Нигох №12 (340) Чоршанбе, 12-уми июни соли 2013

Page 1

Муњиддин Кабирї: "Назарам ба

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

Додољон Атовулло мусбат нест" САЊИФАЊОИ 8-9 №12 (340). Чоршанбе, 12-уми июни соли 2013

СИЁСАТ ВА ЊУЌУЌ

"Зайд Саидов мањбуси сиёсї аст" САЊИФАИ 3

ИЛОЉИ ВОЌЕА

Андоз аз талоќ Омор нишон медињад, ки људошавии оилањо дар Тољикистон рўз то рўз пурфољиатар мешавад САЊИФАИ 6

ДОМОД ВА ЌУДОИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТ Чаро ќудо ва домоди президенти Тољикистон будан њам барои шахс ва њам барои љомиа муњим аст?

ХУДО НОКАРДА

Изи узбакии талоќи Путин САЊИФАИ 10

ПУРБИНИ ДАРВЕШ

Мушкили галстуки зиёии њукуматї САЊИФАИ 16

Фарњангкушї: Парвандаи љиноии № 1

1


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

МАВЗЎИ АСОСЇ

Ќудо ва домоди нав Чаро ќудо ва домоди президенти Тољикистон будан њам барои шахс ва њам барои љомиа муњим аст?

О

возањое, ки чанд моњи ахир дар бораи домоди нави президент Эмомалї Рањмон дар Тољикистон сайр мекарданд, 8-уми июн дигарбора пайдо шуданд, аммо бино ба иттилои хеле кам, маълум шуд, ки ин акнун дигар овоза на, балки њаќиќат аст. Дар ин рўз тўйи арўсии Заррина Рањмонова бо Сиёвуш Зуњуров баргузор шуд. Мањалли баргузории ин тўй, як мењмонсарои њукуматї будааст. Аммо ин муњим нест, ки дар куљо ин тўй баргузор шуд, балки муњим он аст, ки чї тавр. Чун пас аз пахши тўйи писари президент тариќи телевизиони К+ ба назар мерасад, ин кўшишњо њам аз сўи афроди баландпоя ба харљ дода мешаванд, ки мањалли баргузорї ва аз њама муњим сабти онњо хеле махфї бошад. Аз рўи иттилои мо, њатто овозхонњоро ќабл аз туй танњо дар бораи сана огоњ мекунанд, на мањалли баргузорї. Онњоро як соати пеш аз тўй ба тўйхона меоранд. Њамчунин дар бораи тўйи ахири домодии духтари президент ва писари раиси Хадамоти алоќа низ овозае њаст, ки њатто њангоми вуруд телефонњои мобилї ба маркази хадамоти тўйхона супурда шудаанд.

Навхонадорон Зарина Рањмонова 19 сол дошта, духтари шашуми Эмомалї Рањмон, раисљумњури Тољикистон аст, ки донишгоњеро дар Лондони Британияи Кабир хатм кардааст. 14-уми июли соли 2010 бори аввал дар экрани телевизиони давлатии Тољикистон - "Шабакаи аввал" хабарњои инглисии барномаи "Ахбор" - ро ќироат кард ва аз тарафи љомиа хеле хуб истиќбол шуд, чун бори аввал мардум медиданд, ки духтари президенти онњо њамчунин як касби оддиро пеша кардааст ва њам истеъдоди хуби худро ба намоиш гузошт. Сиёвуш Зуњуров, писари дуюми Бек Зуњуров, раиси Хадамоти алоќаи Тољикистон буда, дар курси чоруми Донишгоњи миллї, дар шўъбаи њуќуќшиносї тањсил мекунад. Модари ў аз хешовандони њамсари роњбари давлат мебошад. Сиёвуш чемпиони секаратаи Љумњу-

рии Тољикистон оид ба бокс миёни наврасон, љавонон ва калонсолон ба шумор меравад. Соли 2009 дар чемпионати љањон, ки дар Арманистон баргузор гардидааст, љойи 6-умро соњиб гашта, баъдан, дар чемпионати љањонии соли 2010, ки миёни љавонон буд, љойи 5-умро гирифт. Худи њамон сол дар Бозињои олимпии тобистона, ки дар Сингапур бургузор гардид, вай соњиби љойи 4-ум шуд. Сиёвуш устоди варзиш дар риштаи бокс ва чемпиони турнири АвруОсиё дар шањри Алмато мебошад. Њељ як маќоми расмї омода нашуд, ки хабари ќудошавии ин хонадонњоро расман рад ё тасдиќ кунад, вале як манбаъ аз Дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон гуфт, ки " кори шахсии президент аст ва донистани ин ба рўзноманигорон шарт нест".

"Домоди муњим" Домодњо дар фазои пасошўравї афроди оддї буда наметавонанд. Онњо бо ин роњ ба маќоме соњиб мешаванд, ки расман њам набошад, амалан хеле наќши муассир дар фаъолиятњои иќтисодї ва тиљоратї, њатто сиёсии кишварњо доранд. Мисоли барљаста Роњат Алиев, домоди бузурги Нурсултон Назарбоев аст, ки ба хотири амбитсияњои сиёсиаш на фаќат аз зану фарзанд, балки ватану вазифањояш мањрум шуд. Аммо дар Тољикистон. Исми домодњои президент Эмомалии Рањмон он ќадар расонаї нестанд, ё худ гоњ - гоњ дар матбуот пайдо мешаванд. Аз љумла дар робита бо бањсњо сари роњи пулакии Душанбе - Чаноќ номи домоди президент Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ба сафњаи расонањо роњ ёфт. Ўро молики IRS, ширкате унвон карданд, ки дар Љазирањои Вирљинияи Британия сабти ном шуда, низоми толлингиро дар шоњроњ роњандозї кард ва тариќи плазањо ба чидани њаќќи роњ машѓул аст. Ў шавњари Озодаи Рањмон аст, ки муовини вазири корњои хориљии Тољикистон мебошад. Љамолиддин, писари Камол Нуралиев, собиќ муовини вазири обу обёрї, хеши роњбари ваќти Дастгоњи иљроияи Президент Амиршо Миралиев аст ва њоло

сернуфузтарин домод мањсуб мешавад. Номи Мањмадзойир Соњибов, домоди бузурги президент замоне расонаї шуд, ки раиси Агентии харидњои давлатї таъйин шуд, аммо дере нагузашта "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифа барканор шуд. Њоло маълум нест, ки ин кори дигари Мањмадзойир Соњибов чї аст, аммо бино ба хабарњои расмї, ў ба тиљорат машѓул аст ва фаъолияташ тамоми минтаќањои кишварро фаро мегирад. Аз тарњњои ахири ў, бозори "Њољї Шариф" дар Ќўрѓонтеппа ва бозори нав дар Њисор њисоб мераванд. Мањмадзойир, шавњари Фирўза, духтари калонии роњбари давлат аст. Ашраф Гулов, домоди дигари президент ва писари Гул Шералї, ки бо инглисидонии худ маъруф аст, замоне дар сафорати Тољикистон дар Белгия машѓули кор буд. Њоло сарвари Раёсати андозсупорандагони бузурги Кумитаи андози назди њукумати Тољикистон аст, аммо дар расонањо аслан падид намеояд. Ў шавњари Парвина Рањмонова мебошад. Шамсулло Соњибов, бародарзодаи Мањмадзойир Соњибов њам пас аз он дар расонањо зуњур намуд, ки Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24" ўро аз шарикони кории худ унвон кард ва сабтњои суњбаташро дар бораи муомилањои тиљоратиашон дар Ютюб пахш намуд. Ќувватов даъво дорад, ки ширкатњои ташкилкардаи ў - "Тољирон" ва "Фароз" - ро Шамсулло Соњибов аз худ кардааст, аммо ахирї мегўяд, агар нуфузу воситањои ў намебуд, ин ширкатњо ба љое намерасиданд. Њоло Шамсулло Соњибов намояндаи тиљоратии Тољикистон дар Бритониёи Кабир аст. Ў шавњари Рухшона Рањмонова буда, дар Лондон сарпарастии Заррина Рањмоноваро ба уњда доштааст. Дар бораи домоди дигари президент Њољї Зарифи Шариф, баръакси хамсараш Тањмина Рањмонова расонањо такрибан чизе нанавиштаанд. Фаъолиятхои тиљоратии ў асосан бо Душанбе мањдуд мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки падарони њамаи домодњо - ќудоњои роњбари давлат њам одамони оддї набуданд...

Ќудоњои бонуфуз Ќудоњои президенти Тољикистон шуруъ аз нахустинашон шодравон Њољї Шариф то охирин - Бек Зуњуров шахсони бомартаба мањсуб ёфта, сарватманд ва тавоно њам њастанд, вале њамаашон ба љуз аз Гул Шералї ва Бек Зуњуров расонаї набуданду нестанд. Гул Шералї бо вуљуди фарди хушмуомила будан чун масъули бахши энергетика ва саноат дар ВАО зиёд интиќод мешавад, вале њатто ў ба пои маъруфияти Бек Сабурович Зуњуров ё маъмулан БЗС нарасидааст. Ќудои нави президент раиси Хадамоти алоќаи назди Њукумати Тољикистон як шахси хеле маъруф дар расонањо аст. Ў солњост, ки ин соњаро сарварї мекунад, аммо шуњрати ў бахусус пас аз он боло рафт, ки дар ќазияи ќатъи алоќаи телефони мобилї њангоми њодисањои Бадахшон дар тобистони соли 2012 шарњњои шубњаангез дод, аз љумла гуфт, ки ќатъи алоќа эњтимолан кори як шикорчї аст. Аксарияти коршиносон бар ин буданд, ки пас аз ин ва як "суњбат бо асосгузори Фейсбук Марк Сукерберг" мавсуф аз вазифа барканор хоњад шуд, аммо њоло ин фикр аз сарњо дур мешавад ва шояд барканории ў ба хотири ба вазифаи баландтар гузаштани ў иттифоќ афтад. Ба њамин минвол, Мањмадулло Соњибов, падари Шамсулло, ба тиљорати бузург машѓул буда, асосан дар бозори сўзишворї ва маводи ѓизої фаъол аст. Њољї Шарифи Обигармї њам ба саноат, тиљорат ва чорводорї сарукор дорад. Дар бораи Камол Нуралиев, тавре гуфтем, дар гузашта муовини вазир буда, њоло корхонањои хусусиаш, аз љумла "Хушобак" -и Данѓараро назорат мекунад ва марњум Њољї Шариф соли 2008 олами фониро падруд гуфта, роњбарии оилаи сернуфузашро ба писараш Мањмадзойир вогузоштааст. "Нигоњ"

Ањли эљоди нашрия бо истифода аз фурсати муносиб хонадони Рањмон ва Зуњуровњоро ба муносибати туйи арўсии фарзандонашон муборакбод намуда, ба онњо саодатмандиву комгорї хоњонанд.


МО ВА МАЗЊАБ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

3

Рањматилло ЗОЙИРОВ:

"Зайд Саидов мањбуси сиёсї аст" Зайд Саидов, соњибкори некном ва собиќ вазири саноати Тољикистон, нимашаби 19 май дар Фурудгоњи шањри Душанбе аз тарафи маъмурони Ољонсии мубориза бо фасоди Тољикистон дастгир карда шуд. Ин боздошт ваќти бозгашти Саидов аз Фаронса иттифоќ афтод. Рўзи баъд маљлиси вакилони шањри Душанбе дахлнопазирии вакилии Зайд Саидовро лаѓв кард. Додгоњи ноњияи Фирдавсї рўзи 22 май њукми њабси Саидов барои 2 моњи ояндаро содир кард. Аммо ин боздошт ва низ иттињомоти ворида алайњи ў то чї њад бо ќавонини кишвар мутобиќ аст ва ин ки, мегўянд, мољарои мазкур ангезаи сиёсї дорад, то чї њад воќеист? Аз Рањматилло Зойиров, раиси Консорсиуми юридикии Тољикистон, хоњиш кардем, ки ба ин масъала равшанї андозад. Љаноби Зойиров гуфт: - Боздошти Зайд Саидов дар Фурудгоњи шањри Душанбе усулан ѓайриќонунї ва ѓайримантиќї аст. Зеро бо он айбњое, ки Ољонсии мубориза бо фасод ва додситонї ба ў бастаанд, њељ гуна зарурат ба чунин боздошти таъљилї набуд, албатта, агар ки авомили сиёсї ба назар гирифта нашавад. Ин њам дар њолест, ки Зайд Саидов бо пойи худаш аз хориља ба Ватан пас гашта ва њељ ќасду нияти аз тафтишот паноњ кардани худро надошт. - Маљлиси вакилони шањри Душанбе љаласаи ѓайринавбатї ташкил дода, имтиёзоти вакилї ва дахлнопазирии Зайд Саидовро лаѓв кард. Ин амали вакилони маљлиси шањрї то чї њад дар доираи ќонун сурат гирифтааст? - Албатта, дар чањорчўби ќонун сурат нагирифтааст. Сараввал, ў ѓайриќонунї ва бо зери по кардани салоњиятњое, ки ќонун ба як вакил додааст, боздошт карда шуд. Дуюм, њолати рўбарўсозї (очная ставка)-и Зайд Саидов бо Низомхон Љўраев як амали махсус ташкилшуда аст, ки то ба ин васила вакилони маљлиси шањриро мутаќоид созанд, ки Зайд аз ў пора гирифтааст. Агарчанде натиљаи ин рўбарўсозї, ки асоси њуќуќї надорад, ошкор карда нашуд, вале бо ин кор рўи вакилон таъсири психологї расониданд, то ин ки онњо бидуни муњокима Саидовро аз њуќуќ ва салоњиятњои вакилї мањрум созанд. Севум, ќонуншиканї дар он ифода меёбад, ки Зайд Саидовро ба љаласаи Маљлиси вакилони халќи Душанбе даъват карданд, аммо нагузоштанд, ки худи ў дар кори он ширкат варзад. Чорум, ягон вакил аз раиси маљлис дархост накард, ки а) иштироки Зайд Саидов дар љаласа таъмин шавад; б) далелњои боздошти ў ба вакилон барои омўзиш пешнињод гардад; в) далелњои ќонунии зарурияти таъљилан боздошт шудани ў талаб карда

нашуд. Бар изофа, њуќуќ барои њимояти Зайд Саидов њам аз тарафи маќомоти давлатї муроот нагардид ва њам аз тарафи Маљлиси вакилони шањри Душанбе. Худи мањрум кардани шахс аз њуќуќи њимоят ин амали ѓайриќонунї аст. Иштироки ў дар ин иљлосия њатмї буд. Бар тибќи ќонун мебоист баъд аз суханронии намояндаи додситонї ба Зайд Саидов њам минбар дода мешуд. Ў бояд барои њимояти њуќуќњои худ суханронї мекард. Ба ин тартиб, тарафи њимояти Зайд Саидов сад дар сад метавонад гўяд, ки њуќуќи дахлнопазирии ин вакил ѓайриќонунї барњам дода шудааст. - Он иттињомоте, ки бар пояи он Зайд Саидовро аз салоњиятњои вакилї мањрум намуданд, њоло дар айбномаи ў вуљуд дорад? - Ваќте Зайд Саидовро аз њуќуќи дахлнопазирї мањрум карданд, ў на танњо айбдоршаванда, њатто, гумонбар ба њисоб намерафт, чун нисбати ў ќарор оид ба айбдор ё гумонбар донистан ќабул карда нашудааст. Танњо муовини додситони кулл бо пешнињоди худ хоњиш кард, ки имтиёзњои Саидов њамчун вакил бекор карда шавад, дар њоле ки то ин давра маќомоти тафтишотї аллакай ин имтиёзњои вакилро поймол карда буданд. Агар аз рўи ќонун маънидод кунем, бояд додситони кулл санади худро ба таваљљўњи вакилон оид ба бекор кардани имтиёзњои вакил пешнињод намекард. Балки њамчун маќомоти назорати ќонуният нисбати амалњои ѓайриќонунии Ољонсии мубориза бо фасод ва тафтишоти пешакї эътироз меовард. Ин њам боз як бор нишон медињад, ки боздошти Зайд Саидов супоришї ва характери сиёсї дошт. Аз моддањое, ки нисбати Зайд Саидов пештар эълон намуданд, то имрўз танњо як моддаи 319 њамчун асос барои эълони айб боќї мондааст. Ин њам бошад, нишондоди холї, дурусттараш, тўњмати супоришии Низомхон Љўраев аст. - Вакилони дифои Зайд Саидов пешнињод намуданд, ки чораи њабси ў иваз шавад. Ба назари Шумо, пешнињоди онњо чаро ќабул нашуд? - Ин масъала сабабњои гуногун дорад. Бавижа, сабаби субъективї. Сабаби умдаи рад шудани ин пешнињод дар он аст, ки суд ва маќомоти тафтишотї дар тањќиќи ин ќазия мустаќил нестанд, аз ин рў, ќарори мустаќил ќабул карда наметавонанд. Вакилони дифои Зайд Сайидов пешнињод карданд, ки Саидов бар ивази гарав озод карда шавад. Додгоњ инро рад ва бо он асоснок кард, ки агар ў дар озодї бошад, дар кори тафтишот халал мерасонад. Аммо ин ваљњњои онњо бепоя буданд. Зеро аз рўи таљрибаи тафтишот бо он иттињомоте, ки нисбати Саидов задаанд, тат-

биќи чораи њабси пешакї ва ё боздошти ў зарурият надорад. Зеро Саидов маълули гурўњи 2 аст, дар Душанбе љойи зист ва кор дорад ва агар ки ў, дар њаќиќат, аз маќомоти тафтишотї гурехтан мехост, ё ба маќомоти тафтишот халал расонидан мехост, чун дар ваќти эълони айб ва ифтитоњи парвандаи љиної аз њудуди Тољикистон берун буд ва агар мехост халал расонад ва ё фирор намояд, ба Тољикистон барнамегашт. - Кумитаи дифоъ аз њуќуќњои конститутсионии Зайд чї тавр метавонад дар тањќиќи мунсифонаи ќазияи ў мусоидат намояд? - Фаъолияти ин Кумита сирфан ва ќатъан дар доираи ќонун ва адолати иљтимої бояд сурат бигирад. Ин Кумита бояд исбот карда тавонад, ки Зайд Саидов бегуноњ дастгир шудааст ва собит созад, ки ин ќазия сохта, супоришї ва ноодилона аст. Албатта, дар ин кор созмонњои њифзи њуќуќ ва васоити ахбори омма бояд кўмак расонанд. Ин Кумитаи љамъиятї метавонад дар дастгирии Зайд Саидов ва то кадом њад мунсифона расидагї кардан ба ќазияи ў мусоидат ва њамзамон, таваљљўњи љомеаро ба он љалб созад. - Шумо бо чї асос мегўед, ки боздошти Зайд Саидов ангезаи сиёсї дорад? - Як назар агар ба ќазияи мазкур биандозед, комилан ошкор мешавад, ки ангезаи кори љиноятї нисбати Зайд Саидов сиёсї аст. Бубинед, ўро бе асоси боварибахш ва њатто, бе иштироки худаш аз кор сабукдўш карда, дахлнопазирии вакилиашро бекор намуданд. Њатто, як иттињодияи муњими иљтимоиро, ки чандин ташкилоти дигарро муттањид мекард, ба мањзи он ки Зайд Саидов роњбараш буд, аз байн бурданд. Ўро аз назди њавопаймо дастгир карда, нисфи шаб ба Ољонсї оварданд ва дар Маљлиси вакилони Душанбе, ки ў њам вакил буд, имкон надоданд, ки суханронї кунад. Чанде аз аъзои гурўњи тадорукоти Њизби "Тољикистони нав" зери фишори шадид ќарор дода шуданд. Њамин гувоњи он аст, ки ин ќазия ангеза ва заминањои сиёсї дорад. Вагарна чаро ин њама айбу иттињому боздоштњо то эълони таъсиси њизб аз тарафи Зайд Саидов анљом дода нашуданд? Ў, ки дар бари њамин мансабдорон ва њамин маќомот ќарор дошт ва фаъолият мекард. Ва то њамин замон аз тарафи маќомоти тафтишотї кадом даъво ва парванда нисбати ў мављуд набуд. Танњо пас аз эълони ташкили њизб аз тарафи маќомоти дахлдор корхона ва муассисањои зери рањбарии ў мавриди тафтиш ќарор дода шуданд. Ва мањз баъди њамин ў якчанд маротиба ба маќомоти интизомиву њифзи њуќуќ даъват карда шуд ва яке аз шартњо ба ў ин буд, ки аз таъсис додани њизб даст кашад. Ваќте ў аз таъсиси њизби

сиёсї даст накашид, нисбати ў парвандаи љиної кушоданд ва њангоми бозгашт аз берун ў ба њабс гирифта шуд. Ва бо итминони комил метавон гуфт, ки парвандаи љиної нисбати Саидов ангеза ва заминаи сиёсї дорад. Ва метавон гуфт, ки Зайд Саидов мањбуси сиёсї мебошад. - Фикр мекунед, акнун чї хоњад шуд? Худи Зайд то чї њад метавонад ба таќдири баъдии худ таъсир гузорад? - Барои худи Зайд Саидов бевосита ба ин парванда таъсир расонидан мушкил мебошад. Аммо муњимтарин омили њалкунанда он мебошад, ки Зайд Саидов дар мавќеъ ва бегуноњии худ њамчун фарзанди шоистаи Ватани худ устувор бошад. Тоќат. Тоќат ва боз як бор тоќат. Барои ў сабри њазрати Айюбро хоњонам. Зеро айбе, ки бар пояи нишондоди Низомхон Љўраев нисбати ў баста шудааст, тўњмат мебошад. Вакилони дифоъ ваљњњо ва далелњои мувассаќеро дар даст доранд, ки нишондоди Низомхон Љўраев ва тўњмат будани онњоро нишон медињад. Ва то љое шунидам, аз тарафи маќомот ба Саидов пешнињод шудааст, ки айбњоро ба гардан гирад, кори љиної нисбати ў ќатъ мешавад. Аммо Саидов бояд дар аќида ва мавќеи худ устувор монад. Ў бо ин тарзи мавќеъгирї барои њаматарафа ва объективї баррасї шудани парвандааш кўмак мекунад. - Оё мушкилоти ба сари Зайд Саидов омада метавонад неруњои дигарандеши кишварро дар интихоботи президентї муттањид кунад? - Албатта, метавонад ва аллакай муттањид сохт. Ќазияи ў яке аз нуктањои асосии ташкили "Эътилоф барои демократия ва љомеаи шањрвандї дар Тољикистон" шуд. Барои њимояти њуќуќњои конститутсионии Зайд Саидов Кумитаи љамъиятї ташкил карда шуд, ки намояндањои неруњо ва гурўњњои гуногуни кишварро дар бар гирифт. Ташкили ин Кумита ва њатто, Эътилоф як вокуниш ба ифтитоњи парвандаи љиної нисбати Зайд Саидов мебошад. Кумитаи дифоъ аз њуќуќњои конститутсионии Зайд Саидов як ташаббуси бесобиќа аст ва ин худ гувоњ аст, ки љомеаи маданї бо ин ќазия чї тавр бархўрд кардааст. То ќазияи Зайд созмон ва ањзоби воридшуда ба ин Кумита бо њам муттањид набуданд. Аммо њоло он неруњои созанда ва шахсиятњои соњибмаќому соњибномро муттањид карда истодааст. Ман бар ин боварам, ки њар чї ќадар ќазияи Зайд Саидов тўл кашад, ин Кумита шумори худро аз шахсиятњои мўътабар ва созмонњои иљтимої бештар хоњад кард.

Мусоњиб Абдуќаюми ЌАЮМЗОД


4

ТОЉИКИСТОНИЁН

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

Иљлосияи ѓайринавбатї: Эњтимоли истеъфоњои бузург

Э

њтимол меравад, ки дар иљлосияи ѓайринавбатии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таѓйироти ѓайриинтизоре дар раддаи болоии маќомот сурат бигирад. Гарчи ба сурат гирифтани таѓйироти чашмгире огоњон рўшан ишора намекунанд, аммо вазъи мављудаи сиёсї эњтимоли чунин таѓйиротро зиёд намудааст.

Бо фармони Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон, "Дар бораи даъвати иљлосияи навбатии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" иљлосияи ѓайринавбатии Маљлиси миллї 12-уми июн баргузор хоњад гардид. Ин фармонро Эмомалї Рањмон шанбеи 8-уми июн ба имзо расондаасту аввали њафта он расонаї шуд. Тибќи фармони президент дар иљлосия Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", Ќонун "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон", Ќонун "Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи муќовимат ба ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм", Ќонун

"Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", Ќонун "Оид ба ворид намудани иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи нотариати давлатї" баррасї мегарданд. Аммо эњтимол меравад, ки рўзномаи иљлосия бо баррасии ќонунњои мазкур иктифо намекунад. Эълони баргузории нобањангоми љаласаи Маљлиси миллї аз пайи истеъфоњои ѓайримунтазира дар маќомоти прокуратура сару садоњоеро ба миён овардааст. Эњтимоли он аст, ки истеъфоњои "бо хоњиши худ" дар сатњи болоии маќомоти прокуратура ва Суди Олї дар иљлосия идома ёбад. Ва он ба истеъфоњои ѓайримунтазираи ду тан аз рањбарони тафтишоти "Парвандаи исфарагињо" -

«

Аз ќабл гуфта мешуд, ки вазири кишоварзї ва собиќ раиси вилояти Суѓд Ќосим Ќосимов, прокурори генералї Шерхон Салимзода, раиси Суди Олии ЊТ Нусратулло Абдуллоев ва судяи Суди Олї Нур Нуров ба ин ќазияи пурасрори "Парвандаи исфарагињо" мустаќим ва ё ѓайримустаќим рабт доранд.

«

прокурори собиќи ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе Эмом Ѓоибов ва ёрдамчии калони прокурори вилояти Суѓд Одил Очилов рабт мегирад. Аввалї, сардор (њамкурси Шерхон Салимзода) ва дувумї, муовини сардори гурўњи тафтишотии Агентии назорати молиявии давлатї ва мубориза бо

Сирки саргардони тољик

С

ирки давлатии Тољикистон дар байни 48 давлати дунё љойи 3-юмро гирифтаву санаи 1-уми июни соли 2013 дар шањри Хуљанд сарсону саргардон монд. - Ин бори аввал нест, ки мо дар вилояти Суѓд ба чунин њолати ногувор рў ба рў шуда бошем. 4-5 сол ќабл дар вилояти мазкур ба њамин њолат гирифтор шуда будем, - гуфт њунарманди Сирки давлатї Исматулло Њомидов.

Санаи 14-уми майи 2013 номаи муовини аввали вазири фарњанг М. Достиев ба раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода навишта шудааст, ки дар он омадааст: "Сирки давлатии Тољикистон бо барномањои љолиби сиркї аз 20 май то 20 июни соли равон ба вилояти Суѓд сафар мекунад. Бинобар ин эњтиромона хоњиш мекунем, ки бобати дар сатњи баланди эљодию ташкилї гузаштани сафари њунарии Сирки тољик дар шањру ноњияњои вилоят мусоидат намоед". Бояд Сирки давлатии Тољикистон як моњ дар вилояти Суѓд намоишнома нишон медод, лекин як рўз њам намоиш дода нашуд. Кї айбдор? 1-уми июн, соати 11.00 хазинаи чиптафурўшї мањкам буд, пас, чї гуна чиптањо ба фурўш раванд? Шоњиди ин банда низ мебошам. Як нафар дар Раёсати фарњанги вилоят ба "Нигоњ" гуфт, ки "мо бо дастгирии муовини раиси вилоят Мављуда Бобоева вазифаамонро иљро кардем ва Раёсати

коррупсия буданд, ки "Парвандаи исфарагињо"-ро солњои 2007-08 мавриди тањќиќ ќарор додаанд. Сарфи назар аз њама наздикињо ба прокурори генералї боздошт гардидани Эмом Ѓоибов ва гардишњои нав дар ќазияи Низомхон Љўраев ба карйераи Шерхон Салимзода ва раиси Суди Олї Нусратулло Абдуллоев бетаъсир нахоњад монд. Аз ќабл гуфта мешуд, ки вазири кишоварзї ва собиќ раиси вилояти Суѓд Ќосим Ќосимов, прокурори генералї Шерхон Салимзода, раиси Суди Олии ЊТ Нусратулло Абдуллоев ва судяи Суди Олї Нур Нуров ба ин ќазияи пурасрори "Парвандаи исфарагињо" мустаќим ва ё ѓайримустаќим рабт доранд. Чанд њафта пеш Нур Нуров аз бозї берун карда шуд, аз мансаб рафт ва дар дами пирї доѓи судї гирифт. Ќосим Ќосимов то њол мустаќиман ба гирдоби "Парвандаи исфарагињо" кашида нашудааст. Ба љуз Нур Нуров, Эмом Ѓоибов, Одил Очилов, инчунин, Абдулањад Ќурбониён, сардори Ситоди Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Шермат Нуров, собиќ муовини прокурори наќлиёт ва ќудои роњбари Дастгоњи иљроияи ваќт Амиршо Миралиев, Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатї ва нафари наздик ба прокурори генералии ваќт Бобољон Бобохонов, аз вазифањояшон сабукдўш гардида, ахирї барои муддати тўлонї зиндонї њам шуд. Аммо дуи дигар - прокурори генералї ва раиси Суди Олї дар мењвари гирдоб ќарор доранд.

фарњанги шањри Хуљандро вазифадор кардем". - Дар ин љо худи мењмонон гунањкоранд. Дар як рўз кї таблиѓ карда метавонад? Њадди аќал, 10 рўз пеш меомаданд, ин тавр намешуд, - гуфт мудири шўъбаи фарњанги шањри Хуљанд Бахтиёр Ќосимов. - Мардуми вилоят Сирки тољикро шунидаанд, лекин надидаанд. Аз рўи пурсиши афкор муайян шуд, ки 60% мардуми шањр сиркро намедонанд. Сирки тољик 30 даќиќа дар назди одамон баромад кард, вале хандаовар ин буд, ки аз 2000 чипта 10 чипта ба фурўш рафтааст. Инро њам зикр кунем, ки ягон консерт ё намоишномаи њукуматї мебуд, маљбуран донишљўён чипта мехариданд, вале барои Сирки давлатии Тољикистон ин дида нашуд. Шояд, маљбуркунии донишљўён барњам хўрда бошад?

Комрони АСЛОН

Роњи халосї барои њар ду - истеъфо аз мансаб аст ва акнун њар ду шонсе доранд, ки аз ин љаласа истифода кунанд ва ба хоњиши худ истеъфо дињанд ё декабр-январ ва шояд, таќдири бадтареро интизор шаванд. Ин интрига рўзи чоршанбе, санаи 12-уми июн кушода мешавад.


МУШКИЛИ РЎЗ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

5

"ТЕСТИ ТОЉИКЇ" Њар таљрибаи љањоние, ки дар Тољикистон татбиќ мешавад, худ хусусияти мањаллї пайдо мекунад Имтињонњои ќабул дар донишгоњњои олии Тољикистон аз соли 2014 пурра тариќи тести марказонидашуда гузаронида мешаванд. Истифодаи тест дар Тољикистон њанўз аз соли 1994 оѓоз шуда, бо татбиќи системаи кредитї дар соли 2005 имтињонњои ќабул дар Донишгоњи давлатии тиљорат ва Донишгоњи технологї тариќи ин низом оѓоз гардид. Тест њамчун низоми љањонї шинохта шудааст, аммо дар Тољикистон, бо вуљуди ќабул шудани ќарори махсуси њукумат, то њол сари "бошад, ё набошад"-и он бањсњо идома дорад. Мутахассисон мегўянд, ин низомро кишварњои пешрафтаи љањон ќабул карда, рушд мекунанд ва Тољикистон низ ногузир аст, ки онро ќабул кунад. Аммо гурўњи мухолифи истифодаи тест дар Тољикистон иддао доранд, ки низоми ќаблии коммунистї ё "бобої" аз тест хубтар буд.

"Имтињони шаффоф"

Андоз аз талоќ Омор нишон медињад, ки људошавии оилањо дар Тољикистон рўз то рўз пурфољиатар мешавад Думаи Русия консепсияи љадидеро дар мавриди пешгирии људошавии оилањо омода намуд ва яке аз навоварињои он "андоз барои људошавии оилањо" аст. Дума мехоњад ин андози хеле бузург бошад, ки њам мард аз талоќ тарсад ва њам ба фарзандони дар кўча мондаи ў кўмаки бузурги молиявї бошад. Ин сўњбатњо ќариб дар њама нишастњои матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тољикистон низ шунида мешавад. "Андоз аз талоќ" дар Тољикистон љорї мешавад? Вазъи иќтисодии ањолии Тољикистон бо Русия ќобили муќоиса нест, аммо људошавии оилањо дар кишвар проблемаи ташвишовар боќї мемонад. Љуфтњои як ваќт хушбахт људо мешаванд ва ќурбонии ин талоќ фарзандони замоне аз ишќ ба дунё омада њастанд. Пас аз талоќ шавњарон, умуман, зану фарзандро фаромўш мекунанд. Модар бо се - чор фарзанд сарсону саргардон мешавад. Дар байни занон њанўз нафароне њастанд, ки њатто, тарзи ситонидани алимент барои фарзандони ноболиѓашонро намедонанд. Падароне њастанд, ки намехоњанд алимент бидињанд, ё дар аксар маврид вазъи иќтисодии хонаводагї имкон намедињад, ки алимент супоранд. Пас, бењтар он аст, ки њамон маблаѓи алимент дар суд њангоми људошавї ситонида шавад? Фирдавс, падари се фарзанд, мегўяд, "ваќте андоз ё љаримаи људошавї гарон бошад, мард њаракат мекунад, ки оилаи худро аз парокандагї нигоњ дорад, зеро медонад, ки андози људошавї гарон аст ва ў ин маблаѓро надорад.

"Маънавиёт" Аммо Марњабо Олимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тољикистон, мегўяд, ин пешнињод ќобили ќабул нест ва муваффаќ шудани он аз имкон дур аст: - Барои пешгирии хонавайронии оилањои љавон маънавиёти љомеаро баланд бардоштан зарур аст. Фарзанде, ки дар оилаи нопурра ба воя мерасад, дар оянда чї мешавад? Писаре, ки дар тарбияи танњо падар ба воя расидааст, фардо ваќте хонадор мешавад, бе ягон дилсўзиву андеша аз њамсари худ људо мешавад. Ё духтаре, ки дар тарбияи модар нисбатан озод ба камол мерасад, ў њам таљрибаи зиндагии модарро ба худ ќабул мекунад. Чунки ўро дар њамин муњит тарбия карданд. Таљрибаи зиндагии худи волидон барои фарзандон дарси зиндагист. Такя ба "маънавиёт", ки маќомот ба он ишорат мекунанд, роњи идеалї аст, аммо њалли масъала буда наметавонад, зеро мактабу маориф вазъи бад доранд, аксари оилањои кишвар аз муњољират ранљ мекашанд ва фаќру тангдастї њам дар миён аст. Аммо пешгирии људошавии оилањо танњо кори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њуку-

мати Љумњурии Тољикистон нест. Кори тамоми љомеа аст. Аммо ку ин љомеа? Марњабо Олимова Ќонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"ро сариваќтї мењисобад, чун баъзе волидайн, њатто, дарк намекарданд, ки дар тарбияи фарзанд чї масъулият доранд ва бемасъулиятии волидайн гуноњи фарзандон буда наметавонад. Аммо инро ба њазорњо оилаи људошуда чї тавр мешавад фањмонд?

"Дањшат!" Аз људошавии оилањо дар Тољикистон президент Эмомалї Рањмон низ изњори нигаронї карда, дар Паёмаш ба Маљлиси Олї гуфта буд, ки дар як сол "њафту ним њазор оила аз њам људо шудаанд". Акнун тасаввур мекунем, ки агар онњо якфарзандї дошта бошанд, пас, 7,5 њазор кўдак дар тарбияи ё модар ва ё падар монданд. Мувофиќи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар се моњи соли 2013 бастани аќди никоњ коњиш ёфта, талоќ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра 2 (ду) њазору 116 нафар талоќ гирифтаанд, ки ин нишондињанда дар њамин давраи соли 2012 1 (як) њазору 981 касро дар бар мегирифт. Људошавии оилањо дар омор 135 адад зиёд шудааст. Бастани аќди никоњ дар ин давра баробар аст ба 24 њазору 793 нафар ва дар соли 2012-ум ин адад 25 ањзору 30 касро ташкил медод. Ин омор, шояд, барои касе табиї бошад, аммо дар батн дањшатро нуњуфтааст. Њангоми сўњбат бо нафароне, ки таљрибаи рўзгор дидаанд, маълум шуд, ки роњандозии андоз барои људошавии оилањо ба хотири њимояи манфиатњои тифл дар Тољикистон љонибдорї намеёбад. Аммо њастанд шахсоне, ки супоридани андози њангуфтро њангоми људошавии оилањо дар мурофиаи судї љонибдорї карданд. Вале "Консепсияи бењдошти вазъи сиёсиву иљтимоии оилањо дар ќаламрави Федератсияи Русия то соли 2025", ки аз љониби гурўњи кории раиси Кумита оид ба корњои оила, занон ва кўдакони Думаи давлатии Федератсияи Русия омода шудааст, баъд аз баррасї дар љомеа то куљо тарафдор меёбаду ќобили ќабул њисобида мешавад, барои Тољикистон муњим аст. Зеро омор нишон медињад, ки низоми оиладории тољикї, низоме, ки як тољикро ба воя мерасонд, тањти хатар ќарор дорад ва инро омор собит мекунад. Ва ба ин далел, "андоз барои талоќ" ањамияти худро гум намекунад, то замоне, ки талоќњо коњиш наёбанд ва кўдакони мо дар кўча намонанд. Ва гап танњо сари маблаѓ нест, балки масъулият пеши оила, љомеа ва Ватан аст.

Умедљони САЪДУЛЛО

Хурсанд Муъминов, донишљўй аз вилояти Суѓд, мегўяд, тест донишљўйро маљбур мекунад, ки бештар мутолиа намояд ва маљбур аст, барои пайдо кардани посух ба суолњо мавзўъњоро такрор карда, онњоро аз худ кунад, то тавонад дар имтињон суолњои тестњоро дуруст пур намояд. Солењ Ќосимов, муовини сардори раёсати таълими Донишгоњи миллии Тољикистон, мегўяд, саволномаи тестї дар доираи барномаи таълимие, ки донишљўй дар як нимсолаи тестї аз худ мекунад, тартиб дода мешавад ва илова бар ин, устод метавонад дар давоми ду санљиши фосилавї, ки шифоњї мегузаранд, ба сатњи дониши донишљўй бањои сазовор дињад. Љонибдорони тест чунин љанбањои мусбии гузариш ба низоми тестиро зикр мекунанд: 1. Кам сарф шудани ваќт барои имтињон; 2. Шаффофияти имтињон; 3. Коњиш ёфтани имконоти ришвагирии устодон. Ин њама бартарињои тестанд, ки дар љањон дида мешаванд. Аммо ваќте тест "тољикї" мешавад, ин бартарињо ба мушкил табдил меёбанд.

«

Одатан ду-се нафар донишљўи фаъол посухи дурусти суолномаро омода месозанд ва њамсабаќони дигар онро аз ёд мекунанд. Дар ин њол, аксарият ба умќи посухи суолнома намераванд ва ба ѓайри он љумлаи љавоб дигар чизеро намефањманд. Онњо иддао доранд, ки пас аз гузаштан ба имтињони тестї аксари донишљўён барои мутолиаи адабиёт ва иљрои кори хаттї талош намекунанд.

«

Аз "шантаж" то "калидбизнес" Солњои охир баъзе донишгоњњо тестњои имтињониро дар сомонањои худ љо мекунанд, то донишљўён тавонанд аз онњо истифода карда, ба имтињонњо хубтар омода шаванд. Маъмурияти донишгоњњо низ устодонро муваззаф кардаанд, ки як моњ пештар тестњои худро барои гузоштан ба сомона пешнињод намоянд. Аммо... Дар сўњбат бо "Нигоњ" донишљўи соли дувуми факултети журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон, ки хоњиш кард, номашро зикр накунем, гуфт, соли гузашта дар натиљаи "шантаж"-и муаллима ў маљбур шуд пора дињад, зеро агар намедод, аз имтињон меафтид ва азбаски донишљўи кредитї аст, ба кассаи донишгоњ маблаѓ месупорид. Ба гуфтаи ў, аз сомонаи донишгоњ тестњои забони англисиро гирифта, аз рўи онњо ба имтињон омодагї дидааст, аммо ваќте суолњои имтињонро аз назар гузаронд, дид, ки саволњо пурра ношиносанд. Ин саволњо ба мавзўъњое, ки ў гузашта буд, ягон иртиботе надоштанд. Муаллима, гўё ки ба ў ёрї мерасонида бошад, ба ў кўмак кардааст, албатта, бо шарти гирифтани пул. Илова ба ин, бизнесе бо номи "калидбизнес" ба вуљуд омадааст. Шервон, як донишљўи норозї аз низоми тестї, мегўяд, гоњо њамсабаќони камсаводаш аз ў бањои баланд мегиранд, зеро пеш аз имтињон љавобњои тестњоро аз му-

аллим харидаанд. Чї тавр? Донишљўй метавонад бо "харидорї"-и љавоби тестњо, ё ба ќавли донишљўён, "калид" ва аз бар кардани 200 - 300 тест дар имтињон аз њамсабаќи босаводи хеш дида, бањои баландтар гирад.

Пул месупоранд, аммо дарс нест Ќабули имтињонњо тариќи тест яке аз шартњои низоми кредитї аст. Тибќи ин талабот донишљўе, ки аз даври аввали имтињон бањои ѓайриќаноатбахш мегирад, бояд ба кассаи донишгоњ яќ миќдор маблаѓи муайян супорида, ба машѓулиятњои амалї фаро гирифта шавад, то баъдан, ў тавонад дар даври минбаъдаи имтињон бањои ќаноатбахш гирад. Аммо донишљўён шикоят мекунанд, ки баъди супоридани маблаѓ, умуман, ба онњо машѓулиятњои иловагї дода намешавад ва якбора аз онњо даври дуюми имтињонро талаб мекунанд. Амонулло Салимов, муовини ректори Донишоњи аграрї ва њам Солењ Ќосимов, муовини сардори раёсати таълими ДМТ, мегўянд, ки машѓулиятњои иловагї гузаронида мешаванд, њељ як аз њамсўњбати мо аз миёни донишљўён инро тасдиќ накарданд.

Тест - бесаводї? Ин њолатњо мухолифони низоми тестиро ба вуљуд овардааст. Онњо мегўянд, тавассути тест наметавон пурра дониши донишљўйро муайян кард. Профессор Иброњим Усмонов, устоди Донишгоњи славянии Русияву Тољикистон, бо тариќи тестї ќабул шудани имтињонњоро нодуруст мешуморад: - Тест донишро муайян намекунад. Шояд, баъзе фанњое бошанд, ки ба онњо бо тест љавоб додан мумкин аст, масалан, фанни забон ё математика. Дар њолати дигар, тест донишро муайян намекунад. Мурод Муродї, профессори Донишгоњи миллии Тољикистон, мегўяд, тест як навъ усули санљишии ќолабї аст: - Саволњое, ки дар тест љой дода мешаванд, барои фањмидани донишу љањонбинии бахусус, донишљўёне, ки дар риштаи ихтисосњои суханварї тањсил мекунанд, ѓайри ќобили ќабул аст. Ба њамин минвол, мухолифони тест асосан боз ин далелњоро меоранд: 1. Пурра дониши шогирдонро собит намекунад; 2. Ќобилияти фикрронии донишљўро коњиш медињад; 3. Нутќи шифоњии донишљўро такмил намедињад. Онњо мегўянд, одатан ду-се нафар донишљўи фаъол посухи дурусти суолномаро омода месозанд ва њамсабаќони дигар онро аз ёд мекунанд. Дар ин њол, аксарият ба умќи посухи суолнома намераванд ва ба ѓайри он љумлаи љавоб дигар чизеро намефањманд. Онњо иддао доранд, ки пас аз гузаштан ба имтињони тестї аксари донишљўён барои мутолиаи адабиёт ва иљрои кори хаттї талош намекунанд. Ба ќавли онњо, њамон низоми шўравї ё "бобої"-и имтињон дар донишгоњњо бењтар аст. Ба њамин минвол, агар тест боиси рушди кишварњои амрикоиву аврупої шуда, чаро дар Тољикистон мушкил эљод мекунад? Ва ин суол боз мемонад, ки он бошад, ё набошад, онро такмил бояд дод, ё умуман, аз он даст кашид? Чаро њар таљрибаи љањонї дар Тољикистон зуд хусусияти мањаллї пайдо мекунад ва ба як падидаи манфї табдил меёбад?

Мулло РАЉАБ


ШИМОЛ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

6

А

ллакай 8 нафар дар

Сирдарё ѓарќ шуда, 5 тан наљот ёфтаанд. Аз рўи иттилои ситоди њолатњои фавќулодаи шањри Хуљанд, соли гузашта 24 нафар ѓарќ шуда, аз ин 12 нафар ба њалокат расида буданд, ки бештари онњоро љавонон ташкил медињанд. Соли 2011-ум 37 нафар ѓарќ шуда, 7 нафар ба њалокат расида ва 30 нафар наљот дода шудаанд. Аммо суол ин аст, ки чаро њар сол чунин аст? Бале, таќдири инсон аст, аммо мушкилоте вуљуд доранд, ки аз одамон вобаста њастанд.

Гапи раис намегузарад? Масъулини њокимияти шањри Хуљанд соли гузашта ваъда дода буданд, ки ягона "пляж"-и шањриро обод мекунанд. Гуфта буданд, ки "то љашни 20солагии Истиќлолияти Тољикистон шароити заруриро фароњам мекунем". Он ваќт њангоми наворбардории кормандони телевизион се-чор мошин регу шаѓал оварда, холї карда буданд. Аслан, ин корњо пас аз оне, ки дар нишасти матбуотї рўзноманигорон доири ин масъала изњори нигаронї намуданд, бо фармони шањрдори Хуљанд Раљаббой Каримов сурат гирифта буд. Шањрдор масъулинро вазифадор кард, то ки дар як њафта шароит муњайё намоянд, зеро имрўз, бар замми шароити хуб надоштан, ин оббозиљо бо 10-15 нафар пур мешавад. Аз рўи меъёрњо бояд "пляж" 15 метр пањної, 120 метр дарозї ва 1 метру 75 см чуќурї дошта бошад. Њатто, аз рўи иттилои масъулин, дар ин љо бояд аз моњи сентябри соли 2012-ум сохтмони замонавие бо маблаѓи беш аз 500 њазор сомонї шурўъ мешуд. Аммо ин ваъдањо иљро нашуданд.

"Хавфи ќимат" Сирдарё 7 љойи хавфнок дорад. Дар он љойњо навишта шудааст: "Оббозї ќатъиян манъ аст!"Аммо сокинон аз куљо гўш мекунанд? Умед Зокиров, як сокини Хуљанд, мегўяд, "дар ин њавои гарм барои салќин шудан маљбурам, ки дар љойњои манъшуда њам бошад, оббозї кунам: - Дар соњили Сирдарё ягон љойи бехавф барои оббозї нест. Оббозиљои шањрї низ шароити хуб надорад. Имкон надорам, ки њар рўз бо 20 сомонї

"Мурдан гиред!" Дар Хуљанд мавсими ѓарќшавињо оѓоз шуд ба њавзи шиноварї оббозї равам". Ду сол аст, ки дар Хуљанд Маљмааи њавзи шиноварї бо тамоми шароитњои замонавї ба истифода дода шудааст, вале гаронии арзиши он сабабгори кам рафтани мардум ба он шудааст. Корманди ин Маљмаа Малоњат Пўлотова мегўяд, њамарўза аз 30 то 40 нафар ин љо меоянд ва шурўъ аз моњи марти соли равон бо супориши раиси вилоят арзиши њавзи шиноварї барои калонсолон - 20 сомонї, барои кўдакону хонандагон аз 10 сомонї ба 3 сомонї ва барои донишљўён аз 20 то 10 сомонї коњиш дода шудааст. - Бештар ин љо кўдакон меоянд. Рўзњои сешанбе, панљшанбе, барои мардњо ва рўзњои љумъаву якшанбе барои занњо хизматрасонї карда мешавад. Рўзи душанбе бошад, рўзи санитарї эълон шудааст, - гуфт М. Пўлотова. Моњи апрели соли равон дар мулоќот бо варзишгарон њам шањрдори Хуљанд Раљаббой Каримов аз истифода нашудани ин њавз ба таври бояду шояд изњори нигаронї кард ва ба масъулин супориш дод, то ки корњои тарѓиботиву ташвиќотиро байни ањолї пурзўр намуда, муштариёнро љалб намоянд, зеро ки ин њавз имрўз дар "дотатсия" нишастааст. Ин њавз дар як ваќт 40 нафарро ќабул карда метавонад.

Сокинон њам бар он назаранд, ки барои шањри Хуљанд бо 160 њазор ањолиаш имрўз як оббозиљо бидуни одитарин шароит кам аст. Замони Шўравї дар як ваќт дар ин "пляж" наздик ба 500 нафар истироњат мекарданду ќариб касе њалок намешуд.

Њамагї як ѓаввос... Моњи июни соли гузашта бо телефон ба Ситоди њолатњои фавќулодаи шањр гуфтанд, ки се нафар љавонон аз ноњияи Љаббор Расулов њангоми оббозї кардан дар соњили Сирдарёи назди Боѓи Камоли Хуљандї ѓарќ шуданд. Ду нафарашро кормандони ситод якљоя бо нафарони дар он љо буда наљот доданд. Аммо як нафар, ки 18 сол умр дошт, ба њалокат расид. Fаввос, ки нав навбатдориашро ба охир расонида, ба хонааш рафта буд, то баргашта ба љойи њодиса омад, ки як соат гузашт. Дар њамин њол, афсари калони Ситоди њолатњои фавќулодаи шањри Хуљанд Абдуњомид Латифов мегўяд, "мо на њама ваќт имконияти наљот додани нафарони дар љойњои манъшуда оббозикардаро дорем: - Ваќте ки инсон дар об ѓарќ мешавад, аз ду-се даќиќа зиёд зинда монда наметавонад. Агар дар назди худи мо, яъне "пляж" оббозї кунанд, бехавф аст

ва мо имконияти наљот додани онњоро дорем ва онњо зери назорати мо њастанд. Дар он љойњое, ки оббозї кардан манъ шудааст, то мо меравем, ки аллакай дер мешавад". Дар Ситоди њолатњои фавќулодаи шањр, њатто, як "водолаз", яъне ѓаввос Олег Бачкарев барои наљотдињии одамон кор мекунад, ки маоши ў тибќи љадвали нишондодаи кормандони ситод на беш аз 255 сомонї аст ва ў њам 65 сол дорад. Ва Ситоди њолатњои фавќулодаи вилоят дар шањри Хуљанд њамагї се ѓаввос дорад ва аз ин як нафар назди Ситоди њолатњои фавќулодаи шањри Хуљанд навбатдорї мекунад. Њоло як гурўњ аз њисоби 10 љавони ихтиёрї таъсис дода шудааст, ки вазифаи онњо наљотдињии одамон аст ва онњо бидуни гирифтани маош кор мекунанд. Ба назар мерасад, марги инсонњо њангоми оббозї масъулинро он ќадар ба ташвиш намеорад ва ин вазъи, ба истилоњ, "мурдан гиред!"-ро ба хотир меорад...

Афзал БОСОЛИЕВ (Мавод натиљаи иштироки муаллиф дар семинари АМВАОМТ оид ба рушди журналистикаи босифат аст)

САДОИ МАРДУМ

ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТЇ ИШТИРОК МЕКУНЕД?

3%

Барои ман фарќ надорад

12% Не!

4%

Интихобот кай баргузор мешавад?

Фоида надорад

Бале!

33%

Иштирок мекунам, вале ба касе раъй намедињам

45%

Натиљаи пурсиш муайян кард, ки 45 (193 нафар) дарсади райъдињандагон ба интихоботи шаффоф бовар надоранд. Онњо иддао доранд, ки аз иштирок дар интихоб ягон фоидае нест ва варианти "фоида надорад"-ро пахш намудаанд.

2%

Иштирокчиёни ин пурсиши виртуалї, ки зери унвони " Дар интихоботи президент? иштирок мекунед?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 33 (142 нафар) дарсад гузинаи "Бале"-ро интихоб кардаанд. Дар њамин њол, 12 (52 нафар) дарсад аз ширкат дар интихобот худдорї намуда, бахши "на"-ро интихоб кардаанд ва њамчунин 4 (19 нафар) дарсади дигар гузинаи "Иштирок мекунам, вале ба касе райъ намедињам"-ро дар ин назарсанљї интихоб кардаанд.

3 (13 нафар) дарсад аз ширкаткунандагони ин пурсиш гузинаи "Интихобот кай баргузор мешавад?", 2 (9 нафар) дарсад њам варианти "Барои ман фарќ надорад"-ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" аз 6 то 11 июн дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд, ки дар он 428 нафар иштирок кард.


ДАР ДЕГИ СИЁСАТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

7

Ўзбакистон муљањњаз кард, баъдан Ўзбакистон онњоро барњам зад. Коршиносон ба он бовар њастанд, љониби Ўзбакистон ба хубї дарк менамояд, ки иддаъоњояш асоси илмї надоранд. Аз ин хотир, аз њар гуна њамкорї худдорї мекунад. Ташхисњои гузаронидашуда нишон медињанд, ки дар ин давра ба ѓайр аз соли 1989 ягон њолати баланд шудани партови миёнамоњонаи фториди гидроген дар њавои атмосфера, ки аз меъёри муќарраргардидаи њадди љоизи ѓилзати он (ПДК) зиёд бошад, ба ќайд гирифта нашудааст. Барои тасдиќи ин маълумотнома имзоњои масъулини љониби Ўзбакистон то њол мањфуз мебошад.

Стратегияи Каримов - Усмонов Ављи муќобилияти Ўзбакистон ба корхонаи арзизи тољик таърихи тўлонї надорад. Аммо решаи амиќ дар сиёсати ин кишвар давондаасту зуд-зуд ба таврњои гуногун инкишоф меёбад. Дар як њафтаи ахир љониби Ўзбакистон танњо бо "номаи Дилором" иктифо накардааст. Дар расонањои пурнуфузи љањонї матлабњо алайњи Тољикистон нашр намуда, аз зарари экологї сухан мекунанд. Аз љумла дар нашрияи Куриёи Љанубї "The Korea Times" маќолае бо номи "ТАЛКО" муќобили муњити зист"

Бўи низоъ ё муносибати мушкил бо шиноси дерина Номаи Тошмуњаммедова Хабари номаи Дилором Тошмуњамедоваро ба Шукурљон Зуњуров, раиси палатаи поёнии парламенти Тољикистонро љониби дуввумї расонаї кард. Хадамоти матбуотии Маљлиси намояндагон ба расонањо номаи љавобии Шукурљон Зуњуров ба Дилором Тошмуњамедоваро пањн кард. То он дам касе аз нома огоњ набуд. Навиштаи бонуи раиси Палатаи аз нигаронї ба Шукурљон Зуњуров, Ќарори Палатаи ќонунгузории Олий Мажлиси Љумњурии Ўзбакистон ва гузориши Њаракати экологии ин кишвар нисбат ба КВД "Талко" иборат будааст. Матни ин нома барои расонањо дастрас нест ва номаълум аст, ки ќонунгузорони узбак чї талаб кардаанд. Аммо аз рўи посух бармеояд, ки вазъи экологии ноњияњои љанубии Ўзбакистон вакилони парламенташро ба ташвиш овардааст. Аз љумла, аз таъсири экологии КВД "Талко" изњори нигаронї намуда, хостори пардохти љуброн шудаанд. Он њам бо маблаѓи кам не, беш аз 400 миллион (!) доллар. Дар он њамчунин шадидан талаб карда мешавад, ки КВД "ТАЛКО" баста шавад, вагарна... Дигар шакку шубњае намонд: Номаи мазкур љузъе аз стратегияи ба ном экологии давлати њамсоя мебошад, ки бар зиди сиёсати энергетии Тољикистон равона гардидааст. Њадафи аслї мањви КВД "ТАЛКО", боз доштани бунёди нерўгоњи "Роѓун" ва бо ин роњ ба тамом ба зону даровардани иќтисод ва мардуми Тољикистон мебошад.

Посухи расонаии Зуњуров Бо тавоффут ба њамтои ўзбакаш Шукурљон Зуњуров ба даъвои љониби Ўзбакистон посухи шаффоф ва расонаї дод. Мактуби Шукурљон Зуњуров низ аз мурољиат ба бону Дилором Тошмуњамедова, Ќарори Маљлиси намояндагон ва Маълумотнома дар бораи вазъи экологї ва чорањои андешидашуда оид ба њифзи муњити зист дар минтаќаи КВД "ТАЛКО" иборат мебошад. Шукурљон Зуњуров дар мактубаш зикр мекунад, ки нисбат ба вазъи экологї вакилони тољик низ бетараф нестанд. Аз љумла, мавзеи атрофии КВД "ТАЛКО" зери назорати доимии вакилон ќарор дорад. Раиси Маљлисми намояндагон бо овардани факту арќоми даќиќ, вале хеле мулоим карда, ваљњњои дар "номаи Дилором" ва Гузори Њаракати экологии Ўзбакистон омадаро ѓайриилмї ва носањењ хондааст. Дар навбати худ, спикери парламенти То-

љикистон далелњоеро дар бораи вайрон шудани вазъи экологї дар њудудњои наздисарњадии шимоли Тољикистон аз љониби корхонањои Ўзбекистон пешнињод намуда, гуфтааст? "Корхонањои бузурги металлургї, заводњои сементбарорї, шабакањои барќу гармидињии дар ноњияњои Бекобод ва Олмалиќи Љумњурии Ўзбекистон љойгиршуда дар давоми ним аср боз њавои атмосфера ва захирањои оби ноњияњои Шимоли Тољикистонро олуда месозанд. Коршиносон зарари расонидаи онњоро то ба садњо миллион доллари ИМА њисоб кардаанд. Вале муњимтар аз њама зарари расонида ба саломатии ањолї аст, ки дар ин њудуд зери таъсири ин омилњо зиёда аз 600 њазор нафар ањолии ноњияњои Спитамен, Љаббор Расулов, Мастчоњ, Бобољон Ѓафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагї мекунанд". Шукурљон Зуњуров дар идомаи мактубаш нигоштааст, ки бо даъвоњои дуљониба масъалањои экологї њалли худро намеёбанд. Аз ин рў, салоњ аст, ки "бањри њалли мушкилоти љойдошта роњњои муштараки онро тариќи гуфтушуниди конструктивї паси мизи гуфтушунид ба роњ монем". Инчунин, мегўяд, ки гурўњи байнипарлумонии њамкорї оид ба масъалањои экологї бо љалби коршиносони мустаќили байналхалќї таъсис дињем. Ин тарзи фаъолият имкон медињад, ки дар нињояти кор кишварњои мо нуќтаи назари ягона ва оќилонаву одилонаро бањри таъмини њифзи муњити зист ва истифодаи самарабахши табиат рўи кор оранд.

Давлате дар муќобили як корхона КВД "ТАЛКО" шояд ягона корхонаи бузурги минтаќавї бошад, ки аз њама бештар фаъолияту таърихи он зери заррабини расонањои дохиливу хориљї ва байналмилалї ќарор гирифтааст. Аз соли 1994 Ўзбакистон душмани №1 барои ин корхона гардид. Давлати њамсоя њама гузаштаи дуру наздике, ки бо ин корхонаи азими минтаќа дошт, ба гўшаи фаромўшї супурда, барои мањви он аз њама имконот истифода мебарад. Муљиби вайроншавии вазъи экологї донистани "ТАЛКО" аз љониби Ўзбакистон мањз аз њамин зовия сарчашма мегирад. Дар њоле, ки дар солњои 1980 - 1990 дар заводи алюминий зиёда аз 7 њазор коргар аз Ўзбакистон фаъолият доштанд. Он замон иќтисодиёти њар ду кишвар марбут ба системаи

Як њафта мешавад, ки бо роњњои расмї ва расонаї Ўзбакистон аз хатарњои экологии Тољикистон барои ноњияњои наздисарњадиаш бонги изтироб мезанад. Ин навбат Ўзбакистон якбора аз самтњои гуногун њамларо пеш гирифтааст. Пешбарандаи њамлаи навбатии Ўзбакистон бону Дилором Тошмуњамедова - Раиси Палатаи ќонунгузории Олий Мажлиси Љумњурии Ўзбакистон ва Дилёр Њакимов намояндаи доимии Ўзбакистон дар СММ мебошанд. Аммо пушти онњо сояи олигархи ўзбактабори рус Алишер Усмонов низ эњсос шуданист. ягона буд. Њар масъалае, ки ба миён меомад, дар асоси манфиати тарафайн бо назардошти таљрибаи љањонї якљоя омўхта ва њал карда мешуданд. Њамкорињо дар ин самт дар солњои аввали истиќлол низ идома дошт. Тањлилњо нишон медињанд, ки кинатўзии Ўзбакистон њамеша боиси нодида гирифтани пешнињодњои Тољикистон ва ё якљониба аз сўи Тошканд лаѓв гардидани шартномањо шудааст. Намунаи чунин њамкорї, ки баъдан аз љониби Ўзбакистон идомаи онро салоњ надонистанд, Созишнома байни Њукуматњои Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбакистон "Дар бораи њамкорї ва бењтар намудани вазъи экологї дар минтаќаи таъсири манфии заводи алюминии тољик" аз 17-уми ноябри соли 1994 мебошад. Дар доираи Созишномаи мазкур чандин чорабинињои муштараки илмї-тањќиќотї оид ба бењтар намудани њифзи муњити зист баргузор гардидааст. Инчунин, тибќи маълумоти расмї КВД "ТАЛКО" дар њудуди Љумњурии Ўзбекистон дар њошияи иљрои барномаи иљтимої 4 амбулаторияи тиббї бо таљњизотњои пурра ва як бунгоњи тиббї, 30 чоњи обкашї ва 3 мактаб, ки њар яке барои 240 хонанда сохта ба истифода дода буд. Барои сохтмони иншоотњои номбурда 37,8 млн рубл (нархномаи соли 1993) сарф шуд буд. Ѓайр аз ин, барои ба охир расидани дигар иншоотњои иљтимоии ба наќша гирифташуда, корхона ба љониби Ўзбекистон ба маблаѓи 910,0 млн рубл гузаронида, 59,6 тонна мањсулоти алюминий ба маблаѓи 28,5 млн рубл додааст. Созишнома дигар тамдид нагардид, зеро Узбакистон аз бастани он худдорї кард.

Худдорї - нишони мавќеи заъф Минбаъд љониби Ўзбакистон ба идомаи ќарордодњо бетаваљљўњї намуда, аз пешнињодњои Тољикистон барои омўзиши воќеъбинонаи вазъ худдорї кард. Љониби Тољикистон дар сатњи олї низ ин масъаларо дар минбарњои байналмилалї матрањ намуд. Аммо љониби Тошканд бештар ба маълумоти якљониба такя намуда, ба гунањкор намудани "ТАЛКО" мепардозад. Ин њам дар њолест, ки дар солњои аввали истиќлол барои таъмини табодули њаррўзаи иттилооти тарафайн ва назорати муштараки вазъи њавои атмосфера "ТАЛКО" аз њисоби худ 3 пости назорати шабонарўзиро дар ноњияњои Сари Осиё ва Дашнабоди Љумњурии

нашр гардид. Дар он аз "зарари бузург"-и "ТАЛКО" ба муњити зисти ноњияњои вилояти Сурхондарёи Ўзбакистон сухан меравад. Ба навиштаи ин нашрия "Талко" 40 сол аст, ки муњити зисти ноњияњои сарњадиро олуда намуда, ба љони садњо њазор сокини минтаќа тањдид дорад. Инчунин, мањз дар њамин њафта Дилёр Њакимов, намояндаи доимии Ўзбакистон дар СММ ба унвони котиби генералии ин созмон Пан Ги Мун номае пањн намуд. Дар он аз бадтар шудани вазъи экологии ноњияњои наздисарњадї бо Тољикистон сухан меравад. Дар мактуб гуфта мешавад, зарар ба иќтисоди Ўзбакистон ба "сатњи бесобиќа" расидааст. Тавре зикраш рафт, њама ин талошњо бо њадафи варшикаста намудани иќтисоди Тољикистон равона гардидааст. Зеро љониби Ўзбакистон гардиши савдои хориљии тољикистон ва сањми "ТАЛКО"-ро дар иќтисоди миллї хуб медонанд. Чархиши нав дар бањсњои "экологї"-и Ўзбакистон ва бештар дар расонањои пурнуфўзи љањонї баррасї гардидани масъалаи мазкур бевосита ба он ишора мекунад, ки "стратегяи Каримов - Усмонов" ба амал даромад. Тибќи иттилои ѓайрирасмї, Алишер Усмонов, миллиардери ўзбактабори Русия, ба ин кор љалб шуда, чанде аз ширкатњои лобистии љањониро кироя кардааст, то садди бунёди сохтмони ИБО-и "Роѓун" гардад. Нашри маќолањо алайњи "ТАЛКО" дар матбуоти љањонї ва мавзеъгирињои коршиносони алоњидаи соња натиљаи њамин стратегия мебошад, ки барои минтаќа пайомадњои ногуворе оварда метавонад.

Инкишофи њаводис Гардишњои нав ба нав дар муборизоти иттилоотї, экологї ва амсоли инњо дар миёни Ўзбакистону Тољикистон мањз бештар бо ибтикори Тошканд сар мезананд. Дар ин муборизот Душанбе бештар мавќеи муњофизатиро касб менамояд. Аммо ин навбат садои бархоста аз Тошканд чї паёмадњоеро хоњад дошт? Дар шумораи навбатии њафтанома сари ин масъала, ки моро ба низоъ мебарад, ё љонибњо ба њам оѓўш мекушоянд, бо њам тањлил хоњем кард. Алњол мешавад гуфта, ки њадди аќќал, се сенария инкишофи њаводис миёни Тољикистону Ўзбакистон пешгўишаванда ба назар мерасанд.


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

Эњсоси маѓлубият ва гузашт - Дигар ба касе пўшида нест, ки њукумат дар баробари мухолифони эњтимолї шиддат кардан дорад. Сабаби ин чї аст? Аз њад зиёд њассосият нишон додани њукумат ба ЊНИТ-ро бархењо ба интихоботи раёсати љумњурии кишвар марбут дониста, ишора мекунанд, ки номзади нањзатињо пирўз шуда метавонад. Шояд, аз ин љост, ки њукумат бо тамоми васоил талош дорад, то ЊНИТ-ро хурд ва заиф нишон дињад. Шумо чї назар доред? - Назари мо чунин нест. Бояд амалгаро буд, эњтимоли пирўзии номзади њизбњои дигар, ѓайр аз њизби њоким, на танњо заиф аст, балки раванди шакл додани воќеиятњо онро имконнопазир мегардонад. Намехоњам вориди тафсилот шавем, ки чаро ва чї гуна. Ин як воќеияти дигар, мисли равандњое, ки болотар гуфтем. Агар суол шавад, ки пас, чаро ширкат мекунед, љавоби мо ин аст, ки њар интихобот барои як њизби сиёсї ба манзалаи мактаби камолот аст. Худро месанљад, камбудињояшро ислоњ мекунад, барнома ва дидгоњњои хешро ба мардум муаррифї сохта, дањњо фоидаи дигареро њам касб мекунад. Албатта, ширкат дар ин гуна интихоботњо зарареро њам дорад, бузургтаринаш поин рафтани эътимоди мардум аст, ки аз ин гуна ширкат карданњо кадом таѓйиротеро эњсос намекунанд ва њамаи ин корњоро мисли як бозї медонанду ањзобу номзадњоро бозингар. Зарари дигараш, эњтимоли таќсим шудани љомеа ба ду лагери идеологист: дунявї ва динї. Шахсан инро намехоњам ва набояд ба чунин вазъият роњ дод. Ин интихобот бояд омили вањдат ва наздик овардани дидгоњњо шавад, на ихтилофу људошавї. Агар њизби мо як неруи масъул намебуд, аз њоло эълон мекардем, ки номзади худро хоњем дошт ё не. Њарчи бодо бод! Вал, ин корро нахоњем кард ва бояд тамоми пањлуњоро санљид ва дар миён танњо манфиатњои милливу кишварро меъёри асосї ќарор дод. Хеле душвор аст эълон доштани он, ки манфиати миллат ва кишвар кадом аст, вале бигузор њарчи мехоњанд, бигўянд, то имрўз њам гуфтаанд. Нањзат бо камоли шинохти масъулият ва шаффофият рафтор хоњад кард. Аммо масъалаи талош барои хурду заиф нишон додани нањзат ё баръакс, бузург нишон додани он, масъалаи дигар аст. Баъзе доирањо манфиатдоранд, ки моро бузург нишон бидињанд, бахусус, назди доирањои хориљии начандон дўст бо ислом ва мусалмонон. Мегўянд, нањзат он ќадар ќавї аст, ки агар интихоботи демократї доир шавад, онњо пирўз мешаванд ва барномањои мову шумо дар нимароњ мемонад. Баъзе њолатњо мебинем, ки баръакс, Нањзатро як неруи њошиявї( маргиналї), бетаъсир ва заиф нишон доданї мешаванд, бахусус, дар дохил. Њол он ки на њарфи боло љой дораду на дигараш. Бубинед, њаќиќат як чизест, ки касе наметавонад онро пинњон кунад, њадди аќал, ба таври тўлонї. Дар нињоят он ошкор мешавад, њатто, агар худи мо њам онро аз буди хеш бештар ё камтар нишон бидињем. Дигарон њам наметавонанд ин корро бикунанд. Ин ба нафъи њукумат ва мо њам нест. Барои њамин, фикр намекунем, ки чунин як сиёсати матрање њаст, ки моро заиф нишон бидињанд. Шояд, дар зењни кадом масъул ё "стратег"-е ин фикр љой дошта бошад, вале ин наметавонад сиёсати саросарии њукумат бошад, чун мардум њама чизро мебинанд.

Гила аз бефарњангии сиёсї - Сафарњои Шумо ба хориља, ба кишварњои гуногун боиси нигаронии доирањое дар маќомот шудааст. Аз љумла, дар нашрияи расмии "Љумњурият" , ки "хаста " ношуда, муќобили Шумо маќолањои интиќодї нашр мекунад, ин навбат Шуморо "Гадо дар араб" хондааст. Дар њоле ки Шумо вакили Маљлиси намояндагон ва раиси як њизб њастед, ин гуна тањќирњоро чї тавр тањаммул мекунед? - Мо њоло дар бораи воќеиятњо зиёд сўњбат кардем, ин ишораи навбатї њам яке аз воќеиятњои талхи рўзгори мост. Барои он талх аст, ки набояд нашрияи расмї, ки он аз њисоби президенти кишвар маблаѓгузорї мешавад, то ин сатњ поин фарояд. Ин зарба пеш аз њама ба президент ва кулли кишвар аст, фарњанги сиёсии моро аз њамин муайян мекунанд. Аслан, њељ кадоме аз нашрияњо набояд то ба ин сатњ фароянд: чи хусусї ва чи давлатї. Гоњо кормандони ин ё он нашрия, ки њамин гуна маводњоро ба чоп мерасонанд, аз мо узрхоњї мекунанд, ки на њама чиз аз онњо вобастааст, дигаронанд, ки тасмим мегиранд. Мо мегўем, баръакс, шумо бубахшед моро, ки наметавонем њамчун вакил ё раиси њизб пеши роњи чунин амали зиштро бигирем, шумо як корманди одї њастед ва зертобеъ. Ин масъалаи њукумат, парлумону вакил аст, на аз як рўзно-

манигори одї ё корманди дигар. Ин боз њам бармегардад ба масъалаи фарњанг, одоб ва арзишњо. Аз тарафи дигар, оё дидаед, ки боре ё љое шикоят карда ва ё зидди онњо чизе гуфта бошем. Ин одатро надорем ва њаволаи онњоро ба Худо кардаем. Фаќат боре, ваќте њамин нашрия ба ќазияи љанозаи модари марњумам дахолат кард ва дигар гуфтори он ба ягон ќолаб намегунљид, хоњиш кардам, ки њарчи худамро мехоњанд, бигўянд, вале модарро монанд, роњат бихобад, агар онњоро модар таваллуд карда бошад. Ташаккур мегўям, ки ин хоњиши моро ба инобат гирифтанд. Дигар ягон бор ба касе љавоб нагуфтаам. Бубинед, он нафаре, ки бояд бигўяд ё бинависад, дар њар сурат ин корро мекунад. Сафари дохилро њам менависанду хориљро њам, хомўш њам бошам, хоњанд гуфт. Набояд дунболи ин корњо буд, бояд корро тибќи зарурат, фањмиш ва имкон давом дод. Паёмбари акрам (с) дар як њадиси шарифашон мефармоянд, "агар касе ба шумо гуфт, ки њама мардуми шањр дузд шудаанд, бидонед, ки дузди калон худаш аст". Яъне њар кас дигаронро мисли худаш мебинад ва тасаввур мекунад. Некандешї нисбати дигарон худ як неъмат ва њам амри илоњист. Баръакс, Худованд, бадгумониро дар Ќуръон мазаммат кардааст ва баъзеи онро гуноњ њам донистааст: - (Инна баъза занни исмун- баъзе аз гумонњо гуноњанд). Пас, чаро мо бадгумонї кунему гуноњ бигирем. Бењтараш, некандеш будан нисбати дигарон нест, ки њам савоб дорад, њам виљдон ором аст. Фаќат самимона дуо мекунем, ки он бародарон ё хоњарони муаллифро (чун мустаор менависанд ва кї будани онњо маълум нест) Худованд њидояташон кунад ва дар чењраи њар як тољик бародари сарбаланду дасткушодро бубинанд, на гадову залилро.

Шарм аз Додољони Атовулло - Назари Шумо ба барномањои телевизионии Д. Атовулло аз тариќи К+ чї аст? - Назарам мусбат нест ва мегўям, чаро. Ин бањсу вокунишњо нишон медињад, ки фарњанги сиёсии кишвари мо то њадди шармовар поин рафтааст. Агар як гурўњ њамин хел бошаду гурўњи дигар не, фољиа нест. Фољиаи мо дар он аст, ки ќариб њама ба њамин самт рафта истодаанд. Ва њар касе бо ин гурўњњои тундрав аз ду љониб нест ва кўшиш мекунад худро дур бигирад ё талоши ором шудани вазъро дорад, хоинаш мехонанд ё тарсу. Хар бош, ки ин љамоа аз фарти харї, Њар к-ў на хар аст, кофараш мехонанд. Хеле афсўс, ки танќидро канор гузошта, ба тањќиру тавњин гузаштаанд. Метарсам, ки дар оянда ин раванд бештар нашавад ва мо худро дар бадтарин њолат ба намоиш бигзорем. Шакке надорам, ки Додољон Атовуллоев љасур аст ва ошкорсухан. Борњо моро њам танќид кардааст, бахусус, сабру тањаммули мо барояш маъќул нест. Њоло ба ин боварам, ки баъди ин њарфњо бештар ва сахттар хоњад

гуфт. Вале ба ин назар њам эътироф ќоил шавем, ки њама њаќиќатњо дар як љо ва дар дасти як нафар нестанд. Бигузор танќид бошад ва мо њам танќидњое карда истодаем, вале ба шахсият расидан хуб нест. Президент, њамчун масъули давлатї, камбудињои зиёд доранд ва агар Додољон ё њар каси дигар њам мехоњад ўро танќид кунад, њамин пањлуњои фаъолияти эшонро танќид кунад. Ба њаёти шахсии як нафар, масоили хонаводагї ва хусусї дахолат кардан хуб нест, бахусус, дар Шарќ ва олами ислом. Дар Ѓарб ин як падидаи маъмулист, вале мо бояд аз Ѓарб демократияи сиёсиро биёмўзем, пешрафти илму техника ва иќтисо-

«

Њоло дида истодаем, ки љомеаи мо аз лињози фарњанги сиёсї чї ќадар осебпазир шудааст, вале бояд инсофан бигўем, ки ин равандро кї шурўъ кард ва кї бештар гунањкор аст? Болотар пурсидед, ки ин њама тањќирњои расонањои давлатиро дар њаќќи худ чї хел тањаммул мекунем? Мо тањаммул мекунем, шояд, дигарон натавонанд сабр бикунанд ва мебинед, ки як љойи дигаре сар мезанад. Набояд расонањои давлатї ё њамон "фабрикаи љавоб" ин равандро шурўъ мекарданд ва тањќиру тўњматро бо номи мустаор, њамчун силоњи таблиѓотї, вориди фарњанги сиёсии кишвар мегардонданд. Њама кори бад аз кам шурўъ мешавад.

«

диётро, на пањлуњои номатлуби иљтимоиро. Ин танњо ба Додољон Атовуллоев рабт надорад, манзурам њама љонибњост. Њоло дида истодаем, ки љомеаи мо аз лињози фарњанги сиёсї чї ќадар осебпазир шудааст, вале бояд инсофан бигўем, ки ин равандро кї шурўъ кард ва кї бештар гунањкор аст? Болотар пурсидед, ки ин њама тањќирњои расонањои давлатиро дар њаќќи худ чї хел тањаммул мекунем? Мо тањаммул мекунем, шояд, дигарон натавонанд сабр бикунанд ва мебинед, ки як љойи дигаре сар мезанад. Набояд расонањои давлатї ё њамон "фабрикаи љавоб" ин равандро шурўъ мекарданд ва тањќиру тўњматро бо номи мустаор, њамчун силоњи таблиѓотї, вориди фарњанги сиёсии кишвар мегардонданд. Њама кори бад аз кам шурўъ

мешавад. Аз тањќиру тўњмати роњбарони њизбњо ва баъзе чењрањову шахсиятњо шурўъ шуд ва шояд, фикр карданд, ки метавонанд ин равандро контрол кунанд. Чун марзи эњтиром ба њаёти хусусии инсон, шањрванди одї шикаста шуд, мутаассифона, он то ба сатњи президент расид. Њоло њам дер нашудааст ва бояд сабру тањаммулро пеша кард. Ваќти он расидааст, ки як Кодекси ахлоќи сиёсї байни њукумат, ањзоб ва њамаи субъектњои сиёсии кишвар ќабул шавад, то њама онро риоят кунанд ва марзњои ахлоќиро бишносанд. Дуруст аст, ки ќонунњоянд њимоягари ин марзњо, вале ахлоќи сиёсї чизи дигар аст. Мо борњо дар бораи шурўи муколамаи васеи миллї даъват кардаем ва ин мавзўъ, яъне ќабули Кодекси ахлоќи сиёсї метавонад яке аз мавзўъњое бошад ва он љо ќабул шавад.

Дар бораи саросемагии Зайд Саид - Њоло ќазияи Зайд Саидов, соњибкори комгор ва вазири пешини саноати Тољикистон таваљљўњи љомеаро сахт ба худ кашида, ташвишњоеро дар кишвар ба бор овардааст. Ин њама њамлањои нињодњои мухталифи давлатї муќобили як шањрвандро чї тавр арзёбї мекунед? - Њоло хулосаи мо ин аст, ки саросемагї рух дод: чи аз тарафи Зайд Саидов, чи аз сўи њукумат. Саидов аз лињози ќонунї кадом хилофкорие накардааст ва таъсиси њизби сиёсї њаќќи конститутсионии шањрвандон аст. Вале шинохти макону замон лозим ва хеле муњим буд. Доштани њаќќи конститутсионї як чиз асту доштани њаќќи татбиќи он чизи дигар. Аммо шитобзадагии њукумат дар нишон додани ќудрат буд, ки натиља заъфи онро ошкор сохт. Њол он ки Зайд Саидов аз худ љавонмардї нишон доду омад ба Ватан, љое пинњон нашуд ва аз хориљ истода, даъво њам накард. Њама иштибоњ мекунанд, вале дарку ислоњи иштибоњ нишонаи ќудрат ва тавоноист. Бояд ин иштибоњ бо равишњои муносиб ислоњ шавад. Ман ба ин боварам, чун хиради сиёсї њаминро таќозо мекунад. - Имкон дошт, ки ў "номзади ягона"-и ањзоби мухолиф бишавад? Чун њамин гуна сару садоњое шунида мешавад ва гуфта мешавад, далели боздошти ў њамин будааст? - На, барои номзади ягона ё аз кадом њизбе намоянда будан шарт набуд, ки аввал њизби худро таъсис бидињад. Чун њама медонанд, ки тибќи ќонун њаќќи пешбарии номзадро чунин њизбе дошта наметавонад, њатто, агар дар ин муддат сабти ном њам мешуд. Агар чунин ният медошт, бењтараш, сабр мекард, то лањзаи пешбарии номзадњо ва бемонеа номзад мешуд. Чї зарурат дошт худро дучори мушкил ва њизб ташкил кардан, дар њоле ки барои интихоботи президентї кўмак накунад? Бинобар ин ин фарзия мантиќ надорад. Шояд, њамин овозањо боиси вокуниши сахт шуда бошанд.


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

Муњиддин КАБИРЇ:

"Назарам ба Додољон Атовулло мусбат нест" Мусоњибаи ихтисосии «Нигоњ» бо Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ ва вакили Маљлиси намояндагони Тољикистон Њайфи коѓаз ва боварї ба ваъда - Лоињаи таѓйироти навбатї ба Ќонуни интихоботи президентї аз Шўрои Маљлиси намояндагон ба кумитањо њам нарафт ва ољилан рад карда шуд. Фикр мекунед, чаро? Њатто, ба њукумат њам фиристода нашуд. - Ба фикрам, инаш бењтар шуд. Агар љавоби наве набошад, бењтараш, якбора гардондан аст. Њам ваќт исроф намешавад, њам коѓаз. Агар ин њама марњалањоро боз мегузашту љавоб њамон пештара мемонд, чї фоида буд? - Бо ин њол, ба ваъдаи "тазмини интихоботи шаффофу демократї", ки президент дар Паёми имсолааш дод, то чї њад метавон бовар кард? Дар њоле ки њамчунин ваъда дар интихоботи пешинаи парлумонї дода шуда буд? - Пештар њам гуфта будем, ки кафолати шаффоф гузаштани интихоботњоро бояд ќонун бидињад ва њама, аз љумла, њукумат њам онро риоят кунанд. Мо њоло њам ба ваъдаи президент шак надорем, вале суол ин аст, ки оё мансабдорон ба ваъдаи президент содиќ њастанд ё не? Президент ба мардум ин ваъдаро дод, њол он ки вазифадор набуду нест, ки ин корро, њатман, анљом дињад. Вале ба њар њол, кори хуб шуд, чун масъулин бояд дарк кунанд, ки чунин ваъдаро президент ба мардум додааст. Хуб мешуд, ки дар иловаи он ба мансабдорон таъкид мегардид, њар касе дар раъйи мардум хиёнат мекунад, љазои сахт мебинад ва чанд нафари хатокардаро дар интихоботњои ќаблї љазо њам медод. Дар ин сурат таъсири кафолат додан сахттару љиддитар мебуд.

Наќшаи иљроношуда - Ваъда буд, ки то интихоботи соли 2015 сафи аъзои ЊНИТ то ба 150 њазор мерасад. Аммо нашуд. Чаро? - Њоло соли 2013 аст ва ду соли дигар дар миён. Агар аз шўхї берун биёем, ин барномаи 7-сола бањори 2008 ќабул шуда буд ва раванди рушди демократия дар љомеа, суботи сиёсї ва дигар нишондодњои иљтимої баёнгари он буданд, ки бисёрњизбї дар кишвар бемайлон пеш меравад. Ёдатон њаст, ки он солњо дар муносибатњо байни њукумат ва њизбњо як оромї ва эътидол вуљуд дошт. Худатон њам ишора ба ширкати намояндагони њукумат дар чорабинињои мо кардед, ки нишонаи њамон фазо буд. Ин барнома дар он сол бо назардошти он вазъияту воќеият ќабул шуда буд ва иљрошаванда њам ба назар мерасид. Ахиран, ин масъала дар њизб баррасї шуд ва баъзе дўстон пешнињод карданд, ки он бознигарї шавад. Вале аксарият зид баромаданд. Далел њам он буд, ки мо бояд барномаи яксоларо таѓйир бидињем ва онро мутобиќ ба воќеиятњо созем, на барномаи кулро. Чун набояд фикр кард, ки ин вазъият, њатман, то соли 2015 давом хоњад кард. Оне, ки мо ба њисоби миёна

моње 300-400 узв ќабул мекунем, тибќи барномаи яксола аст, вале аз барномаи кулл ќафо мебошем. - Аммо гуфта мешавад, ки як сабаби бетобї ва ташвиши бархе аз доирањо ин аст, ки шумораи аъзои Шумо аз он раќами расмї хеле бештар аст. Аз ин љост, ки маъракањову барномањои мухталиферо муќобили Шумо роњандозї мекунанд. - Шумораи аъзои мо њамоне аст, ки дорем. Вале њаводорони мо чандњо маротиб зиёданд. Агарчи вазъияти охир раванди узвиятро кунд кардааст, вале сафи њаводорон меафзояд ва ин табиист. Ќонуни физикие ин љо амал мекунад, ки бо боло рафтани ќувваи фишор болои љисм мутаносибан муќовиматро бештар месозад. Њар њизби дигар, њатто, ЊХДТ њам агар дар љойи мо мебуд, сафи њаводоронаш меафзуд, чун љомеа њамеша чунин рафтор мекунад ва аксуламал нишон медињад. - Ба назари Шумо тафовути асосии узви ЊНИТ аз дигар њизбњо, аз љумла, ЊХДТ чї аст? - Аз лињози њуќуќ ва масъулият назди ќонун, миллат ва кишвар њељ фарќе надорад. Вале дар амал узви њизби мо бояд бидонад, ки њама гуна мушкилињо метавонанд дар роњ пайдо шаванд, ин омодагиро дошта бошад ва рўњафтодаву маъюс нашавад. Ќонунро аз дигарон бењтар бидонад ва риоят кунад. Чун талабот аз ў бештар аст.

Дар бораи таќдир ва муњофизон - Дар ин авохир то љое огоњ шудем, љињати таъмини амнияти шахсї ба маќомот мурољиат кардаед. Дархости доштани муњофизон аз Вазорати умури дохила ва он њам аз њисоби афроди мутааллиќ ба худи раиси ЊНИТ ба чї маъност? Воќеан, эњсоси амният намекунед? - Ин масъала пас аз латукўби Муњаммадалї Њаит, муовини раиси ЊНИТ, пайдо шуд ва Шўрои сиёсї чунин ќарор ќабул кард. Албатта, мо њамчун мусалмон ба таќдир бовар дорем ва аз он гурез нест. Вале раванди њодисањо ва такрори чунин љиноятњо нисбати масъулин ва роњбарияти њизб маљбур мекунанд, ки чорањои эњтиётї андешида шаванд. Вазъияти минтаќа дар кулл хуб нест ва сулњу суботи кишвари мо њам душманони зиёде дорад, ки дунболи фитнаандозианд. Ќиссаи ибратомўзе аз Паёмбар (с) њаст: - Биёбоннишине уштурашро сар дод ва вориди масљид шуд. Паёмбар (с) ўро гуфт, чаро пойњояшро намебандї, мабодо гурезад? Ў љавоб дод, таваккал ба Худо кардаам. Паёмбар (с) фармуданд, аввал пойњои уштурро бубанд, баъд таваккал ба Худо намо. Њоло Шўрои сиёсї дархост кард, ба истилоњ, "пойи уштур баста шуд", онтарафаш таваккал ба Худованд аст. Њарчи дар пешонї бошад, њамон мешавад, на муњофиз пеши роњро мегираду на силоњ.

«

Агарчи метавонист чунин даѓалї накунад, мисли њамтои дигари хеш, ки хеле боадаб буд. Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва амният љаноби Амирќул Азимов ба ман нусхаи мактуби вазири дохиларо нишон дод, ки камбудии он милисаро ошкор ва ўро ба љазои интизомї кашидаанд. Ин нишон медињад, ки масъулиятшиносї њаст ва њоло аз кори вазир ќонеъ њастам, вале аз вазъияти умумї не. Чун Прокуратураи генералї дар љавоби худ нисбати њамин њодиса навиштааст, ки дар амали пулис камбудї ошкор нашуд, баръакс, ў ќонуншиканиро пешгирї кардааст.

«

- Дар ноњияи Њисор иљозаи мулоќоти Шуморо бо мардум надоданд. Њатто, тањдид шуд, ки дасту поятонро хоњанд баст. Чаро ин тур бархўрд бо як вакили Маљлиси намояндагон сурат мегирад? Аз посухи вазири дохила ба ин њодиса ќонеъ њастед? - Ин љо айби полковники њисорї зиёд нест, ў як мўњраи хурде дар низоми сиёсист ва тибќи фазои мављуд ва амр кор мекунад. Агарчи метавонист чунин даѓалї накунад, мисли њамтои дигари хеш, ки хеле боадаб буд. Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва амният љаноби Амирќул Азимов ба ман нусхаи мактуби вазири дохиларо нишон дод, ки камбудии он милисаро ошкор ва ўро ба љазои интизомї кашидаанд. Ин нишон медињад, ки масъулиятшиносї њаст ва њоло аз кори вазир ќонеъ њастам, вале аз вазъияти умумї не. Чун Прокуратураи генералї дар љавоби худ нисбати њамин њодиса навиштааст, ки дар амали пулис камбудї ошкор нашуд, баръакс, ў ќонуншиканиро пешгирї кардааст. Бубинед, як њодиса ва ду хел муносибат.

Дар бораи Бозор Собир - Шоири маъруф Бозор Собирро оварданд ва мегўянд, ки яке аз сабабњо мавќеи ўст, ки зидди нањзат мебошад, то аз ў истифода шавад. Оё ба ин фикр розї њастед? - Моро дар бораи устод Бозор Собир зиёд мепурсанд, бахусус, пас аз он њарфњояш нисбати дину диндорї ва нањзат. Ба муносибати

9

шахсии ў бо дину диндорї кор надорам, чун танњо Худованд аз дили њар кас огоњ аст ва довар Ўст. Як чизро медонаму бовар њам дорам, ки ў мунофиќ нест. Вагарна ин ќадар ошкор намегуфт. Њоло диндориву бединиашро канор монем, њадди аќал, эътироф кунем, ки мунофиќ нест. Шояд, худаш парво њам надошта бошад, ки касе ўро мусалмон мегўяд ё кофар. Як инсони самимист, як шоир ба таъбири ќуръонї ва як интеллигент, ба таъбири ленинї. Ў дар бораи дин њамон њарферо мегўяд, ки баъзењои дигар дар дил доранд, вале мулоњиза мекунанд ё метарсанд. Ў сухангўйи њамон доирањост. Чуноне солњои 90 сухангўйи як гурўњи дигар буд. Мусибати Бозор Собир њам дар њамин аст. Ў фикр мекунад, ки њарфи худашро гуфта истодааст ва бозичаи касе набуду нест. Ин њам нишонаи соддагиву самимияташ мебошад. Табиатан одами муътариз ва мухолиф аст, њамеша зидди низоми њоким ва мављуд. Дар замони Шўравї зидди Шўравї, дар Амрико зидди Амрико, дар Эрон зидди Эрону ислом ва мунтазир бимонем, ки дар ин љо чанд ваќт пас зидди кї ва чї мешавад. Њоло зидди нањзат аст, вале бовар надорам, ки мо танњо ин "шараф"-ро дар оянда дошта бошем. Шояд, фикр мекунад, ки андешаи динї дар љомеа њоким асту бояд мухолифаш гуфт? Чун зидди нањзат њарфњое дорад, чаро даъваташ накунем, то биёяд ва њарфњояшро дар толори нањзат бигўяд ва мо гўш кунем? Вале њоло намедонам, чї гуна аз ў даъват кард, чун гуфтанд, ки сухангў дорад ё котиб. Агар ќабул кунад ин даъвати матбуотиро, хуб мешуд, ки дар толори мо як суханронї дошта бошад. Мо ќаблан сўњбатњоеро гўш кардем аз устодон Ќаноат, Гулрухсор ва Барзу, хуб мешуд, ки ўро њам бишнавем. Мо ин тањаммулро дорем ва устод Бозор чунин љасоратро њам дорад. Ў ду сол ќабл мењмони ќиблагоњам буд ва њангоми мулоќоти њар ду ба худ андешидам, ки Худованд чї ќудратњое дорад. Ду пирамарди хеш (модару падари њар ду амакбачаанд) - яке падари масъулине дар нањзат, дигаре душмани сарсахти он. Якдигарро ба оѓўш мекашанду аз кўдакињо ёд мекунанд, вале эътиќоду боварњои ба њам зид. Агар Бозор Собир инсони самимї намебуд, фикри хешутабориро мекард, вале барои ў мавќеи шахсиаш болотар аст. Њамчуноне ки барои мо аќида ва арзишњо болотаранд. Ба назари мо, шахсияти Бозор набояд мавриди њамла, балки бояд мавриди омўзиш ва тањлил ќарор бигирад. Бозор намунаи равшани ифротгароии дунявист, њамоне, ки њамеша аз зуњураш дар баробари ифротгароии динї њушдор медодем ва њоло њам медињем. Тамоми диќќати љомеа барои мубориза бо ифротгароии динї равон шудааст, дањњо конфронсу семинар баргузор менамоем ва дуруст њам мекунем. Бехабар аз он, ки љойи як гурўњи ифротгароро гурўњи дигар гирифта истодааст, вале бо шиорњои зиддидинї. Ин бозињое, ки бо Бозору мисли бозорњо мекунем, як замоне пушаймонї хоњад овард. Ў дар њолати ѓурур метавонад гапњои носазои дигар њам бигўяд, ки имрўз ба нафъи баъзењост, вале фардо дарди саре барои љониби пуштибону тањрикдињанда хоњад шуд, њатто, барои миллат њам. Бозор ё боз Амрико меравад, ё љойи дигар, мо бошем, бо њамон мушкилоти эљодкардаи ўву пуштибонњояш хоњем монд, чуноне ки як бор шуд. Њоло овардани устод Бозор Собир кори хубе шуд, минбаъд бояд ўро назди мардум ва гурўњњои гуногун бояд бурд, то миллаташро хуб бишносад, бидонад, ки ин миллат дар чї њавое зиндагї дорад ва чї арзишњоеро ќоил аст. Шарт нест, ки онњоро бипазирад, муњим, ки бишносад ва кўшиш намояд, ки дигар беэњтиромї накунад. Бе ин њам миллат сари калобаашро гум кардааст ва намедонад аз паси кї ва барои чї биравад. Боз як шиорбозу хаёлпарасти дигар барои миллат дарди сар мешаваду даво не. Бовар дорам, ў яке аз узвњои фаъоли љомеа мешавад, агар вориди зиндагии рўзмарраи мардум шавад, дарди мардумро бидонад. Агар бовар дошта бошад, ки Ленин аз Фирдавсиву Сомонї бењтар аст, њадди аќал, ба хотири эњтироми миллат инро даѓалона намегўяд. Мушкил дар Бозор Собир нест, метарсам, ки мо њама Бозор нашавем бо ин вазъ. Боз ў хуб аст, ки танњо бо сухан ифротгарої мекунад, Бозорњои дигар мисли ў нахоњанд буд. Хоњиши мо аз бархе љавонон ин аст, ки ба эњсосот дода нашаванд, дар њаќќи ў дуо кунанд. Худованд то лањзаи охир ба њама кас имконияти наздик шудан ба Зоти худашро додааст, чаро монеи он шавем? Бояд кўшиш кард, ки Бозор ба сўйи Худованд љалб шавад, агар воќеан, аз дуриаш нороњатем. Шояд, рафтори мо Бозор ва мисли ўро дилсард кардааст? Дар ин маврид бояд бештар андеша кунем, на кофар хондану санг задани эшонро.


10

МАВЌЕЪ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

ВЛАДИМИР ПУТИН ВА ЛЮДМИЛА

Изи узбакии талоќи Владимир Путин Бо људої аз Людмила Владимир пойи худро андармони домњои туркї хоњад кард, ки гумон намеравад њатто барои худи Русия оќибати нек дошта бошад Алвидоъ, ишќи сисола Аз эълони ќатъи њаёти муштарак миёни президенти Русия ва њамсараш як њафта њам сипарї нашудааст. Шоми панљшанбеи гузашта ё худ 6 июни соли равон сарвари давлати Русия бо њамсараш якљо ба тамошои балети "Эсмералда" рафтанд, ки дар Кохи давлатии Кремл барои ашрофзодагон намоиш дода мешуд. Зарфи як соли охир ин аввалин бор буд, ки љомеаи Русия президент ва њамсарашро якљо дар мањзари ом медид. Аксњои ин ду тан ва вурудашон ба тамошо њатто аз тариќи дафтари матбуотии президент расонаї гардид. Зеро ба назар мерасид тарроњони таблиѓоти њузури муштараки Путин бо њамсараш дар балет мехостанд овозањо атрофи људоии зану шавњар Путинњоро бо ин амал такзиб намоянд. Аммо тибќи гузориши "Интерфакс" баъди анљоми бахши аввал Путинњо толорро тарк карданд ва аз тариќи шабакаи сартосарии телевизионии "Россия-24" расман эълон намданд, ки аз ин лањза ба баъд дигар зану шавњар нестанд. Путин дар сўњбат бо ин телевизион људоиро тасмими муштарак номид ва эълон кард, ки "акнун зиндагии якљояи мо ба поён расид". Путинњо аз њамхонагї соњиби ду духтар бо номњои Мария ва Катерина мебошанд. Вале зиндагии хонаводагии онњо њамеша ба мушкиле рў ба рў буд, ки аз назари гузоришгарони матбуот њам дур

намемонд. Путин њамеша ба саволњо дар бораи оилааш мекўшид кўтоњ посух дињад. Њатто борњо дар матубот бо Алина Кабаева њамсар будани президенти Русия маќолањо интишор меёфтанд, вале расман на такзиб мешуданд ва на тайид. Боре дар хориљ аз кишвар маќолае њам ба нашр расид, ки гўё замони корманди КГБ будан Людмила аз осори латукўб шуданаш аз љониби шавњар дар Олмон шикоят карда будааст. Агар ин хабар сињат дошта бошад, пас метавон гуфт, ки њаёти муштарак барои хонаводаи президенти Русия на њамеша њамвору бидуни мушкилот будааст.

На њоло, балки 50 сол баъд… Људоии деринтизори Путин ва Людмила бори дигар овозањоро дар бораи ошиќии сарвари давлати Русия ба ќањрамони чандинкаратаи варзиш ва яке аз зебосанамњои ин кишвар, ки дар рагаш хуни туркиву славянї гардон аст, ќувват бахшид. Овозањое, ки дар гузашта борњо расонаї шудаанд ва њар бор гоњ такзиб шудаву гоњи дигар бидуни изњори назари љонибе соњибони маќолањоро зери фишорњои сахт андохтаанд. Алина Кабаева зебосанами варзишкори ин кишвар, ки њамакнун аз синни 30 боло меравад, даст ба домани президенти Русия дорад. Рост аст ё дурўѓ онњо

аллакай соњиби писаре бо номи Дмитрий ва духтари дигаранд. Њарчанд ин хабар њоло дар пояи овоза аст, вале гумон меравад боз як муддати кутоњи дигар сипарї мешавад ва Путин расмияти људої аз њамсарашро ба љо меорад ва сипас, пайи баргузории маросими хонадоршавии муљаддади худ мешавад. Аммо то ба њол овозањо гоњ такзиб шудаанд ва гоњи дигархомўшї ихтиёр шудааст. Аввалин бор дар мавриди муносибати Путин ва Кабаева соли 2008 пайдо шуданд ва њатто 12 апрели њамон сол "Московский корреспондент" бо интишори маќолае навишт, ки тўйи ин ду тан дур њам нест. Он замон њам котиби матбуотии Кабаева Елизаветта Овчинникова аз шарњи ин хабар худдорї намуда буд, вале аз нашрия таќозо кард, ки раддия чоп кунад. 18 апрел В. Путин дар як нишасти матбуотї дар посух ба савол дар мавриди маќолаи "Московский корреспондент" гуфт, ки "дар ин маќола заррае њаќиќат вуљуд надорад". Худи њамон рўз директори генералии ширкат Артём Артёмов хабар дод, ки нашрияро бинобар сабаби зиёновар буданаш хоњад баст ва њамзамон сардабири онро аз вазифа барканор намуд. Он замон дар матбуоти Ѓарб низ маќолоти зиёде дар ин бора нашр шуданд ва тибќи иттилои Википедия ягона шањодати ин даъвоњо рўйдоди 19 майи соли 2008 аст, ки дар як парвози хусусї ба Сочї як љо бо Путин Кабаева низ сафар карда буд.

Алина дар посух ба иддиои муаллифи маќолаи "Гимнаст Алина Кабаева, ки дар муносибат бо Путин гумонбар мешаванд, фарзанд ба дунё овард"-и "Daily Mail" дар блогаш ин гуна навишт: "Ваќте ман модар мешавам (чизе ки њоло рух надодааст) он ваќт њатман дар ин бора хоњам навишт". Яке аз машњуртарин нашрияњои чопи Маскав "Собеседник" баъди фољеаи ба сари "Московский корреспондент" омада ба ин масъала аз дидгоњи дигар рў овард. Нашрия суол гузошт: Людмила Путина куљо шуд ва чаро мардум ўро гум кардаанд? Савол замоне пайдо шуд, ки Путин њамеша дар мањзари ом бидуни њамсараш њувайо мешуд ва дар сафарњои муњими хориљї низ сарвари давлати Русия танњо мерафт. Дар пурсиш шахсиятњои шинохта, вакилони парлумон иштирок карданд, вале баъдан худи муаллифи ин пурсишњо Надежда Гужаева дар сўњбати радиои "Озодї" иќрор шуд, ки ба суолаш посухи расмї дарёфт накард ва билохира натавонист донад, ки њамсари президенти Русия чаро намудор нест ва ба чї кор машѓул аст. Кабаева низ баъзан бо асабоният ба журналистон сўњбат мекард ва боре њатто гуфта буд: "Ман аз ин гуна саволњо безор шудам. Билохира, ин њаёти шахсии ман аст. Шумо ба иртиботи эњтимолии ман бо Владимир Путин ишора мекунед? Шумо шањодате дар ин маврид доред? На. Аз ин


ДОДИ ОДАМ рў биёед хубаш ин мавзўъро пўшида эълон мекунем. Ва агар муносибате њам миёни мо њаст, пас онро ояндагон баъи 50 сол хоњанд донист". Вале дида мешавад, кик асе ин муждаро 50 сол интизор намешавад, шояд моње баъд дигар њама ошкор гардад.

Кист Алина Кабаева? Алина Маратовна Кабаева 12 майи соли 1983 дар хонадони марди тотор бо исми Марат Вазихович ба дунё омадааст ва дар шањри Тошканд зиставу овони бачагї ва наврасиашро пушти сар гузоштааст. Падараш футболбози касбии тими як замон машњури "Пахтакор" буд. Соли 1993 ќањрамони Ќазокистон оид ба футбол дар њайати тими "Трактор"- и Павлодар шуд. Миллати модараш Любов Михайловна рус буда, замоне узви тими баскетболи Узбакистон буд. Алина аз синни 3,5-солагї гимнастикаи бадеї машќ мекард. Дар 12- солагї бо модараш ба Маскав кўч мебанданд ва ўро ба шогирдии Ирина Винер, ки чї дар он замон ва чї њоло аз љумлаи машњуртарин ва шинохтатарин мураббиёни гимнастика дар Русия шуморида мешавад, мегузорад. Як сол баъд Алина аллакай вориди тими Русия мешавад. Дар 15-солагї ѓолиби мусобиќаи Аврупо, баъдан чор маротиба пайи њам ќањрамони мутлаќи Аврупо мегардад. Соли 1999 дар мусобиќаи байналмилалї ѓолиб меояд ва соњиби унвони ќањрамони варзиши љањон мешавад. Шўњрат барояш пайи њам меояд, аз мусобиќоте ба мусобиќоти дигар, аз олимпиада ба олимпиадаи дигар Кабаева пирўз мешавад ва ба яке аз чењрањои шинохтаи олами варзиш на танњо дар Русия, балки љањон табдил меёбад. Тўли ин солњо Алина њарчанд издивољ накардааст, вале ќиссањои балановозаи ошиќї бо касоне доштааст, ки њатман расонаї шудаанд. Ва яке аз онњо, ки њоло шояд чун ишќи нофарљом биномад, милитсионер ва шахсияти шубњаовар дар олами њифзи њуќуќ Давид Меселиани аст. Мавсуф муддатњо бо Алина иртибот дошт, тўњфањои гаронбањо ва бахусус мошини муди охири ўро нашрияњо њангомабарагезона ситоиш мекарданд ва њамзамон мепурсиданд, ки як милисаи оддї ин миќдор пулро аз куљо меёбад, ки њам тўњфањои гаронбањо мехарад ва њам аз кишвар ба кишвари дигар ўро дар

«

мусобиќоти байналмилалї њамроњї кунад. Њарчанд хонаводаи тоториасли ў мухолифи никоњи шањрвандї буд ва намехост анъанаи авлодии падарї шикаста шавад, вале Алина итоат накард ва дар љустуљўи бахти оянда ба кулбаи Давид кўч баст. Вай њатто мегуфт, ки шигифтзада аст, ки чаро чунин девонавор ошиќ шуд. Аммо ба назар мерасад он њама як њангома буд ва ишќи деринтизор барои Алина нав мерасад, ишќ бо марде, ки аз худ 31 сол бузургтар аст, ишќ бо шахсияти таъсиргузор дар сиёсатњои љањон. Ва метавон ин ишќро ишќи сиёсї номид. Издивољ ба Путин сиёсатњоро дар ин кишвар майлони дигар медињад. Хуни русии авлодии Путин бо туркї омезиш пайдо мекунад ва табиист, ки сарварони кишварњо то њадде бастагони нафси шайтонианд ва Алина низ чун бонуи хонавода ва маликаи Русия таъсироте дар бинишњои сиёсии ў хоњад дошт. Алина на Людмила хоњад буд, ки дар кунљаке оромиш гирад ва гўяд, ки завќи сафар надорад. Алина мўњрае хоњад буд, ки агар хоњад ва ё нахоњад чун соя бо Путин мегардад. Чун тарњи кашидашуда инро таќозо дорад ва Алина бояд он тарњро ба пуррагї ва комил ба анљом расонад.

гей Ястржембский, ки баъдан зина ба зина дар мансабу вазифањо боло мерафт ва аз Директори Департаменти иттилоотии вазорати умури хориља то котиби матбуотии Елсин ва ёвари президент Путин расида буд, кўмак кардааст. Шиносоии Усмонов бо Владимир Путин низ тавассути њамин Ястжембский сурат гирифтааст. Имрўз Алишер Усмонов сарватмандтарин шахси сайёра ба шумор меравад. Усмонов баъди расидан ба ќуллањои шўњрат ва молу сарват доштани њар гуна иртиботњо бо президенти Узбакистонро рад мекунад ва њатто ќушиш менамояд аз наздикиаш бо Владимир Путин камтар њарф занад. Аммо офтобро намешавад бо доман пўшид. Рўйдодњои охир нишон до-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

данд, ки ин олигарх бо сарвари давлати Русия на танњо ошної дорад, вале акнун метавонад ифтихор њам дошта бошад, ки шарафти хусурии Путин насибаш шудааст. Алина Кабаева шогирди шўњратёфтаи њамсари Алишер Усмонов Ирина Винер аст. Ва хонадаи гиромї худ бояд тасаввур карда бошад, ки њамсарии Путин бо Алина Кабаеваи турктабор ва хешии ў бо Алишер Усмонов њатто барои тољикону Тољикистон чї мушкиле метавонад ба бор орад. Шояд наќши Алина Кабаева дар Кремл болотар аз наќши афсонавии Роксоланаи украин дар дарбори султони турк турк бошад…

Таснифи Бобољони ШАФЕЪ

Роксоланаи султони турку Алинаи Путин Посухи ин суол муруре ба гузаштаи олигархи узбактабори ин кишвар Алишер Усмонов мехоњад, ки дар синну сол як сол хурдтар аз Путин аст. Зодаи шањри Чусти вилояти Намангони Узбакистон ва миллаташ узбак. Мисли Путин ў низ варзишкор аст, устоди варзиш оид ба шамшерзанї ва мегўянд узви тими яккачини Иттињоди Шўравї низ буд. Соли 1980 барои ќаллобї 8 сол њабс шуд, вале шаш сол баъд аз кардањои худ тавба кард ва барои рафтори намунавї дар мањбас, ќабл аз мўњлат озод гардид. Аммо баъдан гуноњонашро ба гардан нагирифт ва худро ќурбонии таъќибот эълон кард. Баъди истиќлолияти Узбакистон бо дахолати шахсии Ислом Каримов худро сафед кард ва ба соњибкорї даст зад. Алишер Усмонов муддате пас бо тавсияи дўстонаш ба Русия рафт ва шањрванди он кишвар шуд. Мегўянд ба шўњрати Усмонов журналисти он замон шинохта Сер-

Путинњо аз њамхонагї соњиби ду духтар бо номњои Мария ва Катерина мебошанд. Вале зиндагии хонаводагии онњо њамеша ба мушкиле рў ба рў буд, ки аз назари гузоришгарони матбуот њам дур намемонд. Путин њамеша ба саволњо дар бораи оилааш мекўшид кўтоњ посух дињад.

«

Њ

11

АЛИНА КАБАЕВА


12

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

БО ШОИР

ОЗАРАХШ Сањарнома, сафарнома, шакарнома, зафарнома… Сарахбори китобам чист? Медониву мепурсї Сукути розбахшатро суруди Озарахшатро, Миёни њарфи нобам чист?… Медониву мепурсї….

(Толиб Каримов)

**** Имшаб тамоми шањрро дилхона мекунам, Ободманзили сари вайрона мекунам Дар кўчањо чакомаи "Њаќ дўст" мезанам, Гулгаштро ќаламрави шоњона мекунам

**** Гоње барои њамназаре зор мешавї, Пазмони як назокати гуфтор мешавї Дасту дилат зи кори љањон хаставу малул Танњову бозмондаву бекор мешавї Аксат туро зи ойина писханд мезанад, Дандоннамои соати девор мешавї Гоње ба сўзи сина давое наёфта, Бечорањасрати дили бемор мешавї Аз њељ сў садои умеде намерасад, Дар нокуљои њељ гирифтор мешавї Беёд сар ба кўчаву бозор мезанї, Безортар зи кўчаву бозор мешавї

Дар дасти шањчинорњо мањтоб медињам, Аз партави ситорањо парвона мекунам Фавворањо! Кї гуфт, ки бишкаст ташнагї? Ман аз хумор ќиссаи мастона мекунам! Имшаб Худои масљиду майхона як Худост, Як љо шумори тасбењу паймона мекунам Эй ошиќони роњи њаќиќатшинохта, Навбат гузаштанист, ман афсона мекунам! Гўед ёрро, ки даме њушёр бош, Девона мешавам ману девона мекунам! Чун Озарахш аз ѓазали зарнисори ваќт, Дар роњи умр хирмани дурдона мекунам! ****

Гоње дар интизори як оњанг, як салом, Дар пеши чашми аќлу назар хор мешавї МО ЃАМИ ИШЌ МЕХЎРЕМ Кабўтарбоз дар оби кабўтарњо шакар андохт, Назар андохт, баргаштанд, ќадре бештар андохт. Кабўтарњо зи шодї раќс карданду надонистанд, Кабўтарбоз шакарро ба шодии дигар андохт... Намедонанд мурѓон аз дили асрори он сайёд, Ки обу донае оварду доме дар хатар андохт. Намепурсанд, ин манзил калисоест ё масљид, Ба ќисмат шукр мехонанд, ризќе дар гузар андохт. Кї медонад, кабўтар ё ќаландар пеш " Ёњу " гуфт? Чї роз ин ошиќонро кў ба кўву дар ба дар андохт? Чї савдо, эй бани Одам, ба бозори Намедонам, Кї њар сарро Худо аз сарнавишташ бехабар андохт. Кабўтарњо намехоњанд донанд, Озарахш, ин љо, Чї чашме мурѓи илњоми туро шањди назар андохт?

БОЃ Сухан ин љо на аз бўрон, на аз тўфон, На аз парвози барфолуди лаклакњост. Нигоњ ин љо на бо хору на бар неше, На аз таќдири зарди зањрпечакњост. Худовандо! Дар ин боѓи муњаббатзо Чї њикмат њаст. Алафњо бо алафњо кина меварзанд…. Нињоле оксигени њаворо њам намебахшад, Насиме бар гиёњи кўчаку маъсуми навраста Хасе сар мекашад, то рўшноиро ба бар гирад. Вагарна хок хоњад шуд нафас дар хеш бишкаста… Худовандо, Чї таќдире, Чї тадбире! Алафњо њам чу инсонњо зи дасти њам талаф ёбанд… Чу инсонњо, ки як субњи саодатзо, Дар ин боѓи муњаббатзо Мисоли навнињолон васл мељўянд, Њамоњанги дарахтон валс мераќсанд Мисли сабзазорон дўст медоранд Њама овоз, њамовоз аз тавњид мехонанд, Намози ид мехонанд… Намози ид мехонанд… **** Саволатро љавобам чист, медониву мепурсї… Гуноњам чї, савобам чист? Медониву мепурсї Саре љўё, диле пўё, саропо равшану гўё, Сафои офтобам чист? Медониву мепурсї Лаболаб бо латофатњо, таротар бо тароватњо, Лаби дарёву обам чист?! Медониву мепурсї… Навозишњои навбода, сароишњои сарвода, Дар овои рубобам чист? Медониву мепурсї Навори рўзу шабњоят, таманнову тамошоят, Ба бедориву хобам чист? Медониву мепурсї…

Монанди як таронаи садсолаи замон, Дар радиои хотира такрор мешавї Чун Озарахш дар рањи як шеъри тозарахш, Ангезаи шарораи дидор мешавї…

Як Бухоро ташна мондам, як Зарафшон об дењ! Як Душанбе ошиќам, як нозанин Варзоб дењ! Як сафо ойинаам, ойинаи нашнохта Як Бадахшон ахтарам, як Балх устурлоб дењ! Эй муѓаннї, пардаи Баѓдодро дониста гир, Тирагї сар мехўрад, ангезаи мањтоб дењ!

**** Як сари ангур агар аз ток огањ мешудем, Аз шароби нуру набзи хок огањ мешудем Як гиёњи мењр бармехостем аз обу гил, Бо дил аз сарманзили идрок огањ мешудем Наѓз медидему моро низ медиданд наѓз, Аз сафои чашмасори пок огањ мешудем Юсуфи мо бо Зулайхои замон коре надошт, Гар зи нанги марди доманчок огањ мешудем Шод мехондем чун хуршед њар ойинаро, Аз ѓубори синаи ѓамнок огањ мешудем Озарахш, озодагонро нест бими њасту нест, Кош, аз ин андешаи бебок огањ мешудем **** Калимаам ба номи ту, ба номи ту, ба номи ту! Ба номи хушкаломи ту, каломи ту, каломи ту! Сапеда то сапедаам, ба миљљаву ба дидаам Падида аз саломи ту, саломи ту, саломи ту! Ѓазалтарин таронањо, таронашакаронањо Саодати паёми ту, паёми ту, паёми ту, паёми ту! Агар парранда мешудам, санобаранда мешудам, Ки омадам ба доми ту, ба доми ту, ба доми ту! Шароби ошиќонаро, гулоби љовидонаро, Чашидаам зи љоми ту, зи љоми ту, зи љоми ту! Ту гуфтиям, ки ќисса гў, њадиси шоду ѓусса гў, Муњаббатам ба коми ту, ба коми ту, ба коми ту! Суруди нўшзоди ман, дуруди хайрбоди ман, Ќасидаи маќоми ту, маќоми ту, маќоми ту Њама, њама чакомањо зи Озарахшномањо, Ба мењри бардавоми ту, давоми ту, давоми ту **** Салом, номи азизат саломномаи дил, Паёми омаданат сармади чакомаи дил Њазор арзи сипос оварам, намеарзад, Ба як шакарсуханат бањри шукркомаи дил Бањорњо ба рањат гулфишон шуданду њанўз, Гуле барои ту дорам даруни љомаи дил Бидењ иљозати оѓози рўзномаи нав, Бимон ба мактаби ишќат равад идомаи дил Намоз бурду ѓазал хонд Озарахш, бубахш Каломи сабзи ту дорад забони хомаи дил

Дар Самарќанди куњан кони нави шакар кушо, Аз Хуросони сухан сардафтари арбоб дењ! Шамси Табрезї дубора ёди Мавло мекунад, Офтобо, тоб бахшо, тоб бахшо, тоб дењ! Љоми нобишкастаи Љамшед дар Наврўзи кист? Мастии Широз мехоњам, шароби ноб дењ! Шарќу ѓарби зиндагї шоду ѓами пайвастааст, Масљиду майхонаро як љонамоз одоб дењ! Љанги гарму сарди олам достони ишкамист, Доваро, фарзанди Одамро дили шодоб дењ! Хуш ишорат мерасад њар дам маро аз Пири Тус "Рустаму Суњроб"-ро бар Рустаму Суњроб дењ... Озарахш, оњанги асри бистуяк роёнагист, Лањзае моро навои гавњари ноёб дењ! **** Хуш ба каломе, ки писанди ту шуд Њамназари табъи баланди ту шуд Кони шакар гашт зи гулхандаат Шањди саломи лаби ќанди ту шуд Печ зад аз печухами кокулат Мисли дил озод ба банди ту шуд Чашми ту хондаш хабар аз шоњбайт, Роњи бирешим зи паранди ту шуд Себи Самарќанд ба Шероз бурд, Шуњраи Табрезу Хуљанди ту шуд Љону тан аз љонутанї бехабар Чуни љањонаш, ки ба чанди ту шуд Чун ѓазали чун асали Озарахш, Хотира шуд, хотираманди ту шуд! **** Дилатро мисли гул бикшодаї, аммо...вале...лекин, Каломе рўи лаб бинњодаї, аммо...вале... лекин... Ба сад розу ба сад шева, ба сад нозу ба сад љилва, Садое аз сукуте зодаї, аммо...вале...лекин... Мисоли як наво, як нур, як шодии нотакрор, Латифу содаву озодаї, аммо... вале...лекин... Тамоми ќиссањои ишќро љононаву зебо, Дар ин се њарф маъво додаї, аммо...вале...лекин... Саволат бе ягон аммовалелекин ба чашм омад, Љавобе дар нигоњ истодаї, аммо...вале...лекин... Ба майлу хоњиши дил Озарахшатро ишорат кун, Ки бањри омадан омодаї, аммо...вале... лекин...


БАРДОШТУ НИЯТ

Фарњангкушї: Парвандаи љиноии № 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

13

карда истодааст. Ё шояд, "Гулнор" каси дигар бошад? Хайр, давомашро гўш мекунем: Кунун дар бизанам, чора биљўям, Ѓами дилро барои кї бигўям. Њама бар дили ошиќам механданд, Њама дарошуна ба рум мебанданд. Вазни шеър хеле хароб буда, на арўз ва на маънии тозаи дилчасп дорад. Аммо мазмунан Садриддин гуфтан мехоњад, ки гўё ѓамгин аст, аммо оњангаш бошад, Садриддинро хушњол нишон медињад. Дар клип њам Садриддин бо лаби хандон, раќскунон суруд мехонад. Ё Садриддин ба маънии шеър сарфањм намеравад? Ё ин ки, ана ин клипи Валиљон Азизовро бинед: Валиљон Азизов бо рафиќаш дар тарабхоне нишастааст. Дар ин њангом се русдухтар даромада меоянду ба канораи дигари тарабхона менишинанд. Валиљон бо як нигоњ ба яке аз он духтарон ошиќ мешавад ва аз љой мехезаду ба назди онњо меравад: - Привет, девушки (ба яке аз онњо): А вы верите в любовь с первого взгляда? (духтарон механданд) - Хотите сказать, что вы влюбились в меня? - А если так? Духтарон хеста мераванд. Њофизи хушовози мо низ аз ќафои онњо баромада, мегўяд: "Гуфта будї, ки бо ту њастаму бо ту ман мемонам…" Аљабо, охир, ин гапро духтар кай гуфта буд? Ё шояд, пеш аз клипро тайёр кардан гуфта бошад, ки тамошобин бехабар мондааст… Ана њамин гуна мувофиќат накардани оњанг бо шеър ва клип бо мазмун имрўз зиёд ба чашм мерасад. Њофизони арљманд, ин кору пайкори Шумо мисли он аст, ки як инсон бо костюму галстук пойафзоли варзишї пўши-

М

егўянд, ки зиёрати ќабр ба њар фарди мусалмон зарур буда, ѓамро аз дилњо дур, халтаи савобро пур ва гунањро кўр мекунад. Бо њамин маќсад ман низ хостам рўзе аз рўзњо ба зиёрати ќабр равам. Медонед, ман имрўз ќабри киро зиёрат кардам? Ќабри фарњанги тољикро! Бале, ман ба зиёрати ќабри фарњанги тољикиамон рафтам! Њайрон нашавед. Оре, оре, фарњанги мо мурдааст. Э, не, ў бо аљали худ намурдааст, балки ўро куштаанд. Чї? Кињо куштанд, мегўед? Албатта, ќотилон. Ќотилон бе ягон рањму шафќат, беинсофонаю вањшиёна фарњанги моро куштанд, аммо касе ба онњо кордор намешавад. Чаро онњо ба суд кашида намешаванд? Чаро онњо љазо намегиранд? Охир, онњо љиноят содир кардаанд-ку?! Њатто, љинояти махсусан вазнин - КУШТОР! Бубинед, дар ин давлати "демократї"-и мо, њатто, ќотилон низ бељазо мемонанд. И-и-и, бахшиш, хонандаи азиз, ман ба эњсосот дода шуда, фаромўш кардам, ки ќотилонро ба шумо муаррифї кунам. Фаќат, пеш аз он ки ба муаррифии ќотилон шурўъ кунам, аз Шумо эњтиромона хоњиш мекунам, ваќте ки номи онњоро мехонам, ќарсак заданро фаромўш накунед, майлаш? Зеро худи ќотилон низ њангоми ба куштор даст задан худ ќарсак мезаданду мераќсиданд. Инак, шинос шавед:

"Ќотил" - "љинояткор"и №1 Баха 84. Чї њайрон мешавед? Ман њам медонам, ки ў репери машњур аст, аммо дар репњояш суханњое мегўяд, ки… Оё шумо ба репњое, ки Баха 84 месарояд, мантиќан ањамият додаед? Медонед, вай чињо мегўяд? Бовар кунед, ягон суруде надорад, ки ба инсон манфиатовар бошад. Репњояш пур аз фањшу фуљур буда, ба одоби шарќиёнаи мо, ба фарњангу маданияти асили тољиконаи мо рост намеояд. Ваќте ки ў мегўяд: "Љунбон- љунбон хушруча" (чиро љунбонад, ё худ, куљояшро?), ё дар бораи тоќии миллї суруд дорад, ки дар он "Ду арусаки пеша пешам мегирум" (бинед куљояш ба куљояш мегирад? Браво!) ё дар љойи дигари њамин суруд: Агар арусум бра, ба ман зиќ намешум, Агар тоќира биѓалтонум, девона мешум ман, - мегўяд, бовар кунед, шармандагист. Наход, ќадри як тоќї аз зан боло истад? Эй занњо, чаро мўњри хомўшї бар лаб задед? Охир, Баха 84-и мо ќадри тоќиро, ки онро бошад, шояд, боре њам ба сар накардааст, аз Шумо баланд гузошт-ку? Пайдост, ки ин њофиз на ба маънї кор дорад, на арўз, на ба ќофия, на мусиќият. Аслан, реп, ки иљборан ба гўши љаво-

нон рехтаасту тањмил кардааст, ягон умумият ва ќаробат ба миллияту њуввияти тољиконаи мо надорад.

"Љинояткор"- и №2 Рўзе бо такси ба љое мерафтам. Ронандаи такси, ба ќавле, худро "крутой" вонамуд карда, мусиќии магнитофони мошинро баланд карду раќскунон мошин меронд. Садои њофизи "машњур"-и мо - Љонибек Муродов, ки нисфи Аврупоро давр зада омадааст, шунида мешуд. Ў мегуфт: "Ман имшаб тра мехом". Аљабо, Љонибек имшаб духтар мехоњад? Њатто, бовариам наомаду аз ронанда пурсидам, ки ин сурудро кї хонда истодааст? Ў бошад, номи Љонибекро ба забон гирифт. "Ман имшаб тра мехом". Ин сухан мисли зарбаи Майк Тайсон њамчунон сахт буд, ки фарњанги моро зада, аз пой афтонд. Ман шоњидам ва ин амалашро бо чашмони худ дидам. Баъди ин хостам клипи ин сурудро ёфта бинам, то бифањмам, ки Љонибек барои чї имшаб ўро мехоњад. Ваќте клипро дидам эњњњэээ… бовар кунед, зинои ошкоро… Як духтари хориљї тамоми љояш намоён, як намуд њаракатњои шањватангез мекунад, ки њангоми навиштани он, њатто, ба ручкаам ѓусл вољиб мешавад. Бубинед, рафиќон, дар тарзи клипсозии њофизони шарќиву ѓарбї фарќе намондааст. Аксари клип-консертњое,

ки њофизони мо тайёр мекунанд, даъват ба сўи фањшу љиноятсодиркунї аст. Пас, як андеша кунед. Оё мехоњед барои њамдастї дар љиноят муттањам дониста шавед? Пас, куљост ѓуруру номуси Шумо?!

Кросовка + Галстук (Ё "супперљинояткорон"- и дигар) Клипи комил њамон клипест, ки дар он шеър, оњанг, навор ба њам тавъам бошанд. Созандаи клип бояд ки ба тамошобин ягон маънї ва ё бардошти хуберо иблоѓ карда тавонад. Ин маъниро тамошобин ваќте мефањмад, ки шоир, оњангсоз, навобардор, режиссёр, костюмер ба як нуќта нигоњ кунанд. Мутаассифона, дар баъзе сурудњою клипњои њофизони "машњур"-у маѓрури мо шоир дигар чиз мегўяду оњангсозу њофиз чизи дигар. Аслан, рафиќон њофизон, оњангсозон, клипсозони азиз, оњанг ин либоси шеър аст. Ва либос бояд мувофиќи мазмуни шеър пўшонида шавад. Биёед, як суруди њофизи боистеъдод Садриддин Наљмиддинро бо њам гўш мекунем: Гулнорам, Гулнор Болу парам Гулнор. Чашм ба роњи ту, Мунтазирам ёр. Бубинед, оѓои Садриддин мунтазири ёраш аст, аммо дар клип духтар дар наздаш раќс

дааст. Амали шумоён як амали вањшиёнаи ќатли фарњанги тољик, фарњанги бою рангини тољик аст. Ќаблан дар базмњои хосу ом шашмаќом, гурўѓлї ва ё фалакро месароиданд, аз 7-сола то њафтодсола оби чашмошон мезањид, гиря мекарданд. Зеро он ваќт њофизон бо маънї кор мегирифтанд. Зеро он ваќтњо њофизон, пеш аз он ки њофиз бошанд, шеършинос ва маънифањми гузаро буданд. Султони Њамад дар бораи Ањмад Зоњир мегўяд, ки гўё Ањмад Зоњир китобхонае доштааст, ки аз се хона иборат буда, ваќте ў ба он китобхонааш медаромадааст, таќрибан, се-чор рўз аз он намебаромадааст. Бинед, сурудањои Ањмад Зоњир то ба њанўз тозаанд, то ба њол шуниданиву дўстдоштанист. Њанўз бо мурури солњо маќомашро аз даст намедињад, кўњна намешавад. Аммо сурудањои шуморо баъди як соли суруданатон, њатто, ќобили гўш кардан нест. Яъне кўњна мешавад. Хулласи калом, мўњтарам рафиќони фарњангдўсту маърифатпарвари ман, ин танњо парвандаи љиноии аввали мо буд. Бо хости Худову дуоњои шумо њамин гуна парвандањоро мо якяк дида мебароем ва аз натиљањояш дар шуморањои оянда шуморо огањ хоњем кард. Боњир БАЊОДУРЗОДА, детективи махсуси парвандањои мусиќии тољик


14

МУЊОЉИРАТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

- Шефи БОМЖ-њои шањрамон њам тољик шудааст?!

"Мусорковак" Ќиссаи муаллиме, ки БОМЖ шуд - БОМЖ! Насим, як оворагард, худро њамин тавр муаррифї карду гуфт, ки насабашро фаромўш кардааст. Либосњои ифлосу риши расидааш ўро шабењ ба "БОМЖ" (Без определенного местожительства - афроди бехона)-њо карда буд, аммо чунон босаводона сухан мекунад, ки шунаванда дар њайрат меафтад: чаро ин марди донишманд БОМЖ аст? Насим зодаи ноњияи Варзоб аст. Донишгоњи омўзгориро хатм кардааст. Замоне муаллими фанни забон ва адабиёт њам будааст. Баъди касодии рўзгору маоши ками муаллимї, ў ноилољ роњи Русияро пеш мегирад. Барои муњољирати мењнатї. Дар шањри Самара ба кори сохтмон љалб мешавад. Аммо рўзе њамватанеро вомехўрад, ки роњи осони пулёбиро барояш нишон медињад. Ин њамватан дар Русия тўли панљ сол боз ба оворагардї машѓул буд. Хонааш партовгоњњои шањри Самара буд. Аммо либоспўшиаш хеле тозаву гаронбањо ба назар мерасид. Ў ба Насим наќл кард, ки дар шањрњои Русия дар партовгоњњо, ѓайр аз љони одам, њама намуди хўрокаву пўшокаро ёфтан мумкин аст. Бахусус, партовгоњњое, ки муталлиќ ба русњои нави сарватманданд. Насим аввал ибо мекард, ки бо ў њамроњї намояд. Аммо баъди фурўхтани 12 оташдони тезпаз (микроволновка) ў њам "маззахўрак" шуда, рў ба тиљорати мањсулоти партовгоњ овард. Русњои сарватманд ба партовгоњ либосњои навро њамин тавр мепартофтанд. Яхдону телевизорњо-ку бењисоб. Насим мушоњида намуд, ки ќариб тамоми муњољирони тољику ўзбак хонањои иљора-

ашонро аз њисоби партови дар берун гузошташуда, аз љумла, мизу курсї, яхдон, ќолин, љевон, оташдони тезпазак, тафдонњои барќї ва пиёла пур мекунанд. Либосњояшон низ бештар аз њисоби пўшокаи аз партовгоњ дарёфтшуда мебошад. Барои њамин, Насим њам, ба ќавле "мусорковак" шуд. Муддати 5 сол рўзашро аз њамин њисоб дар Русия паси сар намуд. Акнун баъди ба Ватан баргаштан дигар њавсалаи кор карданаш намонда буд. Дар њамин љо њам ба љустуљўи партовњо баромад. Аммо аз мардуми камбизоати тољик

«

Дар партовгоњњои пойтахт Насим гўё "шеф" ба њисоб меравад. Бе иљозати ў ба партовгоњњои онњо БОМЖ-њои бегона намеоянд. Агар ногањонї БОМЖ-и бегонае пайдо шавад, Насим ўро зада-зада, аз он љо берун мекунад.

чї њам метавон дарёфт? Вале Насим дигар озодона зистан намехоњад, худ ихтиёр кардааст чунин зиндагии "сагонаро". Ањли оилааш аз ў рў гардонидаанд. Субњи солењон бо њамроњонаш - ду кўдаки ноболиѓи бесоњиб, ду зани оворагарди рус ба шикори партовгоњњо мебароянд. Аммо баъзе субњ дер мекунанд, чунки мошинњои партовкаш аллакай партовњоро ѓундошта мебаранд. Дар партовгоњњои пойтахт Насим гўё "шеф" ба њисоб меравад. Бе иљозати ў ба партовгоњњои онњо БОМЖ-њои бегона намеоянд. Агар ногањонї БОМЖ-и бегонае пайдо шавад, Насим ўро зада-зада, аз он љо берун мекунад. Имрўзњо раќибони дигари БОМЖ-њо зиёд

«

гардидаанд. Инњо сагњои дайдуву бесоњибе мебошанд, ки хеле хавфноканд. Насим мегўяд, худаш бо ду чашм дидааст, ки чї тавр сагњо калламушњои зањрдорро хўрдаанд. Ва агар саг калламуш хўрад, он гањ девона мешавад ва агар њамон соат одамро газад, он одам баъди 3 рўз ба њалокат мерасад. Худи саги девона бошад, баъди 12 рўз худ аз худ мемирад. Насим аз он афсўс мехўрад, ки дар партовгоњњои пойтахт бештар нонпорањо ба назар мерасанд. Њол он ки дар партовгоњњои Русия њама чиз ёфт мешавад гоњњо, аммо нон не. Насим БОМЖ-њои навомадаро зери муњофизати худ мегирад. Субњ баъди партовгоњњои мавзеи худро аз назар гузаронидан

онњо рў ба партовгоњњои назди биноњои мўњташами сарватмандон меоранд. Интизор мешаванд, ки кай дар ин партовгоњ либосе ё хўрокаву мањсулотеро мепартоянд. Аммо ин љо њам раќобат хеле зиёд аст. БОМЖ-њои чандсола таљрибадошта онњоро зери мушту лагад мегиранд. Насим њамеша маљаллаву рўзномањои партофташударо гирифта, тоза карда, мехонад боњавас. Аз тамоми ахбороти ватаниву хориљї огањ аст. Љойи хобашон гоње сохтмонњои нотамоми шањр асту гоње њавличањои боѓчањо. Рўзона боз ба љойи дигар мераванд. Аз партовгоњњо шишањои пластикиро љамъ карда, тоза мешўянду бурда, ба равѓанфурўшони бозорњо бо нархи ночиз мефурўшанд. Дар Русия бошад, фаќат тафдону яхдонњоро бо нархи арзон мефурўхт. Сипас ба партовгоњњои навоњии наздикии шањр воќеъбуда мешитобанд. Њамин тавр, рўзи Насим бегоњ мешаваду ў бо њамроњонаш боз љойи салќинеро меёбаду дар ин тобистони гарм хоб меравад…

Шањлои НАЉМИДДИН


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД...

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

?-И НОБОБ АНДОЗИ ИЉТИМОИРО СУПУРДАН ШАРТ АСТ? - Cоњибкоре, ки дар асоси патент фаъолият мебарад, агар дар ин ё он моњ аз тиљораташ даромад надошта бошад, оё ба ў шарт аст, ки андози иљтимоиро супорад? Толиби АСАДУЛЛО, сокини шањри Душанбе - Дар Љумњурии Тољикистон соњибкорони инфиродї, ки бо патент ва шањодатнома фаъолият менамоянд, аз рўи тартиби соддакардашуда андозбандї карда мешаванд. Аммо бояд ба назар гирифт, ки ин табаќаи андозсупорандагон нињоят сершумор буда, ба соњибкорї љалб гардидани онњо барои њалли мушкилоти зиёди иљтимої мусоидат менамояд. Воќеан, тањлили рафти иљрои ќарори ЊЉТ аз 2-юми декабри соли 2009 тањти №656 нишон дод, ки дар баъзе њолатњо муќаррароти алоњидаи он миёни кормандони маќомоти андоз ва соњибкорони инфиродї бањсњоро ба миён оварда, татбиќи амалии онро душвор месохт, аз љумла, мураккаб будани истифодаи гурўњбандии намудњои фаъолияти соњибкорї дар асоси патент, пешбинї нагардидани имтиёзњо дар мавридњои бемори бистарї шудани соњибкорони инфиродї, њангоми сўхтори нуќтањои фаъолияти онњо, вуљуд доштани эродњо оиди зиёд будани меъёри андози иљтимої (15 сомонї) барои аъзои хољагињои дењќонї бе таъсиси шахси њуќуќї ва амсоли он. Боиси хушнудист, ки ин масъала дар ќарори нави ЊЉТ аз 31-уми августи соли 2013 тањти №451 њалли худро ёфта, дар чунин њолатњо имтиёз пешбинї шудааст. Мувофиќи муќаррароти нав, агар соњибкор бемори бистарї бошад, дар мањалли фаъолияташ сўхтор ба амал ояд, ё соњибкори инфиродї фавтида бошад, ки чунин омилњо фаъолияти соњибкориро ѓайриимкон менамояд ва оид ба њолатњои номбурда њангоми пешнињод шудани њуљљатњои асосноксозанда аз љониби соњибкорон маблаѓи патент барои ин давра пардохт карда намешавад. Аммо дар Кодекси нав имтиёз барои пардохти андози иљтимої пешбинї нашудааст. Маблаѓи андози иљтимої чун патент аз рўи намуди фаъолият тибќи номгўй, бо назардошти коэффитсиентњои минтаќавї, вобаста ба мањалли фаъолият муайян карда мешавад. Бо назардошти такмил ёфтани ќонунгузории њифзи иљтимої, ки аз 1-уми январи соли 2013 мавриди амал ќарор гирифт, инчунин, барои то андозае баробар намудани сатњи њифзи иљтимоии худи соњибкорони инфиродї ва кормандони кироя, меъёри андози иљтимоии соњибкори инфиродї новобаста аз даромади бадастомада наметавонад аз 150 сомонї, ки њадди баландтарини андози иљтимої аз рўи фаъолият дар асоси патент мебошад, кам бошад. Масалан, даромади умумии соњибкори инфиродї - Алї дар моњи майи соли 2013 ба 98000 сомонї баробар мебошад. Меъёри андози иљтимої 1% аз даромади умумї муќаррар гардидааст ва аз ин њисоб маблаѓи андози иљтимої 980 сомониро ташкил менамояд. Бо назардошти он ки, маблаѓи њисобшудаи андози иљтимої дар ин моњ аз њадди камтарини муќарраргардида - 150 сомонї дар як моњ зиёд аст, ба буљети њифзи иљтимої 980 сомонї андози иљтимої пардохт карда мешавад. Ё даромади умумии соњибкори инфиродї - Валї дар њамин моњ 6500 сомониро ташкил менамояд, ки андози иљтимої аз ин њисоб ба 65 сомонї баробар мегардад. Дар ин њолат, бо назардошти он ки, маблаѓи андози иљтимоии њисобшуда аз њадди камтарини андози иљтимої барои фаъолият дар низоми соддакардашудаи андозбандї дар асоси шањодатнома (150 сомонї) кам мебошад, соњибкор ўњдадор аст барои моњи мазкур ба буљет 150 сомонї пардохт намояд. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ЧАРО? ЧАРО БО ЊИЉОБ ШИНОСНОМА НАМЕДИЊАНД? - Чаро дар мизњои шиносномадињии шањру ноњияњо занњоро маљбур мекунанд бе њиљоб сурат гирифта оранд? Магар Тољикистон давлати демократї нест? Ба њиљоби мо чї кор доранд? Саволи дигарам ин аст, ки чаро шиноснома бо таъхири зиёд дастраси шањрвандон мегардад? Нозигул КАРИМОВА, сокини ноњияи Вањдат - Талаботи пешнињоди суратњои фотографї барои шиноснома тибќи фармони Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шуда, суратгирї бе сарпўш (бе њиљоб) гузаронида мешавад. Сурати бо сарпўш (бо њиљоб) пешнињодшуда тарњи рўйро мепўшонад ва њангоми барасмиятдарории шиноснома ба муайян кардани мутобиќати комили шахсият (идентифицировать личность) мушкилї меорад. Акси мардон бо риш дар њолате ќабул карда мешавад, ки агар риш ботартиб ва андозаи муайян бошад ва тарњи рўйро напўшонад. Намунаи он дар њамаи Хадамотњои шиносномавию баќайдгирии ШВКД дар шањру ноњияњои љумњурї мављуд аст. Дар њаќиќат, як муддат бланкаи шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон дар љумњурї камчин буд ва охири моњи феврал бланка ба тамоми мизњои шиносномавию баќайдгирии ШВКД дар шањру ноњияњо таќсим карда шуд, ки айни замон дар ин самт ягон мушкилї вуљуд надорад. Дар њолати пайдо шудани мушкилот дар ин самт бо шумораи телефони 227-55-69 дар тамос шавед. Мушкилоти Шумо, њатман, њалли худро меёбад. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.

ЛАТИФА ЗАБОНИ РУСЇ Марди кулоњпўше рўйи кати чойхона нишаста, истироњат мекард. Љавоне, ки дар даврони истиќлол мактабро хатм карда буд, аз мўйсафед хоњиш кард, ки мактуби ба забони русї иншошударо барояш хонад. - Писарам, ман русиро хонда наметавонам, - гуфт мўйсафед. - Чї хел, шляпаву галстук доред-ку? - њайрон шуд љавон. Муйсафед кулоњашро аз сараш гирифта, ба сари љавон монд ва галстукро ба гардани ў таранг баста, гуфт: - Канї, худат мактубро хон! НАХЎДАК ВА РИЗЌИ ГОВ - Нахўдак ба писараш супориш медињад, ки говро ба чаро бибарад. Аз кор бармегардад, њамсараш шикоят карда, мегўяд: - Шумо рафтед, писаратон говро ба чаро набурд. Нахўдак сари ќањр ба хона даромада, писарашро љанг мекунад, ки чаро говро ба чаро набурдааст? Писараш мегўяд, зимистон аст, дар чарогоњ алаф нест, аз говро бурдани ман чї фоида, ки гов сер намешавад. Нахўдак мегўяд, агар ин тавр бошад, ба роњи асфалт бурда банд. - О, падар дар асфалти ќоќ гов чї мехўрад? - Ту як бачаи бекаллаи нопухта будаї. Њамин ќадар корманди БДА дар асфалти ќоќ ризќашонро ёфта, хўрда истодаанд. Гови мо њам, наход, дар ќатори њамонњо ризќашро дар он љо ёфта натавонад?

?-И НОБОБ ОЁ АШХОСИ КАМБИОЗАТ МАДАДПУЛЇ ГИРИФТА МЕТАВОНАНД? - Чун мисли замони Шўравї оё ашхоси камбизоат ба мададпулии давлат фаро гирифта мешаванд? Кињо ба гирифтани мададпулї имтиёз доранд? Андозаи мададпулї чанд сомониро дар бар мегирад ва онро аз кадом нињоди дахлдори кишвар гирифтан мумкин аст? Самад АБДУЛХАЙРОВ, сокини шањри Норак - Маблаѓузории пардохти кўмаки унвонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат дар доираи маблаѓњои дар буљети давлатї барои љуброни истифодаи ќувваи барќ ва гази табиї ба оилањо ва шањрвандони камбизоат, инчунин, барои маблаѓгузории мададпулї ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабњои тањсилоти умумї тањсил менамоянд, пешбинї гардидаанд ва дигар манбаъњое, ки ќонунгузории ЉТ манъ накардааст, амалї карда мешавад. Пардохти кўмаки унвонии иљтимої дар се моњ як маротиба ба таври наќдї тавассути марказњои хизматрасонии "Амонатбонк" дар мањалли зисти гирандагони кўмак анљом дода мешавад. Барои таъини кўмаки унвонии иљтимої њуљљатњои зерин бояд пешнињод карда шаванд: ариза; нусхаи шиносномаи аризадињанда (асли шиноснома њангоми супурдани ариза нишон дода мешавад); маълумотнома дар бораи њайати оила ва љойи истиќомат; маълумот дар бораи даромад ва амволи њамаи аъзои оила (тибќи шакли тасдиќгардида). Намунањои ариза, шакли маълумот дар бораи даромад ва амволи њамаи аъзои оила аз љониби Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тањия ва тасдиќ карда мешаванд. Ќарор дар бораи таъин намудан ё рад кардани кўмаки унвонии иљтимої аз рўзи супоридани њуљљатњои довталабон (аризадињандагон) ба Агентї дар мўњлати 10 рўз ќабул карда мешавад. Ба њар як оила (шањрванд), ки ба онњо кўмаки унвонии иљтимої таъин мегардад, дар шўъба ва ё раёсати мањаллии Агентї асноди инфиродї кушода шуда, дар он њама њуљљатњо дўхта мешаванд. Асноди инфиродї баъди ќатъ гардидани пардохти кўмаки унвонии иљтимої дар ин Агентї панљ сол нигоњ дошта мешавад. Андозаи кўмаки унвонии иљтимої барои як оила (шањрванд) дар як сол 400 сомониро ташкил дода, њар семоња дар њаљми 100 (сад) сомонї пардохт карда мешавад. Маблаѓи кўмаки унвонии иљтимоие, ки сари ваќт бо айби сардори оила ё шањрванди камбизоат гирифта нашудааст, дар моњњои минбаъда бояд пардохт карда шавад. Кўмаки унвонии иљтимої ба мўњлати 1 сол, аз моњи мурољиат намудан, дар сурати мутобиќ омадан ба талаботи Методикаи муайян намудани оилањо ва шањрвандони камбизоат, таъин ва пардохт карда мешавад. Дар њолати дар мўњлати муќарраргардида пардохт нашудани кўмаки унвонии иљтимої бо айби муассисањои дахлдоре, ки онро таъин ва ё пардохт менамоянд, шахсони масъуле, ки барои таъхир гардидани пардохти кўмаки унвонии иљтимої айбдоранд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории ЉТ ба љавобгарї кашида мешаванд. Ба саволи Шумо аз Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Тољикистон љавоб доданд.

ЊИКМАТ ЗИНДАГЇ БЕ ОРЗУ ШИРИН НАБУД! - Дар як дењаи хурдакаки Љопон марди камбаѓале зиндагї мекард. Номаш Соиљиро буд. Њаёти вай чунон камбаѓалона буд, ки вай, њатто, дар ваќташ мактаб хонда натавониста, аз хурдї кор мекард. Вай шаш акаву додар дошт, ки чор нафарашон аз гушнагї њалок шуданд. Зиндагияш сар ба нўг мегузашт. Аз набудани кори доимї зани Соиљиро маљбур мешуд бо дучархаи кўњна ба шањри дур рафта, кор карда ояд. Рўзе аз рўзњо ба дењаи онњо як мошини зебое омада монд, ки Соиљиро инхелашро дар умраш надида буд. Ваќте ки вай он мошинро дид, то дер ба худ наомад. Мошин дар назараш мўъљизаи њаќиќї буд. Ва ин даму соат дар дили вай орзу пайдо шуд. Орзу кард, ки ў њам чунин мошин месозад. Ин суханонро ваќте ки ба занаш гуфт, занаш ўро марди хаёлї пиндошта, кањр кард. Кадом марди коргар, ки маоши ночиз мегирад, метавонад мошини худро барорад? Ва занаш ба ў таъкид кард, ки ин орзуяшро ба касе нагўяд, ки вайро ањли дења девона мепиндоранд. Вале Соиљиро акнун дигар шуд. Орзу ўро намегузошт, ки ў зиндагии якранг гузаронад. Вай ќарор дод, барои иљрои амалу маќсади худ кори худро кушояд. Ў њалќаи занашро фурўхта, тамоми пулњои бо азоб љамъкардаашро сарфи як дўкончае карду кори худро сар кард. Ба дучархаи кўњнаи занаш моторчаи майдае часпонд, ки он минимопед шуд ва роњи дури занашро осон карду занаш акнун бемалол ба кораш, ба шањри дур монда нашуда, рафта меомад. Соиљиро баъдтар дучархаи њамсояњоро чунин кард ва дар як ваќти каме тамоми дења аз ин мўъљизаи ихтироъкардаи Соиљиро бохабар шуда, ба дўкони ў мешитофтанд. Корњои вай акнун каме пештар рафтанд, вале набудани маблаѓи хуб ба Соиљиро имконият намедоданд, ки вай мошини худро барорад. Охир, мошин ин орзуи њаќиќии вай буду халос. Марди камбаѓал мехост, ки ба њама ёрї расонад, вале ба ў пули калон намерасид ва ба навиштани мактубњо сар кард. Њаждањ њазор (18000) мактуб навиштан ба соњибони маѓозањо ин кори осон нест. Мазмуни мактуби вай одї буд: "Ман метавонам, ки барои одамон ба љойи дучархањо мотороллерњо созам, ки роњи дури одамонро осон мекунад. Аммо ман пул надорам ва агар Шумо ба ман бовар карда, каме пул медодед, мо њамроњ корхонае мекушоем". Мактубњои одии Соиљиро ба соњибони маѓозањо таъсир кард ва онњо пул доданд ва вай нињоят корхоначаи худро кушод. Аммо њамон ваќту солњо дар Љопон боз 300 корхонањое буданд, ки мототсикл мебароварданд. Мототсиклро њамон ваќтњо фаќат барои мардњои ѓаюру њангомадор мебароварданд, ки гурўњ-гурўњ шуда, савори он дар кўчањо мегаштанд ва карру фарри худро намоиш медоданд. Соиљиро ин анъанаро вайрон кард ва шиори худро баровард: Мототсикли хуб - барои одамони хуб!". Аввалин мототсикли вай номи "Дрим"-ро дошт, ки тарљумааш ба тољикї "Орзу" мешавад. Акнун дар мотороллерњои вай њар хел одамон савор шуда метавонистанд. Онњо арзон ва дастраси халќи камбаѓал буданд. Дар мотороллерњои Соиљиро, њатто, занњои хонашин њам савор мешуданд. Дар як муддати кўтоњ Соиљиро тавонист аз як корхоначаи хурд - корхонаи калони мототсиклбарорї созад. Акнун мототсиклњои одиву зебои вайро аз дигар давлатњо њам омада мехариданд. Соиљиро акнун одами бой шуд, вале ўро як чиз ором намегузошт, њамон орзуе, ки як ваќтњо карда буд. Сохтани мошини калони зебо. Агар ба љойи Соиљиро дигар кас мешуд, шояд, кайњо ба бањри сарвату мол ѓўтта зада, боќимондаи умри худро оромона паси сар мекард, вале ў, ваќте ки соњиби пули зиёд шуд, барои сохтани корхонаи нав талош кард. Корхонаи мошинбарорї. Дигар корхонањои мототсиклбарорї диданд, ки Соиљиро ба сохтани корхонаи мошинбарорї машгул аст, хостанд, ки дар сохтани мототсикл аз ў пеш гузаранд, вале Соиљиро ќарори ѓайриодї баровард: Акнун њар њафта аз конвейер мототсикли навъу намуди нав мебарояд. То њол касе чунин накарда буд ва ин навоварї боз корхонаи ўро пештар бурданд. Нињоят Соиљиро баъди машаќќатњои бисёр корхонаи мошинбарории худро сохт. Хулласи гап, орзу - орзуи њаќиќї як марди камбаѓали бесаводро ба ќуллаи баландтарини муваффаќият баровард. Њоло дар тамоми дунё мошини ўро мехаранд ва номи ин мард њамеша вирди забонњост. Шояд, Шумо мепурсед, ки Соиљиро кист? Ин њамон Соиљиро њаст, ки насаби Хонда дошт. Соиљиро Хонда. Тамгаи "Хонда"-ро дар њама љо вохўрдан мумкин аст. Њатто, њоло аниќ маълум нест, ки "Хонда" чї ќадар навъу намуди худро дорад. Онро фаќат коргарони офиси дар Токио буда медонанду халос. Агар Соиљиро Хонда боре мошинро намедиду орзу намекард, шояд, мисли њазорњо одамони дењааш бо кори рўздармиёни худ овора мешуду умрашро мегузаронд. Вале орзу ўро чунин машњури тамоми олам сохт. Орзу њаёти вайро ширин намуд... Басир АБДУЛЛОЕВ


ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Мушкили галстуки зиёии њукуматї

М

ирзодиккак назди фавворањои Боѓи фарњанги истироњатии ба номи Садриддин Айнї ќадам мезад. Дар ин субњи босафо аксбардорњо Мирзодиккакро ба њолаш намонда, се маротиба аксашро гирифтанд. Ў баъди аксбардорї худро тавре вонамуд мекард, ки гўё аксњояш барои худаш не, балки барои љомеа ва давлат заруранд. Интараф-онтараф нигоњ карда, баъди зиёрати муљассамаи шоњ Исмоили Сомонї роњ сўи Китобхонаи миллиро пеш гирифта, ки боз дар њалќаи аксбардорњо уфтод. Онњо 9 дона аксашро ба дасташ ќапонданд. Мирзодиккак ба аксњояш нигариста, аз он меболид, ки суратњояш дар манзарањои зебои шањр бардошта шуда, дар аксњо табъаш болидаву чењрааш кушода аст. Њангоме, ки аксбардорњо аз Мирзодиккак барои њар як дона сурат 3-сомонигї, дар маљмўъ, 27 сомонї талаб кардаанд, табъи Мирзодиккак яку якбора хира гашту ќошу ќавоќаш овезон шуд. Ў дар кисааш як дирам надошт ва роњи халосї аз "дом"-и афтодаашро мељуст.

Мирзодиккак: - Ман гумон кардам, ки аксњоям барои шумо, азизон њамчун аъзои фаъоли ЊХДТ, шавњари бовафои Пахтагул Панљсолаева, падари Ќобилљони нањзатию љўраи Тилло Тиллоевич зарур њастанд, вагарна рўямро бо дастонам мепўшонидам. Аксбардоре: - Ту баринњо дар мо њисобу китоб надоранд. Аз сафсатањои ту шиками мою фарзандонамон сер намешаванд. Пулро барор, ки очаи зоратро нишон медињем!!! (Мирзодиккак ба мисли гўсфанди дар њалќаи гургон уфтода роњи гурез мељуст. Њалќа торафт љафстар мешуд ва тарсу њарос тамоми вуљуди ўро фаро мегирифт. Дар њамин лањзањои барои Мирзодиккак пуртарсу њарос, садои Ѓалтак ба гўшаш расиду ба ќавле, умеди зиндагии аздастдодаашро бозпас гирифт. Мирзодиккак худашро ба даст гирифта, пойњояшро, ба ќавле, дар замин мех карду муштњояшро гирењ намуда, хост љонашро аз зарбањои аксбардорњои ба ќањр омада на танњо њифз кунад, балки адабашонро бидињад.. Ѓалтак: - Бачањо, ман пули суратњоро пардохт мекунам. Ин кас генерал Мирзодиккак, аъзои Фронти халќї, одами шинохтаи Хатлонзамин. (Аксбардорњо пулњои додаи Ѓалтакро таќсим карда, аз пайи фиребе, эъ, мебахшед, корашон шуданд. Мирзодиккак дўсташ Ѓалтакро сахт ба оѓўш гирифту изњори миннатдорї кард. Гарчанде њалќа аз љўрањо дур шуда буд, вале бадани Мирзодиккак аз тарсу њарос меларзиду меларзид. Љўрањо дар Боѓи фарњанги истироњатии ба номи Садриддин Айнии шањри Душанбе болои курсие нишаста, сўњбаташон атрофи таълиму тадриси насли наврас дар оила, мактабу донишгоњњо печид. Мирзодиккак: - Љўра, сари ваќт расидї, вагарна инњо маро зада, маљрўњ мекарданд ё ин ки ман бо истифода аз њиллањои 35 сол ќабл дар хизмати аскарї аз бар намудаам дасти якчанд нафари ин "салага"-њоро мешикастаму моњњо дар беморхонањо бистарї мешуданд... Ѓалтак: - Мирзољон, ту ва њукумати љонољонат наврасону љавононро чунон тарбия кардаед, ки онњо барои пул шуда, ба чї корњои ношояме даст намезананд. Камтар дер мекардам, шатта мехўрдї, либосњоятро мекашиданд, ана баъд Пахтагул Панљсолаевна акси урёнатро дар Интернет дида, аз бањрат мегузашту Ќобилљони нањзатї бошад, дигар бо ту ба масљид таробењхонї намерафт. Мирзодиккак: - Не, њукумати мо дар тарбияи насли наврас корњои зиёдеро анљом додагї, ки инро њам дўст эътироф мекунаду њам душман. Мана, ќисме аз љавонони мо дар мусобиќањои байналмилалї иштирок карда, љањонро ќоил карданд, љањонро! Ѓалтак: - Монеде, агар њамон ду-cе варзишгар намебуд, шумо чї гуна барномањои љавонии телевизионњои давлатиро пур карда, љавонони дар нимароњи зиндагї мондаро фиреб медодед- а?! Мана, дўст њам медонаду душман њам, ки 500600 њазор љавонони мо аз "Одина"-и устод Айнї фарсахњо гузаштаанд. Кадом љавон аз оилаи дењќони хокпошу муаллими хуниљигар бо пули бо мењнати њалол ба даст овардааш дар Ватан ба висоли "Гулбибї" расидааст? Мирзодиккак: - Ба ростї, фарзандони якчанд вазиру раису саисро медонам, ки аз ќаламрави љумњурї берун нарафта, соњиби зан, хона, диплом, мошину вазифа шудаанд, лекин аз он дар њаросанд, ки баъди иваз

шудани "крыша"-њояшон њолашон аз њоли "одинањо" дида, бадтар мешавад. Ѓалтак: - Агар дар замони Шўравї аќли кас намегирифт, ки шахси нохонда соњиби диплом мешавад, њоло дар ќисме аз њолатњо сохта будани дипломњои донишљўён ба њукми анъана даромадааст. Мирзодиккак: - Тўњмат накунед! Мана, сол то сол бо афзоиш ёфтани маоши кормандони буљетї дар мо сафи духтурону муаллимон зиёд шуда истодааст. Дар корхонањо бештари нафаќахўрњоро аз кор озод карда, љавонон ба љойи онњо ба кор омадаанд. Њамааш дипломдор. Мебахшед, шумову Додољони Атовулло муваффаќиятњои њукумати љонољони моро на мебинеду на дида метавонед. Мо аз ин нотавонбинињои шумову вай К+атон илњом мегирем, илњом! Бинеду сўзед!!! Ѓалтак: -Э мардак, дар донишгоњњои Тољикистони мо додани дипломњои ќалбакї таљрибаи беш аз 20-соларо дорад. Ќисме аз чунин дипломдорњо соњибмансаб ки шуданд, дигарон боварї њосил карданд, ки дар шароити иќтисодиёти бозоргонї нохонда њам РАИС мешудаанд. Њоло масъулин бо истифода аз маблаѓњои медодагии љавонони "душо" ќисман камбудињои оилавї ва хизматиашонро бартараф карда, дар додани "сафедї" ба "боло"-ю гирифтани унвон аз њисоби кисаи "донишљўёни саховатманд" таљрибаи пешќадам доранд. Мирзодиккак: - Ту гуфтанї, онњое, ки дар мактабњо дарс мегўянд, ќисман нохондаанд? Ѓалтак: - Онњое, ки дарс мегўянд, донишгоњро хатм кардаанд, вале ќисми дигаре, ки дар умрашон якчанд маротиб донишгоњро дидаанду сипас, РАИС шудаанд, хело таљљубовар аст. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, мегўянд, ки навасаи Бобои Бинї дар хизмати аскарї ќарор дораду дар мактаб ба номаш Номаи камол (аттестат) навиштаанд. Ѓалтак: - Чї љойи шубња аст. Дар љумњурињои дигар ракета сохта, ба кайњон парвоз кунанд, дар мо њилла мебофанду ќаср месозанд. Аз ин љост, ки бо ин њиллабофию њиллагарої на мо ба љойе мерасему на љомеа рушд мекунад. Ин аст, ки тамоми миллат, лабу лунљ кашол, дањани Путинро нигоњ дорад. Ин бадбахтї нест, магар? Мирзодиккак: -Тшшшш! Бародар, гапи Маскавро назан, ки вазнинамон меафтад, надидї, бо Зайд Саид чї карданд?!! Ѓалтак мехост дар мавзўи "Оянда ва љавонон" бањсе дошта бошад, то мисли дигар падарони тољик ба суолњои худ љавоб гирад. Ў мехост донад, ки чаро љойњои корї намерасанд? Чаро љавонони кордонро ба мансабњои њукуматї таъин намкунанд? Чаро сол то сол худкушї дар байни наврасону љавонон боло меравад? Мехост фањмад, ки чаро ба љавонон ќитъаи замин намедињанд? Чаро дар корхонањо шахсони синну солашон ба нафаќарасидаро расман озод мекунанду тариќи шартномавї ба кор ќабул мекунанд? Чаро љавонон љон ба каф гирифта, муњољирати мењнатї мераванд?!! Аммо истињола кард, зеро намехост, ки дўсти њукуматияшро зери гап монад. Ўро дарди "Одина" ва "Гулбибињо" ба изтироб оварда буд, вале намедонист, ки дар ин муњити дурўѓу фиреб чї гўяду чї кор кунад. Ѓалтак хомўш монд, мисли тамоми мардуми Тољикистон, ки гўё морбозе афсунашон карда бошад. Мирзодиккак њолати рўњии дўсташро дида, аз љой бархост ва галстукашро аз гарданаш кашида, дур партофт. Галстуки зиёии њукуматї рўз ба рўз, соат ба соат танг мешуд...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

КОМИЛАН ЉИДДЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №12 (340) 12. 06. 2013

16

Геннадий ОНИШЕНКО, сардухтури эпидемологии Русия: - Бемории доманаро дар Федератсияи Русия муњољирони тољик пањн кардаанд. - Гена, росташро гўем, њамон метеорити Челябинскро њам мо партоб карда будем. Агар бо Воваю Дима њамин рўсиёњитона давом додан гиред, Маскавро њам чарогоњи говњои Муродалї Алимардону аспњои акаи Нуриддин мекунем.

Сафват БУРЊОНОВ, журналист: - Танњо дар сурате аз гуруснанишинї даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тољикистонро бартараф кунанд… - Эња, ин тур бошад, зудтар рафта, мушкилосонкунро интараф равон кунед, ки бе Ў намешавад.

Каромат ШАРИПОВ, рањбари "Љунбиши муњољирони кории тољик": - Набояд як миллион шањрванди кишвар аз њаќќи доштани намояндаи ќонунии худ дар сохтори њукумат мањрум бимонад. Муњољирон на фаќат захираи иќтисодї, балки кафили амнияти миллии Тољикистон њам њастанд. - Набояду нашояд. Медонед, барои чї? Кї ба онњо гуфтааст, ки кафили амнияти Тољикистон шуда, монополияи як касро халалдор кунанд?! Нозирљон ЁДГОРЇ, сухангўи "Барќи тољик": - Бояд гуфт, ки Душанбеву Тењрон дар бахши энержї њамкории хуб доранд. Новобаста аз ќарзи "Барќи тољик" назди Эрон, њамкорињои мо идома дорад. Дар асл, барќ худ њамин хел хусусият дорад, ки аввал интиќол дода мешавад, баъд маблаѓ љамъоварї мешавад. - Аз рўи ин мантиќ делои љиноятї аз болои роњбарони шумо баъди истеъфо боз шуданаш даркор ё баъди фавтидан? Мирасрор АЊРОРОВ, журналист: - Аслан, таънаатон мезанам, наранљед, шумо, тољикистониён, ба як пули пуччак намеарзед. Гўям забон, нагўям, дилам месўзад. - Гуфтан гиред, домулло. Наљобати инсонї ва нангу номус кайњо боз аз ин кишвар кўч бастаанду маѓзњои боќимонда ба фањми суханњои шумо намерасанд. Дилатонро эњтиёт кунед, дар ин муњити кўрдилон, дилатонро. Комёб ЉАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятї: - Куштани њар як шахс метавонад дар љамъият нооромї эљод кунаду дар минтаќа байни авлод ё байни дигар гурўњњои иљтимоию сиёсї сабаби бархўрд шавад. Аз ин рў, нињодњои тафтишотї ин масъаларо њарчї зудтар бояд њал кунанд. - Рафиќ коршинос, мушаххастар гўед, ки нињодњои тафтишотї масъалаи киро ва кай бояд њал кунанд.

Бањром АБДУЛЊАЌОВ, муовини рањбари Сарраёсати муассисањои ислоњии Вазорати адлияи Тољикистон: - Аз тарафи маќомоти дахлдор, бахусус, додситонии кулл дар зиндонњои мо тафтишот гузаронда мешавад. Агар шиканља, воќеан, љой медошт, аз љониби ин гурўњњои маќомоти њифзи њуќуќ тасдиќ мегардид ва ё њадди аќал, ба он ишора мешуд. - Бањроми љун, то њамин гуфтаи шумо се хел додситонњои куллро мешинохтем: карони њуќуќї, кўрони њуќуќї ва лолони њуќуќї. Акнун шумо маълум кардед, ки комбинатсияи њар сеи ин њам мешудааст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.