“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
1
Масъулини вилояти Суѓд ба мулоќоти Президент бо љавонон нафари 45-соларо фиристоданд САЊИФАИ 6 №10 (338). Чоршанбе, 29-уми майи соли 2013
ШОИР ВА ЊУКУМАТ
Бозгашти Бозор Собир бо даъвати Президент САЊИФАИ 4
АЊЗОБ ВА ЉОМЕА
Њилаи шаръии Њизби нањзат САЊИФАИ 3
ДИН ВА ДАВЛАТ
Нархи њаљ 3700 доллар шуд САЊИФАИ 6
ПУРБИНИ ДАРВЕШ
Мусобиќаи Мирзодиккак ва Агентии мубориза бо фасод САЊИФАИ 16
То интихоботи президентї беш аз 150 рўз мондаасту чор сенарияи рушди њаводис ба назар мерасанд
ИНТИЗОРИ «ЊА»-И ПУТИН
2
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
МАВЗЎИ АСОСЇ
Интизори Путин То интихоботи президентї беш аз 150 рўз мондаасту чор сенарияи рушди њаводис ба назар мерасанд Ишораи бишкекї Президент Эмомалї Рањмон рўзи душанбе барои ширкат дар мулоќоти ѓайрирасмии сарони кишварњои узви Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї (СПАД) ба Бишкек - пойтахти Ќирѓизистон сафар кард. Дар ин сафар, вохўрии як ба яки Президенти Русия Владимир Путин бо Эмомалї Рањмон дар назар дошта шудааст. Ин вохўрї ва хоса розї шудани Путин барои он вокунишњои гуногунро њам дар хориљ ва њам дар дохили кишвар ба вуљуд овардааст. Зеро ин дидор ба замоне дуруст омад, ки муносибати Тољикистону Русия нињоят сард буда, њар ду тараф њам ба њамдигар эътимод надоранду асабонияти љонибњо дар муњити сиёсї ва расонаї эњсос шуданист. Шабакањои телевизионии њукумати Русия бо љалби мансабдорони воломаќомаш Рогозин, Онишенко, Жириновский ва коршиносони бешумор аз њуљумњои иттилоотии зидди њукумати Эмомалї Рањмон кор мегиранду афроди ба ў наздиктарин, раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон" Амонуллоњи Њукуматулло ва мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориљї Эркин Рањматуллоев бо њадафњое зери фишори иттилоотї ќарор дода шудаанд. Вижагии дигари фишори иттилоотї пахши маводњо оид ба нуктаи заъфи рањбари давлати Тољикистон оилаи сершумори ў гаштааст, ки хеле њадафмандона тањия шудан доранд. Њукумати Тољикистон дар
навбати худ дар Брюселл вохўрињое дошта, маъракаи таблиѓии шадидеро дар баробари соњибкори шинохта ва асосгузори њизби "Тољикистони нав" Зайд Саидов пиёда кард, то ба Кремлин мессиљ дињад, ки барои њифзи ќудрат ба њама кор омода аст. Дар њамин њол, воќеияти рўз ин аст, ки ќарордоди будубоши Пойгоњи низомии 201 Русия њанўз аз љониби Тољикистон ба тасвиб нарасидааст, шартнома дар бораи барњам додани бољи гумрукї барои содироти мањсулоти нафтї баъд аз 7 моњи имзо шуданаш иљро нагаштааст, Русия дар харитањои њарбияш аэродроми "Айнї"-ро ќисме аз Пойгоњи 201 медонад, депортатсия ва боздоштњои тањќиромези шањрвандони Тољикистон аз тарафи маќомоти Русия идома доранд ва ѓайраву њоказо, ки эътимоди љонибњоро зери суол мебаранд. Њарчанд гузаштњои њукумати Рањмон ба Русия бемислу монанд будаанд. Кор ба њадде расидааст, ки коршиносони рус ба таври возењу равшан мегўянд, ки то он замоне, ки Рањмон сиёсати "дарњои боз"-ашро таѓйир дода, ба Русия рў наорад, муносибат бо ў хуб нахоњад шуд. Ва њатто зиёдтар аз ин: Неруњои сарњадии ФСБ ба сарњади Афѓонистону Тољикистон бармегарданд. Аммо макони вохўрї Бишкек, ки њукуматаш муттањиди Кремлин аст, ишора ба он мекунанд, ки президенти Русия ва муаллифи тарњњои Иттињоди гумрукї ва Иттињоди Авруосиёї омода аст, рањбари њукумати феълии Тољикистонро шунавад.
Чорроња Онњо аз чї бобат суњбат хоњанд кард, пушти дарњои пўшида хоњанд монд, зеро љониби Тољикистон дар сурати гузаштњои нав њам барои муддате онњоро фош нахоњад кард. Вале яќин аст, ки ин вохурї барои инкишофи њаводис дар соли интихоботи президентї (ноябри соли љорї) њалкунанда хоњад буд. Аммо чї сенарияњои инкишофи њаводис имконпазир ба назар мерасанд?
«
Шабакањои телевизионии њукумати Русия бо љалби мансабдорони воломаќомаш Рогозин, Онишенко, Жириновский ва коршиносони бешумор аз њуљумњои иттилоотии зидди њукумати Эмомалї Рањмон кор мегиранду афроди ба ў наздиктарин, раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон" Амонуллоњи Њукуматулло ва мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориљї Эркин Рањматуллоев бо њадафњое зери фишори иттилоотї ќарор дода шудаанд.
«
Тањлили вазъи мураккаби сиёсї, ки бо пахши барномањои пайдарпай тавассути шабакаи К+ хеле аз ќишрњои љомеаро фаро гирифтаву, бидуни шубња, эътимод ба њукумати феълиро поин мебарад, нишон медињанд, ки њадди аќќал чањор сенарияи эњтимолї ќобили пешгўї мебошанд. Бояд гуфт, ки ин сенарияњо бо назардошти имконоту зарфиятњои неруњои сиёсии дохилї, аз љумла мухолифон, вазъи иљтимоиву иќтисодии мамлакат, вазъи минтаќа, омилњои хориљї, манфиатњои бозингарони асосї ва тамоюлњои љории сиёсї тањия шудаанд. Сенарияи якум њифзи суботи нисбї ва "ѓолиб омадан"-и президент Рањмон дар "интихобот" аст.
Њифзи субот ва "ѓалаба" Тибќи ин сенария номзад ба президентї Эмомалї Рањмон то интихобот мерасад (њама одамием) ва дар кишвар таѓироти чашмрасе ба амал намеояд. Њукумати феълї ба Русия ва Ўзбакистон гузаштњо карда, мавќеъи худро нисбатан устувор мегардонад. Мухолифин ќонунї ва ѓайриќонунї тадриљан хунсо шуда, суботи нисбї њифз мегардад. Маъракаи интихобот оромона ва зери контроли њукумат баргузор мешавад. Дар сурати муайян шудани номзади ягонаи мухолифин Эмомалї Рањмон дар баробари ў якка ба якка ќарор мегирад ва баръакс, дар њоли 2 ва зиёда шудани номзадњои мухолиф
МАВЗУИ АСОСЇ теъдоди номзадњои њукуматї низ меафзояд. Онњо асосан аз њисоби пирони озмудашуда аз љониби худи Эмомалї Рањмон интихоб мешаванд. Маъракае монанд ба интихобот аз рўи формулаи "муњим нест ба кї овоз медињанд, муњим кї њисоб мекунад" љамъбаст гардида, Эмомалї Рањмон ѓолиби бечунучаро эълон мешавад. Дар сурати мухолифати шадиди раќибон, ки аз тариќи њамоишњои густурдаи эътирозї дар шањру ноњияњои алоњида амалї шуда метавонад, њукумат аз Русия ва Ўзбакистон кўмак мепурсад ва онро дарёфт мекунад. Эњтимолияти амалишавии ин сенария баландтарин ба назар мерасад. Аммо он машруъият (легитимность)-и њукумати феълиро бамаротиб кам карда, барои эътирозњои баъдї замина фароњам меорад. Ба гумони ѓолиб, ин сенария барои њукумат беш аз дигарњо ќобили ќабул аст.
"Табаддулоти дарборї" Сенарияи дуюмро мешавад таѓйири њукумат бо роњи "табаддулоти дарборї" ном бурд. Ин усули таѓйири њукумат пеш аз њама хоси сиёсатњои Русия мебошад, ки ба норозигї дар љомеа, норозиён дар дохили њукумат, агентњои таъсиррасон, русгароён ва путингароён такя карда метавонад. Аксари коршиносони рус муътаќиданд, ки
«
Агарчи президенти кишвар гузаронидани интихоботи озоду шаффофро дар Паёми худ кафолати лафзї дод, вале ќонунгузории љории кишвар онро кафолат намедињаду њукумати иљроия механизми иљрои ин кафолатро пешнињод карданї нест. Амалишавии ин сенария беш аз њама ба омилњои хориљї рабт дорад, ки бо назардошти дар сафи пеши мухолифин ќарор доштани ЊНИТ њадди аќќал барои стротежии миёнамуњлати 4-6 сола имконнопазир ба назар мерасад.
«
дар дохили дарбор низ норозиён аз сиёсатњои Эмомалї Рањмон ва муддаиёни курсии президентї хеле зиёданду Маскав метавонад аз фишангњои иќтисодї ва сиёсии худ истифода бурда, шахси дигареро аз элитаи њукмрон сари ќудрат орад. Албатта, хеле ва хеле пўшида, вале њатман бо ишораву иштироки Маскав. Имконпазирии чунин сенария аз бисёр љињат ба њолати эътирозии минтаќаи Кўлоб вобаста аст, ки бинобар мафкураи синфии ѓолиб аз сиёсати хусусигардониии моликияти зиёд ба фоидаи наздикони президент норозиянд. Бар замми ин, барои амалї кардани тарњњои путинии Иттињоди гумрукї ва Иттињоди авруосиёї шахсияти фарќкунандае аз президенти кунунї лозим аст, ки сазовори боварии Путин бошаду аз тарњњои империясозии ў дар баробари Ўзбакистон љонибдорї кунад. Аз имконпазирии чунин сенария фишорњои иттилоотї сари мансабдорони алоњида ва наздикони роњбари давлат далолат мекунад. Сенарияи мазкур низ нисбатан амалишаванда донистан салоњ мебуд. Таъмин нашудани амнияти хонаводагї дар ќазияи туйи писари президент аз он далолат мекунад, ки ин самт хеле заиф аст. Аз вижагии ин сенария метавон гуфт, ки дар сурати амалї шуданаш њам љомеа аз он метавонад бехабар монад.
"Инќилоби сохта" Сенарияи сеюми инкишофи њаводис метавонад тезутунд кардани вазъият дар Тољикистон ва ба сари ќудрат овардани шахси дигар бо роњи инќилоби сохта, сунъї ё ба ном "ранга" буда метавонад. Ба таъкид бояд гуфт, ки чунин сенария аз эњтимол дур менамояд, вале имконпазир асту
хусусияти сањнавї, яъне сохта буданаш ба он ишора мекунад. Он алњол имконнопазир менамояд, зеро: а) Ањзобу чењрањои мухолиф маблаѓ (30 - 50 млн. доллари ИМА) ва абзору нињодњои (революционная инфраструктура - русї) заруриро барои њамчунин сањнасозї надоранду љалб кардани њамчунин маблаѓ номумкин менамояд; б) Таблиѓоти њукуматї таъсири љанги шањрвандиро дар маѓзњо устувор нигоњ дошта, афкори љамъиятї ба инќилоб омода нест; в) Роњбарони маќомоти њифзи њуќуќ дар шањру ноњияњо бинобар омили мањал ба њукумати феълї содиќ ба назар мерасанд; г) Сармоягузорон ва ихтироъкорони ѓарбии инќилобњои "ранга" аз сарнагун шудани њукумати феълї то ќисман берун шудани неруњои НАТО аз Афѓонистон манфиатдор нестанд. Вале заминаи асосии амалишавии њамчунин сенария ин вазъи шадиди иљтимоиву иќтисодии Тољикистон аст, ки хеле моњирона аз љониби Ўзбакистон ва Русия идора мешавад. Шубњае нест, ки Русия метавонад ин вазъиятро боз њам бўњронї кунад, агар дарро ба рўи муњољирони корї бандад ва ба элитаи њукмрон ишора кунад, ки бо Эмомалї Рањмон кор карданї нест.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
3
Њилаи ЊНИТ ё чаро Вазорати адлия ба Њизби нањзати исломї огоњї дод?
Ќудрат ба мухолифон Сенарияи чорум "сари њукумат омадани нерўи мухолифин" њам бо роњи интихобот ва њам бо роњи инќилоб мебошад, ки боварнокарданї ба назар мерасад. Аввал, мухолифин, хоса ЊКТ ва ЊНИТ љузъе аз низом гашта, статус - квояшонро аз даст доданї нестанду ахирї ба таври мунтазам зери фишор ќарор гирифта, ба њамин васила идора мешавад. Дуюм, онњо ба дигар кардани шарту шароити иштирок дар интихоботи президентї даст наёфта, омодаанд бо ќоидањои таъинкардаи њукумат бозї кунанд. Бо ин ќоидањо, тавре болотар шарњ додем, муњим нест, ки чї гуна овоз медињанд, балки муњим аст, ки чї гуна райъи додаро њисоб мекунанд. Бахусус ваќте Маљлиси намояндагон, албатта, бо дастури њукумати иљроия, ки ахириро ѓасб кардааст, пешнињоди вакилон аз ЊНИТро дар бораи ворид намудани таѓийрот ба ќонунгузории интихоботї барои њамешагї рад кард, њама гуна идеяи бо роњи интихобот ба сари ќудрат омадани ањзоби дигар комилан аз байн рафт ва рад кардани чунин пешнињод маънои онро дорад, ки њокимияти кунунї ба њар бањое, ки набошад, дар сари ќудрат мондан мехоњад. Агарчи президенти кишвар гузаронидани интихоботи озоду шаффофро дар Паёми худ кафолати лафзї дод, вале ќонунгузории љории кишвар онро кафолат намедињаду њукумати иљроия механизми иљрои ин кафолатро пешнињод карданї нест. Амалишавии ин сенария беш аз њама ба омилњои хориљї рабт дорад, ки бо назардошти дар сафи пеши мухолифин ќарор доштани ЊНИТ њадди аќќал барои стротежии миёнамуњлати 4-6 сола имконнопазир ба назар мерасад. Њукумати феълї инро ба хубї медонад ва зимни тањияи сиёсатњои дохиливу (Протоколи 32-20) хориљияш (ба Эрон аз робитањои нањзатињо бо амрикоиён ишора мешаваду бо ИМА ва Ѓарб аз иртиботи ЊНИТ ба "Бедории исломї" ва дигар тарњњои исломи сиёсї) ба инобат мегирад. Инњоянд сенарияњои асосии инкишофи њаводис дар яксаду панљоњу чанд рўз, ки то интихоботи президенти Тољикистон боќї мондаанд ва тавре мебинед, амалишавии њадди аќќал се сенарияи эњтимолии аввал аз мавзеъгирињои шахсии президенти Русия Владимир Путин вобастаанд. Ин аст, ки њама интизори Путинанд. Он, ки чаро дар кишвари соњибистиќлол њамчунин вазъ ба амал омадаасту чаро як миллати воњид инони ихтиёр ва сарнавишт аз даст додааст, суоли дигар аст. Акрами ХОЛИЌ, Ќиёми НУР
Вазорати адлияи Тољикистон Њизби нањзати исломии Тољикистонро расман огоњ кардааст, ки ташкилоти сиёсї аст, на иттињодияи динї, аз ин рў, ба фаъолиятњои ѓайриќонунї, аз љумла таблиѓоти динї машѓул набошад, вагарна дар баробараш чора дида мешавад. Дар ЊНИТ аз иштибоњи нашрияи "Наљот" мегўянд. Тавре аз Вазорати адлияи Тољикистон хабар доданд, дар мактуби расмї гуфта мешавад, ки "мутобиќи ќисмњои 1 ва 3-и моддаи 20-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї расму оин ва маросимњои динї дар доираи ќонунгузории Тољикистон дар ибодатгоњњо бояд анљом дода шаванд. Њамзамон, мувофиќи ќисми 2-и моддаи 13-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон Дар бораи танзими анъана ва ашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон маросими мавлудхонї ба таври ихтиёрї танњо дар масљидњо бояд сурат гирад. Баргузории маросими мавлудхонї дар марказњои њизбї ба талаботи ќонунгузории амалкунанда зид мебошад. Њамзамон, бо назардошти хусусияти тарѓибию таблиѓотї доштани маросими мавлудхонї бояд ќайд намуд, ки мутобиќи ќисми 9-и моддаи 4-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї" њуќуќи таблиѓотии оммавии диниро танњо иттињодияњои динї доранд". Дар огоњиномаи Вазорати адлия, ки бо имзои вазир Рустам Менглиев ба ЊНИТ рафтаст, њамчунин ќайд мешавад, ки: "Њизб созмони сиёсї мебошад, на иттињодияи динї, бинобар ин бевосита ба тарѓибу таблиѓоти динї машѓул шуда наметавонад. Фаъолияти таблиѓотии диниро њизб инчунин дар сомонањои худ зери унвонии Академияи Исломї пеш бурда истодааст. Дар сохтори њизб бо унвони Академия нињоде тибќи Низомнома-и аз љониби роњбарияти њизб тасдиќшда (нашрияи Наљот аз 26.04.2013 №17 (734) фаъолият намуда, курсњои кўтоњмуддати тахассусиро ба роњ мондааст. Бо назардошти ќайдњои боло ва мутобиќи моддаи 20-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи њизбњои сиёсї" Њизби нањзати исломии Тољикистон огоњ карда мешавад: 1. Барои ќатъ кардани фаъолияти ѓайриќонунї, ки дар пешбурди таблиѓоти оммавии динї ва вайрон кардани тартиби
анљом додани маросимњои динї зоњир мегардад, чораандешї намоянд. 2. Огоњиномаи мазкурро дар мўњлати 10 (дањ) рўз баррасї намуда, аз натиљааш Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистонро ба таври хаттї огоњ намоед. 3. Дар сурати иљро нагардидани талаботи огоњиномаи мазкур нисбати њизб чорањои пешбининамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи њизбњои сиёсї" андешида мешаванд. Дар ЊНИТ мегўянд, ду рўз пеш, 20уми май расман ба Огоњиномаи Вазорати адлия посух додаанд. Сайидумар Њусайнї, муовини рањбари ЊНИТ ва узви Раёсати олии ЊНИТ ба TojNews гуфт: "Мо ба ин огоњинома посух фиристодем. Дар он гуфтем, ки фаъолиятњои мо ѓайриќонунї набуда, дар њизб ва бахшњои њизбии шањру ноњияњои кишвар маросими мавлудхонї баргузор нашудааст. Балки ин нишаст ва семинарњои илмї ва муколамањо дар бораи мавлуди паёмбари Худо, њазрати Муњаммад (с) доир гардиданд. Аммо мутаассифона дар нашрияи "Наљот" ба иштибоњ роњ дода, ин чорабинињоро мавлуд навиштаанд". Дар њамин њол, љаноби Њусайни нагуфт, ки масъулини "Наљот" барои ин "иштибоњ" муљозот шудаанд ё ин танњо истифода "њилаи шаръї" мебошад, то њизб мавриди муљозот ќарор нагирад. Муовини раиси ЊНИТ њамчунин дар мавриди "Академияи исломї" гуфт: "Он чї ба Академия исломии ЊНИТ дахл дорад, мо дар ин мактуби љавобиямон ќайд кардем, ки ин як нињоди дохилињизбї аст ва агар номгузории он мухолифи ќонунњои Тољикистон бошад, мо омодаем, ки номи ин нињодро таѓйир бидињем". -Њамчунин мо аз вазорати адлияи Тољикистон расман дархост кардем, ки ба мо маънии ибораи "Њизби сиёсии характери динидошта"-ро аз нигоњи њуќуќї шарњ бидињанд. Яъне мо пурсон шудем, ки њизби сиёсии характери динидошта, аз њизбњои сиёсї чї тафовут доранд. Модоме, ки ба мо имкони баргузор кардани хурдтарин маросимњои диниро иљозати баргузор кардан намедињанд, чаро ЊНИТ њизби сиёсии характери динидошта аст?- гуфт Сайидумар Њусайнї. Дар назар аст, ки Вазорати адлия рўзњои наздик ба номаи ЊНИТ љавоби расмї мегўяд.
ХАТЛОН
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
Пазироие, ки масъулини Дастгоњи иљроияи президент аз шоири маъруфи тољик Бозор Собир кард, воќеан, хоси њукумат буд. Њељ њукумате дар љањон чунин пазироиро ташкил карда наметавонад. Ростї, њатто аќлаш намегирад. Албатта, аќли кас. Мо онро шинохтем. Албатта, њукуматро. Чї тавр? Соати 6 - и бегоњи 28 май рейси Маскав Душанбе фуруд омад. Мо ба баромадгоњи маъмулї, ё ба истилоњ, "камбаѓалон" рафтем. Як нафари ба назар ошно, аммо ба ном ноошное бо мо пайваст. Дигар нафари шиносе набуд. Аз куљое хабар омад, ки Устод Бозор аз толори "VIP", баромадгоњу даромадгоњи њайатњову мењмонони њукуматї ва аъзои парлумон мебарояд. Воќеан, он љо бо чанд рўзноманигори ошно дучор омадем ва хабари аввале, ки моро дар њайрат гузошт ин буд: Бозор Собир бо даъвати Љаноби Олї омадааст!
"Њукумат андар њукумат"
Акс аз «Ховар»
4
Дертар хабар ёфтем, ки аллакай дар толори "VIP" шоирро муовини аввали вазири фар-
САИД ПИРОВ ВА МОШИНИ БДА АЗ ШОИРИ МАЪРУФ ИСТИЌБОЛ МЕКУНАНД
"Welcome, Mr. Bozor!" Акс аз «Ховар»
Чаро Бозор Собир ба њукумат даркор шуд?
АЗ ЧАП БА РОСТ: НУР ТАБАРОВ, БОЗОР СОБИР, ИБОДУЛЛО МАШРАБОВ, САИДЌУЛ БИЛОЛ ВА САИД ПИРОВ ДАР ТОЛОРИ VIP њанг - Миралї Достиев, мушовири калони президент - Субњон Кошонов, мудири шўъбаи фарњанги Дастгоњи иљроияи президент - Саид Пиров, намояндаи парлумон - Низом Ќосим, овозхони маъруф - Саидќул Билолов, собиќ вазири фарњанг Нур Табаров ва хабарнигорони расонањои њукуматї - "Шабакаи Якум"- ву "Сафина" ва Агентии иттилоотии "Ховар" мунтазиранд. Ваќти шинохт расид. Албатта, шинохти намояндагони њукумати Тољикистон. Мо њам хостем дохили толор равем ва баромадани Бозор Собирро сабт кунему бо ў сўњбат. Дарњол хоњиши моро рад карданд. Посбоне, ки дарвозаи толорро гирифа буд, гуфт: - Иљоза нест. - Чаро? - Рўйхат њаст. Аз рўи он сар медињем. Валлоњ, бисёрињо ваќте зимомаке дар даст доранд, фикр мекунанд, ки аз онњо донотар касе нест, балки баќия њама аблањанд. Хандаамон омад. Њамроњамон, ба ќавле, заъфи ин посбонро ёфт: - Хуб, ман дар он рўйхат њастам. Маро гузоред.
Посбон фањмид, ки бењуда коре кардааст ва боз кори бењуда кард: - Не, Шумо нестед. - Шумо, ки маро намешиносед, аз куљо медонед, ки ман дар руйхат њастам, ё не. Лутфан њамон руйхатро нишон дињед. - Рўйхат дар дохил аст. - Хуб, биёред. Посбон пурра мот шуд, зеро руйхат набуд. Яке дигар омад, ки гуфт, иљоза, ки набошад, нест. Ва "ѓам надињед!" - гуфта хулоса кард. Ин аввалин бардошти мо аз ин буд, ки њукумат воќеан Бозор Собирро оварда, дастнорас кардааст ё содда карда гўем, соњибї намуд. Ва мо њам шинохтем! Албатта, њукуматро. Фикри дигар накунед. Як нафари дигар баромад ва ду хабарнигори духтарро иљоза дод, ки дохил раванд. Аз он кас бо эњтиром пурсидем: - Муаллим, мо њам равем? Посухи рад шунидем. Аммо хеле бо лањни тунд. Њамроњи ман њам хулосаи хуб кард: - Валлоњ, хуб давлатест Тољикистон. Њама њукуматанд. Ин посбон њам њукумат аст, ки
моро намегузорад ва ин муаллим, ки ду нафари духтарро хост иљоза дод, моро ки каме ришамон дамида, њамин ќадар ки њаќоратамон надод, низ њукумат аст. Њама ќонуни худро дорад. Онњое њам, ки ин маъракаро ташкил кардаанд, њукумати њукуматанд ё њукумат андар њукумат. Хулоса, "њукумат андар њукумат" мо натавонистем ба дидори Бозор Собир расем. Хулоса кардем, ки то мо наравем, Бозор намебарояд. Ду соат њам аз омаданашу дар "VIP" пайдо шуданаш гузашта буд. Њамин тавр њам шудааст. Як њамроњи мо дар ин бора дар интернет навишт, ки чун рўзноманигорони мустаќил рафтанд, њайати њукуматї њам бо иттифоќи Бозор берун омаданд. Ба хона расидам. Бозор дар барномаи "Ахбор"-и "Шабакаи Аввал" аз "шукўњ"-и пешвози расмї сухан мекард. Ин аллакай дуюм суханронии Бозор будааст, пештар дар барномаи соати 20-и шомгоњии "Сафина" ўро нишон додаанд... Аммо хаёли ин, ки ин мењрубонињо ва эњтиёткорињои њукумат аз барои Бозор Собир чї сабаб дорад, хеле машѓулам дошт...
"Шоири халќ" Љавоби ин саволро дер мунтазир нашудам. Субњ дар "Ховар" суханони Устодро хонда, зуд хулоса кардем: о, мешудааст - ку! Будаст - ку! "Ховар" Бозор Собирро чунин иќтибос мекунад: "Ман ду ё се бор пеш аз ин њам ба Тољикистон омада будам, аммо бе њељ таклиф, ихтиёран. Аммо ин навбат ман бо даъвати муњтарам Президент омадам ва аз ин даъват бењад миннатдорам. Нињоят Президент ба масъалаи ман њам расиданд, дар њоле, ки кори ман чандон арзиш надорад ва ба ин иќдом даст задании Президент камоли мардонагист. Ман пеш аз ин њам бисёр фикр карда будам, ки дар вазъияти кунунї дар бари Президент будани зиёиён бењтар аст, зеро ин вазъиятест, пур аз гуруњу ањзоби нодаркор. Ман аз матбуоту сањифањои интернетї мушоњида мекунам, ки аксари онњо зараровар њам њастанд. Аз ин рў, имрўз њар кас, ки худро зиёї мешуморад, дар пањлуи Президент буданаш бењтар аст". Соли 2011 ба хотир омад, ки мусоњибаи Устод дар њафтаномаи "Миллат" - "ЊНИТ-ро бояд баст" - ро чї тавр тамоми нашрияњои њукуматї бознашр карда буданд. Агар њоло Бозор Собир њам ин фикрро, ки ЊНИТ - ро бояд банданд, пайгирї кунад, пас "Welcome, Mr. Bozor!". Аммо ин њам муњим аст, ки соли интихоботи президентї аст ва агар Бозор Собир аз Эмомалї Рањмон њам љонибдорї ва таблиѓ кунад, ўро кї гўш хоњад кард. Ин дафъа, баръакси пазироии гузашта, ба истиќболи ў ба фурудгоњ наздикону њаводоронаш набаромаданд. Шояд онњо хабар наёфтаанд. Аммо оё љонибдорони Бозор аз ин ба баъд њам ўро эњтиром хоњанд кард, чун ў њарфи дили онњоро мегуфт ва он њарфњо ба њукумат хуш намеомаданд? "Шеър дар њалќам бимирам, Шоири халќам бимирам!" Бозор Собир аз соли 1994 боз дар шањри Сиэтли Амрико зиндагї мекард. Дар гузашта, воќеан, љонибдоронаш аз халќ ўро ба ватан даъват мекарданд. Ду бор бо даъват онњо омад - солњои 2004 ва 2010. Бори охир чу мерафт, гуфт, ки акнун Амрико мурданї меравад. Њоло эшон бо даъвати шахсан президент омадааст. Њукумат ба ў чї имтиёзњое медињад маълум нест, вале шояд шоир ба ин расид, ки то имрўз эътирофи халќро ба даст овард ва ин набардро бурид, акнун замони ба даст овардани эътирофи њукумат аст. Аммо ин овардгоњи хеле сахт аст. Њукумат њам касеро овард, ки хеле хислати мураккаб дорад ва бо андак ранљиш шояд боз "пўстин" - ро чаппа пўшад". Хуб, он гањ чї мешавад, ањамият нахоњад дошт...
Азамати ВАЊЊОБ
МУШКИЛИ РЎЗ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
5
Тўйи калон
Рекорди нав Сарфи назар аз он ки, дар чанд рўзи ахир дастрасї ба видеопортали Ютуб (Youtube) дар Тољикистон масдуд аст, лањзае аз навори тўйи хонадоршавии писари президент Эмомалї Рањмонро дар Ютуб дар 10 рўз беш аз 231 њазор маротиба тамошо кардаанд. Дар ин навор президент бо сарояндаи маъруф Парда Ќосим суруди "Тољикистон аз манї"-ро њамовозї кардааст, ки дар зери он њудуди 220 нафар шарњ навиштаанд. Бо навиштаи калимаи "президент" дар хати љўстуљўии сомонаи Ютуб навори мазкур пайдо мешавад, ки дар сархати наворњои мансуб ба президентњо ќарор дорад. Гуфта мешавад, суруди "Тољикистон аз манї" дар иљрои Парда Ќосим аз сурудњои дўстдоштании президент мањсуб меёбад ва маротибаи аввал нест, ки сарвари давлат онро бо њунарманд њамовозї кардааст. Тамошои навор ба ин миќдор дар бахши тољикии Интернет нишондоди рекордї мањсуб меёбад, ки ба њисоби миёна њар рўз ин наворро 23 њазор кас дидааст. Навори сертамошобини тољикї дар Ютуб, ки шумораи тамошобини он марзи миллионро убур кардааст, се видеоклипи сароянда Шабнами Сурайё мебошад. Онро њам дар давоми 3-6 сол тамошо кардаанд. Тайи ду њафтаи ахир навори тўйи хонадоршавии писари президент Рустами Эмомалї дар шабакањои иљтимоии Интернет бањсњои доѓеро ба вуљуд овардааст. Навори пурраи он бо шарњи мухолифи Њукумати Тољикистон Додољони Атовуллоев тариќи шабакаи К+ пахш гардида буд.
Касе то њол гуфта наметавонад, ки аз пањн гардидани тўйи хонадоршавии писари президенти Тољикистон дар расонањо, ки њарами шахсии ўст, чї "бало"-е ба сари масъулину баргузоркунандагони тўй хоњад омад…
Хилофи ќонун ё њарами шахсї? Бањсе, ки атрофи навори тўйи писари президент дар Интернет давом дорад, назарњои гуногунро ба миён овардааст. Ба таври хулоса метавон гуфт, ки гурўње агар онро њарами шахсии Эмомалї Рањмон њамчун шањрванди Тољикистон хонанд ва њаќќи њалолаш донанд, ки дар тўйи фарзандаш чї гуна хурсандие хоњад анљом дињад, истифодабарони дигар аќидаи дигар доранд. Мегўянд, њарами шахсист, аммо хилофи Ќонун дар бораи анъана ва танзими расму оинњост. Хилофи ќонунест, ки мањз бо пешнињоди Эмомалї Рањмон ќабул гардидааст. Дар њамин њол, кам нестанд истифодабарандагоне аз кишварњои пасошўравї, ки дар зери навори мазкур шарњ навиштаанд. Бархе аз раќси президент ба ваљд омада бошанд, гурўње ба тавњини рањбарони кишварњои љањони сеюм пардохтаанд… Аз ин њама бигзарем, дар чунин њолате, ки пайдо шудани навори мазкур гумагўњои гуногунро дар љомеа пайдо карда, суолњоеро халќ кардааст, масъулини њукумат муваззафанд, ки мавќеи худро нисбат ба ќазияи пешомада равшан намоянд. Дар њоле, ки ба тањлили содае маълум аст, ки пањншавии ин навор паёмњое дар худ дорад. Маълум аст, ки муносибати њукумат дар тавзењи навори мазкур дугуна буда метавонад. Якум, муносибати касбї ва шаффоф намудан аст. Њукумат метавонад бигўяд, ки дар маъракаи хонадоршавии писари президент чанд нафар ширкат карда, маблаѓи мас-
рафшудаи он на аз буљаи давлат, балки аз њисоби шахсии президент буда, ў аз њисоби худ ќодир аст, ки чунин маъракаро баргузор намояд… Дуюм, дарки он, ки пахши такрории маърака дар шабакаи К+ чї паёме дорад. Контентанализи сатњии шабакаи телевизионии К+ баёнгари он аст, ки шабакаи мазкур дорои мўњтавои заиф буда, бахусус, нисбат ба Њукумати Тољикистон дорои сиёсати ягонаи редаксионї нест. Маълум аст, ки мањз кишварњои Ќазоќистону Ќирѓизистон мухотаби аслии шабакаи мазкур мебошанд. Дарафтодан ба Њукумати Тољикистон чї маънї дорад? Тавре ќаблан хабаргузорињо иттилоъ дода буданд, барои пахши барнома нисбат ба Тољикистон мухолифин маблаѓњои њангуфте ба ин шабака месупоранд. Пас маълум аст, ки яке аз њадафњои аслии К+ маблаѓ мебошад. Дар шароите, ки Њукумати Тољикистон ќарор дорад, омода аст бо њар ќимат пеши роњи пахши барномањо дар бораи Тољикистонро бигирад.
"Хоби њароми масъулин" Навори мазкур бори дигар боиси дар сархати расонањо ќарор гирифтани номи Тољикистон гардад. Аз љумла, баъди пањн гардидани навори тўй дар Интернет дастрасї ба сомонаи Ютуб дар Тољикистон мањдуд шуд. Дар расонањо пањншавии тўйро боиси ѓай-
риимкон гардидани тамошои наворњо тариќи ин сомона медонанд. Яъне ин ќазия ба имиљи Тољикистон низ бетаъсир намонд. Суоли асосї ва то њол бељавоб ин аст, ки чї тавр навори тўйи хонадоршавии писари президент ба дасти Додољони Атовулло афтид? Ва суоли дигар ин аст, ки чї сарнавиште "хоин"-ро интизор аст? Албатта, душвор аст гуфтан, билохира, дар расонањо пањн хоњад шуд, ки ба чї восита навор берун рафтааст. Вале дар сўњбатњои худї мардум аз фарзияњое ёд мекунанд, ки эњтимол, чунин њам, шояд, бошад. Фарзияи аввал, ба эњтимоли ќавї, навор аз телевизионњои Асадулло Рањмонов берун рафтааст. Тавре аз навор бармеояд, он шакли нињоии монтажкардашуда мебошад, ки аз чанд камера наворбардорї карда шудааст. Ташаккури махсуси Додољони Атовулло ба Асадулло Рањмоновро низ наметавон сода пиндошту гуфт, ки "подстава"-е беш нест. Агар ин навор аз дасти дигаре ба Додољони Атовулло мерасид, њатман, ќатори "подстава" мешудањо зиёдтар мегардид. Ба фарзи мисол, агар аз амният, хонавода ё љойи дигар мерасид, номи раисони кумитањои муњими дигару ким-кадом масъули дигарро низ дар "рањматнома"-и Додољони Атовулло мешунидем. Њамзамон, гуфта мешавад, Асадулло Рањмонов дар чанд рўзи ахир соатњои мушкили кории худро паси сар кард… Фарзияи дуюм, берун рафтани навор тавассути гурўњњои омодасози тўй, ки аз вази-
ру кабир то коргардонњо ташвиши баргузории тўйро ба ўњда доштанд. Гуфта мешавад, онњо аз аввали тўй аз ороиши сањна то ба охир масъул дониста мешудаанд. Эњтимоли ин фарзия заиф аст, чунки масъулияти наворбардорї ва монтажи тўй ба дўши онњо набудааст. Фарзияи сеюм, навори тўй аз дасти наздикони оилаи президент берун рафтааст, ки ин амалро як гуна "ќассос" њам, шояд, донанд. Эњтимол меравад, шояд, нафаре аз наздикони "оила", ки хафагие дорад, наворро пањн намудааст. Шояд, аз дасти чунин "ранљида"-њо навор берун рафтааст. Аммо эњтимоли ин фарзия ба сифр баробар дониста мешавад, чунки на њар кас љуръати онро хоњад кард, ки худро дар муќобили "оила" ќарор дињад. Аммо як чиз даќиќ аст, ки баъди пањн гардидани навори тўй хоби чанд масъул, ба гуфте, њаром гардид… Рустами Эмомалї фарзанди нафари аввали Тољикистон аст. Навори тўйи хонадоршавии ў низ мањз аз њамин дидгоњ, ки писари президент аст, баррасї мешавад. Њар нафар аз камтарин наворе, ки ба ў тааллуќ дорад, аз оммавї шуданаш пешгирї мекунад. Пешгирї нашудани маъракаи шахсии фарзанди президент пас аз чї далолат мекунад? Њамаи ин далолат ба он мекунад, ки амнияти хонаводагии президенти Тољикистон ба таври зарурї њифз намешавад…
Азамати ВАЊЊОБ
САДОИ МАРДУМ
58% БОЗДОШТИ ЗАЙД САИДОВРО "ФИШОРИ СИЁСЇ" МЕХОНАНД
11%
4%
Ин чї ќазия аст?
Як назарсанљї маълум кард, ки 58 дарсади (357 нафар) иштирокчиён ќазияи боздошти соњибкори маъруф ва собиќ вазири саноати Тољикистон Зайд Саидовро "фишори сиёсї" хондаанд.
Намедонам
18%
Ќасди ѓасби моликият аст
Зулми зўргўён мебошад
6%
Фишори сиёсї аст
2%
Љинояткор бояд љавоб бигўяд!
Кори маъмули љиноятї
58%
1%
18% (110 нафар) аз иштирокчиёни ин назарсанљї дар посух ба суоли "Ќазияи Зайд Саидовро чї гуна ќабул кардед?" варианти "Зулми зўргўён мебошад"ро интихоб кардаанд. Њамзамон 11% (71 нафар)-и дигар, боздошти соњибкорро "Ќасди ѓасби моликият аст", 6% (38 нафар) "Љинояткор бояд љавоб гўяд" гуфтаанд. 4% (27 нафар)и баъдї аз ин ќазия огоњ набудаанд ва ба варианти "намедонам" овоз додаанд. Теъдоди хеле кам - 2% , ки њамагї 13 нафарро ташкил додаанд, варианти "Кори
маъмулии љиноятї"-ро интихоб кардаанд. Дар ин назарсанљї њамагї 1 дарсад (4 нафар) гузинаи "Ин чї ќазия аст?" -ро нохун задаанд, ки гувохи ноогоњии онњо аз ин ќазияи пурсарусадо аст ё ќасдан худро ба нодонї задаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта аз 22 то 28-уми майи 2013 дар байни хонандагони пойгоњи интернетии Tojnews гузаронида шуд ва дар он 620 нафар иштирок кард.
6
ШИМОЛ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
23-юми май дар вохўрии президент Эмомалї Рањмон бо љавонон имсол аз вилояти Суѓд њудуди 250 љавон иштирок доштанд. Аммо як мурур ба ин р=йхат кофист, то дарёбем, ки онро мансабдорони вилоят ба табъи худ аз њисоби "хешон" рост карда, "дарвешон"-ро дар канор гузоштаанд. Шояд, касе бовар накунад, аммо масъулин ба ин вохўрї, њатто, нафари 45-соларо фиристоданд. Масалан, Њусейн Зокиров, аз ноњияи Спитамен, 46-сола аст. Хуршед Сатторов, мудири шўъбаи ташкилии дастгоњи раиси вилоят ва ѓайрањо. Бархеро њамчун рўзноманигор номнавис карданд, ки ба истилоњ, рўзноманигориро "бомба" мефањманд. Аз љумлаи онњо роњбари "Кохи матбуот" Љовид Љамолов, фарзанди сардори Маркази тањлил ва иттилооти њокимияти вилояти Суѓд Илњоми Љамолиён аст. Ё худ сармуњаррири рўзномаи "Суѓд њаќиќати" Фарњод Љўраев, ки ба ќавле, дар умраш як сатр хабар нанавиштааст. Матолиби рўзномааш нусхаи ўзбакии дигар рўзномањои њамноми вилоятист. Ва ин њам дар њолест, ки дар мулоќоти президент аз љанги иттилоотї сухан гуфта шуд. Воќеан њам, Тољикистон дар ин самт ба нафарони фаъол ниёз дорад, то дар ин марњилаи њассос ба душманон љавобњои сазовор дињад. Аммо… Танњо аз Маркази матбуоти вилояти Суѓд 2 нафарро њамчун рўзноманигори фаъол номнавис кардаанд, ки шояд, кам касе онњоро шиносад. Аммо дар вилоят дањњо рўзноманигори арзанда фаъолият доранд, ки сазовори иштирок дар чунин мулоќотњо њастанд ва боварї дорам, ки аз ин вохўрињо илњом гирифта, дар набарди иттилоотї аз миллату мењан дифоъ мекунанд. Рўзноманигорони фаъол ба монанди Абдусабури Абдувањњоб, Набиюллоњ Суннатї, Маъмури Юсуфзод, Бобољон Ќурбонов, Љовид Ниёзї, Осими Орифпур, Ќамари Ањрор, Афзал Босолиев ва дигар нафарон њастанд, ки бо маќолаву барномаашон байни хонандагон маъруфият доранд ва онњо метавонистанд пас аз дидорбинї бо раиси љумњур доир ба мулоќот маводи зиёде интишор кунанд, ки ин ба манфиати кор буд. 10 рўзноманигор таассуроти худро менавишт, беш аз 2 миллион ањолии вилоят аз ин вохўрии судманд огоњ мешуд. Мутаассифона, боз нафароне, ки дар рўзномањои њукуматї кор мекунанду ба љуз таърифу тавсиф дигар чизеро намефањманд, шояд, њатто, рўзномаашонро касе вараќ назанад, ба мулоќоти президент эъзом шуданд. Њамин тавр, масъулин бо суиистифода аз мансаб наздикони худ ва рўзноманигорони њукуматиро фиристоданд. Аќаллан, як рўзноманигори мустаќил ба рўйхати онњо наафтод. Гўё онњо "ўгай" бошанд. Њол он ки мањз рўзноманигорони мустаќил аз манфиатњои миллї сухан мегўянду мушкилоту муаммоњоро ба хотири "илољи воќеа пеш аз вуќўъ" ошкоро мегўянд ва рўзномањои њукуматї бошанд, дар бештар маврид "ба дањон об мегиранд".
Ту дигарї, ман дигар? Бовар дорам, ки раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода аз рўйхат - "мазњака"-и тар-
Аввал хеш, баъд дарвеш! Масъулини вилояти Суѓд ба мулоќоти президент бо љавонон нафари 45-соларо фиристоданд
тибдодаи дастгоњи худ ва идораи љавонон хабар надорад. Дар рўйхат 94 дар сад корманди њукуматанд - Ѓолибљон Мирпоччоев, сармутахассиси шўъбаи кадрњо, Икром Солибоев, сармутахассиси шўъбаи назорат, Аминљон Рањимов, мутахассиси пешбари шўъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеа, Воњид Абдувоњидов, мутахассиси раёсати хазинадории Сарраёсати молияи вилоят. Аммо дигар љавонон, масалан, чўпон, занбўрпарвар, сохтмончї, мардикор, њофиз, ронанда, мироб, раиси хољагии дењќонї, футболбоз, муштзан ва ѓайрањо магар њуќуќи иштирок дар ин чорабинї надорад? Љасуру Љањон Ќурбоновњо, Комроншоњи Устопириён њам њаќ надоранд? Парчами кишварро дар арсаи байналхалќї онњо боло мебардоранд-ку? Ба мулоќоти президент чанд соњибкор њам рафтанд, албатта, онњое, ки ба њукумат наздиканд. Аммо аз шањри Чкалов, ки ќариб маркази тиљоратии вилоят шудааст, ягон соњибкор ба мулоќоти президент фиристода нашуд. Ёбеду гиред! Магар ин хизмати хирсона нест? Чаро љавонони як вилоятро ду таќсим мекунанд? Чаро љавонони болаёќат, донишманд, љасур, њаќбин, њаќгў, миллатдўст, ватанпарвар паси парда мемонанд?
Соли 1960!? Аслан, бахши љавонон, варзиш ва сайёњї, ќариб ки, ваќтњои охир фаъолияти назаррасе надорад ва њатто, сарпарасти соња, муовини аввали раиси вилояти Суѓд Љумъабой Сангинов дар як маљлис гуфта буд, ки "бояд Шумо навовар ва ташаббускор бошед ва љавононро аз пайи худ баред. Ин маърўзаи Шумо баромади солњои 60-уми асри 20-ро ба хотир меорад ва чї гуна мешавад, ки љавонон ба Шумо бовар кунанду аз пайи Шумо раванд?" Фаридун Њодибоев, раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии вилоят, ин нињоди бузурги неруманди ќишри љомеаро рўз ба рўз футур намуда истодааст. Чорабинињое, ки ин идора мегузаронад, "ради галочки" буда, аз он љавонон ягон манфиат намебинанд. Дар мулоќоти роњбари давлат зикр гашт, ки наздики 22 сол инљониб дар кишвар Ќонун "Дар бораи сиёсати давлатии љавонон" амал мекунад. Ман ва бовар дорам, аксари љавонони вилоят нав аз ин ќонун хабар ёфтем. Ин аст мањсули чорабинињои "хасакї"-и идораи љавонон, ки давоми 20 сол натавонистанд, њатто, њамин ќонунро ба љавонон муаррифї кунанд. Аз сўњбати президент боз фањмидем, ки "Стратегияи сиёсати давлатии љавонон дар Љумњу-
Нархи њаљ 3700 доллар шуд Кумитаи дини Тољикистон нархи њаљро барои соли 2013 муайян кард. Бино ба иттилое, ки кумита дар ихтиёри "Нигоњ" гузошт, имсол довталабони њаљ метавонанд бо пардохти 17 њазору 625 сомониву 30 дирам (муодил ба 3659 доллари ИМА), ин фаризаи илоњиро ба анљом расонанд. Тољиддин Ризвонов, котиби матбуотии ин кумита ба Нигоњ гуфт, ин раќам нисбат ба соли гузашта 497 сомонї (муодил ба 103 доллари ИМА) зиёдтар аст. Вай сабаби болоравии ќимати њаљро чунин шарњ дод: - Сабаби асосии баланд шудани нарх дар хизматгузорињои Арабистони Саудї ва ширкатњои њавопаймої мебошад. Дигар, сарфи назар аз он ки мо маблаѓи њаљро бо сомонї ќабул ме-
кунем, байни Кумитаи дин, Бонки Миллї ва Ориёнбонк шартномаи сетарафа дорем, ки дар њолати ба мо лозим шудани доллар сарфи назар аз ќурби њамонрўза онњо ба мо долларро бо ќурби 4 сомониву 83 дирам мефурўшанд. Ба ќимати њаљ маблаѓи чиптаи њавопаймо (рафту баргашт), авоид (бољи шоњї), иљораи мењмонхонањо дар шањрњои Макка ва Мадина, се маротиба хўрок дар як рўз, хидмати роњбаладон, кўмаки аввалияи тиббї, эмгузаронї зидди касалињои сирояткунанда, љузвдон, сарулибос ва ѓайрањо дохил мешаванд. Имсол аз тарафи Арабистон Саудї барои Тољикистон 6000 њазор квота људо шудааст ва эњтимол дорад таѓйир ёбад. Аммо ин њам дар њолест, ки тибќи
муќаррароти вазорати њаљи Арабистони Саудї барои њар њазор нафар мусалмон як квота ва ё барои 1 миллион мусалмон 1000 квота људо мешавад. Ањолии Тољикистон ба 8 миллион расидааст. Дар солњои ќабл "квота"-њои зоирони тољикро ба далели он ки наздик ба ду миллион шањрванди Тољикистон дар муњољирати корї ва хориљ аз кишвар бар сар мебаранд, аз теъдоди "квота"-њои муќарраргардида барои мусалмонон камтар медод. Кумитаи дин хабар дод, ки сафари њољиёни тољик моњи сентябр оѓоз шуда, аввалин парвози њољиён 20 сентябр сурат мегирад.
Мулло РАЉАБ
рии Тољикистон то соли 2020", "Консепсияи миллии сиёсати љавонон дар Љумњурии Тољикистон" ва дигар барномањои соњавї ќабул гардида будаанд, ки барои амалї намудани онњо то имрўз дар маљмўъ 840 миллион сомонї људо шудааст. Хулоса, тамоми заминањои њуќуќї барои фаъолияти љавонон муњайёст, вале неру ё маќомоте нест, ки онро амалї кунад. Давраи Рустам Ѓиёсов, собиќ раиси шўъбаи љавонони вилоят, як навъ давраи ташаккули ин нињод буд, вале бо омадани Фаридун Њодибоев он њама наќшаву заминањои Ѓиёсов барбод рафтанд. Чанд воќеаи нангине, ки дар вилоят рух дод, мавќеи љавонон равшан нашуд, то он замоне, ки ба онњо супориш надоданд. Бо сабаби набудани корњои фањмондадињї имрўз љавонони Суѓд назар ба дигар минтаќањо ба гурўњњои экстремистї бештар шомил шуда истодаанд ва шумораи ба худкушї дастзадагон аз њисоби љавонон низ афзоиш дорад. Ман дигар гап надорам...
Хуршед ЗОЊИДОВ, шањри Хуљанд
ЭЪТИРОЗ Дар яке аз рўзњои январи соли 2013 аз Сурия ба Душанбе занг зада, хабар доданд, ки "бародари Шумо шањид шуд". Бо гузашти панљ моњ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон дар як нишасте бо номи "Њуввияти миллї ва давлати дунявї: масоили фарњанг ва маорифи динї" эълон кард, ки дар Сурия то имрўз 3 љавони тољик кушта шудаанд. Ин хабар њам пас аз он расонаї шуд, ки ФСБ - Хадамоти махсуси Русия - як њафта ќабл аз њузури њудуди 200 шањрванди ин кишвар ва њам шањрвандони кишварњои ИДМ дар сафи мухолифини њукумати Сурия хабар дод. Шояд, кам касе ба ин эътибор дода бошад, ки шурўъ аз оѓози мухолифатњои хунин дар Сурия аъзои Њизби тањрир дар саросари олам, аз љумла, Тољикистон ба таблиѓи зидди њукумати Башор Асад камар баста, шабу рўз даст ба сиёњ кардани он задаанд. Дар сафњањои шабакаи иљтимоии Фейсбук, Одноклассники ва "Мой Мир" истифодабарандагоне, назири "Хизбуттахрир - Россия", "Њизбуттањрир - Тољикистон" ва "Њизбуттањрир љамоаси" аз гузашта њам фаъолтар шуданд. Илова бар ин, дањњо нафар алоњида бо забонњои тољикиву русї ва ўзбакї дар баробари таблиѓоти зидди Башор Асад ба таблиѓи аќидањои њизб, бахусус, хилофат даст заданду мезананд. Паёмњое, ки фаъолшавии Њизби тањрир дорад, агарчи рўйирост иќрор намешаванд, наметавонанд хоби њукуматњо дар Осиёи Марказї ва њатто, ИДМ-ро њаром накунанд. Ва вазъ њамон њикмати маъруфро ба ёд меорад: "омад ба сарам аз он чї метарсидам".
Аз Туркия то Сурия Аксарият ба сари ќудрат омадани Њизби адолат ва тавссеа дар Туркияро пирўзии як њизби исломгаро унвон мекунанд, яъне нињоят Туркияи мусалмонї ба асли худ ва арзишњои исломї бозгашт кард. Мехоњем, ки бовар кунем. Аммо суол ин љост: чї тур ин њизб соли 2001 ташкил ва 2 сол пас аксарияти курсињои парлумонро соњиб шуд? Рад намекунем, ки аксарияти мардуми Туркия бо вуљуди таблиѓоти шадиди пайравони дунявии Отатурк ба ин њизб овоз доданд, аммо боварнокарданист, ки ин пирўзии исломињо дар як кишвари узви НАТО - ро дар Вашингтону Брюссел бо ќарсак пешвоз гирифта бошанд. Туркия тањти рањбарии исломгароњо њоло дар 20-гонаи кишварњои љањон ќарор дорад. Онњо бидуни мушкил пеш мераванд. Аммо ин њама ањамияти дохилї барои туркњо дорад, дар сатњи байналмилал ба исломињо гузаштани ќудрат ањамияти љањонї пайдо кардааст. Кї мегўяд, ки Амрикову Аврупо ба сари ќудрат омадани исломгароњо розї набуданд, ё мехостанд, ки хилофати Туркияи усмонї - "аљали Аврупо" эњё шавад? Албатта, ба бозгашти Туркия њамчун як империяи мусалмонї њељ гоњ розї нестанд ва ба ин роњ њам нахоњанд дод. Аммо њељ шакке дар ин нест, ки онњо барои ба ќудрат расидани исломињо дар Туркия даст доранд, зеро акнун хилофати туркњо на ба Аврупо, балки ба Шарќ - олами ислом бояд тавсиа ёбад, на сирф ба манфиати Туркия, балки иљрои тарњи бузурги ѓарбињо. Ин дафъа "салибкашї"-ро худи туркњо амалї хоњанд кард. Туркия ин тарњро амалї мекунад ва албатта, барои худ наќши рањбарии олами
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
7
"Хилофати нав" Амрико ва Ѓарб чаро ба як "хилофати исломї" ниёз доранд? исломро ихтисос хоњад дод. Хулоса, амалан тарњи "хилофати исломї" бо сари кор омадани "исломињои технократ" дар Анќара оѓоз шуд ва дар саргањи ин раванди аз сўи Амрикову Аврупо њидоятшаванда њукумати Туркия меистад. Далел. Њизби адолат ва тавсиа мехоњад ба Иттињоди Аврупо шомил шавад, ба арзишњои ѓарбї арљ мегузорад, на исломї. Агар як њизби исломї мебуд, бештар такя ба арзишњои исломї мекард. Хулоса, њоло Туркия як кишвари исломиеро муаррифї мекунад, ки айни муддаои Амрикову Аврупо ва ба истилоњ, "салибкашон" аст. Њамзамон, туркњо дар баробари ин ба њадди аксар аз ин мавќеи худ дар бозињои бузург истифода карда, рушди кишварашонро таъмин мекунанд, аз ин хотир, иљрои тарњи Ѓарбро бо камоли мамнуният ба гардан гирифтаанд. Дар тамоми ќазияњои љањонї Туркия аз мавќеи Амрикову Аврупо њимоят мекунад. Ќуллаи фош шудани наќши Туркия дар тарњи бузурги хилофат - буњрони Сурия аст. Эътилофи мухолифини Сурия соли 2011 дар Истамбул ташкил шуд. Туркњо рўйирост аз мухолифини Асад љонибдорї карданду мекунанд. Ин дасти як турк аст, аммо дар каф доллару силоњњои амрикоиро дорад. Шояд, кам касе медонад, аммо њамон љавонони тољик, ки аз љониби мухолифини њукумати Сурия мељанганд, донишљўёни донишгоњњои Туркия њастанд, на Покистон ва мањз тариќи хадамоти махсуси ин кишвар ба даргирињои низомї дар Сурия эъзом мешаванд. Суќути њукумати худкомаи Сурия на фаќат аз беху бун канда шудани њузури Русия дар Шарќи Наздик хоњад буд, балки оѓози муттањид шудани ин минтаќа тањти ливои хилофат хоњад шуд. Як назари сатњї кофист, ки ба ин њаќиќат расид: ба љуз Сурия тамоми кишварњои араб тањти доираи амрикоиву аврупоињо мераќсанд. Бидуни шак, метавонем гўем, ки размандањои мусалмон аз ИДМ, бахусус, Тољикистон дар Сурия тамрин мебинанд, то барои бунёди хилофат дар оянда низ хизмат кунанд.
"Дили хилофат" Андешаи "хилофати исломї" дар кишварњои мо - Осиёи Марказї аввал дар њудуди ўзбакистонии водии Фарѓона "зинда" шуд. Шурўъ аз солњои 90 - ум ба таблиѓи ин андеша дар Осиёи Марказї аъзои "Њизби тањрир" вориди сањна шуданд ва Њаракати исломии Ўзбакистон низ онро шиор кард. Ростї, то ба њол аксарият бар ин фикранд, ки ин мардум солимаќл нестанд ва мисли Дон Кихот бо осиёњои бодї вориди љанг шудаанд. Аммо ширкати фаъоли "Њизби тањрир" дар Сурия ин гумонњоро ботил мебаро-
рад ва солимии аќли онњоеро, ки тањририњоро "беаќл" мењисобанд, тањти суол мебарад. Вазъ бинишу тањлили нав мехоњад. Акнун танњо Њизби тањрир таблиѓгари хилофат нест, балки тамоми танзимњое, ки худро исломї унвон мекунанд, инро њадафи нињоии худ ќарор додаанд. Њизби тањрир, таблиѓгари "исломи соф" дар "хилофати ягона"-и исломї ва њатто, ба дунболи он салафия агар дар оѓоз "лўхтаки вањшатангез" дар њотањои њукуматњои мо менамуданд, њоло ба хатари воќеї ба љомеа ва давлатдории миллї табдил меёбанд, ки бо вуљуди муборизаи беамон, тариќи суд манъ кардани онњо ва таблиѓоти бемисл мисли аљириќ дар баданаи минтаќаву Тољикистон реша медавонанд. Њизби тањрир дар Фарѓона ба вуљуд омад, сипас, миёни ўзбакњои Шимоли Тољикистону Љануби Ќирѓизистон пањн шуд ва њоло миёни тољикону ќирѓизњо ба Љануби Тољикистону Шимоли Ќирѓизистон, њатто, Русияву Беларус реша давондааст. Салафия дар Русия эљод шуд, мехост Тољикистонро ба "штаб - квартира"-и худ табдил дињад, аммо њоло дар Ќазоќистон таљаммўъ карда, пайравонашро идора мекунад. Суол ин љост, ки чаро онњо бо вуљуди ин ќадар саркўбињо, баръакс, таќвият меёбанд ва ба љойи он ки мардум аз онњо дурї љўянд, бигзор саросарї њам набошад, узвияташро ба даст меоранд? Аз њама муњим, чаро тадобири њукуматњо алайњи онњо муассир нест? Бале, далели барљастаи ин ки онњо нуфуз кардаанд, дида намешавад, аммо аз миён нарафтанашон њайратангез аст. Чї дасте онњоро дар љомеањои суннатии Осиёи Марказї нигоњ медоранд ва ба кадом хотир? Њаводиси олами араб нишон медињанд, ки алайњи тамоми режимњо аз неруњои исломї - "Ихвонулмуслимин", "Ал - Ќоида", "Њизби тањрир", салафињо ва ѓайраву њоказо кор гирифта шуд. Осиёи Марказї њам чунин неруњоро дорад. Ба истиснои Њизби нањзати исломии Тољикистон, ки як њизби расман сабт ва эътирофшуда аст, дигар танзимњо Њизби тањрир, Њаракати исломии Ўзбакистон, "Љамоаи Ансоруллоњ" ва љараёни салафия њам дар ин минтаќа њастанд. ЊИЎ ва "Љамоаи Ансоруллоњ"-ро агар шўъбањои "Ал - Ќоида" дар Осиёи Марказї унвон кунем, пас, чаро хулоса накунем, ки онњо дар оянда фаъоли инќилобњо алайњи режимњои минтаќа хоњанд буд? Дар Мисру Либияву Сурия њам замоне онњо таъсир надоштанд ва тањти таъќиб буданд, аммо њоло соњиби ќудрат шуданд. Дар њар кишвари исломї ин ќабил созмонњое, ки зидди њукуматњо кор кунанд ва аз сўи Ѓарб њидоят шаванд, вуљуд доранд. Аљобат дар он аст, ки дар лањзаи зарурї шикастани њукуматњо ин танзимњо бо унво-
нњои гуногун ба як неру табдил меёбанд ва вориди амал мешаванд. Айни њамин сенария, ба истилоњ, неруњои исломї дар кишварњои худ пирўз мешаванд ва сипас, ба њамтоёни худ дар кишварњои дигар ба кўмак хоњанд шитофт. Нињоят, ба назар мерасад, дар тарњи хилофати Амрикову Ѓарб Осиёи Марказї ањамияти вижа дорад. Боре дар баррасињои Фейсбук касе аз аъзои Њизби тањрир дониста ва ё надониста, ин таъбирро њам истифода бурда буд, ки ин минтаќа "дили хилофат" хоњад шуд. Шарње набуд, аммо дарки он њам мушкил нест...
Мехи охирин Њамеша мешунавем ва ба мо мегўянд: барои дастгирии аќидаи хилофат миллионњо доллар харљ мешавад ва бидуни шак, тавассути созмонњое, ки зикрашон дар боло рафт, ки дар банд - банди љомеањои Осиёи Марказї, аз љумла, Тољикистони мо пинњониву аланї реша медавонанд. Ин харољоти бузург ба Амрикову њампаймонњояш чї зарур аст? "Хилофати нав"-ро Амрико ва Инглис солњост, ки њамчун тарњи сиёсии муносибтарин барои пиёда кардани тарњњои бузурги иќтисодиашон, назири даст ёфтан ба манобеи нафту гази олами ислом ва шикасти Русияву Чин идора мекунанд. Ин дарахтро аз замони ташкил шудани Њизби тањрир дар долонњои СРУ - Хадамоти кашфи Амрико ва Массади Исроил 50 сол аст, ки об медињанд ва њоло мебинем, ки то куљо ба њадафњои худ мерасанд. Хилофат - кишвари пањноваре аз Аврупо то Осиё хоњад буд ва ќисмати мусалмоннишини Њинду Чину Русияро њам дар бар хоњад гирифт. На Русия, на Чин ва на Њинд, њатто, дар њамдастї ќудратеро нахоњанд дошт, ки алайњи ин давлати ќариб 2-миллиарднафараи умдатан фаќир истодагарї кунанд. Дар натиља ба ѓаразњои абарќудратии Русияву Чин ва Њинд хотима гузошта мешавад. Сипас, дар дохили хилофат љангњои мазњабї иттифоќ меафтанд ва олами мусалмонони ќашшоќ ба мушкилоти дохилї мепечанд. Ин хаос замони гулгулшукуфии Амрико ва Аврупо хоњад буд, ки захирањои нафту гази олами ислом ва Русия бозорњои Чину Њиндро тањти назорат хоњанд дошт. Ин замона фаро мерасад, агар њукуматњои Осиёи Марказї, Русия, Чин ва Њинд ормонњои "мусалмонони њанўз хоб"-ро бароварда накунанд. Бахусус, барномаи "антинањзат"-и Њукумати Тољикистон як ќадар њамнавої бо ин тарњро мемонад, ки ќабл аз њама ба худи њукумат таъсири манфї хоњад дошт. Ва ин набардест, ки пирўз надорад.
Фаромарзи ФОЗИЛ
8
САФАРДИДА
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
Озодии баён ва њукумат Ба ќарибї сафари дањрўза ба Иёлоти муттањидаи Амрико њамроњи дўстону њамкасбон - ѓолибони Барномаи "Љањони боз", доштем. Ин барнома аз сўи Њукумати ИМА маблаѓгузорї мешавад. Мавзўи тањќиќи гуруњи панљнафараи мо - журналистон - "Тањќиќоти журналистї" дар расонањои Балтимор, пойтахти Иёлати Мериленди ИМА буд. Суњбатњо, дидору тамошо журналистон дар идораи нашрия, радио ва телевизионњои мањаллї. Мавзўъ: Дастрасї ба иттилоот, озодии баён - дар ИМА ва Тољикистон... Фарќ. Аз замин то осмон гуфта наметавонам. Маќомоти њокимият тибќи ќонун муваззафанд, ки маълумоти расмиро баъди як моњи дархости расмии журналист бидињанд. Ин тибќи ќонуни Иёлати Мериленд аст. Дигар иёлот ќонуни дигар доранд. Хулоса, њукумат њама љо њукумат аст. Дар ИМА њокимият ё маќомоти ќудратї, ба расонањо бевосита коре надоранд. Фишор нест. Таъќиб барои танќид нест. Аммо расонањо дар дасти сарватмандонанд, ки дар њукумат нуфуз доранд. Ин система ва ё мувозинати бавуљудомада, ба маънии озодии баён ќаламдод мешавад. Шояд эрод бигиред, ки дар як сафари дањрўза ба ин хулоса расидан номумкин аст. Дуруст, ба ин хулоса шояд дар ИМА зиста, дар дањ сол расидан натавон. Ин нуктаро ба мо журналисте гуфт, ки мехоњад телевизиони худро дошта бошад, аммо њоло сюжетњои муаллифияш танњо дар Интернет пањн мешаванд.
Амрико "Зомбистон" Баъд аз нахустин сафари дањрўза ба Иёлоти муттањидаи Амрико ба хулоса омадам, ки ман дар ин кишвар хушбахт зиндагї карда наметвонам. Ба назарам, њар тољике агар гўяд, ки ин љо хушбахт аст, як андоза дурўѓ мегўяд. Хабари сенсатсионї Шояд бисёрињо ба ин бовар накунанд, аммо хабари сенсатсионї дар Балтимор маѓлубияти дастаи мањаллии бейсбол - "Ориёл" аст, серхонандатарин ва сертамошобинтарин барномањои радио, телевизион ва нашрияњои ин љо маълумот дар бораи обу њаво. Њодисаи латукўб ё њабс шудани сиёсатмадореро бо супориши њукумат, куљо расад ба говсуди журналистон, ин љо касе дар ёд надорад. Барои мо, ки бори аввал дар ин кишвар будем, хеле аљиб буд, ки пеш аз интихобот чанд сомона баста шуд, чанд журналистро говсуд карданд, чанд сиёсатмадор њабс ё латукўб шуданд. Нест. Сањифањои зебо, вале чунин мавзўњои љолиб нестанд. Њукумати иёлатї, њукумати Балтимор ягон журналисти мањаллї, ё сиёсатмадорашро ба ин шараф сазовор намедонанд, - шўхї мекар-
дем бо дўстам Каюмарси Ато ва акои Барот (Юсуфї). "Балтимор Сан" - рўзномаи Балтимор њар субњ бо теъдоди 200 њазор нусха нашр мешавад. Дар як њафта шаш рўз. Ин дар њолест, ки худи Балтимор камтар аз 600 њазор ањолї доштааст. Њар якшанбе ин рўзнома бо теъдоди 300 њазор нусха нашр ва пањн мешавад. Њар нафари дуюм дар ин шањр газета мехонад. Инро чї хел фањмем? Рўзи истироњат якшанбе, аммо ин маъно надорад, ки касе нашрия намехонад, ё журналист њам бояд дам гирад. Моро сухани муњаррири "Балтимор Сан", ки гуфт, ин натиљаи рушди интернет - журналистика ва коњиш ёфтани хонандагон аст, дар њайрат гузошт. Мо, ки њафтае як маротиба бо теъдоди камтар аз 10 њазор нусха нашрия барои тамоми 6-7 млн. нафар одат кардаем, аљиб буд. Мо дар ин бора ба касе на-
ЭЪТИРОЗИ АМРИКОЇ. СИЁЊПЎСТОН АЗ ОН ЭЪТИРОЗ ДОРАНД, КИ МАОШАШОН КАМ АСТ
гуфтем. Воњ, агар онњо фањманд, ки дар мо фаќат китоб њар рўз нашр мешавад. Бо теъдоди 500 - 1000 донагї. Мавзўи тањќиќоти журналистї дар ин нашрия муњим ва ба дарди мардум мехўранд. Дар ин масъала, ба назарам, мо бояд аз њамкасбони балтиморї омўзем. Ба ман тањќиќоти ахири ин нашрия дар бораи воќеъбинии камерањои наворбардории роњњои мошингард писанд омад. Ин журналистон маълум кардаанд, ки њолати техникии камерањои роњ дар ин шањр солњо боз назорат намешудаанд ва боиси љаримањои беадолатонаи ронандагон гаштаанд. Ин дар њолест, ки њамасола аз њисоби вайрон кардани ќоидаи њаракат дар роњ ба буљаи шањр бештар аз 1 млрд. доллар ворид мешуд.
Кормандони БДА ва таљрибаи Обама Ба назарам, њар тољикистонї ба ин ањамият хоњад дод. Мо дар дањ рўз ягон корманди БДА-ро дар Балтимор надидем. Дар Вашингтон - пойтахти ИМА низ онњо нестанд. Намефањмам, чаро мо то њол кормандони БДА-ро ба камерањо иваз накардаем? Дар бораи порагирии кормандони БДА навиштан мўд нест. Дар мо ин хабар нест, аслан. Аммо модоме, ки мо њонўз онњоро тоќат мекунем, мо бе онњо зиста наметавонем. Ман дар ИМА фањмидам, ки кормандони БДА-и мо љузъе аз "хушбахтии тољикї"-и моянд. Тасаввур кунед, шумо мошин меронед, ё дар мошин савореду метавонед садњо километр роњро тай кунед, аммо ягон корманди БДА нест, ки шуморо боз дорад. Ман онњоро ёд кардам. Бахусус, љиддияти сохтаи зоњирии онњоро, ки маълум аст бо як азоб даст ба чакка бурда, як љумлаи аввалро бо забони адабї, тибќи оиннома талаффуз мекунанд: - Лейтенанти милиса, Гадоалї Талбаков, њуљљатњо... Мо бе Гадоалї Талбаков хушбахт буда наметавонем. Чї хел? Тасаввур кунед, 1,5 ним млн. муњољири тољик ба мо 3,5 - 4млрд. доллар мефиристанд. Агар ба љойи Гадоалї камера бошад, њамаи ин пул ба буља љарима шуда медарояд.
МО ВА ОНЊО Роњбандї нест. Дар рўзи 4-уми сафари мо ба Балтимор Борак Обама президенти ИМА ба ин шањр омадааст. Ману Каюмарс аз ин чиз бегоњї аз Марвин ва Эстел, оилаи оддиву мењрубони амрикої, ки дар хонаашон мењмон будем, огоњ шудем. Обама бо се чархбол сайр мекунад, ки касе намедонад президент дар кадоми онњост ва њољати бастани роњ ваќти сафари вай ба ин ё он шањр нест. Ба назарам, Њукумати Тољикистонро мебояд ба ин таљриба диќќат кард. Обама низ атрофи "Ќасри Сафед"-ро панљарапеч карда, њар кї дар васфи демократия дар ин кишвар гуфта бошад, ки њар амрикої кай хоњад ба ќабули президенти Амрико ворид шуда метавонад, лоф задааст. Як рўз пеш аз бозгашт ба Тољикистон рўзи пур аз ташвишу њаяљон, субњи барваќт шоњиди намоишњои эътирозии як гуруњи 30-40 нафараи сиёњпўстон дар наздикии њукумати шањри Балтимор будем. Бино ба гуфтаи тарљумони мо, апаи Мењрангез, бонуи хеле зебо, аз тољикони Самарќанди муќими ИМА онњо, аз паст будани маош норозигї баён мекарданд. Бегоњ, тахминан соатњои 15:30 даќиќа, ваќте аз њамон љо мегузаштем, намоии эътирозї њанўз давом дошт, аз эътирозиён њамагї 15-20 нафар боќї монда буданд. Дар Амрикої демократї, маълум мешавад, ки касе аз њукуматдорони шањри Балтимор, ба назди гирдињамомадагон њозир нашуда, рози онњоро касе нашунидааст.
Зиёиён ва мардуми ИМА Мардуми амрикої аз мо ба куллї фарќ мекунанд. Сокини шањри Балтимор ба он чї
дар Ню-Йорк рух медињад, барои мисол, ки аз ин шањр то он чорсоата роњ аст, таќрибан чизе намедонанд, ё донистан намехоњанд. Њама ба кори худ машѓул аст. Агар ба онњоро бештар зењн монед, табассум мекунанд, агар не, ба шумо гўё эътиборе намедињанд. Гуруњ-гуруњ ба театру осорхона мераванд. Мо навбатпоиро дар Китобхонаи Конгресси ИМА дида, њайрон шудем. Дар назари аввал, рафтори мардуми ИМА мисли "зомби" менамояд, ки барномарезї шудааст ва њатман он рўз кадом корњоеро бояд иљро кунад. Барои мисол, рўзи шанбе агар барнома "ба театр" бошад, амрикої њатман бояд ба театр равад ва вай ин корро мекунад. Дар Вашингтон дар кўча тахминан љавони 30-32-сола дар даст як даста гул меравад. Ману Каюмарс аз тирезаи автобус ўро назора мекунем. Вай касеро намебинад. Њушу ёдаш дар гулдаста ва касе, ки онро таќдим хоњад кард. Гашташ, тарзи гулдастаро доштанаш ба назари тољикистонї чунин менамояд, ки агар шумо онро аз дасти љавони амрикої кашида гиред, вай ба шумо хархаша намебардорад, муноќиша намекунад. Вай аввал ба полис занг хоњад зад ва сипас бо њамон роње, ки омада буд, рафта гулдастаи дигар мехарад ва роњашро идома хоњад дод. Ин тасаввури мо дар рўзи аввал буд. Шўхї кардем, ки ин љо мардум инстинктњои табиї, ё вањшии одамиро гум кардаанд. Баъди чанд рўз дар хона, мењмонхона ва њатто салони сарди мошин шўхї мекардем, ки интинктњои вањшии инњоро сардї задааст. Дар Амрико, чойи гарм наменўшанд. Об ё афшураи сардро бо илова кардани ях пеш ва баъд аз хўрок менўшанд.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
9
Баъдтар дидем, ки ду нафар аз сиёњпўстон назди дари майкадае ба њам љанљол бардоштанд. Чашму гўши одаткардаи мо пешгўї мекарданд, ки њамин дам ин љо одами зиёд љамъ хоњад омад. Шояд ду-се нафар аз ин сў ва шояд чор - панљ нафари дигар аз он сў ба љанљол "њусни тоза" зам мекунанд. Вале, афсўс! Њодисаро танњо се нафари мо, Каюмарс, ман ва акои Барот тамошо мекардем. Зуд касе аз таксафон ба милиса хабар дод. Пас аз 1 даќиќа садои мошини милиса баланд шуд. Пас аз се даќиќаи дигар, мошин ба љойи њодиса расида, ба кўчае гашт, ки ду сиёњпўст рафта буданд. Тамом. Дар ин шањрњо, мардум он чї дар ќонунњо навишта шудааст, эњтиром доранд. Њар љое, ки кашидани сигор манъ аст, ин корро намекунанд. Барои туф кардани нос, њамсафарони носкаши мо љо мекофтанд. Њама як навъ зиёї. Ман махсус пурсидам, ки дар Балтимор чанд нафар худро зиёї медонанд, ё зиёї эътироф шудаанд. Ё саволамро дуруст нафањмиданд, ё чизи дигар, ки гуфтанд намедонанд, дар ин бора иттилоъ надоранд. Аљаб мардум. Ман ин мамлакат ва ин мардумро намефањмам. Мо 21 сол боз бањс дорем, ки зиёї кист, инњо 200 сол боз безиёї зиндагї мекунанд. Чи хел онњо ба ин кор даст ёфтаанд, маълум накарданд. Тасаввур кунед, агар мо зиёї надошта бошем... Ба Каюмарс шўхї кардам, ки инњо дар тамоми ИМА як нафар зиёї дорад - Бозор Собир! Он ваќт намедонистем, ки Бозор Собир дар Фурудгоњи шањри Душанбе чї мегўяд...
Фаридуни Рањнавард
ХАБАРНИГОРОНИ ТОЉИК БА "КАШФ"-И АМРИКО РАФТА ОН ЉО ЧАНД АМРИКОИРО "ТОЌИИ ТОЉИКЇ" ПЎШОНДАНД ЊАР САЊАР СОАТИ 7 - И РАСО РЎЗНОМАНИГОРОНИ ТОЉИК ИН МАРДРО МЕДИДАНД, КИ БА НАЗДИ БАЊР МЕОМАД, ТО БА ПАРРАНДАЊО "НОН" ДИЊАД
Изњороти Фридом Њаус дар бораи Зайд Саидов Созмони байналмилалии Freedom House (Хонаи Озодї) дар сомонааш изњоротеро нашр карда, боздошти Зайд Саидов, рањбари Гурўњи ташаббускори "Тољикистони нав"-ро, идомаи амалиёти густурдаи Њукумати Тољикистон бо њадафи мањви мухолифини эњтимолї дар арафаи интихоботи президентї номид. Ин созмон гуфтааст, Њизби сабтиномнашудаи "Тољикистони нав" бархилофи неруњои дигари сиёсї дар Тољикистон аз аввал ќотеъона таъкид намуд, ки сирф ба њалли мушкилоти иљтимоию иќтисодї машѓул хоњад шуд. Freedom House навиштааст: "Зайд Саидов ќурбонии раќобати носолими сиёсї шудааст". Дар изњороти ин созмон аз афзоиши фишор ба Њизби нањзати исломї, ќазияњои Абдумалик Абдуллољонов, сарвазири собиќи Тољикистон дар Укроин, боздошти Умаралї Ќувватов, роњбари "Гурўњи 24", ки мухолифи Њукумати То-
љикистон суханронї карда буд, њамчун далели саркўб шудани неруњои сиёсии мухолиф аз љониби њукумат хондааст. Ёдрас мешавем, соњибкор ва вазири собиќи саноати Тољикистон 19-уми майи соли љорї боздошт шуда, ба ду моњи њабси пешакї мањкум шуд. Ўро ба ќаллобї дар њаљми калон, суиистифода аз мансаб ва тамаъљуї муттањам мекунанд. Зайд Саидов ин иддаоро рад карда, дирўз дар нахустин мулоќоташ бо ваколатдори њуќуќи инсон гуфт, боздошт сирф ќазияи сиёсї аст. Фирўз МУЊАММАД
10
АДЛ ВА ИНСОФ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
"Ќурбониён"-и кампир Акс аз photos.wikimapia.org
Чаро Вазорати тандурустї се пизишки маъруфро аз вазифа барканор кард?
Тахминан, соатњои 7-и субњи 20 май дар Маркази љумњуриявии беморињои ќалб дар Бемористони Ќарияи Боло (унвони мардумии Маркази миллии тиббии Тољикистон) фољиа рух дод. Сокини ноњияи Фархор, кампири 72сола, Н. А. (ному насаб то ба њол пинњон дошта мешавад) худро аз ошёнаи дуюми бинои ин марказ ба замин партофта, њалок мешавад. Њангоми рух додани ин њодиса нигањбони кампир - духтари 35-сола хоб будааст ва кампир бо истифода аз фурсат худро ба замин партофтааст. Љасади занро ба зодгоњаш - ноњияи Фархори вилояти Хатлон бурда, ба хок супурданд. Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Сино-2 парвандаи љиноятї кушод. Як манбаъ дар ин шўъба ба "Нигоњ" ин њодисаро чунин шарњ дод: - Тафтишоти пешакї маълум кард, ки ин њодисаи нохуш аст. Хешу табораш ягон даъво надоранд. Њамроњи ин зан дар беморхона
дар лањзаи рух додани ин њодиса духтараш будааст. Мо наметавонем дар ин бора ягон иттилои бештар дињем, зеро парвандаи љиної боз шуда, аз љониби Прокуратураи генералии Тољикистон тањќиќ мешавад. Аммо дар Прокуратураи генералї ба мо гуфтанд, ки ин парвандаро Прокуратураи ноњияи Сино тањќиќ дорад. Ин љо њам аз ироаи маълум ба хотири халал нарасонидан ба рафти тањќиќ иттилоъ надоданд. Танњо маълумамон шуд, ки гўё кампир касалии рўњї доштааст. Аммо бино ба дигар манобеъ, ин иттилоъ дуруст нест. Хулоса, суолњои ин њодиса бештар аз посухњояш њастанд. Аз ин зиёд суолњо боз пас аз он пайдо мешаванд, ки тањаввулоти минбаъда ба миён оварданд. Дар пайи худкушии пиразани 72-сола вазири тандурустии Тољикистон Нусратулло Салимов зуд сардухтури Маркази беморињои ќалб Насим Олимов, ду муовини вай, аз љумла, пизишки маъруф Нављувон Нављувонов ва ду духтури навбатдорро аз вазифањояшон барканор кард. Ин њодисаи хеле нодир буд, зеро дар гузашта дар Тољикистон кам касеро барои бесалоњиятї аз вазифа барканор кардаанд, бахусус, соњаи тиб, ки аз мушкилдортарин соња ба шумор меояд.
Кї гунањкор? Посухи ин суолро вазири тандурустї зуд дод, аммо аќли солим инро намегирад, ки чаро бо вуљуди рўшан будани њодиса се пизишки
варзида аз вазифа барканор шуданд? Бахусус, ки Нављувон Нављувоновро яке аз бењтарин табибони бемории дил дар Тољикистон мешиносанд. Мо ба шўъбаи кадрњои Вазорати тандурустї мурољиат кардем. Масъуле, ки номашро нагуфт, дар посух ба суоли мо, ки чаро се пизишкро барканор кардаанд, танњо гуфт, ки шарњи ин њодиса дар салоњияти ў нест. Вай танњо афзуд, ки онњо аз кор ронда нашудаанд, балки ба вазифањои дигар гузаштаанд: - Њоло Насим Олимов дар рухсатии мењнатї ќарор дорад ва баъдан, мудири шўъба таъин мешавад. Кадом шўъба, намедонам. Нављувонов њам сарвари як шўъба шуданд. Ин манбаъ, њамчунин, нагуфт, ки ба љойи онњо кињо таъин хоњанд шуд. Аммо аз манобеи худ мо маълумот пайдо кардем, ки њоло ба љойи онњо иљрокунандагони вазифањо таъин шудаанд, аз љумла, сарварии Марказ ба зиммаи Музаффар Холов, собиќ сарвари яке аз шўъбањои ин марказ афтод. Котиби матбуоти Вазорати тандурустї Фотима Ѓоибова аз њодиса изњори беиттилої кард, чун њафтаи гузашта дар маъракаи "Корвони саломатї" дар Рашту Љиргатол буд. Дар њамин њол, нафаре дар шўъбаи кадрњои Маркази миллии тиббии Тољикистон Бемористони Ќарияи Боло, ки низ нахост номашро ошкор кунем, ба "Нигоњ" гуфт, онњо њамагї гуноњ надоштанд: - Пизишкони арзанда буданд. Кампир ин хел шуд, гирифта, инњоро бекор карданд. Масалан, Нављувон Нављувонов 33 сол собиќаи корї дорад. 2 сол аст дар вазифаи љонишини
корњои табобатї буд. Њамкорону беморонаш хуб медонанд, ки ў чї гуна одам ва пизишк аст. Ягон бор дар кораш хатогие набуд. Ба суроѓи Насим Олимов ва Нављувон Нављувонов рафтем. Насим Олимовро пайдо накардем, чун дар рухсатї будааст. Нављувон Нављувонов дар тамоси аввал гуфт, ки телефонї суњбат намекунад: - Ин гапи телефонї нест. Агар бисёр моро њурмат кунед, назди мо оед. Ба њурмати он кас љойи корашон - корпуси 8-уми Ќарияи Боло рафтем. Аммо Нављувонов набуд. Ба ў занг занем. Аммо ў гуфт, ки сўњбат кардан намехоњад... - Бигзор дар бораи ману хизматњои ман дигарон њарф зананд, ман чизе барои гуфтан надорам. Аммо бино ба гуфтаи афроде, ки аз "ошхона" - "кухня"-и Ќарияи Боло огоњанд, фикри барканории се рањбари Маркази беморињои ќалб, шояд,аз пеш дар зењни рањбарият буд ва онњо аз ин фурсат ба њадди аксар истифода карданд. Аммо ин як таљрибаи нав дар Тољикистон нест, ки барои иваз кардани афроди ѓайриќобили ќабул аз њамчунин "приём"-њо истифода мекунанд. Мисоли барљаста - боздошти соњибкор Зайд Саидов аст. Ин гўё барќарор кардани адолат, масъулиятшиносї ва гирифтани тасмими одилона аст, вале дар зимн бозињоеанд, ки байни гурўњњо вуљуд доранд ва шояд, њазинањои бузурги молиявї низ доранд. Ва нињоят, гуноњи рањбарони Маркази беморињои ќалбро њоло њељ кас собит накардааст...
шуда, сидќан пушаймон мебошад, ба ѓайри ин, аз љабрдида бахшиш пурсидааст, ки њама ба инобат гирифта нашудаанд. Ба гуфти адвокат, љабрдида Неъматулло Абдуллоев дар оѓоз пардохти зарар талаб кардааст, аз ин рў, Абдувањњоб Исматов ба ў 2000 сомонї пешнињод намуд, вале пас аз ду рўз Абдуллоев ин маблаѓро бозпас гардонида, ќонунї дида баромадани ин ќазияро пеш гузоштааст. Алишо Ќурбонов, муовини аввали раиси Суди вилояти Хатлон ва њамзамон, раисикунандаи парвандаи мазкур, мегўяд, агар љабрдида аз даъвояш мегузашт, нисбати Абдувањњоб Исматов низ љазои љарима татбиќ мегардид, аммо чунин нашуд. Вай афзуд, дар баробари ин зимни омўхтани шикояти кассатсионии мазкур ягон њолати берун аз доираи ќонун ошкор нагардид: - Суди зинаи якум бо риояи талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавї - љиноятии Тољикистон њамаи њолатњои исботшавандаро њамаљониба ва холисона санљида, њан-
гоми њалли масъалањои банду басти кирдор, таъини љазои мањкумшудањо њолатњои айбдоркунанда, сафедкунанда, инчунин, њолатњои љавобгарии онњоро сабук ё вазнинкунандаро ба инобат гирифтааст. Бо далелњое, ки маќомоти тафтишоти пешакї ва дар мурофиаи судї ба даст омаданд, кирдори мањкумшудањо Исматовњоро дуруст ва асоснок банду баст намуда, дар доираи талаботи ќонун љазо таъин намудааст. Ба гуфти ў, тибќи талаботи моддаи 8, ќисми 1-и Кодекси љиноятї бояд љазо ва чорањои дигари дорои хусусияти њуќуќи љиної, ки нисбати шахси љиноят содирнамуда татбиќ мешавад, одилона бошад, яъне ба хусусияту дараљаи хавфнокии љамъиятии љиноят, њолатњои содирнамудаи он ва шахсияти гунањкор мувофиќ бошанд. Суди марњилаи якум зимни таъини љазо ин њамаро пурра ба эътибор гирифтааст.
Мулло РАЉАБ
"Доси одамдарав" Чаро суд сари њукмаш таљдиди назар накард? Суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионии бародарон Абдусаттор Абдувањњоб ва Исматовњо, сокинони дењаи Мањтумќулии љамоати дењоти Телмани ноњияи Ќумсангирро, бетаѓйир гузошт. Абдусаттор Исматови 36-сола муваќќатан бекор буда, соњиби 4 фарзанд аст. Абдувањњоби 42-сола узви хољагии дењќонии ба номи "Давлат"-и ноњияи Ќумсангир буда, 7 фарзанд дорад. Аз ошної бо парвандаи онњо маълумамон гашт, ки онњо доси дењќониро ба маќсади дигар - расонидани зарари љисмонї ба инсон истифода кардаанд. Алишо Ќурбонов, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, мегўяд, бародарон Исматовњо моњи марти соли љорї аз љониби Суди ноњияи Ќумсангир тибќи моддаи 111, ќисми 2, банди "в" (расонидани зарари миёна ба саломатї) мањкум шуда буданд: - Исматовњо барои он аз тарафи суди марњилаи якум мањкум карда шуданд, ки рўзи 27-уми ноябри соли 2012-ум, тахминан, соати 20-30 даќиќа аз рўи маслињати пешакї, ба хонаи њамдењаашон Неъматулло Абдуллоев рафта, ўро мавриди латукўб ќарор доданд ва бо дос ба шонаи чапи тах-
«
тапушташ заданд, ки дар натиља љабрдида љароњати барои саломатї миёна бардошт. Суди марњилаи якум Абдувањњоб Исматовро аз рўи моддаи 111, ќисми 2, банди "в"и Кодекси љиноятии Тољикистон 2 сол бо нигоњ доштан дар колонияи ислоњии низомаш умумї аз озодї мањрум кард. Абдусаттор Исматовро тибќи њамин модда ба андозаи 200 нишондињанда барои њисобњо, ки ба 8000 сомонї баробар мебошад, ба фоидаи давлат љарима кард. Акбар Њасанов, адвокати Абдусаттор Исматов, зимни як тамоси телефонї ба "Нигоњ" аз њукми мазкур изњори норизої намуда, гуфт, ин модда дар баробари њабс љарима ба андозаи 500 нишондињанда барои њисобњоро низ пешбинї намудааст, бењтар мебуд, суд ин љазоро татбиќ менамуд: - Аслан бигирем, љинояти Абдувањоб Исматов тибќи моддаи 18 Кодекси љиноятї ба љиноятњои дараљаи миёна дохил мешавад, зимни таъини љазо суди марњилаи якум ба хулосаи нодуруст омада, љазои мањрумї аз озодї таъин кардааст. Судшаванда бори аввал љиноят содир намуда, 6 фарзанди хурдсол дорад. Инчунин, ба гуноњаш пурра иќрор
- Суди зинаи якум бо риояи талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавї - љиноятии Тољикистон њамаи њолатњои исботшавандаро њамаљониба ва холисона санљида, њангоми њалли масъалањои банду басти кирдор, таъини љазои мањкумшудањо њолатњои айбдоркунанда, сафедкунанда, инчунин, њолатњои љавобгарии онњоро сабук ё вазнинкунандаро ба инобат гирифтааст.
«
Рустами САФАР
ПЕШНИЊОДИ МУШАХХАС
11
Акс аз карикатура ру
- ба шахсоне, ки хизмати њарбиро адо кардаанд, дар асоси сўњбат ба макотиби олї, ба гурўњњои буљетии макотиби олии љумњуриявии давлатї ё ин ки ба омўзишгоњњои касбию техникї бидуни супоридани имтињон дохил карда шаванд; - њар нимсола баъди ќабули Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон "Дар бораи ба эњтиёт рухсат додани хизматчиёни њарбие, ки мўњлати муќарраргардидаи хизмати њарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ба хизмати њарбї" љавонони синни даъватї аз ќайди комиссариатњои њарбї њатмї гузаронида шаванд. Ба шањрвандоне, ки саркашї менамоянд ва ё аз ќайди њатмии давлатї намегузаранд, чорањои таъсиррасонї, аз ќабили љаримабандї, дар сурати такроршавї љаримабандї дар њаљми калон ва минбаъд љазои љиноятї пешбинї карда шаванд; - ба маќомотњои њокимияти давлатї, махсусан, ба хизмати давлатї ва маќомотњои њифзи њуќуќ, танњо баъди адои хизмати њарбї ба кор ќабул карда шаванд; - дохилшавии љавонон ба донишгоњњо ва факултањои омўзиши касбњои талаби замон, аз ќабили факултањои њуќуќшиносї, муносибатњои байналхалќї, тиббї, гумрук ва андоз, њатман, баъди адои хизмати њарбї, инчунин, ба нафарони тариќи шартномавї, ки пеш аз хизмати њарбї тањсил намудаанд, дипломњои хатми донишгоњ
"Супергуреза" Роњи рањої аз "облава" чист? Зарур аст роњи њалли бетаъхири масъалаи "облава" ё аз кўчаву бозорњо дошта, ба хизмати њарбї бурдани љавонон пайдо карда шавад. Онњоеро зарур аст, ки шартан гўем, дар "аќибгоњ" њастанд. Зеро гап сари њимояи Ватан, сари ватандўстї меравад. Гап дар сари он меравад, ки писари камбизоат, ки баъд аз аробакашї нисфирўзї сабзавоту нон ва ѓайрањо харида, ба волидайнаш мебурд, ба аскарї рафту писари вазир ё раисони шањр, ноњия, ширкату хољагињои калон, ташкилоту муассисањои азим, соњибкор, шахси сарватманд ба хизмати Модар - Ватан нарафт… То айни замон ќариб дар њамаи давлатњои собиќ Шўравї дар соњаи њарбї ислоњот гузаронида шудааст. Аммо дар Тољикистон масъалањои њалталаби соња хеле зиёданд. Дар бисёр кишварњои пасошўравї аскарони ќаторї аз генерали љумњурии мо маоши баландтар мегиранд. Шахси хизматнамуда дорои имтиёзњои зиёд аст, њангоми дохилшавї ба мактабњои олї, фаъолият дар маќомотњои њокимияти давлатї (хизматчиёни давлатї), аз љумла, њифзи њуќуќ, барои људо намудани замин, хонаи истиќоматї ва њатто, дар байни духтарон... Яъне бисёр духтарон ба љавонписарони хизматнакарда ба шавњар намебароянд! Дар ќисмњои њарбии, масалан, давлатњои назди Балтика тамоми шароитњо муњайё мебошад, аз љумла, толорњои варзишии замонавї, китобхонањои электронї, рўзномаву маљаллањо, шабакаи интернет, курсњои гуногуни омўзишї ва ѓайрањо ташкил шудаанд. Шахси дар ин ќисмњои њарбї хизматнамуда њаматарафа обутоб меёбад. Магар аскарони мо ба ин сазовар нестанд? Ќисми зиёди маблаѓњое, ки ба ин корњо сарф мешаванд, аз даромади худи соња дарёфт карда, истифода бурда мешавад. Зеро аллакай дар баъзе кишварњо барои хизмат накардан љаримаи калон пешбинї шудааст. Инчунин, шахсони хизмати њарбиро адо накарда, албатта, ин имтиёзњоро надорад. Шахси хизматнакарда, њатто, њуќуќи аз кишвар берун рафтанро надорад. Аниќтараш, аллакай дар Федератсияи Русия дар Фурудгоњ ва Вокзали роњи оњан аз мусофирон би-
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
лети њарбї талаб менамоянд. Гарчанде дар љомеаи демократї зиндагї намоем њам, магар ин маънои онро дорад, ки шањрванд хизмати њарбиро адо накунаду боз рафта, дар ободии кишвари бегона сањм гузорад? Оне, ки дар душвортарин лањзањо Ватанро тарк менамояд - њавола ба виљдонаш, лекин бигзор аз ин љо "вараќаи азкорравї" гирифта, баъд куљое, ки меравад, рафтан гирад! Ё не? Барои љавон вараќаи "азкорравї", ана њамон билети њарбї аст. Агар хизмат фаќат барои љавонписарони аз оилањои камбизоат бошад, бигзор чун дар дигар давлатњо, дар давлати мо низ љавонписароне, ки хизмати њарбиро адо намекунанд, аќаллан, зери мафњуми "Барои рушди соњаи њарбї" маблаѓи муайян ба давлат супоранд. Њељ не, бигзор ба корњои љамъиятї, њашарњои њарњафтаинаи ободонї дар минтаќањои ба њар кас муайян ва ѓайрањо, инчунин, нигоњубини шахсони пиронсол вобаста карда шаванд. Аз як кор гурехт, кам-
«
Агар ањолї, махсусан, љавонон эътироз намоянд, он гоњ аниќ маълум хоњад шуд, ки љавонони мо чигунаанд. Љавононе, ки аќаллан, дар "аќибгоњ" хизмат намудан намехоњанд, дезертири давраи осоишта ва супердезертир (супергуреза) мебошанд. Пас, онњоро бояд маљбур намуд, ки аќаллан, дар рушди иќтисодиёт ба ќадри имкон сањм гузоранд.
«
будии худаш, аз кори дигар гурехтан ин айби њукумат аст ва њукумат бояд онро ислоњ кунад. Њар кас бояд ба дилхоњ кори манфиатноки љамъиятие машѓул бошад. Дар васоити ахбори омма пайваста онњоеро нишон медињанд, ки билетњои њарбиро бо маблаѓњои калон мефурўшанд ва дар асл њам нафарони зиёди харидори билетњои њарбї њам њастанд. Магар мумкин нест, ки ин кор дар доираи ќонун сурат гирад? Магар маљбуркунии пулакї аз амалњои ѓайримутамаддини аз кўча доштану ба мошин бор карда, ба хизмати њарбї бурдан, яъне аз "облава" бењтар нест? Агар ањолї, махсусан, љавонон эътироз намоянд, он гоњ аниќ маълум хоњад шуд, ки љавонони мо чигунаанд. Љавононе, ки аќаллан, дар "аќибгоњ" хизмат намудан намехоњанд, дезертири давраи осоишта ва супердезертир (супергуреза) мебошанд. Пас, онњоро бояд маљбур намуд, ки аќаллан, дар рушди иќтисодиёт ба ќадри имкон сањм гузоранд. Дар љомеа, маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва якчанд дигар сохторњо, ки ба сафарбар намудани љавонон ба сафи Артиши миллї машѓуланд, проблемањои дигар хеле зиёданд, ки халли худро металабанд. Зимнан, масъалаи мазкурро зарур аст маќомоти ќонунбарор он дараља баррасї ва њал намояд, ки зарурати дахолати дигар сохторњо, раисони мањаллањо ва ѓайрањо аз байн бардошта шавад. То он дараља ин масъала бояд њал шавад, ки шањрванд худ ба Комиссариат њозир шавад. Зарурати даъват намудан њам пайдо нашавад. Ва дар ин сурат имкониятњои маќомотњои мањаллии њокимияти давлатї бањри иљрои дигар масъалањои њалталаби љамъиятї ва ё таъмини иљрои супоришњои маќомотњои болої ва Њукумати Љумњурии Тољикистон афзун мегардад. Аз ин лињоз, пешнињодњои зеринро манзури Маљлиси Олї ва Њукумати Љумњурии Тољикистон мегардонам: Фењристи имтиёзњо аз тариќи ќонунгузорї дар Маљлиси Олї ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расонида, дар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон таѓйиру иловањои зарурї ворид карда шаванд. Аз он љумла:
«
Дар бисёр кишварњои пасошўравї аскарони ќаторї аз генерали љумњурии мо маоши баландтар мегиранд. Шахси хизматнамуда дорои имтиёзњои зиёд аст, њангоми дохилшавї ба мактабњои олї, фаъолият дар маќомотњои њокимияти давлатї (хизматчиёни давлатї), аз љумла, њифзи њуќуќ, барои људо намудани замин, хонаи истиќоматї ва њатто, дар байни духтарон...
«
баъди адои хизмати њарбї супорида шаванд; - барои онњо дар сурати эњтиёљманд будан, бе навбат ќитъаи замини наздињавлигї људо карда шаванд; - дар ќисмњои њарбї курсњои забономўзї, компютерї ва касбу њунаромўзї, намудњои гуногуни варзиш барои сарбозон пешбинї карда шаванд. - аз њукуматњои Русия ва Ќазоќистон, ки муњољирони мо он љо бисёранд, хоњиш карда шавад, ки шахсони хизматнакарда ба кор ќабул карда нашаванд ва касоне, ки аллакай фаъолият мекунанд, ба Тољикистон баргардонида шаванд. Хадамоти муњољирати Тољикистон бошад, ба шахсони хизматкарда шањодатномаи махсуси мувофиќат кардан ба кор пешнињод намояд. Њамзамон, ба љавонони синни даъватї барои берун шудан аз њудуди љумњурї, ба истиснои онњое, ки барои тањсил, муолиља, таљрибаомўзї ва ба сафари хизматї мераванд, иљозат дода нашавад. Инчунин, аз њисоби ташкили ќисмњои њарбии сохтмонї, имкон аст дар љумњурї мушкилоти вобаста ба сохтмонњо, бо сарфаи харољотњо њал карда шаванд. Албатта, маќсади асосии матлаби мазкур ин пешгирии љиноятњо, кам намудани шумораи дезертирон ва пулакї хизмат нарафтан аст, ки ба андешаи ман, дар љомеа аллакай зарурати љорї намудани ин талаботњо ба вуљуд омадааст.
Эраљ ЛАТИФ
12
БО ШОИР
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
Рустами Вањњоб Дар дењаи Капалии ноњияи Тољикобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тољики Донишгоњи давлатии Тољикистон аст. Аввалин маљмуаи ашъораш "Шањри Хуршед" соли 2008 бо дастгирии Бунёди байналмилалии "Шеъри Љањон", дар нашриёти "Деваштич" чоп шудааст. Њамчун шоири навгў шинохта мешавад. Худ хонед ва ќазоват кунед! Баъд аз ин, дареѓ, марѓи њастиям Дархўри нигоњи оњуе чаранда нест, Дар њама вуљуди ман, тори пуди ман, садои як парранда нест!
ПАЖВОК Рўй аз ман бармагардон, эй фуруѓи коинотї, Эй суботи њастиям, дар ин љањони бесуботї. Зишт ё хуш, нек ё бад, ман њамин як рўй дорам, Нест дар анбони рўњам рўйњои эњтиётї.
РЎЗИ ЊАКИМ ФИРДАВСЇ Дуруде бар он Пири донои Тус, Ки хуршеду мањ оядаш хокбўс. Љањонпањлавони љањони сухан, Љањонхусрави љовидони сухан. Ба сад обхези дигар Нўњи мост, Ки Шањномааш киштии рўњи мост.
НАЉВОИ ЯК КИТОБИ НОСАВОБ Ин китоби ѓафс, Ин хитоби нафс, нафси иштињор, Њосили љунуни интишор Солњост мисли бум дар ќафас пўп кардааст, Сокиту њазину пурмалол, љоѓараш кашол, Хешро мисли тўб кардаасту фикр мекунад, Дар хилоли фикрњои мубњамаш зикр мекунад: Эй хуш он замон, ки дар канори љангале бошукўњу дилписанд Як дарахт будаам, як дарахти сабзу сарбаланд. Моњ парниёни хешро ба шохсори ман танида буд, Сад ситора мисли мурѓаке дар канори ман орамида буд. Субњ зери обшори офтоб бо њазор рангу тоб Месурудам ояти вуљудро, Панљањои ман ба боли бодњо Менишонд вожаи дурудро сўйи љовидон. Ошёни булбулон будам, Ошёни кафтарону сорњо, Аз сабўњии суруди љонфазо монда дар дилам њанўз њам хуморњо. Тирамоњ ѓарќи зар, Ѓарќи сим замњарир, Рўйи пойи худ як дарахти тањмтан будам Як ватан будам… Номуборак он замон, ки дасти беамон Арраро ба пои ман навохт, Ос карду банд-банди ман гудохт. Не сутуни хонае шудам, на фарши ошёнае, Не ки сози арѓунуни хуш таронае… В-он гање шудам коѓазе сапед, Дар дилам њанўз зинда буд умед: Кош ёдномае ё саводномае шавам ба дасти кўдаке Ё баёзи нуќтањои Рўдакї… Не чунину не чунон, аламон, Хомае хомљўшу њарзапўй Доѓи њарфњои ланљро тобатои њастиям нишонд, Гўиё ба мотами сухан маро сиёњљома кард, Нахли сабзи пурумедро оќибат сиёњнома кард.
Созумонам аз Киромалкотибин њасту надонам Фитнањои созмонї, њиллањои котиботї. Ояти Хуршед бар лаб, менадонам аз чї бошанд Хокиён бо ман ќавоќї, осмонињо љиготї. Асли одам аз ду љо омад - зи дил ё ки зи ишкам, Ту бипурсї "Аз куљої?", ман бипурсам: "Аз куљотї?". То куљо љўям наљобат, аз куљо ёбам шањомат? Хастаам, Санчо, аз ин пиндорњои Дон Кихотї. Нест андар ёдбудам лањзае, ки шод будам, Лањзае гар шод будам, нест дар ёдам чиѓотї.1 Шукр, ки аз њашри шабнам субњ дилро метавон шуст, Аз ѓубори девбоди "шеър"-њои нашриётї. Шукр, ки дар ин биёбон, аз варои шўразорон, Сабз мебинам њанўзат, эй ки чун шохи наботї…
ОЗОД ХУРШЕД АСТ Зи кўњи хора он ки љўйи хун бикшод, Хуршед аст, Чї хуне шири ширин шуд, магар Фарњод Хуршед аст. Њазорон ахтари бартар зи Хуршед аст худорой, Ба пойи хидмати халќ он ки сар бинњод, Хуршед аст. Ба њарчи дидаам доѓаш ба дил аз миннати ѓайр аст, Зи бори миннати ѓайр он ки њаст озод, Хуршед аст. Ба дасти лутф бар сар мезанад њар субњ моро Дўст, Ба шоми номуродињо гули имдод Хуршед аст. Љањон то њасту то хоњад будан, фарзанди Одамро Њамин як сикка зар мерос аз аљдод Хуршед аст. На оё Лайлатулќадр аст њар шаб, ки ба сар ояд? Ки аз домони њар шаб кўдаки навзод Хуршед аст. Њама шаб рози истеъдодро аз шамъ мељустам, Сањар хандиду посух дод: "Истеъдод? - Хуршед аст!". Хато набвад агар гўям, ки сабки ман хуросонист, Маро мавлову муршид рањбару устод Хуршед аст. Ба сўям чун дарахтон санг меандохтї умре, Ба поят аз дили ман он чї меафтод, Хуршед аст.
Чун тавонам адо кардан поси ин ошноиро Ман, ки будам тамоми умр бо ѓамат ошно, Мењан. Мўњра аз мењри ту дорад ќомати интизоронат, Чашми шабзиндадоронат гирад аз ту зиё, Мењан. Шоњрўди забони мо то равад бар равони мо Аз нињоди ту мељўшад масдари бефано, Мењан. Мењваре љуз ливои Мењр бар ситеѓи ту поё нест, Парчамат офтоби туст, матлаъи Ориё, Мењан.
ДИЛИ ТУ Аз гавњари чашмони ту пайдост дили ту, Чун кавкаби њодист, чу миност дили ту. Дар боѓ ба зебоии лабханди ту гул нест, З-ин оя тавон дид чї зебост дили ту. Њар љой, ки доѓест, дили туст њувайдо, Њар љой, ки дардест, њамон љост дили ту. Пероњани гулрези ту в-он оташи гесу Чун сохта бо њам? Чї тасаллост дили ту? Бо замзама мехонаду бо ноз биронад, Аз оњани ноќуси калисост дили ту. Парвози туву њасрату дар хок тапидан, Эй сайраи фирдавс, сурайёст дили ту. Сад ќофила гум гашт дар ин бодияи вањм, Нозанда њамон мањмили Лайлост дили ту. Бас нукта ба тањќиќ бигуфтанду абас буд, Сењр аст, тилисм аст, муаммост дили ту.
ЌАСИДАИ ЗИМИСТОН БА САБКИ БАЊОР Љомаи симин ба болои баланди кўњсор Сим дар санг аст ин сон дилнишину устувор. Барф бо боли фаришта менишинад рўйи барф, Сим тал-тал мекунад бањри љињози навбањор. Рўйи барфи ширгун раќсанда зоѓи ќиргун, Масти сармо гаштаву туркона хонад "ќор-ќоррр"2. Ѓўрањои лаългуни хор љо-љо рўйи барф Ќатрањои хун бувад шорида аз пойи шикор. Теѓи алмосаш бисояд бар тани алмоссанг, Мекунад хирман ба даври хеш алмос обшор. Тифли худро медињад гўё ки аз сармо паноњ, Арчаро бар синаи худ љафс карда кўњсор. Шўшае аз гўшаи боми зимистон бар дилат Гар бияфтад, бишканад чун шиша, андўње мадор. Ин љањон гаштаст яксар сафњае поку сафед, Њар сиёњї мешавад дар партави он ошкор. Одамї аз зањри афъї нўшдорў мекунад, Њеч беморї намонад, сол бошад, соли мор. Мешавад Хуршед њар соат ба мо наздиктар, Инак, мерасад поёни фасли интизор.
БАРОДАР! Туро, эй бародар, Худо офаридаст, Худоро магў нораво офаридаст. Нињодаст бар торакат тољ аз аќл, Туро аз азал подшо офаридаст. Агар марг дода, баќо низ додаст, Агар дард дода, даво офаридаст.
ЛАВЊ Лавњи паймони мо дорад мўњри сабзи Худо, Мењан, Санги кўњат ба сар бодам, гар бипўям хато, Мењан. Пок ойинаи ойин љавњар аз хоки ту дорад, Мењр бо хоки поки туст суннати Мустафо, Мењан. Кони санги сабурї ту, махзани обу нурї ту, Осиё аз ту гардон аст дар њама Осиё, Мењан. То ба номат кунад тањрир ќавми ту сарнавишташро Панља дар панља афканда, борњо бо ќазо, Мењан. Посдорони хони хеш, дар кафи даст љони хеш, Нест халќе чу халќи ту дар љањон порсо, Мењан. Мешиносам љањонатро, њафт ранги камонатро, Шўълаи Ховаронатро нест ранги риё, Мењан. То наболад зи њоли ту душмани бадсиголи ту, Санъати ошиќони туст гиряи бесадо, Мењан.
Бубин тифлро соф чун ќатраборон, Туро њам чунин порсо офаридаст. Наёварда Ќорун касеро ба гетї, На касро зи аввал гадо офаридаст. Гирифтор оиву роње наёбї, Зи шаш сўй роњи дуо офаридаст. Ба умед бингар, Худо, ин љањонро Саросар ба ту ошно офаридаст. Маёзор мўре, бияндеш к-онро, Худоест, к-ў аждањо офаридаст. Маёзор худрову навмед маншин, Худо бо умеде туро офаридаст. 1. Ѓот - гот, гос, гоњ - камтарин воњиди замон. 2. Барфро ба туркї "ќор" гўянд.
ПЕШНИЊОДИ МУШАХХАС
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
Газ ва инсон Чї тавр Кремлин русњои Туркманистонро ба њоли худ гузошт? Баъди шикаст дар муколама барои боќї мондан дар Ќабалаи Озарбойљон Русия зарбаи дигари сиёсї аз љамоњири собиќ Иттињоди Шўравї хўрд. Ин бор Туркманистон эълон кард, ки дар масъалаи лаѓви душањрвандї таљдиди назар нахоњад кард. Дар ин иртибот на гуфтугўи телефонии Путин бо Бердимуњаммадов кора кард ва на сафарњои пайвастаи дипломатњои ин кишвар, аз љумла, Сергей Лавров ба Ишќобод. Аммо тањлили рўйдодњо њамоно ба он далолат мекунанд, ки мањз њамин дипломатияи рус сабабгори бадбахтиву саргардонии њазорњо тан русу рустабор дар Туркманистон шудааст. Зеро Ишќобод на њафтањову моњњо, балки солњо ба Кремл мўњлати андеша додааст. Ва ин сиёсатмадорони рус буданд, ки вазъро нодида гирифтанд ва Туркманистонро бо њамон лањни тезутунди хоси худ ба лаѓви якљонибаи ќарордод муттањам намуданд. Ин боз дар њолест, ки ќарордод якљониба лаѓв нашуда буд, балки њамин Путин бо марњум Ниёзов зери он протокол имзо гузошта буданд. Аз он рўз на кам аз 7 сол сипарї шуд, вале сиёсатмадорони Кохи Кремл њоло њам иддаои лаѓви якљонибаи тарафи Туркманистон мекунанд.
Чашмпўшии Русия Агар ба таърихи њафт соли пеш назар андозем, мебинем, ки њарчанд дар оѓоз Маскав чандон ба ин мушкил таваљљўњ накард, вале баъдан, миёни ду кишвар муноќишањои дипломатї њам рух дода буданд. Кремл воњимаи њамватанонашро нодида гирифт, вале Туркманбошї сари тасмими худ љиддї буд. Вай ба њамаи ононе, ки худро расман шањрванди ду кишвар медонистанд, ду моњ мўњлат дод, ки аз ин ду якеро интихоб намояд. Аммо баъд Маскав ва Ишќобод бо созмон додани комиссияи муштарак љињати омўзиши вазъи баамаломада муддате таваќќуф намуданд. Соли 2008 ба шахсони дорои душањрвандї фишор оварданд, барояшон додани шиносномањои нави хориљї бо маълумоти биометрї манъ шуд. Шиносномањои пешина баъди панљ сол ќурби худро гум мекарданд ва баъди он ин афрод дар дуроња ќарор гирифтанд: ё бояд аз шиносномањои русиягии худ даст кашанду соњиби шиносномаи нави туркманї шаванд ва ё умуман, кишварро тарк
намоянд. Ќабул накардани шарти пешгузошташуда афродеро, ки муддатњост дар ин кишвар зиндагонї мекунанд, дар њолати ногувор ќарор медињад. Онњо ё аз шањрвандии Туркманистон даст мекашанд ва ба ватани бобоии худ бармегарданд ва ё дар Туркманистон чун атбои хориља боќї мемонанд ва бори масъулияти гарони саргардониро барои худ ва фарзандони хеш бар дўш мекашанд. Њамзамон, аз 10-уми июл фурўши чиптањо бо шиносномањои ќадимии туркманї манъ мешаванд. Шањрвандони Туркманистон аз он ба баъд чиптаи њавопаймо ва ќаторањоро бояд бо шиносномаи нави хориљї харанд ва табиист, ки касоне бе ин гуна гузарномаанд, соњиби чипта нахоњанд шуд.
Муруре ба таърих Тањлилгарон ин рўйдодро аз сиёсатњои иштибоњии давлатмардони ду кишвар медонанд, ки имрўз азоби он дар сари мардуми бенавост. Дар оѓоз Елсину Ниёзов ва баъдан, Ниёзову Путин. Вале њамеша сабаби њамдигарнофањмињо гази туркманї будааст, баъд сарнавишти инсонњо омили фишорњои сиёсї ќарор гирифтаанд. Дар оѓоз моњи декабри соли 1993 Борис Елсин ва Сафармурод Ниёзов Созишномаи душањрвандиро имзо мекунанд ва соли 1995 он мавриди амал ќарор мегирад. Аммо моњи апрели соли 2003 Путин ва Ниёзов дар мавриди боздоштани амали муоњада Протокол имзо мекунанд. Маљлиси Туркманистон ин њуљљатро зуд ба тасвиб мерасонад, вале Думаи давлатии Русия аз тасвиби он худдорї меварзад. Марги ногањонии Туркманбошї ва ба ќудрат расидани Гурбонгули Бердимуњаммедов
«
масъаларо ба гўшаи фаромўшї намебарад. Соли 2008 тањрири нави Конститутсия дар ин кишвар ќабул мешавад ва дар моддаи 7 омада, ки шањрванди Туркманистон наметавонад шањрванди кишвари дигар бошад. Мањз баъди ќабули Конститутсияи нав ба русњо ултиматум пешнињод шуд, ки то 10 июли соли 2013 мавќеи худро муайян кунанд: ё туркман бимонанд, ё рус. Зинаида Шуганова, тањлилгари Пажўњишгоњи стратегии Русия бар ин назар аст, ки одамон имрўз ќурбонии иќдомоти сиёсатмадорон шудаанд: - Замоне сарварони ду кишвар бо имзои муоњада душањрвандиро ба њукми ќонун дароварда буданд. Имрўз на Елсин зинда аст ва на Ниёзов. Касоне, ки имкон доштанд, хеле барваќт ба Русия кўч бастанд ва сари худро аз ин савдои мудњиш наљот доданд. Дар Туркманистон афроде боќї монданд, ки ё имкони бозгашт надоштанд ва ё чун зодагони ин обу замин буданд, натавонистанд тарки манзил кунанд. Вале њамзамон бо ин, онњо намехоњанд аз шањрванди Русия будан њам даст кашанд. Пас, гуноњи онњо чист? Магар иштибоњи сиёсатмадорон бояд муљиби саргардонии онњо гардад?
Ѓафлати русї Аммо чун дар дигар мавридњо масъалаи душањрвандї низ бозии пасипардагии худро дорад. Соли 2003 ваќте Ниёзов ва Путин ин созишномаро имзо мекарданд, сари масъалаи кашидани хати интиќоли гази табиии Туркманистон ба Аврупо аз тариќи Русия матрањ мешуд. Ин замоне буд, ки Ѓарб мехост ин хат бидуни убур аз ќаламрави Русия сохта шавад. Имрўз коршиносони масоили амниятї
- Он замон Туркманистон илоље надошт, ки ин созишномаро имзо накунад. Ишќобод мушкилоти вижае ба фурўши гази худ дошт ва онро касе харида наметавонист, ин гуна имкониятњо он замон вуљуд надоштанд. Туркманбошї ногузир шуд муоњадаи душањрвандиро имзо кунад. Аммо банди 7 он љолибияте дорад, ки ба њалли дипломатии љанбањои бањсбарангези созишнома таъкид мекунад.
«
13
ба ин натиља расидаанд, ки мањз њамин умед роњбарияти Русияро водор кард, ки њамватанони худро ќурбонии манфиатњои иќтисодї кунад ва ба хотири аз даст нарафтани ѓояи хати интиќоли газ муоњадаи лаѓви душањрвандиро имзо намояд. Вале оё ин худфурўшињо ба манфиати Маскав анљомид? "КоммерсантЪ" чанде пештар дар тањлили фарогире ба ин хулоса омада буд, ки Ишќобод њоло њам мунтазири он соатест, ки гази худро ба Аврупо бидуни убур аз Русия интиќол дињад. Дар пасманзараи ин сиёсати иштибоњии Путин имрўз њазорњо шањрванди ин кишварро дар ќаламрави Туркманистон хатари мањрумият аз имтиёзоти башарї тањдид мекунад. Ба дигар маънї, Русия аз он муоњадае, ки имзо намуд, чизе ба даст наёвард, ба љуз он ки дардисарњое барои шањрвандони худ эљод кунад. Бо он ки як ќудрати љањонист, њоло наметавонад таъсир расонад. Корманди аршади Пажўњишгоњи тањќиќоти стратегии Русия ва яке аз тањлилгарони сиёсии шинохтаи ин кишвар Аджар Куртов дар сўњбат бо KM.RU муколамаи Туркманистон ва Русияро аз оѓоз як муколамаи ноумедкунанда номид: - Он замон Туркманистон илоље надошт, ки ин созишномаро имзо накунад. Ишќобод мушкилоти вижае ба фурўши гази худ дошт ва онро касе харида наметавонист, ин гуна имкониятњо он замон вуљуд надоштанд. Туркманбошї ногузир шуд муоњадаи душањрвандиро имзо кунад. Аммо банди 7 он љолибияте дорад, ки ба њалли дипломатии љанбањои бањсбарангези созишнома таъкид мекунад. Туркманњо баъдан аз ин банд истифода бурданд, вале дипломатњои рус аз он ѓофил монданд.
Туркман ва Туркманбошї барои тољик Ваќте ин матлаб омода мешуд, хостам аз манбаъњои расмї ахбори ба ин монанд дар Тољикистонро пайдо кунам. Хостам донам, ки дар кишвари мо чї ќадар инсонњо табааи ду кишваранд. Маълумоти даќиќ пайдо нашуд. Аммо эњсос мешавад, хеле зиёданд касоне, ки худро расман табааи ду кишвар медонанд. Шахсан чандин корманди собиќи хадамоти амниятиро медонам, ки баъди расидан ба синни нафаќа дари Маскав кўфтаанд ва аз њисоби хадамоти амниятии ин кишвар нафаќаи русї дуруст кардаанд. Њамаи онњо собиќадорони КГБ-и Шўравианд ва худ дар Тољикистон зиндагонї мекунанд. Тарс љойи дигар аст. Дар Тољикистон њоло касе дар фикри лаѓви душањрвандї бо Русия нест. Њазорњо тан њамватанони мо имрўз бо мурури замон дар Русия зиста, шањрвандии онро пазируфтаанд, зеро барои онњо ин басо зарур аст. Аммо оё намерасад замоне, ки гузаштаи туркманњо барои тољикон такрор шавад? Аз њоло наметавон њадс зад, зеро ѓурури туркманї дигару тарси тољикї дигар. Вале нигаронињо аз Русия вуљуд дорад. Дар њолати зарурат вай метавонад барои тољик туркману Туркманбошї шавад.
Фирўзи МУЊАММАД
14
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
ДАР ДЕГИ СИЁСАТ
Бозпурсии наздикони Додољон Атовуллоев Наздикони Додољон Атовуллоев, журналисти маъруф ва яке аз мухолифини сарсахти Њукумати Тољикистон, муассиси Љунбиши сиёсии "Ватандор" мегўяд, тањти таъќиб ќарор гирифтаанду маќомот пурсуљўи модари журналистро дар манзили истиќоматиаш ба навор гирифтаанд. Дар ин бора ба TojNews наздикони журналисти мухолиф иттилоъ доданд. Бино ба гуфтаи яке аз наздикони Додољон Атовуллоев, ки нахост номаш ифшо шавад, баъд аз пахши барномањои интиќодї дар Шабакаи телевизионии К+ ва шабакаи иљтимоии Ютуб (Youtube) ба хонаи модари журналист чанд нафар, аз љумла, раиси љамоат, журналисти телевизиони њукумати мањаллї - "Симои Панљакент" омада, пурсуљўи модари Додољон Атовуллоевро ба навор гирифтаанд. - Се рўз ќабл, 24-уми май ба хонаи модари 82-солаи Додољон Атовуллоев, ки дар дењаи Рукнободи љамоати Воруи Панљакент љойгир аст, Муњиддин Аслиддинов, раиси љамоати Вору, бо њамроњи як рўзноманигор аз телевизиони Панљакент дидан намуданд. Онњо ин ташрифашонро њамчун зиёрат маъ-
нидод карда, дар асл бошад, модар ва ањли хонаводаеро, ки он замон дар он љо ќарор доштанд, ба навор гирифтанд, - хабар медињад манбаъ. Муњиддин Аслиддинов ба хонаи модари Додољон Атовуллоев рафтанашро тасдиќ кард, аммо ин иддаоро, ки пиразан мавриди бозпурсї ќарор гирифтааст, рад кард. - Аз сабабе ки ман нав ду моњ аст, ки раиси ин љамоат таъйин гардидаам, бояд аз њар сокини ин минтаќа дидан менамудам ва бо њоли онњо ошно мегаштам. Мо ягон маќсад надоштем, ба љуз хабар гирифтани он пиразан. Дар њамин њол, раиси љамоати Воруи Панљакент сабаби њамроњи корманди телевизион ба хонаи модари Додољон Атовуллоев рафтанашро шарњ надод. Шањлои АБДУЛЛО
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЧАРО?
ЧАРО ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОЉИК БИНАНДАРО ЌОНЕЪ НАМЕКУНАД? - Дар Тољикистон чор шабакаи телевизиони давлатї (Шабакаи Якум, "Cафина", "Бањористон" ва "Љањоннамо") барои сокинони кишвар барномањо омода мекунанд. Аммо аз сари инсоф гўем, аксари барномањои омодакардаи дастандаркорони он талаботи бинандаро ќонеъ карда наметавонанд. Аз нисф зиёди барномањои омодакардашуда тафрењї буда, аз раќсу суруд, "љунбон-љунбон" ва аз мавзуњои дуюмдараљаву сеюмдараља иборат аст. Масъулони телевизионњои тољик њоло њам дар як љо по куфтан доранд. Шояд онњо њоло њам бар он андеша бошанд, ки мардуми кишвар чун замони Шўравї рўњияи карахт доранд? Ё шояд гумон доранд, ки алтернативаи худро дар кишвар надоранд ва барномаву иттилооти аз фаврият дурмондаи онњо ба дарди мардум мехўрад? Њар чї хаёл кунанд ё накунанд аллакай онњо бо њамин "хизмати арзандаашон" бинандаи тољикро аз тамошои шабакањояшон дур карданд. Дар телевизонњои мо аз гирдињамоии сокинони Юнон, Миср, Франсия, Испания, Италия, Кипр, ИМА, заминларзаи Эрон, Љопон, Чин ва Перу ќатлу куштор ва амалиётњои тахрибкоронаи гуруњњои террористї дар Афѓонистон, Ироќ, Покистон, Доѓистон, Сурия, ИМА ва ѓайра рухдода фаровон бебаркаш эфирро пур мекунанд. Аммо аз њодисаву воќеањои рухдодаи дохили кишвар айёрона хомўшї бармегузинанд. Гўё мардуми Тољикистон робот њастанду ягон мушкилу камбудиву норасоињо онњоро домангир нестанд. Айни њол на танњо дар болои бомњои сокинони пойтахт, балки дар болои боми сокинони шањру дењоти дур аз пойтахт низ мављгирњои параболї чун замбуруѓи баъди борон хеле зиёд шудааст. Ин худ шањодат ба камњирфавї будани барномањои омодакардаи шумост, масъулини телевизонњои тољик! Шањрвандони Тољикистон аз рўйдоду воќеањои дохили кишвар аз расонањои хориљї огоњ мешаванд. Расонањои дохилии давлатї бошанд рисолати иттилорасониашонро дуруст иљро карда наметавонанд. Аз барои савоб масъулини тољик ин тарзи бархўрдатонро ба бинандаи тољик дигар кунед. Бинандаи худро эњтиром кунед, вагарна боќимонда бинандањои дигар низ бо ќарзу ќавола мављгири параболї харида, барномањои омодакардаи шуморо ба як фулуси пучак намегиранд. Ба саволи он, ки чаро бинандањои тољикро барномањои телевизиони Тољикистон ќонеъ намекунанд, бинандањо љавоб доранд.Сабаби он дур аз фаврият, њирфавї ва обшуста будани барномањои омодакардаи шабакањои телевизионњои Тољикистон аст. Дар асри 21 иттилоот ва иттилоотрасонї барои њар як давлат ањамияти стратегї дорад. Ё ба ибораи дигар њар кас иттиллоот дорад, љањонро идора мекунад! Фирўза АБДУРАШИДОВА, сокини шањри Вањдат
РИШХАНД ДУОИ МУЙСАФЕДИ ИНТЕЛЕГЕНТ - Худоё, худовандо, илоњо, давалатамонро тинљ гардонї, халќамонро осуда бикунї, решаи корупсияро барканї, ба камбаѓалон назар афканї, тобистони серборон кунї, светакояи чистия мул кунї. ГЭС-њоро афзун, тољикоро шод, душманора кур кунї. Пилони пахтаву нишондињандањоро назаррас гардонї. Бачањои интернетбозу скиндехњои руса инсоф дињї. Доллари сабил, ки рўзафзун пули миллиро пачаќу-мачаќ мекунад, онро беќадру сомонии моро болотар гардонї! Худоё, борони пурбаракат дињиву аз боронњои хонаву гову ГЭС-у заводњоро шуста мебурдагї дар паноњи исматат нигоњ дорї. Худоё, фариштањои дасти чап, ки навиштани гуноњњои мо монда шудаанду фариштањои дасти рости савобнавис дар истироњат ќарор доранд, бо инояти худ ба савобнависњо низ кор пайдо кунї. Дар ќатори ин фариштагони савобнавис ба муњољирони тањќирдидаи тољик кор ёбї. Кирмњои пилла њам зудтар калон шаванду одамњои пиллапой њезумњои хушкро "запас" намоянд. Заводу фабрикањо серкор, равѓану гандумако арзону бачаякоро шод бигардонї. Ба давлатњои мададрасони беинсоф инсоф дињї, ки онњо чанде ин љониб ба давлати мо кўмаки дуруст намекунанд. Поко, Парвардигоро, ба подшоњи навкўњнаи Русия Путин тавфиќ фармої, то тољиконро хору залил нагардонаду њамашона бо љойи кор таъмину ќайди љойи зистро арзонтар намоянд. Ба кормандони ООН инсоф дињї, ки визаи ўзбаку департатсияи уруса бекор намоянд. Кофе-брейку семенарњоро зиёд гардонї, маблаѓи њадди аќќали "малы-гранти" лоињањоро аз 20 њазор доллар кам накунї. Сафи ордендору медалгирњо зиёд шаванду заводи бланкањои паспорти хориљї боз ба кор дарояд ва бачањои тољик хурсандона ба кишварњои дигар пулёбї раванд. Парвардигоро, зимистонако гарм, тобистонако нарм ояд. Худоё, мансабдорњоро аз ќавоќ фарорї, тобеъњоро гапдаро кунї. Хушомадгуйиро камтар намої, њаќиќатгуйро боќадр бикунї. Худоё, рўњи гузаштагонро шод, ќабри Сталинро пурнур ва Бережневи худорањматиро шоистаи љаннат гардонї, ки замони онњо амну осоишта, арзониву фаровонї, рушноиву гармї буд. Илоњо, омин, дуои мо камбаѓалонро низ мустаљоб гардонї! Муйсафед НУРОНЇ, сокини Тољикистон
ШЕЪР РАВ, БИЗЇ САДСОЛАЊО! (Ба Фазлиддин Асозода, ба муносибати зодрўзаш) Пос дорї рафтагонро њар мудом, Ёду хотир оварї бо нек калом. Хоки пои рафтагонро тољи сар, Њам намої ќадру боло то ќамар. Худ мубориз баски андар роњи адл, Устуворї њамчу кўњ бо ањду ќавл. Гарчи осон дар фурўше монданат, Ѓайри имконе харидан бо сумат. Шуд силоњат дафтару тезе ќалам, Бо адолат, бо њаќиќат њамќадам. Њосиле аз ин ќалам андешае, То дигар гардад њаёт аз решае. Фазлиддин бо ному Комун дар дуо, Эй мубориз, рав, бизї садсолањо! Пўлод АБЎЕВ
?-И НОБОБ ДАР ШАЊРИ ДУШАНБЕ ЧАНД МАКТАБ АСТ? - Мувофиќи омори расмї дар Тољикистон зиёда аз 3000 мактаби навъњои гуногуни тањсилоти хамагонї толибилмон ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Дар шањри Душанбе бошад то солњои наздик 100 мактаб амал мекарданд. Бо зиёд шудани ањолї дар шањри Душанбе оё адади мактабњо дар пойтахт афзоиш ёфтаанд? Ё њисоби пешин бетаѓйир мондааст? Мулораљаби АБДУРОЗИЌ, сокини ноњияи Мастчоњ - Мувофиќи маълумоти омории соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон дар солњои 2012-2013 дар љумњурї 3816 муассисаи тањсилоти умумї беш аз 1 713 749 хонандаро ба тањсил фаро гирифт. Дар шањри Душанбе бошад, 141 муассисаи таълимї бо фарогирии 171940 нафар хонанда (77183 нафар духтар) фаъолият менамояд. Тавре аз омори расмї бармеояд, њисоби пешин таѓйир ёфтааст ва теъдоди муассисањои таълимї рў ба афзоиш аст. Њамзамон, таъкид бояд намоем, ки муассисањои таълимї дар тавозуни маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти мањалї мебошанд ва сохтмон, тармиму таъмири ин муассисањо низ ба дўши ин маќомот аст. Раёсати шањри Душанбе ва шуъбањои маорифи ноњияњои шањри Душанбе дар доираи иљроиши ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти № 436 "Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозї, аз хонањои шахсї, вагон ва биноњои маъмуриву љамъиятї баровардани муассисахои тањсилоти умумї" як ќатор корњоро ба сомон расонидаанд. Тибќи "Барномаи давлатии рушди соњаи маорифи пойтахт дар соли хониши 2012-2013" сохтмони корпуси иловагї барои 640 љой дар њудуди мактаби тањсилоти миёнаи умумии №56 оѓоз гардидааст ва сохтмони њамин гуна корпус дар њудуди мактаби тањсилоти миёнаи умумии №62 дар назар аст. Сохтмони бинои нави мактаби тањсилоти миёнаи умумии №8 идома дорад. Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар доираи маблаѓгузории Бонки саудии рушд оѓози сохтмони мактаби тањислоти умумиро барои 1688 љойи нишаст дар мањаллаи 104-и шањри Душанбе ба наќша гирифтааст. Дар мањаллаи 91-и шањр бошад, Љумњурии Исломии Эрон сохтмони мактаби байналмилалиро идома дода истодааст. Ба саволи Шумо сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи Тољикистон Мањмудхон ШОЕВ посух дод.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
15
Гимназия-Интернати Тољикистону Россия "Њотам ва П.В." ќабули хонандагонро
ба синфи 5 эълон менамояд. Имтињон аз математика соати 800 рўзи 17.06.2013 дар бинои гимназия, ки дар мањаллаи Испечак2 воќеъ аст, баргузор мегардад. Барои номнависї ва дарёфти маълумоти бештар бо телефонњои: 2-32-50-22; 2-37-48-73; 907-88-42-43 тамос бигиред. Барои шиносої бо гимназия аз сайти www.trgi.tj ва почтаи электронии trig@yandex.ru истифода баред.
ЊИКОЯИ ЊАЉВЇ
РЭП: САРОЕМ Ё НАСАРОЕМ? - Ќонуни инкишофи љомеа аст,ки њамеша падидаи нав кўњнаро иваз мекунад. Ба ќавли бузургвор Рўдакї: - Куњан кунад ба замоне њамон куљо нав буд, Ва нав кунад ба замоне њамон,ки хулќон буд. Агар чунин намебуд, љамъияти башарї њељ гоњ пешрафт намекард. Ин ќонун дар тамоми пањлўњои зиндагии њаррўзаи мо, њатто бахшњои фарњанг ва њунари моро фаро мегирад. Дар замони худ Борбади Марвазї бо эљоди соз ва офаридањои марѓуби мусиќии худ дар олами савту наво табаддулдот ворид намуд. Агар ўро Шоњи мусиќии љањон гўем, хато нахоњад буд. Ў бо чандин лањнњои тозаэљоди худ машњури љањон гардид. Аммо мусаллам аст, ки дар ибтидои кор ин офаридањои Борбад "нав" мањсуб мешуданд ва бо гузашти рўзгорон ба "классика" табдил ёфтанд. Мусиќињои халќии "Фалак" ва касбии "Шашмаќом" дар ибтидои пайдоишашон "нав" буданд ва табиист, ки бо мурури замон дар дили мардум љой гирифтанд. Дар муддати њафтод соли Њокимияти Шўравї вуруди маданияти ѓарбї ва русї як амри табиї буд. Ба њамин васила, унсурњое мисли театр, синамо, симфония, драма, опера, ария,балет имрўз ба як љузви маданияти мо табдил ёфтаанд, ки бе онњо фарњангу њунари тољикро мукаммал наметавон шумурд. Дар солњои њафтодуми асри бист намуди нави мусиќї -эстрада дар тамаддун ва фарњанги мо шакл гирифт. Оркестри эстрадии "Гулшан" бе ќилу ќол ба дили љавонон роњ ёфт. Ин њолат натанњо дар бахши фарњанг ва њунар, балки дар адабиёти мо низ мушоњида мегардид. Дар охири ќарни 19 зиёиёни тољик њаракати навхоњие бо номи "љадидия" ро роњандозї карданд, ки минбаъд асос барои тањаавул ва пешрафти љомеаи мо гардид. Пайдоиши намудњои нави шеър дар адабиёти тољикию форсї чун "шеъри озод" ва "шеъри сафед" барои бархе аз куњангароён ќабулнашаванда буд. Њоло њам пайдоши намудњои нави шеър дар адабиёти муосир чун "шеъри мудерн" ва "шеъри зулол"-ро ба осонї тањаммул карданї нестанд. Чун Тољикистон дар масири љањонї шудан ќарор дорад, мо агар хоњем, ё нахоњем, мусиќии компютерї, фонограмма, рэп рушду нумўъ хоњад кард. Аз ин сабаб ањли равшанфики тољик, хоса ањли њунару адаб набояд, ки барои онњо монеа эљод кунанд. Балки агар метавонанд барои онњо замина фароњам оваранд. Рэп,дар назари аввал, њарчанд ки як намуди мусиќии омада аз олами аљнабист ва ба фарњангу њунари миллии мо гўё њељ рабте надорад, аммо талаботи замон аст. Ба маънии томаш рэп-як намуди мусиќии иљтимоист. Сарояндаи рэп ба осонї дар он андешаву ормони худро ѓунљонда метавонад. Яке аз сабабњои асосии дар тафаккури љавонон роњ ёфтани рэп низ дар њамин аст. Бењтар мебуд, агар шабакањои телевизиони тољик барои ташаккули рэпи тољикї сабќатњои рэпсароёнро ташкил медоданд ва воситањои ахбори умум њунари рэпсароии љавононро тарѓиб менамуданд. Малик НЕЪМАТОВ, сокини шањри Душанбе
?-И НОБОБ
КЇ СУПОРАНДАИ ААИ БА ЊИСОБ МЕРАВАД? Мо корхонаамонро дар моњи августи соли 2012 њамчун супорандаи ААИ ба ќайдгирифта дар низоми соддакардашуда ќарор дорем. Аммо даромади умумии корхонаи мо на зиёда аз 500 њазор сомониро ташкил медињад. Оё мо пас аз якуми январи соли 2013 њамчун супорандаи ААИ ба њисоб меравем? - Супорандагони андоз аз арзиши иловашудае, ки дар низоми соддакардашудаи андозбандї фаъолият намуда даромади умумиашон дар соли 2012 то 500 њазор сомониро ташкил менамояд (бо назардошти моњи декабр) баќайдгириашон њамчун супорандаи ААИ аз 1-уми январи соли 2013 бекор карда мешавад. Бинобар ин, шумо ўњдадоред Шањодатномаи ААИ-ро то 10.01.2013 ба маќомоти андоз баргардонед. Яъне минбаъд супорандаи ААИ эътироф карда намешавед. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љавоб гардонд.
Дипломи Донишгоњи Давлатии Кўлоб бо силсилаи ШВ 681158, раќами баќайдгириаш 60, ки ба Холов Љамшед Сафаралиевич дода шудааст, бо сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад. Шањодатнома (атестат)-е, ки аз тарафи мактаби миёнаи №3-и шањри Норак, тањти раќами ТШТУ 0289944, ба Шарипов Муњиддин Саидович дода шудааст, бо сабаби гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад.
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №10 (338) 29. 05. 2013
ПУРБИНИ ДАРВЕШ
Мусобиќаи Мирзодиккак ва Агентї Мирзодиккак ончунон љон дошт сўи бинои Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия медавид. Гумон мекард, ки дар дави миллї љойи якумро соњиб нашавад њам, дар мусобиќаи маќомот барои "шикастан"-и Зайд Шерович аввалин мухлис мегардад. Расиду тарбузаш аз баѓал афтод: назди дари Агентї Ѓалтакро дид, ки ѓарќи хаёл ќадам мезаду бо асабоният дастонашро молиш медод. Нидои "салом алайкум"-и собиќ узви "Фронти халќї" Ѓалтакро ба худ овард ва њамаи он хобу хаёлњои шуми соли 1992, мањз моњи майю боридани борон, инфиљору њовагўињои ќисме аз шинохтањои даврро аз хотираш дур партофт ва дўсташ Мирзодиккакро сахт ба оѓўш гирифт, зеро дўстиву вањдати миллї барояш азиз буданд. Баъди салому алейк, мисли њамешагї, муколамаи сатњи миллї оѓоз шуд. Мирзодиккак: - Мо чашми њукуматем, њамаро мебинем, мешунавем нисбати онњое, ки ќонунро риоя намекунанд чорањои фаврї меандешем, фаврї ва одилона. Анушервони одил зинда шавад, адлу инсофро аз мо њукуматињо омўхта, ба љойи пешинааш бозпас мешавад. Ѓалтак: - Бале, ба гураш мегардад ва орзуи бо шумо зистанро њаргиз намекунад, зеро аз номардї, тангназарї ва суистифода аз ќонуну нерўи давлат инсулт шуда мемурад. Ихтиёран мемурад, то набинад, ки масъулони шумо на худашон кор карда метавонанду на мегузоранд, ки соњибкорон љойи кор офаранду мардум зиндагии хуб дошта бошад. Аз ин намурад, аз андозбанди беинсофона њатман дилкаф мешавад. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, содда нашав, агар мардони миллат мардумро соњиби љойи кор карда, бо маоши мувофиќ таъмин намоянд, ќадру ќимати "боло" чї мешавад-а??! Мана дар љамоати "Ќурутобхўрон" њамаи љойро Фаттоњ фатњ кардаасту депутати вилоятї аз ќафояш ќоѓази ташноб гирифта гаштааст. Њар киро "фас" гўяд љо ба љо мегазад. Худо хоњад, раиси калонтар мешавад мисли амаки Бобољон. Ѓалтак: - Мисли амаки Бобољонатон њабси хонагї нашавад, шуд. Мирзодиккак: - Шавад њам дер мешавад, аввал раис шуда, баъд беобрў мешавад. "То омадани табар кунда меосояд"-мегўянд дар урфият. Њунар дорї ду се мухолифи њукуматро зиндонї карда, худатро ширин кун. Надорї, мисли акаи Шерхону таѓаи Нусратуллои ман интизори истеъфо шав. Корат омад, ки накард, меравї назди акаи Зайду Ёќубу Мањмадрўзї. Ё обрў мегирї, ё беобрў мешавї. Инро сиёсати яккањукмронї мегўянд. Ѓалтак: - Мирзољон, шумо њамаашро медонед ва мефањмед, ки кињо чи ќадар њунару малака доранд ва мардум киро бо чї мешиносаду иззату эњтиром мекунанд. Айбатон бод, ки ќабри дигаронро канданї шуда, худатон ба чоњ меафтед. Намоз намехонед, ба намозхонњо кордор, ришњоятонро дирўз тарошидед, ба ришдорњо чаќќа, масљид намераведу масљидсозї мекунед, бизнесро намефањмеду моликияту корхонањои мардумро кашида гирифта истодаед. Дигарон ба ин замину сарватњои миллї њаќ надоранд? Мирзодиккак: - Дўстам, саросема нашав, њукумат, њукуматияша мекунад. Бандата дур мепартояд, њамин ки нуќ кашида аз сиёсат гап задї, аз почакат кашида ба толори суд меорад. Судяњо "ест" гуфта, мурдаи Ленин ва таркиши Бостонро ба гарданат бор мекунанд. Ќоил шудан даркор! Мана соњибкор Зайд Шерович дар њаво буд, ки дар замин боздошт шуд. Тайёра ба замин фуруд омада буд, ки якчанд моддаи љиноятии Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ўро сўхтаву сохта аз гиребонаш дошта, ба Агентї оварданд. Хайр-чї, ки ѓайриќонунї буд?! Ќонун њукумат худаш асту закон таѓаш. Њарчи хоњад кардан мегирад. Ѓалтак: - Пас набояд онњоеро, ки дар фикри ободии Ватан њастанду љойи кор ташкил мекунанд, коргоњ месозанд, ободкорї мекунанд, ќадр кард? Пас њама гуфтањои телевизиону суханронињоятон дурўѓ аст? Зайд Шерович "љойи тар" медошт, барнамегашт, дўстам. Баргашту шумо аз ў ќањрамон сохтед. Дигар занњоятон ба шумо бовар намекунанд, ки ин мардак гунањкор аст.
Мирзодиккак: - Ба масъалаи зан кордор нашав, ки корат вазнин мешавад-а?! Ана аз занњои ин гуфтанд, љомеа занњои Амону Гулу боз ким кадомњои дигарро њам ёд овард. Хуб не-дия. Шумо Ѓалтакбой ин хел одамонро дастгирї накунед. Чї љойи кор офаридасту андоз месупорад гуфта, њукуматро ба ў дињему умрамона бо њамин коммунист, модари Ќобилљони нањзатї Пахтагул Панљсолаевна гузаронем-мї?! Ѓалтак:- Мирзољон, ту баъди Созишномаи истиќрори сулњ зиёї шудї, тавба кардї, њамосяњоро ранљонида миллату давлат гуфтї, костюматро фурўхта сањмияњои ИБО "Роѓун"-ро харидї. О боз туро чї бало зад, ки золим шудї?!! Аз њама чиву њама кас метарсї... Мирзодиккак: - Вай..вай чї буд, вай.. золим нестам. Аз њич чиз наметарсам, ѓайр аз Пахтагул Панљсолаевна, албатта, ки дар баробари худаш ва фарзонаш эњтироми беандоза ќоилам. Зайд Шеровичатон шерї намекарду намеомад, бењтар буд. Мана, ними миллат дар Русияву Ќазоќистон, зану фарзандонашон инљо, њич гап нашудааст-ку. Инашам мерафт. Њамаи њамсояњо дар андешаи рафтан ба мардикорию мо дар фикри интихобот. Чї лозим буд, моро ѓам додан? Ѓамдињии Додик бас буд дар њамин шабу рўз?!!! Ѓалтак: "Худкардаро даво нест, вовайлои пинњонї" гуфтаанд ањли хирад. Ин кор ба сари шумо балои зиёд меорад. Мирзодиккак; - Мо ба хулосае омадем, ки интихоби дурусти сарвари давлат сарчашмаи њамаи бурдборињо дар сиёсат, иќтисод ва фарњанг аст. Ин дар китоби таърихи синфи 6 њам омадааст ва дар ин масъала оила иштибоњ намекунад. Ѓалтак: - Агар то рўзи интихобот ягон "агару магар" нашавад, наќшаи њукумати љонољон 99,9 фоиз иљро мешудагист? Мирзодиккак: - Ман љонибдори "агару магар"-њо нестам, вале боварї дорам, ки "агару магарњо" мешаванд. Ѓалтак: - Бо ин рафтору кирдори шумо, албатта, мешавад. Технократњову норизоёни сиёсї дари Кремлро кўбанду "мо ба хизмат тайёр" гўянд, ќабратон то баногўш канда мешавад, ба фикрам. Баъд нашавад, ки дар Агентии нави фасоду барномаи "Ахбор" дањњо соњибкори ветнамиву афѓон, њиндуву араб зидди шумо шоњидї дињанду вакилони Исфара якљоя бо Жириновский саросари љањон пулњои шуморо мекобанд, то мусодира кунанд?... Њамин замон, тудае аз журналистону адвокатњо дав-давон ба бинои Агентї наздик шуда, бо шуру ѓавѓо суњбати дўстонро буриданд. Пешопеши онњо як бонуи баландќомати рус њамроњи адвокати машњур медавиданд Онњо Мирзодиккаку Ѓалтакро масъулони Агентї гумон карда, хостанд чизе пурсанд. Бонуи журналист Ѓалтакро марди бо тануманд дида, лаб газидаю чашмакї намуда, ишора њам кард, ки "ман худї...вая бо кўмаки ман оварданд ба Душанбе", аммо милисаи посбон нагузошт, ки Мирзодиккаку Ѓалтак њатто лаб кушоянд. Рамазон-милиса Мирзодиккаку Ѓалтакро хуб мешинохт ва нахост боз моње чанд К+ алами доштаи љўрањоро ду соат баъд пахш карда, ба рафти интихоботи президентї халал ворид намояд. Љўрањо ноилољ аз назди бинои Агентї сўйи чойхонаи "Роњат" равон шуданд, то сари як пиёла чой муколамаи миллиро давом дињанд. Њарду бехабар аз фикрњои дигарї дохили мусофиркаш меандешиданд: Ин дафъа навбати кї бошад?
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Марњабо ЉАББОРОВА, вакили МН: - Мо банди корем ва фаромўш кардаем, ки насли имрўза аз наслњои пешин ба кулли фарќ доранд ва аз мо ваќти зиёдро барои тавваљўњ кардан ба онњо таќозо мекунанд. -На, муллима, иштибоњ мекунед, барои мо љой кор, маоши хуб, манзили арзон, ќитъањои замини бепул ва эњтироми њуќуќњои инсонњо лозим. Таваљљуњ ва планшетникњоятон ба худатон насиб кунад, ваќтатонро бо фарзандонатон гузаронеду ба шавњаратон зиёдтар таваљљуњ кунед.
Иззатулло ШАРИПОВ, сардори Сарраёсати иљрои љазо: - Ин хатогии мањз ва дурўѓ аст, ки кормандони зиндон дидаву дониста ба шиканљаву дигар амалњои ношоиста роњ медињанд. Магар инњо падару модар, фарзанд надоранд? Аз Худо наметарсанд, ки ба чунин коре даст мезананд? -Бале, рост мегўед, аз нодонї ва љоњилї мешавад ин корњо. Кадом одами масъулиятнок чунинњоро ба кор мегираду пуштибонї мекунад? Аз Худо метарсиданд, магар чунин љойи корро бо чунин роњбарият ќабул мекарданд.
Бањодури РАФЇ, сароянда: - Бовар кунед барои изњори андеша ё пешнињоди чизе њам дигар одам метарсад, ки мабодо "хато" набошад. Дар Амрико зиндагї намуда, озодии баён ва суханро хуб эњсос кардам. Он љо одам њар тавре хоњад мегардад, гап мезанад ва кор мекунад. -Не, хайр мисли Зайд Саид ягон 15-20 корхонаву биноњои баландошёна дошта бошед, натарсида, "хато" кардан гиред, маќомот хурсанд мешаванд, ки ѓамгин на.
Нуриддин САИДОВ, вазири маориф: - Тибќи санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи љумњурї тањсил дар муассисањои тањсилоти умумии давлатии љумњурї ройгон буда, љамъоварии њамагуна маблаѓ ба истиснои пардохти маблаѓи иљораи китобњои дарсї манъ аст. -Тибќи санадњои меъёрии њуќуќии амалкунандаи љумњурї замин молиияти истисноии давлат аст, вале фурўхта мешавад, њар кас њуќуќ ба манзил дорад, аммо дањњо њазор њавливу хона надоранд, мансабдорони њукуматї бояд ба маош зиндагї кунанд, намекунанд ва аллакай наметавонанд, нархи орд бояд 90100, гўшти гусфанд 24 сомонї бошад, аммо нест, дин аз давлат људо аст, вале имом-хатибон маош мегиранд. Хуллас, замин сахту осмон баланд, андозњо аз он баландтар ва њукумат бесамар аст.
Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - Ќарори Шўрои парлумон "туф кардан ба рўи демократия" ва аломати набуди парлумон ба њайси як шохаи мустаќили ќудрат дар Тољикистон аст… - То ин њад инсонбадбин нашавед, о вай депутатњои бечора бо њалќњои кайњо ќоќашон аз куљо туф доранд?!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09