“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
1
Вањдат - раванди муттасил САЊИФАИ 10 №11 (338). Чоршанбе, 5-уми июни соли 2013
МАЙДОНИ СИЁСАТ
Зайди њалолкор, њалолёб ва њалолхўр САЊИФАИ 8
МУШКИЛИ МУЊОЉИР
"Бланка нест!" Чаро Вазорати корњои хориљї се моњ боз наметавонад "бланка"-и шиносномаи хориљиро аз Ќазоќистон биёрад? САЊИФАИ 5
"ТОЛИБОН"-И ТОЉИК Чаро дар Тољикистон хонандагони мактабро ба хизмати њарбї мебаранд?
САБАНТЎЙ
Иди тоторњо имсол дар Тољикистон шурўъ шуд САЊИФАИ 4 МАРДИКОРНОМА
Сарќонун ё китоби афсонањо? САЊИФАИ 16
РЎЊОНЇ: ДЎСТ, ЁР Ё АЃЁР?
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
2
МАВЗЎИ АСОСЇ
- Синфи 9 «Поднять авиацию и защишать Бадахшан от китайцев!»
...на фаќат Шањритўс...
"Толибон"-и тољик
Дар Тољикистон хонандагони мактабро ба хизмати њарбї мебаранд? Як манбаи боэътимод, ки нахост номашро зикр кунем, зимни як тамоси телефонї ба "Нигоњ" иттилоъ дод, ки дар ноњияи Шањритуси вилояти Хатлон барои иљрои наќшаи даъвати њарбии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Тољикистон хонандагони мактабњои ин ноњияро њам сафарбар намудаанд. Бино ба гуфти ин њамсўњбатам, ба ќисми зиёди ин хонандагон Њукумати ноњия ваъда додааст, ки бар ивази ду соли хизмати њарбї ба онњо дар баробари билети њарбї, дафтари камолот (аттестат) низ дода хоњад шуд. Ба хотири тасдиќи ин иттилоъ, роњи Шањритусро пеш гирифтем. Пас аз интизории тахминан, 10-даќиќаина дар ќабулгоњи раиси ноњияи Шањритус Љумъахон Сафаров тавассути котибааш ба мо расонд, ки њар чї мехоњем, рафта, аз муовинаш оид ба маънавиёт Лутфия Љўраева пурсем. Ахирї дар аввал моро ба хушнудї ќабул намуд, аммо пас аз шунидани маќсади ташрифамон аз сўњбат бо мо худдорї варзид, танњо њаминро гуфт, ки ин њама асос надорад.
"Безорињо" Аммо Сафар Худойдодов, комиссари њарбии ноњияи Шањритус, ин иттилоъро тасдиќ намуд. Вай гуфт, ки ин њолатњо
маъмулї буда, на танњо дар Шањритус, балки дар дигар шањру ноњияњо њам ба мушоњида мерасанд. Вай афзуд, ки аз ноњияи Шањритус зимни маъракаи даъвати бањории њатмии њарбии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Тољикистон 23 хонандаи мактаб ба хизмати њарбї сафарбар шудаанд: - Ин 23 нафар њамонњое буданд, ки ба мактаб намерафтаанд ва њатто, ба суханони падару модарњои худ гўш намедодаанд, аз ин рў, падару модарњояшон аз мо хоњиш намуданд, то нисбати фарзандонашон ягон чора бинем. Ба хотири муайян намудани теъдоди хонандагони душвортарбия, директорони муассисањои таълимї якљоя бо раисони љамоатњо рўйхати зиёда аз 80 хонандаро ба Комиссариати њарбї пешнињод намуданд, ки мо аз байни онњо 23 нафарро ба хизмати њарбї сафарбар намудем. Аз оне, ки ин гуна хонандагон њам дар оила ва њам дар мактаб дарди сар мебошанд, ба замми ин, ба њар гуна корњои ношоиста даст мезананд, бењтар он нест, ки ба хизмати њарбї љалб гардида, дарси зиндагию матонат омўзанд ва аз нозукињои сиёсату низомї хабардор шаванд?
Сафар Худойдодов мегўяд, ќисме аз ин хонандагонро бо хоњиши волидонашон ба хизмати њарбї сафарбар кардем, зеро онњо намехоњанд, ки фарзандашон ба Русия равад, аммо ќисми дигари хонандагон ихтиёрї тариќи ариза ба Комиссариати њарбї мурољиат намудаанд.
"Ман хабар надорам" Аммо Сайфиддин Садриддинов, мудири маорифи ноњияи Шањритус, иддаои комиссари њарбии ноњияро рад намуда, мегўяд, рўйхати хонандагони ба Комиссариати њарбї пешнињодгаштаро директорони мактабњо тањия накардаанд: - Агар чунин мешуд, пас, чаро ман аз он сари ваќт хабардор нашудам? Ин хабар ба Шўъбаи маориф ваќте расид, ки аллакай нафарони охирони ин 23-нафараро ба хизмат сафарбар менамуданд. Рўйхати мазкурро кормандони Комиссариати њарбї бо љамоатњо ва пинњонї аз Шўъбаи маориф омода кардаанд. Дар њамин њол, мувофиќи як иттилои ѓайрирасмї, ќариб њамаи ин 23 хонандаро аз кўчаю хонањояшон боздошт (облава) карда, ба хизмати њарбї бурдаанд.
Манбаи "Нигоњ" мегўяд, чунин њодисањо дар ноњияи Ќубодиён низ ба ќайд гирифта шудаанд. Аммо Давлат Таѓоев, комиссари њарбии ноњияи Ќубодиён, ин иддаоро рад намуда, мегўяд, оне, ки ноњия дар муддати 15 рўз аз иљрои наќшаи њатмии њарбии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи мамлакат баромад, гувоњи он мебошад, ки дар ин ноњия чунин њодисањо вуљуд надорад. Сўњроб Њусейнов, прокурори ноњияи Ќубодиён бошад, дар ин замина мегўяд, дар ин ноњия танњо як њолати ба хизмати њарбї љалб гардидани љавони 19-сола ба ќайд гирифта шудааст: - Њамин њам бошад, аз љониби маќомот робита доштанаш бо яке аз њаракатњои мамнуъ ошкор гардида буд ва худи ин љавон ба хотири халос шудан аз љавобгарї ихтиёран ариза навишта, ба хизмат рафт. Дигар ягон њолатњои ѓайриќонунии даъвати љавонон ба хизмат ба ќайд гирифта нашудааст. Дар њамин њол, мувофиќи иттилое, ки ба дасти мо расидааст, дар баробари ноњияњои Шањритусу Ќубодиён, инчунин, дар ноњияњои Абдурањмони Љомї, Ќумсангир ва Панљ низ њодисањои ба хизмати њарбї љалб гардидани писарони синни мактабї ба ќайд гирифта шудааст. Аммо теъдоди онро хабарнигори "Нигоњ" маълум карда натавонист. Њамчунин, маълум шуд, ки дар вилояти Суѓд 180 писари синни мактабї дар маъракаи даъвати бањории њатмии њарбии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Тољикистон љалб гардидаанд. Кўшишњои мо барои пайдо кардани волидони "хонандагони сарбоз" ё "толибони низомї"-и Тољикистон натиља надоданд, зеро касе њозир нашуд нишонии хонањои онњоро дар ихтиёри мо гузорад. Аммо суоли матрањ ин аст, ки то куљо ин амал дар доираи ќонун мегунљад? Оё ин љиноят нест?
"Ин љиноят аст!" Подполковник Фаридун Мањмадалиев, сухангўи Вазорати мудофиа, мегўяд, аз њолати даъвати хонандагони мактабњои миёна ба сафи Ќуввањои Мусаллањ иттилоъ надорад, аммо "ин њолат агар рух дода бошад, хилофи ќонунгузории Тољикистон аст, ки сафарбар кардани љавонони синни то 18-соларо ба сафи Ќуввањои Мусаллањ манъ кардааст: - Раиси комиссияи даъватї њаќќи ба сафи Ќуввањои Мусаллањ љалби шањрвандонеро, ки синнашон ба 18-солагї нарасидааст, надоранд. Ба хизмати њарбї мувофиќи моддаи 21-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи ўњдадории умумии њарбї ва хизматї њарбї" имсол аз 18 то 27-сола, яъне онњое, ки соли таваллудашон аз соли 1985 то 1995 аст, даъват карда шуданд. Масъаларо пайгирї ва тањќиќ хоњанд кард.
Рустами САФАР
САДОИ МАРДУМ
ВАЗЪИ ИЉТИМОИЮ СИЁСИИ КИШВАРРО ЧЇ ГУНА АРЗЁБЇ МЕКУНЕД?
4%
Дар љавоб мушкилї мекашам
17%
Њой мардум, ягон гап њаст?
19%
"Хомўшии пеш аз тўфон"
Ш иддати иљтимої афзудааст
9%
Вазъ хеле бад аст
15%
Оромии нисбї таъмин аст
Суботу оромї њукмфармост
34%
Натиљаи пурсиш муайян кард, ки 70 дарсади райъдињандагон вазъи иљтимоию сиёсии Тољикистонро бад арзёбї мекунанд.
3%
Иштирокчиёни ин пурсиши виртуалї, ки зери унвони "Вазъи иљтимоию сиёсии кишварро чї гуна арзёбї мекунед?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 15 (72 нафар) дарсад гузинаи "Суботу оромї њукмфармост"-ро интихоб кардаанд. Дар њамин њол, 19 (92 нафар) дарсад бар он боваранд, ки дар Тољикистон "Шиддати иљтимої афзудааст" ва њамчунин 17 (85 нафар) дарсади дигар гузинаи "Хомўшии пеш аз тўфон"-ро дар ин назарсанљї интихоб кардаанд.
Гуфтанист, 9 (42 нафар) дарсад аз ширкаткунандагони ин пурсиш гузинаи "Оромии нисбї таъмин аст", 4 (19 нафар) дарсад њам варианти "Њой мардум, ягон гап њаст?"-ро интихоб карда, 3 (14 нафар) дар сади ахир гуфтаанд, ки "Дар љавоб мушкилї мекашам". Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд, ки дар он 489 нафар иштирок кардааст.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
МО ВА МАЗЊАБ Дар доирањои сиёсї ва журналистї иттилои ѓайрирасмї аст, ки президент Эмомалї Рањмон моњи июн бо рўњониёни кишвар мулоќот менамояд. Аз назари аввал чунин мулоќотро метавон ба омодагињои номзади аслии интихоботи президентї марбут донист. Аммо воќеъияти фазои динии кишвар баргузории чунин вохўриро бештар таќозо дорад. Бахусус, барои боз кардани он гирењњое, ки њамасола дар муносиботи давлату дин њаст, бештар мешавад. Ба ибораи дигар фурсати муносиб барои рўњониён фароњам меояд, ки чашм ба чашм бо президент кї будани худро возењтар ошно намоянд. Зеро масъалаи асосии мушкилофар дар фазои динии кишвар мањз ношинохта боќї мондани ин ќишри соњибнуфузи љомеа дар миёни нињодњои њукуматї мебошад.Президент Эмомалї Рањмон моњи июн бо рўњониёни кишвар мулоќот менамояд. Аз назари аввал чунин мулоќотро метавон ба омодагињои номзади аслии интихоботи президентї марбут донист. Аммо воќеъияти фазои динии кишвар баргузории чунин вохўриро бештар таќозо дорад. Бахусус, барои боз кардани он гирењњое, ки њамасола дар муносиботи давлату дин њаст, бештар мешавад. Ба ибораи дигар фурсати муносиб барои рўњониён фароњам меояд, ки чашм ба чашм бо президент кї будани худро возењтар ошно намоянд. Зеро масъалаи асосии мушкилофар дар фазои динии кишвар мањз ношинохта боќї мондани ин ќишри соњибнуфузи љомеа дар миёни нињодњои њукуматї мебошад.
"Дар миёни обу оташ" Албатта, рўњонї гуфта, мо домуллову эшонњои суннатї ва диндорони мусалмонро дар назар дорем, яъне онњоеро, ки ба таври куллї муайянкунандаи вазъи динии кишвар мебошанд. Њодисоти маъмулу маъруф дар фазоии динии кишвар, ба вижа дар панљ соли ахир, далолат ба он мекунад, ки муносибати њукумат бо дину рўњониёни кишвар равшан нест. Агар аз як тараф гиромидошти соли Имоми Аъзам бо шукўњ таљлил гардида, таблиѓи дастрасу оммавї шудани хондани Ќуръони карим бо забони тољикї васеъ ба роњ монда бошанд, аз пањлўи дигар амалњое сурат мегирад, ки хилофи мазњаби Имоми Аъзаму нишондодњои ќуръонї маънидод мегардад. Ё худ, аксар воќеъоте, ки бо ширкати маъмурони давлатї бо рўњониёни пурнуфуз дар чанд соли ахир ба вуќуъ омад, натиљааш он мегардид, ки ба љои њали масъала вазъ боз бўњронитар мешуд. Аз љумла "љанг бо њиљоб"-и Абдуљаббор Рањмонов, собиќ вазири маорифи кишвар, "амалиёт алайњи риш"-и маќомоти интизомї ба имиљи Тољикистон дар арсаи љањонї бетаъсир намонд. Ин ва дигар амалњои масъулин дар сатњњои гуногун то њадде ба мардум таъсир овард, ки агар гурўње аз амалњои масъулини њукуматї пўштибонї намоянд, кам нестанд онњое, ки бо љонибдорї аз арзишњои динї тасмимњои њукуматињоро мањкум мекарданд. Чунин мавќеъгирињоро бармало метавон дар бањсњои шабакањои иљтимоии интернет мушоњида намуд. Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки муносибати норавшани њукумат бо дин мардумро дар миёни обу оташ ќарор додааст.
Фавту муфтї ва таѓйири фазо Дар вазъи кунунии минтаќа, ки њар гурўњу равияњои навпайдои мазњабї ба соддагї вориди кишварњои Осиёи Марказї шуда метавонанд, њукумати Тољикистонро дар муноси-
3
РЎЊОНЇ: ДЎСТ, ЁР Ё АЃЁР? бат бо дин дар њолати ногувор, њатто душвор ќарор додааст. Ин аст, ки сол ба сол таркиби муњити динии кишвар мураккабтар мегардад. Ќаблан агар таркиби асосии ин муњитро муллоњо ва эшонњои суннатї, муллоњои суннатии сатњи мањаллї ва наздик ба њукумат ташкил карда, "бозингарони асосї" онњо мањсуб мешуданд, њоло вазъ ба тамом дигар менамояд. Њарфи аввалро дар муњити динї мулло ва эшонњои суннатии пурнуфуз ба мисли оилаи Тураљонзодањо, Эшони Абдухалилљон, Эшони Абдурањмонљон (ва имрўз фарзандонаш), домулло Муњаммадии Ќумсангирї, домулло Њикматуллои тољикободї, Њољї Мирзо ва чунин шахсиятњои динї мегуфтанд. Ва бархе аз ин чењрањои пурнуфўзи олами дини Тољикистон ба хотири гуфтани сухани њаќ дар мавридњое тасмимњои њукуматро зери маломат мекашиданд. Ин раванд дар муќобили худ муллоњи њукуматиро офарид, ки аслан дар зери ливои Шўрои уламо љамъ омадаанд. Он њам дар соли 2010 пас аз фавти Шайх Амонуллоњ Неъматзода, муфтии собиќи Тољикистон, ки ба љои ў Саидмукаррам Абдулќодирзода омад, њамчун тарафи асосї ва бозингари муњим дар муњити динии кишвар шакл гирифт. Албатта, ќаблан низ домуллоњои њукуматї ва наздик ба њукумат дар таркиби муњити динї мављуд буданд, аммо воќеъоти чанд соли ахир шакли аз нав коркардшудаи онњоро ба майдон овард гўем, хато нахоњад буд. Ин ду гурўњро дар навбати худ масъалањои усулї ба мисли њифз аз мазњаби њанафї, пойдории суботи сартосарї дар кишвар ва ѓайра ба њам наздик медорад. Гарчи дар зиёд масоили љорї нуќтаназари ягона камтар доранд.
Шикасти нобарори ќолабњои анъанавї Барои боз њам бўњронитар гардидани муњити динї раванди аз кишварњои мусалмонї
«
баргаштани фориѓутањсилин макотиби ин кишварњо замина гузошт. Мазњабишавии љавонон ва берун аз ќолабњои анъанавии мазњабї андешаву амал кардани дар макотиби динии дар хориљ тањсилкардањо истилоњи "муллоњои наврўид"-ро ба миён овард. Ин истилоњ дар зери худ рўњониёни љавонеро гирд меовард, ки рўирост анъана ва суннатњои рўњониёни пурнуфўзро зери суол бурда, онњоро муртакиб ба исрофкорї намуда, сабабгори дур шудан аз асли исломи ноб медонистанд. "Муллоњои наврўид" як муддат тавонистанд, ки ба оромии фазои динї халал ворид намоянд. Аз паси чунин "рўиданњо" ки равияи навпайдои салафия аз худ дарак дод, ки њоло як ќисми неформалии муњити диниро ташкил медињанд. Мањз рўњониёни суннатии дур аз њукумат аз аввалинњо шуда, аз хатари ин гурўњ ба мазњабу амнияти миллату давлат садо баланд карданд. Ќонунан манъ гардидани фаъолияти гурўњњои ифротии назири салафия, Њизби тањрир ва ѓ. садои онњоро дар фазои расмї хомўш кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки салафиву тањрирї дигар бесадо шуданд. Намояндагони онњо ба фарќ аз муллоњои суннатї аз шевањои замонавии расидан ба мардум кор мегиранд. Бо истифода аз шабакањои иљтимоии интернет ба таври хастагинопазир барои роњандозии ањдофашон талош доранд.
Се давраи муносибат Њукумат дар муносибат бо дин консепсия, ё њадафи барномарезишудае надорад. Бардоштњо аз муњити динии кишвар нишон медињад, ки масъулини давлатии соња бо пеш омадани њодисае тасмим мегиранд, ё фармони "боло" нуктаи ахир дар муносибат бо чолишњои динї мешавад. Ба њар шакле набошад, њукумати феълии Тољикистон чанд давраи муносибат бо динро аз сар гузарондааст. Давраи аввал. Њукумат исломро ќабул надошт, ё њамчун мухолифи худ медонист. Далели ин гуфта љанги шањрвандии панљсола
Њарфи аввалро дар муњити динї мулло ва эшонњои суннатии пурнуфуз ба мисли оилаи Тураљонзодањо, Эшони Абдухалилљон, Эшони Абдурањмонљон (ва имрўз фарзандонаш), домулло Муњаммадии Ќумсангирї, домулло Њикматуллои тољикободї, Њољї Мирзо ва чунин шахсиятњои динї мегуфтанд. Ва бархе аз ин чењрањои пурнуфўзи олами дини Тољикистон ба хотири гуфтани сухани њаќ дар мавридњое тасмимњои њукуматро зери маломат мекашиданд.
«
аст. Давраи баъдї. Њукумат бо дину диндорон муносибати мўътадилро пеш гирифт. Таљлили соли бузургдошти Имоми Аъзам аз нишонањои ахир дар мўътадилии муносибат гуфтан мумкин аст. Давраи сеюм. Шикасти мувозинат. Хурўљи ѓайриинтизори "муллоњои наврўид" ва ифротињо далели сангине гардид, ки њукумат мувозинати мављударо бебокона бишканад. Домуллоњо, эшонњои суннатї ва исломињои сиёсиро њукумат бо худ баробарвазн нањисобад. Ин аст, ки њукумат дар муњити динї ќодир ба он шуд, ки њарфи худро амалї намояд, агарчи пештар дар ин самт мулоњиза мекард.
Дар рў ба рўи таркиши борут? Ба тањлили коршиносон, агар њукумат муносибат бо динро чунон идома дињад, муњити динии кишварро вазъи бўњронитаре интизор аст. Натиљаи онро на танњо барои њукумат фалокатбор, балки барои давлатдории миллии тољикон низ хатарзо арзёбї мекунанд. Инчунин, коршиносони ѓарбиву рус на як бору ду бор ишора ба он карданд, ки муњити динии води Фарѓона "ќутии борут"-е барои кишварњои Осиёи Марказї мебошад. Пеш гирифтани муносибати мањдуднамої, ки аз авлавият додан ба як гурўњи хўрди рўњониён барои саркўбии гурўњи дигар, истифода накардан аз арзишњои инсонсози исломї, дур аз таълими динї нигоњ доштани наврасон, як раванди маъмулї напиндоштани гароиши мазњабии љавонон дар замони истиќлол ва амсоли ин иборат аст. Чунин муносибат то њол натиљаи мусбат ба бор наовардааст. Балки ба боз њам дур шудани бозингарони аслии таркиби муњити динї оварда расонд. Вањдат надоштани бозингарони таркиби динї бо њамдигар ва њукумат, ки дар доираву минтаќањои зери нуфўзи худ сухани гузаранда доранд, бо гароиши камтарин ба сиёсат љомеъаи моро рў ба клерикализм оварданаш аз имкон дур нест. Болотар аз ин, хавфи он низ њаст, ки ин раванд анъанањои диндории бобулиро дар шакли нави исломї ба вуљуд орад. Ба таври дигар мушкилоти муњити динии кишвар бунёдї буда, роњњали он низ таљдиди бунёдиро мехоњад, на муносибати эњсосона. Воќеъоти рўз нишон медињад, ки сиёсати давлатии Тољикистон дар самти дин таљдиди фаврї мехоњад, албатта на бо онњое, ки имрўз ин сиёсатро амалї доранд…
Азамати ВАЊЊОБ
4
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
ТОЉИКИСТОНИЁН
"Сабантуй" Иди тоторњо имсол дар Тољикистон шурўъ шуд "Сабантуй" - "иди юѓу испор"-ро тоторњо, бошќирдњо ва чувашњо аз ќадим пас аз анљоми мавсими киштукор љашн мегиранд ва онро тантанаи руњ ва фарњанги тоторї меноманд. "Без булдырабыз" ё "Мо метавонем ". Мањз бо ин шиор имсол тоторњо "Сабантуй"-ро дар дараи Варзоби Тољикистон љашн гирифтанд. 400 нафар дар ин љашн ширкат кард, ки аксарият фаъолони Маркази фарњангии тоторњои кишвар "Дуслык" буданд ва дар он намояндагони дигар миллатњои Тољикистон низ ширкат карданд. Аксњо аз Галим Фасњуддинов
МУШКИЛИ РЎЗ Гирифтани шиносномаи хориљї барои шањрвандони Тољикистон ба мушкил табдил ёфтааст. Баъзењо ин мушкилро танњо "бизнес"-и бархе аз масъулин медонанд, аммо масъулин набудани "бланка" ё худ "китобча"-и шиносномаро бањона мекунанд. Имрўз барои ба хориља сафар кардан бояд, њатман, бо худ шиносномаи хориљї дошта бошї. Махсусан, барои тољикон, ки аксарияташон ба муњољират сафар мекунанд, гирифтани он хеле зарур аст. Ба њамин хотир, баъзењо барои ба даст овардани шиноснома аз дигарон ќарз мегиранд ва бархе бузи ягонаашонро мефурўшанд, то шиносномаи "биометрї" бигиранд. Холаи Савринисо, сокини Ќўрѓонтеппа, ба Душанбе омад. Вай мегўяд, се фарзанд ва шавњари маъюб дорад ва мехоњад писарашро ба Русия фиристад: - Хостам мардикорї карда, ба оилаамон кўмак кунад. Гуфтанд, ки шиносномаи хориљї даркор аст. Ба "ОВИР"-и шањр рафтам, вале дар он љо гуфтанд, ки дигар шиносномаи хориљии 5-сола дода намешавад. Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки "бланка" нест. Лекин ба ман маслињат доданд, ки њоло шиносномаи биометрї роиљ аст ва аз он гирам. Ваќте ќимати онро фањмидам, надонистам чї гўям, чунки ман як камбаѓалам. Аз куљо 100 доллар дорам? Як њафта давутоз кардам, нашуд. Душанбе омадам, ин љо њам гапи "бланка нест" аст. Пас, ваќте ки бланка надоранд, чаро шиносномаашонро арзон намекунанд, то барои њама дастрас бошад?
Давлати сешиносномаї Тољикистон аз низоми сешиносномаї - дохилї, хориљии одї ва хориљии "биометрї" кор мегирад. Моњи феврали соли 2010 шиносномањои биометрии хориљї љорї кард, аммо ин низом барњам нахўрд, балки боз шањрвандон ба дари идорањои шиносномадињї кашида шуданд. Ин таљриба аз замони Шўравї боќї мондааст, яъне доштани шиносномаи миллї ва хориљї. Дар кишварњои мутараќќї танњо як шиноснома њаст ва мардум бо он њам дар дохил ва њам дар хориљ бемамоният мегарданд, вале дар мо бо љорї шудани шиносномаи "биометрї" њам мушкил сар зад. Омили аввал нархи гарон аст, ки дастрасии мардумро ба шиноснома мушкил месозад ва сабаби дигар - "ѓайб" задани бланкањои шиносномањои хориљї.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
5
- Ман аз ин намуди шиноснома намехоњам. Барои ман шиносномаи одї лозим аст! - Он намуди шиноснома дигар нест, њозир њама бояд "биометрї" гиранд. Сабаб пурсидам ва гуфтанд, ки "бланка" нест. Боз кунљкобї кардам. Ў гуфт: - Додар, дар ќайди куљої? - Душанбе. - Агар дар ќайди Душанбе бошї, ба Шўъбаи шиносномадињии шањрї рав, аз он љо мумкин дињанд. Аммо он љо њам шунидем: "Бланка нест!".
Наметавонанд ё намехоњанд?
"Бланка нест!"
Чаро Вазорати корњои хориљї се моњ боз наметавонад "бланка"-и шиносномаи хориљиро аз Ќазоќистон биёрад? Айб дар ош ё мош? Ваќте сарусадо дар бораи мушкили гирифтани шиноснома миёни љомеа баланд шуд ва бањона "набудани бланка" буд, Абдулфайз Атоев - сухангўи Вазорати корњои хориљї - дар охири моњи апрел инро овоза хонда, гуфт, ки "то имрўз дар дастрасии сокинони Тољикистон ба шиносномањои хориљї мушкиле вуљуд надорад". Ба хотири ошної бо вазъ мо худ барои гирифтани шиноснома рафтем ва дидем, ки пушти дари Хадамоти шинос-
номадињию баќайдгирии Вазорати корњои дохилї (ОВИР) мардум љамъ шудаанд. Ман њам рафтам ва гуфтам, ки шиноснома даркор аст. Нафари масъул, дар њаќиќат, гуфтаи Атоевро тасдиќ кард, ки "њељ мушкил нест, марњамат, њуљљатњоро биёред ва маблаѓи муайяншударо дар бонк супорида биёед". - Маблаѓаш чї ќадар аст? - пурсидам ман. - Ана, ба он тараф нигоњ кунед, - гуфту нархномаи шиносномаи биометриро нишон дод.
Њусейн Халилов, сардори Шўъбаи шиносномадињии шањри Душанбе гуфт, ки "дар њаќиќат, се моњ боз дар мо бланка нест, лекин нафароне, ки пул доранд, омада, бе ягон мамониат шиносномаи "биометрї"-ро гирифта истодаанд. Дар масъалаи бланка, рости гап, намедонам, ки чї гап аст, аз Вазорати корњои хориљї пурсед. Агар бошад, аз Хадамоти шиносномадињию баќайдгирии љумњурї ба мо равон мекунанд ва мо њам медињем. Дар њоле ки нест, мо дигар аз дастамон чизе намеояд". Дар Раёсати тањлилу иттилооти Вазорати корњои хориљї ваъда карда буданд, ки "рўзи 24-уми май бланкаро меорем ва таќсим мекунему мардум метавонанд боз чун пештара озодона рафта гиранд". Лекин аз ваъдаашон чандин рўз гузашту њанўз њам аз бланка нишоне нест. Аммо ин гап-гап њам њаст, ки барои овардани бланка ягон мушкил нест ва камбуди бланкаро ба таври сунъї ташкил кардаанд, зеро Вазорати корњои хориљии Тољикистон барои шиносномаи биометрї аз њукумат 6 миллион доллари амрикої ќарз гирифтааст ва то охири соли 2013 бояд онро баргардонад. Вале, тибќи иттилои ѓайрирасмї, ин маблаѓ на аз Њукумати Тољикистон, балки ќарз аз хориља мебошад ва онњо њам бланкаро барои он "нест" карданд, ки то охири сол боќимонда маблаѓњоро љамъ намоянд. Вагарна, наход, овардани бланка аз Ќазоќистон њамин ќадар мушкил бошад? Дар њоле ки бланкаи шиносномаи биометрї аз Олмон меояд! Пас, аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки ё оварда наметавонанд ё намехоњанд?
Эраљи АМОН
Куштор дар Ѓафуров - имтињони дигар барои Рамазон Рањимов 2-юми июни соли 2013 дар ноњияи Бобољон Ѓафуров соњибкор Ањмадхўља Бобоев, ки ба тиллофурўшї машѓул буд, бо 4 узви оилааш, аз љумла, се ноболиѓ ба ќатл расонида шуд. Љинояткорон хонаи ўро низ оташ заданд. Сомонаи Вазорати корњои дохилии Тољикистон мегўяд, ин њодиса соати 04: 00-и субњ ба вуќўъ пайвастааст: - Шахсони номаълум бо яроќи оташфишон ва маќсади роњзанї ба хонаи истиќоматии шањрванд Бобоев Ањмадхўља Норхўљаевич, соли таваллудаш 1973, сокини шањраки Ѓафурови ноњияи Бобољон Ѓафуров, соњибкор, ворид шуда, ў ва њамсараш Бобоева Њаётхон Шукуровна, соли таваллудаш 1974, фарзандони ноболиѓаш Бобоева Рухшона Ањмадхўљаевна, соли таваллудаш 1997, хонандаи синфи 9-уми гимназияи №1, Бобоев Сўњробљон Ањмадхўљаевич, соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 8-уми гимназияи №1-ро, бо истифода аз яроќи оташфишони тамѓаи АКМ 5,45 мм ба ќатл расонида, фарзанди дигараш - Бобоев Санљарбек Ањмадхўљаевич, соли таваллудаш 2007-ро, дар њаммоми њавлии истиќоматиаш мањкам намуда, сипас, дари сандуќи оњанини дар хонаи истиќоматї љойгиршударо шикаста, тахминан, ба маблаѓи 30 000 доллари амрикої љавоњироти тиллоиро тасар-
руф намуда, бо маќсади рўйпуш намудани љиноят бо истифодаи сўзишвории бензин хонаи истиќоматии Бобоевро оташ зада, аз љойи њодиса ѓайб задаанд. Ноболиѓ Бобоев Санљарбек аз дуди оташ зањролуд гашта, дар њаммом ба њалокат расидааст. Алњол нисбати ин њодиса бо Фармони вазири корњои дохилї генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Рањимов гурўњи тафтишотїоперативї таъсис дода шуда, муовини вазири корњои дохилї роњбари гурўњ мебошад. Нисбати ин њодиса Прокуратураи ноњияи Бобољон Ѓафуров парвандаи љиної оѓоз карда, тафтишоти пурраи онро Прокуратураи вилоятї ба зимма гирифтааст. Дар Прокуратураи вилоят ба "Нигоњ" гуфтанд, ки бо маќсади халал ворид нашудан ба рафти тафтишот аз додани иттилои бештар худдорї мекунанд. Шўњрат Муллољонов, намояндаи Прокуратураи вилояти Суѓд, танњо гуфт, ки "нисбати ин парванда бо моддаи 104 ќисми 2 (роњзанї ва куштор)-и Кодекси љиноятии Тољикистон парванда боз шудааст ва дар сурати боздошт шудан љинояткор аз 15 сол то њабси абад њукми мањрумият аз озодї хоњад гирифт". Њодиса дар шањраки Ѓафуров, ки маркази ноњия аст, ба амал омада, бино ба гуфти шоњидон, аввалан, аз ин хона дуди сўхтор баро-
мадааст. Ин њолатро кормандони милитсия, ба истилоњ, "патрул" дида, ба сўхторнишинон хабар медињанд. Ваќте сўхторнишинон ба љойи њодиса њозир мешаванд, мебинанд, ки дар хона ба ѓайр аз сўхтор, куштор њам рух додааст. Бино ба фарзияи дигар, эњтимол, ин њодиса, таќрибан, соатњои 12 - и шаб ба вуќўъ омадааст ва ба Шўъбаи корњои дохилии ноњия соатњои 3.40 даќиќа хабар расидааст. Як њамсояи ин хонавода мегўяд, "пас аз омадани сўхторнишинон бохабар шудем ва ягон садое нимашаб нашунидаем: - Мо њам фикр кардем, ки хона оташ гирифтааст, аммо баъдан, фањмидем, ки аъзои хонавода ба ќатл расидаанд. Пеш аз ин ягон чиз ва нафари шубњаовар ба назар намерасид ва њама чун њарваќта ба кору борашон банд буданд". 28-уми декабри соли 2012 дар шањри Хуљанд як гурўњи номаълум ду нафар - падар ва писарро, ки дар бозори Панљшанбе ба харидуфурўш ва мубодилаи асъори хориљї машѓул буданд, бо воситаи яроќи оташнишон ба ќатл расонида, маблаѓи зиёдеро ба яѓмо бурда буданд. Ин љиноят њам њанўз ошкор нашудааст ва љинояткорон љустуљў мешаванд. Дар њамин њол, пас аз гум шудани ду духтари ноболиѓ дар Душанбе ин дувумин љиноя-
ти пурсарусадо ва мармуз тайи соли равон дар Тољикистон аст. Азбаски ду духтари ноболиѓ њанўз пайдо нашудаанд, ошкор кардани шахсияти ќотилон дар куштори ноњияи Бобољон Ѓафуров имтињони навбатї барои маќомоти амниятии Тољикистон, бахусус, Рамазон Рањимов, вазири корњои дохилї, буда метавонад. Бузургмењри МУРОДИЛЛО
6
ШИМОЛ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
Мансабдорони Панљакент, њатто, дар назди ќонун масъулият надоранд ва дастнорасанд. Ман инро дар таљрибаи талхи њаёт ва шикоятњои бенатиљаи худ алайњи раиси хољагии љангали ноњияи Панљакент Њокимбой Мањкамов эњсос кардам. Фарзандам Исматї Гулистон Шарифзода ба ман (Шариф Исматї) ваколат додааст, ки аз номи ў дар назди ташкилотњои љамъиятї, аз љумла, ба Њукумати шањри Панљакент, вилояту љумњурї, кормандони њифзи њуќуќ, нотариус, хољагии љангал баромад намуда, даъвои ўро ба таваљљўњи мансабдорон ва њомиёни њифзи њуќуќ расонам, инчунин, дар матбуот андешаронї намоям. Мо њамроњи Исматї Гулистон сараввал вобаста ба бањси замин, ки солњои зиёд дар он хизмат кардаву бо харљи зиёд онро обод намуда будем, ба раиси шўрои љамоати дењоти Рўдакии ноњияи Панљакент, ба директори муассисаи давлатии хољагии љангал, ба Кумитаи заминсозии шањр бо аризаи расмї мурољиат намудем. Вале бо сабаби он ки дар Панљакент Ќонун дар бораи мурољиати шањрвандон риоя намешавад ва ба мурољиати шањрвандон мансабдорони ноњия аз паси панљара нигоњ мекунанд, маљбур шудем даъвои худро матбуотї кунем. Фармони раќами 622 -и президенти Тољикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маќолањои танќидиро дар Панљакент иљро намекунанд. Агарчи њељ тафтишоте намешавад ва њатто, вокунишњои дурўѓ чун мансабдорони Панљакент нишон медињанд, вале ба њар навъ даъвоњои такрорї, шояд, боиси тафтишот низ шаванд. Мо ба якчанд сањифањои матбуотї даъвои худро алайњи раиси хољагии љангали Панљакент, поймолшавии њуќуќамон аз тарафи ў, ба замин партофтани аризањои даъвогї ва бо тањќиру њаќорат аз дар берун намудани мо навишта будем. Ин аст, ки њатто, маводи аввалро бо гуфтањои худи ў оѓоз намуда, тањти сарлавњаи "Буќќа"-и Панљакент: Инњоро ба… раисат зан" ва бо зерсарлавњаи "Оё Ќоњир Расулзода аз муштзўрони навпайдо хабар дорад?" чоп карда будем. Мутаассифона, баъди чопи маводи мазкур њељ гуна тафтишоте сурат нагирифт ва пас аз як њафтаи чопи он, 23-юми январи соли 2013 посухи худи раиси њољагии љангали шањри Панљакент Њ. Мањкамов бо номи "Аз тўњмат бипарњезед!" чоп шуд. Љавобнома маро хеле хурсанд кард, зеро маќолаи Мањкамов маро водор намуд, ки дурўѓњои бефурўѓи ўро бо далелу бурњон фош намуда, баъзе иловањои худро тариќи њафтаномаи дўстдоштаи мардум "Нигоњ" манзури хонандагон гардонам. Мањкамов, аз љумла, навиштааст: "Банда солњои зиёд дар маќомоти иљроия дар вазифањои масъул зањмат кашидаам ва ба таќозои вазифа њамарўза бо арзу шикоят ва мурољиати шањрвандон кор мегирифтам ва имрўз низ бо камоли масъулият ва тибќи талаботи ќонун ба онњо муносибат менамоям. Инро садњо нафар сокинони шањру дењоти Панљакент медонанд". Ба њамаи сокинони шањру ноњияи Панљакент маълум аст, ки пеш аз раиси хољагии љангал таъин шудани Њ. Мањкамов хољагии мазкур дар љумњурї пешќадам буд. Аз вазифаи љонишини якуми раиси шањр вазифаи сардори идораи хољагии љангал омадан чї маъно дорад? Агар корманд тозакору боистеъдод бошад, ягон раис ўро љавоб намедињад, ё ин ки барои кор дар сатњи вилояту љумњурї тавсиянома медињад. Муаллиф даъво дорад, ки садњо сокинони шањру ноњияи Панљакент хизматњои ўро медонанд. Бояд хизмат мушаххас бошад, агар хизматњо нек мебуд, дар љавобномаи худ Мањкамов, њатман, менавишт. Вале, афсўс, худтаърифкунї кори хуб нест. Лекин умед дорам, ки минбаъд, аќаллан, як корашро мисол меорад, ба амсоли "корњое, ки солњои 2006-2008 дар Панљрўд" карда буд. Мањкамов дар вокуниш иброз медорад, ки "замини бањсиро, ки дар мавзеи Ѓўшканди Тандараи дењаи Яккахона воќеъ аст, Гулистон Исматї тўли солњои зиёд бо ањли оилааш обод намуда, дар асоси шартнома ба хољагии дењќонии "Урељ" истифода менамудааст. Дар асл ин заминро, ки 0,45 га масоњат дорад, на Гулистон Исматї, балки падарарўсаш Њаќбердиев Сафаралї обод намуда буд". Ин суханони Мањкамов хандаовар аст. Ваќте ки Гулистон Исматї ба хонаи падарарўсаш омад, Сафаралї ўро низ фарзанд хонда буд ва имрўз низ яке аз меросхўрони ин хонадон аст. Агар он замин тибќи ќонунгузорињои кишвар ба Гулистон Исматї тааллуќ намедошт, магар раиси хољагии дењќонии "Урељ" Ашўр Хидиров ва кормандони заминсозии шањр ба номи ў шартномаи бистсола мебастанд? Аз њама аљиб он аст, ки Мањкамов дар навиштањои худ гуфтањояшро рад мекунад. Масалан, дар љое ў мегўяд, ки замини бањсї ба Гулистон Исматї тааллуќ надорад, вале дар
- Проблемаи замин вазнин аст, бародар!
«Дурўѓњои бефурўѓ»-и Њакимбой Мањкамов Чаро зўри ќонун ба раиси хољагии љангали Панљакент намерасад? љавобияи расмияш ба мо менависад, ки "Маъмурияти муаассисаи давлатии хољагии љангали шањри Панљакент ба маълумоти шумо мерасонад, ки заминњои мавзеи Тандара, ки аз тарафи шумо солњои пешин истифода бурда мешуд, минбаъд барои бунёди љангалзор истифода мешавад". Ин аз чї дарак медињад? Ин аз он дарак медињад, ки Мањкамов барои исботи фикри худ далеле надорад, вале бо истифода аз мансаб бо чї роње ки набошад, даъвои худро ќонеъ кардан мехоњад. Муаллиф давом медињад: "Баъди вафоти Њаќбердиев С. байни писарони ў Њаќбердиев Бењзод ва Њаќбердиев Мирзоалї ва келинњояш Гулистон Исматї ва Сўфиева Тўњфа барои соњиб шудан ба ин замини љанљолу хархаша оѓоз шуд ва ба њадди ин ќазия маќомоти марбута аз прокуратураю суд то маќомоти љумњурї машѓул шуданд". Дар байни ин ду келин ва ду бародари номбаршуда ягон љанљол ба вуљуд наомадааст. Ин њама дурўг ва тўњмати раиси хољагии љангал аст. Њама бањсњо танњо њамон ваќт оѓоз ёфтанд, ки бо ќарори раиси шањри Панљакент аз 26.01.2011 тањти №20 њамаи заминњои фонди давлатии хољагии љангали шањри Панљакент, ки ба хољагињои кишоварзии шањр барои истифодаи дарозмуњлат вобаста карда шуда буданд, ба хољагии љангали Панљакент њамчун заминњои фонди озоди љангал баргардонида шуданд. Баъди ќарори мазкур Мањкамов бо њамаи истифодабарандагони заминњо шартнома баста, њамкориро миёни онњо ва хољагии љангал ба роњ монд. Вале мавсуф бинобар он ки дар интихоботе алайњи номзадии ў банда ташвиќот бурда будам, бо фарзанди ман Гулистон Исматї ќарордоди њамкорї ба роњ намонд ва заминро тамоман аз мо бозпас гирифт. Рафторњои раиси хољагии љангал хилофи ќонунњои давлат аст. Далел он аст, ки мувофиќи фармоиши раиси Кумитаи андоз, андози ягонаи замин аз як гектор соли 2011 (144), соли 2012 (153), соли 2013 (163) сомонї аст. Аммо раиси хољагии љангали шањри Панљакент Њакимбой Мањкамов аз соли 2011 то соли 2013 аз њар гектор (700) барои мо андоз муайян кард, ки дар дигар шањру ноњияњо чунин андозситонї вуљуд надорад. Агарчи мо ба њамин њам розї шудем, вале бо вуљуди ин замини бо њазорњо азоб обаднамудаи Гушкандро аз мо бо зўрї ва ѓайриќонунї бозпас гирифт. Гулистон Исматї ба ташкилотњои дахлдор ариза навиштааст, ки ба доди ў расанд. Ў бањори соли 2012 ба номи раиси шањрамон мўњтарам Хусрави Абдуназар дар бораи рафторњои худписандонаи Мањкамов шикоятнома навиштааст, аммо бефоида.
Муаллифи маќолаи "Аз тўњмат бипарњезед" навиштааст, ки "Аслан њељ гоњ Гулистон Исматї ба хољагии љангал наомадааст ва бо ман њам сўњбат накардааст". Аз гуфтањои боло дурўѓњои бефурўѓи Њакимбой Мањкамов ба назар мерасад, Гулистон Исматиро дар назди дар мушоњида накардааст. Дар он асно сардори идора аспи мансабро ќамчин зада, њуљљатњои тайёркардаи хољагии дењќонии "Урељ" ва Кумитаи заминсозии шањрро ба сўи дар њаво дода буд, ки парешон шуданд. Дар њамин њолат духтарам низ дар он љо ќарор дошт. Ман њуљљатњоро аз замин чида, дар рўи мизаш љо ба љо карда, ѓамгинона ба раиси хољагии љангал мурољиат кард гуфтам: "Раис, ин амали шумо хато буд, њоло рўзе мерасад, ки ба ин кори кардаатон љавоб медињед. Шумо коѓазњоеро ба замин андохтед, ки дар он мўњри давлати соњибистиќлоли Тољикистон мављуд аст". Пас аз он падару фарзанд ба назди раиси Кумитаи заминсозии шањри Панљакент С. Шодиев омадем. Шодиев низ ќонунї будани даъвои моро ба Мањкамов фањмонид, вале ў сухани ин нафарро њам гўш кардан нахост. Раис ба мо нигоњ карда гуфт, "сабр намоед њамааш њал мешавад", аммо то ба њол ин масъала њалли худро наёфтааст. Мањкамов навиштааст, ки хоњиши Шариф Исматї барои ба замин пурра соњиб шудани духтараш иљро нашуд, ў ба љои ба ифоќа овардани тарафњо ба бањси оилаи Њаќбердиевњо аз нав оташ зад. Ва ба маќомоти гуногун навиштани аризаю шикоятро зиёд намуд. Вале Худо шоњид аст, ки оташзану ба оташ равѓанрезанда на ман, балки Мањкамов аст, ки бо рафторњои ѓайриќонунии худ моро дар ба дари маќомоти гуногун овора намудааст. Инчунин, муаллиф навиштааст, ки раиси мањаллаи дењаи Яккахона Сангинов Т, хоњарарўси муаллиф Сўфиева Тўњфа, хушдомани ў Эгамова Њидоят, вакили љамоати дењоти Рўдакї Тўпалангов Аслиддин ва дигарон шањодат медињанд, бо иѓвои Шариф Исматї духтару домодаш ба ягон пешнињод љињати истифодаи якљояи замин розї нашудаанд. Дурўѓро бубинед, ки раис аввал номи дењаро аз мањалла фарќ карда наметавонад. Пасон, Сангинов раиси танзиму анъана ва љашну маросимњо мебошад, на раиси танзими замин! Дар ин масъала ягон маротиба бо нафаре сўњбат накардааст, чунки дењаи мо ба худ роњбар дорад. Сўфиева Тўњфа бошад, шогирди ман аст, ки дар мактаб дарс гуфтаам, лекин раиси хољагии љангал бо ин дурўѓњояш мехоњад байни мо устоду шогирд муноќиша андозад. Мўњтарам Мањкамов як бегоњї љангалбон Саидалї Ёдгоровро ба дењаи мо равон мекунад. Ёдгоров шабона ба хонаи Сангинов Т., Сўфиева Т. ва Эгамова Њ. рафта, баёнот мегирад.
Лекин ман то њол намефањмам, ки чаро љангалбон рафта, аз онњо барои раисаш баёнот гирифтааст. Агар ман ё духтарам гунањкор бошем, пас, чаро нозири минтаќавї пеши мо наомад? Эгамова Њидоят мегўяд, ки суханњое, ки дар мавод аз номи ман чоп кардаанд, "тамоман нодуруст аст", пас, чї гуна ман ин амали мўњтарам раисро дурўѓ нагўям? Чаро Мањкамов аз вазъияти бемории Эгамова Њидоят истифода бурда, гуфтањояшро баръакс рўи коѓаз меорад. Дурўѓи дигари Мањкамов он аст, ки гўё "Дар њудуди хољагии љангал парваришгоњи Зарафшон намунањои нодири олами њайвоноту наботот, аз ќабили оњуи бухороии машњур, суѓур… ва ѓайра сукунат доранд. Парваришгоњи мазкур аз рўи гуфтаи кормандони геология ва маъхазњои геологї аз сатњи бањр 900-1000 метр баланд аст, вале дар китоби "Олами њайвоноти Тољикистон" гуфта мешавад, ки "суѓури думдароз хояндаи хоси баландкўњи Тољикистон буда, дар баландињои 2500-4500 аз сатњи бањр дучор меояд". Хонандаи арљманд, пас аз хондани ин ду нутќи айнан овардашуда худ хулоса намояд. Охир, ман намедонам, ки чаро дар кишвар соњибтахассусро ба вазифа намемонанд, дар њоле ки касби Мањкамов љангалпарварї нест. Агар ў мутахассис мебуд, арчањое, ки бо роњбарии ў дар Панљрўд шинониданд, хушк намешуданд. Дар охир њаминро гуфтанї њастам, ки доир ба бањси замин ба сардори муассисаи хољагии љангали шањри Панљакент Њакимбой Мањкамов хушомаду илтимос намекунам, зеро тамоми њуљљатњои парвандаи замин дар асоси ќонунњои Љумњурии Тољикистон омода шудааст ва мутахассисони соња њама имзо гузошта, мўњри мудавварро пахш кардаанд. Мавзўи мазкур чандин маротиба ба маќомоти марбут равон карда шудааст, вале бархе дар гўшаи хаёлашон њам нарасидааст… Мо умедворем, ки њоло нафари соњибтаљриба ва баландихтисос пайдо шуда, курсии тасодуфии љаноби Мањкамовро хоњад гирифт ва њаќро, њатман, ба њаќдор мерасонад! Вале то он ваќт таќдири чун мо даъвогарони зиёде, ки чун шањрамон дар бунбаст ќарор гирифтаанд, чї мешуда бошад? То он ваќт аспи яккатози Мањкамов боз то куљо метохта бошад? Чаро раиси вилоят ба ин хунукназарињо эътибор намедињанд? Шояд, Мањкамов, ки солњо муовини Хисрав Абдуназаров, раиси Њукумати шањри Панљакент буд, имрўз бо ў забон як кардаву дигар ба ў зўри ќонун њам намерасад? Шариф ИСМАТЇ, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон
ДАР ДЕГИ СИЁСАТ Беназмињои дигар дар кишвари њамсоя. Зарфи як соли охир ин шояд дуюмин бор аст, ки ноамнињои олуда бо тазоњуроти мардумї Ќирѓизистонро такон медињанд. Вале ин бор љанбањои иќтисодии он бештар аз сиёсиаш буданд. Ба маънии дигар мардум замоне ба по хестанд, ки аз вазъи зиндагонї, иќтисод ва иљтимої худ мехостанд садо зананд. Ин бор бањона ширкати канадиёие буд, ки як кони азими тиллои мамлакатро зери даст дорад, вале пайи ободии мањал ва бењбуди муњити зист нест. Аз аввали њафтаи гузаша сокинони бумии ноњияи Љети Оѓуз дар шимоли кишвар даст ба тазоњурот заданд. Њарчанд њадаф эътирози осоишта буд, вале он ба хушунат печид. Дар бархўрд миёни тазоњуркунандагон ва маъмурони пулис бештар аз 50 нафар маљрўњ гардиданд ва зиёда аз 80 нафар дастгир шуданд. Талаби тазоњургарон он буд, ки кони тиллои Ќумтор миллї карда шавад, зеро ширкати канадої, ки молики он шумурда мешавад, молиёти каме мепардозад ва муњити зистро олуда мекунад. Давлат вокуниш нишон дод. Ба мавзеъи тазоњуроти оммавї нерўњои артиш ва пулис кашида шуданд. Дањњо нафар боздошт гардиданд. Роњи "Кумтор", ки ќаблан масдуд шуда буд, дубора боз гардид, интиќоли нерўи барќ аз сар гирифта шуд. Вазорати корњои дохилї саросемавор эълон кард, ки вазъ дар Љети Оѓуз зери назорат даромадааст. Вале каме баъд дида шуд, ки чунин набудааст. Садњо сокини рустоњои атроф ба самти дењаи Тегма њаракат карданд, то боздоштшудагонро озод кунанд. Аммо дар остонаи вуруд ба дења онњоро пулис нигоњ дошт. Бархўрд оѓоз шуд. Издињоми мусаллањ бо сангњо ва чўбу оњан ба сари кормандони маќомоти њифзи њуќуќ њамла карданд ва њатто аз баъзеи онњо силоњњояшонро кашида гирифта, худро мусаллањ намуданд. Пулис аз гази ашковар, тирњои резинї ва норинљакњои пурсадо истифода кард. Вале ягон манбаъ истифода аз силоњи оташфишонро тайид нанамуд, аз њалокати одамон низ гузориш дода нашудааст. Аммо издињоми њамлавар ба пулис мошинњои онро ба оташ кашиданд. "Ин љо беназмї, мошинњои патрулиро оташ мезананд, ана њоло автобусро ба оташ кашиданд", хабар медињад навбатдори ШКД дар ноњияи Љети Огуз. Гурўњи кормандони милитсияро издињом миёни дењањои Тамга ва Барскоон дар муњосира гирифтанд. Хабарнигори "24.kg" иттилоъ дода буд, ки бештар се њазор сокини дењоти атроф кўшиш
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
7
Ќирѓизистон. Инќилоби нав? доранд вориди пансионе шаванд, ки милисањо дар муњосира мондаанд. Баъди нимирўзї тазоњурот ба сукунат рафт, ширкаткунандагон машѓули намозхонї шуданд, вале ќавл доданд, ки њаргиз аз талабњои худ даст нахоњанд бардошт. Бегоњї онњо дубора пайдо шуданд ва интиќоли нерўи барќро ба "Кумтор" ќатъ намуданд. Дар бархўрдњо дањњо тан захмї шуданд, ки дар миёни онњо 20 корманди милитсия мебошад. Њарчанд аз њалокати одамон дар дуввумин рўзи тазозњурот гузориш дода мешуд, вале он боз њам тасдиќ нагардид.
Кони Кумтор "Кумтор" - калонтарин кони тиллои Ќирѓизистон аст. Тибќи иттилои расмї, танњо соли 2012 наздик ба 10 тонна тилло истихрољ шуда, аз љониби ширкати "Кумтор оперейтинг компани" 128 миллион доллар ба буљаи давлат ворид шудааст. Ин кони тилло ба њадде бузург аст, ки 12 дар сад тавлидоти нохолис ва 50 фоизи њаљми истењсолоти саноатии кишварро таъмин мекунад. Аммо њукуматдорон борњо ширкати номбурдаро ба ифлоскунии муњити атроф муттањам намуданд. Соли 2012 комиссияи вижаи њукуматї эълон кард, ки аз истихрољи тилло муњити атроф ба маблаѓи 6,7 миллиард сом (наздик ба 140 миллион доллар) зарар дидааст. Њамзамон бо ин ширкат њисоботи дигаре бо такя ба тањлилњои коршиносони хориљї интишор дод, ки иддиои давлатмардони ќирѓизро рад менамуд. Дар сатњи роњбарияти Ќирѓизистон иќроранд, ки даъвоњои додгоњї ва милликунонии он дар натиљаи боздоштани фаъолияти ширкат барои ин кишвар хатарнок аст. Соле ќабл ноиби президенти ширкати истихрољи тилло Родни Ступарик бо ирсоли номае унвонии њукумати Ќирѓизистон навишт, ки њарчанд "Кумтор" калонтарин корхона ва андозсупорандаи кишвар мањсуб мешавад, аммо "наметавонад њама мушкилоти мамлакатро аз
њисоби худ њал намояд". Намояндаи ширкат дар ин нома ёдовар шудааст, ки аз замони ташкилёбии худ дар соли 1994 "Кумтор" ба буљаи мамлакат дар шакли андозњои гуногун ва Хазинаи иљтимої 1,2 милиард доллар пул гузаронидааст, њамчунин 27 миллиард доллари дигар барои рушди Иссиќкул људо кардааст. "Centerra Gold" даст ба маблаѓгузорињои гуногун њам задааст. Аз соли 2011 барои таъмири мактабњо ва сохтани агентии ќарзи хурд дар Ќирѓизистон 32 миллиард доллар људо кардааст. Дар дидор бо мардуми тазоњуротгар вазири иќтисоди ин кишвар Темир Сариев гуфт, ки муоњадаи њамкорї бо ин ширкати канадиёї аз нав дида баромада хоњад шуд ва дар љараёни тањияи лоињаи муоњада талаботи онњо ба њисоб гирифта мешавад. Аммо тазоњуркунандагон изњњор доштанд, ки ќасд доранд то замони иљро шудани талаботи худ корхонаро аз фаъолият боздоранд. Марс Черикчиев, узви Шўрои нозирони љамъиятии вазорати иќтисоди Ќирѓизистон мегўяд, "дар назди њукумати кишвар кайњо масъалаи рушди соња гузошта шудааст. Вале имрўз дида мешавад, ки сиёсати ягона ва ќобили таъсир дар ин самт вуљуд надорад. Фикр мекунам, ки тараќќї додани ин соња на танњо љоњои холии кор меофарад, балки иќтисоди Ќирѓизистонро ба сатњи байналмилалї мебарорад, сармоягузорињои хориљиро љалб мекунад".
Паспардаи тазоњурот Магар ин мардуманд, ки конро миллї диданианд? Њукумати Ќирѓизистон хабар дод, ки ташкилкунандагони ин намоишњои эътирозиро ошкор кардааст, вале ба хотири халал ворид нагаштан ба љараёни тафтишот аз эълони исми онњо худдорї мекунад. Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири ин кишвар гуфт, ки беназмињоро душманони амният ва суботи Ќирѓизистон созмон додаанд. Љонишини ў Тойирбек Сарпашев иброз дошт, ки фармоишгарони он дар
Бешкеканд ва онњо њатман ба љавобгарї кашида хоњанд шуд. Дар ВАО-и ин кишвар фарзияњое интишор ёфтанд, ки шояд паси ин беназмињо боз њам собиќадори инќилобњои ќирѓизї ва яке аз мухолифони сарсахти њукумати имрўза Азимбек Бекназаров ќарор дошта бошад. Сарвари фраксияи парламонии њизби Сотсиал -демократї Чинибой Турсунбеков изњор доштааст, ки Бекназаров њамеша корњои сиёњро пинњонї тарњрезї ва пуштибонї мекунад. Аммо ноиби сарвазир, ки дар љаласаи парламон даъват шудаву рўйдодњоро шарњ медод, посух додааст, ки масъалаи даст доштани Бекназаров ба ноамнињои ахир санљидаву тафтиш карда хоњад шуд. Худи Бекназаров дар сўњбатњои расонаї иброз доштааст, ки аз талабњо барои "Кумтор" пуштибонї мекунад, вале ба беназмињо даст надорад.
Инќилоби дигар? Рўйдодњои Кумтор дар зењни коршиносони дохиливу хориљии масоили Ќиризистон инќилоби наверо дар ин кишвари Осиёи Марказї падид овард. Зеро тазоњуроти мардуми ин минтаќа дар дигар манотиќи кишвар пуштибонї ёфт ва дар чандин шањри дигар низ мардум даст ба рањпаймоиву эътирозњо заданд. Вале њукумат мегўяд вазъро пурра зери назар дорад. Президент Атамбоев дастур дод, ки монеъи тазоњуроти мардум нашаванд ва зидди ин гуна иќдомот аз хушунат кор нагиранд, аз истифодаи ќувва худдорї кунанд, вале дар мавриди саркардагону масъулони он маълумот гирдоварї намоянд ва онњоро ба љавобгарї кашанд. "Агар инќилоби сеюм рух дињад, пас мо бояд ба заъфи худ иќрор шавем. Ва бояд худро мунњал эълон намоем ва кишварро ќуфл занему равем", - мегўяд сарвари яке аз њизбњои асосии ин кишвар, генерал Феликс Ќулов.
Фирўзи МУЊАММАД
8
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
МАРДОНИ СИЁСЇ
Зайди њалолкор, њалолёб ва њалолхўр " Худо мегўяд: Шумо ба сўи ман оед, ман дарњои худро ба рўи шумо боз хоњам кард". Зайд Саид, соњибкори хушном ва собиќ вазири саноати Тољикистон, ба масал "шањид"и зиндаро монад, ки њазорон -њазор аз њамватанон ба сарнавишташ алоќамандии хос нишон медињанд. ... Замоне ў кўдак буд, падару модараш ѓусса мехўрданд, ки фардо чї тавр зиндагї мекарда бошад? Вай бо як даст ба дунё омад ва далели нороњатии волидон аз ояндаи ў њамин оризаи љисмониаш буд. "Дигарњо (манзур дигар фарзандон) рўзии худро кам ё беш пайдо мекунанд, аммо ин писари мо азоб мекашад, дастнигари мардум мешавад"... Аммо Худои пок ўро ризќу рўзии кофї ато кард, то њадде ки шумори марду зане, ки аз ёриву мадад ва эњсону саховати ў бархўрдор шудааст, бењисоб аст..... Боздошти Зайд Саидов, соњибкори номвар ва собиќ вазири саноати Тољикистон, бо эътирозоти густарда ва амвољи пуршиддати ѓазабу норозигињо дар дохил ва хориљ мувољењ шуд. Зеро ўро дуруст дар марњалае дастгир ва аз идомаи фаъолият мањрум карданд, ки ният дошт њизби наверо дар Тољикистон рўи кор оварад. Аммо ин нияти ў, ки мехост " ислоњот " ба роњ монад , " таѓйирот" ворид созад ва "нав" биоварад, ба доирањои муайян маќбул наафтод ва на танњо имконият надоданд, ки ба иљрои наќшааш даст ёзад, балки ўро дастгир ва бо айбњои зиёд љинояткор эълон карда ва бар муќобилаш аз куллия васоили зери даст, аз љумла, маќомоти амниятиву ќудратї, нашрия, радио ва телевизион маъракаи бадномсозиро пиёда сохтанд. Агарчанде ўро ба порахўрї ва суиистифода аз маќому чанд айби дигар мазнун мешуморанд, дар афкору бовари љомеа коргар науфтод ва аксари мардум ин њамаро ривояту афсонае беш нањисобид. Чун аслу асос ин буд, ки Зайд гуфт, мехоњад як ислоњоту нафаси тозае ба ин кишвар оварад ва њизбе, ки талош дорад ташкил бидињад, рўзгори дигар аз ин рўзгорро сохтанист. Ин даъво ва ин даъват, ки аз тарафи дигар, ањзоби сиёсї то кунун ба ин љиддият ба миён кашида нашуда буд, доирањои худхоњро хеле сахт ошуфта кард, дар ташвиш андохт, безобита ва беќарор сохт. Вокуниши онњо маълум буд: ба њар ќимате њаст, нафаси ин "навовар" дар гулўяш зиндонї бишавад. Аз ин љо буд, ки тамоми нињодњои њифзи њуќуќ бар алайњаш даст ба кор шуданд. Яке гуфт, хилофи арзишњои умумибашарї чањор зан дорад, дигаре гуфт, ки изофанависї карда, савумї, варо ба ришвахорї иттињом зад ва охируламр, њамин ки аз тайёра пиёда гардид, бурданду њабсаш карданд. Њарчанд Зайд Саид гуфт, ки њадафи иштирок дар интихоботи президентиро надорад, вале худи иддаои ташкили њизб ва он чї ки њадаф гузошта шуд: "ислоњот" ва "таѓйирот" барои доирањои муайян кофї буд, ки бардошту гумонњои нохуш дошта бошанд. Таѓйирот, яъне чї? Таѓйирот, яъне аз байн бурдан, иваз кардан ва ё дур афкандани шароит ва вазъи мављуда аст. Вазъи мављуда, яъне чї ва ё кї? Маълум аст дигар. Пас, чї тур инро тањаммул кунанд? Намекунанд. Њељ гоњ, то зўр наояд. Акнун ки чунин аст, пас Зайд, ки рољеъ ба доирањои муайян аз њар сиёсатмадоре дигар шинохти возењу рўшантар дошт, чаро даст ба чунин кор зад? Он ки мегўянд, ў дар собиќ нањзатї буд, он ки мегўянд, бо Тўраљонзода иртибот дорад, он ки мегўянд, хориљињо тањрикаш доданд??? На, ин њарфњо воќеї ва дуруст нестанд, зеро хурдтарин ваљњу далел надоранд. Оќилон медонанд, ки Зайд Саид эњтиёљ надошт, ки дар иљрои наќшаи дигарњо бошад. Ва инро доирањои муайян хуб медонистанд, ки Зайд аз њар лињоз пойбанди касе набуд ва ниёзе њам надошт. Вай як инсони соњиби ирода ва имони ќавї аст. Њар кореро њам, ки кардааст, бо саъй ва неруи худ анљом додааст. Пас, чаро Зайд ба ташкили њизб иќдом кард? Аз њамон оѓози эълони ташкили њизб бар ин аќида будам, ки ин як иќдоми эътирозї аст.
Эътироз аз вазъи мављуда, эътироз на танњо аз муњити хафаќони сиёсї, эътироз аз иќлим ва шароити номуносиби иќтисодї, эътироз ба шароити нобаробари бањрабардории атбои ин кишвар аз он чї ки ба умуми љамъият тааллуќ дорад. Эътирози Зайд - эътирози як сарватманди бетафовут ба сарнавишти мардум ва як марди фориѓ аз ранљу азоби фард-фарди ин миллат набуд. Эътирози як њаваскори сиёсат набуд, эътирози як шахсияти матрању муътабари љомеа буд, ки њам таљрибаи сиёсату бозињои сиёсї ва њам таљрибаи мудирият дар њукумату тиљоратро дорад, ки тўли зиндагї гудохтаву обдидаву комилу рашид шуда буд. Њизби ў нишона ва паёми ошкоро ба беэътиної ва фарёд бар муќобили ноадолатї ва нобаробарї буд.... ....Шоњиди бевоситаи пулёбї ва пулдоршавии Зайд низ њастам. Ин мард мисли садњо њазор тољики дигар ба муњољирати мењнатї ба Русия омада буд ва дар пеши чашмони ман бо араќи љабин ва аз сифр соњиби сармоя ва дорої шудааст. Шояд, аз инсонњои камшумори кишвар аст, ки имрўз барояш дуо мекунанд, ки эмину амон бимонад. Дар фурўшгоњи бузурги Черкизовои Маскав, ки тоза ташкил ёфта буд, дар њамон ибтидои оѓози кори ин бозор ў се дўкон дошт. Ёдам њаст, то се-чор моњи аввал молики бозор барои љалби бештари муштарї, њатто, гирифтани иљорапулии ин маѓозањоро ба таъхир анљом медод, то ки бар равнаќи кори тољирон мусоидат карда бошад. Фирмањои яклухтфурўшї барои Зайд гузаштњои шоистаи тањсин мекарданд: барои муддати тўлонї молу колои худро нася дастрас мекарданд. Ба њамин минвол ў муваффаќ мешуд, то љое ки дигар худаш мустаќим аз хориља - аз Туркия , Чин, Эрон ва кишварњои дигар садњо мошину тайёра коло ворид мекард ва шумораи маѓозањояш њам меафзуд. Дигар ў, дарвоќеъ, барои њазорон нафари дигар молу коло дастрас мекард ва теъдоди муштариёнаш њам зиёд мешуд. Њалолкории ўро њама черкизиён медонистанд. Бо боварии том метавонам гуфт, ки ин марди соњибкор як тин пули њаром ба даст наовардааст ва њар он чї ки њам пайдо ва фоида дидааст, њалол аст. Ў дигар дар он љо дар раддаи аввали сарватмандон маќом ёфт, мисли садњо ва њазорон муњољирони дигар, ки миллионер шудаанд, вале сармояшонро ба Тољикитсон намеоранд.... Дарвоќеъ, Зайд метавонист бо он љойгоњ ва эътиборе, ки дошт, тамоми неруњои тозаљў ва ислоњотхоњро њам дар мисоли ташаккулњои сиёсии расмї аммо карахту камњаракат ва њам равшанфикрони кишвар ва дар нињоят љомеаи аз ин шароит хаста ва дилгиршуда даври худ ба њам оварад. Аз ин љост, ки доирањои муайян аз ў эњсоси хатар карданд. Зайд як чењраи матрању шинохта танњо дар љомеаи дохилї набуд ва ўро фаротар аз ќаламрави Тољикистон, бахусус, Русия ва Эрон - ду кишвари муассир дар тањаввулот ва равандњои њадди аќќал, бист соли ахири кишвар низ хуб мешинохтанд. Гузашта аз ин, алоќањои хусусии ў, њатто, бо роњбарони бархе аз кишварњои осиёї ва урупої барои доирањои муайян пўшида набуд. Барои мисол, зимни сафари худ ба Душанбе ва мулоќот бо президенти Тољикистон президенти Австрия дархост мекунад, ки консулгарии кишварашро мехоњад дар пойтахти Тољикистон ифтитоњ ва Зайд Саидовро консули ифтихорї интихоб кунад. Ваќте шахсияти Зайд инчунонист, доирањои муайян, бо он табиату хўе, ки доранд, возењ аст, ки њаргиз, њаргиз розї намешуданд ва њаргиз имкон намедоданд, чунин шахсият вориди сањнаи сиёсат бишавад. Ва њатто, агар Зайд дар кифи худ тарњи табдили Тољикистон ба бињишт ва Данѓара ба Душанберо њам дошту итминон медод, ки ин њамаро кафи њукумат мегузорад, изну амонаш намедоданд. Чун даќиќ аст, ки барои ин доирањои муайян, њамчунин, наќша ва барнома даркор нест. Балки барномае ба кор аст, ки абаддудањр сахттару жарфтар дар чавкии ќудрат љойгир шаванд.
.....Шоњиди ифтитоњи Маркази тиљоратии "Пойтахт" њам будам. Ифтитоњи ин бино бо ширкати президенти Тољикистон моњи июни соли 2009 иттифоќ афтода буд. Эмомалї Рањмон ўро ситоиши зиёд кард ва ёдам њаст, ки гуфт, агар, њадди аќал, дањто аз вазирњои аз њукумат рафтаи мо чун Зайд ободї мекарданд, њоло як Душанбеи дигар доштем. Ва он ваќт радиои "Озодї" навишт: "Ин маркази љадид ва бошукўњ бо сармоягузории соњибкорони Русияву Тољикистон дар идомаи камтар аз ду сол сохта ва ба истифода дода шудааст. Раиси Љумњурии Тољикистон зимни суханронї дар ин маросим таъкид кард, ки дар шароити бўњрони молии љањонї мавриди бањарбардорї ќарор додани як чунин маркази тиљоратї, ки барои 600 нафар љойи кори доимї фароњам меоварад, шоистаи тањсин ва ќобили дастгирист. Дар њоле ки маркази мазкур аз њисоби сармоягузории соњибкорони дохилї ва хориљї ба фаъолият оѓоз кардааст. Раиси Љумњурии Тољикистон далели ширкати мустаќими худ дар ин маросимро мањз ба ин масъала, яъне ташкили љойњои нави кории зиёд марбут донист. Ў аз Олег Сосковес, раиси Иттињодияи соњибкорон ва тољирони Русия ва Зайд Саидов, рањбари Анљумани соњибкорон ва тољирони Тољикистон, ки бо љалби сармояи муштарак ин марказро сохта ва ба истифода додаанд, изњори ташаккур кард. Аммо њамзамон, раиси Љумњурии Тољикистон аз он изњори таассуф кард, ки бештари соњибкорони тољик пайи корњои осон мераванд ва љињати ворид кардани технологияи љадид, таъсиси корхонаљоти саноатї ва дар маљмўъ бахши истењсолот камтар таваљљўњ мекунанд. Дар идомаи гузориши радиои "Озодї" омадааст, ки " бо сармояи Зайд Саидов, соњибкори муваффаќи тољик, рўзи пеш як корхонаи тавлиди обмева ва истењсоли шарбат аз меваљот дар пойтахти кишвар ба фаъолият шурўъ кард, ки 70 нафарро бо љойи кор таъмин мекунад. Бинои "Маркази хидматрасонии Пойтахт" аз 6 ошёна иборат аст. Ин марказ дар чањорчўби як барномаи муштараки соњибко-
«
Ёдам њаст, то се-чор моњи аввал молики бозор барои љалби бештари муштарї, њатто, гирифтани иљорапулии ин маѓозањоро ба таъхир анљом медод, то ки бар равнаќи кори тољирон мусоидат карда бошад. Фирмањои яклухтфурўшї барои Зайд гузаштњои шоистаи тањсин мекарданд: барои муддати тўлонї молу колои худро нася дастрас мекарданд. Ба њамин минвол ў муваффаќ мешуд, то љое ки дигар худаш мустаќим аз хориља - аз Туркия , Чин, Эрон ва кишварњои дигар садњо мошину тайёра коло ворид мекард ва шумораи маѓозањояш њам меафзуд.
«
рони Русия ва Тољикистон бунёд шудааст. 51 дар сади сањмияњои он ба соњибкорони русї ва 49 дар сад ба соњибкорони тољик тааллуќ дорад. Ин бино дар масоњати 10 њазор метр ва бо ихтисоси 22 миллион сомонї бунёд шудааст..... Зайд ваќте гуфт, њизби марказгаро месозад, онро на марказгаро, балки марказгурез ќабул карданд. Барои доирањои муайян ба љуз аз худашон њама, њамаи љамъият њам, ки худро марказгаро гўяд, марказгурез њисоб мешавад. Ба пиндори инњо, марказгарову марказгурез як чиз аст, агар ки дар ин васат худи онњо њузур надошта бошанд, агар ки бо онњо муво-
фиќ, мутобиќ ва њамоњанг нашуда бошад. Аз њамин љињат аст, ки миёни онњо ва халќи Тољикистон марзи људої аз хеле ваќт кашида ва аломатгузорї шуда ва ин марз њамон, ба истилоњ, "хатти ќирмиз" аст, "хатти ќирмиз", ки Худо нахоста, нафаре ѓайр аз ин доирањои муайян убур кард, мустаќим ба дасти "марзбон"-у посбонони силањшўраш меафтад. Зайд ваќте гуфт, ки љомеа ба таѓйирот ва ислоњот ниёз дорад, ба пўстини онон кайк даромад. Ва изну амонаш надоданд. Муносибат бо Зайд нишон дод, ки чї гуна бо як берањмї ва беинсофї машинаи ќудрат муќобили як инсон истифода мешавад. Ва ин "вездеход"и шикаста тамоми ќоидаву ќонунро вайрон карда, бо шамотат ва шитобзадагї нафарро мустаманду музтариб ва музтар мекунад. Вале халќ ин навбат ба дурустї ва фаросат дарёфт, ки чаро ободгарон, чаро созандагон аз тарафи мошинаи ќудрат шикаста ва хароб карда мешаванд. ... Пеш аз маргаш падари Зайд дар њузури фарзандон васияте мекунад, ки дасти бародари худро бигиред, њамеша ёриаш кунед, вагарна њељ кадоме аз шуморо пињил нахоњам кард. Падар ба фарзандон васият мекунад, ки муроќибу мувозиби Зайд бошанд ва њамеша њолу њавояшро дошта бошанд, то хору заллил нашавад. Аммо Худованд ба њадде ба сўяш нигарист, ки ў бо як дасте, ки дошт, худ муроќибу мувозиби бародарону дўстони худ ва њатто, бегонањо гардид... Дар ќазияи Зайд боз як суоли дигарест, ки посухи он бори дигар аслу асоси маќсади боздошти ўро ифшо месозад. Вакилони дифои ў аз маќомот таќозо карданд, ки бигзор чораи њабси пешакии ў иваз бишавад, чунки ў маълул аст ва њам иттињомоти ворида ба ў иќтисодист. Њамчунин, талаботро ќавонини кишвар пешбинї кардааст. Аммо ин таќозо рад карда шуд. Фикр мекунед, чаро рад шуд? Ин њам дар њоле ки айбњои эъломкардаи маќомот ба ў, ўро, барои мисол, "љинояткори хафвнок" намешуморад ва аз дигар сў, ў худ бо он ки фањмид муќобилаш кори љиної оѓоз шудааст, беибо ва дилпурона аз хориља ба Ватан бозгашт. Яъне айбдоршавандае нест, ки аз маќомот пинњон шуда бошад. Агар њадафи дигаре набуд, агар мехостанд, ки фарзи мисол, зарари расонидаи ўро бозпас бигиранд, чаро ўро дастгир карданд? Чораи дигари ќонунї, ки вуљуд дошт. Чаро аз он кор нагирифтанд? Пас, ин бори дигар гувоњ аст, ки боздошти онњо бо дигар маќсад аст. Ўро намегузоранд, ки вориди сиёсат бишавад. Ва њатто, ин љо њадаф фаќат иборат аз ѓасбу мусодираи молу мулки ў нест. Чун агар як кам дар ин ќазия ва бозињои атрофи он андеша намоед, ба ин ки боздошти Зайд сирф љанбаъ ва ангезаи сиёсї дорад, тардид нахоњед кард. Мусаллам аст ва инро масъулини Агентии мубориза бо фасод низ таъйид карданд, ки кори тафтишот пеш аз эъломи ташкили њизби Зайд оѓоз шудааст. Агар ки ин тавр аст, чаро ба Зайд имкон доданд ба хориља биравад, пеши роњашро нагирифтанд? Њамон ваќт дастгир накарданд? Чун имкон дошт, ки барнагардад. Њамин тавр не? Шояд, онњо бо ин васила ба ў паём дода буданд, ки барнагардад. Њузури физикии ўро намехостанд. Ва гумонашон њам ин буд, ки бо ин ки зери фишорњо (даъват ба нињодњои вижа, тањдидњо аз тариќи паёмак, аз байн бурдани Шўрои њамоњангсози анљуманњои соњибкорон) ќарор дода шуд ва бо он ки муќобилаш парвандаи љиної боз шуд, ў дигар барнамегардад. Аммо ў омад. Чун дар назди додгоњи виљдон мубарро ва мутањњар аст. Коре кард, ки инњо бовар надоштанд. Аз мадорашон берун омада, саросемавор пушти њам - њам дар ваќти дастгир кардан ва њам њангоми эълони айб ба чанд иштибоњ роњ доданд. Бо ин ки айбњои эълонкардаи маќомот вобаста бо пулу моликият, яъне молиявист, аммо маъракае, ки алайњаш пиёда шуд: чопи силсиламатолиби дуру?ин, нашру тавзеи китоби махсус, барномаи вижаи телевизионї ва дар ин авохир фишорњову пурсуљўњои маќомоти амниятї аз љонибдоронаш бозгўи пањлуи дигари ќазия аст. Ин "тадобири
МАЙДОНИ СИЁСАТ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
Дар зимн ин нукта њам таъкид бишавад, ки Зайд давоми чанд соли ба соњибкорї дар Тољикистон машѓул шудан беш аз 20 миллион доллар сармоя ворид карда, ширкатњояш солона то 20 миллион сомонї (4 миллион доллар) андоз месупориданд. Мутаассифона, њоло соњибкоре, ки мебоист кор мекард, манфиат меовард, обод мекард, шукўњ мебахшид, ба охир мерасонд, пушти панљара аст. Бо як берањмии тамом ва бо наќзи ќонунњои мављуда. Агар решаи ин њама ќулдурї ва зўргўї кофта шавад, маълум мешавад, ки њамон рашк, њамон тарс ва њамон бахилист. Дида натавонистани рушду камол ва иззу манзалат касб кардани афроде, ки дар муњит ва муњавватаи дигар сабзидаанд, дар мактаб ва руњияи дигар бузургї ёфтаанд ва миннатгузор ва мадюни банда нестанд ва њамаро на аз фиръавнони муосир, аз Худо медонанд. Ин њарос - њароси хаффош аз офтоб аст. Аммо наќш ва изи дастони Зайдро аз байн бурда наметавонанд. Мебинанд, месўзанд ва мисли хор дар чашмонашон мехалад. Мисле, ки алъон бар муроди дили худ расиданд. Тўю тамошое доданд, ки саросари љумњуриро моту мабњут кард. Њоло бо тамоми васила ва абзори имконпазир алайњи Зайд ба мубориза бархоста, талош мекунанд, ки чењраи ўро он тавре ки мехоњанд, тасвир созанд. Аммо касе бовар накард. Чун мардум фањмид, ки ин маъракаороён боз њам ба як бозии сиёсие даст зада ва раќиби эњтимолиро аз сари роњ бардоштанианд. ...... Як чизро њамчун намунае аз афсонањои айбномаи алайњи Зайд метавон тазаккур дод, ки Корхонаи "Тољикатлас" моликеро бо исми
« вижаи безараргардонї" аз сўи љомеа чї тавр ќабул бишавад? Чї боис шуда ва чї давлатро водор кардааст, ки дар муќобили як табааи худ, он њам маълул, он њам дар гузашта вазири ин давлат ва он њам як тољири хушном ва соњибэътибор, њамчунин, "иќдомот"-е кунад? Аз ин љо бармеояд, ки Зайд як нафаре одиву сода нест ва ин ки ў ба сиёсат омаданист, аслу асоси дастгир ва љинояткор эълом кардани ў шудааст. ..... Бо шинохте, ки аз Зайд дорам, ба њељ ваљњ, бовар нахоњам кард, ки даст ба пули њаром бурда бошад. Ин як иттињоми басо нољавонмардона ва ифлос аст. Ў як инсони њалолкор ва њалолёб ва њалолхўр аст. Шояд, аз камтарин тољироне њаст, ки бо риояти тамоми аркону фаризаи дин сармоя љамъ овардааст ва бар иловаи накукориву саховатмандї њамасола аз амволи худ закот додааст, то ин ки луќмаи дањанаш њалол бошад. Зеро инсони худотарс аст ва тарбияту таълими падар гирифтааст ва дар муњити мусалмонї калон шудааст... Аз ў дида маорифпарвареро дар Душанбе вонахўрдаам. Њукумате, ки мутмаин ба худ аст, бовар дорад, ки мардум дар пушташ аст, ин корро намекунад. Бархўрди њукумат бо Зайд баёнгари он аст, ки аз тасмими ташкили њизби ў сахт дар тарсу њарос шудааст. Њаќиќат њам ин аст, ки бо ин ки бисту як сол аз њукумати тарафдорони "њокимияти конститусионї" бигзашта ва се маротиба њам интихоботи президентї доир шуд, њељ ваќт њамчунин шахсияти волову арзанда ва сазовор дар баробарашон ќад алам накарда буд. Ин њам дар њоле, ки шароити поизи соли љорї аз интихоботњои ќаблї комилан тафовут дорад. Баъди "инќилобњои ранга", "бањори арабї" ва тањти интиќоду фишору тањдидњои шадид ќарор гирифтани "дарозумрон", ки баќои онњо дигар манбаи ноамнї талаќќї мешавад ва бар ин њама изофа шавад, ки аз он њама ваъдањову барномањои давраи интихоботи соли 2006 то кунун њељ кадоме иљро нашуда ва бо дасти холї пеши омма омадан барояшон бисёр сахт аст, баланд шудани шахсияте, ки ошкоро изњор медорад, ислоњот ва таѓйирот мекунад, орому ќарорашонро гирифтааст. Ва танњо роњ њамоне аст, ки медонанд ва то њол таљриба кардаанд - зўроварї ва ёѓигї. Чун хуб медонанд, ки шунидани ваъдањо аз забони чењраи ошно дигар боварбахш нест ва љомеа аз ин њама ба сутўњ омадааст. Инро њам аз назар берун набарем, ки Зайд тибќи сањмияи сидарсадї ба њукумат пайваста буд ва бо вуљуди њама тавфиќу барор ва ободгариву бу-
нёдкорї доим мавриди бадгумонї ва шубња ќарор дошт ва ин шакку шубњањои доирањои муайян дар навиштањои фармоишї алайњи Зайд аланан намудор аст, ки пештар зикр намудем. Аммо ў њамеша такя ва таваккул бар Худо карда ва њамеша ќасду нияташ њам ба даст овардани ризои Худо ва халќи ў будааст. Њељ гоњ аз роњи ба даст овардани ин њадаф - њосил кардани ризои Худо ва халќ мунњариф нашудааст. Ва бар ин њадиси Расули акрам сахт пойбанд ва мўътаќид аст: " Худо мегўяд, Шумо ба сўи ман оед, ман дарњои худро ба рўи шумо боз хоњам кард". ... Наќши дастони Зайд дар њар куљо аз минтаќаи пойтахт баёнгари фаъолияти босамари ўст. Баландтарин бинои Тољикистон-"Душанбеплаза"-ро, ки ў дар як муддати кўтоњ бунёд намуд, њамарўза мењмонон ва сокинони пойтахт назора карда, ўро тањсин мекунанд, ки битавонист ба пойтахти кишвар шукўњ бубахшад. Зайд, дарвоќеъ, чашми кордон ва дар пешаи худ чирадаст ва мутахассиси олисавия аст. Ў мисли дигарон, мисли онњое, ки аз њисоби сирќати мамлакат (ишора ва манзурам равшан аст) сарват љамъ кардаанд, нест. Ў њамаро худ ёфтааст. Ин љо як иќтибос меоварам аз Гул Шералї, ки соли 2006 њангоми раисї дар Кумитаи давлатии амволи давлатї бо хабарнигори нашрияи "Тољикистон" анљом додааст. Ва аз ќироати ин пораи иќтибос худ мефањмед, ки Зайд чї ободкорињое кардааст, ки аз љониби њама эътироф шудааст. Хабарнигор аз љаноби Гул мепурсад, ки - Шумо зикр кардед, ки чунин тариќи музояда аз манфиат холї нест. Метавонед ин гуфтаатонро бо далел асоснок кунед? Ў чунин љавоб медињад: " На танњо тендерњои инвеститсионї, умуман, ѓайридавлатї гардонидан самараи хуб дод. Мо санљиш гузаронидем. Он нишон дод, ки 77 фоиз ё 5649 корхонаи хусусигардонидашуда фаъол шудаанд. Шумораи коргарон баъд аз дигар шудани шакли моликият ќариб 13 000 афзуд, маоши онњо зиёд шуд. Корхонаи "Гулистон"-ро мисол меорам. Бисёр касон муќобили ѓайридавлатї гардонидани он буданд. Азбаски хусусигардонї барномаи давлатї буд, он сурат гирифт. Ќаблан дар ин корхона 40 кас ба ќайд гирифта шуда буд, ягон таљњизоти обод намонда буд: деворњо фарсуда, фаршњо пўсида буданд. Баъди хусусигардонї маблаѓгузори хориљї корхонаро бо таљњизоти муосир муљљањаз гардонид, зиёда аз 14 миллион сомонї маблаѓгузорї кард. Њоло дар ин корхона дар ду баст ќариб 400 нафар кор мекунанд". ("Тољикистон" 2006. №5)
Њукумате, ки мутмаин ба худ аст, бовар дорад, ки мардум дар пушташ аст, ин корро намекунад. Бархўрди њукумат бо Зайд баёнгари он аст, ки аз тасмими ташкили њизби ў сахт дар тарсу њарос шудааст. Њаќиќат њам ин аст, ки бо ин ки бисту як сол аз њукумати тарафдорони "њокимияти конститусионї" бигзашта ва се маротиба њам интихоботи президентї доир шуд, њељ ваќт њамчунин шахсияти волову арзанда ва сазовор дар баробарашон ќад алам накарда буд. Ин њам дар њоле, ки шароити поизи соли љорї аз интихоботњои ќаблї комилан тафовут дорад.
«
Низомхон Љўраев њељ гоњ надоштааст ва харидоре бо исми Зайд Саидов њам онро харидорї накардааст. Аз ин љо нишондоди Низомхон муќобили Зайд дар мавриди иљборан аз дасти ў гирифтани "Тољикатлас" боварнакарданист. Чун ў як инсони боимон ва худотарс аст, мутмаинам, даст ба њаром наёзидааст. Њоло иттињом мезананд, ки дар сохтмони "Душанбе-Плаза" 400 њазор изофанависї кардааст. Аммо хуб медонанд, ки барои як метри мукааби бинои "Душанбе- Плаза" чї ќадар маблаѓ људо шуд ва барои як метри Китобхонаи миллї чї ќадар? Њоло билфарзе агар зиёни ба давлат расонидаи тољирон њисоб карда шавад, пас, пули ба адвокатњои "ТАЛКО " дар бањси судии Лондон бо ширкати "Ансол", ки гуфта мешавад, дањњо миллион доллар(!!!) аст, кї бояд дињад? Наздик ба сад миллион ќарзи "Барќи тољик"-ро кї бояд барќарор созад? Садњо миллион доллари КВД "Роњи оњани Тољикистон" куљо шуданд? Дар њоле ки корхонањои Зайд танњо дар соли 2009 ба буљаи кишвар 20 миллион сомонї молиёт пардохт кардааст, ин ширкати бузург, ки аз нисф бештари барќи тавлидме-
9
шудаи кишварро бо нархи чанд баробар поинтар аз дигар корхонаљот масраф мекунад, камтар аз ин раќам андоз месупорад. Он ќарзи наздик ба 50-миллиондоллараи Сандуќи байналмилалии пул, ки боиси шармандагии давлат ва миллат шудро, ки обул лой карда ва аз кадом њисоб пас гардониданд? Оё барои сохтмонњои Зайд низ он гуна, ки барои ворид кардани мањсулоти сохтмонї ба "бархењо" аз корхонањо имтиёз додед, додед? На. Надодед! Њоло наздик ба 200 миллион доллари ањолї, ки табдил ба сањмияњои Роѓун шуд, куљо аст? Зимнан, то љое медонам, Зайд низ ба маблаѓи бештар аз ним миллион доллар аз ин сањмияњо харида буд. Ва њамчунин, огоњам, ки барои селзадањои шањри Кўлоб ба маблаѓи ним миллион доллар манзил бунёд кард. Ин дуруст аст, ки Зайд Саидов тибќи сањмияи сидарсадии мухолифон вориди Њукумати Тољикистон шуд. Аммо дар ин кор низ муваффаќият ёраш буд. Хеле аз корњои муњимеро иљро кард. Њамин буд, ки чанд идорањои хурд ва Вазорати алоќаро бо саноат муттањид карда, ба ихтиёраш гузоштанд. Агар кори ў муваффаќ набуд, на танњо идорањоро зери итоати ў муттањид менамуданд, шояд, дар њамон давр аз кор берун меандохтанд. Вале кадом каму касре дар кору фаъолияташ надошт ва ў њељ ваќт моликиятеро њам нафурўхтааст, чун фурўши амволи давлатї дар ихтиёри дигар нињод буд. Аммо... аммо бо ин боздошт дубора ин суол матрањ шуд, ки дар Тољикистон иљозаи фаъолияти орому осудаи сиёсї то кадом њад ва то куљо вуљуд дорад? Чї боиси репресияи сиёсї шуд? Оё шањрвандони ин кишвар, њамчунин, њаќќу њуќуќе доранд, ки бидуни њосил кардани ризоият ва њамоњангї бо як доирањои муайян бо ташкили њизб ё роњи дигар вориди сањна бишаванд ва ормону ањдофи худро ба иљро бигзоранд? Магар дар доираи ќонун амал кардан љиноят аст? Чаро барои бархе ташкили њизб ва росту дурўѓ то 200 њазору беш аз онро шомили он намудан равосту барои дигарон на? Магар мо бо "ќонуни љангал" зиндагї бояд дошта бошем? Њоло Зайд бо пайкари кўчаку љисми нањифи худ рўзњои сахтеро пушти сар мекунад. Зери тазйиќи шадиди равонї ќарор дорад, маљбур аст, тоќат кунад, ки истинтоќ бишавад, тањти суолњое ќарор бигирад, ки дар гўшаи хаёлаш њам љо надошт. Шахсе, ки озод буд, озодона мезист, рањбарии чандин муассиса ва афроди гуногунро бар ўњда дошт, андаруни њуљраи тангу торик аст, ихтиёру инонашро гирифтаанд. Тозиёнаи суолњои бозрасон ба ин андеша, шояд, бурд ва дигар пушаймон аст, ки ба њарфи онњое гўш надод, ки нао гуфтанаш. Чун дар шароите ќарор дорад, ки сарнавишти њизбаш, сарнавишти худаш, сарнавишти корхонањояш, сарнавишти барномаву наќшањояшро худаш таъйин намекунад. Дасту пояшро бастаанд. На. Ман бовар намекунам, ки ирода ва тањаммули ўро битавонанд бишкананд. Ў њамон андоза, ки дар њар коре дигар муваффаќ буд, ин љо низ бо ирода ва имони мустањкам ва ќавї муќовимат хоњад кард ва комёбу сарбаланд рањо хоњад шуд. Чун ў, дарвоќеъ, дар љањон болу пари хеш кушоданро хеле барваќт омўхта ва таљриба кардааст. Ќуръони шариф ва "Маснавии маънавї" дар даст дорад ва панљ ваќти намозашро тарк накардааст ва њамвора бо Худо роз мегўяд. ... Модар аз он ки писараш фардо чї тавр зиндагї мекарда бошад, яъне ризќашро аз куљо меёфта бошад, андўњгин буд. Фикр мекард, писари малулаш хор мешавад. Аммо њељ гоњ дар гўшаи хаёлаш њам роњ надода бад, ки фардо писари ў ба њадде дорандаву ѓанї ва соњибному соњибнон мешавад, ки муќобилаш аз ќудрати давлат истифода мекунанд. Дуои ў ин буд, ки фарзандаш муњтољ нашавад, дастнигар набошад. Вале њоло, ки ў дар кунљи мањбас асту модараш њам дигар барояш дуо намедињад. Аммо дар ин берун ўро хелењо аз љумлаи модарони тољик дуои хайр мекунанд. Бахусус, модарони он хонаводањои селзадаи кўлобї, ки бо њиммати ў соњиби манзили зист шуда, дар кўча намонданд.
Абдуќаюми ЌАЮМЗОД
P.S Њоло љомеаи кишвар ин ќазияро бо муроќибати тамом тамошо дорад. Тамошо дорад, ки њукумат онро мунсифона ва одилона баррасї мекунад ё беинсофона. Зеро Зайд ин тавонро дорад, ки он њама "зарар"-њоеро, ки гўё расонидааст, пас гардонад. Агар ки, фарзи мисол, њадаф - бозпас гирифтан бошад, Зайд аз иљрои он бар хоњад омад ва акнун ки њамаро "соф" кард, мантиќист, ки бояд љавоб бишавад. Вале агар ки њамчунин иттифоќот сурат нагирифт, пас, бори дигар ин фарзияњо, ки њадаф на танњо таракаи амволи ў, балки "мањор" ва "безарар" кардани шахси ў низ њаст, тасдиќ мешавад ва дар сањфањои таърихи навтарини миллати тољик навишта мешаванд.
10
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
М.УБАЙДУЛЛОЕВ, Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Раиси шањри Душанбе Таърихи инсоният собит кардааст, ки рушди босуботу мунтазами љомеа ба оромию њамдигарфањми аъзои он, ќуввањои сиёсию фарњангї ва ќишрњои иљтимої вобаста аст. Мусаллам аст, ки дар асари њукмфармо будани носуботї идораи давлатњо ба сакта дучор гашта, дар натиља бесарусомонии иљтимої фарогири љомеа мегардад. Тавре воќеияти объективї шањодат медињад њаёт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсию иќтисодї љомеаро водор менамояд, ки сулњу суботро таъмин ва ба ин васила истењсоли неъматњои моддї ва рушди маънавиро ба роњ монад. Аз нигоњи илми муосир низ вазъи коинот ва низоми олам ба вањдат ва ќонуни љозибаи сайёрањо асос ёфтааст. Аз ин рў вањдат на танњо омили њастии љамъияту одам, балки асли худи олам њам њаст ва на фаќат сайёраи мо, балки кайњону коинот њам ќонунияту низоми муайян доранд, ки ягонагии онњоро бар љо нигоњ медорад ва боиси дар Сайёраи Замин рушду нумуъ кардани њаёт мегардад. Бинобар он вањдат хамчун яке аз унсурњои њастии табиї ва иљтимоии инсон аз тарафи андешамандони башарї, аз љумла ањли эљод, адибону шоирон аз замонњои хеле ќадим дарк шуда, мавриди тањсину ситоиш ќарор гирифтааст. Устод Абўабдулоњи Рўдакї асоси вањдатро дар некўию сулњ ва сабаби љангу нифоќро дар нодонї донистааст: Њама наюшаи хоља ба некўию ба сулњ аст, Њама наюшаи нодон ба љангу фитнаву ѓавѓост. Дар тўли таърих вањдат ба маъниву мазмунњои гуногун ва тобишњои мухталиф арзи зуњур мекард, аммо њамеша як мазмуни аслии он побарљо буд, ки асосу бунёди њастї ва саодати љомеаи башарї ва њар як инсон аст. Дар баробари ин вањдат боз мафњумњоеро ифода намудааст, ки ба ягонагии сарзамини аљдодї, муњофизату тањкими давлати миллї, озодию ободї њаммаъноянд, зеро бе вањдати миллї ба даст овардани ин арзишњо ѓайриимкон аст. Љамъияти инсонї дар дарозои таърихи худ исбот намудааст, ки осудагию оромиши мардум танњо њангоми дар муњити вањдат зистан воќеъ мегардад. Аз ин рў вањдат на танњо арзиши миллї, балки бештар ва болотар аз он арзиши умумиинсонї низ мањсуб мешавад, ки барои њар макону њар замон дархур аст. Чунонки муборизи роњи сулњи љањонї устод Турсунзода њифзи вањдати умумиинсонї ва дўстиро васф карда, васият намуда буд: Халќи олам дўст бо мо гаштааст, Вањдати халќи љањонро гум макун. Бале, инсон дар муњити вањдат њамчун моњї дар дарё осудаву озод зиндагї ба сар мебарад. Дар муњити вањдат ў худро дар баробари љузъи башарият эњсос карданаш, љузъи миллат њам мешиносад ва аз афкори мањдуди ќавму мањалгарої рањої ёфта, манфиатњои умумимиллї ва умумидавлатиро аз манфиатњои мањаллию шахсї авло мењисобад. Дар натиља шахс ба дарки он маънии бузург мерасад, ки њастии ў танњо бо њастии тамоми мардуму миллат маънову ќудрат пайдо менамояд ва ў љузъи иљтимоъ мешавад, ки барои рафъ кардани тамоми монеъањову душворињо ќодир мебошад. Вањдат ба ў нерўи худтатбиќнамої дар роњи бунёду ободкорї мебахшад. Вањдат аз љониби ањли адаб њамчун падидаи худовандию инсонї, иљтимоию руњонї, фардию умумибашарї дарк карда шуда, њамчун василае, ки барои расидан ба њадафњои ормонии онњо хидмат мекунад, ситоиш карда шудааст. Аз њам људої хулќу атвори инсон нест, чизе, ки инсонро инсон месозад, вањдати ў бо дигарон, муттањидии ў бо мардум аст. Шоири бедордили мо Лоиќ низ вањдатсаро буд ва даъват мекард: Зи њар љо биёему якљо шавем, Њама ќатрањоему дарё шавем. Аз нигоњи дини мубини ислом вањдатмафњумест, ки аз исми сифоти Илоњї дар маърифати инсоният љой гирифта, аз ќадим дар як раванди муттасил бо тобиши эътиќодї мардумро ба њам муттањид намудааст.
МАВЌЕЪ
ВАЊДАТ РАВАНДИ МУТТАСИЛ Китобњои осмонї ва Паёмбарон бо мурури замон љомеаи инсониро ба ягонагию њамкории миллатњо ташвиќ кардаанд. Ба аќидаи исломї Офаридгор бо фиристодани Ќуръони маљид на танњо дину миллату нажодњоро ба њам овард, балки омилњои тафриќаандозии байни косибону њунармандон, тољирону кишоварзон, ходимону хољагон ва ѓайраро нољоиз шумурда, мардумони табаќањои мухталифи љамъияту минтаќањои гуногунро ба иттињоду њамбастагї ва њаёти осоиштаву мусолиматомез даъват намудааст. Дар Ќуръони карим омадааст: "Якљо ба дини Худо чанг бизанед ва људої накунед" (Оли Имрон, ояи 103). Дар сураи "Њуљарот" ояи 10 мегўяд: "Њамоно мўъминон бародари њамдигаранд, пас дар байни бародаронатон сулњу созиш барќарор кунед ва аз Худо битарсед, умед аст, ки мавриди рањмати илоњї ќарор гиред". Паёмбари ислом хазрати Муњаммад(с) фармудањои Офаридгорро ба тобеони худ низ њам дар пиндору гуфтор ва њам дар рафтор интиќол дод ва ба мусалмонон мурољиат карда гуфта аст: "Эй мардум! Њар оина Парвардигори Шумо ягона аст ва њар оина падари шумо як кас аст. Огоњ бошед, ки арабиро бар аљамї ва аљамиро бар арабї, сурхпўстро бар сиёњпўст ва сиёњпўстро бар сурхпўст фазлу бартарї нест, магар ба таќво ва парњезгорї, њар оина гиромитарини шумо назди Худованд парњезгортарини шумо аст". Аз Абўмўсои Ашъарї ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: "Иртиботи як мусулмон бо мусулмони дигар монанди бинои деворест, ки як ќисмати он ќисмати дигарро мањкам месозад". (Ривояти Бухорї ва Муслим) Мутаассифона, бо мурури замон ин маърифати баланди вањдату якдилї дар натиљаи ѓаразањои нољо осеб дида, ба њусни ахлоќи њамидаи исломї костагї ворид намуд. Њанўз аз замони хилофат ихтилофњо вусъат ёфта, як навъ теша задан ба решаи вањдату ягонагии мардуми мусалмонро ба вуљуд оварда, то ба имрўз ин кашокашњо идома ёфтааст. Љомеаро инсонњо ташкил медињанд ва бе шубња вањдати миёни инсонњо хост ва моли Худост, дар офариниш Худованд инсонро мартабаи олї додааст. Чунончи дар ояи 70-уми сураи Исро: "Њамоно, фарзандони Одамро гиромї кардем ва дар биёбону дар дарё онњоро барнишондем; ва ба онњо аз покизањо рўзї додем ва онњоро бар бисёре аз он чи офаридем фазли бисёре додем." таъкид ёфтааст. Њамагон огањї доранд, ки кишвари љавони мо аз рўзњои аввали соњибистиќлолї ба душворињои зиёд рў ба рў шуд. Боиси хурсандист, ки дар Иљлосияи 16-уми Шўрои Олї бунёди давлатдории навини миллї гузошта шуда, аз он баъд, мутобиќи Конститутсия ва
ќонунњои демократї мавќеи дин, имон, озодии виљдон, осори ниёгон, арзишњои маънавию ахлоќї дуруст муайян шуда, фаъолияти муассисаву иттињодияњои динї ба маљрои мувофиќ равона карда шуд. Дар бораи маќоми арзишњои динї дар љомеаи мо ёдовар шудан аз суханони Сарвари давлат басо бамаврид аст: "Барои он кўшиш ба харљ медињем, ки арзишњои башардўстонаи дини мубини исломро биомўзем ва биомўзонем, зеро сарватњои маънавї, илму адабиёти ќадимї ва суннатњои рўзгори мо бо ислом банду пайванди мустањкам дорад". Дар ин робита дар давоми чанд соли охир бо дастгирии Сарвари давлат силсилаи муњимтарин осори исломї "Эњёу улум ад-дин" ва "Кимиёи саодат"-и Муњаммади Ѓаззолї, "Эњёи фикри динї дар ислом"-и Муњаммад Иќболи Лоњурї, "Мухтасарул-виќоя"-и Муњаммадшарифи Бухорї, "Меъёрут-тадайюн"-и Ањмади Дониш, "Шамоилу-н-Набї"-и Имом Тирмизї, "Туњфатул-амон фи сирати-н-Нўъмон"-и Шиблии Нўъмонї ба нашр расидааст, ки хидмати арзишманд мебошад. Аз таърихи халќамон метавонем мисолњое оварем, ки дар натиљаи ањамият надодан ба вањдат тезутунд шудани зиддиятњои дохилї ба вайрон шудани шањру дењот, пароканда шудани њунармандону косибон, аз байн рафтани боѓњову киштзорњо ва дар натиља боиси гуруснагию беморї, касодии маънавию ахлоќї гардида будааст. Пешрафтњои саноат ва кишоварзї, илму маориф ва фарњанг мањз дар солњое муяссар мешуданд, ки оромию вањдати нисбї дар љомеа фароњам меомад. Ин аз он шањодат медињад, ки вањдат хусусияти объективї дошта, дар њама љамъият аксари мардум, ба хусус ќишрњои дорои нерўи волои аќлонї ба таъмини фазои муфиди ба раванди муттасилии вањдат мусоидаткунанда саъйу талош мекарданд ва мекунанд. Дар давраи Иттињоди шўравї ќатъи назар аз беадолатињои сиёсию иќтисодї ва ѓайра дар самти худогоњї ва худшиносии миллї заминањои воќеї ба вуљуд омаданд. Зиёиёни соњиби тафаккури нави дунявї ташаккул ёфтанд, ки барои ба вуљуд омадани вањдати миллї зањмати зиёде кашида буданд. Хидматњои устод С.Айнї, А.Лоњутї, Ш.Шотемур, А.Њољибоев, А.Муњиддинов, Ч. Имомов, Б. Ѓафуров, М. Турсунзода ва дигаронро дар ин раванд бояд махсус зикр кард. Дар замони истиќлолияти давлатї ва воридшави кишвар ба марњалаи нави тараќќиёт ва худшиносии миллї љомеаи мо аз низоъњои фалокатбор ба шарофати вањдати миллї наљот ёфт. Мањз вањдати миллї барои пойдории истиќлолият ва рушди давлатдориамон заминаи муњимтарин гардид, ки тавассути он бо ибтикороти дурандешонаи Сарвари давлат Ватани азизамон бо дастовардњои муњимми сиёсї, иќтисодию иљти-
мої ва коммуникатсионї муваффаќ гашт ва ба узвияти Созмони Умумиљањонии Савдо пазируфта шуд. Тавре њамагон хуб дарк намудаанд, вањдати миллї ба худшиносии воќеї вобаста аст, зеро дарки ягонагии забонї, фарњангї, динї, иќтисодї ва ватандорї ба худшиносии устувори афроди кишвар замина мегардад. Пањлўи дигари ин масъала дарк намудани масъулияти фард дар назди љомеа ва давлат мебошад. Устувор шудани шуури худогоњї ва эњсоси ягона будани фард бо миллат ва масъулият дар назди давлат сабаби дарки моњияти вањдати шахс ва љомеа мегардад. Вањдати афрод дар љомеа њамон ваќт устувор ва побарљо мемонад, ки мо шањрвандони кишвар манфиатњои олии миллї ва давлатиро амиќан дарк намоем ва ба ин васила вањдатро њамеша чун падидаи умумимиллї ва умумидавлатї гиромї дорем. Азбаски дар љомеа табаќањо ва гуруњњои иљтимої мављуданд, њар яки онњо аз љињати сиёсї ва ё гуруњї манфиатњои худро доранд. Ин манфиатњо бояд ба манфиатњои умумимиллї созгор бошанд. Њангоми аз тарафи ин ё он ќувваи сиёсї ва ё гуруњи иљтимої ба таври мутлаќ арзёбї шудани манфиатњои сиёсї ё гуруњии хос манфиатњои умумимиллї зарар мебинанд. Бинобар ин дар њар марњалаи таърихї вањдат муњтавои нав ва раванди тоза пайдо мекунад. Чунончи, дар оѓози давраи истиќлолияти давлатиамон бинобар бартариљўии баъзе ќуввањои сиёсї ва иљтимої дар заминаи аќидањои њизбию гурўњї ва мањаллї манфиатњои умумимиллї дар назар гирифта нашуданд, даќиќтар гўем, ќуввањои тундрави љомеа манфиатњои мањдуди худро аз манфиатњои умумимиллї ва умумидавлатї бартар дониста, боиси фалаљ шудани низоми идораи давлат гардиданд. Вале дар нињояти амр ќуввањои солими љамъият хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллатро амиќан дарк карда, барои устувор кардани асосњои низоми давлатдории навин мубориза бурданд. Нерўи нави сиёсї бо сарварии Презинденти љумњурї муњтарам Эмомалї Рањмон тавонист вањдати умумиллиро ба вуљуд оварда, мардумро барои барќарор кардани институтњои давлатдорї сафарбар намояд. Вањдати миллї дар ин марњала ба воситаи љалби таваљљуњи љомеаи љањонї ва созмонњои байналмилалї ба проблемањои давлати љавонамон, ба Ватан баргардонидани гурезањо ва ташкили гуфтугў бо ќуввањои оппозитсионї ба вуќуъ пайваст. Њамзамон давлат барои њалли проблемањои низомї, иќтисодї ва иљтимої наќшањои муњимро тартиб дод, ки асоси онро ќабули Конститутсияи нав ва љорї намудани низоми нави иќтисодї ташкил медод.
ПЕШНИЊОДИ МУШАХХАС
Њоло бошад, кишвари мо дар марњалаи дигар ќарор дорад. Низоми иќтисоди бозорї устувор шудааст. Дар љомеа фаъолияти њизбњои сиёсї ва сохторњои љомеаи шањрвандї мутобиќи Конститутсия ва ќонунњои амалкунанда ба низоми муайян даромадааст. Воситањои ахбори озод ба вуљуд омада, теъдоди рўзномаву маљалла, телевизиону радио ва ољонсињои иттилоотии хусусї нисбат ба шумораи умумии воситањои ахбори оммаи давлатї ба маротиб зиёд шуданд, таљзияи њокимият ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї амалї шуда, кишварамон ба низоми демократї ворид гардид. Дар ин марњилаи тараќќиёти давлат таъмини вањдати миллї аз њар яки мо - аъзои љомеа иштироки фаъолонаро дар љустуљўи роњњо ва усулњои мушаххас, аз љумла, баланд бурдани сатњи донишу эњсоси ватанпарастї дар худ, хусусан дар байни љавонон, њалли масъалањои иќтисодї ва иљтимої ба воситаи таъсиси љойњои нави корї, самарбахш ба роњ мондани истифодаи замин ва корхонањои соњаи кишоварзї, тараќќї додани саноат бо дарназардошти коркарди пурраи молу маводи мањаллї, вусъати тиљорат ва соњибкории хурду миёна, ба хусус соњибкории истењсолї ва ѓайраро таќозо менамояд. Муќоисаи марњалањои вањдати миллї нишон медињад, ки вањдат зарурат ва раванди њаётї буда, он ба ќонуниятњои муайяни деалектика тобеъ мебошад ва раванди тањким дар њар марњалаи тараќќиёти љомеа роњу равиш ва усулњои махсусро талаб менамояд, зеро раванди вањдатсозї муттасил ва пайваста мебошад. Дар ин љода мо бояд тамоми ањли љомеаамонро сафарбар намоем ва аз нерўи ќуввањои солиму бунёдкор, ватандўсту вањдатофарин љињати тавсеа ва таќвият бахшидан ба раванди бебозгашти вањдати миллї њамаљониба истифода намоем. Боиси ќаноатмандист, ки бо туфайли зањматњои Сарвари давлат ва шањрвандони кишварамон вањдати миллї имрўз дар мамлакатамон хусусияти муттасили тањкимёбандаи объективї гирифтааст ва дар натиљаи он дарки манфиатњои умумимиллї ва бартар донистани он аз манфиатњои њизбию мањаллї фарогири љомеа шудааст. Интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон дар соли 2006-ум ва интихоботи вакилон ба маљлисњои маќомоти намояндагии мањаллии њокимияти давлатї ва Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ки дар солњои сипаришуда баргузор шуданд раванди устувор гаштани вањдати миллиро дар кишвари мо ба исбот расонд. Дар айни замон бояд хотирнишон сохт, ки раванди вањдат дар як давлат ё љомеа на танњо ба омилњои дохилї вобаста аст. Омилњои берунї, аз љумла муносибатњои байни давлатњо, тањдидњои замони љањоншавї низ барои њалли масъалаи тањкими вањдат ва
субот дар минтаќа ва љањон андешидани тадбирњои якљоя ва зарурро ба миён мегузоранд. Имрўз баъзе неруњои љањонї барои љорї кардани низоми ба худашон маъќул аз зўроварї ва ќуввањои низомї низ истифода мекунанд. Вале љомеаи хушбахтонаи инсониро чунон ки донишмандони бузурги Ѓарбу Шарќ ќайд карданд, на ба воситаи зўроварї ва фишорњо, балки аз роњи дониш ва такя ба аќлу хирад ва эњтироми њуќуќи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст. Ба ин муносибат бо ќаноатмандї метавонем ќайд кунем, ки мо аз таљрибаи мусбати давлатњои Ѓарбу Шарќ истифода карда, бо њифзи асолати фарњанги сиёсии љомеаамон давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва иљтимоиро бунёд карда истодаем ва андешаи вањдати миллї дар маркази он ќарор дошта, муттасил бо такя ба раванд ва муносибатњои чањонї нерў мегирад. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 апрели соли љорї зикр гаштааст: "тамоюлњо ва хусусиятњои мушаххаси рушди љањони муосир аз њар кадоми мову шумо назари санљидаву масъулона, баррасии амиќ ва муайян намудани роњњои њалли масоили калидии њаётро таќозо мекунанд.". Тањлилњо нишон медињанд, ки омилњои глобалии ба давлат ва вањдати миллї хатаровар то ба имрўз вуљуд доранд. Ин, пеш аз њама, хатарњои экологї, терроризми байналхалќї, љинояткории трансмиллї, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динї, афзудани бекорї ва ѓайра, ки љомеаи љањониро ба ташвиш овардаанд, кишвари мо низ њамчун љузъи љомеаи љањонї аз ин хатарњо ба пуррагї эмин намебошад. Месазад тазаккур дињем, ки кўшишњои роњбарияти давлат ва Њукумати љумњурї барои эљоди фазои орому осуда дар љањон ва минтаќа дар ин самт хеле муњим арзёбї мешаванд. Аз љумла, барои њалли масъалањои мубрами љомеа, хусусан муњољирати мењнатї ва њифзи њуќуќњои муњољирон чорањои зарурї андешида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад. Љои таъкид аст, ки раванди муњољирати мењнатї феълан тамоюли љањонишавиро касб кардааст ва он аз љанбаъњои мусбї холї нест. Ба он маънї, ки дар татбиќи зарфиятњои шањрвандон, худистифодадињии нерўи инсонї шароиту имкониятњои васеъ фароњам оварда, метавонад дар муттасилияти раванди њамгирої ва љањоншиносии инсонњо, ки дар интињо гуфтугўву бардоштњояшон ба нафъи љомеаву кишварњои асли баромад хизмат намояд, мусоидат кунад. Моро зарур аст, ки дар шинохту нуфузёбии объективияти раванди муњољирати мењнатї на бо њарос ва назари манфї муносибат намоем,
балки дар ин љода тафаккури созанда дошта бошем. Бояд ёдовар шуд, ки муњољирати мењнатї имрўз характери глобалї дорад ва кишварњои пешрафта низ аз ин раванд берун нестанд. Аз ин лињоз масъалаи муњољират фаќат хоси як кишвари мо нест. Вале ин раванд мушкилињои муайян низ эљод мекунад, ки барои бартараф кардани онњо мо њамагон бояд ба таври доимї чорањои заруриро амалї намоем. Зимнан бояд хотирнишон кард, ки муњољирати мењнатї аз ноњияњои кишварамон дар даврањои амирї ва дар замони Иттињоди Шўравї ба минтаќањои гуногуни он низ вуљуд дошт. Зикр бояд кард, ки масъалаи муњољирати мењнатї дар баробари ањамияти иќтисодї, љињатњои манфї низ дорад, ки ба он мо бояд мутаваљљењ бошем. Барои кам кардани тамоюли муњољирати мењнатї ва баланд бардоштани сатњи тахассусии муњољирони мењнатї мо бояд кори зиёд иљро намоем. Омўхтани забонњои хориљї, алалхусус русию англисї, ќонунњо ва ќоидањои кишвари ќабулкунандаро ќабл аз сафари муњољирони мењнатї бояд ба низоми муайян ба роњ монем, гарчанде айни њол корњои мушаххас дар ин самт иљро шудаанд, вале њанўз њам он талаботро ба пуррагї ќонеъ намесозад. Бо дарки мубрамияти масъала аз љониби Президенти мамлакат зимни мулоќот бо љавонони кишвар 23 майи соли љорї зикр гашт, ки "…бори дигар ба њамаи вазорату идорањо, сохтору мањомоти давлатї, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо таъкид менамоям, ки бо истифода аз њамаи захираву имкониятњо ва љалби соњибкорони мањаллї доир ба ташкили шумораи њарчи бештари љойњои кории доимї барои љавонон дар дохили кишвар, инчунин љойњои кории мавсимї барои занону духтарони мањаллї чорањои мушаххас андешанд". Яке аз омилњои муњим, ки бояд ба устуворию муттасилии вањдати умумимиллї мусоидат намояд, ин тањкими фаъолияти дастаљамъонаю созандаи њизбњои сиёсї мебошад. Дар ин љода њам бояд барномањоеро пиёда кард, ки аз як сў њамгироии худи њизбњои сиёсї, аз сўи дигар њамгироии давлат ва њизбњои сиёсї, аз сўи саввум њамгироии њизбњои сиёсї ва нињодњои љамъияти шањрвандї ва њаводорони онњо, аз сўи чањорум њамгироии њамаи ин сохторњоро таъмин намоянд. Албатта, ин кори сањл нест, аммо манфиати љомеа, шукуфої ва таъмини амнияти он таќозо менамояд, ки дар њалли ин вазифаи муњим ва таќдирсоз њизбњои сиёсї ва нињодњои љамъиятї бояд бо тањамулпазирї ва дарки масъулияти баланд дар назди халќу Ватан фаъолияти њамарўзаи хешро ба роњ монанд. Њамзамон аз нигоњи мо муайян кардани доираи хатарњо ва нишон додани роњњои
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
11
бартараф кардани омилњое, ки ба тањкими вањдати љомеаамон тањдид мекунанд яке аз вазифањои муњими илмњои љамъиятшиносї низ мебошад. Њаќ ба љониби Сарвари давлат аст, ки дар Паёми имсолаи худ таъкид кардааст: "њифзи содиќонаи манфиатњои милливу давлатї, аз тамоми манфиатњои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири тањкими пояњои давлати соњибистиќлоли миллї, чун неъмати бебањо њифз кардани соњибихтиёрии Ватан, сулњу суботи иљтимої, амнияти давлат ва љомеа, вањдати миллї ва таќвияти иќтидори иќтисодии давлат вазифаи љонї ва ќарзи виљдониву имонии њар яки мову шумо - аъзои Њукумат, вакилони мардумї, роњбарону масъулони идорањо ва ташкилоту муассисањо, хизматчиёни давлатї ва умуман тамоми халќи Тољикистон мебошад". Дар шароити њозира ба вањдати миллии мо омилњои идеологї-мафкуравї низ тањдид мекунанд ва хатар эљод менамоянд. Тавре дар Паёми хеш 26 апрели соли 2013 Президенти кишвар таъкид намудааст:"ќатъиян таъкид месозам, ки роњи пешгирифтаи мо - бунёди давлати дунявї, њуќуњбунёд ва демократї аст. Ин меъёр дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон таљассум гардидааст ва таѓйирнопазир мебошад. Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишњои милливу диниамон ба арзишњои дунявии умумибашарї арљ мегузорем ва равандњои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирї менамоем. Озодии сухан, озодии виљдон ва гуногунандешї, ки рукнњои асосии давлати демократї мебошанд, бояд дар доираи ќонун сурат гиранд ва ба њељ ваљњ суботи љомеаро халалдор насозанд". Тазаккур бояд дод, ки дар давраи мураккаби љањонишавї баъзе ќуввањо ба вањдати миллї ва суботи сиёсии љомеаамон манфиатдор нестанд. Ќуввањое, ки тундгароии динї ва терроризмро пањн карда, маќсадњои сиёсии худро мехоњанд амалї намоянд, аз ашхоси ноогоњ ва худшиносии миллию њисси ватанпарастиашон заиф истифода намуда, ба ин васила ба вазъи муътадили љомеа таъсири манфї мерасонанд. Аз ин лињоз моро зарур аст, ки бо истифода аз потенсиали њамаи рукнњои давлатї ва љомеаи шањрвандї, њизбњои сиёсї ва нињодњои дигари љамъиятї бањри тањким ва муттасилии вањдати миллї якљоя фаъолият намуда, њимояи манфиатњои давлат ва њар як шањрвандро вазифаи муњимтарини худ шуморем. Аз нигоњи мо масъалаи дигаре, ки бояд ба он њамеша таваљљуњ дошта бошем, эътимоди иљтимої њамчун омили умдаи вањдати миллї бо назардошти таъмин ва риояи њуќуќњои инсон аст, зеро таъкиди ин масъала метавонад диќќати ањли љомеаро ба арзишњои мафкураи вањдати миллї бештар созад. Мусаллам аст, ки риояи адолати иљтимої дар мавриди дастёбии аъзои љомеа ба захирањои тараќќї, аз љумла гирифтани маълумот, соњиб шудан ба маќомњои шоистаи иљтимої, бе мамониат пеш бурдани соњибкории фардї ва ѓайра омили асосии тањкими вањдати миллї пазируфта шудаанд. Вобаста ба ин масъалаи муњиме, ки аз бисёр љињат хусусияти ин тањаввулотро муайян месозад, таркиби сохтори иљтимоии љомеа аст, ки бояд ба самтњои тањаммулгарої ва худоогоњии миллї бештар равона карда шавад. Дарки ин масъала дар кишварњои љањон ва махсусан минтаќа имрўз ба вижа ањамияти умда касб мекунад, зеро самаранокии эътимоди миллї на он ќадар аз њаљми захираи иќтисодии андўхта, балки бештар ба он вобаста аст, ки якдилии иљтимої миёни ќишрњои гуногуни љомеа то чї андоза ташаккул ёфтааст. Тавре Сарвари давлат 23 майи соли љорї зимни мулоќот бо љавонони кишвар таъкид менамояд: "…дар асри бистуяк пешрафт ва боигарии кишварњоро на аз рўи шумораи ањолї ва захираву сарватњои табиї, балки аз рўи ќобилияти зењнї, сатњи маърифат ва огоњиву дастрасї доштани ањолї ба техникаву технологияњои муосир ва истифодаи самараноки онњо муайян менамоянд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишњои муосири илмиву техникї мусаллањ гардонидани љавонон ва фа-
12
12
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
11 роњам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онњо дар пешрафти љомеа ва давлат яке аз шартњои асосии рушди иќтисодии кишвар мебошад.". Аз таљрибаи кишварњои мутараќќї метавон ба хулосае омад, ки ташаккули аќидаи умумї оид ба вањдати миллї ба васеъ шудани доираи фаъолияти синфи миёна вобаста мебошад. Њоло дар кишвари мо бинобар рушди соњибкории хурду миёна ин синф мавќеи бештаре пайдо карда истодааст. Аз ин љињат метавон гуфт, ки бо рушди табаќаи миёна раванди муттасили вањдати миллї баргаштнопазир мегардад, зеро асосњои иќтисодї ва иљтимоии он њар чи бештар мустањкамтар хоњад гашт. Вањдати миллї дар давлатњои муосири миллї дар заминаи тањкими њуввияти миллї ташаккул меёбад, зеро ошкор кардани шакли њуввият имкон медињад, ки омилњо, вањдати гуруњњо, табаќањо ва ќишрњои љамъият хуб дарк карда шавад. Бояд мутазаккир шуд, ки ин раванд хусусияти таърихї дорад ва бинобар ин шаклњои њуввият ва якдилии дар асоси онњо шаклёбандаи ањли љомеа низ њамеша таѓйир мепазирад. Бинобар ин таваљљуњи бештар мо бояд ба зарурияти боло бурдани њисси худшиносии миллї ва эътимоди иљтимої дињем, чунки мањз дар њамин замина метавонем вањдати миллї ва иљтимоиро барои имрўзу ояндаи дури љомеаамон истиќрор бахшем. Ба маврид аст ёдовар шавем, ки танњо инсон ќобилияти вањдатофарї дошта, њамзамон мењвар, самар ва ниёзманди вањдат мебошад. Аз ин рў вањдат мафњуми иљтимоист, зеро мањз тафаккур ва нерўи созандаи инсонњо имкон медињад дар њамдастию њамёрї атрофи ѓояи вањдат девори бегазанд бунёд намоем, ки мисоли равшанашро фаъолияти беназири Сарвари давлат оид ба вањдатофарї, ки онро љавњари сиёсати хеш интихоб кардааст собит менамояд. Муќаррароти моддаи 5 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон: Инсон, њуќуќ ва озодињои он арзиши олї мебошад, бе шубња дар љомеаи мо идомаи мантиќии татбиќи сиришти инсон ва фармудаи Илоњист. Зарур аст, ки бо истифода аз хирад ва маърифати инсонї дар муттасалияти раванди вањдат дар љомеа њар фарди он чун дорандаи ин нерў наќши созгор дошта бошад. Мо метавонем бо ќаноатмандї зикр намоем, ки мањз бо шарофати соњибихтиёрию истиќлолияти давлатї аз рўзњои аввал, ба хусус баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон дар самти таъмини озодињои инсон дар доираи ќонунњои демократї ва њам дар љињати таъмини адолати иљтимої ба дастовардњо комёб гардидем. Фаъолияти озоди њизбњои сиёсии гуногун, воситањои ахбори озод, равнаќи соњибкории хурду миёна, дастгирии маъюбону иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, маъюбони амалиётњои љангї дар ќаламрави давлатњои дигар (Афѓонистон) ва рафъи садамаи нерўгоњи барќи атомии Чернобил ва имтиёзмандони ба онњо баробар ва ќишрњои камбизоат аз тарафи давлат, мунтазам зиёд кардани маоши кормандони соњањои буљетї, нафаќа, вусати ќарзњои имтиёзнок ба ањолї ва ѓайра собитгари равшани пешрафти мамлакатамон бобати эъмори давлати иљтимої мебошад. Тањлилњо шањодат медињанд, ки тавассути вањдати миллї ва амалисозии барномањои гуногунљабњаи давлатї кишвари мо дар марњилаи кўтоњи рушди соњибистиќлолии худ аз шумори давлатњои иќтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар ќатори давлатњои рў ба тараќќї љойгузин гашт ва дар роњи баровардани эњтиёљоти шањрвандон бањри дастрасї ва таъмини шароити арзандаи зиндагї заминањои устувор гузошт ва дар ин замина сатњи камбизоатї дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид. Бояд тазаккур дод, ки бо туфайли фаъолияти самараноку пайвастаи сокинони пойтахт дар самтњои мухталифи истењсолию хизматрасонї ва истифодаи васеи технологияњои муосир дастовардњои ањли љомеа сол ба сол назаррас мегарданд. Ќобили зикр мебошад, ки дар шањри Душанбе маљмўи мањсулоти минтаќавї дар соли сипаригардида беш аз 7 млрд сомониро
МАЊСУЛУ НАТИЉА ташкил дод, ки ба њар як нафар сокини он 9788,0 сомонї рост меояд, ки бењтарин нишондињанда на танњо дар кишвар мебошад. Маоши миёнаи воќеии як корманд дар шањр дар моњи апрели соли љорї 1229,6 сомониро ташкил дод, ки аз нишондињандаи соли 2006 панљ баробар ё 982,5 сомонї зиёд аст. Иљроиши буљети шањри Душанбе дар соли 2012 маблаѓи 886,8 млн сомониро ташкил дод, ки дар муќоиса ба иљроиши он дар соли 1997 беш аз 130,4 ва нисбати соли 2000-ум ќариб 33 баробар зиёд мебошад. Боиси ќаноатмандист, ки воридоти андозњо ба буљет дар соли 2012 дар шањри Душанбе нисбати њаљми якљояи воридоти буљетњои ќиёсшаванда дар вилоятњои Суѓду Хатлон ва Бадахшон беш аз 47 млн сомониро ташкил дод ва ин тамоюл дар соли равон низ идома хоњад ёфт, яъне дар маљмўъ дар пойтахт соли љорї њаљми љамъоварии андозњо аз њаљми андозњои дар вилоятњои зикргардида дар якљоягї љамъоваришаванда бештар хоњад буд. Агар дар соли 2006 њаљми умумии харољоти соњањои иљтимої 47,0 млн сомониро ташкил карда бошад, ин раќам дар соли 2012-ум 210,4 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2006 -ум 4,5 баробар зиёд мебошад. Барои таъкид аз пояњои иљтимої ба тањкими раванди вањдат дар шањри Душанбе метавон мисолњои мушаххас овард (Нигаред ба таблитсањо). Тавре њамагон хуб огањї доранд татбиќи муттасили Стратегияи баланд бардоштани сатњи некўањволии мардуми кишвар барои солњои 2013 - 2015, ки маблаѓи 30 миллиард сомониро дарбар мегирад нишондињандањои индекси рушди инсонро дар љомеаамон дар радифи маљмўи мањсулоти дохилї ба маротиб боло хоњад бурд. Ин тадбирњои муњим аз тарафи давлат асосњои иљтимоии вањдати миллиро мустањкам карда, аз тарафи дигар устувории вањдати љомеа барои њалли проблемањои сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї имконият фароњам меорад. Шањри Душанбе чун макони тавлиду мењвар ва тавсеаву тањкимбахши Њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар љорї кардани арзишњои демократї, гуфтугўи неруњои сиёсї ва њамкории онњо, хидмати арзанда кардааст ва дар оянда низ барои амалї шудани њадафњои олии зикршуда, намунаи ибрат хоњад буд. Аз ин љост, ки шањри Душанбе - дорандаи Љоизаи Шањри Сулњи ЮНЕСКО дар соли 2012 аз рўи љавобгў будан ба талаботњои амалкунандаи интихоби институтњои Созмони Милали Муттањид (мављудияти уњдадории баланд аз љониби маќомоти мањаллї, шањрдор ва институти намояндагии мањаллї, љой доштани воќеияти зарфиятњои њамкорї ва таваљљуњи хоса дар шаффофияти фаъолият) дар радифи шањрњои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марокаш (Марокко), Найроби (Кения), Рио-де Жанейро (Барзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) ба макони татбиќи Иќдомоти Глобалии волотарин созмони байналмилалии зикргардида дар бахши "Шањрњои бехатар ва рафоќат барои њамагон" оид ба Барномаи тавсеаи њуќуќ ва имкониятњои занону кўдакон дар партави рушди устувори шањрњои сайёраамон интихоб гардид. Маврид ба зикр аст, ки ин пазириш ва арљгузорї тавассути аз љониби сокинони шањр риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт, Ќоидањои тартиботи љамъиятї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе, гузашта аз ин пешбурди зиндагии ќонунсолорї ва эњтиром ба волоияти ќонун самар додааст. Дар ин росто барои мусоидат ба њалли масъалањои гендерї ва болобарии сатњи донишу маърифати њуќуќии занон, тањкими оиладорї, ки дар интињо тарбияи насли солимро бањри устувории раванди вањдат дар љомеа самар хоњад дод аввалин бор дар кишвар бо Ќарори Раиси шањри Душанбе №460 аз 27 августи соли 2009 Муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувон дар шањри Душанбе" таъсис дода шуд, ки имрўзњо дар иљрои рисолати хеш муттасил комёб мегардад. Воќеан, пойтахти Ватанамон шањри Душанбе дар муттањидї ва ташаккули неруњои созандаи Ватан наќши беназирро бозидаву иљро менамояд. Тањкими субот ва таъмини њамзистии осоиштаи ањли љомеаи он худ ка-
фили осудагии тамоми манотиќи кишвар мебошад. Дар фазои соњибистиќлолї бањри тањкими рукнњои давлатдории навинамон санањои нави воќеан вањдатофар, аз ќабили Љашни Истиќлолияти давлатї, Рўзи вањдат, Рўзи Парчами давлатї ва Рўзи пойтахт таљлил мегарданд ва ин арљгузорињо дар таќвияти ташаккули шинохти миллї, њифзи сарзамину садоќат ба он ва муќовимат ба тањдиду тазодњои љањони муосир наќши муассир мегузоранд. Њамасола дар фазои тантанавию ташаббусњои созанда ва масъулияти баланди шањрвандї дар Рўзи пойтахт љамъбаст ва ќадргардонии ѓолибони озмунњои шањрии "Мактаби сол", "Директори сол", "Муаллими сол", "Кўдакистони сол", "Мудири кўдакистони сол", "Мураббии сол", "Синфи бењтарини сол", "Волидайни бењтарини сол", "Беморхонаи сол", "Муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии сол", "Табиби сол", "Табиби оилавии сол", "Корманди миёнаи тиббии сол", "Муассисаи мусофиркашонии бењтарини сол", "Ронандаи бењтарини сол", "Мањаллаи бењтарини пойтахт", "Бењтарин кооперативи соњибмулкони манзил", "Њавлирўби бењтарини пойтахт", "Бењтарин муассисаи фарњангии пойтахт" ва "Соњибкори бењтарини шањри Душанбе" аз рўи 18 номинатсия њамоишу болидаруњї ва иштироки ќишрњои љомеаи шањрро дар раванди ободкорињову фароњамсозии хизматрасонињо тавсеа мебахшад. Фаъолияти њамарўзаи шањрдорї сокинони пойтахтро ба бедорию огоњии ватанхоњона ба њам меоварад ва беш аз њарваќта водор менамояд, ки њар кадоме новобаста ба мавќеи сиёсї, мансубияти иљтимої ва мансабу маќом дар љомеа, на бо ифтихори сохтаву забонї, балки дар амал бањри дурахши бегазанди он тавассути мењнати ањлонаи њамарўза, ору номуси ватансозї, ки воќеан љавобгўи ниёзњои бунёди давлати соњибистиќлоламон мебошанд, њиссагузор бошем. То соли 2015 тамдиди фазои "Соли ташаббусњои созанда ва масъулияти шањрвандї", ки бо Ќарори Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе № 117-12 аз 27 декабри
соли 2007 шуруъ аз соли 2008 бањри баланд бардоштани масъулияти шањрнишинї ва ободкории сокинони пойтахти азизамон њукмфармої дорад, чун идомаи иќдомњои наљиби ватандўстона ин равандро такон ва тањкими беназир бахшидааст. Иштироки бевоситаи институтњои шањрвандї, иттињодияњои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва воситањои ахбори оммаи давлативу мустаќил дар ќабули ќарорњои Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе ва умуман идоракунию барномарезињои рушди шањр ба ин шањодат медињанд. Таври мисол, 22 декабри соли 2011 Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе бањри ободонии шањр ва пурсамар гаштани татбиќи барномањои бунёдии инфрасохторї, ки аз њадафњои Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе даъвати чорум бармеоянд, ќарор ќабул намуд, ки шурўъ аз соли 2012 то 2015 дар доираи эълон намудани "Солњои таъмиру барќарорсозии роњњо ва пиёдагардњои њудуди шањраку мањаллањо" ќисми иљроиши барзиёди воридоти маблаѓњо ба буљети шањрї ва буљети ноњияњои шањри Душанбе бо ин маќсад сафарбар карда шаванд. Дар ин маъракаи муњимми эњёи инфрасохтории њудуди шањраку мањаллањо аз сокинон ва роњбарони ширкатњои соњибмулкони манзил, Шўрои хонањо ва маќомоти худфаъолияти љамъиятию соњибкорон ва роњбарони субъекти хољагидории дар ин њудудњо љойгир буда даъват карда шуд, ки бо њисси баланди шањрдўстиву масъулиятшиносї ширкати фаъолона варзанд. Дар њамовозї ба ин даъват бо Ќарори Раиси шањри Душанбе №197 аз 18 апрели соли 2012 "Оид ба эњсонкории субъектњои соњибкорию хољагидорї дар таъмири љории роњњои автомобилгарди шањри Душанбе" аз љониби 17 субъекти соњибкории шањр ба маблаѓи 15 млн. сомонї дар 92,7 км роњњо корњои таъмири љорї ба сомон расонида шуданд. Дар ин зимн солњои 2012 - 2014 бањри коњиш додани афзоиши шумораи муњољирони мењнатї аз шањри Душанбе ва тавассути таъсиси љойњои кории нав бо шуѓл ва маоши сазовор таъмин намудани корљўён "Соли дастгирии соњибкорї ва таъсиси љойњои нави корї" эълон гардида, барои татбиќи ин иќдом Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї
Ба истифодањии манзил дар шањри Душанбе ба њолати 1-уми январи солњои 1998, 2006 ва 2013
Сохтмони манзил, 2 њазор м
соли 1998
соли 2006
01.01.2013
01.01. 2013 бо фоиз нисбат ба соли 1998
01.01.2013 бо фоиз нисбат ба соли 2006
6,7
54,9
113,0
16,9 баробар
2,1 баробар
Иљроиши буљети шањри Душанбе ба њолати 1-уми январи солњои 1998, 2006 ва 2013 (млн сомонї) Даромади умумии буљет
01.01. 1998
01.01. 2006
01.01. 2013
6,8
99,4
886,8
Шумораи соњибкорон дар шањри Душанбе ба њолати 1-уми январи солњои 1998, 2006 ва 2013 ва сањми онњо дар фароњамоварии буљети шањр ( нафар) соли 1998 7458
соли 1998 30%
соли 2006 21768
соли 2006 51 %
01.01. 2013 27670
01.01. 2013 66,4%
Таъсиси љойњои нави корї дар шањри Душанбе ба њолати 1-уми январи солњои 2006 ва 2013 (адад) соли 2006 16884
01.01.2013 22104
Шумораи муассисањои олии касбї дар шањри Душанбе дар солњои тањсили 1997/1998, 2005/2006 ва 2012/2013
Муассисањои олии касбї, адад Шумораи донишљўён, њазор нафар
соли тањсили 1997/1998
соли тањсили 2005/2006
соли тањсили 2012/2013
с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба с/т 1997/1998
с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба с/т 2005/2006
15
20
20
133,3
100,0
49,6
86,3
91,8
185,1
106,4
Шумораи муассисањои рўзонаи тањсилоти умумї дар шањри Душанбе дар солњои тањсили 1997/1998, 2005/2006 ва 2012/2013
Муассисањои тањсилоти умумї, адад Шумораи хонандагон, њазор нафар Шумораи љойњои нишаст Коэфисенти ташкили љараёни таълим дар бастњо
соли тањсили 1997/199 8
соли тањсили 2005/2006
соли тањсили 2012/2013
с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба соли тањсили 1997/1998
с/т 2012/2013 бо фоиз нисбат ба соли тањсили 2005/2006
95
119
137
144,2
115,1
96,6
152,6
171,9
177,9
112,6
57,4
88,7
108,2
188,5
121,9
1,68
1,83
1,59
94,6
86,9
дар шањри Душанбе азм намуд, ки дар асоси барномавї барои таъсиси корхонањои нави истењсолї, тиљоратї ва сайёњї љињати кўмак ба соњибкорон маблаѓњои ќарзиро дар тўли соли молиявї аз њисоби буљети шањр ихтисос дињад. Дар ин љода инчунин потенсиали субъектњои бонкї ва тиљоратию соњибкории ташаккулёфтаи шањр низ васеъ љалб карда хоњанд шуд. Ё худ дар асоси Ќарори Раиси шањри Душанбе № 280 аз 30 майи соли 2012 "Дар бораи дастгирии ташаббуси эњсонкории субъектњои соњибкорию хољагидорї љињати баргузории тўйи домодию арўсии љавонон аз оилањои камбизоат дар шањри Душанбе", ки мувофиќ ба он ба муносибати таљлили 15 -солагии Рўзи Вањдати миллї сабти асноди њолати шањрвандии 60 љуфт навхонадорон аз оилањои ниёзманди шањр дар Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза"-и Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе бо минбаъд ба њукми анъна ворид кардан доир
ки яке аз омилњои тањкимбахши эътимоди иљтимої дар раванди вањдати миллї мањсуб меёбад, лоињаи инноватсионии "Мо метавонем!" - ро дар шабакаи интернет аз 1 феврали соли 2012 дар рељаи мустаќим ("On-Line") 24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба истифода дод. Агар дар гузашта сокинони шањр барои њалли мушкилоташон оид ба дастрасї ба хизматрасонињои коммуналї тавассути телефонњои боварии навбатдории шабонарўзии доимоамалкунандаи шањрдорї ниёзњояшон бароварда мешуд, феълан илова бар он тариќи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакњо ба раќами телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj, ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj мурољиатњояшонро ирсол намуда, њолати иљроиши онњоро аз љониби субъектњои хизматрасон назорат ва дар харитаи электронии шањр дар сомона аз вазъи љойдоштаи хизматрасонињо нисбати
пешбурди њаёти хољагидорию ободонии шањр самарањои нек медињанд. Истифодаи ин усул имкон фароњам овард, ки робитаи байни маќомоти иљроия ва шањрвандон њамчун таќозои эътимоди иљтимої ќавитар гардад ва раванди муњайё сохтани имкониятњо барои татбиќи потенсиали шањрвандон тавсеа ёфта, механизмњои бюрократї дар гардиши мурољиатњои шахсони воќеию њуќуќї бартараф карда шавад. Имрўз сокинони шањр ва дигар шахсони воќеию њуќуќии ватанї ва хориљї аз ин имкониятњо бештар истифода менамоянд ва натиљаи онро дар рушди меъморию инфрасохтории шањр, њалли сариваќтии мушкилоту мурољиатњои шањрвандон, ки дар доираи салоњияти шањрдорї мебошанд, равшан метавон мушоњида кард. Ин тадбирњои шањрдорї низ ба тањким ва муттасил шудани раванди вањдат мусоидат мекунад. Албатта, вањдати љомеа ба солимии њар
ВАЊДАТ РАВАНДИ МУТТАСИЛ карда шуд. Мо бо дарки сабаќњои давлатдорї ва андешањои вањдатдўстонаи ниёгонамон дар шароити нави таърихї асосњои давлати соњибистиќлоламонро ќавї намуда, бо тањкими муттасалияти раванди вањдат ба эъмори давлати мутараќќї, ки идоракунии он пайваста дар асоси њукумати электронї рушд карда бошад, устуворона ќадам мегузорем. Ба ин манзур Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе аз аввалинњо шуда дар фаъолияти худ истифодаи васеи технологияњои иттилоотию коммуникатсиониро љорї намуд. Бори нахуст дар низоми мањомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар кишвар бобати татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияњои иттилотию коммуникатсионї барои рушди Љумњурии Тољикистон" бањри тањкимбахшии раванди вањдат, робитаи бевосита бо шањрвандон ва ташкили имкониятњои иловагї дар ифодаи иродаву татбиќи ташаббусњо, мавќею сањмгузории онњо дар фаъоляти шањрдорї њанўз 19 ноябри соли 2004 Сомонаи расмии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе www.dushanbe.tj ва 13 октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шањри Душанбе dushanbe80@yahoo.com дар шабакаи Интернет фаъол ва дар сомонаи шањрдорї Бахши иртибот бо Раиси шањри Душанбе (обратная связь) аз 13 октябри соли 2005 дар ќисмати сомонагии "Раиси шањр" љой дода шуд. Тавассути почтаи мазкур дар таносуби солњо : 2005- 65, 2006- 477, 2007-155, 2008 402, 2009- 499, 2010 - 1090, 2011 -975, 2012 849 ва ба њолати 1-уми июни соли 2013 - 804 мурољиат ворид шуда, дар маљмўъ 5316 ададро ташкил медињад ва њар кадоми онњоро Раиси шањри Душанбе шахсан баррасї ва зери назорат ќарор медињад. Ин тадбир раванди татбиќсозии эътимоди иљтимої ва имкониятњои сокинонро, ки кафили тањкими вањдати миллї мебошад, боло бурда, њамзамон шаффофияти њамкорињои њокимияти мањаллї ва љомеаи шањрро пайваста таќвият мебахшад. Илова бар он, Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе љињати баланд бардоштани масъулияти роњбарони субъектњои хизматрасон дар иљрои вазифањои хизматї, дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионї таќвияти кор бо мурољиати шањрвандон, баќайдгирї, назорати электронию сариваќт бартараф намудани садамањо дар шабакањои муњандисї ва кулли дигар хизматрасонињои коммуналию бењдошти њолати санитарию экологї, наќлиёт ва фарњанги шањрнишинї,
рафъи садамањо мустаќиман мушоњида баранд. Аз 1 феврал то 1 июни соли 2013 тариќи сомонаи мазкур 2787 мурољиати сокинони пойтахт дар соњањои гуногун ворид гардид, ки њама мурољиатњои воридгардида ба пуррагї њалли худро ёфтаанд. Зикр бояд сохт, ки шањрдорї фаъолияти худро дар самти иттилоотонии сокинон аз њаёту масъалањои рўзмарраи шањр таќвият бахшида, барои таъмини шањрвандон ба иттилоот дар ин хусус ва тањлили афкори сокинон сомонаи Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанберо дар сомонањои иљтимоии Твиттер (@Dushanbe2012), Фейсбук (Dushanbe city) ва Мой мир (Шањрдории Душанбе) фаъол намуд. Дар робита аз ин бардоштњо, 23 августи соли 2012 дар Муассисаи давлатии "Маркази равобити пойтахт" тибќи эълони ќаблї сўњбати ошкорои "Бе миёнаравњо"-и Раиси шањри Душанбе бо иштироки беш аз 170 сокинони шањри Душанбе - фаъолони шабакаи иљтимоии www.facebook.com, ки намояндагони касбу кори гуногун мебошанд, њамчун усули нави коргирї аз ќабули шањрвандон баргузор гардид. Мулоќот 5 соату 30 дакиќа идома ёфта, пахши мустаќими он бори нахуст тавассути сомонаи www.mometavonem.tj дар рељаи мустаќим ("On-Line") барои онњое, ки дар ин њамоиш иштирок карда натавонистанд, таъмин карда шуд. Бо дарназардошти таљрибаи муваффаќонаи хизматрасонии сомонаи шањрии www.mometavonem.tj бо маќсади рушди унсурњои "њукумати электронї", густариши робита бо институтњои шањрвандї бањри баланд бардоштани фарњанги шањрнишиниву маърифати шањрдорї, сатњи иттилоотонии сокинон аз њуќуќу уњдадорињои шањрвандї, фароњам овардани шароитњои иловагї дар татбиќи потенсиали созандаи онњо бо роњи ќабули мустаќими мурољиату пешнињод ва ташаббусњои шањрвандон, ки ба амалисозии барномањои иќтисодию иљтимої ва инфрасохтории шањрдорї нигаронида шудаанд, лоињаи нави интерактивии "Бе миёнаравњо"-ро бо фаъолсозии сомонаи www.bemiyonaravho.tj, ки фарогири бахшњои зидди коррупсия, Наќшаи генералї, инноватсия, тандурустї, маориф, фарњанг, њифзи иљтимої, варзиш, љавонон, оила ва кўдак, шуѓл ва савдову хизматрасонї мебошад, дар арафаи амалисозї ќарор дорад. Чунин таљрибаи корбарї бо истифода аз потенсиали љомеаи шањрвандии пойтахт њанўз аз соли 2003 бо таъсиси Шўрои њамоњангсозї оид ба њамкорињои иљтимоию иќтисодї дар шањр бо ибтикори бевоситаи шањрдорї амалї гардида, иќдомоти мазкур бањри
як аъзои он ва муттасилии раванди вањдати нерўњои ояндасозу пешбарандаи он - љавонон сахт марбут аст. Барои тамрину солимгардонии љавонон имрўз дар шањри Душанбе 575 иншооти варзишии сатњи гуногун хизмат мерасонад, ки сол то сол теъдоди чунин иншоот зиёд мешавад. Танњо дар арафаи Рўзњои пойтахт ва љавонон 8 адад майдончањои варзишї бо масоњати 13300 м2 мавриди бањрабардорї ќарор дода шуданд. Иловатан дар давоми соли 2013 бунёд ва ба истифода додани 13 майдончаи варзишии иловагї бо масоњати умумии 16852м2 дар њудуди шањраку мањаллањои шањр ба наќша гирифта шуда, сохтмони Ќасри теннис барои 3000 ва Ќасри намудњои варзиши обї барои 2000 љойи нишаст бо дарназардошти таваќќуфгоњи зеризаминї дар кучаи Карамов ба роњ монда шудааст. Дар иртибот ба идомаи тадбирњо оид ба солимгардонии љомеа ва таблиѓи оммавияти варзиш бањри амалисозии њидоятњои Роњбари давлат зимни мулоќот бо љавонони кишвар оид ба шанбеи њар њафта Рўзи варзиш ва солимгардонии љомеа дар шањри Душанбе бо хизматрасонии ройгони майдончањо ва клубњои варзишии аз буљети шањр маблаѓгузоришаванда роњандозї гардид. Боварї њаст, ки љавонони шањр бо шуѓл доштан ба варзиш, солимгардонии рўњу тан дар пешбурди тарзи њаёти солим ва бунёди оилањои намунавї, ки ахлоќи њамида ва тарбияи фарзандони ватандўсту накўном љавњари онро ташкил медињад, пешоњангиро аз даст нахоњанд дод. Гузашта аз ин, дар толори интернетии КВД "Маркази равобити пойтахт" барои љавонони шањр бори нахуст дар таљрибаи кишварњои минтаќа хизматрасонии креативии коворкинг - ба иљорадињии мизњои кории озод, ки бо тамоми таљњизоти компютерї ва иртиботї муљањњаз мебошад, барои ташкили мулоќотњои њамарўзаи байнињамдигарї ва интерактивии онњо бо њамтоёни хориљї кўмак хоњад намуд, дар рўзњои наздик ба истифода дода мешавад. Роњбарияти шањри Душанбе бо дарназардошти он, ки сатњи зиндагї ва маоши кормандони соњањои иљтимої, аз љумла бахши маориф, тандурустї, илму фарњанг ва оилањои љавон, ки барои харидории манзили зист имконияташон мањдуд аст, илова ба тадбирњои мављуда, барномаи "Шароити арзанда"-ро роњандозї намуд. Дар асоси он бо Ќарори Раиси шањри Душанбе № 38 аз 31 январи соли 2012 КВД "Сохтмони манзили дастрас"-и Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе таъсис дода шуд, ки то ба имрўз сохтмони 2 бинои 9-ошёнаи њар кадоме дорои 44 квартира дар кўчаи Н. Њувайдуллоев бо масоњати 6010 м2, 2 бинои истиќоматии 12-ошёнаи 144 квартирадор дар кўчаи Соњилии
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
13
ноњияи Фирдавсї, бо масоњати умумии 10601,52 м2 ва 2 бинои истиќоматии 9-ошёнаи 90-квартирадор дар мањаллаи Муњандиси ноњияи Сино, бо масоњати умумии 6028,74 м2 бо сањмгузории шахсони воќеї оѓоз намуда, дар маљмуъ беш аз 22,5 њазор м2 манзилро ба истифода медињад. Илова бар он, дар кўчаи Сино 42 лоињакашии Маљмааи биноњои бисёрошёнаи истиќоматиро, ки аз 10 бинои 14-16 ошёна ва 47175 м2 манзили дастрас иборат мебошанд, оѓоз кардааст. Ин амал имкон хоњад дод, ки нерўи илмию эъљодии ањли зиё барои такмили донишу ихтироот ба нафъи кишвар бештар сафарбар гашта, эњсоси боварї дар худ ва бунёди давлати соњибистиќлол устувор гардида, тафаккур ва руњияи солим дар љомеа бештар њукмфармо шавад. Дар ин самт ба вазорату идорањо ва дигар сохторњои љумњуриявї бањри дастгирии кормандонашон љињати сохтмони биноњои истиќоматии бисёрквартирадори хизматї ќитъањои замин људо гардидааст. Аз ин љост, ки дар асоси ќарорњои дахлдори Раиси шањри Душанбе феълан аз љониби вазоратњои маориф, рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи генералї, Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи миллии Тољикистон ва Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М. Осимї сохтмони биноњои истиќоматии 9 ошёна дар кўчаи Зарафшон, аз тарафи Вазорати корњои дохилаи Љумњурии Тољикистон сохтмони бинои 9 ошёна дар кўчаи Мушфиќї, инчунин ду бинои истиќоматии хизматии бисёрквартирадор дар шањраки 10 аз љониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар њоли бунёдшавї мебошанд. Ин тадбирњо яке аз воситањои устуворсозии асосњои иљтимоии вањдат буда, барои њампайвандї ва њамкорињои табаќањои гуногуни иљтимої дар давраи комилан нави тараќќї ва пешрафти љомеаамон бањри вањдати босубот хидмат хоњад намуд. Мо аминем, ки бо шарофати соњибистиќлолиамон тамоми мушкилоти мављударо бартараф карда, бо сатњи баланди худогоњї ва ифтихор аз озодию соњибдавлатї, вањдати худро тањким бахшида, љомеаи саодатманд ва пешрафтаи демократиро эљод ва дар љањони муосир љойгоњи муносибро насиб мегардем. Бањри ноил гардидан ба ин нияти олї њар яки мо шањрвандони кишвар, махсусан љавонони шањр, ки дорои хислатњои наљиби ватандўстию созандагї њастанд, барои ѓанї шудани олами маънавии худ ва дар бар гирифтани арзишњои бењтарини иљтимої кўшиш намоем. Чунон ки Сарвари давлатамон дар мулоќот бо љавонони кишвар 23 майи соли љорї таъкид карданд: "Ватанро дўст доштан, аз он ифтихор кардан, барои њимояи он омода будан, ба ќадри сулњу субот. осудагиву вањдат ва истиќлолият расидан, шукронаи соњибватаниву соњибдавлатиро баљо овардан аз љумлаи арзишњое мебошанд, ки љавонони мо бояд онњоро дастури зиндагии њаррўзаи худ ќарор дињанд ва итминон дошта бошанд, ки танњо дар њамин сурат мо метавонем кишвари воќеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем". Оре, ин суханон мароми њамаи сокинони давлати соњибистиќлоламон, аз љумла сокинони шарифи пойтахти кишвари азизамон шањри Душанбе хоњад гашт ва меъёри рафтору зиндагии њар шахси бошараф ва бонангу номус ќарор хоњад гирифт. Соли 2014 мо 90 - солагии доро гардидани шањри Душанбе маќоми пойтахти Љумњурии Тољикистонро таљлил менамоем, ки бе шубња ин санаи фархунда ба раванди вањдати љомеаамон вусъату нусрати тоза хоњад бахшид. Мутмаинем, ки сокинони он чун њамеша намунаи равшани вањдатофаринї, маданияти баланди шањрвандї, дўстию рафоќат гашта, обрўю эътибори Ватани азизамонро дар сатњи байналмилалї боз њам баландтар хоњанд бардошт. Дар ин љода ва амалисозии мароми ягонаамон - шукуфоию пешрафти бемайлони Ватани мањбубамон дар доираи вањдати муттасили љомеаи азизамон ба њамагон масъулияти баланди ватандўстї ва ташаббусњои беназири созанда хоњонем.
Аз сомонаи dushanbe.tj
БАРДОШТУ НИЯТ
14
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
ДАР ДЕГИ СИЁСАТ
Сиёвуш МЕЪРОЉ ТО ЊАЛЌАИ ДОР Дубора ба зидагї дил додамБар он дарахт, Ки њамвора нафас-нафас мекашад Бо он, ки дар ин њаво Чизе барои нафас кашидан боќї намондааст. Ба он дарё, Ки њамвора пеш меронад Ба сўйи ќисмати худ Ки дар биёбони бењосиле фурў рафтан аст. Ба овози кўдакон, ки чун кабўтаракон Чї самимона ба њаво бармехезанд Ва аз панљараи ман чун ѓубори тиллої Ба хонаам мерезанд. Дубора ба зиндагї дил додамБа он дуди кабудфоми зовудњои шањр, Ки дуоњои шабонгоњї ниёишњои бомдодии сокинони хокро Дар тўри золими худ мепечад. Дубора ба зиндагї дил додамБа пайи пойи маъшуќе Ки рўйи хоки шўраи роњ Аз хушунати бод мемирад. Оре, Маъшуќи ман Духтаракест девона Ки дар ин шањри њушёрон, Ки имони худро бо чанд суме фурўхтаанд, Ба суолњои њангомаљўёни бозорї Бо камоли љиддият посух мегўяд: " Ман аз назди Худо омадаам! Ман ба назди Худо меравам, Оё салому пайѓоме бо ў надоред?" Дубора ба зиндагї дил додамБа парвози он паррандањои маъсум Ки чун каломе аз дањони пайѓамбаре паридаанд, То онон, ки дар гўшњо сурби ѓафлат доранд, Меърољи сурањои иллоњиро Дар њошияи осмони кўчаки ин шањр. Бо чашм бишнаванд. Ман дар худ нирўи парвоз дарёфтаам Ман дар худ нирўи парвоз дарёфтаам Меърољ то куљо хоњад буд? Шояд То он саќфи баланде, ки он љо њалќаи доре Дерест њамогўшии гардани маро муштоќ аст… Ман бо њама оштї кардам, Ман бо њама ошно шудам, Бо асри худ, ки зери салтанати Шайтон аст, Бо тамаддуне. Ки чун кандани љон аст, мар Бани Башарро. Бо рўзгори худ, ки чун як љўйбори кўчаки њаќир, Дар як шањри кўчаки њаќир Мегузарад. Ин ошної то кай хоњад буд? В-ин оштї то куљо хоњад бурд? Шояд То он шаби золим Ки теѓи оташгунаи алмос Бо рагњои дастони ошуфтаи ман Ошно хоњад шуд. Ё шояд То он шабе сиёњ Ки ситорае беном Ки ситорае хуншор Дар осмони синаи ман хоњад шукуфт…
ПАЙКИ МАРГИ ОШНОЇ Барои Ѓарибшоњ, овозхони нобинои хиёбонии вањшонї Љода вањшатзову бегона-ст, Хоин аст, овойи поњои туро бо як пашизе мефурўшад,
бангиву маст аст девона-ст! Љода вањшатзову бегона-ст, Эй Ѓарибшо, Пойи худ оњиста бигзор "Дар њарими љони муштоќон" дар ин Мињан К-ошное мерасад аз роњ, аммо Дар нигоњаш пайки марги ошноињост Мешиносї ту варо аз гомњои ў, Сахт мехоњї, ки бифрўзад Дар дили торики чун шамъе садои ў Сахт мехоњї бигўйї: -Эй Фулонї! Ин туї оё?! -Эй Фулонї, он Фулонї мурд? -Эй Фулонї, он Фулонї њаст? -Он Фулониро Фулонї кушт, ё зинда-ст?!" Лек пурсишњои ту дар рўйи лабњои ту мемиранд, Зеро Дар шитоби рањгузар пайѓоми марги ошноињост! Эй Ѓарибшо, Одамон кўранд дар ин шањр, танњо чашми ту биност, Бесалому бекаломе издињом аз роњрав љорист, Лек онњоро, азизам. Метвон фањмид, Лек онњоро. Азизам, метвон бахшид. Одамон гунганд дар ин шањр, танњо дасти гўёст Эй Ѓарибшо! Эй Ѓарибшо! Эй Ѓарибшо! Дар нигоњи чашми нобиноят оё Зиндаги алњол њам зебост!? Эй Ѓарибшо, дўстам, ин њам манам, он як Фулони Бењмадониям! Ту маро бишнохтї, эй дўст? Ман суханњо бо ту дорам, дар канори ман даме биншин, Бо ин суоламро бигў посух Модари зорат ба ваќти зоданат оё Њамчу Марям аз Худои худ башорат дошт? Ки ту шохе хоњї буд, аммо Дар Ватан як умр дар ѓурбат, Сарнагун шохе, ки аз рашки ѓурури ў Њар як гадое ѓажд сўяш хоњад ангушти ишорат дошт. Оре, оре Дасти ту биност ваќте, ки ба рўйи торњо оњиста мелаѓжад, Њар гање хомўш нохун мезанї, хун аз гулўи наѓма мерезад, Ту мехонї: "Дарё жола миёни дарё жола Бишкаста сари чанори панљоњсола, Бишкаста сари чанор афгорум кард, Ишќи духтари мардум ба ин њолум кард." Оњ, ишќи духтари мардум! Эй Ѓарибшо, он ќадар гуфтем аз ин ишќ К-ин ља?он аз на?ма?ои ишќи мо љовид саршор аст Духтари мардум вале сармаст дар о?ўши а?ёр аст. *** ...Љода вањшатзову бегона-ст Ошное мерасад аз роњ, аммо ў нигоњашро Аз нигоњи бегуноњат мегурезонад Эй ѓарибшо! Эй ѓарибшо! Эй ѓарибшо! Наѓмаи талхи ту охир Њамчунон як бурдаи нони кишоварзони Вахшонї, К-ин замони дур аз Ватан, в-андар Ватан сарсону тарсонанд, Дар гулўи шањр мемонад, Дар гулўи дањр мемонад…
ФИРОРЇ Дубора ошиќам кун, ошиќам кун Ба раѓми ин њама андўњи таќдир, Манам мањбуси аз зиндон фирорї Зи дасту пои ман бикшой занљир.
Љароњатњои хуншори диламро Ба дасти мењрубонат кун табобат, Бикун коре, ки як шаб зинда монам Мане, ки хўрдаам тири хиёнат. Пас аз ин ќадар дуриву људої Бимон, то дасти якдигар бигирем. В-агар марг аст њастиро саранљом, Бимон, то дар канори њам бимирем! Ту эй шодобтар аз майсазорон, Бимон, имшаб чу борон дар ту резам. Биёмезам чунон бо њастии ту Ки то Рўзи Ќиёмат барнахезам! Кушо чашмони сабзи чун бањорат, Ки ман дилхастаам аз фасли пойиз, Дар ин рухи фусурда чун бањорон Дубора лаззати рустан барангез. Маро чун зоњидони покдоман Бидењ дар њуљраи чашмат паноње, Ки ман бо ин љањон ѓарќи гуноњем, Туї танњо, ки орї аз гуноње. Ту эй саршортар аз чашмасорон Фурў биншон маро дар сина оташ, Бимон як лањза осоят канорат Яке шањзодаи танњо - Сиёваш. Њалиму мењрубону нарму ширин Бихон афсонањоятро ба гўшам, Бигў як достон аз "Шоњнома" Ки ман шањзодам, гарчи жандапўшам. Ба раѓми ќисмат, ин золи људогар Биё, мо дасти якдигар бигирем, В-агар марг аст њастиро саранљом Биё, мо дар канори њам бимирем!
ТАРДОМАН То дарнагирад оташи љонсўзи дўзахаш Домони худ ба хуни љигар тар намудаам, Тардоманам магир аё Мењрубон, ки ман Пешона дар суљуди шаборўз судаам! Оё Ту мешиносї Ин марди тоќаро К-ўро тар аст доману хушк аст њалќу лаб?! Боѓе будам, ки љамъи малоик зи рашки ман Мерехтанд ашк аз он ављи Кибриё, Њоло бубин дамам ба дарун уфтодааст, Дигар нафас намекашам аз бими кимиё, Оё Ту мешиносї Ин марзу бумро, Ниме бањору зиндагї, ниме хазону марг?! Бар ман чу дода будї пару боли кафтарї Аз хок пар кашидам Бар ављи осмон, Аммо зи нањси давр чу болам шикасту рехт, Боли уќоб руст аз он захми хунчакон, Акнун Ту мешиносї Ин мурѓи саъбро Болеш аз кабўтару болеш аз уќоб?! Бигзаштам аз тамомии дунёву охират, Чуз Халќ њатто бар Ту дар ин сина љо набуд, Куфрам бузург буд! Вале хор пеши халќ ? Эй Мењрубон! Љазои ту инам сазо набуд! Дигар Ту мешиносї Ин марди тоќаро Халќе тамом душману ин њам ягона Дўст?! Зардуштњо валои худ аз ёд бурдаанд, Љамшедњо фитода ба хоки сияњ њаќир, Дигар дилам зи маъбаду майхона хам гирифт, З-ин зоњидони кўдаку з-ин соќиёни пир! Акнун Ту мешиносї Ин осии Туро Не Мусхафеш дар баѓалу не ба даст љом?!
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ?-И НОБОБ
НАХОД?
ОЁ НИЗОМИ ТАДРИСИ ШАБОНА ДОРЕМ? - Дар даврони собиќ Иттињоди Шўравї дар мактабњои олии Тољикистон шуъбањои рўзона, шабона ва ѓоибона амал мекарданд. Айни њол агар дар ягон љо кор накунї, зиндагиат осуда намегузарад. Аз њамин сабаб, мехоњам рўзона дар ягон љо кор кунам, шабона дарс хонам, то каме њам бошад худкифо бошам ва аз андўхтани дониш њам дур набошам. Бинобар ин пурсиданї њастам, ки оё шуъбањои шабона дар низоми тадриси мактабњои олии имрўзаи Тољикистон расман амал мекунанд? Мањмадї ЌУЛОВ, сокини ноњияи Рўдакї
15
Гимназия-Интернати Тољикистону Россия "Њотам ва П.В." ќабули хонандагонро
ба синфи 5 эълон менамояд. Имтињон аз математика соати 800 рўзи 17.06.2013 дар бинои гимназия, ки дар мањаллаи Испечак2 воќеъ аст, баргузор мегардад. Барои номнависї ва дарёфти маълумоти бештар бо телефонњои: 2-32-50-22; 2-37-48-73; 907-88-42-43 тамос бигиред. Барои шиносої бо гимназия аз сайти www.trgi.tj ва почтаи электронии trig@yandex.ru истифода баред.
- Дар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи тањсилоти олии касбї шаклњои номбаркардаи шумо пешбинї шуда бошанд њам, айни замон дар муассисањои тањсилоти олии касбї шуъбаи шабона фаъолият наменамояд. Барои пайвасти кору тањсил шумо метавонед ба шуъбаи ѓоибонаи донишгоњу донишкадањои љумњурї дохил шавед. Дар Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон рухсатии таълимї пешбинї шудааст. Тартиб, шарту шароити гирифтани чунин рухсатї дар кодекс ба таври муфассал шарњ дода шудааст. Ба саволи Шумо сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи Тољикистон Мањмудхон ШОЕВ поух дод.
ЧАРО? ЧАРО ЊАМСОЯ РОЊИ МОРО МЕБАНДАД, АММО МАЌОМОТ ХОМЎШАНД?
?-И НОБОБ АЗ НОС ЊАМА ЉО ИФЛОС! - Барои иддае аз мардум, ки ба истеъмоли маводи мастиовар одат кардаанд ва зиндагии худро бе он њатто тасаввур карда наметавонанд, шояд ин навиштањо нохушоянд бошад, аммо вазифаву масъулияти инсонии худ мешуморем, ки дигаронро аз зарарњои ашёи мастиовар, ки нос яке аз онњост, огоњ созем. Зеро ин аз рўи инсоф њам нест, ки инсон аз нодонї ва ноогоњї вуљуди хешро зањролуд намуда, ба беморињои гуногун гирифтор шавад. Моддаи аслии нос тамоку буда, ба ин маќсад аз хокаи тамоку истифода мекунанд. Дар таркиби нос ба ѓайр аз тамоку оњак, хокистар ва чизњои дигаре дохиланд. Албатта, нос як чизи хуштаъм ва гуворо нест, вале аз он љо, ки маълум аст ба таври куллї ашхоси одаткарда ба маводи асабро карахт, бењискунанда ва сустиовар, њељ гоњ аз рангу таъм ва бўи маводе, ки истеъмол мекунанд, лаззат намебаранд, балки аз њавоси мадњушкунанда ва ё мастиовари онњо, ки асабњоро тањти таъсир ќарор дода, як лаззати зиёновар ва зудгузар эљод мекунанд, истифода менамоянд. Бинобар ин, набояд интизор дошт, ки нос барои одаткардагонаш як чизи хушмазза ва гуворое бошад. Ба далелњои зайл истеъмоли нос барои инсон нољоиз мебошад. Ба саломатии инсон зарар дорад. Мастиовар аст, зеро кашидани миќдори зиёдтари он инсонро бењуш мегардонад ва аз ин љињат кашидани андаки он маъмнуъ аст. Бўйи бад дорад. Њатто аз бадани шахси носкаш бўйи нофорами он ба димоѓ мерасад, ки муљиби азият ва нороњатии мардум мегардад. Боиси таассуф аст, ки баъзе ашхос муътаќиданд, ки ягон далели мушаххас дар бораи њаром ё макрўњ будани нос вуљуд надорад. Барояшон њамин ќадар кофист, ки бигўем: "Нос як чизи ѓайритабиист". Яъне чизест, ки табиати инсон ба он муњтољ нест ва њар чизе, ки табиати инсон ба он ниёз надошта бошад, он чиз аз љумлаи хоњишоти нафсонї аст ва он чизро нафси инсон мехоњад, на табиати ў. Худованд дар Ќуръони карим хоњишоти нафсониро мазамат намуда, инсониятро аз пайравї кардан ба он манъ кардааст. Њамчунин, шахси носї бо ин одати нописандаш њуќуќи њамсарашро поймол мекунад, зеро аз дањон ва бадани ў бўйи нофорами нос меояд, ки сабаби нороњатї ва дилсардии њамсараш мегардад. Илова бар зарарњои боло, нос дар дањон ва забону гулўи одаткардагони нос бемории саратонро ба вуљуд меоварад. Нос системаи асаби инсонро хароб карда, бемории "саръ"-ро низ пайдо мекунад. Шахси носї ба зудї асабї мешавад, чизњои шунидаашро тез фаромўш мекунад. Бузурге ба маврид зикр намудааст: "Њайвонот ва паррандагон ба гиёњи тамоку наздик намешаванд, чаро ки онњо бо асоси фитрати худ зиёни тамокуро дарк мекунанд. Аммо инсон бо вуљуди аќлу донише, ки дорад, ин гиёњи палид ва зањрнокро мавриди истифода ќарор медињад". Муњаммади МАЊМАДСАИД, љомеашинос
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
ТИЛЛОАНДОЗЇ ХОСИ ЗАНИ ТОЉИК НЕСТ! - Пайдоиши ангуштарин ва ороишоти занона миёни мардум ривоятњои зиёде дорад. Аммо дар кишварњои Шарќи куњан ин падида барваќттар роиљ гашта, таърихи антиќа дорад. Вале он ваќтњо ороишот ва ангуштарину гўшвор на барои афзудани зебої, балки ба љойи пул ё худ василаи табодули мол истифода мешудааст. Сохту навъи ороишот низ якгунна буда, танњо аз оњани одї истењсол мегардид. Тољирон дар гузашта дар ангуштарини калон якчанд ангуштаринњои кўчакро њамроњ мекарданд. Баъдтар ангуштаринро бо сангњои ќиматбањо ороиш медоданд. Мардум аќида доштанд, ки санги алмос дар дасти ќотил зуд сиёњ мешавад. Зумуррад њаёти оилавиро мустањкам мегардонад, сапфир ба нафарони дилшикаста сабру осудагї мебахшад. Вале баъзе бар он аќидаанд, ки ба љойи санг дандони њайвонњоро гузоштан лозим аст. Ангуштаринро њамеша ба дасти чап меандохтанд, то ба корашон халал нарасонад. Дар Русия ба дасти рости наварўсон ангуштарини никоњиро меандозанд. Дар дасти чап фаќат занњои аз шавњар људошуда ангуштарини никоњиро меандозанд. Дар Юнони ќадим ва Рим ангуштарини аз оњан сохташуда наќши муњим мебозид. Ѓуломон ангуштарини оддии аз оњан сохташуда, мардуми миёнањол нуќрагї ва тиллоро одатан сарватмандон ба даст меандохтанд. Имрўз бошад дар кўчаву бозорњои Душанбе занону духтарони зиёдеро мушоњида кардан мумкин аст, ки ба дастону гўшњояшон ангуштарину гўшворањои зиёдро овезон карда худнамої менамоянд. Ё ќисми зиёди занњои хонанишин назди хонаву биноњои истиќоматиашон соатњои дароз нишаста, ороишоти тиллоии худро намоиш медињанд, њол он ки дар дар ин соатњо ин гуна занњо метавонанд ба тарбияи фарзандони ояндадор машѓул бишаванд. Баъзе занњои дењотї аз бепулї меноланду њамин ки пули бо хуни љигар љамъ кардаи бародарону шавњарони муњољирашон омад, роњи бозори "Корвон"-ро пеш мегиранду аввал тилло мехаранд. Аслан тиллоандозї њам ба худ шарту шароити хосса дорад ва ин њам як љузъи маданият ба шумор меравад. Аммо њангоми дар телевизион фаъолият доштанам њамкасбони камина ороишоти зиёде бемаврид овехта, хешро мавриди масхара ќарор медоданд. Чаллаандозии зиёд хоси мардуми тољик набуда, ба таомулу анъаноти љўгиёну лўлиёни њиндї хос аст. Бадтаринаш он аст, ки баъзе занони сатрпўш гўшњои худро луч монда, ба он ду - се љуфт гўшворањои тиллої меандозанд. Занњои байни мардум бемавќеъ худро бо зару зевар ороста, андеша намекунанд, ки тиллоандозии зиёд боиси ба фољеа дучор гаштани онњо хоњад гардид. Дуввум, ороишоти беъманї аз бемаданиятии соњиби он дарак медињад. Мутаассифона, имрўз насли нав гўшњои худро аз чанд љой сўрох карда, якбора ба он чор - панљ гўшвораи тиллої меандозанд, ки ба назари атрофиён хандаовару беъманї менамояд. Њатто баъзе донишљўдухтарон ба нофњояшон пирсинг карда, халќаи тиллої меовезанд, ки њам дар менталитети миллї ва њам ислом њаром аст. Бадбахттаринаш он аст, ки имрўз баъзе аз мардњои навтољики мо рў ба тиллоандозї овардаанд. Дар Русия аробакашї карда, пул љамъ мекунанд ва ба гарданашон зирењи тиллої харида, миёни мардум худнамої мекунанд. Вовайлои чунин мардњо! Шумо ба ин матлаб чї назар доред, хонандагони гиромї? Шањло НАЉМИДДИНОВА, сокини шањри Душанбе
- Тибќи талаботи моддаи 2-и Кодекси замини Љумњурии Тољикистон замин дар Љумњурии Тољикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халќ кафолат медињад. Мо истиќоматкунандагони доимии кўчаи Маяковскийи ноњияи Сино, ки соњиби фарзандони ноболиѓ буда, мо ва фарзандонамон њуќуќи истифода бурдан, яъне гаштугузор кардан дар ќитъањои замини атрофи бинои манзили зистамонро дорем. Аммо чандест, ки ин њуќуќи мо аз тарафи яке аз њамсоягони мо поймол шуда истодааст. Шањрванд Зиёев А., ки гўё корманди кадом маќомоти њифзи њуќуќ бошад ва дар њамсоябинои манзили зисти мо зиндагонї мекунад аз ин имконият истифода намуда, тамоми атрофи бинои манзили зисти моро бо панљара ињота карда, имконият намедињад, ки фарзандони мо, ки ноболиѓ мебошанд дар атрофи бинои манзили зистамон гаштугузор кунанд, аз суханони худаш гўё ќитъањои атрофи бинои зисти мо моликияти шахсии ў мебошад. Аз ин рў мо, истиќоматкунандагони ин бино имконият надорем, ки аз њуќуќњои одитарине, ки давлат ба мо кафолат додааст, озодона истифода барем, њатто кор то дараљае расидааст, ки бо њамсояњо љангу ханљол карда, нисбатамон дар назди фарзандони ноболиѓамон суханњои кабењ мегўяд. Зиёев А. дар ошёнањои якум ва дуюми њамсоябинои мо зиндагї мекунад, тамоми гирду атрофи ошёнаи якумро бо деворњои баланд ва панљара ињота карда, ќитъаи замини наздик ба манзили зисташро њамчун њавлии шахсиаш истифода карда, барои худаш аз бинои зисташ то бинои зисти мо дарвозаи шахсї мондааст, ки бо хоњиши худаш мекушояд ва боз мањкам мекунад, ки ин њолат ба мо истиќоматкунандагон душворї пеш меоварад, зеро маљбур мешавем барои ба манзилњои зистамон ворид шудан, дигар роњро, яъне аз роњи охири бинои дигар истифода намоем. Бо ин рафтораш њамсоя тамоми ќоидањои бехатарии љорибудаи шањрдориро вайрон намудааст. Одитарин њолат ин автомашинаи ёрии таъљилї - ба бинои зисти мо њатто наздик шуда наметавонад ва мо маљбур мешавем, роњњои даромади дигар биноњоро истифода намоем, ки чандин маротиба роњ дароз мешавад. Агар мо дар бинои серошёна зиндагї кунем, магар фарзандони мо њуќуќ надоранд, ки дар замини атрофи манзили зистамон гашту гузор кунанд? Ё магар ќонун иљозат медињад, ки заминњои атрофи биноњои серошёнаро ягон нафар шахсї кунад? Шањрдорї, ба доди мо расед! Муњтарам Мањмадсаид Убайдуллоев, аз Шумо эњтиромона хоњиш дорем, ки масъалаи мазкурро мавриди санљиш ќарор дода мўйро аз хамир људо кунед. Зеро мо наметавонем, тамоми умр бо фарзандонамон дар дохили манзили зистамон шинем ва аз одитарин њуќуќњои сокини шањр буданамон мањрум бошем. Дар пеши манзили зистамон, партовгоњ ва бозори шахсї, ки дар дар давраи Шўравї майдончаи бозии кўдакон буд, бунёд шудааст, аз ќафои бино Зиёев ињота кардааст. Мо ва фарзандонамон ба куљо равем? Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар заминњои атрофи бинои зисти мо танњо фарзандони Зиёев њуќуќи гаштугузор ва бозиро доранд. Дар сурати ногањон фарзандони моро дидан љангу ханљол сар мезанад, ки ин њолат бисёр аламовар мебошад. Мо низ шањрванди давлати њуќуќбунёд, демократї, дунявї ва ягонаи Тољикистон ва билохира сокини шањри зебои Душанбе мебошем! Чаро њамсоя роњи моро мебандад маќомот хомўш аст? Наход заминњои атрофи биноњои серошёнаи шањри Душанбе моликияти шахсии мансабдор ва сарватмандон бошад? Чаро ќонун барои њама як нест? Бо умеди дастгирии шумо, Ќосимова Г.Б., Зокиров И.Т, Петрова В.Н, сокинони кўчаи Маяковский 71/1, ноњияи Синои шањри Душанбе
ШИКВА ЊАРАКАТИ МОШИНЊОИ «ДУЛАН» ТАНЗИМ МЕХОЊАД! Сафар аз водии Зарафшон ба љониби пойтахти љумњуриамон шањри Душанбе буд. Баъд аз адои намози пешин роњ ба сўи пойтахт гирифтем. Ронандаи маршрути(такси) мо бо яке аз коркунони роњ шинос буду бо ў гуфтугў кард. Дар аснои сўњбат коркуни роњ гуфт пул шикастааст таъмир дорем. Аниќтараш, дар дењаи Дардари ноњияи Айнї ин пул ќарор дорад. Коркунони роњ ва мусофирон мегўянд, ки ин пулњо дар замони Шўравї сохта шудааст. Сабаби вайрон шудани роњњо ва пулњоро аз "Дулан" - тамѓаи мошини боркаши чинї, ки бори зиёд бор мекунанд, медонанд. Бубинед, роњњои худамонро худамон вайрон мекунем. То кай мо аз дигар давлатњо ќарз мегирему роњњоро таъмир мекунем! Хубтараш, њаракати њамин "Дулан"-њоро дар роњњои Тољикистон манъ бояд кард, ё њаракати онњоро ба танзим даровардан лозим аст. Давлати мо маблаѓи зиёд надорад, ки роњњоро таъмир кунад. То давлат барои таъмири роњњо маблаѓ људо мекунад, ки мо дар роњњои харобу фарсуда азобу хориву зиллат мекашем. Амриддин НАЉМИДДИНОВ, сокини ноњияи Айнї
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №11 (339) 5. 06. 2013
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
МАРДИКОРНОМА
Сарќонун ё китоби афсонањо? Сарќонуни Љумњурии Тољикистонро вараќ мезанаму хаёл мекунам он моддањо барои ягон давлати дигар бошанд. Нобоварона бори дигар пасу пеши китобро мехонам ва соли нашрашро мељўям. Ба худ меандешам, ки шояд ин моддањо дар гузашта буданд ва њоло таѓиротњо ворид гардидаанд. Роёнаро ба кор андохта, ба сомонаи интернетии mfa.tj рафтам ва ба мутолиаи ќонунњо дар он сомона шурўъ намудам. Њайронии ман аз хондани моддаи 5 сар шуд. "Моддаи 5. Инсон њуќуќ ва озодињои он арзишњои олї мебошанд. Њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд." Хонандаи муњтарам, аз ин љумлањои дуруѓини сарќонун хандаат омад ё гиря? Саросема нашав, њоло аљоиботии ин љумлањои дуруѓин дар пеш. "Моддаи 8. Ташкилотњои динї аз давлат људо буда, ба корњои давлатї мудохила карда наметавонанд." Пас барои чї дар масљидњо имомњо ба корњои давлатї мудохила карда, таърифу тавсиф ва тарѓиби корњои давлатї менамоянд? "Моддаи 10. Давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шањрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро намоянд." Аммо чаро дар амал танњо шањрвандони бечора "ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро" намуда , Давлат ва њамаи маќомоти ону шахсони мансабдор ќонунњои љумњуриро писанд ва риояву иљро намекунанд? Ё ин ќонунњо танњо барои шањрвандон аст? Порлумон дар назарам торафт як сехи истењсолкунандаи "… бумага" метобад. Чаро коргарони сех, яъне вакилон моддањои конкретї ва воќеї наменависанд? Масалан, бењтар нест, ки ба моддаи 13 вожаи "Хитой"-ро њамроњ намуда, чунин таѓйирот ворид намоем? "Замин, сарватњои зеризаминї, об фазои њавої, олами набототу њайвонот ва дигар боигарии табиї моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онњоро ба манфиати халќ (-и Хитой - аз муаллиф) кафолат медињад" Ва баъд ба моддаи 1 чунин иловањо ворид намоем: "Љумњурии Тољикистон ва Тољикистон њаммаъноянд, давлат - президент ва Эмомалї Рањмон низ хаммаъноянд" Бале, дар тамоми Сарќонун калимаи "президент" бо калимаи "Эмомалї Рањмон" иваз карда шавад. Чунки дигар кас президент шуда наметавонад - ку, ва агар шавад ин аллакай ѓайриќонунї хоњад буд. Аз моддаи 14 боби дуюм доир ба њуќуќ, озодї, вазифањои асосии инсон ва шањрванд оѓоз мешавад. "Моддаи 14. Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо ба маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти консти-
тутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад." Пас оё Зайд Саидов ба "њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї" тањдид дошт, ки аз њавопаймо пояш ба замин нарасида, озодияш мањдуд шуд? "Моддаи 16. Шањрванди Тољикистон дар хориљи кишвар тањти њимояи давлат мебошад." Муњтарам кормандони сех, ба ин модда илова намоед, ки "ба истиснои мардикорони Русия". Фантастика! "Моддаи 17. Њама дар назди ќонун баробаранд." Ин љумларо тамоман аз Сарќонун бурида партоед. Ё хайр њељ гап не, як-як дар байни моддањо њамин хел њазлу шўхї њам бошад, хонандаи Сарќонун зиќ намешавад. Ана боз як "анекдот": "Моддаи 18. Ба њељ кас шиканља, љазо ва муносибати ѓайриинсонї раво дида намешавад." Дар моддањои 19 ва 20 омадааст: "Њар шахс аз лањзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад….Њељ кас то эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд дар содир кардани љиноят гунањгор дониста намешавад." Пас чаро Зайд Саидовро тариќи ТвСафина бе њукми суд гунањкору љинояткор эълон намуданд? "Анекдот"-и навбатї барои донишљўйњо: "Моддаи 29. Шањрванд њаќ дорад дар маљлис, гирдињамої, намоиш, рањпаймоии осоишта, ки ќонун муќарар кардааст, ширкат варзад. Њељ касро ба ин тадбирњо маљбуран љалб кардан мумкин нест." Ин моддаро ду рўз пеш тањдиди омўзгорону декану ректорњои Донишгоњњо пачаќ-мачаќ карда партофтанд, "касе ба дави миллї наояд "зачет" намемонам!". Аслан пачаќ-мачаќшавии Сарќонун аз болои боло аз номзадгузорї дар интихоботи президентї оѓоз меёбаду бо муаллимњо ба поён мерасад. Барои онњо Сарќонун коѓазпорае беш нест. Мисолњои бешумореанд, ки маќомоту мансабдорон ќонуншиканї карда, боиси беќадршавии Сарќонун мегарданд. Масалан, "Облава" кардани љавонон, ќонуни номзадї ва интихоби президент, мањдуд намудани сомонањо, дахлпазирї ба дахолатнопазирии вакили мардумї Зайд Саидов, бе роњи алтернативї пулакї кардани роњ аз тарафи IRS, фишор ба дигарандешон ва таѓобозию мањалгароии мансабдорону порахурии давлатдорон аз А то Я. Саросари Сарќонун пур аз суханњои ширину дурўѓине, ки худи давлатдорон онро риоя намекунанд. Агар идома дињам, гигабайтњо камї мекунад. Бењтараш, худатон як ин китоби афсонањоро ба даст гирифта хонеду бихандед ва ё бигирйед.. Ин њолу ањволро дида рубоии Умари Хайём ба хотирам меояд: Гар бар фалакам даст будї чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён… Илњоми МУЊАММАДИБРОЊИМ
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
Ќоњир РАСУЛЗОДА, раиси вилояти Суѓд: - Њељ гоњ як ваљаб хоки кишвар ба бегонагон дода намешавад ва њама гуна ихтилофњои марзї бо роњи гуфтушунид њалли худро хоњанд ёфт. - Рост мегўед, шумо бо ваљаб не, заминњои Исфараро бо километр "њал" карда истодаед. Наберањои Манас њам бегона нестанд, љиянњои худамонанд-ку!
Боѓшоњи ЛАШКАРБЕК, тањлилгар: - Дар Сингапур давлат њар сокини он кишварро маљбур мекунад, ки ба тиљорати хурд машѓул шавад, яъне "бизнес", бизнеси хонаводагї аз 3 то 5 нафар ва агар мушкил пеш ояд, њукумат барояш тамоми шароитро муњайё мекунад. Агар Тољикистон њам бо њамин роњ биравад, бисёр хуб мешавад. - Аљаб сода будаед, шумо, љаноби коршинос. Мо аз онњо чї камї дорем?! Тамоми љумњурї кайњо боз бизнеси хонаводагї шудаасту кулли њукумат мушкилосонкуни бизнеси хонавода аст.
Ќањрамон БАЌОЗОДА, раиси Маркази сотсиологии "Зеркало": - Сармоягузороне, ки дар айни њол дар Тољикистон фаъолият доранд, аз вазъи фазои соњибкорї, муносибатњои љойдошта нисбат ба тиљорат ва тољирон, хатарњои имконпазир барои тиљораташон хуб огоњ њастанд. - Дупа-дуруст, худи њукумат пайваста ба онњо "сигнал" медињад, ки аблањї накарда, мабодо сармоягузор нашаванд.
Ато МИРХОЉА, шоир: - 20 соли истиќлол нишон дод, ки президентамон, муњтарам Эмомалї Рањмон барои рушди Тољикистоне, ки ќариб аз харитаи сиёсии љањон нест мешуд, корњои азимеро анљом дод, ки дар таърихи ин миллат дар муддати њазор сол ягон сарвараш накарда буд. - Аз корњои азими Амонуллоњи Њукум гуфтед-гуфтед, акнун бечора бо шланг мегардад, роњбари давлатро њам ба ягон бало гирифтор дидан мехоњед-чи?! Тамаллуќкорињои нањсро бас кунед, њар ду њам ба он ниёз надоранд.
Ѓайбулло АФЗАЛОВ, раиси вилояти Хатлон: - То кай мо рафта, аз дигар шањру ноњияњо љавононро хоњиш кунем, ки омада, ба фарзандони Шумо таълим дињанду худи Шуморо табобат кунанд. - Бењтараш, аз хатлонињо, хоса, аз сокинони даштњои сўзонаш хоњиш кунед, ки ѓарамида, ба Душанбе мансабгирї наоянд, вагарна "муаллим" - Додољони Атовуллоњо ба тарбияву табобати миллат машѓул шуда, ниёз ба "хирург" њам пайдо мешавад. Бозор СОБИР, шоир: - Зиёиеро, ки њаљ мераваду њољї мешавад, ман зиёї намешуморам. Масалан, шоир меравад, њољї мешавад, олим меравад, њољї мешавад, профессори донишгоњ меравад, њољї мешавад. Ман инњоро зиёї намешуморам. Њатто, аз инњо нафратам меояд. Кї мондааст онњоро дар донишгоњ? Бираванд масљид, ман њељ чї намегўям. - Бобои Бозор, логикаи шуморо њељ фањмида намешавад. Пас, њољї Бобољон Ѓафурову њољї Эмомаливу њољї Шераливу њољї Амонуллоњу њољї Низому њољї Нуриддин куљо раванд??! О, баъзе аз инњо аз масљид фарсахњо дуранд, мисли шумо.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09