рух додааст. Аммо њукумати Тољикистон сари шарќи кишвар њамеша машкук буд. Аз ин хотир, ба љои як шуъбаи корњои дохилї дар ноњияи Рашт - Раёсати ВКД дар минтаќаи Рашт ба вуљуд омад. Дар маркази Рашт - шањраки Ѓарм як бинои семанзилаи раёсат бунёд шуд. Дар шањраки Навобод, Њоит, Тољикобод, дараи Њакимї ва Тавилдара биноњои дуошёнаи шўъбањои нави милиса ќомат афрохтанд. Теъдоди кормандони милиса афзуд. Ќисми низомии вазорати дифоъи Тољикистон низ мањз дар дараи Камароб, ки замоне гузаргоњи бемамониати мухолифини њукумат буд, мустаќар шуд. Гап дар мардуми Рашт нест, балки мавќеияти минтаќа аст, ки њам њаводиси замони љанги шањрвандї ва њам амалиёти солњои 2010 - 11 далели он мебошанд. Мањз ин мавќеиятро гуруњњои байнулмилалии террористї њамеша мехоњанд истифода кунанд. Аз ин хотир, камтарин њодиса дар ин водї, бахусус дар пасманзари њамлањои террористие, ки шимоли амни Афѓонистонро ноамн карданд, хурд наменамоянд. Њукумат њам наметавонад сари Рашт машкук набошад... Фаромарзи ФОЗИЛ
САДОИ МАРДУМ
7 ДАРСАДИ МАРДУМ ДОРУ НАМЕХАРАНД
40%
5%
13%
8%
Аз ин њам бештар
10%
9%
То 500 сомонї
15%
То 100 сомонї
20%
То 20 сомонї
25%
То 1000 сомонї
30%
6%
Ман дору намехарам
35%
7%
Дар ин бора фикр накардам
44%
45%
44 фоизи мардум ба доруворї дар як моњ то сад сомонї маблаѓ сарф мекунанд.
12%
0% 1
2
3
4
5
6
7
Дар ин бора натиљаи назарсанљии ахири Ожонси иттилоотии TojNews, ки тўли як њафта дар сомонаи ин расона идома дошт, далолат мекунад. Ин дар њолест, ки беш аз 7 дарсади ширкатдорони ин назарсанљии виртуалї изњор кардаанд, ки умуман дору намехаранд. Пурсидашудагон дар ин назарсанљї ба саволи "Дар як моњ чанд сомонї барои хариди дору сарф мекунед?" посух гуфтаанд. Инак, тибќи натиљањои он, 44% барои дору дар як моњ то 100 сомонї, 13 дарсад барои дору дар як моњ то 500 сомонї ва 8 фоиз то 1000 (њазор) сомонї сарф мекунанд. 9 дар сад гуфтаанд, ки дар як моњ барои доруворї
камтар аз 20 сомонї харљ доранд. Ин дар њолест, ки 6 дарсади пурсидашудагон дар посух ба ин савол гуфтаанд, ки барои доруву дармон бештар аз 1000 (њазор) сомонї маблаѓ сарф мекунанд. 7 дар сад гуфтаанд, "ман дору намехарам" ва 12 дарсади боќимонда изњор кардаанд, ки харољоташонро ба доруворї њисоб накардаанд. Онњо дар назарсанљї, дар посух ба њамин савол, гуфтаанд, "Дар ин бора фикр накардаам". Дар ин назарсанљии ѓайрирасмї, наздики 500 нафар ширкат доштанд. Дар он аз як компютери инфиродї як маротиба раъй додан имкон дошт.
МУСОЊИБА Ќаблан Раёсати назорати кул, ё OIG (Office of Inspector General), як нињоди нозири њукумати ИМА натиљањои бозрасї ё аудити сафорати кишвараш дар Тољикистонро нашр кард. Ин бозрасї аз 29 октябр ба 15 ноябри соли 2014 анљом шуда, натиљањои он моњи марти соли равон ба нашр расонд. Дар ин робита чанд суоле пеш омад, ки аз нигоњи мо, дар муносибатњои ду кишвар муњим ба назар мехўрданд ва онњоро бо Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тољикистон ба миён гузоштем:
аз Фахриддини ХОЛБЕК
"Бозї бо таќдир". Хонум Њиллари Клинтон президенти Амрико шавад...
"Тањдид ба Тољикистон, тањдид ба ИМА аст" Суњбати ихтисосї бо сафири Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Тољикистон 55 њазор коњиш доданд. Сабаб чист? - Ин тавсия масоили кори дохилии маъмурии њукумати ИМА-ро тасвир мекунад ва ба маънои коњиш додани кўмаки Амрико ба Тољикистон дар ин ё он намуд нест. - Дар гузориши OIG инчунин мехонем, ки кўмаки ИМА ба Тољикистон аз 36 миллион доллари ќаблї ба 30 миллион доллар коњиш ёфтааст. Сабаб чист? Ва чаро ин коњиш аз њисоби барномањои мубориза бо маводи мухаддир аст? Оё барномањои ќаблї натиља надоданд? - Кўмаки њамасолаи мо аз буљете вобаста аст, ки њар сол мо аз Конгресси ИМА мегирем. Њаљми пуштибонии молиявї аз сол ба сол таѓйир мехўрад. Мо дархостњои худро бо назардошти талаботи кишвар ва барномањои љории худ таќсим мекунем. Мо аз барномањои худ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ифтихор мекунем ва бар ин боварем, ки онњо натиљањои хуб медињанд. Мо ба мисли солњои ќабл бо њукумати Тољикистон дар мубориза алайњи маводи мухаддир њамкориро давом хоњем дод. - Ва чаро кўмак барои мубориза алайњи терроризм зиёд мешавад? Оё дар сафорати ИМА ин пешбинї вуљуд дорад, ки гуруњњои террористї ба Тољикистон аз гузашта бештар тањдид меку-
нанд? Кадом гуруњњоро барои Тољикистон хатарнок арзёбї мекунед? - Дар ин бора посух гуфта будем. Мо як барномаи ќавии мусоидат ба амнияти Тољикистонро дорем, зеро аз нигоњи мо, тањдид ба Тољикистон, тањдид ба ИМА аст. Мо бо њукумати Тољикистон робитаи хеле танготанг дорем, то кишвар марзњои боэътимод ва амн дошта бошад. - Оё мо дуруст фањмидем, ки барои таъмини амнияти дипломатњои амрикої дар Тољикистон $722,148 доллар харљ мешавад? Фикр намекунед, ки ин аз њад зиёд аст ё сабаби харљи чунин маблаѓи бузург чї аст? Ба онњо касе ё гуруње хатар эљод мекунад? - Мо ба амнияти дипломатњои худ, ки дар хориљ кор мекунанд, хеле љиддї муносибат мекунем ва њама кўшишњоямонро ба харљ медињем, ки амнияти онњо ва шароити боэътимоди кори онњоро фароњам созем. - Неруњои Marine, ё маллоњони Marine њам амнияти сафоратро таъмин мекунанд, ё масъулияти дигар доранд? - Неруњои дарёгард - ќисмати људонашавандаи таъмини амнияти сафорат мебошанд. Суњбати Фаридун РАЊНАВАРД "Нигоњ": Мусоњиба дар шакли хаттї гирифта шудааст.
ЌОНУН
Боздошти ду нафар барои "заминфурўшї" дар Суѓду Вањдат Вазорати корњои дохилї ду нафарро боздошт кардааст, ки барои људо кардани ќитъаи замини наздињавлигї маблаѓ гирифтаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 18-уми апрел "марди 34-сола, сокини ноњияи Бобољон Ѓафуров, пеш бо моддаи 338 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон суд шудааст, њамчун гумонбар дар ќаллобї дастгир карда шуд". Маќомот ўро ба он гунањкор медонанд, ки "бо роњи фиреб ба бова-
3
Баёни аёну ноаён
Сюзан ЭЛЛИОТТ:
- OIG, нињоди нозири нињодњои њукуматии ИМА, дар бораи сафорати ИМА дар Душанбе як гузориш пахш кард. Дар он гуфта мешавад, ки сафорати Шумо сари андози иљтимоии кормандони мањаллї бо њукумати Тољикистон музокирот дорад. Аз рўи маълумоте, ки "Нигоњ" дорад, гап дар бораи солона 300 њазор доллар меравад. Оё ин музокирот нињої шуданд? - Мо бо њукумати Тољикистон музокира дорем ва умедворем, ки дар ояндаи наздик як созишномаи дуљониба дар ин хусус ба вуљуд меояд. - Боз њам дар гузориши OIG омадааст, ки ИМА 700 њазор музди маоши кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тољикистонро пардохт мекунад. Дар ин љо гуфта шудааст, ки кўмаки пулии ИМА барои соли 2015 аз 13 ба 25 дарсад афзуда шавад? Оё афзуда шуд? Оё танњо ИМА Агентии назорати маводи нашъаоварро сармоягузорї мекунад, ё кишвари дигар низ њаст? - Ин тавсия харољотеро дар назар дорад, ки аз сўи як созмони ѓайрињукуматї барои иљрои барномањои мо анљом додааст. Ба хотири сарфаи маблаѓњо, OIG ба сафорат тавсия додааст, ки худ мустаќим барномаро роњбарї кунад, на иљрои онро тариќи созмони ѓайрињукуматї роњандозї кунад. - Дар гузориши OIG омадааст, ки хазинаи пули наќди сафоратро, ки солњои пеш 300 њазор доллар буд, ба
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
рии љавони 24-сола, сокини шањри Њуљанд даромада, аз ў 17 њазору 200-доллари амрикої гирифта, ваъда медињад, ки ба ў 0,04-га ќитъаи замин гирифта медињад, вале то њол маблаѓашро барнагардонидааст". Инчунин, тибќи маълумоти ВКД, ба маќомоти корњои дохилї дар ноњияи Вањдат "зани 60-солаи ноњияи мазкур мурољиат намудааст, ки аввалњои
моњи феврали соли 2015 зани 39солаи њамин ноњия бо роњи фиреб ба бовариаш даромада, аз ў барои људо намудани 0,6-га ќитъаи замини наздињавлигї, аз њудуди љамоати дењоти Симиганљ 6 њазору 600доллари амрикої гирифта, то њол барнагардонидааст. Кормандони милитсия дар натиљаи гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўи ин зани 39-соларо њамчун гумонбар дар ќаллобї дастгир намуда, аз рўи ин њодиса тафтишот бурда истодаанд". Аммо маќомоти корњои дохилї аз ифшои ному насаб ва љои кори ин нафарон худдорї мекунанд.
Рўзе, ки Њиллари Клинтон ширкаташ дар интихоботи президентии ИМА - ро эълон кард, ростї, байни нороњативу хушї мондам. Хонум Клинтон як зани зебост. Аммо замоне, ки "бонуи аввал" ва чор соли аввали президентии Барак Обама, ки вазири корњои хориљии Амрико буд, њељ дар тасаввури ман намегунљид ва то ба њол намегунљад, ки ў як зан буду њаст, чун рафторе занонаро дар ў намедидам. Лабонаш механданд, чашмонаш на. Гўё тобеъияти њамаро мехоњад ва инро њам, ки ба касе тобеъ набошад. Амалан њам чунин аст. Хонум Клинтони 69 - сола сол ба сол зебо мешавад. Худро дуруст нигоњубин мекунад, ё барои ин сармояи њангуфт тахсис додааст, намедонам, аммо бовар дорам, ки ин аз хоњиши воќеии ў барои чунин будан аст. Ва "чунин будан" танњо ба хотири матрањ кардани худ. Азми расидан ба ќудрат ўро зебо кардааст. Ва гўё ин азм њам мардум ва њам онњоеро, ки сиёсатњои Амрикои ќудратмандро мечархонанд, љоду кардаву њељ намегузорад, ки ўро рањо кунанд, ё аз сањна пас зананд. Воќеиятњо ба Њиллари њамнавої мекунанд. Марк Антонио Рубио (ин боксёр ё муштзани мексикої нест) сиёсатмадори љавони 35 - сола аз Њизби љумњурихоњон, ки мехоњад вориди сабќат шавад, аслан ќобили муќоиса бо Клинтон нест. Ў аз оилаи кубоињост, аммо на барои ин аз њоло бояд "тахтаву тирак" - и худро љамъ кунад (Обама њам сияњпўст ва як шахси аслан ноошно буд). Ў касе нест, ки њамсанги Њиллари бошад. Нафаре бењтар наояд, сањна то 8 соли дигар аз Њиллари хоњад буд. Њатто таърих дар ин маќтаи таърихї Њиллариро садо мезанад. 44 президенти Амрико њама мард буданд. Демократияи ќавитарини љањон то ба њол занеро ба ќудрат нарасондааст. Аммо ин, ки ин демократия намояндаи сияњпўстони то соли 1865 ѓуломро президенти Амрико кард ва падида сохт, љои бањс нест, ки аз як зан низ боз як падида насозад. Дуруст аст, ки тасмимњоро дар Амрико президент намегирад. Солњои ахир президент дар ИМА як сухангўй менамояд. Сухани онњоеро мегўяд, ки ўро оварданд. Дуруст, бо омадани Клинтон касе дар Вашингтон аз тарњњои Ховари Миёнаву Украина ва Афѓонистон даст намекашад. Бо ДОИШ - у Толибон њамин гуна хоњанд љангид, ки њоло Обама мељангад. Ин барномањо солњо пеш тарњрезиву барои онњо миллиардњо доллар харљ шудаанд. Гузашта аз ин, барномањо муваффаќона пеш мераванд ва касе наметавонад онњоро хотима бахшад, зеро њама барои гегемонияи љањонии ИМА аст. Дар гузашта - Буш ва њоло - Обама ва насиб бошад мебинем, хонум Клинтон њам узви тими иљрогарони ин барнома хоњанд буд. Аммо ман аз ин намеандешам, ки "бадтар мешавад, ки бењтар не". Дар масале омадааст: "Ваќте шер гуфт, ки зуд хона бояд равад, то танбењ нашавад, барзагов хандиду гуфт, занкалон будаї. Шер мегўяд, узр, сухан дар бораи модашер меравад, на модагов". Сарнавишт Њиллари Клинтонро зиёд дар њолати ногувор мондааст. Њамсараш, президенти Амрико - Бил Клинтон чанд бор бо занакабозї расонаї шуд. Љомиаи Амрико мунтазир буд, ки оилаи онњо барњам мехўрад, аммо Њиллари њељ гоњ ба фикри он кор накард (сухан дар бораи зани амрикої меравад, на зане, ки шавњараш, њатто як раиси колхоз, чор зан дорад!). Зани амрикої њадди аќал дар чунин њолат, "корнома" - и шавњарро такрор мекунад. Аммо Њиллари њамаро дандон ба дандон гузошта, тањаммул кард, балки њамеша бар он кўшид, ки ў Њиллари аст, на "бонуи аввал" ва њамсари кадом як Билл ва ў њам президенти ИМА. Ў њељ гоњ нагузошт мардум фикр кунанд, ки ў тањќир шудааст, балки њамеша мекўшид, ки дигарон худро тањќирдида њис кунанд. Њељ гоњ аз пеши љашмонам манзараи хандаи беѓамонаи Њиллари аз боздошти Муаммар Ќаззофї намеравад. Ваќте, ки вазири корњои хориљї буд. Аз њамон замон хонум Клинтон на танњо ман, шояд нисфи љањонро тарсонд. Он замон ва њоло њам аз сари бисёрињо ин суол гузар карду мекунад: агар чунин зан сари ќудрати Амрикои абарќудрат ояд, чї мешуда бошад? Аљиб ин, ки на ман ва на дигарон ба ин бовар надоштанд. Аммо меояд... Оне, ки бо таќдир бозї кард, на таќдир бо ў. Бубинем, ки Амрико бо таќдири мо чї гуна бозї мекунад, ваќте хонум Њиллари роњбари он мешавад.
4
ЗИНДА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
тазир буданд, ки кай нафаќапулиашон ба корт мегузарад. Дар кабинети директор мунтазир будем, ки масъули дафтари матбуотии "Амонатбонк" омада масъаларо шарњ дињад. Ин дам нохост пиронсоле иљозат пурсида, вориди кабинет шуд. Ваќте масъули "Амонатбонк" аз ў чи дархост доштанашро пурсид, бечора мўйсафед, ки Салим Њамидов ном доштааст, ба зорї даромад. Ба гуфтаи ў, нафаќаи худаш ва оилааш 700 сомониро ташкил медињад ва аз масъул зора мекард, то ин маблаѓро аз кисаи худаш ќарз дињад ва баъд аз нисфирўзї аз корт нафаќаи ўро гирад, чун мўњлати ќарзи бонкаш тамом мешавад ва бояд маблаѓро супорад. Масъули "Амонатбонк" ќасам мехўрд,
"Нафаќа кай мешавад?" Ин суоли аслии зиёда аз 40 нафаќахўре буд, ки субњи рўзи 16-уми апрел дар 50 - 70 метрии Ќасри Президенти Тољикистон садо медод. Гурўњи мўйсафедону занони солхўрда аз рўи тартиби муќарраркардаи Агентии суѓураи иљтимої ва "Амонатбонк" бояд рўзи 15-уми апрел нафаќаи моњи мартро мегирифтанд, вале таќвим 16-уми апрелро нишон медоду аз нафаќаи онњо дарак набуд. Пеш аз моњи сентябри соли гузашта онњо нафаќаашонро њанўз 4 - 5 - уми њар моњ дастрас мекарданд. Яке аз нафаќагирон, ки худро Аслон муаррифї кард, мегўяд, маъюби гурўњи дуввум буда, бо азоб њар рўз аз "Северни"-и шањри Душанбе ба инљо меояд. Ў
1-ум, 5-ум, 15-ум... Чаро "Амонатбонк" дар пардохти нафаќа таъхир мекунад?
кї бо азоб ба по меистод, гуфт, ба пули нафаќа эњтиёљи зиёд дорад. Сухани ў то инљо расида буд, ки зани пиронсоле лаб ба шикоят кушод. Ў, ки ба гуфтаи худаш, ба 84 даромадааст, рўзи дуввум аст, ки барои гирифтани нафаќа меояд. Ваќте аз ў пурсидем, ки оё фарзанд дорад ё не, гуфт, ду фарзанд дорад, як писару як духтар. "Духтарам солњои Шўравї дар Беморхонаи ёрии таъљилї кор мекард, баъд маъюб шуд. Писарам ба Русия рафта, дигар барнагашт. Солњои зиёд дар кинотеатри Зебуннисо кор кардам, имрўз рўзам ба њамин 200 сомонї нафаќа мондааст. Аз бепулї бо ду "пирожки" рўзамро шаб мекунам" - афзуд кампири 84 - сола. Салим Њамидов, нафаќагири 68 сола бо шикоят аз таъхири масъулин мегўяд, ќаблан аввали њар моњ нафаќаашонро мегирифтанд: "Ин моњ аз якум гуфтанд, ки 5-ум биёед, баъд 10-ум гуфтанд, баъд 15-ум гуфтанд, вале то њол нафаќаро надода истодаанд".
Баъди тахминан як соат нисфи нафаќагирон, ки зери офтоби бањорї меистоданд, хаста шуда, мањалро тарк карданд. Њамсуњбати нахустини мо бобои Аслон такя ба асо зада, бо азобе он љоро тарк кард. Як манзарае буд, ки диданаш хеле дардовар аст. Аммо як гурўњи дигар боќї монданд. Яке мегуфт, роњпулї надорад. Бахусус се зани русзабони муќими Душанбе намехостанд бе нафаќа ин маконро тарк кунанд. Як нафарашон, ки номашро зикр накард, гуфт, умраш аз 80 гузаштаасту аз соли 1961 ба ин тараф дар шањри Душанбе зиндагї мекунад: - Њар моњ ањвол њамин аст, њол он ки бояд аз якум то сеюми њар моњ нафаќаи
маро бояд ба дастам дињанд. Аммо имрўз 16-ум аст, то њол нафаќаро бо бањонаи то нисфирўзї, баъди нисфирўзї, пагоњ гуфта, надодаанд. Пул аз Агентии суѓуртаи њифзи иљтимої наомадааст. Наход дар 15 рўз натавонанд ин мушкилро њал кунанд. Рўзи сеюм аст, ки ман барои нафаќа меоям, аз маѓозаи назди хона ќарздорам ва нафаќаро бурда, ба ќарзам месупорам. Агар вазъият њамин хел давом кунад њатман ба назди Президент шикоят меравам. Њудуди 20 нафар дар беруни дар интизор буданд. Ваќте дохили бинои "Амонатбонк" шудем, он љо низ тахминан 15 нафар рўи курсињо нишаста мун-
ки дар корти худаш њамагї 100 сомонї дорад ва наметавонад њољати ўро барорад. Ростї, ў низ як гуна худро ноњинљор њис кард, аз он, ки наметавонад ба ин мўйсафед кўмак расонад... Љўрабек Њаќназаров, муовини директори департаменти пардохти нафаќа ва кортњои бонкии "Амонатбонк" ба кабинет ворид шуда, хеле муаддабона вазъро шарњ дод: - Маблаѓи нафаќа аз љониби Агентии суѓуртаи иљтимоии нафаќа ба суратњисоби мо нагузааштааст ва аз Агентї ваъда кардаанд, ки то шоми имрўз маблаѓ бояд гузарад. Агар аз Агентї маблаѓро гузаронанд, рўйхатро пешнињод кунанд, дар давоми 20 даќиќа мо метавонем, ки ин маблаѓро ба суратњисоби нафаќагирњо гузаронем. Онњо метавонанд дар тамоми бонкоматњои "Амонатбонк" нафаќаашонро гиранд. Њамаи банкоматњои мо ду - се рўз пеш бо пули наќд таъмин карда шудаанд ва дар ин кор айби мо нест. ...Хушбахтона, то рафтани мо маблаѓ аз Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа омад. Баъд аз ним соат таќсимоти он шурўъ шуд. Мо њам бо ин умед, ки дигар нафаќахўрони мо сарсон намешаванд ва Агентии суѓуртаи иљтимоии нафаќа дигар "Амонатбонк" - ро дар њолати ногувор намемонад, бинои бонкро тарк кардем. Муллораљаб ЮСУФЇ
БАЪДИ 26 СОЛ Рањим Масов, директори Институти таърихи Академияи илмњои ЉТ аз вазифа барканор шуд. Бино ба иттилои як манбаъ аз Академияи илмњои Тољикистон, субњи 20-уми апрел масъалаи таѓйироти кадрї дар Академияро дар љаласае дар Њукумати Тољикистон баррасї кардаанд. Эњтимол меравад, ки соати 15:00-и имрўз Раёсати Академияи илмњо дар бораи таѓйироти кадрї ќарорњои зарурии худро содир кунад. Ба гуфтаи манбаъи TojNews, инчунин Акбар Турсон, ки дар вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдакї кор мекард, аз вазифааш барканор шуд. Ин нафарон бо сабаби ба синни нафаќа расидан аз вазифа рафтаанд. Инчунин, Абдулвоњид Шамолов, директори Институти фалсафа, сиёсат ва њуќуќи Академия барои ба кори дигар гузаштан аз вазифа рафтааст. Тибќи ин таѓйироти кадрї Абдурањмон Мањмадов ба љои Абдувоњид Шамолов, Зик-
Барканории академик Масов аз вазифаи директори Институти таърих риё Акрамов ба љои Рањим Масов ва Сахидод Оташов ба љои Акбар Турсон директорони нави институтњои Академияи илмњо таъин шудаанд. Рањим Масов дар ин вазифа 26 сол фаъолият карда, вай соли 1988 директори Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши Академия таъин шуда буд. Ў соли 1939 дар дењаи Мдехарви ноњияи Ванљи Вилояти мухтори Ќўњистони Бадахшон зода шуда, дар хонаи кўдакони шањри Хоруѓ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе тањсил мекунад. Донишгоњи давлатии Тољикистонро соли 1961 ба итмом расондааст. Рањим Масов соли 1967 рисолаи номзадиаш ва соли 1982 рисолаи докториашро њимоя кардааст. Аз соли 1990 академики Академияи илмњо мебошад.
Бештар бо мавќеъгарињояш шинохта шудааст. Китоби ў "Таърихи табартаќсим", ки соли 1991 нашр шуд, аз китобњои пуровазаи таърихии тољик мебошад, ки дар бораи таќсимоти њудудиву марзї дар соли 1924 мебошад. Номи ў бо ифшои беадолатињо нисбат ба мардуми тољик баланд шуд. Охиран дар соли 2011 аз додани хоки Тољикистон ба Чин интиќод кард ва гуфта буд, ки узви Комиссия будам, аммо имзо нагузоштам. Дипломатияи тољикро барои заифиаш интиќод кард. Инчунин, аз мухолифони таљлили 2700-солагии Кўлоб буда, натиљаи њафриётњо дар Карони Дарвозро ќабул надорад. Шеваи рањбарии Масов, ки аз њомиёни асосии забони русї дар Тољикистон мањсуб мешавад, ахиран боиси як номаи кушоди кормандони собиќ ва тобеяш шуд, ки ўро ба
беадолатї ва худхоњї айбдор карданд. Аз љумла, олимони шинохтае чун Юсуфшо Яъќубов ва Луќмон Бойматов тариќи матбуот ба њукумат мурољиат карда, хостори аз вазифа сабукдўш карданаш шуданд. Онњо Масовро ба худсарона аз кор рондани мутахассисони бењтарини Институт ва суистифода аз мансабу азхудкунии маблаѓњои давлатї айбдор медонанд.
ИЌТИСОД
"Худнамої" - и буњрони иќтисодї Буњрони љањонї дар Тољикистон худро нишон медињад - буљети ду моњи аввал иљро нашуд, тиљорати хориљї коњиш ёфт... Ва он чї дар таърихи њафт соли ахир ёд надорад, хадамоти гумрук наќшаашро иљро накард. Ин хадамот бори ахир соли 2008 аз иљрои наќша ољиз монда буд. Нињоди зертобеи Абдуфаттоњи Ѓоиб дар 3 моњи аввали соли равон ба љои 950 миллиони пешбинишуда ба буља 75,9% ё 720,7 миллион сомонї ворид кард. Худи буљет њам дар моњњои январу феврал пурра иљро нашуд. Тиљорати хориљї дар се моњи ахир то 121,4 миллион доллар коњиш ёфт. Тиљорати хориљї, ки коњиш ёфт, табиатан Хадамоти гумрук наметавонад наќшаашро иљро кунад. Бино ба иттилои расмї, се моњи аввали соли равон њаљми гардиши тиљорати хориљии Тољикистон 965,7 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 121,4 миллион доллар кам (88,8%) аст. Аз маблаѓи умумии гардиши тиљорати хориљї 751,8 млн. доллар ба воридот ва 213,9 млн. доллар ба содирот рост меояд. Хадамоти гумрук мегўяд, воридот нисбат ба њамин давраи соли гузашта 146,1 млн. доллар коњиш ёфта, 83,7%-ро ташкил дод, аммо содирот ба 24,7 млн. доллар зиёд гардида, 113,1% афзоиш ёфтааст. Тољикистон дар ин давра ба хориља асосан алюминий (21,1% ё ин, ки 45,2 млн. доллар), нахи пахта (17,7% ё ин, ки 37,8 млн. доллар) ва мањсулоти меваю сабзавот (1,9% ё ин, ки 4,1 млн. доллар) содир кардааст. Аз хориља ба Тољикистон асосан мањсулоти нафтї (14,6% ё ин, ки 109,5 млн. доллар), гази моеъ (5,2 % ё ин, ки 39,1 млн. доллар), воситањои наќлиёти сабукрав (3,7% ё ин ки 27,9 млн. доллар), гандум, равѓани растанї, орд, шакар ва дигар мањсулотњо ворид шудааст.
ЧАРО? Коњиши иќтисодї дар Тољикистон пеш аз њама аз он сар мешавад, ки воридоти маболиѓи муњољирини мењнатї кам мешавад. Бино
ба маълумоте, ки коршиносон ироа мекунанд, ин коњиш тайи моњњои охир 20 то 30 дарсадро коњиш додааст. Ба ќавли маќомот, мушкил ин аст, ки маболиѓи муњољирин ба њамон андозаи ќаблї ворид мешаванд, аммо бо пули русї, ки ќиматаш дар баробари доллар поён аст, њарчанд дар баробари пули тољикї рўз ба рўз боло меравад. Масъуд Собиров, коршиноси масоили иќтисодї, мегўяд, ноустувории ќурби сомонї сабабгори кам шудани тиљорати хориљии Тољикистон шудааст. Ба гуфтаи ў, "пештар як доллар бо 30 рубл иваз мешуд, њоло он бо 60 рубл муодил мешавад, яъне як баробар арзонтар. Тољирон ба ноустувории ќурби пули миллї нигоњ карда, аз ворид кардани мањсулот худдорї мекунанд. Дигар сабабаш он аст, ки имрўз на инки Тољикистон балки љањонро бўњрони саросарї фаро гирифтаст." Тољирон низ мегўянд, баланд шудани ќурби доллари ИМА вазъи онњоро хароб кард, зеро онњо асосан молњои воридотиро бо ин асъор харидорї мекарданд. Ба гуфтаи яке аз онњо, ки нахост аз ў ном бурда шавад, коњишёбии талаботи харидорон дар Тољикистон низ онњоро водор кардааст, то ба кишвар камтар мол ворид кунанд. Аммо оянда чї мешавад, дар вазъияте, ки дунёро бўњрони нави
Миёни шумо, имрўзињову дирўзињо фаќат як насл нест. Мо даќиќ медонистем, ки љанг хоњад шуд, аммо онњо муътаќиданд, ки дигар љанг намешавад. Ин хеле хуб аст: Онњо аз мо озодтаранд... Борис Лвович Василйев
32 сол
молиявї фаро гирифтааст ва бахусус, Русия - шарики стратегии Тољикистон дар њалќаи тањримњои байналхалќї ќарор дорад. Нозим Ишанкулов, тахлилгари "Cato Institute" мегўяд, дар сурати кам шудани интиќоли маблаѓи муњољирон эњтимолан ќурби доллар боз баланд мешавад ва воридоти мол низ бо ќимати гарон тамом мешавад, ки дар чунин њол ќобилияти истеъмолии ањолї низ кам шуда, нархњо низ баланд хоњанд шуд. Ин коршинос мегўяд, "Њукумати Тољикистонро зарур аст, ки харољоти худро то 20% дарсад кам кунад. Аммо ман ба ин шубња дорам. Эњтимолан боз кушиш мекунанд даромади буљаро тавассути баланд кардани андозњо, вориди андозбандї, афзоиши тафтишотњо ва љаримањо зиёд кунанд". Тавре дида мешавад, калиди мушкилоти мо дар дасти муњољирин аст ва ба ќавли тољире, "Худованд Русияро нигоњ дорад!", ки вазъаш аз ин бад нашавад. Коршиносон њам бар инанд, ки дигар ягон тадбири муфид аз љониби масъулин ба чашм намехўрад, магар ин, ки кишвари бе ин њам дар ќарзи хориљї ѓўтида, боз ќарзпурсї кунад. Аммо онро њам хоњанд дод? Муллораљаб ЮСУФЇ
Бонки миллї хариду фурўши долларро зери заррабин ќарор медињад Бонки милли созмонњои ќарзии љумњуриро вазифадор кардааст, ки њар амалиёти фуруши доллари ИМА ба сурати наќдиро ба шањрвандон бо дарљи њамаи мушаххасоти шахсияти онњо анљом дињад ва онро ба расмият дарорад. Ин аввалин тасмими Бонки миллии Тољикистон барои муътадил нигоњ доштани бозори асъор нест. Ќаблан, Љамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки миллии Тољикистон моњи март дар як нишасти матбуотї гуфта буд, ки њар рўз ин бонк барои муътадил кардани ќурби сомонї аз 1 то 3 миллион долларро ба бозори арз мерезад. Ин манбаъ њамчунин иттилоъ дода буд, ки аввали соли
5
Фаридун Рањнавард
АСЪОР
Бонки миллии Тољикистон эълон кардааст, ки бидуни муайян кардани шахсияти шањрванд ба таври наќдї доллар хариду фурўш карда намешавад. Ин тасмимро Бонки миллии Тољикистон дар пайи эълон дар бораи ќатъи фаъолияти нуќтањои мубодилаи асъори шахсони воќеї гирифтааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллї, аз 17-уми апрел фаъолияти њамаи нуќтањои мубодилаи асъори шахсї боздошта шуд. Ин тасмим бо њадафи "таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи ќурби сомонї ва њифзи манфиатњои муштариёни ташкилотњои ќарзї" гирифта шудааст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
равон ќурби расмии сомонї нисбат ба доллар 4,1 дарсад ва ќурби сомонї дар бозори воќеъї 10 дарсад зиёд шудааст. Дар њоли њозир тибќи ќурби муайянамудаи Бонки миллї нархи 1 доллари ИМА ба 6,26 сомонї харидорї шуда, ба 6,30 сомонї фурўхта мешавад. Он замон Љамшед Юсуфиён гуфта буд, ки дар Тољикистон 1553 нуќтањои саррофї мављуд аст.
Ин њафта 32-сола мешавам... - Иншооллоњ! - дўстам Дилшод маро ислоњ мекунад. Иншооллоњ, ба гуфти модарам, 32-ро "пур мекунам". Ман ин зодрўзро шояд мунтазир будам. Њамеша не, шояд аз 27 ё 28-солагиам. Дар њамин синну сол таѓоям баъди як бемории тўлонї аз олам даргузаштанд (Худо маѓфираташон кунад). Не, наметарсидам. Гап дар ин нест. Марг дер ё зуд меояд, аммо њамин 5 соли ахир ман дар ин бора бисёр фикр мекардам, ки чї хел аст ин, дар 32-солагї. Тифлаконатро ятим бимониву равї. Фољеа. Њамин тавр нест? Кифоя аст дар бораи ман, дўстам њам аз пессимизмам хаста шуд, аз афташ, ки чизе ѓурунгид зери лаб. Мо бо Дилшод њамсолем. Дар бораи њамин насл фикр мекунам. Тибќи дурўѓи омор њам мо њоло аксариятро ташкил медињем. Ин аксарият, ки њанўз "аз сад гулаш", ба ќавли мардум, "яке њам нашкуфтааст", бисёр чизњоро дидааст. Ваќти љанги шањрвандї, аллакай худро мешинохт. Худоро њам дар гуруснагињо, пушти дари маѓозањои нонфурўшї, дар навбати нон шинохтааст. Дар мактабњои бемуаллим хонд. Дар кўчањои холї, аммо пур аз дузду роњзани шањр, ланкаву буљулбозї карда, калон шуд... Аробакашї, мошиншўї мекард. Баъдтар бозорнишин шуд. Хайрият, он солњо 19-20-сола набуд. Вагарна кї медонад боз ба чї корњо даст мезад. Шукри Худо, ки дузду рањзан нашуд. Силоњ нагирифт. Дастонаш ба хун наолудаанд. Аксарият нахонд. Хонду љойи кор наёфт. Нобиѓаро дар худ кушту ба муњољират рафт, ба њаммолї рафт. Барои нон рафт. Он љо њам талбандагї намекунад, Шукри Худо. Дар ѓарибї њам њунар омўхт. Кори дањ мардро мекунад. Нони њалол меёбад. Ба хона мефиристад. Замин мехарад, хона месозад... Худоро шукр мегўяд. Шукр мегўяд, ки дигар љанг нест. Шукр мегўяд, ки нон њаст. Шукр мегўяд, ки ВАТАН дорад. Аммо намоишкорона не, риёкорона аз минбару телевизионњо не. Аз сидќ шукрона мекунад. Ватанашро бештар аз њар каси дигар дўст медорад. Ба ќадри амнияту осоиштагии Ватанаш бењтар аз њар каси дигар расидааст шояд. Аз касе шароити бењтари зиндагї талаб надорад. Талаб намекунад, ки пора нагиред. Талаб намекунад, ки мањалбозї, хешутаборбозї накунед. Бањофурўшї накунед, вазифафурўшї накунед... Намегўяд. Адолати иљтимої, адолати судї, ќонунмандї њам талаб надорад. Зеро надидааст ин њамаро. Ба вуљудашон њамон ќадар бовар дорад, ки ба мављудияти бузаке бо номи "Љингилапо". Фаќат халал нарасонанд шуд, њаќашро гираду корро њал кунад, - шояд њамин њоло луќма мепартофт Дилшод, агар ин љо мебуд. Ў одат кардааст, ки барои њар кор, дар њар куљое, ки буд, бояд њаќ дињад. Вай намедонад, шояд медонаду ба даркаш намеравад, ки "њаќ"-е, ки ў медињад, њаќ нест. Ришва аст, ноњаќ аст. Таљрибааш кофї буд, то дарк кунад, ки дар њар куљое, ки ў буд, пора додан ба маротиб судмандтар будааст то адолатљўии бењуда. Ба милиса бояд ришва дод, ба "ФМС" бояд пора дињад. Ба судя, ба прокурор, ба нозири барќ, ба нозири обу андоз, ба муаллим, ба духтур, ба њама... Вай зиндагии беришваро надидааст. Адолатро ў танњо аз Худо талаб мекунад. Њама чизро аз Худо талаб мекунад. Китоб намехонад, газета намехонад, зеро фикр мекунад, ки дурўѓ менависанд. Китоби Худоро мехонад, кўшиш мекунад амру нањйи Ўро риоя кунад. "Фаќат халал нарасонанд шуд", - ибораи шинос ба гўшам мерасад. Дилшоди дўстам мешуд, њамин љумларо мегуфт њатман. Дарвоќеъ, ў њам билет харидааст. Боз меравад. Боз ба Русия. То зимистон он љо мемонад. Кор. Зимистони оянда бармегардад, иншооллоњ! Он ваќт дар ин борањо бањузуртар суњбат мекунем, боз њам иншооллоњ!
6
СЎЊБАТИ ДОЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
ВКД аст. Љасади писарамро дар сардхонаи "Медгородок" ёфтем. Он љо писарамро дидам. Сару рў ва баданашро аз назар гузаронидам, бачаамро заданд, њамааш маъиб буд. Бачаи маро зада-зада куштанд... - Ваќте бачаатонро дидед, касе аз масъулини Агнетї он љо набуд, дар бораи љузъиёти ин њодиса њеч касе бо шумо суњбат накард? - Буд, як нафари онњо бо ном ё тахаллуси Эшон Баќо њамон љо буд, ў бо ѓуруру такаббур ба мо гуфт, ки "Худоро шукр гўед, ки писари шумо њалол мурд, на њаром!". Ба ў гуфтам, ки чї хел "њалол"-у чї хел "њаром"? ... - Ба љое шикоят кардед? - Мо ба маќомоти судї ва прокуратура мурољиат кардем. Мо талаб дорем, ки ќотилони Шамсиддин мувофиќи ќонун љазо дода шаванд. Мо на танњо аз маќомоти ќудратї, балки аз президенти љумњурї Эмомалї Рањмон њам хоњиш мекунем ва талаб дорем, ки ба ин њодиса
8-уми апрел Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокинони мањаллаи 91-уми пойтахт аз љониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо иттињоми пањн кардани маводи нашъаовар боздошт мешавад. Аммо 13-уми апрел волидайни Шамсиддинро даъват мекунанд, ки омада љасади фарзандашонро аз сардхона, ё морги "Медгородок" бигиранд. Модари Шамсиддин Тољиннисо Каримова иддао дорад, ки писараш дар натиљаи лату кўб фавтидааст. Дар Агентї сабаби марги Шамсиддинро ба муътоди нашъамандї рабт дорад. Хабарнигори TojNews дар суњбат бо ў ибтидо дар бораи фарзандаш пурсид, ки чикора буд? Тољиннисо Каримова: - Писарам ронандаи таксињои "Эйшн Экспресс" буд. Барои шабу рўз кор кардан иљозат дошт. Бегоњии 8-уми апрели соли љорї, таќрибан соати 18:30 ба 19:00 нафаре ба хона омада, моро огоњ кард, ки дар назди тарабхонаи "Арбат", истгоњи таксиронии писарам, Шамсиддинро чанд нафар аз масъулини Агнетии давлатии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тољикистон лату кўб доранд. Ману падараш дарњол ба љои њодиса рафтанї шудем. Дар роњ як њамсояамон моро манъ карда гуфт, ки бачањо ўро рањо карданд, њоло дар дохили мошин аст. Мо њам ба мошини ў нишаста, ба хона баргаштем. - Чаро ўро мавриди лату кўб ќарор доданд? -Ваќте писарамонро бо мошини њамсоя ба хона овардем, аз ў пурсидам, ки чї гуноњ кардї? Гуфт, ман ронандаи таксї њастам, њар љое ки мизољон мегуфтанд, мерафтам. Боз пурсидам ва таъкид кардем, ки агар гуноње карда бошад, иќрор шавад, вале гуфт ман њеч гуноње накардаам. Вале мо баъдтар фањмидем, ки чанд рўз ќабл аз ин њодиса, яке аз мизољон ё дўстонаш бо мошини ў рафта, дар куљое ба муолмилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир даст задааст... Сипас гуфт, ки очаљон телефонам дар њамон љойњо афтодааст, ман хеста телефонкобї рафтам. Дар ваќти ман набудан, таќрибан 15-20 даќиќа баъд 5 нафар бо сардории Саидов Зафар, ду нафари онњо бо номњои Умеду Фирдавс ва ѓайра аз масъулини ин Агнетї, онњое, ки ўро зада буданд, бе ягон ордер, бе ягон "санксия"-ву њуљљат ба хона омада гуфтанд, ки мо далел дорем, Шамсиддинро љавоб дињед, бо мо равад. Ўро бурда як суолу љавоб мекунему љавобаш медињем. Падараш розї шуда, ўро дар мошинашон шинон-
«
да ба бинои асосии Агнетї дар назди бозори "Султони Кабир" бурданд. Агар ман медонистам, ки бачаи маро бурда дар ин 4 рўз кушта дар "морг" мепартояд, ман бачаамаро њеч ваќт иљозат намедодам, ки њамроњи онњо равад... - Бо њамин ўро боздошт карданд? - Торик шуда буд, њамроњи падараш аз пасашон рафтем, лекин
Тољинисо КАРИМОВА:
"Агар медонистам, ки бачаи маро баъди 4 рўз кушта, дар "морг" мепартояд..." он шаб ўро ба мо нишон надоданд. Субњи 9-уми апрел дигарбора рафтем, ин дафъа падарашро иљозати ворид шудан надоданд, лекин ман даромада ўро дидам. - Саломатиаш чї хел буд? Ягон шикояте накард?! - Ман ваќте даромадам, аввал баёноти маро гирифтанд. Ман дар он баёнот аз рўзи таваллуд шуданаш, санаи 23-юми январи соли 1990 то 8-уми апрлеи 2015 дар борааш навиштам, пас аз он пурсидам, бачаам куљост? Вайро назада бошед? Ўро ба ман нишон намедињед? Баъд аз он писарамро оварданду мо мулоќот кардем. Ваќте ўро оварданд, ман оѓўшаш карда, сару гарданашро аз назар гузаронидам. Пурсидам, ўро назадед? Гуфтанд, ки мо ин љо њаќќи задан надорем. Лекин ваќте сарашро дастмол кардам, дар назди гўшам гуфт, ки оча-
Мо талаб дорем, ки ќотилони Шамсиддин мувофиќи ќонун љазо дода шаванд. Мо на танњо аз маќомоти ќудратї, балки аз президенти љумњурї Эмомалї Рањмон њам хоњиш мекунем ва талаб дорем, ки ба ин њодиса таваљљўњ карда, омилони онро мувофиќи ќонун љазо дињанд, то барои дигарон дарси ибрат шавад.
«
љон пушти сарам "шишкаяй", сипас ваќте оѓўшаш кардам, дард ёфт, пурсидам заданат? Чун дар пањлўяш як корманди ин Агентї нишаста буд, бо имову ишора тасдиќ кард, ки ња! - Дар ин мулоќот модару писари дар бораи чї њарф мезадед? - Ман дар он ваќт гаштаву баргашта таъкид мекардам, ки агар гуноње карда бошад, иќрор шавад, љазояшро рафта дар зиндон, дар муассисањои ислоњї бибинад, то мабодо дар ин љо мавриди латукўб ќарор бигирад. Гуфт, ки ягон кори ѓайриќонуние накардааст, гуноњам ин, ки ронандаам, куљое мизољон гуфтанд, меравам. Онњо пули маро медињанд. Пас аз он дигар чизе нагуфт. - Баъд аз ин мулоќот дигар ягон маротиба бо ў во нахурдед ё бо телефон суњбат накардед, шояд дар ин муддат чизе гуфта бошад? - Мо баъди он дигар бо писарам мулоќот накардем, танњо ин, ки бегоњии 11-уми апрел занг зада ањволпурсї карду гуфт, ки очаљон ман гуноњро ба гардан гирифтам, барои ман як адвокат гиред, ки маро тибќи моддаи 200 ќисми 1 КЉ гунањ-
кор медонанд. Муфаттиш баъди он бачаамонро ба мо нишон надод. Дигар масъулин њам барои мо иљозати мулоќот надоданд. 12-уми апрел њамроњи адвокат хўрок либосњояшро бурдем. Моро ўро надидам, ба адвокат њам иљозат надоданд, ки бо ў мулоќот кунад. Муфаттиш аз рўзе, ки парванда боз карданд, телефонњояшро хомўш кард. Ман дигар фарзандамро надидам. - Хабари марги писаратонро Шумо чї хел фањмидед, кї ба шумо гуфт? - Як рўз пеш аз маргаш ба мо гуфтаанд, ки сару либос, собун ва ришгирак барем. Субњи душанбе, 13-уми апрел ваќте хурок ва фармоишњои гуфтагиашонро гирифта ба роњ баромадем, занг зада хабар додаанд, ки писарам мурдааст. Лекин ман то Агентї рафтам, он љо гуфтанд, ки намурдааст, балки дар бинои 5-уми беморхонаи "Ќарияи боло" аст. Ба бинои 5-уми бемористон рафтем, ўро наёфтам. Баъди он ба 15-ум корпус рафтам, он љо њам набуд. Аз ин миён ваќт гузашт, баъд телефон карда гуфтанд, ки писаратон дар "Медгородок"-шањраки Тиббї дар "морг" (сардхона)-и
ДОЃИ РЎЗ
Мубориза алайњи ришу њиљоб. "Ришатро ќоќ метарошам" ё "Шўи ин киай?" "Шўяш одам" Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки зоњиран аз рейди кормандони милиса алайњи ришу њиљоб дар бозорњои Тољикистон гирифта шудааст. Ин навор 19-уми апрел дар шабакаи иљтимоии Ютюб гузошта шудааст, ки зоњиран бо воситаи телефони њамроњ ба таври пинњонї бардошта шудааст. Дар он ду нафар бо либоси милисаї низ њузур доранд, аммо як нафар бо либоси мулкї ќарор дорад, бо як љавони ришдор суњбат карда, супориш медињад, ки ришашро тарошад. Њатто мегўяд: "ришат-
ро ќоќоќоќ метарошам". Ваќте љавони ришдор аз назди кормандони милиса дур мешавад, чунин чунин садоњо шунида мешавад: "Бисёр гап назан. Гуфтанут, бгу мекунам, тамом... Чиба ин намекунаду ў кардааст? Ин тољик аст, турк нест ку...". Нафаре ба ин пурсишњо посух медињад, ки "мумкин шўяш иљозат дода бошад". Боз садои марде, ки зоњиран корманди маќомот аст, баланд мешавад: "Шўи ин киай?" "Шўяш одам", - посух меояд. Ин љавоб суолкунанда писанд намеояд. Ва љавонеро маљбуран ба даруни
маѓоза медароранд. Хабарњои дар бораи бархурди кормандони маќомот бо ришдорону бонувоне, ки сару либоси исломї мепўшанд, маротибаи аввал нест. Баъди суханронии Президент Эмомалї Рањмон, дар остонаи таљлили Рўзи модар, ки аз сару либоси ѓайритољикї аз љумла аз "сиёњпўшии" бархе бонувон интиќод кард, аз сўи маќомот барои љилавгирї аз пўшидани сару либоси исломї корњои фањмондадињї оѓоз шуд.
таваљљўњ карда, омилони онро мувофиќи ќонун љазо дињанд, то барои дигарон дарси ибрат шавад. - Чизе мехоњед бигўед, ки аз он суол накардем? Тољиннисо Каримова: - Ман ин талабу хоњишњоро ба хотири писари худам намекунам. Фарзанди ман вафот кард, охираташ обод бошад! Ин талабу хоњиши ман ба хотири дигар фарзандони мардум ва миллат аст, хоњ дузде бошад, хоњ ѓару нашъманде ва ё ќотилу одамкўше. Онњо њама барои падару модари худ фарзанд њастанд. Њеч касе њаќќи задани онњоро надорад. Масъулини маќомот њам набояд онњоро бизананд. Задан чораи ислоњи љинояткорон нест. Ман талаб мекунам, ки љинояткоронро мувофиќи ќонун љазо дињанд. Ќонун барои љинояткорон љазо муайян карда аст, љазояшонро, ки диданд, аз зиндонњо озод шуда, падару модару ва зану фарзандонашон онњоро интизоранд, ба назди онњо њамчун фарзанд ва ё падару њамсар бар мегарданд... Суњбати Амруллоњи НИЗОМ
РАВЗАНА
Се роњи Толибон. Оё Мулло Умар ба нафъи Абўбакри Баѓдодї аз хилофат даст мекашад?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
7
Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
Як ќадам то ќудрат Чаро Эмомалї Рањмон њамаро ронд, аммо Мањмадсаид Убайдуллоевро на?
Њукумати Афѓонистон мехоњад бо Толибон сулњ кунад, аммо "Давлати исломї" ё ДОИШ ин музокиротро мехоњад барњам занад. Бино ба иттилои манобеъи "Нигоњ" дар Кобул, дар њоли канори њам омадани њукумат ва Толибон саркўб кардани ДОИШ осон мешавад, аз ин хотир, ин гуруњ мекўшад, ки онњо умуман ба њам наоянд. Таърихи мухолифати ДОИШ ва Толибон аз замоне сар мешавад, ки "халифа" - и худхонда Абубакри Баѓдодї рањбари Толибон - Мулло Умарро як фармондењи "бесаводу аблањ" хонд. Дар посух Мулло Умар ба Баѓдодї њушдор дод, ки њељ як толиб ба ў намепайвандад ва байраќи ДОИШ "дар замини афѓонњо" њељ гоњ баланд нахоњад шуд. Мулло Умар иштибоњ кард. Аввал, Шўрои "Хуросон" - и "Давлати исломї" пурра аз паштунњо - афѓонњои Покистону Афѓонистон, мањз "замини афѓонњо" ба вуљуд омад. Байраќи ДОИШ ро дар минтаќа каси дигар не, балки мањз афѓонњо боло карданд. Дуввум, Шўрои 10 - нафара аз 7 узви Тањрики Толибони Покистон ва 3 узви Толибони Афѓонистон таъсис ёфт, ки тањти фармондењии Мулло Умар мељангиданд ва бо нишони эътироз тарки љабњаи ў намуданд. Дар ин миён, боз чандин гуруњи хурду бузурги Толибон бо "Давлати исломї" байъат карданд. Њатто Њаракати исломии Ўзбакистон, ки бо "нону намак" ва пуштибонии Толибон њудуди 20 сол ба ин сў дар Афѓонистону Покистон вуљуд дошт, рўйрост аз он даст кашид. Њоло байраќи ДОИШ њатто дар вилоятњои шимолии Афѓонистон, ки умдатан тољикнишин (Бадахшону Ќундуз) ва ўзбакнишинанд (Форёб), боло шудааст. "Давлати исломї" бо
маболиѓи њангуфт фармондењони толибро "мехарад". Њамин тавр, рўз ба рўз "Давлати исломї" љон мегирад, Толибон камранг мешаванд. Њатто пайвастани онњо бо њукумати Афѓонистон низ шояд натиљае ба бор наорад, зеро менељерони љанги фароминтаќаї дигар онњоро нерўи аслї ва коро намедонанд. Онњо њам ба монанди тарњи танзимњои љињодии Афѓонистон алайњи таљовузи Иттињоди Шўравї пушти сањна ронда мешаванду ДОИШ рўи он меояд. Толибон дар њоли пора - пора шудан аст, аммо ба осонї таслим намешавад. То њоло он љое бо ДОИШ даргир нашудааст, аммо нишонањои ихтилофи онњо бармалотар мешавад. Аз љумла, њамлаи террористии 18 апрел дар шањри Љалолободи љануби Афѓонистонро, ки 33 кушта ба љой гузошт, ДОИШ ба зимма гирифт, аммо Толибон онро мањкум карданд. Роњбарони Шўрои "Хуросон" - и "Давлати исломї" низ ба таври мармуз кушта мешаванд. 9-уми феврал Mулло Абдулрауф Ходим, муовини амири "Хуросон", собиќ фармондењи Толибон ва њам 15 март љиянаш Њафиз Воњидї, ки љойгузини ў шуда буд, кушта шуданд. Бино ба иттилои расонањо, аввалиро бесарнишини амрикої ва дуввумиро неруњои њукумати Афѓонистон ба њалокат расонданд. Аммо ин иттило низ њаст, ки дар барканор кардани онњо Толибон мусоидат кардаанд. 16 апрел нафари аввал - "амир" - и "Хуросон" Њофиз Саид Хон дар вилояти паштуннишини Хайбар Пахтунхва ба таври мармуз кушта шуд. Бино ба як гузориш, ў ва ду њамроњашро таркондаанд ва ба гузориши дигар, онњо аз бомби дастии худ таркидаанд.
Ихтилофи умдаи миёни Толибон ва ДОИШ ин аст, ки њарду даъвои роњбарии "хилофати исломї" ё олами исломро доранд. Мулло Умар соли 1996 худро "амирулмўъминин" ва Абубакри Баѓдодї соли 2014 худро "халифа" эълон карданд. Њарду худро "роњбари мусалмонон" медонанд. Њарфи дигар манофеъест, ки пушти Толибону "Давлати исломї" нињон аст. Толибон як тарњи афѓонї буд. Онро Покистон ва "сегона" - и Амрикову Англия ва Арабистони Саудї ташкил карданд, то Афѓонистонро ѓасб карда, роњро ба манбаъњои нафти Осиёи Марказї боз кунанд. Ин тарњ муваффаќ нашуд, зеро Толибон аз хати кашидаи "сегона" берун омаданд, Амрикоро нодида гирифтанд, аз љумла як тарњи дигари нокоми онњо - "Ал - ќоида" - ро паноњ доданд, ки зиддиамрикої, њатто зиддисаудї шуда буд (Ибни Лодан мухолифи ашаддии њузури пойгоњи ИМА дар Арабистони Саудї буд ва шоњи Оли Саудро "хоин" меномид). Соли 2001 "сегона" ва дигар њампаймонњояшон дар НАТО бо бањонаи саркўбии Толибон ва Ал - ќоида, тарњњои нокомашон ба Афѓонистон ворид шуданд. ДОИШ тарњи нави њамин "сегона" аст. Ин тарњ барои фаротар аз Афѓонистон пешбинї шудааст, на фаќат мехоњанд манобеъи нафтии Осиёи Марказї, балки Русияро њам тањти назорат гиранд. Њоло Толибон се роњ дорад: яке, пазируфтани Баѓдодї, минњайси "халифа" ва пайвастан ба "Давлати исломї", дигар, пайвастан бо њукумати Афѓонистон ва сеюм, эълони љињод алайњи ДОИШ, ки як нерўи ба монанди НАТО хориљист. Интихоб аз Мулло Умар аст.
ДАЪВО
"Умед-88" аз нашрияи "Пайк" 60 њазор сомонї љуброн талаб кардааст Ширкати "Умед-88" аз хабарнигори нашрияи "Пайк" 10 њазор сомонї ва аз нашрия 50 њазор сомонї љуброни зарари маънавї талаб кардааст. Ањмади Иброњим, сармуњаррири њафтаномаи "Пайк" ба TojNews гуфт, ки барои талаби љуброн ширкати мазкур алайњи нашрия ва журналист Шарифхони Таѓоймурод ба Суди иќтисодии минтаќаи Кўлоб шикоят бурдааст. Нашри маќолаи "Бозор ё "Умедчик-88" хатар эљод мекунад?" ("Пайк" №90 8-уми апрели 2015) боис ба но-
ризоятии ширкати "Умед 88" шудааст. Ба гуфтаи Ањмади Иброњим масъулини ширкат гуфтаанд, ки гўё бо чунин сарлавња онњоро тањќир карда бошем. Муаллифи матлаб Шарифхони Таѓоймурод як нуќтаи фурўши сўзишвории "Умед-88" дар назди бозори марказии шањри Кўлобро мавриди интиќод ќарор дода навиштааст, ки ин нуќта мушкилоти зиёдеро барои мардум эљод кардааст. Дар маќолаи "Бозор ё "Умедчик88" хатар эљод мекунад?", Шарифхо-
ни Таѓоймурод навиштааст, "Мушкилоте ки "Мўъминободитарин кўлобї" њам изњори нигаронї мекунад, ин надоштани як таваќќуфгоњи замонавї ва ё њадди аќал як гирдгардиши мошинњо (круговое движение) дар маркази Кўлоб аст. Вале шањрдори Кўлоб (собиќ шањрдор) ва лоињасозони Кўлоб бехабар аз ин њама ба оњистагї дар љои охирин таваќќуфгоњ-стоянка, нуќтаи фурўши сўзишворї-заправка сохтанд: Умед-88!" Њафтаномаи "Пайк" Нашрияи "Пайк" наздики як сол мешавад, дар фазои иттилоотии Тољикистон фаъолият дошта, нахустин шумораи он моњи июли соли гузашта дастраси хонандагонаш гардид.
Аз ќабл пешбинї намешуд, ки боз Мањмадсаид Убайдуллоев раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Тољикистон мешавад. Гарчи мегуфтанд, ки Убайдуллоев баробари ба синни нафаќа расидан аз вазифааш истеъфо медињад ва бознишастагиро интихоб мекунад. Ин њарфњо дар сатњи овоза боќї мемонд, агар Убайдуллоев намегуфт, ки "раисиљумњур гуфтанд, њоло ваќти бознишастагї нест, Шумо бояд кор кунед". Яъне ў чунин ќасд дошт, аммо Президент ризоят надод... Аз ибтидо њамроњи Эмомалї Рањмон буд. Аз охири соли 1992, ваќте Њукумати имрўза зимоми идораи давлатро баъди баргузории иљлосияи таърихии 16-ум ба даст гирифт, Мањмадсаид Убайдуллоев аз Кўлоб вориди Душанбе шуд ва дар курсии љонишини Раиси Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистон нишаст. То имрўз аз муњрањои муњим дар сиёсати Тољикистон боќї монд. Соли 19-ум аст, ки раиси шањри Душанбе мебошад. Бори чањорум аст, ки раиси Маљлиси миллї интихоб мешавад, ки аз рўи маќом нафари дуюми кишвар мањсуб меёбад. Атрофи рањбариаш дар шањри Душанбе њарф зиёд аст. Кам нестанд онњое, ки бо љонибдориаш садо баланд мекунанд, аммо мунтаќидонаш мегўянд, кофист, ки ба маршрути 18 нишинї шоњиди шањрдорие шавї, ки аз соли 1995 фарќ надорад. Аз ин њама бигзарем, замони ба синни нафаќа расидани Убайдуллоев ба даврае рост омад, ки Эмомалї Рањмон аллакай ќариб бештари кадрњое, ки аз ибтидо ўро њамроњї мекарданд, аз вазифањояшон ронда буд. Аз љумла Абдумаљид Достиев, Гул Шералї, Њукуматуллои Амонулло, Матлубхон Давлатов, Шерхон Салимзода ва чанд тани дигар. Њатто Президент ёваронаш Абдуљаббор Азизї ва Саидмурод Фаттоњзодаро, ки таљрибаи бойи мушовирї доштанд, аз Дастгоњ берун кард. Албатта, маќом ва нуфузи Убайдуллоев аз ин нафарон фарќ дошт, гарчи љиддї њам набошад, чунин менамуд, ки дар ин гирдоб ў њам хоњад афтид. Чунин њарфњо низ буданд, ки Убайдуллоев аз ду вазифа дар якеаш мемонад. Вале чизе таѓйир наёфт, ў дар вазифањояш боќї монд. Боќї мондани Убайдуллоев шарњу тавзењоти гуногун гирифт. "Одами Кремл", аз муносибати хуб бо рањбари аввал, тандеми ў бо президент аз омилњое ном бурда мешавад, ки на танњо ўро дар вазифањояш њифз кардаанд, балки тавозуни ќудратњоро дар Тољикистон низ таъмин мекунанд. Убайдуллоев аз зумраи мансабдорони содиќ ба Президент низ њаст. Њар тасмиме, ки Президент рўи даст мегирад, Убайдуллоев аз аввалинњо шуда, пайравї мекунад. Вале аљиб њам њаст, то кунун Убайдуллоев ба фарќ аз дигар мансабдорони тољик ному насабашро тољикї накардааст!? Бигзарем аз њамаи ин, аз нигоњи тањлили сиёсї, феномени Убайдуллоев дар кишварњое ба мисли Тољикистон, ки давлатњои худкома ном бурда мешаванд, назир надорад. Дар њич як давлати дунё, ки низоми идораи онро ѓарбињо худкома ном мебаранд ва аз як даст идора мешавад, чунин афроди ба ќудрат наздик вуљуд надоранд. Ба гуфте, аз Убайдуллоев то ќудрат як ќадам аст. Боз њам аз нигоњи сиёсї дар њолатњои эњтимолї ў баќои низоми давлатдорї буда метавонад... Таќрибан наќши таъйинкунандае доштани маќоми дуюм будани Убайдуллоев дар Тољикистон зери суол рафтааст. Интизороти мардум њам бештар аз ў чун рањбари шањр сурат мегирад, ўро чун раиси Душанбе мешиносанд. Дар љойгоњи Убайдуллоев њамин ќадар ё бештар аз ин дар атрофи тахмину гумонњо навиштан мумкин. Вале даќиќ аст, ки наслњои оянда њангоми нигориши таърихи имрўза дар бораи ў чизи дигар хоњанд навишт...
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
Ман бояд аввал як лањзаро њикоят кунам. Лањзае, ки чархи хотирот дар як субњи баъди борони бањорї маро ба чињил соли пеш партов кард ва ба замоне бурд, ки чењраи гармаш, њунари волояш моро ошиќи театр карда буд. Тасодуф дар канори љодае, ки ќариб њар рўз аз он гузар мекардам, ўро дидам, ки бо салобати ба худ хос миёни растаи сабзаву гули назди хонааш гаштугузор мекард. Хеле солорона ва њамзамон боз њам дар ќиёс ба синну солаш чолокона ќадам мезад. Бо њиссиёте, ки гумшудаеро мељуста бошам, дар љоям ќарор гирифтам. Дар пешорўи ман Њунарманди мардумии Иттињоди Шўравї Њошим Гадо ќарор дошт. Ба сўяш нигаристам, таваљљуњи ўро чизе ба худ намекашид, вай ѓарќи андешањои худ пасу пеш ќадам мезад. Лањзае назораташ кардам ва беихтиёр ба сўяш рафтам. Яќинан маро намешинохт ва чун дар рў ба рўяш дид, истод, даст дароз кард ва мо салом кардем. Њол пурсидам. Гуфт, кистї? Худро муаррифї кардам. Аз чењрааш њеч хонда намешуд, ки шод аст аз ин шиносої ё мањзун, чун ќиёфааш њеч таѓйире накард. Аввал аз нашрияи "Нигоњ", муассис ва сардабираш пурсид ва чун маълумоте барояш ироа кардам, гуфт, хеле хуб, ман чї хизмат кунам? Гуфтам, устод њеч хизмате на, балки рањгузар будаму шуморо дидам ва омадам, ки зиёрат кунам. Гуфт, китобњои маро, ки ахиран чоп кардаам, хондаї? Шармандаам, ки нахонда будам ва иќрор шудам, ки ба љуз сатрњое, ки дар "Чархи гардун" чоп мекунад, дигар чизеро нахондаам. Аз дастам гирифт ва гуфт, њоло меравем хона, ман ба ту китоб медињам. Вай аз даромадгоњ портфели бароям ошно (шояд замоне аз ин "ошної" њам њикоят кунам, вале на њоло)-ро гирифт ва мо савори лифт боло шудем. Аз љайб калид баровард, дари хонаашро боз кард. Тахмин кардам, ки танњост, вагарна касе аз дарун дар мекушод. Ва гумонам хато набуд. Чун вориди хона шудем, ба назарам расид, ки дар чањор кунљи хонааш бастањои китобашро тањ задааст. Бўи чопхона, бўйи ошнои китоби нав ба машомам расид. Якояк аз он бастањо чандин номгў китоб баровард, дар халтањои селофанї љо кард. Ду бастаро ба худам ва як бастаи дигарро, гуфт, ба њамкоронат аз ман туњфа кун. Дар лањзањое, ки мехостам дар бораи ў аз худаш суол кунам, њич имконе намедод чизе пурсам. Гумон мекардам, ў њамоно банди кадом андешаест, бояд чизеро ба хотир орад ва шояд ба ёдаш расидаву мехоњад маро зудтар гусел кунад ва паси мизи кориаш биншинад. Дар тўли умр бори аввал набуд, ки ба хонаи як њунарманде ворид шуда бошам. Вале хонаи Њошим Гадо дигар буд. Ман дар ин манзил зарфи њамагї чанд даќиќа њаёти чањор дањсоларо пеши назар овардам. Рўзњоеро, ки барои тамошои "Эдип", "Њамлет", "Эзоп", "Муфаттиш" даќиќашуморї мекардем. Мо ба театр танњо барои ў ва чанд тан аз њампешагони ў мерафтем... Дар даст бастањои китобаш аз лифт берун шудем, маро то сари кўча гусел кард. Таќозои мусоњиба кардам, рад намуд, ба китобњо ишора кард, ба он маъно, ки аз ин китобњо посух хоњї ёфт. Ва њамзамон суолам кард: медонї, чаро бароят ин миќдор китоб додам? Ва бидуни интизори посух гуфт: ба эњтироми он, ки мушоњида кардам аз хеле
ЊУНАРУ
роњи дур баргаштї ва ба зиёрати ман омадї. Ва инак, то як поси шаб китобњояшро вараќ задам. Њошим Гадоро барои худ дубора кашф кардам. Мане, ки муддати тўлонї ўро гум карда будам, акнун аз миёни сањифањои китобњояш пайдо кардам. Гўё дар ин як поси шаб садои ўро мешунидам... "МАН ХУДРО ЯК УМР ЉУСТАМ, ВАЛЕ АФСЎС, ЊЕЧ НАЁФТАМ..." "Ваќте падарам дар љанг буд, њиссаи падари љанговарам - як пора нони сиёњро њам ба ман намедоданд ва ман маљбур будам чун њайвони хурдакак ба шикор бароям, то худро хўронам..." Њошим Гадо сарнавишти ибратомўзе дорад. Аз хурдї аз навозиши модар мањрум шудаву як бародар ва як хоњараш њам дар тифлї оламро тарк кардаанд. Ва дар "Актёр" (с.111) менависад: "Шабе, ки бародаракам Гулмад аз гуруснагї фавтид , чаро ман бо ў набудам. Чаро ман зинда мондам. Барои он ки ин муддати тўлонї дар љустуљўи ќабри модарам саргардон бошам"? Ва ин мавзуъро дар "Иќрор" идома медињад: "Бародарам солњои Љанги Бузурги Ватанї аз гуруснагї фавтид. Вай нон талаб кард, мехост нон хўрад. Субњ аллакай чашмонашро боз нанамуд. Вай хеле бармањал ин олами дурўѓинро тарк кард. Шояд вай хушбахттар аз ман буд, ки нахост зиндагонї кунад ва дар ин олам бошад?" Ва Њошим тани танњо, ятими танњову бекас худ аз тифлї аробакши сарнавишти хеш шуд. Дар китоби "Роњ" ин њамаро ёд мекунад ва мегўяд, њатто модарашро надидааст. Дар љойи дигар як лањзаи љустуљўи оромгоњи модарашро ба риштаи тасвир мекашад. Ва дар њамин љустуљў дарк мекунад, ки инсонњоро њатто баъди марг дар ќабристонњои алоњида, ки мутааллиќ ба миллатњост, дафн мекунанд. Њошим Гадо љойе намегўяд, ки ин ќабристони насронињосту он мутааллиќ ба мусалмонњо, чун тариќи дафни муъмину насронї дигар аст. Вале ўро чун инсон ин ба
риќќат меорад, ки чаро фарзандони Одаму Њаво бояд манзили охираташон људо аз њам бошад? "ОЛАМ ЧИЗЕ ЉУЗ ВОДИИ АШК ВА ЌАБРИСТОН НЕСТ..." "Дар бораи барору нобарорї ва хастагињо ба касе љуз ба модарат лаб накушо. Ва агар модар надорї, пас ба каси дигар магўй. Чаро? Зеро дар атрофи мо гўшњое њастанд, ки намешунаванд, чашмоне, ки намебинанд..." Њошим Гадо дар китобњояш худро орзупарвар меномад ва табиист, ки на њар орзуи ў љомаи амал пўшидааст. "Замони тифлї орзу доштам, ки аз ин Сайёра ба Сайёраи дигар биравам. Њанўз аз кўдакї ин Сайёра ба ман маъќул набуд. Ман њамон замон њисс мекардам, ки дар ин Сайёра чизе на тавре сохта шуда, ки бояд бошад, каљињоеро дар муносибати одамон медидам..." Бо гузашти бештар аз ду дањсола аз ин орзуњо рўзе дар утоќи кории саркоргардони театри академї - драмавии ба номи Лоњутї В. Ланге менишаст, ки аз радио хабари ба кайњон рафтани Ю. Гагарин садо дод. Ин љавони баркамол дар њузури Ланге ба гиря даромад. Ваќте сабаб пурсид, гуфт, ки замоне орзу дошт аз ин Сайёра равад ба Сайёраи дигар ва барнагардад. Аммо ин насибаш нашуд. В. Ланге худи њамон рўз ўро чун њунарманд ба кор ќабул кард ва дар намоишномаи наваш "Маккорї ва муњаббат" (аз рўи асари драматурги олмонї Ф. Шиллер) наќши асосии Фердинандро супурд. Ва ин аввалин наќш дар сањнаи театри пойтахти кишвар ва аввалин парвози Њошим Гадо ба фазои кайњонии њунар буд. Дар поёни нахустнамоиш Ланге гуфт: "Ман фердинандњои зиёдеро дар театрњои гуногун тамошо кардаам. Бар ин назарам, ки Њошим Гадо ин ќулларо фатњ кард, Фердинанди бењтар аз инро ман надида будам". Аз миён барои ду орзуи татбиќнашудаи худ, ки ба касбаш дахл дошт, самимона дилаш месўзад. Яке, офаридани наќши Отелло ва дигар, рўйи сањнаи театри тољик овардани "Спартак" буд: "Ман, Њошим Гадо, умре образи дўстдоштании Отеллоро дар шонањоям доштам, вале бо сабабњои гуногун муяссар нашуд, ки онро бозам. Ман њар сухан, њар садо, њар њаракат ва њар нигоњи ин наќшро бо худ доштам, вале ба иллатњои гуногун, ки яке аз онњо бухлу њасад ва дигар монеъагузорињо буд, нагузоштанд, ки ба орзуям расам". Дар љойи дигар мегўяд, барои "Спатак" 37 сол талош кард, дари дањњо идорањои давлатиро кўфт, вале касе ба додаш нарасид, њазинаи он фароњам наёмад: "Бигзор ин ба виљдони касоне бошад, ки ба Њошим Гадо ин имконро фароњам наёварданд, то "Спартак"- ро рўйи сањнаи тољик орад. Бигзор, онњо пеши Худо ва виљдонашон посух гўянд"("Иќрор"). "МАН ЊАМЕША ТАНИ ТАНЊО, ВАЛЕ БО ХУДО + АЛЛОЊИ ХУД БУДАМ..." "Баъзан кас мехоњад бигўяд, назарашро бо дигарон ќисмат кунад, он ќадар гуфтание дар ќалб ѓун шуда! Чашмонам мехоњанд бигирянд, вале ашк дар онњо хушк шуда. Акнун онњо бидуни ашк меги-
рянд. Оё касе маро дарк мекунад"? Дар китоби "Ѓуруби тулуъ" , ки аслан доѓњои пириро рўи сањфањо рехтаву гузаштаро ба ёд меорад ва онро ба имрўз ќиёс карда, њатто аз њаёти нобиѓањои олам њикоёти ширин мекунад, Њошим Гадо њоли имрўзи худро аёну ноаён ба риштаи тасвир мекашад. Дар ин тасвирњо вай мардона аз зиндагї, аз ќисмат, аз атрофиён, аз њоли имрўзаш наменолад, балки дар њошияи ќиссањои ибратомўз аз сарнавишти абармардони илму арбобони санъат бо чанд љумла хулосањои худро менависад. Ва ин хулосањо дар аксар маврид ќобили дарки воќеъияти зиндагонии худи ўянд. Њошим Гадо аз рўзгори Бетховен њикоят мекунад, ки бар асари фаќру нодорї фавтидааст ва менависад: "Бетховен њамагї сад сол пеш вафот кард ва фаќри ў, бидуни шак, бо њама шармандагї бар дўши сохтори сиёсии замонаш аст". Ва дар шарњи ин фољеа, ки љомеаи ваќт натавонист як нобиѓаро наљот дињад, суол мекунад: "Мо дар бораи фаќр, мањрумиятњои моддї, талошњои бесамари эљоди як зиндагии муносиб њарф мезанем, вале ба њар њол чаро дар њар асри нав сокинони он нобиѓањо ва навоварони худро аз нигоњи маъанавї мекушанд?" "Ман муддати ин 50 сол чун моњї дар об, об дар дањон гирифтам ва хомўш будам. Аммо њоло дигар наметавонам хомўш бошам. Ин чї маъно дорад ва чаро? Зеро ман адабиёти наву хуб дар бораи театр, кино намебинам, ман адабиёти хуб дар бораи касби њунармандон ва коргардонњоро намебинам" ("Њарзањо", с. 5). Ин сатрњоро њунарманди маъруф замоне рўйи коѓаз меорад, ки чор китоби ў бо номњои "Роњ", "Актёр", "Ниќоб", "Масхарабоз" дар атрофи ин мушкилот рўйи чопро дидаанд. Вале ў фиѓон мекунад, ки асари хуби драмавї дар адабиёти кишвар вуљуд надорад, барои синамо касе асари љолиб намеофарад. Ва дар њамин "Њарзањо" менависад: "Њама чиз дар ин олам такрор мешавад. Нав чист? Ин куњнаи кайњо ба гўшаи фаромўшї уфтодаест, вале ин такрорњо ба андешаи ман баъзан хуб ва баъзан бо гузинаи бад рў мезананд". ЧУНУ ЧАРОЊОИ БЕПОСУХ "Њангоми тамошои намоишномаи "Синои љавон" ман, шояд аввалин бор фаромўш кардам. Фаромўш кардам, ки ин асари ман аст ва дар сањна Њошим Гадоев. Дар сањнаи Синои зинда буд". Сотим Улуѓзода Гузашти солњо ва дурї аз синамову театр, вуруд ба олами андешањои танњої Њошим Гадоро боз њам дар гирдоби орзуњо печидаанд. Ба назар мерасад, вай умре дар фазо ва хўи бачагї зистааст, Њошими дар остонаи 80 бо орзуњои бачагиву наврасї ба сар мебарад ва ин орзуњо ўро ва афкори ўро љавон кардаанд. То њол њамон орзуи парвоз аз Замин ба сўйи Кайњон ва аз он дигар барнагаштанро дар сар мепарварад, гарчї медонад ин амалан номумкин аст. "Мехоњам аз ин сайёра ба сайёраи дигар равам. Ин љо бароям дилгир аст",-менависад ў. Ва боз: "Мехоњам ба бањр равам, ба дарё, ба љангал, вале имкон нест. Оромї мехоњам, дар ин олам љойи ором нест..."
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
МАЊОРАТ
9
Њошим Гадо зањматкаши бузург Вале дар канори орзуњои бачагиву наврасї аз танњої шиква дорад. Мутолиаи китобњо пайкараи як марди сар то по њунар, як шахси њикматпеша, вале танњоро пеши назар њувайдо мекунад. Ва чунин ба назар мерасад, ки дасти Њошим Гадоро њамин танњої сўйи ќалам бурдааст. Пештар агар розашро дар сањна мегуфт, бо Њамлету Этип, Отеллову дигарон дар гуфтугў буд, акнун чун сањна аз ўву вай аз сањна рафтааст, ин розњоро бо худ мегўяд. Акнун он муколамањоро рўи коѓаз меорад. Ва гўё илољи рањої аз ин танњоии дилгиркунандаро ёфтааст, ки ин чопи китобњост. Ва ин китобњо сар то по њамон њикмати сањнањои офаридаи ў, матолиби хонда аз ќадимиён, муколамањои тамоми умри ў дар бораи сањнаву театру киност. Ва баъзан ин њамаро њарза меномад, аммо њарзањое, ки гумон мекунам барои хонанда ќобили арзиш: "Аз ѓаму андуњ њарзагўї мекунам. Ман медонам чаро менависам. Ояндаи наздик на ман, на онњо, на мо... касе намемонад. Аз ѓам, аз танњої, аз ноилољї менависам. Охир, бояд ин неруро љое сарф кард. Ин аст, ки бо худ љанљол мекунам, менависам, бо худ бањс мекунам..." Њошим Гадо дар пояи як бањси фалсафии њаёту мамот, муборизаи хайр бо шар, нафси инсониву њайвонї меандешад ва хеле саволњоеро матрањ мекунад, ки посухашро худи хонанда бояд биёбад. Вале суолоти бељавобаш тўл намекашанд, дар њолатњое хулосањои худро дар ќолаби мантиќи зиндагї баён медорад: "Чаро одамон њамеша норозианд? Чаро њамеша якдигарро чашми дидан надоранд? Чаро ба њамдигар рашк мекунанд? Ва билохира, чаро аз ќадим танњо њамдигарро мекушанд? Ман хеле дурудароз сари ин нукта андешидам ва дарк кардам, ки одамон њеч ваќт дигар намешаванд. Онњо њеч ваќт бењтар намешаванд. Њар кадоме аз ишон меъдаи худро
доранд, ѓуруру такаббур ва хоњиши сарватманд шудан аз њисоби мењнати дигаронро доранд, илова бар ин њар кадом мехоњад соњиби ШУЊРАТ бошад". ДАРДЊОИ ТЕАТР ВА ЁЗДАЊ НОМАИ БЕЉАВОБИ Ў "Ман умре ба сояаам бовар доштам...Вале ваќтњои охир ба сояам шубња мекунам, боварам коста шудааст. Чаро? Худ намедонам..." Як бахши муњим дар китобњояш тасвири шеваи кору рафтор ва гуфтор дар сањна ва паси сањна аст. Мегўяд, "ман се-чор соат пештар аз оѓози намоиш ба театр меравам ва ба либосхонаи худ мепайвандам. Ба ман лозим аст шаш - њафт соат аз њаёти њамарўзаи худро људо кунам, худро маљбур созам, ки дар ќолаби њаёти образе, ки меофарам, зиндагї кунам ва баъд дубора ба њаёти маъмулии баъди намоишнома баргардам. Њамзамон бо ин эњсоси хастагї накунам, баръакс, љараёни нави нерўро дар бадани худ эњсос намоям". Њошим Гадо мегўяд, "ман њамеша ба садои дили бинандаи худ гўш фаро медодам. Њар бор сањнаро дигар мекардам, оњанги садо ва њаракотро таѓйир медодам. Ман наќши якранг надоштам, ба љузъ он ки њамвора хуб меофаридам. "О!!! Чї гуна ман дўст медоштам, ки бозї кунам!!! Ман бо муњаббат ва фидокорона мебозидам! Ман бо тану љон ба сањна дода шуда будам!!! Сањна гањвораи ман, њаёти ман, балову мусибат, шодї, ишќ, ранљу кулфати ман ва боз њам МУЊАББАТИ МАН буд!" "Њаёти ман, њар наќши ман "будан ва ё набудан" буд, њар рўз мемурдам ва боз аз нав зинда мешудам, њар соат ва њатто њар нафаси ман "будану набудан" аст. Бисёрињо мегўянд, ки ман нобиѓаи бузургам. На, ман нобиѓа нестам, ман зањматкаши бузургам. Зарфи панљ соли тањсил шумо наметавонед њунари актёрї омўзед, санъат умрро талаб мекунад. Муддати 50 сол аст, ки дар сањнаам, бештар аз 100 наќш дар синамо ва театр офаридам, вале њоло њам то ба охир асрори ин муаммои актёриро наёфтаам. Њоло 78 сол дорам, вале њамоно шабу рўз дар омўзишам" ("Иќрор"). Њошим Гадо аз љумлаи маъдуд њунармандонест, ки дўст надоранд шиква кунанд, вале боз њам наметавонанд чун табиби њозиќ роњи табобати дардњои ифшокардаи худро нагўянд.
Њунарманди нотакрор аз он мутаассиф аст, ки муддати бист сол натавонистааст њатто ба як номааш аз раёсати љумњурї посухи расмї дарёфт кунад. Соли 2013 дар суњбате мегўяд: "11 нома ба шуъбаи фарњанги Дастгоњи раёсати љумњурї навиштам ва ба ягон номаи худ посух дарёфт накардам. Боре бо яке аз собиќ мушовирони Президент вохўрдам ва нусхаи њамаи номањои ирсолкардаамро ба ў нишон додам. Њамаро бо худ гирифт ва ваъда дод, ки ба зудї посух медињад. Муддати 20 сол интизори љавобам ва њоло њам интизорї мекашам". Чун њунарманди асил вай аз њоли имрўзаи театр ва синамо дар изтироб аст. Дардњои зиёди ногуфта аз мушкилоти имрўзаи театр дорад. "Дар даврони Шўравї Назорати халќї буд, ки ба садои дили мардум гўш медод, њарчанд, ки моли мавриди назар, яъне спектакл пурра тафтиш мешуд. Аммо њоло комилан бењокимиятист, гўё ин демократия аст, вале аз демократия нишон нест, ќонун нест. На аз Худо метарсанд, на аз ќонун ва на аз Шайтон. Оянда чї мешавад, танњо ба худи Худо + Аллоњ маълум аст. Ман, Њошим Гадо, дар орзуи тањаввулотам", -менависад ў. Дар љойи дигар вай мегўяд, њунармандони имрўза дар наќшњо бозї мекунанд, вале образ намесозанд. Образ чист, онњо комилан фаромўш кардаанд. Зарфи солњои охир на дар кино ва на дар театр надидаам, ки њунарманд образ офарида бошад. Оё ба ин гуна театр тамошобин меравад? Њунарманди маъруф аз намоишномае њикоят мекунад, ки бо даъвати як њамсабаќаш рафтаву шоњид шудааст, ки љавонон гуруњ - гуруњ бархоста мерафтанд ва мегўяд: "Худи ман панљ ё шаш маротиба аз љо бархостанї шудам, вале њамсабаќам нагузошт, ки биравам. Зарфи 50 соли охир ин гуна шармандагиро бори аввал медидам. Ба њамкасбонам рањмам омад, ин як тамошои басо њузнангез буд. Баъзан намехоњам чизеро наќл кунам, хоњиш надорам, намедонам чаро ин тавр! Ба ин љумњурї, ба ин халќ магар чизе лозим нест? Ман бисёр меандешам, ки чаро чунин аст". "МАН АЗ ФУРУТАНИИ ЗИЁД БОХТАМ..." "Нобиѓа ин шабењи бањр аст, аммо њар кас њаќ дорад аз оби ин бањр бинўшад, танњо шарт он аст, ки обро лойолуд накунад..." Њошим Гадо њар чизе навиштааст, хулосаи таљрибаи зидагии шахсии ўст. Дар ин умре, ки бештари он дар сањна гузаштааст, хеле омўхтааст. Аз нигоштањо метавон хулоса кард, ки шояд аз сермутолиатарин њунармандони муосир будааст ва кулли драматур-
гияи ѓарбиро омўхтаву аз он бањрањо бурдааст. Вале њунарманде, ки дар бењтарин шоњкорињои театрии олам наќшњо бозидаву дар синамо мондагортарин симоњоро офаридааст ва бузургтарин асарњои драмавии ганљинаи бебањои оламро рўи сањна овардаву муваффаќ шудааст, мегўяд, њоло њам коре накардааст. Ва ин шеваи кору зиндагии Њошим Гадост, ки њамеша аз худ норозист, њамеша мехоњад имрўзаш бењтар аз дирўз бошад, ин образаш хубтару комилтар аз пештар ва ин намоишномааш хубтар аз дигар намоишномањояш бошанд. Ва ў менависад: "Мегўянд ман ба бисёр чизњо муваффаќ шудам. Вале ман, Њошим Гадо, бар ин назарам, ки њоло ба чизе муваффаќ нашудаам. Њама он чизе ки ман сохтам, љустуљўњои шогирдона дар кор буд. Ин аст њамаи таљрибаи ман. Вале ман њоло чизеро, ки бояд бисозам, насохтаам". Њошим Гадо орзу дорад ба роњаш идома дињад. Кадом роњ аст он? "Худ сўзад ва ба дигарон рўшноиву гармї эњдо кунад". Вай мегўяд, ки барои њунарманди солим ва бемор "табиби асосї" ин театр аст. Њошим Гадо худ хоксору фурутан аст, вале мегўяд, аз ин хоксорї ранљњо бурдааст ва ба дигарон тавсия медињад, ки њадди хоксориро њам риоя кунанд, чун њар амале њадди худро дорад. "Хоксориву фурутании зиёд бад аст. Ман аз фурутании зиёд бохтам. Дар љойе хоксор бояд буд, ки инро ќадр мекунанд. Вале дар он љойе, ки густохон, ќаллобон ва маккорону фиребгарон ва риёкорон нишастаанд, бо онњо набояд хоксор буд". Шояд ваќте хумори сањнаву театр мегирад, дар худ мепечад. Дилаш мехоњад боз њам вориди сањнаи кор бошад, "Спартак"-и худро офарад. Вале боз мебинад, ки ваќт гузашта, шароит фароњам нест, замона дигар шуда, арзишњои башарї таѓйир кардаанд, инсонњо дигаргун шудаанд. Онњое, ки бо ў буданд, њоло ё бознишастаанд ва ё аз дори дунё рафтаанд. Вале дар љустуљў боз њам комёб аст ва менависад: "Ман роњамро ёфтам. Чї бояд кард? Бояд шудгор ва кишт кард. Кори нек он аст, ки њоло ки зиндаям, пас бояд кишт кунам. Аз ин рў, китоб менависам. Китобњои ман эътироф аз танњої барои ояндагонанд". То хастагии ѓайриинтизор китобњояшро вараќ задам. Дар њар сањифа дањњо андарз аз рўзгор, ифшои дардњои башар, танзњои малењ, ќиссањои хонданиву шуниданї. Ва намешавад сари онњо дар ин як маќолаи кутоњ андешаронї кард...
Бобољони ШАФЕЪ
ДУРУСТ БИНАВИСЕМ "Оќо" вожаи муѓуливу туркист, ки њамзабонони эронии мо иќтибос кардаанд ва дар мавриди мурољиат ба мардон ва ё дар ѓайби эшон, агар хоњанд эњтиромашонро иброз доранд ба кор мебаранд "оќои Мурод", "оќои Шањидї" ва ѓайра. Чун сиёсати њизби коммунист ва давлати шўравї мухолиф бо табаќабандии шањрвандон буд, ва як навъ баробариро илќо мекард (дар солњои аввал содиќона ва дар солњои поёнии мављудияти худ зоњиран) тайи њафтод сол њукумати шўравї чунин вожањо аз забони муњовараї ва катбии тољикон билкулл уфтоданд.
МАРДИ МУЊТАРАМ ЗАНИ МУЃУЛ НЕСТ Пас аз бозсозии Горабчёв ва тайи солњои истиќлол "оќо" ба забони ворид шуд. Аммо азбаски ќисме аз эронињо садои "ќ"-ро ба гунаи "ѓ" талаффуз менамоянд, бархе ќаламбастони мо низ "оќо"-ро, ки ба ростї чунон хушоянд њам нест, боз њам зишттар карда, ба "оѓо" табдил додаанд. Чунончи дар як хабари кўтоњ ин вожа ба гунаи ѓалат ду бор чоп шудааст: "Асозода инчунин шикоят аз сафири феълии Љумњурии Исломии Ирон дар
Тољикистон оѓои Алиасѓари Шеърдўст дорад" "Мутаассифона, баъди зањматњои кашидаи сафири собиќи Ирон дар Тољикистон оѓои Шабистарї дар таъсиси ин махзани дониш, сафорат дигар ёди он накард" (Тољикистон, 8 феврали 2012, № 6) Таѓйири њамин як њарф ва садо дар ин вожа маънии онро низ ба куллї дигар мекунанд ва вожаи эњтиромро ба калимаи тањќир бадал месозад. Хабар-
нигор хоста риояти эњтиром бикунад, аммо чун саводаш камтар буда, марди муњтарамро тањќир кардааст. "Оѓо" низ вожаи муѓулист ва ба маънои аввал занони сарон ва бузургони муѓулро мефањмонад, яъне гунаи муаннаси "оќо" аст ва ба маънои маљозї хољасароёнро низ мегуфтаанд. Дар чунин маворид аст, ки мегўянд, "сухан дониста гў, то дўстро душман нагардонї" . Ќодири РУСТАМ
10
НОМАИ БЕТАЊРИР
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
Ба таваљљўњи Юсуф РАЊМОНОВ, Прокурори генералї, Рустами ЭМОМАЛЇ, Директори агентии давлатии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия, ЯТИМЗОДА Акбар Табарї, Раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон, Њабибулло Воњидов, прокурори вилояти Суѓд Мўњтарам Прокурори генералї ва масъулини нињодњои давлатї! Бо ин мурољиат ба шумоён аз мушкилие ќисса менамоям, ки се сол боз тўл мекашад ва масъулин аз њалли ќонунии он сарпечї мекунанд. Аз сањлангориву бемасъулиятии Урунов Фирдавс, прокурор ва Зокиров Умед, раиси кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ мурољиати пайдарпаи ман бе баррасї монда ва њалли ќонунии худро намеёбад. Мањз беэътиноии ин ду масъули давлатї дар ноњияи Масчоњ ва њам бепарвоии Шарифљон Њакимов, прокурори шўъбаи назорати умумї дар прокуратураи Суѓд ва масъулони кумитаи заминсозии вилоят ба мурољиатњои ман њамчун як шањрванди комилњуќуќи кишвар боис гардид, ки ќалам ба даст гирам ва тавассути матбуоти давр арзамро ба шумоёни мўњтарам бирасонам. Умедворам, ки бо шинос шудан ба мушкилии ба вуљудомада ба доди мо мерасед ва њаќро ба њаќдор мерасонед. Дар баробари ба даст овардани Истиќлолият дар кишвар таљдиди колхозу савхозњо ба хољагињо шурўъ гардид. Соли 1999 хољагии дењќонии "Сафар Сангин" аз њудуди колхози ба номи Ленин бо доштани 79 сањмдор дар ноњияи Масчоњ ташкил шуд. То соли 2002 - юм мо дар ин хољагї фаъолият намудем. Баъдтар, тибќи дастури раисиљумњур, таљдиди хољагињои калонњаљм дар кишвар шурўъ шуд. Соли 2002 мо 26 нафар аз хољагии "Сафар Сангин" баромада, хољагии "Сангин Сафар"-ро ташкил намудем. Дар ваќти баромадани мо контури харитаи заминњоро дар кишвар иваз мекарданд. Зеро дар ин айём алакай Љумњурии Тољикистон Истиќлолияти худро ба даст оварда ва харитаи заминсозии соли 1981-и замони Шўравиро ба замони нав мегузарониданд. Соли 2002-ум мо Сертификати хољагии дењконии "Сангин Сафар"-ро гирифтем. Он њам ваќте, ки харитаи замини хољагии мо аз нав ба ќайд гирифта мешуд. Харитаи соли 1981 - ро ба соли 2002 мегузарониданд. Мо соли 2002-юм бар асоси харитаи соли 1981 аз хољагии "Сафар Сангин" баромадем, дар он ваќт азнавбаќайдгирии харитаи заминњои Ассотсиатсияи ба номи Рўдакии ноњияи Масчоњ шурўъ шуд. Баъди баромадан аз њудуди хољагии "Сафар Сангин" харитаи соли 1981-уми замони Шўравї бекор гардида, харитаи соли 2002-ум амалкунанда њисоб мешуд, ки то ба имрўз тибќи он тамоми заминњои ноњияи Масчоњ ва њам љумњурї амал мекунанд. Дар ин ваќт аз миёни 26 сањмдори хољагї баъзењо бо гирифтани сањми замини худ ба масофаи 0,85 га аз хољагї баромада, хољагии хурди худро ташкил намуданд. Дар ин миён маълум шуд, ки замини обии корами хољагии "Сангин Сафар" ба масоњати 2,55 га кам аст. Зеро мо се узви хољагї безамин мондем. Соли 2012 мо њудуди замини хољагиро чен кардем ва воќеан маълум шуд, ки замини корами обии хољагї ба масоњати 2,55 гектар намерасад. Охирњои соли 2011 бо дарки ин мушкил мо ба унвонии њукумат ва ку-
Беадолатї дар Мастчоњ Кї дар додани сањми замини дењќонон манфиат надорад - прокурор ё заминсоз? митаи заминсозии ноњия мурољиат кардем, ки њудуди замини обии хољагии мо кам аст ва сањми моро аз њисоби заминњои изофии хољагии "Сафар Сангин" баргардонанд. Зеро маълум шуд, ки њудуди заминњои обии корами хољагии "Сафар Сангин" зиёдатї мебошад. Аммо раиси хољагии "Сафар Сангин" Садриддин Халифаев намехоњад то ба имрўз сањми замини хољагии моро аз њисоби замини изофаи хољагиаш баргардонад. Ба кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ мурољиат кардем. Зокиров Умед, ки ќаблан ба сифати љонишини раиси кумитаи заминсозии ноњия, феълан раиси кумита фаъолият мебарад, ин мушкилиро хуб медонад, вале барои њалли объективонаи он кўшиш намекунад ва ба њар бањона ин мушкили моро то имрўз кашол медињад. Аз кашолкорињои масъулини кумитаи заминсозї масъала соли 2013 њам њалли худро наёфт. Соли 2014 ба прокуратураи ноњияи Масчоњ мурољиат кардам. Прокурори ноњия Урунов Фирдавс баррасии мурољиати маро ба кумитаи заминсозї фиристод, аммо кумитаи заминсозї ин бор њам бањона пеш оварда, корро кашол медоду аз баррасии аризаи ман сарпечї мекард. Маротибаи дигар ба прокуратураи ноњия мурољиат кардам, зеро кумитаи заминсозї њамчун масъули баррасии мурољиати ман аз додани љавоби ќонеъкунанда канораљўї мекард. Аз бељавоб мондани мурољиатам дар назди Урунов Фирдавс ночор моњи
«
Бо њамин соли 2014 њам поён ёфту мурољиати ман дар назди прокурор ва раиси кумитаи заминсозии ноњия бепосух монд. 7-уми феврали соли 2015 дар даст ариза ба ќабули шахсии прокурори вилояти Суѓд рафтам. Он замон Шариф Ќурбонзода, прокурори вилоят аризаи маро ќабул намуда ва баррасии онро ба Њакимов Шарифљон вобаста намуд. Њакимов Ш. таъкид кард, ки ин масъаларо мо дида мебароем. Дар ин миён Ќурбонзода Ш. аз вазифаи прокурори вилоят барканор шуд ва ба љои ў Њабибуллоњ Воњидов прокурори вилоят таъин шуд.
«
майи соли 2014 ман ба прокуратураи вилояти Суѓд оиди камбуди замини хољагї ва баргардонидани он аз њисоби заминњои изофии хољагии "Сафар Сангин" мурољиат намудам. Прокуратураи вилояти Суѓд баррасии мурољиати маро бар дўши кумитаи заминсозии вилоят вогузор кард. Кормандони кумитаи заминсозии вилоят ба ноњияи Масчоњ рафта, замини хољагии мо, яъне "Сангин Сафар"-ро чен карданд. Кам будани замини корами обии онро ошкор намуданд (санади тартибдодаи кормандони кумитаи заминсозї оиди камбуди замини корами обии хољагии "Сангин Сафар" дар дасти "Нигоњ" мављуд мебошад ва дар ваќти лозим метавонад онро низ мунташир намояд). Кормандони кумитаи заминсозии вилоят хостанд заминњои њудуди хољагии дењќонии "Сафар Сангин"-ро чен кунанд, аммо раиси он Садриддин Халифаев садди ин кор мешуду намегузошт, ки масъулони соња замини хољагии онро чен кунанд ва њаќиќатро ошкор созанд. Кормандони кумитаи заминсозии вилоят аз Зокиров Умед даъват карданд, ки бе мамоният бояд замини хољагии дењќонии "Сафар Сангин" ро чен кунанд, аммо ин ба осонї даст намедод ва ноилољ кормандони кумитаи заминсозї бо даъвати кормандони милиса ва он њам тавассути мошин ва танњо лаб -лаби рудхона чен карданд. Кормандони кумитаи заминсозии вилоят нахостанд санади чен кардани заминњои хољагии "Сафар Сангин"-ро бароям дињанд, зеро маълум аст, ки заминњои обии корами ин хољагї зиёд аст. Онњо мегуфтанд, ки санадро ба прокуратура медињанд ва исрор мекарданд, ки ман ба прокуратура мурољиат кардаам, на ба онњо, њол он, ки прокуратураи Суѓд баррасии мурољиати маро бар дўши онњо вогузор карда буд. Ман ба назди Шарифљон Њакимов, прокурори шўъбаи назорати умумї дар прокуратураи Суѓд даромадам ва хостам љавоби аризаамро бигирам. Аммо Њакимов Ш. љавоби аризаро намедод, балки аз татбиќ шудани муљозоти интизомї барои вайрон кардани кор ба Азимбой Шавкатов, корманди кумитаи заминсозии ноњия мегуфт. Барои ман, ки мурољиаткунанда мебошам, даќиќ љавоб надоданд ва њатто барои баргардонидани замини хољагиамон иќдоме накарданд. Танњо бароям оиди муљозоти интизомї шудани ин корманди кумитаи заминсозї маълумот доду тамом. Ин, ки ба дарки мушкили мо фурў рафтанду чаро барои њалли он коре накарданду то њол на-
мекунанд, њанўз барои ман муаммо аст. 4-уми августи соли 2014 ман љавоби аз Њакимов Ш. гирифтаамро ба назди Зокиров Умед раиси кумитаи заминсозии ноњия бурдам. Ў љавоби кормандони прокуратураро дида гуфт, ки ин љавоб маъние надорад ва ман бо ин љавоб ба сари замин намебарояму заминатро гирифта додан наметавонам. Намедонам, чаро ва дар чї асос чунин гуфт ин масъули давлатї, то њол бароям рўшан нест. 8-уми августи 2014 ман боз ба прокуратураи ноњия барои таљдиди назар намудан ба мушкили мављуда мурољиат кардам. Аммо дар посух ба аризаам прокурор гуфт, ки барои баррасї ба кумитаи заминсозї вогузор кардааст. То њол љавоби ин аризаамро аз прокуратура ва аз кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ гирифта наметавонам. Чаро? Шояд зери коса косаи дигар нињон аст? Њам прокурори ноњия Урунов Фирдавс ва њам раиси кумитаи заминсозии Масчоњ Зокиров Умед аз њалли мурољиати ман сарпечї мекунанд. Бо њамин соли 2014 њам поён ёфту мурољиати ман дар назди прокурор ва раиси кумитаи заминсозии ноњия бепосух монд. 7-уми феврали соли 2015 дар даст ариза ба ќабули шахсии прокурори вилояти Суѓд рафтам. Он замон Шариф Ќурбонзода, прокурори вилоят аризаи маро ќабул намуда ва баррасии онро ба Њакимов Шарифљон вобаста намуд. Њакимов Ш. таъкид кард, ки ин масъаларо мо дида мебароем. Дар ин миён Ќурбонзода Ш. аз вазифаи прокурори вилоят барканор шуд ва ба љои ў Њабибуллоњ Воњидов прокурори вилоят таъин шуд. Аз он, ки дар он шабурўз кишвар дар пешорўи маъракаи интихоботи парлумонї ќарор дошт, Њакимов Ш. бароям ваъда дод, ки баъди гузаштани маъракаи интихоботи парлумонї ба сари замини хољагиат рафта, онро чен карда, масъаларо дар љояш њал менамоем. 3-юми марти соли 2015 баъди љамбаст шудани маъракаи интихоботи ба назди Њакимов Ш. ба прокуратураи вилоят омадам. Ў гуфт, ки додар, ба сари замин намеравем мо дар њамин љо нишаста, дида баромадем, ки масоњати замини хољагиат туѓрї асту камбуди замин надорад ва акнун худатон чї коре, ки мекунед, кунед. Аз ин љавоб ва ваъдаи иљронашудаи Њакимов Ш. маљбур шудам худи њамон рўз, яъне 3-юми марти соли равон ба унвонии Њ. Воњидов ариза навишта, онро ба конселярия супоридам.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
ТАРЃИБ
Дар баробари супоридани ин ариза дарёфтам, ки прокурори тозаинтихоб Њ. Воњидов мардумро њамарўза ќабул намуда, ба мушкилашон бевосита гўш медињад. Ин ваќт хостам ба ќабули шахсии Њ. Воњидов дароям, аммо Иноятов Пайрав, ёрдамчии калони прокурори вилоят бароям гуфт, ки ту ариза навиштаї ва то гирифтани љавоби аризаат наметавонї ба ќабули Воњидов дарої. 4-уми март њамагї як рўз баъд аз супоридани аризаам љавоби аризае, ки санаи 7-уми феврал ба унвонии Ќурбонзода Ш. навишта будам, бо имзои Њ. Воњидов, прокурори навтаъингашта баромад. Дар посух нигошта шуда буд, ки њудуди замини хољагии мо расо аст. Аммо баъди супоридани аризаи 3-уми март ва он њам ба унвонии прокурори нав он ба Њакимов Ш. вобаста гардид. Њакимов Ш. дар асоси мурољиати ман ба кумитаи заминсозии вилоят мактуб ирсол намуд, ки ба њудуди заминњои хољагии "Сангин Сафар" рафта, корњои ченкунї гузаронида ва ба њар як сањмдор 0,85 га замини обии корам дар асоси сертификати хољагї људо намоянд. 17-уми марти соли равон бо навиштани ариза ба ќабули шахсии Њ. Воњидов даромадам. Прокурори вилоят Њакимов Ш. ро ба назди худ хонд ва пурсон гардид, ки ин нафар аз љавоби аризааш ќонеъ нест ва чї мушкил аст? Њакимов Ш. дар љавоб ба саволи прокурор гуфт, ки кормандони кумитаи заминсозии вилоят барои чен кардани замини хољагї мераванд. Воњидов Њ. љиддан таъкид кард, ки мавсими кишту кор фаро расидааст ва бояд сари ваќт масъала дар љояш њал карда шавад. 18-уми март мо њамроњи кормандони кумитаи заминсозии вилоят аз Хуљанд ба Масчоњ ва дар њамљоягї бо кормандони кумитаи замини ноњия ба сари замини хољагии "Сангин Сафар" рафтем. Коркунони кумитаи заминсозї баъд аз нимарўзї ба чен кардани замини хољагї тавассути ЉПС сар карданд. Акбаров Нусратулло, муттахассиси кумитаи заминсозии вилоят таъкид кард, ки мо аз рўи контур кор мекунем ва заминњое, ки ѓайрикишоварзї истодаанд, ѓайрикишоварзї меистанд, њамчунин каналу зањбурњо низ. Вай гуфт, ки харитаи ин заминњо дар китоби заминдорї мављуд мебошанд ва мо наметавонем, ки аз он берун бароем ва ё таѓйирот љорї созем, зеро барои тасдиќи он замоне масъулони баландмаќоми давлатї санљиш гузаронида, баъд имзо мондаанд. Коркунони кумитаи заминсозї замини хољагиро чен карданд ва натиљаи онро бароям доданд, ки масоњати умумии замини хољагии "Сангин Сафар"
24, 52 га буда, аммо чї ќадар замини корами обї кам аст, њанўз санаде дар ин бора дар дастам надодаанд. Он рўз онњо, балки бароям шифоњї ва аз рўи харита ва баланси китоби Ассотсиатсияи Рўдакї дида гуфтанд, ки воќеан замини корами обии хољагиат кам аст. Аммо чї ќадар, инашро даќиќ нагуфтанд, балки гуфтанд, ки дар ин бора санаи 27-уми март, яъне баъд аз љашни Наврўз љавоби аризаатро ба прокуратураи вилоят мефиристем. Аммо баъд аз сипарї шудани љашни Наврўз гапу кори кормандони кумитаи заминсозии вилоят ѓайриинтизор дигар шуд. Онњо додани љавоби аризаро аз санаи 27-уми март ба санаи 5-уми апрел тамдид карданд. 6-уми апрел барои гирифтани хулосаи кормандони кумитаи заминсозии вилоят ба назди Њакимов Ш. ба прокуратураи вилоят омадам. Њакимов Ш. љавоби аризаро аз Акбаров Н., мутахассиси кумитаи заминсозии вилоят гирифт, вале нусхаи онро барои ман надод. Ва њатто кўшишњои ман, ки хостам њељ не онро хонам, натиља надод. Њакимов Ш. инро намехосту то ба имрўз љавоби онро барои ман дастрас намекунад. Акбаров Н., ки дар ваќти чен кардани замини хољагї мегуфт, мо наметавонем аз харита берун по монем, дар утоќи кории Њакимов Ш. дар прокуратураи вилоят гуфт, ки заминњои ѓайрикишоварзиро метавонем, ки кишоварзї гузаронем. Мўњтарам масъулини баландпояи Тољикистон! Мо ба кї бовар дошта бошем? Бубинед, ки ин масъули заминсозии вилоят баъд аз он, ки камбуди замини обии корами хољагии моро ошкор намуданд, мегўяд, ки замини ѓайрикишоварзиро метавон кишоварзї гузаронд. Чаро онњо ба љои ин, ки камбуди замини хољагии моро аз њисоби заминњои корами обии изофии хољагии "Сафар Сангин" баргардонанд, мехоњанд аз ќонун берун пой гузошта, заминњои ѓайрикишоварзиро кишоварзї гузаронанд? Дар ин њол эътимоди мардум зери пой намешавад? Дар њаќќи имзову санади масъулони баландмаќоми давлатї аз вазири кишоварзї сар карда то президент бењурматї намешавад? Ба ин иддаои Акбаров Н. ман пешнињод намудам, мураттибоне, ки замоне хољагии "Сангин Сафар"-ро сертификат кардаанд, даъват карда шуда ва назари онњо пурсида шавад. Санаи 8уми апрели бо пешнињоди ман мураттибони заминсози ноњияи Масчоњ ба прокуратураи вилоят барои баррасии мурољиати ман даъват карда шуданд.
«
17-уми марти соли равон бо навиштани ариза ба ќабули шахсии Њ. Воњидов даромадам. Прокурори вилоят Њакимов Ш. ро ба назди худ хонд ва пурсон гардид, ки ин нафар аз љавоби аризааш ќонеъ нест ва чї мушкил аст? Њакимов Ш. дар љавоб ба саволи прокурор гуфт, ки кормандони кумитаи заминсозии вилоят барои чен кардани замини хољагї мераванд. Воњидов Њ. љиддан таъкид кард, ки мавсими кишту кор фаро расидааст ва бояд сари ваќт масъала дар љояш њал карда шавад.
«
Мураттибон таъкид намуданд, ки сертификате, ки онњо ба хољагии "Сангин Сафар" додаанд, дуруст ва тибќи ќонунњо тартиб дода шудааст. Ва воќеан замини обии корами хољагии "Сангин Сафар" 2,55 га кам мебошад. Барои њалли ин кор зарур аст, ки заминњои обии корами хољагии "Сафар Сангин" чен шуда, посухи ќонунї дода шавад. 11-уми апрели соли равон боз ба ќабули шахсии Њ. Воњидов даромадам. Ин бор њам прокурори вилоят Њакимов Ш. - ро барои пурра њал шудани масъалаи мо вазифадор намуд. Он рўз Њакимов Ш. бароям гуфт, ки санањои 13-14уми апрел дар асоси аризаат ба ноњияи Масчоњ рафта, дар якљоягї ин масъаларо дида мебарояд. 13-уми апрел Њакимов Ш. маро ба наздаш ба прокуратураи ноњияи Масчоњ даъват накард. Баъди нимарўзї ман худ ба назди ў ба прокуратураи ноњия рафтам. Аммо интизорињои ман боз њам ба ќабули ў натиља надод. 14уми апрел њам маро даъват накард. 15-уми апрел хостам аз ќабул накардани Њакимов Ш. ба Воњидов Њ. маълумот дињам, аммо дар прокуратураи вилоят гуфтанд, ки Њакимов Ш. имрўз њам барои њал кардани мурољиати Шумо ба ноњияи Масчоњ сафар кардааст. Њакимов Ш. бароям гуфт, ки ба ноњияи Масчоњ биё. Ман аз Хуљанд ба ноњия рафтам ва дар њукумати ноњия прокурори ноњия Урунов Ф. , Њакимов Ш раиси ноњия њамроњии муовинаш, кормандони кумитаи замини вилоят ва ноњия ва инчунин Халифаев С. сарљ-
11
амъ буданд. Онњо бароям гуфтанд, ки масоњати умумии замини хољагиат туѓрї, яъне дуруст аст, лекин замини корами обиат кам аст ва замини ѓайрикишоварзї зиёд дар асоси ќарори њукумат мо њаќ дорем, ки онро корами обї гузаронида вобаста намоем. Ман ба онњо фањмонидам, ки агар ин кор ќонунї бошад, бигзор дар тамоми ноњия сурат бигирад. Аз љониби дигар, пешнињод кардам, ки дар баробари чен кардани замини корами хољагии "Сафар Сангин" замини корами обии он зиёд набошад, ман аз даъвоям даст мекашам. Бо њамин љамъомад тамом шуд. Рўзи дигар, яъне 16-уми апрел замини хољагии "Сафар Сангин" чен карда шуд. Кормандони кумитаи заминсозии вилоят ва ноњия бо иштироки Њакимов Ш. ва Халифаев С. собит намуданд, ки воќеан ба масофаи 2, 37 га замини корами обии хољагии "Сафар Сангин" изофа мебошад. Аммо дар ин бора санад тартиб дода нашуд. Баъди нимарўзї дар бинои прокуратураи ноњия вохурї доир гардид. Дар он намояндањои хољагињои алоњидае, ки аз "Сангин Сафар" баромада буданд, омаданд, прокурор ва кормандони кумитаи заминсозї таъкид карданд, ки сањми 26 сањмдори хољагии "Сангин Сафар"- ро бекор карда, заминњои ѓарикишоварзиро бо ќарори раиси ноњия кишоварзї гузаронида ва ба мардум 0,85 га таќсим карда медињанд. Аммо ин пешнињоди масъулин хилофи ќонун буда метавонад. Зеро дар он љо об мављуд намебошад ва замин њамвор набуда, барои кишоварзї мутобиќат намекунад. Бо шунидани ин наќшаи прокурор ва масъулини заминсозии ноњия сањмдорони хољагии "Сангин Сафар" нигарон њастанд ва њатто таъкид њам кардаанд, ки чаро замоне сањм ва сертификати заминро дуруст карда, имрўз онро вайрон мекунед? Агар ин кор ќонунї аст, бояд сањми 79 нафар бекор карда шавад. Мардуми сањмдор бимзадаанд, ки бо ин кор прокуратураи ноњия ва масъулини заминсоз дар ноњияи Масчоњ мењнати чандинсолаи онњоро барбод медињанд ва онњо дигар аз мењнат кардан ба замин хушбин нестанд. Зеро замоне сертификат мекунанду кай ваќте хоњанд онро вайрон мекунанд. Муњтарам Прокурори вилоят! Ин чизро њам бояд ёдрас намоям, ки санаи 20-уми апрел барои гирифтани љавоби аризаам ба прокуратураи вилояти Суѓд омадам. Зеро њангоми чен кардани замини хољагии "Сафар Сангин" рўзи 16-уми апрел маълум шуд, ки замини корами ин хољагї ба масофаи 2.37 га зиёд мебошад. Аммо Иноятов П. дар посух бароям мегўяд, ки бояд њудуди прокуратураи вилоятро тарк намоям. Магар низоми додгустарии кишвар дар мисоли прокуратураи Суѓд њамин аст, ки масъулин ба љои њал кардани мушкил ва њифзи њуќуќњои мардум ва риояи ќонуният дар кишвар мардумро сарсон мекунанд ва ба мурољиаташ расидагї намекунанд?! Ман нисбати на Њакимов Ш. ва на Урунов Ф. ва њељ кадом кормандони кумитаи заминсозии вилоят ва ноњия хусумат надорам. Танњо мехоњам, ки ба њалли мушкили мо бар тибќи вазифањои давлатиашон расидагї намоянд. Аз Шумоён эњтиромона хоњиш мекунам, ки як комиссияи салоњиятдор таъсис дода, барои объективона бартараф кардани мушкили ба миён омада мусоидат намоед. Умедворам мушкили се сол кашолёфтаи мо њал шуда, бо умед дар замин мењнат мекунем ва рўзии худу хонаводаро дарёфт менамоем. Абдулќаюм САФАРОВ, раиси хољагии дењќонии "Сангин Сафар" -и ноњияи Масчоњ
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
БО ШОИР Њадиси ошиќиро дар љањони ишќ бигў. Чи ранљњо ки кашидам дар ин сафар бари ту Биё, ту воќифи дардам нишони ишќ бигў. Мисоли шабнами гул рехт ашки ман ба рањат Ту шоњиди ба ѓамам достони ишќ бигў. Муаззини маниву вањ чї хуш садост туро, Билоли ман ба намозам азони ишќ бигў. *** Дил ба дарё задаву ќатраи обем њанўз, Умр рафтаст, вале масти шабобем њанўз. Гом дар водии ишќи ту нињодем, бубин, Мо ба ин шердилї чашми њубобем њанўз. Тай намудам њамаи водии ишќ аз бари ту, Андарин бодия бо њоли харобем њанўз. Гар ту як љом зи майи васл атое кардї, Маст аз он бодаву он бўйи шаробем њанўз. Шеъри мо аз бари ту валвала дар шањр андохт,
Бо ашъори устод Мирзоњусайни Бадалипур (Мењрварз) хонандагон ошної доранд. Ба эљодиёти ў аксари шоирони номи кшвар бањои хуб додаанд. Устод Назри Яздонї дар сарсухани маљмўаи аввалинаш "Чашмаи даво" чунин бањо додааст: "Шеъраш њам орифона њаст, њам њакимона ва муњимтар, ки ошиќона аст. Ошиќона ва самимона. Дар ишќ ва шеър содиќ аст. Ишќаш љавонмардона, яъне покизаву бетамаъ аз маънову симо сар задаст. Дардаш муљаррад нест, дарди бедардона нест, дарди њамдардист, ошиќона, бунёдгарона аст". Шоир ва адабиётшинос Рустами Вањњоб дар хаќќи вай мегўяд:"Шории Мирзоњусайн як амри табиї ва бадењист. Чанбаи маънавї ва њикамии шеъри ў ќавї буда, дар айни њол ашъори хубу хонданї аз латофати њунарї баохўрдор аст". Мутрибону сарояндагони маъруфи кишвар ба зиёда аз 15 шеъри ў оњангњои марѓуб бастанд. Ба њамагон маълум аст, ки имсол шеърњои ў "Дар оѓўши ту мемирам" ва "Диламро хун намудї, ман навиштам достони ту" бо оњанги Тобиш Њилолї ва сарояндагии Нигина Амонќулова дили њазорњоро тасхир карданд ва Нигина бо ин таронањо дар озмуни "Суруди сол" маќоми аввалро касб кард. Бо хоњиши хонандагони сершумори њафтанома мо як ќисм аз шеърњои ўро аз маљмўаи нави ашъораш бо номи "Намози ишќ" пешкаши шумо мегардонем.
ЗАНГЊОИ БЕДОРЇ Њар он соат Ки бар зангу садои ман Ту бо нармию хушнудї Ало гуфтї Њамедонї Ба монанди садои дилнавозу рўњбахши ту Њама дунёву њастињо Барои ман "Бале" мегуфт. Садои ту Мисоли чањ-чањи он булбулони боѓибобої Ба гўши ман Њазору як навои дилнишин резад Аз он сў Дар љавоби њар сухан, њар њарфи ширинат Агарчи ту намедидї Ба рўи дафтари шеър ашки чашмонам Мисоли ќатраборон бар замин резад. Ва њар як лањни овозат Суруду њам дуруди зиндагонї буд Ба љони ман паёме аз нидои осмонї буд Вуруди сањнањои умрбоду љовидонї буд Худоё, ман чї гўям: лањзањои бењтарини зиндагонї буд. Хушо он лањзањо, ки зистам ман дар њавои ту, Ба дарду бо алам бигристам ман аз барои ту: Биё ба ваќти намозам азони ишќ бигў Саломи олами Њаќ дар макони ишќ бигў. Биё ба гўши ѓарибони шањри ташнаи роз,
Нав шуда дунёву дарди ман куњан, Ошиќї ту, ошиќи поринаам. Њикмати Наврўз медонї, ки чист? Љашни бедориву эњёи дил аст. Дида бикшодан ба дунёи нав аст Ворањидан њам зи садњо мушкил аст. Њикмати Наврўз медонї, ки чист? Зистан зебову зебо будан аст. Хешро бишнохтан, бо чашми дил, Дар такопў мисли дунё будан аст. Бо ту наврўзї бувад њар рўзи ман, Эй љањонафрўзу љонафрўзи ман. Чор фасли сол сўйи ман биё Эй бањори зиндагиафрўзи ман. Ќадри ман бишнос, эй Наврўзи ман, Бе ту чун шабњо сияњ шуд рўзи ман.
Дигар зистан бароям дар љањон монандаи гўр аст… Ту бар ќасди замону хасму номардон бо ман бош Маро аз чашми бадбинон дар оѓўшат панањ бинмо, Дар оѓўше, ки эъљоз асту эњсон асту армон аст, Дилам бар ёди ў рўзу шабонгањ сахт пазмон аст Ки Эзид бо ту таќдирам бупайваст? Хуш он соат, ки пеш аз марг аз як дарди ширине Дар оѓўши ту мемирам! Дар оѓўши ту мемирам!
МУСОФИР Дигар барои ту чї нависам њадиси ишќ, Эй бевафо ки бо дигаре ошно шудї. Љуз ин нахонамат, ки будї рањзани њаёт, Дилро зи ман рабудиву аз ман људо шудї.
Хушо он лањзањо, ки зистам ман дар њавои ту… Боз дар гуфтани як мисраи нобем њанўз. Чашмаи нўшиву он оби зулолї, ки мудом Мо ба сад ташнагї сўят бишитобем њанўз. Њар сањар бод зи мо бар ту саломе гўяд, Солњо мунтазири пайку љавобем њанўз. Мо ба њар манзилу кў, ёр суроѓи ту кунем, Як нишон аз ту дигар бор наёбем њанўз. Даст ба даргањи Њаќ рўзу шабон бардорем, То туро ёр ба танњої биёбем њанўз. *** Рўзу шаб бар лаби ман шеваи гуфтори ту њаст, В-ин хаёлам њама бар чењраву рухсори ту њаст. Манзилу марњалаву сайру сулукам њамагї, Пурљило аз рухи чун моњи пуранвори ту њаст. Ман чу Мансураму фарёди аналхаќ бизанам, Ришта аз љони танам њам ба сари дори ту њаст. Не њабибест рафиќу не табибест шафиќ, Рањм кун бар дили хунгашта, ки бемори ту њаст. Ман дари майкада бастам, ба Худо, медонї, Љону тан маст зи он бодаи хаммори ту њаст. Њафт пушти дигаре такя ба дунё чу кунад, Ин мусофир њама дам такя ба девори ту њаст. Дил зи ин сўзу ѓамат ташна агар мемирад, Чун зи нав зинда шавад, толиби дидори ту њаст. Мењрварз аз сари "Ихлос" туро дорад дўст, Хоњ бовар бикунї, хоњ на, ин кори ту њаст. *** Диламро хун намудї, ман навиштам достони ту, Ки охир мерасам ба равзаи он остони ту. Чи шабњо бо њисоби ахтарон то субњдам бурдам, Надидам як нишонат дар кадомин осмони ту. Бухорову Самарќандам барин аз дасти ман рафтї, Агарчи шањриёри пойтахти бостони ту. Саропои вуљудам бастаи бо риштаи мењрат, Ки њар дам мекашад сўят маро он ресмони ту. Дусад тафсири оёти каломи ишќ бинвиштам, Нафањмидам ман охир шеваи лафзу забони ту.
ЉАШНИ БЕДОРИВУ ЭЊЁИ ДИЛ Боз Наврўз омаду љонам шукуфт Тоза шуд, ойинаи њайрони дил. Сар зи то пои вуљудам рустааст, Сабзањо аз нам-нами борони дил. Лаззати дидори ту, ай моњи шаб Бањри ман њар рўз наврўзї бувад Сўхтан аз сўзи ишќи сармадї Дарди ширини шаборўзї бувад. Боз Наврўз омаду афрўхтам Оташе андар даруни синаам.
Њадяи наврўзиям бањри ту њаст, Ин суханњои њама мармузи ман.
ХОТИРИ САБЗ Шўри дарё зи ѓамат аз дили мо мехезад Ѓами дунё аламат бар дили мо мерезад Тири миљгони дарозат ба њадар њар лањза Хуни ноњаќ зи тани бисмили мо мерезад. Рўди кўњии, ки аз сардарањо меої Ба навои ѓазали шаршарањо меої Бари мо омаданат рафъи хазонрез бувад, Ту бањорї, ки пур аз манзарањо меої
Бишкуфта ѓунчањои умед аз насими ту, Дар чашмњот оташи ќалбам нуњуфта буд. Дард асту њасрат ин дили ѓамбору хастаро, Розе, ки аз алам бари гўши ту гуфта буд.
Ба хаёли хуши ту хотири мо сабзолуд Рўзу шаб мегузарад аз сари мо сабзолуд Ба њавойи ту нигоњам ба куљо сайр кунад Ба назар њастиву бому дари мо сабзолуд
Парвои худ надораму дил дар хаёли туст, Сар то ба пои ман њама мањви љамоли туст. Нозам зи дарди ишќату хонам ба гўши дил, Ин тўњфаи Худост, ки њаќќу њалоли туст.
Чї хушо ин, ки ѓами ишќи ту дар дил дорем, Ба забон сураи "Алњамд"-у "Музаммил" дорем Чї муборак бувадо мастии њар ваќтии мо Ба дари майкада умрест, ки манзил дорем
Бовар намо баром дар ин дори зиндагї, Чун ѓунча к-аз њавот нафасњо дарун кашам. Шабњо зи дасти духтари ќисмат ба ёди ту, Љоми шароби талхи људої њаме чашам.
ДАР ОЃЎШИ ТУ МЕМИРАМ … Дар оѓўши ту мемирам, Дар оѓўше, ки аз гармии љосўзи танат сўзам, Дар оѓўше, ки аз лабњои нармат бодањо нўшам Дар оѓўше, ки бар раѓми хазонњо сабзу гулпўшам, Дар оѓўше, ки аз эњсоси ларзишњои руъёи-ш мадњушам, Дар оѓўше, ки бори зиндагї меафтад аз дўшам Дар оѓўше, ки мегардад њама олам фаромўшам Дар оѓўше, ки љои дарду фарёд асту хомўшам, Маро ин дам чї давлат њаст, ки бо ту њамоѓeшам. Њама дунёи ман нур аст, Ѓами њиљрон, ѓами олам зи ман дур аст. Ва ин дам Шањрзодеам ба ту афсона мегeўм, Рањи фардои таќдир дар нигоњи чашми ту љўям. Зи андоми сапеди ѓарќи гулњоят фарањ бўям, Зи оби рўю мўи ту вуљудамро њамешўям. Замину Осмон механдад он соат, ки ту механдї бар рўям Ва ин дам ман адои нозњои беѓашат њастам Дилам масту сарам масту танам масту худам мастам… Аз он тарсам, ки дар савдои ишќу ошиќї рўзе Маро бигзориву дил бар касе бандї, ки чун бошад?! Ки чашмаш њасрати дунёи дун дорад. На шўре дар дилу на синааш завќи љунун дорад, Ва он гањ ин њама дунёи ман кўр аст.
Дар нимашаб, ки њавли сукуте њамерасад, Ин дил ба ёди рўйи ту афсона сар кунад. Эй бехабар, ин шеъри ѓамангезро наво, Ќалби замин фишораду бар кўњ асар кунад. Бар соддагии худ шигифт оварам, ки ман, Як тан мусофирам ба тањи дори зиндагї Дар лаб таронаи ишќи ту мебарад ба хок Чанги сиёњи маргам аз ин дори зиндагї.
ИЛТИЉО Шўру шавќи зиндагониро макуш, Лањзањои љовидониро макуш. Эй мањи хушрўйи Файзободи ман, Њадяњои осмониро макуш. Њар нигоњат чашмаи эњёи дил, Дидани рўят бувад дунёи дил. Эй гулу эй гулшани зебои дил, Лаззати умри љавониро макуш. Ман ба дашти дил бароят ашкрез, Нолањо дорам чу кабки Кабкрез. Эй тулўи шеди субњи хандарез, Ин навои зиндагониро макуш. Ишќ ин њам њадя њам доди Худост, "Мазњаби ошиќ зи мазњабњо људост".1 Эй, ки мењрат дар дилу дар дида љост, Лутф кун ин мењрубониро макуш. Бар машомам доимо бўйи ту њаст, Ин дилам саргаштаи кўйи ту њаст. Эй, ки љон дар ќайди абрўйи ту њаст, Бармањал ин ёри љониро макуш. Хотири шоду дили ободи ман, Манбаи шеъру њама эљоди ман. Моњи ман, эй моњи Файзободи ман, Ин насиби зиндагониро макуш. 1 Ин мисраъ моли Мавлоност, ки дар "Маснавии маънавї" мефармояд: Мазњаби ошиќ зи мазњабњо људост, Ошиќонро мазњабу миллат Худост.
ТАБЛИЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
Хурсандиовар аст, ки тавассути њама гуна дастгоњњои нодиру замонавї, фаъолияти пурсамари мутахассисони варзидаи мањалливу љалби пизишкони маъруфи хориљї, озмоиши њама намуди гепатитњо ва табобати беморињои гастроэнрологї дар Бемористони Ибни Сино бо бењтарин усулњои љавобгўи меъёрњои љањонї анљом мешаванд. Мавриди зикр аст, ки доруњои камёфти табобатї низ аз тарафи Бемористон таъмин мегарданд. Маърифатнок намудани тиббии љомеа боиси паст шудани сатњи беморињои мухталиф мегардад. Дар ин љода низ мо омодаи ёрию мусоидат њастем. Гепатити Б чист? Пешгирї ва дармони он чї гуна аст? Гепатити Б як уфунати љиддии љигар аст, ки тавассути вируси Гепатити Б (HBV) ба вуљуд меояд. Дар баъзе аз афрод ин бемори музмин шуда, боиси мушкилоти љиддии љигар аз ќабили Тсиррози љигар ва ё саратони он мешавад. Аксари беморони мубтало ба Гепатити Б баъд аз марњалањои дармонї, комилан бењбуд пайдо мекунанд. Хатари гирифтор шудани навзодон ва кўдакон ба навъи музмини Гепатити Б бештар аз дигарон мебошад. Барои пешгирї аз гирифторї ба ин беморї, метавон аз вактсинањои зидди он истифода бурд. Њамчунин, агар ба ин беморї гирифтор шуда бошед, метавонед бо риояти баъзе аз иќдомоти эхтиётї аз пахш шудани вируси Гепатити Б ва олуда шудани дигарон пешгирї намоед.
13
ни хосе ниёз надоред. Ба љойи дармони беморї, пизишк ба дармони аломат ва нишонањои беморї, ки њосили муборизаи иммунитети бадан бо беморї аст, тамаваљљуњ мекунад. 3. Дармони Гепатити Б-и музмин; Дар сурате, ки шумо ба навъи музмини ин беморї гирифтор гаштаед, пизишки шумо мумкин аст барои дармон аз равияњои зер истифода кунад: - Истифода аз анвоъи доруњои зидди вирусї. - Амали пайванди љигар, дар сурате, ки љигари шумо ба шиддат осеб дида бошад.
Гепатити Б
Аломатњои гирифтор шудан ба бемории Гепатити Б чї гуна аст? Аломат ва нишонахои ин беморї зиёд буда, маъмулан 3 моњ баъд аз олуда шудан ба вируси Гепатити Б зоњир мешаванд. Аз љумлаи ин аломатњо дарди шикам, тира шудани ранги идрор, таб, дарди буѓумњо ва мушакњо, коњиш ва ё аз даст додани иштињо, њолати дилбењузурї ва ќайкунї, бењолї ва бемадорї, зард шудани пўст ва ё сафедии чашмњо ва ѓайра мебошад. Замоне, ки њар як аз аломатњои зикр шударо дар худ мушоњида кардед, барои анљоми озмойиш ва дарёфти машварат ба пизишк мурољиат намоед.
Уфунати Гепатити Б метавонад кўтоњмуддат (Гепатити њод- ногањонї ва шадид ва кўтоњмуддат) ва дарозмуддат (Гепатити музмин) бошад. Уфунати Гепатити Б-и њод камтар аз 6 моњ тўл мекашад. Агар беморї аз ин навъ бошад, маъмулан иммунитети бадан метавонад онро аз баданатон хориљ кунад ва баъд аз чанд моњ саломатии худро барќарор созед. Аксари бузургсолоне, ки ба Гепатити Б мубтало мешаванд, ба навъи њоди он мубтало мешаванд. Уфунати Гепатити Б-и музмин бештар аз 6 моњ тўл мекашад. Агар, ки иммунитети бадани шумо натавонад бо вирус мубориза барад, Гепатити Б модомулумр шуда, метавонад боиси беморињои чиддї, њамчун сиррози љигар ва ё саратони он гардад. Аксари навзодон ва кўдакони байни 1 то 5 сола, ки ба вируси Гепатити Б олуда мешаванд, дучори навъи музмини он мешаванд. Гирифторї ба ин беморї мумкин аст то муддатњо ва то замоне, ки фардро дучори бемории шадиди љигар накардааст, мушаххас нашавад.
Тафовути Гепатити Б-и њод бо Гепатити Б-и музмин дар чист?
Роњњои интиќоли Гепатити Б чи гуна аст?
®
Далели гирифторї ба бемории Гепатити Б, вируси Гепатити Б аст. Ин вирус аз фарде ба фарди дигар аз тариќи хун ва ё дигар моеъоту тарашшуњоти бадан интиќол меёбад. Замоне, ки вируси Гепатити Б вориди љигар шуд, ба њуљайрањои он њамла карда, шуруъ ба зиёд шудан мекунад. Ин амр боиси илтињоби љигар мешавад. Роњњои маъмули интиќоли беморї: робитаи љинсии муњофизатнашуда, истифодаи чанд нафар аз як сўзан, аз модар ба фарзанд, истифода аз абзори пурра поксозї нашуда дар соњаи тиб. Дармони Гепатити Б чи гуна аст? Ин дармон ба се навъ таќсим мешавад: 1. Дармон барои пешгирї аз гирифторї; Дар сурате, ки шумо дар хатари олуда шудан ба ин вирус ќарор гиред, њарчи тезтар ба пизишк мурољиат намоед. Дар сурате, ки то 24 соат пас аз олуда шудан Иммуноглобулини зидди вируси Гепатити Б- ро дарёфт намоед, хатари гирифторї ба бемори хеле коњиш хоњад ёфт. 2.Дармони Гепатити Б-и њод; Агар пизишки шумо ташхис дињад, ки шумо ба навъи њодди беморї гирифтор хастед, беморї худ ба худ хуб шуда ва шумо ба дармо-
Чї гуна аз гирифторї ба бемории Гепатити Б пешгирї кунем? Ваксинаи зидии Гепатити Б яке аз роњњои муфид ва муносиби пешгирї аз гирифторї ба ин беморї мебошад. Роњњои дигари пешгирї ва коњиши хатари гирифторї ба Гепатити Б иборат аст аз: - Худдорї аз рафторњои пурхатар ва робитањои љинсии њифозат нашуда; - Тарки масрафи моддаи мухаддир ва доруњои ѓайриќонунї; - Таваљљуњ ба риояи гигиена њангоми истифода аз хадамоти салонњои ороиши ва татту; - Истифода набурдан аз сўзанњои муштарак; - Истифода набурдан аз мисвоки дандоншўйи ва теѓи риштарошии дигарон; Дар табобат ва бартараф кардани ин авориз Бемористони Ибни Сино дорои 4 бартарии комил мебошад: доро будан ба мутахассисони олидараља, доштани таљњизоти мудерн ва замонавї, таъмин будан бо доруворињои зарурї ва робитаи њасанаву муфид бо дармонгоњњои хориљ. Ба љуз ин ба таваљуњи нафароне, ки аз беморињои гастроэнтерологї (беморињои узвњои њозима, аз љумла беморињои меъдаву сурхрўда, љигар, талхадон, ѓадуди зери меъда, рўдањои бузург) ва гепатит азият мекашанд, мерасонем, ки бо ибтикори ташкилоти "Суѓуртаи миллї" ва даъвати роњбарияти Бемористони Ибни Сино Доктор Сиёвуш Мансурї, мутахассиси дараљаи олии гастроэнторология охири моњи апрел ба кишварамон ташриф меоранд! Дорандагони полиси суѓуртавии ташкилоти "Суѓуртаи миллї" бо сарфи маблаѓи ночиз метавонанд аз машварат ва табобати ин доктори варзида бањраманд гарданд! Маълумоти бештар дар сайтњои www. Ibnisino.tj ва www.sugurta.tj
Маъруфтарин чашмпизишки хориљї дар бењтарин бемористони кишвар!
Ба таваљљуњи нафароне, ки аз беморињои чашм азият мекашанд, мерасонем, ки бо ибтикори ташкилоти "Суѓуртаи миллї" ва даъвати роњбарияти Бемористони Ибни Сино, чашмпизишки маъруфи эронї, доктор Ањмадалии Фирдавсї, рўзи 23-юми апрел, ба кишвар ташриф меорад! Шахсоне, ки тибќи барномањои "Ташхис", "Табобат" ва "Амал" соњиби пулиси суѓуртавї шудаанд, бо истифода аз имтиёзњои пешнињоднамудаи ташкилоти "Суѓуртаи миллї" ташхис, табобат ва љарроњиро бо супоридани маблаѓи ночиз мегузаронанд! Зеро бештари харољоти онњоро ташкилоти "Суѓуртаи миллї" пардохт мекунад!
Тибќи маълумоте, ки мутахассиси Шуъбаи чашмпизишкї Шањло Бобољонова ба мо доданд, аз соати 9 - и субњи њамон рўз, бо истифода аз таљњизоти мудерн ва нодир, ки бемористон бо он муљањњаз аст, табиби шинохташуда ба ќабул ва мушовараю табобати ниёзмандон шуруъ мекунад! Иловатан меафзоем, ки аз соати 9. 00 то соати 14.00 ќабул ва муоинаи беморон сурат гирифта, боќии рўз, пас аз ташхиси даќиќи озмоишгоњиву компютерї, љарроњињои мураккаб ва нодиру нозуки чашм гузаронида мешаванд. Зимнан, ќайд бояд намуд, ки њузури ин доктори воломаќом њамагї се рўз идома меёбад!
Ёдрас мешавем, ки кулли лавозимоти истифодашаванда якбормасраф буда, дастгоњњо комилан безарар гардонида шудаанд, ки хатари гирифторї ба беморињои сироятиро тамоман аз байн мебарад! Бо пиёда намудани ин барномаи иљтимої, яъне пешнињоди барномањои љолиби ташкилоти "Суѓуртаи миллї", њадафи мо дастрасии хидмати пешќадами тиббї ба мардуми азизи кишварамон мебошад! Хушбахтона, дар ин љода мо ба дасто-
вардњои назаррас ноил шудаем! Танњо дар бахши беморињои чашм, табобати 58 бемор дар муддати се моњи авали соли љорї гувоњи ин гуфтањоянд! То имруз аллакай 84 нафар номнавис шуданд, ки дар ин шумора, нафарони тариќи шабакањои иљтимої номнависшуда, дохил нестанд, ки бештар аз 100 нафарро ташкил медињанд. Њамаи касоне, ки беморињои чашм азияташон медињад,новобаста аз номнавис шудан, дар ин рўзњо метавонанд ташриф биоваранд ва аз машварату табобати доктори маъруф бањраманд гарданд! Мо мутахассиси бењтарини эрониро даъват кардем, то дар бењтарин бемористони кишвар , ки тамоми шароиту имконро фароњам сохтааст ва њич нуќсу норасоие аз бемористонњои пешрафтаи аврупої надорад, Шумо бе сафар кардан ба хориљи кишвар, бе сарфи бењудаи маблаѓу талафи ваќт, дар хонаи худ табобат бигиред! Нафарони то ин дам суѓурташу-
да на 121 сомонї, балки њамагї бо супоридани 24 сомонї аз машварату тавсияи доктор бањраманд мегарданд! Бар замми ин, ин нафарон бо супоридани њамин маблаѓ се рўзи дигар метавонанд аз машаварати доктори маъруф бањраманд гарданд! Бояд ќайд намуд, ки дар шуъбаи беморињои чашми Бемористони Ибни Сино табобат ва љарроњии беморињо, аз ќабили љарроњии узвњои ашк, љарроњии ќарния (птерегиум), ташхис ва муоинаи пайвастаи астигматизм бо интихоб намудани оинањои сферикї ва силиндрї, олусї (страбизм) (модарзодї) ва оризањои асабї, оризањои эндокринологии кўдакон ва наврасон, табобати консервативии доѓњои дегенеративї ва дистрофия, таѓйироти синусолї дар ќисмњои пеши курраи чашм, ретинопатияи дибетикї, оризањои љоѓари зањролудшуда ва ѓайра анљом дода мешаванд. Њикматёри ЊИКМАТЗОД, аз дафтари матбуоти Бемористони Ибни Сино
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА
ДАРХОСТИ МАРДУМЇ! ОЁ КОМИССИЯИ УМУМИРУСИЯГИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДОРЕМ? - Чанд муддат пеш дар Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар њудуди вилоятњои он аз љониби Русия комиссияи умумирусиягии мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд, ки ба њайати он шањрвандони Тољикистон њамчун корманд ќабул карда шудаанд. Вобаста ба ин аз Шумо эњтиромона хоњиш менамоям, ки оиди муайян намудани чанд масъала ёрии худро расонед: - Вазифаи ин комиссия аз чї иборат аст ва он дорои кадом ваколатњо мебошад? - Оё комиссияи мазкур ваколати гузаронидани амалиётњои фаврї - љустуљўї ва амалњои тафтишотиро дорад? - Комиссияи мазкур дар асоси кадом санади њуќуќї (ќонун, оиннома, низомнома, дастурамал) фаъолият менамояд? - Шартњои ба кор ќабул намудан ба ин комиссия аз чї иборат мебошад? - Музди маоши моњонаи кормандони он чанд сомониро ташкил медињад? - Дар њолати ба нафаќа баромадан нафаќа аз тарафи Њукумати Федератсияи Русия таъин мегардад ва ё аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон? - Агар корманде аз тарафи маќомоти њифзи њуќуќи Љумњурии Тољикистон ба нафаќа баромада бошад, дар њолати ба ин кор љалб гардидан нафаќаи ба ў таъин гардида бекор мегардад ва ё дар баробари кор дар комиссия нафаќаашро низ мегирад? Барои посухи таъљилии дархости мазкур ќаблан аз Шумо сипосгузорам! Гулањмад ГУЛОВ, сокини кўчаи Кайњоннавардони шањри Ќурѓонтеппа Нигоњ: Хонандаи гиромї, аз таъсис ёфтани њамчунин комиссияе дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон хабар надорем. Шояд дар ин бора дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон маълумот дошта бошанд. Умедворем, ки баъди хондани ин матлаб ба саволњои пешнињодкардаи Шумо дар ояндаи наздик аз худи Агентї посух медињанд.
БА ЉОЙИ 09 - Маркази иттилоотиву захиравии назди Дафтари Созмони байналмилалии муњољират дар шањри Маскав оид ба кули масъалањои ќонунгузории мењнат ва муњољират, гирифтани ёрии тиббї, иљтимоиву равонї (психологї), њамчунин имконоти маърифатї барои муњољирон ва ањли оилаи онњо машварат медињад. Шумораи телефон барои тамос: 8-800-333-00-16 (дар ќаламрави Русия занг БЕПУЛ аст). Муњољирони ба шањри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафаркарда имкон доранд барои гирифтани мадади бепули њуќуќї ва мусоидат барои таъмини љои кор ба созмони љамъиятии "Уральский дом" мурољиат намоянд. Шумораи телефон барои тамос: (34377) 7-39-73 ва 7-922-6065550 Њар яки мо бояд бидонем: пешгирї бењтарин роњи њифзи саломатии худ ва наздикону пайвандонамон аст.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
Афсаре аскари ќаториеро, ки дар њавлии ќисми њарбї бекор сайру гашт дошт, нигоњ дошт ва пурсид: - Чаро бе кор дар ин љо мегардї? Шумо то ба хизмат омадан чї кор мекардед? - Ман дар як ширкат муовини сардори шуъбаи савдо будам. - Дар таги дастатон кормандони тобеъ кор мекарданд? - Бале, 10 нафар! - Шумо бо онњо чї кор мекардед, агар медидед, ки бе кор гашта истодаанд? - Бе чуну чаро аз хизмат озод мекардам! - рафиќ командир. *** Ањмад ба дарс дер мекунад. Омўзгор: - Чаро дер омадї? Ањмад: - Устод, дар истгоњ як мард пулашро гум кард, њамин ќадар кофту кофт наёфт. Омўзгор: - Хуш. О ин ба дермонии ту чї дахл дорад? Хайр, пулашро наёфт. Ба ту чї?! Ањмад: - Охир, пойи ман болои пули хамон мардак буд… *** Ба милитсия зане гирёну нолон омада, шикоят мекунад: - Шавњарамро ёфта дињед, гум шудааст, бе вай дунё бароям торик…! - Ў аз кадом ваќт нест? Кай гум шудааст? Охирин бор ўро кай дидед? - Дањ рўз пеш. - Чаро то имрўз хабар надодед? - Охир, њамин рўз бе пул мондам…! *** Лўлие дар ба дари хонањо талбида мегашт. Ба хонае даромад ва аз соњибхона хоњиш кард, ки дар њаќашон дуо хонад. Соњибхона пурсид, ки дуоро барои чї мехонї? Лулї гуфт: - Барои зиёд шудани файзу баракат. Соњибхона гуфт: - Њамин дуоро дар њаќќи худатон хонед, ки аз талбандагї рањої ёбед!
? - И БОБ ОЁ ДАР СИНФЊОИ КАМНУФУС ЊАЌГУЗОРЇ БАРОИ ТАФТИШИ ДАФТАР ПАРДОХТ КАРДА МЕШАВАД? - Оё дар синфњои камнуфус њаќгузорї барои тафтиши дафтар барои як синф ё якчанд синф пардохт карда мешавад? Њамчун роњбари синф барои як синф пардохт карда мешавад ё барои якчанд синф? Домуллои МАХСУМЗОД, омўзгори бахши МТУ-и №11 ноњияи Мастчоњ - Дар асоси бандњои дахлдори Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф: 2.1.10. Њаљми нињоии сарбории омўзгорон то 2 ставкаро ташкил медињад. Дар сурати боќї мондани соатњои кам аз фанњои алоњида (3-4 соат дар як њафта), ба таври истисно, сарбории зиёда аз 2 ставка иљозат дода мешавад. Дар ин сурат бояд омўзгор тахассуснок ва ботаљриба бошад. Ќарори мазкур муваќќатан ва ба таври истисно бо розигии иттифоќи касабаи муассиса ва маќоми мањаллии идораи маориф ќабул карда мешавад. Ба таври истисно роњбарї дар ду синф дар навбатњои гуногун дар сурати зиёд будани шумораи синфњо аз шумораи омўзгорони таљрибадор иљозат дода мешавад. Њолатњои истисноии мазкур бояд, асоснок карда шавад ва танњо дар сурати норасоии омўзгорон амалї мешавад. 1.8.1. Барои роњбари синф - 15 дарсад аз меъёр барои 1 ставка. 1.8.2. Барои тафтиши дафтар ва корњои хаттї аз њисоби соатњои њаќиќї 20 дарсад маблаѓи иловагї ба омўзгорони забон ва адабиёти тољик, забони русї, забонњои хориљї, математика, физика, химия, наќшакашї, санъати тасвирї ва ба омўзгорони синфњои ибтидої пардохта мешавад. Ба суоли Шумо аз Раёсати иќтисод, банаќшагирї дар соњаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон посух доданд.
МАВСИМИ ТАРОШИДАНИ МУЙИ САР ФАРО РАСИД!
АКСИ САДО
ПИЁДАГАРДОН НИЗ ГУНАЊГОРАНД! - Њафтаи гузашта матлаби хонандаи нашрияи "Нигоњ" бо исми Нодир Салимпур тањти сарлавњаи "Беназмии њаракати наќлиётро дар Душанбе ќабул надорам" - ро хондам. Мушкилоте, ки дар ин матлаб зикр шудааст, воќеан дар шањри Душанбе љой дорад. Агар ин мушкилот дар Душанбе њалли мусбии нињоии худро пайдо мекард, симои зоњирии шањр дигар мешуд, теъдоди садамањо ва маргу мири одамон њам коњиш меёфт. Ба андешаи ман, муаллиф дар матлаби худ ба як пањлуи масъала, ки ба ронандагон рабт дорад, дахл кардааст. Аммо риоя нашудани ќоидаи њаракат дар роњ аз љониби пиёдагардонро мисол наовардааст. Бо ин гуфтанї нестам, ки ронандагон гунањгор нестанду танњо пиёдагардон гунањгор њастанд. Ба ин мушкилот бояд аз ду зовия бархурд дошта бошем. Иштирокчии њаракат дар роњ њам ронандагон ва њам пиёдагардон мебошанд. Вайрон кардани ќоидаи њаракат дар роњ аз љониби њам ронандагон ва њам пиёдагардон ба мушоњида мерасад. Гарчанде дар шањри Душанбе якчанд гузаргоњи зеризаминї ва садњо чароѓакњои рањнамо мавриди истифода ќарор гирифта бошанд њам, мардум (пиёдагардон) ба онњо эътибор намедињанд. Аксари пиёдагардон њаёту мамоти худро ба хавф гузошта бо болои гузаргоњи зери заминї ва аз љойи муайяннашуда мегузаранд. Тайи солњои охир 4 гузаргоњи зеризаминї дар буриши хиёбони Рўдакї бо кўчаи Айнї, Айнї бо Лоњутї ва буриши кўчаи Неъмат Ќарабоев бо кўчаи Фирдавсї сохта ба истифода дода шудааст. Бар зами ин чароѓакњои оддї ба раќамї иваз карда шудаанд. Аммо, мутаассифона, пиёдагардоне ёфт мешаванд, ки гузаштан аз гузаргоњи зеризаминиро афзал надониста, аз роњи мошингузар равуо мекунанд. Ё иддаи дигари пиёдагардон фурўзон шудани чароѓи сабзро интизор нашуда,дар њолати даргирон будани чароѓи сурх барои онњодар ваќти њаракати воситањои наќлиёт аз роњи пиёдагард мегузаранд. Оё ин ду мисоли овардаи ман ба љони худ хатар гузоштани пиёдагардонро нишон намедињад? Барои њамин аз ронандагону пиёдагардон даъват ба амал меорам, ки њангоми иштирокчии њаракат дар роњ шудан эњтиёткору нисбати њамдигар боэњтиром бошанд, ќоидаи њаракат дар роњро бечуну чаро риоя намоянд ва муљиби сар задани њодисаи нохуш нашаванд. Њамчунин аз њамаи директорони мактабњои миёна ва ректорони донишгоњу донишкадаи љумњурї эњтиромона хоњиш дорам, ки ба мисли замони Шўравї дар муассисаи таълимиашон дарси "Ќоидањои њаракат дар роњ" -ро роњандозї намоянд, то муњассиланашон њангоми гузаштан аз роњ душворї накашанд. Дар фарљом бори дигар изњор медорам, ки њадафи ман аз ин навишта њаргиз эрод гирифтан ба муњтарам Нуриддин Салимпур набуд. Танњо гуфтам, ки ба мушкилоти боло бояд аз ду зовия нигарист. Бархурд ба масъала бояд њам ронанда ва њам пиёдагардро дар бар мегирифт то бањс одилона хулосабандї мешуд. Бо умеди амну осоиш дидани роњњои кишвар инљо матлабамро ба поён мерасонам. Суњроб СОБИРОВ, сокини шањри Душанбе
ТАЛАФОТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (437), 22. 04. 2015
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
ТАЪРИХЧА
"Боз як хуршед моро тарк гуфт..." Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тољик дар синни 50-солагї дар Берлини Олмон аз олам даргузашт. Расонањои русї, дар такя ба наздикони Худойназаров дар ин бора 21-уми апрел хабар дода, навиштанд, ки ў аз бемории саратон азият мекашид. Бахтиёр Худойназаров шањрванди Русия буд, аммо беш аз дањ соли ахир асосан дар Олмон истиќомат мекард. Дар назар аст љанозаи коргардони маъруф дар Берлин ба хок супурда шавад. Сафорати Тољикистон дар Берлин изњор кард, ки њамеша аз њоли Бахтиёр Худоназаров, ки дар муолиља ќарор дошт, бохабар будаанд. Ба гуфтаи намояндагии дипломатии Тољикистон дар Берлин, наздикони марњум пешнињоди онњоро дар бораи ба ватан овардани љанозаи коргардон, ќабул накардаанд. Нахустин филми њунарии ў бо номи "Братан" соли 1991 дар Тољикистон рўйи навор омадааст. Барои филми "Ќош ба ќош", ки аз омилњои низоъи дохилии Тољикистон дар солњои аввали истиќлолияти давлатї наќл мекард, соли 1993 Худойназаров дар кинофестивали Венетсия ба љойизаи "Шери нуќрагин" сазовор
дониста шуд. Филми сеюми Бахтиёр Худойназаров - "Падари моњтобї", ба љойизањои гуногуни байналмилалї ќадрдонї шудааст, ўро маъруф кард. Ин филм, ки натанњо дар Тољикистону Русия, балки дар кишварњои Аврупо, назири Олмон, Швейтсария, Австрия соњиби љойизањо гардид. Дар он, њунармандони маъруфи рус Чулпан Хаматова, Николай Фоменко ва актери олмонї Морис Блябтрой наќшњои асосиро офаридаанд. Филм мазњакавї аст ва аз таќдири Мамлакат - духтаре аз дењаи афсонавии Фар-Хор, ки дар лаби рудњои ранга воќеъ аст, наќл мекунад. Мамлакат шефтаи театру њунар аст. Бародари сарбозаш Насриддин аз љанг девона шуда баргаштааст. Мунаќќидон, ки ба филм бањои баланд додаанд, тафсир кардаанд, ки воќеањо аз таърихи тањаввулоти он замон дар Тољикистон њикоя мекунад. Филмњои "Дар интизори бањр", "Шик" ва "Танкери Танго"аз љумлаи маъруфтарин филмњои Бахтиёр Худойназаров мебошанд. Вай њамчунин ба наворбардории силсилафилмњо даст зада буд. Лоињаи ахир бо иштироки ў
Рањматилло ЗОИРОВ, раиси ЊСДТ: - Њар кадре, ки ЊХДТ дорад, њоло дар сари вазифаанд ва аз ин бештар рўи кафлес чизе нахоњад омад. Барои љомеа муњим ин аст, ки рањбарони маќомоти расмї дар Тољикистон, ки аксари куллашон узви њизби њокиманд, аз сўи нињодњои мустаќил ва ё афроди бетараф санљиш шуда, кадри "хуб" ё "нохуб" буданашон муайян гардад. - Ин љомеа аллакай аз њизб њам безор шудаасту аз вазифааш њам. Кафлесаш беѓам бошад, шуд. Равшан НОСИРЇ, тољики муќими Голандия: - Капитализм њамин гуна аст, ки шумо соњиби фирмаи кўза њастеду љияни худро ба кор овардед. Љияни шумо аќли кўзаи нав истењсолкуниро надорад, вай бояд кўзаи сурх истењсол кунад, сабз кунад, аммо ў ин мањоратро надорад. Оќибати фирмаи шумо муфлис шудан аст. Дар Њуланд касеро кор мегиранд, ки лаёќат дошта бошанд. Оне, ки лаёќат дорад, њатман пеш меравад. - Ин љо Њуланд не-да, ака! Њар як љиян, њар як домод дорем, кўза он тараф истад, дар таѓора моњї дошта тавонад, шуд.
- "Гетерањои майор Соколов" мебошад, ки борњо аз шабакањои маъруфи телевизиони Русия намоиш дода шудаанд. Марги нобањангоми Бахтиёр Худоназаров, ки дар сатњи байналмилалї шинохта шудааст, талафоти бузурги кинои муосир, бахусус кинои тољик аст. Бахтиёр Худойназаров 29уми майи соли 1965 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи умумииттифоќии киноматографї (соли 1989) мебошад. Ба њайси рўзноманигор дар радио ва телевизиони Тољикистон кор кардааст. Як муддат ёвари коргардони "Тољикфилм" буд. Њайати эљодии нашрияи "Нигоњ" ва Ожонси иттилоотии TojNews ба наздикону пайвандони марњум, њамчунин ба алоќамандони соњаи синамо, бинобар даргузашти Бахтиёр Худоназаров изњори њамдардї ва андуњи амиќ мекунанд. Ин фољиа ва бохти бузург барои синамои тољик аст.
Шукурљон ЗУЊУРОВ, раиси Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Субњ вазири корњои дохилї Рамазон Рањимзода ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов бо сабаби кори фаврї ва таъљилї доштанашон дар љаласа иштирок карда натавониставу узр пурсида, муовинони худро фиристоданд. Аммо вазири молия Абдусалом Ќурбонов на иљозат мегираду на занг мезанад ва њатто тавассути муовинонаш њам ягон хабар намефиристад. - Э хоше-е-е-е! Муовинашро намешиносед-да, аз афти кор, раис. Вагарна, бўйи ин гапро намебуровардед. Сюзан ЭЛЛИОТ, сафири ИМА дар Тољикистон: - "Дипломатияи сабр" ба ин маънист, ки барои таѓйирот ва рушди суботу њифзи њуќуќи башар ваќт лозим аст. - Ваќташро намедонем, лекин ин "дипломатия сабр" оњиста-оњиста метавонад таваљљуњи студияи "Нури нањзат"ро љалб кунад... Алї БОБОНАЗАРЗОДА, њамоњангсози миллї оид ба ислоњоти милитсияи ВКД ЉТ: - Замоне расидааст, ки дар сохтор танњо кадрњои соњибкасб кор карда, сањми худро дар пешбурди сохтори милитсия ва оянда дар политсия гузоранд. - Аммо рафтори кадрњои шуморо бо ришу њиљоб дида, кас бовар њосил мекунад, ки он замон кайњо гузаштааст. Фатњулло ХАЙРИДДИНОВ, маъруф ба тахаллуси Эшони Дароз: - Аксарияти он нафароне, ки дар зиндонњоянд, баъди рањої ба хотири норасоии зиндагї, мушкилоти оилавї ва дигар омилњои таъсиррасон боз даст ба њамон љиноят мезананд. Инчунин, ваќте ба љое ба хотири кор мурољиат мекунанд, мефањманд, ки ў зиндонї шудааст, ба кор ўро намегиранд. - Барои онњоро аз зиндон берун оварда, бо љойи кор таъмин кардан, аввал бисёрињоро зиндон кардан зарур аст, домулло. Мирасрори ФАРЃОНЇ, журналисти тољикзабони Ўзбакистон: - …Тољикистон барои адибон ва журналистони тољики бурунмарзї низ љоизањояшро дареѓ надорад. Фикр мекунам, касе, ки дар рушду нумуъи забону фарњанги худ наќши кўчаке дорад, сазовори ин гуна љоизањост. - Э, вой доде-е-е-е-е! Љанљола калон кардан чї даркор, ако? Маќсад љоиза мї, ё рушду нумуъи забону фарњанг?
Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.