Нигох №07 (440).Чоршанбе, 13-уми майи соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

1

Чор истеъфои Иззатулло Њаёев №7 (440). Чоршанбе, 13-уми майи соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МИНТАЌА

"Иттињоди путинї" Тољикистон чаро таъхир мекунад? САЊИФАИ 6

СИЁСАТИ КАЛОН

"Чин девона нест" Русия ба Шарќ хеле ба мушкил рўбарў мешавад

Рухсатї ё Сурия Сардори ОМОН - и ВКД куљо шуд?

САЊИФАИ 10

ПУРБИН

Ќиссаи фирорї шудани Мирзодиккак САЊИФАИ 16

Файзободи эксперементалї


МУАММО

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

2

Ду њафта мешавад, ки овозаи ѓайб задани сардори ОМОН - и вазорати корњои дохилии Тољикистон њама љоро гирифта, аммо маќомот расман дар ин бора шарње намедињанд. Бино ба хабарњо, Гулмурод Њалимов, сардори Дастаи таъйиноти махсус ё ОМОН - и ВКД-и Тољикистон ќариб ним моњ мешавад, ки ѓайб задааст ва мањалли будубоши ў маълум нест. Бино ба иттилои дарёфтї, маќомот силоњ ва њуљљати полковники милитсияро дар њуљраи корї ва сабукравашро дар њудуди шањри Душанбе пайдо кардаанд. 11 май манобеъи ољонсии "Озодагон" дар ВКД хабари ѓайб задани Гулмурод Њакимовро дурўѓ хонданд ва изњор доштанд, ки "ў гум нашуда, балки дар рухсатии мењнатї дар Туркия ќарор дорад". Аммо ин гуфтугузорњо низ дар шабакањои интернетї чарх мезаданд, ки Њалимов гўё дар роњ ба Сурия пайвастан ба "Давлати исломї" аст. 12 май ољонсии "Азия плюс" ба наќли ќавл аз манобеъи худ дар маќомоти ќудратї ва наздикони сардори ОМОН хабар пахш намуд, ки ваќтњои охир Гулмурод Њалимов шефтаи аќидањои "Давлати исломї" ё ДОИШ шуда буд. Бино ба ин манбаъ, Гулмурод Њалимов "як тими 10 - нафараи иборат аз сокинони Тољикистонро, ки аксаран бекоранд, танзим намуда, 1 май ба Маскав парвоз кард. 2 май ўро дар фурудгоњи Шереметево дидаанд". Бино ба ин манбаъ, барои њар як сарбози кироя ба полковники тољик пули њангуфт ваъда кардаанд.

Њалимов кист? Гулмурод Њалимов, полковники милитсия, сардори Дастаи таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корњои дохилии Тољикистон, 14-уми майи соли 1975

ГУЛМУРОД ЊАЛИМОВ, САРДОРИ ДАСТАИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ ВКД-И ТОЉИКИСТОН БО ЭМОМАЛЇ РАЊМОН

соддалавњие беш нахоњад буд. Дигар, њељ як нињоди солим мањз сардори ОМОН, як масъули расмии худро "барои нобуд кардани мухолифинаш" намефиристад. Агар ин гуна ният дошта бошад њам, афроди аслан номаълумро эъзом мекунад, ки онњоро касе нашиносад. Дар ќиёс бо ин фарзияи ба Сурия рафтани сардори ОМОН, дурусттараш, ба сафи гуруњи "Давлати исломї" пайвастани ў метавонад бештар сињат дошта бошад, зеро барои кишварњои хориљї ва сармоягузорони љанги Сурияву Ироќ эъзоми фармондењи як нињоди хеле муњими низомї, ки рисолаташ љанг бо терроризм аст, ин як шеваи муассири таблиѓ метавонад бошад. Ин аз як љониб дар

Рухсатї ё Сурия

Сардори ОМОН - и ВКД куљо шуд? дар ноњияи Вароб таваллуд шудааст. Маълумоти олии њуќуќї дорад. Тољик. Бино ба маълумоти ѓайрирасмї, аз 26 сентябри соли 1996 дар сафи милитсия кор мекунад. Дар ин муддат дар ОМОН - и ВКД тирандоз ё снайпер, тирандози аршад, муовини сардори шуъбаи 2, сардори шуъбаи оперативии 2, сардори ротаи 2, муовини сардор буд. Аз моњи марти соли 2012 сардори ОМОН аст. Соли гузашта унвони полковникиро гирифтааст. Дар бораи ин, ки ў як љанговари ботаљрибаи вазорати корњои дохилї буд ва корнамоињои зиёдеро низ анљом додааст, огањони њол зиёд мегўянд. Мавсуф дар амалиёти Та-

вилдара дар соли 2009, ки зимни он Мирзо Зиёев, собиќ фармондењи ИНОТ (Иттињоди неруњои оппозитсиони тољик), вазири њолатњои фавќулоддаи Тољикистон кушта шуд ва њам амалиёти Рашт дар солњои 2010 - 2011, ки ду фармондењи собиќи ИНОТ -Алоуддин Давлатов (Алии Бедакї) ва Мулло Абдулло (Абдулло Рањимов) - ро аз миён бурд, аз љанговарони калидии њукумат дар сафи ОМОН ба њисоб мерафт. Дар амалиёти Тавилдара аз миён бурдани Неъмат Азизов, фармондењи тањти фармони Мирзо Зиёевро мањз ба Гулмурод Њалимов рабт медињанд, ки он замон тирандози аршади ОМОН буд. Ў барои хизматњояш бо ордену медалњо њам сарфароз шудааст.

"Вазифаи махсус" Инак, сардори ОМОН дар рухсатї дар Туркия аст, ё аллакай дар Сурия ќарор дорад ва дар сафи ДИИШ мељангад? Ба ин, ки сардори ОМОН дар Туркия аст, бештар аз маќомот мухолифини њукумати Тољикистон бовар доранд. Аз љумла яке аз аъзои "Гуруњи 24" дар блоги худ навишт, ки Гулмурод Њалимовро њукумати Тољикистон "барои

анљоми вазифаи махсус - нобуд кардани аъзои ин гуруњ ва дигар созмонњои мухолифи давлат" ба Туркия фиристодааст. Ба ќавли ў, Гулмурод Њалимов бо шиносномаи ќалбакї аз Маскав ба Туркия парвоз кардааст. Дар яке аз баррасињои интернетї Шарофиддин Гадоев, рањбари "Гуруњи 24" њам навишт, ки аз омадани сардори ОМОН - и Тољикистон ба Туркия маќомоти ин кишварро дар љараён гузоштаанд.

"Љињод" Далели њузури Њалимов њам дар Туркия ва њамчунин Сурия њанўз ба даст наомадааст. Аммо дар ин њама баррасињо суоли муњимтарин "Гулмурод Њалимов воќеан барои иљрои "вазифаи махсус - нобуд кардани мухолифони давлат" ба Туркия рафтааст ё фирор кардаву дар роњ ба Сурия, ё дар он кишвар аст?" њамоно боз мемонад. Агар барои иљрои "вазифаи махсус" рафта бошад, ин мантиќї нест, ки ВКД мањалли будубоши ўро зикр кунад ва гўяд, дар рухсатї дар Туркия аст. Воќеан, чї тур мешавад, овоза кардан, ки "њой, бубинед, ки мо барои нобуд кардани шумо фалониро фиристодем"? Ин

ГУЛМУРОД ЊАЛИМОВ

љомиа сарусадо ба миён меорад, аз љониби дигар, маќомотро бештар мутаваљљењи сафњои худ мекунад ва ин суолро пеш мегузорад: "чї тавр шуд, ки ин тавр шуд?" Аммо то пайдо шудани далел барои ин фарзияњо њамоно бењтар ин аст, ки бовар кунем сардори ОМОН - и ВКД - и Тољикистон дар рухсатї аст. Ва ин овозањо, бидуни шак, метавонанд ин рухсатиро кўтоњ ё ќатъ кунанд. Дар акси њол, ин гуфтугузорњо бар зиёни сардори ОМОН хатм мешаванд: агар фирор карда бошад, нобоварии мухолифин, њатто њамон ДИИШ-ро нисбат ба ў ба вуљуд меорад, агар воќеан барои анљоми "вазифаи махсус" рафта бошад, пас ин вазифаро ў иљро карда наметавонад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ

САДОИ МАРДУМ

40 ДАРСАД: "РОЊБАРИЯТИ НАВИ БОНКИ МИЛЛЇ СОМОНИРО НАЉОТ ДОДА НАМЕТАВОНАД"

8%

Ба ман фарќ надорад

Дар ин бора фикр накардам

21%

Не, ба инњо вобастаї надорад

16%

Не, тавонашон намерасад

10%

Ња, чунки мутахассисанд

Бале, сад дар сад

41%

4%

Беш аз 40 дарсади љомеа бар он аст, ки роњбарияти нави Бонки миллї пули миллии сомониро аз буњрон натољ дода наметавонанд. Дар ин бора натиљаи пурсиши ахири виртуалї дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews гвоњї медињад. 41%-и пурсидашудагони ин назарсанљї, ба саволи "Рањбарияти нави Бонки миллї сомониро аз бўњрон наљот дода метавонад?", "не" гуфтаанд, зеро "буњрон ба онњо вобаста нест". Беш аз чоряки пурсидашудагон ба имкониятњои роњбарияти нави БМТ бовар доранд. Агар 10 дар сад ба саволи боло, посухи "бале, сад дар сад"-ро дода бошанд, 16 фоизи дигар гуфтаанд: "ња, чунки мутахассисанд". 21 дар сад гуфтаанд, "Не, чунки тавонашон намерасад". Ин њам

дар њолест, ки 8 дар сад иќрор шудаанд, ки: "дар ин бора фикр накардаам" ва 4 фисади боќимонда гуфтаанд, "ба ман фарќ надорад". Ин назарсанљии ѓайрирасмї тўли як њафта аз 6-ум то 13-уми май дар њоле сурат гирифтааст, ки роњбарияти Бонки миллии Тољикистон дар пайи фармони Президент Эмомалї Рањмон ва дар пасманзари беќурбшавии бесобиќаи пули миллї нисбат ба доллари ИМА иваз карда шуд. 4-уми май Љамшед Нурмањмадзода, ки то ин дам раиси бонки давлатии "Амонатбонк" буд, рањбари Бонки миллии Тољикистон ва Љамолидин Нуралиев, муовини собиќи вазири молияи кишвар ва домоди президент Эмомалї Рањмон ба вазифаи муовини раиси БМТ таъйин шуданд.


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

3

Баёни аёну ноаён аз Фахриддини ХОЛБЕК

"Эътироф". Ќаландарони "љои мо" дигар наомаданд

"Иттињоди путинї" Тољикистон чаро таъхир мекунад? Тољикистон њамсояи дар ба девори Иттињоди иќтисодии Авруосиё (ИИАО) ё "Иттињоди путинї" шуд, зеро Ќирѓизистон узвияти онро ба даст овард. Ин иттињоди русиямењвар, ки 29 майи соли 2014 дар њайати Русия, Ќазоќистон ва Белорус ташкил шуда буд, 1 январи соли равон вориди амал шуд. 2 январ Арманистон ва 8 майи соли равон Ќирѓизистон њам увияти онро ба даст оварданд. Њоло танњо Тољикистон узви билќувваи ин созмон шинохта мешавад, вале "њељ гуле аз ин бањор дида намешавад". Дар гузашта президент Эмомалї Рањмон ва дигар афроди масъули њукумати Тољикистон изњор медоштанд, ки нияти вуруд ба ин иттињодро доранд, аммо барои ин фурсат зарур аст. Таъхири Душанберо дар амри ворид шудан ба "иттињоди путинї" маќомот ин гуна шарњ медоданд: иттињодњои иќтисодї барои рушди иќтисоди кишварњо муфиданд ва ба њадафи вуруди дар оянда эњтимолии Тољикистон ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё фурсат кор аст, то базаи њуќуќии он омўхта ва паёмадњои ин узвият тањлил шавад. Хулоса, Тољикистон таъхир мекунад. Дар навбати худ, маќомоти Русия, кишваре, ки дар ташкили ин иттињод, чизе монанд ба Иттињоди Шўравии собиќ манфиат дорад, њељ гоњ сир бой намедињанд ба ин маънї, ки "зарур донед, марњамат, мо шуморо маљбур намекунем". Аммо дар асл чаро Тољикистон таъхир мекунад? Њамсуњбати мо, ки бо ин масъала машѓул аст ва аз ифшои номаш худдорї намуд, чанд мисол овард, ки дар њоли њозир зарурати узвияти Тољикистон дар Иттињоди иќтисодии Авруосиёро номумкин кардааст. Вай гуфт, Тољикистон бо кишварњои Иттињод роњи оњани мустаќим надорад ва Русияву Ќазоќистон њам дар њалли бањсњои наќлиётї бо Ўзбакистон мусоидат накарданд. "Агар мо узвияти ин Иттињодро ба даст орем, ин ба Ўзбакистон њам писанд

намеояд" - гуфт ў. Ба ќавли ў, Тољикистон ширкатњои бузург, аз љумла "Барќи тољик" ва "Талко" - ро бояд таљдид кунад ва барои ин маблаѓи зиёд даркор аст. Вай афзуд, "барои "Талко" 2,2 миллиард кор дорем ва ин маблаѓро кишварњои ѓарбиву Чин омодаанд, ки дињанд. "Талко" аз раќибони "РусАл" - и Русия аст. Кї кафолат медињад, ки дар њоли ба ин Иттињод ворид шудан Тољикистон буургтарин корхонаашро аз даст намедињад? Ё тарњњои таљдиди "Барќи тољик" - ро пурра Бонки осиёиву Бонки љањонї ва Бонки Олмону Бонки таљдид ва тавсеаи Аврупо сармоягузорї мекунанд. Агар мо ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё ворид шавем, кї кафолат медињад, ки инњо аз сармоягузорї даст намекашанд? Ќирѓизистон чунин барномањои љиддї надорад, балки њамаро аз ќабл ба Русия додааст, яъне аз пеш барои ворид шудан омода буд" гуфт њамсуњбати мо. Дар баробари чандин мисоли дигар њамсуњбати мо тарњњои бузургтар, аз љумла CASA 1000 ва лўлаи гази Туркманистон - Ўзбакистон - Туркманистонро мисол овард, ки музокироташон бидуни Русия нињої шудаанд, аммо дар њоли ворид шудани Тољикистон ба Иттињод метавонанд ба мушкил дучор оянд. "Кадом мушкил? Сармоягузорони ѓарбї метавонанд даст кашанд ва ё Русия њам хоњиши ворид шудан ба ин тарњро мекунад, ки ба ѓарбиён маъќул нест. Аз њама муњим: ваќте узви Иттињоди иќтисодии Авруосиё шудед, бояд сиёсатњои иќтисодиатонро бо кишварњои дигари узв њамоњанг кунед. Дар њоли њозир, ин барои Тољикистон ќобили ќабул нест" афзуд њамсуњбати мо. Дар њамин њол, онњое, ки аз сиёсатњои иќтисодии њукумат интиќод ва аз узвияти Тољикистон дар "иттињоди путинї" љонибдорї мекунанд, мегўянд, далоиле, ки оварда мешаванд, бањонае беш нестанд. "Ин љо танњо гуруњњои

РАСМЇ

Сафари панљрўзаи Сирољиддин Аслов бо даъвати вазири хориљаи Њиндустон ба Дењлї Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон бо даъвати њамтои њиндустониаш барои панљ рўз ба Дењлї сафар кардааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корњои хориљии Тољикистон, 12-уми май сафари Аслов бо даъвати Вазири корњои хориљии Љумњурии Њиндустон хонум Сушма Свараљ дар ин кишвар оѓоз шуд.

Дар рафти сафар вохўрињои С.Аслов бо Вазири корњои хориљии Љумњурии Њиндустон ва дигар ашхоси расмии ин кишвар пешбинї шудаанд. Расонањои Њиндустон навиштаанд, ки дар ин сафар Сирољиддин Аслов бо вазири мудофиаи Њиндустон љаноби Мануњар Паррикар (Manohar Parrikar) низ мулоќот хоњад кард.

сиёсї - молиявї зарар мебинанд. Ин гуруњњо дар Тољикистон тиљоратњои бузург доранд ва барои бардоштани фоидаи зиёд пардохтњои гумрукиро барои худ мувофиќ кардаанд, масалан, ќариб 70 дарсади боре, ки ба Тољикистон ворид мешавад, имтиёзи гумрукї дорад. Ин бори кадом як тољири оддї нест, балки афроди наздик ба "боло" - њо аст. Агар ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё ворид шавем, онњо ин имтиёзњоро аз даст медињанд" - мегўянд онњо. Љонибдорони вуруд ба "иттињоди путинї" бештар сари масъалаи муњољирати мењнатї таъкид мекунанд. Ба ќавли онњо, муњољирини корї ќариб 50% маљмаи мањсулоти дохилї (ММД) - и Тољикистонро таъмин мекунанд, аммо дар Русия имтиёз надоранд. "Ќоидањои наве, ки њукумати Русия эњтимолан дидаву дониста љорї кард, аз ќабили боло бурдани пули патенту иљозаи кор, танњо муњољирини кории тољикро њадаф ќарор додааст. Масалан, ќирѓизњо агар патентро бе навбат гиранд, тољикон рўзњо навбат мепоянд, дар ин навбатњо њатто мемуранд. Агар ба Иттињод ворид шавем, ин мушкилот паси сар мешаванд" - меафзоянд онњо. Аммо онњое њам њастанд, ки ба паёмадњои мусбати ворид шудан ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё назари нек надоранд. Дар масъалаи имтиёзњои гумрукї онњо бар инанд, ки агар онњо аз дасти гуруњњои сиёсї - молиявии тољик гирифта шаванд, ба дасти русњову ќазоќњо ва белорусњо меафтанд. Ва дар масъалаи муњољирин мегўянд, русњо ду созишномаи муњољиратро бо Тољикистон барои сабук кардани будубоши муњољирини кории тољик имзо карданд, аммо натиља надод ва ин дафъа њам Худо медонад, ки боз чї домњое дар ин роњ фиканда хоњанд шуд. "Бењтараш, набояд саросема шуд" - мегўянд онњо.

Фаромарзи ФОЗИЛ

Аз замони љанги дохилии Тољикистон ва аввалин ахбор аз боздошти аъзои созмонњои ифротиву террористї, муњољиратњои њоло "љињодї" ба Сурияву Ироќ ва Афѓонистон њамеша хаёлан ба "љои худамон" меравам. Ба суроѓи воќеиятњое, ки аслан ба назар намехўранд, аммо њоло онњоро мехоњам зикр кунам. Дар фурсате, ки њарфи Сурияву Ироќ гўши шунавандаву чашми бинандаву хонандаро пур карда, љањонро њам љалб кардааст ва аз њама љолиб мо - тољиконро аз ширкаткунандагони бигзор раддаи болої ва њукмрони ин равандњо њам набошад, асбоби пиёда кардани ањдофи эшон сохтааст. "Љои мо" - минтаќаи аз ќадим маъруф ба Чањор Басманда аст, ки ба ду љамоат - Овчї ва Сомонї таќсим шудааст. Як минтаќаи оддї ба монанди дигар гўшаву канори Тољикистон аст. Як бору ду бор "байраќи ноњияи Ѓончї" - ро њам барои 100 њазор тон картошкаи "љои мо" бардошта буданд. Аммо дар асл дастовардњои кишоварзии "љои мо" танњо чанд соли ахир не, аз хеле ќабл вуљуд доштанд, фаќат касе онњоро намедид ё касе надоштем, ки онро гўяд. Бо ин вуљуд, бозорњои Тошканду Душанберо тавлидоти кишоварзиамон гирифта буд. Аммо њоло дар бораи кадом як дастовард нахоњам гуфт. Як воќеиятро мехоњам баён кунам. Пеш аз њама мегўям: чашм нарасад! Ба чї? То ба њол њељ як аз сокини "љои мо" - ро барои узвият дар созмони террористї ё экстремистї муттањам накардаанд, балки касеро њам намедонем, ки узви ин гуна созмонњо бошад. Маќомоти ноњия итминон доданд, ки тайи 20 соли ахир касе ба иттињоми узвият дар Њизби тањриру љараёни салафия ё Њаракати исломии ?збакистону Ансоруллоњ боздошт нашудааст ва дар ягон гўшаи дигари дунё низ нафаре аз бисту анд дењаи Чањор Басманда узвияти ягон созмони мамнуъро надорад. Воќеан, як "боздошт" буд. Устоди марњумам Љўрабой Ќаюмов, ки дар замони Шўравї директори мактаб, њамзамон устоди таърих, бадоњатан "атеисти ашаддї" буданд, аммо дар хона як Ќуръони бузургро низ пинњонї ќироат мекарданд, боре бо иттињоми узвият дар "Њизби тањрир" боздошт шуданд. Ин замоне буд, ки њатто дар маќомоти љумњурї аслан касе "Њизби тањрир" - ро намешинохт. Дар асл он кас ба як гуруњи ќаландарон њамроњ шуда, ба дењаи дигар нарасида, ки боздошт мешаванд ва баъди пурсуљўи маќомоту дахолати њамдиёрон рањо шуданд. Ќаландарони бечораро то сатњи ноњияву вилоят пурсупос карда, нињоят рањо мекунанд. Аъзои Њизби нањзати исломї доштем, њизби расмие, ки дар ноњия се - чор соли пеш зуњур карда буд. 3 - 4 узв аз "љои мо" буданд, аммо баъд аз барномањои солњои ахир бо ихтиёри худ ариза навишта, роњи Русияро пеш гирифтанд. Њамчунон дар замони Шўравї мардуми ин минтаќа "нўшанда" набуданд. Нўшандаву фурўшандаи машруботро аслан хуш надоранд, лек "демократона" ба ин тоифа низ њаќќи буданро ќоиланд. Хато намекунам гўям, ки дар замони Шўравї њамон исломе дар "љои мо" буд, ки њоло њаст. Арзишњои исломї њамон гуна, ки дар гузашта буд, њоло њам эњтиром мешаванд. Моњиятан чизе таѓйир нахўрдааст. Љои њељ ифтихору манманї нест, ки "љои мо" чунин аст. Дунёи њозира "армуѓон"-њои зиёд дорад. Њељ бањс нест, ки њама метавонад подарњаво шавад. Танњо Худо медонад! Аммо њамеша сари сабабњо меандешам, ки чаро чунин аст? Аввал, сидќан ба ин бовар дорам, ки Чањор Басманда ва дар умум ноњияи Ѓончї дар барномањои меъморони љуѓрофиёи созмонњои экстремистиву террористї ањамият надоранд, аз ин хотир, он љо сармоягузорї намекунанд. Ном намеорам, аммо навоњие буданд, ки дар замони Шўравї дар назари мо - зодагони "љои мо" - хеле дур аз ислому Худо менамуданд ва мо дар назари онњо вомондагони "ботлоќи асри миёна". Ва чї кунем, ки њоло сокинони он навоњии "пешрафта" бо аъзои ину он созмони террористиву экстремистї будан дар сархати ахбори кишвару минтаќа ќарор доранд, аммо "љои мо" њамон аст, ки њамон. Дуввум, мардуми "љои мо" олуда кардани динро бо сиёсат ќабул надоранд. Кори шахсї медонанд, аммо рафтори ѓайриисломї, аз љумла беэњтиромї ба дину руњониёну бузургсолон ва тањќири занонро намепазиранд. Ин беадабиро тоќат намекунанд. Њатто дузанагї аз падидањои хеле кампайдост, њарчанд "љои мо" сарватманду "тољикони нав" низ дорад. Ё дар бархе дењот талоќ умуман нест. Дар чанд сол як оилае пайдо мешавад, ки људо шуда бошад.... Дар ин ќисса танњо ба як чї гоњо дилам гум мезанад ва инро мехоњам эътироф кунам. Ќаландарон дар замони Шўравї њам ба дењаи мо меомаданд ва ќиблагоњии марњумам онњоро мењмон њам карда буданд. Мани 8 - 10 - сола дар мањфили онњо худро дар як олами руњонї њис мекардам. Њиссњои зебо доштам. Пас аз њамон њодисаи "Њизби тањрир" онњоро касе дар дењаву минтаќаамон дигар надид. Аммо дар ёдњои ман њамон "Њаќ дўст, ё Аллоњ" - и онњо хеле рўшан боќї мондааст, ки "љои мо" - ро файз мебахшид. Файзеро, ки њељ баргардонида намешавад...


4

ЗИНДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

Њамсоям дар яке аз идорањои њукуматї кор мекунад. Ба ќавли худаш, рўзаш танњо ба маош мондааст. Се фарзандаш донишљўянд ва љамъ ин хонавода дар як рўз 13 ва дар 25 рўз 325 сомонї танњо барои роњ харољот дорад. Моњонаи њамсояам ќариб 1000 сомонист, аммо сеяки маош ба роњ меравад, ки ин аз назари ў ва на танњо ў аз њад зиёд аст. Њамсояам мегўяд, агар барои њамаи хатсайрњо як хел пардохт: як сомонї шавад, андак бошад њам ба харољоташ сабукї меорад. Ў, албатта, пеш аз њама, манфиати худашро ба инобат гирифта, чунин мегўяд, аммо онњое, ки дар ин хатсайрњо мусофир мекашонанд, чї фикр доранд? Ба яке аз чунин ронандањо ва дар як ваќт соњиби мошине, ки дар хатсайри № 19 кор мекунад, ин пешнињоди њамсоямро расонидам. "Њамсояатон на аз њама масрафе, ки мо дорем, бохабар аст. Акнун ман ба шумо мефањмонам, ки чаро роњкиро як сомонї неву 1 сомониву 60 дирам шудааст. Ман патент мегирам, як, муоинаи мошин мегузаронам, ду, њар моњ ба корхонае, ки мо дар он номнавис шудаем, пул медињам, се, ба духтури он як сомонї медињам, чор, боз барои њар се рўз роњхат (путёвка)-и пулакї мегирем, панљ, сўзишворї мехарем, шаш, хўрдашавии мошин (аммортизатсия) њаст, њафт, њаќќи зањмати худи ман, њашт ва боз чанд масрафи дигар њаст, бинобарин ба 1 сомонї мусофиркашонї рост намеояд." - мегўяд ронанда. Ман аз хати № 17 истифода мебарам, ки он яке аз дарозтарин буда, 9 - 10 км мебошад ва дар он ба ќавли худи ронандањо њар рўз то сад мошин ба мардум хидмат мерасонад. Худ аз худ суол пайдо мешавад, ки агар ба як сомонї дар хатсайрњо кор кардан имкон надошта бошад, пас чаро дар њамин хатсайри 17 зиёда аз 100 мусофиркаш ба мардум хидмат мекунанд?

Як сомонї

Шањрдории Душанбе бояд ба пардохти ягонаи хатсайрњо гузарад

Аксари хатсайрњо бо њамин 1 сомонї мусофир мекашонанд - 11, 12, 13, 14, 15, 17, 18, 67... "Хатсайрњои шумо номбаркарда кўтоњанд, аммо хатсайрњои № 4, 8, 16, 19, 26, 46 ва чанди дигар дарозанд, аз ин сабаб барои ин хатњо 1 с 60 д муќаррар кардаанд." - њамоно ронандаи хатсайри № 19 кори худашонро њаќ бароварданї мешуд. Хатсайри № 15 боз дарозтар аст: он аз мањаллаи Авул сар шуда, то ќарибии фурудгоњ меравад ва он њам танњо як сомонї рањкиро мегирад. Ваќте барои хатсайрњои 8, 16, 19, 25 ва монанди инњо рањкироро 1 сомониву 60 дирам муќаррар кардаанд, танњо як омил дарозии роњро ба инобат гирифтаанд. Вале як омили хеле муњимро фаромўш кардаанд ва ё ба назар нагирифтаанд. Зеро ваќте хатсайр дароз мешавад, албатта, шумораи мусофирони аз ин хат истифодабаранда таносубан зиёд мешавад. Борњо мушоњида кардаам, ки агар дар хатсайри 15 ва 17 дар як рафт бо дањ - понздањ мусофир ќаноат кунанд, дар хат-

сайри дарози № 8, 19 ва ё 16 шумораи мусофиронро аз аввал то охир мерафтаро њисоб кунем, аз бист нафар зиёд мешавад. Боз дар хатсайрњо мошинњои аз "Старекс" бузургтар ва васеътар њаракат мекунанд, ки дар як тараф то 40 - 50 нафар мусофир мегиранд. Яъне, хатсайр чї ќадар дароз бошад, шумораи мусофирон њам таносубан њамон ќадар низ зиёд мешавад ва табиист, ки рањкиро њам зиёдтар љамъ мешавад ва њољати 1 с. 60 д. муќаррар кардани рањкиро ба ин хатсайрњо набуд. Хатсайрњое, ки барояшон рањкиро 1 сомониву 60 дирам муќаррар шудааст, боз як камбудии љиддї доранд. Дар бисёр њолатњо, махсусан, дар хатсайри № 25, 46 њатман ба љойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонї мегиранд! Ва ваќте баќия талаб кунед, ѓолибан "танга надорам" мегўянд ва гоње баќия пурсед, ронанда дар њайрат њам мезанад, ки чаро баќия мепурсед. Камбуди худи мусофирон низ њаст, ки худи мусофирон дар аксар њолат баќияро талаб намекунанд ва ронандањо њам ба ин "одат" кардаанд.

Айнан њамин масъаларо ба кормандони шуъбаи наќлиёти шањри Душанбе матрањ кардам, ва яке иќрор кард, ки ба ў њам баќия намедињанд. Боз як масъала дар хатњои 1 сомониву 60 - дирама њалли худро наёфтааст. Бисёр ронандањои беинсоф аз мусофироне, ки ба масофаи се ё чор истгоњ савор мешаванд, ба љойи 80 дирам, 2 сомонї меситонанд. Ваќте аз онњо мепурсам, ки чаро мусофире, ки дар хатсайри 15 аз аввал то охир, яъне, тахмин 10 км меравад, 1 сомонї медињаду дар хатсайри шумо барои чор истгоњ 2 сомонї мегиред, посух медињанд, ки хатсайрро мо нарх нагузоштаем ва шумо вазъияти моро њам фањмед. Њол он ки дар дохили њар як мошини мусофиркаш бояд наќшаи роње бошад, ки дар он аз куљо то куљо 80 дирам (на як сомонї, зеро њамон 1 сомониву 60 дирам аз ду 80 - дирамї таркиб ёфтааст) нишон дода шуда бошад! Ќаблан дар хатсайрњои 2 ва 25 чунин таќсимот маълум буд, аммо рафта равон дигар ягон хатсайри 2 ва 25 аз љойи муќарраршуда барнамегардад ва то охир меравад, то ки 2 сомонї гирад. Боз як омили дигар аст, ки нархи рањкро бояд 1 сомонї шавад. Агар як сол пештар аз ронанда мепурсидам, ки рањкиро чаро 1 сомониву 60 дирам, њатман посух тайёр буд, ки ака, арзиши маводи сўхтро бинед, соат ба соат баланд мешавад. Ман ќариб ба 7 сомонї як литр сўзишвориро мехарам. Вале имрўз на бензини 7 ва њатто 6 сомонї њасту на гази 3 сомонї. Њоло нархњо фуромадаанд ва бояд арзиши рањкиро ба њамаи самтњо ва хатсайрњо дар шањр 1 сомонї шавад. Он гоњ њама баробар мешаванд, вагарна яке чор истгоњ савор шуда, 2 сомонї медињаду дигаре 10 км рафта, 1 сомонї медињад! Бовар дорам, њамоне ки дар хатти 8, 16, 25 ва ё 19 кор мекунад, боз дар њамин хатсайр мемонад ва он гоњ бањсу мунозира њам хотима меёбаду њама баробар мешаванд. Шояд барои ќабули ин пешнињод шуъбаи наќлиёти шањр ва ширкатњои мусофиркашон таљрибае гузаронанд ва ман омода њастам њамроњашон дар ин таљриба барои муайян намудани нархи рањкиро иштирок кунам. Ба њар њол умедворам, нарху наво танзим меёбад ва њамсояам камтар бошад њам, сарфа мекунад

Сафои СОДИЌ

Бо илму дониш обрўи Тољикистонро баланд бардошта метавонем

Аврангзеб АСРОРИЁН:

Аврангзеб Асрориён, ѓолиби озмуни "Стипендияи истеъдоди шањрванди љањон" дар Аврупо шуд. Ин озмун 5 њазор евро љоиза дорад. Эссее, ки ў дар ин озмун бо унвони "Я человек мира" навишт, ўро ѓолиби ин озмун кард. Кумита оид ба стипендияи донишгоњии Гаагаи Шоњигарии Њоланд Аврангзеби 19-сола, писари муаррих ва рўзноманигор Љонибек Асрориён ба ќатори чанд шахси бењтарини љањон шомил кардааст. TojNews дар як суњбати интернетї нахуст аз ў пурсид, ки чи гуна ба ин љоиза дастёб шуд? - Ваќте, ки ба донишгоњи Гаагаи давлати Њолланд шомил шудам, дар як сомонаи омўзишии ин кишвар ба ин озмун ошно шудам. Барои ба даст овардани ин љоиза, бояд ман

худро дар кадом як љабња њамчун шањрванди љањон муаррифї мекардам. Ман, ки худ аз фарњангу тамаддуни Шарќу Ѓарб хуб ошно њастам, чунки ба давлатњои Аврупоиву Осиёї ва Амрико сафар кардаам ва дигаргунињои фарњангиву сиёсиро омухта хуб дарк кардаам. Дар њамин бора эссе навиштам, ки мо бояд ба дигаргунињои љањони имрўз зид набошем, баръакс аз дигаргунињо истиќбол гирем. - Метавонї дар бораи ин эссе муфассалтар бигўї? - Барои ман дар навиштан ва худро шањрванди љањон тасвир кардан ягон мушкилоте набуд. Албатта, њамаваќт худро тољик ва тољикистонї медонам, лек дар маљмуъ мо њама сокини ин сайёра, ин замин њастем. Фаќат мушкилот дар он буд, ки чи гуна ва бо кадом дастовард ман ба аъзои њакамон худро њамчун шањрванди љањон муаррифї кунам ва барои шањрванди љањон будан чи корњоеро анљом додаам. Гарчи эссе сиёсї бошад њам, характери дўстї дорад. Ман дар бораи таѓйирњои сиёсї њарф назадам, лек идеяи тасвир кардани худ њамчун шањрванди љањон, а њарф задан дар бораи давлатњои хурд дар арсаи байнулмиллалї, љонибдорї аз овози онњо худ аз тайѓирњои сиёсї шањодат медињад. - Мегўянд, ки донандаи панљ забони хориљї њастї... - То синфи 6 дар мактаби русї тањсил кардаам ва русиро онљо аз худ кардаам. Тољикї бошад забони модарии ман аст. Англисї, туркї ва узбакиро дар мактаб аз худ

кардаам. Хатмкунандаи литсеи тољикї-туркии иќтисодї мебошам. Ба ѓайр аз мактам забони англисиро худ дар гўшаи амрикоии шањри Душанбе такмил додаам. Илова бар ин дар тими дебат (бањсу мунозира) бо забони англисї шомил будам. Њоло бошад ба ѓайр аз тањсил ба омўзиши забони испанї пардохтаам. - Чаро тањсилатро дар ягон донишгоњи Тољикистон давом надодї? - Ростї, бештар њаваси тањсил дар Аврупоро доштам ва шароити донишомўзї дар кишварњои ѓарбї бисер воло њастанд. Мехостам як дигаргунї дар худ эљод кунам. Аз системаи тањсили имрўзаи маорифи пасошўравї хушњол нестам. Боварї дорам, ки баъд аз тањсил дар Аврупо метавонам дар умури сиёсї, иќтисодї ва маориф бисёр чизњои наву љолибро ба системаи Тољикистон ворид кунам. Ин гуна дигаргунињо ба Тољикистон бисёр зарур њастанд. Фикр мекунам бисёрињо њамфикри ман њастанд. Хоњиш мекунам маро донишљўён ва устодони донишгоњњои Тољикистон дуруст фањманд. Бовар дорам, ки дар донишгоњњои Тољикистон донишљўёни болаёќат зиёд њастанд ва агар каме дигаргунї ворид карда шавад, боз њам сатњи донишомўзї боло хоњад рафт. Он чи ки аён аст њољат ба баён нест. Худ хулоса бароред ва бубинед, ки давлатњои пешрафтаи љањон кадомњоянд ва чи гуна системаи маориф ва донишомўзї онљо рушд кардааст. - Ба андешаи ту чї бояд кард, то вазъи маориф ва донишомўзї дар Тољикистон бењтар шавад?

- Системаи кредитї дар мактабњо љорї кунанд, китобњои наву љолиб тартиб дода шавад ва аз назария ба амалия гузаштан лозим аст. Аз синфи 9 хонандагон ба равияњо таќсим шуда, онњое, ки шавќ барои дарсхонї надорад ба мактабњои ихтисосии њунаромузї равона шаванд. Дигаргунињои зиёд дар соњаи маориф лозим аст. Њамаи инро навиштан ва фањмондан душвор аст. - Ба њамсолонат дар Тољикистон чи паёме дорї? - Мехостам ба њама њамсолонам инро бигўям, ки дар кадом гўшаи дунё набошанд, фаќат аз Тољикистон ёд кунанд ва барои пешрафти давлат, миллат ва љомеаи љањонї сањмгузор бошанд ва аз њама муњим рушанфикру шуљоъ бошанд. Мо дар ин љањони имрўза фаќат тариќи илму дониш метавонем љањониёнро дар њайрат гузорем ва обрўи Тољикистон ва тољикро баланд бардорем. - Оянда чї наќша дорї? - Насиб бошад моњи сентябри соли равон ба Донишгохи Гаага-и Њолланд дохил шуда, тањсилро дар онљо идома хоњам дод. Тариќи барномаи Флекс (мубодилаи фарњангии байнулмиллалї) ба ИМА омада, њоло ин инљо њастам. Баъд аз хатми донишгоњ нияти ба Тољикистон баргашта, дар соњаи Равобити байнулмиллалии Вазорати корњои хориљї ва сиёсати берунаи Љумњурии Тољикистон фаъолият карданро дорам.

Муллораљаб ЮСУФЇ


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

Шикасти сомонї

5

Фаридун Рањнавард Харбуза аз харбуза ранг мегирад... Аз халќ

Ваќте ба танзими бозори асъор нињодњои ќудратї даст мезананд, маълум мешавад, ки вазъ хуб нест

ХАЙР ВА ШАР

Вазъи феълии бозори асъор мављудияти ќочоќи асъори хориљиро собит кард. Гуруње натанњо бозори сиёњи долларро чархонда, фоидаи муфту њангуфт ба даст меоваранд, балки амалан боиси шикасти пули миллї мешаванд. Ин кор соли аввал нест, ки идома дорад. Ба саволи чаро маќомот, њамон Прокуратураи генералї то њол аз ин масъала чашм мепўшид, шояд метавон посух дод, ки онњо супоришро аз боло интизор буданд. Вале гуфтан, ки дар Њукумат ва Бонки миллї аз ин бозори сиёњ нав хабардор шуданд, шабро сафеду ширро сиёњ хондан аст.

Мушкили куњна Моњњои марту апрел, тибќи иттилои расмї, Бонки миллї, барои пешгирии беќурбшавии пули миллї њудуди 20 милион доллари наќдро ба бозори асъори кишвар њавола кардааст. Бо вусъат ёфтани беќурбшавии сомонї, Бонки миллї интервенсияи асъорро то 1,5 - 3,0 миллион доллар дар як рўз зиёд кардааст. Ин њам аз иттилои расмии нашршуда аст. Воќеият чист, ин љо танњо Холиќ медонаду халќаш - асосан тољироне, ки барои ворид кардани моли Чин ба љуз аз харидани доллар, бо нархе, ки бозори сиёњ дикта мекунад, илољи дигаре надоранд ва њамеша аз мављудияти гурўњи саррофони муфтхўр шикоят мекарданд. Яке аз ин тољирон хеле пештар шикоят карда буд, ки дар навбати харидани доллар истода, шиносбозиро дар хуну пўсташ эњсос кардааст. "Ваќте навбати ман расид, гуфтанд, ки доллар нест. Рўзи дигар ба ман 200$ доданд. Аммо кї кафолат дода метавонад, ки дар њисобот 500 ё 1000$ нанавиштанду ќисми асосии ин пулњо барои тиљорат дар бозори сиёњ нарафтанд?" - мегўяд тољир. Дарвоќеъ, ин маълумотро маќомот метавонанд санљанд. Ба њар сурат, њарчанд мушкил куњна аст, аз афташ вазъ дар њаќиќат нињоят бад шудааст, барои бартараф кардани он якбораву якљоя Прокуратураи генералї, Вазорати корњои дохилї, њатто Кумитаи амният ва албатта Бонки миллї (касе бояд муфаттишонро бо нозукињои кори бонкї шинос кунад-ку - У.Т.) камар бастанд. Зиёда аз 800 нуќтаи хусусии мубодилаи асъор баста шуданд. Аксарияти онњо иљозаи фаъолиятро дубора гирифтанд, аммо акнун бо иљозатномаи расмї, тањти назорати бонкњои тиљоратї ва созмонњои ќарзии хурд. Дар бонки миллї мегўянд, тањти назорат будани саррофон ба манфиати кор аст. То куљо? Ваќт нишон хоњад дод. Њатто агар воќеан њам сабаби истеъфою таъйиноти ахир дар Бонки миллї вазъи буњронии пули миллї бошад, бояд парвандањои љиноиро интизор шуд, њарчанд ин њам ба гумон аст, мегўянд коршиносон. Ба мантиќи таѓйироти кадрии ахир дар Бонки миллї тамаркуз намекунем, аммо таѓйирот дар бозори наќди асъор айни њол мушоњида намешавад.

Чор ќурби сомонї Тавре Шариф Рањимзода, раиси собиќи Бонки миллї дар як суњбаташ ба Радиои "Озодї"и ИМА гуфт, њоло сомонї дар бозори асъор нисбат ба доллари њамон ИМА, на яку ду, балки чор ќурб дорад: яке расмї, ки Бонки миллї барои пардохтњои гумрукї ва њисобу китоб муќаррар кардааст ва тибќи он, 1 доллари ИМА баробар ба 6,2889 сомонї аст; дигарї ќурби намоишї, ки он дар лавњи нуќтањои мубодилаи асъор овезон аст, ки гўё 1$ ба 6,52-6,53 сомонї баробар бошад (ин ќурби дурўѓин аст ва инро њама медонад. Бо ин нарх дар нуќтањои мубодилаи асъор долларро ба шумо касе, агар њатто фурўшад, намефурўшад, илло корманди Бонки миллї ё њадди аќал аз маќомоти ќудратї набошед); сеюм ќурби пасипардагии доллар аст, ки тибќи иќрори саррофон, њоло дар пойтахт бештар аз 6,7 сомонї аст ва нињоят, чањорум ќурби бадалшавї, ки ба гуфтаи коршиносон, танњо дар низомњои бонкї амал мекунад. Ишораи нозуки Шариф Рањимзодаро, ки гуфт, роњбарияти нави Бонки миллї бояд ин чор ќурбро як кунанд, аз як сў ба маънии барњам задани бозори сиёњи асъор бошад, аз љониби дигар далели огоњии ў аз ќочоќи асъори хориљї аз Бонки миллї аст. Яъне њанўз њам њастанд, онњое, ки ба њаљми назарраси асъори хориљии Бонки миллї (натанњо дар шакли шикояти боло - У.Т.) дасти дароз ва ба роњи сунъии боло бурдани доллар (беќурбкунии пули миллї) имконияти фарох доранд.

Зўрии муваќќатї Коршиносон мегўянд, феълан танзими ќурби пули миллї бо роњи "зўрї", яъне тавассути маќомоти ќудратї чорае аз ноилољї аст ва аз ин хотир, дуруст аст. Забњулло Нуруллоев, коршиноси масоили бонкї мегўяд, як кардан, ё наздик кардани чор ќурби асъор дар айни њол танњо бо истифода аз нерўи маќомот имконпазир аст. Ин ба њамон маънї аст, ки бозори сиёњи асъори хориљї аз байн бурда шавад. Дар мавриди роњњои дигар, коршиносон иќрор мешаванд, ки

аз гуфтан хаста шудаанд. Барои мисол, роњандозии њисоббаробаркунї бо юани Чин, кишвари асосии воридкунандаи мол ба Тољикистон, ахири соли гузашта њам пешнињод шуда буд. Имкони хариди мол аз тољирони чинї бо юан вобастагии тољирони моро ба доллари ИМА коњиш хоњад дод. Ин пешнињоди коршиносон дар Бонки миллї баррасї шуд. Њатто роњбарияти собиќи БМТ гуфта буданд, ки масъаларо мутахассисони ду љониб меомўзанд. Гуфта мешуд, ки Чин ба ин иќдом, ки њамчунин гуфтушуниди монандро бо Русия рўидаст гирифтааст, гўё зид нест. Забњулло Нуруллоев мегўяд: "То љое медонам, ин масъала њанўз њам боз аст ва гуфтушунидњо дар ин бора бо љониби Чин идома доранд. Онњо зоњиран зид нестанд, аммо пањлўи дигари масъала њам њаст, ки Чин њам дар љамъоварї ва нигоњдории доллар манфиатдор аст". Дарвоќеъ, дар ин масъала ба Њукумати Тољикистон дар доирањои коршиносї пешнињоди дигаре њам ироа шуда буд, ки њисоббаробаркунии молњои барои иќтисоди миллї стратегї, ки аз Русия ворид карда мешаванд, бо рубл ба роњ монда шавад. Аз љумла, пешнињод шуда буд, ки Бонки миллї ва Њукумати Тољикистон бояд њарчи зудтар барои имзои як созишномаи иќтисодии байнињукуматї бо Русия талош кунанд, то њадди аќал мањсулоти нафтї аз Русия бо рубл ворид карда шавад. Ва ин танњо ба хотири њаљми 4-5 милиард доллараи асъори воридкардаи муњољирони кории тољик аз ин кишвар нест. Риски сиёсии ин иќдом дар муќоиса бо Чин ба маротиб камтар хоњад буд, мегўянд коршиносон. Ба њар сурат, барои рањо кардани иќтисоди заъифи кишвар аз сиёсати пулии як абарќудрат, онро ба сиёсати абарќудрати дигар таслим кардан, салоњ наменамояд. Ќурби пулро танњо бо мол танзим кардан мумкин аст. Бо роњи зўрї масъаларо метавон муваќќатан њал кард, аммо ин дер давом намекунад, мегўянд коршиносон. Ба ќавли онњо, то истењсолот дар кишвар ба роњ монда нашавад, аз вобастагї рањо нахоњем шуд. Ин як масъалаи њам илман ва њам амалан исботшуда аст. Воридоти аз меъёр зиёд, содироти ночиз, сиёсати иќтисодии њар кишварро дер ё зуд барњам хоњад зад. Ва ин ба он маъност, ки пули миллї низ шикаст хоњад хўрд, зеро њељ кас ба рушди истењсолоти ватанї бовар надорад. 20 сол аст, ки дар ин бора мегўянд, аммо касе ба ин эътибор намедињад...

Умари ТОЊИР

Ду њодисаи аз номи писари Президент, писари раиси Парлумон, ёвари муовини Сарвазир њарф зада, љиноят содир кардани ноболиѓон бояд боиси шармсории њукуматорон бошад. Ду њодисаи монанде, ки комилан аз њам фарќ доштанд. Далели рўшани ин, ки насли нав дар руњияи замони "Робин Гуд"-њо ба воя мерасанд. Замоне, ки хайрро аз шар фарќ намекунад, намешиносад. Замоне, ки бе шарр ба хайр расида намешавад. Аввал дар бораи хайр: њафтаи гузашта ВКД аз боздошти сокини ноболиѓи (16-сола) ноњияи Рўдакї У. А. хабар дод, ки худро ёвари Азим Иброњим, муовини сарвазири мамлакат муаррифї карда, ба раиси ноњияи Фирдавсї дастур додааст, ки ба бибии 80-солааш дар арафаи Рўзи Ѓалаба кўмак кунад. Ноболиѓ, бино ба иттилои расмї, дар њељ куљо тањсил намекардааст. Дар њукумати ин ноњия ба ў бовар кардаанд. Њолатро комиссия санљида, ба бибии У.А. 500 сомонї аз номи соњибкорон ёрдам кардаанд. Онњо њатто ба "ёвари сарвазир" дубора занг зада, дар бораи иљро шудани амраш њисобот додаанд. ?ро њамчунин ба њолати дигари таќаллубкорї айбдор мекунанд. Вай бинобар ин ки падараш аз модараш људо шуда, алиментро сари ваќт намесупорад, ба њамсари нави падараш занг мезанад. Худро корманди Суди олї муаррифї мекунад ва сабаби напардохтани алиментро мепурсад. Баъд тањдид мекунад, ки дар њолати сариваќт напардохтани алимент, ба прокуратура мурољиат хоњад кард ва ўро ба муљозот мекашад. Шумо фикр мекунед, ки агар ин оила муњтољи алимент намебуд, ноболиѓ ба ин кор даст мезад? Ба назарам, не. Хаёлам, њаргиз, агар раиси ноњия бо аќли худ ба пиразани муњтољ соле як маротиба кўмак мекард, ноболиѓ њељ гоњ маљбур ба њамчунин љиноят намешуд. Дар ќиёс бо њолати дигар, ки пештар агентии мубориза бо коррупсия ошкор кард. Х. Ќ., хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии Душанбе худро Сомон - писари Президент Эмомалї Рањмон муаррифї карда, аз номи ў ќаллобї мекардааст. Ин ноболиѓ њам ба масъулин дастурњои ѓайриќонунї медодааст, аммо бар ивази ба даст овардани маблаѓњои калон. Ба иттилои расмї, ин мактабхон њамроњи яке аз хешонаш ба шањрванд М. Р. ваъда додаанд, ки дар љамоати дењоти Чимтеппаи ноњияи Рўдакї барои гирифтани 30 њисса замини наздињавлигї мусоидат мекунад. Барои ин онњо аз Раљабов 50 њазор доллар гирифтаанд. ? ба раиси љамоат чанд маротиба занг зада, аз номи Сомони Эмомалї дастури људо кадани заминро додааст. Аммо раиси љамоат ба ў бовар накарда, дастурњои мактабхонро иљро намекардааст. Бубинед, як сў ноболиѓе аз оилаи камбизоат, ки ягон љо тањсил намекунад, аммо мехоњад, ба модараш, бибияш кўмак кунад. Аз сўи дигар, хонандаи Мактаби байналмилалии Душанбе, яке аз муассисањои таълимии бисёр маъруф, ки аз ширкати туркии "Шалола" аст. Дар он асосан фарзандони одамони доро, мансабдорон, аз он љумла Сомони Эмомалї, писари Президент тањсил кардааст. Њодисањои монанд, аммо њолатњои аз њам комилан фарќ мекунанд. Ба њар сурат, ин њодисањо бояд боиси шармсории њукуматдорони мо бошад, ки "Робин Гуд"-њои замонашон њамагї 16 сол доранду онњоро њамин гуна мешиносанд.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

ПУРБАЊСТАРИНЊОИ ТОЉНЕТ

ЛИБОСИ ЯГОНАИ РОНАНДА Яке аз пурбањстарин матолиби ахир дар шабакањои иљтимоии Тољнет масъалаи либоси ягонаи ронандагон ва кондуктор - пулчинакњои наќлиёти љамъиятии пойтахт буд, ки тибќи супориши раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев бояд љорї шавад. Хабари сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews дар бораи ин тасмими шањрдорї, боиси бањс, аз љумла дар Фейсбук шуд. Бино ба иттилои дафтари мат-

буоти шањрдорї, -менависад ин манбаъ, 11-уми май дар љаласае Мањмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти наќлиёти мусофирбари љамъиятї дар шањр нигаронї карда, аз танбашавии аз меъёр зиёди автобусу троллейбусњо дар дар истгоњњо интиќод кардааст. Ў ба зертобеинаш супориш додааст, ки барои рафъи камбудињо љорї кардани либоси ягонаи ронандагону кондукторњо бо фаъолони фейсбук њамкорї кунанд. Маротибаи аввал нест, ки Мањмад-

саид Убайдуллоев дар бораи либоси ягонаи ронандагони наќлиёти мусофирбар супориш медињад. Ќаблан, ронандагони автобусњо дар шањри Душанбе муваззаф шуда будаанд, ки ваќти кор куртаи сафед ва њатто галстук дошта бошанд. Љузъиёти бештари ин мавзўъ дар Фейсбук ифшо шуд. Љамила Њусейнова, хабарнигори маъруфи тољик бо интиќод навишт:

"Бе ин њам ронандагонро, ки 90% микроавтобусњоро иљора гирифтаанд, имрўз маљбур доранд либоси махсуси истењсоли Туркияро, ки як зани тољир бояд бо нархи 650 сомонї оварда ба онњо фурушад, бипўшанд... Ширкатњои дўзандагии пойтахт низ либосњои махсуси хешро, ки аз матоъи пахтагї аст, бо нархи 200 (сомонї) пешнињод карданд, вале ба ин тољирзан тарзи дўхти либос маъкул нашуда, ба аќидаи ў либоси пахтагї ба ќисми поёнии мардњо зарар мерасонидааст!!! Матоъи либоси туркї бошад, ќисми поёнии мардњоро салќин нигоњ медоштааст!!!". Бо њамин бањс дар ин шабака ќўр гирифт: Сония Саидова: Бизнес бо роњи фиреб, бисёр олї Фируза Салиева: А наши не умеют шить? Jamila Huseinova: Наши предложили, хорошая форма и ткань хорошая по 200 сомони, но видите ли этой женщине - бизнесвуман не понравился фасон, и по её мнению оказывается отечественная ткань, а она из чистого хлопка, вредна для мужских органов!!! Абумуслим Ќаландаров: А нельзя ли нам сшить эту форму. Пускай будет дороже, но наша. Будут работать цеха люди заняты будут. Шуњрат Латифов: Либоси ягона муаммои наќлиёти љамъиятиро њал нахохад кард. Пеш аз инро ба роњ мондан бояд: 1.Ронандагони љавонро, ки бо Таѓобозї соњиби иљозатнома шудаанд, бояд ронд.

2. Дар наќлиёти љамъиятї сиёњшишањоро манъ бояд кард ва савор намудани мусофирон ѓайр аз истгоњро низ. 3. Ва савор намудани 4 нафариро низ (ба љойи се кас) манъ кард, ва БДА бояд инро назорат кунанд. Агар якчанд нафарро љаримањои зиёд намоянд, худ ин муаммо њал мешавад. 4. Ва дар охир одоби муомиларо ба ронандагон ва кондукторон низ омўзонида ноболиѓонро аз кондукторї дур созанд! Баъд метавон либоси ягона љорї намуд Olim Olimov: Какой бред. Тканї из хлопка не может быть вредна никак!!! Шуњрат Латифов: Ќисми поёнии мардонро либоси пахтагї нињоят хуб нигоњ медорад, хавотир нашаванд, баракс либоси синтетики мардњоро безурёт мегардонад. Марям Рустам-гызы: Даќиќ кардан даркор, ки ин тољирзан хеши кадом "бузургвор" аст, ки тиљорати худро "толкать" дорад. Шуњрат Латифов: Тољирзан ќисми поёнии мардро эњтиёт карданист, ё худ ќисми буљаи худро? Jamila Huseinova: Боз гуфтааст, ки дутои бихаранд, ин бошад 1300 сомонї мешавад.... Марям Рустам-гызы: Барои чї мардуми моро дар Ватан "козел отпущения" мекунанду онњо хомўш мешинанд? Jamila Huseinova: Роњбарони љамъиятњо розї нестанд, вале онњоро маљбур мекунанд, роњбарон дар навбати худ ронандањоро... ба хотири пешнињоди ањмаконаи як зан беш аз 2500 ронандаи наклиёти љамъиятии пойтахт, ки аксарият шароити хуб надоранд

ва аз ночорї ба кўча мебароянд, бо зарбаи нав ба кисса рўбарў мешаванд.... Шуњрат Латифов: Дуто ба ман низ биёред, њаво гарм аст, салќин шавем )))))))))))))))) Анекдот прям. Я уважаю Мэра но как он слушает эти глупости? Поддержка отечественного производителя для каждого чиновника должно быт приоритетом! Самиджан Насирджанов: Признаки тирании и строительство полицейского государства. Odinazoda Tuychiboy: Maсъулини суратпараст Бањодур Шодиев: Шуњрат, по поводу 2го пункта есть мнение - тонировка хоть как то спасает от солнца. Самиджан Насирджанов: Может предложить, чтобы они еще надели памперсы, чтобы при виде гаишников сиденья не намокали.. Shahlo Sandalova: Анекдот 2015 года! Хит прям! Бизнесвумен заботится о половых органах водителей! Народ, над нами итак уже полмира смеется, ну зачем же делать так, чтобы и остальные не смеялись, а ржали! Ну слов нет уже! О ѓами мардумро ягон кас мехўрад ё не? Наход барои баднафсии як нафар њазор нафар зарар бинану аз дањани фарзандњояшон њамун сўмро кашида гиранд! Охир оњи њамун фарзандон ба сари њамон нафаре баднафс намезада бошад??? Komilzoda Ahmadshoh: Хеле аљиб аст. Аз иттилои хабаргузорї чунин бармеояд, ки вазъи наќлиёти мусофирбар раиси шањрро нигарон кардааст. Дар идома мехонем, ки ў барои рафъи камбудї супориш додааст, либоси ягона љорї карда шавад. Ва нињоят, зани тољирро либоси арзону пахтагии (на пахтагин) миллї хуш наомадааст, зеро ба гуфтаи ў "либоси пахтагин ба ќисми поёнии мардњо зарар мерасонидааст"!!! Шумо аз ин иттилоия чизе фањмидед? Jamila Huseinova: Устод, рост гуфтед, ба ќавле ин њамааш "бред" аст. Имрўз соња ба ислоњот, кадрњои хуб ва менељерњо ниёз

«

Народ, над нами итак уже полмира смеется, ну зачем же делать так, чтобы и остальные не смеялись, а ржали! Ну слов нет уже! О ѓами мардумро ягон кас мехўрад ё не? Наход барои баднафсии як нафар њазор нафар зарар бинану аз дањани фарзандњояшон њамун сўмро кашида гиранд! Охир оњи њамун фарзандон ба сари њамон нафаре баднафс намезада бошад???

«

дорад, на либос... Мо њанўз њам натавонистем масъалаи нархи роњкироро яктараф кунем, таќсимоти нолозими хатсайрњоро аз байн барем, сохторњо бо њамдигар зиддият доранд ва ронанда дар байни чор девор мондааст, намедонад ба гапи кї гўш дињад, тафтишњои зиёд, њуљљатњои зиёд. Харчу харочоти беохир ронандањоро хеле шикастаат, ана боз либоси 650 -сомонаи туркї! Parviz Quddusov: Апаи Чамила Хусейнова дар ЉДММ СУМАН њам метавон формоиш дод. Бо сифати хуб ва боварї дорам, ки бо нархи дастрас њам... Jamila Huseinova: Парвиз, муттаассифона аз мо вобаста нест. Ин масъала дар болоњо њал шуда истодааст.... Parviz Quddusov: Аслан гирем, бояд аз аввали фаъолият дорои либосњои ягона мебуданд. Боварї дорам, супоришњо низ оид ба либоси ягона бояд бошанд. Зеро кадом як ваќте доштанд. Лекин боз ... Jamila Huseinova: Буд ва њама ваќт ин ќоида њаст, куртаи кабуд, шими сиёњ, кондукторњо камзулчаи сурх доштанд. Њам ронанда ва хам кондуктор бояд бейљик дошта бошанд, ин чизњо њоло њам њаст, аммо аз фориѓболии масъулњо фаромўш шуд... Самиджан Насирджанов: Агар хохед либоси ягона дошта бошанд, аввал мошинњои давлатї харида дињед, баъд либос. Бо арўси њамсоя њамаро хонадор карданианд. Jamila Huseinova: Оре. ба ронанда касе соляркаву бензин надињад, боз вай бо мошини худаш омада андоз месупорад, пули автобаза, шартнома, страховка, сертификат, лицензия, њар рўз пули духтур, механик, диспечер боз ана либос бояд харад. Бо мошини худаш боз забонкўтоњ шудааст... Parviz Quddusov: Ба фикри ман дар шањри Душанбе ягон автобус ва ё троллейбуси шахсї нест. Њамааш давлатиянд. Дар баробари ин, њамаи наќлиёти хизматрасон бо корхонањои давлатии хизматрасонї шартнома доранд. Jamila Huseinova: Манзури ман микроавтобусњо мебошанд, ки шомили 18 љамъияти наќлиётии хусусиянд ва тариќи шартнома кор мекунанд... Shahlo Sandalova: Рахмат ба падаратон, Љамилахон. Вале мардум фикр мекунад, ки ронандањо миллионеранд! Шуњрат Латифов: Либоси ягонаро њар як ширкат худ љорї намояд ва он шинам арзон ва нишонањои ширкатро муайян созад. Њамчунин агар сухан оиди намуди зоњирї равад, бењтар аст на танњо либоси ягонаи њар ширкат, балки нишонњои ягона ба автомашинањо дошта бошанд, ки тавонем, њар ширкатро ба алоњидагї шиносем ва хизматрасонињои онро бањогузорї кунем. Маќсад аз либоси ягона ин намоишкорї набояд бошад. Ин "Бренди" ширкат бошад ва ширкат худ "бо маблаѓи худ" бояд таъмин намояд, на ронандањо харидорї намоянд. Jamila Huseinova: Њар як ширкати наќлиёти рамз - логотипи худро бо номи корхона дорад. Дар микроавтобусњо насб кардагї, аммо шањрдорї мехохад, ки њама бо либоси якхела бошанд.... Шуњрат Латифов: Мебахшед, он рамз ва логотипњо намуди зоњирї надоранд ва тарошида шудаанд. Дар мавриди ягона намудан ин кори хатост... Агар шањрдорї хоњад, њама ягона бошад, аввалан аз наќлиёти љамъиятии давлатї оѓоз намояд, то бубинем, то чї андоза зебо ва шинам аст. Мебахшед ман нафањмидам барои чї он тролейбусњо ва автобусњо бо балангўякњо ва таблоњои электронї муљањњаз шудаанд, ки кор намекунанд, (маќсад аз он огоњ кардани мусофирон аз истгоњњои оянда бояд бошад, ва њадди аќќал бо ду забон, зеро асосан хориљиён ва мењмонон бояд огоњї ёбанд) лек ин њама алњол кор намекунанд. Jamila Huseinova: Дар масъалаи логотип рост гуфтед, ман њам тарафдори он ки иваз шаванд, аксарият њамдигарро такрор мекунанд ва ба њам монанданд. Баландгўякхо њам аз кор монданд. Мухаммадюсуфи Шодї: Чамилаљон як љойњоеро масъалагузорї мекунед, ки ѓаши одам меояд. Наход ин соњибкорзан то њамин андоза медонистааст? Ваќте дар бозори Черкизи Москва кор мекардем, ба мо балонњои оташнишониро бор мекарданд, њатто противогазњоро ба мо маљбури фурўхта буданд. Ин мављи хамон спекуляцияи москвагї аст, ки пас аз 20 сол инљохо омадааст.


РАВЗАНА

Истеъфои Шарифї Чаро то ба имрўз газу нафти Тољикистон истихрољ нашуд? 11 - уми май Назир Шарифї, ки аз соли 2010 ба ин сў президенти Намояндагии ширкати "Тетис Петролиум" дар Тољикистон буд, аз истеъфои худ хабар дод. Дар баробари ин аз директории Намояндагии Ширкати "Кўлоб - Петролиум Лимитед" низ истеъфо дод, ки 8 сол ба ин сў рањбарии онро ба зимма дошт. Шарифї аз истеъфояш дар сафњаи фейсбукии худ хабар дод. Вай навишт, "гирифтани тасмим дар бораи истеъфо бароям осон набуд, зеро ман аз ибтидо дар лоињаи "Бохтар" ширкат варзидаам ва шоњиди тавлид, болоравї ва комёбии он то ба имрўз будаам. Бо вуљуди душвориву мураккабии кор, њашт соли сипаришуда дар ширкат бароям як марњилаи баѓоят љолиб ва пурбаракат буд". Ў њамчунин бо изњори сипосу миннатдорї аз роњбарияти њукумати Тољикистон гуфтааст, "фаъолияти ширкати Тетис дар Тољикистон аз соли 2007 шуруъ ёфт, дар даврае, ки рушди соњаи нафту газ таќрибан ќатъ гашта буд ва танњо чанд коргоњи хурди ватанї, ки аз замони Шўравї бозмонда буданд, фаъолият мекарданд. Бо омадани Тетис вазъият дар ин бахш комилан таѓйир ёфт ва имконоти рушди минбаъдаи он фароњам омаданд. Таљассуми воќеии ин имконот ворид шудани ду ширкати азими нафту гази љањонї - CNPC ва Total SA ба Тољикистон буд, ки мисли мо нисбати дурнамои бахши нафту газ дар кишвар хушбин њастанд". Назир Шарифї аз сабабњои аслии истеъфои худ дар сафњаи фейсбукї чизе нагуфтааст. Дар суњбат бо "Нигоњ" танњо гуфт, ки аз фаъолиятњои худ дар ин соња хеле ќаноатманд аст. Ин посух гарчи ўро ќаноат медињад, аммо дида мешавад, ки рушди соњаи кашфу истихрољи нафт, бахусус њамкории ширкатњои хориљї бо њукумати Тољикистон љомиаро ќаноат дода наметавонад. Бо гузашти 8 сол аз омадани ширкати бритониёии Tetys Petroleum Limited, сипас "Газпром - International" - и Русия ва нињоят абарширкатњое, назири Total -

7

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

Нафаси "аждањои сурх"

и Фаронса ва CNPC (China National Petroleum Corporation) - и Чин дар амал Тољикистон як мукааб газ ё як бушка нафти онњоро надид. Моњи июли соли 2012 Девид Робсон, мудири кулли ширкати "Тетис Петролиум" як баёния пахш карда, захирањои нафту гази Тољикистонро дар њавзаи Амударё ба захоири Туркманистон, ки дар љањон дар љои дуввум ќарор доранд, ќариб баробар дониста буд. Дар ин баёния омада буд, ки бино бар пажўњишњо, захоири гази Тољикистон ба 3 миллиарду 228 миллион метри мукааб баробар буда, захоири нафт ва гази моеи он беш аз 8,5 миллиард бушкаро ташкил медињад. Ба назар мерасад, мањз ин иттилоъ, "бўи нафту газ" - ро ба машоми "аждањоён"-е, назири Total - и Фаронса ва CNPC - и Чин расонд ва онњо ба сўи Тољикистон парвоз карданд. Ин ду, ки аз яккатозони бозори истихрољ, коркард ва тиљорати нафту гази љањон ба шумор меоянд, бори аввал моњи декабри соли 2012 дар хабарњои вобаста ба Тољикистон пайдо шуданд. Он замон Tetys Petroleum Limited, ки њамкори њукумат ва мубтакири омадани ин ду абарширкат ба Тољикистон буд, эълон дошт, ки бо Total ва CNPC шартномаи "формаут" дар бораи таќсими мол дар њавзаи Бохтарро ба имзо расондааст. Моњи феврали соли 2013 Tetys Petroleum Limited хабар дод, ки њукумати Тољикистон низ иштироки ин ду абарширкатро пазируфтааст ва њамон сол онњо аз боз кардани намояндагии худ дар Душанбе хабар доданд. Бино ба созишномаи таќсими мол, Tetys Petroleum - 70 ва њукумати Тољикистон - 30 дарсади мањсулоти нињоии тавлидшуда аз чоњњои нафту газро со-

њиб мешаванд. Total ва CNPC ба њаќќи Tetys Petroleum њамроњ мешаванд, яъне 70 дарсади сањми ин ширкатро њар се 33 - дарсадї бо њам хоњанд дид. Бино ба иттилои расмї, созишномаи таќсими мол бо бозигари дигари бозори нафту гази Тољикистон - "Газпром International" - и Русия имзо нашудааст. Ин ширкат бар асоси "Шартномаи майдонњои ояндадор" фаъолият мекунад ва танњо пас аз даст ёфтан ба манобеъ бо њукумати Тољикистон созишномаи таќсими молро ба имзо хоњад расонд. Њар чї њаст, нест, Тољикистон нафту гази ин ширкатњои љањониро надид. Бино ба иттилои дарёфтї, ки расман таъйид нашудааст, ширкатњои истихрољи нафт дар Тољикистон, дар амри берун овардани нафту гази бењисоби Тољикистон мушкилї мекашанд, зеро онњо дар чуќурии ќариб 7 километр ќарор доранд ва маблаѓи зиёдро талаб мекунанд. Ин кор барои онњо вазнину серхарљ афтодааст, аз ин хотир, сармоягузориашонро дар ин бахш то 60 - 70 дарсад коњиш додаанд. Аз сўи дигар, ин гуфтугузор низ вуљуд дорад, ки њукумати Тољикистон аз шартномањои таќсими мол бо ширкатњои хориљї розї нест. Ва бино ба бархе манобеъ, ширкатњои чинї пешнињоди аз ин њам мувофиќтареро ироа кардаанд. Дар асл чї мегузарад, рўшан нест. Истеъфои Назир Шарифї, ки далоилаш њам эълон нашуданд, чизе муњимтар ва бузургтар аз як истеъфо метавонад бошад. На фаќат ба худи ў, балки соња низ бастагї дорад. Аммо як сиррест, ки рўзе ошкор хоњад шуд.

Далери ХАЙРУЛЛОЊ

ГЕНЕРАЛ

"Давлати исломї" ва созмонњои ифротї аз сўи душманони ислом ташкил

Шоњ ИСКАНДАРОВ:

Генарал Шоњ Искандаров, аз собиќ ќумондонњои соњибнуфузи ИНОТ ва сардори ШКД-и Турсунзода гурўњи "Давлати исломї" ва дигар созмонњои ифротгароро њаракатњои аз љониби душманони ислом ташкилшуда номид. 7-уми май зимни суханрониаш дар мулоќот бо Фаррух Шарифов, собиќ љангии "Давлати исломї" дар Сурия гуфт, ки њадафи асосии ин гурўњњо доѓдор кардани номи Ислом ва низоъ андохтан дар байни мусалмонњо мебошад. Тавре ў мегўяд, "ифротгарої дар њар шакле зуњур карда, характери сиёсї пайдо кунад маълум аст, ки аз тарафи ягон гурўњи манфиатхоњ ё аз љониби давлате идора карда мешавад". Шоњ Искандаров бо интиќод аз њаракатњои ифротгарої онњоеро, ки "аз номи дини Ислом сухан карда, барпо кардани хилофати Исломиро маќсади худ мехонанд, вале дар асл ба ин восита ба субот ва оромиши љомеа халал расонда, ни-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

зоъњои нажодї, миллї, динї ва иљтимоиро бармеангезанд" мањкум кард. - Дар яке аз таълимотњояшон аъзоёни "Давлати исломї" аз номи Паёмбар гуфтаанд, ки "Ман паёмбаре њастам, ки бо хун омадам". Ин ба куллї дуруѓ буда, сухани њамон одамонест, ки мехоњанд дини Ислом ва Паёмбарро бадном созанд, чи хеле ки солњои гузашта нисбати Паёмбари ислом карикатурањо кашида буданд. Ин њамонњое њастанд, ки боз мехоњанд Паёмбарро бадном кунанд, - гуфт ў дар суханрониаш. Ба бовари Шоњ Искандаров сабаби асосии гаравидани љавонон ба ин гурўњњо дар бехабар будани онњо аз Ќуръону суннат мебошад. Огоњї аз Ќуръону суннатро аз роњњои пешгирии ифротї шудани љавонњо медонад: "модом ки имрўз љавонон аз Ислом бохабар нестанд, онњо пурра Ќуръонро азхуд накардаанд ва аз њадис бехабаранд њар гурўњ ва ё њар шахси алоњида метавонад онњоро ба доми худ аф-

тонад. Њар касе, ки аз Ќуръон ва њадис бохабар бошад ман бовар дорам, ки њељ кас ё гурўње ба роњи бад бурда наметавонад." Ў ба љавонон тавсия кард, ки китоби "Комитет 300"-ро хонанд, асли гурўњњои ифротиро хоњанд шинохт. Њадафи ин гурўњњо низоъ андохтан миёни мусалмонон мебошад, то ки ба њам дўст ва муттањид набошанд.Њамчунин, ў ба таъкид гуфт, ки "Худованд љињодро алайњи кофирон эълон кардааст. Аммо инњо дар давлатњои исломї љанг карда истодаанд. Маълум аст, ки ин кори дасти кист". Ў ин суханњоро дар њузури кормандони маќомоти корњои дохилї, љавонон ва намояндагони расонањо иброз дошт. 7-уми май Фаррух Шарифов, як љавони 25-солаи тољик аз љангњои Сурия фирор кардааст, дар мулоќоте дар Кохи Љомї аз саргузашташ ва дањшати "Давлати исломї" суњбат кард.

Паради низомии 9-уми май дар Маскав аз њодисањои рўз дар љањон буд. Ба Маскав сафар накардани рањбарони кишварњои ѓарбї он ќадар таваљљўњбарангез набуд, ба мисли он ки Владимир Путин, президенти Русия ва Си Љин Пин, рањбари Чин пањлўи њам дар ин њамоиш чаќ - чаќ карданд. Тањлилгарони сиёсї ва расонањои пешсафи љањонї бештар ба паради низомии Русия мањз аз нигоњи ин, ки Маскав худро ба Пекин наздик мекунад, нигаристаанд. Баррасињои расонањоро ба як љумла чунин хулоса кардан мумкин аст: ин Чин аст, ки стратегияи муносибаташ бо кишвари дуюмро муайян мекунад, њатто он агар Русияву ИМА њам бошад. Бар фарќ аз ИМА ва Русия Чин бо нерўи иќтисодиаш оромона љањонро зери сояи ливои сурхаш ворид карда истодааст. Ба њар мулке, ки чинї ворид шуд, чунин иттифоќ науфтодааст, ки аз он кишвар берун шавад. Ин гуфтаро дар мисоли Тољикистон возењтар дидан мумкин аст. Агар ба забони раќамњо њарф занем, тибќи маълумоти расмї, њудуди 50%-и ќарзи берунаи Тољикистон марбут ба Чин мебошад. Дар анљоми соли 2014 ќарзи берунаи Тољикистон ба 2,1 миллиард доллар мерасид, аз ин 901,5 миллион доллар аз Чин аст. Бар замми ин, корхонањои муњими Тољикистон дар назди Чин ќарздоранд. Танњо дар як љаласаи парламент вакилон дар моњи январ созишномањои ќарзї миёни Тољикистон ва Бонки содироту воридоти Чинро ба тасвиб расонданд, ки бояд маблаѓњои ќарзиро дар давоми 25 сол њукумат баргардонад. Аз љумла барои бунёди роњи оњани Душанбе Ќурѓонтеппа дар ќитъаи Вањдат-Ёвон Чин 68 миллион доллар ќарзи имтиёзнок барои КВД "Роњи оњани Тољикистон" људо кард. Инчунин, барои бунёди марњилаи дуюми "Маркази барќу гармдињї2"-и шањри Душанбе" "Барќи тољик" 152 миллион доллар ќарз гирифт. Њукумат уњдадор шуд, ки ин ќарзро дар давоми 25 сол баргардонад. Ногуфта намонад, ки Њукумати Тољикистон бар ивази бунёди "Маркази гармидињии 2" дар шањри Душанбе ба ширкати чинии ТВЕА иљозат дод, ки дар ду кони тилло дар ноњияи Айнї корњои омўзиширо шурўъ кунад. Инчунин Њукумат, барои бунёди "Сохтмони корхонаи истењсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истењсоли кислотаи сулфат дар њошияи таљдиди "Талко" Бонки содироту воридоти Чин 88,5 миллион ќарз дод, ки дар давоми 35 сол "Талко" бояд баргардонад. Бар замми ин, яке аз хусусиятњои умдаи Чин ин аст, ки бо маблаѓи људокардааш ширкатњои чинї кор карда, нерўи корї, њатто техникаро аз Чин меоранд. Ба гуфте, пул бегона намешавад. Дар Тољикистон аз њама бештар муњољирони корї аз Чин мебошанд. Тибќи маълумоти расмї, соли 2014 теъдоди онњо дар Тољикистон ба 5 њазору 86 нафар мерасид, ки нисбат ба соли 2013 (3 њазору 861 нафар) 31% зиёд аст. Илова бар ин, имрўз чинињо дар љануби Тољикистон њазорњо гектар заминро ба иљора гирифтаанд. Дар бораи дигар ќарзњову корхонањо, аз худ кардани корхонањои канданињои фоиданок, ќарзи IRS мисол овардан њољат нест. Ба ифодаи дигар, Чин пояшро аз Тољикистон канданї нест. Њатто чунин менамояд, ки Чин ба сиёсати мо ба таври нохоста таъсир дорад. Чунин менамояд, ки мубориза бо ифротгарої дар Тољикистон, ки чун мубориза ба дин бозтоб шуд, баргирифта аз идеяњои муборизоти чинї бо ифротгарої дар минтаќаи мусалмоннишини Шинљони Чин аст. Ин ќудрати љањонї дар замони Шўравї њамсояи наздик, аммо дур шинохта мешуд. Ин фосиларо Маскав муайян мекард. Њоло аз наздик њам наздиктар шуда. Тољикистон бидуни шубња на зери сояи "аждањои сурх", балки дами нафаси оташбори он ќарор дорад, ки њеч љои гурез надорад, ба љуз роњи "муруввату мадоро".


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

МО ВА ТАЪРИХ

Чор истеъфои Иззатулло Њаёев (Идома аз шумораи гузашта)

Љанљол њангоми имзои протоколи истеъфо Номи Њаёев ба таври густурда да Тољикистон рўзњои бањманмоњи соли 1990 вирди забонњо шуд. Ў шаби 12-уми феврал њамроњи вазири корњои дохилї Мањмадаёз Нављувонов тавассути телевизиони Тољикистон суханронї намуда, дар мавриди сар задани бетартибињо ва куштори одамон дар назди бинои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тољикистон хабар дод. Дар њамин барнома онњо дар мавриди эълони вазъияти фавќулодда ва ќуюди шабгардї дар шањри Душанбе хабар доданд. Ваќте ки дар рўзи баъдї вазъият муташанниљтар гардид, њукумат розї шуд, ки бо намояндагони эътирозгарон сари мизи музокирот бинишинад. Ба ин хотир, 13-уми феврал созмони мардумии "Кумитаи -17" таъсис ёфт, ки роњбарии онро муовини Њаёев, раиси Кумитаи банаќашгирї Бўрї Каримов ба ўњда дошт. Ба ќавли Каримов, ваќте ки номи ўро дар майдон гирифтанд, ў њозир нашуд, ки ба назди онњо барояд, вале роњбари Тољикистони шўравї ба ў пешнињод кард, ки ба майдон рафта, мардумро ором кунад. "Кумитаи 17" дар њузури намояндаи Кремл Борис Пуго, собиќ раиси КГБ-и Латвия, ба гуфтушунид бо Мањкамов, Паллаев ва Њаёев сари мизи музокирот нишастанд ва ахиран ин "сегона" розї шуд, ки ба истеъфо равад. Гуфтушуниди роњбарияти љумњурї бо созмони мардумї дар он рўз беш аз 7 соат тўл кашид ва дар нињоят роњбарони Тољикистони шўравї розї шуданд, ки аз мансабњои худ канор раванд. М. Миррањимов дар маќолаи худ "Њаёев ба истеъфо рафт? Бовар намекунам!", ки моњи январи соли 1992 ба дунболи истеъфои эшон навишта шудааст, дар мавриди наќши Њаёев дар гуфтушуниди рўзи 14 - уми феврал ба таври муфассал ќисса мекунад. Ба ќавли ў, охирин сарвазири Тољикистони шўравї он рўз танњо барои як лањзаяке дар толори гуфтушунид пайдо шуду бовиќор сигор дуд дода, зуд аз онљо гайб зад. Аммо ваќте ки ў шомгоњон наздикињои соати 19 омад, протоколи истеъфои роњбарон аллакай тайёр буд. Ба њамин хотир, ў норозиёна изњор кард, ки сарнавишташро бидуни худаш њал кардаанд. Ба ин сабаб Њаёев изњор медорад, ки протоколи истеъфоро имзо намекунад. М. Миррањимов ба сарвазир мегўяд, ки эътирозашро ба Мањкамов, ки њамин љо дар пешаш нишастааст, бигўяд, зеро ў ба музкокиракунандагон иттилоъ дод, ки Њаёев тавассути телефон розигии худро дар мавриди рафтан ба истеъфо изњор доштааст. Худи Мањкамов, ки суханони сарвазирро шунида буд, хомўш меистод ва чизе намегуфт. М. Миррањимов, чунонки дар ин

«

макола зикр мекунад, ба Њаёев мурољиат карда, мепурсад: - Шумо ба ќарорњои Партияи коммунистї итоат мекунед? - Албатта, итоат мекунам. - Пас даъвоятонро ба котиби якуми КМ ПК Мањкамов бигўед. Ана, ин кас нишастаанд. Шумо ба ќарори партия муќобилед? - Не, - љавоб дод Њаёев ва якбора кафид. - Кї љои мана мегирад? Њамидулло Њабибуллоев, намояндаи "Кумитаи 17" ба Њаёев дар посух мегўяд, ки ин масъала тибќи ќонун ќонун њал мешавад, бинобар ин, ба онњо њељ рабте надорад. Њамчунин Њ. Њабибуллоев илова мекунад, ки агар ин масъала барои сарвазир ањамияти зиёд дошта бошад, вазифаашро то расман барканор шуданаш ба ягон нафар аз муовинњояш дињад, масалан, ба Кошлаков, Затсаринний ё Воњидов. Њаёев ѓайричашмдошт иддао мекунад, ки бигзор Бўрї Каримов ваъда дињад, ки вазифаашро мегирад. Аммо Њ. Њабибулоев боз ба сарвазир мефањмонад, ки њоло Каримов раиси "Кумитаи 17", яъне раиси ќумитаи мардумї аст", бинобар ин, Њаёев худаш бояд муайян кунад, ки ба љои худаш киро таъин мекунад. Ин якравии Њаёев тоќати њамаро тоќ кард, бинобар ин, чунонки М. Миррањимов менависад, Њ. Њабибуллоев ба сарвазир мурољиат карда, мегўяд: - Рафиќ Иззатулло Њаёев, Шумо дар Њукумати Тољикистон балоро намефањмед. Њама корро Кошлаков иљро мекунад. Шумо танњо имзо мегузореду халос. - Не, ман корро наѓз мефањмам. Инљо мањалчигї рафта истодаасту халос, - эътироз мекунад Њаёев.

Артиш роњбаронро наљот медињад Хабари ба истеъфо рафтани Мањкамов, Паллаев ва Њаёев беваќтии шаби 13 ба 14уми феврали соли 1990 дар барномаи вижаи телевизионї бо ширкати Пуго, роњбарони љумњурї ва намояндагони "Кумитаи 17" аз љониби худи Маќкамов эълон гардид. Санади ба истеъфо рафтан "Протоколи машварати байнитарафайни роњбарияти љумњурї ва созмони мардумї аз 14.02.1990" ном дошт ва он аз 4 банд иборат буд: "1. Вазъияти нињоят шадид ва тезутунди дар шањри Душанбе ба миёномадаро ба назар гирифта, барои пешгирї кардани хунрезињо ва њолати фавќулодда мо ба хулоса омадем, ки аз рўи ќонуни конститутсионї истеъфо дињем: Мањкамов Ќ. М. Паллаев Ѓ. П. Њаёев И. Њ. 2. Рўзњои 15,16 ва 17 феврали соли 1990 дар тамоми љумњурї рўзњои мотам эълон карда шавад. 3. Гурўњи мањдуди Армияи советї ва Вазорати корњои дохилї барои њифзу амния-

Ќањњор Мањкамов аз минбари Пленум изњор дошт, ки зимни гуфтушунид намояндањои созмони мардумї њар замон бо истинод ба љонибдорони худ, ки дар шањр бетартибињо мекарданд, талабњои худро афзуда, мегуфтанд, ки агар роњбарияти љумњурї ба истеъфо наравад, онњо хунрезиро идома медињанд.

«

ти љойњои муњими давлатї ва хољагї истифода бурда шавад. 4. Намояндагони созмони мардумї аз љониби худ барои бас шудани рањпаймої, љамъомад ва тазоњурот ёрї мерасонанд ва њамаи ќувваро барои бартараф кардани њама гуна бетартибињо дар њудуди шањри Душанбе ва дигар ноњияњои тобеи љумњурї сарф мекунанд". Ба ќавли яке аз намояндагони "Кумита 17" иштирокчии фаъоли гуфтушунидњо бо роњбарони љумњурї Мирбобо Миррањимов, музокиротро миёни љонибњо Пуго пешнињод карда буд. Маќсади ў ин буд, ки тавассути гуфтушунид бо намояндагони мардумї, Изњороти истеъфои роњбарияти љумњурї ва эълони рўзњои мотам дар Тољикистон эътирозгарон ором шаванд. Њангоме, ки гуфтушунид идома меёфт, ба шањри Душанбе теъдоди бузурги хизматчиёни Артиши шўравї партофта шуданд, то ки вазъиятро зери контроли худ бигиранд. Субњи рўзи дигар, яъне 15 феврал љаласаи бюрои Комитети марказї доир гашт ва мавќеи роњбарони ЉШС Тољикистон таѓйир ёфт. Онњо эълон карданд, ки ба њељ ваљњ ба истеъфо намераванд. Ба дунболи ин тасмим Пленуми Комитети марказии Њизби коммунисти Тољикистон бо ширкати беш аз 400 вакил кори худро оѓоз кард ва аксари онњо аз Мањкамов, Паллаев ва Њаёе талаб карданд, ки истеъфои худро бекор кунанд. Ќањњор Мањкамов аз минбари Пленум изњор дошт, ки зимни гуфтушунид намояндањои созмони мардумї њар замон бо истинод ба љонибдорони худ, ки дар шањр бетартибињо мекарданд, талабњои худро афзуда, мегуфтанд, ки агар роњбарияти љумњурї ба истеъфо наравад, онњо хунрезиро идома медињанд. Ин гап ба воќеият рост намеомад, зеро хунрезиро дар кўчаву хиёбонњои шањр асосан низомиён идома медоданд. Инро баъдњо Гузориши Комиссияи Президиуми Шўрои олї тайид кард. Аммо вакилон, фањмост, ки тибќи сенарияи аз ќабл тарњрезишуда кўшиш мекарданд, ки њама гуноњро ба сари Б. Каримов, ки бо хоњиши худи Мањкамов ба назди гирдињамомадагон баромада буд, зананд. Худи Б. Кримов зимни суханронии худ ин иттињомро шарњ дода, менависад: - Ман рўзи 12 -уми феврал ба назди гирдињамомадагон бо хоњиши роњбарон баромадам. Нафарони зиёд аз ман таќозо мекарданд, аз љумла рафиќ Мањкамов, то назди онњо бароям. Ва фаъолияти ман дар ин комитети муваќќатї бо роњбарон мувофиќа шудааст.

Њаеёв айбдор мекунад Дар ин Пленум изњороти Иззатулло Њаёев дар мавриди сабабњои "аслї"-и ба истеъфо розї шуданашон ба сари Б. Каримов об рехт. Мавсуф дар ин суханронии ба њамла гузашта, як ќатор кормандони радаи болои љумњуриро дар кўшиши пиёда кардани табаддулоти давлатї гунањкор кард. Раиси Шўрои вазирон ваќте ки ба минбар баромад, дар ибтидо зикр кард, ки протоколи истеъфоро онњо воќеан самимона имзо карда буданд, танњо ба он хотир, ки пеши роњи хунрезї гирифта шавад, њадди аќал барои як соат. Дар нутќи кўтоњи худ дар Пленум, ки аз чанд даќиќа беш набуд, сарвазир гуфт, ки баъзе рафиќон самимона сухан нагуфтанд. Њаёев иброз дошт, ки

рафиќоне, ки дар ин бора медонистанд, љуръат накарданд, ки сухан бигўянд. - Аз ин рў, - гуфт ў, - ќарор додам, ки худам инро бигўям. Ва ў гуфт, ки пас аз имзои Протокол дар дафтари кори рафиќ Каримов рафиќон Н. Табаров, Н. Њувайдуллоев, М. Муњаббатшоев, М. Икромов љамъ шуданд ва лоињаи Укази Президиуми Шўрои олиро дар бораи ба вазифаи раиси Совети вазирон таъин кардани Бўрї Каримов тайёр карданд. Ба ќавли Њаёев, ин кўшиши табаддулоти давлатї буд, ки аз љониби ин рафиќони воломаќом сурат гирифтааст: - Агар онњо кўшиши гирифтани ќудратро намекарданд, пас, дигар ягон сабаб вуљуд надорад. Ягона сабаб - онњо барои њокимият кўшиш мекарданд. Раиси Президиуми Шўрои олї - Ѓоибназар Паллаев ба ин иттињоми љиддии Њаёев вокуниш нишон дода, эълон дошт, ки њељ гуна Указ вуљуд надошт, бинобар ин, ба тањќиќоти њизбї ва ё љиноятї зарурат нест: - Ба Усмон Ѓаниевич супориш шуда буд, ки чунин лоињаи фармонро тайёр кунад, аммо ман инро ќатъиян манъ кардам. Указ дар бораи таъин кардану аз вазифа озод кардан вуљуд надошт, -таъкид намуд Ѓ. Паллаев, вале ин эътироз сарфи назар гардид. Аслан худи Њаёев низ дар Изњороти худ зикр карда буд, ки ў ин гуфтугўи Паллаев ва Усмоновро њангоми баромадан аз кабинети Мањкамов шунида буд. Вале вакилони Пленум ба ин гуфтањо эътибор надоданд, бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки Комиссияи њизбї таъсис дода шавад ва он ќазияи кўшиши табаддулотро мавриди баррасї ќарор дињад. Пуго боз љилави суханро ба дасти худ гирифт ва ба вакилон гуфт, ки масъалаи Раиси Президиуми Шўрои олї ва раиси Шўрои вазиронро бояд иљлосияи Шўрои олї њал кунад, аммо њоло рафиќон Паллаев ва Њаёев пурсида истодаанд, ки онњо њамчун коммунист бояд чї кор кунанд? Коргардони Пленум мунтазири посухи вакилон нашуда, афзуд, ки чун ин њарду коммунист њастанд, "шояд мо мисли коммунист, њамчун аъзои бюрои Комитети марказї њаќ дошта бошем, ки дар ин маврид андешаи худро бигўем". Ва ў роњи њалли ин масъаларо ёфт. Яъне, вакилон ба тариќи овоздињии кушод ба Њаёеву Паллаев овоз дињанд. Ва онњо, ки њама коммунист буданд, раъй доданд, ки Паллаев ва Њаёев дар вазифањои худ кор кунанд. Њамаи нафароне, ки номашонро Њаёев номбар карда буд, ба минбар баромада, худро сафед кардан хостанд, аммо њамњизбњояшон, ки дигар дарк карда буданд, ки инњо ќурбонї мешаванд, гапњояшонро њатто гўш кардан нахостанд. Баъдан парвандаи љиноятї ифтитоњ гардид ва соњибмансабони зиёде ба љавобгарии љиноятї кашида шуданд. Азбаски гуноњи эшон дар ширкат дар табаддулоти давлатї исбот нашуд, баъди ќариб якуним сол њама сафед шуданд ва парванда ќатъ гардид.

Мањкамов меравад, Њаеёв мемонад Баъди якуним сол масъалаи истеъфои роњбарони Тољикистони шўравї боз ба миён омад. Мухолифин ин дафъа истеъфои Мањкамов, Њаёев ва Аслоновро, ки роњбарони љумњурї њисоб мешуданд, талаб доштанд.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

МИЛЛАТСОЗЇ

Сабаби талаби истеъфо љонибдории роњбарони Тољикистон аз ГКЧП буд, ки рўзи 19 августи соли 1991 аз тарафи як гурўњ роњбарони Иттињоди шўравї роњандозї шуда буд. Онњо дар як нишасти матбуотї эълон карданд, ки бо сабаби бемории Горбачёв Кумитаи давлатии вазъияти фавќулодда (ГКЧП) таъсис додаанд ва аъзои он то замони сињат шудани президент Горбачёв зимоми ќудратро ба дасти худ мегиранд. Ба њайати ин кумита вазирони калидии давлати шўравї шомил буданд, аз љумла коргардони воќеањои моњи феврали соли 1990 Борис Пуго низ. Мавсуф чанд моњ ќабл вазири корњои дохилии Иттињоди шўравї таъин шуда буд. Дар нахустин рўзи фаъолияти ГКЧП дар шањри Душанбе чопи нашрияњои мустаќил ва мухолиф - "Чароѓи рўз" ва "Адолат"мутаваќќиф гардиданд. Нињодњои интизомиву амниятї роњбарияти Њизби демократро расман њушдор дода буданд, ки аз њар гуна иќдом ба муќобили ГКЧП худдорї кунад. Сарфи назар аз ин, раиси њизби демократ Шодмон Юсуф изњор медорад, ки агар ўро њатто њамин њозир бурда њабс кунанд њам, ў ин табаддулоти давлатиро ќатъиян мањкум мекунад, зеро,ба андешаи ў, ин ГКЧП табаддулоти давлатї бар зидди демократия ва рўшанфикрон аст. Баъди 3 рўз табаддулотгарон шикаст хўрданд ва боздошт шуданд, бинобар ин, дар рўзњои охири моњи августи соли 1991 мухолифин дар маркази шањри Душанбе гирдињамої ташкил намуданд, то ки шикасти диктатураро љашн бигиранд. Пешвоёни гирдињамої 17 талаб пеш гузоштанд, аз љумла, эълони истиќлоли давлатии Тољикистон, расмї кардани фаъолияти Њизби нањзати исломї ва истеъфои роњбарони Тољикистон Мањкамов, Аслонов ва Њаёев аз мансабњои худ ба хотири љонибдорї аз ГКЧП. Ахиран, баъди ќариб ду рўзи пофишорї ва ворид кардани тагйирот ба Конститутсияи Тољикистон, вакилон президенти љумњуриро бо нигоњ доштани имтиёзњояш ба истеъфо фиристанд. Ѓайричашмдошти аксарият баъди канор рафтани Мањкамов талаби истеъфои Аслонов ва Њаёев бардошта шуд. Ба ќавли Давлат Усмон -муовини раиси ЊНИТ ин аќибнишинии онњо њисобшуда буд. Ў дар як мусоњибаи худ дар иртибот ба ин мегўяд, ки баъди истеъфои Мањкамов онњо эњсос карданд, ки дар дохили худи Њизби Кумунист ба хотири касби ќудрат як бозии пасипардагї бо истифода аз майдон шурўъ шудааст: - Дар раъси ин бозї Рањмон Набиев ва як идда аз комунистњо буданд, ки дар атрофи ў љамъ шуда буданд, аз он љумла Сафаралї Кенљаеву чанд тани дигар. Аз њамин лињоз, мо дигар талаб накардем, ки раиси парлумон Аслонов ва нахуствазир Њаёев низ ба истеъфо бираванд.

Њукумати аз њама њодисањо бехабар Сарфи назар аз ин, вакилони мардумї талаб карданд, ки сарвазири љумњурї ба онњо њисобот дињад, ки чаро ГКЧП-ро мањ-

«

Дар нахустин рўзи фаъолияти ГКЧП дар шањри Душанбе чопи нашрияњои мустаќил ва мухолиф "Чароѓи рўз" ва "Адолат"мутаваќќиф гардиданд. Нињодњои интизомиву амниятї роњбарияти Њизби демократро расман њушдор дода буданд, ки аз њар гуна иќдом ба муќобили ГКЧП худдорї кунад.

кум ва обрўи Тољикистонро бо ин роњ дар миёни дигар љумњурињо баланд накард? Посухњои Њаёевро ба саволњои депутатњо бо чанд калима хулоса кардан мумкин буд: надидам, нашунидам, намедонам. Масалан, ў эътироф кард, ки баъди хабар ёфтан аз табаддулоти давлатї имкон дошт, ки ягон мурољиатнома ќабул шавад, вале дар баробари ин бањона пеш овард, ки ягон роњбари љумњурї хабари дурусту даќиќ надошт, то чунин тасмимро бигиранд. Ба гуфтаи сарвазири Тољикистон, ў аз таъсиси ГКЧП дар њавопаймои Душанбе-Маскав иттилоъ ёфтааст. Ин посухи Њаёев боиси тааљљуби раиси яке аз Кумитањои Шўрои олї Њикматулло Насриддинов гардид. Ў гуфт, ки њама роњбарони љумњурї рўзи 19-20-уми август дар Маскав будаанд, пас чаро зидди хунта коре накарданд? Сарвазир посухи аљибу ѓарибе дод. Гуфт, ки "ман аз мењмонхона як шабонарўз берун баромада натавонистам. Агар БТР дар ихтиёри ман мебуд, ман мерафтам". Дар идома ягон вакили мардумї аз Њаёев напурсид, ки агар ў дар Маскав БТР медошт, чї кор мекард? Мисли Елтсин болои он мебаромаду аз мардум хоњиш менамуд, ки фармонњои ГКЧП-ро иљро накунанд? Оё дар муќобили садњо танку мошинњои зирењпўше, ки бо фармони вазири мудофиа Дмитрий Язов ба хотири пуштибонї аз табаддулоти давлатї ба кўчањои Маскав баромада буданд, сарвазири Тољикистон бо як БТР чї кореро анљом дода метавонист? Посухи Њаёев танњо бањонаљўие буду халос, зеро сарвазири Тољикистон ба њељ ваљњ таваккал намекард, балки ў мисли бисёр њамтоёни худ аз собиќ љумњурињои бародарї натиљаи ихтилофи ГКЧП бо Елстинро интизор буд, бинобар ин, саросема нашуд ва хомўш буданро авлотар донист. Воќеият ин аст, ки Мањкамову Аслонов мисли Њаёев зиракии сиёсї нишон надоданд ва аз ГКЧП љонибдорї карданд, њарчанд ки дар њамин иљлосияи Шўрои олї мекўшиданд ин њаќиќатро ботил бароранд. Агар сарвазири љумњурї мехост бар зидди ин табаддулот садо баланд кунад, барои ў анљом додани ин амал дар Маскав њељ мушкилие надошт, зеро хабарнигорон худашон давида пешаш меомаданд.Танњо як ишораи сарвазири Тољикистон кофї буд. Дар дохилиТољикистон њам барои Њаёев њељ монеае вуљуд надошт. ў имкон дошт, ки аз тариќи радиову телевизиони љумњурї, ки он ваќт пурра дар ихтиёраш буданд, изњорот пахш кунад. Дар посух ба саволи ин ки чаро Васоити ахбори љумњурї хабарњои ГКЧП-ро пахш

«

карданд, сарвазир гуфт, ки њукумат ягон рўзнома надорад. Ин посухи ў воќеан сањењ буд, зеро тамоми рўзномањои давлатї дар ихтиёри Њизби коммунисти љумњурї буданд, танњо "Садои мардум" дар тобеияти Шўрои олї ќарор дошт. Ваќте ки аз ў пурсида шуд, ки чаро радио ва телевизиони Тољикистон, ки дар ихтиёри њукумати љумњурї буданд, тамоми фармонњои ГКЧП-ро ба мардум расонданд, Њаёев посухи ќонеъкунанда дода натавонист. Танњо гуфт, ки ин ду расона дар тобеияти њукумат ќарор дорад, вале, ба ќавли ў, дар Девони вазирон кор миёни љонишинњо таќсим шудааст, бинобар ин, ў чунин фармон надода буд. Сарвазир фаќат изњор дошт, ки раиси Кумитаи радио ва телевизион Атахон Сайфуллоев дар толор њузур дорад, бинобар ин, ў худаш метавонад ба ин савол љавоб дињад. Сайфуллоев тибќи гуфтаи "бењтарин њимоя њамла аст" рафтор карда, худи вакилони Шўрои олиро муттањам кард, ки ГКЧП-ро мањкум накарда, балки то замони суќути он дар дањонњояшон об гирифта, хомўш монда буданд. Ў дар идомаи суханронии худ гуфт, ки агар онњо ба хотири мањкум намудани ГКЧП ба раиси радио ва телевизион, яъне ба Сайфуллоев мурољиат мекарданд, барояшон эфир медод. Тоњири Абдуљаббор аз ин њисоботи Њаёев, ки асосан аз "намедонаму нашунидааму надидааму наметавонистам" иборат буд, тааљљуб карда, гуфт, ки ин хеле аљиб аст, ки сарвазири љумњурї њатто роње пайдо накардааст, ки дар Маскав мухолифати худ бо ГКЧП-ро эълон дорад. Бинобар ин, ў аз Њаёев пурсид, ки чун њукумати мо аз њама њодисањо бехабар будааст, пас, ин чї гуна њукумат аст? Раиси як кумитаи дигари Шўрои олї оид ба илму фарњанг Моёншо Назаршоев низ Њаёевро шадидан интиќод намуда, гуфт, ки ба андешаи ў, сарвазири љумњурї аз ўњдаи кор намебарояд, бинобар ин, бояд ба истеъфо равад. Ин ки дар шароити бўњронї коре аз дасти Њаёев намеояд, њанўз дар соли 1990, ваќте ки ўро Шўрои олї ба вазифаи сарвазирї аз нав тасдиќ мекард, Аслидин Соњибназаров чунин гуфта буд: - Агар Њаёев воќеан "иќтисоддони бузург" бошад, пас чаро љумњурї дар бўњрони иќтисодист? Чаро раиси мўњтарам дар панљ соли гузашта роњи баромадан аз ин бўњронро нишон намедињад?

Икромов супориши Њаёевро иљро карда буд? Дар ин иљлосия, ки мавзўи асосиаш истеъфои Мањкамов шуда буд, як ќатор ваки-

9

лони мардумї талаб доштанд, ки вазъи кишоварзї низ мавриди баррасї ќарор бигирад. Дар ин иртибот Њикматулло Насриддинов изњор дошт, ки агар сарвазир барои маърўза дар бахши иќтисодї тайёр набошад, бояд депутатњо ба ягон хулоса биёянд. Њаёев риштаи суханро ба дасти худ гирифта, гуфт, ки вазъи иќтисодии љумњурї ба њама маълум аст, вале ў таъкид кард, ки барои њисобот додан дар ин масъала тайёр нест: - Агар гузориш фаќат ба хотири њамин љо гуфтану хестану рафтан бошад, муроде њосил намешавад, - гуфт Њаёев ва суханашро хулоса кард: - Ман ба ин тариќ маърўза кардан тайёр нестам. Агар касе тайёр бошад, марњамат маърўза кунад. Ин суханони раиси њукумати Љумњурии шўравии сотсиалистии Тољикистон Иззатулло Њаёев ќањри вакили мардумї аз Кофарнињон Мањмурод Каримовро овард. Мавсуф ба назди микрофон омада, гуфт: -Њангоми тасдиќи сарвазир моро фиреб карданд, ки барномаи номзад ба сарвазирро баъд мешунавем. Имрўз боз њамон хел љавоб мешунавем. Ба чунин хулоса меоем, ки вазирону роњбарон ќудрати роњбарї надоранд. Дар њамон иљлосияи соли 1990, ваќте ки номзадии сарвазиро баррасї мекарданд, миёни Тоњири Абдуљаббор ва Њаёев чунин муколама сурат гирифта буд: - Лутфан бигўед, ки Шумо барномаи иќтисодии раъфи бўњронро доред ё на?. - Лутфан дорам. - Пас он дар куљост? - Дар њамин папкаи ман. Аммо ин даъфа, бо гузашти беш аз як сол Тоњири Абдуљаббор посухи сарвазирро фаќат гурез аз масъулият донист, бинобар ин, ў ба Изатулло Њаёев мурољиат намуда, гуфт: - …Њама медонанд, ки вазъи иќтисодї имрўз бад аст ва мо мехоњем бифањмем, ки њукумат ба чї кор машѓул аст? Ин даъфа Њаёев шўхї накард, балки хомўш нишастанро авлотар донист. Ў хуб дарк карда буд, ки толор дигар шўхиро намебардорад ва ин вакилоне, ки то дирўз ба Мањкамов саљда мекарданд, њоло ўро шармандавор аз вазифа гирифта партофтаанд, бинобар ин, имкон дорад, ки ин ањволро ба сари худи Њаёев биоранд. Аммо гайричашмдошт масъалаи истеъфои Њаёев ва Аслонов аз миёни талаботи гирдињамомадагон бардошта шуду њарду дар мансабњои худ боќї монданд. Ѓайричашмдошт баъди 3 њафта ў њамроњи Аслонов ва пешвоёни мухолифин дар пеши пояи њайкали Ленин дар майдони Озодї пайдо шуд. Ин шаби 21 ба 22 -юми сентябри соли 1991 буд. Ба ќавли Шарофат Усмонова, котиби Њизби коммунист, њамон рўз дар дафтари кори и. в. Президенти Тољикистон, раиси Шўрои олї Ќадриддин Аслонов масъалаи кандани њайкали Ленин мавриди баррасї ќарор гирифт. Ба ќавли мавсуф, пешвоёни мухолифин Шодмон Юсуф, Тўраљонзода, алалхусус Латифї, ба раиси шањри Душанбе фишор оварданд, ки ў ќарор барорад, то њайкали Ленин аз майдон бароварда шавад. - Дар давоми ќариб 5 соат мо њамроњи Шодї Шабдолов ва он ваќт ман бояд гўям, ки сарвазир Њаёев низ моро хеле дастгирї карданд, мо хостем њамин чизро фањмонем, -мегўяд солњо баъд Ш. Усмонова. Аммо Тоњири Абдуљаббор мегўяд, ки ваќте он рўз дар пояи њайкали Ленин меистоданд, Њаёев ба Маќсуд Икромов амр кард, ки бирав, ќароратро дар мавриди кандани њайкали Ленин биору бихон дар пеши мардум. Икромов зуд рафта, ќарорро гирифта, лањзае баъд баргашт ва ќарорашро хонд. - Ман, ки пушти сарашон истода будам, дидам, ки он ќарор аз даст, яъне бо ручка навишта шуда буд. Бо ранг! Як љумлааш мисли ин ки нуќсон дошт, чизе пешнињод карданд ва ба ман гуфтанд, ки инро дар он љо бинавис. Ман њамон як љумлаашро ислоњ кардам ва ба дасташон додам, - мегўяд раиси Љунбиши марумии Растохез. Ба ќавли ў, ин њангом, ки рањбарони давлат ва Њизби КоммунистиТољикистон дар майдон буданд, ягонтоаш нагуфт, ки ин корро накунед. (Давом дорад)

Нуралї ДАВЛАТ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

Тањримњои Ѓарб Русияро водор мекунанд, ки рў ба њамсоягони шариќиаш орад. Вале ба назар мерасад ин роњ дар ин марњила њамвор нест. Њузури роњбари Чин Сї Љинпин дар чорабинињои 70-солагии пирўзї бар фашизм дар Маскав ва пањлуи Путин ќарор гирифтани ў дар паради њарбї тањлилгаронро як бори дигар мутаваљљењи дурнамои равобити Маскав ва Пекин кард. Ба назар мерасад, дар пасманзараи тањримњои ѓарбї Русия мекўшад рў ба Шарќ орад, вале то кадом њад ба ин иќдомаш муваффаќ хоњад буд, суоли матрањ ва њанўз бељавоб аст. Соле ќабл таќрибан дар њамин рўзњо Русия ва Чин як муоњадаи 400 - миллиарддоллараи њамкорињои газиро имзо карда буданд. Аммо то ба ин замон маълум нест, ки ин созишнома амалан иљро мешавад ва ё на. Ин дар њолест, ки коршиносон чї дар Амрикову Русия ва чї дар Чин ба гармии равобити ду кишвар чандон хушбин нестанд. Зеро миёни Маскав ва Пекин масоили зиёди амниятиву геополитикие њастанд, ки монеъи рушди њамкорињо

Тањлилгари амрикоии "The Washington Post" бар ин назар аст, ки Укроин барои ѓасби ќаламрав тамрине буд, ки дар оянда метавонад Ќазоќистон майдони ин гуна набардњо бошад. Аз замоне, ки Русия бо бањонаи дифоъ аз русзабонњои Укроин дастбакор шуд, Ќримро ба ќаламрави худ њамроњ кард ва њоло дар Донбас ва дигар нукоти ин кишвар оташи љанги дохилиро афрўхтааст, Ќазоќистон низ дар изтироб аст. Зеро њамин сенария комилан имкони татбиќ дар ин кишвари Осиёи Марказиро дорад. Љамъияти зиёди русу русзабонон метавонанд дар њоли зарурат Остонаро водор кунанд, ки дар баробари Маскав сангар гирад. Ва тањлилгарон бештар аз як сол аст, ки сари ин масъала бањс доранд, ба њадде, ки худи Нурсултон Назарбоев, пешвои ќазоќњо ва президенти бебадали ин кишвар боре натавониста буд нигаронии худро иброз надорад. Њарчанд њамтои русаш Владимир Путин итминон дода буд, ки ин гуна нахоњад шуд. Вале итиминони сиёсатмадорон мисли сиёсат нопойдор аст ва арзишњо њамеша вобаста ба замон таѓйир меёбанд, як рўйдоди басо кўчак метавонад оташи бузургеро аланга дињад, ки барои хомўш кардани он солњо паси сар шаванд. Тањлилгари рўзномаи амрикоии "The Washington Post" Майкл Бернбаум дар тањлиле аз замони Шўравї ёд мекунад, ки Ќазоќистон кишваре буд ба рушди забони миллї камтар меандешид ва забони русї роиљтарин забони муомилот дар ин мамлакат буд. Аз ин рў, русзабонњои он аз њоло сару садоњое дар мавриди танг

«

ЉАЊОН

"Чин девона нест"

Русия ба Шарќ хеле ба мушкил рўбарў мешавад мешаванд. Тањлилгари нашрияи амрикоии "Foreign Policy" Кит Љонсон аз Сийбрен д Йонг, коршиноси Маркази тањќиќоти стратегии Гаага иќтибос меорад, ки гуфтааст: "Мо набояд фаромўш кунем, ки

миёни ин ду кишвар нобаварињои љиддї њанўз зиёданд. Дар ин маврид танњо мешавад, ки истилоњи "дўстон - душманони њамешагї" ба кор бурда шавад". Ба навиштаи ин тањлилгар, шоми 8уми май ду сарвар дар Кремл дидор карданд ва чанд муоњадаи миллиарддоллараро низ ба имзо расонданд. Аз љумла дар ин мулоќот созишномае имзо шуд, ки тибќи он бонкњои чинї ба ширкатњои Русия ќарз медињанд, дар бораи сармоягузорињои муштараки кишоварзї низ тавофуќ карданд. Ва Путин дар љараёни имзои ин муоњадањо дар њузури хабарнигорон Чинро шарики стратегї ва калидї номид. Аммо ду кишвар билохира сари мушкили аслии равобиташон - муоњадаи газї, ки аз он љониби Русия суди бештар медид, натавонистанд ба созиш расанд. Ихтилофи назарњо дар мавриди арзиши газ сабабгори аслии нарасидан ба як тавофуќ гардид. Кит Љонсон чанд сабаби кундї дар

Коршиноси ИМА:

имзои созишномањои газиро ба риштаи тањлил мекашад. Русия ва бузургтарин созмони газии он "Газпром" њамеша сари ин нукта пофишорї мекунад, ки газро аз чашмањои Сибири Ѓарбї ба Синзян интиќол дињад. Вале Чин бар он аст, ки Русия газашро то мањалњои серањолии вилоятњои наздибањрии ќисмати шарќии ин кишвар расонад. Моњи майи соли гузашта бо дахолати шахсии Путин муоњадаи 60 - миллиарддоллараи бунёди хати интиќоли гази "Нерўи Сибир" имзо шуд, ки тибќи он, гази Русия то атрофи шањри Пекин метавонад интиќол ёбад. Тањлилгари Русияву Чин дар масоили њамкорињои энержї Кин Ук Пэк гуфтааст, ки "агар ошкор њарф занем, пас "Газпром" як монеаи басо муњим дар сиёсати путинии рў овардан ба Осиёст". Њарчанд мухолифатњои ошкори Ѓарб бо Русия, аз љумла тањримњои басо љиддї бар зидди ширкатњои энержие чун "Газпром" ба шарќ рў овардани Русияро тезонд, вале бо вуљуди њамаи ин ин раванд ба кундї пеш меравад. Зеро тањримњои ѓарбї имкониятњои ширкатњои русии назири "Газпром"-ро ба дарёфти ќарзњои бисёрмиллиарддоллара барои роњандозии чунин тарњњои бузург мањдуд кардаанд, аммо чинињо худ дар сармоягузории он таъхир мекунанд. Ва боз ин дар њолест, ки зарфи як соли охир арзиши нафт дар бозорњои љањонї поён рафт ва ин ба даромади ширкат ва буљаи миллї таъсири ногувор расонид. "Барои он ки хати лулаи гази ѓарбї сохта шавад, Русия ба ќарз ниёз дорад ва онро бояд чинињо дињанд. Вале Чин чандон девона њам нест: вай мехоњад кўмак кунад, вале бо шартњои барои худаш мусоид", - гуфтааст Йонг. Бобољони ШАФЕЪ

ва рў ба рушдро созад. Вале дар масъалаи иттињоди ќавму миллатњои гуногун мушкили зиёде дорад, ки њамасола ба љойи кам шудан меафзоянд ва ин, бидуни шак, нигаронкунанда аст. Бино ба навиштаи Майкл Бернбаум, замони касби истиќлолият 38 дарсади ањолии ин кишвар русњо буданд. Ањолии Ќазоќистон имрўз 17 миллион нафар раќам зада мешавад. Ин дар њолест, ки ќазоќњо 66 дарсади ањолии мамлакатро ташкил медињанд ва теъдодашон њамвора рў ба рушд аст. Ањолии ин кишварро имрўз бештар аз њар ваќти дигар масъалаи сарнавишти мамлакат баъд аз сари Назарбоев ба ташвиш овардааст, зеро њамагон медонанд, ки дигар Назарбоев њама шонсњои интихоб шуданро аз даст додааст, чун синну солаш њам ба љойе расидаву аса-

"Баъди Укроин навбати Ќазоќистон аст" шудани майдони фаъолият барои забони русї баланд мекунанд. Президенти Русия Владимир Путин аллакай ишорае ба дурнамои сиёсаташ дар ќиболи Ќазоќистон карда буд. Соле пеш дар як њамоиш Назарбоевро мухотаб ќарор дода гуфт: "Вай кори беназире кард. Дар љойе давлат сохт, ки њич замоне он љо давлат вуљуд надошт". Аз назари тањлилгари амрикої, Ќазоќистон аз нигоњи сарватњои табиї низ як

Бино ба навиштаи Майкл Бернбаум, замони касби истиќлолият 38 дарсади ањолии ин кишвар русњо буданд. Ањолии Ќазоќистон имрўз 17 миллион нафар раќам зада мешавад. Ин дар њолест, ки ќазоќњо 66 дарсади ањолии мамлакатро ташкил медињанд ва теъдодашон њамвора рў ба рушд аст.

«

кишвари љавобгў ба ниёзњои Русия аст. Бахусус, яке аз тавлидкунандагони бузурги уронюм дар олам мањсуб мешавад, захирањои њангуфти нафту газ дорад. Аз сўи дигар, Ќазоќистон аз нигоњи Маскав миёни Русия ва Чини рў ба нуфуз дар Осиёи Марказї - минтаќаи манфиатњои геополитикии ин кишвар, ба сони сипар аст. Дар як суњбат Директори Гуруњи арзёбињои хатарњо Досим Сатпаев гуфтааст, ки "Баъди Назарбоев дар Ќазоќистон давраи гузариш оѓоз мешавад. Барои ояндаи давлат талошњои љиддї ва муборизањои шадид шуруъ мегарданд". Ин тањлилгар њамчунин бурузи рўйдодњое назири Укроинро истисно надонистааст. Нурсултон Назарбоев дар ќиёс бо дигар њамтоёни худ аз њавзаи кишварњои Осиёи Марказї тавонист як давлати амн

роти заъфи пириву нотавонї беш аз њар ваќти дигар эњсос мешавад. Њарчанд Ќазоќистон њампаймони Русия дар Иттињоди Авруосиёст, вале дида мешавад, ки вай дар чанд масъалаи калидї, аз љумла љорї кардани асъори ягона ба хостањои Путин зид баромад. Майкл Бернбаум аз ќавли Директори Маркази тањќиќотии Осиёи Марказї Наргис Кассенова навиштааст: "Тарси ин кишвар на аз он аст, ки Русия њамла мекунад, балки аз он аст, ки онњо расонањоро зидди ин мамлакат истифода мекунанд". Љанги расонаї мудњиштарин љанг аст, ки давлатњои заъифро ба шикаст мувољењ мекунад. Тањияи Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

ТАРЃИБ

11

® Кист њубобест, ки дар дохили узвњо пайдо шуда, пур аз моеъ, чарб ё дигар пуркунандањо буда, девора низ дорад. Кистњо модарзодї ва пайдошуда мешаванд, ки натиљаи вайрон шудани фаъолияти узвњоянд. Масалан, гурдаи инсон аз нефронњои борик иборат аст, ки дар онњо доим моеъ љорист ва тозакунии хун анљом мешавад. Механизми пайдошавии кисти гурда чунин аст, ки дохили бофтњои гурда басташавии найчањои нефрон дар натиљаи гафсшавии эпителия сурат мегирад ва боиси љамъшавии моеъ гашта, кист (хубоб) шакл мегирад. Фаъолияти пешобхориљкунии найча катъ шавад њам деворањои он бо хун таъмин мешаванд.

Масъулиши нањри Вањдат дар як шарњи расмї дар вокуниш ба хабари кандани манорањои масљиди дењаи Чилламазор гуфтаанд, ки "лоињаи манорањо ба талабот љавобгў набуд" аз ин сабаб канда шуд. Дар вокуниши катбие, ки дар зери он С.Ѓиёсов, раиси Љамоати дењоти А.Абдулвосиеви шањри Вањдат имзо гузоштааст, гуфта мешавад, ки "бобати кандани масљид ва ё ќатъ кардани фаъолияти масљиди дењаи Чилламазори Љамоати дењоти А. Абдулвосиев касе тасмим нагирифтааст". Сабаби тахриби манорањоро чунин шарњ додааст: "Сабаби асосї ин аст, ки лоињаи манораи (манорањо хонда шавадИдора) масљиди мазкур ба талабот љавобгў набуда, аз ташхис (экспретиза) нагузашта, мутахассисон бобати бунёди он ба он андозае, ки сохта шудааст, хулоса надодаанд ва худсарона бунёд карда шудани манораи мазкур хилофи Кодекси шањрсозии Љумњурии Тољикистон мебошад. Ин амали рухдода гувоњї аз он медињад, ки бунёдкунандагони манораи масљид дар шароити кишварамон бо назардошти рух додани офатњои табиї (зилзила) эњтимолияти сар задани ягон нохўширо мавриди эътибор нагирифта, манораи масљидро берун аз њадди эътидол, бе иљозаи комиссияи босалоњияти сохтмонї бунёд

КИСТ ЧИСТ? Деворањои ин нойча хусусияти моеъ тавлидкунї доранд. Онњо ба фаъолияти худ идома дода, андозаи кистро бузург кардан мегиранд. Кистњо метавонанд дар аксари узвњо: маѓзи сар, чашм, дандон, љигар, гурда, узвњои дохилии занон ва ѓайра низ пайдо шаванд, ки механизми пайдоишишон гуногун аст. Андозаашон аз зарраи хурд то андозаи тарбуз мешавад. Кистњои хеле бузургро бо палмосидан ошкор кардан имкон дорад. Дар акси хол онњо фаќат дар

ултрасадо е аксњои рентгениву томографї аён мешаванд. Бояд гуфт, ки аксаран кистњо ваќти ташхиси узвњо иттифоќан ошкор карда мешаванд. Яъне 30-35% одамон кист доранд ва худашон инро намедонанд. Кистњо аз худ хабар намедињанд. Ба гуфти пизишки ултрасадои Бемористони Ибни Сино Др Меърољ Хаќназаров одам бояд на камтар аз ду бор дар сол аз тариќи ултрасадо ташхиси бишавад. Ин намуди ташхис безарар ва дастрас буда, метавонад аз бисёр авориз пешгирї бикунад. Кистњо одатан тубмонанд мешаванд. Кистњои поядори монанд ба замбуруг низ мешаванд. Баъзан ин намуд кист ба пояи худ печ мехурад, таъминоти хун ба деворахояш катъ шуда кист мепусад ва хатари кафида захролудкунии дохили ба вуљуд меояд. Хатари кистхои тубмонанд дар он аст, ки онхо бузург шуда, узвхои атрофро пахш ва фаъолияти онњоро халалдор мекунанд. Баъзан кистњо ба саратон низ табдил меёбанд. Одатан пизишкон кистро ба назорат мегиранд ва мариз хар 3-6 мох аз ташхиси ултрасадо мегузарад.

Дар холати пайдо шудани авориз ё хатархои дар боло кайд шуда, кист ба таври љарроњї гирифта мешавад. Тибби руз имкон дорад, ба таври камтахољуми бо ду сурох дар пуст аксари кистњоро бардорад, ки онро усули лапароскопї меноманд. Дар ин хол кист бо деворањояш гирифта мешавад, ки имкони аз нав пайдо шуданаш аз байн меравад. Албатта ин маънои онро надорад, ки дар ин узв дигар кист пайдо намешавад, зеро дар бофтхои нави узв кисти дигар пайдо шуда метавонад. Хушбахтона, таљњизоту технологияи нави тибби ин амалро комилан камавориз кардааст. Ширкати Суѓуртаи Милли ќимати ин љарроњиро барои муштариёнаш бамаротиб кохиш додааст.

Вокуниши масъулини Вањдат:

"Манораи масљиди Чилламазорро худсарона бунёд кардаанд"

намудаанд". Ба гуфтаи масъули љамоат "бо маќсади рух надодани ягон њодисаи нохуш, бањри пешгирии он, яъне ба ќавли илољи воќеа пеш аз вуќуъ, Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Вањдат зарур шуморид, ки дар ин самт бояд чораандешї карда шавад". Дар вокуниш аз созишнома миёни раиси ќаблии Љамоати дењоти А. Абдулвосиев, раиси

кумитаи мањалаи дењаи Чилламазор, сардори муассисони масљиди дењаи Чилламазор, раиси љамъияти хайриявии "Асњоб" аз 1-уми оятябри соли 2012 "Дар бораи фаъолияти якљоя" ёд карда шудааст. Тибќи ин созишнома "аввал сохтмони бинои маркази саломатии дуошёна иборат аз 8 њуљраи корї сохта шуда, сипас бинои масљид тибќи лоињаи мувофиќа шуда сохта мешуд". Аммо ин раиси љамо-

ат мегўяд, ки "мутаассифона, ўњдадорињои Созишномаи баимзорасида ба иљро нарасиданду бинои масљид худсарона бунёд карда шуду аз хотири баимзорасондагони созишнома талаботи дигар он фаромўш гардид. Пас аз бунёди масљид ба бунёди Маркази саломатї оѓоз карда шуду мутаассифона, танњо як ошёнаи он бунёд карда шудаву алњол дар њолати нотамом мондааст. Иљро накардани талаботи созишнома на танњо эњтиром накардани ўњдадорињои тарафайн, балки ифодаи эњтиром накардани ќонун низ дониста мешавад". Њамчунин, дар вокуниши раиси љамоат бинои масљидро хилфои Кодекси шањрсозї дониста, гуфтааст, ки "он аз ташхис (экспретиза)-и Кумитаи давлатии меъмории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нагузашта, санади ќабули комиссияи ќабули иншоотро нагирифта, мавриди фаъолият ќарор гирифт. Ин амали рухдода хилофи ќонунњои амалку-

нандаи Љумњурии Тољикистон буда, илова бар ин тарзи меъмории бинои масљид ба лоињаи пешнињодшуда мутобиќат намекунад". Ба гуфтаи раиси љамоати дењоти А.Абдулвосиеви шањри Вањдат, "тадбири андешидаи Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Вањдат, яъне барканор кардани манораи масљиди дењаи Чилламазори Љамоати дењоти А. Абдулвосиев ба ѓайр аз бартараф кардани ќонуншиканї ва пешгирии эњтимолияти рух додани ягон њодисаи нохуш дигар ягон њадафе надорад". Бо ширкати намояндагони њукумати шањри Вањдат ва кормандони маќомоти милиса манорањои Масљиди љомеъи навсохтаи дењаи Чиламазор тахриб шуданд. 2-юми майи соли равон сари ду манораи 25-метраи масљид вайрон карда шуд. Ќабл аз ин раиси мањалла Бобои Мусофири 70-сола гуфта буд, ки "тамоми корњои сохтмонии бинои ин масљид, бахусус манорањо тибќи лоињаи тасдиќшудаи маќомоти дахлдор сохта шудаанд, аммо аз чи бошад, ки имрўз кандан мехоњанд". Сокинони мањаллї гуфтанд, ки онњо њеч ваъдашиканї накардаанд, балки Бунгоњи тиббиро низ сохта истодаанд, ки њоло бунёди ошёнаи якуми он ба анљом расидааст.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

БО ШОИР Отамуроди Бекмурод 13 майи соли 1955 дар дењаи Угуки ноњияи Ѓончї дар хонаводаи зиёї дида ба олам кушодааст. Соли 1972 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоњи давлатии Тољикистон њуљљат супорид ва ду соли аввал дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тољик тањсил кард. Соли 1978 Донишгоњро бо ихтисоси филолог-рўзноманигор хатм кард. Худи њамон сол ба идораи рўзномаи "Комсомоли Тољикистон" (њоло "Љавонони Тољикистон") ба кор омад. Аввал мухбир, баъдан мудири шуъба ва аз соли 1988 то соли 1990 котиби масъули њамин нашрия буд. Соли 1990 шањрдории пойтахт нашрияи тољикии худро бо номи "Паёми Душанбе" нашр кард, ки Отамуроди Бекмурод аввал котиби масъул ва баъдан то соли 1998 муовини сармуњаррири он буд. Аз 1998 то 2007 сардабири нашрияи ноњиявии "Шоњмансур" кор кард. Аз соли 2007 то 2010 мудири бахши танзими анъана ва љашну маросимњо дар маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Шоњмансур. Аз сентябри соли 2010 то ба имрўз Мудири бахш оид ба корњои дини маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Шоњмансур аст. Отамуроди Бекмурод муаллифи беш аз 500 очерку лавња, соњиби шаш китоб - "Чакомаи мењр" (1997), "Оњи нигоњ" (2000), "Хўшањои мењр" ((2001), "Дарвозаи пойтахт" (2004), "Дуои неки падар" (2005), "Давоми умри падар" (2008) ва маљмуъаи ашъор аст.

*** Бањор ояд, замин гулранг гардад, Ба сони товуси хушранг гардад. Худоё, кошкї бар хандаи гул, Лабони ёри ман њамранг гардад. *** Ватан, маъво гирифта мењри покат, Даруни синаам чун пайки умед. Ту бахшидї бароям бахту иќбол, Њарорат додиям чун нури Хуршед.

РУДИ КЎЊЇ Барои додаракам Комилљон Ба сони шири роњатбахши модар, Ту софу беѓуборї, рўди куњї. Гулистон карда дашту чўлњоро, Ту умре нафъ орї, рўди куњї.

ОТАМУРОДИ БЕКМУРОД ХУДОЁ, САБР БАХШО!

РАМЗИ ИШЌ

Ойина зад чу бар куњ, Гардид пора-пора, Њар пора нур гардид, Њар пора шуд ситора.

Аз ин берўзї тифли ѓунчасонат, Ки шири љонфизоятро нахўрдаст. Ба шири гови момо ќад кашида, Ба раѓми марги ту, модар, намурдаст.

Ду гесўи шабранги ту, Як байти ашъори ман аст. Рўю лабу абрўи ту Илњоми саршори ман аст.

Валекин тифлаки шират нахўрда, Њанўзам дар рањи ту чашмдор аст, Гумонаш подаљо рафтиву ойї, Њама дам омадатро интизор аст.

Чун шўх оњубаррае Асло зи ман дурї маљў, Ин ќалби ман дар дасти ту Розу ниёзатро бигў.

Нигори ман, бањорон меравад, дон, Гулу савти њазорон меравад, дон. Биё, фурсат ѓанимат бошад, эй гул, Љавонї њамчу борон меравад, дон.

Намедонам чї сон фањмо намаш ман, Ки роњи рафтаат омад надорад. Худоё, сабр бахшо, хоњарамро, Зи љон њар дам сиришки ѓам наборад.

Они туям, они манї, Бояд, ки донї, ай нигор, Хоњам наафтад чашми кас Бар рўю он чашми хумор.

*** Биё биншин ба пањлуям, нигора, Туро њар лањза рањпўям, нигорам. Набошад зиндагї майдони бозї, Ба ќалбат љой мељўям, нигорам.

ШАКАРБОРОН Њамчу пайки нерўзї, эй бањор, Бо насими дилнавози худ биё. Сабз гардад сар ба сар дашту даман, Гул шукуфад дар нишеби куњњо. Боз аз файзи шакарборони ту, Кишварам сарсабзу гулкорїшавад. Боз андар банд-банди ин замин, Хуни гарми зиндагї љорї шавад. Булбулон дар шохаву боѓу чаман, Боз азми наѓмахонїмекунанд. Лолаву себарга ќад афрохта, Шукри хоки љовидонї мекунанд. Марди дењќон боз бо љањду љадал, Симу зар пайдо кунад аз хоку об. То шавад пурфайз дастурхони мо, Нур борад њар сањар аз Офтоб!

АРМОНИ ЛАЗЗАТБОР Тарк карда хоб чашмони маро, Завраќи андешаам сўйи ту рафт. Боз дасти кутањи ларзони ман, Дар хаёлам бар сару мўйи ту рафт. Лек ман танњояму кошонаам, Аз зиёи рйўи ту пурнур нест. Баски дурї аз бару аз дидаам, Дар ману дар хонаи ман нур нест. Лањзае хоњам, ки бо гармии дил, Бишканам армони лаззатбори ту. Бўсањои гарми лаззатбори ман, Хоњаме сўзад лабу рухсори ту.

МЕЊРИ АВВАЛ Азизам, њарфи ширине Чаро бар мо намегўї? Талотумњои дарёро Зи ќалби мо намељўї. Дињам гулдастае бар ту, Вале онро намебўї. Љавонї меравад, аммо Ба пирї гул чї мељўї? Дили савдоии худро, Ба ишќи ту бупайвастам. Бидонї ё намедонї, Ки мењри аввалат њастам.

АБРИ НАЙСОН То намонад ташналаб сањрою чўл, То хазонеро набинад рўйи гул. Хотири булбул нагардад то малул, Гиря кун,эй абри найсон, гиря кун. Дашт то зебо шавад товусвор, Тоќии гулдўзї монад куњсор. Ранљи дењќон то бигардад файзбор, Гиря кун, эй абри найсон, гиря кун. Гиряи ту файзи дастурхони мост, Гиряи ту серии даврони мост. Гиряи ту хандаи тифлони мост, Гиря кун, эй абри найсон, гиря кун.

МАНЗАРА Падруд гуфта Хуршед, Ваќте ки рафтанї шуд, Ойинааш баногоњ, Бар теѓи куњ бархўрд.

ХУШАЊОИ ЗАРРИН

*** Ту нури чашми биної, дил, эй дил, Ту шамъи мањфилорої, дил эй дил. Тамоми шодиву ѓам аз ту бошад, Ту буду нобуди мої, дил, эй дил. *** Дило, бас сўз дорї, соз дорї, Басо фарёди беовоз дорї. Надонам аз чї дар шўру ќиёмї, Ва ё ишќи касе оѓоз дорї? *** Агар хоњї ба номи љовидонї, Ту андар синаи мардум бимонї. Њамеша хоксорї пеша бинмо, Ки то бигзорї аз некї нишоне. *** Њар киро умре тани бедард нест, Њар киро дил мисли санге сард нест. Зиндагонї сањнаи мардонагист, Њар киро мардї набошад, мард нест. *** Заррањо гар зам шаванд, хеле шаванд, Ќатрањо гар љамъ шаванд, селе шаванд. Пояи њар комронї Вањдат аст, Мурњо бо њам шаванд, филе шаванд. *** Заминро гулфишон мебинам имрўз, Диёрамро љавон мебинам имрўз. Зи њар гулхандаи шўхи нигорам, Бањори љовидон мебинам имрўз.

Чї хуш аз оби софи нуќрагунат, Диёри ман бањори бехазон аст. Равонї бо талотум бо рањи худ, Нишоти зиндагї аз ту аён аст. Чу ман фарзанди куњам, руди куњї, Сабаќњои туро ибрат бидонам. Барои нафъи халќу кишвраи хеш, Ба монанди ту бо шодї равонам. Равам, то як канори мулки худро, Дињам табдил ба боѓоту гулистон. Њамеша мисли ту пуршўр бошам, Бубахшам ман ба тухми зиндагї љон.

НАВПАРВОЗ Кашида мењнати шабзиндадорї, Худамро дар љањони шеър бинам. Ба фикри тозабайте гоњ-гоње, Зи бегањ то сањаргоњон нишинам. Агарчї сатрњоям норавонанд, Чї боке, з-он ки навпарвоз њастам. Дили шўридаам бар ман мадад кун, Ки бори роњи худро бар ту бастам.

СОДДАГЇ Ман надонам духтари њамсояаам, Дар куљоеву чї савдо бар сараш. Сўзи ишќи содаи ман то њанўз, Мебарад мурѓи диламро бар дараш. Кокулони то буни по хамзада, Риштањои ишќи парпечам буданд, Мављњову марѓўлањои кокулаш, Сарнавишти ишќи дарпечам буданд. Эй басо дар рў ба рўйи хонааш, Интизораш мешудам бо чашми чор. То равам њамроњи ў бар мактабу Љо гирам њамрањаш дар як ќатор. Лек занги охирини мактабї, Ќисмату роњи маро дигар намуд. Дар лабонаш бўсаам ночидаву Сабзањои ишќи ман пажмурда шуд.

Шањбону мешудї дар мулки Ишќ, Њар нафас гар дар бари ман мебудї. Аз муњаббат, аз љавонї, зиндагї, Аз ману аз хеш розї мешудї.

Аз куљо донистаме бебозгашт, Бачагию соддагиям меравад. Интизорињои пушти хонааш, Дар дилам захмеву сўзе мешавад.

Зиндагї љойи хамўшї нест, нест, Сўзу сози беш дар ин дору гир. То нињоли умр боровар шавад, Дар дилу дар дидаам маъво бигир.

Ёд бодо, дарду сўзи бачагї, Ишќи содда, дидаву нодидаам. Ёд бодо, духтари њамсояву Бўсањои аз њаё ночидаам.


ТАХТАИ СИЁЊ Баъд аз фољиаи Яккабед, дар њамон рўзњое, ки хонадони шањидон ва ањли љамоатчигии ноњия маросими чили ободкорони шањидро баргузор мекарданд, дар ноњияи пурандуњи мо боз як њодиса рух дод, ки њељ аќли солим ва фарди бовиљдону дилсўзро бетараф гузошта наметавонад. Ин њодиса бори дигар исбот кард, ки Файзобод барои мансабдорони камсалоњияту бевиљдони љумњурї участкаи таљрибавї шудааст. Се истеъфо дар чор моњ! Баъди наваду чанд рўзи мансабдорї, сардори Нозироти андози ноњияи Файзобод Нодир Нурматов пас аз як љаласаи љиддї дар њузури иљрокунандаи вазифаи раиси ноњия Миралї Раљабзода корро партофта, аз ноњия берун рафт. Чанд рўзе нагузашта ба љойи ў муовинаш Лутфулло Алиев ба љойи ў таъин шуд. Дар њукумати ноњия ин истеъфоро ба иљро нашудани наќшаи љамъоварии андоз рабт доданду бас. Тандеми Раљабзода Алиев дар чор моњи корї се моњ наќшаи љамъоварии андозу пардохтњоро иљро накарда будаанд. Ин њам дар њоле, ки сардори пештараи Кумитаи андоз Саймурод Вањњобов аз ин вазифа барои иљро накардани як намуди андоз дур андохта шуда, њоло њам тибќи ќонунгузорї аз вазифа сабукдуш нашудааст, зеро замони дар беморхона муолиља гирифтанаш ўро ба истеъфо равон карданду он замон тобеонаш нахостанд ин хабарро таъйид кунанд. Шояд Вањњобов ба умед буд, ки раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурї Нусратулло Давлатов ба ягон вазифаи дигар таъинаш мекунад. Собиќадорони ноњия, ки њар сари чанд ваќт дар чойхонаи марказии ноњия (бале, ин расм дар мо њоло њам њаст) љамъ меоянд, ин гирумонњоро бесарусомонии кадрї ё ба истилоњи худашон "кадровая чехарда" мегўянд ва мисол меоранд, ки замони раисии Имомназари Каримиён раиси кумитаи заминсозї ва њатто муовинони раис "пушти даст шуда буданду њаќќи иштирок дар машварату љаласањоро надоштанд". Аммо агар љузъиётро як суй гузорем, охир сухан аз заъфи њукумат, нишонањои муносибати феодолона ва њатто содалавњї ("самодурство") мервад, ки аллакай силсилаи устувор шудааст.

Боѓи эсперементалї Тамошобини телевизион ва хонандаи њушманди нашрияњо шояд хеле хуб дар ёд дошта бошад, ки соле пештар Президенти Тољикистон мењмони ноњияи мо шуда буд. Барномаи он сафари роњбари давлат ду нуктаи муњим дошт: бунёди боѓи себ дар майдони беш 120 га ва ифтитоњи як тарабхона. Он рўз шояд танњо Роњбари давлат намедонист, ки тарабхонаи "нав" аллакай се сол аст, ки кор мекунаду рангу бори пушти деворњояш кайњо боз рехтаанд. Дар тасаввури мењмонњои олиќадр аз Душанбе он ваќт хатто намеѓунљид, ки чанд рўз пеш аз рафтани Эмомалї Рањмон дар љаласаи Раиси ваќти ноњия масъалаи "хокистар пошида барфро об кардан" љиддан баррасї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

13

равида, дар дењаи Ќашќарања пинњон карданду заминро љуфт. Дењќонони диёр, ки то ин дам хокпошї ба чашми мардумро дида буданд, шоњиди хокпошї ба чашми Роњбари давлат шуданд.... Ба дењќони баруманде, ки чашми моро њам ба ин бедодгарї кушод, гуфтам, чаро љое шикоят набурдед? Гуфт: "Бачам, аз одамоне, ки ба ин гуна кор ќодиранд, натарсида намешавад". Зайдов дубора вазифа гирифта, Шањринав рафт. Раиси ваќти ноњия Абдулло Њакимов дар пойтахт мансаби болотар гирифт. Танурњои харобшуда "дегдонњои Руќия Атоевна" ном гирифтанд (Ин боз як ќиссаи дигар аст). Њосили дуюми картошкаи хомакро бо барф љамъ оварданду дењќонон "гўши кашида тавба" гуён боре њам кишти дуюм накарданд, вале бо хандаи мулоиме дар чењрањои офтоби баландхўрда мегўянд: "Ин дафъа, кишти байни ќаторњои лубї нафармонанд, шуд". Аз он сафар канори чапи роњ ду танур монду шояд дар ёди Президент бўи номи гарм дар сари роњи Файзо-

ФАЙЗОБОДИ ЭКСПЕРЕМЕНТАЛЇ Дар ин ноњия таљрибањое мегузаранд, ки ба љуз намоиши камсалоњиятии рањбарон, чизи дигаре ба даст намеояд

бод. Дере нагузашта танурњо хусусї шуданду зери борон фурў рехтанд. Замини давлатї бегона шуд. Зайдовњо њам ба њукумат бевафої карда, дигар дар заминашон кишти дуюм нагузаронданд.

- Интихоб кун, кампир!!!!!

Раиси эксперементалї

шуда буд. Акнун бо гузашти солњо дењќоне аз 43-45 километрии роњи Душанбе - Роѓун гузарад, асли маќсади "боѓпарварони" номї - Муродалї Алимардону Ќосими Роњбар ва њаммаслакони онњо дар ноњия - таќсими заминро мефањмад, зеро ягон дењќони асил дар шароити табиии Дашти Мирзо, ки баландии барф то 140-150 см мешавад, нињоли ќадаш 45 - 50 см намешинонад ва байни ќаторњо замини кифоя барои шинондаи тайёраи "Боинг" намемонад! Он рўзњо мо њам дар ќатори дигар сокинони ноњия даст пеши бар мизбонем гуфта, дар ин бора њарфе назадем ва Роњбари давлат њам аз алимардонњо напурсид, ки "дар ин мавзеъ, ки боѓњояш солњо боз гирифтори чанд бемории себу нок асту дењќонони замоне шуњратмандаш њам њосили себ гирифта наметавонанд, дар наздикии хољагие, ки корхонаи воњиди давлатї номида мешаваду бояд тухми картошка парварад, аз гардиш баровардани дањњо гектар замин чї зарурат дорад??!"

Журналистони телевизионњои давлатї њам ба ў хабар надоданд, ки кї ва чаро гаражи хољагии давлатии ба номи Абдувоњид Назировро хусусї карда, ба бозор табдил додааст. Њамчунин касе напурсид, ки кишти дуюми картошка, ки соле пештар бори нахуст дар њузури Президенти Тољикистон таљриба карда будем, чї шуд?

Кишти эксперементалї Бале, то боѓи эксперементалї дар њамин мавзеъ, дар љамоати дењоти Мискинобод, ки дењќонони асил, бинобар кутоњии мавсими кишту кор, на њамеша њосили картошкаашонро чида метавонанд, раисони эксперименталї, кишти дуюми картошка гузаронида буданд. Ва боз њам њини сафари Президенти мамлакат ба ноњия 17 июни соли 2012. Он ваќт, бо дастури раисон барои кишти дуюм гандуми сабзро дар заминњои мутталиќ ба наздикони раиси пешинаи ноњия Исматулло Зайдов да-

Ба њайси як сокини ноњия умед доштам, ки экспериментњо бо рафтани клани Зайдовњо (Абдулло Њакимов собиќ инжинери ширкаташон буд) аз ноњияву Роѓун тамом шуд, аммо чї мегўед, ки ба ноњия раиси эксперименталї равон карданд. Фикр мекунам, такрори ќиссаи "кампири дастшикаста" ва истеъфои пеш аз муњлати раиси ноњия Имомназари Каримиён дигар зарурат надорад. Каримиён бо баргузории љаласањои зиёду пургўї ва пулљамъкунї ба фонди раиси ноњия рисолаташро иљро карду сирри маблаѓгузорињои њангуфт ба соњаи парандапарварї зери назорати Муродалї Алимардон то рафтанаш ба "Агроинвестбонк" њадди аќќал барои Президент Эмомалї Рањмон пўшида монд. Ангушти шикастаи кампири Шодигул сињат шуд, аммо эътимоди мардум ба њокимият сарозер шуд, ки боло нарафт. Баъди ин њама экспериментњои нангин ба хулоса расидам, ки ноњияи Файзобод участкаи таљрибавии роњбарони камсалоњият гаштааст, ки намунаи охиринаш таѓйироти сеюми кадрї дар садри маќомоти андози ноњия дар чор моњ аз љониби Нусратулло Давлатзода мебошад. Мантиќи ин таъинот њам аљиб аст: агар сабаби фирори "одами Давлатов" иљро накардани наќшаи љамъоварии андоз бошад, пас таъини муовини ў, ки дар њамин команда аз уњдаи кор набаромад, чї маънї дошта метавонад?

Савриддин СОЊИБОВ, Бюрои хабарии "Нигоњ" дар ШНТМ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ШИКОЯТ БА ПРЕЗИДЕНТ

ЛАТИФА

ОЁ МЕДОНЕД?

АКСИ ГЎЁ

ро? Мењмон: - Ќиматашро. Писар: - Хунук ё гарм? Мењмон: - Гарм. Писар: - Дар пиёла ё дар чойник? Мењмон: - Дар чойник. Писар: - Дар чойники калон ё майда? Мењмон: Дар њељ кадомаш! Об биёр! Писар: - Љушидагї ё не? Мењмон: - Љушидагї. Писар: - Дар чойник ё дар пиёла? Мењмон: - Њозир мезанамат! Писар: - Бо мушт ё бо лаѓад? Мењмон: - Њайвон! Писар: - Хар ё саг? Мењмон: - Гум шав аз пешам! Писар: - Давида ё оњиста? Мењмон: - Њозир мекушамат! Писар: - Буѓї карда ё бо кордча? Мењмон: - Дилам зад аз дасти ту! Мемурам! Писар: - Духтурро љеѓ занам ё беморхона барам? ДАР ТОЛОРИ СУД - Юнус, чаро ваќти хондани њукм бояд хезї? - Чунки баъди ин дуру дароз шиштан даркор! БА ЉОЙИ ЊАЙКАЛ Марди камбаѓале аз кўчањои шањр мегузашт, дид, ки њайкали кадоме аз бузургони гузаштаро месозанд. Аз сохтмончиён пурсид, ки барои ин њайкал чї ќадар маблаѓ сарф мешавад? Гуфтанд: 4 миллион сўм. Камбаѓал суол кард: - Оё намешавад, ки пулњоро ба ман дињанду то охири умр маро ин љо ба љойи њайкал гузоранд?!!

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

? - И НОБОБ ОЁ КОРХОНАРО МУВАЌЌАТАН АЗ ЌАЙД БАРОВАРДАН МУМКИН АСТ?

- Наполеон соли 1760 ба дунё омад, Гитлер соли 1889, фарќ 129 сол. Наполеон соли 1804 ба сари њокимият омад, Гитлер соли 1933, фарќ 129 сол.Наполеон соли 1816 маѓлуб шуд, Гитлер соли 1945, фарќ 129 сол. Наполеон пойтахти Австрия шањри Венаро соли 1809 ишѓол кард, Гитлер соли 1938, фарќ 129 сол. Наполеон ба Русия соли 1812 њуљум карда буд, Гитлер соли 1941, фарќ 129 сол. Њар ду ба Русия дар синни 52 -солагї њуљум кардаанд. Њар ду љангро дар синни 56 солагї шармандавор бой додаанд.

15

МЕЊМОН ВА ПИСАРИ АФАНДЇ Мењмон: - Як чой биёр! Писар: - Кабуд ё сиёњ? Мењмон: - Кабуд. Писар:- Ќиматашро ё оддиаш-

Ба президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон - Ман Самадов Насимљон Њукматуллоевич, санаи таваллудам 24 уми марти соли 1986, сокини шањри Кўлоб. Оиладор, соњиби 2 - фарзанд мебошам. Пеш аз оѓози арзам ба Шумо ёдовар шудан мехоњам, ки охирон бор дар ЉДММ "Тољик-мобайл" ба њайси сармуњандис бо њамроњии Бег Сабур кор мекардам. Якчанд идеяи хуб оиди телекомуникатсия доштам, ки аз љониби Бег Сабур бо хушнудї ќабул гашт. Барои амали кардани он ба ширкати русиягї якчанд маротиба мактуб фиристондем, ки онњо ба идеяи мо розї шуданд ва бояд намояндагонашон ба шањри Душанбе меомаданд. Мутаасифона, дар байн миёнравњое пайдо шуда, садди роњи ин кор шуданд Дар натиља пешнињоди кардаи ман рад шуд. Агар тарњи пешнињодкардаи ман амалї мегардид, навоварї ва осонї ба мардуми Тољикистон мешуд. Инчунин амалї кардани ин тарњ ба ширкати "Тољиктелеком" низ даромади бисёр меовард. Бо сабаби иљро нагардидани хамин гуна идеяњо, ростї, дилсард шуда, бо хоњиши худам аз кор рафтам. Пас аз ин барои кор кардан нияти ба Русия рафтан доштам. Ман пеш аз рафтан ба Русия њуљљатњои хонаамро барои азнавсозї ба Њукумати шањри Кўлоб супоридам. Онњо имрўзу пагоњ карда хеле давонданд. Аз байн як сол гузашт ва ман бо зану фарзандонам озими Русия шудем. Ду моњ нагузашта буд, ба ман хабар доданд, ки њуљљатњои хонаат тайёр шудааст. Ман бо рухсатии бемузд ба муњлати ду њафта аз Русия ба Тољикистон омада, ба Хукумати шањри Кўлоб мурољиат кардам. Њуљљатњои ман на тайёр буду на њељ кас дар фикри онњо буд. Њатто бо мушкилї онро пайдо карданд. Ростї, аз бемасъулиятии масъулини шањр хеле нороњат шудам. Гуфтан ба маврид аст, ки хонаам ягон бањси судї ва ё мушкили дигар надорад. Ман њамаи њуљљатњои лозимиро аз корхонаву идорањои дахлдори шањр љамъу гирд карда, ба онњо супорида будам. Онњо бошанд барои як ќарор маро як сол давониданд. Пас аз бозгашт аз Русия ба Ватан раиси шањри Кўлоб иваз шуд ва ба ман фањмониданд, ки то интихоботи Маљлиси вакилони шањр, раиси нав ба ягон ќарор имзо намекунад. Пас аз интихобот бо Бозоров Н., муовини раиси шањр, њамсуњбат шуда фањмонидам, ки аз бонк ќарздор мебошам ва зану фарзандонам дар Русия ќарор доранд, илтимос кори маро зудтар њал кунед, ки аз љои кор мемонам ва молу ашёњои хонаамро фурўхта њар моњ ба бонк супорида истодаам. Ў дар љавоб гуфт: - "Раиси шањр ба ман супориш додааст, ки њамин хел проблемањоро сари ваќт иљро намоям". Аз љавоби Бозоров хело хурсанд шуда, пурсидам, ки кори ман дар чанд рўз њал мешавад? Ў гуфт: "Дар муддати як ё ду њафта њал мешавад". Мутаассифона, аз омаданам чор моњ мешавад, то њол кори ман њали худро наёфтааст. Бовар кунед, Љаноби Олї, аз љињати руњї ва љисмонї хеле хаста шуда, намедонам чї кор кунам. Ман ба як фикр омадам, ки аз дасти њамин хел мансабдорон, ки бемасъулиятї мекунанд, љавонон ба њар кор даст мезананд ва ба Сурия мераванд. Њам мардуми бечора дар азоб ва њам номи шуморо паст мезананд. Бовар кунед, Сурия як тараф, ман аз љонам безор шудам, ќариб ба худкушї даст занам, дар пеши рўям кўдакони ноболиѓам меоянд, боз худдорї мекунам. Як сол боз аз сањар то бегоњ хўрок нохўрда, ба њукумати шањри Кўлоб рафта меоям. Масъулини њукумати шањр бемасъулиятї мекунанд ва њар кадомаш мегўяд, ки "ин вазифаи ман нест", "ман намедонам". Ваќте ки дар кабинети корї дар курсињои чармин мешинанд ва мегўянд, ки ин вазифаи ман нест, ман дар њайрат мемонам. Агар хонаам ягон камбудї медошт ё даъвої мебуд, ман ин ќадар боѓазаб намешудам. Бовар кунед, Љаноби Олї дар хона на оњану арматур мондаасту на ягон ашёи рўзгор. Агар масъулини Њукумати шањри Кўлоб сари ваќт вазифаи хидматиашонро анљом медоданд, ба ин рўз гирифтор ва ин ќадар ќарздор намешудам. Зеро ваќте дар Русия будам, њар моњ пули бонкро равон мекардам. Бар замми ин, айни њол њуљљатњои корї, ки дар Русия доштам, њамааш бекор шуд. Аз ин лињоз, њамчун шањрванд ва аъзои ЊХДТ, ки Шумо, Љаноби Олї раиси ин њизб њастед, эњтиромона хоњиш менамоям, ки дар њалли мушкилоти ман мусоидат намоед. Зеро зану фарзандонам дар Русия мебошанд ва тавре, ки дар боло зикр кардам, ќарзи бонкї дорам, ки њар як даќиќа муќобили ман кор карда истодааст. Бо эњтиром, Насимљон САМАДОВ, сокини кўчаи Чармгарони поёни шањри Кўлоб

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

- Шањрванде, ки як корхонаи хурд дорад, вобаста ба мушкилоти молиявї оё метавонад онро бе баровардан аз ќайди Нозироти андози мањалли зисташ фаъолияташро то муътадил гаштани вазъи молиявиаш боз дорад? Умуман, дар бораи њамин тарзи номнавис кардани корхона ва муваќќатан аз ќайд баровардани он хоњишмандам маълумот медодед. Зулфия АЛИЕВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њолатњои бо сабабњои мушкилоти молиявї муваќќатан боз доштани фаъолияти соњибкорї пешбинї нагардидааст. Њангоми муваќќатан фаъолият накардан тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 19-уми майи соли 2009 тањти №508 "Дар бораи баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї" шахси њуќуќї (воњиди алоњидаи шахси њуќуќї) уњдадоранд фаъолияти худро барњам дињанд ё соњибкорони инфиродї фаъолияти худро ќатъ намояд. Дар њолате, ки агар тибќи тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 19.05.2009 тањти №508 шахси њуќуќї (воњиди алоњидаи шахси њуќуќї) барњам дода нашуда бошад ё соњибкори инфиродї фаъолияти соњибкориро ќатъ накарда бошад, дар ин маврид шахси њуќуќї (соњибкори инфиродї) уњдадор аст ба маќомоти андоз мутобиќи талаботи ќисми 15 моддаи 51-и Кодекси андоз эъломияњои андозро пешнињод намояд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

ИФЛОС КАРДАНИ ОБРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Аз ќадим ниёгони мо бар тозаву беолоиш нигоњ доштани об таъкид кардаанд. Воќеан, об ганљи бебањост. Ин неъмати бебањоро Худованди бузург дар Тољикистон арзонї доштааст. Давлатњое њастанд, ки об надоранд ё доранду он талаботи онњоро ќонеъ карда наметавонад. Ќисми дигари давлатњо бинобар кам будани захираи обашон оби шўри бањру уќёнусњоро полоиш дода намакашро људо мекунанду баъд истифода мебаранд. Дар ин давлатњо арзиши 1 литр об аз нархи 1 литри бензин гаронтар аст. Аз дастнорасии оби нўшокии тоза дар ин давлатњо маргу мири одамон низ зиёд ба ќайд гирифта мешаванд. Хушбахтона, дар мо оби ошомидании аз љињати экологї тоза дар чор гўшаи Тољикистон фаровон аст. Дар бархе шањру навоњии љумњурї мушкилоти об низ ба мушоњида мерасад. Вале мо ба мисли давлатњои ёдшуда мушкили об надорем. Зеро сокинони ин давлатњо њамарўза оби оганда бо лойу чалро, ки таркибаш аз микробу бактерияњо холї нест истеъмол менамоянд. Аз мо аз боло об соф меояд, аммо, мутаасифона, дар поён он лой карда мешавад. Чун ба тиљорат шуѓл дорам, бо таќозои касб гузорам ба ин ё он гўшаи Тољикистон меафтад.Дар аснои сафар ба ин ё он гўшаи Тољикистон мушоњида мекунам, ки оби софи бебањои чашмаву дарёњои љумњуриро бо хоку хасрўба, партовњои маишиву саноатї ва оби дар корхонањои маъдану замини пахта истифодашаванда пур аз микробу вирус ва ба манбаъи хатар табдил дода истодаем. Яъне барои худамон дар оянда фољеаи экологиро замина гузошта истодаем. Њангоми сафар ба шањру навоњии љумњурї бо ду чашми бинои худ дар лаби дарёњои Элок, Ромит, Кофарнињон, Вахш, Сурхоб, Њисор, Лўчоб, Душанбе, Варзоб, Фон, Яѓноб, Зарафшон,Сирдарё, Исфара ва дар зањбуру љўйњои шањру ноњияњои Ќўрѓонтеппа, Турсунзода, Данѓара, Бохтар, Хољамастон, Хуросон, Рўдакї, Њисор, Варзоб, Шањристон, Истаравшан ва ѓайра ѓарами партови маишиву саноатї, зарфњои пластикии холии равѓану оби нўшокї ва сохтмониро дидам, ки аз ин хеле нигаронам. Њатто дар соњили дарёи Элоки аз ноњияи Рўдакї љорї мешуда (љамоати Зайнабобод) партови тиббиро низ дидам. Њама даст рўи сина гузошта, "алњамдулиллоњ, мо мусулмонем" мегўем, аммо рафтору амаламон дар ин маврид заррае ба мусулмонї монанд нест. Мусулмонї пеш аз њама ин покиву беолоишї аст. То ба кай ба љони худу атрофиёнамон љабр мекунем? Эй мардуми мусулмон, оби софу зулоле, ки Худо ба мо арзонї додааст, шумо бо оганда кардан бо ифлосињо онро ба манбаъи сироятшавии беморињо табдил дода истодаед. Фикр намекунед,ки дар поён њазорњо сокини дигари Тољикистон ин обро њамарўза дар рўзгорашон истифода мебаранд? Ё барои шумо њамачиз бару бир аст? Магар раисони шањраку дењот ва шањру ноњияњои дар боло зикршуда аз проблемаи мављудбуда дар ќаламрави маъмурї - идориашон огоњї надоранд? Ё огоњї доранду ин проблемаи экологиро сањл мепиндоранд? Охир ин мушкилот чандин сол аст, ки дар саросари Тољикистон њукмрон аст! Оё Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон низ аз ин мушкилот огоњї надорад, ки акси садош шунида намешавад? Пурсида мешавад, ки Кумитаи њифзи муњити зист саргарми кадом кору бор аст, ки аксуламалаш дида намешавад? Ман ин тарзи муносибатро ќабул надорам. Хуб мешуд, ки Кумитаи њифзи муњити зисти Тољикистон дар љумњурї солеро соли оби тозаи дарёву обанбор ва љўйњо эълон намуда, дар якљоягї бо раисону сокинони шањру ноњияњо шанбегї ташкил карда соњилу мавзеъњои назди соњилиро аз ѓарами партовњои маишиву саноатї ва тиббиву кимёвї тоза мекарданд. Дар акси њол фољеаи экологї бо беморињои сироятї моро интизор буда, фарљомаш бароямон талх хоњад буд. Файзалї СОБИРОВ, сокини шањри Душанбе

БА ЉОИ 09 - Агар њангоми харид намудан аз маѓоза ё бозорњо њуќуќњои истеъмолии Шуморо поймол карданд ва моли харидаи Шумо арзишманд нест ё муњлати мањсулоти харидаатон ба охир расидааст, пас метавонед ба Агентии "Тољикстандарт" мурољиат намоед: Нишонї: шањри Душанбе, кўчаи Неъмат Ќарабоев, 42/2. Њамчунин ба шуморањои телефонии зерин занг занед: Директор: 233 - 68 - 69, Муовини директор: 233 - 61- 75, Шуъбаи нозироти савдо: 233 - 51- 67.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №7 (440), 13. 05. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Ќиссаи фирорї шудани Мирзодиккак Мирзодиккак аз дасти пулљамъкунакњои њаќќи об, барќ, газ, идораи коммуналї, телефони набудаву даъватномањои судї барои насупоридани андоз аз фаршу деворњояш ба дод омада бошад њам, аз таърифу тавсифи њукумати якаву ягонааш намемонд. Ў њар бегоњї бо фарорасии шом аз хонааш фирор мекард, зеро дар њамин ваќт пулчинакњо дарашро мекўфтанд, пул мепурсиданд… Коммунисти матинирода Пахтагул Панљсолаевна баъди интихоботи "одилона" -и парлумонї боварї њосил намуд, ки интихоботро халќ не, бо хоњишу дастури "боло" номзадњои пешбаришуда соњиби курсї мешудаанду дар дилхоњ њолат онњоро иваз мекардаанд. Аз ин лињоз, бо омад-омади пулчинакњо Мирзодиккак ба роњ мебаромаду модари Ќобилљони нањзатї рост ба тањхонаи бино медаромад, то ки мисли Владимир Илич аз офату балоњои давр дар канор монад. Мирзодиккак ба назди муљассамаи устод Айнї дар рў ба рўи собиќ бинои Маркази хизмати маишии "Садбарг" - и шањри Душанбе расиду болои хараке нишаст. Ба завлонањои дасти ќањрамонони асарњои безаволи Устод Айнї нигариста, мисли шамъ месўхту, ба ќавле, аз димоѓаш дуд мебаромад. Милисае Мирзодиккакро ѓарќи андеша дида гумон кард, ки сигор кашида истодааст. Омаду аз омаданаш пушаймон шуд, зеро Мирзодиккак на танњо сигор намекашид, балки дар дасташ дастбанди сурху дар кисааш билети ЊХДТ дошт. Милиса рафту дењќоне бо ќанори пур зи рошаку торон пањлўи Мирзодиккак нишаст. Бўи рошак ба димоѓи генерали њукуматї расиду солњои дар ноњияи Рашт фармондењ буданаш ба хотираш расид. - Љўра, дар пањлўи ман, ки нишастї як рошак дењ! - Шумо њукуматињоро надода мешавад? Шумоњо додаро њам мегиреду нододаро њам. Мирзодиккак дар пањлўяш дўсташ Ѓалтакро дида, аз шодї чї тавр аз љояш бархостану ба оѓўш гирифтанашро нафањмида монд. Мирзодиккак: - Шукри давлату тинљї, ки дар ин соати шаб рў ба рўи муљассамаи Устод нишастаем, вагарна аз хонањоямон намебаромадем. Ѓалтак: - Њозир дар мо мавсими љамъоварии гиёњњои шифобахш. Љамъ мекунем, мефурўшем аз пулаш корњои дењќониамонро пеш мебарем. Ту бошї њамсаратро танњо гузоштию дар рў ба рўи "Садбарг" нишастї. Чї давраи љавониатро ба ёд овардї?!

Мирзодиккак: - Баъди интихобот касе маро суроѓ намекунад, ки њукумати љонољонамонро васф кунам. Мењтари ЉБВ мебудам, рўи даст мегардонданд, шикамам серу кисам пури пул мегаштам. Пулчинакњо дари хонаамонро охурча кардагї. Пули об, барќ, газ, телефонии набудагї мепурсанду аз повесткањои андозу суд ба љон омадаам. Ѓалтак: - Мана дар дењаи мо пеш аз он, ки ба рўхсатии мењнатї

КАРИКАТУРАИ РЎЗ

бароед, як њафта навбат истода, аз идорањои ту мегуфтагї мўњру имзо мегиред, ки ќарздор нестед. Нагиред, маош намегиред! Насупореду коратон ба суду милиса расида монад, шумо, ба ќавле, сабза мешаведу онњо гўсфанд, чунон мечаранд, ки ман нагўяму ту нашунав… Мирзодиккак: - Љўраљон, агар њамин хел нарху навои хизматрасонињо боло рафтан гираду нарху навои мањсулотњо дар бозор аз доштаи мардум гаронтар, оќибаташ чї мешуда бошад? Ѓалтак: - Њамин ќадар сол чї шуда бошад, њамин хел шудан мегирад. Љои кор њаст, нест, фарќ надорад, њукумати љонољонамон нархи обро ба тилло баробару нархи барќро дар фалак бардоштааст. Хоњед њамин, нахоњед фаќат Сурия наравед. Мирзодиккак: - Агар ањвол њамин хел рафтан гирад, онњо њаќќи ќаламу маош надињанд, аз дасти пулчинакњо шабмонро дар кўчаю пасткўчањо гузаронем, медонї, оќибаташ чї мешавад?! Ѓалтак: - Чї мешавад? Мирзодиккак: - Худамро меовезаму њукумати љонољонамон бе таблиѓотчї мемонад. Ѓалтак: - Љўраљон, осуда бош. Њоло ќисме номашонро базўр нависанд њам, номзади илм дар мавзўи "Хуб - хуш" шудаанд. Барои њамин пагоњ ќанори рошаку торонро дар бозори "Шоњмансур" фурўхта, ќарзњои туро соф мекунему Пахтагул Панљсолаеваро аз тањхона ба хонааш бозпас мегардонем. Љўрањо баъди ба мувофиќа расидан роњ сўи хонаи Мирзодиккакро гирифтанд. Моњ дар осмон медурахшид. Сояи Мирзодиккаки ќоматбаланд дар рушнои моњи осмон ба мисли сояи дарахти санавбар менамуду сояи Ѓалтаки дењотї бо ќанари дар пушташ буда, ба мисли собиќ сояи чанорњои Душанбешањр ѓафсу матин буд…

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Шариф РАЊИМЗОДА, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ваќте мо ќурбњоро ягона мекунем ва хариду фурўши асъорро озод мегузорем, он ваќт фарќ надорад, ки корманди ин нуќта асъорро ба кї мефурўшад, муњим он, ки вай харидуфурўшашро анљом медињад. Бењтар аст, ки њамин сиёсат ба роњ монда шавад. - Ин сиёсатро ваќти рањбари БМТ буданатон бояд роњандозї мекардед, раисбобо. Акнун вовайло! Муъмин ЌАНОАТ, шоир: - Маро аз китобхонаи миллї даъват карданд, ки китобњоямро барам ва онњо љоеро барои ман људо кунанд. Ягон китобхон дар кишвар нест, ин китобхонаро барои кї сохтед?! Ман на китобашон бурдаму на паёмашон. - Устод, латифаи "Чукча китоб менависад, китоб намехонад"-ро шунидаед? Игор Лякин-ФРОЛОВ, сафири Русия дар Тољикистон: - Маскав аз аввал љонибдори сохтмони НБО-и Роѓун дар Тољикистон буд ва мемонад. - Аммо афсўс, ки њич аз дуку... эъ, дурўягї намемонад. Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносии Тољикистон: - Ваќте пояњои идеологии давлати Шўравї шикаст, сокинон бе як идеологияи мушаххас монданд ва барои пайдо кардани љањонбинии нав ба дин рў оварданд. - Њукумати љонољон бошад дар чоряк аср ѓайр аз идеологияи "бъхре бъгарде, шукрона кунед!"чизе пешнињод карда наметавонад. Шоњ ИСКАНДАРОВ, сардори ШКД-и шањри Турсунзода: - Ифротгарої дар њар шакле зуњур карда, характери сиёсї пайдо кунад, маълум аст, ки аз тарафи ягон гуруњи манфиатхоњ ё аз љониби давлате идора карда мешавад. - Камандир, солњои 90 њам њамин гап буд, фаќат онро дигарњо мегуфтанд. Аљаб, ки њоли дигарњо њамин гапро мегўянд. Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Мо идњои худро хору зор намудем. Иди 8-уми мартро, ки њамчун љашни байналмилалии озодии занон буд, ба иди модарон табдил додем. Пас, биёед дигарашро ба иди падар, таѓо, бобо табдил дињему эълон кунем. - Пешнињоди олї! Хусусан иди "таѓо" бисёр маъќул шуд. Тасаввур кунед, агар Владимир Иличу Владимирович нагуфта, ягон "таѓо" медоштед, њоло њам дар Парлумон мебудед. Биёед, Иди "таѓо"-ро ба иди каду якљоя таљлил кунем! Э аљаб мешавад - да! Њайдар ШАРИФЗОДА, руњонї - Ман 30 сол зиёд шуд, имомхатибам як диск набаровардам, аммо инњо дар ду рўз бозорњоро пури диск карданд, ки дар якеаш як гап мегўянд, дар дигараш дигар гап. - Рост мегўед, домулло! Дар дег бошад, ба кафлез меояд. Бинед, ки баъзењошон диск карда натавониста, рафта дар "Нури нањзат" худро диск карданд. Њамин чї тур?

Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.  Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї  Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990  НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09  Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.