ХАТАРИ ЛИТСЕЙЊОИ ТУРКЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
1
Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон аз фаъолияти литсейњои туркї-тољикї дар кишвар изњори нигаронї карда, ба њукумат марњила ба марњила бастани онњоро маслињат додааст. САЊИФАИ 3 №11 (393). Чоршанбе, 4-уми июни соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
МАНФИАТИ МИЛЛЇ
Фурсати таърихї САЊИФАИ 10
ТАЊЌИЌ
Забонњои помирї ва зарурати њифзу баќои онњо САЊИФАИ 4
ПОСДОРЇ ФОЉЕА
"Корчара барор!" Мактабиён вањшї мешаванд? САЊИФАИ 2
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Падарони бачапарто ва фолклори ѓарибї САЊИФАИ 16
Тањсил, њиљоб ё марг? Дар ноњияи Рўдакї толибаи њиљобпўши мактаби миёна аз тарси муаллима сўзани сатрашро фурў бурдааст...
2
МАОРИФ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
Шукрона Давлатоваи 12-сола њоло дар беморхонаи Ќаряи болои пойтахт ќарор дорад. Волидайни ў дар суњбат бо мо гуфтанд, хонандаи синфи панљуми мактаби миёнаи №172-и ноњияи Рўдакї, ки як њафта ќабл аз тарси муаллима сўзан хўрда будааст. -Духтарро барои пайдо кардани сўзан бори панљум аст, ки ба бемористон меорем. Муаллима, љонишини директор Мављуда ИБРОЊИМОВА рўмоли ўро аз сараш кашида гирифтанї шудааст. Ин аз тарс сўзане, ки бо он сатрашро мањкам мекард, дар дањонаш монда, мехоњад рўймолашро ба сумкааш пинњон кунад. Аз тарси сиёсати муаллима сўзанро фурў мебарад, -гуфт Ширинхоља ДАВЛАТОВ, бобои Шукрона Давлатова. Бино ба гуфтаи наздикон, Шукрона шаби панљум аст, ки аз шиддати дард хоб накардааст. 3-юми июн Шукронаро ба беморхонаи Ќаряи боло овардаанд то сўзанро аз бадани ў берун кунанд. Зимнан, дар макотиби олї ва миёнаи кишвар, бо ќарори Вазорати маориф ба хонандагон иљозати пўшидани сатру њиљоб дода намешавад. Шукрона ДАВЛАТОВА аз хонаводаи камбизоат камбизоати дењаи Арбобхотуни љамоате дењоти Чортеппаи ноњия Рўдакї аст. Оилаи онњо шароити табобат ва љарроњї кардани духтарро надоранд, мегўянд наздикон. Ба гуфтаи модари Шукрона, онњо 6 маротиба ба хотири муайян кардани макони сўзан ташхис гузарониданд, вале дар ду навбати ахир, ки аз пас шиддат гирифтани сўзиши он ташхис гузарониданд, љои сўзан маълум нашудааст. Табибон гуфтанд, ки Шукрона бояд зери назорати пизишкон бошад. Аз ин рў маљбур шудаанд, ки барои 7-уми бор омада, бо нархи ќиматтар Шукронаро аз ташхис гузаронанд. Модари Шукрона мегўяд, ман чор духтар дорам, њамаашон њиљоби исломиро риоя мекунанд. Њамаи онњо дар мактаб барои пўшидани сатр мавриди сахтгирї ќарор гирифтанд. Бо вуљуди ин, ки дониш ва фањмиши хуби дарсхониро доранд, њамаи онњо аз нигоњи дониш аз дигар њамсинфонашон камї надоранд. Духтарин калониам маљбур шуд, ки пас
Њодисаи ба њалокат расидани Бурњониддин Зарипов як хонандаи мактаби раќами 66-и шањри Душанбе системаи маорифи Тољикистон ва љомеаро ба ларзиш овард...
Тањсил, њиљоб ё марг? Дар ноњияи Рўдакї толибаи њиљобпўши мактаби миёна аз тарси муаллима сўзани сатрашро фурў бурдааст
ШУКРОНА ДАВЛАТОВА, ДИРЕКТОРИ МАКТАБ ВА МОДАРИ ШУКРОНА
аз чунин муносибатњои даѓал баъди синфи 9 дигар аз тањсол даст кашад. Худи Шукрона асли ќазияро чунин наќл кардааст: "Ваќте ба мактаб барои дарси иловагї рафтам, муаллимаИброњимова љанг кард, ки сатратро гир. Ман саросема шуда, рўймоламро гирифтам. Ваќте сўзани рўймоламро дар дањонам гирифтам, ки сўзан ба гулўям рафт". Директори мактаби №172-и Рўдакї Зубайдулло МАРДОНОВ мегўяд, аз тарси муаллим сўзанро фурў бурдани талабааш асос надорад, балки Шукрона Давлатова берун аз дарс дар мактаб "шавќун" бардоштааст. Вай гуфтааст, муаллима Шукрона Давлатоваро барои њиљобаш сарзаниш
накардааст ва иддаои аз тарси муаллим сўзанро фурў бурдани толибаи ин мактаб асос надорад. Вай дар сўњбат ба хабаргузории TojNews гуфт: "Ин воќеа асос надорад. Ин гапе, ки ба шумо фањмондагї њастанд дурўѓ аст. Ваќте, ки вай кўдак берун аз соати дарсиш соати 11:00 дар мактаб шавќун мекунад, муаллима ба онњо мегўянд, ки поён фаро. Баъд мегўянд, ки рўймолњоятонро гиред. Ваќти рўймолашро кушодан сўзан дар дањонаш мемонад. Талабањо дар наздаш будаанд, ягон хел гапи зиёдатї шудагї нест. Сўзан дар дањонаш мемонад ва њамин хел меравад. Боз баъди вай њар рўз мактаб омада рафта истодааст. Дар
њаќиќат сўзан дар шикамаш мондааст. Ин гапњо нодуруст аст, ки муаллима ўро љанг кардааст. Ба мактабу ба муаллима аз рашк ин корро кардан нодуруст аст. Журналистњо аз чизи набуда, як чиз мехоњанд «создават» кунанд. Барои ин кор органњои дахлдор њаст. Шумо аз чизи набудагї як чиз мехоњед "создават" кардан? Ин кор фавќуллода шудагї аст. Шумо асаби одамро мерасед, ки кори нашудагиро дар гардани одамњо баста истодаед». Вобаста ба ин ќазия вазорати маорифи Тољикистон то њол мавќеъашро муайян накардааст. Амруллоњи НИЗОМ
"КОРЧАРА БАРОР!" Мактабиён вањшї мешаванд?
"ЉАНГИ ТАН БА ТАН" Њамааш аз он сар шуд, ки миёни Сино ва Алибахш, ду хонандаи мактабњои шањри Душанбе, дар шабакаи иљтимоии "Одноклассники" бањс сар зад ва онњо њамдигарро ба "љанги тан ба тан" даъват карданд. Љойро њам маълум карданд: Пушти њайкали Абўалї ибни Сино. Рўзи ваъдагї Сино ва Алибахш чанд дўсташонро љамъ карда, ба пушти њайкал омаданд, вале ваќте диданд, ки ин љо одам зиёд аст, ба дарунтари биноњои хиёбони Алишер Навої рафтанд. "Разбор" ва занозанї тўл кашид ва ин ваќт яке аз њозирин, ки то њол номаш маълум нест, садо мекунад: "Корчара барор!". Њама дар ин лањза ба њар тараф пароканда мешаванд, аммо яке нафароне, ки то њол маќомот номашро ифшо накардаанд, ба тарафи Бурњониддин давида, ўро бо кордча захмдор мекунад. Дигар њама ба њар сў мегурезанду Бурњониддини захмдор нолишкунон рўи замин дароз мекашад. Дар ин лањза яке аз истиќоматкунандагони биноњои наздик ба ёрии Бурњониддин шитофта, захми ўро мебандад ва ўро ба беморхонаи Ќарияи боло мебарад. Аммо љароњати вазнин аллакай корашро карда буд. Кўшиши зиёди табибон барои наљот додани ў фоидае накард. Бурњониддини 17 сола дар айни шўру шавќи љавонї аз ин дунё рафт...
Вазорати корњои дохилии Тољикистон баъди расонаї шудани ин хабар иттилоъ дод, ки дар пайи ин муноќиша њамчун гумонбар ба ќасдан расонидани зарари вазнин ба саломатї нўњ ноболиѓи 17-18 сола, хонандагони мактабњои тањсилоти умумї, литсейњо ва шањрванд Бањрулло Асоев, соли таваллудаш 1995, сокинони шањри Душанбе дастгир карда шуданд. Парвандаи љиної оѓоз гардида, тафтишот идома дорад.
ВАЗИФАИ №1 Муноќиша миёни хонандагони макотиб дар шањри Душанбе бори аввал нест. Ба иттилои расмї, танњо дар соли љорї 11 њолати латукўб ва кордчазанї миёни ноболиѓон ба ќайд гирифта шудааст, ки як нафарро кушта ба љой гузошт. Устодони Бурњониддин мегўянд, рањмдилии ў боис шуд, ки ў ба ин фалокат дучор шуд. Дадаљон Зарипов, роњбари синфи Бурњониддин дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, марњум бо бањои миёна тањсил мекард, дар оилаи хуб тарбия ёфта буд, дар синф њама њурмату эњтиромаш мекарданд: - Аммо бачаи бисёр рањиму гаправ буд. Чандин бор ба ў гуфта будам, ки њамшини одамони хуб шав. Аммо ў ба такрор ме-
гуфт, ки агар наравам номардї мешавад. Дар куљое ки њамсинфон муноќиша мекарданд, вазифа раќами 1-и Бурњониддин халос кардани онњо буд. Дар муноќишаи охирин низ ў хостааст миёни љонибњо сулњ кунад, аммо кадоме бо корд ба шиками ў мезанад. Ќурбонгул Толибова, директори мактаби раќами 66, ки Бурњониддин онљо тањсил мекард, айбро болои волидайн партофта мегўяд, дар ин кор масъулияти волидайн љой дорад: - Мо - омўзгорон аз куљо медонем, ки ин бачањо берун аз дарс куљо мераванд, чї кор мекунанд. Њарчанд, ки мо корњои фањмондидињиро дар мактаб мегузаронем. Бурњониддин аз рўи хислатномае, ки муаллимаш навиштааст, бењтарин бача аст. Ин як бачае буд, ки ягон касро озор намедод, ягон гапи ганда намезадааст. Мо њама њайронем чї хел шуд, ки Бурњониддин њамроњи онњо ба љанг рафтааст. Ў миёна мехонд, аммо интизомаш намунавї буд. Волидайни Бурњониддин нахостанд дар ин бора сўњбат кунанд. Танњо падари Бурњониддин - Шамсиддин Зарипов аз њодиса ба вазорати корњои дохилї шикоят бурдааст. Њалок шудани Бурњониддин бори дигар
собит мекунад, ки низоми маорифи мо ба ислоњоти љиддї ниёз дорад. Гуноњро ба сари падару модарон ва њатто муаллимон партофтан ва андешаи он ки "баъди дарс" ин њама иттифоќњо меафтанд, наметавонад роњи њал бошад. Бо љомиа низ кор бояд кард ва ќавонинро боз шадидтар бояд намуд, аз љумла назорати хонандагон дар кўчањо баъди дарс. Вагарна мактабиёни худро аз ин њам вањшитар хоњем дарёфт...
Муллораљаб ЮСУФЇ
БОЗНИГАРЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
ФАТЊУЛЛОЊ ГЮЛЕН ВА НУРИДДИН САИДОВ. КОРШИНОСОН БАР ОНАНД, КИ ЊАР ВАЗИРИ МАОРИФИ ТОЉИКИСТОН БА АФСУНИ ТАРИЌАТИ «ХИЗМАТ» -И ГЮЛЕН ГИРИФТОР МЕШАВАД...
3
Дар яке аз гаронтарин мактабњои туркї - мактаби байналмилалии Душанбе (аз 3 600 то 5 000 доллари ИМА барои як сол) писари хурдии Президент Эмомалї Рањмон тањсил мекард, ки ду сол ќабл дар олимпиадаи лоињањои барномарезии технологияњои иттилоотї дар Руминия соњиби медали тилло шуда буд. Баъд аз пош хўрдани Иттињоди Шўравї литсейњои туркї аз љониби ширкатњои наздик ба Фатњуллоњ Гюлен, пешвои њаракати "Фатњуллочиён", ё "Нурчилик", ки дар ИМА ќарор дорад, дар кишварњои пасошўравї ташкил гардид. Аммо фаъолияти ин њаракат, ки њамчунин тариќати «Хизмат» унвон мешавад, дар Русия, Туркманистон ва Ўзбакистон мамнўъ гардида, мактабњои онњо баста шуд. Дар Тољикистон аз соли 1993 шабакаи литсейњои туркї бо номи "Шалола" фаъолият дорад, ки аз љониби Вазорати маориф имтиёзоте њам дорад. Бештари муњассилини ин муаассисањо аз оилаи мансабдорон ва пулдорњои Тољикистон мебошанд.
ХАТАРИ ЛИТСЕЙЊОИ ТУРКЇ Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон аз фаъолияти литсейњои туркї-тољикї дар кишвар изњори нигаронї карда, ба њукумат марњила ба марњила бастани онњоро маслињат додааст Абдусаттор НАЉМИДДИНОВ, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тољикистон зимни баррасии ин масъала гуфт: "то имрўз литсейњои тољикї-туркї ва мактаби байналмилалиро 4 њазору 410 нафар хонанда хатм кардаанд, ки 2 њазору 364 нафарашон ба мактабњои олии Тољикистон ва 2 њазору 46 нафари дигар ба мактабњои олии хориљ аз кишвар - Русия, Ќазокистон, Ќирѓизистон, ИМА, Укроин, Англия, Чехия, Туркия, Кипр, Индонезия ва дигар кишварњо дохил шуда, дар соњањои гуногун тањсил доранд. Аз ин теъдод 486 нафар дар хориљи кишвар тањсилро ба охир расонида, ба Ватан баргаштаанд. 58 нафар дар хориљи Тољикистон дар магистратура ва аспирантура мехонанд. 1 њазору 93 нафар то имрўз тањсилро дар хориљи кишвар давом дода истодаанд. Дар маљмўъ то имрўз 2 њазору 249 нафар хатмкардагони литсейњои туркї-тољикї, чї дар дохил ва чї дар хориљи кишвар соњиби маълумоти олї гаштаанд. Аз ин 102 нафарашон омўзгор мебошанд ва дигарон дар соњањои гуногуни хољагии халќ фаъолият доранд". Дар Литсейњои туркї-тољикї мегўянд аз пешнињод ё тасмими баста шудани фаъолияти онњо дар ояндаи наздик дар Тољикистон иттилоъ надоранд.
Абдурањмон ЌУРБОНОВ, сардори Раёсати тањлили масъалањои иљтимоии Маркази тадќиќоти стратегї мегўяд, - То ба имрўз зиёда аз 3 њазору 531 нафар ин литсейњоро хатм кардааст, соли гузашта 2 њазору 577 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Зењнњои бењтарини љомеаро онњо мегиранд. Ягон хатмкунандаи ин литсейњо роњи илмро интихоб накардааст ва ба аспирантура дохил нашудааст. Онњо зери тарбияи бегона монда, њисси бегонапарастї дар онњо зиёд мешавад. Бино ба маълумоти МТС, ин масъала дар Шўрои амният баррасї шудааст. Дар ин машварат иттилоъ дода шудааст, аз хатмкунандагони литсейњои туркї-тољикї њамагї 2-3 нафар ба аспирантура дохил шудаанд, ки дар ин кор сањми хонаводањояшон назаррастар будааст. Ин дар њолест, ки ба иттилои ин марказ, даромади солонаи литсейњои туркї дар Тољикистон 2,5 миллион долларро ташкил медињад. Абдурањмон Ќурбонов мегўяд: "Ќишри асосї, љавононе, ки дар оянда ташаккули зењни миллат ба онњо вобаста аст, дар њаёти илмии Тољикистон наќше надоранд. Ба роњи илм намераванд. Аз ин рў озод кардани љавонони тољик аз зери таъсири идеологияи беруна бояд дар муњлати наздиктарин бо таъсис додани литсейњои давлатї ва марњила ба марњила ќатъ кардани фаъолияти онњоро сурат бигирад. Дар Вазорати маориф ва илми Тољикистон мегўянд, нигаронии муттахассисони МТС асоси воќеї надорад.
«
Парвиз, яке аз хатмкардањои литсейњои тољикї-туркї, ки њоло дар яке аз вазоратхонањои кишвар фаъолият дорад, мегўяд, пешнињоди ќатъ кардани фаъолияти ин литсейњо омили дигар дорад. "Дањ сол шуд, ки литсейи туркиро хатм кардаем. Ягон идеология он љо набуд, њатто мо худамон донишгоњњоро интихоб кардем. Имрўз дар вазорати давлатї кор мекунам, баръакс њамкорон ба мо ањсан мехонанд, ки забони англисиву русиро хуб омўхтаем. Дуруст, ки он љо њар рўз пул биёрї нест, монанди литсейњову мактабњои тољикии мо. Як маротиб пул месупоред, тамоми шароитро таъмин мекунанд. То хўрок ва рафту омади хонандагон. Сифати таълим онљо шуморо ќонеъ месозад. Бинед, њоло литсейњои тољикї инњо кунанд, њама фасодзада мешавад. Модоме дар Шўрои амният масъалаи бастани литсейњои туркиро баррасї кардаанд, пас њукумат ќасди онњоро бастан дорад, аммо бо чї иваз мекунад, бо маорифи фасодзада?" -суол мегузорад Парвиз. Дар Тољикистон њафт литсейи тољикїтуркї дар шањрњои Душанбе, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб, Турсунзода ва Хуљанд тибќи созишномањои бахши маорифи Тољикистону Туркия фаъолият мекунанд.
Аммо фаъолияти ин њаракат, ки њамчунин тариќати «Хизмат» унвон мешавад, дар Русия, Туркманистон ва Ўзбакистон мамнўъ гардида, мактабњои онњо баста шуд.
САДОИ МАРДУМ
Фаромарзи ФОЗИЛ
5%
1%
Намедонам
5%
Ин дигар муњимм нест
Дар як назарсанљии виртуалї дар сомонаи хабаргузории TojNews дар бораи њодисањои Бадахшон гузаронда шуд, њудуди 1000 истифодабарандаи интернет ширкат кардаанд. 50%-и ширкаткунандањо бар он назаранд, талоши сокинон барои њифзи њуќуќњояшон боис ба сар задани њодисањои ахир дар "Боми љањон" гардидааст.
Дасти хориљињо
23%
Амалиёти маъмулии маќомот алайњи ќочоќчиён
НАЗАРСАНЉЇ: МАРДУМ ДАР БАДАХШОН БАРОИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌЊОЯШОН ТАЛОШ КАРДААНД Фаъолияти ѓайрињирфаии маќомот
13%
Талоши мардум барои њифзи њуќуќњояшон
Њимояти мардум аз ќочоќбарон
51%
«
Фатњуллоњ Гюлен, ки аз охирњои солњои 90-ум дар ИМА ба сар мебарад, дар кишвараш алайњи ў парвандаи љиної бо иттињоми талош барои дигар кардани сохтори давлатї боз гардид. Бо сари ќудрат омадани њизби исломгарои «Адолат ва тараќќиёт» иттињомот алайњи ў бардошта шуд ва иљозат дошт, ки ба кишвараш баргардад. Аз муносибати хуби ў бо њукумати исломгарои Туркия њарф мезаданд. Вале ин муносибат дер давом накард. Ќазияи "Фасоди бузург" дар Туркия дар зимистони гузашта нишон дод, ки муносибати фатњуллоњљиён бо њукумати Туркия хатчадор гардидааст. Њукумати Туркия дар чењраи Фатњуллоњ Гюлен раќиби №1-и худро мебинад. Раљаб Тайиб Эрдуѓан, сарвазири ин кишвар талоши ин љонибдорони ўро "давлат андаруни давлат" номида буд. Соли 1999 як ќатор донишмандони Тољикистон ба мисли шодравонњо Муњаммадљон Шакурї, Лоиќ Шералї ва дигарон пешнињод карда буданд, ки фаъолияти ин мактабњо дар Тољикистон мамнўъ гардад. Ин њам дар њолест, ки тариќати «Хизмат» тавассути маркази «Диалог Евразия» аз шумули мансабдорон, коршиносон, шоирону нависандагон ва журналистон лоббии ќавие ба вуљуд овардааст, ки ошкору нињон аз манфиатњои литсейњои туркї њимоят мекунанд.
2%
Ин назарсанљии виртуалї, ки зери унвони "Сабаби сарзадани њодисањо дар "Боми љањон"-Бадахшонро дар чї мебинед?" ,маълум кард, ки 51 дар сад (513 нафар) ба варианти "Талоши мардум барои њифзи њуќуќњояшон" раъй доданд. 23%(227 нафар) гуфтаанд, ки сабаб сар задани њодисањо "Фаъолияти ѓайрињирфаии маќомот" аст. Инчунин 13 дар сади дигар ќайд кардаанд, ки сабаби ин нооромињо "Њимояти мардум аз ќочоќбарон" дониста мешавад. Њамчунин 5 дар сад (48 нафар) аз иштирокчиё-
ни ин назарсанљї ба варианти "Амалиёти маъмулии маќомот алайњи ќочоќчиён" райъ дода, 5 %(46 нафар)-и дигар њам гуфтааст, ки сабаби ин норомињо "Дасти хориљињо" мебошад. Аз ин теъдод њамагї 2 дар сад(24 нафар) гуфтанд, ки "намедонем" ва 1 %(12 кас)-и ахир ба гузинаи "Ин дигар муњимм нест", раъй додаанд. Ин назарсанљии виртуалї тайи як њафтаи ахир бо пешнињоди њафтаноми "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии TojNews гузаронида шуда, дар он 998 нафар иштирок кардааст.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
СУЊБАТИ АФСАР
БОМИ ЉАЊОН
ЗАБОНЊОИ ПОМИРЇ ВА ЗАРУРАТИ ЊИФЗУ БАЌОИ ОНЊО Тайи солњои њукумати шўравї мардуми Помир дар заминањои иљтимоъї-иќтисодї, сиёсї ва маънавї ба пешрафтњое даст ёфтанд. Марњилаи оѓозини фарогирии кори санъатї (индустриаль-ный - рус.) пушти сар шуда буд ва дар бофтори иљтимоъї ќишри ќо-били таваљљуњи равшанфикр зуњур карда буд. Њунарњои мусиќї, теотр ва наќќошї њам рушд карда буданд. Нахустин бунгоњњои илмї таъсис шуданд ва нахустин кормандони илмї дар риштањои мухталиф парвариш ёфтанд. Сарфи назар аз таѓйири шаклу муњтавои худшиносии миллї, ки дар солњои њукумати шўравї сурат гирифт, помирињо арзишњои миллї, забон, мазњаб ва дигар аљзои зиндагии маънавии худро батамом аз даст надода буданд. Бегумон, фурўзањо ё хусусиятњое мардумї чун тањаммулу тасомуњи шарќї, бурдборї, вафодорї ба зодбуми кўчак ва ба замини гузаштагони худ, тавоноии зистан дар њамоњангї бо табиъати кўњистонии бењамто ва њусни њамљаворї дар њифзи шеваи зиндагии вежаи ин мардумон наќши басазое доштааст. Таѓйироти нисбатан муњимме дар забонњои минтаќа њам сурат гирифт. Забон ба унвони ноќил ё њомили фарњанг дар заминаи рушду тавсеъаи ќавмї ањаммияти фарогир дорад. Вазъияти забон, ба навбаи худ, баёнгари љињати рушду тавсеъаи мардум аст. Дар дањаи 1920-уми мелодї фароянди пуршўри тавсеъаи фарњанги сусиёлистї дар Кўњистони Бадахшон оѓоз шуд; мадрасањо сохта мешуданд, бошгоњњову китобхонањо гушоиш меёфтанд. Оѓози дањаи 1930 давраи густариши забонњои мањаллї буд; нахустин китобњои дарсї ба забонњои шуѓнию рўшонию вахї мунташир шуданд. Тадвин ва интишори китобњо дар Русия анљом мегирифт ва нахустин муаллифони китобњои дарсии помирї донишварони рус буданд, ки аз авохири садаи 19 ва авоили садаи 20 дар минтаќа кор мекарданд ва љуѓрофиёву зистшиносию заминшиносї, ториху забонњо ва фарњанги ин сарзамини кўњистониро меомўхтанд. Яке аз нахустин барояндњои пажўњиши донишварони Русия тадвини алифбои лотин барои забонњои бадахшї буд. Аз ин кори накў чењрањои сиёсии барљастаи ваќт дар Тољикистон, ба монанди Шоњтемур, Абдуллоев, Исмоъилов ва ѓайра њимоят карданд. Вале дере нагузашт, ки ин кори хайр мамнўъ шуд. Афзун бар ин, рањбарони њизбии зодаи Кўњистони Бадахшон саркўб ва табъид шуданд. Забонњои помирї дар зумраи забонњои эронии шарќии хонаводаи њиндуурупоии забонњо њастанд. Дар ќаламрави устони худмухтори Кўњистони Бадахшон дар Љумњурии Тољикистон забонњои гурўњи шуѓнию рўшонї, язгуломї, ишкошимї ва вахї аз аљзои забонњои помирї
ба шумор меоянд. Гурўњи забонњои шуѓнию рўшонї бо њудуди сад њазор гўишвар бузургтарин забони помирї мањсуб мешавад. Њеч як аз ин забонњо расмулхат надоранд. Танњо забони мактуб дар Помир њамвора забони тољикї (порсї) будааст. Гурўњи шуѓнию рўшонї забонњо ва гўишњои зерро дарбар дорад: шуѓнї (бо гўишњои баљувї ва шоњдараї), бартангї, рошорвї, рўшонї (бо гўиши хўфї). Гўишварони ин забонњову гўишњо дар каронаи рўдњои Панљ, Ѓунд, Шоњдара ва Бартанг зиндагї мекунанд. Забонњои шуѓнию рўшонї дар Бадахшони Афѓонистон њам гўишвароне доранд. Забони язгуломї дар њавзаи рўди Язгулом дар устони худмухтори Кўњистони Бадахшон роиљ аст. Гўишварони забони вахї дар каронаи рўди Панљ, дар минтаќаи Ишкошими устони худмухтори Кўњистони Бадахшон ва вилояти Бадахшони Афѓонистон ба сар мебаранд. Бахше аз вахонињо дар минтаќаи Синљиёнги Чин зиндагї мекунанд. Ба забони ишкошимї дар рустои Рини минтаќаи Ишкошими Бадахшони Тољикистон ва дар шимоли Бадахшони Афѓонистон такаллум мешавад. Забони ишкошимї се гўиш дорад: ринї (дар Бадахшони Тољикистон), зебакї ва сангличї (дар Афѓонистон). Бино ба ёфтањои донишварон, забонњои помирї ба далели мунзавї ва бурида буданашон аз љањони хориљ нисбат ба соири забонњои эронї бамаротиб камтар тањти нуфузи забонњои бегона ќарор гирифтаанд. Дар натиља, бисёре аз вежагињои забонњои эронии бостон ва миёна дар забонњои помирї њифз шудааст. Фароянди омўзиши илмии забонњои помирї дар дањаи 1870 оѓоз шуд. Дар он давра нахустин додањои илмї дар бораи забони шуѓнї ба ќалами Роберт Шу, ховаршиноси инглисї ва Вилњелм Гойгер, њамтои олмонии ў, мунташир шуд. Дар дањаи 1880-уми мелодї Д.Л. Иванов, донишвари рус, дар як сафари илмї ба Помир матолиби забоншинохтии марбут ба забони шуѓниро гирдоварї кард ва ба окодемисян Корл Золемон (Карл Залеман - рус.) дар Фарњангистони улуми Русия тањвил дод. Корл Золемон, коршиноси машњури забонњои эронї, пас аз анљоми таљзияву тањлили забоншинохтии ин додањо нахустин фарњанги луѓоти русї ба шуѓ-
«
ниро тањти унвони "Фарњанги шуѓнии Д.Л. Иванов" тартиб дод. Аз ин давра ба баъд раванди омўзиши забонњои помирї аз сўи донишварони рус оѓоз шуд. Аммо пажўњишњои мўшикофона дар солњои њукумати шўроњо анљом гирифт. Аз дањаи 1920-уми мелодї ба баъд пруфессур Ивон Зорубин (Иван Зарубин - рус.) дар мутолеъаи забонњои камтар омўхташудаи помирї сањми басазое гузошт; аз љумла забони шуѓнї ва гўишњояш ва забонњои язгуломию ишкошимї. Осори Ивон Зорубин пояе шуд барои шаклгирии илми помиршиносї (аъам аз овошиносї, дастури забонњо ва гўишшиносї). Тайи солњои њукумати шўравї Љуй Эделмон (Joy Edelman), намояндаи мактаби помиршиносии Маскав, бо осори гаронсанги худ масоили марбут ба забоншиносї, овошиносї ва сохтори дастурии забонњои помириро равшан кард. Таркиби вожагонии забонњои помирї дар партави мутолеъоти ќавмшинохтї дар осори Иван Стеблин-Каменский бахубї баррасї шудааст. Нимаи дувуми садаи бистуми мелодї шоњиди интишори теъдоди зиёди пажўњишњо дар бораи забонњои помирї буд. Бархе аз нависандагони он осор аз мардуми мањаллии Помир буданд. М. Андреев, Т. Бахтибеков, У. Булбулшоев, Р. Додихудоев, Л. Додихудоева, М. Мамадасламов, Ш. Мирзоев, А. Мирбобоев, З. Миршакарова, А. Рањимї, Ш. Юсуфбеков ва ѓайра аз љумлаи ин муаллифон њастанд. Дар поёни садаи мелодии гузашта фарњанги љомеъи сељилдаи шуѓнї ба русї ба ќалами Додихудо Карамшоев дар Маскав мунташир шуд. Манбаъи аслии ин фарњанг додањое буд, ки муаллифи он тайи солњои 1960 то 1968 гирд оварда буд. Дар ин фарњанг њатт-ал-имкон бештарин теъдоди вожањои шуѓнї аз њамаи гўишњои он гирдоварї ва таъбир шудааст. Њар мадхали ин фарњанг маъонии мухталифи вожаи мавриди назарро бо тасвирњои муртабит медињад. Дар оѓози садаи мелодии љорї алоќаи донишварон ба омўзиши забонњои помирї фурўкаш накард, балки баръакс, ба аъмоќи тоза аз ногушудањои ин шоха аз забонњои эронии шарќї расид. Донишвароне чун М. Аљамшоев, Ш. Зоочшоева, А. Насриддиншоев, Ш. Некўшо-
Дар асри навин, ки башарият вориди фароянди љањоншумулї ва пешрафти чашмгири фанноварии расонаї шуда, забонњои кўчак на танњо тањти фишори забонњои ќавитар воќеъ шудаанд, балки шўрбахтона, дар лабаи партгоњи нобудї ќарор доранд. Бунёди омўзишї, илмї ва фарњангии Созмони Милали Муттањид (ЮНЕСКУ) наќшаи забонњои рў ба инќироз (Atlas of the World's Languages in Danger of Disappearing)-ро тартиб додааст. Мутаассифона, забонњои кўчаки Помир њам дар ин фењрест њастанд.
«
ева, Н. Офаридаев, П. Абдулњамидова ва Х. Шанбезода дар зумраи пажўњишгарони ин давра њастанд, ки тањќиќоти сутурге дар ин замина анљом додаанд. Дар асри навин, ки башарият вориди фароянди љањоншумулї ва пешрафти чашмгири фанноварии расонаї шуда, забонњои кўчак на танњо тањти фишори забонњои ќавитар воќеъ шудаанд, балки шўрбахтона, дар лабаи партгоњи нобудї ќарор доранд. Бунёди омўзишї, илмї ва фарњангии Созмони Милали Муттањид (ЮНЕСКУ) наќшаи забонњои рў ба инќироз (Atlas of the World's Languages in Danger of Disappearing)-ро тартиб додааст. Мутаассифона, забонњои кўчаки Помир њам дар ин фењрест њастанд. Бо таваљљуњ ба ањаммияти ин мавзўъ, соли 2009-уми мелодї дар шањри Хоруѓ Муассисаи мутолеъоти исмоъилї њамроњ бо Бунёди забонњои рў ба инќироз ва Фарњангистони улуми Тољикистон як нишасти илмии байнулмилалї баргузор карданд. Дар ин њамоиши илмї беш аз 50 донишвар аз Устролиё (Австралия), Донморк (Дания), Њуланд, Покистон, Русия, Тољикистон, Бритониё ва Омрико ширкат карданд. Суханронињои ин нишасти илмї ба забонњои порсї (ба њар ду хат), инглисї ва русї мунташир шуд. Ширкаткунандагони ин конфронс бо баррасии раванди печидаи равобити мутаќобили забонњои рў ба инќироз ва торих ба ин мавзўъ пардохтанд, ки чигуна пажўњишњои торихї метавонад ба њифзи забонњои дар њоли нобудї мусоъидат кунад ва ин ки чигуна тањќиќоти илмии онњо метавонад посухгўи ин пурсишњои муњим бошад. Танаввуъи забонњо дар љањон бар арзиши зиндагии љавомеъ меафзояд ва аз омилњои шаклгирии эњсоси њувияти афрод аст. Бо ќарор гирифтани як забон дар маърази нобудї хатари нобудї се буъди зиндагии иљтимоъиро њам тањдид мекунад: нахуст, њувияти гўишварони он забон метавонад беарзиш ё њатто нобуд шавад; ду ин ки зиндагии иљтимоъие, ки сирфан ба он забон љараён дорад, мањдуд ё нопадид мешавад; ва се ин ки суннатњои мањаллї саранљом мемиранд. Нуктаи севум њоизи ањаммияти вежа аст; зеро ин суннатњо - чи гуфторию чи навишторї - "торих"-и забон ва он љомеъаи забониро ташкил медињанд. Аз ин рў, тасаввур бар ин аст, ки талошњои донишварон ба њифзу баќои забонњои рў ба нобудї хоњад анљомид; чи дар Тољикистон ва чи дар саросари љањон. Зеро ин забонњо бахши арзишманди мероси маънавии башарият њастанд. Назаршоњ НАЗАРШОЕВ, бознашр аз маљаллаи "Забони порсї"
РЕЗААХБОР ТЎРАЉОНЗОДА: ЗАН ДАР ГЎШИ НАВЗОДАШ АЗОНУ ЌОМАТ ГУФТА МЕТАВОНАД Эшони Нуриддинљони Тўраљонзода, рўњонии маъруфи кишвар азон додану ќомат гуфтани зан дар гўши навзодашро љоиз донист. Дар ин бора сомонаи хонаводагии тўраљонзодањо иттилоъ додааст. Эшони Нуриддинљон дар посух ба суоли бонуе, ки пурсидааст: Баъди таваллуд кардани зан тифлашро ба болояш мегузоранд, дар њамин асно худи њамон зан метавонад ба гўши навзодаш азону ќомат гуфта, ба дањонаш тањник кунад?, гуфтааст: Модоме, ки шавњар дар он асно њузур надошта бошад, бале зан метавонад худ азон ва ќоматро ба гўши навзодаш бихонад. Тўраљонзода меафзояд: зеро барои зан дар аснои њайз(бемории моњона) ва ё нифос хондани намоз ва ќироати Ќуръон љоиз нест, аммо гуфтани зикрњо ва дуъо кардан љоиз аст. Аз ин сабаб метавонад зан бар гўши навзодаш азону ќомат бигўяд ва аз Худо барои фарзандаш саъодати дунё ва охиратро талаб намояд. Гуфтани азон ва ќомат дар гўши њар навзоди
мусалмон яке аз суннатњои таъкидшуда ба њисоб рафта, дар љомеаи исломии мо тољикон одат шудааст, ки аксар маврид мардњо азону ќоматро ба гўши навзодњояшон мехонанд.
Нисбат ба судя Одинаев, тибќи моддаи 319, ќисми 2, (талаб намудан ва аз худ кардани пора дар њаљми махсусан калон) парвандаи љиної оѓоз шуда, тафтишот идома дорад.
ХОРУЃ: ТАЛАБИ ТАЊЌИЌИ ОДИЛОНАИ МАРГИ ФРАЙДОН АБДУРАСУЛОВ
Наздикони њалокшудагони даргирињои ахири Хоруѓ хостори тањќиќи одилона ва мунсифонаи њодисаи 21уми май шуданд. Пайвандони 4 њалокшудаи Хоруѓ, дар пайи тиркушоии маќомот ва гуруњњои гумонбар ба ќочоќи маводи мухаддир ба Прокуратураи вилояти мухтори Бадахшон бо ариза мурољиат карда, талаб кардаанд, то ќазия мунсифона мавриди тањќиќ ќарор бигирад.
Бино ба иттилои манобеи TojNews дар Хоруѓ, дар аризаи наздикони Собир Сайдуллобеков, Иброњим Ошуров, Фрайдон Абдурасулов ва Азамат Давлатбеков ба Прокуратураи ВМКБ гуфта мешавад, ки гунањгорони ин ќазия дарёфт ва ба љавобгарї кашида шаванд. Иброњим Ошуров, Фрайдон Абдурасулов баъди тиркушоии маќомот 21-уми май, дар беморхона ба њалокат расида буданд. Азамат Давлатбеков њангоми њамла ба бинои Раёсати КДАМ дар Хоруѓ, шаби 23-юми май ба њалокат расида буд. Ариза ба Прокуратура тавассути њуќуќшиносон ва намояндагони созмонњои љамъиятї ба маќомот дастрас карда шудааст, -таъкид кард манбаъ. Бино ба иттилои манобеъи ASIA-Plus, се тан аз маљруњони ќазияи 21-уми май дар Хоруѓ дар беморхона бистариянд ва ба вазъи сињатии онњо хатаре тањдид намекунад. Се нафари дигари љароњатбардошта дар ин њодисањо аллакай аз беморхона мураххас шудаанд, -иттилоъ медињад манбаъ.
ТАФТИШИ ШЎЪБАЊОИ ДИН ДАР АРАФАИ МАВСИМИ ЊАЉ Прокуратураи шањри Душанбе барои таъмини шаффофият дар раванди сафари њаљ бахшњои умури дин дар чањор ноњияи пойтахтро мавриди санљиш ќарор додааст. Дар ин бора Шавкат Саидов, сухангўи шањрдори Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи ў, санљиши бахшњои Кумитаи дин дар ноњияњои пойтахт бо дастури Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе оѓоз гардидааст. Тибќи дастуруламали сафари дастаљамъии сокинон ба Њаљ њар кас метавонад, пас аз 5 сол бори дигар ба њаљ биравад. Зиёд шудани теъдоди хоњишмандони
5
БУМЕРАНГ - XXI Бумеранг як силоњи аборигенњои Австралия аст. Монанд ба доси тољикї, аммо ваќте онро меандозанд, дигарбора ба дасти соњибаш бармегардад. Шуруъ аз ин воќеа бар пояи мушоњидањои шахсї ва маслињати дўстон мехоњам иттифоќоти зиндагии ману моро, ки њамон бумерангро ба ёд меоранд, рўи сафња орам. Асри 21 аст, гапи кайњону моњу инќилоби раќамї аст, аммо мо њанўз андар хами кўчаи замони Атторем. Бо умеди ислоњ ва њамдигарфањмии мардуми Тољикистон, ки ба њар сурат бо њам њастем ва Худо асло ин васлро њиљрон накунад, ин гўшаро дар "Нигоњ" чун оинаи хеш минбаъд њамеша рўи ба рў дошта бошем.
"Чо-ни-ма!"
ВАЊДАТ: БОЗДОШТИ СУДЯ БО ИТТИЊОМИ ПОРАГИРЇ Агентии мубориза бо фасод, судяи Суди ноњияи Вањдатро барои гирифтани 4 њазор доллар пора боздошт кардааст. Бино ба иттилои расмї, судяи суди ин ноњия Мирмањмад Одинаев бо гирифтани пора дар њаљми 4 њазор доллар, бар асоси шикояти сокинони ноњияи Вањдат боздошт шудааст. Судя Одинаев аз сокини ин ноњия Умар Саидов барои њалли масъалаи судии ў дар ибтидо се њазор доллар талаб намуда, онро соњиб мешавад ва сипас њазор доллари дигар талаб мекунад. Бар асоси аризаи Умар Саидов, судя њангоми гирифтани пора аз тарафи кормандони Агенти назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
сафар ба њаљ боис гардидааст, ки шањрдорї дар мавриди сафари Њаљ авлавият ба касоне медињад, ки бори аввал барои адои ин фаризаи Илоњї сафар мекунанд. Инчунин дар мавсими њаљ-2014 ба онњое итиёз дода мешавад, ки дар корњои љамъиятии пойтахт фаъолона иштирок намуда, дар озмунњо љойњои сазоворро ноил шудаанд. Мањмадсаид Убайдуллоев 19-май эълон карда буд, ки барои таъмини шаффофияти сафари њољиён як сомонаи интернетї таъсис шавад. Онњое, ки нияти сафари Њаљ доранд, аризањои худро тариќи почтаи электронї ирсол намоянд.
Як субњи барваќт дар шањри Душанбе марди зоњиран чиної ба маршруткаи №2 даромад. Дар курсињои ќафо љойи нишаст набуд ва ў ба курсии пањлўи ронанда нишаст ва шояд њамин хатои аввалин ва ягонааш дар њамон рўз буд. Ронанда ба рўйи чиної бо лабханди маккоронае, ки гўё њоло њама аз саволаш ба њайрат хоњанд уфтод, синча карду пурсид: - Ти китайс?! Он мард њам гўё ин саволро интизор буд, њар ќадар, ки тавонист ба забони тољикї даст сари сина бурда, љавоб дод: - Ман - Корея! Ронанда ба ин посух умуман эътибор надода, боз пурсид: - Чо-ни-ма чё будит?! Ва "Корея" њам бо лафзи хосаш љавоб дод: - Ман - Корея! Китай намедонам! Ронанда ба љавоне, ки миёни ў ва "Корея" нишаста буд, боз бо њамон лабханд нигариста, бо писханд, гуфт: - Медонї Чо-ни-ма чї меша?! Он љавон дар посух сар љунбонд, ки намедонад ва як салон мусофирон њама ба ронанда гўшу њуш шуданд. Њама интизор буданд, ки ронанда забони чиної медонад ва шояд њоло сухане хоњад гуфт, ки на танњо "Корея", балки тамоми Тољикистон ба ў офарин хоњанд хонд. Ва ў билохира бо ханда кафиду бо овози баланд, чунон ки тамоми мусофирон шуниданд гуфт: - Чо- ни- ма очата г... меша! Сукути мусофиронро шунидан, дидан ва њатто ламс кардан мумкин буд. Њама гўё њамдигарро интизор буданд, ки кї аввал ронандаро ба адаб, њадди аќал дар љойи љамъиятї даъват мекунад. Касе лаб во накард. Њоло акнун ман, ки дар ќатори аввал дар салон, пушти ронанда менишастам, хулоса карда метавонам, ки он мусофирон њама воќеан аз ањли адаб будаанд. Онњо њамин њикмати пирони тариќатро медонистанд, ки: "Њарки ба нафаре, ки насињат нафањмад, насињат мекунад, худ ба насињат ниёз дорад". Ба њар њол, сукути шунавои мусофиронро ба таври дигар шарњ додан намешавад. Ронанда шояд аз ин сукут ба ќадри фањмишаш маънї бардошт, ки бањузур носашро аз тиреза берун туф карду, оби лабонашро бо соќи дасташ пок карда, боз ба гап даромад: "К...и очањо медонанд, некем гав намезананд... Ма бисёр мегардум да. Тем боле, ки њозї бисёр шидагиян, бисёр мешинан мошинда... Мепурсмшон, ки "чо-ни ма!" чї меша, намеган. Неки я љурам кати хитоиё кор мекна, њаму мада гуфт, ки чо-ни-ма бешухї очата... мешава..." Ронандаи забондон, ки шояд ба ин љињат диќќат накарда буд, ки марди куриёї ба ў бо забони тољикї посух медињад, назди "Корея" натанњо худ, балки тамоми Тољикистонро беорў мекард. Шояд ў воќеан мефањмид, ки он мард бо ў ба тољикї њарф мезанад ва ба гумони ѓолиб, мефањмад, ки чї мегўяд. Њадди аќал "очата б.."-ро аз мо ёд гирифтааст. Дар Душанбе њадди аќалл як сол зиста, ба гумон аст, ки очата б..., ё "к... оча"-ро аз худ накарда бошад. Мо-ку дар ин 5-6 соле, ки дар кўчаву бозор ду-се чиноиро мебинем, ёд гирифтем, њадди аќал як-ду калима, масалан "Чо-ни-ма!"ро. Калимаву истилоњоти дигар, аслан чандон рањбати моро намеоранд. Ќисса кўтоњ, дар чорроњаи мањаллаи Яккачинор марди куриёї аз мошин берун шуд. Ман нашунидам, аммо аз нигоњњояш, ки њангоми фаромадан аз ронанда канда намешуданд, дуруст пай бурдан мумкин буд: "Чо-ни-ма, ман - Корея!". P/S: Ман дар луѓатњо тарљумаи ин ибораро накофтам. Зарур нашуморидам, ростї ваќт њам нашуд. Бино бар ин ба сањењияти он ронандаи маршрутка љавобгар аст, на муаллиф.
- Дониста бош, ки мардуми шањрнишини тољик аз алфози ќабењ истифода намебаранд!
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
СУЃД
МАРГИ МАРМУЗ ДАР "БАЊОРИСТОН" Њалокати муњосиби "Фароз" чї норўшанињо дорад?
Суннатулло Муродов, сокини 29 - солаи шањри Душанбе ва корманди ширкати "Фароз", дар њавзи шиноварии истироњатгоњи "Бањористон" воќеъ дар шањри Ќайроќќум ѓарќ шуда, љон бохтааст. Прокуратураи шањри Ќайроќум ин хабарро тасдиќ карданд. Ба иттилоъи ин нињод, Суннатулло Муродов замоне ѓарќ шудааст, ки мехост дар њавзи истироњатгоњ шино кунад. Прокуратураи Ќайроќум аз ироаи љузъиёти марги ин корманди ширкати "Фароз" худдорї кард.
«
Иттилоъ дар бораи вазъи иљтимоии Сунатулло Муродов, ки дар ширкати "Фароз" чї вазифа дошт, низ расман пўшида монд. Аммо ба гуфтаи манбаъњои "Нигоњ" дар шањри Душанбе, Суннатулло Муродов муњосиби ширкати "Фароз" буд ва барои истироњат чанд рўз ба "Бањористон" - и Ќайроќќум рафта буд. Дар иттилоияи Ситоди њолатњои фавќуллода ва мудофиаи шањрвандии вилояти Суѓд аз 31 - и майи соли равон омадааст, ки: "…таќрибан соати 14:14 санаи 31. 05. 2014 сол дар шањри Ќайроќум дар мавзеъи кўли сунъии истироњатгоњи "Бањористон", истиќоматкунандаи шањри Душанбе
Матбуот ва хабаргузорињои мустаќили Тољикистон дар гузашта аз ќавли Умаралї Ќувватов, аз роњбарони пешини ширкатњои "Тољирон" ва "Фароз" хабару гузоришњоеро мунташир мекарданд, ки ин ширкатњо, њоло марбути Шамсуллоњ Соњибов, яке аз домодњои раисиљумњури Тољикистон њастанд.
«
Муродов Суннатулло Љалолович , соли таваллудаш 1985, соњиби 4 фарзанд, ѓарќ шудааст. Љасади нафари номбурда соати 18:10 аз тарафи наљотдињандагони дастаи зудамали Ситод оид ба њолатњои фавќуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суѓд бароварда, ба ШВКД дар шањри Ќайроќќум супорида шудааст". Маъмулан маќомоти Тољикистон фољиањоеро, ки ба коргоњњои наздикони рањбарияти кишвар рабт доранд, мехоњанд "содда" кунанд, то ба матбуот роњ наёбанд. Дар ѓарќшавии Суннатулло Муродов њам љои кораш - ширкати "Фароз" эълон намешавад. Ва ин њол эњтимоли вуљуди норўшанињои назаррасро истисно намекунад. Љасади Сунатулло Муродовро ѓаввосон пас аз чањор соати љустуљў дарёфт намуданд ва ќафаси синаи ў ранги сурх доштаст, ки ба ќавли онњо, ишора бар маризи ќалбї доштани ў мекардааст. Љасади ўро барои ташхис ба маркази ташхиси суди тиббї
интиќол додаанд, вале то њол натиљаи ташхис маълум нест ва ин њам маълум нест, ки чаро дар ќафаси синаи љасад ранги сурх пайдо шудааст. Аммо маќомот дар мисоли Ситоди њолатњои фавќуллода ва мудофиаи шањрвандї дар вилояти Суѓд ва прокуратураи шањри Ќайроќќум мекўшанд ќазия тобиши бештар матбуотї пайдо накунад ва исми "Фароз" ба забонњо наафтад. Аввалї мегўяд, ки Суннатулло Муродов корманди ширкати "Мегафон" дар шањри Душанбе буда, ба сафари хидматї ба вилояти Суѓд омадааст. Аммо прокуратураи Ќайроќќум корманди ширкати "Фароз" будани Муродовро тасдиќ мекунад ва шарњ намедињад, ки номбурда дар ин ширкат чї вазифаро ба ўњда дошт. Ширкати "Фароз" аз ширкатњои пештози Тољикистон аст. Бештари наќлиёти боркаши тамѓаи "Дулан" дар роњи Хуљанд - Душанбе ба ширкати "Фароз" мансуб дониста мешавад, ки бо њамлу наќли сўзишворї аз кишвари њамљавори Ќирѓизистон ба вилояти Суѓд ва шањри Душанбеву навоњии љануби Тољикистон газу бензин ва дигар анвои маводи нафтї машѓуланд. Матбуот ва хабаргузорињои мустаќили Тољикистон дар гузашта аз ќавли Умаралї Ќувватов, аз роњбарони пешини ширкатњои "Тољирон" ва "Фароз" хабару гузоришњоеро мунташир мекарданд, ки ин ширкатњо, њоло марбути Шамсуллоњ Соњибов, яке аз домодњои раисиљумњури Тољикистон њастанд. Умаралї Ќувватов баъди барканориаш аз рањбарии ин ширкатњо тарки Тољикистон кард ва тобистони соли 2012 дар Маскав Гурўњи 24 -ро таъсис дод. Ин созмон ба тундї аз сиёсатњои њукумати Эмомалї Рањмон интиќод мекунад. Дар паи ѓарќшавии Сунатулло Муродов, корманди ширкати "Фароз", дар Ќайроќќум Ситоди њолатњои фавќуллода ва мудофиаи шањрвандии вилояти Суѓд аз 11 њодисаи ѓарќшавї дар тўли панљ моњи соли равон иттилоъ медињад, ки бештари онњо дар руди Сир сурат гирифтаанд ва дар истироњатгоњи "Бањористон" ин њодисаи аввал дар соли равон аст. Солњои гузашта мавориди ѓарќшавї дар ин истироњатгоњи сарватмандон, ки гуфта мешавад, амалан боз аз сўи доирањои болоии њукумати Тољикистон назорат мешавад, низ будаанд. Ќамари АЊРОР
ХУЉАНД: ИФШОИ ОМОРИ ДУРЎЃИ ЉОЙЊОИ КОРИ ХОЛЇ Прокуратураи шањри Хуљанд дар пайи як санљиш муайян кардааст, омори љойњои кори холї дар шањри Хуљанд асосї воќеъї надошта, Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар шањри Хуљанд омори бардурўѓ пешнињод кардааст. Муќаддас Почомуллоева, муовини прокурори Хуљанд дар сўњбат ба хабаргузории TojNews дар тасдиќи ин иттилоъ гўфт, ки Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар шањри Хуљанд тибќи супоришњои Президент бояд дар маљмўъ 14 500 љойи кори нав ташкил мекард. Агентї дар нишондодњои њисоботияш нигоштааст, ки 14 502 љойи холи корї ташкил намуда, наќшаи пешбинишуда ба иљро расонидааст.
Аммо ба гуфтаи ин намояндаи прокуратураи шањр дар омори пешнињоднамудаи Агентї изофанависї вуљуд дорад. Барои мисол, тибќи омор дар соли 2013 дар ЉДММ "Насољии Хуљанд" 1100 љойи корї таъсис ёфтааст, вале дар асл корхонаи номбурда њамагї 197 љойи кори ташкил намудааст, 903 љойи корї изофа бардурўѓ навиштаанд. Прокуратура инчунин дар рафти санљиш дар нишондодњои дигар
идораву муассисањо изофанависиро ошкор кардааст, ки аз асоси воќеъї надоштани арќоми таъсиси љойњои кори холї дарак медињад. Ќаблан, прокуратураи шањри Душанбе низ маълум карда буд, ки соли гузашта, аз 34 њазор љойњои гўё холии кор, њамагї бештар аз 9 њазораш воќеї мебошад. Шарафи ЌИЁМПУР
РАНДА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
7
ХЕЗЕД! СУД МЕОЯД!!!
Сомонаи расмии Шўрои адлияи Тољистокистон гўшаеро зери унвони "Сомонањои судњои љумњурї" љо додааст. Хонанда бори аввал гумон мекунад, ки њамаи иттилооти ин бахш дуруст аст. Сомонањои судњо гўё як гуна амалї кардани орзуи "њукумати электронии Тољикистон" њастанд. Аммо дар зер мебинем, ки нисфи ин сомонањо њанўз ба сомон нарасидаанд: Сино Сомонаи расмии суди ноњияи Синои пойтахт 8-уми ноябри 2012 тариќи пойгоњи доманадињии www.ucoz.net сабт шуда, шаклу симои зоњирии он ба нимасомона ва ќолибњои сохта ва тайёри худи њамин пойгоњ (www.ucoz.net) хеле шабоњат дорад. Он ба "блог" монанд аст, аммо ба кайфият пасттар аз блоги як фарди оддї, њарчанд гап дар бораи Суди ноњия
СОМОНАЊОИ БЕСОМОН Як пажўњиш нишон дод, ки наздик ба 50 дар сади сомонањои Шўрои адлияи Тољикистон бо гузашти њудуди як сол то њол фаъолияти худро расман оѓоз накардаанд Синои Душанбе меравад. Ин сомона охирин матлабашро 23 - уми майи соли 2014 чоп кардааст. Тарроњї ва ё дезайни ин сомона он ќадар маќбул њам нест. Наздик ба 50% дарсади ин сомона дар ин муддат пур карда нашудааст. Меъёрњои забонї ва имлоии он хеле суст аст. Мисол, калимаи "АХБОРОТ" - хабарњоЊО гуфтан аст, ки дуруст нест.
Шоњмансур Сомонаи расмии суди ноњияи Шоњмансури пойтахт 15-уми апрели 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj ба ќайд гирифта шудааст. Шакл ва намуди зоњирии ќолаби ин сомона хуб, вале охирин матлабашонро 26-уми апрели 2013 ва он њам паёми президентро чоп кардааст. Дар бораи муаррифии њайтаи кормандони суд каме зањмат кашидаанд, вале дар асл як матлабе њам аз љониби масъулин чоп нашудааст.
Фирдавсї Сомонаи расмии суди ноњияи Фирдавсии пойтахт 31 октябри соли 2012 тариќи пойгоњи доманадињии www.delux.tj ба ќайд гирифта шудааст. Ин сомона аз рўи шакл, муњтаво ва хабаррасонї нисбат ба сомонањои фавќуззикр бењтар аст. Масъулини хеле зањмат кашида, њафтае як ё ду маротиба матлаби нав чоп мекунанд. Забони хабаррасониаш нисбат ба дигарон равонтару тарзи сарлавњагузориаш воќеан кўтоњ ва љолиб аст. Бойгониаш њам дар як тарафи он љойгир шуда, њар нафар метаво-
«
над ба осонї ба суроѓи хостањояш биравад.
Исмоили Сомонї Сомонаи расмии суди ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт 20 марти соли 2014 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj сабт шудааст. Сомонаи фаъол ва хеле њам љолиб. Љолибияташ дар он, ки рафти мурофиањои судиро аксбардорї карда, дар баробари гузоришњои хаттї, аксњоро њам љо мекунад. Чизе, ки каме дилгиркунанда менамояд, он њам забони сомона аст.
Суѓд Дигар сомонаи судњое, ки дар фењристи сомонаи Шўрои адлия зикр шудаанд, ба мисли сомонањои њамин чор суди ноњияњои пойтахтанд. Барои мисол, сомонаи суди ноњия Ашти вилояти Суѓд 15-уми июли 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj ба ќайд гирифта шудааст. Шаклан сомона гуфтан мумкин, вале ягон матлаб надорад, њама холї! Барои мисол, сомонаи суди њарби гарнизони Хуљанди вилояти Суѓд 14-уми июни 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www. timeweb.ru ба ќайд гирифта шудааст. Ќолаб дорад, вале ба љуз як матлаб дар бораи таъсиси суд дигар чизе надорад. Сомонаи суди шањри Спитамени вилояти Суѓд 15-уми июли 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj низ ба ќайд гирифта шудааст. Ќолаби сомона њаст, вале умуман ягон матлаб чоп накардааст.
Инчунин масъулини сомонаи Суди олии Тољикистон доманаи сайти худро 12-уми октябри 2010 тариќи пойгоњи доманадињии www.tojikiston.com. ба ќайд гирифтаанд. Шакл ва ќолиби ин сомона хуб, вале охирин хабари онро 11-уми майи 2012 чоп кардаанд.
«
Хатлон Сомонаи суди шањри Ќурѓонтеппаи вилояти Хатлон 25 - уми майи 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj низ ба ќайд гирифта шудааст. Дар бораи ин сомона њарф задан њанўз барваќт аст, чун то њол ќолаби сомонаашро насохтааст. Сомонаи суди шањри Кўлоб вилояти Хатлон њам 22 - уми майи 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj ба ќайд гирифта шудааст. Ин њам ба мисли сомонаи суди шањри Ќурѓонтеппа - ном њасту ќолаб не. Сомонаи суди ноњия Бохтари вилояти Хатлон низ 22 - уми майи 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj ба ќайд гирифта шудааст. Ин њам ба мисли сомонаи судњои шањрњои Кўлоб ва Ќурѓонтеппа, танњо номро банд кардааст. Сомонаи суди ноњия Ќумсангир 15-уми июли 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj низ ба ќайд гирифта шудааст, ќолаб њаст, вале ягон матлабе чоп накардааст.
Навоњии тобеи марказ Сомонаи суди ноњия Файзобод 18-уми марти 2014 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj низ ба ќайд гирифта шудааст. Масъулини сомона ќолаби онро сохта, аксе чанде аз кормандони судро љо кардаанд, вале њељ матлабе вуљуд надорад. Масъулини сомонаи суди иќтисодии вилояти Хатлон њам 18-уми майи 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj ба ќайд гирифта шудааст. Ќолаб њаст, ба истиснои чанд сурат дигар ягон матлаб нест. Сомонаи суди ноњияи Рўдакї њанўз вуљуд надорад, танњо доманаи тљ-еи ин ном банд карда шудааст. Яъне, Боѓ доред? Дорем! Масъулини сомонаи суди шањри Турсунзода доманаи сайти худро 22-уми
майи 2013 тариќи пойгоњи доманадињии www.intercom.tj ба ќайд гирифтаанд. Ин сомона шаклан хуб, вале аз нигоњи љо ба љогузории муњтаво ба монанди сомонаи Суди ноњияи Синои пойтахт аст.
Суди Олї ва... ѓайра Инчунин масъулини сомонаи Суди олии Тољикистон доманаи сайти худро 12уми октябри 2010 тариќи пойгоњи доманадињии www.tojikiston.com. ба ќайд гирифтаанд. Шакл ва ќолиби ин сомона хуб, вале охирин хабари онро 11-уми майи 2012 чоп кардаанд. Сомонањои судњои Суди иќтисодии шањри Душанбе, Суди вилояти Суѓд, Суди иќтисодии вилояти Суѓд, Суди шањри Хуљанд, Суди ноњияи Б.Ѓафуров, Суди шањри Конибодом, Суди шањри Исфара, Суди ноњияи Шањринав, Суди ноњияи Ёвон, Суди шањри Вањдат Суди шањри Душанбе, Суди ноњияи Спитамен, Суди шањри Панљакент ба мисли сомонаи Суди ноњия Фирдавсии пойтахт фаъол буда, њар сари ваќт дар бораи чорбанињо, баррасаии парвандањо, њалномаи судњо ва ѓайра иттилоъ медињанд. Дар рафти пажўњиши фаъолияти сомонањои номбурда, инчунин маълум гардид, масъулини сомонаи интернетии "Даргоњи Њукумати Электронї"-и Тољикистон, ки марбут ба Маркази иттилоотию техникии Дастготњи иљроияи Президенти Тољикистон аст, охирин хабарашро 12 декабри 2013 чоп кардааст. Дар бораи "Даргоњи Њукумати Электронї", њадафњо ва маќсадгузорињои он Дастготњи иљроияи Президент хеле таърифу тавсим кардааст, вале хабари охирини онњо нишон медињад, ки масъулини сомона ба ормонњо њукумати электронии чандон самимї ва содиќона муносибат накардаанд. Аз дигарон чї гила? Амруллоњи НИЗОМ
8
ИЌТИСОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
сомониро ташкил дод, вале арзиши МНД 30,1 млрд сомонї буд. Арзиши 25,9 (56-30,1) млрд. сомонї мањсули нав истењсолгардида намебошад, балки арзиши маводу ашёи солњои пешин тавлидгардидаву дар соли 2011 мавриди истифода ќарор гирифта мебошад, ки ба соњибон пардохт гардидааст. Ва 25,9 млрд. сомонро ќимати шуѓли гузашта низ метавон номид.
ЌОБИЛИЯТИ ХАРИДОРИИ АСЪОРИ МИЛЛЇ МНД ба њар фард њисоб карда мешавад ва кишварњои дунё бо њам аз сатњи инкишоф муќоиса мешаванд ва ба ин омил МНД дар худ мољаро (авантюризм) дорад. Бо арзиши МНД маќоми аввалро ИМА соњиб аст, ки 20,45 дарсад аз иќтисоди љањон аст. Дар дањсолаи охир, дар њоле, ки Мањсули Нохолиси Дохилї дар "љањони ќадимї" андаке боло рафтааст, ин нишондињанда дар Чин ба таври чашмгир ва бо суръати бештар нисбат ба давраи баъдиљангї афзоиш меёбад. Ва соли 2012 Чин маќоми дуввумро ба худ гирифт. Сипас аз њаљми МНД Љопон, Њиндустон, Олмон, Британия, Русия, Фаронса, Бразилия ва Италия меоянд. Њиссаи Ирон дар МНД љањон 1,22 дарсад ва дар зинаи 17 ќарор дорад. Коршиносони Сандуќи Байналмилалии Пул (СБП), БЉ ва дигар умурњои сиёсї метавонанд дар асоси Purchasing power parity - PPP (Таносуби ќобилияти
МАЊСУЛИ НОХОЛИСИ ДОХИЛЇ ГАРАВГОНИ ЊАНГОМАТАЛАБОН Мањсули Нохолиси Дохилї (МНД) нишондињандаи асосии стратегиест, ки воќеят ва рушди иќтисоди кишварро инъикос мекунад. Дар њар давра МНД мањсул (арзиши нав) -ро ифода мекунад, ки он самаранокии иќтисодиёт шинохта мешавад. МНД нишондињандаи интињої ва сарчашмаи афзалиятноки ѓункунї мебошад, меъёри асосии самаранокии рушди иќтисодиёти љањон ва асоси муќоиса будааст, ки кишварњо дар ду гурўњ баррасї каррдаанд: (1) рушдёфта; (2) дарњоли рушд. Иёлатњои Муттањидаи Америка (ИМА), Љопон, Шветсария, Люксембург ва Фаронса чанд сол ба ин тараф талош доранд, ки бо арзиши МНД ба њар фард дар панљ зинаи аввали кишварњои рушдёфта ќарор гиранд. Дар кишварњои номбурда арзиши МНД ба њар фард на кам аз $35 то $44 њазор доллар мебошад.
КИШВАРЊОИ ДАРЊОЛИ РУШД Агар арзиши МНД ба њар фарди кишвар соле аз $920 доллар кам бошад, мамлакатро "дарњоли рушд" меноманд ва ин меъёрро Бонки Љањонї муќаррар кардааст. Мувофиќи карори комиссионњои Созмони Миллали Муттањид (СММ) Љумњурии Тољикистон (ЉТ) аз соли 1993 -ум дар ќатори кишварњои дарњоли рушд мебошад, масалан, соли 2007 истењсоли МНД ба њар фард $520 доллар, соли 2011 - $846,2 доллар ва соли 2012 $961,4 доллар буд. Бонки Љањонї ин иттилоотро мунташир кард, ки соли 2012 дар Тољикистон истењсоли МНД ба њар фард $872,3 доллар ва поёнтарин байни кишварњои Осиёи Марказї мебошад. Њамон сол
чашмрастарин МНД ба њар фард дар Туркманистон -$65510 долл. ва Ќазоќистон -$12006 доллар дида мешавад. Њамин нишондињанда дар Ўзбекистон $1717 ва дар Ќирѓизистон - $1160 доллар будааст.
МАЗМУНИ ИЛМИИ МНД Дар ЉТ мушкилињои дарк ва идора кардани МНД аз номукаммал будани номи ин нишондињанда низ вобастаанд. Чанд соли охир дар ЉТ ибораи "Маљмўи мањсулоти дохилї" - ро њаммаънои русии "Валовой Внутренний Продукт" ё инглисии "Gross Domestic Proust (GDP)" нишон медињанд, ки сањви љиддї аст. Агар иборањои "Маљмўи мањсулоти дохилї" бо русї ва ё инглисї баргардон мешаванд, дар он сурат маъно дар бораи мањсулот мешавад, на мањсул ва ба ном аз нишондињандаи иќтисоди замони шўравї фарќ надорад. Бо дарк гардидани маъно, дар љањони форсигўён њамин нишондињандаи баррасимешуда "Мањсули Нохолиси Дохилї" номида мешавад. Калимаи "нохолис" ба он асос љой дорад, ки дар охири соли њисоботї, аз МНД арзиши музди кор, кўмакпулињои истифодашуда, бароварди истењлокї, маблаѓи молиёти пардохтшуда тарњ мешавад, ки дар натиља "мањсули холис" мемонад, агар сол бобарор буда бошад. Дар баъзе расонањои иттилоотии љањон Gross Domestic Proust -ро "тавлидоти нохолиси миллї" ном мебаранд. Баёни фањмиши илмї зарур, ки ба ивази "тавлидот" бояд "Мањсул" гуфта шавад. МНД арзиши кори кормандони маориф, илм ва идора карданро низ дар худ дорад ва бояд, ки дар гуфтору амал ибораи "мањсул" бошад, на "мањсулот", ё "тавлидот". Аз Мањсули Нохолиси Миллї (МНМ)
бояд МНД -ро фарќ кард. Агар ба арзиши МНД баќияи мусбати содироту воридот кишвар зам гардад, аз натиља арзиши МНМ муайян мешавад. Мушкилии дигари идора кардани МНД аз фањмиши моњияти илмии он сар мезанад, чунки назарњои илмї гуногунанд. Баъзе аз сиёсатмадорон ва иќтисодонон гуфтаанд, ки "МНД номгўи њама молро ифода мекунад, ба истиснои оне, ки зиндагии моро рангин месозад… ". ки гуфтори бо илм суфтанашуда мебошад. Дар Иттињоди Давлатњои Мустаќил, бахусус дар ЉТ фањмиши илмии сарсарї њукмфармост, ки "МНД -ин арзиши њама мањсулоту хизматрасонињои истењсолгардида мебошад". Дар 20 соли охир муаллифи њамин сатрњо бо далел моњияти илмиву амалиро исбот кардаааст, ки МНД - ин арзиши нав ба вуљуд омада мебошад, ки дар рафти истењсоли мањсулоту мол ва хизматрасонињо дар њисоботњои молиявї сабт гардидааст. Масалан, дар ЉТ соли 2011 арзиши њама мањсулоту мол ва њизматрасонињои истењсолгардида 56,0 млрд.
харидории (ТЌХ) асъори миллии кишварњо) арзиши МНД- ро низ муайян созанд, љадвал. Маъно чунин аст, ки нархи бисёре аз моли ниёзи мардум дар њар кишвар дар як сатњ нест ва муайян кардани ТЌХ имкон медињад арзиши моли истеъмолкардаи мардуми кишварњо муќоиса гардад, ки мантиќ дорад. Масалан, дар Тољикистон нархи нон, сабзавот, мева, ангур ва дигар моли ниёзи мардум дар муќоиса ба дигар кишварњои рушдёфта арзон мебошад. Ва дар муќобили як доллар ба 5 сомонї адади зиёдтари моли ниёзро харида метавонї. Дуруст буд, ки Њукумати ЉТ дар соли 2012 арзиши МНД $7,68 млрд. доллар эълом кард. Вале Сандуќи Байналмилалии Пул ва БЉ бо доллар дар асоси њисоб кардани Таносуби Ќобилияти Харидории сомонї ба як натиља омадаанд, ки соли 2012 дар Тољикистон МНД $17,6 млрд. доллар буд. Ва натиљаи дигар он, ки $1 доллар баробари 2,0545 сомонї муайян гардидааст, вале на 4,73 сомонї, ки дар охири соли 2012 дар коргузории Тољики-
Арзиши МНД мувофиќи PPP - Таносуби Ќобилияти Харидорї, соли 2012
ИМА
Иттилооти мунташиркардаи ($млрд. доллар) Сандуќи Бонки Љањонї Китоби далелњои Байналмилалии пул Идораи Марказии Иктишофи USА 16245 16245 15660
Чин Русия Ирон Ќазоќистон Ўзбекистон Туркманистон Афѓонистон Тољикистон Ќирѓизистон Дар љањон
12261 2486 988(с.2010) 229 104 48,5 33,8(с. 2011) 17,6 13,1 83193
Номи кишварњо
12269 3380 832(с.2009) 230 105 53,8 46,5 (с.2012) 17,6 13,2 86119
12380 2555 1016 232,3 94,04 (с.2011) 41,51 (с.2011 30 (с.2011) 16,01 (с.2011) 13,16 (с.2012) 82747
ТАЛОШ стон истифода мешуд. Барои баъзе аз расонањои иктишофї ва иттилоотї мувофиќи Таносуби Ќобилияти Харидории сомонї ва асъори хориљї муайян сохтани МНД бештар таъиноти сиёсї дорад ва барои рушди иќтисоди кишвар маќоми мустаќим надорад. Дар идора кардани иќтисоду зиндагии мардуми Тољикистон бояд бештар арзиши МНД аз љониби органи хукумати кишвар муайянгардида, мавриди истифода ќарор гирад.
АРЗИШИ ВА ТАРКИБИ МНД МНД дар њар кишвар бо нархњои бозаргонї ва ќиёсї муайян карда мешавад. Аслан нархњои ќиёсї бакор гирифта мешаванд, ки арзиши МНД аз сатњи таъсири камарзиши (инфлешин)-и пули миллї берун ояд. Пештар дар ЉТ арзиши МНД то соли 2005 ва баъд бо нархњои соли зикргашта њисобї гаштаанд, ки дар натиља дар афзоиши МНД зумрае аз коршиносон далели ситоишро дарёфтанд. Дар Тољикистон истењсоли МНД дар соли 2010 њаљми 24,7 млрд. сомонї, соли 2012 -36,16 млрд. сомонї ва соли 2013 40,52 млрд. сомониро ташкил кард, ки бо нархњои ќиёсї мебошад. Мувофиќ ииттилооти расми њукумати ЉТ соли 2013 афзоиши арзиши МНД 7,4 дарсад буд. Се моњ охир бањсњои касбї ва сиёсї аз арзиши соли 2013 МНД ба њар фард дар љараёнанд. Чанд умури давлатию касбї мегўянд, ки ба њар фард МНД $1200 доллар мебошад ва шояд сањви техникї дар миён бошад, ки мавриди муайян кардани ин раќам нархњои бозаргониро ба асос гирифтаанд. Мавриди изњори далели илмии хешро дорам, ки соли 2013 истењсоли МНД ба њар фард $1020 долларро ташкил кард ва афзоиши он 16-17 дарсад дар муќобили соли пешин мебошад, агарчи болоравии арзиши МНД соли сипаригашта дар ЉТ 7,4 дарсад аст. Чаро? Суръати болоравии арзиши МНД тезтар аз афзоиши тедоди мардуми кишвар мебошад. Моњият ва пешгўии МНД аз њар љињат бо таркиби он алоќаманд аст, яъне бояд донист, ки МНД аз кадом бандњо иборат аст. На њама коршиносон воќифанд, ки аз нуќтаи назари стратегї МНД, масалан, дар ЉТ соли 2010 нишондињандањои (молиёт, музди кор ва соњибкорї, маблаѓи истењлокї ва фоидаи умумї) вазни ќиёсии зеринро ифода мекарданд: 1.Маблаѓи молиёт (17,16 дарсад) дар буљети давлатї ќисме аз МНД мутамарказонидашударо нишон медињад. Кадом ќисми молиёт дар буљети давлатї мутамарказонида мешавад? Ин љузъи муњимтарини сиёсати молиявист ва посухи нишонрасро таќозо мекунад. Агар њаљми МНД дар буљети давлатї камтар мутамарказонида шавад, дар он сурат маблаѓрасонии рушди соњаи иљтимої нокифоя мешавад ва аќидае гирењ мехурад, ки маќомотњои давлатї гирифтори ришваситонї (коррупсия) гардидаанд; 2. Музди кор ва соњибкорї -21,86 дарсад будааст. Маблаѓи пардохти музди
кор, фаъолият (сандуќи музди кор, кўмакпулињо, даромад аз соњибкорї ва ѓайра) муњимтарин ќисми таркибии МНД мебошад ва ин нишондињандањои молиявї бояд афзоянда бошад, чунки маблаѓи онро дар таркиби МНД дар њар давра пешгўи ва муайян намудан мушкил надорад; 3. Маблаѓи истењлнокї( харољоти истифодаи сармояи асосї) 28,5 дарсад аз МНД буд. Коршиносон бояд тамоми малакаро ба он равона созанд, ки маблаѓи бароварди истењлнокї дар њар соли таќвимї маќсаднок (барои маблаѓрасонии сармоягузорињои нав) истифода гардад; 4. Фоидаи умумї 32,48 дарсад аз МНД буд. Њаљми сањењи фоидаи дар кишвар ба дастомадаро пешгўї намудан осон нест. Як ќисми фоида чун молиёт воридгашта, ќисми дигари он дар шакли музди кори иловагї, подош муќаррар ва манбаи маблаѓрасонї мегардад. Аз ин чор банди таркибии МНД чунин маъно бармеояд, ки иќтисод, дар давраи маблаѓрасонии сармоягузорињо, ба инсон нигаронида мешавад, вале натиља ба малакаи касбии њукуматкунандагон, вазирон ва сармоягузорони кишвар алаќомандии яксар дорад. Дар њама сохторњо МНД нишондињандаи рушд мебошад, аммо дар њељ кадоме пажуњиши истењсол ва истеъмоли он анљом дода намешавад. Вале андешањои нишонраси баъзе пажуњишгарони сарсупурдаро чун дастоварди худ истифода мекунанду соњибандешаро бо дасти муњит ба вартаи коршиносони гумгашта дар Ватан меандозанд, ки банда аз зумраи онњо њастам. Пажуњиши ба танњої анљом додаам маро сари сукут меорад, ки МНД дар бисёр мавридњо, мутаассифона, гаравгони њангомталабон мегардад. Такдирсозон намеандешанд, ки матлаби асосї аз њисоб кардану гуфтанњо аз МНД чї бошад? Бо кадом олотдастњои молиявї, масалан, маблаѓи истењлокї ва фоидаи умумї ( банди 3 ва 4 аз таркиби МНД) ба манфиати тамоми мардум истифода мешавад(?), ки дар соли 2010 љамъ 15042 млн. сомониро ташкил кард ва аз он танњо 1208,3 млн. сомонї барои маблаѓрасонии сармоягузорињои асосї, ки 4669,36 млрд. сомонї буд, истифода гаштааст. Маблаѓрасонии дигар њиссаи сармоягузорињои асосї аз буљети давлат -1677,4 млн. сомонї ва сармояи хориљї 1783,7 млн. сомонї анљом гирифт, дар њоле ки њамон сол дар кишвар 92 дарсади маблаѓи истењлокї ва фоидаи умумї боздењнадињанда ва гумгашта дар дарёи молия монд. Ин далелњо- яке аз иллати илмии гарон будани нархи моли ниёзи мардум, бахусус картошка буда бошад. Њар моњ истифода кардани маблаѓи истењлокї, ки арзиши нав ба вуљуд омада аз истифодаи сармояи асосї мебошад, барои маблаѓрасонии техноложии нав бисёр муњим аст, ки дар Тољикистон аз ин боби иќтисод далеле пахш намегардад. Холмањмад АЗИМОВ, иќтисоддон
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
9
«ЉАНГЊОИ БОЗОРЇ» АЗ ВИЖАГИЊОИ СЕ СОЛИ ОХИРИ ТОЉИКИСТОН ШУДААСТ
Љои "руѓанї" Маќомот ва соњибкорони бозори Исфара барои чї мубориза мебаранд? Як гурўњ аз соњибкорзанони "Бозори марказии шањри Исфара" дар тамос бо "Нигоњ" гуфтанд, ки маќомоти мањаллї нуќтањои савдои онњоро кашида гирифта истодаанд. Онњо ният доранд дар сурати аз нуќтањои савдо мањрум шудан дар назди бинои њукумати Тољикистон дар шањри Душанбе даст ба гуруснанишинии бемўњлат хоњанд зад. Анзурхон Рањимова, яке аз ин соњибкорон, гуфт, 22 зани камбизоат, ки чандин сол боз дар бозори марказии шањри Исфара ба савдо машѓуланд, њоло тањти фишори маќомот ќарор доранд: - Љои моро гирифта роњи зеризаминї сохтанд. Ана, акнун имрўз омада, болои роњи зеризаминиро, ки мо он љо савдо мекунем, низ гирифта истодаанд. Мо чандин бор хоњиш кардем, то ќарор карда, ин гўшаи бозорро дар ихтиёри мо гузоранд. Зеро мо шароит надорем, ки ин љойро иљора аз дигар харида, кор кунем. Акнун аз мо талаб доранд, ки љойро холї кунем. Аммо мо намехоњем љойи худро тарк кунем. Бигзор, ин љойњоро барои худамон ќарор карда дињанд. Дигар занони норозї мегўянд, дар ин кор Осимхон Мамадов, муовини раиси шањри Исфара оид ба сохтмон даст дорад. Онњо њадс мезананд, ки Мамадов аз соњибкорони калон бањраманд шудааст ва њамчун масъули њукумат ба љои дастгирии мардуми камбизоат, баръакс онњоро аз љойи кор ва соњибкорї мањрум мекунад. Аммо Осимхон Мамадов ба "Нигоњ" ин
иддаои соњибкоронро рад кард. Вай гуфт, љое, ки занњои норозї муваќатан савдо мекарданд, ѓайриќонунї аст: - Соњибкорзанони норозї мехоњанд љои худро дар даромадгоњи бозор нигоњ доранд ва дар ќади роњ савдо кунанд: - Ин хел мумкин нест. Сохтмони роњи зеризаминї, ки тамом шуд, дар зери замин маѓозањои зиёд ташкил мешавад. Онњо метавонанд ин маѓозањоро гирифта, истифода баранд. Аммо соњибкорзанон мегўянд, онњо намехоњанд аз љойи њозираашон мањрум шуда, барои савдо ба роњи зеризаминї гузаранд, зеро макони савдои онњо барои вориди бозор шудан ягон мушкилї эљод намекунад ва барои убуру мурури мошинњои сўхторхомушкунї низ халал намерасонад. Соњибкорон танњо як талаб мекунанд ва он њам он ки љойи савдои онњоро бо ќарор ба худи онњо дињанд, зеро онњо барои иљора гирифтани ин љо шароиту имконият надоранд. Онњо мегўянд, рўзњои охир фишори маќомот афзуда, назди онњо як шарт мондаанд, ки љойро холї кунанд. Анзурхон Рањимова ва дигар њамкоронаш бар инанд, ки дар сурати ба тарви мусбї њал нашудани ќазияаашон дар назди бинои њукумати Тољикистон дар шањри Душанбе ва худи њукумати шањри Исфара даст ба гуруснанишинї мезананд.
Муллораљаб ЮСУФЇ
МАЪЛУМОТ АЗ "НИГОЊ": Холмањмад Азимов, хатмкардаи (с.1975) факултаи иќтисоди Донишгоњи аграрии Тољикистон (ДАТ) мебошад. Солњои 1978-1981 аспиранти Академияи кишоварзии Маскав ба номи К.А. Тимирязев, рисолаи номзади илмњои иќтисодиро соли 1981 дар Академияи иктисодии Русия ба номи Плеханов дифоъ кардааст. Вай то соли 1986 муаллим ва мудири кафедра дар ДАТ буд. Солњои 1986-1989 сардори шуъбаи молияи Кумитаи давлатии агропроми Тољикистонро ба дўш дошт. Соли 1990 вакили мардум дар Шўрои Олї ва солњои 1991-1993 Раиси кумитаи давлатии омор ба ўњдаи ў вогузор шуд. Муддати 11 сол дар ЉСК "Тољиксодиротбонк" иќтисодчї буд. Аз сентябри соли 2005 досенти Донишгоњи славянии Тољикистону Русия. Се адад монография илмиро омода ва нашр кардаву муаллифи чор китоби дарсї мебошад. Дар мавзўи технологияи иттилоотиву молиявии идора кардани давлат конфронсњои гуногун дар Париж, Люксембург, Варшава, Москва, Алма-Ато, Бишкек ва Душанбе суханронї намудааст. Аз ба шумор олимони тољик аст, ки сомонаи худро дорад: www.finance-projects.tj . E-mail: azimov50 @mail.ru.
«
ЗАНЊОИ ИСФАРАГЇ АЗ ЊУЌУЌЊОИ ХУД ДИФОЪ МЕКУНАНД
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
МАНФИАТИ МИЛЛЇ љашнвораи Имоми Аъзаму Абдурањмони Љомиву Мавлавии Балхї ва дањњо чорабинии ба ин монандро зери соя мебарад. Ин аст, ки њамин олами Ислом ва њамин кишварњои сарватманди арабї муддати ин беш аз бист сол пуштупаноњи давлати Тољикистн нашуданд,балки њама ташрифоташон протоколї буд, ба љуз сармоягузории чанд пружаи камарзиш кори аз ин бештар накарданд. Дар консепсия Њукумати Тољикистон наздикї ба олами Ислом наздикї бо дин нест, балки љалби сармояи кишварњои сарватманди исломист. Ва њамин њам давлатњои исломиро бо Тољикистон дар фосила ќарор додааст. Агар ѓояи њамгироии миллї бо Афѓонистон давлатї мебуд, њаддиаќал телевизиони ягонаи форсизабонон ба кор медаромад. Ин дар њолест, ки монеъаи асосї барои фаъолияти амалии ин телевизион Тољикистон шудааст. Доктор Абдуллоњ ќабл аз њар каси дигар як шахсияти ба мазњаб наздик аст, њарчанд тањсилкардаи мадориси олии динї нест. Доктор Абдуллоњ миёни мардум чун муљоњиди сангарнишин ва њамсафи Ањмадшоњи Масъуд барљастатар аст, то ки аз собиќаи дипломатии ў ёд шавад. Яъне, дар Афѓонистон будану дур мондан аз арзишњои мазњабї барои роњбар имкон надорад. Аз сўи дигар дар Афѓонистон омили миллї наметавонад сабаби баќои њокимият бошад. Ин як кишвари сермиллат ва ба њаддест, ки пашутуњову тољикон ќариб баробар нуфуз доранд. Ягона оми-
ФУРСАТИ ТАЪРИХЇ
Њамгироии Тољикистону Афѓонистон то куљо воќеият дорад?
Бо наздикшавии даври нињоии интихоботи президентї дар Афѓонистон ва беш аз пеш яќин шудани пирўзии доктор Абдуллоњи Абдуллоњ, ки сеюмин шонси таърих барои тољикони ин сарзамин гуфта мешавад, ѓояи ба њам дасти иттињоду њамбастагї додани руасои љумњури ду кишвар сари забонњо меояд. Њарчанд хушбинони ин ѓоя хеле камтаранд, вале он дар муњити коршиносї сайр мекунад. Касоне аз ин љонибдорї мекунанд ва онро орзуи амалишаванда мепиндоранд, бар ин назаранд, ки дар њаќиќат таърих ин бор метавонад муруват кунад, чун дар ду тарафи Ому сарвароне даст ба кор хоњанд буд, ки шеваи миллии идораи давлатро метавонанд рўи даст гиранд. Дар он сурат дар тасаввур аввал бояд лаѓви марзбандињои сунъї ва барќарорсозии таърихи гузашта пеши назар ояд. Коре, ки амалан имрўз номумкин аст. Тобистон гарми соли 1992 як чунин фазое миёни ду кишвар њоким буд. Дар ављи нооромињои Тољикистон ва талошњои расидан ба истиќлолияти комил њайати њукуматї бо сарварии Акбаршоњ Искандаров аз Душанбе озими Кобул шуд ва муддати ду рўз дидорњои гарме бо профессор Бурњониддини Раббонї, Ањмадшоњи Масъуд ва чандин тан аз намояндагону аъзои њукумати ваќти Кобул доштанду љаласоот доир намуданд. Хулосаи он њама нишастњо барќарории иртиботњои њасанаву дўстона миёни Тољикистон ва Афѓонистон буд. Нигоранда аз љумлаи он њайат буд ва њисс мешуд, ки љонибњо амалан чизе аз ин бештар мехостанд. Ташнагии Масъуди шањид ба њамгироии тољикони ду сўи Ому бештар аз эњсоси намояндагони Тољикистон буд. Чун дар суњбатњои хоса вай бештар аз Бухорову Самарќанд ва њоли тољикиони ин ду шањри бостонї пурсон мешуд. Ва яќинан Масъудро бештар решањои авлодї ба ковиш андохта буд, чун мегуфтанд зодагони Панљшер аслан дањбедиёни Самарќанданд. Аммо на Масъуд мондаву на Раббонї ва бори гарони њифзи истиќлолияти Афѓонистон бар души доктор Абдуллоњ аст. Шонси сеюми таърих умедворкунандатар аз шонсњои пешин бошад. Чун замона њам дигар аст, фазои сиёсї ва низомї њам таѓйир кардааст. Талошњое аз љониби Тољикистон ба назар мерасад ва њатто метавон гуфт марњилаи аввали ин њамгарої тай шудааст ва ин ташаббусњо барои бунёди роњњои муштараки
«
Ташнагии Масъуди шањид ба њамгироии тољикони ду сўи Ому бештар аз эњсоси намояндагони Тољикистон буд. Чун дар суњбатњои хоса вай бештар аз Бухорову Самарќанд ва њоли тољикиони ин ду шањри бостонї пурсон мешуд. Ва яќинан Масъудро бештар решањои авлодї ба ковиш андохта буд, чун мегуфтанд зодагони Панљшер аслан дањбедиёни Самарќанданд.
њамлу наќли коло ва талош барои амалї гардидани тарњи таърихии "Роњи абрешим" аст. Агар аввалї тарњи мањалливу минтаќавї бошад ва аз он 3-4 кишвари њамсуд пуштибонї кунанд, дуюмї тарњи байналмилалист, ки дар татбиќи он ќудратњои љањонї талош доранд. Ва ин љодаи Абрешим њамон роњест, ки њазорњо сол пеш аљдодони мо тиљорат мекарданд, колои худро мебурданду колои хориљро ворид месохтанд. Аммо дар замони мо он ба гунаи дигар амалї мешавад. Нимасиёсиву нимаиќтисодї ва гумон меравад њадафи сиёсии он бештар аз иќтисодиаш хоњад буд.
"ДОКТОР АБДУЛЛОЊ СИЁСАТИ ПАНТОЉИКЇ НАХОЊАД ДОШТ..." Коршинос ва муаррихи тољик Нуралї Давлат бар ин назар аст, ки доктор Абдуллоњ ба њиљ ваљњ ин расолатро бар уњда нахоњад гирифт. "Ин андеша, ки доктор Абдуллоњ агар президент интихоб шавад, сиёсати пантољикиро дар Афѓонистон пеш мебарад иштибоњ аст. Доктор Абдуллоњ агар президент интихоб шавад, тавозун, яъне балансро дар миёни паштунњо, ки иддао доранд миллати бартар ва бештари Афѓонистон њастанд, таъмин мекунад",-мегўяд ў. Тањлилгари тољик, сардабири њафтаномаи "Рўзгор" Султони Њамад низ бовар надорад, ки ин андеша ба ин зудї амалишаванда мебошад. "Пирўзии доктор Абдуллоњ дар Афѓонистон албатта таъсири мусбате дар равобити дутарафаи Афѓонистону Тољикистон хоњад гузошт ва бо эњтимоли зиёд њамкорињои иќтисодиву фарњангї ва њатто гуфтан мумкин аст њамкорињои сиёсї самарањои бештар ва хубтаре ба бор хоњанд овард. Вале ба он чї мавриди назари мост, яъне, наќшаи кушодани долони Вахон, таъсиси артиши 3040 њазораи тољикон дар даврањои аввали њукумати доктор Абдуллоњ чандон боварї надо-
«
рам. Амалишавии чунин наќшањо ваќт ва хазинаи гаронро талаб мекунад, ки дар айни њол њарду кишвар ба ин омода нестанд". Коршиноси тољик Умед Љайњонї нишонањои ин њаргироиро дар бунёди пулњои муштарак мебинад, ки оянда манфиати бештар меоранд. "Чанд пуле, ки бар руди Панљ баста шудаанд, заминасози њамгароии бештар дар оянда хоњад буд. Аммо бунёди ин њамгароиро бояд бар иќтисоду тиљорат нињод, зеро њамкориву њамсудї метавонанд бисёре аз монеъањоро осон аз роњ бардоранд. Бунёди бозори муштарак миёни Тољикистону Афѓонистон метавонад иќтисоди ду кишварро бештар бо њам бипайвандад ва ин боис хоњад шуд, ки миллатњо доротар шаванд ва давлатњо амнияту суботро бештар бипоянд",-изњор медорад ў.
ДУНЯВЇ ВА МАЗЊАБЇ Монеъи дигар ин њамгирої метавонад дар сохтори давлатдорї бошад. Њукумати Эмомалї Рањмон миллї асту мазњабї нест, њарчанд гоњу ногоњ даъвои пуштибонї аз Ислом дорад. Дар конфронсњои байналмилалї ба љонибдорї аз ин ё он арзишњое овоз медињад, ки ба нафъи Ислом аст, конфронсњои исломї баргузор мекунад, тантанањову љашнворањои солгарди бузуругони олами Исломро доир месозад, китобњояшонро интишор медињад. Аммо дар пасманзараи њамаи ин фишори амалї ба диндорон меорад, масољидро мебандад, уламои сернуфузро аз минбарњо мањрум ва ба њошия меронад, динро аз тариќи нињоди давлатие шадидан зери назорат мегирад, ноболиѓонро хилофи фармудањои Илоњї аз рафтан ба масљидњо манъ мекунад, тањсили ибтидоии динии онњоро хилофи ќонун медонад ва ѓайра. Ноаён ин масљидбандињову манъи занону тифлон аз ибодати масљид ва контрули ибодатгарон амалњои хайри он, аз љумла баргузории
ли ба њам овардани аќвоми мухталиф дар Афѓонистон Ислом аст, чун мардуми ин сарзамин пайравони њамин оин ва ќисмати бештарашон пайравони мазњаби њанафианд. Ва як сабаби аслии дурии њукуматњои Афѓонистон ва Тољикистон њамин гароиши мазњабист: афѓонњо дунявї нестанд ва тољикон мазњабї наянд.
РУСИЯ САДДИ КАСНОГУЗАР? Дар суњбат бо аксари коршиносон масъалаи садгузорињои ќудратњо дар ин њамоиш пеш омад ва аксаран бар ин назар буданд, ки чун манфиати Амрикову Русия дар минтаќа гирењ мехўрад, онњо шадидан монеъи ин њамгирої хоњанд буд. Тањлилгари тољик Сафват Бурњонов мегўяд "агар ниятњои Рањмону Ањмадшоњ амалї мешуд, њам Афѓонистон, њам Тољикистон хеле обод мешуданд. Аммо Русия њич гоњ намегузорад, ки миёни Эрону Афѓонистону Тољикистон даричае кушода шавад. Агар љањони порсї ба њам ояд, ќутби наве дар дунё мешавад. Инро бисёрињо намехоњанд ва намегузоранд, бахусус Русия. Ба андешаи ў Чин нисбати кишварњои мо он ќадар љадал надорад, зеро њадафи он Австралия ва Русия аст. "Солњои наздик шимоли Русия ва ќисми Австралияро мегирад. Урбанизатсияи маљбурї дар ду соли охир, вайрон кардани дењањо ва шањрї кардани ањолї бемазмун нест". Умед Љайњонї низ њамин гуна назар дорад. Вай мегўяд "хатари Русия њатто ба њаддест, ки агар Тољикистон ба Иттињоди Уруосиёї бипайвандад, њамин андаке истиќлолашро низ аз даст хоњад дод". Нуралї Давлат бошад Кобулро њамкори стратегии Вашингтон медонад ва Душанберо њампаймони Маскав. Ва ин бидуни шак монеъи хеле азим дар роњи њамгироии ду кишвар хоњад буд. Дар ин миён Узбакистонро ба гуфтаи Сафват Бурњонов сарнавишти дигар интизор аст ва "баъди ифтитоњи намояндагии НАТО Тошканд њадафи асосии реваншизми Маскав дар ОМ шуд, ки мушкилоташ афзунтар мешавад. Ва Тошканд он иќтидореро, ки њама ќоил њастем, надорад. Вазъи дохилаш буѓранљ аст. Гумон намекунам, ки ва-банк равад",-мегўяд ў.
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
Ваќте бори аввал, бист сол ќабл, ба Ховалинг омада, ба осорхонаи мактаб ворид шудам, боварам намеомад, ки дар як дењаи на он ќадар бузурги кўњистон муаллим Амир Сайиди Мункї чунин маърифатгоњ бунёд кардааст, ки рашки осорхонањои бузурги шањр меомад. Ман худро чунин тасаввур кардам, ки аз биёбони сўзон мерафтаму нохост аз пеш воњаи сабзе баромад. Кайњост, ки орзу доштам як бори дигар бо ин марди фозилу оќил ва ватандўсту фидоии миллат мулоќот дошта бошам. Моњи май чунин имконият фароњам омад ва ман роњи ноњияи Ховалингро пеш гирифтам. Рўзи истироњат буд. Дилам мегуфт, ки Амирро дар љойи кораш, осорхона меёбам ва аз кироякаш хоњиш кардам, маро ба он љо бибарад. Њамин тавр шуд: Амир дар осорхона будааст... Бори аввал ман соли 1994 аз осорхонаи мактабї дар Ховалинг дидан кардам. Дар он замон осорхона њанўз дар синфхонаи мактабе, ки он љой Мункї сарвар буд, ташкил гардида, бунёдгари он муаллими фанни... физика будааст. Он асосан аз нигорањое, ки муаллим њамроњи шогирдонаш пайдо карда ва бештар аз сафолпорањову тангањои ќадима иборат буд. Њеч фаромўш намекунам, ваќте ў маро ба яке аз чашмањо бурд ва дар пеши назари ман аз зери оби мусаффо сафолпораи рангине, ки ба асрњои ќадима мансуб буд, ёфт ва гуфт ин ватани ман саропо осорхона аст ва њар яки он аз таърихи бойи ин сарзамин аз вуљуди давлати Мунк ва умуман аз таърихи бойи давлатдорї ва фарњанги ќадимаи миллати мо ишора мекунад... Муаллим бо як эњсосоти баланд ва ифтихор бо далелу санадњои таърихї наќл мекард, ки бубинед, садњо ва њазорњо сол ќабл гузаштагони мо њангоми интиќоли об аз ќубурњо истифода мекардаанд. Аммо имрўз, пас аз гузашти дањњо садсола, дар баъзе минтаќањо ба он давра њам нарасидаем ва обро тавассути љўйборњо истеъмол менамоем. Бовар намекардам, ки ба ман аз гузаш-
таи аљибу рангоранг ва гоње фољиабораш муаллими фанни физика наќл мекард. Барои шубњаро бартараф кардан пурсидам, ки воќеан њам ў муаллими физика аст. Гуфт, бале, ман факултаи физикаи Донишгоњи омўзгории Душанберо бо бањои аъло соли 1974 хатм карда будам, аммо мењри таърихи Ватан афзалият доштааст ва њамчунин ин њам як намуди истеъдод будааст, ки њамеша ба худ мекашад ва ман ба Ховалинг баргаштам, њарчанд имконият буд дар Душанбе бимонам. Як нуктаи љолиб он аст, ки ваќте Амир дар курси охир бо бањои аъло тањсил дошт, муаллимашон ин донишу ѓайрати ўро ба инобат гирифта, тавсия дод, ки дар мактаби раќами 53- и пойтахт ба сифати муаллими физика ва математика кор кунад. Ёдовар мешавем, ки дар он солњо мактаби 53 яке аз боргоњњои маъруфи на танњо пойтахт, балки Тољикистон буд ва на њар дорандаи маълумоти олї дар ин даргоњ ба сифати муаллим кор карда метавонист, аммо Амири донишљўро рухсат доданд, ба кори омўзгорї дар ин макони маърифат пардозад. Аз њама аљибаш он аст, ки ин физик соњиби дањњо маќола ва китобњо дар бораи замони бостони кишвар мебошад. Ин физик
11
ФИЗИКИ ТАЪРИХДЎСТ
имрўз узви Иттињодияи журналистон ва Иттифоќи нависандагони Тољикистон аст! Кош, мо чунин физикњоро зиёдтар медоштем. То имрўз ў бист китоб навишта, 13 -тои аз чоп баромадааст. Ба гуфтан осон аст, ки бист китоб навишт, зеро эљоди њар як китоб чи ќадар ваќт, дониш, истеъдод ва маблаѓро талаб мекунад, танњо худи муаллиф медонад. Барои даќиќ кардани таърихи нигорањо, масалан, ба кадом аср ё давлат мансуб будани он на як бору на ду бор ў ба Душанбе рафтааст. Махсусан, охири солњои навадум, ки моњонаи муаллим хеле кам буду њатто дар оила маъошашро зиёдтар интизор буданд, Амир њуќуќи гирифтаашро барои роњпулї ва маъмурият ба пойтахт сарф мекард. Бале, имрўз ў ќасри боњашамате надорад. Зиндагии хоксоронаеро пеш гирифтааст. Соњиби дањ фарзанд ва зиёда аз бист набера аст. Фарзандонаш мисли худи ў боѓайрату кўшоанд. Яке аз онњо, ки дар факултаи журналистика тањсил дорад, аллакай мисли падар узви Иттињодияи журналистон буда, дар Шабакаи аввали телевизион кор мекунад. Агар Мункї мехост имкониятњо барояш хеле зиёд буданд. Ў метавонист ба Душанбе кўчида, корњои илмиашро идома дињад
ва ё соњиби мансабе гардад, вале Амир аз ин роњ нарафт. Ва ў рафта њам наметавонад. Имрўз ў ба њар як нигора падарвор ѓамхорї дорад ва медонад, ки агар соле аз ин љо биравад, шояд мисли ў нигорањо њифз нашаванд. Ба Душанбе накўчида бошад њам, дар худи ноњия ўро ба Њукумат даъват карданд. Гуфтанд, мо медонем, шумо бе ресмон ба осорхона баста, бинобарин мо ба шумо вазифае пешнињод мекунем, ки њам аз ноњия берун намеравед ва њам ба халќ бештар хидмат мекунед. Њамин тавр, чунин марди бомаърифат аз назари роњбарон берун намонд ва ўро ба њукумати ноњия њамчун мудири шўъбаи маънавиёт ба кор даъват карданд. Не гуфта натавонист ва ќариб шаш сол аз 2002 то 2008 мудири шўъбаи маънавиёти ноњияи Ховалинг фаъолият дошт, аммо дил дар он тарафи кўча, дар бинои осорхона бимонд ва аз ин сабаб соли 2008 њамчун директори осорхонаи давлатии кишваршиносиву таърихии ноњия ба макони дўстдошта баргашт. Осорхона њам ба мисли як фарзанд барояш азиз гардидааст. Чун онро худ бунёд карда, чун фарзанд ба ѓамхорї фаро гирифтааст ва имрўз он аз љињати ороишу ба даврањо таќсим кардан аз ягон музейи касбии дигар фарќе надорад. Онро соли 1982 дар њудуди мактаб таъсис дода, аз соли 2002 ба осорхонаи љамъиятї табдил ёфт. Чун кўшишњои зиёди Мункиро диданд, аз соли 2006 он ба осорхонаи давлатї табдил дода шуд. Њоло дар ин љо њафт нафар фаъолият доранд. Шумораи нигорањо аз 3500 гузаштааст! Ва ин шумора шояд дар ягон осорхонаи ноњиявии кишваршиносии ватанамон набошад! Осорхона њамеша дар мадди назари олимон, донишпўёну унвонљўёни њам ватаниву њам хориљї мебошад. Њатто шодравон олими тољик Ањрор Мухторов дар китоби худ "Бобољон Ѓафуров" аз ин осорхона ва мудири он Амири Мункї ёдовар шудааст. Ва ў ягона нест ва олими машњури Тољикистон Вадим Ранов, академик Муњаммад Осимї низ аз ин иќдоми наљиби Мункї дар навиштањои худ њарфњои мондагор навиштаанд. Ба ин осорхона сайёњони хориљї низ меоянд ва дар дафтари таассурот аз хидмати бузурги мудир сухан овардаанд. Дафтарро вараќ мезанам. Он саршор аз суханњои нек дар њаќќи зањмати ин олими беунвон, вале сермањсули тољик ва њамчу-
нин аксар арзи сипос рўи сањфањои ин дафтар рехтаанд, ки Мункї тавонистааст дар як гўшаи дурдасти Тољикистон чунин осорхонае таъсис дињад ва он на танњо ба як макони маърифати бостонї, балки барои бисёр олимон њамчун хазина ва ё сарчашмаи маълумот дар бораи ин ё он давраи гузаштаи тољикон хидмат мегузорад. Њар сол аз Душанбе донишљўёни факултаи таърих низ барои таљрибаомўзї ба Ховалинг меоянд ва аввалин чизе, ки онњоро мутаассир мекунад, албатта, ин шумораи зиёди нигорањои таърихї дар ин музей аст. Бисёр олимони хориљї ва махсусан, онњое, ки дар бораи тамаддуни бостонии Ватани мо асарњо менависанду рисолањои докторї дифоъ мекунанд, назди Амир меоянд, зеро гоње њамин хел њам мешавад, ки онњо маводи заруриро на аз осорхонањои Душанбе, балки аз њамин осорхонаи ноњиявї пайдо мекунанд. Унвонљўйњо аз бисёр кишварњои Аврупову Амрико њар замон ба суроѓи ин маъхаз меоянд. Ориёна, унвонљўй, ки мавзўи санъати миллии тољикро интихоб кардааст, аз Фаронса мебошад ва њамчунин Селин Пйер низ аз Фаронса, Ехим Шефер ва Мўњсин Макї аз Олмон ва дањњо дигарон аз Амрико, Канада, Эрон, Афѓонистон аз хазинаи бостонии Амир истифода бурдаанд. Боз дањњо унвонљўёни тољик низ барои пурра кардани мавзўъњояшон ба Ховалинг меоянд. Сайёњон аз... Аргентина ва Вйетнам низ омадаанд. Кас бовар намекунад, ки аз Аргентина, ки аз Тољикистон бо њавопаймо камаш бистсоата парвоз аст, ба ин мавзеъ омадаанд, вале бовар дорам, аксари мо аз ин осорхона хабаре надорем. Ў маро то истгоњ мегуселонад ва њатто аз љайб пул мебарорад, то ки кирояпулии маро дињад... Ба кироякаш менишинам ва мошин аз роњи морпеч медавад ва ман аз тамошои ин дашту теппањои сабзи гўшаи Ватан сер намешавам... ва дар бораи Амир Сайид меандешам, ки ў њаёти худро дар хидмати миллат сарф менамояд, аммо оё миллат дар њаќќи чунин фарзандон хидмате мегузорад? Кош, бист китоби навишта ва чопкардаи ўро ба инобат гирифта, ба Амир Сайид унвони номзади илмро медоданд ва рўзе чун олиме аз Фаронса ё Амрико ба осорхона ояд ва њангоми муаррифї Мункї низ ба онњо бигўяд: марњамат ба осорхонаи номзади илми таърих Амир Сайиди Мункї!
Муњибуллоњи ЌУРБОН
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
Муњриддин Сабурї (Муњриддин ЊАМЗАЕВ) 25-уми августи соли 1988 дар рустои зебоманзари Зидењи ноњияи Варзоб чашм ба олами њастї кушодааст. Пас аз хатми мактаби зодгоњаш ба факултаи филологияи Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 2012 онро бо муваффаќият хатм кардааст. Њоло ба њайси хабарнигор фаъолият дорад. Нахустин маљмўаи шеърњояш бо унвони "Субњи милод" дастраси хонандагон гардид. Куљост, кист, чї насл аст, доварат, эй дил, Ки санги хора нињодаст бар сарат, эй дил. Чї садди роњи ту шуд, к-аз фироќ менолї, Шикаста бод ду дасти Сикандарат, эй дил. Ман ихтиёр ба дасти ту додаам, аммо Ту ихтиёр ба дастони дилбарат, эй дил. Забона мезанад оташ зи ишќ гуфтани ман, Чу ман кї тоб биёвард дар барат, эй дил?! Аз ибтидо-т, ки бо ман нишастї, донистам, Кунун чї донам аз ањволи охарат, эй дил. Њазор дил, ки дар ин љода бо ту њамхунанд, Нагаштааст яке њам бародарат, эй дил. Ба шаб бистарам мешавад санги хоро, Ки хун мечакад аз димоѓи Бухоро. Ба гањвора девони Њофиз набинам, Куљо шуд Самарќанду Балху Тахоро? Набошад сияњгўш љои Сиёвуш, Агар аз замин сар барорад гуворо. Чу њар дам Самарќанду Балху Тахоро Бигўям Бухоро, Бухоро, Бухоро. Куљо бишнавад оњи ман чархи гардун Аз ин домани кўњ, аз ин кўњи хоро?! Ишќ гуфтам, таронаам гул кард, Ѓазали ошиќонаам гул кард. Сар даровардам аз даричаи дил, Дидам, ин дардхонаам гул кард. Ишќ гуфтам, бањор ифшо шуд, Лабу бозуву шонаам гул кард. Боз кардам тирезањоямро, Пешдолони хонаам гул кард. Ишќ гуфтам, баромадам аз дар, Кафш дар остонаам гул кард. Дили гарми кўњсорї, падари бузургворам, Чу ситораи диёрї, падари бузургворам. Чу дарахти сабз моро ба чї ранљ парваридї, Ту фариштаи бањорї, падари бузургворам. Зи љавоният гузаштї, бигирифтї роњи пирї, Ту ба хўйи хоксорї, падари бузургворам. Сари роњи ин ятимат бинишаста љои модар, Бикашида интизорї, падари бузургворам. Њунар аз кафат бирезад, њама русто бидонад, Ки ту марди кандакорї, падари бузургворам. Чу ту пури кўњсорї, нахамидаї ба пастї, Бахудо бузургворї, падари бузургворам. Ту зи модари азизат, ки бузург буду олї, Бирасида ёдгорї, падари бузургворам.
САНГТАРОШ Даруни коргоње пирмарде Ба сад афсурдагию оњу дарде Нишаста, санги гўре метарошид, Ба рўњи хаставу рухсори зарде. Њамоно тешаро озод мезад, Ба санги хора чун Фарњод мезад. Даруни чашмњояш буд пайдо, Равонаш андарунаш дод мезад.
БО ШОИР Валекин аз барои посдорї Тарошад умрњо санги мазоре. Ва њак созад ба рўи санг байте, Ки бошад мурдагонро ёдгоре. Нишаста буѓзи пирї дар гулўяш, Паёпай чанг мезад марг сўяш. Хамўш истода гоње рўйи санге Ба фикри охирин як орзуяш, Ки баъди марги ман усто кї бошад, Кї санги рўйи гўрамро тарошад? Кадомин шоире бар лавњи гўрам Ба нохунаш дубайтї мехарошад!? Худо кунад, ки биёї Худо кунад, ки биёї, Худо кунад, ки биёї, Ки ман зи омаданат дил бањор хоњам кард,
… Дар шањри дилат хона харидам зи муњаббат, Ќонуни дигар кардию ин хона шикастї. Љурмам чї буд, эй бехабар, аз олами ишќат Гуфтам, ки равам, боз дари шањр бубастї. … Борон, борон, файзи бањорон борон, Борон, ба рухи лолаву райњон борон. Борон, ки ба зери чатр танњоям ман, Борон, ки ба њам шаванд ёрон, борон. … Њарими сабзи дилам хонаќоњи туст, биё, Фурўѓи манзилам, ин роњ роњи туст, биё. Биё, ки бе ту дар ин шањр беватан мирам, Ватан, азиз, ду чашми сиёњи туст , биё. ЊАДИЯИ ЯЗДОН Писари ман бањор овардї,
МУЊРИДДИН САБУРЇ Тамоми ѓусаву ѓамро канор хоњам кард. Худо кунад, ки биёї, Ки ман дубора зи хоки сукут бархезам, Ба љои њалќа ба гўшат ѓазал биёвезам. Худо кунад, ки биёї, Ки ман ду-се нафаси шодро фурў бикашам, Ва шукр гўяму дасти дуо ба рў бикашам. Худо кунад, ки биёї, Ва ман чу сабза бирўям ва ман чу сабза бисабзам, Зи ишќ гуфтани ќалбам, зи ишќ гуфтани набзам. Худо кунад, ки биёї, Вагарна доманам аз лолањо чаман резад, Њамин чаман, ба Худо, аз ду чашми ман резад. Худо кунад, ки биёї, Худо кунад, ки биёї.
ОЙИНАИ ЛОЛ Баъди модар фаќат оина-ст Чун модари ман: Кунад оѓўш маро, Ва сару пои маро карда дуруст. Лек бе бўса, Бе силаи мењр. Бе "хайр, писарљон", Лол, Њайрон.
МЕРОС Аз хуни Сиёвуш-сияњгўш, Аз хуни шањидон-лола, Аз хуни ќалам-"Шоњнома". Аз хуни ман? -Доѓе ба домани таърих?
ПИРАМАРД Шаб асту медурахшад моњ, Ва пире хаставу танњо Нишаста зери маљнунбед, Ба сад уммед. Њамон як лањзаро бар ёд меорад, Њамон як лањзаи бо ёр буданро. Ва гоње кокулони беди маљнунро Ба рўи шонањои хеш мемонад. Ало, эй шањнавозам, шањрзодам- гуфта бо уммед Суруди ишќ мехонад. Ва мегўяд ба ин бовар: Барои дўстдориям, Барои интизориям, Худовандо, муяссар мешавад оё њазору як шаби дигар?! *** Кўдакї сањл буду сода гузашт, Ва ба пойиз дил надода гузашт. Лаби домони модарам дар даст Кўдакї рањ ба рањ фитода гузашт. *** Моњтобе, ки даври ман мезад Хирман, афсўс, к-ў ба шомам нест. Охирин номаам ба дастам монд, Як кабўтар ба рўйи бомам нест.
Як љањон ифтихор овардї. Нури рањмат даруни чашмонат, Чењраи нурбор овардї. "Субњи милод" бо шарофати туст, Шеър аз шањри ёр овардї. Бар гулистони бесадои падар, Савти даррољу сор овардї. Ѓазали алларо зи арши Худо, Гуфта будам биёр, овардї. Нури чашмам ягона кўдаки ман, Чиќадар ифтихор овардї. "Субњи милод"- нахустин маљмуаи шеърии банда *** Маро њолу њавои дигаре њаст, Ба рўи каф дуои дигаре њаст. Туию нохудои киштии бањр, Маро майли Худои дигаре њаст. Бирав дигар, маро бигзор, к-имшаб, Ба љони ман сафои дигаре њаст. Садоят пас бигир аз гўшам инак, Аз ин бењтар садои дигаре њаст. Маро дигар вафодорї наомўз, Ки ќасди ман вафои дигаре њаст. Аз ин ѓурбатсаро бардоштам даст, Маро азми сарои дигаре њаст. *** Аз мо саломи хеш чаро мекунї дареѓ, Як лаб каломи хеш зи мо мекунї дареѓ? Гуфтам њазор бор биё, як карат чаро Аз мо ишорањои "биё" мекунї дареѓ? Дар њар нигоњ шукри Худо аз ту мекунам, Як шукр аз барои Худо мекунї дареѓ. Аз гиря доѓ зад њама девори рўйи ман, Аммо њанўз њам ту љафо мекунї, дареѓ. Дар роњат омадам ба гадої, чу бигзарї, Як пора мењру сидќу сафо мекунї дареѓ. Садњо дареѓ, к-аз ту дареѓ аст хоки ишќ, Як мушт њам, дареѓ, чаро мекунї дареѓ? *** Дилам хунхонаи шарёни ишќ аст, Даруни синаам афѓони ишќ аст. Ѓуломи њалќабаргўшам ман имшаб, Ба поям кундаи зиндони ишќ аст. Њавои хотирам абрист имшаб, Ва дар чашмони ман борони ишќ аст. Њавои пар кашидан нест ин љо, Фазо олудаи исёни ишќ аст.
ТАХТАИ СИЁЊ Ба таваљљўњи Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї, Раиси шањри Исфара Зоњидзода Даврони Абдуќодир
"ДУЗДИ ЗЎР"… ЌОНУНРО ЊАМ МЕБАНДАД Чї тавр мехоњанд мењнати 24 - солаи моро фурўшанд?
Мўњтарам, роњбарони воломаќом! Бо мурољиат тавассути матбуот мехоњам таваљљўњи Шумо роњбарони олимаќомро ба ноадолатињо, ќонунвайронкунињо ва рафтори нафаре љалб намоям, ки баъди 24 соли кору зањмати муштараки ману аъзои хонаводаам, замини ободкардаи моро ќасди гирифтан дорад. Замине, ки 24 сол пеш аз ин њамагї санглох буд ва танњо бо ранљи бисёри худ мо онро ба боѓзор табдил додем. Соли 1998 дар шањри Исфара кооперативи кишоварзии "Вахта 2" ва њозира "Агроимпекс" дар майдони 150 га ташкил карда шуд. Он замон кам андар ками сокинони Исфара дар сабз гардонидани замин шароит доштанд. Зеро давлат дар он замон тоза аз вартаи љанги харобиовар баромада буд. Он замон Нуриддин Шамсиддинов, сокини шањри Исфара дар кооператив нафаронеро даъват мекард, ки ќудрати ободу сабз гардонидани заминро доштанд. Банда низ бо даъвати ўву чанд тан аз сањмдорони кооператив барои бунёд кардани боѓу сабз гардонидани замини санглох оѓоз намудем. Нињолњои яксола ва ду -сесоларо дарёфт намуда, шинонидем, барои обёрии онњо хатти об кашидем, ќубурњо гузаронидем. Њамаи ин корњоро бо харљи маблаѓњои худ ба иљро мерасонидем. Дар ибтидо кооператив аз њукумат маблаѓи имтиёзнок мегирифт. Баъдан сар аз соли 1994 корњоро бо харљи худамон анљом медодем. Дар боби 5.2 - и Оинномаи кооперативи кишоварзии "Агроимпекс" омадааст, ки ќабули коргарони кироя бо розигии тарафайн ва бо шартномаи мењнатї ќабул карда мешавад. Аммо Нуриддин Шамсиддинов, ки маро ба кори кооператив љалб намуда буд, фиреб дод. "Барои иљрои корњое, ки дар ободонии кооператив Шумову аъзои хонаводаатон ба иљро мерасонед ба Шумо замини умрбод медињам"- гўён баъди 13 соли мењнат дар соли 2002 замини сабзгардорнидаи маро ба Аъзам БОБОЕВ, як сокини Исфара пинњонї бе огоњии ман
фурўхта ва омада моро "аз замин хез", "куљо арз кунї, кардан гир" гуфт. Баъд аз фишори Н. Шамсиддинов ба унвонии Мирзошариф ИСЛОМИДДИНОВ онваќта раиси шањри Исфара ариза навиштам. Аризаи ман мавриди баррасї ќарор гирифт ва Н. Шамсиддинов ба протоколи маљлис (дар ин маљлис ман иштирок накардаам ва аввалин сањмгузори кооператив Ѓаффор Исомиддинов низ иштирок надоштааст) он ваќт 1га замин ва 15 сотих хонаљой барои ман ваъда карда, ронандааш Њабибхон АБДУЛЛОЕВро раиси кооператив таъин карда, худ ба Русия рафт. Дар назди собиќ раиси кумитаи заминсозии шањри Исфара мўњтарам Зикриддин ЮНУСОВ аз ду тараф забонхат ва њатто аризаи ман иборат бо иштироки 11 нафар шоњидон дастрас карда шуда буд, аммо номбурда собиќ раиси кумитаи заминсозї ин њамаро гум кардааст. Ин чї рањбар аст, ки аризаи шањрвандонро гум мекунад ва ин боиси азиятњои зиёд мо шањрвандони кишвар мегардад? Мутаассифона, гум шудани ариза дар кумитаи заминсозии Исфара боиси сарсонии ману аъзои оилаам тўли ин њама солњо шудааст. Протоколи кооперативи кишоварзии "Агроимпекс" аз санаи 22 уми ноябри соли 2002 то њол љињати чудо намудани як гектор замин дар ташкили хољагии дењќонї мавриди иљро ќарор нагирифтааст. Ба Зикриддин Юнусов, собиќ раиси кумитаи заминсозї чанд маротиба ариза додам, аммо то ба њол бенатиља мондааст. Н. Шамсиддинов аз соли 1999 то соли 2011 кооперативро ба њоли худ гузошта, ба тиљорати худ машѓул шуд. Кор ба дараљае расид, ки кори кооперативро њељ кас назорат намекард. Маљбур шудам, ки сар аз соли 2004 аз нав ба замини 13 сол (аз соли 1998) мењнат карда, сабзу шодоб намудаам баромада, ба њавзи њамсояам Ѓаффор Исомиддинов насоси обкаш шинонида, пули обу барќро пардохта, ба фаъолият шурўъ намудам. Соли 2008 Нуриддин Шамсидди-
нов, раиси кооператив, Њабибхон Абдуллоев, ронанда ва мушовираш Аъзам Бобоев ба ман фишор оварданд. Аз тањдидњои пайвастаи номбурдањо ноилољ ман заминро тарк намуда ва он ваќт барои рўёнидаи зањмати тўли ин солњо кашидаам ба прокурори вилояти Суѓд он замон Хайрулло САИДОВ мурољиат намудам. Аризаи маро барои баррасї ба Прокуратураи шањри Исфара фиристоданд. Дар прокуратураи Исфара маро чанд бор даъват намуданд, вале аз натиљаи он маро огоњ накарда, ба прокуратураи вилояти Суѓд фиристоданд. Тибќи дастуру фармони раисиљумњур заминеро, ки тўли 24 сол араќи љабин рехтаам, ќонунї гардонидам. Аммо санаи 25 уми декабри соли 2011 пас аз 3 соли ќонунї гардонидани молу мулк дар асоси фармони президент Н. Шамсиддинов ба суди иќтисодї мурољиат карда, ќонунигардониро, ки тибќи амри президент сурат гирифтааст, ѓайриќонунї њисобид. Дар њоле, ки кооперативи кишоварзии "Агроимпекс" тўли ќариб 12 сол аз фаъолият боз монда буд, инро Раёсати Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии љумњурї мавриди баррасї ќарор додаанду тасдиќ њам мекунанд. То соли 2011 боз 3 соли дигар низ фаъолият накардааст. Њуљљатњо дар ин бора дар даст дорам. Аммо Н. Шамсиддинов баъди бозгашт аз Русия худро боз раиси кооператив хонда, 31 га замини кооператив ва њам 1, 40 га замини маро ба нафароне, ки ќаблан замин фурўхта буд, ќасди додан намуд. Куљост инсоф? Куљо аст, он ваъдае, ки замоне замини кооператив санглох буду аслан дарахт надошт ва мо дарахт шинонидему сабз гардонидем, акнун Н. Шамсиддинов мехоњад онро ба каси дигар дињад?! Кооператив сар аз соли 1989 то ин дам насоси обкашї надорад, шартномаи обу барќ надораду андози заминро пардохт накардааст, њар чизе, ки барои масъалаи барќу об аст, мо њамагї аз њисоби худ кардаем. Ал-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
13
њол аз 150 га замини умумии кооператив њамагї 17 га замин боќї мондааст. Н. Шамсиддинов њамаи заминњои боќимондаи кооператив ва њам замини маро низ бевиљдонона фурўхтанї аст. Њатто 40 сотих заминеро, ки ман сабзонида ва обод кардаам, пинњонї њамроњи њамдастонаш аз кумитаи заминсозии Исфара ба Исоева ХАДИЧА, њамсари Абдуллоев Њабиб, ронандаи ќаблии худ, ки аслан дар ободии замини кооператив коре накардаасту сањме њам надорад, фурўхтааст. Чаро ќонун нафарони заминфурўшро дар мисоли Н. Шамсиддинов, собиќ раиси кооперативи "Агроимпекс" дар шањри Исфара муљозот намекунад? Чаро кормандони кумитаи заминсозї даст ба чунин амал мезананд ва ќонунро поймол мекунанд? Чаро њукумати шањри Исфара чашм бар ин њама беадолатињо мепўшад? 1,20 га замини кооператив чї тавр ба одамони бегона таќсим шуд, ки мо 5 оила аз ваќти ташкилшавии он зањмат кашида омада ва боз њам мењнат карда истодаем, бехабар мондаем? Ва замине, ки мо мењнат карда ва сабз кардаем, чї тавр ѓайриќонунї мањсуб мешудааст? Бо ќарори њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30-уми декабри соли 2000, тањти № 515 низомнома оид ба тартиби љуброни зарари моддї ва маънавї тасдиќ шудааст, ки пеш аз гирифтани замин онро бояд ба оилаи ман пардохт намояд. Аммо Н. Шамсиддинов дар мурофиањои судї кўшиш дорад бо њар роње набошад, замини 24 сол мењнат кардаи ману аъзои хонаводаамро бе пардохти љуброн кашида гирифтанї аст. Н. Шамсиддинов то ин замон баъзе техника ва таљњизотњои муњими кооперативро фурўхта ва акнун ќасд дорад, ки 1, 4 га замини обод кардаи моро низ ба дигарон бифурўшад. Мўњтарам президент ва раисони вилоят ва шањр! Њимояи њуќуќ ва озодињои инсон ба дўши њомиёни ќонун буда, бояд њимоя ва њифз карда шавад. Замоне маро шахсан Н. Шамсиддинов ба коре, ки аз он кооператив ва роњбараш манфиат медид, даъват намудаву акнун мењнати 24 - солаи маро ба каси дигар фурўхтанї аст. Аз соли 1998 дар кооперативи "Агроимпекс" мењнат кардаам ва заминро обод намудаам, нињолњои бисёрсоларо бо пули худам шинонидаам. Њавзи об, насосњои обкаш, трансформатор ва хатти барќ аз њисоби худам дуруст намудаам, аммо имрўз омада аз истифодаи замин мањрум мешудаам. Хуб, пас мењнати 24 солаи ман куљо рафт? Кї бояд онро љуброн намояд? Агар Машрапов А. судяи Суди иќтисодии вилояти Суѓд њам ба доди мо нарасад ва ин масъаларо нодида гирад, ки ба доди мо мерасад? Ин чанд нуктаи замимавиро ба самъи Шумо мерасонам ва умедворам, ки худ ќазоват мекунед ва барои људо шудани мўй аз хамир як комиссияи салоњиятдорро таъсис медињед: 1. Барои гум гаштан ва то њоло пайдо нашудани аризаи ман ва забонхати тарафайн - бо Н. Шамсиддинов, ки бастаем ва унвонии собиќ раиси шањри Исфара М. Исломиддинов кї бояд љавоб гўяд? Њол он ки пайдо гаштани он њолати воќеии корро бозгуй менамояд ва метавонад ањди бастаи ман бо Н. Шамсиддиновро матрањ намояд. 2. Н. Шамсиддинов, ки бе ризоияти ман заминро ба Исоева Х. ва Бобоев А. фурўхтааст, пеши ќонун бояд љавоб гўяд. Кодекси љиноятии ЉТ фурўши заминро манъ карда, љавобгариро муќаррар намудааст. Вагарна дузди зўр ин навбат соњиби говро не, ќонунро мебандад. 3. Далелњое вуљуд доранд, ки кооперативи "Агроимпекс" аз сабаби дар чандин сол фаъолият накарданаш шартномаи обу барќ ва маблаѓи андози заминро напардохтааст. Аммо дар мурофиаи судї, ки чанд ваќт боз дар суди иќтисодии вилояти Суѓд љараён дорад, ин нодида гирифта мешавад? Бо эњтироми хоса Сатторхон НАРЗУЛЛОЕВ, сокини дењаи Навгилеми шањри Исфара
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
ЧЕЊРАИ МИЛЛАТ
УСТОДИ УСТОДОН - ЗАФАР НОЗИМ
Аз љумлае он мардони њунар аст, ки дар зиндагї ва пас аз маргаш њарфе аз номаш баранд, бо як љањон ифтихор "устодаш" меноманд. Ва ин шараф ба хеле кам њунармандони гузаштаву имрўз насиб шудааст. Устод Зафар Нозим 2-юми июни соли 1940 дар Њоит, воќеъ дар водии Рашт ба дунё омадааст. Аз бепадарї овони кўдакии худро ба мушкил пушти сар кардааст ва ягона такягоњаш дар ин зиндагї Худо ва баъд модари мушфиќу мењрубонаш будааст. Мањз модар тавонист њам ба љойи худ ва њам ба љойи падар ўро мењрубонона навозиш кунад. Зафар Нозим охири солњои 50 ва аввали солњои 60 по ба арсаи санъат
гузошт. Аммо чунин ба назар мерасад, ки роњи шуњрат тавассути садои марѓуладору нотакрораш ва истеъдоди нодиру сабки хосаш барояш њамвор омад. Дар як муддати кутоњ таронањои марѓуби ў бо номњои "Эй сорбон, оњиста рон", "Бигзор, то бигирям", "Зулайхо", "Модар" барояш шуњрати беандоза оварданд. Вай борњо гуфта буд, ки баъзе аз сурудањояш њато бо гузашти 50-сол њам маъруфияти худро миёни мардум гум накарда буданд. Њамвора ўро мешуниданд ва имрўз њам мешунаванд. Сайидќул Билолов, њунарманди шинохта, ки худро аз љумлаи шогирдону равандагони роњи Зафар Нозим медонад, мегўяд, ки устод њатто бидуни садоафзо њам мехонд ва мо шогирдон аз ин ба ваљд меомадем. "Мо мактаби ўро гузаштаем ва аз ў омўхтаем. Устод боре гуфта буд, ки аз ќуллаи 70 ба роњи тайкардааш нигариста, хеле хушњол шудааст, ки чї ќадар сурудњо офарида ва бо ин васила дили мардумро ба Худо, ватан, модар, зиндагї, падару модар гарм кардааст. Ў рисолати як њунарманди асилро иљро кардааст". Зафар Нозим дар замони зиндагї ба дарёфти унвонњои мўътабари Њунарманди шоистаи Тољикистон, Њунарпешаи мардумии Тољикистон ва бисёр ордену медалњову ифтихорномањои њукуматї, аз љумла Ордени Ситораи Прези-
дент мушарраф шуда буд. Соли 1986 бо Ќарори Вазорати фарњанги Љумњурии Сотсиалистии Тољикистон ансамбли фолклории "Ганљина" таъсис шуд ва аз миёни њама довталабон Зафар Нозим роњбари он таъин гардид. Ин дастаи њунарї тўли солњои мављудияташ бењтарин ганљинањои њунари мардумиро аз сар то сари Тољикистон, аз Њисор то Яѓнобу Масчо, аз Кўлоб бо Бадахшону Вахё гирд овард ва ба яке аз мањбубтарин дастаи њунарии кишвар табдил шуд. Устод Зафар Нозимро метавон сарояндаи соњибмактаб донист, ки дар мактаби њунарии ў на яку ду, балки дањњо нафар рў ба рў ва садњо нафар ѓоибона тањсил кардаву бањрањо бардоштаанд. Аммо солњои 90-и асри гузашта барояш мушкил омад, мисли дўсташ Одина Њошим аз он чї ба сари миллат фуру рехт, сахт андуњгин шуд. Ва ин мусибат њатто ба хонаи худи ў низ омад. Љанговарони Фронти халќї њавлии ў дар Оли Советро оташ заданд ва њама ганљинаи таронањои њанўз ба бойгонии радио ва телевизион нарафта, китобњо асбобњои мусиќиаш ба коми оташ рафт. Зафар љурме надошт, њаводори кадом майдоне набуд. Балки зодаи Ќаротегин буд ва ин "гуноњ" боис шуд тири надомати душманон кошонаи ўро низ ба нишон гирифт.
Рўзноманигор Муњаммадюсуфи Шодї менависад: "Соли 90 буд ва бо устод мусоњибаеро анљом додам, њини суњбат медидам хело руњафтода буд ва аз нољурињои зиндагї гуфт, аз нољурињои шахсї не, аз ќадрношиносии айём ва дидам, ки ашк зур зада аз пилки дидагонаш мебарояд, баробараш ашк рехтам. Диле дошт љањонро ѓунљонд ва рўзе шуд, ки худ дар он љой наёфт, афсус". Зафар Нозим 3-юми августи соли 2010 баъди як бемории тўлонї, дар синни 70-солагї дар шањри Душанбе дида аз олам барбаст. Оромгоњи ў ќатори дањњо абармардони фарњангу њунар ва адабиёт дар ќабристони Лучоб аст. Таќрибан њамаи фарзандони ў роњашро идома додаанд, њарчанд умри иддае хеле кутоњ будааст. Аз љумла Карим Нозимов, фарзанди шашуми овозхони маъруф соле ќабл бар асари латукўби афроди ношинос дар назди манзили зисташ аз олам даргузашт. Дар замони зиндагии падар фарзанди соњибњунараш Соњибќирон Нозимов, ки бидуни шак як бастакор ва сарояндаи матрањ ва шинохташуда буд, низ оламро падруд гуфта буд. Њоло идомадињандаи роњи падар Љовидон Нозимов аст, ки бо њамон сабки падар ва бо пайроњаи ў равон аст. Бобољони ШАФЕЪ
НИГОЊИ МАРДУМЇ ВОКУНИШ ВАЪДАИ РАЊБАР: КАМБУДИЊОРО БАРТАРАФ МЕКУНЕМ! - Муасиссаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон" матлаби њафтаномаи "Нигоњ" тањти №8 (390) аз 14 майи соли 2014, "Чаро кондукторони автобусу троллейбус муттањами 30 ва 40 дирами мусофиранд?" - ро, дар љаласаи назоратии назди директори МДК "Душанбенаќлиётхадамотрасон" мавриди баррасї ќарор дода ба роњбарони корхонањои коммуналии воњиди давлатии "Автобус-1" ва "Троллейбус" супориш дода шуд, ки маводро дар маљлиси кормандону ронандагони корхонаашон муњокима намуда чораандешї намоянд. Аз натиљааш ба њафтанома ва МДК "Душанбенаќлиётхадамотрасон" маълумотнома пешнињод намоянд. Маълумотномаи корхонањои коммуналии воњиди давлатии "Автобус-1" ва "Троллейбус замима мегардад. Фирдавсї САИДОВ, директори МДК "Душанбенаќлиётхадамотрасон" - Корхонаи коммуналии воњиди давлатии "Автобус-1"-и шањри Душанбе матлаби њафтаномаи "Нигоњ" тањти №8 (390) аз 14.05.2014 сол "Чаро кондукторони автобусу троллейбус муттањами 30 ва 40 дирами мусофиранд",-ро дар љамъомади васеъи кормандони корхона санаи 26.05.2014 сол мавриди баррасї ва омўзиш ќарор дода шуд. Бояд ќайд кард, ки дар љамъомад ќисми зиёди ронандагон ва чиптачинон даъват шуда, моњияти ќарорњои раиси шањри Душанбе бањри дастгирии иљтимоии шањрвандоне, ки аз хизматрасонии коммуналї дар њудуди марзию маъмурии шањри Душанбе истифода мебаранд ва ќабл аз њама сокинони шањри Душанбе, новобаста аз воќеияти реалии болоравии нархи сўзишворї, ќисмњои эњтиётї пардохти роњкиро дар автобусњои корхона, тибќи Ќарори раиси шањри Душанбе тањти №260 аз 30-юми майи соли 2011 ба роњ монда шудааст. Њамзамон ба сардорони гуруњњои наќлиётї супориш дода шуд, ки ба њар як ронанда ва чиптачин пеш аз сафар оиди риояи одоби муошират, тарзи дурусти корбарї, ахлоќи намунавї, њурмату эњтироми калонсолон ва нафаќахўрон корњои фањмондадињї гузаронида шавад. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки њамарўза ронандагони автобусњои корхона дар хатсайрњои №3 "Истгоњи Роњи оњан -корхонаи сементбарорї" ва №8 "Фурудгоњи куњна - мањаллаи Зарафшон" то соати 20:00-и бегоњї фаъолият мекунанд. Инчунин роњбарияти корхонаи коммуналии воњиди давлатии "Автобус-1" Шуморо бовар мекунонад, ки љињати сари ваќт бартараф намудан њамагуна камбудињо бо Шумо њамкории зич менамояд. Бо эњтиром Љумъахон ДАВЛАТОВ, директори ККВД "Автобус-1"-и шањри Душанбе
?-И НОБОБ ПАТЕНТ АЗ ШАЊОДАТНОМА ЧЇ ФАРЌ ДОРАД? - Ман аз Шумо хоњиш дорам, ки дар бораи мафњуми "Патент" ва "Шањодатнома" каме маълумоти пурра пешнињод кунед. "Патент" аз "Шањодатнома" чї фарќ дорад? Бо "Патент" ва "Шањодатнома" ба кадом намуди фаъолияти соњибкорї даст задан мумкин аст. Хоњишмандам дар алоњидагї дар бораи њардуи ин њуљљат шарњ дињед. Аз Шумо сипосгузорам! Раљабалї ХОЛОВ, сокини ноњияи Њисор - Мутобиќи муќаррароти ќисми 1 моддаи 284-и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, шахсони воќеї - резидентон ва ѓайрирезидентон, ки ба сифати соњибкори инфиродї тибќи патент ба ќайд гирифта шудаанд, аз низоми андозбандии шахсони воќеии фаъолияти соњибкори инфиродиро тибќи патент амаликунанда (минбаъд - низоми патентї), истифода мебаранд, агар њамзамон шартњои зерин иљро гардида бошад: - њуљљати тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатии онњо ба сифати соњибкори инфиродї патент мебошад; - маблаѓи пешбининамудаи низоми патентии андозњо аз љониби соњибкор пешакї (бо тариќи пешпардохт) барои даврањои пурраи дахлдори фаъолияти соњибкорї пардохт шудааст; - фаъолияти соњибкори инфиродї бевосита аз љониби шахси воќеї бо истифодаи молу мулки мављуда, аммо бе кирояи ќувваи корї ва бе амалї намудани фаъолияти иќтисодии хориљї иљро карда мешавад; - намудњои амалишавандаи фаъолияти соњибкори инфиродї ва андозаи устувори маблаѓи андозњои аз љониби андозсупоранда пардохтшавандаро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд; - дар соли таќвимї даромади умумии истифодабарандаи низоми патентї наметавонад аз 100 њазор сомонї бештар бошад (минбаъд њадди даромад барои низоми патентї). Мутобиќи муќаррароти моддаи 289-и Кодекси андоз, принсипњои умумии андозбандии соњибкорони инфиродии тибќи шањодатнома фаъолияткунанда чунинанд: - Даромади умумии солонаи шахсони воќеї - резидентон ва ѓайрирезидентон, ки ба сифати соњибкори инфиродї дар асоси шањодатнома ба ќайд гирифта шудаанд (минбаъд - соњибкорони тибќи шањодатнома фаъолият кунанда), аз њамаи намудњои фаъолияти амалишавандаи онњо наметавонад аз 500 њазор сомонї зиёд бошад. - Соњибкорони тибќи шањодатнома фаъолияткунанда вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон мувофиќи тартиби муќарраргардида низоми умумии андозбандї ё низомњои зерини махсуси андозро истифода мебаранд: - низоми соддакардашудаи андозбандї барои субъектњои соњибкории хурд; - низоми соддакардашудаи андозбандї барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї; - низоми махсуси андозбандї барои субъектњои бизнеси бозї. - Соњибкорони тибќи шањодатнома фаъолияткунанда, ки дар як ваќт 2 низоми махсуси андозбандии дар ќисми 2-и њамин модда пешбинигардидаро истифода мебаранд, уњдадоранд мувофиќи тартиби муќарраргардида бањисобгирии алоњидаи даромадњо, харољот ва амалиёти хољагидории анљомшавандаро оид ба њар як низоми махсуси андози истифодашаванда пеш баранд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
ЛАТИФА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
- Писарам, рав табари њамсояро биёр. - Мегўяд, дастааш шикастааст. - Аз њамсояи дигарамонро биёр пас. - Мегўяд, надорад. - Эњ, мумсикњое, рафта табари худамонро биёр, бачам. *** Се давраи нодорї: 1. Пул надорам; 2. Тамоман пул надорам; 3. Маљбурам, ки долларро майда кунам. *** Як мард назди дўсташ шикоят мекунад: - Хонаам пури нонхўрак шудааст. Ягон доруи зидди њашарот намонда њамаашро харидем, ягон фоида накард. Рафиќаш ба ў маслињат медињад: - Ваќте аз дари хонаат даромадї дастњоятро ба пушт монда, ќошу ќавоќатро гирон ва бо овози баланд дод зан, ки "дафъ шавед њамаатон", ана баъд натиљаашро мебинї. Мард ба хонааш даромада ќошу ќавоќ мегиронад ва ба сўи тараканњо нигариста фарёд мезанад: "Канї њамаатон дафъ шавед!!!!" Нонхўракњо як то як то паи њам аз дари хона баромадан мегиранд. Як таракан гашта ба мард нигоњ мекунад. Ин лањза мардро ханда мегирад. Таракан гарданашро сўи дигар нонхўракњо гардонда дод мезанад: -Э, њамаатон аз роњатон гардед, ин одам шухї карда истодааст… *** - Дина шаб кинотеатр рафтам, масте дар пањлуям нишаста буд, доду фарёд бардошта, љонамро ба лаб овард. - Тамошо кардан намонд гўй? - Э, не, хоб кардан намонд.
БА ЉОИ 09 - Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед. Пас, ВКД-и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефонии раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-21-21; Ќисми навбатдории ВКД: 221-08-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-15- 42, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 224-48-74; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 223-13-30, 227-80-00; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-83-35; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-22-38; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї: 233-72-24, 233-72-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-06-997, 6-30-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-25-36; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 2-25-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-91- 14, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ: 221-00-16
НАХОД!?
ДОД АЗ ДАСТИ ПУЛЧИНАКЊОИ "МАРШРУТИ 4" - Мувофиќи Ќарори раиси шањри Душанбе тањти №260 њанўз аз 30-юми майи соли 2011арзиши роњкиро дар микроавтобусњои "ГАЗел" ва "Хундай Старекс" дар хатсайрњои №№ 4, 5, 7, 11, 12, 13, 15, 17, 21, 22, 24, 26, 34, 43, 44, 52, 55, 67 - 1 (як) сомонї муќаррар карда шудааст. Дар хатсайрњои дар боло ќайдшуда аз оѓози хатсайр то интињояш ронандагони он бояд танњо 1 сомонї аз мусофирон роњкиро талаб кунанд. Ин хатсайрњо ба мисли хатсайрњои №8,16 ё 25 дароз нестанд. Вале аксари ронандагони он ба ин ќарори раиси шањри Душанбе беэътиної карда аз мусофирон барзиёд роњкиро талаб мекунанд. Хатсайри №4 мисоли рушани он аст, ки таќрибан 2 сол мешавад, ки ронандагону кондукторони онњо аз мусофирон ба љои 1 сомонї худсарона 1 сомониву 60 дирам маљбуран меситонанд. Њангоми шикоят ё эътирози мусофирон ронандагони хатсайри №4 нисбат ба хатсайри №67 дароз будани хатсайрашонро бањона пеш оварда, њамоно аз мусофирон хилофи ќарори шањрдории Душанбе 1 сомону 60 дирам талаб мекунанд. Њол он ки хатсайри №4 нисбат ба хатсайрњои дигар бобаракат буда аксари мусофироне, ки аз мањаллаи ДОК савор мешаванд дар бозори Шоњмансур мефароянд ва ронандагони хатсайри мазкур аз инљо аз сари нав мусофирони навбатиро савор карда ба роњ мебароянд. Аз хатсайрњое, ки ќимматашон 1 сомонї муайян шудааст, танњо метавон ба ронандагони хатсайри №67 ва 15 тањсин гуфт, ки то имрўз ин муќаррароти раиси шањри Душанберо риоя мекунанд. Воситањои наќлиёти мусофиркашоние, ки дар хатсайри №4 ба мусофиркашонї машѓуланд, нисбати ќарори раиси шањри Душанбе беэътиної карда (аз мусофирон ба љои 1 сомонї 1 сомону 60 дирам њатто 2 сомонї низ меситонанд) риоя намекунанд дар зер бо раќамњои силсилаи асосаш зарди ТТ оварда мешавад: 88 53 ТТ 01, 91 66 ТТ 01, 33 85 ТТ 01, 92 06 ТТ 01, 92 07 ТТ 01, 03 15 ТТ 01, 00 93 ТТ 01, 93 21 ТТ 01, 19 54 ТТ 01, 65 97 ТТ 01, 02 14 ТТ 01, 02 15 ТТ 01, 94 55 ТТ 01, 02 72 ТТ 01, 00 72 ТТ 01, 00 79 ТТ 01, 79 87 ТТ 01, 03 88 ТТ 01, 79 30 ТТ 01, 55 06 ТТ 01, 94 54 ТТ 01, 64 63 ТТ 01, 96 62 ТТ 01, 86 62 ТТ 01, 94 89 ТТ 01. Зимнан гуфтан, ба маврид аст, ки раќамњои воситањои наќлиёти зикршударо хонандагону хабарнигорони нашрия ба идораи "Нигоњ" вогузор намудаанд. Назорати љамъиятии наќлиёти мусофиркашонии хатсайрњои 1 сомонї аз љониби хабарнигорони њафтанома идома ёфта, умедворем, ки масъулини соњаи наќлиёти шањри Душанбе ва роњбарони љамъиятњои мусофиркашонї ба он чора меандешанд. Зимни назорат бе огоњии ќаблї ронандаи ин хатсайр(хатсайри №19-18 88 ТТ 01) на 2 сомон балки 1 сомону 60 дирам роњкиро гирифта, сари ваќт 40-дирами баќияи мусофиронро ба онњо пас мегардонад. Аз њамаи хонандагону њаводорони нашрия даъват ба амал меорем зимни барзиёд талаб кардани роњкиро дар дилхоњ на, карда ба идораи нашрияи "Нигоњ" барои ба масъулият кашондани ронандагону кондукторони он пешнињод кунед.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №10 (392), 28. 05. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ПАДАРОНИ БАЧАПАРТО ВА ФОЛКЛОР Мирзодиккак барои шиносои ва сўњбат бо бачањо ба китобхонаи марказии шањраки Исоеви ноњияи ба номи Љ. Румї рафт. Дар китобхона ѓайр аз китобдор касе набуд. Мирзодиккак аз амбори китоб баромадани Ѓалтакро диду њайрон шуд. Онњо баъди салому алейк сари мизи китобхонї нишастанд. Апаи Соро аз рўи тањамули тољикона назди љўрањо як чойнак чой ва ду пиёла гузошту худ аз пайи љобаљогузории китобњо дар рафњои холии китобхона шуд. Мирзодиккак: - Њукумати љонољони мо дар њаќи бачањо ѓамхорињои зиёд карда истодааст. Мана, мо тариќи телевизиони "Бањористон" њаррўз бачањои хушбахти кишварамонро дар сар то сари олам муаррифї мекунем. Ѓалтак: - Агар тариќи телевизиони "Бањористон" вазъи зиндагии бачањои камбизоатро бо айби падарони сангдилашону корношоямии зимомдорони имрўза нишон медодед, мардум ба мардумї будани телевизиони "Бањористон" бовар мекарданд. Ба ќавли мардум, "бо њавло гуфтан дањони кас ширин намешавад" ва дониста гиред, ки зиндагии бачаи раис аз бачаи саис аз замин то осмон фарќ дорад, ња!!! Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, гапата дониста, зан. Агар њукумати љонољони мо аз думболи падарони бачапартову мардњои хонабезор гардад, баъд корњои муњими давлатамон чї мешавад?! Ѓалтак: - Ба фикрам, яке аз муњимтарин корњои давлатии мегуфтагият, ана њамин аст. Таъмини њуќуќи кўдак, вагарна дар њељ замону њељ макон аз иљтимої будани давлатамон дањон накушоед. Мирзодиккак: - Аљоиб - ку! Њукумати љонољонамон ба конвенсия "Дар бораи дифои њуќуќи кудак" имзо гузошту ба ќавле сари бебалоамон дар бало монд. Мана, бачањоро аз пахтачинї озод кардем, дар ваќти дарс кор намекунанд. Ба замми ин, пояшонро аз рафтан ба масљид чунон кандем, ки роњи масљидро фаромўш кардаанд. Ѓалтак: - Ин корњои кардагиятон 90 дар сад дуруст аст, агар њукумат имкони таъмини кўдакону наврасон бо шароити шоистаро дошта бошад. Њоло, ки аз ѓами кўдаки мардум дида, барои шумоњо муњимтар пур кардани кисањоятон аст, ќисме аз бачањо аз набудани шароит ба куљо сар халондаашонро намедонанд. Онњо дар фикри он њастанд, ки њарчи зудтар мактабро хатм намоянду ба Русия ба муздурї раванд. Мирзодиккак: - Ќисме њукумати љонољони моро хуб намедонанд, вагарна ба Русия рафта, дар он љо сурудњои ѓарибї месароиданд, то ки ќалби мо њукума-
тињои ба дард дарояд. Акнун сурудњои ѓарибии асрњои 14 ва 19 кам буд, ки боз ба фолклори тољик сурудњои ѓарибии асри тараќиёти илму техникаро илова карданд?! Ѓалтак: - Кошки, Мирзољон, њама мисли ту њукуматї мешуданд. Њозир камтари дигар гапро ба дарозо кашем аз фироќи Ќобилљони нањзатї чунон гиря мекунї, ки заминњоро оби дидаат шуста меравад. Ќисме аз зимомдорони мо мардуми камбизоатро фањмида наметавонад. Мана, ба Русия рафтани як ноболиѓро модараш манъ кардааст. Ў аз фироќи дидори падараш ва аз завќи зиндагии шоиста худашро аз боми бинои 4 - ошёна ба поён партофт... Ана, зиндагию мана зиндагии шоистаи мегуфтагият. Мирзодиккак: - Љўраљон, биё, дар ин мавзўъ дигар ту њарф назану ман ба гўшњоям пахта занаму нашунавам. Росташро гўям, њозир фарќ байни корхонаи давлатию хусусї, одами босаводу бесавод, њунарманду бењунар, ќариб ки намондааст. Корхонаи давлатиям авлодї шудаасту хусусиям. Мана, дар тўли якчанд соли раиси вилояти Пахтаобод будани љанобашон бештари раисњо аз ноњияи Њулбукобод таъин шудаанд. Акнун навбати бачањои Тамлиёт... Дигарњоро дар њозира хуб ё бад Р. Матушка бардоштааст, вагарна бо ин пиандарњои падарсиришт њоламон мисли њоли Афѓонистони љангзада мешавад. Мана, меваи бемасъулиятї дар Помир самар дода истодааст. Ќисме ба хотири суд нашудани ду се "ризќрасон" аз фурўши "сафедахола" биноњоро оташ задаанд. Асос набудани љойи кор... Сўњбати љўрањо торафт метафсид. Аз бими он, ки аз гармии сўњбат китобхона оташ нагирад, Мирзодиккак сўхтанро ќатъ кард. Дар фазо абрњои сиёњ шино мекарданд. Дар фасли гармо садои раду барќ ба гўш мерасиду борон меборид... Љўрањо њангоме, ки ба истгоњи наќлиётї расиданд, таксистњои деринтизори мусофирон онњоро байни худ таќсим намуда, напурсиданд, ки то куљо баранд…
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Ќањњор МАЊКАМОВ, аввалин президенти Тољикистон: - Акнун Украинаро бинед. Магар Украина дар зиндон буд, ягон касе вая баста монда буд, ки касе ўро озод кард? - Дидему мебинем, Ќањњор Мањкамович! Бале, Украинаи обод бо сари ќудрат омадани Янукович корхонаи оилавї шуд, вазифафурўшї ављ гирифту заводу бонкњои соњибкоронро писари президент аз худ кард, мардум, ки шўрид дўсти Путин гурехту Украина озод шуд. Ногуфта намонад, ки баръакси шумо, Янукович забони давлатиро медонист. Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Доирањои муайян, пеш аз њама НАТО ва Арабистони Саъудї мехоњанд, љангњои харобиоварро аз њудуди кишварњои арабї ба минтаќаи мо кашанд ва Бадахшон метавонанд барои онњо пойгоњи мувофиќ бошад. - Ин хел бошад, Вазорати корњои дохилии Тољикистон ба НАТО тобеъ будааст, ки тирпарониро дар маркази шањр шуруъ кард-де. Баъдан, аз њамин президент њам эњтиёт кунед, зеро чанд бор ба Арабистони Саудї сафар дошт. Ба виљдони коммунистиатон, мо дар телевизион дидем, ки дар тан либоси сафед дар Макка мегашт. Њомид КАРЗАЙ, президенти Афѓонистон: - Дар урфи мо вуљуд надорад, ки раиси љумњури Афѓонистон ба як пойгоњ барои мулоќоти раиси љумњури дигар биравад. - Чи хел вуљуд надорад?! Ана дар мо раисљумњур зодрўзашонро њам дар пойгоњ мегузаронанд. Зариф АЛИЗОДА, ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Тољикистон: - Дар асоси дурнамо бисёр корњоро анљом додем. Аз нигоњи иќтисоди идоравї њам маќомот хеле пурќувват шуд. Имрўз дар 8 минтаќаи кишвар ќабулгоњи маќомот фаъолият мекунад. - Љаноби Ализода, як машварати бепул: корро ба шармандагии бештар нарасонда, њарчи зудтар истеъфо дињед. Бо хизматњое, ки шумо кардед, раиси суди ягон шањр таъйин мекардагистанд. Александр ЛУКАШЕНКО, президенти Беларус: - Ман тољиконро њамчун халќи орому мењнаткаш ва нексиришт медонам, вале њамзамон тољикон дар њимояи њар як ваљаби замини ватани худ, мисли белорусњо матиниродаву устувор њастанд. - Рост мегўед, Александр Григоревич, мо тољикон чунон мењнаткашему барра барин нексиришт, ки њар ваљаб замини ватанро аз раисони љамоату ноњияву шањрњо мехарем. Аз устуворї дар мо нархи замину мансабњо мондаасту баъзењо гумон мекунанд, ки курсии президент низ. Виктор ЯНУКОВИЧ, президенти фирории Украина: - Ба натиљањои интихоботи Украина эњтиром ќоилам, вале раисиљумњури оянда бояд хунрезї алайњи мардуми худро ќатъ ва ба талабњои мардуми шарќи кишвар гўш дињад. -"Кал табиб мешуд, сари худашоро табобат мекард".
Гулнора КАРИМОВА, духтари президенти Ўзбакистон: - КДАМ-и Ўзбакистон тамоми афродеро, ки мехоњанд, ба ману духтарам мадад кунанду наздикии хонаам мешаванд, боздошт мекунад. - Гулнорахон, вай дадои шумо гузаронд. Як мактуб кунед, ба унвонии халќи Тољикистон, дар як њафта то Тошканд расида, шуморо озод ба тахт мешинонем. Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.