Нигох №06 (439). Чоршанбе, 6-уми майи соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

1

Манорањои масљиди Чилламазорро сар заданд Њукумати шањри Вањдат, новобаста ба норозигї ва нигаронињои сокинон, манорњои Масљиди љомеъи Чилламазорро вайрон кард. №6 (439). Чоршанбе, 6-уми майи соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

АНДЕША

Муъмин ЌАНОАТ:

Падарам маро сўфї гуфта хитоб мекард САЊИФАИ 6

ЉАЊОН

Њамлаи Саудиву дифоъи яманї Чаро як њавза кишварњои халиљї наметавонанд бо як гуруњ дар Яман пирўз шаванд?

САЊИФАИ 10

ЧОР ИСТЕЪФОИ ИЗЗАТУЛЛО ЊАЁЕВ Дасти мадади QNET ва Хазинаи RYTHM ба ниёзмандон


СИЁСАТ ВА ТАЪРИХ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

2

Чор истеъфои Иззатулло Њаёев Њафтаи гузашта Иззатулло Њаёев- охирин сарвзири Тољикистони шўравї дар 79-умин солагї дунёи фониро падруд гуфт. Гуфта мешавад, ки ў солњои охир аз беморї ранљ мебурд. Мавсуф дар тўли 6 соли ахири фаъолияти худ дар мансабњои баланди њукуматї 3 бор дар маркази бўњрони њамроњи бархе роњбарони олимаќоми Тољикистон шўравї ва Тољикистони соњибистиќлол 3 бор дар маркази бўњрони сиёсї ќарор гирифт. Ва дар њар 3 бор норозиён талаби истеъфои ўро карданд. Бори нахуст И. Њаёев дар рўзњои феврали соли 1990 дар маркази таваљљўњ ќарор гирифт ва гирдињамомадгон талаб карданд, ки ў дар ќатори котиби якуми Комитети марказии Партияи коммунистии Тољикистон Ќањњор Мањкамов ва раиси Президиуми Шўрои олї Гоибназар Паллаев ба истеъфо равад. Ин њар 3 дар зери фишор протоколди истеъфоро ба намояндагони гирдињамомадгон, ки "Кумитаи 17" ном гирифта буд, ба имзо расонда, барои истеъфо ризоият доданд, аммо баъди ворид кардани нирўи бузурги низомї ба Душанбеи хунин аз истеъфо рафтан саркашї карданд. Бори дуюм истеъфои Њаёевро дар баробари истеъфои президенти Тољикистон Ќ. Мањкамов ва раиси Шўрои олї Ќ. Аслонов ба дунболи суќути ГКЧП дар охири моњи августи соли 1991 талаб карданд. Аммо ин дафъа баъди он ки бо азоби алим ва ворид карда-

«

ни тагйирот ба Конститутсияи Тољикистон Ќ. Мањкамов ба истеъфо фиристонда шуд, мухолифин аз ултиматуми ќаблии худ дар мавриди истеъфои И. Њаёев ва Ќ. Аслонов даст кашиданд. Ин иќдом муборизаи сиёсиро дар љумњурї ба маротиб шиддат бахшид ва дар миёни роњбарони мухолифин ихтилофоти шадидро ба вуљуд овард. Натиљаи ин ихтилофот ба зудї барои њамагон равшан шуд. Аммо бори сеюм истеъфои И. Њаёев, раиси Дастгоњи иљроияи назди президенти Тољикистон ва як ќатор соњибмансабони олирутбаи њукуматиро зоњиран касоне талаб карданд, ки

љонибдорони њукумат њисоб меёфтанд. Ин бор Њаёев, ки њоло ба сини 60 нарасида буд, ба истеъфо рафт ва дигар ба корњои расмї барнагашт. Инро њам бояд зикр кунам, ки И. Њаёев як бор аз вазифаи сарвазирї ихтиёран ба истеъфо рафта буд. Ин кор дар ибтидои соли 1992 сурат гирифта буд. Сабаби инро њолдонњо дар он медиданд, ки сарвазир дарк мекард, ки бо президенти тоза интихобшуда Рањмон Набиев кор карда наметавонад. Њамин тариќ, масъалаи истеъфои Њаёев дар тўли 6 соли фаъолияташ 3 бор ба миён

Як бо дар моњи февраои соли 1990 ў ба истеъфо рафту боз баргашт. Дуюм бор мухолифин дар моњи августи соли 1991 баъди барканор кардани Ќ. Мањкамов аз курсии президентї маъсалаи истеъфои ўро аз миён бардоштанд.

«

омад. Як бо дар моњи февраои соли 1990 ў ба истеъфо рафту боз баргашт. Дуюм бор мухолифин дао моњи августи соли 1991 баъди барканор кардани Ќ. Мањкамов аз курсии президентї маъсалаи истеъфои ўро аз миён бардоштанд. Бори сеюм И. Њаёев зери фишори М. Худойбердиев ва љонибдорнаш монда, барои њамеша аз мансаб канор рафт. Ва чунон ки ќаблан зикр кардам, як бор худаш дар ибтидои соли 1992 ба истеъфо рафта буд. Дар мавриди ин бўњронњои сиёсї ва истеъфоњои И. Њаёев поёнтар муфасалтар гап мезанем. Аммо истеъфоњои собиќ сарвзири Тољикистони шўравї рекорди асосї нест, зеро мо нафари дигареро медонем, ки 4 бор маљбурї истеъфо рафтааст. Ин нафар Рањмон Набиев аст. Мав-

суф дар огози бозсозии Горбачёв дар тирамоњи соли 1985 аз вазифааш барканор шуд. Баъдан, ў рўзи 23 -юми сентябри соли 1991 раиси Шўрои олї интихоб шуд, аммо ин пирўзии ўро мухолифин табаддулоти давлатї номиданд. Баъди 2 њафта дар натиљаи гуфтушунидњо бо миёнаравии А. Собчак ва Е. Велихов Набиев розї шуд, ки то интихоботи президентї дар охири моњи ноябри соли 1991 ба истеъфо равад. Дуруст аст, ки Р. Набиев дар интихоботи президентї пирўз шуд ва зимоми ќудратро ба дасти худ гирифт. Аммо рўзи 7 уми сентябри соли 1992 Набиевро силоњбадастони мухолифи њукумат бо силоњ маљбур карданд, ки истеъфо дињад. Президент аризаи истеъфои худро имзо кард ва ба Хуљагд рафт. Аммо дар иљлосияи 16-ум маълум шуд, ки Набиев истеъфои худро дар фурудгоњи шањри Душанбе гайриќонунї медонистааст. Сарфи назар аз ин, вакилони Шўрои олї дар Ќасри Арбоби Хуљанд барои њамеша аз вазифаи президентї барканор карданд. Нахустин президенти ба таври умумихалќї интихобшуда изњор дошт, ки агар бо рафтани ў вазъият дар Тољикистон ором шавад, истеъфо медињад. Ќањњор Мањкамов, ки њамроњи Њаёев дар моњи феврали соли 1990 ба истеъфо рафта буд, баъди суќути ГКЧП дар моњи августи соли 1991 бори дуюм барои њамеша аз вазифа барканор шуд.

Њаёеви дастнорас Ин љо танњо њаминро зикр мекунам, ки Њаёев дар тўли ин 20 соли гузашта баъди истеъфояш њам барои расонањои

САДОИ МАРДУМ

27%

10% 5%

Хеле хуб аст

20%

9%

16% Хеле бад аст

25%

Нисбатан хуб аст

30%

Дар ин бора фикр накардам

35%

Бад. Шиддати иљтимої меафзояд

40%

3%

Барои ман фарќ надорад

42%

45%

15%

70% ВАЗЪИ СИЁСИЮ ИЉТИМОИИ ТОЉИКИСТОНРО БАД АРЗЁБЇ МЕКУНАНД

2%

0% 1

2

3

4

5

6

7

Натиљаи назарсанљии ахир дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews маълум карда, ки њамагї 25%-и иштирокчиён вазъияти сиёсию иљтимоии Тољикистонро хуб арзёбї мекунанд. Ин пурсиши ѓайрирасмї, ки тањти унвони "Вазъи сиёсию иљтимоии Тољикистонро чї гуна арзёбї мекунед?" миёни хонандагони сомона баргузор шуд, маълум кардааст, ки ќариб дањяки мардум вазъи Тољикистонро хеле хуб мењисобанд. 9 фоизи ширкаткунандагони ин пурсиш, ба варианти "Хеле хуб аст" раъй додаанд. 16%-и дигар њам ба гузинаи "Нисбатан хуб аст" овоз додаанд. Дар назарсанљї, ки тўли як њафта, аз 29-уми

апрел, то 5-уми майи соли љорї дар сомонаи www.tojnews.org баргузор шуд, 27%-и ширкаткунандагони ин назарпурсї вазъияти сиёсию иљтимоии Тољикистонро "Хеле бад" арзёбї карда, 42 дарсади дигар вазъиро "бад" хонда, гуфтаанд, "Шиддати иљтимої меафзояд". Се дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, "Дар ин бора фикр накардам" ва 2%-и боќї дар посух њамон савол, гуфтаанд: "Барои ман фарќ надорад". Назарпурсии виртуалї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" доир шуда, дар он њудуди 400 нафар иштирок кардаанд.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

МАРЊУМ ИЗЗАТУЛЛО ЊАЁЕВ гуруњї таќрибан њамеша дастнорас монд. Ў аз хабанигорон канораљўї мекард ва агар тасодуфан бо эшон рў ба рў мешуд, аз мусоњиба додан парњез мекард. Ба њамин сабаб И. Њаёевро аксар касоне, ки дар солњои ахири мављудияти шўравї ба камол расида буданд, њанўз дар даврони зиндагиаш фаромўш карда буданд. Шояд ба њамин сабаб бошад, ки ваќте хабари фавти ў расман эълон шуд, бархе тааљљуб карданд, ки чаро дар тўли ин њама солњое, ки гузашт, расонањои хабарї аз ў ёд намекарданд. Сабабаш ин буд, ки гуфтам: худи И. Њаёев инро намехост. Ба њамин сабаб насли даврони истиќлол бо ин ном таќрибан шинос набуд. Иллати дигари нашинохтани сарвазири собиќ дар ин аст, ки њоло дар Тољикистон навиштани таърихи даврони шўравї аз "мўд" баромадаст. Њоло таърихнигорони мо кўшиши мекунанд, ки бештар ба ањди ќадим ва асрњои миёна рў биоваранд, на ба таърихи сиёсии Тољикистони шўравї, алалхусус ба даврони њассои охири солњои 80-ум ва 90-уми асри гузашта. Њаёев мањз дар њамин давра ба як шахсияти муњиму калидї дар таърихи Тољикистон эътироф гардида аст. Њаёев ба мансаби раиси Шўрои вазирон дар даврони бозсозї таъин гардид. Ин замо-

САДОИ МАРДУМ

Исфандиёр Абдурањмонов бо эътироз аз сиёсати дастгоњи марказии ЊХДТ аз рањбарии Ташкилоти љамъиятии љавонон (ТЉЉ) "Созандагони Ватан" ќаноти љавонони ин њизб даст кашид. Исфандиёр Абдурањмонов дар як суњбат ба TojNews гуфт,

не буд, ки роњбарони радаи аввал њамеша дар маркази таваљљўњи расонањо ќарор доштанд. Худи роњбарон кўшиш мекарданд, ки аз мадди назари љомеа дур набошанд. Чун ин таќозои партия ва њукумат буд, ки аз соњибмансаб талаб мекард, хизматгори халќ бошад. Он давра як шиори маъруф дар њама љо насб карда шуда буд: Партия ва халќ ягонаанд. Ба ин хотир, Котиби якуми Комитети марказии Партияи коммунистии Тољикистон Ќањњор Мањкамов ва раиси Президиуми Шўрои Олї Г. Паллаев мунтазам дар матбуот баромад мекарданд ё мусоњибањо меоростанд. Аммо Њаёев аз огози таъин шуданаш ба вазифаи раиси Совети вазирон дўст намедошт, ки ба хабарнигорон сўњбат кунад. Њадс задан мумкин аст, ки ў ё ба хабарнигорон бо чашми тањќир менигарист ё ба эшон эътимод надошт. Ё шояд эњтиёт мекард.

тиби якуми Комитети Марказии Партияи коммунистї, раиси Президиуми Шўрои олї ва ё раиси Совети вазирони љумњурї ифои вазифа накарда буд. Њаёев ба ин мансаб дар ибтидои соли 1986 таъин шуд. Ў то замони таъин шуданаш ба вазифаи раиси Совети вазирон 3 сол дар вазифаи котиби якуми Њизби коммунист дар вилояти Кўлоб кор кард. Ќаблан, дар мансаби вазири кишоварзї ва раиси Комитети иљроияи вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон низ фаъолият карда буд. Чаро мањз Хаёев, намояндаи вилояти Кўлоб ба ин вазифа пазируфта шуд? Ба ќавли Ќањњор Махкамов, роњбари њамонваќтаи Тољикистони шўравї сабаб ин буд, ки ў мехост тавозуни мањалњоро дар миёни роњбарияти љумњурї барќарор кунад. Бо таъин шудани Њаёев ба њайси раиси Шўрои вазирон намояндагони се минтаќаи муњим дар сатњи авали роњбарияти љумњурї њузур пайдо карданд. Даќиќ маълум аст, дар тўли чандин дањсола курсии раиси Совети вазирон ва мансаби котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тољикистонро намояндагони вилояти Ленинобод (њоло вилояти Сугд) ишѓол мекарданд. Бо такя задани И. Њаёев ба курсии раиси Совети вазирон намояндаи вилояти Кўлоб, ки як минтаќаи калони љумњурї њисоб меёфт, дар сатњи роњбарияти Тољикистони советї њузур пайдо кард. Худи Ќањњор Мањкамов таъи-

ни Њаёевро ба вазифа яке аз дастовардњои муњими худ њисоб мекард ва мегуфт, ки мансабњои олиро миёни намояндагони минтаќањо таќсим кард. Аммо сарвазир таъин шудани Њаёевро аз дигар зовия низ баррасї карда мешавад. Гап сари ин аст, ки баъди 1,52 соли таъин шудани ў ба вазифаи раиси Совети вазирон вилояти Кўлоб барњам зада шуд. Ин иќдом на танњо обрўи Њаёевро дар минтаќаи Кўлоб сахт коњиш дод, гапу калочаи зиёдро дар минтаќа ба миён овард. Аксарият ба ин назар буданд, ки Њаёевро мањз ба њамин хотир сарвазир таъин карданд, ки бо дасти як кўлобї вилояти Кўлобро барњам зананд ва гўянд, ки ин корро намояндаи минтаќаи худи шумо кардааст. Шояд сабабњои дигар низ вуљуд дошта бошанд, ки мо аз онњо бехабарем. Чизе, ки набошад, дар заминаи ду вилоят -вилоятњои Ќўрготеппаву Кўлоб таъсис ёфтани вилояти Хатлон бо марказаш дар шањри Ќўрѓонтеппа норозигии зиёдеро дар минтаќаи Кўлоб ба вуљуд овард. Ин вилоятњо ќаблан њам як борї дар дањсолањои пеш барњам дода шуда буданд, вале дар нимаи солњои 70-ум њарду аз нав эњё гардиданд ва мардуми ин ду минтаќа аз ин иќдом истиќболи гарму љўшон карда буданд. Дар замони сарвазирии Њаёев расман эълон гардид, ки ду вилоят љињати њалли масъалањои иќтисодї якљо мешаванд. Аммо ваќт нишон дод, ки ин ќаро-

Охирин сарвазири Тољикистони шўравї Иззатулло Њаёев нахустин кўлобие буд, ки тўли беш аз 70 соли мављудияти њукумати шўравї дар Тољикистон ба ќатори сегонаи роњбарони љумњурї шомил гардид. То ин замон ягон намояндаи ин минтаќа дар вазифањои Ко-

3

ри чандон муфид нест. Мардуми минтаќаи Кўлоб бояд барои њалли мушкилоти худ ба Ќўргонтеппа мерафт. Чунин сафарњо барои сокинони дурдасти собиќ вилояти Кўлоб аз лињози иќтисодї муфид набуд. Аммо дар Душанбе ин масъаларо ба назар нагирифта буданд. Шояд ба њамин хотир бошад, ки баъди 2-3 сол вилоятњо аз нав таќсим шуданд.

Њаёев ва иќтисоди варшикаста Чунон ки ќаблан зикр кардам, Иззатулло Њаёев дар замони бозсозии Горбачёв ба вазифаи раиси Совети вазирон таъин гардида буд. Аслан бигирем, тамоми роњбарони Тољикистон дар даврони шўрави бо розигии Маскав таъин мешуданд, Њаёев њам истияно набуд. Албатта, Маскав пешнињоди роњбарияти Тољикистонро дар мавриди номзадњо ба ин ё он мансаб ба назар мегирифт. Мањз њамин ќарорњо, ки барои њар як 5-сола ќабул мешуданд, рушди иќтисодии њар як љумњуриро муайян намуда, барои сохтмони ин ё он иншооти муњим дар онњо маблаѓ људо мешуд. Аз миёни роњбарони Тољикистон аз њама бештар гапи худро дар Маскав роњбарони љумњурї Бобољон Гафуров, Турсун Ўлљабоев ва Рањмон Набиев гузаронда метавонистанд. Аммо ин мустаќилият на њамеша ба Маскав маъќул буд, бинобар ин, њарсе аз роњбарии Тољикистони шўравї барканор шудаанд. Аз миёни сарвазирон барои рушди фарњангу адаби тољик хизматњои шоён Абдулањад Ќањњоров карда буд, ки ў њам дар соли 1973 ѓайричашмдошт ба нафаќа фиристода шуда буд. То Њаёев сарвзирони Тољикистон тибќи барномањои муайяншудаи 5 солањо фаъолият карда, масоили муњими иќтисодиву иљтимоиро тибќи нишондодњои Маскав ва маблагњои људошудаи буља њал мекарданд. Яъне, роњбарони Тољикистон ба шумули Њаёев бо маблагњои тайёри буља планњои дар наздашон гузоштаро иљро мекарданду халос. Аммо дар соли сеюми њукмронии Горбачёв дар буљаи Иттињоди шўравї каср (дефитсит) ба вуљуд омад. Идома дорад Нуралї ДАВЛАТ

ЉАНОЗАИ МАРЊУМ ИЗЗАТУЛЛО ЊАЁЕВ

ИСТЕЪФОИ ЭЪТИРОЗИИ РАЊБАРИ ЌАНОТИ ЊХДТ - "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН" ки ў бо Раъно Бобољониён, муовини раиси њизби њоким натавонист дар як љо кор кунад. Ў мегўяд, ки ќаблан соњибкор буд, њеч ќасд надошт, ки то 30-солагиаш ба фаъолияти сиёсї машѓул шавад. Мегўяд, ки бо даъвати масъулини њизб ин вазифаро ќабул кард. "Дар замони се моњи раис буданам, ваќти тарѓиботи интихоботї буд, корро сахт ќапида, аз маблаѓњои шахсиям 30 њазор сомонї сарф кардам", - таъкид мекунад Абдурањмонов. Рањбари собиќи ќаноти љавонони ЊХДТ њатто дар сањифаи фейс-

букиаш нисбат ба масъулини ин њизб њарфњои тунд навишт: Ў гуфтааст: "бисёрињо ба ман гуфтанд, ки истеъфо мадењ, ки дар назди Љаноби Олї сиёњат мекунанд. Аммо истеъфо додам, ки бигзор њаќ ба њаќдор бирасад. Љавонони азиз, агар барои суханони њаќам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, бигзор Тољикистон обод шавад", -навиштааст Абдурањмонов. Ў аз фаъолияти ин созмони ЊХДТ бо интиќод мегўяд, бештар ба таљлили чорабинињои фарњангї машѓуланд, ки ба муносибати 23-

юми феврал, 8-уми март, чорабинињои Наврўзї ва ѓайра баргузор мекунанд. Ў мегўяд, пешнињод кардааст, ки фаъолияти идеологии созмонро таќвият дињанд, аммо ин пешнињод ќабул намешавад. Рањбари собиќи "Созандагони Ватан" Раъно Бобољониён, муовини раиси раиси ЊХДТ-ро бо мањалгарої муттањам карда, мегўяд, ки "аз дасти мањалгароии Бобољониён Раънохон, ки рўзи 27-уми феврали 2015 кард ва људоиандозї, бадї, бахилии дигар кормандони кумитаи марказии КМ ХХДТ истеъфо додам".

Усмон Солењ, сухангўи ХЊДТ дар тасдиќи хабари истеъфои Исфандиёр Абдурањмонов гуфт, ки "ТЉЉ "Созандагони Ватан" як ташкилоти љамъиятї аст ва рањбари он тавассути Шўрои 20-нафараи он интихоб мешавад. Собиќ рањбари "Созандагони Ватан" бо аризаи худаш аз ин маќом истеъфо дода, дар он навишта буд, ки ман бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин маќом истеъфо медињам". Раъно Бобољониён, ки ќаблан дар вазифаи муовини раиси вилояти Суѓд кор мекард, дар Анљумани ин њизб 13-уми декабри соли 2014 муовини раис интихоб шуд. Ў то њол ин ќазияро шарњ надодааст. Ташкилоти љамъиятии љавонон "Созандагони Ватан" аз соли 2011 инљониб фаъолият мекунад.


4

ЗИНДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

2-юми май баъд аз намози пешин ду манораи 25-метраи ин масљиди нав бо ширкати намояндагони њукумати шањри Вањдат ва кормандони милиса тахриб карда шуд. Сањнаи тахриби манорњои зебо ва баланди масљидро, ки ду сол боз фаъолият мекунад, аксари намозгузорон ва сокинони дења тамошо карданд. Маќомот ва њукумати шањр то њол ќазияро шарњ надодаанд, ки манорањои баланди ин масљид, ки аз роњи мошингарди Вањдат - Файзобод намудор асту ин мавзеъро зеби шарќиёна мебахшид, ба кї писанд наомадааст. Мардуми ин љо мегўянд, касе аз њукумат то њол назди онњо њозир нашудааст ва нафањмондааст, ки чаро зарурати кутањ кардани манорњо ба вуљуд омад.

дии аз њад беши манорањои он вуљуд надошт. Њоло дар љойи масљиди куњнаи дења њам, бунгоњи нави тиббї ќомат меафрозад. Аллакай ошёнаи якуми он бунёд шуда, корњои сохтмонї дар бунгоњи нави тиббї љараён доранд. Ба бовари мардуми ин љо, сохтмони масљиди мазкур бо рањбарии домулло Мењроб, хатиби он оѓоз ёфта, то зинда буданашро дар бораи вайрон кардани манорњои баландаш њарф намезаданд. Масљиди Чилламазор барои ду њазор намозгузор пешбинї шуда, аз ду ошёна ва тањхона иборат мебошад, ки ба шакли мураббаъ ба андозаи 25х25 сохта шудаааст.

Манорањои масљиди Чилламазорро сар заданд Њукумати шањри Вањдат, новобаста ба норозигї ва нигаронињои сокинон, манорњои Масљиди љомеъи Чилламазорро вайрон кард.

Сокинони мањаллї наќл мекунанд, ки пештар њукумати шањр талаб карда будааст, ки манорњои масљидро баркананд, аммо касе, њатто раиси мањалла Бобои Мусофир ба ин кор даст задан нахоста, гуфтааст: "Бигзор, касе вайрон кардан мехоњад, худаш вайрон кардан гирад". Онњо мегўянд, кранњоро барои тахриби манорњои ин масљид ба ин мањалла ду маротиба фиристода буданд. Бори аввал гуфтанд, ки зўри мошин барои тахриби манор нарасид, мошин

рафт, аммо бори дуюм ронандаи кран аз иљрои ин супориш даст кашид, -наќл мекунанд шоњидон. Бобои Мусофир, ки 70 сол дорад, дар суњбат бо "Нигоњ" гуфт: "баъд аз кандани ќуллањои ду манори масљид ба ў дастур додаанд, то манорањоро аз нав, эњё кунанд, аммо се метр кўтањтар барќарор кунанд. Гуфтаанд, ки дар тўли 25 метр ќомат афрохтани онњо ба меъёрњои ќабулшуда мувофиќат намекардааст. "Мо баландии манорањоро 3 метр кўтањ мекунем, масљид фаъолияташро идома медињад. Аммо бояд мењнат ва сарфу харљи сохтони онњоро низ як бор фикр кард. Мо њар як хишти асосии ин манорањоро ба маблаѓи 3,5 сомонї дар манорањо чиндем. Синнам ба љое расидааст, дар ин синну сол љуръат накардам, ки ин манорањоро канда вайрон кунам, лекин чун аз номи њукумати мањаллї омада гуфтанд, -илољи дигар надоштем. Ба гуфтаи ў, лоињаи масљиди Чилламазори Вањдат, ки дар њудуди бунгоњи тиббї сохта шуда, ду сол инљониб фаъолият мекунад, бо масъулини шањрдории Вањдат мувофиќа шуда будааст ва њељ мушкиле дар бораи балан-

ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ

Муовинони нави Убайдуллоев: Шинос бишавед!

28-уми апрел якбора чањор муовини Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе иваз шуданд. Њамин тавр Хайруллоев Насрулло, муовини якум, Бурњон Назаров, Љамшед Мансуров бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва Руќия Ќурбонова бо сабаби ба нафаќа баромадан аз вазифањояшон барканор шудаанд. Ба љои инњо Ашурбег Расулов муовини якум, Љамила Лангариева, Шуњрат Маќсудзода ва Шакарбек Самадов муовинони Убайдуллоев таъин шудаанд. Бархе аз инњо бо мавќеъгириву фаъолияташон барои расонањо бегона нестанд, аз љумла исми Шакарбек Самадов дар замони рањбариаш дар шањри Панљакенту вакили Маљлиси намояндагон буданаш гоњ-гоњ расонаї мешуд. Љамила Лангариева гарчи чењраи нав аст, аммо аз оилаи як замон пурнуфузи Лангари-

евњо мебошад. Ба TojNews зиндагиномаи бархе аз инњо дастрас шуд, ки пешкаш мекунем: Ашурбек РАСУЛОВ, муовини аввали раиси шањри Душанбе 10-уми августи соли 1958 дар ноњияи Њисор таваллуд шуда, бо ихтисоси муњандиси сохтмон соли 1979 Донишгоњи техникии Тољикистонро хамт мекунад. Фаъолияти мењнатиашро соли 1979 дар вазифаи муњандиси шўъбаи лоињакашии трести "Оргтехтрансстрой"-и Вазорати наќлиёт ва хољагии роњ оѓоз кардааст. Аз соли 1981 то соли 1990 дар вазифањои муњандиси калон, сардори шўъба, муовини Сардори идораи сохтмони асосии Њукумати шањри Душанбе кор мекунад. Аз соли 1990 то соли 1992 сармутахассиси шўъбаи манзилию коммуналї ва хољагии роњи Девони Вазирони Љумњурии Тољикистон буд. Аз соли 1992 то соли 1994 дар вазифањои Директори тиљоратии корхонаи хурди "Рахш" ва муовини Директори намояндагии Ширкати њавопаймоии "Инверсия"-и Љумњурии Латвия дар шањри Душанбе кор кардааст. Аз соли 1994 то соли 2007 дар вазифањои сармутахассис, мудири бахш, муовини мудир ва мудири шўъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Солњои 2007-2011 дар вазифаи муовини вазири маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолият намудааст.

Аз моњи октябри соли 2011 аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї аз ЊХДТ вакили Маљлиси намояндагон шуд. Оиладор, соњиби 4 фарзанд. Шуњрат МАЌСУДЗОДА, муовин Соли 1970 дар шањри Хуљанд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тољик. Соли 1993 Донишгоњи давлатии шарњи СанктПетербургро бо ихтисоси иќтисодчї-омўзгори фанњои иќтисодї хатм кардааст. Солњои 1993-1997 дар вазифаи корманди илмии Институти иќтисодиёти љањонї ва муносибатњои байналмилалии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ва солњои 1998-2004 дар ташкилотњои гуногуни тиљоратї дар вазифањои роњбарикунанда фаъолият намудааст. Дар тўли солњои 2004-2007 дар вазифаи Директори иљроияи Ассотсиатсияи соњибкорони вилояти Суѓд кор кардааст. Солњои 20082014 ба њайси сардори Раёсат, муовини Раис ва муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон фаъолият намудааст. Њамзамон, намояндаи Љумњурии Тољикистон дар Агентии Бисёрљонибаи Кафолатњои Сармоягузорињо ва узви Шўрои Бонки Авруосиёии Рушд буд. Шуњрат Маќсудзода бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22-уми январи соли 2014 Сардори Раёсати банаќшагирии стратегї ва ислоњоти Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон таъин гардид. То муовини раиси Душанбе таъин шудан дар ин вазифа кор мекард.

Бо медали љашнии Љумњурии Тољикистон бахшида ба 20-солагии истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ќадр карда шудааст. Лангариева Љамила Салмоновна, муовин Дар бораи бону Лангариева маълумот ќариб, ки нест. Аз оилаи пурнуфузи Лангариевњо дар Кўлоб мебошад, ки дар вазифаи муовини ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали Ибни Сино кор мекард. Моњи августи соли 2014 медали хизмати шоиста гирифтааст. Вакили Маљлиси вакилони ноњияи Исмоили Сомонї мебошад. Шакарбек Самадов, муовин 15-уми майи 1958 дар вилояти Самарќанди Ўзбакистон таваллуд шудааст. Миллаташ тољик. Хатмкардаи Донишгоњи техникии Тољикистон бо ихтисоси муњандис-электрик мебошад. Номзади илмњои иќтисодист. Дар вазифањои барќї ва рањбарикунанда дар соњаи барќ фаъолияташро оѓоз карда, дар ин самт то вазифаи мудири шуъба дар Дастгоњи иљроияи Президент меравад. Аз моњи январи соли 2001 то моњи декабри соли 2006 муовини раиси вилояти Суѓд буд. Инчунин, вакили Маљлиси миллии Маљлиси олии Тољикистон даъвати сеюм (2005-2010). Соли 2010 аз њавзаи интихоботии №21-и шањри Панљакент аз ЊХДТ номзад ба вакилї шуд. То соли 2015 вакили Маљлиси намояндагон буд.


ИЌТИСОД Дар сатњи рањбарии Бонки миллии Тољикистон дар њоле таѓйироти кадрї рўх медињад, ки асъори миллї - сомонї даврони бўњрониро пўшти сар мекунад. Мањз дар ин давра Президент Эмомалї Рањмон ба домоди худ Љамолиддин Нурализода бовар кард. Њоло маълум нест, ки аз дасти ў чї меояд. БАРКАНОРИИ КОМАНДАИ ШИРИНЗОДА 4-уми май баъди се соли рањбарї Абдуљаббор Ширинзода аз вазифаи раиси Бонки миллии Тољикистон бо фармони Президент аз вазифа озод шуд. Сабаби барканории ў дар ин фармони "ба кори дигар гузаштан" зикр шудааст. Ба кадом кор, айни њол маълум нест, аммо њамроњ бо ў чор муовинаш низ аз мансаб барканор шуданд. Худи њамон рўз бо фармони Эмомалї Рањмон Љамшед Нурмуњаммадзода, ки дар вазифаи рањбари "Амонатбонк" кор мекард, раиси Бонки миллї ва Љамолиддин Нурализода, ки дар вазифаи муовини якуми вазири молия фаъолият дошт, муовини аввали раиси он таъйин шудаанд. Се соли фаъолияти Абдуљаббор Ширинзода бидуни интригањои бузург пўшти сар нашуд. Аз љумла, дар замони рањбарии ў ќазияи тољири эронї Бобаки Занљонї ба миён омад. Маќомоти Эрон зимни тафтиши ќазияи Бобаки Занљонї эълон карданд, ин тољири эронї санаде ба маќомоти ин кишвар аз номи Бонки миллии Тољикистон пешнињод кардааст, ки тибќи он 2 миллиарду 60 миллион доллар пули нафтро ба Эрон интиќол додааст. Аммо ин иддао аз љониби Бонки миллии Тољикистон њамеша рад шуд. Ќазияи Занљонї ба ин ба анљом нарасид. Охирњои соли 2014 ва ибтидои соли равон маќомоти Эрон боз дар ин ќазия ангушти ишора ба сўи рањбарияти Бонки миллии Тољикистон (БМТ) равон карданд. Гуфтанд, ки Занљонї барои гирифтани санади интиќоли пул аз БМТ ба ноиби раиси бонк 3 миллион доллар пора додааст. Ин иттињомро дар нишасти хабарии оѓози сол шахсан худи Ширинзода рад карда буд. Гузашта аз ин, 17-уми феврали соли равон дар љаласаи Шўрои амнияти Тољикистон Президент Эмомалї Рањмон аз фаъолияти дастгоњи марказии БМТ интиќод кард. Гуфт, ки танњо зимни як (!) санљиш дар БМТ ба андозаи 15 миллион сомонї дар дастгоњи марказии ин нињод зарари молиявї ошкор ва 10 миллион сомонї ба Буљети давлатї ворид карда шудааст. Он замон дастур дод, ки фаъолияти молиявии БМТ аз љониби Палатаи њисоб њар сол санљида шавад. ОЃОЗИ БЎЊРОН Ин интиќод дар замоне буд, ки ќурби асъори миллї дар кишвар ба маротиб поин мерафт. Чунин ба назар мерасид, ки БМТ тавони назорати онро надорад. Минбаъд мудохилањои он бенатиља анљом ёфт. Натиља чунин шуд, ки интригаи навбатї дар фаъолияти БМТ сар занад. Захирањои тиллову асъори бонк коњиш ёфт. Дар миёнањои моњи марти соли равон эълон карданд, захираи тиллову асъори БМТ аз 3 млрд. сомонии охири соли гузашта ба 2 млрд. 778 млн. сомонї кам шудааст. Ин захирањо дар давоми 1 моњи аввали соли равон то 2 млрд. 978 млн. сомонї кам шуда буд. Аммо ба бозор баровардани асъори хориљї ин раќамро дар охири моњи феврал боз њам камтар кард. Абдуљаббор Ширинзода дар нишасти хабариаш дар моњи январ эълон карда буд, ки захирањои тилло ва асъори Бонк 482 миллион долларро ташкил медињад. Дар идома ин нињод дар ду моњи аввали сол барои нигоњ доштани ќурби пули миллї - сомонї 34,5 млн. доллар ба бозори наќдї ва 104,5 млн. доллар ба бозори байнибонкии асъор ба таври ѓайринаќдї баровардааст, ки дар љамъ 139 миллион долларро ташкил медињад. Гуфта мешавад, ки њаљми захираро ба таври бесобиќа ва хатарнок кам карданд. Пас ба њисоби сода, захираи тиллову асъ-

Тандеми Нуралиев ва Нурмуњаммадзода Ё чи тавр раис "одам"-и муовин шуда метавонад ори Бонки миллї ба наздики 400 млн. доллар поин омадааст, зеро агар аз 482 млн. 139 миллионашро ба бозор баровардаанд, пас ин раќам 343 млн. долларро ташкил медињад. Ин њам дар њолест, ки њаљми захираи замшуда номаълум буду њаљми захоири тиллову асъори Тољикистон камтар аз маблаѓи якмоњаи воридот ё импорт мебошад, ки дар чандсолаи охир назир надорад. Њаљми воридоти яксолаи Тољикистон 4 миллиарду 340 миллион доллар буда, муттаносибан њаљми моњонаи он ба 361,7 миллион доллари ИМА баробар аст. Ба њисоби моњњои аввали соли равон гуфтан мумкин буд, ки дар БМТ њамагї захираи бистучандрўзаи импорт мондааст, ки барои як кишвари воридкунандаи мањсулот, минљумла маводи ѓизої хатарнок арзёбї мешавад. Идомаи уфти бесобиќаи ќурби сомонї ва камбуди доллар шояд аз кам шудани захирањо низ буд. ТАНДЕМИ НАВИ ЉАМОЛИДДИН НУРАЛИЗОДА Пас маълум аст, ки Љамолиддин Нурализода ва Љамшед Нурмуњаммадзода дар вазъи бўњронї ба БМТ омаданд. Гарчи хушбинињо аз ин ду нафар зиёд нест, ба истиснои як њолат. Нурмуњаммадзода ва Нурализода нисбат ба ду раиси пешинаи БМТ собиќаи фаъолият дар бонкро доранд. Ба ифодаи дигар дар иќтисоди воќеї ворид мебошанд. Аммо бо чанд коршиносе, ки суњбат кардем, посухи нињояшон вобаста ба вазъи минбаъда ин буд, ки мо ба воридот сахт вобастаем, роњи наљоти аслї содироти мањсулот аст. Ин њам дар њолест, ки яке аз муттакоњои иќтисоди кишвар муњољирони корї мебошанд, ки ќариб дигар бо доллар маблаѓ ворид намекунанд. Аз љумла дар соли гузашта муњољирони кории тољик њамагї 3,9 миллиард доллари ИМА ворид кардаанд, ки нисбат ба соли 2013 8,3% кам мебошад. Бар замми ин, 89,1% маблаѓњои воридшуда бо рубли русї, 10,8 бо доллар 0,1% бо евро интиќол ёфтаанд, ки боз њам дар 20 соли охир назир надошт. Асъор аз фурўши пахта ва алюминиум низ дар соли гузашта хеле поин рафта буданду умеди барќарор кардани њаљми истењсолот дар соли љорї ночиз ба назар мерасад. Њангоми фаъолияти Нурализода дар вазорати молия тандеми ў бо Абдусалом Ќурбонов ба вуљуд омада буд. Раќобатњои гурўњњои молиявии кишвар гоњу ногоњ эњсос мешуд.

Вазъи ба миён омада коршиносонро њам ноумед карда, самарабехшиеро аз рањбарони тозатаъин интизор нестанд, гарчи ба истилоњ "бонкир" буданд. Минбаъд "бонкир"-и №1 дар Тољикистон Љамшед Нурмуњаммадзода дар вазифаи рањбари "Амонатбонк" кор мекард. Ў дар гузашта Норинов дар вазифањои муовини вазири молия, муовини раиси вилояти Суѓд кор кардааст. Љаноби Нурмуњаммадзода 55 сол дошта, дар шањри Ќўрѓонтеппа зода шудааст. Бо ихтисоси иќтисодчї соли 1983 Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм мекунад. Солњои 1978-1979 Роњбари ташкилоти пионерии Мактаб-интернати ноњияи Вахш, солњои 1979-1983 донишљўи Донишгоњи давлатии Тољикистон, солњои 1983-1988 назоратчїтафтишотчии Вазорати молия дар вилояти Ќўрѓонтеппа, солњои 1988-1990 назоратчїтафтишотчии Шўъбаи молияи ноњияи Коммунист (Бохтар), солњои 1990-1993 сарназоратчїтафтишотчии Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Ќўрѓонтеппа буд. Аз соли 1993 ба вазифањои роњбарї нишаста, њамон сол муовини аввали сардори идораи молияи вилояти Хатлон таъин мешавад. Баъдан, њудуди 7 сол аз соли 1994 то соли 2001 дар вазифаи сардори Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молия кор мекунад. Баъдан, солњои 2001-2006 сардори идораи назорати давлатии молиявии дар вилояти Хатлон будаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Тољикистон буд. Аз декабри соли 2006 то моњи марти соли 2012 дар вазифаи муовини Вазири молия кор кардааст. Моњи марти соли 2012 муовини Раиси вилояти Суѓд таъин мешавад. Моњи ноябр аз ин вазифа барканор шуда, рањбари "Амонатбонк" таъин шуд. Ќаблан, аз шахсони наздик ба Љамолиддин Нурализода мегуфтанд. ДОМОДИ ДУЮМИ ПРЕЗИДЕНТ Љамолиддин Нурализода, шавњари Озода Рањмон, домоди Президент Эмомалї Рањмон дар чанд соли охир аз чењрањои таъсиргузор дар низоми бонкдории Тољикистон шинохта шудааст. Моњи ноябри соли 2013 замоне, ки Љамшед Нурмуњаммадзода (Норинов) раиси "Амонатбонк" таъин шуд, мегуфтанд, ки аз нафарони наздик ба Нурализода мебошад, ин таъинотро далели ба зери ќаноти Нурализода

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

5

гузаштани "Амонатбонк" маънидод мекарданд. Чанде пас суратњисоби "Барќи тољик" аз ширкатњои бузурги кишвар аз "Ориёнбонк" ба "Амонатбонк" интиќол ёфт, ки инро аз бархўрди бузурги гурўњњои молї медонистанд. Дар чанд соли охир маротибаи нахуст буд, ки рањбари "Амонатбонк" аз доираи нуфузи рањбари "Ориёнбонк", Њасан Асадуллозода, додарарўси Президент берун таъин шуд. Баъдан, гардиши нав дар таќдири ЉСК "Агроинвестбонк" ба миён омад, ки ба оњистагї ин бонк аз зери нуфузи Муродалї Алимардон, собиќ муовини Сарвазир ва њоло рањбари ин бонк берун карда шуд. Фарзандонаш ва шахсони наздики ў аз ин бонк ронда шуданд. 52%и сањмияњои он ба давлат гузашт. 14-уми августи соли 2014 дар маљлиси ѓайринавбатии умумии сањомони ЉСК "Агроинвестбонк" Љамолиддин Нурализода, он ваќт Нуралиев узви Шўрои нозирон интихоб шуд. Њамон рўз дар маљлиси Шўрои нозирон раиси Шўрои Нозирони Бонк интихоб шуд. Дар пайи ин "Агроинвестбонк" аз буљаи мамлакат њудуди 700 миллион сомонї кўмак гирифт, то вазъи бади молияшро бењтар кунонад. Оѓози соли 2014 ташкилоти ќарзии "Спитамен Капитал", ки тибќи иттилои ѓайрирасмї Љамолиддин Нурализодаро аз манфиатбардорони он медонанд, ба бонк табдил ёфт. Ташкилоти "Спитамен Капитал", ки гуфта мешавад аз соли 2008 фаъолият мекунад ва дар марказњои шањру вилоятњои Тољикистон намояндагї дорад, моњи марти соли гузашта, филиалашро дар Душанбе расман ифтитоњ кард. Якбора ба бонк табдил ёфтани ин ташкилоти ќарзиро бидуни пўштибонии ќавї коршиносон шубњаангез медонистанд. Бонки миллии Тољикистон сармояи аслии ширкати "Спитамен Капитал"-ро њамагї 50 млн. 114 њазору 300 сомонб эълон карда буд. Ин дар њолест, ки барои таъсиси бонк дар Тољикистон сармояи аслии ташкилот набояд камтар аз 50 милион сомонї бошад. "Спитамен Капитал" тобистони соли 2013 тибќи натиљагирии Business Initiative Directions, бењтарин ширкат дар соњаи ќарзї дониста шуда, њамчунин 12-уми декабри 2013 дар ќатори беш аз 40 ширкат ѓолиби озмуни "Бренди сол" - "Ќуллаи шўњрат" эълон шуд. Дер не, њамагї баъди чанд рўз Абдуљаббор Ширинов, раиси њамон ваќтаи Бонки миллї гуфт, ки дар бораи муассисони "Спитаменбонк" маълумот надорад: "Мо идораи назорати бонкї дорем, ки онњо бонки таъсисмешударо тафтиш мекунанд. Ман дар бораи кї будани муассиси ин бонк иттилоъ надорам". Маврид ба зикр аст, ки номи Љамолиддин Нурализода пештар њамчун молики ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз), ки баъди таъмир, роњи "Душанбе-Чанак"-ро пулакї кардаанд, расонаї шуда буд. Њарчанд Љамолиддин Нурализода ба расонањо иттилоъ дар бораи соњибмулки ширкати IRS буданашро рад кард, бисёрињо ба воќеияти ин раддия то њол бовар накардаанд. Бо гузашти чандин сол аз ќарори њукумати Тољикистон дар бораи пулакї шудани роњи Душанбе-Чанак њамоно номи IRS-у домод њоло њам вирди забонњост. Мардум ба дард ва истењзо аз "домодпулї"дар шоњроњи Шимол сухан мекунанд. Љамолиддин Нурализода соли 1999 Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистонро бо ихтисоси иќтисодчї/тањлилгари молиявї хатм мекунад. Баъдан, тањсилашро дар бахши магистратураи фанњо оид ба идоракунии молиявї Колељи донишгоњи Мэриленд дар ИМА давом дода, соли 2006 онро хатм кардааст. Баъди хатми Донишгоњ дар Душанбе фаъолияти кориашро дар вазифаи иќтисодчии Идораи назариявї ва методологии Бонки миллии Тољикистон дар соли 1999 шурўъ кардааст. Аз соли 2001 дар вазифаи Мушовири Директори иљроияи гурўњи Бонки љањонї кор мекард. Соли 2007 ба вазифаи муовини Вазири молия ва соли 2010 муовини якуми Вазири молия таъин шудааст. Донандаи хуби забонњои англисї ва русї мебошад.

Азамати ВАЊЊОБ

МУХОЛИФИН ЊНИТ баъд аз ирсоли нома ба Прокуратураи генералї ва ВКД аз Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон низ хостааст ба фишорњо болои аъзоёни ин њизб хотима дињанд. Дар номаи масъулини ЊНИТ, ки бо имзои Сайидумар Њусайнї, муовини аввали раиси ЊНИТ ба КДАМ ирсол шудааст омадааст, имрўзњо фазои Тољикистонро бўњрони беќонуниятї, зулм ва фишор фаро гирифта, умед ба ояндаи нек ва љомеаи адолатпарвару ќонунмењварро аз шањрвандон салб намудааст.

Саидумар Њусайнї аз Саймумин Ятимов хост, ки дигар фишор наоваранд Масъулини ЊНИТ дар мактубашон ба Ятимов навиштаанд, "аксари ќонуншиканињо ва зулму фишор дар њаќќи шањрвандон ва махсусан аъзову љонибдорони ин њизбро нињоде роњандозї кардааст, ки тањти сарпарастии Шумо ќарор дорад." -Нињодњои мањаллии КДАМ бар хилофи моддањои 5, 8, 14, 17 ва 28 Сарќонуни Тољикистон ва меъёрњои пешбиникардаи Ќонуни Љум-

њурии Тољикистон "Дар бораи њизбњои сиёсї" фаъолият намуда, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд-аъзои ЊНИТ-ро ба таври ошкор поймол сохта истодаанд. Роњбарияти Њизби нањзати исломии Тољикистон умед бар он дорад, ки ин сатрњо аз тарафи Шумо холисона пазируфта шуда, љињати љилавгирї аз беэњтиромї ба ќонунгузорї ва аз байн бурдани фазои нобовариву беэътимодї, тадбирњои

зарурї андешида мешавад,-омадааст дар мактуби ЊНИТ ба раиси КДАМ. Мактуб ба Саймумин Ятимов сеюмин дархости масъулини ЊНИТ дар бораи ќатъ кардани фишорњо боло аъзоёни ин њизб аз тарафи нињодњои ќудратї аст. Роњбарияти ЊНИТ 21-уми апрел аз Прокуратураи генералї ва 28-уми апрел аз ВКД дархост карда буданд, то аз таъќибу фишори аъзоёни ин њизб даст кашанд. То имрўз танњо Прокуратураи генералї ба мактуби ЊНИТ вокуниш нишон додааст. 25-уми апрел Прокуратураи генералї њайати ЊНИТ-ро ќабул карда буд.


6

БУЗУРГОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

накардем. Барои њамин лофро бас кардан даркор. Њам олимон ва њам дигарон бояд лофу газофро бас кунанд, љиддан биомўзанд ва кор баранд.

Зарурати гузаштан ба хатти форсї

Устод Мўъмин Ќаноат дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо" дар бораи сабабњои сар задани љанги шањрвандии Тољикистон, зарурати гузаштан ба хатти арабиасос, тањияи консепсия вањдати миллї ва љангноманавис шуданашро наќл кард. "Нигоњ" фишурдаи сўњбати устодро ба хонанда пешнињод мекунад.

Рўй овардан ба љангноманависї Ман њам аз рўи аламу бесоњибии ин миллат ин корро кардам ва рўй овардам ба љангноманависї. Барои ман бисёр аламовар буд, ки ќањрамонњои тољики мо ба унвони дигар миллатњо, аз ќабили тотору ўзбек дар њуљљатњо сабт шудаанд. Эрих Њонннекерро аз мањбаси њитлерї Сайидањмад Каримов, як тољики ховалингї рейд гузаронда, наљот дода буд, вале дар ин бора чизе гуфта намешавад. Шеъри "Гули бодом"-и ман ба ў бахшида шудааст, зеро аспаш чунин ном дошт. Ба љангноманависї рўй оварданам мањз њамин алам буд, ки дар њамон ваќт низ тољикони мо пушту паноњ надоштанд, то аз ќањрамонњои худашон дифоъ кунанд. Сайидањмад Каримовро 3 бор ба ќањрамонї пешнињод карданд, аммо ба ў ин љоизаро надоданд. Агар одам шоир бошаду ватанпараст бошад, барои ў алам мекунад ин чиз. Маљбур мешавед дар ин мавзўъ чизе гўед, ки каси дигар гуфта натавонад ва натавонистааст. Барои адабиёти тољике, ки танњо дар мавзўи босмачї асар менавиштанд, ба назар намедоштанд, ки ў ватанпараст буд, тољикпараст буд, ё ѓосиб?. Ин муњим набуд, фаќат босмачї буд. Ё дар бораи як звенои пиллапарвар ё пахтакор ё трактирист менавиштанд. Ба њамин хотир баъд аз онки ба ин муњит даромадам маљбур шудам, ба њамин роњ рафта, як кореро анљом дињам, ки каси дигар ё аз миллати дигар ин корро наметавонад иљро кардан. Нангу номус буд. Ман то имрўз бо як кас љанги лафзї њам накардаам, ба ягон кас даст набардоштаам, њатто ба њамон њамсолонам, ки даъвои љанг мекарданд, ман љанг намекардам. Барои њамин падарам баробари Муъминшоњ гуфтан, маро сўфї гуфта, хитоб мекард. Чунки ахлоќї ман сўфиёна буд, ба ягон кас љанг накарда будам дар умрам то њозир. Дар зиндагї низ ман то њол њамон ахлоќро нигоњ доштам. Мавзўи љанг чизе аст, ки метавонед онро њаргуна таъбир кунед. Њоло мегўянд, ки Љанги бузурги ватанї набуду, љанги љањонї буд. Он љанг љањонї њам буд, аммо барои мо, ки љанги ватанї њам буд. Њам љанги љањонї буд, њам љанги ватанї. Барои њамин, он садоќатро то њол нигоњ медорам. Ба он хотир ки фарзандони тољик бисёр корнамоињо нишон доданд ва њамонњо фаромўш нашаванд. Хизмати миллати тољик нодида гирифта нашавад, ки мо њељ сањме надоштем. Мардум гумон мекунанд, ки мо як миллати тарсў, ќаландармашраб буда, аз сояи худамон метарсем, љуръати як гапро гуфта, амалї кардан надорем. Дар бисёр масъалањо ин хислатњо дар мо њаст. Давлати ягона ки аз байн рафт, мо дастнигари ин ё миллатњои гуногун будем, ки чандон сањењ, миллї, тољикї ва ориёї набуданд. Аслан ин давлатњо турктабор буданд, аслан роњбарони мо турктаборони бисёр камсавод ва бемаърифат бу-

Муъмин ЌАНОАТ:

Њанўз дар ваќте, ки мо аз Русия истиќлоли комил ба даст наоварда будем, он ваќт гуфта будем, ки 2 хатро интихоб мекунем. Яке хатти арабиасос - дар бахши таъриху илм. Ё ин ки 2 хат дар масъалањои муњиме, ки барои кишварњои умумиљањонии форсї њастанд, 2 хатро бояд истифода барем ва њамин хел њам шуд. Дар айни замон аниќ гуфтан бисёр мушкил аст, ба хотири онки агар гўем ки ба алифбои аввалияи худамон гузарем, ин хати мехї аст. Алифбои суѓдї њам дорем, лекин он густариши васеъ надошт. Танњо дар 2 ноњия буд, ки нусхаи онро дар кўњи муѓул низ ёфтаанд. Дар ваќташ барои чї мо дар алифбои кириллї боќї мондем. Ин умеде буд, ки шояд дар ин вазъи парешонию суќути давлату дигар сабабњо хати сириллиро истифода барему таваљљўњи Русияро ба худ љалб кунем ва дар бисёр мавзўъњо ба мо кумак кунад. Афсўс ки на њамеша ва на дар њама масъалањо ба мо

Падарам маро сўфї гуфта хитоб мекард данд. Онњоро танќид кунед њам намеарзад. Ба ин хотир одамони баномусро њамин тањаввулоте, ки дар таърихи мо ба вуљуд омад, гоњ ба фоидаи мо гоњ ба зарари мо одамро водор мекунад, ки як коре кунад.

Ќарорњои СММ-ро касе иљро намекунад Гуфтугўи фарњангњо чанд ваќт шуд љараён дорад, чунки дар љањони имрўз бо роњи љангу зури силоњ ягон масъала њал нашуд, як масъала њатто њал нашуд дар рўи љањон. Чаро? СММ ќарор мебарорад, вале касе онро иљро намекунад. Ё зўри СММ намерасад, ё худи ин созмон тобеъ, дастнигар ва дастнишондоди як гурўњи кишварњо аст. Манофеи кулли љањонро ба назар намегиранд ва ягон ќарори онњо то имрўз њал нашудааст. Пас чи кор бояд, ки масъалањоро бозгўї кунем, табодули назар кунем, ба як хулоса биёем ва пешнињод кунем? Агар дар хориљ зўрамон нарасад, пас бояд дар дохил ин масъалањоро њал кунем. Чандин сол ман дар Афѓонистон фаъолият нишон додам бо Ањмадшоњи Масъуду устод Раббонї. Њамин ќадар кўшиш кардем, ки онњоро аз љанг берун кашем, зўри мо нарасид.

Дини зардуштия вуљуд надорад Тањаммулпазирї ва гуфтугўи фарњангњо зарур аст. Њамон роњи тањаммулпазирию њаќиќатпарастию покию оини ростии Зардуштия. Њоло њар гоњ аз Зардушия сухан мекунанд, гумон мекунанд ба дини зардуштї гаравидааст. Вуљуд надорад дини зардуштї. Ин мерос, фарњанг ва таърихи мо аст, ки онро бояд истифода кунему њифз кунем. Ин дин дигар аслан вуљуд надорад, ба љуз як гуруњи мањдуд дар Бомбай, ки ба доираи худ касеро роњ намедињанд. Аммо баъзе уламои ифротию тафриќаандоз, ки аз доираи њаќиќати Ќуръон, маърифати Ќуръон берун њастанд, бо њаракатњои ба ном исломияшон динро бадном карданд. Дин метавонад ѓояи пешбаранда бошад, барои ин уламои олим заруранд. Бояд ифроту тафритро аз љањонбинии Ислом аз байн бурд. Низоъњои динї, ту шиаю ту суннию ту фалону ту фалонро бояд аз байн бурд. Мо бояд андеша кунем, ки дўсту душмани мо кї аст. Оё мо дўст дорем? Агар надошта бошем бояд мо дўст шавем бо њам. Нигоњњоро бо њам муттањид карда, вањдати дохилї эљод кунем. Он зери назорати кулли нерўњо, њизбњо, ќуввањо ва зиёињои озодандеш бошад. Тањаммулпазирї

ва гуфтугўи тамаддунњо ба њамин хотир эљод шуд. Барои ин мисол шуда метавонад кишвари Туркия. Ин кишвар кишвари аврупої буда, дар он таассуби зиёди диниву мазњабї ва миллї надоранд. Ба хотири онки дар онљо ахлоќ ва тањаммулпазирии Мавлоно Љалолиддини Румї њукмрон аст. Яъне ин ахлоќї ориёиву тољикї аст. Баландтарин маърифати башардўстї ва тањаммпулпазирї. Аз ин бештар башарият њељ чизе эљод карда натавонист ва наметавонад. Нест чењрањое, ки паём фиристанд ва паём гиранд. Дигар инсонњое дар рўи замин нестанд, ки ба онњо аз љое паём меомада бошад.

Дар иттилооти имрўза њаќиќат нест Тори љањонї имрўз иттилоотї ва компютерї шудааст. Дар миёни иттилооте, ки дар љањон пахш мешавад, њаќиќат њаст ё не? Нест њаќиќат. Дар иттилооти имрўзаи љањон њаќиќат вуљуд надорад. Пас чї бояд кард? Тањаммулпазирї ва гуфтугўи фарњангњо. Як роњеро мо бояд интихоб кунем, мо дар сари роњи њамоишу вањдатгузориву якдилї ќарор дорем. Бо супориши Президент Њукумати шањр моро даъват намуда фармуданд, ки фикру андешањоятонро дар бораи вањдат як консепсия созед. Масъала ин буд, ки Маљмааи вањдати миллиро чи гуна бисозем? Мо онро сохта пешнињод кардем, дирўз раъй доданд ва лоињаи пешнињодкардаи мо ќабул шуд. Дар њама кор донишу таљриба даркор аст, хеле дониши љиддї даркор аст, ки як чизе бисозед, то ќобили ќабули њама бошад. Ин бисёр мушкил аст..

Лоф заданро бас кунем Одамони мо китобро хонда метавонанд, хеле забонњои зиёдро медонанд. Хонда худашон онро бароранд. Ба мисли баъзе олимони таърихшиноси мо ки ягон китобро нахонда њукм мебароранд. Як китоб нахондаанд. Охир ман ќариб њамаи китоби дунёро хондаам, "Авасто"-ро нусхаи аслашро пурра хондаам ва маъниашро мефањмам, хомўш гаштаам-ку. Чи ин ќадар мањмадоноиву лофу газоф мекунед, ваќте чизеро намедонед? Мо бояд аз гузашта чизе пайдо карда, ояндаро бисозем. Намешавад ба њар кас таќлид карда. Чизњои нобасомону подарњаво гуфтан айб аст, барои миллат. Мо бояд дар маљмўъ хизмати ин миллатро адо кунем, мо њоло як хас дар баробари бузургони гузашта накардем барои ин миллат. Коре, ки арзиши 100 долларо дошта бошад, мо

кўмак кард. Ман тарафдори њамон идеяе њастам, ки бисёр маводамон ба 2 хат бошад, хати якумашро имруз мо њал карда наметавонем. Барои онки агар онро анљом дињем, мавзў ва кори асосї мемонад ва ба майда-чуйда машѓул мешавем.

Сабаби љанги шањрвандї иштибоњи демократњо ва коммунистон буд Демократњо дар ибтидо рафторашон иштибоњомез буд, комунистон тамоман иштибоњомез буд, гурўњњои дигаре, ки дар майдон омаданд, касе аз онњо барномаи сањењ надошт. Барномаи сањење, ки бунёди илмиву ѓоявї дошта бошад, набуд. Омода набуд њељ кас. Он корњо ва љангњое, ки шуд, ба гардани як њизбу як кас бастан мумкин нест. Њизби демократ талабагони мактаби русиро гаравгон гирифт. Дар њама кишварњои љањон ва дар назди њама динњо ин чиз мамнуъ аст. "Растохез" кўдаконро истифода бурда, ба сиёсат кашиданд. Мардум барои тањаввулоти љиддие, ки эљод шуд, омода набуданд. Ба ѓайр аз ин, њамаи ин ѓайричашмдошт шуд, зеро фурўпошии Шўравї хеле тез шуд. њоло мо мевањои онро чашида истодаем. Барои онки ин гуна воќеањо такрор нашаванд, мо бояд аз њама тараф тањаммулпазир бошем. То љое, ки зўрам мерасад, ман ба боло мерасонам. Њоло аз он одамоне, ки ба ѓайр аз Худо аз њељ кас наметарсанд, танњо ман мондам. Њамаи дигар аз сояаашон метарсанд. Баъзе гурўњњо бояд аз осмон ба замин фароянд, гурўњњои дигарро аз таги хок баровардан даркор. Дар љодае, ки дар рўи замин аст, бояд мо якљоя роњ равем. Як кас дар таги хок набошаду як каси дигар дар осмон. Меъёр ва таинкунандаи њама чиз миллат, манфиатњои миллї ва њуќуќи миллат аст.

Ба адибони имрўза чи кор кунем? Ба адибони љавони оянда чи кор кунем? Њоло мо намунаи бењтарини шеъри нав надорем. Намунаи бењтарине, ки аз он чизе, ки мо кардем, хубтар бошад, нест. На дар адабиёти Эрон, на дар Афѓонистон ва на дар Тољикистон ин гуна шеър нест. Русњо њам ба забони форсї шеър менависанд. Анна Березена бењтарин шеър менависад, бењтар аз тољикон. Бегона метавонад ба забони мо аз худамон бењтар шеър гўяд, аммо чаро мо наметавонем? Бояд омўхт. Муллораљаб ЮСУФЇ


РАВЗАНА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

7

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

Рамзи "Вањдати миллї" Мо ба Вањдат ниёз дорем, ё вањдати мо ба рамз?

Фарзияи нав: Дар Рашт ба

муаллимон кї тањдид кард? Вазорати корњои дохилии Тољљикистон бо пахши як изњорот, сиёсї будани ќазияи мактаби №44-и Камаробро рад кард. Сўзонидани харита ва асбобњои аёнии мактаб ва мактуби тањдидомез ба унвони муаллимон, ки дар расонањои хориљї ба гуруњњои тундгаро ва сиёсї рабт дода шуда буданд, ба ќавли маќомот, кори дасти ду хонандаи ноболиѓи дењотї будааст, ки ба муаллимонашон хусумати њамсоягї доштаанд. Шаби 17-ум ба 18-уми апрели соли љорї дар мактаби №44 дењаи Боѓистон (Ќушунбоѓ)-и ноњияи Рашт асбобњои аёниро сўзонда, ба унвони омўзгорон мактубњои тањдидомез гузошта буданд. 5-уми май Вазорати корњои дохилии Тољикистон дар бораи ин њодиса изњороте пахш карда гуфтааст, ки "18уми апрели соли 2015, аз дохили муассисаи тањсилоти умумии №44-и дењаи Боѓистони љамоати дењоти Б.Рањимзодаи ноњияи Рашт се адад мактубњои дастнависи беимзо, бо навиштаљоти тањќири омўзгорон дарёфт карда шуд". Барои тањќиќи ин ќазия кормандони маќомоти корњои дохилї ва амнияти миллї машѓул будаанд, ки дар ин изњорот гуфта мешавад, кормандони маќомот муайян кардаанд, ки "2 нафар ноболиѓ хонандагони мактаби миёнаи №44 Фарзонаи Туйчї соли таваллудаш 1998 ва Паймонаи Туйчї соли таваллудаш 2001, аз хусумати доштаашон ба роњбари мактаби мазкур Рањимов Хайрулло Тошхуљаевич ва омўзгорони њамин мактаб: Нуралиев Ањмадљон, Бобиев Икромалї ва Шодиева Зебистон, ба ин амал даст задаанд". Дар изњорот омадааст, ки хусумати онњо нисбат ба омўзгор Ањмадон Нуралиев ва директори мактаб Х.Т. Рањимов боис шудааст, ки чунин мактуб гузоранд. "Мутобиќи нишондоди худи ноболиѓон, хусумати доштаи онњо аз он сабаб аст, ки моњи феврали соли равон омўзгор Нуралиев А. онњоро ба бозии волейбол роњ надодааст ва инчунин эродњои љиддї гирифтани роњбари мактаб Рањимов Х.Т., дар љамъомадњои мактабї барои дер омаданашон нисбати падари ноболиѓон - Шукуров Туйчї, ки ба њайси посбон ва модарашон Сангинова Назофат, ки ба њайси омўзгор дар њамин мактаб кору фаъолият доранд, мебошад", - омадааст дар изњорот.

Хоњаронњо "барои тарсонидани омўзгорони мактаби зикргардида хатчањои тањќиромез нисбати омўзгорони њамин мактаб навишта, ба синфхонањо мепартоянд", - мегўянд маќомот. Ба таъкиди маќомот "воќеаи дар мактаби миёнаи №44 дењаи Боѓистони љамоати Б.Рањимзодаи ноњияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсї, динї-мазњабї, ё ифротгарої надошта, танњо дар натиљаи хусумати шахсиву оилавии ду ноболиѓ содир карда шудааст". Ин њам дар њолест, ки 23-юми апрел Вазорати корњои дохилї ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон бо як изњороти муштарак њодисаи мактаби №44-и ноњияи Раштро шарњ дода буданд. Он ваќт дар изњороти ин нињодњои ќудратии Тољикистон гуфта мешуд, ки "Шаби 17-ум ба 18-уми апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактбаи миёнаи тањсилоти умумии №44 дењаи Боѓистони љамоати Б.Рањимзодаи ноњияи Рашт даромада, гўшаи методї, овезањо, газетањои деворї, љадвали дарсњоро корношоям кардаанд. Њамчунин, харитањои собиќ Иттињоди Шўравї ва љамоати мазкурро ќисман оташ зада, ба омўзгорон мактуби беимзои тањдидомезро гузоштаанд". Маќомот гуфта буданд, ки дар пайи ин ќазия кормандони маќомот "муайян намуданд, ки дар њодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиѓ хонандагони мактаби миёнаи №44 Рањимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000ум ва писарамакаш Рањимов Хуршед Муродхољаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд. Бино бар нишондоди моиндари Рањимов Хуршед-Акрамова Зарифамоњ, писараш мубталои бемории руњї буда, таќрибан 2 сол пеш, аз беэњтиётї як ќисми манзили зисташонро сўзонидааст". Тибќи изњороти муштараки ВКД ва КДАМ асли ќазия чунин рух додааст: "17-уми апрел моиндари Рањимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба мењмонї, калиди муассисаро ба фарзандаш медињад ва аз ў хоњиш мекунад, ки бегоњ, баъди анљоми дарсњо дари мактабро мањкам кунад. Рањимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бур-

да, њамроњ бо Рањимов Неъматулло, таќрибан соатњои аз 23-24.00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиќи нишондоди худи ноболиѓон, онњо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёњои таълимиро оташ гиронда, роњро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо маќсади хомўш кардан ба болои он харитаи собиќ Иттињоди Шўравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Рањимов Хуршед ва Рањимов Неъматулло онро бо пойњояшон хомўш карда, аз љойи њодиса ѓайб мезананд". Маќомот мегўянд, ки "воќеаи дар мактаби миёнаи №44 дењаи Боѓистони љамоати Б.Рањимзодаи ноњияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсї, динї-мазњабї, ё ифротгарої надошта, танњо дар натиљаи хусумати шахсиву оилавии баъзе аз сокинони дењаи болозикр ва аъмоли авбошонаи ду ноболиѓ содир карда шудааст". Ќаноатшо Лоиќов, раиси ноњияи Рашт дар сўњбат ба TojNews њамон ваќт гуфт, "як њамсояи директори мактаб бо маќсади онки директори мактабро аз кор гиранду хеши ўро директор монанд, ба ин кор даст задааст. Харитаи СССР ва баъзе шиорњои мактабиро канда дар гўшае онњоро оташ задааст, то директор бадном шуда, аз вазифааш барканор шавад." Ба гуфтаи раиси ноњияи Рашт "ин кор барои хусумати њамсоягї сурат гирифтааст. Дар ин љо ягон гурўњи нооромкунанда нест. Ин нафарон як муаллими мактаб, бародари ў ва посбон мебошад." Рањматшоњ Солиев, раиси дењаи мазкур ба TojNews дар шарњи ин њодиса гуфта буд, дар ин амал харитањои СССР, Тољикистон ва љамоати Боќї Рањимзода, чанд шиори мактабї, љадвалњои дарсии хонандагонро оташ додаанд. Вай иттилоъ дар бораи инро, ки аксњои ќањрамонони миллии Тољикистонро оташ зада бошанд, рад кард. Дењаи Ќушунбоѓ дар саргањи дараи Камароби ноњияи Рашт воќеъ аст. Поёнтар аз ин дења як ќисми низомии вазорати дифоъи Тољикистон низ мустаќар аст, ки пас аз амалиёти густарда алайњи гуруњњои ѓайриќонунии мусаллањ дар водии Рашт ташкил шуд. Далери ХАЙРУЛЛО

Шањрдори Душанбе тасмим дорад, дар пойтахти Тољикистон рамзи "Вањдати миллї"-ро бунёд кунад. Шањрдорї ба корбарони шабакаи интернет панљ лоињаи рамзи "Вањдати миллї"-ро барои интихоб пешнињод, ки аз миёни он корбарон бењтаринашро интихоб кунанд. Ин назарсанљї то 30юми апрел идома ёфт. Муъмин Ќаноат, шоири тољик дар њамоише дар шањри Душанбе гуфт, ки бо гурўње аз зиёиён муаллифи яке аз тарњњо мебошад. Дар умум аз бунёди рамзи "Вањдати миллї" истиќбол кард. Аммо аз бидуни зикри номи касе аз муаллифони тарњњои дигар интиќод њам кард. Аз љумла, ў гуфт, ки "рўирост ба тањиягарони ин лоиња гуфтам, ки хушомадзанї акнун то ин дараља набудагист". Ў дар бораи тарње сухан мекард, ки дар пояи он акси бузурги Президент Эмомалї Рањмон њаккокї ё насб мешавад. Баъди эълони шањрдорї дар бораи бунёди рамзи "Вањдати миллї" бањсњо дар шабакањои иљтимої, њатто дар мањфиле, ки Муъмин Ќаноат њузур дошт, ба миён омад. Бештари онњое, ки ба бунёди ин тарњ мувоффиќ нестанд, чунин иќдомро идомаи "гигантамания"-и Шўравї медонанд. Аз љониби мунтаќидон чунин суол њам гузошта шуд, ки ваќте дар назди бозори "Шоњмансур"-и Душанбе дањњо мардикор бидуни сарпаноње мебошанд, бунёди чунин рамз чї маънї дорад? Дар шабакањои иљтимої њам чунин суолњо кам набуд, ки дар шароити иќтисодии имрўзаи кишвар иќдоми нолозим мешумуранд. Ва амсоли ин... Аммо љонибдорони бунёди тарњи мазкур мухолифини ин лоињаро моддигароњо ном мебаранд. Онњо ба ин боваранд, ки ба рамзи "Вањдати миллї" на аз нигоњи моддї балки чун як арзиши маънавї бояд нигарист. Ин њама гуфтугузорњо атрофи бунёди рамзи "Вањдати миллї" мебошад. Аммо њеч гоњ надидем, ки нисбат ба Вањдати миллї чун арзиши муњими давлатдории навини тољик нерўе, њаракате ихтилофи назар дошта бошад. Ихтилофњо танњо атрофи бархўрд ба он сар задааст, ки гоњо не, бештар ваќт вањдатро мунњасир ба фардњои алоњида медонанд. Ошкортар гўем, ваќте љонибдорони њукумат бештар Вањдатро чун дастовард аз хидмати Эмомалї Рањмон медонанд, њаводорони ЊНИТ бо эътироз мегўянд, чаро Саид Абдуллоњи Нурї нодида гирифта мешавад? Шинохти мо аз вањдат бештар ба маънои хотимаи љанг шакл гирифтааст. Шабакањои телевизионии Тољикистон дар шаклгирии чунин бардошт њамеша наќш доштанд, њар сол дар арафаи солгарди таљлил аз санаи Вањдати миллї рўи ин нукта бештар такя мекунанд. Њанўз њам натавонистаанд, ки вањдатро чун фарњанги миллї муаррифї карда, онро фаротар аз мањдудаи хотимаи љанг ва созиши ду љониб маънидод кунанд. Вањдати мо ба маънои њамзистии мусолиатомези миллатњову мазњабњо, адами мањалгарої (дар сатњи ома мањалгарої ќариб дида намешавад), њамдигарфањмии зиёиёну рўњониён ва амсоли ин шинохта нашудааст. Омезиши мардуми мањалњо низ ба чашм намерасад, дар мањдудаи мањалли худ боќї мондем. Бо ин њама месазад гуфт, ки вањдати мо комил аст? Дар тўли ин њама сол надидем, ки атрофи тањкими воќеъии вањдат ташаббусњое сурат гирифта бошад. Дар шароите, ки ба сар мебарем вањдат аз арзишњои аслии таъминкунандаи баќои давлату миллати мост, ки дар навбати худ аз осебпазиртарин арзиши мо мањсуб меёбад. Ваќте ки ришва дар муносиботи њаррўзаи мо њарфи аввалро мезанад, ваќте ки мизони адолати иљтимої баробар нест, ваќте мањалу љуѓрофиё дар интисоби кадрњо мавќеъи аввал дорад, ваќте ки арзишњои дини исломро бегонаву хатаровар мепиндорем (дар њоле садсолањо љузъи њаёти мардум буд), ваќте ки ... пас чаро бо таассуф нагўем, ки вањдати мо осебпазир аст? Аммо боз њам таассуфбор ва њатто нобахшиданї хоњад буд, ки ваќте буњронњои хатарзо ба вањдати миллии мо ба насли оянда мерос гузошта шавад. То замоне, ки ин падидањои номатлуб дар маѓз-маѓзи љони мо реша дорад, буњрони наслњо метавонад идома ёбад. Он ваќт агар сад рамзи бошукўњи "Вањдати миллї" дар тамоми шањру навоњї бунёд кунем, маълум аст, ки бештар аз порае оњану бетон, ё мису ќалъагї арзише нахоњад дошт. Њеч чи гуфта њам намешавад, шояд бо гузашти чанд ваќт мисли санги хотираи шањидони бањманмоњ ноаён рўфта мешавад. Касе њам немекобад, ки куљо шуд!?


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

ТАЊЌИЌОТ

Партовњои радиоактивї дар Тољикистон:

ХАТАР ВА ПАСМАНАЗАРИ ОНЊО То аввали солњои 90-и садаи гузашта партовњои радиоактивии корхонањои истењсоли уранро аз аксари кишварњои собиќ Иттифоќи Шўравї ба Тољикистон оварда ва дар ин љо зери хок мекарданд. Вобаста ба ин, дар Тољикистон беш аз 10 партовгоњи хурду бузурги маводи радиоактивї ба вуљуд омад, ки имрўз будани онњо ба саломатии сокинони ин минтаќањо бетаъсир намондааст. "Ба шањрвандоне, ки дар минтаќаи љойгиршавии мањфузгоњњои партовњои радиоактивї ва объектњои барои муомилот бо партовњои радиоактивї пешбинигардида зиндагї ва фаъолият мекунанд, њуќуќи љуброн кардани хисороти расонидаи ин мањфузгоњњо ва объектњо кафолат дода мешавад. Масъалањо оид ба намуд, њаљм ва тартиби љуброн кардани њисорот вобаста ба њолати мушаххас аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд" - омадааст дар боби 8 Ќонуни ЉТ "Дар бораи муомилот бо партовњои радиоактивї". Довуд, ќањрамони тадќиќоти журналистии мост, ки як сол боз пушти дари маќомоти мухталифро ба ќавле "охурча" кардааст, ба умеде, ки зарари ба саломатиаш расидаро љуброн намоянд. Њадди аќќал умедвор аст, ки барояш нафаќаи маъюбї таъин мекунанд, то барои таъмини рўзгори хонаводааш бирасад. Савлат Шодиев, њуќуќшиносе, ки асосан бањсњои гражданиро пайгирї мекунад, дар сўњбат бо мо гуфт, таъмини нафаќа барои ин гуна ашхос тариќи ќонунгузории кишвар танзим мешавад. Ба ќавли ў, на танњо нафаќаи маъюбї балки љуброни зарари љисмонї низ бояд дар ин њолат пардохта шавад. "Дар Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон моддаи 156 омадааст: "Музди мењнати аз даст рафта, харољоти бад шудани саломатї ва њамчунин зиёни маънавї бояд љуброн шавад, (новобаста аз нафаќаи маъюбї)", - гуфт Савлат Шодиев. ВАЗЪИ ПАРТОВГОЊЊОИ РАДИОАКТИВЇ: СЕ СОЛ ЌАБЛ АЗ ИН ВА ЊОЛО... Созмони Милали Муттањид соли 2012 аз хатари 55 миллион тонна партовњои њастаї (радиоактивї) дар Тољикистон њушдор дода буд. Жан Родригес, сухангўи Комиссияи ин нињоди байналмиллалї дар як нишасти экологї гуфт, ки "ин партовњо дар њоли њозир коркард, таги хок ва муњофизат намешаванд". Дар арзёбии дуввуми ин комиссия аз иќдомоти Тољикистон љињати њифзи муњити зист, вуљуд надоштани пешрафт дар таъмини амнияти ин партовгоњњои радиоактивї танќид шудааст, ки дар шимоли малакат, аз љумла наздикии маркази маъмурии вилояти Суѓд шањри Хуљанд ва Истиќлол (Табошари ќаблї) вуљуд доранд. Пас аз ироаи гузориши СММ дар мавриди вазъи партовгоњњои радиоактивї дар кишвар низ вокунишњо ба вуљуд омаданд. Аз љумла, ин нукта аз љониби роњбари Агентии амнияти ядрої ва радиатсионии Академияи улуми кишвар Ўлмас Мирсаидов аснои суханрониаш дар љаласаи парлумони кишвар таъкид гардид. Б ќавли Мирсаидов, њолати кунунии идораи партовњои радиоактивии коркарди саноати урани Тољикистон ташвишовар аст, зеро нисбат ба онњо муомилот, коркард, мутобиќгардонї ва гўронидан ба таври зарурї гузаронида намешавад. Ва онњо ба муњити зисти одамон пањн мегарданд. "Алњол дар ќаламрави Тољикистон беш аз 55 миллион тонна партовњои радиоактивии саноати коркарди маводи урандор ва беш аз 1000 адад манбаъњои афканишоти ионофарї, ки мўњлати истифодаашон ба итмом расидаанд, мављуданд",- гуфт зимни баррасии лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи муомилот бо партовњои радиоактивї" дар парлумони мамлакат Ўлмас Мирсаидов, директори Агентии амнияти ядрої ва радиатсионии Ака-

демияи улуми Тољикистон 5 июни соли 2013. Номбурда зикр кард, ки баќайдгирии манбаъњои афканишоти ионофар дар Тољикистон солњои охир гузаронида шуда, хазинаи электронии баќайдгирии онњо ташкил шудааст. Ќисми зиёди манбаъњои афканишоти ионофар аз истифода бароварда шуда, аз сўи нуќтаи давлатии гўронидани партовњои радиоактивии ноњияи Файзобод гўронида шудаанд. Ба таъкиди ў, аз коркарди маъдани уран дар замони Иттињоди Шўравї дар шимоли Тољикистон мероси партовњои зиёде боќї мондааст. Инчунин дар кишвар манбаъњои радиоактивї дар соњањои гуногуни саноат истифода мешаванд. Дар танњої бо њолати зарурї овардани ин миќдори партовњои радиоактивї дар љумњурї мушкилии зиёд меорад. Барои љалби сармояи хориљї набудани заминаи њуќуќии муомилот бо партовњои радиоактивї монеа мешавад. "Дар ќадами аввал бояд атрофи ин партовгоњњо девори баланд ё симхор бунёд шуда ба ин васила аз имкони вуруди сокинон ба партовгоњњо љилавгирї шавад. Баъд аз анљоми ин кор, бо дарёфти маблаѓи зарурї болои партовгоњњо бо 2-3 метр хок пўшонида шуда, безараргардонии онњо бо ин роњ таъмин мешавад",гуфт Ќосимбек Олимбеков, коршиноси масоили бехатарии саноат. Аз ин сабаб зарур аст, ки системаи ягонаи муомилот бо партовњои радиоактивї ба роњ монда шавад. Барои омода намудани ин маќсадњо заминаи њуќуќии муомилот бо партовњои радиоактивї ба маврид аст. Тавассути лоињаи ќонуни дар боло ёдшуда, муносибатњои њуќуќии муомилот бо партовњои радиоактивї ва ба стандарњои љањонї мувофиќ кунонидани њолати ин партовњо таъмин мегардад. Ба саволи он ки бо истифода аз таљрибаи љањонї "оё дар Тољикистон имконият њаст, ки партовњои радиоактивї аз сари нав коркард шаванд?", Ўлмасов гуфт, ки коркарди дубораи партовњои радиатсионї дар баъзе кишварњо ба роњ монда шудааст. "Агар миќдори уран дар парвтовњо каме бисёр бошад, дар он њолат имкон аст, ки онро

дубора коркард намоем. Дар партовњое, ки дар Тољикистон вуљуд доранд миќдори уран хеле кам буда, коркарди дубораи онњо барои истењсолот самаранок нест. Аз ин рў онњоро рўйпўш ва безарар гардонидан зарур аст",-афзуд академик Ўлмасов. Вакилони Маљлиси намояндагон ва коршиносони тољик њанўз дар авохири соли 90-и садаи бист бар ин назар буданд ва њоло њам дар њамон андешаанд, ки нисбат ба ин масъала бояд таваљљўњи љомеаи љањонї љалб шавад, зеро ин партовгоњњо аз замони собиќ Иттињоди Шўравї (СССР) дар кишвари мо мондаанд. Ахиран, бо имзои як созишномаи дуљониба дар моњи майи соли 2005 Русияву Тољикистон ба тавофуќ расиданд, ки дар безараргардонии партовњои маводи сўхти мушакии шимоли Тољикистон муштаракан сањм бигиранд. Аз нигоњи мутахассисон, Тољикистон бояд барои безараргардонии партовгоњњои радиоактивї бо созмонњои байналмилалї, аз љумла МАГАТЭ (Агентии байналмилалии назорат аз энержии атомї) њамкории бештар кунад ва талошњоро дар ин самт густариш дињад. Лоињаи ин созишнома миёни МАГАТЭ ва Тољикистон дар соли 2009 тасвиб шуда, ин нињоди байналмилалї барои иљрои панљ тарњи марбут ба он дар Тољикистон беш аз 1,5 миллион доллар ихтисос дод. Ин панљ тарњи тоза, ки њамакнун аз сўйи агентии мазкур сармоягузорї мешаванд, дар заминаи бењбуди фаъолияти озмоишгоњи марказии Тољикистон барои тањќиќи партовњои боќимондаи радиоактив ва маводи дигар масраф мешаванд. УРАНИ ХОМ ДАР ТОЉИКИСТОН: 14 ВА Ё 1 ДАРСАД? Тољикистон дар замони Шўравї яке аз манбаъњои такмили захираи урани СССР мањсуб мешуд. Корхонањои "Заря Востока" ва "Востокредмет" дар шимоли Тољикистон асосан ба коркарди уран аз конњои атрофи Табошар машѓул буданд. Дар ин шањр шурўъ аз соли 1937 шаш корхонаи тавлиди ураниюм фаъол буд. Дар он солњо ураниюм бо усули дастї тоза карда мешуд ва дар ин шањр ќабристони ќурбониёни ин корхонањо низ вуљуд дорад. Пас аз Љанги дуюми Љањонї дар ин корхонањо асирони нерўњои Олмон ва зиндониёни даврони Шўравї кор мекарданд. Дањаи 50-и ќарни гузашта дар ин шањр як комбинати бузурги тавлиди ураниюм шурўъ ба кор кард ва шаш корхонаи ќаблї аз кор монд. Баъди фурўпошии Шўравї комбинати "Востокредмет" низ ба далели набудани сармоягузорї аз сўи Русия ва коњиши захираи маъдани ураниюм дар шимоли Тољикистон аз фаъолият бозмонд. Вале 50 миллион тонн партовњои њастаии замони Шўравї то ба њол ба муњити зист ва саломатии мардуми Тољикистон тањдид мекунад. Даъватњои дубора ба "зинда" кардани соњаи истихрољ ва коркарди уран бори дуввум дар соли 2008 дар паёми солонаи прези-

денти кишвар садо дод. Президенти кишвар бо ишора ба њарфи мутахассисони хориљии соња дар бораи мављудияти "14 дарсади захираи урани дунё дар зери хоки Тољикистон " гуфт, ки "инро мо тањќиќу муайян карда, пешнињод карданамон даркор". Дар њамин њол, Иттињодияи љањонии њастаї гузориш дод, ки 93% захираи урани дунё дар зери хоки Ќазоќистон, Канада, Австралия, Намибия, Нигерия, Русия ва Ўзбакистон аст. Яъне, дар такя ба ин омор ва аз љињати мантиќ низ вуљуди 14 дарсади ин захирањо дар зери замини Тољикистон ѓалат аст, ё њадди аксар њусни ният ё орзуст. Зимнан, Азим Иброњим, сардори пешини Саридораи геологияи Тољикистон ва њамакнун муовини нахуствазири кишвар дар посух ба суоли хабарнигори сомонаи нашрияи расмии "Љумњурият" (http://www.jumhuriyat.tj/ index.php?art_id=6617) дар бораи захоири уран ва эњтимоли коркарди он гуфт, "дарвоќеъ Тољикистон низ захираи ќобили мулоњизаи уранро дорост ва Саридора ният дорад корњои љустуљўи геологиро дар баъзе минтаќањои кишвар ба роњ монад ва Њукумати љумњурї моро дастгирии молї низ мекунад". Аммо ба таъкиди ў, барои Тољикистон рушди энергетикаи њастаї наметавонад љузъи сиёсати стратегии кишвар бошад."Зеро аввалан бунёди нерўгоњњои њастаї фановарии душвор ва поягузории густурдаи физикаи њастаиро таќозо мекунад ва низ хидматрасониаш душвор аст". Оќои Иброњим афзудааст, ки мо захираи гидроэнергетикии бузург дорем, ки дар нисбати њар гуна манбаи дигар арзонтар, бехавфтар ва хидматрасониаш осонтар аст. Коршиносон мегўянд, љустуљўю омўзиши кон (њама гуна захоири табиї) кори серхарљ, зањматталаб ва тўлонист. На њар зуњургоњ метавонад кон бошад. Ба њисоби миёна аз дањњо макони зуњурот фаќат яке љавобгў ба ниёзњои иќтисодиву техникист. Биноан, соли 2012 бо ќарори Њукумати љумњурї дар соњаи геология ду самти нав љустуљўву иктишофи конњои ашёи радиоактивї ва конњои сангњои гаронбањо созмондењї шуд, ки дар Барномаи давлатии мазкур вуљуд надошт. Корњо дар ин ду самт аз њисоби имконоти дохилии Саридора сурат гирифта, дар ќисмати ѓарбии кишвар, дар водии Њисор ба умури иктишофї ва љустуљўи ашёњои радиоактивї оѓоз шуданд. ПАЁМАДИ ИШЌИ САНГ, САРНАВИШТ ВА Ё ЧИЗИ ДИГАР? Довуд Асо (исму насаби ќањрамон иваз шудааст) дар як рустои кўњистони шарќи Тољикистон дар хонаводае серфарзанд ба дунё омадааст. Ў миёни дувоздањ акаву хоњар фарзанди чорум аст. Мисли њама дигар њамсолонаш айёми беѓаши кўдакиро хуш сипарї карду аз чизе танќисї надошт. Бо њазорон умеду орзу баъди хатми мактаби миёна роњии Ду-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

МИЛЛАТСОЗЇ

шанбе гардида, ба донишгоњ шомил шуд, ба он љое, ки аз кўдакї орзуяшро мепарварид факултаи геологї. Баъди хатми донишгоњ Довуд бо дипломи геолог дар даст ба сўи корхонаи коркарди маъдан роњ пеш гирифт. Аз он рўз то ба њоло 25 соли бурду бохт, ширину талх, њамвору печида ва пур аз шебу фароз гузашт. Пас аз ин, љойи корашро чор маротибаи дигар иваз кард, аммо њамеша дар сохторњои марбут ба геология фаъолият дошт. Дил аз сангу ашёњои табиї канда наметавонист. Соли 2013 ба ў пешнињоди кор дар яке аз конњои ашёњои радиоактивиро карданд. Дар бахши иктишофи маъодин, ки таљриба дошт, ба кор шурўъ кард. Итминони комил дошт, ки њатман муваффаќ мешавад ва хастагиро эњсос намекард. "Мушкилотро нодида мегирифтам, ба хунукиву гармї ањамият намедодам, зеро касбамро дўст медорам. Охир, ин нони хонаводаи маро таъмин мекунад, пас чаро аз вуљуди монеањо дилсард шавам? Њарчанд маоши калон намегирифтам, аммо аз корам розї будам. Гоњо 14-15 соат дар шабонарўз кор мекардам",- иброз дошт Довуд. Як сол ба њамин минвол дар иншоот (объект) сипарї гардид. Баъзе рўзњо Довуд дар вуљудаш дарди гаронеро эњсос мекард, ки ба табиати ў созгор набуд. Сараш гоњо ба дард омада, гардан ва бехи гўшаш варам мебароварданд. Ў ба ин камтар таваљљўњ мекард, зеро фикр дошт, ки он асари гармии аз њад зиёд ва ё хастагии равонї аст. Бехабар аз он ки ба маризї гирифтор шудааст ва он таъсири бевоситаи радиатсия аст... ТАШХИС: ОМОСИ БАДСИФАТ... Он рўзро хуб дар ёд дорад. Чанд дафъа дар дармонгоњи табобатї, ки дар мањалли зисташ воќеъ аст, табобати кўтоњмуддат гирифт. Аммо дарди сар ва варами баданаш рафъ намешуд. Њељ гумон намекард, ки таќдир ўро ба маркази саратоншиносии љумњуриявї "роњї" мекунад. Пас аз машварат бо табиби минтаќавї ва маслињат бо њамсараш ба Душанбе омад. Ташхис муайян сохт, ки дар зери манањи Довуд омос баромада, хатари сирояти он ба организмаш вуљуд дорад. Баъди панљ рўзи муолиља тасмими духтурон бар ин шуд, ки Довуд њар чї зудтар љарроњї шавад, зеро бе дахолати теѓи љарроњї бузург шудани омос имкон дошт. Моњи майи соли 2014 Довудро љарроњї карданд. Ташхиси пораи љарроњишуда нишон

дод, ки Довуд ба табобати дуру дарозу давомдор (силсилавї) ниёз дорад. Њамин тавр, шаш моњи баъд даврањои нурдармонї, кимиёдармонї ва доруњои махсусро сипарї кард. Заъфе, ки дар вуљудаш эњсос мекард як тараф, таќдири норўшани хонаводааш аз тарафи дигар боиси хастагї ва рўњафтодагии ў мешуданд. Аммо ба њама ин мушкилот тан додан намехост, дар дуроњаи зиндагї худро нотавону дардманд тасаввур карда наметавонист. Аз ин рў, баъди табобати мукаммали системавї аввалин кореро, ки анљом дод мурољиат ба коргоњ ва роњбарияташ барои љуброн буд. Ин љо бо бархе далел ва печидагињо, инчунин бо хоњиши худи Довуду вакили мудофеъи ў аз идомаи бањси "љуброн" то ваќти зарурї иктифо мекунем. Мурољиати чандкаратаи Довуд низ ба маќомоти њифзи иљтимої њанўз натиља надода, санаду мадорики ў мавриди омўзиш ќарор доранд. Нафаќаи зарурї низ барояш таъин нашудааст. Адвокати Довуд мегўяд, ки њамин шабу рўз натиљаи бањсњои мо маълум мешаванд ва он гањ тасмим њоњем гирифт, ки ќадамњои баъдии мо аз чї иборат хоњанд буд. Њуќуќшинос Савлат Шодиев бо такя ба ќонунгузории марбута дар Тољикистон њам бар ин назар аст, ки љабрдида барои даъво бурдан њаќ дорад ва бояд љубронпулї бигирад. "Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи њифзи мењнат" моддаи 13 омадааст: Њуќуќ доштанро ба љуброни зарар ба корманде, ки маъюбї, бемории ќалбї ё дигар иллати саломатии ба фаъолияти мењнатї алоќаманд бударо гирифтааст, ин модда муайян менамояд", - таъкид кард њуќуќшинос. Зимнан, дар моддаи 28 њамин ќонун низ ба пардохти љуброну таъмини нафаќаи маъюбї ишораи сањењ шудааст ва њељ кас њаќќи иљро накардани онро надорад, илова мекунад њуќуќшинос. "Ќонун корфарморо вазифадор менамояд ба корманде, ки дар натиљаи њодисаи нохуш дар истењсолот маъюб шудааст, илова ба љуброни зарари барои чунин њолатњо муќарраршуда ба андозаи на камтар аз музди мењнати панљмоњаи љабрдида кўмакпулии якваќта пардохт намояд", -гуфт њуќуќшинос Шодиев. Бояд гуфт, ки тартиб додани чунин кўмакпулї бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 21 октябри соли 2014, №661 "Дар бораи тартиби аз љониби корфармо љуброн гардонидани зарар бо сабаби бад шудани саломатї ё фавти кормандон" муайян карда шудааст.

ОМОР ВА РАЌАМЊО Дар њамин њол, маълумоти расмї њокї бар он аст, ки сатњи гирифторшавї ба саратон дар Тољикистон рў ба афзоиш буда, айни замон беш аз 14 њазор бемор тањти назорати диспансерии табибон ќарор доранд. Миёни маризон кўдакони хурдсол, љавонон ва миёнсолону солмандон њастанд. Аммо тибќи нишондодњои Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии ЉТ, аксари гирифторони ин навъи беморї аз синни 40сола болоянд. Ба иттилоъи манбаъ, афроди мубталои бемории саратон дар байни занон назар ба мардон бештаранд. "Њамасола зиёда аз 360 зан бо саратони ѓадуди ширї ва 250 нафар бо саратони бачадон ба ќайд гирифта мешаванд. Гирифтории занон ба 42,2 аз 100 њазор ва беморшавии мардон 37-38 нафар ба 100 њазор аст. Дигар намуди омос ва маризињои онкологї низ дар Тољикистон ба чашм мерасанд",- иброз дошт муовини сардори маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї Саида Умарова Масъулини ин марказ мегўянд, мутаассифона, мардум барои пешгирї ва гоњо њам барои муолиља дер мурољиат мекунанд. "Агар мо дар марњилањои аввал саратонро муайян созем, табобаташ осон аст ва натиљањои хуб медињад. Масалан, метавонем бо як љарроњї онро табобат кунем. Агар беморї дар марњилањои дуюму сеюм ташхис шавад, табобати он ба таври мукаммал роњандозї мешавад. Яъне дар ин њолат њам љарроњї, њам нурдармонї ва њам кимиёдармонї бо доруњои махсус лозим меояд, ки дар натиља њам аз бемор ва њам аз давлат маблаѓи зиёд сарф мешавад", - гуфт Саида Умарова. Теъдоди мубталоёни маризии саратон дар Љумњурии Тољикистон (маълумот аз торнамои Агентии омор гирифта шудааст www.stat.tj

Сол

Њамагї

Мард

Зан

2008

9634

3900

5734

2009

10054

4059

5995

2010

8530

3283

5247

2011

8552

3341

5211

2012

8760

3436

5324

2013

9248

3559

5689

АДАБИЁТ

"Хиёнат" - китоби нави Љовид Муќим ба нашр расид Китоби мазкур идомаи ќиссаи детективии "Ќасос" буда, он аз фаъолияти минбаъдаи Бюрои детективии "Сипар" наќл мекунад. Ќиссаи детективии "Ќасос соли 2013 чоп шуда буд Ќањрамонони ќиссаи "Ќасос" полковники мустаъфии милиса Валиљони Нарзулло ва журналист Нодири Аминпур, ки њангоми сарбоз? дар Афѓонистон њамхизмат буданд, бюрои детектив? ташкил карда, куштори њангомадорро ифшо намуданд. Дар китоби "Хиёнат" чи гуна ошкор шудани љинояти њангомадори кушта шу-

дани писари банкир Ширини Комил тасвир шудааст, ки кормадони милиса ва Интерпол аз ифшои он ољиз монда буданд. Китоби "Хиёнат" аз тарафи нашриёти "Озар" бо теъдоди 300 нусха чоп шуда, барои доираи васеи хонандагони аз синни 18-сола боло пешбин? шудааст. Љовид Муќим, профессори Донишгоњи миллии Тољикистон буда, муаллифи асарњои "Ќасос", "Ишќи мўйсафед" ва ѓайра мебошад.

9

Дар сомонаи Агентии омор маълумот дар бораи мубталоёни бемории саратон дар соли гузашта вуљуд надорад. Ба иттилои вазорати тандурустї теъдоди умумии гирифторони ин маризї дар соли 2014 ба 14 њазор нафар расидааст, ки аз ин шумора 4400 нафари онњо бори аввал ташхис шудаанд. Ба назари вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии ЉТ Нусратулло Салимзода, дастрасии табибони тољик ба таљњизоти соњавии муосир боис шуд, ки ин беморї аллакай дар марњилањои аввал муайян карда шавад. Салимзода дар нишасти хабарии моњи январи соли 2015 афзуд: "Имрўзњо дар мавриди афзоиши бемории саратон зиёд њарф мезананд. Ман фикр мекунам, ки дар њама давру замон чунин беморињо зиёд буданд. Фаќат имрўзњо илми тиб дар марњилањои аввал ин бемориро муайян мекунад. Фикр мекунам, ба њамин хотир шуморааш зиёд аст". Коршиносон сабабњои зиёдшавии бемории саратонро њар гуна шарњ медињанд. Вазъи демографию афзоиши шумораи ањолї, масоили экологиву ѓизої ва њолати иљтимої омилњои асосї мањсуб шуда, сабаби дигар баландшавии маърифати тиббии мардум мебошад. Агар дар солњои 2006-2008 њудуди 8 њазор нафар ба Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї мурољиат карда бошад, танњо дар соли 2014 ин теъдод ба 23 њазор нафар расидааст. Мурољиати сариваќтї худ як роњи эњтиёт аст, ки ба пешгирии инкишофи беморї ва муолиљаи он мусоидат мекунад. Ба иттилои вазорати тандурустї, њоло теъдоди умумии беморони гирифтори саратон дар љумњурї ба 14 њазор мерасад, ки аз ин раќам 4 њазору 400 нафарашон дар соли 2014 ба ќайд гирифта шудаанд. Дар навбати худ, мутахассисони тиб мегўянд дар Тољикистон њанўз як барномаи мукаммали омўзиши таъсири номатлуби партовгоњњои радиатсионї ба муњити зисту сињатии одамон мављуд нест. Табибон, аз љумла мутахассисони саратоншиносии Хуљанд аз афзудани теъдоди гирифторони беморињое, ки аз таъсири радиатсия ба вуљуд меоянд, изњори нигаронї карда, махсусан аз афзоиши теъдоди мубталоёни навъњои мухталифи саратон дар миёни сокинони мањалњои наздик ба партовгоњњои радиатсионї, ба хусус дар канори Хуљанд ва Табошар садо баланд мекунанд. УМЕДИ УМЕДВОРОН... Мутахассисони чех изњори омодагї карданд, ки дар Тољикистон маркази протонии мубориза бо саратонро дар миёни кўдакону калонсолон таъсис дињанд. Дар ин љо бо методи протонии табобати нурї варами саратонро нобуд мекунад. Харљи ташкили чунин марказ њудудан 250 њазор евроро талаб мекунад ва маблаѓи онро бояд њукумати Тољикистон пардохт кунад. Довуд њам умедвор асту табобаташро ќатъ накардааст, њарчанд табибон барои се моњи дигар ўро мураххас кардаанд, чун дар њоли њозир шохањои таъсиррасони омос дар вуљудаш пайдо нашудаанд. Довуд умедвор аст, ки њаќ ба њаќдор мерасад ва адолати иљтимої дар симои ў ва њамтаќдирони ў таъмин мегардад. Аз душворињои баъдї ва сахтињои зиндагї њарос надорад, фаќат ба хотири фарзандонаш, ки панљ нафаранду њама ноболиѓ ташвишаш зиёдтар шудааст. Иќтибос аз Ќонуни ЉТ "Дар бораи муомилот бо партовњои радиоактивї", ки моњи июни соли 2013 аз љониби њар ду палатаи парлумон тасвиб гардида, 22.07.2013 Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон онро ба имзо расонд: "Њифзи иљтимоии кормандоне, ки бо партовњои радиоактивї кор мекунанд, бо роњњои зерин амалї карда мешавад; суѓуртаи њатмии тиббї; имтиёзњо вобаста ба муайянкунии синну соли нафаќа, рўзи корї, иловапулї ба маош; суѓуртаи њатмии тиббї аз њисоби корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо новобаста аз шаклњои ташкилию њуќуќии онњо, шахсони воќеї, ки бо муомилоти (истењсол, коркард, нигоњдорї, гўронидан) партовњои радиоактивї машѓуланд, анљом дода мешавад. Хулоса, аз љониби маќомоти ќонунбарор барои њифзи њуќуќ ва пардохти имтиёзу кўмакпулињо, инчунин љуброни ба саломатии шахсони бо партовњои радиоактивї сарукордошта имтиёзњо пешбинї шудааст, аммо татбиќи амалии ќарору ќонунњо њанўз њам ба мушкил мувољењ аст.

Мањмуди БАЊМАН


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

Бо гузашти њафтањо аз оѓози амалиёти Арабистони Саудї ва муттањидонаш дар Яман њамоно аз поёни ин љанг иттилое нест. Манзур шикастани камари муќовимати њусиёни зайдии ин кишвар буд, ки ба назар мерасад њамлањои њавої ба њадаф нарасиданд ва чун дар љангњои дигар ба љуз харобии беш аз њадди интизор, хонабардўшии мардум "армуѓоне" надоранд. Њадс зада мешуд, ки баъди њамлањои њавої марњилаи дигари мубориза бо њусиён шуруъ мешавад, ки ин набардњои заминист. Вале ахиран Риёз иттилои расонањо дар мавриди вуруди неруњои пиёданизомаш ба хоки Яманро такзиб кард. Рўзи якшанбеи гузашта созмони љањонии њифзи њуќуќи башари "Авфи байналмилал" Риёзро ба истифодаи бомбњои касетї муттањам кард, ки муљиби њалокати мардуми осоишта шудааст. Ин созмон чандин акс ва наворњои видеоиро чун далел пешнињод кардааст, ки миёнањои моњи гузашта дар манотиќи гуногуни Яман наворбардорї шудаанд. Ин дар њолест, ки аз соли 2008 ба инљониб тибќи як конвенсияи байналмилалї истифода ин гуна бомбњо мамнуъ эълон шуда, онро 116 кишвари олам имзо кардаанд. Аммо Арабистон ва Яман аз ин ќатор берунанд. Аслан љанг дар Яман љанги хориљињост. Њусиёни яманї, ки замоне аз ќудрати сиёсиву низомї дур карда шуда буданд, баъди инќилобњои арабї сар берун карданд

Бо гузашти се моњ аз фољеаи Порис, ки гуруњи номаълум кормандони маљаллаи карикатурии "Charlie Hebdo"-ро бо гулўла бастанд, дар гўшаи дигари олам бо роњандозии намоиши карикатурањои Пайѓамбар (с) ѓазаби мусалмононро ба бор оварданд. Ѓарб лањзае намегузорад, ки ин оташи ѓазаб беруѓан бошад: сари чанд ваќт бо вуљуди он ки медонад озодии баёне ба ин шева ба табъи муслимин намефорад, як ибтикоре сурат медињад: роњибе Ќуръон месўзад, рассоме карикатура мекашад, адибе асаре меофарад ва ё сиёсатмадоре њарфе мегўяд... Ва гўё бо њамин ченакњо њадди тањаммули ин мардум аз љониби нињодњо омўзишї санљида мешаванд. Ин конфронс аз љониби як гуруњи зиддиисломї бо номи "Ташаббуси амрикої оид ба њимоят аз озодии баён" дар шањри Гарленди ИМА, воќеъ дар штати Техас баргузор шуд. Бино ба гузориши расонањо дар он исломситези њолландї Хайрт Вилдерс, ки мавзеъгирии тунд нисбат ба нуфузи Ислом дар ќораи Аврупо дорад, ширкат дошт. Вай дар Твиттери худ навишт, ки афроди мусаллањи ношинос љониби сохтмоне, ки конфронс баргузор мешуд, тирандозї карданд, ба ў тир нарасид ва њоло вай берун шудаву дар љодае равон аст. Масъулияти њамла ба конфронсро чанд соат баъди рўйдод ДОИШ ба уњда гирифт. Аммо пулиси мањаллї мегўяд њарчанд баргузории конфронс аз ќабл эълон шуда буд, тањдиде сурат нагирифта, ки сабабгори андешидани тадобири љиддии амниятї шавад. Ин дар њолест,

ЉАЊОН шунид нишинанд. Онњо раиси љумњурро хоини ватан медонанд, ки аз хориљ имдод хоставу мамлакатро ба харобазор табдил додааст. Тибќи иттилои Созмони љањонии тандурустї то ин шабу рўз дар Яман 643 нафар ќурбонии бомборонњои Арабистон шудаанд, ки аксари онњо ѓайринизомиён

ЊАМЛАИ САУДИВУ ДИФОЪИ ЯМАНЇ Чаро як њавза кишварњои халиљї наметавонанд бо як гуруњ дар Яман пирўз шаванд? ва бо истифода аз заъфи њукумати марказї тадриљан соњиби ќудрат шуданд ва њатто пойтахти Яман шањри Санъоро комилан ба тасарруфи худ дароварданд. Њусиён, ки аслан як нерўи шеъа ба шу-

мор мераванд, ошкору нињон аз љониби Эрон пуштибонї мешаванд. Ќудрати шеа дар Яман, ки дањсолањо ба инљониб як кишвари тањти нуфузи Арабситон аст, ки Риёзро хуш наёмад ва бо пуштибонї аз президенти амалкунанда, вале аллакай фирорї Абдураббињї Мансур Њодї ошкоро ба умури дохилии он дахолат намуд. Аз 26-уми марти соли равон таљовузи саъудї болои Яман идома дорад, њарчанд поёни он наздик нест. Вале яќинан кундї дар пешрафти неруњои хориљї эњсос мешавад. Эрон њам мушкили Яманро мушкили хориљї медонад ва хостори он аст, ки барои миёни неруњои даргир гуфтушунидњое бо миёнаравии СММ дар љараён шавад. Ахиран сарвари идораи дипломатии Эрон Муњаммаадљаводи Зариф иброз дошт, ки кишвараш мањз ба муколамаи созанда таъкид мекунад ва дахолати хориљиро роњи њалли мушкил намедонад. Ин дар њолест, ки њусиён майле надоранд бо президент Њодї сари мизи гуфту-

мебошанд. Вазорати тандурустии Яман бошад теъдоди њалокшудагонро 597 нафар эълон кардааст, ки 95 тани онњо тифлон ва 60 нафар занонанд. Њамзамон бо ин Салиби сурхи байналмилал гуфтааст, ки аз сабаби ќатъ нашудани даргирињо наметавонад ба осебдидагон кўмакњои тиббї расонад. Тавре арабшиноси маъруф ва яке аз тањлилагарони минтаќа Леонид Исаев чанде пештар гуфта буд, амалиёти њавої ва њатто заминии Риёз ва муттањидонаш мањкум ба шикаст аст, зеро дар кишваре, ки 25 миллион љамъият дорад, шаст миллион силоњ мављуд аст, њамаи сокинон мусаллањанд. Дар Яман он гуна нест, ки ањолї оромона дар хона биншинаду њарбиён тирандозї кунанд. Дар њоли муќовимат њама вориди сањнаи љанг мешаванд. Фирўз МУЊАММАД

Идомаи тавњин ба Пайѓамбар(с) Чаро ѓарбиён њамвора ба эњсоси мусалмонон бозї мекунанд?

ки бино ба гузориши расонањои мањаллї аз баргузории он сокинони Гарленд изњори нигаронї њам карда буданд, чун дар ин амр иддае тањќири арзишњои исломиро медиданд. Њамла ба ширкаткунандагони конфронс осебе нарасонд, ба љуз он ки як корманди пулис бо захми тир ба бемористон интиќол ёфт. Вале ду тан аз њамлаварон ќурбонии ин њамла шуданд. Тавњини Пайѓамбар (с) аз љумлаи тарњњои вижаи исломситезони аврупоист, ки њамвора амалї мешавад. Ќариб њар сол дар рўзи 11-уми сентябр дар Амрико роњиб Терри Љонс Ќуръон месўзад. Вай ин амали худро ќаблан эълон мекунад, то вокунишњо ба бор оянд, то

маќомот аз ў хоњиш кунанд ба хотири љилавгирї аз хашми пайравони Ислом аз ин кораш худдорї кунад, вале вай аз тасмимаш гоње даст мекашад, вале гоњи дигар ба даъватњо эътино намекунад. Ва на танњо худи ў, балки љумла пайравонаш ин гуна амалњои тавњинбарангезро анљом медињанд. Соли 2010 њатто дар як мурофиаи судї судя Стивен Брейер ин амалро муносиб ва мувофиќ ба ќавонайни демократия хонд. Вай гуфт, ки роњиб њаќ дошт ин корро кунад, баръакс монеъ шудан ба амали ў хилофи конститутсияи Амрикост. Дар Њоланд ва чандин кишвари дигар дар марњилањои баъдї чопи карикатурањо ба Пайѓамбари Ислом (с) шуруъ

шуд, ки муљиби эътирозоти сартосарї дар аќсои олам гашт. Вале мутаассифона, тавњин ба муќаддасоти исломї дар ин мамолик љиноят шумурда намешавад. Танњо Русия аввали соли љорї эълон кард, ки аз ин ба баъд чопи њар гуна аксу карикатурањои тавњиномез ба Пайѓамбар (с) ва умуман дину оинро баробар ба амали љиної хоњад донист. Зеро дар Русия беш аз 25 миллион мусалмон зиндагонї мекунанд, ки тањќири Пайѓамбарро тањќири муќаддасоти худ медонанд. Кремл наметавонад ин нуктаи њассосро нодида гирад. Аммо дар ин њама тавњинкорињо зикри нуктаи дигар хеле муњим аст. То ба имрўз ба љуз Эрону чанд кишвари дигари исломї ягон мамлакате ба ин гуна "демократия" шадидан эътироз накардааст. Тавњин ба Пайѓамбар (с) бояд дар сатњи хеле олї баррасї шавад, зеро он бозї ба эњсоси беш аз 1 миллиард сокини Сайёра аст. Чаро яњудиён тавонистанд радди Холокостро љинояти башарї унвон кунанд, вале мусалмонон наметавонанд аз тариќи СММ ќонуни манъи тањќири бузургтарин фарзанди башарро ба тасвиб расонанд? Савол матрањ аст. Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

11

®

Дасти мадади QNET ва Хазинаи RYTHM ба ниёзмандон Њоло дар Тољикистон зиёда аз 125 000 нафар њастанд, ки ба талаботи махсус ниёз доранд. Аз инњо 19000 нафарашон то 16-солаанд ва 1447 нафар њамчун ятим ба ќайд гирифта шудаанд. Тахмин 2505 бача дар 23 таълимгоњњои махсуси гуногун ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мутаассифона, њама ин раќамњои расмианд ва на њамеша њаќиќати њолро баён мекунанд. Зеро на њама бачањо аз ќайд мегузаранд ва на њамаи онњо солњои дароз аз ташхиси табибон мегузаранд. Чунин маълумотњои нопурра боиси пайдо гардидани мушкилот дар ин соња мегарданд. Шумораи ками ин бачањо бо имкониятњои махсус дар мактаб тањсил мекунанд, зеро меъёрњои расмии протсесси тањсил барои ин тоифа донишљўён шароити ќулай ва дастрасро таъмин карда наметавонанд. Бо вуљуди ин волидайни ин бачањо барои њимояи њуќуќи фарзандонашон мубориза мебаранд. Онњо њама корњои аз дасташон меомадагиро мекунанд, то ки фарзандонашон аз тањсил дар канор намонанд ва тањсил дар мактабњои муќаррарї барояшон мушкилї эљод накунад. QNET ва Хазинаи RYTHM якљо бо Анљумани волидони бачањои маъюб (APDC) дар Душанбе њамкории зичро бањри таъмини ояндаи бењтар барои фарзандонашон оѓоз карданд. Маркази рўзона аз љониби APDC моњи марти соли 2006 бо ба назар гирифтани имкониятњои бачањо таъсис дода шуд. Аз сабаби мањдуд будани шароит ва маблаѓгузорї ин созмон дар як њуљраи хурд љойгир шуда, аз љониби падару модарони ин гуна бачањо

трасї ба мактаб дошта бошанд, аз имконоти густарда бархўрдор бошанд, њаёти пурра ва фаъолона мисли дигарон дошта бошанд. Ин ѓоя дар оѓоз аз љониби Намояндањои мустаќили QNET дар Тољикистон, одамони дилсўз ва ба ѓаму мушкилињои мардум шарик пешнињод шудааст.

пуштибонї меёбад, чунки шароити фарзандонашонро аз онњо бењтар дигаре дарк карда наметавонад. Онњо хуб дарк мекунанд, ки фарзандонашон њар рўз бо дањњо мушкилињо рўбарў мешаванд ва метавон гуфт, онњо ќариб ки аз љамъият људоанд. Аз ин сабаб њадафи асосии ин Марказ ин мадад расонидан ба фарзандонашон аст, то ки онњо худро як ќисми људонашавандаи љомеа њис кунанд, мисли дигарон њуќуќ ва дас-

Намояндањои мо дар Тољикистон таъкид карданд, ки барои Марказ муаллимони ботаљриба ва ашёњои ниёзи аввал љиддан намерасанд. Бо мадади QNET онњо имконияти давом додани кори Марказро доранд ва онњо муаллимони пуртаљриба, ки мутобиќшавии бачањо ба муњиту шароити таѓйирёфтаи љомеа мадад ме-

расонанд. QNET аввалин ширкатест, ки ба ин Маркази хурд дасти мадад дароз кард. Ва барои пайдо кардан ва ба кор гирифтани муаллимони ботаљриба ба Марказ ёрии худро дареѓ надошт. Ин мутахассисони баланддараља омўзгорон бошанд, дар навбат худ ба бачањо, ки воќеан муњтољи чунин педагогњоанд, дониши хуб ва баланд бардоштани рўњияи онњо зањмат мекашанд. Њам дар Хазинаи RYTHM ва њам кормандони дилсўзи QNET вазъияти мављударо худ дарк мекунанд, ки бисёр падару модарон њастанд, ки фарзандонашон ба шароиту муњити махсуси таълим ва нигоњубин муњтољанд ва мо мебинем, ваќте ба онњо дасти мадад дароз мешавад ва љигарбандонашон худ мустаќилона ба даст ќошуќ мегиранд ва бе мадади дигарон худ хўрок хўрда метавонад, хушбахтии волидонро канор нест. Зеро иљрои он амали муќаррарї, ки мо бо як мижа задан иљро мекунем, барои бачањои бо имкониятњои мањдуд хушбахтї ба њисоб меравад. Ва муборизаи рўзмарраи онњо ба ин чиз нигаронида шудааст. Аз ин сабаб QNET ва Хазинаи RYTHM бо њам якљоя шуданд, то ки ранљи бачањоњоро кам ва олами онњоро рангину пурмазмун ва бењтар гардонанд. Њоло Хазина ба љамъиятњои мањаллї, созмонњои байналмилалї дар татбиќи рисолати башардўстонаи онњо мадад мерасонад ва њамчунин бо дигар созмонњои ѓайридавлатї ва ташкилотњои хайрия дар тамоми љањон якљоя амали нек мекунанд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

БО ШОИР *** "Бетамизи ин замон мизроби сози олам аст" Бедил Синањо пуроташу чашми сари мо пурнам аст. Зиндагї найрангбозонро бувад бас бо шукуњ, Ранљкашро рўзу шаб андешањо дарду ѓам аст. Ризќу рўзи аз Худованд аст, њар гањ мерасад, Лек њар як луќмаи моро таќозо дирњам аст. Бори њасрат мекашад ин ќалби пурармони мо,

Дар хун нишастаам љон, чун лола аз фироќат, Овањ ѓизоли масти ногањ рамидаи ман. Шўр аст оби чашмам, аз шўрињои ќисмат, Сарви нињоли ќадди инак хамидаи ман. Борони ашки њасрат рўгармиам бишуста, Эй талъати мунири рўят надидаи ман. Аз бўйи навбањорон љон бар танам фузуда, Эй накњати гуворо умре шамидаи ман. Эй дур рафтаи ман, аз мо бикун ту њам ёд, Шояд чу субњ ойї ин дам ба дидаи ман.

Тўтинисо "Дарёи хаёлему наме нест дар ин љо". Бедил Бо ёди нишотему ѓаме нест дар ин љо. Њамвора хаёли ту ба дил роњ гирифта, Љуз доѓи ту дар дил аламе нест дар ин љо. Ѓафлатзадагони рањи умрем ба гетї, Дар мо њаваси бешу каме нест дар ин љо. Ойина бувад довари њаќгўи дили мо, З-ин довари њаќгў ќадаме нест дар ин љо. Афтодаву ранљур зиёд аст дар ин давр, Аллох,мададе кун караме нест дар ин љо. Аз хоки сияњ ќомати боло, ки кашид сар, З-ин ќиммати одам раќаме нест дар ин љо. Табъи дили мо рўз набошад дар ин умр, Аз умри гузаша ќаламе нест дар ин љо. *** Дилам имрўз мехоњад, туро бисёр, эй Модар, Дигар аз ѓурбати дунё шудам безор, эй Модар. Тамоми шаш љињатро дарду ранљу ѓусса мебинам, Парида аз ду чашмам хоб, ман бедор, эй Модар. Дигар он њарфњои беѓамии ман намехонї, Кунун њарфу њиљои ман њама ѓамбор,эй Модар. Бубинам мардуми сарсони ѓампечидаи нодор, Бигирям ман ба њоли мискину афгор , эй Модар. Хазорон тобути шањмардњо сўйи ватан рафта, Яке бесар,дигар бетан чи дахшатбор, эй Модар. Сари пурдарди худро бар сари зонуи ту хоњам, Намебинам муњаббатро, њама љо хор, эй Модар. Набинњодам ба рўйи марќадат гулдастаи зебо, Худат медонї, ман бўйи ватанро зор, эй Модар.

Бишин ба љонамозу аз самими дил дуое бахш, Ба њоли мардуми афтодаву бемор, эй Модар. *** Дар сина андуњи гарон, шукронањо андар забон, Бар хештан ранље дињї, бегонањоро мењрубон. Розу ниёзамро басе ман сафњагардон мекунам, Манзумањои ќимати ќалби маро боре бихон. Ин кўчањои. шањри Рус гарчи ќашанганду вале, Гармї намебахшад маро монанди даймоњу хазон. Аз хештан дурему дур, ойини исломи футур, Санги даруни синаро аз чашмњо сози нињон. Дар мушкилоти дўстон чашму дари дил бастаї, Аз осмони чашми ман бингар фуруѓи ахтарон. Дар кулбори умри мо ѓамњои дил беш асту беш, Дар орзуйи зиндагї мойем умре саргардон. Ганљи парешон гаштаем дар љорсўйи зиндагї, Оне ки мебинад маро бо дидаи гавњарфишон. Бар хеш созем инќилоб, рўй оварем бањри савоб, Аллоњ мададгорї кунад, бахшида моро ў тавон. Гар ишрате дорам фузун аз њаљри ёрони азиз, Ин зиндагї, Тутинисо, якумр будаст имтихон.

*** "Чї дорад кас гар эњсоне надорад'". Бедил Мусулмонасту имоне надорад. Чи бок аз марди тарсуи гурезон, Вафодории њайвоне надорад. Њазар аз ањли бедарду риёљў, Ба сина доѓи сўзоне надорад. Хаёли хуш њама андар сари мо, Њаёти хуш, ки имконе надорад. Сари Тутинисоро турфа савдо, Чи чора мушкилосоне надорад.

Талхии дунё чашидан умрро бешу кам аст. Аз барои иззу љоњ сар хам намесозем мо, Пеши соњибдил сари болои мо доим хам аст. Гар навойи зиндагї айш асту гоње ранљу дард, Хоку боду обу оташ аз азал зидди њам аст. Бањрабардорон парастанд ин љањони фониро, Лек бањри мо љањон бебањра як дори ѓам аст.

ШОХАИ ПУРБОР Ба устод Сайидалї Маъмур Шохаи пурбор њастї, шохаи бишкаста не, Ошиќи саршор њастї, ошиќи дилхаста не. Дўст дорам табъу завќи маънии гуфтори ту, Сад дари дил рўйи ту боз асту асло баста не. Харфи љонбахши ту дар дил Нури Имон оварад, Лек аз ѓамхои дунё ќалби ту вораста не. Сатрњоят мебарад бар кўчаи одамгарї, Њикмати ашъори рангинмаъният сарбаста не. Хуни Афшинњои фарзон љорї дар шарёни ту, Дар ватанхоњї касе чун ту зи љонаш раста не. Пири маъни Сайдалии шоири ширинсухан, Њамчу ту дар маснади тахти сухан биншаста не. Шод бошу шод зї,эй шоири фархундапай, Яккабоѓи нозанин бе номи ту барљаста не. *** Ёдат хамекунам боз,эй баргузидаи ман, Эй маќдамат хамеша болои дидаи ман.

ЊАМНАВОИ МАВЉИ БАЊР Дар канори сабзи бањри беканор, Хамнафас бо ќоќую садбарги тар. Соате,ки бо ту будам рў ба рў, Мењр буд тобанда дар болои сар. Хамнавойи мурѓакони шохсор, Лахзае њамдарду њамово будем. Ханда гул мекард дар лабњои мо, Зиндагиро ошиќи шайдо будем. Бо тароват,тозарўву дилписанд, Њарфњо аз ќаъри дил рўйида буд. Њар каломат буд бањри ман китоб, Масканаш дар синаву дар дида буд. Кошки ин лањзањои дилнишин, Ибтидое дошту не интињо. Хоњамат бар ту муроди зиндагї, Ту бароям бебањои бебањо.

МАРДИ ТАНЊО Дареѓо, ки бинои мењру ишќат, Ба дасти хештан вайрона кардї. Ба њукми тираакливу забунї, Азизи хешро бегона кардї. Бањори умри ту дигар наояд, Хазони умр мечинї ту танњо. Шабона кулбаи сарду тихиро, Ба шамъи ёди кї мебахшї оро. Ѓуруби умр туро андар камин аст, Дами пирии худ дилсўз кобї. Азизонат зи ќалбат карда берун, Зи бегона азизи дил наёбї. Бидон, ки зиндагонї нест ишрат, Такопую талошу љустуљў аст. Барои бахту фирўзии тифлон, Кашидан ранљњо ин орзу аст. Ту ин тифлони маъсуму ѓаминро, Ба холи хештан мондиву рафтї. Гузашта рўзу моњу солњое, Калон гаштанд ин тифлон ба сахтї. Туро чашмони мењрат кўр буда, На рањме кардиву на мењр додї. Њаёти тифлии тифлони хубрў, Пур аз ѓам буду холї буд зи шодї. Кунун танњої ту, бо њоли афгор, Туро на дўсту не ёри ѓамхор, Сарат хам кун ба даргоњи Илоњї, Намо аз кардањоят тавба бисёр.


ОЛИГАРХ Додгоњи Австрия дархости ИМА барои истирдори Дмитрий Фирташ, олигархи украиниро рад кард. 30-юми апрел судя Кристоф Бауэр, раисикунандаи мурофиаи додгоњї гуфт, ки ИМА барои асоснок будани даъвояш санадњои эътимодбахше пешнињод накардааст, инчунин ин ќазияро сиёсї номида, ба Фирташ иљозат дод, ки метавонад њудуди Австрияро низ тарк кунад. Дмитрий Фирташ миллиардери украинї њамкори соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик Зайд Саидов мебошад, ки дар Тољикистон низ молики чанд корхонањои саноатї буд. Миллиардер Фирташ моњи марти соли 2014 дар шањри Вена бо дархости Бюрои Федералии истихборотии ИМА боздошт шуд, вале баъди чанд рўз бо гарав ба мабла?и 125 миллион евро озод гардид. ИМА Фирташро ба таъсиси гурўњи љиної ва ришваситонї муттањам мекунад. Хадамоти истихборотии ин кишвар мегўяд, миллиардери украинї њукуматдорони Њиндро бо ришва харидааст, то истихрољи титан дар ин кишвар ба ў ихтисос дода шавад. Тибќи иттилои вазорати молияи ИМА соли 2006 Фирташ ба мансабдорони Њинд 18,5 миллион доллар додааст, то истихрољи титан дар штати Андњра-Прадешро аз худ кунад. Дар мурофиаи додгоњї президенти собиќи Украина Леонид Кучма, вакилони Радаи олии ин кишвар аз блоки мухолифони њукумат Юрий Бойко ва Сергей Левочкин, вакили собиќи парламон Инна Богословская ва дар шакли иртиботи ?оибона шањрдори Киев Виталий Кличко низ пурсида шуданд. Фирташ гуфтааст, ки парвандаи ў сиёсї мебошад, зеро дар маъракаи интихоботии солњои 2009-2010 миллиардер аз номзадии Виктор Янукович њимоя карда буд, вале дар интихоботи ахир вай аз Порошенко ва Кличко пуштибонї намуд, на аз Тимошенко. "ИМА мехост аз боздошти Фирташ ба манфиатњои худ истифода кунад",-гуфт ў. Ин дар њолест, ки Кличко дар љараёни пурсиш изњор дошт, ки вакилони мудофиаи миллиардер мехоњанд бо њар роњу восита

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

13

нањои кишвар ба ў, 20% ба давлат ва 5% ба Зайд Саидов тааллуќ дорад. Дар пайи ќазияи сиёсии ахирї ва ба 26 соли зиндон мањкум шудани рањбари Њизби сабтиноманашудаи "Тољикистони нав", бо њалномаи Суди иќтисодии вилояти Хатлон тобистони соли гузашта, пурра ба фоидаи давлати Тољикистон мусодира шуд. Ин корхонаи нодир ва муњимтарини Тољикистон, ки имкони таъмини тамоми соњаи кишоварзии мамлакатро бо нурињои минералї дорад, бинобар ќатъ шудани интиќоли газ аз љониби Ўзбакистон аз кор бозмонда буд. Коршиносон њадс мезаданд, ки аз кор бозмондани он дар солњои аввали 2000-ум бо ташаббуси худи Дмитрий Фирташ сурат гирифта, ба манфиати гуруњи корхонањои кимиёияш дар Ўзбакистон рабт дорад.

Австрия талаби ИМА барои истирдоди Фирташ - шарики кории Зайд Саидовро рад кард ба ин парванда љомаи сиёсї пўшонанд. Баъди эълони њукми суд Фирташ хабар дод, ки ќасд дорад ба Укроин баргардад, вале санаи бозгашташро даќиќ эълон накард. Зарфи чанд соли охир Дмитрий Фирташ соњиби сањмияњо дар саноати энержї, кимиёвї ва титан дар аврупои Марказї ва Шарќї шуда буд. Корхонањо ва ширкатњои вай дар Украина, Австрия, Маљористон, Олмон, Италия, Кипр, Тољикистон, Швейсария ва Эстония фаъол буданд. Њамзамон бо ин, дар Украина Фирташро одами Маскав медонанд ва як силсила даъво њам ба ў доранд. Аз љумла сарвазири Украин Ясенюк гуфтааст, ки ширкати Фирташ, ки як ширкати аслии газрасон барои ин кишвар буд, ба буљаи Украин хисорати калоне ворид кард, ки болотар аз чањор миллиард доллар аст.

Дар ин росто, дар Украина ширкати телевизионии мансуб ба Фирташро ба напардохтани андоз муттањам мекарданд. Худи миллиардер парвандањояшро супоришї ва сиёсї медонад. Дар Тољикистон исми Фирташро парвандаи соњибкор ва сиёсатмадори зиндонї Зайд Саидов раоснаї кард. Дар пайи ќазияи пурсарусадои Зайд Саидов гуфтанд, ки сањмияњои корхонаи дўзандагии ЉСП "Гулистон"-и шањри Душанбе 95% ба Дмитрий Фирташ ва 5%-и дигараш ба Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов тааллуќ доштанд, ки пас аз зиндонї шудани Зайд Саидов Суди иќтисодии Тољикистон тирамоњи соли 2014 онро пурра ба баланси давлат гузаронид. Инчунин, гуфта мешуд, ки 75%-и сањмияњои "Тољиказот" аз нодиртарин корхо-

Феълан, тибќи санадњо, ин 75 дарсади сањмияњои ин ширкат њанўз њам ба њамсари собиќи Фирташ тааллуќ дорад ва бинобар ин аз доираи манфиатњои гурўњи тиљоратии соњибкори укроинї дур мондааст. Нашрияњои русї навишта буданд, ки њамсари Фирташ, њанўз њаќќи даъворо ба сањмияњои ин ширкат дорад ва бо даст додани имкон метавонад аз њукумати Тољикистон домангир шавад. Дмитрий Фирташ, ки бинобар иттилои расонањо аз беш аз 3 миллиард доллар сармоя дорад, аз љумла корхонаи нурињои азотии Вахш - "Тољиказот"- дар шањри Сарбанди вилояти Хатлон, корхонаи "Абрешими Хуљанд" ва корхонаи дўзандагии "Гулистон"-ро дар шањри Душанбе харидорї карда буд.

Умари ТОЊИР

Фаромарзи ФОЗИЛ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

ОЁ БЕ ИЉОЗАТНОМА ШИШАИ АЌИБИ МОШИНАМРО СИЁЊ КАРДА МЕТАВОНАМ? - Оё ман бе гирифтани иљозатнома аз Раёсати БДА ВКД ЉТ ё аз шуъбаи БДА-и мањалли зист метавонам шишаи аќиби воситаи наќлиёти шахсиамро сиёњ кунам? Ё барои сиёњ кардани он њам иљозатнома гирифтан лозим аст? Сафармад ШОКИРОВ, сокини шањри Душанбе - Тибќи талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14-уми январи соли 2014, тањти №6 "Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба баъзе ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, истифодаи воситањои наќлиёт бо шишањои сиёњу хира, ойинагї, пардањои пањлўї ва яклухти аќиб, ки дар сохтори воситаи наќлиёт аз тарафи заводи истењсолкунанда пешбинї нашудааст ва ба талаботи стандартњои давлатии Љумњурии Тољикистон мутобиќат намекунанд, манъ аст. Истифодабарии автомобилњо бо шишаи оќиби сиёњкардашуда бе иљозатномаи дахлдор, манъ аст. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ЧАРО? ЛАТИФА Ду маст дар роњи оњан хазида рафта истодаанд: - Ин ќадар зинапояи дароз будааст, -мегўяд яке. - Њељ гап не, аз ќафо лифт омада истодааст, мегўяд дигарї. *** Зани Афандиро ѓоратгарон ба гаравгон гирифтанд. Ангушташро бурида назди Афандї оварданд, то занашро шинохта, ба онњо гаравро пардохт кунад. Афандї гуфт: Аз ин ангушт ман чиро мефањмам? Сарашро биёред.

ЧАРО МОЊИПАРВАРИИ ВАТАНЇ РУШД НАДОРАД? - Тайи солњои охир ба осонї дар дилхоњ "супемаркет" - у нуќтањои савдои љумњурї моњињои яхкардашудаи хориљиро ёфтан мумкин аст. Аммо мутаасифона, моњињои тару тозаи ватаниро не. То поёни рукуди СССР моњии зиндаи ватаниро бо мошинњои махсус ба маѓозањои хўрокворї меоварданду мардум харидорї мекарданд. Алњол ин тавр нест! Њама љо моњии яхкардашудаи хориљї пур асту моњии тару тозаи ватанї нест. Чаро парвариши моњии ватанї рушд надорад? Чаро ба эњёи дубораи ин соњаи даромаднок азм намекунем? Наход ба мисли даврони СССР моњии зиндаро дар маѓоза ба фурўш гузоштан имкон надошта бошад? То ба кай соњаи моњипарвариро дар рукуд нигоњ медорем?! Муслима АБДУЛЛОЕВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Дар доираи барномаи давлатии рушди моњипарварї, хољагињои дењќонии моњипарварї (ба ѓайр аз 8 адад хољагињои калони моњипарварї) ба192 адад расид, ки масоњати умумии онњо 6 њазору 918 гектар ва масоњати њавзњои моњипарварї 2 њазору 903 гектарро ташкил медињад. Дар доираи амалишавии Барнома дар хољагии давлатии моњипарварии "Норак-Бойѓозї" - и шањри Норак усули нави парвариши моњї бо технологияи њозиразамон барои парвариши гулмоњї дар ќафас ташкил карда шуд. Дар ноњияи Рудакї соњибкорони мањаллї бо сармоягузории шањрвандони Љумњурии исломии Эрон хољагии гулмоњипарварї таъсис доданд. Хољагии мазкур бо технологияи нави моњичатавлидкунї ва парвариши гулмоњї таљњизонида шудааст.Чунин хољагї дар дараи Ромит бо иќтидори 150 тонна моњии молї дар як сол таъсис дода шуд. Айни замон дар миќёси љумњурї 5 адад хољагињои гулмоњипарварї бо технологияи замонавии парвариши гулмоњї фаъолият менамояд. Барои тоза намудани хуни моњињои дар љумњурї парваришёбанда дар давраи солњои охир берун аз марзи љумњурї 5 намуди моњињо, аз љумла гулмоњї, заѓорамоњї, пешонипањми сафеду ало ва амури сафеду сиёњ ворид карда шуда, парвариш мешавад. Умуман њоло дар љумњурї 5 - технология замонавии парвариши гулмоњї амал менамояд. Технологияњои мазкур бо љалби мутахассисони эронї аз ИМА, Олмон ва Эрон ба љумњурї ворид карда шудаанд. Нисбати саволи ироакардашудаи Шумо гўё, ки айни њол дар фурўшгоњњо моњии ватанї ё моњии зинда нест, њаминро гуфтанием, ки он дур аз воќеият аст. Аз соли 2012 то инљониб дар бозору маѓозањои шањри Душанбе шумораи нуќтањои фурўши мањсулоти моњї зиёд гардид. Дар бозорњои "Фаровон", "Сарњадчиён", "Мањаллаи 33", "Ќарияи Боло" ва мањаллаи 82 аз тарафи КВД - и "Моњии Тољикистон" маѓозањои сайёри (аквариум) фурўши моњии зинда ташкил карда шудааст. Чунин маѓоза аз тарафи ЉДММ "Гулмоњї" - и ноњияи Рўдакї дар мањаллаи "Комбинати гўшт" низ амал мекунад. Аз тарафи соњибкорон бо мувофиќа бо КВД - и "Моњии Тољикистон" дар бозорњои "Шоњмансур", "Сафариён" ва "Сомониён" нуќтањои фурўши мањсулоти моњї ташкил карда шудаанд, ки аз ин љо метавонед моњињои тару тозаи ватаниро харидорї намоед. Мутобиќи маълумоти КВД - и "Моњии Тољикистон" дар семоњаи соли 2015 дар миќёси љумњурї 8 адад хољагињои калон ва 192 адад хољагињои дењќонии моњипарварии амалкунанда 255 тонна моњии молї истењсол намудаанд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 60 тонна зиёд аст. Ба саволи Шумо аз Вазорати кишоварзи Љумњурии Тољикистон посух доданд.

*** Марде ба радио телефон карда мегўяд : - Инљо радио? - Бале. - Имрўз ман дар кўча $5000 ёфтам! Илтимос ба њамон одами пул гумкардагї як суруди Њољї Афзалшоњ - "Чавони рафт" - ро мемондед, таскини дилаш мешуд шояд… *** Амакљон чанд фарзанд доред ва онњо чи кораанд? - Чор писар дорам. Писари калониам инжинер аст, донишгоњи техникиро хатм кардааст. Ду писари дигарам иќтисодчианд. - Писари хурдиатро нагуфтї, чи кора аст? - Писари хурдиам танбал аст, донишгоњ нахонд, фаќат муњољират мераваду халос. - Пас чаро ўро аз хона нарондед? - Охир, ў моро мехўронад, чунки ману акањояш дар хона бекорем.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

ЧАРО? ЧАРО КУЊНАБОЗОРИ НАЗДИ ВОКЗАЛИ РОЊИ ОЊАНРО БАСТАНД? - Њар њафта рўзњои шанбеву якшанбе аз субњ то нисфирўзї дар тарафи чапи пули вокзали роњи оњани шањри Душанбе бозори куњнафурўшон амал мекард. Аксари солхўрдагону нафаќагирон ва миёнсолону љавонон куњнаколои худро дар ин бозор ба фурўш мегузоштанд. Бояд гуфт, ки њамаи ин ашхоси дар боло зикршударо зарурат маљбур мекард, ки ягон чизи нозарури худро оварда ба фурўш гузоранд, то каме њам бошад зиндагиашонро аз ин њисоб гардон кунанд. Дар бозор аз ќисми эњтиётии ќаблан истифодашудаи мошин сар карда, то либосвориву техникаи маиширо мефурўхтанд. Албатта, 95 дарсади чизњои мефурўхта куњна буданд. Танњо 5 дарсади молу ашёи савдогарон нав буд. Мутаасифона, ба ин куњнабозор чашм расид ё намедонам мављудияташ ба кадом соњибмансаби ноњияи Шоњмансур нафорид, ки зиёда аз 1 (як) моњ мешавад, ки кормандони милитсия мардумро намемонанд, куњнаколоашонро дар рўи замин пањн кунанд. Хайр љавонону миёнсолон як навъе карда, аз дигар љо ризќу рўзиашонро пайдо мекунанд. Аммо ин бечорањои солхўрдаву нафаќагирон чї кор мекарда бошанд? Магар бо 150 - 200 сомонии пули нафаќа рўзгорашонро саришта карда метавониста бошанд? Дар давраи њамин буњрони иќтисодї аз њаќќи фурўш мањрум кардани ин ашхоси солхўрда магар аз рўи инсоф буд. Ё масъулин ба фурўш гузоштани молу ашёи куњнаро айб медонанд? Фаришта ИБОДОВА, сокини шањри Душанбе

БА ЉОИ 09 ШУМОРАИ 3040 БАРОИ ЌИШРИ ОСЕБПАЗИРИ ТОЉИКИСТОН - Дар Тољикистон барои расонидани машваратњои њуќуќии ройгон ба табаќањои осебпазир хатти телефон ба кор даромад. Ин тасмим бо ташаббуси якљояи Вазорати адлияи Тољикистон, бахши тољикистонии ташкилоти "ХЕЛВЕТАС - Свисс Интеркорпорейшн" ва Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказї - Тољикистон рўи кор омада, иртиботњо бо шумораи 3040 имконпазиранд. Занг задан ба ин шумора(3040) ройгон буда, ба зангњо мутахассисони њуќуќшинос - машваратчиён, ки бо њама таљњизотї техники таъмин њастанд, љавоб мегўянд. Мутахассисон ба масъалањои њуќуќї - оилавї, мерос, масъалањои замин, њуќуќи маъмурї ва самтњои асосии фаъолияти Вазорати адлия ва сохторњои он дар давоми рўзњои корї аз соати 08:00 то 17:00 машваратњои њуќуќї мерасонанд. Маркази операторї дар бинои Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон љойгир аст. Махфияти мурољиати телефонї барои шањрвандоне, ки арзу хоњиш оид ба масълањои њуќуќї доранд, кафолат дода мешавад. Фаъолияти хатти телефонї аз тарафи ташкилот - шарикон Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказї - Тољикистон ва "ХЕЛВЕТАС - Свисс Интеркорпорейшн" маблаѓгузорї карда мешавад. Аз оѓози соли 2016 фаъолияти хатти телефонї ба Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон хоњад гузашт ва њамоњангсозии он аз љониби ин нињод сурат мегирад. Фаъолияти хатти телефонї аз тарафи тамоми операторњои мобилї ки ба стандартњои GSM дар Тољикистон љавобгў њастанд, дастгирї ёфта, тарофањои имтиёзнок барои пайвастшавї пешнињод намуданд.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №6 (439), 6. 05. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Хунза ќавме, ки пириву бемориро намедонад Ва ба њисоби миёна 120 сол умр мебинад! Дар тўли садсолањо ва то имрўз як нафар њам ба касалии саратон гирифтор нашудааст! Ва мувофиќ ба назари баъзе олимон хунзањо ба миллати мо таърихан наздик мебошанд. Ин кишварест, ки дар он на полис њасту на мањбас! Моњи апрели соли 1984 як нашрияи Њонконг маќолаи аљибе чоп карда буд. Як марди хунза бо номи Саид Абдулло Мобуд ба Инглистон сафар кард. Дар фурудгоњи машњури Њитроу дар њайрат афтоданд, ваќте акаи Саид Абдулло шиносномаашро ба онњо дод. Зеро дар он сабт шуда буд, ки дорандаи он паспорт соли... 1823 таваллуд шудааст ва дар он замон ў 161 сол умр дошт. Соли таваллуди акаи Саид боиси гуфтугўи зиёд гардид ва бисёрињо бовар њам намекарданд. Пас аз ин воќеаи њайратовар олимон барои тадќиќот ба кишвари Хунза рафтанд. Хунза дар ќарибии сарњади Покистон, Њиндустон ва Тољикистон љойгир шудааст. Ба як ќавле ин ќавм аз боќимондаи сарбозони Искандари Маќдунї ва бо назари дигари олимон аз кўчињои бохтариён, яъне, аз аљдоди мо таркиб ёфтааст. Чењраи онњо бештар ба аврупої монанд аст. Дар бораи сирри дарозумриашон хунзањо њикоятњои аљоиб мекунанд. Онњо мегўянд, асоси дарозумрї ин пеш аз њама њаракат ва зањмати љисмонї аст. Аксари ин мардум хеле боѓайрат ва зањматдўстанд. Барои онњо рўзон то 200 км роњ гаштан ба монанди барои мо дар гирди хона ќадам задан будааст. Барои як хабарро расонидан онњо метавонанд аѓбањои баландро паси сар карда, боз ба хонаашон бардаму хушњол баргарданд. Мардуми Хунза њамеша кайфияти хуб доранд ва бисёр механданд,

њатто гурусна бошанду њаво низ сард, онњо њаргиз зиќ ва ё асабї намешаванд,ба якдигар хархашаву кашмакаш ва шикоят намекунанд. Яке аз олимони инглис, ки ба кишвари Хунза рафта буд, пас аз бозгашт ба олим Р. Бирхер дар китоби худ "Хунза халќест, ки чї будани бемориро намедонад" дар бораи ѓизои онњо навиштааст: - Хунза гўштро кам истеъмол мекунад ва одатан баробаи куштан њамон замон гўштро пўхта мехўранд ва захира намекунанд; - Аксар ѓизоашон хом истеъмол мегардад; - Дар хўроки рўзмарраашон сабзавот ва мева афзалият доранд; - Ѓизоашон табиї буда, њеч гуна коркарди кимёвї намешавад; - Ширинї ва шароб ќариб ки истеъмол намешаванд; - Хўрокашон танњо дар заминњои худашон парвариш меёфтааст; - Одатан аз аввали бањор онњо ба муддати то се моњ рўза медоранд. Дар муддати рўза онњо фаъолияти мењнатиро мањдуд намекунанд. Дар тобистон хунзањо бисёртар зардолу истеъмол мекунанд. Дар таркиби хўрокворињояшон орди сафеду ќанд нест. Одатан онњо худ гандуму дигар сабзавотњоро месабзонанд ва ордашонро аз сабус људо намекунанд. Мардуми хунза то садсолагї куњбарої, кор ва занњояшон то 65-солагї таваллуд мекунанд. Дар як сол то 10 моњ дар њавои соф зиндагї мекунанд. Онњо ду бор хўрок мехўранд: нимарўзї ва шом. Аммо бачањояшон се бор тановул доштаанд. Сигарет намекашанд. Олими англис Мак-Кэрисон пас аз бозгашт аз Хунза таљрибаи аљиб гузаронид. Ў њазор мушро ба се гуруњ таќсим намуд: "Вайтчепел" (ноњияи Лондон), "хунзањо" ва "њиндуњо". Аммо гуруњи "Вайтчепел" њамон хўрокеро мехўрд, ки мардуми Лон-

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилии Тољикистон: - Давлату њукумати Тољикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян накардааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иљозатнома эњтиёљ њам надорад. - Ин тавр, ки бошад, аз куљо фањмидед, ки ночиз будааст. Андози калон таъйин кунед, кори хирс тамом!

Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ, раиси Пажуњишгоњи рушди маорифи Тољикистон: - Агар ихтиёрро ба кўдак гузорем, ў бозиро ихтиёр мекунад, на хонданро. Бузургворе хуб гуфтааст, ки агар дуои кўдакон мустаљоб мегардид, ягон муаллим зинда намемонд. - Дуои кї мустаљоб шуд, ба Худо маълум, лекин маориф аз афташ зинда намемонад. Абдуќодир РУСТАМ, нависанда: - Ин бадбахтиро бибинед, ки њатто дар Муѓулистон (!) нисбат ба Тољикистон бештар китобу рўзнома мехонанд!

дон истеъмол (нони сафед, мураббо, гўшт, консерв, тухм ва ѓайра) мекарданд, таносубан "хунзањо" ва "њиндуњо" ѓизоњои мардуми худ тановулмекардаро нўши љон мекарданд. Ин се гуруњ дар як хел шароит нигоњ дошта мешуд. Натиљаи ин таљриба нишон дод, ки "Вайтчепел" -њо ба њамаи касалињо гирифтор шуданд, ба замми ин намояндањои ин гуруњ њамеша асабї ва љангара буданд ва мушњо якдигарро мекуштанд ва мехўрданд, аммо "хунзањо" ва "њиндуњо" дар рафтор ба монанди мардуми њамномашон буданд. Махсусан, "хунзањо" ором, пурра сињату саломат, шўх ва хандон буданд. Ин маънои онро дошт, ки ѓизо дар комил шудани шахсияти инсон наќши асосї мебозидааст! Њамчунин ѓизо метавонад одамони сињатро бемор гардонад!

- Бадбахтиро бинед, ки ба ѓайр муѓулистон дигар кишваре барои муќоиса намеёбем. Юрий ЛОЗ, карикатуристи маљаллаи "Шарли Эбдо": - Аз ин пас дигар аз Паёмбари Ислом карикатура намекашам. - Гап-гап буд, ки худро ба дор кашидан мехоњед... чї шуд?

Љумъабой САНГИНОВ, собиќ муовини аввали раиси вилояти Суѓд: - Барои мансабдор ин нињоят муњим аст, то аз сўистифода аз мансаб худдорї карда, барои пешбурди манфиатњои миллию давлатї љањду талош кунад. - Суханњои зебо! Њоло инро танњо аз нафаќахўрон шунидан мумкин аст.

Ватаншо МИРЗОЕВ, мудири беморхонаи "Маркази саломатї"-и дењаи Савнаби ноњияи Рўшон: - Дар асри техника ва интернет чароѓи бобоии керосиниро истифода мебарем. Шўравї њатто ба мо барќ гузаронида натавонист, аммо тавассути чархбол беморонро ба маркази ноњия ё вилоят сари ваќт интиќол медодем. - Саросема нашавед, Роѓунро месозем. Соли 2018 ё 2019, насиб...

Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: -Баробари анљоми табобат ва сафарњо њатман бармегардам ва љашни Вањдати миллиро дар Ватан пешвоз хоњам гирифт. - Насиб гўед, насиб гўед, домулло. Насиббббб.... Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.