“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
Њољї Акбар Тўраљонзода:
1
"Мусалмон њаќќ дорад аз дин, љон, номус ва молаш дифоъ кунад" №11 (444). Чоршанбе, 10-уми июни соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
АМНИЯТ
Санги тафриќа Эрону Тољикистону чї тавр душман мекунанд? САЊИФАИ 3
СУЊБАТИ РЎЗ
Абдулло ЊАБИБОВ:
"Худо ѓами моро хўрд"
САЊИФАИ 8
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Дараи Яѓноб Љое, ки милиса ва мансабдор надорад САЊИФАИ 16
ЉИЯНИ МО
Доктор Абдуллоњ чаро муњим аст?
СИЁСАТИ БУЗУРГ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
2
Доктор Абдуллоњ Абдуллоњ нахустин нафари баландмаќом аст, ки пас аз ташкили њукумати вањдати миллии Афѓонистон ба Тољикистон меояд. Як сафари махсус нест ва дар њошияи конфронси байнулмилалие иттифоќ меафтад, ки аз Дањсолаи байналмилалии "Об барои њаёт" барои солњои 2005-2015 натиљагирї мешавад ва дар кори он аз 99 кишвари љањон 4 сарвазир, 2 муовини сарвазир, 17 вазиру 8 муовини вазир ширкат мекунанд. Аммо бозтоби ин сафар дар расонањои Тољикистон ба гунаест, ки гўё як сафари вижа ва хеле муњими раиси иљроия ё сарвазири Афѓонистон бошад. Ин таваљљўњи мо ба Доктор Абдуллоњ бепоя нест. Мавсуф нафарест, ки афроди огоњ дар сатњи расмиву ѓайрирасмии Тољикистон њузури ў дар сањнаи сиёсии кишвари њамсояро муњим ва њаётї мешуморанд. Аз ин хотир, ќисмати бузурги зиёиёну сиёсатмадорони тољик ба интихоботњои президентии солњои 2009 ва 2014 и Афѓонистон бештар аз маъракањои њамсони кишвари худ таваљљўњ мекарданд. Бузургтарин интизорї ин буд, ки бо пирўз омадани Абдуллоњ Абдуллоњ нињоят дар Афѓонистон як тољик президент мешавад. Гузашта аз ин, омадани як тољик сари ќудрат дар Афѓонистон хатарњои бузурги љањонї, аз ќабили терроризм ва ќочоќи маводи мухаддирро ба Тољикистон коњиш хоњад дод. Доктор Абдуллоњ президент нашуд. Аммо њукуматро бо раќибаш Ашраф Ѓанї Ањмадзай бо њам дид. Соњиби вазифае шуд, ки вуљуд надошт. Як њукумате дар њукумат шуд. Худро матрањ кард. Умедњои барбодрафтаи љонибдоронашро зинда кард. Ба он чї даст ёфт, ки раќибонаш интизор надоштанд. Њоло Афѓонистон ду роњбар дорад: Ашраф Ѓанї Ањмадзайи президент ва Доктор Абдуллоњ - раиси иљроия. Њељ тасмим бидуни мувофаќаи ду љониб гирифта намешавад. Ва њукумат - њукумати вањдати миллї ном дорад. Бале, Доктор Абдуллоњ тољик нест, балки "љияни тољикон" аст. Падари доктор паштуни Ќандањор ва модараш тољики Панљшеранд. Аммо шахсияти ў пушти сангарњои љињоди ин дара ва дар канори ќањрамони миллии Афѓонистон Ањмадшоњи Масъуд шакл гирифт. Дар интихоботњои президентї низ аз ў умдатан тољикони Афѓонистон љонибдорї карданд. Агар мебуд, президенти воќеї ў буд, ки њам пуштибонии паштунњои дурронї ва њам тољикони Афѓонистонро бо худ дошт. Аммо ќудратњои љањонї бозињо ва барои анљом додани онњо бозигарони худро омода кардаанд. Яке аз ин бозигарон худи Доктор Абдуллоњ аст, ки аз як нерўи ќавї дар Афѓонистон намояндагї мекунад. Пас аз интихоботи президентии соли гузашта Латифи Пидром, яке аз сиёсатмадорони тољики Афѓонистон, ин даъворо дошт, ки дар Афѓонистон ќудрат пурра ба дасти паштунњо гузашт ва тољикон аз он аќиб зада шуданд. Далелаш њам ин буд, ки Доктор Абдуллоњ паштун аст. Аммо чунин набуд. Дар асл њама њисобшуда ва муомила болотар аз ќавмияту миллати рањбарони Афѓонистон буд.
Љияни мо
Доктор Абдуллоњ чаро муњим аст?
Аммо ин ба он маъно нест, ки дар тими Доктор Абдуллоњ намояндагони дигар аќвом, аз љумла ўзбакњо набуданд. Онњо њам њастанд, вале њамоно тољикон муњим мемонанд. Њамин тариќ, Ашраф Ѓанї Ањмадзайро дар Афѓонистон паштунњо ва ўзбакњо њимоят карданд, зеро дар бозињои љадиди геополитикї Амрико ва думравонаш Инглистону Покистон, Туркия ва Саудї онњоро шарики стратегї ќабул кардаанд. Агар тарњи Амрико ва њамкоронаш барор мегирифт, яъне Ашраф Ѓанї мисли Њомид Карзай президент интихоб ва Доктор Абдуллоњ аз сањна пас зада мешуд, тољикон дар Афѓонистон бо ўзбакњо иваз мешуданд. Абдурашид Дўстум, рањбари ўзбакњои Афѓонистон, аввалин ўзбакест, ки дар тўли таърихи Афѓонистон ба чунин симати баланд - нафари дуввуми давлат баргузида мешавад. Њукумати паштуну ўзбак дар Афѓонистон як иттињоди бесобиќа аст.
Идомаи тарњ
мешуд. Доктор Абдуллоњ њам барои он муњим буд, ки неруњои тањти назорати ин ќудратњо аз њамаи ќавму миллатњои Афѓонистон пушти ў ќарор гирифтанд. Умдатарини ин нерўњо тољикон буданд. Тољикон дар њоли њозир шарики стратегии Русия дар минтаќа њастанд. Доктор Абдуллоњ ба маќоми вазири корњои хориљї писари президенти собиќи Афѓонистон, устоди марњум Бурњонуддини Раббониро пешнињод кард, ки аз дўстони Русия дар замони муќовимат бо Толибон буд. Нурулњаќ Улумии паштун аз афсарони баландмартабаи њукумати коммунистї ва "кадри Маскав" аст, ки аз сўи Доктор Абдуллоњ вазири корњои дохилии Афѓонистон пешнињод шуд. Эрон бозии дугона дошт. Њазорањоро таќсим кард. Халил Каримиро бо Ашраф Ѓанї
Мушорикатњо Содда карда гўем, љияни мо ба ин далел, ки љияни мо - тољикон аст ва пуштибонии моро дорад, барои ќудратњо муњим шудааст. Пушти зўргўињои тими Абдуллоњ Абдуллоњ њангоми бањси натиљањои интихоботи президентии соли гузашта дар Афѓонистон, ки ќариб буд ўро ба њошия фиристад, ба истиснои нерўи дохилї, дастњои ќавии хориљї низ истода буданд. Њукумати вањдати миллї дар асл њукумати вањдати ќудратњои зидахл дар Афѓонистон аст. Русия, Эрон ва Њинд аз Доктор Абдуллоњ њимоят карданд ва мањз онњо ўро итминон доданд, ки то охир равад, зеро бо ў њузури онњо низ дар њукумати ояндаи Афѓонистон таъмин
Ањмадзай ва Муњаммади Муњаќќиќро бо Доктор Абдуллоњ гузошт. Аммо њазорањо дар эътилофњои низомиву сиёсї њамеша бо тољикон буданд, агар набуданд, њељ гоњ бо паштунњо набуданд. Сайид Њусайн Олими Балхї вазири муњољирату маълулинро, ки тољики шиа ва нафари тањти њимояти Эрон аст, низ тими Доктор Абдуллоњ пешнињод кард. Амалан Эрон Абдуллоњро ба хотири муќобала бо раќиби асосиаш - Амрико љонибдорї мекард. Њинд аз ў барои он пуштибонї мекунад, ки Исломобод тољикони Афѓонистонро душмани аслии худ дар Афѓонистон мењисобад. Ин нуктаро шахсан президенти собиќи Покистон Парвиз Мушарраф дар як суњбаташ зикр кардааст, ки Эътилофи Шимоли Ањмадшоњи Масъуд њама тољиканд ва Покистонро душмани Афѓонистон мешуморанд.
Аммо њоло њам намешавад гуфт, ки тарњи Амрико барои таѓйири тавозуни миллї ба анљом расидааст. Аз рўи он чї ваќтњои охир дар Афѓонистон иттифоќ меафтад, метавон ба ин хулоса расид, ки Амрико ва пайравонаш роњњои дигари расидан ба маќсад - кам ва ё ба сифр баробар кардани наќши Доктор Абдулло ва ќудратњои пуштибони ўро љустуљў мекунанд. Ноамнињои як - ду моњи ахир дар шимоли Афѓонистон нишон медињад, ки тањрикњои тањти назорати ќудратњои манфиатдор, назири Толибон, Давлати исломї, Њаракати исломии Ўзбакистон, Љамоати Ансоруллоњ ва ѓайраву њоказоро аз Покистон ва љануби Афѓонистон ба шимол интиќол додаанд. Чанд њадаф доранд, аммо дар ќадами аввал, мањрум кардани Доктор Абдуллоњ аз ќудрати воќеї муњим аст. Шимол сарзамини умдатан тољикнишин аст. Устод Ато Муњаммади Нур, волии Балх, такягоњи асосии низомї ва сиёсии Доктор Абдуллоњ ба шумор меояд. Мањз тањти пофишориву њушдорњои ў аз як эътирози густарда алайњи таќаллубкорињо дар интихоботи президентии соли гузашта Доктор Абдуллоњро ба ќудрат расонд. Гузашта аз ин, дар симои Устод Ато аксарият "Масъуди даври мо" - ро мебинанд, ки њукумати Раббониро њимояти низомї мекард. Аз ин хотир, аз байн бурдани Ато маънои аз байн бурдани Доктор Абдуллоро дорад. Аммо њоло замони дигар аст. Аз байн бурдани Ато ва дар шахси ў коњиш додани наќши тољикони Афѓонистон, њамчун сипари Осиёи Марказї, њатто пањнои Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ ва Созмони њамкорињои Шонгњой кори осон нест. Ба назар мерасад, гардонандагони ин тарњ аз эљоди ноамнињо дар шимоли Афѓонистон корро шуруъ карданд. Њамлањои созмонњои террористї дар Балх, то як - ду моњи пеш амнтарин гўшаи Афѓонистон ва вилоятњои давру бараш Ќундузу Сарипул ва Форёб ба вуќуъ пайвастанд. Пояњои амнияти шимоли Афѓонистон ва љануби марзњои ИДМ - у Созмони њамкорињо Шонгњой ларзиданд. СПАД - Созмони паймони амнияти дастаљамъї марзи Тољикистону Афѓонистонро тањти заррабин ќарор дод. Танњо нерўе, ки дар дохили Афѓонистон метавонад аз барномаи интиќоли љанг аз Осиёи Љанубї ба Осиёи Марказї муќовимат кунад, тољикон ва њампаймонњои онњо тањти рањбарии Абдуллоњ Абдуллоњ аст. Ин њол ўро на фаќат барои мо, балки тамоми шарикони мо дар ИДМ ва СЊШ муњим мекунад.
Умари ТОЊИР
15% 10% 5%
2%
10%
10%
1%
Намедонам
20%
Хиёнат ба Ватан
25%
Дар ин бора фикр накардам
28%
30%
Дасти хадамоти махсуси хориљї
35%
Зери по кардани арзишњои давлативу миллї
40%
Беш аз 40%: "Пайвастани Гулмурод Њалимов ба ДИИШ эътироз буд"
44%
Ин кори шахсии ўст
45%
Эътироз ба сиёсатњои динии маќомот
САДОИ МАРДУМ
5%
0% 1
2
3
4
5
6
7
Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки беш аз 40 фоизи раъйдињандагон сабаби асосии пайвастани Гулмурод Њалимов, фармондењи ОМОН-и ВКД-ро ба сафи ДИИШ дар эътироз ба сиёсатњои динии маќомот мебинанд. Назарпурсии ахире, ки зери унвони "Ба сафи "Давлати исломї" пайвастани фармондењи ОМОН-и ВКДро чигуна ќабул кардед?" баргузор шуд, маълум кард, ки 28 фоизи иштирокчиён ин њодисаро "Хиёнат ба Ватан" ќабул карданд. 2 фоизи ширкаткунандагони ин назарпурсии виртуалї ба варианти "зери по кардани арзишњои давлативу миллї" раъй дода, 44 дар-
сади дигар таъкид кардаанд, ки ин кори ў "эътироз ба сиёсатњои динии маќомот" буд. Инчунин 10 дарсад ба гузинаи "ин кори шахсии ўст" овоз дода, 10 фоизи дигар варианти "дасти хадамоти махсуси хориљї"-ро интихоб кардааст. Аз байни иштирокчиёни ин назарпурсї њамагї 1% гуфтааст, ки "дар ин бора фикр накардам" ва 5 фоизи ахир њам гузинаи "намедонам"-ро нохун задаанд. Ин назарпурсии виртуалї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 3 то 9 - уми июни соли 2015 дар сомонаи Ољонсии иттилоотии TojNews гузаронида шуд. Дар он 322 нафар ширкат кардааст.
СИЁСАТ Тољикистон аз Эрон барои муќобила бо "Висоли њаќ" кўмак хост. Ин телевизион, ки мансуб ба љараёни салафия аст, ду моњ ба ин сў ба як дардисари маќомоти Тољикистон табдил ёфтааст. Шуруъ аз моњи апрели соли равон "Висоли њаќ" аз сиёсатњои динии њукумати Тољикистон интиќод мекунад. Кўмакхоњї аз Эрон њам дар њолест, ки ин ТВ аз оѓоз таблиѓоти зиддишиагї, дар асл зиддиэронї мебарад ва њоло ба як хатари иттилоотї барои кишвари дигари форсзабон - Тољикистон низ табдил ёфтааст. Дархости мазкур 6 июн зимни мулоќоти Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилии Тољикистон ва њамтои эрониаш Абдулризо Рањмонї Фазлї ба миён гузошта шуд. Хабарро њам расонањои эронї пахш карданд. Сомонаи ВКД - и Тољикистон зимни пахши хабар аз ин мулоќот дар ин маврид њарфе нагуфтааст. ИРНА, хабаргузории расмии Эрон навиштааст, ки Рањимзода дархости кўмак барои муќобила бо "Висоли њаќ" - ро шарњ дода, гуфтааст, ин ТВ "ба мардуми Тољикистон ахбори нодуруст пешнињод ва ифротгароиро таблиѓ мекунад". Рањимзода гуфтааст, "Висоли њаќ" мехоњад дар Тољикистон фитна эљод кунад ва аз Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон иќтибос кардааст, ки гуфта буд, ќисме аз мардуми кишвар аз камсаводї ба доми мубаллиѓони салафї ва ифротгароён афтода, даст ба фаъолиятњои террористї задаанд. ИРНА дар ин бора, ки вазири кишвари Эрон Абдулризо Рањмонї Фазлї ба дархости њамтои тољикаш дар бораи кўмак барои муќобила бо "Висоли њаќ" чї посух гуфт, чизе зикр намекунад. Аммо хабаргузории нимарасмии "Форс" аз ин нишаст гузориш дода, Рањмонї Фазлиро иќтибос мекунад, ки гуфтааст, гурўњњои террористї аз фаќри мардум истифода мебаранд, аз ин хотир, "дар канори иќдомоти низомї ва амниятї бояд сатњи иттилоот ба гунае афзоиш пайдо кунад, то мардум эњсос кунанд, ки давлатњо бо онњо њамроњ њастанд ва дар натиља дар мавќеияти њимоят аз давлатњояшон ќарор гиранд". Вазири кишвари Эрон гуфтааст, "њар ќадар ба гуруњњои исломии муътадил, ки дар чањорчўби ќонун, аќл ва шаръ амал мекунанд, майдон барои фаъолият дода шавад, дар он сурат доманаи фаъолияти гуруњњои ифротї низ мањдуд хоњад шуд. Агар талош кунем, ки љавононро ба сўи исломи воќеї љазб кунем, онњо ба сўйи исломи ифротї нахоњанд рафт".
Паёмњои пинњонї Агар ахбори расонањои эронї аз мулоќоти вазирони корњои дохилии Тољикистон ва Эронро ба тањлил гирем, ду бархўрди алоњидаро ба мушкил мебинем. Аввал, Рамазон Рањимзода бар ин аст, ки барои љилавгирї аз таблиѓоти зиддињукуматии "Висоли њаќ" бояд аз нерў кор гирифт, яъне чї бояд кард, ки ба истилоњ, дањони он баста шавад. Ин кор аз дасти Эрон меояд? Љавоб манфї аст. Баъид аст, ки Рањимзода инро нафањмад. Пас чаро кўмак хостааст? "Висоли њаќ" ва дар баробари он ду ТВ - и дигар - "Калима" ва "Нур" њарчанд шабакањои ањли суннат муаррифї мешаванд, аммо дар асл аќидањои салафияро тарѓиб мекунанд. Ин дастгоњњои таблиѓотї бо кўмаки молии Арабистони Саудї ва пуштибононаш Амрикову Ѓарб фаъолият доранд, ки њадафи онњо дар миёни мусалмонони суннї коштани тухми нафрат алайњи Эрони шиа аст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
3
Санги тафриќа Эрону Тољикистону чї тавр душман мекунанд? Агар ба умќи масъала бингарем, роњандозии маъракаи таблиѓотии зидди њукумати Тољикистон, кишваре, ки аксарияти кулл мусалмонони суннимазњаб њастанд, худ суолбарангез аст. Пас "Висоли њаќ" - минбари Саудиву Амрико аз Тољикистон чї мехоњад? Барномањое, ки ин ТВ дар бораи Тољикистон пахш мекунад, дар оѓоз аз интиќоди сиёсатњои динии њукумати Тољикистон - манъи њиљобу ришу бастани масољид иборат буд. Аммо як њарфу як мавзуъро намешавад такрор ба такрор гуфту матрањ кард. Аз ин хотир, "Висоли њаќ" минбарашро барои афроди норозї, масалан, муњољирини кории тољик ва намояндагони созмонњои мухолифи њукумати Тољикистон, аз љумла "Гуруњи 24" ва љангиёни тољик дар Сурияву Ироќ низ вогузор мекунад. Њадафи "Висоли њаќ" гўё њимоят аз озодињои динии мардуми Тољикистон аст, ки дар асл чунин нест. Пеш аз њама ба ин далел, ки "бањси њиљобу риш" солњо ба ин сў дар Тољикистон вуљуд дорад ва то ду моњи пеш ин ТВ - и "њомии манофеъи суннињо" дањан во намекард, тавре ба фољиаи мусалмонони Бирма чашм пўшидааст. Њадафи аслї њамоно љилавгирї аз густариши нуфузи Эрони шиа на фаќат дар Тољикистон, балки тамоми Осиёи Марказї аст. Њоло тањлукаи Амрикову Саудї аз чист? Таљрибаи Яман бармало кард, ки мардуми сунниву шиа метавонанд барои муќобила бо нуфузталабињои Саудиву Амрико муттањид шуда, аз сарзамини худ дифоъ кунанд. Ахирињо ба ин далел, ки Эрон яке аз пуштибонњои ашаддии њукумат ва сарзамини Тољикистон аст, бањси сунъии сунниву шиаро њамчун санги тафриќа ба миён андохтаанд. Дар
њоле, ки хуб медонанд, наздикии Эрону Тољикистон реша на бар мазњаб, балки эроният, муштаракоти фарњангї ва њамзабонї дорад. Онњо ва Эрон њам хуб медонанд, ки њанафимазњабони Тољикистон ба бархўрди мазњабии эронињо њассосият нишон медињанд. Салафияро ин вазъ беќарор, балки "девона" кардааст, ки чаро суннињои Тољикистон шиањоро бад намебинанд. Пуштибонони онњо тањти тарѓиби "аќидаи суннат ва љамоат", дар асл арабгарої, мањз салафї кардани Тољикистон, дар асл људо кардани Тољикистону Эронро њадаф ќарор додаанд. Љои бањс нест, ки дар Тољикистон як идда љавонон тањти таъсири ин гуна таблиѓот рафта, эрониро на як бародар, балки шиа ва "душмани ањли суннат" мењисобанд. Ва њам доирањое дар Эрон мехоњанд Тољикистонро як кишвари шиа бинанд. Хулоса, Рамазон Рањимзода ваќте барои муќобила бо "Висоли њаќ" аз Эрон кўмак хост, хуб медонист, ки он мисли "К+" "моли фаќирон" нест, онро харида намешавад, аммо ин паёми пинњониро фиристод: Эрон бояд ба масъалаи мазњаб, бахусус ЊНИТ, дар Тољикистон аз эњтиёт кор гирад ва њукумати Тољикистон на фаќат бо ифротишавї, балки душманони Эрон њам дар њоли мубориза аст.
Њимоят аз ЊНИТ Вокуниши вазири корњои дохилии Эрон њам гўё посух ба ин паём буд. Рањмонї Фазлї гуфтааст, дар баробари "иќдомоти низомї ва амниятї" бояд таблиѓоти њукуматї ба дараљае бошад, ки мардум эњсос кунад давлат бо ўст. Ин ишора ба маъракањои зидди
њиљобу риш, манъу бастани масљидњо ва ѓайра метавонад бошад, ки ба иддаоњои расмї, барои љилавгирї аз ифротишавии љомиа роњандозї шуда буданд, аммо њоло ба назар мерасад, натиљаи баръакс њам додааст. Ишораи вазири эронї њам бар ин аст, ки ин гуна "иќдомоти низомї ва амниятї" мардумро аз давлат дур мекунад ва бояд иќдомоти иттилоотї - тарѓиботї њам дуруст гирифта шаванд, то мардумро дар канори давлат ќарор дињад. Ишораи дуюми вазири кишвари Эрон ба "гуруњњои исломии муътадил" аст, ки аз исломи воќеї намояндагї карда, аз гаравидани љавонон ба "исломи ифротї" љилавгирї мекунад. Ягона неруе, ки аз исломи муътадил дар Тољикистон намояндагї мекунад, Њизби нањзати исломї аст. Барномаи "антинањзат" и њукумати Тољикистон тайи се соли ахир нишон медињад, ки иддае дар ќудрат будани ЊНИТ-ро дар сањнаи сиёсии кишвар намехоњанд ва ё онро хатар ба њукумати худ мењисобанд. Ишораи вазири кишвари Эрон ба "исломи муътадил" њамоно ЊНИТ бояд бошад, ки як неруи сиёсии мавриди њимояти љумњурии исломї шинохта мешавад ва ба назар мерасад, иќдомоте, ки дар Тољикистон алайњи он гирифта мешаванд, ба Тењрон маъќул нест. Ин аз як љињат замонати он бошад, ки ЊНИТ њељ гоњ тањти таъсири салафињо ё пуштибонони онњо - Саудиву Амрико нахоњад рафт, аз љониби дигар, ишора ба он аст, ки ЊНИ - ро њамкори худ донанд.
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
АМНИЯТИ ФАРЊАНГЇ Субњи 6-уми июн дар пайи як њамла љангљўёни Толибон минтаќаи Юмгони Афѓонистон Бадахшонро ба муњосира гирифтаанд. Хабаргузорињои Афѓонистон, аз љумла шабакаи телевизионии "Тулўъ" хабар медињад, ки ин даргирї бомдоди имрўз, 6-уми июн сурат гирифта, дањњо љангљўи дохилї ва хориљї бар бахшњои вулусволии Юмгон њамла карданд. Шоњвалї Адиб, сарпарасти вилояти Бадахшони Афѓонистон гуфтааст, ки нерўњои давлатї дар муњосираи љангљўёни Толиб ќарор доранд. Аз њукумати марказии Афѓонистон хостааст, ки барои љилавгирї аз суќути ин вулусволї ба дасти Толибон нерўњои кумакї фиристад. Расонањои Афѓонистон дар бораи ширкати љангљўёни хориљї аз љумла аз Осиёи
ЉАНГИЁНИ ТОЛИБОН БА ОРОМГОЊИ НОСИРИ ХУСРАВ ДАР БАДАХШОН НАЗДИК МЕШАВАНД Марказї дар ин њамла сухан мекунанд. Моњи майи соли гузашта низ Толибон дар пайи як њамла музофоти мазкурро тасарруф карда буданд, ки дар Тољикистон низ вокунишњоро ба бор овард. 12-уми июни соли 2014 дар як нишасти коршиносони Тољикистон ва Русия полковники Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон (КДАМ) Умед Назаров бо ишора ба ин њамлаи Толибон гуфта буд, ки онњо ин њодисаро љиддї мегиранд. Дар ин нишаст Умед Назаров мушаххасан таъкид дошт, ки "коршиносони КДАМ ин њодисаро то љое барљаста мењисобанд, зеро вулусволии Юм-
гон на фаќат як ќисмати Бадахшон аст, балки ин маконест, ки барои њар як тољик арзиши фарњангї - таърихї дорад. Ин љо классики адабиёти форсу тољик Носири Хисрав зиндагї мекард ва ин љо њам оромгоњи ўст". Вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшони Афѓонистон воќеъ аст, ки њудуди 33 њазор ањолї дошта, аксари онњо пайравони мазњаби шиаи исмоилї мебошанд. Аз бањори соли равон ин нахустин њамлаи шадиди љангљўёни Толибон ва дигар љангљўёни гурўњњои ифротї ба шимоли Афѓонистон нест. Ќаблан, дар моњи майи соли равон дар пайи њамлањои љангљўњо бархе
аз вулусволињои вилоёти Ќундуз, Тахор ва Бадахшони Афѓонистон аз љумла Юмгон суќут карда буд, ки нерўњои давлатї дубора ба даст оварданд.
4
ГУЗОРИШ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
“Об барои њаёт” Гузориши тасвирї аз конфронси байнулмилалии сатњи баланд доир ба раванди татбиќи амалии Дањсолаи байнулмилалии амалиёти “Об барои њаёт” дар солњои 2005 – 2015
Аксњо аз сомонањои расмии Президенти Тољикистон ва вазорати корњои хориљии Тољикистон
ЯГОНАЊО Табиби суннатї Садриддиншоњ Љалолї, ки дар чанд кишварњои хориљї низ ба муолиља машѓул шудааст ва то имрўз њазорон њазор маризони дохиливу хориљї аз баракати дониш, таљриба ва њиммати баландаш шифо ёфтаанд, Афсурдаву ноумедњо меояд, вале бо рўњи шод ва моломоли муњаббат ба зиндагї бармегарданд, зеро ў бисёр маризњоеро шифо бахшида, ки роњи ягонаашон ба ќабристон буд... Садриддиншоњ табиби авлодист. Падараш Нуриддиншоњ Љалолї њам табиб буду њам адиб. Фарзанд њам аз бобо ва њам аз падар дар бораи табобат бо гиёњ тадриљан меомўхт, вале дил ўро ба дигар сўй мекашид. Биёед, бењтараш суњбатро оѓоз кунем, то худ бигўяд. - Акаи Садриддиншоњ, Шумо кистед? - Ман як мушт хок, њубоби рўи об... - Агар хоксориро як сў гузорем. - Хатмкардаи факултаи забонњои Шарќи Донишгоњи миллии Тољикистон. Дар хориљу дохили кишвар фаъолият доштам. Дар бахши хориљии Радиои Тољикистон кор мекардам. Дар факултаи журналистикаи Донишгоњи ба номи Ломоносови Маскав низ тањсил намуда, аспирантураро хатм кардаам. - Аммо имрўз мебинам, ба табобати маризон машѓулед. - Бале, таќдир њамин будааст. Падарам рањматї Нуриддиншоњ Љалолї дар дењаи Реваки ноњияи Шуѓнон мезист ва маризонро аз тамоми гўшаву канори собиќ Шўравї муолиља мекарду ман дар Душанбе кор мекардам. Охирњои солњои њаштод борњо њамин тавр шуда буд, ки баста ба обу њаво њафтањо тайёра ба Бадахшон парвоз намекард ва он касалњое, ки аз дигар кишварњо ба суроѓи падарам меомаданд, дар Душанбе мемонданд. Баъд падарам аз ман хоњиш мекард, ки онњо ноумед нараванд, муолиљаашон кунам. Чун ман аз бачагї дар канораш будам ва аз сирру асрори табобат бо гиёњ бохабар будам, сухани падар рад намешуд. Њамин тавр, тадриљан пурра ба табобат машѓул шудам. Моњи майи соли 1989 бо кўшиши Вазорати сињатии оммаи Тољикистон нахустин Маркази тибби суннатї бо номи "Шифо" таъсис ёфт ва ман ба кор ба ин марказ даъват шудам. Баъдтар дар Туркманистон, ЉИЭ, Югославия, Русия ва нињоят аз соли 1997 дар шањри Душанбе "Тибби Ориён" кушода шуд ва ман њамин љойам. Се сол тањсили тиббї њам дорам. - Ман аз фаъолияти падаратон хабар доштам, вале ростї дар бораи Шумо танњо шунида будам, ки чунин табибе њаст ва агар њамкасбам Љумъабой Расулов дар бораатон намегуфт, бехабар мемондам. Чї боиси "оби дари хона хира" шуд? - Гап дар сари он ки замони љанги шањрвандї мо фишору тањдидро њис кардем ва яќин буд, агар сар ба берун намекашидем, мисли бисёр дўстону пайвандонамон ќурбони он љанги ањмаќона мешудем. - Яъне, ба хориљи кишвар рафтед? - Бале, аввал дар Туркманистон, баъд дар шањри Гумбади Ковуси Мозандарони Эрон муддате табибї доштам. Баъд ба Тољикистон баргаштем. Мутаассифона, вазири тандурустии он солњо бо номи Аъламхон Ањмадов рухсат надод, ки мо ба табобати мардум пардозем. Бинобарин бо даъват ба Аврупо рафта, дар собиќ Югославия се сол ба муолиља машѓул шудам. - Оё Ањмадов ягона вазир буд, ки ба Шумо монеъ шуд? - Ња, танњо ў ин корро раво дид. Аз Ањмадов пештар, охири солњои њаштодум маро ба Вазорати тандурустї даъват карданд ва муовини вазир як марди русзабоне буд, ки гуфт: "Тољикон ворисони Синои бузурганд ва бояд анъанаи ўро давом дињанд ва табобати гиёњиро бояд ба роњ монд! Агар тољикон неву дигар миллатњо ин корро аз мо пештар кунанд, вори-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
Як мушт хок, њубоби рўи об сони Сино шармандаанд!" Ба ман имконият фароњам оварданд, ки курси сесолаи тиббиро хатм кунам. Њамин тавр, ба кор сар кардем ва ман аз онњо сипосгузорам. - Акаи Садриддиншоњ, чаро дигар касро неву Шуморо ба вазорат даъват карданд? - Њамон рўзњо, ки ман кам - кам табобат мекардам, пизишкёре аз вазорат назди ман муолиља мегирифт ва рўзе пулаш дар фарши њуљраи мо афтодааст. Ман он сўмро то дидам, ки пизишкёр аллакай рафта буд ва аз пасаш шитофтам. Дар истгоњ ўро дарёб кардам ва пулашро додам. Чун он муовин аз ин амали ман бохабар шудааст, даъватам кард. - Вазъият имрўз чї тавр аст? Вазорат халал намерасонад? - На, на, имрўз ман тамоман озодам ва Вазорати тандурустї ба ман мадад мерасонад. Њар замон онњо баъзе беморон, асосан, онњое, ки шояд тамоми дармонгоњу беморхонањоро дар дохилу беруни кишвар гузашта, муолиља наёфтаанд, назди ман мефиристанд. - Ба њамон пизишкёре, ки пулашро баргардонидед, бармегардем. Оё Шумо маљљонї табобат мекунед? - Агар моњонае, ки зиндагиамро кашад, чаро не. Аммо чи тавре мебинед, ман њам дорувор ва зарфњо барои онњоро мехарам ва оила дорам. Маљбурам, пулакї табобат кунам. Тамоми он касалоне, ки ба ин даргоњ меоянду бо онњо њамсуњбат шудам, бо як овоз мегўянд, ки ѓолибан акаи Садриддиншоњ аввал муолиља мекунад ва баъд пул мегирад. Нархи табобати акаи Садриддиншоњ аз аксари табибони Тољикистон арзонтар аст. Гоње агар мизољ камбизоат бошад, аз ў пул намегирад ва њатто ба баъзеашон рањпулї њам медињад. Рўзноманигор Љумъабой Расулов наќл мекунад: "Дар шањри Челябински Русия шиносе дорам. Духтари ў бо номи Динара Илмитдинова то соли гузашта бемор буд ва модар дар
АЗ ИДОРА: Тањти рубрикаи "Ягонањо" ба нашри матолиб дар бораи афроде шуруъ мекунем, ки дар рўзгори мо њарчанд маъруфият надоранд ва таблиѓ нашудаанд, аммо дар зиндагї инсонњои нотакрор ва хориќулодда њастанд. Агар чунин касро медонед, пас, моро огоњ кунед. Русия ба бисёр духтурњо фарзандашро нишон додааст, аммо касе муолиља карда натавонист. Боре аз ман хоњиш кард, ки оё дар Тољикистон табибони суннатї њастанд. Ќисса кўтоњ, барои духтараш ман аз акаи Садриддиншоњ дорувор гирифта, фиристодам. Духтар пас аз истеъмоли гиёњњои шифобахши табиби тољик ќариб ки пурра сињат шуда, издивољ кардааст, њол он ки он духтар худаш роњ гашта наметавонистааст. Пас аз Илмитдинова боз чанд нафар аз он шањр аз ман илтимос карданд, дорувор фиристодам. Аксар шифо ёфта, њоло омодаанд барои изњори сипос ба Тољикистон назди табиб оянд. Љињати муњим он аст, ки акаи Садриддиншоњ аз онњо пул нагирифт, балки танњо номи чанд гиёње, ки дар он минтаќањо месабзидааст, хоњиш кард, фиристонанд..." Дилором Самиева, аз Файзобод: "Ман бемор будам, духтурон натавонистанд мададам расонанд ва худи онњо тавсия доданд, ки назди акаи Садриддиншоњ оям. Нуњ моњ шуд, ки ман аз ин кас муолиља мегирам ва њоло сињат шудам ва акнун барои модарам омадам." Расулов Муњаммадраљаб, аз мањаллаи Зарафшони Душанбе: "Њамсарам дар беморхонаи љумњуриявї дар Ќарияи Боло духтур буд. Ќанд азобаш медод, корро партофт. Акнун аз ин табобатгоњи "Ориён" муолиља мегирад ва њоло хеле бењтар аст." - Миёни мизољони Шумо оё сарватмандон њам буданд?
ШАРИАТ
Тўраљонзонда: "Мусалмон њаќќ дорад аз
дин, љон, номус ва молаш дифоъ кунад" Њољї Акбар Тўраљонзода, рўњонї ва сиёсатмадори шинохтаи кишвар гуфтааст, ки бояд мусалмон боѓайрат бошад, ў њаќ дорад аз дин, љон, мол ва номусаш дифоъ кунад. Як муњољири кории тољик дар Русия ба воситаи сомонаи оилавии н Тўраљонзодањо аз Њољї Акбар пурсидааст, ки "агар ба мо ѓайри мусалмон бо ягон сабабе тањдиди задан кунад, мо њаќ дорем, ки то куштан бо онњо биљангем?" Ин рўњонї ва сиёсатмадори кишвар посух додааст, ки "Мувофиќи таълимоти Илсомї бояд мусалмон шуљоъу боѓайрат бошад ва нагузорад њаќќашро касе поймол кунад. Мусалмон њаќќ дорад дифо аз дин,
љон, номус ва молаш кунад. Расули Худо алайњиссалом гуфтаанд: Шахсе барои дифоъ аз молаш кушта шавад шањид аст, барои дифоъ аз номусаш кушта шавад шањид аст, барои дифоъ аз динаш кушта шавад шањид аст ва барои дифоъ аз љонаш кушта шавад низ шањид аст. (Ривояти Имом Ањмад) Њазрати Абуњурайра гуфт: Рўзе як мард аз Расули Худо алайњиссалом пурсид: Ай Расули Худо! Агар марде бихоњад моли маро бигирад, чї кор кунам? Њазрат гуфтанд: Нагузор молатро бигирад. Он мард гуфт: Агар надињам моламро ва ў бихоњад маро бикушад чї кор кунам? Њазрат гуфтанд: Зиддаш мубориза бибар. Он мард
гуфт: Агар ў маро бикушад чї мешавад? Њазрат гуфтанд: Шањид мешавї. Боз он мард гуфт: Агар ман ўро бикушам чї? Њазрат гуфтанд: ў љањаннамї мешавад.(Ривояти Муслим) Имом Нававї гуфта аст: Шахсе мехоњад ба љон, номус, мол ва дини мусалмоне дастдарозї кунад, рехтани хунаш њалол аст. Мисол шахси золим њамла ба љон дорад ё ба номус таљовуз бихоњад кунад... Бино ба гуфтаи Расули Худо алайњиссалом барои мусалмон љоиз аст то њадди имкон аз дин, љон мол ва номусаш (оилааш) дифоъ кунад. Дар авал нияти куштани шахси золимро набояд кунад, кўшиш намояд бо роњњои мухталиф то бе рехтани хун њаќќашро аз зулми золим њифз намояд, аммо агар кор ба љойе расад, ки магар куштани золим дигар чорае нест, пас агар имкони куштани золимро дошта бошад куштанаш љоиз аст".
5
- Бале, лекин аз назари ман мардуми оддї њимматашон баландтар аст. Боре як дўстам омад ва гуфт, рафиќе дорад гирифтори касалии ќанд ва пулдору њолаш табоњ аст. Розї шудам, дар манзилаш табобат кунам. Њол он ки то як нафарро дар хонааш муолиља мекунї, дар ин марказ дањ нафарро мебинї. - Пас ба он хонаи бемор рафтед? - Бале, он касал дар мањаллаи Калинин дар њавлии сеќабата мезист. Дидам, ки њолаш хеле бад ва њаракат карда наметавонист. Њатто барои аз рўи миз чизеро гирифтан мадор надошт. Чун маро дид, дар чашмонаш умед дурахшид ва гуфт, ки табибљон, агар сињатам кунї, аз сарат тиллову доллар мерезам. Муддате гузашт, менишастагї шуд, баъд рост шуд, сонї ба кўча баромад. Ва рўзе ба ин марказ худаш омад ва ба ман сад доллар ва бо он дўстам, ки маро ба њавлиаш бурда буд, сад доллар дод. Баъд пурсид, ки акнун ў метавонад ба Кўлоб рафта ояд. Гуфтам, ака, на танњо ба Кўлоб, балки ба дигар љой њам рафта метавонї. Вале ту гуфта будї, аз сарат тиллову доллар мерезам. Ваъда кардї, њарчанд мо аз ту чизе тамаъ надорем ва ё нагуфтем, ки фалон њазор медињї, баъд сињатат мекунем. Намедонист чї гўяд. Гуфтам, ака, сињат шудї ва дигар ту ин даргоњро фаромўш кун. Чор тарафат ќибла! - Пас бо он сарватманди сињатшуда дигар рўбарў наомадед? - На. Танњо боре як нафар саломашро ба ман расонид. Куљо бошад, сињат бошад, шуд. Муњимаш он аст, ки шифо ёфт. - Гуфтед, ки ба 75 ќадам гузоштаед ва дар ин умри бобарокати дароз худатон њам бемор шудаед? - Агар он касалиеро, ки барои он дар бемористон мехобонанд, дар назар дошта бошед, не. Зуком мешавам. Боре, ваќте аз Душанбе фирор карда, дар Ашќобод ќарор гирифта будем, ќариб буд аз њуш мерафтам. Зуд бароям дармоне тайёр кардам ва хўрдаму сињат шудам. Њоло онро "Нўшдору" номидаам. Агар дар кўча рўбарў оед, њаргиз намегўед, ки табиби њозиќ ќариб 74 - сола аст. Аз њама зиёд ўро шастсола мегўянд. Ба замми ин ў марди зиндадилест ва бо мизољон хеле ва хеле мењрубон ва ѓамхор. Аз аксари онњое, ки суњбаташон кардам, як чизро шунидам: акаи Садриддиншоњ њамеша бо мо табассум кати гап мезанад ва њар замон шўхї њам мекунад. - Агар дар Туркманистон буда бошед, пас лисони туркманї њам медонед? - Бале, боз арабї, туркї, русї, сербї ва каму беш англисиро њам балад њастам. - Мегўянд шоирї њам доред? - На, гоње барои худам назм менависам. Рисолати шоирї барои ман хеле баланд аст. - Оё Шумо танњо беморони тољикистониро муолиља мекунед? - На, аз Љумњурии Исломии Эрон ва аз Арабистони Саъудї њам омадаанд. Маро барои кор ба Эрон, Аврупо ва Амрико даъват кардаанду мекунанд, аммо ватан ин љост, миллат ин љост ва то нерў њаст, ман дар хидмати миллатам њастам. Садриддиншоњи Љалол дар байни сад табибону духтурони тољик бењтарин дониста шуда, барояш шоњљоиза супоридаанд. Айнан чунин шоњљоиза низ дар Русия ба ў њамчун бењтарин табиби халќї насиб гардида буд. Ба замми ин ў дар њафт симпозиумњои табибони суннатї дар Чину Амрико ва дигар кишварњо иштирок дошта, маърўза ва пешнињодњои муфид барои пешрафти соњааш кардааст. Аммо чун рўбарўяш менишинед, як марди фурўтан ва кушодчењраро мебинед ва њатман ба ў бовар мекунед. Бовар мекунед, ки ў ба шумо мадад мерасонад ва бовар мекунед, ки ў дониш дораду таљриба ва њиммати баланд.
Муњибуллоњ ЌУРБОН
6
(Идома аз шумораи гузашта) Кўшишу зањматњои пайваста бенатиља намонданд. Зиёдулло Шањидї комилан омода шуданд барои нишоти пурсамара дар чанд самт: эљоди асарњои мусиќии дорои вижагињои баланди бадеъї, бо такя њам ба фарњанги мусиќии классикии суннатї ва њам ба фарњанги мусиќии аврупої, ба тарзи боз њам амиќтар омўхтани мусиќии љањонї ва роњу усули таълифи асарњои мураккаби полифонї, сарварї намудани коллективњои калони њунарї, фаъолияти љамъиятї. Барои нишоте, ки муњтавои асосии марњалаи саввуми фаъолияти эљодиву љамъиятии эшонро ташкил мекарду фосилаи замониро таќрибан аз оѓози солњои чињилуми ќарни гузашта то ба итмом расондани давраи дуввуми тањсил дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И.Чайковский дар соли 1957 фаро мегирифт. Мањз дар марњаллаи мазкур Зиёдулло Шањидї маќоми намоёнтарин оњангсоз ва мусиќасолори љумњуриро касб мекунанд. Дар мартабаи аввал, ба шарофати эљод кардани сурудњои сершуморе, ки аз лањзањои аввалини садо доданашон роњ ба дили мардум ёфта, номи офаридгорашонро шањир сохтанд. Муњаќќиќи шинохтаи рус Елена Орлова дар монографияи худ "Зиёдулло Шањидї", ки соли 1986 аз љониби нашриёти "Советский композитор" - и шањри Маскав ба табъ расид, бино ба меъёрњои худ, руйхати тењтарин суруду романсњои Зиёдулло Шањидиро, ки дар ин давр эљод шудаанд, тартиб медињад. Ин рўйхат беш аз 50 сурудро дарбар мегирад (сањ. 151-152 - и китоби мазкур). Кофист дар ин љо баъзеи онњоро, ки бар пояи ашъори классикон эљод шудаанд, ёдовар шавем - "Бубин" (Њофиз), "Зи сўзи сина" (Њилолї), "Дар љону дил", "Дилдода шудам", "Ватан - Ватан", "Як бўса" (Абулќосим Лоњутї)", "Љоду - Љоду" (Муњаммадљон Рањимї), "Ишќи Ватан" (Њабиб Юсуфї) "Хонаи мо" (Мирзо Турсунзода), "Иди зафар" (Боќї Рањимзода) ... Дар ин давр фаъолияти эљодии Зиёдулло Шањидї дар жанрњои дигари мусиќї низ пурнишот буд. Асарњои симфонии "Мухайяр", ки такмили оњанги классикї барои оркестри симфонї буд (1952), Сюитаи симфонии №1 (1956), асарњои камеравї - созї аз ќабили "Се пйесаи лирикї барои камон (скрипка) ва фортепиано" (1944) "Рондо барои камон ва фортепиано" (1945), "Алла" барои квартети торї" (1946), Пйесањо барои най ва фортепиано "Раќси тољикї", "Дар куњсори Помир"(1953), драмаи мусиќавии "Комде ва Мадан" аз рўи достони Мирзо Абдулќодири Бедил ва либреттои Абдусалом Дењотї (1955), мусиќї ба намоишномањои театрї аз рўи мазњакаи нависандаи озарї Мамед Урдубодї "Арўси панљсўма" (1943), пйесањои Файзулло Ансорї "Ќасами Модар" (1946), Уйгун ва Иззатулло Султонов, "Алишер Навої" (1947), Љалол Икромї "Шаби 28" (1949), Мирсаид Миршакар "Шањри ман" (1949), мусиќа ба филми "Дўсти ман Наврўзов" (1957) самараи ин нишот гаштанд. Дар баробари истеъдоди фитрї ва огоњии мукаммал аз мусиќаи классикии суннтї ин дастовардњоро љидду љањди пайваста дар азбар кардани асосњои мусиќаи полифонии (бисёровоза) ва роњу усули эљод намудани асарњои бисёровоза дар жанрњои гуногуни барои ин низоми мусиќї маъмул боис гаштанд. Нахуст, дар студияи мусиќие, ки аз љониби устдоди рус Александр Листопадов соли 1934 дар назди театри ба номи Абулќосим Лоњутї кушода шуда буд. Баъди он, дар студияе, ки дар назди Иттињоди бастакорони Тољикистон чанде баъд аз таъсисаш (соли 1940) ба кор шуруъ кард. Дар
«
ШАХСИЯТИ МИЛЛЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
њурї маќому эътибори эшонро ба њайси пешвои раванди рушди мусиќаи муосир ба куллї эътирофу намуда, бањснопазир донист. Бо ин њама, як нукта ногуфта низ намонад. Мањз дар марњалаи мазкур, аз охирњои солњои шастум ба баъд мавќеъгирии доирањои расмї ва гузашта аз он, бузургоне, ки аз маќоми расмии пешвоёни фарњангу адаби миллї бархурдор буданд, нисбат ба эшон, агар мулоимтар карда гўем, ба тадриљ сард шудан гирифт ва билохира, ин сардї байни онњову мусиќасолори љумњуриву минтаќа садду деворе гашт. Аз ин њам ногувортар - баъзе аз онњое, ки пештар худро шогирди устод мегуфтанд, баъд аз расидан ба мансабњои баланди расмї, барои худ ин суханњоро мубоњ донистанд: "Акнун мо шуморо устоду муаллим намегўем. Мо шуморо Зиёдулло Муќаддасович мегўем". Чунин муносибат њам сарварони ваќти љумњурї, њам пешвоёни расмии ањли назм, ки хеле аз шеърњояшон мањз ба шарофати оњангњои эљодкардаи бастакор дар байни мардум шуњрат пайдо карданд, њам онњое, ки худро шогирд мегуфтанду рафтори хориљ аз одоби суннатї нисбат ба устоду муаллимашонро барои худ раво донистанд, бастакори хассоро хеле ранљидахотир ва билошак, рўзњояшонро кўтоњтар гардонд. 3. Суоле пеш меояд - кадомин омилњо муваффаќияту пешравињои эљодї ва маќоми хосу фариди Зиёдулло Шањидиро дар фарњанги Тољикистону Осиёи Миёна боис шудаанд?
Зиёдулло Шањидї ва фарњанги навини тољик ин студияњо Зиёдулло Шањидї ва њамкасбони дигари њамсиннусолашон ба тарзи мунтазаму муназзам назарияи мусиќа, гармония, солфељио, полифония, улуми дигари мусиќаро меомўхтанд. Нињоят, дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И. Чайковский дар ду давраи алоњидаву мутакомили таълим - солњои 19461949 ва 1952 -1957. Бо хатми ин донишгоњи тахассусии шањири љањон Зиёдулло Шањидї соњиби дониши мукаммали феъливу расмї, њам дар риштаи мусиќаии классикии суннатї ва њам ѓайрисуннатї гаштанд. Соли 1940 Зиёдуло Шањидї роњбари бадеъии Ансамбли тарона ва раќси тољикии Филармонияи тољик таъйин шуданд. Њамзамон, яке аз муассисони Иттињоди бастакорони љумњурї гаштанд. Соли 1950 роњбари бадеъии Филармонияи давлатии Тољикистон таъйин мешаванд. Баъд аз хатми консерваторяи Маскав (1952-1957) дубора сарварии ин муассисаи муњимии мусиќї-фарњангиро бар уњда мегиранд. Соли 1949 ва 1957 роњбари бадеъии ќисмати мусиќии дањањои фарњангу санъати Тољикистон дар Маскав таъйин мегарданд. Фаъолияти эљодии серљониба ва дастовардњои эљодии Зиёдулло Шањидї дар марњалаи саввуми фаъолияти эљодияшон борњо аз љониби хукумат баланд ќадрдони шуда буданд. Соли 1945 унвони ифтихории, ба таъбири њамон замон, Артисти хизматнишондодаи РСС Тољикистон ва соли 1949 ордени "Нишони Фахрї" - ро шарафёб шуданд. Соли 1947
Бо ин њама, як нукта ногуфта низ намонад. Мањз дар марњалаи мазкур, аз охирњои солњои шастум ба баъд мавќеъгирии доирањои расмї ва гузашта аз он, бузургоне, ки аз маќоми расмии пешвоёни фарњангу адаби миллї бархурдор буданд, нисбат ба эшон, агар мулоимтар карда гўем, ба тадриљ сард шудан гирифт ва билохира, ин сардї байни онњову мусиќасолори љумњуриву минтаќа садду деворе гашт.
«
депутати Шўрои Олии РСС Тољикистон аз ноњияи Комсомолобод ва соли 1956 раиси Иттињоди бастакорони Тољикистон интихоб гардиданд. Марњаллаи чањоруми рушди фаъолияти Зиёдулло Шањидї марњалаи офаридани асарњои мусиќї дар ѓояти такаммул аз тариќи синтези усулњои мусиќии суннатии классикї ва мусиќии классикии ѓайрисуннатї гашт. Дар ин марњала низ, ки солњои зиндагиву фаъолияти эљодии устодро пас аз хатми Консерваторияи давлатии Маскав (1957) ва то ин дунёро падруд гуфтанашон (1985) фаро мегирад, офаридани сурудњо дар эљодиёти эшон њамоно маќоми калон дошт. Ба як њисоб, дар ин давр беш аз 50 суруду романс офарида шуд. Романсњои "Насими бањор", "Ёри мењрубон", "Эй аз гули сурх" бар ашъори Рўдакї, "Эй сорбон" бар ѓазали Саъдї, "Ситораи ман", бар шеъри Мирзо Турсунсозода, "Муњаббат", "Моњи њинду" бар ашъори Аминљон Шукўњї, "Суруди Душанбе" ва "Пойтахти ман" бар ашъори Боќї Рањимзода, њамагї намунае аз онњо мебошанд. Вале, тавре њамаи коршиносони соња ишора мекунанд, мањз дар ин давра офаридани асарњои калонњаљму аз лињози сохтор мураккаб маќоми асосиро дар эљодиёти Зиёдулло Шањидї доро мегарданд. Далели чунин бардошти онњо дар ин солњо таълиф ёфтани операњои "Комде ва Мадан" (1959-60), "Ѓуломон" (197880), опереттаи "Духтаре аз Душанбе" (1966), драмаи мусиќии "Санавбар" (1960), сюитањои симфонии №2 (1961), №3(1964), №4(1968), №5(1975, достони симфонии "1917" (1967), достони симфонии "Бузрук" (1976), "Симфонияи маќомњо" (1977) достони овозї - симфонии "Ибни Сино" (1980), "Достони муитантан", барои оркестри симфонї (1984) мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки дар марњалаи чањорум фаъолияти эљодии гуногунпањлўи Зиёдулло Шањидї ба авчи худ мерасад ва ањли љомеъаву фарњанги љум-
Ќабл аз њама, бояд аз муњити инќилобї, ки зодгоњи Зиёдулло Шањидї шањри Самарќанд ва тамоми Осиёи Марказиро пас аз пирузии шўроњо њукмфаромо гашт, ёдовар шуд. Аз он лињоз, ки мањз њамин муњит на танњо ташаккули шахсияти инсонї ва эљодии Зиёдулло Шањидиро таъсиргузор шуд, балки худи мусиќакор шудани эшонро имконпазир гардонд. Пасон, аз истеъдоди бузурги худодод, мењри ба мусиќа ва таваљљуњу раѓбати ќавии мавсуф барои фаъолона ворид шудан ба олами савту садо ва лањну оњангњо, чун бидуни онњо, ба табиати њол, эљодкор шудан амрест муњол. Њамчунин равост, ки хусусиятњои дигари фитрии эшон, аз ќабили иродаву субот барои пеш рафтан дар самти интихобшуда ва расидан ба њадафњои назди худ гузошта, таваљљуњи пайваста ба азбаркунии донишу малакањои тозаву бештар ва расидан ба уфуќњои нав, эњсоси замона ва талаботи он, мењнатдўстиву тавони тоб овардан ба машаќќатњои касбу њунар, озодихоњї ва истиќлоли эљодї, тавони шикастани њама гуна ќолабњое, ки пешравиро дар роњи баргузида монеъа мешуданд, боварии комил ба нерўи хеш, ёдовар шуд. Њамаи омилњои зикршуда дар робитаву таъсиррасонии њамдигарии љадали (диалектикї) ќарор дошта, дар маљмуъ падид омадани Зиёдулло Шањидиро њамчун мусиќакор ва то ба бастакори шањиру фарид рушд ёфтанашонро боис шуданд. Лизо, усулан, нашояд онњоро аз њамдигар људо кард. Бо ин њама, ба яќини инљониб, хатои чандон зиёд намешавад, агар омилњои муњит ва нављўињову навоварињои мабнї ба асоси матини суннатгарої илова бар шикастани ќолабњо, агар инро мантики зиндагиву раванди эљодкорї таќозо кунад, албатта боз њам дар робитаи љадали бо њам, дорои таъсири бунёдї ба масири инсонї ва эљодии Зиёдулло Шањидї дониста шаванд. (Давом дорад) Рашид Ѓанї АБДУЛЛО
САРНАВИШТ
Шоњидии Гул Шералї ва Матлубхон Давлатов дар мурофиаи Зайд Саидов
Гул Шералї ва Матлубхон Давлатов, собиќ мансабдорони баландпояи Тољикистон дар мурофиаи судии Зайд Саидов ба манфиати соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик шоњидї додаанд. Исњоќ Табаров, вакили дифоъи.Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик мегўяд, ки 4-уми июн ин ду нафар аз мансабдорони пешини Њукумати Тољикистон ба мурофиа даъват шуда, пурсида шуданд. Гул Шералї, собиќ вазири энергетика ва саноат ва Матлубхон Давлатов, собиќ рањбари Дастгоњи иљроияи Президент дар солњои пеш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї буданд. Ба гуфтаи вакили дифоъи Зайд Саидов, ин ду мансабдори собиќ воломаќоми Њукумати Тољикистон дар мурофиа тасдиќ кардаанд, ки моликияти мавриди бањс аз љониби судшаванда тибќи ќавонин хусусї гардонда
шудааст. Њамчунин, пурсидашудагон гуфтаанд, ки Зайд Саидов дар замони мансабдориаш њеч таъсире дар раванди хусусигардонии моликиятњои мазкур таъсир расонда наметавонист. Аз љумла Гул Шералї дар масъалаи хусусигардонии корхонаи "Тољиказот" ва "Гулистон" тасдиќ кардааст, ки хусусигардонї дар асоси ќарори Њукумати Тољикистон сурат гирифта буд, раванди хусусигардонї дар чорчуби талаботи ќонун сурат гирифтааст. Дар ин љо ягон ќонуншиканї нест. Саидов њамчун вазири ваќти саноат ягон манфиати шахсї надошт. Ба раванди хусусигардонї таъсир расонда наметавонист. Исњоќ Табаров аз номи Гул Шералї гуфт, ки ин корхонањо бо пешнињоди вазорати саноат хусусї карда шуда, баъдан бо љалби маблаѓи хориља фаъол гардонда шуд. Ќаблан, Зайд Саидов аз суд та-
лаб карда буд, ки ўро бо се манбсадори баландмаќоми Тољикистон Давлаталї Саидов, муовини аввали сарвазир, Мањмадсаид Убайдуллоев, шањрдори Душанбе ва Матлубхон Давлатов, реферанти калони Президент рўбарў кунанд. Аммо баъдтар даъвати Убайдуллоев худдорї карданд. Ин њам дар њолест, ки дар нимаи моњи октябри соли 2014 Муовини аввали Cарвазири Тољикистон Давлаталї Саидов дар Агентии мубориза бо коррупсия бозпурсї шуда буд. Ў њам пеш аз муовини якуми нахуствазир таъин шуданаш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї буд. Он ваќт дар тасдиќи ин хабар Миллопар Бандишоев, муовини ваќти директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо корупсия ба TojNews гуфт, ки Давлаталї Саидов дар робита ба ќазияи Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик бозпурсї шудааст. Ба гуфтаи собќи масъули Агентї, Давлаталї Саидов дар ин ќазия ба њайси шоњид пурсида шудааст. Ин масъули Агентї нагуфт, ки Муовини аввали Сарвазир дар робита ба кадом њолати парванда бозпурсї шудааст ва оё боз њам бозпурсї хоњад шуд ё на. Њамон ваќт гуфта мешуд, ки вобаста ба ќазияи Зайд Саидов дигар рањбарони собиќи Кумитаи мазкур мавриди пурсиш ќарор хоњанд гирифт. Аз замони ташкилшавии Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ин нињодро шахсони наздик ба Президент Эмомалї Рањмон рањбарї кардаанд. Аз љумла солњои аввал дар ин вазифаи раиси Кумита Шералї Гулов, Матлубхон Давлатов ва Давлаталї Саидов кор кардаанд. Аз ноябри соли 2013 Ќодири Ќосим раиси ин Кумита таъин гардид.
ЊУЌУЌИ ИНСОН
Даъвати HRW аз Пан Ги Мун барои мусоидат ба рањоии Зайд Саидов ва Шуњрат Ќудратов Исми Зайд Саидов дар ёддошти Human Rights Watch ба СММ зикр мешавад Исми Зайд Саидов дар ёддошти Human Rights Watch ба СММ зикр мешавад Human Rights Watch (HRW) аз Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони Миллали Муттањид хостааст, ки дар сафараш ба кишварњои Осиёи Марказї ќазияи ба зиндон шинондани чандин чењрањои шинохта, аз љумла Зайд Саидов ва Шўњрат Ќудратовро матрањ кунад. 9-уми июн ин созмони њуќуќи башар эълон кардааст, ки сафари Пан Ги Мун ба кишварњои Осиёи Марказї фурсати муносибест, ки аз вазъи њуќуќи башар дар кишварњои минтаќа изњори нигаронї карда шавад. Human Rights Watch (HRW) хабар додааст, ки ќабл аз сафари Пан Ги Мун бо супоридани ёддоште хостори матрањ кардани ќазияи пурбањси зиндониён дар сатњи олии ин кишварњо шудааст. Дар ин Вероника Сзенте Голдстон, мудири барномањои Аврупо ва Осиёї марказї дар созмони Human Rights Watch гуфтааст, вазифаи Дабири кулли СММ дар ин сафар он аст, ки ба шиканљаву таъќиби сиёсї, бељазо
пондани омилони шиканља поён дињад. Аз ў даъват кардаанд, барои мусоидат ба озод кардани онњое, ки иштибоњан зиндонї шудаанд, мусоидат кунад. Инчунин, шароити мусоидат барои фаъолияти гурўњњои њомии њуќуќ ва журналистон фароњам оранд. Ин Созмони њуќуќи башар мушаххасан аз Пан Ги Мун хостааст, ки ќазияњои пешвои мухолифини Ќазоќистон Владимир Козлов, њомии њуќуќи инсон дар Ќирѓизистон Азимљон Аскаров, адвокат дар Тољикистон Шўњрат Ќудратов ва рањбари мухолифин Зайд Саидов, дигарандеши сиёсмии туркман Гулгелдї Аннаниёзов ва ва њомии њуќуќи инсон дар Ўзбакистон Аъзам Фармонов ном бурдааст. Инчунин, аз ў талаб мешавад, ки масъалаи њуќуќи њамљинсгароёнро ба миён гузорад. Сафари Пан Ги Мун ба кишварњои Осиёи Марказї субњи 9-уми июн аз Тољикистон шурўъ шуд, ки дар маросими ифтитоњи Конфронси байналмилалии "Об барои њаёт" ширкат кард. Инчунин, бо Президент Эмомалї Рањмон мулоќот дошт. 10-уми июн баъди Тољикистон, Пан Ги Мун ба Ќазоќистон сафар кар-
да, дар панљумин Кугураи рањбарони адёни љањонї ва суннатї ширкат мекунад. Дар назар аст, ки бо Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвар, сарвазир Карим Массимов ва вазири корњои хориљї Ерлан Идрисов мулоќот кунад. 11-уми июн Котиби генералии СММ дар маросими ифтитоњи конфронси байналмилалї дар бораи рушди парламентаризм дар Ќирѓизистон ширкат карда, бо рањбарони аввали ин кишвар мулоќот мекунад. Дар идомаи барномааш ба шањри Ош сафар карда, бо рањбарият ва фаъолони љомеаи шањрвандї дидор бояд кунад. 12-уми июн ба Ўзбакистон сафар мекунад, ки дар барномаи сафараш мулоќот бо президенти Ўзбакистон Ислом Каримов ва вазири корњои хориљии ин кишвар Абдулазиз Камилов љой доранд. Сафари Пан Ги Мун ба кишварњои Осиёи Марказї дар Туркманистон ба анљом мерасад. Тибќи барномааш бояд бо президент Гурбонгулї Бердимуњаммедов ва донишљўёни Донишгоњи байналмиллалии илмњои гуманитарї мулоќот кунад. Маротибаи охир Пан Ги Мун ба Тољикистон моњи апрели соли 2010 сафар карда буд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
7
Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
Њикмати бењикматї Бо гузашти беш аз як моњ пеш аз баргузории Конфронси байналмилалии "Об барои њаёт" дар Тољикистон дастрасї ба сомонаи видеопартали Ютубро лаѓв карданд. Дастрасї ба ин сомона аз 4-уми майи соли равон аз љониби ширкатњои интернетрасон масдуд шуда буд. Дар ин миён шоми 28-уми май дар пайи пањн шудани навори мурољиати Гулмурод Њалимов, фармондењи пешини ОМОН-и Вазорати корњои дохилии Тољикистон дастрасї ба шабакањои иљтимої ва бархе расонањои хабарї дар Тољикистон масдуд шуд. Аз љумла истифодабарандагони интернет ба шабакањои иљтимоии Фейсбук, Одноклассники ва Вконтакте ворид шуда наметавонистанд. 5 - 6 - уми июн дастрасї ба ин сомонањо озод шуд, аммо њамоно Ютуб масдуд буд. Танњо пеш аз баргузории Конфронси байналмилалии "Об барои њаёт" ва сафари Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони Миллали Муттањид дастрасї ба сомонаи Ютуб низ "озод" шуд. Њеч нињодеву маќомоте сабаби бастани ин сомонањоро шарњ надод. Њамин тавр, боз хомўшона масдудиятро бардоштанд. Ва бояд интизор буд, ки як рўзи дигар њам ин ва њам он амал такрор мешаванд. Барои маќомоти Тољикистон ин як амали маъмул аст. Њар ваќте хоњанд бидуни ягон шарњу тавзењ дастрасї ба сомонањои хабарї ва сайтњои шабакањои иљтимоиро масдуд мекунанд ва њар ваќти дигар хоњанд, љилави онњоро рањо хоњанд кард. Аз њама аљиб, њама ангушти ишора сўи Бег Зуњур, сардори Хадамоти алоќа равона мешавад, шахсе, ки ба њамчунин ќудрат доштанаш касе бовар надорад. Дар замони муосир масдуд кардани сомонаи интернетї ин як амали хандаовар буда, ба љуз кишварро мавриди хандахариш ќарор додан натиљае надорад. Бахусус дар замоне, ки илму фанноварї ба суръати берун аз тасаввур њаракат дорад. Як мисоли оддї кофист, ки суръати пешравии фанноварињо барои тасмимгирандањои њукуматї возењ шавад. Чанд сол пеш умуман кор бо компютеру флешка дар кабинетњои њукуматї бегона буд. Њоло дар куљо кор бидуни компютеру интернет ва флешкаро тасаввур кардан мумкин аст? Агар чанд сол ба љои флешка дискњои 500 мб истифода мешуд, њоло як флешакаи чанд гигабайта кофї нест. Бо ин ќадар пешравии кунди мо суръати ивазшавии фанноварињо ба мо таъсир мерасонад. Ё худ компютери беинтернет ќариб лозим нест, наќши њисобкунакро иљро мекунад. Пас бо бастани сомонањое дар ин замон чиро метавон таѓйир дод? Танњо бо иљрои як амал интернет дањњо филтршиканро ба мо пешнињод мекунад, ки чи тавр ба сомонањои масдудшуда дастрасї дошта бошем. Дар љањони имрўз ба таври техникї масдуд кардани вуруд ба як сомона маънои мањдуд кардани дастрасии истифодабарандагон аз онро надорад. Балки маънои онро касб мекунад, ки нињодњои алоњида талоши мањрум кардани сокинон аз иттилоро доранд, дигар њеч. Агар чунин њадаф њам дошта бошанд, ин роњи њал нест. Њоло њам барои Њукумат дер нашудааст, ки сиёсати иттилорасонї ё сиёсати кор бо расонањояшро бознигарї кунад. Њаводиси чанд ваќти охир нишон дод, ки маќомоти Тољикистон дар њолатњои зарурї на сиёсати санљидашударо пеш мегиранд, балки рў ба сайтбандињо меоранд. Аз љумла бо пањн шудани навори мурољиати Гулмурод Њалимов, фармондењи пешини ОМОН-и ВКД дастрасї ба шабакањои иљтимоиро масдуд карданд. Аммо боре андешидаанд, ки ин амал чи натиља дод? Сарфи назар аз ин бастанњо атрофи ќазияи ба ДИИШ пайвастани полковники ВКД расонањо фазое офариданд. Дар ин фазоофарї наќши ВКД баробар ба сифр буд. Зеро ин нињод аз ибтидо хомўширо ихтиёр кард. ВКД метавонист, баръакси ин дар њамон лањзаи аввал фирори ўро шарњ дода, эълон мекард, ки фармондењи ОМОН ба Ватану давлташ хиёнат кардааст. Танњо њамин ќадар гуфтан кофї буд, ки хабарњо атрофи ин гуфта чарх зананд. Аммо бо гузашти чанд рўз аз пайдо шудани ў Прокуратураи генералї ўро хоин эълон кард. Ин ќазия бори дигар заъфи сиёсати иттилорасонї ва фазоофарии нињодњои Њукумати Тољикистонро ба намоиш гузошт. Инчунин, равшан аст, ки расонањои зери тобеъи Њукумат ба мисли Агентии "Ховар", рўзномаи "Љумњурият" ва ѓайра ќариб наќше дар афкорсозї надоранд. Агар дар шароити имрўз мудирияти ин расонањо низ талаботи Њукуматро ќонеъ кунад, алакай барои фардо дер кардаанд. Барои насли оянда, дер не, њамагї то дањ соли оянда равшантар аст, ки ин њикмат чизе дорад, ё аслан бењикматиест, ки њикмат доштааст.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
МУСОЊИБА
Абдулло ЊАБИБОВ:
"Худо ѓами моро хўрд" 28 майи соли 2015 Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон алайњи полковник Гулмурод Њалимов, ки ба "Давлати исломї" дар Сурияву Ироќ пайваст, парвандаи љиної боз кард. Собиќ фармондењи ОМОН-и вазорати корњои дохилї аз рўї моддањои 305 (хиёнат ба давлат), 187 ќисми 2 (иштирок дар иттињоди љиноятї) ва 401 (иштирок дар задухўрдњои мусаллањона ё амалиёти љангї дар дигар давлатњо)-и Кодекси љиної муттањам мешавад. Бино ба гузориши ин нињод, њанўз аввали моњи апрели соли љорї ситоди муштараки Прокуратураи генералї, ВКД ва КДАМ-и Тољикистон бо маќсади тањќиќу тафтиши њолатњои иштироки шањрвандони Тољикистон дар задухурдњои муссалањона ё амалиёти љангї дар дигар давлатњо созмон дода шудааст. Тафтиши парвандаи љиноятии Гулмурод Њалимов низ ба зиммаи ин ситод вогузор шудааст. Тафтиши муќќадамотї, бино ба иттилоии Прокуратураи генералї, собит кардааст, ки собиќ фармондењи ОМОН хиёнат ба давлат ва савганди афсарии милитсияи тољик карда, ањли оила ва фарзандони ноболиѓи худро бесаробон гузошт ва аз ѓараз ба созмаони террористии "Давлати исломї", ки "ягон умумият бо арзишњои дини Ислом надорад ва љиноятњои дањшатовари содиркардааш ба амнияти байналмилалї ва њуќуќу озодињои инсон тањдид мекунанд", пайвастааст. Тафтишоот бар ин фарзия аст, ки Њалимов бар ивази маблаѓ њамчун "актёр" истифода шудааст ва вазифааш таърифи "Давлати исломї" ва сиёњ кардани номи Тољикистон аст. Прокуратураи генералї бар ин бовар аст, ки ваќте "актёр" наќшашро иљро кард, бартараф хоњад шуд. Коршиносон бо ишора ба мавзуи хиёнату љинояти полковники фирорї ба шевањои кор дар маќомоти ќудратї таваљуњ карда, њатто иддае гуфтаанд, ки бояд бархе аз роњбарони нињодњои ќудратї ба истеъфо раванд. Дар ин робита аз генерал - майори мустафъї, тањлилгари масолили амнияти Абдулло Њабибов, собиќ муовини вазири дифоъи Тољикистон нахуст суол кардем, ки аз нигоњи њирфаї чаро фирори як афсари баландпоя вокуниши зиёдро дар љомиа ба бор овард? - Фирори Њалимов дар љомеа барои он вокуниши зиёдро ба вуљуд овард, ў як љавони рањгумзада ва чаласавод нест, ки ба мушкилии молї ва иљтимої гирифтор шудаву ба хотири маблаѓи калон љони худро дар хатар гузорад. Полковник Г. Њалимов шахси маќомдори баландпояи низомї буда, барои садоќат ба Ватан ќасами њарбї хўрдааст, дар муњорибањо иштирок кардааст, љангро дидааст ва хуб медонад ба Сурия рафтан ва ба ДОИШ пайвастан чї паёмад дорад ва барои ќасами њарбиро шикастанаш ўро дар оянда чї интизор аст. - Чї љои нигаронї дошта метавонад? Як афсари норозї фиррор кард ва роњи дигаре наёфт, магар пайвастан бо ДОИШ, бахусус, ки як соли охир шањрвандони зиёди мо ба ин созмони терреристї пайвастанд... - Фармондењи воњиди нухбаи ВКД маќоми баландпоя аст. Ин ба он маъност, ки вай сирри давлатиро медонад, аз заъфи нињодњои ќудратї хабар дорад. Дар умум аз асроре бохабар аст, ки як доираи мањдуд огоњанд. Ихтиёрї ба сафи ДОИШ - созмони террорстие, ки Суди Олии Тољикистон мамнуъ эълон кардааст, пайвастани ў хабари оддї нест. Ин барои рўзноманигорон хабар аст, аммо барои давлат ва љамеа як хушдори љиддї аст. Аз назари касбї бояд суол шавад: чї тавр мешавад, ки дар ин нињоди пўшида, яъне ОМОН, касе дар рафтори фармондењ чизеро пай намебурд, шубња намекард? Ба гуфтаи дўстонаш, ў ваќтњои охир ба ДОИШ
«
таваљљўњ доштааст, лекин инро хадамоти махсус нодида гирифтаанд. Дар фурудгоњ чањор минтаќаи назоратї фаъолият дорад - милиса, гумрук, марзбонї ва хадамоти махсус. Чї тавр шахсе, ки вайро мешиносанд, аз назорати чањор нињод гузашта, дар фурудгоњ марзи кишварро убур кард ва њељ кас напурсид, ки ба куљо ва бо чї маќсад меравад? Зиёда аз ин дар љумњурї чунин низом вуљуд дорад, ки маќоми баландпояи ќудратї, њар касе афсар аст, бидуни иљозаи махсус наметавонад ба хориљи кишвар равад. Њатто дар дохили кишвар онњо бидуни иљозаи роњбарияти нињоди худ наметавонанд сафар кунанд. Онњо бояд њар рўз, њатто рўзњои истироњат бо роњбарони худ дар тамос бошанд. Дигар ин, ки кормандон ва њайати шахсии маќомоти ќудратї ва артиш бояд тањти муњофизаи доимии фаврї ва пинњонии Кумитаи давлатии аминияти милли Тољикистон бошанд. Ин як гуна муњофизат аз таъсири љосусии душман ва њам назорат аз болои онњо њаст. Ин муњофизаи фаврї бояд хеле моњирона, њирфаї бошад, ки "мўйро аз хамир људо кунад" - у натиља дињад. - Љаноби генерал, гуфтед, Гулмурод Њалимов фармондењи як воњиди нуњбаи ВКД буд. ВКД њам хадамоти бехатарии дохилии худро дорад ва дар ин вазорат киву чї будани ўро хуб медонистанд… - Албатта, њељ кас барои ин шикаст, ин воќеъаи нангин масъулиятро аз дўши роњ-
Дар ин њолат кормандони КДАМ маљбуран, ваќти ќимати худро бо њисобу китоби намозгузорон, омода кардани њуљљатњо дар бораи бастани масљидњо (дар расонањо дар бораи бастани 34 масљид дар ноњияи Панљакент ахбор чоп шуда буд), тафтиши субъектњои хољагидор ва дигар корњо, ки масъулияти бевоситаи онњо нест, харљ кунанд.
«
барияти ВКД, нињоди роњбари бевоситаи ОМОН намегирад. Шакке нест, ки гунањкорон ба љазо мерасанд. Аммо њар нињод масъулияти худро дорад. Аз љумла фаъолиятњои зиддиљосусї, ошкор ва безарар кардани љосусњои хориљї, нагузоштани нуфуз кардани онњо ба маќомотњои ќудратї ва артиш, кашфи хоинон ва ватанфурушон дар ин маќомот салоњияти Кумитаи давлатии амнияти миллист. Далелњо, ки Гулмурод Њалимов чанд маротиба дар кишварњои хориља такмили ихтисос кардааст ва махсусан, дар маркази омодагии махсуси "Black Water" - и Амрико, ки ба иттилоъи расонањо, љангиён ва роњбарони табадуллотњоро омода мекунад ва гоњ - гоњ мењмони сафоратхонањои хориљї мешуд, бояд мавриди таваљљуњи тахасусии КДАМ ќарор мегирифт. Ѓайр аз ин, Њалимов Г. њамчун тирандоз (снайпер) - и моњир тибќи тартиботи љоришуда бояд дар њисоби махсус ва назорати доимии пинњонии ин нињод ќарор медошт. Бо боварии комил метавон гуфт, ки агар ин корњо бо тарзи њирфаї иљро мешуданд ва анљом меёфтанд, ин њодисаи нангин, ки ба имиљи давлати мо латма зад, руњ намедод. Хиёнат сари ваќт ошкор мешуду хиёнаткор дастгир. Як чизи дигар њам њайратовар аст, ки дар бораи онњое, ки аз Сурия бармегарданд, кормандони ВКД гузориш медињанд. Ин сирф кор ва ваколати КДАМ мебошад. Дирўз расонањо хабар доданд, ки В. Караулова, шањрванди Русия маќсад доштааст ба Сурия равад. Дар натиљаи амалњои фаврї - љустуљўї ў дар сарњади Туркия дастгир ва баргардонида шуд. Ин гузоришро њам расонањо пахш карда буданд, ки Г. Њалимов чанд сол пештар адар асоси мактуби КДАМ аз сафи маќомот хориљ карда шудааст ва сабаби он њам аъзогї ба гуруњи "Салафия" будааст. Аммо боз барќарор ва дере нагузашта сардори ОМОН таъин шудааст. Савол пайдо мешавад, ки агар ўро бо ин љурм, бо мактуби хадамоти махсус аз кор озод карда бошанд, пас чаро ў аз нав барќарор шуда, ба вазифаи масъул таъин гардид? Чаро роњбарияти КДАМ истодагарї накарда, ин хаторо нодида гирифт, магар нафаре, ки ба љурми аъзогї ба гуруњи экстремистї мањкум мешавад, метавонад дар роњбарии яке аз љузъу томњои муњимтарини ќудратии љумњурї адои вазифа намояд? Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ќатъи назар аз пуштибониву хешутаборї бояд амнияти давлатї аз њама болотар истад. Аз њамаи ин метавон хулоса баровард, ки фирори зиндониён аз боздоштгоњи муваќќатии КДАМ, њаводиси Рашту Хоруѓ дар ин нињод хуб тањлил нашуда, аз онњо хулосањои зарурї бароварда нашудаанд. Њоло технологияњо хеле пешрафт кардаанд ва ин ба он маъност, ки кору фаъолият дар самтњои шабакавї, тањдид ва рискњои нав дуруст ба роњ монда нашудааст ва муќовимат ба њамлањои террористиву экстремистии ба тарзи ќаноатбахш, мутаассифона, имрўз вуљуд надорад. - Пас сабаби ин норасоињо дар чист? - Тавре мегўянд, њамаро кадрњо њал мекунанд. Ин љо масъалаи басалоњиятї ва касбияти њам бархе кормандони ќаторї ва њам роњбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон муњим шудааст. Дар ин нињод, бо назардошти махсусият ва му-
раккабии кор, бояд кадрњои баландихтисос ва интеллектуал хизмат кунанд. Он љо чунин кадрњо њастанд, аммо, афсўс, ки хеле кам. Чї тавре, ки собиќадорони ин хадамот иброз медоранд, дар чанд соли охир бисёри кадрњои њирфаиву таљрибанок бо сабабњои гуногун ронда шудаанд, аз он љумла, махсусан кадрњое, ки дар Русия сабаќ омўхтанд. Аз љониби кормандони нињод генералњо Эркин Муњиддинов дар соњаи мубориза ба терроризм, Ќосимљон Ѓаффоров ва Шариф Салимов дар соњаи контрразведка ва як ќатор кормандони дигар њамчун мутахассисони варзида ва устодони кори худ эњтироми зиёд доранд. Аммо, мутаассифона, бар зиёни кор, онњо аз кори амалї барканоранд, аз коре, ки метавонистанд таљрибаву дониши худро ба њамкорони љавону бетаљриба дињанд. Бахусус, ки ин шахсони муътабар дар вазъи хуби љисмониву равонї ќарор доранд. Лекин, чї тавре, ки мегўянд, бо њирфаињо кор кардан мушкил аст, ваќте худат аз ин дур бошї. Вазъро тањлил карда, баъзан ба чунин хулоса омададн мумкин аст, ки ба љои њалли масъалањои стратегї ва њаётан муњими таъмини амнияти давлатии Тољикистон, тавваљуњи кормандони маќомотро гоњо ба фаъолиятњои камањамият ва њаминлањзаина сафарбар менамоянд. Дар ин њолат кормандони КДАМ маљбуран, ваќти ќимати худро бо њисобу китоби намозгузорон, омода кардани њуљљатњо дар бораи бастани масљидњо (дар расонањо дар бораи бастани 34 масљид дар ноњияи Панљакент ахбор чоп шуда буд), тафтиши субъектњои хољагидор ва дигар корњо, ки масъулияти бевоситаи онњо нест, харљ кунанд. Албатта, ин масъалањо низ бояд баррасї шаванд ва масљиде, ки ба хилофи ќонун фаъолият мекунад, бояд баста шавад, лекин баррасї ва њалли ин масъалањо дар салоњияти маќомоти њокимияти мањаллї, милиса ва љомеъаи шањрвандї буда, бояд тибќи ќавонун њалли худро ёбанд. - Сиёсати танзими фаъолияти динии шањрвандон, ки чанд сол ба ин сў идома дорад, аз љумла бастани масољид, манъи то 18-солањо аз рафтан ба масљид, манъи њиљоб ва ѓайраву ва њоказо дар љомеа норозигии зиёдро ба бор овард. Њамзамон тасаввур мекунем, ки ин корњо намешуданд, њоло љомеаи Тољикистон дар чї њол ќарор дошт. Шояд амнияту суботи имрўза ва њам фирори полковники ОМОН натиљаи њамин сиёсатњо њастанд? - Аввал ин, ки ин сиёсати њукумат нест. Сарќонуни Тољикистон ба озодињои инсон кафолат додааст. Тољикистон як кишвари демократї аст ва инро касе инкор карда наметавонад ва набояд кунад. Агар аз ифротгарої љилавгирї нашавад, амнияти давлат њам тањти хатар мемонад. Дасти созмонњои ифротиву террористї дар кишвар дароз мешаванд ва мебинед, ки љомеаро ба ноамниву бесуботї кашидаанд. Бале, мубориза бояд бурд, аммо хеле њирфаї, тибќи ќонунњои амалкунанда, ки љомеа наранљад ва нисбати њукумат бадбинї ба вуљуд наояд. Ваќтњои охир дар байни мардум њар хел овозањо оиди поймол намудани њуќуќи шањрвандон пайдо мешаванд. Ин кори дасти кормандони бењунари маќомоти ќудратї ва хадамоти махсус аст, ки аз он фаъолияти нињодњои дохилї ва њатто
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
БЕ тњои фавќулодда хуб бархўрдор аст ва метавонад ин таљрибаро ба терористон омўзонад, ўро метавонанд зидди давлати мо истифода кунанд. - Пас аз пахши навори Гулмурод Њалимов иддае аз коршиниосон изњор доштанд, ки бояд роњбарони баъзе нињодњои ќудратї аз вазифа истеъфо дињанд. Назари Шумо дар ин бора чист? - Бидуни шак, ин шикасти љиддї дар кори маќомоти ќудратї ва хадамоти махсус аст. Бо обрўву эътибори онњо ва имиљи давлат хисороти љуброннашаванда ворид шуд. Њалимов вазифаеро ба зимма дошт, ки ба ў донистани чорабинињо ва амалиётњои воњидњои махсус ва дигар маќомотро фароњам карда буд. Хулоса, аз дасти ў корњои зиёд меомад. ОМОН ин нињоди зудамалї зарбазананда аст, ки дар ваќти амалиёт танњо ба амру фармони командираш итоат мекунад. Аз тарафи дигар, худи Гулмурод Њалимов чун снайпер метавонист ба љони ягон мењмони воломаќом, ё афроди сатњи баланди Тољикистон сўйќасд кунад, зеро ў ба њама љо дастрасї дошт.
«
сиёсатњои хориљї осеб диданд. Одатан бархе аз кормандони маќомоти ќудратї ва хадамоти махсус амру фармонњои шифоњии ѓайриќонунии сардорони худро иљро мекунанд ва бо ин роњ њуќуки шањрвандонро даѓалона наќз менамоянд. Масалан, ваќте нафареро боздошт карда, ба зурї ришашро метарошанд, ё бо зўрї рўймол ё њиљоби занро аз сараш мегиранд, љойњои намозгузориро мебанданд, ин хилофи Сарќонун мебошад. Ва аљобат дар он аст, ки ваќте аз роњбарони нињодњои зидахл савол мешавад, ки чаро кормандони шумо ќонуншиканї мекунанд, посух медињанд, ки чунин амр ё дастур аз љониби онњо ироа нашудааст. Чї тавр мешавад, ки роњбар аз фаъолияти зердасташ хабар надошта бошад? Мардум он ќадар бефањм нест, ки надонад асли гап дар чист. Ин, албатта, метавонад норозигии ќонунии шањрвандро ба вуљуд орад. Бадии кор ин аст, ки касе аз иљрокунандагони амрњо барои омоли ѓайриќонунии худ муљозот намешавад. Ва мо њам аксар ваќт онњоро мебахшем, ба љои он ки ба суд мурољиат карда, бо роњи ќонунї аз њуќуќи худ дифоъ кунем ва онњ-
оеро, ки ќонунро ва њуќуќи моро поймол мекунанд, љазо дињем. Бояд њама донем, ки замон дигар шуд ва ба усулњои куњна, ба воситаи зўрию фишор ва амру супоришњои ѓайриќонунї масъала тез њал намешавад. Хулоса, камбудињо зиёданд. Њамаи моро зарур аст, ки дар пањлуи якдигар истода, муштарак барои бартараф кардани онњо кор кунем. Кори тадриљии бонизом ва эњтиром ба њаќќу њуќуќи мардум, на рейдњо - сохтакорињои якмаротибагї ба нафъи кадом як соњибмаќом, ки мехоњад "садоќати" худро ба маќомоти болої нишон дињад. - Ба назари Шумо, Гулмурод Њалимов дар сафи ДОИШ як шахси муњим мешавад? Масалан, метавонад шањрвандони Тољикистонро, ки он љо њастанд, муттањид карда, ба як нерў табдил дињад? - Инро омоли ў дар оянда собит мекунад, ки чї хоњад кард. Аз он, ки амрикоињо бонги хатар мезананд, ки собиќ дастпарварашон аз шевањои мубориза алайњи терроризм, бахусус роњбарии љанг дар њола-
"Азия - плюс" аз 7 майи соли 2015 "Надо разрядить обстановку, чтобы не было взрыва" ва дар радиои "Озодї", инчунин маводи тањлилї оиди њодисаи ба ДОИШ пайваст шудани Г. Њалимов, дар сомонаи "Азия - плюс" боз онњо фаъол шуданд. Дар матлаби аввал, сухан дар бораи авлавият додан ба боз њам ривољу равнаќи муносибатњои њамаљонибаи Тољикистону Русия меравад. ќайд мешавад, ки танњо Русия дар лањзањои хатарзо метавонад аз Тољикистон пуштибонї кунад. Ва дар азнавсозии саноат ва умуман хољагии халќ кўмак расонад. Аз ин хотир, ворид шудани Тољикистон ба Иттињоди Иќтисодии Авруосиё танњо ба манфиати давлати мо мебошад ва дар ин раванд мушкилии муњољирони мењнатиро осон мекунад. Дар матлаби дигар дар сомонаи "Азия - плюс" оиди камбудињои маќомоти ќудратї ва хадамоти махсус, ки сабабгори бе монеа фирор кардани Њалимов мебошанд, дарљ ёфтаанд. Аввал ба фишору найранг (аз ахбори сармуњаррири "Имруз - Нюс") њамон матлаби соли 2011 бе ягон таѓйирот 21 май дар рўзномаи "Имрўз - Нюс" ва инак, 3 июл
- Ин матлабро бо супориши роњбарияти КДАМ кормандони он моњњои апрелу майи соли 2011, замоне, ки дар рўзномаи "Азия - Плюс" аз 28 марти соли 2011 мусоњибаи ман бо журналист А. Ќаюмзод "Мо хатогињои пешинро такрор мекунем" чоп гардид, ба рўзномањо пешнињод шудааст. Њамзамон дар сомонаи "Трудовые мигранты" низ мехостанд онро гузоранд. Лекин ягон рўзнома онро онро ќабул накард.
Хушбахтона, Худо ѓами моро хўрд, вагарна ин хоин ба сари миллату давлат бадбахтињои зиёде метавонист оварад. Дигар ин, ки ў бисёр медонад. Огоњињои ўро барои тавтиаъ ё шантаж, беобрўкунии маќомоти ќудратию хадамоти махсус ва роњбарони онњо ва дар умум бар зидди давлат метавонанд истифода кунанд. Ман бовар дорам ва аз рўи мантиќ, як комиссияи махсус ташкил мешавад, ки њамаи пањлуњои корро омўхта, ба роњбарияти кишвар гузориши воќеї пешнињод карда мешавад. Масъалаи истеъфо рафтану нарафтани онњо ба мардонагї ва виљдонашон вобаста аст. - Дар њамин рўзњо алайњи Шумо маводи интиќодї, ё сиёњкунанда ба чоп расиданд. Љомиаи мо то љое дар бораи шахсияти Шумо медонад. Шумо барои барќарор кардани њокимияти конститутсионї хизмат кардед ва дар парлумон њам фаъолият доштед. Сарчамшаи матолиби алайњи худатонро ташхис додаед? Кї ин корро мекунад? - Ин матлабро бо супориши роњбарияти КДАМ кормандони он моњњои апрелу майи соли 2011, замоне, ки дар рўзномаи "Азия - Плюс" аз 28 марти соли 2011 мусоњибаи ман бо журналист А. Ќаюмзод "Мо хатогињои пешинро такрор мекунем" чоп гардид, ба рўзномањо пешнињод шудааст. Њамзамон дар сомонаи "Трудовые мигранты" низ мехостанд онро гузоранд. Лекин ягон рўзнома онро онро ќабул накард. Соли љорї бошад, баъд аз ба чоп расидани як силсила матлабњо, аз он љумла дар
9
«
дар рўзномаи ЊХДТ "Минбари халќ", 4 июл дар рўзномаи вилоятии "Хатлон" ба чоп расидааст. Аз эњтимол дур нест, ки барои ба кулли мардум расонидани матлабашон хонишњои љамъиятї низ ташкил намоянд. Дар Фейсбук низ аз номи ман сањифае кушода, матлаби тањќиромезро ворид менамоянд. Фишору тањдидњои дигар бењисобанд. Ман њайронам, ба љойи он, ки матлаби холисонаи тањлилгаронро омўхта, дар кор истифода баранд, онњо њамаро душман эълон карда, муборизаро сўи дигар мегардонанд. Ба аќидаи ман, ягон тањлилгар (дар кадом бахше набошад) ѓарази шахсї надошта, дар асоси маводњои мављуда омўхтани аќидањои коршиносон, мутахассисон ва олимон мавќеи хешро оиди бартараф кардани монеањо ва ба кадом сў такомул ёфтани ин ё он проблема баён мекунад. Мутасаддиён инро ба инобат гиранд, хуб, нагиранд, корашон. Мусаллам аст, ки ин тоифа ба љои бењбуд кардани фаъолияташон барои њимояти бемасъулиятї, ноуњдабарої ва заифии худ ва дар курсї мондан њељ чизро дареѓ намедоранд. Кош, ки барои иљрои вазифањои хидматии худ чунин кўшиш ба харљ медоданд. Дар урфият мегўянд, бо туњмату ѓайбат гуноњи шахсе, ки нисбаташ бадхоњї раво мебинанд, дар назди Офаридгор камтар мешавад. Њоло онњоро ба Худо месупорам. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ
ДУРУСТ БИНАВИСЕМ Мутаасифона, дар Тољикистон таќрибан њама ањли ќалам миёни "мулк" ва "милк" фарќ намегузоранд ва њарду мафњумро яксон "мулк" менависанд. Ба љумлањои зайл таваљљуњ фармоед: "Нафароне, ки ин муддати тўлонї кўшиш кардаанд аз њуќуќњои молу мулкї ва ва мењнатии худ бо роњи ќонунї дифоъ кунанд…" (Нигоњ, № 42, 8 январи 2009). "Зеро њамаи мову шумо низ соњибмулкем: яке њуљрачае дорему дигарї њавливу бўстонсаро ва сеюмї маѓозаву фабрика". (Нигоњ, № 42, 8 январи 2009). "Бонки миллї ба соњибмулки фабрикаи мурѓпарварї ќарзи имтиёзнок дод". (СССР, № 4, 22 январи соли 2009) "Тољикдипсервис" корхонаи воњиди
"МУЛК" ДИГАР АСТУ "МИЛК" ДИГАР давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии назди вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ба маълумоти шањрвандон… мерасонад, ки … тамоми амволи ѓайриманќули шахсони воќеъї ва њуќуќї танњо баъд аз гирифтани розигии Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон метавонад аз љониби соњибмулкон ба намояндагињои дипломатї, дигар намояндагињои созмонњои байналмилалї ва муассисањои консулии давлатњои хориљїї ба иљора супорида шавад". (Азия-плюс", № 22, 3 июни 2009). Дар њамаи ин љумлањо ба љойи "милк" ва "соњибмилк" "мулк" ва "соњибмулк" омадааст. Чунин иттибоњи
фоњишро дар ќонунњои љории кишвар низ мебинем. Ва муаллифи маќолаи "мулк" дар "Донишномаи Рўдакї" низ маънии ду вожаи "мулк" ва "милк"-ро ба њам омехта ва навиштааст: "мулк - њар чизе, ки дар имтиёзи одамї бошад, аз љинси молу наќдина, замину манзил, далолату подшоњї ва ѓайра". Аммо чунин нест. "Милк" - он чи дар тасарруфи шахс бошад, амволи ѓайри манќул, замини кишт (љамъаш амлок) аст, вале "мулк" - вилоят, мамлакат, подшоњї мебошад. Соњиби милк - "молик" ва соњиби мулк - "малик" аст. Куњансолони тољик тафриќаи ин дуро ба хубї медонанд ва дар гуфтори онњо
ин ду вожа ба гунаи дуруст ва дар љойи худ истеъмол мешавад. Тафовути маъноии ин ду вожа аз мисолњои зайл њам намудор аст: Ай бор худое, ки худованди љањонї, Лашкаршикану милкдењу мулкситонї. Муиззї, Куллиёти девон, с. 689. Бе мулку милк вилоят дорад, бе олату касб рўзї хўрад ва халќеро бихўронад (Њолот ва суханони Абусаъиди Абулхайр). Он, ки милке ба як суол додї, В-ин, ки мулке ба як сувор гирифт. Анварї Абдуќодири РУСТАМ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
Навори охирине, ки "Музофоти Хуросон" - и "Давлати исломї" пахш кард, њомили тањдидњои љиддї ба Толибон аст. Он 15 даќиќа идома мекунад ва аз суханронии як љињодии беном (аксро бингаред) иборат аст, ки дар паси ў афроди мусаллањ ва сокинони кадом як дењае дар Афѓонистон дида мешаванд. Ин мањал таќрибан вилояти Нангарњор аст, ки ваќтњои ахир шоњиди бозињои хориќулодда гардишї дар фазои сиёсии минтаќа шудааст. Нотиќ бо иќтибос аз њадисњои Њазрати Паёмбар (с) њушдор медињад, ки ду халифа дар як хилофат буда наметавонанд. Вай мегўяд, яке аз халифањо ба меъёри рањбари уммат будан дуруст ояд, ў рањбари пайравони ислом дар тамоми љањон аст ва оне, ки бозиро бохтааст, бояд худро ќафо кашад. Ў номи рањбари Толибони Афѓонистон - Мулло Умарро зикр намекунад, аммо бидуни њељ шакку шубња ин як гуна ќиёси ў ва Абубакри Баѓдодї, халифаи худхонда аст. Ин узви ДОИШ зимни суханронї даъват мекунад, ки Мулло Умар бояд сарнагун карда шавад. Дар навори видеої "Музофоти Хуросон" - и "Давлати исломї" Толибонро ба њамлањои алайњи љангиёнаш бо њидояти Хадамоти махсуси Покистон (Inter-Services Intelligence (ISI) муттањам мекунад. ISI аз оѓоз пуштибони Толибон буд ва аз касе пўшида нест, ки Мулло Умар аз сўи бархе хадамоти ISI дастгирии молиявї мешавад ва њоло ў дар Покистон зиндагї дорад. ДОИШ бо ин васила Покистонро низ тањдид мекунад. Аммо ба назар мерасад, Покистон низ дарк кардааст, ки Амрикову Саудї ва шарикони ѓарбии онњо барномаи дигареро дар Афѓонистон ва кишварњои њамсояаш рўи даст гирифтаанд ва замони Толибон ба охир расидааст. Ин вазъ Покистонро низ маљбур кардааст, ки сари бозињояш дар Афѓонистон таљдиди назар кунад. Њоло Толибону њукумати Афѓонистон музокирот доранд. Тайи 20 рўзи ахир онњо аллакай дар Урумчи, Норвегия ва Дубай мулоќот карданд. Сулњи онњо Толибонро ба њукумат њамроњ мекунад. Ин ба он маъност, ки Покистон тариќи онњо ба њукумати Афѓонистон нуфуз хоњад кард. Њамзамон иттињоди Толибону њукумат алайњи ДИИШ Исломободро ба њадафи умдаи худ - идомаи љанг дар Афѓонистон мерасонад. ДИИШ аз муокироти сулњи Афѓонистон розї нест. Аз ин хотир, дар вилояти Нангарњор чанд њодиса рух дод, ки дида мешавад, Толибону ДИИШ ба душманони якди-
Аз љумлаи тадобири зиддиѓарбии Маскав манъи интиќоли молњои ниёзи њарбї ба неруњои НАТО дар Афѓонистон аст, ки тибќи созишномањои ќаблї, аз ќаламрави Русия убур мекард. Ба маънии дигар, Маскав инро низ чун омили фишор болои амрикоиён ва аврупоиён пиёда кард ва акнун онњо наметавонанд ба неруњои худ мустаќар дар Афѓонистон аз ин масир муњимоти љангї ё молњои дигар ирсол кунанд. Аммо магар ин хеле муњим аст ва метавонад фишор ба Амрико ва муттањидони ѓарбиаш бошад? Масири СРС соли 2008 имконоти тањвили дањњо њазор тонна муњимоти љангии Паймони Атлантики Шимолиро ба Афѓонистон фароњам оварад. Он замон Русия бо дарёфти фоидаи беш аз њадди интизор ба истифодаи масираш ризоят дода буд. Аз сўи дигар, НАТО онро чун як роњи эњтиётї ва алтернативї эљод кард ва дар сурати афзудани хатари лаѓви муносибат бо Покистон кулли маводи зарурї мањз аз њамин роњ интиќол дода мешуд. Соли 2008 НАТО дар Покистон ба мушкилоти зиёд рў ба рў шуда буд. Чандин корвони мошинњояш дуртар аз марз мавриди њамла ќарор гирифтаву нобуд карда мешуданд, ќабилањо ќасоси њамлањои бесарнишини амрикоиро бо ин васила меситониданд. Њукумати Зардорї бо неруњои байналмилалї њамкорї накард ва њатто Вашингтон ва Брюселро ба њамла болои манзилгањи мардуми бегуноњ ва кушта шудани ѓайринизомиён муттањам намуд. "Спектр.lv" (пойгоњи интернетие, ки аз Латвия пахш мешавад) бар ин назар аст, ки имзои созишнома миёни Маскав ва НАТО ќадами бузурге барои гармии муносибатњо миёни Маскав ва кишварњои ѓарбї мањсуб мешуд. Аз тариќи бањр, роњњои оњан ва мошингард бандарњои назди Балтик ва бањри
ЉАЊОН
Навбати ДИИШ Менељерони љанги Афѓонистон Толибонро иваз мекунанд
гар табдил меёбанд. Дар субтитрњои навори 15 - даќиќаина дида мешавад, ки узви ин гуруњ Толибонро ба њамлањо алайњи љангиёнаш дар Нангарњори Афѓонистон дар миёнањои моњи май муттањам мекунад. Нотиќ мегўяд, афроди онњо барои рафиќони кушташудашон ќасос хоњанд гирифт. 3 июн љангиёни ДОИШ дар Нангарњор 10 љангии Толибонро замоне ба њалокат расонданд, ки ахирињо аз амалиёт зидди Урдуи миллии Афѓонистон бармегаштанд. Бино ба гузоришњо аз Фароњ, пас аз он, ки ДОИШ дар ин вилояти ѓарбии Афѓонистон барои тамрини љангиёнаш урдугоњњо таъсис дод, чанд маротиба бо Толибон вориди љанг шудааст. ДИИШ даъвои пирўзї бар танзимњои љињодї дар Афѓонистону Покистонро кунад њам, дар њоли њозир дар ин кишварњо дар ќиёс бо шабакањое, ки Толибон, Ал - ќоида ва шарикони онњо идора мекунанд, кам аст. Аммо ДИИШ барои љанг бо раќибони љињодиаш дар минтаќа омода ва омада буд. Моњи январи соли равон сухангўи "Давлати исломї" Абу Муњаммад ал - Аднонї
эълон кард, ки созмони вай фаъолиятњояшро ба Хуросон (Афѓонистон, Покистон, Осиёи Марказї ва ќисматњои шарќу шимоли Эрон) шуруъ кардааст. Аднонї њушдор дода буд, ки њар нерўе алайњи афроди "хилофат" сар баланд мекунанд, саркўб хоњад шуд. Њарчанд Аднонї аз Толибони Афѓонистону Покистон ном набурд, ин гуруњњоро дар назар дошт. Даъвои ДОИШ амалан дигар созмонњоро ба ташвиш андохтааст, ки онро хеле бо тањаммул мепазиранд. "Ал - Ќоида", "модар" - и созмонњои матрањи террористї њам муносибати худро бо ДОИШ мушаххас накардааст. Ин созмон њоло ањду ќасамаш бо Мулло Умарро, ки аввалин фарди байъаткарда бо Усома ибни Лодан то њаводиси 11 сентябри соли 2001 аст, зикр карда, даъвати "Давлати исломї" - ро ба чолиш мекашад. Аммо рањбарони Ал - Ќоида Мулло Умарро на "халифа", балки "амирулмуъминин" хитоб мекунанд. Дар асл "Давлати исломї" аз њисоби фармондењони норозии Толибон дар Покистону Афѓонистон сар боло кард. Як гуруњи
Тадбири деромада Чї водор кард, ки Русия "масири шимол"-ро ба рўйи НАТО бандад, дар њоле, ки он дигар барои Ѓарб ањамият надошт? Хазар бо пойгоњњои НАТО дар Афѓонистон мепайвастанд. Аммо ин равобит баъди рўйдодњои Укроин ба вахомат гароид, Русия Ќримро ба худ њамроњ кард, аз сўйи дигар њеч роњи њалли дипломатии буњрони Сурия, ки низоми он аз љониби Маскав њимоят мешавад, пайдо нашуд. Ѓарб зидди Русия тањримњои шадид дар чанд марњила эълон кард ва љавобан Русия низ даст ба ин гуна иќдомот зад. Ин нашрия аз ќавли Наталя Хонова, коршиноси Маркази муосири омўзиши Афѓонистон навиштааст, ки њатто дар ибтидои сардии муносибат миёни Ѓарб ва Русия Кремл њамоно мувофиќ буд, ки НАТО аз ин масир истифода барад ва њатто љониби Афѓонистон аз тариќи сафири Русия дар Кобул Александр Мантитский талош кард, ки муоњадаи Маскав ва Брюсел лаѓв нашавад. "Вале аз љониби сарварон ин талошњо ба нокомї кашида шуданд". Акнун "масири шимол" расман ба фаромўшї супурда шуд ва дар њуљљате, ки онро Дмитрий Медведев имзо кардааст, аз ќатъи интиќоли њама гуна борњои низомии неруњои мусоидати байналмилалї аз ќаламрави Русия ба Афѓонистон хабар дода мешавад. Вазорати корњои хориљї вазифадор карда шудааст, ки бо роњњои дипломатї ин амрро ба маќомоти марбутаи кишварњои НАТО бирасонад. Яъне, ќатъи комили њамкории зидди-
террористии Русия ва Ѓарб дар Афѓонистон. Ва маќомоти Маскав ин тадбирро анљоми Ќатъномаи 1386 СММ медонад, ки соли 2001 ба хотири тањкими мубориза бо терроризм ва дастгирии њукумати муваќќати Карзай содир шуда буд ва мантиќан баъди эълони хатми маъмурияти НАТО дар Афѓонистон дар поёни соли гузашта ин ќатънома низ дигар ќонунї мањсуб намешуд. Аммо бо вуљуди ин њудуди ќариб шаш моњ Кремл аз он њимоят кард ва танњо замоне, ки аз тањримњои ѓарбї миёнашро хамзада дид, чун посух муоњадаи худро лаѓв кард. Наталя Хонова гуфтааст, ки аз ин тасмими Русия НАТО чандон љабр намебинад, њарчанд мушкилотеро бояд пушти сар кунад. Вале яќинан роњбарияти ин паймони низомї сари ваќт ба њисоб гирифта буд, ки ташдиди тањримњо ин гуна посух њам хоњад дошт. Нашрия дар идомаи шарњаш менависад, ки лаѓви ин сошинома иќдоми намоишкоронаи Кремл аст ва он сирф сиёсист. "Русия то дами ахир умед дошт, ки як љабњаи муттањиди зидди терроризм созмон медињад, вале НАТО ба њадде фаротар рафт, ки њатто намехоњад бо Маскав ин гуна њамкорї њам дошта бошад",-гуфтааст сардабири маљаллаи "Арсенал", полковники мустаъфї Виктор Мураховский. Аммо андешањои дигар низ вуљуд доранд, ки мегўянд аслан зарурати масири шимол
хурди фармондењони сатњи миёнаи Толибони Покистон моњи январи соли равон бо Баѓдодї байъат карданд. Ба онњо як гуруњи собиќадорони Толибони Афѓонистон низ њамроњ шуданд, ки дар созмони Мулло Умар мавќеашон танг шуда буд. Њамин тавр, "Шўрои Хуросон" тањти рањбарии Њофиз Саид Хон, аз фармондењони Тањрики Толибони Покистон ташкил шуд. Моњи феврал муовини ў Мулло Абдурауф Ходимро бесарнишинњои амрикої дар вилояти Њилманди Афѓонистон нобуд карданд. Моњи апрел худи Њофиз Саид Хон дар Дараи Тироњи вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон бар асари инфиљори бомбаи роњ ба њалокат расид. Њоло бино ба бархе манобеъ, Мулло Абдурањим Муслимдўст, аз фармондењони Толибон, зодаи вилояти Нангарњори Афѓонистон рањбари "Шўрои Хуросон" эълон шудааст. Ин њама бозгўї аз он мекунад, ки барои рањбарии ДОИШ дар "музофоти Хуросон" муборизањо идома доранд. Аммо як нуктаро њељ наметавон инкор кард: тавре, ки соли 1994 њаракати Толибон љойгузини танзимњои љињодї шуд, имрўз љойи онро "Музофоти Хуросон" - и "Давлати исломї" мегирад. Бозии наве дар минтаќа шуруъ мешавад ва њоло бинем, ки боз чї пеш меояд.
Умари ТОЊИР
њанўз соли 2013 аз байн рафта буд, аз ин рў њоло расман баста шудани он ба тањримњо на чизеро илова мекунанд ва на кам. Ба маънии дигар худи Ѓарб баъди бозбинии равобиташ бо Покистон аз ин масир хеле кам истифода мекард. Спектр.lv истинодан ба ќавли котиби матбуотии НАТО Оана Лунгеску навиштааст: "Паймони Атлантики Шимолї ба муоњадаи нави њамлу наќл бо Русия барои Аѓонистон ниёз надорад". Аз ин пештар НАТО ва Амрико ният доштанд аз масири шимол силоњу муњимоти боќимондаи худро аз Афѓонистон берун кашанд. Зеро маќомот бар ин назар буданд, ки боќї гузоштани силлоњњои зиёд ва техникаи љангї дар Афѓонистон хеле хатаровар аст, чун онро метавонанд љангиёни мухолифи давлат, ки дар марз бо Тољикистон мустаќаранд, соњиб шаванд. Аммо баъдан амрикоињо моил ба он шуданд, ки техникаи љангии худро ё мунњадим кунанд ва ё ба дигарон бифрўшанд. Пентагон бар ин назар буд, ки ин иќдом муљиби он мешавад, ки миллиардњо доллар дар буљаи низомї сарфакорї шавад ва масрафоти хуруљро камтар созад. Чунончї, менависад нашрия, соли 2014 амрикоињо хостанд барои 800 мошини зирењпўши худ, ки 500 миллион доллар арзиш дошт, харидор пайдо кунанд. Аммо њоло тањлилгарон мегўянд пурарзиштарин силоњњои худро ИМА аз Афѓонистон берун бурдааст ва хавфи боќї мондану ба дасти љангиён афтидани он намондааст. Як бахши муњими онро ба кишварњои Осиёи Марказї додаанд. Аз љумла, баъзе аз ин техникањо ройгон ба Ўзбакистон ва Ќазоќистон аа бахши дигар ба неруњои ќудрати Афѓонистон таќсим шуд.
Фирўзи МУЊАММАД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
ТАБЛИЃ
11
Мактаби маълумоти касбї ва давомдор
ДОНИШГОЊИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ ќабули мактаббачагонро ба КУРСЊОИ ТОБИСТОНА эълон мекунад: - Забони англисї барои муошират - Математика - Забони русї - Барномањои компютерї ЗАБОНИ АНГЛИСЇ (LET'S SPEAK ENGLISH) барои мактаббачагони синфњои 7 - 11 (њар як зина аз 60 соати академикї иборат аст). - Зинаи аввал - Зинаи дуюм - Зинаи сеюм
Рекорди нави QNet QNet дарњоро ба рўи њазорон нафаре, ки зиндагии худро мехоњанд таѓйир дињанд, дар конфронси V-Malaysia - 2015 боз кард Дар љазираи Пенанги Малайзия аз 14 то 18 май конфронси QNet V-Malaysia - 2015 баргузор шуд. Дар ин чорабинї намояндагони ширкат мањсулоти нави худро ба намоиш гузоштанд ва дар бораи муваффаќиятњои Намояндагони мустаќил наќл карданд. Аз 14 ба 18 май дар Малайзия конфронси бузурги ширкати осиёии QNet баргузор шуд. Чорабинї тањти унвони VMalaysia - 2015 (дар Твиттер #VCON15) дар Маркази зерзаминии байнулмилалии конфронсу намоишгоњњои иёлати Пенанг иттифоќ афтод. Маросими кушодашавии конфронсро расман сарвазири иёлат Лим Њуан Енг бо шукуњу шањомат, аз љумла гузашти занону мардон бо либосњои миллї, ки гуногунрангии фарњангу анъанањои љањонро тасвир мекунанд, ифтитоњ намуд. Чорабинї дарњои худро ба рўи 14 500 Намояндаи мустаќил аз саросари љањон боз кард. Имсол мавзуи V - Malaysia "таѓйири ќоидањои бозї" ном дошт. Муњтавои чорабинї ба шиори интихобшуда мувофиќат кард. QNet беш аз 30 брендро муаррифї намуд, њамчунин имкониятњои навро барои соњибкорї пешнињод кард. Навгонињои барљаста, ки дар чора-
Маќсади курс: сайќал додани мањорати муошират ба забони англисї. МАТЕМАТИКА - Математика барои синфњои 7-8 - Математика барои синфњои 9-10
60 соат 60 соат
Маќсади курс: њалли мисолу масъалањои ѓайристандартї ва омодагї ба мусобиќањо аз математика
ЗАБОНИ РУСЇ барои синфњои 7-11 (њар як зина аз 60 соати академикї иборат аст). - Зинаи аввал - Зинаи дуюм Маќсади курс: омўзиши грамматикаи забони русї, дуруст ва бе ѓалат навиштан; бой гардонидани захираи луѓавии шунавандагон.
бинї ба намоиш гузошта шуданд, инњо буданд: V-Malaysia - 2015 яке аз бузургтарин VCON-чорабинињое буд, ки њудуди 14 500 ширкаткунандаро даври њам овард. Ба љуз муаррифии молњои нав, QNet дигар чорабинињоро низ баргузор кард. Яке аз онњо мукофотонидани 70 донишљўе буд, ки курси Донишкадаи омўзиши электронии Шветсария (Swiss eLearning Institute) - ро
хатм карданд. Сї нафари онњо ин ифтихорро доштанд, ки ба маросими мукофотдињї њангоми танаффуси хўроки нисфирўзї роњ ёбанд. Ин одамон аз V-шарикон Донна Имсон Лекароз ва Ричард Е. Зинкевич (Richard E Zinkiewicz) - муовини директор - таќсимкунандаи њолдинг шањодатнома гирифтанд. Шањодатномаи донишкадаро метавон пас аз хатми муваффаќонаи курс ба даст овард, аммо ширкатдорони конфронс нусхањои коѓазии онро гирифта, њамзамон бо VIP-шахсиятњои QNet мулоќот карданд. Дар давоми V-Malaysia 2015 њамчунин Намояндагони мустаќиле муаррифї шуданд, ки маќоми Platinum Star - ро ба даст оварданд. Номи онњоро дар рўзи 4-ми конфронс директори маркетинги ширкат Тревор Куна эълон кард. 16 май дар конфронс рекорди нави QNet гузошта шуд, ваќте беш аз 1000 Намояндаи мустаќил нишонањои "Gold Star" - ро њангоми маросиме, ки аз 2 ќисмат иборат буд, соњиб шуданд.
БАРНОМАЊОИ КОМПЮТЕРЇ 7-11 - Microsoft Word - Microsoft Excel - Microsoft Power Point - Microsoft Access - Microsoft Outlook
барои синфњои
Курсњои тобистона аз 15 июн то 30 августи соли 2015 дар Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбї ва давомдори Донишгоњи Осиёи Марказї дар шањри Душанбе гузаронида мешаванд. Давомнокии њар як курс 6 њафта. Машѓулиятњо њафтае 5 маротиба бо давомнокии 100 даќиќа гузаронида мешаванд. Маѓѓулиятњо бо усули интерактивии таълим мегузаранд. Шунавандагон бо маводи таълимї таъмин мегарданд. Хоњишмандон метавонанд ба суроѓаи зерин мурољиат намоянд: ш. Душанбе, кўчаи Дўстии халќњо 47А, Маркази таълимии Донишгоњи ОсиёиМарказї Тел. 224 58 23; 221 26 82; 93-570-70-26 Суроѓаи электронї: laylo.mamadvafoeva@ucentralasia.org
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
БО ШОИР Ѓунчаи дар худ хазонам, фикри озодї куљост? Дар замони ѓофилони бесари касношинос, Гушнаи як пора нонам, доди бедодї куљост? Тири новаќти ќазо бар сўи ман афкандаанд, Навњаи маргам бихонам, зўри шаддодї куљост? Дар њисори сангии кўњсор бошам пойбаст, Синарешу нотавонам, роњ дар водї куљост? Ман кунун аз шаш љињат уммедро бибридаам, Сўхт дар худ љисму љонам, лањзаи шодї куљост?
1. Роѓиби як пора нонам рўзу шаб, З-оташи дунё ба љонам рўзу шаб. Аз барои хотири нафси даѓал, Подабону посбонам рўзу шаб. Хобро бар дидаам карда њаром, Роњ бар сўи хазонам рўзу шаб. Бо алам, бо дард, бо сўзи дарун, Ќиссаи маргам бихонам рўзу шаб. То биёрам пайсае бар рўи каф, Сўи кори худ равонам рўзу шаб. Аз даѓалгуфтории сардорњо, Ашк аз дида фишонам рўзу шаб. Шеъри рангини умедам мурд зуд, Њамчу марди безабонам рўзу шаб. Пеши рўи филкушу мушпарварон, Умри худро бигзаронам рўзу шаб. 2 Аз хаќиќат, гарчи дунё сар ба сар пур аз сафост, Зиндагонї бар халоиќ манзили пур аз балост. Ањли манќуртанд курсидори даврони њабис, Аз азоби халќ гуфтан дар замона норавост. Пахтаю тиллою арзиз хуни тољик мехўрад, Киштаи моро зи хуни тифли мо нашъунамост. Садри ањзоби сиёсї мешавад моро вакил, Љумлаи ин бехирадњоро бибояд бозњост. Оќилон њайрону зору нокасон бар тахти ноз, Дидаам бас фозиле дар доми рўзи мубталост. Эй Зарифї, гўшае гиру њаќиќатљў машав, Муттакоят дар љањони бекасї танњо Худост. 3. Зиндагиро бингаред дар пои мо попўш нест, Ѓайри бори ѓам маро бори дигар бар дўш нест. Арзи худ гуфтан нашояд мардуми бедардро, Дар замони бозсозї њељ касро гўш нест. Домани давлат рањо гардид аз дастони мо, Давлати осудагї як умр дар оѓўш нест. Даррасид бар гулситони бахти мо боди хазон, Ин замон дар Тољикистон мазраи гулпўш нест. Бозсозї, аз ќудуми норасоят гардаме, Баъди ту хўрду хўроки ман љуз оби љўш нест. 4. Мисли тољик ба ватан хору фаќир нест, ки нест, Дар канори ватанаш зору асир нест, ки нест. Бирабуданд њама ганљу зару амволаш, Гарчи дар хони худаш оши кавир нест, ки нест. Њамчу Рустам бизанад теѓ бари Сўњробаш, Инчунин худшиканї кори кабир нест, ки нест. Модари тифл равад аз пайи дарюзагарї, Тољдорасту кунун тољу сарир нест, ки нест. Рўдакї дораду Синои закї, сад њайфо, Њодию номбараш ѓайри нафир нест, ки нест. Ањриман дар дили ў лона гирифтаст магар, Фарќ байни пиру тифлон саѓир нест, ки нест. Чун залолат набарад дар њама умраш њосил, Љуз њамоќат магараш миру вазир нест, ки нест.
5. Кори ту ѓайри разолат нест, нест, Роњи ту сўи адолат нест, нест. Дар миёни кўчањои зиндагї, Дар ќудумат љуз касофат нест, нест. Бурдаї берун зи сар одамгарї, Дар забонат љуз њаќорат нест, нест. По занї дар ёди мансаб рўзу шаб, Дар ниёзи ту асолат нест, нест. Ришва мегирию менозї ба мол, Њарфи ту ѓайри њамоќат нест, нест. Бозї месозї ту бо тиру камон, Пешаат љуз ќатлу ѓорат нест, нест. Аблањї, дунњимматї, безориї, Дар замират љуз фалокат нест, нест. Мегурезад кењу мењ аз суњбатат, Дар њузури ту њаловат нест, нест. Масти љоми кибр бошї рўзу шаб, Зиндагониро кафолат нест, нест. Рўй бар мењробу дар сар фикри фисќ, Инчунин тоат ибодат нест, нест. Киссабурї мекунї бо ифтихор, Дар рухат бори хиљолат нест, нест. Хоб бинї доимо молу манол, Маќсадат ѓайри иморат нест, нест. Шоиро, хомўш бош аз ин сухан, Дар замони мо диёнат нест, нест. 6. Дар либоси мардї њар як нотавоне мард нест, Дар дилаш аз гирудори давр ќадре дард нест. Мезанад лоф аз њама афъоли нољо њар нафас, Дар љабинаш лек аз роњи њаќиќат гард нест. Кони тилло дигар асту кони мис бошад људо, Курби зар, эй љони ман, дар рангурўи зард нест. Ташналабро табъ мегирад зи оби пурѓубор, Оби њар сарчашма софу беѓубору сард нест. Дидаам як-як њама даъвогарони роњи рост, Марди занандеша њаргиз дар ќатори мард нест.
11. Рўњи ман туњматшиорони замона хастаанд, Пайрањи боѓи муродамро ба тундї бастаанд. Доштам уммеди ёрї аз бародарњои худ, Анќариб дидам, ки онњо бо аду пайвастаанд. Бад накардам, нестам, доро валекин аз њасад, Њар тараф бас носазогўён зи љо барљастаанд. Ман ба мењнат луќмаи ноне њамеорам ба каф, Сифлагон аз бори мењнат доимо ворастаанд. Нест осон зиндагї бар пиру барнои замон, Чунки нахли орзуи ањли дил бишкастаанд. Эй Зарифї, даъвии доної кардан норавост, Чунки нодонон рањи мардони доно бастаанд.
Исмоил Зарифї
12. То ба кай бар сари ман ин њама бедод кунед, Орзуњои маро яксара барбод кунед.
ГУЛИ СИЁЊ 7. Сад дареѓо, умри ман бо љањлу нодонї гузашт, Дар миёни ѓуссаву мављи парешонї гузашт. Норасида то дари маќсуд пои ман шикаст, Дидаро накшода даври олами фонї гузашт. Аз нигоњи каљнињодон хешро гум кардаам, Рўзгорам сарбасар андар пушаймонї гузашт. Њар касеро дўст бигрифтам, бишуд аъдои ман, Рўзи сахтї дар ќатори дўсти нонї гузашт. Мамдуњеро мадњ карда таънањо бишнидаам, Њайфи он авќот, ки андар санохонї гузашт. По нињодам аз даме дар арсаи љањду талош, Аз сарири ёди ман ѓўли биёбонї гузашт. Дарси бемењрї ба ман омўхт устоди азал, Ин шиканља аз сар аз таќдири пешонї гузашт. Гаштаам андар канори зиндагї беэътибор, Ахтари иќболи ман аз ман ба пинњонї гузашт. Он ќадар бигристаам, н-ояд ба сармашќи њисоб, Аз шати ашкам басо киштии тўфонї гузашт. Оњ, аз ин умре, ки лабханде маро њосил нашуд, Бемуњобо, холї аз лаззоти рўњонї гузашт. 8. Як сарпаноњи одии вайронам орзуст, На ќасри олисурату айвонам орзуст. Як љомаи фасурдае аз пахтазори худ, Дар гирудори панљаи давронам орзуст. Аз рўди зањролуда менўшам оби лой, Аз абри бахт ќатраи боронам орзуст. Дар тан либоси дилкашу дар сар кулањ намонд, Азбаски сахт бепулам, њамёнам орзуст. Аз бебизоатї шудам, эй дўстон, касал, Љурѓоту ширу маскаи арзонам орзуст. Оши палову шавлаву равѓан намехўрам, Тушбераи балаззату лаѓмонам орзуст. Буњрон маро ба ќаъри худ чун мебарад фурў, Тиллои софи беѓаше аз конам орзуст. Дуздони даври мо њама болонишин шуда, Эй дил, заволи љумлаи дуздонам орзуст. Ањли њаво ба курсии мансаб кунад талош, Аз хони давр порае аз нонам орзуст. 9. Зиндагонї сарбасар сомони худ гум кардааст, Марди бемори замон дармони худ гум кардааст. Тољики овора андар кишвари бегонагон, Њам либосу њам Ватан, њам нони худ гум кардааст. Мардуми бегона резад хуни моро, войи мо, Миллат аз ноќобилї бурњони худ гум кардааст. Одамї гардидааст имрўз чун беэътибор, Хоља аз бењимматї эњсони худ гум кардааст. Кўдак акнун дар ѓами дарёфти молу матост, Њотами даврон футўњи хони худ гум кардааст. Халќи мо бар даргањи бегонагон овард рў, Чунки садри даври мо виљдони худ гум кардааст. 10. Ѓарќаи рўди ѓамонам, маскани шодї куљост? Ранљкешу нотавонам, роњи ободї куљост? Осмон бо тири беамсоли худ дар њар нафас, Менамояд имтињонам, мењри устодї куљост? Дар миёни каљравону каљдилу каљтинатон,
(Ашъори солњои ѓурбат)
Дили бечораи ман ёди гулистон дорад, Мурѓи бишкастапаре аз ќафас озод кунед. Ѓаму андуњи ман аз сина занад фаввора, Ваќти он аст, ки акнун ба сарам дод кунед. Шуд њиної гули боѓам зи самуми поиз, Ёд ин лањза зи хушќаддии шамшод кунед. Коми Ширини замон бахш шавад бар Хусрав, Ситами тоза равон бар сари Фарњод кунед. Ошёни мани бечора масўзед дигар, Кохи вайрони Ватан яксара обод кунед. Умри ман мегузарад, доѓи дилам мемонад, Љом бар каф зи мани хаста даме ёд кунед. 13. Эй масти майи мансаб, њушёр нахоњї шуд, Аз хоби гарон умре бедор нахоњї шуд. Аз пайрањи номардї берун ту нахоњї рафт, Бар дарди касе њаргиз тўмор нахоњї шуд. Бо нафси даѓал боре як разм нахоњї кард, Њон, душмани ин нафси айёр нахоњї шуд. Љуз меваи ношукрї з-ин боѓ нахоњї чид, Аз тангии бечора афгор нахоњї шуд. Дар олами инсонї побанд нахоњї гашт, Бар дарди сари марде тимор нахоњї шуд. Љуз хеш дигар касро боре ту нахоњї дид, Аз гайри худї њаргиз безор нахоњї шуд. Худро зи ѓами миллат як умр нахоњї кост, Вайронаи кишварро девор нахоњї шуд. 14. Эй бебасарон, домани сањро чї шиносед? Эй бехабарон, наѓмаи дарё чї шиносед? Нохонда Шумо ояи "Ихлос" зи "Ќуръон", Пайѓамбари мо, олами эњё чї шиносед? Эй кинаварон, кина наварзед ба мардум, Љонбахшии анфоси Масењо чї шиносед? Норафта яке рўз пайи тадрису таълим, Маънои њуруфи сари иншо чї шиносед? Эй ањли њасад, дидаи худро бикушоед, Бо кўрдилї олами зебо чї шиносед? Аз љањли мураккаб њама побанди њавоед, Љуз мансабу ин соѓару мино чї шиносед? Дар хонаи тан мањбуси зиндони балоед, Шањватнигањон, чењраи зебо чї шиносед? Аз бенамакї худ зи Самарќанд гузаштед, Сомонї наед, ќадри Бухоро чї шиносед? Эй бехирадон, хеш зи аљдод буридед, Дар кунљи ќафас лаззати танњо чї шиносед? 15. Садри даврон ангубину нуќлу шарбат мехўрад, Халќ аз бенонии худ зањри њасрат мехўрад. Косаи май дар кафи мансабпарасте љой ёфт, Мењнатї умри дарозе оби зањмат мехўрад. Коргар дар кунљи фоќа, луќмае н-орад ба каф, Сарвари ў баррабирёнро бараѓбат мехўрад. Нав њамесозад либосу хонањои хешро, Эй басо, аз мењнати мо нозу неъмат мехўрад. Бар кї созам, эй Зарифї, шиква аз аъмоли бад, Чунки садри бенамози давр ришват мехўрад.
ВОКУНИШ Маќола - бўњтонномаи собиќ кормандони Институт дар љаласаи умумии кормандон, ки 24 апрели соли 2015 баргузор гардид, мавриди муњокима ќарор гирифт ва љаласа љавоби расмии худро ба рўзномаи "Нигоњ" пешнињод мекунад. Пеш аз њама тўњмат задан ба ходими намоёни давлативу љамъиятии Тољикистон, Рањим Масов, ки бо орденњои "Ситораи Иттињод", "Дўстї", "Ба номи М. Ломоносов"-и Руссия, "Ситораи Президент"-и Тољикистон", "Исмоили Сомонї" дараљаи 2, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Сино, медали "20 солагии Иљлосияи XV1 Шўрои Олии ЉТ" ва дигар мукофотњо сарфароз гаштааст, аз рўи инсоф нест! Тафтишоти дохилї нишон дод, ки олим дар шањодатномаи таваллуд, дар ќайди саѓирхонаи Хоруѓ, дар мактабинтернати кўдакони болаёќати шањри Душанбе, дар ќайди Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В. Ленин, дар дипломи ин Донишгоњ, дар дипломњои номзадии илм, докториилм, академик ва то имрўз бо як ном - Рањим Масов ќайд шудааст ва ин тўњмати навбатии душмани нотавони ўст! Њарчанд иваз намудани ном њуќуќи дахлнопазири њар як шањрванди Тољикистон аст! Дар хусуси аз кор рондани кормандони Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ЉТ аз тарафи Р. Масов. Мувофиќи ахбори мудири шуъбаи кадрњои Институт кормандон М. Њамидљонова, З. Мадаминљонова, А. Давидов, Н. Бобоева, кормандони шубаи таърихи асрњои миёна ва нави Институт - Исмаилов Р., Исмаилов Л., Бердиев Д., Шарипов Ш., Ќ. Элчибеков бо сабабњои гуногуни оилавиву иљтимої аз кор бо хоњиши худ рафтаанд. Њангоми тафтиш маълум шуд, ки яке аз муаллифони тўњматнома Л. Бойматов бояд мувофиќи рапорти мудири шуъба академик А. Мухторов аз кор ронда мешуд, вале муаллифи дигари тўњматнома Давлат Довудї, ки раиси иттифоќи касабаи Институт буд, аз шодравон Ањрор Мухторов илтимос мекунад, ки аризаи худро бозпас гирад, зеро Л. Бойматов љавон асту дар нимароњ намонад. Ва, мутаассифона, устоди мўњтарам розї мешаванд, ки Л. Бойматов бо аризаи хеш, бо "хоњиши худаш" аз кор равад. Дар мав-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
Андоза нигањ дор, ки андоза накўст! (Вокуниш ба матлаби "Мастов кист?", "Нигоњ", (№3 (436)) риди И. Муњиддинов зикр гашт, ки ў якчанд оила доштаву маоши Институт ўро ќонеъ карда наметавонист, бинобар ин, ў ба Донишгоњ ба кор мегузарад ва ќариб то охири умр дар Институт ним њисса (ставка) кор мекунад. Шахси рондашударо магар дар ним њисса нигоњ медоранд? Њамин тариќ, маълум шуд, ки ба истиснои ду-се нафар, ки ќонуни мењнати муќаррариро иљро накарданд, касе аз љониби директор ронда нашудааст ва Институт њуљљатњои расмии онро омода кардааст, дар њар њолат метавонад пешкаш намояд. Дар мавриди љашнњо. Академик Р. Масов њељ гоњ зидди ташаббусњои сарвари давлат набуд ва онњоро њамеша дастгирї мекарду мекунад. Дар солњои мудњиши љанги шањрвандї ў дар ќаноти сарвари давлат буд. Куљо буданд муаллифон ба мо маълум аст. Аммо ў зидди тањрифи таърих аст ва пайваста исботи комил талаб ме-
кунад. Дар мавриди љашни 2700 - солагии шањри Кўлоб ин мавќеи Р. Масов ба он асос меёфт, ки њар асаре, ки доир ба ин љашн омода мешавад, бояд аз апробатсияи илмї гузарад. Вале кормандони Институт Ю. Ёќубов ва Д. Довудї аз маблаѓи зиёд људо шудан ба љашн њама гуна шармро фаромўш карда, тамоми кори омодагї ба љашнро пинњонї аз роњбарияти Институт анљом доданд. Њатто ду шуъбаи асосии Институт, ки метавонистанд таърихи Кўлоби бостониро аз замонњои ќадим то имрўз тайёр кунанд, даъват нашуданд, ки дар натиља чанд китоби заифи муаллифони маќола аз чоп баромаду халос. Бар замми ин, Ю. Ёќубов ва Д. Довудї аз њисоби маблаѓи љашни Кўлоб як моњ дар Русия гаштугузор карданду дар бораи таърихи Кулоб сањифае наоварданд ва ин сафари "таърихї" њанўз аз љониби маќомоти дахлдор тафтиш нашудааст. Дар мавриди љашнњо академик
Масов як принсип дораду онро риоя мекунад. Тадќиќот бояд ба дараљае расонида шавад, ки љои бањс намонад, сипас, онро ба љомеа муаррифї кардан љоиз мегардад, мисли тадќиќоти Саразм ва Фархор , ки нав анљом ёфт… Дар мавриди Карон бошад, маќолаи Р. Масов, ки дар дасти чоп аст, худ гувоњ мегардад. Ба Ю. Ёќубов лозим буд, ки пеш аз эълони бозёфт дар назди мутахассисон гузориш дињад, то онон фикри худро баён кунанд. Мисли ёдгории Карон дар Тољикистон садњо чунин иншоотњои мудофиавї мављуданд ва аз онњо Ёќубов хуб огоњ аст. Ин љо гап сари маблаѓгузорї меравад, ки беш аз њама ў манфиатдор аст. Дар мавриди љашни 3000 - солагии Њисор бошад, аллакай кормандони Институт дар якљоягї бо маќомоти мањаллии Њокимияти давлатии ноњияи Њисор конфронси илмї баргузор намуданд, ки он зери роњбарии академик Р. Масов сурат гирифт.
13
Љаласа иброз медорад, ки муаллифон дар мавридњои гуногун аз тарафи Р. Масов "зарари молиявї" дидаанд ва сабаби тўњматбофињо низ њамин аст. Ваќте М. Ёров аз фурўши маљаллаи Институт барканор шуд, чанд сол аст, ки ба "кофтукови" компромат машѓул гашта, бо њамаи онњое, ки солњои гуногун аз Институт рафтаанд, вохўрї карда, хоњиш кардааст, ки нисбати Р. Масов ягон факти манфї гўянд. Институт мавќеи Р. Масовро дар мавриди он, ки "муаллифон" дар тўли фаъолияти кории хеш ягон шогирд тайёр накарда, љавонони соњибистеъдодро аз худ дур кардаанду мекунанд, пурра љонибдор аст. Дар мавриди тармими Буддо. Дар маќола омадааст, ки муљассамаи Буддоро на Фоминих, балки Сафаров, Абдуразоќова ва Шарипова таъмир карданд. Гап дар он аст, ки онњо таъмиркунанда оид ба чўб, фулуз ва тайёр намудани маводњои химиявї мебошанд ва аз ўњдаи таъмири муљассамаи Буддо намебароянд. Фоминих дар љањон тармимгари касбии машњур мебошад. Ў дар Эрмитаж кор мекунад ва муљассамаи Буддоро ба дараљаи олї тармим кардааст. Њамаи ин гувоњї медињад, ки муаллифони маќола ягон чизро надониста, фаќат тўњмат менависанду халос. Умуман, дар љаласа бўњтон будани маќола ба пуррагї тасдиќ гашт ва љаласа ќарор кард: 1. Барои мунтазам тањќир намудани шаъну шарафи Институт ва директори собиќи он Р. Масов (њангоми доир гаштани љаласа Р. Масов аллакай директор набуд) нисбати муаллифони маќола дар асоси суратљаласаи маљлиси умумї ба суд аризаи даъвогї пешнињод карда шавад. 2. Ба Раёсати Академияи илмњо нисбати кирдори яке аз муаллифони маќола, Ю. Ёќубов барои додани бањои њуќуќї - ахлоќї мурољиат карда шавад. А. ЃАФУРОВ, раиси маљлиси умумии Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши Академияи илмњои ЉТ, номзади илмњои таърих, дотсент М. ЊАСАНОВА, котиби маљлис 24 апрели соли 2015
ДОЃИ РЎЗ Бо маќсади муайян кардани вазъи дар мавод дарљгардида аз љониби вазорат гуруњи корї таъсис дода, ба дењаи "Савнаб"-и водии Бартанги ноњияи Рўшон сафарбар карда шуд. Бояд ќайд кард, ки айни замон дар ноњияи Рўшон шумораи табибон ва кормандони миёнаи тиббї мутаносибан ба 35 ва 222 нафар баробар буда, таъминотнокї ба 10 000 ањолї бо табибон ва кормандони миёнаи тиббї мутаносибан 14,3 ва 90,5 нафарро ташкил медињад. Тибќи нишондодњои оморї, таъминотнокї бо табибон дар ноњияи Рўшон нисбат ба ноњияњои Шуѓнон, Мурѓоб, Роштќалъа, Дарвоз ва таъминотнокї бо кормандони миёнаи тиббї нисбат ба ноњияњои Шуѓнон, Роштќалъа, Мурѓоб, Дарвоз, Ишкошим ва Ванљ бењтар мебошад. Бояд ќайд кард, ки аз водии Бартанг то маркази ноњия 175 км масофа буда, љамоатњои дењоти водии мазкур дар шароити сангин ва мушкили љуѓрофї љойгир шудаанд. Аз њамин лињоз, бо назардошти набудани шароитњои зист аз 35 табибе, ки дар ноњияи Рўшон кору фаъолият доранд, ягон нафарашон майлу хоњиши дар водии мазкур кор карданро надоранд.
"1 нафар ба "Савнаб" сафарбар карда мешавад" (Вокуниш ба матлаби "Маризро ба ароба меорем", "Нигоњ", №5 (438) Аз суњбат бо Ватаншо Мирзоев, сартабиби Маркази саломатии љамоати дењоти Савнаб маълум гардид, ки дар љамоат 2 табиб яке дар Маркази саломатии дењотї ва нафари дигар дар Беморхонаи минтаќавии љамоати "Савнаб" фаъолият доранд. Бо назардошти васеъ будани минтаќаи хизматрасонї табибони номбурда, ки синну солашон ба нафаќа наздик аст, барои хизматрасонии сариваќтї мушкилї мекашанд. Айни замон аз ноњияи Рўшон 28 нафар дар Донишгњои давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино тањсил менамоянд, ки аз инњо 16 нафарашон тибќи квотаи Президентї дохил шудаанд. Дар соли љорї донишгоњи мазкурро 5 нафар аз ноњияи Рўшон хатм мекунанд ва њангоми таќсимоти фардии онњо аз љониби вазо-
рат 1 нафар ба љамоати дењоти "Савнаб" ба кор сафарбар карда мешавад. Аз њисоби Коллељи тиббии шањри Хоруѓ дар заминаи Беморхонаи марказии ноњияи Рўшон гуруњњои таълимии маќсаднок фаъолият менамоянд, ки дар онњо айни замон 30 нафар донишљўён ба тањсил фаро гирифта, њамасола 15 нафар ин гуруњњоро хатм намуда, ба муассисањои тиббии ноњия ба кор сафарбар карда мешаванд. Њамин аст, ки имрўз норасої бо кормандони миёнаи тиббї дар ноњияи мазкур ба мушоњида нарасида, мушкилот танњо дар мавриди норасоии табибон дар водии Бартанг вуљуд дорад. Бояд ќайд кард, ки њалли мушкилот вобаста ба набудани хатти алоќа, барќ, роњи мошингард аз дењаи "Савнаб" то дењаи "Рундара", эњтиёљот ба омўзго-
рони химия ва биология, ки боиси пайдо шудани мушкилотњо дар самти њифзи сињатии ањолии љамоати дењоти "Савнаб" шудааст, дар салоњияти Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон нестанд. Нусратулло САЛИМЗОДА, вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии Тољикистон
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ
ШЕЪР
КОРХОНАРО ЧЇ ТАВР БАРЊАМ ДОДАН МУМКИН АСТ? - Барои барњам додани корхона њуљљатњоро чї тавр ба расмият даровардан мумкин аст? Барои барњамдињии корхона кадом намунаи њуљљатњоро ба маќомоти андоз пешнињод намудан зарур аст? Нуриддин ШАРИФОВ, сокини шањри Душанбе - Дар мавриди баќайдгирии давлатии барњамдињии шахси њуќуќї тибќи талаботњои моддаи 20 - и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї" ба роњ монда шуда, 1. Барои анљомдињии баќайдгирии давлатии барњамдињии шахси њуќуќї ба маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд: 1) ариза дар бораи баќайдгирии давлатии барњамдињии шахси њуќуќї аз рўи шакли тасдиќнамудаи маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї. Дар ариза тасдиќ карда мешавад, ки расмиёти муќаррарнамудаи ќонун оид ба барњамдињии шахси њуќуќї риоя шуда, њисоббаробаркунї бо кредиторони он ба итмом расонида шудааст; 2) тавозуни барњамдињии шахси њуќуќї аз рўи натиљаи кори комиссияи барњамдињї, ки онро муассиси (муассисони) шахси њуќуќї ё маќомоти дар бораи барњам додани шахси њуќуќї ќарорќабулкарда тасдиќ кардааст; 3) санад оид ба санљиши маљмўии андоз, ки надоштани ќарзи андозро тасдиќ менамояд (Ќонун аз 29.12.2010 тањти № 669); 4) Шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќии барњамдодашаванда; 5) нусхаи эълон дар бораи барњамдињии шахси њуќуќї, ки дар яке аз воситањои ахбори оммаи љумњуриявї нашр гардидааст; 6) њуљљатњои тасдиќкунанда оид ба супоридани муњрњо (тамѓањо) ва баста шудани њисобњои бонкї; 7) пардохтномаи (квитансия) пардохти бољи давлатї. 2. Њуљљатњои дар ќисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ба маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї пас аз ба охир расидани љараёни барњамдињии шахси њуќуќї пешнињод карда мешаванд. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки барои гирифтани посух оид ба масъалањои љойдошта аз бахши иттилоотї (Call - center) бо раќами телефони "151" ё почтаи электронии Кумитаи андоз - info@andoz.tj истифода намоед. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.
ЛАТИФА Нафаре рўзаашро мехўрад, маъмурон ўро назди ќозї меоранд, аммо худи ќозиро банди кабоб хўрдан меёбанд. Ќозї он нафарро дида, мегўяд: - Ин чї кор кардааст? Маъмурон љавоб медињанд: - Ин мард дар шањр нони хушк мехўрд, наздатон овардем, ки бо шумо кабоб хўрад. *** Зан ба шавњараш мегўяд, ки биё, акнун писарамонро хонадор кунем. Шавњар: - Чї хел хонадор мекунем, ки пул надорем. Зан: - Харамонро мефурўшему тўй мекунем. Писари онњо, ки њамаи ин суханњоро аз пушти дар мешунид, хурсанд шуду дарро кушода, ба хона даромад. Волидон хомўш шуданд. Лањзае хомўш монда буданд, ки писарашон гапро кушод. - Шумо чї хап нишастед? Чаро гапи харро дигар намезанед? *** Афандї бо арўсаш дар хар савор мерафтанд. Духтар ба Афандї гуфт: Азизам, ту аз ман њастї, ишќи ту аз ман аст, дили ту аз ман аст, љони ту аз ман аст… Афандї бо ќањр харашро манъ карда гуфт: - Фаро аз хар, ки боз нагўї хари ту њам аз ман аст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
МИЛЛАТЕ КИ… Миллате, ки шерњояш дар ќафас Сагњош озод мегиранд нафас, Миллате, ки ор кард аз бандагї Бандаи нафс асту шайтону њавас. Њељ ваќт ў лойиќи тањсин нест, Уммати пайѓомбари Ёсин нест. Миллате, ки хеш таќдирсоз нест, Њамдилу њамойину њамроз нест, Миллате, ки мисли мурѓи хонагї, дар хайолаш лаззати парвоз нест, Дурпарвоз несту њам дурбин нест, оќибатандешу њам хушбин нест. Миллате, ки гушнамасту чашмтанг, Њирси ў бигрифта љойи ному нанг, Миллате, ки оќилонаш эътибор додаанд аз дасту иззатманд гаранг, Оќибат бе эътиборист кори ў, Мазлумиву хору зорист кори ў. Миллате, ки асли иллатро накофт, Сирри бе ќадриву зиллатро найофт. Миллате, ки офтоби маќсадаш Рўзњо бигзашту боре њам натофт, Пеши миллатњои дигар сархам аст, Гар чи аз насли Кайон асту Љам аст! Миллате, ки байни њам бегона њаст, Оќилонаш, (маъзарат), девона њаст, Миллате, ки айбљўйи њамдигар, Мў ба мў, дар љустуљў чун шона њаст, Аз ки мељўяд мадад фарзанди ў? Чун набояд бигсалад пайванди ў?! Миллате, ки сафсатадўстдор шуд, З-илму маърифат агар безор шуд, Миллате, ки ќомати болои ў, Мисли пушти хар ба зери бор шуд, Равшану Љамшуд мехонанд варо Њар куљойе рафт меронанд варо. Миллати ман, бозгард бар асли хеш, Соњиби ойину дин њастиву кеш! Миллати ман, сарбаландї касб кун, То ба кай бояд хурї аз дањр неш! Кош холи руйи олам бинамат, Ифтихори насли одам бинамат! Муњсиддин МУКАМИЛОВ
БА ЉОИ 09 Аз моњи ноябри соли 2007 оѓоз намуда, бо ибтикори маъмурияти Маркази миллии патенту иттилоот ва идораи патенти Авруосиё, Китобхонаи давлатии патентию техникї ба шабакаи умумиљањонии низоми патентию иттилоотии Авруосиё (ЕАПАТИС) www.eapatis.com пайваст карда шуд. Хазинаи патентии шабакаи мазкур зиёда аз 35 миллион њуљљатњои патентиву иттилоотиро дар бар мегирад. Ѓайр аз ин дар маъхаз зиёда аз 30 њазор маќолањои илмї 10 маъхаз доир ба фанњои тиб (тариќи ройгон) барои истифода намудан пешнињод гардидааст. Олимону мутахассисон, ихтироъкорон ва навоварони мо барои љустуљўи маводу иттилооти зарурї њамасола ба хориљи кишвар сафар менамоянд, аммо акнун онњо метавонанд аз ин маъхази бебањои китобхонаи мо бемамоният истифода баранд. Бо мадади мутахассисони китобхона ва ё истифодабаранадгаон худ метавонанд аз навигарињои ихтироъњои љањон аз наздик шинос шаванд ва ё шабењияти ихтироъи худро аз ин шабака дарёб намоянд. Иттилооти хазинаи шабакаи мазкур аз соли 1924 то ба имрўзро ташкил медињад. Ба маълумоти истифодабарандагони Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) ММПИ расонида мешавад, ки барои истифода намудан аз ин маъхази бебањо ба сардори шуъбаи иттилоот ва њуљљатњои патентии КДПТ Назира Содиќова мурољиат намоед. Телефонњо барои тамос: 227 65 17 ва 221 61 84. Почтаи электронї: Librarypatenttj@mail.ru
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
? - И НОБОБ ЊАНГОМИ ИВАЗ КАРДАНИ ШАЊОДАТНОМАИ РОНАНДАГЇ СУПОРИДАНИ ИМТИЊОН ЗАРУР АСТ? - Муддати се сол мешавад воситаи наќлиёти мо, ки ба номи падарам њуљљатгузорї шудааст, идора карда нашудааст. Муњлати эътибори шањодатномаи ронандагї низ ба охир расидааст. Аз Шумо донистан мехостам, ки њангоми иваз кардани шањодатномаи ронандагї оё имтињон супоридан зарур аст ё не? Саъдї ЯЌУБОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Тибќи банди 37-и Низомномаи тартиби иљозатдињї барои идораи воситањои наќлиёт ва ба шањрвандон додани асноди ронандагї, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 - уми августи соли 1998, тањти №306 тасдиќ шудааст (ќарорњои Њукумати ЉТ аз 30.06.2007 сол, тањти №359, аз 30.12.2009 тањти №697 ва аз 02.03.2013 сол, тањти №103 таѓйиру иловањо ба ќарори мазкур), ба ашхосе, ки дар давоми 12 моњи охир воситањои наќлиётро идора кардаанд, иваз намудани шањодатномањои ронандагї бе супоридани имтињонот анљом дода мешавад ва дар асоси банди 38 - уми Низомномаи мазкур ба ашхосе, ки дар давоми 12 моњи охир воситањои наќлиётро идора накардаанд, иваз кардани шањодатномаи ронандагї баъди супоридани имтињоноти назариявї ва амалї, анљом дода мешавад. Ба саволи Шумо аз Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон посух доданд.
СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? - Барои он ки аз љумакњои оби ошомиданї бори дигар оби гилолуд љорї нашавад, мутахассисони обу корез ба хулосае омаданд, ки шиори мубориза барои оби тозаро аз сањифањои китоб хат зананд. *** - Дар Тољикистон "ТРУБА" њаст, "ГАЗ" нест. "ПРАВАДА" њаст шаш моњ "СВЕТ" нест. "РОЊ" њаст, "АСФАЛТ" нест. "ДИПЛОМ" њаст љойи "КОР" нест. Сокинонаш ВАТАНДОРАНД, дар ВАТАН нестанд. *** - Мард эњсосро кашф карду зан ишќро. Мард корро кашф карду зан хонадориро. Мард пулро ихтироъ карду зан харидро. Аз он замон мард чизњои бисёр зиёде кашф ва ихтироъ кард ва зан њамчунон дар њоли харид аст. *** - Мардро бо њар хел савол ба љўшу хурўш набиёред, набошад ў бўѓ мешавад. *** Се давраи нодорї: 1. Пул надорам; 2. Тамоман пул надорам; 3. Маљбурам, ки долларро майда кунам.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №11 (444), 10. 06. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Дараи Яѓноб. Љое, ки милиса ва мансабдор надорад Дер боз фикр мекардам, ки нишони деринатарини сутунњои меъмории миллї бо оини бостонии митрої чї робитае дошта бошанд. Телевизиони "Первая образователная" - и Русия" бори чандум аст, ки оиди Яѓноб филми мустанадеро намоиш медињад. Он љое, ки сухан аз сутуни муќаддас меравад, хеле љолиб аст. Оид ба ин сутун аз забоншинос Бањром Бердиеви равоншод, ки ба Яѓноб сафари илмї доштааст, шунида будам. Тибќи маълумоти ин пажуњишгар њар касе, ки ин сутунро бо дастонаш ба оѓуш гирифта нияте мекунад, ба орзуяш мерасад. Ў гуфта буд, ки ман ва Алберт Хромов сутунро ба оѓуш гирифта орзуњое кардем, ки ба он расидем. Равшан аст, ки ин сутун рамзи њамон дарахти њаёт мебошад, ки аз бозмондањои оини митрої мањсуб мешавад. Акнун метавон фањмид, ки дар меъмории миллї кандакорони тољик барои ба сарви њамешасабз
монанд кунондани сутунњои хонањо чаро кўшиши зиёде кардаанд. Аљоибот дар он, ки дар он мавзеъ як дарахти њамешасабз будааст, муъљиза аст, чун дар Яѓноб дарахт намерўяд ва мардум чўбро аз дигар ноњияву шањрњо меоранд. Ин дарахт танњо ба оини митрої рабте дорад ё не, намедонам. Чун дар дунё мисли Яѓноб љойњое њастанд, ки њамин хел баландкуњанд ва сармо зиёд. Аммо дарахт доранд. Вобаста ба ин донишмандони тољикро мебояд, ки барои Яѓноб бо омўхтани шароитњои њамсанг бо кишварњои дигар тавсияњои илмї дињанд, чун мардуми Яѓноб аз набудани чўб зиёд АЗОБ мекашанд. Муаллифи "Фарњанги яѓнобї тољикї" (Душанбе, 2008) Сайфиддин Мирзозода дар сарсухани ин китоб навиштааст, ки соли 1970 пеш аз муњољиркунии мардуми Яѓнобдара дар он љо ќариб 40 њазор нафар сукунат доштаанд ва теъдоди рустоњо 32-то буд. Њоло теъдоди рустоњо 16-тост ва ањолї њамагї
400 кас. Аз инњо дуто русто тољикзабонанд, рустоњои дигар ба лањљаи яѓнобии забони суѓдї њарф мезананд. Дарозии Яѓнобдара 116 километр аст. Яъне љои хурд нест, ки онро холї гузоштан мумкин бошад. Аз ин филми мустанад маълум мегардад, ки дар Яѓноб на муаллиму мактаб њасту на табибу шифохона. Чизе нест ба ѓайри осиёби куњнаи бобої. На нишони барќ њасту на радиою телевизион. Намоз мехонанд, аммо масљид нест. Бачањо дар рўи хок буљулбозї мекунанд, шоњмот чист намедонанд. Яъне як зиндагии приметив доранд ба монанди зиндагии ќабилањои африќої, ки дур аз тамаддун мондаанд. Ва аз њама муњимаш ин, ки милиса низ нест. Ва боз аз њама муњимтараш ин, ки онњо њама ба дашт кўчонида шуда будаанд, ки барќу њама шароити мутамаддин вуљуд дошт ва боз ба зодгоњи дерини худ баргаштаанд. Эњимол ба он сабаб, ки ин љо касе аз чиновникњо ба сарашон фишор намеорад. Яъне ба маънои том озоданд. Ман дидам, агар надид касе дар Яѓноб, покии ин миллати хуфтаро дар айёми шабоб. Сутуни маънавии миллати мо - озодист! Адаш ИСТАД
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Аскар АКАЕВ, Президенти пешини Ќирѓизистон: - Љањони сиёсатро хуб дарк кардам. Љањони сиёсат аз соњаи илм ба куллї фарќ мекунад. Дар аввалї ваќте аз сањна меравї, ту дигар вуљуд надорї. - Оњиста, Аскар - ако! Њамин Шумо рафтеду дигаронро њушёр кардед - дия. Боз њам шукр кунед, ки рўзи Саддому Ќаззофї ба саратон наомад. Бахтатон хандид. Њамон вуљуд надоштанатон як давлати калон. Њољимуњаммад УМАРОВ, иќтисодшинос: - То ваќте ки дар Тољикистон истењсолоти њаќиќї вуљуд надорад ва сектори реалии истењсолї суст тараќќї мекунад, ќурби сомонї паст хоњад шуд. - Домулло, то ин истењсолоти њаќиќї дар кишвари мо ба вуљуд меояд, ки гапи њамон љини садњазорсола, на мо мемонему на њамон љин! Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттињоди тољикони Русия: - Дар дунё давлатњои аз нигоњи масоњат кўчактар аз Тољикистон њастанд, ки ањолияшон ба маротиб аз Тољикистон зиёдтар аст. Аммо, њукуматњои онњо дар фикри ба муњољират фиристондани шањрвандонашон нестанд. Масалан, Кореяи Љанубї… - Корея барои њамон Корея аст, ки намефиристад. Тољикистон барои он Тољикистон аст, ки мефиристад. Бо ягон кишвари, масалан, африќої ќиёс кунед, фањмидани сабаб осонтар мешавад... Ќодири ЌОСИМ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Тољикистон: - Њаминро хотирнишон менамоям, ки то њол аз тарафи маќомоти дахлдор нисбати ягон нафар корманди Кумита њолатњои содир кардани амалњои коррупсионї ба ќайд гирифта нашудааст. - Раиси азиз! Ягон чї монда бошад, ки ягон амали коррупсионї шавад. Намебинед, Зайд Саидов њоло њам аз паси корњои Кумитаи Шумо љояшро ёфтааст. Њолатњои коррупсионї ба вуљуд меомад, Шуморо раис намемонданд. Баъд маълум мешавад, баъд... Пан Ги МУН, дабири кулли СММ: - Бори гарони танќисии об бар дўши занон буда, њамарўза дар љањон ин ќишри ањолї то 200 миллион соат ваќти худро барои кашонидани об сарф мекунанд. - Љаноб! Њаминашро њам машаххас мекардед, ки ин обро барои чї ин ќадар истифода мекунанд? Наход њамин ќадар ваќти бисёр бошад?
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
Бибихонум ДАРВЕШЗОДА, рўзноманигор: - Дар гузашта бо вуљуди зарурати пул дар зиндагї имону виљдон, инсоф, нангу номус ва шарафи инсонї болотар аз пул меистод. Њоло чї? Бо пул ин њамаро фурўхтаем, њатто инсонњоро хариду фурўш њам мекунем! Ва њатто ватанфурўшї, фарзандфурўшї, номусфурўшї низ мекунем, чунки ба мо фаќат пул лозим, пул! - Барои он, ки маршрутка савор шавед, нон харед, абед кунед, ќаср созед, Лексус харед, заминро харида, боз фурўшед, вазифа гиред њам... пул даркор,пул, пул, пул! Дилшод НАЗАРОВ, муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди ЊЉТ: - Ман аз кўдакиям ба варзиш машѓул будам, зеро дар замони кўдакии мо телефон, компютер ва дигар технологияе, ки њоло њаст, набуд. Аз њамин лињоз, њама хурдсолон ба ягон намуди варзиш машѓул мешуданд. - Бародари ќанд, ин гапатонро дар љойњое фањманд Шуморо ба асримиёнагї ва ифротї будан метавонанд гунањкор кунанд, зеро пешрафти илму техникаро рад карда истодаед... Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09