Нигох №09 (442). №9 (442). Чоршанбе, 27-уми майи соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

1

Зулайхо МАЊМАДШОЕВА:

«Иљораи "Кохи Борбад" 32 њазор доллар аст...» №9 (442). Чоршанбе, 27-уми майи соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

НАЗАР

Ману мову Бозор... Ба хурду залил кардани як шоири барљаста кї манфиатдор аст?

САЊИФАИ 5

ТАЪРИХ

Истеъфои охирин ва бебозгашти Њаёев САЊИФАИ 6

Пушти ришу њиљоб Дар Тољикистон сарнавишти Эрони Пањлавї такрор мешавад?

СИЁСАТИ КАЛОН

"Худам, акам, бачаи акам..." Ќонун дар бораи коррупсияро бояд риоя кард, ё ислоњ?

"Братан"-у "братишкањо" ба љойи Эшони Нуриддину Њољї Мирзо

САЊИФАИ 7

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Номаи кушоди Мирзодиккак ба Кабирї САЊИФАИ 16

САЊИФАИ 7


АМНИЯТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

2

Пушти ришу њиљоб Дар Тољикистон сарнавишти Эрони Пањлавї такрор мешавад? шрия мегўяд, агар њукумати Афѓонистон бо Толибон сулњ кунад, љангиёни ўзбакистониву тољикистонии њамкори онњо ба кишварњои худ бармегарданд. Аз нигоњи нашрия, иллати шиддати ноамнињо дар Ќундузу Бадахшон, вилоятњои њаммарзи Афѓонистон бо Тољикистон эњтимолан ин аст. Маркази исломї ва Кумитаи дини Тољикистон ин паёму њушдорњоро бељавоб намонданд. Аз нигоњи онњо, хориљ аз Тољикистон аз дастовардњои сиёсатњои динии њукумати Эмомалї Рањмон - Донишкадаи исломї, Гимназияи исломї, 4 њазор масљиди панљваќта ва љомеъ, таљлили Соли Имоми Аъзам, ќабули Ќонуни озодии виљдон ва иттињодияњои динї ва... хабар надоранд. Ба ќавли онњо, Тољикистон марњалаи ноамнињоро гузаштааст ва кишварњои хориљ ба амнияту суботаш... "њасад мебаранд".

"Њиљобу риш" - и мо байнулмилалї шуд. Ба ќавле, "кал зам заду кўр њам зад, пасмонда кулўх њам зад". Оятуллоњ Носир Макорими Шерозї, руњонии шинохтаи Ќуми Эрон, 8 май, дар намози љумъа бо такя ба ахбори расонањо ба президенти Тољикистон паём фиристод, ки "матлаби тунде дар бораи њиљоб гуфта" - ву "дар пайи он дар кўча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд". Ў дар ин "паёми дўстона" мегўяд, "мо ин корро дар замони Ризохон таљруба кардем, вале мардум таслим нашуд". 16 май нашрияи "Њашти субњ" - и Кобул низ аз њукумати Тољикистон даъват кард, ки пушти ришу њиљоб нагашта, дар пайи рушди иќтисод шавад, зеро шайхњои пулдори араб дандон тез кардаанд, то љангро аз Афѓонистон ба Осиёи Марказї кашанд. Ин на-

Пушти вокунишњо Аз Ѓарб ва олами араб вокуниши дигареро наметавон интизор буд. Дар ќиёс бо Эрону Афѓонистон ин ду аз Тољикистон на фаќат ба фосила дуранд. Бахусус, Ѓарб дар њама њолат гапи худро меёбад ва аз њар тањаввул суди худро мебардорад. Солњои 90 - ум, ваќте дар Тољикистон озодињои динї густариш ёфтанд, мегуфт, исломињову тундгароњо рушд мекунанд. Имрўз, ки онњоро ба бозии худ даровардааст, зиёдтар ба бонг аз озодињои онњо мекунад, то рушд кунанд. Кишварњои арабї, ки то дирўз аслан ба озодињои динї дар Тољикистон таваљљўњ надоштанд, њоло тариќи 4 телевизион даст ба интиќод задаанд. Аммо Эрону Афѓонистон? Пушти баёнияњои ѓайрирасмї дар Эрону Афѓонистон њам ишорањои расмї нуњуфтаанд. Аз як љониб, ин њол моро наметавонад нигарон накунад, зеро ин ду кишвар бародар ва њамдину њамзабони Тољикистонанд. Дар њама њолат пуштибони билќувваанд ва њамеша ба Тољикистон такя мекунанд. Аммо ин низ аз касе пўшида нест, ки пас аз сари ќудрат омадани Њасани Руњонї дар Эрон ва Ашраф Ѓанї Ањмадзай дар Афѓонистон рафтуои мо ба монанди даврони Њомид Карзаю Мањмуди Ањмадинажод нест. То ба њол роњбарони нави Эрону Афѓонистон расман ба Тољикистон наомадаанд (Њасани Руњонї соли гузашта барои ширкат дар љаласаи сарони Созмони њамкорињои Шанхай омада буд). Аз ин хотир, ваќте Маркази исломї ва Кумитаи дин мегўянд, "аз ќадиммулаём мардуми тољик бо мардуми Эрон робитањои фарњангию иќтисодї ва сиёсии хуб доранд", "ба умеди кайк пустинро оташ назанед" ва Оятуллоњ Макорими Шерозї мегўяд, "дар шароите њастем, ки бояд байни миллатњо ва давлатњо вањдат бошад..." ишорањои пинњон ба "гузаштани гурбаи сиёњ" миёни кишварњои бародар мекунад, ки ин як бањси алоњида аст.

Аммо то куљо паёму њушдорњо аз Кобулу Тењрон ва Душанбе "њасад ба амнияту субот" - и Тољикистон буда метавонанд?

Эрони "моргазида" "Њашти субњ" - Кобул "бањси ришу њиљоб" заминањои афзоиши норизоиятињо дар љомиа ва як гуна њамдастї бо гуруњњои террористиву ифротї ќаламдод мекунад, ки мехоњанд аз Афѓонистон ба Тољикистон убур кунанд. Ин њарфи нав нест. Наметавон мањз онро далели боризи кашидани ин ќабил гуруњњо ба Осиёи Марказї гуфт, зеро менељерони ин љанг пушти пайдо кардани далел њам нестанд. Аммо ишораи Оятуллоњ Макоримї ба даврони Ризохон, ё Ризошоњи Пањлавї ба миёни гузоштани таљрибаи "як шахси моргазида, ки аз ресмони ало метарсад" - ро мемонад. Омўзиши даврони Ризошоњ Пањлавї ва њам писараш Муњаммад Ризо нишон медињад, ки он чї имрўз дар кишварњои Осиёи Марказї, минљумла Тољикистон мегузарад, шабоњатњои барљастае ба даврони онњо дорад. Яке аз сиёсатњои хонадони Пањлавї - ѓарбикунонї ва исломзудої буд. Онњо ба хотири табдил додани Эрон ба як љомиаи ѓарбї корњоеро анљом доданд, ки исломи сиёсии аслан дар сањна набуда ба майдон омад, тавре сиёсатњои Шўравї муљиби ба сањна омадани Њизби нањзати исломии Тољикистон шуд. Онњо чї кор карданд? Пеш аз њама бозгашт ба дини тоисломиро бар ивази исломро њадаф ќарор доданд. Ба ин хотир, як Пажўњишгоње ташкил шуд, ки вазифааш аз калимањои арабї тоза кардани забони форсї буд. Номњои арабии одамонро ба форсї расман иваз карданд, масалан, агар касеро дар хона Алї ном буд, дар санад Кова зикр мешуд. Дар мањфилњои дарбори шоњ њама бояд либоси аврупої мепўшиданд, марду зани эронї валс мерафтанд, меъёри муайяни шаробро

бо шеваи муайяншуда аз љониби маќомот менўшиданд. Дар ин мањфилњо либоси аврупої пўшидан ба занњои мусалмон њатмї буд. Њатто урёнии ќафаси сина бо сантиметр андоза мешуд. Тахтапушти онњо њатман бояд урён мебуд. Нўшидани шароб низ барои онњо њатмї буд. Айни ин корро бояд дар мањфилњои њукумати вилоятњо низ анљом медоданд. Дар кўчаву мактаб ва донишгоњу коргоњњо пўшидани њиљоб манъ буд. Ченаки пошнаи кафшу эзорро њам муайян карда буданд. Ва ѓайраву њоказо. Ин сиёсатњо бо маслињати мушовирони хориљї - он замон инглисњо амалї мешуд. Дар ин бозињо њам, тавре имрўз мебинем, Англияву Амрикову Иттињоди Шўравї ширкат доштанд. Онњо берањмона бо сарнавишти Эрон бозї мекарданд. Бубинед: Ризошоњ Пањлавї соли 1925 бо мусоидати инглисњо ва русњо Ањмадшоњи Ќољориро сарнагун кард ва ба ќудрат расид. Соли 1941 ваќте аз хати кашидаи онњо берун омад (розї нашуд, ки пойгоњњои ниомии онњоро дар ќаламрави Эрон љой дињад), ўро ронданд. Шоњи Эрон соли 1944 дар Йоханесбурги Амрикои Љанубї вафот кард (соли 1944 писараш боќимондањои љасадашро ба Тењрон овард). Русу англис ба хоки Эрон таљовуз карда, соли 1942 писари Ризошоњ - Муњаммад Ризоро ба тахт нишонданд. Муњаммад Ризо танњо соли 1967 расман шоњ эълон шуд. Мањз дар замони ў исломи сиёсї ба вуљуд омад ва низоми яккањизбї љорї шуд. Мањз бо кўмаки Исроил ва Амрико созмони љосусии САВАК ташкил шуд, ки равшанфикрон ва руњониёнро таъќиб мекард. Дар асл ќудратњо барои нафти Эрон мељангиданд. Ширкати нафтии Англияву Эрон нафти Эронро дар даст дошт. Эронињо соли 1951 милликунонии ин ширкатро талаб карданд. Шоњ Муњаммад Мусаддињро сарвазир таъин намуд, ки соли 1951 бо пуштибонии ў парлумони Эрон Ширкати

САДОИ МАРДУМ

40%

6%

6%

10%

3%

Мушкиле надорам

9%

Мушкили дигар дорам

Бекорї

10%

16%

Њамаи ин мушкилињо

12%

Муњољирати корї

15%

Сињатии ањли оила

20%

Маоши кам ва ќимматї

25%

Иљорашинї

30%

Бедонишї, аз таълим дур мондани фарзанд

35%

5%

ЊАМАГЇ 2% МУШКИЛ НАДОРАД

37%

2%

0% 1

2

3

4

5

6

7

8

9

Тибќи назарсанљиии ахири "Нигоњ" 2 фоизи мардум фикр мекунанд, ки дар зиндагї мушкиле надоранд. Дар ин назарсанљї, ки бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews баргузор шуд, беш аз 500 нафар ширкат кардаанд. 2 фоизи пурсидашудагони ин пурсиши виртуалї ба саволи "Чї шуморо бештар ба ташвиш меорад?" посух дода, гуфтаанд, ки мушкиле надоранд. 12 дарсад дар посух ба њамин савол - "Бекорї"ро мушкили худ хондаанд. 16 фоизи дигар гуфтаанд, ки онњоро бештар "маоши кам ва ќимматї" ба ташвиш овардааст. Дар њамин њол, 9%-и респондентон гуфтаанд аз "бедонишї ва аз таълим дур мондани фарзандон"-

ашон нигаронанд. Аммо 10 дарсади дигар дар посух ба њамин савол, гуфтаанд, ки шароити "муњољирати корї" ташвишашон медињад. 6 дарсади дигари ширкаткунандагони ин назарсанљї гуфтаанд, аз набудани манзили доимии зист азият мекашанд ва дар ќатори мушкилоти номбаршуда варианти "иљорашинї"-ро нохун задаанд. 6 дарсади дигар гуфтаанд "сињатии ањли оила" онњоро ташвиш медињад. Аксари раъйдодагон - 37 дарсад иќрор шудаанд, аз "њамаи ин мушкилињо" дар ташвишанд. 3 дарсад гуфтаанд, ба мушкилоти дигар гирифторанд ва њамагї 2 дарсад гуфтаанд, умуман "мушкил надорам". Ин назарпурсї ѓайрирасмї буда, аз 19-ум то 26уми майи соли љорї идома дошт.


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

3

Аз ёр, ё аѓёр? Хатарњои хориљї таъкид мешаванд, аммо чаро хатарњои дохилї на?

нафтии Англияву Эронро миллї кард. Англисњо рафтанд ва ба нафти Эрон эмбарго эълон карданд. Соли 1952 њукумати Мусаддињ равобиташро бо Англия њатъ намуд, Муњаммад Ризоро аз Эрон ба Аврупо ронд. Англия бо Амрико сари тањсими даромадњои нафти Эрон тавофуњ карданд ва соли 1953 Њукумати љабњаи миллии Мусаддињро бо кўмаки генералњои эронї сарнагун намуданд. Муњаммад Ризо ба Эрон баргашт ва њудратро пурра ба даст гирифт. Соли 1954 њукумати Эрон бо Консорсиуми байнулмилалии нафт (КБН) созишнома баст. Бино ба он, 95% дарсади сањми КБН ба ихтиёри 8 ширкати хориљї гузашт: Ширкати нафтии Англияву Эрон (40%), ки ба "British Petroleum" табдили ном кард, ширкати англисиву њоландии "Royal Dutch Shell" (14%), 35% ба "панљгонаи амрикої" ("Стандарт ойл" - њои Ню-Джерси ва Калифорния, "Сокони мобил ойл", "Тексако", "Галф ойл корпорейшн") ва 6% - ширкати фаронсавии "Компани франсез де петрол". Эрон фањат 50% - и фоидаи софро ба даст меовард. Созишнома барои 25 сол - то охири соли 1979 ва барои тамдид то соли 1994 баста шуда буд. Њарори миллї кардани саноати нафти Эрон аз соли 1951 аз байн рафт (маълумот аз "Википедия"). Соли 1979, ки љањонро Амрико ва Иттињоди Шўравї идора мекарданд, амрикоињо инњилоби исломиро роњандозї намуда, хостанд, тавре дар Арабистони Саудї њаст, пурра нафти Эронро тањти ихтиёри худ њарор дињанд. Инњилоби исломї ба вуњуъ пайваст, Муњаммад Ризо ронда шуд (Англия ва Амрико - њамкоронаш ўро њабул накарданд ва соли 1980 дар Њоњира вафот кард). Аммо њукумати Имом Хумайнї равобиташро пурра бо Амрико ва Иттињоди Шўравї њатъ карда, њардуро "тоѓут" эълон намуд. Амрико ба нафти Эрон даст наёфт. Њукумати Эрон ширкатњои аврупої, аз љумла "British Petroleum", "Shell" ва "Total" - ро њамчун њамкор њабул кард. Дар замони тањримњо алайњи Эрон то панљ - дањ соли пеш ин ширкатњо дар Эрон кор мекарданд. Бо ин вуљуд, њамоно гуфтан наметавон, ки Амрико ва Аврупо аз Эрон даст бардоштаанд. Нармињое, ки миёни онњо имрўз мушоњида мешавад, эњтимолан шуруъи дигари бозгашти Амрикову Аврупо ба

«

соњаи нафти Эрон аст, ки чї тавр анљом мешавад, маълум нест.

Зўри бењуда Сарнавишти Тољикистон њам чизе монанд ба ин аст, ки агар дуруст тањлил кунем, такрори њамон таърихро мебинем. Дар умум муносибати ќудратњо бо мо - оламе, ки "љањони сеюм" мехонанду барои онњо бегона аст ва низомњои њанўз нокомил дорад, чунин буду њаст. Аз ин нигоњ, тавозунсозињои Тољикистонро миёни ќудратњо то ба њол метавон муваффаќ њисобид, аммо ин воќеиятро набояд аз эътибор соќит кард, ки њамоно шарики стратегии њукумат на Русияву Чину Амрико, балки њамин мардуми пуртоќаташ аст. Мардуме, ки њиљобу ришашро њам гирї, ба хотири амнияти миллї садо намебарорад. Хоњ - нохоњ Эрону Афѓонистон дўстони хуниву фарњангиву сиёсии Тољикистон боќї мемонанд, ки агар наметавонанд мисли Чину Русияву Амрико халтањои долларро сараш резанд, дар фикри тасарруфу таљовузаш нестанд. Эрон аст, ки чашми њамсояњои дуру наздик аз Тољикистон метарсад. Агар Афѓонистон, бахусус тољиконаш, ки имрўз аз сўи "шоири миллат" - и мо - Бозор Собир паштун хонда мешаванд, набошанд, њамон марњум шањид Ањмадшоњи Масъуд намебуд, эњтимоли интиќоли љанги Афѓонистон ба Осиёи Марказї 15 соли пеш вуљуд дошт. Њоло хеле мавриди бањс аст, ки Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон дар суханрониаш бахшида ба Рўзи модар љое ишора ба "либосњои эрониву афѓонї" надошт, пас кї ин фитнаро ба миён андохт? Президент аз эњтироми либоси миллї гуфт ва аз касе пўшида нест, ки чун тољикон мусалмонанд, либосашон њам њиљоб аст. Аммо чанд милисае, ки сиёњро аз сафед фарќ намекунанд, маъракаеро ба по кардаанд, ки аз њиљобу риш фаротар рафта, њоло ба як њангомаи байнулмилалї табдил шудааст. Аз ин барнома љуз ин њама сарусадо, чизи дигаре ба даст наомад. Вазорати корњои дохилї њам расман мављудияти кадом дастур барои тарошидани риши мардон ё кашидани њиљоби занонро рад кард. Пас равобити хориљии моро милисањои ќаторї муайян мекунанд? Ишораи Њуљљатуллоњи Фа-

ѓонї, сафири Эрон дар Тољикистон ба ин, ки љонибњое мехоњанд мањдудияти мазњабї дар Тољикистонро ба бањси ихтилофи Душанбеву Тењрон табдил кунанд, магар сињат надорад? Њатто сафири ин љумњурии исломї бармало ишора мекунад: "њиљобе, ки дар Тољикистон зери суол рафта, на эронї аст ва на афѓонї, балки ба кишварњои дигар тааллуќ дорад". Сафири Эрон намегўяд, ки ин кишварњо кадоманд. Сухан аз забони Луќмон хуш аст. Нусратулло Зокиров, сардори шўъбаи пажуњиши њуќуќи исломии Маркази исломшиносї дар назди Президенти Тољикистон ва Шарофиддин Фозилов, мутахассиси пешбари шўъбаи пажуњиши маъхазњои исломии ин марказ дар матлабе бо зикри ин, ки шариати исломї ягон шакли муайяни либоси диниро барои њамаи мусалмонњо таъин накардааст, возењ баён мекунанд: либоси сиёњ ва сатри арабї, ки мероси анъанањои замони љоњилияти араб буд, ба шароити љуѓрофии Арабистон мувофиќ аст, аммо дар Тољикистон шароит дигар асту либоси миллии мо низ њеч мухолифате бо шариати Ислом надорад... ва мо њељ ваќт сатри арабиро, ки ба шароити љуѓрофии мо мувофиќ набуд, ќабул накардаем". Аммо хулосаи асосї њамоно ин мемонанд, ки бо њиљобу риш мубориза бурда шавад, ё нашавад, моњияти сиёсатњои бузургро таѓйир наметавон дод, тавре таљрибаи Эрон нишон медињад. Пањлавї маъќул набуд, Хумайниро оварданд. Ин маъќул нест, дигареро њатман мадди назар доранд. Ќудратњо кореро, ки мехоњанд, кунанд, мекунанд, агар кишварњои мо ба табли онњо раќсанд. Амрико агар ба њадаф нарасид, Русия ба њадаф мерасад. Ахирї набошад, Чин њам бачаи холамон нест. Ба умеди ризоияти кадоме аз инњоро ба даст овардан мухолифат бо љомиаи худ кори њукумати хуб нест,тавре гуфтем, њаркори стратегии њама гуна њукумат пеш аз њама халќ аст. Агар њадаф миллї кардани либос ё ба тартиб даровардани ришу дар умум умури дин аст, бењтараш аз роњи таблиѓ пеш рафт, на зўр. Нињоят, бояд ба онњое дастак надињем, ки даст ба насињати мо зананд. Маркази исломии Тољикистон њам дуруст зикр кардааст: "Ба умеди кайк пўстинро набояд сўхт". Далери ХАЙРУЛЛОЊ

Устод ваќте Тољикистон меомаданд, њатман маро хабар мегирифтанд, ман барои он кас аппаратураву дигар таљњизотњои техникиро дуруст мекардам, ки овора шуда, аз Ўзбакистон набиёранд. Њозир доимо тариќи телефон бо он кас сўњбат мекунем.

«

26 май дар шањри Душанбе љаласаи серўзаи Шўрои рањбарони нињодњои амниятї ва хадамоти махсуси кишварњои узви Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ (ИДМ) шуруъ шуд. Сомонаи Кумитаи иљроияи ИДМ бо пахши ин хабар гуфтааст, ки рањбарони нињодњои амниятї тадобири муштарак барои таъмини амнияти иттилоотї, мубориза бо терроризму экстремизм, масъалаи фаъолшавии созмонњои экстремистиву радикалии миллатгарои нав ва ширкати эњтимолии онњо дар тарњњои "инќилобњои ранга" - ро баррасї мекунанд. Дар ин љаласа тадобири дигар, аз љумла муќовимат бо "Давлати исломї" (Давлати исломии Ироќу Шом (ДИИШ) ва табодули таљриба дар амри муќобила бо густариши экстремизми динї ва идеологияи терроризм низ матрањ мешавад. Ин љаласа дар њоле баргузор мешавад, ки "инќилобњои ранга" то имрўз як узви ИДМ - Гурљистонро аз ин иттињод берун кардаву яки дигар - Украина дар њоли ќатъи узвият аст. Инчунин, ба иттилои расмї, њудуди 3 њазор шањрванди ИДМ дар сафњои ДИИШ дар Сурияву Ироќ ва Афѓонистон мељанганд ва ахиран байраќи "Давлати исломї" дар марзњои љанубии пањно - вилоятњои шимолии Афѓонистон - Форёб, Ќундуз ва Бадахшон баланд шуд.

Ташхиси нодуруст Њељ кас инро бањс карда наметавонад, ки пушти "инќилобњои ранга" ва "Давлати исломї" манофеъи кадом кишварњо истодаанд ва агар аз онњо љилавгирї нашавад, чї бадбахтињое ба сари мардуми ИДМ хоњад омад. Танњо тасаввур кардани он, ки "Давлати исломї" дар Ироќу Шом чї мекунад, кофист, ки пањнову вусъати ин хатар, балки вањшоният эњсос шавад. Кишварњои манфиатдор барои пиёда кардани манфиатњои худ њатто хуни занону кўдаконро ба пашизе намегиранд. Ин њам љои гап надорад, ки манофеъи ин кишварњо хилофи манфиатњои миллии кишварњои ИДМ аст ва бо онњо бояд муќобила кард. Њамзамон ба љониби дигари масъала бояд таваљљўњ намуд: чаро дар љомиањои ИДМ майл ба "инќилобњои ранга" доранд ва шањрвандони ин пањно бо дарёфти сармояи хориљї даст ба ќатлу куштори мардуми бегуноњи Ироќу Шому Афѓонистон мезананд, балки ин нияти ботилро њам доранд, ки мардуми худро низ сар зананд, зану фарзандашро ба шевањои асримиёнагї ѓулом кунанд? Ва кор то љое расидааст, ки ба тахминњои пешакї, кормандони баландрутбаи маќомоти ќудратї њам роњи Сурияву Ироќро пеш гирифтаанд. Ба истилоњи Лоњутї, "ватан вайрона аз ёр аст, ё аѓёр, ё њарду?" Албатта, њарду. Аѓёр ё душманон маълум, ки чї мехоњанд. Аммо чаро "ёр" бо "аѓёр" њамнишинї мекунад? Чаро хатмкардагони мактабњои кишварњои демократї ва њуќуќбунёди ИДМ, бигзор на њама, ба террористу экстремист табдил меёбанд? Мутаассифона, дар сатњи боло-

ву поён ин љанбаи масъала њоло ањамияти худро гум карда, бештар якљониба баррасї мешавад. Ташхиси мушкил дуруст нест.

ИДМ - мактаби ДИИШ? Афроди огоњ дар болоњо бар љанбаи иќтисодї ишорањо кардаанд, ба ин маънї, ки амнияти миллиро наметавон бидуни иќтисоди муътадили рў ба рушд таъмин кард. То замони эълони тањримњо алайњи Русия раванди муътадили рушди иќтисодї дар кишварњои ИДМ, бахусус Тољикистон мушоњида мешуд. Пас аз тањримњо вазъ таѓйир хўрд. Њоло вазъи иќтисодии Русия бењбуд меёбад ва интизор меравад, кишварњои њамкораш, ки дар ќатори онњо Тољикистон низ њаст, аз офатњои иќтисодї эмин хоњанд монд. Дар чунин њолат њам бо низомњое, ки дар ин кишварњо њукм меронад, эњтимол дорад њар марњалаи рушд ба суќуте дигар мувољењ шавад. Сабаб њам ин аст, ки ин љомиањо торафт худкоматар мешаванду арзишњои демокративу мардумсолорї, бахусус, интихоботњояшон ба спектаклњои якхела дар сањнањои гуногун табдил меёбанд. Табиист, ки ваќте раъйи мардум ба назар гирифта намешавад, онњо аз низомњо норозї шуда, бо мусоидати дастњои хориљї ё даст ба "инќилоби ранга" мезананд ё роњи Сурияву Ироќро пеш мегиранд. Тамоми соњањо, њатто соњањои иљтимоие, назири маориф ва тиб, дар кишварњои ИДМ ба фасод ѓўтидаанд. Бахусус дар Тољикистон дар пайи ислоњоте, ки асосан бо сармоягузорињои хориљї роњандозї шуд, соњањои маорифу тиб на фаќат рушд накарданд, балки ба ботлоќи бетаге фурўтар мераванд. Озодињои иќтисодї насиби танњо як ќишри "элита" - и навкиса ва њукмроне њастанд, ки 25 сол ба ин сў сарватњои ИДМ - ро ѓорат карда, вазъро ба дараљае расонидаанд, ки ба истилоњ, "чизе барои дуздидан" намондааст. Ба љуз рањбарони ИДМ фарзандону хешу табор ва њаммањалњои онњо афроди муассир дар сиёсатњо шудаанд, ки ба гумон аст, аз тањаввулоти љањонї дарси ибрат гиранд. Шоистасолорї аз миён рафтааст. Дар ягон идораи ИДМ - суд, прокуратура, њукумати иљроия - бидуни пора кореро наметавон буд кард. Хуб, он чї аён аст, њољат ба баён нест. Кишварњои ИДМ њам аз ин воќеиятњо сўифтифода мекунанд. Ўзбакистон бо Тољикистон низоми раводид љорї кард, ба он далел, ки Њаракати исломиаш метавонад ворид шавад. Аксари кулли шањрвандони ИДМ, ки ба Сурияву Ироќ мераванд, дар масљидњои Русия "њидояти њиљрат" мегиранд. Маќомоти амниятии Русия гўё аз ин хабар надоранд, балки њис мешаванд, аз ин тањаввулот мехоњанд суд бардоранд. Ба як љумла: "инќилобњои ранга" ва љангиёни ДИИШ - ро аз лињози маънавї шароитњои ИДМ омода мекунад ва аз сўи Амрикову Саудї аз лињози моддї сармоягузорї мешаванд. Дигар њељ.

Фаромарзи Фозил


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

Ин ошхона, ки дар яке аз кўчањои ќарибии бозори "Корвон"- и шањри Душанбе воќест, ба ягон тарабхонаи дигар монандї надорад. Нахуст ќиссаи онро аз як дўстам шунидам, ки дар бозори Корвон соњиби дўкон аст. Ў бо шавќ наќле овард: ошхонае њаст, ки дар он пешхидматон ѓизоро меоранд, аммо пул намегиранд. Хўроки фармударо ба ягон коѓаз наменависад. Муштарињо пас аз истеъмол ваќти баромадан ба нафаре, ки метавон гуфт, хазинадор аст, таъомњои хўрдаашонро мегўянд ва ў мувофиќ ба гуфтаи муштариён маблаѓро муайян мекунад. Яъне, эътимоди пурра ба мизољ доранд! Ростї, ба ин наќл бовар накардам ва рањи ин тарабхонаи беназирро пеш гирифтам. Дар роњ ёдам омад, ки дар Амрико низ силсилањои тарабхонањо бо нархи муайяншуда њастанд. Масалан, ѓизохонае њаст, ки баробари ворид шудан дањ доллар месупоред ва чї хоњед, чї ќадар хоњед ва чанд бор хоњед, мехўред. Касе ба шумо кордор нест ва ё дигарон ба шумо нигоњ њам намекунанд, ки чаро ду ё се бор ѓизо хўрдед. Айнан ба њамин ресторани дањдоллара боз тарабхонањои чинї низ дар бисёр шањрњои Амрико раќобат мекунанд ва дар онњо низ бо пардохти 8 доллар чї ќадар хоњед, њамон ќадар истеъмол мекунед. Як навиштаи ин хўришхонаи чинї дар хотирам мондааст: "Ба Шумо дар ин тарабхона 300 намуди ѓизо пешнињод мешавад." Албатта, ба ѓизо на танњо таъомњо, балки намудњои гуногуни мева, сабзавот, шарбатњо, хўришњо ва ѓайра ворид мешаванд... Бо пурсуљў нињоят ин ошхонаро, ки дар намуд аз ягон ѓизохонаи дигар фарќе надораду танњо лавњи "Ошхонаи миллї" часпондаанд, ёфтам. Чун дар нимарўзї расидам, он пур аз мизољ буду ду - се пешхидмат дар либоси фарќкунанда серњаракат. Онњо танњо таъом меоварданд ва воќеан, на ба коѓазе менавиштанд ва на аз муштарие пул мегирифтанд ва на рафта ба хазинадор мегуфтанд, ки ин ё он мизољ чунин таъомњоро истеъмол кард. Ба њамин монанд ошхонањое њастанд, ки пешхидматњо аз мизољон пул намегиранд, аммо онњо ба як коѓаз фењристи хўрокњои хўрдаро навишта, ба дасти муштарї медињанд ва назди хазинадор ме-

«

"Шакархона" Дар бозори "Корвон" ошхонае фаъолият дорад, ки пардохти њаќќи хизмат ба виљдони кас вобаста аст фиристанд. Вале дар ин таъомхона муштариён худ аз рўи инсофу виљдон ба хазинадор чї истеъмол кардаанд, мегўянд ва ў арзишро муайян мекунад. Гумон кардам, шояд камерањои пинњонї насб шуда бошанд? На, дар ягон гўша чунин камера набуд. Бо яке аз муштариён, ки Илњом ном доштааст, њамсуњбат мешавам. "Ман медонам, ки дар баъзе хўришхонањо аз гўшти яхкардаи аз Эрон ё Њиндустон оварда авќот мепазанд, лекин дар ин љо ин тавр нест. Ман њар рўз ин љо нањорї мехўрам. Яке аз сабабњои асосии ба ин љо омаданам дар он аст, ки ба њалолии таъомашон

Аз рўи гуфтаи Ќамариддин, воќеан дар минтаќаи Корвон ошхонањои бисёр њастанд, ки аксарашон дар сари роњанд, вале дар ќиёс ба дигар љойњо онњо аз сари кўча хеле дуранд ва яке аз сабабњои то њол муфлис нашудани ин ошхона дар он будааст, ки онњо ба шароити мављуда иктифо ва пояшонро ба курпаашон мувофиќ дароз мекунанд.

«

бовар дорам. Гўшташон тоза аст. Нархи ѓизоњояшон низ он ќадар гарон нест. Масалан, як дона сихи кабоб 5 сомонї ва оши палав 8 сомонї аст..." Меандешидам, ки агар хўрок арзон бошаду ба муштарї саддарсад эътимод, чї тавр ин коргоњ гардон мешавад? Ин суол маро назди Ќамариддин Мањмудов, соњиби ошхона, овард ва аввалин кунљкобиам он буд, ки магар ба муштарї пурра бовар карда мешавад. "Бале, мо ќариб як сол аст, ки дари ошхонаамонро кушодем. То њол боре њам нашудааст, ки мизоље ѓизо хўрда бошаду пул надода ва ё дурўѓ гуфта. Баръакс, чунин њам шуд, ки ман аз коргаронамон шубња кардам, аммо аз муштарї њаргиз не. Борњо шудааст, ки мизољони мо баъди як ё якчанд рўз омада, иќрор мекарданд, ки фалон рўз авќот хўрда, пул доданро фаромўш кардаанд". Баъд Ќамариддин гуфтаашро шарњ дод, ки "њафтае пеш чор нафар хўрок хўрданду пеш аз рафтан ба яке аз кор-

мандонамон пардохт карданд, лекин он њамкорамон пулро ба хазинаор насупорид. Дирўз ваќте онњо такроран ба ошхона омаданд, дар њузури њамон корманд, ки аз онњо пул гирифта буд, пурсидем, ки дирўз пули таъомро ба кї дода будед. Онњо ба њамон корманд ишора карда, гуфтанд, ки ба вай 33 сомонї додаанд. Ман акнун маљбурам, ўро аз кор љавоб дињам, зеро аз ин тоифа дар оянда њам сар задани чунин рафтор эњтимол дорад. Барои мо эътимоди муштарї болотар аст..." Аз рўи гуфтаи Ќамариддин, воќеан дар минтаќаи Корвон ошхонањои бисёр њастанд, ки аксарашон дар сари роњанд, вале дар ќиёс ба дигар љойњо онњо аз сари кўча хеле дуранд ва яке аз сабабњои то њол муфлис нашудани ин ошхона дар он будааст, ки онњо ба шароити мављуда иктифо ва пояшонро ба курпаашон мувофиќ дароз мекунанд. Онњо аз гирифтани 10 15% аз арзиши хўрок, ки дар аксар таъомхонањо њамчун њаќќи пешхидматњо зам мешавад, худдорї мекунанд. Ин њам як омилест барои арзон кардани таъом. Аз рўзи ифтитоњ то аввали соли љорї, ќариб шаш моњ дар ин ошхона шакар бепул будааст ва муштариён њатто ин љойро "Шакархона" њам ном мегирифтаанд. Аз дидор бо кормандон ва махсусан, соњиби ошхона Ќамариддин хурсанду ќаноатманд будам, зеро тарзи муносибат ба мардум ишора ба он аст, ки њанўз инсоф дар байни мо зинда будааст. Сафои СОДИЌ

РАСМЇ

Эмомалї Рањмон дар Ромит машќгоњи њарбии кўњиро ба истифода дод Эмомалї Рањмон дар мавзеи Марѓоби дараи Ромит машќгоњи њарбии кўњиро ба истифода додааст, ки аввалин бора дар ин љо тамриноти муштараки низомиёни Тољикистону Чин баргузор мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Раиси љумњур Эмомалї Рањмон, Сарфармондењи олии Ќуввањои Мусаллањи кишвар дар мавзеи Марѓоби дараи Ромити шањри Вањдат машќгоњи њарбии кўњии воќеъ дар ин гўшаи баландкўњро мавриди истифода ќарор дод. Дар маросими ба ифтитоњ додани машќгоњ роњбарони њамаи сохторњои ќудратї, воњидњои низомї ва њам-

чунин роњбарияти шањри Вањдат ширкат доштанд. Дафтари матбуоти Президент, машќгоњи њарбии кўњиро барои машќу тамрин ва машѓулиятњои омодагии кўњї барои љузъутомњои низомї ва воњидњои махсуси сохторњои ќудратї басо муњим арзёбї кардааст. Эмомалї Рањмон дар суханрониаш гуфтааст, ки "Тољикистон кишвари кўњсор аст, зеро 93% њудуди онро кўњњо ташкил медињанд, аз ин хотир ба омодагии кўњии љузъутомњои низомї ва воњидњои махсуси сохторњои ќудратї бояд таваљљуњи хос зоњир карда шавад". Дар мавзеи мазкур шароити зарурї барои будубоши

тўлонї ва ё доимї ва барои ташкил ва гузарондани машѓулиятњои гуногуни омодагии кўњї, аз љумла кўњнавардї, обутоби љисмонї ва рўњї дар шароити душвори кўњистон, ба муддати тўлонї зинда мондан дар њолатњои муњосира ва ё дур мондан аз марказњои таъминотї ва њамчунин машѓулиятгоњњои махсус барои задухўрдњои танбатан бо усулњои гуногун, бозињои мухталифи варзишї ва њам тирпаронї аз намудњои гуногуни яроќу аслиња омода гардидааст. Шароити зарурї њамчунин барои истироњату фароѓат ва чорабинињои фарњангї низ муњайё аст. Ба гуфтаи дафтари матбуо-

ти Президент, дар ин машќгоњи њарбии кўњї ба наздикї машќњои муштараки љузъу томњои Ќўшунњои дохилї ва воњидњои махсуси маќомоти корњои дохилии Тољикистону Чин ташкил ва гузаронда мешавад ва рафти онро вазирони корњои дохилии давлатњои аъзои Созмони њамкории Шанхай мушоњида хоњанд кард. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дастур дод, ки њамаи сохторњои ќудратию воњидњои

низомї аз ин мавзеъ барои омодасозии љузъутомњои махсус ва кўњнавардии худ васеъ истифода намоянд. Ба масъулини Вазорати корњои дохилї ва шањри Вањдат њамчунин дастур дода шуд, ки дар љойњои холї дарахтони сояафкану ороишї ва мевадињанда шинонда, дар барќарорсозии љангалзор њам дар ин мавзеъи зебои баландкўњ сањмгузор бошанд.


ДАРИЧА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

мехоњад бигўяд. Чун як тан аз мухлисону ихлосмандони Бозор Собир наметавонам нозири ин њама сангафканињо бошам, наметавонам тањаммул кунам, ки шоири мањбуб дар як фурсати кутоњ ба обеъкти масхараи њамагонї табдил шудааст. Гоњ бо Ислом меситезад ва гоњи дигар хеле болотар меравад ва вуљуди Худовандро инкор мекунад, худро атеисту бехудо эълон мекунад. Ва боз ашъори њама шуарои гузаштаро зери мушту лагад мегирад. Ин ба љуз мазњака чизи дигаре нест. Вале мо ба ў минбар медињем, ки аз рўз ба рўзи дигар худро хурд кунад, пеши чашми миллионњо њаќиру нотавон шавад. Њоло танњо он чи монда, ки расонањо бипурсанд: љанозаашро баъди даргузашташ (чун мо њама дармегузарем ва касе љуз Худо боќиву поянда нест) бихонанад ё на? Њоло ки ин сатрњоро менависам, ба

Ману мову Бозор... Ба хурду залил кардани як шоири барљаста кї манфиатдор аст? Аз миён, инак, ду њафта сипарї мешавад аз замоне, ки шеъргунаи устод Бозор Собир дар мавриди Фархундаи афѓонистонї чоп шуд, бо тањрики расонањо агар хато накунам, як ё ду мусоњиба њам орост ва баъд пай бурд, ки хабарнигоре суолоти иѓвоангез њам медоду посухашро њам мегирифт. Ва баъди ифшои ин "асрор" љавоби тезутунде њам ирсол карду чопашро бидуни тањрир талаб кард. Дар суњбат бо хабаргузорињо гузаштаву имрўз, эътиќоди беш аз 8 миллион тољику тољикистониро тањќир мекунад ва худро шањрванди Амрико медонад ва ба сафири Афѓонистон тавсия медињад, ки аз болояш агар шикоят мебарад, ба додгоњи амрикої шикоят барад. Ва худ ќазоват кунед, њоли тољикеро, ки дар Вашингтон ќарор дорад ва бо эълони он, ки шањрванди Тољикистон аст, њафт пушти амрикоињоро дашному њаќорат мекунад. Ўро дар Вашингтон бояд парванда кунанд ё дар Тољикистон? Аз ин њам мегузарем, њаволаи баду нек ба Худо. Ин лањза намехоњам аз шеъру аз саволу аз љавобњои шоиру сафир бо хабарнигорон ёд кунам. Зеро атрофи он хелењо суњбат карданд, њарфњо куллан гуфта шуданд ва ба такрор дигар њољат нест. Вале ман як љанги расонаиро эњсос мекунад. Дар тасаввурам неруе Бозор Собирро дар моварои кўрдуд гузоштаву аз чор тараф сўяш санг мезананд, то фитад аз пой. Аммо Бозор талош мекунад худро устувор нигоњ дорад ва мисли оне, ки пояш лаѓжидаву шояд ба як ѓор ё чоњи бетак фурў равад, аз њар буттаву санг, ки ба дасташ мерасад, медорад. Аммо дар ин сангзанињо гумон аст ў устувор монад...

Албатта, ин як тахайюл аст, вале боз њам мебинам, ки орї аз воќеъият нест. Дар ќазияи Фархунда ва боз баъди њафтањои фољеаи дарднок шоире бо руњияи миллї дар Тољикистон мавриди тамасхури љомеа ќарор мегирад. Шоире, ки наметавонистем шеъри солњои 80 ва 90-и асри гузаштаро бидуни ному ширкати ў тасаввур кунем. Ба назарам расид, ки љињати хурду шарманда кардани Бозор барномаи махсусе дар њоли иљро ќарор дорад, ки барои ин аз расонањо њам истифода мешавад. Агар чунин намебуд, ба чопи ин гуна шеъргунаи бемантиќ мусоидат намекарданд. Барои амали чанд кавдану авбош ба як миллати дорои собиќаи бузурги таърихиву фарњангї ва њамсояву њамзабон марг хостан миллионњо бор љурми болотар аз ќатли Фархунда аст. Ин боз дар њолест, ки дар гармогармии фољеаи Фархунда дањњо шеърї олї сурудаву расонаї шуд: аз Сиёвушу Исфандиёр, то Адибаву Шањрияву Фирдавс ва чандин тани дигар. Чї њољат монда буд ба шеъргунаи ифротгароёна, ки худи муаллиф иќрор аст, ки шеъраш орї аз бадеият аст. Ёд дорам, ки аввалњои аз Амрико омадани Бозор барояш чорчўбаи хос муайян карда буданд, ки чї бояд гўяд ва чиро нагўяд. Ва гўё ўро шоири хуби мо Низом Ќосим идора мекард ва на танњо мусоњибањояш бо нашрияњо зери назорат гирифта мешуданд, балки иртиботаш бо њар расона мањз аз тариќи Низом Ќосим њамоњангї мешуд. Шояд баъдан дигар Низом Ќосим њам натавонист ўро идора кунад, шояд хаста шуд, ё шояд гуфтанд, ки акнун лаљом лозим нест, бояд ўро сар дод, то чизе

ростї, гиря аз гулуям мегирад. Солњои 80-и асри гузашта устод Бозор аз њама минбари расонањо дур карда шуда буд ва ин мо будем, ки худро зери фишор мегузоштем ва барояш имкон фароњам меовардем, ки аз минбари радио шеърашро бихонад, мањфилњои хоса ташкил мекардем, то ўро бишнавем. Аммо имрўз он Бозори ман дигар нест, ба љойи вай оне омада, ки ман ва садњову њазорњо ман баринњо ўро намешиносанд. Ман Бозорамро гум кардам ва Бозори динситезу Худоситезро ќабул надорам. Пас акнун боз њам мемонам бо њамон шеъри "Забони модарї"-ву "Девори Бухоро"-ву "Ањмади Дониш"...чун будан бе ин њама њам имкон надорад. Њоло бояд нерўе бошад, ки инро боздорад. Ва ин нерў боз њам фазои расонаї метавонад бошад. Набояд аз Бозор Собир парчами сенсатсия сохт. Ин расолати расонањо ва суханварон аст, ки ба чунин мавќеъгирї роњ надињанд. Ман њазорњо бор зидди онам, ки Бозорро тўдае кофиру мулњид меноманду борони њаќоратро ба сараш мерезанд. Куљост он зиёии оќил, ки садди роњи ин шавад? Куљост Иттифоќи нависандагон, куљост љомеаи солими шањрвандї? Пеши чашми мо шахсият нобуд мешавад, вале мо аз ўву андешањои ў сенсатсия месозем, ки Бозор чунин гуфту сафир чунон. Пас ин баёнгари рагњои мурда дар шарёни љомеа нест? Магар њаќ надорем бигўем, ки љомеа нимбемор асту комил гирифтори мушкили дастурхон шуда ва фурсати андешидан дар тафаккурро аз даст додааст?

Бобољони ШАФЕЪ

ХАБАР Як модари 23-сола аз шањри Панљакент дар тавалудхонаи №1-и шањри Душанбе чоргоник ба дунё овард. Субњия Норинова, сокини 23-солаи дењаи Варзи кандаи шањри Панљакент тўли як моњи ахир зери назорати табибони таваллудхонаи №1-и шањри Душанбе ќарор дошт ва бегоњии 22-юми май 3 духтар ва 1 писар таваллуд кард. Масъулини таваллудхонаи №1-и пойтахт мегўянд, вазъи кўдакон дар умум хуб аст, аммо аз сабаби пеш аз мўњлат ба дунё омаданашон њоло дар Шўбаи эњё нигоњ дошта мешаванд. Шавњари Субњия, Муродбек Бердиев, падари чоргоникњо дар Русия дар муњољирати корї ќарор дорад. Шањноза Каримова, навбатдори калоне, ки шоми 22-юми май кўдаконро момоягї кардааст, мегўяд, яке аз кўдакон бо 1 кг 350 грам ва боќї 3 нафари дигар 1 кг 100 гр вазн ба дунё омаданд. - Субњия дар Шуъбаи потологияи њомиладорї тўли як моњи зери назорати мо буд, зеро ќаблан медонистем, ки ў чоргоник та-

Таваллуди чоргоникњои навбатї дар шањри Душанбе валлуд мекунад. Шаби 22-юми май дарди таваллуд дар ў пайдо шуд ва ягон роњи пешгирї кардани ин таваллуди пеш аз мўњлат набуд. Соати 11:40 кўдакон бо садои гиря ба дунё омаданд. Дар таљрибаи ман ин бори аввал аст, ки чоргоник таваллуд мешавад. Ќаблан 2-3 гоник таваллуд шуда буд, аммо чоргоник таваллуд нашудааст. Дар таърихи таваллудхона ќаблан ин гуна таљриба буд, вале онњо дар 4-5 моњагї таваллуд шуда зинда намонда буданд. Вазъи саломатии модари кўдакон хуб аст,-таъкид кард Каримова. Шањноза Каримова мегўяд, њоло маълум нест, ки кай кўдаконро бо модарашон аз таваллудхона љавоб медињанд ва ин вобаста аст аз худи чоргоникњо, ки кай бењтар мешаванд.

Аммо Наргис Ниёзова, духтуре, ки чоргоникњоро парасторї мекунад мегўяд, вазъи кўдакон на он ќадар хуб аст ва онњо зерои назорати љиддї мебошанд. Субњия Норинова, модари чоргоникњо мегўяд, якбора соњиб шудан ба 4 фарзанд ўро хеле хушбахт кард. Вале ў мегўяд то њол ба фарзандонаш ном нагузоштааст. Ин дуввумин таљрибаи таваллуд шудани чоргоник дар соли равон аст. Моњи феврали соли равон Гулшан Маљнуноваи 26сола, сокини ноњияи Ёвон чоргоник дар дунё оварда буд. Президенти Эмомалї Рањмон ба ин оила дар маркази шањри Душанбе як хонаи 3-њуљрагї таќдим кард. Солим таваллуд шудани чоргоник дар Тољикистон воќеаи камназир аст.

5

Фаридун Рањнавард Шумо мегўед, ки ваќт мегузарад, аблањон Шумо мегузаред... Аз хотира

Кош Худо подшоњ мебуд! Баъди суњбати охирин бо дўсти њамакораам - Шералї ба хулосае омадам, ки умри мо њам аз ним гузаштааст, аммо дањ соли ахир дар њаёти мо њеч пешравие нест. Агар сохтмонњои калону боѓњои фароѓатии бешумори пойтахт, ки номњои ба њамдигар монандашон дигар дар ёдњо намеистад, набошанд, чизе дар ин дањ сол гўё таѓйир нахўрдааст. Ќасру кўшкњои мансабдорону атрофиёни пулдорашон, ки ѓайриќонунї дар заминњои обии атрофи пойтахт ќомат афрохтанд, мошинњои бадвоњимаи онњо, ки пушти шишаи сиёњаш чи чењраи наљиб, ё касифе пинњон аст, ба мардуми муќимї маълум нест, бемаъниянд. Зиндагии мардуми мањаллї, мисли деворњои каљу килеби дења, њамоно таъмир мехоњад. Вале соњибони мошинњои бадвоњимаро њаёти ин мардум умуман ба ташвиш намеорад. Мардум, хаппу дам, бо оромии магасњои лаби љўйбор аробаи рўзгорашонро мекашанд, гоњ ба пеш, гоњ ба ќафо. Касе аз инњо њатто ёрои гап задан намекунад, ки чаро соњиби мошини сиёњ дарвозахонаашро беш аз њад васеъ карда, ба роњи калони дења баровардааст. Аз пурсидан метарсад, ки чаро љўйборе, ки замоне заминњои кишташро сероб мекард, њоло аз оби њароми њаммом гандидааст. Метарсад, ки оромии магасонааш халадор нашавад. Шералї дўсти њамсинну солам аст. Мо як љо калон шудем. Аз њамаи дўстонам, ки баъди муњољирати корї дар Русия тавба карда, "гўшашонро кашида" буданд, фаќат Шералї ба ваъдааш вафо кард. Дигарон њама тавба шикастанду рафтанд. Њатто бо дипломи сурхи донишгоњ. Бекорї, бепулї маљбурашон кард, зўр овард. Дар кишвар дар дањсолаи ахир гўё њеч бењбудие нашудааст, дўстони ман њамоно ба муњољират мераванду меоянду боз мераванд, то боз оянду боз раванд... Депортшудањо, ному насабашонро дигар карда рафтанд... Шералї њам ба чї корњое даст назад, то ба ин ваъдааш вафо кунад. Сохтмон, таксиронї... Њатто ба кори њарбї њам рафта буд як муддат, нашуд. Аммо ба муњољирати корї нарафт дигар. Чаро аз Шералї ёд кардам? Гап ин ки, вай њар њафта рўзњои шанбе одатан бегоњирўзї ба хона меомад. Њамту, гуфти худаш, "хабаргирї". Барои суњбат дар бораи ину он. Ваќтњои охир таксиронї мекард. Чаќ-чаќ бо таксистњо, баъзан аз суњбати олимон њам аљибтар аст. Як моњи охир Шералї дар масљиди љойи мо кор кард. Бо бачањо тањоратхонаи масљидро таъмир карданд. Хулоса, чаро Шералї ба ёдам зада буд: Ду шанбе гузашту аз Шералї дарак набуд. Ба масљид њам даромадам, сари ќадам. Аз устобачањо фањмидам, ки дўстам ба ноњияи Љилликўли вилояти Хатлон барои овардани картошка рафта будааст. Баъд худаш наќл кард, ки 40 халта картошкаи навро ба Душанбе оварда, дар бозор яклухт фурўхтааст. - Ба кори дигар гузаштам, - њазломез мегўяд дўсти њамеша шўхтабъам, новобаста ба њар мушкиле, ки дорад. Ваќте Шералї сабаби аз таксиронї даст кашиданашро шарњ дод, њайрон шудам: - Таксистї њам ранги талбандагї шудааст. Пештар дар мошин мешиштї, шахмат* зада, клиентњо меомаданд, њозир бояд равї, зора кунї, ки: "Апаљон, "Корвон" мерї, яксўмї? Акаљон, "Саховат" барам, яксўмї...? БДА медорад, зора мекунї, ки пул надорам... Агар протокол кунад, боз маљбурї барои БДА кор кунї ду рўзи дигар... Њамин њам њол шуд? Ростї гап шарм медорам... Таксї њам бисёр, то кай зора карда мегардї? Мардумї мо аљоиб аст, аз камбаѓалї шарм медорад, аммо аз талбандагї не, ман натавонистам, ки мардумро ба зораву зўрї ба мошин савор кунам. Њамааш аз камбаѓалї аст . Лекин фикр кардам, ки аз талбандагї фарќе надорад. Холї рафта нашавад, маљбурї ду-се кас ёбї, ки аќалан пули бензинат шавад, лекин чї хел? Зораю тавалло мекунанд, бечора таксистњо... Ман аз ў пурсидам, ки чаро ба Русия намеравад. Мегўяд, ки тавба кардааст. -Россия бас! Се бор рафтем, бас! Очам њам пир шудаст, аз пеши очам дур рафтан намехоњам дигар. Дар ѓарибї, душвор аст, меравї Россия, фикру хаёлат дар ин љо. Умр њам рафта истодаст, зиндагї як бор дода шудааст. Њама њаминро медонад, лекин маљбуранд, ки боз мераванд. Њозир, агар дар њамин љо кор бошад, бигзор маошаш 500 доллар не, њазор сомонї бошад, дигар ягон кас ба муњољират намеравад. Мепурсам, ки "бизнес"-и картошка чї хел? Њазломез мегўяд: -Арзонтар мехарї, ќиматтар мефурўшї. Картошкаи нав нозук аст, зуд нафурўшї сиёњ мешавад дар халтањо. Ин даъфа камтар чакка њам овардан даркор аст. Дар Љилликўл килои чакка 2,5 - 3 сомонї аст. Дар пойтахт 8 -10 сомонї. Аммо ин кор њам муваќќатї аст, - иќрор мешавад дўстам. -Баъд чї? -Баъд, Худо - подшоњ! Боз ягон кори дигар мекунем-да! Кош Худо подшоњ мебуд! *Нишони таксї, ки болои мошин насб мекунанд ва ба майдони шоњмот шабењ аст.


6

ПОРТРЕТИ СИЁСЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

Истеъфои охирин ва бебозгашти Њаёев

(Идома аз шуморањои гузашта) Рўзи 19-уми январи соли 1996 президенти Русия Борис Елтсин дар саммити ИДМ расман эълон кард, ки охирин бор њузури нирўњои муњофизи сулњи Русиядар Тољикистон ба муддати 6 моњ тамдид мешавад, бинобар ин, бояд президентЭ. Рањмонов бо мухолифини мусаллањи худ њарчї зудтар ќарордоди сулњро ба имзо расонад. Мањмуд Худойбердиев эъломияи Елтсинро њамчун сард шудани равобит миёни Маскав ва Душанбе фањмида, рўзи 25 январ танкњои худро аз ќароргоњи низомї баровард ва шањри Ќўрѓонтеппа ва аѓбаи Фахрободро зери тасарруфи худ ќарор дод. Ў њамчунин, чанд адад техникаи вазнинашро ба ноњияи Турсунзода ба ёрии њамсафаш Ибод Бойматов фиристод, то ки ў тавонад ин шањр ва корхонаи алюминийро ишѓол кунад. Дар њамин ваќт дар шимоли кишвар норозигињо аз њукумати марказї афзуданд, дар минтаќаи Тавилдара набардњо бо нирўњои мухолифин тањти фармондењии Мирзо Зиёев низ ављ гирифтанд. Барои гуфтушунид бо табаддулотгарон як Комиссияи бонуфуз зери роњбарии љонишини якуми раиси Шўрои олї А. Достиев ва муовини раиси Шўрои олї Љурабоев ба Ќурѓонтеппа ва Турсунзода сафар карданд. Ибод Бойматов талаб кард, ки бояд вилояти Хатлон аз нав ба ду минтаќа таќсим шавад, яъне ба Кўлобу Ќўрѓонтеппа. Онњо њамчунон талаб доштанд, ки Мањмадсаид Убайдуллоев - муовини якуми сарвазир ва Абдулмаљид Достиев - муовини якуми раиси Маљлиси олї ба истеъфо раванд. Баъдтар Ибод Бойматов изњор дошт, ки дар талаботи ў сањве рўй додааст, бино-

«

бар ин, онњо ба љои истеъфои Достиев истеъфои Иззатулло Њаёев - раиси Дастгоњи иљроияро пеш гузоштанд. Фикри Бойматов ин буд, ки Достиев дар таъини кадрњо њељ наќше намебозад. Ў њамчунин изњор дошт, ки то шартњояш иљро нашаванд, ягон танку БТР-ро ба ќароргоњи доимї барнамегардад. Баъди анљоми гуфтушунид бо Ибод Бойматов Комиссия ба шањри Ќўрѓонтеппа рафта, бо исёнгари дуюм полковник Мањмуд Худойбердиев вохўрд. Ў низ талаби истеъфои як ќатор роњбаронро ба миён гузошт, аз љумла, истеъфои муовини якуми сарвазир Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси вилояти Хатлон Абдуљалол Салимов, вазири мудофиа Шералї Хайруллоев ва сардори Раёсати корњои дохилии вилояти Хатлон Шералї Сабзовро. Мањмуд Худой-

Гурўњњои мусаллањи шањри Турсунзода, ноњияњои Шањринав, Њисор ва Ленин бо сардории Ибод Бойматов ва баъзе гурўњњои дигар аз вилояти Хатлон, ки дар ин амалиёт ширкат доштанд, вазифадор шуданд, ки силоњ, техникаи низомї ва лавозимоти њарбиашонро ба маќомот супориданд.

«

бердиев њамчунин талаб кард, ки аз болои ў ва њамроњонаш барои ширкат дар њодисањои солњои 1994 ва 1995 ва исёни навбатиаш дар моњи январи соли 1996 парвандаи љиноятї боз нашавад. Исёни Мањмуду Ибод Россияро сахт нигарон кард. Ба ин хотир, фавран ба Душанбе 5 вазири калидии њукумати Русия ва котиби Шўрои амнияти он Юрий Батурин фиристода шуданд. Сафари намояндагони олирутбаи Русия ба Тољикистон дар охири моњи январ ва ибтидои моњи феврали соли 1996 ба масъулони њукумат рўњу илњоми тозае бахшид. Аз ин рў, онњо тибќи дастурњои њайати баландпояи Русия амал намуда, мардуми кишварро тавассути телевизиону радио ором намуданд. Барои баррассии бўњрони ба вуљудомада, аз 1-ум то 4-уми феврали соли 1996 иљлосияи Маљлиси олї баргузор гардид. Президент Э. Рањмонов зимни суханронии худ дар парламент бо сароњат эълон дошт, ки њозир аст ба Худойбердиеву Бойматов ва дигар командирони Фронти халќї мурољиат намояд ва онњо дар куљое розї бо-

шанд, вохўрї доир кунад. "Аммо ќарореро, ки ќабул мекунам, бе фишороварї хоњад буд" - гуфт Э. Рањмонов. Вазири мудофиа Шералї Хайруллоев аз минбари Маљлиси олї њушдор дод, ки агар ин ихтилофи мусаллањона бо роњи гуфтушунид њал нагардад, имкон дорад, ки дар Тољикистон куштори калон сурат бигирад. Дар натиља, Маљлиси олї тасмим гирифт, ки як ќатор талаботи исёнгаронро бипазирад. Аз љумла, раиси дастгоњи иљроияи президент Иззатулло Њаёев, раиси вилояти Хатлон Абдуљалол Салимов ва Мањмадсаид Убайдуллоев аз мансабњои худ истеъфо доданд. Њамчунин ќарор шуд, ки ба хотири таъмини сулњу салоњ дар Тољикистон ширкаткунандагони воќеањои моњи сентябри соли 1995 дар Ќўрѓонтеппа ва њодисањои аз 25уми январи то 2 феврали соли 1996 дар вилояти Хатлон, шањри Турсунзода, ноњияњои Шањринаву Њисор ва шањри Хуљанд аз љавобгарии љиноятї озод карда шаванд. Дар навбати худ, оянда Мањмуд Худойбердиев муваззаф гардид, ки дар тўли чанд рўзи оянда низомиён ва техникаи вазнини худро ба ќароргоњи доимї баргардонад. Гурўњњои мусаллањи шањри Турсунзода, ноњияњои Шањринав, Њисор ва Ленин бо сардории Ибод Бойматов ва баъзе гурўњњои дигар аз вилояти Хатлон, ки дар ин амалиёт ширкат доштанд, вазифадор шуданд, ки силоњ, техникаи низомї ва лавозимоти њарбиашонро ба маќомот супориданд. Барои онњое, ки дар ин исён ширкат намуда буданд, афв эълон шуд. Ибод Бойматов, собиќ раиси шањри Турсунзода, намояндаи тиљоратии Тољикистон дар Ўзбекистон таъин гардид. Мањмуд Худойбердиев аскарону техникаи худро ба ќароргоњи худ баргардонд ва баъди муддати кўтоње ба љабњаи Тавилдара равон гардид ва дар љангњои шадиди он љо ширкат варзид. Азбаски ў комилан мухолифи бозгашти оппозитсия ба Тољикистон буд, дар оянда боз чанд бўњрони дигарро дар кишвар ба роњ андохт. Аммо собиќ сарвазири Тољикистон Иззатулло Њаёев, ки 60 сол надошту ба синни нафаќа њам нарасида буд, барои њамеша аз вазифањои њукуматї истеъфо дод ва дигар ба сиёсати калон барнагашт. Баъзе бар ин андеша њастанд, ки ў дар даврони бознишастагиаш њам яке аз шахсони бонуфуз дар Тољикистон боќї монда буд. Нуралї ДАВЛАТ

АЊЗОБ

ЊДТ бори сеюм ба сафи Шўрои љамъиятии Тољикистон пайваст Њизби демократи Тољикистон баъди 5 сол бори сеюм ба сафи Шўрои љамъиятии Тољикистон пазируфта шуд. 26-уми май дар љаласаи навбатии Шўрои љамъиятии Тољикистон Саидљаъфар Исмонов, раиси ин њизб ва вакили парламент пешнињод кард, ки узвияти њизбашро пазиранд. Аъзоёни Шўро њамагї барои пазируфтани ин њизб раъйи мусбат доданд. Соли 2013 ЊДТ бо пахши як изњорот хостори пайвастан ба Шўро шуда буд. ЊДТ дар замони рањбарии Масъуд Собиров баъд аз интихоботи парламентии соли 2010 сафи Шўрои љамъи-

ятиро тарк кард. Пеш аз ин, демократњои Тољикистон дар соли 2004 баъди боздошти Мањмадрўзи Искандаров, рањбари ваќти ЊДТ аз Шўро бо нишони эътироз берун рафтанд. Дар охирњои соли 2006 ва аввалњои слли 2007 дар замоне, ки Масъуд Собиров рањбар буд, дубора ба ба Шўро пайвастанд. ЊДТ аз ањзоби рў ба њукумат дониста мешавад. Дар интихоботи парламентии соли 2015 Саидљаъфар Исмонов, раиси ин њизб аз њавзаи якмандатаи интихоботии Фархор вориди парламент шуд. Њоло аз 8 њизби сиёсии Тољикистон ба љуз ЊНИТ ва ЊСДТ 6 њизб узви Шўрои љамъиятии Тољикистон мебошанд.

Шўрои љамъиятї созмони иљтимоиест, ки аз соли 1994 фаъолият дошта, њудуди 70 созмони сиёсиву иљтимоиву фарњангї, аз љумла ањзоби сиёсии расмии кишвар шомили он мебошанд.

Раиси Шўрои љамъиятии Тољикистон Президент Эмомалї Рањмон аст. Ин ягона нињоде њаст, ки барои баррасии масоили муњимми љамъиятиву сиёсї ташкил шудааст.


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

кунанд. "Фарзанди Президент гуфта, мо наметавонем онњоро аз фаъолиятњои давлатї мањрум кунем. Ба монанди тамоми шањрвандони кишвар њаќќи таъин шуданро доранд" - гуфта буд Суњроб Шарипов.

22 май дар ќатори 30 прокурору суди шањру навоњї Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бародарзодааш Рањмон Умедљон Нуриддинро прокурори ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе таъин кард. Ин дар њолест, ки солњои охир таъиноти ањли оила, шуруъ аз фарзандон то хешовандони наздику дури Президенти Тољикистон, мавзўи бањси расонањои дохилу хориљ аст ва пеш аз њама ин суол гузошта мешавад, ки то куљо ин таъинот бо ќонунњои љории кишвар, бахусус Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия (минбаъд - Ќонуни мубориза бо коррупсия) мухолифат намекунанд?

Ќонун чї мегўяд? Ин суолгузорї бемаврид нест, зеро тибќи ин Ќонун, њамчунин таъинот ѓайриќонунї аст. Њамин тавр, боби 1 - и Ќонун, ки муќаррароти умумиро дарбар мегирад, мафњуми хешовандони наздикро чунин шарњ додааст: "- хешовандони наздик - зан (шавњар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоњарон, инчунин падару модар, бародарон, хоњарон ва фарзандони зан (шавњар), ќудоњо, келинњо, домодњо, њамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иљрои вазифањои давлатї ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якљоя зиндагї карда, хољагии умумї мебаранд (ЌЉТ аз 26. 12. 11с., №772)". Ва љои дигар дар моддаи 4, ки "принсипњои асосии мубориза бар зидди коррупсия" - ро муайян кардааст, аз љумла омадааст: "роњ надодан ба хешутаборчигї, мањалгарої ва пуштибонї њамчун зуњуроти кирдорњои коррупсионї (ЌЉТ аз 26.12.11с., №772)". Муњимтарин ва рўшантарин нуктаи Ќонун моддаи 9 дар бораи "мамониатњо барои таъин (интихоб) намудан ба мансабњои давлатї ва мансабњои ба онњо баробар кардашуда" (яъне кищоро таъин кардан коррупсия ба щисоб меравад) аст, ки дар он ба сароњат гуфта мешавад: "- бевосита дар итоат, тањти назорат ё њисоботдињанда будани мансаби ишѓолшаванда ё ишѓолнамудаи ў ба мансабњое, ки онро хешовандони наздики ў ишѓол кардаанд". Ќонуни мубориза бо коррупсия 25 июли соли 2005 аз сўи Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон (он замон Рањмонов) имзо шудааст. Дар ин миён, Эмомалї Рањмон фарзандон ва дигар наздиконашро ба вазифањое таъин кард, ки бањси ќонунї будани таъиноти онњоро ба миён овард.

Тасмими сиёсї? Аз аввалин наздикони Президенти Тољикистон, ки дар вазифаи масъул ќарор дошт ва аз сўи ў таъин гардид, домодаш Љамо-

7

Собиќаи корї?

"Худам, акам, бачаи акам..."

Ќонун дар бораи коррупсияро бояд риоя кард, ё ислоњ? лиддин Нуралиев буд, ки соли 2007 муовин ва соли 2010 муовини вазири молия ва соли равон муовини раиси Бонки миллї таъин шуд. То таъиноти аввал ў дар Бонки миллї, Бонки љањонї, Бунёди байнулмилалии асъор низ кор карда буд. Њамсари ў - Озода Рањмон соли 2009 муовин ва соли 2014 муовини аввали вазири корњои хориљї таъин шуд. Ќаблан дар сафорати Тољикистон дар Вашингтон ва вазифаи сардори Раёсати консулии вазорати корњои хориљии Тољикистон кор кардааст. Дар силсилаи таъиноти барљастаи аъзои оилаи Президенти Тољикистон њамоно номи писари бузурги ў - Рустами Эмомалї пеш меояд. Мавсуф соли 2013 раиси Хадамоти гумрук ва соли равон раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Тољикистон таъин шуд. Њамин тавр, дигар афроди наздик ба оилаи Президент, аз љумлаи домодњову дигар пайвандони Эмомалї Рањмон солњои гузашта ба ин ё он вазифа таъин ва сабукдўш шудаанд. Вижагии ин нињодњо дар ин аст, ки њар

касеро Президент ё раиси Њукумати Тољикистон ба рањбарї ё муовинати онњо таъин мекунад, бевосита пеши ў њисоботдињанда ба шумор мераванд. Ин ба он маъност, ки таъинот ба моддаи 9 - и Ќонуни мубориза бо коррупсия мухолиф аст. Пеш аз њама њуќуќшиносон ва мухолифини њукумат инро мепурсанд, ки то куљо ин таъинот ќонунї ба њисоб меравад ва Президент чї далеле барои онњо дорад? Ин суолро дар яке аз нишастњои матбуотї бо Абдуфаттоњи Саид, собиќ раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия ва њамчунин Гурез Ќосимов, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назди Президенти Тољикистон ба миён гузоштем. Посухи онњо як нуктаи умумї дошт, ки Президент чунин салоњиятро дорад. Марњум Суњроб Шарипов, замоне, ки раиси Маркази тањќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон буд, дар шарњи ин масъала гуфта буд, таъиноти наздикони Президент ба вазифањои давлатї тасмими сиёсї аст. Вай афзуд, агар онњо арзанда бошанд, њуќуќ доранд, ки дар ин ё он вазифа кор

Бар гардем ба таъиноти Умедљон Нуриддин. Мавсуф писари Нуриддин Рањмонов, бародари калонии Эмомалї Рањмон мебошад, ки 11 октябри соли 1981 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Соли 2004 факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм намуда, аз соли 2004 то 2006 дар Вазорати адлия кор кардааст. Солњои 20072008 сардори шўъбаи ќонунгузории конститутсионии Раёсати ќонунгузорї, мудофиа ва амнияти Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлия ва солњои 2008-2009 муовини сардори њамин шўъба аз солњои 2009-2014 сардори Раёсати ташкилии фаъолияти иљрочиёни судии Вазорати адлия ва аз апрели соли 2014 то 22 майи 2015 сардори Маркази љумњуриявии экспертизаи судї ва криминалистии Вазорати адлия буд. Дида мешавад, ки бародарзодаи Президент зинањои мансабро дар вазорати адлияи Тољикистон тай карда, њоло прокурори як ноњия таъин шуд. Ин ишораи мо ба ин аст, ки мавсуф як шахси, ба истилоњ, кўчагї ё тасодуфї нест, баръакс, ба ќавли онњое, ки бо ў кор кардаанд, як љавони хеле огоњ аст. Аммо ин таъинот ба љуз ин, ки зоњиран ба Ќонуни мубориза бо коррупсия мухолифат дорад, бо Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон", ки 25 июли соли 2005 аз сўи Президент имзо шудааст, низ тањти суол гузошта мешавад. Моддаи 53 - и Ќонун, ки "талабот нисбати шахсоне, ки ба маќомоти прокуратура ба кор ќабул карда мешаванд" - ро муайян мекунад, мегўяд: "Ба вазифаи прокурорњои ноњияњо, шањрњо ва прокурорњои ба онњо баробаркардашуда шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 28 кам набошад ва собиќаи кории касбиашон дар маќомоти прокуратура аз 5 сол кам набошад". Умедљон Нуриддин собиќаи кор танњо дар вазорати адлияро дорад. Ин љо пурсида мешавад, ки оё миёни вазорати адлия - нињоти њукумати иљроия ва Прокуратури генералї нињоди нозир ва тафтишотї то куљо фарќ ё ќаробат вуљуд дорад? Ќонун дар Тољикистон ваќте вориди амал мешавад, ки нашр шавад. Њарду Ќонун - њам Ќонуни мубориза бо коррупсия ва њам Прокуратура дар шабкањои интернетї дастрас њастанд. Аз ин хотир, барои он, ки таъиноти наздикони Президент бањси ќонунї будан ё набуданро ба вуљуд наорад ва ќонунњои кишвар наќз нашаванд, бењтар мебуд: а) ќонуни нав эљод шавад; 2) ќонунњо ислоњ шаванд; в) ќонунњоро риоя кунем. Ин њам ба он хотир, ки фаъолияти ќонунии як корманди њукумат иљро шавад, бахусус, дида шавад, ки таљрибаи кофии корї дорад ва арзанда аст. Роњи дигар нест.

Умари ТОЊИР

МУХОЛИФИН Роњбарони бархе аз бахшњои ноњиявї ва ташкилотњои ибтидоии Њизби нањзатии исломии Тољикистон аризаи истеъфо навишта, аз рањбарї даст кашидаанд. Субњи 26-уми май як чунин њолат дар ноњияи Рашт сурат гирифт. Дар як сўњбат Муњаммадалии Њайит, муовини раиси ин њизб чунин ироа кард: - То ба њол аз љониби масъулини њизбї расман эълони бастани ин ё он ташкилоти ибтидоии њизб сурат нагирифтааст. Аммо имрўзњо аз љониби маќомоти амниятї дар ноњияњо аз роњбарони чандин бахшњои ноњиявии њизб маљбурї аризаи истеъфо ва баромадан аз њизбро гирифтаанд. Аз љумла раисони бахшњои ЊНИТ дар ноњияњои Кўњистони Мастчоњ, Мастчоњ, Спитамен, Љаббор Расулов, Восеъ чунин ариза гирифтаанд. Ин њолат дар минтаќаи вилояти Суѓд хеле зиёд аст. Дар ноњияњои тобеи марказ ва ноњияњои пойтахт фишорњо зиёд аст, вале аз роњбарони бахшњо то њол аризаи

Муњаммадалии ЊАЙИТ: "Маљбурї ба истеъфо мефиристанд" хориљшавї нагирифтаанд. Аммо аъзоёни ќатории њизбро барои хориљ шудан аз нањзат бо роњњои гуногун маљбур мекунанд. Имрўзњо телефони ман беист занг мезанад ва аъзоёни њизб мегўянд, моро амният даъват карда, тањдид мекунанд, ки агар наоед ба хонаатон меравем. Ваќте онњо ба шуъбаи амният мераванд аз онњо талаб мекунанд, ки аризаи хориљшавї аз њизбро нависанд. Дар тамоми Тољикистон имрўз болои маќомоти мањаллї фишор оварда истодаанд, ки аъзоёни ЊНИТ-ро аз узвияти њизб хориљ кунанд, баъдан ин ё он бахшро баста эълон кунанд. - Зери чунин фишорњое, ки мегўед, чї ќадар аъзоёни њизб аз узвияти ЊНИТ даст кашиданд? - То њол мо љамъбаст накардаем, ки чї ќадар аъзои ЊНИТ зери фишор аз узвияти баромадаанд. Танњо дар як шањри Панљакент 278 ариза аз тарафи шуъбањои КДАМ, ВКД

ва маќомоти иљроияи њокимияти шањр аз аъзоёни њизбї ва ѓайрињизбї љамъ кардаанд. Вале аз ин 278 нафар њамагї 52 нафар узви њизб мебошанд. Аксари шахсони бо роњи фишор аз њизб баромада, дубора ќароргоњи њизб омада, ариза менависанд, ки мо бо фишори маќомоти амният аз њизб берун шуда истодаем, зеро ба мо фишор оварданд, ки аз њизб хориљ шавем. Мувофиќи ќарори Шўрои сиёсии ЊНИТ њар он аризае, ки бо роњи фишор аз аъзои њизб ё масъулини њизбї гирифта шудааст, онњо бар хилофи ќонунгузории Тољикистон ва Оинномаи ЊНИТ буда, онњо эътибори њуќуќї надорад ва аз эътибор соќитанд. Нафарони бо роњи фишор аз њизб баромада, њамоно узви ЊНИТ боќї монда, дар сафи њизб боќї мондаанд. - ЊНИТ дар Тољикистон чанд ташкилоти ибтидої дорад ва аз онњо то њол кадом ташкилотњо баста эълон шуданд.

- Дар 65 шањру ноњияњои кишвар ЊНИТ бахшњои њизбии мо фаъол буданд. Имрўз дар ВМКБ танњо дар минтаќаи Ванљ ва шањри Хоруѓ боќї мондаанд. Дар дигар минтаќањо аз бародарону хоњарони њизбї аризаи истеъфо ва хориљшавї аз њизб гирифта шуда истодааст. Мо то њол омори охирини он ки роњбарони кадом бахшњои њизб фаъолияташонро ќатъ кардаанд надорем. Суњбати TojNews


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

НОМАИ

Талаби адолат ва эњтиром ба ќонун Ё ба доди 17 зиндонї расед Мактуби кушод ба Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам, Эмомалї Рањмон Нусха ба Раиси Суди Олии ЉТ Шермуњаммади Шоњиён Нусха ба Прокурори генералии ЉТ Юсуф Рањмонов Муњтарам, Президенти Тољикистон, кафили њуќуќњои конститутсиони мо! Маротибаи аввал нест, ки мо, сокинони шањри Исфара, падару модароне, ки аз ќазияи маъруф ба "парвандаи исфарагињо" азият дорем, ба унвонии Шумо мактуб менависем. Баъди чандин бор навиштани мактуб ба ин хулоса расидем, ки онњое, ки ба одилона баррасї шудани парвандаи фарзандони мо манфиатдор нестанд, барои ба дасти Шумо расидани номањоямон сади роњ мешаванд. Аммо њар боре, ки суханронињои самимии Шуморо ба воситаи телевизион тамошо мекунем, умеди мо барои мунсифона баррасї шудани парвандаи наздиконамон бештар мешавад. Бахусус, барканор шудани Нусратулло Абдуллозода аз вазифаи Раиси Суди Олии Тољикистон ва Шерхон Салимзода аз вазифаи Прокурори генералии кишвар моро водор кард, ки бори дигар ба унвонии Шумо мурољиат кунем. Инчунин, суханрониатон ва интиќоди Шумо аз фаъолияти маќомоти тафтишотї дар љаласаи Шўрои амният дар моњи феврали соли равон бароямон умеди тозае шуд. Дар ин љаласа аз он нигаронї кардед, ки баъзе хизматчиёни давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, андоз ва сохторњои низомї ба љои пешгирї намудани љиноят савганди касбии ёдкардаашонро вайрон карда, худ ба содир намудани љиноятњои сўйистифода аз ваколатњои мансабї, беамалї дар иљрои вазифа, баромадан аз њадди ваколатњои мансабї, гирифтану додани пора, ќаллобї, муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор, шиканља, хунукназарї ва дигар љиноятњо даст мезананд. Ин нигаронї мањз дар парвандаи фарзандони мо љой дошт, ки мо дар хуну пўсти худ онро таљриба карда дидаем.

«

Сухан дар бораи њукми коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон меравад, ки 9-уми июни соли 2009 љамъ 31 нафар аз хешовандони моро ба муњлатњои аз 10 то 25 сол аз озодї мањрум кард. Дар ин муддат як нафари онњо дар зиндон вафот кард, 6 нафарашон натавонистанд, ки дар маросими љанозаи волидайнашон ширкат кунанд. Њоло 17 нафарашон дар паси панљара мебошанд. Таври маълум, инњо аз пайи љиноятњои марбут ба ќазияи Низомхон Љўраев, собиќ рањбари "Химзавод"-и Исфара ва вакили пешини Маљлиси вилоятї ба зиндон кашида шудаанд. Низомхон Љўраев аз соли 2007 дар пайгарди ќонун ќарор дошт. Ўро маќомот дар содир кардани љиноёти зиёд, аз љумла ба ташкили гурўњи љиної, нигањдошти ѓайриќонунии силоњ, таќаллуби санадњо, саркашї аз пардохти андоз, расмї кардани маблаѓњои ѓайриќонунї, аз худ кардани амволи давлатї ва ѓайра гумонбар медонистанд. Пайвандони мо, ки аксарият зери дасти ў кор мекарданду миёнашон коршарикони ў њам буданд, дар набудани Љўраев ба зиндон равон шуданд. Ў соли 2010 дар Маскав боздошт ва соли 2012 рањо шуд. Аммо моњи

Дар оинаи нилгун њам суханронї карда, гуфт, ки бидуни њуљљат аз се кишвар гузашта, ба хоњиши худаш ба Душанбе омадааст. Њамин тавр, алайњи ў тафтишоти парвандаи иќтисодї низ оѓоз шуд, ки Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия пеш мебурд. Ба гуфте, ўро бо шарти тарк накардани мањалли сукунат то анљоми парванда мурофиаи судї озод карданд.

«

марти њамон сол дар Маскав ѓайб заду баъде чанде дар Тољикистон пайдо шуд. Дар оинаи нилгун њам суханронї карда, гуфт, ки бидуни њуљљат аз се кишвар гузашта, ба хоњиши худаш ба Душанбе омадааст. Њамин тавр, алайњи ў тафтишоти парвандаи иќтисодї низ оѓоз шуд, ки Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия пеш мебурд. Ба гуфте, ўро бо шарти тарк накардани мањалли сукунат то анљоми парванда мурофиаи судї озод карданд. Њатто мегуфтанд, ки дар Агентї кабинети хос дошт, ки омада парвандаашро барои шинос шудан вараќ мезад. Агентї мегуфт, ки њаќи боздошти ўро надорем, чун ў аллакай муњлати њабси пешакиро, ки ќонун 18 моњ муќаррар кардааст, паси сар намуд. Агентї тафтиши парвандаро ба итмом расонду ба прокуратура равон кард, баъди як моњ ба суд расид. Бояд миёнањои моњи июни соли 2014 мурофиаи судї баргузор мешавад. Аммо дар рўзи мурофиа Низомхон Љўраев њозир нашуд. Маълум шуд, ки ў ѓайб задааст. Љаноби Президент, Низомхон Љўраев боз рафту озод аст, аммо таќдири пайвандони мо норўшан монд. Ваќте фигуранти №1-и парванда ба Тољикистон омад, новобаста аз он, ки ўро дар љиноёти сангин муттањам мекарданд, озод мегашт. Њатто ба Суѓд рафту омад дошт. Мањз бо сабаби ў 31 нафар аз пайвандони мо ранљи зиндонро кашида, як нафар њатто љон дод. Акнун мо њуќуќ ва њаќи маънавї дорем, ки пурсем: Дар 1 солу 8 моњ, ки Љўраев дар Тољикистон буд, Абдуфаттоњи Ѓойибу зердастонаш чиро ошкор карда таво-

нистанд? Агар ў љинояткори вазнин буд, чаро дар озодї мегашт? Кї ба ў имкон дод, ки фирор кунад? Чаро барои фирори ў касе муљозот намешавад? Омадани ў њолати киро вазнину киро сабук кард? Такрор њам шавад, бори дигар гуфтанием, ки мањз барканор шудани Абдуллозода ва Салимзода моро водор кард, ки боз ба Шумо нависем. Зеро ин ду нафар аз мўњрањои асосї дар "парвандаи исфарагињо" буданд, ки сухан ва мавќеъашон таъинкунанда буд. Шумо хуб медонед, ки гардишњои аљибе, ки дар рафти тафтишот ва баррасии судии ин парванда ба вуќуъ омад, беш аз њар чизи дигар бо ному манфиатњои онњо пайваста буд. Якчанд масъули маќомоти тафтишотї, ки ба ин парванда машѓул буданд, ба лаѓжишњо роњ дода, њукм гирифтанд. Ибтидо моњи апрели соли 2013 Нур Нуров, собиќ судяи Суди Олии Тољикистон, њамоне, ки њукми 31 нафар аз пайвандони моро, ки њамкору корманди Низомхон Љўраев буданд, содир кард, бо љурми "ќаллобї" ба 8 соли зиндон мањкум шуд. Пештар аз ин њукми ноодилона расонањои мустаќили кишвар дар парвандаи баррасикардаи Нуров дањњо ќонуншиканї ва њатто дар матни њукми судї, ки барои садсолањо њифз хоњад шуд, хатоњои арифметикиро фош сохта буданд. Зери роњбарии Нусратулло Абдуллозода судя Нуровро бо пардохти љарима аз љавобгарї озод карданд. Њоло мегўянд, ки дар њолати вазнини равонї ќарор дорад. Дар сабте њам ў гуфта буд, ки бо супориши собиќ Раиси Суди Олї Абдуллозода (он ваќт Абдуллоев) чунин њукми сангин баровардааст. Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатї, муфаттиши Прокуратураи генералї низ, ки ба ин ќазия сару кор дошт, бо гуноњи ќаллобї 10 солу 6 моњ ба зиндон рафт. Бердиќул Расулов, вакили дифоъи парванда низ њамчунин бо иттињоми ќаллобї ва сохтакорї 9 сол зиндонї шуд. Рањбарони гурўњи тафтишотии ин ќазия Эмом Ѓоибов, рањбари гурўњи тафтишотии Агентї Одил Очилов ва муовини ў дар моњи майи соли 2013 бо иттињоми фасод ва ришвахоњї боздошт шуданд. Баъди 10 моњ дар моњи марти соли 2014 суд њардуро аз толор озод кард. Дар мурофиаи судї айбдоркунандаи давлатї аз ќироати айбнома алайњи ин ду нафар даст кашид. Эмом Ѓоибов аз дўстони собиќ Прокурори генералї Шерхон Салимзода буд. Дар солњое, ки љиноёти Низомхон Љўраев


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

БЕТАЊРИР

дар Исфара сурат гирифтааст, Ѓоибов прокурори шањри Исфара буд. Акнун фарзандони муњољири мо онњоро дар манзилњои хушсохти Маскав мебинанду модарони онњо барои њамсарони бо њукми судяи ќаллоб зиндонишудаашон зор - зор мегирянд. Љаноби Президент, оё Шумо медонед, ки акнун дар Исфара, дар шимоли кишвар ва бовар дорем дар маркази мамлакат низ, њар нафари солимаќл, ки ба Ќонуну Адолат эњтиром дорад, суол мекунад, ки ваќте тафтишотчиёни парванда, судяи парванда ва њатто њимоятчиёни парванда расман аз љониби маќомоти Тољикистон (Русия не, Афѓонистон ё Ўзбакистон не, Тољикистон!) манфиатљўю ќаллоб ва порахўр эътироф шудаанд, чаро парванда бозбинї намешавад?! Чаро таќдири 17 шањрванди Тољикистон, агар миёнашон љинояткорон њам бошанд, миёни замину осмон мондааст?! Охир Нусратулло Абдуллозода ва Шерхон Салимзода, ки барои бозбинии парванда монеъа эљод мекарданд, бе љазо њам бошад, аз вазифа барканор шуданд. Мўњтарам, Љаноби Президент, мо хешу табор ва падару модарони исфарагињои зиндонї солњои тулонї аз ноадолатии маќомоти прокуратура ва суд вобаста дар ќазияи мазкур мурољиат мекардем, аммо њар бор медидем, ки шикоятамон ба одамони манфиатдор - Шерхон Салимзодаву Нусратулло Абдуллоев равон мешуду натиљае намедод. Акнун мо аз барканор шудани ин ду нафар аз маќомњояшон ошкоро изњори хурсандї карда, бо даст додани имконоти молї як оши худої њам барпо мекунем, аммо њоло аз таќдири 17 тан

«

Агентї мегуфт, ки њаќи боздошти ўро надорем, чун ў аллакай муњлати њабси пешакиро, ки ќонун 18 моњ муќаррар кардааст, паси сар намуд. Агентї тафтиши парвандаро ба итмом расонду ба прокуратура равон кард, баъди як моњ ба суд расид. Бояд миёнањои моњи июни соли 2014 мурофиаи судї баргузор мешавад. Аммо дар рўзи мурофиа Низомхон Љўраев њозир нашуд. Маълум шуд, ки ў ѓайб задааст.

«

аз наздиконамон нигарон њастем. Бинобар ин, ба Худои бахшанда ва бахшоянда такя карда, аз Шумо эњтиромона хоњиш мекунем, ки ба Шермуњаммади Шоњиён, Раиси Суди Олї ва Юсуф Рањмонов, Прокурори генералии Тољикистон супориши ќатъї дињед, ки парвандаи № 1752-ро мавриди омўзиши даќиќу аниќ ќарор дињанд. Оиди маводи парванда ва њолатњои аз навошкоршуда хулосабарорї намуда, ин парвандаро бозбинї кунанд. Наздикони мо муддатњои тўлонист, ки дар зиндон умр ба сар мебаранд. Барои љинояти иќтисодї ба солњои тулонї равонаи зиндон кардан ќонунан нодуруст мебошад. Њатто худи Шумо Љаноби Олї дар љаласаи Шўрои амният таъкид доштед, ки маќсад ба мањкама кашидани одамон нест, муњим тарбияи њуќуќии одамон аст. Мо - шањрвандони ин кишвар ва фарзандони ин сарзамин ба он боварем, ки Шерхон Салимзодаву Нусратулло Абдуллоев ба хатоиву ќонуншиканињои тафтишот, айбдоркунандаи давлатї ва судя чашм мепўшиданд, зеро манфиатдор буданд. Чї тавр? 1. Манфиатдории аввал дар он ифода мегардад, ки парвандаи љиноии № 1752 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ ваќте оѓоз шуда буд, ки роњбарии онро Салимзода Шерхони Одина ба зимма дошт ва ин аввалин парвандаи сарусадодори ин маќомот

њисоб меёфт. Роњбари гуруњи тафтишотї оиди ин парванда, дўсти ќарин, зердасти доимї ва њамсабаќи Шерхони Одина - Ѓоибов Эмом Назарович буду њоло њам онњо мисли соя бо якдигар наздиканд. Бадбахтии кор дар он буд, ки собиќ Прокурори генералї ахбори нодуруст ва воњимаангезро ба Шумо, Љаноби Олї пешнињод мекард, то дасташ кушода гардад. Ин буд, ки ў то охир барои ошкор нашудани камбудињо парвандаи мазкурро зери назорати ќатъї гирифт. 2. Бо маќсадњои нопок онњо собиќ прокурори генералї Бобохонов Бобољон Каримовичро олудаи интригањои мансабияшон карданд. 3. Дар њоле, ки аксари љиноятњои содирнамудаи Љўраев ба давраи прокурори шањри Исфара будани Эмом Ѓоибов рост омада буду њарду рафтуомади наздик доштанд, ўро роњбари гурўњи тафтишотї таъин карданд. 4 . Ваќте, ки сабтњои фошкардаи њимоятгар Солењљон Љўраев эътибори Раиси Суди Олиро зери суол бурданд, раиси Суди Олї ба њама хатоиву ќонуншиканињои судя Нур Нуров чашм пўшид, то сир фош нашавад. Ќаллоб эълон кардани судя Нурову љарима кардани ў як маќсад дошт: пўшондани сир. Аммо Худо шоњид аст, ки "њич сире пўшида нахоњад монд". Љаноби Президент, мо медонем, ки Шумо бо ноадолатињо ва љабру зулм дар баробари мардум ягон ваќт созиш

ШОМИЛ

Барои шомил кардани фарзандон ба Донишгоњ шинос лозим, барои аз хизмати њарбї "гурезондан" њам шинос зарур, бањри ба ин ё он идора ба кор ќабул намуданашон ошнои зўр даркор аст…. (Озодагон, № 6, 8 феврали 2012) Чун мактаби миёнаро ба итмом расонд, шомили факултаи таърих ва филологияи Донишгоњи давлатии ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1960 онро бомуваффаќият хатм кард. (Миллат, № 17, 25 апрели 2012) Агар дар ќудрат њам шомил шавам, метавонам барои аќидаам бисёртар фоида биёрам (Миллат, № 24, 13 июни 2012) Дар њама мисолњои боло "шомил" ба маънои ѓалати ин вожа истифода шудааст. Чунонки дар Фарњанги забони тољикї омада "ШОМИЛ фарогиранда, дарбаргиранда, њамаро дарбаргиранда" аст.

9

карда наметавонед. Бинобар ин, аз Шумо хоњиш мекунем, ки ин масъаларо зери назорат гиред ё бо истифода аз салоњиятњои истисноии худ баррасии онро ба комиссияи давлатї супоред, то парвандаро бозбинї кунанд ва натиљањои тадќиќашонро ба мардуми Тољикистон пешнињод созанд. Чунин умедро аз рањбарони нави Суди Олї ва Прокурори генералии Тољикистон низ дорем. Аз рањбарони тозатаъини ин ду нињоди олии кишвар хоњиш мекунем, ки бори дигар ба парвандаи пайвандони мо таваљљўњ зоњир кунанд, то эњтироми ќонунро ба љо оварда, адолатро барќарор созанд. Дар интињо аз кулли намояндањои корпуси дипломатии муќими Душанбе, хоса аз сафоратњои Русия, Олмон, Фаронса, Инглистон, ИМА ва Иттињоди Аврупо дар Тољикистон, аз дафтарњои намояндагии СММ, САЊА ва дигар ташкилотњои њомии њуќуќи инсон эњтиромона дархост мекунем, ки барои ба Президенти Тољикистон расондани мактуби мо мусоидат кунанд, зеро бовар надорем, ки ба шевањои маъмулї номаи мо ба Љаноби Олї мерасад. Бо эњтиром Вањобов У., шањри Исфара, љамоати дењоти Чоркуњ, кўчаи Таги Сада, 454 Убайдуллоев С., шањри Исфара, кўчаи Навобод, 27 Дењќонова И., шањри Исфара, кучаи Айнї, 43, хонаи 8 Абдуллоева М., Шањри Исфара, кўчаи Чилгазї, ва дигарон љамъ 30 нафар

ДУРУСТ БИНАВИСЕМ "Шомил", ки вожаи дахили арабист, солњои охир дар расонањои гурўњии мо хеле серистеъмол шудааст. Ва ин фаровонии истеъмол љойи айб надорад, чун ин калима њам дар мутуни классикї ва њам дар форсии Эрону Афѓонистон мавриди истифода аст (ва зоњиран бо таъсири онњост, ки дубора дар Тољикистон фаъол шудааст). Аммо он чи боиси нигаронї ва изтироб мешавад, ин аст, ки хабарнигорони тољик дар аксари маворид онро нодуруст истифода мекунанд ва ба калима маънии баръакс, маънои наќизи маънои асли онро додаанд. Ва ин ѓалат бо гузашти замон густардатар мешавад. Ин стратегия зери контроли пурра даровардани Душанбеи расмї, њузури якумраи низомиёни рус, бозгашт ба сарњад, аз худ кардани "ТАЛКО" ва конњои маъданњои кўњї, шомил намудан ба Иттињоди АвруОсиё ва

ѓ.њ.-ро дар назар дорад… Албатта, дар кишвари мо њаводорони шомил шудан ба ин иттињоди нав хеле зиёданд. Бењтар ва тезтар давлатамон ба ягон иттињод шомил шавад, ки дар акси њол сатњи фасод ва бењунарии мансабдорони давр онро ба нестї мебарад. Дар ин роњ, гирифтани ўњдадорињои шомил нашудан ба ањдномањои њарбї ва баровардани пойгоњи њарбии аљнабиён бо кафолати давлатњои абарќудрат …. имконпазир мебошад. (Нигоњ, № 47, 8 феврали соли 2012) Даъвои ў барои ба њайати Русия шомил кардани Тољикистону Ќирѓизистон њоло њам аз ёдњо нарафтааст.

Ва ё мутобиќ бо шарњи Фарњанги Сухан: Шомил. 1 Дорои чиз ё чизњое ба сурати бахшњо ё аљзое аз як кулл: ин китоб шомили дањ фасл аст. 2. Он чи метавонад њама, гурўњ, касе ё чизеро дар бар гирад ё ба онњо бирасад; фарогир. 3. комил, кофї. Чунонки мебинем, "шомил" куллест, ки љузъњоро дар бар мегирад ва бузургу калонест, ки хурду кўчакњоро фаро мегирад, аммо дар навиштаи хабарнигони тољик кўчакону ва љузњо дарбаргиранда ва фарогирандаи куллњо ва бузургњо шудаанд. Барои мисол, агар бигўем, ки "донишгоњ шомили дањ донишкада (факулта) аст" дуруст ва мантиќї аст, вале чун бигуем "донишкадањои и риёзиёт ва њуќуќшиносї шомили донишгоњ мебошанд", ѓайримантиќист ва хандаовар.

Абдуќодири РУСТАМ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

МИНТАЌА

Роњи Мурсї: ба тахт ё ба дор? Мулоќоти нав бо дардњои куњан Њукми ќатли Муњаммад Мурсї, президенти мунтахаб ва барканоршудаи Миср вокунишњои шадидеро ба вуљуд оварда, ба мављи эътирозњо дар љањон боис шуд. Њимояти љањонии ў ба дараљае буд, ки њатто фарзияи дубора ба ќадрат баргаштани Мурсиро ба вуљуд овард. 16-уми май Додгоњи низомии Миср дар шањри Ќоњира Муњаммад Мурсиро бар пояи ду парвандаи љиноятї - фирор аз зиндони ан-Натрун ва мубодилаи иттилооти дорои сиррї давлатї ба кишварњои бегона муттањам донист. Ќарор содир ва барои гирифтани раъйи шаръї ба муфтии Миср ирсол шуд. Ин ду парванда ба истиснои Мурсї њудуди 140 нафар, аз љумла рањбарони дигари "Ихвонулмуслимин", чанд узви Њаракати исломии Фаластин ("Њамос") ва "Њизбуллоњ"-и Лубнонро дарбар мегиранд. Аммо рўзномаи "ал-Мисрови"-и Миср 17-уми май хабар дод, ки дастгоњи президент дастури њазфи номи Мурсї аз парвандаи "мубодилаи сирри давлатї бо кишварњои бегона" - ро дод. Аз рўи ин парванда 16 нафар, аз љумла чанд узви "Њамос" ба ќатл мањкум шудаанд. Маќоми ќазої ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст: "Дар парвандаи мубодилаи иттилоот бо кишварњои бегона зидди Мурсї ягон далел нест... Ба ин тартиб, иљрои њукми эъдоми Мурсї бекор карда шуда, ба наздикї зиндонї ё озод хоњад шуд". Мурсї ба он муттањам мешуд, ки сирри давлатиро дар ихтиёри "Њамос" ва Ќатару дигар кишварњо гузоштааст. Ќисмати "Њамос" - и парванда нињої шуда, баррасии ќисмати Ќатар идома дорад. Дар парвандаи "фирор аз зиндон" бо Мурсї машњуртарин рањбарони "Ихвонулмуслимин", аз ќабили Муњаммад Бадеъ, Рашшод Биюмї, Ассом Урён, Саъд ал-Каттонї, Муњаммад Билтољї, аллома Юсуф Ќарзовї ва баъзе рањбарони "ЊАМОС", ки тайи солњои 2008-2009 вафот кардаанд, дар маљмўъ зиёда 110 зикр шудаанд. Мурсї бар иловаи ин ду парванда ба ду љурми дигар низ муттањам мешавад: 1) 21-уми апрели 2015 додгоње дар шањри Ќоњира Мурусиро ба ќатли тазоњургарони назди кохи президенти Миср дар парвандаи маъруф ба "ал-Иттињодия" муттањам ва ба муддати 20 сол равонаи зиндон карда буд; 2) 23-юми майи соли љорї Додгоњи низомии шањри Ќоњира Мурсиро дар парвандаи дигар ба паст задани шаъну эътироби маќомоти ќудративу инти-

зомї ва аз ин тариќ тањќири оммавии онњо муттањам дониста, баррасии онро то 25-июли соли љорї мавќуф гузошт. Мурсї дар тамоми ин парвандањо худро бегуноњ дониста, иддао мекунад, ки президенти мунтахаб аст ва муњокамаи президенти мардумї хилофи ќонунгузории Миср мебошад. Дар њамин њол, љонибдорони Мурсї дар Амрикову Аврупо, Осиё ва Африќо пас аз ќарори Додгоњи низомии Ќоњира дар бораи эъдоми ў ва беш аз 140 нафари дигар ба хиёбонњои шањрњои баромада, натанњо мањкум карданд, балки аз кишварњои худ низ хостанд, ки ин њукми Додгоњи низомии Мисрро мањкум кунанд. Раиси парлумони Олмон бо эътирозгарон њамроњ шуда, мулоќоташро бо Аблуфаттоњ Сисї, президенти кунунии Миср лаѓв кард. Рањбари Иттињоди Аврупо эълом кард, ки умедвор аст, додгоњ њукмашро бознигарї мекунад. Аммо Раљаб Тайиб Эрдуѓон, президенти Туркия эълом кард: "Ман Мурсиро президенти мунтахаби Миср мешиносам, на Абдулфаттоњ Сисиро!" Туркия аз Миср хост, ки Мурсиро ба ин кишвар бадарѓа кунад ва Анќара мизбонии ўро бар ўњда мегирад. Вазорати хориљаи Покистон аз њукми "зиёда аз 100 нафар дар Миср, ки дар байни онњо президенти мунтахаб Муњаммад Мурсї низ њастанд" изњори нигаронї кард. Вазорати хориљаи Эрон "тањвили ќарори Додгоњи низомии Мисрро ба муфтии ин кишвар бораи иљрои њукми ќатли президенти мунтахаби Миср Муњаммад Мурсї ва баъзе рањбарони љамоати "Ихвонулмуслимин" бо таассуф ва нигаронї" дарёфт кард. Њукумати Миср пас ин вокунишњо маљбур шуд, тањвили ќарори Додгоњи низомиашро ба муфтии ин кишвар шарњ дињад. Бино ба он, ќарорњои марбут ба эъдоми додгоњњои Миср ба муфтии ин кишвар тањвил мешаванд, аммо назари муфтї дар ин мавридњо њамчун тавсия ќабул карда шуда, ќозињо дар амалї кардани онњо озоданд. Муњаммад Мурасии 54-сола ба намояндагї аз "Ихвонулмуслимин" бо баргузории интихоботи президентї дар соли 2012 ба маснади раиси љумњурии Миср нишаст ва пас аз як соли њукмронї 4-уми июли соли 2013 тавассути Абдулфаттоњ Сисї, собиќ фармондењи кулли низомї ва президенти феълї аз ќудрат барканор шуд.

Амруллоњи НИЗОМ

Дидори Садриаъзами Њинд аз Чин боз њам натавонист гирењњои чигил аз муносибатњои дуљонибаро боз кунад. Њарчанд тањлилгарони њинду ин сафарро ќадаме ба пеш ва чинињо баробар ба боздиди Никсон аз Пекин дар 43 сол пеш медонанд. Мулоќоти Садри Аъзами Њинд Нерандра Моди дар Пекин бо раиси давлати Чин Си Љинпин ва сарвари Шўрои давлатї Ли Кэсян ба њадде дўстона ва самимона буд, ки гумон мерафт аз ихтилофи назарњои ќаблї намехоњанд нишоне вонамуд созанд. Моди суханронии худро дар донишгоњи Синхуа бо чанд љумла бо забони чинї оѓоз кард ва дипломатияи муваффаќи худро ба намоиш гузошт. Яъне, Дењлии Нав бо ниятњои созанда вориди Пекин шудааст ва талош дорад он њама сўитафоњумњоро як сў гузорад. Дидору мулоќотњои Моди ва муоњадањои имзошуда лањни гуфтор дар расонањои чиниро таѓйир дод. Ин дар њолест, ки дар остонаи сафари сарвазири Њинд ВАО дар Чин чандон хушбин набуд ва њато бањсњои тезутунд ва то њадде тањќ-

иромез низ дар шабакањои иљтимої сурат гирифта буданд. Аммо дар поёни ин дидубоздидњо њатто як тањлилгари маъруфи чинї сафари Моди ба Чинро ба сафари Ричард Никсон дар соли 1972 ба ин кишвар монанд кард ва ањамияти онро на камтар аз дидори сарвари Амрико дар он сол донист. Дар таърихи равобит миёни ду кишвар соли 1954 сарвазири Њинд Неру низ иќдом ба кушоиши гирењњои чигил дар равобити ду кишвар карда буд. Ќабули гарми вай аз љониби сарвари ваќти Чин Мао Седун умедњоро дар раванди дигаргунаи мунисбатњо зинда кард. Вале ин гармї баъди соли 1959, ки роњбари људоихоњони Тибет Далай Лама аз шиддати фишори Пекин аз Њинд паногоњи сиёсї хост, аз нав сард шуд. Њатто пазириши Далай Лама соли 1962 ду кишварро дар њоли љанг ќарор дод ва Чинро бо њарифи аслии Њинд - Покистон наздик сохт. Вале Моди талош кард ин сўитафоњумњоро аз миён бардорад. Миёни Чин ва Њинд 24 созишномаи њамкорї ва 21 ёддошти њусни тафоњум имзо шуданд. Созишномањои тиљоратї ба маблаѓи солонаи 30 миллиард доллар ба имзо расиданд, ки дар таърихи равобити ду мамлакат бесобиќа дониста мешавад.

Њазамон бо ин љонибњо натавонистанд дар баъзе масъалањои калидї ба тавофуќ расанд. Њанўз њам хатари он вуљуд дорад, ки дар њоли ба миён омадани буњрон дар муносибатњо дардњои куњан аз нав рў мезананд, эњсоси душманї боло мегирад. Аз љумла иддиоњои марзї ва равобити рў ба рушди Чин бо Покистон њамоно Дењлии Навро дар њоли нигаронии амиќ нигоњ медорад, аз ин рў дар равобиташ бо Пекин аз њамон як фосилаи ќаблї наздиктар намеравад. Аз сўи дигар, Моди низ чун пешгузаштагонаш наметавонист мушкилоти мардуми Тибетро нодида гирад ва зимни суханрониаш аз Чин расман даъват кард дар баъзе аз ин масоил аз равишњои созанда кор гирад. Вале тањлилгари њиндї Шиям Саран мегўяд, њоло хеле зиёд масоиле боќї монда, ки ба мушкили Тибет њам расидагї шавад. Њамзамон бо ин аз тарњи пешнињодии чинињо бо номи "як камарбанд, як роњ" њатто сухан нарафт, њарчанд дар остонаи ин сафар Чин умед дошт Њинд чун шарик ба он мепайвандад. Дар муоњадањои дуљониба ва муколамаи миёни роњбарон њамчунин дар масъалаи амнияти бањрї низ њарфе ба миён наомад. Шиям Саран мегўяд, ин нукта баёнгари он аст, ки Њинд њоло њам аз тарњи "камарбанд ва роњ" хавф дорад ва тањдидњои амниятї миёни ду кишвар рафъ нашудаанд. Аз ин рў, Дењлии Нав њамоно ба њузури муштарак дар ќитъаи бањри Чини Љанубї ва уќёнуси Њинд бартарият медињад.

Бобољони ШАФЕЪ

Ироќ ба оѓўши Русия? Муборизањои ахир бо ДОИШ Баѓдодро ба сўи Маскав савќ медињад Охири њафтаи гузашта дар шањри Палмираи Ироќ ДОИШ 217 нафар - 67 мулкї ва 150 асир - сарбози артиши Сурияро ќатл кард. Аз 67 мулкї 14 тифли маъсум ва 12 тани дигар модарони онњо - бонувони бедифоъ буданд. Сарвари расадхонаи Палмира Рамї Абдулрањмон гуфтааст, ки шоњиди ин куштор буд ва љангиён чандин танро сар буриданд ва боќиро парронданд. Миёнањои моњи майи соли равон як чунин амали бедодгарона дар рустое бо номи Амирия, ки њамагї 3 километр дуртар аз Палмира љойгир аст, рух дода буд. Дар њамин дењаи хеле кўчак 45 нафар ба мањзи он ки љонибдори њукумати расмианд, ба шевањои гуногун ќатл шуданд. Ишѓоли Палмира оламиёнро аз сарнавишти ёдгорињои таърихии ин шањри бостонї низ нигарон кард. Палмир дар рўйхати ёдгорињои бостоншиносиву таърихии ЮНЕСКО шомил шудаву ёдгорињояш мероси љањонї эътироф шудааст. Њарчанд шањри ќадима њоло як рустои нообод аст, вале барои илми бостоншиносиву таърих ањамияти фавќулодда дорад. Тарси СММ низ аз он аст, ки сарнавишти ёдгорињои дигаре, ки љангиёни "Давлати исломї" нобуд карданд, дар Палмира

такрор нашавад. Тањдидњое мављуданд, ки тарњи таърихии кўчањои румї, деворњои арки бузург, амфитеатр, маъбади Зевс ва гуристони атиќа, ки то ба имрўз расидаанд, нобуд карда шаванд. Дар њамин њол, артиши давлатии Ироќ шањри Рамодиро бидуни љанг ба љангиёни ДОИШ таслим карду рў ба фирор овард, њарчанд тайёрањои амрикої аз њаво онро кўмак мекард. Ин шањр боре соли 2014 аз сўи ДОИШ ишѓол шудаву баъдан аз он берун ронда шуда буд, вале тасарруфи дубораро коршиносон бузургтарин дастоварди ин гуруњ дар Ироќ аз аввали соли 2015 медонанд. Ахиран нашрияи амрикоии "The New York Times" навишт, ки Ироќ имрўз ба гумон аст бидуни ёрии Эрон тавонад дар мубориза бо ДОИШ муваффаќ шавад. Ин нашрия њамчунин навиштааст, ки дар Рамодї ва кулли вилояти Анбар, ки шањри ёдшуда низ ќаламрави он аст, артиши Амрико бештар аз њазор сарбозашро аз даст додааст. Бо вуљуди он ки Амрико борњо эълони омодагї ба њамкорї бо ироќиён дар саркўбии ДОИШ кардааст, вале чун њамеша дар татбиќи ваъдањо таъхир мекунад. Шартгузорињои пайвастаи амрикої Баѓдодро водор кардааст, ки дари Маскавро бикўбад. Ахиран нахуствазири Ироќ Њайдар

Ибодї вориди Маскав шуд ва њадафи ягонаи вай дарёфти њарчи зудтари силоњу аслиња барои муќовимат бо "Давлати исломї" - ст. Русия низ омода аст бо истифода аз вазъ ба ироќиён ба сифати нася њам силоњ фурўшад ва дар зудтарин фурсат онро ба ин кишвар расонад. Мулоќоти Путин ва Ободї дар Кремл амрикоињоро низ тањрик дод. Пентагон эълон кард, ки зарфи як њафтаи оянда Ироќ аз Амрико 2 њазор мушаки зиддитонкии АТ-4 дарёфт хоњад кард. Аммо мутахассисони ироќї силоњњои русиро бар мушакњои АТ-4 амрикої тарљењ додаанд. Онњо мегўянд, ин мушакњо њадафро дар ѓафсии 20 сантиметр ва дар масофаи 300-500 метр нобуд мекунанд. Аммо "Корнет"-и русї метавонад ѓафсии 30 сантиметрро аз масофаи 2,2-2,5 њазор метр шикофад. Ибодї дар Маскав сарењан аз Вашингтон интиќод кард, ки дар ваќти зарурат натавонист ба ваъдааш вафо кунад ва зарбањои сахти њавої ба мавзеъњои ДОИШ занад. Ва мисол овард, ки дар Рамодї ва Палмира амрикоињо њамагї 20 зарбаи њавої заданд, ин дар њолест, ки Саудињо дар Яман дар як рўз 100 зарбаи њавої мезананд.

Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

ТАБЛИЃ Мо ваќте ба беморхона меоем њатман фикре сарамон чарх мезанад, ки маблаѓи он чї ќадар бошад! Аммо дар њамин њол фикр намекунем, ки сифати табобат ва натиљаи табобатамон чї мешуда бошад?! Метавон дањњо маротиба табобат гирифт, вале агар сатњи тахасусии пизишк баланду шароити дармон љавобгўи меъёр набошад, пас аз ин табобату сарфи маблаѓ чї суде?! Пеш аз њама мо бояд барои дармон ва натиљаи табобатамон фикр кунем. Натиљае, ки барои ба даст овардани он мо ба бемористон мурољиат мекунем! Натиљаи мусбат, ќаноатбахш ва эњсосшаванда! Ин бонуи нозуку дар љавонї басе шебу фарози зиндагї дида, аз таљрибаи шахсиаш мисолњо меоварду мо дар баробараш гоње таассуф мехурдему гоњи дигар шод њам мешудем: - таассуф аз он ки инсон то пайдо намудани роњи росту мустаќим, макони амалишавии орзуњову ниятњо, басо ранљ мекашад, неши хору фишорњои гуногунро тањаммул мекунад, роњи

нойчаи сад маротиба истифодашудаи махсусро аз гулўи бемор дохил мекунанд. Чї ќадар тазйиќовар ва чї ќадар дардафзо! Бояд шиками гурусна онљо навбат мепоидї! Рўзњои тобистон, гармии тоќатфарсо, боз шиками гурусна то соати 12 ва гоње то соатњои яку дуи рўз, навбат меистодем! Як дард ба сад дарди дигар табдил меёфту дасту пойњо бемадору дарди сар садчандону дарди меъда дусадчандон мешуд! Боз медонед чї кор мекарданд? Ба саволаш худ љавоб медињад: - Њамон нойчаеро ба беморони дигар пештар аз шумо истифода бурда буданд, бо як "мањорати хоссе" бо спирт(!), дар пеши чашми шумо, шуста, ба гулўи шумо дохил мекарданд! Тассаввур мекунед, ки чї ќадар инсонњо сироят мешуданд! Тарзи дохил намудани нойча њам басо дилбењузуркунанда ва нафратовар анљом меёфт: харошидани гулўро баръало эњсос мекардам ва ќатрањои ашк беист љорї мешуд... аммо ба умеди бењбуд ёфтан тоќат мекардаму дигарон низ тоќат

11

®

Муњаббати Шабнам

®

Ё чї тавр дар Бемористони Ибни Сино табобати њаловатбахш ва беозорро ба ў ва хонаводаашон пешкаш намуданд. пурмашаќќатеро сипарї менамояду ваќти азизу умри гаронмояро талаф мекунад... - шод аз он шудем, ки то ранљ набарї, ганљ ба даст намеомадаст, то роњ наравї роњи дурусту мустаќимро пайдо намекардаї ва ин бонуи ранљу азоб дида, имрўзњо болидарўњу солиму хурсанд аст, хушваќту хушбахт аст, ки макони амалишавии орзуњояшро пайдо намудаву пайвандонашро низ ба ин макон роњнамої намудааст! Бемористони Ибни Сино! Чї номи зебо ва сазоворе! Воќеан, ворисони Синои бузург инљо љамъ шудаанд! Ин маконе буд, ки солњо дар љустуљўяш буд! Дигар ў дили нохоњаму маљбуран ба назди пизишкон намеравад! Ў бо табассуму дилпурї, ба ин макон рў меорад! Ў боварї дорад ва медонад, ки ў ва садњо нафари дигарро инљо бо сифати баланд, беозору фаврї саломатї мебахшанд, неъмате, ки солњо љўёяш буду намеёфт. Шабнам бо муњаббату самимият дар ин бора њарф мезанад: - Дар мактаби миёна тањсил доштам, ки дар меъдаам дарде пайдо шуд, дарде, ки маро ором намегузошту хобро бароям њаром гардонида буд, њамсолонам бедарду ранљ аз љавониашон лаззат мебардоштанду ин дард маро аз лаззату шодї мањрум карда буд. Бо тавсияи волидон маро бемористоне бурданд, ки табобат бигирам. Њоло, ки ёд меорам, рашъа дар баданам пайдо мешаваду ба худ меларзам! Барои ташхиси захми меъда як

мекарданд! Бибиямро низ чанд бор бо ин тарз табобат карданд. Бори охир дилаш ќариб аз кор мемонд. Пизишкони дил бо азоби алиме пас аз ду шабонарўз ўро ба худ оварданд! Шабнам инљо сукут ихтиёр мекунад. Сукуташ ќобили тањсин аст. Ва шукраш низ! - Шукр мекунам, ки ин бемористонро ифтитоњ карданд! Бори аввал мо бибиямро ба инљо овардем. Баробари ворид шудан инсон худашро дар як фазои озодаву ором њис мекунад. Бибиямро ба ошёни дуввум бурданду об гузарониданд ва дар кати тозаву бароњате хобониданд. Навбатпоиашон ба њамин минвол ба анљом расиду пас аз чанде бо таљњизоти аълосифат ташхис гузарониданд ва марњамеро бо номи лидокаин хўрониданд. Бибиям умуман нафањмид, ки амалиёт чї тавр гузашт! Ба нойча њам марњами лабрикант молиданд, ки воридшавиаш осону ноаён сурат гирифт. Гумон мекард, ки боз њамон дарду ранљи пештараро шояд бо дигар тарзе ба субут мерасонанд, аммо ин тавр нашуд. Ваќте амалиёт ба поён расид бибиям гуфт: - Худоро шукр, умратон дарозу Парвардигори олам ёру ёвару мададгоратон бод! Айнан набошад њам , ба њамин мазмун ин дуъо вирди забони мо њам гардид! Ману модарам, пас аз чанде њамингуна ташхис ва табобат гирифтем! Табобати њаловатбахш ва беозор!

Аљобат ин аст, ки тамоми захму љои дарду меъдаро баъдан дар монитор ва тасвири ранга нишон доданд ва бо тафсил фањмониданд, ки беморї аз куљо хурўљ кардаву чї гуна бояд нест карда шавад. Ин бори аввал буд, ки мо бо љузъиёт аз сарчашмаву тарзи кори меъдаву рўдањо шинос мешудем. Хоњ бовар кунед, хоњ не, тарзи муомила ва тамошои дастгоњњои навтарину тарзи тозаву бе микроб гардонидани таљњизоти истифодашаванда моро алаккай 50% табобат карда буд! Тамоми маводи масрафмешуда якмаротибаина буда, муддати ним соат, бо моеъи ќимматбањои деконекс шуставу покиза гардонида мешаванд. Баъдан бибиямро табобат карданд, ки на мо боварї доштем ва на табибони пешин! Ману модарам низ сариваќт табобат гирифтему шукрона мекунем аз мављуд будани як чунин макони тамйизу ороста , бо мутахассисони олидараљаву таљњизоти бењтарин! Бемористоне, ки орзуњои чандинсоларо љомаи амал мепўшонад. Пизишкони баландмартабаву баланддараљае, ки пеш аз њама ба ќадри инсон мерасанд! Њоло, мегўяд Шабнам, тамоми ањли оилаамон ва пайвандонамон , агар зарур шавад, дар ин бемористони байналмилаллї табобат мегиранд. Дугонањоям ва дигар шиносњоямро низ аз бартариву пешќадамии ин бемористон огањ кардам, зеро љое хонда будам:

Мурѓе, ки хабар надорад аз оби зулол, Минќор ба оби шўр дорад њама сол. Пўшида нест,ки ин бемористон тарњи хусусист ва аз љое кўмаку дастгирї намеёбад, бо ин вуљуд барои дастрас намудани хидматрасонињои аълосифат ба мардум, барномаи љолиберо роњандозї намудааст, ки нархи табобатро ба маротиб арзон мекунад. Барномаи "Суѓуртаи миллї" то 80% харољоти моро камтар намуд! Ба фикри ман нархи табобат бе ин њам гарон нест, њамон маблаѓи сарфмешударо инљо кушоду равшан ва якбора месупорї, дар дигар беморхонањо бошад, пинњониву бомаром, тарсидаву ларзида ва ѓайриќонунї. Аз маблаѓи супоридаи шумо на беморхона фоида мебинад ва на давлат. Дар Бемористони Ибни Сино њама кор, дар фазои озод, рўирост ва ошкор сурат мегирад! Ин аст, ки бемор худро дар инљо бегона њис намекунад. Муомилаи хуб, рафтори нек, њамдигарфањмиву муњити нотакрор сабаби болоравии обрую нуфузи пизишкони ин даргоњ ва худи Бемористон гардида аст! Дар ин макон ба њар дарде даво ва ба њар ранље шифо пайдо мекунанд! Мо ба Шабнам ва оилаи ў таманнои саломатии бардавому барори кору пайкор намуда, аз як мисоли овардаи ў ба хулосае омадем, ки "ќадри зар заргар бидонад, ќадри љавњар љавњарї!"


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

БА ЉОДАИ ФАРДО Ман меравам ба љодаи фардо… Ва вожаи бузурги "Ватан"-ро, Ки дар канори чавкию минбарњо, Дар тангнои њуљљату дафтарњо Бас хурд гаштааст, Сар медињам ба мисли кабўтар Бар вусъати мунаввари идрок. Ман меравам ба љодаи фардо… Пайванд мезанам Тасвири беѓубори ватанро, Ки дар утоќњои пур аз ѓафлат, Дар ќоби гардбастаи расмият Фарсуда гаштааст, Бо зиндагии рўшани кампиракони дењ, К-аз шом то сањар Бо чархресањои њаётофар Уммеду Ишќу муъљиза мересанд, Бахту нишоту отифа мебофанд. Пайванд мезанам Тасвири беѓубори ватанро Бо сўњбати даравгару гандумзор, Дар сўњбате, ки њарфи дурўѓе нест. Дар сўњбате, ки дар васаташ љорист Рўњи насиму роињаи гандум. Пайванд мезанам Тасвири беѓубори ватанро Бо шавќи кўдаке, ки нахустин рўз Бо љузвдони пур зи таманно Биштобад ў ба сўи дабистон. Дар дидагони поку муљаллояш Тасвири тобноки ватан пайдост. Дастобадасти ў Ман меравам ба љодаи фардо.

БИЁ ЗИНДАГОНЇ КУНЕМ Биё зиндагонї кунем, Даме пойи урён ба рўйи алафзор Битозем њампойи бузѓолањо. Нишинем дар суњбати савсану об, Бипурсем њоли дили лолањо. Ва бовар кунем, Ки мо дар заминем њоло. Биё зиндагонї кунем, Фаротар зи њадди ќавонини ваќт. Ва тимсоли худро бурунтар кашем Аз ин ќоби мањдуду чиркини ваќт. Биё зиндагонї кунем, Кушоем худро Чу равзан ба рўйи њавои сањаргоњ. Фиристем худро ба боли насим Ба таркиби обу дарахту гиёњ. Фаротар зи мањдудаи гил равем, Ба сўйи саропардаи дил равем. Ба раѓми шабохуни фављи аљал, Агар то абад њам на, њадди аќал, Њамин дам, њамин он, њамин як мањал Биё зиндагонї кунем, Биё зиндагонї кунем…

БА САРХАТИ ПАРВОЗ Њанўз шеъру суруди тари даравгарњо Ба осмон бикашад пар зи байни гандумзор. Њанўз бўи хуши кулчањои навпухта Фазои дењкадаи Ёдро кунад саршор. Ва шавќи бол заданро ба дил барангезад, Хумори гарми ватанро ба дил барангезад. Њанўз Субњ бихонад намози бедорї, Чу пар кашад ба фазои пагоњ мурѓи азон. Њанўз роињаи ширчойи момої Таровад аз лаби гулкосаи мањи Рамазон.

БО ШОИР Њанўз кўдаки њамсоя орзуяшро Ба шањри Афсона Ба сад умед ба тайёрааш фиристад боз. Маро, ки нуќта бимондам ба њар таманное, Дубора ў хонад Ба сархати Парвоз. Њанўз ваъдагањи кўњна пур зи овоз аст, Пур аз навои гитори муњаббату роз аст. Њанўз Зебої Камоли эъљоз аст. Њанўз пиразани гулфурўш њам зиндаст, Ва бар муњаббати Инсон њамекунад бовар. Дари дукони ў Ба рўи шефтагону навошиќон боз аст.

Ва ман њам метавонам шодмон гўям: "Худоро шукр, хубам, модарам, хубам".

ЗАРАФШОН Ту аз чашмони мо сарчашма дорї, Зи маѓзи љони мо сарчашма дорї. Зи ашку хуни таърихи Хуросон, Ту аз армони мо сарчашма дорї. Равонї дурфишону гавњарафшон, Зарафшоно, Зарафшоно, Зарафшон! Ту зебо чун забони порсиї, Мусаффо чун забони порсиї. Ба гўши љони тифлони Бухоро Чї шево чун забони порсиї.

ТОЛИБИ ЛУЌМОН …Ва ман-љазираи барканда аз љањон, инак Дубора бо Парвоз, Дубора бо Оѓоз, Дубора бо Эъљоз Ба ќалби тозаву чашми нав ањд хоњам баст. Ба Зиндагї аз нав Дуруд хоњам гуфт, Дуруд хоњам гуфт.

НОМАИ ТАНЊОЇ (Нома ба модар) Саломи ман насимона Ба сўйи себзори њотаи ту мевазад, модар, Ба рўйи њавлии озодаи ту мевазад, модар. Њамоњанги насими шўхи гандумзор Дамодам аз дари бикшодаи ту мевазад, модар. Ту мехоњї бидонї њолу рўзу рўзгори ман, Тариќи кору бори ман. Худоро шукр, хубам, модарам, хубам. Валекин гоњ дар ман мекашад фарёд Танњої… Ба маљлисгоњ, ваќте ки њама расмию маснўъист: Табассум њам, Такаллум њам, Дилу пиндору эњсосу тарокум њам, Миёни кўчањои шањр, к-он љо чор фасли сол Њамора барфу борон аз ќавоќи одамон резад, Њамон дам андарунам мекашад фарёд танњої. Ту дар ман парваридї рўњи поки чашмасоронро, Ба ман омўхтї лафзи гулу обу дарахту љўйборонро, Вале ин љо чунин лафзу забонеро Намефањмад касе, модар. Забони мардуми ин шањр махсус астЗабоне дур аз обу гулу сабза… …Љавонам ё ки пирам, ростї, њоло намедонам, Ки бар дўши љавонї бори сад пир аст… Љавониям ба чанги асри одамсўз дилгир аст. …Ва чанде пеш љашни зодрўзам буд, Ва ёре шодмон мегуфт: "Муборак соли биступанљ…" Вале лабханди ѓамгинам ба пушти хеш Нињон мекард шашсадсолагиямро. …Миёни тўдае, ки мешитобад чор сў, аммо Куљо ў меравад, њаргиз намедонад, Миёни тўдае, ки андаруни хеш љо кардаст Каме гургию рўбоњї, каме хирсї, Ва Одамро даруни хештан куштаст, Чунон танњои танњоям, ки танњої Зи дасти ман ба хуну хок оѓуштаст… …Валекин себњои њотаи ту ранг орад боз, Ва дастони ту рўйи хок тухми гул бикорад боз. Ва мурѓони фирории умеди ман Ба шохи зиндагонї лонаи зебо гузорад боз.

Равонї пур зи ашку дарди њиљрон, Зарафшоно, Зарафшоно, Зарафшон! Замини сабзу гулпўши Самарќанд Зи оби чашми мо бошад самарманд. Зарафшоно, бигў ўро дуруде, Манам бо њар дарахташ решапайванд. Сиришкамро ба хоки ў барафшон, Зарафшоно, Зарафшоно, Зарафшон! Барї дар дил сафои порсиро, Ба лаб њарфу њиљои порсиро. Ту гардон менамої дар Бухоро Њамора осиёи порсиро. Бувад ин осиё то њашр гардон, Зарафшоно, Зарафшоно, Зарафшон! Ту шањрўди дили мої, Зарафшон, Дуруди мо ба фардої, Зарафшон. Суруди дарди њаљри мо ба гўши Самарќанду Бухорої, Зарафшон. Манам дар пойи мављи ту сарафшон, Зарафшоно, Зарафшоно, Зарафшон!

МОДАРИ КЎЊИСТОНЇ Модари дардпарвари тољик, Чашмадил, кўњпайкари тољик. Рўйи дастони ту фурўзон аст Машъали ишќу бовари тољик. Рустаї ту ба сони гулсанге Дар бари порасанги кўњистон. Сад гули ризќ мешукуфонї Аз сари хорасанги кўњистон. Бўйи љурѓот мекунад дастат, Њарфњоят њамеша ќаймоќист. То ту њастию кулбаи бозат Одамият дар ин љањон боќист. Њељ ѓам нест, гар ба сандуќат Шишаи атри аврупої нест. Худ њамин бас, ки ќарсу рўмолат Пур-пур аз накњати гули кўњист. Рўйи ту бо тамоми ожангаш Мазњари покию мубарроист. Чашмњои фурўнишастаи ту Хостгоњи фурўѓу зебоист. Кай дињї тан ба зиндагї, љисмат Мазњари рўњи родмардон аст. Ашки ту барњадар нарезад, з-он Осиёби њаёт гардон аст.

ТАРОНАИ БОРОН Боз ангушт ба тирезаи ёдам бизадї, Боз сарпанљаи ѓам бар дили шодам бизадї. Боз чун ќосидаки шањри тари хотирањо Омадї, њалќа ба дарвоза дамодам бизадї. Оњ борон, борон, Оњ борон, борон. Чун ту тафсиргари ќиссаи рањпої нест, Чун ту тасвиргари сурати танњої нест. Эй, ки дар мўќалами тозаву сењрофари ту Љуз ѓазалњои тару рашњаи зебої нест.

Оњ борон, борон, Оњ борон, борон. Бозам аз хилвати торик бурун овардї, Бар раги рокиди дил хуни љунун овардї. Мисли љодугари айёр зи жарфои сукут Сўи ин замзамазорам ба фусун овардї. Оњ борон, борон, Оњ борон, борон. Рез борон, ки дигар марзи садоќат хушк аст, Зиндагї хушк, вафо хушк, муњаббат хушк аст. Тар бикун сарбасар ин воњаи хушкистонро, Ки дигар сидќу сафо хушк, саховат хушк аст. Оњ борон, борон, Оњ борон, борон. *** Одамї њар ќадар бузург шавад, Бинад он ќадр љабри кайвонро. Њар ќадар себ пухтатар гардад, Он ќадар кирм мехурад онро.

ГАДО Дар сари шоњрање марди гадо биншаста, Пањлавонсурату куњпайкару пуртобу тавон. Ољизона бибарад дасти гадої бар пеш, Бигзарад аз рањи ў мўрчае донакашон… Баски бо хўи гадоиш бадомўз шудаст, Зиндагї мекунаду заррае ѓам нест варо. Њайфу афсўс, ки бо пайкари пилафкани худ Њиммату њавсалаи мўрча њам нест варо.

Ѓазал Роњ аз каљгардињои мо шикоят мекунад, Аз хатопўйии пои мо шикоят мекунад. Бо чї рў бо ин ќадар таќсир бар худ бингарем, Ойина аз ин лиќои мо шикоят мекунад. Нойи Мавлоно њанўз аз найситони "Маснавї" Аз људоии ниёи мо шикоят мекунад. Гўшае равшан намегардад зи мо-ањли зиё, Халќ њар дам аз риёи мо шикоят мекунад. Баски девони пур аз асрори ў нохонда монд, Навбањор аз чашмњои мо шикоят мекунад. Баски њар дам зери кафши аср гардад поймол, Гул зи дасти норасои мо шикоят мекунад. Њусн њар сў дар суроѓи чашми хушбин хору зор Аз нигоњи пурхатои мо шикоят мекунад. Њайрато, фардо чї сон бар додгоњи Ў равем, Ишќ аз мо бар Худои мо шикоят мекунад.


ТАХТАИ СИЁЊ Писарчаам филмњои тасвирї овард. Таваљљуњ кардам, ки ба забони тољикиянд. Аввал хурсанд шудам, ки хайрият, ба забони тољикї њам филмњои тасвирї тарљума мешудаанд ва аз худ суол кардам, ки чаро шабакаи "Бањористон", ки ѓолибан филмњои њунарї ва тасвириро ба забони русї ба намоиш мегузорад, аз ин асарњои ба тољикї тарљумашуда чаро истифода намебарад. Аммо баъдтар, пас аз шунидани ба ном тарљумаи филмњои "Шрек" "Мадагаскар", "Rio", "Давраи яхбандї" (дар тарљума "Куњњои яхбандї" омада, аз номи асл дур рафтааст) ва ѓайра хурсанд шудам, ки хайрият, ин филмњоро телевизион пахш накардааст. Зеро чарха ё дискњое, ки дар дўконњо ба фурўш гузоштаанд, њамаашон ба лањљаи номаълуми тољикї тарљума шудаанд. Сифати тарљума чунон паст аст, ки мутаассифона, њатто ба лањља гуфтан намеарзад! Марњамат, якчанд иќтибос аз "тарљума"-и филми "Замони яхбандї", "Шрек" ва "Мадагаскар", "RIO", "Кунфу - Панда" ва "Чиндљони": "Пато куљо шудан?", "Кидат мекунен", "Отаи ман шефи банда буд" "Ќурутобхонаи пеши Мехколонда", Салому алейкум, мамашка!", "Вазъият туго шуд", "Њавунг ин арўси девонашаш, хайр, занамай", "Пеши хешу таворанда падвадит накун", "Кофе-чай, бо орех дора", "Попугайа бин, дар клетка шишта ранги мурѓ шудай", "Ранги парки "Победа"-ай", "Кира намёк додастай?" "Дамта бги, братишка!"... Ба замми он ки њама ќањрамонњо бо як лањљаи махлут бо калимањои русї њарф мезананд, боз ба ин филмњо обу ранги тољикї додаанд. Масалан, Студияи "Сино" дар филми "Шрек" номњо, оњангњо ва сурудњоро тољикї намуда, аз љумла, Шрекро "Шариф", Феонаро "Фирўза" ном гузоштааст. Ин њам дарди бахайр, ваќте дар филми "Мадагаскар" дар бораи ќурутобу "павароти Саховат" њарф меравад, дар њайрат мезанї ва худ аз худ суоле пайдо мешавад, ки наход дар замони яхбандї ќурутобхона бошаду боз дар назди "Мехколонда"? Якчанд филмњои тасвирии баргардондаро тамошо кардам, вале аќаллан ду љумлаи оддии тољикиро нашунидам! Продюсерон ва тарљумонњо ва умуман, њама онњое, ки ин филмњоро ба савдо баровардаанд, як зарра дар бораи њуќуќи муаллифон наандешидаанд. Чун ба муколамаи ќањрамонњо таваљљуњ мекунед, пай мебаред, ки мутарљимон аз хати тарљумаи асари аслї фарсахњо дур рафта, њарчи ба хаёлашон омадааст, њамон њарфро ба забони ќањрамонњои филмњо гузоштаанд, вагарна иборае ба монанди "Туя Ленински район бурдан даркор", "Братишкаи руѓанї" ва ё "Павароти Саховатда манъ кун" чї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

Ба таваљљуњи Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати ЉТ ва идораи "Тољиккино" гирифта мешавад. Як нуктаро баста ба ин ёдовар мешавем, ки сохтани филмњои тасвирии хуб хеле гарон аст. Масалан, њамин филми "Мадагаска?р" аз тарафи коргардонњо Эрик Дарнелл ва Том МакГрат бо арзиши 78 миллион доллар бардошта шуда, њамчунин ин филм соњиби якчанд љоизањо гардидааст. "Шрек" бошад, бо 60 миллион доллар сохта шуда, зиёда аз 484 миллион доллар даромад овардааст ва соли 2002 соњиби љоизаи аз њама бунуфуз ва баобрўй дар соњаи синамо "Оскар" шудааст.

"Братан"-у "братишкањо" ба љойи Эшони Нуриддину Њољї Мирзо тавр аз забони ќањрамонњои аврупоиву амрикоиву африкої садо медињад? Пас аз тамошои ин асарњо кас хулоса меояд, ки нафарони ин филмњоро ба забони тољикї сабтнамуда дар назди тамошобин, махсусан, хурдсолон умуман масъулият њис намекунанд. Иборањои фањш ва ё њаќоратро рушод, бепарда ва бе ягон хиљолат ба забони ќањрамонњои филми тасвирии "Даврони яхбандї" гузоштанд. Пеш аз он ки ибораи зерро бинависам, аз хонандаи ин сатрњо узр мепурсам. Нахуст нахостам, нависам, вале мову шумо бояд бидонем, ки сатњи одоб ин филмсозони тољик то ба куљо поён рафтааст. Яке аз ќањрамонњо дар филми агар хато накунам, "Мадагаскар" ба дигаре мегўяд: "На самом деле, ње, ту голубойї?" ва баъдтар тасдиќ мекунад: "Братан, ту точно голубойї!" Ман саддарсад бовар дорам, ин њарфњои фањш дар нусхаи асли ин филм ва ё он чї ба русї баргардонї шудааст, нест! Ва буда њам наметавонад, зеро муаллифони аслии ин филмњо медонанд, ки мухлисони асарњояшон на танњо миёни калонсолон, балки бачањо њам хеле зиёданд. Њатто агар чунин суханони фањш дар нусхаи асл ва русї њам мебуд, мутарљимон ва мудирони ин филмњо мебоист одоби тољикиро риоя намуда, он њарфњоро ихтисор мекарданд, зеро онњо хуб медонанд, ки ин филмњои тасвирї ба насли наврас ва кўдакон нигаронида шудааст! Яке аз ин ширкатњое, ки ин филмњоро ба лањља "тарљума" намуда-

аст, дар оѓоз аз њаќќу њуќуќи худ фаромўш накарда, чунин њарфњоро овардааст. Хонандаи азиз, ман њарферо дигар накардам ва ѓалате, ки њаст, аз онњост ва кош, аќаллан, љумлањоро дуруст менавиштанд. Ќазоват аз шумост: "Дикат Суруду филму мутфилмхои навтаринро Аз студияи FBR дастрас намоед. Хукукхои муалиф химоя шудааст хангоми нусха бардори ба чавобгари кашида мешавад." Бубинед, дар њамин як эълони камаш 17 ѓалат гузаштааст! Вой бар њоли забони тољикї! Вой, бар њоли забони давлатї! Худ аз худ суол пайдо мешавад, ки магар худи онњо ќонунї нусхабардорї ва тарљума кардаанд? Зеро то љойе медонам, барои нусхабардорї кардани филмњои тасвирии хориљї ва на танњо тасвириву на танњо хориљї, пеш аз њама иљозати расмии соњибони моликиятро гирифтан њатмист. Табиист, ки он љавоз бо пардохти муайян

Дар кишварњои маданї, ки инсон мукаррам асту њамчунин њуќуќњояш, бе рухсати расмї њеч гоњ моликияташон истифода намешавад ва агар чунин шавад, њатман муљозот мешаванд. Аммо дар кишвари мо њам асарњоро медузданд ва боз ба муаллифон хиёнат мекунанд, яъне, бо ихтиёри худ ба љойи матни дар сенарийбударо тарљума кардан аз худашон мебофанд. Худ аз худ суоле рўй мезанад, ки чаро ин филмњо бе монеа ва бе гузаштан аќаллан аз назари "Тоќиккино" бо масхараи забони давлатї истењсол, нашр ва фурўхта мешаванд? Ва чаро солњост, ки ин кор солњои сол идома дораду касе пишаки онњоро пишт намегўяд? Ё идорае нест, ки ин тарљума ва истењсоли чунин филмњои тасвириро назорат кунад? На, њаст. Ва агар зарур шавад, дурусттараш, фармон шавад, њам назорат мекунанду њам фурўшашро манъ.

Њанўз панљ сол пеш чидани чархањои Эшони Нуриддину Њољї Мирзо барин олимону воизони исломї сар шуда буд ва дар ин бора Радиои "Озодї" гузорише нашр карда буд ва дар он собиќ мудири кулли "Тољиккино" Зайниддинов гуфта будааст, ки бар пояи шикояти сокинони Душанбе, ки гўё, дар дўконњои дискфурўшї садои мусиќї баланд гузошта мешаваду ягон кас роњи инро намегирад, дискњои мазмуну моњияти исломидоштаро чида буданд..." Дар охири ин гузориш омадааст: "Масъулини "Тољиккино" мегўянд, тафтиш бо ширкати тамоми маќомоти зидахли Тољикистон рўзњои дигар низ идома пайдо хоњад кард ва њадаф њамон хоњад буд: ба танзим даровардани тиљорати сабту наворњо дар бозорњои Душанбе". Имрўз фурўши чархањо дар дўконњои дискфурўшї ба танзим даромадааст? Аввалан, шумораи чунин фурўшгоњњо ба маротиб зиёд шуд. Баъдан дигар аз ин марказњо садои Эшони Нуриддину Њољї Мирзо намеояд ва таносубан дигар шикоят њам аз сокинони Душанбе дар бораи бо овози баланд пахш кардани дискњо ба идорањои дахлдор намерасад. Ва табиист, ки љойи онњоро чархањои пур аз садоњои фањш ва вайронкунандаи забону ањлоќ гирифтаанд. Кош, боз нафароне пайдо мешуданд ва мегуфтанд, ки садои бадахлоќонаи чархањои филмњои тасвирї ба мо халал мерасонанд... Ва нињодњои марбута ба чидани онњо шуруъ мекарданд!

Сафои СОДИЌ

ВАРЗИШ

Дилшод Назаров роњхати ширкат дар Олимпиадаи 2016-ро ба даст овард Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тољик бо гирифтани маќоми дуввум дар мусобиќаи анъанавии љањонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозї соњиби роњхат ба Бозињои олимпии соли 2016 дар Риоде-Женейрои Бразилия гардид. Дар мусобиќаи анъанавии љањонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike", ки дар

13

љумњурии Чехия баргузор шуд, Дилшод Назаров бо партоби гурз ба масофаи 79,36 метр соњиби маќоми дуюм шуд. Бо гирифтани ин маќом варзишгари тољик имкон дорад, дар мусобиќаи ќањрамонии љањон, ки рўзњои 22-30-юми августи соли равон дар шањри Пекини Чин баргузор мешавад иштирок кунад. Дилшод Назаров ќаблан дар бозињои Олимпии солњои

2004, 2008 ва 2012 иштирок кардааст. Дар бозињои Олимпии соли 2008 дар Пекин ў маќоми 11-ум ва дар Олимпиадаи Лондон дар соли 2012, маќоми 10-умро соњиб гашта буд. Ў ду маротиба солњои 2009 ва 2013 соњиби унвони ќањрамони Осиё гардида буд. Инчунин ў муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї мебошад.

(Давом дорад) Нуралї ДАВЛАТ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

МАЌОМЊОИ ЊУКУМАТДОРОН АЗ " РЎЗИ ЃАЛАБА" ТО " РЎЗИ ШАШМАЌОМ" - Дар телевизиони Русия Пётр Порошенко, президенти Украинаро мантиќ кардаанд, ки рўзи 8 - уми май 70 - солагии ѓалабаи артиши шўравиро бар Германияи фашистї љашн гирифтааст. Ман бо умед рўзи 9 - уми май ба шањри Ќўрѓонтеппа баромадам, то ки ба чењраи иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї нигариста, он рўзњои мудњишро ба ёд биёраму ба саркардагони љанг лаънат бифиристам. Он рўз дар шањр њама љо љим буд, дар назди муљассамаи "Аскари номаълум" (шояд аз камбудии газ ва ё камбаѓали њукуматдорон ) оташе, ки њар сол фурўзон буд, мурда буд. Баъди пурсупос маълум гашт, ки дар шањри Ќўрѓонтеппа бегоњи рўзи 8 - уми май иди ѓалабаро љашн гирифтаву дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмањмадзода баромад кардааст. Бароям бисёр аламовар буд, ки љашнеро, ки 69 сол боз дар шањри Ќўрѓонтеппа 9 - уми май љашн мегирифтанд, 8 - уми май љашн гирифтанд. Шояд ба хотири тамошои барномањои телевизиони Русия бошад, нафањмидам. Њар љашну идеро дар рўзи дакиќи худаш ќайд кардан лаззати дигар дорад. Инак, рўзи 12 - уми май барои болида гардонидани озурдахотириам ба Кохи "Ватан" рафтам, то ки дар Рўзи "Шашмаќом" маќом шунида, саломатиамро барќарор намоям. Љашни шашмаќом, ки онро "шиносномаи миллат" њам мегўянд, бе ягон баромади расмии масъулони вилояти Хатлону шањри Ќўрѓонтеппа оѓоз шуду ба анљом расид. Суруду мусиќињои авлодї бисёр хушу гуворо будаанд. Акнун дарк кардам, ки бе табрикоти раисону туњфањои хотиравии онњо ба ањли њунар њам чорабинињо хушу гуворо паси сар мешудаанд… Шамсиддин ТОЊИРОВ, сокини шањри Ќўрѓонтеппа

ЛАТИФА Дар як мототсикл чор кас савор шуда мерафтанд. Милиса онњоро дида, даст мебардорад, ки истанд. - Девона шудї? - дод мезанад яке аз мототсиклсаворон. Туро дар болои сарамон шинонем?

? - И НОБОБ ОЁ КУРСЊОИ ТАЙЁРЇ ДАР ДМТ АМАЛ МЕКУНАД? - Довталабе, ки соли гузашта барои шомил шудан ба Донишгоњи миллии Тољикистон муваффаќ нашуд оё имконият дорад, ки имсол ба ДМТ дохил шавад? Барои муваффаќ шудан дар имтињони ќабул довталаб чї кор бояд кунад? Солњои пеш дар ДМТ курсњои тайёрии ќабулшавї ба донишгоњ амал мекард. Бо фаъолият шуруъ кардани Маркази миллии тестии Тољикистон њоло њам курсњои тайёрии ќабулшавї дар ДМТ хусусан дар факултаи шарќшиносї амал мекунад ё не? Ё бо фаъолият шуруъ кардани Маркази миллии тестї тањсил кардан дар курсњои тайёрии ќабулшавї дигар зарурат надорад? Алишер АЛИМОВ, сокини шањри Душанбе - Дар сурати як маротиба муваффаќ нашудан дар имтињонњои ќабул, довталаб барои оянда бояд донишњои худро вобаста ба ихтисоси интихобнамудааш мустањкам намуда, такроран ба Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон њуљљат супорад. Дар Донишгоњи миллии Тољикистон курси тайёрии 8, 3 ва 1 моња амал мекунанд, ки ба шунавандагон дар асоси барномаи мактаби тањсилоти миёна вобаста ба кластер (гуруњи ихтисосњо) - њое, ки дар Маркази миллии тестї њуљљат супоридааст, сабаќ омўзонида мешавад. Мутаассифона, ба хатмкунандагони курсњои тайёрии донишгоњњо дар Маркази миллии тестї имтиёз муайян нашудааст. Њоло дар донишгоњ факултети забонњои Осиё ва Аврупо амал мекунанд, ки дар курси тайёрї барои шомил шудан ба ин факултет вобаста ба каластери мувофиќ шунавандагон метавонанд мурољиат намоянд. Ба саволи Шумо Солењ ЌОСИМОВ, муовини сардори Раёсати таълимии Донишгоњи миллии Тољикистон посух дод.

ОЁ МЕДОНЕД? - Дарёи аз њама дарозтарини љањон дарёи Нил мебошад. Дарозии дарёи Нил 6671 км - ро ташкил медињад, ки он дар ќитъаи Африќо љойгир аст. *** - Фидел Кастро, роњбари инќилобии Куба, ба китобњои рекордњои Гинес барои он шомил гаштааст, ки ба љонаш 638 маротиба суйќасд сурат гирифтааст, ки њамагї бебарор анљом ёфтанд. *** - Оё медонед, ки мўйњо дар сар одатан дар як моњ 1,25 см меафзоянд. Дар сари одами калон таќрибан 120000 мўй вуљуд дорад, вале на њамаи онњо доимо мерўянд. Ѓафсии мўйи сари одам диаметраш таќрибан 0,050,07 мм мебошад. Олимон муайян намуданд, ки мўй назар ба рўз дар шаб тезтар меафзояд.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

*** Кампир бо шитоб дохили дорухона даромада гуфт: - Бачам, ба ман доруе дињед, ки хўрда, љонамро осонакак биспорам. Доруфурўш дар њайрат шуда, мепурсад: - Чї шуд, ки таъљилан ин зиндагии ширинро дигар намехоњї? Кампир гуфт: - Рањматии шавњарам дар он дунё тўй карда, зан гирифта истодааст, ки шаб худам дар хоб бо чашмонам дидам. Доруфуруш пурсид: - Доруро хўрда мурдї, баъд чї кор мекунї? Кампир гуфт: - О мегум, рафта, тўйша вайрон кунам да.

- Салом, духтари хушрў...

*** - Писарам, ту кай бањои дуятро ислоњ мекунї? - Намедонам, модарљон! Ин муаллимаамон њама ваќт журнали синфро бо худаш гирифта мебарад! *** Писарбачае бори аввал ба мактаб меравад. Муаллима аз ў мепурсад: - Хайр, писарам, гап зан, шуморида метавонї, масъалан, 1, 2, 3, 4, 5 давомашро гуфта метавонї? Писарбача: - Бале, муаллима, метавонам. 6, 7, 8, 9, 10, "валет", "дама", "карол", "тус". *** Афандиро пурсиданд, ки агар мору љайраро дурага кунанд, чї мешавад. Гуфт: - Якуним метр симхор.

? - И НОБОБ ОЁ МАЪЮБОНИ ЊИМОЯИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНЇ БА ТАБОБАТИ РОЙГОН ЊУЌУЌ ДОРАНД? - Редаксияи азиз, донистан мехостам, ки маъюбони њимояи сохти конститутсионї оё њуќуќи ройгон табобат кардани худро дар муассисањои тиббии љумњурї доранд? Агар дошта бошанд, онњо чї тавр метавонанд ба табобати ройгон дастрасї пайдо кунанд? Нурмањмад НАЉМИДДИНОВ, сокини шањри Кўлоб - Бале, доранд. Хизматрасонии тиббию санитарии ройгон - намуд, њаљм ва шартњои пешнињод намудани мадади тиббию санитариро дар муассисањои системаи давлатии тандурустї мутобиќи њаљми маблаѓгузории соњаи тандурустї аз буљети давлатї, инчунин мављудияти захирањои донорї барои татбиќи барномањои дахлдор дар соњаи њифзи саломатии ањолї дарбар мегирад. Хизматрасонињои тиббию санитарии ройгон ба шахсони дорои имтиёз, тибќи номгўи гуруњњои ањолии Љумњурии Тољикистон, ки мутобиќи маќоми иљтимої ва нишондодњои тиббї ба хизматрасонии тиббии ройгон њуќуќ доранд, њангоми пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи њуќуќи онњо ба имтиёзњои иљтимої пешнињод карда мешаванд. Шарти асосии расонидани ёрии тиббию санитарии ройгон ба шахсони дорои имтиёз (бо истиснои њолатњои бетаъхир ва фаврии тиббї), мављуд будани роњхати табиби оилавї, терапевт, педиатр ва акушер- гинекологи минтаќавии муассисаи тандурустии мањалли зист, хулосаи Комиссияи назоратї - тиббї (КНТ) мебошад. Категорияи шањрвандоне, ки мутобиќи маќоми иљтимої барои гирифтани хизматрасонињои тиббии ройгон њуќуќ доранд инњоянд: - маъюбони Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда (маъюбони ЉБВ, маъюбон аз њисоби иштирокчиёни ЉБВ, маъюбони амалиёти љангї дар ќаламрави дигар давлатњо, маъюбони њимояи сохти конститутсионї); - иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї; - нафаќахўрони ањамияти љумњуриявї; - иштирочиёни бартарафсозии садамаи Нерўгоњи барќи атомии Чернобил; - маъюбон (маъюбони осеби мењнатї, беморињои касбї, беморињои умумї, маъюбони Артиши Шўравї, маъюбони овони кўдакї); - кўдакони то 1 сола; - кўдакони маъюб; - аъзои оилањои камбизоат ва шањрвандони яккаву танњои камбизоат; - шањрвандони бекор, ки расман дар маќомоти шуѓли ањолї ба ќайд гирифта шудаанд; - пиронсолони аз 80 сола боло; - ветеранњои Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда-шањрвандони давлатњои аъзои ИДМ; - маъюбон - гурезањо ва паноњљўяндагони хориљї, ки ба таври расмї дар њудуди Тољикистон будубош менамоянд. Ба саволи Шумо аз Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон посух доданд.

БА ЉОИ 09 - Агар хоњед, ки аз ихтирооту кашфиёти љањон, њуљљатњои патентї огањї пайдо намоед ва ё дар кору фаъолиятатон аз адабиёту маљаллањои гуногунсоња, ќоидањои меъёрї ва дигар маводњои иттилоотї истифода намоед, пас марњамат, ин имкониятро Китобхонаи давлатии патентию иттилотї- и Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон барои Шумо фароњам овардааст. Нишонии мо: ш. Душанбе, к.Айнї 14а (Рў ба рўйи истгоњи "Экрани кабуд") Шумораи телефонњо барои тамос: 227 97 05, 37 880 30 72, 222 2109, 222 21 33, 44 600 55 79, 917 23 28 16 ва 989 00 54 24. Почтаи электронии мо: gptb.tj@mail.ru


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №9 (442), 27. 05. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Номаи кушоди Мирзодиккак ба Кабирї "Ба рањбари Њизби нањзати исломии Тољикистон, љаноби Муњиддин КАБИРЇ! Муњтарам Муњиддин Тиллоевич... -Айнакашро бо ангушти ишорат аз нўги боло бардошта, такрор ба такрор мехонд Мирзодиккак. Вай шабонарўзи дуюм ба навиштани номаи кушод ба раиси ЊНИТ машѓул аст. Хоб аз чашмони њукуматии собиќадор паридааст. Ба ќавле, шабро шаб нагуфтаву рўзро рўз, сатр пайи сатр менависаду хат мезанад... Билахира, баъди бехобињову зањматњои зиёд, Мирзодиккак ба хулоса омад, ки мактуби "кушод"-ашро бе кумаки дўсташ Ѓалтак навишта наметавонад. Аздусар пеши ў бояд мерафт, то пеш аз нашр дар ягон газетаи, гуфти худаш, "аппозитсионї" ба дўсташ Ѓалтак нишон бидињад... Дўстони ќадимї маслињат карданд, ки мактубро сари як пиёла чойи кабуд дар Чойхонаи "Роњат" нависанд. Ѓалтак ба дўсташ маслињат дод, ки аз маѓозањои рў ба рўи чойхона як "ќалами дурусти туркї" бихарад ва "Њукумати љонољонатон, дар 20 сол аќалан шароити истењсоли ќалами дурустро муњайё карда наметавонад", - гуфта, аз ин фурсат њам истифода карда, кинояашро зад... Мирзодиккак: - Аввалашро навиштам, дигар, намедонам, чї нависам. Фикрамро баён карда наметавонам. Ѓалтак: - Хондан даркор буд дар ваќташ дўстам.... Хуб, њоло бинем, ки чї навиштї... "Муњтарам Муњиддин Тиллоевич... Давом дењ. "Пешопеш табрикоти банда ва чанде аз њамфикронамро, ки зери ин мактуб имзо нагузоштанд, ба муносибати фарорасии моњи мубораки Рамазон ќабул фармоед. Аммо баъд, аз фурсати басо муносиб истифода бурда, мехостем Шумои наљибро ба Тољикистони азизу мањбуб даъват намоем..." Мирзодиккак: - Хайр, чї хел...? Ѓалтак: - Эъ! Босавод набуданатро медонистам, лекин дўстам, ту бо кадом калла фикр кардї, ки бо даъвати Шумо Кабирї ба Ватан бармегардад!? Мирзодиккак: -Ба фикри ту, барнамегардад? Ѓалтак: - Талхакаф нашавад, мегўям. Зайд омад, чї дид, ки Кабирї бинад... Мирзодиккак: - Э Зайд гапи дигар... Лекин ин мардро боз нагардонем, намешавад. Ман дар идораи давлатї шишта наход надонам. Ту бозор ба бозор картошкафурўшї карда гаштї, вазъи ин давлатро ман мефањмам, дўстам. Ѓалтак: - Зўр омад, гўй!? Њамин љо буд, чашми дидан надоштед, акнун бо мактуби дастаљамъї даъват мекунед... Мирзодиккак: -Хайр аз номи ту нависем - чї...? Ѓалтак: - Э, не... Ту бењтараш бигў, ки чї нависем. Мирзодиккак: - Навис, ки ин таклиф самимї аст. Навис, ки шояд барои ў ѓайриинтизор намояд, шояд барои дар Ватан будан дигар умуман њољату зарурате њис намекунед (бахусус, баъди интихоботи Парлумонї ва телевизионї шудани наворњои ахири "Нури нањзат"), аммо шумо бояд њамчун вакили собиќи МН МО вазъи ин мардумро дарк кунед, ки бо рафтани Шумо чї њоле доранд. Ѓалтак: - Вай шабурўз дар интернет аст, медонад ин гапњоро... Мушаххастар навиштан даркор. Мирзодиккак: - Ин тавр бошад, навис! "Мо, онњое, ки зери ин мактуб имзо... НАгузоштем, бо камоли ихлос ќоил мешавем, ки баъди "фирор"-и шумо аз кишвар, халои сиёсї, иттилоотї ва њатто иќтисодї дар мамлакат эњсос ме-

шавад...." Ѓалтак: -Тамом? Мирзодиккак: - Чї нависем дигар. Барои мо биёяд шуд, дўстам. Ѓалтак: - О, менавиштагї бошї, њамаи гапро рўирост гўю мон, шаф-шаф накарда. Навис, ки "Ба ришдорону њиљобдорон часпидани милиса дар кўчањо ба набудани шумо алоќаи бе - ё ба - восита дорад. Мо иќрор мешавем, ки њамла ба ришу њиљоб аз бекории кормандони бечора ва тамоман бегуноњи маќомот аст, ки ба њамлањои беамон ба маљлисњои, ростї, баъзан пучу бемаънии нањзатињо, одат кардаанд ва акнун бе фармони генерал - вазирон њам бо дидани ришу њиљоб ба мусалмонони кўча њамла мекунанд..." - Навис охир! Мирзодиккак: - Шўхї накун, масъала љиддї аст! Ѓалтак: - Медонам, љиддияти масъаларо. Барои њамон мегўям. Агар рўирост иќрор нашавї, намеояд. Бинобар ин, рўирост буду шуди масъаларо навиштан даркор... Навис, ки: "Шумо будед, ки бо маљлису маъракањои ба ё бе фоидаатон фикри маќомотро њамеша машѓул медоштед. Бо рафтани Шумо њадди аќалл 20 - 30 (тибќи баъзе маълумотњо то 50-100)нафар аз муаллифони "Фабрикаи љавоб" бемаош монданд, зеро дигар њољати маќола - танќид навиштан зидди ЊНИТ намондааст. Аз ин рў, њамчун вакили собиќи МНМО ЉТ Шумо вазифадоред, ки аз вазъи иќтисодии оилањои онњо, дар шароити буњронї андеша кунед..." Мирзодиккак: - Њич аз нањ задан намондї, ки намондї-да! Ин тавр бошад, ту навис, ки: "Масалан, њоло дар ин рўзњои бањорї, ваќте Шумо дар Шветсария конфронси аврупоињои бефањмро дар бораи рушди ифротгарої дар Ховари Миёна обод мекунед, кормандони сомонаи ЊНИТ намедонанд, чї нависанд..." Ѓалтак: - Ёд гирифта истодаї дўстам, кинояву нањ заданро-ња? Бењтараш ин хел нависем: "...Ин њам дар њолест, ки вазифаи шуъбаи кадрњои њизбатон, дар набудани Шумо, гўё пурра ба салоњияти маќомоти ќудратии мо гузашта бошад, ба касе хоњанд узвияти нањзатро медињанду касе маъќулашон нест, аз ЊНИТ хориљ карда истодаанд. Вазъи руњї ва љисмонии онњо њам бори дўши шумо хоњад буд, магар фардои ќиёмат..." Мирзодиккак: - Яку як шуд, дўстам. Бас! Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Ѓалтак: -"БАС" номи њаракати сиёсї ва мамнуъ аст, дўстам... лекин масъалаи аз њама муњимро ману ту фаромўш кардаистодаем. Мирзодиккак: - Боз чї масъала? Ѓалтак: - Биё, инашро њам рўирост нависем, ки: "Муњтарам Кабирї, дар баробари мушкили камбуди матлабњо дар нашрияњои расмии њукумат, ки ахиран маљбур шуданд, ќонунњоро њам чоп кунанд, халои сиёсї дар кишвар эњсос мешавад. Тавозун дар сиёсат баъди рафтани шумо халадор шуда, тибќи маќоли мардумии "Омад ба сарам аз он чї метарсидам..." мавќеи мухолифинро телевизионњои бегона пур кардан доранд. Онњо маъракаи "риштарошон" ва "рўмолдаррон"-и милисаро дастак карда, тариќи моњвора, њукуматро ба мардум душмани раќами №1-и дини ислом муаррифї мекунанд. Мо ба ќадри Шумо барин мухолифи сабур ва шукргузор нав расидем! Мирзодиккак: - Ин тур бошад, навис, ки "Љаноби Кабирї, њарчанд ба њимояти риш аз шумои бериш умед бастан хатои сиёсї аст, аммо ба њар сурат, ин масъаларо њамчун сиёсатмадор ва дипломат шумо бояд бењтар аз мо фањмед! Ѓалтак: -Ин мактуби кушод не, гуфти Бозор Собир, ки "Ришнома" шуд-ку. Мирзодиккак: - Оббо, мон Бозор Собирро њамроњ накун! Аз як файзободї халос шудем гуфта, ба дигараш рў ба рў задем. Лекин инаш гузаронд. Ѓалтак: - Барои зебаш, биё, њаминро њам нависем, ки агар барнагардед, мавќеи нюсмейкерии шуморо шоири миллат танг кардааст... Мирзодиккак: - Э мон-е-е-е! Гузаштам аз бањри њамин мактубу мактубнависї њам. Ѓалтак: - Эй, ист, дўстам, як шўхї кардем, кардем-да! Ба куљо меравї?! Ист... Мирзодиккак бо нишон эътироз роњи... њољатхонаро пеш гирифт. Фурсат ёфт, фикр кунад, ки мактубро фиристад ё не. Гўё аз Ѓалтак ранљида буд, аммо дар ин фикр набуд, ки чойхонаро тарк кунад. Бале, инњо омада мераванд, аммо Ѓалтак бо вуљуди мухолифи фикрии ў буданаш њамеша дўсташ аст. То тавонї дўстонро гум макун! Љигар љигару дигар - дигар.

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Темур ЗУЛФИЌОРОВ, адиб: - Мардум фикр мекунанд, ки партовгоњњои бузург берун аз шањр ќарор дорад, аммо ин тавр нест. Тамоми партову наљосат шабу рўз ба болои мо аз экранњои телевизион мерезад. Ман њам аз ин эмин нестам, чунки телевизор тамошо мекунам. Малахову дигарон, масалан. - Мо бо наљосати малахњои худамон намедонем чї кунем, шумо гаштед телевизор тамошо карда... Зулайхо УСМОНОВА, кормани Институти фалсафаи АИ ЉТ: - Баъзе љавонони мо аз болои худ кор кардан ва таљрибаомўзиро намехоњанд. Мехоњанд якбора ба мансаби баланд биёянд ва маоши калон гиранд. Лекин ин дуруст нест. - Муаллима бепарво дода гаштан гиред дарсатонро. Мо мансабњои баландро ѓайр аз ду-се љавони лаёќатманди худї дигар ба касе доданї нестем. Зулайхо МАЊМАДШОЕВА, сароянда: - Иљораи "Кохи Борбад" 32 њазор доллар аст ва шумо инро аз ман хубтар медонед. Барои дар "Кохи Борбад" консерт додан, бояд нархи чиптаро аз сад доллар баланд бардорем. Ин барои мухлисон гарон меафтад, аз њамин хотир ман "Кохи Борбад"- ро интихоб накардам. - Кофта-кофта "Кохи Вањдат"-и бепулро ёфтед-да? Њизби асосї чанд сол боз ягон дирам надода, иљора гирифтагї. Исњоќ ТАБАРОВ, адвокати Зайд САИДОВ: - Фабрикаи Гулистон њоло кор намекунад. Баъди њабс 600 кормандашро љавоб доданд ва бо њамин тамом, то њол кор накарда истодааст. - Чунон гап мезанед, ки гўё аз кор мондани корхонањо дар ин кишвар ѓайр аз ману шумо касеро ба ташвиш меоварда бошад. Мегўянд, ки корхонаи нассољии Душанбе њам аз кор монд, аммо пинаки касеро халалдор намекунад. Мирзо САФАРОВ, муовини раиси Раёсати БДА ВКД ЉТ: - Аксари ронандагон бо телефони мобилии худ, ки дар љойњои муайяне кор мекунанд, занг зада, мехоњанд, нозир бо он одам суњбат кунад ва ў аз љавобгарї рањо шавад. - Аксари нозирон телефонро дида ку, як бало мекунанд, аммо ваќте овози даруни онро мешунаванд, баъзан тар карданашон мумкин... Хайруллоњи ЗАЙДУЛЛОЊ, писари Зайд САИДОВ: - Дар ягон љойи дунё касе намедонаду нашунидааст, ки ширкатњо роњбари асосї ва ѓайрирасмї дошта бошанд. Танњо ба туфайли мусибати ба сари падарам омада, бори аввал дар Тољикистон чунин "вазифаву мансаб"-ро кашф карда, истифода мебаранд. - Бинобар њамин њам, шукронаи ана њамин давлат кунед, Хайруллољон! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу мањбуб доред!!!

Владимир КУИМОВ, директори генералии ширкати East Air": - Њавопаймо набояд бисёр истад. Вай бояд парвоз кунад. Ширкат њам ба худ инро иљозат дода наметавонад ва њоло мо њавопаймоњои худро аз Тољикистон берун баровардем, онњо дар самтњои гуногун парвоз мекунанд. - Чиптаро аз њама арзон кардем, гуфта, лоф задан даркор набуд - дия!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.