Нигох №05 (438). №5 (438). Чоршанбе, 28-юми апрели соли 2015

Page 1

"Садои Ашт"-ро рањо кунед!

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

1

Њузури як рўзноманигор дар мањбаси Тољикистон обрў намеорад, агар онро накоњад №5 (438). Чоршанбе, 28-юми апрели соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

СЎЊБАТИ ДОЃ

Мяв, мяв, мяв! Ин ман не-ку? Наход гурбаро рўбоњ нишон дињї?

Зафари Сўфї:

"Аз ин вазъият эњсоси хатар мекунам" САЊИФАИ 3

ЧЕЊРА

Ќодири Рустам:

"Биллоњ, ки одами оќил дар ин љомиа девона мешавад!" САЊИФАИ 8

ПУРБИН

1 - уми май - Рўзи муњољирони мењнатї САЊИФАИ 16

3 ТВ АЗ 3 ЌУДРАТ

Љанг дар њарими иттилоотии Тољикистон оѓоз шуд?


ДАВЛАТДОРЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

2

Якбора се телевизион дар хориљ, аммо барои Тољикистон - "Висоли њаќ" (Амрико, Саудї), CATV (Central Asian TV) Телевизиони Осиёи Марказї (Русия) ва СNТ (Central Asian New TV) ё Телевизиони нави Осиёи Марказї (Ќирѓизистон). Њар як аз ин телевизионњоро ба ќудратњои алоњида рабт медињанд - Амрико, Русия ва Эрон. Агар чунин аст, ин љанги иттилоотї ба хотири љилавгирї аз густариши нуфузи якдигар роњандозї мешавад, ё саркўбии иттилоотии њукумати Тољикистон?

3 ТВ аз 3 ќудрат Љанг дар њарими иттилоотии Тољикистон оѓоз шуд? феро гуфтан мехоњад, ки тариќи шабакањои русї наметавон гуфт ва чаро мањз ба Осиёи Марказї тахсис дода шудааст, касро ба арзи вуљуд кардани он машкук мекунад.

Мяв, мяв, мяв! Ин ман не-ку? Наход гурбаро рўбоњ нишон дињї?

"Висоли њаќ"

СNТ

ТВ- и салафињо њанўз моњи март тариќи шабакаи интернетии Фейсбук эълон дошт, ки барои Тољикистон барномањо ихтисос хоњад дод. Дар аввалин эълонаш унвони барномањояшро "Душманї бо масољид", "Душманї бо њиљобу сатри исломї" ва "Душманї бо ришу дигар усулњои исломї" муаррифї кард, аммо комилан бо интиќоди њукумати Тољикистон мањдуд шуд. Барномањои "Висоли њаќ" интерактив ё тариќи суолу љавоб њастанд. Коди телефоне, ки барои тамос пешнињод шуд (+441) аз Британияи Кабир аст, аммо маркази он дар Амрико гуфта мешавад. Намояндагињои он дар Арабистони Саудї ва Бритониё амал мекунанд. "Висоли њаќ" ба эњтимоли зиёд аз љониби хадамоти махсуси Амрико, Исроил ва Англия сармоягузорї мешавад, ки аќидањои салафияро тањти пўшиши аќидањои ањли суннат ва љамоат таблиѓ дорад. Дар асл ду њадаф дорад: аввал, заминањои иттилоотии "Давлати исломї"-ву љонибдоронаш дар Тољикистонро њамвор мекунад; дуввум, љилавгирї аз густариши аќидањои шиа, мутаносибан нуфузи Эрон дар Тољикистон аст. Ин кишварњо барои ангехтани шиањо алайњи суннињо ТВ - и "Ањли байт" - ро аз шањри Сан Диегои ИМА пахш мекунанд. Муњаммад Ансорї, барандаи барномањои зиддитољики-

Дар ќиёс бо ду ТВ - и аввал Central Asian New TV ё Телевизиони нави Осиёи Марказї, ки ба пахши барномањояш 3 май рўзи озодии баён шуруъ мекунад, тарњи шаффоф ба назар мехўрад. Асосгузори он Зафар Сўфии Фарѓонї, шоир ва рўноманигори маъруфи тољик аст, ки чанд сол ќабл хабаргузорї ва њафтаномаи "Озодагон" - ро дар Тољикистон пиёда кард. Хабаргузории "Озодагон" аз оѓоз минтаќаї эълон шуда, ба забони русї низ дар шањри Бишкек матлаб чоп мекунад. Муњаррири бахши русии он рўзноманигори маъруф Марат Мамадшоев аст. Њафтанома ва хабаргузории "Озодагон" дар Тољикистон аз муваффаќтарин расонањои тољикї ба шумор меоянд, ки ахбори Тољикистонро бидуни гароишњои эронї ё гуруњиву њизбї пўшиш медињанд. Аммо дар доирањои истихборотї бар инанд, ки ин тарњњо аз љониби Эрон роњандозї шудааст ва њадаф на фаќат Тољикистон, балки тамоми Осиёи Марказї аст.

«

ро зодаи Зоњидони Эрон, минтаќаи суннинишини Эрон муаррифї мекунанд. Аммо аз ин, ки бо хати сириллик дар Фейсбук барномањову эълон муаррифї мешаванд, хулоса мекунем, ки дар "Висоли њаќ" шањрвандони Тољикистон низ фаъолият доранд.

CATV Central Asian TV ё Телевизиони Осиёи Марказї аз Маскав пахш мешавад. Асосгузорони он муаррифї нашудаанд, аммо пўшида нест, ки як тарњи русї ва ё шањрвандони наздик ба Кремл ё мухолифини њукуматњои Осиёи Марказї њастанд. Дар ин ТВ низ тањти пўшиши

"беѓаразона" - и хабарњои Тољикистон њукумати онро ба интиќод мекашанд. То интихоботи президентии Тољикистон дар Маскав ТВ - и "Сафо" амал мекард, ки гуфта мешуд, ба Њизби нањзати исломии Тољикистон рабт дорад. Кормандонаш њам ба љомиаи Тољикистон ошно буданд. Аммо ин тарњ дер напоид ва бидуни њељ як муваффаќият зуд аз миён рафт. Русия барои ширкат дар набарди иттилоотї расонањои худро дорад, ки дар минтаќа дида мешаванд. CATV аз лињози техникї ва њатто касбият он ќадар ќавї наменамояд, аммо ин, ки минбари кист, кадом њар-

Хабаргузории "Озодагон" аз оѓоз минтаќаї эълон шуда, ба забони русї низ дар шањри Бишкек матлаб чоп мекунад. Муњаррири бахши русии он рўзноманигори маъруф Марат Мамадшоев аст. Њафтанома ва хабаргузории "Озодагон" дар Тољикистон аз муваффаќтарин расонањои тољикї ба шумор меоянд, ки ахбори Тољикистонро бидуни гароишњои эронї ё гуруњиву њизбї пўшиш медињанд.

«

Заъф Дар њоле, ки дар гирду атрофи Тољикистон деворњои иттилоотї боло мешаванд, њукумати Тољикистон чї барои муќобила дорад? Мутаассифона, расонањои Тољикистон чї њукуматї ва чї мустаќил бо ин зарфияту имконоти мањдуд ва сензураву худсензурае, ки доранд, наметавонанд дар баробари миллионњо доллар харљи ќудратњо дар набарди иттилоотї истодагарї кунанд, агар таљдиди назар дар вазъи њозир нашавад. Ин заъф то љоест, ки муфтї ва раиси Ку-

митаи дини Тољикистон аз тањиягарони "Висоли њаќ" даъват кардааст ба Тољикистон омада, озодињои диниро худ бубинанд. Ин далолат бар "огоњї"-и сиёсии муфтї ва дар умум масъулини дигар мекунад, ки бо изњороти хеш ин ТВ - ро то љое "реклама" карданд, зеро манофеъи пушти ин таблиѓотро намебинанд ва агар бинанд њам љуръати бозгўии онро ба гумон аст, ки дошта бошанд. Омори теъдоди ТВ - њо дар кишварњои минтаќа нишон медињад, ки Тољикистон наќши телевизионро то ин замон нодида гирифтааст. Масалан, шабакањои умумимиллии Ќазоќистон 11 ва Ќирѓизистон 8 адад њисоб мешаванд. Ўзбакистон 26 шабакаи умумимиллї, илова бар ин, 12 шабакаи давлатии вилоятї ва 8 телевизиони интернетї дорад. Аммо дар Тољикистон њамагї 4 шабакаи умумимиллї фаъолият мекунанд, ки кам аст. Нахуст, масъулин бояд аз худ суол кунанд, ки чаро таваљљўњи "Висоли њаќ" мањз дар айни ављи ноамнињо дар вилоятњои њаммарзи бо Тољикистони Афѓонистон ба миён омад? Ва дар Русияву Эрон њам чаро мањз дар ин замон ба Тољикистону минтаќа таваљљуњ карданд? Дар чунин њол бояд инро њам ташхис кунем, ки кадоме аз инњо хайри Тољикистонро мехоњад ва кадоме нигоњи хасмона дорад. Кадоме барои шустани маѓзњои мардум ва кадоме барои барњам задани амнияту суботи Тољикистон пешбинї шудааст? Инро њам бояд донем, ки чаро бархе пўшидаву хасмона, бархе шаффофу дўстона бархўрд мекунанд? Пас аз ин метавон иќдом кард, ки бо кадоме њамкорї ва бо кадоме муќобила кунем. Дар акси њол, моро як "фиаско ё суќути иттилоотї" е интизор аст. Мо бояд њарими иттилоотии худро соњиб шавем. Далери ХАЙРУЛЛОЊ

САДОИ МАРДУМ

59% ОМОДА НЕСТАНД, КИ БА ХОТИРИ СУБОТ АЗ БАЊРИ АРЗИШЊОИ ДЕМОКРАТЇ ГУЗАРАНД

38%

40%

5%

4%

Ба ман фарќ надорад

10%

15%

Дар ин бора фикр накардам

15%

Не. Магар субот бе ин арзишњо маънї дорад?

20%

21%

20%

Не, ќатъиян не!

25%

Бале, арзишњои демократї њарфњои бењудаанд

30%

Албатта, зеро суботу амният болотар аст

35%

2%

0% 1

2

3

4

5

6

Натиљаи як назарпурсї зери унвони "Оё омодаед ба хотири субот аз бањри арзишњои демократї ба мисли озодии сухан, озодии виљдон... гузаред?" маълум кард, ки наздик ба 60%-и пурсидашудагон омода нестанд, ки ба хотири субот аз бањри арзишњои демократї гузаранд. Бар асоси ин назарпурсї 38 дарсади иштирикчиён дар посух ба суоли зикршуда ба варианти "Не. Магар субот бе ин арзишњо маънї дорад?" райъ дода, 21 фоизи дигар њам гуфаанд, ки "Не, ќатъиян не!" Аз љамъи респондентон 20%-и онњо дар љавоб ба суоли мазкур варианти "Албатта, зеро суботу амният болотар аст"-ро интихоб кар-

да, 15 дарсади дигар њам ба гузинаи "Бале, арзишњои демократї њарфњои бењудаанд" раъй додаанд. Дар байни ширкаткунандагони ин назарпурсї њамагї 4 дарсади онњо гуфтаанд, ки "Дар ин бора фикр накардаам" ва 2 дарсади ахир њам дар бораи ин суол ќайд кардааст, ки "Ба ман фарќ надорад". Ин назарпурсї бо супориши њамтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 22-юм то 27-уми апрели соли 2015 дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 442 нафар ширкат кардааст.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

Дар шањри Бишкек, пойтахти Ќирѓизистон шабакаи телевизионии СNТ (Central Asian New TV) ё Телевизиони нави Осиёи Марказї ба кор шурўъ кард. Нахустин барномааш 3 май - рўзи озодии баён тариќи моњвораи Eutelsаt пахш хоњад шуд. Муассиси он рўзноманигор ва шоири маъруфи тољик Зафари Сўфии Фарѓонї аст, ки то ин замон дар Тољикистон њафтанома ва хабаргузории "Озодагон" - ро низ бунёд нињодааст. "Нигоњ" дар ин робита нахуст аз Зафари Сўфї суол кард, ки аз роњандозии як телевизион, он њам дар Бишкек чї таваќќуъ дорад:

Баёни аёну ноаён аз Фахриддини ХОЛБЕК

"Дар гирдоби худ". Ба зиндагии шоистаи мо мо кї халал мерасонад?

Зафари Сўфї:

"Аз ин вазъият эњсоси хатар мекунам" - Аз ин тарњ ду таваќќуъ дорам: маънавї ва молї. Сиву анд солест, ки банда бо сухан кор мекунам. Тамоми зиндагии огоњонаам ба сухан пайванд дорад. Ваќте як тарњи муваффаќ дар њадди бизоати худ дошта бошам, табиист, ки лаззати зиёди маънавї бароям хоњад дошт. Агар хеле рушан бигўям, ман суруд хондан наметавонам, раќсидан наметавонам, дар улуми даќиќ њам коре арзанда кардан берун аз тавонам аст. Ман рўзноманигорам ва доштани дастгоњњо ё минбарњое мисли нашрия, хабаргузорї ва телевизиону радио озмоишгоњест барои исботи тавоної ва истеъдоди ман дар ин риштае, ки зиндагиямро ба он пайвастаам. Аммо аз назари молї. Телевизион шояд имрўз ягона расонаест, ки барояш љалб кардани паёми бозаргонї (реклама) роњаттар аст. Љаззобияти вижаи телевизион, ки њам садо, њам тасвир ва њам љилваи рангњост, соњибони мањсулоти мухталифро, ки мехоњанд колояшонро муаррифї кунанд, ба сўи худ мекашад. - Чаро Бишкек, на Душанбе ё Алма - Ато? - Сабти ном дар Бишкек осон аст. Аз назари пиёда кардани равандњои мардумсолорї Ќириѓизистон пешгомтар аст. Телевизион њам як навъи сармоягузорї аст. Табиист љое сармоягузорї мекунед, ки амнияти сармоя бештар таъмин аст ва аз назари боздењи он мутмаин њастед. Гузашта аз ин, бар ин назарем, ки бо дар Бишкек будани дафтари СНТ бархе њассосиятњо ва бардоштњои пешдоварона аз сўи њамсояњо камтар хоњад буд. - Муњтавои ТВ - и Шумо чї гуна хоњад буд? Чї барномањо дорад? - СНТ як шабакаи хабарї, фарњангї ва тафрењї хоњад буд. Банда бар ин боварам, ки решаи аксари ихтилоф ва њамдигарнофањмї дар њамаи бахшњо ва дар њама сатњњо аз шинохти дуруст надоштан мебошад. Таи чанд соли ахир байни кишварњои минтаќа як навъи њамдигарнофањмї дорад жарфтар реша медавонад. Агар дар аввал ин њолат танњо дар сатњи бархе сиёсатмадорон буда, њоло дар бархе љойњо миёни мардум низ ба мушоњида мерасад. Мани рўзноманигор аз ин вазъият эњсоси хатар мекунам. Њеч расонаи дигар мисли телевизион наметавонад мардумро ба њамдигар бишносонад ва мустаќиму ѓайримустаќим биг-

ўяд, ки зиндагии њама бо њам хеле монанд аст, одатњо, русум, фарњанг ва муштаракоти зиёде доред. Ин ошної боиси кам шудан ва дар дарозмуддат аз байн рафтани ихтилофу њамдигарнофањмї мешавад. Аз сўи дигар таи солњои ахир равияњои ифротї ва тундгаро бо роњњои мухталиф дидгоњи худро дар љомеа пахш мекунанд ва мо шоњиди ба сўи онњо гаравидани љавонону наврасон мешавем. Ин њамаро дидану сукут кардан дар тавони ман нест. Бояд моњияти ин тундгарої ва ифрот бозгў шавад, то огоњї боиси интихоби дурусти роњи зиндагї ва фаъолияти наврасону љавонон гардад. Мо ќазоват намекунем, огоњї медињем, ќазоват ба худи бинанда аст. - Њадафи Шумо танњо Тољикистон хоњад буд, ё тамоми минтаќа? Масалан, дар Тошканду Алмаато ва Душанбе њам намояндагї хоњед дошт? - СНТ дар асл њамчун як расонаи минтаќаї роњандозї шуд ва табиист, мо густараи фаъолиятамонро тамоми минтаќа медонем. Агар маќомоти кишварњои минтаќа иљозат дињанд, њатман дар Ќазоќистону Тољикистону Ўзбакистону Туркманистон намояндагї хоњем дошт. Аммо дар сурати ѓайри ин њам мо њатман њаводиси њамаи кишварњои минтаќаро пўшиш хоњем дод. Аз фарњангу рўзгори мардуми ин кишварњо гузоришњо пахш хоњем кард. - Ќаблан њам як ТВ дар Маскав бо номи "Сафо" роњандозї шуд, аммо ба зудї ноком шуд. Онро њам ба Шумо рабт медоданд. Ва њоло ки Шумо телевизиони навро роњандозї мекунед, мегўянд, ки ин таљдид ё давоми њамон "Сафо" аст. Худатон чї фикр доред? - Намедонам тахайюли кадом Љеймс Бонди сохтае буду њаст, ки ТВ "Сафо"-ро ба ман нисбат медињад. Ман њар кореро мекунам ба номи худам мекунам ва онро ошкоро эълом медорам. Агар муваффаќ шудам, хуш ба њолам ва агар муваффаќ нашуд, бори шикасташ њам рўи шонањои худам аст. Худо шоњид ман њеч як барномаи ТВ "Сафо"-ро аз моњвора тамошо накардаам ва чи гуна чизеро, ки намедонам чи буд, мешавад гуфт, таљдид мекунам ва ё давом медињам. СНТ тарњи Зафари Сўфист ва тоза фаъолиятро шурўъ хоњад кард. - Албатта, аз Шумо зиёд пурсиданд, ки тарњ ё дар умум тарњњои Шумо ба

Љумњурии исломии Эрон чї робита доранд. Чаро мањз ба ин кишвар Шуморо рабт медињанд? - Албатта, мутаассифона, шахсиятњои матрањ ва асњоби расонаро ба ин ё он кишвар рабт додан дар Тољикистон ба мушоњида мерасад. Намедонам решаи ин падидаи номатлуб аз кадом лаљанзоре об мехўрад. Гоњо нохоста ман њам чунин њарфњоро мешунавам, ки масалан, Умед Бобохонов, ё Саймиддун Дўстов одами фалон кишвар ё фалон генерал ё сиёсатмадор одами фалон кишвар. Албатта, банда дар он њадде нестам, ки як шахсияти матрањ дар љомеа бошам, аммо чун соњиби расона њастам, ба назар мерасад њарфу њадисе пушти сарам мешавад. Аламангезтарин њолат дар ин вазъият барои ман нашунидани таърифе дар бораи ин ё он њамватанам, ки фалонї одами Тољикистон аст. Њамаи ин азизоне, ки ба унвони одами ин ё он кишвар хоњ дўстон ва хоњ бадхоњон муаррифї карданї мешаванд, дар асл ошиќи ватанашон њастанд. Ман бо дигарон зиёд ошної надорам, аммо афроде, ки асњоби расонаанд, масалан, њамон Умед Бобохонов, Саймуддин Дўстов ё њар кадоми дигар, ватанашонро содиќона ва самимона дўст медоранд. Чаро тарњњои мо ва худи моро ба Эрон рабт медињанд, пурсишест, ки посухашро аз њамон афроди ин њарфро гуфта бояд суол кард. Ман вазифадор нестам, ки дар баробари тахайюли бемори касе љавобгў бошам. Бо ин вуљуд, агар аќли солиме ин мавзуъро матрањ мекунад ду чиз метавонад иллаташ бошад. Яке, ошиќи Эрон будани ман. Љои дигар њам гуфтаам ва такрор мекунам, ки барои ман Душанбеву Кўлобу Хорўѓу Суѓд баробар бо Самарќанду Бухорову Кешу Фарѓона азизу дўстдоштаниянд ва ман ба њамин миќдор Тењрону Шерозу Исфањону Тусу Нишобур ва Кобулу Балху Њиротро дўст медорам. Ман ошиќи сарзамине ба ин густара њастам, ки мардумам дар он зиставу зиндагї дорад. Њоло ин ба касе писанд њаст ё не коре надорам, чун ин мушкили ман нест. Сабаби дигар метавонад чанд сол дар бахши бурунмарзии Садо ва симои Эрон кор кардани ман бошад. Суњбати Фаромарзи Фозил

АНОНС

"Ду истеъфои маљбурии Њаёев" - Њаёев - нахустин кўлобие, ки дар њафтумин дањаи мављудияти сохти шўравї ба сегонаи роњбарони Тољикистон шомил мешавад; - Њаёев - кулобиасле, ки њангоми сарвазирияш вилояти Кўлобро барњам медињанд; - Њаёев аз сар задани воќеоти хунини феврали соли 1990 тавассути телевизион хабар медињад;

3

- Гуфтушуниди Комитети 17 бо роњбарони Тољикистон ва мавќеи Њаёев; - Истеъфои Мањкамов, Паллаев ва Њаёев баъди имзои протоколи истеъфо; - Њаёев бармегардад ва муовини худ Бўри Каримовро дар кўшиши табаддулоти давлатї айбдор мекунад;

- Њаёев аз надоштани БТР дар рўзњои ГКЧП -и соли 1991 афсўс мехўрад; - Пирузии Рањмон Набиев дар интихоботи президентї ва истеъфои Њаёев ба бањонаи беморї; - Бозгашти Њаёев ба сиёсати калон баъди пирўзии Фронти халќї дар иљлосияи 16-уми Шурои олї; - Исёни полковник Худойбердиев ва истеъфои Њаёев ва роњи бебозгашти ў ба сиёсати калон. Дар шумораи ояндаи "Нигоњ" мутолиа кунед!

Њамеша касе ё чизе ба зиндагии шоистаи мо тољикон халал мерасонд. Шўравї суќут кард, зиндагии шоистаи мо барњам хўрд. Гўё њама бало ба сари мо омад - гирдињамоињо, љанги дохилї ва аз паи он фаќр, бекорї, муњољират, људої, фањш. Бахусус ваќте мардуми мо ба майдонњо рехт, њама шиор медодем: "Озодї!". Як даъвои бузург. Аммо озодї аз кї ё чї? Инро касе намепурсид ва мантиќан, касе њам дар фикри посухаш набуд. Њукумати Эмомалї Рањмон омад. Роњ ба сўи њалли мушкилот боз шуд. Як тараф љанг њам, ки буд, як тарафи дигар пеш мерафт. Аммо мањз њамин љанг то соли 1997 ба зиндагии мо халал расонд. Касе ба оянда бовар надошт. Бисёрињо кўчу бандро бардошта, љилои ватан карданд. Воќеан, љое, ки амн нест, рушд нест. Солона сари Афѓонистон миллиардњо доллари раббано мерезанд, аммо њанўз кашталњои ин кишвар канда аст. Њазорњо доллар маблаѓ харљ мекунанд, мактаб месозанд, аммо як бомбаяки толиб кофист, ки ин мактаб набошад. Доллари мардум касро хушбахт намекунад. Соли 1997 сулњ шуд. Нафаси тоза ба тани љомиа давид. Мухолифин њам омаданд. "Тољикони нав" зиёд шуданд. Оромиву субот. Ободї. Аммо љанги дохилї боз њам халал мерасонд. Њарфи дањони мо њамоно ин буд, ки мо љанги дохилиро паси сар кардем ва... аз љомиаи байнулмилалї хостем боз пул дињад, то ба по рост шавем. Гўё онњо масъули фароњам кардани шароит барои як зиндагии шоиста барои мо бошанд. Ваќте ба по рост шудем, ки як рўз фањмидем: зиндагие, ки дорем аз пушти муњољирини корї аст. Њукумат фаќат њамин, ки амнияти мардумро таъмин мекунад ва ба... фасод машѓул аст. Як гуруњ фањмиданд, ки њамин муњољират њам ба зиндагии шоистаи аз 1 миллион зиёди мо халал мерасонад, чун дарбадарї, људої аз ёру диёр, пошхўрии оилањо, русшавї ва... бесаводиву бетарбиягии љавононро ба дунбол дорад. Азми мо барои зиндагии шоиста суоли дигарро пеш овард: чаро мо миллати муњољир шудем? Ва як гуруњ посух гуфтанд: њукумати бекифо сабаби ин аст... Марзњоямонро њамсоякишварњо симхор заданд. Роњњои оњанро бастанд. Посух ба ин суол, ки ба зиндагии шоистаи мо кї халал мерасонад, пайдо шуд: Ўзбакистон. Дар шањрњо биноњои "хароб" обод шуданд. Дуошёнаву сеошёнањо мисли занбурўѓњои баъди борон сар бардоштанд. Мошинњои аробамонанди русиро ба "иномарка" - њои олмониву љопонї иваз кардем, боз њам хушбахт нашудем. Исломї шудем. Гапи Ироќ омаду Сурия. Гуфтем, террористон ба зиндагии шоистаи мо хатар доранд ва... Њизби нањзати исломиро гунањкор кардем. Љавононамон Русияро рањо карданд. Ба Ироќу Сурияву Афѓонистону Покистон рафтанд, то ба як зиндагии инсонї расанд. Мурданду мемуранд ва хоњанд мурд. Аммо рафтанду мераванду боз хоњанд рафт. Гўё роњи дигар нест. Мо ба ин фикр задем, ки чаро чунин мекунанд, магар зиндагии мо шоистатар аз љангу марг нест? Боз њам касе посух надорад! Ќонунњои муњољирати Русия њам ба њадафи аслии мо халал расонданд. Будубоши мо он љо вазнин шуд. Тањќир мешавем, аммо тоќат мекунем, мегўем: роњи дигар надорем, чун њамоно "калиди бахт" мо он љост! Русия мехоњад ба Иттињоди гумрукиаш аъзо шавем. Бо њар роњ фишор меорад. Мегўем: ин њам зиндагии шоистаи моро намехоњад! ДОИШ пайдо шуд. Гуфтем, дасти Амрикову Исроил аст. Њоло инњо барои он, ки мо барои як зиндагии осоиштаву инсонї даст ёбем, халал мерасонанд. Буњрон омад. Боз њоламон бад шуд. Боз буњрон халал расонд. Њама мехоњанд Роѓуни моро гиранд. Њама... Бале, њама... Мо дар гирдоби иттилоотие афтодаем. Сари калоба маълум нест. Мо намедонем, ки дар бадбахтињои худ киро гунањкор кунем. Фаќат бар як чї мутмаинем: њама, на худи мо!


4

ЗИНДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

Сокинони водии Бартанги ноњияи Рўшон мегўянд, водї аз норасоии мутахассисон дучори буњрон хоњад шуд. Водии Бартанг дар баландии 3200 аз сатњи бањр ќарор ва беш аз 50 њазор ањолї дорад. Дар суњбат бо "Нигоњ" Ватаншо Мирзоев, мудири табобатхонаи "Маркази саломатї"- и Љамоати дењоти Савнаб, ки севуним њазор ањолї дорад, чунин наќл кард: - 28 сол аст, ки минњайси духтур фаъолият дорам. Баъди хатми Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали ибни Сино ба шањри Хоруѓ ба кор рафтам. Соли 1987, ваќте нахустин беморхонаро дар Љамоати дењоти Савнаб сохтанд, ба инљо ба кор омадам. Њоло ду маркази саломатї ва њафт бунгоњи тиббї фаъолият дорад. Роњбарии њар ду "Маркази саломатї"-ро аз сабаби набудани мутахассис банда ба уњда дорам дорам. Шаш табиб кор мекунанд, ки маълумоти миёнаи касбї доранд. Ду нафари онњо хамткардаи замони шўравиянд. Дар замони истиќлолият њамагї 4 нафар имкони маълумот гирифтан пайдо карданд. Айни њол аз љамоати мо ягон донишљў дар бахши тиб тањсил намекунад. - Яъне, табиби љарроњ, гинекология, асабшинос... њама Шумоед? - Бале, бахши тандурустии дењотро таъмин мекунем. Мутаассифона, солњои охир саводи хонандагони љамоати дењоти мо барои довталабии квотаи президентї нокифоя аст, аз ин хотир, муваффаќ намешаванд, ки њатто бо ин шонс донишљўйи бахши тиб гарданд. Сабаби нокифоя будани саводи хонандагон норасоии омўзгорон,

«

Ватаншо Мирзоев:

"Маризро бо ароба меорем" Суњбат бо сардухтуре аз водии Бартанги Бадахшони Тољикистон, ки барќ, алоќаи телефонї ва њатто телевизион надорад бахусус химия, биология ва физика аст. Айни њол чанд омўзгори ба синни нафаќа расида ба хонандагон дарс медињанд. Ё онњое, ки донишљўи соњаи дигаранд, баъди хатм ба кор ба дења баргаштан намехоњанд. - Ба вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон мурољиат кардед, то имтиёз дињанд? - Ростї, ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ВМКБ мурољиат накардаам, аммо дар љаласањо ба роњбарияти вазорати тандурустї ва њифзи

Аксаран дар хона таваллуд ба ќайд гирифта мешавад. Табибон иштирок мекунанд. Зеро роњ то маркази саломатї ё бунгоњњои тиббї дур аст ва роњњо ба байни куњњо ва шебу фарозињо мегузарад, ки барои зани њомила хатарнок мебошад.

«

иљтимоии ањолї расондам, ки вазъ чунин аст. Аммо намедонам, чаро ба ин нукта таваљљуњ нашудааст. Агар њол чунин давом кунад, дар водии Бартанг солњои наздик духтур ёфт намешавад. Шароит њам вазнин аст. Барќ аз дастгоњхои дизелї ва манбаи офтоб њосил мешавад. Дар асри техника ва интернет чароѓи бобоии керосиниро истифода мебарем. Шўравї њатто ба мо барќ гузаронда натавонист, аммо тавассути чархбол беморонро ба маркази ноњия ё вилоят сари ваќт интиќол медодем. - Табиист, ки дар муњити дурдаст мушкилоти роњ аст? - Аз Савнаб то маркази ноњия 175 километр роњ аст. Фасли зимистон роњ баста мешавад, њатто моњњое мешавад, ки имкони то ба ноњия рафтан нест. Тобистон агар оби дарёи Ѓун баланд шавад, аз сабаби обхезї имкони ба ноњия рафта наметавонем. Дар мин-

АМНИЯТИ ИТТИЛООТЇ

Тољикистон се барномаи криминалї дорад, ки ба воситаи телевизионњои давлатї пахш мешавад. Барномаи криминалити "Сипар" дар Шабакаи якум, "Набз" ба воситаи "Телевизиони Сафина" ва "Дидбон" бо ТВ "Љањоннамо" њар њафта як маротиба намоиш дода мешавад.

ти маргу мири модару кўдак ба ќайд гирифта нашудааст. Аксаран дар хона таваллуд ба ќайд гирифта мешавад. Табибон иштирок мекунанд. Зеро роњ то маркази саломатї ё бунгоњњои тиббї дур аст ва роњњо ба байни куњњо ва шебу фарозињо мегузарад, ки барои зани њомила хатарнок мебошад. - Љомеаи љањониро ВИЧ/СПИД нигарон кардааст. Дар Бартанг ин беморињо ба ќайд гирифта шудаанд? - То ба имрўз ягон њолат ба ќайд гирифта нашудааст. Аз водии Бартанг њам ба Русия муњољират мераванд, аммо то ба њол ягон муњољири сироятёфтаро вонахўрдаем. Беморињои камхунї байни модарони љавон аст, ки бо тавсияи табибон ѓизо ва солимии худро нигоњубин мекунанд. Инљо њаво тоза ва ѓизо њам табиист, барои њамин осебпазирии беморињо кам аст. Суњбати Мењрбону ОРИФЇ

СИЁСАТ

Вазорати корњои дохилии Тољикистон соњиби студуяи телевизионї шуд Вазорати корњои дохилии Тољикистон барои тањияи барномањои криминалї студияи телевизионї таъсис дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 21-уми апрел студияи телевизионии ВКД бо иштироки Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилии Тољикистон ва Лутфулло Давлатзода, директори "Телевизиони Сафина" расман ифтитоњ шуд. Рамазон Рањимзода гуфтааст, ки студияи мазкур барои тањия ва сабт намудани барномањо дар сатњи зарурї ва бо сифати баланд барои пешгирии содиршавии љиноятњо, баланд бардоштани маърифати њуќуќии шањрвандон, расонидани маълумоти даќиќ оид ба њодисаю воќеањо ва кирдорњои љинояткорона ба сокинони мамлакат мусоидат менамояд. Вазорати корњои дохилии

таќаи мо њатто хатти алоќа нест. Ширкатњои мобилї нестанд. 41 километр ба дењаи дигар рафта, бо телефон бо марказ ё хешу табор суњбат мекунем. Барќи мо њамон чароѓи бобої, шиша ва керосин аст. Ба назди беморон ба љамоати дењоти дигар дањњо километр пиёда меравем. Аз Савнаб то дењаи Ѓудара 63 километр роњ аст, роњи мошингузар нест. Агар зарур бошад бо ароба ба беморхона меорем. - Пас телевизион њам надоред? - Не, мо аз њаводиси олам ва кишвар тавассути дўстон ё агар рафиќе нашрия биорад, хонда огоњ мешавем. Вале мехоњем, ки дар асри техника аз мухобироту дастгоњњои пуриќтидори моњворавї истифода барем. - Вазъ маргу мири модару кўдак чї гуна аст? - Дар мо нишондињандањо мусбатанд. Дар се - чор соли охир ягон њола-

Масъулини ВКД мегўянд, ки "барномаву намоишњои пешнињоднамудаи кормандони маќомоти корњои дохилї миёни тамошобинон мањбубияти хоса пайдо намуда, њар њафта, њазорон нафар сокинони кишвар ин барномањоро бесаброна интизорї мекашанд".

Баррасии њамкорињои Тољикистону Ироќ дар Душанбе Сирољиддин Аслов, Вазири корњои хориљии Тољикистон бо Рољењ ал-Мусавї, сафири Ироќ дар Тољикистон роњњои тавсеаи њамкорињоро баррасї кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, ин мулоќот 28уми апрел дар шањри Душанбе баргузор шуд, ки дар он "њолат ва дурнамои муносибатњои Тољикистон ва Ироќ ва роњњои тавсеаи робитањо дар арсањои иќтисоду тиљорат, фарњанг, маориф, туризм ва дигар бахшњои мавриди таваљљуњи тарафайн баррасї шуданд". Дар ин мулоќот њамчунин атрофи вазъияти Шарќи Наздик ва Миёна, иќдомњои

љомеаи љањонї барои эътидоли вазъият ва таъмини сулњу субот дар ин минтаќањо, роњандозии њамкорињои маќомотњои дахлдори ду кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалї ва чолишњои дигари амниятї табодули назар сурат гирифт. Сафири Ирок алоќамандии зиёди кишварашро ба густариши њамкорињо бо Тољикистон дар њошияи созмонњои минтаќавию байналмилалї таъкид намуд.


ИЌТИСОД тањримњо бо бахшидани сармоя ва гузашт кардан ба соњибкорон вазъи бўњронии худро бењтар кунад. Вале Њукумати Тољикистон аз оќибатњои болобарии андоз сабаќе нагирифт ва давлат боз њам меъёри андозбандиро боло бурд, масалан, андози аксизї барои ширкатњои мобилї ва андоз барои ширкатњои оффшориро. Аксиз аз њисоби мардуми оддї аст, ширкати оффшорї сармоягузор аст. Ёбу гир. Аљиб аст, ки аз ширкати IRS (ширкате, ки нигоњубини роњи пулакии Душанбе-Чаноќро ба ўњда дорад) низ андоз мегиранд? Њатто аз кишоварзон андози иљтимої меситонанд. Дењќон барои 1 гектор замин 500-600 сомонї андоз месупорид, аз якуми январи соли равон

Буњрон омад, доллар гурехт! Наќшаи зиддибўњронии њукумат самара намедињад? Даромади бизнеси хурд дар Тољикистон њудуди 60 дарсад коњиш ёфтааст. Ин раќам зимни як нишасти намояндагони њукумат ва беш аз 50 ширкату соњибкор дар Душанбе эълон шуд. Илњом Мањкамбоев, роњбари иљроияи Утоќи бозоргонии Амрико дар Тољикистон хабар дод, ки "сатњи фурўш дар шаш моњи охир то 30 дарсад коњиш ёфта, мутаносибан даромади соњибкорон низ кам шудааст. Агар ќаблан соњибкор дар як моњ аз 700 то 900 доллар даромад мегирифт, њоло даромадаш то ба 300 доллар коњиш ёфтааст". Буњронро инкор мекарданд, аммо воќеият таблиѓ нест. Дар панљ соли охир бори нахуст наќшаи буљаи давлатї иљро нашуд. Бино ба маълумоти Агентии омори Тољикистон, моњњои январ-феврали соли равон ба буљаи давлат беш аз 1 миллиарду 725 миллион сомонї ворид шудааст, ки 94 дарсади наќшаи буљаи давлатї барои соли 2015-ро ташкил мекунад. 20 апрел Абдусалом Ќурбонзода, вазири молия аз зердастонаш талаб намуд, ки барои иљро шудани наќшаи буља дар семоњаи дувум тамоми талошро ба харљ дињанд. Кумитаи андоз кормандони дафтари марказиашро ба вилоятњо фиристодааст, то наќшаи андозро иљро кунанд. Аммо буд кардани наќшаи буља дар ин вазъи бўњронї, ки ширкатњои зиёде муфлис шудаву корхонањои зиёде аз фаъолият бозмондаанд, касе њарф задан намехоњад.

Чаро наќша иљро нашуд? Њукумати Тољикистон оѓози солї љорї як барномаи зиддибўњрониро ќабул кард, ки аз 54 банд иборат аст, аз љумла бењтар кардани њолати молиявии Барќи тољик, Агроинвестбонк ва "Талко", дуруст ширкатњое, ки солњо боз ба мушкил дучор омадаанд ва дар бењбуди вазъи иќтисодї муассир набуданд. Матлуба Улљабоева, роњбари Анљумани ширкатњои хурду миёна мегўяд, бояд ба соњибкорон андозсупорандагони њаќиќї шароит фароњам оварда ша-

вад, пеш аз њама ба кишоварзон. Дар он нишаст коршиносон коњиш додани андози соњибкорон ва умуман аз андоз озод кардани кишоварзонро пешнињод карданд, аммо намоядагони Бонки миллї, вазорати рушди иќтисод ва Кумитаи давлатии саромоягузорї, чизе гуфта натавонистанд. Наќшаи буља аз кам шудани воридоти пули муњољирон аз Русия аст, вале дар ин нишаст соњибкорон аз шароити душвори пешбурди бизнес ва андозњои баланд дар кишвар шикоят карданд ва андози баландро чун як омили асосии бадтар шудани вазъи бўњронї донистанд. Њукумати Њукумати кишвар дар якљоягї бо бахши хусусї фавран бояд дар ин шароит чорае андешанд ва ин чораљўї бояд бо дастгирии якдигар сурат гирад на бо буѓї кардан ва ба зўрї ситонидани андозњо аз андозсупорандагон. Њанўз соли 2013 ваќте Кодекси андоз дар тањрири нав мавриди амал ќарор гирифт ва меъёри андозбандиро хеле боло бурд, коршиносон пешгўї мекарданд, ки теъдоди андозсупорандагон кам ва корхонаву ширкатњо муфлис мешаванд. Ин пешгўї дуруст мебарояд. Корхонаву ширкатњои зиёде муфлис шуда, ё аз фаъолият бозмонданд ва ё бар зарар кор карда истодаанд, ки онњо низ дигар имкони ба даст овардани фоидаро надоранд ва андоз аз фоида намесупоранд. Тиќби маълумоти расмї, танњо дар соли 2014 247 корхона аз фаъолият бозмонд, ки њама аз андозсупорандагони хуб буданд. Дањњо ширкати дар гузашта худкифо, масалан, "Ресандаи Ќурѓонтеппа", "Тољиктелеком", "Алюминсохтмон", НОБ-и Норак, "ТољикЭйр" зиёда аз 1 миллион сомонї ќарзи андоз доранд. Мутобиќи Кодекси нави андоз бољи гумрукї аз соли 2013 барои ќариб њама гуна мањсулот хеле боло рафт. Натиља чи шуд? Тибќи маълумоти расмї дар семоњаи авали соли 2015 бинобар кам шудани воридот наќшаи бољи гумрукї њамагї 75 дар сад иљро шуд. Русия тавонист, ки новобаста ба

баъд аз таъсиси микрохољагињо арзиши он то 2 000 сомонї боло рафт. Раиси яке аз њољагињои инфродии навтаъсис ба мо хабар дод, ки дар як гектор замин то 10 нафар сањмдорон ба расмият дароварда шуда, аз њар як нафар дар як сол 120 сомонї андози иљтимої ситонида мешавад, ки дар як сол 1200 сомониро ташкил медињад ва акнун дењкон маљбур аст, ки барои 1 гектор замин бо назардошти андозњои нав ба љои 500 600 сомонї 1800 -2000 сомонї андоз супорад. Њатто аз нафаќахўроне, ки дорои сањме њастанд 120 сомонї андози иљтимої ситонида мешавад. Агар ин лоињаи зиддибўњронї бошад, ки њатто нафаќахўронро ба пур намудани буља љалб шудаанд, пас онро барномаи буњронї метавонем ном кунем? Њамин гуна, боло рафтани ќимати доллар низ ташвишовар аст. Катарина Шахтнер, раиси "AccessBank Tajikistan" изњор дошт, ки "мо рискњои эњтимолиро пешбинї карда, мегўем, ки ќурби 1 доллар нисбат ба пули миллї аз марзи 7 сомонї убур хоњад кард". Агарчї намояндагони Бонки Миллї ин пешгўиро рад карданд, вале аллакай ќурби як доллари амрикої дар нуќтањои саррофии шањри Душанбе аз 27-уми апрел аз њадди 6,50 сомонї боло рафта, харидори доллар њатто бо арзиши 675 сомонї њам ѓайриимкон гардид. Чї бояд кард? Дар посух ба ин суол Матлуба Улљабоева, рањбари Анљумани соњибкории хурду миёна мегўяд, "дар навбати аввал барои созмон додани љойњои корї мо бояд бизнесро њавасманд кунем. Дар ин шароит мо бояд гирифтани патент ва шањодатномаи соњибкориро содаву осон кунем. Зеро дар мо њолати баръакс мушоњида мешавад. Мо бояд низоми пантентро таъљилан бозбинї кунем, нархи онро поён барем ва имкониятњои пешбурди тиљоратро тариќи он бештар кунем". Баќия масъулияти њукумат аст.

ЭНЕРГЕТИКА

Истењсоли зиёда аз 3 млрд. кВт. соат нерўи барќ дар 3 моњ Дар неругоњњои барќии Тољикистон дар давоми 3 моњи аввали соли љорї 3 млрд. 657 млн. кВт/соат нерўи барќ истењсол шудааст. Бино ба иттилои Нозирљон Ёдгорї, сухангўи ШСХК "Барќи тољик", ин нишондињанда нисбат ба њамин давраи соли гузашта, 236,4 млн. кВт. соат зиёдтар аст. Дар "Барќи тољик" мегўянд, дар ин давра интиќоли барќ ба хориљи кишвар коњиш ёфта, барќи истењсолшуда асосан барои таъминоти дохили

кишвар равона шуда буд. Бо ин њама дар 3 моњи аввали соли равон Тољикистон ба хориљ 182,6 млн. кВт. соат барќ содир кардааст. Содироти барќи Тољикистон асосан ба Афѓонистон ва Ќирѓизистон сурат гирифтааст. Тољикистон дар соли 2014 ба хориља 1 млрд. 321,7 млн.кВт.соат нерўи барќ содир намуда буд, ки аз ин 1 млрд. 095 млн. кВт.соат ба Афѓонистон ва 226,7 млн. кВт.соат нерўи барќ ба Ќирѓизистон рост меояд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

5

Фаридун Рањнавард Агар касеро фиреб карда тавонистї, ўро содда машумор, бовари ў ба ту бештар аз он буд, ки сазоворї. (Муаллифи гумном)

Фиреб Кўдаконро ба намоиши театрї фиристода, ба он чї муаллимону њунармандон бо кўдакон кардаанд, то њол боварам намеояд. Ахири њафтаи гуфташта љиянњои мактабхонам хоњиш карданд, ки барои театр пул дињам. Ба мактаб театри Хуљанд омадааст. Билеташ 10 сомонї. Ба љиянњо пул дода, як шарт мондам, ки духтарчаи маро њам ба театр баранд. Хурсандї њадду канор надошт. Шодї њам накарда бин, баъди он њама таърифу тавсифи театр, ки аз калонњо шуниданд. Даводав, паропар... Шаб хоб нарафта, либоси мувофиќ интихоб кардем. Афсўс, ин њама шодињо бо яъсу ноумедии тифлакони бегуноњ анљом ёфт. Даќиќтараш, муаллимону театралњои хуљандии мо, хурсандии кўдаконро ба яъсу ноумедї табдил дода тавонистанд. Бо фиреб ва ќаллобї! Бубахшед, вале он чї ки инњо карданд, номи дигар надорад. Тасаввур мекунед, њунармандон - одамоне, ки ба назари ман, бояд натанњо соњиби њунару истеъдоди фавќулодда, балки, албатта, бояд аз аќлу фаросат њам орї набошанд, бинобар кам будани тамошобин - мактаббачањо, ба сањна набаромадаанд. Ними пули билетро дода, кўдаконро аз толор берун кардаанд. Кўдакон намедонанд, ин кадом театр будааст. Номи директори мактабро фош намекунам. Тасаввур мекунам, чї мешавад, агар раќами мактаб ва номи директорашро ин љо нависї ва ягон корманди маќомот, масалан, аз агентии мубориза бо фасод ќазияро санљиданї шавад, чї мешавад. Таљрибаи кофї дорем, ба ќавле. Аввал, хостам рост ба мактаб равам, рост ба чашми директораш нигоњ кунам. Диламро холї кунам. Гўям, ки нобуди њамон 5 сомонї, вале бовару эътимоди кўдакони маъсумро ин ќадар арзон нафурўш, беинсоф! Худатро фиреб медињї! Ба чашми њунармандаш назар кунам, то бубинам ба чашмам чї хел нигоњ мекунад. Рў ба рўяш бигўям, ки њунаратро ба ин њад паст назан, бевиљдон! Њунармандон шояд дар гирифтани 5 сомонї аз тифлон даст надоранд, шояд ин кори муаллимон бошад, аммо њунармандон бояд ба сањна мебаромаданд. Бигзор њатто агар дар толор як нафар нишаста бошад. Нафаре, ки касбу корашро ќадр мекунад, эњтиром мекунад, мебаромад ва назди як нафар њам кор мекард. Чунон кор мекард, ки кўдаконе, ки ба намоишнома нарафтаанд, пушаймон мешуданд. Даъфаи дигар онњо њатман ба театр меомаданд. Инњо чї кор карданд? Кадоми ин тифлакони фиребхўрда, онњое, ки аввалин бор ба театр омада буданд, аз шунидани номи театр ба ёдашон фаќат дурўѓу фиреб меояд акнун. Ин таљриба нодир нест, ба фикрам. Њамин будааст, ки театри мо бетамошобин мондааст. Тамошобинро ба завќи пасту бесаводї муттањам кардан нашояд. Њамин муносибат аст, ки моро маљбур ба театр оварда намешавад. Њунармандон маљбуранд мактаб ба мактаб тамошобин љўянд. Ман, шояд акнун ба таври худ, мефањмам, ки чаро коргардоне мисли Барзу Абдураззоќов дар Душанбе кор карда наметавонад. Дар хориљ аз мамлакат "коргардони сол" шинохта мешавад. Чаро коргардони сатњи љањонии тољик Бахтиёр Худойназаров, ки дар Душанбе ба шедеврњояш то њол сарфањм намеравем, дар ѓарибї љон медињад. То њол дар гўшам, изњороти фориѓболонаи як мансабдор чирингос мезанад, ки бо рафтани Барзу Абдураззоќов аз кишвар ба расонањо дода буд: "Мо аз рафтани Барзу чизе гум намекунем!" - Касе, ки чизе надорад, чизе гум намекунад! Ба ќавле, гап бисёру гапшунав нест.


6

СЎЊБАТИ ДОЃ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

Љумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суѓд 25-уми апрел, шанбеи њафтаи гузашта бино ба сабаби ба нафаќа рафтан, аз вазифа барканор шудаанд. Љумъабой Сангинов аз 7-уми январи соли 2011 инљониб дар вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суѓд кор мекард. Аз мансабдороне, ки њамеша барои расонањо ва љомеа дастрас буд. 22-юми феврали соли равон ба синни нафаќа расидааст. Ў дар вазъияти њассоси марзї дар миёни Тољикистону Ќирѓизистон дар охири соли 2013 ва аввали соли 2014 яке аз шахсони муњимми музокиракунанда буд. Хабаргузории TojNews дар нахустин мусоњиба баъд аз ба нафаќа баромадан аз Љумъабой Сангинов суол кард, ки барканориашро чи гуна ќабул кард? - Як воќеияти зиндагии мо. Ягон чизи ѓайримуќаррарї нест, њама чиз аввалу охир дорад. Муддати муайян фаъолият карда, ба синну соли нафаќа расидем

МАЪЛУМОТ АЗ TOJNEWS

Љумъабой САНГИНОВ:

"Нигоњ доштани нафс барои мансабдор хеле муњим аст" ва ин чиз тибќи таљрибаву ќонун муайян шудагї њаст. Њарчї аст, ман барканориамро њамчун як воќеияти зиндагї ќабул кардам. - Чанд сол дар корњои роњбарї фаъолият доштед? - То соли 1985 ба њайси љарроњ фаъолият доштам. Аз соли 1985 ба њайси роњбарияти сохторњои гуногуни Вазорати тандурустї, муассисањои љумњуриявї, Донишгоњи тиббї кор кардаам. 11 сол дар парламенти Тољикистон 3 навбат интихоб шуда, фаъолият кардем. Тўли 4 соли ахир ба њайси муовини аввали раиси вилояти Суѓд фаъолият доштам. Парламент барои ман як мактаби хеле бузурги сиёсату љомеашиносї буд. - Њасостарин лањзаи фаъолияти шумо дар тўли 4 соли фаъолият ба њайси муовини аввали раиси вилояти Суѓд кадом лањза буд? - Аз нигоњи он ки мо дар љараёни таќвияти пояњои давлатдорї ќарор дорем, касе дар вазифаи пурмасъули давлатї фаъолият мекунад барои ў њама давраи фаъолият давраи њассос аст. Лекин агар аз нигоњи ќиёсї бошад, аз моњи декабри соли 2013 то моњи апрели соли 2014 њассостарин лањзаи фаъолияти ман буд. Замоне, ки мо њамчун масъули масъалањои тартиботи љамъиятию ќудратї дар љараёни бартараф кардани шиддати муносибатњо бо Љумњурии Ќирѓизистон ќарор доштем. Њассостарин давра њамон давра буд.

- Дар тўли солњои фаъолиятатон ягон коре буд, ки барои иљрои он дастатон нарасид ва њоло аз он изњори пушаймонї мекунед? - Њатман, њар як шахси масъул дар роњрави фаъолияти корї бо сабабњои гуногун аз вазифа меравад. Албатта. њар шахси масъул наќшањое дорад, ки имконияти анљом додани онњоро аз даст дод. Лекин бо он таљрибаи корие, ки аз фаъолият дар сохторњои гуногуни марказї ва парламент гирифта будам, масъалањои пайдошударо дар доираи салоњияти худ иљро мекардам. Мушкилоти љиддї эњсос намекардем. Мушкилот њамаваќт дар инсон, дар масъулият аст. - Фаъолиятатон дар ваќти низоъњои марзї миёни Тољикистон ва Ќирѓизистонро њасостарини давраи фаъолияти худ унвон кардед. Дар ин давра шумо яке аз шахсони калидї будед. Њоло шумо дигар шахси мансабдор нестед ва ин шиддати ин низоъњо њам поин омад. Бо рафтани шумо оё метавон гуфт, ки ин кор дигар њал шудаасту ниёз ба шумо нест? - Ман наќши калидї доштани худро њељ ваќт таъкид њам накардаам, эњсос њам намекунам. Мо дар доираи фаъолияти худ корбарї кардем. Шиддат ки бартараф шуд, имрўз љараёни муътадили гуфтушуниди тарафњо давом дорад. Аз ин рў, бовар дорам, ки нафаре, ки ба ин вазифа таин мешавад, аз ўњдаи иљрои вазифа мебарояд. Ибораи бисёр

маъмулї аст, ки дар кору дар зиндагї шахсони ивазнашаванда ѓайри њолатњои истисної нестанд. Њамаваќт шахсе, ки таин мешавад, дар доираи салоњият аз ўњдаи бартараф кардани мушкилотњо мебарояд. Ман шубња надорам. - Шумо акнун дар нафаќа њастед, аз ин ба баъд ба кадом кор машѓул мешавед? - Банда баъд аз онки ба фаъолияти идорї оѓоз кардам, њамаваќт дар як гўшаи андеша ва ќалб нороњат аз он будам, ки наметавонам ба касби дўстдоштаи худ табибї машѓул шавам. Ин мушкилї њамаваќт њамроњи ман буд. Акнун барои ман муњим саломатї ва имконияти пиёда кардани баъзе ормонњои касбиам пайдо мешавад ва ман кўшиш мекунам, ки ба корњои касбї машѓул шавам. - Ба нафаре, ки ба љои шумо меояд ва ба дигар мансабдорони љавон чї маслињат доданї њастед? - Шахсоне, ки маслњињат медињанд, хеле зиёд њастанд дар љомеа. Аз диди банда барои њар масъули идораи давлатї якчанд сифатњои калидї зарур аст. Нуќтаи муњимтаринаш муносибат бо сарзамине, ки дар он таваллуд шудаасту муносибат бо давлате, ки дар он зиндагї мекунад. Яъне тамоми андеша ва љањду талошаш барои мусоидат кардан ба мустањкамии пояњои ин сарзамин равона шуда бошад. Дуюм, масъулият ва муносибат дар њолатњое, ки инсон имко-

ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ

Љойивазкунии се раиси ноњияњои Душанбе ва Нуробод Бо фармонњои Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон раисони се ноњияи шањру Душанбе иваз карда шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 28-уми апрел Зафар Сафаров, аз вазифаи раиси ноњияи Сино, Саиднурдин Алиев, аз вазифаи раиси ноњияи Фирдавсї ва Са-

мандар Бобоев, раиси ноњияи Шоњмансур бино ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифањояшон барканор шудаанд. Њамчунин, бо фармони Президент, Сайдамир Сиёмардзода, ки то ин замон дар вазифаи раиси ноњияи Нуробод кор мекард, иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Шоњмансури

шањри Душанбе таъин шуд. Бо фармони дигари Президент Саиднурдин Алиев ба курсии раиси ноњияи Сино нишаст.Ба вазифаи раиси ноњияи Фирдавсї Љамшед Табаров таъин шудааст. Ба љои Сайдамир Сиёмардзода Дўстзода Њасан Таѓдирро раиси ноњияи Нуробод таъин кардаанд.

Љумъабой Сангинов 22-юми феврали соли 1952 дар ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд таваллуд ёфтааст. Дорои маълумоти олї аст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Синоро хатм кардааст. Фаъолияти мењнатиро дар Беморхонаи љумњуриявии клиникии №1-и шањри Душанбе оѓоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноњияи Мастчоњ ба њайси духтури љарроњ фаъолият кардааст. Муовини сардухтури беморхонаи мазкур буд. Аз соли 1980 то соли 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тољикистон хатм намуда, дар Беморхонаи шањрии клиникии №5-и шањри Душанбе ба њайси духтури љарроњ кор кардааст. Баъдтар, ба њайси мудири шўъбаи љарроњии њамин беморхона то соли 1985 кор кардааст. Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шўъбаи кадрњои Вазорати тандурустии Тољикистон буд. Солњои 1987-1991 дар вазифаи сардухтури Диспансери љумњуриявии саратоншиносї, аз соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии њукумати шањри Душанбе буд. Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011-ум 3 даъвати Маљлиси Олї - даъватњои II, III, IV, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шудааст.Роњбари фраксияи Њизби халќї-демократии Тољикистон дар Маљлиси намояндагон буд. Аз 7-уми январи соли 2011 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Љумъабой Сангинов ба вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суѓд таъйин карда шуд. Дорандаи унвони Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон аст, ки соли 1994 гирифтааст. Оиладор ва соњиби 3 фарзанд мебошад.

нияти интихоби сифати кор дорад. Яъне ў метавонад корро ба дараљаи баланд иљро кунад ё ба дараљае, ки эњтимол љавобгў ба манфиатњои корї набошад. Сеюм, ин дар љањони моддигароии имрўза нигоњи доштани нафси худ аст. Барои шахси мансабдор ин нињоят муњим аст, то аз сўистифода аз мансаб худдорї карда, барои пешбурди манфиатњои миллию давлатї љањду талош кунад. Боќї дигар ба хусусияту хислатњои инсонї вобастагї дорад ва фикр мекунам он масъалањои маљозию љорї њастанд, ки ањамияти калидї надоранд. Муллораљаб ЮСУФЇ, Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


РАВЗАНА

Муњаммадљон УМАРОВ:

- Тарљумаи Шумо аз тарљумањои ќадимї чї фарќ дорад? - Дар ибтидои тарљума гуфтаем, ки дар такя ба Тафсири Табарї, Тафсири Њусайнї ва тарљумаи Шоњвалиюллоњ Дењлавї кор кардаем. Намедонам, ки то њол кї бидуни такя ба инњо Ќуръонро тарљума карда бошад. Фарќи асосї ин тарљумаи тољикї аст. Мо талош кардем, ки то љое забони классикиро риоя кунем. Сабти классикиро риоя кардем, ки љиддияташ бошад. - Як мусулмони одї, ба мисли мо чї тавр бояд ба тарљумаи Ќуръон мурољиат кунад. Бидуни тафсир фањмидан осон нест, магар? - Дуруст аст. Худи арабњо низ бидуни тафсир Ќуръонро намефањманд. Дар замони худи Паёмбар (с) низ чунин буд. Ќуръонро бе тафсир фањмидан бисёр мушкил аст. Мо кўшиш кардем, ки аз лињози забонї барои мардум фањмо бошад. Барои мазмуни онро фањмидану маънї баровардан бояд инро аз тафсирњо, китобњои фиќњї хонанд. Хонанда аз тарљума њукми шаръї бароварда наметавонад.

"Аввал ба тарљумаи "Сањењи Бухорї" љуръат накардем" Муњаммадљон Умаров тарљумони китоби "Ќуръони карим" ва "Сањењи Бухорї" бо забони тољикист. Мањз бо дастгирии Президенти кишвар "Ќуръони карим" бо забони тољикї дар тарљумаи Умаров рўи нашр омад. Дар зимн, бояд ќайд кард, ки устод Умаров дар њамкорї бо устод Файзуллоњ Бобоев аввалин нафарест, ки дар миёни форсизабонон "Сањењи Бухорї"-ро ба таври пурра ба забони тољикї тарљума кардаанд. Вале устод Муњаммадљон Умаров дар бистари беморист. Бо дўстон ба аёдати устод Умаров рафтем. Нахуст пурсидем, ки чї тавр азм ба тарљумаи "Ќуръони карим" карданд? - Соли 1995 бо ройзании Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон, ки он ваќт Солангї рањбари он буд, шифоњї ба тавоффуќ расидем, ки Ќуръонро бояд ба забони тољикї тарљума кунем. Онњо ваъда карданд, ки аз нигоњи молиявї кумак кунанд. Мо корро сар кардему ў аз Тољикистон рафт. Нафарони баъд аз ў ба Тољикистон омада, љуръат накарданд, ки дар ин самт њамкорї кунанд, яъне барои анљом додани тарљумаи Ќуръон мутобиќи талаботи ањли суннат ва љамоат. Ин рафтор бањона нашуд, ки ман аз тарљума ва кор рўйи баргардони маонии Ќуръон даст кашам. Корро давом додам, бовар доштам, ки рўзе нашр мешавад. Њамин шабу рўз дар соли 2007 як Комиссия оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо дар Њукумат ташкил карданд. Дар он ман аъзо будам. Дар он љо кор мекардем. Як рўз худи Љаноби Олї, Президенти кишвар аз дар даромаданд. Дар он љо њарф сари нашри тарљумаи Ќуръон рафт, гуфтанд, ки тарљумаи эронињоро, ки тањия карда будем (бо ислоњ ва мувофиќаткунонї бо нигоњи ањли суннат ва љамоат), аз нав нашр мекунем. Абдулло Юлдошев, собиќ муовини вазири корњои хориљї ба Љаноби Президент пешнињод карданд, ки нашри тарљумаи эронињо лозим нест ва агар Шумо дастгирї кунед, тарљумаи тољикии таќрибан омодашуда дорем, онро нашр кунем. Љаноби Президент њам бо як хушњолии хоссашон гуфтанд, ки агар Ќуръон бо забони тољикї бошад, њамин њоло нашр мекунем. Супориш шуд, ки тарљумаро то моњи рамазон омода кунем… Ин як муъљиза буд, ки китоб рўи нашр омад ва дар он бояд наќш ва дастгирии њаматарафаи Президенти кишварро дар назар бигирем. - То он ваќт ягон Ќуръон аз тарљумаи форсї ба киррилик баргардон шуда буд? - Аз тарљумаи Абдулмуњаммади Оятї баргардон шуда буд. Онро бори нахуст

Мирзо Муллоањмадов баргардон карда буд. Дуюмбора мо онро бо пешнињоди Љўрабек Назриев коркард кардем, соли 2003 эронињо дастгирї карданд, чоп кардем. Ва тарљума бо мувофиќ кардан ба назари ањли суннат ва љамоат омода шуд. Дар он љо оятњое буд, ки ба гуфтаи эронињо гўё барои Њазрати Алї ирсол шудааст, мо инњоро ислоњ кардем. Албатта, ин маънои онро надорад, ки мо ба њазрати Алї эњтиром ќоил нестем… Њамин тавр то моњи рамазони соли 2007 тарљумаро омода кардем. Дар Институти шарќшиносии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон як комиссия љамъ шуда, онро муњокима карданд. ...Њамон сол мо њаљ рафтем. Телефон карда табрик карданд, ки китобро нашр ва муаррифї карда, пањн карданд. - Устод, яъне Шумо Ќуръонро аз сирф аз нав тарљума кардед, ё аз тарљумаи форсї ва тарљумањои ќаблї бознависї њам шуд? - Бале, тарљумаи худам аст. Вале тарљумаи тољикї бе такя ба тарљумаи гузаштањо намешавад. Тарљумаи эронињо бидуни истисно њамааш аз тарљумаи Шоњвалиюллоњи Дењлавї сарчашма гирифтааст. - Дар Тољикистон нашр шуд? - Чопи аввал дар Урумчии Чин нашр шуд. Дуюм бор як шахсияти бузурги фарњангї Љумъа Ал-Мољид аз Аморати Муттањидаи Араб, ки бо Институти шарќшиноси хамкории зич дорад ва мењмони Президенти кишвар буд, ба институти мо чанд дастгоњи тармими дастхатњо туњфа кард. Ў гуфт, ки пеш аз омадан ман ният доштам, ки Ќуръонро тарљума ва нашр карда, њадя кунам. Фањмида аст, ки мо ин корро кардагием, хост, ки дуюмбора нашр кунем. Гуфтем, ки аз Президенти кишвар иљозат гирифтан лозим аст, чунки амри анљом додани ин кор бо ташаббуси Љаноби Олї шурўъ шуда буд , мо дар хидмат тайёр. Барои чопи дуюм иљозат дода шуд. Онњо хостанд, ки дар хориља бурда нашр кунанд. Гуфтем, ки харољоти зиёд мешавад, хуб аст, ки дар Душанбе нашр кунед, тиражи бештар мешавад, ба дасти мардум зиёдтар мерасад. Чопи дуюм бо ислоњот сурат гирифт, баъзе хатоињои техникиву компютерї ислоњ карда шуд. - Чанд њазор нусха нашр шуд, ки ќариб дар њеч љо надидем. Дар расонањо зиёд мегўянд, ки Ќуръони аз љониби Сарвари давлат нашр шуда, ба њар оила ройгон расид. - Нашри дуюм 10 њазор нусха чоп шуд. Ќисматеро таќсим кард, боќимондаро намедонам бо худ бурд, чї кард. Дар фурўш нест. Нашри аввал бо супориши Президент бояд 50 њазор нусха ба нашр мерасид, даќиќ хабар надорам, ки чї ќадар нашр кардаанд. - Чанд сол рўи он кор кардед? - Аз соли 1995 то 2008 машѓул шудаам.

Барои чї Имоми Аъзам ва дигар имомњоро бузург медоранд. Онњо аз Ќуръону Суннат он чизеро, ки ба зиндагонии мусулмон зарур аст, људо карда доданд. Яъне, як одами оддї бидуни тафсир тарљумаи Ќуръонро хонда, гуфта наметавонад, ки аз рўи он амал мекунам. - Яъне дар баробари тарљума ба тафсирњои сода низ ниёз дорем? - Ба якто не, ба чанд тафсир ниёз дорем. Бояд тафсирњои мавзўї бошад. Тафсирњои фалсафї њаст, фиќњї, луѓавї њаст, инњо низ бояд бошанд, бе ин намешавад. Тарљума як ќадами аввал аст, барои шинохти Ќуръон. Имоми Аъзам бо мактаби бузурги фиќњии худ он чизеро, ки барои зиндагии маъмулии як мусулмон зарур аст, људо карда додаанд. - Шумо дар њамкорї бо Ф. Бобоев "Сањењи Бухорї"-ро низ тарљума кардаед. Кори он то куљо расидааст? - Тарљумаи он дар дастнавис то ба охир расидааст. Яъне, шаш љилд тамом шуд. Тарљумаи Сањењро аз соли 2000ум сар кардем, то соли 2010 идома ёфт. Аз ин панљ љилд рўи сафњабандии компютер овардаем, аз он 4 љилд дар шакли китоб чоп шудааст. Рўи љилди 5-ум муњаррирон кор карда истодаанд. - Оё мо як мактаби олимоне дорем, ки ин корро пайгирона идома дињанд? - Мутаассифона, надорем. - Уламои динї чї? - Онњо Ќуръонро хуб мефањманд, аммо ќаламашон заиф аст. Онњо аз мо бењтар мефањманд, ањодиси набавиро аз мо хубтар мефањманд, аммо ќалам надоранд барои навиштан. - Тарљумаи Сањењи Бухорї ба забони тољикї ба фикрам таљрибаи аввал аст? - То ин ваќт тарљумаи мунтахаб буд. Тарљумаи маљмўї бори нахуст аст. Баъди мо дар Эрон курдњо карданд. - Яъне, дар таърихи Сањењи Бухорї ин тарљумаи нахуст аст? Дар Бухоро, Њиндустон… набуд? - Мухтасару мунтахаб буд, аммо пурра тарљума накардаанд. Њамроњи Файзуллоњ Бобоев "Сањењи Бухорї"-ро љуръат накардем, ки тарљума кунем. Чунки китоби калон аст ва то њол касе њам тарљума накарда буд. Як рўз Файзуллоњ 30 сањифа аз "Сањењи Бухорї" оварда гуфт, ки як одам илтимос кард, ки њаминро тарљума карда дињед. Тарљума карда додем. Баъди чанд ваќт омада гуфт, ки акнун пурра тарљума мекунем. Чунин будааст, ки Самихон Ќурбонов, рањбари "Фононбонк" 30 сањифаи як матнро ба чандин нафар, ки ба тарљума машѓуланд, таќсим карда додааст. Љамъ карда гирифта, аз моро интихоб кардааст. Барои худаш озмуни бидуни эълон гузаронидааст. Њамон нафар ин корро маблаѓгузорї кард. Тањияи Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

7

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

Риши суботу оромї Чаро суботи мо ба муйи бадан ё рўймол гирењ мехўрад? Чунин ба назар мерасад, ки фазои идеологии кишвар ба як бунбасти норушан ворид шудааст. Ё дар тангное ќарор дорад, ки тафсири пайомади он мушкил аст. Ба осонї њам гуфта намешавад, ки мо дар чи марзе ќарор дорем: дар марзи афтидан ба буњрон, ё наљот аз фољеа!? Шояд ин бардошт хато њам бошад. Фазои имрўзї дар пайи талошњои пешгирї кардан аз ифротї шудани љавонњо ба миён омад. Соддатар гўем, яке аз роњњои илољро дар мубориза бо ифротишавї идеологњо дар тарошидани риши мардону аз сари духтарон дур андохтани њиљоб диданд. Њарфњо атрофи ин амал танњо дар дохили Тољикистон намонд, дар расонањои хориљї аз "The Diplomat"-и Љопон то расонањои муътабари ѓарбиву амрикої бозтоб ёфт. Њамаи ин арзон не, бар ивази латма ба имиљи кишвар (он чизе, ки асло њангоми тасмимгирињо рўи таъсир ба он идеологњо фикр намекунанд) ба даст омад. Идомаи ташаббуси мубориза бо ришу њиљоб аз дасти идеологњо берун шуд, маќомоти интизомї ба корњои "фањмондадињї" гузаштанд... Мубориза бо муйи бардамидаи атрофи дањони мардон хоси љањони имрўз нест, идеяи асрњои миёна буд. Аз љумла короли англис Генрих VIII дар соли 1535 барои рише, ки ду њафта тарошида нашудааст, андоз љорї кард. Њудудан баъди 154 сол Пётри Кабир, шоњи рус дар соли 1689 баъди бозгашт аз Аврупо моњи августи њамон сол дар бораи тарошидани ришу бурут ќароре содир ва барои мондани риш андоз љорї кард. Ин ќарор то соли 1772 дар Русия идома дошт, дар замони малика Екатерина барњам хўрд. Пётри Кабир бо ин њама амалу ислоњоташ Русияро ба маънои воќеияш ба Аврупо наздик мекард. Даќиќан, гуфта метавонем, ки имрўз бо тарошидани риш моро ба Аврупо расондан амали ношуданї аст. Аммо чї њадаф доранд, ки маќомот ба корњои "фањмондадињї" (хонда шавад риштарошї) рў меоранд? Дар њоле, ки агар зарурат ба нест кардани ришу њиљоб дар љомеа эњсос шавад, иљрокунандаи он нињодњои идеологї бошанд, на маќомоти интизомї. Вале ваќте маќомоти интизомї дар ин самт даст ба кор мешаванд, мантиќи содае аз он бармеояд, ки суботу оромии љомеаи мо ба риш гирењ хўрдааст. Ин мантиќи сода дањњо суоли соддаи дигарро ба миён меорад. Агар ифротие риш дорад, бо тарошидани ришаш дигар ифротї нест? Агар риш доштан хатарнок бошад, пас бештари бузургони мо хатарзо будаанд? Дар умум ин масъала он арзишеро надорад, ки имрўз ин ќадар муњим шуд. Бахусус, дар љомеаи имрўзии мо, ки аз хурд то бузург, ба ќавли маъруф, "салларо биёр гўянд, калларо биор" мефањмем. Вале боз њам агар тарошидани ришу надоштани он маънии таъмини баќои суботу оромии љомеа бошад, риш чї њатто сар фидо шавад, боке нест. Боз њам, дар љомеаи имрўзии мо, ки аз њар нигоњ хеле осебпазир мешавад, ба вуљуд овардани чунин бањонањо, ки ба сўи Тољикистон санг партоб кунанд, њеч ниёз нест. Баъди гузашти дањсолањо хонандаи ин сатрњо наберањои мову шумо, хубтар бањо дода метавонад, ки идеяпардозони риштароширо чї унвон дињад: ќањрамон ё чизи дигар? Агар риш омили суботу баќои оромї гардад, хуш ба њолашон, њамеша мадюни мубаллиѓони алайњи ришам. Дар њолати баръакс барои ин тасмимњои носанљида, њатто наберањояшон онњоро нахоњанд бахшид.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

ОЛАМИ АНДЕША

Ќодири РУСТАМ:

"Биллоњ, ки одами оќил дар ин љомиа девона мешавад!" Мусоњиба бо Ќодири Рустам, адиби шинохтаи тољик - Киро мешавад зиёї гуфт? Вазифа ва рисолати ин ќишр аз чї иборат аст? Аз равшанфикр таърифњои зиёд дар даст дорем, вале, ба назари ман, њеч кадоме аз онњо вежагї ва имтиёзи ин ќишри љомиаро ба таври комил ва ба сурати возењ баён накардаанд. Шояд яке аз сабабњои асосии наќси таърифњо дар он бошад, ки ин вожа ва мафњуми он дар забонњои шарќї - дар форсї "рўшанфикр" ва дар арабї "зиёї", аз мафњуми он дар забонњои урупої, ки гунаи русиаш "интеллигент" аст, тафовути назаррас дорад; дар истилоњи урупоиён таъкид бар "аќл" ва "хирад" аст, дар ин љо ба "фикр"-у "андеша". Албатта, маншаъи андеша ва фикр њам то њадди зиёде "аќл" аст, вале боз њам фаќат аќл нест, "дил" низ дар ташаккули андеша ва фикр, бахусус андешањои иљтимої сањим аст. Дар ин маврид аќл аст, ки андешаро пайрезї мекунад ва дил аст, ки ба он самт медињад. Ва дигар, "интеллигент" лозим нест, ки њатман "рўшанфикр" бошад, њар касеро, ки бо кори аќлонї машѓул аст, метавон "интеллегент" номид, "инттелигент" метавонад дар умури љомиа дахолат кунад, ва метавонад ором, бесару садо танњо ба пешаи худ, ба њирфаи худ машѓул бишавад ва гоње хабар њам надошта бошад, ки дар паси девори хонааш ва ё озмоишгоњашу мањалли кораш чї мегузарад. Аммо "равшанфикр" ё "зиёї" ба љуз он ки бояст тањсилкарда ва доно бошад, вагарна наметавонад фикраш равшан шавад, боз бояд ин равшаниро ба мардум низ бидињад, роњи мардумро равшан кунад, чашми ботинии мардумаш бошад, муњим нест, ки мардумро аз дунболи худ бибарад, инќилобї бошад, вале њатман бояд роњи дурустро ба тўдањо намоёнад, ё њадди аќалл чунин талоше бояд бикунад. Намедонам, дар куљо ва аз кї хонда будам, ки гуфта буд, он чи равшанфикрро аз дигарон тафовут мебахшад, эњсоси шадиди адолатхоњї аст. Воќеан, адолатхоњї, ки асли дар баробарии инсонњо дорад, асли "равшанфикрї" аст. Ин маънї, дар љомиаи љањонї ба гунањои мухталиф чанд њазор сол боз матрањ аст, ки он чи барои худ намехоњї, ба дигарон махоњ. Ин асли ахлоќиро Конфутсий њам гуфта, њадиси паёмбари ислом њам њаст, Рўдакї низ таъйид карда (Макун бад ба кас, гар нахоњї ба хеш) ва Фирдавсї ва дигарону дигарон низ ба шевањою суратњои гунагун таъкид намудаанд ва ин асли (принсипи) ахлоќї асоси кори равшанфикр аст. Аммо эњсоси "адолатхоњї" ба танњої муайянкунандаи "рўшанфикр" нест, дар фаъъолияти ў "њаќиќат" ва "маърифат" низ наќши муњим доранд, ин сегона асли кори рўшанфикр ва балки шохиси ў њастанд. Рўшанфикр бояд њаќиќатро дарёбад ва ба хотири барќарор намудани адолат маърифтати ин њаќиќатро ба тўдањо бидињад. Рисолат ва вазифаи рўшанфикр дар њар љомиае, ба фикри ман, њамин аст. Ва агар бо таваљљуњ ба гуфтањои боло боз ба тафовути байни "интеллигент" ва "равшанфикр" баргардем, ин тафовут дар муносибати худи мардум ба намояндагони њирфањои

«

мухталиф аёнтар ва равшантар намудор мегардад. Мардум аз муњандис ва ё пизишк интизори онро надоранд, ки барои њуќукњои онњо ва адолат мубориза барад (гарчанд мо пизишкон ва муњандисони равшанфикрро низ мешиносем ва аз љумла, дўстони ман, пизишкони маъруф Саидшо Акрамов ва Нусратулло Юсуфбеков ба маънии асли ин калима рўшанфикр њастанд) ин интизорро аз намояндагони, ба истилоњ "интеллигентсияи эљодкор" доранд ва пеш аз њама, аз шоирону нависандагон, хабарнигорон ва њунарпешагон. - Оё метавон гуфт, равшанфикри тољик дар марњалаи кунунии таърихи миллат рисолат ва вазифањои худро иљро мекунад? - Дар марњалаи кунунї кадом гурўњи иљтимої вазифаю рисолати худро иљро мекунад, ки ин интизорро аз рўшанфикрон дошта бошем? Рўшанфикронамон низ вазифаю рисолаташонро на ончунон ифо мекунанд, ки мебояд. Медонед, ки тайи солњои охир равшанфикрон, сањењтар бигўем, ањли адабу њунар ва илмро хеле шадид интиќод мекунанд. Дар њар љамъе, ки равед, интиќоди зиёиён, тамаллуќпешаву чоплус ва дур аз дарди љомеа, бетафовут будани онњо ба мушкили мардумро мешунавед. Дар расонањои чопии ѓайридавлатї низ дар ин хусус бисёр менависанд. Ман худам њам боре чанд ба ин муносибату он муносибат аз ин ќишр интиќод кардаам ва њатто гуфта будам, ќишри рўшанфикр ба унвони гурўњи иљтимої дар Тољикистон аслан вуљуд надорад. Ва ин интиќоду гилањо то њадде дурусту ростанд. Вале фаќат то њадде. Дар Тољикистон мисли бештари кишварњои Шўравии собиќ ва Шарќи мусалмонї "рўшанфикри расмї" дорем ва "рўшанфикри ѓайрирасмї". "Рўшанфикрони расмї" њамеша дар пањлўйи њукуматдорон њастанд, дар љаласањои њукумат менишинанд, кафкўбї мекунанд, аз паси шонањои њамдигар ќад меафрозанд, то бибинандашон, ки њастанд ва фаромўш накунандашон, ва гоње вазифаю унвон мегиранд. Ва дар иваз њукумату њукуматдоронро ситоиш мекунанд, агар Худо ба дилашон инсоф андозад, дар баробари ноадолатињо ва ќонуншиканињои муљриёни ќонун ва муњофизони ќонун хомўшї ихтиёр мекунанд, вале бадтар аз ин гоње мебинем, ки чунин амалњои онњоро тавчењ низ мекунанд. Намедонам, гоње мегўянд, ки онњоро метавон фањмид, чун эшон низ фарзандони Одаманд ва бояд худу ањли хонаводаашонро хўронанду пўшонанд. Яъне, Он чи шеронро кунад рубањмизољ, Эњтиёљ аст, эњтиёљ аст, эњтиёљ. Вале дарки ин маънї барои ман сахт душвор аст. Устоди зиндаёд Сотим Улуѓзода дар романи "Фирдавсї" њодисаеро ба тасвир овардаанд, ки њоким пешнињод мекунад, ки молиёти Фирдавсї коњиш дода шавад, аммо Шоир розї намешавад, мегўяд, агар кам мекунед, бояд молиёти њамаро кам бикунед, агар не, ман намехоњам имтиёз дошта бошам. Албатта, ин мањсули тахаюли устод

Мо дигар ба унвони Главлит - сензура идорае надорем. Вале сензураи бадтар аз он дар ќалб ва зењни адибону њунармандон маскан гирифта ва љуръаташонро мањор задааст. Адабиётшинос ва шоир Аскар Њаким ду-се соле пеш зимни суњбаташ дар телевизион ба гувоњи рушди адабиёт гуфт, дар замони шўравї фалон нафар унвони шоиру нависандаи халќї доштанд ва дар чанд соли пас аз истиќлол ин теъдод ба маротиб афзуд.

«

Улуѓзода аст, вале як асли муњимми ахлоќист. Ва љолибтар аз тасвири устод Улуѓзода њодисаи воќеї аст, ки дар кутуби торих ва тазкираву табаќоти суфиён мастур аст. Њангоми њамлаи муѓулон ба Хоразм шайхи бузург Наљмуддини Кубро низ шамшер бар даст гирифт ва ба муќобили душман бархост, муѓулон онњоро дар ќалъае мањсур карданд, вале бо он ки медонистанд њама кушта хоњад шуд, касе таслим нашуд. Чун муѓулон фањмиданд, ки дар он миён шайхи бузурге њаст ва муѓулон эњтироми зиёд ба руњониёни њамаи адён ќоил будаанд, кас ба назди шайх фиристоданд, ки берун ой, хон туро афв мекунад. Шайх розї нашуд, ки агар ин мардум кушта мешаванд, ман низ бо онон кушта хоњам шуд. Ва мардона љон бохт. Ва насињату васияти шайхи аљалл Саъдиро ба ёд оварем, ки аз забони яке мегўяд: Ман аз бенавої наям рўйзард, Ѓами бенавоён рухам зард кард. Манзур ин ки "туро газад маро чї ѓам" гуфтану нишастан, дар баробари мушкилоти љомиа ва фољиањои миллї дам назадан, агар нарм бигўем, ба шаъни зиёї намезебад. Алї, домоди пайѓамбари ислом гуфтааст, "дар баробари љиноят хомўшї ихтиёр кардан низ љиноят аст". Вале хушбахтона, мо "рўшанфикрони ѓайрирасмї" низ дорем, ки шукри Худо, назарашонро, андешаашонро бепарда ва фошофош иброз медоранд. Њатто метавон гуфт, дар адабиёти мо шеъри иљтимої, шеъре , ки ба ќавли устоди зиндаёд Лоиќ, "вазни дарди мардум" аст, њеч гоњ чунин амиќ ва густарда набуд, ки дар марњалаи кунунї. Чунин шеър, ки метавон гуфт аз "Фарёди бефарёдрас"и Лоиќ оѓоз меёбад, дар дањ соли охир рушди назаррас дошт. Дар бархе осори бадеии мансур низ оњангњои иљтимої ва дарди рўз мањсус аст. Хабарнигорони мо низ, бавежа дар расонањои ѓайридавлатї аз њама мушкилоти љомеа менависанд, дарду ѓамњои мардумро мегўянд. Албатта, тањлилњои иљтимоию иќтисодої дар расонањои мо гоње на чандон амиќ аст, вале муњим ин аст, ки онњо хомўшї ихтиёр намекунанд, бетафовут нестанд, талош мекунанд роњи бартараф кардани нуќсонњоро нишон дињанд. - Муњит ва фазои кишвар барои кору амали зиёї мувофиќ аст ё не ва худи ин ќишр барои њамвору мутобиќ сохтани ин муњит љањду талош мекунад? - Посухи ин суол онќадар сода нест, ки ба назар мерасад. Вазъи иќтисодию иљтимоии кишварамон чунон аст, ки ба рушди адабиёт, њунар, фарњанг ва илм мусоидат намекунад. Њамчунин њамин вазъ мардумро маљбур мекунад, ки хостаю нахоста њама фикру зикрашон дар ѓами хўронидану пўшонидани ањли хонаводаашон бошанд ва барои харидории мањсули њунару адабиёт ва тамошою хондан - албатта, осори воќеии њунару адаб манзур аст, на консерњои оммавї ва намоишњои сабуки њаљвї, - имкони хуби молї надоранд ва фурсат њам. Дар чунин њол аст, ки барои мањсули адабиёту њунар на супориши давлатї њаст, на супориши иљтимої. Яъне на давлат ба осори њунарии воќеї ниёз эњсос мекунад, на мардум. Адабиёт бидуни хонанда ва њунар бидуни бинанда наметавонад вуљуд дошта бошад. Ва натиљааш толорњои холии театрњо ва рафњои пури фурўшгоњњои китоб аст ( ва сабаби ин рафњои пур низ инњитоти маънавї аст, ки њар кї се љумла метавонад нависад, гумон мекунад шоиру нависанда аст ва китоб чоп мекунад) ва натиљаи дигараш коњиши нуфуз ва эътибори

рўшанфикрон дар љомиа аст. Ин аст, ки аз сўйе, бисёре аз њунармандон, шоирону нависандагони мо эњсоси лозим набудан, ангушти шашуми љомиа будан, эњсоси дар канори зиндагї буданро доранд ва аз сўйи дигар, фаќри маънавї фарогир шудааст, завќњо хеле поён омадааст, андеша мурдааст, ахлоќ фосид шудааст. Мо њама дар нишеби инњитоти маънавї гом мезанем. Чун "раият дар дини подшоњонанд", бештари халлоќони осори адабию њунарї низ талош мекунанд, офаридаашон мутобиќи завќи маќомдорон бошад, он чизеро бигўянд ва бинависанд ва ба тасвир бикашанд, ки ин маќомдорон шунидан, хондан ва дидан мехоњанд, ва ё дастикам шунидан, хондан ва дидан намехоњанд. Мо дигар ба унвони Главлит сензура идорае надорем. Вале сензураи бадтар аз он дар ќалб ва зењни адибону њунармандон маскан гирифта ва љуръаташонро мањор задааст. Адабиётшинос ва шоир Аскар Њаким ду-се соле пеш зимни суњбаташ дар телевизион ба гувоњи рушди адабиёт гуфт, дар замони шўравї фалон нафар унвони шоиру нависандаи халќї доштанд ва дар чанд соли пас аз истиќлол ин теъдод ба маротиб афзуд. Вале ин нишондињанда, ба хеч ваљњ гувоњи рушду тавсиъаи адабиёт нест, баръакс таъйиди масали мардум аст, ки "њар чї бисёр шуд, хор шуд". Аз назари таносуби шоир ва нависандаи халќї ба кулли ањолї Тољикистон шояд маќоми аввал дар љањонро дошта бошад ва аз назари тиражи саронаи китоб дар љойи охирин. Маљмуаи бархе аз ин шоирони халќиро мехонед ва шеъре наметавонед пайдо бикунед. Ва албатта, ин амр њам боиси коста шудани нуфуз ва таъсири сухани бадеъ шудааст. Аслан унвони шоир ва нависандаи халќї танњо дар чанд кишвари шўравии собиќ мављуд аст ва нањваи эътои он низ ба њеч мантиќе созгор нест ва хидмате љуз эљоди муњити носолими адабї надорад. Барои он ки адабиёти мо эътибор ва нуфузи пешини худро дубора дарёбад, ба назари ман, аз љумла, бењтар аст, ин унвон аслан њазф шавад. Онњое, ки шоир ва нависандаи халќї шудаанд, бигузор то охири умр ин унвонро дошта бошанд, вале минбаъд ба касони дигар дода нашавад. - Зиёии имрўзаи тољик аз зиёии тољики замони шўравї чї фарќ дорад? - Равшанфикри имрўзї на зиндагии хубу рифоњи зиёиёни даврони шўравиро дорад, на нуфузу эътибори онњоро. Вале равшанфикрони даврони шўравї њама зодаи як идеология буданд, гарчанд на њамаашон аз иделужии њоким дар љомиъа тарѓибу ташвиќ мекарданд, вале аз хатти кашидаи он камтар по берун менињоданд. Мо ба маънои асл ва пурраи ин вожа дар замони шўравї дигарандеш надоштем. Истисно танњо чанд соли бозсозии шўравист, вале ин ки дар ин замон афроде ва гурўњњое зуњур карданд, ки андешаашон аз андешаи њоким дар љомиа тафовут дошт, бештар хидмати худи давлатмардон буд, ки иљоза медоданд, афроде ва гурўњњое аз дари мухолифат бо онон ворид бишаванд. Бо ин њол, зуњур ва пайдоиши ифтихори миллии тољикиро мо мадюни замони шўравї ва рўшафикрони тољик њастем. Чун ба мавзуъамон иртибот надорад, ин љо намехоњам аз хадамоти арзандаи ходимони давлатї ва риљоли сиёсї - амсоли Шириншо Шоњтемур, Нусратулло Махсум, Абдуќодир Муњиддинов, Абдурањим Њољибоев, Чинор Имомов ва дигарон њарф бизанам. Аз баъди инњо ононе, ки барои истиќрори њастии мо зањмат кашиданд, моро ба мо шиносонданд њама рўшанфик-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

МИЛЛАТСОЗЇ роњзанони араб набуд? Магар эронї (тољик), ки дар ќарни 8 мелодї ислом овард ва исломро дар миёни аќвоми мухталиф густариш дод, ва дар пайафканї ва рушди фарњангї исломї наќши бузургтарин ифо кардааст, дар тўли 1300 сол њам номаш исломї нашуд?! Магар ислом бо шиори баробарии нажодњо зуњур накарда буд? Ва боз чаро номњои муѓулию туркии бархеи Шумо метавонад исломї бошад ва номњои миллии фарзандони тољик не? Ва нињоят аз инњо бояд пурсид, ки кадомиаш рафт ба дафтари сабти ањвол ва "ов"у "ич"-и русиро, ки албатта, исломї нест (вале гуноњ њам нест) аз насаб ва номи падариаш њазф кард? Биллоњ, ки одами оќил дар ин љомиа девона мешавад! Хабари бутњои Бомиёнро мунфаљир кардани Толибон оламро ларзонд. Вале коре, ки муллоњои мо талош доранд бо расму сунани мардум бикунанд, њеч тафовуте аз он кори толибон надорад, аммо њама хомўшанд. Ман дар китобфурўшињои хиёбонњои Душанбе ду китоб дидам, якешро харидам њам - дар бораи савоби риш гузоштан ва дигаре дар бораи офаридаи шайтонї будани телевизион. Навиштаи покистонињост, ки муллоњои тољик тарљума ва рон буданд - аз устод Айнї гирифта, то Ѓафурову Турсунзода, Улуѓзодаю Осимї ва аз онњо то Муъмин Каноату Лоиќ, Бозор Собиру Акбар Турсун, Гулназару Гулрухсор ва дигарону дигарон. Дар маљмўъ, чунонки гуфтем, рўшанфикрони тољик асосан аз роњу пайроњањои Њизби камунист ва Давлатї шўравї гом мезаданд, ва агар коре њам барои миллат анљом медоданд, дар чањорчўби идиулужии њокими замонашон буд. Аммо онњо хонандагон ва бинандагони хеле бештар аз имрўз доштанд, тирожи китобњояшон гоње ба 60 њазору ба 100 њазор мерасид. Суханашон ба гўши мардум мерасид ва таъсир мегузошт, њукуматдорон, бархе ифтихор доштанд бо рўшанфикрон нишинанду суњбат бикунанд, бархе аз ин ќишр мењаросиданд. Рўшанфикрон дар замони шўравї зиндагии нисбатан сазовор доштанд. Њоло ба душворї рўз мегузаронанд, фарзандон, бародарони онњо низ дар ѓарибкорианд ва аз он њисоб зиндагї мекунанд. Чун таќрибан хонандаю бинанда њам надоранд, суханашон таъсире њам надорад, на барои мардум, на барои давлат. - Мубоњисњо миёни љомеа дар мавриди онки мо "мулло" ва "домулло"-њоро зиёї бињисобем ё не гуногун аст. Назари шумо дар ин бора чї аст? - Мо замоне метавонем љомиаи пешрафта дошта бошем, ки муллоњоямон рўшанфикр бошанд ва рўшанфикронамон ба огоњии густардатар ва амиќтар аз масоили дину мазњаб даст ёбанд. Дар айни њол на чунин мулло дорем ва на чунин рушанфикр ва натиљааш љомиае аст, ки дорем. Аксар муллоњои мо ба бањсњои камањамият ва ё аз замони даќёнус монда машѓул њастанд, бо илми муосир ошноии сатњї њам надоранд ва тафсирашон аз Ќуръон аз тафсири муллоњои асримиёнагї тафовуте надорад ва дар бархе масоил њатто аќибмондатар аст ва ё истинод мекунанд, ки фалонї дар фалон китоб дар ин бора чунин фармудааст. Ва мебинї, ки ун фалонї дар асри 9 ё 11 зистааст ва он замон илм њанўз ба масъалаи мавриди бањс рушанї наандохта буд. Ќуръон сухани Худост ва бештари ояњояш барои њама замонњост. Ва онро, ба масал, мисли барномаи компютерие бояд ќабул кунем, ки худ худро таљдид мекунад. Ва ба њамаи суолњои рўз посух мегўяд. На танњо олимон Ќуръонро тафсир мекунанд, балки ба ќавли донишманде, Ќуръон низ инсонро тафсир мекунад. Ва барои он ки тафсири дуруст ва мутобиќ бо

«

Аксар муллоњои мо ба бањсњои камањамият ва ё аз замони даќёнус монда машѓул њастанд, бо илми муосир ошноии сатњї њам надоранд ва тафсирашон аз Ќуръон аз тафсири муллоњои асримиёнагї тафовуте надорад ва дар бархе масоил њатто аќибмондатар аст ва ё истинод мекунанд, ки фалонї дар фалон китоб дар ин бора чунин фармудааст.

масоили замон ба даст биоварем, олим бояд хеле дониши фарох ва амиќ дошта бошад, ботине пурсарват дошта бошад ва бо камоли огоњї Ќуръон ба даст бигирад ва Ќуръонро тафсир бикунад. Дар асри суръатњои кайњонї ва электроника, дар асре, ки "куффор" дар рўйи курраи моњ гаштугузор мекунанд ва ба Миррих сафина мефиристанд, идораи муфтии Тољикистон наметавонад рўзи даќиќи фаро расидани рамазонро муайян кунад ва ќиблаи бисёре аз масољиди Тољикистон "каљ" аст. Аз ин масоили динї бигзарем, бархе аз муллоњои тољик дар талоши исломї кардани љомиа хоставу нахоста мехоњанд фарзандони тољикро араб бикунанд. Мисолњо зиёд аст ва фурсати бештаре барои шарњу тафсири ин масоил мехоњад. Њоло факат дар масъалаи ном таваќќуф мекунем. Ба андешаи баъзе муллоњои мо, агар фарзанди тољик номи тољикї дошта бошад, ба хусус номе, ки пайванд бо ифтихороти миллии мо дорад, амсоли Рустам, Исфандиёр, Кайхусрав, Афшин, Деваштич ва ѓ. пас мусалмони комил нест ва номаш бояд иваз бишавад. Ва инњо тайи ин солњо номи садњо нафарро таѓйир доданд, номњои тољикиро дур андохтанд ва номи арабї, ки ба пиндори онњо танњо номи исломист ба фарзандони точик гузоштанд. Аламовартар ин аст, ки рўзномаи ба ном мустаќил ин њарзањои номивазкунии муллоро чоп ва пахш мекунад, ки Шумо, бародар, ќисми дувуми номатон исломист ва фаќат ќисми авалашро иваз кунед кофист. Аммо кадоме аз ин муллоњо ба ин суол посух медињад, ки чаро номи арабї исломист ва номи эронї (тољикї) не? Магар ислом дини миллии арабњост? Ин њарфро дар китоби Худо хондед ва ё аз паёмбар шунидаед? Магар њамин Абубакру Усмону Умару Алї пеш аз он ки номи хулафои рошидин бошанд, номи садњо нафар аз бутпарастони араб набуданд? Магар дањњо номи арабии дигар, ки шумо ба унвони номи исломї ба фарзандони тољик мегузоред, 1400 сол пеш номи чанд тан аз

«

чоп кардаанд... Ваќте мулло, ки суханаш бештарин таъсир ба љомиаро дорад, - чун дар паси шонаи ў Худо ва Китоби Худо ва паямбар ќарор доранд, - машѓули ин бањсњост, мо ба куљо хоњем рафт?! Ва рўњониён њам мисли рушанфикрон ба ду гурўњи "расмї" ва "ѓайрирасмї" људо мешаванд, гурўњи расмии ин ќишр низ чун "рушанфикрони расмї" ба тамаллуќу хушомадгўйї машѓуланд ва гуфтаю фармудаи дурусту нодурусти њукуматдоронро тављењ менамоянд ва гуруњи ѓайрирасмиаш, дар баробари њарфњои хуб ва ахлоќию маънавї ба чаранду парандњои асримиёнагї низ машѓуланд, мутаассифона. Яъне дар ин самт вазъ бадтар аз вазъи рўшанфикрист. - Бањсњое назири ман аввал "тољик" баъд "мусулмон" ва ё баракс чаро доман зада мешавад? Ин бањс кадом манфиате дорад? - Њарфи пучу беаслу моя ва саросар зиёновар аст. Байни "тољикият" (эроният) ва "исломият" на танњо таноќузе ва ихтилофе нест, балки як навъ вањдате вуљуд дорад. Тољикон мусалмононанд, тамаддуни мо аз ќарни 8 инљониб тамаддуни исломї буда, расму ойинњои мо исломист, албатта, расму ойинњое њам дорем, ки решаи тоисломї доранд, вале тайи ќарнњои тўлонї комилан ранги исломї ба худ гирифтаанд. Мубориза бо исломият мубориза бо тољикият низ њаст. Эроният ё тољикият ва исломият ду боли парвози тољиканд, агар якеро буред, ё захмї кунед, мо аз парвоз, аз њаракат мемонем, ки оќибаташ фаност, мањв шудан аст. Худи номвожаи "тољик" пайванди ќавї бо ислом дорад. "Тозик" дар пањлавї ва суѓдї ба арабон гуфта мешуд. Ва чун арабон бо дини тозазуњури ислом ба кишварњои эронї њамла оварданд ва бархе эрониён ислом оварданд, онњое, ки њанўз дар мазњаби пешин буданд, ин њамќавмонашонро љойе ба икроњ ва љойе ба пўзханд низ "тозик" номиданд (чунонки дар рустоњои Точикистон то солњои 60-ум њар шляпапўшро урус мехонданд) ки рафта -раф-

9

та номи умумии њамаи эрониёни порсизабон шуд ва дар пайи тањаввулоти ової "тозик" ба "тољик" мубаддал гардид. Вале шарњи чанд нуктаро лозим медонам. Аввал, афроди атеист ва ё гаравида ба динњои дигар, чун дар миёни дигар аќвом дар байни тољикон низ њастанд, вале ин асос шуда наметавонад, ки миллиятро људо аз мазњаб донем. Русњо бештар аз мо афроди атеист ва пайравони ойинњои ѓайр доранд, вале ин амр асос шуда наметавонад, ки православї будани ќавми русро инкор бикунем. Ва низ он чи ќавмеро аз ќавми дигар тафовут мебахшад, ба ин халќ вежагї ва имтиёз мебахшад, ба љуз ранги пўст ва забон махсусиятњои ботинї ва равонии ин мардум аст, ки аз љонибе, то њадди ќобили мулоњизат маншаъ дар расму ойинњо ва одатњои мардумї дорад, ва аз љонибе худ ба ин расму ойинњо таъсир мегузорад. Мухолифати бархе аз муллоњо бо ойинњои мардумї, ки бузургтаринаш Наврўз аст, ба бањонаи ин ки решаи исломї надоранд, коре зиёновар аст ва миллати моро аз дарун пуч мекунад. Пас инњо бояд аммомаи сарашонро низ канор бигзорандд, чун одати дастор бастан расми аз ќабл аз исломист, ки аз мардуми Хуросон ба давраи исломї роњ ёфта ва дастор бастан бо ислом мутобиќ шуд ва шарњњое динї пайдо кард... - Пас чї бояд кард? Ба андешаи шумо дар Точикистон њеч ќишре ва гурўње вазифаю рисолати худро ончунонки мебояд, ифо намекунад. Бо ин њол чї ояндае моро интизор аст? - Дар ин самт кори њамагонї мебояд. Дар навбати аввал давлатмардон бояд дарк кунанд, онњое, ки аз фаъолияти онон интиќод мекунанд, на ин ки душмани ин Ватан нестанд, балки душмани шахсии онњо низ нестанд, онон њаќќи интиќод доранд ва агар интиќод мекунанд, камбуду нуќсонњоро мегўянд, ба ин хотир аст, ки ватанашонро, миллаташонро дўст медоранд, миллатро сарафроз ва Ватанро шикуфон мехоњанд бибинанд ва ба њарфњое онњо гўш бояд дод ва барои ислоњи камбуду нуќсонњо талош бояд кард. Дигар давлат ва љомиаи мо бояд талош ба харљ дињанд, ки кишварамон шањрвандони озод ва сарафроз бештар дошта бошад. Онњое, ки дўст мезананд лофи истиќлол бизананд, бояд бидонанд, ки бидуни мардуми озод истиќлоли кишвар комил нест. Мо тўли асрњои тўлонї дар руњияи бардагї тарбият шудаем ва давлатмардон ва руњониёнамон низ гоње амдан ва гоње бидуни он ки худ дарк бикунанд, талош мекунанд ин руњияи бардагї ва сарафкандагиро њифз бикунанд ва њатто таќвият бидињанд, чун идора кардан ва талќин намудани мардуми озод ва озода ба коре, ки мухолифи манфиати ў бошад, басо душвортар аст. Аз ин лињоз, мо бояд дар навбати аввал системаи омўзишро билкулл таѓйир бидињем, ки дар ин системаи љадид на маълумот андўхтан, балки андешидан авлавият дошта бошад. Яъне донишомўз на танњо хондану навиштан, муодила њал карданро ёд гирад, балки биандешад, ки чаро ин ќонун чунин асту чунон на. Мактаби мо бояд Инсон тарбия кунад. Ин кори хеле душвор аст, вале марњала ба марњала њал бишавад. Дар навбати аввал, бояд њуќуќи муаллимон хеле зиёд карда шавад, то ки тавонанд хонаводаашонро нигањдорї кунанд, бояд муаллимони хуб аз бозорњо ва сохтмонњои Русия баргардонида шаванд, мутахассисони хуб тарбия шаванд ва эњтимол дар сади зиёди муаллимони кунунии мактабњои миёна, ки бештарашон савод надоранд ва афзун бар ин чунонки интихоботњои чанд соли охир нишон дод, дар таќаллубњои густардаи интихоботї низ шарик њастанд, ки гувоњи адами виљдон аст, иваз карда шаванд.

ДУРУСТ БИНАВИСЕМ Бо раиси ЉСК "Агроинвестбонк" интихоб шудани Муродалї Алимардон аксар хизматрасонињои ќарзии ин бонк ба муштариён ќатъ карда шуд. Дар тасдиќи ин хабар дар "Агроинвестбонк" гуфтанд, ки воќеан аз 11 тарофаи ќарздињї танњо дутоаш амал мекунад. Ин тасмим аз љониби роњбарияти бонк гирифта шуда, то ба эътидол омадани низоми бонк давом хоњад кард, мегўянд дар "Агроинвестбонк". Масъулин ин њолатро муваќќатї арзёбї мекунанд, аммо мушахассан намегўянд, ки он то кай идома пайдо хоњад кард. Тибќи ин тасмими рањбарияти нави "Агроинвестбонк" аз додани ќарзњо бо маблаѓњои бузург даст кашида, њоло танњо дар доираи тарофањои "Роњкиро" ва "Ќарз бо таъминоти маснуоти тилло-

ДОДАНИ ЌАРЗЊОРО АЗ "АГРОИНВЕСТБОНК" МАЊДУД КАРД

Муродалї АЛИМАРДОН:

ворї" ба муштариён то 500 долларї ќарз дода метавонанд. Аммо масъулини маркази матбуотии бонк аз шарњи расмии ин ќазия худдорї мекунанд. Моњсафари Яњёзод, сухангўи "Агроинвестбонк" бо бањонаи он, ки раис дар сафари хизматї ќарор дорад, гуфт, ки наметавонад бидуни иљозаи роњбарашон дар ин бора иттилое бидињад. Бархе њолдонњо вазъи молии "Агроинвестбонк" вахим арзёбї карда, мегўянд, ки ин тас-

мим барои берун кардани бонк аз ин буњрон гирифта шудааст. Муродалї Алимардон, ки дар вазифаи муовини сарвазири Тољикистон фаъолият мекард, 1-уми апрели соли равон аз ин вазифа сабукдўш шуда, рањбари "Агроинвестбонк" интихоб шуд. Муродалї Алимардон аз манфиатбардорони "Агроинвестбонк" мањсуб меёфт ва дар давоми ду соли охир нуфузи ў дар ин бонк аз байн бурда шуд. Шахсони наздик ба ў ва њатто

фарзандонаш, ки дар ин бонк фаъолият мекарданд, аз кор рафтанд. Соли 2014 Њукумат ба ин бонк 700 миллион сомонї ворид кард, ки бо њамин 52 фоиз сањмияњои он ба Њукумати Тољикистон гузашт. Аз 700 миллион сомонї 500 миллионаш њамчун кўмак ва 200 миллион ба сармояи бонк рафт.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

ЉАЊОН

"Кори Ѓанї" Дар Ќундуз чї мегузарад? Интизорї ин аст, ки неруњои њукуматї Толибон ва њамтоёни хориљиашонро саркўб хоњанд кард. Аммо ин тањаввулот дар амнияти шимоли Афѓонистон ва марзњои љанубии Тољикистон чї маъно дорад?

Тавтиаи Кобул?

Ноам ХОМСКИЙ:

"Хуљаин гуфт, ѓулом иљро мекунад" Вазъи имрўзи олами башар, бархўрди тамаддунњо, кашмакашњои сиёсї, низомї, талошњои нав барои таќсими дигарбораи љањон ва таѓйири низоми рушди олам аз љумлаи масоиле њастанд, ки дар доирањои илмї мавриди бањсу баррасї ќарор гирифтаанд. Вале аз миёни анбуњи олимон андешамандоне назири Ноам Хомский назари тозатар ва биниши жарфтар доранд. Ноам Хомский 7-уми декабри соли 1928 дар Филаделфияи ИМА ба дунё омадааст. Забоншиноси маъруф, файласуф ва фаъоли сиёсї аст. Аз соли 1955 дар Донишкадаи техникии Массачусетс кор мекунад. Мегўянд, тањќиќотњои ў дар забоншиносї инќилобї буданд. Вай аз мухолифони ошкори љанги Амрико бо Ветнам буд. Аз мунаќќидони сарсахти элитаи њоким дар ИМА буда, њамеша аз сиёсатњои хориљии ин кишвар ва шарикони ѓарбиаш интиќод мекунад. Муаллифи садњо китоб аст. Њамагї чанд рўз пештар Еuronews суњбати муфассалеро бо ин шахсияти маъруф интишор дод, ки фишурдаи онро барои хонандагони "Нигоњ" пешкаш мекунем. Ноам Хомский мегўяд, олам ба сўи як љарї равон аст ва ин дурнамои зиндагонии шоиставу арзандаро барои башар коњиш додааст. Аз назари ў, башариятро ду партгоњ тањдид мекунад, яке фољеаи экологї, ки ногузир аст ва хеле ваќти кам монда, то бо он муќовимат сурат гирад. Ва хатари дигар тањдидњои љанги атомист, ки њоло афзун шудааст. "Агар шумо бо таваљљуњ ба ин њама мушкилот назар андозед, пас мебинед, ки мо бо кадом муъљизае то ин замон зинда мондаем",- мегўяд ў. Хомский мегўяд, насли имрўз дар њолате ќарор дорад, ки хеле ба зудї, дар тўли умри наслњои оянда ин масъаларо бояд њал кунад, ки метавонад ба як зиндагии оќилона идома дињад ва ё ин њаётро ба пуррагї нобуд месозад. Олимон дар маљмуъ бар ин назаранд, ки навъњои љустуљўшавандаи маъданњо, сўзишвориро бояд дар замин барои истифодаи наберањои мо, барои як зиндагии шоиста нигоњ дорад. Вале сохторњои институтсионалии љомеаи мо ба он фишор меорад, ки он маъданњо то ќатрањову њиссањои охирин берун кашида шаванд. Оќибатњои таѓйири иќлим дар наздиктарин фурсат фољеабор хоњад буд ва мо ба самти њамин партгоњ равонаем". Дар мавриди муоњада бо Эрон Хомский назари худро дорад. Вай мегўяд: "Ман аз созишнома бо Эрон пуштибонї мекунам. Вале он хеле иштибоњї аст. Дар Ховари Миёна ду кишваре њастанд, ки њамеша дар њоли таљовузанд, амалиётњои террористї содир мекунанд. Ин ду кишвар соњиби ќурхонањои бузурги силоњи њастаї мебошанд. Вале силоњи атомии онњо аслан баррасї намешавад". Дар посух ба саволи инњо кадом кишварњо, Хомский мегўяд: "Иёлоти Муттањидаи Амрико ва Исроил. Ду соњиби аслии силоњи атомї дар олам. Ин аст, ки дар пурсишњои байналмилалие, ки

хадамоти иљтимоии амрикої роњандозї мекунад, аксари одамон ИМА-ро хатари басо бузург дар олам меноманд. Њатто ягон кишвари дигари дунё ба ин њад хатаровар шумурда намешавад, ки ИМА. Љолиб он аст, ки расонањои амрикої аз интишори ин омор худдорї мекунанд, вале он вуљуд дорад". Олими маъруф дар посух ба суоли корбари шабакаи иљтимої дар мавриди он ки оё вай бовар дорад, ки замоне ИМА муоњадаеро имзо мекунад, ки барои Исроил хатарнок бошад, фаротар меравад ва мегўяд, ИМА њамеша даст ба иќдомоте мезанад, ки барои Исроил хеле хатарноканд. Ва хатарноктарин барои ин кишвар сиёсати худи он аст. Дар аввали солњои 70-и асри гузашта Исроил як давлати муътабар ва ќобили эњтироми љањониён буд. Вале њоло бошад кишварест, ки онро дигар касе дўст намедорад. Онњо интихоб доштанд ва онњо тавсеъаи њудудњоро пазируфтанд ва ин муљиби хатароти зиёди амниятї барои худи онњо шуд. Ва Амрико бо пуштибонї аз ин сиёсат ба он тањдидњо мусоидат кардааст. Аз назари Хомский бадтарин амали террористии олам њамонест, ки аз Вашингтон идора мешавад: "Аз касе пўшида нест ва ин хеле ошкор аст, ки дар аксар ќисматњои олам Амрико бо бањонаи он ки касе ё гуруње ба ин кишвар зарар мерасонад, маъракаи куштори одамонро роњандозї мекунад. Ин маъракањо зояндаи терроранд. Агар шумо рустоеро дар Яман бомбборон кардед ва касеро, ки њадафи шумо буд ё каси дигарро куштед, сокинонаш чї гуна эътино мекунанд? Онњо ќасос хоњанд гирифт". Дар њамин иртибот Еuronews суол мекунад, ки "Шумо Амрикоро давлати террористї меномед, дар бораи Аврупо чї назар доред"? Хомский дар посух амалкардњои Аврупоро бо истилоњи "истирдоди фавќулоддаи зиндониён" ёд кардааст ва гуфтааст, ки аз мањбасе шахсеро ба режими хуношоми Асад ё Ќаззофї ё Муборак истирдод мекарданд. Диктаторон он афродро тавре худ мехоњанд, шиканља мекунанд ва аврупоиён аз ин мунтазири натиља чашм ба роњ мемонанд. Тањќиќоти "Љомеаи кушод" нишон додааст, ки дар амалиёти "истирдоди фавќулоддаи зиндониён" њамаи диктаторони Ховари Миёна ширкат доштанд ва аз аксар мамолики Аврупо мухолифони боздоштшудаи онњоро истирдод мекарданд ва аз ин суд мебардоштанд. Танњо як минтаќаи олам - Амрикои Лотин дар ин амалиёт њаргиз ширкат надошт, зеро ин минтаќаи љањон кайњо худро аз таъсири Амрико берун кашидааст. Вале Аврупо дар ин амалиёт иштироки фаъолона дорад. Хуљаин гуфт, ѓулом иљро мекунад". Аз назари Хомский аврупоињо хеле тарсуянд ва љасорати ишѓоли мавќеъи мустаќилро надоранд. Ноам Хомский Путинро тањдиде барои ањолии Русия медонад. Вале мегўяд, гароиши Укроин ба Аврупо барои њар сарвари Русия ќобили пазириш набуд. Тањияи Бобољони ШАФЕЪ

Чанд рўзи ќабл якбора дар њамаи вулусволињои атрофи шањри Ќундуз, маркази маъмурии вилояти Ќундузи Афѓонистон даргирињо миёни неруњои њукуматї ва Толибону њамдастони хориљиашон шуруъ шуданд. Љангњои аз њама шадид дар Гўрдара, минтаќае дар 20 километрии Ќундуз ва њам вулусволии бо Тољикистон њаммарзи ин вилоят - Имом Соњиб иттифоќ афтоданд. Кор ба љое расид, ки Ноњияи аввал - ќисмати умдаи шањри Имом Соњиб, маркази вулусволии њамном ба ихтиёри мухолифини давлат гузашт. Манбаъи "Нигоњ" дар фармондењии пулиси Ќундуз инро њам ишора кард, ки шаби душанбе, 27 апрел, агар ба нерўњо кўмак нашавад, шањри Имом Соњиб суќут хоњад кард. Њукумат бо мухолифинаш дар вулусволињои Чањордара, Ќалъаи Зол, Арчи ва Алиобод низ мељангад. Њатто Ашраф Ѓанї Ањмадзай, президенти Афѓонистон чанд соат сафари хеш ба Њиндустонро мавќуф гузошта, бо роњбарони нињодњои амниятї масъалаи Ќундузро баррасї кард. Забењуллоњ Муљоњид, сухангўи Толибон ба расонањо гуфт, ки минтаќаи Гўртеппаро тасарруф карданд. Ба ќавли ў, њудуди 20 постгоњ ва 55 сарбози неруњои амниятии Афѓонистонро ба асорат гирифтаанд. Бино ба иттилои фармондењии пулиси Ќундуз, дар даргирињои Гўртеппа, Имом Соњиб ва Ќалъаи Зол зиёда аз 100 љангљўи толиб ва хориљї кушта шудаанд, ки дар ин миён 12 кушта, аз љумла 3 зан, шањрванди Узбакистон, Тољикистон, Чеченистон ва Ќирѓизистон мебошанд. Бино ба ин манбаъ, беш аз 10 сарбози њукуматї низ кушта ва њудуди 20 тани дигар захм бардоштаанд (ин омори то рўзи сешанбе, 28 апрел аст). Дар набардњо аз љониби Толибон аъзои Њаракати исломии Ўзбакистон, Љамоати Ансоруллоњ, Давлати исломї, ки аз шањрвандони Русия, Тољикистон, Ўзбакистон ва Чин мураттаб шудаанд, низ мељанганд. Рўзи сешанбе барои кўмак ба неруњои амниятї дар Ќундуз аз Мазори Шариф ва Кобул њудуди 4 њазор сарбози вазоратњои корњои дохилї ва дифоъи Афѓонистон омаданд. Њукумат ба як амалиёти густарда омодагї мебинад. Ин амалиётро Аюби Солангї, муовини вазири корњои дохилї ва Муродалї Мурод, муовини вазири дифоъи Афѓонистон сарварї мекунанд.

Абдулвадуди Паймон, вакили мардумии вилояти Ќундуз (аз суњбат бо "Тулуъ"): "Толибро ба дарвозањои Ќундуз президенти Афѓонистон Ашраф Ѓанї Ањмадзай рањ дод. Кори Ѓанї аст. Заминаро Њомид Карзай фароњам карда буд. Ѓанї дањњо толиб, аз љумла Мулло Муљоњиди одамкушро, ки дар Ќундуз асир афтода буд, аз зиндон рањо кард ва ў имрўз дар љабња зидди мардум мељангад. Фармондењи умумии Урдуи миллї дар Шимол Залмай Висо як пирамарди бозмондаи 92 - сола аст, ки дар куштори Муњаммад Довуд, Муллои Саидхел ва дигар рањбарони љињодї даст дорад. Ў аз Толибон њимоят мекунад. Наход њукумат як љавони боэнержї надорад, ки ба Шимол фиристад, то бо толиб биљангад? Чаро генерал Бисмиллоњхон, Басир Холид, Мир Аламхон, генерал Дўстум, ки замоне бо Толибон мељангиданд, аз сањна берун њастанд? Волии Ќундуз (Умар Софї) агенти инглис аст. Ў бо Толибон њамкорї мекунад. Се рўзи пеш дар Ќундуз паштунњоро љамъ оварда, гуфтааст, ки ман ба њимояи шумо омадам. Ин чї маъно дорад? Дар Шимол чї тавтиаеро инњо сар кардаанд?" Амруллоњ Солењ, собиќ раиси Хадамоти амнияти Афѓонистон (сафњаи фейсбукї): "Дар Ќундуз љанг миёни Толибон ва баќоёи Эътилофи Шимол (-и марњум Ањмадшоњи Масъуд) идома дорад. Њар ќадар талафоте, ки сурат гирифта, аз миёни муљоњидини собиќ аст, ки дар пулис њастанд, ё мустаќил мебошанд. Њукумати Кобул мехоњад бо дасти Толибон онњоро заъиф кунад. Сипас, Урдуи миллиро ба љанг дароварда, Толибонро саркўб карданист. Њадафи ин љанг танњо заъиф кардани муљоњидин аст" Саид Ањмад, сарбозе, ки дар љабња мељангад (дар суњбат бо "Тулуъ"): "Аз бозе, ки љанг сар шуд, аз њукумати марказї ягон кўмаке нест. Њоло тайёрањои љангї омадаанд, аммо ба љои он, ки мавќеи душманро зананд, кадом як даштро бомборон мекунанд, ки он љо душман нест" Илёс Довудї, муљоњиди собиќ (дар суњбат бо "Нигоњ"): "Њадафи ин љанг заъиф кардани мавќеъи тољикон дар Ќундуз ва умуман Шимол аст. Имрўз ин љо тољиконро мезананд, фардо дар Мазори Шариф ба љони Устод Ато мераванд" Коршиносони Афѓонистон инро њам баъйид намедонанд, ки ваќте њукумат сари Толибон ва љангиёни хориљї њамла мекунанд, онњо ба кишварњои Осиёи Марказї аќибнишинї хоњанд кард. Ба ќавли онњо, чунин вазъият дар Форёб, вилояти њаммарз бо Ўзбакистону Туркманистон низ мушоњида мешавад.

Фаромарзи ФОЗИЛ


ЗОДРЎЗ Бори нахуст бо Абдулло Њабибов соли 1984 њамсуњбат шуда будам. Устод ва мудири шуъбаамон дар њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" Бахтиёр Муртазоев аз ман хоњиш карданд, ки бо сардори шуъбаи сиёсии Вазорати корњои дохилии ЉТ Абдулло Њабибов мусоњибае тањия кунам. Ваќте вориди дафтари полковник Абдулло Њабибов шудам, беихтиёр чашмам ба акси пуртабассуми... Мирзо Турсунзода афтод ва ростї, барои ман дар он замон дидани сурати шоири тољик дар идораи Вазорати корњои дохилї ѓайричашмдошт буд. Худи ин акс гувоњи он буд, ки полковник ба адабиёти тољик ва бузургони он эњтиром ќойил аст. Албатта, миёни бисёр кормандони баландпояи маќомоти ќудратї адабиётпарварон њастанд, аммо дар он солњо, ки ављи ќудрати Иттињоди Шўравї буд, дар идораи расмї овехтани акси адиб дар баробари сурати Ле-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

11

тобе, ки дар дасташ дидам, аз зиндагиномаи сиёсатмадори мондагори англис Винстон Черчил буд. Абдулло Њабибов яке аз аввалин генералњои Тољикистони соњибистиќлол аст, ки ба ин рутбаи олї њанўз соли 1997 њангоми муовини аввали вазири мудофиа будан шарафманд шуда буд. Ва шояд яке аз нахустин генералњои тољик аст, ки њаљљи фарзиро њам баљо овардааст. Марди накунињод имрўзњо ба бањори мубораки 75 -умин соли умри бобарокат ва дар айни замон пур аз фарозу нишеб мерасад ва зиндагии ў мисли як дарёи куњиест, ки гање аз тангноњои пурталотум гузашта ва гоње ба пањно расида, орамидааст. Соли 1990 дар таърихи навини тољик яке аз солњои пургирењ, пурфољиа ва метавон гуфт оѓози роњи истиќлоли Тољикистон буд. Бо бовари комил метавон гуфт,

1 лањзаи сард аз 75 бањори генерал нин љуръати баланд мехост. Дертар шунидам, ки барои ин муњаббат ўро аз Вазорати корњои дохилии Иттињоди Шўравї огоњонида њам будаанд. Мо бо акаи Абдулло њамсояем. Ва сад афсўс мехўрам, ки солњои зиёд аз марди хирадманд, донишманд, шуљоъ, ќавиирода ва ботамкин дур будаам, зеро њар як дидор ва суњбат барои ман омўзанда ва ибратбахш аст. Аслан, ў кам њарф мезанад ва њар даќиќаи умрро ба нафъи мардум ва оилаи бузурги худ, ки дар гўшањои дуру наздик пош хўрдааст, сарф мекунад. Соњиби дањ фарзанд, шаш писару чор духтар аст ва њамаашон соњиби маълумоти олї гардиданд ва ду нафарашон аз пайи падар рафта, Парвиз дар Кумитаи гумруки марказии шањри Маскав кор мекунад ва ў аллакай рутбаи подполковникї дораду Сайфуллоњ дар ВКД - и Тољикистон фаъолият дорад ва њоло полковник аст. Дирўз бо дархосте наздаш рафтам ва бори нахуст ба њуљраи кориаш ворид шудам; аз фарш то саќф ба истиснои дари даромад пур аз китоб асту туњфањо, аксњову ёдгорињо. Аз ин њуљра танњо бўи маърифат меояд. Аз тартиби китобњо маълум аст, ки њар замон онњоро корбаст мекунад. Одатан, чунин утоќњоро ман дар манзилњoи oлимoнy адибон ва маърифатпарварони шинохта дидаам. Мепурсам, ки мутолиа оё зиёд доред. Мегўяд, баъзан, то соатњои севу чори субњ њам сари асари хуб менишинам. Охирин ки-

Абдулло Њабибов яке аз кадрњои нерўманд, ватанпараст, донишманд, ояндадор ва дар айни замон дар сухану амали худ устувор, вале ботамкини Тољикистони навин буд. Аммо гуруњњое низ буданд, ки намехостанд чунин кадрњои миллии ватанпараст ба сафи аввал гузаранд... Мепурсам, ки аз њама мушкилтарин пораи зиндагиаш кадом аст. Ў сукут меварзад... Медонам, аз сари ин мард чунин лањзањо зиёд гузаштаанд. Мегўяд, мушкилтарин рўзњои сарнавиштам туњматест, ки бе ягон далел ба ман пас аз воќеањои феврали соли 1990 часпонида буданд. Туњмате буд ќариб якуним сол рўи шонањои ман њамчун бори сангин афтода, фишорам медод. Њамон замон ман дар њайати рањбарияти Вазорати корњои дохилии Тољикистон фаъолият мекардам ва дар њифзи тартиботи љамъиятї масъул будем. Бегоњии 14 феврал маро Бўрї Каримов, ки љонишини Раиси Шўрои вазирон буд, ба дафтараш даъват кард. Дар он љо чанд нафар аз идорањои ќудратї, њизбї ва њукуматї буданд. Чун диданд, ки барои ман он љо истодан дигар зарурате нест, маро рухсати рафтан доданд. Њамин ваќт љавоне ба Каримов гуфт, ки барои ба хонааш баргаштан мадад расонад. Њам кўдакаш бемор асту њам кўчаву хиёбонњо ноором. Бўрї Каримов аз ман хоњиш намуд, ки барои то ба манзил расидани он нафар мадад расонам. Розї шудам ва њамроњ

дар мошини хидматї то хона расидем ва ман аз ронанда илтимос кардам, ки ўро то мањаллаи Испечаки пойтахт расонад. Ин воќеа тахмин соати њашти шаб буд... Сар шуд туњмат ва боварам намеояд, ки њамин як некї то ба муњокимаи Пленуми Кумитаи марказии Њизби Коммунисти Тољикистон кашида мешавад. Буњтон торафт гаронтар ва дањшатноктар мешуд. Бар рўям хат мекашиданд, ки њамон шаб ман шахси оддї неву як љосуси хеле хатарнокро то ба манзилаш расонида будаам. Бадии кор дар он буд, ки дар он љаласаи љиддї маро нагузоштанд, ки дањон кушоям ва танњо як њукм буд: Абдулло Њабибов шахси шубњанокеро шабона, ки њолати ќуйуди шабгардї љорї буд, вайрон намуда, мадад расонидааст. Њол он ки, чи тавре гуфтам, соат танњо њашти шаб буду ќуйуди шабгардї аз соати дањи шаб сар мешуд. Кор ба љойе расид, ки маро аз сарфи њизб хориљ карданд ва ќазияи ман то ба Прокуратураи ЉТ расид. Хушбахтона, тафтиши парвандаи љиноятии ман аз љониби ин нињод мўшикофона гузашт ва исбот шуд, ки ман љинояткор ва ё љосусеро неву ба хонааш духтур Саидовро расонидаам. Њанўз њам огоњиномаи Прокуратураи ЉТ бо имзои Солењљон Љўраев, муовини сардори управленияи тафтишотии Прокуратураи ЉТ дар ин хусусро дар бойгонї дорам. Баъдтар њам маро ба сафи њизб барќарор карданд ва аз ноњияи њамонваќтаи

Москва депутат њам интихоб шудам... Акаи Абдуллоро ягон лањза бекор намебинам. Махсусан, моњњои охир ў хеле серкор буд. Сабаб пурсидам, гуфт, љашни 70-солагии Ѓалаба бар фашизми Олмон наздик аст, аммо ба иштирокчиёни ин набард таќдими арзандае нест. Мо маќсад дорем, китоби хотирањои љанговарони тољикистониро, ки дар набардњо ба муќобили душман размидаанду барњаётанд, ба табъ расонем, аммо барои гирд овардани ёддоштњояшон душворї мекашем, чунки аксарашон беморанд ва бо душворї аз он љангњо ёд меоранд. Агар дар Душанбе дар ибтидои феврал њамагї 103 иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї бошад, дар миёнаи апрел 94 нафар монда, яъне, дар ин муддат 9 нафарашон фавтиданд. Онњо офтоби сари куњанд. Дар як муддати кўтоњ аз њисоби худ ў тавонист китоби ёддоштњои сарбозони ЉБВ-иро бо мадади рўзноманигорон ба табъ расонад. Ва он чун як пораи хотира ба насли имрўзу фардо таќдим мегардад. Њол он ки тањияи китоб рисолати ў набуд... Ваќте аз утоќаш мебаромадам, духтараш Фирўза, ки дар Маскав кору зиндагї дорад, назди мо омад ва дар як он перомунаш аз наберањои дўстрўяк пур шуданд. Ва дар чењраи љавоннамои ин марди шуљоъ табассум пайдо гардида буд. Муњибуллоњ ЌУРБОН

СИЁСАТИ ДОХИЛЇ

Номаи рањбарияти ЊНИТ ба Рамазон Рањимзода барои коњиш додани фишору таъќиб

ЊНИТ аз Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилї хостааст, барои љилавгирї аз ќонуншиканињои милисањо ва фишору таъќиби аъзоёи ин њизб мусоидат кунад. Рањбарияти ин њизб бо ирсоли як нома бо имзои Сайидумар Њусайнї, муовини аввали раиси нањзат ба ВКД

гуфтааст, ки "муддатест дар шањру навоњии кишвар алайњи аъзову љонибдорон ва сохторњои мањаллии Њизби Нањзати Исломии Тољикистон (ЊНИТ) аз тарафи маќомоти иљроия, амният, ба хусус нињодњои зертобеи ВКД тањдиду фишорњо барои даст кашидан аз узвият дар ЊНИТ идома дорад." Ба иддаои масъулини ЊНИТ, "даъват ба ШКД ва аз тањдиду фишор кор гирифтан дар ќиболи аъзои њизб муњимтарин василањои ѓайриќонуниеанд, ки имрўзњо кормандони ВКД аз он истифода мекунанд." Дар ин мактуб аз якчанд њолати ба

гуфтаи масъулини ЊНИТ "ѓайриќонун"и кормандони маќомоти корњои дохилї мисол оварда шуда, аз Рамазон Рањимзода дархост шудааст, то ба ин ќонуншиканињо хотима дода, дар фурсати муносибат њайати њизбиро ба њузур бипазирад. Ќаблан, масъулини ЊНИТ бо як чунин нома ба Прокуратураи генералї мурољиат карда, бо муовини он мулоќот доштаанд. Онњо 21-уми апрел аз Прокуратураи генералї талаб карданд, ки фишорњо алайњи нањзатро баррасї карда, онњое, ки ба таври ѓайриќонунї рўи

ин њизб фишор меоранд, ба љавобгарии љиноятї кашида шаванд. Баъд аз 4 рўзи ирсоли ин мактуб Прокуратураи генералї њайати ЊНИТ-ро ќабул кард. Сомонаи ЊНИТ дар шарњи ин хабар аз ин мулоќот навишта буд, "дар мулоќот рољеъ ба тањдиду фишорњо болои аъзо ва нињодњои ЊНИТ дар саросари кишвар, наќши маќомоти амният, умури дохила ва њокимияти иљроияи мањал сўњбат анљом ёфт ва аз Прокуратураи генералї таќозо шуд, то масъала мавриди баррасї ќарор ва аз тањдиду фишорњо љиравгирї шавад."


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

БО ШОИР Мехоњамат њамешаву мехоњамат, вале Посух чи медињї мани дар ишќ фониро? 11.04.2015

БИГЗОР ЃАЗАЛ... Бигзор ѓазал аз лаби љонбахши ту гўям, Бигзор, ки аз ишќи тавонбахши ту гўям. Хомўш чаро буд дар ин фасли гулафшон? Бигзор зи гулњои равонбахши ту гўям. Бо ту њама љо њолати саршори рафоњам, Бигзор аз ин шавќи нињонбахши ту гўям. Ман аз њама сў сўйи ту меояму бигзор, Аз домани ин љову маконбахши ту гўям. Оѓўш гушодиву ман, эй ишќи љањонбахш, Бигзор аз оѓўши љањонбахши ту гўям. 09.04.2015

ЭЙ ЗАН, ХУДОИ ОШТЇ... Эй зан, гули замину замон, дўст дорамат, Љони маниву то бувад љон, дўст дорамат.

Беризќу бе бар астї, халќи бузургворам. Фарњанги бар шуданро бори дигар биёмўз, Фарњангофар астї, халќи бузургворам. Фарњанги сар шуданро бар хештан биёмўз, Чун куњнасарвар астї, халќи бузургворам. Бо ин њама мусибат, дар бешазори ќисмат, Сарви тановар астї, халќи бузургворам! 12.03.2015

ЭЙ ЗАН, МАН АЗ КАНОРИ ТУ… Гул бе муѓаннї монад агар аз чаман равам, Булбул зи ѓусса мирад агар аз сухан равам. Аз атри ишќи ту гили моро сириштаанд, Бо оњувон чињо шавад, гар ман Хутан равам. Чашмам аќиќ мечакад, аз ѓуссаи лабат, Нархи аќиќ бишканад, гар ман Яман равам. Пироњани дили маро дар бар кунад бањор, Эй ишќ, ман ба бўйи ту аз пирањан равам. Њарфи тамоми ќиссањо тафсири номи туст, Эй зан, ман аз канори ту то марѓазан* равам.

Исфандиёри Назар Тиру камони мижжаву абру маро бас аст, Эй тир мижжа, абру камон, дўст дорамат. Рафтан чаро? Њанўз шаб дар пойи зулфи ту Биншаставу ту њам бимон, дўст дорамат. Эй зан, Худои оштї, эй зан, Худои сулњ, Эй сулњ, эй салоњу амон, дўст дорамат. Номардуме агар туро аз љањл таъна кард, Ман раѓми ин фалакзадагон дўст дорамат. Эй зан биё, биёву бихон то худат маро, Эй зан, биё, биёву бихон, дўст дорамат! 08.04.2015

БОРАМ ДИЛЕ...

КАРД РУШАН ЛОЛА... "Љони ширин! Ин ќадар љангам макун..." Устод Турсунзода Љони ширин! Боз гул омад ба боѓ, Кард рушан лолаи сањро чароѓ. Боз дунё хотири беѓам шуда, Хотири шоду дили хуррам шуда. "В-аз чаковак нўф бинї растахез, Дашт баргирад бад-он овои тез." Њар забону њар диле булбул шуда, Оламе бинї саропо гул шуда. Зандвофон яштхони шохсор, Боз мехонад хуруси љўйбор. Боѓ таснифи њазорово бувад, Роѓ таълифи бањороро бувад. Љони ширин! Ту бањоре гулфишон Будиву њастиву бошї њар замон. Ту ба љои гул таљассум мешавї, Ту ба булбулњо такаллум мешавї. Аз ту меояд насими шаршара, Њам сабо аз бомдодони дара. Ту занї, яъне гулафшони бањор, Наѓма ту, оњанг ту, њам обшор. Бо ту ман аз бода мегўям сухан, Њаму дарё сода мегўям сухан. Љони ширин! Ту таманнои манї, Ту тавонбахши саропои манї. *** Љони ширин! Зиндагї, гар неку бад, Њамчу умру њамчу дарё бигзарад. Гар яке даъвои Шадодї кунад, Дигаре Њаќро ба худ њодї кунад. Бевараспе гар њама бедод кард, Дигареро Коваи њаддод кард. Ин яке таъйиди Бисмиллоњ кард, Дигаре тамљиди илаллоњ кард. Ин яке по бар сари мардум нињод, Дигаре озодиро барбод дод. Боз њам золим набошад дерпой, Дида ин дунё басе мардумгазой. Зиндагонї арсаи пайкорњост, Зиндагонї зодаи такрорњост. Мешавад онро ба талхї пушти сар Карду аз дунё бишуд хунинљигар. Мешавад лаб басту хомўшї гузид, Ё дар он ташдиду тўфон офарид. Љони ширин! Мешавад ин карду он, Лек бе ту зинда будан кай тавон? Ту тамоми лањзањои буданї, Шодињоро чашмаи афзуданї.

Бо ту меояду бањору сор њам, Лањзањои аз хушї саршор њам. *** Љони ширин! Гул биёру гул бикор, Љони ширин! Эй њамеша, эй бањор... 04.03.2015

ДАР БАРГИ ГУЛ ИН НОМА... Эй ишќ, дил аз доѓи ту њиштем, ки донист? Осўда даме аз ту нашиштем, ки донист? Аз доѓи бутон хоки дари майкадањоро, Бўсида гиристему сириштем, ки донист? Асрори муњаббат њама дар номаи дил буд, Дар барги гул ин нома навиштем, ки донист? *** Аз кишти амал њосили мо њеч самар дод, Эй хок, ба коми ту чи киштем? Ки донист? Пашму ќасаби худ ба наху сўзани мижгон, Бар ќомати худ баставу риштем, ки донист? *** То парда науфтад натавон дид чи будем, Хубем паси парда ва ё зишт? Ки донист? 09.04.2015

БИЁ ТАРОНА БИЁВАР... Шикаст љом, дареѓи майи муѓонаи ман, Шикаст нойи ману нолаи таронаи ман. Дигар ба шохсори тани ту чу боз наншинад, Ба боли даст нигоњи парандавонаи ман. Ту нестиву бањору паранда маъюсанд, Бањорро кї навозад дар остонаи ман? Ба хандањои ту хуршед дар канорам буд, Сари ту буду мању кўњи шонаи ман. Лабат маро ба мулоќоти бўсањо мебурд, Танат ба лањиби таби шабонаи ман. Биё тарона биёвар ба боли лабхандат, Биё бањору гул овар ба боѓу хонаи ман. шоми 13.04.2015

ЧУН БУТТАРОШИ ПИРИ ЌАДИМЇ... Мехоњамат чу хоњиши дил мењрубониро, Мехоњамат ба њасрати пире љавониро. Боѓе тароватї туву мехоњам, эй азиз, Пур созам аз сафои ту боѓи маониро. Мехоњамат канори худ, эй дур, эй мањол, Чун ташнае ба ваќти аљал зиндагониро. Чун буттароши пири ќадимї, барои худ Месозамат, бубин ту шавќи нињониро!

Дорам диле, зи одаму олам рамидае, Борам диле, ба гўшаи ѓам орамидае. Орам диле ба мањшари чашми паривашон, Хунин, чу дашти лолаи оњучамидае. Хорам диле, аз ин њама рафтан ба пойи ту, Њастам ба рўйи роњи худ хори дамидае. Зорам диле, ба дидани гулзори зиндагї, Ин атри бас шамидаву бас ношамидае. Эй зан, ба сарви ќомати ту мебарам паноњ, З-он пештар, ки биниям ќоматхамидае... 06.04.2015

ДАР ЉАЊОНИ ТАНГ АЗ БУХЛИ БАРОДАР… Бенасиб аз обу гул, хушкида сањроям, Худо, Хор мерўяд бањорон аз сару поям, Худо. Хонаќоњу дайри ман кунљи хароботи дил аст, Солњо шуд окифи дайри аламњоям, Худо. Ибтидои наќли ман бо гиря буду оќибат, Мешавад бо ѓам хулоса њарфи дунёям Худо. Љо барои ман њамин ѓамхонаи чашми ман аст, Зиндагонї дод чун дар чашми худ љоям, Худо. Хонаи холї зи бухли модарам дар дења монд, Шањр шуд, ин шањри пур аз бухл маъвоям, Худо. Љо бародарњо ба Юсуф чоњ бахшиданду ман, Дидаам ин чоњро умре ба болоям, Худо. Не касам будї бародар, не касам хоњар шуда, Аз њама дилмондаам, сўйи ту меоям, Худо. Дар љањони танг аз бухли бародарњо ба њам, Сахт танњоям Худољон, сахт танњоям, Худо. 14.03.2015

БЕМИНБАРОН ЗИ ЊАР СЎ... Раззоќи олам астї, халќи бузургворам... Устод Боќї Рањимзода Имрўз дигар астї, халќи бузургворам, Бо ранљ њамсар астї, халќи бузургворам. Дирўз мир будї, халќи кабир будї, Имрўз музтар астї, халќи бузургворам. Аз дурдасти торих бо болу пар расидї, Имрўз пар-пар астї, халќи бузургворам. Соњибпаямбар астї дар ибтидову њоло, Дур аз паямбар астї, халќи бузургворам. Беминбарон зи њар сў тањдид мекунандат, Чун зери минбар астї, халќи бузургворам. Аќвоми бедару кў дасти дароз доранд, Ту даст бар сар астї, халќи бузургворам. Синои ту намонда, овои ту намонда, Бемори љоѓар астї, халќи бузургворам. Раззоќи олами худ будї агар, ту њоло,

Танњо туї, ки як љањон фарёд мекунї, Аз кўчаи љањони ту рўзе, ки ман равам. 10.03.2015

МАН ОМАДАМ САЊОБИИ ГУЛ… Ман омадам бањор нависам барои ту, Як дашт лолазор нависам барои ту! Ман омадам ба покии рангинкамони гул, Афсуни гулнигор нависам барои ту. Ман омадам ба лањљаи боронии худам, Як дида обшор нависам барои ту. Ман омадам ба сафњаи покизаи сањар, Хуршеди рўзгор нависам барои ту. Ман омадам сањобии гул бошаму ѓазал, Бо шеваи њазор нависам барои ту. Ман омадам ба мусњафи пайѓамбарони боѓ, Оёти пойдор нависам барои ту. Ман омадам, ба матлаъи нуронии ѓазал, Эй ёр, ёр, ёр, нависам барои ту. 08.03.2015

ДИГАР ТАНЊО ТУРОВУ БОДАРО… Диле гавњарфишон дар дида роњоварди худ дорам, Лабе аз оњ сўзон дар сухан њамдарди худ дорам. Ба ман афсона умре аз ѓуруби шед мехонанд, Ман аз хуршед ранги гунањои зарди худ дорам. Ман аз дасти касе санги маломат мехўрам бар сар, Ки ўро мешиносам, дар гилаш аз гарди худ дорам. Табиби ман пайи дармони дил бечора мемонад, Ки садњо захмро аз душмани номарди худ дорам. Биёвар соќї имшаб бодаву тамдиди суњбат кун, Дигар танњо турову бодаро ман фарди худ дорам. Дилам оташфишони чашму ѓам - оташ, ѓазал - оташ, Ва май - оташ, ки дар шабњои аз ѓам сарди худ дорам. 06.03.2015

ОМАД БАЊОРУ ОВАРД... Дигар тамом, - гуфтам, - ишќу ѓазал намонда, Атри насиму борон дар ин њамал намонда. Дигар тамом, - гуфтам, - бояд ба ѓусса тан дод, Дигар даво бароям дар ин касал намонда. Бояд ба роњ афтод, бояд, вале чи гуна, Ваќте сафархатамро муњре аљал намонда. Дар ман њазор мушкил афтод бе муњаббат, Бар сад њазор мушкил як роњи њал намонда. *** Аммо, ту омадї боз, эй зан, бањори доим, Дидам аз он мусибат дар ман мањал намонда. Омад бањору овард, эй зан таронаатро, Дигар ѓазал бихонам, дигар халал намонда. 19.02.2015 * Марѓазан - гуристон


ТАХТАИ СИЁЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

13

Парвандаи рўзноманигори Мањмадюсуф Исмоилов намунаи барљастаи "шоњкорињо" - и системаи судии Тољикистон аст. Мавсуф 29 октябри соли 2013 11 сол њукм гирифт. Ќонуни авф низ ба ў татбиќ нашуд. Њоло инро зарур медонем, ки дар ин парванда таљдиди назар сурат гирад, вагарна будани як рўзноманигор дар зиндони Тољикистон, агар ба афроди алоњида зарур набошад, бахусус ба њукумати Тољикистон дар ду љањон зарур нест.

"Лањзањо" Муњаммадюсуф Исмоилов аз рўи ду моддаи Кодекси љиноии Тољикистон - 250, ќисми 2, банди"а" - тамаъљўї ва 247, ќисми 2, бандњои "в", "г" - ќаллобї, ки барои аввалї 11 ва барои дуввумї 3 соли мањрумият аз озодї пешбинї шудааст, гунањкор эълон шуд. Суд бо назардошти соњиби ду фарзанди ноболиѓ буданаш њукми ўро се сол кам кард. Дар асл тамоми

"Садои Ашт" - ро рањо кунед! Њузури як рўзноманигор дар мањбаси Тољикистон обрў намеорад, агар онро накоњад иттињомот ва шоњидон сохтаву бофта менамуданд. Ин сохтакорињо аз нигоњи Садриддин Саидов, вакили дифоъи Исмоилов пўшида намонданд. Ў дар анљоми мурофиа батафсил чор лањзаеро, ки ба моддаи 250 , ќисми 2, банди "а" - тамаъљўї рабт доранд ва Исмоилов бар асоси онњо муттањам дониста шуд, ботил баровард: АВВАЛ. Гуё Исмоилов шањрванд Шодибой Холматовро тањдид намуда, талаб кардааст, ки њар моњ барои дар њудуди ноњияи Ашт фаъолият намуданаш 400 сомонї дињад, вагарна дар рўзномањои љумњуриявии (таъбири тафтишот ва судя) - "Нигоњ" ва "Имруз - нюс" камбудињояшро фош карда, тавассути прокуратура нисбаташ парвандаи љиноятї оѓоз мекунад ва ўро аз Ашт меронад. Сохтакорї дар куљост? Аввал, ягон далел нест, ба љуз нишондоди љабрдида ва шоњидон, ки онњо њам нишондоди љабрдидаро иќтибос мекунанд. Љабрдида намегўяд, ки Исмоилов мањз аз рўи кадом љиноят ё амалаш дар нашрияњо маќола навишта, ба прокуратура таслим мекард. Агар љабрдида воќеан љурме дорад, пас чаро тафтишот ва суд ўро напурсиданд? Дуюм, ин "љиноят" соли 2012 рух додааст. Ваќти зиёд гузашта, ягон далел надорад. Сеюм. Ин иттињом бо ширкати Ш. Холматов дар парвандаи ќаблии Исмоилов вуљуд дошт ва суд онро бо ин лањза сафед карда буд. Ба парвандаи нав аз дигар љалб кардани Ш. Холматов чї маъно дорад? Тафтишот дигар шоњиде надошт, ки алайњи Исмоилов истифода кунад? Ин магар таќаллубкорї нест? ДУЮМ. Гўё Исмоилов аз Љ. Икромов ва М. Равзаалиев 2000 сомонї тамаъ карда, тањдид кардааст, ки агар надињад, алайњашон дар рўзномањои љумњуриявии "Нигоњ" ва "Имрўз нюс" маќолањои бадномкунанда ба нашр мерасонад ва тавассути прокуратура нисбаташон парвандаи љиної оѓоз намуда, онњоро ба мањбас мекашад. Далелњои бепоягї: аввал, љабрдидагон на аз сўи тафтишот ва њам на суд пурсида нашуданд, зеро дар Русия будубош доранд. Ваќте љабрдида нест, аз номи ў чї тавр мешавад як нафарро муттањам кард? Дуюм. Ба љои онњо падари Икромов шикоят бурдааст. Сеюм. Бино ба иттилои мо, Икромов ва Равзаалиев ба Русия фирор кардаанд, чун дар Ашт ба латукўби омўзгори худ муттањам мешуданд ва мавриди љустуљўи маќомот ќарор доштанд! СЕЮМ. Гуё Исмоилов аз соњибкор А. Атобоев аз соли 2008 то соли 2013 тањдид кардааст, ки ўро дар рўзномањои љумњуриявии "Нури

зиндагї", "Нигоњ" ва "Имрўз - нюс" бадном мекунад ва сирри нонвойхонаи ўро ба хадамоти назорати гигиенї - эпидемиологї ва зидди сўхтор фош менамояд. Ва тайи ин солњо дар тахминан 30 маврид аз 50 то 200 сомонї тамаъљўї карда, дар умум тахминан 5000 сомонї гирифтааст. Далелњои бепоягї: аввал, бар асоси тахмину гумонњо айбдор кардани як нафар хилофи моддаи 339 - и Кодекси љиноии Тољикистон аст. Дуюм. Ваќте раќами "30" - ро ШКД ва прокуратура бо тахминњо пешнињод мекунанд, оё айб нест? 20 то 50 сомонї ва тайи 5 сол (!) љамъ шудани тахминан 5 њазор сомонї, ки њоло падари ду тифлро барои 11 сол пушти панљара мекашад, ќонун- ку он тараф истад, ба фармонњои виљдони тафтишоту суд мухолифат надорад? Сеюм, агар љиноят 30 маротиба рух додааст, дар куљо ва чї тарз содир шудааст? Шоњидон кињоянд? Моддаи 85 - и Кодекси мурофиавї - љиноятии Тољикистон талаб мекунад, ки ин њама мавридњо бояд пурра исбот шаванд. ЧОРУМ. Гўё Исмоилов аввалњои моњи июни соли 2013 дар њудуди шањраки Шайдон бо Санавбар Ањадова вохўрда, аз ў бо тањдиди он, ки нисбаташ дар рўзномањои љумњуриявии "Нигоњ" ва "Имруз - нюс" маќолањои бадномкунанда ба нашр мерасонад, аз ў 100 доллар тамаъ кардааст. Ин ягона иттињоми тоза дар парвандаи Исмоилов аст ва далели тафтишот пеш аз њама сабти аудиоиест, ки тањти раќамњои 1, 2, 3 дар парванда "дўхта" шудаанд. Бояд зикр намоем: дарвоќеъ аз ин сабтњо бармеояд, ки Исмоилов барои гирифтани ин маблаѓ ризоият додааст, яъне ин далел, ки ў маблаѓ гирифтанї аст, маълум мешавад. Аммо муњтавои сабти видеої нишон медињад, ки на нафари тамаъљўъ - Исмоилов ба гирифтани пул, балки нафари пулдињанда - зан манфиатдор аст. Зан мекўшад, ки њарчи зудтар пулро дињад. Ва дар ин сабт Исмоилов умуман дар бораи њаљму барои чї гирифтани пул њарфе нагуфтааст! Ин сабт бармало нишон медињад, ки Исмоилов агарчи пул гирифтанист, аммо на барои нашр накардани маќола. Шояд ў ќарз мепурсид, ё кўмакпулї? Ва њам шояд Ањадова дидаву дониста Исмоиловро ба љиноят тела кард? Хулоса, сабти аудиоиро наметавон далели боризи ин донист, ки як нафарро барои 100 доллар 11 сол њукм кунанд. Касе собит карда наметавонад, ки ин суњбатњо ва сабтњо њам супоришї набошанд ва тарњрезї нашуда буданд.

Дигар маврид дар ин иттињом ин аст, ки Исмоилов аз Санавбар Ањадова 100 сомонї гирифтаасту 400 сомонии дигарро ваќте мегирад ва ба љайб мезанад, кормандони милиса ўро дарњол боздошт мекунанд. Тафтишот мегўяд, ки Ањадова аз тањдиди Исмоилов ба маќомот шикоят кардааст. Аммо чаро ин савол бепосух аст, ки Ањадова чї айб доштааст, то аз Исмоилов тарсад? Ин боз як далели он аст, ки ин љо њадаф рўи об баровардани адолати судї нест, балки танњо "шинондан" - и Исмоилов аст.

"Нигоњ" ва "Имрўз - нюс" Ваќте кас бо иттињомот алайњи Мањмадюсуф Исмоилов ошно мешавад, дар њар чор лањза бо иборањои "рўзномањои љумњуриявии "Нигоњ" ва "Имруз - нюс" ва "маќолањои бадномкунанда" дучор меояд. Дар сабтњои аудиої, аз њама далели боризтарини парванда дар ин бора сухане нест! Њадафи тафтишот аз овардани номњои ин рўзномањо чї аст? Аммо маводе, ки бо ќалами Мањмадюсуф Исмоилов дар ин нашрияњо чоп шудаанд, аз дигар чї бозгўї мекунанд. Масалан, як матлаби ў тањти унвони "Памперс" барои роњи Ашт Хуљанд" ("Нигоњ", №4 (280) 18-уми апрели соли 2012) - ро бигирем, ки масъалаи роњи хароби байни Хуљанду Аштро матрањ кардааст. Пас аз ин матлаб дар ин роњ корњои таъмиркунї анљом дода шуданд. Ё дар бораи њолати риќќатбори беморхонаи Ашт матлаб нашр шуда буд, ки пас аз ин беморхона таљдиду навсозї шуд ва њоло он гуна нест, ки Исмоилов тасвир мекард. Як бинои муосиру замонавист. Онро худи президенти Тољикистон боз кардааст ва инро тамоми Тољикистон тариќи телевизионњои давлатї тамошо кард. Як нигоњи сатњї ба маќолањои Мањмадюсуф Исмоилов кофист, ки дарёбем: ў дарди мардум, мушкили љомиаро менавишт! Ва ин ба бархе масъулин хуш намеомад!

Исмоилов кист? Мавсуф соли 2011 низ аз рўи моддањои 135 - 136 (тањќиру туњмат, ки хушбахтона, њоло аз Кодекси љиної бардошта шудааст), моддаи 250 (тамаъљўї) ва 189 (мањалчигї) муттањам шуда, суд ўро ба 1500 маоши њадди аќал ва 3 соли мањрумият аз фаъолияти рўзноманигорї мањкум карда буд. Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди вилояти Суѓд бар асоси "Ќонуни авф" 14 октябри соли 2011 ўро аз љавобгарї озод кард. Исмоилов аз моњи декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 хабарнигори минтаќавии

"Нигоњ" дар Ашт буд ва њамзамон бо "Нигоњ" фурўши "Имрўз - нюс" - ро њам ба зимма дошт. Ў ба мардуми Ашт рўзнома, яъне иттилоъ ва огоњї аз вазъи имрўзи кишварро њам меовард. Шояд ин њам барои маќомоти мањаллї маъќул набуд? Дар бораи шахсияти ў дар Ашт ва њам доирањои рўзноманигорї андешањои мухталиф вуљуд доранд. Мардуми Ашт аксаран бар ин назаранд, ки ў як шахси якрўй аст ва суханашро беибо мегўяд. Њатто мегўянд, ки ў боре сари чорроњаи маркази Шайдон баромада, истеъфои сарвари шўъбаи милиса ва раиси ноњияро талаб кардааст. Ин љасоратро кам касе дар Тољикистон дорад, аммо дар олами мутамаддин ин таљрибаи оддї аст ва ин њаќро ба њар як нафар Сарќонуни як давлати демократї медињад. Бар иловаи ин њама, Исмоиловро як нафари зудбовар ва соддафеъл њам меноманд. Ў ба њар касе, ки бо шикоят аз маќомот ба наздаш меомад, кўмак мекард. Ва рўзи мурофиа њатто њамсараш чанд маротиба ба ў ёдовар шуд, ки "ана, дидї, одамоне, ки ту бовар карда будї, ба сарат об рехтанд!" Ваќте њукми ўро хонданд, ба ќавли мардум, њуш аз сари даъвогарони алайњи ў њам парид. Онњо интизор надоштанд, ки ў чунин њукм мегирад. Иддае њам Исмоиловро як нафари "тез" меноманд ва мегўянд, саломатиаш њам хуб нест, чун маъюби дараљаи сеюм аст. Љомиаи рўзноманигорї ўро бегуноњ намедонад, аммо њукми алайњи ўро ноодилона мехонад. Њар чї њаст, нест, Мањмадюсуф Исмоилов ягона рўзноманигори мањбуси Тољикистон аст, ки бо айбњои тахминї зиндонї шудааст. Бархе ўро "Садои Ашт" унвон карданд, чун ягона нафаре буд, ки ба мушкили мардум бетараф набуд. Аз матолиб ва фаъолияти ба як хулосаи амиќ равем, дармеёбем, ки ў дар ноњияи Ашт барои нафароне мушкилофар буд. Навоњие њастанд, ки рањбаронаш солњо ба ин сў сари коранд. Аммо дар Ашт таѓйири роњбарият тайи солњои ахир ду маротиба сурат гирифтааст. Мешавад хулоса кард, ки дар ин таѓйирот сањми матолиби рўзноманигор низ њастанд ва нињоят дар раддањои болої ба хулосае омадаанд, ки аз ў "халос шаванд". Ва ба њамин минвол, "садои Ашт" - ро њам гўё хомўш карданд. Дар арафаи 3 май - рўзи Озодии баён хуб мешуд, ки "Садои Ашт" - ро аз гулўи Озодии Баён рањо кунанд. Рўзноманигори зиндонї обрўи Тољикистонро беш намекунад, аммо даќиќан хоњад кост.

Фаромарзи ФОЗИЛ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ

Ду мард мардеро, ки базўр ќадам мезад, аз таги китф гирифта, базўр роњ гашта истодаанд. Марди дигаре ба онњо наздик шуда мепурсад: - Бародарњо, чї шудааст? - Ин бародарамон "Љип" - ашро ба таъмир додааст, акнун ба ў роњгардиро омўхта истодаем. *** Набера аз бобояш мепурсад: - Бобољон ба шумо солњои њозира маъќуланд ё солњои СССР? Бобо: - Солњои СССР хело хуб буд. Набера: - Барои чї бобољон? - Барои он ки дар замони СССР духтарњо аз пуштам медавиданд, њоло бошад кампирњо медаванд. *** - Азизам, духтур тавсия дод, ки ба истироњатгоњи "Садбарг" ё "Сари Хосор" рафта, дам гирем. Ба кадомаш меравем? - Ба назди дигар духтур.

ОЁ СОЛИ 2017 АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАИ РОЊ БАРЊАМ ДОДА МЕШАВАД? - Айни њол ронандагони воситањои наќлиёт ба ѓайр аз иќтидори муњаррики мошинашон њамчунин андоз аз истифодаи роњ месупоранд. Дар Кодекси андози Тољикистон омадааст, ки андоз аз истифодаи роњ соли 2017 барњам дода мешавад. Агар дар соли 2017 андоз аз истифодаи роњ барњам хўрад, оё аз њаљми муњаррики воситаи наќлиёт њам андоз супоридан дигар зарурат надорад? Ќурбон ЊАЛИМОВ, сокини ноњияи Вањдат - Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард тибќи талаботи моддаи 248 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон шахсони њуќуќие ба њисоб мераванд, ки даромади умумиашон дар соли таќвимї аз 500 њазор сомонї зиёд буда, дар низоми умумии андозбандї фаъолият менамоянд. Бинобар ин, андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард ба ронандагони воситањои наќлиёт алоќамандї надошта, ронандагони воситањои наќлиёт мутобиќи моддаи 263 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон танњо супорандаи андоз аз воситањои наќлиёт ба њисоб мераванд, ки объекти андози мазкур воситаи наќлиёт ва манбаи он иќтидори муњаррик мебошад. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

*** Ду корманди Агентии зидди коррупсия дар тарабхона хўрок мехўрданд. Дар ваќти истеъмоли таъом бо њам бањс карданд. Барои њал намудани мушкилот пешхизматро ба наздашон даъват намуданд. Аз ў хоњиш карданд, ки як китоби Кодекси љиноятиро аз роњбари тарабхона пурсида биёрад. Пешхизмат рафт ва тез баргашта, гуфт: - Роњбарамон гуфтанд, ки аз шумо пул нагирам! *** Занги дари хона садо медињад. Соњибхона: - Кист он љо? - Апаљон, мегуфтед, Шумо доимо дар хонаатон њастед? - Бале, чї шудааст? - Њамин тавр пурсидам, пурсиши иљтимої…

15

АКСИ ГЎЁ

? - И НОБОБ

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

БА ЉОЙИ 09

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

- Бо маќсади тањлили њамаљониба ва њалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасонињои гуногуни бонкї ба миён меояд, дар Бонки миллии Тољикистон хадамоти телефони боварии зер +(992) 44- 600-1520 фаъолият менамояд. Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуќсонњое, ки њангоми истифода аз хизматрасонињои бонкї рў ба рў шудаанд, бо шумораи номбурда ба Бонки миллии Тољикистон хабар дињанд. Телефони боварї рўзњои корї аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.

? - И НОБОБ

КАДОМ ВАРЗИШГАРИ ТОЉИКИСТОН БА БОЗИЊОИ ОЛИМПИИ - 2016 РОЊХАТ ГИРИФТААСТ? - Ба њамагон маълум аст, ки дар соли 2016 Бозињои Олимпии тобистонаи навбатї дар шањри Рио - де Жанейрои Бразилия баргузор мегардад. Барои омодагї ба ин чорабини муњим Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон кадом корњои назаррасро роњандозї намуда истодааст? Аз миёни варзишгарони Тољикистон кадоме аз онњо љињати ширкат кардан дар Бозињои Олимпии Рио - де Жанейро -2016 роњхат гирифтааст? Шамсиддин РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини дењаи Чилчаи ноњияи Темурмалик - Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон новобаста ба баргузории Бозињои Олимпии тобистонаву зимистона дар ин ё он давлат аз тарафи Кумитаи байналмилалии Олимпї њамасола чорабинињои гуногуни варзиширо љињати рушди њаракати олимпї дар ќаламрави љумњурї роњандозї намудааст ва менамояд. Бозињои Олимпии тобистонаи навбатї, ки соли 2016 дар шањри Рио - де Жанейрои Бразилия баргузор мегардад низ истисно нест. Айни њол Барномаи омодагї ба Бозињои Олимпии Рио - де Жанейро аз тарафи Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон ќабул шудааст. Дар асоси ин барнома аз љониби Кумитаи байналмилалии Олимпї ба 15

варзишгари тољик, ки аз 6 (шаш) намуди варзиши навъи олимпї намояндагї мекунанд стипендия муќаррар шудааст, ки њар сари моњ ба онњо пардохт карда мешавад. Рўйхати варзишгарони аз тарафи Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд инњоянд: 1. Муњаммадмурод Абдурањмонов гўштини дзюдо, 2. Комроншоњи Устопириён- гўштини дзюдо, 3. Абдурасул Шарипов - гўштини дзюдо, 4.Зелимхан Юсупов - гўштини тарзи озод, 5. Искандари Рустам - гўштини тарзи озод, 6. Самиршоњ Воњидов - гўштини тарзи озод, 7. Бањодур Ќодиров - гўштини тарзи озод, 8. Хусрав Облобердиев - гўштини юнонї - рўмї, 9. Мавзуна Чориева - бокс, 10. Анвар Юнусов - бокс, 11. Асрор Воњидов - бокс. 12. Дилшод Назаров - гурзпартої, 13. Фарњод Неъматов - таэквандо, 14. Алишер Гулов - таэквандо, 15. Моњрў Њалимова - таэквандо. Айни њол ягон варзишгари тољик ба Бозињои Олимпии тобистонаи Рио - де

Жанейро - 2016 роњхат нагирифтааст. Аммо омодагии варзишгарони мо идома дорад. То баргузориии Олимпиада њоло ваќт аст. Дар пеш мусобиќањои љањонї, осиёї, аврупої варзишгарони моро интизор аст. Њангоми иштирок дар мусобиќањои номбурда варзишгарони тољик албатта бо дарёфти холњои зарурї роњхат ба Бозињои Олимпии Рио де Жанейро - 2016 - ро сазовор мегарданд. Имсол дар ќаламрави љумњурї љињати рушди њаракати олимпї ба ѓайр аз Рўзи дави миллї њамчунин аз 23 юми июн то моњи ноябр чорабинињои гуногуни варзишї, омўзишї ва тарѓиботї гузаронида мешавад. Илова бар ин имсол Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии Олимпї, Ањмад ал Фадоњ ал Сабоњ, президенти Ассотсиатсияи Кумитањои миллии Олимпї ва њамроњони онњо бо сафари расмї ба Тољикистон ташриф меоранд. Дар доираи ин сафар ба Тољикистон Томас Бах ва Ањмад ал Фадоњ ал Сабоњ бо Эмомалї Рањмон, президенти Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон дидору мулоќот мекунанд. Боварї дорем, ки сафари мењмонони олиќадар ба Тољикистон ва дидори онњо бо Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон такони љиддї дар рушди њаракати олимпии Тољикистон мешавад. Ба саволи Шумо Исматулло Хољаев, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии Олимпии Тољикистон посух дод.

ШЕЪР Рўзњо мегузаранд, Рўзњо аз сари мо, Аз дили мо мегузаранд. Хабари соати дидору људої бар лаб Аз рањи манзили мо мегузаранд. Ба назар Мо њама бояст зи умр Судњо бардорем. Бояд аз рўз ба рўз Асаре бигзорем. Бояд аз рўз ба рўз Боз њам бихраду солор шавем. На чу дирўза Ба як ќоида такрор шавем. Лек тадбир куљост? Гарчи дирўз ба сад сањву хатое бигузашт, Рўзи дигар ба дигар сањву хато мегузарад. Чу ба тањќиќ ту бар хилќати одам нигарї, Ростї, Ин њама аз кўтањии аќли расо мегузарад. Аљабо! Ваќтро мегузаронем, ки барљо бошем, Ваќтро мегузаронем, ки аз доираи ваќт бурун Бехалал аз њама савдо бошем. То надонем, ки бо ваќт ба њам мегузарем, Аз азал сўи адам мегузарем. Аљаб аст ин аљаб аст! Гоњ мо бо њама бинодилию биної Рўзро кўр кунем. Аљаб аст ин, аљаб аст! Гоњ мо бо њама донодилию доної Рўзро кўр кунем. То надонем, ки ин оќибати кўрдилист, Худфиребист Ва ё Њељ кам аз худкушї нест. Хоњам имрўз ба парвозгањи ваќту фазо Муддате бол кушоем, ки парвоз кунем. Њар дари боз бубинем, ба кас бинмоем, Њар дари баста бубинем, ба кас боз кунем Хоњам имрўз бипурсем зи худ, то чї касем? Гар расидем ба Мирриху ба Мањтоб, чї хуш, Ваќти он аст, ки бо худ бирасем! Ваќти он аст, ки эй ањли назар, Ваќти худро гузаронем аз ваќт. Ваќти он аст, ки эй ањли њунар, Ќадри худро гузаронем аз ваќт! ... Рўзњо мегузаранд, Рўзњо аз сари мо, Аз дили мо мегузаранд. Гар ситондан натавонем њаќи хеш зи ваќт, Рўзњо њар яке чун ќотили мо мегузаранд. Лоиќ Шералї


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (438), 28. 04. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

1 - уми май - Рўзи муњољирони мењнатї Дўстони ќадимї Мирзодиккаку Ѓалтак дар пойтахт, дар дохили маршрутка вохўрданд. Комилан тасодуфан. Ѓалтак, ваќте ронанда боз як мусофирро ба мошини носерамаш бор кардан хост, истод, хост ќотеона аз ронанда талаб кунад, ки садо баланд кунад, то ба љойи се нафар чор нафар бор накунад. Ба њамаи мусофирон 20-40-дирамї баќия баргардонад. Вай њатто пешакї фармони раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоевро дар бораи њамлу наќли мусофирон, ки дар тирезаи "Старекс" часпонда буданд, се бор хонда, аз ёд кард ва ба ронанда нархи роњкироро хотиррасон карданї буд, аммо... Вай ин корро накард, зеро нафаре, ки ба мошин даромад, дўсташ Мирзодиккак буд. Феъли саг ба соњибаш маълум гуфтагї барин, Мирзодиккак њам даромадан замон аз чењраи дўсташ сар задани мољароеро пай бурда, худро гўё гунањгор њис мекард, ки ба тамоми мусофирон рўй оварда: - Бубахшед, бубахшед, хоњиш мекунам, мефањмам, ки ба шумо халал мерасонам, лекин чї илољ, ба маљлис дер кардам... Ѓалтак: - Э дўстам, агар ба љойи ту як каси дигар мешуд-ку... Мирзодиккак: - Фањмидам фањмидам! Ислоњ мешавам, дигар такрор намешавад... Дарвоќеъ, идњои меомадагї муборак бошад, марди зањматкаши мењан! Ѓалтак: - Ташаккур, вале исто, ки ту кадом идро дар назар дорї? Мирзодиккак: - Рўзи якдиллии мењнаткашонро, албатта! Гуфтам-ку марди зањматкаши миллат... Ё ту њам аз бањри ин рўз гузаштї-чї?! Э, ња, шумо њоло бештар Рўзи озодии баёнро ид мекунед! Аз мардони мењнат ба мардони гап табдил шудем, гўй! Ѓалтак: - Мо -ку аз мењнат даст накашидему, лекин Шумо, рафиќ депутат, ба фикрам, на ба инаш арљ мегузореду на ба онаш! Шўравї соз буд, ид гуфта, 1-уми майро бањона карда, ману шуморо ба майдони кор мебаровард! Мирзодиккак: - Њозир њам 1уми май ид аст. Бовар накунї,

мана, дар календари нав бин! Рўзи якдилии мењнаткашон ном дорад, њоло њам ин рўз. Ѓалтак: - Гуфтаи мардак, рудиментњои шўравї бисёранду њоло њам, аммо дар амал аз онњо, гуфтаи њаму мардак, фаќат экскримент мондагї. Хонањо аз виллањои аврупої фарќ намекунанд, лекин кўчањо ба роњњои давраи Аморати Бухоро монанд. Мирзодиккак: - Худатон дар ваќташ озодии баён гуфта љор задед, њама аз мардони мењнат ба мардони гап табдил шудем, коратон фаќат зикру баён. Акнун боз худатон менолед. Њич нафањмидам шуморо. Ѓалтак: - Бењтар аст 1 - уми майро рўзро "Рўзи муњољирони мењнатї" ном монем, чї гуфтї!? Тамоми халќи кабирро њамин мењнаткашони бечора бо мењнати муњољират хўрондан доранд. Ана, ту депутат, як лоиња соз, таѓйирот дарор ба ќонуни идњо. Мирзодиккак: - Ња, боз гўй, ки як њайкали дигар дар бари асосгузори давлати Сомониён

монем, дар дасташ шпател... Ѓалтак: - Дар Русия монданд, чї шуд? Ањволи мењнаткашони мо бадтар шуд. Баъзан меистам, фикр мекунам, ки Пахтагул Панљсолаевнаи ман бењуда ба Њизби коммунист дил набаста будааст. Дар њаќиќат ба ќадри мењнаткашон мерасиданд. Мирзодиккак: - Шукрона кун, дўстам, ки доњиёни Пахтагул Панљсолаевнаи ту сарнагун шуданд, вагарна Озодии баёнро дар хобат њам намедидї... Ѓалтак: - Доњиёнаш нарафтанд, дўстам! Агар дар ёдат бошад, онњо фаќат костюми нав ёфта пўшиданд. Он ваќт, агар фаромўш накарда бошї, фармони раиси шањрро барои зебаш дар маршрутка кашол намекарданд. Барои 20 тин баќия бо ронанда кашталкашї кардани мусофир њољат набуд. Ба озодии баён њам... Мирзодиккак: - Озодии баён њаст, ки гап мезанї, дўстам! Намешуд, њозир барои њамин гапњоят, туро дошта медонї чї кор мекарданд? Ѓалтак: - Янукович барин гуфтї: "Дар кишвари мо озодии баён буд, њаст ва мемонад, касе, ки бо ин фикр розї нест, бигзор дањонашро пўшида шинад". Оќибаташ чї шуд медонї- ња? Мирзодиккак: - Љойи ин гап нест наќлиёти љамъиятї. Лекин озодии мутлаќ дар њич куљо нест, бародар. Дар доираи ќонун њар гапе, ки доред гуфтан гиред, марњамат. Боз чї мехоњед? Ѓалтак: - Дар ин масъала бањс кардан мумкин. Масалан, дар Ќуръон њам мафњуми озодї вуљуд надорад, аммо адолати комил њаст. Мирзодиккак: - Гуфтам - ку, љойи ин бањсњо нест ин љо. Як рўзњо баландињои Фахробод аст, ё лаби рўди Варзоб аст, равему як ош дам кунем, дар њавои тоза шишта, бањузур бањс кунем... Инро Мирзодиккак гуфту аз мусофиркаш поён шуд. Нафањмид инро, ки њангоми фаромаданаш кисаашро "рўфтанд"...

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Бозор СОБИР, шоир: - Ба истиснои Рўдакї, Буалї Сино, Фирдавсї ва Хайём агар њамаи онњо намебуданд, Тољик чизе бой намедод, балки бурд мекард, инќадар динзадаи фанатик намешуд… - Мо, соддањо нав ба њамин фикр фурў рафтем, ки агар Бозор Собир намешуд, ягон чї мебохтем, ё не?

Фарњод РАЊИМЇ, президенти АИ ЉТ: - Албатта, касе инкор намекунад, ки Рањим Масов ва Акбари Турсон ба сатњи баланди академикї расиданд. Лекин њар кас мувофиќи ќобилияти љисмонї кор мекунад ва њаќ дорад, ки истироњат намояд. Дигар ин ки љавонон кай соњиби вазифањои роњбарї мешаванд? - Ќобилияти зењниро њам ба инобат гиред, ки инњо дар 25-26 сол њам аз роњбарї хаста намешаванд.

Мењмон БАХТЇ, раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон: - Адибу шоиру журналист, пиёзу карам нестанд, ки њар сол шинонему онњоро парвариш кунем. - Забон бул-бул, устод! Афсўс, ки ишорањои нозуки Шуморо бо мафкураи раиси колхоз фањмидан хеле мушкил.

Зариф ЃУЛОМ, њуќуќшинос ва нависанда: - Дар ягон љои дунё шањре бо номи рўзи њафта вуљуд надорад. Аз ин хотир пешнињод менамоем, ки номи Душанбе бо номи Исмоил иваз карда шавад, ки бо ин восита мо њаќиќатан номи Шоњ Исмоилро ба љањониён нишон дињем. - Дар куљои дунё дидед, ки шањрро барои нишон додани њаќиќати номи шоњ ном монанд?

Икром УМАРЗОДА, муовини вазири корњои дохилии Тољикистон: - Мо супориш медињем, ки рафтору ахлоќи мардумро бубинанду миёни онњо корњои фањмондадињї баранд. На ин ки болои сокинон зўру корњои иљборї бошад. - Сардор, як маслињати дўстона: Шумо пеш аз супориш додан хулќу атвори тобеонатонро бубинед, миёни онњо корњои фањмондадињї баред.

Нозир ЁДГОРЇ, сухангўи ШСХК "Барќи Тољик": - Онњо (љониби Ќирѓизистон дар назар аст.) хуб медонанд, ки дар фасли тобистон мо барќи зиёдатї дорем, аз ин рў нархро арзон карданї шуданд. Вале мо ризоят надодем. Гуфтем, агар бихоњанд севуним сентї пардохт кунанд. Онњо дар посух гуфтанд, фикр мекунем ва рафтанд. - Мо бошад, мондем ду даст дар патаки бинї, ё...? Натиља чї шуд, натиља?

Саидмукаррам АБДУЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон - Шояд ба монанди Тољикистон миёни кишварњои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараќќї ва нумуъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимњои динии худро дар як фазои орому осуда анљом дода истода бошанд. - Сањар ба кор меравї, ришат њаст, бегоњ аз кор мебиёї, ришат нест. Ин хел рушду нумўъ дар куљо пайдо мешавад? Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.