Нигох №08 (441). Чоршанбе, 20-уми майи соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

1

Зайд Саидов - ќурбонии сиёсат Соњибкори муваффаќ ва сиёсатмадори тољик Зайд Саидов ду сол боз дар њабс аст. №8 (441). Чоршанбе, 20-уми майи соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

Санљиши «НАТО-и русї» То се рўзи дигар маълум хоњад шуд, ки Давлати исломї" ба Тољикистон ворид шудааст ё не

СУЊБАТИ ДОЃ

Ќосимшоњ ИСКАНДАРОВ:

"Калиди сулњи Афѓонистон дар Покистон аст" САЊИФАИ 4

ПОРТРЕТИ СИЁСЇ

Рањмон Набиев ва њамтабаќони Мањкамов

САЊИФАИ 7

САЊИФАИ 6

МИНТАЌА

Дари афѓонии Чин САЊИФАИ 10

Ќонуни хайрия Чаро Лоињаи Ќонун "Дар бораи муњољирати мењнатї" бояд тариќи раъйпурсї ќабул шавад?


АМНИЯТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

2

Санљиши «НАТО-и русї» То се рўзи дигар маълум хоњад шуд, ки Давлати исломї" ба Тољикистон ворид шудааст ё не Парвози тайёрањои низомї, њаракати БТР - у БМП - њо ва сарбозони хориљї дар ќаламрави Тољикистон миёни мардуми оддї њадсу гумонњоеро ба миён овардааст. Онњое, ки аслан матбуотро мутолиа намекунанд, хаёл доранд куљое "љанг сар шуд". Њатто онњое њам, ки огоњанд, бо ахбори матбуот ќаноат накарда, ин њама "љунбуљўл" ро мехоњанд дарк кунанд ва фањманд, ки дар асл чї мегузарад. Воќеан, тањаввулоти хеле муњим дар минтаќаву Тољикистон љараён дорад. Расман хабар доданд, ки Созмони паймони амнияти дастаљамъї (СПАД ё ОДКБ), ба истилоњи расонањои ѓарбї, "НАТО - и русї", аввалин бор дар таърихи худ омодагии Неруњои дастаљамъии вокуниши сареъ (КСОР) - ашро месанљад. СПАД то ба њол дар ягон амалиёти љангї ширкат накардааст, аммо рањбарони ин созмони низомию сиёсї њангоми "санљиши ногањонї" дар марзи Тољикистону Афѓонистон ба иљрои масъулияте низ омодагї гирифтаанд, ки берун аз як санљиш њам њаст. Сомонаи расмии СПАД менависад, амалиёти санљиши ногањонии Неруњои вокуниши сареъ дар пасманзари ташаннуљи вазъ дар Афѓонистон мегузарад, ки "80% - и ќаламрави вилояти Бадахшонаш ба ихтиёри Толибон гузаштааст". "Дар сафи "Толибон" љонибдорони "Давлати исломї" њам кам нестанд" - менависад сомона. Валерий Семериков, муовини Дабири кулли СПАД мегўяд, "мо аз ин нигаронем ва интихоби мањалли амалиёт тасодуфї нест. Мо интиќоли неруњо ва василањо ба ин самтро ончунон ба наќша гирифтаем, ки вазифаи берун аз тамрин њам пеш ояд, иљро мекунем". Аз ин суханони муовини Дабири кулли

СПАД бармеояд, ки ваќте наќшаи ин "санљиши ногањонї" кашида мешуд, рўёрўї бо гуруњњои террористї њангоми амалиёт низ ба назар гирифта шудааст. Ќисса кўтоњ, санљиши ногањонї танњо санљиш нест. Амалиёти бесобиќа Интиќоли неруњои хориљї ба Тољикистон тайи 20 соли ахир бесобиќа аст. Ба ќавли Фаридун Мањмадалиев, сухангўи вазорати дифоъи Тољикистон, дар ин амалиёти санљишї 2,5 њазор сарбозу афсар, њудуди 20 тайёра ва чархболи љангї, 30 тайёраи наќлиётии низомї ва 400 техникаи сабуку вазнини љангї аз 6 кишвари СПАД - Арманистон, Белорус, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Русия ва Тољикистон ба размоишгоњи Њарбмайдон, воќеъ дар љануби Тољикистон интиќол ёфтаанд. Танњо аз Русия, бино ба иттилои расмии вазорати дифоъи ин кишвар, дар ин санљиш њудуди 500 десанти дивизияи њавоии десантии 98-и Свир (вилояти Иваново) ва бригадаи алоњидаи зарбазани десантии 31 - и Уляново эъзом шудаанд. Русия ба фурудгоњњои Душанбе ва Ќурѓонтеппа аз пойгоњи њавоиаш дар шањри Канти Ќирѓизистон 4 љангандаи Су-25, Су-24, 4 чархболи Ми-24, Ми-8 ва 52 техникаи низомї (мошинњои љангии десантии БМД-2КУ, техникаи худгарди артилерии 2-С9 "Нона", квадросиклу мотосиклњои махсус) интиќол додааст. Барои интиќоли њайати шахсї, силоњу муњимот ва техникаи низомии Русия 18 њавопаймои Ил-76 ва як Ан-124 "Руслан" - и вазорати дифоъи ин кишвар истифода шудааст. Аммо ин њам иттилои расмист. Ба ќавли шоњидон, аз пойгоњи низомии 201 - и Русия ба мањалли амалиёти санљишї сарбозу афсарон, дастгоњи реактивии "Град" ва бесар-

нишинњои "Форпост" низ интиќол ёфтаанд. Ба ќавли Валерий Семериков, дар амалиёти санљишї гуруњи вокуниши сареъи Арманистон бо як рота, Белорус бо ротаи махсуси муљањњаз ва Ќазоќистон бо баталёни зарбазани десантї ширкат мекунанд. Бригадаи алоњидаи 26 - и таъиноти махсуси Ќирѓизистон, ки вазифа дошт бо роњи заминї (тариќи Љиргатол) 1000 километрро тай карда ояд, низ сариваќт худро ба Њарбмайдон расонд (мардуми мањаллї дар Роѓун онњоро неруњои чинї гумон кардаанд). Ба љуз Русия, танњо маълум аст, ки њайати шахсии кишвари Белорус аз 100 нафар иборат аст. Њамчунин Ќазоќистон низ тайёрањои љангии СУ - 27 - и худро интиќол додааст. Дар бораи ин, ки аз љониби Тољикистон кадом неруњо ширкат мекунанд, иттилои даќиќ вуљуд надорад. Аммо бино ба иттилое, ки аз ќабл дар ихтиёри мо буд, вазорати дифоъи Тољикистон дар њамдастї бо маќомоти дигари ќудратї оѓози моњи равон дар марз хатти дуюмро ташкил кард. Дар њудудњои вилояти Хатлон неруву техникаи иловагї ва ќисмњои алоњидаи низомї ва љузъу томњо љойгир карда шуданд. Аз ин хотир, метавон тахмин зад, ки дар амалиёти санљишии Неруњои вокуниши сареъи СПАД бештар аз 2,5 њазор сарбозу афсар ширкат мекунанд. Зимнан, амалиётро дар умум вазири дифоъи

Тољикистон - Шералї Мирзо ва Неруњои вокуниши сареъи СПАД - ро Миралї Рањматзода, фармондењи неруњои зудамали Неруњои мусаллањи Тољикистон роњбарї мекунанд (Тољикистон њоло роњбари СПАД аст). Дар умум, фармондењии амалиёт аз 100 афсар иборат аст. Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, амалиётро назорат мекунад. Инак, амалиёт 6 рўз аст, ки идома дорад. Ду марњалааш паси сар шуд: аз 12 ба 15 май неруњо ба Њарбмайдон расиданд, аз 16 то 18 май тамрини муштарак гузаронида, наќшаи амалро тартиб доданд. Марњалаи сеюм - роњандозии худи амалиёт алайњи гуруњњои мусаллањи эњтимолии воридшуда аз Афѓонистон аст, ки аз Шањритус то Фархору Њамадонии вилояти Хатлон то Дарвози Бадахшон аз 19 то 22 май тўл хоњад кашид. Сарбозону афсарони Неруњои вокуниши сареъи СПАД дар ин муддат тариќи тайёрањои љангї ба мањалли эњтимолии вуруди љангиён аз Афѓонистон партофта мешаванд... Пушти санљиш Инак, суханони муовини дабири СПАД, ки гуфт, "мо интиќоли неруњо ва василањо ба ин самтро ончунон ба наќша гирифтаем, ки вазифаи берун аз тамрин њам пеш ояд, иљро мекунем", чї маъно дорад?

САДОИ МАРДУМ

30%

АКСАРИЯТ ШАБАКАЊОИ РУСИРО ТАМОШО МЕКУНАНД

27%

4%

Шабакањои Русия

5%

Бањористон

Љањоннамо

ТВ “Сафина”

5%

Шабакаи якум

10%

10%

7%

15%

6%

5%

Ваќти тамошои ТВ надорам

Шабакањои форсизабон

12%

Шабакањои Ўзбакистон

15%

Шабакањои Афѓонистон

20%

Шабакањои мазњабї: “Нур”, “Висоли њаќ”...

25%

8%

0% 1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

Аксарият дар кишвар асосан ба тамошои шабакањои телевизионии русї майл доранд, то шабакањои миллї. Аз ин хусус натиљаи пурсиши ахири виртуалї дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews далолат мекунад, ки миёни истифодабарандагон њафтаи ахир баргузор шуд. Тибќи ин назарсанљї, тамошобинони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тољикистон њудудан се маротиба камтар аз муштариёни шабакањои русї будааст. Њамин тариќ ба саволи "Бештар кадоме аз ин шабакањои телевизиониро тамошо мекунед?" њамагї 12 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки "Шабакаи якум"-ро мебинанд. Ин дар њолест, ки 27 дарсади респондентон дар

ќатори посухњо ба варианти "Шабакањои Русия" нохун задаанд. Дар ин назарсанљии ѓайрирасмї, ки аз як воситаи электронї њамагї як маротиба овоз додан имкон дошт, ќариб 700 нафар иштирок карда, муштариёни ТВ "Сафина" 10%, муштариёни "Љањоннамо" - 5%, аз ТВ-и кўдакону наврасон - "Бањористон" 4%-ро ташкил додаанд. Миёни пурсидашудагон муштариёни шабакањои форсизабон - 7%, шабакањои мазњабї - "Нур" ва "Висоли њаќ" - 15%, шабакањои Афѓонистон - 6% ва аз Шабакањои Ўзбакистон њудуди 5%-ро ташкил додаанд. 8 дарсад, ба њамин савол посух дода, гуфтаанд, "Ваќти тамошои ТВ надорам".


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

3

Солњои... бебарор Чаро "соли фалон" -у "ќонунњои фалон" натиља намедињанд?

Аввал, намешавад гуфт, ки "санљиши ногањонї" як амалиёти ногањ шурўъшуда аст. 13 март, ваќте Николай Бордюжа бо сафари серўза дар Тољикистон ќарор дошт, зимни як нишасти матбуотї гуфта буд: нерўњои СПАД дар давоми се рўз худро ба марзи Тољикистону Афѓонистон мерасонанд. Њоло иттилое, ки аз љараёни санљиши ногањонї мерасад, ин иддаои дабири кулли СПАД-ро собит кард. Њамзамон СПАД бо ин амалиёт аввал мехоњад худро нишон дињад. Ба раќибаш, блоки дигари низомї тањти рањбарии Амрико НАТО. Ахирї, ки дар Афѓонистон мустаќар шудааст, дид, ки њарчанд СПАД боре њам вориди амалиёти љангї нашудааст, омода аст, њама гуна чолишро ќабул кунад. Ва на фаќат дар баробари хатарњое, ки аз Афѓонистон меоянд. Созмон метавонад худро дар Украинаву Ќафќоз низ нишон дињад. Ин ба он маънї њам буда метавонад, ки Амрикову пайравонаш дар Ироќу Сурия ва Украина дасти дароз доранд, аммо дар Осиёи Марказї, ба таъбири яке аз рањбарони амалиёти СПАД, "ќаврашонро хоњанд канд". Аммо ваќте Валерий Семериков мегўяд, "мо борњо худро дар таълим озмудаем", ин оњангро низ дошта метавонад, ки софу содда ва бидуни њадафи воќеї ин ќадар таљњизоти низомиву неруро ба марзњои Тољикистону Афѓонистон интиќол надодаанд. Ба бовари муовини дабири кулли СПАД, Толибон ва "Давлати исломї" 80% - и вилояти Бадахшони Афѓонистонро, ки бо Бадахшони Тољикистон њаммарз аст, тасарруф кардаанд. Бино ба манобеъи "Нигоњ" дар Бадахшони Афѓонистон, рўзи 17 май рањбарон ва сарони ќавмии вилоят ба њукумати кишварашон мурољиат намуда, гуфтаанд, ки аз 13 вулусволї 9 - тои он ба ихтиёри мухоли-

фони давлат гузаштааст. Намояндагони Бадахшон дар парлумони Афѓонистон мегўянд, барои мубориза алайњи Толибон ва љангиёни хориљї њукумат иќдоме муассир намекунад ва онњо рўз ба рўз пеш меоянд. Аз ин пеш 6-уми май маќомоти мањаллии вилояти Тахори Афѓонистон аз убури љангиёни Толибон ва њамдастони хориљии онњо - "Давлати исломї", Њаракати исломии Ўзбакистон ва Ансоруллоњ ба љангалњои марзии Тољикистон хабар доданд. Онњо гуфта буданд, ки бар асари амалиёти неруњои њукуматии Афѓонистон дар вулусволии Имом Соњиби вилояти Ќундуз љангиёни созмонњои террористї ба љангалњои сарњадоти Тољикистон паноњ бурда, шаби 5 ба 6 уми май аз он љо ба ду посгоњи њукуматї дар вулусволии Хоља Ѓор њамла карданд. Онњо теъдоди љангиёнро њудуди 600 нафар тахмин мезананд. Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон изњороти маќомоти вилояти Тахори Афѓонистон дар бораи убури љангиёни гуруњњои террористї ба марзњои Тољикистонро рад кард. Аммо ба ќавли шоњидон, дар њоли њозир дар навоњии бо Афѓонистон њаммарзи Тољикистон тадобири шадиди амниятї гирифта шудааст. Дар њоли сињат доштани иддаои маќомоти вилояти Тахори Афѓонистон то 22 май маълум хоњад шуд, ки воќеан "Давлати исломї" ба марзи Тољикистон гузаштааст, ё хайр. Ин њол бори аввал СПАД - "НАТО - и русї" - ро дар љанг бо терроризм имтињон мекунад. Ва далели дар дарозмуддат мустаќар шудани неруњои ин созмон мешавад. Неруњое, ки 10 соли ќабл марзњои Тољикистону Афѓонистонро тарк карда буданд.

Далери ХАЙРУЛЛОЊ

Дар Тољикистон аксари тарњу барномањо беборанд, балки муњтавои молиявї, њатто коррупсионї доранд. Солњоро ба ин ё он маърака "никоњ" мекунанд, аммо аз ин "висол" натиљае ба дунё намеояд. Бояд аз ин андешид, ки чаро он чї намешавад, ки мо мехоњем? Пеш аз њама пешнињодњои "обї" пеши назар меоянд. Соли 2000 Тољикистон ба СММ пешнињод кард, ки соли 2003 - Соли оби тоза эълон шавад. Ќабул шуд. СММ пешнињоди "Дањсолаи "Об барои њаёт" (2005 - 2015) - ро низ соли 2003 ќабул кард. Соли 2010 пешнињоди Тољикистон дар бораи эълон кардани соли 2013 - Соли њамкорињои обиро њам пазируфт. Аммо чї натиља ба даст омад? Шояд дар кишварњое ин пешнињодњо ба кор омаданд, аммо дар Тољикистон? То ба њол кишваре, ки беш аз 60 дарсади захирањои оби Осиёи Марказиро дорад, аз оби нўшокї танќисї мекашад. Ин мушкил дар 10 соли "Об барои њаёт" низ њал нашуд. Интизорињо аз њамкорињои обї, ки сармоягузорињо дар тарњњои энержии Тољикистонро њадаф дошт, бароварда нашуданд, зеро таљрибаи "Сангтўда" - њо нишон дод, ки сармоя метавон гузошт, аммо аз он наметавон суд гирифт. Тарњњои энержии Тољикистон љазабаи сармоявиашонро аз даст доданд. "Солњо" - и аљибе доштем. Соли 2004 Соли санъати эстрадаи муосир эълон шуд. Кишварро маъракањои овозхонони номиву кўчагард фаро гирифт. Эстрада аз сањнањо ба кўча рафт ва эстрадаи кўча ба сањнањо омад. Табъи љомиа аз боло ба поён хамид. Натиља эстрадаест, ки њоло дар љомиа, њатто дар сатњи олї, дида мешавад. Эстрадае, ки маълум нест, ба кадом санъат тааллуќ дорад - тољикї, туркї, арабї, аврупої, эронї ва... Соли 2006 - Соли тамаддуни ориёї буд. Интизор мерафт мардум ба фарњанги ќадимии худ таваљљўњ мекунанд, аммо дар љомиа исломишавї, ё ба таъбири мунтаќидон, ифротгарої рушд кард. Њукумат гўё ин равандро чун асп зин зад ва соли 2009 умро Соли гиромидошти Имоми Аъзам эълон намуд. Дар Душанбе бузургтарин намояндагони мазњаби њанафї аз гўшаву канори љањон љамъ омада, ба њукумати як кишвари мусалмонї ањсант хонданд. Ин њол дер давом накард. Њиљоб дар мактабу донишгоњ, идорањои давлатї ва бозорњо (баъдтар рафтани тифлону ноболиѓон ба масољид) манъ шуд. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 мардум ба Њизби нањзати исломї овоз дод (бино ба маълумоти ѓайрирасмї). Аз соли 2012 барномаи "антинањзат" ва руњониён оѓоз шуд. Њоло њатто карру кўр дар хориљ аз Тољикистон њукуматро барои сиёсатњои "зиддиисломї" интиќод мекунад. Соли 2007 - Соли љашни 800-солагии Љалолуддини Румї эълон шуд. Даъво ин буд, ки Мавлоно аз тољикону Тољикистон аст, аммо андешаи Мавлоно барои онњо бегона монд. Соли 2008 - Соли забони тољикї эълон шуд, аммо дар амал? Ягон барномаи муассир, њатто пас аз ќабули Ќонуни забони давлатї, рўи даст нест, ки мавќеи ин забонро мустањкам кунад. Бањси хати порсї идома дорад. Тавре 25 соли пеш буд. Кайфияти забондонии, њатто рањбарони кишвар (чї расад ба љомиа) дар сатњи забони, ба истилоњ, "рўзбакї" боќї монд. Бисёрињо њанўз забони дењаи худро забони давлатї мепиндоранд. Соли 2010 - Соли маориф ва фарњанги техникї эълон шуд. Таваљљўњ ба соњае шуд, ки њар сол сармоягузориаш бештар мешавад ва њар сол суќуташ бармало ба назар мехўрад. Соњаи муваффаќтарин дар замони Шўравиро вазорати маориф бо барномањои "ислоњотї" ва сармоягузорињои бонкњои хориљї ба сатњи поён овард. Бе-

саводї рушд мекунад (он чї, ки тољикро дар хориљ "равшану љумшуд" кард). Макотибу донишгоњњо соњиби компютер шуданд, аммо фарњанги техникии љомиа боло нарафт. Дар сатњи истифодаи телефони мобилї монд. Мактабу донишгоњњо статуси "бозор" будани хешро аз даст надоданд. Ба истилоњ, маориф боз пеши "фойтуни шикаста" монд. Соли 2014 - Соли футболи оммавї дар Тољикистон дар ин силсила то љое муваффаќ буд, он њам ба он хотир, ки Федератсияи футбол аз ФИФА маблаѓи зиёд ба даст овард ва варзишгоњњоро ба меъёри байнулмилалї мувофиќ кард ва ташаббусњои худи мардум, ки дар њавои "кадукорї бењ аз бекорї" аз рушди футбол дар љањон илњом гирифта, чанд лањза худро Мессиву Роналдо эњсос мекунанд. Шак нест, ки ин сол ба рушди футбол дар Тољикистон сањм гузошт. Њатто ширкату корхонањо соњиби тими футбол шуданду ба ќавле, дар футбол аз кор бештар пеш рафтанд. Метавонем мисоли зиёде орем, аммо иктифо карда, ба як нуктаи хеле муњим таваљљўњ мекунем, ки чаро барномањову "солњо" - бебароранд? Ин њама муњтавои молиявї дорад. Њама барои пул аст, аммо сарљашмаи пул нест, чун иќтисод заъиф аст. Аз ин хотир, ин маъракањоро барои "обу лой" кардани маболиѓ њай истифода карданд. Аз њукумат, аз хориљињо, аз соњибкорон... "канданд". Шояд илњом аз чунин роњњои љадиди ба даст овардани маболиѓи бедардимиён аст, ки дигар чї навоварие намешавад, ба пул бастагї дорад. Аз Ќонуни танзими расму оин њељ танзиме ба назар намехўрад, магар љаримањои сангин - манбаъи даромади буљет. Аз лињози назария, шояд амалия њам, њамин љаримаро метавон пешакї супурд ва ќонунро... наќз кард. "Шањри бехатар" магар пулкоркунї нест? Бале, мардумро тўр додааст, аммо то куљо кисаи ўро ба эътибор гирифтааст? Мошинњои сиёњшиша њар сол бояд 500 доллар супоранд (як тањќиќоти мо собит кард, ки санади ин ќарор аслан нашр нашуда, аз соњибони сиёњшишањо ќариб 5 сол ѓайриќонунї пул ситонида мешудааст). Ин то куљо асоснок аст? Ба кисаи мардум дуруст мегирад? Њатто шиносномањоро "ба стандартњои байнулмилалї мувофиќ мекунем", гуфта, инро њам ба тиљорат табдил доданд. Њуљљате, ки ба арзиши то 10 доллар ба Тољикистон мерасад, то 150 доллар фурўхта мешавад. Як ширкат додани њуќуќи ронандагиро, ки ќаблан ба 400 сомонї аз ГАИ гирифта мешуд, низ аз худ кард ва њоло онро ба беш аз њазор сомонї мефурўшад. Аљобат дар он, ки ин "ихтироъ" корињо дар "бизнес" - ро каси дигар не, мањз онњое мекунанд, ки ба рањбарони Тољикистон робита доранд. Дар охир, мерасем ба соли мо - Соли оила. Аз ин сол он чї њоло ба чашм мехўрад, ду маъракаи аљиб аст: як, манъи никоњи хешутаборї; ду, ташхиси њатмии бакорат. Шояд нияти хуб аст, аммо њамоно муњтавои молиявї, њатто коррупсионї дорад. Љаримаро супор ва... зиндагиро давом дењ! Дуруст аст, ки њамаи "солњо" ва барномањову тарњњо бар асоси нияти нек бунёд ёфтаанд, вале чаро ба тиљорат табдил меёбанду он ниятњоро барбод медињанд? Бадтар аз ин, сиёсатњо татбиќ намешаванд, балки баръакс, барои амалї шудани онњо мушкил эљод мекунанд. Дар ду калима ба суоли "чаро?" метавонем посух гўем: самимият нест! Ва ин њам, ки дастандаркор мисли иљоранишине, ки даъвои ватандорї мекунад, пушти манфиати хеш - пул, пул ва пул аст. Дигар њељ!

Фаромарзи ФОЗИЛ


4

- Љаноби доктор, њамчун мутахассис ва шахсе, ки масоили Афѓонистон ва минтаќаро пайгирї ва тањлилу баррасї мекунед, таъсири онро ба Тољикистон чї гуна шарњ медињед? - Бо назардошти он, ки вазъият дар Шимоли Афѓонистон бисёр мураккаб шудааст ва тибќи хабарњое, ки аз ин минтаќа мерасад, гурўњњои ифротгаро ва терористии зиёде дар ин минтаќа љамъ омаданд ва даргирињои бисёр шадиде байни ин гурўњњо ва нерўњои давлатї идома доранд, аз марзњои Тољикистон чандон дур нестанд, бинобар ин, метавон гуфт, ки мављудияти ин гурўњњо ва дар оянда Худо нахоста таќвияти ин гурўњњо метавонад барои кишварњои Осиёи Марказї, аз љумла барои Тољикистони мо як хатар ва тањдиде бошад. Имрўз як навъ каридор ё дањлезњои тањдид ба Осиёи Марказї маълум шудаанд. Дањлезњое, ки дар Бадахшону Ќундуз, дар марзњои Тољикистону Ўзбакистон ва Туркманистон кушода шудааст, ДИИШ њузур дорад. ДИИШ њам дар сарњади Тољикистон њаст, њам дар сарњади Туркманистон, вале инњо бо назардошти барномае, ки ДИИШ дорад, бо назардошти он, ки як устони Хуросон ташкил кардаанд, ки мехоњад дар њамаи минтаќа хилофати исломиро татбиќ кунад, аз ин рў, ин як навъ тањдид барои кишварњои минтаќа, аз љумла Тољикистон аст. - Кї ин гуруњњоро маљбур кард ё барои онњо каридоре сохт, ки аз Вазиристони Шимолии Покистон ба шимоли Афѓонистон кўч банданд? - Тибќи хабарњо ва маълумоте, ки вуљуд дорад, албатта, як ќисми ин нерўњо ё гурўњњои ифротгаро дар натиљаи он амалиётњои низомие, ки Покистон дар Вазиристони Шимолї анљом дод, ба ќисмати Шимоли Афѓонистон кўч бастанд, чунки барои инњо хатар эљод шуд. Масъалаи дигар, баъд аз як амалиёти терористї дар яке аз мактабњои шањри Пешовар Покистон ба хулосае омад, ки њар чї тезтар аз ин гурўњњо халос шавад. Ин як амали барномарезишуда ва аз пеш тарроњишуда аст, ки ин гурўњњо аз ќисматњои Вазиристони Шимолї ва љануби Афѓонистон ба шимоли Афѓонистон интиќол дода мешаванд. Албатта, гуфта мешавад, кишварњои дигаре њамдаст њастанд, ки бино ба манофеи геопалитикї ва диние, ки доранд, мисли Арабистони Саудї, мисли Туркия ва дигар кишварњо кўшиш доранд, ки доманаи бесуботињоро аз тариќи ин гурўњњо ба кишварњои Осиёи Марказї бикашонанд. Њузури онњо дар ин минтаќа барои кишварњои Осиёи Марказї, Русия ва Чин ќобили ташвиш аст. - Кишварњои номбаргардида аз нигоњи молї ва таљњизоти низомї он гурўњњоро таъмин мекунанд? - Фикр мекунам, як марказе њаст, ки инњоро аз нигоњи молї, силоњ ва муњиммот таъмин мекунад. Бидуни таъминоти молї инњо наметавонанд худ ба худ амалиёт бигузаронанд, ќисматњои муњими Шимоли Афѓонистонро дар даст дошта бошанд. - Атомуњњаммади Нур, пештар эълон карда буд, то ваќте ман дар Шимоли Афѓонистон, бахусус Балх њастам, Толибон, ДИИШ ва дар маљмўъ гурўњњои ифротї наметавонанд ба кишварњои Осиёи Марказї тањдид кунанд... - Ин гурўњњо аз тариќи Балх ин корро анљом дода наметавонанд. Балх аз нигоњи амниятї бењтар аст. Атомуњаммади Нур њамеша хоњони субот дар минтаќа ва дилсўзи амниятї нистбат ба ин кишварњост, аз тарафи дигар мебинад, ки кадом нерўњо дар инљо дахл доранд, манфиат доранд, кадом кишварњо онњоро аз нигоњи молї таъмин карда, ба дигар љо интиќол медињанд. Худи вазъияти баамаломада, аз назари устод Атомуњаммади Нур, на ба манфиати Афѓонистон асту на ба манфиати кишварњои минтаќа ё Осиёи Марказї. Агар ин нерўњо ба Осиёи Марказї гузаранд, ин барои Афѓонистон њам хуб нест. Назарашон ин аст, ки давлати Афѓонистон коре кунад, ки онњоро дар дохили ин кишвар безарар гардонад, то доманаи онњо ба кишварњои Осиёи Марказї ва Русия густариш наёбад.

«

СУЊБАТИ ДОЃ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

Ќосимшоњ ИСКАНДАРОВ:

"Калиди сулњи Афѓонистон дар Покистон аст" Суњбати ихтисосї бо доктор Ќосимшо Искандаров, раиси Маркази омўзиши Афѓонистон ва минтаќа - Мардуми тањљоии Афѓонистон дар муддати беш аз 35 соли ахир аз вуљуди чунин гурўњњо хаста шудаанд, дигар онњоро дидан намехоњанд, пас чаро ин гурўњњои терористї рўз ба рўз фаъолтар мешаванд? - Албатта, онњо хаста шудаанд, 30 сол њам зиёдтар шуд, ки дар ин минтаќа љанг аст ва возењ бояд бигўем, ки ваќте љанг мешавад, боз њам мардуми мулкї, онњое, ки ба љанг сару кор надоранд, онњо зарар мебинанд. Аз бомбборонњо, амалиётњои терористї ва љангњо аз њама бештар мардуми омма зарар мебинанд. Касе аз мардум дар ин бора намепурсад. Мардум љонибдори сулњ њастанд. Ин љо кишварњо, неруњо ва гуруњњое манфиат доранд, ки дар Афѓонистон љанг бошад. Дар даргирињои ахири шимоли Афѓонистон агар кумаки мардуми оддї намебуд, давлат наметавонист дар набардњои ахир пирўз шавад, намунаи ин Ќундуз аст. Худи мардум хестанд, гурўњњои худдифої ташкил карда, бо гурўњњои терористї мубориза бурданд, кўмаки онњо ба нерўњои давлатї боиси љилавгирї аз суќути маркази вилоят, шањри Кундуз ба дасти Толибон шуд. - Фирк намекунед, баъзе гурўњњое дар њукумати Афѓонистон њастанд, ки мехоњанд ин нерўњои силоњбадаст аз Афѓонистон ба самти Осиёи Марказї берун карда шаванд? - Дар њукумати Афѓонистон намехоњанд як кори бадеро нисбат ба мардуми Осиёи Миёна анљом бидињанд. Њузури гурўњњои мазкур ба манфиати Афѓонистон нест. Бояд як кори муштараке анљом шавад, чунки сулњу оромї дар Афѓонистон ба манфиати кишварњои минтаќа, аз љумла Осиёи Марказї ва бахусус Тољикистон њам њаст. Гурўњњои зењнї дар Афѓонистон мехоњанд кишварњои њаммарз, ки сулњу оромї ба манфиати онњо њам њаст, дар ин ќазия шомил бошанд ва барои мубориза бар зидди ин гуруњњо кўмак кунанд. Ваќте неруњои Амрико ва НАТО дар Афѓонистон њастанд, дигар давлатњо, аз љумла киш-

Дар даргирињои ахири шимоли Афѓонистон агар кумаки мардуми оддї намебуд, давлат наметавонист дар набардњои ахир пирўз шавад, намунаи ин Ќундуз аст. Худи мардум хестанд, гурўњњои худдифої ташкил карда, бо гурўњњои терористї мубориза бурданд, кўмаки онњо ба нерўњои давлатї боиси љилавгирї аз суќути маркази вилоят, шањри Кундуз ба дасти Толибон шуд.

«

варњои узви Созмони њамкорињои Шанхай љуръат ва иљозати онро надоранд, ки барои мубориза бо терроризм ба Афѓонистон кумак кунанд, бинобар ин, то як навъ тафоњуме байни ин кишварњо, гурўњњо ва нерўњо ба вуљуд наояд, инњо барои овардани сулњ њамаашон манфиатдор набошанд, сулњ ба Афѓонистон намеояд. - Калиди сулњ ва суботи Афѓонистонро дар куљо ё дар кадом кишвар метавон пайдо кард? - Калиди сулњи Афѓонистон дар Покистон аст, вале Покистон дар Афѓонистон манфиат дорад ва то манфиатњояш бароварда нашавад, барои овардани сулњу субот дар Афѓонистон кўшиш намекунад, балки баръакс мамониат эљод мекунад. Яке аз мушкилињои асосии Покистон дар Афѓонистон њузури бисёр барљастаи Њиндустон аст. Дар Афѓонистон Эрон, Русия, Чин, кишварњои Халиљи Форс ва кишварњои Ѓарбї њама манфиатдор њастанд, ин кишварњо ба њам намеоянд.Дар Афѓонистон манфиатњои геополитикї, мазњабї, ќавмї, гурўњї ва ѓайрае вуљуд доранд, ин њама авзоъро печида ва дурнамои сулњро норўшан кардаанд. - Андешае њаст, ки Толибонро мањз чанд кишвари абарќудрат ба хотири Афѓонистон таъсис додаанд, аммо ДИИШ-е, ки имрўзњо дар Афѓонистон њузур дорад, барои Афѓонистон не, балки барои дигар кишварњо, аз љумла Осиёи Марказї ва Ќавќоз роњандозї шудааст. Шумо дар ин бора чї назар доред? - Воќеан њам "Толибон" як лоиња ё пружае аст, ки дар он замон фаќат барои Афѓонистон буд. Инњо мехостанд муљоњидинро, ки ба сари ќудрат омада буданд ва натавонистанд, ки як њукумати мардумиро ташкил кунанд, сулњу суботро биоранд, гурўњњои ѓайримасъули мусаллањро халъи силоњ кунанд, тавассути Толибон аз ќудрат барканор кунанд. Баъди он як гурўњи сиёсии дигар биояду Толибонро аз ќудрат дур кунад, вале ваќте Толибон Афѓонистонро забт карданд, хаёлашон он набуд, ки аз ќудрат дур карда мешаванд, кишварњое њам манфиатдор буданд, ки Толибон дар сари ќудрат бимонанд, вале ин кор нашуд. Пружаи Толибон назар ба Давалати исломї мањдудтар буд. Давлати исломї - ДИИШ як созмони калонтар аст, ки дигар марзњоро намешиносад, миллатро намешиносад, нажодро намешиносад, забонро намешиносад. То-

либонро аз нигоњи ќавмї гирем, бештар ба як ќавми паштун тааллуќ дошт, теъдоди тољикњо ва ўзбакњо хеле кам буданд, лекин дар Давлати исломї намояндаи тамоми миллатњо њаст. Агар Давлати исломї 30 њазор љангљў дошта бошад, таќрибан 12 њазори онњо аз дигар кишварњоанд. Њадафи асосии Толибон Афѓонистон буд, вале ДИИШ дигар фикр дорад. Пружаи ДИИШ минтаќаї ва ба њамаи кишварњои исломї тааллуќ дорад. ДИИШ Тољикистонро агар номбар карда бошад, ин тањдидро боз мушаххастар кардааст ва метавон ин чизро боиси нигаронии бештар барои Тољикистон арзёбї кард. -Дар 20 соли ахир тољикњо дар Афѓонистон њеч ваќт натавонистанд, ки дар сари ќудрат бошанд. Андешае вуљуд дорад, ки бархе ќудратњо ба сари ќудрат омадани тољикњо дар Афѓонистонро намехоњанд, намехоњанд тамаддуни форсизабонњо аз нав дар минтаќа эњё шавад? - Чунин як андешае вуљуд дорад. Аз он, ки тољикњо чаро натавонистанд дар Афѓонистон њукумат кунанд, ин бармегардад ба андешаи паштунизме, ки дар ин кишвар вуљуд дорад. Аз соли 1747 ваќте, ки давлат дар Афѓонистон ташкил шуд, албатта, он ваќт номаш дигар буд, паштунњо дар сари ќудрат њастанд, фикр мекунанд, ки паштун ин синоними афѓон аст. Инњо фикр мекунанд, азбаски аксари мардуми Афѓонистонро ташкил медињанд, дар Афѓонистон сари ќудрат будан, ин њаќќи паштунњост. Бинобар ин, ваќте соли 1929 шахсе бо номи Њабибуллохони Калаконї аз наздикии Кобул бар зидди Амонуллохон як шўрише оѓоз кард ва ўро аз тахту тољи Афѓонистон берун кард, як њукумате ташкил кард ва њамагї 9 моњ ин њукумат умр дид. Яке аз омилњои суќути давлати ў њамин буд, ки вай паштун набуд, тољик буд. Проффессор Бурњониддин Рабонї њам ваќте њукуматро ба даст гирифт, аз њама тараф нисбат ба ў њамла мекарданд. Яъне, як рўз њам дар оромї устод Раббонї њукумат накард. Интихоботи ахир њам нишон дод, ки доктор Абдуллоњ Абдуллоњ, ки модараш тољик аст, бо вуљуди раъйи зиёд гирифтан, натавонист дар Афѓонистон сари ќудрат биояд, Ѓании паштунзабонро сари тахту тољ оварданд ва њатто розї нашуданд, ки Абдуллоњ Абдуллоњ, ки аз тарафи падарї паштун аст, сари ќудрат биояд. Суњбати Амруллоњи НИЗОМ


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

Идомаи бўњрон Воридоти асъори хориљї ба Тољикистон ба таври бесобиќа коњиш ёфт

- Доллар нест-мї?

Чор моњи аввали соли равон њаљми воридоти пул ба Тољикистон беш аз 34% коњиш ёфта, њаљми захирањои тиллоию асъории Бонки миллї дар њолати вахим боќї мондааст. Бино ба иттилои Абдуѓаффор Ќурбонов, сухангўи Бонки миллии Тољикистон, дар моњњои январ - апрели соли равон ба кишвар 615,6 миллион доллари ИМА ворид шудааст, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 34,1 фоиз кам мебошад. Дар чањор моњи соли гузашта ба кишвар 934,2 миллион доллар ворид шуда буд. Ба њисоби Бонки миллии Тољикистон, аз њаљми умумии маблаѓњои воридшуда дар чор моњи аввали соли равон 79,1 фоизро рубли Русия, 19,8 фоизро доллари ИМА ва 1,1 фоизро евро ташкил дод. Аммо ба гуфтаи сухангўи Бонки миллї, њудуди 30% - и маблаѓи воридшуда ба моњи апрел рост меояд, ки дар ин моњ њаљми умумии интиќолњои пулї ба љумњурї воридшуда 201,1 миллион доллари ИМА -ро ташкил дод, ки ин нисбат ба моњи марти соли равон 23,6 фоиз зиёд мебошад. Тамоюли коњишёбии воридоти интиќолњои пулї ба Тољикистон ду сол аст, ки ба ќайд гирифта мешавад. Соли гузашта ба Тољикистон њамагї 3,9 миллиард доллари ИМА ворид шуд, ки нисбат

ба соли 2013 8,3% кам мебошад. Бар замми ин, 89,1% маблаѓњои воридшуда бо рубли русї, 10,8 бо доллар 0,1% бо евро интиќол ёфтаанд, ки боз њам дар 20 соли охир назир надошт. Њамчунин дар Бонки миллии Тољикистон мегўянд, ки то охири моњи апрели соли равон њаљми захирањои тиллоию асъории Бонки миллии Тољикистон 3 миллиарду 151,04 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин ба 503,52 миллион доллар ИМА баробар аст. Аз он љумла, 2 миллиарду 183,72 миллион сомониро тиллои монетарї ва 967,32 млн. сомониро асъори хориљї ташкил медињад. Абдуљаббор Ширинов, раиси собиќи Бонки миллии Тољикистон дар нишасти хабариаш дар моњи январ гуфта буд, ки захирањои тилло ва асъори Бонк 482 миллион долларро ташкил медињад. Маврид ба зикр аст, ки њаљми воридоти яксолаи Тољикистон 4 миллиарду 340 миллион доллар буда, муттаносибан њаљми моњонаи он ба 361,7 миллион доллари ИМА баробар аст. Агар инро ба њисоб гирем, маълум мешавад, ки дар БМТ њамагї захираи беш аз якмоњаи импорт мондааст, ки барои як кишвари воридкунандаи мањсулот, минљумла маводи ѓизої хатар-

нок арзёбї мешавад. Ин њам дар њолест, ки захирањои асъори хориљї дар БМТ (967,32 млн. сомониро асъори хориљї) 1,5 миллион доллар њам нест. БМТ ба мисли пешина сабаби коњиши воридоти пулро ба буњрони Русия рабт медињад. Тавре сухангўи ин бонк гуфт: "Коњиш ёфтани воридоти интиќолњои пулї ба Тољикистон дар ин давра асосан бо сабаби ба буњрони шадиди молиявию иќтисодї рў ба рў шудани кишварњои шарики иќтисодии Тољикистон ба вуќўъ пайваст". Дар њамин њол, беќурбшавии пули миллї ба гуфтаи Абдуѓаффор Ќурбонов, хоси танњо Тољикистон набуда, "ин раванд имрўзњо аксари пулњои миллии давлатњои инкишофёбанда ва мутараќќии дунёро фаро гирифтааст". БМТ барои ислоњи вазъи бўњронї талош дорад, ки бозори сиёњи долларро аз байн барад ва то 1-уми июли соли љорї нуќтањои мубодилаи асъор бояд ба сохтори ташкилотњои ќарзї гузаранд. Абдуѓаффор Ќурбонов мегўяд, то 15-уми майи соли равон 355 адади онњо њамчун муассисаи ташкилотњои ќарзї аз нав ба ќайд гирифта шуда, фаъолияти худро оѓоз намуданд. "Илова бар ин, Бонки миллии Тољикистон дар якљоягї бо Кумита оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати љумњурї оид ба анљом додани пардохти харољоти зоирин дар маросими Њаљ-2015 бо пули миллї шартнома ба тасвиб расонид. Тибќи санади мазкур зоирин арзиши харољоти сафари њаљро танњо бо сомонї пардохт менамоянд. Харољоти минбаъдаи Кумита оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати љумњурї бо асъори хориљї аз љониби Бонки миллии Тољикистон тавассути мубодилаи маблаѓњои бо сомонї љамъоварї шуда, таъмин карда мешавад", - мегўяд сухангўи БМТ. Мењрбону ОРИФЇ

АНОНС

БАТР ба шарти таљдиди "Барќи тољик" CASA-1000-ро сармоягузорї мекунад Бонки аврупоии таљдид ва рушд (БАТР) аз Тољикистон хостааст, ки ба ивази сармоягузории лоињаи бунёди CASA-1000 дар ширкати "Барќи тољик" ислоњот љорї кунад. 15-уми май дар љаласаи солонаи Шўрои идории БАТР њукумати Тољикистон ва бонки мазкур ёддошти тафоњумеро имзо намуданд, ки дар он барномаи ислоњот шарти аввалияи сармоягузории лоињаи минтаќавии хати интиќоли нерўи барќ CASA 1000 хоњад буд. Ёддошти тафоњум аз љониби Директори иљроияи Бонк оид ба энержї ва ва захирањои табиї Риккардо Пулити ва љонишини аввали раиси Бонки милии Тољикистон Љамолиддин Нурализода имзо шуд. CASA-1000 лоињаест, ки кишварњои минтаќа ва чандин созмони байналмилалї, аз љумла Бонки умумиљањонї ва Бонки сармоягузории Аврупо дар он ширкат доранд. БАТР эълон дошта буд, ки агар дар ислоњоти соњаи энержї ба тавоффуќ расанд, такмили системаи интиќоли неруи барќ дар дохили Тољикистонро низ сармоягузорї хоњад кард.

БАТР бар ин назар аст, ки танњо дар сурати ислоњоти бунёдии ширкати давлатии "Барќи тољик" метавон ин лоињаро амалї кард. Лоињаи хати нерўи барќи "Осиёи Марказї-Осиёи Љанубї", ки бо номи CASA-1000 ёд мешавад, бунёди як хати муштараки интиќоли энержии барќиро аз Тољикистону Ќирѓизистон ба Афѓонистон ва Покистон дар назар дорад. Ин ду кишвар ќариб тамоми сол ба камбуди нерўи барќ рў ба рў њастанд ва тарњи мазкур метаовнад то љойе эњтиёљи онњоро бароварда созад. БАТР аз ин пештар низ барои пуштибонї аз такмили системаи барќии Тољикистон 75 миллион доллар људо крада буд. Ба ин маблаѓ мебоист неругоњи обиву барќии Ќайроќум, воќеъ дар шимоли кишвар навсозї мешуд. Мушкилии аслии тарњи CASA1000, ки аз соли 2012 инљониб дар баррасї ќарор дорад, сармоягузорї мебошад. То ин ваќт ба ин тарњ Бонки љањонї, 45 миллион, Њукумати Тољикистон 15 миллион, Агентии рушди ИМА (USAID) 7,5 миллион доллар сармоягузорї кардаанд. Созмонњои

осиёї низ изњори омодаї карда буданд, ки дар амалї шудани ин тарњ сањм хоњанд гузошт, аз љумла Бонки Осиёии Рушд ваъда карда буд, ки дар чор соли оянда 70 миллион доллар сармоя хоњад гузошт. Созмонњои молии кўмакрасон аз љумла Бонки Осиёии Рушд ба Њукумати Тољикистон пешнињод карда буданд, ки дар сохтори ширкати "Барќи тољик", аз муњимтарин корхонањои давлатї аст, ислоњот ворид кунанд. Ин пешнињод њанўз соли 2010 сурат гирифта буд. Њамин тавр, таљдиди сохтори ширкати "Барќи тољик" моњи майи соли 2012 шурўъ шуд. Бо ќарори Њукумати Тољикистон Шўрои нозирони "Барќи тољик" бо роњбарии Сарвазир таъсис ёфт. Бар асоси барномаи таљдид, "Барќи Тољик", бояд ба се нињоди алоњида, тавлидкунанда, интиќолдињанда ва таќсимкунандаи нерўи барќ људо шавад. Созмонњои хориљї ин ширкатро бидуни таљдиди сохтор зараровар медонанд. Таљдиди "Барќи тољик" то соли 2018 бояд амалї гардад.

Умари ТОЊИР

5

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

Агар дер нашуда бошад! Намедонам чаро, њеч дастам намеравад, ки дар ин бора нависам. Бовар надорам, ки ин матлаб ба худам писанд ояд. Дар ибтидо ба Шумо хонандаи закї низ тавсия намедињам, ки ин навиштаро хонед. Зеро он чизе, ки навиштан мехоњам, њарфи нав нест, њама аз ин вазъу равандњо огоњед. Ин навишта сирф барои наслњои оянда пешнињод мешавад. 23-юми май дар Тољикистон Рўзи љавонон эълон шудааст. Њар сол як њафтаи моњи майро пурра ба љавонон мебахшанд. Арзанда њам њаст, зеро тибќи омор, њудуди 70%-и ањолии кишвар љавононанд. Тибќи оморе, ки дар сомонаи Кумитаи љавонон нашр шудааст, соли 2013 аз 7 миллиону 987,4 њазор ањолии кишвар 5 миллиону 928,8 њазори онро шахсони то 30-сола ташкил мекардаанд. Шумораи љавонони аз 14 то 30-сола ба 3 миллиону 117,2 њазор мерасад. Солњои 2012 - 2013 шумораи умумии хонандагони муассисањои тањсилоти умумии рўзона ва ѓоибона дар љумњурї 1 миллиону 713 њазору 749 нафар буд. Соли 2012 94 њазору 738 нафар синфи 11-ро ба итмом расондаанд. Ин раќамњо бозгўи онанд, ки Тољикистон ба маънои томаш кишвари љавон аст! Воќеан, бояд 23юми май барои аксар мардуми Тољикистон ид бошад. Аммо нињодњои масъули кишвар аз љумла Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї натавонистааст, ки дар давоми солњо ин санаро аз як маъракаи таблиѓотиву шиоргунае фаротар барад. Натавонист мањз њамин хусусияти Тољикистонро ба намоиш гузорад, ки љавонтарин кишвар аст. Ва метавонад дорои бузургтарин нерўи зењнии тоза бошад. Аммо Кумитае, ки татбиќкунандаи сиёсати љавонон аст, худ ба мушкил гирифтор аст. Ба он буљае, ки барои Кумита равон мешавад, фаъолияти чамшрасеро интизор будан аз мантиќ берун аст. Яъне Кумита гирифтори мушкил аст. Дар арафаи њафтаи љавонон расонањо аз натиљаи тафтиши бозрасони Дафтари бозрасии кулли ИМА (OIG) дар Кумита хабар доданд. Онњо ифшо кардаанд, ки зимни иљрои як тарњи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки аз љониби Кумита татбиќ мешуд, аз 300 њазор доллар ба маблаѓи 116 њазору 726 доллар сохтакориву таќаллуб карда "дуздидаанд". Ин лоиња бо маблаѓгузории Барномаи Рушди Созмони Милали Муттањид амалї мешудааст. Кумитаи љавонон ба фењрести "сиёњ"-и ин созмон ворид шуд. Аз пањлўи дигар дар минтаќае, ки мо ба сар мебарем ва вобаста ба равандњое, ки дар атрофи мо мегузарад, осебпазирии љавонон ин осебпазирии Тољикистон аст. Дар љањоне, ки нерўи эътирозии љавонон омиле барои халалдор намудани суботу амният гардидааст, бетаваљљўњї ба ин ќишр ба бетаваљљўњї ба ояндаи давлат баробар аст. Бар замми ин, мушкилоти иљтимої домангири љавонон аст, ки ба равону нерўи онњо бетаъсир нест. Њамин рўзњо бањсе, ки атрофи истеъфои роњбари ќаноти љавонони ЊХДТ сар зад, муносибати давлатмардони имрўзаро ба љавонон нишон дод. На танњо ин, фазое ба вуљуд омадааст, ки љавонњо роњи маргро авло медонанд. Роњ гирифтан ба Сурия, ба сўи марг рафтан чї маъно дошта метавонад? Хабари худкушии милисаи 25-сола дар Душанбе њољати њарф надорад... Хулоса, 74%-и ањолии кишвар љавононанд, аммо ин эњсос вуљуд надорад, ки кишвари мо љавон аст. Агар њамин омор хоси Туркия, Эрон, Миср мебуд, намедонам, дар ин кишварњо чи инќилобњое сар мезад. Аммо ин яќин аст, ки љомеаи мо барои рањої аз ин варта ба ду инќилоб ниёз дорад: аввал, рушд додани зарфиятњои зењнии љавонон ва баъдан ќурбонии манфиатњои шахсї бо њадафи рушди давлатдории миллї. Нуктаи дуюм, сирф ба давлатмардон дахл дорад... Агар дер нашуда бошад!


6

ТАЪРИХ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

(Идома аз шуморањои гузашта) Мирбобо Миррањимов дар маќолаи зикршудааш менависад, ки баъди суќути Ќадриддин Аслонов аз курсии раиси Шўрои олї ва ба ќудрат расидани Рањмон Набиев Иззатулло Њаёев бори сеюм бо хоњиши худаш аризаи истеъфояшро навиштааст. - Ёд дорам, ки барои аниќ кардани истеъфои И. Њаёев раиси ЊДТ Шомон Юсуф 28уми сентябри соли 1991 аз муовини Сарвазири Тољикистон Љ. Њ. Каримов суол кард. Љамшед Каримов тасдиќ карда буд, ки Њаёев барои "истеъфо" ариза навиштааст, - мегўяд М. Миррањимов. Азбаски ин истеъфо расман дар расонањо таъйид нашудааст, мо ин истеъфоро зикр накардем. Агар онро ба њисоб бигирем, истеъфоњои Њаёев на ба 4, балки ба 5-то мерасанд. Аслиддин Соњибназаров дар китоби худ "Субњи ситоракуш" овардааст, ки баъди ќабули савганди президентї Рањмон Набиев рўзе ўро ба наздаш хонда, гуфтааст, ки барояш курсии муовини якуми сарвазирро медињад. Ба ќавли Соњибназаров, азбаски медонист, ки сарвазир аз Кўлоб мешавад, гуфтааст, ки аввал мехоњад номи сарвазири ояндаро фањмад. Набиев посух мегўяд, ки ба ин вазифа Ќурбон Мирзоалиевро тайин карданї хаст. Дар ибтидои моњи январи соли 1992 сарвазир ќатъиян тасмим гирифт, ки аз вазифа равад, зеро даќиќ медонист, ки "сегона"-и Рањмон Набиев, Сафаралї Кенљаев ва Нарзулло Дўстов њамтабаќони Ќањњор Мањкамовро њатман аз кор меронанд. Сарфи назар аз ин, аризаи Њаёев барои аксар вакилони Шўрои олї, ки дар ибтидои соли 1992 ба љаласаи навбатї љамъ шуда буданд, њодисаи ѓайриинтизор њисоб мешуд. Зимни шарњдињии аризаи истеъфои худ, сарвазир ба депутатњо эълон дошт, ки хеле хаста шудаасту њоло саломатиаш хуб нест. Ба ќавли ў, 7 соли фаъолияти 37 - солаи корияш як тараф монду боќиаш дигар тараф. - Хоњиш мекунам, аризаи маро ќабул кунед, зеро он ягон маънои дигар надорад, гуфт ў. Ибораи ў дар мавриди он, ки аризааш "ягон маънои дигар надрад", боиси шубњањову гумонњо шуданд, аммо тањлилгарон медонистанд, ки чаро Њаёев ба истеъфо рафтан мехост. Президент Набиев ба сарвазир барои "кори пурсамараш" ташаккур хонда, ба љои ўАкбар Мирзоев, раиси Комитети иљроияи Шўрои вилояти Кўлобро пешнињод кард. Баробари пешнињод шудани номзади нав тамаллуќгарон дар назди микрофонњо ќатор шуда, ба таърифу тавсифи ў шурўъ карданд. Яке аз аввалинњо шуда, эстафетаро М. Назаршоев ба дасти худ гирифт. Ў гуфт, ки "ман Мирзоев Акбарро кайњо боз мешиносам, ў шахси принсипнок аст". Ин њамон Назаршоеве буд, ки моњи апрели соли 1990 њангоми раиси Шўрои олї интихоб кардани Ќањњор Мањкамов ўро ба арши аъло бардошт, вале дар моњи августи соли 1991, ваќте пояњои тахт дар зери пойњояш љунбиданд, аз минбари парламент эълон дошт, ки иштибоњ намуда, ба Мањкамов "хизмати хукона" намудааст. Аслан Назаршоев ин зарбулмасали русиро шояд ба хотири фаромўшхотирї бошад, ё ягон иллати дигар, нодуруст талаффуз карда буд. Шакли дурусташ "хизмати хирсона" аст, аммо Мањкамов ба истинтоќи Назаршоев шурўъ карда, гаштаву баргашта мепурсид, ки "шумо хук -мї?" Маълум гардид, ки Акбар Мирзоев барои ишѓоли курсии савазирї тайёр набудааст, бинобар ин, њатто барномаи аз бўњрон баровардани Тољикистонро надоштааст. Ваќте вакилони фраксияи демократї хоњиш карданд, ки барномаашро хонад, рўирост иќрор кард, ки чунин барнома надорад, зеро њамагї 5 даќиќа ќабл аз оѓози иљлосия курсии сарвазириро барояш президент Набиев пешнињод кардааст. Эътирофи А. Мирзоев боиси тааљуби Тоњири Абдуљаббор гадид, бинобар ин, ў пурсид, ки оё одам бо чунин як пешнињод дар чунин шароити њассос, ба гирифтни чунин мансаби масъул розї мешавад? Сарвазири ояндаи Тољикистон гуфт, ки "розї шудам". Ў ваъда дод, ки дар татбиќи барномаи пешазинтихоботии президент сањм мегирад. Њамин тариќ, номзадии ў ба овоз монда шуд. 130 вакил аз ў љонибдорї карданду 12 нафар муќобил овоз доданд. Аммо Шарофат

МАРЊУМ ИЗЗАТУЛЛО ЊАЁЕВ

НАБИЕВ ВА ЊАМТАБАЌОНИ МАЊКАМОВ Усмонова эътироз кард, ки тарзи овоздињї нодуруст буд, бинобар ин, бояд овоздињї аз нав сурат гирад. Баъди талошњои зиёд овозињии такрордињї сурат гирифт ва ин даъфа ба љонибдории А. Мирзоев 156 вакил овоз доданду 8 нафар муќобил баромаданд. Ин тафовут дар овоздињї њамагї дар миёни 10 - 15 даќиќа сурат гирифт.

КГБ-и СССР зидди Њаёев Пас аз як моњи истеъфои Њаёев дар Тољикистон дуюмин солгарди ёбдуди ќурбониёни воќеањои февали соли 1990 дар сатњи давлатї доир гардид. Роњбари гурўњи тафтишотии ин њодисањо Солењљон Љўраев солњо баъд эълон ошт, ки худи Њаёев низ аз љониби баъзе доирањои манфиатдор њамчун гумонбар дар содир кардани табаддулоти давлатї айбдор дониста мешуд. Ба ќавли ин корманди олирутбаи Прократураи генералии Тољикистон, тахминан дар ибтидои моњи июни соли 1990 КГБ ба прокуратура мавод дар бораи бетартибињои оммавї ва кўшиши табаддулоти давлатї аз љониби раиси Шўрои вазирон Иззатулло Њаёев пешнињод кард. Љўраев мегўяд, ки маводи махфї аз болои як ќатор роњбарони љумњурї ба ў дода мешавад ва дар ин парванда протоколи пурсиши пешхизмати кањвахонаи "Пингвин"-и шањри Душанбе Г. Венљик низ буд. Венљикро муфаттиши КГБ-и СССР В. Круговой пурсида буд. Пешхизмат зимни бозпурсї иддао кардааст, ки лидерони гурўњњои љиноятпеша Рауф Солиев, Холиќ Авазов ва Ќобил Ортиќов ќабл аз воќеањои февралї њамроњи раиси Шўрои вазирон Иззатулло Њаёев дар ќањвахонаи "Пингвин" љамъ омада, масъалаи ташкили бетартибињои оммавї ва наќшаи табаддулоти давлатиро муњокима карда буданд. - Ман њамчун роњбари Бригадаи тафтишотї тасмим гирифтам, ки муфаттиш В. Круговой ва пешхизматро шахсан пурсам. Круговой гуфт, ки ў дар Тољикистон одами нав аст, бинобар ин, КГБ ин шоњидро барояш пешнињод кардааст. Бинобар ин, ў Венљикро бозпурсї карда, КГБ се протокол тартиб додааст. Гурўњи тафтишотї љустуљўи пешхизматро шурўъ карда, маълум мекунад, ки ба ў иљозаи рафтан ба Исроилро додаанд ва шаби дигар бояд аз фурудгоњи Шереметево ба ТелАвив парвоз мекардааст, бинобар ин, фавран муфаттиш мефиристоданд ва ў пешхизматро дар фурудгоњи Москва дошта, бозпурсї менамояд. Венљик зимни бозпурсї эътироф

мекунад, ки Њаёевро ягон бор бо чашми сар надидааст, аммо дар КГБ наздаш шарт гузоштаанд, ки агар нишондодњои заруриро дињад, барои рафтан ба Исроил иљозат мегирад… - Ба андешаи ман, ваќте ки бетартибињо шурўъ шуданд, онро бояд ба гардани ягон кас бор мекарданд. Ба сифати ќурбонї Њаёев ва як ќатор шахсони бегуноњ интихоб шуданд, гуфтааст Љўраев дар як мусоњибаи худ. Њамин тариќ, роњбари гурўњи тафтишотї чанд бор Њаёевро барои бозпурсї ба Прокуратура даъват мекунад, аммо ў намеояд. Ахиран, роњбарони љумњурї ба миёна даромада, ўро ба Прокуратура мефиристанд. Ахиран, иттињоми ташкили табаддулоти давлатї аз Њаёев бардошта мешавад.

Њаёев дар ситоди Файзалї Саидов Дар бањор ва тобистони соли 1992 аз Њаёев ягон хабару дарак набуд. Танњо боре яке аз хабарнигорон дар хиёбони марказї дида, хоњиш мекунад, ки сўхбати кўтоње њамроњаш анљом бидињад, вале Њаёев мегўяд, ки аз њама корњо дур шудааст. Дар моњи сентябри соли 1992 Акбаршо Искандаров, и. в. Президенти Тољикистон тасмим гирифт, ки ба ноњияњои љангзадаи вилояти Ќўргонтеппа афроди маъруфи кўлобиасл ва зодагони водии Раштро бифиристад, то ки онњо бо њамшањриёни худ мулоќот намуда, онњоро ба сулњу салоњ ва ќатъи хунрезї даъват кунанд. Њамин тариќ, ба дењањои кулобинишин Иззатулло Њаёеви аз мансаб каноррафта ва Бобохон Мањмадов - вазири фарњанги љумњурї фиристода шуданд. Искандаров 2 гурўњ ташкил карда њамроњашон ба шањри Ќўрѓонтеппа меравад ва аз онљо бо ситоди Файзалї Саидов тамос гирифта, хабар медињад, ки Иззатулло Њаёев ва Бобохон Мањмадов омадаанд, бинобар ин, намояндагони худро бифиристанд, то ки онњо ба хатти фронт, яъне мањаллаи Ломоносов омада, онњоро бибаранд. Дар ваќти муайяншуда њардуро тавассути зирењпўш оварданд ва ба тарафдорони њукумат супориданд. Мењмононро ба ситоди Файзалї Саидов, ки дар корхонаи пахта љойгир шуда буд, оварданд. Ваќте ки онњо ба совхоз-техникуми Куйбишев расиданд ва бо фамондењони Фронти халќї мулоќот доир гардид, Њаёев ва Мањмадов гуфтанд, ки дар Кумитаи иљроияи вилояти Ќўрѓонтеппа масли-

њат шудааст, ки шурўъ аз соати шаш оташбас эълон шавад. Ѓайричашмдошт, чунон ки шоњидони воќеа ќисса мекунанд, Њаёев ба пешвоёни Фронти халќї мегўяд: - Бародарон, њукумат дар дасти онњост, онњо ќувва доранд, бинобар ин, биёед, сарсахтї накарда, ба таќдир тан дињед ва силоњњоро супоред. Рафта бахшиш пурсед, зеро аз барои шумо шуда, онњо ягон кўлобиро зинда намемонанд. Суханони худро љамъбаст карда, Њаёев мегўяд, ки касеро, ки љиноят накарда бошад, ќонун аз љавобгарї озод мекунад. Ин суханон дар њузури Сангак Сафаров, Лангарї Лангариев, Файзалї Саидов садо медињанд. Инро шунида, сардори милисаи шањри Ќурѓонтеппа Кўлобї Ашўров ба Њаёев рў оварда, мегуяд: - Иззатулло Њаёевич, то кай мо барои Набиеву Кенљаев мељангем? Ана, биё, худат пешвої кун ва моро роњбарї кун, мо баъди пирўзї худатро бурда, ба курсии президентї мешинонем. Суханони Њаёев фармондењони Фронти халќиро ба газаб меорад, бинобар ин, онњо аз хона мебароянд. Шабро дар хонаи яке аз сокинони мањалла рўз мекунанд, аммо шахсони масъуле, ки Њаёев ва Мањмадовро пешвоз гирифта, ба совхоз-техникум оварда буданд, то сањар хоб намекунанд, то ки онњоро фармондењон напаронанд. Фардои рўзи дигар ќабл аз зўњр мењмононро ба хатти фронт, ба шањрчаи Ломоносов бурданд ва ба онљо зирењпўшњо омада, онњоро гирифта, ба бинои Кумитаи иљроияи вилояти Ќўргонтеппа бурданд. Бегоњ Акбаршо Искандаров ба яке аз роњбарони Фронти халќї занг зада, гуфт, ки бегоњ ба Кумитаи иљроия биёянд, зеро ў ба совхози "Туркманистон" сафар карда, онњоро њам розї кардааст, ки боз як бори дигар љамъ шуда, маслињат кунанд. Аммо аз он љониб пешнињод мешавад, ки Акбаршо Искандаров ба ситоди љониби муќобил њам ташриф биорад, зеро ў сарвари њамаи тољикон аст, на танњо аз мухолифин. Вале и. в. президенти Тољикистон ин пешнињодро рад карда, мегўяд, ки ў медонад, ки дар ситод кињо њастанд: - Ман намеоям, зеро Иззатулло Њаёев њозир дар пеши ман истодааст ва мегўяд, ки ба пеши кї рафтанї њастї? Нарав, ки онњо ягон саркалон надоранд. Искандаров ва сарвазир Абдуллољонов чанд муддат ќабл бо љонибдорони њукумати конститутсионї дар отряди марзбонии ноњияи Маскав гуфтушунид рафта, ќариб ба гаравгон афтида буданд. Як шоњиди воќеа, ки тамоми рафти гуфтушунидро дар дастаи марзбонї мустаќиман назорат кардааст, мегўяд, ки Сангак Сафаров ва Рустами Абдурањим, ки барои гуфтушунид аз Кўлоб даъват шуда буданд, њар замон назди мардум баромада, мегуфтанд, ки худашон медонанд чї кор ва чї гуна музокира кунанд. Аммо фармондењи Горди ноњия Бўрихон Љобиров њар ваќт ба назди мардум баромада, одамонро тањрик дода, мегуфт, ки агар њозир роњбарони Тољикистонро, ки љонибдорони "вовчик"-њо мебошанд, гаравгон нагиранд, баъдњо пушаймон мешаванд. Баъди ин тањрик кўшиши гаравгон гирифтани и. в. Президент ва сарвазир шурўъ мешавад, аммо фармондењии дастаи марзбонї расман эълон мекунад, ки барои њифзи ќаламрави отряд як баталион десантчињо партофта шудаанд ва онњо мустаќиман ба Маскав итоат мекунанд. Аз ин рў, агар њамла сурат бигирад, онњо њељ коре карда наметавонанд. Искандаров тавассути телефон њамчунин илова мекунад, ки гапњои Њаёвро барояш яке аз муњофизонаш, љонишини раиси КАМ Њ. Зарипов, ки муовини раиси ин идора буд, такрор карда, мегўяд, ки дар онљо њама авбошу майзадаанд, бинобар ин, бояд и.в. презиенти Тољикистон ба ситоди совхоз техникум наравад.

Исёни Мањмуду Ибод Дар иљлосияи 15-уми Шўрои олї Шодмон Юсуф дар моњи августи соли 1992 эълон дошт, ки сохти президентї дар Тољикистон барњам дода шавад ва Иззатулло Њаёев раиси Шўрои давлатї интихоб гардад, аммо дар ин иљлосия ба мухолифин даст надод, ки ўро аз курсии мансаб барканор кунанд.

(Давом дорад) Нуралї ДАВЛАТ


МУЊОЉИРОН 26-уми май дар назар аст Лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи муњољирати мењнатї" дар Шўрои љамъиятии Тољикистон баррасї шавад. Ќонуне, ки њадди аќал 10 сол пеш бояд ќабул мешуд, дар шакли як лоиња соли панљум аст дар ба дари муассисаву идорањо мечархад ва зоњиран, мавриди "баррасї" ќарор дорад. Ин чї ќонун аст? Чї натиљањо хоњад дод? Чаро он то њол ќабул нашудааст ва чаро он бояд тариќи раъйпурсии мардумї ќабул шавад Лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи муњољирати мењнатї" аз љониби Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон бо назардошти пешнињодњои маќомоти дахлдори љумњурї тањия гардидааст. Он муносибатњоро дар соњаи муњољирати мењнатї; муњољирати мењнатии шањрвандони Тољикистонро дар хориљи кишвар ва муњољирати мењнатии шањрвандони хориљиро дар Тољикистон ба танзим медарорад. Аз 7 боб ва 25 модда иборат аст, ки бояд "асосњои њуќуќї, иќтисодї ва иљтимоии равандњои муњољирати мењнатї, усулњои истифодаи самаранок ва маќсадноки ќувваи кориро дар дохил ва хориљи кишвар, њимояи манфиатњои давлат, њуќуќ озодињои муњољирони мењнатиро муайян намояд". Ба њар сурат, лоиња чунин муаррифї шудааст. Дар асл, тавре пештар њам боиси нигаронї ва интиќоди коршиносони масоили њуќуќї шуда буд, дар он бандњое љо доранд, ки натанњо хилофи муќаррароти Ќонуни асосї мебошанд, балки метавонад ба поймол шудани њуќуќу озодињои муњољирони мењнатию аъзои оилаи онњо ва омили коррупсия дар раванди муњољират табдил шаванд.

Хайр ба њукумат Масалан, тибќи яке аз бандњои Моддаи 6и ин ќонун, ки ваколатњои Њукумати Тољикистонро дар соњаи муњољирати мењнатиро муќаррар кардааст, њукумат ваколат дорад: "барои дастгирии иљтимої ва њуќуќии муњољирони мењнатї - шањрвандони Тољикистон фондњо ва дигар ташкилотњо таъсис дињад". Дар њамин њол, моддаи 14-и ќонун мегўяд, ки: 1) "Бо маќсади дастгирии иљтимоию њуќуќии муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо фондњои љамъиятии мусоидат ва дастгирии иљтимоии муњољирони мењнатї таъсис дода мешавад". Маблаѓгузоррии ин фондњо, аз љумла аз њисоби "пардохтњои ихтиёрии баќайдгирифташудаи муњољирони мењнатие, ки ба хориља ба муњољирати мењнатї мераванд" ташаккул меёбад. Сарчашмањои дигари ин фонд низ номбар шудаанд: - љалби маблаѓњои грантї; -сањмгузории муассисањои бонкие, ки ба воситаи онњо маблаѓгузаронї амалї мегардад; маблаѓњои хайрия; -дигар сарчашмањое, ки ќонун манъ накардааст;

Маќсад чист? Дар ин лоињаи ќонун гуфта мешавад, ки ѓайримаќсаднок ва ё бо маќсади тиљорат истифода бурдани маблаѓњоии ин фонд манъ аст. Гуфта нашудааст, ки роњбарии ин фондњои ба ном љамъятиро кї ба уњда мегирад, раёсати он аз љониби кї бо кадом шартњо интихоб, ё таъйин мешаванд, онњо ба кї њисобот хоњанд дод? Механизми шаффофияти фаъолияти ин ташкилоту фондњоро кї кафолат хоњад дод? Дар бораи њаљми пардохтњои "ихтиёрї" њам ба ин фондњо чизе гуфта намешавад. Дар њолати ќабул шудан, ин бандњои ќонун метавонад аз љониби нињодњои њукуматї барои ситонидани маблаѓ, ваќти сафар ба муњољирати ќонунии мењнатї ё ваќти ги-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

7

ЌОНУНИ ХАЙРИЯ Чаро Лоињаи Ќонуни ЉТ "Дар бораи муњољирати мењнатї" бояд тариќи раъйпурсии мардумї ќабул шавад?

БОЗДОШТГОЊИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРОЛИИ МУЊОЉИРАТИ РУСИЯ. АКС АЗ ИНТЕРНЕТ рифтани маблаѓ дар бонкњо боис шавад. Бонкњоро ба сањмгузорї дар фондњо бидуни зўрї ва ё фишорњои маъмурї водор кардан имкон надорад. Барои дастгирии иљтимоии муњољири корї ва аъзои оилаи онњо кї хайр хоњад кард? Билоохира, вазифаи аввалиндараљаи њукумат таъмини шањрвандони бекор, бо љойи кор аст, на таъсиси фондњои хайрия. Моддаи 6-и ин ќонун њамчунин бандњои дигаре њам дорад, ки тибќи онњо њукумат ваколат дорад, "-барои њавасмандгардонии ташаббусњои муњољирони мењнатї, ки ба маблаѓгузории соњањои иќтисодиёти ЉТ равона шудаанд, тадбирњо андешад; -бо маќсади тањия, татбиќ ва маблаѓгузории лоињањои иљтимоию иќтисодї бо њамватанони бурунмарзї вохўрињо ба чорабинињо" гузаронад...". Ин бандњо низ имкон дорад барои маљбур кардани муњољирони мењнатї ба маблаѓгузорї мавриди сўистифода ќарор бигиранд. Саркашї аз ин талаботи ќонун боиси фишор ба муњољирони мењнатї - шањрвандони ЉТ њини бозгашт ба Ватан гардад. Аъзои оила ё наздиконашон дар кишвар низ аз ин сарнавишт эмин нахоњанд буд. Дар ин банд мафњуми маќсаднок шарњ мехоњад. Маќсаднок будани истифдаи ин маблаѓњоро фардо кї муќаррар хоњад кард? Кї кафолат хоњад дод, ки ин маблаѓњо њам мисли пулњое, ки аз фурўши сањмияњои Неругоњи барќи обии "Роѓун" фардо ба осиёби нухбагони бонкдор об намерезанд?

Нафаќа ба муњољири корї Дар бораи шароити бо нафаќа таъмин кардани муњољирони мењнатї дар ќонун чизе мушаххас гуфта нашудааст. Танњо дар моддаи 7 - и ќонун, ки ваколатњои маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи муњољират (хонда шавад - Хадамоти муњољират - Ф. Р.) гуфта мешавад: "- оид ба ташкили низоми суѓуртаи тиббї ва нафаќаи муњољирони мењнатї - шањрвандони ЉТ таклифњо пешнињод менамояд." Ин дар њолест, ки масоили таъмини муњољирони мењнатии тољик бо нафаќа, онњое, ки тибќи њудуди 40-45 дарсади иќтисоди мамлакат бо маблаѓњои воридкардаи онњо Русия мечархад, то њол норўшан аст. Њудуди 80 дарсади муњољирати мењнатии шањрвандони Тољикистон ба Федератсияи Русия рост меояд. Тибќи ќонун давлати Русия вазифадор аст ба муњољирони мењнатие, ки тибќи ќонун дар њудуди ин кишвар фаъолият доранд, бо нафаќаи комил таъмин намояд. Њукумат бояд њарчї зудтар дар пайи заминагузории њуќуќии ин масъала, бо роњи имзои созишномањои байнидавлатї мешуд. Мутаассифона, дар ин

маврид њам дар лоињаи мавриди зикр чизе мушаххас нашудааст. Њол он ки нафаќа роњи асосии њавасмандкунии муњољирони мењнатї ба фаъолияти шаффофу ќонунї аст. Ба муњољирон бояд шароите муњайё кард, то фаъолияти ќонунї дар хориљи кишвар ба манфиати онњо бошад.

Моддаи 10, ё манъи вуруд ба Русия? Ќонуни нав, дар њолати ќабул шудан вуруди муњољирони мењнатиро ба кишварњое, ки дар онњо њуќуќњои муњољирони мењнатї њимоя намешаванд, манъ мекунад. Дар ин бора дар банди 1-и Моддаи 10-и ќонун фањмо баён шудааст: "Муњољирати мењнатии шањрвандони ЉТ ба хориља танњо ба он мамлакатњое ба роњ монда мешавад, ки дар онњо њуќуќњои муњољирони мењнатї метавонад њимоя шаванд." Дарвоќеъ, натанњо ин банди ќонун њуќуќи шањрвандони Тољикистонро ба озодона тарк кардани њудуди кишвар мањдуд мекунад. Ин ќонун бандњои алоњидае дорад, ки ин озодињоро мањдуд кардааст. Барои мисол, бе иљозатномаи хадамоти муњољират, "бидуни омодагии зарурии касбї ва мувофиќати љисмонї" роњ надодани шањрвандон ба муњољирати мењнатї (Моддаи 15 - Ф.Р.) Аммо факти наќзи њуќуќи шањрвандони мо дар њамон Русия агар мониторинг карда шаванд, бо ќабули ин ќонун бояд вуруди шањрвандони ЉТ ба ин кишвар барои кор манъ карда шавад. Ё бељазо мондани сарбурони шањрвандони Тољикистон, муносибати фашистонаи маќомоти милисаро бо онњо дар ин кишварро њукумат чун наќзи њуќуќ ба њисоб намегирад? Чї ќадар шањрвандони ЉТ дар ин кишвар чун ѓулом истифода мешаванд? Муносибат бо муњољирони корї дар ин кишвар ваќтњои ахир бењтар аз муносибат бо асирон дар конслагерњо буд магар? Маоши ночизашонро аз корфармо гирифта наметавонанд. Њодисаи дар шароити сангини ѓуломї, бе маошу ѓизои дуруст нигоњ доштани шањрвандони Тољикистон дар ин кишвар, ки тариќи ќонунї, аз љониби як ширкати сайёњї муташаккилона сафарбар шуда буданд, расонаї шуда буд, ки њољати дубора ба хотир овардани он нест. Ба касе дигар пўшида нест, ки мављудияти ќонунгузории муњољирати мењнатї, созишномањои байналмилалї ё байнињукуматї дигар асос барои кафолати њифзи њуќуќи шањрвандон шуда наметавонад. Ваќте дар њамон Русия имрўз барои танњо надонистани таъриху адабиёти рус, бепурсупос шањрвандони

моро боздошт, њабс ва истирдод мекунанд, дар бораи кадом њифзи њуќуќ метавон њарф зад?

Љасади бесоњиби мардикор Масъалаи доѓе, ки дар воќеъ њадди аќал дањ соли ахир, њар дафъа боиси таънаву маломати њукумат мешавад, овардани љасади муњољирони мењнатии мо аз хориља буду њаст. Моддаи 19-и ќонуни нав ин масъаларо њам пеш аз њама ба дўши нињодњои дипломатї, консулї ва намояндагии хадамоти муњољират вогузор карда, банди сеюми ин модда мегўяд: "Харољоти вобаста ба интиќоли љасади муњољири мењнатии фавтида дар доираи (диќќат кунед, дар доираи... на аз њисоби... - Ф.Р.") маблаѓњои буљети давлатї, ки барои ин маќсад пешбинї шудаанд, амалї карда мешавад. Ин метавонад ба ин маъно бошад, ки маблаѓи харољоти интиќоли маблаѓ танњо ќисман аз њисоби буљаи давлатї пардохт шавад. Боз як "аммо..."-и дигари масъала ба љуброни зарари муњољирони мењнатї - шањрвандони ЉТ дар хориља марбут аст: Банди 1-уми моддаи 19-и ин ќонун мегўяд: "Зарари ба саломатии муњољири мењнатї - шањрванди ЉТ дар хориља вобаста ба маъюбї ё дигар зиёнњои ба саломатї расонидашуда, ки њангоми иљрои уњдадорињо дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї нишон дода шудаанд, инчунин дар мавриди фавти муњољири мењнатї, мутобиќи ќонунгузории давлати бокортаъминкунанда ва созишномањои байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон, инчунин маблаѓњои Фондњои љамъиятии мусоидат ва дастгирии иљтимоии муњољирони мењнатї љуброн карда мешаванд". Яъне, агар осеб ё аљал муњољири мењнатиро дар љою замоне дарёбад, ки дар ќарордоди мењнатияш бо корфармо зикр нашуда бошад, љуброни зарар кафолат дода намешавад. Дар ин ќонун масоили зиёде њаст, ки муњокимањои алоњидаро мехоњанд. Аммо дар ин шакл ќонуни мазкурро ќабул кардан њеч мумкин нест. Аввал он бояд пурра ба мардум фањмонда шавад. Тариќи раъйпурсии ошкорои мардумї, асосан миёни муњољирони кории тољик дар хориљи мамлакат, бояд ба он моддањое, ки њифзи комили њуќуќу манфитањои мардумро таъмин мекунанд, водир карда шаванд. Вагарна, Парлумонеро, ки чунин ќонунро ќабул мекунад, ба назарам чизе љуз шармандагї назди мардум ва наслњои ояндааш интизор нест.

Фаридун РАЊНАВАРД


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

МО ВА ТАЪРИХ

19-уми май аз боздошти соњибкори муваффаќ ва сиёсатмадори тољик Зайд Саидов ду сол пур шуд. Ду сол аст, ки исми ў дар сархати расонањо ќарор дорад. Аз ў ќурбонии сиёсат, тољири муваффаќ ва сиёсатмадори хушбовар ном мебаранд. На як бору ду бор гуфтаанд, ки агар Зайд Саидов ќасди таъсиси њизби нави сиёсї дар остонаи интихоботи президентиро намекард, њоло касе аз паси ў намешуд. Вале маќомот њизбашро љиддї гирифтанд ва ўро ба иттињомоти сохта боздошту зиндонї намуда, худ нахоста, мањбуси сиёсии № 1-и Тољикистон карданд.

Зиндагиномаи мухтасар Саидов Зайд Шерович 20-уми марти соли 1958 дар дењаи Шодмонии ноњияи Комсомолобод (њоло Нуробод) - и Љумњурии Тољикистон дида ба олам кушодааст. Соли 1976 мактаби миёнаи раќами 5-и ноњияи Нурободро хатм кардааст. Соли 1978 ба курси аввали факултаи иќтисодии Донишгоњи давлатии Тољикистон дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси иќтисодчї -банаќшагирии саноат ба анљом расондааст. Фаъолияти мењнатиаш аз моњи августи соли 1983 бо оѓози кор дар вазифаи иќтисодчии иттињодияи истењсолии "Ритуал"- и Вазорати хизмати маишї, воќеъ дар шањри Душанбе шуруъ шудааст. Аз моњи июли соли 1984 то июни соли 1987 сармуњандиси ин Иттињодия будааст. Аз моњи июни соли 1987 то моњи августи соли 1988 сарварии корхонаи нонпазиву ќаннодиро ба уњда дошт. Аз августи соли 1988 то моњи майи соли 1991 дар вазифаи сардори корхонаи коркарди санги Ассотсиатсияи душанбегии "Промстройматериал" ва аз моњи июни соли 1991 то моњи марти соли 1993 дар вазифаи директори корхонаи истењсолии "Лаъл"-и Ассотсиатсияи "Промстройматериал" кор кардааст. Аз моњи октябри соли 1993 то июни соли 1999 директори генералии Љамъияти сањњомии шакли пўшидаи "Халиф" дар Маскав буда, аз муваффаќтарин соњибкорони бозори "Черкиз" мањсуб меёфт. Аз моњи июни соли 1999 то январи соли 2002 Раиси кумитаи давлатии љумњурии Тољикистон оид ба саноат буд. Аз моњи январи соли 2002 то 30 ноябри соли 2006 Вазири саноати љумњурии Тољикистон. Аз соли 2007 то 2013 Федератсияи тениси рўимизии Тољикистонро сарварї кард. Аз соли 2007 то 2013 Раиси Ассотсиатсияи истењсолкунандагон ва истеъмолкунандагони Тољикистон ва аз моњи июни соли 2012 Раиси Шўрои њамоњангсозии ассотсиатсияи бизнес ва иттињодияњои љамъиятии Љумњурии Тољикистон буд. Зайд Саид ширкаткунандаи фаъоли раванди гуфтушуниди байни тољикон аст, ки барои ба даст омадани сулњ ва

«

ризояти миллї дар кишвар, ки солњои 90-и асри гузашта ба љанги дохилї печидаву тибќи арзёбињои гуногун аз 100 то 150 њазор нафар дар он ќурбон шуда буданд, сањми сазовор гузоштааст. Хизмати давлатї, фаъолиятњои љамъиятї ва сиёсии ў низ назаррасанд. Инњоро наметавон яке донист, вале ба назар мерасад кор дар чанд вазифаи давлатї пойи муддате аз сиёсат каноррафтаи ўро дубора ба ин майдон кашидааст. Шояд зиёд дидаву шунидањояшро тањлил кардааст ва ба хулосае омада, ки кишвар ба њизби наве ниёз дорад, ки на чун мухолифи њукумат, балки кўмакрасон (њадафи аввал) саргарми тањияи барномањои масоили сирф иќтисодиву иљтимоии берун рафтан аз бунбастро тањия ва барои ќабулаш талош кунад. 6-уми апрели соли 2013 вай ва гуруњи тањти сарпарастии ў аз ќасди ташкили њизби сиёсии "Тољикистони нав" бо мавзеъгирињои марказгароёна ва муътадил хабар доданд. Аммо бо гузашти як муддати кутоњ Зайд Саидов аз љониби маќомот ба содир намудани як силсила љиноятњо, аз љумла љиноятњои коррупсионї њангоми кор дар сохторњои давлатї ва иќтисодї дар фаъолиятњои соњибкории ў гунањгор дониста шуд. Дар таърихи 19уми майи соли 2013 боздошт ва ба њабс гирифта шуда, ба муњлати 26 сол аз њуќуќи озодї мањрум гардид ва амволаш мусодира шуд.

Оѓози ќазия 6-уми апрели сол 2013 Зайд Саид бо гурўњи њамфикронаш аз ташаббуси таъсиси њизби сиёсии "Тољикистони нав" хабар дод. Ду рўз баъд болои ў ва ёронаш фишорњо шурўъ шуданд, маќолањои супоришї дар нашрияњои даврї интишор ёфтанд, ба хотири беќадр кардани эътибори гурўњи ташаббускор ва бахусус худи Зайд Саид корњои таблиѓотї ба роњ монда шуданд, ки иддае њатто хеле тањќировар буданд. Расонањо аз зангњои телефонии тањдидовар ба сарвари гурўњи ташаббускор хабар доданд, вале мурољиати ў ба маќомоти салоњиятдор барои њифз ва ба љавобгарї кашидани гунањгорон ягон

Дере нагузашта, фаъолшавии Агентии мубориза бо фасод дар муњити расонаї ба нестї мераваду тафтишот, бинобар гуфтаи њуќуќшиносон, ѓайриќонунї бо наќзи моддаи 5 - и Ќонуни ЉТ "Дар бораи сирри давлатї" ба парванда муњри махфї зад, њол он ки дар ин парванда њич сирри њифзшавандаи давлатї љой надоштааст.

«

натиља надод. Дар ин миён вай сафари хидматї ба хориљи кишвар дошт, ки аллакай дар бораи оѓози парванда барои бисёрзанї ва гумонбар шуданаш ба љиноятњои коррупсионї овозањо пањн шуданд. Таблиѓоти зидди ў дар расонањои њукуматї ва наздик ба њукумат то замони тасмими нињоии боздошташ дар фурудгоњ шурўъ гардиданд. Аммо Зайд Саид эълон дошт, ки аз хориљ бармегардад, чун итминон дорад, ки љинояте содир накардааст ва ба њама иттињомот метавонад посух дињад. Баъди боздошти ў маълум шуд, ки тамоми ин муддат Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия бо ў ва афроди наздикаш бозии оперативї бурда, намояндагони хадамоти амниятии кишвар рўзњои 15-18-уми май бо ў дар хориљ вохўрда, кафолати сад дар сади боздошт нашуданашро њам дода буданд. Аз сўи дигар собиќ Раиси Хадамоти гумруки назди Њукумати ЉТ Гурез Зарипов бо воситаи муовини сарвари гуруњи ташаббускори њизби "Тољикистони нав" Мањмудљон Ќосимов, ки замоне муовини ў дар Хадамоти гумрук буд, аз номи давлат ин гуна кафолатро медињад.

Боздошти вакил Соати 03.00 - и 19 - уми майи соли 2013, ба муљарради бозгашт аз сафари Порис дар фурудгоњи Душанбе аз љониби кормандони Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд, њарчанд маќомот ин гуна њуќуќро надоштанд, зеро Зайд Саидов вакили Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе буда, дахлнопазир мањсуб мешуд. Њамон ваќт вакилони дифоъаш гуфтанд, нафари тањти њимояташон вакили мардум дар Маљлиси вакилони шањри Душанбе буд, ки ба инобат гирифта нашуд ва бо ин моддањои 21 ва 22 Ќонуни ЉТ "Дар бораи маќоми њуќуќии вакили Маљлиси депутатњои халќии Вилояти мухтори куњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо ва ноњияњо", ки ризояти ин маќом бояд гирифта шавад, вайрон ва он танњо баъди 32 соати боздошт ба даст оварда шуд. Аммо то ин замон аллакай як силсила амалиётњои тафтишотие чун кофтуков дар хонаи оила ва хешовандон, дафтари корї, рў ба рў кардан бо Низомхон Љўраев пурсиш ба сифати гумонбар, мусодираи аснод, техникаи компутарї, воситањои пулї ва дигар ашё гузаронида шуд. Баъдтар адвокатњои ў эълон доштанд, ки боздошти депутат бо наќзи моддањои 46 (гумонбаршуда), 94 (тартиби боздошт), 190 (кофтуков), 191 (асосњои

барои дарёфт кардан), 192 (тартиби анљом додани кофтуков ва дарёфт кардан)-и Кодекси мурофиавии љиноятии љумњурии Тољикистон рух додаасту протоколи боздошти Зайд Саидов тўли 35 соат баъди амалан дастгир шуданаш дар бинои Агентї тартиб дода шудааст. Дере нагузашта, фаъолшавии Агентии мубориза бо фасод дар муњити расонаї ба нестї мераваду тафтишот, бинобар гуфтаи њуќуќшиносон, ѓайриќонунї бо наќзи моддаи 5 - и Ќонуни ЉТ "Дар бораи сирри давлатї" ба парванда муњри махфї зад, њол он ки дар ин парванда њич сирри њифзшавандаи давлатї љой надоштааст. Дар давоми тафтишоти пешакї талаби моддаи 53-и Кодекси љиноятї-мурофиавї даѓалона вайрон карда мешавад, яъне Зайд Саид пурра аз доштани њуќуќи дидорњои мањрамона ва номањдуд бо вакилони мудофиа мањрум карда мешавад.

Маъракаи иттилоотї Як рўз баъди боздошт, яъне 20-уми майи соли 2013, дар расонањои њукуматї ва асосан бо воситаи телевизион маъракаи густардаи беэътибор кардани обрўи Зайд Саид оѓоз мешавад. Худи њамон рўз дар љойњои љамъиятї ва роњњои пурљамъияту пуродам китобчаи мазмунан туњматомез ройгон ба одамон таќсим карда шуд, дар он Саидов З. Ш. чун барангезандаи љанги шањрвандї дар Тољикистон муаррифї мешуд. Дар чанд моњи аввал молу мулк ва амволи ѓайриманќули Зайд Саид ва хешовандони дуру наздики вай ба њабс гирифта шуданд. Ба навиштаи адвокатњо, бо наќзи моддањои 53 ва 175 - и Кодекси мурофиавии љиноятии ЉТ маќомоти тафтишоти пешакї ва прокуратура бештар аз 30 дархосту аризаи вакилони мудофиа дар бораи пешгирї аз вайрон кардани Конститутсия ва ќонунњои мурофиавиро дар љараёни тафтиши парвандаи љиноятї ба баррасї нагирифтанд. Бар хилофи талаботи ќисми 3, моддаи 210 - и Кодекси мурофиавии љиноятии ЉТ оид ба ќонеъ намудан ва ё рад кардани аризањои супурдашуда муфаттишон ягон ќарор дар бораи ќонеъ намудан ва ё рад кардани онњоро содир накарданд. Аризањои зиёди адвокатњо дар бораи таъин намудани ташхиси генетикї оид ба љиноятњои хислатан шањвонї ќонеъ карда нашуда, њамзамон аллакай баъди он ки парвандаи љиноятї ба суд ирсол мешавад, ин гуна ташхис аз љониби тафтишоти пешакї таъин мегардад. Баъдтар ВАО аз њодисаи таќаллуб дар парванда бо истифода аз воситањо


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

ДУ СОЛ БАЪД

9

Зайд Саидов ќурбонии сиёсат!? ва усулњои ѓайриќонунї сохтакорї дар хулосаи ташхис хабар медињанд, ки дар натиља хулосаи манфии тањќиќот дар мавриди падарии Зайд Саид мусбат нишон додаву ба суд пешнињод шудааст. Тавре нашрияи "Азия Плюс" иттилоъ пахш кард, роњбарият ва мутахассисони озмоишгоњи маскавии "Био-Папа", ки худи маќомоти тафтишот ба сифати муассисаи ташхисї пазируфта будаанд, тасдиќи њуљљатї ва видеої доданд, ки хулосаи ташхиси онњоро дар Агентии мубориза зидди коррупсия сохтакорона таѓйир додаанд. Њарчанд ин ќазия расонаї шуд, Прокуратураи генералї дар мавриди ба љавобгарї кашидани гунањгорон чора наандешид. Дере нагузашта, расонањо иттилоъ пахш карданд, ки ба вакилони мудофеа ва љонибдорони Зайд Саид фишор оварда, тањдид њам љой дорад. Чунончи, барои баргузории "Флешмоб" бахшида ба 100 - умин рўзи боздошти Зайд Саид ва будубоши ў дар мањбас суд чор тан аз писарони ў, домод ва аъзои гуруњи ташаббускори таъсиси њизби нави сиёсии "Тољикистони нав" Мањмудљон Ќосимовро ба муњлати 5 шабонарўз боздошт намуд. Њамчунин узви гуруњи ташаббускори таъсиси њизби нави сиёсї Соњибназарова М. љаримаи маъмурї шуд.

Гирдоб ба сари вакилон Тибќи хабарњои њамон рўзњо расонаишуда баъди як нишасти матбуотии адвокатњо, ки дар таърихи 30-уми июли соли 2013 баргузор гардид, роњбарияти Агентии мубориза бо фасод шахсан вакилони мудофеаро даъват карда ва басо бо оњанги даѓалона онњоро ба таъќиби љиної ва лањзаи нави гунањгорсозии шахси зерњимояашон ба содир намудани љиноятњои шањвонї тањдид намудаанд. Баъди ин дар парванда љабрдидаи нав - ноболиѓ Е. В. бо иддиои таљовуз ба номус падидор шуд, ки набераи модари "љабрдида"-и аввал будааст.

«

Иттињоми азхудкунии маблаѓро низ беасос медонанд, зеро мегўянд, на ин ки маблаѓи буљаро азхуд кардаанду ба изофанависї роњ додаанд, балки аз њисоби худашон барои бунёди "Душанбе-Плаза" маблаѓ масраф кардаанд.

Вакилони мудофиа низ истисно набуданд. Дар остонаи баррасии парвандаи иќтисодї бо иттињоми таъхир дар пардохти ќарзи бонкї, ки бо гарав таъмин шудааст, вакили мудофеи маъруф, раиси яке аз коллегияњои адвокатњои кишвар Фахриддин Зокиров, ки машѓули парвандаи иќтисодї оид ба моликияти Зайд Саид буд, ба њабс гирифта шуд... Моњи июли соли 2014 бе ширкати вакили мудофиаи дигар - Шуњрат Ќудратов парванда дар бораи њифзи номус ва шарафи "љабрдида" Бобораљабова Моњира, њамоне, ки нишондодаш дар мавриди падарии Зайд Саид ба фарзанди ўро натиљаи ташхис рад кардааст, баррасї мешавад. Дар ин мурофиа суд пурра даъвои шањрванди ёдшударо ќонеъ намуда, аз љумла љуброни зарари маънавї ба андозаи 200 њазор сомонї таъин мекунад. Асоси ин даъворо сабти суњбати телефонии Шуњрат Ќудратов бо як нафар ташкил медињад. Онро маќомот бо истифода аз таљњизоти махсус сабт карда ва ба ихтиёри Бобораљабова гузоштаанд. Ба дунболи ин моњи июли соли 2014 бо иттињоми додани ришва ба суд барои сабук кардани њукми гумонбар ба љиноят Шуњрат Ќудратов ба њабс гирифта шуд. 13-уми январи соли 2015 Суди шањри Душанбе Ќудратовро 14 сол зиндонї кард, ки тибќи ќонуни афв, аз он 6 солашро кам карданд. 3-юми марти соли 2015 бо шикояти касатсионии адвокат Рањматилло Зойиров Суди Олии Тољикистон њукми Суди шањри Душанбе нисбат ба Шуњрат Ќудратовро бозбинї карда, муњлати њабси ўро се маротиба коњиш дод. Њоло ў бояд 3 солу 8 моњ дар зиндон монад.

«

Аз се вакили Зайд Саид танњо яке аз онњо - Исњоќ Табаров монд.

Мурофиаи парвандаи иќтисодї Тањлили сатњї ва мутолиаи як њисоботи муфассали вакилони мудофеъ ба унвонии расонањо пањн шуда буд, ки нишон медињад дар ягон моддаи парванда тафтишот ва суд далели мањкаму устуворе барои гунањгор кардани Зайд Саид наёфтаанд. Њама иттињомот баъди љамъоварии далелњо ѓаразноку шубњаовар ба назар мерасанд. Ва чун парвандаи Зайд Саидов паси дарњои баста муњокима шуд ва расонањо дар гузориши воќеъии он беруни дар монда буданд, љомеа огоњии комил аз раванди баррасї ва чигунагии исбот ё радди иттињомот хабар надорад. Дар доираи тафтиши парвандаи иќтисодї Зайд Саид дар охири моњи декабри соли 2014 аз Агентии зидди фасод хост, ки ўро бо се мансабдори баландпояи Тољикистон, Мањмадсаид Убайдуллоев, шањрдори Душанбе, Давлаталї Саидов, муовини аввали Сарвазир ва Матлубхон Давлатов, собиќ рањбари Дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон рўбарў кунанд. Аммо ин дархост аз љониби Агентї рад шуд. Инчунин, аз Суди Олї бо ирсоли мактуб хоста буд, ки парванда сирф иќтисодист ва бояд бо њузури хабарнигорон дар толори Суди Олї мурофиа баргузор шавад. Парванда муњри махфї надорад. Мурофиаи парвандаи иќтисодии ў пушти дарњои баста дар боздоштгоњи КДАМ 12уми феврали соли 2015 оѓоз шуд. Дар-

ФАВРЇ Маќомот Гулмурод Њалимов, фармондењи Дастаи таъиноти махсуси ВКД-ро аз Туркия боздошт ва ба Тољикистон истирдод кардаанд. Айни њол ин хабарро маќомоти корњои дохилии Тољикистон тасдиќ ё рад накардаанд. Аммо як манбаъи наздик ба маќомоти корњои дохилии Тољикистон ба TojNews гуфт, полковник Гулмурод Њалимов шиносномаи ќалбакї боздошт шудааст. Бино ба иттилои ѓайрирасмї, фармондењи ОМОН бо ному насаби сохта ќасди сафар ба Сурияро доштааст. Гулмурод Њалимов охири моњи апрел ѓайб зада буд. Манобеи TojNews аз маќомот гуфта буданд, ки силоњ ва њуљљати полковники милитсия дар њуљраи корияш дарёфт шуда, аммо дар куљо буданаш маълум нест. Инчунин, маќомот сабукрави ўро дар њудуди шањри Душанбе пайдо кардаанд.

Хабари боздошт ва истирдоди фармондењи ОМОН-и Вазорати корњои дохилї аз Туркия Он ваќт овозањо дар бораи он, ки Гулмурод Њалимов ба сафи ДИИШ пайваста ба Сурия рафтааст, дар миён буд. Баъзе расонањо баъди пахши хабари ѓайб задани фармондењи ОМОН навиштаанд, ки гўё ваќтњои охир ў ба ДИИШ таваљљўњ дошта, њатто ин гурўњи террористиро таблиѓ мекардааст. Ўро чун як нафари ботаќвову парњезкор ва намозхон сифат мекардаанд. Њамчунин, баъди ќариб як њафтаи пахши ин хабар дар TojNews бархе аз расонањои русзабон ва амрикоии кишвар навиштанд, ки полковники фирорї дањ нафари дигарро ба ќасди ширкат дар љангњои Сурия ба њамроњ бурдааст. Полковник Гулмурод Њалимов аз моњи

марти соли 2012 инљониб вазифаи Сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корњои дохилии Тољикистонро ба зимма дошт. Вай 14-уми майи соли 1975 таваллуд шудааст ва маълумоти олии њуќуќї дорад. Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё ОМОН, яке аз љузву томњои муњимтарин ба шумор меояд, ки масъулияти анљом додани амалиётњои махсуси љангиро ба зимма дорад. Дастаи мазкур 5-уми декабри соли 1995 дар айни љанги шањрвандии Тољикистон дар њайати 66 нафар ташкил шудааст. Дастаи таъиноти махсус дар њаводиси Тавилдара, Рашт ва Бадахшон низ фаъолона ширкат кардааст. TojNews

хост дар бораи дар толори Суди Олї гузарондани мурофиа рад гардид ва судя барои озод гузарондани мурофиа ва иштироки журналистон иљозат дод, аммо рањбарияти боздоштгоњи муваќќатии КДАМ гуфтааст, ки имкони љой додани журналистон дар мурофиаро надоранд, зеро толор хурд мебошад. Њоло мурофиа идома дорад... Дар парвандаи иќтисодї асосан Зайд Саидовро њамчун роњбари асосї ё ѓайрирасмї дар Љамъияти дорои масъулиташ мањдуди "Тољ-Сохтмон-Байналмиллал" ва азхудкунии маблаѓњои буљавї дар сохтмони бинои "ДушанбеПлаза" муттањам мекунанд. Иддаъое, ки вакили дифоъи Зайд Саидов рад мекунад. Вакили Саидов мегўяд, ки муваккили ў дар асоси ќонуну оиннома роњбари ин Љамъият набуд. Иттињоми азхудкунии маблаѓро низ беасос медонанд, зеро мегўянд, на ин ки маблаѓи буљаро азхуд кардаанду ба изофанависї роњ додаанд, балки аз њисоби худашон барои бунёди "Душанбе-Плаза" маблаѓ масраф кардаанд. Инчунин, ин бино аз љониби фармоишгар, комиссияи давлатї ќабул шудааст, агар камбудие њам дошта бошад, гуноњу савобаш ба дўши онњо бояд бошад. Дар ин миён 16-уми марти соли 2015 дар сатњи рањбарии Агентии зидди фасод таѓйироти кадрї сурат гирифт. Рустами Эмомалї директори Агентї таъин шуд. Бо назардошти ин њама њоло мушаххас нест, ки мурофиаи кай анљом мешаваду соњибкори маъруфро чї интизор аст. Дар ин муддат дар ВАО-и кишвар садњо маќолањо ба табъ расида, ќазияи Зайд Саид яке аз мавзуњои калидии бањсњо дар шабакањои иљтимої гашту дањњо шоир ба Зайд Саид шеър бахшидаанд. Њамзамон таќдири њизби "Тољикистони нав" низ норўшан боќї мемонад, њизбе, ки сарнавишти соњибкори муваффаќро ба якборагї таѓйир дод ва ўро пушти панљара бурд... Азамати ВАЊЊОБ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

Њамагї чанд ваќт пештар собиќ сарвазир ва собиќ вазири умумри хориљии Русия Евгений Примаков њушдор дода буд, ки агар Владимир Путин ба сиёсати худ нисбат ба Укроин њамин минвол идома дињад, Русия ба як кишвари нафтии љањони сеюм табдил меёбад. Аз аввалин семоњаи соли 2015 пайдост, ки он чи Примаков пешгўї карда буд, амалї мешавад. Сарнавишти кишварро омилњои иќтисодие, ки президент наметавонад онњоро назорат кунад (нархи захирањои энержї ва бозори газ), њамчунин мољарољўињои Путин дар арсаи байналмилалї, ки комилан њозир нест аз он даст кашад, муайян мекунад. Путин дигар наметавонад ваъдае, ки ба мардуми рус дар мавриди ба як кишвари шукуфон табдид додани Русия дода буд, вафо кунад. Мубаллиѓони вай њамвора талош доранд, то ба лаѓви тањримњои ѓарбї муваффаќ шаванд. Аммо тањлилгари амрикої Пол Родерик менависад, ки дар ќиёс ба буњрони солњои 2008 - 2009 Русияро рукуди дурудароз интизор аст ва ин кишвар њозир нест омилњои ин буњронро зарфи чанд соли оянда барњам занад. Муаллифи маќолаи "Поёни ноаёни буњрони Русия" Пол Родерик Грегори дар нашрияи "Forbes" (ИМА) менависад, ки зарфи 7 соли охир дуюмин бор аст, ки ин кишвар ба буњрони шадиди иќтисодї рў ба рў мегардад. Бори аввал њамон буњрони молиявии љањонии солњои 2008-2009 буд, ки назар ба њамаи кишварњои ќудратманди олам Русия љабри бештар кашид. Ду соли аввали баъди буњрони љањонї иќтисоди он танњо 5 дарсад рушд дошт. Миёнањои соли 2014 бошад ба сабаби ба њадди бесобиќа поён рафтани арзиши нафт дар бозорњои љањонї ва тањримњои ѓарбї барои дахолати ин кишвар дар умури дохилии Укроин Русия комилан аз бозори ќарзии олам берун ронда шуд. Тањримњои ѓарбї дар Русия то замоне амал мекунанд, ки ин кишвар нињоятан ба њалли буњрон дар Укроин талош мекунад ва аз дахолати ошкору нињон даст мебардорад. Русия њама шонсњои рушди иќтисодиро аз даст додааст, ширкатњои русї дигар умеде ба сармоягузорињои хорљї надоранд, захирањои дохилї ва омилњои рушди дохилї хеле заъифанд. Ин дар њолест, ки нархи нафт њамоно рў ба коњиш меорад ва ин муњимтарин манбаъи даромад барои Ру-

МИНТАЌА

Поёни ноаёни буњрони Русия Сарварони Русия бар ин назаранд, ки тањримњои ѓарбї муљиби рушди саноати милливу кишоварзї мешавад, вале тањлигарон аз рукуди иќтисодии дарозмуњлат дар ин кишвар њарф мезананд.

сия чун кишвари содиркунандаи нафт мебошад. Тањлилагарон мегўянд, агар Маскав вобастагии бештар аз захоири энержї намедошт ва неруњояшро аз Ќрим дур мекард, он ваќт имкон дошт буњронро соддатар пушти сар гузорад. Бино ба навиштаи муаллиф, рушди Тавлиди нохолиси дохилии Русия аз соли

2011 то 2014 њамагї 2,4 дарсадро ташкил дод. Ин дар њолест, ки он замон нархи нафт боло буд ва ин кишвар ба бозори ќарзї дастрасии зиёд дошт. Аммо зарфи ду соли оянда ин нишондод боз њам поин меравад ва сабаби аслии коњиши Тавлиди нохолиси дохилї дар соли 2016 метавонад арзиши рў ба коњи-

ши нафт, адами ќарзи хориља ва надоштани захирањое гардад, ки иќтисод ва саноатро бичархонад. Русия бояд ба он одат кунад, ки нишондоди рушди иќтисодї дар солњои оянда манфї хоњад буд. Ин тањлилгар ба ин натиља расидааст, ки соли 2015 Русияро коњиши њаљми истењсолот ба њадди 8,2 дарсад интизор аст, вале соли 2016 ин коњиш 6,4 дарсад хоњад буд. Вале агар нархи нафт боло наравад ва тањримњои ѓарбї лаѓв нагарданд, ин нишондод мусибатовартар хоњад буд. Ин муаллиф менависад, ки ба муљарради коњиши даромадњои давлатї ва аз даст рафтани ќарзњои хориљї Кремл бояд холигоњро бо "тадбирњои фавќулодда" пур кунад, ки он њама захирањоро мехўрад. Дар буљаи соли 2015 пешбинї мешавад, ки аз њисоби фоидањои нафтї фонди захиравї бояд ба њадди 53 миллиард доллар кам карда шавад, то ин ки барномањои давлатї сармоягузорї шаванд. Њамин тариќ, барои оянда 40 миллиард захира боќї мемонад. Аз 52 миллиарди барои таъминоти иљтимої људошуда 10 миллиард њамасола барои лоињањои инфратструктурие чун роњи оњани БАМ ва пармакунии роњ барои Уќёнуси яхбастаи Шимолї људо мешавад. Ва Русия чораи дигаре ба љуз истифода аз ин захирањо надорад. Аз оѓози љанг дар Укроин Бонки марказии Русия 122 миллиард долларро аз асъори захиравї барои муътадил нигоњ доштани ќурби рубл сарф кард. Аз моњи ноябри соли 2014 то ба имрўз ин бонк барои харидуфурўши коѓазњои арзишнок таќрибан 110 миллиард доллар масраф кардааст. Дар гуфтугўи мустаќими худ Владимир Путин 16-уми апрели соли равон ба "аносири бењбудёбанда" ва "коњиши вобастагї аз нафт" ишора кард. Путин тањримњоро на бори сангин тавсиф намуд, балки гуфт, ки онњо имкон медињанд кишоварзї ва иќтисоди миллї рушд ёбад. Сарвазир Медеведев бошад, фољеабор будани тањримњо ва коњиши арзиши нафтро иќрор шуд, вале ваъда дод, ки Русия комилан уњдадорињои иљтимоии худро ба љо меорад. Аммо раќамњо аз буља нишон медињанд, ки ин ваъдањо ноиљро боќї мондаанд. Фирўзи МУЊАММАД

Дари афѓонии Чин

Ба назар мерасад баъди шикасти шармандавори русњову амрикоињо дар Афѓонистон дар остонаи чорумин дањсолаи таљовузи хориљиён чинињо вориди Афѓонистон мешаванд, вале на бо тиру туфанг, балки бо дипломатияи санљидашудаи нарм. Ва аз њоло коршиносн дар бораи муваффаќ шудани чинињо њадс мезананд. Бештар аз дањ соли њузури ИМА ва муттањидонаш дар Афѓонистон, ки аз оѓоз њадафи берун рондани гуруњи Толибон ва ба як сарзамини шукуфон табдил додани ин кишварро дошт, амалан ба љуз нокомї чизи дигаре ба дунбол надоранд. Чин бо дарки ин нуктаи муњим ба Афѓонистон бо њамон дипломатияи нарм ворид мешавад ва ба назар мерасад Вашингтон низ монеъ нест, балки ба њузури Пекин мусоидат њам мекунад. Тањлилгарони амниятї бо назардошти шеваи бархўрди чинињо барои касби нуфуз дар њар нукоти дигари олам бар ин назаранд, ки шояд он чї ба русњову амрикоињо дар ин се дањаи охир даст надод, ба чинињо даст дињад ва онњо муваффаќтар аз ин ду дар бозсозии Афѓонистон шаванд. Ба андешаи Диде Шоде, аз нашрияи "Le

Huffington Post" (чопи Фаронса) интихоби Сун Юйси ба унвони намояндаи вижаи ин кишвар дар умури Покистон ва Афѓонистон танњо бурди дипломатии СИ Љинпин аст. Барои Син Юйси Афѓонистон бегона нест. Солњои 80 асри гузашта вай масъули таъмини муљоњидони афѓон бо силоњ аз ин кишвар буд, ки зидди Шўравї мељангиданд ва тўли сафарњои дурудароз ба минтаќа вазъи сиёсиву мудофиавиро хуб омўхта буд. Моњи октябри соли 2014 Чин мизбони чорумин конфронси вазоратии раванди истомбулї буд, ки барои њалли низоъ дар Афѓонистон аз соли 2011 ба инљониб амал мекунад. Аллакай моње баъд Пекин ба афѓонњо ѓояи гуфтушунид миёни ду нерў-толибон ва њукумати расмии Кобул, њамчунин Покистон ва

Чинро пешнињод кард. Худи њамон моњ аллакай Толибон ба ин пешнињод посухи мусбат доданд ва ду намояндаи онњо бо намояндагони њукумати Покистон ба Пекин рафтанд. Онњо дар мулоќот бо дипломатњои чинї нуќтаи назарњои худро ба њалли низоъ дар кишварашон иброз доштанд, то дар тарњрезии гуфтушунидњои оянда миёнљиёни чинї дар мадди назар дошта бошанд. Ва боз њам моње баъд, яъне декабри соли 2014 дурнамои амният дар Афѓонистонро дар Лондан баррасї карданд, ки дар он низ Чин њузури густарда дошт. Худи њамон сол дипломатњои Чин вазъи Афѓонистонро бо Эрон, Њинд ва Русия, ки низ аз бозингарони муњими минтаќа ба шумор мерванд, баррасї карданд. Моњи феврали соли 20915 бошад бо ташаббуси Пекин гуфтушуниди сељониба миёни Афѓонистон, Покистон ва Чин шуруъ гардид. Моњи октябри соли 2014 сарвари Чин Си Љинпин дар мулоќоташ бо президенти тозаинтихоби Афѓонистон Ашраф Ѓанї дар Пекин ваъдаи кўмаки 2 миллиард юан (муодили 256,5 миллион евро) зарфи ду соли оянда кард. Моњи феврали соли 2015 бошад Чин тасмимњои љиддии худ барои рушди њамкорињои иќтисодї бо кишварњои њавзаро эълон кард. Дар доираи ин тасмимњо бунёди роњњои мошингард ва роњи оњан аз Пешовар ба Кобул ва аз Чаман то Ќандањор дар назар аст. Аммо њамаи инро метавон ба њамон барномаи бунёдии эњёи "Роњи бузурги абрешим" вобаста донист, ки Чин тўли як дањсолаи охир шуруъ кардааст. Вале дар Пекин хуб медонанд, ки ин тарњњо танњо дар сурате амалишавандаанд, ки агар шиддати вазъият коста шавад,

гуруњњо тадриљан ба њам оянд ва бозсозии Афѓонистон оѓоз гардад. Аммо саволи матрањ ин аст, ки чаро Чин талош ба тањкими амният дар Афѓонистон дорад ва дипломатияи чинї то куљо дар ин кушишњояш муваффаќ хоњад буд? Ба ин савол моњи феврали соли 2014 дар љараёни як сафари худ ба Кобул вазири умумри хориљии Чин Ван И посух дода буд. Вай баъди мулоќоташ бо маќомоти расмии Кобул дар њузури хабарнигорон иброз дошт, ки вазъи ноороми Афѓонистон ба субот дар Чини ѓарбї (Синзян) ва дар маљмуъ ба њамсоягони он дар минтаќаи Осиёи Марказї тањдид мекунад. Минтаќаи мавриди назар аз мушкилгузартарин манотиќи минтаќа аст, ки њифзи марзии он хеле мушкил буда, вуруди неруњои ситезаљў дар њоли ноамнї комилан имконпазир аст. Аз сўи дигар ноамнїдар Афѓонистон њама тарњњои бунёдї ва рушди инфраструктураи саноативу тиљоратии ин кишварро дар минтаќа хароб мекунад ва бидуни шак хатари басо љиддї ба Чини ѓарбї дорад. То ба ин рўзњо њеч ихтилофи назаре миёни Амрико ва муттањидони ѓарбии он дар мавриди дахолати Чин дар умури дохилии Афѓонистон мушоњида нашудааст, балки Вашингтон њам онро бахше аз стратегияи амниятии худ медонад. Зеро барќарории субот дар Афѓонистон Амрикоро низ ба амалї кардани тарњњои дигари нуфузаш дар минтаќа тањрик медињад. Ва боз ин дар њолест, ки чуноне ишора шуд, Кохи Сафед ќасде надорад ба ин зудї аз минтаќа берун шавад.

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

ТАРЃИБ

Одатан ба назди гинеколог занону духтарон меоянд, аммо ваќте мо дохили утоќи кори мудири шўъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино Ситора Ќодирова гардидем, он кас, бо истифода аз расму дастурамалњо, ба љавоне тарзи фаъолияти бачадон ва љараёни њомилагиро мефањмониданд. Ситора Ќодирова аз љумлаи мутахассисонест, ки ба љуз донишу таљрибаи андўхта, боз дар кишварњои Эрону Њиндустон, Ќибриси Шимолї бар дониши худ афзудаву аз таљрибаи пешќадам бањрањо бардоштааст. Бо вуљуди зиёд будани теъдоди ниёзмандон, арзи сипос менамоем, ки доктор ваќт људо карда, ба саволњои мо посух доданд: - Њамарўза оилањои љавоне, ки безурётї ва дигар беморињои занона барои хушбахтии комили онњо монеъа эљод кардааст, ба мо мурољиат мекунанд. Дар панљ моњи охир аз рўи барномаи индуктсияи овулятсия (њаљман калон кардану кафонидани тухмакњо) ба 10 љавонзан хидмати тиббї расонида шуд, ки солњои тўлонї аз ранљи бефарзандї азоби рўњї мекашиданд. Њамаи ин занон бомувафаќият давраи њомилагиро ба анљом расонида истодаанд ва дар њолати зарурї аз машварату тавсияи мо бањраманд мешаванд. Мо бо тамоми мизољонамон тамоси доимї дорем. - Кадом беморињои занона дар ин шўъба табобат мешаванд? - Агар гўем, тамоми беморињои занона табобат карда мешаванд, хато намекунем. Илова бар ин, тармими эстететикї ва корексияи берунаи узвњои гениталї дар сурати

11

®

МО ТАБОБАТИ БОСИФАТ ВА БОСАМАРРО КАФОЛАТ МЕДИЊЕМ!

фуромадани девораи пешу паси мањбал (рентоселлия, систатселия) анљом дода мешавад. Табобати безурётї бо роњи найчавї: гистеросалринграфия (рентгени найчањои тухмгузар), пертубатсия (ворид кардани њаво ба найчањо барои кушода кардани найчањо њангоми безурётии найчавї), синпинголизиси лапароскопї (љарроњии лапароскопии найчањо) ба таври комил ва бо сифати баланд дар мо анљом дода мешавад. - Кадом намуди љарроњињо гузаронида мешавад? - Дар шўъба барои анљоми амалиёти љарроњии гуногун аз таљњизо-

ти лапароскопї ва гистероскопї истифода шуда, барои табобати беморони гинекологї ба таври њатмї асбобњо як маротиба истифода мешаванд. Љарроњињои миомаи бачаддон, миомэктомияи консервативї, яъне нест кардани миома тавасути амали лапароскопї ва гистероскопї бо њифз намудани танаи бачадон низ дар муддати кўтоњ анљом дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки аксари ин амалњо дар филиалњои бемористони мо (Хуљанду Фархор) низ ба субут расонида мешаванд. - Ќимати ин амалиётњо чанд аст? - Вобаста ба намуди беморї, ќим-

мати табобату љарроњї њамгуни дигар муассисањои тиббии кишвар аст. Муоинаи аввалияи табиб њамагї 50 сомониро ташкил медињад. Машварат ва маслињати якњафтаина низ ба ин 50 сомонї дохил мешавад. Бар замми ин бо назардошти вазъи иљтимоии ањолї ва дастрасї ба хидматгузорињои тибии пешќадам, роњбарияти бемористон, дар якљоягї бо ташкилоти "Суѓуртаи миллї" барномањоеро роњандозї намудааст, ки тибќи он харољоти суѓурташудагон аз 50 то 80% камтар мешавад. Ба таври мисол, шахси суѓурташуда метавонад бо 10 сомонї машварати мутахассиси ин шўъбаро бигирад!

ВОКУНИШ Абдулѓафури Орзу, сафири Афѓонистон дар Тољикистон мегўяд, шоир Бозор Собир экстремистест, ки "худро кафонда, уќдањои зењниашро бозтоб додааст". Эътирози сафир аз шеъри нави Шоири халќии Тољикистон Бозор Собир - "Марги Фархундаи ноком" аст, ки ба куштори вањшиёнаи Фархунда, як зани афѓон аз сўи издињоме дар Кобул - пойтахти Афѓонистон бахшида шудааст. Шоири тољик дар ин шеър аз вожањое, назири "Марг ба Афѓонистон!", "Туф ба Ватан!" истифода карда, Афѓонистонро "сангдевори занон" ва "мањбаси зан" унвон кардааст. Инчунин гуфтааст, ки: Агар ин аст мусалмонии Афѓонистон, Њама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст, Кам аст. Абдулѓафури Орзу мегўяд, аз Бозор Собир гилае надорад, гила аз расонањое дорад, ки шеъри ўро ба нашр расонданд. Вай афзуд, Афѓонистон кишварест, ки мисли сипар аз терроризму ифротгарої ба кишварњои Осиёи Марказї хизмат кардаасту мекунад ва дар баробари он истифодаи калимоти тавњиномез аз сўи нафаре, ки шоири як миллат шинохта мешавад, нишонаи

Сафири Афѓонистон: "Бозор Собир экстремист аст" аќли солим нест. Вай бо зикри куштори Хуршедаи 9 - солаи тољик аз сўи миллатгароёни рус дар Санкт - Петербург гуфт, соли 2014 аз Русия тобути 1500 љавони тољик оварда шуд ва њам 28 сарбози њукумати Афѓонистонро дар Бадахшон сар заданд, аммо Бозор Собир вокуниш нишон надод, хомўш нишаст. Вай афзуд, мањз куштори вањшиёнаи Фархунда дар Кобулро, ки пеш аз њама худи мардуми Афѓонистон мањкум карда буданд, дастак кардани Бозор Собир бањонае ба љуз рехтани уќдањои дарунї дар баробари як кишвар нест. Фархундаро 19-уми марти соли 2015 як издињоми ифротиён бо иттињоми он, ки китоби муќаддаси "Ќуръон"-ро сўзонидааст, дар назди масљиди Шоњи Душамшераи шањри Кобул тариќи латукўб кушта, сипас љасадашро ба оташ кашиданд. Фољиа аз он сард зад, ки Фархунда муллои масљидро барои туморнависї ба ширк муттањам кард. Аммо мулло

духтарро ба сўзонидани "Ќуръон" муттањам кард ва мардуми хашмгин Фархундаро ба њалокат расонданд. То ба њол барои марги ў 4 нафар њукми ќатл гирифта, њудуди 30 нафари дигар ба муњлатњои тўлонии зиндон мањкум шудаанд. Сафири Афѓонистон дар Тољикистон гуфт, ќонунњои кишвараш ба зан эњтироми зиёд ќоиланд ва мисол овард, ки њоло 25 курсии парлумон ва 4 вазорат ба онњо тааллуќ дорад. Аммо дар мавриди Бозор Собир гуфт, ба прокуратура ё суд шикоят нахоњанд бурд ва муњокимаи ўро ба виљдони фарњангии мардуми Тољикистон њавола хоњанд кард. Вай афзуд, бовар дорад, ки раисљумњур, маќомоти тафтишотиву судии Тољикистон худ медонанд, ки дар баробари тавњини як кишвар бояд чї вокунише нишон дода шавад. Бозор Собир аз шоирони пешгоми даврони истиќлолияти Тољикистон аст, ки дар

оѓоз аз нерўњои демократї љонибдорї мекард ва пас аз шуруъи љанги дохилї ба Амрико рафт. Соли гузашта ў бо мусоидати маќомоти Тољикистон аз Амрико баргашт. Дар ќиёс бо аввалин шеърњояш, ки руњияи озодї ва истиќлолиятхоњї доштанд, њоло Бозор Собир бештар ашъори сиёсї менависад, ки аз нигоњи мунтаќидонаш динситезиву демократияситезї ва коммунизмпарастиву русгароии ўро ба намоиш мегузоранд.

TojNews


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

ОХИР, СУХАНЕ! (Мусаддас бар ѓазали устоди азизам Рустами Вањњоб) Фарёди ту андар лабу хомўши ту мирам, Чун ашку дуъо дар нигаху гўши ту мирам, Ѓамдори ту, ѓамхори ту, ѓамнўши ту мирам, Хундори ту, хунњохи ту, хунљўши ту мирам, Чун Орашу Суњробу Сиёвуши ту мирам, Пайвандгари хиттаи ѓампўши ту мирам, "Дар хуни дил оѓўшта дар оѓўши ту мирам, Таќдир мабодам, ки фаромўши ту мирам!" Аз хотами ангуштари ангушти Шањи Љам, То хатми расулони Худо - зиннати хотам, Ин хок на хок - ин чамани Равзаи Хуррам, Ин бод на бод - ин нафаси Исии Марям! Инњо њама морост агар, дур бирав ѓам, Инњо њама морову ба аѓёр - ду олам! "Бе гўру кафан, бе њаваси маљлиси мотам, Бахт аст, ки дар домани гулпўши ту мирам!" Инон, ки дар ангор туро ин њама ёранд, Ёранд, вале тоќати ин ёрї наёранд, В-онон, ки ба марги ману ту дар пайи коранд, Дар њар кадаме доми балое бигузоранд, Гар тан бишикофанд маро, дил бадар оранд Чуз ишќи ту, имони ту, бар даст наёранд, "Рўзе, ки зи майдони ту пирўзи бар оранд, Чун аскари захмин ба сари дўши ту мирам!" Гирам, ки зи дарди ту таљоњул битавон кард, Аз хуни ту дар чењраи ѓам гул битавон кард, Гирам, ба Худои ту таваккул битавон кард, Дар марги чаман мотами булбул битавон кард, Гирам, ба ризои ту таодул битавон кард, Дар љиргаи аъдот таљаммул битавон кард, "То чанд ба озор тањаммул битавон кард?! Охир сухане, дар лаби хомўши ту мирам!" Эй нури Худо - рехта бар зулмати ошиќ, Овози Худо - рў зада дар хилвати ошиќ, Хайёти Азал дўхта бар ќомати ошиќ,* Хунин кафане - љомаи пуршавкати ошиќ, Эй уммати ойини вафо, миллати ошиќ, Ин њолу њаво бингару ин њолати ошиќ "Нанг аст ба тадбир зи ту ѓафлати ошиќ, Мадњўши ту, мадњўши ту, мадњўши ту мирам!"

ПАС АЗ САМУМИ ИСЁН Ба Ту нома менависам, ки дилам малол дорад, Ба кабутареш бидњам, ки шикаста бол дорад. Ту ба рўйи гўри ишќе кадаме баланд гаштї, Зи нињояташ хазар кун - хатари завол дорад. Зи нињояташ хазар кун, ба инояташ назар кун, Ки шањиде ошиќ аст ў зи ту ин хиёл дорад. Ба нигоњи мо нигоње, ки пас аз Самуми Исён На ки хун бигиряд, аммо нами инфиол дорад. Ба Муаллимони Солењ сухане зи Ишќ њам гў, На ки Љабр асту Риёзат, вале Ќилу Ќол дорад. Њама Ќилу Ќоли дунё ба ишорае наярзад Ки "Бигў" бигуфт он Ёру њанўз хол дорад! Чи нигоњи холисона ту ба шеъри банда гуфтї: "Њама рамзу роз гўяд, њама рамлу фол дорад". Њама таќсири дил астї, њама таъхири дил астї, Ту бубахш ин рањиро, ки каме малол дорад. Ту набахшї, кас набахшад, ин камоли бевафойї, Ки "Биё!" бигуфт он Ёру дилам кашол дорад. Ба Ту нома буду он њам ба мухотабе дигар ном Бидењаш ба он, ки номаш ба Ту иттисол дорад. Чу ба Ў расї, бигўяш, ки фулонї бњхмадонї, Ба Ту сад савол дорад, зи Ту сад суол дорад.

НОБАРОДАРЊОЙИ ЮСУФ Нобародарњои Юсуфро бигў: Расм ин набуд! Он ба љоњ андохтан оре, вале куштан чї буд?! Кофар оре, кинавар буд. Лек он њамдин чї кард, Ѓурбат оре, ошно шуд. Лек он Мињан чї буд! Мо ба базми душмани худ дўстгонї хўрдаем, То надонистем дигар дўст кї, душман чї буд?! Гар на марги хешро бо чашми худ дидор хостХор кардан он Тањамтанро ба Рўйинтан чї буд?! Ин њама мебинї аз мо? Пас чї шуд кори Худо? Ин хато фарзан зи мо бигзашт. Пас аслан чї буд?! Эй гурозоне, ки дил хуш карда бо мурдорхо Ин Ватан номидаед??? Он љоху он Бежан чї буд?!! Эй зи бори халќ инак шона холї кардагон Он дањони пуршиору он раги гардан чї буд?! Эй, ки Фарвардини моро хуни аввал гуфтаед, Ёдатон рафтаст оё хуни он Бањман чї буд?! Нобародарњои Юсуфро бигў: Расм ин набуд! Он ба љоњ андохтан оре. Вале куштан чї буд…

БОЗГАШТИ ШАЙХИ САНЪОН Ноошнойе рафта буд аз мову инак ошно баргашт, Як бевафойе рафта буд он рўзу инак бар вафо баргашт. Лайлойи мо девона шуд! Маљнуни мањзунро муборак бод! Аз моварои ќиссањои куњна бар нав мољаро баргашт. Рафтанд шогирдон њама дигар ба мулки Духтари Тарсо Аз хукбонї, шукри кам дорад, ки он Шайхи шумо баргашт. Нафрини сангини шумо бар куњсорон ин, ки коре нест Ќонуни Куњсор аст - он акси садо њам бар шумо баргашт. Аммо Куњистон аст, оре, њимматаш Кавнайнро кофист -

СИЁВУШ Бар он кавиристони руњу љонатон Боди Сабо баргашт. Дашном фармудеду њар шохи дарахте боли сабзе шуд, Гул кард. Бор овард. Бар хони шумо њамчун Дуо баргашт. Аммо дигар коре надорам ман. Дигар кори шумоён аст Кї? Кай? Куљойї? Аз куљо? Бо кї? Куљо? Бар Нокуљо баргашт. Ман ваќтам аст, бояд равам, бояд равам он љо, ки мебояд Он љо, ки кас коре надорад, ин чаро рафту чаро баргашт. Ваќт аст бо он дўстони рафта бо таъљил пайвандам, З-он корвони рафтаам бар гўши љон Бонги Диро баргашт. Эй сарнишинон! Љуз таваккул бар Худо роњи наљоте нест, К-ин Нохудои киштии бишкастаи мо аз Худо баргашт.

САДОЙИ БЕСАДОЙЇ Чу хамўш бинї моро, нахўрї фиреб, эй дўст, Ки дар ин сукут бинњуфта садойи бесадойист. Ту ба тарфи мо гузоре, ки бифањмї аз гузаштан, Ту ба чашми мо нигоње, ки бидонї мољаро чист. Чу дили булурии мо ба шикастан ошно шуд Дигар аз ѓами шикастан чу ќадањ зи бода холист. На бимонї, на наёї, ки ба н-омадан-т созам, На гурезї на гузорї, ки гурезам, ин чї расмест? Ин чи расме, ин чи расме, ки на куфр аст, на ислом В-ин чи њоле, ин чи њоле, ки на васлу не људойист! Ба кадом пойи чолок зи дасти ту гурезам? Ки на Марг метавонад зи Туам рањонд, не Зист! Ва Туро ба хок бо худ бибарам, чу бе Ту мирам Ки дилам њама пур аз Туст, дастам арљи холист. Чу Сиёвашам, Худоро! Њама оташам, Худоро! Ту ба оташам наяфган, ки њамин баром кофист. Њама оташам, Худоро! Дилу саркашам, Худоро! Чу хамўш бинї моро ту дар ин сарочаи зистНахўрї фиреб, эй дўст, ки боядам нишастан, Чу дар ин диёр якбор њазор фитна бархест!

ТАФСИРИ ЃАМИ ТУ Бањри тафсири ѓамат инњо, ки дафтарњо навиштам, Пур шуду кам не! Дигар бар боли кафтарњо навиштам. То напўям, то нагўям -дасту поямро шикастанд Љода бо сарњо наваштам, нома бо парњо навиштам. Ќиссањои бусањои гарму гўёи туро ман Рўйи лабњойи хамўшу сарди соѓарњо навиштам. Ёд кардам аз љавонињот дар оѓози пирим Тирамоњон гулшукуфтатро ба пар-парњо навиштам. Дар фазое холї аз ихлосу орї аз садоќат Ман аз имонњо сурудам, ман зи боварњо навиштам. Чун њазорон бо њазорон рањ њазорон гуна гуфтам Бањри ин кўрон сурудам, Бањри он карњо навиштам. Аз шањоматњои торихи куњан гуфтам ба имрўз, Хотироти шањриёронро ба барбарњо навиштам. Як шабе оташ занам Какнусвору андар оям, Бањри тафсири ѓамат инњо, ки дафтдањо навиштам.

МАН БАРНАМЕГАРДАМ Ман дигарбора барнамегардам Ба бањори пур аз љавонаи ту. Ба тамошои боѓи чашмонат, Ба таманнои сабзи дастонат, Ба насими пур аз таронаи ту. Ман дигарбора барнамегардам! Натавон љовидона ошиќ буд, Баъд аз ин оќилона хоњам зист, Гар хумори ту дар дилам нашкаст, Њам шикасти дилам маро кофист! Меравам аз рањи ту сањлу сабук, Дилам аз ишќу орзу холист. Баъд аз ин оќилона хоњам зист. Эй њама орзуи дуру мањол, Эй њама интизори гичу ѓамин, Меравам аз рањи ту сањлу сабук, Меравам, гарчи хуб медонам Марг бигрифта рўйи рох камин. Чун кунам? Амри содда асту яќин. Меравам сўйи марги худ. Омин!

ЛАБХАНДИ ЃАМ Бисоти њуснро дар њасрати шабњойи ман чидї Суботи васлро дар фурсати фардойи ман чидї. Чи боронї?! Ки то бориди бар Маљнуни танњоят Чаманзоре чунин хунин зи наќши пойи ман чидї. Чи Хуршедї!? Ки чун лабњойи хушкамро ба њам бастї Хазорон шабнами шодоб аз хай-хойи ман чидї. Чи фарёди?! Ки туфоне чунин дар синаи мурдоб Зи лабњойи хамўшу дидаи гўёйи ман чидї. Чу сар бар пойи ту бигзоштам чун шохаи гандум, Гуноње тоза аз њар хўшайи ѓамњойи ман чидї. Бурунам кардї аз дунёи якранги Дилу Аќлам, Бињиштеро чунин аз Одаму Њаввойи ман чидї. Ба поят уфтодам њамчу Санъон, то шудам хокат. Фишондї остину доман аз расвойи ман чидї. Биё акнун канори чашми ман в-аз ашки ман бишкуф, Чу лабханди ѓаматро аз лаби лабњойи ман чидї!

МАРГИ ЃАЗАЛ (Дар марги устод Симини Бењбањонї) Рафт ў аз мо… Вале чун рафт? Бо мо монду рафт! Мо, ки бехуд монда будем, ёди худро монду рафт! Баски медонист моро бо кї хоњад вогузошт, Сураи "Ихлос"-ро бар будани мо хонду рафт.** Хокдони нокасон бас љои чун Он Кас набуд, Домане, болу паре, гарде зи худ афшонду рафт. То ѓубори ин биёбон барнахезад бар љањон, Корвони хешро оњистагињо ронду рафт. Мои берўёну пуррўёну садрўён кием? Ў, ки якрў буд, рўй аз рўйи мо гардонду рафт Баъд аз ў холист роње, ки ба сўйи Ишќ буд, Роњро андар азои хештан биншонду рафт.

СУДУ ЗИЁНИ САФАР Биё эй дўст дар танњоии ин ишќ ёрам шав, Биё эй ёр аз шабхуни ин ѓамхо паноњам дењ, Пайи татхир аз сарчашмаи хуршед обам ор Баройи сачдаи ѓам љонамоз аз нури моњам дењ. Аз ин танњоии золим, Худоё, сахт метарсам, Аз ин берањмии ѓурбат, њабибо, сахт дилгирам Пас аз ин ќадр саргардонї чун хуршеди танњогард Биё то ман ба домони ту сар бигзораму мирам. Дар ин ѓурбатсаро, эй дўст, дар ин хоки бегона, На мурдан метавонам, не умеди зистан дорам, Ту аз суду зиёни ин сафар пурсї, чият гўям? Њамин ёди Ватан, ёди Ватан, ёди Ватан дорам!

ИМТИЗОЧИ ЃАМ Эй бод бигзарї агар аз куйи он парї, Бо ў бигў, бигў, ки манаш ёд кардаам, То дўстгонї хурдаам аз талхи њаљри ў Дил бо хиёли дидани ў шод кардаам. Бо ў бигў, бигў, ки дар ин инзивои шаб, Дар осмони боз ба мисли куханкитоб, Дар чашми ман ситора њама ашки хасрат аст, Дар зењни ман њилол суолест бечавоб. Дар имтидоди шаб, шаби беаввалу ахир Яъне, ки дар сиёњии ин рўзгори мо, То кай ба рўйи гунаи чун тирамоњ зард Чуз хуни бода гул накунад навбањори мо?! Бо ў бигў ба базми њарифон чу ў набуд Мастон тамом гардану сарњо шикастаанд, Да љустуљўйи харзаи Симурѓи Орзу Мурѓони хастадил њама парњо шикастаанд. В-аз имтизочи ѓам, ѓамии талхе, ки бедареѓ Соќии рўзгор бирезад ба љоми мо, Мо маст гаштаем аз ин бода ончунон-к Талх аст, талх то абаддудањр коми мо! * Мисраъи ориятї аз Љомї **Ишора ба ин байти Хоља: Аз паяш сураи "Ихлос" дамидему бирафт…


ТАХТАИ СИЁЊ Шумо шояд дар бораи PI-об, ки бештар бо "оби њаёт" маъруф аст, шунида бошед. Агар ња, албатта, дар бораи фоидаи он ба саломатии инсон шунидаед. Он чї хусусиятњо дорад? Аввалин бор дар бораи PI - об дар Љопон соли 1964 шунидаанд. Доктор Ямашита дарёфт, ки таркиби он ба таркиби оби даруни мављудоти зинда муштарак аст. Масалан, обе, ки дар организми одам, њайвоноту наботот њаст. Њамин тавр, чанд сабаби манфиатовар будани истеъмоли он вуљуд дорад: 1. Барои бењтар шудани њалшавї, гидротатсия. PI - об дар органзим бењтар њал мешавад, бењтар аз об, чунки таркиби молекулањои он, дар муќоиса бо оби оддї хеле хурдтар аст. Ин вазифаи аввалиндараљаи об - таъмини њуљайрањоро бо ѓизо самараноктар мекунад ва онро аз маводњои зараровар пок месозад. 2. Њавои бештар. Њаво ба њар њуљайраи бадани мо зарур аст. Он фаъолияти узвњои њаётан муњими моро таъмин мекунад. PI - об имкони бештару самараноктар таъмин кардани њуљайрањои бадани моро бо њаво дорад. 3. Бењтарин зудояндаи оксидњо - антиоксидант. Азњампошии маводњо - ё туршшавї ба пайдо шудани радикалњои озод дар организм мусоидат мекунад, ки ба саломатї зиёновар аст. Инро дар тиб зарари ногузири њаво меноманд. PIоб ин љо наќши зудояндаи радикалњоро бозида, метавонад онњоро бартараф кунад. 4. Заряди манфии ион. PI - об дорои заряди манфї мебошад, ки раванди зудудани радикалњои озодро метезонад. Он њамчунин њаддалимкон ба боло бурдани дараљаи рН дар хун мусоидат мекунад. Њамин тариќ, истеъмоли мунтазами PI - об натанњо ба бењтар кардани вазъи саломатии инсон, эњтимоли маризињое, амсоли ангина, шикамдард, чарбгирии баданро кам мекунад. Он раванди барќароршавиро дар бадан вусъат мебахшаду раванди пиршавиро суст мекунад. Агар ба Шумо далелњои раднашаванда лозим бошанд, ки PI - об ба саломатии шумо таъсири мусбат дорад, ин љо чанд роњи озмоиши онро дар хўрок пеш-

Тољикистон барои муќовимат бо буњрони молии оянда ба дунболи як сиёсати пулии инъитофпазир нест. Лозим аст аз њисоби захоири дохилї суботро тањким бахшанд, муњимтар аз њама ислоњоти сохторї гузаронида шавад, бар фаќру бенавої пирўз бояд омад ва боз њам муњимтар љойњои нави корї бунёд карда шавад. Коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор ба Тољикистон мањз ин гуна тавсияњо медињанд. Ба баъзеи онњо мансабдорони тољик гўш фаро медињанд, аммо ба он ки љойњои нави корї бояд сохт, таваљљуње сурат намегирад. Баръакс дар пойтахт њадафмандона тиљорати хурд бо нобудсозии бозорњои хурду реза ва калон барњам зада мешавад.

Куњнафурўшињо манъанд! Аз ин гуна иќдомњо дар навбати аввал камбизоатону нафаќахўрон љабр диданд. Имрўз нафаќаи пиронсолї дар Тољикистон 200 сомонист, ки муодили ќариб 30 доллари амрикої мебошад. Бо ин пул дар пойтахт амалан зистан имкон надорад. Ин боз дар њолест, ки одамони синну соли нафаќаро ба кор намегиранд, аз ин рў солмондон барои худ ин тиљорати хеле ночизро ќабул карданд. Елизавета Макарова 40 соли дароз дар Комбинати бофандагї кор кард ва муддати

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

13

PI - ОБ Ё "ОБИ ЊАЁТ" нињод мекунем: 1. Гўшт, моњї, меваю сабзаљотро дар PI - об тар кунед, таровату тозагии онњоро дар муњлати дурударози нигоњдорї эњсос хоњед кард. Ѓайр аз ин, дар меваю сабзаљоте, ки дар тўли 30 даќиќа дар оби PI тар карда шудаанд, зањрњои биологї ба маротиб камтаранд. 2. Хўроки осиёиро дўст медоред? Биринљ ё оши буридаро пеш аз омода кардани ѓизо бо оби PI бишўед, фарќиятро зуд эњсос хоњед кард. Биринље, ки

дар он шуста, пухта шудааст, њам нармтар ва њам дар он крахмал камтар аст. 3. Тухме, ки дар PI - об мепазед, пўстканданаш осонтар аст. 4. Чойнўшњои асил, ё дўстдорони ќањва танњо баъди истифодаи PI - об, аз накњату таъми аљоиби он огоњ мешаванд! Барои духтарњо њам шояд бисёр њайратовар хоњад буд, ки бо истеъмоли PIоб љилои табиии мўй, суст шудани раванди пиршавии пўсти бадан ва тарова-

Чаро шањрдорї фаќиронро фаќиртар мекунад? 10 сол аст, ки нафаќа мегирад ва мегўяд замоне ба корношоямї расид, ки њадди нафаќа дар кишвар хеле поин буд. Њоло танњо зиндагонї мекунад ва ѓайри нафаќаи солмандї дигар даромаде надорад. Ба ќароре омад, ки гулпарварї ва гулфурўшї кунад. Њарчанд ин њам ночиз буд, вале ба нафаќааш зам шуд. "Мо дар Якка-Чинор савдо мекардем, куњнафурўшї дар ин мањал аз солњои пеш вуљуд дошт ва њар кас дар он тангае барои худ меёфт. Моро аз он љо пеш карданд ва њоло боз дар садади фаќру нодорї ќарор гирифтам",- мегўяд пиразани бекас. Ба мисли Елизаветта Макарова одамони зиёд аз ин бозор рафтанд. Масалан, Яъќуб дар ин љо ќисмњои эњтиётии гуногун тиљорат мекард. Барои он ки як љой дар бозори Султони Кабир ба даст орад, вай бояд фоидаи њармоњаи њаддаќал њазорсомона дошта бошад. Ин дар њолест, ки кулли молу анвоъе, ки дар ихтиёр дошт, ин миќдор арзиш надошт. "Барои нафаќагирон ва одамоне, ки даромади хеле паст доранд ва чунинњо дар ин љо хеле зиёд буданд, савдои якрўза на танњо як роњи муносиби мубориза бо фаќру камбизоатї буд, балки воситаи ваќтгузаронї њам ба њисоб мерафт. Аксари нафаќагирон афроди танњо ва хеле бадбахтшудаанд. Ин љо онњо њам манбаъи даромад доштанд ва њам бо якдигар муколама-

ву суњбат мекарданд. Вале њамаи моро аз ин имконияти ночиз низ мањрум сохтанд",мегўяд Яъќуб.

Гузаргоњњои зеризаниниро њам тоза мекунем! Замони љанг аз ёдњо нарафта ва њамагон медонем, ки гузаштан аз роњњои зеризаминї то кадом њад мушкил ва хатарнок буд. Аксари онњо амалан ба њољатхонањо табдил шуда буданд. Ва танњо бо гузашти солњо ва ба шарофати рушди тиљорати хурд гузаргоњњои зеризаминї низ њарчанд на њамеша, вале тоза шуданд, дигар бўйи бад намекарданд ва ба љойи кор барои садњо ва шояд њазор нафар бекорони сокини пойтахт табдил ёфтанд. Дар гузаргоњи зеризаминии Сирк то њамин ќарибињо бештар аз бист нуќтаи хурди савдо љойгир шуда буд. Одамон бо дарёфти кучактарин имкон аз њисоби худ дуконњо сохтанд ва барои худ љойи кор пайдо карданд. Дар ин љо њаёт љўш мезад: бўйи Њот-дог ба машом мерасид, мевањо фурўхта мешуданд, њамеша метавонистї баъзе чизњои майдачуйдаро барои хона харидорї кунї, дар гўшае фурушгоњи рўзномаву маљаллањо њам вуљуд дошт. Аммо њоло ниме аз он њам боќї намондааст. Тољирон бо саргаронї биншаставу ѓарќи андешањоянд. Ба назар мерасад та-

ти онро эњсос хоњанд кард. Шумо чиро интизоред? Обтозакунаки HomePure 7-Stage аз ширкати QNET чунин PI - оби тозаву манфиатабахш истењсол мекунад. Онро танњо тавассути намояндагони мустаќили QNET ба даст овардан мумкин аст. Ба намояндагии QNET дар кишваратон мурољиат кунед!

нњої њам ба рушди тиљорат монеъ мешавад, аз сўи дигар кам мондани одамон арзиши иљораро њам боло бурдааст. Ва боз ин ки теъдоди харидорон низ на ба њадде, ки пештар буд. Дар њукумати ноњияи Фирдавсї бо ифтихор мегўянд: "Мо таќрибан њамаи нуќтањои хурди савдоро барњам задем. Нуќтањои тиљоратии ѓайриќонунї њатто дар гузаргоњњои зеризаминии ноњияи мо намонда". Ин дар њолест, ки бино ба иќрори онњо арзу шикоят ба њукумати ноњия рў ба афзоиш овардааст. "Нафаќагирон ва сокинони камбизоат мурољиат мекунанд, ки кумак расонем",мегўяд як соњибмансаб аз њукумати ноњияи Фирдавсї. Ба савол, ки оё њукумат имкони расонидани кумак дорад, вай посух медињад: "Каме ёрї мерасонем, вале на ба њама, танњо ба онњое, ки шадидан ниёзманданд". Аммо ба онњое, ки љойи корашонро аз даст додаанд, соњибмансабони ноњия бо нороњатї мегўянд: "Чаро мо бояд ба онњо ёрї расонем? Бигзор ба бозорњо раванд ва дар он љойњо барои худ љойњои кор созанд". Мансабдор будан ва нишастан дар ягон курсии њукуматї њам хуб аст. Сарнавишти инсонњо аз ту вобаста аст. Бо нуги ќалам метавон инсонро ќатл кард ва ё авф намуд! Вазъро бењ кард ва ё куллан хароб намуд. Аммо њоло чї мегузарад? Бозорњои холиву бетољирон ба кї лозиманд? Ин њама супермаркетњое, ки нархњо муносиб ба маоши миёнаи мардуми оддии Тољикистон нестанд, ба дарди кї мехўранд? Гузаргоњњои холї ба кї лозиманд, дар њоле ки пештар онњо ба одамон имкони зисту зиндагонї медоданд?

Екатерина ПАСТОРОВА


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

БАРОИ МАЪЛУМОТИ ДУЮМИ ОЛЇ ГИРИФТАН МУСТАЌИМАН БА ДМТ МУРОЉИАТ КАРДАН МУМКИН АСТ? - Ман Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуровро хатм намудаам. Мехоњам, ки маълумоти дуюми олї дар соњаи њуќуќшиносї дошта бошам. Агар банда бо ин маќсад донишљўи Донишгоњи милии Тољикистон шудан хоњам, оё аз санљиши Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузаштани ман зарурат дорад ё не? Маблаѓи тањсили яксолаи ихтисоси њуќуќшиносї барои онњое, ки маълумоти дуюми олї гирифтан мехоњанд, чанд сомонї муќаррар шудааст? Барои дохил шудан ба факултаи њукуќшиносии ДМТ кадом намунаи њуљљатњоро пешнињод намудан лозим аст? Њоњишмандам дар ин бора маълумот дињед. Бањром ШАРИФОВ, сокини шањри Исфара - Мувофиќи моддаи 41- уми Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва моддаи 20 уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маориф" ба шањрвандоне, ки тањсилоти олии касбї доранд, гирифтани тањсилоти дуюм ва тањсилоти минбаъдаи олии касбї танњо дар асоси шартнома (ѓайриройгон) иљозат дода мешавад. Барои ќабули довталабон љињати гирифтани маълумоти 2- юм дар Донишгоњи миллии Тољикистон комиссияи ќабул таъсис дода шуда, баъди аз суњбат озмун бо муваффаќият гузаштан довталаб ба донишгоњ ќабул мешавад. Ќабули тањсилоти дуюми олї дар донишгоњ бе Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон сурат мегирад. Маблаѓи солонаи тањсил барои маълумоти 2- юми олї 8160 сомониро ташкил медињад. Довталабоне, ки тањсилоти якуми олии касбї доранд, барои гирифтани тањсилоти дуюми олии касбї мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии зинаи тањсилоти олии касбї ва ќоидањои мазкур дар муњлати муќарраргардида њуљљатњои зеринро пешнињод мекунанд: - ариза ба номи ректори донишгоњ; - дипломи намунаи давлатї бо замимааш дар бораи хатми муассисаи тањсилоти олии касбї (нусхаи асл); - нусхаи дафтарчаи мењнатї дар хусуси фаъолияти корї вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда; - маълумотномаи тиббї (шакли №086-У); - 6 адад расм (андозаи 3х4 см); - шиноснома ё њуљљат дар бораи тасдиќи шахсият. Ба саволи Шумо Солењ ЌОСИМОВ, муовини сардори Раёсати таълимии Донишгоњи миллии Тољикистон посух дод.

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? ДОД АЗ ДАСТИ РИШ! - Тайи чанд моњи охир дар Тољикистон муборизои РИШ њамаро ба љон овардаанд. Мактаб меравї, дарс - дарси РИШ, донишгоњ равї - бањси РИШ. Дар телевизион гап дар бораи њазрати РИШ, дар радио њам ѓулѓулаи ќиссаи РИШ, ночор фита дар DVD мемонї, ки аз он љо њам садои амри маъруф дар бораи РИШ ба гўш мерасад. Газет пур аз шикояти РИШ. Интернет њам пур аз навигарї аз боби РИШ. Хуллас, ба њар куљое меравиву намеравї, гап гапи РИШ. Аз ин њама мегўї даме фориѓ бошї, бурун равї, он љо њам панду њикмат пур аз РИШ. Дар кўчаву паскўча, бозору маѓоза, корхонаву чойхона, мошину ароба базм - базми РИШ. Мавзуъи суњбати њар як овораву бероња ва хару хингала низ гапи РИШ. Дод аз дасти муборизони РИШ! Гўё, ки дар Тољикистон ба ѓайр аз барасиву пешгирии РИШ дигар ягон проблемаи дигар намонда бошад! Корхонањои ин љо њама "сокращения" шудагї, барои њамин њама андармони бањси њазрати РИШ... Шоњиди МУШОЊИД, сокини шањри Панљакент

БА ЉОИ 09 - Бо маќсади таъмини робитаи доимии шањрвандон бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, сариваќт бохабар будан аз мушкилоти љойдоштаи соња дар минтаќањо, бахусус, пешгирии њолатњои коррупсионї дар муассисањои таълимї дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон "Телефони боварї" - и доимоамалкунанда ба фаъолият шуруъ кард. Шањрвандон барои мурољиат метавонанд бо шумораи 227-76-86 дар тамос бошанд. Њамчунин барои пайваст шудан бо "Телефони боварї" тариќи сомонаи вазорат - http:/ /www.maorif.tj ва њафтаномаи cоњавии "Омўзгор" низ мумкин аст.

ЛАТИФА Довталабе ба Донишгоњи омўзгорї занг зада пурсид: - Алло, факултаи забонњои хориљї? - Не, шумо нодуруст… афтодед. - Њанўз њуљљат насупорида?! *** - Ин амрикоињо аљоиб дурусткор, босабр ва одамони нек њастанд. - Ња, ин њатто аз филмњояшон маълум аст. Боевики хунин, ки дар рафти он як - ду њазор одамро ѓарќи хун мекунанд. Дар охир навиштаљоте пайдо мешавад: - Ваќти ба навор гирифтани филм ягон њайвон зарар надидааст.

Акс аз www.ozodagon.com

*** Як шогирд дар порчаи имтињонї, ки саволашро њал накарда буд, навишт: Устод, барги сабз туњфа дарунаш. Омўзгор барояш бањои 2 монда навишт: ками мо карами шумо.

ГУМШУДА Шиносномаи техникии њавлидории шањрванд Абдусамадов Лутфулло, сокини љамоати Россия, ки тањти №2084 (4334-њисоби техникї) дар Корхонаи фаръии баќайдгирии техникии ноњияи Рўдакї ба ќайд гирифта шудааст бинобар сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад.

*** Зан ба шавњараш: - Модаратон маро танбењ дода зери пой кунанд њам, Шумо гап назада меистед - а? Ман барои Шумо кї њастам а? Шавњар ба занаш: - Ту љаннати ман... Зан: - Барои чї набошад, тарафи маро намегиред? Шавњар: - Чунки "Љаннат дар зери кудуми модарон аст!"

? - И БОБ ЧИ ХЕЛ МУАЙЯН КУНЕМ, КИ ИН Ё ОН МОШИН ДАР РУЙХАТИ СИЁЊИ "ШАЊРИ БЕХАТАР" ЊАСТ Ё НЕСТ? - Аз моњи ноябри соли 2013 дар шањри Душанбе камерањои мушоњидавии "Шањри бехатар" насб карда шуд. Панљ сол мешавад, ки ронанда њастам. Аз замони насби камерањои мушоњидавї вобаста ба рондани воситаи наќлиёт ба суроѓаам то њол шукр, ки ягон огоњнома наомадааст. Аммо гоњи дигар ба шубња меафтам, ки мабодо боз дар ягон љо ќоидаи њаракат дар роњро вайрон накарда бошам? Бинобар ин, фањмидан мехостам, ки чї хел муайн кунем, ки ин ё он воситаи наќлиёт дар рўйхати ќоидавайронкунадагон ё ба истилоњ "рўйхати сиёњ" - и "Шањри бехатар" њаст ё нест? Алишер САФАРОВ, сокини шањри Душанбе - Њангоми тавассути камерањои мушоњидавии "Шањри бехатар" сабт шудани ќоидавайронкунињои њаракат, ба соњиби воситаи наќлиёт расми сабти њолати њуќуќвайронкунї ва амрномаи намунаи муќарраргардида бо ќайди андозаи љаримаи маъмурии таъиншуда ба "Почтаи тољик" фиристонида мешавад ва кормандони почта амрномањоро ба суроѓаи соњиби воситаи наќлиёт мерасонанд. Њамзамон ба њамаи соњибони воситањои наќлиёт хабар медињем, ки ихтиёран барои гирифтани маълумот метавонанд ба кабинети 10,11 ва 12- и шуъбачаи амалияи маъмурии "Шањри бехатар" и Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон мурољиат намоянд ва њангоми ихтиёран хабар додани шахс дар бораи аз љониби ў содир шудани њуќуќвайронкунии маъмурї љавобгарии маъмурї мутобиќи моддаи 49 - и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии љумњурї сабук карда мешавад. Ба саволи Шумо аз Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ОЁ МЕДОНЕД? - Дар љањон ягона давлате, ки њам дар Осиё ва њам дар Аврупо љойгир аст, Туркия аст. Туркия ягона давлате аст, ки 97 дарсадаш (755 688 км2) дар Осиё ва 3 дарсадаш (23 764 км2) дар Аврупо (ќисми Истамбул) љойгир аст. *** - Соли 1997 моликони ширкати Google мехостанд Google - ро бо нархи $1.000.000 ба ширкати Yahoo фурўшанд, аммо Yahoo таклифро рад намуд. Айни замон бошад нархи Google $250.000.000.000 меистад. *** - Моњи ноябри соли 1941 СССР ќарор дар бораи андоз бастани шахсони бефарзандро ќабул кард, ки шаш дар сади маошро дар бар мегирифт. Дар ќонуни мазкур гуфта шуда буд: мардони бефарзанде, синну солашон 20 - 50 ва занони бешавњаре, ки синну солашон 20 - 45 соњиби фарзанд нестанд, маљбуранд андозро супуранд.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (441), 20. 05. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"Додї - бурдї, надодї - мурдї". Пора надодагињо "бомж" мешаванд Мирзодиккак аз рафту омад ва љамъ кардани маълумотнома аз идорањои давлатї ба дод омад. Дањ маротиб њуљљат тахт карду боз нашуд. Дар охир аз ў талаб намудаанд, ки аз беморхона маълумотнома дар бораи фавти як фарзандаш аз соли 1992 -ум биёрад, вагарна ордери хонаашро, ки дар он 24 сол боз зиндагї мекунад, бекор мекунанду бо коммунисти матинирода Пахтагул Панљсолаева хоњу нохоњ ба хонаи бепарасторони ноњияи Ёвон кўч хоњанд баст, ё... ё аз барои гадої канори яке аз бозорњои беканорро "иљора" мегиранд, ё худкушї... Мирзодиккак њатто барои харидани банд пул надошт, то худро овезад, вале ќисме аз курсинишинони њукумати љонољонаш ўро ба њолаш намегузоштанд. Ќариб буд, ки ў ба Афѓонистон ба лагери Сахї рафта, аз Толибон маълумотнома дар бораи фавти фарзандашро биёрад, Худо мададаш кард, вагарна, хонандаи азиз, Мирзодиккак худкушї мекарду як "дастобрези њукуматї" кам гашта, љои сўњбатњои ширини ду љўраро дар њафтаномаи "Нигоњ" ќиссањои музофотї ишѓол менамуд. Имрўз бараъкси рўзњои ќаблї табъи Мирзодиккак болида буд. Ў на аз касе пул мепурсиду на парвои хубу бади дунёро дошт. Худованд рањми ќисме аз њукуматињоро худаш мехўрдааст, вагарна мисли Мирзодиккак баринњо, ки шиорашон "Њукумат дар хизмати халќ аст, на халќ дар хизмати њукумат" кайњо мемурданд… Мирзодиккак чунон сару либоси олуфта дошт, ки ба ќавли рањматии Бобои Ќаландар, дар сару либосаш "кайк буксават" мекард. Ў дар тарабхонаи "Вахш" нишаста буд. Назди Мирзодиккак фаворањо, ба ќавле, раќс мекарданду пешхизматњо мисли њурони бињишт наздаш таъомњои лазиз мегузоштанд. Мирзодиккак аз зери айнакњои оинабандиаш дўсташ Ѓалтакро дид, ки бо шитоб аз ќафои зиндагї љониби бозори Шоњмансур дар тоз буд. Ў аз љой бархост ва бо тамоми ќувва аз ќафои Ѓалтак дартоз шуд. Баъди чанде љўрањо сари хони пурнозу неъмат ќарор гирифтанд. Суњбати Мирзодиккаку Ѓалтак аз рўи сару либос ба сўњбати вазиру дењќон шабоњат дошт. Дар асл онњо њамон ду зиёии оддї тољик будаанд, ки асли њолро мегуфтанд, то ки "боло" -ро аз шунидани мадоњии зиёде хоб набараду дар андешаи ободии диёру љорї намудани адл бошанд, зеро адл пояи давлат аст.

Ѓалтак: - Ба хаёлам, њамаи масъалањои доштагият њал шуд? Ташвиш кам шуд. Пул бошад сар кор кор мекунад. Аз њама дарди бедаво ин камбаѓалї. Мирзодиккак: - Њукумати мо њукумати мефањмидагињо. Нафањмед мисли ман аз тарси пули об, барќ, гази набудагї ва андоз гурехта мегардеду дар хусусї намудани як хона худатонро дар дањ љой љўраи Амиршо Миралиев муаррифї мекунеду коратон иљро намешавад. Боаќл одам корро бо Љорљ Вашингтону Бобои Сомонї њал мекардаасту мо Охунову Миралиев гуфта гаштем -да! Ѓалтак: - Мегум, нав фањмидї!? Њоло ин љо майдони "Озодї" нест, ки болои об ба ишкам зада њукумати ќонунї гуеду аз ќафои "палковник исёнгар" то ба ноњияи Љиликул "хоинони миллати тољик" гуфта, садо бардоред. Њоло мегўянд, ки додї - бурдї, надодї мурдї.

Мирзодиккак: - Дар ин љо, дўсти азиз, њукумати љонољону давлати ягонаи мо гуноњкор нест, ќонун ва шахсони масъул аз рўи инсоф не, балки барои њисобот кор мекунанд. Наход дар вазорату њукуматњо барои имзо њаќ бигиранду коррупсия надонад?! Ѓалтак: - Ака, коррупсияи мегуфтагият кайњо дар коррупсия ѓўтидагї. Дар куљо дидї, ки коргари коррупсия мошини хориљї надошта бошад? Онњо танњо ба поён менигаранд, агар ба боло нигаранд, дар ин маќомот кор намекунанд. Мирзодиккак: - Њукумати љонољони мо зўр, вале ќонунгузор додагиро њам гуноњкор мекунаду гирифтагиро њам. Љўраљон, ман ба њаминаш розї нестам. Мана устухонњои мурдаро аз Афѓонистон оварданам осон буд ё ин ки пул додану ќарорро гирифтанам?! Ѓалтак: - Шукрона кун, дар таблиѓи њукумату дастовардњои беназираш камаратро сахт баста

КАРИКАТУРАИ РЎЗ

гир, ваагарна… Мирзодиккак: - Њоло ист, Ќобилљон аз Русия пули зиёд фиристад ман дода, дода сардори коррупсия мешаваму хўрдагињоро сарашонро мехўрам, нахўрам номам Мирзодиккак нею авлодам - ориёї. Ѓалтак: - Мирзољон, беаќл нашав, њалли масъалаи пулу мансаб роњу равиши худро дорад. Замоне Сомонён буд, њозир дигартар шудагї. Бењтараш мебароем. Ин љо нишастагињоро њайрат зер кардагї, ки вазиру дењќон сари як миз дар кадом мавзўъ суњбат мекарда бошанд. Љўрањо ба роњ баромаданд. Мирзодиккак дари мошинаи "Лексус" -ро кушоду Ѓалтак вориди он шуд. Ќисмеро њайрат зер карда бошад њам, вале табиат роњу равиши худро дошт. Осмони Душанбе гоњо беѓубор буду гоњо бо пайдо шудани абрњои сиёњ тундар њамаи ин хомуширо халалдор менамуд.

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Умедљон АБДУРАЊМОНОВ, љияни худхондаи Азим Иброњим ва Шукурљон Зуњуров: - Бо роиси ноњияи Фирдавсї тамос гирифтам. Худамро ёрдамчии Азим Иброњим, муовини аввали сарвазир муаррифї намудам. Гуфтам, сокини ноњияи Фирдавсї Муњиддинова Фотима, соли таваллудаш 1935 аст. Дар љашни Ѓалаба ўро кўмаку дастгирї кунед. Онњо дархостро ќабул карда гуфтанд, ки њатман меёбем ва кўмак мекунем. - Якбора ба раиси раисон занг зада, мегуфтед, ки халоиќ ба љойи кору маош муњтољ аст, як кўмаку дастгирї намекунед? Яке ба доди мо њам мерасиданд? Муњаммад ЭГАМЗОД, сухангўи сафорати Тољикистон дар Русия: - На танњо ба ќатлу куштори шањрвандон, балки ба њар як њаводисе, ки бо шањрванди мо дар хориљи кишвар рух медињад, вокуниши љиддї бояд дод. - Рост мегўед! Ин љо ришатро метарошанд, он љо саратро мебуранд... Ин чї гап худаш? Мемонанд, ки одам барин зиндагї кунем, ё не? Исфандиёр АБДУРАЊМОНОВ, собиќ роњбари ташкилоти "Созандагони Ватан": - 14-уми март дар боѓи марказии ноњияи Њисор 30 дарахт шинондодем, бегоњї омада, дар ахбор мехонам, ки 3 њазор дарахт ба муносибати 3 - њазорсолагии Њисор шинонида шуд, чї даркор халќро фиреб дода? ба Љаноб маълумоти бардурўѓ расонед? - Як баччи каппа-калон шудеду њолиям ахбор тамошо мукунед-мї? Абдулфаттоњ Сї Сї, президенти Миср: - Агар шањрвандони Миср хоњони таѓйирот дар сатњи роњбарии кишвар шаванд, ќудратро ба фарди дигар вогузор хоњам кард. - Мабодо Барак Обамаро дар назар надоред? Мино, сароянда: - Бе ягон муболиѓа мегўям, ки пазанда ва кадбонуи моњир њастам. Касе аз дасти ман об хўрад, гумон мекунад, ки асал хўрда истодааст. - Бовар карда мешад-мї? Чанд касро об ва асал додед? Дэвид ЛЕЙН, намояндаи ИМА дар ољонсии озуќа ва кишоварзии СММ: - Дар Тољикистон танњо њудуди 20%-и кўдакон дар ваќти муайян ѓизои солиму љавобгў ба талабот ва инкишофи организм истеъмол мекунанд. - Наход?! Ба њисоби мо аз 8 - 10 оила бештар нестанд ин хушбахтакон... Ќосимшо ИСКАНДАРОВ, раиси Маркази омўзиши Афѓонистон: - Давлати исломї - ДИИШ як созмоне њаст, ки дар минтаќаи калонтар аст, як созмоне њаст, ки дигар марзњоро намешиносад, миллатро намешиносад, нажодро намешиносад, забонро намешиносад, яъне тарње њаст, ки домана ё љуѓрофиёи он бисёр васеъ аст ва тамоми кишварњои исломиро дарбар мегирад, аз ин нигоњ нисбат ба толибњо њам фарќ дорад. - Ээээээ! Бе рекламаи Шумо њам, њатто полковникњои мо, мансабу вазифањоро партофта рафтан доранд, монед њамин гапњоро...

Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.