Нигох №10 (443). №10 (443). Чоршанбе, 3-юми июни соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

1

Гурўњи кории Эшони Абдулбасир оѓози Рамазонро муайян мекунад №10 (443). Чоршанбе, 3-юми июни соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ЌАЗИЯ

Фирори полковник Чаро паёмњои зидди Тољикистон посух надоштанд? САЊИФАИ 3

ЉАЊОН

Ховари Миёна дўкони хумњои шикаста САЊИФАИ 10

ГУЗОРИШИ МАХСУС

"Бойбача"-њои кўчаи Миралї

САЊИФАИ 4

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Якхелако Сад бор "шукр"-и бонкњои Тољикистон САЊИФАИ 16

Мустафо Таѓоев (Мустафо-Командир):

"Намегузорем, ки Тољикистонро ба хоку хун кашанд"


АМНИЯТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

2

Шанси охирини Кремл Русия ба марзњои Тољикистон баргашт ё бармегардад? Санљиши Созмони паймони амнияти дастаљамъї (СПАД) 22 май ба анљом расид. 2,5 њазор афсару сарбози неруњои вокуниши сареъ, љузъу томњои нухбаи СПАД аз Арманистон, Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон ба ќароргоњњои худ баргаштанд ва... баъд аз ин бесарнишинњои "Гранат" ва "Застава" - и пойгоњи низомии 201 ба Помир рафтанд. Онњо дар шароити кўњистон дар баландии 3,5 километр аз сатњи бањр ва њарорати 50 дараља болои сифр ё гармї санљида шуданд. 300 километр марзи Тољикистону Афѓонистонро давр зада, маълуфоти иктишофї ба даст оварданд. Он чї расман дар санљишњои СПАД зикр намешуд, ширкати пойгоњи 201 - уми Русия дар Тољикистон буд. Расман мегуфтанд, ки омодагии Неруњои вокуниши сареъи кишварњои узви СПАД - ро месанљанд, ки оё аз кишварњои худ чї тавр дар се рўз ба Тољикистон расида, вориди амалиёт мешаванд. Аммо он гуна, ки шуруъи санљиш бо сару садои зиёд оѓоз шуд, анљоми онро њама фаромўш карданд. Хабари "Гранат" - ву "Застава", бесарнишинњои пойгоњи 201 аз пайи санљиши СПАД он гуна ба матбуот роњ ёфт, ки мегуфтї, санљишњо њанўз анљом наёфтаанд. Дар асл неруњои вокуниши сареъи СПАД рафта, пойгоњи 201 дар марзи Тољикистону Афѓонистон ба майдон омад. Ин ба он маънї буд, ки Русия ба њимояти марзи Тољикистону Афѓонистон пойгоњи 201 - ро сафарбар кард. Игор Лякин - Фролов, сафири Русия дар Тољикистон, 30 май дар расми таљлили 72 солагии таъсиси пойгоњи 201 ширкати афсарону сарбозони он дар санљишњои СПАДро расман таъйид кард. Аммо ин гуфтааш, ки "сарбозону афсарони рус дар ин љо аз манофеи Маскаву Душанбе ва дигар аъзои ОДКБ њимоят мекунанд", хулосаи дигарро низ ба миён меорад: пойгоњи 201 дар марзи Тољикистону Афѓонистон мустаќар хоњад шуд, аммо ба чї сабаб, чї маќом ва кадом муњлат?

ИЛЯ МУРОМЕТС АЖДАЊОРО ДАР МАРЗИ ТОЉИКИСТОНУ АФЃОНИСТОН ЁФТ... њамкорї дар ин марз миёни Маскаву Душанбе дода шуд, аммо русњо бо эътирози шадид - тахриб кардани дидбонгоњњо ва дигар зерсохторњои сарњадот хориљ шуданд. Дар таљњизонидан ва сармоягузории неруњои марзбонии Тољикистон ба љуз њукумат, Амрикову Иттињоди Аврупо низ сањм гирифтанд. Барномањои онњо имрўз идома доранд, аммо шуруъи санљишњои СПАД ва ќабл аз он ваъдаи 70 миллиард рубли русї ба марзбонони тољик ишора ба ин мекунад, ки сарњади Тољикистону Афѓонистон дигарбора амалан тањти назорати бевоситаи Русия мегузарад. Сафири Русия дар Тољикистон мустаќим бозгашти кишвараш ба марзи Тољикистону Афѓонистонро таъйид намекунад, аммо аз чанд ишораи ў дар суњбаташ возењ мешавад, ки марзбонони тољик акнун дар њифзи сарњади љанубии Тољикистон танњо нахоњанд буд. Игор Лякин - Фролов мегўяд, "дар шимоли Афѓонистон гурўњњои террористї сар боло мекунанд ва њамлањо идома дорад. Ин имкон вуљуд дорад, ки онњо талоши ба ин тарафи марз гузаштанро кунанд. Ин вазъият масъулияти пойгоњи 201 дар Тољикистонро боло хоњад бурд". Ишо-

Русњо меоянд... Русњо дар марзи Тољикистону Афѓонистон 110 сол ба ин сў њузур доштанд (шуруъ аз соли 1885, ки аввалин посгоњро дар Мурѓоби Бадахшон ташкил карданд). 13 июли соли 2005 охирин сарбози рус онро тарк кард. Теъдоди мањдуди марзбонони рус дар њайати 350 нафар боќї монд, ки маќоми мушовириро дошт. Ин теъдод соли 2011 ба 200 нафар то соли 2016 коњиш ёфт. Ваъдаи

раи дигари ў: "сарбозону афсарони рус якљоя бо њамтоёни тољики худ имкони баргардондани њамагуна њамлањоро доранд" ва њам: "Бисёр хушоянд аст, ки ду њафта пештар низомиёни пойгоњи 201 дар тамрини муштарак бо њарбиёни тољик буданд. Ин, воќеан, нишон дод, ки мо дар якљоягї метавонем њамагуна њамлањоро пас гардонем". Инак, сабаб маълум - гуруњњои террористие, ки мехоњанд аз Афѓонистон ба хоки Тољикистон њамла кунанд. Њељ љои бањс надорад, ки пойгоњи низомии 201 низ аз ин ба баъд дар марзи Тољикистон хоњад буд, аммо барои ин бояд як созишномае вуљуд дошта бошад, ки њузури онро ќонунї кунад. Як њамсуњбати мо, ки аз ќазия огоњ аст, мегўяд, ба эњтимоли зиёд зимни сафари Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, ба Душанбе, ки 2 ба 4 июн дар љаласаи вазирони дифоъи кишварњои узви СПАД ширкат хоњад кард, Маскаву Душанбе як созишномаи њамкорї дар марзи Тољикистону Афѓонистонро ба имзо хоњанд расонд. Бино ба ин созишнома, пойгоњи 201 - и Русия њамроњ бо неруњои вазорати дифоъи Тољикистон дар хатти дуввуми марзи Тољикистону Афѓонистон мустаќар хоњанд шуд, балки аллакай ин омода-

гињо шуруъ шудаанд. Вай афзуд, "илољи воќеа пеш аз вуќуъ аст", камтарин таъхир барои гуруњњои террористї ва пуштибони аслии онњо - Амрико фурсат фароњам хоњанд овард, ки зарбаи шадиде ба амнияти на фаќат Тољикистон, балки тамоми хоки собиќ Шўравї зананд...

Танњо Русия... Русия мехоњад њоло ин зењниятро ба љомиаи Тољикистону дигар кишварњои Осиёи Марказї бор кунад, ки хатари гуруњњои террористї аз Афѓонистон љиддї аст, онњо минтаќаро мехоњанд ба љузъи хилофати исломии ДОИШ табдил дињанд ва аз њама муњим, танњо Русия метавонад онњоро аз ин хатар наљот дињад. Аз ин хотир, хатари "Давлати исломї" ба Осиёи Марказї яке аз мавзўњои калидии расонањои Русия шудааст. Таъкидњои Маскав режимњои минтаќаро њам тањти шубња ќарор додаанд, зеро онњо аз раќиби Русия дар минтаќа - Амрико њарфњои дигарро мешунаванд. Амрикоињо ба онњо эътимод медињанд, ки "Давлати исломї" ба онњо хатар нахоњад дошт, агар аз масирашон ба тањкими истиќлолият, ду-

10%

9%

13%

12%

10%

Дар ин бора фикр накардам

20%

Вазорат барои рушди мактабњои хусусї шароит фароњам кунад

30%

Бад, “Хидмет” дорои фаъолияти сиёсї ва вобаста хадамотњои махсус аст

40%

Хеле бад, мактабњои тариќати “Хидмет”-и Фатњуллоњ Гюлен мебошанд

50%

52%

52 дарсад - љонибдори литсейњои туркї - тољикї

Хуб, аммо пурра тољикї-миллї карда шаванд

60%

Олї, сифату таълиму тарбияи хуб доранд

САДОИ МАРДУМ

4%

0% 1

2

3

4

5

6

Тибќи назарсанљии ахири "Нигоњ", њаводорони литсейњои туркї - тољикї 52 дарсадро ташкил медињанд. Дар ин назарсанљї дар як њафта беш аз 4 њазору 600 нафар ширкат кардаанд, ки ин теъдод аз шумораи маъмулии респондентњои њарњафтаинаи www.tojnews.org/tj то дањ маротиба бештар дониста мешавад. Ин њам дар њолест, ки ин назарсанљиро дар сомонаи мазкур беш аз 46 њазор нафар нохун задаанд. Ба њисоби миёна, њар 10-умин нафар дар ин назарсанљї ширкат кардаанд. Дар назарпурсї, ки тањти унвони "Муносибати Шумо ба фаъолияти листейњои туркї-тољикї чї гуна аст?" баргузор шуд, 9 фоизи пурсидашудагон гуфта-

анд, ки "Хуб, аммо онњо бояд пурра тољикї-миллї карда шаванд". 13 фоизи ширкаткунандагони ин назарсанљї ба варианти "Хеле бад, мактабњои тариќати "Хизмет"-и Фатњуллоњ Гюлен мебошанд" овоз дода, 12 дарсади дигари онњо гуфтаанд, ки "Бад. "Хидмет" дорои фаъолияти сиёсї ва вобастаи хадамотњои махсус аст". 10%-и раъйдињандон таъкид карданд, ки "Вазорати маориф барои рушди мактабњои хусусї шароит фароњам кунад" ва њамагї 4 фоизи ахир гуфтаанд, "дар ин бора фикр накардаанд". Назарпурсї ѓайрирасмї буда, бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" аз 27-уми май то 2-юми инюни соли љорї дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд.


СИЁСАТ русттараш, мустаќилият аз Русия, берун нашаванд. Ва ин њол онњоро дар дуроња ќарор додааст: ба Русия њам эътимод банданд, ба Амрико њам бовар кунанд, оянда нахоњанд дошт, зеро то кунун худ аз боварии Кремл баромадаанд ва њам Ќасри Сафед ба монанди режимњои Ховари Миёна онњоро тоќат нахоњад кард. Дар њоли роњ ёфтани пойгоњи 201 ба њимояти марзи Тољикистону Афѓонистон хулосаи пешакї ин аст, ки Тољикистон бештар эътимод ба Русия хоњад кард. Шояд аз ин хотир сафири Русия дар Тољикистон бидуни њељ шакку тардид эълом медорад, ки дар шароити кунунї пойгоњи 201 кафили воќеии субот ва амнияти Тољикистон аст. Аз ин бармеояд, ки нерўњои мусаллањи Тољикистон аз уњдаи таъмини субот ва амнияти худ намебароянд? Коршиноси низомие, ки аз гуфтани номаш худдорї кард, гуфт, Русия аз оѓоз ин сиёсатро пеш мебурд, ки кишварњои Осиёи Марказї, бахусус Тољикистонро дуруст мусаллањ накунад. "Шарти асосии созишномаи пойгоњи 201 миёни Тољикистону Русия ин буд, ки русњо ба Тољикистон дар њаљми 400 миллион доллар силоњу муњимоти низомї медињанд. Гап дар бораи тайёрањо, техникаи муосири љангї мерафт, ки надоданд. Чаро? Русия худро кафили амнияти Тољикистон медонисту медонад. Ќавї шудани артиши Тољикистон коњиши нуфузи русњо мефањмад. Дар марњалаи кунунї, амният муњимтар аз иќтисод мешавад. Нисфи даромадњои Тољикистон њам аз маблаѓњои муњољирини корї дар Русия аст ва агар вазъи иќтисодии Русия бењбуд ёфт, вазъи иќтисодии Тољикистон њам ба таври худкор бењбуд меёбад. Акнун худ ќазоват кунед, ки агар Русия зимоми амнияти Тољикистонро њам ба даст гирад, чї пешрафте дар сиёсатњои хориљї хоњад дошт?" - гуфт ин коршинос. Аммо танњо русњо нестанд, ки худро кафили амнияти Тољикистон мехонанд. Ањмад Рашид, рўзноманигори маъруфи покистонї, муаллифи китоби серхариди "Толибон. Нафт ва "бозии бузург" - и нав дар Осиёи Марказї" ва њам "Љињод. Исломи љангї дар Осиёи Марказї", ки њафтаи гузашта мењмони Душанбе буд, низ Русияро "кафили ягонаи амнияти Тољикистон" хонд. Вай гуфт, бо он вуљуд ки Русия марзи Тољикистону Афѓонистонро тарк кард, дар масоили сиёсиву низомї ва амниятї маќоми ќаблии худро аз даст надод. "Чин кафили амнияти Тољикистон буда наметавонад, балки худ метавонад ба як хатар табдил ёбад. Чин танњо кореро, ки барои Тољикистон бояд анљом дињад, эљоди зерсохторњои иќтисодї аст" - гуфт Ањмад Рашид ва афзуд: "Насли ман тавозуни ќудратњо дар Тољикистонро чунин мебинад. Ин ба касе маъќул аст, ё нест, воќеият ин аст, ки Русия ягона кафолати амнияти Тољикистон ва дар умум, Осиёи Марказї аст". Њар чї њаст нест, барои Маскав ин шанси охирин хоњад буд, ки 10 сол нагузашта, ба марзњои Тољикистон баргардад, дурусттараш, ба њолате, ки то соли 2005 буд, замоне, ки охирин марзбони рус марзи Тољикистону Афѓонистонро тарк кард. Аммо ин њузур низ то кай идома хоњад дошт, суолест, ки нишасти вазирони дифоъи СПАД посух хоњад дод.

Далери ХАЙРУЛЛОЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

3

риро њукумати Тољикистон дода буд. Ин ба он маъност, ки афтодани як љангии ботаљриба ба сафи ДОИШ таќсири њукумати Тољикистон аст, на Амрико ва њам далели он, ки маќомоти Тољикистон ба Њалимов сахт эътимод доштанд. Ба болои ин, амрикоињо ин бонги хатарро мезананд, ки собиќ дастпарвардашон аз шевањои мубориза алайњи терроризм, бахусус роњбарии љанг дар њолатњои фавќулодда хуб бархўрдор аст ва њоло ин таљрибањоро ба террористон меомўзад. Бубинед, аз нуќтаи назари амрикоињо, акнун њар шевае, ки пешрафти љангии ДОИШ алайњи Амрикоро таъмин мекунад, метавонад таљрибаи ин полковник бошад. Албатта, даъвои бањснок аст, зеро пўшида нест, ки дар сафњои ДОИШ афроди огоњтару тањти назорати амрикоињо зиёданд ва онњо на фаќат љангњо, балки рањбарияти давлати худхондаро назорат мекунанд.

Фирори полковник Чаро паёмњои зидди Тољикистон посух надоштанд?

Фирори Гулмурод Њалимов, фармондењи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН - и вазорати корњои дохилии Тољикистон тайи солњои ахир ягона хабаре буд, ки дар сархати хабарњои расонањои љањон ќарор гирифт ва таваљљўњи љомиаи байнулмилалро љалб кард. Ин боиси ифтихор нест, зеро хабари хуб набуда, баръакс, вазъи кишвари мо, бахусус маќомоти ќудратии онро ба намоиш мегузорад. Собиќ фармондењи ОМОН охири моњи апрел фирор кард. Кам касе медонист, ки куљо ва чаро рафт. Аз њамон рўзи аввал яке аз фарзияњо пайвастани ў ба "Давлати исломї" буд. Яке њам мегуфт, "зиёд медонист, нобуд шуд - "забони сурх сари сабзро медињад барбод". Боз гуфтанд, дар рухсатї аст. Аммо яќинан ин замоне буд, ки барои ў фурсат доданд, то баргардад. Аммо ваќте пас аз як моњ - 27 май дар шабакањои интернетї бо як паём ба њукумат ва артиши Тољикистон мурољиат кард, маълум шуд, ки фурсати бозгаштро низ аз даст додааст. Аммо њамоно касе нафањмид, ки чаро худи њукумат, дурусттараш вазорати корњои дохилї, фурсати зарба заданро дар набарди иттилоотї ба ихтиёри полковник вогузошт? Эњтимолан дар ВКД бовар надоштанд, ки дастпарварди онњо, оне, ки аз фарш ба арш бардоштанд, аз нокуљо ба куљо расонданд, ба Русия не, мањз ба Сурия фирор карда, на ба "Гуруњи 24" ё созмони дигар, балки мањз "Давлати исломї" пайвастааст. Агар ин иттилоъро надоштанд, пас љои гап нест. Гап ба ин нест, ки дар куљо будани як афсарро намедонистанд ва њам ин, ки ваќте намедонї, ихтиёри ќазоват ва зарба аз даст меравад. Аммо агар медонистанд, пас љои андеша аст, ки чаро то паёми полковник аз соњили Фурот маъракаи омода кардани љомиа ба имрўз - зарбаи иттилоотии ў роњандозї нашуд? Дар њоли фош кардани ў љомиа омода мешуд, ки аз кадом зовия ба паёмаш бархўрд кунад. Далелњои љониби њукуматро бо даъвоњои ў дар паллаи тарозу гузорад. Аммо ваќте иддаоњои полков-

ник садо доданд, ВКД чизе барои гузоштан рўи паллааш надошт... ВКД як моњ фурсат дошт, ки авомили хиёнат ва фирори полковникашро фош кунад. Аз љумла инро бояд медонист, ки тамринњои ў дар кадом пойгоњњои амрикої гузаштаанд. Яке аз ин пойгоњњо Black Water аст, ки яке аз вазифањояш, ба иттилои расонањо, омода кардани љангиён ва ташкили табаддулотњо аст. Бояд ин иттилоъ, ки Гулмурод Њалимов гоњ - гоњ мењмони сафоратхонањои хориљї мешуд, низ мавриди таваљљўњ ќарор мегирифт. Ин кадом сафоратњо буданд? Њоло мо тахмин мезанем, ки яке сафорати Амрико аст, чун Њалимов 5 маротиба аз тамрини амрикоињо гузаштааст. Ва Амрико новобаста аз ин, ки "Давлати исломї" - ро дар Ироќ бомбаборон мекунад, дар тањлили тамоми расонањои љањон пуштибони ин давлати худхонда њисобида мешавад. Шояд барои љилавгирї аз ин даъвои эњтимолии ВКД расонањои амрикої, пеш аз њама пурнуфузтаринашон - CNN, аз ќавли вазорати хориљии Амрико эълон дошт, ки замонатњои зарурии махфї доштани сирри тамринњои полковники фиро-

Сафоратхонаи дигар метавонад ба Русия тааллуќ дошта бошад. Њалимов фирор кард ва русњо гиребони њамкорони тољикашонро мегиранд, ки "агар ДОИШ ояд, ба шумо чї тавр эътимод кунем, ваќте љангии асосии зиддитеррористии шумо худ террорист аст ва кї кафолат медињад, ки баќия фармондењони шумо њам ин корро намекунанд?" Барои љилавгирї аз паёмњое, ки фирори полковники ВКД ба љомиаи Тољикистон дошт, хулоса, аксуламале нашуд. Шояд касе намедонист, ки чї кор кунад. Тир аз камон љаста буд, ки аксуламал сурат гирифт: сомонањои иттилоотии Тољикистонро бастанд, њамон њам дар њудуди кишвар ва њадаф - љомиа. Аммо оё ин бархўрди дуруст аст? Нест. Ин ба он маъност, ки дар љанги иттилоотї маќомоти Тољикистон далеле алайњи паёмњои полковники фирорї ва њам тарроњони ин амалиёти вижаи хадамоти махсуси хориљї надоштанд ва... зўрашон ба сомонањо расид. Ягона нукта ин аст, ки магар исбот кардани хиёнат ин ќадар мушкил аст?

Фаромарзи ФОЗИЛ

РАМАЗОН

ГУРЎЊИ КОРИИ ЭШОНИ АБДУЛБАСИР ОЃОЗИ РАМАЗОНРО МУАЙЯН МЕКУНАД Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон барои муайян кардани оѓози моњи шарифи Рамазон ва Рўзи Иди фитр комиссияи вижае таъсис додааст. Бино ба иттилои торнамои Маркази исломї, комиссия натиљаи тањќиќи худро ба зудї љамъбаст ва рўзи аввали моњи Рамазон ва Иди фитро эълон хоњад кард. Роњбарии ин комиссия бар ўњдаи Абдулбасир Саидов, муовини аввали Раиси Маркази исломї вогузор шуда, ба њайъати он уламои маъруф, мутахассисони соња шомиланд. Дар назар аст, ки ин комиссия меъёри садаќаи Фитр ва нисоби закотро барои имсол муайян кунад.

Дар Шўрои уламо умед доранд ,ки "мусалмонони кишвар аз маълумотномаи пешнињоднамудаи комиссияи мазкур самаранок истифода бурда, дар моњи мубораки Рамазон, ки ба зудї фаро мерасад, ба ибодату корњои хайр ва вањдату якдилї саъй хоњанд намуд." Њамасола дар Тољикистон дар бораи эълон рўзи аввали моњи Рамазон бањсњо зиёд мешавад. Чанд соли ахир Рамазон дар Тољикистон як рўз баъд аз давлатњои Араб эълон мешавад. Соли гузашта дар Тољикистон моњи шарифи Рамазон 28-уми июн оѓоз шуда буд.


4

ГУЗОРИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

Худсарии "бойбача"-њои кўчаи Миралии пойтахт боиси тамбашавии роњњои мошингарди пойтахт, бахусус дар кўчаи Неъмат Ќарабоев - рости Бозори "Султони Кабир" шудааст, аммо ронандагон асосан аз генерал "Зорро" шикоят доранд, ки ба гуфтаи онњо, дар ин кўча хона дораду роњи онњоро бастааст. Беш аз дигарон аз ин худсарї ронандагони микроавтобусњои хатсайрњои №2, 19, 46 љабр дидаанд, ки баъди оѓози таъмири роњи мошингард дар тўли кўчањои Борбад - Яккачинор мебоист тариќи кўчаи Миралї њаракат мекарданд. Ин роњ - аз чорроњаи беморхонаи "1ум Советский" то чорроњаи бозори "ЉалЉам" - ќариб як моњ аст, ки дар таъмир аст. Ронандагони хатсайрњои мазкур, ки бо дастури шањрдорї, то анљоми таъмир, мебоист тариќи кўчањои Абай - Миралї рафтуомад мекарданд, аз генерали маъруф ба номи "Зорро" шикоят доранд. Бино ба гуфтаи онњо, мањз бо дастури вай, аввал ба воситаи кормандони БДА, ба њаракати онњо монеъ шуда, њоло умуман ин роњро аз як љониб бо монеъањои бетонї бастааст (Нигаред ба акси 1). Ронандагон мегўянд, маљбур шуданд, баъди баста шудани кўчаи "бойбача"-њои Миралї ба тангкўчањои дигар, масалан, кўчаи Рањимов рў оранд. Аммо сокинони ин кўча, "бой" њам набошанд, аз афти кор, маљбур ба вокуниш ба вазъи баамаломада шудаанд. Бинобар тангии кўча ва хатари мошинњо ба љони тифлонашон ро-

ТАЪМИРИ РОЊИ МОШИНГАРДИ БОРБАД-ЯККАЧИНОР, ДУШАНБЕ 02.06.2015

"Бойбача"-њои кўчаи Миралї њашонро бо сангу оњанпорањо бастанд. Чанде аз сокинони ин кўча, ки ба хулоса аз шаклу андозаи хонањояшон, ба ќавли ронандагон, чандон "бойбача" нестанд, ба "Нигоњ" гуфтанд, бинобар ба суръати баланд рондани мошинњо ба ин иќдом даст задаанд. Онњо мегўянд, њаракати мошинњо тариќи кўчаи Миралї, ки њам васеъ ва њам дорои роњи мошингарди дутарафа аст, роњандозї шуда буд. Он чї ба генералњои тољик рабт дорад, аз инњо фаќат генерал-майор Изза-

БУРИШИ КЎЧАЊОИ АБАЙ-МИРАЛЇ

тулло Шарипов, сардори Раёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон бо лаќаби "Зорро" маъруф аст, аммо ин ё кадом генерал ин љо хона дорад ё не, ба "Нигоњ" тасдиќ накарданд. Ба њар њол, ба сабаби ин ки наќлиёти шахсї ва љамъиятии хатсайрњои №2, 46 ва ќисман хатсайри №19-и шањр ба кўчаи бе ин њам мушкилгузари Неъмат Ќарабоев - рости Бозори "Султони Кабир" њамроњ мешаванд, тамбаи мошинњоро аз ин бозори калон то кўчањои Саъдии Шерозї ва њатто Рўдакї дароз кардааст. Сањарї барваќт бино бар тамбашавии як-дусоата дар ин роњњои асосии шањр, њазорњо нафар ба кору дарс дер мемонанд. Шояд бењтарин маврид аст, то хотиррасон кунем, ки шањри Душанбе њукумат дорад, ки бояд пайи њалли мушкили сокинонаш бошад, то худ сокинон зиндагии шањрро ба салоњдиди худ "танзим" накунанд. Муллораљаб ЮСУФЇ

ТАНГКЎЧАИ РАЊИМОВ

МУШКИЛИ УМДА Мошинњои боркаше, ки беш аз як њафта дар марзи Афѓонистон иљозаи берун шуданро надоштанд, бо пардохти аз 100 то 150 долларї ба Тољикистон гузаштаанд. Ронандагони ин мошинњо ба хабарнигори TojNews гуфтанд, онњо њаќ доштанд, ки то 8 рўз дар хоки Афѓонистон бимонанд. Аммо бо сабабњои номаълум масъулини гумруки Афѓонистон дар мавзеъи Бандари Шерхон онњоро ѓайриќонунї то 12 рўз нигоњ доштанд. 29-уми май як ронанда аз марзи Афѓонистон гуфта буд, ки њудуди 250 мошини боркаш, ки шакар доранд, афѓонњо иљозаи хориљ шуданро намедињанд. Ин ронанда 1-уми июн хабар дод, ки гумруки Афѓонистон 7-рўзи дар ин кишвар истодани моро ќонунї њисобида, барои рўзњои боќимонда аз мо маблаѓ ситонд. Ин њам дар њолест, ки ронандањо мегўянд, на мо балки гумрук бояд ба мо товони зарари расондаашро барои њар рўзе, ки моро манъ

Гумруки Афѓонистон бо гирифтани 100-150 долларї мошинњои боркаши Тољикистонро рањо кард кард 30-долларї пардохт мекард. Њамсўњбати мо гуфт, ки "ба онњо фањмондем 12 рўз дармондан на бо айби ронандањо, балки бо айби Гумруки Афѓонистон сурат гирифтааст, онњо инро ќабул накарданд. Гуфтанд ки барояшон фарќ надорад ва бояд ин маблаѓ пардохт шавад. Аз њамаи ронандагон вобаста ба рўзи истоданашон аз 100 то 150 доллари маблаѓ гирифта баъд моро љавоб доданд. Ваъда доданд ки ин мабаѓлаѓро дубора ба мо гашта медињанд аммо то њол номаълум аст. Мо рафта ќарз карда, маблаѓи гуфтаашонро пардохт кардему аз сарњад гузаштем". Дар њамин масъулини Хадамоти гумруки

Тољикистон мегўянд, мошинњои боркаш аз Бандари Шерхон ба гузаргоњи Панљи поён бе ягон мамониат гузашта истодаанд. Њумайро Мирова, сухангўи Хадамоти гумрук дар бораи аз ронандагони тољик гирифтани аз 100 то 150 долларї гуфт, то њол аз соњибони автомашинањои боркаш чунин шикоят дарёфт накардаанд. Ин мошинњои боркаш аз тамоми шањрњои Тољикистон, минљумла Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа, буданд ва њамагї шакари соњибкорони покистониро бор карда буданд, ки тариќи Афѓонистон ба Тољикистон ворид мешавад.

Ронандањо гуфта буданд, ки эњтимол барои пардохти маблаѓ миёни соњибони бор ва масъулини гумруки Афѓонистон бањсе пайдо шудааст, аз ин сабаб, ба онњо иљозаи гузаштан намедињанд. Як ронанда гуфт, ки ќаблан њар як мошини онњо то 40 тонна бор мекард ва соњибони мол барои гузаштани њар як мошин ба масъулини гумруки Афѓонистон 100 доллари ИМА ришва медоданд. Њоло тибќи ќавонини Тољикистон њар як мошин иљоза дорад, ки то 26 тонна бор гирад. Аз ин сабаб, бизнесменњо ризо нестанд, ки ба сари њар мошин на 100, балки 50 доллар дињанд.


ДАРИЧА

Доллари саркаш Ќурби долларро рањбарони нави Бонки миллї паст карданд, ё омили дигар? Давоми 3 рўзи охир ва баъди расо 20 рўзи таѓйироти кадрї дар сатњи рањбарии Бонки миллии Тољикистон ќурби 100 доллари ИМА дар баробари сомонї то 50 сомонї коњиш ёфт. Аз оѓози соли равон, ки раванди коњиши ќурби сомонї дар баробари асъори хориљї, аз љумла доллари ИМА ба мушоњида мерасид, ин нишондод ѓайричашмдошт ба назар мерасад. Њоло дар нуќтањои саррофии шањри Душанбе 1 доллари ИМА бо 6,12 ва 6,15 сомонї, баъзан њатто то 6,0 сомонї хариду фурўш мешавад. Ин њам дар њолест, ки њафтаи гузашта як доллари ИМАро саррофињо бо 6,52 ва 6,54 сомонї нишон медоданд, аммо бо 6,7 сомонї мефурўхтанд. Дар Бонки миллии Тољикистон сабаби коњиши якбораи долларро ба афзоиши воридшавии асъори хориљї ва муътадил шудани ќурби рубли Русия, ки аз шарикони асли иќтисоди Тољикистон мебошад, рабт медињанд. Инчунин, масъулини Бонки миллї мегўянд, ки аз миёнањои моњи март ба бозори арз мудохилаи асъорї накардаанд. Дар Бонки миллї дар бораи афзоиши воридшавии маблаѓ дар њоле сухан мекунанд, ки тибќи маълумоти расмие, ки ин Бонк ќаблан ироа карда буд, дар чањор моњи аввали соли равон њаљми воридоти пул ба Тољикистон беш аз 34% коњиш ёфтааст. Дар моњњои январ-апрели соли равон ба кишвар 615,6 миллион доллари ИМА ворид шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 34,1 фоиз кам мебошад. Дар чањор моњи соли гузашта ба кишвар 934,2 миллион доллар ворид шуда буд. Аз њаљми умумии маблаѓњои воридшуда дар чор моњи аввали соли равон 79,1 фоизро рубли Русия, 19,8 фоизро доллари ИМА ва 1,1 фоизро евро ташкил дод. Вале њудуди 30%-и маблаѓи воридшуда ба моњи апрел рост меояд, ки дар ин моњ њаљми умумии интиќолњои пулї ба љумњурї ворид-

шуда 201,1 миллион доллари ИМА -ро ташкил дод, ки ин нисбат ба моњи марти соли равон 23,6 фоиз зиёд мебошад. Њоло нархи доллар дар саррофињо бо нархи расмие, ки Бонки миллии Тољикистон муайян кардааст, баробар буда, њатто арзонтар мебошад. Дар њоле, ки ќаблан се нарх амал мекард: нархи расмии Бонки миллї, нархи муайян кардаи саррофињо ва нархи "бозори сиёњ". Бонки милли кишвар 27-уми май ќурби 1 доллари ИМАро дар баробари сомонї 6,2687 сомонї муайян кардааст. Аммо дар тоблуњои саррофињо 1 то доллар то 6 сомонї низ дида мешавад. Уфти якбораи ќурби доллар саррофњои Душанберол низ ѓофилгир кардааст. Онњо мегўянд, аз боло рафтани ќурби сомонї истиќбол мекунанд, зеро хариду фурўш бештар мешавад. Аммо як муддат ба гуфте "ба худ омада наметавонанд". Ба андешаи Зулфиќор Абдуррањмонов, як саррофи пойтахт, яке аз омилњои асосии паст шудани ќурби доллар нисбат ба асъори миллї - сомонї дар он аст, ки "имрўзњо ташкилотњои ќарзї ва бонкњои кишвар аз муштарињо ќарзњоро бо сомонї мегиранд, инчунин њангоми интиќоли маблаѓ ба

хориљ сомонї ќабул мекунанд, на доллари ИМА. Ба њамин хотир талабот ба доллари ИМА камтар шуда, ќурби пули миллї сомонї боло рафт". Вай меафзояд, ки њамчун сарроф аз болоравии ќурби пули миллї сомонї хуш њол аст ва ин чиз њам ба фоидаи онњост ва њам нафъи мардуми кишварамон. Саррофњои Душанбе мегўянд, "100 долларро бо ќурби 633 сомонї харида будем, имрўз 100 долларро 6 саду 25 сомонї фурўхта наметавонем. Њеч кас бо ин нарх намехарад. Мо аз боло рафтани ќурби пули миллї сомонї хурсандем, хариду фурўш зиёд шуда, кори мо хубтар мешавад, лекин яку якбора аз ин шакли пойин рафтани ќурби доллар дар баробари сомонї мо зарар мебинем. Мо дар болои 100 доллар 2 сомонї зам карда, кор мекунем, аммо њоло 8 сомонї бар зарари худ кам карда, фурўхта наметавонем". Ќурби доллар расо баъди 20 рўзи ба вазифаи Раиси Бонки миллї таъин шудани Љамшед Нурмуњаммадзода ва муовини аввали Раиси Бонк таъин шудани Љамолиддин Нурализода сурат гирифт. Бознашр аз сомонаи ОИ TojNews - www.tojnews.org/tj

ЉАЊОНИ МУОСИР Аз 29-уми июли соли љорї системаи оператсионии Windows 10-и ширкати Майрософт дар 129 кишвари љањон дастрас мешавад. Бино ба гузориши Евронюс, системаи Windows 10 дорои навоварињои зиёде буда, барои насби компютерњо, дастгоњњои телефонњои њамроњ ва планшетњо пешбинї шудааст. Барои онњое, ки њоло аз системаи оператсионии Windows 7 ва Windows 8 истифда мекунанд, насб ва дастрасї ба Windows 10 ройгон хоњад буд. Масъулини шикрати Майкрософт пешгўї мекунанд, ки то соли 2018 теъдоди нафароне, ки аз

Windows 10 дар 129 кишвар пањн карда мешавад

Windows 10 истифода мекунанд, ба 1 миллиард нафар хоњанд расид. Ширкати Майкрософт соли 1985 дар ИМА таъсис гардида, бо

тавлиди барномањои мухталифи компютерї аз љумла системаи оператсионии Windows шуњрат дорад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

5

Фаридун Рањнавард Кї туро бештар аз худи ту фиреб медињад? (Бенёмин Франклин)

Шаф-шаф неву бизнес Хондам, ки Вазорати маориф боз як иќдоми аљиб пеш гирифтааст. Минбаъд дафтару рўзнома ва китобњои дарсиро талаба бояд аз тољирони бозор не, балки аз мактаб - даќиќтараш аз Вазорати маориф бихарад. Ба забони мардумї гўем, мактабу муаллим њамчун дўкону савдогари моли вазорат хизмат хоњанд кард. Дар Вазорати маориф инро рад мекунанд, ки бозори дафтару китоб ва рўзномаи дарсиро монополия карданиянд. Мегўяд, ки ин иќдом "хусусияти тавсиявї" дорад ва дар њолати ќонеъ нашудан аз сифати мол, талаба метавонад онро нахарад. Мо медонем ин "тавсия"-њоро. Либоси ягона њам "тавсиявї" буд. Кадом ќонун ё меъёр наќз шуд? Бигзор ќонундонњо гап зананд, агар зарур шуморанд. Аммо ба ман сабабњое, ки Вазорати маориф ва илмро гўё ба ин иќдом водор кардааст, аљаб афтод: ман, масалан аз нафаре чун Нуриддин Саидов, одами хеле пурхонда ва пухта, то њол дар ин маврид шарњи дигаре интизор будам. Шахсан тарафдори инам, ки китоби дарсї ба талаба ройгон дода шавад. Ба њар сурат, фикр кардам, ки Раёсати мактабњои миёнаи вазорат, барои "сафед" кардани ин иќдоми вазорат, масалан, мегўяд, ки фоидаи аз фурўши дафтару китоб ва рўзномањои дарсї бадастомада, ба бунёди мактаби комилан бепул, кўдакони имконияташон мањдуд ё аз оилањои ниёзманд сарф хоњад шуд. Ё ба ин гуна кўдакон, ки солњои ахир хеле афзудаанд, шароити мусоиди таълим меофаранд. Фикр кардам, баъдтар дар телевизионњои давлатї ду-се гузориш њам ташкил хоњанд кард, ки аз њисоби Вазорати маориф ва илм чунину чунон корњои хайр карда шуд. Аммо Раёсати мактабњои миёнаи Вазорати маориф дар шарњи ин иќдомаш гуфтааст, рўзномањое, ки ќаблан аз тарафи ширкатњо оварда ва фурўхта мешуданд, сифати паст доштанд. Илова бар ин дар дохили он барои 34 њафтаи таълимї сањифа набуд. Барои њамин, волидайн маљбур буданд дар як сол ду маротиба рўзнома харидорї кунанд. Њамчунин, вараќњои рўзномањо хеле тунук буд ва навиштаи хонандагон аз ин сањифа ба сањифаи дигар мегузашт. Аввал, ман шахсан шубња дорам, ки доѓи рўзномањои талабагони мактабњои миёна то вазир ё сардори Раёсати мактабњои миёна рафта расида бошад. Дигар, кадом тољири аблањ рафта, аз хориљи мамлакат, бигзор аз њамон Чин, молеро, ки сифаташ харидорро ќонеъ намекунад, ворид мекунад? Бахусус, ваќте медонад, ки дар дохил раќибе чун чопхонаи Вазорати маориф ва илми Тољикистонро дорад? Баъд ин, кї ва дар куљо сифати ин рўзномањоро санљида, њалли ин мушкилро дар сифати чопхонаи Вазорати маориф ёфтааст? Солњои 90-ум, ваќте мо дар мактаби миёна мехондем, воќеан дафтару рўзномањои хитої бесифат - аз коѓази тунук буданд. Њоло чунин мол дигар харидор надорад. Дар бозор њам ќариб вонамехўрад. Ба ѓамхории беш аз њадди Вазорат ба талабањо њам бовар карда намешавад. Зимистони гузашта, аз факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи миллї - факултаи баобрўтарин, ки на њар камбаѓал дохил шуда метавонад, донишљўён ба расонањо шикоят карданд, ки бегоњї дар басти дуюм дар синфхонањо неруи барќ нест. Дафтарашонро дар рўшноии телефонњои мобилї меёбанд. Мо ваќте дар ДМТ мехондем Нуриддин Саидов ректори ДМТ буданд. Биноњои донишгоњ дар "Шањраки донишљўён" зимистон аз њад сард ва тобистон аз њад гарму тоќатфарсо буданд. Шунидам, ки њоло низ њамин шароит аст. Ягон бор нашунидам, ки касе дар вазорат аз саломатии муаллимон ё донишљўён дар ташвиш шуда бошад. Мактаби љойи мо - мактаби миёнаи №58-и љамоати дењоти Чимтеппаи ноњияи Рўдакї дар солњои љанги шањрвандї хароб шуда, 20 сол аст, ки як ќисмаш бештар ба оѓилхона монанд аст, то мактаб. Вале аз чї бошад, ин касеро дар Вазорати маориф ё дар њукумати ноњия ба ташвиш намеорад. Шояд орад, вале на ба дараљаи сифати рўзномањо. Нахандонед, аз барои Худо! Мардумро ба ин њад гўл задан нашояд. Бењтараш иќрор мешудед, ки бозорро омўхта, хеле даромаднок будани ин бизнесро нав пай бурдед, вассалом! Њаљми бозори дафтару китоби дарсї чандон хурд нест, ки баъзењо тасаввур мекунанд. Тибќи омори расмї, дар мактабњо наздики 2 милион нафар мехонанд. Аз њар хонанда, агар вазорати маориф ва илм соле 2 сомонї фоида бинад, ин маблаѓ наздик ба 4 милион сомонї, ё 650 њазор доллари ИМА-ро бо ќурби имрўза ташкил хоњад дод. Ба ин маблаѓ, њадди аќал се мактабе сохтан мумкин аст, ки њар кадом барои на камтар аз 250 хонанда хизмат хоњанд кард.


6

1 Соли 2013 созмони ЮНЕСКО ќарор кард, ки тай ду соли минбаъда 100 - солагии зодрўзи оњангсози тољик Зиёдулло Шањидї дар сатњи байналмилалї љашн гирифта шавад. Устод нахустин ва ягона чењраи ањли мусиќаи Осиё Марказї мебошанд, ки чунин як арљгузориро аз љониби ин созмони муътбари љањонї мушарраф гаштанд. Ба хотири иљрои ќарори ЮНЕСКО дар љумњурї зери сарварии муовини сарвазири кишвар хонум Марњабо Љабборї барномаи чорабинињои марбута тањия ёфт ва аз љониби њукумати љумњурї тасдиќ гардид. Дар соли 2014 дар чањорчўби татбиќи ин барнома операи Зиёдулло Шањидї "Комде ва Мадан" дар сањнаи Театри давлатии опера ва балети Тољикистон ба номи устод Садриддин Айнї барќарор карда шуд, силсилаи консертњо аз асарњои оњангсоз ва бо иштироки њунармандаони шинохтаи кишвар аз сањнаи театри мазкур ва муассисањои дигари мусиќии љумњурї ба ањли љомеа пешкаш гардид. Яке аз матрањтарини онњо консерте гашт, ки фарзанди устод - Толиб Шањидї, ки худ низ кайњост аз чењрањои калидї дар фарњанги мусиќии љумњурї ва кули Осиёи Марказї аст, омода сохту 31 август аз сањнаи Театри опера ва балети пойтахт ба ќадрдонону шефтагони мусиќаи асил такдим намуд. Дар рафти иљрои барномаи ёдоваршуда Театри давлатии драматикии Тољикистон ба номи устод Абулќосим Лоњутї 16 ва 17 декабр намоишномаро аз рўи пйесаи нависанда Абдуѓаффор Абдуљабборов "Зиндагинома" ба сањна гузошт. Намоишнома аз љониби ањли љомеа хуб пазируфта шуд. Садову симои Тољикистон чанд барномаи хосаву љолиби худро ба њаёт ва фаъолияти эљодии Зиёдулло Шањидї бахшид. Олимону коршиносони соњаи мусиќа дар конфаронси вижаи хеш наќшу даври эшонро дар шаклгирї ва рушди фарњанги навини мусиќї ва умуман, фарњанги навини мардуми тољик ва соири мардумони минтаќаи Осиёи Марказї ва пањлуњои гуногуни фаъолияти эљодиашонро баррасї намуданд. 27 ноябр намояндагони њукумати Тољикистон ва ањли љомеа дар толори Театри опера ва балети љумњурї љамъ омаданд, то садумин солгарди мусиќасолори љумњуриро расман љашн гиранд. Берун аз Тољикистон низ низ як силсила чорабинихо љашни гузаронда шудаанд. Аз љумла 9 октябр дар Толори Кардиган (Cardigan Holl) - и Лондон порањо аз операи "Комде ва Мадан"-и Зиёдулло Шањидї дар иљрои оркестри симфонии Мотсарт (Mozart Symphony Orcestr) зери роњбарии дирижёри номдори Бритониё Филлип Маккензи садо доданд. Дар Маскав, дар чањорчўби конфаронси байналмилалии "Харитаи мусиќии љањон" 23 октябр, дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И. Чайковский зери унвони "Суннати маќоми тољик" консерти Ансамбли Академияи маќоми Тољикистон тањти роњбарии њунарпешаи мардумии Тољикистон Абдувалї Абдурашидов ва квартети саксафонии "Квазар" аз Канада бахшида ба 100 - солагии Зиёдулло Шањидї баргузор шуд. Њамзамон дар як нишасти хоса пањлуњои гуногуни эљодиёт ва маќоми эшонро дар харитаи мусиќии љањон мавриди бањсу баррасї ќарор доданд. Њамчунин, ба муносибати 100-солагии устод Зиёдулло Шањидї бо сайъ ва эњтимоми ќадрдонони устод албоми иборат аз ду CD дастраси мардум гардонда шуд. Аввалї бо сабти "Симфония маќомхо" дар иљрои Оркестри калони симфонии Радио ва телевизиони Иттињоди Шўравї тањти сарварии дирижёр Максим Шостакович ва

«

ШАХСИЯТИ МИЛЛЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

шањр гузарондаанд, азбар намудани фарњанги мусиќии суннатї барояшон маънои азхуд кардани мусиќии классикии "Шашмаќом"-ро дошт дар њар се ќисми узвии он - оњангњо, шеърњои њамроњ бо онњо сурудашаванда, умдатан ашъори классикони порсигў ва созњое, ки дар ин асно истифода бурда мешуданд. Ба иттифоќи орои њамагон, њоло дар остонаи аз Самарќанд ба Душанбе омадан, ки дар соли 1932 сурат гирифт, Зиёдулло Шањидї дар ин љода аз њамсолони хеш ба маротиб муваффаќтар ва сарфи назар аз хеле љавон буданашон, дар байни ањли мусиќаи шањри хеш соњиби обрўву эњтироми зиёд гашта буданд. Дар марњалаи пасон фаъолияти Зиёдулло Шањидї, ки оѓози он ба кўч бастан аз Самарќанд ба пойтахти Тољикистон рост омад, пањлуњои навро касб кард. Фаъолияти консертии эшон дар њайати дастањои гуногуни созњои миллї, ки њоло дар Самарќанду Тошканд сар шуда буд, бо нишоти бештар идома меёфт. Њамзамон Зиёдулло Шањидї ба тадриљ ба такмили оњангњои маълуму маъруфи классикї ва ё мардумї барои иљро намудан аз љониби дастањои созї, ки бештари онњоро худашон таъсис медоданд, пардохтанд. Иќдоми баъди дар ин љода кўшишњои нахустини эшон буданд, барои эљод кардани оњангњои худї барои дастањои сознавозон ва таълифи сурудњо. Шояд аз боби тасодуф набошад, ки оѓози кўшишу талошњои аввалин дар ин росто амалан дар як ваќт бо пардохтан ба баровардани саводи нави мусиќї рост омад. Зиёдулло Шахид бо истифода аз имконоте, ки эъзом шудани устодони мусиќа аз Русия ба То-

Зиёдулло Шањидї ва фарњанги навини тољик сабти операи "Комде ва Мадан" дар иљрои худи њамин оркестр, вале зери роњбарии дирижёр Эдуард Айрапетянтс. Дуввумї бо сабти бисту як суруду романс дар иљрои номвартарин сарояндагони тољик Туњфа Фозилова, Барно Исњоќова, Ањмад Бобоќулов, Њанифа Мавлонова, Шоиста Муллољонова, Бурњон Муњаммадќулов, Рена Ѓолибова, Озодахон Ашўрова, Муќаддас Набиева ва сарояндаи шањири Ўзбекистон Ботир Зокиров. Арљгузории Зиёдулло Шањидї, тавре дар ќарори ЮНЕСКО омадааст, дар соли љорї низ идома меёбад. Чанде пеш, 28 апрел, дар Академияи улуми Тољикистон расми муаррифии китоби "Зиёдулло Шањидї ва суннатњои бадеъии мусиќии тољик" баргузор шуд. Китоб бо иќдоми Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши Академияи улуми Тољикистон, кўшишу эњтимоми профессор Аскаралї Рачабов ва сањмгузории олимону коршиносони соња ва ањли мусиќа аз Тољикистон, Ўзбекистон, Русия, Олмон, Иёлоти Муттањидаи Амрико тањия ёфт ва аз љониби нашриёти "Дониш" ба табъ расид. Гузарондани чорабинињои дигар низ пешбинї шудааст. 2 Ќарори ЮНЕСКО ва чорабинињое, ки то ба алњол дар чањорчўби татбиќи амалии он гузаронда шудаанду мешаванд, њамагї эътирофи амри воќеъ - маќоми хос ва баланди Зиёдулло Шањидї дар раванди шаклгириву такмили фарњанги мусиќии ќарни бистуми Тољикистон ва умуман

Чун њамеша, Зиёдулло Шањидї дар ин иќдоми хеш низ басо муваффаќ баромаданд. Низоми адвор ва навохтани созњои ѓайрисуннатї, хоса пианиноро, хуб омўхтанд ва аз њар љињат барои гузоштани ќадамњои нахустин дар роњи офаридани оњангњои хеш дар чањорчўби фарњанги нави ташаккулёбандаи мусиќї, фарњанге, ки худашон аз аввалин эљодкунандагонаш буданд, омода гаштанд.

«

Осиёи Марказї мебошад. Аз дидгоњи инљониб, муњтавои ин равандро гузариш аз фарњанги мусиќии суннатии классикии пањнои густурдаи тамаддуние, ки дар атрофи марказњои бузурги бостонии тољикнишини Осиёи Марказї, ќабл аз њама Буњорову Самарќанд, ташаккул ёфта буд, ба фарњанги мусиќии навини дар асоси бањамоварии (синтези) фарњанги мусиќии классики суннатии монодики (яковоза) ва фарњанги мусиќии полифонии (бисёровозаи) аз берун ба минтаќа воридшаванда ташкил мекард. Шаклгирии фарњанги нави мусиќї дар Осиёи Марказї самараи фаъолияти эљодии љамъе аз њамзамонони Зиёдулло Шањидї буд. Вале шояд мањз дар эљодиёти эшон гузариш аз фарњанги мусиќии суннатии классикї ба фарњанги нави мусиќии полифонии њамќадами замона дар шакли пурратару мукаммалтар анљомида буд. Зиёда аз он, равост давру наќши Зиёдулло Шањидиро дар падидору мукаммалёбии мусиќии навин, бино ба фаррохиву умќи фаъолияти эљодї ва гаронии арзиши дастовардњои устод дар ин љода, калидї донист. Аз он лињоз, ки дар эљодиёти Зиёдулло Шањидї, дар ќиёс бо эљодиёти њамзамонони шањирашон, масалан, Мухтор Ашрафї ва ё Мутал Бурњонов, таносуби унсурњои таркибии раванди мазкур - донистани мусиќии суннатии классикии Шашамаќом, пуррагии ба њам овардани фарњанги мусиќии суннатї ва фарњанги воридшаванда, фаровонї, танаввуъ ва арзиши мероси эљодї, дар њамаи марњалањои гузариш аз фарњанги пешин ба фарњанги навин мутавозинтар мебошад. Ташаккулу рушди шахсияту фаъолияти эљодии Зиёдулло Шањидї, тавре ба назар мерасад, умдатан чањор марњалаи асосиро фаро мегирад. Нахустини ин марњаллањоро равост ба тарзи мукаммал азбар кардани фарњанги мусиќии суннатии классикї донист. Азбаски оњангсози оянда зодаи Самарќанд буда, овони кўдаки, наврасї ва оѓози љавониро дар њамин

љикистон онњоро муњайё сохт, ба азбаркунии њам низоми нави адвор ва њам созњои мусиќии ѓайрисуннатї, аз ќабили камон (скрипка), пианино ва дигар созњо, љиддан камар бастанд. Чун њамеша, Зиёдулло Шањидї дар ин иќдоми хеш низ басо муваффаќ баромаданд. Низоми адвор ва навохтани созњои ѓайрисуннатї, хоса пианиноро, хуб омўхтанд ва аз њар љињат барои гузоштани ќадамњои нахустин дар роњи офаридани оњангњои хеш дар чањорчўби фарњанги нави ташаккулёбандаи мусиќї, фарњанге, ки худашон аз аввалин эљодкунандагонаш буданд, омода гаштанд. Самараи фаъолияти эљодии Зиёдулло Шањидї дар марњалаи мазкур, ки таќрибан тамоми солњои сиввуми садаи гузаштаро фаро гирифта буд, офаридани чандин оњангу сурудњо шуд. Вале мутахассисони соња танњо аз дутои онњо оњанги "Комсомол", ки баъди як соли ба Душанбе омаданашон ва суруди "Ба духтари пахтачин" бар шеъри Рањим Љалил, ки чанде дертар эљод шудаанд, ёдовар мешаванд. Шояд аз он љињат, ки барои худи Зиёдулло Шањидї онњо нахустин офаридаашон буда, аз ин рў, ањамият доштанду њифзи оњангу сурудњои дигарашонро, ки дар оѓози фаъолияти оњангсозї эљод кардаанд, бо кадом сабабе зарур намедонистанд. Солњои сиввум барои Зиёдулло Шањидї њамчунин равост солњои собит намудани худ дар байни ањли мусиќа њамчун роњбари тавонои дастањои гуногуни мусиќї ва омўзгори моњири зеридастони хеш, амалан онњое, ки нахустин иљрокунандагони оњангњои такмилдода ва порањое мусиќии офаридашудаашон буданд, донист. Боястї ишора намуд, ки чун дар офаридани оњангњо, дар ин љода низ эшон ба зудї эътирофи ањли мусиќаи замонаро касб карданд. (Идома дорад) Рашид Ѓанї Абдулло


МУРОЉИАТ

"Ба Шумо - Љаноби Олї итминон медињем..." як андозсупорандаи бовиљдон буд. Танњо дар 9 моњи соли 2014 "Ист Эйр" ба буљаи давлатии Тољикистон 21 миллион сомонї андоз супурд ва омода аст дар лањзањои зарурї ба давлат кўмак расонад. Дар ин робита мехоњем ба Шумо расонем, ки коршарикони хориљии мо дар тамоми давраи кор аз соли 2007 то 2015 ба рушди соњаи њавонавардии Тољикистон бештар аз 100 миллион доллари ИМА сармоягузорї карданд ва омодаанд сармоягузории худро идома дињанд, зеро фоида аз фаъолияти ширкат њамеша ба рушди он ва инкишофи кормандони он равона шуда, таносубан дар њудуди кишвар монд ва берун аз марзњои он нарафт. Мехостем ба Шумо иттилоъ дињем, ки њоло таќрибан 75 дарсади бозори њавонавардии Тољикистонро ширкатњои хориљї (русї, туркї, ќазоќї ва ѓайра) гирифтаанд. Ширкати "Ист Эйр" ба шарофати омодагии баланди касбии мутахассисон, сервис - хизматрасонї, мутобиќати нарх бо сифат, њамчунин парки муосири њавопаймоњо метавонад ба онњо раќобати љиддї нишон дињад ва бо ин васила обрўи соњаи њавонавардии Тољикистонро дар сатњи байнулмилалї бардорад. То рўзњои наздик ширкати "Ист Эйр" маркази омўзишии худро ба-

рои омода кардани мутахассисони хадамоти заминиву њавої дошт. Ба љуз ин, ширкат аз њисоби маблаѓњои худ тањсили мутахассисон дар хориљро низ таъмин мекард, ки дар натиља њавонавардии тољик соњиби беш аз 250 мутахассиси соња - халабон (пилот)-њо, кормандони фаннї, рањбаладон ва ѓайра шуд. Ширкат фаъолияти омўзишї ва баланд бурдани касбияти кормандони ширкатро дар оянда низ идома хоњад дод ва ба ин хотир, њама чорањо дида ва маблаѓњои зарурї харљ карда мешаванд. Њоло 7 моњ мешавад, ки мо мунтазири азсаргирии фаъолияти ширкати њавонавардии худ њастем ва умедворем, ки "Ист Эйр" аз Шумо имкони сањм гирифтан дар рушди њавонавардии Тољикистонро ба даст меорад. Дар навбати худ мо њангоми парвозњо тамоми неруямонро барои таъмини амнияту роњат ва дастрасии шањрвандони Тољикистон ба парвоз тариќи њавопаймоњо харљ хоњем кард. Бо эњтиром Владимир КУИМОВ, директори генералии ширкати "Ист Эйр"

ИДОМА Њукумати Тољикистон аз дафтари Созмони амният ва њамкории Аврупо талаб дорад, ки ба њаљми 140 њазор доллари ИМА андоз аз даромади кормандон пардохт намояд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти парламент, 1-уми июн дар љаласаи Шўрои Маљлиси намояндагон Созишнома миёни Њукумати Тољикистон ва дафтари САЊА дар Душанбе оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар дафтари ин созмон кор мекунанд, баррасї кардаанд. Тибќи муќаррароти Созишномаи мазкур андоз аз даромади кормандони мањаллї, ки барои солњои 2012-2013 пардохт нашудааст, ситонида намешавад. Аммо дафтари САЊА баъди тасвиби Созишнома муваззаф мешавад, ки андоз аз даромади кормандони мањаллиро барои солњои 2014 ва

Бањси 140 њазор доллараи Њукумати Тољикистон бо дафтари САЊА

ба баъд пардохт намояд. Андози аз маоши кормандони мањаллї дар соли гузашта 140 њазор доллари ИМА муайян шудааст. Ќаблан, миёни Кумитаи андози назди Њукумати Тољикистон ва

7

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

Мурољиати ширкати "Ист Эйр" ба Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон Муњтарам Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон! Ман - Владимир Куимов, директори генералии ширкати њавонавардии Тољикистон "Ист Эйр" ифтихори онро дорам, ки ба Шумо мурољиат кунам. Рањбарият ва кормандони ширкат дар њайати 160 нафар, њама шањрвандони Тољикистон, аз Шумо хоњиш дорем, ки барои таљдиди Шањодатномаи иљозаи кори ширкати "Ист Эйр", ки моњи октябри соли 2014 мутаваќќиф шудааст, мусоидат кунед. Мо ба Шумо - Љаноби Олї ва Њукумати Тољикистон итминон медињем, ки ширкати "Ист Эйр" баробари ба даст овардани њуљљати мазкур ба Тољикистон њавопаймоњои навтарини навъи "Аэробус - 320" ро ворид хоњад кард. Дар баробари ин, шањрвандони Тољикистон ин имкониятро пайдо мекунанд, ки бо њавопаймоњои навъи муосир ва бехатартарин парвоз кунанд. Ба љуз ин, шањрвандони Тољикистон њам дар ширкат ва њам агентињои фурўши чиптаи њавопаймої бо коре таъмин мешаванд, ки маоши баланд дорад. Ин теъдод 160 мутахассиси соњаи њавонавардї ва 33 агентии фурўши чипта ва кормандони онро дарбар мегирад. Мехоњем ба Шумо иттилоъ дињем, ки ширкати "Ист Эйр" њамеша

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

Сафорати ИМА чунин созишнома ба имзо расида буд, ки тибќи он андози иљтимоии кормандони нињоди дипломатии ИМА дар Душанбе 300 њазор долларро ташкил медињад.

Роњи Гюлен ба Тољикистон Ду њафта пеш Раљаб Тайиб Эрдуѓон, президенти Туркия аз рањбарияти кишварњои хориљ аз љумла Президенти Тољикистон хост, ки литсейњои туркї дар ин кишварњо баста шавад, зеро ин литсейњо ба Анќара рабте надоранд, балки марбути њаракат, ё тариќати "Хидмет" - и рўњонии фирорї ва мухолиф Фатњуллоњ Гюленанд. Туркия ин њаракатро ба ташкили "давлат андаруни давлат" муттањам мекунад. Алайњи Гюлен бо иттињоми сарнагун кардани сохти конститутсионї парванда боз шудааст. Дар пайи ин хабар Нуриддин Саид, вазири маорифи Тољикистон гуфт, ки аз соли нав литсейњои муштараки туркїтољикї ба литсейњои бачањои болаёќат табдил меёбанд. Вазорат аз шарњи бештар худдорї кард. Суолњои моро бепосух гузошт. Ин њам дар њолест, ки литсейњои мазкур аз сентябри соли 2013 дар Тољикистон ѓайриќонунї фаъолият доранд, зеро муњлати созишномаашон ба итмом расидааст. Баъди суњбати вазир бархе расонањои русзабони Душанбе дар бораи ин литсейњо матолиби тарѓиботї нашр карданд. Мактабњои туркї фаротар аз муассисаи таълимї буда, дар паси онњо шабакаи бузурги Фатњуллоњ Гюлен ќарор дорад. Њатто дар бораи њамкории Гюлен бо хадамоти махсуси кишварњои абарќудрат, аз љумла ИМА њарфњо кам нестанд. Шефтаи он њам буда наметавонем, ки њукумати Туркия алайњи Гюлен аст. Пешбинї њам мешавад, ки ояндаи Туркия дар дасти фатњуллоњчиён аст... Хабаргузории TojNews назарпурсие бо суоли "Муносибати Шумо ба фаъолияти литсейњои туркї-тољикї чї гуна аст?" доир кард. Он чї ба даст омад, моро дар њайрат гузошт. Аз соати 14:16-и 27-уми моњи май то љамъбасти он соати 14:26-и 2-юми июн 46 њазору 200 нафар (!) матлабро дида, 4 њазору 650 нафар дар назарпурсї ширкат кардаанд. Баландтарин нишондод дар таърихи назарсанљињои сомона (баландтарин нишондоди ширкат дар гузашта 1 њазору 300 нафар буд). Он њам рўзњое, ки дастрасї ба сомонаро бархе ширкатњои интернетрасон дар кишвар мањдуд кардаанд. Аз ин миён 52% ё 2 њазору 424 ба гузинаи "Олї, сифати таълиму тарбияи хуб доранд" раъй додаанд. Ин раќамњо ѓайриинтизор буданд. Барои муайян кардани асли воќеа дар пайи як тањќиќи кўчак шудем. Рў овардем ба IP - адресњо, ки бештар аз куљо овоз додаанд. Аксари овозњо аз Туркияанд. Аз соати 14:02 то соати 14:26 (анљоми назарсанљї)-и 2-юми июн 108 нафар посухи "Олї, сифати таълиму тарбияи хуб доранд"-ро интихоб кардаанд. Аз ин танњо 3 муштарии Вавилон аз Тољикистон. Ин ширкат дастрасї ба сомонаи моро масдуд накардааст. 6 нафар аз Нигерия, 3 нафар аз Олмон, 2 нафар аз ИМА, якнафарї аз Фаронса, Тайланд, Малавї овоз додаанд. Боќї, 91 овоз аз Туркия дода шудааст. Бештари он аз Истамбул, хиёбони Tesviyaci аст. Танњо њамин назарсанљии хурд далел ба он аст, ки ин муассисањо фаротар аз мактабу дабистонанд. Як нукта маврид ба зикр аст. Њаводорони Гюлен ошиќона такрор мекунанд, ки пешвояшон тибќи назарсанљии маљаллањои англисиву амрикоии "Prospect" ва "Foreign Policy" дар миёни интеллектуалњои љањон љои аввалро гирифтааст. Ин сир зиёд пўшида намонд. Муњаррири "Prospect" Том Нателл моњи сентябри соли 2008 гуфт, хостанд 100 нафар инттелектуали љањонро муайян кунанд. Дар садри љадвал Фатњуллоњ Гюлен ќарор гирифт, касе ки дар борааш њатто сардабири маљалла чизе нашунида буд. Ў наќл кардааст, ки дар ибтидо овозњои аз њама зиёдро нависандаи перуї Марико Варгос Лиоса ва Гарри Каспаров гирифтанд. Баъдтар собиќ витсе-президенти Амрико Алберт Гор онњоро гузашт. Аз он, ки овозњои Гюлен њар лањза хеле зиёд мешуд, гумон мекунанд, ки шояд сомонаро шикастаанд. Аммо маълум шуд, ки бо таблиѓи расонањои зери нуфузи Гюлен њаводоронаш ба ў овоз медодаанд. Гюлену мактабњояш дар Тољикистон он ќадар таблиѓу ташвиќ мешаванд, ки дар худи Туркия ба ин њад нест. Фатњуллоњчиёни тољик аз њисобу адибону рўзноманигорон кам нестанд. Вазорати маориф ва љаноби Нуриддин Саид бояд ба дарки ин нукта расида бошанд, ки онњо на бо мактаб, балки бо як шабака сару кор доранд. Ин њарфњоро ба вазири ќаблї, њоло ёрдамчии президент Абдуљаббор Рањмонзода гуфтан мушкил буд, чун фарзандаш дар ин мактабњо мехонд. Агар имрўз Нуриддин Саид тасмими санљидашуда нагирад, дар ояндаи на он ќадар дур натиљаи тасмими ўро шоњид хоњем шуд. Он ваќт муайян мешавад, ки "пўстинро барои кайк ба оташ задаанд" ё роњро барои "нерўи нарм"-и туркї њамвор карда будаанд...


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

8

МУСОЊИБА

Мустафо Таѓоев (Мустафо-Командир):

"Намегузорем, ки Тољикистонро ба хоку хун кашанд" Замоне буд, ки аз шунидани номи Мустафо Таѓоев, маъруф ба "Мустафо - Командир" ё "Мустафо - Ќурбошї" дар Варзобу Душанбеву Њисор ба бадани мардум мурѓак медамид. Ўро "беки Варзоб" мегуфтанд. Аз ў њама метарсиданд, аз поён то боло. Аз соли 2001 замоне, ки зиндон шуд, ў ба гўшаи фаромўшї рафт. Аз зиндон берун омад ва он Мустафое набуд, ки дар гузашта буд. Овозаи ба Гулмурод Њалимов, фармондењи фирории Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН - и вазорати корњои дохилии Тољикистон пайвастани ў моро водор кард, ки ба љустуљў афтем. Пас аз ду рўз ва дањњо занги телефонї, ки њар лањзааш гумонњоро ба яќин наздик мекард, ўро пайдо кардем. Овозањо ботил баромаданд, аммо мўљиби шинохти нави мо аз Мустафо Таѓоев шуданд. Ў ба идораи "Нигоњ" омад. Ин Мустафое набуд, ки дар борааш мешунидем. Воќеан, овозаи Рустам бењ аз Рустам будааст. Ќурбошї ќариб, ки барои исботи њар фикраш пораи шеърї меовард. Мо як размандаи Фронти Халќї на, як шахси шеърдон њам на, балки як шоиру олимро пеши худ медидем... Њамин тавр, суњбати мо аз сабаби - фирори полковники милиса Гулмурод Њалимов шуруъ шуд: - Аввал ин, ки ман ин касро намешиносам. Ваќте фармондењи низомиву соњиби гапу кор будем, инњо кўдак буданд. Як шахси маъруфу маълум набуд, ки ман ўро шиносам. Зарурате њам барои ин ошної надоштам. Фармондењ њам шуданд, дилу гурда намекарданд, ки бо ман рўбарў шаванд. - Шояд ин овозањо ба он хотиранд, ки њарду аз як обрав њастед ё... - Ин овозањоро одамоне ба миён меандозанд, ки маро намешиносанд ё маро дар њамон љойњо дидан мехоњанд. Бо ин овозањо теша бар решаи давлату афроди алоњида заданианд, бехабар аз ин, ки теша бар решаи худ мезананд. Ман як њарф дорам, агар хоки тољикро њама тарк кунанд, ман намеравам. Њама раванд њам ман ин замини муќаддасро тарк намекунам. - Њамчун як шахсе, ки низомї будед, дар вазорати корњои дохилї кор кардед, чї фикр доред, пайвастани як фармондењи ОМОН ба "Давлати исломї" чї маъно дорад? Ин ягон амалиёти махсуси хадамоти љосусии ягон кишвари хориљї аст, ё чї? - Пеш аз њама ин ватанфурўшї, хиёнат, бешарафї ва беномусї аст. Ин ќабил мардум миллат надорад. На фаќат варзобї нест, балки тољик њам нест. Садќаи ин миллат шавад. Бинед, ки ба ў рањбарону њамяроќонаш бовар карданд, дар канораш љангиданд, шањид шуданд, аммо онњоро фурўхт. Худатон фикр кунед, падару модар, зан, фарзанду хонаву дарашро монда, кадом одами соњибаќл ба як љанге меравад, ки ба ў њељ муносибат надорад? Љињод мекунї, барои дифоъи падару модар ва зану фарзанди худат кун. Хонаи худатро њимоят кун, на рафта хонаи њамсояро оташ зан. Он љо як армияи зомбишудањо аст. Тасаввур кунед, аз Тољикистону Ўзбакистону

«

Русияву Чин рафта, Сурияву Ироќ ва Покистону Афѓонистонро хароб карда гаштаанд. Зану фарзанди худро тарбия накарда, чї тавр рафта, зану фарзанди њамсояро тарбия мекунї? Онњоро ин љо монда, хору зор куниву бероња шаванд... ин ба куљо рост меояд? На фаќат ба ќонун, ба ислом њам рост намеояд. - То куљо бовар доред, ки як "Давлати исломї" дар олами ислом ба вуљуд ояд? - Рўи кор омадани њамчунин давлат ѓайриимкон аст, зеро ислом њадду сарњад надорад, намешавад дар як ќаламрав онро тасаввур кард. Ќавли Худованд аст, ки тамоми рўи олам сарзамини ислом аст. Агар давлати исломї шавад, масалан, ба иловаи Ќуръон, боз Сарќонун бояд дошта бошад, ки бидъат аст. Њизб њам бидъат аст. Касе барои ислом ба номи "давлати исломї" мехоњад њудуд эљод кунад, хато мекунад. - Аз нигоњи Шумо, пушти тарњи "Давлати исломї" кї меистад? - Пушти њама пул меистад. Ин гуруњњо Толибон, Боко Њаром, Ал - ќоида ва ѓайраву њоказо мустаќил нестанд, ќудратњое онщоро эљод мекунанд, ба онњо пул медињанд, ки ба њадафњои худ расанд. Онњо асосан дар минтаќањои алоњидае фаъолият мекунанд, ки дар ихтиёри њукуматњо нестанд. Дар њамон Зоњидону Вазиристону Кашмиру Ироќу Сурия ва Афѓонистону як ќисми Покистон њукумат, ки нест, инњо дасти дароз доранд. Инњо на ватан доранд, на мардум аз онњо њимоят мекунад, на ягон сомони байналмилалї. Њамин, ки вазифаашонро иљро карданд, пуштибонњояшон пул намедињанд ва инњо аз байн мераванд. Шукри Худо, Тољикистон ягон гўшае надорад, ки дар ихтиёри њукумат набошад. Мо узви сомонњое њастем, ки барояшон амнияти То-

Либоси сафедро бартарї медињад, масалан, њољињо сафед мепўшанд, њатто кафан њам сафед аст. Мардуми мо аксарият мусалмонанд. Ислом мегўяд, се рўз барои наздикатон азо гиред. Пеш мегуфтанд, ки њељ кас сиёњ напўшад, либоси кабуд пўшад ва њамон њам бояд гул дошта бошад, зеро марг њаќ аст, амри Худо аст, одам набояд ба он норозигии худро нишон дињад.

«

љикистон муњим аст. Иншоаллоњ, пои онњо ба сарамини мо намерасад. - Дар наворе, ки пахш шуд, Гулмурод Њалимов мегўяд, як маротиба дар Русия, се маротиба дар Амрико тамрини касбї кардааст. Оё ин имкон дошт, ки ўро хадамоти љосусии кишварњои хориљї ба "Давлати исломї" љалб карда бошанд? - Дар тамоми дунё ин таљриба њаст, ки афродро ба ин ё он њадаф хадамоти љосусї истифода кунанд. Инро намешавад рад кард. Аммо онњо одамони беиродаву бефањмро ёфта, ба гап медароранд. Њамонњоеро, ки аз љар пар гўянд, мепарад. Ин бача њам аќл медошт, ба ин роњ намерафт. - Гулмурод Њалимов, як низомии масъул буд. Фирорашро бо ин асоснок мекунад, ки ваќте дид ба њиљоби занону риши мардон њукумат кор гирифт, тарки вазифа кард. Яъне мањз ин сиёсатњо ўро тањрик додаанд... - Дар њаќиќат њиљоби "сиёњ"-е, ки аз хориљ оварданд, аз мо нест. Бовар кунед, мебинї, ба њиљоб њам монанд нест. Занонро барљастатар љолиб мекунад, ки ин хоси мо - тољикон набуд. Зани тољик аввал иффату њаё дорад. Соњиби либоси миллии худ аст, ки аз ягон либоси хориљї монданї надорад. Туркманистонро бинед, ки чї тавр либоси миллиашонро эњтиром мекунанд. Дар ислом сиёњпушї нест. Либоси сафедро бартарї медињад, масалан, њољињо сафед мепўшанд, њатто кафан њам сафед аст. Мардуми мо аксарият мусалмонанд. Ислом мегўяд, се рўз барои наздикатон азо гиред. Пеш мегуфтанд, ки њељ кас сиёњ напўшад, либоси кабуд пўшад ва њамон њам бояд гул дошта бошад, зеро марг њаќ аст, амри Худо аст, одам набояд ба он норозигии худро нишон дињад. Либоси бегона њам бегонапарастї аст. Кадом намуд, ки набошад. Њамон либоси миллии худро, ки модарамон мепўшиданд, пўшем бењтар аст. - Бубинед, дар навори Гулмурод Њалимов омадааст, ки вазири корњои дохилї фармон додааст, то њиљобпўшонро шарманда кунанд ва бо ин роњ нишон дињанд, ки занони њиљобпўш ба бадахлоќї низ машѓуланд... - Ин гапњо сирф дуруѓанд. Њастанд онњое, ки њиљобро барои нигањ доштани иффат мепўшанд, њастанд онњое, ки онро василаи бадахлоќї мекунанд. Аз худи одам ва ахлоќаш вобаста аст, на либосаш. Њиљоб доштан њанўз мусалмон будан нест. Бузургон мефармоянд: Дар дил њама ширку саљда бар хок чї суд, Бар љисми палид љомаи пок чї суд? Зањр аст гуноњу тавба тарёки вай аст, Чун зањр ба дил расад, тарёк чї суд? Љониби дигари масъала ин аст, ки то ба чашми худ набинї бовар накун. Дар замони љанги дохилї мо њам дида будем, ки аз номи мо чї корњо мекарданд. Масалан, як ваќт марде даъво кардааст, ки Мустафо - командир ба хонаи ман даромада, чор кабку ду мурѓи маро гирифт. Гуфтам, ки биёред. Оварданд. Пурсидам, мешиносї Мустафоро? Гуфт, бале. Гуфтам, ман њамон командир. Њайрон шуд. Як марди оддї буд ва ба ў фањмондам, ки ман он замон муовини раис ва баъд раиси ноњия будам, наход раиси ноњия ба хонаи як марди фаќир даромада, ин корро кунад? Ба ин гапњо гуфтаниям, ки ваќте як кас

вазифа дорад, аз номаш њар гапро овоза мекунанд. Агар ин бача мард мебуд (манзур Гулмурод Њалимов - «Нигоњ»), аз вазифааш истифода карда, гапашро ба вазир њамон ваќт мегуфт. Имрўз осон аст аз дур истода, њар дуруѓро гуфтан гирад. - Соли 2001 суд Шуморо бо иттињоми куштор, одамрабої, гаравгонгирї ва ѓайра 25 сол равонаи зиндон кард. Ин иттињомот дуруст буданд? - Њељ яке поя надошт. Ман дар умрам касеро накуштаам. Бигзор, њар кас ин даъворо дорад, ки як бурда нонашро ба зўрї гирифта, молашро дуздида ё зиён расонда бошам, ё гўяд, ки фалониро куштї, ман дидам, биёяд, исбот кунад, ман зиндаву саломат њастам, љавобашро медињам. Ин гапњоро одамони манфиатдор ба миён меандозанд, рўзноманигорон надидаву насанљида менависанд. Аммо ваќте сари коѓазу ќалами ман оед, чизе нест. Мо ба њимоят аз мардум сар баланд карда будем, на љинояткорї. Суворов мегўяд, касе љанги равонї дуруст мебарад, пирўз меояд. Бо зиндонї кардани мо њукумат њама ба ном љангсолоронро љобаљо кард. Ин њам як навъи тарбия аст. - Боздошти Шумо бо куштори Толиб Бобоев, собиќ муовини Прокурори генералии Тољикистон ягон робита дошт? - Ростї, ин нафарро ман умуман намешиносам. Бо марњум Нуруллоњ Њувайдуллоев ва Саломиддин Шаропов, прокуророни генералии собиќ, ки дар даврони вазнин ба миллат хизмат карданд, робита доштам. Бо Бобољон Бобохонов њам шинос будам. Он замон бо ягон кори давлатї шахсан ба худи Прокурори генералї мурољиат мекардам, на сатњњои поёнї. - Шумо 25 сол њукм гирифта будед. Иттињомотатон хеле вазнин буданд. Аммо њамагї 13 сол нишаста, озод шудед. Сабаб чист? - Кам шудани муњлати ман ягон сирре надорад. Сабабаш авфи президентї буд. Ман бо моддањои куштор, ќочоќи маводи мухаддир, бандитизм, терроризм, хиёнат ба давлат, ки њама авф намешаванд, муттањам нашудаам. Ин гуна моддањо дар парвандаи ман набуданд. Дар муддате, ки шиштам, њар сол ќонуни авф татбиќ мешуд ва дар нињоят исбот шуд, ки иттињомоти ман дуруѓ будаанд. Аз њамин сабаб, хизматњои маро дар барќарории сулњу субот дар Тољикистон ба назар гирифта, маро сафед карданд. Њама њуљљатњоро дорам. - Дар замони љанги шањрвандї Шуморо як шахси берањм муаррифї мекарданд ва њамин тавр, мешинохтанд. Мегуфтанд, ки одамони Шумо зиёд худсарї мекунанд. Воќеан, чунин буд? - Њама овозаву дарвоза буд. Боз мегўям, ки бигзор, њар касе даъво дорад, биёяд, гўяд. Ман ба касе зиён нарасондаам. Соли 1996, он замон интернет набуд, як маљаллаи амрикоиро ба ман оварданд. Дар он љо навишта шуда буд, ки гўё тамоми дўкону корхонаи кўчањои Душанбе моли шахсии ман аст ва онњо ба ман њаќ месупоранд. Маљалларо гирифта, ба назди шахсони масъул рафтам ва бо шўхї гуфтам, агар чунин аст, ягон чї ба ман њам дињед, охир. Механдиданд. Якеашон аз таги миз њамон маљалларо берун оварда, гуфт, ки аз њамааш огоњем, ту бирав, хизмат кун. Нодидаву носанљида менавиштанд.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

БЕТАЊРИР

Дигар ин, ки ман аз соли 1992 то 1998 коменданти шањри Душанбе будам. Њамаи посгоњњои дохиливу вурудии шањрро ман назорат мекардам. Масъулият, ки доштем, гап дар бораи мо њам зиёд буд. Буданд мавридњое, ки касеро бо шаллоќ задаам, аммо њамонро њам зуд аз дилаш баровардаам. Дузд мебуд, пул медодам, ки дуздї накунад. Хона надоштанд, мусоидат мекардам, ки хона гиранд. Мегўянд, "ќуввати некї надорї, бад макун". Замони мушкил буд. Милисаро аз сифр сохтем. Ин маврид њам буд, ки рањбарон даъват карда, мепурсиданд, фалон кас милиса шуда метавонад. Мегуфтам, чун то њамин дараља расидааст, чаро нашавад? Мегуфтанд, тарбия кун. Њоло онњо сари коранд. Њама чї талаби давр аст. Ќурбошї одаме набуд, ки софу содда гиранду мањкам кунанд. Зарур донистанд, фармонбардорї кардем ва нишастем. - Чаро Шумо ба сиёсат, ба Фронти халќї њамроњ шудед? - То соли 1990 як замоне буд, ки агар варзишгар мебудї, сару либоси мўднок мепўшидї ва њам дар таги поят як Жигулии 011 мебуд, мегуфтанд, ки ин рекет аст. Мафкураи мардум танг буд, њамин ќадар мефањмиданд. Ман њам як бачаи дењотї, донишљў будам. Рекете буд ба номи Саиди Бунињисоракї, ки баъдтар фањмидам, бозори Баракату дўконњои гирду атрофашро "назорат" мекардааст. Дар бозор бо њамон бача гапамон гурехт ва боксёр, ки будам, як мушт задаму рафтам. Баъди задани ман бењуш шудааст ва ин њолро дида, онњое, ки дар њамон бозор ба ў ќасд доштаанд, ўро таги мушту лагад гирифтаанд. Ман ўро намешинохтам, лекин, масалан, бо худорањматии Мўсо - пањлавон рафиќи хуб будем. Аммо њамин задани ман аз ёди Саид набаромада будааст, ки ваќте майдоннишинињову нотинљињо сар шуданд, як гуруњ ба хонаам омада, маро бурданд. Дар Корхонаи гўшт як штаби бачањои оппозитсия буд. Гуфтанд, ки ин нафар аз роњбарони Майдони Озодї аст, дар асл ман умуман ба ягон майдон робита надоштам. Мехостанд маро пўст кананд. Аз онњо илтиљо кардам, маро

«

Ман њам як бачаи дењотї, донишљў будам. Рекете буд ба номи Саиди Бунињисоракї, ки баъдтар фањмидам, бозори Баракату дўконњои гирду атрофашро "назорат" мекардааст. Дар бозор бо њамон бача гапамон гурехт ва боксёр, ки будам, як мушт задаму рафтам. Баъди задани ман бењуш шудааст ва ин њолро дида, онњое, ки дар њамон бозор ба ў ќасд доштаанд, ўро таги мушту лагад гирифтаанд.

зинда нагузоред, вагарна ман шуморо ором намегузорам. Нав аз ноњияи лабам ба пўст кандан сар карда буданд, ки як њамкурсам пайдо шуд ва маро озод кард. Ростї, нангам омад. Ин вањшигариро бинед, ки як касро бесабаб, бегуноњ, туњмат карда, мехостанд пўст кананд. Барои њамин ба Фронти халќї њамроњ шудам. Ба майдони Озодї рафта, бо рањбаронаш робита барќарор кардам. - Гуфтед, ки бо Мўсо - пањлавон дўстї доштед. Хабар доред, ки кї чаро ўро кушт? - Мўсо инсони хеле љасур, нармдил, аммо соддаву зудбовар буд. Ваќте майдоннишинињо сар шуданд, њамроњи Мирзо гуфтанї љавон аз "Семзавод" ба хонаи ман омаданд. Он замон дар "Водонасос" зиндагї мекардам. Ўро насињат кардам, ки ба сиёсат њамроњ нашавад, зеро аз аввал маълум буд, ки як раванди нофањмо аст ва оќибати бад дорад. Ислом дар Тољикистон рушд дошт, аммо ќуввањое аз ин зиёдтарашро талаб мекарданд. Пас аз њамон мулоќот ўро дигар надидам. Дар бораи ин, ки ўро кї кушт, гапи зиёд аст. Аммо шахсан барои ман њаќиќат њоло рўшан нашудааст. Ягон ваќт шояд њама рўшан шавад, аммо агар аз дасти ман меомад, намегузоштам, ки ўро кушанд. - Шумо гуфтед, ки коменданти Душанбе будед. Чаро бо Суњроб Ќосимов њамроњ шудед? Ќаблан ўро мешинохтед? - Ман худ фармондењи Фронти Халќї дар ноњияи Варзоб будам. Суњробро аз солњои 80 - ум мешинохтам. Моњи декабри соли 1992 бо фармони №2 - и вазири корњои дохилї, он замон Ёќуб Салимов ба ману Суњроб Ќосимов ва 4 нафари дигар унвони капитанро доданд. Суњроб Ќосимов сардори дастаи мах-

«

суси ВКД таъин шуд ва маро муовини ў таъин карданд. Њамагї 100 сарбоз доштем. Чун таъинот ин буд, саркашї накардем ва хизматро давом додем. - Аммо нафари асосї Шумо будед? Масалан, соли 1998 мегуфтанд, ки неруњои њукумат тањти фармондењии Шумо гуруњњои Ёќуб Салимов ва Мањмуд Худойбердиевро аз Тољикистон ронда буданд. Дуруст аст? - Бале. Ин гуруњи ман набуд. Нерўи њукумат буд, ки ман онро сарварї мекардам. Бо дастгирии њукумат амалиётро муваффаќона анљом додем. - Мегўянд, соли 1999 аз Суњроб Ќосимов људо шудед. Сабаби ин тасмим чї буд? - Ин гап комилан нодуруст аст, зеро ман то моњи июни соли 2001 муовини фармондењи дастаи таъиноти махсус будам. Бо хоњиши худ аз кор рафтам. Таќрибан пас аз 10 рўз маро дастгир карданд. - Њоло Тољикистон ба хатарњое, назири экстремизму терроризм, мувољењ шудааст. Њатто инро њам мегўянд, ки гуруњњои террористї метавонанд ба кишвари мо њамла кунанд. Назари Шумо дар бораи љалб кардани собиќ фармондењони Фронти Халќї ва ИНОТ ба мубориза бо онњо чї аст? Масалан, худатон омодаед, ки ба љанг равед? - Зарур бошад, раво бошад. Худоро шукр, мо артишу милисаву амнияти давлатї дорем. Аммо агар зарур шавад, бовар дорам, фармондењони пешин ба њукумат кўмак мекунанд, чун таљрибаи љангро доранд. Шахсан омодаам барои ватан љонамро фидо кунам, ки инњо боз Тољикистонро ба хоку хун нака-

ТАЪИНОТ Муњаммадзода Хуршед Иззатулло, фармондењи нави Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё ОМОН таин шуд. Таъини Хуршед Муњаммадзода ба маќоми фармондењи ОМОН дар њоле сурат мегирад, ки фармондењи пешини он полковник Гулмурод Њалимов аз Тољикистон фирор карда, ба иддаои худаш дар њайати гурўњи "Давлати исломї" мељангад. Полковник Хуршед Муњаммадзода 2-юми марти соли 1972 ба дунё омада, дорои маълумоти олии њарбї ва олии њуќуќї мебошад. Аз 13 майи соли 1990 дар сафњои маќомоти корњои дохилї фаъолият кардааст. Ќаблан ў дастурдењи калони ќисми њарбии 26251-и Вазорати мудофиа, ко-

Таъини фармондењи нави ОМОН баъд аз фирори Гулмурод Њалимов мандири взводи Бригадаи 4-уми таълимии савораи тирандози ин Вазорат ва муовини командир оид ба ќисми техникї ва аслињаи љангии ќисми њарбии 3502 ќўшунњои дохилии ВКД, сардори хадамоти Раёсати ќўшунњои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири ќисми њарбии 5453 ќўшунњои дохилии ВКД буд. Гулмурод Њалимов, фармондењи пешини ОМОН охири моњи апрел ѓайб зад ва охири моњи май бо нашри як навор аз пайвастани худ бо гурўњи "Давлати ис-

ломї" хабар дод. Дар ин навор Гулмурод Њалимов бо либос ва рўймоли сиёњ дар сар сухан мегўяд. Дар дасташ силоњи оташфишони латтапечшуда дорад. Дар навор аслан бо забони русї сухан карда, њатто бо тањдид низ мегўяд, ки бо "љињод" ба Тољикистон хоњад баргашт. Аммо Гулмурод Њалимов дар ин навор дар бораи он сухан намекунад, ки чї тавр ба сафи гурўњи террористии "Давлати исломї" пайваст.

9

шанд. Амр шавад, ин гуна беномусњоро дар њамон Сурия њам нобуд мекунем. Инњо миллат њам надоранд, тољик њам нестанд. - Ваќте дар зиндон будед, ин хабарњо мерасид, ки он љо як сехи дуредгарї њам ташкил кардаед. Ин гапњо дурустанд? - Ба як мард 40 њунар кам аст. Хаттотињое, ки ман кардам, дар Маккатуллоњ њаст. Хаттотињои як масљиди калон дар Мастчоњро ман карда будам. Ин касби падариамон аст. Дар зиндон мактаби дуредгарї ташкил карда, чанд нафари дигарро њам омўхтем. Соли 1979 ман дар як донишкадаи низомї дар Алма - ато мехондам. Мехостам низомї шавам. Њамзамон бо бокс машѓул будам. Чемпионњои љањон Серик Конакбаев ва Виктор Савченко устодонам буданд. Муњаммад Алиро зинда дидаам ва дар суњбаташ нишастаам. Узви тими ССКА - и вазорати дифоъ ва мунтахаби СССР будам. Мутаассифона, љароњати вазнин бардошта, тањсил дар донишкадаи низомиро натавонистам идома дињам. Соли 1985 ба Душанбе омада, соли 1990 факултаи забону адабиёти тољики Донишгоњи омўзгориро хатм кардам. Шеър њам менависам. Ду китоби шеър дорам. Рисолаи докторї њимоят кардаам. 10 тањќиќу маќола дар улуми кимиё, нуљум, равоншиносї, фиќњи исломї ва ѓайра таълиф кардаам, ки оромиву тинљї бошаду умр вафо кунад, њамаро ба нашр мерасонам. - Мардуми Тољикистон њама аз љое омадаанд. Бобу љадди Шумо аз куљо омадаанд? - Бобу љадди мо аз Дањбеди Самарќанд буданд. Азбаски 1000 соли ахир таърих бо тољикон њамеша љафо мекард, баъди њуљуми муѓулњо зиёиёни он замон, аз љумла эшону сайидзодањоро таъќиб мекарданд. Бобоям бо ду писараш - Юсуфбек ва Ањмадбек аз Самарќанд ба Њисор фирор карда, њамин дараи Варзобро мањалли сукунат ихтиёр мекунад. Сарват доштанд, човандози моњир буданд. Тиљорат мекарданд. Мо аз фарзандони Ањмадбек њастем. Ин як ќиссаи дуру дароз аст... - Чаро Шуморо Мустафо - Ќурбошї меноманд? - Ин тахаллусро мардум намондаанд. Шахсони бонуфузи он замон маро чунин хитоб мекарданд. Як сиёсату ѓурур, ки доштам, дуруст гап мезадам, дар љаласањо мегуфтанд, ки дар њаќиќат дар байни шумо њамин нафар Корвонбошї аст. Њамин тавр, ин лаќаб ба ман монд. - Ягон бор ба ин фикр мешавед, ки давратон гузаштаву дигар даркор нестед? - Мавлавї Љунунї мегўяд: Дафтари дарди ѓами ишќ ба бедард магў, Варна ашк аз дидаи хурду калон мерезад. Чаро чунин фикр кунам? Даври нафаре, ки дар хизмати мардум аст, њељ ваќт намегузарад. Ман вазифаамро иљро кардам, аммо худро бознишаста њис намекунам ва њамеша ба хизмати мардуму миллат омодаам. - Њоло ба чї кор машѓулед? - Тиљорат. - Гуфтед, ки факултаи забону адабиётро хатм кардаед. Шеър менависед, ќисса кўтоњ, соњибќалам њастед. Ёддоштњоятонро навиштаед? - Њоло не. Тамоми мавод омода шудааст, фаќат ваќти нишаста навиштан зарур аст. Њарчї набошад, мо шоњиди њодисањои муњим ва тањаввулоти зиёди ватан будем. Суњбати Далери ХАЙРУЛЛОЊ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

Коршиносон дар амалкардњои ахири президенти Амрико фољеаро дидаанд, ки мањбубияти ўро чун сарвари як ќудрати љањонї ќариб ба сифр баробар кардааст. Таваљљуњи воситањои ахбори кишварњои олам ба амалкардњои "Давлати исломї" дар Ховари Миёна њамвора рў ба афзоиш аст ва худи рўйдодњо дар Сурия ва Ироќ аз хабарсозтарин њаводиси оламанд. Љолибтар аз њама - таќрибан њама дар пушти шонањои ДОИШ мањз Амрикоро мебинанд. Ин гуфта, ки ДОИШ сохтаи Амрикост ва ё њаддиаќал пуштибони аслии он асту ин созмонро ба њадафњои худ истифода мебарад, таќрибан дар кули маќолањои тањлилї зикр мешавад. Ахиран нашрияи туркии "YeniSafak" матлаберо дар њамин замина интишор дод ва муаллифи он талош кард, то асноди сирран махфии иртиботи ДОИШ бо ИМА-ро расонаї кунад. ДОИШ хеле бо як суръати кайњонї пешрафт мекунад, шањру рустои зиёдеро аз тасарруфи неруњои давлатї дар Ироќу Сурия берун мекашад ва ќаламрави худро густариш медињад. Дар Ироќ ин созмон пойгоњњои мансуб ба амрикоињоро зудтару осонтар ба даст меорад, чашмањои нефтиро ба худ ихтисос медињад ва истихрољу тиљорати онро зери назорат мегирад. Агар ихтилоф миёни Баѓдод ва Вашингтонро дар ќазияи суќути Рамодї пеши назар орем, як сањнаи ошкори пуштибонии амрикоињо аз доишиён намудор мешавад. Њамзамон бо ин фармондењи аршади Сипоњи Ќудси Эрон Ќосим Сулаймонї гуфта буд, ки "ИМА барои љилавгирї аз куштори ДОИШ кореро анљом надод ва ин худ

Варзиш дар њама давру замон як абзори сиёсї будааст. Бахусус замонњои "љанги сард", ваќте ду системаи љањонї зидди њамдигар дар сангари идеоложї ќарор доштанд, борњо шуда, ки баргузории муњимтарин бозињои варзишї дар ќаламрави якдигарро бойкот кардаанд. Соли 1979 Иттињоди Шўравї вориди Афѓонистон шуд ва соле баъд Амрико ва муттањидони аврупоии вай Олимпиадаи Маскавро бойкот карданд. Соли 1984 варзишгарони Шўравї аз ширкат дар Олимпиадаи Лос-Анљелес даст кашиданд. Ин тасмимњо берун аз ихтиёроти варзишгарон буданд (чун онњо чањор соли расо мунтазири як озмоиши нерў ба сар мебаранд), вале сиёсатмадорон ба ин эътибор намедоданд. Метавон аз бозињои хоккей миёни СССР ва Канада, мусобиќоти баскетбол, бокс ва чанд навъи дигари варзиш њарф зад, ки сиёсї шуда буданд. Фољеаи варзишгарони Исроил дар Олимпиадаи Мюнхен дар соли 1972, ки бар асари он 11 нафар кушта шуданд, варзиш ва сиёсатро бо терроризм олуда кард. Аз сўи дигар, таърих ёд дорад, ки варзишро чун фишори сиёсї њам истифода кардаанд. Чунончї, соли 2012 сиёсатмадорони маъруфи аврупої ба хотири Юлия Тимошенкои зиндонї бахши укроинии мусобиќоти аврупоии футболро тањрим карданд. Соли 2014 бошад ба хотири Лукашенко Иттињодияи Аврупо Белорусро аз њаќќи баргузории бозињои љањонии хоккей мањрум намуд. Кор ба љойе расид, ки Рене Фазел - сарвари Федератсияи љањонии хоккей аз чунин муносибат изњори нохушї кард ва гуфт: "Мо набояд бозичаи дасти сиёсатмадорон бошем. Варзиш бояд ба сулњ ва ифтитоњи марзњои нав мусоидат кунад, мо бояд ихтилофи назарро ба худи си-

ЉАЊОН Аз сўи дигар, баъди рўйдодњои охир дар Ромадї ва Палмира интиќодоти байналмилалї аз сиёсатњои Барак Обама дар Ховари Миёна бамаротиб афзуданд ва аксари касоне, ки ин њаводисро пайгирї мекунанд, бар ин назаранд, ки Обама доктринаи даќиќ надорад. Доминик Моизи аз нашрияи фаронсавии "Les Echos" бар ин назар аст, ки баъди талафоти шармовари Ромадии Ироќ ва Палмираи Сурия ва ин њам дар остонаи интихоботи президентї дар Амрико, дар сартосари олам интиќодоти бесобиќа аз сиёсатњои Кохи Сафед шуруъ шуд. Ва суолоте, ки тањлилгарон дар миён мегузоранд ин аст, ки оё Барака Обама медонад, ки бо Ховари Миёна чї кард? Оё вай биниши мантиќии стратегї дорад? Замоне Колин Пауэлл, котиби давлатии ИМА дар даврони Буши хурдї Ховари Миёнаро ба дўкони зарфњои шикаста шабењ дониста буд ва мегуфт: "шикастї - бихар". "Амрико Ироќро шикаст,

Ховари Миёна дўкони хумњои шикаста баёнгари он нукта аст, ки вай шарики ин сўиќасд мебошад". Муаллиф аз асноди расмї ва сиррие хабар медињад, ки аз вазорати умури хориљї ва наќшањои минтаќавии Амрико ба як "вазорати дифоъи ИМА дастрас шудааст. Ин аснод арзёбии Раёсати иктишофии вазорати мудофеа (Defence Intelligence Agency (DIA)-ро ошкор мекунад, ки тибќи он ДОИШ метавонад барои фоидаи стратегї" таб-

дил ёбад. Дар њуљљати раёсати кашфи вазорати мудофеа мехонем: "Ѓарб ба тавсеъаи "Давлати исломї" барои он мусоидат мекунад, ки он низоми Сурияро дар инзивоъ ќарор дињад". Нашрия менависад, ки ин љо муњимтар аз њама санаи омода шудани ин њуљљат аст. Аввали соли 2012, ки њанўз Мосулро ДОИШ ишѓол накарда буд. Њатто тасвири нопурраи вазъ баёнгари он нукта аст, ки ИМА низ барои даст ёфтан ба маќсад ва њимоя аз њадафњои сиёсии хеш дар минтаќа аз шевањои ишѓолгарони рус дар Афѓонистон истифода мебарад. Вашингтон масъули драмањои башарист ва мањз сиёсатњои иштибоњии ин кишвар муљиби бесуботињо дар Афѓонистон ва Покистон шудааст. Гузашта аз ин, вай дарњоро барои њузури Амрико дар ин кишварњо, њамчунин дар минтаќаи Осиёи Марказї боз кард. Ин љо метавон суханони президенти собиќи Афѓонистон Њомид Карзайро иќтибос овард, ки гуфта буд: "Амрико Толибонро душман намењисобад".

Футболи "сиёњ" Кї ва чаро мехоњад бозињои љањонии футбол дар Маскавро сиёсї кунад?

ёсатмадорон гузорем. Манъ кардан ва ё тањрими бозињои варзишї худи варзишро камарзиш мекунанд". Ва имрўз. Дар остонаи баргузории интихоби сарвари Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар Швейсария шаш маќоми баландпояи он бо шумули ноиби президенти созмон Жеффри Уэбб ба иттињоми фасод, шустушўи пул, сўистифода аз вазифа ва ѓайра дастгир шуданд. Ба гуфтаи маќомоти амрикої, мансабдорони ФИФА бештар аз 100 миллион долларро ришва гирифтаанд ва боз ин

њама пардохтњои ѓайриќонунї бо воситаи бонкњои амрикої анљом шудаанд. Амалиёти боздошти онњо дар шањри Сюрих, ки конгресси ФИФА доир мешуд, баргузор шуд. Кормандони пулис калиди мењмонхонаеро, ки онњо истиќомат доштанд, талаб карданд ва ин шаш танро аз утоќњои хобашон берун оварданд. Сарнавишти онњоро дар ИМА баррасї мекунанд, аз ин рў, ќарор аст дар наздиктарин фурсат онњо ба ин кишвар истирдод шаванд. Дар маљмуъ маќомот 14 нафарро ба ин љурмњо муттањам медонанд. Ин љо сухан аз

на танњо артиш, балки кулли миллат чун шикастапора аз њам пош хўрд. Пас чаро њоло барои кишваре, ки амалан вуљуд надорад, хун рехт?" - суол мегузорад муаллиф. Ба навиштаи ин тањлилгар, Амрико аз рўз ба рўзи дигар дар беназмињои Ховари Миёна назоратро аз даст медињад. Муаллифи маќола мегўяд, љисман аз миён бардоштани Усома бин Лодан амали мусбате буд, вале ихрољи неруњо аз Ироќ тадбири сариваќтї набуд, балки як иќдоми саросемавор мањсуб мешавад. Ба андешаи Доминик Моизи, "Обама талош дошт дар таърихи Амрико чун президенте боќї монад, ки ин кишварро аз дохил дигаргун созад ва ин талошаш ќобили дарк буд, вале њамаи ин пеши бебандуборињо дар олам ва заъфи сиёсати дипломативу низомии он њеч аст. Њамин аст асли њамаи фољеа". Бобољони ШАФЕЪ

ришвае меравад, ки кишварњои мизбон дар бозињои љањонї додаанд, њамчунин пулњое, ки аз муоњадањо дар љараёни омодагї ба чемпионати љањон соњибї кардаанд. Ин бор њадаф Зепп Блаттер буд, ки Русияро љойи баргузории мусобиќоти байналмилалии футбол ќарор дод. Шояд агар рўёрўии Ѓарб бо Русия дар масоили Укроин намебуд, таъини макони баргузории мусобиќаи љањонии футбол чандон таваљљуњбарангез њам набуд. Амрико ва муттањидонаш аввал фишор оварданд, ки Блаттер интихоб нашавад, вале чун кишварњои узви Федератсияи љањонии футбол бо аксари оро ўро барои панљумин бор сарвари ФИФА пазируфтанд, њоло талош мекунанд, ки бо хоњиши худ истеъфо дињад. Та ба ин лањзањо маќомоти зидахли амрикої Блаттерро дар њеч љурми содиркардаи њамрањони боздоштшудааш гунањгор намедонанд ва агар ба додгоњ њам даъват шавад, ба сифати шоњид меравад. Аммо фишори сиёсї ба Русия афзуд, давлатњои Аврупо бо даъвати Британияи Кабир ахиран тасмим гирифтанд масъалаи лаѓви ширкат дар бозињои љоми љањонии футбол дар Маскавро баррасї кунанд. Интихоби Блаттер оламро бори дигар ба ду таќсим кард: љонибдорон ва мухолифони ИМА. Аммо ин бор њам варзиш ранљ мебинад. Сарнавишти Шўравї ба меросбари он Русия такрор мешавад. Яќинан Маскав низ ќасос мегирад, њарчанд адами ширкати вай, ки аксари муттањидонаш аз он пуштибонї нахоњанд кард, камтар њоизи ањамият хоњад буд. Њамин тавр, сиёсат футболро пеши миллионњо мухлис, ки низ манфиати инсонї доранд, "сиёњ" мекунад.

Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

ТАБЛИЃ

Томографияи компютерї

®

дар Бемористони Ибни Сино

Томографияи компютерї усули ташхиси ќабат ба ќабати бадани одамї мебошад. Ин усул бар асоси нурафкании рентгенї амалї мешавад ва имкон медињад аз њар узви лозим дар муддати кўтоњ тасвири сифатан хубе ба даст оварда шавад. Бемористон бо дастгоњи томогорафияи компютерии пешрафта, ки истењсоли ширкати "Siemens" мебошад, муљањњаз мебошад. Табиби радиолог Бењрўз Ќањњоров масъули ин дастгоњ буда, давраи такмили ихтисосро дар яке аз бењтарин бемористонњои Љумњурии Исломии Эрон гузаронидааст. Мо барои шарњи бештари мавзўъ бо чанд савол ба доктор Бењрўз Ќањњоров мурољиат кардем. - Доктор Ќањњоров, лутфан дар мавриди ташхиси томографияи компютерї маълумот бидињед ва бигўед, ки кадом навъи беморињо барои ин ташхис тавсия мешаванд? - Томографияи компютерї яке аз асоситарин ва пешрафтатарин усулњои ташхиси беморињои мухталиф дар тибби муосир ба шумор меравад. Ба воситаи ин дастгоњ беморињои зайлро хеле даќиќтар ва зудтар метавон ташхис кард:

- беморињои маѓзи сар, љароњатњои сар; - беморињои банду буѓум, устухонњо; - беморињои сутунмўњра; - беморињои гурда, љигар, испурч, ѓадуди зери меъда ва ѓ; - беморињои шохањои роњи нафаскашї (бронхњо) ва шуш; - беморињои гулў, гўш ва бинї (ЛОР) ва ѓ. Бояд ќайд кард, ки њангоми гузаронидани ташхис мизољ тањти таъсири нурафкании рентгенї ќарор мегирад. Бо вуљуди он ки мизони шуохўрї, ки мизољ њангоми гузаронидани ин ташхис мегирад, аз тариќи ТК назорат мегардад ва андозааш хеле поин аст, бояд зарурати њар ташхис љиддан асоснок бошад. Бинобар ин, танњо духтури мутахассис њаќ дорад ба мизољ тадќиќоти томографияи компютериро таъин кунад. - Доктор дар мавриди усулњои ташхис дар ТК каме маълумот медодед? - Аз ТК метавон њам чун усули ташхиси ибтидої (аввалия) ва њам чун усули ташхиси таъйидкунанда истифоа намуд. Усули ибтидої ё аввалия метавонад дар њамаи беморињое, ки зикр кардем,

мавриди истифода ќарор гирад. Усули таъйидкунанда танњо баъди гузаронидани ташхиси ибтидої бо ёрии УЗИ ва ё баъди тадќиќоти клиникї анљом мешавад. Инчунин барои гузаронидани ташхи-

11

си даќиќтари буѓумњо ва ба даст овардани тасвирњои боандозатар ба мизољ тадќиќот бо ворид кардани моеъи махсус таъин карда мешавад. - Оё мавориди манъи истифода аз ТК вуљуд дорад? - Мавориди хоссе дар истифода аз ТК вуљуд надорад. Ин усулро метавон ба мизољон дар њамаи њолатњо (њатто дар њолати кори сунъии шушњо) амалї намуд. Танњо занони њомила ва кўдакони хурдсол истисно мебошанд. Онњо пеш аз он ки дар томография компютерї ташхис бишаванд, бояд мавриди санљиши њамаљониба ќарор гирадн. Инчунин ворид кардани моъењои махсус ба як ќатор мизољон, ба хотири таъсири эљоди њассорсият мавриди муњокимаи људогона ќарор дода мешавад. Ва ќабл аз ворид кардани ин моеъњо бояд чорабинињои зидди њассосият (аллергия) анљом дода шаванд. - Оё нархи ин ташхис барои мизољон дастрасанд? - Ман фикр мекунам, нархњои мо дастрасанд. Ќимати ташхиси ТК дар бемористон 250 сомониро ташкил мекунад, ки пастарин ќимати ташхиси томографї дар љумњурї мебошад. Њамчунин барои касоне, ки полиси суѓуртавии ташкилоти

"Суѓуртаи миллї" доранд ќимати ташхис 30% арзонтар анљом мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар хоњишмандон метавонанд ба сойти расмии ташкилот - www.sugurta.tj - мурољиат кунанд.

ЉИНОЯТ Тафтиши парвандаи куштори бародарон Каримовњо аз ноњияи Њисор ба анљом расидааст. Бино ба иттилои як масъули Суди Олии Тољикистон, парвандаи куштори бародарон Фарњод ва Раљабалї Каримовњо ба Суди олии Тољикистон ворид шудааст. Фарњод ва Раљабалї 6-уми нобяри соли гузашта бо мошинњои тамѓаи "Тойота Кемри" раќами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва "Ренљ Ровер", раќами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, ѓайб зада буданд. Маќомот 18-уми ноябр аз пайдо шудани љасадњои бародарон дар љамоати Лоњури ноњияи Рўдакї бо аломатњои марги маљбурї хабар доданд. Фарњод 36 ва Раљабалї 46 сол дошт. Дар Суди Олї мегўянд, ки парвандаи мазкур мавриди омўзиш ќарор дошта, рўзњои наздик муњокимаи он оѓоз хоњад мешавад.

Ирсоли парвандаи куштори пурсарусадои бародарон Каримовњо ба Суди Олї Тафтиши ќазияи мазкур аз љониби Кумитаи давлатии амнияти миллї пеш бурда мешуд. Бо иттињоми ба ќатл расонидани бародарон Каримовњо 3 нафар аз љумла як нафар сокини 53-солаи ноњияи Њисор Абдулазиз Усмонов, муллаќаб бо "Њољї Самандар"-ро боздошт карда буданд. Шоми 24-уми ноябри соли гузашта дар шабакањои телевизионии Тољикистон наворе аз љониби КДАМ пањн гардид, хабар дода мешуд, ки ки њамроњ бо "Њољї Самандар" боз 2 тани дигар дастгир карданд. "Њољї Самандар" дар ин сўњбати видеої мегуфт, ки куштори Каримовњо барои маводи мухаддир сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи "Њољи Самандар" ў ба бародарон Каримовњо 100 кг маводи мухаддир фиристонидааст, аммо онњо маблаѓи ин борро ба ў пардохт накарданд. -Ман бояд онњоро ба ќатл мерасонидам, зеро онњо ќасд доштанд маро ба ќатл расонанд. 2 "киллер" аз ноњияи Њисор бо фармоиши ман онњоро ба ќатл расониданд, - мегуфт "Њољї Самандар" дар навор. Ду нафаре, ки барои ќатли бародарон киро шудаанд, якеаш ќаблан барои куштор 15 сол зиндонї шуда ва дигаре дар Русия барои љиноёти содиркардааш, дар љустуљў будааст. Онњо дар навор мегуфтанд, бо супориши "Њољї Самандар" баро-

дарон Фарњод ва Раљабалиро ба ноњияи Рудакї бурда аввал ба сари онњо халтањои селофанї андохта ва баъдан ба онњо тир кушоданд. Пас аз ин љасади бародаронро гўр мекунанд. Ќаблан, ин парванда аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї пеш бурда мешуд. Вазорат барои ин ќазия ситод таъсис дода буд. Аз ВКД гуфтанд, ки минбаъд ин парванда аз љониби муфаттишони Кумитаи амният пеш бурда мешавад. Фарњод ва Раљабалї Каримовњо дар шањри Душанбе кўчаи Нусратулло Махсум, хонаи 67/6 њуљраи 9 ба сар мебурданд. Баъди ѓайб заданашон бо мурољиати Мењроб Каримов, бародари гумшудањо маќомот дар пайи ќазия мешаванд. Аз љониби Вазорати корњои дохилї гурўњи махсус низ ташкил шуда буд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

БО ШОИР шудам ба ахтарон, Гуфт, ба нав шунидаем ин ѓазалу таронаро?! Гуфтамаш аз хаёли ту мурдани дил њаќиќат аст, Гуфт, ба номи поки њаќ, тўл мадењ фасонаро! Гуфтамаш, аз чї Озарахш бе ту нафас намекашад? Гуфт, на њар ки мекашад лаззати љовидонаро...

ХОБИ БЕДОР Манзума Дўш дар хоби бињиштоѓўши дил, Њотифе овоз зад дар гўши дил К-эй љавонмашраб, шунав ин достон, Аз сафои пирњои бостон. Пар кушо, бин, тоири хушболро, Рўњи поки њазрати Иќболро. Гирди олам гардгардон мепарад, Маснавињои навин меофарад. Месарояд дар мазори дилбараш, Бо забони нобтар аз шаккараш: "Як нафас бархез, эй донои роз, Ваќтро бедор соз аз хоби ноз Љўш зан љону љањони Шарќро Ин ба хуни офтобаш ѓарќро. Садњазоронбора пандаш кора нест, Дарди милёнсолаашро чора нест. Хезу дар набзи вуљудаш зарб нењ, Њикмати љоњу љалоли Ѓарб нењ. Мулки дар хоби гарон афтодаро, Аз паёмат як назар накшодаро. Асри нав њангомаи нав офарид, Номаву барномаи нав офарид. Сў ба сў дар осмон тайёрањо, Дар заминњо танкњо, сайёрањо. Хели киштињо равон бар обњо, Бо њазорон рангњову бобњо. Љавшану теѓу туфангу тирро, Шавкати шамшери оламгирро. Аз пули љайби мусулмонон харанд То мусалмони дигарро сар буранд… Зираке ганљи мусалмонро шинохт, Боиси ранљи мусалмонро шинохт. Ќисмати њафтоду дуро ёд кард, Љамъи мењрободро барбод кард. Мазњаберо шўр дод аз мазњабе Мактаберо бар алайњи мактабе. Аз бародар нобародар сохта, Њамравонро нобаробар сохта. Фитнае ангехт аз шайтон зиёд, Дар намози ошиќон шўриш нињод. То ѓурури анљуманро пора кард, Махзани дурри Яманро пора кард. Мулки Афѓон сўхт дар афѓони хеш, Бо ѓами бегонаву ёрони хеш. Дар Фаластин шири модар ѓарќи хун, Бар дањони кўдаки ќисматнагун. Дар Урупо аз дами шайхи араб, Ќасрњо мерўяду боѓи тараб. Мерасад оњанги сангин аз Ироќ, Во фироќо, во фироќо, во фироќ! Охир ин хориву бадбинї чаро, Ѓурбати шиъа чаро, суннї чаро? Пайрави Мўсову Исо сар ба сар, Масљиду дайру калисо сар ба сар... Дар љахон охирзамони њамдилист? Ё зи нав баргашта даври љоњилист? Ин ба буњрони сиёсї мекашад, Он ба банди иќтисодї мекушад. Лек бањри љумла авлоди башар, Кањтсоли бехудои сахттар… Эй, Худо, чашмони кўронро кушо! Дидаи аз аслдуронро кушо! "То мусалмонро мусалмонї расад, Гавњари имони инсонї расад!..." …Ногањони занги соат бо садо, Аз бињишти ёдњо кардам људо Соат, эй соат! Чунин кардї чаро? Кош, он хоби абад будї маро!

ОЗАРАХШ Хоби аз бедорњо бедортар, Оби аз саршорњо саршортар Ку нидои хотифи гўёи ваќт? Рўњи поки шоири яктои ваќт? Ку давоми достони њоли ман, Лутфњои њазрати Иќболи ман? Бе дами донандаи рози нињон, Пас чї бояд кард, аќвоми љањон?... Зор мондам, хастае, хунгаштае, Дар ѓами дилномаи нанвиштае…. 19. 05.2015.

БИЁ... Шаби дароз ќисса мекунанд Њаёти ошиќонаи маро ба боѓњо шамолњо Даруни синаам дубора зинда мекунанд Хуморњои мурдаро хаёлњо. На аз бањор шиква мекунам, на аз хазон, На аз камоли њусни ту, на аз заволи хеш. Мисоли шамъ мекунам сипоси сўхтан,Зи гиряњою хандањои бемалоли хеш. Шаби дароз ман шунидаам суруди хешро Зи њой - њойи гиряи сукут, Ки як замон ту гўш карда ханда мезадї, вале Худо гириста буд. Нигоњ кун чароѓњои кучабоѓро Чу дидањои ман хумор гаштаанд. Чинорњо - гувоњњои безабони мо Дубора интизори навбањор гаштаанд. Ман ин шаби дароз Ба ёди нозњои дилнавози ту намоз мебарам. Ба суят, эй таљаллии сапеда, панљаи ниёз мебарам. Биё!!!

ДЎСТАТ ДОРАМ Агар рўзе зи умрам монда бошад, дўстат дорам, Зи рўям давр рў гардонда бошад, дўстат дорам! Агар як лањза, як дидор, як умеди пайвастан, Њузури вопасинам хонда бошад, дўстат дорам Агар суям хазонрез охирин дасти бањорамро, Барои хайрбод афшонда бошад, дўстат дорам… Агар устоди дарси ишќ баъди бебарорињо, Маро аз мактаби худ ронда бошад, дўстат дорам Агар њамчун суруди Озарахши нотамомоњанг, Муњаббатномаам нохонда бошад, дўстат дорам… *** Бањори гул ба даври доманат афтод, ман дидам, Чаман дар њасрати пироњанат афтод, ман дидам. Насими субњидам нўшид шабнамрову мастона, Ба раќс омад, ба фикри хирманат афтод, ман дидам…

Хуморолуд хуршед аз баландї бўсаат мезад, Яке дар барги нози савсанат афтод, ман дидам. Чи савдо буду шўриш буду туѓён буду зебо буд, Љањони набз дар љону танат афтод, ман дидам. Намедонам, ки наврўз аз ту сар зад, ё ту аз наврўз, Ќиёмат дар канори гулшанат афтод, ман дидам. Дилам девона шуд монанди руди мављбаргардон, Зи тори зулфи бишкан-бишканат афтод, ман дидам. Ѓурури Озарахшат мисли мурѓи дастомўзе, Ба обу донаи сайдафканат афтод, ман дидам…

БА ЗАБОНИ АБАДИЯТ Сар барор аз об, эй нилуфар, Офтоб омадааст! Офтоби ошиќ Ташналаб бар сари об омадааст! Офтоб омадааст, ураи нур ба лаб, нур ба дил, нур ба чашм: Ишќро хор насозед, азизон, ишкро хор насозед ! Ишќ дар кишвари маънї рањи наздиктарин сўи назаргоњи Худост ! Ошиќї осон нест, Ошиќї кори њаваскору њавасбозон нест, Ошиќон дар сари имон Аз сари давру замон, ќавму макон, љону љањон мегузаранд. Ошиќон аз азал оѓози абад мељўянд, Ба забони абадият сухан аз рўзи азал мегўянд. Ошиќон чашм ба чашм аз њама бедортаранд, Ошиќон ёд ба ёд аз њама њушёртаранд, Бо њама бењамагї аз њама подортаранд. Ошиќон аз нафаси ѓайб нафас мегиранд, Ошиќон бо назари хоб назар мебозанд, Ба хаёли тапиши набз ѓазал мехонанд... Ошиќон огоњанд аз сабаби омадани об ба љўй, Ва аз он рањ, ки чи сон хоњиши чу љониби об омадааст, Ё чаро шоири ошиќ сўи дарё мегуфт: Сар барор аз об, эй нилуфар, Офтоб омадааст !!!

ЁР БАЊОНА МЕКУНАД... Ёр бањона мекунад садќа шавам бањонаро! Ними назар намекунад номаи ошиќонаро Гуфтамаш , эй назарбаланд, ин њама ноз аз куљост? Гуфт, зи дидаат бикаш айнаки ин замонаро Гуфтамаш аз замонањо мењри туро харидаам, Гуфт, ба мурѓакон бигў ќиссаи обу донаро Гуфтамаш, об гаштаам, гуфт, ки об равшанист, Гуфтамаш, об мурдаам! Гуфт бимон равонаро! Гуфтамаш, аз барои ту дўст

Омаданат чї давлат аст! Омаданат ба љони ман! Субњи сафои ќисмат аст, омаданат ба љони ман! Меваи шаккаринтарин, накњати анбаринтарин, Лаззати боѓи љаннат аст, омаданат ба љони ман Њусну латофато, биё, нозу назокато, биё, Маърифати муњаббат аст, омаданат ба љони ман! Шеваи нўшбарги гул, замзамаљўшбарги гул, Тозатарин тароват аст омаданат ба љони ман! Лањзаи мењрубон шудан, њамдилу њамзабон шудан, Соати тарки одат аст, омаданат ба љони ман Ављ бизан, биё, биё, мављ бизан, биё, биё, Замзамаи ќиёмат аст омаданат ба љони ман! Мањрами љони Озарахш, чони чахони Озарахш, Омаданат иљозат аст? Омаданат ба љони ман!

Гуфтиям дар чашм љо шав, чашм, љонам, чашм, чашм, Чашм шав, в-аз чашм во шав, чашм, љонам, чашм, чашм, Аз назар то бар назар худро бубин, моро нигар, Аз ману ту хезу мо шав, чашм, љонам, чашм, чашм Гуфтиям, бо айнаки рангини даврон хў макун, Дар сиёњињо зиё шав, чашм, љонам,чашм, чашм Чашма аз покизаљони сангњоро шиша дид, Гар сафо хоњї, сафо шав, чашм, љонам, чашм, чашм Гуфтиям, бењуда дарди дил ба ину он магў, Гўш шав, в-он гањ наво шав, чашм, љонам,чашм,чашм Акси хомўшии ту з-оњанги хомўшии туст, Инчунин акси садо шав, чашм, љонам,чашм, чашм Гуфтиям, эй Озарахш, ин чашм-чашми ту кам аст, Чашми чашми чашмхо шав, чашм, љонам,чашм. Чашм!

БА НОМИ ТУ Агар он турки Шерозї ба даст орад дили моро, Ба холи њиндуяш бахшам Самарканду Бухороро Хоља Њофиз (Кош арвоњи азизони гузаркарда бубахшанд маро) Ман ба ин шањри ќадим Номи нав хоњам монд... Мон, ки аз ман њама дилмонда шавад: Сари њар кўчаву бозор бигўянд ба њам, " Аз дусад бор бадал кардани номи ин шањр Нархи нон як дирам арзон нашавад..." Одамакњо ба њама сўи замон шиква баранд, Кинаљўён бинависанд шикоятнома, Дўстони хасаки дар рању рўй Дида рў гардонанд, Душманон шод шаванд... Њокими ваќт бигўяд бо ќахр, Инчунин шоири шўрида аз ин шањр равад! Њар чи бошад, бошад !... Ба сипоси нафаси сабзи гули райњонаш, Атри љонафшонаш, Ба сипоси ѓазали дарёяш, Нози маљнунбедаш, овояш, Ба хумори нигањи бодомаш, Хандаи гулфомаш, Ба наворези чинористонаш, Себзорону анористонаш: Ба таманнои њама зебої, Ба чунин замзамаи рўъёї Ман ба ин шањри куњан номи љавон хоњам монд: Номи туро !!!


РАВЗАНА Дар забони тољикї ду вожаи "пул" дорем. Ба навишти кирилї ин ду вожа омоним ва ё таљнис њастанд ва аммо дар навишти суннатии мо ба хати форсї на. Яке "пул", ки бидуни "вов" навишта мешавад, чизеро ифода мекунад, ки бар рўи рўду љўй аз чўб ё оњану бетон сохта мешавад ва ба њайси гузаргоњи мардум ва мошину ќатор хидмат мекунад. Дигар "пул" ки бо "вов" менависанд, коѓаз ва ё филизи бањодор аст, ки воситаи муъомила ва хариду фурўш ва бозаргонї аст. Ва тољикони имрўза њамарўза доираи истеъмоли ин ду вожаи муњимро тангтару тангтар мекунанд. Ба хусус, "пул"-и аввалро. Ба љойи он дар муњовараи мардум бештар "мост"и русї ва "кўпрук"-и ўзбакї, дар телевизиони тољик ва дар навиштањо аѓлаб "кўпрук" истифода мешавад. "Пул"-и тољикї танњо дар забони гурўњи хурде боќї мондааст ва метарсам ин вожаи ноби забонамон низ мисли садњо калимаи дигар аз истеъмол комилан хориљ бишавад. Ва аммо пули дигарро шиками гурусна ва ниёзњои њамасоъата намегузорад, ки фаромўш шавад. Ин пул пайваста дар сари забонњост, вале доираи истеъмоли он њам мањдуд шудааст. Масалан, ба љойи он ки бигўянд: Сандуќи байналмилалии пул, мубодилаи пул, пули миллї мегўянду менависанд: Хазинаи байналмилалии асъор, мубодила (ё табдил)-и асъор, асъори миллї. Њоло асли сухан аз асъор аст. Ку бубинем, ки ин вожаи номаънус ва гўшхароши арабї, ки бештар ваќт њам нодуруст истифода мешавад, аз куљо пайдо шудааст. Вожаи "асъор" ва таркиби "асъори хориљї" дар замони бозсозии Михаил Горбачев , ки дигар пули хориљї доштан ва харидану фурўхтанаш ва муъомила анљом додан бо он тахаллуф ба њисоб намеомад ва барои он касро ба додгоњ намекашиданд, аз форсии Эрон вориди забони тољикони Иттињоди Шўравї шуд ва чун бар асари озодињои иќтисодї доду ситади тиљорї бо кишварњои хориљї густариш ёфт ва саррофињо пайдо шуда, теъдодашон афзудан гирифт, ин калимаву таркибњо низ интишори густарда ёфтанд. Пас "асъор" чист? Дар "Фарњанги форсї"-и Муъин омадааст: "Асъор (арабї) љамъи сиър - 1. Нархњо, ќиматњо. 2. Арзњо" Ва баъд ирљоъ ба "арз" додааст, ки мо баъдан ба он хоњем баргашт. Фарњанги Амид низ зайли ин моддаи лу-

«

ѓавї њамин маъноњоро овардааст. Эронињо ин вожаро ба унвони истилоње (донишвожаи молї) шояд дар нимањои асри гузашта аз арабї иќтибос карданд ва онро барои ифодаи "пулњои хориљї" истеъмол мекарданд. Аммо акнун дар Эрон ин вожа истифода намешавад. Ба љойи он "арз"-и форсиро кор мефармоянд. Дар "Фарњанги форсї"-и Амид зайли "арз" омардааст: "….ва низ арз дар истилоњи тиљорат санади тиљоратї, ки арзиши он ба пули хориљї муъайян шуда бошад; пули бегона, ки дар дохили мамлакат хариду фурўш шавад, собиќан асъор мегуфтанд". Китобе, ки ман ин шарњро аз он иќтибос кардам, чопи шашуми "Фарњанги форсии Амид" аст, ки соли 1378, 15 сол ќабл мунташир шудааст! Яъне, за-

наовардаанд ва ё агар овардаанд, таъкид кардаанд, ки дигар истифода намешавад. Чунончи, дар "Фарњанги фишурдаи Сухан" : "Асъор (мансух) пулњои кишварњои хориљї; арзњо". Пас, модом, ки мо барои ифодаи ин мафњум вожаи зебои худї, яъне "арз"ро дорем ва њамзабононамон низ аз он истифода мекунанд, оё чї зарурат аст, ки вожаи бегонаи барои гўш дуруштро истифода бикунем? Аммо бадтар аз ин њам, ин амр аст, ки дар Тољикистон аз ин вожаи иќтибосї њам нодуруст истифода мебаранд. Ба љумлањои зайл таваљљуњ намоед: "Бонки миллии кишвар гуфтааст, бо њамин ќурби асъори миллиро Минск расман мустањкам кард". (СССР, № 2. 8 ян-

13

Ќодири РУСТАМ

"Асъор"- и миллї ё… Чаро тољикон аз ду "пул" ќимоб шудаанд?

моне ки тољикон вожаи номаънуси арабии "асъор"-ро аз форсии Эрон иќтибос карданд, худи эрониён дигар онро истифода намекарданд, ин аст, ки ин вожаро дар фарњангњои форсии муосир ё аслан

Дувум ѓалати истилоњї, яъне "асъор"-ро, ки пули кишварњои бегона аст, бо вожаи "миллї" ба њам оварда, таркибњои бемаънии "асъори миллї" ва "асъори тољик" сохтаанд. Зоњиран, ќаламбадастони тољик "асъор"-ро бо вожаи роиљ дар забонњои урупої - "валюта" њаммаъно донистаанд.

«

МАОРИФ

вари 2009). "Беќурбшавии асъори миллї ва баландравии нарху наво" (Фараж, № 22, 4 июни соли 2009) "Ќурби асъори тољик бошад дар њамин моњи май аз 34 сомонї барои як доллар то ба 50 сомонї боло рафтааст. (Фараж, № 22, 4июни соли 2009) "Њамзамон Н. Назарбоев варианти табдил додани яке аз асъорњои миллиро ба минтаќавї ва зиёда аз ин ба асъори захиравии љањонї рад кард". (Дунё, № 26, 25 июни соли 2009). Дар њамаи љумлањои боло ду ѓалат

њаст. Яке ѓалати забонист, ки "асъор"и љамъро ба маънии муфрад (танњо) истифода кардаанд ва муаллифи љумлаи охир њатто "асъорњои миллї" низ сохтааст. Дувум ѓалати истилоњї, яъне "асъор"-ро, ки пули кишварњои бегона аст, бо вожаи "миллї" ба њам оварда , таркибњои бемаънии " асъори миллї" ва "асъори тољик" сохтаанд. Зоњиран, ќаламбадастони тољик "асъор"-ро бо вожаи роиљ дар забонњои урупої - "валюта" њаммаъно донистаанд. Аммо чунин нест, "валюта" ба љуз маънои "пули хориљї", ба маънои "низоми пулии кишваре муъайян ва воњиди пули ин кишвар" низ истифода мешавад (С.И.Ожегов. Словар русского языка". Москва, "Русскый язык", 1984), аммо "асъор" шомили маънои охир нест. Ба маврид аст ба вожаи дигар низ њам, ки солњои охир дар забони тољикон фаровон истеъмол мешавад , ишора бикунем. Ин вожа "пайса" аст, ки аз забони тољикони Афѓонистон ба забони форсии ин суйи Ому ворид шуд ва ба маънои "пул" истифода мешавад. Ба забони тољикони Афѓонистон низ ин вожа эњтимолан аз забони "урду" ва ё "њиндї" дохил шудааст. Аммо асли вожа аз "байза"-и муѓулист ба маънои "аломат" ва "нишона" ва зарурат барои истеъмол надорад.

МАОРИФ

Нашри Очерки ёддоштии Абдуљаббор Рањмонзода дар бораи Соњиб Табаров

Китоби Абдуљаббор Рањмонзода, ёрдамчии Президенти Тољикистон дар бораи адабиётшинос Соњиб Табаров аз нашр баромад. Бино ба иттилои расмї, очерки ёддоштии Абдуљаббор Рањмонзода, ёрдамчии Пре-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

зидент оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа дар бораи Соњиб Табаров "Белинскийи тољик" унвон шудааст. Китоб дар нашриёти "Шарќи озод" ба нашр расида, дар он муаллиф кўшидааст, ки пањлўњои зиндагию эљод, кору пайкори адабиётшиноси маъруф Соњиб Табаров ба тасвир кашад. Рањмонзода аз шогирдони Соњиб Табаров мебошад. Ў устодашро пуркортарин пажўњишгари адабиёт, содиќтарин омўзгор ва якрўтарин мунаќќиди тољик ном бурдааст. Рањмонозода марњум Соњиб Табаровро аз "чењрањои барљастаи риштаи адабиётшиносї дар садаи бистум" медонад. Академик Соњиб Табаров 12-уми апрели соли равон дар синни 91-солагї аз њаёт чашм пўшида буд. Ў соли 1924 дар ноњияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омада, муаллифи беш аз 850 асару маќолањои илмї мебошад.

Мулоќоти Рамазон Рањимзода бо Фармондењи марзбонии Эрон Вазири корњои дохилии Тољикистон бо Фармондењи марзбонии Љумњурии Исломии Эрон њамкорињои ду кишварро баррасї кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 1-уми июн Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилии Тољикистон Фармондењи марзбонии Љумњурии Исломии Эрон генерал-майор Ќосим Ризоиро ба њузур пазируфт. Дар мулоќот њамкорињои дуљониба дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмиллї, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва амсоли инро баррасї кардаанд. Ќайд гардид, ки љонибњо барои рушди њамкорињои судманди байни маќомотњои ду кишвари бо њам дўсту наздик манфиатдор њастанд.


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ

ЛАТИФА

ОЁ ДОШТАНИ "АПТЕЧКА" БА РОНАНДА ШАРТ АСТ? - Ронандае, ки сандуќчаи тиббї, оташхомўшкунак ва аломати садамавї надорад, оё њуќуќи идора кардани воситаи наќлиётро дорад? Агар ин чизњоро ронанда надошта бошад, оё ин ќоидавайронкунї дониста мешавад? Њангоми надоштани ин чизњо оё аз ронанда љарима ситонида мешавад ё не? Парвиз БЎРИЕВ, сокини ноњияи Њисор - Тибќи талаботи банди 7.7. - и Ќоидањои њаракат дар роњњои Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27-уми декабри соли 1997, тањти №565 тасдиќ карда шудааст, дар автобус, автомобилњои сабукрав ва боркаш, тракторњои чархдор сандуќчаи тиббї, оташхомўшкунак, аломати садамавї (фонуси сурхи чашмакзананда) бояд мављуд бошад. Дар њолати мављуд набудани сандуќчаи тиббї ва оташхомўшкунак дар воситањои наќлиёт, ба ронанда дар асоси ќисми 2 моддаи 333-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба андозаи аз нисф то як нишондињанда барои њисобњо (аз 20 то 40 сомонї) љазои маъмурии љарима татбиќ карда мешавад. Ба саволи ШУМО аз Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ОЁ МЕДОНЕД? - ЧАРО ЧЎБИ НОЗИРИ БДА СИЁЊУ САФЕД РАНГ ШУДААСТ? Ин чўбча аз таърихи пайдоиши худ чандин бор таѓйири шаклу ранг намудааст.Ба танзимдарорандагони роњ дар аввал чўби дарозиаш 1метраи рангаш сафед доштанд. Пас аз Инќилоби Октябр он рангашро ба сурх иваз намуд. Аз соли 1922 сар карда, дарозии он 49 сантиметрро ташкил медод. Аммо чї хеле ваќт нишон дод, ранги сурх аз рангорангии кўчањо ба назар нопадид мегардид. Аз ин сабаб, ранги сурх аз байн рафт ва аз соли 1930 то соли 1939 кормандони милитсия ин асоро умуман истифода намекарданд, зеро дар он ваќт њаракати наќлиёт кам буд ва набудани ин асбобро њељ кас эњсос њам намекард. Аз соли 1939 сар карда, истифодаи ин асбобро оѓоз намуданд ва он ранги сиёњу сафедро гирифт. Ин ранг ногањонї интихоб нагардидааст, зеро чашми инсон ранги сиёњу сафедро зуд эњсос менамояд. Инчунин, њамаи дигар рангњо дар торикї хокистарранг менамоянд, аммо ранги сиёњ ва сафед њам дар торикї ва њам дар равшанї њамон сиёњу сафед боќї мемонад. Рустам РАЊИМОВ, сокини ноњияи Айнї

АКСИ ГЎЁ

*** Муштарї аз ќањвафурўш мепурсад: - Як истакон ќањва чанд аст? - 1 сомонї. - Шакараш чанд аст? - Эњњ, шакараш бепул. - Ин хел бошад, аз њамон шакараш як кило ба ман дињед. *** Духтаре як љавонро ба милисахона кашида оварду: - Ин беномус аз лабони ман ба зўрї буса ситонд,гуфта ба милиса арз кард. - Њалли ин масъала душворие надорад, - гуфт милиса. - Ту њам лаб ба лаб бару бўсаи ситонидаашро гашта бигир. *** - Аз шумо 50 сомонї љарима. - Барои чї? - Барои он ки дар љое, ки мумкин нест, моњї медоред. - Ман моњї намедорам, ман танњо кирмро оббозї дошта истодаам. - Ку кирмро ба ман нишон дињед. Ња! Аз Шумо 100 сомонї љарима! - Инаш боз барои чї? - Кирматон бе либоси шиноварї аст.

ОЁ АЗ ДОВТАЛАБОНИ ФАКУЛАТАИ ИЌТИСОДЇ ИНШО ГИРИФТА МЕШАВАД? - Шахсоне, ки пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи иќтисодиии Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шудан мехоњанд бояд кадом донишњоро дошта бошанд? Аз довталабони факулатаи иќтисодї оё иншо гирифта мешавад? Рамзи ихтисоси факултаи иќтисодиёти ДМТ дар Маркази миллии тестии Тољикистон тањти кадом раќам ё фењрист ќарор дорад? Довталаб бо даст овардани чанд хол шомили факултаи иќтисодии ДМТ дохил шуда метавонад? Љамшед РАЊМАТОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Барои дохил шудан дар факултетњои иќтисодии Донишгоњи миллии Тољикистон довталаб бояд дар Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон имтињон супорад. Саволномањои Маркази мазкур дар доираи барномаи мактаби миёнаи тањсилоти умумї буда, довталаб бояд барои супурдани имтињонњо аз барномаи мазкур бархўрдор бошад. Дар 3 факултети иќтисодии донишгоњ 20 ихтисос амал мекунанд, ки њар як ихтисос дар алоњидагї рамзи муайяни худро доранд (25010400 - Молия ва ќарз, 25010402 - Фаъолияти бонкї), ки Шумо дар сурати ба сомонаи Интернетии ntc.tj ворид шудан, рамзњои ихтисосњоро фањмида метавонед. Ба саволи Шумо Солењ Ќосимов, муовини сардори Раёсати таълимии Донишгоњи миллии Тољикистон посух дод.

ОБЪЯВЛЕНИЕ

торитетных университетах более 20 стран мира: Россия, Украина, Белоруссия, Япония, Англия, Германия, США, Канада, Австрия, Швейцария, Южная Корея и др . Ежегодно учащиеся Гимна-

15

Пешхизмат давида ба назди мизи мењмон меояд: - Хоњиш мекунам, ки моњии навакак овардамро тезтар хўред! - Чаро тезтар? - Барои он, ки нозири санитарї омад.

? -И НОБОБ

Таджикско-Российская Гимназия-Интернат (ТРГИ) "Хотам и ПВ" объявляет прием учащихся. Предварительная запись, а также ответы на вопросы производится по телефонам 2374909 и 2374873. Приемные экзамены для 5-го класса состоится 17-го июня, а для остальных классов 19-го июня только по предмету математики. В гимназии глубоко изучаются естественно-математические и технологические предметы: математика, физика, химия, информатика, а также английский язык. Большинство выпускников гимназии учатся без оплаты обучения в ав-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

зии становятся победителями и призёрами Республиканских и международных олимпиад, включая всемирных олимпиад по всем точным предметам.

Адрес ТРГИ: Душанбе, Испечак-2, Гимназия; Сайт: www.trgi.tj; E-mail: trgi@yandex.ru

ЌИССАИ ОВОНИ НАВРАСЇ

"ГОНОРАР" - И ДАВРОНИ СССР - Солњои 60 - уми асри гузашта дар овони наврасї банда кам-кам ба газетаи "Пионери Тољикистон" ва дигар нашрияњо хабару маќола, шеъру њикоя ва латифаю њаљвия менавиштам. Баъзеашон рўї чопро медиданд. Боре дар газетаи "Пионери Тољикистон" муаммое чоп шуд ва масъулин эълом доштанд, ки агар касе љавоби онро аз њама пештар нависта фиристад, њаќќи ќалам мегирад. Бинобар он банда саъй намудам, ки њарчї пештар љавоби муамморо ёфта, ба "Пионери Тољикистон" фиристам ва аз "њаќќи ќалам" бенасиб намонам. Ќасд кардагї барин аз дањ саволи муаммо яктояшро ёфта натавонистам. Ваќт мегузашт. Ба якчанд рафиќони дилам об мехўрдагї саволро гуфтам. Мутаассифона, онњо њам ёрї дода натавонистанд. Нињоят субњи барваќт хонаи дўстам Каримљон рафтам. Вай аз ман як синф боло мехонд. Шояд ёрдам карда тавонад. Ў матни саволро хонду ваъда дод, ки то нисфирўз љавобашро меёбад. Нисфирўзї нею нимишабї дарвозаамон таќ таќ шуд. Дарро кушодам, Каримљон дар даст ќоѓаз бо як њисси шодмонї: Љавобашро ёфтам! Ана њамин ду калима љавоби савол аст, гуфту ќоѓазро дод. Дар њаќиќат љавобаш аниќ буд. Њамон шаб назди чароѓи бобої нишаста, љавобро хушрўнавис кардаму пагоњї сўи почта шитофтам. Он солњо почтањо фаъол буданд. Мактуб ба идораи газета расида, фавран дар шумораи минбаъда эълони љавоби дурустро аз номи ман ба чоп доданд. Интизори "њаќќи ќалам" шудам. Пас аз як њафта ба номам чеки "гонорар" омад. Аз хурсандии бепоён назди Каримљон омадам ва њарду почта рафтем. Њаќќи ќалам 1 сўму 55 тин (бо пули барориши соли 1961) будааст. Дар чанд љой имзо гузоштаму пулро ба љайб карда, ба Каримљон гуфтам: - Рафтем, "гонорар"-ро мешўем. - Ба куљо? - Ба ошхонаи "Ором"-и нази чойхонаи "Њавзи морон"-и шањри Уротеппа (алњол Истаравшан). Онљо хеле салќин ва хўрокаш арзон аст. - Э, не. Саркашї кард Каримљон. - Бењтараш ба бибиат чойю набот харида бар. - Чою набот дар хона њаст. Биё, хубтараш як шикамсерї карамшўрбою кўфтакабоб мехўрем. Ба нею нестони Каримљон нигоњ накарда, ошхона даромадем. Дар њавои тафсони тобистон њама њаваси дар ошхонаи "Ором" хўрок хўрдану истироњат кардан доштанд. Назди фаввора љой гирифтем. Пешхизмат дархости моро зуд иљро кард. Аввал карамшўрбои бомазза ва баъд нимпорсї кўфтакабоб овард. Бўи хуш аз кабоб меомад. Пас аз хўрок якистаконї лимонад айни муддао шуд. Мо ваќтро кашол дода менишастем, то аз салќинию њавои тоза ва хониши паррандањои хушхону тамошои моњичањои рангоранги њавз сер шавем. Пешхизмат Зинаапа, ки тољикиро хуб медонист, наздамон омада пурсид: - Бачањо, боз чї мехоњед? (бо ин гапаш гуфтанї буд, ки љойро банд карда нашинед ё ягон чизи дигар фармоиш дињед.) Аз рўи меню њисоб кардем, 2 порс карамшўрбо 70 тин, 2 нимпорсї кўфтакабоб низ 70 тин ва 2 истакан лимонад 10 тин. Њамагї 1 сўму 50 тин аз мо гирифту "хуш омадед!" гўён рафт. Тасодуфро бинед, ки њангоми аз љой хестан ман аз хурсандї саргаранг шуда, истакони холии лимонадро аз миз афтондам. Истакон шикаст. Зинаапа тозон омаду барои љуброни истакон 30 тин љарима талаб кард. Он солњо як истакон 7 тин арзиш дошт. Мо эътироз кардем. - Барои чї аз мо 30 тин мегиред? Охир як истакон 7 тин арзиш дорад - ку? Зинаапа њам паст наомад: - Барои њар як зарф 3 баробари ќимати он љарима муайян шудааст. Мо њам "закончигї" кардем. - Ин хел бошад ба љои 21 тин чаро 30 тин талаб доред? Мо бо пули "гонорар" зиёфат хўрдем. Як истакон њам гап шуд магар? Зинаапа паст омаду гуфт: - Чї шумоён мухбири "Хорпуштак" - ед? Равед, ман аз бањри як истакон гузаштам. Ба бањси мо атрофиён диќќат медоданд. Бинобар он њарду њиљолатмандона аз ошхона бадар рафтем. Дар роњ Каримљон маро сарзаниш мекард: - Њамааш айби ту шуд. Агар њамун муаммоя њал намекардию "њаќќи ќалам" намегирифтї, боиси њиљолат намешудем. Ман бошам айбро ба дўши ў бор кардам. - Њамааш айби ту буд. Агар њамон як саволи боќимондаро њал намекардї, шояд ин ќандар бањсу мунозира намекардем. Хонандаи гиромї, маќсад аз навиштани ин ќисса он аст, ки чї гуна дар 1 сўму 50 тин ду нафар зиёфати арзону шикамсерї хўрдем. Њоло бо 1 сўму 50 тин касе сер шавад, ќанд хўрад! Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (443), 03. 06. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Якхелако Сад бор "шукр"-и бонкњои Тољикистон Мирзодиккак бо кару фар аз назди бинои Бонки миллии Љумњурии Тољикистон гузашта истода буд, ки дўсташ Ѓалтакро ѓарќи хаёл дид. Ў сахт асабонї буд. Њангоми ќадамзанї сарашро гоњ ба чапу гоњ ба рост гардонида, ба ќавле, тирезњои бонкро мепесонд. Мирзодиккак зуд ба назди дўсташ Ѓалтак омаду баъди салому алейк сабаб пурсид. - Љўра, беш аз 15 сол аст, ки аз бонкњо ќарз мегирам, ки якам ду шавад, вале намешавад. Дар Тољикистони мо бонк не, ѓоратгарон зиёд шудагї! Назорат аз болои бонкњои дар кишвар амалкунанда ба ќадри зарурї нест. Аз ин лињоз, онњо мизољонро бо њиллаю найранг љамъ мекунанду то хонасалот шуданашон пулњои додагияшонро бо фоизњои аз будаш зиёд љабида мегиранд… дар бардоштани сатњи иљтимои ањолї ва таъмини онњо бо љои кори мувофиќ сад дар сад ќоил мешаванд, ќоил… Мирзодиккак: - Нањ назанед. Мо - њукуматињо ба фаъолияти њамаи намуди бонкњо иљозат додем, то ки раќобат шавад, фоизњои бонкї кам шаванду мардуми мо ќарз гирифта, коргоњ бисозанд. Ба гуфти урусњо, аз моњихурї ба моњигирї даст бизананд. Мана њамин ќарзњои бонкї набошад, ту бо њамон чор пули омўзгорият дар бозори Шоњмансур рўзњои якшанбе љорўбфурўшї карда метавонї? Наметавонистї! Ѓалтак: - Беш аз 15 сол боз аз њамон банкњои хурд, ки њар рўз ТВТ таърифу тавсифашон мекунад, ќарз мегирам. Фоизи солонаашон 38. Мана, 3000 сомонї мегирам, дар як сол ќариб 900 сомонї фоиз медињам. Агар бо њамон љаримабандињояш њисоб карда бароям, аз 1000 сомонї њам зиёд мешавад. Мирзодиккак: - Исто, пулњои аз муњољирати мењнатї равонкардаи Ќобилљони нањзатиро ба мўњлати як сол 12 фоизи ќабул

Мирзодиккак: - Њукумати љонољони мо дарвозањояшро боз мондагї, ки касе чизе дорад биёрад, чї њунаре дорад, бисанљад. Ин аст, ки теъдоди бонкњои хурду миёнае, ки аз хориљ маблаѓгузорї мешаванд, дар кишвари аз љињати рушди иќтисодї "нестандарљањонамон" хело зиёд шудагї. Мана, мо конњои нафту газ ќариб, ки надорем, вале нуќтањои сўзишворї чунон зиёд, ки мењмонони омадагї, дар аввал худро дар Арабистони Саудї мепиндоранд. Бо шарофати демократияи "мардумкрадия" ва афзоиши бемайлони бонкњо, мењмонон Тољикистонро аз Шведсарё фарќ намекунанд. Њамаи ин ба шарофати мо - њукуматињои сарсупурдаи миллат. Шукр мебояд кард, як бор не, сад бор… Ѓалтак: - Ба фикрам, мењмонон ба мањсулоти дар бозорњо буда, асосан молњои саноатї нигариста, худро дар анбуњї молњои ѓайриистифодаи хитої дида хиљолат мекашанд. Баъди бо мардњои дар орзуи рафтан ба муњољирати мењнатї њамсўњбат шудашон ба бењунарии "боло"

КАРИКАТУРАИ РЎЗ

карданду ба мардуми камбизоат 38 фоизи ќарз медодаанд?! Дар њаќиќат медуздидаанд, да! Мана, як њамсояамон баъди шањрванди Русия шуданаш аз бонки Русия ќарз гирифту фермер шуд… Faлтак: - Барои он, ки Русия давлати бедарвоза нест… Барои бунёди корхонаи саноатї бонкњо фоизи паст медињанду барои рушди соњаи кишоврзї аз ин њам камтар. Дар мо, ки бензоратї њаст, дањњо корхона несту нобуд шудаанду аз гаронии фоизи ќарзњои бонкї натавонистанд фаъолияташонро роњандозї намоянд… Мирзодиккак: - Чї хел, якхелако тавонистаанд -ку!? Ѓалтак: - "Крыша" доштагї метавонад. Аз пародохт андоз, пули барќ, об мегурезад, оњиста оњиста роњрав мешавад. Агар мисли Зайд Саидов гарданшахї кунад, хокашро мебезанд… Мирзодиккак: - Рост, агар оянда писаронамон Тољикистонро бо нигоњи нав насозанд, моён бо њамон назари бегонпрастиямон насохтему сохта њам наметавонем. Мана дар ноњияи Ќубодиён решаи бияро љамъ карда, тоза мекунанду доруро дар Япония истењсол мекунанд. Солњо боз шираи ровро аз Тољикистон љамъ мекунанду дар Њиндустон дорую дармон месозанд... Баъди сўњбат атрофи иќтисодиёт ва мушкилоти љойдоштаи ањолї сари Мирзодиккак њам ба дард даромад. Онњо каме болотар аз бинои Бонки Миллї вориди тарабхонаи хилвате шуда, паи њам якчанд истаконї араќ нўшида, ба роњ баромаднд. Љўрањо калавида -калавида роњ мерафтанд. Дар осмон дар як лањза љои абрњои сафедро абрњои сиёњ гирифту садои тундару боридани жола мардумро ба њайрат овард. Дар тобистон њам жола меборидааст!?

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Эшони Саидљон СОРБОНХЎЉА, руњонї: - Хоља гуфтан рамзи эњтиром аст, масалан "шайх", "мавлавї", "мавло" ва "њољї" гуфтан ба хотири эњтиром аст. Дар Шимол хољагони худро "тўра" мегўянд. Мо аз љумлаи хољагон њастем. Мардум бояд бохабар бошад, ки саидзода њастем ва њамингуна мемонем. Касе наметавонад инро аз мо људо созад. - Хољаи бачањакои "боло" бошед њам, эњтиёт кунед, њољибобо! Гуфта намешавад, боз навкарони Амиралмуъминин ягон фикри бад накунанд. Ќиссаи "Шайх Темур" ва "муллои Лолазор"-ро дидед-ку... Абдусалим ЊАЛИМОВ, падари полковники фирории ОМОН (Гулмурод Њалимов): - Писарам њамеша аз кораш розї буд ва аз фаъолияташ њамчун сардори дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корњои дохилї ифтихор мекард. - Њайрон нашавед. Нигарон њам набошед, худаш бармегардам гуфт-ку! Ё шумо њам "одноклассники" даромада наметавонед-мї! Эњ, Бег Сабурович-е-е-е! Зепп БЛАТТЕР, президенти ФИФА: - Ман киштиеро бо номи ФИФА роњбаладї мекунам. Бале, ман одами идеалї нестам, аммо њеч кас њам инсони идеалї нест. Мо дар якљоягї пирўз хоњем шуд. Ба пеш, ФИФА! -Кї гуфт, ки инсони идеалї нест. Дар киштии мо њаст. Фаќат њоло "Ба пеш!" гуфта наметавонад, чунки дар пеш тўфон аст, аз афти кор. Мањмадалї ЊАЙИТ, муовини раиси ЊНИТ: - То њол мо љамъбаст накардаем, ки чї ќадар аъзои ЊНИТ зери фишор аз узвият баромаданд. - Саросема нашавед, як сол - ним сол пас як худатон, ки мондед, бањузур шишта њисоб мекунед.

Љамшед НУРМАЊМАДЗОДА, раиси Бонки миллии Тољикистон: - Мо алакай барои танзими бозори асъор гуруњи махсуси кориро таъсис дода, чорањои заруриро андешида истодаем ва умедворем, ки натиљањои дилхоњро ба даст меорем. - Мардуми бечора фаќат дуо мекунад, ки "натиљањои дилхоњ"-и Шумо ба хости дили онњо њам хўрад. Њайњот, ки ин хел як њодисаи гўшношунидро дар ёд надорем. Зариф АЛИЗОДА, ваколатдор оид ба њуќуќи инсон: - Мо вазъи саломатии Ѓаффор Мирзоевро низ тањќиќ кардем. Гўем, ки тамоман ѓизо хўрдан наметавонад, чунин њам нест. Касалии дарди дандон дорад, табибони мо аз он огоњанд ва табобат мекунанд. Баъдан синну солашон низ аз 60 гузаштааст ва бар асари солхўрдагї касалињо зуњур хоњанд кард. - Тибќи омори синну соли мардон дар Тољикистон, барои идомаи тањќиќатон ваќти чандон зиёде њам намондааст. Максим ШЕВЧЕНКОВ, рўзноманигори рус: - Бар хилофи Русия, ки танњо ваъдањои шифоњї медињад, Чин дар Тољикистон воќеан сармоягузорї мекунад ва феълан дар кишвар роњњо, наќбњо ва боѓњо бунёд шуда истодаанд. - Э нагўед, домулло. То дар Русия ин гапњоро мефањманд, ки тамоми Тољикистон "ни хау!" - ро њам ёд мегиранду дар муњољират бо русњо ба забони чинї гап мезананд.

Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.